Нигох №15 (343) Чоршанбе, 3-юми июли соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

Рањматулло ЗОЙИРОВ:

1

"Я уже чувствую себя президентом, так как меня встречает генерал ГКНБ". САЊИФАЊОИ 8 - 9 №15 (343). Чоршанбе, 3-юми июли соли 2013

ЊОКИМИЯТИ ИЉРОИЯ

"Омад-омадат гардам..." Фаќат сафари президент масъулини Суѓдро аз "хоб" бедор мекунад? САЊИФАИ 7

АЊЗОБ ВА ЊУКУМАТ

Стратегияи ѓайрихушунат, ё эътилоф бо њукумат? САЊИФАИ 6

БО ШОИР

Ин Ватан обод нест САЊИФАИ 10

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Сафари Мирзодиккак ба водии Вахш САЊИФАИ 16

Мањмудљон ЌОСИМОВ:

"ДАР ЌАЗИЯИ ЗАЙД АЗ МАН ЧУН "НАЖИВКА" ИСТИФОДА БУРДАНД"


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

ДАР ТАНУРИ СИЁСАТ

Мањмудљон ЌОСИМОВ:

"Дар ќазияи Зайд аз ман чун "наживка" истифода бурданд" Мусоњибаи ихтисосии "Нигоњ" бо Мањмудљон Ќосимов, муовини раиси Кумитаи тадорукоти Њизби "Тољикистони нав" ва масъули Кумитаи љамъиятии дифоъ аз њуќуќњои конститутсионии Зайд Саид - Љаноби Ќосимов, вазъи сињатии Зайд Саид дар боздоштгоњ чї гуна аст, чун дар ин бора ахбори зиду наќизе ба гўш мерасад? - Воќеият ин аст, ки вазъи саломати Зайд Саидов дар боздоштгоњ хеле нигаронкунанда аст. Он ки гуфта шуд, баъди муоинаи табиб вазъаш бењтар шудааст, дар асл дуруст нест. Ин њарфњо ба хотири таскин ва тасаллои наздиконаш гуфта шудааст. Дарди меъдааш ба њадде шиддат гирифтааст, ки ягон намуди ѓизоро њазм карда наметавонад. Ин њам дар њоле, ки ўро љињати муоина ба кадом бемористони берун аз боздоштгоњ њам бурдаанд. Ў чанд сол аст, ки аз дарди меъда ранљ мекашид ва пайваста тањти муроќибати пизишкон ќарор дошт. Табиист, ки дар ин гирифторї беморї шиддат меёбад. - Сабаби аз хидмати Шўњрат Ќудратов, яке аз се вакили дифоъ, даст кашидани Зайд Саид чї аст? -То љое маълумот расид, тасмими ќатъи њамкорї аз хидмати Шўњрат Ќудратовро Зайд Шерович ба хотири вазъи ногувори худи Шўњрат гирифтааст. Зеро Шўњрат дар њафтаи ахир тањти фишори сахт ќарор дошту муфаттишон намехоњанд, ки ў дар тафтишот иштирок намояд. Сабаби чунин тарзи бархўрди бозрасон мавќеъгирии усулии адвокат ва устувории ў дар њифзи њимояти њуќуќњои нафари зери њимояташ аст. Ў ќотеъона аз мавридњои наќзи даѓалонаи њуќуќи муваккилаш масъалагузорї мекард. Он ки Шўњрат Ќудратов аз вазъи Зайд Саид ва рафти тафтишот маълумот дар ихтиёри хабарнигорон мегузошт, боиси нороњатии тафтишот шудааст. Бинобар маълумоте, ки ба мо раси, њатто, кадом муфаттиш ё корманди Ољонсї Шўњратро мезанад ва ин кор ё дар њузури Зайд сурат мегирад, ё ки мефањмад. Зайд чун табиатан як ин-

сони беозор ва барањм аст, ба хотири он ки адвокат аз ин бештар тањќир нашавад, аз кўмаки ў сарфи назар мекунад. Албатта, фишорњои болои худи Зайд бамаротиб бештар аст. Дар њуљраи зиндон танњо ва вазъаш тоќатфарсост. Рўзона ўро чанд лањза берун мебаровардаанд. Вале ба њар сурат, баъди ин тасмими Зайд муносибот бо ў як каме орому нарм ва ботамкин мешавад. - Шумо аз мубтакирони ташкили Њизби "Тољикистони нав" њастед. Њамон њизбе, ки ба бовари бисёрињо, боиси пеш омадани ин мољаро бо Зайд Саид шудааст. Акнун, ки Зайд дар боздошт аст, барномаи ташкили ин њизб чї тавр пеш меравад. Оё кадом фишоре њанўз њам боќї аст ? - Ваќте Гурўњи ташаббускори "Тољикистони нав" аз иќдоми худ мардуми азизро огоњ кард ва дар мањалњову манотиќ фаъолияти густарда ба роњ андохт, афрод ва гурўњњои тарафдорони мо рўз ба рўз зиёд мешуданд. Бахусус, дар манотиќи Љануб ва Шарќи кишвар шумори љонибдорони мо бисёранд. Хуб медонед, ки тањти њамин фишорњо буд, ки баъзе аз нафарон тарки сафњои моро карданд. Вале боз љойи онњоро нафарони дигар пур намуданд. Фишорњо болои масъулини ин њизб дар минтаќањо бештар мушоњида мешавад. Барои мисол, бародари як нафар аз масъулини њизби моро дар як ноњия, ки милиса будаас, аз кор пеш карда, рўирост гуфтаанд, ки мањз барои бародараш, ки барои ин њизб фаъолият мебарад, ўро аз кор рондаанд.Новобаста аз ин фишорњо ва мушкилињо, мо анљумани муассисони худро, ки ба идомаи кораш танаффус эълон намудаем, доир карда ва аз ин иќдом даст намекашем. - Њоло мавќеи худи Зайд Саидов дар ин маврид чї гуна аст?

ШАРЊИ ЊОЛ Мањмудљон Ќосимов 5 июли соли 1963 таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон аст. Фаъолияти мењнатиашро соли 1985 аз вазифаи ёвари прокурори ноњияи Роњи оњан (Шоњмансур) ва ёвари калони прокурори вилояти Кўлоб оѓоз кардааст. Аз соли 1991 то 1993 - мутахассиси калони Кумитаи назоратии назди президенти Тољикистон, мушовир - мутахассиси калони Кумитаи сохтмони Шўрои Олии Тољикистон; Аз соли 1993 то 2003 - муовин сардор ва сипас сардори Раёсати ташкили назорати гумруки Кумитаи андози Тољикистон, сарвари Раёсати гумруки минтаќавии шањри Душанбе, муовини раиси Кумитаи андози назди њукумати Тољикистон, муовини вазир - сардори Департаменти гумруки вазорати даромадњо ва пардохтњои Тољикистон; Аз соли 2002 то 2006 - муовини аввали вазири мењнат ва њифзи иљтимоии Тољикистон; Аз соли 2006 то 2007 - узви Шўрои мудирон, сарвари Раёсати таъминоти њуќуќї, амниятт ва фанноварињои љадид, муовини раиси Шўрои директорони ЉШС «Тољиксодиротбонк», њамзамон мушовири иљтимоии UNICEF; Аз соли 2008 то соли равон - коршиноси масоили њуќуќии тарњи Коммисияи Аврупо «Ислоњот ва модернсозии хадамоти гумруки Љумњурии Тољикистон», директори генералии ЉШС «Энергия А», њуќуќшиноси озод, сарвари Анљумани брокерњои гумруки Тољикистон, директори њуќуќии «Талко»; Њоло муовини раиси Гурўњи ташаббускори њизби «Тољикистони нав».

- Мо мавќеи он касро намедонем, чун иртиботи мустаќим надорем. Аммо њизб кори шахси алоњида нест. Кори гурўњ аст ва дар он љо ѓоя, аќида ва барнома муњим аст. Агар касе гумон дорад, бо ба њабс кашидани Зайд ва ё тањти фишору тарс ќарор додан њизбро аз байн мебарад, хато мекунад. Баъд аз он ки Зайд барои аќидаву ормон ва њадафаш дастгир шуд, даст кашидан аз ташкили њизб хиёнат ба шахсияти ў њам њаст. Аз тарафи дигар, њар рўз аз манотиќи мухталифи кишвар ба мо мурољиат карда, аз нияти пайвастшавї бо мо хабар медињанд. - Кумитаи дифоъ аз њуќуќњои конститусионии Зайд Саид ба чї кор машѓул аст? Бо созмонњои њомии њуќуќи дохилї ва байналмилалї ќазияи мазкурро дар миён гузоштаед? - Корњои Кумита хуб пеш мераванд. Барќарории алоќа бо созмонњои њомии њуќуќ аз самтњои умдаи кори ин кумита аст. Гурўњњои мухталиф аз кишварњои хориљї хоњиш карданд, ки узви ин кумита бишаванд. Нафарону созмонњои зиёде изњори омодагї карданд, ки иртиботро бо созмонњо ва сафоратњои хориљї барќарор кунанд ва кўмак расонанд. Мо бо кўмаки онњо бо чандин намояндагињои ин созмонњо дар Душанбе мулоќот кардем. Аъзои ин гурўњњо, њатто, бо намояндагони маќомоти расмии кишварњое, ки дар он љо ба сар мебаранд, масъаларо дар миён гузоштаанд ва бархе аз кишварњои урупої изњори омодагї кардаанд, ки дар парлумонњои худ онро мавриди арзёбї ќарор хоњанд дод. Аз бархе аз ин кишварњо ба мо мурољиат карданд ва мо асноди мавриди назари онњоро барояшон фиристодем. Масъулини бархе аз сафоратњои хориљї гуфтанд, бояд фурсате дода шавад, ки асли ќазияро тањќиќ намоянд ва барои худ маълум созанд, ки то чї њад иртибот ба сиёсат дорад. Баъди омўзиши маводи дастрасшуда баъзе аз онњо изњор доштанд, ки боздошти Зайд Саидов ангезаи сиёсї дорад. Як гурўњ њамватанони мо, ки дар хориљ аз Тољикистон њамчун адвокат фаъолият мекунанд ва асосан бо созмонњои байналмилалии оид ба њуќуќи инсон њамкорї доранд, пас аз нашри мурољиатњои гуногун дар мавриди ќазияи Зайд Саид бо мо дар тамос шуда, пешнињод карданд, ки нусхањои оригиналии ин мурољиатномањоро бифиристем.Онњо њуљљатњои мазкурро тарљума карда, ба ќазовати ин созмонњо пешнињод намудаанд. Дар самтњои дигар низ фаъолияти Кумита рўз аз рўз таќвият меёбад. Табъу нашри маводњо бахшида ба шахсияти Зайд Саид дар назар аст. Барои гузаронидани роњпаймоиву гирдињамоињо омодагї мегирем. Пешнињоди иддае аз њамватанон аз хусуси љамъовариву ифшои њама гуна маълумот, аз хусуси онњое, ки соњиби ќудрати маъмурианду мекўшанд Зайду ў барин нафарњои мардумпарвару миллатдўстро миёни мардум фасодзадаву љинояткор муаррифї кунанд, дастгирї кардем. Мардумони зиёде даъват доранд бо истифода аз фурсат аз хусуси он ки соњибмансабу сармоядорони кишвар кињоянд ва чї гуна ин маќому мартабаро соњиб шудаанд, иншооту корхонањоро кї ва чї гуна хусусї кардаасту дар чї њоланд, касе чизе медонад, сабту пањн ку-

нем. Бо ин маќсад таъсиси як шабака ва хазинаи иттилоотии марбутаро лозим донистем. Инчунин, мутахассисон дар риштањои њуќуќ, андоз, молия ва дигари фаъолият аз дохил ва беруни кишвар љињати анљом додани тањлилу ташхиси љамъиятии њамаи пањлуњои айбномањои Зайд Саид, ки бо риояи муќаррароти ќонун дастрас мешаванд, љалб шудаанд. Дар навбати худ, мутахассисони варзида ба тањлили вазъи воќеии иќтисодии кишвар ва омилњое, ки аксуламали шадиди маќомот ба фаъолият ва иќдоми Зайд Саидро имконпазир гардонидаанд, машѓуланд... - Албатта, тасмими таъсиси њизби сиёсї ва он њам аз љониби афроде мисли Зайд Саидов ва худи шумо, ки собиќаи кор дар њукумати Тољикистонро аз рўи њавову њавас сурат намегирад. Бо онки шумо эълом доштед, ки њизби марказгаро њастед, ќасд доред аз тариќи таъсир расонидан дар кори парлумон шароити кору зиндагии шањрвандонро бењбуд бахшед, вале боз њам кадом омилњое боис шуданд ва ё тањрик доданд ба чунин иќдом? - Дуруст зикр кардед, ки омилњои хос тањрик медињанд, ки барнома ва ё наќшаи доштаатонро ба иљро бигзоред. Дар сўњбатњое, ки бо Зайд ќабл аз ташкили њизб доштам, ў гуфт, ки чанд омил тасмими ўро дар ин маврид ќотеъ кардааст. Муњимтарин он аст, ки чандин пешнињоди ў ва аъзои Шўрои њамоњангсози ассотсиатсияњои соњибкорон љињати ислоњот ба Ќонуни андоз, аслан, ба эътибор гирифта нашудаанд. Вай гуфт, ки соњибкорон ваќте ўро ба ин маќом интихоб карданд, умед доштанд, ки бо истифода аз манзалат ва эътиборе, ки дар назди роњбарият дорам, њадди аќал, аз 1000 таклифу дархост барои ислоњи Ќонуни андоз ќисме аз онњо ќабул мешавад. Аммо чун ин кор сурат нагирифт ,онњо ноумед шуданд ва ман њам дар назди онњо хиљолатзада гаштам. Ин њама барои Зайд, дарвоќеъ, як зарбаи сахт буд ва ў дигар мутмаин шуд, ки њамчунин наќшањоро танњо аз тариќи њизб ва ширкат дар сањнаи сиёсї метавон амалї кард. Ман барои он дар ин бобат батафсил сўњбат кардам, ки баъзењо дар ташкили ин њизб наќши омилњои хориљиро љустанї мешаванд, ки бовар кунед, нодуруст аст ва њар он чї ки њаст, дар њамин дарун аст. - Аммо њама чиз баръакс шуд ва бо эълони ташкили њизб фишороварї сар шуд ва кор то ба љое кашид, ки аќли солим интизорашро надошт... - Бале. Баъд аз ду рўзи эълони ташкили њизб фишорњо ба шиддат шурўъ шуданд. Дар аввалин душанбеи баъди эълон ќасди доир кардани љаласаи Гурўњи ташаббускорро доштем. Аз ваќти муќарраршуда як соату ним бештар сипарї шуд. Аммо аз Зайд дарак набуд. Нињоят омад. Табъаш сахт хира буд. Ўро ба КДАМ даъват карда будаанд. Гуфт, бародарњо, пинњон карда наметавонам, маро барои њамин ташаббусамон ( ташкили њизб) ба Кумитаи давлатии амнияти миллї даъват карданд. Ва афзуд, ки "ман аз нигоњњои суоломези шумо пай мебарам, ки чї пурсидан мехоњед. Ман пеш аз эълони ин кор ду маротиба аз назди инњо гузашта будам. Аз љумла, аз назди њамин амният. Ва онњо сар љунбонида, тасдиќ


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

њам карда буданд. Њадди аќал, мухолиф набуданд. Вале як чизро гуфтаанд, ки бояд бо Калон машварат кард. Зайд дар љавоб мегўяд, ки омода аст барои њамчунин сўњбат, аммо таъкид менамояд, ки њадафаш танњо хидмат кардан ба ватан ва мардум аст ва ин корро бо самимият ва содиќона иљро хоњад кард. Гуфт, дар он љое, ки даъваташ карданд, вокуниш бисёр сангин ва сахт буд ва њатто, тањдид њам кардаанд. Афзуд, ки бародарњо, ин љо масъалаи амнияти танњо хонаводаи ман нест аз шумо њам дар миён њаст. Ба ў пешнињод шудааст, ки дар ин кор ( таъсиси њизб) таваќќуф намояд, то интихоботи президентї ва то тамом шудани сол. Гуфт, биёед, дар мавриди ин пешнињод маслињат карда, сари як ќароре оем. Дигарњо њайрон шуданд, аммо ман гуфтам, ки не, чун дигар мо эълон кардаем ва аз дигар љониб, мо ягон кори баде карданї нестем. Ва њамин шуду боз ба кори худ идома додем. - Боз кадом маќомот Зайд Саидро дар ин марњила даъват карда буданд? - Рўзи дигар њамкораш Фаррух Муњиддинов, ки бо Њасан Асадуллозода пайванди хешї дорад, аз номи "Оила" пайѓом меоварад, ки бояд аз ин иќдом даст кашад. Зеро дар "Оила" дар ин робита як машварат шудааст ва дар ин машварат Зоир (яке аз домодњо) инони сўњбатро дар даст доштааст ва ў "пайѓом" фиристодааст, ки ин кор (њизб)-ро накунад. Маслињат ва пешнињод не, балки тањдид, ки даст кашад. Зайд гуфт, ки шеваи "пайѓом" бисёр сахташ расидааст ва посух додааст, ки ман он нафаре нестам, ки онњо гумон кунанд, ки бо ин гуна тањдидњо ба ман фишор оваранд. Ва љавоб мегўяд, "њарчи аз дасташон ояд, иљро кунанд". Ёдатон бошад, дар рўзи нишасти матбуотии ќабл аз сафар ба Фаронса як нафар аз сардорони милисаи яке аз ноњияњо ўро гирифта, назди сардори милисаи пойтахт мебарад. Сўњбат бе ягон фишор доир мешавад. Аммо ин љо њадаф он буда, ки худи Зайд дар нишасти матбуотї њузур надошта бошад. Ва нињоят Мањмадсаид Убайдуллоев њам бо ў сўњбат мекунад ва мегўяд, ки аз ин кор даст кашад. "Барои ту ин корњо даркор нест", гуфтааст шањрдори Душанбе. Зайд ба ў посух медињад, ки то љое рафт, ки дигар пас гашта наметавонад. Ин мулоќот њам дар рўзи баргузории љаласаи идонаи бахшида ба 40-умин солгарди таъсисёбии ЊНИТ буд ва тахмин, чанд лањза пеш аз ин маљлис шањрдор ўро даъват мекунад ва љойи ў дар ин љаласа ман иштирок доштам. - Вале як масъалаи дигар, ки боиси тааљљуб ва њайронист. Чаро ўро ќабл аз сафар ба хориља дастгир накарданд? - Ваќте Зайд Саидов ба Фаронса рафт, дарвоќеъ, кадом монеа набуд. Аммо баъди берун шудан аз ќаламрави кишвар пушти њам се изњороти зидду наќзи Ољонсии мубориза бо фасод нисбат ба ў пахш шуд. Баъзе аз маќомот ошкоро ба тањдид гузаштанд: - Ин мекунем, он мекунем. Баъзе аз онњо бо ман мулоќотњо доир карданд. Ду нафар аз масъулони ВКД назди ман омаданд. Маро боз ба идораи амният даъват карданд.

