Нигох №12 (394). Чоршанбе, 11-уми июни соли 2014

Page 1

Рањмоналї АМИРЗОДА: "Вањдатињои

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

1

Петербург хеле ќавиянд" САЊИФАЊОИ 4-5 №12 (394). Чоршанбе, 11-уми июни соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

«ФАРЊАНГ»-И НАВ

"Пазирої-и Кабирї бо тухм ва помидор дар Кўлоб САЊИФАИ 2

ХАБАР АЗ ШИМОЛ

Њамсари Сарвазир вазифаи нав гирифт САЊИФАИ 6

ПОСДОРЇ БО ШОИР СУРАЙЁ

Аз ту ранљам, шеър меранљад зи ман САЊИФАИ 12

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Хўшомадхўља ё Калон њам хусусї шуд? САЊИФАИ 16

"Хуб ќашанг тољикї шудам" ЛИТСЕЙЊОИ ТУРКЇ: ДАСТГОЊИ ФИШОР, Ё МАКОНИ ТАЪЛИМ? САЊИФАИ 3


2

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

Муњиддин Кабирї, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ ва раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) бо сабаби баста шудани дари ќароргоњи ЊНИТ дар Кўлоб мулоќоташро дар дар манзили зисти Муњаммадшарифи Набї, рањбари минтаќавии њизби мазкур анљом дод ва пас аз анљоми мулоќот ба сўи ў як гуруњ бо шумули чанд зан тухми мурѓ ва помидор партоб карданд. Ба эътирофи умум ин кор бо маќомот мувофиќа шуда, амалан бавуљуд овардани «фарњанг»-и нави сиёсї аст, ки дар паи худ оќибатњои ногувор дорад...

ЊУЉУМ БА РАИСИ ЊНИТ "Пазирої"-и Муњиддин Кабирї бо тухм ва помидор дар Кўлоб Њикматуллоњ Сайфуллоњзода, раиси кулли расонањои ЊНИТ мегўяд, дар ин вохўрї њудуди 100 - 150 нафар љавонони кўлобї бо шумули аъзои њизб аз минтаќаи мазкур ширкат доштанд. Муњиддин Кабирї зимни суњбаташ бо љавонон гуфтааст, "ваќте сухан аз Вањдати миллї меравад, набояд љониби дигар гуруњеро тањрик бидињад. Сулњу вањдат дорем, вале касонеро низ дорем, ки тамоми аъмолашон хилофи сулњу вањдат аст". Баъди анљоми вохўрї, зимни баро-

«

мадани таљамўи мардуми ба вохўриомада аз манзили Мушаммадшарифи Набї болои онњо њамла сурат гирифта, ба сўйи эшон тухми мурѓ ва помидор њаво додаанд.-мегўяд Њикматулло Сайфуллозода. Ба гуфтаи ў, масъулини ЊНИТ дар шањри Кўлоб њузури масъулини амниятиро миёни онњое, ки ба раис ва њайати њизбї њамла кардаанд, шинохтанд. Њамзамон Њикматуллоњ Сайфуллоњзода мегўяд, теъдоде аз мошинњо роњ-

Дар саргањи роњбандон мошинњое бо аломатњои давлатии 63-66, 43-44, 33-22 ќарор доштанд. Баъди ба мошин савор шудани њайат моро сангборон низ карданд, аммо хушбахтона, ба касе осеб нарасид.

«

ро банд карданд, то ба роњ баромадани мошинњои њайати ЊНИТ ба таъхир афтад ва эњтимоле вуљуд дошт, ки њамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд. Љаноби Сайфуллозода мегўяд, "дар саргањи роњбандон мошинњое бо арќоми давлатии 63 66, 43 44, 33 22 ќарор доштанд. Баъди ба мошин савор шудани њайат моро сангборон низ карданд, аммо хушбахтона, ба касе осеб нарасид", Њамла бо тухми мурѓ ва помидор болои раиси ЊНИТ ва аъзоёнаш дар њоле иттифоќ уфтод, ки Абдулѓаффор Рањмонов, раиси шањри Кўлоб зимни як вохўрї ба њайати ЊНИТ гуфтааст, аз муњр задани дари ќароргоњи шуъбаи њизб дар минтаќаи Кўлоб бехабар аст ва салоњияти додани иљоза барои кандани муњр-

ро надорад ва љињати додани толор барои гузаронидани вохўрї муосидат накардааст. Ќабл аз њамла болои Муњиддин Кабирї ва аъзоёни ЊНИТ, сомонаи расмии ин њизб навишта буд, зане, ки зимни гузаронидани љаласаи фаъолони њизб дар Кўлоб ошуб бардошта буд, боз бо чунин як маќсад пайдо шудааст. Ёдовар мешавем, ки 27-уми феврали соли равон њам зимни доир гаштани љаласаи фаъолони њизб дар шањри Кўлоб ду зан назди бинои шуъбаи ЊНИТ дар минтаќаи Кўлоб ѓавѓо бардошта хостанд, то бо ин амалашон монеи гузаронидани нишаст шаванд, аммо натавонистанд ба њадафашон бирасанд. Ибодуллоњи ТОЊИР

«ЭЪТИРОЗ»-И ЗАНОН ДАР ПОЙТАХТ Як гуруњи занони «ошўбгар» нимаи дуюми рўзи сешанбеи10-уми июн дар назди бинои сафорати Британия дар шањри Душанбе гирдињам омада, эътироз баён карданд. Ба гафтаи масъулини сафорат њадафи аслии ин эътирозгарон њанўз маълумнашуда, маќомоти амниятї то ним соат љамъи онњоро пароканда ва боздошт карданд. Сафир Робин Орд-Смит мегўяд, ки њадаф аз сафараш ба Бадахшон, ки чанд рўз пеш рух додааст, шиносої аз вазъияти минтаќа будааст, вале пеш аз ин њам намояндаи Созмони амният ва њамкории Аврупо(САЊА) ба вилояти Бадахшони Тољикистон сафар карда, дар Хоруѓ бо намояндањои маќомоти њокимияти мањаллї ва намояндагони собиќ Иттињоди неруњои мухолифини Тољикистон анљом дода будаанд. Гуфтанист, ки ин сафар дар шабакањои иљтимої интиќод шуда буд.

Як манбаи Тољнюс гуфт, аз забони эътирозгарон, ки камтар аз 10-12 нафар будаанд, чанд маротиба вожаи «Помир» садо додааст. Вазорати корњои дохилї эълон дошт, ки эътирозгарон боздошт шуданд, аммо шахсияти њиљ кадоми онњоро ошкор накард. Ин њам дар њолест, ки чанд рўз пештар ёвари президент оид ба масъалањои амниятї Шералї Хайруллоев гуфта буд, «он сенарияе дар майдон шуд ва он бозињое, ки дар шањри Хоруѓ шуда гузашт, коргардонњои асосии он дар шањри Душанбе мебошанд», аммо њиљ ваљњу далеле пешнињод накард. Њамлаи занони «эътирозгар» ва ё «эътирози дастаљамъии занон» дар наз-

ди биноњои сафоратхонањои хориљї бори аввал нест, ки рўх бидињад. Пеш аз ин њам дар санаи 5-уми феврали соли 2013 замони дастгир шудани Абдумалик Абдуллољонов, собиќ сарвазири Тољикистон дар Украина низ гуруње аз занон дар назди бинои сафорати ИМА дар Душанбе ва дар назди бинои СММ гирдињам омада эътирози худро баён карда буданд. Тайи ду соли ахир эътирози гуруње аз занони ошўбгари тољик наздик ба 8 маротиба дар минтаќањои Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст ва он њам дар мавридњое, ки мухолифини њукумати феълии Тољикистон бо иќдомњои гуногуне даст ба кор шудаанд. Амруллоњи НИЗОМ


БОЗНИГАРЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

3

БАРОИ МАЪЛУМОТ:

ЛИТСЕЙЊО ТУРКЇ: ДАСТГОЊИ ФИШОР, Ё МАКОНИ ТАЪЛИМ? Беш аз 20 сол мешавад, ки литсейњои ба ном муштараки тољикї-туркї дар Тољикистон фаъолият мекунанд. Дар ин муддат чунин иттифоќ наафтодааст, ки як масъули давлатї атрофи литсейњои туркї њарфе берун аз хоњиши онњо гуфта бошад. Чунки пўштибонњои литсейњои туркї, ё ба истилоњи дигар лобби тариќати "Хизмет" дар Тољикистон ба ин амал имкон намедињанд. Албатта, расонањои мустаќил ва шахсиятњои алоњида атрофи фаъолияти литсейњо зиёд гуфтаанд. Аммо њафтаи гузашта як хабари TojNews аз гуфтаи як масъули Маркази тадќиќоти стратегї ин хомўширо шикаст. Муњтавои мухтасари хабар чунин буд: "Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон аз фаъолияти литсейњои туркї-тољикї дар кишвар изњори нигаронї карда, ба њукумат марњила ба марњила бастани онњоро маслињат додааст. Абдурањмон Ќурбонов, сардори Раёсати тањлили масъалањои иљтимоии Маркази тадќиќоти стратегї мегўяд, - То ба имрўз зиёда аз 3 њазору 531 нафар ин литсейњоро хатм кардааст, соли гузашта 2 њазору 577 хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст. Зењнњои бењтарини љомеаро онњо мегиранд. Ягон хатмкунандаи ин литсейњо роњи илмро интихоб накардааст ва ба аспирантура дохил нашудааст. Онњо зери тарбияи бегона монда, њисси бегонапарастї дар онњо зиёд мешавад. Бино ба маълумоти МТС, ин масъала дар Шўрои амният баррасї шудааст. Дар ин машварат иттилоъ дода шудааст, аз хатмкунандагони литсейњои туркї-тољикї њамагї 2-3 нафар ба аспирантура дохил шудаанд, ки дар ин кор сањми хонаводањояшон назаррастар будааст. Ин дар њолест, ки ба иттилои ин марказ, даромади солонаи литсейњои туркї дар Тољикистон 2,5 миллион долларро ташкил медињад".(Муфассалтар дар шумораи гузаштаи "Нигоњ" ва хабаргузории TojNews.org) Хабари мазкур бањси доѓеро дар шабакаи иљтимоии Фейсбук ва дар форуми хабаргузории TojNews ба бор оварда, беш аз 7 њазор онро мутолиа карданду наздик ба 300 нигошта дар форум пайдо шуд. Љонибдорони литсейњои туркї чї расад ба бастани ин литсейњо, њатто пешнињоди тањќиќи фаъолияти онњоро комилан мањкум мекунанд. Бархўрд ба ин хабар як нуктаро возењ намуд: Аксарияти хатмкардањои литсейњои туркї на рад мекунанд ва на тасдиќ, ки ин литсейњо аз њаракати "Хизмет"-и Фатњуллоњ ГЮЛЕН манша гирифта, фаротар аз маорифу таълиму тарбия мебошанд. Танњо Эркин Мустафоќулов ном корбари гуруњи "Хабарњои иќтисодии Тољикистон" дар Фейсбук буд, ки ѓайриихтиёр рабт доштани ин мактабњоро ба Гюлен тасдиќ кард.Аммо Фатњулло Гюлен кисту "Хизмет" чї тариќатест? Њодисањои охири соли 2013 ва ибтидои соли 2014 исбот намуд, ки њаракати "Хизмет", ки гўё фаъолияти иљтимої мебаранд ва пешвои он Фатњуллоњ Гюлен, ки њатто чун пири тариќат ёд

мекунанд, дасти дарозе дар фазои сиёсии Туркия доранд. (Дар ин бора маќолаи муфассал дар "Нигоњ" (№41(372). 8.01.2014 "Хатари "нерўи нарм" www.tojnews.org/nigoh мављуд аст)

СИЁСАТ ВА ГЮЛЕН Дар омади гап бояд бигўем, ки Ўзбакистон аз аввалин кишварњои пасошўравї мебошад, ки пайи пойи фатњуллоњчиёнро аз хокаш пок намуд. Фаъолияти литсейњои туркиро манъ намуда, пешвоёнашонро аз кишвар берун кард. Барои барќарор кардани муносибат бо Ўзбекистон фатњуллочиён роње ёфтанд, аммо он низ самар надод. Фатњуллоњчиён талош карданд, ки Муњаммад Солињ, мухолифи сарсахти Ислом Каримов, президенти Ўзбакистонро аз Туркия берун кунанду бар ивази депорти Муњаммад Солењ Тошканд роњро барои фаъолияти онњо њамвор намоянд. Ин нуктаро Муњаммад Солењ ба расонањо эълон дошт. Ў дар соли 2008 ба Фатњуллоњ Гюлен дар ин маврид мактуб карда, аз мувофиќати пинњонии Гюлен бо Каримов навишт. Аммо Гюлен мактуби ўро бепосух мемонад. Дар бораи њамкорињои Фатњуллоњ Гюлен бо Хадамоти истихбороти ИМА низ њарфњо кам нестанд. Дар ин бора китобњо нашр гардида, баъзе муаллифон пеш аз нашри китобашон ба таври асроромез ба њалокат расида, ё зиндонї гардидаанд. Худи Гюлен аз интињои солњои 90ум дар иёлоти Пенсилваниёи ИМА ба сар мебарад ва танњо роње, ки ба сўи ќасри ў мебарад, њатто дар харита Гюлен-роуд ё Роњи Гюлен ном дорад. Аммо њукумати ИМА дар ин бора сухан гуфтанро хуш надорад ва шарњи расмие надодааст.

ШИНОСНОМАИ ЌАЛБАКЇ Баъди таниши муносибаташ бо њукумати кунунии Туркия, бо сарварии Раљаб Тайиб Эрдуѓон дар моњи марти соли равон шиносномаи туркии Гюлен лаѓв шуд. Рўзномаи "Милиёт"-и ин кишвар иттилоъ дод, ки Гюлен дорои паспорти махсус "шиносномаи сабз" буд, ки ба аъзои њукумат ва аъзои пешинаи он дода мешаванд. Сатњи муносиботи Эрдуѓон бо Гюлен то љое расид, ки онњо њамдигарро душманони ислому Туркия хонданд ва бадтарин дуоњоро дар њаќќи њамдигар раво донистанд, ки дар Ютюб садњо њазор видеои он мављуданд. Баъд аз ин њукумати Туркия эълон дошт, ки аз ИМА талаби бозпас гардондани Гюленро мекунад. Фатњуллоњ Гюлен баъди чанд рўзи ин њарф аз Канада дархости паноњандагии сиёсї намуду ќиёмњои мардумї дар шањрњои Туркия хомўш шуданд. Коршиносони худи Туркия, сохторњои Гюленро "давлат дар давлат", "сохтори паралелии давлат" ва "тариќати сиёсатзада" ном мебранд. Аммо дар Тољикистон инро ками андар кам одамон медонанду литсейњои ба ном муштараки тољикї-туркї аз бењтарин мактабњои кишвар ба шумул меравад.

"ХИЗМЕТ" ДАР ТОЉИКИСТОН Литсейњои туркї аз шабакаи мактабњои "Хизмет" бо номи "Шалола" аз соли 1993 дар Тољикистон фаъолият доранд. Инкор карда намешавад, ки дар замоне вориди кишвар шуданд, ки ба мактабњои типи нав Тољикистон эњтиёљ дошт. Онњо тавонистанд, ки аз ин мавќеъ моњирона истифода баранд. Ибтидо барои бачањои лаёќатманд тањсили ройгонро роњандозї намуда, маѓзњои наврасро гулчин мекарданд. Њоло дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Кулоб, Ќурѓонтеппа ва Турсунзода 6 литсейи муштараки тољикї-туркї фаъолият мекунад. Бар замми ин, фаъолияти мактаби байналмилалї ва боѓчаи багона низ аз љониби инњо пеш бурда мешавад, ки роњбарияти умумї дошта, фаъолиятњояшон аз љониби ташкилоти љамъиятии "Диалог-Евразия"-и Гюлен танзим мешавад. Аён аст, ки аксари муњассилини ин макотиб фарзандони нухбагони сиёсиву иќтисодии Тољикистон ва ба ном синфи миёнаи кишвар мебошанд.. Фарзандони онњое, ки дар кишвар њарфи гуфтанї ва мавќеъи худро доранд… Инчунин маркази омўзишие дар Душанбе фаъолият дорад, ки барои омода намудани довталабон ба литсейњо хизмат мекунад. Тавре болотар ишора кардем, дар пайи мактабњо дар Душанбе намояндагии "ДиалогЕвразия" боз гардид, ки яке аз њадафњои асосиаш аз таблиѓи афкори Фатњуллоњ Гюлен иборат аст. Ташкили мањфилњои гуногун бо ширкати ањли зиё, ба Туркия бурдани љењрањои намоёни љомеа ва фармоиши матлабњои илмї ва таблиѓотї аз самтњои асосии фаъолияти ин созмони љамъиятист.... Дуруст аст, ки ин мактабњо дигар наметавонанд пантуркист омода намоянд. Дигар афкори пантуркизм идеяи пешбаранда њам шуда наметавонад. Барои љањони нав ин идея барваќт кўњна шудааст. Аммо љойи онро шеваи нав - лоббии пўшидаи турку формулаи дигар нерўи нарм (softpower) иваз кардааст. "Хизмет" бо тамоми нозукињояш аз ин силоњи замонавї - "нерўи нарм" дар Тољикистон истифода мебарад.

"НЕРЎИ НАРМ" - СИЛОЊИ НАВ Истилоњи "нерўи нарм" (softpower) аз љониби сиёсатшиноси амрикої Љозеф Семюел Най соли 1990 њамчун "имкони таъсиргузории давлат ва ба даст овардани натиљањои зарурї дар муносибатњои байналмилалї бо роњи фањмондан, бе истифода аз фишор ва нерў" пешнињод шудааст.

