Нигох №16 (344) Чоршанбе, 10-уми июли соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ:

"КИШВАРИ МАРО ОСМОН ЉАЗО ДОДААСТ"

1

САЊИФАИ 3

№16 (344). Чоршанбе, 10-уми июли соли 2013

БАЊСИ МИНТАЌА

Љанги Карзай бо Обама Миёни талошњои амрикоии сулњофаринї дар Афѓонистон ва шубањоти Карзай манфиатњои дуљониба ба хатари ќурбон шудан рў ба рў меоянд.

САЊИФАИ 10

САФАРДИДА

Марги нахустин дар наќби Истиќлол САЊИФАИ 4

БЕАДОЛАТЇ ДАР ХАТЛОН

Ку фаросат? Ку њаќиќат? Ку адолат?! САЊИФАИ 14

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Намояндагии Мирзодиккак дар Ќараболо САЊИФАИ 16

Њољї Акбар Тўраљонзода:

"ИВАЗШАВИИ ЊОКИМ НАБОЯД НИШОНАИ НОАМНЇ БОШАД"


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

4-уми июл Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон эълон кард, ки барои имомхатибони масљидњои љомеъ ва љомеъи марказї аз њисоби буља бо маош ва либоси ягона таъмин шаванд. Дар мулоќот бо руњониёни кишвар ў ба вазорати молия, Кумитаи дин ва дигар идорањои дахлдор дар ин бора супориш дод. Аммо он чї дар ин пешнињоди президент бањсангез аст, моњияи масъала аст: танњо дар кишварњои исломї имомхатибон маошхўранд, аммо Тољикистон бино ба моддаи 1 - и Сарќонун давлати дунявї аст ва дар моддаи 6 - и он омадааст, ки дин аз давлат људост. Бино ба Ќонун дар бораи иттињодияњои динї давлат ба кори иттињодияњои динї дахолат намекунад, чун онњо созмонњои љамъиятиянд. Пас то куљо ин иќдом ќонунї аст?

СИЁСАТ ВА ДИН

"Хутбаи пулакї" Паси иќдоми додани маош ба имомхатибон чї меистад?

Кумитаи дин: "Чї бадї дорад?" Дар нишасти матбуотии Кумитаи дин ин суол пеш аз њама ба рањбари Кумита Абдурањим Холиќов дода шуд. Ў ба гунаи худ аз Сарќонун фирор кард ва гуфт, ки имомхатибон як ќишри љомиа њастанд, ки дар тарбияи диниву маънавии мардум сањм мегиранд: - Инњо њам њуќуќ ба моликият, маош ва ќадршиносї доранд. Чї бадї дорад, ваќте аз сўи давлат ё маболиѓи дигаре, ки дар масљид аз њисоби хайрия љамъ мешаванд, ба онњо маош дода шавад? Магар бо додани маош њуќуќи инсон ва ё иттињодияи динї мањдуд мешавад? Ман њаргиз чунин фикр надорам! Саидмукаррам Абдуќодирзода, раиси Шўрои уламо њам, ки дар ин нишасти матбуотї њузур дошт, аз ин иќдом дастгирї кард. Аммо он гуна, ки ў асоснок кард, шояд то љое бањс дорад. Вай гуфт: - Барои омода кардани як хутба ё мавъиза имомхатиб бояд чандин китоб хонад. Барои харидани китоб маблаѓ даркор аст. Агар ин ќишри љомиа неруманд шавад, ба манфиати худи љомиа аст. Онњо њам дар рушди соњањои гуногуни сиёсату иќтисоду иљтимои Тољикистон сањм мегузоранд. Ба хотире, ки сањм гузоранд, бояд шароит дошта бошанд, барои шароит маблаѓ даркор аст, ки ин на хилофи Сарќонун ва ќонунњои дигар аст, баръакс ѓамхорї дар њаќќи Ислом ва уламои Ислом аст. Раиси Кумитаи дин Русия, Чин, Кувайт, Саудї, Амрико ва њатто Гурљистону Ќирѓизистонро мисол овард, ки ба масљидњо маблаѓ мегузаронанд. Дар Амрико имомхатиб 2 њазор доллар мегирифтааст, агар муњољир бошад, агар амрикої бошад - 8 њазор доллар. Аммо дар суњбат бо "Нигоњ" Њољї Акбар Тўраљонзода, собиќ Ќозии мусалмонони љумњурї гуфт, ки аз низоми сармоягузории масљидњои Русия хуб огоњ аст: - ДУМ (Духовное управление мусульман) - Идораи руњониёни мусалмон худ аз масљидњо маблаѓ мегирад, худкифо нест. Дар дигар кишварњо њам маоши имомхатибон аз њисоби хайроти масљидњо аст. Ин таљрибае, ки дар Тољикистон мехоњанд роњандозї кунанд, танњо дар Туркияи замони Отатурк роњандозї шуда буд. Ў барои имомхатибон аз буља маош таъин карда буд, то онњоро дастнигари њукумат нигоњ дорад. Аммо тавре шоњид њастем, нерўњои сиёсии исломї бо ин иктифо накарданд ва нињоят њукуматро ба даст гирифтанд. Собиќ Ќозии мусалмонони Тољикистон гуфт, таъини маош ба имомхатибон љоиз аст, аммо аз манобеъи дигар, масалан, заминњои ваќф, корхона ё ягон љои даромади дигари марбут ба масљидњо бояд бошад. Рањматулло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии Тољикистон дастури президентро мухолиф ба ќонунгузории кишвар арзёбї мекунад: - Аз њисоби давлат таъйин кардани маош ба имомхатибон ѓайриќонунї аст. Аз нигоњи давлатдорї, ягон маќомоти давлатї

