Чаро Кабирї ба Тољикистон барнагашт?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
1
№13 (446). Чоршанбе, 24-уми июни соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
МИНТАЌА
Сарнавишти уйѓур Амири Њаракати исломии Туркистони Шарќї «зинда» шуд... САЊИФАИ 10
БО ШОИР
Бахтиёр Аминї
Сулњи якдаста Замони тўлонии муколама миёни ду љиноњи даргир барои истиќрори сулњ дар сарзамини љангзада ду даст њамдигарро фишурданд ва њосили ин суботи имрўз аст, ки 18 сол ба инљониб бе љангу љўш идома дорад. Аммо бо гузашти ин 18 сол на танњо мардуми кишвар, балки дар хориљ аз он низ дасти дуввумро гум карданд. Куљост он?
САЊИФАИ 12
ПУРБИН
Мирзодиккаку Ѓалтак ва мушту ангушти васати мушт САЊИФАИ 16
Чаккаву тарбуз Чаро аз Убайдуллоев чизе вобаста нест?
18 СОЛ ПАС
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
2
СУЛЊИ ЯКДАСТА Дасти дуюм куљо шуд? Замони тўлонии муколама миёни ду љиноњи даргир барои истиќрори сулњ дар сарзамини љангзада ду даст њамдигарро фишурданд ва њосили ин суботи имрўз аст, ки 18 сол ба инљониб бе љангу љўш идома дорад. Аммо бо гузашти ин 18 сол на танњо мардуми кишвар, балки дар хориљ аз он низ дасти дуввумро гум карданд. Куљост он? Замоне, ки ба ќасди навиштани ин маќола ќалам ба даст гирифтам, рўйдоди нишотбахши 18 соли пеш дар назарам њувайдо гашт. Рўйдоде, ки билохира ба хонадони њар сокини кишвар сулњ овард. Рўйдоде, ки аз хатми љанги, ба истилоњи устоди шодравон Лоиќ, "девонавори мо" паём дод ва баъдан мо шоњид шудем, ки ин паёми нек кишварро аз вартаи њалокат берун кашид ва рушди тадриљии онро таъмин намуд. Мебоист аз њамин суннат тўли солњо кор гирифта мешуд, то ду љонибе, ки дасти оштї ба њам дароз карда буданд, ин дастро то абад рањо намекарданд. Вале њукумат дасти дуввумро рањо кард. Сулњи дуљониба бо гузашти ин 18 сол маънои дигар гирифт. Як љониб худро пирўз эълон кардаву љониби дигарро маѓлуб медонад. Дар чунин мавзеъгирї наметавон гуфт, ки сулњ шудааст, наметавон гуфт, ки 18 сол пеш дар Маскав паймони оштї имзо шудааст. Њарчанд дар ин 18 сол мо 27-уми июнро чун рўзи Вањдати миллї таљлил мекунем. Ва ин вањдат мебоист аз рўз ба рўзу аз сол ба соли дигар таќвият меёфт ва имрўз њољат ба он намемонд, ки аз сояи як ихтилофе, ки боз метавонад кишварро ба хун кашад њарфе ба миён ояд. Њукумат баъди 2 ё 3 соли лаѓви фаъолияти Комиссияи оштии миллї тадриљан ба фишорњояш болои мухолифони авфшуда оѓоз кард. Замоне, ки марњум Сайид Абдуллоњи Нурї зинда буд, бо истифода аз маъруфияташ дар олами дипломатияи љањонї кореро анљом медод, то садди роњи ноамнї шавад. Вай њатто бо тани ранљур миёни фармондењони собиќ худро мезад ва ихтилофоти ба миёномадаро ба хотири њифзи дастоварди сулње, ки худ имзо кардааст, аз миён мебардошт. Вале баъди рењлати љонгудозаш на танњо њизбаш, балки кулли касоне, ки ба
«
унвони мухолифин ёд мешуданд, бе муттако монданд. Давлат аввалин коре, ки кард, њамаи онњоеро, ки аз њисоби таќсимоти сифоиза мансаб дода буд, аз вазифањояшон барканор сохт, ба муќобили иддае парвандањои љиноятї боз кард ва боз њам хилофи паймони сулњ бо моддањое, ки онњо авф шуда буданд, зиндонї кард. Њукумат дар мубориза бар зидди ќумандонсолорї, ки худ як падидаи ноњинљори боќимонда аз љанг буд, муваффаќ шуд ва на танњо фармондењони мухолифи давлат, балки љонибдорони худ, аз љумла Ѓаффор Мирзоев, Ёќуб Салимов ва чанде дигаронро равонаи зиндон кард. Баъди костани нерўи фармондењон даст ба фишор болои касоне зад, ки кори сиёсї мекарданд. Зарфи як панљсола фишори бесобиќа болои ЊНИТ идома дорад, ки њадаф ба њошия рондани он аст. Ин шабу рўз пешнињоди бастану террорист эълон кардани он аз љониби "мењнаткашони бешумор" дар ављ аст, ин дар њолест, ки 18 сол пеш иљозаи расмии фаъолият ба њизби исломї як шарти аслии расидан ба сулњу оштї буд. Сарвари он Муњиддин Кабирї, ки баъди интихоботи парламонии ахир аз кишвар ба ќасди ширкат дар конфронсњои байналмилалї ва табобат хориљ шуд, баъид аст, ки баъди тањдиди парвандаи љиної шудани як мољарои 16 соли пеш ба Ватан баргардад. Хулоса, њарфи зиёде дар миён аст, ки борњо гуфтаему гуфтаанд ва такрор маъно надорад. Вале ангезаи навиштани ин маќола њамоише буд, ки бо ибтикори Пажуњишгоњи фарњанги Шарќ ва атиќаи Донишгоњи давлатии гуманитарии Русия (РГГУ), Хазинаи русї-тољикии њамоиши зењнии ба номи Дониш, Институти сиёсат, њуќуќ ва рушди иљтимоии ба номи Шолохов, созмони љамъия-
«Дар айни замон яке аз нерўњо чунин мешуморад, ки танњо бинишу арзёбии вай дуруст аст ва алораѓми руњия ва њарфи созишномаи сулњ амал кард. Ин иштибоњ аст. Одамон гуногунанд, онњо аз дидгоњњои мухталиф пайравї мекунанд, рушди кишвари худро дигаргуна мебинанд, вале ин маънои онро надорад, ки гуруње худиву дигарон душмананд ва онњоро бояд нобуд сохт. Бояд аз замони "сафедњо" ва сурхњо" ќатъи назар кард...»
«
тии "Муколамаи Авруосиё" ва Маркази тањлилии донишкадаи давлатии робитањои байналмилалии Маскав (МГИМО) ахиран дар пойтахти Русия баргузор шуд. Ба назар мерасад тањдид ба сулњи тољикон тањлилгарони маъруфи русро њам нигарон кард, ки бо созмон додани як чунин нишасте дар "Президент-њотел"-и Маскав, љойе, ки 18 сол пеш ќарордоди сулњи Тољикистон имзо шуда буд, дар атрофи хатароти амниятї дар кишвари мо ибрози назар намуданд.
ВАЗЪИ ИМРЎЗАИ СИЁСИИ ТОЉИКИСТОН АСОСЕ БАРОИ ХУШБИНЇ НАДОРАД Муњиддин Кабирї, Раиси ЊНИТ, ки дар ин њамоиш ширкат дошт, хеле муфассал дар бораи вазъи сиёсї дар Тољикистон њарф зад. Вай таърихи ташдиди фишорњо болои њизбашро ба соли 2010 иртибот дод, ки дар интихоботи навбатии парламонї ЊНИТ овозњои бештарро соњиб шуд. "Аллакай дар интихоботи соли 2015 њизби мо на чун шарики муоњадаи сулњ ва бунёди Тољикистони босубот, балки чун ба як раќиб ва њатто душмани эњтимолии миллати тољик муносибат шуд. Дар ВАО маводњои зиёде интишор ёфтанд, ки мегуфтанд њизби мо дар саргањи љанги шањрвандї дар Тољикистон ќарор дошт. Ба мафкураи мардум он ѓоя талќин мешуд, ки њизб тањдиде ба вањдати миллї ва ояндаи Тољикистон аст. Баъди интихоботи соли 2015 фишор болои мо афзун шуд". "Ваќти он расидааст, ки бонги хатар зада шавад, вазъ ба њадде инфиљорёбанда аст, ки фардо дер хоњад шуд. Бисёрињо бар ин назаранд, ки таљрибаи муколамаи сулњо мо бо њукумат, фаъолият дар доираи ќонунњои демократї номуваффаќона буд. Намояндагони љомеаи љавонон аз ин ноумеду маъюсанд. Имрўз њам имконе вуљуд дорад, ки ба онњо фањмонида шавад: ДИИШ-ин бад аст. Аммо барои он ки ба онњо умед ба оянда дода шавад, алтернативаро бояд нишон дод: чї бењтар аст-будан дар њайати њизби расмие, ки конститутсия, давлати дунявиро эъти-
роф мекунад ва таљрибаи њузур доштан бо дигар неруњои сиёсї дорад ва ё пайвастан ба ДИИШ, Толибон ва Ал-Ќоида? Фармондењи ОМОН, полковник Гулмуров Њалимов мавќеъи худро басо ошкору рушан иброз дошт: вай тањаммули дар љаласаи ВКД-ро накард, ки мехостанд фоњишањоро љалб кунанд, ба онњо сатр пўшонанд ва вонамуд созанд, ки онњо љонибдорони њизби моянд". Раиси ЊНИТ дар он нишаст аз љумла хабар дод, ки маќомоти њифзи њуќуќ шикоятњои хатии ЊНИТ-ро дар иртибот ба фаъолияти њизб ва афроди људогонаи он нодида мегиранд ва ин боис шуд, ки ахиран бо нома ба Президент Эмомалї Рањмон мурољиат кунанд. Рањматилло Зойиров, Раиси Њизби Сотсиал-демократии Тољикистон бар ин назар аст, ки муколамаи байни тољикон њамзамон бо имзои муоњадаи сулњи Маскав ба анљом расид. "Муваффаќияти раванди сулњи байни тољикон дар он буд, ки дар садри мухолифон Сайид Абдуллоњи Нурї ва дигар намояндагони муътадили исломи сиёсї ќарор доштанд. Њамон соли 1993 дар Осиёи Марказї метавонист вазъи имрўзаи "бањори араб" ба вуљуд ояд. Њукумат он замон на ќодир ба назорати ќаламрави кишвар буд ва на метавонист бо мухолифон муќовимат намояд. Агар љанг идома мекард, мухолифон пирўз мешуданд. Нурї бозёфти бузурге барои њукумат ва дипломатњо буд ва онњо дар чењраи ў фардеро пайдо карданд, ки метавонист сари мизи музокарот биншинад ва он руњияи эътидол њамоно побарљост. Вале сар аз соли 1997 мувозинат миёни њукумат ва мухолифон аллакай вуљуд надошт. Аз соли 2000 бар асари амалњои радикалии њукуматдорон сулњи байни тољикон ба "сифр" баробар шуд. Беш аз ин мегўям: интихоботи парламонии соли 2015 омодагї дафни натиљаи муоњадаи сулњи тољикон буд. Вазифаи имрўза барќарор намудани њамон мувозинат аст, дар ѓайри сурат љомеа наметавонад босубот бошад". Мудири шуъбаи Осиёи Миёнаи Институти кишварњои ИДМ, сиёсатшинос Андрей Грозин аз тањлилњои Кабирї пуштибонї кард
САДОИ МАРДУМ
25% рўзи Вањдати миллиро айб медонанд
1
2
3
4
5
6
Вањдати миллї худаш чист?
Айб аст. Тољик як миллат аст ва ба иди Вањдати миллї ниёз надорад
4%
23%
8% Намедонам
0
8%
21%
Созиши мухолифини собиќ ва њукуматдорон
5
10%
Хотимаи љанги шањрвандї дар Тољикистон
10
Њамдигарфањмии секулорњо ва диндорон
15
Њамзистии мусолиматомези миллатњову мазњабњо дар кишвар
20
Арзиши муњими давлатдории навини тољик
25%
25
7
1% 8
Натиљаи як назарпурсї маълум кард, ки Рўзи Вањдати миллї барои беш аз 21%-и мардум ба маънои хотимаи љанги шањрвандї дар Тољикистон аст. Пурсиши ѓайрирасмии виртуалї, ки бо саволи "Рўзи Вањдати миллї барои Шумо чї маъно дорад?" тайи як њафта дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews баргузор шуд, маълум кард, барои 25 фоиз таљлили Рўзи Вањдати миллї натанњо зарурат надорад, њатто айб аст. Беш аз 150 нафар, аз 580 нафари пурсидашуда ба саволи "Рўзи Вањдати миллї барои Шумо чї маъно дорад?" чунин посух гуфтаанд: "Айб аст. Тољик як миллат аст ва ба иди Вањдати миллї ниёз надорад". Дар њамин њол, 23 фоизи дигари пурсидашудагон муътаќиданд, ки он Рўзи вањдати миллї ба маънои Созиши мухолифини собиќ ва њукуматдорон аст. 21 фоиз дар
посух ба ин савол гуфтаанд, он маънои "Хотимаи љанги шањрвандї дар Тољикистон" аст. Ва 10 дарсади дигар гуфтаанд, ки онро "Арзиши муњими давлатдории навини тољик" мењисобанд. Њамагї 8 фоизи респондентон дар ин назарсанљии ѓайрирасмї, ба варианти Њамзистии мусолиатомези миллатњову мазњабњо дар кишвар нохун задаанд. Боз 8 фисади дигар ба варианти "Вањдати миллї худаш чист?" раъй додаанд. 4 фоиз гуфтаанд, Рўзи Вањдат "Њамдигарфањмии секулорњо ва диндорон" аст ва 1 фоизи ахир иќрор шудаанд, ки дар ин бора чизе намедонанд. Дар Тољикистон, 27-уми июн - рўзи имзои Созишномаи истиќрори Сулњ аз љониби президент Эмомалї Рањмон ва Саид Абдуллоњи Нурї, рањбари Иттињоди неруњои мухолифини Тољикистонро аз њамон соли 1997 ба ин сў њамчун Рўзи Вањдати миллї таљлил мекунанд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
С. А. НУРЇ ВА Э. РАЊМОН. СОЛИ 1997. ОН ЗАМОН АЗ ЧЕЊРАЊО ТАБАССУМУ ЛУТФУ ХОЊИШИ СУЛЊ МЕБОРИД ва гуфт, ки "вазъи имрўзаи сиёсии Тољикистон асосе барои хушбинї надорад. Фирори полковники ОМОН интизории њамон сиёсатест, ки њукуматдорон пеш мебаранд. Ин сиёсат ба он оварда мерасонанд, ки бисёре аз одамон дар сањнаи сиёсиву иќтисодї барои худ љой намеёбанд. Ва бисёре аз онњо њозиранд бо роњњои муќовимат бо ин система дар даст силоњ раванд. Фишоре, ки Душанбеи расмї ба мухолифони сиёсиаш меорад, билохира ба ин натиљањои манфї мерасонад. Теъдоди касоне, ки талош мекунанд вазъро дигаргун созанд, меафзояд. Њоло насле ба воя расидааст, ки дигар ба оќибатњои љанги шањрвандї намеандешад, балки аз таљрибаи Ховари Наздику Миёна бањра мегирад. Аз ин рў ман бар ин назарам, ки љомеаи коршиносон, давлатњое, ки иртиботњои таърихї доранд, њиссаи худро ба танзими ихтилофњо дар Тољикистон гузоранд". Сиёсатшиноси маъруфи рус Аждар Куртов ба он ишора кард, ки имрўз дар Тољикистон њукумат ва пайравонаш худро омили аслии субот дар кишвар медонанд. "Дар айни замон яке аз нерўњо чунин мешуморад, ки танњо бинишу арзёбии вай дуруст аст ва алораѓми руњия ва њарфи созишномаи сулњ амал кард. Ин иштибоњ аст. Одамон гуногунанд, онњо аз дидгоњњои мухталиф пайравї мекунанд, рушди кишвари худро дигаргуна мебинанд, дар њизбњои гуногун ба њам меоянд, вале ин маънои онро надорад, ки гуруње худиву дигарон душмананд ва онњоро бояд нобуд сохт. Бояд аз замони "сафедњо" ва сурхњо" ќатъи назар кард. Аксари кишварњои олам бо њамин роњ пеш мераванд ва ба онњо Чин низ пайваст. Њар ќадар дар Тољикистон низ ба ин марњила наздик шаванд, њамон андоза барои мардум ва иќтисоди ин
кишвар хуб мешавад. Пайдо кардани роњњои созиш, њамкорї-мањз њамин буд руњияи он созишнома",- гуфт ў.
КРЕМЛ ЭЪТИМОД БА ЗЎР ДОРАД Дар њамоиш тањлилњо гуногун буданд. Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки вазъи буѓранљ дар майдони сиёсии Тољикистон танњо аз љониби тањлилгарону коршиносон ќобили дарк аст. Вале агар бигўем, ки Кремл њам аз ин вазъ тањлил дорад, иштибоњ мекунем. Аниќтараш Маскав чун кафили риояи созишномаи сулњ имрўз гирифтори буњронњои дигар аст ва то љойе будан бо низоми њокимро ба манфиати сиёсатњои худ медонад. Аз љумла, Директори Маркази вазъи сиёсї, сиёсатшинос Сергей Михеев гуфт, ки "мутаассифона, роњбарони имрўзаи Тољикистон баъзан эњсоси воќеъиятро аз даст медињанд, онњо биниши оянда надоранд. Вале ба назари ман роњбарияти Русия ихтилофу низоъро тавре мо мегўем намебинад ва ё њаддаќал чунин арзёбї намекунад. Аз ин рў ба оне такя менамоянд, ки нерўмандтар аст ва чунин мењисобад, ки дар ин марњила мањз онњо муфидтаранд". Профессори Донишгоњи аврупоии Санк-Петербург Сергей Абашин низ чандон хушбин нест, ки роњбарияти имрўзаи Русия њозир шавад чун дар солњои 90 асри гузашта миёнарави муколама миёни мухолифони давлати Тољикистон ва њукумати расмї бошанд. "Фикр мекунам он сохторњои њамгироие, ки Русия дар он ширкат мекунад, њамчунин њамкорињои имрўзаи он бо мамолики Осиёи Марказї баёнгари он нукта аст, ки ба пуштибонии режимњои мављуда такя карда
мешавад". Михеев бар ин назар аст, ки аз дахолати расмї ишорањои ѓайрирасмї дар љараёни гуфтушунидњо бо роњбарони имрўзаи Тољикистон аз љониби сарварони Русия ва Эрон метавонад муњимтар бошад. Журналисти маъруфи рус Аркадий Дубнов, ки гардонандаи конфронс буд, низ ба наќши муколамаи ѓайрирасмї таъкид кард ва онро дар муколамаи сулњи тољикон хеле таъсиргузор ва муњим арзёбї намуд. Вай аз љумла гуфт, ки "он солњо дипломатияи Русия талошњои ѓайримуќаррарї анљом дод. Чунончї, ноиби вазири умури хориљаи он Анатолий Адамишин ба Тењрон сафар кард, то аввалин иртибот бо сарварони ИНОТ-ро барќарор кунад. Ба вай муяссар гардид, ки бо марњум Сайид Абдуллоњи Нурї ва Њољї Акбар Тўраљонзода забон ёбад. Ва њамин муколамаи боварибахш љонибњоро билохира ба Президентњотел овард. Њамчунин барои истиќрори сулњ миёни тољикон президенти Узбакистон Ислом Каримов талошњои зиёд кард. Вай ѓайриинтизор барои њама ширкаткунандагони раванди гуфтушунид эълон дошт, ки бе кўшиши мухолифон дар Тољикистон сулњ барќарор намешавад. Вай шахсан Тўраљонзодаро ба Тошканд даъват кард ва ин барои њамагон як ќарор њайратовар буд".
