Роњи Мандела: аз зиндон то президентї
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
1
Вазъи саломатии Нелсон Мандела, нахустпрезиденти сиёњпўст дар Љумњурии Африќои Љанубї ду моњ мешавад, ки дар сархати расонањои хабарии љањон ќарор дорад. Президенти ин кишвар Джейкоб Зума аз мардум хоњиш дорад, ки барои Мандела дуову ниёиш кунанд. САЊИФАИ 9 №13 (341). Чоршанбе, 19-уми июни соли 2013
МАЙДОНИ СИЁСАТ
Мурољиати Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов ба мардуми Тољикистон САЊИФАИ 7
МУШКИЛИ МУЊОЉИР
"Тиям - мї, натиям - мї?" Дар мактабу донишгоњњо маъракаи љамъоварии пул оѓоз шуд САЊИФАИ 6
БЎИ НИЗОЪ
ё муносибати мушкил бо Ўзбакистон, ки дар доираи се сенария шакл гирифта метавонад…
САБАНТЎЙ
Ќарзи Бек Зуњуров САЊИФАИ 5
МАРДИКОРНОМА
Боѓи падари Ѓалтак, хусумати президенти ўзбак ва пўсткании Туту САЊИФАИ 16
Эрдуѓон, Ќаззофї ва Асад: магар пайроњаи онњо якест?
2
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
Соли 2013 бо тавоффут аз солњои ќаблї дар муносибати Тољикистону Ўзбакистон нисбатан ором оѓоз гардид. Аммо ин маънои онро надошт, ки бастаи мушкилоти миёни њамсоякишварњо њал шуда, њукуматњо атрофи бањсњои худ ба натиљае расидаанд. Бо оѓози гармии тобистон Ўзбакистон фишорњоро аз сар гирифт ва ба њуљуми иттилоотї гузашт. Тафсилоти оѓози мављи нави њуљљумњои иттилоотии Тошкандро дар шумораи ќаблии "Нигоњ" шарњ дода будем. Ин навбат дар бораи инкишофи муносиботи Ўзбакистону Тољикистон барои моњњо ва солњои наздик хоњем пардохт. Устувортар шудани режими Ислом Каримов, наздик шудани Тошканд ба Маскаву Остона, гузаштњои нисбии Ўзбакистон ба Ќирѓизистон, васеъ гардидани доираи бањс, вазъи кунунии минтаќаву бархўрди нави абарќудратњо бо давлатњои Осиёи Марказї, бунёди маркази НАТО дар Тошканду номуайянї дар муносиботи Маскаву Душанбе ва тарњњои империясозии Владимир Путин инкишофи њаводиси минбаъдаро дар доираи се сенария: "Муносибати бадтарин ё оѓози низоъи њарбї", "Муносибати муътадил ё хирад боло мегирад" ва сенарияи боварнокарданї "Муносибати њасанаи ду давлати њамсоя"пешбинишаванда ба назар мерасанд...
Оѓоз аз хушбинї сар шуд Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон моњи январи соли равон дар љаласаи њукумати худ, суханронии љолибе кард. Вокуниш ба суханронии ў дар доирањои сиёсиву коршиносии Тољикистон боз њам љолибтар шуд. Расонањои ўзбакї бо иќтибос аз суханронии ў навиштанд, ки ягон нерў наметавонад миёни халќњои Ўзбакистон, Тољикистон ва Ќирѓизистон тухми кинаву адоват корад. Ў гуфт: "Ин мушкилот танњо мутааллиќ ба мост. Вале њастанд касоне, ки мехоњанд муќовиматњоро миёни мо таќвият бахшанд. Ва онњо ба мо машварат медињанд: "Ана онњо чї коре бар зидди шумо карданд, шумо низ зарбаи љавобї занед". Гўиё моњию моњичањо ба шаст афтиданд. Коршиносон ва сиёсатмадорони тољик пешнињод карданд, ки бояд аз ин
МАВЗЎИ АСОСЇ
Бўи низоъ ё муносибати мушкил бо Ўзбакистон, ки дар доираи се сенария шакл гирифта метавонад… гуфтаи Каримов љониби Тољикистон барои бењ намудани муносибот истифода намояд. Фурсати хубест барои оѓози гуфтўшунид. Мавќеъи нави Ислом Каримов аз љониби Душанбеи расмї низ бељавоб намонд. Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон дар суханрониаш дар моњи марти соли равон њангоми вохўрї бо дипломатњои тољик таъкид намуд, ки дар тањияи стратегияи нави сиёсати хориљї ба кишварњои њамсоя бартарї бояд дињанд. Ин гуфтаи Эмомалї Рањмон њамчун вокуниши мусбати љониби Тољикистон ба мавќеъи Каримов маънидод гардид. Воќеан мавќеъгирињои љолиб. Ислом Каримов суханњое гуфт, ки баъд аз имзои шартнома "Дар бораи дўстии абадї миёни Љумњурии Ўзбакистон ва Љумњурии Тољикистон" дар соли 2000-ум касе шуниданашро на умед дошту на интизор буд. Мавриди зикр аст, пас аз имзои шартномаи мазкур муносибот бештар рў ба тирагї оварданд. Зиёиёни тољик ин духўрагиро бе доду вой намонданд, вале дар асл он намунаи сиёсатњои прагаматикии Тошканд буду њаст. Ин нукта исбот шуд. Ахири њафтаи гузашта Каримов ва Назарбоев ба Тољикистон гўшзад карданд, ки "мо бо њамем" ва "бе мо акнун намешавад". Ин њам баъд аз он, ки Ислом Каримов њангоми сафари пешинаш ба Остона истифодаи неруи њарбиро дар низоњои обї истисно надониста буд. Ба сурати умум, Каримов њамон бозии
пештараашро идома медињад, ки њадафи он буду набуди Тољикистон њамчун як кишвари соњибистиќлол буду мемонад. Акнун бубояд љои умедвории кўтоњмудатро нигаронї гирад. Нигаронї аз ояндаи минтаќаи Осиёи Марказї аз домани манфиатњои ин мамолик берун шуда, эњтимолиятњои харобиоварро дар пай дорад. Сенарияи аввале, ки баррасї хоњем кард, мањз рўи ин масъала хоњад буд.
Сенарияи № 1: "Муносибати бадтарин ё оѓози низоъи њарбї" Тибќи ин сенария, Ўзбакистон шеваи ќаблии муносибат бо Тољикистонро пурзўр менамояд. Њадафи ба зону овардани иќтисоди Тољикистон бо роњи фишор ва тањримњои пайвастаи роњи оњан амалї шудан мегирад. Њамлањои иттилоотї љонноктар мегарданд. Ба хотири љалби таваљљўњи абарќудратњо ба масъала, фазои иттилоотии љањонї зидди Тољикистон ва тарњњои энергетикии он шўронида мешавад. Алишер Усмонов, милиардери ўзбактабори Русия, ки аллакай чанде аз ширкатњои лоббигарии љањонї, хоса амрикоиро ба ин масъала љалб кардааст, сармоягузории ин самтро бамаротиб таќвият мебахшад. Тољикистон њамоно мисли пешина мавќеъи дифоъиро пеш мегирад. Чунин њолат т о му а йя н гар д ид а ни с т ра т егия и
«
Воќеан мавќеъгирињои љолиб. Ислом Каримов суханњое гуфт, ки баъд аз имзои шартнома "Дар бораи дўстии абадї миёни Љумњурии Ўзбакистон ва Љумњурии Тољикистон" дар соли 2000-ум касе шуниданашро на умед дошту на интизор буд. Мавриди зикр аст, пас аз имзои шартномаи мазкур муносибот бештар рў ба тирагї оварданд. Зиёиёни тољик ин духўрагиро бе доду вой намонданд, вале дар асл он намунаи сиёсатњои прагаматикии Тошканд буду њаст. Ин нукта исбот шуд.
нињоии ИМА дар Афѓонистон идома мекунад. Билахира, кишварњои абарќудрат ба хотири нуфўзи Ўзбакистон аз дахл намудан ба ќазия худдорї менамоянд. Ин корро аввал, Русия ва сипас, ИМА ва Иттињоди Аврупо мекунанд. Дар натиља: а) буѓї намудани КВД "Талко" бо бастани роњи оњан оѓоз шуда, баъдан ран-
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
МО ВА МАЗЊАБ ги аљиб мегирад. Роњи оњани Ўзбакистон ягона роњи њамлу наќли алюминий ва гилхок аз бандари Потии Гурљистон ва Бандар - Аббоси Эрон ба Тољикистон бо бањонањои мухталиф гоњ - гоњ њадафмандона баста мешавад. Ашёи хом сариваќт ба корхона намерасад, мањсулоти тайёр ба бозор намебарояд. Чун Тошканд ба хубї медонад, ки гилхоки ба ТАЛКО ва мањсулоти тайёри ба бандарњо равон моли ширкатњои љањонї буда, давлати ўзбак ба Суди Олии Бритониёи Кабир кашида мешавад, аз шеваи роњбандии пайваста кор гирифта намешавад. Чунин тактикаи Ўзбакистон боис мегардад, ки раќобатпазирии алюминии тољик дар бозори љањонии филиз зери суол равад. б) фишорњои иттилоотї дар бораи таѓйири вазъи экологии ноњияњои назди сарњадии Ўзбакистон аз КВД "Талко" афзоиш меёбад. Мењвари аслї ва омили асосии даъвоњои иттилоотии љониби ўзбак талаби њудуди 400 миллион доллар хисороти экологї аз Тољикистон равшантар мешавад. Љониби Тољикистон дар навбати худ нисбат ба таъсири корхонањои саноатии Ўзбакистон ба ноњияњои шимоли кишвар садо баланд мекунад. Аммо аз он, ки Ўзбакистон аввалин шуда, масъалагузорї мекунад, њарфи ў дар расонањои фазоофари љањонї боваркарданї менамояд. Љалби неруњои иловагї ба љанги иттилоотї боиси харољоти иловагї ме-
шавад. Имконоти буља мањдуд шуда, ќарзи хориљї боло меравад ва пардохти маош ѓайримуътадил мешавад. Расонањои Тољикистон, бахусус расонањои њукуматї њамвора дар пайи барномасозї дар мавзўи обу экология гардида, гаштаву баргашта исбот кардан мехоњанд, ки Роѓун ба њамсоякишварњо таъсири манфї намерасонад. Аммо садои онњоро танњо тољикони Тољикистон мешунаванду халос ва шояд бо назардошти камтаъсир будани онњо шунида нашавад; в) дар ин самт нуќтаи кулминатсионї, ё ќадами нињої аз љониби Тошканд батамом бастани роњи оњан бо бањонаи бофта, фарзи мисол, таркиши террористї мегардад. Ўзбакистон боз аз тавтиа (провокатсия) кор мегирад. Мисле, ки дар кандани роњи оњани ќитъаи Амузанг - Ѓалаба кор гирифта буд. Эълон медорад, ки роњи
оњан ба љониби Тољикистонро гурўњи номуайяне тахриб намуд. Ё ба њамин монанд, эълонњои дигари боварнакарданї. Ин њама дар навбати худ ба баланд гардидани ќиммати мањсулот дар бозорњои Тољикистон оварда мерасонад. Мардум ва њукумати Тољикистон дарк мекунанд, ки бозори мањсулоти ѓизої дар дасти бегонањо будааст. Тољикистон ба яке аз кишварњои гароннархтарин дар минтаќа табдил меёбад. Шиддати итимої батадриљ меафзояд. Роњбандї ва фишори иттилоотї муњити сармоягузорї ва гардиши молро хароб карда, ба иќтисоди Тољикистон таъсири манфї мерасонад. Муњољират аз омилњои аслии даромад ба кишвар мегардад, вобастагии иќтисоди миллї ба маблаѓи муњољирон то 60-70 %-и ММДи дохилї боло мебарад. Чунин сурат гирифтани вазъ ба нафъи Маскав шуда, талабњои Кремлин дар баробари роњбарияти Тољикистон зиёдтар мегарданд. Тољикистон дар љавоб роњи оњан ба сўи водии Фарѓонаро дар њудуди вилояти Суѓд мебандад. Водии Фарѓона ва Андиљон ба мушкилоти нафтї ва сипас ѓизої гирифтор шуда, сепаратизми тољикї шакл мегирад. Љамъоварии неруњои низомї дар њар ду тарафи сарњад ба њадди нињої мерасад. г) натиљаи фишорњо вањдати мардум ва њукуматро дар Тољикистон дубора барќарор мекунад. Барои идеологњои шиорофари њукумат "дастак"-и хубе пайдо
мешавад. Шонси нав барои Эмомалї Рањмон пеш меояд, ки "душмании бегонагонро" фош карда, худро њамчун лидери воќеъии миллї муаррифї кунад. Њифзи истиќлол ва соњибихтиёрї њамчун идеяи миллї дар расонањо таблиѓ карда мешавад. Бо истифода аз нохун задан ба эњсоси мардум дар ин самт њукумат муваффаќ мегардад. Маъракањои интихоботии пешорў, бахусус интихоботи президентї ва шояд парламентии соли 2015 бе ташвиш бо хости рањбарияти сиёсии давлат анљом меёбанд; ѓ) ќадами бадтарин ва харобиовари Ўзбакистон кўшиши њамла ба сади Роѓун буда, оѓози низоъи њарбї шуда метавонад. Ўзбакистон бо инобат гирифтани њама пањлўњои масъала ба ин роњ меравад. Албатта, ќабл аз чунин тасмим, бо гузаштњои зиёди усулї ё ризогии Кремлинро ба даст меорад ё пост-фак-
тум Маскавро мутмаин месозад, ки дигар илоље набуд. Њарчанд иќтидори њарбї-њавоии Ўзбакистон ва Тољикистон ќиёснашаванда мебошад, аммо дар назди њарбиёни тољик вазифаи асливу муњим зинњор роњ надодани бомбафканњои ўзбак ба њарими њавоии Тољикистон мешавад. Ба бовари роњбарияти сиёсии Тољикистон, тибќи ќарордодњо дар доираи СПАД, агар кишваре ба давлатњои узви ин созмон њамла намояд, њамагї бояд ба дифоъ бархезанд. Вале њоло вазъият чунин аст, ки СПАД на ин ки љониби Тољикистонро мегирад, њатто аз дахолат барои музокираи љонибњо худдорї карда, танњо чанд изњороти шадид пахш мекунаду бас. Пойгоњи низомии 201-и Русия аввал ба рељаи худмуњофизатї гузашта, баъдан Кремлин роњбарияти Тољикистонро бовар мекунонад, ки шањрњои калонтарини љануби мамлакат ва аѓбаи Анзобро зери контроли њарбии љузъу томњои Пойгоњ дињад. Роњбарияти Тољикистон ба ин розї шуда, вобастагии худро аз Кремлин ба њадди нињої мерасонад. е) Тољикистон даст болои даст намешинад, бо истифода аз нерўњои мардумї кўшиши ѓасби ноњияњои наздисарњадии Ўзбакистонро дар ќисмати љануб ва шимол амалї мегардонад. Ин амал бо осонї сурат намегирад, аммо доштани таљрибаи воќеъии љангї ва таљрибаи харобкориву љанги чирикї амалиётро ба нафъи Тољикистон мебарад.
Фронти дуюм дар ќисмати шарќии Тољикистон дар кўњњои водии Рашт кушода мешавад, то Тошканд контроли водии Фарѓонаро ба куллї ё ќисман аз даст дињад. Водии Рашт ба як минтаќаи муњими стратегии Тољикистон мубаддал мегардад. Мирзохўља Ањмадов, Салам Муњаббатов, Мирзохўља Низомов, Суњроб Ќосимов собиќадорони љангозмуда ба амалиётњои диверсионї ва чирикї њамроњ мешаванд. Баъди ду-се њафтаи оѓози низоъ њарими њавоии Узбакистон зери контроли неруњои диверсионии тољик ќарор гирифта, парвози тайёрањои ѓариљангї ќатъ мегардад. Дар самти љануб њадафи аслї Тирмиз ва навоњии атрофи он ќарор мегирад. Нахустин вазифаи стратегие, ки дар назди њарбиёни тољик дар ин ќисмат меистад, ба тамом хароб кардани роњи оњани Ўзбакистон - Афѓонистон мегардад.