«

Аз 1 январи соли оянда 407 имомхатиб - 35 нафар дар масољиди љомеи марказї ва 362 нафар дар масољиди љомеъ - бо маош таъмин мешаванд. Ин њам дар њоле, ки ин њама мардумро аллакай худи Кумитаи дин ва Шўрои уламо таъин кардаанд. Мешуд, ки ба онњо маош таъин накард, чун дигар бегона нестанд.

ва њукуматї ба фаъолияти иттињодияњои иљтимої ва динї њуќуќи дахолат карданро надорад. Таъйин кардани маош ё маблаѓгузории кумитањои љамъиятї ё динї ѓайриќонунї аст ва дахолат кардан ба фаъолияти онњо мањсуб мешавад.

Иќдоми ноогоњона? Дар њамин њол, агар аз суњбати Њољї Акбари Тўраљонзода ва Рањматулло Зойиров хулоса кунем, президент, Кумитаи дин ва Шўрои уламо кори хуб мекунанд, аммо ќонунї нест. Пас мешавад хулоса кунем, ки ин иќдом ноогоњона гирифта шудааст? Албатта, не. То ин ки ин иќдом гирифта шавад, хуб андеша шудааст ва паёмандњояшро њам дуруст чену бур кардаанд. Аз 1 январи соли оянда 407 имомхатиб - 35 нафар дар масољиди љомеи марказї ва 362 нафар дар масољиди љомеъ - бо маош таъмин мешаванд. Ин њам дар њоле, ки ин њама мардумро аллакай худи Кумитаи дин ва Шўрои уламо таъин кардаанд. Мешуд, ки ба онњо маош таъин накард, чун дигар бегона нестанд. Маош барои онњо

«

мантиќан маънои расман мукофотонидани онњо барои хизматњояшон пеши давлат мебошад ва аз њама муњим, тавре Мавлон Мухоторов, муовини раиси Кумитаи дин ба мо гуфт, онњо њамчун коргари мењнатї дафтарчаи мењнатї дошта метавонанд, ваќте ки ба пирї мерасанд, ба нафаќа мебароянд. Мухолифини ин иќдом мегўянд, њадаф аз он тањти назорат гирифтани ин минбарњои бузург аст, то даъвати њаќиќї аз онњо сар назанад. Ва бидуни шак, аз ин минбарњо бахусус дар интихоботи раисљумњурї хуб истифода хоњад шуд. Он чї, ки ба онњо аз њукумат оварда мешавад, бидуни бањс ќироат мекунанд, тавре ин корро дар гузашта карда буданд. Ќобилљон Боев, яке аз ин имомхатибон дар суњбат ба "Нигоњ" гуфт, давлат аз болои дин бояд назорат барад, то диндорон ба њар гуна корњо даст назананд: - Додани маош маънои онро надорад, ки дигар имомхатибон пурра ба таблиѓи сиёсати њукумат машѓул мешаванд. Ин иќдоми њукумат ќобили дастгирист. Зеро масљидњои мо даромади кофї надоранд, то имомхатибон маоши хуб гиранд.