ПАС ЧЇ БОЯД КАРД, АГАР РУСИЯ АЗ ЗЎР ЊИМОЯТ МЕКУНАД? Њамоиши Маскавро метавон як бонги изтироб донист. Огоњї аз хатари ќарибулвуљуъ ва лаѓви њама талошњои сулње, ки СММ якљо бо кишварњои хориљи дуру наздик 18 сол пеш муваффаќ шуда буданд. Яъне,
3
њудудан бист сол пеш баъди кўшишњои хеле зиёд ва зина ба зина љомеаи љањонї як модели њалли ихтилофи дохилиро ба вуљуд овард, ки баъдан чун таљриба дар њалли низоъњои дигар истифода шуд. Вале имрўз натиљаи њамон талошњо дар хатаранд, њарчанд на СММ ва на кишварњои миёнљї расман дар ин бора изњори назар намекунанд. Вале љомеаи коршиносон ба дарки хатар бењтар аз сиёсатмадорон мерасанд. Ин аст, ки нишасти Президент-њотел талош кард роњњои њалли низоъро њам љустуљў кунад. Директори иљроияи Маркази технологияи сиёсии "ПолитКонтакт" Андрей Медведев пешнињод намуд, ки дар базаи Марказ дар наздиктарин фурсат бо истифода аз механизми дипломатияи љамъиятї муколамаи нави байни тољиконро оѓоз кунад. Вай гуфт, ки агар муколама дар сатњи давлатї номумкин аст, пас бояд он дар сатњи љамъиятї гузаронида шавад. "Ман њам розиам ба он ки њукуматдорони имрўзаи Русия он тањдидњои амниятї дар Тољикистонро чуноне имрўз мо мебинем, намебинанд. Ба андешаи ман ин гуна тањдидњо амалан вуљуд доранд ва намехоњам, ки Русия дар нињояти амр авоќиби ношї аз љањли худро бубинад. Аз ин рў ман пешнињод мекунам, ки бо истифода аз дипломатияи љамъиятї машваратњое бо намояндагони њизбњои мухолиф ва њукумат баргузор созем". Медведев њамчунин гуфт, ки метавон Тењронро њам ба ин љалб кард ва њатто баъзе аз ин муколамањоро метавон дар Эрон созмон дод. Ва ин машваратњо дар Русия ва Тољикистон бояд пурра пўшиши хабарї ёбанд. "Мо метавонем дар кутоњмуддат дар майдони "ПолитКонтакт" табодули афкор миёни намояндагони њукумат ва мухолифонро ба миён орем". Мушовири раиси њизби Либералї-деморатии Русия Генадий Авдеев низ аз ин пуштибонї кард ва хостори он шуд, ки аз хадамоти ин њизб низ истифода шавад. Намояндаи сафорати Эрон дар Русия Мањдии Бадеъї эълон кард, ки кишвараш омода аст атрофи ин гуна машваратњо ибрози назар кунад ва ба муњим будани њамкорї бо исломи муътадил таъкид намуд. Маскав њамеша аз нерў пуштибонї мекунад, гуфт Михеев ва ин ишора ба он буд, ки имрўз мухолифон дар Тољикистон нерўманд нестанд. Русия на танњо бо Тољикистон, балки бо њама кишварњои ИДМ аз њамин нуќтаи назар бархўрд мекунад.
ВА НИЊОЯТ: Талоши коршиносон дар Президент њотел њамон талошест, ки собиќаи он ба 22 сол пеш бармегардад. "ПолитКонтакт" мехоњад бо роњандозии ин гуна њамоишњо ва нишастњо таваљљуњи њам љомеа ва њам њукумати Русияро чун кафили риояи Созишномаи истиќрори сулњ дар Тољикистон ба шикасти ин сулњу субот љалб кунад. Ба маънии дигар муколама бори дигар аз сифр оѓоз мешавад ва чуноне дар оѓози он, дар соли 1993 буд, маълум нест, ки ба чї даст меёбад. Вале яќин он аст, ки ин талош барои ёфтани дасти гумшудаи дуввум хоњад буд. Дасте, ки дасти дигарро фишурд, бояд пайдо шавад, танњо дар он сурат истилоњоте чун "имзои созишномаи сулњ", рўзи "вањдати миллї" мантиќи худро пайдо мекунад. Дар ѓайри сурат саволи "имзои сулњ бо кї?" бидуни посух мемонад.
Тањияи Фирўзи МУЊАММАД
САДОИ МАРДУМ
22 млн. доллар гранти нави Бонки љањонї барои соњаи обёрї ва тандурустии Тољикистон Бонки љањонї барои татбиќи амалии лоињањои тандурустї ва кишоварзї дар Тољикистон 22 миллион доллар гранти иловагї људо кард. Хадамоти матбуотии Бонки љањонї дар Вашингтон бо пахши як хабар гуфтааст, ки барои бозсозии системаи обёрї ва зањкашї дар 12 ноњияи Тољикистон Бонки љањонї 12 миллион доллар сармоягузорї мекунад. Ин тадбир имкон хоњад дод, ки садњо нафар дар дењот бо љои кор таъмин шуда, даромади иловагї ба даст оранд. Тибќи омори пешакї тадобири андешидамешудаи такмили системаи обёрї метавонад то 10 њазор нафарро бо кори муваќќатї таъмин намояд. Онњо дар маљмуъ метавонанд 2,8 њазор километри мураббаъ каналњои обёриро дар шаш ноњия тоза кунанд ва бо ин васила вазъи
обёрии 70 њазор гектар замин бењбуд ёбад. Бонки љањонї аз моњи июни соли 2013 барои ин њадаф ќасд карда буд 45,9 миллион доллар сарф кунад. Њамзамон, барои такмили кори расонидани ёрии аввалини тиббї дар чор ноњияи кишвар Бонки љањонї 10 миллион доллар људо кардааст. Ин лоиња низ њанўз моњи августи соли 2013 шуруъ шуда, ќарор аст барои татбиќи он дар маљмуъ 19,8 миллион доллар људо шавад. Гуфта мешавад, ки дар айни замон Бонки љањонї дар Тољикистон 21 лоињаро ба маблаѓи 323,4 миллион доллар маблаѓгузорї мекунад. Аз соли 1996 Бонки љањонї барои Тољикистон бештар аз 1 миллиард доллар грант ва ќарзњои имтиёзнок људо кардааст.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
ГУЗОРИШИ ТАСВИРЇ
Д
ар чанд соли ахир дар Ду шанбе бори аввал мушоњи да мешавад, ки нархи мањсулоти хўрокворї дар моњи шарифи Рамазон чандон боло нарафт. Маъмурияти бозорњо инро дар фаровонии мањсулот арзёбї мекунанд, аммо соњибкорон мегўянд, паст шудани ќобилияти харидории муштариён онњоро намегузорад, то нархњоро боло баранд. Њамасола бо фарорасии моњи шарифи Рамазон дар Тољикистон нархи мањсулоти хўрокворї то ду-се маротиба боло мерафт. Ин пеш аз њама нигаронии сокинон, бахусус бошандагони пойтахти кишварро ба вуљуд меовард. Аммо Рамазони имсол нархњоро дар Тољикистон ба дараљаи чашмрас боло набурд. Масъулини бозорњо инро муваффаќияти худ мешуморанд, ки дар натиљаи захираи мањсулоти зарурї бозорро фаровон кардаанд.
"Саховат" Аммо соњибкорон дар ин маврид назари дигар доранд. - Савдо мисли гузашта хуб нест ва набудани харидор соњибкоронро аз боло бурдани нарх боз медорад, - мегўяд Алифмоњ, фурўшанби мева. - Агар мо нархро боло барем, борамон дар 2-3 рўз ба фурўш наравад, он вайрон мешавад, барои њамин нархњо имсол боло нарафтанд. Харидор нест, -мегўяд ў. Тањќиќи мо аз бозори Саховат, яке аз калонтарин бозорњои мањсулоти хўрокворї дар шањри Душанбе оѓоз шуд. Дар ин бозор нархи гўшти гов 35 ва гўшти гўсфанд бошад 36 сомониро ташкил медињад. Ин нарх нисбат ба соли гузашта ќариб 7-8 сомонї арзонтар аст. Аммо ба фарќ аз соли гузашта, харидорон дар растаи гўштфурўшї хеле кам ба назар мерасанд. Соли гузашта гўшти босифати говро бо нархи 38-39 сомонї сањарї зуд мефурўхтанд. Дастури шањрдорї буд, ки порсол дар дўконњои гўштфурўшї камерањои назоратї насб карданд, то гўштро бо нархи супоришї 28-30 сомонї, аммо бо иловаи гўшти пастсифат ба харидорон бор кунанд. Ќассобони Саховат мегўянд, имсол дар Рамазон савдояшон ќонеъкунанда нест. Ва хулоса мекунанд, ки буњрон мардумро аз гўштхўрї мањрум кардааст. Нархи гўшт дар њама гўшањои ин бозор якхел аст, аммо нархи мањсулоти кишоварзї аз њам фарќ мекунанд. Он чї мушоњида шуд, дар даромадгоњи бозор нархњои мањсулотњои ниёзи аввалия нисбат ба дохили бозор 20-30% баландар аст. Яъне дар бозор њатто љойи савдогар ба нарх таъсир мерасонад. Дар љойњое, ки савдо суст аст, нарх поинтар меравад. Дар Саховат нархи як килограмм картошка аз 2-2,2 сомонї, пиёз 1,3-1,5 сомонї, помидор 3-3,5 сомонї, биринљ вобаста аз намудаш аз 7 то 11 сомонї, равѓан як литр 8 сомонї, бодиринг 2-2,5 сомон, шакар 5,5-6 сомонї аст. Нархи орд дар ин бозор дар њар дўкон њар хел аст. Нархи як халта 50 кг орди навъи 1-уми Ќазоќистонро дар маѓозањои даромадгоњи бозори Саховат аз 170 то 180 сомонї гуфтанд. Аммо
"Савдо нест!" Гузориши вижа аз ду бозори калонтарини шањри Душанбе њамин навъу њамин миќдори орд дар дохили бозор 160 то 165 сомонї фурўхта мешавад. Чаро? Рањматулло Баротов, муовини аввали раиси бозори Саховат дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, маѓозањои даромадгоњи бозор солњои пеш шахсї шуда буданд, онњо танњо ба тозагии он назорат мекунанд, вале њаќ надоранд барои онњо нарх муайян кунанд. "Худи савдогарони маѓозањои мазкур бошанд, аз шарњи сабабњои ќиммат будани ордашон худдорї карданд" - илова кард Рањматулло Баротов. Нархи меваљот дар ин љо ба гуфтаи нисбат ба бозорњои дигар, масалан, Бозорњои "Сомон" ва "Дењќон"-и шањраки Гипрозем хеле гаронтар аст. - Барои мисол, чанд рўзи пеш 1 кг гелос дар ин бозор 15 сомонї фурўхта мешуд, њоло аз 20 сомонї боло рафтааст, - мегўяд апаи Рафоат, яке аз харидорони бозори меваљот. Валиљон, фурўшандаи меваљот дар Саховат мегўяд, гелос барои он гарон шудааст, ки кам ба бозор мерасад, зеро мавсимаш поён ёфт. Масалан, чаро тарбуз гарон намешавад, чунки бисёр аст. Њарчанд, ки нархи тарбуз дар муќоиса бо бозорњои дигар гаронтар аст, аммо савдогарон мегўянд, тарбузро аз бозорњои яклухти шањраки Гипрозем меоранд ва ба болои нархи харидаашон 2-3 сомонї монда мефурўшанд. Аслї Ниёзова, яке аз соњибкори
бозори Саховат мегўяд, ў мањсулотро аз дасти дуюму сеюм мегирад, бинобар ин молаш ќиматтар аст. Бино ба гуфтаи ин соњибкор, дењќонон аслан ба бозор роњ надоранд ва мањсулоти худро шабона соатњои 12 оварда, ба яклухтфурўшони бозори "Дењќон" мефурўшанд. Дењќонон асосан мањсулоти худро аз сари замин ба савдогар медињанд. Апаи Аслї мегўяд, агар солњои пеш њар рўз то 100 кг мева мефурўхт, имсол дар як рўз наметавонад аз 20 - 30 кг мањсулот зиёдтар фурўшад: - Ба фикрам, харидорон дигар ќудрати харидории меваро надоранд, буњрон ба њама сахт таъсир кардааст ва бо мањсулотњои ниёзи аввалия ќаноат мекунанд. Вазъ дар бозори Шоњмансур дуюмин бозори калонтарини хўрокворї дар Тољикистон фарќ мекунад. Инљо нархи гўшт дар даромадгоњи бозор 32 сомонї ва дар растаи байн 35 - 36 сомон ба фурўш гузошта шудааст. Савдогароне, ки гўштро бо 32 сомонї ба савдо гузошта буданд, ин амали худро њамчун хайр дар моњи шарифи Рамазон муаррифї карданд. Ба гуфтаи ин гўштфурўшон, мањсулоти онњо аз хољагињои ёрирасони худ буда, аз фурўши он барои онњо ќариб фоида намебинанд. Маъмурияти бозор низ мегўяд, махсус онњоро дар даромадгоњ љой додаанд, то харидорон аз мањсулоти арзон харидорї кунанд.
"Шоњмансур" Дар растаи мевафурўшии "Шоњмансур" мо гелоси арзонро сари 1 кг 10 сомонї дидем. Зоњиран гелоси 10-сомонї аз гелосе, ки ду ќадам дуртар бо нархи 15 сомонї фурўхта мешавад, фарќ надошт. Зани дењотї, ки нахост номашро бинависем, сабаби арзонфурўшиашро чунин шарњ дод: - Гелосро аз Вањдат, аз њавлї чида овардам, ду рўз мешавад наметавонам фурўшам, агар имрўз њам монад, вайрон мешавад. 5 фарзанд дорам, бояд онњоро таъмин кунам. Бояд пули чеку патент дињам, барои њамин маљбурам мањсулотро њарчї зудтар фурўшам, то он вайрон нашавад. Харидорон хеле кам њастанд, - мегўяд ў. Дар бозори "Шоњмансур" як кило зардолу 13 сомонї, шафтолу - 15, себ - 12, гелос - 15, олуча - 10, олу -10 як дона њандалак аз 12 то 15 сомонї нарх дорад. Ба њар сурат, ба љойи хулоса метавон њаминро гуфт, ки чандон боло нарафтани нархи ѓизо дар бозорњои пойтахт дар моњи рамазон, ки одатан ба таври рекордї боло мерафт, исботи ќонуни иќтисоди бозор аст, ки нархро арзаву таќозо маълум мекунад, на дастуру супоришњои њокимон ва ё амри маъруфи уламои руњонї. Дар танзими нарху наво дар кишвар, пеш аз њама бояд њамин омилро ба назар гирифт. Муллораљаб ЮСУФЇ
МУШКИЛИ ДОИМЇ шад, то дар ин гармо "вайрон" нашавад. Аммо чакка замоне фаровон хоњад шуд, ки зиёд истењсол мешавад. Пас мушкили мо дар истењсол аст, на фурўш. Њалли масъала дар ферма аст, на бозори "Шоњмансур". Вагарна њоло мањсулотеро дар бозорњои Душанбе дучор меоем, ки новобаста аз Рамазону афзудани талабот рўз ба рўз арзон мешавад. Масалан, тарбуз. Мавсими тарбуз аст ва истењсолаш њам зиёд шудааст. Тарбуз он ќадар зиёд аст, ки на боло бурдани нарх, балки фурўшаш тарбузкорро машѓул медорад.
Адами ирода
Чаккаву тарбуз Чаро аз Убайдуллоев чизе вобаста нест? Мањмадсаид Убайдуллоев, шањрдори Душанбе, рўзи љумъа, 19 июн, рањбарони ширкатњои нафтрасон, мобилї, тавлидгар ва фурўшандаи маводи ниёзи аввалия, њамчунин гўштфурўшу бозорнишин ва рањбарони бозорњои пойтахтро љамъ овард. Њадафи ин љамъомадро шањрдор хеле соддаву фањмо чунин баён кард: "Ба њурмати моњи шарифи Рамазон нархњоро то 20% поён баред, агар њам набурдед, њадди аќал аз рўи виљдон боло набаред!" Ин љамъомад дар рўзи сеюми моњи шарифи Рамазон иттифоќ афтод. Дуруст замоне, ки дар бозорњои пойтахт нархи маводи муњими рамазонї, аз ќабили орд, чакка, гўшт, картошка, меваљот ва ѓайра боло рафтанд. Масалан, килои чакка аз 8 ба 10, гўшти гов аз 32 ба 35, халтаи орд аз 165 ба 170 сомонї боло рафтанд. Њатто болоравии ќимати бензину газ то 25% њам дар арафаи Рамазон иттифоќ афтод. Дар тањлилњои ќаблї афзоиши нархи бензину газро ба авомили комилан дигар, аз љумла фишори иќтисодии хориљї арзёбї карданд, аммо шањрдор Убайдуллоев ин масъаларо ба Рамазон мустаќим "часпонд", ки коре зиракона буд. Шояд аз ин хотир дар нињояти љамъомад мањз аз рањбарони ширкатњои газу нафтрасон таањњуди коњиш додани нархи моли тиљораташонро ба даст овард. Њамин тавр, Фарњод Мирзоев, сарвари ширкати "Газпромнефт - Тољикистон" ба шањрдори Душанбе ваъда дод, ки ќимати як литр бензинро аз 5 сомониву 20 дирам ба 5 сомонї ва як литр газро аз 2 сомониву 70 дирам ба 2 сомониву 50 дирам коњиш медињад. Ањмадбек Идиев, намояндаи ширкати "Умед - 88" њамчун ширкати ватанї, ки низ як литр бензинро ба 5 сомониву 20 дирам ва газро 2 сомониву 70 дирам мефурўшад, аз љониби шањрдор муваззаф шуд, ки як литр бензинро ба 4 сомониву 80 ва як литр газро ба 2 сомониву 40 дирам коњиш дињад. Азамат Ќосимов, директори ширкати "Фароз", низ њамчун ширкати ватанї, вазифадор карда шуд, ки нархи бензину газро ба монанди ширкати "Умед - 88" поён орад.