3
Албатта, тољикони Афѓонистон нисбат ба ин ќазия бетараф буда наметавонанд. Бешубња, њамчун машваратчиёни пешбурди амалиёт генералњо Ато Муњаммади Нур - волии Балх, Муњаммад Исмоилхон - вазири нерў ва захирањои оби Афѓонистон, аз шахсиятњои пурнуфўз, Бисмиллохон Муњммадї - вазири дифоъи Афѓонистон, Маршал Фањиму дањњо тољикони дар разм обутобёфта баромад хоњанд кард. Љангиёни тољиктабори Афѓонистон аввал ба њайси машваратчиён ба низоъ љалб шуда, сипас дар амалиётњои асосї ширкат меварзанд. Њузури чашмрас (5-6 њазора)-и сипоњиёни посдорони ислом ба нафъи Тољикистон дар амалиёт пайдо мешаванд. Сарфи назар аз он, ки Ўзбакистон дорои ќавитарин артиш дар Осиёи Марказї мебошад, тул кашидани низоъ ба заъиф ва њатто суќути режими Каримов оварда расонида метавонад, ки хости дили Душанбе ва хоса Маскав мешавад. Владимир Путин, ки гувоњи барњам задан ва монеъи асосї шудан ба тарњњои њамгиройи Русия (мисли СНГ,
«
Љониби Тољикистон дар навбати худ нисбат ба таъсири корхонањои саноатии Ўзбакистон ба ноњияњои шимоли кишвар садо баланд мекунад. Аммо аз он, ки Ўзбакистон аввалин шуда, масъалагузорї мекунад, њарфи ў дар расонањои фазоофари љањонї боваркарданї менамояд. Љалби неруњои иловагї ба љанги иттилоотї боиси харољоти иловагї мешавад. Имконоти буља мањдуд шуда, ќарзи хориљї боло меравад ва пардохти маош ѓайримуътадил мешавад.
ОДКБ) шуруъ аз замони Борис Елтсин ва тарњњои империясозии худи ў (КСОР, Иттињоди гумрукї ва Иттињоди АвруОсиё) ва моил ба сўи Чин кардани Ўзбакистон дар ШОС аз љониби Ислом Каримов мебошад, ин вазъро истифода бурда, неруњои ФСБ-ро ба сарњади Тољикистону Афѓонистон баргардонида, теъдоди њарбиёни русро дар минтаќа 4-5 маротиба зиёд мекунад. Кремлин марњилаи фаъоли низоъро хотима медињад ва љонибњоро сари мизи музокирот мешинонад. Њукумат ва љомеањои заъифи ду кишвар бо миннатдорї аз Маскав шомили раванди нави њамгирої ва баъдан Иттињоди Авруосиё мешаванд. Ин аст, тарњи сенарияи якум ва натиљаи бадтарин аз муносиботи имрўзи Ўзбакистон ба Тољикистон, ки ба таќсими дигарбораи минтаќа низ бурда мерасонад ва тезиси "давлатњои ноустувор" њаќ мебарорад. Бардоштњо аз њодисањои рўз, чунин хулосаро таќвият медињад, ки њанўз њам марказњои ќабули ќарор дар Тошканду Душанбе ба умќи мушкилие, ки оянда домангирашон мешавад, сарфањм нарафтаанд. Албатта, ин ягона роњи њали мушкилот нест. Дар шумораи баъдї мањз сенарияи дуюм: "Муносибати мўътадил ё хирад боло мегирад" ва сенарияи сеюм: "Муносибати хушбинона ё боварнокарданї"-ро ба баррасї хоњем кашид. Дар ин сенарияњои баъдї, ба љои зўргуиву силоњ маќоми дипломатия боло хоњад буд.
"Нигоњ"
4
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
ТОЉИКИСТОНИЁН
МУШКИЛИ РЎЗ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
5
Ќарзи Бек Зуњуров Хадамоти алоќаи Тољикистон аз соли 2011 то инљониб маблаѓи обунаи чанд маљаллаи Вазорати маорифро ба суратњисоби бонкиашон нагузаронидааст. Шодї Шокирзода, сардабири маљаллањои "Адаб" ва "Маорифи Тољикистон" -и Вазорати маориф, мегўяд, Хадамоти алоќа аз обунаи соли 2011 ва 2012 аз онњо наздик ба 15 њазор сомонї ќарздор аст: - Ќарзи соли гузашта аз маљаллаи "Адаб" 4 842 сомонї аст. То 22 майи соли равон ягон дирам ба њисоби буљаи вазорат нагузаронидаанд. Аз "Маорифи Тољикистон" 25 614 сомонї то соли 2013 ќарз доранд. Баъди талошњои зиёд дар соли 2013 њамагї 20 њазор сомонї гузаронидаанд ва њоло 5 њазор сомонии дигар ќарз боќї мондааст. Ваќте ба Хадамоти алоќа мурољиат мекунем, мегўянд, ки маблаѓ надорем. Дар њоле ки мо соли гузашта чањор шумораи маљаллаи "Адаб"-ро бидуни дастрас кардани маблаѓи обуна нашр карда, ба хонандагон фиристодем, яъне Корхонаи фаръии "Почтамти Душанбе" аз мо 14 њазор сомонї ќарздор аст. Маљаллаи дигаре, ки то ба њол навтавонистааст маблаѓи обунаи худро аз Хадамоти алоќа дастрас кунад, "Маърифати омўзгор" аст. - Хадамоти алоќа ба мо мегўяд, ки Шумо дар фењристи обунашавандањо набудед, аз ин рў, маблаѓи Шумо ба суратњисоби маљаллањои дигар гузаштааст. Аммо њоло, ки обунаи имсола аз соли гузашта шуруъ шуда буд, бо шомил шудан ба фењристи обунашавандањо њам маблаѓи обунаи имсолаи маљаллаи "Маърифати омўзгор" ба суратњисоби мо нагузаштааст, мегўяд Саидаи Фазл, сардабири "Маърифати омўзгор". - Масалан, дар Рўшон - 23, Мастчоњ - 6, Зафаробод - 19, Чкалов - 9, Мурѓоб - 17, Дарвоз, Темурмалик - 14, Ќумсангир 113 нафар соли гузашта барои нимсолаи дувуми 2012 обуна шуда буданд, аммо то ба њол маблаѓи обунаашон ба суратњисоби мо нагузаштааст. Обунаи солонаи "Маърифати омўзгор" 96 сомонї аст. Яъне аз обунаи соли гузашта Хадамоти алоќа аз ин маљалла 18 њазору 432 сомонї ќарздор аст. Имсол њам бо гузашти 6 моњ ба суратњисоби маљалла маблаѓи обунаи соли 2013 нагузаштааст. Сардори Рањдор, хабарнигори њафта-
номаи "Наќлиёт"-и Вазорати наќлиёти Тољикистон, мегўяд, бо сабаби пардохт нашудани маблаѓи обуна аз љониби Хадамоти алоќа, кормандони њафтанома се моњи охири соли гузашта натавонистанд, њатто, моњи январи соли љорї маоши худро гиранд: - Маблаѓи обунаи њафтаномаи "Наклиёт"-ро "Почтаи тољик", ки зертобеи Хадамоти алоќа аст, ба суратњисоби хафтанома нагузаронд. Аз касе њам барои ин узр намепурсанд. Ин хизмати хирсонаро барои кї мекунанд, намедонам. Ба гуфти сардабирони маљаллањои соњаи маориф, маблаѓи ќарз то 1 январи соли 2013 ба 100 њазор сомонї аз њисоби обунаи маљаллањои дигари соњаи маориф мерасад.
Ќарзи номуайян Чанде аз маљаллаву нашрияњои соњавї тасмим гирифтаанд барои рўёндани маблаѓи обуна аз Хадамоти алоќаи Тољикистон нисбати Бек Зуњуров, раиси ин хадамот, ба Суди иќтисодии Тољикистон шикоят баранд. Хадамоти алоќаи Тољикистон ба иддаои нашрияњои соњавии Вазорати маориф ва Вазорати наќлиёт маблаѓи обунаро дар њаљми умумии 600 њазор сомонї пардохт накардааст. Њоло ин 600 њазор сомоние, ки ќарзи обуна аз солњои гузашта болои Корхонаи воњиди давлатии "Почтаи тољик" суњбат ме-
«
равад, омори мушаххаси ќарздор будани Хадамоти алоќа нест. Зеро сардабирони маљаллањо дар охири соли гузашта мегуфтанд, ки наздик ба 600 њазор сомонї Хадамоти алоќа аз маљаллањо ва нашрияњои давлатї ќарздор аст, аммо дар Хадамоти алоќа ин раќамро камтар хонданд, вале даќиќ нагуфтанд, ки миќдори ќарз чї ќадар аст. Татяна Насимова, муовини раиси Хадамоти алоќа, ќарздор будани Хадамотро тасдиќ карда, гуфт, кормандони соњаи Хадамот ин маблаѓњоро худсарона истифода кардаанд: - Онњое, ки дар ин кор даст доштанд, аллакай ба љавобгарї кашида шуданд. Баъди фањмидани ин мушкилот, мо тасмим гирифтем, ки маблаѓи обунаи маљаллањои соњаи маорифро аз Хадамоти алоќа дар соли 2013 пешакї ва пурра ба идорањои маљаллаву нашрияњо расонем. Солњои ќаблї маблаѓи обуна њар нимсола пардохт мешуд.
"Гунањкорони худї" Дар њамин њол, муовини раиси Хадамоти алоќаи Тољикистон сабаби пардохт нашудани маблаѓи обунаи маљаллањо ва нашрияњои вазорату идорањоро ба пардохт шудани ќарзњои ин нињод дар назди Фурудгоњи шањри Душанбе ва Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" марбут хонда, гуфт, нигоњ доштани маблаѓњои обуна бо сабабњои субъективї рух додаанд.
Хадамоти алоќа маблаѓњои обунаи маљаллањои "Маърифати омўзгор", "Маорифи Тољикистон", "Русский язык и литература"-и Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва чанд нашрияи дигари соњавиро дар соли 2012 ба суратњисобашон нагузаронидааст. Маљаллањои њукуматї бар асари ин ба мушкилоти молї рў ба рў шуда, дар баъзе аз идораи нашрияњо кормандон то шаш моњ бидуни маош кор кардаанд. Хадамоти алоќа фаќат аз маљаллањои Вазорати маориф, таќрибан, 90 њазор сомонї барои обунаи соли гузашта ќарздор аст.
Аммо ба ин савол, ки "кињо барои пардохт нашудани маблаѓи обуна ба љавобгарї кашида шудаанд?" - мавсуф посух надод. Хадамоти алоќа маблаѓњои обунаи маљаллањои "Маърифати омўзгор", "Маорифи Тољикистон", "Русский язык и литература"-и Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва чанд нашрияи дигари соњавиро дар соли 2012 ба суратњисобашон нагузаронидааст. Маљаллањои њукуматї бар асари ин ба мушкилоти молї рў ба рў шуда, дар баъзе аз идораи нашрияњо кормандон то шаш моњ бидуни маош кор кардаанд. Хадамоти алоќа фаќат аз маљаллањои Вазорати маориф, таќрибан, 90 њазор сомонї барои обунаи соли гузашта ќарздор аст. Татяна Насимова, муовини раиси Хадамот, зимни нишасти матбуотии оид ба натиљаи фаъолияти яксолаи ин нињод гуфт, "бархе аз маљалла ё њафтаномањое, ки мо аз онњо ќарздор њастем, дар њисоботи худ миќдори маблаѓи ќарзро нодуруст пешнињод кардаанд, вале кормандони мо бемасъулиятї карда, аз маблаѓњои обуна баъзе ќарзњои худро дар назди корхонањои дигар пардохт кардаанд". Маљаллаву нашрияњои соњавї моњи январи соли љорї тасмим гирифта буданд, ки ба Суди иќтисодї нисбати Бек Зуњуров, раиси Хадамоти алоќа, шикоят баранд. Аммо моњи феврали соли 2013 бо назардошти гузаштани як миќдор маблаѓњои ќарзии солњои 2011 ва 2012 ба суратњисобњояшон муваќќатан аз шикоят бурдан даст кашидаанд. Њамзамон, иттилое ба дасти мо расид, ки њатто, Нуриддин Саидов, вазири маориф, дар љаласаи њукумат ба президент банд шудани маблаѓњои обунаи мардумро дар нињоди зери роњбарии Бек Сабуров расонидааст ва раиси Хадамоти алоќа "сурху сафед" шудааст. Аммо бо ин вуљуд, то ба њол ин "сурху сафедї" њам натиља надодааст. Њарамгули ЌОДИР (мавод дар асоси тренинги тањќиќоти журналистии дафтари бритониёвии Институти љанг ва сулњ дар Тољикистон тањия шудааст)
6
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
- Ман ду фарзанд дорам. Барои таъмири мактаб сад сомонї пул додам, вале намедонам, ки ин пулљамъкунии ќонунист ё ѓайриќонунї. Ин суханони як модар аст, ки худро Дилором муаррифї кард. Дар моддаи 41 Сарќонуни Тољикистон омадааст: "Таълим дар мактабњои миёнаи давлатї ройгон аст". Оё то кадом андоза ин банди Ќонуни асосї амалї гардида истодааст? Дар мактаби №5 шањри Хуљанд 1104 нафар хонанда тањсил мекунад, ки ба њисоби миёна барои таъмири мактаб 30 сомонї маблаѓ пардохт мекунанд. Ба гуфтаи директори мактаб, Муњиба Абдуллозода барои таъмири дабистон падару модарон ихтиёран пул људо мекунанд, ки ин амалро моддаи 47 Ќонуни маориф иљозат додааст. Дар ќонуни мазкур омадааст "Падару модар метавонанд ихтиёрї ба буљаи мактаб маблаѓ гузоранд ва маљбур кардан барои маблаѓгузорї манъ аст". Як хонандаи синфи 8, ки худро Љаллолиддин муаррифї кард, мегўяд, 45 сомонї барои барои мактаб пардохт мекунам. - Ваќте, ки њама дињад, мо надињем, намешавад, - гуфт Икромљон, падари фарзанде, ки дар мактаби №28 мехонад. - Ман маблаѓро медињам, вале намедонам омўзгорон чї кор мекунанд. - Њукумат барои тањсили хонандагон маблаѓи сарикасї људо мекунад, ки ба њар як хонанда 497 сомонї рост меояд. Илова бар ин, барои пардохти пули барќ, об, партов ва ѓайра 92 000 сомонї људо мешавад, - иброз намуд мудири шўъбаи маорифи вилоят Саидмухтор Љалолов. - Баробари баланд бардоштани маоши омўзгорон ва маблаѓгузории сарикасї, ки нисбат ба соли ќаблї 170 сомонї баланд рафтааст, аз ин пешрафињои маориф нарху навои бозор низ аз ќадам намемонанд. 1 кг гўшти гов - 28 сомонї. 19 декабри соли 2012 дар рўзномаи "Нигоњ" маводе бо њаммуаллифии Зайнура Гулбекова тањти сарлавњаи "Тим - мї, натим-мї" рўи чоп оварда будем, аммо маќомот њељ вокуниш нишон надоданд.
ШИМОЛ - Пули матбаро супор, баъд...
"Тиям - мї, натиям - мї?" Дар мактабу донишгоњњо маъракаи љамъоварии пул оѓоз шуд "Вирус"-и мактаб ба донишгоњ гузашт Маблаѓљамъкунї дар мактаби миёна ба донишгоњњо низ бетаъсир намонд. Дар донишгоњи давлати шањри Хуљанд аз 15 то 20 сомонї барои таъмири биноњои донишгоњ аз донишљўён љамъоварї мешавад, ки ин барои бархе донишљўён маблаѓи кам нест. Ба гуфтаи муовини ректори донишгоњ, Абдусалом Ахмедов, раёсат аз ин кор огоњ нест. Ў ба "Нигоњ" гуфт, ки барои таъмири донишгоњ аз њисоби буљаи
- Кай маошро медода бошанд?!
