Нигох №12 (445). №12 (445). Чоршанбе, 17-уми июни соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

1

Хуш омадї, Рамазон! №12 (445). Чоршанбе, 17-уми июни соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

СИЁСАТ

"Силоњи зиёдатї" Амрико чї тавр Ўзбакистонро мусаллањ мекунад? САЊИФАИ 7

БО ШОИР

Љонони Варзобї

Хатари дусара Аз бастани мактабњои расмии исломї бурд хоњем кард ё бохт? САЊИФАИ 12

БЕВОКУНИШЇ

Ало, Прокуратура! Прокуратураи генералї ба прокуратураи вилояти Суѓд тобеъ аст? САЊИФАИ 13

8 пойгоњи ИМА, ки Эрон метавонад зарба занад Ќисми бештари 352 њазор нерўи низомии Амрико дар хориљ аз ин кишвар мутаваљљењи Осиё ва Ховари Миёнаанд. Оё ба назар намерасад, ки њадаф беш аз пеш рушантар аст?


АМНИЯТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

2

Гимназияи исломї баста шуд. Аммо маќомот ин хабарро тавре пешнињод карданд, ки бино ба он, шумораи хонандагони ягона гимназияи исломї дар Тољикистон коњиш доданд. Бино ба иттилои яке аз масъулини Донишкадаи исломї, ки гимназияи исломї яке аз сохторњои он аст, шумораи талабањо аз 1400 ба 60 нафар кам карда шуд. Ин 60 нафар њам, хонандагони синфњои 10 ва 11 мебошанд. Њаминњо њам, ки хатм карданд, гимназия њам аз миён хоњад рафт. Њар чї масъулин ба ин 60 нафар љабр накарданд, ки дар интињои тањсил мањрум аз тањсил шаванд. Бино ба иттилое, ки дар дастраси "Нигоњ" ќарор гирифт, њафтаи гузашта як гурўњи 25нафара аз Донишкадаи исломї, маќомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллї, Вазорати корњои дохилї, Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди њукумати Тољикистон ба гимназияи исломї омада, пас аз машварат ба натиљае расидаанд, ки фаъолияти онро ќатъ кунанд ва хонандагонро љавоб дињанд.

Хатари дусара Аз бастани мактабњои расмии исломї бурд хоњем кард ё бохт?

гузашта сарвари Намояндагии тиљоратии Тољикистон дар ИМА ва асосгузори Донишкадаи фанноварињои љадид ва иртибоботи Тољикистон, маъруф ба Донишгоњи байнулмилалии "Садр" буд. Донишкада соли 2010 бо ќарори додгоњ барњам дода шуд. Дар он як идда лидерони мухолифини њукумат, аз љумла Рањматулло Зойиров, Муњиддин Кабирї, Шокирљон Њакимов ва дигарон дарс мегуфтанд. Њоло, ки бино ба вазорати маориф баргардонида мешавад, кори "Садр" њам ба охир мерасад, ки мавзуи дигар аст.

"Садр" Аммо масъулини гимназия мегўянд, далели ихрољи беш аз 1 њазору 380 хонанда набудани бинои таълимї аст. Ба ќавли онњо, биное, ки њоло гимназияи исломї дар он љой дорад, бинои бањсї буд. Саидвалї Ќодиров, њуќуќшиноси вазорати маориф ва илм ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтааст, бинои мазкур хобгоњи №8-и Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон буд, ки ѓайриќонунї фурўхта шудааст. Ба гуфтаи ў, ин бино аз 5-уми июни соли љорї бо ќарори суди иќтисодии шањри Душанбе ба њисоби Вазорати маориф ва илми Тољикистон баргардонида шуд ва ба гимназияи Донишкадаи исломї њељ муносибате надорад. Тибќи иттилои расмї, бинои мазкур моњи июни соли 1998 ба Корхонаи фаръии Корпоратсияи "SADR Ink" - и Иёлоти Муттањидаи Амрико (ИМА) дар Тољикистон ѓайриќонунї фурўхта шудааст ва вазорат тасмим дорад, хобгоњро барќарор кунад, ки дар он зиёда аз 800 донишљўи ба манзил эњтиёљманд љой карда шаванд. Корпоратсияи "SADR Ink" - и Иёлоти Муттањидаи Амрико (ИМА) ба Садриддин Акрамов, шањрванди тољики Амрико, дар

Мактаби охирин Аммо баста шудани гимназияи Донишкадаи исломии Тољикистон, донишкадаи марбут ба Кумитаи дини Тољикистон, як нињоди дигари њукуматиро наметавон ба ќазияи "Садр" рабт дод. Ба хотири эњтироми њуќуќи 1 њазору 380 хонанда вазорати маориф метавонист як муддат онро дар ихтиёри Кумитаи дин гузорад. Шоњин Наврўзов, як масъули Кумитаи дин, дар шарњи ин матлаб ба "Нигоњ" гуфт, пули иљораи бино хеле гарон буд, ба њамин хотир, муваќќатан гимназия донишомўзонашро то пайдо кардани бинои нав љавоб

додааст. Ин суханон чунин маъно доранд, ки дар њоли пайдо шудани бино онњо дигарбора бо тањсил фаро гирифта мешаванд. Аммо кор чунин наменамояд. Масъулини гимназияи исломї мегўянд, Вазорати маориф ва илм аз онњо хостааст, ки фењристи донишомўзони ихрољшударо пешнињод кунанд, то вазорат ба мактабњои њамагонии шањриву ноњиявї супориш дињад, ки онњоро ба таълим фаро бигиранд. Муњассилини гимназияи исломї ройгон дар ин муассисаи таълимї дарс намехонданд. Онњо тибќи шартнома ва бо пардохти маблаѓ тањсил мекарданд. Маблаѓи тањсил зиёда аз 2 њазор сомониро ташкил медод. Бар илова, масъалаи пули иљора њам мушкил набуда, њатто харидории бино аз чанд сол инљониб бо кўмаки волидон матрањ буд. Волидони муњассилини гимназияи исломї мегўянд, замоне, ки хонандагон аз бинои Донишкадаи исломї ба бинои кунунї кўчонида шуданд, рањбарияти гимназия аз онњо хоњиш карда буд, ки ба хотири хариди ин бино ба онњо кўмак кунанд. Ба ќавли онњо, Кумитаи падару модарони гимназия ба љонибдорї аз ин пешнињод ба соњиби бинои шахсї шудани гимназия њамасола иловапулї низ медонанд. Ба иборати ди-

гар, пули ин бино ќисман аз њисоби падару модарони хонандагон љамъоварї шудааст. Аммо рањбарияти гимназия пули љамъ намудаи падару модарони хонандагонро то њол дар худ нигоњ доштааст ё ба соњибмулк пардохтааст, ин пањлўи дигари масъала аст. Баста шудани гимназияи исломї бидуни бањс аст ва њарфи љою макон бањонаи ин ќазия буда метавонад, мегўянд баъзе тањлилгарон. Аз сўи дигар, волидони муњассилин мегўянд, дар муддати 6 соли тањсил фарзандонашон дар муњити солиме таълиму тарбият гирифтаанд, ки аз нигоњи илмї, шариатї ва ахлоќї рушд кардаанд. Ба ќавли онњо, дигар чунин мактабе ба табъи онњо нест. Ин маънї бахусус аз суњбати волидони толибањои ин гимназия таъкид мешавад, баъди баста шудани ин муассисаи таълимї дигар намедонанд, ки духтарони худро дар кадом мактаби миёна бисупоранд, зеро дар макотиб пўшиши исломї мамнуъ аст. Масъулини гимназияи исломї њатто аз таѓйири низоми таълим барои 60 хонандае, ки боќї мемонанд, суњбат мекунанд. Ба эњтимоли зиёд, дарсњои Ќуръон, њадис, сират, фиќњ ва аќида аз низоми таълим бардошта мешаванд ва муњассилин бо либосњои тавсиявии вазорати маориф, аз љумла бидуни њиљоб, ба дарс хоњанд рафт. Таќдири ин 60 хонанда низ номуайян аст, зеро барои тањсил бино надоранд. То соли 2009 дар Тољикистон њудуди 20 муассисаи таълимии исломї фаъолият мекард. Пас аз даъвати президенти Тољикистон дар бораи баргардонии донишљўёни тољик аз мадрасаву донишгоњњои исломии кишварњои хориљї батадриљ сафи муассисањои таълимии мазњабї низ дар Тољикистон кам карда шуд. Айни замон расман Донишкадаи исломї ба номи Имоми Аъзам- Абуњанифа Нуъмон ибни Собит дар ин самт танњо фаъолият мекунад ва дигар тамоми муассисањои таълимии динии пешаздонишгоњї баста шудаанд. Тибќи бархе гузоришњо, њоло дар Донишкадаи исломї низ аттестатсия идома дорад, ки эњтимол сафи 50%-и кормандонро кам кунанд. Тиќби ќонунгузории Тољикитсон тамоми ташкилотњои динї њаќќи таъсис додани муассисањои таълимии динї ва масљидњои

1%

0%

0%

54% дар марги сарбоз Рањматов Вазорати мудофиаро айбдор медонанд

Касе айбдор нест, таќдираш чунин будааст

10%

22%

Намедонам

20%

22%

Сарбоз Фирдавс Рањматов кист?

30%

Дедовшина дар артиш ўро ба марг расонд

40%

Надонистани њуќуќњояш боиси маргаш шуд

50%

54%

Вазорати мудофиа

60%

Ќисми њарбие, ки дар он хидмат мекард

САДОИ МАРДУМ

0%

0% 1

2

3

4

5

6

7

Фирдавс Рањматов як сарбози 22 - солаи сокини вилояти Суѓд буд, ки баъди як моњи хидмат дар ќисми њарбии 04080 - и вазорати дифоъи Тољикистон бар асари зарбу лат ба њалокат расид. Натиљаи як пурсиши виртуалї, ки баъди њодисаи марги Фирдавс Рањматов баргузор шуд, маълум гардид, беш аз 50 фоиз мањз вазоратро гунањкор мењисобанд. 54 дар сади ширкаткунандагони ин пурсиши ѓайрирасмї ба саволи "Ба марги сарбоз Фирдавс Рањматов кї гунањкор аст?" посух дода, Вазорати дифоъро айбдор донистаанд. 23 дарсади иштирокчиёни пурсиш гуфтаанд, ба марги сарбоз ќисми њарбие, ки дар он хидмат мекард, гунањкори аслї аст. 22 дар сади дигар гуфтаанд, мењтар-

солорї ё худ дедовшина дар артиш ўро ба марг расонд. 1 фоиз гуфтаанд, надонистани њуќуќњояш боиси маргаш шуд. Дар ин назарсанљї њамчунин вариантњои дигари посухњо - "Сарбоз Фирдавс Рањматов кист?", "Намедонам" ва "Касе айбдор нест, таќдираш чунин будааст" пешнињод шуда буданд. Касе аз раъйдињандагон то 17-уми июн ба ин вариантњои љавоб нохун назадааст. Дар умум дар пурсиши виртуалї беш аз 650 нафар ширкат кардаанд. Назарсанљї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи интернетии Ожонси иттилоотии TojNews.org тўли як њафта идома дошт ва рўзи 16 июн натиљагирї шуд.


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

3

Мурољиати ЊНИТ ба Эмомалї Рањмон

љомеъ ва љомеи марказї њаќќи таъсис додани гурўњњои таълимии вобаста ба омўзиши асосњои диниро доранд, вале Кумитаи дин боре њам дар ин маврид иттилоъ надодааст. Аз ин миён танњо Маркази исломї тавонистааст як маркази таълимї таъсис дињад. Теъдоди ин маркази таълимї низ аз шумораи 60-нафари гимназияи исломї зиёдтар мебошанд. Баъди баста шудани гимназияи исломї расман ягон шањрванди то 18 - солаи Тољикистон њаќќи гифтани таълимоти диниро дар хориљи кишвар надорад. Моддаи 8, банди 6-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї" мегўяд: " Гирифтани таълими динї дар хориљи кишвар, аз љумла дар мактабњои олии динии хориљї танњо баъд аз гирифтани тањсилоти динї дар Љумњурии Тољикистон ва бо розигии хаттии маќомоти ваколатдори давлатї оид ба дин ва оид ба соњаи маориф иљозат дода мешавад." Инчунин баста шудани Гимназияи исломї, маънои онро дорад, ки аз ин ба баъд сафи наврасону љавононе, ки мехоњанд дар мактабњо, донишгоњњо ва њавзањои илмии исломї тањсил кунанд, ба таври ѓайриќонунї бамаротиб зиёд хоњанд шуд. Инчунин баста шудани Гимназияи исломї сабаби мањдудтар гардидани таълимоти динї ва зиёд шудани сафи эътирозгарон гардида, мардум иддао хоњанд кард, ки сиёсатњои зиддидинии Њукумати Тољикистон то рафт густариш меёбанд. Гимназияи исломї соли 2008 бо ташаббуси Њукумати Тољикистон дар назди Донишкадаи исломї таъсис ёфта буд. Он замон Абдуљаббор Рањмонов, вазири маорифи давр барои кўшодашавии он хеле талош њам кард. Дар он њудуди 1400 хонанда тањсил мекарданд. Њудуди 380 хонандаро то оѓози соли равон бо бањонаи нарасидани љой хориљ карда буданд. Соли 2014 иљозатномаи фаъолияти гимназия то соли 2019 тамдид шуда буд. Муассисаи мазкур на танњо дар Тољикистон, балки нахустин гимназияи исломии расмї дар њудуди Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ мебошад.

Идомаи барнома Вазорати маориф мегўяд, ќазияи мазкур ягон љанбаи сиёсї ё фармоишї нисбат ба фаъолияти Гимназияи исломї надорад. Аммо Абдуллоњи Муњаќќиќ, собиќ корманди Маркази исломшиносии Тољикистон дар сафњаи Фейсбукиаш навишт: "Агар ин овозањо њаќиќат дошта бошанд, нобоварињои мардуми мусалмони кишвар нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Президенти муњтарами Тољикистон Эмомалї Рањмон дар самти муносибат ба дин зиёд гашта, дањњо сањифаи дигари зидди давлатї ба монанди "Висоли њаќ" фаъолияти худро роњандозї мекунанд! Дар ин замина воридшавии љавонон ба сафи Ташкилотњои террористї ва экстремистї меафзояд... Дар њолати заъиф, беќурб ва мањдуд гаштани таълимоти тањаммулпазири Имоми Аъзам (р) њозорон фитна болои кишвар хоњад рехт! Љавонон аз бехабарї аз дину оин дар ин замина бозичаи дасти љараёнњои такфирї

ва ифротї гашта, шомили ДИИШ ва Хуросон мегарданд..." Вазорати маорифи Тољикистон ваќте мегўяд, ќазия љанбаи сиёсї надорад, эњтимолан инро дар назар дорад, ки баста шудани гимназияи исломї дар чањорчўби њамон барномањои маъруф ба "антинањзат" - у коњиш додани нуфузи руњониёни анъанавї нест. Идомаи њамон муборизањо бо њиљобу риш, бастани масољид ва ѓайра. Баръакс, ишораи Абдуллоњи Муњаќќиќ бар коњиши нуфузи мазњаби Имоми Аъзам дар Тољикистон аст, ки зиёда аз 99% - и ањолии кишварро ташкил медињанд ва солњои охир садњо пайраваш, њатто аз љумлаи масъулони низомии њукумат, ба љараёни салафияву Њизби тањриру дигар созмонњои террористї, аз љумла ДИИШ дар Сурияву Ироќ пайвастанд. Инро коршиносон пеш аз њама бехабарї аз асли мазњаби њанафї меноманд, зеро мубаллиѓони љараёнњои дигари ањли суннат ва љамоат аќидаи хешро њамчун аќидаи дуруст ва њатто Имоми Аъзам нишон медињанд. Аз ќавли онњо, он чї дар Сурияву Ироќ љангиёни ДИИШ анљом медињанд, мувофиќ ба мазњаби Имоми Аъзам аст. Ин гумроњ кардани љавонони тољик пеш аз њама аз он шањодат медињанд, ки онњо аз асосњои мазњаби худ хабар надоранд ва онњоро мешавад ба њар роњ гўл зад. Њамин тариќ, агар ба ин тасмим - баста шудани гимназияи исломї аз зовияи њукумат ва мухолифини он бархўрд кунем, ду хатарро мебинем. Якеро, ки њукумат мебинад ва дигареро, ки коршиносон. Аз зовияи аввал, гимназияи исломї исломињои навро ба майдон меорад ва љомиаро исломитар мекунад. Аз зовияи дуввум, љавонони тољик ба далели ноогоњї аз мазњаби худ ба созмонњои тундгарову террористї мепайванданд. Њамин тавр, ин хатар ду сар пайдо мекунад, ки якеро занї, дигареро ба шўр меояд. Инчунин хатари ноогоњї, ки сабабгори пайвастани љавонон ба гурўњњои ифротї мешавад, ба маротиб зиёдтар аз хатари ба вуљуд омадани исломињои нав мебошад. Зеро агар исломињои навро худамон дар муњити солим тарбия кунем, идора кардани онњо бамаротиб осонтар аз мутаќоид кардани ифротгароњост. Бо ин вуљуд, метавон њадс зад, ки маќомоти ќудратї шояд далелњои дигар доранд. Ва ин далелњо барљаста њастанд, масалан, ин, ки макотиби расмии исломї на њамеша пайравони воќеии мазњаби њанафиро омода мекунанд ва дар миёни онњо низ "кадр"-њои ояндаи ДИИШ сабзидаанд ё хоњанд сабзид. Аз љониби дигар, ваќте њукумат ба кадрњои тарбият кардаи худаш эътимод намекунад ё бовар надорад, ки муассисањои зертобеаш ба нафъи он амал карда, ба фоида давлату миллат кадр омода мекунанд, инро дар љомеаи Тољикистон бештар аз як фољиа чизи дигар наметавон талаќќї кард. Амруллоњи НИЗОМ, Далери ХАЙРУЛЛОЊ

Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) пас аз бенатиља мондани мурољиатњояш ба маќомоти дахлдор дар бораи фишорњо алайњи ин њизб бо номаи боз аз Президент Эмомалї Рањмон хостааст, ки ба вазъи мављуда дахолат кунад. Дар мурољиатномаи тўлонии ЊНИТ, ки шоми 15-уми июн дар сомонаи расмии њизб ба нашр расид, гуфта мешавад, ки хомўшии Президент дар ин раванд вазъро боз печидатар мекунад. "Мурољиат ба Шумо як иќдоми истисноист ва маънии онро дорад, ки Шўрои сиёсии ЊНИТ аз фишорњо, тањдидњо, тањќирњо ва ќонуншиканињои ошкору пинњони маќомоти давлатї алайњи аъзо ва масъулини њизб шадидан нигарон буда, дархости дахолати бевоситаи Шуморо, њамчун кафили њуќуќњои конститутсионии шањрвандон, созмонњо ва иттињодияњо, аз љумла њизбњои сиёсї, зарурї мешуморад" - омадааст дар мурољиатнома. Дар ин мурољиатнома, ки зимни як љаласаи ЊНИТ ќабул ва ба љашни Вањдати миллї нигаронида шудааст, аз "фишорњо ва ќонуншиканињо" - и њанўз соли 2012 оѓозгашта суњбат мешавад, ки "пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 ба ављи аълои худ расида, характери систематикї ва њадафмандонаро гирифтаанд". Аммо, ба ќавли масъулини ЊНИТ, санадњову далелњои зиёд "дар бораи ќонуншиканї ва њуќуќпоймолкунии маќомоти давлатї" алайњи аъзо ва масъулини њизб бо он вуљуд, ки дар ихтиёри нињодњои марбут гузошта, дар матбуоти даврї нашр шудаанд, вокунишеро дар маќомот ба вуљуд наоварданд. Далели аввалини шуруъи фишорњо алайњи ЊНИ, ягона њизби исломї дар Осиёи Марказї ва собиќ Шўравї, замоне ошкор шуд, ки сомонаи русии "Звезда" санадеро аз љаласаи рањбарони нињодњои ќудратии Тољикистон ба нашр расонд. Дар ин санад, ки протоколи "32-20" номида мешавад, барномањои маќомоти ќудратии Тољикистон алайњи ЊНИТ ва руњониёни таъсиргузору анъанавии Тољикистон матрањ шуда буданд. Ин протоколи як љаласае буд, ки бо ширкати маќомоти олирутбаи Тољикистон баргузор шуда, роњнамоињоеро барои расидан ба њадаф рўшан кардааст. Маќомоти ќудратї, аз љумла Прокуратураи Тољикистон мављудияти њамчунин санадро рад кард, аммо аз соли 2012 ба ин сў он чї бо ЊНИТ ва руњониёни анъанавї гузашт, сињати онро ба субут расонд. Њоло дар љомиаи Тољикистон сухан дар бораи баста шудани ЊНИТ меравад, ки ишорањо ба он дар протоколи 32 - 20 дида мешавад. Аз соли 2012 ба ин сў, ба ќавли масъулини ЊНИТ, мавориди "тањќирњо, фишорњо, парвандасозињои сохта алайњи масъулин ва аъзои њизб, кашида гирифтану тахриби моликияти њизбї ва шахсии аъзову масъулин, ба хотири эљоди фазои тарсу њарос ва ноумедї байни аъзо, инчунин заъифу фалаљ