Ба њамин минвол, Акбар Њакимов, сарвари њолдинги "Ганљ" вазифадор шуд, ки яке аз зерширкатњояш "Мурѓи њилол", бузургтарин корхонаи мурѓпарварї ва истењсоли тухм, тухми 70 - дирамаро 65, 63 - дирамаро 60 дирам фурўшад. Гўштфурўшон муваззаф шуданд, ки нархи 1 кило гўшти говро аз 35 сомонї боло набаранд, ширфурўшон бояд ширро аз 3 сомонї беш нафурўшанд ва як халтаи орди навъи якуми ќазоќї набояд аз 160 сомонї боло фурўхта шавад. Ширкатњои мобилї, аз љумла "Вавилон", муваззаф шуданд, ки барои назорати онлайнии вазъи нарху наво дар бозорњои шањри Душанбе бо маркази робита бо љомиаи шањрдорї њамкорї кунанд. Онњо пахши видеоии њисобот аз вазъи нарху наво дар бозорњои асосии пойтахт - "Шоњмансур", "Дењќон", "Пойтахт - 90" ва "Саховат" - ро бояд роњандозї кунанд. Њамзамон Мањмадсаид Убайдуллоев ба таъкид гуфт, аз ширкаткунандагони бозори маводи ниёзи аввал фаќат хоњиш мекунад, ки агар тавонанд "дар роњи ризои Худо" ва дар моњи шарифи Рамазон инсофу мусалмонии худро ба намоиш гузоранд, ќимати молашонро то 20 дарсад поён оранд ва агар ин корро њам намекунанд, нархњоро дар сатњи рўзњои аввали рўзадории мардум нигоњ доранд. Вай афзуд, касеро маљбур намекунад, аммо гуфт, "шањр бедарвоза нест" ва њељ гоњ нахоњад гузошт, ки нарху наво аз назорати шањрдорї берун ояд ва норозигии мардумро ба вуљуд орад.
Ќонуни бозор Мудохилаи шањрдори Душанбе ба вазъи нархњо дар моњи Рамазон њамасола сурат мегирад. Мањмадсаид Убайдуллоев ќариб њар сол ширкатњо ва тољиронро љамъ оварда, машварат мекунад ва ќарор ќабул менамояд. Дар ин ќарор нархњои мањсулоти ѓизоъї нашр мешаванд ва масъулини шањрдорї иљроиши онро назорат мекунанд. Ин кўшишњо ба бозор бетаъсир нестанд, аммо такрор шудани вазъ, ки њар сол як манзараро дорад ва њар сол шањрдориро водор ба дахолат мекунад, далели ин аст, ки решањои мушкил дар шањру шањрдорї нестанд. Аз ин хотир, на њама сол шањрдорї љилави хезиши нарху наворо гирифта метавонад. Ва ин имконро њам надорад, бигзор аз њад зиёд хоњад њам. "Талабот нархро муайян мекунад". Ин ќонуни бозорро бозорнишини тољик ба гунаи дигар мефањмад: "Бардорад, зам, набардорад, кам кун". Њељ бадие дар ин нест, зеро ќонуни одилонаи бозор аст ва асрњо ба ин сў иќтисод аз ин роњ пеш меравад. Дар мавриде, ки мо суњбат дорем, дурусттараш, боло рафтани нархњо дар моњи шарифи Рамазон ин ќонун истисно набуду нест. Ба гунаи мисол, агар талабот ба чакка афзуд, зиёд харидорї мешавад ва агар бо нархи арзон, тавре, харидори фаќири тољик мехоњад, фурўхта шавад, ба зудї аз рўи ѓуфрањо гум мешаваду таги ѓуфрањо ва бо нархњои њангуфт савдо хоњад шуд. Кай чунин њол иттифоќ нахоњад афтод? Замоне, ки чакка зиёд асту харидаш њам кунд ва чаккафурўш маљбур аст молашро арзонтар фурў-
Оё истењсоли чаккаву тарбуз ва дигар мањсулот дар ихтиёри шањрдории Душанбе аст? Не. Пас ваќте истењсол дар ихтиёри шањрдорї нест, табиист, ки ба боло рафтани нархњо наметавонад таъсир расонад. Мушкил аз шањр ба дењот, аз бозор ба куњу сањроњои Тољикистон кўч мебанданд. Бояд дар кабинетњои вазорати кишоварзиву парлумон баррасї шавад. Он љо баррасї шавад, ки аз мушкили дењќону чорводор ва боѓбон хабар доранд ва вазифадоранд онро њал кунанд, аммо иродаи њал кардани онро надоранд. "Нигоњ" як соли ќабл дар матлабе тањти унвони "Ислоњот ва истеъфо" (23. 07. 2014, №18 (400) ба соњаи кишоварзї руљуъ намуда, њалли мушкилро пешнињод карда буд. Ин матлаб дар пасманзари нигаронињои президент Эмомалї Рањмон дар мавриди боло рафтани ќимати маводи кишоварзї дар остонаи Рамазон нашр шуда буд. Пешнињоди мо ин буд, ки кишоварзи тољик - дењќон, чорводор ва боѓбон бояд пурра аз андозњо озод шавад ва ин њол бар иловаи афзоиши истењсолот, даромади буљаро низ ѓанитар мекунад. Аммо маќомот ба хотири иљро кардани наќшаи андоз аз њисоби кишоварз ўро ба Русия гурезонданду мегурезонанд. Аз он замон то ба њол мо њељ вокунише аз маќомоти дахлдор нагирифтаем, зеро маълум мешавад, касе дар андешаи бештар кардани истењсолот нест. Ва бошад њам "астаѓфуриллоњ" мегўяд, зеро аксари маводи ѓизої тиљорати афроди наздик, аз ќабили домоду љияну холабача ва ѓайраи "болоњо" буда, камтарин иќдом сари њар гуна мутахассисро мехўрад. Ва барои он, ки шањрдорї, масалан, ќимати ордро назорат кунад, бояд ба ким - кињое дасту панља нарм кунад, ки дар марњалаи кунунї шахсан ба шањрдор Убайдуллоев зарур нест. Мо танњо пешнињод карда будем. Мо онро метавонистем ба хотир наорем, агар Маљлиси намояндагон 10 июни соли љорї ширкати чиниеро, ки 15 њазор замини вилояти Хатлонро ба иљора гирифтааст, аз андоз озод намекарданд. Намояндаи парлумон Шариф Рањимзода њангоми муаррифии ин таѓйиру иловањо гуфт, ки чинињо заминњои бекорхобидаро фаъол мекунанд ва ќабули ќонуни мазкур соњаи кишоварзиро рушд хоњад дод. Ба ќавли ў, пахтае, ки онњо истењсол мекунанд, барои коркард дар корхонаи бофандагии Данѓара истифода мешавад. Ин иќдом худ далели он аст, ки дар Тољикистон соњаи кишоварзиро бидуни дидани чорањои љиддї, аз љумла озод кардани кишоварз аз андоз наметавон рушд дод. Дењќон, чорводор ва боѓбон наметавонанд мањсулоти зиёд истењсол кунанд, то онњо ба бозори Душанбе ворид шуда, ѓурфањоро пур кунанду нархњо поин раванд. Аммо суол ин аст, ки чаро чинињо аз андоз озод мешаванд, тољикон не? Њамон дењќони тољикро њам аз андоз озод кунї, албатта, кор мекунад ва бењтар аз чинињо. Аммо... Хуб, дигар љои гап нест. Хулоса, Мањмадсаид Убайдуллоев ва шањрдории Душанбе бо ин фањмиш ва сиёсатњое, ки дар кишвар њукм меронанд, њељ гоњ бозори Душанберо пуру арзон карда наметавонанд.
Фаромарзи ФОЗИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
5
Фаридун Рањнавард Чун шиновар нестї, по бар лаби дарё манењ... Шамси ТАБРЕЗЇ
ЧУН ШИНОВАР НЕСТЇ... Мавсими оббозї дар љўш аст. Њар сол дар кишвар, ба њисоби миёна, њудуди 100 -150 нафар дар об ѓарќ шуда, ба њалокат мерасанд. Њавзњое, ки дар он амнияти њама кафолат дода шавад, каманд, ба њама намерасанд. Оббозиро дар кўлу обанборњо манъ кардан мумкин, аммо љавонону наврасонро аз оббозї дар ин мавсим боздошта намешавад. Хабари њангоми оббозї ѓарќ ва њалок шудани наврасакони бегуноњ ба назари мову шумо дар ин рўзњо, аллакай як њодисаи оддї ва маъмулї шудааст. Барои бисёре аз расонањо дар ин ваќт боридани борон хабари муњимтар аст, аз он ки дар як њафта 2-3 бача дар об ѓарќ шудаанд. Бинобар ин, фикр кардам, њамчун нафаре, ки хуб шино мекунаду боре шоњиди чанд њодисаи ѓарќшавї ва наљотдињї будааст, њаќ дорам маслињате чанд дар њамин мавзўъ нависам. Албатта, пеш аз њама, њукуматњои мањаллњо, шањру навоњї, бахусус ноњияњои кўњистон бояд барои бунёди њавзњои шиноварї талош кунанд. Њама бояд оббозиро тавонад, ин љо ривояти Шайх Саъдиро дар бораи маллоњ ва олим иќтибос кардан њољат нест, ба фикрам. Чаро ноњияњои кўњистонро таъкид кардам? Дар чунин мавзеъњо шароити оббозї фаќат дар њаммом аст. Дар оби рўду дарёчањои шўхи, фарз кардем, Панљакент шиноварї омўхта намешавад. Бинобар ин, табиист, ки аксарияти љавонони куњистонї шиновариро наметавонанд. Илољи асосии кам кардани маргумир њангоми оббозї шиноварї омўхтан аст. Агар диќќат карда бошед, њодисаи наљот додани ѓарќшавандањо њодисаи нодир аст. Ин дар њама љо њамин хел аст. Фаќат дар Тољикистон не. Чаро? Аввал ин, ки наљот додани нафаре, ки дар об ѓарќ мешавад, кори чандон осон нест, ки шояд ба назар тобад. Касе, ки ќоидањои ин корро намедонад, худ ба марг рў ба рў мешавад. Дигар ин ки ќариб њамаваќт атрофиён аз ѓарќ шудани касе, ки дар наздикии онњо оббозї мекард, бехабар мемонанд. Касе, ки дар об ѓарќ мешавад, тавре, ки дар филмњо дидаем, доду фарёд зада, ба ёрї даъват карда наметавонанд. Вай њатто дасту по зада наметавонад. Дар нињояти њаяљону изтироб ва дасту гиребон шудан бо аљал аст, худро гум мекунад. Мушакњо карахт мешаванд. Дигар ќуввати ба боло њаракат кардан нест ва ѓарќшаванда асосан садо намебарорад. Фаќат ангуштон ва лабњои ѓарќшаванда аз об ба боло мебароянд. Дар ин муддат инсон танњо барои як нафас кашидан ваќт меёбад. Ин њолат дер давом намекунад, барои њамин касеро, ки ѓарќ мешавад, дар миёни одамони зиёд, ки њар кадом ба тарзи худ шино мекунанд, дидан мушкил мегардад. Онњое, ки шино карда наметавонанд, баъзан дар чанд ќадам аз соњил, дар оби андаке ѓарќ шуда метавонанд. Ба њар сурат, наљот додани нафаре, ки ѓарќ мешавад, фарз аст. Агар бовар надошта бошед, ки наљот дода метавонед, бењтараш ба ѓарќшаванда умуман наздик нашавед. Дигаронро ба кўмак даъват кунед. Ин љо чанд маслињати банда, ки бо истифода аз интернет ба самъатон мерасонам. Барои Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании Тољикистон, аз афташ мураттаб кардану пањн кардани чунин маслињатњо аз афташ нињоят мушкил аст, ки њеч иќдом намекунад. Инак, маслињати якум. Дар ягон њолат, ба нафаре, ки ѓарќ мешавад, рў ба рў наздик шудан мумкин нест. Вай дар пайи наљоти худ аввал ба гардани шумо меовезад. Дар ин њол, ба гумони ѓолиб њарду наљот намеёбед. Маслињати дуюм. Ба ѓарќшаванда чизеро фањмондан номумкин аст. Вай шуморо намешунавад, вай њеч касро намешунавад. Ба ѓарќшаванда бояд аз ќафо наздик шавед. Бояд бо як даст аз мўйи сараш гирифта, бо дасти дигар, оњиста-оњиста ба сўйи соњил шино кунед. Маслињати сеюм. Имкон надињед, ки ѓарќшаванда аз дастатон дорад. Бояд донед, ки вай дастатонро ба осонї рањо нахоњад кард. Бо як даст шумо дур шино карда наметавонед ва эњтимоли зиёд аст, ки ѓарќшаванда ба гарданатон часпад... Дар чунин њолатњо, бењтар аст, ки ѓарќшавандаро сар дињед, аз ў дуртар равед, то дубора ба ў наздик шуда тавонед. Ва боз аз мўйи сар дошта, ба соњил бикашед... Ё дар њолате, ки шино мекунед, ѓарќшавандаро бо пойњо ба сўйи соњил тела дињед. Ба соњил бигзор дертар бирасед, муњим ин аст, ки шумо худро рўйи об нигоњ доред. Шумо бояд зинда бимонед, то њарду зинда берун оед. Тавре классиконамон гуфтаанд: "Чун шиновар нестї, по бар лаби дарё манењ!" Бењтараш по бар лаби њавзи шиноварї нињода, ин њунарро аз шиноварони касбї омўзед. Муваффаќ бошед!
6
ШАХСИЯТИ МИЛЛЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
И
ваз кардани ному на саб ва номи падар дар шиноснома, барои рањо шудан аз насаби русї, ё барои "хориљ " шудан аз "рўйхати сиёњ"-и Хадамоти федеролии муњољират (ФМС)-и Русия, аз як сў, боиси сарфи маблаѓ ва аз љониби дигар, саргардонињои бюрократї шудааст. Корафтодагони идорањои сабти асноди њолатњои шањрвандї (САЊШ) аз хатоињои зиёд дар њуљљатњои расмї ва мушкилоти дигар шикоят мекунанд. Масалан, Муњаммадамин, яке аз ин корафтодањо аз сокинони ноњияи Айнии вилояти Суѓдро њамсабаќонаш дар Донишгоњи миллии Тољикистон бо номи дигар - Тилавмурод мешиносанд. Тилавмурод номи падараш аст, аммо дар идораи шиносномадињї дар шиносномааш ба љойи номи худаш номи падараш ва ба љойи насабаш номашро навиштаанд. Њамин тавр як хато писару падарро "њамном" кардааст. Дар идораи бахши САЊШ - и шањри Панљакент бошад номи як сокини ин шањрро дар шањодатномаи таваллудаш Шањрон навиштаанд. Дар асл номи ў Шањром аст. Танњо Шањром нест, ки аз коѓазбозї ва хатоњои идораи бахши САЊШ дар шањри Панљакент шикоят мекунад. Њамроњ бо Шањроми Лутфиддин, њамчунин Фархундаи Умриддин ва Замираи Лутфиддин низ тайи се сол аст, ки барои иваз намудани насаб, ном ва номи падарашон ба ин идора мурољиат карда, мушкилашон њал нашудааст. Онњо фаќат мехоњанд, ки барои аз байн нарафтани номи бобояшон насаби худ - Ќурбоновро ба Акрамов иваз кунанд. Онњо мегўянд, ки дар бахши САЊШ - и шањри Панљакент ба онњо њанўз ду сол ќабл, даќиќтараш моњи июли соли 2013 ваъда дода буданд, ки бо харољоти кам дар муддати як њафта насабашонро дар шиноснома иваз кардан мумкин аст. Аммо барои ба номи бобо гузарондани насабашон бояд харољоти бештар кунанд ва се моњ интизор шаванд. Онњо мегўянд, барои ба номи бобо гузаштани насабашон њуљљатњои зеринро ба САЊШ бурдаанд: 1) тарљумаи њол, 2) ариза дар бораи иваз кардани ному насаб, 3) шањодатномаи аслї, 4) маълумотнома аз љойи зист, 5) маълумотнома аз мактаб, 6) нусхаи шањодатномаи падару модар, 7) нусхаи шиносномаи падару модар, 8) нусхаи шањодатномаи аќди никоњи падару модар, 9) як дона дело, 10) як дона конверт, 11) як дона файл, 12) ду дона акс. Баъд аз ин даводав барои "љустуљў"-и Мављуда Собирова, мудири идораи САЊШ-и шањри Панљакент ваќти зиёд сарф кардаанд. Он њам бењуда. Кормандони ин нињод ба ин се нафар гуфтаанд, ки њуљљатњоро аз раиса пурсанд, аммо раиса мудом дар љойи кор "набуданд", мегўянд корафтодагон. Тибќи наќшаи ќабули шањрвандон, бояд дар рўзи душанбе дар љамоатњои Рўдакї, Лоиќ Шералї, Ворў; дар рўзи сешанбе љамоатњои Шинг, Косатарош, Моѓиён; дар рўзи чоршанбе љамоатњои Фароб, Амондара, Ёрї; дар рўзи панљшанбе љамоатњои Саразм, Халифа Њасан, Чинор; дар рўзи љумъа љамоатњои Сўљина, Хурмї ва худи шањрро аз соати 08:00 то соати 16:00 шањрвандонро ќабул намоянд. Аммо ин наќша, зоњиран иљро намешавад. Ваќти Шањроми Лутфиддин, Фархундаи Умриддин ва Замираи Лут-
"Раиса Душанбе рафтаанд..." Дар САЊШ-и Панљакент чї мегузарад? фиддин дар њамин љо бефоида гузашт. Њар рўзе, ки ин се нафар ба дари идораи бахши САЊШ-и шањри Панљакент мерафтанд, кормандони ин идора ба онњо бањона доштанд; "раиса Душанбе рафтаанд", пагоњаш "ба ќабули раиси шањр", рўзи дигар "раиса ба Хуљанд рафтаанд". Дафтарчањои шикоятии таъсисдодаи идорањои бахши САЊШ њам шояд пур аз шикояти шањрвандон шудааст, аммо онро касе намехонад, ё барои ин кор ваќт намеёбанд? Ба њамин минвол, баъди як моњи супурдани 12 номгўи њуљљат, онњо тибќи ваъда мебоист дар се моњ њуљљатњои худро мегирифтанд. Аммо бо гузашти ин се моњи ваъдагї, "ягон моњ"-и баъди муњлати ваъдагї ва бо "як моњ" - и дигар дасту дил аз ин иќдом шустаанд. Билохира, аз байн њашт моњ бо бањона гузашта, моњи феврали соли 2014 боз ба идораи бахши САЊШ-и
«
шањри Панљакет мурољиат карданд, ки таќдири њуљљатњояшон чї шуд. Яке аз кормандони ин идора ба онњо гуфтааст, ки муњлати њуљљатњоятон гузаштааст, бояд аз сари нав њуљљат љамъ карда, дубора мурољиат кунед. Корманди дигари ин идора гуфтааст, барои њалли мушкилашон онњо бояд њар кадом 330 сомонї пардохт кунанд. Ин дар њолест, ки тибќи ќонун, онњо бояд барои 80 сомонї - бољи давлатї пардохт кунанд. Аз таљрибаи худї метавонам барои идораи бахши САЊШ дар шањри Панљакент мисол биёрам. Бо њамсабаќонам ба идораи бахши САЊШ-и ноњияи Синои шањри Душанбе барои иваз кардани ному насаб мурољиат карда будем. Баъди супурдани њуљљатњои зарурї, ба мо гуфтанд, ки бољи давлатї - 80 сомонї, барои таѓйиру баќайдгирии шањодатномаи таваллуд дар љойи итиќомат - 48 сомонї, барои хабарнома - 8 сомонї ва ба-
Баъд аз ин даводав барои "љустуљў"-и Мављуда Собирова, мудири идораи САЊШ-и шањри Панљакент ваќти зиёд сарф кардаанд. Он њам бењуда. Кормандони ин нињод ба ин се нафар гуфтаанд, ки њуљљатњоро аз раиса пурсанд, аммо раиса мудом дар љойи кор "набуданд", мегўянд корафтодагон.