давлат 500 њазор сомонї људо гаштааст. Аммо ин барои як донишгоњи калон хело кам аст. Дар факултаи филологияи тољик соли гузашта 10 сомонї барои таъмир пул љамъ карда буданд, аммо њељ дигаргуние нашуд, ба љуз ранг додани фарш (пол). Хостем бо декани факултет Шарифљон Тољибоев сўњбате дошта бошем. Декан ба мо маълумоти заруриро надод ва гуфт: - Чї магар муфатишед? Њамин тавр, љавобамон дод.
- Агар пули таъмирро наёрем, ба имтињон роњ нест, - гуфтанд чанд донишљў. Ба ќавли як донишљў декан њамаро огоњ кардааст, ки агар то рўзи душанбе 15 сомонї наоранд, ба имтињон роњ дода намешаванд. Оё ин рафтори декан тањдиди ошкоро ба донишљў нест? Як донишљў њам ба ин фикр аст: "Тиям - мї, натиям - мї?" Надињаду бинад?
Комрон АСЛОН
"КОШКИ, МУАЛЛИМ НАМЕШУДЕМ!" Дар ноњияи Восеъ маоши муаллимонро намедињанд
«Занги камолот» низ са до дод. Ќисме аз омўзгорон ба рухсатии мењнатї рафтанд, ќисме машѓули ќабули имтињонњои мактаб, љобаљогузории њуљљатњои мактабї, то каме баъд онњо низ аз пайи истироњат шаванд. Модоме гап сари истироњат меравад, камина пеш аз он ки ба ин мавзўъ дахл кунам, масъалањои рўзмарраи мактабро як сў гузошта, бевосита ба мавзуи маош даст мезанам. Зеро, маълум аст, ки бе маошу маблаѓ муаллим ва њељ каси дигар ба истироњат рафта наметавонад. Шафтолуи гап њамин, ки то ба рўзи иншои њамин матлаб, гарчанде ними
моњи июн гузашт, нафаре аз 82 омўзгору 20 корманди техникии мактаби миёнаи тањсилоти умумии №1-и шањраки Восеъ њанўз маоши моњи майро нагирифтаанд. Ваќте аз муњосиби мактаб, њамзамон, иќтисодчии Шўъбаи маорифи ноњия Абдулвоњид Афѓонов сабаби чунин кашолакориро пурсон мешавем, дар љавоб ў мегўяд: "То њол аз Шўъбаи молия барои гирифтани маоши моњи май бинобар набудани маблаѓ дар буљаи њукумат иљозатнома дода нашудааст". Ваќте бобати мавзўъ ба мутасаддиёни идорањои дахлдор мурољиат мекунем, барои худсафедсозї онњо бањо-
нањои зиёде пеш меоранд. Бењтараш, худ ќазоват намоед, ки ночаспоишњо дар биниши онњо чї гуна бо њам мечаспанд. Шўъбаи молия (мудираш Саидумар Сайфуллоев) њама гуноњро сари муњосиби мактаб мерезад. Гўё муњосиб сари ваќт њуљљатњоро ба Шўъбаи молия пешкаш накардааст, то масъулини Шўъбаи молия низ сари ваќт њуљљатњоро барои гирифтани маблаѓ омода созанд. Ваќте баъди њама такудавњо боз аз муњосиб сабаби чунин "сањлангориаш"-ро пурсон мешавем, дар љавоб мегўяд: "Дар буљаи њукумат маблаѓ нест!". Кормандони "Амонатбонк" бошанд, дар шарњи гуфтаи муњосиб ќатъиян изњор медоранд: "Онњо дурўѓ мегўянд! Пул њаст! Танњо муносибати дилгармона лозим асту халос!". Мана њамин аст ќадру ќимати муаллим дар ноњияи Восеъ! Шояд, шумо њам тасаллибахше гардед, ки монан-
ди масъулони бемасъули ноњияи Восеъ бо гуфтаи "Њељ гап не! Муаллим малоика њаст, њељ чиз њам нахўрад, напўшад, боке барояш нест!.." моро тасаллї бахшиданї бошед? Ќабул аст! Ба шарте ки аз минбарњои баланд нисбати ќадру манзалати муаллим, баланд бардоштани обру, маоши ў суханпардозињои пурдабдаба накарда, ба чор тараф љор назанед ва боз сари чандин љавон ва навмутахассисонро гаранг насозем, ки мегўянд: "Кошки, муаллим намешудем!." Бале, омўзгорї касбест мушкил, зањматталаб, ки на њама тоќаташро доранд. Вале мо тоќат дорем, ки дар боби талаби њаќќи зањматамон низ хомўш намеистем... Рўзимад ТОЊИРОВ, омўзгор, раиси Кумитаи Иттифоќи касабаи мактаби миёнаи тањсилоти умумии №1, ноњияи Восеъ
ДАР ДЕГИ СИЁСАТ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
7
Мурољиати Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов ба мардуми Тољикистон Субњи 18-уми июн дар шањри Душанбе љаласаи нахустини Кумитаи љамъиятии њимоят аз њуќуќњои конститутсионии Зайд Саидов, роњбари Гурўњи ташаббускори таъсиси Њизби "Тољикистони нав" баргузор гардид. Зимни ин љаласа, ки бо иштироки рўзноманигорон ва аъзои ин Кумита доир шуд, масъулон бо як мурољиатнома баромад намуданд, ки матни пурраи онро манзуратон мегардонем: "Инак, як моњ аст, ки Зайд Саидов роњбари гурўњи ташаббускори таъсиси Њизби сиёсии "Тољикистони нав",муваффаќтарин соњибкори кишвар ва собиќадори фаъолият ба сифати узви Њукумати Љумњурии Тољикистон, ба љурми иттињом дар љиноятњои вазнин дар боздоштгоњи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон ба сар мебарад. Ин дар њолест, ки вазъи саломатиаш рўз ба рўз мушкилтар мешавад. Ќазияи мазкур амали густурдаи маќомоти ќудратии давлат аст, ки бо тафтиши фарогири њамаи пањлуњои гуногуни фаъолияти ў ва наздиконаш љараён дорад ва ба гуфтаи вакилони мудофиааш, бо беэътиноии густохона нисбат ба муќаррароти ќонунњои мављуда сурат мегирад. Пўшида нест, ки ин амали густурда вокунишест аз љониби маќомоти марбутаи давлатї ба ибтикори Зайд Саидов дар мавриди таъсиси њизби сиёсии љадиде ба хотири мусоидат дар њалли мушкилоти љомеа. Ба асоси хулосаи аксари тањлилгару соњибназарон, ќазияи гирудори Зайд Саидов сирф моњияти сиёсї дорад ва бад-ин васила низоми идоракунии кишвар мекўшад аз њама гуна иќдом ва ташаббуси дигарандешие, ки њаќќи конститутсионии шањрвандон аст, љилавгирї кунад. Ин дар њолест, ки то ин гирудор Зайд Саидовро чун муваффаќтарин соњибкор, роњбар, шахси масъулиятталабу масъулиятшинос ва њалолкор тавсиф мекарданд. Аксуламал дар баробари ташаббуси Зайд Саидов бо истифода аз неруи муќтадире, ки њатто, аз тарзу усулњои аз лињози ќонуну ахлоќ номатлуб низ њазар намекунад, нишон дода мешавад. Зимнан усули конститутсионии эњтимолияти бегуноњї ба њукми фаромушї рафтааст. Дар кўчаву хиёбонњо тариќи ройгон китобчањое пањн ва тариќи телевизион сабту намоише ба маърази умум пешнињод мешавад, ки саропо туњмату буњтонанд ва њадафашон миёни мардум бадном кардани шахсияти номбурда аст.
Њамин гуна иќдоми зишту нангин бо истифода аз расонањои хабарии навиштагорї низ амалї мегардад. Вале мањбубияти Зайд Саидов њамоно побарљост ва теъдоди нафароне, ки ба таври инфиродї ва гурўњї њамарўза ба сафи њаводорону љонибдорони ў мепайванданд, афзоиш меёбад. Ва ин гуна мањбубиятро хислатњои њамида ва фавќулодаи Зайд Саидов боис шудааст. Ў шахсест баимон, фардест саропо таќводор, раъиятпарвар, озодаманишу
«
Вале мањбубияти Зайд Саидов њамоно побарљост ва теъдоди нафароне, ки ба таври инфиродї ва гурўњї њамарўза ба сафи њаводорону љонибдорони ў мепайванданд, афзоиш меёбад. Ва ин гуна мањбубиятро хислатњои њамида ва фавќулодаи Зайд Саидов боис шудааст. Ў шахсест баимон, фардест саропо таќводор, раъиятпарвар, озодаманишу њаќталош. Касест, ки сабаби ба арсаи сиёсат воридшавиашро чунин маънидод кардааст: "Як инсоне, ки даъвои маърифат ва арзишњои инсонї дорад ва бо доштани шароити хуби моддї ќонеъ бошад, вале ба атроф, мардум ва умуман, миллати худ, ки дар чї њол зиндагї мекунад, бетафовут бошад, пас, он чї инсон аст?
њаќталош. Касест, ки сабаби ба арсаи сиёсат воридшавиашро чунин маънидод кардааст: "Як инсоне, ки даъвои маърифат ва арзишњои инсонї дорад ва бо доштани шароити хуби моддї ќонеъ бошад, вале ба атроф, мардум ва умуман, миллати худ, ки дар чї њол зиндагї мекунад, бетафовут бошад, пас, он чї инсон аст? Худо накарда, дар ин њолат њама зарар мебинанд. Вазъи иќтисодї ва иљтимої моро водор кардааст, ки фањм ва имконоти худро барои ободии Ватан равона намоем". Иддае аз мардум ба хотири њамин гуна сифатњои волои ахлоќиаш пуштибонї аз Зайд Саидовро ќарзи инсонии худ медонанд, иддае дигар дар пайи чунин равиши воќеа хатареро барои худ диданд. Бале, ќисмати талхи Зайд Саи-
МАЪЛУМОТНОМАИ "НИГОЊ" 25-уми майи соли равон дар Душанбе Эътилоф барои демократия ва љомеаи шањрвандї ташкил шуд, ки дар њ айати он Кумитаи љамъиятии њимоят аз Зайд Саидов низ фаъол гардид. Њадафи Кумита њимоят аз њуќуќњои конститутсионии Зайд Саидов, соњибкори муваффаќ ва раиси Гурўњи ташаббускори Њизби "Тољикистони нав" аст. Ба њайати он Мањмудљон Ќосимов, муовини раиси Гурўњи ташаббускори Њизби "Тољикистони нав", Абдуѓанї Мањмадазимов, раиси Анљумани сиёсатшиносони Тољикистон, Мављуда Соњибназарова, узви Гурўњи ташаббускори Њизби "Тољикистони нав", Њољимуњаммад Умаров, доктори улуми иќтисод, Барзу Абдураззоќов, коргардони театр, Темур Варќї, шоир ва рўзноманигор, Ѓуломиддин С айфиддинов, энергетик, Мањмадалии Њайит, муовини раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон, Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиал - демократи Тољикистон, Абдуќаюми Ќаюмзод, рўзноманигор, Ойнињол Бобоназарова, сарвари Созмони Перспектива + ва дигар намояндагони маъруфи љомиаи шањрвандии Тољикистон шомил шудаанд.
дов метавонад домангири њар фарди баимону баинсоф ва баномус шавад. Эътиќод ба Парвардигор, эътимод ба мардум, умед ба фарљоми неки њама гуна иќдоме, ки њосили хислатњои њамидаи ўст, њидояташ кардаанд, то дар њама шароит барои ободии кишвару пешрафти миллат талош кунад. Бунёди дањњо иншооту корхона, манзили истиќоматї, ёрињои гуногун ба мардум номи ўро сазовори эњтироми хосу ом гардондааст. Њанўз пеш аз сафараш ба хориља тањдиду сару садоњо дар атрофи ў пањн шуда буд ва дар љараёни сафараш ин тањдидњо шакли воќеї гирифтанд. Аммо ў, ки бар асоси хислатњои зотии инсониаш ба бегуноњиаш бовар дорад, ба Ватан баргашт, вале боздошт шуд. Њамдиёрони азиз! Имрўз мо шоњиди он њастем, ки дар кишварамон дар баробари як шахсияти арзишманду њаќталош беадолатї ба амал омадааст. Умедворем, ки шахсиятњои озодидўсту њаќталаб дар њалли ин ќазия гирдињам омада, аз маќомот талаб кунем, ки ќазияи Зайд Саидов бо риояи меъёрњои њуќуќї мавриди баррасї ќарор бигирад. Ин иќдоми мо ќадамест барои эњтироми њуќуќи башар, шарофати инсонї ва пешгирї аз беадолативу ќонуншиканї.
8
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
кардааст. Аз сўи дигар, санадњои расмї ќарори суд, дастури нозири давлатии истифода ва њифзи замини шањри Вањдат дар дасти хонаводањо, ки бе хона ва дар кўча мондаанд, нест. Хонаводаи Тољиддиновњо мегўяд, ки аз њалномаи Суди шањри Вањдат баъди њашт моњи рўзи содир шуданаш ошно шуданд, ки дигар ваќти аз болои он ба Суди Олї шикоят бурдан гузашта буд. Аммо Сабоњат Бобиева мегўяд, ду сол боз санадњои манзили истиќоматиаш дар идораи замини шањри Вањдат аст ва то ба њол барои дуруст кардани онњо ўро медавонанд, ки имрўз биё, ё пагоњ биё. Раљаббой Тўхтаев, раиси дењаи Фириштї њам мегўяд, вайрон кардани манзили зисти ду сокини дења дар шароити сангини кишвар хуб нест, аммо маќомот ба мо гўш накарданд, ки масъаларо бо њамдигарфањмї њал кунем. Юсуф Нурбоев, вакили љамоати дењоти Фириштї, мегўяд, бояд соњибмулки ферма одамони љабрдидаро ба љойи дигар мекўчонд ва онњоро бо манзили зист таъмин мекард ва барои ин бояд ки акнун маќомот чораандешї кунанд, то ин њолат ба сари дигарон низ наояд.
Камбаѓал - гунањкор?
Войи камбаѓалї! Ќарори суди ноњияи Вањдат инсонгароии Њукумати Тољикистонро тањти суол ќарор намедињад? Манзили ду сокини хољагии Симиганљи шањри Вањдатро як соњибкор дар њузури кормандони милиса, суд ва љамоати дењоту сокинони мањалла вайрону валангор кард. Хабарнигори "Нигоњ" 17 июн дар мањалли њодиса буд. Манзили истиќоматии Сабоњат Бобиеваи 42 - сола, сокини дењаи Фириштии хољагии Симиганљро, ки 8 сотих замин буд ва дар он 8 сол боз бо се фарзанд ва шавњари муњољираш зиндагї мекард, дар рўзи равшан њангоми намози пешин бидуни огоњї вайрон карданд. Мавсуф, ки њоло дар истгоњи дењаи мазкур бо лавозимоти рўзгор ва се фарзанди наврасаш зиндагї дорад, мегўяд, њангоме, ки ба вайрон кардани хона шуруъ карданд, намоз адо мекард, аммо аз тарсу ибодат натавонист намозро тарк ва фарзандони масти хоб дар ин рўзњои тобистонро аз хоб бедор кунад. Вай мегўяд, тахрибкорон, њатто, табаќи хамирро зери хок карданд: - Соли 2003 ё 2004 буд. Заминро љамоати дењот бо ќарор ба мо њамчун кормандони ферма дод. Баъди як соли гирифтани ќарори замин ва шуруъи сохтмони бино фирмаро соњибкори мањаллї Абдуалї Тоиров хусусї кард ва кўчонидани мо аз ин хона шуруъ шуд. Аммо мо гуфтем, дар иваз ба мо замин дињед ва барои сохтмони хона
кўмак кунед, ки равем, аммо накарданд. Њатто, борњо кўшиш кардем, ки миёни замини хонаи мо ва ферма девор гирем, аммо соњибмулк нагузошт. Дирўз њангоми вайрон кардани хона милисањо маро зери мушту лагад гирифтанд, тамоми баданам сиёњ аст. Барои ташхиси судї ба Вањдат рафтам, аммо накарданд, - бадани сиёњшудаи худро нишон дода, мегўяд апаи Сабоњат. Роњила Тољиддинова, сокини дигари њамин дења аст, ки манзили истиќоматии ўро низ њамон рўз соњибмулки ферма Абдуалї Тоиров бо иштироки маќомот вайрон кард. Ин хонум мегўяд, аз соли 2003 инљониб дар пањлуи замини ферма бо 6 фарзанд зиндагї дорад, аммо аз сабаби кўтоњдастї то ба њол атрофи замини наздињавлигиашро мањкам ё девор накардааст. Санадњои манзили зисти Роњила Тољиддинова њама ќонунианд. Шиносномаи техникии њавлиаш аз соли 1999 аст. Раќами мушаххаси андозсупорї, санади Кумитаи андоз, хуллас, њама санадњо ќонунї аст.