сохтани сохторњои њизбї" зиёд дида мешаванд. Њизб аз он нигаронї мекунад, ки то ба њол ягон маќоми расмии давлатї "барои гирифтани пеши роњи ин њама ќонуншиканињо иќдоме накардааст, њол он ки дар як кишвари демократї ва њуќуќбунёд вазифаи аслии нињодњои давлатї риояи ќонун, њифзи њуќуќ ва озодињои шањрвандон мебошад". Барномаи зидди ЊНИТ, ки дар миёни мардум, њамчун барномаи "антинањзат" машњур шудааст, натиљањои худро ба бор овардааст. Теъдоди бузурги аъзои њизб аз сафњояш хориљ шуданд. Дар интихоботи парлумонии моњи марти соли равон ЊНИТ умуман ба парлумон роњ наёфт. Аммо дар ду интихоботи ќаблї њамеша соњиби 2 курсї мешуд. Маќомоти њукуматї дар шарњи ин барнома боре њам аланї суњбат накардаанд, аммо коршиносон мегўянд, интихоботи парлумонии соли 2010 собит кардааст, ки агар љилави ЊНИТ гирифта нашавад, дар интихоботи соли 2015 он њатман ба ќудрат хоњад расид. Бахусус, густариши нуфузи ЊНИТ дар пасманзари њаводиси Гурљистон, Ќирѓизистон ва "бањори араб" сурат мегирифт. Ба ќавли коршиносон, ба ќудрат расидани як њизби исломї метавонист кишварњои њамсояву њамкори Тољикистон, бахусус Ўзбакистон ва Русияро, тавре дар ибтидои солњои 90 - ум буд, тањрик дињад ва кишварро ба як љанги шањрвандї кашонад. Њамон љанге, ки ЊНИ яке аз љонибњояш буд ва соли 1997 бо њукумати Эмомалї Рањмон сулњ кард. Њоло, ки њарфи баста шудани ЊНИТ рўз ба рўз баландтар садо медињад, ЊНИТ маљбур шудааст, ки ба президент Эмомалї Рањмон, оне, ки бо асосгузори њизб Саид Абдуллоњи Нурї сулњ карда буд, барои наљоти худ мурољиат кунад. Дар мурољиатнома омадааст, "роњбарияти давлат бояд дарк кунад, ки хиёнати ошкор ба ормонњои миллї ва ањду паймони 18 сол пеш имзошуда сурат мегирад" ва суол мегузорад, ки "инро дигар њама мебинанд ва шоњид њастанд, оё роњбарияти давлат инро мебинад ва дарк мекунад, ё не?" Њизб инро њам баъид намедонад, ки бастани неруи муътадили мазњабие чун ЊНИТ дар љомиаи Тољикистон сафи тундгароёнро меафзояд. Дар анљоми мурољиатнома ЊНИТ ба Президент итминон медињад, ки дар њоли расидагї ба мушкилаш боз њам ба њамон таањудоти ќаблии худ дар соли 1997 содиќ хоњад монд. Мурољиатнома дар ѓайби Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, омода шудааст, ки пас аз интихоботи парлумонї дар хориљ аз Тољикистон ќарор дорад ва њизб нињоят тасмим гирифтааст, ки ў то замони муайян барнагардад.

Умари ТОЊИР


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

Дирўз, 14-уми июни соли 2015, ба муносибати 69-умин солгарди зодрўзи хунёгари бемисл Ањмад Зоњир бо ибтикори Мањфили ѓайрирасмии дўстдорони садои ин хунёгари машњур ва бо дастгирии рањбарияти Кумитаи Марказии ташкилоти љамъиятии мададгори мудофиаи љумњурии Тољикистон дар толори маљлисгоњи ин нињод њамоиши ёдбуди ин офтоби осмони њунари мусиќї баргузор гардид. Дар он њунармандони маъруфи Тољикистону Афѓонистон, ки мухлиси таронањои Ањмад Зоњир њастанд ва њам бо сабки ў мехонанд, ширкат карданд. Дар оѓоз Султон Њамад, рўзноманигори маъруф ва муњаќќиќи Ањмад Зоњир баромад карда, аз рўзгори овозхони маъруф сухан кард. Аксњо аз сомонаи Рўзгор".

ГУЗОРИШИ ТАСВИРЇ

Шоми ёдбуди Ањмад Зоњир


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

Зўри њукумати Тољикистон ба "Газпром" намерасад. Инро тањаввули ахир дар бозори маводи нафтї нишон медињад, ки "духтарча" и ин абарширкат - "Газпромнефт - Тољикистон" ќимати сўзишвориро худсарона, бидуни мувофиќат бо маќомоти зидахл 7 то 25% гарон кард. Ду њафтаи охир нуќтањои фурўши сўзишвории "Газпромнефт - Тољикистон" ќимати як литри бензини навъи 92 - ро аз 4,7 ба 5,2 сомонї боло бурданд. Литри гази моеъ барои худравњо, ки ду њафта пеш 2 сомонї буд, њоло 2,5 сомонї фурўхта мешавад. Сабабњои ин болобарињоро "Газпромнефт - Тољикистон" шарњ намедињад. Мурољиати чандкаратаи "Нигоњ" барои дарёфт кардани шарњи мавзуъ натиља надоданд. Аљибтар аз ин барои хабарнигори мо ин буд, ки маќомоти Тољикистон низ аз ин аљобат дар аљабанд ва наметавонанд вазъро шарњ дињанд. Вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистон мегўяд, њоло вазъро тањќиќи карда, пушти муайян кардани сабабњо њаст. Хадамоти зиддиинњисорї, нињоди масъули назорати бозори дохилии Тољикистон, тасмими "Газмромнефт - Тољикистон" барои боло бурдани нархи сўзишвориро амали худсаронаи ин ширкати нафтрасони русї медонад. Масъулин мегўянд, "Газмпромнефт" бидуни мувофиќа бо ин нињод нархро боло бурдааст ва њоло Хадамот аз ин ширкат талаб кардааст, ки сабабњои боло бурдани нархи бензину газ ва дигар навъњои сўзишвориро шарњ дињад.

"Худкардаро..." "Газпромнефт - Тољикистон" њамчун ширкати русї де - юре ё расман дар рўи коѓаз яке аз ширкатњои фаъол дар бозори сўзишвории Тољикистон аст, аммо де - факто, умдатарин воридкунандаи маводи нафтї аст. Беш аз 60 ширкати дигари дохилї, ки бо фурўши сўзишворї машѓуланд, аз ин ширкат мол дарёфт мекунанд ва табиист, ки боло рафтани ќимати сўзишвории "духтарча" - и "Газпром" - и Русия онњоро низ водор ба боло бурдани нархњо мекунад. Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон, соли 2014 ба Тољикистон аз Русия 84,6%, Ќазоќистон - 8,4%, Озорбойљон 2,1%, Туркманистон - 2,8% ва дигар кишварњо 0,9% маводи нафтї ворид мешавад. Ин нињод њаќќи "Газпром" - ро беш аз 30% тахмин мезанад, аммо огањони бозори фурўши маводи нафтї мегўянд, "Газпромнефт - Тољикистон" 50% ва ширкатњои наздик ба он 15% - и маводи нафтии Тољикистонро ворид мекунанд. Аз ин хотир, ваќте як ширкат 65% - и лимити аз сўи Русия муќарраршудаи маводи нафтї барои Тољикистонро ворид мекунад, ба таври худкор монополисти ин бозор хоњад буд. Ин ба он маъност, ки кўшишњои нињодњои зидахли Тољикистон барои диверсификатсия ё гуногун кардани манбаъњои воридоти маводи сўзишворї аз хориљ, ки тайи чор соли ахир ба харљ дода шуданд, натиља надоданд. Њамчунин Созишномаи интиќоли маводи нафтии Русия ба Тољикистон, ки соли 2014 ба имзо расид, ба забони ом, як гуна фиреби мардуми Тољикистон буд. Бино ба он, Русия бољи гумрукиро аз маводи нафтї ба Тољикистон лаѓв кард. Ин ба њисобњои Владимир Путин, прези-

5

"Маст шав, Газпром!" Чаро ширкати русї маќомоти Тољикистонро гўш намекунад? денти Русия њудуди 200 миллион долларро ташкил медод. Ваќте сухан дар бораи кўмакњои низомии Русия ба Тољикистон мерафт, Владимир Путин дар нишасти сарони ИДМ дар Бишкек соли 2013 гуфта буд, ки кишвараш бар иловаи 200 миллион доллар кўмаки низомї боз 200 миллион доллар аз њисоби бољи гумрукии маводи нафтї ба Тољикистон кўмак мекунад. Аммо чунин нашуд. Охири соли 2014 ќимати навъњои гуногуни маводи сўзишворї дар бозори Тољикистон аз 6 сомонї баланд шуд, ки зиёдтар аз замони мављудияти бољи гумрукї буд. Миёнањои моњи ноябри соли 2014 як литр бензини навъи АИ - 92 то 6 сомонию 40 дирам, бензини навъи АИ 92 "Љидрайв" 6 сомонию 65 дирам, бензини навъи АИ 95 - 6 сомонию 90 дирам ва нархи як литр гази моеъ 3 сомонию 40 дирам буд. Ин њол имзои Созишнома ба нафъи Тољикистонро тањти суол гузошт ва ба таъбири мардумї, "худкардаро даво нест, вовайлои пинњонї!"

"Пасманзари иќтисодї" Аммо вазъи бозор пас аз шуруъи соли нав гўё ба нафъи истеъмолкунандаи тољик таѓйир ёфт. Аз оѓози соли равон то ду њафтаи пеш раванди коњишёбии нархи сўзишворї шуруъ шуд. Бензин то 4 сомониву 60 дирам ва газ - 1 сомониву 60 дирам коњиш ёфт. Ин ба замоне рост омад, ки тањримњои Ѓарб алайњи Русия љорї шуданд ва иддае аз коршиносон коњиши нархи маводи нафтиро аз "баракати тањримњо" донистанд, ба ин маънї, ки нафти русњоро дар Ѓарб намехаранд ва аввалињо маљбуранд онро барои бозорњои дастрашон бештару арзонтар фурўшанд. Њоло тањримњои Ѓарб алайњи Русия шадидтар мешаванд, аммо ќимати маводи нафтї барои Тољикистон боло меравад. Русия бозори

дигар наёфтааст. Пас чї хулоса метавон кард? Ба ќавли бархе коршиносон, баробари боло бурдани ќиматњо Русия мехоњад камбуди даромадњояшро љуброн кунад. Аммо ин як сафсатае беш буда наметавонад, зеро бино ба иттилои вазорати энергетика ва захирањои об, соли 2015 Тољикистон аз Русия њамагї 830 њазор тон мањсулоти нафтї бидуни бољи гумрукї ба даст меорад (Тољикистон 1 миллион тон талаб карда буд, ки русњо ќабул накарданд). Аз ин 260 њазор тон бензин, 310 њазор тон салярка, 40 њазор тон керосини авиатсионї, 40 њазор тон мум, 20 њазор тон нафти коксї ва 160 њазор тони онро гази моеъ ташкил медињад. Боло бурдани ќимати 830 њазор тон маводи нафтии Тољикистон наметавонад миллионњо тон содироти маводи нафтии Русия ба Аврупоро љуброн кунад (содироти нафти ин кишвар солона 240 миллион тон аст). Русњо он ќадар гўл нестанд ва моро низ гўл намењисобанд. Хулоса, дар боло рафтани ќимати маводи нафтї "Газпромнефт - Тољикистон" сабаби техникї надорад. Агар аз Хадамоти зиддиинњисорї напурсида, ё онро писанд накарда, боло бурдани нархњоро ба назар гирем, пас далел пеш аз њама сиёсї буда метавонад. Дар гузашта њам медидем, ки Маскав муњољирату маводи нафтиро як абзори фишор ба Тољикистон истифода мебурд. Маќомоти зидахли Тољикистон дар ин гуна њолатњо боре њам аз гиребони "Газпромнефт - Тољикистон" нагирифтанд, ки чаро худсарї мекунад. Вазорати иќтисод ва рушди савдо ва Хадамоти зиддиинњисорї "пишакча" - и ин "духтарча" - и "Газпром" пишт намегуфтанду намегўянд. Аммо ин ширкати русї чї мехоњад, як суолест, ки касе дар маќомот посухашро намедињад ва њатто коршиносон низ сар ба андеша фурў менињанд. Тахмину гумонњо ва шояд асли воќеаро њама медонанд, аммо намехоњанд онро расо-

наї кунанд. Танњо бар фарзияи ќаблї дар ин бораро, ки "Газпром" мехоњад пурра бозори нафтии Тољикистонро гирад, тавре, ки дар Ќирѓизистон кард, як нафар таъкид кард. Як нафари дигар њам бар ин ишора намуд, ки дар баробари њаракатњои неруњои рў ба Русия дар Тољикистон, боло бурдани ќимати маводи нафтї пасманзари иќтисодї буда метавонад. Як вазъест, ки истеъмолкунандаи тољик метавонад танњо канори ин сањна истода, ќарс занад: "Маст шав, "Газпром"! Хулоса, дар боло рафтани ќимати маводи нафтї "Газпромнефт - Тољикистон" сабаби техникї надорад. Агар аз Хадамоти зиддиинњисорї напурсида, ё онро писанд накарда, боло бурдани нархњоро ба назар гирем, пас далел пеш аз њама сиёсї буда метавонад. Дар гузашта њам медидем, ки Маскав муњољирату маводи нафтиро як абзори фишор ба Тољикистон истифода мебурд. Маќомоти зидахли Тољикистон дар ин гуна њолатњо боре њам аз гиребони Аз ин хотир, на вазорати иќтисод ва рушди савдо ва на Хадамоти зиддиинњисорї "пишакча" - и ин "дахтарча" - и "Газпром" пишт намегуфтанду намегўянд. Аммо чї мехоњад, як суолест, ки касе дар маќомот посухашро намедињад ва њатто коршиносон низ сар ба андеша фурў менињанд. Тахмину гумонњо ва шояд асли воќеаро њама медонанд, аммо намехоњанд онро расонаї кунанд. Танњо нафаре бар фарзияи ќаблї дар ин бораро, ки "Газпром" мехоњад пурра бозори нафтии Тољикистонро гирад, тавре, ки дар Ќирѓизистон кард, як нафар таъкид кард. Як нафари дигар њам бар ин ишора намуд, ки дар баробари њаракатњои неруњои рў ба Русия дар Тољикистон, боло бурдани ќимати маводи нафтї пасманзари иќтисодї буда метавонад. Як вазъест, ки истеъмолкунандаи тољик метавонад танњо канори ин сањна истода, ќарс занад: "Маст шав, "Газпром"!

Фаромарзи ФОЗИЛ

АНОНС

Амонуллоњи Њукуматулло муќими Аврупо шудааст

Амонуллоњи Њукуматулло, собиќ рањбари Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" ва аз наздикони Президент Эмомалї Рањмон чандест, ки барои зиндагї Љумњурии Чехро интихоб кардааст. Бино бар иттилои дарёфтї, ў њамроњи њамсараш (модари Рустам ва Расул) дар шањри Карлови Варии ин кишвар маскун шуда, зиндагии маъмулие пеш мебарад. Ин манбаъ мегўяд, маълум нест, ки Амонуллоњи Њукуматуллоњ дар Љумњурии Чех то кай зиндагї хоњад кард, аммо тибќи бархе манобеъ,

њамсари ў шањрванди Олмон буда, агар иќомати доимї њам ихтиёр кунад, дар њамон кишвар хоњад кард, на Чех. Амонуллоњи Њукуматулло то моњи феврали соли 2014 рањбари Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" буд, ки бо фарзандонаш Рустам ва Расул Њукумов аз чењрањои хабарсози расонањо дониста мешуд. Њатто баъди барканориаш аз вазифа низ исми ў аз расонањо дур нашуд, аз љумла ќазияи нафаќаи ў ба миён омада буд. Ќазияи марбут ба фарзандонаш низ боис ба он мешуд, ки номи Амонуллоњи Њукуматуллоњ ба расонањо кашида шавад. Аз љумла писарбузургаш Рустам дар Русия бо иттињоми даст доштан дар интиќоли маводи мухаддир боздошт шуда буд, ки баъди чанде сафед ва озод шуд. Њоло Рустам Њукумов дар Душанбе ба бунёди биноњои баландошёна машѓул аст. Соли 2011 расонањо ваќте аз њодисаи халабонњои рус менавиштанд, аз хонаводаи ў низ ёдовар шуданд. Он замон матбуот - чї

дар Русия ва чї дар Тољикистон - ќазияи озодии халабонњо ва озодии Рустам Њукумов, фарзанди Амонулло Њукумовро, на тасодуф, балки наќшаи тарњрезишуда унвон карданд. Бо гузашти бештар аз як сол аз рўйдод Рустам Њукумов нашрияи "Имрўз Нюс" - ро ба додгоњ кашид ва дар зинаи аввали бањси додгоњї пирўз шуд. Њанўз сару садои ин ќазия поён наомада, писари дигари Амонуллоњи Њукуматуллоњ - Расул моњи октябри соли 2013 дар маркази шањри Душанбе бо худрави тамѓаи ВМW ба худрави дигаре бархўрд, ки 3 нафар ба њалокат расида, 3 нафари дигар љароњат бардоштанд. Гарчи дар ибтидо ВКД Расулро сабаби сар задани ин њодиса медонист, аммо додгоњ танњо модари ўро ба 120 сомонї љарима кард. 30-юми январи соли 2014 дар нишасти хабарї бо рўзноманигорон посухњои Амонуллоњи Њукуматулло ба суолњои журналистон оид ба садамаи писараш ѓайримунтазира буд, аз љумла ў ба Мањмадсаид Убай-

дуллоев, раиси Маљлиси миллї ва Матлубхон Давлатов, рањбари пешини Дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон њуљуми лафзї кард. Баъди чанд рўзи ин нишасти хабарї Амонуллоњи Њукуматуллоњ аз маќомаш барканор шуд. Моњи октябри соли 2014 хабари тирпарронии Рустам Њукумов аз тапончаи пневматикї ва итоат накарданаш ба нозири БДА дар ноњияи Айнї расонаї шуд. Ў бо пардохти љарима аз муљозот озод шуд. Моњи январи соли равон ќазияи нафаќаи маъюбии Амонуллоњи Њукуматулло расонаї шуд, то њол маълум нест, ки ин нафаќро лаѓв кардаанд, ё не. Амонуллоњи Њукуматулло 64 сол дошта, дар ноњияи Бохтар таваллуд шудааст. Аз моњи январи соли 2002 то моњи феврали 2014 раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон" буд. Аз шахсиятњои наздик ба Президент Эмомалї Рањмон дониста мешавад. Соли 2008 нашрияи "Факти и коментарии" Амонулло Њукумовро дар 100-нафараи доротарин шахсони кишвар љой карда буд.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