«
рои маълумотнома - 1 сомониву 50 дирњам супорем. Мо ин маблаѓњоро пардохт кардем. Баъд аз ду моњи расо њуљљатњои нави мо тайёр буданд ва мо рафта шањодатномањо - яке шањодатнома дар бораи таѓйири насабу ном ва дигаре шањодатномаи таваллудро гирифтем. Баъди ду моњи омода шудани њуљљатњо моро аз идораи бахши САЊШ-и ноњияи Синои шањри Душанбе ба мизи шиносномадињию баќайдгирии ноњияи Сино-2 шањри Душанбе фиристонданд. Он љо барои шиносномаи нав, хабарнома, маълумотнома ва ќайди љойи истиќомат, љамъулљамъ 51 сомонї супоридем. Баъд аз як моњ шиносномаи навро њам бо њамкурсон гирифтему ба комиссарияти њарбии ноњияи Сино рафта, дар гувоњномаи њарбиамон бо маблаѓи 20 сомонї насабро таѓйир додем. Баъд аз ин, ба шуъбаи кадрњои ДМТ мурољиат карда, билети донишљўї, дафтарчаи санљишу имтињонот, вараќаи санљишу имтињонот ва њуљљатњои дигари ДМТ-ро таѓйир додем. Ин мисолњоро барои он овардем, ки масъулин худ ќазоват кунанд, ки дар САЊШ-и Панљакент чї мегузарад.
Шервони УМРИДДИН
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
Интихоби душвор Чаро Кабирї ба Тољикистон барнагашт? "Нигоњ" њанўз моњи март дар матлабе тањти унвони "Се роњи Кабирї" (№51 (433), 18. 03. 2015) дар мавриди сарнавишти раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон се фарзияро пешбинї карда буд. Бино ба ин пешгўињо, ки аз изњориназарњои коршиносон хулоса шуда буд, Муњиддин Кабирї се роњ дошт: Яке, ба истилоњ, фирори мутамаддин. Бино ба он, Кабирї дар хориљи кишвар ба сар мебарад, аз он љо фаъолиятњои њизбро назорат мекунад, аммо њизб дар Тољикистон аз хати кашидаи њукумат берун намешавад. То фурсати муносибе барои бозгашт фароњам наояд. Ин роњи камхатар аст. Дуввум, фирор ба хотири хуфиякорї. Бино ба он, Кабирї дар иддаоњо гўё ба сиёсатњои Тољикистон бефарќ аст, дар онњо иштирок намекунад, аммо амалан бо пинњонкорї машѓул шуда, њадафњои исломи сиёсиро дунболагирї мекунад. Ин роњ рискњои зиёд дорад. Роњи сеюм, истодан дар Тољикистон ва њамон тавре, ки он рўзњо буд, идома додан ба фаъолияти камсамар. Аз нигоњи коршиносон, ин роњи бадтарин барои Кабирї хоњад буд, зеро дар бархўрд бо ўву њизбаш њамон сиёсатњое пиёда мешаванд, ки дирўзу имрўз мешаванд. Зеро идомаи мантиќии сиёсати мављуда ночиз ва мањв кардани исломи сиёсї дар кишвар аст". Он замон Кабирї дар интихоби њељ як аз ин роњњо саросемагї намекард. Гумон мерафт, ки тасаввуру бардошти ў њамчун шахсияти матрањ, донишманд , дипломати бењамто, суханвари барљаста ва як тољики мазњабї дигар аст, зеро ў бояд муњимтарин ќарор дар умрашро ќабул мекард. Интизори ин рўзи интихоб дер давом накард. 22 июн Шўрои сиёсии ЊНИТ эълон кард, ки то фаро расидани замони мувофиќ раиси њизб ба ватан барнахоњад гашт. Дар асл наомадани Кабириро худи њизб намехоњад, ё њукумат?
"Фойтуни шикаста" ЊНИТ намегўяд, ки Кабирї барнагардад. Аз нигоњи Шўрои сиёсии он, ў замоне бармегардад, ки фурсати муносиб фароњам меояд. Ин фурсат пас аз дарёфти посухи президент Эмомалї Рањмон ба мурољиати њизб иттифоќ меафтад ва коршиносон бар инанд, ки президент вокунише нишон нахоњад дод. Амалан ин маънои онро дорад, ки худи президент бояд Кабириро даъват кунад, ки ба гумон аст, кунад, зеро дар ин њол бањси музокирот бо ЊНИТ матрањ мешавад. Ваќте шарту шароити бозгашти раиси ЊНИТ дар сатњи баланд матрањ мешавад, онро дигарбора ба љониб ё як ќувваи сиёсии матрањ табдил хоњад дод, ки ин дар рўзномаи кори њукумат нест. Вазъе, ки ЊНИТ њоло рўбарў шудааст, низ њамчунин музокиротро баъид мегардонанд. Як њафтаи ахир ќариб тамоми созмонњои ибтидоии њизб дар шањру навоњї ва вилоёт аз ќатъи фаъолият ва баста шудани дафтарњояшон хабар доданд. Дар вилояти Суѓд фаъолияти ЊНИ расман аз 20 июн ќатъ шуд.
7
Паём ба оянда аз Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
Идомаи "даврони рукуд"
Њарчанд ЊНИТ бо як ќарор ќатъи иљбории фаъолияти созмонњои мањаллиашро ѓайриќонунї хонд ва гуфт, онњоро ќабул нахоњад кард, амалан пеши ин далел истодааст, ки танњо бо дафтари марказиаш дар Душанбе мањдуд шудааст. Ин њам ба хайр хоњад буд, агар ин дафтар низ баста ва дар баробари он фаъолияти худи њизб ќатъ карда нашавад. Барнагаштани Кабирї метавонад раванди манъи фаъолияти њизбашро кашол дињад. Баргардад њам ба рањбарии њизбе меояд, ки тамоми сохторњояш аз миён бурда шудаанд, ба истилоњ, пеши "фойтуни шикаста" - е хоњад монд. Ин вазъ њамаи далелњо барои бозгашташро ба Тољикистон аз миён мебарад.
"Заминфурўш" Ваќте "Љумњурият" - нашрияи њукуматї матлаберо ба номи "Тиљорати пушти пардаи Кабирї" чоп кард ва дар он раиси ЊНИТ-ро ба заминфурўшї муттањам намуд, хулосаи огањони њол ин буд, ки худи њукумат дари бозгашт ба Тољикистонро ба рўи Муњиддин Кабирї баст. Мантиќан, заминфурўшї тибќи Кодекси љиноии Тољикистон љурм аст, ки бояд дар ин маврид парванда боз шавад. Ин айни њамон вазъеро мемонд, ки моњи майи соли 2013 бо он соњибкори муваффаќ ва собиќ вазири саноати Тољикистон Зайд Саидов мувољењ шуд. Он замон мавсуф дар Париж буд ва дар Душанбе аллакай аз боз шудани парванда алайњаш суњбат мекарданд. Он замон њам бархе ба ў тариќи расонањо маслињат медоданд, ки барнагард ва бархеи дигар њељ мушкилеро ин љо надида,
ўро ором мекарданд, ки баргардаду бегуноњиашро собит кунад. Ваќте бањси заминфурўшии Кабирї ба миён омад, дар такя ба таљрибаи ду соли пеш дар ќазияи Зайд Саидов њоло касе нест, ки Кабириро ба баргаштан даъват кунад. Метавон хулоса кард, ки њукумат низ ин воќеиятро ба назар гирифт ва итминон дошт, ки бо рўи об баровардани "парвандаи заминфурўшї" Кабирї ва ЊНИТ - ро "тўронд". Воќеан, аз ин, ки Кабирї ба Тољикистон баргардаду дар пасманзари гуфтугузорњо дар бораи бастани ЊНИТ парвандааш ба миён ояд, як маъракаи пешбининашаванда, аммо дар асл таблиѓотие барои ў хоњад буд. Ин ќазия, бидуни шак, љомиаи байнулмилалиро њам ба худ љалб мекунад ва аз ў як "ќањрамон" хоњад сохт, ки ин дардисари нав барои њукумат зарур нест. Аз љониби дигар, бо назардошти вазъи минтаќа дур доштани раиси ЊНИ аз тањаввулоти дохилии Тољикистон ба нафъи њукумат тамом мешавад. Ба истилоњ, "одам нест, мушкил нест". Мантиќан, дар ин њол чунин вазъ ба миён меояд: ЊНИТ дар дохил ором менишинад ва раисаш то, ки ба њизбаш осебе нарасонанд, дар хориљ дам дарун хоњад баст. Ин интихоби шояд душвортарин барои Кабирї буд, ки нињоят барояш пеш омад ва ў инро ќабул намуд. Аммо ин, ки аз ин ба баъд ў киву чї хоњад буд ва самаранок будани "сиёсати сабр" - и чанд соли ахирашро ба мухолифону њамсангаронаш чї гуна хоњад фањмонд, ўро њамчун сиёсатмадор ё собит мекунад, ё аз миён хоњад бурд. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
Њафтаи гузашта рањбарияти як ќатор расонањои њукуматї иваз шуд. Аз љумла ба курсии директори хабаргузории давлатии "Ховар" ва сармуњаррири нашрияи расмии Њукумати Тољикистон "Љумњурият" нафарони нав нишастанд. Ин таѓйиротро агар воќеан ба њадафи таѓйирот дар фаъолияти ин расонањо љорї кардаанд, пас ин фурсат лањзаи таърихї хоњад буд, агар сиёсати иттилоотии њукумат бозбинї шавад. Дар замоне, ки њама бархўрдњо аввал дар љањони расонаї сурат мегиранд ва расонањо њастанд, ки бурду бохти як кишварро ба намоиш мегузоранд, "Ховар" ва "Љумњурият" бо услуби боќимонда аз замони Шўравї пеш мераванд. Барои њич касе пўшида нест, ки гарчи зоњиран вазъи ин расонањо хуб арзбёї шавад, аммо дар асл дар њоли рукуд ва бумбасти амиќ ќарор доранд. Зеро мавќеъе дар фазои расонаї надошта, афкорсоз њам нестанд. Агар пўштибонии молиявии Њукумат набуд, дар ин замон алакай дар бойгонии таърих љой гирифта буданд. Услуби корбарї ва бархўрд ба мавзуву масоил дар ин расонањо њамон услубест, ки аз замони шўравї боќї мондааст. Барои хонандаи њушманд кофист, ки як мисоли кўчак орем. Ё ба гуфте ба доно як ишора кофист: Соли 1962 нашрияи "Тољикистони Советї" бо сарлавњаи "Сабзавоту мева барои сокинони Шимол" чунин хабар додааст: "Дирўз самолёти махсуси "Ил-18" аз Душанбе ба Москва карами њосили навро бурд. Њар рўз самолётњои авиатсияи гражданї дањњо тонна сабзавоти тарру тоза: бодиринг, помидор, шалѓамча ва пиёзро ба пойтахти Ватанамон мекашонанд. Имсол ба шањрњои гуногуни мамлакат, ба Сибир ва Урал, бо Москва ва Ленинград аз Тољикистон зиёда аз ду њазор тонна сабзавоту мева фиристода хоњад шуд. Дар рўзњои наздик сокинони Иркутск ва Томск, Красноярск ва Свердловск зардолу ва мењнаткашони Москва ва Ленинград клубникаи навро мегиранд". 20-уми июни соли 2015 сомонаи нашрияи расмии Њукумати Тољикистон "Љумњурият" бо сарлавњаи "Пиёз ба Русияву Ќазоќистон, гелосу зардолу ба Ќирѓизистон" хабар додааст: "Аввалин ќаторањои боркашон мањсулоти имсолаи кишоварзони вилояти Суѓдро ба кишварњои Ќазоќистону Русия расонданд. Ин тиљорат дар асоси гуфтушунид бо њамтоёни хориљї оид ба интиќоли зиёда аз 720 тонна мањсулот, аз љумла 430 тонна пиёзи барваќтї ва 205 тонна мева ба роњ монда шуд.То охири сол њаљми умумии содирот ба маротиб хоњад афзуд. Чанде пеш ба Ќирѓизистон 10 тонна зардолу ва 5 тонна гелос фиристода шуд. Њамзамон љињати ѓанї гардонидани бозорњои дохилї аз вилояти Хатлон зиёда аз 350 тонна пиёзи барваќтї, сабзї, бодиринг, зардолу ва гелос ворид гашт". Дар лањзае (соати 12:05, 23-юми июн), ки сањифаи ин хабарро дар сомонаи нашрия боз кардем, онро њамагї 38 кас дидаанд... Маълум аст, ки "Љумњурият" иљборан ба хонандањо фурўхта мешавад. Аз рўи мантиќ њам нест. Барои хондани таблиѓи сиёсати Њукумат хонанда иљборан рўзномаро мехарад. Ин аст, ки бо гузашти 24 сол аз истиќлол њич талоше барои бозбинии муњтавои нашрия сурат нагирифтааст. Ин нуктаро дар мисоли дигар нашрияњои њукуматї гуфта мешавад. "Ховар" аз буругтарин расонањои хабарї дар кишвар аст. Беш аз 100 штати корї дорад. Дар бораи хабарњои ин расонањо њољат ба њарф нест... Он бо њич як расона ќобили ќиёс њам нест, аз љумла бо расонањои расмии дигар кишварњо... Пас агар Њукумат бо иваз кардани рањбарони ин расонањо таѓйир дар кори онњоро дар назар дошта бошад, бояд сиёсати расонаияшро иваз кунад. Даќиќ аст, ки ин самт барои кишварњо хеле муњим мебошад. Аммо аз он, ки "Ховар" ва "Љумњурият" идеологњои Њукуматро ќонеъ мекунад, чунин хулоса кардан мумкин, ки ба дарки муњимияти хабарсозї ва афкорсозї идеологњои мо нарасидаанд. Кофист, ки ба як нукта таваљљўњ кунанд. Њар сол ИМА барои бахши тољикии Радиои "Озодї", ки аз сомона ва 8 соат барномањои радиої иборат аст, беш аз 1,5 миллион доллар људо мекунад. Гарчи фазои расонаиву иттилооти Тољикистон зери пўшиши русњо ќарор дорад, боз Русия дар он аст, ки бахши тољикистонии бузургтарин расонаи давлатиашро дар Душанбе боз кунад, ки буљаи он низ аз доманаи миллион убур мекунад. Ин кишварњо нерў ва маблаѓро танњо барои офаридани хабар рехта истодаанд. Аммо Њукумати Тољикистон бо "Ховар" ва "Љумњурият", ки дар солњои 50-60-и асри пор шах шудаанд, дар баробари ин ѓулњои расонаї дасту поча заданист. Агар њукумат хостори дифоъи манфиатњои давлативу миллї бошад, њоло њам дер нашудааст. Бояд дар ташаккули журналистикаи воќеан миллї сањм бигирад. Дар ќадами аввал миёни расонањои мустаќилу њукуматї аз њар нигоњ људокуниро сарфи назар кунад. Дар акси њол, барои хонандаи ин сатрњо дар панљ то дањ соли охир ошкортар аст, ки Њукумат дар сохтани нерўи бузурги миллие сањлангорї кардааст.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
ШАХСИЯТИ ТАЪРИХЇ
Зиёдулло Шањидї ва фарњанги навини тољик (Идома аз шуморањои гузашта) Соли 1934 Зиёдулло Шањидї узви ансамбли созњои миллии театри ба номи Аблукосими Лоњутї мегарданду дар њамин љо ба таври љиддї сараввал ба такмил додани оњангњо ва, сипас, ба эљод кардани оњангњои худї мепардозанд. Зиёдуло Шањидї дар навбати аввал дастпарвари фарњанги мусиќии классикии, ё худ, ба ибораи профессор Аскаралї Раљабов, устодонаи Шашмаќом буданд. Ба таъкиди коршиносони соња, суннати иљрои мусиќии Шашмаќом ба новозандаву њофизон бадењакорї (импровизатсия) - ро дар чањорчўби ќонунњои ин низоми мусиќї мумкин медонист. Њофизону навозандагони машњуру эљодкор аз ин имконияти навоварињо рў наметофтанд. Гузашта аз он, њамин навсозињои моњирона дар чањорчўби ќонунњои низоми Шашмаќом ва дар асоси дар сатхи олї донистани касби хеш буданд, ки эшон соњиби шуњрат ва мавриди арљгузории хосу ом гашта буданд. Пардохтани Зиёдулло Шањидї ба навсозињо усулан такрори гунаи (модели) рафтори бузургони пешин дар ин росто буд. Бо он фарќе, ки шояд, дар ќиёс бо пешомадагон, даст ба ин кор барваќтар заданд. Тавре ишора ёфт, дар даврони инќилобу таѓйироти бунёдии њамаи пањлуњои зиндагї, ба дараљаи устодї расидани эљодкорон ва пардохтани онњо ба навсозињо низ басо зудтар сурат мегирад. Бењуда нест, ки аксари кулли онњое, ки имрўз аз сумъати классикони фарњангу адаби нави тољикон бархўрдоранд, бидуни тай намудани марњалаи тўлонии шогирдї, бо эљод кардани аввалин офаридањои худ, яъне амалан дар оѓози овони љавонии хеш ин маќомро соњиб щуданд. Бо ин њама, дар навсозињои хеш Зиёдулло Шањидї аз пешомадагон љиддан фарк мекарданд. Бар хилофи онњо, ба зудї аз навоварї дар чањорчўби мусиќии суннатии классикї ба эљод намудани мусиќии сирф худї ва берун аз чањорчўби низоми мусиќии пешин, вале бо огоњона њифз намудани робитаи ногусастанї бо ин низому фарњанги мусиќии суннатї пардохтанд. Ин гузаришро таваљљуњ ба азбар кардани низоми барои минтаќа нави мусиќии бисёровоза тезонид. 7. Воридшавии фарњангу низоми нави мусиќї ба минтаќа њоло пеш аз инќилоби шўравї шуруъ щуда буд. Ќисми бештари Осиёи Марказї баъд аз љузъи шо-
«
њигарии Русия щудан бевосита аз љониби хукумати Русия идора мешуд. Таввссути сохторњои идорадорие, ки сохторњои давлатдории Марказии низомиву ѓайринизомї дар минтаќа таъсис медоданд. Њайати ин сохторњои махаллии давлатдори низ аз Русия ба минтаќа эъзом мешуд. Шањрдорони рус њудуди идорадории шањрњои кадимаро тавсеъ намуда, дар заминњои нави шањр махалањои аврупотасмимро бунёд мекарданд. Аз њамон замон њар як шањри ќадимаеро, ки аз љониби њукумати Русияи подшоњии Марказї воњиди идорадории бузург гардонда шуда буд, ду ќисмати ба куллї аз њамдигар фарќкунанда ташкил мекард. Яке љойгоњи мардуми бумї буду дигаре мардуми аврупотабор. Ба зудї ном гирифтани аввале шањри куњна, дигаре, шањри нав, аз љониби бошандагони њар ду ќисмат ба њукми одат даромад. Азбаски дар ахди шўравї њам аксарии кули сокинони шањри куњнаро мардуми бумї ва шањри навро русзабонон ташкил мекарданд, чунин фарќкунии ду ќисмати њамон як шањр њамоно идома меёфт. Самарќанд то ба сари ќудрат омадани шўроњо маркази устони њамном буда, низ аз ду ќисмат - шањри куњану нав иборат буд. Дар ибтидо бошандагони шањри навро аксаран њайати идорадории устон ва низомиёни артиши Русия ташкил мекарданд. Устувор гаштани њукми Русия, љорї шудани ќонунњои шоњигарї, аз љумла ќонунњое, ки њаёти иќтисодиро ба низом медароварданду амнияти базаргонону соњибкоронро таъмин менамуданд, дар баробари такони тавоно додан ба рушди иќтисоди мањаллї соњибкорону маблаѓгузоронро аз Русия ба Самарќанд љалб мекарданд. Дар ќисмати нави шањр идораи роњи оњан ва љамеъи хадамоти марбути он, бахшњои мањаллии бонкњои Русия, растањои тиљоратии аврупоишакл, ки колањои аврупоиро ба савдо мегузоштанд, корхонаљоти гуногун бо технологияи пешќадами аз Русия воридшуда пайдо шуданд. Њамаи онњо эњтиёљ ба асњоби мањорату малакањои марбута - мудирону муњосибон, тољирон, муњандисон, коргузорону коргарони корхонаљот доштанд. Њамаи ин тоифа мардум низ аксаран аз Русия меомаду дар шањри нав маскан мегирифт. Сокинони аврупотабори шањрњои нав њамчунин эњтиёљ ба низоми табобату табибони худї, низоми таълими худї доштанд. Азбаски мардуми аврупотабор дар шањри нав ба тарзи одаткардаи хеш басар мебурданд, њамрох бо худ фарњанги хеш, ба шумули мусиќаву дастањои
Аз њамон замон њар як шањри ќадимаеро, ки аз љониби њукумати Русияи подшоњии Марказї воњиди идорадории бузург гардонда шуда буд, ду ќисмати ба куллї аз њамдигар фарќкунанда ташкил мекард. Яке љойгоњи мардуми бумї буду дигаре мардуми аврупотабор. Ба зудї ном гирифтани аввале шањри куњна, дигаре, шањри нав, аз љониби бошандагони њар ду ќисмат ба њукми одат даромад.