Исломшинос Абдуллоњи Муњаќќиќ низ ба чунин назар аст: - Гирифтани маош мустаќилияти имомњоро зери суол намебарад. Дар ин љо давлат бо дин њамкорї дорад. Дар Германия ин таљриба њаст, ки ба кормандоне, ки дар иттињодияњои динї кор мекунанд, маош медињанд. Ба муллоњои мо агар як маоши муайян дода нашавад, кї медонад шояд аз кадом як сарпарастони хориљї маош гиранд. Агар онњо дар ягон истењсолот кор накунанд, дар корхона кор накунанд, пас зиндагии онњо аз кадом њисоб аст. Имомхатибон хоњ маош гиранд, хоњ не, агар аз мавќеи диёнатии худ берун раванд, гунањкор ва назди Худо љавобгў хоњанд шуд. Хулоса, акнун имомхатибон ба монанди вазирон, раисон, духтурон ва муаллимон корманди буља хоњанд буд ва ба иљрои сиёсатњои њукумат хоњанд пайваст. Мо њар яке аз ин табаќаро медонем, ки чї тавр вазифањои худро иљро мекунанд. Бахусус, муаллимонро, ки њангоми интихоботњо тамоми дастурњо аз болоро бо љону дил иљро мекунанд ва мешавад гуфт, ки тамоми таќаллубкорињоро ин омўзгорони мактабњои Тољикистон анљом медињанд. Имомхатибон чї кор хоњанд кард? Онњо аз минбарњо њамчун воизони сиёсати њукумати Тољикистон суњбат хоњанд кард! Яъне метавонем хулоса кунем, ки дастгоњњои њукумати имрўза нињоят ањамияти масљидњоро барои худ кашф карда, амалан онњоро тобеъи њукумат намуданд. Аммо то куљо ин барнома кора хоњад кард? Ин имомони таъинотиро мардум то куљо гўш хоњанд кард? Инро оянда нишон медињад.