(Идома аз шумораи гузашта) 4. Зиёдулло Шањидї мансуби тоифаи бонуфузи хољагони Самарќанд буданд. Тоифае, ки хелењо аз ањли он мударрису уламои дин мешуданд ё бозаргонони сарватманду муътабар. Ба табиати њол, бино ба тарбия онон аз олами адабу мусиќа низ дур набуданду ба њар ду таваљљуњ доштанд. Вале агар аз азал барои хољагон гирифторї бо адабиёт айбе надошт, чун фаъолияти адабї дар байни ањли ин тоифа њамеша муњтарам дониста мешуд, гирифтории љидди бо мусиќа мутлаќо ќобили ќабул набуд. Барои хољагон ва ањли табаќањои дигари болоии љомеъаи суннатии Осиёи Марказї гирифтории љиддї бо мусиќа, чи расад ба мусиќори хирфаї шудан, коре буд пасту нолоиќ ва, аз ин рў, нораво. Тавре устод ёдовар мешуданд, ишќи мусиќа хеле барваќт дар дилу њастияшон бедор шуда буд. Аз айёми кўдакї шавќи зиёд ба шунидан ва аз он њам бештар, ба машќ кардани мусиќа доштанд. Аввале мушкилае надошт. Падари эшон - Мукаддасхон Шањидї аз бозаргогонони барўманди шањри Самарќанд буданд. Асосан бо тиљорати газвор сарукор доштанду, аз ин рў, хосу ом он касро Муќаддасхони баззоз (баззоз - тољири газвор) мегуфтанд. Њаводори каломи мавзуну мусиќа буданд ва, бино ба одати байни бозаргонони шањр роиљ, њар сари чанд ваќт дар њавлии худ базмњои шеъру мусиќї бо иштироки удабо ва овозхонону навозандагони маъруфи Самарќанду Буњоро меоростанд. Њамин буд, ки аз айёми кўдакї Зиёдулло Шањидї дар муњити малеъ аз каломи бадеъї, оњангу навоњои њамроњ ба ашъори классикї, овози њофизони номдору савти созњо тарбия меёфтанду њамзамон онњоро азбар мекарданд. Боз каме бузургтар шуданду сараввал бо кўшиши худ найнавозиро омўхтанд ва њар як фурсатро барои машќи мусиќї сарф мекарданд. Вале њамоно ки калонсолон аз гирифтории љиддии фарзандашон бо найнавозї огоњ шуданд, ин корро барояшон ќатъиян манъ карданд. Аз он љо, ки њаловат бурдан аз мусиќа барои хољагон як чиз буду найнавоз шудан кори ба куллї дигар, ќатъан ѓайри марѓуб ва ба обрўи хонавода ва кулли тоифаи хољагон иснодовар дониста мешуд. Дар њамин як њолати басо душвору ногувор - аз як тараф, адами ризояти хонагињо барои машѓул шудани Зиёдулло Шањидии хурдсол бо мусиќа ва аз тарафи дигар, азми ќатъии эшон барои расидан ба ормони худ, ки дар асл шикастани ќолабњои дар урфу рафтори ќабулшудаи тоифаи хољагон буд, амаки бузургворашон Аъламхон Шањидї, ки шуњрати устоди риёзиёт (математика) ва асосгузори мактаби математикњои Самарќанд касб карда буданд, ба миён даромаданд. Он кас бародари калони худ, падари Зиёдулло Шањидиро, муќтанеъ сохтанд, ки замона (яъне замонаи њукми давлати шўравї) чунин монеъсозињоро намебардорад ва, биноан, хубтар мешавад, ки монанд фарзандашон, ки тавре њувайдост, њам истедоди казої дораду њам аз азму нияти худ гаштанї нест, бо кори дўстдоштаи хеш машѓул бошад, хоса дар шароите, ки давлати шўроњо ин гуна таваљљуњи љавононро барои худ муфид медонад. Чунин мавќеъгирии Аъламхон Шањидиро нисбат ба мушкилаи оилавие, ки ба миён омад, на танњо муњите муайян мекард, ки бо пирузї ёфтани шўроњо ташаккул меёфт. Бояд гуфт, ки мављи дигаргунсозињову навоварињо дар Самарќанд ва соири марказњои воќеъ дар он ќисмати Осиёи Марказї, ки то ба сари ќудрат расидани шўроњо љузъи таркибии ќаламрави шоњигарии Русия буд, дар љои холї баланд нашуд. Њоло пеш аз зимоми умурро ба дасти худ гирифтани шўроњо ин љузъи минтаќа раванди гузаришро аз басарбарии суннатї ба низоми зиндагиву коргузориву корбарии дар асоси усулњои нав ворид шуда буд. Гузарише, ки худ ба худ як раванди инќилобие буд, ки моњияту муњтавои онро тањдиси (модернизатсияи) њамаи пањлуњои зиндагї ташкил мекард. Муњити инќилобии оѓози даврони

ШАХСИЯТИ МИЛЛЇ назар аз амалан дастпарвари худи њамин давлат буданашон, аз шубњаи давлати шўравї нисбат ба худ, ки ба дараљаи кароњат мерасид, низ барї намонданд. Хелеи онњоро, дар баробари падарњояшон њабс, истинтоќ, шиканља, табъид ва ќатл аз тиру марг аз азобу азият дар мањбасу "логерњо" насиб гашта буд. Танњо ангуштшумури онњо, мисли падари инљониб, Ѓанї Абдулло, тавонистанд аз "даштњову бешањои дуродур" маъюбу сармозада, бо дандонњои аз тсинга (бемории ношеъ аз нарасидани витаминхо) рехта, зинда баргарданду боз солиёни зиёд бо доѓи "душмани халк" ба сар баранд. Доѓе, ки њам зиндагии худашонро тира месохт ва њам пайвандонро аз худ бенасиб намемонд. То андоза истисное аз ин ќоида онњое аз ањли илму саводи пешин ва мансуби кишрњои болоии љомеъа гаштанд, ки касби муаллими мактаб ва њунармандиро пеша карда буданд. Њамин буд, ки ќисмати падар ба сари Зиёдулло Шањидї наомад. Давлати шўравї ба ањли њунару мусиќа дар пеш бурдани сиёсатњои худ эњтиёљи хоса ва, мутаносибан, таррњњуме бештар дошт. Ба њар њол, воќеъият дар тамоми пањнои шўравї чунин буд, ки аз љониби давлати шўравї ба сари ањли њунару мусиќа, дар ќиёс, масалан, бо ањли калам, осеби бамаротиб камтар расида буд. 6. Дурандешиву исрори Аъламхон Шањидї дар назди бародари калони худ, ки монанд фарзандашон аз паси орзуву омоли хеш шавад, Зиёдулло Шањидиро аз хатарњои маргбори расидагињои давлати шўравї нисбат ба меросбарони фарњанги

Зиёдулло Шањидї ва фарњанги навини тољик шўравї барои бошандагони ќаламрави, ба истилоњи он замон, Туркистонии шоњигарии Русия то андозае идомаи раванди пешини тањдис буд. Раванде, ки хеле аз он чизњоеро, ки ќаблан танњо имконнопазир буд, феълан мумкин гардонд. Аз љумла ворид шудани унсурњои фарњанги ѓайрисуннатиро, ба шумули озодии муайяни рафтор, озодие, ки баёни адами ризоят аз сахтгирињои иљтимоъии пешин буд. Аъламхон Шањидї яке аз онњое буданд, ки равост дастпарварони њамин њаракати тањдис донист. Бар хилофи одати дар байни хољагон маъруф, на мударриси суннатї ва на бозаргон шуданд. Таваљљуњ ба улуми даќиќ доштанду шавќи зиёд ба мусиќї. Ба дараљае, ки худ низ навохтани созњоро омўхтанд. Албатта, њамагї барои ќонеъ гардондани шавќи њавскоронаи хеш ба мусиќї, на бештар аз он. 5. Љорї гаштани њукми шўроњо ва устувор шудани давлати шўравї раванди пешини тањдисро, баръакси умедворињои тарафдорони тањдис, ба раванди ба куллї дигаргун сохтани низоми собиќи зиндагї гардонд. Дар рафти ин дагаргунсозињо шўроњо, аз љумла, љамеъи мадрасањоро бастанду шуѓли бозаргониро нораво донистанд. Мутаносибан, мударрисону уламо ва бозаргононро, ки ќишри босаводтарину пурнишоттарини љомеъа будаанд, мавариду тазйику таъќиби рўзафзун ќарор доданд. Аз он лињоз, ки давлати шўравї њам худи муддарисону уламои дину бозаргонон ва њам кору фаъолияти маъмулии онњоро барояш ва љомеъаи наве, ки бунёдаш мекард, бегонаву зараровар ва аз њар љињат хатарнок медонист. Вале, њамзамон, ин давлат ба ривољи њамаи анвоъи њунарњои нафиса (санъат), ба шумули ривољи мусиќї ва баланд бардоштани маќоми иљтимоии ањли њунар кўшиши зиёд ба харљ медод. Аз он љињат, ки онњоро неруи дар бино намудани љомеъаи нави шўравї муфиду мусоидатовар медонист.

Хелењо аз хољагони Самарќанд дигаргунсозињои давлати шўравиро ќабул надоштанду ба кишварњое, ки тўфони инќилоб њоло ба онњо нарасида буд, њиљрат карданд. Дар ќатори онњое, ки њиљратро авлотар донистанд, бозаргони номдори шањр эшони Нуъмонхўља, падарарўси Зиёдулло Шањидї ва академик Эшонхон Нуъмонов низ буданд. Хелењои дигар, гарчанде дигаргунињои инќилобиро ќабул надоштанд, ба ин ё он шакл худро ба замона мутобиќ мекарданд. Онњое, ки таваљљуњ ба тадрис доштанд, ба таълимдињї дар макотиби шўравї пардохтанд. Бозаргонон бошанд, батадриљ дўкону корхонањои шахсии худро партофта, вориди низоми нави шўравии савдо ва ё корхонаљоти давлатї шуданд. Вале онњое низ буданд, ки дигаргунињоро мепазируфтанд ва на танњо мепазируфтанд, балки раванди дигаргунсозињоро фаъолона сањмгузор низ мешуданд. Маъмулан њаводорони дигаргунгардињову навсозињо љавон њам буданд. Имрўз, бо гузаштани айём, бояд икрор шуд, шояд тасмими онњое, ки сари ваќт шањру кишварашонро тарк гуфтанд, дуруст њам буд. Њадди аќал, аз он љињат, ки аз доругирињои солњои бистуму сиввуми ќарни гузашта наљот ёфта, зинда монданд. Торих гувоњи он аст, ки давлати шўроњо худи вуљуди мардуми дорои илму саводи пешин, ба шумули бозаргонону соњибкорони пешинро, ки ањли саводу фарњанг ва рукни љомеъаи суннатї буданд, хатари доимии сиёсї, балки тамаддунї барои худ медонисту бакои онњоро тањаммул карда наметавонист. Њамин буд, ки аксарияти кули онњое аз ин тоифа мардум, ки дар диёрашон монданду ба он сидќан њам хидмат карданд, бо њар роху васила, умдатан аз тариќи њабсу ќатл, мањв карда шуданд. Соли 1937 чунин таќдир падари Зиёдулло Шањидиро низ насиб гашт. Он љавонњо аз оилањои барўманди Самарќанд, ки низому давлати навро пазируфта, раванди дигаргунсозињоро фаъолона сањмгузор њам шуда будаанд, сарфи

пешинї эмин сохтанд. Пайдост, ки худи такдир устодро барои оянда, барои анљом додани рисолати хеш дар љодае, ки барояшон интихоб карданд, њифз намуд. Њамзамон дастгирии амаки бузургвор роњро барои ошкорову озодона идома додани Зиёдулло Шањидї машѓулияти дўстдоштаи хеш - азбаркунии созњои гуногуне, ки аснои иљрои Шашамаќом истифода бурда мешуданд ва азбаркунии худи Шашамаќомро бо тамоми фаррохиву умќаш кушод. Бо бахрабари аз мактаби зиндаи мусиќаи суннатии классикї ќаноат накарда, Зиёдулло Шањидї талабаи мактаби мусиќии навтаъсис гаштанд. Сол ба сол њунари мусиќори љавон сайќал меёфту дараљаи фањму фарогирии Шашмаќом низ боло мерафт. Баъд аз хатми мактаб Зиёдулло Шањидї чанде дар худи њамин мактаб ба њайси муаллим, дар бахши мусиќии радиои Самарќанду Тошканд ва ба истилоњи духтарашон Мунира Шањидї, чун "сознавози сайёњ", дар коллективњои мусиќии шањру навохии гуногуни Узбекистон кор мекарданд. То он даме, ки соли 1932 њамроњи падарашон ба пойтахти нави тољикон шањри Сталинобод наомаданд. Дар љои нав мусиќори љавон ба зудї аз маќоми пешбар дар байни њамкасбон бархўрдор шуданд. Њам аз он сабаб, ки Сталинобод макони бањамоии љавонони боистеъдоду лаёќатманд ва ояндаталабу пурнишот аз марказњои кадимаи фарњангии тољикнишини тамоми Осиёи Марказї гашта буд ва њам бино ба воќеъияте, ки дар риштаи фаъолияти хеш хеле пуртаљрибаву аз мусиќии классикии суннатии Шашмкому мусиќии мардумї - фолклорї хуб огоњ будани худ. Даврони таѓйироти инќилобї даврони љавонон аст. Мањз љавонон ин тайироту дигаргунсозињои бунёдиро ба амал мебароранд ва, њамзамон, дар раванди ин дигаргунсозињо худ низ зуд шахсиятњои бориз мегарданд. Рашид Ѓанї АБДУЛЛО


МУРОЉИАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

7

Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

"Дарди дил"

"Силоњи зиёдатї"

Амрико чї тавр Ўзбакистонро мусаллањ мекунад? Амрико марњалаи кўмаки низомї ба Ўзбакистонро ба охир мерасонад. Тамоми шубњањо дар бораи ин, ки Вашингтон Тошкандро дар Осиёи Марказї њамкори стратегї пазируфтааст, бартараф мешаванд. Аммо то ин, ки Амрико худро дар Осиёи Марказї љой кунад, як марњалаи хеле вазнинеро паси сар кард. ТАСС, ољонсии иттилоотии Русия, дар такя ба иттилои як маќом дар вазорати дифоъи Амрико 15 июн хабар дод, ки марњалаи таќдими маљљонии мошинњои зирењпўши амрикої ба Ўзбакистон ба охир мерасад. Ин барнома моњи декабри соли 2014 шуруъ шуда буд, аммо таърихи анљоми он ва њам теъдоди даќиќи мошинњо муайян нест. Моњи январи соли равон Даниэл Розенблюм, муовини ёвари вазири корњои хориљии Амрико дар умури Осиёи Марказї ба "Садои Амрико" гуфта буд, ки бино ба барномаи "Таслими силоњи зиёдатї" (Excess Defense Article, EDA), Ўзбакистон аз Амрико 308 мошини зирењпўши зидди мина (MRAP) ва 20 зирењпўши таъмиру интиќол дарёфт хоњад кард. Азбаски он замон њарфи хуруљи нерўњои амрикої аз Афѓонистон вирди забони сиёсатмадорон буд, аксарият итминон доштанд, ки ин њамон мошинњои истифодашуда дар љангњо ва роњњои валангори Афѓонистонанд. Аммо Розенблюм гуфт, ин мошинњо дар Афѓонистон истифода нашудаанд, аз кишварњои дигар оварда мешаванд (эњтимолан аз пойгоњњои амрикої дар Ховари Миёна, Покистон, Ќирѓизистон ва ѓайра). Њаќќи интиќоли онро, ки таќрибан 50 њазор доллар сари њар мошинро ташкил медињад, Ўзбакистон пардохт хоњад кард. Расонањои амрикої љое зикр кардаанд, ки ин мошинњо то имрўз танњо дар ихтиёри нирўњои мусаллањи Амрико ва Лањистон буданд ва аз 535 то 1 милллиону 290 њазор миллион доллар ќимат доранд (зирењпўшњои чорчархаи M-ATV, истењсоли ширкати амрикоии Oshkosh Truck, бино ба маълумоти интернетї, соли 2009 њудуди 470 њазор доллар ќимат доштанд).

Шарики муносиб Амрико кўмакњои низомиашро дар остонаи маъракаи интихоботи президентии Ўзбакистон шуруъ кард ва инро мешуд њимояти Вашингтон аз дигарбора президент интихоб шудани Ислом Каримов арзёбї намуд. Аммо њадаф дарозмуддаттар аз он буд, ки тасаввур мешавад. То ин, ки Вашингтону Тошканд ба ин марњала расанд, як давраи вазнину пуршебу фарозро паси сар карданд. Пас аз њамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 Амрико бо бањонаи мубориза бо терроризм вориди Афѓонистон шуд, њамзамон кишварњои давру бари он, аз љумла Ўзбакистонро ба њамкорї даъват кард. Он замон касе даъвати Амрикои "мусибатзада" - ро рад карда наметавонист, зеро ин њамкорї њазинањои бузурги молиявї дошт. Ба рўи кишварњои тањти нуфузи Русияи "ќашшоќ" дарвозањои тиллоии доллари амрикої боз шуданд. Њамкории низомї кўмакњои низомиро дар зимн дорад. Ўзбакистону Ќирѓи-

зистон кишварњои Осиёи Марказї буданд, ки ба таври ољил пойгоњњои низомии амрикоиро љой доданд. Дар бадали ин Амрико ба ин кишварњо њаќќи иљора ва кўмакњои низомї медод. Соли 2004 бо бањонаи наќзи њуќуќи инсон дар Ўзбакистон амрикоињо кўмакњои низомии худро ќатъ ва алайњи он тањрим эълон карданд. Тањримњо пас аз он таќвият ёфтанд, ки моњи майи соли 2005 Тошканд эътирозгарони Андиљонро саркўб намуд. Дар посух Ўзбакистон пойгоњи амрикоињо дар фурудгоњи низомии Хонободи Ќарширо баст. Соли 2011 дар пайи њамлањои њавоии НАТО дар Покистон 24 низомии ин кишвар кушта шуданд. Исломобод ягона роњи заминї барои таъмини неруњои НАТО дар Афѓонистон ва њам пойгоњи Амрико дар ќадамравашро баст. Мањз он замон њарфи Шабакаи икмолотии шимол пеш омад. Ўзбакистон дар ин масир калидї буд, зеро ягона кишварест, ки бо Афѓонистон роњи оњан дорад. Русия њам яке аз фурудгоњњои низомиаш дар вилояти Самараро дар ихтиёри Амрико гузошт. Амрико тањрими кўмакњои низомї ба Ўзбакистонро соли 2012 муваќќатан то соли 2013 лаѓв кард. Он замон вазорати корњои хориљии Амрико эълон дошт, ки ба Ўзбакистон силоњ ва муњимоти љангї нахоњанд дод. Сухан дар бораи таљњизоте мерафт, ки барои њифзи марз ва интиќоли маводи икмолотї ба кор меомаданд, аз ќабили љавшан, асбобњои назорати шабона ва таъќиби GPS. Моњи августи соли 2012 Амрико якбора изњор дошт, ки кўмакњои низомиашро ба Ўзбакистон бештар хоњад кард ва ин тахмин зада шуд, ки ин ба хотири сафари президент Барак Обама ба Тошканд аст. Ин њодисаи хеле муњим мебуд, зеро тўли таърих њељ як аз президентњои Амрико ба Осиёи Марказї наомадааст. Пас аз суќути Шўравї ноибпрезидентњои ИМА Альберт Гор (декабри 1993) ва Ричард Чейни (2006) ба Ќазоќистон омада буданд. Соли 2005 вазири корњои хориљї Кондолиз Райс ба Осиёи Марказї омад, аммо ба Ўзбакистон нарафт. Аммо вориси ў Њиллари Клинтон ду маротиба - декабри соли 2010 ва майи 2011 ба Ўзбакистон омад. Обама наомад. Дар омори "афзоиш" додани кўмакњои низомии Амрико низ Ўзбакистон њаќќи камтаринро дар миёни кишварњои минтаќа дошт - $5,7 млн (Ќазоќистон - $8,7 млн, Ќирѓизистон $21,3 млн., Тољикистон - $15,4 млн). Дар асл он шабу рўзњо доираи хеле мањдуди сиёсатмадорон огоњ буданд, ки ИМА ва Ўзбакистон сари кўмаки низомии ќариб 10 - миллиардї музокирот доранд. Ин гуна кўмакро ИМА ба ягон кишвари собиќ Шўравї накардааст. Хулоса, шуруъ аз соли 2001 то кунун он чї миёни ИМА ва Ўзбакистон гузашт, як сенарияест, ки онњоро ба роњи њамкории стратегї рањнамої мекард. Њатто мешавад тахмин зад, ки барои "гум кардани из" ва ба вуљуд наовардани шакку гумони Русия тањриму њуќуќи башару куштори низомиёни Покистон, омадани Обама ва нињоят Шабакаи икмоло-

тии шимол эљод шуданд. Асли матлаб, ки ИМА ва НАТО Ўзбакистонро шарики стратегї баргузидаанд, њанўз аз забони сафири Бритониё дар Ўзбакистон - Крейг Муррей соли 2002 садо дода буд. Ин њарфњои дипломати инглис ба зудї аз интернет рўфта шуданд. Ўзбакистон њам дар ин миён аз Иттињоди иќтисодии Авруосиё ва Созмони паймони амнияти дастаљамъї берун омад. Ин Амрикоро итминон дод, ки Ўзбакистон як кишвари хориљ аз нуфузи Русия ва њамкори муносиб аст.