"Ќарори суд" Абдуалї Тоиров, соњибмулки фирмаи шири дењаи Фириштї, мушаххасан нагуфт, ки кай фирмаи мазкурро хусусї кардааст.
Вай гуфт, хонаи истиќоматии ин ду сокин дар асоси њалномаи Суди шањри Вањдат вайрон карда шуданд ва њар ду ќаблан барои тарк кардни замини фирма аз тарафи маќомот огоњ карда шуда буданд, аммо иљро накарданд. Дар дасти Абдуалї Тоиров санадњое њастанд, ки ќонунї будани онњоро шакке нест. Дастури нозири давлатии истифода ва њифзи замини шањри Вањдат аз соли 2007 оид ба ќатъ кардани сохтмони хонаи истиќоматї дар заминњои мутааллиќ ба фермаи ширию молї вуљуд дорад ва муњлати иљрои ин дастур њамагї се рўз пешбинї шудааст. Суди шањри Вањдат соли 2012 њалнома баровардааст, ки монеањои эљодкардаи љавобгарон Гулов Азим, шавњари Сабоњат Бобиева ва Таѓой Тољиддинов, шавњраи Роњила Тољиддинова, бартараф карда шаванд. Аммо дар ин санад мушаххасан гуфта нашудааст, ки монеањо, яъне даъвои сокинон бо кадом маъно бартараф карда шавад. Љамоати дењот онњоро бо замини наздињавлигї таъмин кунад, соњибмулки фирма барои онњо манзили истиќоматї созад, ё њамин гуна вайрон карда шавад?
Њуљљатбозї? Камбудии Суди шањри Вањдат аст, ки масъаларо созишкорона пешнињод на-
Собиќ фермаи шири Симиганљ миёни 7 дења љойгир аст. Њоло мо дар бораи ба талаботи одии санитарї љавоб додани он њарф намезанем. Чандин хонавода дар замини ферма манзили истиќоматї сохта, зиндагї доранд, аммо танњо ду хонаводаро соњибмулк мехоњад аз замини ферма кўчонад. Соњибмулк њам мегўяд, бар асоси њалномаи Суди шањри Вањдат вайрон кардани манзили зисти танњо ду сокинро анљом додааст, то атрофии фермаро девор карда, ба соњибкории худ шуруъ кунад. Аммо њоло ин хонаводањо мехоњанд, ки аз болои њалномаи Суди шањри Вањдат ва соњибмулк ба суд шикоят баранд. Ќабл аз вайрон кардани хонањо бењтар мебуд, ки тарафњо роњи мусолиматомези корро пеш мегирифтанд. Оилаи Бобиевњо ва Тољиддиновњо мегўянд, ки агар соњибмулки ферма онњоро ба љойи дигар мекўчонд, розї буданд. Љамоати дењот ва маќомоти судиву њукуматии шањри Вањдат њам аз аќли солим кор, на зўриву зарї кор мегирифтанд, хуб мешуд, зеро Тољикистон њамчун давлат инсонгароиро пеша кардааст. Дар кўча мондани як оила магар айб нест барои як давлат? Онњо њам инсонанд, сокини Тољикистонанд, њаќќи зиндагї дар Ватани худ ва доштани манзилро доранд. Ё гунањкоранд, ки камбаѓал њастанд? Дар ин њодиса рафтори кормандони Шуъбаи корњои дохилии шањри Вањдат њам то љое шармсор кардани милиса аст. То ба њол бадани холаи Сабоњат аз мушт ва шаттањои милисањо кабуду зард аст. Ба ин Рамазон Рањимов, вазири корњои дохилї, чї мегуфта бошад? Гузашта аз ин, ин аввалин њодиса нест, ки дар шањри Вањдат вайронкунї мешавад, пас, суду маќомоти корњои дохилї, њукумати шањр чї миссия доранд - бехонаву дар кардани мардум ва ё бо роњи осоишта њал кардани масъалњои бавуљудомада?
Мењрафзуни АБДУЛЛО
САДОИ МАРДУМ
53% БА ЊУКУМАТИ ФЕЪЛЇ ЭЪТИМОД НАДОРАД
16%
Дар љавоб мушкилї мекашам
10%
Касе њаст, ки эътимод дошта бошад?
Эътимод кардан мушкил шуд
6%
Не, эътимод надорам
13%
На он ќадар
Бале, эътимод дорам
53%
Натиљаи назарсанљии ѓайрирасмии ахир маълум кард, ки беш аз 50 дарсади пурсидашудагон ба њукумати феълии Тољикистон эътимод надоранд.
2%
53 дарсад ё 209 нафари иштирокчиёни ин назарсанљии виртуалї, ки зери унвони "Ба њукумати феълии Тољикистон эътимод доред?", баргузор шуд, варианти "Не, эътимод надорам"-ро интихоб кардаанд. Њамагї 13 дарсад (50 нафар) - и иштирокчиён ба гузинаи "Бале, эътимод дорам" раъй додаанд ва 6 дарсад ё 24 нафари дигар варианти "На он ќадар"-ро интихоб кардаанд. 10 дарсад (39 нафар) аз корбарони
сомона, ки дар ин пурсиш ширкат варзидаанд, варианти "Эътимод кардан мушкил шуд"-ро интихоб карда, 16 дарсад (64-нафар) - и дигар гуфтаанд, ки "Касе њаст, ки эътимод дошта бошад?" Дар ин назарсанљї, ки тўли як њафта бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи ОИ TojNews гузаронида шуд ва дар он 394 нафар иштирок кард, њамагї 2 дарсад (8 нафар) ба гузинаи "Дар љавоб мушкилї мекашам" раъй додаанд.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
Роњи Мандела: аз зиндон то президентї Вазъи саломатии Нелсон Мандела, нахустпрезиденти сиёњпўст дар Љумњурии Африќои Љанубї ду моњ мешавад, ки дар сархати расонањои хабарии љањон ќарор дорад. Президенти ин кишвар Джейкоб Зума аз мардум хоњиш дорад, ки барои Мандела дуову ниёиш кунанд.
"Сарвари њукумати љањон" Нелсон Мандела умри кам надорад. 18уми июл 95 сола мешавад. Ин рўзро соли 2009 СММ рўзи байналмилалии Нелсон Мандела (Nelson Mandela International Day) эълон кард. Њамчун рамзи эњтиром ба сањми Нелсон дар танинандозии сулњ ва мубориза барои озодї. Барои хидматњояш соли 1993 барандаи љоизи сулњи Нобел гардид. Инчунин, барандаи дањњо љоизањои гуногуни байналмилалї мебошад. Ў дигар як ќањрамони бениёз аст. Марг барои ў охири њаёт нест. Нелсон дар дили миллионњо нафар зинда мебошад. Соли 2006 телекомпанияи Би-би-си дар миёни 15 њазор сокини кишварњои гуногун назарсанљї гузаронд. Суол чунин буд: "Киро ба њайси рањбарияти љањон дидан мехоњед?". Натиљаи пурсиш ѓайриинтизор буд - бештари пурсидашудагон Нелсон Манделаро ном гирифтаанд. Дар њисоботи солонаи созмони номии њифзи њуќуќи инсон Human Rights Watch дар бораи вазъи кишварњои африќої гуфта мешавад, ки ќариб дар бештар кишварњо низоъњои силоњнок мегузарад. Ва њуќуќи инсон даѓалона поймол мегардад. Љумњурии Африќои Љанубї аз зумраи кишварњое мањсуб мегардад, сарфи назар аз њамагуна пешгўињо ягон низоъ, њеч љониби даргире нест. Инчунин Кейптаун (шањр дар ЉАЉ) бо баландтарин сатњи хизматрасонї маркази байналмилалии сайёњї шинохта шудааст. Охирон чемпионат барои љоми љањонии футбол дар ЉАЉ доир гардид… Дар тасаввури касе намеѓунљид, ки ЉАЉ дар давоми ду дањсола бо чунин суръат рушд мекунад. Кишваре, ки дар љўйбораш аз ќатли мардум хуноба равон буду осмонро кабудии дуди борут фарогир, ба бињиште дар гўшаи Африќо мубаддал мегардад. Ин њама марбут ба зањамоти Нелсон Мандела аст, ки бар гарави љонаш барои озодии мардум мубориза кард.
"Шохае људо аз дарахт" Нелсон Мандела, яке аз 13 фарзанди пешвои ќабилаи тембу, дар музофоти Кампи шарќии Африќои љанубї ба дунё меояд. Ба ў Ролињлањла (Rolihlahla) ном мегузоранд, ки тарљумааш "оне, ки шохаи дарахтонро меканад" буда, дар забони мардуми мањаллї ба маънои одами беќарор, балвогар, душмани оромї истифода мешуд. Ролињлањла ягона фарзанде дар оила буд, ки ба мактаб меравад. Барои муаллима талаффузи номи ў осон набуд. Исми ўро муаллима Нелсон мегузорад... Соли 1940 аз коллељи Форт-Хайер барои ширкат дар бойкот хориљ менамоянд. Дар донишгоњи Африќои Љанубї ба таври ѓоибона дар риштаи њуќуќ тањсил мекунад.
Худкомае абадї нест Дар кишвар режими апартеид, ки дар љањон њамто надошт, њукм меронд. Сиёњпўстон дар муќобили сафедпўстон аз камтарин њуќуќ бархўрдор набуданд. Аќалият бар аксарияти тањљої њукм меронд. Тамоми моликияти давлатї марбут ба гурўњи хурди њокимон ва сафедпўстон буд. Дар кишвар бенавої, ќашшоќї, мазлумї, рўњафтодагии бардавом дар муќобили ќишри њукмрон давр меронд. Ин раванд ќариб се садсола идома дошт. Дар љомеа ду ќишр мављуд буд: дороён, ки мансабдорону сафедпўстон, яъне наздикони онњоро дар бар мегирифт ва дигаре бенавоён, ки аз мардуми тањљої - сиёњпўстон иборат буд. Иќтисод суќут карда, сафи љинояткорї меафзуд. Озодии инсон мањв гардида, зулм боло мегирифт. Расидан ба зиндагии шоистаи инсонї барои мардуми бумї афсонаро мемонду ноумедї њукм меронд… Масъулини режими њукмрон барои баќои њокимият аз зиндону террор кор мегирифтанд. Сафи зиндониёну терроршудањо њамасола ба њазорњо нафар мерасид. Мањбас пур аз зиндониёни сиёсї буд. Тањримњои байналмилалї барои пешво-
ёни режими апартеид кора намекард. Билохира, ин режимро Нелсон Мандела ба суќут расонд.
Роњи Нелсон Карераи сиёсиашро Нелсон Мандела соли 1944 оѓоз кард. Дар ин сол ба сафи лигаи љавонњои њизби Конгреси миллии Африќо шомил гардид. Ин њизб дар дањаи дуюми аввали асри 20 ташкил гардида, дар муќобили њукуматдорон ќарор дошт. Мандела дар њизб ба зудї аз чењрањои намоён ва пешсаф гардид. Соли 1953 рањбарии яке аз шўъбањои муњими Конгресро ба ўњда дошт. Њукумат дар љойњои љамъиятї сўњбат кардани ўро дар солњои 1953-56 манъ намуд. Соли 1956 бо љурми хиёнат ба ватан мутањам гардид. Дар ин ваќт ў чун пешвои Конгресс мањбубият касб кард. Соли 1960 фаъолияти њизб аз љониби њукумат манъ гардид. Нелсон фаъолияти сиёсии пинњониро пеша кард. Ба Алжир рафт. Фаъолиятњои диверсионї-таркиш ва дигар амалиётњои њарбиро омўхт. Бо њамроњии њампаймонњояш блоки њарбии њизб - Умконто ва сизве (Ханљари миллат)-ро асос гузошта рањбарии онро ба зима гирифт. Аммо дар ЉАЉ њарбиёни Умконто ва сизверо мањбас интизор буд. Моњи июни соли 1964 Нелсон ва чанде аз њамроњонашро дастгир намуданд. Ўро судя бо љурми террористиву ѓайриќонунї хориљ шудан аз кишвар барои абад ва +5 сол мањкум ба њабс намуд.
27 сол дар паси панљара "Террористи №1"-ро ба зиндоне дар љазираи Роббен равон карданд. Дар њуљрае, ки 2 метр пањнї ва 3 метр дарозї дошт, танњо нигоњ медоштанд. Аз ягон кори душвор ба мисли сангшиканї низ рў наметофт. Аз панљараи мањбас ба берун нигаристан барояш осон набуд. Дар муќобили панљара мањбусин дар майдони кор љон медоданд. Худаш њам дар ин майдон санг мешикаст. Садои сангшикании ўро дар гўшаву канори олам гўши шуна-
9
Озодии ў њамсон ба озодии миллионњо сокини ин кишвар аз љабри режими апартеид буд. Нерў гирифтани ў нафаси тоза барои мазлумон буд. Њизби Конгресси миллии Африќо боз ба расмият шинохта шуд.
Соли интихоботи президентї Соли 1994 дар кишвар интихоботи умумимиллї баргузор шуд. Дар он аќалияти сиёњпўстон низ ширкат кард. Нелсон Мандела президент интихоб гардид. Суханрониаш дар маъракаи ќасамёднамої ба њайси президент љилои нерўи хастагинопазир ва хиради инсондўстии ўро ба намоиш гузошт. Ман намегуфт, бо такя ба нерўи мардум ишора мекард. Кам нестанд рањбароне, ки то президентї таљрибае надоштанд. Аммо Нелсон дигартар аз њама буд. Нафаре, ки дар идораи њокимияти иљроия таљриба надошт, њатто ба наздик шудан ба бинои он рањ намедоданд, дар замони мушкил рањбариро ба даст гирифт. Дар назди Нелсони шикастнопазир хатари љанги шањрвандї, парокандагии миллї, иќтисоди фалаљшуда ва дањњо мушкили дигар ќад алам кард. Дар идораи дават намунае нишон дод, ки њамаро дар майдони сиёсат багуфте гипноз намуд. Њамаро мебахшид. Онњое, ки дар ќасди љонаш буданд, ба рўяшон оѓуш кушод. Судяеро, ки њукми њабси абадашро ќироат кард, ба хўроки шом даъват намуда, сўњбат орост. Ба њукмронии адолат поя мегузошт. Соли 1999 ваќте хатари љанги шањрвандї рафъ гардид, эълон намуд, ки аз маќоми президентї меравад. Њамин тавр њам кард. Дар миёни мардум ўро "Мадиба" ном мебаранд, яъне омўзгор. Ваќте истеъфо медињад, мегўяд: "Ба ман занг назанед, худам тамос мегирам". Њоло њам касе шубња надорад, ки ў аз идораи давлат канор рафта бошад.
