Нигох №15 (397).Чоршанбе, 2-юми июли соли 2014

Page 1

Збигнев Бжезинский: "Мифологияи

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

1

путинї роњ ба нокуљост" САЊИФАИ 10 №15 (397). Чоршанбе, 2-юми июли соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МУБОРАК БОД!

Туй арусии Нигора Холова САЊИФАИ 4

ЊУЌУЌИ ИНСОН

Чаро њукумат таълими исломиро барњам мезанад? САЊИФАИ 7

БО ШОИР

Исми рањмон аст бисмиллоњиррањмонир-рањим САЊИФАИ 12

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

3 фоиз кам 97 фоиз мусулмон САЊИФАИ 16

ШИНОС ШАВЕД: ЊНИТ! Чиро медонанд, ки намедонем?


2

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ШИНОС ШАВЕД: ЊНИТ! Чиро медонанд, ки намедонем? Рўзи 24 июн Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон ниќоб аз рўйи номафњумињои ду соли ахирро кашид. Хеле аз норўшанињоро рўшан кард, суолњоро посух гуфт. Аммо кам касе инро кашф кард. Раиси ЊНИТ эълон дошт, ки ваќти он расидааст "ошкор бигўем, ки ин њизб метавонад масъулияти кишварро ба даст бигирад. Агар натавонистед, дуруст рафтор карда, пас ЊНИТ омода аст, ки масъулияти кишварро ба дўш бигирад". Кабирї ошкор гуфт, ки њизбаш ќудрат мехоњад. Решаи њамаи фишорњо сари ЊНИТ њам ин буд, ки ин њизб мехоњад зимоми ќудратро ба даст гирад. Оё метавонад? Ин суол муњим нест, зеро асли матлаби мо дигар аст: ин нукта нав барои њукумат рўшан мешавад ва ё бармањал бармало шудаву мо бењуда сари ин маѓз об мекардем, ки чаро ЊНИ ин ќадар тањти фишор аст? ЊНИТ - ро њукумат чї гуна мешиносад?

ШИНОХТИ ЊУКУМАТ А) Тарафи сулњ ЊНИТ аз соли 1990 як њизби расмї дар Тољикистон аст. Муњаррики Иттињоди нерўњои оппозитсиони тољик, ки аз созмону ањзоби мухталиф, назири Њизби демократи Тољикистон, созмони "Растохез", "Лаъли Бадахшон" иборат буд, дар асл рањбарону фармондењонаш нањзатї буданд. Ин танзими бузурги сиёсї - низомиро низ рањбари ЊНИТ - Сайид Абдуллоњи Нурї сарварї мекард. ИНОТ он замон њукумати Эмомалї Рањмонро номашрўъ мењисобид. Њамзамон љонибдорони ЊНИТ ва њам ѓайринањзатиёне, ки аз хатти муборизаи ИНОТ љонибдорї мекарданд, машрўъ-

ияти ин њукуматро ќабул надоштанд. Аммо соли 1997 бо имзои Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї њукумати Эмомалї Рањмон машрўъияти амалї гирифт ва намояндагони ИНОТ њам бо эътирофи ин њаќиќат вориди њукумат шуданд. Аз таќсими сарватњои Тољикистон, ки тариќи барномањои хусусикунонии њукумат анљом шуд, ЊНИТ њам њиссаи худро гирифт. Аммо тайи се соли ахир ЊНИТ мавриди фишор ќарор дорад. Љо - љо њарфи батамом бастани њизб њам матрањ мешавад. Ин чї раванд аст - идомаи љанги дохилї ё шинохти дигар аз ЊНИТ?

Б) Ячейкаи "Ихвон" Ин идомаи љанги дохилї нест. ЊНИТ таѓйир хўрд. Назари бархе аз маќомот ва коршиносони њукуматї ин аст, ки ЊНИТ -и Саид Абдуллоњи Нурї - як танзими сиёсии миллї, њоло ба як омили хориљї табдил ёфтааст. Ба ячейкаи "Ихвонулмуслимин" монанд шудааст. Кабирї аз сари ќудрат омадани ихвонињо истиќбол кард, аммо њукумати Тољикистон онро расман созмони террористї хондааст. Кабирї даъват кард, ки "Ихвонулмуслимин" аз руйхати созмонњои террористї бароварда шавад. Ин идда њатто бар инанд, ки ЊНИТ аз хориљ идора мешавад ва њам аз ан-

«

дешаи миллии худ дур рафтааст. Њизбе нест, ки дар оянда, агар ба ќудрат расад, миллатро ба роњи дуруст барад. Рањбарони собиќи ЊНИТ - Саид Абдуллоњи Нурї ва Муњаммадшариф Њимматзода таъкид мекарданд, ки њизб бо такмили низоми дохилии худ машѓул шавад ва фикри ќудратро надошта бошад. Суханони Нурї - "мо бояд то соли 2025 омода шавем" - фаромўш шуданд ва ЊНИТ баръакс барои ба даст овардани ќудрат фаъол шуд. Ин ањдофи худро ЊНИТ пардапўшона амалї мекард. Дар интихоботњо фаъол буд ва бузургтарин ѓаррашавии худ аз муваффаќиятњоро пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 ошкор кард, замоне, ки даъво пеш овард: мо аксарияти ороро гирифта будем. Њол он, ки барояш њукумат танњо ду љой дар парлумон дода буд ва аз ин зиёдро бояд аслан ба гўшаи хаёлаш намеовард. Гузашта аз ин, пас аз интихоботњо бо фикри наздик шудан ба ќудрат ЊНИТ даст ба ибтикороте, назири ворид кардани таѓйиру иловањо ба Ќонуни интихоботи президентї зад. Ин худ даъвои эълоннашуда барои ба даст овардани ќудрат буд. Нурї ва Њимматзода такя бар шариат мекарданд. Машѓули ба вуљуд овардани пояњои назариявии ЊНИТ буданд.

Ин ањдофи худро ЊНИТ пардапўшона амалї мекард. Дар интихоботњо фаъол буд ва бузургтарин ѓаррашавии худ аз муваффаќиятњоро пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 ошкор кард, замоне, ки даъво пеш овард: мо аксарияти ороро гирифта будем. Њол он, ки барояш њукумат танњо ду љой дар парлумон дода буд ва аз ин зиёдро бояд аслан ба гўшаи хаёлаш намеовард.

«

Масалан, онњо чанд китоб таълиф кардаанд. Аммо тими Кабирї аз аќидаву ѓояњои худ, ки реша дар шариату ислом доранд, дур рафт, худро як њизби дунявї муаррифї кард. Ин як тими иљрогар буд, на нињодсоз ё рањбарияти маънавї. Кабирї он ќадар ба демократия часпидааст, ки барои њизбњои демократї "нон" намондааст. Барои бархе аз доирањои њукумат ЊНИТ њамкори билќувваи нерўњои исломии тундрави минтаќаву љањон аст. Он нерўњое, ки вурудашонро аз Афѓонистон ба Тољикистон пас аз хуруљи неруњои байналмилалї пешбинї мекунанд. Љое њам тими Кабирї аз онњо интиќод намекунад ва хайрхоњии худро њам пинњон медорад. ЊНИТ барномаву идеяњои худро канор гузоштааст. Аммо аз дини ислом бармало сўистифода мекунад ва мехоњад танњо худро њомии ислом дар Тољикистон љилвагар намояд. Тавре ин корро мекунад, ки гўё њукумати Тољикистон як њукумати мусалмонњо нест. Агар Сайид Абдуллоњи Нурї як чењраи матрањ ва миллї дар Тољикистон буд, шахсияти Муњиддин Кабирї то кишварњои Ѓарбу олами Ислом, бахусус Эрон вусъат ёфтааст. Љањонишавии Кабирї ба ин маънист, ки бештар такя ба хориља мекунад, на дохил. Инро њукумат аслан ќабул надорад.

ЊНИТ - И ЊУКУМАТ ЊНИТ - е, ки њукумат мехоњад, бояд сиёсатњои онро бечунучаро љонибдорї кунад. Оре, њаќ ба интиќод дорад, аммо ин њаќро надорад, ки даъвои баробарвазнї ва баробарњуќуќї бо њукумат дошта бошад. Чаро? Инро вазъи минтаќа ва кишвар таќозо мекунад, ки дар њоли


КАЛ ЊАМ ЗАДУ... њозир ба мушкилоти њамаљонибаи сиёсиву иќтисодї ва иљтимої даст ба гиребон аст. Камтарин њаракати нољо амнияти Тољикистонро ба њам мезанад. Њукумат мехоњад њаќќи соњиби ислом буданашро ЊНИТ нагирад. Ин тур нест, ки њамон 40 њазор нањзатї мусалмон бошанд, баќия не. Њизб манофеъи як гурўњро баён мекунад, пушти бароварда кардани манофеъи як гурўњ ва пуштибонони хориљии он аст, на кулли мардум ва як миллат. ЊНИТ як њизби сиёсии радикалї аст, дини исломро василаи идеологии худ барои расидан ба ќудрат медонад, аммо 99 дарсади Тољикистон ва худи рањбаронаш низ мусалмонанд. Барномањоеро, ки дар доираи "протоколи 32 20" амалї мекунад, зидди ЊНИТ аст, на ислом. Ин барномањо сиёсї нестанд. Бозори Кабирї ба сиёсат рабте надорад. Кабириро мардум тухмшаппак кард, на њукумат. Намояндагони ЊНИТ бо љурмњои иќтисодиву љиної ва ахлоќї боздошту латукўб мешаванд, на сиёсї. Ва ин њама иттињомоте, ки алайњи аъзои ЊНИТ эълон мешаванд, воќеияти вазъи дохилии њизб ва чењраи аслии аъзояшро нишон медињад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

3

"НАВОЗИШ" - И ДИДБОНИ ЊУЌУЌИ БАШАР

ПОСУХИ ЊНИТ

Протоколи "32 20", ки гўё љузъиёти як љаласа бо ширкати президент ва маќомоти амниятии Тољикистон дар интињои соли 2013 буд, боре расман эътироф нашуд. Ин барномаи маќомоти амниятии Тољикистон гўё барои коњиш додани нуфузи руњониёни маъруф ва ЊНИТ - ро роњандозї шуд. Чї шуду гузашт, њама шоњиданд, агар намедонанд, як ба муњтавои хабарњои ду соли ахир назар афкананд. Њоло чї хулоса мешавад кард? Натиљаи дилхоњ ба даст омад? Мантиќан, ягон зўроварї, њатто тањти пўшиши чандќабатаи тадобир натиљаи саддарсадаи мусбат надоранд, њарчанд хеле натиљањояшро мебинем. Њоло ки Кабирї эълон мекунад, омода аст, ќудратро ба даст гираду кишварро рушд дињад, ин суолро пеш мегузорад, ки чаро чунин шуд? Ин бардошти Кабирї аст, ё натиљаи "протоколи 32 20"? Ё шояд ваќти музокирот омад? Як музокироти дигар, ки албатта, на фаќат бо Кабирї, балки бо миллат. Бидуни њељ як љониб? Далери ХАЙРУЛЛОЊ

i

ЊАРФИ МО

Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.

Рањбарону аъзои ЊНИТ даъвоњои коршиносони наздик ба њукуматро рад мекунанд. Мегўянд, ин њама таблиѓот аст. Решаи нигаронињои њукумат аслан дигар аст. ЊНИТ ќавї аст ва инро њукумат хуб мефањмад. Умуман, њукумати заъиф оппозитсияи ќавиро тањаммул карда наметавонад. Агар ин нерўву ќудрати ЊНИ ро як њизби сиёсии дунявї медошт, болояш ин фишорњо мебуданд. Бањс исломї будани ЊНИТ нест. Баръакс, њукумат эњсос кардааст эътибору љойгоњаш пеши мардум заъиф шудааст. Барномањои њукумат ба нафъи давлату миллат тамом нашуданд. Онњоро натавонист амалї кунад. "Кулли явмин бадтар". Њукумат нигарон аз он аст, ки дар њар интихоботи шаффофу демократї љойгоњашро аз даст хоњад дод. Пеш аз интихоботи ояндаи парлумонї њоло мехоњад мухолифинро заъиф кунад. Њадаф танњо ЊНИТ нест, ањзоби дигар, аз љумла ЊСДТ ва дигар мухолифон њам њастанд. Агар барномањои њукумат мунтазам иљро мешуданд, фасоди идорї кам мешуд, мухолифин њам забони дароз надоштанд ва танзимњои нави сиёсї њам дар дохилу берун ташкил намешуданд ё љон намегирифтанд.

Агар ягон нафар њамин хориљињоро нафањмад, ман нафањмидам. Дидбони њуќуќи башар ё Human Rights Watch (HRW) њафтаи гузашта гузоришаш дар бораи њуќуќи муњољирин ё онњоеро нашр кард, ки аз мањалли сохтмони нерўгоњи Роѓун кўч бастаанд ё мебанданд. Ин гузоришро бо хушї ќабул мекардем, зеро њамаи мо банди кору бори зиндагиву муњољиратњои дуртари худамон ба хотири як бурда нон ин мардумро фаромўш кардаву таваљљўње ба онњо надоштем, ба истиснои маќомот, ки натиљаи корашонро HRW хеле "навохт". Дидбони њуќуќи башар се моњ мењнат карда, хеле аз мушкилотро ошкор намуд. Ваќте гуфтанд, ки кўчбастагон мушкил доранд, масалан, маблаѓи барояшон људокардаи њукумат барои манзил кофї нест, об надоранд, мактаб надоранд, хуш ќабул мекардем, зеро воќеан ин њама љой дорад ва албатта, њамаро мешавад ислоњ кард. Ин хуб буд, аммо... Ваќте HRW мегўяд, ки "њукумати Тољикистон бо роњандозии тарњи бузургтарин нерўгоњ некўањволии садњо оиларо ќурбонї медињад", воќеан намефањмидем, ки гузоришгар чиро дар назар дорад ва дар кадом њолати равонї аст. Ё њамту як изњороти баланду боло кардани HRW барои тањиягаронаш кайфи дигар дорад? Намедонам. Лекин Њазрати Мантиќ њаст, ки мегўяд: "Њой, бародарон! Агар њадаф аз Роѓун боло бурдани некуањволии халќ набошад, мо номаъќул карда, 40 сол боз кафки дањон парронда неругоњи Роѓун мегўем?"

«

Тољикитар карда гўем, зўрамон омадааст, ки 7 њазор оила - 40 њазор нафарро кўч дињем, то барои 8 миллион нафар некўањволї созем. Ин њам ба хайр. HRW мехоњад мо барои муњољирин шароити бењтаринро фароњам кунем. Асал дар дањонатон! Њамин ќадар имкон мебуд, чаро намекардем? Агар ин ќудратро медоштем, чї зарурат ба нерўгоњи Роѓун буд? Бале, мо гуфтанї нестем, ки онњоро ба њоли худ гузорем. Шояд дурусттар мебуд, ин масъала њоло матрањ шавад, ки 302 миллион сомоние, ки Шариф Самї барои 1 њазору 500 оила харљ кардааст, раќами баде нест? Оё ин ќадар маблаѓ кофї буду њаст барои ин њама? Бо он маблаѓњо чї кардаанду то куљо ба њадаф расидаанд? Сари оилае 200 њазор сомонї! Ин кам аст, ё...? Аммо аз куљо? Хонум Франческа Корбачо, корманди илмии Дидбони Њуќуќи Башар мегўяд, ки муњољирин дар фасли сармо барќ надоранд. Мо њама дар фасли сармо барќ надорем. 16 сол мешавад, ки њоламон ин аст. Барќе, ки нест, аз куљо пайдо кунем? Роѓунро њам барои он месозем, ки мушкили барќамон њал шавад. Ин хулосаро кї дод? Ё гапи дигар наёфтанду "думи сагат каљ" гуфтанд? Худо кунад, ки хато кунам, аммо гузориши HRW бо вуљуди он, ки хеле камбудињоро ошкор кард ва муфид буд, то љое супоришї њам менамуд. Чаро гўед? Таври маълум, як моњи ахир як гуна муќовимати маќомоти амниятии Тољикистон бо "љосусигарї" - њои хориљї бармалотар ба назар мерасад. Њатто раи-

Дидбони њуќуќи башар се моњ мењнат карда, хеле аз мушкилотро ошкор намуд. Ваќте гуфтанд, ки кўчбастагон мушкил доранд, масалан, маблаѓи барояшон људокардаи њукумат барои манзил кофї нест, об надоранд, мактаб надоранд, хуш ќабул мекардем, зеро воќеан ин њама љой дорад ва албатта, њамаро мешавад ислоњ кард. Ин хуб буд, аммо...