Таќсими низомї Тафсилоти кўмакњои низомии Амрико ба Ўзбакистон тайи як - ду соли ахир кишварњои минтаќа ва њамкори анъанавии онњо - Русияро сахт безобита кард. Ќирѓизистон њарчанд соли 2013 бештар аз њама кўмакњои низомии Амрикоро дарёфт мекард ($21,3 млн.), аз кўмакњои аслии он бенасиб монд ва тањдис ё модернизатсияи артишашро ба Русия вогузор намуд. Ахирї соли 2013 ба Бишкек 1 миллиарду 200 миллион доллар ваъда дод. Тољикистон низ соли 2012 расман бештар аз Ўзбакистон ($15,4 млн,) гирифт, аммо натавонист ба миллиардњо даст ёбад. Русия, шарики стратегиаш, 400 миллион доллар, њамон њам ба бањои имзои Созишномаи пойгоњи низомии 201 ваъда дод, аммо то њол ин кўмаки низомиро надидааст. Бархе гузоришњои ѓайрирасмї ба "Нигоњ" расидаанд, ки як эшелон танку тўпи муосир ва пешрафтаи русї вориди Тољикистон шудаанд, аммо маълум не, ки барои пойгоњи 201 ё вазорати дифоъи Тољикистон. Дар гузашта њам ин иттилоъ вуљуд дошт, ки русњо ба Тољикистон тайёрањои љангии фарсударо пешнињод кардаанд ва дуд аз димоѓи низомиёни тољик баромадааст. Пас аз ваъдањои кўмаки низомии Русия ба Тољикистону Ќирѓизистон, Амрико низ кўмакњои низомаш ба кишварњои Осиёи Марказиро дар соли 2014 бамаротиб кам кард. Дар соли молиявии 2013 ба 2014 Вашингтон барои Ќазоќистон $187 њазор, Ќирѓизистон $1,2 млн., Тољикистон $1,1 млн. ва Ўзбакистон $156 њазор доллар тахсис дод. Якбора то 15 маротиба коњиш додани кўмакњои низомї аз љониби Амрико далели ин аст, ки ин кишвар дигар майл ба њамкорињои низомї бо кишварњои Осиёи Марказї надорад, ба љуз Ўзбакистон, ки акнун бидуни бањс, њамкори стратегиаш хоњад буд ва њам Афѓонистон. Њамин тавр, Русия ва Амрико минтаќаро аз нигоњи низомї мусаллањ мекунанд. Ин, ки замоне Ўзбакистон Украинаи дигар хоњад шуд, боз њам аз истеъдоди сарварони Ўзбакистон вобаста аст. Аз он, ки онњо то куљо метавонанд Амрикоро нигањ доранд, агар онњо пешгомї дар минтаќаро тавассути шарикони нави худ ва бо силоњ ба даст оварданї набошанд. Њоло танњо њарфи 328 мошини зирењпўш, ки 200 миллион доллар кўмаки низомї њисоб мешавад, рўшан шудааст. Дар таги дег боз чї њаст, маълум нест.

Фаромарзи ФОЗИЛ

Њафтаи гузашта расонањои Ќирѓизистон эълон карданд, ки Бишкек барои харидани 500 миллион кВт/соат нерўи барќ дар фасли тобистон бо Душанбе ба мувофиќа расидааст. Тибќи хабарњои расонањои ин кишвар, Бишкек аз Душанбе њар киловатт соат нерўи барќро ба арзиши 0,025 доллар мехарад. Як хабари хуш аст. Аммо "Барќи тољик" аз ин хабар садое набаровард. Њатто шарње њам надод, ки чунин тавофуќ њосил шудааст, ё не. Маълум, ки Тољикистон дар фасли тобистон ба харидор ниёз дорад. Њоло харидорони эњтимолии мо танњо Афѓонистону Ќирѓизистонанд... Зиёд аз он шунидаем, ки Тољикистон захирањои бузурги энергияи барќии обї дорад. Захирањои он дар як сол 527 млрд.квт/соат њисоб шудааст. Ба гуфтан осон. Бо чунин иќтидори энергетикї Тољикистон баъд аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Њиндустон ва Канада дар маќоми 8-ум ќарор дорад. Месазад, ки аз ин захоири бузург ифтихор кард. Танњо аз рўи њамин нишондод дар ќатори абарќудратњо љой гирифтаем. Њамсояњо ба мо наздик шуда наметавонанд... Боз њам тибќи њисобњои расонаишуда, истењсоли миёнаи нерўи барќ дар Тољикистон 16,5 млрд.квт/соатро ташкил медињад. Соли 2014 13 млрд. 757,0 млн. кВт. соат. нерўи барќ истењсол карда буданд. Дар фасли зимистон то ба 3 млрд.квт/соат нерўи барќ ниёз дорем. Вале дар тобистон ба миќдори тавлили аз 3 то 5 млрд. кВт/соат нерўи барќ обњои њудуди кишвар бефоида масраф мешавад. Албатта, бе фоида барои буљаи давлат, шояд нафъе ба шахсони алоњида дошта бошад. Инчунин, барои Ўзбакистони њамсоя нафъи њангуфт дорад. Танњо аз њамин њисоб, ки љое барои истифода ва фурўши аз 3 то 5 миллиард кВт/соат нерўи барќро надорем, миллионњо доллар фоидаро ба дарёи зархези Вахш њавола мекунем. Аммо як дўсти нашрияи "Нигоњ", ки љавони огоњу бедордил аст, бовар дорад, ки ин њеч не нисфи ин нерўи барќро дар фасли тобистон дар худи Тољикистон истифода бурдан мумкин аст. Аз ў пурсидам, ки чї тавр? "Барќи тољик" магар намехоњад ин нерўро маблаѓ кунад? Посухи кўтоњ дод: "њеч не, системаи обёрирасонии заминњоро, ки дар замони Шўравї боќї мондааст, бояд фаъол кунанд!". Албатта, коршиноси соња нестем ва он дўстамон низ даъвои коршиносї надорад. Вале зимни сафарњо ба минтаќањои Тољикистон аз Ќубодиёну Шањритус то Ашту Конибодом, аз Мурѓобу Љиргатол то Айниву Панљакент дидаем, ки дањњо дастгоњи обкашї (насос) дар лаби рўдхонањо фарсудаву занг задаанд. Дар водињову даштњои ин кишвар баъд аз замони Шўравї њазорњо гектар замин аз обёрї мондаанд. Кї надидааст, ки дар минтаќањои гуногуни Тољикистон љўйборњои бетонии боќимонда аз замони Шўравї валангору бесоњиб хоб рафтааст? Њатто баъзеашро канда бурдаанд, ё ѓорат кардаанд... Ин дўсти мо мегўяд, ки бо љалби сармояи хориљї, ё бо дарёфти грант метавон системаи обёриро аз нав барќарор кард. Бо ин роњ нерўи барќи мо дар тобистон талаф намеёбад (1), заминњои бекорхобида обёрї (2) ва садњо нафар бо љои кор таъмин мешаванд (3). Болотар аз ин, миллионњо доллар ба буљаи давлат ворез мешавад. Аммо савол ин, ки чаро намешавад? Кї инро намехоњад? Гумон намекунем, ки дар "болоњо" афроди аз вазъ огоњ нестанд. Онњо хуб медонанд, ки гап чї аст. Вагарна аз касе пўшида нест, ки соњиби беш аз 60 дарсади захирањои оби Осиёи Марказї њастем, аммо аз беобї азият мекашем, кишварамон сол ба сол биёбон мешавад. Заминњои корам нокорам мешаванд. Дењќонамон муњољир шудааст. Ин вазъ аслан бењбуд намеёбад. Аммо шарм накарда, љор мезанем, ки тобистон обамон бењуда меравад. Агар ин оби бењуда барои заминњо сарф шаванд, фоидааш аз фурўши барќ чандин маротиба бештар мешавад. Шояд ин љо гапи дигар аст, ки кам касон дар Тољикистону Ўзбакистон хабар доранд? Бубинед, њафтаи гузашта парламенти Тољикистон созишномаеро ба тасвиб расонд, ки њазорњо гектар замин барои 49 сол (!) ба чинињо иљора дода шуд. Ба гуфте, нисфи ин заминњо баъди Шўравї бекор шудаанд. Пас суол пайдо мешавад, ки чаро чинињо ин заминњоро обшор карда метавонистаанду худи дењќонони тољик ва њукуматашон не? Як њикмати мардумї аст - "аз мард монад лойу гил..." . Аз замони Шўравї ин ќадар "лойу гил" барои имрўз ба мерос монд, ки њатто истифода намебарем. Пас наслњои оянда бањо медињанд, ки аз имрўз "лойу гил" ба мерос мегиранд, ё "дарди дил"?


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

АНДЕША

ЃАЛАТ НАНАВИСЕМ (1) Бо ќабули тарњи нави "Ќонун дар бораи забони давлатї" (бењтар буд "Ќонуни забони давлатї" менавиштем), ки воќеан имконоти зиёдеро барои густариш ва рушди забони тољикї фароњам месозад ва ин забонро ба яке аз муњимтарин унсурњои њувияти воќеии миллии мо табдил мекунад, бояд эњсоси масъулияти мо дар баробари њифз ва бењбуди забони модарї ва забони давлатиамон ба маротиб бештар гардад. Воќеият ин аст, ки њар яке аз мо бо забони модарии худ ифтихор мекунад ва њозир аст дар тавсифи он соатњо суханронї намояд, сањифањои зиёдеро сиёњ кунад, вале мутаассифона, аксаран ин навъ сўњбатњо ва ин навъ навиштањои ифтихоромез пур аз сањву хато мебошад. Инро "таноќуз" мегўянд. Яъне ончи гуфта ва навишта мешавад, дар батни худ худро инкор мекунад. Намунаи бисёр барљастаи ин рафтор истифодаи мо аз њамон байти машњури Тошхўља Асирї аст, ки таќрибан њар касе дар бораи ањаммияти донистани забони модарї сўњбат мекунад, аз он ёдоварї менамояд ва ин байт ба сурати шиор рўи лавњањои гуногунњаљм навишта ва дар бисёр љоњо насб шудааст. Аммо таќрибан дар њамаи ин мавридњо дар он иштибоњ роњ ёфтааст: Њар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад. Аввалин чизе ки ба зењн бармехўрад, сактаи вазн дар мисраъи дуюм аст, ки як њиљои кўтоњ кам дорад. Ин сакта мисли як пешпої моро њушёртар мекунад ва вомедорад, ки ба сари байт баргардем ва дубора онро хонем. Чун дубора мехонем, ба равшанї мебинем, ки мантиќи нањвии ин навишта хароб аст. Бояд дар ёд дошт, ки њар навъ назме ва шеъре пеш аз њама забон аст, иборат аз калимањову иборањову љумлањо ва комилан тобеъ ба ќонуну ќоидањои забон. Агар истисное њаст он истисно чизест, ки дар давоми асрњо ќабул шуда ва барои ањли савод маълум мебошад. Дар ин байти сода њеч навъ аз он истисноњо нест. Он чи њаст ѓалат аст. Пас агар ин як љумла аст, ки бо вергули байни мисраъњо ба ду ќисм људо шуда, бубинем, ки байни ин ду ќисми он чи рабте вуљуд дорад? Дар ин тарзи навишт њеч рабте вуљуд надорад. Агар мубтадои ин љумла "њар кас" бошад, пас хабари он "сухандон гардад" аст. Бо ин њол барои сањењ шудани љумла ду чиз лозим аст, ки агар яке њам бошад, кофист: ё пасоянди "-ро" ва ё замири (бандакљонишини соњибии) шахси сеюми ѓоиби "-аш" ("-ш), то

«

ки ду бахши ин љумла, ки дар айни њол ду мисраъ њам њастанд, бо якдигар васл шаванд. Хулоса, шакли сањењи ин байт чунин аст: Њар к-ў ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забонаш осон гардад. Агар аз бањри вазн бигзарем ва бихоњем, ки љумлаи дуюмро дар њамон шакл боќї гузорем, фарзан метавонем чунин нависем: "Њар касро, ки ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад", ё "Њар кас, ки ба забони худ сухандон гардад, ўро донистани (омўхтани) сад забон осон гардад. Агар ба љои "кас" "к-ў" њам нанависем ѓалати фоњиш намешавад, вале ѓалати услубї мешавад. Ин мисолро ба унвони "мушт намунаи хирвор" овардем ва ба ин хотир ин ќадар муфассал шарњ додем, ки камоли ноогоњї ва беэътиноии мо нисбат ба забони модариамонро нишон медињад. Зеро ин байтро бо ин иштибоњ борњо аз касоне њам шунидаем ва хондаем, ки њаргиз дониши онњо ин иљозатро намедињад, ки ба чунин ѓалат роњ дињанд, балки далели иштибоњ аз сўи онњо танњо бедиќќатї ва беэътиної нисбат ба забони модарии худ аст. Ин мероси солњоест, ки расман ва амалан забони тољикї дар дараљаи дуюми ањаммият ќарор дошт ва забони аслии расмї забони русї ба њисоб мерафт. Бинобар ин аз он замон то кунун њеч нафаре аз мо иштибоњ кардан дар забони модариро чандон айбе намешуморад, ки кас барои он хиљолат бикашад. Вале агар, худо накарда, њар як тољик њини сўњбат ба забони русї ногоњ эњсос мекард, ки дар нозуктарин мавриди тасриф ё корбурди луѓот (ки худи русзабонњо њам хеле ба иштибоњ роњ медињанд) хато кардааст, аз хиљолат сурх мешуд ва њатман ба "бесаводї" маъруф мегардид. Албатта, ин эњсос бад нест, бигзор бошад ва бигзор мо ба њар забоне, ки сўњбат мекунем ё менависем, сањењ ва бидуни иштибоњ бошад, вале бењтар аст, ки чунин эњсоси масъулиятро пеш аз њама ва беш аз њама дар баробари забони модарии худ дошта бошем. Ин иштибоњгўї ва иштибоњнависї як кори саросарї шудааст. Дар китобњои дарсї, дар воситањои ахбори умумї, дар суханронињои маросимї, хулоса дар њама љо ѓалатњои фоњиш ба чашм мерасад. Ба хусус дар њини иќтибоси осори манзум хеле камтар мушоњида мешавад, ки пораи иќтибосшуда бидуни иштибоњ бошад. Таќрибан, дар њар як байт ѓалат роњ меёбад. Мушкил боз он аст, ки агарчи борњо ба ин навъ иштибоњот ишора

Ончи гуфта шуд, њаргиз аз сари таассуб нест, балки мавзўъ фањм ва корбурди сањењи калимањост, ба тавре ки матлаб њам барои гўяндаву нависанда фањмо бошад. Беш аз ин, бар мо лозим аст, ки бидуни њеч навъ таассуби нолозим одитарин ќоидањои тасриф ва иштиќоќи калимањои арабиро, ки захираи азиме аз он дар забони мо барои њамеша ворид шудааст, ёд бигирем.

«

мешавад, вале ба гўши њуши касе намерасад ва боз њамон ањвол идома меёбад. Масалан, борњо дар бораи истифодаи бемавриди калимаи "бурдборї" (ки маънои "сабр" - ро дорад) тазаккур дода шудааст, вале боз дар поёни њар барномаи телевизионї баранда хитоб мекунад: "ба шумо бурдборињои беназир орзумандем!". Далели иштибоњ аз он љост, ки љузъи "бурд" дар ин калима барѓалат бо "бурд" - и мутазоди (антоними) "бохт" айният дода шудааст. Барои он ки ба асли ин калима бештар пай бибарем ва дар маънои он яќин њосил бикунем, ин байти Саъдї, ки дар он љузъњои ин калима ба људої истифода шуда, вале асли њамин маънои "сабр" ва "тањаммул" манзур дошта шудааст, ба мо ёрї мерасонад: Ятим чун бигиряд, кї нозаш харад? В-агар хашм гирад, кї бораш барад? Зимнан, тавре ки дар мавриди мазкур њаст, бештари иштибоњот аз истифодаи калимањо ва таъбирњоест, ки гўянда ва нависанда, маънои аслии онро намедонад ва дар зењни худ ба таќриб маъное барои он тасаввур карда ва барои "аз замона ќафо намондан" онро ба кор мебарад. Манзур калима ва иборањои нисбатан тозаворид дар навиштор ва гуфтори мо мебошад. Аз ин њол бењтар аст, њар кас аз њамон захираи луѓавие истифода намояд, ки нисбат ба он дониши лозимро дорад. Масалан, агар ба љои истифодаи ѓалати "бурдборї" аз калимаи "муваффаќият", ки манзури гўяндаро ифода мекунад ва бешак гўянда маънои онро медонад, истифода мешуд, албатта бењтар буд. Чунин мисолњо зиёданд. Масалан, ба наздикї дар як њафтанома маќолаеро хондам, ки саросар ба њамин услуби "шутурњуљра" иншо шуда буд. Аз љумла муаллиф менависад: "Дар ин ноњия боз як воњиди домдорї ба камбуди ѓизои дом мунљар шуд". Хуб, "домдорї" агарчи нав аст, сањењ аст, калимаи форсї ва дар матнњои куњани тољикї зиёд дучор мешавад. Сарфи назар аз он ки имрўз корбурди умумї надорад, иштибоњ нест. Вале охир ин љо "мунљар" чи кор мекунад? "Мунљар шуд" - и камистеъмоли ним форсиву ним арабї даќиќан маънои калимаи тољикї ё худ форсии ноби "анљомид" ("анљом ёфт") - ро дорад. Пас оё сањењ аст, агар бинависем, ки "…воњиди домдорї ба камбуди ѓазои (сањењаш хуроки) дом анљомид"? Он чизе ки муаллифро ба иштибоњ андохтааст, калимаи дигари ба тозагї "мудшуда" - и "мувољењ шуд" (дучор шуд, рўбарў шуд), мебошад, ки шабањи нофармони он њам дар зењни муаллиф вуљуд дорад, вале чун лаљомаш дар даст нест, худро пас кашида ва ба љояш "мунљар" - ро фиристодааст. Баръакси ин навъ таќлидњои бефоидаи мо аз чандин солњо пеш то кунун дар Эрон Фарњангистони забони форсї ба кори бисёр судманди сара ва сода кардани забони форсї ва њамзамон истилоњсозї бар асли калимањои решагии форсї (тољикї) машѓул гардида ва натиљањои бисёр арзишманде ба даст овардааст. Агар мо аз матбуот ва навиштањои