Фатњуллоњ Гюлен 72 сол дошта, як рўњонии пурнуфўз ва шинохтаи турк мебошад. Нуфўзи ў болотар аз як рўњонии маъмулист. Соли 2008 Фатњуллоњ Гюлен аз љониби маљалаи маъруфи "Foreign Policy" пуртаъсиртарин рўшанфикри љањон унвон шуд (чи тавр дар садри ин љадвал ќарор гирифтанаш низ беасрор нест). Дар соли 2013 маљалаи амрикоии "Time" ўро дар ќатори 100 чењраи пуртаъсири љањон ном бурд. Шумори њаводорону љонибдорон ва муридонаш дар сартосари љањон миллионњо нафар дониста мешавад. Ин њама дар атрофи шабакаи "Хизмет" ва дар Туркия "Љамоат" гирд омадаанд. "Љамоат" нерўи бузурге ба њисоб меравад, ки дар тиљорат, маориф, маќомоти њифзи њуќуќи Туркия дасти дароз доранд. Дар дохили њизби њокими Туркия - "Адолат ва Тараќќиёт" низ бетаъсир нестанд. Шахсияти ў чунин шакл гирифтааст: Гюлен аз соли 1959 барои имоматї иљозатнома дарёфт намуда, дар шањрњои гуногуни Туркия имоматї мекунад. Њамвора ба ташкил ва тадриси улуми исломї мепардозад. Суњбатњо аз мавзўњои диниву ахлоќї мекунад. Соли 1966 ба шањри Измир мекўчад. Дар баробари имоматї ба тадрис ва ташкили мактаб идома медињад. Мањз дар ин шањр шахсияте, ки аз Фатњуллоњ Гюлен имрўз дар љањон шинохта мешавад, шакл мегирад. Минбаъд на танњо ба ташкили мактаб, балки дар масљидњои калони Туркия воъизї мекунад, ки дар он шахсиятњои аввали кишвараш ба њайси шунаванда ширкат меварзанд. Дар Олмону дигар кишварњо ба конфронсњо даъват мешавад. Тадриљан ба як шахсияти муњим ва мутафаккири исломї дар Туркия мубаддал мегардад. Дар нимаи дуюми солњои 80 ва 90-и асри гузашта давраи нави фаъолияти Гюлен шурўъ мешавад. Зеро дар ин замон њукумат боз аз дасти њарбињо ба фаъолони сиёсї бармегардад. Фатњуллоњ Гюлен дар ин замон дигар як рўњонї, философи сатњи мањаллї, ё дар миќёси Туркия набуд. Дар солњои 1996-98 бо пешвоёни рўњонии яњудињо, папаи Рим ва дигар шахсиятњои муњими динњои дигар мулоќот мекунад. Пас аз ин бештар ба гуфтугў миёни адён таваљљўњ мекунад. Ин алакай дар замоне буд, ки шабакаи мактабњои ў дар чандин кишварњо пањн гардид. Аз љумла дар ибтидои солњои истиќлолият ба Тољикистон низ роњ ёфт ва бо имтиёзи зиёде чанд мактаби туркї-тољикї ифтитоњ кард, ки аслан туркиянд ва барномаи вижаи дарсї доранд. Соли 1999 Гюлен бо ќасди табобат дар ИМА Туркия тарк мекунад. Дар ин ваќт ўро дар кишвараш ба табаддуллоти давлатї ва ба сари ќудрат овардани шариат гунањкор медонанд. Бо њамин сафар Гюлен аз ИМА барнамегардад. Дар соли 2008 њамагуна иттињомот нисбат ба ў бардошта мешавад. Гарчи аз Туркия дур буд, аммо наќши муассире дар љомеаи кишвараш дорад. Бо гузашти чанд дањсола Фатњуллоњ Гюлен ва њаводоронаш низоми шабакавии бузургеро роњандозї кардаанд, ки дањњо иттињодияњои љамъиятї, бизнес-федератсияи TUSKON бо њазорњо соњибкор дар љањон, системаи мактабу донишгоњњо, медиа-холдинг бо шабакањои телевизиону нашрияњоро дар худ ѓунљондааст. Будљети соягии солонаи ин сохторро то ба 25 млрд доллари ИМА њисоб кардаанд, ки аз аъзоњаќї ва соњибкорон љамъ мешавад. Албатта, ин далелњо тасдиќи расмї надоранд, вале коршиносон бар онанд, ки бизнеси мутаалиќ ба шабакаи ў дар Тољикистон низ зиёд аст ва он вижагињои худро дорад, ки мавзўи маќолаи алоњидаанду самти кори контрразведкаи иќтисодии КДАМ. Аммо барои шинохти љамъиятии Гюлен ва "неруи нарм" -и Туркия хам хеле муњиманд.

Ба маънои соддатар "нерўи нарм"-ро чунин шарњ додан мумкин аст, ки бояд љолибияти њукуматро ба вуљуд овард. Бо таъсиргузорї ба рафтори ашхоси алоњида ва мардум ба маќсад расидан аст. "Нерўи нарм" мардумро ба ин ё он кор водор кардан аст, бе истифода аз зўрї ва фишор, дар њоле, ки бе ин онњо њеч гоњ ба ин кор даст намезаданд. Ба ифодаи дигар "нерўи нарм" шеваест, ки инсонњоро ба самте равон мекунад, ки худ нахоста ба он равон мешаванд. Ба андешаи коршиносон "нерўи нарм" бештар дар барномањои дарозмуддат роњандозї гардида, ба соњањои фарњанг, арзиш ва идеалњо, барномањои илмиву таълимї ва монанди инњо равона карда мешавад. Яъне, бештар бо тафаккур сару кор дорад. Аз ин нигоњ тамоми хусусиятњои "нерўи нарм"-ро дар фаъолияти литсейњои туркї ва њаводорони онњо дидан мушкил нест. Њайатњои њукуматии Туркия њатман аз ин мактабњо дидан мекунанд.

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

P.S.: Ба хонандаи закї мерасонем, ки "Нигоњ" дар ин мавзўъ тањќиќоти журналистї оѓоз кардааст. Масъалаи мазкур бо камтарин пањлўњояш мавриди омўзиш ва тањќиќот ќарор хоњад гирифт. Интизор бошед. Мо аз бурду бохтњои литсейњо, њадафњои "Хизмет", пўштинбонњояш дар Тољикистон ва дигар масъалањое, ки ба ин мавзўъ рабт доранд, ба таври муфассал мавод пешкаш хоњем кард.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

МАСЪУЛИЯТ

Рањмоналї АМИРЗОДА:

"ВАЊДАТИЊОИ ПЕТЕРБУРГ ХЕЛЕ ЌАВИЯНД"

Рањмоналї Амирзода, раиси шањри Вањдат барои мулоќот бо муњољирон ва љалби соњибкорони вањдатї дар ободонии диёрашон ба шањри Санкт-Петербурги Русия сафар кардааст. Ин сафарро метавон таљрибаи нодир дар чанд соли охир унвон кард. Ин буд, ки "Нигоњ" бо љаноби Рањмоналї Амирзода дар бораи ин тасмим ва сафараш суњбат орост. - Мўњтарам, Рањмоналї Амирзода чи Шуморо тањрик дод, ки ба шањри Санкт-Петербурги Русия сафар кунед ва њадаф аз ин сафар чї буд? - Сафари мо бо дастур ва розигии муњтарам Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон сурат гирифтааст. Аз 29-ум то 2-юми июн бо як њайати калон дар Санкт-Петербург ќарор доштем. Дар њайати гурўњ на танњо намояндагони маќомоти мањаллии њокимияти давлатї буданд, инчунин моро адибону журналистон, соњибкорон ва њунармандон низ њамроњї мекарданд. Њадаф аз сафари њайати гурўњ љалби соњибкорон љињати таъсис ва бунёди корхонањои истењсолї, аз ќабили корхонањои коркарди меваю сабзавот, консервабарорї, коркарди шир, бунёди би-

сонии коммуналї, гармидињї, коркарди партов ва дўхти либосњои кўдакона таваљљўњ зоњир гардида, шартномањои њамкорї ба имзо расиданд. Аз љумла, байни роњбари ширкати "Ёќут-2000" ва соњибкори шањри Санкт-Петербург Руслан Марк мувофиќа ба даст омад, ки њар моњ барои дўхтани 100 њазор либоси кўдакона фармоиш ќабул карда шавад. - Њамин рўзњо дар бораи вазъи муњољирони тољик дар шањрњои Русия хабарњои гуногун дар расонањо пањн мешаванд. Љойи нигаронї њам доранд. Шумо бевосита бо муњољирони корї њам мулоќот доштед? Агар ња, пас бо онњо бештар рўи кадом масоил сўњбат кардед? Инчунин мехостам, бипурсам, ки аз шањри Вањдат чи ќадар муњољири корї дар Русия кор мекунанд? БЕК ЗУЊУРОВ САРДОРИ ХАДАМОТИ АЛОЌА АМИРЗОДАРО ЊАМРОЊЇ МЕКАРД ноњои баландошёна ва дар маљмўъ анљом додани ободкорию созандагї дар шањри Вањдат мањсуб меёфт. - Чаро мањз ба Санкт-Петербург рафтед ва он чиро, ки аз ин сафар интизор доштед, бароварда гардид? - Дар шањри Санкт-Петербург зиёда аз сад соњибкори шањри Вањдат фаъолият мекунанд, ки дар ин шањр мавќеъи хуб ва нуфуси чашмрасе доранд. Мо бо ин соњибкорон дар якљоягї ва дар алоњидагї вохўрињо доштем ва бовар дорем, ки ин мулоќоти мо судманд буд. Аз љониби худ ба онњо оид ба имкониятњои мављуда, кўмаку дастгирињо ва рушди соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон маълумот пешнињод кардем. Аввалин натиља аз ин мулоќот ин буд, ки њудуди бист нафар соњибкоро-

ни вањдатї омодагии худро барои дар шањри Вањдат бунёд намудани корхонањои истењсолї, аз ќабили корхонањои коркарди шир, консервабарорї, меваю сабзавот, сохтмони биноњои баландошёна, сохтмони толорњо ва майдонњои варзишї баён дошта, рўзњои наздик оид ба амалї намудани таклифњо ба шањри Вањдат ташриф меоранд. Њамчунин, як бизнес-форум бо иштироки роњбарони ширкатњои хусусии шањри Вањдат ва шањри Санкт-Петербург доир кардем. Дар мулоќоти мазкур миёни соњибкорон ва ширкатњои хусусии шањри Санкт-Петербург ва роњбарони ширкатњои "Ёќут-2000", ЉДММ "Рўзафзун" ва ширкати "Комил-2010" дар самтњои кишоварзї, сохтмонї, таъсиси корхонањои истењсолї, хизматра-

МУЊОЉИРОНИ КОРЇ ВА ДОНИШЉЎЁН БАРНОМАИ ЊУНАРИИ ВАЊДАТИЊО ДАР САНКТ ПЕТЕРБУРГ ХУШ ИСТИЌБОЛ КАРДАНД


НАМУНА

- Албатта, бе ин намешавад. Вохўрї бо муњољирони корї дар ибтидо дар барномаи сафари мо ворид гардида буд. Бо муњољирони корї, донишљўён, роњбарони љамъияту созмонњое, ки дар шањри Санкт-Петербург аз љониби тољикон таъсис дода шудааст, мулоќоти муштарак доштем. Дар вохўрињо перомуни сиёсати кунунии пешгирифтаи Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, нишондодњои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, дастоварду муваффаќиятњои даврони соњибистиќлолии кишвар, аз љумла, дар шањри Вањдат пайдо гардидани љойњои зиёди нави корї сухан ронда, бањри ба бунёдкорию созандагї сафарбар сохтани њамватанонамон сўњбат доштем. Барои вохўрї бо муњољирони корї аз ширкати сохтмонии "Леонтиевский Мисс", ки дар он шумораи зиёди муњољирони мењнатии тољик фаъолият менамоянд, дидан намудем. Њамзамон ба аёдати як шањрванди Тољикистон, ки бар асари лату куб дар беморхона бистарї шудааст, рафтем. Ногуфта намонад, ки дар рўзи аёдат љинояткорон аз тарафи маќомоти њифзи њуќуќи шањри Санкт-Петербург боздошт шуданд. Имсол аз шањри Вањдат ба муњољирати мењнатї, хусусан, ба Федератсияи Русия 13 њазор нафар сафар кардаанд, ки аз он 1900 нафараш дар шањри Санкт-Петербург ќарор доранд. Дар мулоќот бо намояндагони маъмурияти вилоят ва шањри Санкт-Петербург низ атрофи вазъи муњољирони корї сўњбати муфассал доштем. - Бо намояндагони њукумат кадом масъалањоро баррасї намудед? - Бале, бо намояндагони маъмуриятњои вилоят ва шањри Санкт-Петербург

вохўрињои алоњида доштем. Аз љумла, тањти роњбарии Андрей Минин, раиси Кумита оид ба муносибатњои хориља, ки дар он роњбарони Кумита оид ба мењнат ва њифзи иљтимої, Кумита оид ба муњофизати табиат, Кумита оид ба соњаи кишоварзї ва моњидорї, Иттифоќи саноатчиён ва соњибкорони вилояти Ленинград њузур доштанд, вохўрї намудем. Дар мулоќот ба масъалањои њамкорињои дуљониба дар самтњои кишоварзї, моњипарварї, таъсиси корхонањои истењсолї, сайёњї, шикор пешнињодњо кардем.

Намояндагони љониби вилояти Ленинград пешнињодњоро хуш пазируфта, барои њамкорињои дуљониба омодагии хешро изњор доштанд. Дар мулоќоти маъмурияти шањри Санкт-Петербург тањти роњбарии раиси Кумита оид ба муносибатњои хориљаи шањри Санкт-Петербург Евгений Григорев, ки дар он роњбарони Кумитањо оид ба рушди сайёњї, рушди соњибкорї ва бозори истеъмолї, сохтмонї њузур доштанд, масъалањои њамкорињои дуљониба дар самтњои кишоварзї, сайёњї ва таъсиси корхонањои истењсолї баррасї шуданд. Ќайд кардан ба маврид медонам, ки моњи октябри соли равон рўзњои адабиёт ва санъати шањри Санкт-Петербург дар шањри Душанбе доир мегардад. Дар доираи ин чорабинии фарњангї соњибкорони шањри Санкт-Петербург ба шањри Вањдат ташриф меоранд. Бахусус, дар мулоќот бо сардори Раёсат ва муовини Хадамоти федералии муњољирони мењнатии шањри Санкт-Петербург мушкилоти муњољиринро мавриди баррасї ќарор дода, пешнињод кардем, ки барои расонидани кўмаки амалї ба муњољирин мусоидат намоянд. Дар вохўрї бо масъулини Хадамоти федералии муњољирони мењнатии шањри Санкт-Петербург маълум гардид, ки муњољирони тољик дар шањри Санкт-Петербург зиёда аз 30 њазор нафарро ташкил дода, аз љињати шумора дар љойи сеюм ќарор доранд. Масъулини маъмурияти шањр ва Хадамоти муњољират иброз доштанд, ки њарчанд аксари онњо кормандони поквиљдон бошанд њам, лекин миёнашон шахсоне низ њастанд, ки бо сабаби маълумот надоштан ќоидањои будубошро ба Федератсияи Русия вайрон мекунанд. Танњо соли равон бо ин ваљњ аз шањри СанктПетербург ва вилояти Ленинград зиёда аз 500 нафар шањрвандони Љумњурии Тољикистон хориљ карда шуданд. Њамон рўзњо дар нуќтањои нигоњдошти муваќќатии муњољирони мењнатї 70 нафар шањрвандони Љумњурии Тољикистон бо сабабњои гуногун нигоњ дошта мешудаанд. Яъне, бархе аз онњо бо сабаби куњна шудани шиноснома, дигаре бо љурми норасоии њуљљате ва сеюмї бо гуноњи вайрон кардани ќонунгузории Федератсияи Русия боздошт шудаанд. Мо дар њар сурат љињати њалли мушкилоти онњо чораандешї кардем. Аз љумла, барои дуруст кардани њуљљатњои боздоштшудагон ба шуъбаи Вазорати корњои дохилии шањри Вањдат тавассути телефон дастур додем ва аксари њуљљатњо ислоњ ва мушкил њал гардид.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

5

Њамчунин бо маќомоти дигари шањри Санкт-Петербург оид ба њалли мушкилоти боздоштшудагон сўњбат доштем. Тарафњо изњор намуданд, дар оянда бобати ташкили интихоби муњољирони мењнатї њамкорињои ќавиро ба роњ хоњанд монд. - Дар ибтидои сўњбат гуфтед, ки њайатро њунармандону ањли фарњанг низ њамроњї мекарданд… - Ба хотири даме њам бошад, болида намудани табъи муњољирон ин њайатро бо худ бурда будем. Дар рўзњои сафар бо иштироки њунармандон дар се мавзеъ, аз љумла дар Ќасри фарњанги шањри Санкт-Петербург бо иштироки беш аз 600 нафар донишљўёну намояндагони диаспорањои шањри Санкт-Петербург, дар ЉСК "Сабина" бо иштироки беш аз 1000 нафар муњољирону дигар табаќањо, дар яке аз толорњои шањр бо иштироки беш аз 300 нафар соњибкорон барномањои љолиби фарњангї баргузор гардид. Ногуфта намонад, ки дар вохўрињо, њамчунин, мушовири Сафири Љумњурии Тољикистон дар Русия Толибой Юнусов, намояндаи Сафорати Тољикистон дар Федератсияи Русия оид ба мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї А. Одинаев ва консули фахрии Љумњурии Тољикистон дар шањри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Назар Мирзозода ширкат доштанд. - Рўњияи муњољирони тољикро чи гуна дарёфтед? -Ростї, њар куљое бо муњољирини мењнатї вохўрдем онњо аз фаъолияти хеш ќаноатманд буданд. Мо аз мушкилоти онњо пурсон шудем, касе шикояте накард, баръакс изњори ќаноатмандї доштанд, ки муњлати баќайдгирии муњољирин аз 3 рўз ба 15 рўз ва гирифтани иљозатномаи кор аз се моњ то ба 3 сол тамдид гардид. - Хулоса ва бардошти шахсиатон аз ин сафар чист? -Албатта, аз сафар ба шањри СанктПетербург хушњол аз он шудам, ки њамватанонамро болида дарёфтам. Ва онњо аз сафари мо низ бисёр хушњол гаштанд. Бахусус, донишљўён: Фарањмуз Мањмадюсуфов, Муњиддин Абдусаидов, муњољирини мењнатї аз ноњияи Љ.Румї Наврўз Кенљазода ва дигарон бо хушнудї иброз доштанд, ки Роњбарияти кишвар паи бењдошти фаъолияташон ѓамхорињои зиёд зоњир мекунад. Натиљаи њамин аст, ки имрўз онњо дар кишвари Русия озодона кору фаъолият доранд. Сипос, барои суњбат. Мусоњиб Абуалї НЕКРЎЗОВ

ТАЉРИБАИ НОДИРИ АМИРЗОДА БА ДИГАР РАИСОНИ ШАЊРУ НАВОЊЇ ТАВСИЯ МЕШАВАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

6

СУЃД Аммо бархеи дигар мегўянд, ў он замон шоубизнеси Суѓдро тањти назорат дошт ва то ба њол чунин аст. Баъзе аз овозхонон мегуфтанд, ки онњо бо сабаби писанди бону набудан рўи сањнаи Кохи Рўдакї омада наметавонанд. Аммо як - ду нафар, аз љумла овозхонони маъруф дар Хуљанд - Ѓолибљон Юсуфов ва Анвар Ахмедов, мушкиле дар ин замина надоштанд. Њарчанд баъди бозсозии ин кох ва номи Рўдакиро гирифтанаш дар соли 2006 масъулин таъкид мекарданд, ин љо хонаи умеди истеъдодњое хоњад буд, ки ба далели паст будани вазъи иќтисодї то ба имрўз наметавонистанд њунари худро рушду сайќал дињанд.