«

си Кумитаи давлатии амнияти миллї ишора кард, ки шарм надошта, бархе кишварњои хориљї мехоњанд амнияти Тољикистонро ба њам зананд, кишвареро, ки дирўзакак аз љанги дохилї берун омадааст. Дар маросими муаррифии гузориши HRW як сафири хориљї њам буд, ки дар борааш зиёд навиштанду гуфтанд ва он кас аз гузориш хеле хуш истиќбол кард. Дар њоле, ки маќомоти Тољикистон аз бархе намояндагињои хориљї хеле хафа буданд ва њам нав - 17 июн Бонки љањонї натиљаи экспертизаи нерўгоњи Роѓунро нашр кард, њамин гузориши HRW зарур буд? Гузориши хуб буд, аммо на дар замоне мувофиќ нашр шуд. Чаро? 14 ба 17 июли соли равон дар шањри Алмаато нишасти охирини кишварњои болооб баргузор мешавад ва њарфи нињоии худро дар бораи Роѓун хоњанд гуфт. Франческа Корбачо њам гуфт, ки гузоришро дар ихтиёри Бонки љањонї хоњад гузошт. Худо накунад, ки ин гузоришро дар Алмаато њам ба рўи њайати Тољикистон кашанд. Он гоњ ин гузорише нахоњад буд, ки гўем, бо нияти нек омода ва муаррифї шудааст. Дар акси њол, ин гузорише хоњад буд, ки на њамвор ва ё бењтар кардани шароити сохтмони нерўгоњи Роѓунро њадаф ќарор дода буд. Њадаф њамоно посух ба њукумати Тољикистон дар амри муќовимат бо созмонњои љосусии хориљї талаќќї хоњад шуд. Аммо њоло на. Бубинем, ки чї мешавад. Эраљи ТИЛИСМШИКАН


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

БА РИВОЯТИ АКСЊО

ТУЙ АРУСИИ НИГОРА ХОЛОВА Нигора Холова, сарояндаи маъруфи эстрадаи тољик дар сини 26-солагї ба шавњар баромад. Тўйи арусии навхонадорон 27-уми июн дар мењмонхонаи "Њайат Рељенси" бо ширкати ќариб њамаи сарояндањои маъруфи эстрадаи тољик бо шумули Шабнами Сураё, Зикриоллоњи Хаким, Бањром Ѓафурї, Бахтиёр Иброњимов, Мењринигори Рустам, Гуруњи Шамс-Нобовар Чиноров, Љонибек Муродов, Нигина Амонќулова, Њаётой Муъминова баргузор шуд. Манобеъи мо мегўяд аз сабаби мањдуд будани ваќти туй ба чандин санъаткорони дигар фурсат нашуд, то сухаронї ва таронасарої кунанд. Гуфта мешавад, ки ба туйи Нигора Холова 150 нафар даъват шуда буданд, аммо 12 нафари аз мењмонони хориљї бо сабабњои гуногун њузур наёфтанд. Наттоќи варзидаи радио ва телевизион Мунира Њакимова ва бародари Нигора Суруш Холов маъракаро барандагї мекарданд. Аз чењрањои сиёсї ва давлатии Тољикистон ба тўйи Нигора њамчунин Шерхон Салимзодаи Одина, Прокурори генералии кишвар шахсан њозир шуда, ба навхонадорон гулдастаи калонеро таќдим кард. Номи домодро ќаблан манобеи "Нигоњ" фош карда буданд. Шањбоз писари Зиёратшо Саъдулло, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси олии Тољикистон аст, ки ба арўс

писари хола мешавад. Нигора Холова 25-уми декабри соли 1989 дар ноњияи Рўдакї дар оилаи њунарманди эстрада Исматулло Холов ба дунё омада, бо бародараш Суруш Холов њанўз дар 8-солагї якљоя ба сањнаи мусиќии ПОП-и тољик ворид шудаанд. Њоло Суруш низ яке аз сарояндагони маъруфи ин жанр ба њисоб меравад. Нигора Холова мактаби миёнаи №1-и ба номи Пушкини шањраки Сомоноёни ин ноњияро хатм намудааст. Хабарнигори "Нигоњ", ки ба ин туй даъватї буд, аз љараёни баргузорї якчанд акс бардоштааст, ки манзури шумо мегардад Тањияи Муллораљаб ЮСУФЇ


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

5

Тољикон ин одатро надоранд, ки аз бад шудани муносибати ду нафар ё ду давлат хуш шаванд. Агар ягон кўдакмисоле камњуш аст, ин корро мекунад, аммо як тољики воќеї њељ гоњ дар пояи бадбахтии дигарон бахти худро намебинад. Аммо дар сиёсатњо чунин нест. Касе мебозад, касе мебарад. Соли 2009 Дмитрий Медведев, президенти Русия ба Тошканд рафт ва эълон кард, ки нерўгоњњои кишварњои болооб Ќамбар- Отаи Ќирѓизистон ва Роѓуни Тољикистон бояд бо маслињат ва ризоияти кишварњои поёноб сохта шаванд. Он замон Маскав аз мавќеи Тошканд пуштибонї кард…

"БОЗГАШТ" 5 сол мегузарад. Александр Лукашевич, муовини вазири хориљаи Русия, дар посух ба ин суол, ки "ба ташхиси нерўгоњи Роѓун чї назар дорад?", гуфт: тарњњои марбут ба бањрабардорї аз захирањои оби Осиёи Марказї бояд "майдон"-е барои њамкорї дар ин минтаќа шаванд, на "фона"-е, ки шикофро байни давлатњои ин ќаламрав бузургтар мекунад. Њамин тавр, Русия расман аз бунёди неругоњњои бузурги Тољикистону Ќирѓизистон, бахусус Роѓун ва Ќамабар-Ота1, пуштибонї кард. Лукашевич гуфт, мавќеи кишварњои болооб аз поёноби Осиёи Марказї хеле фарќ мекунад, аммо бояд эътимод ба вуљуд ояд ва ба як "мавќеи умумї" расанд. Аз "шаф-шаф ба шафтолу" гузарем. Русия бозгашт. Ба мавќеи аввалааш, ки аз ду тарњи бузурги минтаќа дастгирї мекард ва аз онњо умеди зиёд дошт. Дар сиёсат нангу номус ва ёриву бародарї нест. Манфиат аст. Аз ин хотир, 5 сол пеш гапи Русия дигар буд, њоло дигар аст. Мижааш тањ намехўрад…

"САБАБИ БОЗГАШТ" Изњороти Русия, ќабл аз њама, барои Ўзбакистон нигаронида шудааст. Тошканд як соли ахир хеле жарф ба оѓўши Амрикову Ѓарб рафт. Аз як таањњуди низомї бо НАТО миллиардњо доллар кўмак дарёфт мекунад. Бино ба бархе манобеъ, як пойгоњи низомии Амрико њам бояд дар Ўзбакистон эљод шавад. Ин пойгоњ бояд пойгоњи Манас дар Ќирѓизистонро барои Амрико љуброн кунад. Соли 2009 Дмитрий Медведев ба хотири газ бо Ислом Каримов њамсадо

«

"ФОНА" - И РУСЇ Маскав чаро таѓйири мавќеъ кард? шуда буд. Њоло гази Ўзбакистон ба Чин меравад, "Газпром" бояд гази худашро содир кунад. Дар Аврупо агар аз гази русї даст кашанд, ё бозораш коњиш ёбад, гази ўзбакї ба дард намехўрад, балки дарди сар мешавад. Вазифаи дигари љонии Маскав тавсиаи Иттињоди иќтисодии Авруосиё аст. Тољикистон ва Ќирѓизистон ду номзади билќувва барои ин созмони нав, ё СССР - и љадид, њастанд. Барои он, ки ин ду кишвар тањти чатри Русия раванд, бояд ба эњтиёљоти онњо расидагї шавад. Њарду њам ду тарњи муњимтарин доранд - нерўгоњњои Ќамбар-Ота ва Роѓун. Русия на фаќат мехоњад ин тарњњоро пуштибонї кунад, балки назорати онњо дар дасташ бошад. Њамин изњороти Лукашевичро мисол меорем, ки дар зимн ишорањои пинњон дорад ва мутаассифона, расонањои тољикии дохиливу хориљї пушти паёмро дида натавониста, изњороти Русияро "пуштибонии ногањонї" номиданд. Бале, аз ин матн пуштибонии Русия маълум мешавад, аммо пуштибонї ба хотири чї? Александр Лукашевич тарњи Роѓунро намунаи барљастаи беэътимодї ва адами њамкорї байни кишварњо дар Осиёи Марказї меномад,

Роѓун тарњи шўравибунёд аст. Соли 1994 пас аз ба ќудрат расидани њукумати имрўз, ки бешак, бо кўмаки русњо буд 50 ба 50 таќсим шуд. Албатта, рўи коѓаз. Мо њам наметавонистем ин шартро бипазирем. Соли 2004 Роѓун ба ихтиёри РусАл вогузор шуд. Ин ширкат њам натавонист Роѓунро бунёд кунад.

«

Гапи дуруст аст, аммо меафзояд: "Фишори изофие барои намоиши иродаи сиёсї ба њамкорї лозим аст. Бавижа, дар иљрои вазифањое, ки ба манфиатњои якбора чанд кишвар дахл мекунад. Чї дар масъалаи таавлиди нирўи барќ ва чї дар масъалаи анбор кардани об". Аммо чун сухан аз фишор рафт, онро кї бояд ворид кунад? Албатта, Русия. Дигар кишваре нест, ки зўри фишор оварданро дошта бошад. Неругоњи Роѓун як иншооти бузург аст: сарбанд - 335 метр, ѓунљоиши обанбор - беш аз 10 миллиард метри мукааб об ва иќтидори тавлиди барќ - 13,3 миллиард киловатт - соат дар як сол. Агар ин тарњ дар дасти Русия бошад, пас назорати оби Осиёи Марказї њам дар ихтиёри Русия хоњад буд. Ин мањз њадафи нињоиест, ки русњо мехоњанд дар Тољикистон бирасанд. Аммо оё Тољикистон ба ин роњ хоњад дод? Ќудратњои дигар - Чину Амрико чї хоњанд гуфт? Њисобу китоби оддї: агар об дар дасти Русия аст, пас минтаќа, аз љумла Ўзбакистонро таги кулоњ хоњад андохт. Инро касе намехоњад, њатто Тољикистон ва дигар њамсояњои норост бо он кишвар. Дар ќиёс бо солњои 1990, ки Роѓун сабаби љанги дохилии Тољикистон шуд ва барояш Русияву Покистон мељангиданд, њоло вазъ дигар аст. Тољикистон бояд мувозинатро нигоњ дошта, Роѓунро дар ихтиёри касе нагузорад, то "фона" - и русї миёни кишварњои хайрхоњаш тарќиш ба

ЌИММАТИ НЕРЎИ БАРЌ БОЗ ГАРОН ШУД Аз 1-уми июл тибќи ќарори Њукумати Тољикистон арзиши нерўи барќ дар кишвар 15 дар сад афзоиш ёфт. "Барќи тољик" эълон кард, ки аз ин баъд ањолї бар њар киловат соат барќи истифодамешуда ба љойи 11 дирам 12,60 дирам бояд пардохт ку-

нанд. Дар маълумотномае, ки расман интишор шудааст, корхонаи тавлиди алюминий-"Талко" чун пештара дар истифодаи барќ соњибимтиёз боќї монд. "Талко" аз 1-уми май то 30-уми сентябр ба њар киловат соати исти-

фода нерўи барќ 7,20 дирам ва дар давраи зимистон аз 1-уми октябр то 30-уми апрел 11,80 дирам пардохт мекунад. То ин замон ањолї ба њар киловат соат барќи истифодашуда 11 дирам ва корхонањои саноатии мамлакат 26,63 дирам пардохт мекарданд.

вуљуд орад. Њоло он солњо нест, ки пул набошад. Як соњибкори оддї њам метавонад неругоњи Роѓунро чархонад.

АММО… Ташхиси тарњи Роѓун аз Бонки љањонї ба охир расид. Дањаи дуввуми моњи июли соли 2014 дар шањри Алмаато дар љаласае назари худро ба натиљањои ин ташхис мегўянд. Як ками дигар монда, ки барои сохтмони Роѓун фурсат фароњам шавад. Роѓун тарњи шўравибунёд аст. Соли 1994 пас аз ба ќудрат расидани њукумати имрўз, ки бешак, бо кўмаки русњо буд 50 ба 50 таќсим шуд. Албатта, рўи коѓаз. Мо њам наметавонистем ин шартро бипазирем. Соли 2004 Роѓун ба ихтиёри РусАл вогузор шуд. Ин ширкат њам натавонист Роѓунро бунёд кунад. Њоло њам ин боварро касе надорад, ки Роѓунро Русия хоњад сохт. Бигзор, сохт, аммо ин ба нафъи Тољикистон тамом нахоњад шуд. Яке аз рањбарони собиќи "Барќи тољик" боре гуфт, ки ваќте ба мањалли Сангтўда 1 рафтам, маро њатто нагузоштанд, ки дохил равам: - Акнун тасаввур кунед, ки неругоњи Роѓун дар ихтиёри русњо бошад? Саргањи оби 5 нерўгоњ. Ўзбакистон он тараф истад, барои худамон њам љумаки обро мањкам мекунад… Ана, инро "фона" - и њаќиќї мегўянд… Фаромарзи ФОЗИЛ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ЊУЌУЌИ ИНСОН

26-уми июн бо ташаббуси Эътилофи ташкилотњои љамъиятии зидди шиканља бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии ќурбониёни шиканља дар Душанбе тањти унвони "Нест бод шиканља!" чорабинї баргузор кард. Дар намоишгоњи аксї саргузашти 3 сарбози љавони ќўшунњои сарњадї манзур гардид, ки ќурбонии зўроварї ва муносибати берањмонаи њамхизматони баландрутба шудаанд. Сарбози маъюб Шањбол Мирзоев алъон дар њолати вазнин бистарї аст, Акмал Давлатов ва Маќсуд Носиров бар асари латукўб дар артиш ба њалокат расиданд.

дору гирифта биёр. Дар як рўз ба 700800 сомонї дору мехаридам, боз мегуфтанд барои сањар дору намерасад. Болои њамаи ин боз масъулини беморхона навиштаанд, ки гўиё аксари доруњоро аз њисоби беморхона таъмин кардаанд. Дар асл аз њисоби беморхона ягон кўмак накарда буданд", - гуфт Ниёзбибї Бўриева. Ахиран созмонњои миллї ва байналмиллалїљомеаи шањрвандї аз давлатњои Осиёи Марказї даъват ба амал оварданд, ки шиканља ва бељазоиро хотима бахшанд. Дар изњороти мазкур, ки 26-уми июни соли 2014, дар Рўзи байнал-

уми июни соли 2009 гузаронида шуд, муайян сохт, ки Хуршед Бобокалонов дар натиљаи гирифтани роњи нафас аз маводи ќай њалок шудааст. Коршиносони тиббї дар бадани ў захму доѓњои зиёдеро ташхис кардаанд, ки эњтимол пеш аз њалокати ў бар асари истифодаи ашёи кунду вазнин пайдо шудаанд. Кўшишњои пайвастаи модари ў ва њимоятгарон љињати маълум кардани сабаби аслии ин њодисаву шахсоне, ки барои њалокати Хуршед бояд ба љавобгарї кашида шаванд, натиљае надоданд. Тафтишот чандин маротиба оѓоз ва ќатъ карда шуд. Модари ў ба хуло-

"НЕСТ БОД ШИКАНЉА!" Њељ як аз ќурбонии шиканља фаромўш намешавад!

6 таърихномаи аксии дигар низ пешнињод шуданд. Бањромиддин Шодиев, Сафаралї Сангов, Исмоил Бачаљонов ва Дилшодбек Муродов зимни боздошт ё дар мањбас фавтидаанд. Китоби мустанади "Таќдирњои шикаста, љонњои рабудашуда" ба забонњои тољикї, русї ва англисї дар бораи 8 ќазияи воќеии ќурбониёни шиканља ва муносибати берањмона дар Тољикистон њикоят мекунад. Китоб аз хотирањои хешовандони ќурбониён дар бораи писар ё шавњарашон аст, ки мавриди зўроварию худсарии маќомоти њифзи њуќуќ ќарор гирифтаанд. Роњбари Эътилофи ташкилотњои љамъиятии зидди шиканља дар Тољикистон Нигина Бањриева мегўяд, 9 таърихномаи аксї пешнињод шуд, ки танњо яке аз ќањрамонон ќурбонии "дедовшина" Шањбол Мирзоев зинда аст, баќия љони худро аз даст доданд: - Дар ин намоишгоњ аксњои ќурбониёну љабрдидагон бо захму нишонањои шиканљаву муносибати берањмона ба маърази тамошо гузошта нашудааст - њозирин набояд он дањшатеро бубинанд, ки онњо аз сар гузарониданд. Маќсади намоишгоњ дигар аст - нишон додани аксњо

аз бойгонии хонаводањои ин љавонон: чї гуна онњо ба воя мерасиданд, аз ширинињои њаёт лаззат мебурданд, вале бо амри таќдир дар як марњилаи зиндагї ба њолати ногуворе гирифтор шуданд. Дар 20 соли аз љониби Тољикистон ба имзо расидани Конвенсияи зидди шиканља ќонунгузорї таѓйир ёфт, ба Кодекси љиної моддаи алоњида барои муљозоти шиканља ворид шуд, парвандањои нахустин аз рўйи ин модда оѓоз шуданд ва љабрдидагони шиканља ё хешовандони онњо аввалин љубронњоро гирифтанд. Аммо шиканља зуњуроти пањншуда боќї монда, то ба њол адвокатњо наметавонанд ба зерњимояашон дастрасї пайдо кунанд ва то кунун бисёр парвандањо тафтишу тањќиќ нашудаанд... Дар љараёни њамоиши зидди шиканља барои кўмак ба Шањбол Мирзоев сандуќи шаффоф гузошта шуда буд ва њозирин бањри дастгирии сарбози маъюбшуда маблаѓњои худро хайр карданд. Дар њамин њол, муовини сарвари Идораи њуќуќи инсон ва риояи ќонуният Тањмина Љўраева мегўяд, талаботи ахир ин буд, ки мо мактуби дахлдор ба Дастгоњи иљроияи президент ирсол дорем ва худи онњо на-

мояндагони маќомоти давлатиро ба ин чорабинї сафарбар созанд. Зеро агар мо бевосита кормандони вазорату идорањоро даъват кунем, онњо њамеша мегўянд, ки танњо ба воситаи њукумат ва Дастгоњи иљроияи президент иштирок хоњанд кард. Бо назардошти ин, мо мактуби дахлдор ирсол карда будем. Дар ин намоишгоњи аксњо Ниёзбї Бўриева, модари Бањромиддин Шодиеви 28-сола, ки моњи октябри соли 2011 аз тарафи кормандони милитсияи ноњияи Шоњмансур бо гумони дуздї боздошт шуда, пас аз дањ рўз дар беморхонаи "Ќарияи Боло" даргузашт, ширкат дошт. Вай дар суњбат бо рўзноманигорон гуфт, њангоми хабаргирии писараш, ки дар "Ќарияи Боло" бистарї буд, Бањромиддин наќл кардааст, ки кормандони милитсия ўро махсус аз тиреза партофтаанд, ки дар натиља вай бо љароњатњои гуногун бистарї гардид. "Ваќте ки натиљаи ташхис ба мо хонда шуд, маълум гардид, ки тахтапушташ аз чї сиёњ шудааст. Вайро кормандони боздоштгоњ зада будаанд. Вай худаш гуфт, ки дар пурсиш маро бо ток азият медоданд. Изи пойафзоли онњо дар дасту рўяш низ дида мешуд. Њар боре, ки беморхона мерафтам, мегуфтанд, ки