форсии имрўзи Эрон истифода мекунем, бењтар аст, аз ин навъ истифода бикунем, на аз калимањое, ки худи нависандагони Эрон онро ба форсии сода иваз кардаанд. Масалан, муддате дар матбуоти Эрон калимаи "муштаракулманофеъ" (дар мавриди Иттињоди кишварњои мустаќил - СНГ) истифода шуд ва чанд соле ќабл муродифи он пайдо шуд, ки он калимаи содаи форсї ё худ тољикии "њамсуд" мебошад. Калимае, ки иборат аз ду љузъи тољикии барои њама маълум буда хеле осоннавистар, осонхонтар ва хушоњанг аст. Њамчунин дар баробари "вазъи тасњилот" (упрощение, облегчение), ки ду калимаи барои хонандаи форсї ва тољикї чандон ошно нестанд, калимаи сода ва осони "осонсозї" ба љои "љилугирї" ё "љилавгирї" "пешгирї", ба љои "шуюъи амрози мусрї" "густариши беморињои вогир" ва аз ин ќабил калимањову иборањои зиёди содаи тољикї дар матбуоти Эрон љорї гардид, вале мо кори баракс кардем. Масалан, њамон "пешгирї" - и содаи тољикиро, ки дар навиштору гуфтори худамон роиљ буд, фаромўш кардем ва даст ба "љилавгирї" задем ва бо ин њол дуруст нест бигўем, ки таъсири матбуоти Эрон боиси печидагињо дар забони мо шудааст, балки мушкили мо ин аст, ки аз забони матбуоти Эрон истифодаи ноогоњона ва интихоби нодуруст мешавад. Ончи гуфта шуд, њаргиз аз сари таассуб нест, балки мавзўъ фањм ва корбурди сањењи калимањост, ба тавре ки матлаб њам барои гўяндаву нависанда фањмо бошад. Беш аз ин, бар мо лозим аст, ки бидуни њеч навъ таассуби нолозим одитарин ќоидањои тасриф ва иштиќоќи калимањои арабиро, ки захираи азиме аз он дар забони мо барои њамеша ворид шудааст, ёд бигирем. Сарфу нањви арабї ба мизоне, ки барои корбурди сањењи ин калимањо ва иборањои иќтибосї дар забони тољикї донистани он ногузир буд, дар системаи омўзиши суннатии мо њамеша љой доштааст ва ин амр дар давоми садњо сол њаргиз боиси "арабї шудан" - и забони мо нагардидааст. Масалан, имрўз дар навиштањо хеле зиёд чунин иштибоњот ба назар мерасад: эњтиромона (дурусташ - мўњтарамона, ё бо эњтиром); арзи вуљуд доштанд (арзи вуљуд карданд, ё вуљуд доштанд); талаботро ќаноат намекунад (талаботро ќонеъ намекунад); ноадолатона (ноодилона, ё беадолатона); дар маъраз гузоштанд (ба намоиш гузоштанд); дар мадди аввал (дар навбати (радифи) аввал); њасудхўр (њасадхур, ё њасуд); ѓайриимкон (ѓайримумкин, номумкин); мањсуб меёбад (мањсуб мешавад, ё њисоб меёбад); муњимият (ањаммият); боиси тазаккур, боиси ёдоварї (ќобили тазаккур, ќобили ёдоварї, ё лозим ба ёдоварї); фаъолият бурдан, кор бурдан (фаъолият кардан, кор кардан); ин гурўњ њомили…буд (ин гурўњ њовии…буд, ё ин гурўњ иборат буд аз…); тадрис гирифтан (дарс гирифтан, тадрис кардан); ин нуќтаро дар ёд бояд дошт (ин нуктаро дар ёд бояд дошт: нукта-маъно, нуќта-точка); таваљљўњ додан (таваљљўњ кардан, ё таваљљўњ ихтисос додан), њараљу мараљ ё харљу марљ (њарљу марљ), хатчадор (хадшадор ё халалпазир, осеб-


БЕТАЊРИР

пазир), хазина (ба маънои харољот: њазина), њаддалимкон (њатталимкон, ё ба њадди имкон, ба ќадри имкон), хатої, хатогї (хато), ризоият (ризоят), амалиёти љарроњї (амали љарроњї), шахсияти юридикї (шахси њуќуќї), шахсияти физикї (шахси њаќиќї) ва ѓайра. Њатто гоњо мушоњида мешавад, ки ибора ва калимањои таоруфотии хосеро, ки маъмулан дар мавриди шахси дуюм ё сеюм ба кор бурда мешавад, (аз ќабили лутфан, ё ташриф бурдан, овардан) гўянда ё нависанда дар мавриди шахси худ ба кор мебарад. Масалан, "ман лутфан хоњиш мекунам", ё "ман ташриф овардам", ки хандаовар аст. Монанди он аст, ки гуфта шавад: "Ман хуш омадам". Ё ин ки менависанд: "Дар натиљаи ин тањрир њусну ќубњи китоб бењтар шуд". Маълум аст, ки нависанда маънои "ќубњ" (ќабоњат, нуќс, камбуд) - ро надониста, онро ба кор бурдааст ва фикр кардааст, ки он синоними (њаммаънои) "њусн" аст. Мисолњое, ки оварда шуд, намунаи ночизе аз он иштибоњоте њаст, ки дар матбуоти мо њамеша рух менамояд ва агар ин иштибоњот як бору ду бор ба назар мерасид, онро ќобили таъкид намедонистем. Лозим ба ёдоварист, ки барномаи омўзиши матни классикї ва забони арабї, ки ахиран аз сўи Вазорати маорифи кишвар барои мактабњои миёна дар назар гирифта шудааст, дар сурати истиќболи шоиста ва њамкорињои муваффаќиятомез ин мушкилотро аз байн хоњад бурд, вале дар айни њол ончи дар њадди тавони њар яки мост ва барои ба љой овардани эњтироми забони модариамон, барои риояи амалии Ќонуни забон, дар нињоят барои эњтироми хонандаи навиштањоямон вољиб аст, аз љумла ин аст, ки: - Дар навиштор ва гуфтор аз он калимањо ва иборањое истифода бикунем, ки худ аз тарзи талаффуз, навишт ва маънои онњо огоњии комил дорем. - Дар тарљумаи калимањо ва иборањои тозавориди хориљї аз калимањои решагї

ва њамафањми тољикї (форсї) истифода намоем. - Дар мавриди иќтибос аз китобњо ва матбуоти њамзабонон калимањо ва муродифњоеро интихоб бикунем, ки дорои решањои тољикї ё арабии њазмшуда буда, агарчи таркиби нав доранд, решаи онњо барои мо маълум аст. Масалан, ваќте ки мо калимањое чун "донишгоњ", ё "њавопаймо", ё "дандонпизишкї" - ро интихоб мекунем, њеч мушкиле пеш намеояд. Ин кор танњо ба суди забони мост. Масъалаи дигар масъалаи истилоњот аст, ки мушкили мо дар ин замина ноњамхонии истилоњот мебошад. Яъне як маънои истилоњї дар таълифоти мо ба чанд сурати навишторї меояд. Њол он ки муњимтарин вежагии истилоњот яксурат ва якмаъно будани он мебошад ва ин мавзўъ бояд мавриди гуфтугўи алоњида ќарор дода шавад. ЌИМАТИ - ЌИМАТЇ Дар ибтидои маќолаи ќаблї зери њамин унвон ("Адабиёт ва санъат", 17 декабри 2009) кўшиш шуд, то ќабл аз њама таваљљўњ ба иштибоњоте љалб гардад, ки мо дар навиштањои таблиѓї ва тарѓибии худ нисбат ба зарурати омўзиш ва бузургдошти забони модарї содир мекунем, зеро дар чунин мавридњо роњ додан ба иштибоњ чанд баробар бадтар ва номаќбултар аз мавридњои дигар аст. Бинобар ин зарур аст, ки катибањо, лавњањо ва њама анвоъи дигари навиштањо дар ин мавзўъ ба љиддияти тамом зери назорат ќарор бигирад. Ин бор низ аз њамин ќабил як байти машњури њаким Носири Хусрав, ки мазмунан фармудаи њазрати Исо (а) буда, дар бузургдошти забони модарии мо ва ба нишони ситез нисбат ба мухолифон ва мункирони фарњанги тољик гуфта шудааст, барои мулоњиза пешкаш мегардад. Лавњњои ороста бо ин байти машњур дар пештоќ ва сардари бисёре аз марказњои фарњангиву омўзишї насб гардида ва акса-

ран бо чунин сурат навишта шудааст: Ман онам, ки дар пои хукон нарезам, Мар ин ќимати дури лафзи дариро. Пайдост, ки аз назари нањвї дар ин навишта ду ѓалат роњ ёфтааст. Аввалан, вергули охири мисраи аввал бемаврид аст, зеро идомаи љумла онро таќозо намекунад, магар ин ки њиссачаи таърихии "мар"-ро ки маънои мустаќиле надорад, аз ду тараф ба вергул људо кунем, ки зарурате барои ин кор њам нест, зеро он дигар љузъи љонишини "ин" шудааст. Пас барои маълум кардани шакли сањењи байт таркиби нањвии онро чун як љумла баррасї мекунем. "Ман касе њастам, ки дар пои хукон нарезам инро. Чиро? Ќимати дури лафзи дариро". Дар ин сурат мебинем, ки бахши "мар ин" бемаврид мешавад, зеро ин ишораљонишин аслан дар мавриди исмњои мушаххаси моддї ва ё ташхисшуда (дар шеър ва каломи бадеъ) метавонад ба кор равад. Агарчи таъбири "рехтани ќимат" дар шеър комилан бемаъно ва нољоиз нест, вале чунон ки маълум аст, таъбири дар пои касе симу зар ё дурру гуњар рехтан машњур мебошад. Зимни ин мулоњизањо, ки вуљуди калимаи "ќимати"-ро зери суол мебарад, ба ёд мерасад, ки дар забони зиндаи гуфтории тољикї калимаи "ќиматї" зиёд истифода мешавад. Масалан, мегўянд "фалонї одами бисёр ќиматї аст". Яъне арзишманд, боарзиш. Дар забони адабиёти ќадими форсии тољикї низ ин калима маъмул аст: Хазонаи сухан аст аз ќиёс синаи ман, Ки андар ў гуњари ќиматї фаровон аст. Амир Муиззї Ассалом, эй ќиматитар гавњари дарёи људ, Ассалом, эй тозатар гулбарги сањрои вуљуд. Мавлоно Љомї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

9

Њамчунин рубоии машњури Умари Хаём бо мисраи охирини "Бас гавњари ќиматї, ки дар синаи туст" аксаран ба шакли ѓалати "гавњари ќимате" навишта мешавад. Гузашта аз ин, дар нусхањои форсии осори Носири Хусрав дар ин байт њамеша калимаи "ќиматї" бо ё-и форсї дар охир омада, ки ин бањсро хулоса мекунад. Ба ин ќиёс, бо таваљљўњ ба забони зинда, забони адабиёти классикї ва форсии имрўзи Эрону Афѓонистон бењтар аст дар мавриди "сангњои ќиматбањо" ибораи "сангњои ќиматї"-ро ба кор барем ва дар ин њол "полудрагоценные камни"-ро њам метавонем бомувафаќќият "сангњои нимаќиматї" тарљума кунем. Њамчунин "коѓазњои ќиматї", "ашёи ќиматї" ва ѓ. бинависем. Агарчи "ќиматбањо" дар асл ѓалат аст, зеро калимањои "ќимат" ва "бањо" як маъно доранд, вале бар асари такрор роиљ ва пазируфта шудааст. Дар ин маврид њам сањењтар аст аз калимањои гаронбањо, пурбањо, гаронќимат ва пурќимат ва њамчунин ќиматї истифода шавад. Дар нињоят, шакли сањењи байти ёдшудаи Носири Хусрав чунин аст: Ман онам, ки дар пои хукон нарезам Мар ин ќиматї дурри лафзи дариро. Аз он ки сифат пеш аз мавсуф (яъне "ќиматї" пеш аз "дурр") омадааст, љои тааљуб нест. Чунин тартиби сифату мавсуф дар забони мо, ба хусус забони шеър роиљ буда, таъкид ва таъсири бештареро нисбат ба тартиби баракс, яъне аввал мавсуфу баъд сифат, доро мебошад. ЭЪЉОЗ - ЭЉОЗ; МЎЪЉАЗ - МЎЉАЗ Инњо ду калимаи гуногунмаъно аст, ки аксаран ба якдигар иштибоњ мешаванд ва ѓолибан ба љои "мўљаз" мўъљаз менависем. Мўљаз баргирифта аз "эљоз" ё "иљоз" аст, ки дар мавриди баёни мухтасар вале пурмаъно гуфта мешавад. Кардам ин гуфтањо њама мўљаз, Ки ситуда-ст дар сухан эљоз. (Масъуди Саъди Салмон) Муъљаз аз "эъљоз" буда, бо калимаи "муъљиза" њамреша мебошад. Бинобар ин ваќте, ки дар бораи шахсе навишта мешавад, ки "каломи ў муъљаз аст", бояд дар назар дошт, ки воќеан ё маљозан ба ў муъљиза нисбат дода мешавад. Баъзан эљозро дар шумори саноеъи шеърї њам ёд кардаанд. Ин назар њам ба фарз гуфта мешавад, дар асл "мўъљаз" гуфта намешавад, балки њар љо дар форсиву арабї њафњои миму ъайну љиму зе дар пањлуи њам ќарор гиранд, онро мўъљиз мехонанд, ки муаннаси он "муъљиза" аст. Дар сухан Аттор агар муъљиз намуд, Ту ба эъљози сухан менагравї (Шайх Аттор) Аммо "мўљаз" бидуни ъайн ва бо вов навишта мешавад. Ду калимаи зерини дигар ба њамин таќриб бо якдигар иштибоњ мешаванд, ки њамчунин аз роњ ёфтани ѓалат дар навишти онњост. Рустами ВАЊЊОБ

0000 Як донишљў аз шањри Хуљанд, ки тариќи "облава" ба Артиш бурдаанд, баъди як моњи хидмат ба назди волидайнаш љасади сардашро баргардонданд. Хабари марги Фирдавс Рањматови 22-сола 11-уми июн, баъди 4 рўзи ба падару модараш расидани љасадаш расонаї шуд. Фирдавс дар курси чоруми Донишгоњи давлатии Хуљанд дар бахши ѓоибона тањсил мекард. Волидайни сарбози фавтида наќл мекунанд, ки масъулини ќисми њарбии мазкур ба онњо сабаби марги фарзандашонро баста шудани роњи нафас њангоми фурўравии забон гуфтаанд. Аммо падару модари Фирдавс ин иддаъоро ќабул надоранд. Ба гуфтаи онњо, фарзандашон бар асари лату кўб ба саломатиаш зарари вазнини љисмонї расида, ба њалокат расидааст. Ба њалокат расидан ё маљрўњ шуда-

Чаро нафас ва нон дар гулўи сарбозони мо бо мушкилї мегузарад? ни сарбозон дар сафњои Ќуввањои мусаллањ дар Тољикистон њодисаи нав нест. Танњо дар 5 моњи соли равон њомиёни њуќуќ мегўянд, бори панљум аст њодисаи латукўби сарбозон дар артишро ба ќайд мегиранд. Дар моњи марти соли равон миёни ду сарбоз Илњом Бобоев ва њамхизмати ў Исломиддини Искандар муноќиша сар зада, Бобоев аз автомат сўи Искандар тир холї карда буд, ки ахирї дар роњ ба бемористон њалок шуд. Пеш аз ин низ Акмал Давлатови 19сола њангоми адои хизмати њарбї дар ноњияи Мастчоњ ба њалокат расида буд.

Масъулини ќисми њарбї сабаби марги ўро дар руст мондани нон дар гулўяш шарњ дода буданд. Љўрабой Њомидов, сокини Каљровути ноњияи Ѓончї низ, ки дар Фурудгоњи низомии Айнї адои хизмат мекард бо љароњатњои вазнин ба волидайнаш супурда шуда буд. Падари ин сарбоз Акрам Холиќов он ваќт гуфту буд, то даруни гур аз љасади фарзандаш хун мерафт. Илова бар ин дар њафтаи гузашта наворе дар шабакањои иљтимої нашр шуд, ки дар он дида мешуд, як гурўњ сарбозон аз љониби сарбозони дигар латукўб ва тањќир мешаванд. Аммо масъу-

лини Вазорати мудофиа ин наворро иѓво номиданд. Дар њамин њол масъулини Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, ки тўли ќариб як сол дар ќисмњои њарбї мониторинг гузарондаанд, вуљуди "дедовшина" дар артишро рад мекунанд. Ќаблан Њусниддин Нидоев, муовини сардори Шўъбаи њифзи њуќуќи сиёсї ва шањрвандии Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Тољикистон ба TojNews гуфта буда, мушкили асосии сарбозони тољик дар ќисмњои низомии Тољикистон надонистани њуќуќњои худ мебошад...