«
мусиќии худиро ворид карданд. Масалан, њар як ќитъаи низомии русњо дастаи мусиќии (орестри) низомиро дошт. Дар Самарќанд, дар шањри нави он, чун дар дигар нишастгоњи устондорони минтаќа, зерсохтори ба андозаи зиёд рушдёфтаи фарњангиву таълимї ташаккул меёфт. Байни шањрњои куњану нави Самарќанд девори касногузар ќоим набуд. Ба вижа тољирону соњибкорони мањалливу аврупотаборро робитањои зич пайваст мекарданд. Баъзе аз сарватмандони тањљої батадриљ ба кушодани дўкон ё корхонае дар шањри нав мепардохтанд ё дар он истиќомат карданро барои худ аз њар љињат муфид медонистанд. Соњибкорону бозаргонон, ки омадани русњо уфуќњои навро барои рушди корњояшон, ё, ба истилоњи имрўза, "бизнесашон" роњ мекушоду баромаданро ба базорњои олам осонтар мегардонд ва мутаносибан, боз њам сарватмандтар шуданашон боис мегашт, њаракат мекарданд, ки фарзандонашонро, яъне ворисони кору амали худро, дар макотиби русї омўзонанд, то аз илму олами нав огоњї ёбанду дар оянда кори падаронашонро пеш баранд. Њамаи онњо, пеш аз дигарон дар љомеъаи суннатии шањр, таваљљуњ ба шинос шудан бо пањлуњои гуногуни фарњанги воридшаванда доштанд. Шиносої бо падидањои нав бархе аз бозаргонону соњибкоронро то ба андозае таѓйир додани расидагињои маъмулии ањли тоифаи хешро нисбат ба ин ё он зоњира моил месохт. Масалан, расидагињои манфии худро нисбат ба зиёд мутаваљљењ будан ба мусиќа. Њамин њавову фазои тањдис буд, ки Аълохон Шањидї барои худ азбар намудани навохтани созњоро равон донистанду баъд аз ба сари ќудрат расидани шўроњо, таваљљуњи љияни худро барои ѓарќи олами мусиќї шудан, ки барои рафтору расидагињои хољагон худ ба худ як инќилобе буд, љиддан ва, боз такрор мекунем, бо дарназдошти вазъу њавои сиёсии ваќт, тайид намуданд. 8. Шахсияти эљодии Зиёдулло Шањидї дар муњити инќилобии ношеъ аз ба сари ќудрат омадани шўроњо ташаккул меёфт. Муњити инќилобиро њамеша навоварињову шикастани ќолабњо мувоќиб аст. Эљодкорон, ба вижа дар марњалаи ташаккули шахсияти эљодияшон, яъне дар овони љавонї ва бино ба љавонии хеш ба навовариву шикастани ќолабњо омодаанд. Зиёдулло Шањидї аз ин ќонунияти умумї ба њељ ваљњ истисно набуданд. Навоварї то навоварї фарќ дорад. Дар даврањои инќилобї хеле мешавад, ки навоварон дар навоварияшон то ба ифрот - гусастани њама гуна робитањо бо суннатњои пешини фарњангї, инкори кадом як арзиш доштани фарњанги пешин ва даъват ба "аз киштии замонаву торих ба оби бањр рўфта партофтани фарњанги пешин" ва холї кардани љой
барои фарњанги нави зодаи инќилоб, мерасанд. Баъзењо дар гуфтор, дар баёни мавќеъгирињои бадеъиву эстетикї, вале на дар эљодиёти амалияшон, баъзењои дигар дар њар ду. Тавре торихи адабиёту санъат гувоњ аст, баъзан ин ифрот, њатто ифроти муздавича, дастовардњои назаррас, балки бузурги бадеъиро боис мегарданд. Вале танњо дар фаъолияти эљодкороне, ки пеш аз расидан ба мавќеъгирињои тунд ва њатто ифротии эстетикї, пеш аз талаб кардан ва ё феълан гусастани рабт бо суннатњои пешини фарњанги њамин фарњанги пешин ва суннатњояшро ба дараљаи олї азбар намуда буданд. Кофист дар ин асно аз Владимир Маяквский бо футуризмаш, Салвадор Дали бо сюреализмаш ва Пабло Пикассо, ки таќрибан њамаи "измњои" замони худро таљриба карда буд, ёдовар шавем. Одатан таваљљуњ ба инкори фарњанги суннатї инъикоси њолати инќилобиест, ки мањсули рушди дохилии ин ё он љомеъа мебошад. Љомеъаи мардумони бумии Осиёи Марказї дар арафаи инќилоби шўроњо ба њељ ваљњ дар њолати инќилобї ќарор надошт. Он чизе, ки ба сари онњо омад - фаро гирифтани мављи инќилоби диёрашонро, паёмади инќилоби дигарон буд. Инќилоби бузурге, ки дар Русия сар зад ва ба пањное, ки имрўз Осиёи Марказии пасошўравї меномандаш, аз љониби њамон дигарон оварда шуд. Дар Русия худи љомеъаи ќиёмкардаи рус ба гузаштаву ќисмати зиёди фарњанги пештара огоњона, дидаву дониста падруд гуфт. Дар Осиёи Марказї љомеъаи мардумони бумиро ночор лозим омад дар муњиту воќеъияте арзи вуљуд кунад, ки дигарон дар минтаќа сохтаанд. Ин воќеият мураккабу пуртазод буд. Вале аз тарафи дигар, ба шарофати мањз њамин мураккабиву пуртазодї барои эљодкорони бумии минтаќа, хоса ба мансубини тоифањое, ки ањли онњо пеша кардани мусиќа ва анвоъи дигари санъатро барои худ нораво медонист, имконоти нав низ дошт. Воќеъияти нав монеъањои иљтимоъиву равоншиносиро, ки пеши роњи мансубини ин тоифањоро дар љодаи санъат мегирифтанд, ба куллї бардошт. Ва худи њамин воќеъият, бар хилофи вазъ, масалан, дар Русияи инќилобиву солњои аввали пас аз инќилоб, кадом як даъватеро барои гусастани рабт бо фарњанги пешин на аз љониби худи эљодкорон ва на аз тарафи султаи нав боис намешуд. Он чизеро, ки султа талаб мекард ва бино ба пояњои аќидатии худ, талаб накарда њам наметавонист, гусастани рабт бо асоси аќидативу тамаддунии њамин фарњанги пешини суннатї, яъне ислом буд. Барои ањли фарњанги насли Зиёдулло Шањидї ва насли пешин, ки давлати шўроњоро пазируфтаанд, иљрои ин талаб, яъне гусастани рабт бо ислом, аслан имконе надошт. Шахсияти инсонї ва фарњангї - эљодии пешомадагон пурраву комилан дар муњити фарњанги исломиасл ташаккул ёфта буд ва эшон
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
ШАХСИЯТИ ТАЪРИХЇ
дигар шуда наметавонистанд. Муњите, ки дар он айёми кўдакї ва оѓози наврасии Зиёдулло Шањидї ва мутаносибан, ташаккули шахсияти эшон дар ин давра мегузашт, муњити басо муњофизакору суннатгарои тоифаи хољагони Самарќанд буд. Њамнаслони эшон њам дар айёми кўдакиву оѓози наврасї дар муњити комилан исломї тарбия меёфтанду фарњанги суннатиеро, ки аз бар мекарданд, фарњанги исломиасл медонистанд. Саводомўзии онњо низ ба солњое рост омад, ки таълими мактабї њамоно таълими арабихат буд, то охири умр њамаи онњо арабихат, њам ба маънои танг таълифу иншо намудан бо истифода аз хатти арабї ва њам ба маънои васеъ рабти узвиву ногусастанї доштан бо фарњанги тоинќилобї, ки мабнї ба аќоиди исломї буд, монданд. Ба ибораи дигар, ин насли ањли фарњангро, ки аз тарбия дар муњити суннати гузаштаву арабихат буд, монеъае дар шакли хатти бегона, ки дар охирњои солњои бисту-
ми ќарни гузашта ба њамаи мардумони муссулмонтабори Иттињоди Шўравї бор карда шуд, аз фарњанги суннатї људо намекард. Зиёдулло Шањидї бо тамоми тору пуди хеш зодаву парвардаи тамаддун, фарњанг ва тарбияи суннатї буданд. Њамчунин дигаргунсозињои инќилобиро ќабул доштанду ба онњо сањим шудан њам мехостанд. Аз ин љост, ки шахси њам суннатгаро ва њам нављў буда, ин ду хусусият дар њастиву љавњарашон дар як омехтаи ќавї арзи вуљуд мекард. Навооварї барояшон маънои аз як тараф,
«
шикастани девор байни мусиќии классикии суннатї ва фарњангу низоми нави мусиќие бисёровоза ва, аз тарафи дигар, ба таври басо мунсаљим ба њам овардани њар дуро дошт. Аз роњи ба тарзи љиддї ва амиќ омўхтани низоми нави мусиќї ва, бо такя ба асоси суннатї ва истифодабарии роњу воситањои хоси таълифи мусиќаи бисёровоза, эљод намудани асарњои хеш. Усулан, моњияти навоварии Зиёдулло Шањидї иборат буд аз ба асли ќавиву матини фарњанги мусиќии суннатї ва фарњанги умумии арабихати хеш устодона ва моњирона њамроњ кардани он чизеро, ки фарњанги ѓайрихудї ато карда метавонист. Аз ин рў, гарчанде њар чизеро, ки бо ин услуб эљод мекарданд, њамеша наву тоза буд, њељ гоњ барои мардуми бумии минтаќа бегона садо намедоду ва њамчун як падидаи бегонаву нохушу нофањмо низ пазируфта намешуд. Маъмулан, њар он офардае, ки такя ба суннат дораду њамагуна навгонї замкардае бар он мебошад, шинам мебарояд ва аз љониби мардум рад карда намешавад, балки њамчун як падидаи нав, вале худи мавриди пазирої мегардад. Ба њамин тариќа, насли навовароне, ки оѓози раванди ташаккули шахсияти инсониву эљодияшон ба ибтидои солњои бистуми ќарни гузашта рост меояд, дар нављўияшон бо такя ба зоту њуввияти суннатияшон, ки арабихат, яъне исломї буд, ба оянда менигаристанду дарди дарёфти њуввияти аслии хеш онњоро азият намедод. Мањз њамин вижаги ањли адабу њунари насли Зиёдулло Шањидиро аз наслњои баъдина фарќ мекунонад. Онњо, боз такрор мекунем, ба асли худ, асли суннатї, асли арабихат, асли мутакомили исломї чизи навро зам мекарданд. Рабти эшон бо ин аслу мероси мабнї ба он ногусастанї буд, чун дар муњити арабихат калон мешуданду тарбия меёфтанд ва худ низ аз кўдаки арабихату љузъи зиндаи њамин аслу њамин мерос буданд. Насли ањли мусиќие, ки мустаќиман баъди онњо ба арсаи њаёту фаъолияти эљоди ќадам гузошт, дигар арабихат набуд, вале офаридањои онњо, хоса сурудњо, низ бегона садо намедоданд. Аз он љињат, ки тарзи зисту муњити хонаводагие, дар њавову фазои он тарбия меёфтанд, њамоно моњияти суннатиро аз
Зиёдулло Шањидї бо тамоми тору пуди хеш зодаву парвардаи тамаддун, фарњанг ва тарбияи суннатї буданд. Њамчунин дигаргунсозињои инќилобиро ќабул доштанду ба онњо сањим шудан њам мехостанд. Аз ин љост, ки шахси њам суннатгаро ва њам нављў буда, ин ду хусусият дар њастиву љавњарашон дар як омехтаи ќавї арзи вуљуд мекард.
«
9
Рашид Ѓанї АБДУЛЛО
даст надода буд. Яъне то ба андозае онњо њам бо гузаштаи тошўравї рабти табиї доштанд, гарчанде на дар он њаљму навъе, ки насли пешин дошт. Наслњои минбаъдаро бошад, яке аз унсурњои асосии нављўї акнун на таваљљуњ ба зам кардани навгоние ба асли суннатии хеш, балки таваљљуњ ба дарёфти њамон асли пешину аздастдодаи худ буд. Онњо, ки аз асли арабихати худ чудо шудаанд ё, аниќтараш, татбиќи сиёсатњои давлатдории пешин онњоро ба ин асли хеш бегона сохт, бидуни њалли мушкилаи хештаншиносї, бидуни дарёфту шинохтани асли худ дар муњите, ки ба сар мебурданд, пеш рафта наметавонистанд. Аз ин њам бештар, бо мушкилаи дар кишвари хеш пайдо кардани шунавандагон барои офаридањои худ рў ба рў омаданд. Гуфтан мумкин аст, ки дар чунин як вазъият барояшон яке аз унсурњои асосии нављўї таваљљуњ ба гузашта, љустуљўи асли гумкардаи хеш шуд. Дар ин љо лозим аст боз ба як нукта ишора кард. Фарњангиёни насли Зиёдулло Шањидї бебокона ба оянда менигаристанд, чун пойдевори ќавии суннатї доштанд. Баъдињо, хоса тањтаринњои онњо, чун умдатан асоси ќавиву мутакомили суннатї надоштанд, дар њар як лахзаи онии ваќт њам ба гузашта, дар љустуљўи асли тамаддунии хеш, ва њам ба оянда менигаристанду њамоно менигаранд. Аз ин љост, агар дар мавќеъгирињои фарњангиву ѓайрифарњангии насли Зиёдулло Шањидї ва пешомадгонашон тардиди зиёд ба назар намерасид, дар баъдињо, аз љумла њамзамонони мо тардиду ноустуворї дар њама гуна мавќеъгирињо - сиёсї, аќидатї, фарњангї, равоншиносї ва ѓайраву њоказо, аз вижагињои назаррас гашт. Њолати равониву аќидатии баъдињо басо ноором ва ѓайримустаќар, ѓайрисобит буд. Ин амр бавоярасии аќидатї, маънавї ва њатто бадеъии эшонро тўлонитар мекард ва мутаносибан, маќоми онњоро дар љомеъаву фарњанг љиддан таъсир мерасонд. Аввалан, маќоми пешбарро дар риштаи хеш дертар соњиб мешуданд. Сониян, бо вуљуди расидан ба чунин як маќом дар касби хеш, байни онњо ва љомеъа фосилае, гузашта аз он, адами маваљљуњи љиддии љомеъа ба махсули эљодии онњо ба назар мерасид. Нињоят, агар пешомадагон аз лињози вазни сиёсї дар як сатњ бо тасмимгирони сиёсї ќарор дошта, сиёсатмадорон ин вазни онњоро ќоим низ буданд, баъдињо дигар аз чунин вазну маќомро надоштанд. Њамон фосила байни эљодкорон ва ањли љомеъа ва адами маваљљуњи љомеъа ба эљодкорон яке аз омилњои мухимми коњиши вазни сиёсии эљодкорон ва адами эътинои љиддии ањли сиёсат ба онњо гашт.