миллалии дастгирии љабрдидагони шиканља, нашр шуд, Эътилофи созмонњои њомии њуќуќи инсон аз њукуматњои панљ кишвари Осиёи Марказї даъват ба амал овардааст, ки ба таври ошкоро ва ќотеъона шиканљаро мањкум карда, чунин мавќеъгирии худро бо амалњои минбаъда тасдиќ созанд. Дар ин баёния аз љумла омадааст, созмонњои љамъиятї аз њолатњои сершуморе огоњанд, ки одамон дар њуљрањои барои дастгиршудагон пешбинишудаи пулис фавтидаанд ва хешовандони онњо бањри таъмини адолати додгоњї солњои зиёд талош доранд. "Масалан, рўзи 27-уми июни соли 2014 аз њалокати Хуршед Бобокалонов панљ сол сипарї шуд. Ин пизишки саратоншинос панљ сол ќабл аз манзили истиќоматиаш, воќеъ дар шањри Душанбе, пойтахти Тољикистон берун рафт, то бо дўстонаш 33-солагии худро љашн гирад. Дар роњи бозгашт ба хона ў ва рафиќонашро кормандони милисаи ноњияи Исмоили Сомонї нигоњ доштанд. Сипас, онњоро ба мошини милиса савор карда, бурданд. Њамон шаб ањли хонаводаи Хуршед Бобокалонов аз фавти ў хабардор шуданд. Колбадшикофии љасад, ки 28-

сае омад, ки маќомоти дахлдор намехоњанд барои ошкор кардани гунањкорон чорае андешанд ва доир ба амалњои тафтишотї ба ў иттилоот пешнињод кунанд ё ба мактубњои адвокати ў љавоб дињанд. То кунун касе барои њалокати Хуршед Бобокалонов ба љавобгарї кашида нашудааст", гуфта мешавад дар изњорот. "Ба њомиёни њуќуќи инсон ва њимоятгарони љабрдидагони шиканља дар тамоми кишварњои Осиёи Марказї барои фаъолияташон хавфи таъќибу фишор тањдид мекунад. Љабрдидагони шиканља ва хешовандонашон, ки оид ба чунин кирдорњо арзу шикоят мебаранд, њамчунин зери хатари интиќому саркўбї ќарор мегиранд. Дар бештари њолат фаъолони њомии њуќуќи инсон зери назорати пайгиронаи маќомоти давлатї ќарор доранд; онњоро зиёд тафтиш мекунанд, њамзамон чандин созмони љамъиятиро тањдид кардаанд, ки бинобар фаъолияташон дар соњаи њифзи њуќуќи инсон баста хоњанд шуд", - омадааст дар баёния. Созмонњои миллї ва байналмиллалии њомии њуќуќи инсон, ки изњороти мазкурро интишор додаанд, њамчунин аз он ибрози нигаронї кардаанд, ки тањти шиори таъмини амнияти миллї ва мубориза бо терроризм, дар баъзе кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил, аз љумла, Ќазоќистон, Федератсияи Русия ва Укроин, бисёр шахсонро ба гумони иртибот доштан бо гурўњњо ва њизбњои исломии мамнўъ тариќи иљборї ба Тољикистон ва Ўзбекистон бозмегардонанд. Моњи декабри соли 1997 Маљмаи Кулли Созмони Милали Муттањид 26-уми июнро Рўзи Байналмилалии Дастгирии Љабрдидагони Шиканља, рўзи иќдомоти ќотеъона бар зидди шиканља, гиромидошти хотираи ќурбониён ва дастгирии љабрдидагон дар тамоми љањон эълом кард. Тибќи Конвенсияи СММ зидди шиканља ва дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф, ки расо 27 сол ќабл, рўзи 26уми июни соли 1987 эътибор пайдо кард, шиканљаро њуќуќи байналмилалї комилан манъ кардааст ва истифодаи он њаргиз љоиз нест.

Ибодуллоњи ТОЊИР


МАЗЊАБ

7

"САД ДАРИ БАСТА, ЯК ДАРИ КУШОДА"

Вазорати маорифи Тољикистон мегўяд, баъд аз ќабули Ќонуни озодии виљдон ва иттињодияњои динї танњо 3 муассиса - Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам, гимназияи назди њамин донишкада ва Муассисаи хусусии таълимии дунявї - динии "Абўњанифа" иљозатномаи фаъолият дарёфт кардаанд. Рањимљон Саидов, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф ба "Нигоњ" гуфт, боќї њама он муассисањое, ки барои дарёфти иљозатнома мурољиат карда буданд, ба талаботи иљозатномадињї љавобгў набуданд: - Муассисањое, ки ќаблан фаъолият мекарданд, иљозатнома оиди њуќуќи фаъолияти таълимиро надоштанд. Масалан, дар вилояти Суѓд 5 муассисаи динї фаъолият мекард. Баъд аз он ки фаъолияти онњо ќатъ карда шуд, љињати гирифтани иљозатнома ба мо мурољиат намуданд. Ба онњо фањмонда шуд, ки њуљљатњояшонро тибќи талаботи иљозатномадињї пешнињод намоянд. Вале мутаасифона дигар, ба мо мурољиат накардаанд. Мутобиќи Ќонуни озодии виљдон ва иттињодияњои динї ва Ќонуни иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият дар ЉТ њамаи муассисањое, ки ба тадриси исломї машѓуланд, бояд аз Кумитаи дин ва Вазорати маориф иљозатнома дарёфт кунанд. Дар сурати дарёфт накардани иљозатнома онњо њаќќи таълими шањрвандонро надоранд. Аммо дар пайи ќабул шудани Ќонуни озодии виљдон ва иттињодияњои динї паи њам мадрасањои исломї дар Тољикистон бо сабаби дарёфт накардани иљозатномаи зарурї аз сўи маќомоти дахлдор дарњои худро ба рўи муњассилин бастанд. Кумита оид ба корњои дин мегўяд, баъд аз соли 2009 дар њудуди кишвар 6 мадрасаи динї, як гимназияи исломї ва як гурўњи таълимии динї ба ќайд гирифта шудааст.

Чаро мадрасањои динї дар Тољикистон баста мешаванд?

ЊУКУМАТИ ФЕЪЛИИ ТОЉИКИСТОН ТАЪЛИМИ ИСЛОМИИ ИБТИДОИРО БАРЊАМ ЗАДАН ДОРАД латї пешнињод кунанд ва он бояд дар доираи мазњаби њанафї бошад: - Мутаассифона, он мадрасањое, ки то кунун амал мекарданд, бидуни барномрезї фаъолият доштанд. Онњо дар навиштани як барномаи таълимї аљз мекашанд, ба њамин хотир, овоза мекунанд, ки давлати Тољикистон пеши роњи таълиму тадрисро гирифтааст. Ин њама монеањои ќонунї ба хотири таъмини амнияти мазњабї њифзу суботи таълимоти динї аст, - гуфт ў. Дар њамин њол, Абдурањмон Мањмадов, раиси дастгоњи Шўрои амнияти назди Президенти Тољикистон зимни як

Чаро мадрасањо дар Тољикистон баста мешаванд? Зубайдуллоњи Розиќ, коршиноси масоили динї мегўяд, бастани мадориси исломї дар Тољикистон аз рўи як барномае сурат гирифта истодааст, ки маќсадаш пинњону ошкор мубориза бурдан бо густариши аќидаи исломї аст: - Яке аз роњњои мубориза он аст, ки бояд нуќтањои таълими динї баста шаванд. Масъулин кўшиш мекунанд, ки ин доираро танг кунанд. То ваќте ки як нуќта њам боќї намонад. Аммо Абдуллоњи Муњаќќиќ, исломшиноси тољик мегўяд, монеањое, ки барои фаъолияти мадориси исломї вуљуд доранд ба хотири пешгирї аз таќвияти ифротгарої роњандозї мешаванд. Вай афзуд, мадориси исломї бояд барномаи таълимии худро ба маќомоти дав-

«

конфронс дар ин бора гуфт: "Ваќте мо мегўем, ки љавононро аз гаравидан ба роњњои ифротгарої ва терроризм пешгирї кунем, фанни диншиносиро ќатъ кардем. Пас љавонон бо кадом роњ раванд? Бояд дар бораи кадом динњо ва асли он маълумот дошта бошанд? Дин ин худ ахлоќ аст". Муњаммадљон Абдуљалил, собиќ мударриси исломї дар Тољикистон ва айни њол муќими Арабистон мегўяд, сабаби асосии баста шудани мадориси исломї дар Тољикистон ин фишори давлатњои хориљї ва пешгирии ифротгарої мебошад.

Онњо дар навиштани як барномаи таълимї аљз мекашанд, ба њамин хотир, овоза мекунанд, ки давлати Тољикистон пеши роњи таълиму тадрисро гирифтааст. Ин њама монеањои ќонунї ба хотири таъмини амнияти мазњабї њифзу суботи таълимоти динї аст.

«

САДОИ МАРДУМ

Коршиносон мегўянд, гузоштани саддњои сунъї дар роњи таълими динї дар Тољикистон ифротгароии љавононро зиёд мекунанд. Зеро омўхтани асосњои динї яке аз талаботњои асосии маънавї дар Тољикистон ба њисоб меравад. Муноќишањои мазњабї дар Ироќ, Сурия ва њалок шудани чандин љавони тољик дар ин љангњо нигарониеро дар љомеа ба бор оварда, нафарони огоњ мегўянд, як сабаби асосии иштироки љавонони тољик ин паст будани сатњи шуури динии онњо ва набудани шароити зарурї барои омўхтани мањакњои аслии Ислом дар дохили кишвар аст. Аз ин хотир, агар дар илм як дар баста, сад дари дигар боз шавад, њоло баръакс, сад дарро мебанданд, то як дар, боз мегузоранд... Мулло РАЉАБ

45%-И РАЪЙДИЊАНДАГОН ХОЊОНИ САРИ ЌУДРАТ ОМАДАНИ ЊНИТ ЊАСТАНД?

11%

Намедонам, дар ин бора фикр накардаам

4%

Бо њалво гуфтан, дањон ширин намешавад

4%

Кори хуб нашуд, ба сарашон бало оварданд

32%

Хеле бад, онњо њаќ надоранд!

Хуб, зеро њар њизби сиёсї бояд омода бошад

45%

Олї, њукуматро бояд гиранд!

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

Натиљаи пурсиши њафта маълум кард, ки беш аз нисфи раъйдињандагон мехоњанд ЊНИТ дар Тољикистон сари ќудрат ояд.

4%

Дар ин пурсиши виртуалї, ки тањти унвони " Изњороти ахири ЊНИТ-ро дар бораи идораи давлат чї гуна ќабул кардед?", 45 (398 нафар) дар сади раъйдињандагон гуфтаанд, ки "Олї, њукуматро бояд гиранд". 32%-(285 нафар)-и дигаре аз иштирокчиёни он њам ба варианти "Хуб, зеро њар њизби сиёсї бояд омода бошад", раъй додаанд. Инчунунин 4 дар сад (36 нафар) аз љумлаи ин раъйдињандагон ќайд кардаанд, ки "Кори хуб нашуд, ба сарашон бало оварданд".

39 нафар аз љумлаи афроди райъдињанда ба гузинаи "Хеле бад, онњо њаќ надоранд!" овоз додаанд. 11%-(97 нафар)-и дигар њам гуфтаанд, ки "Бо њалво гуфтан, дањон ширин намешавад". 4 дар сад (33 нафар)-и ахир њам ба гузинаи "Намедонам, дар ин бора фикр накардаам" раъй додаанд. Ин назарсанљании виртуалї, ки бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" дар сомонаи расмии ОИ Тољнюс тайи як њафта, аз 26-06 то 01-07-2014 гузаронида шуд, дар он 888 нафар ширкат кардааст.


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ИКРОМИИ ЗАМИНЇ

flydubai Чаро ширкати хориљї бењтар аст? Њама гуна сафар аз истифодаи воситаи наќлиёт оѓоз мегардад. Бинобарин барои харидани чипта ба ширкати мусофиркашонии давлатии Амороти Муттањидаи Араб flydubai, ки намояндагии он дар шањри Душанбе кушода шудааст, рафтам. Сабаби интихоби ширкати хориљї дар он аст, ки ростї, аз ширкатњои мусофиркаши ватанї ќимоб шудаам. Њам аз љињати нархи чипта ва њам рўи хидматрасонї афзалият дар љониби ширкатњои берунмарзист. Дар користони ин ширкат маро ходими он МанзураЊасанова, ки машѓули тањияи раводид будааст, бо чењраи кушод ва гарм пазируфта, дар як муддати кутоњ њама хуљљатњои заруриро омода намуд. Ваќте раводид омода гардид, ман чипта харидам. Ва дар замони хариди чипта низ аз одоби баланди корманди ширкат бањра бардоштам. Бори аввал шоњиди он будам, ки ба мусофир њуќуќњояшро мефањмонданд. Њатто то чанд килограмм бор гирифтанамро бо тафсил шарњ доданд. Ба замми он ба зери соату даќиќаи парвоз ва огози сабти номи мусофирон хат каши-

«

да, њама нозукињои парвоз тавассути њавопаймои ин ширкатро низ фањмонданд. Маълумам гардид, ки ба истиснои бори сабуки дастї ман метавонистаам бо худ 27 кг бор гирам. Ана, аз њамин љой фарќияти хидматрасонии ширкатњо оѓоз гардид. Инро шунидаму ёдам ба парвозе рафт, ки муддате ќабл аз Маскав ба Тољикистон тавассути ширкати хавопаймоии Тољикистон доштам. Он гоњ њама борам тахмин 18 кг буд ва ба замми он ноутбук доштам. Намояндаи ширкат исрор намуд, ки бори дастиам, яъне, компутерро низ гузорам. Њарчанд мефањмондам, ки дар тамоми ширкатњои машњур барои бори дастї, ки компутер њам ба он ворид мешавад, дар њисоби бори умумї намедарояд, мароўш кардан намехост ва маљбур шудам, барои ду ё се килои аз 20 зиёда пул супорам. Њаминро бояд бигўям, ки њангоми бозгашт аз Дубай ба Душанбе тавассути њавопаймои flydubai намояндаи ширкат танњо 26 кг борро ба инобат гирифту њатто аз бори дастиам, ки боз њамон ноутбук буд, напурсид, зеро медонистам, ки агар вазни ноутбук ва чанд китоберо, ки дар кисаи он доштам, ба њисоб меги-

Ман аз чанд мусофир пурсидам, ки хурок дињанду нархи чиптаро 50 доллар боло бардоранд бењтар аст, ё ѓизо надињанду чипта 50 доллар арзон бимонад. Ба ин суоли ман танњо як мусофир гуфт, ки хўрок дињанду пули чиптаро баланд бардоранд, хубтар аст, дигарон гуфтанд, на, барои се соати парвоз њољат ба ѓизо нест.

«

рифт, аз 30 кг мегузашт. Афзалияти дигари барои њар мусофир нињоят муњим он аст, ки арзиши чиптаи ин ширкат аз нархи чиптаи ширкати Тољикистон, ки дар ин самт парвоз мекунад, камаш 50 доллар арзон аст. Аммо ширкати flydubai дар ваќти парвоз хўрок намедињад. Ман аз чанд мусофир пурсидам, ки хурок дињанду нархи чиптаро 50 доллар боло бардоранд бењтар аст, ё ѓизо надињанду чипта 50 доллар арзон бимонад. Ба ин суоли ман танњо як мусофир гуфт, ки хўрок дињанду пули чиптаро баланд бардоранд, хубтар аст, дигарон гуфтанд, на, барои се соати парвоз њољат ба ѓизо нест. Вале барои он мусофироне, ки ѓизо хурдан мехоњанд, дар тайёра имконият њаст, вале пулакї аст. Шояд сабаби дигари ѓизо надодан ба мусофирон он аст, ки муддати парвоз танњо се соат аст. Ин љо мехостам, нуктаеро дар бораи нархи чиптаи парвоз таъкид кунам. Аз назари ман агар љониби Тољикистон халал нарасонад, ширкатхои хориљї нархи чиптаро хеле поён мебаранд. Боре њам навишта будам, ки ширкатњои њавоии Тољикистон аз љињати нархгузорї ба чипта шояд дар чањон яке аз ќиматтарин бошанд. Ин сафари ман боз нишон дод, дар њаќиќат, нархи чиптаи ширкатњои мо беинсофона ва љабркунанда аст. Масалан, дар нимаи аввали июн ба шањри Питербурги Русия барои чипта андак зиёдтар аз 16 њазор рубли русї пардохт мекарданд, ки ин баробар ба 500 доллар аст. Муддати парвоз дар ин самт шояд шаш соат бошад. Аммо дар њамин нимаи аввали июн

ман аз Дубай ба Куала Лумпур, пойтахти Малайзия, тавассути њавопаймои ширкати давлатии Малейша Эалайнз парвоз доштам ва барои рафтуомад танњо 482 доллар пардохтам ва агар чанд рўз барваќттар тавассути интернет мегирифтаам, нарх аз ин њам арзонтар будааст, њол он ки парвоз ба Куала Лумпур низ шаш соат мебошад. Фарќият дар он аст, ширкати Тољикистон ба як тараф 500 доллар мегирад, ширкати Малайзия ба ду тараф 482 доллар пардохт кардам. Чунин аст "ѓамхори"-и ширкати Тољикистон дар њаќќи шањрвандони муњољираш! њамонњое, ки бе муњобот амнияту осоиштагии кишварро бо њаволаи кариб 4 миллиарддоллараи солона таъмин месозанд. Ваќте ба Дубай расидем, чун аз тайёра берун шуда, расмиятњои вуруд ба кишвари бегонаро анљом дода, барои гирифтани љомадон рафтам, он аллакай омада будааст ва ман аќаллан як даќиќа њам интизори љомадонам нашудам. Њол он ки дар фурудгоњи Дубай њар даќиќа чанд њавопаймо менишинад ва аксари онњо тайёрањои бузурганд, ки то 700 ва аз он њам зиёдтар мусофир мекашонанд ва таъмини сариваќтии расонидани борњои мусофирон мебоист ба онњо мушкил бошад. Аммо кор баръакс аст. Ман ин маќоларо пеш аз парвози бозгашт хостам, ба идораи њафтанома бифиристам, вале аз як чиз нигаронї доштам: оё дар замони бозгашт flydubai метавонад бори маро дар Душанбе мисли фурудгоњи Дубай ба зудї бароям дастрас гардонад? Гуфтам, аввал бармегардам ва агар љомадонамро сари ваќт гирам, он гоњ менависам. Зеро соли гузашта њангоми парвоз тавассути ширкати ватани аз Истанбул ба Душанбе дар фурудгоњи пойтахт ду соат интизор шуда будам. Хушбахтона, баъди бист даќиќаи фурўд омадани тайёраи flydubai дар фурудгоњи Душанбе љомадонамро гирифтам. Вале як чиз бароям рушан нашуд, ки оё сари ваќт ё дер гирифтани бор баста ба ширкат аст ё ба муассисае, ки хидматгузории фурудгоњ дар зиммаи он. Ин ширкат шаш сол пеш таъсис ёфта, њоло 35 тайёраи Боинг дорад ва асосан бо нархи арзони чиптахо машњур гардидааст. Муњибуллоњи ЌУРБОН