Ман гуфтам, маќсад чї аст? Мегуфтанд, ки бояд дар ташкили њизб таваќќуф кард, зеро ќуввањое њастанд, ки метавонанд аз ин истифода кунанд. Бубинед, ваќте тањлилгарњову коршиносон як нафар, ду ва ё дањ нафар тањлил мекунанду аз ин ќабил њарфњо мезананд, гапи дигар аст, вале ваќте афроде, ки дар маќомот масъулу муваззаф њастанд ва маош мегиранд ва њарфи онњо табиист, ки ќурби бештар дорад, ошкоро мегўянд, ки мо бештар ва бењтар медонем, ки чї хатарњо вуљуд дорад, кї ва чињо ба давлат тањдид мекунанд, албатта, гапи дигар аст. Мо гуфтем, хуб, як бор гуфтед, ду, панљ ва дањ бор гуфтед, фањмидем. Агар њамин фаъолияти мо омиле шавад, ки вазъи љомеа ва давлатро хароб кунад, мо - гурўњи ташаббускори таъсиси њизб љамъ мешавем, маслињат мекунем, ки биёед, дар њамин маќтаи замон ва ё марњала ба ин кор моратория эълон мекунем. Пурсидам, ки хуб, ин таваќќуф то кадом ваќт хоњад буд? Гуфтанд, ки то баргузории интихобот. Вале боз њарфи худро иваз карда гуфтанд, ки замонашро нагўед, яъне ибораи то интихоботро њам зикр накунед. Гуфтам, хуб, бошад, мо ин масоилро баррасї мекунем. Лекин дафъатан таъкид кардам, ин маънои онро надорад, ки мо аз ин иќдом комилан даст мекашем. Изофа кардам, ки мо ба корњо идома медињем, вале аз фаъолияти густурда канор меравем, то ба назари он ќуввањое, ки шумо мегўед, намудор набошад. Зимни ин вохўрї пурсидам, ки шумо чї далели айбдоркунанда нисбати Зайд Саид доред? Онњо гуфтанд, ки аслан, ягон чизе њам нест. Ман гуфтам, ки њуќуќшинос њастам ва ба хотири эњтироми касби худам аз шумо пурсида истодаам ва ин мавзўи муомила њам буда наметавонад, ки агар ки кадом љинояте дар миён бошад. Њатто, мавзўи бањс њам буда наметавонад, на танњо муомила. Гуфтам, пас, ин чанд изњороту айбмонињо чї маъно дорад? Гуфтанд, ки ин танњо нишонаи бемасъулиятї ва ѓайрикасбї будан аст. Гуфтам, пас, чаро намегузоред, ки ў биёяд назди фарзандонаш. - Яъне маќомот намонда буданд, ки баргардад? - Ваќте ин гуна иттињомотро ба воситаи расонањо эълон карданд, ин ба он маъно буд, ки вай љиноят содир кардааст ва агар бозгардад, дастгир мешавад. Парванда кушодану эълон кардан чї маъно дошт ? Њатто, як бор аз хориља занг заду гуфт, ки маро тањдид доранд, ки мо туро мањкам мекунем. Гуфт, аз манбаъњои боэътимод маълумот мерасад, ки ўро зиндон мекунанд. Ман ин њарфњоро дар назар дошта, бори дигар пурсидам, ки агар ки бозгардад, шумо ўро гирифтори ягон бало намекунед? Ба њар њисоб, ба онњо гуфтам, ки бо роњбариятатон маслињат кунед ва агар моро мутмаин созед, бархўрд бо Зайд бар тибќи ќонун сурат мегирад, ў бармегарад ва мо худи он рўз љамъ мешавем ва эълон медорем муваќќатан аз ташкили њизб даст мекашем. Розї шуданд. Ман аъзои гурўњи тадорукотро даъват кардам. Онњо њам ба ин фикр мамониат накарданд. Ба Зайд занг зада, њамаи мољаро ва мулоќоту музокирањо бо намояндагони ин ду маќомотро њикоят кардам. Гуфт, "агар ак-

сарият розї бошанд, ман њам бо раъйи аксарият мувофиќам". Сипас, як одами дигари хеле баландмаќом омад. Ба ў гуфтам, ки бояд ин музокирот ва кафолати иљрои онро як маќоми муайян бар дўш бигирад. Ў гуфт, ин маќом ВКД аст. Ин дидору музокироту мулоќотњо яку ним рўз то бозгашти Зайд Саид ба Душанбе иттифоќ афтода буд. Ба ин нафари баландмаќом гуфтам, ки бираваду даќиќ кунад, ки масъул кї шудааст ва амнияти ўро кї бар дўш гирифтааст. Субњи дигар гуфтанд, ки масъул ВКД аст. Гуфтам парвози ў шабона аст, шаб, ки меояд, куљо бояд равад? Гуфт, шаб куљо меравад? Хонааш равад, истироњат кунад. Агар пагоњаш (чун шанбе буд) лозим донад, меояд бо вазир як маслињат мекунаду меравад. Ман њоло ягон рўз ором нестам, ки чаро ин тавр шуд. Ягон зарра ором нестам, ки маро њамчун "наживка" истифода бурданд. То рўзе, ки Худованд ба ман умр додаст, ин суол, ин мушкил барои ман боќї мемонад ва маро азоб медињад. Худо мегўям, ки фарљоми ин кор нек бошад, то зиндаву саломат аз он љо берун ояд... Бори охир 20 даќиќа ќабл аз парвоз ба Ватан аз Франкфурт ба ман занг зад. Гуфт, аз чањор манбаъ, ки њамаи онњо боэътимоданд, ба алоќа баромада гуфтаанд, ки наё, ки мањкамат мекунанд. Ман гуфтам, дар ин сурат чизе гуфта наметавонам, аммо ВКД ба гардан гирифтааст. Гуфтам, биё, як бори дигар занг занам. Дар посух гуфт, ки яке аз манобеъ аз он љоест, ки шумо гуфтед. Вале Худову ростї, бояд як чизро ќайд кунам, ки чанд рўз пештар дар як тамоси телефонї гуфтам, ки Зайд сахтат нарасад, шояд, он љо чанд рўз бимонї.Оњанги гапзаниаш тамоман таѓйир ёфт. Мисле, ки ранљид. Гуфт, барои чї? Гуфтам, шояд, њамин бењтар бошад, чун вазъиятро бештар санљем. Хуб, гуфту бо њамин телефонро ќатъ кард. Ман дарк кардам, ки аз ин њарфњои ман сахт нороњат шуд. - Вале њамчунин сару садоњое њам њаст, ки њадафи ин њама мољаро ѓасби тиљорати Зайд Саидов аст. - Шояд....вале даќиќ намедонам. Аммо ин љо чанд омили дигар њам њаст. Якум, бо њар ќимате пеши роњи ин ташаббусро(ташкили њизб) гирифтан ва дувум, бо ин васила бори дигар мардумро тарсонидан аст. Бубинед, ваќте гурўњи тафтишотии мураккаб аз нињодњои интизомї созмон ёфта, як маъракаи васеи сияњсозї ба роњ монда мешавад ва амалиёти хонакобиву бозрасии такрории корхонањо ва даъвати бастагонаш ба идороти амниятиву

«

Аммо ин љо њадаф он буда, ки худи Зайд дар нишасти матбуотї њузур надошта бошад. Ва нињоят Мањмадсаид Убайдуллоев њам бо ў сўњбат мекунад ва мегўяд, ки аз ин кор даст кашад. "Барои ту ин корњо даркор нест", гуфтааст шањрдори Душанбе. Зайд ба ў посух медињад, ки то љое рафт, ки дигар пас гашта наметавонад. Ин мулоќот њам дар рўзи баргузории љаласаи идонаи бахшида ба 40-умин солгарди таъсисёбии ЊНИТ буд ва тахмин, чанд лањза пеш аз ин маљлис шањрдор ўро даъват мекунад ва љойи ў дар ин љаласа ман иштирок доштам.

«

интизомї баргузор мегардад, пас, маълум аст, ки њадаф ва бархўрд супоришї ва љиддї аст. Чизи муќаррарї нест ва гап ин љо танњо аз тарсонидан иборат нест. Зайд оќибати кори худ ва муносибат бо ин иќдоми худро хуб медонист. Аммо вай њељ њадафи дигар ба љуз аз он ки битавонад аз тариќи сиёсат баъзе сабукињоро ба иќтисодиёт оварад, надошт. - Яъне дарвоќеъ, гумон карданд ва шак намуданд, ки иќдоми Зайд Саид аз хориља аст? - Ин љо, њатто, мисле ки "маълумот" гирифта бошанд, ки тољирони тољики муќими Русия ба љамъоварии маблаѓ шурўъ кардаанд. Барои дастгирии ин њизби тозатаъсис. Ва ин

3

маблаѓ, мисле ки 20 миллион доллар шуда бошад. Азбаски Зайд Саид бо Русия тиљорат дорад, гумон карданд, шояд, дар пушташ Кремлин истодааст. Барои чї Шўрои њамоњангсозии ассотсиатсияњои тољиронро, ки роњбариашро Зайд бар ўњда дошт, комилан аз байн бурданд? Чаро иваз накарданд, роњбари онро? Гумон карданд, ки тољирони узви ин Шўро, ки пул доранд, ба сиёсат таъсир мерасонанд. Ин њарфњо ќабл аз сафари Зайд ба хориља буд ва аз ў дурустии ин шакку гумонњои маќомотро, ки боиси тарсу њарос шудааст, пурсидам. Ў аз ман суол кард, ки "шумо бовар доред, тољикњои мо барои њамчунин кор пул љамъ намоянд?". Гуфт, одами боаќл, ки миллати худашро наѓз медонад, бовар карда метавонад, ки тољик пул барои ин корњо љамъ кунад? Ба таъкид гуфт, ки ин гапњо тўњмати мањзанд. - Аммо аз ин гуна њарфњову иттињомоти бепоя нисбати Зайд Саид дар расонањои расмї зиёд буд. Њатто, овозањое дар бораи иртибот бо овозхон Нозияи Кароматулло њам пахш шуданд. - Рости гап, ман низ ин овозаро шунидам ва нороњат шудам, чун бо Кароматулло ањди бародарї доштем ва фарзандонашро бароям фарзанд медонам. Дар яке аз сўњбатњои то сафараш ба Фаронса Зайд гуфт, ки маќомот аз ў, њатто, њамин овозаро њам суол кардаанд. Гуфт, ман чизеро аз шумо пинњон надоштаам. Гуфт, њарчанд ин иќдоми мо бо нияти нек ва хайр аст, аммо хатар њам дорад ва Худо мезанад, ки дар ин роњ ман чизеро аз шумо пинњон дорам. Сипас, њикоя кард, ки ваќте "Гулистон тур" кушода мешуд, Нозия њамроњи модараш омада, хоњиш мекунад, ки ќабати аввали ин биноро барояш иљора дињад. Посухи рад мешунавад ва нороњат бармегардад. Ин аввалин ва охирин мулоќоти Зайд бо Нозия будааст ва баќияи њарфњо дар ин хусус тўњматанд. - Њоло фикратон чї аст? Он корњои хайру љавонмардие Зайд анљом дод, мисли харидории сањмияњои Роѓун харид ва ё сохтани чандин манзили зист барои селзадањои кўлобї, ки як навъ дастгирии сиёсат ва хоњишњои президент буд, ба њангоми мурофиаи додгоњ ба назар гирифта мешаванд? - Агар он корњои хайре, ки ў анљом дод, ба назар мегирифтанд, ўро бо он вазъи саломатие, ки дорад, бемориаш хуруљ кардааст, одаме, ки худаш бо пои худаш аз хориља омадааст, гирифтори ин ќадар мањрумиятњо намекарданд. Ва додгоњ њам тарањњуме нахоњад кард. Агар аз ин корњо сад маротиба бештар њам буд, ба назар намегирифтанд. Гуфти русњо, "надо быть реалистом". Чунки касе ин низомро шинохтааст, ба ин гуна њарфњо бовар намекунад. Њоло дар бораи сулњу модели намунавии сулњи тољикон ва аз ин ќабил њарфњо мезананд. Аммо бо коре, ки нисбати Зайд карданд, исбот намуданд, ки њељ ваќт онњо сулњ карда наметавонистанд.Чунки ваќте ин ќадар зулму золимї ва берањмиро нисбати ин одам раво диданд, мутмаин бошед, ки ин хел ќувва, ин хел гурўњ ва ин хел нафарњо сулњ намекунанд. Ва ин ки, бархењо даст ба сина зада, аз модели тољикии сулњ гап мезананд, рисола менависанд, дурўѓ аст, њамааш дурўѓ аст. Чизе нест. Он чї ки нисбати Зайд Саид карданд, намунаи рўшан ва ошкорои оќибати њамон сулње аст, ки дар борааш мегўянд. Ба умеди додгоњ њам нестем. Вале як чизаш њаст, ки ќазияи ба сари Зайд омада на танњо љомеаи кишварро такони љиддие доду чењраи воќеии ин њукуматро бишиносонд, њамчунин, бархе аз ин созмонњои байналмилалї њам тасдиќ карданд, ки давоми 15-20 сол ягон бор ин гуна далеле надоштаанд, ки бо истифода аз он ќотеъона бигўянд, дар ин кишвар ин ќадар зулму золимї љористу ин ќадар бадбахтиву азобу зиллат ва хориро мардум мутањаммил мешавад. - Аммо дар баъзе аз навиштањои фармоишї ишорањое аз иртиботи Зайд Саид бо ЊНИТ мерафт. Яъне чунин гумонњое њам будаанд ва аз сўи дигар, гўё чунин њарфњое њам будааст, ки Зайд Саид имкон дорад, њамон "номзади воњид"-и интихоботи ќарибулвуќўи президентии Тољикистон аз љониби ањзоби мухолиф бошад. Ба ин чї мегўед? - Пештар гуфтам, ки бахшида ба 40-солагии таъсиси ЊНИТ аз минбари љаласаи љашнї ман ба њайси муовини Гурўњи ташаббускори "Тољикистони нав" суханронї кардам. Якумин

12


4

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

ТОЉИКИСТОНИЁН ШАРЊИ ТАФСОН ЧАРО ТОЉИКИСТОН БА КРЕМЛ БЕЭЪТИМОД ШУД?

«САМТИ АСОСИИ ЊУЉУМИ МУХОЛИФОНИ ЊУКУМАТИ ТОЉИКИСТОН»

СТРАТЕГИЯИ ЃАЙРИХУШУНАТ, Ё ЭЪТИЛОФ БО ЊУКУМАТ? Баъди изњори назари Муњиддин Кабирї, раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистон дар мавриди эњтимолияти пуштибонии њизб аз номзадии Эмомалї Рањмон дар интихоботи ќарибулвуќўъи президентї, имрўз Эътилоф барои демократия ва љомеаи шањрвандї дар Тољикистон бо номи "Ѓайрихушунат чист?" назарияи тањлилиро ба воситањои ахбор ироа намуд. Њамчуноне аз номаш пайдост, аъзои ин Эътилоф њоло бар ин назаранд, ки бидуни роњ додан ба хушунат ва зўроварї вариди корзори интихоботї мешаванд. Албатта, чун ин як назария аст ва иттињод мехоњад дар љараёни фаъолияташ аз он кор гирад, мо низ њама бахшњои онро такрор намекунем. Зеро аз назария то амалия роњ наздик нест ва иттињоди ёдшударо лозим меояд хеле ботањаммул бошад, ки ба хушунат роњ надињад. Ин боз дар њолест, ки намоишњои арафа ва рўзњои љашни Вањдат, ки аз шабакањои телевизиони давлатї пахш гардид, таконе њам буда метавонанд, ки мардуми тањќиршуда ба кўчањо резанд. Вале чаро ва барои чї? Барои он ки њамин зиндагии нимсери худро њам паси панљара аз даст

дињанд ва таќдири фарзандони ноболиѓи худро ба Худо њавола созанд? Ин љониб њарчанд назариябозии Иттињоди ёдшударо аз ин паёмаш хондам, боз њам ба зењнам намоад, ки магар дар Тољикистони имрўз нерўе ё гурўње вуљуд дорад, ки майдоннишинї кунад ва дар хиёбонњои шањр тазоњурот намояд? Чї ба даст меояд аз ин? Њељ! Ва яќинан њељ! Ва ин ду сабаб дорад. Аввал он аст, ки барномањои ягон њизб, аз љумла њизби њоким аз пуштибонии комили мардум ё њаддиаќал ниме аз сокинони кишвар бархўрдор нест. Ба оморњои расмї наметавон бовар кард, чун дар кишвар пурсиши барномавии алтернативии ин ё он созмони мустаъќил зарфи як дањсолаи охир роњандозї нашудааст, ки њаддиаќал тавонем ин дуро бо њам ќиёс намоем. Ва дуюм, мардум саросар тарс аз он доранд, ки шитоб ба майдон онњоро аз њамин ним бурда нон њам мањрум месозад. Ва боз: силоњи таблиѓотии њукумат, ки "шукр бояд кард", вагарна соли 1992 такрор мешавад ва онро њатман њамин њизбњо такрор хоњанд кард, њанўз дар зењнњо кунд нашудааст. Ин боз дар њолест, ки њуш-

дорњо пайваста ва шому субњу сањар, тўли 24 соат аз ин ё он шабака садо медињанд ва мардумро фурсат намедињанд аз димоѓашонро аз бўи борути солњои 1992-1997 дур гиранд. Њарчанд бархе гуфтанд Муњиддин Кабирї ба Эмомалї Рањмон ултиматум монд, ки агар ба шартњои паймони соли 1997 содиќ монда бошад, аз ў дар интихобот пуштибонї мекунад. Њама медонанд, ки паймони соли 1997 аз њукумат чиро талаб мекард ва ба ЊНИТ чї дод. Вале иддае боз њам ќоил ба сиёсатмадории Муњиддин Кабирї шуданд, ки воќеъиятро хуб дарк мекунад ва њарчанд наѓз њам медонад, ки пойбандї ба арзишњои демократї хостан суханбозие беш нест, вале боз мегўяд агар чунину чунон шавад, њизбаш аз номзадии Эмомалї Рањмон пуштибонї хоњад кард. Муњиддин Кабирї медонад, ки овозњои ба ў додаро њам намешавад њисоб кард. Система он гуна аст, ки на метавон пирўз омад ва на метавон донист, ки чї миќдор овоз дорї ва љонибдоронат кињоянд. Фирўзи МУЊАММАД

Тањлилгари масоили сиёсї Ќосими Бекмуњаммад мегўяд, назари Андрей Грозин дар мавриди беэътимодии маќомоти Кремл ба роњбарияти Тољикистон њарфи тозае нест ва бо наздик шудани интихоботи президентї дар Тољикистон, расонањо ва коршиносони рус мавќеи шадидтар хоњанд дошт^ - Андрей Грозин ва дигар коршиносони наздик ба сохторњои расмии Русия, маъмулан, бо чунин ибрози назар ба дунболи дар масири манофеи миллии Русия ќарор додани афкори умумии минтаќа ва аз љумла, Тољикистон њастанд. Бахусус, бо таваљљуњ ба наздик шудани интихоботи раёсати Љумњурии Тољикистон, эњтимолан, шоњиди шиддати бештар пайдо кардани мавзеъгирињои манфии коршиносон ва расонањои русї хоњем шуд. Њадафи онњо бо камтарин њазина ба даст овардани њадди аксари имтиёз аз сўи Тољикистон аст. Аммо, ба истилоњ, сика ё худ медал рўи дигар њам дорад. Метавон дар муќобили назари Андрей Грозин ин суолро матрањ кард, ки чаро Тољикистон ба маќомоти Русия беэътимод шудааст? Посухи ин суол барои русњо хеле аз чизњоро равшан хоњад кард. Пеш аз њама дарк хоњанд намуд, ки бо вуљуди њама гуна мушкилот ва бархе аз вобастагињои мустаќим аз Русия, бавижа, њузури беш аз якуниммиллонии муњољирони корї дигар Маскав ќодир ба яккатозї дар майдони бо номи "Тољикистон" нест. Ин љо масъала фаќат марбут ва мањдуд ба муносиботи миёни нухбагони њокими ду кишвар нест, балки хеле фаротар аз он аст. Мардум дигар камубеш сиёњу сафедро фарќ мекунанд. Дар асри 21 будан, бо асри 20 зистан дигар имкон надорад. Њарчи зудтар фањмидани ин масъала пеш аз њама ба нафъи ду љониб аст. Ќаблан Андрей Грозин, роњбари шўъбаи Осиёи Миёна ва Ќазоќистони Пажўњишгоњи Иттињоди Давлатњои Мустаќил, ба расонањо гуфта буд, ки новобаста ба тасвиб шудан ё нашудани Созишномаи пойгоњи низомии 201-уми Русия ё масоили марбут ба сохтмони Неругоњи барќї-обии "Роѓун", њукумати феълии Тољикистон дигар наметавонад аз љониби Русия ба њайси шарики боэътимод шинохта шавад. Вай ин нуктаро дар робита ба саволи хабарнигорон дар мавриди дастгирии Эмомалї Рањмон дар интихоботи соли љорї аз сўи Кремл изњор кард. Вай гуфтааст, маблаѓгузорињои Ѓарб ба соњањои гуногуни Тољикистон сиёсатмадорњои русгарои Њукумати Тољикистонро аз њошия дур карда, роњбарияти кишвар бештар мавќеи зиддирусї касб кардааст.

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

МАРЯМБОНУИ ФАРЃОНЇ

Аз љумлаи касонест, ки бо зинањои журналистика по ба арсаи адабиёт гузоштаанд. То ин ки сазовори љоизаи адабии ба номи устод Айнї шавад, роњи 36-солаи насрро тай кардааст. Марямбонуи Фарѓонї (Марям Эшонљонова) 11-уми ноябри соли 1956 дар дењаи Ровони ноњияи Сўхи вилояти

Фарѓона ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тољики Донишкадаи омўзгории ба номи Садриддин Айнии Самарќанд дохил шуда, онро соли 1977 хатм намудааст. Фаъолияти мењнатии худро чун омўзгори забон ва адабиёти тољик оѓоз кардааст. Нахустин чакидањои хомааш њамон солњо дар нашрияњои "Њаёти нав" (њоло "Садои Сўх") ва "Њаќиќати Ўзбекистон" (њоло "Овози тољик") рўйи чопро дидаанд. Солњое, ки омўзгори мактаб буд, бо њамдастии эљодкорони ноњияи Сўх ба рўйи кор омадани мањфили адабии "Худафрўз" муваффаќ шудааст, ки ОН то њол фаъол мебошад. Охирњои соли 1984 ба Душанбе омадааст. Чанд соли аввал ба сифати методисти калони Маркази методии Вазорати маориф кор карда, аз соли 1989 љиддан ба кори рўзноманигорї гузаштааст ва тўли ин муддат дар рўзномаву маљаллањои "Паёми Душанбе", "Садои мардум", "Адабиёт ва санъат", "Фирўза" ва

"Истиќбол", инчунин бахши тољикии родиёи ЉИИ "Садои Хуросон" фаъолият кардааст. Њоло корманди њафтаномаи "Омўзгор" мебошад. Соли 1992 ба узвияти Иттињоди журналистони Тољикистон пазируфта шудааст ва соли 1996 аъзои Иттифоќи Нависандагони Тољикистон шудааст. Соли 1996 барои китоби нахустинаш "Афсонаи тамаддун", ки дар нашриёти "Пайк" чоп шуда буд, ба дарёфти љоизаи байналмилалии Борис Пастернак мушарраф шудааст, Дањ сол баъд (соли 2006) љоизаи "Нишони сухан"-ро сазовор гаштааст. Ва инак, имсол барои маљмўаи охиринаш "Шањболи хаёл", ки асосан ќиссау њикояњои солњи охир эљодкардаашро дар бар мегирад ва он соли 2011 дар нашрияти "Адиб" интишор ёфтааст, сазовори љоизаи адабии ба номи Садриддин Айнї гардид. Оиладор аст, соњиби ду духтар ва шаш набера мебошад. Њар дуи духтарони Марямбону соњиби маълумоти олї

мебошанд ва дар соњаи журналистика фаъолият мекунанд. Духтари худии Марямбону хабарнигори "Азия-плюс" буда, бо ду забон хабару гузориш таълиф мекунад. Осори интишорёфтаи Марямбонуи Фарѓонї: 1. "Афсонаи тамаддун" (нашриёти "Пайк", соли 1995) - маљмўаи ќиссаву њикояњо. 2. "Њадиси Риштон" (нашриёти "Нодир"), соли 2000 - маљмўаи ќиссаву њикояњо. 3. "Хуморшикан" (нашриёти "Адиб"), соли 2004 - маљмўаи ќиссаву њикояњо. 4. "Чањор ќисса" (нашриёти "Деваштич"), соли 2006 - маљмўаи ќиссањо. 5. "Исои ман шав" (нашриёти "Эрграф"), соли 2006 - маљмўаи ашъор. 6. "Нури ахтарпорањо", (нашриёти "Адиб"), соли 2011 - маљмўаи ашъор. 7. "Шањболи хаёл", (нашриёти "Адиб"), соли 2011 - маљмўаи ќиссаву њикояњо. Намунањои осори назмиву насрии зиёдаш дар маљмўањои дастљамъї низ чоп шудаанд.


ПРЕЗИДЕНТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

5

ОБИ САРЕЗ БА КУВАЙТ Оё Тољикистон метавонад оби нўшокї содир кунад? 24 - уми июн дар шањри Кувайт президент Эмомалї Рањмон зимни суханронї дар Форуми соњибкорони Тољикистону Кувайт изњор дошт, ки "мо об дорем, шумо нафт доред. Дар ин сурат барои таъмини њамдигар метавонем њамкории хубе дошта бошем". Рўзи 25-уми июн дар мулоќоти президент бо Раиси Шўрои машваратии ширкати муштараки кувайтию шведсарии "MAI resources international" - Абдурањмон ал Авадњї њам пеш аз њама мавзўъњои вобаста ба таъмини Кувайт ва дигар кишварњои Халиљ бо оби поки нўшокї мавриди баррасї ќарор гирифт. Авадњї таваљљуњи ширкаташро ба захирањои оби ошомидании Тољикистон, аз љумла кўли Сарез баён намуд. Чун дар Кувайт дастрас намудани оби тоза аз Тољикистон матрањ шуд, метавон гуфт, ки Тољикистон воќеан содиркунандаи оби покизаи ошомиданї мешавад, дар њоле, ки ќисме аз мардумаш аз оби нўшокї танќисї мекашанд? Мутахассисон мегўянд, таъмини оби ошомиданї дар љумњурї масъалаи дигар

асту содироти он ба хориљ дигар. Ќодир Алиев, сардори Раёсати истифодабарии иншооти обёрии Вазорати обёрї ва захирањои об мегўяд, имконияте, ки Тољикистон барои содироти оби мусаффо дорад, дигар кишварњои минтаќа надоранд: - Имрўз он захирањои обї, ба монанди кўли Сарез ва Обанбори Бадахшон, ки дар кишвар арзи њастї доранд, шароитро барои интиќоли об ба дигар мамлакатњо мусоид сохтаанд. Сарчашмањои обии Тољикистон зери яху кўњњои осмонбўс њанўз нуњуфтааст, ки метавон онро тавассути ќубурњо собирот кард. 62 фисади сарчашмањои обии бањри Аралро оби Тољикистон ташкил медињад. Аз ин 62 миллиард метри кубї мо њамагї 17 миллиард метри кубї истифода мебарем. Пас дар ин њолат чаро Тољикистон натавонад содиркунандаи оби нўшокии мусаффо бошад? Дар Ќатар ва дигар кишварњои арабї, њатто Исроил оби нўшокї аз шарбати мева њам ќимматтар аст. Тољикистон барои содироти оби тоза ду пешнињод дорад: яке, коркарди об дар дохил ва тариќи зарфњо содир кардан ба хориља, дигаре, интиќол

бо ќубурњо. Аммо дар зарфњо интиќол додан кори љузъї бошад, содирот тариќи ќубурњо кулли кор аст. Дар гузашта як пешнињод дар мавриди аз кўли Сарез интиќол додани об тавассути дигар кишварњо ба Ќатар омода шуда, наќшаи умумї њам дошт. Пешнињоди мазкур, ки маблаѓгузории азимро дар бар мегирифт, то њол њалли худро наёфтааст. Ќодир Алиев мегўяд, интиќоли оби Сарез аз як љониб хавфи онро коњиш медињад, аз тарафи дигар давлатњои арабї бо оби тозаи ошомиданї таъмин мешуданду вазъи иќтисодии Тољикистон рушд меёфт: - Ин пешнињодро аввалин шуда Љумњурии Исломии Эрон љонибдорї кард ва њатто иљозат дод, ки ќубурњо аз дохили ин мамлакат гузарад, то давлатњои эњтиёљманди оби ошомиданї бо об таъмин гарданд. Давлати Ќатар агар аз уњдаи иљрои ин лоиња барояд, Тољикистон зид нест. Кишварњои арабї ќариб сарчашмаи оби нўшокї надоранд. Оби нўшокии онњо воридотї аст. Корхонањое њастанд, ки оби чоњњои амудиро ду маротиба коркард карда, баъдан дар зарфњо барои нўшидан

пешнињод мекунанд. Оби бањрро њам коркард мекунанд, вале се маротиба.

"Айби ќубурњо?" Ќодир Алиев дар бораи камбуди об дар Тољикистон мегўяд, ањолї зиёду шањру навоњї васеъ мешавад, ки дар навбати худ ин љараён оби зиёдтареро таќозо мекунад: - Айни замон дар минтаќањои гуногуни Тољикистон норасоии об вобаста аст ба ќубурњои харобшуда. Ин ќубурњо солњои 70-уми ќарни гузашта гузошта шуда, њоло аксаран аз истифода бозмондаанд. Дар Осиёи Марказї агар љумњурињои Ўзбакистон, Ќазоќистон ва Туркманистон обро асосан барои обёрии заминњои худ истифода баранд, барои Тољикистон ва Ќирѓизистон об манбаи тавлиди нерўи барќ аст. Њарчанд Тољикистон кишвари болооби минтаќа аст, вале аз захирањои об барои обёрии заминњои кишоварзї танњо 10 - 12 дар сади онро истифода мекунад. Умедљони САЪДУЛЛО

"ОМАД-ОМАДАТ ГАРДАМ..." Фаќат сафари президент масъулини Суѓдро аз "хоб" бедор мекунад?

Сафари президент кормандони њукумати вилоят ва шањри Хуљандро чанд рўз "љунбонд". Њукумати шањр ба ороиши мањаллоте машѓул буд, ки аз рўи наќша президент дидан намуд. Масалан, бинои зебои маркази шањрро, ки то сафари президент касе ба он ањмият намедод, чунон поку тоза карданд, ки њаваси кас меояд. Дар маркази Хуљанд бинои Маркази

савдо бо номи "Таљ сити" ба истифода дода шуд. Дар назди он арчањои тахмина, 3-4 соларо шинонида буданд. Пас аз сафари президент ин арчањои "зебо" хушк шуданд ва њатто, њоло аз беху бун решакан гардиданд. Кош, љаноби Рањмон ба мањаллањои 3, 8, 12 бо роњи боло мерафт, њоли роњњоро медид. Як ронанда мутмаин аст, ки "агар президент бо ин роњ мегузаштанд, ин ањволро

дида, амр мекарданд, ки онро таъмир намоянд". Аз мањаллаи Гулистон гузар мекард, мардикорњои аз паси мошинњои "воњима" давонро медид. Ин ягона бозори мардикорон аст, ки касе ба он ањамият намедињад. Мардикорон, њатто, љои нишаст надоранд, дар рўи сумкаашон менишинанд. Хонандагону донишљўён ќатор ба пешвози президент баромада буданд, ки бархе гуфтанд, онњоро маљбуран баровардаанд. Як донишљўи Донишгоњи давлатии Хуљанд - Дилором гуфт, ки касе дар ин офтоби тасфон чањор соат рост намеистад: - Бовар дорам, ки сарвари давлат Эмомалї Рањмон тарафдори ин кирдорњои маќомот нест. Масъулин бо ин роњ худро дар назди президент "ширин" мекунанд? Воќеан, дар ваќти сафари раисљумњур баста шудани роњ як кори маъмулї шудааст. Дар баъзе кўчањо ончунон мошин зиёд љамъ шуда, роњбандон мешавад, ки мегўї,

мошинбозори Ќайроќќумро ба ин мавзеъ кўчонида бошанд. Ва кас аз худ мепурсад: нахо, ин ќадар мушкил бошад, чор мошини президентро аз як љо ба љои дигар њаракат додан? Наход, сафари президент мушкил орад? Аммо Шарофиддин, як сокини шањри Хуљанд, мегўяд, ки сафари президент манфиати зиёд овард: - Мана, бинед, Ќасри варзиш, бинои нави соњибкорон (манзур "Таљ сити") ин њама бо шарофати омадани президент мебошад. Њар чї њаст, нест, сафари президент ба Суѓд маќомотро "бедор" кард. Аз сарвари давлат Эмомалї Рањмон шахсан хоњиш мекунам, ки соле чањор маротиба ба вилояти Суѓд ташриф орад. Зеро то наояд, ободї намешавад. Аз забони шоир мегўям: - Омад-омадат гардам..." Комрони АСЛОН


6

АРТИШ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

Њарчанд ки Аскарљон "аз "облава" нагурехтагї номард!" ро ба мисли садњо љавон шиори зиндагии худ ќарор дода, ваќти даъват ба ким-куљоњо руст шуда, њар сол ду бор, ба ќавле "чилла" менишаст, маќоли "як бор љастї, малахак, ду бор љастї, малахак, охир, ба дастї, малахак!" њам рост будааст. Ин даъфа ўро кормандони Комиссариати њарбї соати 4-и сањарї аз хонаашон ќапида, рост ба ќисми низомї гусел намуданд. Ў, ки аз хонаводаи нодор буду њавлиашон дару девор надошт, зуд ба даст афтод. Инак, мактуби аввалини Аскарљонро, ки иборат аз ќиссањои аљоибу ѓароиб аст, пешкаш мекунем: Салом, модарљони азиз! Ман писари эркатулфорат Аскарљон. Чї хел? Ту наѓзмї? Корњоя карда гаштї-мї? Ња, агар аз ман пурсї, манба "гап нест". Калон шуда гаштиям. Хизмати Модар -Ватанро ба дараљаи "олї"-аш ба иљро расонида истодаам. Манро дар ин љо "дед"-њо хеле ва хеле хуб ќабул карданду маро "ганда зўр" дўст медоранд. Ман ба онњо њамин ќадар маъќул шуда мондам, ки ќариб њамаи корњои "казармаро" ба ман бовар кардаанду њатто, љомашўињояшону мўзатозакунињояшонро бо сарбаландї иљро мекунам ва агар рафту, фаромўш карда монам, ё ин ки ваќтам бо сабаби корњои дигар банд буданам, нарасида монад... охир, дар ин љо чунон бисёр корњоя ба ман бовар кардаанд, ки… Медонї, модарљон, маро чї мегўянд? Ман "анча-манча" одам не. Набошад, њамаи "дед"-њо маро "чумо" мегўянд - мї? Модарљон, ин лаќаби ман аз дигар лаќабњо ба куллї фарќ мекунад, бо ту "чумо"-и дигархела нафањмї? Охир, медонї-ку маънои "чумо" "пири бадавлат шав", "сербалаву чаќќа шав" ва ѓ-ю ва њ... Албатта, ман аз ин лаќаб ифтихор дорам. "Дед"-њо њар "чуту" одама "чумо" намегўянд ва фаќат якта-нимта ман баринњоя мегўянду халос. Мана ќариб њама мешиносанд, њатто, ГЕНЕРАЛ њам. Медонї, барои чї? Набошад, мана бин, ээээ хон! Як рўз прапоршик омаду аз ман пурсид, ки ГЕНЕРАЛ-а надидї-мї? Ман "не" гуфтам. Вай гуфт, ки агар ГЕНЕРАЛ гузарад, маро огоњ кун! Баъди "камтар" ваќт як нафари рутбадор омад. Ман пурсидам, ки ту ГЕНЕРАЛ њастї? Гуфт: њо, писарам, ман - ГЕНЕРАЛ. Баъд ман гуфтам, ки ин ќадар куљоњо мегардї? Ду соат боз аст, ки ПРАПОРШИК туро кофта мегардад. Њамин љо ист, ман ПРАПОРШИК -а гуфта биём, агар ў иљозат дињад, баъд интараф мегузарї! Ана њамин гапа гуфтаму бо шарофаташ як љоњоро зиёрат карда омадам, ки дар њаётам бори аввал ин хел манзарањоро медидам, њатто, аз кинову телевизион њам надида будам. Дидї, модарљон, ман дар хизмат як љоњоро дидам, ки "инљањоя" на чашми

Мактубњои Аскарљон - Ба модарам гуфтам, ки "Дед"-њо њар "чуту" одама "чумо" намегўянд ва фаќат якта-нимта ман баринњоя мегўянду халос.

телевизион мебинаду на радио. Агар ин љо кормандони телевизиону радиои давлатї оянд, "автоматичиский" нодида мегузаранд. Э - ња, гуфтагї барин, хар аз хар монад, гўшашро бур, - гўён як рўз якта "дед"-а Худо таъоло туро њам ранги ман "чумо" кунад, гуфтаму "снайперист"-и таппа-тайёр шудам. Ба фикрам, ба вай мисли ман сербалаву чаќаю пири бадавлат шудан маъќул нест-мї, ё ки аз љонаш сер шудааст-мї, ё дар ин солу замони ќиматию љонбурої ќонуни

демографияро сахт риоя карданиасту ба мисли дигар одамон ширин шавад, шакар шавад, чанта шавад шудан гирад, безор шудааст-мї? Оњо, ту напурсу ман нагўям. Агар њамин ваќт дилдодаам, Худо накарда, дар наздам мебуд, ба ишќи њаќиќиам, ки ба вай аз осмон ситора ваъда дода будаму ситорањоро њамин ваќт бемалол нишон медодам ва ў, њатман, ситорањоро дида, бовар карда, ба ќањрамонии ман ќоил мешуд ва медид, ки ман чї

хел "зўр" њастаму аз осмон ситора кандан бароям ягон проблема нест. (Агар Шумо њам ба дилдодаатон ситора ваъда карда бошед, њељ проблема нест, ба аскарї равед, њатман, меёбед, албатта, бо дастгирии "дед"-њо). Модарљон, аз љињати хўрду хўрок, яъне "х\х" ва "с\п\л", яъне сару почаку либос "х\в", яъне хавотир нашав. Бо њайрон нашавї, ман ин љо "эканамист"иро омўхта истодаам. Медонї-ку, исроф њаром аст. Дар ин љо њамин ќадар эканомистњои зўр њастанд, ки ягон эканомисти њатто, зўртарини дунё баробар шуда наметавонад. Ин љо њадисњои Пайѓамбарро хеле хуб ба кор мебаранду фаќат мегўянд, ки пурхўрї, пурхобї ва пургўїро Худованд дўст намедорад ва ба мо аз њама чиз - чи аз хўроку чи аз пўшок ва чи аз ѓ-ю ва чї аз њ. "эканом" карданро ёд медињанд. Њамчунин, ба гуфти командир, маро њар рўз "обутоб" њам медињaнд, яъне њам "об" ва њам "тоб". Агар аз обаш хавотир мешуда бошї, асло хавотир нашав. Ба мисли ќишлоќи мо обаш "пираблема" нест. Њамин ќадар обаш "тоза", "ширин" ва таркибаш аз витаминњо бой њаст, ки њарчи хоњї, аз дохили њамин об саргардон нашуда, ба онтарафу интараф надавида, ёфтан мегирї. Мо ин љо, њатто, баъзе сањарї њангоми "завтрак" бо сабаби ќимат шудани шакар ба љои шакар намакро њам мехўрем. Бо њайрон нашавї, охир, модарљон, шоире гуфтааст-ку: Намак дар комњо ширинтар аз шањду шакар гардад... Э ња, модарљон, мо ба рўзи Истиќлолият омодагї дида истодаем. Моя бо воситаи телевизион нишон медињaнд. Бо аз телевизион мана нишон дињад, "ин ќадар хароб шудааст", - гўён хавотир нашавї. Вай камерањои њаминхела будааст. Одами фарбења хароб карда нишон медодааст. Ина ба мо командир гуфт. Медонї, барои чї? Барои он ки агар ана њамин хел карда нишон дињанд, онњо њам рањмат мешунидаанду њам фоидаи зиёд медидаанд, яъне ки аввалан, њар як падару модар дасти холї ба дидорбинии фарзандаш намерафтаасту дилаш ба фарзандаш сўхта, мумкин, ягон гўсфанд-мї, ягон буз-мї мебурдаанд, баъдан, аз тарафи давлат ба онњо зиёдтар озуќа мефиристодаанд. Ана каллаю мана калла. Баъзе нафарон калла гуфта, давоми гардана бардошта гаштанд-дия. Хайр, модарљон, баъди ид биёед, њамааша бо чашмони худатон мебинед, ки ман чї хел "гарени" шуда гаштиям. Хайр, модарљон худро эњтиёт кунед! Боз хат менависам! Китобати Афзал БОСОЛИЕВ


ДАР ДЕГИ СИЁСАТ Ба назар мерасад дар муваффаќтарин кишвари инќилобии њавзаи давлатњои араб бори дигар нокомии неруњои замоне пирўз ба мушоњида мерасад. Миср дубора ба гирдоби тазоњуроту гирдињамоињо мепечад, вале дида мешавад, ки хезиши мардумии љадид аз чанд тазоњуроти гузаштаи замони Муњаммад Мурсї ба куллї фарќ мекунад. Акнун тазоњургарон истеъфои касеро талаб доранд, ки њамагї соле ќабл бо дарёфти аксари овозњо пирўз шуда буд. Мардум ўро ба кундамалї, надоштани барномаи мушаххаси зиддибўњронї ва зиёдаравї дар вазифањои хидмативу майл ба худкомагї муттањам мекунад. Рўйдодњои охир њикоят аз он доранд, ки мухолифон тасмим гирифтаанд Муњаммад Мурсиро ё ба истеъфо фиристанд ва ё сарнагун созанд. Роњи дуюм табиист, ки роњи суриёии талош барои њокимият аст, ки дида мешавад паси он дастњои хориљие низ дар каминнад. Аллакай њудуди беш аз дањ аъзои кобинаи вазирони Мурсї аризаи рафтан аз мансаб додаанд. Субњи рўзи сешанбе хабари аз кор рафтани вазири умури хориљии ин кишвар Муњаммад Камол Алї Амр расонаї шуд. Вай ошкоро изњор дошт, ки аз мавзеъгирии котиботи президенти Миср дар мавриди муносибат бо тазоњуркунандагон норозист ва сабаби рафтанаш низ мањз њамин аст. Амр аз љумлаи камтарин аъзои кобинаи вазирони Миср аст, ки гуфтушуниди созанда бо мардумро роњи њалли бўњрон медонад. Вазири хориља низ аз миёни "Бародарони

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

7

Сояи ноамнињо дар кишвари ањромњо Боз тазоњуроту боз шиорпартоињо зидди сарвари Миср ва ин бор њарбиён аз вуљуди худ дарак медињанд. Ин бўи хун дар кишвари ањромњост ё паси парда бозии дигар њам нуњуфта аст?

мусалмон" интихоб шудааст, вале њоло сиёсати бархўрд бо оммаи норозї аз љониби давлат ва њукуматро ба боди интиќод мекашад. Рўзи якшанбе издињоми хашин дафтари намояндагии "Бародарони мусалмон" дар Ќоњираро ишѓол карданд, дару тиреза, мебелњо ва техникаи компутерии онро ѓорат карданд.

"Бародарон"-и 85-сола, вале навњоким Созмони "Бародарони мусалмон" яке аз ќадимитарин созмонњои исломии мубориз дар минтаќа ба шумор рафта, он соли 1928 аз љониби Њасан ал-Банои Мисрї ташкил карда шудааст. Аз соли 1933 намояндагии расмии он дар Ќоњира ифтитоњ шуд ва тўли ин солњо расман фаъолият дошт. Яке аз њадафњои аслии ин њизби сиёсї бунёди љомеаи исломї дар ќаламрави ислом аст. Аз замони рўи кор омадан то ин шабу рўз "Бародарони мусалмон" борњо мавриди таъќибу таъбиз ќарор гирифт, вале чун як созмони сиёсии густаришёфта дар ќаламрави давлатњои њавзаи араб буд, мањв нашуд. Аз соли 1984 "Бародарони мусалмон" рас-

ман дар интихоботи парламонии Миср ширкат мекунад, вале танњо соли 2011, замоне, ки инќилоби мардумї ба пирўзї расид, бо ба даст овардани аксари курсињо дар парлумон худро пирўзи интихобот эълон намуд. Моњи июни соли 2012 Муњаммад Мурсї, чун намояндаи "Бародарони мусалмон" дар интихоботи президентї пирўз шуд ва ин ѓалабаро љомеаи љањонї, бахусус бозингарони аслии минтаќа аз љумлаи ќудратњои љањонї эътироф карданд. Аммо њамин як сол њам барои ќудрати Мурсї соли ороме набуд. Борњо мухолифонаш бо њар бањона даст ба тазоњуроту гирдињамоињо задаанд, вале он чї имрўз мегузарад, шояд, он њам бар асари талошњои худи Мурсист, ки мехост бо мањдуд кардани озодињои демократї як низоми худкомаи исломиро рўи кор оварад. Бањонаи мардум таљлили солгарди ќасамёдкунии президент буд. Мисли он ки њар кас ба гузашта нигарист ва бењбуде дар шароити зисти худ надид. Омад ба майдон додхоњї аз президенти интихобкардаи хеш, то суол кунад, ки ваъдањои ќаблазинтихоботии худро кай иљро хоњад кард. Аммо ин суоле буд, ки посухи даќиќ надошт. Кай? Худи Мурсї њам ољиз аст дар посух, чун нек медонад, ки вазъи Мисрро ў наметавонад ба њадде, ки мардум мехоњанд дар ин ду солу се сол њам бењбуд бахшад. Ва боз медонад: ин кор аз доираи имкони дигарон њам берун аст. Њамчуноне роњбари Маркази

Осиё ва Ховари Миёнаии пажуњишгоњи стратегии Русия Елена Супонина мегўяд, "дар Миср афзоиши ањолї хеле зиёд аст, љамъияти он њар сол таќрибан ним миллион нафар меафзояд. Иќтисоди Миср ба он њадде нест, ки ин миќдор одамро хўронад ва пўшонад. Кўмаки хориљї барояшон ба њадди лозим намерасад ва гузашта аз ин доим вобаста будан аз мадади хориљиён њам нашояд. Ва ин худ ба ин маъност, ки дар Миср сафи норозиён аз рўз ба рўзи дигар меафзояд ва одамон хостори њалли мушкилоти зиндагонии худанд".