Зайд Мандела Дар тўли таърих мардоне, ки бо њадафи созанда, бењ намудани вазъи зиндагии мардум сар баланд кардаанд, шумораашон андак нест. Таърих шоњид аст, ки њукуматњо њеч ваќт чунин мардонро ќабул надоштанд, ба мисли Нелсон. Аммо Нелсон тавонист зиндагии мардумашро дигар намояд. Зеро ў пеш аз њама худашро њифз кард. Мардуми тољик низ шоњиди чунин фидокорињо шудааст. Яке аз намунањои боризи он Восеъ мебошад. Ахиран, Зайд Саид, соњибкори муваффаќ, њатто бо њукумат наздик садо баланд кард: Ба мардум Тољикистон зиндагии шоиста мехоњам! Овозашро то ба охир набароварда, садояшро гулугир карданд. Дар ибтидои роњ роњии зиндон карданд. Пас дар назди ў низ бояд њадафи асосї яке бошад, њифзи љони худ. Тибќи њамон матали маъруфи тољикї: "сар саломат бошад, кўлоњ ёфт мешавад".
Азамати ВАЊЊОБ
10
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
Њарчанд коршиносон аксаран сари ин аќида устуворанд, ки заминањои инќилобї дар Туркия муњайё нестанд, вале шеваи тазоњуроту рањпаймоињо худ шабењи оѓози инќилобњои арабист. Инќилобњое, ки то њол танњо дар Тунис ва Миср нисбатан муваффаќ буданд ва дар Либияву Бањрайн ва ин шабу рўз дар Сурия ба хун кашида шуданд. Дар Туркия низ тасмими њукумат дар мавриди вайрон кардани боѓи Ѓозї ва ба љои он бунёд намудани маркази бузурги тиљоратї бањонаи ба хиёбонњо рехтани мардум шуд. Аслан як бањонаи ночиз аст, як амали шояд дар оѓоз тарњрезишуда њам набуд. Вале инќилобњои арабї њам аз њамин гуна бањонањои ночиз сар заданд. Масалан, худро оташ задани дўкондори номуваффаќ дар маркази Тунис хашми омро барангехт. Албатта, Туркияро наметавон кишвари худкома ва њокимонашро ба мисли бин Аливу Њуснї Муборак дар мансаб дарозумр номид. Вале ба назар мерасад, Раљаб Тайип Эрдуѓон иштибоњи бин Аливу Муборакро такрор мекунад, бар зидди мардуми норозї аз неру кор мегирад, ки ин оќибати хуб надорад. Айнан њамин корро замоне Муаммар Ќаззофї карда буд. Вай мухолифонашро нодида гирифт ва њамеша калламушњо мегуфт.
МАВЌЕЪ
Эрдуѓон, Ќаззофї ва Асад: магар пайроњаи онњо якест? Рўйдодњо на тасодуфї буданд
Носењ Эрдуѓон: ўро кї насињат кунад? Вале бо вуљуди ин сарнавишти Ќаззофиву Асад барои Эрдуѓон ва Сурияву Либия барои Туркия аз эњтимол дур нест.Зеро Эрдуѓони носењи ин ду њоло худ ба њолашон афтодааст ва дигар касе нест ўро насињат кунад, ки бо мардумат ин гуна бархўрд накун. Замоне, ки дар Либия ноамнињо шурўъ шуданд ва полковник Ќаззофї ба њарфи касе гўш намедод, аз сари ѓурур нахост бо мухолифонаш сари мизи гуфтушунид биншинад ва дар баъзе нукот онњоро саркўб намуд, њамин Туркия ба хотири њудудан 150 њазор муњољири кориаш дар ин кишвар вориди амал шуд. Дар оѓоз пешнињоди миёнаравї кард, аммо ду љониб ўро ба сиёсатњои дугона муттањам карданд. Баъдан чун Эрдуѓон дид талошњои сулњофариниаш ба љое намерасад, аз лањни шадид кор гирифт. Вай гуфт, ки Муаммар Ќаззофї "хун, ашк ва тањќиру озорро истифода кард, ба љои он ки пешнињодоти моро бипазирад ва роњњои мусолиња ва њифзи якпорчагии Либияро љустуљў кунад, даст ба хунрезї зад ва болои халќи худ њамла намуд. Акнун дар ин марњила сарвари Либия бояд бидуни таъхир ба истеъфо равад". Намояндаи вазорати корњои хориљии Туркия дар сўњбат бо "Вашингтон пост" гуфта буд, ки Эрдуѓон се маротиба бо Ќаззомфї гуфтугўи телефонї дошт ва ин се бор њам аз ў даъват кард, ки аз рехтани хуни ноњаќ даст бардорад ва ба истеъфо равад. Ва њамеша полковник инро рад мекард. Дар мавриди дигар вай хитоб ба Ќаззофї гуфта буд: "Роњбарияти Либия бояд ба талабњои
демократии мардуми худ гўш фаро дињад. Ягон низом наметавонад дергоњ дар сари њокимият бипояд, агар халќи худро чун тањдид бинад ва онро саркўб карданї шавад. Либия моликияти хусусии оилаи Ќаззофї нест. Хуне, ки мерезад, ин хуни либиягињост. Сулњи пойдор ва боадолат бар ивази хуни бародарон имкон надорад". Иќтибосотро ба он хотир овардем, ки вазъ дуруст тасаввур шавад. Шахсе, ки дигаронро панд медод ва амалкардашон алайњи мардуми худашонро мањкум мекард ва онро нораво ва дур аз ахлоќи башарї медонист, имрўз њамон корро бо дастони худ зидди халќи худ анљом медињад. Аммо Эрдуѓон танњо зидди Муаммар Ќаззофї ин гуна рафтор накард, танњо ўро тавњин нахонд, балки бо њамсояи худ Сурия њам канор наёмад, њукумати Башор Асадро ба худкомагї муттањам намуд ва њамвора истеъфои ўро хост. Ва на танњо њамлањои лафзї бурд, балки бо ѓарбиён дар як саф ќарор гирифт, бо аъроб забон як кард ва њар фишоре метавонист биёварад, овард ва Асадро мањкум намуд. Кор ба љое расид, ки мехост њамла кунад, мехост ба мухолифонаш ошкоро ёрии низомї расонад, мехост лашкарашро њам ворид созад ва аловитињоро аз сањани сиёсиву давлатдории Сурия дур андозад. "Президент Асад њама марзњои тасаввуршавандаро убур кард, вай мегўяд омода аст то ба охир биљангад. Ва ман мехоњам аз ў бипурсам, ки мањз бо кї мехоњад биљангад? Бо халќи худ? Ва агар чуни наст, пас ман ба Асад сарнавишти Њитлер, Муссолинї, њамчунин Ќаззофиро ёдрас мекунам. Метавон гуфт, ки њамаи онњо бар зидди мардуми худ љангиданд, вале њоло онњо куљоянд? Шояд Асад аз ин сарнавиштњо
хабар надошта бошад, аз ин рў ба вай маслињат медињам, ки таърихро бихонад".
Тарњи шикастхўрдаи Эрдуѓон Аммо баъд аз сухан ба амал гузашта буд. Тарњеро пешнињод кард, ки тибќи он Туркия мебоист ба Либия киштињо ва сарбозанашро эъзом мекард ва ба сарнагунсозии режими Ќаззофї сањми арзишманд мегирифт ва бар ивази он талаб дошт, ки кишвараш бидуни ќайду шарти дигар ба узвияти Иттињодияи Аврупо пазируфта шавад. Ин тарњ аз љонби Барак Обама пазируфта шуд, вале ба муќовимати шадиди муттањидони Вашингтон рў ба рў гардид. Бахусус, президенти ваќти Фаронса Никола Саркозї зидди ин пешнињод садо баланд кард ва гуфт, ки ИМА наметавонад пазириши ин ё он кишварро ба Иттињодияи Аврупо талќин ва ё тањмил кунад. Сарварони дигари кишварњои узви ин паймон гуфтанд, ки Эрдуѓон мехоњад аз вазъ њаннотона истифода барад ва њамагон зидди амалишавии ин тарњ баромаданд. Эрдуѓон он замон ноком монд ва Туркияро то њол њам касе ба узвияти Иттињодияи Аврупо ќабул накардааст. Раљаб Тайип Эрдуѓон бо вуљуди нокомињо дар талошњояш аз интиќоди Асад даст накашид ва њатто гуфт: "Агар Худованд ба мо имкон дињад, мо хоњем дид, ки ин ќассоб ва ин ќотил чї гуна мањкум мешавад. Ту барои ин кирдорат , барои љасоратат бар зидди тифлакон посух хоњї гуфт". Њамчуноне мегўянд, њољат ба шарњ нест.
Аммо ба назар мерасад руйдодњои охири Туркия ќобили пешбинї буданд. Хеле пештар аз ин њодисот ожонсии REX бо истифода аз назари коршиносони худ на як бору ду бор рўйдоди имрўзро дар Туркия пешбинї карда буд. Њатто коршиносони турк њам, ки дар тањлилњои ин хабаргузорї ширкат мекарданд, ба ин гуна изњори назарњо мувофиќ буданд ва њатто аз тариќи воситањои ахбори дохилї бо интишори маќолањо маќомоти расмии кишварро њушдор медоданд, ки вазъ на бо он њад оддї аст, ки мепиндоранд. Вале њукумати Эрдуѓон, ки дар Ѓарб онро њатто тандеми Эрдуѓон-Довуд-уѓлї њам меноманд, ѓарраи нерўи худ ба ин тањлилњову пешгўињо ањамияте намедоданд. "Онњо ончунон ѓарќи такаббури "неоусмонии худ" буданд ва бовар доштанд Туркияро ба як империяи нав ва бозингари аслии минтаќа табдил медињанд, ки нафањмиданд, чи гуна муттањидонашон дар Ѓарб ва Исроил аз онњо мехоњанд лулакабоб созанд", - менависад ин ожонсї. Макс Жюрен, тањлилгари амрикоии масоили амниятї менависад, ки Эрдуѓон ѓарќаи њалли мушкилоти Сурия шуд ва ният дошт обро лой карда моњї медорад, вале бехабар монд, ки аз дўстони худ аз пушт корд мехўрад. Даступохўрдагии сарвазири Туркия ќобили дарк аст, "дўстон"-и дирўзааш, ки имрўз аз ў даъват мекунанд, ки аз истифодаи нерў зидди тазоњуркунандагон даст кашад ва аз љониби дигар аз тариќи шабакањои иљтимої мардумро ба майдонњо мекашанд, талошњои майдоннишинонро шабењи инќилобњо ё худ хезишњои мардумии љањони араб ќаламдод мекунанд ва бо ин васила дар атрофаш домњои фиребу дасиса мегузоранд. Њоло њам ў њозир нест воќеъиятро бипазирад њоло њам ў бовар дорад, ки инњо тўдањои ба доми фиреб афтодаанд, на мардум. Замоне њам Ќаззофї ва њам Асад, ки Эрдуѓон сарзанишашон мекард ва аќл меомўхт, њамин гуна андеша доштанд. Назди мардум нарафтанд, арзашонро нашниданд, тањќирашон карданд, озорашон доданд, њам душмани дохилї ва њам хориљии худро афзун намуданд. Давлати яњудї ба њељ ваљњ наметавонад Эрдуѓонро барои "густохињояш" бубахшад ва њоло аз ин фурсати муносиб то метавонад истифода мебарад. Ба сурати умум вазъи Туркия на чандон хуб аст, ки иддио мешавад. Ин кишвар дар пешорўи як ноамнии сартоосарї ќарор дорад. Ва боз ин дар њолест, ки субњи рўзи сешанбе ноиби сарвазири Туркия эълон кард, ки эњтимол дорад барои хомўш кардани мављи тазоњуроти мардумї аз нерўи артиш истифода шавад. Артише, ки дар таърихи Туркияи отатуркї ду ё се маротиба баъди чунин дахолатњо табаддулоти низмої анљом додааст ва низомњои мављударо иваз кардааст.
Фирўзи МУЊАММАД
ЊИММАТИ МИЛЛЇ
Д
ар "Рўзи умумиљањонии донори хун" ваќте ба Маркази љумњуриявии илмии хун омадам, маъракаи густардаи хунсупорї дар ављ буд ва одамони зиёде барои супоридани хун навбат меистоданд. Ман њам хостам донор шавам. Њамширањо ба андомам назар карда, пурсиданд, ки чанд килограмм вазн дорам, гуфтам, тахминан, 50. Гуфтанд, ки Шумо наметавонед донор бошед, зеро вазнатон ба меъёр мувофиќ нест. Аз шахсе хун гирифта мешавад, ки вазнаш аз 54 килограмм бештар бошад. Нуралї Ашуралиев, муовини директори Маркази љумњуриявии илмии хун, гуфт, аз рўи њаљми физиологї њангоми хунсупорї набояд аз 7-8 фоизи хуне, ки дар бадани одам давр мезанад, зиёд гирифта шавад, аз ин рў, ќабл аз хунсупорї вазни њар донор баркашидаву муайян карда мешавад. Фарњод Ќурбонов донишљў аст ва пайваста донор мешавад. 67 килограмм вазн дорад. Вай мегўяд, шояд, ќатраи хунаш њаёти нафареро наљот бидињад, аз ин лињоз, ба истиснои Рўзи умумиљањонии донори хун тибќи муќаррароти тиббї њар 60 рўз баъд хун месупорад. Ин донишљў мегўяд, ваќте њар ду моњ баъд хун месупорад, саломатиашро хуб њис мекунад. Шахсоне, ки зуд-зуд хун месупоранд, пўсти бадани онњо тоза мешавад, фишори хуни эшон муътадил, фаъолияти маѓзи устухон хуб мешаваду њуљайрањои нав эњё мегардад. Дар организми донорони хун беморињои инфаркту инсулт ва аллергї анќариб дида намешавад.
«
Дар байни хунсупорандањо дар Тољикистон њамаи гурўњњои хун вохўрда мешавад. Вале бар пояи пажўњиши Маркази љумњуриявии илмии хун дар ќаламрави кишвар нафарони хунсупоранда аксаран соњибони гурўњњои хуни 2-юм ва 3-юм мебошанд. Вале ин аќида њам љой дорад, ки ќисме аз донорњо ба хотири пул хуни худро медињанд. Донишљў Фарњод Ќурбонов дар ду марњилаи ќаблии хунсупории худ аз ин марказ 50 сомонї маблаѓ гирифтааст ва он њам барои барќарор кардани неру дар пайи кам шудани хун. Нуралї Ашуралиев мегўяд, хунсупоранда агар хоњад, ки маблаѓи донориашро бигирад, ягон мушкил нест, аммо ќисми зиёди донорон хуни худро ройгон эњдо мекунанд. Нафаре, ки мехоњад донор шавад, њамарўза метавонад бо пешнињоди шиносномаи худ вориди марказњои хунсупорї шавад. Шиносномаи хунсупорандањо њамчун дафтарчаи донории эшон дар компютер ба ќайд гирифта мешавад ва баъди љо кардани маълумоти пурра дар бораи шахси хунсупоранда ва мушаххас шудани озмоиши хун, ў ба сафи донорон шомил карда мешавад. Даро ин росто њастанд шахсоне, ки донор шуда наметавонанд. Ин нафарон одамоне њастанд, ки дар хунашон "инфексия" мављуд аст. Њар нафари аз 18 то 65 солаи солим метавонанд донори хун бошанд. Занњо бошанд, аз синни 18 то 60-
11
"ХУНИ ТОЉИК" Тољикистон метавонад содиргар импортёри хун бошад? То соати 15:00-и рўзи 14 июн танњо дар Маркази љумњуриявии илмии хун беш аз 400 нафар, аксаран љавонони то 40 - сола буданд, хун супориданд.
- Чанд сол ќабл, ваќте дар Арабистони Саудї тањсил мекардам, он љо донор мешудам ва духтурон мегуфтанд, ки хуни супоридаи онњо ба кишварњои љангзада њамчун кўмаки башардўстона фиристода мешавад. Донишљўёнро дар Арабистон бовар мекунонданд, ки ин амали онњо кори савоб аст.
Пул ё хайр?