ХУДСОЗЇ

"ШУКУР" Як замон њамон вазиреро, ки нафаќа медод, вохўрдам. Пурсид, ки чї ањвол дорам. Гуфтам, як фирмаи "Шукур" њаст, ёвари раисаш њастам. Њамон маош медињад. Мо заводи шиша сохтанї будем. Он ширкат якчанд таљњизоти консервабарорї оварда, замин гирифта будааст байни Њисору Шањринав. Заводи алюмин наздик гуфта, њамон љо заводи консервабарорї сохтанї буд. Маро шиносњоям он љо бурданд. Шукуров гуфтанї як бизнесмен будааст. Шукуров гуфт, мо заводи консервабарорї месозем. Ман гуфтам, агар фикри маро гирифтанї бошї, њозир дар љумњурї 6 заводи консервбарории калон њаст. Њамашро 100 дарсад истифода бурда наметавонем, барои он ки шиша намерасад. Бањор шавад, њама шишакобї мераванд. Агар заводи шиша созед, заводњои консервабарорї њама дар дасти шумо мешавад. Гапатон маъќул гуфта, рафт. Ин њама як моњ пеш аз кор рафтанам буд. 18 рўз аз хона набаромадам. Шукуров ба хона омада, гуфт, ки ако, фикри шумо ба ман маъќул шуд, лекин ман намедонам аз чї корро сар кунам, чї мешуд, ки ёвари ман мешудед. Гуфтам, майлаш . Пагоњии дигар корро сар кардем. Тайи 19 соли рањбарї мо зиёда аз 300 корхона ба кор андохта будем. Аз он љумла, заводи Ёвон, алюминзавод, бисёр корхонањои калон. Ман гуфтам, пагоњ рост хеста Маскав меравем ба Вазорати саноати сохтмон, Вазорати иттињоди сохтмон. Заводњои шиша, институтњое, ки лоиња мекунанд, дар дасти њамонњо аст. Гусхрустал гуфтанї як шањри шишабарорї аст. Људо шањри куњан, аз Маскав ќариб 200 километр дур аст.

9

Се сол аст, ки дар Амрико аст. Њамсараш соли 1997 вафот кард, ду фарзанд доранд. Зан гир, гуфтем, розї нашуд. Гуфт, фарзандонам ба воя расанд баъд мегирам. Писари хурдиам дар Санкт - Петербург аст. Институти Маскавро тамом карда буд. Мутахассиси геодезияи кайњонї аст. Дар Душанбе дар ташкилоти картография кор мекард. Лекин соли 1997 ин корхона коргаронашро љавоб дод. Писарам ду сол бекор монд. Ба ман ёрдам мекард. Пас ба Ленинград, як институти кайњонї доштаанд, ўро даъват карданд. Баромада рафт. Аз он љо телефон кард, ки падар, ман кор даромадам, ба ман маъќул, агар рухсат дињед, ман рафта, оилаамро биёрам. Гуфтам, ихтиёрат. Духтарам - сеюм фарзандам дар Маскав кор мекунад. Консерваторияро тамом карда, шавњари литвонї кард. Бо њамин, мо - зану шавњар дар Душанбе танњо мондем. Соли гузашта (2013) оила рафтанд. Танњо мондам. Њамсарам пеш аз вафот гуфт, ки писари Амирљонро бо оилааш оред. Америка рафта, набераамро бо оилааш овардам... Ман намехостам, лекин мухтасар њама саргузашти худамро ба шумо гуфта, додам. Як бори дигар, илтимос, ки чапаву роста карда, нанависед.

Пас аз 23 соли хомўшї Ќањњор Мањкамов, охирин котиби якуми Кумитаи Марказии Њизби Коммунистии Тољикистон ва нахустин президенти кишвар дар мањфили "Гуфтугўи тамадунњо" - и профессор Иброњим Усмонов барои бори аввал рољеъ ба фаъолияташ, воќеъњои хунбори моњи феврали соли 1990 ва дирўзу имрўзи Тољикистон ба суолњои намояндагони љомеаи шањрвандии Тољикистон посух дод. Ин нишаст зиёда аз 2 соату 30 даќиќа дар толори маљлиси Маркази тиљоратии "Пойтахт" -и шањри Душанбе идома кард. "Нигоњ" бо назардошти ин, ки "дер ояду шер ояд", тасмим гирифт тафсилоти ин суњбатро дар ихтиёри хонандагонаш гузорад. (Идома. Аввалаш дар шуморањои гузашта) ... Аз он љо њамон рўз пеши Љаноби Олї даромадам. Намедонам бо якдигар гапзанон карданд ё не, дар сессияи навбатї масъала гузошта, бароям 200 доллар нафаќа муќаррар карданд. Њамин ваќтњо имтиёзњое, ки барои њамаи нафакахўрон буд, барњам дода шуданд. Љаноби олї, ба фикрам, бо њукуќи худ боз 100 доллари дигар њамроњ карда, нафаќаи маро ба 300 доллар расонданд. Акнун ина кї кард, намедонам. (Файзи Олї, муовини раиси ЊСТ-и љиноњи Мирњусейн Назриев ин љо ба сухан њамроњ шуд: "Ќањњор Мањкамович ман шуморо аз пеши чойхонаи Роњат назди Мањмадназар Солењов, раиси ваќти Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон бурдам. Ман гуфтам 700 доллар гўед, зиёд кунанд, шумо розї нашудед, гуфтед, ки ба халќ боз љабр нашавад. Ба 200 долларе, ки мегирифтед, ба100 доллари дигар зиёд кардани нафаќаатон розї шудед". Ќањњор Мањкамов ин гапро шунида маънидор табассум кард - А.Н). Соли 2011 њамсарам бемори вазнин шуданд. Зиндагї камтар вазнин шуд. Бори дигар ба Љаноби Олї мурољиат кардем, боз 200 доллари дигар зиёд карданд. Нафаќаам 500 доллар шуд. Њозир бањузур мерасад ва аз пештара бењтар зиндагї мекунам.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ШЎРАВЇ Инљо савол буд, ки даври советї наѓз буд, ё њозир? Рости гап, ба ин савол љавоб додан намехоњам, зеро инро шумо аз ман

Ќањњор МАЊКАМОВ:"БОЗ НАГЎЕД, ИН ЧЇ ХЕЛ ПРЕЗИДЕНТ БУД" Тафсилоти суњбати президенти нахустини Тољикистон дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо" Пагоњ рафтем, назди вазир даромадем. Вазир маро наѓз мешинохт. Ман маќсадамонро гуфтам. Њеч гап не, њозир гуфту ба Гусхрустал телефон кард. Гуфт, ба директори институт супориш медињам, равед, њама масъалањоро њал карда медињад. Пагоњ рафтем, масъалањоро пазонда гашта омадем. Баъд аз ду моњ корро сар кардем. Кор соли 1992, 1993, 1994 хуб рафт. Аз Украина монтажникњо барои печкањоро мондан омаданд. 9 -10 кас омад. Ду - се рўз нагузашта, аскар љамъ карда, як муттањам ба Душанбе даромад. Љанг сар шуд. Мутахассисони Украина бо поезд гурехта рафтанд. Сохтмон аз њисоби кредити бонкї буд. Љанг, ки сар шуд, бонк гуфт, мо кредит дода наметавонем. Охири соли 1996 роњбари ширкат гурехта, рафт. Гуфт, паноњатон ба Худо, чї коре кунед, кунед. Як рўз рост хеста Шањринав пеши раиси комиљроияаш рафтам. Раис, номаш дар ёдам нест, маро мешинохтааст. Ман гуфтам, бо Шукуров кор мекардам, ки рафт, агар хоњед, њамин корхонањо истанд, оромї шавад, сохтмонро боз давом додан мумкин аст. Гуфт, чї даркор барои ин? Ман гуфтам, ќарор бароред њамин фирмаи "Шукур"-ро пурра ба номи ман гузаронед. Роњбари ширкати "Шукур" гўед, ќонунї мешавад, корро бурдан мегирам. Розї шуд, ќарор бароварда ба дастам дод. Баъд рафта, ба коргарњои корхона гуфтам, ки аз њамин рўз сар карда, шумо ба ман итоат мекунед. Идораи маъмурии ширкати "Шукур" дар Душанбе буд. Њоло дар љояш беморхонаи Эрон шудагї. Соли 1997 Шукуров пайдо шуда омад. Омад дар бараш ду "телех" -и автоматдор. Ња, гуфтам, инњо кї? Инњо "телехранител" - и ман. Шумо ягон вазифаи калон гирифтед аз давлат? Не гуфт, ба наздикї мегирем. Ба кадом як вазорат ин касро пешнињод карданї будаанд, вазорат ва-

зорати саноат буд, ё дигар дар хотирам нест, хулоса, гуфт, ки агар равам шуморо гирифта мебарам. Гуфтам, шумо "телехранител"-дор шудед, пагоњ, илтимос, танњо биёед, њарду нотариус меравем, фирмаро аз номи худам ба номи шумо мегузаронам. Шумо - роњбари фирма. Пагоњ омад, нотариус рафтем. Фирмаро ба номаш гузарондам. Рафта, аз љои корам чизу чораамро гираму равам, гуфта, кабинет оям, дарро муњр задааст. Муњрро аз дастам гирифта, то ин ки ман аз нотариус бароям, омада кабинети маро печат кардааст. Тавба. Бо њамин ман баромада , рафтам.

ОИЛА - Аз раисии КМ ЊКТ рафтам. Пул нест. Маош нест. Бо њамроњи писарам, ки сохтмончї буд, як фирма ташкил кардем. Гуфтам, Амирљон, биёед, як фирмаи хурди њаматарафа ташкил мекунем ба номи туву кор сар шавад аз њамон њисоб зиндагї мекунем. Номаш МАГ буд, яъне Мањкамову Амирљону Гавњар.(Гавњар номи њамсари Ќањњор Мањкамов-А.Н) Кам- кам савдогарї њам кардем, баллон оварда, мефурўхтем аз њар баллон 3 - 5 доллар мемонд. Ваќте ки мувофиќи Конститутсия маро аъзои Маљлиси миллии Маљлисии Олии Љумњурии Тољикистон таъин карданд, бо ќарори президент ман ба писарам гуфтам, акнун дар кори фирма иштирок карда наметавонам, мувофиќи конститутсия аъзои Маљлиси милллї, депутатњо, вазирњо њаќќи фирма доштан надоранд, аз ин хотир, фирмаро ба номи ту ќонунї карда мегузаронам. Њамин тавр шуд. То ду соли пеш њамон фирма кор карда омад. Дар сохтмони Кохи миллат њам суппорядчик буд. Баъд генподрядчики мењмонхонаи њиндуњоро гирифт. Гуфтам, нагир, тайёр нестї барои генподрядчик шудан, аммо гирифт. Оќибаташ ин, ки партофту рафт.

наѓзтар медонед. Ваќти вохўрињо њамон ваќтњоро ман њикоя кунам, бовар намекунанд. Не, мегўянд, ин хел набуд. Ман гўям, њой, дар ваќти советї ягон одами бекор набуд, агар буд, "ты тунеядец" (ту муфтхўр) мегуфтанд. Дар газетањо менавиштанд, "тунеядец" гуфта. Бесавод њам набуд. Дар бораи савод як гапа сар кардам, ман медонистам, ки ояндаи љумњурї бе забони русї намешавад. Давоми 19 сол ваќте дар Госплани СССР планро тасдиќ мекардам, илтимос карда, дар плани Русия "о поставки кадров централизовно" (интиќоли мутамаркази кадрњо) њар сол 70 муаллимаи забони русї аз Русия, Украина, Белорусия ба мо меомад. Мо барои 100 кас дархост медодем, онњо 70 кас менавиштанд. Пешакї хабар медоданд, ки аз фалон љумњурї фалон нафар бояд равад, шумо бо институтњо алоќа карда, љойи кор, истиќомат ва зиндагиашонро њал кунед, мегуфтанд. Тайи 19 сол њар сол 70 муаллимаи забони русї меомад. Барои њамин, мактабе набуд дар дењот ва њам дар шањр, ки муаллимаи забони русї надошта бошад. Акнун ки масъалаи забон пеш омад, рўирост ба шумо мегўям: масъалаи ба забони тољикї маќоми забони давлатї доданро як моњ иљозат надода будам, розї набудам. Барои чї? Зиёда аз 30 дарсади љумњурї русзабонњо буданд. Саноат, иќтисодиёт дар дасти русњо буд. Ман медонистам, ки агар њамин рўз забони тољикиро давлатї кунем, русњо кўчашонро мебардоранд. Чаро? Барои онки дар Озарбойљон ва дигар љумњурињо њамин љанљолњо рафта истода буд. Ба ман мегуфтанд, ки олимон пешнињод карда истодаанд, Шумо чаро зидди онњо баромада истодаед? (давом дорад) Фароњамсоз, Абўалї НЕКРЎЗОВ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ПАЖУЊИШ

Фишурдаи суњбати доктор Збигнев Бжезинский, сиёсатшиноси машњури амрикої дар конфронси Маркази Уилсон зери унвони "Амнияти мутаќобил зери савол аст? Русия, Ѓарб ва меъмории амнияти аврупої", аз 16уми июни соли равон. ЧОР КАЛИДИ ПУТИН Иљозат дињед оќибатњои эњтимолии буњрони Укроинро барои бехатарии аврупої дар партави муносибатњо миёни Русия ва Ѓарб фош кунам. Он чї мо дар Укроин мушоњида мекунем, ин танњо низоъ нест, балки нишонае аз як мушкили љиддитар ва мањз болоравии тадриљї ва устувори шоввинизми номафњуми русист, ки инак, 6 ё 7 сол ба инљониб идома дорад. Наќши асосиро дар он Путин бозид. Мундариљаи ин консепсияи навро пурра муносибати Русия бо олам ва аз љумла бо Ѓарб муайян мекунад. Чанде пештар Шўрои Русия дар умури байналмилалї, ки дар он олимони хеле варзида ва муњтарам шомиланд, дар њамкорї бо "РИА Новости" ва Шўро оид ба сиёсати хориљї ва мудофиавї маќолаи муштаракеро бахшида ба тањаввули њуввияти миллии Русия ва доктринаи нави сиёсати хориљии ин кишвар чоп карданд. Дар он раванди эљоди як чањорчўби мафњумии љадид барои муайян намудани муносибати Русия бо олам, ки аз назари русњо, ин кишвар баъди пош хўрдани Иттињоди Шўравї ба он ниёз пайдо кардааст, басо муфассал инъикос ёфтааст. Дар ин маърўза сухан аз чањор консепсияи калидї меравад: аввал, консепсияи "Халќњои таќсимшуда", дуюм, "дифоъ аз њамватанони хориљї", сеюм, "олами русї" ва чањорум, эътироф ва њифз, пазириш ва тарвиљи "тамаддуни Руси бузург" мебошад. Ман барои он аз ин ёд кардам, ки иштибоњ мебуд агар буњрони Укроинро хашми ногањон сарзада ќаламдод кунем. Яъне, он тибќи тарњњои густарда сурат гирифтааст ва рўйдодњо ба он кўмак кардаанд. Мафњуми халќи таќсимшуда - ин нуќтаи шуруъ барои изњороти миллигароёна дар он бора, ки истиќлолияти Русия ба њамаи русњо, дар њар куљое бошанд, дахл дорад. Ва њамаи онњое, ки бо таърихи Аврупои то оѓози љанги Якуми љањон ошної доранд, ин изњорот тарсдињанда ба назар мерасад. Албатта, ин консепсия моро ба ѓояи њифзи њамватанони бурунмарзї меорад. Ва ин барои он кишварњое, ки дар ќаламравашон рустаборон зиндагонї мекунанд ва бо Русия њамсояанд, ањамияти махсус дорад. Мафњумњои халќи пароканда ва њифзи њамватанони бурунмарзї моро ба ѓояи олами рус наздик мекунад. Зери ин мафњум њамаи русњое фањмида мешаванд, ки дар њар нуќтаи олам зиндагонї мекунанд. Њоло ин бовар хеле муњим шудааст, ки Русия шомили тамаддуни ѓарбї нест. Бахше аз тамаддуни Чин низ мањсуб намешавад. Бахше аз олами Ислом њам нест. Русия худ аз худ як тамаддуни бузург дониста мешавад. Фањмиши "тамаддуни љањонї" шомили маљмуъае аз принсипњост, ки баъзеи онњо то њол барои љомеаи мо номаълуманд.