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

Ќисми бештари 352 њазор нерўи низомии Амрико дар хориљ аз ин кишвар мутаваљљењи Осиё ва Ховари Миёнаанд. Оё ба назар намерасад, ки њадаф беш аз пеш рушантар аст? Авзоъи печидаи Ховари Миёна коршиносонро сари ин андеша машѓул доштааст, ки оё метавонад вазъ аз назорат комилан хориљ шавад? Љанги Арбистони Саъудї дар Яман зидди њусињои зайдї, ки умдатан шиъиёнанд, густариши нуфузи "Давлати исломї" дар Сурия ва Ироќ, ки акнун ба он неруњои нав ба нав мепайванданд, ноамнињои фазоянда дар Либия ва Афѓонистон, тањдидњои давлати яњудї бар он ки зидди "Њизбуллоњ" дар Лубнон даст ба як амалиёти нави љангї хоњад зад, мухолифати ин кишвар ба паймони аврупоиён ва Амрико бо Эрон сари барномањои њастаии Тењрон, ба вуљуд омадани ду блоки ѓайрирасмии шиаву суннї барои касби мавќеъ дар љомеаи исломї, афзудани љангњои иттилоотї дар арсаи байналмилалї... њама аз љумлаи авомиле мебошанд, ки бидуни шак аз хориљ шудани вазъ аз назорат њикоят мекунанд. Аз сўйи дигар ИМА бо тањкими њузури низомиаш дар гўшаву канори олам ин гуна тањдидњоро афзун кардааст. Тибќи иттилои хабаргузорињо њанўз моњи декабри соли 2011 Амрико 352 њазор сарбозонашро дар хориљ аз ин кишвар мустаќар карда буд. Аз ин миќдор 102 њазор нафари онњо дар Афѓонистон ва 15 њазори дигар дар Кувейт мустаќар шуда буданд. Дар кишварњои мухталифи Аврупо расман 80 њазор сарбозони амрикої хизмат мекунанд, аз кишварњои Осиёе чун Љопон ва Кореяи Љанубї ва обњои озодї ин минтаќа 89 њазор аз љумлаи неруњои мусаллањи Амрико љо ба љо карда шудаанд. Бар пояи оморњои ахир дар Халиљи Форс Пентагон 40 њазор нерўи худро нигоњ медорад, ки 7500 нафари он дар Бањрайн, наздик ба 3 њазори дигар дар Аморати Муттањидаи Араб, ва теъдоди аз ин камтар дар Арабистони Саъудї ва Уммон мебошанд. 10 дар сад артиши амалкунанда ва фаъоли Амрико дар хориљ аз марзњои он мустаќаранд. Абдуллоњи Ибодї, коршиноси нашрияи "FARS News Agency" менависад, ки Бањрайн баъди љанг дар Халиљи Форс ва суќути давлати Саддом Њусейн дар Ироќ барои ИМА ањаммияти стратегї пайдо кард. Имрўз флоти панљуми ин кишвар дар Бањрайн мустаќар аст. Њифзи манфиатњои амрикої дар Бањри Сиёњ, халиљњои Форс, Умон ва Адан аз љумлаи уњдадорињоест, ки ин неруњо бар

ЉАЊОН

8 пойгоњи ИМА, ки Эрон метавонад зарба занад дўш доранд. Ин флотилия дар ихтиёри худ як њавопаймобар ва гуруњи киштињои зериобї дорад, ки берунтар аз ќаламрави халиљ нигањдорї мешаванд. Ин муфассир менависад, ки бо вуљуди он ки њукумати Бањрайн расман истифодаи ин нерўњро бар зидди Эрон манъ кардааст, Љуммњурии Исломї борњо эълон доштааст, ки дар сурати таљовузи амрикої ин неруњо 38-умин њадаф барои њамлањои мушакї ва њавоии неруњои мусаллањи Тењрон ќарор хоњанд гирифт. Дуввумин пойгоњи њарбии Амрико, ки ба Эрон тањдид мекунад, пойгоњи Багром дар вилояти Парвони Афѓонистон аст. Ин пойгоњ ба масофаи 1220 километр аз марзи Эрон љойгир шуда, вале ба навиштаи Абдуллоњи Ибодї чор фурудгоње, ки амрикоињо бештар истифода мебаранд, хеле наздиктар ба Љумњурии Исломї љойгиранд. Пойгоњи њарбии Амрико дар Ќатар аслан бо хоњиши амири Ќатар шайх Њамад ташкил шудааст ва онро як пойгоњи муназзами неруњои ѓарбгаро дар Халиљи Форс медонанд. Соли 2003 аз пойгоњњои Арабистони Саъудї маркази амрикоии омодагии амалиётњои њавої дар Ховари Миёна ба Ќатар кўчонида шуда буд. 17 июли соли 2012 маљаллаи Wall Street навишт, ки "Пой-

гоњи радарии мазкур бояд системаи њифзи мушакиии неруњои ИМА ва муттањидонашро комилтар созад". Аввалин муоњадаи низомї миёни Уммон ва ИМА соли 1980 имзо шудааст. Дар айни замон тибќи муоњадањои зиёди дигар дар ќаламрави ин кишвари арабии Халиљи Форс 26 њазор сарбозони амрикої мустаќаранд. Як вижагии хоси пойгоњи уммонии Амрико он аст, ки Тумрит ба халиљи Аден ва уќёнуси Њинд хеле наздик мебошад. Ин неруњо муаззафанд, ки ба дигар ќуввањои мусалањи ин кишвар, ки дар минтаќа мустаќаранд, ёрии фаврии техникї расонанд. Он дар мавриди таъминоти техникии неруњои минтаќа ва расонидани сўзишворї ба онњо аз нигоњи стратегї як пойгоњи калидї мањсуб мешавад. Пойгоњи Бањрайн дар наздикии марз бо Арабистон љойгир шудааст. Њадафи таъсиси ин пойгоњ тезонидани раванди интиќоли силоњ ва њайати шахсї барои ширкат дар љанги Афѓонистон буд. Ин пойгоњ бо тайёрањои љангандаи С-17, Р-3 ва F-16 муљањњаз мебошад ва ин ќисми њарбиро як воњиди хеле такмилёфта ва љангандаи неруњои мусаллањи Амрико медонанд. Ва метавон ба њамин тартиб аз пой-

гоњњои дигари амрикої дар минтаќа хеле зиёд њарф зад. Вале муњимтар аз ин нукоти дигар аст. Аввали соли 2013 президенти Амрико ба доктринаи низомии љадид имзо гузошт, ки ишора ба њузури бештари низомии ин кишвар дар Осиё дошт. Њадафи аслї муќовимат ба ќудрати рў ба афзоиши Чин дар минтаќа ва љањон буд. Ин доктрина таќозо мекунад, ки теъдоди неруњои Амрико дар Аврупо коњиш дода шуда, таваљљуњи бештар ба Осиё шавад. Ва ин баёнгари он нукта аст, ки Кохи Сафед бо њар роњ мекўшад њузури низомиаш дар минтаќаи Ховари Миёнаро низ таќвият бахшад. Ва осиёе, ки Вашингтон дар назар дорад, танњо Чину Корея ва Љопон нестанд. Њамсоягони Чин-кишварњои Осиёи Марказї низ дар назаранд. Муаллифи шарњи мазкур аз навиштањои профессори Донишгоњи Брандей Роберт Орт иќтибос мекунад, ки муътаќид аст "дар Аврупо њамкории амниятї ва минтаќаї дар ќолиби НАТО ва њамчунин Иттињодияи Аврупо дар чорчўби сиёсати дифоъї ва амниятии Аврупо ба хубї тавсеъа ёфта ва нињодина шудааст. Аммо барои муќовимат ба тањдидњо бояд механизмњо дар Ховари Миёна ва Осиёи Шарќї таќвият дода шавад, чун дар ин манотиќ њамкорињо дар самти таъмини субот њоло чандон рушд наёфтааст". Муаллифи маќола дар "FARS News Agency" Абдуллоњи Ибодї маќолаи худро ин гуна хотима мебахшад: "Тарроњињои амниятии Амрико дар минтаќа дар солњои ахир, ки бо гароиши бештари кишварњои арабї ба њамкорї ва афзоиши пайванд бо Амрико њамроњ шудааст, дар љињати эљоди рўйкарди муштарак ба манзури мањори Эрон ва эљоди тавозун дар баробари он ќарор дорад. Бар ин асос аст, ки тањдидоти минтаќаии ношї аз Эрон бисёр љиддї ва бузург љилва мешавад, дар њоле, ки аз сўйи дигар талошњое барои камранг крадани хатари Исроил барои љањони араб ва коњиши чолишњо дар равобити аъроб ва Исроил вуљуд дорад. Ин шароит ба њамроњи рўйкардњои минтаќаї ва фароминтаќаї Љумњурии Исломии Эронро дар шароити вижа ќарор додааст. Бо таваљљуњ ба рўйкарди Амрико ва нигаронии кишварњои Халиљи Форс аз њамкории Эрон ва Амрико дар минтаќа ва тавофуќи эњтимолии њастаї ба назар мерасад њамкорињои ин кишварњо бо Вашингтон дар љињати тањаќќуќи ањдофи амниятї афзоиш ёбад". Бобољони ШАФЕЪ

Иќтисоди бе манбаъи рушд Сарвари як бонки муътабари Русия мегўяд, иќтисоди ин кишвар манбаъи тавсеъа надорад. На танњо созмонњои байналмилалї, балки худи нињодњои дохилии ин кишвар низ бар ин назаранд, ки имсолу соли оянда рушание дар рушди иќтисодиро намебинанд. Пас ин кишвар то куљо ба тањримњо раќобатпазир боќї хоњад монд? Бино ба навиштаи сомонаи razaqmamoon.com, дар Русия шумори афроде, ки зери хатари фаќр зиндагонї мекунанд, афзоиши чашмгире ёфтааст. Даромади миёна дар ин кишвар њудуди 10 дарсад коњиш ёфтааст. Тањримњои байналмилалї ва суќути бањои нафт аз далоили умдаи ин раванди манфї ба шумор меравад. Идораи омори давлати Русия рўзи 11-уми июн гузориш дод, ки дар се моњи нахусти соли љорї шумори афроде, ки дар ин кишвар зери хатари фаќр зиндагонї кардаанд, нисбат ба муддати замони мушобењ дар соли гузашта 15 дарсад афзоиш ёфта, ба 22 миллиону 900 њазор нафар расидааст. Коршиносон иллати ин амрро суќути арзиши воњиди пулии Русия (рубл) ва афзоиши сатњи таваррум медонанд. Танњо дар соли 2014 рубл наздик ба 40 дарсад арзиши худро аз даст дод. Коњиши бањои нафт дар бозорњои љањонї ва тањримњои байналмилалї алайњи Русия ба ин раванди манфї доман

заданд. Аммо ваќтњои охир ин суол дар доирањои коршиносї матрањ шудааст, ки идомаи тањримњо Русияро куљо хоњанд бурд. Ин боз дар њолест, ки баъди бањсњои тўлонї дар љаласоту мулоќоти сарварони Иттињодияи Аврупо тасмим гирифта шуд, ки боз њам лаѓв ё коњиши тањримњоро баста ба иљрои муоњадаи Минск аз љониби Русия кунанд. Ин буд, ки Брюсел тањримњои ќаблиро то 31-уми декабри соли равон боќї гузошт. Аммо дар њамин њол њам иддае аз кишварњо аз он њарф мезананд, ки агар субот дар шарќи Украина риоя шавад, пас хуб мебуд, ки бахше аз мањдудиятњо лаѓв карда шаванд. Ахиран Иттињодияи Аврупо билохира омори љадидеро аз таъсироти манфиву мусбати тањримњо алайњи Русия интишор дод. Дар он аз љумла гуфта мешавад, ки имсол иќтисоди Русия рушди њамасолаи худро 3,8 дарсад аз даст медињад ва як сабаби аслии он њамон тањримњои ѓарбист. Ва ин њам дар њолест, ки тибќи арзёбии вазири пешини молияи Русия Алексей Кудрин соли 2015 тавлиди нохолиси ин кишвар њудуди 4 дарсад коњиш меёбад. Ва ин иќтисоддони машњур як сабаби аслии ин афтишро тањримњои Ѓарб медонад. Кудрин гуфт, ки тањримњо 1-2 дарсади рушди тавлиди нохолиси дохилиро аз байн

мебаранд. Ў њамчунин пеншбинї мекнуад, ки соли равон бар асари њамин тањримњо 500 њазор сокинони Русия љойи кори худро аз даст медињанд. Аз назари Кудрин модели мављудаи рушди иќтисодии Русия бар пояи техноложии нав ва арзиши рў ба рушди бањои нафт дар бозорњои љањон тарњрезї шудааст. Ќиммати нафт на боло, балки поён рафт ва бар асари тањримњо Русия наметавонад аз кишврањои ѓарбї техноложии љадид ворид созад. Вазири собиќи молия пешнињод мекунад, ки ин кишвар бояд ба коњиши буљаи низомї даст занад. Вай гуфт, ки соли оянда Хазинаи нафаќа дар Русия бояд аз буља 800 миллиард рубл дарёфт кунад. Вале аз кадом њисоб бояд ин миќдор пул ба сандуќи ин хазина резад? Пас маълум мешавад, ки њукумат талош мекунад аз дигар манбаъњои масрафоти дохилї пул бигирад ва камбуди буљавии нафаќаро бипўшонад. Кудрин аввали моњи љорї њукумати Русияро њушдор дода буд, ки як буњрони хеле

бузурге дунболгири ин кишвар аст ва ќуллаи аслии он њоло фатњ нашудааст. Ин њам дар њолест, ки Созмони Милали Муттањид ахиран пешбинї кард, ки иќтисоди Русияро дар соли 2016 рукуд интизор аст. СММ мегўяд, дурнамои рушди Русия дар ду соли оянда њатто бадтар аз дигар кишварњои ИДМ аст. Соли 2015 барои кишварњои пасошўравї афтиши иќтисодии 2,1 дарсад пешбинї мешавад ва соли 2016 он њамагї 0,9 дарсад афзоиш хоњанд дошт. Бино ба пешбинии вазорати рушди иќтисодии Русия соли 2015 иќтисоди ин кишвар 3 дарсад аз рушд бозмемонад. Хазинаи байналмилалии асъор њам эълон кард, ки иќтисоди Русия 3,8 дарсад коњиш меёбад. Ва боз: сарвари Бонки амонатгузории Русия Герман Греф дар суњбат ба хабарнигорон чанд рўз пештар гуфта буд, ки иќтисоди Русия дар айни замон манбаъи рушд надорад.

Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

ТАБЛИЃ ЊОКИМИЯТ

Мактаби маълумоти касбї ва давомдор

Писари собиќ президенти Эрон 10 сол зиндонї шуд Мањдї Њошимї, фарзанди Акбар Њошимї Рафсанљонї, президенти пешини Эрон 10 сол равонаи шуд. 11-уми июн Ѓуломњусайн Муњсини Эжаї, сухангўи Ќувваи Ќазоияи Эрон ба хабаргузорињо гуфтааст, ки "њукми содиршуда барои парвандаи Мањдї Њошимї 10 сол њабс аст ва ин њукм тавассути додгоњи таљдиди назар таъйид шуд". Мањдї Њошимиро ба иттињомот алайњи амнияти миллї ва љурмњои иќтисодиву ришвахорї муттањам мешавад. Њукми додгоњ моњи март содир шуда буд, ўро барои 15 сол равонаи зиндон карда буд. Баъди шикояти такрорї додгоњи таљдиди назар онро тайид кард. Аммо љурми бузургтар дар парвадаи писари президенти собиќ ширкати ў дар беназмињои соли 2009 аст, ки ба дунболи интихоботи президентї ва пирўзии муљаддади Мањмуди Ањмадинажод сурат гирифта буд. Додгоњ ўро дар барангехтани мардум ва даст доштан дар беназмињо муттањам мекард. Инчунин, ўро аз љонибдорони "Њаракати сабз" ме-

донанд. Мањдї Рафсанљонї 45 сол дошта дар вазифаи Созмони бањинасозии сўхт кор мекард. Соли 2009 аз Эрон хориљ шуд, баъди се сол аз Британияи Кабир ба Тењрон бозгашт. Ў дар маъракањои сиёсии 10 соли охир њамвора дар пањлўи падараш буда, рањбарии ситоди интихоботии Акбар Њошимї Рафсанљониро ба ўњда дошт. Аз чењрањои матрањ ва хабарсози тими падараш гардида буд.

Дар интихоботи президентии соли 2008 Мањдї Њошимї Рафсанљонї ба ситоди интихоботии раќиби Ањмадинажод Мирњусейни Мусавї пайваст. Дар ду интихоботи президентї аз раќибони Ањмадинажод љонибдорї кардааст. Падараш Акбар Њошимї Рафсанљонї аз соли 1989 то соли 1997 президенти Эрон буд. Аз афроди сарватмантарини Эрон дониста мешавад, ки маљалаи Forbes дар ќатори 100 нафари дорои љањон ворид карда буд.

"Истиќлол" роњкирои Душанбе-Хуљандро гаронтар кард

ЗАБОНИ АНГЛИСЇ (LET'S SPEAK ENGLISH) барои мактаббачагони синфњои 7 - 11 (њар як зина аз 60 соати академикї иборат аст). - Зинаи аввал - Зинаи дуюм - Зинаи сеюм Маќсади курс: сайќал додани мањорати муошират ба забони англисї. МАТЕМАТИКА - Математика барои синфњои 7-8 - Математика барои синфњои 9-10

60 соат 60 соат

Маќсади курс: њалли мисолу масъалањои ѓайристандартї ва омодагї ба мусобиќањо аз математика

ЗАБОНИ РУСЇ барои синфњои 7-11 (њар як зина аз 60 соати академикї иборат аст). - Зинаи аввал - Зинаи дуюм Маќсади курс: омўзиши грамматикаи забони русї, дуруст ва бе ѓалат навиштан; бой гардонидани захираи луѓавии шунавандагон.

пеш аз бастани наќби Истиќлол барои таъмир тариќи тамоми расонањо мардумро огоњ мекунанд. Нимаи дуюми моњи июн мавсими баргаштани донишљўён ба мањалњои худ аст. Баъзе аз мусофирон иддао доранд, ки ронандагони махсус дар ин њол нархро сунъї боло бурдаанд. Њоло он ки нархи роњкиро аз Хуљанд ба Душанбе њамагї 60-80 сомонї аст.

Бањоваддин Нуров, яке аз мусофироне, ки шоми 15-уми июн аз Хуљанд ба Душанбе сафар кардааст, дар сўњбат ба TojNews мегўяд, ў бо 50 сомонї аз Хуљанд омадааст, аммо аз инљо бо 100 сомонь дубора бармегардад. Ќаблан, дар назар буд, ки аз 15-уми июн њаракати наќлиёт бо наќби "Истиќлол" ќатъ карда мешавад.

НИЊОЯТ

Анљумани ИН пас аз таъхири яксола Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар охири моњи июн рањбари нав интихоб мекунад. Камол Насрулло, муовини раиси ин нињод ба TojNews гуфт, 29ум ва 30-юми июн Анљумани навбатии Иттифоќи нависандагони Тољикистон баргузор мешавад. Вай афзуд, Анљуман њисоботи раиси Иттифоќ ва комиссияи тафтишотиро гўш карда, ба баррасї мегирад ва масъалаи нињої - интихоби раиси нав аст. Анљумани Иттифоќи нависандагони Тољикистон, тибќи оиннома, њар 5 сол баргузор мешавад. Охирин анљуман соли 2009 баргузор шуда буд ва соли 2014 баргузор нашуд. Масъулини Иттифоќи нависандагон гуфта буданд, ки бо саба-

ДОНИШГОЊИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ ќабули мактаббачагонро ба КУРСЊОИ ТОБИСТОНА эълон мекунад: - Забони англисї барои муошират - Математика - Забони русї - Барномањои компютерї

МУШКИЛИ НАВ Сару садоњо атрофи муваќќатан баста шудани наќби "Истиќлол" боис ба гарон шудани роњкиро дар самти Душанбе-Хуљанд шудааст. Аз бомдоди 16-уми июн ронандањои таксињои Душанбе-Хуљанд нархи роњкирора аз 100-120 сомонї мегўянд, ин њам дар њолест, ки ќаблан нархи роњкиро 60-80 сомонї буд. Акбарљон Саидов, яке аз мусофироне, ки субњи 16-уми июн ба Хуљанд сафар кардааст мегўяд, ронандагони мусофирбари Душанбе-Хуљанд ба онњо таъкид мекарданд, ки наќб баста аст ва онњо тариќи аѓбаи Анзоб сафар хоњанд кард. Ин њам дар њолест, ки масъулини вазорати наќлиёти Тољикистон мегўянд, то њол санаи даќиќи баста шудани наќби Истиќлол муайян нашудааст. Масъулини вазорат мегўянд, то њол нињодњои Њукумати Тољикистон барои бастани наќб барои таъмир ба мувофиќа нарасидаанд. Абдумаљид Шарифов, Директори мудирияти корхонањои сохташавандаи Вазорати наќлиёт ба TojNews гуфт,

11

бњои зиёд будани чорабинињо дар соли 2014 баргузории Анљуман ба соли дигар гузаронда шуд. Аз соли 2004 инљониб нависанда Мењмон Бахтї раиси Иттифоќи нависандагон мебошад. Тибќи оинномаи Иттифоќи нависандагон як нафар ду маротиба метавонад, ки раис интихоб шавад. Мењмон Бахтї дар Анљумани соли 2009 низ бори дуюм раис шуд. Иттифоќи нависандагон аз ташкилотњои бозмонда аз даврони Шўравї аст, ки аз буљаи давлат маблаѓгузорї мешавад. Дар замони Шўравї таблиѓи ѓояњои коммунистї яке аз самтњои аслии фаъолияти иттифоќи нависандагон мањсуб меёфт. Иттифоќи нависандагони Тољи-

кистон соли 1934 ташкил шуда, ба он дар солњои гуногун шоирон Мирзо Турсунзода, Мўъмин Ќаноат, нависанда Аскар Њаким раисї кардаанд. Дар Иттифоќи нависандагони Тољикистон бурдани номњои номзадњои эњтимолї худдорї мекунанд. Њатто баъйид намедонанд, ки агар зарур ояд бо таѓйир додани оиннома боз аз номзадии Мењмон Бахтї гузошта шавад. Мењмон Бахтї 69 сол дошта, дар дењаи Шули ноњияи Рашт ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омўзгории Тољикистон мебошад. Дар солњои 1995-2000-ум вакили Маљлиси Олї ва соли 2005 узви Маљлиси Миллї буд.

