Нигох №13 (395). Чоршанбе, 18-уми июни соли 2014

Page 1

Дилафрўз Икромї: "Падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд"

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

1

САЊИФАЊОИ 8-10 №13 (395). Чоршанбе, 18-уми июни соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ХОТИРАЊО

Ќањњор Мањкамов: "Боз нагўед, ин чї хел президент буд" САЊИФАИ 7

ЗАРОФАТГЎЇ

Мањфили эродкорон САЊИФАИ 6

Љосус ё олим? ПОСДОРЇ БО ШОИР

Софу холї буд ќалбам, банд карда, рафтаї САЊИФАИ 12

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Ѓалтак бо тухму помидорњои Кабирї САЊИФАИ 16

ХАРЉИ СИНФИ 1: АЗ 60 ТО 31 250 СОМОНЇ Кї фарзандашро ба кадом мактаб мебарад ё интихоби мушкили волидайни тавонои душанбегї САЊИФАИ 3


2

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

Сафир бо инкор кардани ин иддаоњо танњо инро зикр накард, ки Тољикистон бояд дар мадори Русия боќї бимонад ва он њама тарњњое, ки Душанбе сарашон њисоб мекунанд, ботил њастанд.

"Роњи абрешим"

"ЭФФЕКТИ ЭЛАК" Тољикистон бо кї бошад ё набошад: Бо тарњњои путинї, чинї ё амрикоиву аврупої? Дар љаласаи аввали Мањфили коршиносони Осиёи Марказї - "Рушди Авруосиё", ки ба хотири омї кардани ѓояи Иттињоди Авруосиё дар вазорати адлияи Тољикистон сабти ном шудааст, як ихтилофи назар ба миён омад. Онро расонањо ё нодида гирифтанд, ё умуман мушоњида накарданд. Бањс миёни Абдуѓанї Мањмадазимов, раиси Анљумани сиёсатшиносони Тољикистон ва Агибай Смагулов, сафири Ќазоќистон дар Душанбе иттифоќ афтод. Ба як љумла, сиёсатшинос Иттињоди иќтисодии Авруосиёро як тарњи барои Тољикистон номувофиќ унвон кард ва аз ин суханон сафир ба нишони норизої, посухи мулоим, аммо ба бунёд сахте дод. Дар асл яке аз тарњи ѓайрирусии "Роњи абрешим" ва дигаре, аз тарњи русии Иттињоди иќтисодии Авруосиё пуштибонї карданд. Ин ду тарњеанд, ки Тољикистонро њам дарбар мегиранд ва ба зоњир њарду љолибанду таќдирсоз ё баръакс, таќдирсўз...

ИИАО љузъ аст Абдуѓанї Мањмадазимов гуфт, фурўпошии Иттињоди Шўравї хеле бадбахтињо ба сари мардуми Ќафќозу Осиёи Марказї овард, аммо бузургтарин дастовардаш ин буд, ки роњи онњоро ба олами берун боз намуд. Аз ин хотир, мавсуф ишора ба он кард, ки дигарбора љамъ омадани ин кишварњо зери як чат-

«

ри сиёсиву иќтисодї онњоро мањдуд мекунад. Вай гуфт, барои Тољикистон њамоно идеяи "Роњи абрешим", ки њанўз дар замони Сомониён вуљуд дошт - "Киштињо дар љануб, аспњо дар шимол" - љолиб аст, яъне он замонњо тиљорат тариќи роњњои бањрии љануб бо киштињо ва дар шимол бо аспњо рушд мекард. Ва ин танњо роњи "тавозуни љањонии тиљорати љањонї" барои Тољикистон буда метавонад. Дар акси њол, ба андешаи коршиноси тољик, Тољикистон ањамияти худро њамчун дањлези иќтисодии "Роњи Абрешим" аз даст медињад. Ва шояд гуфтан мехост, ки як кишвари камањамият ва канории Иттињоди иќтисодии Авруосиё хоњад шуд. Мантиќан сиёсатшиноси маъруф бар ин ишорат кард, ки наќши Тољикистон дар "Роњи абрешим" муњимтар аз он аст, ки дар мањдудаи Иттињоди иќтисодии Авруосиё тасаввур мешавад ва яке аз афзалиятњои ин кишвар њам баромадан аз бунбасти љуѓрофї аст. Вай гуфт, Иттињоди Авруосиё танњо масири шимолии "Роњи абрешим" аст, яъне љузъ аст, на кулл. Вай њамчунин аз пешнињоди президент Эмомалї Рањмон ба СММ дар бораи ба вуљуд овардани "камарбанди амн" - и атрофи Афѓонистон ёдовар шуд, ки бояд эљод шавад. Мањмадазимов гуфт, агар Иттињоди Авруосиё халал нарасонад, ки сохтмони роњи роњи оњани Ќошѓар - Алай - Ду-

Мањмадазимов гуфт, агар Иттињоди Авруосиё халал нарасонад, ки сохтмони роњи роњи оњани Ќошѓар - Алай Душанбе - Панљ - Мазори Шариф, хатти барќи CASA - 1000 ва иштироки Тољикистон дар бозсозии Афѓонистон мухолифат накунад, Тољикистон метавонад вориди ин созмон шавад.

«

шанбе - Панљ - Мазори Шариф, хатти барќи CASA - 1000 ва иштироки Тољикистон дар бозсозии Афѓонистон мухолифат накунад, Тољикистон метавонад вориди ин созмон шавад. Вай афзуд, Тољикистон як чорроњаест миёни ду минтаќаи бузург - Осиёи Марказї ва Осиёи Љанубї, ки ин ањамияташро боло мебарад. Мантиќан, агар Иттињоди иќтисодии Авруосиё ба он чї сиёсатшинос мегўяд, розї бошад, пас моњияти худро гум мекунад. Њадафи иттињод њамоно дар атрофи Русия љамъ овардани кишварњои собиќ Шўравї, ба истилоњ, эљоди СССР - и нав аст.

"Орзуњои ботил" Дар навбати худ сафири Ќазоќистон дар Тољикистон Агибой Смагулов ин нуктаро зикр кард, ки ањдоф бояд воќеї бошанд. Вай гуфт, Чин ба сохтмони роњи оњани Ќошѓар - Алай - Душанбе - Панљ Мазори Шариф мувофиќ нест, зеро коршиносон њисобу китоб кардаанд, ки ин як масири хеле гаронхарљ хоњад буд. Сафир њамчунин гуфт, пешнињоди Эмомалї Рањмон дар мавриди "камарбанди амниятї" дар тўли марзи Афѓонистон њоло амалї мешавад ва дар ин кор Русия, Амрико, Аврупо ва Созмони паймони амнияти дастаљамъї (СПАД) бо кўмак ба марзбонони Тољикистон сањм мегиранд, яъне дар ин самт, корњо идома доранд. Сафири Ќазоќистон њамчунин даъвои сиёсатшинос дар бораи ширкат дар бозсозии Афѓонистон ва CASA 1000 - ро њам хеле нарм инкор кард. Вай гуфт, бояд амалан бањогузорї шавад, ки то куљо ин даъвоњо воќеианд, масалан, сармоягузорї дар Афѓонистони ноамн ва тарњњое, ки аз он мегузаранд, назири CASA - 1000.

"Роњи абрешим" - е, ки Мањмадазимов дар назар дорад, њамчун тарњ дар ду марказ ба ду навъ дида мешавад. Аввалї, "Роњи нави абрешим" ном дорад ва аз сиёсатњои Амрико бармеояд, ки мехоњад Осиёи Марказиро ба Осиёи Љанубї бипайванданд. Ба ин восита ИМА минтаќаи нави нуфузи худро ба вуљуд меорад ва њузураш дар Афѓонистонро амн мекунад. Тарњи дигар, ки то љое идома ё тавсиаи Созмони Њамкорињои Шонгњой аст, ба Чин рабт мегирад. Пекин ин тарњро, ки "Камарбанди иќтисодии Роњи Абрешим" ном дорад, соли 2013 пешнињод кард. Њадаф - эњёи њамон Роњи абрешими ќадимї, аммо дар шароити нав аст. Чин мехоњад тариќи ин ѓоя барои бароварда кардани эњтиёљоти энержиаш њудудњоеро, назири Осиёи Марказї, Њавзаи Каспий, дар ихтиёр дошта бошад ва њам барои молу колояш бозори наздиктаринро ба таври собит эљод кунад. Абдулѓанї Мањмадазимов мањз тарњи чиниро љонибдорї мекунад. Ва сабаби мухолифати Агибой Самгулов њам дар он аст, ки агар Тољикистон ба сохтани роњи оњани "Ќошѓар - Олой - Панљ Мазори Шариф" муваффаќ шавад, масири Ќирѓизистон ё Ўзбакистон - Ќазоќистон - Русия ањамиятеро, ки имрўз дорад, аз даст медињад. Њадди аќал Смагулов мехоњад як чунин масир, бигзор аз Чин њам бошад, мањз аз њудудњои Ќазоќистон гузаранд. Аммо њоло Ќазоќистон интихоби иќтисодии худро кард ва вориди Иттињоди иќтисодии Авруосиё - тарњи Русиябунёд шуд. Ин тарњро дар њоли њозир - Арманистону Ќирѓизистон њам писандидаанд ва дар њоли ворид шудани ахирї ба ин иттињод Тољикистон њам пеши интихоб ќарор хоњад гирифт.

Интихоби сангини Рањмон Ин интихоб миёни се тарњ ва се њадафи бузурги ќудратњои љањонї барои Тољикистон кори содда нест. Вазъе, ки њоло дар кишвар њукм меронад, аз љумла фишорњо сари мухолифон, бахусус, исломињо, бастани сомонањо, њатто Бадахшону њарфи "дасти хориљї" аслан реша дар хоки ин интихоб ќарор дорад. Содда гўем, агар Тољикистон ризоият дињад, ки вориди Иттињоди иќтисодии Авруосиё мешавад, аз эњтимол дур нест, ки фардо як "Евромайдон" - ро "тўњфа" бигирад. Агар эълом кунад, ки ин иттињодро ќабул нахоњад дошт, бидуни бањс, хеле муњољиринашро аз Русия депортшуда хоњад диду рањбарияти сиёсиро объекти фишор дар шабакањои телевизионии Русия. Аз ин хотир, њукумат њоло ин интихобро "меомўзад" ва кори дуруст мекунад. Амалан њар се тарњ барои Тољикистон љанбањои мусбату манфии худро доранд. Бо ИМА-у Иттињоди Аврупо будан, хеле содда карда, гўем, дар оянда ба Туркияву Малайзия табдил ёфтан аст. Вориди тарњи Русия шудан пеш аз њама мушкили муњољирини моро њал мекунад, масоили амниятї аз миён мераванд ва ѓайра. Дар мадори Чин будан низ рифоњи иќтисодї ва амнияти бардавомро дар пай хоњад дошт. Аммо њамагї як љанбаи манфї доранду хоњанд дошт: њељ кас ин итминонро дода наметавонад, ки бо њамаи онњо будан, тавре, ки њоло њаст ва чунин вазъро барои Тољикистон халќ кардааст, чї паёмад хоњад дошт. Ва њамчунин натиљаро аз бо яке аз онњо будан низ бояд интизор шуд, зеро дуи дигар Тољикистонро ором нахоњанд гузошт. Ба истилоњ, "эффекти элак" меномем ин вазъро, яъне ин сў равам, мезанї, он сў равам, мезанї. Хулоса, њоло воќеан фурсати интихоб нест… Фаромарзи ФОЗИЛ


МАОРИФ То оѓози соли хониши 2014-2015 беш аз 70 рўз боќї мондааст. Аммо онњое, ки имсол фарзандонашон ба синфи 1 ќадам мегузоранд, аз њоли њозир дар талоши мактаб ва ё муссисаи таълимие, ки дар оянда кўдаконашон он љойњо ба тањсил фаро гирифта шаванд, фурў рафтаанд. Аксари он идда аз волидоне, ки дар интихоби мактаби муносиб барои фарзандонашон аз њоли њозир ва ё пештар аз он љањду талошњои худро оѓоз кардаанд, дар баробари шароити хуби таълимї, чанд омили дигареро њам мадди назар ќарор доданд, ки барои мардуми русто ва ё њамтоёни камбизоати шањрии онњо чандон ќобили мулоњаза ва ё ањмияти хосса нахоњад дошт. Он идда аз волидоне, ки дар бораи ояндаи фарзандонашон хеле фикр мекунанд, аксар аз табаќаи сарватманд ва ё дорои кишвар њастанд, ки оид ба дигар мушкил ва камбудињои иќтисодии рўзгори хеш камтар таваљљуњ доранд, зеро медонанд, ки аз уњдаи онњо ба хубї баромада метавонанд. Ин мардуми њушманд дар баробарои интихоби мактабњое, ки дорои барномаи хуби таълимї њастанд, омўзгорони шинохта, харљи роњ, шароити хуби тарбиявї, майдончањои варзишї, имкониятњои васеи омўзишї, шароити хуби маъишї, хўроки нисфирўзї ва аз њама муњимтар шартномаи пардохти маблаѓи солона барои тањсилро њам ба таври амиќ меомўзанд. Шањри Душанбе, ки њамчун маркази илму дониш дар тамоми сањањои кишвардорї шинохта шудааст, табиист, ки дорои муассисањои хуби таълимї низ мебошад. Ва cафи афроди дар боло зикр гардида, мањз дар њамин пойтахти Тољикистони азизамон нисбат ба дигар манотиќи кишвар хеле зиёд аст. Дар ин шањр муассисањои таълимї бо имкониятњои гуногун ва шароити ба худ хос амал мекунанд. Бино ба иттилои Раёсати маорифи шањри Душанбе дар пойтахт беш аз 256 муассисаи таълимї фаъолият дорад, ки аз инњо 140 мактабњои тањсилоти умумї, 108 кўдакистон, 8 муассисаи тањсилоти иловагї, 210 муассисаи таълимї (116 мактаб, 86 кўдакистон, 8 марказ тањсилоти иловагї) аз буљети маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе маблаѓгузорї мешаванд. Дар пойтахт намудњои зерини мактабњои тањсилоти умумї фаъолият доранд: 11 мактаби ибтидої, 9 мактаби асосї, 116 мактаби миёнаи умумї ва 4-мактаби ѓоибона. Аз шумораи умумии мактабњои тањсилоти

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

3

ХАРЉИ СИНФИ 1 АЗ 60 ТО 31 250 СОМОНЇ ё интихоби мушкили волидайни душанбегї

умумї 25 муассисаи типи нав мављуд аст, аз љумла, 16 гимназия ва 9 литсей. Ќисми зиёде аз ин муассисањои таълимї аз њисоби давлат ва њукуматњои мањаллї дар ноњияњои пойтахт маблаѓгузорї мешаванд, вале њастанд мактабњои хусусї, ки фаъолияти худро расман ба роњ монда, худмаблаѓгузор мебошанд. Инчунин дар ин муассисањои таълимї шароити таълим ва самти афзалиятноки таълимї барои донишомўзон аз њам фарќ мекунанд. Ба иборати дигар, агар ќисме аз муассисањои таълимии давлатї бештар ба фаннњои гуманитарї авла-

вият медода бошанд, мактабњои хусусї бештар ба фанњои даќиќ, иќтисоди бозаргонї ва забономўзиву љањондонии донишомўзони худ бештар диќќат медињанд. Ба њамин хотир аксар онњое, ки имсол фарзандонашон ба синфи 1 ќадам мегузоранд, аз њоли њозир талош доранд, ки барои онњо љои муносиб интихоб кунанд. Теъдоди мактабњои тањсилоти миёнаи умумие, ки аз љониби давлат маблаѓгузорї мешаванд, дар асл чун теъдоди довталабони онњо зиёд аст, наметавонанд ба мисли мактабњо ва гимназияњои хусус барои ќабу-

ли донишомўзони синфњои 1-и ибтидої шароит ва имкониятњои баробар таъмин намоянд. Аз ин рў, аксари волидон кўшиш мекунанд, ки бо вуљуди пардохтњои шартномаи таълимї дар ќадами аввал барои фарзандони худ дар макбатњои хусусї шароити таълимї фароњам созонанд. Аммо як идда аз падару модароне њам њастанд, ки тайи чанд сол барои фарзандони худро дар мактабњои хусусї шароити таълимї фароњам оварда буданд, вале баъдтар ба ин натиља расидаанд, ки сатњи таълим дар мактабњои хусусї нисбат ба мактабњои њукуматї фарќияти зиёде надоштааст. Ба аќидаи онњо, бо пули кам њам кас метавонад барои таълими фарзандони худ дар мактабњои њукуматї-бо гирифтани дарсњои иловагї-шароити хуби таълимї фароњам бисозад. Ба фарзи мисол, агар дар мактабњое, ки аз љониби њукумат маблаѓгузорї мешаванд, солона барои таъмиру тармим, идњо ва баъзе чорабинию муносибатњои алоњида њудуди 60 сомонї ва зиёда аз он аз донишомўзон талаб карда шавад, њастанд мактабњои хусусие, ки тибќи шартнома амал карда, дар як соли хониш то 31 њазору 250 сомонї маблаѓ мегиранд. Онњое, ки мехоњанд фарзандони худро ба муассисањои таълимии номбурда барои синфи 1 бибаранд, дасти кам бояд чунин њуљљатњоро њамроњ дошта бошанд: -нусхаи шиносномаи яке аз волидон; -шањодатномаи таваллуди кўдак; -расми 3х4 - ду адад; - папкаи холї - як адад; -маълумотномаи тиббї.

Амруллоњи НИЗОМ

Номи гимназия ва макони љойгиршавї

Забони таълим

Синфи 1 дар соли хониши 2014-2015

Маблаѓи шартномаи тањсили солона, сомонї

Шароит, имконият ва имтиёзњо

Нишонї

Шумораи телефон

Ѓизо

1

Гимназияи шањрии № 1

тољикї, инчунин русї, англисї

2 синф, то 25 нафарї

800 сомонї

Майдончаи варзишї

К. Сеткин, 6

233-28-11

Хўроки нисфирўзї

1 синф, то 25 нафар

4 њазор 500 сомонї (бо шумули китобњо)

Майдончаи варзишї, то 25 %-и хонандањо ройгон мехонанд. Таълими 8-9 соатї. Автобус надорад. Љой хоб муњайёст

Испечак, 2

2374873

Хўроки нисфирўзї

Љ. Расулов10А

(37)-881-85-06

Хўроки нисфирўзї

446007366

Хўроки нисфирўзї

2 Гимназияи “Њотам ва ПВ”

русї-тољикї

3

Гимназияи “Њилол”

русї, инчунин тољикї

1 синф, то 25 нафар

9 њазор сомонї

Майдонча ва толори варзишї

4

Гимназияи “Исломї” назди Донишкадаи исломии Тољикистон

тољикї, инчунин русїанглисї-арабї

2 синф, то 25 нафарї

2 њазору 832 сомонї

Майдончаи футбол, 4 адад микроавтобус, роњкиро алоњида

5

Литсейи инноватсионии “Душанбе” дар назди Донишгоњи технологии Тољикистон

тољикї-русї, инчунин англисї-чинї

4-синфи 1: 2- русї2 тољикї

4 њазору 187 сомонї

Майдончаи варзишї

к.Неъмат Ќарабоев, 63/3

2347993

+3 сомонї барои хўроки нисфирўзї

6

Гимназияи «Тољикистон»

русї-тољикї

2-синфи 1: 1-тољ. 1-русї

4 њазору 680

Автобус, майдончаи варзишї

к.Айнї, 259

225-61-34

Хўроки нисфирўзї

7

Гимназияи «Сомонї»

тољикї –арабї-англисїрусї

1 синф

3 њазор

Майдони варзишї надорад

к.Маяковский 1

2-36-00-68

900 сомонї барои хўроки нисфирўзї

8

Гимназияњои шањрии № 2, 3,4 (барои хонандањои болаёќат)

тољикї-русї-англисї

2 синфї

800

Майдончаи варзишї, маљлисгоњ

к. Айнї. 283

225-70-86

Хўроки нисфирўзї аз шањрдории Душанбе

9

Мактаби байналмилалї (дар асл туркї),

тољикї-англисї

3 синф

31 њаз. 250 сомонї

Майдончаву толори варзишї

Бофанда, 9А

223-02-50

Хўроки нисфирўзї

2 синф

3 њазору 800

Лоњутї, 34

985151371

Субњона, хўроки нисфирўзї, Роњкиро дохил мешавад

10 Литсейи “Рањнамо”

Майдон, Толори варзишии “Спитамен” Автобус “хона-литсей-хона”, Китобњои дарсї ройгон

Маяковский,2

11

Литсей-интернати президентї

тољикї-русї-англисї

-----------

4 њазор

3 майдонча ва толори варзишї, имтиёз барои аълочињо. Љой хоб муњайёст

Шерализода, 17А

235-6492

Хўроки нисфирўзї

12

Гимназияи “Кафолат”

тољикї-русї-англисї

4 синф

Беш аз 6 њазор сомонї

Майдонча варзишї, Автобус надорад

Нусратуллои Махсум 77/6

--------

Хўроки нисфирўзї, 140 сомонї рўзона


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

Маќомоти амниятї дар Вилояти мухтори куњистони Бадахшон Александр Содиќов, як зодаи Тољикистонро бо иттињоми љосусї бо супориши хадамоти махсуси як давлати хориљї боздошт намудаанд. Амалиёти боздошт, 16-уми июн дар Боѓи марказии шањри Хоруѓ њангоми мулоќот бо Алим Шерзамонов, рањбари ЊСДТ дар ВМКБ ва узви њайати музокироти эътирозгарони Хоруѓ сурат гирифтааст. Аммо њанўз маълум нест, ки як силсила њодисањои чанд рўзи охир: сафари бидуни мувоффиќаи сафири Бритониё ба Бадахшон, тирпаронї дар сарњади Афѓонистон, изњори назари Шералї Хайруллоев, эътироз дар Душанбе ва боздошти гумонбаршуда дар Боѓи марказии Хоруѓ њалќањои як занљиранд ё на ...