"СВЕТОФОР" Он замон Кохи Рўдакї аз имкониятњои зиёде бархурдор буд. Барои мисол, дар рў ба рўи он дар шоњроње, ки масири коргоњи њамсари Раиси вилоят мањсуб мешуд, чароѓак ё "светофор"- еро њам насб карданд. Њарчанд 300 метр поёнтар ва 350 метр болотар аз он чароѓакњо мављуданд, ки њаракати наќлиётњоро дар масири Хуљанд - Ѓафуров танзим мекунанд. Масъулини бозрасии

бад. Даромади хуби молї њам дорад. Обид Назаров, директори феълии Кохи Рўдакї танњо бе љонишин корро пеш мебарад. Ихтиёрдори Кохи Рўдакї дар Хуљанд њукумати вилояти Суѓд аст ва аљаб ин аст, ки то ба њол ягон нафари муносиб ба вазифаи пештараи њамсари сарвазир пайдо нашудааст. Обид Назаров дар замони раисии Ќоњир Расулзода сардори Раёсати фарњанги вилоят буд. Абдурањмон Ќодирї ўро аз ин вазифа барканор карда, ба курсии директори Кохи Рўдакї шинонд. Обид Назаров директории Кохи Рўдакиро аз Абдуѓафур Шарифов гирифт. Аммо ваќте мо Кохи Рўдакиро "зиёрат" кардем ва бо масъулин сўњбат меоростем, ба назар мерасид, пушти дари Абдуѓафур Шарифов директор навишта ва пушти дари собиќи љонишин Иќболњон Нозирова лавњаи "Директор Обид Назаров" насб шуда буд. Шояд ин шеваи хоси

ЊАМСАРИ САРВАЗИР Вазифаи нави Иќболхон Нозирова чаро анљоми карйераи ў нест? Њоло ба вазифае таъин шудани як хешутабори афроди баландпояи Тољикистон ё мўд мешавад, ё ба њукми анъана медарояд. Мегўянд, ки тибќи ќонун, як нафар њаќ надорад дар нињоди тањти идорааш ягон хешовандашро ба кор гирад. Ва дигарон дар тафсири ин мегўянд, ки ин ба вазифањои молиявї рабт дорад. Њамсари собиќ раиси вилояти Суѓд ва њоло нахуствазири Тољикистон Ќоњир Расулзода њам дар вазорати фарњанг вазифаи нав гирифт. Иќболхон Нозирова бо таъин шудани шавњараш ба маќоми сарвазирї аз Хуљанд ба Душанбе омад. Вазорати фарњанг ба хабаргузорињо гуфт, ки Иќболхон Нозирова, директори барномаи фарњангии њамоиши Созмони Њамкории Шонгњой дар Тољикистон таъин шуд. "Барои ў дар бинои вазорат хуљраи корї људо шуд ва ў ба корї худ шуруъ намуд" - гуфтаанд дар Вазорати фарњанг. Иќболхон Нозирова шаш сол (20072013) љонишини директор оид ба корњои оммавї-фарњангї дар Кохи Рўдакии шањри Хуљанд буд. Ин давраи кори ў дар Кохи

Рўдакиро яксон ќисса намекунанд. Баъзењо ўро як шахси мубтакир унвон мекунанд, масалан, дастањои раќсии "Мањастї" ва "Чаманоро" хизмати нафари дуюми Кохи Рўдакї буд. Ў тавонист раќќосонро сарљамъ ва бо љои кор таъмин кунад. Ташкили намоишњои либоси миллї, аз ќабили "Атласшоу", ва дигар чорабинињое, ки завќи зебоипарасии њунармандони мудро бедор кардааст, низ аз ибтикороти ў ном бурда мешавад.

«

давлатии автомобили Суѓд мегўянд, чароѓак њадди аќал бояд дар масофаи 700 метр насб шавад ва дар масофаи кўтоњ насб шудани он ба тамбашавї ё "пробка" - и наќлиёт меоранд. Њоло ин аљиб нест. Чароѓаки рў ба рўи Кохи Рўдакї замоне, ки Иќболхон Нозирова дар Кохи Рўдакї соњибвазифа буд, кор мекард. Њоло бо рафтани ў ба Душанбе кор намекунад. Гузашта аз ин, касе њам парвои кор кардан ё накардани онро надорад.

"КУРСИИ ХОЛЇ" Бо рафтани Иќболхон Нозирова ба Душанбе курсии ў дар Кохи Рўдакии Хуљанд њам холї аст. Ин чї маъно дорад? Кохи Рўдакї ягона макони баобрўи баргузории консертњои овозхонон дар Хуљанд аст, тавре дар Душанбе Кохи Бор-

Баъзе аз овозхонон, изњор мекарданд, ки суруду барномањои онњо бо сабабњои барояшон номаълум рўи сањнаи Кохи Рўдакї намеомад. Чаро ва бо чи сабаб аз сањна бозмегашт, инро танњо худи роњбарони ваќти Кохи Рўдакї медонистанд.

«

кори масъулини Кохи Рўдакист, то бисёрињо надонанду пай набаранд, ки њанўз вазифаи љонишини директор оид ба корњои оммавї - фарњангї касе нест, ё њасту дар асл нест?

ИДОМА Ќисса кўтоњ, Иќболхон Нозирова њоло дар вазорати фарњанг менишинанд. Бале, вазорати фарњанг њам тобеи сарвазир аст, аммо њоло инро ба кї мегўї. Бале, кор аз кор гузашта, вале ин ки ў директори барномаи фарњангии њамоиши Созмони Њамкории Шонгњой дар Тољикистон аст, интињои парвозњои ў буда наметавонанд. Тољикистон имсол роњбарии Созмони Њамкории Шонгњойро ба зимма дорад. Ташкилињои аслї дар Тољикистон мегузаранд, ба ќавли бархе манобеъ, дар истироњатгоњи "Бањористон". Ва чун ин маъракањо гузаштанд, мантиќан, вазифаи он кас њам ба поён мерасад. Баъд аз ин, он кас куљо хоњанд рафт? Ин аз њунари мубтакирии он кас вобаста аст. Ќамари АЊРОР

8%

Дар назарсанљии виртуалии хабаргузории TojNews ба суоли "Муносибати шумо ба литсейњои туркїтољикї чї гуна аст?" 1112 истифодабарандаи интернет ширкат кардаанд, ки 46%-и онњо гузинањои манфиро интихоб кардаанд.

2%

Намедонам

20%

МУНОСИБАТИ МАРДУМ БА ЛИТСЕЙЊОИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-ТУРКЇ ХУБ НЕСТ Дар ин бора фикр накардаам

26%

Бад."Хизмет" дар Туркия фаъолияти сиёсї дорад.

5%

Хеле бад, зеро мактабњои тариќати “Хизмет"-и Фатњулло Гюлен мебошанд

Хуб, аммо фаъолияташонро бояд санљид

Олї, сифати таълиму тарбияи хуб доранд

38%

Пеш аз ќатъи фаъолияти онњо, бояд маорифро ба талаботи муосир љавобгї кард

САДОИ МАРДУМ

2%

Тибќи ин назарсанљї 26% (289 нафар) аз ширкаткунандагон дар посух ба ин суол гузина "бад, зеро мактабњои тариќати "Хизмет"-и Фатњулло Гюлен мебошанд" ва 20% (221 нафар) варианти "Бад."Хизмет" дар Туркия фаъолияти сиёсї дорад"-ро интихоб кардаанд, ки дар умум 46 % ташкил медињад. 38% ё 417 иштирокчиёни ин назарсанљї варианти "Олї, сифати таълиму тарбияи хуб доранд"-ро интихоб кардаанд. 5 дар сади дигар њам ба гузинаи "Хуб, аммо фаъолияташонро бояд санљид" раъй додаанд, ки

бо 38% муносибаташон олї 43 %-ро ташкил м едињад. 8% ё 91 нафари раъйдињандагон ба ин назаранд, ки "Пеш аз ќатъи фаъолияти онњо, бояд маорифро ба талаботи муосир љавобгў кард" овоз дода, 2 % (18 нафар) гуфтаанд, ки "Дар ин бора фикр накардаам", вале 2% (20 нафар)-и ахир гуфтаанд: "Намедонам". Ин назарсанљї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи TojNews аз 4-ум то 10-уми июн гузаронда шудааст.


ЊУШДОР

ИШОРАЊОИ АЁНУ НОАЁНИ ИСЛОМ КАРИМОВ БА ПУТИН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

7

БУМЕРАНГ - XXI Бумеранг як силоњи аборигенњои Австралия аст. Монанд ба доси тољикї, аммо ваќте онро меандозанд, дигарбора ба дасти соњибаш бармегардад. Шуруъ аз ин воќеа бар пояи мушоњидањои шахсї ва маслињати дўстон мехоњам иттифоќоти зиндагии ману моро, ки њамон бумерангро ба ёд меоранд, рўи сафња орам. Асри 21 аст, гапи кайњону моњу инќилоби раќамї аст, аммо мо њанўз андар хами кўчаи замони Атторем. Бо умеди ислоњ ва њамдигарфањмии мардуми Тољикистон, ки ба њар сурат бо њам њастем ва Худо асло ин васлро њиљрон накунад, ин гўшаро дар "Нигоњ" чун оинаи хеш минбаъд њамеша рўи ба рў дошта бошем.

"Компенсатсия"

Ба дунболи пахши овозањо дар мавриди барканории Ислом Каримов аз њокимият ва додани кафолати амниятї ва паноњандагиву зист дар Аргентина, дар ду маврид президенти худкомаи Узбакистон гўшзад кард, ки аз ќудрат канор нахоњад рафту Путину тарњњояш барои ў ањамият надоранд. Бори аввал миёнањои моњи гузашта, дар гармогармии рўйдодњои Укроин садои ў баланд шуд. Дар расми ифтитоњи расмии дафтари намояндагии НАТО гуфт, ки вай нияти рафтан надорад. Мехоњад то имкон дорад, Узбакистонро идора кунад. Дар бораи вокуниши долонњои њукуматии Тошканд њарфи даќиќ гуфтан имкон надорад, чун матбуоти озод нест, ки бо пурсиши афкори мухолифону тарафдорон вазъро рушантар кунад. Вале аён аст, ки Ислом Каримов мехоњад бимонад ва ахиран зидди Иттињоди гумрукии Путину Назарбоев садо баланд кард. "Онњо мегўянд, ки танњо бозори иќтисодї мехоњанд бисозанд ва ба њеч ваљњ аз истиќлолият даст намекашанд. Акнун бигўед, оё истиќлолияти сиёсї бидуни истиќлолияти иќтисодї имконпазир аст?",- гуфт ў. Ва албатта, ин бори аввал нест, ки Каримов мављудияти иттињодњо миёни кишварњои пасошўравиро тањти аломати савол ќарор медињад. Соли 2012 њам Тошканд бо пахши як изњорот аз СПАД хориљ гардида буд. Миёни гуфтањо дар мавриди будану рафтан аз ќудрати идорї ва эрод аз Иттињоди гумрукї коршиносон шабоњатеро дидаанд, ки бидуни шак ба рўйдодњои имрўзаи Укроин иртибот дорад. Алишер Илњомов, тањлилгари Мактаби лондонии тањќиќоти Шарќ ва Африќо (SOAS) бар ин назар аст, ки дар аввал, ваќте Каримов 15-уми май дар расми ифтитоњи дафтари намояндагии НАТО суханронї мекард, танњо майли боќї монданаш дар њокимият эњсос мешуд. Вале баъдан дар пасманзараи рўйдодњои Ќрим Ислом Каримов тањдидњои империяи ру-

сиро эњсос кард ва ин ба майли густариши њамкорињояш бо Ѓарб афзуд. "Имкон дорад Каримов инро њис кард ва бо истифода аз вазъ чунин изњорот дод, зеро медонист, ки дар ин њолат Ѓарб чандон майли муќовимат дар боќї мондани диктаторро надорад". Ин коршинос бештар сари њамон изњороти боќї мондани Каримов дар ќудрат андешаронї мекунад ва мегўяд: "Ман дар њеч замоне шубња надоштам, ки вай то он ваќте, ки неруи љисмонии кофї дорад ва мамлакатро идора мекунад, канор намеравад. Рафтани вай аз њокимият ин баробар ба худкушї аст, зеро вай наметавонад ба њимояи ягон номзади эњтимолї умед бандад. Зеро баъди рафтан бояд касеро дошт, ки ба суќути иќтисодиву рушди фасод посух дињад. Дар чунин њолатњо бори гуноњ мањз ба сари сарварони собиќ зада мешавад". Ва имрўз, ки Ислом Каримов ташкили иттињоди АвруОсиёро мавриди интиќоди шадид ќарор медињад, боз њам ба њамон ду маъност: Вай мехоњад њоло бимонад ва мехоњад ба Ѓарб гўшзад кунад, ки дар интихоби такягоњ дар минтаќа иштибоњ накардааст. Коршиносон ба онанд, ки бо бастани шартномаи 49-солаи будубоши низомиёни рус дар Тољикистон Душанбеву Маскав Ислом Каримовро худ ба оѓўши Ѓарб тела кардан д ва имкон дорад, ки ў низ мисли Нурсултон Назарбоев дар заминаи доду гирифтњо бо англо-саксонњо ќудратро ба нафари мавриди назараш дињад. Ин аст, ки ў ба њар васила ба Кремлу Путин нописандї карда, тарњњои њамгироии Маскавро осон ба истењзо мекашад. Сафои СОДИЌ

Чанде пеш шоњиди суњбати аљиби телефонии яке аз чењрањо ва авторитетњои ањли ќалам бо милиса шудам. Назди даромадгоњи Бинои маљмаи интишороти Шарќи озод меистодам. - Ало! Саломелекум, ака! - гуфтани овози шинос диќќати маро љалб кард. Гўш кардани суњбати ду нафари дигар хуб нест, аммо ин суњбатро нашунидан имкон надошт. Аввал ин ки соњиби овоз баланд гап мезад, мисле, ки ба колхозчиён дар майдони пахта мурољиат мекард. Ва дигар ин ки соњиби овоз як нафари оддї не, яке аз раисон ва авторитетњои ањли ќалам буду њамроњи ў яке дигар аз чењрањои маъруфи журналистика... Ин љо бояд гўям, ки ин ќиссаро њам ба чанде аз дўстон, журналистон наќл кардаам, ки гуфтанд, њатман навиштан лозим аст. Агар ин шахсиятро намешинохтам њам, дар ин бора менавиштам. Шиносої бо ин нафар њам, њарчанд аз ќањрамони асосї ном намегирем, монеи рўйи вараќ овардани ин ќисса нахоњад буд. Хулоса, ба ман фаќат овози як љониб, аз љумлаи авторитетњои ањли ќалам шунида мешуд, ки аз милиса даќиќтараш аз сардори кадом як шуъбаи милиса дар пойтахт фаќат як хоњиши хурд дошт... - Ало, сардор, саломалекум! Шумо наѓзед? Хубед? Тинљед? Кору борњо соз? Ин фалониюф нестанд? Чї хел ёбем? - ... -Не ака, њама хуб, як хоњиш буд, ака... -... -Не тинљї, фаќат як камтар хоњиш буд, ба сардор расонда метавонед Шумо? Илтимос ака, агар тавонед, сардора дида расондан даркор... - Як љияни мо, бачагї кардаст, камтар хато кардаст, бачагї кардаст, хулиганї кардаст, њавая ман мегўм раиса дида, ба худашон гап занам, ки шарманда накунанд њамон бачая. - ... - Вай љияни мо мешад, мактабхон, як камтар хатогї кардаастда. Ман гуфтам худашона бинам, бо ин кору бор катї банд шудем, дигар рафта натонистам... - .... - Тинљї-тинљї, ин бача аз оилаи зиёї, хешу табораш њамаш хондагиву нависандаву зиёї, гуфтам- ку, љияни мо мешавад. - ... - Шумо медонед, ку моро охир... Ња-ња-ња... - ... - Хайр, ака як хато кардаст. Ин худаш бачаи бузбала, њамин директори мактаба як мушт задааст, ина боздошт кардагиян, сардора гуфтан даркор, ин бачаи бечорая шарманда накунанд. Як хато шудааст, бачагї кардаст... - ... - Не, ... Њо, як мушт задааст. - ... - Не... директор соз, як њафта дар кадом беморхона хоб рафтаст, нав аз беморхона буромадаст меган. - ... - Не тамоми конпенсатсияаш аз њисоби ман, ака. Ба сардор расонед, ки тамоми конпенсатсияша мо мекунем. Фаќат њамин бачая шарманда накунанд... - ... Баъди шунидани ин суњбати телефонї, ман намедонам аз чї бошад, сад дар сад бовар дорам, ки сардор ин бача, љияни раис ва писари як оилаи зиёиро шарманда накарданд. Бовар надорам, ки тамоми конпенсатсия ба директори мактаб расида бошад, аммо сад дар сад бовар дорам, ки ба милиса расидааст. Чї ќадар хуб аст, агар ту таѓои авторитет дошта бошї. Метавонї директори мактабро як не, ду-се мушт фурорї! Таѓоят њаст-ку, ба сардор як дањон занг занад, тамом, кор њалл. Туро касе шарманда намекунад. Милисањо њам шояд барои чанд шаттаи обдори задаашон, то занги таѓоят, албатта, аз ту узр мепурсанд ва бо ду дасти адаб аз маймунхона (обезьянник - русї) рањо мекунанд. Фаќат як фикр маро ором намегузорад. Оё директор баъд аз ин чї хел дар ин мактаб кор мекунад? Вай худро чї гуна эњсос хоњад кард, назди хонандагон. Ба чашмони љияни раис нигоњ карда худро кї њис мекунад? Обрўи ўро мешавад љуброн ё, тавре раис гуфтанд, компенсатсия кард? Фаридун РАЊНАВАРД