ДУРУСТ БИНАВИСЕМ Ин калима, ки дар навишти форсї бо алифу ё дар аввал навишта мешавад, таќрибан маънои зарурат ва њатмият бахшиданро дорад ва бо калимаи ошнотари "вољиб" њамреша аст ва "муљиб" аз њамин реша буда, фоили эљоб, яъне исм ё сифати феълие аст, ки эљобро ба вуљуд меорад. Мисоли истифодаи сањењ аз "эљоб": "Ин таъкид эљоб мекунад, ки ба сухани ў гўш бидињем". "Ин кор муљиби (боиси) ташвиши зиёд гардид". Шоир Возењ калимаи таркибии "ќабулэљоб"-ро ба кор бурдааст, ки маънои мустањиќ ва вољиби ќабулро дорад: Чу соат бо саодат љуфт гардид, Ба иќболи ќабулэљоб кўшид. Аммо зиёд воќеъ мешавад, ки маънои ёдшударо манзур дошта, аммо калимаро ба сурати "эъљоб" ва "мўъљиб" менависем, дар њоле, ки калимаи дигар бо маънои дигар ба миён меояд. "Эъљоб" аз ъаљаб (таъаљљуб) ва ъуљб (такаббур) аст ва "мўъљиб" (дар асл "мўъљаб") низ аз ин реша сохта шуда,
Эљоб - муљиб; эъљоб - мўъљиб маънои мутакаббирро дорад. Ин калима бо ъайн ва муљиб бо вов аст. Ало, эй абри наврўзї, агар ошиќ наї бар кас, Макун бе муљибе гиря, ки гулро ханда меояд. (Амир Хусрав) Эъљоб ба ѓайр аз љамъи аљаб (аљоибот) ва шигифтї, ва такаббур, маънои хуш омадан ва тафохур карданро њам дорад, ки Фаррухии Сиистонї ба устодии эъљобангез њамаи ин маънињоро дар як байт љой додааст: Зи лола боѓ пур аз шамъи барфурўхта буд, Намуд боѓ бад-он шамъњои худ эъљоб. Њамчунин дар бисёр мавридњо калимаи "мубад" (рўњонии зардуштї)-ро ба сурати "мўъбад" менависанд, ки ѓалат аст.
ГУМОШТАН, ГУМОРИДАН - ГУМОН КАРДАН Маънои гумоштан ва гуморидан касеро ба коре, маъмурияте мансуб кардан аст ва калимаи гумошта (агент, маъмур) аз ин љост. Баъзан ба пиндори он, ки "гумоштан" шакли классикї ва адабитари "гумон кардан" аст, дар навиштањо ба ин маъно ба кор рафтааст. Масалан, "ў чунин гуморид, ки…" ё "ў чунин гумошт ки…". Эњтимол меравад, мулоњизаи таркиби "пиндоштан" ва "пиндор" низ ба ин иштибоњ сабаб шуда бошад.
АНГОР, АНГОРА - НИГОР, НИГОРА Дар баъзе навиштањо дар миёни ин калимањо низ иштибоњ роњ меёбад. Агарчи ин калимањо зоњиран бе муносибати
маъної ба якдигар нестанд, вале маъноњои гуногун доранд. Ангор, ба љои исми маънї, тасаввур, пиндор, фарз ва ба љои феъли амр "тасаввур бикун", "фарз бикун" аст: Ангор, ки њарчи њаст дар олам, нест, Пиндор, ки њарчи нест дар олам, њаст. Абўсаиди Абулхайр Ва аммо "ангора", ки аз решаи "ангор" омадааст, тарњи хомакї, пешнавис (эскиз), наќши нотамомро ифода мекунад, ки баъзан ба иштибоњ онро ба љои нигор (наќш) ва нигора истифода менамоянд. Масалан, "Деворњои ин бинои ќадимї бо ангорањои зебо ороиш ёфтааст", ки албатта манзури нависандаи ин матлаб, тарњи хомакї ва эскиз не, балки деворнигорањои таърихї мебошад. Рустами ВАЊЊОБ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
Бино ба иттилои сомонаи "The Long War Journal", Абдулњаќ Туркистонї, амири Њаракати исломии Туркистони Шарќї, ки узви Шўрои рањбарии иљроияи Ал - ќоида буд ва гуфта мешуд, дар пайи њамлаи баесарнишинњои амрикої соли 2010 кушта шудааст, пас аз табобати захмњои вазнин сињат ёфта, дубора рањбарии ин созмонро ба зимма гирифтааст. Ба ќавли бархе манобеъ, Туркистонї њанўз соли 2014 сињат ёфта, созмонашро рањбарї мекунад, аммо дар ин бора Хадамоти љосусии ИМА хабар надоштаанд. Абдулњаќ пас аз 5 сол чанд рўзи ќабл дар як наворе зоњир шуд, ки аз сўи Ислом Овози, дастгоњи расмии таблиѓотии Њаракати исломии Туркистони Шарќї пахш шудааст. Дар ин навор Туркистонї аз њамлаи террористї дар шањраки Зоваи музофоти Хутани вилояти Шинљон - Уйѓури Чин истиќбол кардааст. Навор аз забони уйѓурї ба туркї аз сўи Ољонсии хабарии Иттилоияи исломии Туркистон (Turkistan Islamic Bulletin News Agency, TIBNA) тарљума шудааст, ки мегўяд, љињодие, ки суњбат мекунад, дар њаќиќат Абдулњаќ Туркистонї аст. TIBNA мегўяд, Абдулњаќ "соли 2010 шадидан захмї шуда буд" ва "омодаи иљро кардани вазоифи рањбарї то соли 2014 набуд". "Робитаи миёни Њаракати исломии Туркистони Шарќї ва Ољонсии хабарии Иттилоияи исломии Туркистон рўшан нест, мегўяд Адам Райсман (Adam Raisman) аз SITE Intelligence Group. "Ин ољонсї аз фаъолиятњои Њаракати исломии Туркистони Шарќї матолиби зиёдеро нашр мекунад ва њам гузоришњоеро дар робита ба мусалмонон ва љињод дар Шинљон ва Сирия ва њар љои дигари олами ислом ба нашр мерасонад," мегўяд Райсман. "The Long War Journal" мустаќилона зинда будани Абдулњаќ ва њоло рањбарии ў дар Њаракати исломии Туркистони Шарќїро таъйид намекунад. Аммо аз рўи иттилое, ки Turkistan Islamic Bulletin News Agency дар бораи марги рањбарони гуруњњо нашр мекунад ва таблиѓе, ки аз сўи Њаракати исломии Туркистони Шарќї пахш мешавад, даъвои ољонсї дар бораи захмї шудани Абдулњаќ ва дигарбора пайдо шуданаш дар соли 2014 ќобили эътимод аст. Маќомоти амниятии ИМА моњи сентябри соли 2010 хабар дода буданд, ки ба бова-
МИНТАЌА
Сарнавишти уйѓур Амири Њаракати исломии Туркистони Шарќї, ки гуфта мешуд, соли 2010 ба њалокат расидааст, зимни як паёми видеої аз зинда будан ва дигарбора ба зимма гирифтани рањбарии созмон хабар дод. ри онњо, Абдулњаќ зимни як њамлаи бесарнишинњои амрикої дар шањри Миралии Вазиристони Шимолии Покистон 14 феврали соли 2010 кушта шудааст. Маќомоти Покистон њам хабар дода буданд, ки ба бовари онњо, амири Њаракати исломии Туркистони Шарќї дар пайи њамлаи бесарнишинњои амрикоии "Предатор" ба њалокат расидааст. Аммо Њаракати исломии Туркистони Шарќї њељ гоњ расман изњороте дар бораи куштори Абдулњаќ пахш накардааст. Соли 2010 ин созмони террористї Абдулшукури Туркистониро љойгузини Абдулњаќ эълон кард. Абдулшакурро Ал - ќоида низ фармондењи неруњояш дар манотиќи ќабоилнишини Покистон таъин карда буд ва ин далели барљастаи эътимоди гуруњи љањонии љињодї ба ЊИТ аст. Гуфта мешавад, ки Абдулшукур Туркистонї дар пайи як њамлаи бесарнишинњои Амрико моњи августи соли 2012 кушта шудааст. Абдулњаќ, ки дар миёни љонибдоронаш
Маймайтиминг Маймайти хитоб мешавад, рањбарии Њаракати исломии Туркистони Шарќиро пас аз марги асосгузор ва рањбари он Њасан Махсум соли 2003 ба зимма гирифта буд. Махсум дар пайи њамлаи артиши Покистон ба яке аз урдугоњњои Ал - Ќоида дар Вазиристони Љанубї 2 октябри соли 2003 кушта шуда буд.
Бино ба иттилои Департаменти дороињои ИМА, Ал ќоида Абдулњайро ба Шўрои Маљлис, ё шўрои рањбарии иљроияаш соли 2005 ќабул намуд. Моњи апрели соли 2009 Амрико ўро ба рўйхати Террористони махсусан хатарноки љањонї ворид кард. СММ низ ўро рањбари террористон хонд.
Њаракати исломии Туркистони Шарќї соли 1993 аз љониби Њасан Махсум, зодаи шањри Ќошѓари Шинљон ташкил шуда, њадафаш ташкил кардани љумњурии исломї дар вилояти Шинљон - Уйѓури Чин аст. Беш аз 200 њамлаи террористиро ба зимма гирифтааст, ки дар пайи онњо 162 нафар кушта ва 440 нафар захмї шудаанд. Охирин амали террористие, ки Њаракати исломии Туркистони Шарќї ба зимма гирифтааст, 28 феврали соли 2012 дар шањри Ќошѓар иттифоќ афтодааст. Як гуруњи бузурги уйѓурњо ба бозоре, ки дар он намояндагони халќи хан тиљорат мекарданд, бо корду дигар олати буранда њамла оварда, 12 нафарро ба њалокат расонданд. Шинљону Уйѓур ноњияи худмухторест, ки аксарияти ањолї - 9 миллионашро уйѓурњо ташкил медињанд. Уйѓурњо аз фишорњои њукумати марказии Чин, ки њамасола теъдоди ханњо - чинињои асилро дар Шинљон - Уйѓур меафзояд, шикоят мекунанд. Теъдоди ханњо, аксарияти миллии Чин, дар Шинљон Уйѓур тайи 5 соли ахир бо роњи сунъї афзоиш дода мешавад. Њукумати марказии Чин барои уйѓурњо мањдудияттњоро дар зоиш муќаррар карда, барои аз миён бурдани аќидаи исломї тамоми тадобирро рўи даст гирифтааст. Яке аз охирин тасмимњояш ин буд, ки ба имомхатибони уйѓур фармуд, то ба мардум гўянд, ки намоз ба руњи инсон зиён дорад. Ва њукумати Чин дар шуруъи моњи Рамазон на фаќат гирифтани рўза ва хондани намози љамоатро барои кормандони маќомоти давлатї, омўзгорону муњасилини мусалмон, балки бо чоп ва интишори изњороти мухталиф дар манотиќи љанубу ѓарбии Чин, аз љумла Урумчї, ки аксаран мусалмонони ўйѓур ба сар мебаранд, сокинонро њам аз иљрои ин амалњо манъ кардаанд. Ва тафсири хеле аблањонаеро њам дар ин бобат додаанд, ки гўё ин тасмимњо барои њифзи саломатии хонандагону кормандон ва аъзои њизби комунист равона шудааст. Њаракати исломии Туркистони Шарќї дар Чин, Покистон, Афѓонистон ва Сурияву Ироќ фаъолият мекунад. Теъдоди аъзояш то 1000 нафар тахмин зада мешавад.
Умари Тоњир
ЌУРБОНИЁНИ ЉАНГЊО ДАР СОЛИ 2014 Соли 2014 хунрезтарин сол аз замони хатми "љанги сард" буд. Ин аст хулосаи олимони Донишгоњи Упсал, ки ќарор аст то охири моњи љорї чоп шавад. Мављи муњољират ба њадди 60 миллион нафар расид, ки аксари онњо тифлонанд. СММ теъдоди паноњандагони соли 2014-ро 10 миллион бештар аз соли 2013 медонад. Раёсати СММ дар умури паноњандагон (UNHCR) ахиран дар гузорише навишт, ки афзудани бесобиќаи низоъњои мусаллањона муљиби афзоиши оворагон дар сар то сари олам шуд, ки назири он баъди Љанги дуввуми љањонї набуд. Рўзномаи шведии Svenska Dagbladet дар тањлиле ин раќамњоро овардааст: Соли 2014 дар саросари олам 40 мухолифати низомї сурат гирифтааст, ки аз соли 1999 ба инљониб собиќа надоштааст. Теъдоди њалокшудагон дар ин муќовиматњо болотар аз 100 њазор нафар нишон дода мешавад. Њамчуноне гуфтем, далелу арќоми зикршуда аз натиљаи як лоињаи пажуњишии донишгоњи Упсал (Conflict Data Program UCDP) иќтибос шудааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки бузургтарин талафоти љонї дар љангњои Сурия буд. Аммо дараљаи истифода аз силоњ дар кишварњое чун Афѓонистон, Ироќ, Нигерия, њамчунин Укроин хеле боло будааст. Ба ѓайр аз Сурия ављи низоъњои мусаллањона дар кишварњои дигар, аз љумла дар Афѓонистон, Ироќ, Нигерия ба ќайд гирифта шуд. Сарвари ин лоиња Терес Петтерсон мегўяд:
"даргирињои нави мусаллањона, ки љонњои зиёдро аз байн бурд, дар Укроин рух дод.". Аз ин далелщо чї хулоса метавон баровард? Магар ин њама "низоъи мусаллањона" номида мешавад? Дар асл низоъ он аст, ки бар асари он 25 нафар кушта мешаванд. "Љанг"ин замонест, ки беш аз 1000 нафар ба њалокат мерасанд. Агар чунин аст, пас соли 2014 дар рўйи Замин 11 љанг ба вуќуъ пайвастааст, ки 5 љанг бештар аз соле ќабл аст. Аз чил низоъи мусаллањона 39 низоъ дар дохили кишварњо рух додааст, вале дар 13 маврид яке аз тарафњои даргир аз кишвари сеюм кўмак дарёфт кардааст. Муаллифони ин пажуњиш мегўянд дар айни замон тамоили рушди низоъњои хунини низомие ба мушоњида мерасанд, ки дар он на ду љониб, балки бештар аз он ширкат доранд. "Ин хеле нигаронкунанда аст, - менависанд муаллифон,- њалли ин гуна низоъњо мушкиланд, зеро дар љараёни расидагї ба онњо бояд манфиатњо ва зиддиятњои зиёде мавриди њаллу фасл ќарор гиранд. Дар миёни кишварњое, ки чун љониби сеюм њузури низомї дорад, аз ИМА ном бурда мешавад. Муаллифони пажуњиш исбот мекунанд, ки Вашингтон дар айни замон дар чор ихтилофи низомї, Русия, Урдун, Британияи Кабир, Билгия ва Фаронса дар се низоъ шариканд. Дар ин гирудорњои њарбї беш аз њар киш-
вари дигар Сурия љабр дидааст. Теъдоди ќурбониёни низоъи мусаллањона дар ин кишвар бештар аз 50 њазор нафар раќам зада мешавад, ки ин бештар аз теъдоди ќурбониёни 39 низоъи дигар мебошад. Ин пажуњиш мегўяд дар Ироќ ва Афѓонистон соли 2014 то 12 њазор нафарї ба њалокат расидаанд. Низоъи мусаллањона дар Укроин 3500 ќурбонї доштааст, дар Судони љанубї 1600 нафар кушта шудаанд. Терес Петтерсон њарчанд сурати умумии низоъњоро пурдањшат мебинад, вале дар имзои муоњадањои сулњ аломати мусбатро мушоњида мекунад. Вай мегўяд, соли 2014 дањ муоњадаи ќатъи низоъи мусаллањона бештар
аз соли 2013 имзо шудааст. "Ин нукта баёнгари он аст, ки љонибњо талош мекунанд роњњои сулњомези њалли мушкилро пайдо кунанд. Муоњадаи сулње, ки дар Флиппин ба имзо расидааст, умед мекунем як мухолифати хеле ќадимиро њал мекунад. Раванди сулњофарї дар Колумбия идома дорад, ки он низ метавонад ба низоъи куњна поён бахшад",- мегўяд ў. Њамчуноне ишора рафт, ќарор аст ин њисобот дар шакли пурра охири моњи љорї дар маљаллаи байналмилалии Journal of Peace Research интишор ёбад.