Дуроњаи мисрї Тазоњуроти чанд рўзи охир хушунатбор омад ва тибќи иттилои расонањои хабарї маќомот аз кушта гаштани 16 нафар хабар доданд ва теъдоди захмиён даќиќан эълон нашудааст. "Бародарони мусалмон" њамвора ба дифоъ аз њукумати худ, ки ќонунї медонад, таъкид мекунад. Вале мухолифон ба Мурсї ва љонибдоронаш 48 соат ваќт дода буданд. Рўзе баъд њарбиён њам аз вуљуди худ хабар доданд ва онњо низ ба ду љониб њамин 48 соатро таъин карданд, дар акси њол даст ба иќдом мезанад. Чуноне дида мешавад, вазъ дар Миср ба гунае нест, ки Мурсї ё мухолифонаш хотири осуда дошта бошанд. Артиши Миср борњо муќовиматњои мардумиро хунсо кардааст ва аз гузашта таљрибаи бой дорад. Њарчанд Абдулфаттоњ асСисї-Раиси Шўрои олии неруњои мусаллањи Миср гуфтааст, ки низомиён ба сиёсат дахолат намекунанд, вале муайян кардани зарбулаљал метавонад ба маънои љонибдорї аз як тараф бошад. Мардони низомї шояд даст ба табаддулот назананд, чун эътироф шуданашон дар љомеаи байналмилалї мушкил дорад. Дар ин миён аз аввалинњо шуда мухолифони њукумат аз иќдоми низомиён пуштибонї кардаанд, вале аз љонибдоронашон хостанд, ки то истеъфои Мурсї тарки майдони Тањрир накунанд. "Мисриён њоло дар дуроњаи муќовимати шадиди шањрвандї ќарор доранд, ки он метавонад њатто ба љанги шањрвандї оварда расонад", - мегўяд роњбари Маркази Осиё ва Ховари Миёнаии пажуњишгоњи стратегии Русия Елена Супонина. Вай њамчунин бар ин назар аст, ки вазъ метавонад комилан аз назорат хориљ шавад. Аммо дар мавриди сабабњои тезутунд шудани авзоъ нуќтаю назарњо гуногунанд. Леонид Исаев, тањлилгари сиёсии Русия бар ин назар аст, ки аксари кулли њизбу созмонњое, ки дар суќут додани режими Муборак иштирок доштанд, њоло худро берун аз чорчўбаи фаъолият

тасаввур мекунад. Баъди сари кор омадаин Муњаммад Мурсї майдони фаъолияти онњо мањдуд шуд, намояндагонашон ба идораи давлат љалб нашуданд. Аз сўе онњо худ гунањкор буданд, ки таљрибаи кори давлатдорї надоштанд ва раванди њодисотро хубу сареъ дарк намекарданд. Исаев мегўяд, ќишри љавони Миср дар инќилоб наќши муњим дошт ва зарфи ду соли охир таљрибањои зиёди роњандозии гирдињамоињову эътирозњоро андўхт, вале мушкил он аст, ки иќтидор ва нерўи созандаи он то њол омўхтаву санљида нашудааст. Ин тањилгар њамчунин мегўяд, њоло љомеаи Миср ба ду таќсим шудааст: мухолифон ва љонибдорони Мурсї, ки ин худ падидаи нињоят хатарнок аст. Вале хубии кор дар он аст, ки мардум ба дарки вазъ бештар мерасанд. Аз сўе онњо мухолифи њукуматронии њарбиёнанд. Аз љониби дигар зидди њар гуна инќилоби наванд, зеро хуб медонанд, ки аз бебандубории инќилобї дигар рањидани кишвар басо мушкил мешавад.

Шикаст ё истеъфои Мурсї Аммо масъалае, ки њоло матрањ шудааст, истеъфои Муњаммад Мурсї ва таъин намудани интихоботи нави президентист. Албатта, касоне, ки ин гуна пешнињод мекунанд, аксарият нестанд ва миёнашон шахсиятњое вуљуд надоранд, ки зимоми њокимиятро дар Миср ба даст гирифта тавонанд. Бидуни мављудияти пешвои сиёсї њар гуна инќилобу тањаввулот мањкум ба шикаст аст. Вале нуктаи муњим он аст, ки Муњаммад Мурсї њам талош надорад гўш ба садои мухолифонаш нињад ва аз маќомаш истеъфо дињад. Њарчанд парешониву нобасомонї аллакай дар њукуматаш эњсос мешавад, ки болотар аз он шуд. Аммо метавон аз он нигарон буд, ки баъди њар зарбулаљал амали соњибонаш интизор меравад. Агар онњое, ки тањдид карданд, даст ба амал назананд, пас дигар дар љомеаи Миср обруву эътиборашон мекоњад. Нигаронї љои дигар низ метавонад бошад. Шикасти Мурсї дар муќовимат бо мухолифонаш ба он маъност, ки субот ин кишварро то дергоњ тарк мекунад. Зеро Мурсї то њадде аз роњбарони миёнарав дар сатњи "Бародарони мусалмон аст". Аммо рўйдодњо далолат ба ин мекунанд, ки агар роњи њалли сиёсї пайдо нагардад ва ба тањдидгарон посухи шикананда дода навашад, пас метавон њадс зад, ки на танњо Миср, балки давлатњои њамсояи он зери сояи ноамнї ќарор мегиранд.

Бобољони ШАФЕЪ


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

Эълони ба њайси номзад ширкат кардан дар интихоботи ноябрии президенти Тољикистон, сафари ахири ў ба Ўзбакистон ва њодисоти атрофи он, даъват ба КДАМ ва баъзе аз масоили дигар моро водор кард, ки бо нюсмейкери њафта Рањматилло Зойиров як сўњбати алоњида анљом дињем. Нахуст аз ў дар бораи њадафњои сафараш ба Ўзбакистон пурсидем: - Моњи май ба унвонии ман аз Ўзбакистон ду барќия ба мазмуни он, ки саломатии хоњари бузургам бад шудааст, пай дар пай омад. 31-уми майи соли љорї аз консулгарии Ўзбакистон дар Душанбе раводиди сафар ё виза ба ин љумњуриро дарёфт кардам. Бо ин раводид њуќуќи сафари дањрўза ба Ўзбакистон дар давоми як моњро пайдо намудам. Бояд ба аёдати хоњари беморам мерафтам, чун њама одамием. Тазаккур бояд дињам, ки то ин сафар, яъне рўзњои 8-9-уми июн ва 10-ум аз тариќи шабакањои иљтимоии "Одноклассники" ва "Фейсбук" бо ман сўњбатњо ва онлайн-конфронсњо ташкил шуда буд. Ба намояндањои ЊСДТ дар Истаравшан хабар додам, ки рўзи 10-уми июн дар он љо мешавам. Вале ин сафар бо як рўзи таъхир сурат гирифт. Ваќте рўзи 11-ум ба Истаравшан расидам, онњое, ки истиќбол карданд, пурсиданд, ки аз омадани шумо кї бохабар буд, чунки аз идораи амнияти вилоят онњоро дар бораи сафари ман чанд навбат пурсидаанд. Намояндањои амнияти вилоят аз онњо пурсидаанд, ки Зойиров расидааст ва њоло мењмони шумо аст ё не? Онњо ба ин нафароне, ки маро пешвоз гирифтаанд, гуфтаанд, ки Зойиров дар робита ба масъалаи интихоботи президентї ќасд дорад ба Тошканд равад. Ростї, ман аз ин сўњбатњо њайрон шудам. Њамин тавр, рўзи 12 ум онњо маро ба Тошканд гусел карданд. Ваќте ба дидбонгоњи Фотењобод омадам, чанд афсари амният маро пешвоз гирифтанд. Онњо хабар доштаанд, ки меоям. Ду капитан ва як майор гуфтанд, ки ба кабинети сардори дидбонгоњ ё застава меравем, бо шумо сўњбат хоњад шуд. Онњо гуфтанд, узр, устод, ба мо супориш шудааст, ки њама чизи шуморо тафтиш карда, протокол тартиб дињем. Ман пурсидам, ки шумо њуќуќ доред барои ин кор? Гуфтам, бо њар шањрванде, ки ба Ўзбакистон гузарад, шумо њамин тавр муносибат мекунед, яъне асбобу ашёи ўро мекобед ва гузашта аз ин, протокол тартиб медињед? Онњо сокит монданд. Гуфтам, хуб бошад, ман як шањрвандам, ки ќонунро рияо мекунам, супоришро иљро кунед. Барои ман чойу нон омода карда, њама он чиро, ки дар љомадони њамроњам доштам, гирифтанд ва он чиро, ки доштам, рўихат карданд. Хуллас, њама чиро, бо шумули либосу мўњри њизбу як флешкарта санљиданд. Он чї дар флешкорт буд, ба компютери худ интиќол доданд. Сипас, пурсиданд, ки чаро мўњрро бо худ њамроњ доред? Ман гуфтам, раиси њизб бе мўњр намегардад. Чун ман он љо ният доштам бо масъулони Њизби сотсиал-демократи Ўзбакистон мулоќот анљом дињам. Мехостам байни ЊСДТ ва њизби њамном дар Ўзбакистон созишнома ба имзо бирасонем. Азбаски ЊСДТ бо сотсиал - демократњои Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Арманистон, Гурљистон, њатто, сотсиал - демократњои Олмон созишномаи њамкорї дорад, хостем бо сотсиал-демократњои кишвари њамсоя њамчунин муносибатро ба роњ андозем. Дар номае, ки дар ин робита омода карда будам, ишора намудам, ки он муносибатњое, ки байни ду кишвари њамсоя ва байни ду президент имрўз њаст, ѓайриќаноатбахш мебошад. Ва агар дар сатњи давлатї мо ин робитањоро барќарор карда натавонем, биёед, мо дар заминаи њамкории ањзоб ин муносибатњоро оѓоз кунем. Агар њамсояшкишварњо муносибати хуб надошта бошанд, њељ гоњ дар минтаќа оромї ба миён нахоњад омад. Ман чунин номаро ба Њизби сотсиал - демократи Ўзбакистон омода карда будам. Ин њизб дар парлумони Ўзбакистон 20 вакил дорад. Дар пости Фотењобод флешкорти маро хуб љустуљўй карданд. Саволу љавоб њам шуд дар бораи маводи дохили он. Он љо ба ѓайр аз мактуби ба номи Њизби сотсиал-демократи Ўзбакистон, боз ду мактуби дигар њам буд. Яке мактуб ба радиои "Эхо Москвы" ва дигарї, барои радиои "Голос России". Ман аз он радиоњо хоњиши ташкили мусоњибаро карда будам. Ва дигар чанд њуљљати дигар ва посухњои ман ба саволњои истифодабарандагони шабакањои иљтимоии "Одноклассники" ва "Фейсбук" буданд, ки аз онњо њама хабар доранд. Хуллас, ман зери назорати шадиди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон ба Ўзбакистон рафтам. Танњо ду рўз бо хешовандон будам. Хоњарбузургам як инсони сахт диндор аст. Як рўз бо он кас ба зиёрати Шайх Умари Валибобо рафтем. Ва дар он љо як маъракаи

хурд ташкил кардем, мисли худої, барои зудтар шифо ёфтани хоњарбузургам. Њарчанд саломатии ў барои аз љое ба љое рафтан чандон иљозат намедод, аммо ин хоњиши он кас буд, ки ба зиёратгоњ равем. Баъди аз он љо баргаштан ба Шўъбаи шиносномадињии шањри Ѓазалкенти ноњияи Бўстонлик рафтам. Анкетаро пур кардам. Назди сардори Шўъбаи шиносномадињї рафта, имзо гирифтам, баъд омада, ба он мўњр гузоштем. Панљ доллари бољи давлатиро ба банк рафта супоридам. Њама санадњоро омода карда, овардам ва ба Шўъбаи шиносномадињї супоридам. Ман рўзи 12-ум ба хоки Ўзбакистон даромада, рўзи 14-ум њама њуљљатњоро барои иќомати муваќќат омода намудам. Он љо гуфтанд, ки рўзи 16-ум омада, њуљљати ќайдатонро гиред. Дар Ўзбакистон бе шиноснома гаштан мушкил аст, ба Тошканд рафтан њам имкон надошт. Хусусан, дар дења одами нав зуд ба чашм мерасад. Аз ин рў, ман бидуни ба ќайд гирифтани шиноснома аз љое ба љое рафта наметавонистам. Рўзи 16-ум рафтам ба Шўъбаи шиносномадињї, бањонањо пеш оварданду гуфтанд, пагоњ биёед. Рўзи 17-ум рафтам, Музаффар ном як корманди Шўъбаи шиносномадињї ба ман гуфт, ки њуљљатњои шуморо сардор гирифтааст. Сардори шўъба набуд. Баъд аз нисфирўзї маротибаи дувум рафтам. Сардорро пайдо кардам, ў гуфт, ки њуљљатњои шумо дар дасти ман нестанд, дар дасти худи Музаффар аст. Он шабу рўз дар Ўзбакистон шиносномањоро таѓйир медоданд. Пушти њар кабинет (њуљраи корї) 100-150 нафар навбат мепоиданд. Хулоса, 3-4 рўзро танњо барои ба ќайд гирифтани шиноснома сарф кардам. Боз ваъда шуд, ки пагоњ биёед. Аммо дар рўзи 18ум на сардор ва на Музаффар дар кор набуданд. Он ваќт шубња пайдо кардам. Ба прокуратураи ноњия мурољиат кардам. Гуфтам, ки њуќуќњои маро поймол карда истодаанд. Гуфтам, рўзи 12-ум омада будам, имрўз 18-ум аст, то њол шиносномаи маро ба ќайд нагирифтаанд. Ваќте кормандони прокуратура рафта, аз онњо талаби њуљљатњои маро карданд, онњо љияни маро назди худ хонда, ба ў гуфтаанд, ки њуљљатњои таѓоят ин љо нестанд, кадом мансабдорон омада гирифтаанд. Ростї, љанљол кардам бо онњо ва гуфтам, њайфи њолатону коратон. Њамин тавр, боз се рўзи дигар ин њолат давом кард ва натавонистам шиносномаамро бигирам. Маълум шуд, ки худи њамон рўзи супоридан шиноснома аз он љо ѓайб задааст. Боз як бањонаи нав пайдо карданд. Гуфтанд, ки Музаффар ба командировка рафтааст ва то рўзи 25 сари кор намешавад. Визаи ман рўзи 21-ум мўњлаташ ба анљом мерасид. Баъдан, ба ман гуфтанд, ки шумо рўзи 21-ум, њатман, њуљљатњоятонро мегиред. Аммо рўзи 21-ум шиносномаамро бозпас надоданд. Дар ин муддат шаш маротиба ба њуљраи кории сардори шўъба даромада будам, яъне аз 14-ум то 21уми он моњ. Ба ѓайр аз њуљрањои шашуму њаштум. Як корманди Шўъбаи корњои дохила гуфт, ки дар мо, аслан, ин тавр њолатњо рух намедоданд. Ў, ки шиноси ман буд, гуфт, ки аз Тољикистон ба онњо пул дода, хоњиш кардаанд, ки њуљљатњои маро ѓайб занонанд, то ки баъди мўњлати раводиди ман тамом шудан маро ба љавобгарии њуќуќї бикашанд. Дар ин асос мушкилињо зиёд мешаванд ва шумо, умуман, аз Ўзбакистон баромада наметавонед. Баъд ин таъљилан худи он рўз, рўзи 21-ум ба Тошканд рафтам. Аввал ба Сафорати Тољикистон дар Тошканд даромадам. Соат 11.30 буд. На сафир буду на ягон нафаре аз муовинонаш. Танњо нигоњбонон - як нафар аз амнияту як нафар аз корњои дохилї он љо буданд. Ба онњо гуфтам, ман раиси ЊСДТ. Њуљљати раиси ЊСДТ-ро доштам, ки онро ба онњо нишон додам ва мушкили пешомадаро наќл кардам. Гуфтам, ки ши-

«

носномаи ман аз Шўъбаи шиносномадињї нопадид шудааст ва ин љо барои шикоят омадам. Шараф Рањимов, котиби дуюми сафоратро даъват карданд ва ман ба сафорат даромадам. Ариза навиштам. Дар ариза тамоми тафсилотро овардам. Навиштам, ки ман кадом рўз омадам, чї корњо шуд дар Шўъбаи шиносномадињї. Он љо дар шумори асноди пешнињодшуда ѓайр аз шиносномаи ман, дафтари њавлї, квитансияи бољи давлатї, маълумотнома аз мањалла ва чанд анкетаи пуркардашуда њам буд. Ин њуљљатњо њамаашон ѓайб заданд. Аз сафорат хоњиш кардам, ки ба Вазорати умури хориљаи Ўзбакистон нота фиристода, барои ба Ватан баргаштани ман мусоидат кунанд. Шараф Рањимов гуфт, ки бо консули Тољикистон маслињат мекунем. Ў гуфт, ки мо ба шумо ягон њуљљат омода мекунем ва илтимос кард, ки овоза накунед ва ба ин њодиса характери сиёсї надињед. Аз тарзи гуфтор бармеояд, ки дар Сафорати Тољикистон њам аз ворид шудани ман ба Ўзбакистон хабардор буданд. Ва онњо ба мушкилии рухдода характери сиёсї додан намехостанд. Аз он љо баромада, ба Вазорати корњои хориљаи Ўзбакистон рафтам ва мушкилиро фањмонидам. Ба дафтари Њизби сотсиалдемократи Ўзбакистон њам рафтам. Ман аз онњо хоњиш кардам, ки ин масъаларо пайгирї кунанд, чунки мумкин аст, маро ба мањбас кашанд. Онњо ба ман гуфтанд, ки ба Шўъбаи шиносномадињї баргардед, масъала аллакай њал

Навиштам, ки ман кадом рўз омадам, чї корњо шуд дар Шўъбаи шиносномадињї. Он љо дар шумори асноди пешнињодшуда ѓайр аз шиносномаи ман, дафтари њавлї, квитансияи бољи давлатї, маълумотнома аз мањалла ва чанд анкетаи пуркардашуда њам буд. Ин њуљљатњо њамаашон ѓайб заданд. Аз сафорат хоњиш кардам, ки ба Вазорати умури хориљаи Ўзбакистон нота фиристода, барои ба Ватан баргаштани ман мусоидат кунанд.

«

шудааст. Ваќте баргаштам, он ваќт њам њуљљатњои маро дарёфт карда натавонистем. Танњо соати 7-и бегоњи рўзи 21-ум њуљљатњои ман дар њуљраи њаштум, дар болои мизи як сержант пайдо шуданд. Он бегоње, ки аллакай мўњлати раводиди ман њам тамом шуда буд. Ман аз он сержант пурсидам, ки чанд бор аз худат пурсидам, ки њуљљатњои ман куљо шуданд, гуфтї, ки надидам, намедонам, њоло аз куљо пайдо кардї? Чизе посух надод. Ва он бегоњ њам њуљљатњоямро бозпас нагирифтам, чунки дар онњо њељ имзое ва ё мўњре гузошта нашуда буд. Рўзи 22-ум сардори шўъба хеле дер, соати 9 ба кор омад. Ман дар рўйхати ќабули ў дар љои 93-юм номнавис шуда будам. Аммо зуд-зуд ба берун мебаромадам, чунки мехостам бо ў рў ба рў сўњбат кунам. Хостам њамроњи ў ба кабинеташ дароям, аммо ў ишорае њам накард. Ваќти ман кам монда буд. Ваќте ў омаду ба кабинеташ даромад, байни ману нафарони навбатистода як мухолифат пайдо шуд. Хулоса, як бало карда, нахустин даромадам. Ба сардор гуфтам, ки ин њуљљатњои ман, шумо мўњр нагузоштед, раводиди ман дирўз тамом шуд. Вай гуфт, ки ман дигар кор надорам бо ин њуљљатњо. Инро гуфту мўњр зад. Ман гуфтам, акнун санаи њамин рўзро гузоред. Рўзи 22-юмро. Ў гуфт, ки ман ин корро намекунам. Њамин тариќ, њуљљатњоямро гирифтаму зуд роњ сўи Тољикистон пеш гирифтам. - Аљаб. Дар бозгашт чї иттифоќоте афтод? - Рўзи 22-юм баргаштам ва дар марзи Фотењобод, ваќте аз дидбонгоњ берун мешудам, сарњадбонњо маро наѓз истиќбол карданд, аммо гуфтанд, як каме интизор шавед, њозир як масъала њаст. Гуфтам, чї масъала будааст? Ў гуфт, сабр кунед ва худаш ба куљое телефон кард. Сипас, як "Мерседес"-и сиёњ омад ва аз дохили он чанд нафар берун шуда, назди ман омаданд. Онњо худро муаррифї карданд, ки намояндањои Кумитаи давлатии амнияти Тољикистон њастанд. Гуфтанд, ки бо шумо бояд сўњбат кунем. Гуфтам, омода њастам. Мо бо мошини онњо омадем ба бинои идораи амнияти шањра-


ДАР СЎЊБАТИ МУХОЛИФ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

9

Рањматулло ЗОЙИРОВ:

"Я УЖЕ ЧУВСТВУЮ СЕБЯ ПРЕЗИДЕНТОМ, ТАК КАК МЕНЯ ВСТРЕЧАЕТ ГЕНЕРАЛ ГКНБ". Мусоњибаи ихтисосии Фаромарзи Фозил бо Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон ки Бўстони ноњияи Мастчоњ ва он љо маро як нафар генерал -майори КДАМ, ки дар Душанбе кор мекунад, пешвоз гирифт. Ман ба намояндаи Кумитаи амният бо русї гуфтам: "Я уже чувствую себя президентом, так как меня встречает генерал ГКНБ". Намояндаи амният аз Салим Шамсиддин, раиси Љамъияти ўзбакњои Тољикистон, ки нопадид шудааст, пурсид ва аз як номаи ман дар робита ба ин њодиса, ки чанде ќабл чоп шуд, изњори норизої кард. Њамчунин дар бораи Эътилоф ва дар бораи муносибатњои ЊСДТ бо ЊНИТ пурсид. Он кас аз ман пурсид, ки "чаро шумо аз њудуди Ўзбакистон изњорот додед, ки ба интихоботи президентї меравед?" Ман дар њамин љо аз забони корманди КДАМ-и Тољикистон шунидам, ки дар Фейсбук њамчунин изњороте аз номи ман чоп шудааст, ки ман ба маќоми президентї номзадиамро пешбарї мекунам. Ба ростї, сахт њайрон шудам. Гуфтам, ваќте ба ин љумњурї ворид шудам, њам зери назорати шумо ќарор доштам ва њам зери назорати маќомоти махсуси Ўзбакистон ва њатто фурсати омадан аз зодгоњам ба Тошкандро надоштам ва аз дигар тараф, њуљљатњои ман нопадид шуда буданд, ки ин худаш як мушкилии љиддї буд ва инак, ин љо омадам, шумо пешвоз гирифтед. Ва афзудам, ки шумо њамчун намояндаи нињоди махсус хуб медонед, ки агар ягон нафар мехоњад бо маќомоти махсус ва ё бо Ислом Каримов вохўрї кунад, њељ ваќт Тошкандро интихоб намекунад ва љои бетарафро суроѓ мекунад. Намояндаи Кумитаи амният гуфт, ки мо шуморо хуб мешиносем. Гуфт, ду сол, ки шумо барои кормандони маќомоти марказии КДАМ лексияњо дар бораи стратегия ва тактикаи амнияти миллї ва шакл ва шевањои мубориза бо љиноёти созмонёфта мехондед, ман њам онњоро гўш кардаам ва нисбати шумо эњтиром дорам. Ва ман наѓз медонам, ки шумо барои вохўрї бо Ислом Каримов ва ё маќомоти махсуси Ўзбакистон нарафтаед. Ин сўњбат дуюним соат идома кард. Баъдан, намояндањои Кумитаи амният маро то автовокзал оварданд. Сипас, аз Хуљанд ба Истаравшан омада, бо аъзои ЊСДТ вохўрдаму ба Душанбе баргаштам. Вале бояд гўям, ки тамоми сафари ман, аз љумла, ваќти аз Истравшан ба Хуљанд ва ваќти бозгашт то се мошин кормандони амният маро зери назорат ќарор дода буданд. Њатто, ваќте бо такси аз Хуљанд ба Истаравшан омадам ва намояндаи ЊСДТ Мирзољонов Зоир дар Истаравшан маро пешвоз гирифт, чун дар манзили ў меистодам, мо чанд бор роњро иваз кардем, аммо чун назди манзили ў расидем, мошини кормандони амният он љо њозир буд.Таъќиб мекарданд. - Ин суоли намояндаи КДАМ, воќеан, саволи љолиб аст. Чаро мањз ваќте шумо дар Ўзбакистон ќарор доштед, сухани номзадшавии шумо ба маќоми президентї садо дод? - Ман фикр мекунам, ки ин як амали махсус тарњрезишуда буд. Чаро? Ин љо бояд зикр намоям, ки дар ин робита на танњо бо "Одноклассники", њамчунин, бо Пажўњишгоњи љанг ва сулњи Лондон њам саволу љавоб бо ман сурат гирифта буд. Матни њамаи ин суолу љавобњо дар флешкорти ман буданд. Ин чиз исбот мекунад, ки дар робита ба ин масъала то ин ки Ўзбакистон равам, изњори назар карда будам. Масъалаи дигар ин аст, ки ман дар ин бора изњорот ва ё ягон баёнияи махсус надодаам. Ман танњо ба суоли истифодабарандагони шабакаи иљтимої ва интихобкунандањо љавоб до-

«

Ман дар"Одноклассники" нагузоштаам, дар Фейсбук њам нагузоштаам, вале ин саволу љавобњоро дар чор -панљ ќисм тавассути почтаи электронї фиристода будам. Хотиррасон мекунам, ки ваќте як сафар ба Русия доштам, дар "Фараж" матлаби "Наришкин ба гўши Зойиров чї гуфт?"-ро чоп карданд, ки он њам як иѓво ва тўњмати њамин маќомот буд. Яъне махсус ин корњоро карда, маро бо ин кишварњо иртибот додан мехоњанд. Бадном кардан мехоњанд. Боз шунидам, ки баъзењо гуфтаанд, ки ин корњоро Зойиров махсус кардааст, то худро реклама кунад ва нафари муњим љилва дињад.

«

даму халос. Дар савол ба ин, ки шумо номзади интихоботї мешавед, посухи мусбат дода, таъкид кардам, ки мехоњам номзади њама неруњои демократии љомеа шавам, на танњо њизбњои мухолиф. Баъди бозгашт ман дар ин бора зиёд фикр кардам ва тањлил намудам. Як чиз маълум шуд, ки он суолу љавобњое, ки бо "Одноклассники"доштам, чанд рўз дертар аз рўзи баргузории мусоњиба ба нашр расидааст. Ва масъулони як гурўњи ин шабака мусоњибаро дар ду ќисм нашр кардаанд: ќисмати аввали он дар таърихи 18-уми июн дар Фейсбук аз номи Дидор Дидоров чоп шудааст ва ќисмати дувуми он рўзи 26-уми июн, замоне, ки ман аллакай дар Душанбе будам, ба табъ расидааст. Аммо боз такрор мекунам, ки ин саволу љавоб рўзи 11-уми июн баргузор шуда буд. Саидњаким Њакимзода ном шахс аз ин саволу љавобњои ќисмати аввал, ки њам дар "Одноклассники" ва њам дар Фейсбук чоп шуданд, ба таври худ тафсири суолу љавобњои маро додааст. Вале ваќте ман ќисмати аввали саволу љавобњоро аз ин ду шабака гирифта, такроран мутолиа кардам, масъалаи иштирок дар интихоботи президентї ва бахусус, њамин ќисмати саволу љавоб дар он љой надорад. Яъне ин саволу љавоб дар ќисмати дувум, ки рўзи 26-ум чоп шудааст, дарљ ёфтааст. Аз ин љо маълум мешавад, ки Саидњаким Њакимов њамин расшифровкаи "изњорот"и маро пешакї тайёр кардааст. Њатто, нигоњ накардааст, ки дар матни он суолу љавобњо дар шабакањои иљтимоии ин ќисмат нест. Ин маънии онро дорад, ки амниятињо матнро дар сарњад аз флешкорт гирифта, истифода бурдаанд. Њар чизе њам, ки бошад, ин амалиёт пешакї омода шудааст ва мунтазир будаанд, ки кай ба Ўзбакистон дохил мешавам, чун онњо хабар доштанд, ки то рўзи 21 дар Ўзбакистон мешавам. Хуб дар ёдам њаст, ки ваќте ман аз марз рад шудам, аз ман пурсиданд, ки рўзи бозгашти шумо кай аст. - Яъне гуфтаниед, ки амният дар ин гурўњи "Одноклассники" њам даст дорад? - Шояд, вале ин љо имкон њам дорад, ки он матнро на аз флешкорт, балки аз почтаи электронї њам бигиранд. Ман дар"Одноклассники" нагузоштаам, дар Фейсбук њам нагузоштаам, вале ин саволу љавобњоро дар чор -панљ ќисм тавассути почтаи электронї фиристода будам. Хотиррасон мекунам, ки ваќте як сафар ба Русия доштам, дар "Фараж" матлаби "Наришкин ба гўши Зойиров чї гуфт?"-ро чоп карданд, ки он њам як иѓво ва тўњмати њамин маќомот буд. Яъне махсус ин корњоро карда, маро бо ин кишварњо иртибот додан мехоњанд. Бадном кардан мехоњанд. Боз шунидам, ки баъзењо гуфтаанд, ки ин корњоро Зойиров махсус кардааст, то худро реклама кунад ва нафари муњим љилва дињад. Аммо посухи ман ин аст, ки ин корњоро Зойиров махсус накардааст, балки махсус ба-

рои Зойиров карда истодаанд. - Хуб, акнун, ки ќасди номзад шудан ба маќоми президентиро доред, дар мавриди садди панљ дарсадї чї назар доред? Яъне бовар доред, ки шуморо сабти ном мекунанд? Ва ин имкон вуљуд дорад, ки шумо номзади воњиди неруњои демократї бошед? - Мо дар ин бора пештар њам андеша доштем. Агар Њукумати Тољикистон нахоњад, на ЊСДТ ва на ЊНИТ дар интихобот иштирок карда наметавонанд. Ин ба хоњиши Њукумати Тољикистон вобаста аст. Барои ман муњим нест, ки маро сабт мекунанд, ё намекунанд. Мо мехоњем бори дигар чењраи воќеии ин њукуматро, ки тавассути интихоботњои дурўѓин ва аз роњи зўроварї курсиро њифз кардааст, нишон дињем. Аз тарафи дигар, гуфтушунид миёни неруњои демократии Тољикистон дар робита ба номзади ягона давом дорад ва то сентябр фурсат њаст. Иродаи мардумро ва моро њам касе бекор накардааст. - Агар як нафари барои њама неруњои демократї мувофиќ даъво кунад, ки метавонад номзади ягона бошад, шумо чї хоњед кард? - Агар, дар њаќиќат, бинам, ки номзади ягона пешнињод мешавад ва имконоту воситањои ў ва заминањои иљтимоиаш аз ман бењтар аст, манфиатњои худ ва дар такя ба њамњизбон манфиатњои ЊСДТ-ро дувумдараља мењисобам. Ман чунин одамро њозир њам дастгирї карда метавонам. - Фикр доред, ки ЊНИТ номзадии шуморо дастгирї кунад? - Нафароне, ки дар ЊНИТ номзадии маро дастгирї карда метавонанд, зиёданд. Лекин ин ќарорро дар ЊНИТ Шўрои сиёсї ва анљумани он ќабул мекунад. Аммо хусусияти ЊНИТ чунин аст, ки њамчунин масоилро на анљуман, балки Шўрои сиёсиаш њал мекунад. Ин омил њам љиддї буда метавонад. - Барномањои телевизионии Додољони Атовулло аз тариќи К+ имрўз сари забони хеле аз мардуми Тољикистон аст. Назари шумо ба ин барномањо ва вокунишњо ба он чї аст? - Ман њамин чизро мегўям, ки аз рўи мантиќ ва моњияти кор барномањои омодакардаи Додољони Атовуллоро дастгирї кардан даркор аст. - Бо он њама... - Бале, бо њама каму косташ. Албатта, дар барномањои Додољон эњсосот зиёд њис карда мешавад, касбият мелангад. Лекин моњияти кор дуруст аст. Барои мо, шањрвандон чї муњим аст? Риояи Конститутсия, риояи манфиатњои давлат ва халќ, ё ки манфиатњои шахсии як кас? Албатта, риояи Конститутсия ва манфиатњои давлат ва халќ муњим аст. Ман њанўз

дар соли 2004 гуфта будам, ки ваколатњои президенти феълї ба анљом расидааст ва ў њуќуќи дигар пешнињод кардани номзадиашро надорад. Дар давоми 7 соли ахири фаъолияти ў низ ягон пешравии љиддї мушоњида намешавад. Дар њамин вазъ њар каси дигар, ба хотири манфоеи Тољикистон кайњо аз ин вазифа даст мекашид . Дар тарозуи адл фаъолияте, ки Додољони Атовулло амалї мегардонад, дар ќиёс ба фаъолиятњои роњбари феълї вазнинї мекунад ва инро мардум њис мекунанд. - Боварнокарданист, аммо баъзе аз коршиносон њадс мезананд, ки нухбагони њоким ба љои Эмомалї Рањмон нафари дигарро ба президентї пешбарї карда метавонанд. Назари шумо дар ин бора чист? - Агар ѓайри ЊСДТ ва Рањматилло Зойиров дигар њизбњо эрод нагиранд,эътироз надоранд, љомеаи шањрвандии Тољикистон муќовимати љиддї нишон надињад, албатта, Эмомалї Рањмон танњо барои номзадии худ талош мекунад. Аз суханронињои Сўњроб Шарифов барин нафарон бармеояд, ки хеле аз идеологњои дар асоси сервилизм тарбиятёфта омодаанд ин гуна талошро дастгирї кунанд, аниќтараш, хокпошї кунанд, ки ба манфиати љомеа ва давлати Тољикистон нахоњад буд. Албатта, элитаи њоким номзадњои зиёдеро метавонад пешбарї кунад, ба шарте ки муќовимати љомеаи шањрвандї бештар гардад. Барои мисол, метавонанд Матлубхон Давлатов, Муродалї Алимардонов, Шерхон Салимзода, Мањмадсаид Убайдуллоев ва њатто, домоди президент Љамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияро ба ин маќом пешбарї намуда, ѓалабаашро дар интихоботи шаффофтару мардумї таъмин кунад. - Омилњои дигар њам њастанд? Манзур ин аст, ки бо Русия - кишвари асосии таъсиргузор хеле аз масоили дуљониба роњи њалли худро наёфтааст. Кремлин ба њар восита фишори иттилоотиро афзуда истодааст. Коршиносони наздик ба њукмати Путин, назири Андрей Грозин даъво меоранд, ки "њатто, агар Айниву Роѓунро њам дињанд..." кор аз устухон гузаштааст. - Албатта, барои чунин таѓйири мавзеъгирињои Маскав замина ва њамаи асосњо њастанд. - Дар њамин марњила рўирост гуфта метавонед, ки Маскав аз номзадии президенти феълї љонибдорї мекунад ё на? - Њоло дар ин масъала хулоса кардан мушкил аст. Дар њоли њозир, на Русия ва на Ўзбакситон ба хулоса нарасидаанд, ки киро дастгирї кунанд. Фикр мекунам, ки масъалаи киро дастгирї кардан ва номзад кї мешавад, на дертар аз охири августи соли 2013 маълум мегардад. То он ваќт бозињои сиёсї давом меёбад. - Бало ба паси ин бозињои сиёсї, аммо сидќан бигўед, шумо бовар доред, ки дар интихоботи моњи ноябр нафари дигар сари кор омада метавонад? - Агар љомеаи шањрвандї, неруњои демократї ва ислоњотхоњ љамъ ва муттањид шаванд, масъулиятро дарк кунанд, номзади ягонаро (манзурам худам нест) пешнињод карда тавонанд, мутмаинам, дар ин интихобот президент нав хоњад шуд. - Албатта, ин хостаи шумост, ки воќеият шуданашро орзу доред ё чизе беш аз ин? - Як чиз мегўям, ки иродаи халќи Тољикистонро касе бекор накардааст. Онњое, ки иродаи мардумро ба инобат намегиранд, албатта, маѓлуб мешаванд.


10

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

Абдулќодири Алавї зодаи водии Язѓулом, ноњияи Ванљ, ќаламрави Дарвози Бадахшони Тољикистон аст. Тањсили њаштсоларо дар дењаи Жамак ва миёнаро дар мактаби раќами 7, дар дењаи Барўшони ноњияи Рўшон гирифтааст. Солњои 1974-1979 дар факултаи филологияи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи Ленин тањсил намудааст. Муддате дар Пажўњишгоњи забон ва дадабиёти Фарњангистони улуми Тољикистон кор карда, солњои 1983-1986 дар Љумњурии демократии Афѓонистон адои вазифа намудааст. Солњои 1987-1988 дар Доиратулмаорифи тољик (Энсиклопедияи советии тољик) ва баъдан, дар шўъбаи тањия, тарљума ва нашри ќонунњои Шўрои Олии Тољикистон ба унвони сармутахассис то соли 1992 кор карддаст. Бо оѓози љанги шањрвандї дар Тољикистон, њамроњ бо њазорон фирорї Абдулќодири Алавї ба кишвари Русия, ба шањри Маскав кўч баст ва вориди аспирантураи Пажўњишгоњи забоншиносии Фарњангистони улуми ин кишвар (Институти забоншиносии Академияи фанњои ФР) шуд ва дар соли 2000 рисолаи номзади илмро зери роњбарии донишманди маъруфи соњаи эроншиносї Љой Ийосифовна Эделман дифоъ кард. Баъдан, муддате дар Љумњурии Исломии Эрон кор кардааст. Феълан дар шањри Маскав зиндагї мекунад ва ба кори илмї машѓул аст. Алавї, њамзамон, бо пешаи пажўњишгарї дар арсаи танзими љамоатї низ фаъолият менамояд. То дар ин љода шаммае аз мушкилоти њамватанони ѓарибу дурафтодаашро осон намояд. Њамчун узви созмони иљтимоии "Ватан" ва узви созмонњои иљтимоии тољикистониёни Русия", ў тавонистааст аз њуќуќ ва шарафи инсонии садњо љабрдидагон дифоъ намояд. Абдулќодири Алавї муаллифи чандин маќолањо ва китобњои пурарзиш ба уновни "Иборањои пуристиори забони язгуломї"(Маскав, соли 1997) ва " Иборањои рехтаи забони язгуломї"(Маскав, соли 2001 мебошад. Инчунин, маљмўањои ашъор бо номи " Ойини мењр"(2009), "Ашки ќалам" (2012) -ро ба табъ расонидааст.

Фарњанги бефарњанг Њељ дар фарњанги ту фарњанг нест, Хулќу атворат ба љуз найранг нест. Аз муњаббат заррае нест дар дилат, Ќалби ту љуз оњану аз санг нест. Дар љабину синаат њам дидаам, Мењргармиву нишони шанг нест. Дар миёни зоњиру ботини ту, Њељ њамрангиву њамоњанг нест. Сиратат бо суратат н- омехта, Кору кирдорат ба як оњанг нест. Шармро аз рўи хеш бардоштї, Рўзи ту чун бе маю бе банг нест. Маѓзи ту андешаи макру фиреб, Ин забону ќалби ту якранг нест. Байни маргу зиндагї роњест кам, Љоят охир ѓайри гўри танг нест. Аз каломи Њаќ бигир дарси њаёт, Бењтар аз он њељ як фарњанг нест. Рўзи ту пеши љањондор дар њисоб, Бохудої будан охир нанг нест. Ин ки гўям нест аз буѓзу њасад, Чун миёни мову ту њељ љанг нест.

Сарвари ѓамхор кам аст Њама ин мардуми бедор гирифтори ѓам аст, Фарди беѓам чу бибинї, ба бисёр кам аст. Модар аз њасрати фарзанд ба доѓ месўзад, Хоњар аз њаљри бародар њаме бори ѓам аст. Тифлакон дар ба дару бе падару бе модар Падару модари таъмингари рўзѓор кам аст. Халќ кулбори гадої сари пушт хона ба дўш , Инчунин, миллати бемор ба бисёр кам аст. Духтарон ќаднорасида шудаанд фоњиша, Мисли тољикзани арзон ба бозор кам аст. Тољик муздури дари оламу одам гаштааст, Фарди боору асил, сарвари ѓамхор кам аст.

МАВЌЕЪ

Абдулќодири Алавї Саги даргањи кўи дигар Аз маърифату маслаки худ бехабар шудем, Аз мазњабу ойини худої бадар шудем. Шарм аз љабин, парда зи рухсор даридем, Аз миллату дар Бум ба зери хатар шудем. Чун фозилони давр таѓофул зи њам шуданд, Дар пеши чашми якдигарї беназар шудем. Њамвора васфи руњи бузургон шиори мост, На худ навоварему на аз нав дигар шудем. Дар худ фурў рафтаву ѓофил зи њамдигар, Бањри маќому мансабу љо бесамар шудем. Њарфи басе зи миллату Мењан њамезанем, Миллат насохтему ба миллат зарар шудем. Аз њомиёни миллату Мењан дилам гирифт, Аз рўзи сахти халќу Ватан дар њазар шудем. Лаънат ба ин вакилу вазирони мамлакат, Бегона ба ин хонаву дар пушти дар шудем. Аз шоњи вилоят, ки раият кунад гадо, Бартар, чу саги даргањи кўи дигар шудем.

Марди ватане нест Ин марди сияњкор, вале њамватанам нест, Ин фарди табањкор њаме њамзамонам нест. Чандест, ки мулк лонаи ин фитнагарон аст, Ин фитнагарон њамнафасу њамќадамам нест. Як фарди шуљоъ нест, њама мадњу саногўй, Ин мадњу саногўй, ба худо, њамсуханам нест, Чун боду насими ватанам гашта дудагин, Ин боди дудагин, ба худо, аз ватанам нест. Чун хоки лолазори чаман сўхта бар тамом, ?ар сабза, к-аз ин хок дамад, аз чаманам нест. Бо дасти табар шохи пур аз бор шикастанд. Ин дасти табардор вале њамќаламам нест. Зоѓону заѓан гашта кунун мурѓи сухангўй, Ин зону заѓан тўтии шакаршиканам нест. Аз дасти љоњилони макон њоли мо табост, Ин љоњилони Бум, Алї ањли фанам нест. ***** Шеъри ман оњ аст, дарду зора аст, Сўзи ќалби тољики бечора аст. Эй худованди љањон, аз бањри чї Миллати ман ин ќадар овора аст? ***** Тољик зи мулки хеш њаросон шуда, Ќањтиву мариз ба мулк арзон шуда. Як ида ба гўш пунбаи хомўшї зада, Як ида зи мулки хеш гурезон шуда .

Тољикистон Тољикистон мушти хоке аз Хуросони ман аст, Мењри покаш љилваи рўњи ниёгони ман аст. Ифтихори мањди илмаш чун Авасто будааст, Занду Позандаш1 њаме оѓози туѓёни ман аст. Кохи назми порсиро Рўдакї афгандааст, Њам ба њикмат ровии шеъри ниёкони ман аст.