ДАР БУЊРОНИ УКРОИН ЃАРБ ЊАМ МАНФИАТИ ХУДРО ДОРАД Дарки асосњои љањонбинии таълимотии Путин ин муњимтарин нуќтаи шуруъ барои баррасии масъалањои марбут ба Укроин аст. Чуноне таъкид кардам, буњрони Укроин ин натиљаи низоъи тасодуфї набуда, нишони мушкилоти љиддитарест: ба вуљуд омадани сиёсатест, ки аз дохил зери як консепсияи васеъи фалсафї шакл гирифтааст. Њамин тариќ, чиро бояд интизор шуд? Агар Укроинро њамагї як нишони мушкилот донем, пас барои њалли он ваќти зиёд лозим мешавад. Вале њалли ин мушкил набояд якљониба сурат гирад, чун Ѓарб дар ин буњрон њам манфиатњои худро дорад. Ва ин манфиатњо бояд шакли сиёсати оќилонаро ба худ гиранд. Вале агар мушкилоти Укроинро мањаллї ќаламдод кунем, пас имкон дорад он њассосияти худро гум кунад. Бахусус, агар синфи миёна, ки њоло сар бардоштву њанўз њам нисбатан заъиф боќї мондааст, баъди эњсоси хастагї аз Путин ва рафтани ў аз сари ќудрат наќши нисбатан муњимеро иљро мекунад. Вале саволи матрањ ин аст, ки кай ин итти-

Збигнев Бжезинский:

"МИФОЛОГИЯИ ПУТИНЇ РОЊ БА НОКУЉОСТ" фоќ меуфтад? Пешгўии ин имкон надорад. Эњтимол дорад ба зудї ва шояд аслан ин рух надињад. Хулоса, мушкили Укроин ин дар њаќиќат тањдид аст ва Ѓарбро лозим меояд дар се сатњ бо он мубориза кунад. Аввал, мо дар баробари васвасаи истифода аз зўр, ки роњбарияти Русия гирифтори он шудааст, ќотеъона бояд муќовимат кунем. Дуюм, мо бояд ба талоши огоњона барои бесубот кардани вилоятњои шарќии Укроин аз љониби Русия хотима бахшем. Дар минтаќањое, ки русњо аксариятро ташкил медињанд, ширкаткунандагони муќовиматњои њарбї хеле хуб мусаллањ шуда буданд, онњо њатто тонку мушакњои зенитї доранд. Њатто умдатан сархўрда шањрвандони Укроин, ки нафрати беандоза ба давлат доранд, ин гуна силоњхои сангинро дар тањхонањои хонањои худ ва ё болохонањо нигоњ дошта наметавонанд. Ин силоњњо ба онњо дода шудааст, то худро мусаллањ созанд ва гуруњњои ќобили муќовимат бунёд намоянд. Ин як шакли дигари таљовузи байнидавлатист. Онро наметавон дигаргуна шарњу тафсир кард. Ин хеле хатари љиддист ва мубориза бо он вазифаи дуввуми мост. Сеюм, вазифаи мо аз он иборат аст, ки бештар исрор варзем ва баъд бо русњо формулаи созиши нињоиро, ки манъи неруи низомї ва кўшишњои бесуботгардонии вазъро пешбинї мекунад, баррасї намоем. Ин љо ман дар ифодаи афкори худ басо ошкор хоњам буд. Агар Укроин муќовимат карданист, пас онро бояд дастгирї намуд. Агар Укроин муќовимат намекунад, агар беназмї дар дохили ин кишвар идома мекунад ва њукумат чораи онро намеёбад, ки системаи пурсамари дифоъи миллиро роњандозї кунад, пас метавон мушкилоти ин кишварро якљониба њаллу фасл намуд. Аммо ин дар маљмуъ оќибатњои эњтимолии таъсири бесуботгардонанда барои давлатњои осебпазир ва муносибати Шарќу Ѓарб дошта метавонад. Укроинро дар кўшишњояш барои муќовимат бояд дастгирї намуд, пас укроинњо бояд бидонанд, ки Ѓарб омодаи кўмак ба онњост. Ва сабаби пинњон доштани ин вуљуд надорад. Фоидаовартар он аст, ки дар ин бора гуфта шавад, агар Укроин мехоњад муќовимат кунад, пас вай силоњ дарёфт хоњад кард. Ва мо ин силоњро то замоне, ки таљовуз сурат бигирад, дар ихтиёри онњо ќарор хоњем дод. Зеро баъди сурат гирифтани таљовуз ва ишѓоли ќаламрав мубориза ба маротиб мушкилтар меша-

вад. Ва кадом навъи силоњро мо ворид мекунем, ин низ хеле муњим аст. Ин бояд силоње бошад, ки муќовимат дар шањрњои бузургро осон гардонад. Комилан маъно надорад агар мо ба укроинњо он силоњеро дињем, ки бо артиши рус дар фазои кушод муќовимат кунад. Артиши рус ин њазорњо тонк ва фармондењонест, ки омодаанд неруњои азими мунњадимкунандаро истифода баранд. Моро зарур меояд аз лањзањои муќовимат дар шароити шањрњо дар солњои Љанги дуввуми љањонї ва љанг дар Чеченистон, ки пойтахти он макони аслии даргирињо муддати се моњ буд, сабаќ бардорем. Моњиятан барои он ки кўшиши таљовуз аз нигоњи сиёсї муваффаќона бошад, зарур аст шањрњои бузургро ба тасарруф дароваранд. Агар шањрњои азиме чун Киев ва Харков муќовимат кунанд ва аз амалиётњои љангї дар шароитњои шањр љилавгирї карда намешавад, зиддият кашол меёбад ва ин масрафоти зиёд хоњад дошт. Ва муњим он аст, ки дар айни замон Русия омода нест коро ба ин вазъ бикашад. Зеро ин иќдом муљиби талафоти сангин ва аз байн рафтани неруњои инсонї ва талафоти азими молиявї мешавад. Ин ваќти зиёд мегирад ва фишори љомеаи љањонї низ меафзояд.

РОЊИ СОЗИШ КАДОМ АСТ? Њамзамон бо ин мо бояд роњњои расидан ба созишро љустуљў кунем. Формулаи созиши эњтимолї кадом аст? Он хеле оддист: Укроин бояд амалан роњеро, ки ба самти Ѓарб пеш гирифтааст ва аз он аксари укроинњо пуштибонї мекунанд, идома дињад. Вале ин як раванди хеле дурудароз аст. Масалан, туркњо вуруд ба Иттињодияи Аврупоро 60 сол ба инљониб мунтазиранд. Аз сўи дигар Русияро бояд бовар кунонд, ки Укроин узви НАТО намешавад. Ман фикр мекунам, ин ба сабабњои зиёди сиёсї басо муњим аст. Агар шумо ба харита бингаред, дарк мекунед, ки аз нигоњи психологї низ ин барои Русия хеле муњим аст. Дар навбати худ Русия бояд дарк кунад, ки Укроин узви Иттињоди Авруосиё низ нахоњад шуд. Вай метавонад созишномањои људогонаи тиљоратї бо Русия дошта бошад, бо назардошти он ки баъзе шаклњои тиљорат барои ин ду кишвар муштаракан фоидаоваранд. НАТО-ро низ лозим меояд дар баъзе моддањои низомномаи худ таљдиди назар ку-

над. Аз љумла дар бораи моддаи 5, ки посух ба таљовуз номида мешавад. Вале ин модда бахше дорад, ки тибќи он, дар сурати њамовозии њамаи аъзои паймон ба кўмак мерасанд. Ин дар њолест, ки њатман њар муќовимати низомї љониби дигар низ дорад, ки зидди пайвастани паймон ба зиддияти њарбї ё амали таљовузбарангез аст. Амрико њамвора зидди будани ин банд аст ва кишварњо бояд онро ислоњ кунанд.

РУСИЯ 40 МИЛЛИОНРО БА ХУД ДУШМАН КАРД Ва нињоят масъалаи Ќрим. Аз назари ман ин шањр як бори барзиёдатии иќтисодї барои Русия аст. Асосе вуљуд надорад, ки Ќрим чун дар гузашта, ки як макони омадурафти сайёњон ва истироњатгоњи хориљиён буд, ин маќоми худро дубора соњиб шавад. Љомеаи љањонї њамроњшавии Ќрим ба Русияро напазируфтааст ва табиист, ки он увлавиятњои ќадима, ки даста-даста тайёрањо бо сайёњон фуруд меомаданду истироњатгоњњои он лаболаб аз одамон мешуд, дигар такрорношуданист. Русияро лозим меояд маблаѓњои басо зиёдеро аз њисоби худ барои рушди ин минтаќа ихтисос дињад. Тибќи оморњо, аллакай аз замони њамроњшавї то ин шабу рўз нархњо дар Ќрим се баробар афзоиш ёфтанд. Аз сўи дигар бо ин амали худ Русия зиёда аз 40 миллион нафарро зидди худ ба шўр овард. Назар ба дигар халќњои славянї укроинњо дар њич замоне ба Русия назари хасмона надоштанд. Ва ин назари хасмона зуњуроти нав аст, ки рўз то рўз меафзояд. Ин аст, ки Укроин дар оянда на танњо мушкил барои Русия мемонад, балки Маскав як ќаламрави басо бузургеро дар олами муосир аз даст дод. Аз ин рў, ман умед мекунам, синфи миёна, ки њоло бедор мешавад, билохира ба дарки ин нукта мерасад, ки мифологияи путинї, ки аз он бахше аз зиёиён ва шоввинистон пуштибонї мекунанд, ин роњ ба нокуљост. Ва хушбахтии Русия бояд дар он бошад, ки ба як кишвари ќудратманди аврупої табдил шавад. Њар боре онњо ба Шарќ менигаранд ва аз худ мепурсанд, ки Чин барои ояндаи Русия то кадом њад муњим аст, инро ба ёд меоранд. ("The American Interest", ИМА)

Тањияи Бобољони ШАФЕЪ


ЊАЌТАЛОШЇ ЊАМААШ АЗ ЧЇ САР ШУД? Мисли бисёрињо дар Тољикистони мо, Тошпулод Ќаршиев, сокини љамоати дењоти "20-солагии Истиќлол"-и ноњияи Ќубодиён низ бовар мекард, ки ""замин моликияти истисноии давлат асту давлат истифодаи оќилонаи онро ба манфиати хаќл кафоалт медињад". Охир, дар ин бора дар ќонуни асосии Тољикистон навишта шудаст. Вай њоло намедонист, ки ќонун танњо барои ў ва ў баринњосту бисёри онњое, ки дар курсињои мансаби давлатї нишастаанд, ба он "туф" кардаанд. Вай соли 2001 ба ваъдаи Азим Алимардонов, раиси собиќи љамоати дењоти Янги Юли Ќубодиён бовар карда, ба ў барои ба ном њуљљат кардани 0,26 га замин 1 њазору 350 сомонї дод. Пагоњї, бояд Алимардонов заминро ба номи ў ба идораи љамоат рафта њуљљат мекард. Аммо тавре ба Ќаришев гуфтанд, баъди гирифтани пул ў ба Русия рафтааст. То њол бањси замини Тошпулод Ќаршиев идома дорад ва ќиссањои такрор ба такрори ин ќазия дар протоколњои бешумори судї ва санадњои прокурорї китоби серсањифа шудаанд. Ин љо бояд гўям, ки муаллифи ин сатрњо, ваколати дифоъи њуќуќии Тошпулод Ќаршиевро ба зимма гирифта, дар зинањои гуногуни судї њамчун адвокат дар ин ќазия иштирок доштам. Кашокаши судї, ки инак беш аз 7 сол аст идома дорад, ба мо имкон дод, ки ин ќазияро аз аввал то охир чигилкушої кунем.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

11

ЯК БОМУ ДУ ЊАВО Ё чаро дар Ќубодиён маќомоти давлатї љилави љинояткоронро кашида наметавонанд?

"ФИРОР"-И РАИС Масалан, чаро раиси собиќи љамоат Алимардонов ба Русия рафт? Барои 1 њазору 350 сомонї? Не албатта! Барои мо маълум шуд, ки ин сафари ў "фирор" аз ќонун будааст. Вай баъди истеъфо аз вазифаи раиси љамоати Янги Юли Ќубодиён, роњбари совхози нињолпарварии ноњия таъйин шуда, барои камомад нисбаташ парвандаи љиноятї оѓоз шуда буд. Вай бо њамин соли 2006 ба Тољикистон баргашт. Алимардонов омада ба Ќаршиев, ки 0,26 га замини бењуљљатро аз ў соли 2001 харида буд, дилёбї карда, ба номи писари ў - Илњои Ќаршиев 0,15 га замини наздињавлигї њуљљатгузорї кардааст. Ин кор ба ў чї тавр муяссар шудааст? Вай соли 1990 раиси иттифоќи касаба буда, ин кор барояш осон будааст, ин ќиссаи дигар аст ва дар љойи дигар њатман наќл мекунем. Вай дар солњои љанги шањрвандї, бо заминсози ваќт гап як карда, соли 1993-юм 0,13 га заминро ба номи апааш Алимардонова Анорхол ва 0,13 га заминро ба номи хоњарарўсаш Ашурова Барчиной гузаронда будааст. Замине, ки баъди "фирор" ба Русия Азим Алимардонов ба ќањрамони ин мољаро - Тошпулод Ќаршиев дода, гўё фиреби кардаашро дар соли 2001 рўпўш кардааст, яке аз њамин ќитъањои замин будааст, ки ба номи Ашурова Барчиной - хоњарарўси Алимардонов будааст. Бояд гуфт, ки њуљљатгузорї ин замин ба номи Ашурова ѓайриќонунї буда, танњо дар идораи љамоат сабт шудаасту халос. Яъне ба номи ў ин замин ягон њуљљати тасдиќкунандаи дигар надорад. Акнун Ашурова, ки соли 1984-ум ба љамоати дењоти "Ориён"-и ноњияи Њисор ба шавњар баромада дар Ќубодиён назистааст, даъво дорад, ки замин аз ўст. Дар њоле, ки дар даст ягон њуљљати асосноккунадаи ин иддаоро надорад.

ПЕШНИЊОДИ НЕСТАНДАРЉАЊОН Њукумати мањаллї 24-уми апрел дар бораи аз нав вобаста кардани 0,13 га замини наздињавлигии Ашурова Барчиной ба писари Ќаршиев Тошпулод розигї медињад. Ба заминози љамоат Юлдошев супориш

«

ШАРЊИ ЊОЛ:

дода мешавад, ки дар љояш рафта, замини наздињавлигиро чен карда, барои гирифтани сертификати њуќуќи истифодаи замин њуљљатњои заруриро омода карда, барои тасдиќ ба раиси ноњия пешнињод кунад. Ин њама бо имзои раиси љамоати Янги Юли Ќубодиён, љаноби Наврўзов тасдиќ шудааст. Аммо ин супоришњоро дар давоми як сол касе иљро кардан намехост. Касе ба имзои Наврўзов диќќат накард. Касе ба ќонун ањамият надод. Касе масъулият њис накард, назди ќонун ва виљдонаш. Аз байн як сол гузашту, Холёров Ч. раиси љамоати Янги Юл шуд. Раиси нави љамоат аз моњи марти соли 2012 ду маротиба ба раиси кумитаи заминсозї пешнињод кардааст, ки замини наздињавлигї ба номи Ашурова Барчин сертификат карда дода шавад. Инро чї хел бояд фањмид? Агар шахси сеюм пайдо шавад, бо як ариза, ин заминро ба номи ў шояд њуљљат карда медињанд? Раиси љамоат ин пешнињодњоро, албатта бепул намедињанд? Ё бепул аст ин пешнињодњо?

ЌОНУН КИРО АВФ МЕКУНАД? Тошпўлод Ќаршиев дар иртибот ба ќасдан кашол додани њуљљатгузории замин ба номи ў аз љониби заминсоз Давлатов А. ва Холмирзоев Р. ба Прокуратураи ноњияи Ќубодиён мурољиат кардааст. Прокуратураи ноњияи посух додааст, ки дар рафти тафтишоти ќазия ошкор шудааст, ки дар амали Алимардонов Азим аломатњои љиноят дида мешаванд. Аммо бинобар ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи афв" аз 1-уми сентябри соли 2011, бо пешнињоди ёрдамчии прокурори ноњияи Исмоилов Р. дар бораи рад кардани оѓози парвандаи љиної, Алимардонов авф шудааст.

Ин њама бо имзои раиси љамоати Янги Юли Ќубодиён, љаноби Наврўзов тасдиќ шудааст. Аммо ин супоришњоро дар давоми як сол касе иљро кардан намехост. Касе ба имзои Наврўзов диќќат накард. Касе ба ќонун ањамият надод. Касе масъулият њис накард, назди ќонун ва виљдонаш. Аз байн як сол гузашту, Холёров Ч. раиси љамоати Янги Юл шуд.

«

Агар дар фаъолияти Алимардонов нишонањои љиноят мушоњида шуда бошад, модоме, ки ќазия то њол њал нашуда бошад, модоме, ки барои фаъолиятњои љиноятии ин одам то њол њуќуќи шањрванди Тољикистон поймол шуда истода бошад, барои ин амалњо кї бояд љавоб гўяд? Ќонуни авф оё ин пањлўи масъаларо рўшан накардааст? Кї бояд њаќќи љабрдидаи ин ќазияро барќарор кунад? Ќонун кињоро авф мекунаду кињоро љазо медињад? Прокуратура дар ин њолат бояд чї гуна рафтор кунад? Шахси љинояткорро авф кардем гуфта, нафарони бегуноњ бояд ба љавобгарї кашида шаванд? Ё чї?