АМНИЯТИ МИЛЛЇ

Љосус ё олим? чунин имкониятро надоданд. Мулоќоти мо низ ба таври махфї сурат нагирифта буд, балки мо ошкоро дар боѓи марказї дар миёни мардум сўњбат доштем. Агар ў воќеъан бо ягон хадамоти љосусї њамкорї мекард, пас чаро Кумитаи Амнияти Миллї ўро дар Душанбе боздошт накард. Сабаби боздошти ўро ман ба он рабт медињам, ки вай пеш аз дигарон бо ман сўњбат кард." Дар мавќеъи љонибњо субъективият бармало мушоњида мешавад, ки аз онњо њаќиќатро фањмидан осон нест.

Александр Содиќов кист?

Боздошт дар боѓи марказї 16-уми июн сомонаи радиои "Озодї" хабар дод, ки Александр Содиќов, муњаќќиќи донишгоњи Торонтои Канада њангоми суњбат бо Алим Шерзамонов дар боѓи марказии Хоруѓ боздошт гардидааст. Бино ба навиштаи ин сомона муовини сардори раёсати корњои дохилии шањри Хоруѓ Сабрилишо Бандалиев ва ду корманди мулкипўши Кумитаи давлатии амнияти миллї назди онњо омаданд ва хостанд њардуро боздошт кунанд. Аммо баъд аз исрори Шерзамонов ва тарафдоронаш ўро вогузошта, пажўњишгари хориљиро бо худ бурдаанд. Онњо гуфтаанд, мехоњанд, њадафи сафари Содиќов ба Хоруѓ ва мулоќоташ бо намояндагони љомеаи шањрвандиро рўшан кунанд. Александр Содиќов 15-уми июн барои тањќиќи масъалањои марбут ба нооромињои ахири Хоруѓ ва њалли он аз тариќи гуфтушунид ба Бадахшон омадааст, - навиштааст ин расона.

Иттилои расмї аз КДАМ Субњи сешанбеи 17-уми июн Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон дар ВМКБ ба воситаи хабаргузории "Ховар" дар ин бора изњороти расмї пахш намуд: "Рўзи 16-уми июни соли 2014, соати 12.15 даќиќа њангоми иљроиши супориши хадамоти махсуси яке аз давлатњои хориљї шањрванди Љумњурии Тољикистон Содиќов Александр Иброњимович, зодаи шањри Панљакенти вилояти Суѓд, маълумоташ олї, муваќќатан бекор, истиќоматкунандаи шањри Душанбе, боздошт гардид. Санљиши пешакї нишон дод, ки Содиќов А.И. рўзи 09-уми июни соли 2014 тавассути почтаи электронї аз љониби намояндаи яке аз давлатњои хориљї, ки њамчун шахси мулкї тањти пушиши муњаќќиќ муќобили Точикистон фаъолияти тахрибкории разведкавї мебурд ва дар алоќаи охирин ќарор дошт, барои вохўрї даъват карда шуд. Вохурї рўзи 10-уми июни соли љорї аввал дар алоњидагї ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки њамчунон зери пушиши фаъолияти дипломатї амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретї ва маблаѓи пулї бо њисоби доллар барои иљрои ин супориш дастрас кард. Њангоми вохўрии махфї дар шањри Душанбе, шањрванд Содиќов А.И. вазифадор карда шуд, ки ба шањри Хоруѓи ВМКБ сафар карда, бо риоя кардани талаботи махфикорї бо шањрванди Љумњурии Тољикистон Алим Шерзамонов ва дигарон вохўрї кунад.

МУШАРРАФ СОДИЌОВА БАР ОН АСТ, КИ БОЗДОШТИ ШАВЊАРАШ ИШТИБОЊ БУД

Њангоми мулоќот аз шањрванд Шерзамонов А., тибќи саволномаи тайёр кардаи он намоянда, ки характери разведкавї дорад, маълумот дастрас намояд. Содиќов А.И. бар зарари оромиву суботи кишвар, маќсадњои ѓаразноки худро пеша намуда, бо маќсади иљро намудани супориши гирифтааш ба шањри Хоруѓ сафар карда, бо шањрванди Љумњурии Тољикистон Алим Шерзамонов, зода ва истиќоматкунандаи ш.Хоруѓи ВМКБ, вохўрї ва мулоќот намуд. Мулоќоти Содиќов А.И. бо А.Шерзамонов дар асоси маслињати пешакї дар љои махсус таъиншудаи боѓи марказии шањр, ба вуќўъ пайваст ва њангоми аз охирин гирифтани маълумотњои ѓаразнок боздошт гардид. Санљиш дар ин самт идома дорад".

Шерзамонов чї мегўяд? Алим Шерзамонов аз шоњидони асосии ин воќеъа дар суњбат бо расонањо гуфт, ки замоне Содиќовро боздошт кардаанд, онњо дар бораи сабабњои рўх додани њодисањои моњи май дар шањри

Хоруѓ суњбат мекардаанд. Содиќов аз Шерзамонов дар бораи наќши љомеаи шањрвандї дар ин њодисањо пурсон шудааст. Шерзамонов мегўяд, ки ваќте аз ман дар бораи он суол кард, ки агар чунин воќеъа дар дигар минтаќањои олам рўх дињад, ба љанги шањрвандї мекашад, чи тавр дар Тољикистон тавонистанд, ки ин буњронро паси сар кунанд? - ўро кормандони маќомоти корњои дохилї ва амният боздошт кардаанд. Алим Шерзамонов дар сўњбат ба "Озодї" гуфтааст, ки Александр Содиќов, њанўз чанд моњ ќабл бо ў аз Торонто тамос гирифта, хоњиши мулоќотро карда будааст. Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, то он даме, ки боздошт шавад, Александр Содиќов, тўли яку ним ним соат бо ў дар мавриди њодисањои соли 2012 - и Хоруѓ сўњбат намудааст. Ў гуфтааст: "саволњои Александр ягон характери љосусї надошт, балки саволњое, буданд, ки аслан аз сўи пажўњишгоњњо тартиб дода мешаванд. Александр ният дошт њамчунин бо худи намояндагони маќомоти вилоят низ дар ин мавзўъ сўњбат кунад, аммо ба ў

Дар њоле, ки КДАМ аз шахсияти Содиќов ва гузаштаи ў иттилоъ пахш накард, "Нигоњ" талош варзид, ки дар бораи ин одам аз манбаъњои боз маълумот љамъ оварад. Инак, дар шабакаи иљтимоии Фейсбук сањифаи шахсии Содиќов мављуд аст, ки дар он бештар аксњои оилавї ва лањзањои хуби њаёт гузошта шудааст.Дар тасвирњои ин девори фейсбукї Александр Иброњимович маъмулан падари мењрубон ва њамсари хушбахт тасвир ёфтааст ва бо аксарияти фейсбукињои маъруфи Тољикистон дўстии маљозї дорад. Бо дастгир шуданаш дар ин сањфа њамсар ва яке аз дўстонаш Равшан Абдуллоев изњори таассуф карда, боздошти ўро иштибоњ хондаанд. Содиќов дар шабакаи иљтимоии linkedin.com дар бораи фаъолият ва тањсилаш маълумоти пурратар љой додааст. Аз навиштањояш бармеояд, ки солњои 2001-2007 бо ихтисоси "муносиботи байналмилалї" дар Донишгоњи тољикиву славянии Тољикистону Русия тањсил кардааст. Солњои 2007-08 магистри Донишгоњи Лидзи Британияи Кабир будааст, ки дар мавзўи низоъ, тавсеъа ва амният кор кардааст. Маврид ба зикр аст, ки Донишгоњи мазкур дар ќатори 10 донишгоњи бењтарини Британияи Кабир ворид мешавад. Аз соли 2011 барои дифоъи рисолаи докторї (PhD) кор карда истодааст, ки бояд дар соли 2016 дифоъ намояд. Бо такя ба сањифаи Содиќов дар linkedin.com метавон гуфт, ки дар ин муддат дар ташкилотњои гуногуни байналмилалї дар вазифањои мухталиф кор кардааст. Њанўз дар замони донишљўиаш дар ташкилотњои ѓайрињукуматї фаъолияти кориашро оѓоз намудааст. Ба унвони аввалин љойи кораш "NGO Association for Social Partnership and Development" ёд шудааст, ки дар ин муассиса дар солњои 2002-03 (7-моњ) кор кардааст. Баъдан, дар солњои 2004-2006 дар Институти миллии демократї (National Democratic Institute) (чанд моњ), пас аз ин як муддат дар солњои 2007-2009 (чанд моњ?) дар барномањои дафтари САЊА дар Душанбе фаъолият доштааст. Дар фаъолияти кориаш таљрибаи омўзгорї низ дорад. Аз сентябри соли 2009 то июни 2011 дар Донишгоњи славянии Тољикистону Русия дарс додааст. Дар ин муддат њамзамон масъули равобит бо љомеа дар дафтари ЮНИСЕФ дар Душанбе будаааст, ки фаъолияташ дар ин нињод аз феврали 2009 то августи 2011 идома меёбад. Аз моњи майи 2012 то моњи майи 2014 дар бахши Осиёи Марказии сомонаи "Global Voices Online" муњаррир будааст. Ин сомона тарњи иљтимоии ѓайритиљоратї мебошад, манобеъи хабарии он веблогњо ва шабакањои иљтимоии љањон


МАВЌЕЪ аст. Ин тарњ дар Донишгоњи њуќуќи Биркмен ва Донишгоњи Њарвард роњандозї шудааст. Биркмен маркази тањќиќотиест, ки дар мавриди таъсири интернет бар љомеа пажуњиш мекунад. Дар интињои маълумоти сањифааш навишта шудааст, ки аз сентябри соли 2012 муњаќќиќи Донишгоњи Торонтои Канада мебошад.

Нигаронии ошнову наздикон Ин ќазия дар сањифањои иљтимоии Фейсбук низ бозтоб гардид. Бархеро ба њайрат низ овардааст. Аз љумла Равшан Абдуллоев, директории иљроияи Бундёи Евразия дар Осиёи Марказї дар сањифаи фейсбукиаш навиштааст, ки "боздошти Александр Содиќов дар Хоруѓ ин дањшат аст". Нафари дигаре, ки гўё њамсабаќи Содиќов аст, навиштааст, ки њеч бовар надорад, ки њамсабаќаш алайњи манфиатњои давлатї коре карда тавонад, ё аз дасти ў чунин коре ояд. Мушарраф Содиќова, њамсари боздоштгардида низ эълон доштааст, ки ин иттињом нисбат ба шавњараш бепоя буда, Александр олим аст. Хостори он шудааст, ки нисбат ба таќдири шавњараш бетараф набошанд. Аз Љон Хизершоу, рањбари лоињае, ки дар он Александр кор мекунад, талаб кардааст, ки маълумоти марбут ба фаъолияти шавњарашро ба маќомоту расонањо пешнињод намоянд. Як нуктаи дигаре, ки ў зикр мекунад, боиси таваљљўњ аст. Ў навиштааст, ки Хизершоу дар аввал барои боздошти Александр ба ў изњори њамдардї карда, аммо баъдан Мушаррафро аз рўихати дўстонаш дар Фейсбук берун кардааст. Кам нестанд онњое, ки аз ин њодиса изњори таассуф хўрда, суол кардаанд, ки чунин муносибат моро ба куљо мебарад? Равшан Абдуллоев дар идомаи навиштааш инчунин дар бораи барномае, ки тибќи он Александр Содиќов барои тањќиќи вазъи Хоруѓ ба ин минтаќа сафар кардааст, маълумот нашр карда, изњороти рањбари ин тарњ доктор Љон Хизершоуро бознашр мекунад.

Назарот дар пайи изњорот Њудуди 20 соат пас аз боздошти Содиќов рањбари кори тањќиќотии ў Љон Њизершоу дар сањифаи фейсбукиаш навиштааст, ки Содиќов њангоми гузарондани тањќиќот боздошт гардидааст. Ў барои тањќиќ дар доираи Лоињаи тањќиќоти академї оид ба роњњо ва методњои њалли низоъњо бо Донишгоњи Эксетери Британияи Кабир шартнома дорад. Доктор аз боздошт гардидани њамтояш изњори нигаронї кардааст, ки ин лоиња аз љониби Шўрои илмии Британия маблаѓгузорї мешавад, ки Донишгоњи Нюкастл ва ташкилоти ѓайрињукуматии "Safeworld" низ шарик мебошанд.

Дар пайи ин изњороти Симон Райт, директории Коллељи илмњои иљтимої ва тањќиќоти байналмилали Донишгоњи Эксетер расонаї шуд. Дар изњорот тасдиќ намудаанд, ки Содиќов ба њайси корманди илмї фаъолият дошта, њадафи сафари ў ба Бадахшон танњо ба тањќиќи мавзўи кори илмиаш вобаста аст.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

5

МУФТИИ САЛАФЇ ТАМОШОИ ФУТБОЛРО ЊАРОМ ЭЪЛОН КАРД

Дар пайи изи хориљї Баъди њодисањои Хоруѓ дар моњи май ин маротибаи дуввум аст, ки ба таври мустаќим ва ѓайри мустаќим ба он ишора мешавад, ки маќомот дар ин њодисот дасти хориљї, мањз Бритониёро мебинанд. 10-уми июн баъди сафари Робин Орд-Смит, сафири Британия дар Тољикистон ба шањри Хоруѓ, ки гўё бе иљозати Душанбеи расмї сурат гирифтааст, як гурўњ занњо назди бинои ин сафорат эътироз карда, сангандозї њам карданд. Сафири Бритониё бо як изњороти кутоњ аз эътироз нигаронї карду онро бо ишорањое нозуке сунъї хонд. Боќї тафсилоти ин ќазия пўшида монд, аммо коршиносон њадс заданд, ки эътироз як гуна њушдор ба масъулини алоњидаи сафорати Бритониё дар кишвар буд. Инак, баъди гузашти ду њафта боз ба он ишора мешавад, ки нафареро боздошт кардаанд, ки аз ташкилоти бритониёї маблаѓ гирифтаасту вохурии ў "рўзи 10-уми июни соли љорї аввал дар алоњидагї ва шабона дар резидентсияи нафари аввали хадамоти махсуси он кишвар, ки њамчунон зери пушиши фаъолияти дипломатї амал мекунад, баргузор гардид. Аз охирин супориши конкретї ва маблаѓи пулї бо њисоби доллар барои иљрои ин супориш дастрас кард". Пештар аз ин, ёвари президенти Тољикистон Шералї Хайруллоев изњор дошта буд, ки "Он бозињое, ки дар ин шањр шуд дирижёрњои асосиаш дар шањри Душанбе њастанд. Шахсоне, ки берун аз Бадахшон бо масоили Бадахшон сарукор мегиранд, бисёрашон њатто шањрвандони Тољикистон нестанд". Чунин ба назар мерасад, ки бо ин ќазияњо рушди њаводис атрофи ќазияи Хоруѓ ба итмом нарасидааст. Аммо маълум аст, ки њаќиќат ду-то намешавад.

Њаќиќат куљост? Бо эътирофи ин ки њаќиќат яктост намешавад хулоса бардошт, ки асли ин ќазия кадом асту чї манфиатњое пушти ин силсилаи амалњо нињон аст. Дар њоли њозир, бояд иттилои КДАМ-ро интизор шуд, ки Александр Содиќов ба фоидаи кадом давлат љосусї ва кўшиши идораи низоъ дар Хоруѓро кардааст: ИМА, Бритониё, Русия ё ягон кишвари дигар? Пас аз расонаї шудани ин маълумот мешавад ба хулоса расид, ки ин бозї русист, инглисї ё дигар.

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

ДАР ФЕЙСБУК СОДИЌОВ ПАДАРИ МЕЊРУБОНУ ЃАМХОР АСТ

Ёсир Барњомї, даъватгари машњури салафї гуфтааст, ки тамошо кардани футбол њаром аст. Зеро дар ваќти бозї аврати бозигарон пўшонида намешавад. Дар ин бора расонањои хабарии арабзабон иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи ў, ин бозињо замоне њаром дониста мешаванд, ки ваќти тамошобинонро халалдор карда, боиси тарки амалњои вољиб шуда,ваќти зиёди тамошобинонро барњадар бидињанд. Инчунин таблиѓгари ќавмгарої бошанд ва навъе аз њамгарої бо кофирону мунофиќон њисобида шаванд. Ин фатвои Барњомї дар њоле садо додааст, ки ахбори муртабит бо Љоми љањонии футбол дар Брозиля ќариб, ки тамоми расонањоро ишѓол карда, њаводорон ва мухисони мунтахабњои љањонї

хеле зиёд мебошанд. Мушовири муфтии Миср Маљдї Ошўр гуфтааст: намесазад, ки њарфњои Ёсир Барњомї фатво дониста шаванд. Вай танњо назари ањли фатворо гирифтааст. Њар нафаре, ки дар бораи дин гап мезанад низ, набояд ўро муфтї биномем". Абдуллоњ ан-Наљљор, узви Маљмаъи пажўњишњои исломї дар ин маврид назари дигар дошта гуфтааст, фатвои Барњомї як навъ сўифањм дар умури динї ва эътиќол ба душманї байни дин ва дунё аст. Ёсир Барњомї, даъватгари машњури салафї дар Миср аст, ки бо мавзеъгирињои ба худ хоссаш борњо расонаї шудааст ва ин фатвои ахираш низ дар бораи футбол ба вокунишњои мухталифе дар љањони ислом рў ба рў шудааст. Амруллоњи НИЗОМ

КАБИРЇ ХОСТОРИ ЧОЙНУШЇ БО ТУХМШАПЊО ШУД Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон ва вакили ин њизб дар парлумон бо вуљуди эътирози як гуруњи хурд дубора омодааст, ки ба Кўлоб равад ва бо њамлагарон сари як пиёла чой нишинад. Раиси ЊНИТ дар суњбат ба Тољнюс њамлаи Кўлобро шарњ дода гуфт, ки аз помидор ва тухмшаппак натарсидаааст ва фирор низ накардааст, балки хамроњонаш ўро ѓайри хоњиши худаш вориди мошин кардаанд. - Баъди ба охир расидани вохўрї хоњиши суњбати рў ба рў бо нафарони пушти дар љамъшуда доштам, то њамдигарро бифањмем. Њатто озод аз дарвоза берун шудам. Аммо ваќте берун шудам, њамла болои ман рост шуд. Ягон сабзавот ва тухми њаводода ба мо нарасид. Њамроњон маро ночор печонида вориди мошин карданд. Њамроњонам бар он будаанд, ки шояд аз он тараф ба ѓайр аз помидору тухм боз чизи дигар њам тарафи мо њаво дода мешуд. Инро касе намедонист ва хуб њам шуд, ки мо ољилан он љоро тарк кардем ва тарафњо даст ба гиребон њам нашуданд. Ин њодисаро онњое тањрезї кардаанд, ки тамрин нисбати худашон буд. Иншоаллоњ, боз њам рўзњои наздик ба Кўлоб сафар хоњам кард ва сари як пиёла чой бо њамлагарони помидору тухм хоњем нишаст. Сафарњои мо тобистон бо минтаќањои дигари кишвар њам сурат мегиранд ва њамчун вакил ва шањрванди комилњуќуќ ба маќомот мурољиат мекунам, то дар таъмини амнияти сафарњои мо масъулиятшинос бошанд. Њоло мурољиати хаттї ба маќомоти масъул ва роњбарияти Маљлиси намояндагон нисбати ин њодисаи тањрезишуда омода шудааст ва рўзњои наздик ирсол мешавад,-гуфт Муњиддин Кабирї.