8

ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

Мањноз Афшор, як тан аз ситорањои дурахшони синамои Эрон, дар шањри Тењрон ба дунё омада, тањсилоти миёнаву олиро низ дар ин шањр гирифтааст. Аввалин наќшашро ў соли 1999 дар синни 22 - солагї бозї карда, то ба њол дар њудуди 40 филми эронї наќш офарид ва соли 2012 дар кинољашнвораи Анљумани мунтаќидон барандаи бењтарин бозигари наќши зан шуд. Як њафтаи пеш бо даъвати "Тољикфилм" Мањноз Афшор ба Тољикистон омад ва дар филми нави Носир Саидов наќши ќањрамони асосиро бозї кард. Дар анљоми як рўзи корї сармуњаррири "Нигоњ" бо Мањнози Афшор суњбат анљом дод ва ќабл аз њама аз ў пурсид, ки то омадан ба Душанбе аз кишвари мо чї таъриф дошт ва Тољикистонро чї гуна дарёфт:

Мањноз АФШОР:

"ХУБ ЌАШАНГ ТОЉИКЇ ШУДАМ" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Мањноз Афшор, ситораи синамои Эрон ва бозигари наќши асосї дар филми тољикии "Муаллим"-и Носир Саидов - Бори аввал аст, ки Тољикистон омадам. Ваќте дар Тењрон ин хабар расид, ки ба Тољикистон бояд равам, ба ёдам њамон дарсњое омад, ки дар бораи ин кишвар хонда будам. Иттилооте доштам, аммо на ба ин андозае, ки алъон дорам. Фикр мекардам, фарњангест дар Тољикистон наздик ба фарњанги эронї ва як кишварест бењад зебо. Аз њавопаймо, ки пиёда шудам, инро дирўз њам љое гуфтам, ки барои ман табиат ва фазои Тољикистон айни наќќошии Худованд буд. Аз њама муњимтар бидуни таоруф мардуми бисёр муњтарам, боадаб ва мењрубон дорад. Эњсоси ѓурбат накардам. Одам ваќте сафари хориљ аз Эрон меравад, чї тафрењї ё кор, баъди чанд рўз дилаш барои хона ва шањраш танг мешавад. Ин дилтангиро њамеша дорам, аммо ѓурбати ин љо ѓурбати ќарибе набуд. Бўи осмон, бўи табиат, бўи мардум, бўи зиндагиаш хеле наздик ба Эрон буд. - Тољиконро чї гуна дарёфтед, њамон гуна, ки дар Тењрон тасаввур мекардед, ё...? - Хеле бењтар. Фикр мекардам, шояд натавонам иртибот барќарор кунам, фосила байнамон бошад, аммо ин тавр набуд. Тољикњо хеле мизбони гармеанд. Хеле хушомадї мегўянд. Њоло намедонам бо эронињо чунинанд, ё бо мардуми дигар дунё низ. Вале ба ман ба унвони як эронї дар дењаи Зиддї, ки дар кор будем, шабу рўз мувозиб буданд. Хеле бењтар аз он, ки дар Тењрон фикр ме-

кардам, тољикњоро дарёфтам. - Лањни гуфтори моро дуруст мефањмидед? - Бале! Ман ба Оѓо Носир њам гуфтам, ки русї њам суњбат кунанд, дигар мефањмам. Рўзи аввал хеле изтироб доштам, њатто маризи равонї шудам. Вале алъон медонед аз чї мефањмам? Аз оњанги њарф заданашон, аз навъи нигоњашон мефањмам, ки чї мехоњанд бигўям. Панљ рўз ин љо будам, аммо ин панљ моњ буд. - Аз чењрањои тољикї чї таассуроте доред? - Чењрањои тољикистониён ва нигоњашон хеле амиќ аст. Њатман шумо дидаеду мебинед. Рўзгор як навъ аст, ки одамон ваќте ба њам њарф мезананд, ба чашми њам нигоњ намекунанд. Иртиботи чашм ба чашм нест. Ё ба боло, ё поин ва чапу рост нигоњ карда, њарф мезананд. Тољикон ин тур нестанд. Ба чашми одам нигоњ карда, њарф мезананд ё гўш медињанд. Ин маънои онро дорад, ки онњо ба њарфи дигарон арзиш ќоиланд ва онро гўш мекунанд... - Расми синамогарї чунин аст, ки мекўшанд то омода шудани филм иттилое набошад. Мо умедворем, ки Шумо дар бораи филми наватон иттилое медињед... - Ман аз ин пружа хабар надоштам. Дўстонам гуфтанд, ки як кори хубе њаст дар Тољикистон ва хостанд, ки ман дар он бошам. Хеле масруф будам ва гуф-

там, замон надорам. Бо ин вуљуд гуфтам, ки фикр кунам, хабар медињам. Ба худ гуфтам, ки даъват шудї, сарнавишт мегўяд, ки бояд биравї. Пас хоњиш кардам, ки сенария ва як филми Оќои Носирро ба ман фиристанд. Филми Оќои Носирро дидам. Хеле дилї буд, маро љазб кард. Сенарияро њам хондам, ки хеле ќиссаи хуб ва дуруст буд. Содда дардро мегўяд. Сипас хоњиш кардам, ки бо Оќои Носир суњбат кунам. Он кас хеле мењрубонанд. Хеле сахт буд, ки корњои дигарамро бигзораму биёям, аммо омадам ва њоло хеле хушам, пушаймон нестам. - Шумо дар ин филм чї наќш доред? - Наќши Њадияро, ки тамом филм дар

ОФТОБИ ЗИДДЇ ТЕЗ АСТ

МАЪЛУМОТ АЗ "НИГОЊ": Сафар Њаќдодов - сенариянавис, актёр, муњаррир ва продюсери тољик, 5-уми августи соли 1961 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоњи миллии Тољикистон аст. Аз соли 1986 дар "Тољикфилм" кор мекунад. Муассис ва рањбари "Дидор", аввалин кинољашнвораи байнулмилалии Тољикистон аст, ки аз соли 2004 њар сол як маротиба баргузор мешавад. Аз соли 2011 раиси Иттињоди синамосозони Тољикистон аст. Соњиби Гран-прии љашнвораи байнулмилалии синамо дар шањри Тампер (Финляндия) барои филми кўтоњи "Хоб дар бедорї" (1991) ва љоизаи "Ќиёми рўз" (11 љоиза дар љашнворањои байнулмилалї) аст.

ГИРЯИ ЊАДИЯ

бораи ўст. Ин филм дар бораи занњоест, ки иљборан ба шавњар баромадаанд ва фарќашон хеле камтар аз мардњост. Иљозаи зиндагї кардан аввал бо зан аст, пас њамсар. Ба фикрам, ин филм на фаќат дар бораи занњои тољик аст. Дар дунё бархе фарњангњое њастанд, ки сари занњо хеле зулм мешавад. Ва ман фикр кардам, як рисолате дорам, ки ме-


СУЊБАТИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

9

тавонам дар ин бахш кўмаке бикунам, њам ба худам ва њам ба њар зани мазлум дар њар љойи дунё. - Наќши муаллимро кї мебозад? - Як оќое њастанд, ки исмашон Марат Орипов аст. Ман ба оќои Носир њам гуфтам, ки ин мард як энержии мутлаќ доранд, ба ин дараља, ки дурбин (камера) маљбур аст, ки барояшон эњтиром гузорад, яъне бо ишќ барояшон бояд эњтиром гузошт. Мо намунањоеро мисли эшон дар Эрон, мисли оќоён Интизомї, Машоихї ва дигарон дорем, ки мо барояшон мадюнем. - Бозгашти Марат Орипов ба сањна бидуни шубња навиди сатњи миллист. Носир Саид кори бузурге анљом додаанд... -Ман инро эњсос кардам. Оќои Орипов њатман њаќќе ба гардани синамои тољик доранд ва ман хушбахтам, ки пас аз 20 сол бо он кас дар як филм наќш меофарам. -Порањое аз филм дар Зиддењи дараи Варзоб гирифта шудааст. Ин дења хушатон омад? - Ќаблан ба ман гуфтанд, ки ин русто мањрумиятњо ва камбуд дорад, аммо масире, ки ба он рафтем, хеле масири зеЛУТФИ МАЊНОЗ ДАР БАРОБАРИ БАЧАЊОИ ВАРЗОБЇ

0000

ЛАЊЗАЕ АЗ САХТГИРИЊОИ КОРГАРДОН

бое буд. Ин љои аљобат надорад. Дар тамоми рустоњои дунё камбуд њаст. Аммо муњим имконот нест, муњим ќалби зебои одамони он љойњост. Либоси тољикиро чун пўшидам, сарбандамро бастам, диалогњоямро чун хондам, гуфтам, хуб ќашанг тољикї шудам. - Як зани тољики рустоиро берун аз наќш чї гуна дарёфтед? Чї фарќе ў аз зани рустоии эронї дорад?

- Занњои рустої хеле зањматкашанд. По ба пои мардњо, њатто бештар кор мекунанд. Тафовуташон аз занњои эронї ин аст, ки бештар ба њаќќашон расидаанд. Мањдудияташон хеле камтар шудааст. Аммо инро њам пазируфтаанд, ки ќабл аз издивољ дар њар синне, ки бошанд, абрўњояшонро барнамедоранд. Баъд ин корро мекунанд. Ваќте бо онњо суњбат мекардам, аз ин мавзўъ нороњат набуданд, балки хушњоланд. Хеле суннати ќашанг аст. Дар ќадим њам занњо то издивољ чунин буданд. Занњои рустои тољик ин воќеиятро пазируфтаанд, ки аз як сў, зебост, аз сўи дигар, њайф аст. - Шумо дар театр њам наќш меофаред. Театри Эрон чї њол дорад? - Дар ќиёс бо гузашта њоли театри Эрон хеле хуб шудааст. Шояд мушкили толор њаст, мо театрњое дорем, ки дар интизори толор њастанд, аммо театрњое, ки рўи сањна мераванд, хеле муътабар шудаанд, њама љо даъват мешаванд. Театрњо аз нависандагони муосир, нависандагони ќадим, эрониву ѓайриэронї, Шекспиру Чехов намоишномањо иљро мекунанд. Бо як љумла, њоли театрњо бо имконот бад аст, аммо ваќте рўи сањна мераванд, баназиранд. - Мардум чї гуна театрро мепазиранд? - Хеле истиќбол мекунанд. Имрўзњо толорњои намоиш пур аз мухотаб аст. 10 - 12 сол пеш дар Эрон театр рафтан барои мардум љаззоб набуд. Њоло як хонаводае, ки бо ќалам ва адабиёт рабте надорад, театр меравад. Ин хеле арзиш дорад.

- Театрњои Тољикистон давлатианду маъмулан холиву бетамошобин , њунармандонаш бо маош кор мекунанду аз рўи наќша( чун дар замони Шўравї) ва таќрибан њудуди 250 доллар дастмузд мегиранд. Дар Эрон чї тур аст? - Раќамро намедонам, аммо дастмузди бозигарони театри Эрон низ гузарони зиндагиашон нест. Хеле поин аст. Ман тўли солњо инро фањмидам, ки ба театр бояд ошиќ буд ва дастмуздаш кирої нест. - Чї таърифе аз синамои Эрон доред? - Њудуди чанд солест, ки дар Эрон як ваќфае уфтод дар синамо. Мо солњои ќабл филмњое доштем мисли "Њомун", "Ду зан", ки хеле таъсиргузор буданд. Таблиѓоти хеле густарда мешуд. Чанд сол мо њељ таблиѓе надоштем, ба ин далел, ки сармоягузорњо наметавонистанд пулро баргардонанд. Мањдудиятњое њам буданд, хатти ќирмизњо ва сонсур њам буд, филмњо иљозаи сохт надоштанд, агар сохта мешуданд, иљозаи экран надоштанд. Ин њама дилсардињоро ба вуљуд овард. Бузургоне мисли оќои Таќвої ва хелењои дигар хонанишин шуданд. Як навъ аз ин иттифоќе, ки дар синамои Эрон афтод, ќањр карданд. Њоло ќавлњое дода мешавад, ки мамнўъулкорї дар синамо набошад, мардум кор кунанд. Бо вуљуди ин, филмњое њам назири "Људоии Нодир аз Симин", "Хати вижа" сохта шуданд. Як чизро содиќона бигўям, ки ба бахши хусусї дар синамои Эрон зулм мешавад. Њимояти давлатї нест. Филмњое, ки пуштибонии давлатї доранд, имкони экрани хуб, замони хуб ва таблиѓоти хуб доранд. Ман ба ин мухолиф нестам, аммо бахши хусусї њам бояд дастгирї шавад. - Пас аз таѓйири ќудрат дар Эрон мешунавем, ки мардум бархе озоди-

МАЊНОЗ АФШОР

њоро мегиранд. Оё чунин њаст? - Мутаассифона, солњои охир синамо ва њунари Эрон сиёсї шуд. Бахусус чор соли ахир сиёсатзада ва бад шуд. Мо Хонамои синамоямонро аз даст додем. Дарњояш баста шуданд. Як љангњое њам миёни худи синамогарон сурат гирифт, бо њам каме номењрубон шуданд. Ман аз касоне њастам, ки мегўям, ба синамо набояд сиёсат роњ ёбад. Касоне, ки моро наќд мекунанд, бояд ањли њунару фарњанг бошанд, на оќое, ки як љойи дигаре бо шуѓли дигаре пушти миз нишастааст. Ў дар бораи синамо метавонад салиќаї њарф бизанад, аммо наметавонад њукм бикунад. Њукуматњо мераванду меоянд, аммо синамо мемонад. Ин дуруст нест, ки як низом ояду синаморо ба фарш бизанад ва дигаре ояду онро бардорад ба арш. Давлат бояд аз синамо хат бигирад, на синамо аз давлат. - Филми "Муаллим" сиёсї нест? - Дар такя ба он чи ки ман аз сенарияи оќои Сафар Њаќдод ва Носир Саид дарёфтам, на. Он кўшиши маъниофарї аст, ки аз волоии маърифат њикоят мекунаду арзишњои муњими љомеаро барљаста месозад. Шояд ин филм њушдоре њам бошад. - Дастандаркорони филми нав замони нахустнамоишро махфї нигоњ медоранд. Оё шумо метавонед ин сирро барои хонандаи муњтарами "Нигоњ" ифшо кунед? - Барои тањияи филм ва комил кардани он чанд моњи дигар лозим мешавад. Нахустнамоишро пойиз (тирамоњи)и имсол интизор бояд буд.

МАЪЛУМОТ АЗ "НИГОЊ":

НАВОРБАРДОР-ТАЊИЯГАР: ГЕОРГИЙ ДЗАЛАЕВ. ОЊАНГСОЗ:ДАЛЕР НАЗАРОВ

Носирљон Саидов, коргардони тољик, 19-уми феврали соли 1966 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи коргардонии Донишгоњи њунарњои зебои Душанбе. Коргардони дуюм дар филмњои русии "Ваъда кардам, ки меравам" (1990), "Зиндагии мањрамонаи шоњдухтар" (1991), "Падари моњтобї" (1998), "Шик" (2001), "Танкер "Танго" (2005) аст. Коргардони ТВТ, саркоргардони барномаи "Субњ" - и ТВТ буд. Аз соли 2012 - директори "Тољикфилм" аст. Соли 2009 году филми "Ќиёми рўз"-и ў дар 14-ум љашнвораи байнулмилалї дар шањри Керали Њиндустон ду љоиза - "Бењтарин кори коргардонї" ва "Љоизаи эњтироми бинандагон" - ро соњиб шуд. Соњиби Гран-при (Бузургљоиза)-и љашнвораи байнулмилалии синамо дар Инсбрук (Австрия), љоизаи бинандагони љашнвораи байнулмилалии Фукоко (Љопун) аст. Љоизањои филми бењтарин, коргардони бењтарин ва љоизаи вижаи ЭКО (Созмони њамкорињои иќтисодї) - ро дар љашнвораи байнулмилалии "Фаљр" - и Эрон ва дар љашнвораи дигари байнулмилалї дар шањри Киши Эрон љоизаи коргардони бењтарин ва љоизаи "Фирдавсї" - ро гирифтааст. "Муаллим" филми љадиди Носир Саидов бо сенарияи Сафар Њаќдодов аст.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

ЊАМСОЯ нистон, даќиќтараш Покистон анљом шудааст. Маќомоти амниятии Афѓонистон охирин кашфе, ки карданд, ин буд: ќтилро шиносої кардем ва ба маќомоти Покистон ўро маълум карданд. Аммо ќотил боздошт нашуд. Муњаммаддовуди Довуд, њамоне, ки аз ибтидои љињод пой ба пойи Масъуд мегашт, барои он кушта шуд, ки дар шимоли Афѓонистон ба гуруњњои террористї - Толибон, Њаракати исломии Ўзбакистон ва Ал - Ќоида рўз намедод. Ва террорњои дигар алайњи намояндагони мактаби Масъудро ин љо зикр намекунем. Њоло Абдуллоњ.

"То се рўзи дигар шояд Доктор Абдуллоњ Абдуллоњ њам кушта шавад". Ин хулосаи маъракаи шадидуллањни бигўмагўњои хурду бузургест, ки имрўзњо дар Афѓонистон љараён дорад. 8-уми апрел дар Кобул ба Доктор Абдуллоњ њамлаи террористї сурат гирифт. Даќиќан пас аз чанд лањзае, ки ў аз мењмонхонаи Ориёно берун шуд, ду инфиљор яке пайи дигарї ба амал омад. 6 нафар, ба шумули 4 њамсафи Доктор, ки солњо ба ин сў бо ў буданд, кушта шуданд. Бадоњатан номзади президентии Афѓонистон вокуниши худро нишон дод: "Посухи ин њамла афтан ба пойи сандуќи раъй аст". Доктор Абдулло расман њадафи ин њамларо барњам задани интихоботи президентии Афѓонистон мењисобад, ки даври дуввумаш рўзи шанбе, 14 июни соли равон баргузор мешавад. Ў ба касе њам мушаххас ишора накард, зеро хуб медонад, ки ин чї ќувва аст ва барои чї ин корро мекунад.

КЇ? Раќиби ў Ашраф Ѓанї Ањмадзай ва тимаш, аз љумла рањбари ѓайрирасмии ўзбакњои Афѓонистон - Абдурашид Дўстум, вазъи хеле ногуворе доранд. Дар ќиёс бо тими Доктор Абдуллоњ онњо рўйрост ва бо тањдид эълон медоранд, ки нокомї - бохтро ќабул надоранд, њатто Дўстум гуфт, зарур бошад худ хунашро барои пирўзї мерезад ва ба ўзбаку туркманњо њушдор дод, ки агар ба Ашраф Ѓанї Ањмадзай раъй надињанд, хоин ме-

"СИЯЊПЎШОН" "Лашкари тайиба" - як созмони террористии маъруф, ки иттињоди байнулмилалии ифротиёни олами ислом аст, ин њамларо ба зимма гирифт. Њамагї интизор доштанд, ки Толибон дар ин замина изњороте хоњанд дод. Аммо хабаре пањн шуд, ки на фаќат Афѓонистон, балки тамоми љањонро мутаваљљењи худ кард. Шабакањои интернетї навореро аз вилояти Нуристони Афѓонистон нашр карданд, ки дар он як гурўњи ба ном Сияњпўшон ё Тўрпўшон чанд толибро ба дор мекашанд. Онњо миёни худ бо имову ишора "суњбат" мекарданд

"АФЃОНКУШЇ" Кї дар куштори нухбагони Афѓонистон манфиат дорад?