Пири Тусї, ки сухан орост бар сони ар?с, Шу?рати "Шањнома"-аш нерўи Ирони ман аст. Ибни Сино ањли оламро "Шифо" бахшида буд, "Маснавии маънавї" "Ќонун"-и ирфони ман аст. Хуш ба њоли миллате, к-аз осмон дорад китоб, Он китоби осмонї чист ў Ќуръони ман аст. Сарбаландї ёфтї аз Тољикистон, эй Алї, Рамзу рози сарбаландї аз Бадахшони ман аст. Маскав, 1998

Бар Ватан оед Мурѓони муњољир, кунун бар Ватан оед, В-аз гўшаи сармову хунук бар чаман оед. Љаста зи ќафас, лона гузорида ба њар кўй, Сўи ќафаси хеш чу як љону тан оед. Ин кишвари зебову фиребо Ватани мост, З-ин рў бишитобеду ба зуддї ба ман оед. Садпора бигаштед, ба њар гўшаи дунё, Аз Русияву кишвари Чину Хутан оед. Љўйњои равонгашта Шумо, бар дили дарё, Аз Њинду Њироту Њамадону Адан оед. Шоиру дабиред ва ё њар кї набошед, Бо шеъри тару фикри навину сухан оед. Пайдост, ки ин њиљрати мо ѓафлати мо буд, Бо дидаи бедор ба сўи Мењан оед. Гарди ќадами пойи Шумо сурмаи чашмон, Эй дурру аќиќи Ватанам, аз Яман оед! Рози Алавї бањри шумо њамватанонам, Оре! Љама сўи Ватану анљуман оед.

Ин Ватан обод нест Дарди ман дармон надорад, к-ин ватан обод нест, Ѓуссаам поён надорад, к-ин ватан обод нест. Солњо бигзашту лекин ман њамон овораам, Оњи ман сомон надорад, к-ин ватан обод нест. Мењру мањ андар самои абросои Ватан, Гармие бар љон надорад, к-ин ватан обод нест Андалеб бо он, ки бинад рўи гул боре хуш аст, Синаам армон надорад, к-ин ватан обод нест. Бо умеди рўзи фардо шаб ба поён мебарам, Шоми ман поён надорад, к-ин ватан обод нест. Халќи ман овора мегардад дар ин сањрои фаќр, Баски ў имкон надорад, к-ин ватан обод нест. Соњиби давлат надорад рањм бар њоли гадо, З-он ки обу нон надорад, к-ин ватан обод нест. Шањриёреро, ки мебинї ту андар мулки мо, Мењр бар моён надорад, к-ин ватан обод нест. Умр поён мешавад, сўзем аз доѓи Ватан, Дил дигар армон надорад, к-ин ватан обод нест. Бар Алї дарди дигар набвад ба љуз дарди Ватан, Дарди ў дармон надорад, к-ин ватан обод нест.

1.Занду Позанд - номи китоби тафсирии "Авесто" дар забони пањлавї


ПЎСТКАНДАИ ГАП

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

11

Кўњнафурўшї «секонд њэнд» - и тољикї... Дар тамоми дунё маѓозањои "секонд њэнд" амал менамоянд, ки барои мардуми нодору камбизоат фароњам шудаанд. Маънии "секонд њэнд" - дасти дувум, яъне либос ё моли истифодашуда аст. Ин либосњои гарону пахтагин, аслан, аз давлатњои Олмону Њолланд ба Русия ворид мегарданд. Ин либосњое мебошанд, ки мардуми сарватманди хориљї ба љойи андоз, ё кори хайр ройгон бурда, ба калисоњо месупоранд. Баъд аз Русия тољирони тољик онро ба воситаи ќаторањо ба Тољикистон оварда, яклухт мефурўшанд. Пеш аз фурўхтан онро ба намудњо људо карда, махсус дору мепошанд, то ягон микробе дар он намонад. Дар маѓозањои "секонд њэнд" њама намуд либосњои аврупоиро ёфтан мумкин аст. Хубиаш дар он аст, ки ин либосњо аз пахтаи холис дўхта шудаанд ва ба саломатии инсон фоида дорад. Аммо дар маѓозањои "секонд њэнд"-и Душанбе ин либосњоро гарон мефурўшанд. Њол он ки он бояд хеле арзону дастрас бошанд. Дар сўњбат як фурўшандаи "секонд њэнд" наќл кард, ки аз либосњо, њатто баъзе нафарони сарватманди пойтахт њам истифода мебаранд: - Њамин ки бор омад, бењтаринашро

мо пинњон карда, ба ин нафарон занг мезанем. Онњо омада, онро бо кило харида мебаранд. Ва хоњиш мекунанд, ки дар ин бора ба касе нагўем. Он чї ки ба шањрвандон пешкаш мегардад, њама охири бор мебошад, ки сифаташ пасту хеле афсурдашуда мебошад.

Либоси мактабї Имрўзњо ќисме аз мардуми бекор рў ба тиљорати "кўњнафурўшї" оварда, аз њамин њисоб зиндагиашонро ба пеш мебаранд. Сокини мањаллаи Њаёти Нав Башорат муддати 7 сол аст, ки "бизнесмен"-и кўњнафурўшї аст. Бо шавњараш аз ин њисоб зиндагиии оилавиашонро пеш мебаранд. Онњо ба хонањои мардуми доро рафта, либосњову кўрпачаву кўрпањои кўњнаи онњоро яклухт харидорї карда, дар бозори Сафариён оњиста-

«

оњиста гаронтар мефурўшанд. Масалан, либоси миллии тољикии истифодабурдашударо аз 10 то 15 сомонї мефурўшанд, ки барои мардуми камбаѓал дастрас аст.

- Њамин ки бор омад, бењтаринашро мо пинњон карда, ба ин нафарон занг мезанем. Онњо омада, онро бо кило харида мебаранд. Ва хоњиш мекунанд, ки дар ин бора ба касе нагўем. Он чї ки ба шањрвандон пешкаш мегардад, њама охири бор мебошад, ки сифаташ пасту хеле афсурдашуда мебошад.

«

Нуфузи секэнд њэнди тољикї аз либосњои хориљї дида баландтар аст. Чунки њам арзон асту њам либосњои миллї љой доранд. Пас аз ду моњ бозори либосњои мактабии кўњна дар кўњнабозори назди Автовокзал љойдошта метафсад. Мардуми камбизоати навоњии пойтахт ба ин љо рўзњои шанбеву якшанбе омада, либосњои кўњнаро харидорї карда, барои фарзандонашон онро аз нав шуста, захира мекунанд. Дигар чора њам надоранд... Шањлои НАЉМИДДИН

- Бародарон, хоњарон, акнун гапу кори шудагї шуд, миллат хор шуд. Ба Ватан баргардед, шукр њама љо тинљиву осоиштагист, касе шуморо ѓам намедињад. Сад шукр, ки мо кофир не, балки чун шумо мусулмонем, мо њам дар як рўз се маротиба намоз мехонем. Биёед, дар чашмотон садќа… "Се бор намоз мехонем" - гуфтани Сангак Сафаров баргаштани гурезањоро се моњ ба ќафо партофт...

"ГОЊО НАЃМАВУ УСУЛ"

Латифањои Созишномаи сулњ "МУЛЛОФУХИН" Дар маросими баимзорасии "Созишномаи сулњи тољикон" дар шањри Маскав собиќ муњаррири идораи барномањои бурунмарзии радиои Тољикистон Нусратшоњ Таваллоев ба сифати рўзноманигор иштирок дошт. Дар танаффуси музокирот ў барои сабти сўњбат як нафарро даъват мекунад. Ў чунин мегўяд: - Мо бисёр хурсандем, ки имрўз Созишномаи сулњ байни њукумат ва мул офухин ба имзо мерасад… Таваллоев ўро манъ карда мегўяд: - Муллофухин не, мухолифин гўед. - Майлаш. Мо бисёр хурсандем, ки имрўз созишномаи сулњ байни њукумат ва муллофухин ба имзор мерасад… Њамин тавр се-чор маротиба њамсўњбат калимаи "мухолифин"-ро талаффуз карда

наметавонад. Рўзноманигор љонбезор шуда, хоњиш мекунад: - Майлаш, "мухолифин"-ро талаффуз карда, ки натавонед, барои идораи бурунмарзии мо калимаи "оппозисиун"-ро гўед њам мешавад. - Хуб шудааст. Мо бисёр хурсандем, ки имрўз созишномаи сулњи байни њукумат ва оппо…, оппо.. Э, муаллим заб корамонро осон кардед, њамон "муллофухин" бењтар ва осонтар буд, биё, њамонро гуфтан гирам, баъд худатон ислоњаш мекунед.

"МО ЊАМ МУСУЛМОНЕМ" Дар ќатори чанд нафари масъул барои ба Ватан баргардонидани гурезањо Сангак Сафаров низ барои сўњбат ба назди онњо рафта буд. Чун навбати сухан ба ў мерасад, аз фирориён хоњиш мекунад:

Пас аз баимзорасии "Созишномаи сулњи тољикон" ва ба Ватан баргаштани фирориён дар яке аз рўзњои солгарди имзои Созишнома дар назди Театри опера ва балети ба номи Айнї маљлиси ботантана ва баъди он консерти идона баргузор гашт. Устод Саид Абдуллоњи Нурї (рўњашон шод бод) аввал намоз гузоштанду баъд омада, бањузур нишаста, консертро тамошо мекарданд. Шахси дар пањлуяш нишаста пас аз љунбондану абрупаронињои раќќосањо аз устод пурсиданд: - Нав намоз хондеду тамошои ин паричењрањо куфр нест? - "Гоњо Худову расулу гоњо наѓмаву усул" гуфтаанд. Баъди адои намоз, ана, акнун наѓмаву усулашро тамошо мекунем, - љавоб доданд устод.

"БАРОИ ВАЗИФАИ МАН ЉАНГИДА БУДААНД" Як мансабдор, ки баъди љангњои дохили соњиби вазифаи баланде шуда буд, дар њар маљлиси вазораташ ба зердастонаш мурољиат карда, мегуфт: - Намедонам, ин оппозитсия барои чї љанг мекарда бошад, ба онњо чї лозим бошад? Пас аз баимзорасии "Созишномаи сулњ" ва додани 30 фоизи мансабњо ба намояндагони мухолифин, ў дар рўйхати ихтисоршудагон афтид ва маљбур шуд курсии мансабро холї кунад. Рўзи охирини корї ва хайрухуш бо њамкоронаш ба љои љумлаи маъмулии чанд сол боз такроркардааш чунин гуфт: - Ман акнун фањмидам, ки оппозитсия барои курсии ман љанг мекардааст...

"ЌУВВАИ СЕЮМ" Дар љараёни нооромињо ва зиддиятњо писари яке аз мансабдорони њукуматї ба духтари зебое ошиќ мешавад, вале падари он духтар ба гурўњи равшанфикрњо, ё ин ки демократњо мансуб будааст. Бо вуљуди ин,

Љумъаи МИРЗО љавон пофишорї мекунад, ки бо духтар њамхона мешавад. Волидайни домоду арўси оянда розї мешаванд ва рўзи тўйро маслињат мекунад. Дар байн чї гапу хабаре мегузарад, ки тўй барпо намегардад. Љонибњо гунањкорро мељўянд, вале касеро пайдо карда наметавонанд. Нињоят ба назди як тањлилгари воќеоти кишвар мераванд. Ў пас аз тањлилу хулосабарорињои зиёд мегўяд: - Ин љо на айби тарафи домод асту на айби тарафи арўс. - Пас айби кист? - мепурсанд аз ў. - Айби ќувваи сеюм, - љавоб медињад ў.

"РИШИ СИФОИЗА" Бо вуљуди дар њукумат гирифтани мансаб генерал Мирзо Зиёев (рўњаш шод бод) њељ аз риши дарозаш дил канда наметавонист. Чанд маротиба баъди маљлисњои њукуматї масъулин ўро огоњ карданд: - Рафиќ генерал, ришатонро пурра њам нагиред, каме кўтоњ кунед, охир риши шумо барои сабти телевизион халал мерасонад, операторон ва коргардонњо аз ќайчикунии наворњо љонбезор шуданд. Вале Мирзо Зиёев њељ аз раъяш намегашт. Нињоят як мансабдор бори охир ўро хотиррасон кард: - Рафиќ генерал, Шумо мансабро аз рўи квотаи сифоиза гирифтед. Ана, барои њамин шумо вазифадоред, ки 30 фоизи ришатонро монеду 70 фоизи дигарашро ќайчї занед. Ин суханњо ба Мирзо Зиёев писанд омад ва дар маљлиси ояндаи њукуматї бо риши кўтоњшуда омаду бори аввал ўро дар телевизион намоиш доданд.


Винин

12

ВОКУНИШИ МАЌОМОТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

"ХУЛОСАИ СУД БЕКОР КАРДА ШУД"

3

Суди Олии ЉТ љињати иљроиши Фармони Президенти ЉТ "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлили воситаи ахбори омма", маќолаи "Суди Вахш ва кампири 74-сола", ки дар њафтаномаи "Нигоњ, № 3 (231) аз 10-уми апрели соли 2013 ба табъ расидааст, Суди Олї чунин иттилоъ медињад: Муайян карда шуд, ки Зайниддинова Љаннатбї дар намояндагии Мањмадова Азиза Амирљоновна нисбати Убайдуллоев Тўйчибек Эшонович дар намояндагии Убайдуллоев Эшон Файзуллоевич ва Джононова Сайпочо Маноновна, Идораи нотариалии давлатии ноњияи Вахш ва Убайдуллоева Паримоњ Азамовна, дар бораи эътироф намудани моликияти якљояи зану шавњар нисбати амволи меросї, беэътибор донистани шартномаи њадяи манзили истиќоматї аз 19 феврали соли 2010 ва кўчонидани Убайдуллоев Тўйчибек Эшонович дар намояндагии Убайдуллоев Эшон Файзуллоевич бо ањли оилааш аз манзили истиќоматї мурољиат карда, даъвояшро бо он асоснок намудааст, ки манзили истиќоматї воќеъ дар суроѓаи ноњияи Вахш, љамоати дењаи Тољикобод, дењаи Яккатут ба марњум шавњараш Зайниддинов Р. тааллуќ дошта, 0,12 га замин ба марњум шавњараш ва 0,12 га замин ба ў вобаста карда шудааст. Ў соли 1962 ба Зайниддинов Р. ба шавњар

баромада, дар манзили истиќоматии бањси зиндагї мекардаанд. Аз зиндагии якљояшон бо Зайниддинов Р. соњиби фарзанд нашудаанд. Соли 2010 ў ба бемории фалаљ гирифтор шуда, дигар роњ гашта натавониста, барои табобат гирифтан ба хонаи духтараш рафтааст. Бинобар фарзанд надоштанашон шавњараш љиянаш Убайдуллоев Э.-ро барои оянда нигоњубини онњо ба манзили истиќоматиашон оварда, дар ќайди манзили истиќоматї гузоштааст. Убайдуллоев Э. Ф. ва Убайдуллоев Т. Э. аз ољизии ў истифода бурда, бе розигии ў 19 феврали соли 2010 шартномаи њадяро тартиб додаанд, ки ў аз њадя шудани манзили истиќоматиашон хабар надоштааст. Њоло ў бехонаю љо буда, шароити зиндагиаш вазнин мебошад. Хоњиш намудааст, ки манзили истиќоматї воќеъ дар ноњияи Вахш, љамоати дењоти Тољикобод, дењаи Яккатут моликияти якљояи зану шавњар нисбати амволи меросї эътироф карда шуда, шартномаи њадя аз 19

феврали соли 2010 байни мањрум Зайниддинов Р. ва Убайдуллоев Т. Э. дар шахсияти Убайдуллоев Э. Ф. баста шудааст, беэътибор дониста шавад. Убайдулоев Т. Э. бо ањли оилааш аз манзили истиќоматии зикргардида кўчонида шавад. Бо њалномаи Суди ноњияи Вахш аз 20 феврали соли 2013 даъвои Зайниддинова Љ. дар намояндагии Мањмадова А. А. рад карда шудааст. Дар асоси шикояти кассатсионии Зайниддинова Љ. бо ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании Суди вилояти Хатлон аз 30 апрели соли 2013 њалномаи мазкур бинобар номутобиќатии хулосаи суди марњилаи якум ба њолатњои воќеии парванда ва нодуруст татбиќ намудани меъёрњои њуќуќи моддї ва мурофиавї бекор карда шуда, парванда барои баррасии нави судї ба суди ноњияи Бохтар ирсол карда шудааст. Ашўров М.М., муовини якуми раиси Суди Олии ЉТ

"САНАДИ СУДЇ БЕКОР НАМЕШАВАД" Маќолаи "Адолати гаранг", ки дар њафтаномаи "Нигоњ" № 4 (232) аз 17 апрели соли 2013 ба табъ расида буд, бо омўзиши маводи парванда мавриди санљиш ќарор дода шуд. Тавре аз далелњои парвандаи љиноятї бармеояд, Холмуродов А.А. бо њукми суди њарбии гарнизони Душанбе аз 7 июни соли 2010, бо ќисми 1, моддаи 32-305 и КЉ ЉТ, ки љавобгарии љиноятиро барои хиёнат ба ватан пешбинї мекунад, гунањкор дониста, бо ин модда ба ў љазои мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати 7 сол бо мусодираи молу мулк бо адо намудани љазо дар колонияи ислоњии дорои низомаш сахт таъин шудааст.

ар1,5 њои шурои 013 хо-

ањњои

дитиб

Аз болои њукм шикоят ё эътирози кассатсионї оварда нашудааст. Баъди адои љазои бо ин њукм таъиншуда, Холмуродов А.А. такроран бо њукми Суди ноњияи Шоњмансур, ш. Душанбе аз 27 январи соли 2010 барои содир намудани љиноятњои дуздї ва роњзанї, яъне бо моддањои 244, ќисми 2, бандњои "б, в, г" ва 249, ќисми 4, бандњои "а, в" КЉ ЉТ мањкум шуда, бо дастрасии моддаи 67, ќисми 3, КЉ ЉТ ба Холмуродов А.А. љазои мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати 19 сол бо мусодираи молу мулк бо адо намудани љазо дар колонияи ислоњии дорои низоми махсус таъин карда шудааст. Аз мазмуни маќола бармеояд, ки Холмуродов А. А. бо њукми Суди њарбии гарнизони Душанбе аз 7 июни соли 2010, ки бо он бо ќисми 1, моддаи 32-305 - и КЉ ЉТ гунањкор дониста мањкум шудааст, норозї буда, онро ѓайриќонунї њисобида, ваљњ

овардааст, ки гўё њуљљатњое, ки барои фош кардани ў гунањкор дониста шудааст, ба њуљљатњои дорои сирри давлатї дошта мансуб намебошад. Гунањкории Холмуродов А.А. дар содир намудани љинояти бо ќисми 1, моддаи 32-305 -и КЉ ЉТ пешбинишуда бо далелњои зерин, аз љумла, бо аризаи худиќрории Холмуродов А. А. ба унвони вазири амнияти миллии ЉТ (њозира Кумитаи давлатии амнияти миллї) аз 5 феврали соли 2000 (љилди 1, в.п. 50-51), хулосаи ташхиси судї оиди муайян намудани дараљаи махфияти њуљљатњо (љилди 1, в.п. 127-13-), протоколњои пурсиш ба сифати гумонбаршуда аз 5 феврали соли 200 (љилди 1, в.п. 55-59, 62-69), ба сифати айбдоршаванда аз 15 феврали соли 2000 (љилди 1, в.п. 74-91), протоколи кофтукови шахсии Холмуродов Ш.А. аз 5 феврали соли 2000 (љилди 1, в. П. 96-98), протоколњои пурсиши Холмуродов Ш.А. аз 14 феврали соли 2000 (љилди 1, 105111), аз 15 феврали соли 2000 (љилди 1, в.п. 124-135), аз 16 феврали соли 2000 (љилди 1, в.п. 136-143), бо нишондодњои худиќрории дар мурофиаи судї бо иштироки њимоятгар

додаи Холмуродов А. А., ки њолати содиркунии љиноятиро пурра ва равшан баён намудааст, инчунин, бо дигар далелњои парвандаи љиноятї тасдиќи худро пурра ёфтааст. Ваљњњои дар маќола зикргардида оид ба он, ки њуљљатњои гирифташуда гўё дорои сирри давлатї набудаанд, бо хулосаи ташхиси судии санаи 8 феврали соли 2000 гузаронида шуда, ки сирри давлатї доштани ин њуљљатњоро тасдиќ намудааст, рад карда мешавад (љилди 2, в.п. 127130). Њамзамон, ќобили ќайд аст, ки ваљњои дигари маќола, аз ќабили аз љониби Холмуродов А.А. бартараф намудани сўиќасд ба љони Шулашов Н.Ш., нодуруст будани амалњои масъулони рейси Душанбе - Маскав ва ѓайра ба љиноятњои содирнамудаи Холмуродов А. А. ягон алоќамандие надоранд. Бо назардошти њолатњои боло барои таѓйир додан ё бекор кардани санадњои судии нисбати Холмуродов А.А. ќабулгардида асос дарёфт нагардид. Ашуров М. М., муовини якуми Раиси Суди Олии ЉТ

даъвати ман ба Кумитаи давлатии амнияти миллї ба њамин суханронї рабт дошт. Агар гўям, ки ин масъала њамарўза домангири мо буд, хато намекунам - њам мавзўи "номзади воњид" ва њам ин ки мо як шакли фаъолияти пардапўшонаи ЊНИТ њастем. Ва як бор, њатто, Зайд гуфт, ки дар њар идорае барои суолу љавоб даъват мекунанд, суханронии шуморо (яъне манро) аз минбари ЊНИТ далел оварда истодаанд, ки мо бо он њизбем ва њатто, мегуфтаанд, ки ин дигар гумону шубња нест, ки шумо тарз ё шакли дигари фаъолияти ЊНИТ-ро дар шахсияти худатон ба роњ мондаед. Њарчанд мо такрор ба такрор мегуфтем, ки мо мустаќил њастем, роњу равиш ва њадафњои худро дорем, марказгаро њастем, чизи хуби њамаро мегирем, вале бадашро инкор мекунем,