Зимнан, дар навори чанд сониягие, ки аз љараёни њодисаи њамла ба раиси ЊНИТ дар шабакањои иљтимої пахш гардидааст, шахсони синнашон аз 30-35 сола боло ошкор ва бо давидан аз масофаи дур тарафи вакил помидор ва тухм њаво медињанд. Ва боз тамошо мекунанд, ки ба њадаф расиданд ё хайр. Ин аввалин бор нест, ки вакили Маљлиси намояндагон мавриди њамла ќарор мегирад. Дар гузашта Сайидумар Њусайнї, вакили парлумон аз ЊНИТ низ дар Хоруѓ ба чунин як вокуниши сохта рў ба рў шуда буд. Аммо њељ як маќомот ба истиснои чанд вакили парлумон ба ин њамлањо вокуниши љиддї нишон надоданд. Ёдовар мешавем, ки Муњиддин Кабирї њафтаи гузашта зимни љаласаи порлумон ин њамларо "кори дасти маќомот ва таљовуз ба њукумати конститутсионї" хонда буд. Муллораљаб ЮСУФЇ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

6

БА ЉОИ...

Эљодкорони азиз! Биёед, ин мањфиламонро, ки дар он фаќат худињо љамъ омадаем, "Эљодкорон" нею "Эродкорон" номгузорї намоем. Фаросатшоева, шумо ба насаби худ иснод наоред, охир! Мо танќиду таърифро ба њам омезиш намедињем. Њаќматова, шумо њам насаби худро эњтиром карда, фаќат кўшиш мекунед, ки њаќ ба љониби шумо бошад-а? Не. Мана ин љо ки Рањматова њам нишастааст, албатта, фикри ўро низ ба инобат мегирам. Агар ў њам њамфикри ман бошад, баъд мањфилро "Эродкорон" ном мемонем. Фикри ту чист, дугона? Рип-розї. Эњ, ана, ин гапи дигар, дугона. Ту дар њаќиќат ба фамилияи худ 100% арзандаї. Хулоса, дугонањо, гап якто. Мањфили имрўзаи мо мањфили "Эродкорон" аст! Як ќарс занед, ки илњомам ояд, охир! Ќарс - ќарс - ќарс... Ташаккур, њамќаламону њамаламони азиз! Мањфилро кушода гуфта, эълон мекунам! Сараввал мехоњам њамчун мањфилкушо худам чор мисрањакак дар бораи Тољикистони азизамон ќироат бикунам: Давлати њафтодусе фоиз кўњсор зинда бод, Мардуми аз санги кўњ сарсахти ту поянда бод! Он фисад, ки кўњ дорї мардумонат дар сафар, Ман суруди "Ман муњољир"-ро бихонам њар сањар. Олї, дугона. Булбулаки ту њам медонад, ки ягон хонадони бемуњољир нест, суруди рўзро мехонад-а. Ба булбулакат гўй, ки бењуда дил об накунад, тани ману таќдири њаќ гуфтагї гапњоро аз ёд набарорад. Чї, магар ў намедонад, ки агар њамин муњољират набошаду бечора бетаѓоњо ба муњољират рў наоранд ў беобу дона мемонад? Ана, акнун навби ман-а? Таѓо гуфта, бетаѓогиямро ба ёдам овардї, диламро реш-реш кардї, ростї: Њар куљо њаст бетаѓое, Њоли ўро дон, ки войе. Љуз ба кори мардикорї, Кор наояд бетаѓої. Ту њам наѓз гуфтї, дугона. Њамин ба бетаѓоии ту наздик, камбаѓалии худамро гуфтаниям: Тарс аз он дорам, ки давлат, Давлати меросї гардад. Камбаѓал бо љурми фаќрї, Бањри давлат пул супорад. Дугона, Худо накунад, ки ин пешгўињоят амалї шаванд. Аммо, аз пешгўии дар дуюм мисраъ навиштаат бўи "њаќ њастї, гапат љон дорад" ба димоѓам ра-

МАЊФИЛИ ЭРОДКОРОН

сида истодааст. Ба ту таќлид нею аммо ба шеърчаи ту монанд якто ходаниям: Аз тарозуњои роњат, Пулчинакњо карда роњат. Ман фурўхтам мошинамро, Дилбазан кард пурхўракњо. Олї! Орзумандем, ки ин тарозуњоро соле фаро мерасаду масъулон аз байн набардоранд њам, ронандагон мисли ту мошинфурўшї накарда, аз як гиребон сар мебароранд ва чун саќичи ба кафш часпида, ки ба роњгардї халал мерасонад канда њаво дињанд. Ин тарозуњо њам мисли њамон саќич дар чархи мошинњо њаст, ки сари њар ќадам часпидан мегиранд. Фаросатшоева, марњамат карда, думисраъ - мї, чањор мисраъ - мї ягонта хонед. Хуб: Фарќ надорад барфу борон, Ё њавои сарду тўфон. Њар куљо рафтанд љанобам, Саф кашем бо мењри тасфон.

АРЗИ МАЪЗАРАТ ВА ТАСАЛЛИЯТ Њайати эљодии њафтаномаи «Нигоњ» ба самъи оилаи Муродовњо дар шањри Душанбе мерасонад, ки агар маќолаи «Марги мармуз дар «Бањористон» (№11 (393) аз 4уми июни 2014) дар њафтаномаи «Нигоњ» боиси малоли хотири Шумо гардида бошад, самимона маъзарат мехоњем. Аз даргоњи Иллоњї барои даргузашти нобањангоми љигарбандатон - Сунатулло Муродов ба Шумо сабри љамил хоста, дуогўи онем, ки дар бињишти анбарин љой гирифта бошад.

Саф гуфтї? Чї хел саф? Намебинї, ки гоњо баъзењо ќоидаи сафкаширо вайрон карда, аз гармии офтоб аст ё гуруснагии вафодори донишљўён мисли лўхтаки театр ин тарафу он тараф тоб хўрда, билохира, саљда карда менишинад. Дар саф њама бояд чун себи дукафон росту баробар истанд. Шеърат каме тањрирталаб. Фаросатшоева, навбати ту. Хуб: Њар куљо ояд љанобам, Кўчањо обод намоянд. Баъди моње рафтї он љо, Бинї њавзакњо дар он љо. Зирак њастї, дугона. Бисёр нуќтаи хубро мушоњида кардаї. Дар њаќиќат њар куљо, ки љанобамон рафтанї шавад, як ду моњ пеш халќро аз кору бори зиндагияш мононда, роњњоро ободкунї, шанбегињо, душанбею сешанбе нагуфта, гузаронида мешавад. Аммо иќрор бояд шуд, ки ин гуна сафарњо љињати хубаш њам њаст. Он ниќобњое, ки дар рўи роњњо мекашанд, шукр, ки гоњо кам не, ѓам не, як солу ду сол умр мебинанд. Шукр, боз навбати худам - а? Ња навбати тую, аммо шукр гуфта,"шукрона кунед"-ро ба ёдам овардї. Шеъре хон, ки шукр дошта бошад. Хуб: Дар идороти диёрам, Шукр, ки хешан гашта сарљамъ Гар равад бегона он љо, Рост намоянд кафши ўро. Шеърат хуб. Охир аз таърих маълум

аст, ки халќи тољик мањз бо мењрубонию мењмоннавозияш аз дигар халќиятњо фарќ мекард. Ин мењри баланди хешон намегузорад, ки аз якдигар дур бошанду дар љойњои алоњида-алоњида кор кунанд -дия. Рањматова, навбати шумо. Ман, ки бечора бародарам як солу нўњ моњ боз карамшўрбову шалѓампиёва хўрда, бо хоњиши худаш хизмат карда истодааст, дар хусуси армияи фаќирону дањќононамон чањор мисрањакак хонданиям: Армияи камбаѓалњо ё ки дењќон бепадарњо, Ёфта таъсис дар диёрам, ки демократ хондаем мо. Ањли аскарбачањоро бурдаанд иљборї он љо, Сад фисад бовар бар онам бой наёбї байни онњо. Рост мегўї дугона. Бо микраскоп кобї њам яќин аст, ки лоаќал мўи сари бойбача ва ё хешони онњоро намеёбї. Бењуда ваќт сарф карда, накоб. Дугонањо, саргарми мењру сењри шеър шуда, нимашаб шуданашро њам пай набурда мондем. Биёед, мањфилро њафтаи оянда дар њамин љо ва дар њамин ваќту соат мегузаронем. Мо розї. Ин тавр бошад то њафтаи оянда дар амони Худо! Аммо фаромўш накунед, ки мањфил идома дорад! Шодонаи МУРОД

САДОИ МАРДУМ

26%

4%

Дар љавоб мушкилї мекашам

Пурсиши виртуалии ахири Тољнюс маълум кард, ки назари беш аз 53 дар сади раъйдињандагон нисбат ба "фарњанг"-и нави сиёсї: тухмшапак, помидорборон, бевабаталён ва калўшпартої бад аст.

Намедонам

Бад, зеро рўзе зидди њукумат ва президент њам истифода мешавад

18% Хеле бад, амали нангин аст

7%

Бад не ку. Бар зидди њукумат њам истифода мекунем

16%

Хуб, мардум њаќќи эътироз доранд

Олї, ин фарњанги маъмулии дунёст!

27%

МУНОСИБАТИ МАРДУМ НИСТБАТ БА "ФАРЊАНГ"-И ТУХМШАПАКУ «БЕВАБАТАЛЁН» БАД АСТ.

2%

Дар ин назарсанљї, ки зери унвои "Муносибати шумо ба "фарњанг"-и нави сиёсї: тухмшапак, помидорборон, бевабаталён ва калўшпартої чї гуна аст?", 27 дар сад (322 нафар) аз ширкаткунандањо гузинаи "хеле бад, амали нангин аст"-ро интихоб карда, 26 % (308 нафар)-и дигар ба гузинаи "Бад, зеро рўзе зидди њукумат ва президент њам истифода мешавад", раъй додаанд. 16 дар сад (192 нафар) њам гуфтаанд, ки "олї, ин фарњанги маъмулии дунёст!". Инчунин 7 дар сад (84 раъйдињанда) ба гузинаи "хуб, мардум њаќќи эъти-

роз доранд" овоз дода, 18 % (213 нафар)-и дигар ќайд кардаанд, ки "бад не ку. Бар зидди њукумат њам истифода мекунем". Инчунин 4 дар сад (44 нафар) аз иштирокчиёни ин назарсанљї дар посух ба суол ољизї кашидаанд ва 2 дар сад (24 нафар) ба гузинаи "Дар љавоб мушкилї мекашам", раъй додаанд. Ин назарсанљии виртуалї аз 9 то 15-уми июни 2014 бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи расмии ОИ "Тољнюс" гузаронида шуда, дар он 1187 нафар ширкат кардаанд.


ЊУШДОР Пас аз 23 соли хомўшї Ќањњор Мањкамов, охирин котиби якуми Кумитаи Марказии Њизби Коммунистии Тољикистон ва нахустин президенти кишвар дар мањфили "Гуфтугўи тамадунњо" - и профессор Иброњим Усмонов барои бори аввал рољеъ ба фаъолияташ, воќеъњои хунбори моњи феврали соли 1990 ва дирўзу имрўзи Тољикистон ба суолњои намояндагони љомеаи шањрвандии Тољикистон посух дод. Ин нишаст зиёда аз 2 соату 30 даќиќа дар толори маљлиси Маркази тиљоратии "Пойтахт" -и шањри Душанбе идома кард. "Нигоњ" бо назардошти ин, ки "дер ояду шер ояд", тасмим гирифт тафсилоти ин суњбатро дар ихтиёри хонандагонаш гузорад.

Ќањњор МАЊКАМОВ:"БОЗ НАГЎЕД, ИН ЧЇ ХЕЛ ПРЕЗИДЕНТ БУД" Тафсилоти суњбати президенти нахустини Тољикистон дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо" ЌАЊЊОР МАЊКАМОВ: - Рўзи панљум боз назди мардум баромадам. Мардум ба љои савол дињанд, монанд, ки ман гуфтанињоямро гўям, калўш ѓурронданд, маро бо калўш заданд. Соњиби њамон калўше, ки ба ман ѓурронданд, дар автобазаи таксомоторнийи њамин Душанбе слесар (челонгар) шуда кор мекардааст. Инро ман соли 1997 фањмидам. Як рўз њамон љо мошини "Волга" - амро барои ремонт бурдам. Бачањои он љо хандида гуфтанд, ки шумо калўшро мешиносед? Ман гуфтам, кадом калўшро? Њеч дар ёдам нест. Боз пурсиданд, њамон калўшеро, ки ба сўи шумо ѓуронда буданд дар пеши бинои Комитети Марказї, дар хотир доред? Ман гуфтам, не. Сонї, яктоаш гуфт, ки рав, "Калўш" ро љеѓ зан, ин љо биёяд. Вай наомад. Гуфтааст, ки не, ман ба рўйи вай одам нигоњ карда наметавонам, рафта наметавонам. Ман гашта омадам, ки вай шарм мекунад. Аз њамон рўз лаќаби он касро мо "Калўш" мондагї гуфтанд… Њар рўз пагоњї катї Горбачёв телефон мекарду "Ну как у вас дела?" гуфта мепурсид. Ман мегуфтам, давом карда истодост, гап задан намемонанд. Кумитаи мардумї ташкил шудагї - 15 нафар. Њар рўз бо мо вохўрда истодаанд, гуфтушунид карда истодаем. Њайати Кумита њозир дар ёдам нест. Шумо аз ман наѓзтар медонед, кињо он љо буданд. Охир, њамту шуд, ки Пуго (Борис Пуго) намояндаи Комитети Марказии СССР рўзи сеюм ба Душанбе омад. Пуго дар ваќти ГКЧП худашро паронда буд. Он ваќт раиси Кумитаи назоратии назди Комитети Марказии СССР буд. Њамроњи ман то охири оромї њамин љо буд. Мо ду кас бо кумитаи мардумї суњбат гузарондем. Аз сар шудани њамин њодиса се рўз пеш бе иљозати ман, ба њеч кас гап назада, котиби дуюми Комитети Марказии ЊКТ Пётр Лучинский (Пётр Лучинский, аз соли 1996 то 2001 президенти Молдавия буд- А.Н) аз Душанбе ба Маскав парида меравад. Мо намедонем, ягон котиби КМ ЊКТ намедонад, ў дар куљост.

«

Мо намедонистем вай куљо шуда бошад, мекобем нест, хавотир шудем, ки бо ў одами Маскав ягон њодиса нашуда бошад. Њама љоро мекобем, нест. Охир аз Комитети бехатарї омада, гуфтанд, ки накобед, вай дар Маскав аст. Прокуратура, Вазорати корњои дохилї, Комитети бехатарии Тољикистон кор бурда истодааст. Меоянд, њар рўз иттило мебиёранд, ки дар масљидњо муллоњо њамон рўзњо намозхонњоро љамъ карда, мегуфтаанд, ки пагоњ њама митинг равед. Касе наравад, занаш се талоќ. Њамин гапњоро омада, ба ман гуфтанд. Хайр, гуфтем, бинем, ки чї мешавад. Баъд аз тамом шудани он њодиса, маълум шуд, ки як сол пеш аз ин як гуруњ одамњо ин корро ташкил карданї будаанд. Маркази онњо њаммоми автобазаи Кўктош буд. Автобазаи њарбї буд, њамон љо директор буд. Директорашон (Нарзулло Дўстов дар назар аст - А.Н) баъд аз ин корњо соли 1992 муовини президенти Тољикистон интихоб шуданд. Ман номашро нагуфтам, забонам намегардад. Афсўс, ки дар њамон љо њамин котиби дуюми Комитети Марказии ЊКТ (Пётр Лучинский- А.Н) њам иштирок мекардаанд, якчанд маротиба дида будаанд њамин касро. Хайр, гуфтем, "уткан кеткан" - салавот бар гузашта. Кори шудагї шуд, ин масъаларо дигар намебардорем. Баъд аз ин њама оромї шуд. Њама љой ба љой шуд. Њама љо як маро гунањкор карданд, ки дар њамон майдон як љавонро куштед. Мана Худо дар тори сари мо, ман аз њамон оина дидам, ки дар мошинаи УАЗ 462 болош кушода, аз пеши њамин чойхонаи Роњат њамон бачаеро, ки гўё дар майдон кушта шудагї буд, оварданд. Дар куљо куштаанд, намедонам. Ба њамон мошин бор карда, майдон оварданд. Худам ба чашмам дидам. Ана, пас сар шуд, ки ин бачаро куштед, он бачаро куштед. Афсўс, тамоми матбуот њам њамин гапро гуфт, аз телвизион њам нишон доданд, аммо њеч кас напурсид, ки ин дар куљо тасдиќ шуд. Њељ кас тасдиќ накардааст. Зиёда аз 24 сол шуда омад,

Медонед, ки интизоми партия бисёр мустањкам буд. Агар аз боло гўянд њамин кор њамту, дигар мо ба њамон бовар мекардем. Партия интизоми бисёр сахт дошт. Ман худам њамин ќадар сол то синни 60 аз 24 солагї аъзои њизби коммунистї будам.

«

ман якумин бор њамин гапро дар њамин љо гуфта истодаам, ки афсўс, кор аз кор њам гузаштааст.

МАСКАВ Рости гап, Маскав он ќадар ба ин масъала њамроњ нашуд, барои хомўш кардан ёрдам њам накарданд. Ба ман дар ваќти саволу љавоб Горбачеёв мегуфт, ки њой, ба њамин мардум сахт нарасед, мардумро озор надињед. Як хелњо баромад мекунанд, баъд аз баромад Комитети бехатарї мабодо вайњоро даъват накунад, гуфта, моро намемонданд чораи љиддї бинем. Медонед, ки интизоми партия бисёр мустањкам буд. Агар аз боло гўянд њамин кор њамту, дигар мо ба њамон бовар мекардем. Партия интизоми бисёр сахт дошт. Ман худам њамин ќадар сол то синни 60 аз 24 солагї аъзои њизби коммунистї будам. Њеч ваќт бовар намекардам, ки њамин партияи коммунистї як рўз не, як рўз вайрон мешавад. Њеч кас ба ин бовар намекард. Акнун ин корњо гузашта, рафт. Њозир замона дигар шуд. Система дигар шуд. Вай давлатдорї дигар буд, њозира давлатдорї дигар. Аз нуктаи назари ман, агар нигоњ кунед, он ваќт бе Маскав ягон масъалаи муњимро њал карда намешуд, лекин Маскав њељ ваќт намегуфт, ки њой, шумо ба забони худатон гап назанед, шумо фаќат ба забони русї гап занед, ин хел гапњо набуд, њеч кас монеагї надошт. Мана куњансолон медонанд, љаласаи Шўрои Олї бо се забон мегузашт. Њама њуљљатњои он бо се забон чоп мешуд, касе бо кадом забон баромад кардан мехоњад, ба њамон забон баромад мекард, њам русї, њам тољикї ва њам узбакї. Њамин хел ваќт буд. Аз нуктаи назари роњбарият, азбаски идеология дар њизб мустањкам буд, роњбарї кардан њам назар ба њозира, ба фикрам, осонтар буд. Лекин барои тараќќї додани љумњурї соњаро наѓз донистан даркор буд. Кадрњои зўр буданд дар он ваќт њам аз миёни тољикњо, њам аз русњо њам аз дигар миллатњо дар вазоратњо, идорањо, горкому райкомњо, дар шўрои шањрњо њамин одамњо аз тањти дил кор мекарданд.