ДАР НАТИЉАИ ТАРКИШ ЧОР НАФАР КУШТА ШУД

ва ин далели он аст, ки онњо аслан пашту ва форсиро балад нестанд. Ба таърихи Толибон њам агар бингарем, солњои 90 - ум ин гуруњ дар ибтидо хеле хурд ва нофањмо буд ва сипас бузург шуду ба ќудрат расид ва њамон тавр рафт. Эъдоми Толибон аз сўи Сияњпўшон чї паём дорад? Кишваре, ки замоне Толибонро эљод кард, яъне Покистон, ин навбат ин паёмро фиристод, ки ќодир аст ба дигар навња вазъро таѓйир дињад. Ва њамлаи террористї ба Доктор Абдуллоњ њам, бидуни бањс, дар хориљ аз Афѓонистон тарњрезї шуда, ин паёмро дорад, ки њарифи ў дар асл Ашраф Ѓанї Ањмадзай нест. Њарифи Ањмадшоњи Масъуд ва Бурњонуддини Раббонї, устодони Доктор њам амалан Толибон набуданд.

"МУШКИЛИ ШУМО" Њамлаи террористї ба Доктор Абдуллоњро дар Тољикистон бисёрињо идомаи њамон тољиккушињо меноманд, ки ин тавр нест. Ў паштун аст. Писари як ќандањорї ва дар Ќандањор дар њоли њозир бародарони ў аз њамсари дуввуми падараш зиндагї мекунанд. Ќиссаи кўтоњи террори Ањмадшоњи Масъуд дар соли 2001 чунин аст: соли 2000 Толибон барои пуштибонии Усома ибни Лодин, рањбари Ал - Ќоида, тањти фишори шадиди Амрико ва Арабистони Саудї ќарор гирифтанд. Онњо ду мушкили умда доштанд, яке, Ањмадшоњи Масъуд дар дохил ва дигаре, мушкили хориљї - эътирофи љомиаи байнулмилалии њукуматашон. Танњо се кишвар - Покистон, Арабистони Саудї ва Аморати Муттањидаи Араб. Саудї

њам аз сўи Амрико барои Усома тањти фишор ќарор дошт. Њарду аз Толибон хостанд, ки ё Усомаро таслим кунанд, ё аз Афѓонистон ронанд ва ё ўро нобуд кунанд. Толибон ба Усома гуфтанд, ки аз Афѓонистон бирав. Аммо Усома ба онњо гуфт: "Ман мушкили дохилии шуморо њал мекунам". 8 сентябри соли 2001 Ањмадшоњи Масъуд кушта шуд. Солњои баъд собит шуд, ки дар ин амр ба Усома хадамоти љосусии Покистон, маъруф ба ISI, кўмак кардааст, аммо касе ба террори Масъуд муљозот нашуд. Моњи сентябри соли 2011 Устод Раббонї, рањбари Љамъияти исломї, танзими сиёсие, ки Масъуд узваш буд ва Абдуллоњ њоло узваш аст, низ террор шуд. Ин террорро донандагони њол ба дурнамои њамкорињои Афѓонистону Амрико њам рабт медињанд, аммо тарњрезии он њамоно хориљ аз хоки Афѓо-

шаванд. Љумъахон Њамдард, волии Пактиё дар Мазори Шариф њатто эълон кард, ки паштунњои шимол бояд барои Ашраф Ѓанї раъй дињанд. Худи ахирї њатто Доктор Абдуллоњро ба "дуэли саводи исломї" даъват мекунад. Кор гирифтани аз њассосиятњои ќавмї ва динї дар таблиѓоти тими Ашраф Ѓанї аз ин далолат мекунад, ки онњо аз имрўз бохти худро яќин дидаанд ва маълум аст, ки сарњисоби худро гум карда, њатто ба тањдид гузаштаанд. Аз онњо бењтар ин бохтро пуштибони аслиашон - Покистон мебинад. Зеро дар њоли ба ќудрат расидани Доктор Абдуллоњ наќшањои Покистон боз ба солњои дигар барбод хоњанд рафт. Абдуллоњ парвардаи мактаби Масъуд аст, ки њатто дар замони љињод бо Шўравї љанги дигаре бо Покистон дошт. Ин буд, ки ў дастнишондаи Покистон Њикматёрро њанўз дар замони љињод бо Шўравї ва то љое бо мусоидати Шўравї аз шимоли Афѓонистон ба пуррагї ронд. Аз он ба баъд 6 соли дигар бо дигар мањсули "эљодиёти ISI" - Толибон ва Ал Ќоида љангид, ки нињоят шањид шуд ва дар марги ў Покистон њам наќш дошт. Њоло Исломобод хуб медонад, ки агар Доктор Абдуллоњ рањбари Афѓонистон шавад, тарњњои дарозмуддаташро иљро карда наметавонад ва њисоб сари Ашраф Ѓанї Ањмадзай мекунад. Аммо тавре Мулло Умар барояш арзиш надошт ва њоло бо Сияњпўшон толибњоро ба дор мекашад, Ањмадзай њам барояш ањамияте надорад. Ашраф Ѓанї њам ба марги Доктор Абдуллоњ манфиат надорад, зеро интихобот барњам мехўрад ва бояд аз сар гирифта шавад. Аммо ин барои Покистон муњим нест. Муњим ин аст, ки вазъи Афѓонистон бо хостањои он пеш равад. Аз ин хотир, дар Афѓонистон тољиккушї нест, балки афѓонкушї аст, њамонњое кушта мешаванд, ки Афѓонистонро як кишвари озод, ќабл аз њама, аз Покистон, дидан мехоњанд. Фаромарзи ФОЗИЛ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

11

Пас аз 23 соли хомўшї Ќањњор Мањкамов, охирин котиби якуми Кумитаи Марказии Њизби Коммунистии Тољикистон ва нахустин президенти кишвар дар мањфили "Гуфтугўи тамадунњо" - и профессор Иброњим Усмонов барои бори аввал рољеъ ба фаъолияташ, воќеъњои хунбори моњи феврали соли 1990 ва дирўзу имрўзи Тољикистон ба суолњои намояндагони љомеаи шањрвандии Тољикистон посух дод. Ин нишаст зиёда аз 2 соату 30 даќиќа дар толори маљлиси Маркази тиљоратии "Пойтахт" -и шањри Душанбе идома кард. "Нигоњ" бо назардошти ин, ки "дер ояду шер ояд", тасмим гирифт тафсилоти ин суњбатро дар ихтиёри хонандагонаш гузорад.

Ќањњор МАЊКАМОВ:"БОЗ

НАГЎЕД, ИН ЧЇ ХЕЛ ПРЕЗИДЕНТ БУД"

Тафсилоти суњбати президенти нахустини Тољикистон дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо" ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ: - Дўстони азиз, як илтимос дорам. Ман њељ ваќт пинњон накардаам, њозир њам мегўям, ки забони тољикї, яъне забони модариро ман наѓз намедонам. Барои чї? Соли 1941-ум ваќте љанги дуюми љањон сар шуд, ман дар синфи саввум бо забони тољикї мехондам. Баъд аз љанг сар шудан бисёри омўзгорони мо, ки мардон буданд, ба сафи артиш рафтанд. Муаллимњои нав омаданд. Соли 1942 -43 ман дар синфи 5 бо забони тољикї мехондам. Мактаберо, ки мо машѓулият доштем, аз хонандагон озод карда, госпитали њарбї карданд. Аз љанг маљруњонро оварда, њамон љо муолиља мекарданд. Талабањои синфи моро ба дигар мактаб гузаронданд. Афсўс, синфи 6-ро хонда, акнун ба синфи 7-ум гузашта будем, ки мактаби нави мо сўхт. Мо бе мактаб мондем. То соли 1947 ман нахондам. Як таѓо доштем. Њамон кас ба хонаамон, ки дар шањри Ленинобод (њоло Хуљанд), омаданду пурсиданд, љиян, ту чї кор карда гаштї? Ман гуфтам, саввум сол аст, ки стажёр (дастёр ё таљрибаомўз) - и як ронандаи мошини боркашам. Мехоњам ронанда шавам. Ду сол шуд, ки бо ин шофёр гаштаам. Он кас гуфтанд, ки наѓз не, љиянам, зењни ту тоза буд, хонишат наѓз буд. Сонї, ба модарам мурољиат карда, гуфтанд, ки агар шумо розї бошед, ман Абдуќањњорро гирифта, ба Сталинобод (аз соли 1929 то 1961 Душанбе Сталинобод ном дошт - А.Н) мебараму њамон љо хонданашро давом медињад. Модарам розї шуданд. Он кас маро ба техникуми индустриалї дохил карданд. Директори техникум гуфтанд, як суњбат кунем, як - ду масъаларо аз математика навишта гуфтанд, ки иљро кун. Ман натавонистам. Ба таѓоям гуфтанд: "О ин њељ чї намедонад - у! Таѓоям гуфтанд, ин ду - се сол боз намехонад, барои њамин фаромўш кардааст. Шумо як сол аќаллан муњлат дињед, агар баъд аз як сол аз уњдаи хондан набарояд, аз ин љо мегирем. Директор розї шуданд. Хайр њамту шуд, ки пас аз як сол ман аз њама пешќадамтарин талабаи њамин техникум шудам, чунки ман хонданро бисёр дўст медоштам, наѓз хондам. Соли 1950-ум техникумро бо дипломи сурх ба охир расонидам. Факултете, ки ман мехондам, факултети куњї буд. Бояд коргари куњ мешудем. Лекин директоре, ки маро ќабул карда буданд, гуфтанд, ки писарам, шумо наѓз хондед, тамом кардед, агар розї бошед, шуморо ба институти Ленинград (Санкт-Петербурги имрўза - А.Н) мефиристем, шумо дипломи сурх доред, бе имтињон шуморо ќабул мекунанд. Ман розї шудам. Падару модар розї буданд. Соли 1950-ум рафта, ба Институти куњии шањри Ленинград дохил шудам. Баъд аз се моњи хониш њамаи 47 нафар муњассили њамин курси моро љамъ карда, гуфтанд, ки давлат 5 сол шуд нав аз љанги дуюми љањон баромадаасту мутахассис намерасад, агар шумо розї бошед, мо њамин курси шумо-

ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ ДАР МАРКАЗИ ТИЉОРАТИИ "ПОЙТАХТ" -И ЗАЙД САИДОВ ро људо карда, тез тамом мекунонем, 5 сол не, дар се сол тамом мекунед. 47 нафар розї шудем. Се сол пас дар Украинаи њозира дар шахтаи Горловка - шахтаи бисёр чуќур ба номи Сталин буд - се моњ практикаи пешаздипломї гузашта, дар бораи њамон шахта кори дипломї навиштам. Баъд аз институт дар кони Шўроби Исфара ба кор даромадам. Бинед, бисёр терминњое, ки њам сиёсї њам ихтисосї њаст, ман ба забони тољикї намедонам. Агар рухсат дињед, бисёртар ба забони русї љавоб дињам. (Ањли нишаст гуфтанд, ки љаноби Мањкамов ба забони тољикї бад њам њарф намезанад, бигзор ба суолњо ба забони давлатї посух дињад - А.Н) ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ: - Боз нагўед, ин чї хел президент буд, ки забони тољикї, забони модариашро намедонистааст. Барои чї ин гапњоро мегўям? Бисёр корреспондентњо медонанд, ки ман ба ягон кас интервю намедињам. Барои чї? Ду бор маро "подводит" карданд. Интервюро гирифтанд, гап дигар, маќсад дигар буд, аммо баъд дигар чї чоп карданд. Аз гапњои ман њељ чиз намондааст. Њамаш пой осмону сар замин шуда рафтаааст. Баъд аз њамон гуфтам, не, тавба гуфтам, дигар интервю намедињам. Илтимос агар чоп мекардагї шавед, љавобњои манро чапаву роста накунед.

БАЊМАНМОЊИ 1990 ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ: Рости гап, мо њељ шубњае надоштем, ки дар љумњурии мо њамин њодиса мешавад. Медонем, ки дар Гурљистон, Озарбойљон ин њодисањо буданд, лекин дар мо оромї буд. Коргарони Комитети бехатарии мо (КГБ) ягон бор ба ман - раиси Шўрои Вазирон,

котиби якуми Комитети Марказии Њизби Коммунистии Тољикистон (КМ ЊКТ) ягон иттилоъ надода буданд. Шифоњї њам чизе хабар надоданд. Агар мегуфтанд, мо дида кор мекардем, бисёртар вохўрї мегузаронидем. Буду шуди ман фаќат кор буд. Русњо мегуфтанд: "Эй Каххор Макамович, самый трудоголик". Бештар назди мардум мерафтам. Камаш ду маротиба ба њар як район мерафтам. Хусусан, аввалу охири бањор, то ањволи пахтаро бинем. Њамроњ ду касро мегирифтам. Бисёртар бо Акбар Махсумов, он ваќт раиси Агросаноат, мерафтам. Дарун-даруни пахта мегаштем аз субњ то бегоњ. Бо мардум вомехўрдем, суњбат мекардем, касе шубњае намекард, ки њой њамин кор нодуруст рафтост, ё ин ки мо арз дорем, ё ягон камбудї дорем. Дар сафарњо дар ошхонаи оммавї нон мехўрдем. Сари заминњо лаганду нону ин чизњо агар як кас меовард, ман бисёр хафа мешудам, ки мо инљо барои нон хўрдан наомадаем. Агар чойи кабуд дошта бошед, як пиёла резед, менўшем. Ана, акнун барои чї ин њодисањо шуданд? Инро баъд фањмидем. Якум рўз - 10-уми феврал рўзи якшанбе буд. Ман дар кабинет коѓазњоро меомўхтам. Навбатдор даромада гуфт, ки Ќањњор Мањкамович, дар пеши бинои Комитети Марказї (Ќасри президенти имрўза - А.Н) мактаббачагон љамъ омада, шуморо мепурсанд. Баромадам. Бароям, ки асосан талабањои мактабњое буданд, ки касбу њунар меомўзанд (Омўзишгоњњои касбїтехникї ва техникумњо - А.Н) меомўзанд. Ман гуфтам, хўш, фарзандон чї гап? Панљ - шаш кас якбора бо овози баланд гуфтанд, ки барои чї шумо хонањои моро ба арманињо дода истодаед? Ман аввал њайрон шудам, ки ин гап аз

куљо пайдо шуд. Ман гуфтам, кї гуфт ба шумо? Гуфтанд, мо медонем, хабаре, ки мо дорем, обрўи баланд доштагињо ба мо гуфтанд. Ман гуфтам, дар куљо ба кадом арманї хонае додаем. Инашро худатон медонед, гуфтанд. Њамин ваќт вазири фарњангамон Нур Табаров гуфтанд, ки Ќањњор Мањкамович, ин бачањоро ба ин љо ягон касе гапњои нодуруста гуфта, фиристондааст, биёед, як фањмем аз куљо ин масъала пайдо шуд. Баъд аз як ё ду соат Нур Табаров омада гуфтанд, мо бо муллоњо гапзанон кардему ба ќозикалон њамин гап расидаасту ќозикалон медонистаанд. Он ваќт Тўраљонзода (Њољї Акбар Тураљонзода) ќозикалони љумњурї буданд. Ман гуфтам, илтимос, равед пеши ќозикалон, гўед, ки ман тайёр, њозир дер шуд, пагоњ соати 8 ё 9 кайе, ки имконият дошта бошанд, ба мошин мешинем, меравем куљое, ки гўянд, канї, бурда ба ман нишон дињанд, ки дар куљо мо ба арманињо хона додаем. Акнун ин гап аз куљо пайдо шуд, гўед. Ваќте дар Озарбойљон бетартибї шуд, байни озарбойљонињову арманињо якчанд оилаи арманї аз он љо гурехта, ин љо назди авлоди худашон омада будаанд. 10 - 15 оила. Ронандаи ман арманибача буд. Њамин љо калон шудагї бача. Њамон гуфт, ки Ќањњор Мањкамович њамин 1015 оилаи арманї ду се рўз шуд, ки омада дар хонаи шиносњояшон љой гирифтаанд, шояд њамин гап шуда бошад. Мана ин кас (Нур Табаров) рафта гапзанон карда омада, гуфтанд, ки пагоњ онњо тайёр ба рафтан, аммо пагоњ он кас (Акбар Тураљонзода) наомаданд. Як - ду соат нашуда, соати 10 -и пагоњї дар назди бинои Кумитаи Марказии ЊКТ њатто мардуми калонсоли Душанбе љамъ омаданд. Ње њамин гулдур-гулдур… Кабинети ман дар тарафи чойхонаи Роњат буд. Аз оина нигоњ кунам, ки аз одамњо ба майдон омада истодаанд. Акнун ин њамон рўзе буд, ки дар љумњурї аз аскарњои ВКД ягон кас набуд. Њамаро ба Озарбойљон фиристода буданд бо супориши ВКД-и СССР. Њамагї 47 ё 48 милитсионер дар шањри Душанбе монда буд. Аз нозирони БДА шояд 1015 нафар буд. Ду бор ман назди мардум баромадам - рўзи якум ва рўзи панљум. Рўзи якум баромадам, гап задан намонданд. Уроур, ки барои чї ба арманињо хона додї. Њо, мусулмонњо мо ба њељ кас хона надодем. 10 - 15 оила омада, дар назди хешу таборошон њамчун гуреза истодаанд, он љо, ки ором шуд, гашта мераванд. Не, шумо ба халќи тољик хона надода, ба арманињо додед, гуфтанд. Мана ронандаи шумо арманї ку? Ман гуфтам, ња, ронандаи ман - арманї, о арманї њам одам нест магар? Вай њам одам. Вай њам њуќуќ дорад… (Давом дорад) Фароњамсоз Абўалї НЕКРЎЗОВ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

БО ШОИР

Сурайё Њакимова 8 -уми майи соли 1980 дар дењаи Караќчиќуми ноњияи Конибодом таваллуд шудааст. Тањсили ибтидоиро дар дабистони дењааш гирифта, соли 1997 ба шуъбаи рўзноманигории ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров дохил мешавад. Баъди хатми донишгоњ соли 2002 ба шуъбаи аспирантураи њамин донишгоњ шомил шуда, бо роњбарии профессор Матлуба Хољаева дар мавзўи "Вижагињои иљтимоии шеъри муосири тољикї" ба тањќиќи илмї шуруъ мекунад. Худи њамон сол муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарљума интихоб мешавад. Соли 2010 рисолаи номзадии хешро дифоъ мекунад. Аз соли 2004 дар рўзномаи "Њаќиќати Суѓд" фаъолияти рўзноманигориро оѓоз кардааст. Соли 2010 маљмўаи нахустини шеъраш бо номи "Даричаи умед" нашр шудааст. Зи ѓамат дубора имшаб ба ѓазал паноњ бурдам, Ту бубин, ки ин шикоят ба суроѓи моњ бурдам. Чу ѓамат ба хонаи дил ба зиёди танг омад, Мани бењунар ту бингар ба њиљои оњ бурдам. Ман аз ин ситоразорон, ки ба шаб њамекунад ноз, Ба яќин расидам охир, ки мањам ба чоњ бурдам. Ба њамон нигоњи аввал, ки ба шањри ишќ мебурд, Ки ба умри хеш онро чу дуои роњ бурдам. Ту бигў зи хилвати мо, ки садои тиќ-тиќашро, Ба садои њиќ-њиќи худ ба чї иштибоњ бурдам. Ту гарам ба ишќбозї дили худ баранда донї, Магарам хабар надорї ки гањеву гоњ бурдам? Ту биё ба љашни Наврўз, зи ѓурури хеш бигзар, Ва бигў, ки аќлу њушро ба њамин нигоњ бурдам.