УСУЛИ ЌУБОДИЁНИИ "ЗАХВАТ" Инро дар як љумла метавон чунин ифода кард, ки Алимардонов 0,13 га заминро, ки ба Ќаршиев фурўхта буд, акнун хоњарарўсашро истифода карда, аз ў боз кашида гирифтанї аст. Дигар њеч. Идома ќисса чунин шуд, ки баъди пешнињодњои прокуратураи ноњияи Ќубодиён, Идораи заминсозии љамоат Давлатов А. ва аз идораи заминсозии ноњия њуќуќшиносаш Љураќулов Улаѓбекро ваколатдор таъйин карда, ба суд мурољиат карданд. Раиси Суди ноњияи Ќубодиён Рањимов Д. аз њуљљатњо камбудї меёфту корро ба ќафо мепартофт. Њамин тариќ заминсоз аз кори судбозї безор шуда, даст кашид. Љураќулов аз рўзи дароз паси дари суд истода, назди судя Рањимов даромада натавонистан, ба љон омад. Баъди ин бо як таъйиноти суд њамаи њуљљатњои љамъовардаи Ќаршиев нобуд шуданд. Соли 2010. Аллакай раиси љамоати дењоти Янги Юл нафари дигар -М. Абдуллоева шуда буд. Аз заминсозии ноњияи Холмирзоев Р. омада, 0,13 га замини бањсии Тошпулод Ќаршиевро худсарона бе ягон њуљљат ва асоси кофї ба Ашурова Барчин људо карда дод. Соли 2011-ум Юлдошев Р. аз заминсозии ноњия омада гандуми киштаи Ќаршиевро таги по карда, заминро таќсим кард. Соли 2012 раиси нави љамоати дењоти Янги Юл Холёров дубора заминро ба Ашурова Б. дода, тамоми зироати киштаи онро зери по карда, дарахтњоро бурида, ба Ќаршиевњо

Розиќов Њакимљон 3-юми апрели соли 1956 дар оилаи дењќон таваллуд шудааст. Миллат ўзбек. Бо ихтисои омўзгор соли 1977 Донишгоњи педагогии шањри Душанберо хатм намудааст. Собиќаи 40-солаи омўзгорї дорад. Ѓолиби озмунњои «Муаллими сол» дар солњои 199192 гардидааст. Аз соли 1990-97 раиси мањаллаи дењаи Ќушшачинори ноњияи Ќубодиён будааст. Дар солњои 2007-2011 дар њафтаномаи «Факты и комментарии» ба њайси мухбир кор кардааст. Аз соли 2012 мухбири маљаллаи «Шарќнома»-и Хуљанд мебошад. Аз соли 2013 узви Њизби халќии демократии Тољикистон аст. Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон. Узви Иттифоќи журналистони Тољикистон. Њољї. Оиладор, соњиби 5 фарзанд. сиёсат кардаанд. Дар ин кор Алимардонов А. њамроњи рањбари дастгњи ноњияи Ќубодиён - Одинаев, њуќуќшиноси њукумат Ќараева Н. аз идораи заминсозї Холмирзоев Р. ширкат доштаанд. "Соњиб"-и замин Ашурова худсарона омада 80 метр девори њавлиро вайрон карда, дар ин 0,13 га замин хона сохтааст.

"ГОВСУД"-И ЉАБРДИДА Мурољиатњои минбаъда ба Прокурор, суд, Шуъбаи корњои дохилии ноњия бенатиља анљом ёфтанд. Касе чизе карда наметавонист. Аљиб аст, ки чаро дар ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон - њамагї 160 км дуртар аз Душанбе маќомоти давлатї пеши роњи љиноятро гирифта натавонистанд? Маќомот њатто аз ќабули аризањо худдорї мекарданд. Баъдтар, моњи январи соли 2012, тавре маќоли мардумї мегўяд: "дузди зўр соњиби говро баст". Бар асоси як аризаи туњматбори Ашурова, ки гўё Ќаршиев Тошпулод 0,17 га заини ўро худсарона аз худ кардааст, нисбаташ Прокуратураи ноњияи Ќубодиён парвандаи љиноятї оѓоз кард. Бале! Баъди њамаи ин ќазия прокуратураи ноњияи салоњ донист, ки нисбати Ќаршиев парвандаи љиноятї оѓоз кунад.

11


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

БО ШОИР

БЕЊРЎЗИ ЗАБЕЊУЛЛО Бењрўзи Забењулло Саъидхоља, 30юми июни соли 1968 дар хонаводаи зиёї дар рустои Рузвайи ноњияи Дарвоз ба дунё омадааст. Шоъир ва муњаќќиќи адабиёти тољик, яке аз рўзноманигорони пуркор ва ботаљриба дар соњаи таърихи адабиёти шўравї аст, ки наздик ба 15 сол ин мавзўъро тањти омўзиш ва тањќиќ ќарор додааст. Бењрўзи Забењулло баъди хатми мактаби тањсилоти њамагонї дар ноњияи Дарвоз вориди омузишгоњи касби-техникии №68 шањри Душанбе шуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солњои 1987-89 дар шањри Красноярск хидмати њарбиро дар сафи неруњои мусаллањи Шуравии собиќ адо кард. Соли 1989 ба факултаи филология Донишгоњи миллии Тољикистон ворид шуда, ин Донишгоњро бо дипломи сурх хатм кардааст. Солњои 1993 то соли 1997 дар риштаи улуми сиёсии Донишгоњи Тењрон низ тањсилоти худро идома додааст.

Дар даврони донишљўи дар њаракатњои озодихоњї ва истиќлолталабї ба таври фаъол ширкат намуда ва аз љумлаи муассисон ва яке аз њамраисони "Созмони љавонони озоди Тољикистон" дар солњои 1992 буд. Аз соли 1995 аъзои "Иттифоќи журналистони Тољикистон" буда, дар мавзўъњои сиёсї, иљтимої ва адабї маќолањои зиёде дар аксари рузномањои кишвар мунташир кардааст. Бењруз Забењулло дар бахши шеър то кунун ду маљмуаи шеърї бо номњои "Ѓамамро шеър кардам" (Нашриёти Суруш, 1999) ва "Танњо барои худ" (Нашриёти Нодир, 2003) нашр кардааст. Соли 2005 бошад китоби "Андешањои сиёсї дар садри ислом", навиштаи файласуфи Покистонї Миён Муњаммад Шарифро баргардон ва чоп кардааст. Соли 2007 њикмату калимоти ќисор(кўтоњ)-и 45 орифи маъруфи љањони исломро аз китоби "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттор љамъоварї ва дар китоби људого-

БИСМИЛЛОЊИР-РАЊМОНИР-РАЊИМ Исми рањмон аст бисмиллоњир-рањмонир-рањим Муњри яздон аст бисмиллоњир-рањмонир-рањим Њукми оѓоз асту хатми ављи парвози башар Рамзи имон аст бисмиллоњир-рањмонир-рањим Њомии њар ду сарову зиннати арши Худо Сирри Ќуръон аст бисмиллоњир-рањмонир-рањим Хони неъматро Хдо густурдааст андар замин Њар ки мењмон аст бисмиллоњир-рањмонир-рањим Нурборон мешавад олам ба зикри ин калом Дил чароѓон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Дар замири хонаи мо гул кунад имону ишќ Мисли борон аст бисмиллоњир-рањмонир-рањим Давлати дунёи мо аст муждаи "Ло таќнату..." Муниси љон аст бимиллоњир-рањмонир-рањим Чашм бигшо, эй бародар олам аз алтофи Њаќ Нурборон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Љон фидои дўст бодо то ба рўзи вопасин, Тан ба фармон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Гар ба анвори муњаббат чашми дил бино шавад, Сангро љон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Дар дили шабњо агар "Ёсин" бихонад пири мо Юсуфистон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Нест дар кори Худованд љойи тардиду суол Гар мусалмон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Њељ кас аз кунњи асрори азал огоњ нест Аќл нодон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим Як Ватан дорем чун модар азизу мењрубон Тољикистон аст, бисмиллоњир-рањмонир-рањим !

ШОИР Шабасту марди ѓарибеву кунљи танњої Чароѓу дуди сигору хиёли рўёї Садои таќ-таќи соат ва зўзаи саги пир, Нигоњи хираи мањ чун занони рустої. Ва пушти панљара як марди лоѓару бехоб, Ба рўи миз яке нони хушку косаи об. Ва баргањои парешони дастнохўрда, Ба фарши хонаи худ чида бастањои китоб. Зи пушти панљара зум карда сўи чењраи шаб Сукутро ба нафас мешикаст оњиста, Дар интизори руљўи парандаи илњом Ва шеъри ноби дигар, менишаст оњиста.

нае бо номи "Њикмати авлиё" ба чоп расонидааст. Берўзи Забењулло беш аз 15 сол ба омўзиши таърихи адабиёти шуравии тољик машѓул буда, натиљаи ин ковишњо китобест бо номи "Ќиссаи мурѓи Самандар; саргузашти адабиёти тољик дар даврони Шуравї", ки соли 2012 ба хати форсї дар Эрон чоп шудааст. Соли 2011 низ бо њамкории шоир Муљиби Мењрдод-шоир ва муњаќќиќи Афѓонистон маљмўи маќолоти њар ду дар бораи шеър ва шоирони даврони Шуравї дар маљмуае бо номи "Зангулазанон гузашт борон; Сайре дар адабиёти муосири Тољикистон" дар шањри Кобул нашр шудааст, ки аввалин иќдом барои муаррифии адабиёти тољик дар Афѓонистон мебошад. Солњои 1997-2001 дар Кумитаи радио ва телевизиони назди Њукумати Тољикистон, аз љумла гўянда ва муовини раиси шабакаи сартосарии "Садои Душанбе" кор кардааст.

Аз соли 2002-ум то кунун дар бахши бурунмарзии Созмони Садо ва Симои Эрон (радиои тољикии "Садои Хуросон") кор кардааст. Бењрўзи Забењулло соли 2012 бо љоизаи "Лоњутї" дар бахши тарѓиби фарњанги тољик дар расонањои форсизабон, мукофотонида шудааст. Оиладор соњиби 4 фарзанд мебошад.

Зи бахти хуфтаи худ пеши кас гилоя макун "Парранда то ба абад дар ќафас намемонад" 1 ... 1.Фозил Назарї Биё, ки ойинавор дар баробарат бошам, Дарахти куча шавам, сояи сарат бошам

Ѓамат ба љони манасту лабат ба коми дигар, Чї имтиёз! Туро ёд мекунам бону!

Лабат шароби тањур асту љоми Љам холї, Биёр бодаи лабро, ки соѓарат бошам.

Зи чашми ман њама таќлид мекунад борон Таронасоз, туро ёд мекунам бону.

Хирому нозу табассум сифоти њусни туанд, Ба њусни хеш биноз, нозпарварат бошам.

Баландахтариву ман баландпарвозам, Аз ин фароз туро ёд мекунам бону.

Хушо парранда шавам наѓмахони боѓчаат, Нишаста гўшаи боме кабутарат бошам.

Парида хоб зи чашми тарам, намедонї Шаби дароз туро ёд мекунам бону!....

Ту моњи кишвари њусниву зеби фасли бањор, Маро бихоњ шабе шоњи кишварат бошам. Болобаланд омадаї то диёри ман, Сарсабз бод аз ќадамат навбањори ман! Дилро зи мењри мардуми бегона ќатъ кун, Осуда бош дар гузару дар канори ман. Рўзам шаб асту шоми сиёњам сањар нашуд Эй, бомдоди хушназари рўзгори ман! Бисёр гуфтаанду бигўянд баъд аз ин Аз ќиссањои Юсуфи шабзиндадори ман Борони рањматї, ки бибори ба боѓи љон, Дар ин кавири сўхтаї, обшори ман! Хўш омадї ба хонаи худ, эй ѓизоли ноз Таскини ќалби шўълавару беќарори ман. *** Кабутаро! Ба куљо мебарї паёми маро? Касе ба ёд надорад нишону номи маро Зи чашми ёр фитодам зи боми дунё низ, Магар сухан,ки замонат кунад давоми маро. Шикаста шишаи дилрову боз мешиканї, Ба завќ менигарї дуди инњидоми маро. Фариштањо њама аз њоли ман парешонанд, Иљора карда зи њасрат дукону боми маро. Ќасидае ба таманнои нозанин гуфтам, Хушо агар бипазирад хиёли хоми маро. Давои дарди дили мо сукуту танњоист, Ба ањли дард расонед эњтироми маро!

Ду даст зери манањ дошт марди афсурда Тамоми мўи сараш мисли пахта буд сафед. Чизе надошт ту гўи зи молу сарвату љоњ Фаќат њамин ки зи дунё њанўз дошт умед...

Ба хуни дил бинависам ќасидаву ѓазалам, Ба оби зар бинависанд то каломи маро.

Чу гул шукуфта шавад хору хас намемонад, Чу аќл чира шавад булњавас намемонад

Агарчи он бути сармаст бениёзи ман аст, Ниёзмандам агар мебари саломи маро.

Ба хони мардуми мунъим нокасон љамъанд Агар ширинї набошад магас намемонад.

Ба сўзу соз туро ёд мекунам бону, Ба сад ниёз туро ёд мекунам бону.

Зи њоли шамъ биёмўз рози ишќу вафо, Ки майда-майда бисўзад, сипас намемонад.

Намеравад зи хиёлам љамоли зебоят, Шаби дароз туро ёд мекунам бону.

Шабоњати ману ту мисли моњиву дарёст, Ки моњї дур аз об як нафас намемонад

Чу лола доѓ ба дил дорам аз фасонаи љон, Чи љонгудоз туро ёд мекунам бону.

Фаришта будиву бо дев њхамнишин шудаї, Дубора боз туро ёд мекунам бону

Бояд ин фосилањо кам бишавад, Бояд ин одамї Одам бишавад! Мо фаќат як нафас одам њастем, В-он гање сахтиву мотам бишавад Шеваи умр чи ѓафлатбор аст, Хосса чун айш фароњам бишавад. Беадаб њиммати мардона надошт, Гарчи дар мол чу Њотам бишавад Дўст хуб аст агар дар сахтї, Мунису ёвару њамдам бишавад Офати дањр бувад золиму зулм, Марги ў равнаќи олам бишавад Зиндагонї љараёни нафас аст, Оњ, аз он рўз, ки мањкам бишавад!

РЎ БА РЎИ ОЙИНА НИШАСТАЇ Фарањманду бонишот. Бо такаббур ба хатти сайри фардоят меандешї Нозпардвардаи чашмони номањрам, Метарсам Рузе ба дасти сайёди берањм Гирифтор хоњї шуд... Хор хоњї шуд.... Зиндагї Мазрааи боъиру бехосият, Ба љуз аз алафњои њарза нарўяд. Ба љуз арзабозї ќалам бар надоранд, Нависандагоне, ки пайваста мастанд... Паррандагон бо њавои дона куч мебанданд, Сўи љангалистони сарду анбўњ Иддае бо дон меоянду иддае бељон, Љуљањошон аз руи ниёз луќмаи каргасон мешавад. Дар ин љангал Зистан кори сахту сањмгин аст; Ё бонк бояд дошт, Ё тонк бояд харид! Андўњамро чигуна бояд пинњон кунам, Ваќте, ки дар экрани чашмонам филми вањшатноке дар љараён аст.


ВОКУНИШ Чанд моњ боз вобаста ба љароњат бардоштани сарбози ќатории Ќўшунњои сарњадии ЉТ Шањбол Мирзоев ва барќароршавии саломатии ў дар расонањои њабарї маќолањо тањия ва рўи чоп меоянд. Пайгирї намудани ин њодиса дар назари аввал як фоли нек намояд њам, тањлили ин маќолањо нишон медињанд, ки нашри аксари онњо беѓаразона нестанд. Муаллифи маќолаи "Оё чунин артишдорї љои ифтихор аст?" - С. Сатторов ќайд кардааст, ки барои гузаронидани паради њарбї бањшида ба 20-ўмин солгарди таъсисёбии Ќўшунњои сарњадии ЉТ маблаѓ барои баргузории љашн ёфта шудаасту барои табобати сарбоз сад њазор доллар на, ё роњбарияти сохтори мазкур људо намудани маблаѓро нахостаанд ва бояд бо људо намудани ин маблаѓ роњбарии Ќўшунњои сарњадї обурўи худро баланд мебурд. Дар рўзномаю нашрияњо аз он, ки гуё дар ин њолати ба вуќуъ омада аз љониби Сарраёсати ЌС КДАМ чорае наандешидаанд, ё дар сатњи лозима ба љабрдида мадад нарасонидаанд, фарзияњо ба чоп мерасанд, ки боиси њар гуна овозањо гаштааст ва фикр мекунем, ки аз њаќикат дур аст. Ба ин расонањо бовар мекардем агар Фармондењи Ќушунњои сарњадиро шахсан намешинохтем ва назари њалли чунин масъалањоро бо масъулияти баланде, ки ў дорад бо чашми худ намедидем. Далелњои овардаи муаллиф мо собиќадоронро, ки солњои зиёд генерал-лейтенант Р. Рањмоналиро аз наздик мешиносему дар як саф хизмат њам кардаем, дар канор гузошта натавонист. Зарур донистем, ки оиди ин масъала фикру андешињои худро баён намоем. Аз соли 2004 ба вазифаи Фармондењи Гвардияи миллї таъин шуданаш боре дар ин маврид надидаем, ки чунин њодисањоро аз мадди назари худ дур монда бошад. Чун соњиби маќола аз маблаѓ ёдовар шуд, дањњо мисолњоро овардан мумкин аст ва мо низ шоњиди он будем, ки барои табобати сарбози Гвардияи миллї Ѓуфронов Сайёд дар моњи апрели соли 2004 тамоми чорањо андешида шуда буданд ва маблаѓи хеле њам зиёде сарф шуда буд, лекин, сад афсус, дар њаёт на њамаи хоњишњо натиљаи дилњох меоранд. Чунин њолатњо дар сохторњои ќудратї ва људо намудани маблаѓњо як чанд маротиба вуљуд доштанд ва бо ёдоварии ин мисолњо ба он дарди деринаи падару модарон намак пошидан намехоњем. Пўшида нест, ки њангоми ба хизмати њарбї даъват шудани шањрвандон ќисмашон касалињои музмин доранд, ки баъдтар вобаста ба вазнинии хизмати њарбї бемориашон ављ гирифта, аз њисоби сохторњои ќудратї ройгон табобат меёбанду аз тарафи волидайн миннатдорињои зиёде ба роњбарони сохторони ќудратї баён мегардад. Аз суњбатњо бо рафиќони дар Сарраёти Ќушунњои сарњадї адои хизмат кардаистода низ маълум гардид, ки генерал-лейтенант Р. Рањмоналї, ба малоли роњбарони пештараи ин маќомот нарасад, дар як муддати кўтоњи роњбариаш дар тамоми љузъу томњои Ќўшунњои сарњадї таѓйиротњои мусбии љиддї ба назар мерасанд. Дар давоми чор моњи охир бо сафарбаркунии афсарону сарбозон Маркази таълимии сарњадбонон, ки аз якчанд би-

11 Ба Прокуратура, заминсози ноњия дар симои Давлатов А. ва Холмирзоев Р. даъво карданд, ки Ќаршиев 12 сол аз соли 2001 то соли 2012 ин заминро ѓайриќонунї истифода кардааст ва ўро дар як "говсуд" ба маблаѓи 5225 сомонї љарима бастанд. Раиси љамоат бошад рўйи рост маълумоти бардурўѓ додааст, ки дар ин замини наздињавлигї аз соли 1990 то соли 2001 касе истиќомат накардааст ва гўё Азим Алимардонов онро ба иљора ба наздиконаш медода бошад. Дар маълумотномаи раиси љамоат гуфта шудааст, ки Алимардонов ин 0,25 га заминро њар сол ба бобову ба бољааш иљора медодааст. Инро раиси мањалла ва њамсояњо њам бо имзо тасдиќ кардаанд. Касе аз онњо намепурсад, ки андози замину обро пардохт кардааст? Дар њоле, ки Ќаршиев тамоми маълумотномањои расмиро дар бораи ќарздор набуданаш аз андози замину об дар ин сол дар даст дорад. Инро дар маќомоти Ќубодиён 7 сол инљониб дида наметавонанд. Ин љо њама ба ќонуни давлат туф кардаанд, ба дастуру њидоятњои сарвари давлат туф кардаанд? Ё не?