Мулло РАЉАБ


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

Коргардони маъруфи тољик Барзу Абдураззоќов - "Коргардони сол"-и Ќирѓизистон эълон шуд. Вазири фарњанги ин кишвар ўро "муаррификунандаи бењтарини фарњанги ќирѓиз дар љањон" номид. Бале, Барзу се моњ аст, ки дар шањри Бишкек фаъолият дорад. Тайи ин моњњо ў романи маъруфи Чингиз Айтматов - "Ќиёмат"-ро рўи сањна гузошт ва љомеаи театрии ин кишварро такони љиддие дод. Се моњ ў аз Душанбе дур буд, аммо садояшро њамеша мешунидем, гўё дар хонааш дар Душанбе бошад. Ў аз аввалинњо буд, ки дар ќазияи Зайд Саидов садо баланд кард ва аз њамон дурї дар бари ў рост истод. Ў нахустин зиёї буд, ки ба њимоят аз Олга Тутубалина садо баланд кард ва њамтоёни худро накўњиш кард. Барзу гарчи дур аст, бо мост, бо Тољикистон аст. "Нигоњ" њам ба сўњбати маъруфтарин коргардон ва зиёии тољики замони мо рафт ва нахуст ўро табрик карда, аз эњсосаш пурсид: - Пирўзї маро беш аз 5 даќиќа хурсанд намекунад, зеро медонам, ки дар пайи он бояд чизе бузургтар аз ин бошад, аммо чун бар ин меандешам, ки маро воњима ва маъюсї фаро мегирад, зеро намедонам, паси ин "гардиш" маро боз чї интизор аст ва ман бояд пас аз ин боз чиро фатњ кунам. Пирўзї њамеша як бўњрони амиќро дар пай дорад. Эљодиёт ин гуфтугўи самимона бо худ аст ва њар ќадар ки ин гуфтугў самимитар мешавад, кор њам њамон ќадар барор мегирад. - Хато накунем, дар Тољикистон њам чунин унвонњо доштед ва њоло ин њисро надоред, ки дар Ватан ба ќадри Шумо нарасиданд, аммо дар хориља мерасанд? - Шиква кардани ман айб аст. Ман љоизаи кам надорам, аммо њар яке ба ќимати хун, дард ва пушаймонї ба даст омадаанд. Ва ваќте пирўзї мерасад, хоњиши хурсандї карданам нест, танњо мехоњам, канор биравам ва бихобам. Ин лањзањо фикр намекунї, ки ин дар куљо рух медињад, фаќат мефањмї, ки бояд биравї ва љое бихобї. Аммо хобидан имкон надорад, зеро маѓзи сар аз рўи одат бањсу тамрин мекунад, таѓйир медињад, тањрир мекунад... ва марњалаи аз њама бад - бехобї мерасад. Ва ин андешањо: Аз ин ба баъд чї тавр бояд зист? Оё ин охири роњ набуд? Оё роњи дурустро интихоб карда будаам? Оё ин њама фиреби назар нест, бозии иблис бо ту нест, агар бозї аст, чї тавр онро фањмид ва сари ваќт аз он берун омад. Ва чї тавр онро бояд шинохт, агар он чунин љаззоб ва фиребо аст, мутаассифона, он ќадар зебову хеле љаззоб аст? Гуноњ љаззоб аст. Пас, фардои талх фаро мерасад. Аз осемасарї бедор мешавї ва намедонї, ки ба куљо равї, бо кї, дар бораи чї суњбат кунї, чї гуна рафтор кунї. Охир, дирўз ту худро шарњ дода будї. Худ худро фош карда будї. Дар мазњари ом пора - пора шуда будї. Спектакл - намоишнома ба зоти худ худошкоркунї, худкушии оммавї, чорпоракунии худ, омурзише зери ниќоб, бо ному насаби дигар аст. Намоишнома нигоњи рўйирост ба рўи марг аст. Ва ин љо кї бар кї ѓолиб меояд. Агар афтидї, аммо зинда мондї, он гоњ бояд зуд хезї, зеро эљодиёт љанги абадї бо торикї аст, бигзор баъзан бо раќиби тахайюлї бошад. Муњим ин аст, ки шамшерро аз даст нагузорї ва маъюс нашавї. Ва бояд њамеша болњои худро тоза кунї, тавре паррандагон мекунанд. Вагарна вазнин мешавї. Аммо чї тур инро бояд кард? Бояд ин мардонагиро дошта бошї, ки камбудињои хеш, бади хешро дида тавонї. Аммо ин кори хеле сангин аст, зеро мо ба дарди ѓурур гирифторем ва њар яке фикр мекунем, ки бегуноњ њастем. Ман њам мубталои ин дардам. Ва аз ин азият мекашам. Њар ваќт, ки коре ѓайриќонунї, алайњи фармудаи Худо мекунам, аз худ мепурсам, чаро кардам ва сипас, дармеёбам, ки ман фикр мекардаам, ман њаќ дорам њар корро кунам, зеро ман хизмат кардаам. Аммо ин шодї нест, зеро новобаста аз хоњишњои ман гуноњ буд... - Воќеан, сањнагузории "Ќиёмат" ё њамон "Плаха"-и маъруф дар љањон, ки бо тиражњои хеле бузург дар Аврупову Русия ба

3

Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ:

"КИШВАРИ МАРО ОСМОН ЉАЗО ДОДААСТ" нашр расидааст, як китоби бузург њам њаст, ба кадом хотир буд? - "Ќиёмат" идомаи њамон андеша аст, ки љањон ба сўи як љарї меравад... Табиатан ман як инсоне аз Юнони Ќадим њастам. Ин ба он маъност, ки ба таќдир бовар дорам, ман фаталист њастам. Ба Рўзи Ќиёмат бовар дорам. Ба сарнавишти кишвари худ бовар дорам. - Ба кадом сарнавишти кишвари худ бовар доред? - Кишвари маро осмон љазо додааст. Мо онњоеро дар хотир надорем, ки дар замони болшевикњо њаёти хешро ќурбон кардаанд ва онњо њазорон фарзандони бењтарини миллати мо буданд. Мо ягона кишвари ИДМ њастем, ки намехоњад њамватани кушташуда дар соли 1937ро ба хотир орад. Мо ќурбониёни љанги солњои 1941 - 1945-ро ба хотир меорем, танњо ба он хотир, ки русњо ёдоварї мекунанд, тавре Соли Навро љашн мегирем, на беш аз ин. Мо 200 њазор ќурбонии даврони љанги дохилиро ба ёд намеорем ва гиромї намедорем. Мо сар ба сар гўё исломї шудаем, аммо Худоро фаромўш кардаем. Имомхатибони мо акнун либоси ягона пўшида, ба њайкалчаи гилии буддої саљда мекунанд, зиёиёни мо бешармона бо як духтар мубориза мебаранд, ки аз рўи адолат онњоро г... гуфтааст, ба љойи он ки бо рисолати аслии худ - хизмат ба халќу ватан машѓул бошанд... Њукумат ба љойи он ки ба ќасаму ваъдањои худ вафо кунад, мардуми худро ѓорат мекунад, ба он тањќирро раво мебинад ва онро паст мезанад... Ва худи халќ барваќт ба худ туф кардааст ва омода аст чун рамаи бемаѓзи гўсфандон баос занад, чун њама он чиро, ки ба ў аз њукумати ќаллобон ва дин меояд, ќабул дорад... - Ва Шумо чанд моњ аст, ки аз ин њама фирор кардед?