ГОСПЛАН - Ман 19 сол роњбари Госплан (Кумитаи банаќшагирї) будам. Дар байни 19 сол ягон масъаламон, ки дар пеши Маскав мегузоштем, њал ношуда намемонд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

7

Барои чї? Барои он ки пеш аз масъаларо мондан, мо худамон наѓз омўхта, худамонро наѓз тайёр карда, њуљљатњоя наѓз карда мерафтем. Њар сол як маротиба плани солонаи моро баъд аз Госплани СССР раиси Шўрои Вазирони СССР худаш медид бо иштироки њамаи вазирњои иттињод, раиси Шўрои вазирони љумњурињо, раиси Госплани љумњурињо. Дар хотирам њаст, касе, ки он ваќт раиси Шўрои вазирон буданд, ин одам бисёр мутахассиси зўр буданд. Хусусан, дар соњаи саноати сабук. Њар як масъала, њар як рафтори љумњурї, тараќии љумњуриро пешакї омўхта, баъд ба мо медоданд. Акнун њозир баъд аз он ки система дигар шуд, ба њеч куљо мурољиат кардан даркор не, роњбари љумњурї њуќуќ дорад ин њама масълањоро њал кунад. Њозир роњбари љумњурї назар ба роњбари республикаи куњна њуќуќаш калонтар, бисёртар, аммо кораш вазнин. Њар кас ин корро њозир уњда карда наметавонад. Њозир барои президент шудан бисёр дониши калон даркор. Барои чї њозир душвор шуда истодааст? Мутахассисњои асосие, ки љумњуриро мебардоштанд, њамА пароканда шуда рафтанд. Дар ин љо мондагї мутахассисњо мисли мутахассисони пешин кор бурда натавонистанд. Барои њамин 10 соли аввал љумњурї дар як љой истода монд. Ба њисоби ман, соли 2000-ум назар ба соли 1990-ум 10 соле, ки гузашт, мо 25 -30 сол ќафо рафтем. Њозир оњиста - оњиста тараќќї карда истодаем. Ман боварии комил дорам, ки баъд аз 5-10 сол љумњурии моро шинохта намешавад, тараќќї мекунад, кадрњо тамом карда, омада истодаанд, дар тамоми донишгоњњои дунё њозир хонда истодаанд. Дар даври Шўравї кадрњои мо асосан дар донишгоњњои СССР таълим мегирифтанд. Агар якта-нимта олимњо хориља намерафтанд, дигарњоро иљозаи рафтан намедоданд. Барои чї? Мегуфтанд, худамон - СССР, мамлакати калон, донишгоњњои зиёд дорад, њамин љо хонед. Чї ќадар талабот бошад, не, нагуфта, мефиристоданд. Њамон ваќтњо, рости гап, ман њамчун роњбар баъд аз кор дар Госплан, дар Шўрои вазирон медонистам, ки агар мардуми мо забони русиро наѓз надонад, тараќиёти мо наѓз намеравад. Барои чї? Барои он ки 25 - 30 дарсади ањолии мо русњо, саноатро асосан русњо пеш мебурданд. Мардуми мо, тољикњои мо, бисёртар кори савдо, кори ресторанњо, магазинчигї, фурўшандагї, дар њамин соњањо бисёр кор мекарданд. Ба саноат ба кор намерафтанд, намехостанд. Дар соњаи сохтмон тољикњо бисёр кор мекарданд. Як ваќтњо шуд, ки мо аз њар як коргари русе, ки дар саноат, масалан, мемондем, илтимос мекардем, ки ба ду тољикбача њунари худро ёд дињед, шогирд гиред. Ин масъалањо дар корхонањои мошинсозї ва шахтањо буд. Ман ваќте ба шахта омадам, ин љо, ба ќавли русњо, "баш на баш" 50 дарсад тољикњо асосан коргарони мањаллї аз Чоркуњи Исфара буданд, нисфи дигараш русњо, ќирѓизњо, ќазоќњо буданд.

ГКЧП - Мо ором шуда будем, кори ман наѓз рафта истода буд. Як соли дароз њамин аз нимаи соли 1989 тамоми сол ва соли 1990 - ум бисёр мо дар Маскав вохўрї мегузаронидем, роњбарњои њамаи љумњурињо ва роњбарњои давлати СССР дар бораи дигаргун кардани роњи иќтисодиёти СССР. Бисёр суњбатњо мешуд, бисёр гуфтушунидњо мешуд, њамон ваќтњо њафтае набуд, ки ман як бор ду бор ба Маскав парвоз накунам. Бегоњирўзї аз ин љо парвоз карда, мерафтаму пагоњаш як рўзи дароз дар маљлисњо иштирок карда, бо хатсайри шабона боз гашта, ба Душанбе меомадам. Ду - се бор њар њафта кор њамин буд. Масъала ин тавр шуд, ки њар як љумњурї мустаќил мешавад дар њайати СССР… (Давом дорад) Фароњамсоз Абўалї НЕКРУЗОВ


8

ИКРОМИИ ЗАМИНЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

Дилафрўз Икромї: "ПАДАРАМ НАМЕХОСТАНД ДАР ЛУЧОБ БА ХОК СУПУРДА ШАВАНД"

САДРИДДИН АЙНЇ, ЉАЛОЛ ИКРОМЇ ВА СОТИМ УЛУЃЗОДА. СОЛИ 1951 Бо рењлати љонгудози адиби нуктасанљ, муаллифи 10 роману 12 повест, 16 песа ва дањњо њикояву очерк Љалол Икромї, ки бањори сарди соли 1993, дар ављи љангу хунрезї дар кишвар иттифоќ уфтод, насли аввали нависандагони Шўравї, парвардагони мактаби реализми Горкий ва бунёдгузорони адабиёти навини тољик аз поёни замони худ паём доданд. Охирин навиштаи ин адиби њунарманд бо номи "Он чї аз сар гузашт" бо кўшиши љигарбандаш, доктори илми кимиё, профессор Љонон Икромї, ки ў низ њоло ќалби пуртапиши худро дар ќалби хок пинњон кардааст, ба теъдоди хеле мањдуд аз чоп баромад. Ва ин асари тарљумаињолии анљомношуда, аз орзуест, ки устод Икромї бо худ бурд. Ва танњо њамин китоб дар садумин солгарди мавлуди адиби маъруф чоп шуд, ташкилотњои эљодї ва дигар масъулини фарњангу адабиёт иќдоми бештаре аз ин накарданд. Њатто мутолиаи сарсарии он ин нуктаро рушан мекунад, ки адиби маъруф умре бо хуни дил ќаламфарсої кардааст, вале на њамеша китобњояш ба осонї рўи чопро дидаанд. Икромї дар оѓози ёддоштњояш менависад: "Дар ваќти навиштани ин саргузашт умрам ба 75 расид. Хеле монда шудам. Охир њамаи асарњои маро "дўстонам" њамеша бо сари найза пешвоз мегиранд..." Кї буд Љалол Икромї? Посух басо оддист: адибе, ки аз худ мероси гаронбањо гузошт, дањњо образи нотакрор офарид, ки асрњо хонандаи њар давру замонро тарбия мекунад. Вале дар њаёти оилавї, миёни дўстон ва љомеа ў кї буду аз чї хислату одоби оиладор бархўрдор буд? Барои дарёфтани посух ба ин суолњо бо духтари адиби номвар, яке аз пуркортарин олимањои тољик, номзади илм Дилафрўз Икромї њамсуњбат шудем ва нахустин суоле, ки дар миён гузоштем, ин буд: - Дар бораи издивољи волидонатон чї медонед ва чї гуна аз Бухоро ба Душанбе омаданд? - Падару модари ман 65 сол бо њам зиндагонї карданд. Ваќте ба њам расиданд, падарам 19-сола ва модарам 15-сола буданд. Модаркалонам Саломатбибї аммаи падарам буданд. Он замон дар Бухоро њамин хел одат буд, ки њама домоду арўс бояд аз авлоди як-

дигар бошанд, бегона ба бегона на духтар медод ва на домод мегирифт. Модари ман Саодатхон духтари кенљаи хона, каме шўху эрка ва њам хеле хушрў буданд ва талабгорони зиёд доштанд. Модаркалони мо доим мегуфтанд, ки ман њамин як љиян дорам ва духтарамро ба ў медињам. Падарам, ки дар хурдсолї аз навозиши модарашон мањрум шуда буданд, модаркалони моро ба љойи модарашон медонистанд ва дар ёддоштњояшон борњо инро зикр кардаанд. Љойи таъкид медонам, ки аввалин тўйи ба истилоњ сурх дар Бухоро ин тўи падару модари ман буд. Падарам бо Пайрав Сулаймонї бисёр дўстони наздик буданд ва ба Душанбе омадурафт мекарданд. Аммо соли 1930 дар Душанбе конфронси забон баргузор мешавад, ки дар он аз тамоми минтаќа касонеро, ки забонро хуб медонистанду боистеъдод буданд, даъват шуданд. Падарам мегуфтанд, ки бори аввал дар њамон конфронс устод Лоњутиро дида буданд. Дар анљоми њамин конфронс ќарор мекунад, ки њамаи ширкаткунандагон кўчида ба Душанбе оянд. Падарам баъди як моњ барои зиндагонии доимї ба Душанбе меоянд. Ба онњо як хонаи якњуљрагї

Њам модарам ва њам падарам саводи хуби хати ниёгон доштанд. Падарам асарњои худро аввал бо хати форсї менавиштанд, ваќте тамом мекарданд, онро ба срилик бармегардониданд. Баъзан ман мегуфтам, ки "дадаљон, ман ёрдам кунам? Баргардонам"? Мегуфтанд, ки "не духтарљонам, ман ваќти баргардон боз тањрир њам мекунам".

медињанд ва зиндагии аввалро дар пойтахт чунин оѓоз мекунанд. Дар њамон хона њам мехобиданд ва њам кор мекарданд. Падару модарам соњиби 7 фарзанд буданд. 3 нафар дар солњи гуногун даргузаштанд ва мо чор нафар мондем. Замира Икромї, Љонон Икромї, Дилафрўз Икромї ва Назира Икромї. Аввал падарам ва баъд модарам даргузаштанд. Баъдан апаам Замира, 27-уми июни соли 2012 бародарам Љонон гузаштанд ва 12 уми сентябри њамон сол шавњарам-Муњаммадљон Шакурї тарки олам карданд. Њоло ману хоњарам Назира дар њаётем. Њамаи наберагону аберагони устод Икромї соњиби маълумоти олианд ва аксари инњо њоло дар риштањои гуногун дар пажуњишгоњњову марказњои илмї ва таълимї кор мекунанд. Падарам фарзанди апаамро ба писарї ќабул карда буданд, аз ин рў вай Озод Љалолович Икромї ном дорад ва хизматчии њарбї бо рутбаи полковник буда, дар шањри Аштархони Русия њаёт ба сар мебарад. - Шумо гуфтед, ки падару модаратон 65 сол бо њам зиндагонї карданд. Инро чї метавон гуфт: ишќу муњаббат ва ё алоќаи хешутаборї? - Дар њаќиќат падару модарам бо њам хеле дўст буданд, муњаббати самимиву боэњтиромона ба якдигар доштанд. Падарам хеле оиладўстдору фарзанддўстдор буданд. Муњити оилавии мо як муњити хубе буд, њамдигарфањмии комил миёни падару модар ва фарзандон њоким буд. Падарам табиатан шахси хеле мењрубон буданд, моро аслан љанг намекарданд, намезаданд, њатто садояшонро баланд намекарданд, вале як нигоњашон кифоя буд, ки мо аз тарс дар љоямон биншинем. Нигоњи ќањролуд надоштанд, вале тарзе менигаристанд, ки мо мефањмидем, ки аз ин корамон розї нестанд. Дигар кифоя буд, ки рафтори худро ислоњ намоем. Аммо модарам баръакси падарам дар оила ва тарбияи фарзандон хеле сахтгир буданд, аз модар сахт метарсидем. Падарам фарзандонашонро хеле дўст медоштанд. Њатто баъдњо, ки мо калон шуда, њар кадом соњиби хонаву дари худ шудем, њар субњ ё шом худашон ба мо занг мезаданд ва ањвол мепурсиданд. Замоне, ки бо мода-

рам ба истироњатгоњи Переделкино мерафтанд, таъкид мекарданд, ки пайваста мактуб навишта, аз њоламон хабар дињем. Аммо на њамеша мо ин корро мекардем, баръакс худашон нома менавиштанду мепурсиданд ва мо фаќат љавоб мегардонидем. Бо гузашти солњо њамаи ин мењрубонињои падарро ба ёд оварда, имрўз, ки миёни мо нестанд, аз худ бо як љањон ѓаму андуњ мепурсам, ки чаро мо чунин мекардем, чаро зиёд наменавиштем, то падарро њамеша дар љараёни саломативу ањволамон гузорем. Медонед, бо гузашти умр ва рафтани инсонњо ќадрашон бештар пайдо мешавад, чун холигоњи падарро каси дигар наметавонад пур кунад. Аз сўи дигар модарам барои падарам тамоми шароитњоро барои навиштану эљод кардан фароњам оварда буданд. Њама масъалањои оилавї, аз љумла тарбияи фарзандонро пурра бар душ гирифта буданд, то ин ки падарам ваќти худро сарфи кори нависандагии худ кунанд. Њам модарам ва њам падарам саводи хуби хати ниёгон доштанд. Падарам асарњои худро аввал бо хати форсї менавиштанд, ваќте тамом мекарданд, онро ба срилик бармегардониданд. Баъзан ман мегуфтам, ки "дадаљон, ман ёрдам кунам? Баргардонам"? Мегуфтанд, ки "не духтарљонам, ман ваќти баргардон боз тањрир њам мекунам". Модарам дар китобхонаи ба номи Фирдавсї 38 сол кор карданд, мудири шуъбаи дастхатњо ва аввалин зане буданд, ки ба дарёфти унвони "Китобдори Хизматнишондодаи республика" сазовор гаштанд. Падарам љавонони боистеъдодро дўст медоштанд. Он кас то беваќтии шаб кор мекарданд ва баъд як радиоча доштанд, ки онро гўш карда хобашон мебурд. Боре аз ман пурсиданд, ки њамин Уктами Холиќназар кист? Ман гуфтам, ки як љавони хеле босаводи арабшинос, ки бо мо кор мекунанд. Гуфтанд ўро бо ман шинос кун њамроњаш суњбат кунам. Фањмидам, ки њикояи Уктами Холиќназарро аз радио шунидаанд. Яъне, агар маќолаеро дар газет мехонданд ва баромадеро дар радио мешуниданд, ки писандашон меомад, муаллифашро мељустанду њамсуњбат мешуданд. - Албатта, устод Икромї чун инсоне, ки бо як зани дўстдоштанї зиндагонї мекарданд, наметавонистанд дар офариниши образњои мусбати асарњои худ аз хислатњои модаратон истифода набаранд. Дар кадом асар ин образ устувортар нишон дода шудааст? - Албатта, инро касе намедонад, вале ба шумо мегўям, ки Сурайё дар повести "Ман гунањгорам" образи модарам аст. Падарам аввал иќрор набуданд, вале баъд мо худамон њам дидем, ки он хислатњову он рафтори Сурайё нусхаи модари худамон аст. "АЙНЇ БА ПАДАРАМ ГУФТАНД, КИ ШУМО ТОЉИКЕД, НА УЗБЕК..." - Чун устод Айниву устод Икромї њарду бухорої буданд, оё хешутаборї њам доштанд? - Не, аслан хешутабор набуданд. Падарам шогирди устод Айнї буданд. Азбаски ќозизода буданд ва падарашон ва аз љумлаи бомаърифаттарин шахсони замонашон мањсуб мешуданд, мехостанд барои фарзандњояшон мактаб кушоянд ва бо Айнї маслињат мекунанд. Он замон Айнї омада буд ва бо бобоям хеле суњбатњои аљиб карда буд. Ваќте Айнї аз нияти бобоям огоњ мешавад, мегўяд, ки ман барои мактаби шумо як нафарро мефи-


СУЊБАТИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

ЉАЛОЛ ИКРОМЇ БО ЊАМСАРАШ САОДАТ ИКРОМЇ. СОЛИ 1980 ристам, ки дарс дињад. Ва дар китоби хотирањои падарам ин нукта зикр шудааст, ки Атоуллохоља ном шахсе аз љумлаи љадидони Бухоро омад, ки дар њаќиќат як љавони хеле донишманд буд ва ба онњо аз адабиёту забону риёзиёт дарс медињад. Баъди даргузашти падарашон модари угай падари моро аз хона меронад ва он кас бо мадади хешовандон ба Когон мераванд, то њам зиндагонї ва њам тањсили илм кунанд. Падарам, ки раѓбат ба адабиёт доштанд, дар аввалњо шеъри узбекї менавиштанд. Як рўз љўрањошон мегўянд, ки Айнї ба Когон омадааст ва дар китобхонаи ба номи Сино мулоќот баргузор мешавад. Ва пешнињод карданд, ки рафта бо Айнї вохўрем. Аммо падарам медонистанд, ки Айнї бо забони тољикї менависад. Сипас, пеш аз мулоќот бо номи "Эй духтари ранљбарони тољик" як шеъри тољикї эљод мекунанд. Ваќте ба суњбати Айнї мераванду навбаташон мерасад, Айнї мепурсанд, ки шумо дар њуљљатњоятон миллататонро чї навиштаед? Падарам љавоб медињанд, ки узбек навишта шудааст. Айнї мегўянд, ки шумо узбек нестед, шумо тољик њастед, бобои шумо аз Ховалинг омадаанд ва модаратон тољики Бухоро мебошанд. Шумо дар њаќиќат тољик њастед, на узбек. Сипас, устод Айнї мепурсанд, ки оё Икромї чизе эљод мекунанд ё на. Падарам посух медињанд, ки "ман аслан узбакї менавиштам, аммо барои шумо як шеъри тољикї навиштам" ва он шеърро бароварда, ба Айнї нишон медињанд. Айнї он шеърро хонда, ба падарам маслињат медињанд, ки шумо бояд њикоя нависед, на шеър, чун домани шеър танг асту наср имкони бештар дорад. Падарам ба хона баргашта, дар муддати се рўз як њикоя менависанд бо номи "Хаёл" ("Шабе дар Регистони Бухоро") ва назди Айнї мебаранд. Ваќте мераванд устод Айнї омодаи сафар буданд. Њикояи падарамро гирифта, мегўянд, ки ман инро дар роњ мехонам ва љавобашро ба шумо мефиристам. Аз миён як моњ мегузарад, падарам саргарми тањсил, њатто њикояи навиштаашонро њам фаромўш мекунанд. Ва як рўз аз дарс ба хобгоњ бармегарданд, ки ба номашон ду дона маљаллаи "Роњбари дониш" омадааст. Ваќте кушода мехонанд, њамон њикояи аввалинашонро мебинанд. Баъдњо ваќте дар бораи чопи китобу асарњояшон суњбат мекардем, борњо њамин нуктаро таъкид менамуданд, ки бо гузашти солњо њарчанд чандин китоб, повесту романњояшон интишор ёфтанд, ба забонњои гуногуни дунё тарљума шуданд, соњиби чандин мукофоту унвонњои давлатї гаштанд, вале шодии чопи аввалин њикоя дар "Роњбари дониш" дигар буд. - Устод Икромї чї гуна низоми корї доштанд? - Падарам тибќи як низоми хуб тарњрезишуда кор мекарданд. Љойи корашонро дар ошёнаи дуюми бинои истиќоматї таъин карда буданд. Ба он утоќи корї бе иљозати пешакии падар ягон нафари мо њаќи ворид шудан

надоштем. Соати дањи шаб мехобиданд ва соати панљи субњ бедор мешуданд. Варзиш мекарданд ва баъд сари кор менишастанд. Соати 9 поён мешуданд ва ношто мекарданд, боз то соати 13 сари кор менишастанд, асари нав менавиштанд, пешинањоро тањрир мекарданд, ашъори адибони љавонро мехонданд, ба китобњо таќриз ё сарсухан менавиштанд, ба саволњои хабарнигорон посух медоданд. Умуман коргоњи нависандагиашон њамеша фаъол буд. Соати 13 ваќти таоми чошт буд, падарам поён меомаданд ва хўрок мехўрданд ва агар њавсалаву завќ дошта бошанд, мегуфтанд, ки "барои шумо як њалвои чормаѓзї пазаммї?" Мо зуд розї мешудем ва модарам чормаѓз меоварданд, мо онро тоза мекардем ва падарам бо завќ њалво мепўхтанд. Бо гузашти солњо њоло ба ёд меорам ва дилам ба њалвоњои чормаѓзии падарам гум мезанад ва афсўс мехўрам, ки дар замонаш таваљљўњ накардем, ки онро ёд гирем. Гумон мекунам мисли падарам касе аз мо њалвои чормаѓзї пўхта наметавонем. Падарам бисёр мењнатдўст буданд, бародарам дар назди хона гулњои рангоранг шинонда буд, падарам њар субњ онњоро ё об медоданд ё бо дукорда шоху баргашонро бурида рост мекарданд. Ва субњ баъзан худашон ширчой мепўхтанд ва модарамро фарёд мекарданд, ки "ана Саодатхон, марњамат, ширчой тайёр". Шеърро дўст медоштанд, бахусус Саъдиву Њофизро њамеша мехонданд. Агар бемор њам шаванд дар пешашон Њофизу Саъдиро мемонаданд ва дароз кашида аз ину аз он чизе мутолиа мекарданд. "УЛУЃЗОДАРО ДАР МУСИБАТ ПУШТИБОНЇ КАРДАНД, ЊАРЧАНД Ў ЗИДДАШОН НАВИШТА БУД..." - Наздиктарин дўстонашон кињо буданд? - Наздиктарин дўсташон Сотим Улуѓзода буданд, азбаски њамсол њам буданд, њамдигарро љўра мегуфтанд. Зани Улуѓзода рус буд ва чун ба хона мењмонї меомаданд, мегуфтанд "Саодатхон як таоми лазизи тољикї пазед". Падарам бо Боќї Рањимзода, Рањим Љалил хеле дўсти наздик буданд. Солњои пеш бо Њаким Карим дўстони ќарин буданд. Зани Њаким Карим бо модарам дугонањои хеле наздик буданд. Бо Фотењ Ниёзї њамсоя ва дўст буданд. - Аз устод Улуѓзода ёд кардед, мехостам пурсам, ки дар бораи мушкили равониву фишорњо ба адиб баъди рафтани писараш Азиз ба Англия чї дар хотира доред? - Медонед, ин як њодисаи хеле мудњиш буд. Замона инро бардошт намекард, низом тањаммул надошт, ки фарзанди шахсияте чун Улуѓзода ба кишвари дигар фирор кунад. Аз ин рў устодро сахт зери фишор ќарор дода буданд. Ваќте Азиз ба Англия рафту дигар наомад, як вазъи бисёр мушкили руњї ба сари Улуѓзода омад. Ёд дорам ки он шабу рўз па-

Падарам тибќи як низоми хуб тарњрезишуда кор мекарданд. Љойи корашонро дар ошёнаи дуюми бинои истиќоматї таъин карда буданд. Ба он утоќи корї бе иљозати пешакии падар ягон нафари мо њаќи ворид шудан надоштем. Соати дањи шаб мехобиданд ва соати панљи субњ бедор мешуданд. Варзиш мекарданд ва баъд сари кор менишастанд.