ёданд? - Дар мавриди мушкили худам то њадди имкон кўшидаам, ки сокит бошам. Ба хотири њамњизбињо, ки боиси ташвишу тањлукаашон нашавад. Вале дигар љои пинњон кардан њам намондааст, чун аз дањан ба дањан мегузарад ва овозањо гуногун аст. Рости гап, аз саволу љавобу пурсупоси зиёд њамсояњоро безор кардаанд. Онњоеро, ки хонаи ман меоянд, ба навор мегиранд. Рафтуои наздикону шиносњо кам шуд, љуръат намекунанд. Њанўз аз оѓози сол ният доштам, ки фарзанди калониамро хонадор кунам. Ин маросим њам иттифоќ афтод дар даруни ин мољаро ва мо онро хеле мухтасар баргузор кардем ва аз бањри аксари чорабинињои он гузаштем. Ба хотири он ки бархе аз ёру ошноњо, ки меоянд, гап нашунаванд, зери фишор ё шакку шубња ќарор нагиранд ва дигар аз ин њам му-

Мањмудљон ЌОСИМОВ: "ДАР ЌАЗИЯИ ЗАЙД АЗ МАН ЧУН "НАЖИВКА" ИСТИФОДА БУРДАНД" Мусоњибаи ихтисосии "Нигоњ" бо Мањмудљон Ќосимов, муовини раиси Кумитаи тадорукоти Њизби "Тољикистони нав" ва масъули Кумитаи љамъиятии дифоъ аз њуќуќњои конститутсионии Зайд Саидов бовар намекарданд. Вале онњо бояд бидонанд, ки мо аз нафароне нестем, ки зери парчами дигарон бошем. - Ба назари шумо, кори тафтишот дар ин ду моњ, ки муќаррар шудааст, ба поён мерасад ва ё кашол медињанд, то баргузории интихоботи тирамоњи соли љорї? - Аљаб нест, ки дар ин ду моњ парвандаро љамъбаст карда, ба додгоњ фиристанд.Чунки дида истодаанд, ки агар то интихобот кашол дињанд, ќазияи Зайд мамониати бисёр барои онњо пеш меоварад. Пештар мо њам њамин гуна тахмин доштем ва мегуфтем, ки то интихобот ин ќазияро кашол медињанд. Лекин ба фикри ман, чун тавваљљўњ аз дохилу берун зиёд аст ва њамарўза сару садоњо зиёдтар мешавад, барои мањор ва хомўш кардани онњо тафтишотро зиёд намебаранд ва бо ин васила мехоњанд бигўянд, ки ин ќадар беасос вокуниши манфї нисбати Њукумати Тољикистон нишон додан дуруст нест. Дигар масъаларо додгоњ њал хоњад кард. - Иттињомоте, ки нисбати Зайд Саид задаанд, њамааш иќтисодї аст. Ин имкон вуљуд дорад, ки бо пардохти маблаѓи онњо озод шавад? - Дар парванда иттињоми порагирї њам њаст. Ва ин љо, њатто, метавонанд моњияти сиёсї њам дињанд. Чун гўё яке аз шоњидњо гуфтааст, ки Зайд ба њангоми гирифтани пора гуфта бошад, ки ќисме аз ин пули мегирифтаашро ба воломаќоме аз боло хоњад дод. Ин шоњид нафаре аст, ки дар Тољикистон, то ин ки Зайд вазири саноат бишавад, иљозати истифода ва истихрољи тилло дар ду конро доштааст. Ба як нукта ин љо таваљљўњ кунед. Ваќте ин одам чораи дарёфти иљозатномаи навбатї барои истифодаи кони дигари тилло (Чореи ноњияи Айнї) дар пул додан (пора) дида бошад, суол пеш меояд, ки он ду конеро, ки пештар гирифт, он њам бепул нашудааст? Он ваќт Зайд набуд, пас, он пулњоро ин нафар ба кї дода бошад? Агар ба мантиќу моњияти корњои инњо таваљљўњ кунед, мебинед, ки чоње канда истодаанд, ки ногузир худашон меафтанд. - Худи шумо дар чї њолу вазъе ќарор доред. Фишорњо зи-

ќаддамтар, бародари азизи мо дар њабс аст ва аз рўи ахлоќу одоб њам нест, дар чунин шароит маросими бошукўњ баргузор намоем. Рўзи дигари тўй хабар омад, ки он нафароне, ки ба сабту аксбардории маросим машѓул буданд, нафарони амниятї омада, аксњояшонро мегиранд ва мегўянд, ки мо бояд бидонем, ки дар ин тўй чї гузаштааст. Маро даъват карда гуфтанд, ки идеологи ин њизб шумо њастед. Мо медонем, ки њамаи корњои ташкилии ин њизб аз љониби шумо анљом дода шудааст. Гўё баъзе аз афроди шинохтаро ба ин њизб ман овардаам. Ошкоро гуфтанд, ки мо сўњбатњои телфонии шуморо медонем, ки бо кињо аст. Ва њатто, гуфтанд, ки оќибати кор навбати шумо аст. "Зайд мањкам шуд, акнун навбати шумо аст". Ман мољарои баргаштани Зайд ва кафил шудани худамро њикоя кардам ва гуфтам, самимона мегўям, ки омодаам барои ќабули таќдири бадтар аз он таќдир, ки ў (Зайд) њоло дорад. Ин дунёямро, ки маълум кардед, вале тарсу хавфам дар он дунёст, ки намедонам, ба Худованд чї љавоб дињам, чун он масъулияте, ки бар ўњда гирифтам, кафил шудаму ў ба ман бовар карду омад, вале дучори чунин бадбахтї шуд. Гуфтам, бароям ин муњим аст ва дигар, чї њунаре, ки доред, нишон дињед. - Пурсиданд, ки аз ин иќдом даст кашиданї нестед? - Бале. Дар љавоб гуфтам, ки њељ ваќт. Бахусус, ваќте кор чунин ранг гирифт, дигар роњи ќафо баргаштан нест. Гуфтам, ваќте сухан аз меъёрњои ахлоќие чун виљдону ќарзи инсонї, љавонмардї меравад, шояд, барои шумо як суханпардозї, як чизи берабту бемантиќ бинамояд, аммо ин чизњо арзишњои моянд. Агар фарз кардем, аз ин чизњо њам сарфи назар шавад, ман ба чашми зану фарзанд, бародару хоњар, умуман, њамаи хешу табори Зайд нигоњ карда тавонистанам даркор, чун коре кардем, ки ў ба ин њол гирифтор шуд. - Сипос, барои сўњбати ошкоро. - Умедворам, ки рўи чопро мебинад. - Дер ё зуд.


ТАХТАИ СИЁЊ

13

- Ња, ако, раиси нав расиданд...

Ман як фарзанди ин Ватани мањбуб буда, баъд аз мутолиаи маќолаи Њафиз Сайфуллоев дар њафтаномаи "Народная газета" (8 май, соли 2013 - "У "кормила" без "корма" (о бедных газетчиках слово) хостам нуќтаи назари хешро иброз намоям. Зеро тўли 27 сол њамчун иќтисоддон дар ин даргоњи ба ман муќаддас - Иттињодияи истењсолии матбаањои вилоят кор ва фаъолият доштам ва аз бурду бохти ин коргоњ бохабарам. Аз ин рў, дар масъалаи ба чунин њолати ногувор дучор гардидани матбаачиён ва муносибати роњбарияти иттињодияи истењсолии матбаањои вилоят ва нашрияњои вилоятї бетараф буда наметавонам. Аз навиштањои муаллифи маќола љаноби Сайфуллоев ва сарлавњаи он аён гардид, ки аз чењраи муаллиф ниќоби сохтааш бардошта гардид, аниќтараш симои аслиаш кушода шуд. Муаллифи он маќола худро мутахассиси барљастаи соњаи рўзномаву рўзноманигорї ва полиграфия шуморидааст, аммо тамоми рафтору фаъолияти "доманадор"и вай баръакси навиштањояш мебошанд. Агар муаллиф дар њаќиќат мутахассиси соњааш мебуду њарчанд дар курсии роњбарї нишастааст, ба ќавле, њам аз аспу њам аз ўзангу мефаромад ва бо њамбастагї бо сарварони рўзномањои давлатї кор мекард, чунин нофањмињо ба миён намеомаданд ва ин масъалаи муњим то ба сатњи муовини аввали раиси вилояту худи раиси вилоят, ки писари эркаро гўё ќабул накардаанд, мавриди баррасї ќарор дода намешуд. Рафтори љаноби Сайфуллоевро ман њамчун њамкор ва њамкасб ба ѓайр аз зарбулмасали тољикии "Кўри худу бинои дигарон" бањогузорї намекунам. Муаллифи маќола даъво мекунад, ки солњои фаъолияташ дар рўзномаи машњури адабии "Литературная газета", маљаллањои "Помир"-у "Новая время" тањти сарварии сармуњаррирони дигар ва дар нашрияи "Ленинабадская правда" роњу усулњои нав ба навро љустуљўву истифода бурда, ба комёбињо ноил мегардид. Агар Сайфуллоев, дар њаќиќат, дилсўзи коргару ѓамхори соња мебуд, онро дар фаъолияти кунуниаш исбот менамуд. Баъди сарвари корхона таъин шуданаш роњбариро аз "вайронкорї" оѓоз кард. Масалан, бо иќдоми роњбари пешинаи иттињодияи матбаањо њафтаномаи "Программа ТВ" нашр мешуд ва љарида харидори зиёд дошт. Њафтае як маротиба бо теъдоди то 12 њазор нусха чоп мешуду аз фурўши он иќтисодиёти коргоњ боло мерафт. Бо "корчаллонї"-и Њафиз Сайфуллоев имрўз ин њафтаномаи рекламавї њамагї аз 600 то 1200 нусха чоп мешаваду бас. Солњои роњбарии Сайфуллоев ба матбаа ягон таљњизоти замонавии чоп ворид карда нашудааст, бањри бехдошти истењсолот тадбире наандешидаанд. Зикраш бамаврид аст, ки баъди сарвари иттињодия таъин гардидани љаноби Сайфуллоев шумораи кормандони матбаа њамасола коњиш меёбад. Чї њољати исбот, ки 8-10 сол кабл дар матбааи раками якуми шањри Хуљанд 100-120 нафар кор мекарданду мањсулоти асосии полиграфии ќаламрави вилоят дар њамин коргоњ чоп мешуд. Азбаски роњбари "дилсўз" ба ѓайр аз фурўхтани таљњизоту лавозимоти "кўњна" амали дигареро иљро накард, микдори коргарон имрўз њамагї то ба 30 - 40 нафар мерасаду халос. Кї ин далелро рад мекунад? Ман ањсант мегўям ба соњибкороне, ки дар чунин раќобати сахти бозаргонї љои корї ташкил мекунанд, базаи моддию техникї месозанд, кадру мутахассисони баландихтисосро тарбия мекунанд ва онњо-

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

ВАТАН "ПИСАРИ ЭРКА" НАДОРАД ро бо љойи кори доимї ва маоши хуб таъмин менамоянд. Аммо баъзењо, ба монанди муаллифи маќола Њафиз Сайфуллоев, љойњои кори мављуда, базаи моддию техникии тайёрро ба дараљаи нестї мебаранд, кадрњои баландихтисоси мављударо бекор мемононанд, коргоњро ба муфлисшавї мебаранд. Ва шарм надошта, аз "таљрибањо"-и солњои пешинааш бовиќор наќл карда, ба масъулин "маслињат"-њои судманд медињанд. Бояд гуфт, ки Њафиз Сайфуллоев бо маќсади ѓаразнок фаъолият бурда, давоми чанд соли роњбариаш на танњо таљњизоту лавозимоти кўњна, балки як ќисми бинои коргоњро њам ба савдо зад. Дар њоле ки соњибкорони банангу номус, фидої ба Ватану миллат дар заминњои санглоху корношоям корхона бунёд карда, таљњизот ворид ва мардумро бо љои корї таъмин ва бањри пешрафти кишвар сањми муносиб мегузоранд. Муаллифи он маќола дар фаъолияти "босамарааш" ба ѓайр аз камбудињои содирнамуда ба ќонуншиканињо низ роњ дод. Ќонуншиканињои љаноби Сайфуллоев аз тарафи њамаи зинањои маќомоти прокуратура ошкор гардида, эътироз оварда шуд. Мутаассифона, љаноби Њафиз Атаханович ба эътирози прокуратура њам беэътиної

«

зоњир намуд. Танњо бо дахолати Прокуратураи генералї ва Вазорати фарњанги Тољикистон, њамчунин чопи маќола дар рўзномаи ѓаїридавлатии "Нигоњ" камбудињо ќисман ислоњ шуданд. Аммо як њолати ѓайричашмдошт маро ба андеша кардан водор менамояд. Ин њам бошад љаноби Сайфуллоев бо вуљуди роњ додан ба чунин камбудї, инчунин ќонуншиканињо, њатто, беэътиної ба эътирози прокуратура бо ордени "Шараф" таќдиронида шуд. Акнун, ки аз чењраи муаллиф Њафиз Атаханович ниќобаш бардошта, симои аслиаш кушода шуд, бисёр мехостам, ки тартиби пешнињоди мукофотонидани Њафиз Сайфуллоев бо ордени "Шараф" мавриди омўзиш ќарор дода шавад. Зеро Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронињояшон њамеша содиќ будан ба халќу Ватан ва миллатро таъкид мекунанд. Ва мегўянд, ки Президент ба унвонњои баланд нафаронеро бо пешнињоди масъулин ќадрдонї менамоянд, лекин наметавонад барои шахси нолоиќ эњтироми халќро талаб намояд. Зеро њар шахс бояд худ ба эњтироми мардум сазовор бошад. Бинобар ин агар омўзиши њолати ѓайриќонунї, аниќтараш бо ёру ошнобозї ё бо роњи коррупсионї бо ордени "Шараф" ќадрдонї шуданро муайян намоянд, он бозпас ги-

Муаллифи маќола даъво мекунад, ки солњои фаъолияташ дар рўзномаи машњури адабии "Литературная газета", маљаллањои "Помир"-у "Новая время" тањти сарварии сармуњаррирони дигар ва дар нашрияи "Ленинабадская правда" роњу усулњои нав ба навро љустуљўву истифода бурда, ба комёбињо ноил мегардид. Агар Сайфуллоев, дар њаќиќат, дилсўзи коргару ѓамхори соња мебуд, онро дар фаъолияти кунуниаш исбот менамуд.

«

рифта шавад. Њарчанд дар таљрибаи давлатдории Тољикистон бекор кардани ќадрдонї вуљуд надошта бошад, чунин амалї бекоркунї љорї карда шавад, то дар оянда шахсони масъул њангоми пешнињод ба мукофотњои давлатї ба ин гуна ѓалаткорї роњ надињанд. Зеро ќадршиносии мењнати шахс бо мукофоти давлатї ин ифтихор ва ќадршиносии Модар - Ватан мебошад. Муаллифи он маќола љаноби Сайфуллоев худро чун то давраи соњибистиќлолї эњсос намуда, мехоњад як ќатор норозигињояшро пеш оварад, гумон дорад, ки нондињанда боз ба ў нон дињад, аммо паї намебарад, ки давлати мо кайњо соњибистиќлол гардидааст ва раќобат вуљуд дорад. Њамаи норозигии муаллифро раќобат муайян менамояд, на чун чанд сол ќабл ўро роњбарони воломаќом пуштибонї кунанду "эрка"-гиашро боз идома дињад ва муаммоњои иттињодияи истењсолии матбаањо њалли худро ёбанд. Дар тўли 22 соли Истиќлолияти давлатї мебоист коргоњро васеъву љойњои кори мављудаву мутахассисони баландихтисосро зиёд намуда, таљњизоти муосирро вориду насб карда, сифати чопи рўзномаву маљалларо баланд мекардед. Шумо роњбари коргоњ њастед, аммо худро хеле тавонову рўзноманигоронро фаќиру камбаѓал нишон дода, боз нонталабї њам мекунед. Шумо њамчун роњбар мебоист ба дањњо нафар коргарон ризќу рўзї ёфта медодед, яъне нондињанда мешудед, на талбанда. Ба њоли њамкорони собиќам дилам месўзад, ки онњо ба "шарофат"-и Шумо имрўз аз як бурда нони њалолашон њам мањрум шуданду акнун арзашонро ба кї гўянд, намедонанд. Њамаи норозигињои дар маќола овардаи шуморо кайњо раќобат муайян кардааст. Раќобатпазир шудан лозим, ин маънои онро дорад, ки кор кардан лозим аст, на "писари эрка"-и Ватан будан. Нарзуллохоља МИРХОЉАЕВ


14

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

МУЊОЉИРАТ


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЊИКМАТ ШАХСИЯТ!!! Ваќте ки талабагон бо њамдигар љанљол мекарданд, муаллим ба синфхона ворид шуд. Муаллим ба хонандагон ќањролуд нигоњ кард. Ба назди тахтаи синф рафта раќами 1ро навишт. Диќќати хонандагонро ба тахтаи синф љалб намуда, гуфт: - Дар њаёт ин ягона чизе њаст, ки мо соњиби он њастем. Сониян, баъд аз як сифр навишта, ин муваффаќият аст, гуфт. Шахс бо муваффаќияташ якро дањ кард. Боз яктои дигар сифр гузошта, ин таљриба аст, гуфт. Дањро сад мекунад. Сифрњо дароз шуда рафтанд. Ќобилият... Тарбия... Муњаббат... Самимият... Пас аз њамаи инњоро фањмонидан раќами 1-ро тоза кард. Раќамњои боќимонда њама сифр буд. Муаллим сухани охиринашро чунин ба итмом расонид." Агар шумо шахсият надошта бошед, дигарњояш њама њељанд". Иќбол МИРЗОЕВ, сокини шањри Душанбе

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

?-И НОБОБ ОЁ ХИЗМАТИ ЊАРБЇ КАРДАН БАРОИ ДОХИЛ ШУДАН БА ДОНИШГОЊ ИМТИЁЗ МЕДИЊАД? - Шањрвандоне, ки пас аз адои хизмати њатмии њарбї (сверхсрочная служба) хоњиши дохил шудан ба донишгоњ ё донишкада доранд, оё њангоми шомил шудан ба донишгоњњо имтиёз доранд ё не? Мањдудияти синнусолї дорад, ё не? Хоњишмандам дар ин бора мувофиќи муќаррароти ќонунњои љории кишвар ба мо маълумот дињед. Собир ЮНУСОВ, сокини шањри Душанбе - Ќоидањoи ќабули хонандагон ба муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон дар асоси моддаи 29-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маориф" ва банди 26-и "Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон", ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, аз љониби Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањия ва тасдиќ карда мешавад ва тартиби ќабули хонандагонро ба муассисањои тањсилоти олии касбї муќаррар менамояд. Мутаассифона, дар Ќоидањои ќабули довталабон ба муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар барои шањрвандоне, ки хизмати њатмии њарбиро анљом додаанд, имтиёз пешбинї нашудааст. Њамчунин, ба шуъбањои рўзонаи муассисањои тањсилоти олии касбї шањрванд метавонад то синни 35 - солагї дохил шавад. Ба саволи Шумо, сармутахассиси шуъбаи таъминоти њуќуќї ва котиботи вазорати маорифи Тољикистон Сайвалї ЌОДИРОВ посух дод.