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
АЛИНА КАБАЕВА
сола. Исфандиёр Зоњиров, муовини директори генералии "Тољинвест"-и зеркумитаи Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Тољикистон, ки дар "Рўзи умумиљањонии донори хун" ихтиёран барои хунсупорї ба Маркази љумњуриявии илмии хун омада буд, мегўяд, њарчанд хунсупорї аз манфиат холї нест, аммо нафаронеро вохўрдан мумкин аст, ки хуни худро барои тоза шудани пўсти баданашон бо истифода аз банкањо мегиранд: - Ин амалро "њиљома" ё "њиљама" мегўянд. Аммо дар ин њолат пўсти бадани онњо тоза њам намешаваду хунашон ба касе судбахш намегардад. Хуне, ки тариќи банкањо гирифта мешавад, партофта мешавад ва хуне, ки дар марказњои илмии хун гирифта мешавад, ба эњтиёљмандон равона мегардад.
"Ња" ва "не" - и импорти хун Масъулини Маркази љумњуриявии илмии хун мегўянд, Тољикистон пурра бо тамоми намуду таркибњои хун таъмин аст. Аз онњо суол мекунам, ки оё имкон дорад "хуни тољикї" ба хориља содир карда шавад? Нуралї Ашуралиев гуфт, чунин имконият, умуман, вуљуд дошта наметавонад, зеро хун ин боигарии миллист ва он ба ягон давлати хориљ фурўхта ё ройгон њам-
чун кўмаки башардўстона пешнињод карда намешавад. Он танњо захира ва дар њолатњои фавќулода ё зарурї мавриди истифода карор мегирад. Вай афзуд, дар дунё чунин низом нест, ки як кишвар ба давлати дигар дар вазъияти фавќулода љузъиёти хунро кўмак кунад ва ё фурўшад. Аммо Исфандиёр Зоњиров, гуфт, содироти хун имконпазир аст: - Чанд сол ќабл, ваќте дар Арабистони Саудї тањсил мекардам, он љо донор мешудам ва духтурон мегуфтанд, ки хуни су-
поридаи онњо ба кишварњои љангзада њамчун кўмаки башардўстона фиристода мешавад. Донишљўёнро дар Арабистон бовар мекунонданд, ки ин амали онњо кори савоб аст. Дар ин замина Бакит Ќарабоев, мудири кулли Маркази љумњуриявии хуни Ќирѓизистон, дар њамоише бахшида ба Рўзи љањонии донорњои хун изњор дошт, ки дар кишвараш захираи хун барои њолатњои фавќулода мављуд аст. Ба гуфтаи ў, азбаски Маркази љумњуриявии хун иншооти муњим аст, њаљми даќиќи захираи хунро наметавонад ошкор созад. Ќарабоев мегўяд, агар рафту, дар кишвар кадом як њолате сар занад, њељ љумњурии дигар хуни худашро намедињад: "Пас, дар ин њолат Ќирѓизистон њам захираи хунашро ба кишвари дигар намедињад ва ин яке аз бахшњои амнияти миллї аст". Мутахассисон зиёд шудани шумораи бахшандагони хунро ба боло рафтани "њисси инсондўстї"-и онњо марбут медонанд. Шурўъ аз соли 2005-ум бо ташаббуси Созмони љањонии тандурустї 14-уми июн чун Рўзи умумиљањонии донорони хун таъин шудааст. Ин созмони байналмилалї њадаф гузоштааст, ки то соли 2020-ум њамаи ањолии љањон аз зарурати эњдои хун огоњ шаванд ва хунсупорї дар тамоми дунё бепул шавад. Умедљони САЪДУЛЛО
12
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
БО ШОИР
Салими Зарафшонфар ***** Бахтам шикасту ин дили пурхун шикасту рехт, Умрам шикасту ќимати афзун шикасту рехт. Тољи ѓурур аз сари болои ман парид, Тахти умедњои пурафсун шикасту рехт. Оинаи таљаллии садранги орзу Аз санги њодисоти балогун шикасту рехт. Љоми нишотро биситонд аз кафам ќазо, "Манъ аст бар ту!" гуфтаву малъун шикасту рехт. Фикрам ба љустуљўйи њаќиќат фитоду дид, Шањболи фикри чанд Фалотун шикасту рехт. Андар чароѓдони замири ќабилањо, Гўям чї сон, чароѓи хирад чун шикасту рехт. Аз шарри аљнабист, ки фарри каёниям Бо њамтании ќисмати вожун шикасту рехт. Афрохтам ливои ниёгон, нафир хест, Шавќам зи зарби ин њама шавќун шикасту рехт. Ќоматшикаста халќ зи фаќру гурўњаке Бо ќасрњош савлати Ќорун шикасту рехт. Шабгањ ситорапар шуду гуфтам, ки: Бар сарам, Вањ, тикка-тикка гунбади гардун шикасту рехт. Гулбод н-орад бўйи фасли гулфишони кўдакї, Бар ин љањаннам пайк н-ояд аз љинони кўдакї. Кай хоби ширину бароњат шуд насибам дар љањон, Љуз хоб дар зонуи мом андар љањони кўдакї. Боли њумои бахт будиям ба сар дастони ў, Кулли дами пирї наарзад бар як они кўдакї. Њар бурда нон з-он пас ба комам зањр гашт, аммо нарафт Аз ком ширинии нони гарми хони кўдакї. Бо тарзабониам намефањмад забонамро касе, Бар хоку бар афлок буд фањмо забони кўдакї. Ранљур поям мех?рад акнун ба тобистон хунук, Овањ, чї сон буд гарм њатто зимистони кўдакї. Љинбоди даврон хокбезї менамояд бар сарам, Ёдат ба хайр, эй хокбозии замони кўдакї!
***** Рањи умрам ба роњи марѓазан пайванд хоњад шуд, Дилам озод аз савдои чуну чанд хоњад шуд. Танамро чор тан бар хокдони сард хоњад бурд, Фусурда, бар гили Мењан гилам монанд хоњад шуд. Вале рўњам чу гирди нуќта гирди кўйи хушљазбат, Буто, паргорсон гардандаву побанд хоњад шуд. Љањони зулматойин, зулматогин, зулмхў кушта Чу ман як равшанойинро, ќаноатманд хоњад шуд. Њаёти ман, ки будам ё набудам, худ намедонам, Яке афсона, ё як шеър, ё як панд хоњад шуд. Чу ширинљисм хоњам рафт аз оѓўши ширинат, Зи таъмам хоки одамхор бас хурсанд хоњад шуд.
***** Бас ќарнњо бигзашта аз айёми Маљнун, Эњёст андар љони ман оломи Маљнун. Њамноми Лайлоиву њамтояш ту, эй гул, Ман бо љунуни худ шабењи томи Маљнун. Сўзам ба ёди васли ту кайњост, яъне Ман њам пазам дар сар умеди хоми Маљнун. Лайлонасаб ёро, ба Маљнунпеша ёрат Биншину медон, буд Лайло роми Маљнун. Мову ту инак рўбарўему зи шодї Андоми ман ларзад чунон андоми Маљнун. Аз чист маљнунбед сархам? Чунки созад Таъзим бар поят зи ваљд аз номи Маљнун. Биншин ба зераш дар барам, Лайлои зебо, К-охир ман аз гардун ситонам коми Маљнун.
***** Чу резад пар, варо бар љисми кафтар љамъ натвон кард, Чу резад барг, бар шохи санавбар љамъ натвон кард. Зари махзан ту сарфи ин љањон бинмо, зарандўзо. Чї созї сарфа? Бањри он љањон зар љамъ натвон кард. Муњаббат омаду аз сар парешонид њуши ман, Чу тўфони бало печид, лашкар љамъ натвон кард. Хирољи сад Фарангистон биарзад њусни он дилбар, Хирољи ў аз ин вайронакишвар љамъ натвон кард. Мисоли наљми паррон лањзањои умри мо рафтанд, Зи гардун анљум ар афтод, дигар љамъ натвон кард… Киро ронад, киро хонад ба фирдавсаш, Худо донад, Бинўш инак, ки моро гирди Кавсар љамъ натвон кард.
***** Каљраву каљрою каљмайлон чу мастї, эй фалак, Аз равоњукмї чунин масти аластї, эй фалак. Гарчи андар синаат дорї дили мењри мунир, Кинапарвар, тирахў, зулматпарастї, эй фалак. Мо ба љангу сулњ андар сањнаи гардони Хок, Њолгардону тамошобин ту њастї, эй фалак. Додаї пастодамонеро баландї, њаббазо, Худ ту њам бо он баландињот пастї, эй фалак. Њосилулумр аз паёпайзахмњо ќалби маро Мисли ангури халилї хўша бастї, эй фалак. Њар чї ман дарёфт бинмудам, рабудї, аз кафам, Њар чї ман пайваст бинмудам, гусастї, эй фалак. Ношикаста аз њазор армон Зарафшонфар яке, Беамон паймонаи умраш шикастї, эй фалак.. ***** Чу гул хомўш хандидему рафтем, Чу мул хунљўш гирйидему рафтем. Ба ноњаќнаќш девони замона Чу њарфи њаќ нагунљидему рафтем. Наѓалтидем пеши пойи нокас,
Зи по њарчанд ѓалтидему рафтем. Ѓам оварданд бар Мењан шарирон, Ѓамашро мо бинолидему рафтем. Таровад шеър аз шоир, вале мо Зи шеъри худ таровидему рафтем. Алайњи зулму зулмат лањзае чанд Ба нури адл печидему рафтем. Натобидем як хуршед, оре, Як ахтар лек рахшидему рафтем. Шарармоно дил андар сина љўшид, Њаљармоно битаркидему рафтем. ***** Љаннатмаконї, эй Ватан, љаннатмакони дигарон, Роњатрасонї, эй Ватан, роњатрасони дигарон. Ман дилфишон бар номи ту, ман љонфишон бар нанги ту, Ман сарфишон бар пойи ту, ту зарфишони дигарон. Аз мењри ту монандаи як арѓувонбун ин љигар Лах-лах њаме бишкуфтаву ту мењрубони дигарон. Тањхонашини зулматат ман тоќаву созад назар Хуршеду моњи ту фаќат бар ошёни дигарон. Ашки ѓамат дар чашми ман, зањри ѓамат дар љоми ман, Сўгат насиби ман њама, сурат аз они дигарон. Нанњї падарворам ба сар дасти навозиш, гарчи низ Њаќќи навозиш дораме ман њамчунони дигарон. Нашнохта, хун резиям рўзе, зибас мебошадат Чун Рустами Сўњробкуш сар дар инони дигарон. ***** Эй насими навбањорї, мушки мўйи ў биёр, Бар ман ар ташриф меорї, зи сўйи ў биёр. З-осмон бўйи малак не, бар машомам накњате З-остони атрхезу атрбўйи ў биёр. Тираумрам бо вуљуди мењру моњу ахтарон, Шохануреям зи нуроганда рўйи ў биёр. Ташнаам ман узв-узв, арчанд рўду чашмањост, Ќатраоб аз љўйи боѓи хушнумўйи ў биёр. Ќалби ман афсурд байни ќалбњои кинаљўй, Як садо пайѓоми ќалби мењрљўйи ў биёр. Дар вараќњои гули бодом печонда сабук, Тўњфаи наврўзиям гарде зи кўйи ў биёр. ***** Ѓаму ѓуссаву љафоро ба гулоби шеър шўед, Њама фитнаву даѓоро ба гулоби шеър шўед. Зи ѓубори љањли одам шуда тирарўй гетї, Рухи тираи фазоро ба гулоби шеър шўед. Ба сухан чї нек бархе, ба амал чї зишткоранд, Шари наѓзакакнаморо ба гулоби шеър шўед. Зи чї бар дањони покат биљавї чу хор дашном? Дањанони жожхоро ба гулоби шеър шўед. Ба тани замон пажогин бувадо тафаккури ќавм, Сазад, ин куњанќаборо ба гулоби шеър шўед. Чу зи хуни ќалби шоир њама сатр гашт гулгун, Сияњии синањоро ба гулоби шеър шўед.
ТАХТАИ СИЁЊ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
13
Д
ар бораи њама чї ва њама кас мегўянд. Сиёсат, њизбњои мухолиф, Афѓонистон, Амрико, њатто мори сесар дар Њиндустон. Президент, вазир, тўй, мактаб ва ѓайраву њоказо. Аммо дар бораи онњое, ки ќариб 7 миллион чорвои Тољикистонро шабу рўз бонї мекунанд, ростї, ба ин наздикї дар љое чизе нахондаам. Онњо чї њол доранд? Дар њамон кўњњои баланд, айлоќњои сабз миёни фатирмаскаву гуштбирён ба алами мову шумо кайфу сафо гашта бошанд? Ё... Чўпонњо њам мушкил доранд. Ногуфта намонад, ки мушкили онњо мушкили мо њам њаст. Мирзонаим Нозимов, яке аз чўпонњои собиќадори ноњияи Кўњистони Масчоњ ба "Нигоњ" гуфт, ки нархи чарогоњњо миёншикан шудааст ва аз тањдидњои соњибзаминон ба љон омадаанд: - Мо чарогоњро бо гўсфанд њисобї мекунем. Соњибони чарогоњњо тањдид мекунанд, ки агар 10 -15 гўсфанд дињї, чарогоњро гир, агар надињї, чарогоњро ба дигар кас медињам. Дар ин байн љанљолњо низ рух медињанд. Соњибони чарогоњњо худ шоњу табъашон вазир аст... Бар мављудияти ин мушкил Неъматулло Назаров, собиќ раиси яке аз хољагињои Кўњистони Масчоњ, ки ба нигоњубини чорво машѓул буд, низ ишора мекунад: - Бояд мо фањмем, ки чўпонњои мо њам дар чарогоњњои тобистона ва њам зимистона дар љойњои кироя чорвои худро мечаронанд. Даврањои пеш бењтар буд. Аммо њоло як навъ беназоратї ба амал омадааст. Аммо дар Вазорати кишоварзии Тољикистон ба "Нигоњ" гуфтанд, ки бо ќабул шудани Ќонун "Дар бораи чарогоњњо", ки 3 марти соли равон ќабул шуд, соњибони чарогоњњо дигар њуќуќ надоранд, ки аз 8 сомонї сари гўсфанд зиёд пул гиранд, он гуна ки то набудани ќонун мекарданд. Зафар Мирзоев, сардори Раёсати чорводории Вазорат, гуфт, соњибони чарогоњњо њаќ надоранд, ки нархи чарогоњро бештар аз ду баробари андоз ќиммат кунанд: - Нархи чарогоњњо бо ќарори махсуси њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста ба минтаќањо муайян карда шудааст. Андоз барои як гектар чарогоњ аз 2,12 дирам то 5 сомонї муќаррар карда шудааст. Тибќи ќонуне, ки моњи марти соли љорї ќабул шуд, дар сурате, ки ба соњиб чарогоњаш зиёдатї мекунад ва имкони як ќисмашро ба иљора додан дорад, маблаѓи иљора на аз ду маротибаи маблаѓи андоз бояд зиёд бошад. Агар андози њамон чарогоњ 3, 50 дирам бошад, ў њуќуќи аз 7 сомонї баланд кардани нархи чарогоњро надорад.
«
Бишнав аз чўпон! Нархи гўшт дар чарогоњњо ќимат мешавад Чарогоњњои Тољикистон тобеи Массисаи давлатии хољагии љангал ва шикор мебошанд. Дар бораи нархи онњо Асрор Њакимов, сардори шуъбаи иќтисоди ин нињод ба "Нигоњ" гуфт, нархи чарогоњњо дар асоси Ќарори њукумати ЉТ "Татбиќ намудани меъёри хирољњо барои анљом додани амалњои аз љињати њуќуќї муњим ва пардохтњои барои додани иљозат оид ба истифодаи захирањои табиї ё дигар захирањои мављуда" аз 2 ноябри соли 2007 тањти раќами 546 нархи чарогоњњоро муќаррар шудааст: - Мувофиќи ќонун барои як мавсим бояд барои 1 сар моли майда 1 сомонї ва барои
- Мо чарогоњро бо гўсфанд њисобї мекунем. Соњибони чарогоњњо тањдид мекунанд, ки агар 10 -15 гўсфанд дињї, чарогоњро гир, агар надињї, чарогоњро ба дигар кас медињам. Дар ин байн љанљолњо низ рух медињанд. Соњибони чарогоњњо худ шоњу табъашон вазир аст...