дару модарам дар истироатгоњи Переделкинои Маскав истироњат мекарданд ва ман, ки дар аспирантура мехондам, ба аёдаташон мерафтам. Он ваќт Улуѓзода ва Турсунзода низ он љо буданд. Ва аввалин муњокима миёни њамин се тан сурат гирифта буд. Турсунзода пешгўї мекарданд, ки барои ин кор њаддиаќал аз сафи партия холї мекунанд ва њатто тавсия доданд, ки бояд шумо писаратонро оќ кунед, яъне аз ў безорї љуед. Вале Улуѓзода ин корро накарданд. Ваќте дар Иттифоќи нависандагон муњокимаи рондан аз њизб пеш омад, падарам овоз надоданд. Он ваќт се нафар дар Иттифоќ зидди ин пешнињод овоз дода буданд: падарам, Бањром Сирус ва Арнолд Одинсов (нависандаи русзабон). Он рўз пешнињод ќабул нашуд ва баъд дар Кумитаи Марказии њизб ќарор карданд аз партия хориљ карда шавад. Улуѓзода мегуфтанд, ки падар масъули фирор ё љинояти писар нест. Умуман он шабу рўз ба сари Улуѓзода фишорњои зиёд оварданд, асарњошонро чоп намекарданд, ба љаласањо даъват наменамуданд. Таќрибан њамаи дўстонашон аз тарс иртиботашонро аз адиб канданд. Вале падарам муносибаташонро таѓйир надоданд. Мегуфтанд ўро бояд дастгирї кунем, ин рўзњо мегузарад, боз рўзњои хуш меоянд. Ва љолиб он буд, ки шогирдони љавонашон аз он кас дур нашуданд, њамеша меомаданд, дилбардорї мекарданд, мадад мерасонданд. Ва дар ин иртибот як рўйдоди дигар ёдам омад: бегоњии он рўзе, ки муњокимаи Улуѓзода баргузор шуд ва пешнињоди ихрољ аз њизб овоз нагирифт, он кас ба хонаи мо омаданд ва ба падарам барои дастгириашон изњори миннатдорї карданд. Модарам гуфтанд, ки Икромї шуморо дар рўзи бадатон дастгирї карданд, вале шумо соли 1937 аз болои Икромии 23-сола маќола навиштед ва он кас 11 моњ зидонї шуданду мову фарзандонамон дар ба дар шудем. Улуѓзода гунањгорона гуфтанд, ки "Саодатхон, агар ман он ваќт он маќоларо наменавиштам, худамро зиндон ме-

9

карданд". Модарам дигар гап назаданд, вале талх гиристанд, ба назарам он рўзњои мудњиш, ки њатто боварї ба рањоии падарро њам аз даст дода буданд, пеши назарашон омад. Падарам њам басо оромона модарамро тасаллї доданд, ки гузаштаро ба ёд наёр. - Аз солњои 37 ёд кардед. Магар устодро њам њабс карда буданд? Ба чї далеле? - Бале, душманонашон навишта буданд, ки Икромї аз авлоди ќозикалон ва шогирди Айнї аст. Чуноне дар боло њам ишора кардам, бобоям ќозигї кардаанд ва амалдорони замони амир ба њисоб мерафтанд. Он замон Садриддин Айнї низ зери хатари њабс шудан ќарор доштанд. Ва баъди њамин навиштанњову гуфтанњо падарамро зиндон карданд. Яке аз ин касон дўсташон Улуѓзода ва њамсараш Клавдия буд. Клавдия њатто баъди баромадани падарам аз зиндон њам идора ба идора гашта, хабаркашї мекард, на танњо аз болои падари ман маълумотњои бардурўѓ медод, балки бисёрињоро сиёњ мекард. Аммо падарам шахси донишманд, ки буданд, тавонистанд бегуноњии худро исбот кунанд ва аз зиндон берун шаванд. Мегуфтанд ба зиндониён аз ќиссањои гузашта, бахусус "Њазору як шаб" наќл мекарданд, шеър мехонданд, њикояњои љолиб мегуфтанд. Ва Бобо Њамдам, ки низ зиндонї буданд, мегуфтанд шумо наќл кунед мо гўш кунем. Ва яке аз инсонњое, ки ба бегуноњии падари ман дар зиндон шоњидї медињад, ин Бобо Њамдам буд. Ва аламовартар аз њама он буд, ки баъди ин рўйдоди соли 37 њеч кас падари маро ба кор намегирифт. Танњо Ефим Исаевич Мителман-саррежесёри театри ба номи Лоњутї падарамро бо љойи кор таъмин кард. Натарсид, ки худашро аз вазифа барканор мекунанд. Бар заммми ин падарам аз ранљи зиндон бемор њам шуда буданд ва аз ночориву муњтољї кор мекарданд, то хонаводаро бо як бурда нон таъмин кунанд. Ва дар њамин асно Бобољон Ѓафуров пайдо мешаванд ва наздашон даъват карда, дилбардорї мекунанд ва дар Иттифоќи нависандагон ба кор таъин менамоянд. Барои табобаташон мадад мекунанд. Ва модарам то охири умр ба руњи Бобољон Ѓафуров дуо мекарданд. - Икромї бештар ба дўстонашон чї тўњфа мекарданд ва худашон чї гуна туњфањоро хуш доштанд? - Падарам бештар ба китоб мењр доштанд, дўст медоштанд, ки касе масалан дар мавлудашон китоб туњфа кунад. Зеро мутолиаи зиёд доштанд. Ба дўстони наздикашон силсилакитобњои адибони машњури оламро туњфа мекарданд. Китобњои нодирро бо нархи гарон мехариданд, ки туњфаи арзанда бошад. Баъзан модарам эътироз мекарданд, ки охир ин хеле ќиммат аст. Лекин падарам мегуфтанд ин одам сазовор аст ин гуна туњфа дошта бошад. - Аз таомњо чиро дўст медоштанд? - Бештар оши палавро меписандиданд. Њатто гуфтан мумкин, ки палавро беш аз њар таоми дигар хуш доштанд. Манту ва тушбераро дўст медоштанд. Баъзан завќашон меомад, ба пўхтупази модарам ёрї мерасонданд. Мефаромаданд, ки модарам тушбера мепечонанд, ба ваљд меомаданд ва мегуфтанд: "Вањ, Саодат, имрўз тушбера-мї?" Ва мунтазири посух нашуда, зуд остинашонро боло карда, ба тушберапечонї сар мекарданд. - Кињо шогирдони устод Икромї буданд? - Фазлиддин Муњаммадиев доим мегуфтанд, ки ман шогирди устод Икромї њастам, гарчи худашон нависандаи баркамол буданд. Абдулњамид Самад њам худро шогирди Икромї меноманд. Аммо падарам Абдулњамидро чун нависандаи соњибќаламу љўянда хеле дўст медоштанд ва китобњояшро мехонданду таъриф мекарданд. Урун Куњзод шогирдашон њастанд ва устод њам повестњои Куњзодро хеле баланд арзёбї мекарданд. Дар бораи повесту њикояњои аввалини Кароматулло Мирзо, Маъруф Бобољон сухан меронданд. Аз шоирон шеърњои Лоиќу Гулрухсор ва Гулназарро мехонданд ва ситоиш мекарданд. Гулрухсорро чун духтарашон дўст медоштанд ва дар њама мањфилњои шеъраш ширкат мекарданд. Лоиќ доим меомад наздашон, падарам шеърњои Лоиќро хеле дўст медоштанд. Бозор Собир њам замоне эњтиром дошт ва як шеър њам дар ситоиши устод навишта буд, вале солњои охир аз бањри он шеър гузашт ва

10


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

МУСОЊИБА

9 ќатори дањњо шеъри дигараш онро њам аз маљмуъаи охиринаш берун кард. Аслан падарам ин хел одат надоштанд, ки касеро шогирди ман гуфта худашонро таъриф карда бошанд, вале њар адиби љавон, ки меомаду маслињат мепурсид, мадад мекарданд. "МОДАРАМРО ДАР ПАЊЛУИ ПАДАРАМ РОЊ НАДОДАНД..." Зи бас буданд њамдўшу њамоѓўш, Ба сар бурданд умре бо дили пок. Саодатбонуву Икромї дар ин љо, Њамоѓўшанд андар дили хок. Дуое, саљдае, зикре Худоро, Ба ин ду ќуббаи хоки Бухоро. Катибаи Лоиќ бар санги мазори Икромї Дар оѓози солњои 90-и асри гузашта, ки вазъи сиёсии кишвар муташанниљ гашт ва оќибат кашмакашњои гуруњї ба љанг кашида

ДИЛАФРЎЗ ИКРОМЇ БО МУЊАММАДЉОН ШАКУРЇ

Дилафрўз Икромї: "ПАДАРАМ НАМЕХОСТАНД ДАР ЛУЧОБ БА ХОК СУПУРДА ШАВАНД" шуд, ќатори дањњо ањли зиё устод Икромї низ руњан ранљ кашид: - Аслан падарам шомили ягон гуруњи сиёсї нашуданд, чун синну солашон њам иљоза намедод, ки саргарми сиёсат шаванд. Аз сўи дигар падарам умре адиб буданд ва њарчанд узвияти њизби коммунист доштанд, вале ягон бор талош накарданд, ки вазифаи роњбарикунанда дошта бошанд. Ин бегона ба хую хислати худашон буд. Вале аз он ки зидди Набиев шўриданд, чандон хуш напазируфтанд ва њатто номаеро, ки гуруње барои сабукдўш кардани Рањмон Набиев оварданд, падарам имзо накарданд. - Ваќти беморї ва рўзњои охири умрашон кї сари болинашон буд? - Падарам аз ин пеш ду сактаи дилро аз сар гузаронида буданд ва сактаи сеюм барояшон сахт ва марговар ва барои мо талху љонгудоз омад. Ва аламовар аз њама он буд, ки он шабу рўз духтурон ба касе аз пайвандон иљозат надоданд, ки дар сари болинашон њузур дошта бошанд. 11-уми апрели соли 1993, баъди даргузашташон бародарам сахт эътироз карданд, ки мо фарзандон дами охирин нафаси падар дар сари болинашон набудем, моро нагузоштанд бошем. Ваќте шавњарам дар њамон бемористон бистарї шуданд, ман аз сари болинашон дур нашудам. Ва чун мехостанд ба шуъбаи эњёгарї интиќол дињанд, ман нагузоштам, ки танњо баранд. Ба ёдам њамон соли људої аз падар расид, ки ба он шуъба бурданду мо аз дидори азизи диламон якбора мањрум шудем. Ва инро бояд гуфт, масалан дар кишварњои хориља чунин нест. Дар њолатњои назъи љон наздиконашонро канори бемор иљоза медињанд, ки бошанд, аммо дар мо хабари фавтро мерасонанд. Кї медонад дар охирин нафасњо бемор чї мехоњаду онњо чї мекунанд.

- Маросими дафнашон чї гуна сурат гирифт? - Аслан падарам намехостанд дар Лучоб ба хок супурда шаванд. Васият карда буданд, ки он касро дар ќабристони Сари Осиё гур кунанд. Мегуфтанд мехоњам дар љойе хок шавам, ки мардуме ба фотењахонї меоянд, савоби дуояшон ба ман њам расад. Ба Лучоб кї меравад, ба љуз рўзњои хос дагар он љо њамеша холист. Аммо ин љо дастури Президент буд, ки дар Лучоб гур кунанд ва њамин тавр шуд. Њарчанд васияти ишонро гуфтем, президент ќабул накарданд, гуфтанд "зиндаи ин кас аз шумо буд, њоло мурдаашон аз мост. Мо дар Лучоб мегуронем". Аммо модарам гуфтанд, ки агар Икромиро дар Лучоб гўр мекунед, пас баъди даргузаштан ман низ бояд канорашон бошам, мехоњам дар ду олам бо ў бошам. Њарчанд он ваќт розї шуданд, вале баъде, ки модарам аз олам гузаштанд, иљозат надоданд. Њатто як мошин милисањоро оварда давродаври ќабристони Лучоб монданд, то нагузоранд, ки мо модарамонро дар пањлуи падарамон гўронем. Кашмакаш то соати яки рўз давом кард ва ночор илољи дигар наёфтем ва ўро ба ќабристони Сариосиё гўронидем. Яъне, дар масъалаи гўручўби волидайн мо на васияти падарро иљро карда тавонистем ва на васияти модарро. Њоло он љо, ки мебинед, танњо санги ёдгорї ба модарам гузошта шудааст, онро аќалан иљозат доданд, вале худашон дар зери он нестанд. Њукумати шањр бањона мекард, ки агар ба Саодат Ик-

«

ромї иљозат дињем, ки дар пањлуи шавњараш хок шавад, пас дигар адибон ва њамсаронашон ин гуна даъво мекунанд. - Модаратон марги Икромиро чї хел ќабул карданд? Бисёр сахт. Андуњашонро тасвир карда наметавонам. Њаддиаќал як сол мо њатто наметавонистем ѓамашонро аз дилашон барорем. Мегуфтем падарамон рафтанд, мо њастем, аммо он кас мегуфтанд, ки њеч кадоми шумо љойи падаратонро гирифта наметавонед. Метарсидем аз њолати модар. Вале шукри Худованд, ки модарам шахси ќавиирода буданд, батадриљ ба набудани падар одат карданд. Аммо њамин ѓам он касро зудтар аз ваќт пир кард. Ѓами набудани падарам ќалбашонро абгор намуд ва се сол баъдашон олами моро тарк карданд. Рафтани њам падар ва њам модар моро якбора дар кўчаи бекасї партов кард. Инсон њар ќадар солманд њам бошад, бепадар ва бемодар худро танњову ятим эњсос мекунад. - Аз устод ягон асаре боќї мондааст, ки нотамом бошад? - На, асари нотамом надоштанд, аммо ёддошњояшонро то охир натавонистанд нависанд. Танњо як љилди онро хатм карданд, ки то соли 1937-ро дар бар мегирифт. Шавњарам доим мегуфтанд, ки амакљон, шумо дигар роману повест нанависед, ёддошт нависед, ин хеле муњим аст. Дар зиндагї чизњое њастанд, ки онро шумо бояд нависед, то дигарон донанд. Аммо мутаассифона, ин корро

Њарчанд он ваќт розї шуданд, вале баъде, ки модарам аз олам гузаштанд, иљозат надоданд. Њатто як мошин милисањоро оварда давродаври ќабристони Лучоб монданд, то нагузоранд, ки мо модарамонро дар пањлуи падарамон гўронем.

«

ЭМОМАЛЇ РАЊМОН: «ЌАСРСОЗИРО ЌАТЪ КУНЕД!» Сохтору маќомоти дахлдори давлатї ва соњибкорону дигар шањрвандон бояд сармоягузорї ба соњањои ѓайриистењсолї, аз љумла бунёди ќасру хонањои боњашаматро ќатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истењсолї, воридоти технологияи навтарин ва дар ин замина ташкил кардани љойњои нави корї чораљўї намоянд. Ин нуктаро Эмомалї Рањмон зимни маљлиси навбатии Њукумати Љумњурии Тољикистон иброз кард. Эмомалї Рањмон гуфт, ки суръати имрўзаи рушди иќтисодиёти мам-

лакат ўро ќонеъ карда наметавонад ва аз ин рў, мо бояд ба ташкили заминањои инкишофи босуботу дарозмуддат таваљљуњи доимї зоњир намоем. Чунонки таъкид гардид, "Њаљми иќтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар њафт соли оянда бояд то ду баробар афзоиш ёфта, маљмўи мањсулоти дохилї ба њар сар нафари ањолї на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад. Дар як ваќт, тадриљан бењтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 дарсад коњиш додани сатњи камбизоатї њадафњои асосии сиёсати иќтисодии Њуку-

мати Љумњурии Тољикистон эълон шудаанд". Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аз 370 миллион сомонї маблаѓњои лоињањои муштараки инвеститсионии амалишаванда ва ба имзо расидани 6 созишномаи нав бо маблаѓи умумии 258 миллион сомонї дар панљ моњи соли равон, ки 5 созишномааш бо маблаѓи 195 миллион сомонї, маблаѓи грантї мебошад, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки "азхудкунии ин маблаѓњо дар сатњи паст ќарор дорад". Муллораљаб ЮСУФЇ

то охир анљом дода натавонистанд. Худи падарам њам талош доштанд онро тамом кунанд, њатто мегуфтанд дуо кунед умр вафо кунад, ки ман онро ба анљом расонам, вале умр вафо накард, ќалам болои сањифањои нотамом лол монд. - Бойгонии устод њоло дар дасти кист? - Аслан дар хонаи падар бародарам Љонон Икромї зиндагонї мекарданд, баъди марги падарам Љонон чандин навиштањои чопношудаи падарро чоп карданд. Вале шахсан ман намедонам, ки осори боќимондаву дастнависњову номањову умуман њар чизе ба падарам иртибот дошту назди бародарам монда буд, њоло дар чї њолат аст. Мо шоњид будем, ки њар рўз аз хонандагонашон даста-даста нома мегирифтанд, аз адибон мактубњо мерасиданд, худашон посух менавиштанд ва нусхаи дастнависи номањояшон мављуд буд. Ба чоп њозир кардани ин мактубњо хеле муњим аст. Ин бойгонї дар дасти зани бародарам ва љиянам мебошад. Ва бовар дорам, ки онњо аз пайи ин кор мешаванд. Ёд дорам, ки китоби "Гули бодом", ки худорањматии падарам дар бораи Туњфа Фозилова навишта буданд, дар замони зиндагиашон чоп нашуд ва он бо кўшиши бародарам баъди ду соли фавташон чоп шуд. Ин китобро бо хоњиши худи Туњфа Фозилова навишта буданд. Вай мегуфт касе мисли шумо дар бораи зан наметавонад навиштан, аз ин рў ба шумо бовар кардам ва аз шумо хоњиш намудам. Падарам барои навиштани "Гули бодом" тамоми маводњои марбут ба онро дар осорхонаи Конибодом омўхтанд, чун одаташон њамин буд, ки аввал хуб меомўхтанд, баъд менавиштанд. Китоби "Духтари оташ" бо номи "Фирўза" дар Эрон чоп шуд, вале боз њам баъди вафоташон, ки надиданд. Бародарам ва шавњарам пайи њам аз олам гузаштанд. Ва ин ду њодиса маро сахт мутаассир кард ва ман њам сактаи дил гирифтам. Духтарам ноилољ наздаш ба Амрико бурд ва муддати зиёд он љо мондам ва табобат гирифтам. - Дар Бухоро, дар зодгоњи устод хонае, ки зиндагонї мекарданд, вуљуд дорад? - Дар замони Шароф Рашидов дар Бухоро ба падарам хона дода буданд ва мо соле ду маротиба рафта меомадем. Бо ќатор мерафтему бо њавопаймо бармегаштем. Баъди чил рўзи даргузашти падарам њукумати шањри Бухоро бо баргузории як маросими ёдбуди Икромї, кўчаи Богдан Хмелнитский, ки хонаи мо он љо воќеъ буд, ба номи Љалол Икромї гузошт ва дар назди манзили падар нимпайкараи ўро гузоштанд. Дар шањри Душанбе, ки умрашонро сипарї карданд, хотираашонро танњо дар маросими садсолагии таваллудашон пос доштанд ва як кўча ба номашон гузоштанд. Ба њаминаш њам шукр. Дар Бухоро бошад ѓайр аз кўча боз ду омўзишгоњ, як мактаби миёна ва факултаи забон ва адабиёти Донишгоњ номи Икромиро доранд. - Кай охирин бор Бухоро рафта будед? - Афсўс Бухоро кам меравем, чун сабаб њамон монеъањои марзиву иртиботњо миёни Тољикистон ва Узбакистон аст. Бори охир соли 1996 Бухоро рафта будам. Як амма доштем, ки муддате дар хонаи он кас мондем. Њоло дар Бухоро танњо як љияни падарам бо номи Сурайё бо писараш мондаанд, дигар касе аз пайвандони падарро намедонем. Њастанд наберагону аберагону хешовандони наздикашон, вале мо иртибот надорем. Суњбати Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

ВОКУНИШ

11

САТЊИ ВОЌЕИИ БЕКОРЇ ДАР ТОЉИКИСТОН 11,5 ДАРСАДРО ТАШКИЛ МЕДИЊАД - Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон маќолаи нашргардидаи "Худфиребї" ё чї тавр њукумат худ ва моро ѓуломи оморњои дурўѓ кардааст?", ки дар њафтаномаи "Нигоњ" №10 (392) аз 28 -уми майи соли 2014, ба табъ расидааст, мавриди баррасї ќарор дод.