САФАРНОМАИ РУСИЯ - Инак ман њам дар ќатори њазорон шањрванди Тољикистон азми сафари Русия дорам. Барои кор меравам. Ѓарибї сахт аст, вале чї чора? Дар Ватан кор нест. Дипломи маълумоти олиро ба муддати номуайяне ба гўшаи љомадон гузоштаам. Бале, замоне, ки донишгоњро хатм мекардам, дипломро ба даст гирифта, худро хушбахттарин инсони рўи љањон мепиндоштам. Акнун, мегуфтам ба худ, дониши андўхтаамро дар амал пиёда хоњам кард... Њамагї ду сол дар яке аз идорањои бонуфузи Душанбе кор кардам... Афсўс, ки љанг сар шуд. Љанги хонумонсўзи бародаркуш. Кї оташ афрўхт, кї њаќ буду кї ноњаќ - бигзор, таърих бањо дињад. Њоло бошад, мардум оромиро мехоњад. Гарчи дар Ватан зиндагї сахт аст, боз њам сабр мекунанду шукр мегўянд. Шукри оромиву осудагї. Љанг набошад, мардум худ нони худро пайдо мекунад. Тамоми истењсолот фалаљ гардид, аз он љумла, муассисаи мо низ. Чораи дигаре намонд, ба љуз муњољират. Мешунидам, ки муњољирони тољикро дар Русия кормандони милиса озор медињанд. Амалдорони Тољикистон гуноњро дар сари худи муњољирон мезаданд. Гўё, ки тољикон дар Русия ќонуну ќоидаро вайрон мекунанд, аз ќайди расмї намегузаранд, рафтори ношоиста мекунанд, нашъљаллобї мекунанд ва ѓайра. Ман, ки худро шањрванди итоаткори ќонун мешуморам, ќарор додам, ки дар Русия низ чунин хоњам буд. Он гоњ касе наметавонад бањонае ёбаду табъи маро нохуш гардонад. Омодагии хуб гирифтам. Дар давоми шаш моњи пеш аз сафар ба расмї кардани санадњои зарурї машѓул будам: гувоњномањо аз муассисањои гуногуни тиббї ва идорањои иљтимої, дафтарчаи мењнатї, тавсияномаву тавифнома аз љои кор гирифтам. Ба худ мегуфтам: "Дар Русия касе наметавонад ба ман айбгузорї кунад". Инак, бо ањли хонавода ва кўдакон хайрухуш карда, ба роњ баромадам. Охири апрели соли 2005 буд. Вокзали роњи оњани Душанбе серодам буд. Мусофирону гуселкунандагон интизори оѓози саворшавї ба ќатора буданд. Нињоят, иљозаи саворшавї шуд. Љавоне назди ман омаду оњиста гуфт: "Ака, 10 сомонї бите, аз гумрук мегузаронам". Гуфтам, ки "Ташаккур, бародар, мададат лозим нест. Зеро ягон чизи ѓайриќонунї надорам, фаќат тўшаи роњ. Бигзор тафтиш кунанд". Љавон бо димоѓи сўхта "мебинем" гўён аз ман дур шуду бо гумрукчие гўшакї кард. Чун навбати ман расид, он гумрукчї маро наздаш фарёд кард. Сумкаи маро чаппа карду ба тафтиш оѓоз намуд. Ман бо диќќат нигоњ мекардам, ки ягон чизе напартояд. Бале, њастанд амалдорони бевиљдон, ки дар байни ангуштонашон бастаи нашъаро гузошта, бо бањонаи тафтиш ба киса ё сумкаи мусофирон меандозанду ба балои бад гирифтор карда, хунашро мемаканд. Ў гаштаву баргашта тафтиш мекарду њар замон мепурсид: "Нашъа надорї? Чаро надорї?" Барои тафтиши ман назар ба дигарон ваќти бештар сарф шуд. Асабї шудаму баъди пурсиши навбатї чунин љавоб додам: "Не, бародар! Надорам. Зеро медонам, ки ин љиноят аст". Оќибат ў даст аз ман бардошт. Дар баромадгоњ посгоњи марзбонон буд. Афсари ѓафсаке сарсарї ба шиносномаву билети чиптаи сафар менигаристу фаќат як гап мегуфт: "50 cўм". Ман гуфтам: "Бародар, дар бозгашт аз Русия чойпулї пурсї мешавад. Њоло, ки бо пули ќарз роњакиам, аз ман чї мегирї?". Марзбон санадњои маро ба як кунљи миз њаво доду саргарми дигарон шуд. Аљибаш ин ки дигарон хомўшона пул медоданду мегузаштанд. Ба худ гуфтам: "Пас, дар ин љо пул ситонидан анъана будааст. Бале, аз бегонагон чї гила, ваќте ки дар Ватан хорат мекунанд?!". Ин дам љавоне мусофир наздам омаду бо табассум гуфт: "Бори аввал сафари Русия мекунї? Маълум. Бо ин зудранљиву якравият хор мешавї, чи дар Тољикистон, чи дар Русия. Маслињат ин аст, ки њадди имкон муросо кун. Аз болои инњо ба љое шикоят бурдан кўшиши бењуда аст. Зеро њама каллаљунбонњое, ки ба вокзал дахле доранд, "доля"-и худро мегиранду ба њаромхўрињо чашм мепўшанд. Асабро эњтиёт кун, ки чунин њолатњо зиёд пеш меоянд. Ман соли чорум аст, ки ба Русия меравам. Ба ман бовар кун!". Ба суханони ин љавон, ки Назар ном дошту зодаи Хатлон буд, гўш медодаму ба таќдир тан дода, ором гардидам. Рост мегўяд ў. Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз, гуфтаанд дар урфият. Бо Назар то Русия њамсўњбат будем. Ў ба ман аз зиндагии муњољирони тољик ќиссањо мекард, ки ба назарам, мисли афсона менамуд. Он гуфтањояшро пасон бо чашми худ дар он кишвар дидам, бовар њосил кардам, ки он ќиссаи дигар аст. Мисли дигарон санадњоямро "харидам"-у ба перрон баромадам. Ќарор додам, ки ба њама вазъият тайёр бошам, асабї нашавам. Зеро дар мулки бегона яќин мушкилии зиёд хоњам дид ва агар худро даст нагирам, њолам чї мешавад? Дар назди дари вагон сарбози марзбон меистоду талаб мекард: "Як сомонї дењ!" Шояд сарбоз гурусна буд. Бе сухане ба ў пул додам. Хурсанд шуду сумкаамро ба вагон дароварда монд. Хуб, ин соли 2005 буд. Айни њол шароит њангоми сафар аз вокзали роњи оњани Душанбе ба Русия чї тавр бошад, намедонам. Њоло чандин сол шуд ба Русия мераваму меоям. Худо кунаду бахти муњољирони тољик њамеша дар муњољират омад кунад. Ба њамаи муњољирони тољик сафари бехатар хоњонам. Умар ЮНУСОВ, шањри Ростови лаби Дон, Русия

ЛАТИФА КОРИ ДИРЎЗА Тарабхонаи љангал. Ваќти хўроки нисфирўзї. Заргўш: -Ќошуќи маро кї гирифтааст, зуд биёрад, ки мисли дирўза мекунам. Гург, ки ќошуќи заргўшро гирифта буд, ба рўбоњ мегўяд, ки ќошуќашро бурда дењ ва оњистакак пурс, ки дирўз чї кор кардааст: - Ин гўшдароз, ба фикрам, ба шер хабаркашї мекунад. Рўбоњ ќошуќро ба заргўш дода, мепурсад: -Дирўз ваќте ќошуќатро гирифтанд, чї кор кардї? - Бо дастам хўрокамро хўрда будам. ЗАБОНДОН Духтаре ба хона љавонеро оварда, ба падараш мегўяд, ки мехоњад бо ў оила барпо кунад. Мард аз љавон мепурсад: - Дар куљо мехонї? Љавон: -Дар донишкадаи забонњо. Мард: - Дар ба арабї чї мешавад? Љавон: - Ад-дарун. Мард: - Кўча ба немисї чї мешавад? Љавон: -Дер кўчаюс. Мард: -Дафъ шав ба англисї чї мешавад? Љавон: -Гумус шаев. Мард: - Ад-даруна кушо, ба дер кўчаюс баро ва аз назарам тез гумус шаев, ки мекушамат! ШАКАРИ БЕПУЛ Дар ќањвахона. Марде аз фурўшанда мепурсад: - Як истакон ќањва чанд аст? - Як сомонї. - Шакараш чанд пул меистад? - Шакараш бепул… - Ин хел бошад, аз њамон шакараш як кило ба ман дињед. СПИД ШУДАН МЕХОЊАМ! Чўпоне назди духтур омада, хоњиш мекунад, ки ба ў маълумотномае дињад, ки СПИД буданашро тасдиќ кунад. Духтур: - Вараќањои ташхиси тиббиятон куљост? - Чї хел ташхис, духтурљон? Барои ман танњо њамин гуна маълумотнома зарур шудааст. - Чї мекунед? - Якум, ман аввалин касалии СПИД дар дењаамон мешавам. Дуюм, ваќте ман ба кўњ ба чўпонї меравам, њеч кас аз тарс ба назди зани ман намеояд. Сеюм, бисёр мехоњам бо нишон додани ин маълумотнома ба чењраи онњое, ки дар набудани ман пеши занам омадаанд, нигоњ кунам!!!

ИМДОД МЕТАЛАБАМ! - Ба номи Худованди бахшандаи мењрубон! Ман, Ѓаюрова Моњсафар Тўраевна, модари 5 фарзанд - се писару ду духтар мебошам. Дар ноњияи Љалолиддини Румї ба сафи оилањои камбизоат дохил мешавем. Як духтару як писарамро оиладор кардам. Ду писари дигарам ноболиѓ ва як духтарам, донишљўйи соли сеюми коллељи тиббии шањри Ќўрѓонтеппа мебошад. Дар як њавлї 7 нафар зиндагї мекунем, хушдоманам нафаќахўр буда, шавњарам маълумоти олї надорад, феълан бекор мебошад. Зиндагиамон бо мушкилї мегузарад. Ман модари 47 - сола, аз соли 1984 то соли 2011 дар колхози дењаамон колхозчї шуда, кор кардам. Инчунин ногуфта намонад, ки дар фермаи зотпарварии раќами №1-и ноњияамон тўли чанд сол говљўш будам. Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2005 инљониб ба бемории сактаи дил гирифтор шуда, ин беморї маро беист азият медињад. Чандин маротиба дилам зада, маро ба њолати бењушї овард. Шурўъ аз соли 2005 ба Маркази бемории дили вилояти Хатлон, назди духтури беморињои дил рафтам. Ў ташхис гузаронида, ба ман якчанд навъи доруворї пешнињод кард, аммо, мутаасифона, фоида накард. Баъди чанд дафъа мурољиат кардан ба маркази мазкур њељ не, ки дарди дилам сабук шавад. Хулоса, ин ки аз соли 2005 то соли 2012 бо тавсияи ин марказ дору харидорї ва истеъмол мекардам. Баъди натиља надодани табобат дар ин марказ бо маслињати духтур барои идомаи табобат ба шањри Душанбе ба Беморхонаи Ќарияи Боло, бинои №8 рафтам. Дар ин беморхона амалиёти ташхиси коронаграфия гузарониданд. Сипас рўйхати доруњоро ба ман доданд: харидорї ва истеъмол кардам, лекин натиља надоданд. Маротибаи охир ба Маркази љумњуриявии илмии љарроњии дилу рагњо мурољиат намуда, дар ин марказ низ амалиёти коронаграфия гузаронида шуд. Табибони соњаи дил бемории маро чунин муайян намуданд: норасоии клапан- шоњраг, стентгузории шараёни коронарї (диаганалї). Ин гуна ташхис ва ё амалиёт тобистони соли 2012 гузаронида шуда буд, аммо аз сабаби надоштани маблаѓ табобати минбаъдаи ман ба таъхир афтод. Барои гузаронидани амалиёти стентгузорї таќрибан 4000 доллари ИМА ва ё 19500 сомонї лозим аст. Маро аз рўи бемории дил ба маъюби гурўњи 3-юм дар асоси иќтибосњо ва њуљљатњои лозима муайян карданд. Аз моњи майи соли 2012 њамагї 105 сомонї нафаќаи маъюбї мегирам. Бо ин маблаѓ албатта наметавонам худро ба табобат фаро гирам. Агар аз рўи ќонун гап занем Тољикистон мувофиќи Сарќонуни кишвар давлати иљтимої мебошад. Мувофиќи Сарќонуни Тољикистон табобат чун мисли тањсил барои шањрвандон ройгон аст. Аммо дар амал муассисањои тиббї ва таълимї мувофиќи њисоби хољагидорї фаъолияташонро пеш мебаранд. Боиси таассуф аст, ки бинобар маблаѓ надоштанам аз тобистони соли 2012 то кунун масъалаи љарроњии дили ман њаллу фасл нашудааст. Барои амалиёти љарроњии дили ман 4000 доллари ИМА ё 19500 сомонї лозим аст. Табиист, ки ин маблаѓро надорам. Агар табобат ба ќафо монад пайомади он барои ман хеле сангин меанљомад. Бинобарин аз шахсони сахиву савобљў сар карда, то маќомоти давлатї эњтиромона хоњиш дорам, ки ба ќадри тавону имкон барои амалиёти љарроњии ман дасти мадад дароз кунанд. Њуљљатњои тасдиќкунандаи аломати бемории ман дар идораи њафтаномаи "Нигоњ" мањфуз аст. Ќаблан аз њамаи Шумо сипосгузорам! Илоњо Худованди бузург барои дасти кушоди Шумо бо 100 подош љавоб гардонад. Реквизити бонкии ман: Њисоби ќабулкунанда :20216972200862670001 РМА-и ќабулкунанда: 335243646 Бонки ќабулкунанда: Филиали ЉСК "Агроинвестбонк" дар шањраки С.Исоеви ноњияи Љалолиддини Румї Суроѓа: Тољикистон, шањри Душанбе, 734018, Саъдї Шерозї, 21 Њисоби муросилотї: 20402972714031 дар БМТ Раќами мушаххаси бонкї: 350101403 РМА: 330000012 Бо эњтиром модари 47 - солаи бемор Моњсафар ЃАЮРОВА, сокини хољагии ба номи Ниёзмуњаммад Бекови дењаи Пушкини љамоати дењоти Навободи ноњияи Љалолиддини Румї БАРЊАМ МЕХЎРАД! Ташкилоти љамъиятии «Федератсияи Кунг-фуи Љумњурии Тољикистон» барњам мехўрад. Њамаи арзу шикоятњоро то мўњлати як моњ аз рўзи нашри эълон овардан мумкин аст. ЭЪТИБОР НАДОРАД Сертификати њуќуќи истифодаи замин, ки кумитаи заминсозї бо Дараљаи А 0337356 аз 18.06.2012, ба мисљиди дењаи Зиракї, дар масоњати 0.22 га, бо ќарори раиси шањри Кўлоб тањти раќами 212, аз 30 марти соли 2012 додааст, аз эътибор соќит дониста шавад.


ПУРБИНИ «НИГОЊ»

САФАРИ МИРЗОДИККАК БА ВОДИИ ВАХШ

М

ирзодиккак барои як шикам хурдани харбузаю тарбуз, помидору бодиринг ва мевањои шањдбори Тољикистони азиз ба вилояти Хатлон сафар кард. Ў дар назди муљассамаи Исмоили Сомонї дар шањри Ќўрѓонтеппа ќарор гирифта, ба офарандаи ин асари безавол тањсину офарин мегуфт. Ногањон чашмаш ба марде часпид, ки ба Ѓалтак сахт монанд буд. Ў замини ќоќро бо белу зоѓнул канда гул мешинонду љавоне аз думболи трактори сестернадор давида - давида, бо рўдаи ба сестерна васлшуда зери дарахтони лабташнаи шањрро ба мисли он беморе, ки ќабл аз марг њалќашро тар мекунанд, об мерехт. Ў наздик шуда, дўсташро шинохт., Ѓалтак њам ўро дида, сахт ўро ба оѓўш гирифта, сипас ба дасташ зоѓнўлро доду ишораи кандани заминро кард. Мирзодиккак ду маротиба зоѓнўлро ба замини ќоќ зад, ки ба ќавле, "аз димоѓаш дуд баромад".

Мирзодиккак; - Эй мардак, мавсими кабудизоркунї кайњо гузаштааст. Шумо ќарорњои њукумати љонољони моро сариваќт иљро намекунеду њоло, ки овозаи омадани њуќуматињоро ба вилоятатон шунидед, ба гуфти мардум, "дар пўстатон кайк даромад"-ња?! Ѓалтак: - Љўраљон, бо омадани дањњо ва садњо зиёї пупаки тоќии зимомдорони вилоят намељунбад. Доруњои "хобпаронак", "масъулиятдарккунак" дар шањри Душанбе њар рўз каму беш истифода шаванд, дар мо соле як-ду бор... Мирзодиккак: - Фањмо. Шумо гуфтаниед, ки президент, ки омад њама гул мекунад? Аљоиб- ку!? Дар љўйборњои шањр оби равон нест-а? Ѓалтак: - Барои парвариши ин дарахтон ќанор - ќанор маблаѓњои буљетї масраф шудагї. Ин аст, ки аз ѓамхории падаронаи њукумати љонољони мегуфтагият нархи дарахтони шањр ба тиллою нархи гулњо ба нуќра баробар шудааст. Мирзодиккак: - Дар соњили дарёи Вахш зиндагї мекунеду об надоред, пас ањволи Данѓараю Кўлоб чї тавр бошад? Ба фикрам, баъди дидану рафтани президентамон гулњо мехушканду дарахтњо боридани борону омадани барфро то ахирњои фасли тирамоњ бесаброна интизорї мекашанд. Ѓалтак: - Бале, љўраљон! Каллаат аз Душанбе дида, дар Ќўрѓонтеппа наѓз кор мекардааст. Мисли коммунистњо сахт гирифтї-ку. Мирзодиккак: - Мурам замони коммунистїба. Модари Ќобилљони нањзатї Пахтагул Панљсолаевнаи азиз, аъзои ЊКТ, худам акнун аъзои фахрии ЊХДТ, лекин масъулиятам баланд. Зани дувум гирам, аз ягон њизби дигари сиёсї мегираму дар Ќўрѓонтеппа зиндагї мекунам, то робитањои сиёсї мустањкам гарданд. Ѓалтак: - Каме дер кардї, як нафар буду баъди марги Сафаралї, ки Абдуѓаффор камтаваљљўњї кард, аъзои ЊХДТ шуд. Мирзодиккак: - Росташро гўям, њизби мо ба мисли корхонањо њамаи шањрвандонро "прихватизасия" карда мегираду якљоя њамаамон ба мисли тутї як гапро такрор карда мегардем.Њизби њокимдия. Ѓалтак: - Зоѓнулро сахт ба замини ќоќ зан, ки гапњоятро нафањманд, вагарна мисли Шамсиддини узбак мебаранду дигар иљозати баргаштанат намедињанд. Мирзодиккак: - Инњоро омад - омади Президент хобашонро парондаасту боз маро мебурдаанд-мї?! Хестанд, ки хобанд. Ѓалтак: - Шарифхон Самиевро шухї нафањм, салла гўянд, калла мебарад. Ана ончунон дар даводав аст, ки дар љайбаш пул намонд. Бечора хизматгор аст. Мирзодиккак: -Дигар аз дасташ чї њам меомад? Вазифаро, ки гирифт мурда-мурда хизмати авлодро мекунад. Ѓалтак: -Дўстам, хеле љасурона њарф мезанї? Чї гап гузашт? Ягон гапро медонї-чї?! Шарифхонро аз мансаб мегиранд-чї? Мирзодиккак: -Будану набуданаш як. Ба кї даркор аст ў?!

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Иброњим УСМОНОВ, профессор: - Љонибњо бо њамдигар эътимод надоштем, њарду тараф метарсид, њукумат метарсид, ки мабодо мухолифин моро фиреб надињанд ва мухолифин метарсиданд, ки мабодо њукуматињо фиребашон надињанд. -Ииии! Дар тасвири шумо њайати музокирот љамъомади тарсуёну фиребгарон шуда бурафт-ку! Њољї Акбар ТЎРАЉОНЗОДА, рўњонї: - Бояд дар кишвар мардумсолории њаќиќї мешуд, интихоботњои шаффофу одилона мешуд, табодули њукумат дар доираи ќонун баргузор мешуд, њуќуќњои динї ва сиёсии ин мардум таъмин мешуд. Мутаасифона чунин нашуд... - Бояд... шояд.. аммо...вале... лекин...ин њама, ки мешуд, олам гулистон мешуду Тољикистон айни Фаронса, аммо ба љои ин њама, як кас Ќањрамони Тољикистон шуду "ќаравулњои насос",эъ, мебахшед, љониби дигар зеру забар гашта, ба паскўчањои сиёсат партофта шуд. Њамрохон ЗАРИФЇ, вазири корњои хориљї: - Мо њељ гоњ худро аз мардуми Эрон људо намедонем, њатто замоне ки дар инњисори Шўравї будем, чашми мо ба Эрон ва Афѓонистон буд, зеро решањои тамаддуни мо дар ин кишварњо аст. -Ња, рост. Фаќат шиаро одам њам њисоб намекунему аз режими исломиии Эрон сахт дар њаросем, гузариш ба хати ниёконро ба забон намеорем, ки мабодо Кремлинро наранљонем. Сиёсатмадорону коршиносњоямон садграммї гирем-ку, тамоми айби оламро ба гардани Эрон бор мекунему дар ин бора тал-тал рисола њам менависем. Мо дўстони забонї-дия.

Ѓалтак: - Мегўї, баъди тую сур дар "Бандари кўњан" Шарифхон Самиев суруди "Ман намерам очаме..," -ро замзама мекунад? Мирзодиккак: - Њатто шубња накун. О, дар шањр истењсолоти љиддї нест, рушди иќтисодї бедарак, љойњои кории нав офарида намешаванд, нархи замин баланд... Ѓалтак:-Эња, барои ин корњо киро дар Тољикистон аз кор озод карда буданд, ки боз инро пеш кунанд? Мирзодиккак:-Рост, аммо муњим, ки кї дар ин бора ба президент мегўяд. Ѓалтак:-Ана ин гап љон дорад. Бовар кун, хеле аз мардуми шањр хурсанд мешаванд. Хабари хуш, ки овардї, рафтем таги ягон соя. То бегоњ тарбузхурї мекунему бегоњї як таѓора помидори 8-сомонаи самарќандї харида, ба Пахтагул Панљсолаевна мебарї.. Мирзодиккак:-Дар номи Самарќанд љонам, ба Вахш омада помидори Самарќанд харам?!! Ѓалтак:-Тааљуб накун, дўстам. Тарбузњои хубтар њам аз њамон тараф. Ду њафта баъд Худо хоњад мавсими харбузаи Ўзбакистон сар мешавад. Мирзодиккак:- Ин хел бошад, пештар харидан даркор, ки мабодо Самиев ба пешвози президент ярмарка ташкил кунад, нархи харбуза 30-40 сомонї мешавад. Рафтем зудтар. Дўстон сўи бозори марказї равон шуданд. Офтоби Вахш мисли њамон солњои 80-уми асри гузашта гарм буду оби рудхонањо фаровон. Аммо аз фаровонии полезињои тољик дар маркази кишоварзии кишвар дараке набуд. Кишти сеюму чорум дар ТВ-њо буд, наворњои майдонњои зебои кишти полезињою њисоботи дуруѓи оморї буд, њатто миёни кушњои картошка ќолини сурх буд, аммо њосили фаровону нархњои арзон набуд...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

КОМИЛАН ЉИДДЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №14 (343) 3. 07. 2013

16

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

Шукурљон ЗУЊУРОВ, раиси МН: - Вакилон дар маљмўъ фаъол буданд ва дар тањия ва ќабули ќонуну сандањои муњим барои њаёти кишвар сањм гузоштанд. -Тибќи як маќоли тољикї, ки вай кї буд.. вай овозаш баланд-ку... Абдумаљид ДОСТИЕВ, сафири Тољикистон дар Русия: - Лекин шукр, ки њукумат оњистаоњиста ќудрат пайдо кард, кадомеро, ки сар мебардошт, саркўб карда метавонист. -Баъд саркубиданро фарњанг карда, ончунон худиву бегонаро саркуб кард, ки дигар њич марди майдони сиёсат њам намонд. Якта-нимтањоро мулоимакак ба дурињои дур фиристоданд, ки нафаќахўр шуда баргардаду љимакак шинанд. Баъди ин навбат ба мардони майдони иќтисод расид. Саидмукаррам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламо: - Ниёз ба як комиссия аз берун дорем (комиссияе, ки масъулони масљиди марказї ва Шўрои уламо шомили он набошанд), то сарфу харољоти ин сохтмонро (бинои масљиди маркази дар назар аст) тањти назорат бигирад. - Бењтарин кор! Раиси комиссия Изатулло Шариповро аз Раёсати корњои ислоњї таъин кунед, боз њам бењтар мешавад, зеро: а) дуруѓу шиканља, ки набошад, формулаи "даст дастро мешўяд" ба кор меояд; б) мабодо руњониёне бо сабабе ба "љойњои на он ќадар дур" афтанд, хидмати зиндонбони №1 зарар намекунад.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.