чорвои калони шохдор - 2 сомонї пардохт шавад, - гуфт Асрор Њакимов. Аммо як чўпон, ки хоњиш кард номашро нанависем, мегўяд, онњо барои њар сар гўсфанд 5 сомонї ё дар баъзе њолатњо аз он зиёдтар маблаѓ месупорем. Ба ќавли ў, барои чарогоњњои зимистона ќариб 10 сомонї сари њар як гўсфанд супурда мешавад. Мансур Маќсудов, сардори раёсати кишоварзии ноњияи Айнї, ки яке аз чарогоњи бузургтарин дар кишвар - Яѓнобро дарбар мегирад, мегўяд, дар бораи нархи чарогоњњо аз љониби чўпонњо ба онњо шикоятњои зиёд ворид мешавад. Вай афзуд, барои танзими нарх гурўњи махсуси корї ташкил шудааст. Асрор Њакимов мегўяд, хадамоти љангал, аз чўпонњо танњо барои сўхти њезум маблаѓ мегирад, яъне њар моњ барои 1 чўпон - 2 метри мукааб. Барои ин чўпон бояд 76 сомонї барои њар куб пардохт кунад: - Дар тобеияти хољагии љангал 1 миллиону 200 гектар замин вуљуд дорад. Аз ин 614,1 гектар бо ќарори њукумати ЉТ аз соли 2003 ба муддати 10 сол ба сохторњои кишоварзї вобаста шудааст. Чўпонњо ба ѓайр аз пардохти пули чўб дигар ба Хадамоти љангал ягон намуди маб-
лаѓ намесупоранд. Онњо мустаќилона вобаста ба заминњои чарогоњњо андоз месупоранд. Аз 1 миллиону 200 гектар 614,1 гектараш танњо ба мо пули чуб месупоранду халос. Агар чўпонњо ба чарогоњи мо оянду фонди озоди љангал бошад, он ваќт мувофиќи саршуморашон њаќќи чарогоњро месупоранд. Барои баќия 600 њазор гектари дигар мо аз саршумори чорво мегирем. Барои 1 сар моли калон бо дарназардошти андоз ва дигар харољотњо тахминан 10 - 12 сомонї аст. Шояд зиёдтар њам шавад. Дар ин љо боз хољагињои дењќонї баъзе ќоидањо ё шартњои худро мешинонад, чунки хољагидор низ баъзе харољот дорад, аз ќабили ба чарогоњ селитра мепошад, то алаф баланд шавад. Бино ба иттилои Вазорати кишоварзї дар Тољикистон ќариб 4 миллион гектар чарогоњ вуљуд дорад. Як ќисмати чарогоњњо захираи давлатї буда, ба маќомоти мањаллї вобаста шудаанд. Хулоса, тавре ба назар мерасад, дар ќиёс бо тасаввурњои мо дар бораи фатирмаскаву гуштбирён зиндагии чўпонон одї нест. Пас чаро нархи гўшт боло наравад?
Мулло РАЉАБ
14
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
МУЊОЉИРАТ
Фарњоди Дарё: “Талхтарин њаќиќати Афѓонистонро мегўям” Фарњоди Дарё, сарояндаи машњури Афѓонистон, дар девораи фейсбукии худ аз ѓурури номаќбули њамватанонаш шикоят карда, гуфтааст, ки дар 13 соати њамсафар будан, њатто, як саломи хушку холї миёни онњо сурат нагирифтааст. Вай навиштааст: “Ду њафта пеш дар љараёни парвоз аз Вашингтон ба маќсади Кобул бо як покистонї ва як њиндї њамсафар будам. Мо 12 соати тамом бо њам сўњбат мекардем ва аз њамдигар хаста намешудем. Дишаб дар љараёни парвоз аз Истанбул ба маќсади Вашингтон бо чандин њамватан њамсафар будам, ки чавкињои пањлу, пешорў ва ќаторањои аќиби ман нишаста буданду дар тамоми 13 соати парвоз, њатто, як саломи хушку холї миёни мо радду бадал нашуд, чї расад ба њарфу ќиссањо!”. Фарњоди Дарё дар идома менависад: “Фикр намекунед, мушкили аслї миёни худи мост, на бо њамсоягони мо? Фикр намекунед, ба унвони як миллати бузург, пештар аз он ки дер шавад, бояд ин њаќиќати талхро бипазирем”. Ин сарояндаи шинохта меафзояд: - Шояд, бипурсед, чаро худи Фарњоди Дарё сари сўњбатро боз накард, рост мегўед. Аммо бо ним нигоњи жарфе ба
сўи он ватандорон њис кардам деворе аз “Њошо” давродаври худ обод кардаанд, ки љуръати пешќадамиро аз ман мегирифт. Гузашта аз ин, ман барои афѓонњо на танањо як њамватан, балки фаротар аз он њастам, ки гоње ба њамин иллат навъе аз ѓурури мо монеи њамсухан шудани эшон бо касоне аз хайлу табори мо мегардад”. Фарњоди Дарё дар идома бо истинод, аз яке аз муњаќќиќони Англис менависад: “Мо, ангилсњо замоне фикр мекардем, ки маѓруртарин миллати рўи замин њастем, аммо ваќте афѓонњоро шинохтем ва дидем, ки чї гуна, њатто, дар баробари наздиктарин касони худ њам аз ѓурури худ намегузаранд, фикри худамонро иваз кардем”. Вай дар поёни ин шарњаш гуфтааст , “и н ња рф я ке а з та лхта рин њаќиќатњои торихи Афѓонистон парда бармедорад! Воќеият он аст, ки мо бештар аз он ки дар баробари дигарон ѓурур дошта бошем, дар баробари њамдигар маѓрур њастем!” Ин суханони овозхони ватанпарварро мехонему Тољикистону тољикон ва тољикистониён пеши чашм меоянд. Мо њам њамин тур нестем? “Нигоњ”
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД...
15
АКСИ ГЎЁ
?-И НОБОБ ЧАНД НОМГЎИ АНДОЗ АСТ? - Мувофиќи Кодекси андози пешини Тољикистон аз 23 номгўй андози умумидавлатї ва мањаллї ситонида мешуд. Баъдан бо мавриди амал ќарор гирифтани Кодекси нави андоз мувофиќи гуфтаи маъмурони андоз бояд номгўи андозњо кам карда мешуд. Бинобар њамин донистан мехоњам, ки айни њол чанд номгўи андоз аст ва онњо кадом мебошанд? Абдурасул ЉАМОЛОВ, сокини ноњияи Исфара - Дар натиљаи ба инобат гирифтани пешнињодњои асоснок аз тарафи сохторњои дахлдори давлатї ва соњибкорон шумораи умумии моддањо дар Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав аз 355 адад ба 329 адад ва шумораи истинодњо аз 384 адад ба 176 адад кам карда шуд. Номгўи андозњо аз 21 намуд то 10 намуд кам карда шуда, аз 1 январи соли 2017 ба 9 намуд баробар карда мешавад. Илова бар ин, бо маќсади иљрои супориши паёмии президенти Тољикистон шумораи эъломияњои андоз то 41 дарсад, шумораи њисоботњои андозї то 86 дарсад ва шумораи умумии пардохтњои андозї то 43 дарсад кам карда шуд. Мувофиќи моддаи 6-и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав дар Љумњурии Тољикистон андозњои умумидавлатї ва андозњои мањаллї муќаррар карда мешаванд. Дар њолатњои дахлдор тибќи тартибе, ки кодекси мазкур пешбинї намудааст, андозсупорандагон низоми андозбандии махсус ё имтиёзнокро истифода мебаранд. Ба андозњои умумидавлатї инњо дохил мешаванд: - андоз аз даромад; - андоз аз фоида; - андоз аз арзиши иловашуда; - аксизњо; - андози иљтимої; - андозњо барои захирањои табиї; - андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард; - андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия. Ба андозњои мањаллие, ки бо кодекси мазкур муќаррар шуда, бо санадњои меъёрии њуќуќии маќомоти мањаллии њокимияти давлатї дар шањру ноњияњо мавриди амал ќарор дода мешаванд, инњо дохил мешаванд: - андоз аз воситањои наќлиёт; - андозњо аз молу мулки ѓайриманќул. Дар фасли XVI кодекси мазкур низомњои махсуси андозбандї муќаррар карда шудаанд, ки тибќи онњо категорияњои алоњидаи андозсупорандагон ўњдадоранд баъзе андозњои умумидавлатї ва мањаллии дар ќисмњои 2 ва 3 њамин модда нишондодашударо тибќи тартиби соддакардашуда супоранд. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.
НАХОД? ОЁ МУСУЛМОНЊО ЗИЁДАНД? - Мувофиќи охирин маълумот дар љањон 7 миллиарду 70 миллион ањолї зиндагї дорад. Аз ин 1 миллиарду 760 миллионаш мусулмонанд. Агар аз рўи њисса гирем, пас ќариб 25% одамон мусалмонанд. Мусулмонон аз њама зиёд дар ќитъаи Осиё -1 миллиарду 180 миллион, баъд дар Африќо - зиёда аз 519 миллион, Аврупо -тахмин 50 миллион, Амрикои Шимолї ва Љанубї - болотар аз 10 миллион ва Австралияву Океания - зиёдтар аз 0,7 миллион сукнат доранд. Дар 39 кишвар мусулмонњо аз 80% зиёдтаранд ва боз дар 13 мамлакати дигар аз 50 то 79 % мебошанд. Боз дар 15 сарзамин мусулмонњо наќши муњим мебозанд, зеро аз 20 то 49%-и ањолиро ташкил медињанд. Умуман, 174 мамлакат мусулмонњо сокинанд. Дањ давлати аввали мусулмоннишин аз рўи ањолї ин кишварњоянд: Индонезия - зиёда аз 221 миллион, Њиндустон - зиёда аз 177 миллион, Покистон - зиёда аз 176 миллион, Бангландеш - зиёда аз 144 миллион, Нигерия - зиёда аз 88 миллион, Миср - зиёда аз 79 миллион, Эрон - зиёда аз 77 миллион, Туркия - зиёда аз 74 миллион, Эфиопия - зиёда аз 46 миллион, Алљазоир - зиёда аз 36 миллион. Дар Судон, Чин, Ироќ, Марокаш, Афѓонистон, Арабистони Саудї, Ўзбакистон, Яман ва Танзания аз 20 то 30 миллион мусулмонон зиндагї доранд. Русия аз љињати шумораи мусулмонон дар маќоми 21-ум буда, зиёда аз 18 миллиону 500 њазор мебошад. Русия яке аз мамолики шумораи ањолии мусулмонаш зуд афзоянда ба њисоб меравад, зеро мувофиќи рўйхати ањолї соли 2010 дар Русия тахмин 15 миллион буд. Дар Љумњурии мардумии Чин зиёда аз 18 миллион мусулмон зиндагї доранд ва 30 њазор масљиду 50 њазор имом-хатиб ва муллоњо фаъолият доранд. Иззатуллоњи СОЊИБНАЗАР, сокини ноњияи Тољикобод
ЛАТИФА РОЊИ НАВ Як рўз як мардак бо зан ва хушдоманаш бо мошин рафта истода буданд. Онњоро корманди милиса бозмедорад ва мегўяд: Мана ба шумо 1000 сомонї. Шумо ин маблаѓро буридед, чунки шумо аввалин шахсе њастед, ки аз ин роњи нав мегузаред. Пул аз они шумо! Марњамат гиред! Мард дар њаяљон меафтад ва мегўяд: - Ман ба ин пул "права" мегирам!! - Њолї шумо "права" надоред? Занаш мегўяд: - Не!! Не !! Мебахшед ака, ин кас мастишонда њамин хел гап задан мегиранд... - Њолї ин кас маст - а? Аз ќафо хушдоман мегўяд: - Ман гуфтам-ку шумо, домод, бо ин мошини дуздї дур намеред!!!!
?-И НОБОБ ЗАНОН АЗ ЧАНДСОЛАГЇ БА НАФАЌА БАРОМАДА МЕТАВОНАНД? - Мувофиќи ќонунњои љории Тољикистон занон аз синни чандсолагї ба нафаќа баромада метавонанд? Андоза ё њаљми пули нафаќаи ин ё он нафаќагир чї тарз муайяну пардохт карда мешавад? Зулайхо МИРЗОЕВА, сокини шањри Душанбе - Мувофиќи Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон занон аз синни 58 ва мардон аз синни 63 солагї метавонанд ба нафаќа бароянд. Мушахассоти муќаррароти мазкур дар моддаи 39-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дарљ гардидааст, ки тибќи он ба њар як шахс таъминоти иљтимої дар пиронсолї, беморї, маъюбї, гум кардани саробон ва дигар њолатњое, ки ќонунгузорї муайян кардааст, кафолати давлатї дода мешавад. Ин низом аз сиёсати нафаќа ва хизматрасонии иљтимої иборат аст. Сиёсати нафаќа ин соњаест иборат аз меъёрњо ва чорабинињои њуќуќию ташкилї ва иќтисодии давлатї, ки таъминоти моддии шањрвандонро дар шакли таъин ва пардохти нафаќа пешбинї менамояд. Маќсади "њифзи иљтимої" ин тадбирњои њуќуќї, ташкилї ва иќтисодии давлат, ки ба љуброни тадриљан бартараф кардани оќибатњои таѓйирёбии вазъи моддию иљтимоии шањрвандон равона гардидааст. Нафаќа ин як навъ пардохтњои њармоњаи пулиест, ки дар андоза ва аз рўи тартибу ќоидањои муќаррарнамудаи ќонунгузорї ба шахсони алоњидаи муайян аз хазинањои махсус ё дигар манбаъњои ба ин маќсад пешбинишуда амалї карда мешаванд. Тибќи ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таъминоти нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон" (аз 25-уми июни соли 1993, тањти № 796) намудњои зерини нафаќа мављуд мебошанд. 1. Нафаќањои мењнатї а) аз рўи синну сол; б) аз рўи маъюбї; в) барои мањрум шудан аз саробон; г) барои хизмати дарозмуддат. 2. Нафаќањои иљтимої. Дар баробари таъминоти нафаќа хизматрасонии иљтимоии ањолї дар Љумњурии Тољикистон низ муњимтарин самтњои њифзи иљтимоии ањолї мањсуб мешавад, ки рўз аз рўз муњимияти он баръало мушоњида мегардад. Барќароршавї ва ташаккули хизматрасонии иљтимоии ањолї њамчун нињоди иљтимої њанўз аз солњои 90-уми асри гузашта шурўъ гардида, дар айни њол ин низом дар соњаи иљтимоии љомеаи Тољикистон њамчун сектори (бахши) алоњида шакл гирифта истодааст. Дар баробари ин хизматрасонии иљтимої - ин фаъолияти маќомоти идоракунии њифзи иљтимої ва хадамоти иљтимоии дахлдор мебошад, ки ба пешнињод намудани хизматњои иљтимої, татбиќи тавонбахшии иљтимої ва адаптатсияи шањрвандон, ки дар шароити душвори зиндагї ќарор доранд, равона гардидааст. Барои амалї гардидани чорабинињои хизматрасонии иљтимої дар Тољикистон хадамоти иљтимої дар шаклњои гуногуни ташкилию њуќуќї таъсис дода шудаанд. Дар системаи хизматрасонии иљтимої марказњои минтаќавии хизматрасонии иљтимої дар хона, хона-интернатњо барои пиронсолон ва маъюбон, хона-интернати беморињои рўњї, Маркази миллии тавонбахшии кўдакон ва наврасон, Литсей- интернати касбии махсуси маъюбон, Марказњои будубоши рўзонаи хизматњои иљтимої, заводи протезию ортопедї, табобатгоњи пажўњишгоњи ташхис ва барќарорсозии ќобилияти кори маъюбон њамчун сохторњои амалкунандаи иљроия фаъолият менамоянд. Тибќи ќонунгузории љорї дар љумњурї шаклњои ѓайридавлатии хизматрасонии иљтимої низ мављуд мебошанд ва дар баробари сектори давлатї ташкилотњои иљтимої ва ѓайрињукуматї барои пешбурди сиёсати иљтимої таъсис додашуда ва амал мекунанд. Ба саволи Шумо аз Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии Тољикистон љавоб доданд.