Дар нашри њафтаномаи мазкур аз 28 майи соли 2014, №10 (392) маќолаи рўзноманигор Фаридун Рањнавард тањти унвони "Худфиребї" ё чї тавр њукумат худ ва моро ѓуломи оморњои дурўѓ кардааст"? интишор шудааст, ки дар он бо такя ба маълумоти Прокуратураи шањри Душанбе (санаи маълумот ва давраи санљиш нишон дода нашудааст) дар хусуси дурўѓ будани раванди таъсиси љойњои нави корї, ярмаркањои љойњои кории холї, сатњи бекорї дар љумњурї сухан меравад. Барои собит намудани аќидаи худ номбурда оид ба раванди таъсиси љойњои нави корї дар баъзе аз ташкилоту муассисањои пойтахт мисолњо овардааст ва зимни шиносої бо дигар масоили матолиб зарур шуморидем, ки чун муаллиф аз асли воќеа комилан бохабар нест ва маќомоти давлатиро ба дурўѓгўї айбдор намудааст, вокуниш дињем. Фаридун Рањнавард дар маќолаи худ навиштааст, ки мувофиќи санљишњои охирини маќомоти Прокуратураи шањри Душанбе соли 2013 дар ташкилоту муассисањои њудуди шањри Душанбе на зиёда аз 34 њазор љойи нави корї, балки дар асл њамагї 9 њазору 258 љойи нави корї таъсис дода шудааст. Ва мисол меорад, ки дар Муассисаи давлатии истифодаи роњњои ноњияи Синои шањри Душанбе соли гузашта ягон љойи нави корї набудааст ва ин муассиса дар бораи таъсиси "љойњои кории холї" ягон маълумот пешнињод накардааст. Аз маќола маълум аст, ки муаллифи он аз соња тасаввуроти кофї надорад. Ин љо мехостем ба самъи муњтарам рўзноманигор бирасонем, ки "љойњои нави корї" ва "љойњои кории холї" мафњумњое мебошанд, ки аз њамдигар ба куллї тафовут доранд. Бинобар ин пеш аз навиштани ин мавод муњтарам рўзноманигори моро зарур буд, ки каме њам бошад ба мундариља ва муњтавои мавзўи навиштаи худ ањамият дињад ё аќаллан аз мавзўи соња огоњї пайдо менамояд. Вобаста ба таъсиси 307 љойи нави корї дар Муассисаи давлатии истифодаи роњњои ноњияи Синои шањри Душанбе зикр менамоем, ки дар асл ин љойњои кории азнавбарќароршуда мебошанд ва онњо бо маълумоти корхона аз 3 апрели соли 2014, ки ба Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Синои шањри Душанбе пешнињод шудааст, тасдиќ карда шудаанд. Ба таври дигар, далели он ки гўё аз љониби корхонаи мазкур ба ма-

ќомоти мењнат ва шуѓли ањолї дар ноњияи Сино ягон маълумот пешнињод нашудааст, комилан нодуруст мебошад. Дар робита ба масъалаи таъсис додани љойњои нави корї дар КВД "Комбинати полиграфї" зикр менамоем, ки дар асоси мактуби Прокуратураи шањри Душанбе №7р/ 2014 аз 29 январи соли 2014 аз љониби намояндаи сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе, мутахассиси пешбари Раёсати омори мењнат, шуѓли ањолї, иљтимої ва соњибкорї Саидов Б.Њ., сармутахассиси Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар ноњияи Шоњмансур Шокиров М.З бо иштироки сардори Шуъбаи кадрњои корхонаи болозикр Воњидова С., аз 5 феврали соли 2014 санад тартиб дода шудааст. Мувофиќи ин санад дар корхона воќеан њам дар давраи санљиш 6 љойи нави корї, 6 љойи кори муваќќатї ва 47 љойи кории азнавбарќароршуда мављуд будаанд, ки дар маљмўъ 59 љойи кориро ташкил медињанд. Дар ин њолат камбудї танњо дар он зоњир шудааст, ки хусусияти љойњои корї дар маълумотномаи КВД "Комбинати полиграфї"-и шањри Душанбе нишон дода нашудааст (њисоботи омории корхонаи мазкур мављуд мебошад) ва ин њолатро пешнињоди маълумоти бардурўѓ номидан ба воќеият мувофиќ нест. Ба њамин мазмун дар ЉС "Заводи машруботи Душанбе" воќеан 30 љойи нави корї, ки хусусияти муваќќатї доранд, таъсис дода шудааст ва дар ин хусус маълумотномаи корхонаи мазкур мављуд мебошад. Љойњои кори муваќќатї - љойњои корие мебошанд, ки барои давраи муайян таъсис дода мешаванд ва заминаи таъсиси чунин љойњои корї, аз љумла таљдид ва васеъкунии хатњои истењсолї дар корхона шуда метавонад. Масъалаи дигаре, ки дар маќола зикр гардидааст - ин гўё ваъдаи Њукумати Тољикистон дар бораи таъсис додани 250 њазор љойи нави корї дар соли 2011, аз љумла 25 њазор љойи нави корї дар шањри Душанбе ва 20 њазор дар Хуљанд мебошад. Муаллифи мо ин раќамњоро аз куљо дастрас намуда бошад, ба мо маълум нест, вале яќин медонем, ки соли 2011 дар бораи таъсис додани 250 њазор љойи нави корї умуман аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ягон дастуре дода нашудааст.

Дар њамин радиф хотиррасон менамоем, ки танњо соли љорї дар Паёми Президенти кишвар ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 апрели соли 2014 бори нахуст дар бораи таъсис додани 250 њазор љойи нави корї дар соњањои иќтисодиёти кишвар дастур шудааст. Дар маќола инчунин омадааст, ки мувофиќ ба иттилои ѓайрирасмї теъдоди бекорон дар љумњурї 30 дарсади ањолии ќобили мењнатро ташкил медињад. То љойе огањї дорем, мувофиќи натиљаи Тањќиќоти Ќуввањои Корї дар Тољикистон, ки аз љониби Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо дастгирии Бонки умумиљањонї анљом ёфта буд, сатњи воќеии бекорї дар Тољикистон (яъне њам бекории расмї ва њам бекории ѓайрирасмї) 11,5 фоизро ташкил медињад. Пас манбаи иттилои ѓайрирасмии муаллифи муњтарами мо кадом маќом бошад, ќобили таваљљуњ аст. Дар хусуси ярмаркаи љойњои кории холї иттилоъ медињем, ки воќеан њам дар давоми нимсолаи аввали соли 2013 мувофиќи маълумоти расмии маќомоти давлатии шуѓли ањолї дар миќёси љумњурї 359 ярмаркаи љойњои кори холї гузаронида шудааст ва дар ин ярмаркањо маљмўан 3955 нафар шањрвандони бекор роњхат ба љойи кор гирифта, 2968 нафар бо љойи кор таъмин гардидаанд. Далели он, ки дар ин ярмаркањо ба бекорон дар маљмўъ 77 њазору 879 адад љойњои кории холї пешнињод шудааст, нодуруст мебошад. Тавре маълум аст, дар миќёси љумњурї њамасола 8-10 њазор љойи кории холї аз љониби ташкилоту муассиса ва корхонањо ба маќомоти мењнат ва шуѓли ањолї пешнињод мешавад. Аз љониби муаллиф дар давоми шаш моњ љамъ намудани љойњои кори холии пешнињодшуда ва хулосабарорї, ки дар маљмўъ 77 њазору 879 адад љойњои кории холї мављ-

«

набудааст. Ин корхона њатто дар бораи таъсиси љойи кори холї ягон маълумот њам пешнињод накардааст. Аммо Раёсати Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољират дар ноњияи Сино ба Раёсати агентии омор дар шањри Душанбе маълумот пешнињод кардааст, ки гўё дар ин корхона 307 љойи нави корї таъсис додааст. Корхонаи воњиди давлатии "Комбинати полиграфї" дар асл 6 љойи нави корї таъсис дода, дар гузориш ба Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолии ноњияи Шоњмансур њисобот додааст, ки 59 љойи нави корї таъсис додааст. Дар ЉСК "Заводи машруботи Душанбе" низ соли 2013 њамагї 2 љойи корї таъ-

Нурулло МАЊМАДУЛЛОЕВ, муовини вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон

То љойе огањї дорем, мувофиќи натиљаи Тањќиќоти Ќуввањои Корї дар Тољикистон, ки аз љониби Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо дастгирии Бонки умумиљањонї анљом ёфта буд, сатњи воќеии бекорї дар Тољикистон 11,5 фоизро ташкил медињад.

ОМОРИ ДУРЎЃИНИ ЯРМАРКАЊОИ ЉОЙЊОИ КОРИ ХОЛЇ Прокуратураи шањри Душанбе маълум кардааст, ки соли гузашта, аз 34 њазор љойњои гўё холии кор, њамагї бештар аз 9 њазораш воќеї будаанд. Соли гузашта Раёсати Агентии мењнат ва шуѓли ањолї дар шањри Душанбе дар бораи таъсис додани зиёда аз 34 њазор љойи кор аз љониби корхонаву муассисањо дар пойтахт хабар дода буд. Санљишњои ахири маќомоти прокуратура маълум кардааст, ки дар асл ин теъдод 9 њазору 258 љойро ташкил карда, боќї дар рўйи ќоѓазанд. Барои мисол, дар Муассисаи давлатии истифодаи роњњои ноњияи Синои пойтахт соли гузашта ягон љойи нави корї

уд мебошад, нодуруст мебошад. Илова ба ин, дар ярмакаи љойњои кории холї на танњо роњхат ба љойи кор, инчунин роњхат ба муассисањои таълими касбї, роњхат барои иљрои корњои љамъиятии музднок ва роњнамоии касбї ба бекорон гузаронида мешавад. Бо ибораи дигар, тавассути ташкил ва баргузор намудани як ярмарка якбора чор намуди хизматрасонї ба бекорон пешнињод карда мешавад. Боиси таассуф аст, ки дар хатми маќолаи худ муаллиф њамаро ба дурўѓгўї муттањам мекунад ва ноодилона туњмат мезанад, ки њатто Худоро фиреб медињем. Дар иртибот ба ин ва бо назардошти далелњои зикршуда матолиби њафтанома асоси воќеї надорад ва муаллифро зарур аст, ки минъбад њангоми тањлил мавод дар хусуси ин ё он мавзўъ ба маќомоти салоњиятдор мурољиат намояд, то иттилои пешнињодшаванда боиси ба гумроњї бурдани хонанда нагардад.

сис дода шудааст, аммо дар њисоботи он ба Агентии омор аз таъсиси 30 љойи корї маълумот дода шудааст. Ќаблан низ корљўён аз фиреби корхонањо дар ярмаркањои љойњои кори холї, ки солњои охир дар тамоми шањру навоњии кишвар бо иљора гирифтани толор ё биноњои бузург баргузор мешаванд, ба расонањо шикоят карда буданд. Онњо мегуфтанд, дар ярмаркаи љойњои кори холї барои худ љойи кори муносиб ёфта, баъди мурољиати дубора ба ин ё он муассиса фањмидаанд, ки дар асл он љо ба коргар ниёз нест ва иштироки корхона дар ин ярмарка фаќат барои ќайд будааст. Соли 2011 Њукумати Љумњурии Тољи-

«

кистон ваъда карда буд, ки дар кишвар 250 њазор љойи нави корї таъсис дода мешавад. Он ваќт дар Душанбе дар бораи 25 њазор љойи нави корї дар Хуљанд аз 20 њазор љойи нави корї ба мардум ваъда дода мешуд. Агентии давлатии њифзи иљтимої, шуѓли ањолї ва муњољирати Тољикистон, расман иттилоъ дода буд, ки дар шашмоњи аввали соли 2013 359 ярмаркаи љойи корї ташкил шуда, дар натиља 2 њазору 968 нафар ба кори доимї таъмин гаштаанд. Њамон ваќт гуфта мешуд, дар ин ярмаркањо 77 њазору 879 љойњои кор аз љониби 4 њазору 504 корхонањои Тољикистон пешнињод шудааст, аммо танњо наздик ба 3 њазор нафар соњиби љойи кори доимї гардидаанд. TojNews


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

БО ШОИР 11-уми январи 1977 дар шањри Ўротеппа (њоло Истаравшан) таваллуд шудааст. Мактаби тањсилоти умумиро соли 1994 ва факултаи филологияи Донишгоњи давлатии шањри Хуљандро соли 2002 хатм кардааст. Як муддат дар радиои "Авис-плюс"-и шањри Истаравшан дар вазифаи рањбар фаъолият дошт. Аммо бинобар он, ки пўшиши либоси исломиро риоя мекунад, тањти фишорњо аз кор рафт ва њоло хонашин аст.

СОИМА САИДОВА Ба ѓам хўрдан чї бењамтої, эй зан. Њазор ањсант бар тобоварият, Ки бо ин ѓусса побарљої, эй зан. Дили дардам, ки месўзам бароят, Ту кай аз бахт меосої, эй зан.

Аё сарви боло дар айни камолї, Ман озурдапайкар, нумўям нињолї. Аё тарбиятгар зи фанни муњаббат, Ба сўят њама љумлањоям саволї. Ба љуз лањзае бо ту будан нашояд, Бас аст изтироби вуљудам ба соле. Хариду фурўш аст унвону мансаб, Басо олимоне, ки аз илм холї. Ман аз љамъи ёрон бурун уфтодам. Дар ин љо фаќат гирудор аст, молї. Дигар санги тањќир сўям маяфкан, Ки озори муслим ба муслим вуболї. Шукуфтан чї зебо, вале з-ин чї маъно, Ба гулњои чида бањор эњтимолї. Шифо бекасї бењ дар оини созиш, Ки худ љуфти хешем бе дилкашолї *** Агар ёди рўят хаёлам бигирад, Њамоно хумори висолам бигирад. Чи созам, ки деви шаби тангу тира, Тавоноии пару болам бигирад. Нахоњам, ки сунъї дињам њусн оро, Касеро фиреби љамолам бигирад. Бањоро, шукуфоии дигар омўз, Ки шавќи нумўву камолам бигирад. Мадењ ин ки чанголи фасли хазоне, Ба коми нагуна заволам бигирад. Даме бе ту бошам ба хору хас њам, Тамоннои љангу љидолам бигирад. Агар лахзае дер кардї ба манзил, Басо иштиёќи суолам бигирад. Чи сон пас муросои бегона созам, Агар љуфти њаќќу њалолам бигирад. *** Тифли эњтиёљамро фурќати навозиш кушт, Тўли интизорињо бар висол хоњиш кушт. Варди хушки сархамро њоли зор пурсидам, Гуфт њаљри парвона накњату таровиш кушт. Маънии њаё гум шуд, он љањоннамо бишкан, Завќи њар тамошоро пастии намоиш кушт. Дар диёри бадгўї ташнаи сурурам ман, Ѓунчањои мењрамро хорњои коњиш кушт. Аз шумори шеъри тар саршумори шоир беш, Чорчўбаи ќолаб маънињои тобиш кушт. Дањри имтињони сабр аз Шифо ба дод омад, Лекин оќибат моро тири озмоиш кушт.

ТАТАБЎЪ БАР ЃАЗАЛИ МАЛИКУШУАРО БАЊОР "Љавонбахту љањонорої, эй зан, Шукўњу зинати дунёи, эй зан" Сањар то шом андар сањни бозор, Фаќат овораи савдої, эй зан, Шабонгањ кунљаке биншаста то рўз Ба фикри рўзии фардої, эй зан. Барои рехту рези похсадевор, Ду по то зону ѓарќи лої, эй зан. Ба љои мард сангу хокрезї, Куљо шуд суннати бобої, эй зан. Ба дард аз нўги по печидї то мў, Агар чи модари Синої, эй зан. Зи хўи тољирони солбаргард, Хазон шуд умрат аз рањпої, эй зан. Падарњо гарми савдо дар Русия, Ту худ њам оча, њам додої, эй зан. Барои нокасон "запчаст"-и пирї, Ба кас њамќисмати фардої, эй зан. Барои кўдакони танбарањна, Умеде дар чунин маъвої, эй зан. Ѓами дунё ба мўят зад сафедї,

*** Манам хомўши дорои шарарњо, Шаби торики дорои сањарњо. Намедонам тариќе аз хушомад, Намефорам ба табъи роњбарњо. Замин аз миш-мишу овоза чархад, Манам аъзои дунёбехабарњо. Паси сад дар њаётам пардапўш аст, Сифотам дар дањони рањгузарњо. Ман аз пушти тиреза дарк кардам, Худоё, њайфи умри дарбадарњо. Њама дар њасрати молу љињоз аст, Макони илму фан зори назарњо Њамин осудагиям зиндагонист, Дилам сўзад ба њоли "мўътабарњо". *** Маро аз ѓурбати дил сер кардї, Муњаббат, дер кардї, дер кардї. Кунун ман хонаю кошона дорам, Кунун ман кўдаку афсона дорам. Бароят дар дили худ љо надорам, Чаро сарпечї аз таќдир кардї? Муњаббат, дер кардї, дер кардї. Љавонї рафту ташрифат малол аст, Магў, ки ишќи пирї баркамол аст. Дар ин дунё вуљудат эњтимол аст, Зи бемаънигињо дилгир кардї, Муњаббат, дер кардї, дер кардї.

БОЗ ОМАДЇ… Эй ишќи дер кардаи ман, боз омадї Аз парниёни хоб ба парвоз омадї Шояд, ки фасли ишќ гузашт аз њаёти мо Аммо ту баъди хотима оѓоз омадї Дил тан нагирад ин њама соли гузаштаро Абёти ошиќонаи бисёр гуфтанист. Ин ишќи дер меваи пухтагузаштае Андар нињоди хомаки ман сахт хуфтанист. Ќудрат надорам ин ки ба хомўшињо нињам Фарёди дар гулўи нафас банд гаштаро Дилро зи шарми мардуми атроф мекушам Пинњон намуда хотири хурсанд гаштаро. *** Навбати хукмронии сармо, Тирамањро уболи гул бигрифт. Айни сардии чиллаи сармо. Завки дилро хаёли гул бигрифт, Пушти тиреза калби пазмонам, Ку бањоре ба рўи гулдонам? Аз зии шиша боди бемењре, Таъна мекард љисми ларзонам. Зери борони сарди барфолуд, Эй басо дидаи тари дили ман, То Шумо роњи дури нимсола, Орзуњои ќайсари дили ман. *** Нигори ман ба тамошои боѓ меояд, Барои лолаи дилњои доѓ меояд. Бањори њусни дуо аз дуруди Рањмонист, Ба ёди накњати Ёсин димоѓ меояд. Вуљуд масту хумории оби рањмати Њаќ, Ки бо бањонаи бода аёѓ меояд Ба чуз Худо зи касе бахти хушбањор мапурс, Ки љои булбули шўрида зоѓ меояд. Агар зи сўзи фироќаш тамом даргирам, Ба торхонаи дунё чароѓ меояд. Даруни дарди муњаббат нуњуфт гўедаш, Бар он касе, ки Шифоро суроѓ меояд.