*** Аз ту ранљам, шеър меранљад зи ман, Менаояд бишнавад то арзи ман. Ман куљо акнун шикоятњо барам, Ќофия, ки танг бинмуд марзи ман. Хостам бар дил насињатњо кунам, Гуфтани пандаш чу буд дар ќарзи ман. Носуруда шеър чун шайдои туст, Менаѓунљонад ба вазн андарзи ман. Байт-байти ин ѓазал гўяд маро, Гар њунар дорї бикун нав тарзи ман. Ман - манї андар радиф ар шуд зиёд, Бин нишоне! Шеър меранљад зи ман! *** Бањорони хаёлатро агар њам рангу бў дигар, Биё, наздики ман биншин, ки њарфи рў ба рў дигар. Ту бар чашмони ман бингар њамин љо хонаи ишќ аст, Маёбї ќасри бењтарро миёни чорсў дигар. Ба љуз чашмони шањлоям радифи хушбаёнеро Ба вазни байти абрўям намеёбї, маљў дигар. Ќатори кокулони ман ѓазалхон мекунад дилро, Ба васфи зулфи печонам ту шањбайте бигў дигар. Хиромон рафтанам аз ту, таманноям барои ту, Ба њангоми муњаббат њам набошад гуфтугў дигар. Бинозам ишќро љоно магў бар ман, ки- ањли шањр,Сурайё њарфи ишќатро бигўяд мў ба мў дигар. *** Айбљў дилдодагонро сарзанишњо мекунад, Вой агар бо ў кунад дил он чї бо мо мекунад Рањии Муайирї Дарди ишќаш бо дили мо бас љафоњо мекунад, Ёри мо бошад ба шавќ инро тамошо мекунад. Ќасд дорад сер аз љонам кунад, ў оќибат Мутмаинам гар нашуд имрўз, фардо мекунад. Бори дардаш рўи дўшам, дар љавонї ин ѓамаш, Чини пешонии моро наќши гўё мекунад. Тори мижгонам ба куштан ќодир аст, аммо чаро? Бар камони абрувонаш даст боло мекунад. Ман чї гўям дардро, бингар Зулайхои дилам, Љони мо андар гарав, бо ишќ савдо мекунад. Бемуњаббат нест њарфам, хуш ба њоли он диле

*** Бар садои ќалби зорам њамнаво пайдо нашуд, Бахти хоболудаамро њеч чашмаш во нашуд.

СУРАЙЁ ЊАКИМОВА Њарчї аз андўњ буд ќисмат ба ман бинвишту лек, Ин хати пешониамро бахти комил љо нашуд. Бин фалак бар мо ѓамаш арзон њаме дорад мудом, Косаи давраш, вале як лањзае аз мо нашуд. Васли рўяшро ба нархи љон харидорї кунам, Пеши чашмаш љони моро ќимматаш боло нашуд. Рўи моњам Ќайсро девона месозад, вале Нек бингар Маљнун имрўз ошиќи шайдо нашуд. Гар ѓами дунё ѓазалхон карда дилро, лек боз Дар гулистони муњаббат булбули гўё нашуд. Бо њама дарде, ки дорам, мўњри хомўшї ба лаб Гуфта будам, ман шикоят бас кунам, аммо нашуд!

*** Зи љодуњои чашмонат хабар дорам, ба ин андоза, аммо не, Гирифтори расанљодуи мижгонам, вале дардо, ки аз мо не. Паёпай мекушї моро ба дарду доѓи танњої, вале бозам, Аљал аз мо гурезон аст, умеди будани ту пой бар љо не. Ситезам бо њама дунё, надорам чашми мастатро њамин мушкил, Магар девонагињоям гирифтан касди Исоро зи Мўсо не? Шунидї лола дарди худ даруни сина пинњон карду хандон шуд, Ту њиммат кун, зи лабханди лабони мо биљў пинњон, ки пайдо не. Нигар марзи људоињо гарам девори Чин гашта, ба ќасдаш ман Туро гўям, агар кардам фаромўшат, бидон номам Сурайё не! *** Аз ќиссаи нигоњам оё хабар надорад, Љодуи рўи моњам гуё асар надорад. Афсонаест афсун дар хандањои чашмаш, Ин дарди бедавоям асло гузар надорад. Дар шоњроњи умрам дасташ гирифта будам, Њоло ба нимароњам, њайфо сафар надорад. Андар шабони њаљраш ѓамњош нола мекард, Гар банди иштибоњам, аммо магар надорад. Бемењр гарчї бошад бонуи ќисмати мо, Печида банди оњам, моро назар надорад. Сhat гашта хонаи ишќ пушти даричаи Nеt, Ёди бањонахоњам ўро дигар надорад. Аз муфлисї хабар кард савдои ишќаш охир, Бепушту бепаноњам, дунё шарар надорад.

Чї гўям мардуми моро, њанўзам мову ман дорад! Ба оташ мекашад ќисмат!!! Барои бурдаи ноне Ѓурури шермардонро шикан андар шикан дорад! Мусофирбаччаи тољик ба шањри рус саргардон, Зи њокимњо ки мепурсад, муњољир њам ватан дорад?! Занон танњо! Ба њиљрат рафта шавњарњову мегўянд: Бифахрам ё бигирям ман ба мардињо ки зан дорад?! Пас аз оромињо охир бихезад сахт тўфоне, Намо бовар, ки ин њарфам аљаб умри куњан дорад.

*** Борони дидањоро танњо сукут шоњид, Бар рух давидањоро танњо сукут шоњид. Гурги гурсна буда дарде, ки њамла мекард, Љони рамидањоро танњо сукут шоњид. Осон шуда шикастан ойинаи дили мо, Бишканначидањоро танњо сукут шоњид. Шуд ќиссаи ѓами мо афсона бар ду олам, Афсун набудањоро танњо сукут шоњид. Пушти хати људої, танњо ки монда будам, Оњи кашидањоро танњо сукут шоњид. Бонуи хоб н-омад бар пойбуси мижгон, Чашми кушудањоро танњо сукут шоњид. Маъзур з-ин шикоят аз бешу аз ками хеш, Њар чи шунидањоро танњо сукут шоњид.

Дар миёни ишќу одат фарќро љо мекунад. Дил ки бо одат ибодат мекунад аз он чї суд? Хештанро њар касе бо ишќ пайдо мекунад. Умри љонашро бихоњам шукри он душман, ки боз Аз азоям шод гашта, тўй барпо мекунад. Аз кадомин дашт бошад хок моро, эй Худо К-он љунуни Ќайсро акнун Сурайё мекунад. Гар хушат омад аз ин вазну радифу ќофия, Аз Рањї хон ин ѓазал, к-ў бењтар иншо мекунад. *** Беш аз андоза дилам танг ба дидори ту аст, Дилакам айби худат дард сазовори ту аст. Гуфтамаш танг машав, бењуда озор мадењ, Њар чї ояд ба сари ман њамагї кори ту аст. Сахт гуфтам, дилакам, бахш маро, узри зиёд, Наѓз донам чї ќадар кўњи алам бори ту аст! Гўш мекун суханам ёраки бемењру вафо, Дардаш афзун макуну дон зи чї бемори ту аст. Гарчї арзон бифурўшї ба фано ишќи маро, Зи чї бошад, ки дилам боз харидори ту аст. Рўи девори дилам наќшаи тасвири ѓамат, Офарин бар ту бигўям, њама шањкори ту аст. Мурдам аз ѓам, чї кунам? Дам назадан пешаи дил, Гарчї ёдаш накунї, мўнису ѓамхори ту аст. Зери поят бинигар, шишаи ќалбам бишикаст, Ту вале даст мазан, мояи озори ту аст. Донам инро, ки надонї чї бувад ишќу вафо, Нашканад ањд Сурайё, ба Худо ёри ту аст! *** Бурданд ба яѓмо дили девонаи моро, Дурдона бувад, лек чї парвост шуморо? Тарсам, ки њамон дузд шавад сер зи љонаш, Аз таљриба гўем, зи бас дида љафоро. Аз шафќаташ умед ту баргир, набинї! Кай лутф намудаст, шањаншоњ гадоро? Бар аќл кунун панља мазан, њеч надонї? Як бор гузорад ба хато кўр асоро. Бо ин њама девона буданњош дили мо, Як умр нигањдор бувад сидќу вафоро. Бар он ки рабудї дили шўридаву шоир, Яѓмогари хушбахт, бигў,- шукр Худоро! *** Хамўшї дар гулўи мо њазору яу сухан дорад, Ту бингар издињоми ѓам ба сина анљуман дорад. Њаёњуњои беовоз мехезад зи маѓзи љон, Ба сони нолањое, ки насими сад чаман дорад. Људо аз њам барои хештан сўзем мо танњо,

*** Ман туро чун њадяи поке зи Яздон ёфтам, Дар лабонат хандаи хуршеди тобон ёфтам, Эй хушо тирукамони осмони дил зи туст, Бо муњаббат нам-нами ёдат зи борон ёфтам. Субњи козибро дигар коре надорад чашми мо, Субњи содиќ аз ду чашмат вањ чї рахшон ёфтам. Гарчї мерезад њазорон сидќро бар пои гул, Марги шабнамро ба барги гул чї хандон ёфтам. Гар зи нахли ин муњаббат ранљњо ояд ба бор, Хотири љамъе аз ин вазъи парешон ёфтам. Бо умеди васли рўяш дидањоям рўи рањ, Беди маљнун гаштаву худро чї гирён ёфтам, Оксигени њастии дил гашта моро ишќи ту, Ин њаќиќат бо њама урёнї пинњон ёфтам. *** Ин достони ѓамро гўям ва ё нагўям? Њастии бешу камро гўям ва ё нагўям? Афтодаему мискин дар кўчањои ишќаш, В-он дидањои намро гўям ва ё нагўям? Имрўзро чи гўям? фардост њосили умр, Фурсат шумор дамро гўям ва ё нагўям? Он ёрро, ки мерафт осуда аз бари мо Нашнид зеру бамро гўям ва ё нагўям? Мањтоб ошиќи рўз васлаш надида боре, Ин рози субњдамро гўям ва ё нагўям? Аз мо набуда дунё, њушдор мефиребад, Поёни печу хамро гўям ва ё нагўям? *** Як лањза чаро шўхи бало менаравї аз дари ёдам, Эй ишќталаб, аќли маро бурдиву аз кори ту шодам. Шаб то ба сањар ёди ту афсона кунад аз ѓами њаљрат, Ман ќиссашунав ќисса бигў, бешу камам бањри ту додам. Аз рўзи азал мењри ту њамќисмати ман нест, ба ќасдаш, Дар батни ѓамам тифли умед аст, ки ѓамзода бизодам. Бо боди сабо як сари мў аз ту расад лаззати дидор, Бо он ки сањар аз сари кўи ту расид, ошиќи бодам. Хоњам, ки занам ќуфл ба симкарти дилам, лек чї њољат Охир ту, ки аз ёд бидонї њама пасворду кодам. *** Њар шарари нигоњи ту ќиссаи ошиќона аст, Ќиссаи ошиќонаро љодуи дилбарона аст. Чун ба тилисми як нигањ банд намудї аќлу њуш, Нозу адои мо дигар бањри ту бебањона аст. Ёраки пурситам шудї, њаст магар туро хабар? Дар дили мо аз ин ѓамат доѓаки љовидона аст. Cавти њазори хушбаён нест дигар бањори дил, Ашк ба рўи чун гулам шабнами дона -дона аст. Сањфаи мо зи faсеbook гар нигарї бимон паём, Њарфу њиљои ин ѓазал бин ки чї содиќона аст. Гарчї ба асри бисту як ошиќї мекунам ба ту, Љавњари ишќи ман нигар одию тољикона аст.


ВОКУНИШ

ВКХ: ШАЊРВАНДИ ЉАБРДИДА БА ДОДГОЊ МУРОЉИАТ НАМОЯД!

- Вазорат фактњои дар маќолаи "Садама: MADE IN USA" дарљшударо дида баромада изњор медорад, ки мутаасифона, садамаи наќлиётии автомобилї њодисаи фалокатнок буда, метавонад натанњо тавассути дипломатњои амрикої, балки њар шахс рух дињад. Ба маълумот расонида мешавад, новобаста аз њолатњои рух додани садамањо бо иштироки кормандони намояндагињои ипломатї ва созмонњои байналмилалї, намояндагони Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон дар љои њодиса њозир шуда, љињати бурдани тафтиши њамаљониба, пурра ва холисона сайъу кўшиш менамоянд. Дар њолатњои зарурї ба намояндагињои хориљї аз љониби ВКХ ЉТ мурољиатномањои расмї низ ирсол карда мешавад.

Боиси зикр аст, ки Љумњурии Тољикистон давлати њуќуќбунёд буда, волоияти ќонунро эътироф мекунад. Аз ин рў, ќайд кардан зарур аст, ки мувофиќи моддаи 31-и Конвенсияи Вена оид ба муносибатњои дипломатї агенти дипломатї бо сабаби доро будани масуният аз љавобгарии љиноятї, гражданї ва маъмурї озод аст. Мувофиќи моддаи 10уми Конститутсияи Љумњурии Тољикистон санањои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд ва агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмилалї амал мекунанд. Ин маънои онро надорад, ки шањрвандони Тољикистон дар ин њолатњо бе њимояи њуќуќї, ки онро давлат кафолат додаст, мемонанд. Бо изњори таассуф аз ќазияи њалнашудаи шањрванд Шукрона Абдуллоева, ба иттилоъ расонида мешавад, ки ў метавонад бо тартиби инфиродї ба маќомоти дахлдор мурољиат намояд.Барои ин ба ў лозим мешавад, ки бо њамаи њуљљатњои вобаста ба садама, натоиљи ташхисњои љабрдида бо маслињати адвокат ариза тартиб дода, ба додгоњ пешкаш намояд. Ќобили ќайд аст, ки ба шарту шароити њодисањои нохуш нигоњ накарда, чунин њодисањо боиси таассуфи Вазорат мебошанд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

- Бо арзи эњтиром, ба Шумо ва кулли кормандони эљодии њафтаномаи "Нигоњ" мерасонем, ки маќолаи дар шумораи №9 (391), аз 21.05.2014 тањти унвони "Элак барои шутур" Чаро бари роњи хиёбони шањри Панљакент аз 26 метр ба 18 метр кўтоњ шуд?" бо имзои Шервони Умриддин чопгардида, дар маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Панљакент мавриди омўзиш ва баррасї ќарор гирифт. Муаллиф дар маќолааш њангоми ифодаи маќсад ва андешаронї масъаларо бо њама нозукињояш наомўхта, бидуни дарки мушаххасоти талаботњои лоињаи таљдиди роњ ва наќшаи кулли шањри Па-

13

зудтар бартараф намудани ин мушкилињо мадад расониданд ва расонида истодаанд. Бояд зикр намуд, ки наќшаи тањияшудаистодаи кулли шањри Панљакент, ки онро ЉСШК "Шањрофар" тасњењ намудаааст, то њол аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ нагардидааст ва наќшаи кулли амалкунандаи шањр бошад, беэътибор њисобида нашудааст. Бинобар ин сохтмони биною иншоотњо дар дохили шањр ва васеъ намудани хиёбони марказї дар асоси њамин наќша амалї мегардад. Бо маќсади дастгирии соњибмулконе, ки зиёда аз 80 адад иншоотњои мансуби онњо барканда шуд, маќо-

МАРДУМИ ПАНЉАКЕНТ ВАСЕЪШАВИИ ХИЁБОНИ РЎДАКИРО ДАРК МЕНАМОЯНД!