"Sverigesradio", Шветсия
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
ТАБЛИЃ Кардиология аз бахшњои васеъи тиб ба шумор меравад, ки ба омўзишу дармони системаи ќалбу рагии инсон машѓул мебошад. Ин соњаи тиб сохт ва инкишофи ќалб ва рагњо, кори онњо ва беморињояшонро меомўзад. Дар шароити феълї ин соњаи тиб ба яке аз сердархосттарин соњањо табдил ёфтааст, чун бештари њолатњои фавти нобањангоми одамон, мањз ба иллати беморињои ќалбї аст. Имрўз шумораи беморињои кардиологї дар таркиби нишондињандањои фавт, дар кишварњои пешрафта 40 60%-ро ташкил мекунанд. Дар баробари ин теъдоди беморони синну солашон љавон рўз ба рўз афзоиш меёбад ва ин худ беморињои ќалбу рагиро ба яке аз муњимтарин мушкилотњои тибї-иљтимоии нигањодории тандурустї табдил додааст. Яке аз беморињое, ки ин соњаи тиб ба он сару кор дорад ва бисёр ваќт дар маризон дида мешавад, кардиомиопатия мебошад. Ин бемории миокардї буда, њангоми сар заданаш сохт ва фаъолияти мушаки дил таѓйир меёбад. Ба ибораи дигар, кардиомиопатия - таѓйири мушаки дил мебошад, ки дар бисёр маврид њатто сабабњояш низ номаълум боќї мемонанд. Халал дар сохт ва фаъолияти мушаки дил њангоми ин беморї, метавонад аввалия ва дуввумия бошанд ва дар њар ду њолат метавонад ба норасоии ќалбї ва марги ногањонї оварда расонад. Тамоми навъњои ин беморї ба се гурўњ таќсимбандї мешаванд: кардиомиопатияи дилататсионї, гипертрофикї ва рестрактивї; Кардиомопатияи дилататсионї бо кушод гардидани сарњои меъдачањо (як ќисмати дил, ки дар силсилаи рагњои хунгард њаракати хунро ба тартиб медарорад) ва халалдор шудани фаъолияти систоликии онњо тавсиф гардидааст. Дар асли ин намуди беморї хароб гардидани кардиомиотситњо нуњуфта шудааст, ки бо сабаби он ќобилияти кашидашавї,
Муњаррики тан халалдор шудани саракњои дил, норасої дар кори клапани дил, заъфи дил ва ѓ. ба вуќуъ мепайвандад; Нишонаи намуди гипертрофї ѓафс шудани деворњои меъдачаи чап ва бидуни таѓйир мондани андозаи дохилии он мебошад, ки дар бештари маврид бо сабабњои номаълум ѓайримутаносиб ќарор мегирад. Дар ин њолат фаъолияти диастоликї ва назми кори дил халалдор мегардад. Ин намуди кардиомиопатия низ хатарнок буда, метавонад ба аритмия ва марги ногањонї мунљар гардад;
Кардиомиопатияи рестриктивї ба халалњои морфологї ва зуњури суддабандии (фиброз) эндокардї (пардаи даруни дил) ва миокардї ифода меёбад, ки ба таѓйир дар фаъолияти диастоликии дил оварда мерасонад. Нишонањои асосии ин навъи кардиомиопатия сахт ва паст шудани ёзандагии эндокард ва миокард, халал дар кори пуршавии меъдачањо аз хун, пайдоиши суддањо (тромб) дар дохили дил ва ѓ. ба шумор мераванд. Бемории кардиомиопатия бемориест, ки пайдоиши он номаълум боќї мондааст, бино-
бар ин сабабњои ба вуљудоварандаи он низ на њамеша даќиќ муайян карда мешаванд. Нишонањои беморї вобаста ба навъи он бо њам тафовути љиддї доранд. Чизи муњим ин аст, ки даврањои аввалияи кадиомиопатия ќариб бе аломат мегузаранд ва аз шикоятњои маризони мурољиаткарда низ дар бисёр маврид муайян намудани ин беморї сахт душвор аст. Дар мавриди навъи гипертрофии беморї ягона нишонаи бурузи он марги ногањонии ќалбї мебошад. Њангоми кардиомиопатия беморон асосан аз мавридњои
11
зер шикоят мекунанд: - халал дар нафаскашї њангоми кори љисмонї ва њолати оромї; - хуруљи зуд - зуди хафаќон; - сустї ва мондагии тез; - варами пойњо; - вазнинї дар ќисмати поёнии ќабурѓањои рост; - дарди шадид дар ќисмати дил; - дилзанї, ки ба халалдор шудани назми кори дил марбут аст. Чун кардиомиопатияро ташхис намудан кори душвор аст, барои муайян намудани навъи аниќи он, бархурди комплексї: ЭКГ, рентгенография, эхокардиография ва тестњои гуногун истифода мегардад. Табобати этиологии ин беморї аслан имкон надорад. Барномаи комплексии табобат бошад, аз тартиботи табобатї, ислоњи норасоии доимии кори дил, љарроњї ва ѓ. иборат аст. Мутаасифона, дар њар навъи ин беморї пешгўињо дар бештари маврид манфї аст, чун хатари марги ногањонї, норасоии ќалбї, тромбоэмболии дил бисёр болост. Бино бар ин, ташхиси сариваќтї дар даврањои аввалияи беморї хеле муњим аст. Ба таъбири дигар, агар шумо нишонањои дар боло зикр гардидаро дар худ мушоњида намоед, фавран ба мутахассис мурољиат кунед. Тибби муосир ќодир аст шуморо комилан аз пайомадњои бади ин бемории хатарнок мањфуз нигањ дорад ва саломатиатонро пурра баргардонад. Шўъбаи кардиологии Бемористони Ибни Сино яке аз бењтарин шўъбањои ин бемористон ба шумор меравад. Шўъбаи кардиологї бо таљњизоти замонавии муосир (монанди ЭКГ, Эхо КГ- Доплер, Стесс тест, ангиограф ва ѓ.) муљањњаз буда, дар он мутахассисони варзидаи ватанї ва хориљї фаъолият мекунанд. Њама ин ба мутахассисони шўъба имкон медињад, ки мушкилтарин беморињои ќалбиро ташхису табобат кунанд.
Барои дастрас гардидани хизматрасонињо ба ќишрњои мухталифи ањолии кишвар, дар назди бемористон ташкилоти суѓуртавии "СУЃУРТАИ МИЛЛЇ" таъсис шудааст, ки пайвастан ба барномањои он харољоти шуморо то 80% кам мекунад. Худ ва наздиконатонро суѓурта намуда, бо нархи арзон аз хизматрасонии тибї муосир истифода намоед.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
БО ШОИР
*** ин њама садо, сукут њамон сукут, бањр чї наздик чї дур! *** бо як гул бањор мешавад бањори ман!
*** Сухан љон аст! Гоње аз як "дўстат надорам" мешавад ба ун дунё рафт. Имшаб њам мисли њазор шаби пешин дар оѓўши набудани ту *** Бо худам овардаам Душанбеамро. Инак ин хиёбони Сомонї, Инак он тарабхонаи Арбат ва Ў ман нишаставу оби љав менўшад *** намегунљид дар хоби моњї бањр *** Фарёди танњої: "Ман њастам!" *** месўхт шамъу намесўзонд хоби парвона *** оњ моњ рўшантар дар ватанам нафрини сиёњ рўи коѓази сафед тоќати тољикона *** Бе Ту беруни љањонам *** рўњи њазор ошиќ дар њар раги танаш беди маљнун *** боди поизї бештар ларзон дарахтони пир оњ, њатто парандањо њарос надоранд аз матарсаке ки пероњани жанда дорад *** худатро магир аз ман магзор парвоз љавонмарг шавад *** халќе нафасгир хусусї карда як оила фазои як кишварро борони бањор шукуфањо зери по ёде аз зимистон *** аввали бањор дастони дењќон беобила ***
БАХТИЁР АМИНЇ
Биёед, дуо кунем дастаљамъї, то Ватани мо ба ёди Худо биёяд.
Порсї забони модарии Зебоист! се њафт чил њанўз бўи хуш медињад гули садбарг Њар куљо дидед зебоиро, порсї њарф бизанед. Њар куљо зебої њаст, порсиро хуб мефањмад. Порсї забони модарии Зебоист! *** дўст дорам ќиссањоеро ки он љо ду нафар ба њам бирасанд дар охар *** ку бемористоне вожањои захмиро куљо бибарем нахустин рўзи бањор суруди алла мехонад зане ба кўдаки назодааш
Ман, фаслњо, ту... Бо ту њарф мезанам Бо забони бањор Туро рањо намекунам аз оѓўши тобистониям. Рангин мекунам дунёатро Мисли рангњои пойиз. Фаќат, бонуи ман, сард мабош, сард мисли зимистон... *** Мансабхоњону мансабдорон он ќадар дум меликонанд, ки думњояшон људо мешавад аз танашон. Ва њатто думњои људошуда , беист такрор мекунанд: "Иродатманди Шумо, иродатманди Шумо!"
*** Биё, биовез рўи дари дилам тоблуи "Банд аст! " -ро, то пушти он дигар духтарон намонанд нигарон...
АЗ ИДОРА: њаводорони назми ноб, ин ахтарпорањо дар гунбади назм орї аз њарфи калону вергулу нуќтаанд. Агар њарфе ё аломате аз ин коњ биафтад ва ё бинљунбад, ба гумони мо њавову бўйу садои вожањо мекоњанд.
ИНТИЗОРЇ Муњтарам Президент! Синни ман аз 78 гузаштааст. Аксарияти суханронињои шуморо дар телевизион мебинам, ё аз радио мешунавам. Таклифу супоришњои шумо дар ин суханронињо ќобили дастгириянд. Фикр мекунам, ки барои имрўзу фардои Ватани азиз кор мекунед. Лекин њамин таклифу супоришњои шумо дар шањру навоњии кишвар иљро мешаванд гуфта наметавонам. Љойи таассуф аст, аммо ин њолатро табиї мешуморам, чунки барои таъмини иљрои пурраи супоришњо иљрокунандаи уњдабаро ва имконият даркор аст. Шояд шумо њам донед, асри гузашта дар ИМА Генри Форд ном милиардер гузаштааст. Вай маълумоти синфи 6-ро дошт. Бо њамин маълумот тавонист милиардер шавад. Аксарият бар он буданд, ки ин комилан номумкин аст. албатта, истеъдод таланти худододро касе инкор намекунад. Журналистон Фордро саволборон карда, аз ў сирру асрори муваффаќиќияташро пурсиданд, ки чї тавр касе, ки њамагї маълумоти синфи 6ро дорад, тавонист ба ин дараљаи њурмату эњтиром ва боигарї расад, вай љавоб додааст: Ман ба ин дараља нарасидаам, балки маро расонданд. Хизмати ман буд, ки кадрњои љавонро ёфта, тарбия намуда, љо ба љо монда, баъд аз онњо кор талаб кардам. Њамин кадрњо маро ба њамин дараља расонданд... Ман дар ваќташ узви њизби коммунист будам. Муњимтарин шиори њизб интихоб, тарбия ва љо ба љогузории кадрњо буд. Натиљаи кормаон њам наѓз буд. Итминон дорам, ки сабабгори пешравї кадрњо, сабабгорї ќафомонї њам кадрњоянд. Ман бо як мушкил, ки чанд сол боз њалли худро намеёбад аз Исфара ба шањри Душанбе омадам. Барои њалли як масъала ба чандин идорањои дахлдори давлатї даромада, ростї табъам хира шуд. Роњбарони идорањои давлатї ва иљрокунандањои кор дар љойи корияшон нестанд. онњоро ёфтан кори номумкин шудааст. Дар куљо буданашонро навбатдор њам намедонад. Ман асло гуфтанї нестам, ки онњо дар ким-куљо бозї кар-
Мактуби 11 - ум Ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон да гаштаанд. Умедворам, ки онњо аз пайи корњои муњими давлатї рафтаанд. Аммо дар шароити ман корафтода бояд чї кор кунад? Поида шинад? То кай? Навбатдор фаќат мегўяд, ки раис њоло меояд, соатњо мегузаранд, аз раис дарак нест. Модоме, ки рељаи ќабули шањрвандонро вайрон мекунанд, наход ба навбатдор њаминро фањмондан мушкил бошад? Дар асри 21 зиндагї мекунем, Љаноби олї! Маќсад аз ин сатрњо љазо додани касе нест. Асло ба ин хотир ќалам ба даст намегирифтам. Билохира ман бо аксарияти роњбарони ин идорањои давлатї суњбат доштам. Ќариб њамаи онњо хоксору хушмуомила намуданд. Фаќат як ќисмаш бо этикаи корбарї шинос нестанд. ин њам фикр мекунам, ки айби онњо нест. касе ба онњо чї будани этикаи кориро нафањмондааст. Ин камбудии онњо баъди як-ду суњбат ислоњ мешавад. Хуб мебуд, ки ин гуна камбудї бартараф мешуд, вагарна ба имиљи давлату роњбарият зиён мерасонад. Имрўз Тољикистонро дар арсаи байналмилалї шинохтаанд, ба вуљуд овардан ва нигоњ доштани имиљи аълои он вазифаи асосї аст. Ман ваќте шуморо, Љаноби олї, дар миёни мардум мебинам, бахусус ваќти дарахтшинонї Тоирхон Муњиддинови рањматї, раиси Љамъиятии хўроквории шањри Исфара ба ёдам мерасанд. Он кас ба куљо, ки раванд, ободї мешуд. Ба куљое, ки ба кор нараванд, корро аз ободии замин, дарахт-
шинонї ва тазагии њавлї сар мекарданд. Тоирхон гўянд гулу гулзор, ободї ва тартиб ба ёдамон меомад. Дар љойи кор дар хонаашон њам гармхонаашон буд. Соњиби якчанд њунар буданд. Шумо, муњтарам Президент, соли 2007 ба комбинати масолењи бинокории Исфара омада, намоишгоњи мањсулоти саноатии Исфараро тамошо кардед. Бо коргарону роњбарони ташкилотњои саноатї саволу љавобњо баргузор шуд, маслињатњо дода будед. Ба назди коргарони комбинат рафта, хоксорона њолу ањвол пурсида, баъдан бо одамони њамроњатон намоишгоњи мањсулоти кишоварзии ноњияро аз назар гузарондед. Баъдан рост ба тарафи трактори Беларус, ки миёни замин кор мекард, рафтед, ба тарктор савор шуда, бо тракторчї суњбат кардед, ки рафтори инсонї буд. Он рўз дар ёди тракторчиён абадї монд. Соли 1939 канали калони Фарѓонаи дарозиаш 300 километрро бо роњбарии фарзанди тољик Усмон Юсупов дар муњлати 40 рўз сохтанд. Љараёни сохтмони каналро мани 2-сола (мумкин 3-сола) дидаам ва он манзара дар пеши чашмам то имрўз намоён аст. Усмон Юсупов канали 300-километраро дар 40 рўз месозем гўяд, Сталин бовар накардааст, лекин Усмон Юсупов наќшаро як рўз пеш иљро кардааст. Сирри муваффаќияти Юсупов боварии мардум буд. Маќсад аз ин ёдоварињо фаќат њамин аст, ки роњбарони идорањои давлатии мо дар
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
13
миёни мардум дардошно бошанд. Маънову маќсади амру супоришњои шуморо, роњи њалли онњоро ба халќ фањмонда иљро кунанд. То имкон доранд, ба мардум ёрї расонанд. Заминфурўшї накунанд. Донанд, ки сад соат дарси ахлоќ хонда, як рафтори бад кунанд, њамаи насињатњо барбод мераванд ва корашон ба сифр баробар мешавад. Замини Ватан ба мењнати њамагон обод мешавад. Масалан, ободии мањалла: хонаву њавлї ва кўчањои мањалларо тоза нигоњ доштан аст. аммо имрўз њолати мањаллањои бисёр бад аст. Ба фикрам ваќти он расидааст, ки кори мањалларо ба тартиб оварда, фаъолияташро љоннок кардан даркор аст. Як ќисми салоњият ва функсияи раиси шањрњоро ба раиси мањалла додан зарур аст. Ба раиси мањалла музди мењнат бояд дод ва аз ў кор талаб кард. Масъулони њукуматї дар љамъомадњо ширкат карда, ба мардум наздик шаванд. Хулосаи маќсадам, аз дилу љигарам бароварда, ба шумо гуфтаниям, ки дар интихоби кадрњо майнаро об кунед, ояндаи ватани азизро кадрњо њал мекунанд, барои кадрро санљида, ёфтан натиљаи кори њалолаш, кўшишу ѓайраташро ба назар гиред. Бо одамони њаётдида не, бо одамони њаётомўхта маслињат кунед. Дар аввали мактубам гуфтам, ки сабаби ба Душанбе омадам мушкили чандинсолаам аст. мушкили маро идорањои назорати иљрои ќонунњо медонанд: суди олии иќтисодии кишвар њуљљатњои маро ба инобат нагирифта њалнома бароварданд, ки аз он розї нестам. Адолати судї пурсида, ба унвони Шумо 10 бор мактуб равон кардем, - бенатиља. Боз ба чанд идораи дигари давлатї мактуб навишта пурсидем, ки суд ќонунро вайрон накарда, њуљљатњои моро ба назар гирифта, њалнома барорад. Ноњаќ бошем, дар асоси ќонун далелњои моро рад кунанд. Илтимосам дар охир њамин аст, ки ќазияи маро ба назар гиред. Бо эњтиром А. ЃАФУРОВ
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ТВ-ЊОИ ТОЉИКИСТОН МИЛЛАТРО ВАСЛ МЕКУНАНД Ё ФАСЛ? - Барномаи иттилоотии Ахбори шабакаи якуми телевизиони Тољикистонро тамошо мекардам. Дар фароварди барномаи «Ахбор» яке аз ровиён эълон намуд, ки "Бинандагони гиромї дар поёни барнома навори бидуни шарњи омодакардаи њамкорони мо ва обу њаворо тамошо кунед». Хайр, гуфтам, ки биё, њамин навори бидуни шарњашонро низ тамошо карда, баъд аз љоям бархезам. Дар навори бидуни шарњ занњои рўймолдори бозори Корвон ва атрофи он нишон дода мешуд. Дар зери навор навиштаљоти "Бегонапарастї… ношукрї" бараъло намоён буд. Дар навори бидуни шарњ аксари занњо рўймоли тољикї доштанд. Як ќисми дигар сатри арабї ё туркї. Банда тарафдори сатри арабї ё туркї нестам. Тарафдори рўймоли тољикии бибиёну модаронамон њастам. Аммо барои ман як чиз муаммо аст, ки барои чї дастандаркорони барнома дар телевизиони давлатї зидди рўймоли дарози тољикї тарѓибот мебаранд? Хуб, агар ба таъбири шумо ин занњои дар навор нишондодашуда њамагї ношукрию бегонапарастї мекунанд, он зане, ки дар барномаи ахбор ровигї мекунад ва дар бар либоси аврупої дорад, оё ў магар арљгузорї аз фарњанги либоспушии тољикї мекунад? Агар дар асл гирем, сатри арабию туркї ва либоси аврупоии он зани ровї њарду барои фарњанги миллии мо бегона њастанд. Аслан гирем, дар асри нави илму технология танњо дар бораи либосу рўймол бањс кардан аз љањолат аст ва он њам аз шабакаи телевизиони давлатї. Ин хуб нест ваќте ровиёни мо аз минбари телевизиони давлатї сўистифода карда, дар бораи як мавзуъи пучу бемаънї бањси зиёдатї меороянд. Ба љои васл кардани миллат тариќи телевизиони давлатї дастандаркорони он миллатро фасл карда истодаанд. Њамаи ин барои киву чї анљом дода мешавад? Пахши чунин навори "Бидуни шарњ" дар пасманзар чї дорад? Оќибаташ ба хайр бошад!