ОЊ… Оњ, агар аз дил хабар медоштам, Ќиматаш нури ба сар медоштам, Њолаташро нектар медоштам, Дўстат, эй њамназар, медоштам, Як дили дигар агар медоштам. Ин дили ман беадолат банд буд, Бар дурўѓ аз зиндагї хурсанд буд.

Чиптаи шањри муњаббат чанд буд? Шоядам сўят сафар медоштам, Як дили дигар агар медоштам. Муттакои ќалби хушнудам набуд, Як каломи мењролудам набуд. Н -омадї ваќте, зи ѓам дудам набуд, Ман туро бар дида бар медоштам, Як дили дигар агар медоштам. Ваќт рафту зиндагонї пир шуд, Ќалбам аз танњоињо дилгир шуд Омадї, аммо ба ишќат дер шуд. Мисли љонат мўътабар медоштам, Як дили дигар агар медоштам.

РАФТАЇ Софу холї буд ќалбам, банд карда, рафтаї, Ишќ гуфта, содаро хурсанд карда, рафтаї. Дер фањмидам, дареѓо, ин чунин рафторро Бо сари њамчун мане, якчанд карда, рафтаї. Ман ба ёди ишќи ту, ту дар хаёли дигаре, Ман ба мењрат ташнаам, ту дар канори дигарї. Рашк месўзад вуљудамро, намедонам чаро Гўй боре он парї аз ман чї дорад бартарї. Бар фиреби мањзи ту, њайњот, бовар кардаам, Дўст медорам нагў, паймони дигар кардаам. Њељ кас таскини ќалби зору гирёнам надод, Њайфи ашки рехта бар дафтари таркардаам. Дигар аз пушти хато њарфи пушаймонат дурўѓ, Дўстдорињои аз сидќи дилу љонат дурўѓ. Бо њазорон обу рангу наѓма мегўї сухан, Ќиссаю афсонањои ишќи урёнат дурўѓ. Бе ту њам андар дилам садњо алам, дигар наё, Дар баёни ин алам хун шуд ќалам, дигар наё. Рањгузар аз кўча бошї, аз дарам бигзашта рав, Њар куљо хоњї раву бар манзилам дигар наё.

ЭЙ БОДИ САРСАРЇ Эй боди сарсарї, Эй бехабар зи дарди дили нози гулпарї. Ишќи гуле ба нархи вафо гар намехарї, Пас аз чї дорї сарсари њар гул паропарї. Эй боди сарсарї, Аз гулшани вафо, ки вазидан надоштї, Ин накњати бањорї зи дилгумзании ман, Оё машоми дарки шамидан надоштї? Ваќте вазидї во шудам аз шавќи силаат, Рафтию барги ман њама пажмурда гашту рехт, Андар фироќи мењри самимї - вуљуди дил, Озурда гашту рехт. Эй боди сарсарї, эй боди булњавас, Атри маро, ки мебарї, инак нафас - нафас, Пиндоштї, ки соддаи гумроњтинатам? Бар шохи ман, ба гунаи гулбарги ман нарас. Эй боди сарсарї, Рўи мазори ишќи ту ашке намечакам, Аз фанди ту њарорати ќалбам хунук шуд. Бењуда њарфи ишќу муњаббат нагў дигар, Сабрам сабук шуд.

ДУБАЙТИЊО Зи зўри дарди танњої гиристам, Пас аз як умри рањпої гиристам. Ѓами кї рах - рахи ожанги рў шуд?, Ба њайфи њусни барної гиристам. Шукуфої, ки омад, во шукуфтам, На гулпарвар на гулкан гашт пайдо Насими дилфиребе сарсари гул, Ба таскини дили ман гашт пайдо. Љавонї пушти сар шуд бе муњаббат, Бањор аз пушти дар бигзашт бе ман. Паси сад парда пинњон гаштам охир, Ба ѓурбатхонае карда нишеман. Њарорат аз дили сардам гурезад, Рафиќам аз ѓаму дардам гурезад. Наход аз лафзи ман мењре нарезад, Ба њар кас як сухан кардам, гурезад.


ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

БА НИЁЗМАНД АРОБАЧАИ МАЪЮБЇ ТУЊФА ШУД (Љавобан ба матлаби "Нигоњ" - "Се маъюб дар як хона" (№7 (399), 07.05.14) - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Шањринав ба иттилои Шумо мерасонад, ки оилаи Мирзохоновњо дар дењаи Мењнатободи љамоати дењоти ба номи А.Њасанов зиндагонї мекунанд. Оилаи мазкур аз 4 нафар иборат буда, сарвари оила Мирзохонов Зайталї 2 сол инљониб дар бистарї беморї мебошад. Њамсараш Мирзохонова Мењринисо гирифтори бемории боќимондаи сактаи ишемиявии майнаи сар ва духтараш Мирзохонова Шањло гирифтори бемории ноустувори маѓзавии ирсї буда, маъюби гуруњи якум мебошад. Аз љониби Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи маќомоти

иљроияи ноњия ба Мирзохонов З. ба маблаѓи 200 сомонї, ба Мирзохонова М. 200 сомонї ва ба духтарашон Мирзохонова Ш. 265 сомонї нафаќа таъин карда шудааст, ки сариваќт дастраси онњо гардонида мешавад. Ањли оила тањти назорати доимии табибони оилавии Маркази саломатии дењаи Ободон ва табибони осебшиноси Маркази саломатии ноњия буда, њангоми зарурат ба онњо ба таври ройгон хизмати тиббї расонида мешавад. Аз љумла, ба оилаи мазкур дар санаи 11уми майи соли 2014 ба маблаѓи 250 сомонї доруворї ва аз љониби Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии

НОМГУЗОРЇ БОЯД МУТОБИЌИ ТАЛАБОТИ ЌОНУН БОШАД (Вокуниш ба маќолаи "Занбўри нар дар Хуљанд", "Нигоњ" , №2 (384), аз 2 - юми апрели соли 2014) - Муаллифи маќола ба ин мавзуъ дар ваќташ таваљљуњ кардааст ва ин соњибони марказ, маѓозаю корхонањои хурдро ба сари хони андеша мекашад, ки ин ќобили ќабул аст. Комиссияи татбиќи Ќонуни забони давлатии назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр иттилоъ медињад, ки барои густариш ва амалї гаштани њадафњои Ќонуни ЉТ "Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон", бо маќсади љавобгў намудани номгузории маѓозаю муассисањои хизматрасонї ва бањри ба танзим даровардани навиштаљотњои лавњаю овезањо мунтазам амалиётњои назоратї гузаронида, љињати пешгирї ва бартараф намудани камбудиву ќонуншиканињо чорањои зарурї андешида истодааст, ки дар натиља якчанд камбудињо бартараф гаштанд. Ба монанди, "Фейшен кликс" "Мир электроники", "Финансовий дом "Баракат", навиштаљоти фурўши нурињои минералии "Агрофон", "Атласи Хуљанд", "Русский дом дверей", "Италянская химчистка", навиштаљоти "Богема", навиштаљоти "Фото сипењр", "Эмбавуд", "Мир спорта", "Конфетная", "Вестел", "Оазис", "Пчёлка", "Джилет", "Маракада", "ЕВАН", "Г.А.М", "Кожагалантерия", "Женская и детская одежда", "Грация", "Контраст полиграфия", "Тёплый пол", "Ассотсиатсияи кедр", "Миллениум", "Обои эсклюзив" ва ѓайра сари ваќт ислоњ гардиданд, ки дар ин самт кор идома дорад. Лозим ба ќайд аст, ќаблан њам тибќи талаботи ќонун гуруњи корие, ки аз љониби раиси шањри Хуљанд тасдиќ шуда буд, ба нуќтањои савдо ва марказњои хизматрасонии "Яъсуб", "Ясмина", "Опера", "Амнизия" ва чанде дигар аз корхонаю муассисањо бобати номгузорї огоњнома фиристода шуда, барои ислоњи вазъ муњлат дода шуд. Комиссияи мазкур оид ба њалли баъзе камбудиву муаммоњои љойдошта ба нозироти андози шањр низ пешнињод кардааст, ки ба хотири таъмини риояи талаботи моддаи 18 - и ќонун "Номгузории ташкилотњо" њангоми баќайдгирии номи шахсони њуќуќї ва дигар муассисаву ташкилотњо дар мавриди мутобиќати он бо талаботи ќонуни мазкур нуќтаи назар ё хулосаи Комиссияи татбиќи Ќонуни забони давлатии назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд гирифта шавад, то ки номгузорї мутобиќ ба талаботи ќонун сурат бигирад.Инчунин аризаю мурољиати соњибмулконе, ки оид ба номгузорї намудани нуќтањои савдо, марказњои хизматрасонї, мењмонхонаву муассисањои бонкї ворид мегардад, аз љониби

Љумњурии Тољикистон ба Мирзохонова Ш. як адад аробачаи маъюбї таќдим карда шуд. Њамзамон ба маъюбони

- Њамасола бо наздик шудани иди "Наврўз" дар маркази шањри Хуљанд, дар шафати майдони ситорањо дарахти сунъии зардолу ќомат меафрозад. Зардолу яке аз дарахтони аз њама пеш гулкунанда, њамчунин мевадор ва сояафкан ба шумор меравад. Ин дарахт рамзи фаро расидани бањор ва иди Наврўз ба шумор меравад.Барои дар сатњи баланд гузаронидани маъракаи ободонї ва кабудизор-

13

номбурда аз тарафи шуъбаи Агентии мењнат ва шуѓли ањолии ноњия як љуфт асобаѓал ва ду адад асои хурд дода шуд.Бо супориши маќомоти иљроияи ноњия вазъи зиндагї ва ањволи саломатии оилаи номбурда тањти назорати доимии љамоати дењоти ба номи А.Њасанов мебошад. Хољагињо, корхонаю ташкилотњо ва шахсони саховатманди њудуди љамоат ба онњо пайваста мадади моддї мерасонанд. Аз љумла, дар давоми панљ моњи соли равон ба барљомондагони номбурда 1300 сомонї пули наќд, 1 мошин њезум, 4 халта ангишт ва маводи ѓизої аз ќабили орд, равѓан ва мањсулоти ширї ёрї расонида шуд.Шароити зиндагї ва вазъи саломатии оилаи Мирзохоновњо минбаъд низ тањти назорати маќомоти иљроияи њокимияти, авлатии ноњия ќарор дода мешавад. Шањло ТУРАЌУЛОВА, муовини раиси ноњияи Шањринав

ороишї, сояафкан, њамешасабз 13488 адад, мевадор 4576 адад шинонида шудаанд. Асосан дар кўчањои марказї дарахтони сояафкан, ороишї шинонида шудааст, вале дар назди биноњои баландошёна, мањаллањои ањолинишин дарахтони мевадињанда ба монанди зардолу, чормаѓз, олу шинонда шудааст. Тибќи маълумотњои охири масоњати заминњои сабзонидашуда 305, 87 га - ро ташкил

ЗАРДОЛУИ ЃАРЌИ ГУЛ РАМЗИ ФАРОРАСИИ БАЊОР АСТ (Посух ба матлаби "Зардолу ба љои дарахтњои русї", "Нигоњ" , №5 (387), 30 - юми апрели соли 2014)

масъулини комиссияи мазкур корбарї ва тибќи ќонунњои амалкунанда љавобњои мушаххас дода мешавад. Ќайд кардан ба маврид аст, ки масъулини комиссия ба хотири рушд ва маќоми забони тољикї бо васоити ахбори омма низ њамкорї намуда, дар нашрияи "Тирози љањон" ва телевизионњои мањаллї маќола, очеркњо ва барномањои љолиб тањия гардиданд. Дар навбати худ бобати ин масъала бо муассисањои таблиѓотї њамкорї намуда, талаб намудааст, ки њангоми ќабули талабнома аз мизољон иљозати Комиссияи татбиќи Ќонуни забони давлатї гирифта шавад ва дар ин хусус ба онњо мактуб низ ирсол карда шуда буд. Оид ба њалли ин масъала дигар љанбањоро низ бояд ба инобат гирифт. Тибќи ќонунњои амалкунандаи байналхалќї ширкатњои хориљї зимни њамкорї бо љумњурии мо њуќуќ доранд молу мањсулоти худро бо тамѓаи худ муаррифї кунанд, агар намояндагї дошта бошанд. Вале тибќи талаботи Ќонуни ЉТ "Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон" дар пештоќи муассиса ё ташкилот номгузорї бояд бо забони тољикї интишор гардад. Масъулини Комиссияи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон" дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр дар ин самт корбарї намуда, минбаъд низ љињати љоннок намудани фаъолияти Комиссияи мазкур ва дар сатњи арзанда амалї гаштани Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон" кўшиши зиёд ба харљ медињад. Ин самти кор, яъне риояи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон" њамвора зери назорати масъулини маќомоти њокимияти давлатии шањр ќарор дорад. Умеда МУРОДОВА, муовини раиси шањри Хуљанд, муовини раиси Комиссияи татбиќи Ќонуни забони давлатии назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр

кунї бањри иљрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон "Дар бораи тадбирњои иловагї доир ба рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2010 - 2014 ва ќарори раиси шањри Хуљанд тањти №68 аз 10 - уми феврали соли 2014 дар бораи эълон намудани озмуни "Соли ободонї ва гулкорї" бахшида ба 20 - солагии ќабули Конститутсия (Сарќонун) - и Љумњурии Тољикистон дар шањи Хуљанд тадбирњои амалї андешида шудааст. Дар шањри Хуљанд санаи 1- уми марти соли 2014 ярмаркаи умумивилоятї гузаронида шуд, ки дар он аз тарафи хољагињои нињолпарварии шањру ноњияњои вилоят нињолњо, аз он љумла нињолњои дарахтони мевадињанда ва ороишию сояафкан, кўчати гулњо ва тухмии сабзавот оварда шуд. Дар мавриди интихоби буттањои гул, дарахтони мевадињанда ва сояафкан масъулони соња кўшиш менамоянд, ки дар ќаламрави шањри Хуљанд њамагуна нињолњо шинонда шуда, ваќти интихоби дарахтон ва буттањо ба шањрвандон, корхонаю муассисањои кабудизоркунї ва ободонї бобати дар куљо ва чї хел шинондани онњо маслињат дода мешавад. Маълум аст, ки њар нињол ва дарахт вобаста ба худ љойи парвариш ва тарзи нигоњубини худро дорад. Бо ин маќсад оиди шинонидани нињолњои дарахтону буттањои бисёрсолаи њамешасабз ва ороишию сояафкан вобаста ба мањал барои ободонии кўчаю хиёбонњои шањр номгўи нињолњои ба талабот мувофиќ тањия карда шуда, ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр фиристода мешавад. Баъдан наќшаи махсуси дар кадом ќисмати шањр кадом намуди нињол бояд шинонда шавад тањия мегардад. Бинобар он тамоми дарахтони мевадор - ороишї, буттањо мувофиќи нуќтањои дар боло зикргашта шинонда мешаванд. Аз авали мавсими маъракаи нињолшинонї дар њудуди шањри Хуљанд ба миќдори умумии 18064 адад аз он нињолњои

медињад, ба њар як сари ањолї бошад, 19,8 метри мураббаъ кабудизор рост меояд, ки он аз меъёрњои муќарраршудаи санитарї зиёд мебошад. Дар айни замон љойгиронии минтаќањои сабз хеле нобаробар аст. Аксари минтаќањои сабз ќад ќади соњили дарёи Сир воќеъ гаштаанд. Бо назардошти самти шамол ва мавќеъи шањр дар назди ќаторкуњи Муѓул минтаќањои сабзро нисбати самти дарё амудї љойгир намуда, микроноњияњоро аз њам бо минтаќањои сабз људо кардан мумкин аст. Љињати мусбии инкишофи шањр дар афзоиши минтаќањои сабз ва силсилаи боѓњо дар гўшањои гуногуни он, ба хусус дар минтаќањои назди соњили дарёи Сир зуњур меёбад. Аз тарафи мутахассисони шуъбаи њифзи муњити зисти шањри Хуљанд иљро намудани наќша чорабинии ќарори мазкур самти тарѓиботию ташвиќотї дар байни ањолї оиди шинонани дарахтони мевадор, ороишї - сояафкан тадбирњои зарурї андешида шудааст. Темурљон МИРКАМОЛОВ, сардори шуъбаи њифзи муњити зисти шањри Хуљанд


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ


НИГОЊИ МАРДУМЇ ЧАРО?

ЛАТИФА

ЧАРО ВАЗОРАТИ НАЌЛИЁТ БА РОЊЊОИ МАЊАЛЛЇ ЭЪТИБОР НАМЕДИЊАД? - Вобаста ба таъмири роњњои мањаллї савол дорам. Шукри тинљиву амонї дар кишварамон бисёр роњу шоњроњњо аз таъмири капиталї њар сол бароварда мешаванд. Аммо чаро Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон ба роњњои мањаллї чандин эътиборе намедињад? Хусусан дар њамин роњњои ноњияи мо ронандагону мусофирони воситаи наќлиёт бисёр азоб мекашанд. Аксари роњњои ќаламрави ноњияи мо ба таъмири капиталї ниёз дорад. Оё Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон дар наќша дорад, ки роњњои ноњияи Мастчоњро низ аз таъмир барорад? Охун МИРЗОАЛИЕВ, сокини дењаи Сурхкати љамоати дењоти Оббурдони ноњияи Мастчоњи нав - Таъмиру нигоњдории роњњое, ки дар мувозинати муассисањои зертобеи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон ќарор доранд, дар доираи маблаѓњои аз буљаи љумњуриявї људогардида ба роњ монда мешавад. Мутобиќи моддаи 20 - и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи роњњои автомобилгард ва фаъолияти роњдорї" тањти №47 аз 10 - уми майи соли 2002 манбаи маблаѓгузории роњњои автомобилгарди мањаллї буљети маќомоти мањаллї мебошанд ва тибќи моддаи 4 - и ќарори ЊЉТ "Дар бораи њисоботи вазири наќлиёт ва коммуникатсияи Љумњурии Тољикистон оид ба њолати нигоњдории роњњои автомобилгард ва бењтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт" тањти №639 аз 2 - юми декабри соли 2009 Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњо ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї љињати истифодаи маќсадноки техника ва механизмњои роњсозї, бењдошти њолати роњњои автомобилгарди мањаллии истифодаи умум бояд барои сари ваќт ба андозаи муайян људо намудани маблаѓњо љињати таъмир ва нигоњдории онњо тадбирњои иловагї андешида, бо ин маќсад дар буљети мањаллї моддаи алоњида пешбинї намоянд. Аз тарафи њамаи маќомоти мањаллї имрўз ба таври зарурї барои нигоњдории роњњои автомобилгарди мањаллї маблаѓ људо карда намешаванд, ки ин боиси дар њолати нохуб ќарор гирифтани роњњои мањаллї мегардад. Дар соли 2013 аз њисоби маблаѓњои њукуматњои мањаллї 19 км роњ 7 адад пулу иншооти дигари инфрасохторї таъмиру барќарор ва сохта шуданд. Њамчунин аз њисоби ширкатњо ва соњибкорони ватанї 210 км роњњо таъмиру сангфарш гардиданд, ки ќисми бештарашон роњњои мањаллианд. Ба ин нигоњ накарда, Вазорати наќлиёт кўшиш ба харљ медињад, ки дар доираи имкониятњои худ таъмиру тармими роњњои автомобилгарди ањамияти мањаллидоштаро низ ба роњ монад.Барои таъмиру нигоњдории роњњои ноњияи Мастчоњи нав бошад, дар соли 2014 људо намудани беш аз 300 њазор сомонї дар назар аст. Ба саволи Шумо Хайрулло АСОЗОДА, вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон посух дод.

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? ЗИНДАГЇ ДАР РУЁ - Агар дар мањаллаи шумо асфалти нав хобонданд, хонањоро ранг карданд, дар кўчањо гул шинонданду ягон мењмон наомад, пас Шумо дар Олмон зиндагї доред. ШУНИДАЕ ДАР АВТОБУСИ 18 - Мегўянд, помидор арзон шудааст, ќариб ки бепул... - Як љањон ташаккур! Акнун картошкаро њам арзон мекарданд, зўр мешуд... САДО АЗ РАДИОИ АВТОБУС: - Шукронаи помидорро кунед, аммо талаб надошта бошед, ки тарбуз њам бепул шавад. МИЛЛИОН "ЛАЙК" - Барои мадад ба зарардидагони офати табиї, корбарони "Фейсбук" миллион "лайк" љамъ оварданд. ДОНИШЉЎ - Донишљўї рўзи сахт аст, эй бародар, Донишљўёнро маранљону маёзор. Сањар хестам дари дањлезро кушодам, Бидидам як донишљўе хуфта бемор. Сарашро бар сари зону нињодам, Ба чашмонаш нигоњ кардам падарвор. Бигуфтам, эй донишљў, асл аз куљойї? Бигуфто:- аз ин љо онљоро намебинї, Бигуфтам, эй донишљў, орзу чї дорї? Бигуфто бањри ман як бурда нон ор. Сабук љастам, давидам сўи бозор, Гирифтам чанд ноне бањри он ёр. Ба дил гуфтам, донишљўро зинда ёбам. Нидо омад, донишљў мурдаст пиндор...