БАРНОМАЊОИ КОМПЮТЕРЇ 7-11 - Microsoft Word - Microsoft Excel - Microsoft Power Point - Microsoft Access - Microsoft Outlook

барои синфњои

Курсњои тобистона аз 15 июн то 30 августи соли 2015 дар Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбї ва давомдори Донишгоњи Осиёи Марказї дар шањри Душанбе гузаронида мешаванд. Давомнокии њар як курс 6 њафта. Машѓулиятњо њафтае 5 маротиба бо давомнокии 100 даќиќа гузаронида мешаванд. Маѓѓулиятњо бо усули интерактивии таълим мегузаранд. Шунавандагон бо маводи таълимї таъмин мегарданд. Хоњишмандон метавонанд ба суроѓаи зерин мурољиат намоянд: ш. Душанбе, кўчаи Дўстии халќњо 47А, Маркази таълимии Донишгоњи ОсиёиМарказї Тел. 224 58 23; 221 26 82; 93-570-70-26 Суроѓаи электронї: laylo.mamadvafoeva@ucentralasia.org


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

БО ШОИР МОЊИ ОСМОН

САД ДОЃ

Мање дар осмони чархи гардун, Ба ишќаш ашк мерезам чу Љайњун. Чу Зуњра ман ба ишќаш чанг навозам, Дили њар Лайливу Маљнун кунам хун. Куљої ширини фаттонаи ман, Зи њиљрат нолањо дорам љигархун. Бањорам бе ту њар лањза хазонам, Шукуфонаш бикун, эй моњи гардун. Маломатњои рўзро ту мапурс њељ, Ки Љононам чунонї бо дили хун.

Садо аз осмони бесадо ояд, аљибо, Нигоњ аз он нињони ноаён ояд, аљибо. Даруни синаам сад доѓу дард аст, Мабодо ин аён гардад, аљибо. Шунидї ќиссаи Юсуф Зулайхо, Мабодо ин ба нав ояд, аљибо. Ки Рустам кушта кард Суњроби худро, Ба нав дар мулки мо дидам, аљибо. Даруни синаам сард гашт зи дунё, Зи номардон мадад љустан, аљибо. Забони сурх дињад барбод сари сабз, Мабодо дар амон монад, аљибо. Худоё, сабри ман лабрез гашта, Ба дастам Зулфиќор ояд, аљибо. Шарики зиндагї ёри мунофиќ, Амон монад зи дастам ин, аљибо.

ТЎФОНИ ИШЌ Агар дарди маро дармон фиристї, Агар кишти маро борон фиристї. Агар он ширини хубрўи манро, Зи хона љониби Љонон фиристї. Манам киштї дар ин бањру нашояд, Ки бар ман боди саргардон фиристї. Њаме хоњам,ки киштибон ту бошї, Агар бар ошиќон тўфон фиристї. Чи бошад, эй сабо, ту ин ѓазалро, Ба покдомони ширинам фиристї.

КИНАВУ РАШК Гар ашк бирезї мисли борон, Гар ханда кунї чу навбањорон, Њељ гањ нахоњам боварат кард, Гар љилва дињї чу лолазорон. Дар марсияи ишќу муњаббат, Бисёр шунидам шавќу раѓбат. Лекин ту барин бањонаљўйро, Њељ гоњ надидам дар муњаббат. Њар гоњ бањонае, ки љўйї, Бо рашку карашмаат бигўйї, Бовар надорам бар йигитњо, Боз бонаи* нав ба нав биљўйї. Эй ошиќи савдои дили ман, Эй бурда зи ѓамњои дили ман. Ин хоњиши ман зи ту њамин буд, Бе кинаву рашк ой манзили ман. Ман аз ту дигар чизе нахоњам, Гурусна наям - дигар нахоњам. Ин фикру хаёли хоми худро, Дур кун зи барат дигар нахоњам.

НАКЊАТИ ГУЛ Љоно биё, ки аз ѓами ту дар ба дар манам, Дар орзуи дидани рўйи хушат манам. Парвонавор сўхтам дар шамъи ишќи ту, Бо сад хаёли баставу нобастаат манам. Гарчи равам Айману тарк аст дашти дун, Дар Рўзи растахез њамон хок бар сарам. Бо кї чињо гўяму аз кї чї пурсамат, Љўё туро зи накњати гулњои тар манам. Гар хубињои гардуни дун аз ту сар занад, Бо хубињои хуб, туро интизор манам. Љастам бурун зи васлати хеш то ту ман шавї, На - на њамон хоки дари кўйи ту манам.

АГАРЧИ Агарчи бехабар аз ранљу тору пуди туям, Агарчи нозпарвару њамон рози бениёзи туям. Агарчи гаштаам ман гадои ту, маро бидон, Њама вуљуду тану љони ман фидои туям. Агарчи мекашам он бори фонияш чу ба сар, Нињам сарам ба дарат зон, ки хоки кўйи туям. Агарчи нест дар ин бевафо вафои дигар, Умедвори вафо дар дунёи баќойи туям. Агарчи њоли маро бењабар зи ман пурсї, Њамон Юсуфи ба зиндон - њам Азизи туям. БОРИ ГАРОН Нест гаронтар аз шаби њиљрони ту бори дигар, Рўзи аввал хайртар - оњ, аз њамон рўзи дигар. Рашк меояд ба мењмониву ашк аз дидањо, Реза - реза мечакад хунпора аз лахти љигар. Куштани ошиќ раво нест дар русуми ошиќон, Ин чї корест, ин чї борест, нест магар расми дигар? Рўз маломат даст ба домон асту бишнав, љони ман, Шаб маломат омада, даст бар гиребон то сањар. Чора он аст, ки шавем якљояву дур созем зи худ, Кинаву рашку мадомат, њам маломатро зи сар. Ќисса он аст, ки шавем љононаву љону љигар. Нест дигар бори гарону ќиссањои дарди сар.

БУТШИКАН Хуш бод аз он лањзаи умрам, ки ту будї Њамрозу гули рози зи боѓ чида ту будї. Эй кош, ба ёди мани девонаи кўят, Фаттонаву афсонаи девона ту будї.

ЉОНОНИ ВАРЗОБЇ Дар шумораи 10 - уми "Нигоњ" аз 2 июни соли равон мусоњибаи Мустафо Таѓоев, дар миёни мардум маъруф ба "Мустафо - Командир" ё "Мустафо - Ќурбошї" нашр шуда буд, ки мавсуф аз истеъдоди шоириаш низ њарф задааст. Њоло ба њукми хонандагони нашрия чанд шеъри ўро њавола мекунем, ки бо тахаллуси Љонони Варзобї рўи коѓаз омадаанд. Њар лањзаи бе ёди ту бар ман, ки њаром бод, Зебосанамо, њар нафаси рафта ту будї. Эй кош, дар ин хонаи фарсудаи дунё, Он ошиќи мастонаву фаттона ту будї. Дар майкадаи даргањи ишќ гадоям, Хайрхоњи дари майкадаам, кош, ту будї. Дар буткадаи хобу хаёли мани Озар, Он бутшикани ошиќи мастона ту будї.

ТЎТИСИФАТ Кист оинасифат дарди дилам медонад, Ќиссаи ишќи маро тўтисифат мехонад. Сари девори дилам бор гирифта зи ѓамат, Малњаме бар дили садпораи ман мемолад. Мекашам доѓи чї њиљрон, ба чунон сўхтаме, Дили ман сўхтаи диди хазон мемонад. Эй биё, ки бирасу дарди маро дармон шав, Ки зи њиљрат дилу љон обу адо мемонад. Ба хаёлам тану љонам њама барбод шуда, Ашки ман дар ѓами ту руди равон мемонад. Љањд дорад дили зорам, ки ширинам ту, биё, В-арна аз њиљри ту, Љонони ту сар мемонад.

РЎЗИ РАВШАНАМ Эй рўзи равшанам, ту куљої, ки сўхтаме, Аз сўзи дил бо чї алам роз гуфтаме. Ашкам равону наъраи фарњодї мезанам, Дар орзуи рўи ширин сахт сўхтаме. Ќисмат куљову то ба куљо мебарад маро, Аз дарди дил бо љигари сўхта суфтаме. Эй бод, то ба гўши ширинам хабар расон, Дар њасрати лабони шакарбор сўхтаме. Шояд расида бар дили ширину оњи ман, Ё омада, ба хоби ширинаш љамоламе.

БОДИ САБО Њар сањар боди саборо менавозам аз ѓамат, Бо дили пурхуну бо ин дидаи тар гўямат. Њамчу наргис, эй азизам, доимо шўхчанг бош, То, ки хушбўйї туро орад сабо ман бўямат. Њамчу гул бо лола печем мо ба завќи мастињо, Наргиси шўхчанг барояд бар тамошо гўямат. Чун суман ояд бубинад наргисаш дар завќи маст, Ў ба хашм ояд зи рашки завќи моён гўямат. Эй ширинам, то ту њам омўзї аз ин завќу ноз, Асалу ширин шуда, омехта гардем гўямат. Њељ шириние наояд рост бар ширини мо, З-он, ки моем мў ба мў омехта бо њам гўямат.

Дилу љон - њардуро дар нома монам, Зи ширин номае гар ту фиристї.

ПАРВОНАИ СЎЗОН Њар шаб ба ёди ишќи ту, бо ашки худ танњо манам, Њар рўз ба ёди ширинам, рањпою рањпаймо манам. Гирйї ба њоли зори ман, гўйї, ки шайдоят манам, Эй ошиќи шайдои ман, шайдотару шайдо манам. Сўхтам чунон дар њиљри ту, девонаву шайдо шудам, Ту шамъи хилватхонаву парвонаи сўзон манам. Сўзондиву сўзондаам, нисфи љањон дар ишќи ту, Аз оњи сўзонат ширин, он сўхта сар то по манам. Њар гох ба ёдат, љони ман, шўру шарар дорад дилам, Бо оњу афѓон синачок, бо чашми хунборат манам. Гирям кунун то он даме, ширин туро пайдо кунам, В - арна њамон бо сад алам, он рафта аз дунё манам.

СЎЗИ ИШЌ Эй Худо, дарди маро дармон фирист, Аз сарам то по њама сўхтан гирифт. Оташи ишќе, ки бо амри ту буд, Дар рагу пайванди љисмам љо гирифт. Мекашам ман лаззати њиљрон чу зањр, Ширинамро бањри дармонам фирист. Ё мани шайдои дилсадпораро, Пеши Ширини шакарборам фирист.

Ватанам Хори ватанам зи гулу райњони ту бењ, Хоки ватанам зи лаълу марљони ту бењ. Як ќатраи оби борони ватанам, Аз бањри ќарину чашмасорони ту бењ. Як бод агар вазад зи сўи ватанам, Аз домони куњу лолазорони ту бењ. Як пораи нони ќоќу оби ватанам, Аз лазати ошу думбабирёни ту бењ.

ОЛИ СОМОН Рўзи бадбахтї ба тољи миллаташ дармонда аст, Њаллу фаслашро ба сулњ дарёфтааст. Якдигарфањмию вањдат зеби миллат гаштааст, Оли Сомонро ба халќи тољдор зебанда аст. Гар зи таърих соњиби фарњанги воло гардида буд, Халќи сарсон пањн дар мулки љањон гардида буд. Сулњу вањдат карда аз нав зинда номи тољикон, Хидмати Эмоми Рањмон гирд дар вирди забон. Халќи тољик Оли Сомонат муборак, гўямат, Сарзаминат пур зи гавњар, гавњаробод гўямат. Мардуми мењмоннавозат ид дорад дар Ватан, Зеби тољи тољикон Эмоми Рањмон гўямат. *бона - бањона


БЕВОКУНИШЇ Беадолатї дар Мастчоњ идома дорад. Прокурор ва заминсози ноњия дар ин беадолатї манфиат доранд. Ин манфиатро Прокуратураи генералии Тољикистон ташхис кардааст, ё не, маълум нест, аммо маълум аст, ки барои ташхис кардани он саъй намекунад. Ман мехоњам сабабашро фањмам. Банда пас аз он, ки ба Президент ва прокурори генералии Љумњурии Тољикистон тариќи њафтаномаи "Нигоњ" мактуб навишта, мушкиламро матрањ кардам, фањмидам, ки кори бењудае мекунам, зеро кормандони прокуратураи генералї, прокуратураи вилояти Суѓд ва идораи кумитаи заминсозии вилояти Суѓд ва ноњияи Масчоњ дастуру супоришњои Президент иљро намекунанд. Дар њафтаномаи "Нигоњ" (№ 4 (437), аз 22 апрели соли љорї) тањти унвони "Беадолатї дар Масчоњ" аз бемасъулиятии Фирдавс Урунов, прокурор ва Зокиров Умед, раиси кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ ва бепарвоии Шарифљон Њакимов, прокурори шўъбаи назорати умумї дар прокуратураи Суѓд шахсан ба Президент Эмомалї Рањмон ва Юсуф Рањмон, прокурори генералии Тољикистон шикоят кардам. Шикояти ман аз ин буд, ки замини ќонунии 26 нафар аз аъзои хољагии "Сангин Сафар" - и ноњия Масчоњ баргардонда шавад. Ба замини касе кор надорем, танњо њаќќу сањми худро мехоњем. Соли 2002 мо - 26 нафар аз хољагии "Сафар Сангин" баромада, хољагии "Сангин Сафар"-ро ташкил намудем. Он замон контури харитаи заминњоро дар кишвар иваз мекарданд, зеро Тољикистон истиќлолияти худро ба даст оварда, харитаи заминсозии соли 1981и замони Шўравиро ба замони нав мегузаронданд. Соли 2002 мо Сертификати хољагии дењќонии "Сангин Сафар" - ро гирифтем. Он њам ваќте, ки харитаи замини хољагии мо аз нав ба ќайд гирифта мешуд. Харитаи соли 1981 - ро ба соли 2002 мегузарониданд. Мо соли 2002юм бар асоси харитаи соли 1981 аз хољагии "Сафар Сангин" баромадем, дар он ваќт азнавбаќайдгирии харитаи заминњои Ассотсиатсияи ба номи Рўдакии ноњияи Масчоњ шурўъ шуд. Баъди баромадан аз њудуди хољагии "Сафар Сангин" харитаи соли 1981-уми замони Шўравї бекор гардида, харитаи соли 2002 - ум амалкунанда њисоб мешуд, ки то ба имрўз бар тибќи он тамоми заминњои ноњияи Масчоњ ва њам љумњурї амал мекунанд. Дар ин ваќт аз миёни 26 сањмдори хољагї баъзењо бо гирифтани сањми замини худ ба масофаи 0,85 га аз хољагї баромада, хољагии хурди худро ташкил намуданд. Дар ин миён маълум шуд, ки замини обии корами хољагии "Сангин Сафар" ба масоњати 2,55 га кам аст. Мо - се узви хољагї безамин мондем. Соли 2012 мо њудуди замини хољагиро чен кардем ва воќеан маълум шуд, ки замини корами обии хољагї ба масоњати 2,55 гектар намерасад. Охирњои соли 2011 бо дарки ин мушкил мо

13

Аммо чї шуд? Аз Вањњобов В.М., муовини Прокурори генералии Тољикистон аз таърихи 27. 05. 2015 посух гирифтем. Дар он ба пешнињоди ѓайриќонунии прокуратураи Суѓд такя мешавад. Ќаблан прокуратураи вилояти Суѓд пешнињод кард, ки сањми 26 сањмдори 9 хољагии "Сангин Сафар" бекор карда, заминњои ѓайрикорами ин хољагї обї њисобида шаванд. Ин пешнињоди прокурори вилоят ѓайриќонунї аст, зеро ин кор аслан дар замони Шуравї имконнопазир буд ва на њоло дар замони соњибистиќлолии Тољикистон! Прокуратураи Суѓд мехоњад бо ин пешнињод ин мушкилро аз сари худ соќит намуда ва онро боз ба гардани дењќонон вогузоранд. Агар не, чаро касоне, ки дар омода намудани њуљљатгузорињои хољагии дењќонии "Сангин Сафар" масъул буданд, зери онњо имзо гузоштаанд, имрўз муљозот намешаванд? Барои Сертификат кардани замини хољагї хулосаи чанд нафари масъул ва имзои онњо лозим меояд. Магар имзои касоне, ки замоне барои ташкили "Сангин Сафар" имзо гузоштаанду хулоса додаанд, ѓайриќонунї аст, ки имрўз бо пешнињоди прокуратураи Суѓд бекор

Ало, Прокуратура! Прокуратураи генералї ба прокуратураи вилояти Суѓд тобеъ аст? ба унвонии њукумат ва кумитаи заминсозии ноњия мурољиат кардем, ки њудуди замини обии хољагии мо кам аст ва сањми моро аз њисоби заминњои изофии хољагии "Сафар Сангин" баргардонанд. Зеро маълум шуда буд, ки њудуди заминњои обии корами хољагии "Сафар Сангин" зиёдатї мебошад. Аммо раиси хољагии "Сафар Сангин" Садриддин Халифаев намехоњад сањми замини хољагии моро аз њисоби замини изофаи хољагиаш баргардонад. Кумитаи заминсозии вилояти Суѓд дар љавоб ба аризаи хаттии ман дар ин бора аз 08. 04. 2015 иќрор кардааст, ки хољагии дењќонии мо, яъне "Сангин Сафар" норасоии замини корами обї дорад, аммо даќиќан нагуфтааст, ки камии замин дар куљост. Ва оё замин аз куљо ба куљо ва ё аз кї ва кї гузаштааст, ишорат накардааст. Замини хољагии дењќонии "Сафар Сангин" бошад тибќи харитаи заминсоии соли 1981-ум 81,83 га корами обї ва 4,98 га заминњои ѓайрикишоварзиро дар бар мегирифт, ки дар он замон 79 сањмдор дошт. Ин миќдор замини корами обї ба 73 сањмдор 0,85 га ва танњо ба 6 сањмдори дигар 0,40 га људо карда шудааст. Замини фонди захиравї бошад 14,41 га мебошад. Яъне ба 79 сањмдор дар маљмўъ 64, 45 га за-

мини обї аз 81, 82 га масофаи умумии заминњои хољагї људо карда шудааст. Танњо 14, 41 га замин фонди захиравї буда, дар умум 78, 86 га - ро дарбар мегирад. Ин љо баръало ошкор мегардад, ки дар хољагии "Сафар Сангин" 2, 96 га замини корами обии изофї боќї мондааст, вале маќомоти масъул, аз љумла прокуратураи ноњияи Мастчоњ ва кумитаи заминсозии вилоят барои баргардонидани он ба соњибон - сањњомони аслияш талош намекунанд ва мурољиати пайвастаи мо низ дар ин бора назди масъулин бенатиља меанљомад. Хулоса, асли матлаби мо њамин буд: 2, 96 га замини мо дар њисоби хољагии "Сафар Сангин" аст ва маќомоти прокуратураву заминсозї онро ба мо баргардонанд, чун раиси ин хољагї аз рўи инсофу имон ин корро карданї нест.

Абдулќаюм Сафаров, раиси хољагии дењќонии "Сангин Сафар" -и ноњияи Масчоњ

Тибќи фармони 622 - и Президенти Тољикистон дар бораи вокуниши шахсони мансабдор "Нигоњ" низ ба Прокуратураи генералии Тољикистон мурољиат карда, посух хост. Дар љавоб ба таври шифоњї ба нашрия гуфтанд, ки ба ин матлаб прокуратураи вилояти Суѓд љавоб мегўяд. Ин њам дар њолест, ки мурољиати Абдулќаюм Сафаров шахсан ба Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон ва Юсуф Рањмон, Прокурори генералии Тољикистон равона шуда буд. Бо гузашти наздик ба ду моњ фармони Президент иљро нашуда, њаќќи ќонунии нашрия ва шањрванди Тољикистон нодида гирифта мешавад. "Нигоњ" ин мавзуро аз ин ба баъд низ пайгирї хоњад кард. Дар акси њол мо метавонем хулоса кунем, ки масъулиятњои Прокуратураи генералї ба зиммаи прокуратураи вилояти Суѓд гузаштааст.