нои фарсудаи садамавї иборат буд, бахшида ба љашни 20-солагии ташкилёбии Ќўшунњои сарњадии Љумњурии Тољикистон аз тањкурсї сар карда биноњои зарурї, синфхонањои ба талабот љавобгў, майдончањои сафороию варзишї, љойњои гузаронидани машѓулиятњои тирпаронию амалиро бунёд намуданд, ки ба он аз тарафи Сарфармондењи Олии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон бањои баланд дода шуд. Њамзамон шифохонаи њарбиро таъмиру бо таљњизоти замонавї муљљањаз гардонид, ки боиси ифтихори тамоми сарњадчиён аз хурд то бузург гаштааст. Мунтазам аз шахсони масъулу муттасадї бевосита иљрои вазифањои ба онњо вобастакардашуда оид ба њифз ва мудофиаи сарњад пурсида мешавад.

бинињои муњими сиёсї њамаљониба манфиатовар аст. Ин на танњо маќсади љалб намудани љавонон ба касби пуршараф, яъне муњофизати Ватан буданро дорад, балки дар ќалби њар як шахс њисси ватандустиву ватанпарварї тарбият менамояд. Њадафи асосии паради њарбї - муттањид намудани тамоми мардуми љумњурї дар роњи мустањкам намудани истиќлолияти давлатї ва вањдати миллї мебошад. Мутаассифона, тањлили баъзе маќолаву баромадњои нољое, ки дар расонањои хабарї дар робита ба масъалаи мазкур нашр гардидаанд, танњо натиљањои ногуворро ба бор хоњанд овард. Аз рўи тасдиќи онњо чунин бармеояд, ки дар Артиши миллї ба дараљае муносибатњои ѓайриоинномавї љой доранд, ки

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

13

фарзандони миллатро ба "чун гўсфанд" монанд карда, маълумоти "генералњои тољикро", ки дар барќароркунии сохти конститутсионї, таъмини амнияти кишвар, њифз ва мудофиаи соњибистиќлолии Ватан сањмгузоранд, тањќиромезона зери шубња ќарор дињад. Дарвоќеъ набояд, ки барои ѓараз ва манфиатњои шахсї бо бањонаи гуногунандешї, бо эњсосот баъзе маќолањое ба чоп расанд, ки боиси паст шудани шаъну шарафи афсарону сарбозон ва дар умум эътибори артиши миллї гашта, зиёни он аз манфиаташ бештар гардад. Ё хизмати хирсона карда, ба дарду ранљи падару модари ѓамзада боз намак пошида, гуё дар мусибати онњо њамроњем ва дар асл маќсад аз он бошад, ки обрўи хешро

АРТИШДОРЇ ИФТИХОР ВА ШАРАФ АСТ (Љавоб ба маќолаи С. Сатторов, "Оё чунин артишдорї љои ифтихор аст?", "Нигоњ", № 10, 28 майи соли 2014) Вобаста ба масъалаи сарбози ќаторї Мирзоев Шањбол Нуъмонович маълум гардид, ки тамоми чорањои имконпазир бо фарогирии мутахассисони соњибтаљрибаи соњаи тибби љумњурї барои ташхису табобати таъљилї, тибќи ќонунгузории љорї андешида шудаву мешавад. Аз 7-уми март то 27-уми апрели соли равон 7 њазору 252 сомонї сарф шудааст. Худи Раљабалї Рањмоналї, фармондењи Сарраёсати ќушунњои сарњадии КДАМ 2 њазору 230 сомонї ёрии якваќтаина расонидааст. Дар оянда низ Сарраёсати ЌС КДАМ ЉТ омода аст табобати санаторию фароѓатии сарбози мазкурро љињати барќароршавии саломатиаш, ки табибон тавсия намудаанд, таъмин намояд. Мо низ дар баробари дигарон хоњишманд ва аз даргоњи Худованд талабгори барќароршавии саломатии ин сарбоз мебошем. Албатта, инъикоси њаќќонї ва объективонаи њар як масоили мављуда, тањлили беѓаразонаи њодисаю воќеањои рухдода ва баёни андешањо тариќи воситањои ахбори умум дар аксар маврид аз манфиат холї нест, аммо дар њолати номбаршуда омилеро набояд фаромўш сохт, ки барои таъсису ташаккулёбии Ќуввањои Мусаллањ аз љумла Ќўшунњои сарњадї Њукумати Љумњурии Тољикистон ва мардум зиёд љидду љањд намудаанд. Љоннисорињои родмардон - сарбозону афсарони сарсупурдаи кишвар бањри мустањкам намудани сарњади давлатї ва њифзи тамомияти арзии Ватани мањбубамон ба њар як ватандўсти асил баръало маълум аст ва инро нодида гирифтан аз рўи адлу инсоф нест. Таљлили паради њарбї дар доираи чора-

хизмати њарбї барои љавонон гўё як давраи азоберо дарбар мегирад ва новобаста аз хоњиш дар байни љавонон, дар умум як нафратро нисбати Артиши миллї пайдо мегардонад. Дар баробари ин тамоми гуноњро ба роњбарони сохторњо бор карда, фаромўш мекунанд, ки дараљаи тарбияи фарзандон дар кадом сатњ мебошад. Пеш аз гунањгор кардани касе боре њам андеша мекарда бошанд, ки оё боре њам падару модар ба фарзанди худ гуфта бошад, ки ба касе зиён нарасон, њамхизматонро њурмат кун, дар душворињо бо онњо бош ва бо муносибати хубу хоксорият ту дар зиндагият василаи сарфарозии умратро таъмин намо ва ѓайра…. Боварии комил дорам, ки тамоми роњбарони сохторњои ќудратї, новобаста аз сатњи тарбияи ин гуна фарзандон доимо кўшиш мекунанд, ки сарбозонро дар руњияи дўстиву рафоќат, ватандўстиву ватанпарварї ва вањдати миллї тарбия намоянд. Дар баробари ин барои тарбияи сарбозон ва афсарон вобаста ба пешгирии амалњои номатлуб тамоми чорабинињои зарурї андешида мешаванд. Барои амали ношоиста нисбати сарбоз Мирзоев Ш., ки мо низ аз он хеле ѓамгин њастем, парвандаи љиної аз тарафи Прокуратураи њарбї анљом ёфтааст ва хулосаи зарурї аз тарафи прокуратураи њарбї ба суди њарбї равона шудааст. Барои барќарор намудани саломатии сарбоз Мирзоев Ш. бошад, боварии комил дорем, ки роњбарияти Сарраёсати Ќўшунњои сарњадї минбаъд низ дар доираи имкониятњояш чорањои зарурї меандешанд. Бояд зикр кард: ягон кас њуќуќ надорад, ки чун муаллифи маќолаи мазкур, С. Сатторов

ЯК БОМУ ДУ ЊАВО

Ё чаро дар Ќубодиён маќомоти давлатї љилави љинояткоронро кашида наметавонад? "ШУТУРСУД" Ќазия чунон ба дарозо кашид, ки дар чунин њолатњои мегўянд "думи шутур ба замин мерасид", ё "гўшти шутур хўрд". Хуллас шутурќазия баъди њашт сол моро ба дари суди вилояти Хатлон овард. Аз моњи феврал то августи соли 2013 зањмат кашидем, то ба ќабули раиси Суди вилояти Хатлон сазовор шудаем. Хоњ бовар кунед, хоњ не, мо бовар кардем, ки ба ќабули ин шахсият даромадан шарофати бузургест, бухусус барои як одами оддї. Раиса М. Азизова гуфтанд, ки ба суди болої мурољиат кунед. Дар њафт моњ мо наёфтем касеро, ки њалномаи ѓайриќонунии судяи суди ноњияи Ќубодиён - Рањимов Д.-ро бекор кунад. Моњи сентябри соли 2013 ба Суди олии Тољикистон шикоят кар-

дем. Шикояти назоратии моро судя Улуѓбек Мањмадшоев дида баромад. Намедонам чї хел дид, ки панљ сањифа љавоб навишт. Љавоб: "Ањмади порина". Хулоса бенатиљаи дилхоњ барои мо.

БЎЙИ АДОЛАТ Танњо баъди мурољиати дубора ба Суди олї, ба димоѓ гўё бўи адолат мерасид. 25 уми апрели соли 2014 ба мо таъиноти Суди олї дастрас шуд, ки дар он гуфта мешуд, ки собиќ хољагии Навоии н. Ќубодиён ба Ашурова Б. ќитъаи замин људо накардааст. Санади тартибдодаи раиси комиссияи тафтишотии хољагии мазкур барои људо кардани замин асос шуда наметавонад. Људо

бардорем ва обрўи дигаронро резонем. Њар як фарди ватандўст, ки дар баданаш хуни ин миллат љорист набояд роњ дињад, ки душманони миллат соњибистиќлолї ва артишро барои миллати тољик бо дасти хеш бегона гардонанд Њамзамон, ќайд карданї њастем, ки албатта дар сохторњои ќудратии кишвар, хусусан Ќушунњои сарњадии КДАМ, ки аз рўи шумора дар байни дигар маќомотњо хеле зиёданд камбудињо низ њастанд. Бо љиддияти тамом метавон гуфт, ки мо боварї дорем, ки дар як муддати кўтоњ Ќушунњои сарњадї зери роњбарии генерал-лейтенант Раљабали Рањмоналї аз сохторњои ќудратї ба низоми намунавї мегузаранд ва њар як нафар хизматчии он аз сарбоз то генералњояш ифтихор аз он хоњанд кард, ки бо ин фарзанди сарсупурдаи миллат якљоя дар њифзи марзњои муќаддаси Ватан масъулияти баландро доранд. Пас, биёед, кўшиш бар он дошта бошем, ки ин артиши миллиро дастгирї намуда, онро боз њам ќудратманд гардонем ва ба ин фарзандони фарзонаи миллат, ки бо тамоми вуљудашон ќобилияти мудофиавии онро баланд бардошта истодаанд, ёрии амалии худро расонем. Собиќ Муовини Фармондењи Гвардияи миллии ЉТ генерал-майор Баќоев Ќ.Б. Собиќ Фармондењи Ќўшунњои дохилии ВКД ЉТ генерал- майор Юсупов Њ.Ѓ. Собиќ Муовини Фармондењи Гвардияи миллии ЉТ полковник Рањмонов О.С. Генерал- майори адлия Њотамов С.

кардани ќитъаи замин ба Ашурова Б. ѓайриќонунї мебошад. Ин таъйинот исбот кард, ки раиси суди н. Ќубодиён ќонунро вайрон кардааст. Суди марњилаи якум, судя Рањимов Давлатманд. ќонунро вайрон карда, санади бемуњру сохтаи Ашурова Барчинро барои ба ў додани ќитаи замин асос кардааст... Акнун ваќте, гўё бо таъйиноти суди олї тамоми ин ќарору њалнома ва санадњои ѓайриќонунї ва тамоми масхарасудњо бекор шуданд ва ќазия гўё њал њам шуд, "болои сўхта намакоб", парванда ѓайб задааст. Суди ноњияи Ќубодиён бояд ќазияро баррасї мекард, аммо 50 рўз боз, бо сабаби ѓайб задани парванда, ин кор кашол меёбд. Раиси нави њукумати ноњияи раиси Шўрои адлияи Тољикистон, билохира Прокуратураи генералии Тољикистон баъди расонаї шудани ин масхарабозї дар суди ноњия дигар набояд об ба дањон гиранд. Њадди аќал барои њифзи номи давлати соњибистиќлол ва њуќуќбунёди Тољикистон ва такрор нашудани љинояткорї. Умед дорем, ки билоохира баъди 8 сол, нафаре ёфт мешавад, то ба ин ќазия нуќтаи таммат гузорад.

Сафои СОДИЌ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ТАБЛИЃ


НИГОЊИ МАРДУМЇ ДАРХОСТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ИЛТИМОС, МОДДАИ 45 - И КОНСТИТУТСИЯИ ТОЉИКИСТОНРО ШАРЊ ДИЊЕД! - Дар моддаи 45 - и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон чунин омадааст: "Додани андоз ва пардохтњо, ки ќонун муайян кардааст, вазифаи њар кас мебошад. Ќонунњое, ки андози навро муќаррар мекунанд ва шароити иќтисодии шањрвандонро вазнин менамоянд, ќувваи бозгашт надоранд." Аз ростї, љумлаи дуюми моддаро ман нафањмидам. Аз Шумо эњтиромона хоњиш дорам, ки онро содда карда ба тарзи фањмо шарњ дињед! Мањмадраљаб САНГИНОВ, сокини ноњияи Исмоили Сомонї - Моддаи 45-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон принсипи хеле муњимро муќаррар намудааст, ки мутобиќи он андоз ва пардохтњоро танњо ќонун бояд муайян кунад. Агар дар асоси дигар санадњои њуќуќї андозњо ё пардохтњо ситонида шаванд, андозњо ва пардохтњои гирифташуда асоси ќонунї надоранд. Меъёри ишорашуда барои эътирофи конститутсионии ќонун, ки андози мушаххасро муќаррар менамояд ва зимни бањо додан ба ваколати конститутсионии маќомоти њокимияти давлатї ба муќаррар намудани андоз ањамияти калон дорад. Дар асоси Кодекси андози Љумњурии Тољикистон (КА ЉТ) шахсони њуќуќї, шахсони воќеї ва дигар категорияњои пардохткунандагон андозсупорандагон мебошанд, ки ба зиммаи онњо мутобиќи санадњои ќонунгузории пардохт намудани андоз њамчун уњдадорї вогузошта шудааст. Яке аз принсипњои муњими Кодекси андози амалкунанда принсипи андозбандии яккарата мебошад, ки мутобиќи он аз як объект бояд як намуди андоз ва як маротиба дар давраи муайяннамудаи ќонун ситонида шавад. Объектњои андозбандї даромадњо (фоида), арзиши молњои муайян, намудњои алоњидаи фаъолияти андозсупорандагон, амалиётњо бо ќоѓазњои ќимматнок, истифодаи захирањои таббиї, амволи шахсони њуќуќї ва воќеї, додани амвол, арзиши иловашудаи мањсулот, кор, хизматрасонї ва дигар объектњое, ки ќонун муќаррар намудааст, мебошанд. Уњдадорињои шахси воќеї оид ба пардохти андоз аз лањзаи пардохт намудани андоз, бекор намудани андоз, инчунин марги андозсупоранда, њангоми имконият надоштани пардохти андоз бидуни иштироки шахсии вай, агар дигар њолатњоро санадњои ќонунгузорї муќаррар накарда, бошанд ќатъ мешавад.Уњдадории шахси њуќуќї оид ба пардохти андоз аз лањзаи пардохти андоз ё бекор кардани он ќатъ мешавад. Надоштани имконияти пардохти андоз асос барои эътирофи муфлисшавии шахси њуќуќии фаъолияти соњибкориро амаликунанда, бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун мебошад. Дар њолати барњам додани шахси њуќуќї аз тарафи суд ё бо ќарори соњибмулк уњдадорињо оид ба пардохти андозњои пардохтнашуда ба зиммаи комиссияи барњамдињї вогузошта мешавад. Агар андозсупоранда уњдадорињои худро иљро накунад, иљрои онњоро Кодексњои маъмурї ва љиноятии ЉТ ва санксияњое, ки дар Кодекси андоз пешбинишуда, инчунин гаравњои пулї ва арзишњои молию моддї, кафил ё кафолатњои ќарздињандагони андозсупорандаро таъмин менамоянд. Дар ќисми 2 моддаи 45-и Конститутсияи ЉТ принсипи асосї муќаррар шудааст, ки мутобиќи он ќонунњое, ки андози навро муќаррар менамоянд ё њолати андозсупорандаро вазнин мекунанд, ќувваи бозгашт надоранд. Њамзамон бояд зикр намуд, ки андозбандї доимо маънои мањдудияти муайяни њуќуќ ба моликиятро тибќи моддаи 32 - и Конститутсияи ЉТ дорад. Вале андозбандї набояд амалї намудани њуќуќи конститутсионии андозсупорандаро пурра мањдуд кунад. Маќомоти мањаллии њокимияти давлатї зимни љорї намудани андозњо ва пардохтњои мањаллї бояд ба инобат гиранд, ки низоми андозњо, ки ба буљети љумњурї пардохт карда мешавад ва принсипњои умумии андозбандиро дар ЉТ Ќонуни марбута ва Кодекси андози ЉТ муќаррар менамояд, ки дар асоси ќисми 5 моддаи 60 - и Конститутсия он ваколати истисноии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ мебошад. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илмњои њуќуќшиносї посух дод.

ЛАТИФА Аз пурхўре пурсиданд: - Ба кадом шоир мењр дорї? Гуфт: - Ба Мавлоно Љалолиддини Румї. - Ба хотири чї? Гуфт: - Ба хотири як байти ў. Ва он байтро бо шавќи тамом замзама кард: Куњ бувад наволаам, бањр бувад пиёлаам, Њар ду љањон чу луќмаест дар васати дањони ман. *** Аз масте пурсиданд: - Кадом шоир маќбули туст? Гуфт: - Аз Навої хўшам мебиёяд, ки гуфтааст: Бањри мо дарёкашон бояд, ки созад майфурўш, Аз таѓора љомро в - аз хуми май паймонаро. *** Духтар: - Љавониамро барои ту њайф кардам! Агар ту намебудї, мумкин ки барои худам шавњари бењтаринро меёфтам, хушбахт мешудам! Модар: - Духтарам, бас будагист бо дипломи донишгоњ гап задан? *** Кўршапаракњо сар ба поён, дар сим овезон, дам гирифта истодаанд. Ногањон яке аз онњо дар рўи сим рост ба пой хест. Як кўршапарак инро дида, аз дигараш пурсид: - Ба вай чї шуд? - Боз бењуш шуд, бечора. *** Писаре бо номи Сабзалї, ки ўро кўтоњакак Сабза мегуфтанд, ба Русия барои мардикорї меояд ва дар яке корхонањо ба кор медарояд. Ваќти тафтиш роњбар аз ў номашро мепурсад ва ў Сабза гуфта, љавоб медињад. Роњбар чун нафањмид чї ном доштанашро хоњиш кард, бо русї гўяд. Ў даме фикр карда гуфт: - Зелен!