Абдулфайз АТОЕВ, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, тањлил ва тарњрезии сиёсати хориљии Вазорати корњои хориљии Тољикистон

ДАР ПАНЉАКЕНТ РОЊ АЗ 26 БА 34 МЕТР РАСОНИДА ШУД! Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон матлаби "Элак барои шутур-Чаро бари роњи хиёбони шањри Панљакент аз 26 метр ба 18 метр кўтоњ шуд?"-ро баррасї намуда, чунин иттилоъ медињад: Тибќи тартиботи љорї ќабл аз таљдиди роњи автомобилгарди Айнї- Панљакент - сарњади Ўзбекистон бо назардошти талаботи ќоидаву меъёрњои сохтмонї, њаљми корњо муайян карда шуда, дар ин асос маблаѓи корњои сохтмонї пешбинї шудаанд. Дар лоињаи мазкур пањноии роњ мутаносиб ба категорияи III ва IV - и техникї ва дар њудуди шањри Панљакент пањноии ќаблї ба наќша гирифта шуда буданд. Дар асоси Наќшаи генералии рушди шањри Панљакент ва супоришњои меъморию банаќшагирии шуъбаи меъморию шањрсозии Маќомоти иљроияии њокимияти давлатии шањри Панљакент

дар њудуди Маркази шањри Панљакент (аз км 89+700 то км 96+500) пањноии тасмахати њаракати наќлиёту канорањои он бо асфалтпўш 20 метр (аз хатњои дохилии њар ду канори љўйборњои оњану бетонї) ба инобат гирифта шуда, пањноии умумии роњ бо назардошти љўйборњою (2Х1м) мавзеи кабудизоркунї (2Х3м) ва роњи пиёдагард (2Х3м) 34 метрро ташкил медињад. Аз ин лињоз, роњи мављудбуда (26 метр) ба 34 метр расонида шуд. Инчунин, њалли масъалањои кўчонидани бинову иншоотњои ба роњ таъсиркунандаи њудуди шањри Панљакент ва пардохти љуброни он ба салоњияти Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Панљакент вобастааст. Шералї ГАНЉАЛЗОДА, муовини якуми вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон

АГЕНТЇ БАРОИ ЊАМКОРЇ БО ВАО ЊАМЕША ОМОДА АСТ! - Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон эњтироми хешро љињати њамкорињои судманд дар самти муќовимат ба мухаддирот иброз намуда, иттилоъ медињад, ки маќолаи њафтаномаи "Нигоњ" ("Худињову бегонањо" дар Агентї. Чаро журналистон ва расонањои дохилї аз мулоќот бо генерал Рустам Назаров бенасиб монданд?") тањти №6 (388) аз 30юми апрели соли 2014 мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Рўзноманигорони расонањои хориљї ба Агентї барои муњокимаи ба роњ мондани тарзи инъикоси объективии вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар васоити ахбори оммаи бурунмарзї даъват шуда буданд. Дар арафаи љашнгирии 15-солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашъаовари назди

Президенти Љумњурии Тољикистон як ќатор чорабинињо пешбинї шудаанд, ки рўзноманигорони дохилї љињати иштирок ва инъикос намудани онњо даъват мешаванд. Барои тањлили маводњои сомонаи Агентї, аз љумла ошкор намудани баъзе камбудию норасоињои маводњои иттилоотї сипосгузорем, ки кормандони њафтаномаи "Нигоњ" нисбати хабарњои дарљгардида бетараф намемонанд ва дар бобати боз њам бењтар ба роњ мондани кори сомонаи расмии Агентї мулоњизањои хешро баён менамоянд. Агентї њамеша омода аст минбаъд њам бо намояндагони Васоити ахбори омма њамкорї намояд. Бо эњтиром, Рустам НАЗАРОВ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон

нљакент ибрози назар намудааст. Бояд таъкид намуд, ки бунёд ва азнавсозии роњи Айнї - Панљакентсарњади Љумњурии Ўзбекистон дар партави иќдомњои созандаи Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон амалї шуда, лоињаи он аз тарафи Пажўњишгоњи лоињасозии Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон мураттаб гардидааст. Тибќи лоињаи мазкур васеъ намудани хиёбони марказии шањри Панљакент бо пањноии 34 метр: аз љумла, пањноии роњи автомобилгард 20 метр, аз ду тарафи роњ 1 метрї барои љўйбор, 3 метр ќисми кабудизоркунї ва 3 метри дигар ба роњи пиёдагард тарњрезї гардидааст. Аз ин рў, барои мутобиќ намудан ба ин лоиња аз байн бардоштани дањњо иншоот дар ду тарафи роњи хиёбони марказии шањри Панљакент зарур дониста шуд. Нисбат ба баркандани бинои кинотеатри "Рўдакї" -и мансуби соњибкор Халилов Муъмин изњор менамоем, ки он тибќи лоињаи Пажуњишгоњи лоињакашии "Тољикгипрострой" -и соли 1984 тањия гардида, дар ќисмати хатти сурхи сохтмонї лоињаи таљдиди роњ љойгир буда, ба васеъшавии роњ монеа эљод менамояд. Мутобиќи лоињаи нави хатњои коммуникатсионї: обу ташноб, барќу алоќа ба ќисмати роњи пиёдагард кўчонида мешаванд. Дар асоси лоиња маѓозаи дуќабатаи "Бахт", ки ба васеъшавии роњ монеа эљод мекард, пурра барканда шуд ва дањњо соњибкорону шањрвандони алоњида васеъшавию ободонии хиёбони Рўдакиро дарк намуда, ба роњсозон љињати њарчї

моти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Панљакент дар њудуди бозори "Дењќон" истифодабарии дўконњои тиљоратиро таъмин намуда, барои тиљорат њама шароитњои созгорро фароњам овард. Аз љониби комиссияи љамъиятии шањрї барои 75 шањрвандоне, ки манзилњои истиќоматиашон ќисман барканда шуд, барои људо намудани 0,06 га замини баробарарзиш тадбирњои мушаххас андешида мешавад. Вобаста ба баркандани ќисме аз ќабристони дењаи Сўљина бошад, таъкид менамоем, ки он ба тарњи роњсозї халал ворид менамуд. Аз ин лињоз, ќисме аз он барканда шуда, ба љои мувофиќ кўчонида шуд. Чуноне, ки муаллифи маќола оид ба вазъи кунунии роњи шафати ќабристони дењаи Сўљина ибрози андеша намудааст, ки роњ бунёд шудаву зарурати мањали баркандандашуда дида намешавад? Таъкид менамоем, ки њоло танњо роњ сохта шудааст ва корњои барќарорсозии љўйбор ба масофаи 2 метр ва роњи пиёдагард ба масофаи 2 метр, кабудизоркунии атрофии он дар мавриди муносиб идома меёбад. Таљдиди роњи Айнї - Панљакент, ки барои рушди соњањои мухталифи ин диёр сањми муносиб мегузорад ва орзуву аъмоли њазорсолањои ин мардум буд, тибќи лоињаи тасдиќшуда ва талаботњои ќоидањои роњсозии замони муосир бунёд гардида истодааст ва тањти назорати сохторњои дахлдор ќарор дорад. Исломиддин ШАФИЕВ, муовини якуми раиси шањри Панљакент


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

АБДУЃАФФОРИ КАМОЛ

Аз љумлаи маъруфтарин тањлилгарони масоили сиёсї, муаллифон ва ровиёни барномањо дар шабакањои мухталифи телевизиони давлатист. Лањни суханаш буррову шунаво, забонаш барои њамагон фањмост. Ва шояд ягона барандае бошад, ки метавонад соатњо бидуни коѓаз ва матни ќаблан омодашуда барандагї кунад. Ўро дар намоишњои зиёд дидаанд, вай гузоришоти љолиберо аз муњимтарин рўйдодњои кишвар тањия ва барандагї кардааст. Ва њамеша њамин вижагии озодона сухан гуфтану муваффаќонаву бесакта бурдани барнома аз љониби њар мунаќќид таъкид шудааст. Абдуѓаффори Камол чињилу панљ сол пеш, яъне 5-уми июни соли 1969 дар ноњияи Ќубодиён дида ба олам кушодааст. Волидонаш аз љумлаи муњољирони ќаротегинї будаанд, ки миёнаи солњои 50 дар водии Вахш љо гирифтанд ва шўрзаминњои ин водиро ба майдонњои шукуфону боѓњои назаррабо табдил додаанд. Тањсилоти ибтидоии худро дар мактаби дења гирифт. Раѓбат ба кори журналистї зери таъсири бародари марњумаш Абдусаттори

Камол пайдо шудааст, ки он замон аз журналистони маъруфи бахши хориљии радиои Тољикистон буд. Баъди мактаби миёна њанўз ба Донишгоњ шомил нашуда, аллакай дар радиои вилоятї кор мекард ва гузоришу барномањо тањия менамуд. Њамзамон бо кори радио солњои 19901991 "Мактаби журналистони љавон"-и назди рўзномаи "Њаќиќати Ќурѓонтеппа", муассиси он журналисти шинохта Гурез Ќосимов буд, хатм намуд. Љавонии Абдуѓаффор ба солњои пурмољарои 90-и арси гузашта рост омад, тўфони њаводис ўро низ ќатори садњову њазорњо сокинони минтаќа ба гирдобаш кашид ва идомаи тањсилоти олї барояш муддате ба таъхир уфтод. Аммо аз шуѓли дўстдоштааш њатто барои як рўз њам таътил нашуд. Ва љолиб ин аст, ки замони оѓози кори журналистї дар соли 1989 то ба имрўз агарчї мањалли кораш таѓйир ёфта (ў дар расонањои хориљї низ кор крадааст), аммо аз шуѓлаш канда нашудааст ва инак, дар синни 45-солагї собиќаи муттасили 25солаи кор дар расонањо дорад. Баъди фуру нишастани ѓубори дардолуди љанги дохилї Абдуѓаффор ба тањсил баргашт, Донишгоњро хатм кард, дар мавзуъи тањќиќи осори шоири классики форсу-точик Табиби Исфањонї рисолаи номзадї навишт ва зери роњбарии профессор, донишманди фарзона Худої Шариф се сол пеш онро дифоъ намуд. Абдуѓаффор дар ин синни љавонї миёни шогирдон ба дарёфти унвони "устод" мушарраф шудааст, ки насиби њар кас нест. Сабаби инро Сайидљаъфар Ашўров, сармуњаррири идораи тањлилии барномањои шабакаи "Љањоннамо" хеле љолиб шарњ медињад. Вай мегўяд ба муљарради омадани Абдуаффори Камол ба радио мо љавонон дар симои ў устоди мушфиќеро дидем: "Ваќте, барномањои тањиякардаи моро мешуниданд, њатман назари худро баён карда, барои хуб ва аз нигоњи касбї омода кардани барномањо ба мо маслињат медоданд. Њамагї ўро устод садо мекардем ва на танњо масъалањои кори эљодї, бал-

ки дилхоњ мушкилоти худро бо ў дар миён мегузоштем. Бо таваљљўњи зиёд моро мешуниданд ва баъдан маслињати муфиди худро дареѓ намедоштанд" Сайидљаъфарро баъди таъсиси шабакаи "Љањоннамо" Абдуѓаффор даъват кардааст. "Дар ин муддат ўро комилтар шинохтам. Дар идораи барномањои тањлилї, ки роњбарии онро ба зимма доштанд, њамагї љавонони навкору навќалам фаъолият мекарданд. Бо вуљуди серкорию тањияи барномањои зиёд, барои њар кадоме аз шогирдон ваќти ќиммати худро дареѓ намедошт. Сари њар як њарфу њиљљои онњо таваќќуф мекарду онњоро мефањмонду тањлил мекард. Шакли дуруст ва мантиќан љо ба љо гузоштани навору сухану матлаб ва кулли љузъиёти барномањои телевизиониро нукта ба нукта шарњ медод. Ман ифтихор мекардам, ки бо ў њар рўз, рў ба рў меоям ва аз таљрибаи ў барои худ чизе мегирам. То имрўз, дар фаъолияти корї аз гуфтањову амалкардњои касбии ў истифода мебарам ва касбияташро эътироф мекунам. Ў воќеан инсони муваффаќ дар касби худ, устоди соњибсухану сахтгир, коршиносу тањлилгар, рўзнорманигори соњибќалам ва улгуи рўзноманигорони љавон аст",мегўяд ў. Абдувалї Нодирї, ки аз љумлаи шогирдони дигари ўст, мегўяд аз Абдуѓаффори Камол хеле зиёд омўхтааст ва "то љойе медонам имрўз дар радио ва телевизиони кишвар зиёда 20 нафар боифтихор худро аз шогирдони акаи Абдуѓаффор медонанд". Барно Соњибова, ки имрўз дар "Љањоннамо" барномањои сиёсї тањия мекунад, мегўяд мањз бо ташвиќи Абдуѓаффори Камол вориди ин љода шуд. Суњбатеро аз замони донишљўкоромўз буданаш ба ёд меорад, ки Абдуѓаффор гуфтааст: "Дар идораи мо дар бахши сиёсат муњаррир кам аст, агар хоњї ин бахшро пайгирї кун, зеро "зан-сиёсатшинос" дар кишвари мо нодир аст ва ин ба фоидаи туст". Барно Соњибова мегўяд шояд ин як овое аз ояндаи ман буд, ки љалб шудам ва имрўз хуш њастам, ки дар интихоб иштибоњ накардаам. Аз ус-

тод дар бораи ин ё он мавзуъ, шакли масалагузорї, нигориш ва мусоњибаву шарњ њар боре маслињату машварат мепурсидам, ў аз рўи кушодадилї, донишу фањмиш ва касбияташ бароям ваќт меёфт ва маслињат медод. Аљиб он аст, ки барои ў аз кадом мањал ва табаќа будани инсонњо ањамият надорад, балки шоистагии инсон муњим аст. Ман ифтихор мекунам, ки шогирди Абдуѓаффори Камол њастам". Абдуѓаффори Камол шояд аввалин касе буд, ки пайёми имзои созишномаи сулњи таърихии тољикон дар Маскавро аз тариќи "Садои Хуросон", ки он замон муњаррири яке аз бахшњои он буд ва дар љараёни имзои Созишнома ширкати бевосита дошт, ба ањли Тољикистон расонд. Вай бо тањияи барномањо дар радио ва телевизион мањдуд намешуд. Навиштањояш "Фазои иттилоотї ва амнияти миллї" (дар "Нигоњ"), "Фирори маѓзњо" ва "Амният дар Осиёи Марказї" (дар "Миллат"), "17 сол бе СССР" (дар "СССР"), силсиламаќолањои "Наќши зан дар љомеа" ва "Тарбияи фарзанд" (дар "Бонувони Тољикистон") хонданиву монданї буданд. Вай баъди чанд соли кор дар "Љањоннамо" бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радио Сармуњаррири идораи барномањои сиёсии шабакаи аввал таъин гардид. Абдуѓаффори Камол барандаи љоизаи ИЖТ ба номи А Лоњутї дар соли 2012, ѓолиби озмуни эљодии "Радио-расонаи зиндагї" дар соли 2009, ѓолиби озмуни эљодии "Чењракушої"-и "Бонувони Тољикистон" дар соли 2011 мебошад. Аз љумлаи пурбинандатарин барномањои ў метавон "Мо ва минтаќа" ва "Дидгоњ"-ро мисол овард, ки њавдоронашон аз барнома то барномаи дигар интизорї мекашиданд. Абдуѓаффори Камол ѓайр аз забони тољикию русї ва тасаллути комил бар шевањои дарию форсї бо забонњои арабї ва англисї низ њарф мезанад. Вай ба журналистика мањдуд нашуда, љойи худро њамчун коршиноси масоили сиёсї дар љомеа ёфтааст ва имрўзњо тибќи як квотаи президентї дар шањри Мински Белорус дониши худро такмил медињад ва барои навиштани рисолаи докторї дар мавзуъи сиёсї омодагї мегирад. Оиладор ва соњиби се писар мебошад. Тољнюс

Бобољони ШАФЕЪ


НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ВАЗОРАТИ МУДОФИА БАТАЛЁНИ ЉАРИМАВЇ ДОРАД? - Оё Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон баталёни љаримавї (штрафбат) дорад? Сарбозонеро, ки худсарона ќисми њарбиро тарк мекунанд ё нисбати як сарбози дигар бењуда аз зўрї кор мегиранд, намешавад ба љои аз озодї мањрум кардан ба њамин гуна баталёни љаримавї равон кунем? Дар мавриди "дедовшина": агар рафтори ѓайриоинномавии як сарбоз нисбати сарбози дигар вазнин набошад, бигзор ба њамин хел баталёнњои љаримавї гузаронида шавад. Пас аз гузаштани муњлати муайян агар ислоњ шуданд, пас боз ба ќисми њарбии муќаррарї гузаронида мешавад. Мањмадалї МИРЗОЕВ, сокини ноњияи Вањдат - Ваќте шањрванд ба комиссариати њарбї меояд ў даъватшаванда ном бурда мешавад. Ваќте ки ин даъватшаванда ба ќисми њарбї сафарбар карда мешавад ў наваскар номида мешавад. Зимни шомил шудан ба ќисми њарбї ў давоми аз бист то як моњ курси кўтоњмуддати омодагии ибтидоии њарбиро паси сар мекунад. Дар њамин курсњои кўтоњмуддат њамин наваскар талаботи оинномањои њарбї, тартибу низоми њарбї ва ќисми њарбиро бо муњиту шароити ќисми њарбї, тартиби мурољиат кардан ба афсару сержантон ва дар баробари ин тибќи талаботи хизмати њарбї, вобаста ба навъи Ќуввањои Мусаллањ истифодабарии яроќу аслиња, њатто нозуктарин чиз ба тартиб даровардани кати хоб, тартиби пўшидани сару либос ва дигар чизњоро меомўзад. Баъди анљоми њамин гуна курсњо онњо савганди њарбї ёд мекунанд. Пас аз ин наваскарон ба иљрои вазифањои њарбї шуруъ менамоянд. Гап сари ин меравад, ки ваќте ки шањрванд дар давоми хизмати њарбї ба њайси сарбози комилњуќуќ хизмати њарбї мекунад, ба ў талаботи оинномањои њарбї пурра омўзонида мешавад. Њар як сарбоз дар як рўз 6 соат дарс мехонанд. Ин дарсњо њам бошад дарсњои дар боло зикршуда ва дарсњои љамъиятиву давлатї мебошанд. Аз њамин лињоз сарбозе, ки рафторњои ѓайриоинномавиро нисбати сарбози дигар раво мебинад, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ў ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад. Нисбати ў чораандешї мешавад ва чораандешї аз љониби албатта масъулини ќисмњои њарбї оиди кор бо њайати шахсї ва маќомоти прокуратураи њарбї ба роњ монда мешавад. Ин кор ба зиммаи муовинони командир оид ба њайати шахсї вогузошта шудааст. Яъне, онњо ба њайси тањќиќчиёни њарбї - намояндањои маќомоти прокуратура дар ќисмњои њарбї дониста мешаванд. Барои пешгирї аз љинояткорї чорањои хеле зиёд андешида мешаванд. Њамчунин телефонњои боварї дар ќисмњои њарбї мављуд њастанд. Њар як ќисми њарбї аз љониби прокуратурањои харбї сарпараст доранд, ки бевосита дар муњлатњои муайян тибќи наќшаи пешбинишуда онњо доимо аз њолу ањволи сарбозон хабар гирифта, суњбатњои инфиродї мегузаронанд. Њатто мавридњое њаст, ки тамоми сарбозон пурра мавриди муоинаи маќомоти прокуратура ќарор мегиранд, то ин ки ягон сарбоз захму сиёњї дар бадан надошта бошанд. Дар ин сурат албатта, пурсиш мешавад, агар ба шарте ки нисбати ин ё он сарбоз ягон рафтори гайриоинномавї ё зўроварї дида шуда бошад. Дар асоси ариза ё баёноти худи њамон сарбоз нисбати нафаре, ки ба ин кор даст задаст чораљўї карда мешавад. Мо дар таркиби Вазорати мудофиа баталёни љаримавї надорем, мо комендантураи њарбї ва баталёни зиддифирориёни ќисмњои њарбї дорем. Ваќте сарбоз аз кисми њарбї фирор мекунад мутобиќи банди 3-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" маќомоти њифзи њуќуќи њамаи шањру ноњия ва вилоят вазифадор мешавад, ки онро пайдо кунад ва ба љои хизматаш њозир намояд. Дар ин љо то замоне, ки нисбати ў парвандаи љиної оѓоз карда мешавад ва ба то суд рафтан дар комендатураи њарбї нигоњ дошта мешавад. Ба саволи Шумо подполковник Фаридун МАЊМАДАЛИЕВ, сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тољикистон посух дод.