Фазлиддини СОБИР, сокини шањри Душанбе
ЊАМЕЛИ ДУРРИ МАЪНЇ ЊИКМАТИ "БАРАКАТ" - Рўзе шоњ њамроњи чанде аз ањли дарбораш шикор меравад. Оњуеро таъќибкунон аз шариконаш људо шуда рањгум мезанад. Дар биёбон дењаи сабзу хуррамеро дида, сўи он асп меронад ва дари њавлиеро мекўбад. Духтараке баромада, пас аз салому њолпурсї њољати шоњро мепурсад. - Духтарљонам, хеле ташнаам, як коса обам биёр. - Ба чашм, - гўён духтарак пас аз фурсате дар як коса оби найшакар меорад, ки рўи об чанд хошок буд, шоњ обро пуф - пуфкунон менўшад ва ба духтарак изњори миннатдорї намуда сабаби рўи об будани хошокро донистанї мешавад. Дар љавоб духтарак мефањмонад, ки дар гармогармї обро бояд оњиста - оњиста нўшид, зеро ба љигари тасфон нўшидани оби хунук зарар дорад. Шоњ ба фаросати духтар ќоил шуда аз ў боз мепурсад: - Оби ширину гуворо аз чї буд? - Шоњам, ман онро аз як нињоли найшакар људо карда ва ќасдан рўи об хошок андохтам. Шоњ шариконашро дарёб намуда, ба ќасраш бармегардад ва фикр мекунад, ки аз як нињоли найшакар як коса об људо шавад, аз њазору чанд нињол хеле об њосил мешудааст. Дарњол дафтари андози њамон дењаро талаб мекунад. Маълум шуд, ки андози месупурдаи он дења хеле кам будааст. Баъд амр медињад, ки андози он дењаро 3 (се) баробар зиёд кунанд. Њамин тавр њам шуд. Пас аз чанд муддат гузори шоњ боз ба њамон дења меафтад. Ба дари њамон њавлии духтарак рафта, як коса об талаб мекунад. Духтарак "ба чашм" гўён барои об овардан рафта, дер меояд. Шоњ аз ѓояти ташнагї бетоќат шуд. Нињоят бонг зада, сабаби дермонии духтаракро мепурсад. - Шоњам, он даъфа аз як нињол дар фурсати кўтоњ як коса об људо мешуд, ин даъфа аз 3 (се) нињол базўр базўр як коса об људо карда гирифтам. Мегўянд, ки андоз зиёд шуд, баракат аз њосил парид. Баъдтар шоњ маънии "баракат аз њосил парид" - ро дарк намуда, дарњол ќарорашро дигар кард. (Мазмун аз китоби "Насињат - ул - мулук" - и Муњаммад Ѓаззолї)
Фароњамсоз: Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе
?-И НОБОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
ОЁ ДОНОРИ ХУН БА РУХСАТЇ ЊУЌУЌ ДОРАД? - Шахсоне, ки донори хун њастанд ва билфарз дар рўзи корї хун месупоранд, оё њуќук ба рўхсатї доранд? Ба сабаби супоридани хун агар корманд дар љои кор њузур надошта бошад, оё музди кории ў нигоњ дошта мешавад? Саломат АШЎРОВА, сокини ноњияи Сино - Бале доранд. Мувофиќи моддаи 10 - и Ќонуни Љумњурии Тољикистон тањти № 503 аз 26 - уми марти соли 2009 дар рўзи супоридани хун, љузъњои он ва муоинаи тиббии кормандоне, ки донор мебошанд, аз љониби корхона ва ташкилоту муассиса бо нигоњдории маблаѓи миёнаи музди мењнат љавоб дода мешавад. Њангоми супоридани хун ва љузъњои он дар давраи рухсатии мењнатї, рўзњои истироњат ва рўзњои ид ба донор мувофиќи хоњиши ў рўзи дигар истироњати иловагї пешнињод карда мешавад. Ба саволи Шумо аз Муассисаи давлатии "Маркази љумњуриявии илмии хун" - и Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон посух доданд.
ЛАТИФА Духтур аз мизољаш мепурсад: - Њар рўз чанд соат хоб меравед? - Аз соати ду то се, духтурљон! - Охир, ин хело кам аст ку! - Ба ман бас аст, духтурљон. Боз шабона ќариб 10 соати дигар хоб меравам, охї…! *** Ду нафар девона аз девонахона гурехтанї мешаванд. Якеш мегўяд, ки рафта бин, агар девор баланд бошад, аз болояш ва агар паст бошад аз тагаш гузашта мегурезем. Девонаи дигар рафта баъди даќиќае бармегардад ва мегўяд: - Гурехтан наметавонем. - Чаро? - Девор тамоман нест.
ВОКУНИШ КЎЛОБ: АРИЗАИ ШАЊРВАНД МАВРИДИ БАРРАСЇ ЌАРОР ДОРАД (Посух ба матлаби "Шикоят ба Президент", Нигоњ №7 (440) аз 13-уми майи соли 2015) - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб маќолаи мазкурро, ки аз аризаи шикоятии шањрванд Самадов. Н иборат мебошад, мавриди баррасї ќарор дода, љињати бартараф намудани нуќсони мављуда чорањои заруриро амалї намудааст. То имрўз масъалаи ќарори азнавсозии хонаи истиќоматии Самадов. Н омўхта шуда, ќарори раиси шањри Кўлоб аз 9 - уми июни соли 2015 дар бораи азнавсозии хонаи истиќоматии ў ба тасвиб расида, худи ў аз тасмими маќомоти иљроия огањ карда шудааст. Ин нуќтаро бояд зикр кард, ки аризаи шањрванд Самадов дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи мурољиати шањрвандон" аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб мавриди баррасї ќарор дода шуда, ба он дар муњлати муайяншуда љавоб гардонида шудааст.
Кенљамоњ МАЉИДОВА, муовини раиси шањри Кўлоб
БА ЉОИ 09
*** Роњзане ба бонк њамла карда тамоми пулро аз хазина мегирад, баъд ба ќабулгоњи бонк омада, мегўяд: - Мана шиноснома, ана ин пулњоро дар суратњисоби ман гузоред. *** Муаллим аз Нодонхуља мепурсад: - Чаро рўзи гузашта ба мактаб наомадї? - Муаллимљон, дирўз модарам эзорамро шуста буд, дигар надоштам. - Бисёр хуб, набошад, барои чї дирўз наомадї? - Дирўз, муаллимљон, аз пањлўи њавлиатон мегузаштам, бинам аз шумо њам овезон аст, фикр кардам, ки намеоед. *** Марде ба њамкораш хислатњои бењтарини занашро таъриф карда, мегўяд: - Занам, дар њаќиќат шахси бофањм аст. Ваќте аз кор меоям, даромадан баробар бароям љома (халат) ва пойафзоли хонапўшї медињад, болои миз бошад рўзномањои тозаро кайњо гузоштааст ва дар болои миз бошад хўроки гарм њам омода. Дар ошхона бошад доимо дар як кастрюли калон оби гарм гузошта шудааст. - Њамаи ин барои чї? - кунљковї намуда, мепурсад њамкораш. - О, занам медонад, ки ман бо оби хунук шустани зарфњоро бисёр бад мебинам.
- Оид ба масъалањои ВИЧ/СПИД ба куљо бояд мурољиат кард? Шумо метавонед ба таври махфї ва бепул барои тањлил хун супоред ва маслињат бигиред. Дар мавриди зарурат бошад метавонед дар марказњои љумњуриявї, вилоятї ва шањрии пешгирї ва мубориза алайњи бемории СПИД ВИЧ - инфексияро муолиља намоед: Маркази љумњуриявии пешгирї ва мубориза бар зидди СПИД, нишонї:шањри Душанбе, кўчаи Дењотї, 48 Тел.: (+992 37) 234 22 24, 234 34 42 e-mail: aids_tj@mail.ru aidscentre.tj@gmail.com; www.aids.tj; Марказњои шањрї ва вилоятии пешгирї ва мубориза бар зидди СПИД, нишонї: шањри Душанбе, кўчаи А.Навої, 4а Тел.: (+992 37) 236 26 32; 235 63 89 e-mail: gc_aids@mail.ru; Шањри Хуљанд, минтаќаи саноатии шимолу шарќї (Северовосточная пром-зона) Тел.: (+992 34) 225 25 15; 225 63 27; Шањри Кўлоб, кўчаи Борбад, 40 Тел.: (+992 33) 222 23 10; Шањри Хоруѓ, кўчаи С.Абдурањмонов,44 Тел.: (+992 35) 222 64 81; Шањри Ќўрѓонтеппа, кўчаи Айнї,90 Тел.: (+992 32) 222 42 32; 22 56 72.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
16
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №13 (446), 24. 06. 2015
Мирзодиккаку Ѓалтак ва мушту ангушти васати мушт Мирзодиккаку Ѓалтак, тавре маслињат карда буданд, дар Чилучорчашмаи Шањритус вохўрданд. Мирзодиккак каме дер карда, ба ѓазаби дўсташ њар лањза зам мекард. Ѓалтак, ки аз субњи содиќ ба лаби чашма омад, табъаш аз дидани партовњои лаби њавзи мусаффо хира шуд, зери лаб нафрин мехонд... "...Ба ѓазаби Худо гирифтор мешавед... Чашмаљон гуфта, ба номаш ќасам мехўранду партовгоњаш кардаанд, эъ, муред-е, њолатон аз ин бад..." Њамин дам "Опел"-и нави Мирзодиккак њам атрофро чандбода карда, омад... Мирзодиккак: - Салом, каме дер шуд, маъзарат дўстам. Сањарї соати чор рањакї шудему, хайр, ањволи роњњоро медонї-ку. Ѓалтак: - Фаќат нагў, ки дар чўлњои Љиликўл дар пробка мондї. Мирзодиккак: - Э, не, дўстам, пробка нею роњ бисёр вайрон. Ман нав фањмидам, ки чаро президентро ба Ќубодиёну Шањритус фаќат бо чархбол меоранд. Дар ин роњњо мошин рондан хатарнок аст. Президент бинанд, аввал раисони њамин ноњияњоро ва баъд раиси вилоятро барканор мекунанд. Ѓалтак: Наход дар 25 сол надида бошанд, љанобашон. Вайронањои ин роњро чархбол он тараф истад, аз космос дидан мумкин аст... Хатлон барин як вилояти калон, наход, аќаллан барои дарбењ кардани чуќрињои ин роњ пул ёфта натавонад? Худоё, ман чињо мегўям, инњо як чашмачаро аз баклашкањо тоза карда наметавонанду... Не, майлаш, боз дар телевизор реклама кардан чї даркор буд? Медонистам, ки ањвол чунин аст, намеомадам, ба Худо... Мирзодиккак: - Биё, аќаллан имрўз дар бораи чизњои хуб гап занем. Дар лаби ин мўъљизаи Худо, дар арафаи Иди Вањдат як сухани хуб гўй, то ман харбузаву тарбузњоро ба об партофтан... Ѓалтак: - Ман ин љо дамгирї омадам. Ту агар нотатсияи сиёсї хонданї бошї дар бораи Вањдат, метавонї ба назди, њо, ана он бачањо рафта шинї. Онњо на китобу на газета мехонанд. На љангро дидаанду на сулњашро. Намедонанд ва њатто донистан њам намехоњанд, кї бо кї чаро љангиду кї бо кї ва чаро сулњ баст. Ња, гуфтагї барин, Кабирї њам дигар намеояд. ЊНИТ-ро њам мебанданд, мегўянд. Минбаъд дар рамзи Вањдат ду дасти ба њам баста не, балки як дастро мебинем. Ва ба гумони ѓолиб, ин муште хоњад буд, ки ангушти васаташро ба њаво кушода, рост ба тўдаи гумроњ равона шудааст. Мирзодиккак: - Вањдати ман мегуфтагї, дўстам, вањдати њукумату нањзатињо не, љонибњои љанг не, балки Вањдати мардумї, Вањдати Миллї аст. Мехоњам дар ин бора гап занем, ки чї хел карда, мардум-
ро ба њам дўсту бародар кунем. Як миллат созем аз ин мардум. Ѓалтак: - Ин бисёр осон аст, дўстам. Коре, ки њукуматњо мекунанд, бояд баръакси онро кард, то тўдањо миллат шаванд. Геббелс гуфта буд, ки васоити ахбори оммаро ба ихтиёри ман монед, ман њар миллатро ба рама табдил медињам... Мирзодиккак: - Ба фикри ман бошад, ба мо як идеяи нав лозим аст. Идеяе, ки њамаи моро муттањид кунад. Ѓалтак: - Чї, дар назар дорї, ки идеяи "Ба коррупсия чашм пўшем! Ќонун фаќат барои камбаѓалњост! Шукрона, шукрона, шукрона!!!" расмї - давлатї карда шавад? Бе ин њам аллакай ќариб њамин хел шудааст. Мирзодиккак: - Не, ман чизи дигар мехоњам. Иќрор мешавам, ки идеяи Ориёињои бузургро мо натавонистем ба мардум тањмил кунем. Ё шояд умуман ин идея куњна шуда бошад. Аммо бояд ягон идеяи дигар дошта бошем, ки моро дигар неруњои хориљї натавонанд ба муќобили њам љанг андозанд. Ѓалтак: - Барои чї шумо фаќат гумон мекунед, ки шуморо касе љанг андохтан мехоњад? Аз куљо ин фикр дар сари холии ту ин ќадар наќш бастааст? Фарз кардем, агар ту, бо райъи мардум интихоб мешудї, њоло депутати бообрў мебудї, аз дастат коре меомад, ки мушкилоти содаи халќатро осон карда метавонистї, роњат дар курсиат мешиштї. Наметарсидї, ки имрўз ё пагоњ курсиро кашида мегиранд. Мирзодиккак: - Э, ман њоло њам, дар хизмати халќам. Аз дастам њарчї ояд мекунам барои мардуми ќишлоќ. Ѓалтак: - Ман дар умум мегўям, ба ѓайр аз миёнаравї карда, бо пора донишљў кардани њамсоябачањо... Мирзодиккак: - Ин мардум, гуфти русњо, неблагодарниянд. Ман мурда - мурда, дар пеши ким - кадом ректор сарамро хам карда, бачаи бесаводашро донишљў кардам, ин аблањи ширфурўш ба тамоми дења овоза кардааст. Ношукриро бин... Ѓалтак: - Асабї нашав. Одаме, ки бо пул вазифа медињї, ё донишљў мекунї, ба ќадрат намерасад. На мехонад, на кор накунад, мефањмї? Ба ин мардум медонї, чї даркор аст? Њаќиќат. Ту бошї пора дода, пора гирифта, ба вай исбот кардаї, ки адолат - падолат нест... Мирзодиккаку Ѓалтак аз пайи бањс фаромўш карданд, ки дар Чилучорчашмаанд. Чор тараф бакалашка беназмиву ифлосї... Ѓалтак хост дар ин бора лаб кушояд, аммо њоли Мирзодиккакро дида, њамон муште ба ёдаш омад, ки ангушти васаташ ба њаво кушода, рост ба тўдаи гумроњ равона мешавад...
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
ПУРБИН Мањмадсаид УБАЙДУЛЛОЕВ, шањрдори Душанбе: - Барои ман не, ба њурмати Рамазон (ишора ба савдогарони Душанбе аст) нархњоро поён баред! - (Садо аз растањои бозор) Барои ќонун не, ба њурмати Худо андозњоро андак фуроред!!!
Рустам ШОЊМУРОД, вазири адлияи Тољикистон: - Тамоми масоили сиёсї дар Тољикистон бояд дар доираи ќонунгузорињои сиёсї ва дар дохили кишвар њал шуда, набояд њизбњо аз хориљ маблаѓгузорї шаванд. Њар маблаѓе, ки аз беруни Тољикистон ворид мешавад, њадафи мушаххас дорад. - ЊНИТ-ро бастанї - мї, Шумо? Њадафи мушаххасатонро гуфтан гиред. Дигар љойи шаф-шаф кардан намонд.
Сайидумар ЊУСАЙНЇ, муовини аввали раиси ЊНИТ: - Касе аз мо замонат дода наметавонад, ки ин тањдидњо бепоя буданд ва дар њолати бозгашти рањбари ЊНИТ ба ў осебе намерасад. Инро њам гуфта наметавонем, ки агар Муњиддин Кабирї ба Ватан баргардад, ба љони ў сўиќасд террор сурат намегирад. - Террор гуфта, як камтар муболиѓа кардед, бизнес-мизнес мегуфтед, бас буд.
Маркус МЮЛЛЕР, раиси Дафтари намояндагии САЊА дар Тољикистон: - Масъалаи интихобот, танњо бахше аз фаъолияти моро ташкил мекунад. Мо бештар дар мавриди њуќуќи инсон корњои зиёдеро анљом медињем, аммо дар ин маврид шўру ѓавѓо намебардорем. Аз тарафи дигар мо дар мавриди шиканља, масоили гендерї ва њамчунин чанд бахши дигар фаъолият мебарем. - Маркусљони арљманд, аз шумо эњтиромона хоњиш мешавад, ки як муддат умуман дар бораи интихобот, шиканља ва њуќуќи инсон дањонатонро накушоед.
Илњом ЁЌУБОВ, роњбари пешини ЊНИТ дар вилояти Суѓд: - Ваќтњои охир њузури њизби нањзат дар љомеа боиси ихтилофњо шудааст. Бинобар ин, агар ЊНИТ сулњу вањдатро халадор карда истода бошад, пешнињод мекунем, фаъолияташ ќатъ гардад. - Илњомљон, худатон-мї? Ё ягон фейк - мї Шумо?
Бењрўз ЗЕВАРОВ, роњбари ширкати "Топ Медиа": - Либосњое, ки дар Шоу-бутикпешнињоди харидорон шудаанд, ягона буда, њамагї як бор аз сўи овозхонон дар сабти клип ва ё њангоми иљрои оњанг дар сањна пўшида шудаанд. 90 дарсади ин куртањо кори дастї буда, аксаран аз тарафи тарроњони тољик тањия шудаанд. - Ин либосњо баъди аз сањна берун шуданашон, дар роњраву тањхонањо якта-якта ёфт шудаанд мегўянд, рост-мї? Сармуњаррир: Фаридун Рањнавард rahnavard@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09