Ќатли вањшиёнаи духтари хатмкунанда дар рўзи имтињон дар Вањдат монбар - љавони 24-сола, ки чанд маротиба аз волидайни духтар ўро хостгорї карда будааст, боздошт шуда, дар шуъхбаи корњои дохилии шањри Вањдат нигоњдорї мешавад. Њодиса, бино ба иттилои масъулини маориф, субњи 13-уми июни соли љорї дар њудуди дењаи Тилои сафеди љамоати дењоти Гулистони шањри Вањдат рух додааст. Манобеи огоњ мегўянд, волидайни духтар ду маротиба хостгории љавонро ба далели омода набудани духтарашон ба

карда мешавад?! Хулоса ин аст, ки мехоњанд аз њисоби њамон заминњои лалмї мехоњанд мушкили моро њал кунанд, на баргардонидани њаќќи ќонунии мо. Пас дар надодани сањми замини дењќонони хољагии "Сангин Сафар" кумитаи заминсозии ноњия ва бештар аз њама прокурори ноњия манфиатдоранд. Онњо хуб медонанд, ки замини корами обии хољагии "Сафар Сангин" зиёдатї асту замини корами обии "Сангин Сафар" кам, аммо намехоњанд инро бо роњи ќонунї бартараф созанд. Чаро намехоњанд? Ман њаминро пурсиданиам!

АЗ ИДОРА:

ДОЃИ РЎЗ

Њодисаи ќатли вањшиёнаи хатмкунандаи мактаби миёнаи №22 дар шањри Вањдат сокинонро дар њоли шок ќарор додааст. А.П. духтари 17-сола, хатмкунандаи мактаби тањсилоти умумии миёнаи №22и шањри Вањдат дар роњ ба мактаб аз љониби љавони хостгораш вањшиёна, бо беш аз 20 зарби корд ба њалокат расидааст. Маќомоти корњои дохилї дар бораи ќазия иттилоъ намедињанд, аммо бино ба гуфтаи масъулини маорифи шањр, гу-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

оиладорї ва нияти идомаи тањсил дар донишгоњ, рад карда будаанд. Мегўянд, духтар ба яке аз донишгоњњои кишвар њуљљат супорида будааст. Рўзи њодиса А.П. бо њамсинфонаш ба имтињон мерафт. Љавони ноком ба духтар дар роњ, ки аз миёни гандумзор мегузарад, њамла карда, барои рад кардани хостгорияш ўро маљбур кардааст, то ба зону нишинад. Духтар дар натиљаи беш аз 20 зарбаи корд, дар љойи њодиса ба њалокат расидааст, -мегўянд дар шуъбаи маорифи шањри Вањдат.


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ Адолат будааст, лекин...! Барои аз њамсарам људо шудан ва фарзандони ноболиѓамро аз ў гирифтан ба Суди ноњияи Синои шањри Душанбе мурољиат кардам. Мутаассифона, ду соли талошам бењуда рафт ва аз рафтори судяи ин ноњия ноумед шудам. Баъд бо маслињати дўстон ба Суди ноњияи Рўдакї, ки мањалли зисти собиќ њамсарам аст, мурољиат кардам. Судяи Суди ноњияи Рўдакї Искандари Саидзода пас аз мурофиа ќарори одилона баровард, ки ду фарзанди ноболиѓ ба тарбияи ман вогузор карда шавад, зеро собиќ њамсарам аз уњдаи ин кор бо баъзе сабабњо намебарояд. Ростї, аз ин тарзи муносибат ва муњокимаронињои судя Саидзода хеле ќаноатмандам ва пас аз ба даст гирифтани њалнома, акнун метавонам бигўям, ки адолат будааст, лекин ман онро на дар ноњияи Синои пойтахт, балки дар ноњияи Рўдакї ёфтам! Бо арзи сипос, Љамшед РАЊМОНОВ, сокини шањри Душанбе

РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ ДАР ТОЉИКИСТОН ПАНЉ МАРКАЗИ ОМОДАГИИ ОЛИМПЇ БУНЁД МЕШАВАД Шунидам, ки дар минтаќањои гуногуни Тољикистон панљ маркази омодагии олимпї бунёд мекунанд. Дар телевизион гуфтанд, ки дар њамин масъала Президент, муњтарам Эмомалї Рањмон бо Президенти Кумитаи байналмилалии олимпї Томас Бах ва раиси Шўрои олимпии Осиё Шайх Ањмад Ал-Фањад маслињат кардаанд. Ман бисёр аз ин хабар хушњол шудам. Ростї гап, баъди тамошои бозии дастањои мунтахаби футболи Тољикистон ва Урдун, ки дастаи мо 1:3 маѓлуб шуд, бо њамдењагон бањсњои зиёде доштем. Яке мегуфт, ки варзиши мо рушд намекунад, чунки маблаѓгузории дуруст нест. дигарї мегуфт, ки футбол кори давлатњои мусалмонї нест... хулоса аз ин хабар хушњол шудем, ки минбаъд варзишгарони мо шароити омодагї ба бозињои олимпї ва байналмилалиро дар дохили кишвар пайдо мекунанд. Ин љо як "аммо" њаст: Бояд иќрор шуд, ки бо пайдо шудани ингуна марказњои омодагї варзишгарони сатњи байналмилалї зуд пайдо намешаванд. Барои ин марказњо боз њам мутахассисон ва маблаѓ лозим хоњад шуд. Чаро пеш аз сохтмони чунин марказњои омодагии олимпї дар кишвар корхонањо, аќаллан ду -се корхонае, ки минбаъд тавонанд дастањои мунтахаби варзишгарони моро дар намудњои гуногуни варзиш сарпарастї кунанд, бунёд карда намешаванд. Чаро дар Тољикистон дар пайи сохтмону бунёди чойхона, тарабхона, боѓњои фароѓатї њастанд, аммо дар пайи сохтмони корхонањои саноатї нестанд? Чаро? Оё ягон илољ надорад ин кор? Умед ТУХТАЕВ, сокини ноњияи Рўдакї

?-И БОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

РЎЗАДОРИИ МУЊОЉИРОНИ КОРЇ Салом, домулои муњтарам! Саволи ман ин аст, ки мо як гурўњ бародарон дар муњољират дар яке аз ширкатњои сохтмонї кор мекунем. Кор аз соати 8-и субњ сар мешавад. То соати 21:00 - 22:00 кор мекунем. Оё мо рўзаро ќазо кунем мешавад, ё не? Муњољир Во алайкумуссалом ва рањматуллоњ. Бародари исломї! Њукми рўза доштан ва надоштани бародарони муњољири мо дар њиљрат вобаста ба вазъияти кории онњо мухталиф мешавад: 1. Муњољири кориест, ки миќдори соати кориаш дар ихтиёри худаш аст. Мисли ронандањои таксињои шахсї ва баъзе тољирон ва коргарњое, ки хуљаин надоранд. Барои чунин афрод хўрдани рўза њељ гоњ љоиз нест. Бигзор онњо дар моњи шарифи Рамазон соъати корї ва даромади молии худро кам намоянд, вале рўзаро ба покї бидоранд. 2. Муњољире, ки хуљаин ва корфармо дорад, вале корфармои ў мисли ў мусулмон аст. Пас бар ў лозим аст, ки аз хуљаини худ сабук кардан ва ё таѓйир додани соъати кориро таќозо намояд ва моњи Рамазонро ба покї рўза дорад. 3. Муњољири кориест, ки хуљаини корфармояш рус ва ѓайримусалмон аст. Ва ў бо аќд ва ё шартнома он корро ќабул кардааст. Ва тибќи шартнома соати кории у зиёда аз 8 ё 10 соат аст. Ва вайрон кардани шартнома сабаби мањрум шудани муњољир аз музди кор ва љои кораш мешавад. Мисли корхонањо ва сохтмонњои давлатї ва ё сохтмонњои шахсї, вале соњиби он сохтмон муњлати муайяне барои анљоми кори сохтмонаш муайян кардааст ва дар сурати тамом нашудани сохтмон дар муњлати муайяншуда, шояд музди муњољирро пурра ва ё аслан надињад. Ва зањмати муњољири мусулмон зоиъ шавад. Фаќат дар чунин суратњо муњољирони корї метавонанд рузањяшонро бихўранд ва баъдан ќазои онро бидуни каффорат адо намоянд. Далели гуфтаи мо ќавли Алломаи Шомї дар китоби (Раддул муњтор) љилди: 2 , сањ: 125 аст, ки

Роњрави пиёдагардон ё истгоњи воситаи наќлиётї. Шањри Душанбе, 15-уми июн, кўчаи Шириншо Шотемур

? - И РЎЗ

ЊИЉОБУ ЮБКА Ё САВОДУ ТАРБИЯ?

эшон навиштаанд: (Агар шахсе дар моњи мубораки Рамазон барои анљом додани коре дар муддати муайян, худро ба иљора дињад (яъне њамчун муздур он корро ќабул намояд) пас њукме, ки аз ќоидањои фиќњї зоњир мешавад, ин аст, ки агар корфармо ба вайрон кардани аќди иљора (ва шартномаи корї) розї набошад, (ва ё розї њаст, вале дар ивази надодан ва ё кам кардани музди коргар) метавонад ин коргари иљоравї (муздур) рўзаашро бихўрад ва корро анљом бидињад. (Албатта ваќте кораш тоќатфарсо бошад.) Њамчуноне, ки дар масъалаи зани ширдињандае, ки кўдаки шахсеро бо аќди иљора барои шир додан ќабул кардааст. Агар рўза бидорад ба сабаби кам шудани шир хавфи њалок шудан ва ё зарар дидани кудак аст. Пас љамъи олимони фиќњ бар ин зани ширдењ дар чунин њолат ифтор кардани рўзаро њалол ва љоиз гуфтаанд.) Нуктае, ки Алломаи Шомї инљо ќайд кардаанд ва лозим аст, ки мо онро ба хонандагон тазаккур бидињем, ин аст, ки коргаре, ки олимони фиќњ хўрдани рўзаро барояш рухсат додаанд, набояд рўзаашро аз оѓози рўз бихўрад. Балки бар ў вољиб аст, ки ќабл аз субњ ба ќасди рўза гирифтан сањархўри бикунад, баъд аз он рўзаро ният кунад ва дар аснои кор, ваќте аз сабаби ташнагї ва гуруснагї эњсоси заъфу сустї бикунад, пас рўзаашро бихўрад. Ва баъдан ќазоашро бидуни каффорат бидорад. Ва инчунин рўзњои истироњатї њатман рузањояшонро бигиранд. Ва њама шабњои Рамазон намози таровињро, агар имкон дошта бошанд, бихонанд. Худо нигањбонатон бошад. Ба саволи "Муњољир" руњонии маъруфи тољик Эшони Мањмудљон Тўраљонзода дар сомонаи ин хонавода посух гуфтааст.

Фишор болои занњои муњаљљаба, љарима шудани тедоде аз занњо барои пўшиши њиљоб ва мавриди тањдиду ињонат ќарор гирифтани мардони ришдор ва дигар ќонуншиканињо дар кишварро бисёр шунидаму хондам. Ин мавзуъ дар сархати њафтаномањо љой гирифта, дар бозору кўчаву љойњои љамъиятї сухан атрофи ин масъалањо меравад. Вале чизе, ки маро барои навиштани ин матлаб водор кард, ин роњ надодани донишљўдухтаре ба дарс барои пўшидани "юбка"-и дароз аз љониби муаллимест. Аз тамошои ин амал хело мутаассир гашта, ба андеша фурў рафтам. Иддао мекунанд, ки мазњабињо ифротианд ва ифротгароиро ба дину мазњаб нисбат медињанд. Аммо ин худ зиёдаравї ва ифротгарої нест? Ё аз баъзе талабагони мактаб мешунавем , иддае аз омўзгорони, ба ќавле ифротї, аз духтарон талаб мердаанд, то "юбка" - ашон аз зону боло бошад. Ин њамаро ба ѓайр аз мањдудсозии њуќуќу озодии шањрвандон чї метавон номид? Љомеаи моро проблемањои зиёде ба ќаъри худ кашидааст. Мо бошем пайи масоили дуввумдарљаем. Дар муассисањои таълимї ва макотиби олии кишвар нисбати сару либос, мўи сар, галстук ва дар умум ба шакли зоњирї ањамияти љиддї медињанд, њатто барои галстук рейд мегузаронанд. Аммо нисбати илму дониш ва хатту савод парвое нест. Вазорати маориф ба барномарезии љиддї ниёз дорад, аммо мо мушкили асосиро дар рўмол, галстук, "юбка"... мебинем. Албатта, њар кор низому тартиби худро дорад, лекин њар чиз авлавияти худро дорад. Ошкортар гўям, ин зоњирпарастї аст. Мардуми тољик мусулмон ва мусулмонзода буда, аз ќадимулайём эњтиром ба дину оин доштанду доранд. Аз ќадимулайём ниёгони мо улуми диниро дар баробари илмњои даќиќ аз бар мекарданд ва модарони мо рўсарї доштанд. Вале имрўз духтари мо наметавонад ба сабаби рўймол доштан дар донишгоњ ё мактаби миёна тањсил кунад. Њастанд байни занњо кадрњои кордону болаёќат, аммо наметавонанд дар муассиса ё идораи давлатие кору фаолият кунанд, чун намехоњанд њиљоби худро канор гузоранд. Барои њамин бењтар аст пушти зоњирпарастї нагардем. Ба њуќуќи инсон ва шоистагињояш эътибор дињем, на либосу пойафзолаш. Юнуси ЮСУФЗОД, сокини шањри Душанбе

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12 (445), 17. 06. 2015

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Маркази исломии Љумњурии Тољикистон

Таќвими моњи шарифи рамазони соли 2015 Хафта Панљшанбе Љумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панљшанбе Љумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панљшанбе Љумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панљшанбе Љумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешаибе Чоршанбе Панљшанбе Љумьа

Рўз 18.06.15 19.06.15 20.06.15 21.06.15 22.06.15 23.06.15 24.06.15 25.06.15 26.06.15 27.06.15 28.06.15 29.06.15 30.06.15 01.07.15 02.07.15 03.07.15 04.07.15 05.07.15 06.07.15 07.07.15 08.07.15 09.07.15 10.07.15 11.07.15 12.07.15 13.07.15 14.07.15 15.07.15 16.07.15 17.07.15

Рамазон 01 02 03 04 05 06 07 08 09 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30

НИЯТИ РЎЗА ГИРИФТАН: Ва ли савми ѓаддиммин шањри рамазона-л-лази фаризатан навайту. ТАРЉУМА: Рўзаи фардоро аз моњи шарифи Рамазон ният кардам. НИЯТИ ДИГАР: Навайту ан асума савма шањра рамазона мина-л-фаљри ила-л-маѓриби холисан лиллоњи таоло. ТАРЉУМА: Ният кардам рўзаи моњи шарифи Рамазонро аз субњи содиќ то фурў рафтани офтоб, фаќат аз барои Худои таоло. НИЯТИ РЎЗА КУШОДАН: Аллоњума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризќика афтарту.

(«Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Шом 20:05 20:05 20:05 20:05 20:05 20:05 20:04 20:04 20:04 20:03 20:03 20:03 20:03 20:03 20:03 20:03 20:02 20:02 20:01 20:01 20:01 20:01 20:00 20:00 20:00 20:00 19:59 19:59 19:59 19:59

"Эй муъминон! Бар Шумо рўза фарз гардонда шуд, њамон гуна, ки бар пешиниёни шумо фарз шуда буд, бошад, ки шумо парњезгор шавед." (Сураи Баќара, 183) Њар кї дар Рамазон аз рўйи имону ихлос рўза бигирад, њамаи гуноњони дар собиќ кардааш бахшида мешавад. (Њадиси мутаффаќ)

rahnavard@mail.ru

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ»

Тулўи офтоб 4:45 4:45 4:46 4:46 4:46 4:46 4:46 4:47 4:47 4:47 4:48 4:48 4:49 4:4» 4:50 4:51 4:51 4:51 4:52 4:53 4:53 4:54 4:55 4:56 4:56 4:57 4:58 4:58 4:59 5:00

ТАРЉУМА: Парвардигоро, аз барои Ту рўза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту таваккал кардам ва ба ризќи додаи Ту ифтор кардам. Рўза доштам ба номат, Кушодам ба фармонат.

Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

Субњи содиќ 3:05 3:05 3:06 3:06 3:06 3:06 3:06 3:07 3:07 3:07 3:08 3:08 3:09 3:09 3:10 3:11 3:11 3:11 3:12 3:13 3:13 3:14 3:15 3:15 3:16 3:17 3:18 3:18 3:19 3:20

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Муъмин ЌАНОАТ, шоир: - Зиёї бояд аз паси пулу сарват надавад. Ба таърих нигоњ кунед, ки Рўдакї бой набуд, њатто њамсар надошт. Бузургони мо дар гузашта сарват надоштанд. Фирдавсї, Хайём сарват надоштанд. Лекин онњо чизе офариданд, ки бо гузашти солњо замона аз байн набурд. - Бар мардуми бенанг сухан њайф аст, устод, худро хаста накунед. Абдуњалим ЃАФФОРОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ ва раиси ЊСТ: - На танњо мо, балки имрўз дар дунё ќариб 2 миллиард ањолї аз норасоии оби тоза танќисї мекашанд. Боварї дорам давоми дањ соли оянда Тољикистон њама проблемањоеро, ки вобаста ба об аст њал мекунад. - Мо њам ба њамин монанд умедњо доштему лекин баъди вакил шудани Шумо... Хайр, худатон вазъи нўшокиро дар кишвар медонед - ку... Мањмадалї ЊАИТ, муовини рањбари ЊНИТ: -Касе муњаббати њизби исломиро аз ќалбњо зудуда наметавонад. - Фањмо, сари кафида таги тоќї гуфта, шиштан мегирем, гўед?

Шодї ШАБДОЛОВ, рањбари ЊКТ: -То имрўз касе намедонад, ки инќадар дафтарњои сершумори ЊХДТ, воситањои наќлиёт ва пардохти музди мењнати аъзои ЊХДТ аз куљо сарчашма мегиранд ва маблаѓгузорї мешаванд... - Барои мардуми оддї њамааш рўз барин равшан. Лекин шуморо њам фањмидан мумкин, аз бекорї кори мушкилтар нест. Шишта - шишта алам мекунад-да баъзан. Пан Ги МУН, Дабири кулли СММ: - Ман хостори кўмакњои инсондўстона бо шуруъи моњи мубораки рамазон њастам, зеро беш аз 80 дар сади мардуми Яман ба кўмак ниёз доранд. - Ба гумон аст, ки баъди ин изњорот ягон чиз таѓйирот ёбад, лекин пагоњ дар Одноклассники менависанд, ки Шумо њам мусалмон шудед.

Рањим МАСОВ, академик: -Ман он ваќт аз Яъќубов савол кардам (дар бораи шањри ќадимии Карон), ки таъминоти шањр аз куљо меомад? Зимистон дар куњистон то 20-30 дараља хунук мешавад. Сўзишворї аз куљо таъмин мешуд? Љангал њаст-мї? Њезум аст-мї? Масъалаи дигар ин аст, ки аксарияти шањрњоро дар лаби дарё, наздики дарё месохтанд. Њар љо шањр намесозанд. Шањрњои Русияро бинед, њамааш дар лаби дарё љойгир шудаанд, то ин ки рафтуомад бошад. - Истаравшан 2500 сол дошт. Кўлобро 2700-сола гуфтанд. Ќабул кардем. Њисорињо зодгоњамон 3000 сол дорад гуфта, ба пеш гузаштанд. Монед Дарвоз њам соњиби таърих шавад. Њатто агар њаќ бошед. Рафта дар Ванљ ягон шањри 30-40 њазор, ё милионсола ёбед. Академик - ку шумо! Якдигарро фиреб карда, мегардем - дия!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.