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

Марде ѓозашро банд баста, аз майдони марказии шањр мегузарад. Ногањон корманди милиса пеши роњашро мегирад: - Ѓози шумо майдонро ифлос кард. Љарима дињед! - О њамин ќадар кабутарњо њама љоро расво мекунанд, њељ гап нею... - Охир, бояд фањмед, кабутар рамзи сулњ аст! - Бовар кунед, ѓози ман њам тарафдори љанг нест! *** Бобо ба набера: - Ваќти сурфидан њама ваќт бо дастат дањонатро пўш. Набера: - Натарсед, бобољон! Дандонњои ман мисли дандонњои шумо аз дањонам намепаранд. *** Баъди анљоми дарс омўзгор мувофиќи одат мепурсад: - Кї савол дорад? Як хонанда: - Саломатї чї хел, устод? *** Зан бо ифтихор ба дугонаш мегўяд: - Ахиран ба ман маълум шуд, ки шавњарам ошиќтарин марди руйи дунё будааст! Дугонааш: - Чї тавр? Зан: - Дирўз бо мех дар руйи мошинаш сурати дил кашидам, ў инро дида, ќариб як соат гиря кард.

НОЗИРИ ЉАМЪИЯТЇ НАЗОРАТИ НАЌЛИЁТИ МУСОФИРКАШОНЇ - Назорати љамъиятии наќлиёти мусофиркашонї аз љониби нозирони љамъиятии идораи нашрияи "Нигоњ" ќатъ нагашта, идома дорад. Ин даъфа нозирони љамъиятии идора хатсайри №33 - ро, ки масираш аз Фурўдгоњи байналмилалии Душанбе оѓоз шуда, дар мањаллаи Гулбутта ба охир мерасад, тањти назорат ќарор доданд. Нозирони љамъиятии идора ба наќлиёти мусофиркашонии тамѓаи "Газел" ва "Мерседес" - и хатсайри №33 њамчун мусофир аз оѓози хатсайр, мобайн ва охираш нишаста, воситањои наќлиёти зеринро тањти мушоњида гирифтанд: 96 28 ТТ01, 93 53 ТТ01, 85 67 ТТ01, 90 31 ТТ01, 91 85 ТТ01, 03 66 ТТ01, 94 74 ТТ01, 85 12 ТТ01, 83 02 ТТ01, 04 35 ТТ01, 94 43 ТТ01, 94 68 ТТ01, 69 07 ТТ01. Зимнан, гуфтан ба маврид аст, ки аз сабаби мањдуд будани ваќт ва боришот тамѓаи наќлиёти "Хундай-Старекс" - и хатсайри №33 тањти мушоњидаи мо ќарор надоштанд. Мушоњидаи онњо дар оянда њатман анљом дода мешаванд. Зимни назорат дар воситањои наќлиёти дар боло ќайдшуда аз меъёр зиёд савор кардани мусофир ва барзиёд талаб кардани роњкиро ба мушоњида нарасид, ки ин бояд намунаи ибрат барои ронандагони хатсайрњои дигари шањри Душанбе бошад. Бархе ронандагони хатсайр њангоми 1 сомонї дароз кардани мусофирон аз он зиёд роњкиро талаб накарданд. Шањри Душанбе пойтахти Љумњурии Тољикистон аст ва чун гўсфанд бор кардани инсон њамчун мусофир ба воситаи наќлиёти љамъияти салоњи кор нест. Ба ин, аз як тараф, ронандагон агар гунањгор бошанд, аз тарафи дигар худи мусофирон низ гунањгор њастанд. Чун мебинанд, ки воситаи наќлиёт пур аз мусофир аст, боз ба он малахвор мечаспанд, яъне савор мешаванд. Њама гўё дар ин шањр шитоб доранд. Охир, камтар сабр кунї, холияш омад, савор мешавї ё бо њам љавс нишастану росто истодан ва њамдигарро ламс кардан хуб аст, ронандагону мусофирони муњтарам?! Њамчунин бояд гуфт, ки рўзи љумъа соати 18:19 тамѓаи автобуси ЛиАз, раќамаш 02 13 ТТ01 (хатсайри №3) аз самти майдони Сарњадчиён ба тарафи Вокзали роњи оњан њаракат дошт. Ин автобус ба истгоњи СУМ расида истод, ногањонї ронандааш бо кондуктораш якбора ба мусофирон эълон доштанд, ки солярка тамом шуд ва онњо ба Вокзали роњи оњан намераванд. Як лањза пештар аз ин троллейбуси хатсайри №1 (раќамаш 10 79) дар истгоњ ист фармуда буд. Бисёр мусофирон норозигї баён карданд. Як зан дод зад, ки "Чаро шумо фаќат бемасъулиятии худро нишон медињед? Мусофирон барои шумо гўсфанданд?" Зани дигаре дод мезад, ки "1 сомонї роњкиро гирифтед, њозир ба троллейбус нишинем, боз як сомонии дигар дињем? Инсоф доред?" Кондуктори автобуси ЛиАз бо ронандаи троллейбус маслињатро пазонда, мусофиронро ба троллейбус нишонд. Пас аз ин ронандаи автобус ба самти мењмонхонаи "Тољикистон" тоб хўрда, аз назар ѓоиб шуд. Ногуфта намонад, ки кондуктори ин автобус ба нисфи мусофирон баќияашонро барнагардонидааст. То рўзи ќиёмат 40 дирами мусофирон дар гардани кондуктори ин автобус муаллаќ мемонад. Шояд ў гумон кардааст, "Зарра, зарра љамъ шавад дарё шавад"? Бархе аз њамин ќабил кондукторони бемасъулият лоаќл баќияи пули мусофирони солхурдаву нафаќахўрро барнамегардонанд, то онњо барои талаби адолат дари ин ё он редаксияро накўбанд! Соати 18:51 даќиќа автобуси дигари ЛиАз-и ин хатсайр (02 11ТТ01) ба истгоњи СУМ омад, мо ба он савор шуда, њаракатамонро идома додем. Назорати љамъиятии наќлиёти мусофиркашонии хатсайрњои шањри Душанбе аз љониби хабарнигорони њафтанома идома ёфта, умедворем, ки масъулини соњаи наќлиёти шањри Душанбе ва роњбарони љамъиятњои мусофиркашонї љињати ислоњи вазъ чора меандешанд. Аз њамаи хонандагону њаводорони нашрия даъват ба амал меорем зимни барзиёд талаб кардани роњкиро, аз меъёр зиёд савор кардани мусофир ва дигар мушкилоти љойдошта, дар дилхоњ наќлиётии љамъиятии шањри Душанбе раќами онро навишта, ба идораи нашрияи "Нигоњ" барои ба масъулият кашондани ронандагону кондукторони он пешнињод кунед.

ВОКУНИШ БА РОНАНДАГОНУ ЧИПТАЧИНОН ДАСТУРЊО ДОДА ШУД! - Маъмурияти ККВД "Троллейбус"-и шањри Душанбе маќолаи "Чаро кондукторони автобусу троллейбус муттањами 30 ва 40 дирами мусофиранд?" - ро, ки дар њафтаномаи "Нигоњ" тањти №8 (390) аз 14уми майи соли 2014 рўи чоп омадааст, дар љаласаи кормандон ва ронандагону чиптачинон мавриди баррасї ќарор дод. Зикр кардан ба маврид аст, ки роњбарияти ККВД "Троллейбус" ба њама нигаронињо ва мурољиатњо, ки аз фаъолияти троллейбусњо иброз мегарданд, назари мусбї доранд, чунки мурољиати сариваќтии мусофирону истифодабарандагон бањри ислоњи камбудињои љойдошта мусоидат менамояд. Муаллифи маќола Равшан Мирзоев менигорад, ки "Дар даврони СССР автобусу троллейбус аз соати 5-и субњ корашонро шуруъ карда, соати 23-и шаб ба итмом мерасониданд. Аммо њозир ин тавр нест. Соати 7-и бегоњ нашуда ѓайб мезананд." Мо бо муаллиф розї шуда наметавонем, чунки троллейбусњо аз соати 4:50 то 6:30 ба пуррагї ба хатсайрњо мебароянд ва охирон троллейбус соати 23-и шаб ба корхона ворид мегардад. Баъдан дар давраи Шўравї харољоти наќлиёти мусофиркашро давлат ба уњда дошт, имрўз бошад корхонањои мутаалЛиќ ба автобусу троллейбусњо худмаблаѓгузор мебошанд. Вобаста ба надодани баќия бошад, агар муаллиф раќами троллейбус, таърихи рўз ва хатсайри онро менигошт, бањри чораљўї нисбати ронандаи алоњида далел мебуд. Дар интињои љаласа ба њама ронандагону чиптачинон бори дигар бањри риояи талаботњои Ќарорњои дахлдори раиси шањри Душанбе, оиди муносибату муошират, нархи роњкиро, сару либос ва эњтироми калонсолон дастурњо дода шуд.Ба муаллиф барои таваљљуњ ба хизматрасонии троллейбусњо изњори розигї намуда, њамзамон эњтиромона хоњиш менамоем, ки њангоми њамагуна камбудињо аз кори троллейбусњо, аз телефонњои боварии дар дохили троллейбусњо буда, бо мо дар тамос бошанд. Бо эњтиром: Абдулхайр АЛИЕВ, директори ККВД-и "Троллейбус"

БА ЉОИ 09 - Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо маќсади дар њамбастагї ва якљоягї мубориза бурдан бар зидди љиноятњои марбут ба ташкил ва нигоњдошти фоњишахонањо, даллагї, занљаллобї, фоњишагї, њаракатњои бадахлоќона ва дигар љиноятњои ахлоќї тамоми чорањоро меандешад. Тањлилњо нишон медињанд, ки љомеаи шањрвандї нисбати љиноятњои ахлоќї бетараф набуда, барои пешгирї, ошкор ва решакан намудани ин зуњуроти номатлуб таваљљуњи хоса зоњир менамоянд. Шањрвандон дар сурати ягон ахбор доштан доир ба чунин љиноятњо тавассути "Телефони боварї" - и вазири корњои дохилї: 221- 21- 21, почтаи электронии Вазорати корњои дохилї: vkd.tj@mail.ru ва сомонаи расмии ВКД www.vkd.tj, ё www.mvd.tj метавонанд ба таври ошкоро ва ё махфї (беном) маълумот ва шарњњои худро бифиристанд.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (395), 18. 06. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЃАЛТАК БО ТУХМУ ПОМИДОРЊОИ КАБИРЇ Мирзодиккак ба ташхисгоњи санитарї - эпидемиологии пойтахт омад, то ки аз вазъи пањншавии беморињои сироятї дар фасли гармо огањї ёфта, барои кам кардан ва пешгирии беморињои сироятї чорањои мушахасс биандешад. Ў дар сањни њавлї дўсташ Ѓалтакро дид, ки дар даст як халта дошту омадани мутахассиси ташхисгоњро интизорї мекашид. Љўрањо баъди салому алейк ба хулосае омаданд, ки то омадани сардухтуру мутахассисони ташхисгоњ дар яке аз ошхонањои наздик нишаста, чой нўшанд. Онњо њарчанд љустанд, дар наздикињо ягон чойхона ва ё ошхонаи миллиро пайдо накарданд. Аз завќи баланди чойнўшию сўњбати дўстона ба ошхонаи чиної даромада, аз тозагию бўи муаттари гулњо њаловат бурданд. Пешхизмат ба назди љўрањо омада, таъзим карду бо лањни шикаста гуфт: "Бипармоед". Мирзодиккак аз мењрубонии пешхизмат илњом гирифта, як чойнак чои кабуд ва ќанду ќаймоќ фармоиш дод. Хайрият ќимиз ба ёдаш нарасид, вагарна њангоми њисобї кардан пойафзолњояшро ба гарав мемонд. Чуноне, ки хонандаи закї медонад, Мирзодиккак костюми замони донишљўияшро фурўхта сањмияњои ИБО "Роѓун" - ро харида буд, агар дар ошхонаи чинї пойафзолњояшро аз даст медод, пролетариати њаќиќї мешуд ва мисли очаи Ќобилљони нањзатї як умр орзуи дубора баргаштан ба СССР ва аъзои политбюро шуданро дар ќалбаш мепарварид. Мирзодиккак: - Мана, Ѓалтакбой, душманњо бинанду сўзанд. Дар ватанамон чинињо бароямон ѓизоњои лаззиз мепазанд, туркњо писарњоямонро меомўзанд, арабњо масљид месозанд, русњо марзњоямонро посбонї мекунанд. Аз ин дида дигар хушбахтї мешавад?! Ѓалтак: - Аз ин дида хушбахтї барои њамон чиноињо, туркњо, русњо, арабњо ва дигару дигарњо намешавад, зеро тавонистаанд дар мулки бегона маќому манзалат пайдо намуда, худашонро дар љањон муаррифї намоянд. Мирзодиккак: - Мо низ худамонро дар Русия сахт муаррифи кардагї. Ана рўзњои ахир худамонро аз Сурия муаррифї карда истодаем. Ѓалтак: - Бо Љамшуду наркабарону сари буридаву тероррист. Мо аз ѓамхории падаронаи Шумо њукуматињо чунон дар љањон худамонро муаррифї намудаем, ки ќисме ањволи моро дида, њељ боварашон намеояд, ки мо наберагони Рўдакию Синою Шоњин њастем. Мирзодиккак: - Не, њукумати мо њукумати солњои 90 - ум нест. Мо дар сиёсат чунон пухта шудагї, ки маќсаду мароми њамаи њизбу њаракатњои сиёсиро дар дохили кишвар зери назорат ќарор додаем. Хоњем кор мекунанд, нахоњем дар як рўз

њама аз аъзогии њизбу њаракатњо даст кашида, ба ЊХДТ ва њизбњои кисагї шомил мешаванд... Ѓалтак: - Ман ба демократї будани њукумати љонољонатон бовар карда, дар ин халта памидору тухмњоеро овардам, ки ба сари раиси ЊНИТ дар шањри Кўлоб задаанд. Хостам донам, ки инњо истењсоли куљоянд ва то куљо љавобгўи ќоидањои санитарию гигенї мебошанд. Мирзодиккак: - Агар њаќиќатро фањмидан хоњед, тухму памидорњоро аз ташхисгоњ гузаронида, сипас њамон сарлашкарони ин њуљумро аз ташхиси ДНК гузаронед, зеро тољик дар Кўлоб занад бо кулуху санг мезанад, бо ѓизо пешвоз мегирад. Ѓалтак: - Чї ту гумон дорї, ки шабањи Муроду Анвару Санљар то ба њол аз тољик ќасд мегиранд? Мирзодиккак: - Бењтараш дар ин мавзўъ бањс намекунем, вале ба њаминаш ќаноат мекунем, ки баъди 21 сол тањлилгарони тољик ба хулосае омаданд, ки мављуд будани литсейњои туркї дар Тољикистон зарурият надорад. Ба њаминаш њам шукр!!! Ѓалтак: - Мирзољон, сол то сол дониши сиёсият боло рафта истодааст. Шабњо хоб накарда, китобњои В. И. Ленинро мехонї ё ба ягон сиёсатмадор сахт часпидаї? Мирзодиккак: - Солњои ахир љавонњо фаќат "Одноклассник" мехонанд. Мо одамони ба китобу рўзнома одат кардагї, нахонем сардард мешавем. Агар бачањо њам бештар китоб мехонданд аз таърихи давлату давлатдорї, аз таърихи талхи миллати хеш каму беш огањї медоштанд, њељ гоњ ба хотири аќида тухму памидоршапак намекарданд. Ѓалтак: - Ба фикрам, агар демократия њамин хел бошаду бо њамин тарз идома ёбад, дар интихоботи парлумонї ба сари номзадњо ахлоттуда пошида, Тољикистонро дар сар то сари олам муаррифї мекунанд. Худо аз шармандагї нигоњ дорад. Љўрањо баъди нушидани љой аз љой бархостанд. Пешхизмат нархи чой, љой ва ваќти нишастани љўрањоро њисобу китоб карда, нархеро гуфт, ки ќариб Мирзодиккак бењуш шавад. Тамоми дошташонро Мирзодиккаку Ѓалтак болои миз гузошта, аз пешхизмати ошхонаи хитої халос хўрданд. Баъди хайру хуш Ѓалтак вориди бинои ташхисгоњи санитарї - эпидемиологї гашту Мирзодиккак барои фањмидани вазъи пањншавии маризињои сироятї вориди бинои Маркази санитари эпидемиологии шањри Душанбе гардид. Њово торафт метафсид. Мардуми дар навбат ќарор дошта, беист об менўшиданд. Кўдакону наврасон ба гармии тоќатфарсо тоб наоварда мегиристанд, то ки онњоро ба њавои кушод, яъне ба озодї баранд, озодї!

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Рафиќљон ШОКИРОВ, муовини раиси Хадамоти алоќа: - Дар баъзе провайдерњо Ютюб бидуни мушкил боз мешавад. Ин даъво ягон асос надорад. Ваќте њељ айб наёфтанд, мегўянд "думи сагат каљ аст". - Не-не, "ростгўї"-и шумову шефатонро њама медонад, њамчунон ки тибќи мактуби шумо бастани Ютюб, Гугл ва Тољнюсро њам. Аммо бовар кунед, айби шумо он ќадар зиёд аст, ки то сагу занњоятон расидан то 40 соли дигар ваќт аст. Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Иншоаллоњ, боз њам рўзњои наздик ба Кўлоб сафар хоњам кард ва сари як пиёла чой бо њамлагарони помидору тухм хоњем нишаст. - Агар "як пиёлаи чой"-и шумо њам мисли чойи њукуматињо бошад, кори бењудаест, зеро кулобињои гизала баъди чой-чї, баъди гуштбирён дар тўю сур њам одамони ба онњо нописандро ду-се каламушт мезананд. Лутфулло САИДМУРОДОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ман њамчун вакил, њамчун шањрванд метавонам мувофиќи ќонун њуќуќњои худамро дифоъ кунам. - Як зарра њам бовар надорем: агар чунин шахсият мешудед, њукумат шуморо њеч гоњ вакил таъин намекард. Ё шумо гуфтаниед, ки дар интихоби шумо иштибоњи кадрї шудааст? Давлат САФАР, шоири мадњсаро: - Бо њафтаномањо њамкорї дорам. Бекор нестам. Барои шоир вазифа даркор нест. Шоире, ки вазифа гирифт, шоир нест. -Э, булбулакатон дигар хел хонд-ку, мулло Давлат. Ё ба Гулназару Мењмон Бахтиву Муњаммад Ѓоийбу Низом Ќосим ягон гап доред? Исмоил ИСМОИЛОВ, сарояндаи рэп бо тахаллуси Мастер Исмайл: - Агар њама љавонони донишманду огоњ тарки Ватан кунанд, чї мешавад? -Олам гулистон гашта, сиёсати хирадмандона то 2020 амалї мешавад. Йоу!

Њасан РУЊОНЇ, президенти Эрон: - Ин ќадар ба умури хусусии мардум дахолат накунед, мардумро намешавад бо зарби шаллоќ ба бињишт бурд. - Бобои Њасан, намешавад њами њукумати мора ни бге, ки ба зарба шатта дузах бурдан ни намешава?! Амирќул АЗИМОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Сулњи тољиконро ба назар гиред. Мо солњои сол љангу љидол кардем, лекин оќибат сулњ кардем, фаќат бо баргардонидани фарзандони Тољикистон ба Ватан сулњи пурра барќарор шуд. Иќдоми Њомид Карзай низ хеле хуб аст, ки бо Толибон гуфтугуро сар кард ва ин наќши бенињоят муњимро дар сулњи Афѓонистон мебозад. -Ња, рост, вагарна шумо бо Сафаралї Кенљаев дар Тошканд мемондед. Олими МАЊМУД, сароянда: - Мо сарояндањо бо шарофати тўй ва хурсандии мардум одам барин зиндагї мекунем. Даромади дигар, ки надорем, њамеша дуо мекунем, ки дар хонаи њар як тољик тўй шавад. -Э, офарин! Ана инро эътирофи воќеъияту самимияти њунарманд мегўянд. Зинда бошед!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.