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ОЁ ЯТИМ АНГУШТИ ШАШУМИ ЉОМЕА АСТ? - Бале, агар воќеиятро бингарем, ятим ангушти шашуми љомеа аст. Дар интернатхонањо ятимони гуногунанд, ки њам аз модар ва њам аз падар људоянд. Таќдир ин кўдакони зиндаятимро ба њар роњу васила маскуни интернатхонањо мекунад. Баъзе аз ин кўдакони сарсахт тамоман њељ кас надоранд. Љангу љанљоли зану шавњар низ муљиби ба хонаи ятимон афтидани кўдакон мешавад, ки гўё модарони онњо бар ќасди шавњар ин корро мекунанду ќасос меситонанд. Бехабар аз он ки ятим будан чї азобест сангин ва зиндаятим кардани кўдаке гуноњест бузург. Бархе аз занон аз тангдастї кўдаки хурдсолашонро ноаён дар назди дари ятимхона гузошта, бо њамин умрбод ѓайб мезананд. Баъзе духтарону занон хатогї карда, ба фоњишагї машѓул мешаванд, кўдакони ѓайриникоњиро ба дунё меоранд. Сарпаноњи ин кўдакони ѓайриникоњї низ ятимхона мегардад. Хуллас, ин кўдакон аз овони кўдакї зањри људої аз волидонашонро мечашанд. Тазод, аксари падару модарон ба дунё омадани фарзандашонро бо нишоту хуррамї истиќбол мегиранду иддаи дигар ношукрї карда, онњоро дар чорсўи зиндагї њаволаи таќдир мегардонанд. Ин кўдакони сарсахт дар ин ятимхонањо чї гуна ба воя мерасида бошанд? Оё пагоњ онњо кўдакони хушбахт мешуда бошанд? Хуб мешаванд ё бад, асрорест нокушодаву пешгўинашаванда. Дар бораи ду ятими сарсахт мехоњам мисол орам. Ду кўдак аз падару модар ятим монданд. Сабаб он буд, ки зану шавњар дар зиндагии худ бо якдигар нофањмї карда, људо мешаванд. Бечора зан бо ду кўдак ба хонаи модараш бармегардад. Модари бечора духтари ба ѓаму андуњ печидаашро бо ду набераи хурдсолаш дида, ањволаш бад мешавад. Аммо ањволи нохубашро ошкор накарда, духтарашро бо чењраи кушод ба хона таклиф мекунад. Чанд рўз мегузарад аз шавњар њељ дарак нест, ки як бор барои дидори фарзандонаш биёяд. Ду моњ мегузарад зан ба бемории сахт гирифтор шуда, чанд рўз бемор мехобад. Духтурон мебиёянду мераванд. Вале њељ не, ки ањволи зан аз сўзандору ва таблеткањои духтурон хуб шавад. Баъди се рўз модари кўдакон аз олам чашм мепўшад. Ду кўдак яктоаш 3 сола писарча ва дуюмаш 5 - сола духтарчаро дар чорсўи зиндагї њайрону зор мемонад. Падар бошад, аз ањволи занаш хабардор асту як бор ба хабаргирии зану фарзандон наомадааст. Ду кўдак дар миёни хона бо бибиву таѓояшон мемонанд. Аз байн ду моњ мегузарад. Аммаи кўдакон хоњари Ќодирљонро ба худ бо розигии бибиаш духтархонд карда мегирад. Кодирљон бошад дар назди бибиаш мемонад. Бибиаш Ќодирљонро ба боѓчаи кўдакон медињад. Баъд аз чор сол ба мактаб меравад ва худро он љо хеле хуб њис мекунад. Дар ин байн таѓояш њам хонадор мешавад, тўйро хеле хуб мегузаронанд. Арўси хонадон дар аввал Ќодирљонро бисёр дўст медошт ва мењрубон буд. Он њам то ваќти фарзандоршавии худаш. Арўс баъди фарзанддор шудан оњиста - оњиста наѓмањои нав пайдо карда, Ќодирљонро озор медод. Кўдак њељ чиро намедонист ва намефањмид, ки янгааш ўро азоб дода истодааст. Њамоно бо ў мењрубон буд. Пасон Ќодирљонро сахт љанг карда, ин корро куну он корро накун, гўён амру фармон медод. Лекин кўдак њељ чизе нагуфта, њар фармудаашро иљро мекард, то дили санги янга нарм шаваду аз ин беш озораш надињад. Оњиста оњиста янга шустушўи либоси олудаи кўдакашро низ ба Ќодирљон мефармуд. Ин њама кору бори беминнати Ќодирљон янгаро дигар ќонеъ накарда бо арбадаи ў Ќодирљонро ба хонаи ятимон супурданд. Њар кї хандонад ятими хастаро, Боз ёбад љаннати дарбастаро Мењри падару модарро ба фарзанд њељ гоњ касони дигар дода наметавонанд, зеро он мењр пур аз ќалби саршор ва пайванди хуну дили гарм буда, фарзанди љигарбандро эњсоси хушї мебахшад. Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар њолати нороњат ва афсурдагї вохўрем, мебояд то охирин ќудрату тавоної ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эњсос накунанд. Нороњат гаштани ятими хастадил ба љароњати бузурге шабоњат дорад, ки њамеша сўз дорад. Дар њузури ятимони бекас њатто сила кардани сари фарзанди хеш норавост. Чун ятимеро касе гирён кунад, Молик андар дўзахаш бирён кунад. Дуо мекунем, ки ин кўдакони ба навозиши падару модар зор имрўз ва дар оянда њамеша тандурусту хушбахт бошанд. Баръакси волидони фарзандбезори худ фарзанддўстдор бошанд! Аммо дилам ба ин ятимони сарсахт месўзад, ки бе падар, бе модар калон мешаванд. Мењри гарми падару модари хешро намебинанд... Фарњод УМАРОВ, сокини шањри Хуљанд
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №13 (341) 19. 06. 2013
КОМИЛАН ЉИДДЇ
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Боѓи падари Ѓалтак, хусумати президенти ўзбак ва пўсткании Туту
Ѓ
алтак баъди пур кардани сатили навбатии гелос зери шохањои пурбори он ќарор гирифту нигоњаш ба Мирзодиккак часпид. Мирзодиккак, ки почањои шимашро чанд ќат боло карда буду аз шабнами болои эњтиёт мекард, љаста- љаста љониби Ѓалтак ќадам мезад. Ў мехост ба љўрааш кўмак намуда, дењотиёни ноњияро барои ба даст овардани њосили баланди пилла табрик гуфта, онњоро бовар кунонад, ки имсол мисли солњои ќаблї барои пиллаи истењсолнамудаашон ваъда не, балки пул мегиранд. Љўрањо дар боѓи падарии Ѓалтак якдигарро сахт ба оѓўш гирифта, масали тољикии "Аз некон боѓу аз бадон доѓ" - ро якуякбора такрор карданд. Дилњо наздик-де. Љўрањо зери дарахтони боѓ ќадам мезаданд. Сўњбати онњо атрофи истењсол, коркард, содироти меваю сабзавот ба хориљи кишвар ба мисли мор печида-печида то ба муносибатњои дипломатии ду љумњурии њамсоя Тољикистону -Ўзбакистон дар сатњи "боло" рафта расид.
Ѓалтак: - Мирзољон, падарони мо НОБ-и "Роѓун"- ро насохта бошанд њам, боѓњои шањдбор шинонидаанд, ки аз њосили онњо њамаи мо бањравар мешавем. Агар њукумати љонољони мегуфтагият шароити мусоид барои содироти меваю сабзавотро ба хориљи кишвар муњаё мекарду олимони мо навъњои навъи меваю сабзавотро кор карда мебаромаданд, зиндагиямон аз ин дида дањчанд бењтар мешуду ќисме ба љойи ба хориљи кишвар рафтану замбар кашидан, даст ба боѓдорї мезаданд. Мирзодиккак: - Мебахшед, агар падарони мо НОБ-и "Роѓун"-ро то соњибистиќлолии кишвар месохтанду заводи алюмин дар шањри Турсунзода нею дар ноњияи Файзобод бунёд мекарданд, Ўзбакистон бањона намеёфту роњи оњанро намебаст. Медонї, ки замони тарњрезии завод як тотору як яњудию як узбак масъаларо њал карда будаанд. Аввал маслињат Файзобод будааст, баъд Регирак шудааст. Ѓалтак: - Воњима накун, ин таърихчаро ман медонаму этимиологияи Регираку Регарро њам, бобо. Аммо шумо њукуматињо медонед, ки мурдањо нисбати шумо этироз намекунанд, вагарна њамаи айбро ба гардани сохти коммунистї мезадед. Шумо нимколхозчї, нимкоммунист, ниммусулмонњои беришу ришакдор, ки меросбардори њамон "хатокорњо" њастед, 20 сол боз аз гуфтани њаќиќат ба мардум худдорї мекунед, то ќабратон канда нашавад. Ба фикрам лозим шавад, погонњоро дигар карда, мисли нањзатињои ростакиву ќалбакї риш хам мемонед. Мирзодиккак: - Нањ назанед, дар оилаи мо Ќобилљон риш дораду раиси нањзат бериш гаштааст. Агар гап дар риш мебуд, раиси њизби сотсиал - демократ кайњо риш мемонду Ѓаффор - Седой дар мањбас ришашро метарошид. Ѓалтак: - Ба гуфти ту, агар президенти мо риш медошт бо кусаи Ислом Каримов рост мегирифту меваю сабзавоти мо мисли замони Шўравї бебаркаш ба хориљи кишвар мерафт? Мирзодиккак: - Аз куљо медонам?! Ман 25 сол боз очаи Ќобилљона аз тагу тор омўхта, фањмида наметавонаму ин замоне падару писарро аз куљо медонам?!! Ѓалтак: - Донистану надонистани дилу нияти очаи Ќобилљон албатта муњим аст, вале донистани дилу нияти президентњои њамсоя ва сиёсати пешгирифтаи онњо барои рушди сиёсат, иќтисодиёту фарњанг мисли обу њаво барои мардуми тољику ўзбак заруртар ба назар мерасад. Мирзодиккак: - Мебахшед, дилу нияти раиси мо мисли оби чашма софу мисли њавои кўњистон беѓубор. Ѓалтак: -Баъди К+ њам?! Мирзодиккак: - (ба ду тараф нигариста) До и после, бародар! Ана тариќи телевизион такрор ба такрор мегўяд, ки мо президентњо меравему мардуми ўзбаку тољик бо њам мемонанд.
Ѓалтак: - О...ом...о мешудаст-ку! Магар сарчашмаи њамаи ин нофањмоињою љангдозињо номаълум аст? Сабру тањамулро пеша мекунем гуфта, вазъият аз ин њам бадтар нашавад?! Мирзодиккак: - Мебахшию, аз ин дида бадтараш танњо љанг буда метавонаду халос. Мана, мевањои шањдбори боѓњои мо ба нестї рафта истодаанду ин мардак дар њаќќи њазорон нафар бо бастани роњи оњанаш зомин шуда гаштааст. Ѓалтак: - Агар ин хусумату бадбинињо намебуд, шояд бунёди НОБ-и "Роѓун" ба дарозо намекашиду мисли 70 соли Шўравї Ўзбакистон масъалаи зараррасон будани "ТАЛКО"-ро ба миён намегузошт? Мирзодиккак: - Ана, дар ин масъала хато мекунї. Таърих гувоњ аст, ки дар њамон даври советї њам, ваќте дар Политбюро масъалаи Корхонаи алюминиумро баррасї мекунанд, њайати Љумњурии советии сусиёлистии Узбакистон толорро тарк мекунанд, толорро! Медонї?!! Ѓалтак: -Њай-њайе! Ту нагўву ман насўзам, ки туф кунем болои сари худамон мерезаде! Њамин замон Мирзодикак дид, ки нурњои офтоб аз байни шохањои дарахтон пушти сари Ѓалтак давраеро ташкил додаанд, ки гўї як марди муќаддас ва нимбдори православ аст. Ѓалтак бо таассуф сар мељунбонд. Мирзодиккак ба ў чизе нагуфта, оњиста аз дўсташ дур шуд. Ў бояд ба љаласаи Иттифоќи пИсаталей мерафт, то бо Амо Тирхоља маслињат карда, пўсти кадом як Оля Тутуро кананд. Чун ин супориш ба ў кори шармоваре буд, ў нахост, ки Ѓалтак инро фањмад. -Њай-њайе! Ту нагўву ман насўзам
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њ аф т ан о ма да р В а зо р ат и ф а рњ а нг и Љ у м њ у р ии Т о љ и к и с т о н б а ќ а й д гириф та шу д аас т.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
- Мебахшед, дилу нияти раиси мо мисли оби чашма софу мисли њавои кўњистон беѓубор.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Шералї ХАЙРУЛЛОЕВ, вазири мудофиа: - Сабаби асосии тариќи ињотагирї (облава) ба комиссияњои даъватї њозир намудани даъватшавандагон, ин аз љониби онњо саркашї намудан аз хизмати њарбї мебошад. Њангоми саркашї намудан ва њозир нашудани даъватшаванда ба комиссияи даъват кормандони шуъбаи умури дохилї ўњдадоранд, онро боздошт намоянд. - Э, хайрият, ки шумо гуфтед, боз мо гумон мекардем, ки баракс, сабаби асосии саркашї аз хизмати њарбї ињотагирї ва латукўби љавонони нимгурусна бошад. Муродулло ДАВЛАТОВ, номзади илмњои фалсафа: -"Оѓозода" Абдуќаюми Ќаюмзод, барои худ дари сиёсатро бо калиди "нањзатињо" ва фирќаи "Оѓои" Тураљонзода кушоданї шуда, амри даъват ба андешаи як будани ислом бо сиёсатро василаи чењрасозии худ ќарор додаанд. -Ташвиш нашавед, "оѓозода" Давлатов, Шумо њастед-ку, бовар дорем, шумову "фабрикаи љавоб" ба инњо њиљ гоњ, то замоне, ки њастед иљозати чењрасозї намедињед.
Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ, коргардони театр: - Дарњои њамаи театрњои Тољикистон имрўз барои ман баста шудаанд. Агар имрўз афсонаи "Бузаки љингилапо"-ро рўи сањна биоварам, њатман маро бар зидди президент Эмомалї Рањмон будан айбдор мекунанд. Одамони солимаќл ин корро намекунанд, ин кори беаќлон аст, ки чунин фикр мекунанд. - Буду шудамон њамин як афсонаи дўстдоштаву мардумї буд. Ахир коре мекунед, ки њаминро њам ба кўдакњо наќл карда наметавонем дигар. Мењмон БАХТЇ, раиси ИНТ: - Тасаввур кунед, ки њамин хел одам (Олга Татубалина дар назар аст) дар ягон кишвари дунё, аз љумла Ќирѓизистон, Туркманистон ё Гурљистон мебуд ва нисбати зиёиён њамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пўст мекарданд, ё буз мекашиданд. - Аввал пўст канда, баъд буз кашед њам майлаш! Лекин Лелинбовом ќоил карданд! Сад сол пеш ба дањонњои бастаи зиёњои мо парол монда рафтаст-а! Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Ќаблан эълон карда будам, ки њеч узрхоњї нахоњад буд. Агар маќомоти судии кишвар барои иљро накардани ин талаботи додгоњ њар љазои сахттареро эълон кунад, омодаам иљро кунам, аммо узрхоњї нахоњам кард. - Барои мардум, бахусус дар Душанбе, аз ѓуруру нози шумо ва раисатон корњои муњимтар њам њастанд. Ин аллакай њатто хандаовар нест. Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Мо њам далелњо дорем, ки шимоли Тољикистон низ аз таъсири корхонањои сементбарориву дигар корхонањои химикии Ўзбекистон зарар мебинанд. -Канї?! О, бошад, буроред зудтар! Ё ягон гапи дигара интизор-ми Шумо?
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09