ВОКУНИШ БО РОНАНДАГОН КОРЊОИ ФАЊМОНДАДИЊЇ ГУЗАРОНИДА ШУД! - Љамъияти сањњомии шакли кушодаи "Сайёр-1" маводи њафтаномаи "Нигоњ" тањти унвони "Дод аз дасти пулчинакњои маршрути - 4" -ро, ки дар шумораи №11 (392) аз 4-уми июни соли 2014 ба чоп расидааст, мавриди баррасї ва тањлил карор дод. Дар љамъомад сифати хизматрасонии ронандагони хатсайр муњокима гардида, бори дигар моњияти Ќарори раиси шањри Душанбе тањти №260 аз 30-юми майи соли 2011 фањмонида дода шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки пулчинакњои воситањои наќлиётї аз тарафи худи ронандагон таъин карда мешаванд. Мушкил ин аст, ки онњо иваз мешаванд ва бо њар яки онњо кори мустаќилона бурдан лозим аст. Аммо новобаста ба ин мо дар ин самт њам њар сари ваќт корњои фањмондадињї мегузаронем. Дар баробари ин ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки бо ронандагону пулчинакњои воситањои наќлиёти љамъият, пеш аз сафар баромадан оиди муомилаи хуб бо мусофирон, њурмату эњтироми пиронсолон, меъёри ѓунљоиш ва нархнома корњои фањмондадињї гузаронида шавад. Роњбарият Шуморо бовар мекунонад, ки камбудињоро сари ваќт бартараф намуда дар оянда бо идораи њафтаномаи "Нигоњ" дар ин бобат њамкорї менамояд. Аз мусофирон эњтиромона хоњиш менамоем, ки дар сурати сар задании камбудињо ба телефонњои боварї, ки дар њар як воситаи наќлиёт насб карда шудааст ба ЉСШК "Сайёр-1" бањри бењтар намудани сифати хизматрасонї мурољиат намоянд. Давлат ИБРАГИМОВ, директори ЉСШК-и "Сайёр-1"

ЛАТИФА Муррабї боксчии маѓлубшударо дилбардорї мекунад: - Лекин дар раунди сеюм ўро сахт тарсондї! - Чї хел? - Вай фикр кард, ки туро куштааст. *** Як зан дар роњ бо мошин рафта истодааст, ки корманди БДА манъаш карда, мегўяд: - Апа, њуљљатњоятонро пешнињод кунед. Зан сумкашро кофта, ойиначаашро бароварда, ба ў медињад. Корманди БДА ба оина нигоњ карда, ба зан мегўяд: - О, барваќттар намегўї, ки дар БДА кор мекунї! *** Мўйсафед аз зани дар бараш нишаста, мепурсад: - Њамин мошинчае, ки мо саворем, чї ном дошта бошад? - Бобо, ин "Тангем" ном дорад! Номаш ба худаш мувофиќ будааст! - Чаро? - Чунки чил сол мешавад, ки бо зани худам ин ќадар љафс шиштагї набудам!!!! *** Ду рафиќ: - Агар ёбї, ки дар баѓалам чист, ман аз ин 10 тухми баѓалам 5 - тоашро ба ту медињам. - Аќаллан њарфи якумашро гў! *** Зан: - Ин чї хел зиндагї? Ман як умр дар хона шиштагї.Ту маро њељ куљо намебарї! Шавњар: - Чї хел? Соли гузашта ваќте поят шикаст, кї туро беморхона бурд?!

ЧАРО? ЧАРО АЗ МО БАРОИ КОНСЕРТ МАЉБУРАН МАБЛАЃ МЕСИТОНАНД? - Чанд њафта пеш масъулини њукумати ноњияи Ќубодиён вобаста ба баргузории шоу - консерт ба мактаб, масљид ва хољагињои дењќонии љамоати Тахти Сангини ноњия омада, маљбуран чиптаи консерт дода, 20 - сомонигї маблаѓ ситониданд. Номи масъулини ноњияро аз сабаби муаррифї накарданашон зикр карда наметавонам. Онњо ба њар масљиду хољагињои дењќонї 3 - донагї чипта ва ба њар синфи мактабњои љамоат низ 3 - донагї чипта фурўхтанд. Гуфтан ба маврид аст, ки шоу - консерт бо иштироки њунармандони вилояти Хатлон аз шањри Ќурѓонтеппа, дорбозон ва њаљвнигорони Љумњурии Тољикистон бояд рўзи 28-уми майи соли равон дар варзишгоњи марказии ноњияи Ќубодиён баргузор мегардид. Дар чиптаи дар дастамон буда, аз љумла навишта шудааст: "Муассисаи давлатии сафарию њунарии "Базморо", "Ин вараќро аз худ дур накунед, метавонед соњиби дучарха, автомобил, телвизиор ва ѓайра гардед." Раќами чипта низ оварда шудааст. Намедонам дар санаи муайяншуда дар варзишгоњи марказии ноњия шоу - консерти њунармандони "Базморо" баргузор шуд, ё не, ман дар ин рўз ба онљо нарафтам. Гап сари консерт намеравад. Гап сари он аст, ки консерте ба завќамон љавобгў нест, чаро ба мо маљбуран чипта фурўхта ба сўи худ мехонанд? Хайр, хариди сечиптагї барои масљиду хољагињои дењќонї он ќадар вазнин намеафтад, аз њар њисоб мехаранд. Аммо барои хонандагони мактабњои љамоат, ки аксараш камбизоат аст, албатта, арзиши чипта гарон аст. Хонандагони гиромї, маро дуруст фањмед, ин љо шањр нест, ки тавони молї дошта бошанд. Ин љо як ноњияи дурдасти кишвар аст, ки падарони аксарият дар муњољират дар Русия ќарор доранд. Аќаллан шоу - консерт ба дили мо мебуд, гапи дигар буд. Муњаммад ТОЊИРЇ, сокини љамоати Тахти Сангини ноњияи Ќубодиён

?-И НОБОБ АРЗИШИ ОБИ НЎШОКЇ ДАР ДУШАНБЕ ЧАНД СОМОНЇ АСТ? - Аз редаксияи гиромии "Нигоњ" хоњишмандем, ки нархномаи нави хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољиро чун солњои пешин бо забони оммафањм содда карда, дар гўшаи сањифаи "Нигоњи мардумї" бо даст додани имкон љой дињад, то мо дуруст ба дарки он бирасем ва сари ваќт барои истифодаи об њисобї кунем. Ќаблан аз Шумо сипосгузорем! Диловар ЊАЛИМОВ, сокини ноњияи Шоњмансур, Умед ХОЛИЌОВ, сокини ноњияи Шоњмансур, Зиёратшоњ САФАРОВ, сокини шањри Душанбе, Соро МУЊИДДИНОВА, сокини ноњияи Фирдавсї, Наврўз РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Исмоили Сомонї - Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" тибќи Фармоиши Хадамоти зиддинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти №88 аз 25-уми ноябри соли 2013 нархномаи нави хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољиро сар аз 1-уми январи соли 2014 дар ќаламрави шањри Душанбе мавриди амал ќарор дод. Тибќи нархномаи нав сар аз 1-уми январи соли 2014 барои истиќоматкунандагони биноњои баландошёна, њавлї ва хонањои ободнашуда, ки дар он обњисобкунак насб карда шудааст бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии 1м3 -и оби нўшокї (0,31 дирам) ва оби ихрољї (0,11 дирам - оби канализатсия) дар љамъ 0,4169 дирам (0,42 дирам) муќаррар шудааст. Барои 1 (як) истиќоматкунандаи биноњои баландошёна (аз 1то 12 ошёна) дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (3 сомону 0,31 дирам) ва оби ихрољї (1 сомону 0,23 дирам) дар љамъ 4,54654 (4 сомону 0,55 дирам) муќаррар шудааст. Барои 1(як) истиќоматкунандаи биноњои баландошёна (аз 12 ошёна боло) дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (4 сомону 0,42 дирам) ва оби ихрољї (1 сомону 0,28 дирам) дар љамъ 5,69586 (5 сомону 0,70 дирам) муќаррар шудааст. Барои як истиќоматкунандаи хонањои мањаллї (њавлї ва хонањои ободнашуда) дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (2 сомону 0,30 дирам) ва оби ихрољї (0,34 дирам) дар љамъ 2,6373 (2 сомону 0,64 дирам) муќаррар шудааст. Нархномаи дар боло ќайдшуда танњо хос барои ањолии шањри Душанбе мебошад. Нархномаи хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољї барои корхонањои буљавї, ѓайрибуљавї ва хобгоњњои умумї дигар аст. Дар сурати савол пешнињод шудан аз љониби хонандагони њафтаномаи "Нигоњ" нархномаи он њам пешнињод мегардад. Ба саволњои Шумо Файзулло ИСУПОВ, директори КВД-и "Обу корези Душанбе посух дод.

БА ЉОИ 09 - Маркази иттилоотиву захиравии назди Дафтари Созмони байналмилалии муњољират дар шањри Маскав оид ба кули масъалањои ќонунгузории мењнат ва муњољират, гирифтани ёрии тиббї, иљтимоиву равонї (психологї), њамчунин имконоти маърифатї барои муњољирон ва ањли оилаи онњо машварат медињад. Шумораи телефон барои тамос: 8-800-333-00-16 (дар ќаламрави Русия занг БЕПУЛ аст). Муњољирони ба шањри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафаркарда имкон доранд барои гирифтани мадади бепули њуќуќї ва мусоидат барои таъмини љои кор ба созмони љамъиятии "Уральский дом" мурољиат намоянд. Шумораи телефон барои тамос: (34377) 7-39-73 ва 7-922-606-5550 Њар яки мо бояд бидонем: пешгирї бењтарин роњи њифзи саломатии худ ва наздикону пайвандонамон аст.

Д И Ќ Ќ А Т!


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (394), 11. 06. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ХЎШОМАДХЎЉА КАЛОНИ КАЛОН ЊАМ ХУСУСЇ ШУД? Бандаи ганда аз шахсї гардонида шудани лаклак корхонањои хурду миёна, базањои савдою ѓавѓо ва амсоли онњоро шунида будам, аммо њељ аќлам намегирифт, ки "падарамон"-ро њам рўзе мерасаду хусусї мегардонад. Иллоњ-биллоњ ана акнун бовар кардам, ки хўшомадхўља дар њаќиќат бо сояи худаш њам салом медодааст. Њатто дар љое хонда будам, ки хўшомадгў агар сардорашро дар хоб њам бинад, њампањлўяшро якќад парронида, дастонашро пеши бар карда, то сараш ба замин расидан хам мешудааст ва "ассалому алайкум ва рањматуллоњу ва баракотўњу, раисљонам" мегуфтааст. Албатта, умри инсон кам аст, аммо сад фоиз бовар дорам, ки умри хўшомадхўљагон нисбатан кўтоњтар аст. Чаро кўтоњ будааст, мегўед? О, охир то сардораш дар вазифа будан як пора нони њашт ќаду дањќад шуда салом доданњо, таърифномањо навиштан, таърифномањои навишташударо тасдиќ кардан ва хўшомади дар вараќи худ љо надодаашро илова, кардааш њастку мегўед? Њаќ њастед дўстон, њаќ. Шумо њам хеле зирак будед-а. Чї, ширеш доштани курсињои мансабро шумо њам дарк кардед? Аммо ман ба ин аќидаи шумоён 0,5% норозї, дўстон. Магар намедонед, ки шилеш њам баъди пиронсолї корпартої мекунад ва мисли гўшту нохун бакурсию курсичањо часпидагонро људо мекунад? Ана, худатон дида истодед-ку, ки њамаи нодонони мо, э узр кордонони мо њамин, ки ришашон таги пояшон мемондагї шуд, мебинанд, ки дигар маљоли дар курсии ќоќ нишастанро надоранд, њатман "ба хоњиши худ" тарки курсї мекунанд. Пас чї кор мекунанд гуфтед-мї? Э, ин саволи аљоиб шуд-ку. Наход њаминро њам аз ман пурсед-а. Ман духтар ё хеши ягон курсинишин нестам, ки ба шумо мисол оварда шинам, ки падарам ё фалон хешам баъди мањрум шудан аз курсї бо чї кор карду чї кор карданист. Ња, худатон як мантиќан фикр кунед-дия. Дар он синну сол, албатта инсон љои нарм, њарфи нарм, ва хоки нармро орзу мекунаду халос.

Нохунам кунд шуду аммо... Имрўз як ќадам ба пешу панљ ќадам ба ќафо ба нашрияи њанўз љои худро наёфтаи (муваќќатан дар бинои Агроиневсбонк)"Сухани халќ" рафта, чашмам ба як навиштае афтод, ки дар худи њамон љо серї хандидам. Дар рў ба рўи љевони китобњои идора, акси президентро намедонам бо клей аст ё шираи хушомад, аммо ба њар њол хеле мустањкам карда насб кардагї буд. Бо вуљуди он ки ба њар чизи майда -чуйда эътибор намедињам, аниќтараш беэътибор њастам, аммо дар навиштаи поёни он расм чашмам афтод, ки жирнї карда, навишта шуду буд: - Президенти ман! Гумон кардам, ки инро модар ва ё ягон тан аз аъзои оилаи президент навишта бошад. Охир ба њељ ваљњ ягон модар фарзандашро ё ягон зан њамсарашро умумї намешуморад-ку. Ќисми зиёди дилам гувоњї аз он медод, ки инро бешаку шўбња модари он кас навиштааст. Зеро, президент, ки фарзанди ўст, 120% ба "президенти ман" гуфтан њаќ дорад. Хулас, аз сабаби он ки дар поёни расм њељ хел ному насаб навишта нашуда буд, худ ба худ гумонамро њаќ шуморида гуфтам: - Аниќ аст, ки ягон наздикону пайвандони он кас ин ифтихорчаро навиштааст -"Президенти ман!". Ба худ андеша кардам, ки пас чаро муаллиф номи мубораки худро нанавиштааст? Дар њамон асно ба сарам зад, ки охир, дар байни наздикону пайвандони он кас ягон камвазифа ё бевазифае нест, охир. Шояд ваќташ тангї карда, навиштани номашро дар ќабри фаромўшї гўронда бошад? Аз гумону тахминњоямро нохун задан нохунњоям кунд шуда, рехту муаммои тахминї њал нашуда монд. Ба њар њол як чизро бе дудилагї гуфта метавонам, ки соњиби президет аз саг њам вафодортар будааст, ки номи худро сарфи номи љанобаш кардааст. Ањсан ба чунин фидокорон! Зайнаби МУРОД

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Шералї ЉЎРАЕВ, сарояндаи ўзбак: - Дўстон, дар матни суруде, ки ман хондаам, "Роѓун" гуфтанї калима нест. Нафароне, ки ин сурудро ба он рабт доданд, барои манфиати худ ин корро карданд, то миёни мо низоъ андозанд. Мардуми тољик аз хешовандони дўсдоштатарин ва њам бародарони ман њастанд. -Ана ин гапи дигар. Намешавад, ки шумо њам мисли мардуми тољик њиммат карда, њамон пасандозњоятонро ба њукумати мо дињед, то "Роѓун" созад? Саидљаъфар ИСМОНОВ, раиси ЊДТ: - Ман дар охир равшанї мебинам, шояд интихоботи президентии соли 2020 дигар хел гузарад. Интихоботи соли 2015 њам шояд дигар хел гузарад. Мушкилот ваќте њал нашуд, инљо Украина, Сурия, Либия мешавад. - И-и-и-и, балотона гирам, равшании медидаи шумо аз сўхтор будааст-ку! Алимањмад МИРЗОЕВ, собиќ муовини раиси Кумитаи љавонон: - Имрўз дарси тарбияи љисмониро њамагї як соат карданд ва боз муаллимони ѓайриихтисос дарс медињанд. Њамаи ин айби Вазорати маориф аст. -Э, бекаллањое! О, низоми маорифатон, ки муњољири корї тайёр мекунад, мемуред, шаш соат дарси тарбияи љисмонї таъин кунед, ки бачањо камтар љон гирифта Русия раванд. Далери ХАЙРИДДИН, сароянда: - Аввалан узр мехоњам ба иззати нафси касе расида бошам, вале кї ихтироъ кардааст, ситора гуфтану ситорањои имрўзаро? Аслан санъаткорро ситора гуфтан хатост, зеро ситора дар замин намерўяд, дар осмон мешавад! -Ростї, мо њам намедонем, ки ихтироъ карданашро. Шояд мардум фуки чухти баъзе њунармандонро дида, хайёл кардаанд, ки ба ситорањо менигаранд њамкасбони шумо? Петро ПОРОШЕНКО, президенти Украина: - Украина ба сулњ, амният ва вањдат ниёз дорад. Барои таъини интихобот ба маќомоти мањаллии Донбасс омодаем. Украина кишвари воњид аст ва њукумат ба федерализатсия розї нахоњад шуд. -Њоло истед, Кремл "Фронти халќї" сохта, Сангаку Файзаливу мулло Абдуллоњои донбасї созад, баъд рўзатона мебинед.

АКСИ ГЎЁ

Мирзо БОБОЕВ, собиќ раиси Госплани Тољикистон: - Тољикистон њозир дар љањон аз љињати истењсоли зардолу баъд аз Туркия ва Эрон љойи сеюмро ишѓол мекунад. Агар дар ќисмати Љануби Тољикистон минтаќаи нави зардолупарварї ташкил карда шавад, кори хуб мешуд. - Мехоњед, ки "Зардолу зард шуд, кулобї мард шуд" њам шавад-ња?! Њамун чанд растаи меваи хушкфурўшї дар бозорњои Душанбе зараратон кардааст-чї? Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилии Тољикистон: - Барои дар оянда мустањкам намудани оилањои љавон, интихоби тарзи њаёти солим, пешгирии вайроншавї ва људошавии оилањо ба Кодекси оилаи Тољикистон таѓйироту илова ворид карда шавад, то ки шањрвандон пеш аз оила барпо намудан, ба Вазорати корњои дохилї мурољиат намуда, њамсари ояндаи худро аз санљиш гузаронанд. - Љаноби вазир, шумо маќоли халќии "Зангиру аспхар девона мешаванд"-ро нашунидаед, ё бо нияте худро ба нодонї задан доред-чї?! О, ин 2-3 њазор зангиру духтарњои ќадрас њар њафта назди вазорат љамъ оянд, медонед чї мешавад?! Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.