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! АВТОДИАГНОСТИКА МАНСУБ БА РБДА ВКД ЉТ АСТ Ё ЉДММ-ЊО? - Пештар дар Тољикистон муоинаи техникии воситањои наќлиёти шањрвандонро дар автодиагностикаи мансуб ба Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ мегузарониданд. Алњол ин тавр нест! Имрўзњо њангоми гузаронидани муоинаи техникии воситаи наќлиёт дарњамбарњамї ба мушоњида мерасад. Оё касе ба таври аниќ гуфта метавонад, ки ронанда њангоми гузаронидани муоинаи техникии як автомобил чанд сомонї бояд пардохт намояд? Оё имрўз шаффофият њангоми гузаронидани муоинаи техникии автомобил вуљуд дорад? Имрўзњо агар соњиби наќлиёти шахсї барои гузаштан аз муоинаи техникї ба БДА мурољиат намояд бояд 175 - сомонї ё аз ин зиёдтар ба автодиагностикаи мансуб ба ЉДММ-њо супорад. Њамчунин аз ронанда барои суѓуртаи маљбурї ва суѓуртаи ихтиёрї 102 сомонї , барои њар як ќувваи аспи воситаи наќлиёт 3 сомонї андоз меситонанд. Ин њоло дарди бахайр аст, аммо чаро боз аз ронанда 6 - 7 сомонї барои муоинаи техникї ва боз 40 сомонии дигар кормандони БДА мегиранд? Ман намедонам! Шумо медонед?! Маврид ба зикр аст, ки то ташкил шудани ЉДММ - њои автодиагностикї кормандони БДА автомашинањоро бепул аз назорат мегузарониданд ва агар носозиеро ошкор мекарданд, ба соњиби воситаи наќлиёт мефањмонданд, ки фалон љои наќлиёт вайрон асту рафта онро дуруст карда, баъд барои санљиш биёр. Вале аз ваќте ки ин ЉДММ-њо ташкил шуданд, аввал арзиши муоинаи техникии воситаи наќлиётро 40 - сомонї, баъд 77 - 88, њоло бошад ба 175-185 сомонї баланд бардоштанд. Ваќте ба корманди БДА мурољиат менамоем, ки барои кадом корњои анљомдодаашон ин ќадар маблаѓи бисёрро аз њар як ронанда меситонанд? Онњо дар љавоб мегўянд, ки инро фирма кардааст мо дар ин љо дахл надорем. Саволе пайдо мешавад, ки автодиагностикањо мансуб ба ЉДММ - њо њаст ё РБДА ВКД ЉТ? Фарз кардем, ки автодиагностикањо мансуб ба РБДА бошанд, кормандони ЉДММ - њо дар он љо чи кор мекунанд? Баръакс агар автодиагностикањо ба ЉДММ-њо таълуќ дошта бошанд пас кормандони БДА дар он љо чї кор мекунанд ё РБДА ВКД ЉТ итоатгари фирмае шудааст? Агар не, чаро њамаи навиштаљотњо ба номи РБДА ВКД ЉТ муаррифї мешаванду пулситонї ба коми ЉДММ - њо? Саволи дигар боз дар кадом давлати дунё мисли Тољикистон РБДА ВКД ЉТ итоатгари фирмае шудааст ё њаст? Барои чї РБДА ВКД ЉТ њамин автодиагностикаро бидуни ягон ширкат ё фирма худаш гузаронида наметавонад то њамин маблаѓњои аз муоинаи техникии воситањои наќлиёт љамъшуда на ба љайб ё суратњисоби соњиби ин ё он ширкат, балки ба буљаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ё суратњисоби ВКД ЉТ гузаронида шаванд? Чи сиррест ин љо? Касе, медонад, илтимос ба мо намедонистагињо ошкор кунад! Ё дилёб намешаванд, ки њаќиќатро барои мардум равшан кунанд! Чаро пештар РБДА ВКД ЉТ бе каму кост муоинаи техникии ин ё он воситаи наќлиётро гузаронида метавонист, њозир наметавонад? Мирзои ОДИНА, сокини шањри Душанбе

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

ВОКУНИШ АНДОЗИ ПАРДОХТШУДАИ МАСЉИД БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ! - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон маводи дар њафтаномаи "Нигоњ" №4 (386) аз 16 - уми апрели соли 2014 тањти унвони ("Наход?" - "Нозироти андози ноњияи Сино то куљо њаќ аст?") - ро мавриди баррассї ќарор дод. Оид ба маќола њаминро ќайд намудан љоиз аст, ки дар асоси Созишнома "Дар бораи табодули электронии маълумот", ки дар мувофиќа бо Бонки миллии Тољикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон "Амонатбонк" аз љониби Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, Кумитаи андози назди ЊЉТ ва Хадамоти гумруки назди ЊЉТ санаи 27-уми ноябри соли 2012 тасдиќ карда шудааст, БДА ЉТ "Амонатбонк" уњдадор гардидааст, ки љињати пешгирї намудани њолатњои коррупсионї, ѓайриќонунї азхудкунии маблаѓи андозњо ва таъмини шаффофият дар њисобот, андоз ва дигар пардохтњои давлатиро (ба истиснои пардохтњои гумрукї), ки аз љониби андозсупорандагон - шахсони њуќуќї анљом дода мешаванд, дар шакли ѓайринаќдї ба роњ монад. Мутобиќи талаботи Созишномаи мазкур барои шахсони њуќуќї аз моњи ноябри соли 2012 тартиби ѓайринаќдии пардохти андозњо, ба роњ монда шудааст. Бо назардошти он, ки Масљиди љомеи мањаллаи Мењрободи ноњияи Синои шањри Душанбе њамчун шахси њуќуќї ба њисоб меравад, бинобар ин вазифадор аст, дар асоси мактуби ахборотии маќомоти андоз, дар бонк суратњисоб кушода, маблаѓи андозњоро тариќи ѓайринаќдї пардохт намояд. Бояд гуфт, ки маблаѓњои тариќи наќдї пардохтшудаи андозњо ба таври истисно дар њисобвараќањои Масљиди љомеи ба номи Муњаммасаиди Муњаммадназари мањаллаи Мењробод ба њисоб гирифта шудаанд. Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? - Дар як замон, дар як макон дар ќаламрави Тољикистон БАРЌ ва ГАЗ зиндагї мекарданд. Онњо ба њамдигар дил бохтаву издивољ карданд. Аммо ин хушбахтї дер давом накард ва аз њам људо шуданд. Барои он ки дигар рўи якдигарро набинанд, ГАЗ ба хонаи падару модараш -Ўзбакистон рафт. БАРЌ њам ба ким куљое ѓайб зад. Аз онњо ду фарзанд ятим монд, ки якеро ГАЗБАЛЛОН ва дигариро ДВИЖОК ном карданд. Саволи рўз: Оё никоњи дубораи ин ду махлуќ (ки аз зиндагї чизе надидаанд) дуруст аст? - Одатан занњо онњоеро буз мегўянд, ки гўсфандашон карда натавонистанд. - Ѓазабнокї - њолатест, ки забон аз аќл дида, тез кор мекунад. - Танњо тољик баъди шикастани ашё, дастурамали истифодабарии онро мехонад. - Ањамият дињед, волидайн њамон ваќт ба фарзандон мегўянд, ки: "Мо дар кўдакї чунин рафтор намекардем", АГАР дар наздашон бибї ва бобоњо набошанд. - Аз рўзе, ки дар кўча туф кардаму дар шиками худам зад, ман ќарор додам, ки бояд худамро хароб кунам - гуфт раис.

БА ЉОИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои осон намудани мурољиати андозсупорандагон телефони иттилорасонї ва хизматрасониро бо раќами мухтасари 151 фаъол намуд. Мурољиаткунандагон метавонанд бо чидани раќами 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии (Call-center) Кумитаи андоз пайваст шаванд. Дар бахши иттилоотї аз соати 8.00 то 18.00 ба саволњои андозсупорандагон оид ба андозбандї ва хизматрасонии маќомоти андоз мутахассисон посух медињанд.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №15 (397), 2. 07. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

3 ФОИЗ КАМ 97 ФОИЗ МУСУЛМОН Мирзодиккак дар мошинаи сабукраве нишасту хобаш бурд. Баъди якчанд соат бедор шуд ва худашро дар макони ношинос дарёфту ба ронандаи таксї амр кард, ки ўро бозпас ба Душанбе барад. Ронанда аз Мирзодиккак на роњкиро талаб карду на ба гуфтањояш ањмияте дод. Ў баъди аз мошин баромадани Мирзодиккак дари сабукравашро басту ба ќавле "дудѓаладуд " ба роњ баромад. Мирзодиккак ба чапу рост нигарист. Дар атроф бонувон њама сатрпўшу љавонмардон дар сар тоќї, дар тан љелаку либоси сафед, ришдорњояш тасбењ дар даст ба хариду фурўш машѓул буданд. Мирзодиккаки дар њолати ногувор афтода, ба бозори дуошёна нигаристу ба андеша фурў рафт. - Ин љо ба Љумњурии Исломии Афѓонистон монанд нест, ба Љумњурии Тољикистон ќарибгарї надорад... Аз нигоњи Генерали њукуматї дар тўли беш аз 30 соли муноќиша дар Љумњурии Исломии Афѓонистон ягон бозори обод намондаасту дар Љумњурии Тољикистон бештари масљидњо китобхонаю толори спортї гашта, мардум баъди ќарору фармонњои "боло" сатрро мисли фаранљї аз њароси сурхњо ба оташ партофта, бештари љавонон бо таќлид аз депутатњо ришњоро тарошида, дар љаноза њам шиму кастюм пўшида галстук мебандад. Аќрабаки соат ба 13:00 назик мешуд. Дар бозор ва атрофи он касе намонд. Њатто бонувон ба ќуљо ѓайб заданд, номаълум. Њамаи бойгарї бесоњиб монду Мирзодиккак дар шањри номаълум якаву танњо. Мирзодиккак дар дохили бозору атрофи он мисли миршаб ќадам мезад. Агар дар њамин њолат ба истиќболаш паричењрае меомад, ў њамаи аз сараш гузаштаистодаро афсона мепиндошт. Хонандаи закї кайњо пай бурда, ки Мирзодиккак дар моњи мубораки Рамазон дар ќисмати љанубии Љумњурии Тољикистон аст. Дар он љоест, ки мардумаш ба ќадри зўррас аз замин њосил мерўёнанд. Дар ќисме аз њолатњо даромадашон харољоташонро намепўшонад, зеро бештари маводњои барои зироаткорї зарурї аз хориљ бо нархњои дандоншикан ба Љумњурии Тољикистон ворид мешаванд. Миршабии Мирзодиккак дер давом накард. Баъд аз як соат њама љо пур шуд. Мирзодиккак дар пањлуяш дўсташ Ѓалтакро диду њайрон шуд. Ў баъди салому алейк дар куљо буданашонро пурсид. Мирзодиккак: - Бале, 3 фоиз кам 97 фоиз. Мирзодиккак: - Љўра, маро аз Душанбе ба ин љо Ѓалтак: - Солњои гузашта дар моњи Рамазон бо дуздида оварданд. Ба ростї, нафањмида истодаам бо Ќобилљони нањзатї ба масљид рафта, таровењ мехондї. мо шухї мекунанд , ё ин ки ягон балоро ба сарамон Њоло ў бо зани урусаш дар Масква љамоа хонда гаштамерезанд. аст. Ѓалтак: - Натарс, ман туро ба ин љо овардаам. Мирзодиккак: - Ќобилљон дар ин љо љои кор меЯк моњи Рамазон бо ман якљоя рўза дошта, намоз ёфт, ба мо масљид рафтан пеш намеомад. Чоркаса мехонем. Одами мусалмон мебояд аз фарњанги исломї огањї дошта бошад. Шумо њукуматињо њам мудар хонаамон таровењ мехондем... Ѓалтак: - Мирзољон, аз ман ва аз дигарон куљо салмон- ку! будани ин љоро напурс... Донї њам ба касе гап назан, вагарна ќисме аз пашша фил сохта, нони мардуми рўзадорро дар комашон зањр мекунанд, зањр!!! Рўзаро дору намозатро хонда бепарво гаштан гир... Мирзодиккак: - Вањ, вањ! Ин дарёро бинед. Буќа афтад, зинда намемонад. Мегум, Ислом Каримуп њамин обњои моро мебинаду оби чашмаш мешорад, ња! Ин об ба чунон сард, ки поям расид, раг кашид... Ѓалтак: - Љўра, агар заминњои бекорхобидаи моро бо ин об обёрї намоянд, њама соњиби замину зиндагї мешаванд. Афсўс, ки дар болои тилло хобидаему дастамон љониби дигарон... Мирзодиккак: - Њукумати љонољонамонро як тилисмаш кушода шуд. Акнун бепарво ИБО "Роѓун"- ро месозад. Дуюму севумаш кушода шавад, ана баъд Тољикистон гулистон мешавад. Ѓалтак: - Худо хоњад, њамааш мешавад. Исломљон ба мо фишор овард ба даъвои Гулнора дармонд. Дидед, оилаашро саришта карда наметавонистаасту боз ба обу замини дигарон чашм аъло мекардааст - е! Мирзодиккак: - Ба фикрам, агар духтару падар дар моњи мубораки Рамазон рўза доранду намозашонро хонанд, њамаи масъалањои оилавї ва масъалањои њамсоягиашонро ба зудї ва хубї њалу фасл мекунанд. Ба мо газ дињанд, нархи бозор паст мешавад. Ѓалтак: - Худо тавфиќу имонашон дињад, вагарна бо ин нарху навои рамазонї мардуми камбизоат азоб мекашанд, азоб!!! Аќрабаки соат ба 20:00 наздик мешуд. Љўрањо ба роњ баромаданд. Садои азон аз Љумњурии Исломии Афѓонистон ба гўш расиду љўрањо ба замин нишастанд... Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилии Тољикистон: - Автомашинањои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду - се моњи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чї њангоми гузаштани сарњадњои як ќатор давлатњо, маќомоти дахлдор (политсия, гумрук ва ѓайра) пеши роњи мошинрабоёнро намегиранд? -И-и-и, "оперативник" шумою аз мо мепурсед-мї? Хайр, тан, ки дода бошед сабабашро шарњ медињем: дар дуздии як мошини 70-90 њазор долларї маъмулан соњиби мошин, ки молашро 80-100 њазор доллар суѓурта кардааст, иштирок дошта, баъди 12-15 рўз ба полис ариза медињад. То ин ваќт мошин ба љойи даркорї расида, 50-60 њазор савдо мешавад. Соњиби мошин њам пули суѓуртаро мегираду њам дар ин пул 25-30 % "шиштагї" аст.

Шуњрат ЌУДРАТОВ, адвокат: - Агар, дар њаќиќат, Низомхон Љўраев фирор карда бошад, кормандони масъули Ољонсии зидди фасоди моли кишвар бояд дар назди ќонун љавоб гўянд. -Кадомњояшон? Онњое, ки оши хайрбоди Низомхонро хўрданд ё њамаашон бо роњбарии директори Агентї?

Эшбўрї ЭСАНЌУЛОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ташкилот ва созмонњои байналмилалї барои бунёди "Роѓун" њељ мушкил ё монеае надоштанд. Њамсоя агар барои мо монеа эљод накунад, дигар мушкиле нест. Њоло њамсоя танњо бо тарси эњтимоли дастрас кардани об мехоњад "Роѓун" сохта нашавад. Вале онњо бояд донанд, ки касе обро ќатъ намекунад. Эшбўрї Турахонович! Ин љо њама медонад, ки ба як "ота" гуфтан, тамоми мушкилњо њалшавандаанд. Аммо аз афти кор, онњо дигар натанњо наметарсанд, њатто сад дар сад бовар доранд, ки касе обро ќатъ карданї нест.

Рањматилло ЗОИРОВ, раиси ЊСДТ: - Сол ба сол мардум ба он хулоса меоянд, ки дар љомеаи мо њар як минтаќа, авлод ва хешутабору дигар чиз љойи хосаи худро дорад ва барои мардуми оддї мумкин набуда, ба онњо мумкин аст ва баръакс он чизе, ки ба онњо мумкин нест, ба ањолии дигар минтаќањо мумкин аст. - Э, устод, лекин тезгўяк кардед-да! Њич натавонистед, ки якбора "шафтолуи гапа" занед-да! Аз Комёб Љалилов бисёр њамаљониба ёд гиред!

Комёб ЉАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятї: - Баъзењо мегўянд, ки вањдат несту таъќибу тањќири мухолифин аст, ин он ќадар асос надорад, бовар кунед гапи маро. Чун ман бисёр њамаљониба тањлил мекунам. - Эврика! Мухолифин, ки нест, тањќиру таъќибаш њам нест! Э, тањлилгари њамаљонибаба садќа!

Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Агар ман аз кишвар рафтанї бошам, чаро то интихобот бояд мунтазир бошам? Њоло њам метавонам биравам. Шароити рафтанро дорам, вале мардумро куљо мебарам? Онњое, ки бовар кардаанд ва умед доранд, ки бо њам ин кишварро обод хоњем кард. Ё бо њам мемонем, ё бо њам меравем. Дуппа-дуруст! Таљрибаи бурда оварданро доред. Ягон майда њољати ташвиш нест. Тем более, Шукри Худо Сурайёи Шуљоат дар радио њастанд. Боз дањ соли дигар бемаош барои овардани шумо аз Покистон барнома мекунанд.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.