«

- Чї тавр фирор накунам? Чї тавр нагирям? Бигзор њамватанонам маро бубахшанд, бо ин муносибат ба худ ва ба сарнавишти худ мо ягон ояндае надорем. Аммо оянда дар маориф аст.. - Шумо дар як изњорот аз Зайд Саидов, соњибкори муваффаќ, љонибдорї кардед. Аммо њукумат ўро дар љурмњои зиёде муттањам мекунад. Сабаби пуштибонии Шумо аз ў чист? - Зайд мавзўи хос аст. Имрўз ба касе гуфтам, ки омодаам дар бари ў дар як камера биншинам, то зиќ нашавад. Ў яке аз бењтарин одамонест, ки ман дар зиндагї дучор омадаам. Зайд ифтихори миллати ман аст. Ў касест, ки мехоњї банди дилашро боз кунї ва рост дилашро бибўсї. - Воќеан, ба як њизб узв шудан, маънои ба сиёсат ворид шудани кас аст. Шумо чаро ба "Тољикистони нав" пайвастед? Аз сиёсат чї интизорї доред? - Ман њељ гоњ набудам ва ба гумон аст, ки дар ягон њизб бошам. Аммо баробари узвият дар "Тољикистони нав" хостам, ки садои шањрвандии худро барорам. Ман дар ин кишвар зиндагї мекунам ва таќдири он барои ман бефарќ нест. Ман онњоеро, ки мегўянд, ин њама фоида надорад, чашми дидан надорам. Бояд биравем, њатто, он замон, ки ба назар намояд, роњ ба њељ куљо мебарад... Бояд фарёд зад, агар њатто, чунин намояд, ки садои ту ба гўши касе намерасад. Бояд рост истод, њатто, ваќте ки аз хастагї пойњоят ќат мешаванд. - Яъне Шумо - оппозитсионер, мухолифи њукумат њастед? - Оппозитсия ин маънои позитсия, мавќеи дигар доштан аст. Аз ин нуќтаи назар, ман инсони мавќеъњои тамоман дигар њастам, на мис-

- Кишвари маро осмон љазо додааст. Мо онњоеро дар хотир надорем, ки дар замони болшевикњо њаёти хешро ќурбон кардаанд ва онњо њазорон фарзандони бењтарини миллати мо буданд. Мо ягона кишвари ИДМ њастем, ки намехоњад њамватани кушташуда дар соли 1937-ро ба хотир орад.

«

ли онњое, ки моро идора мекунанд. Ман душман нестам, аммо дунёро ба ранги дигар мебинам, тасаввуроти ман дар бораи љањон дигар аст, рангорангии рангњои сиёсии ман тирукамонранг њастанд, олами ман гуногуновоз аст, бисёровоза - полифонї аст. Ман Исоро, Буддову Пайѓамбари акрам Муњаммадро дўст медорам, чун медонам, ки онњоро Худои ман офаридааст. Ман олами сиёњу сафеди афроди беистеъдодро дўст намедорам. Ман ба камрангї тобеъ шуда наметавонам. Ман зебоиро ќади љон мепарастам. Мусиќї ва кўдаконро дўст медорам. Ўзбакњо, ќирѓизњо, яњудињо, бирмагињоро дўст медорам ва онњоеро, ки мехоњанд љањонро барои ман таќсим кунанд, чашми дидан надорам. Агар ин оппозитсия будан аст, пас, бешак, ман аввалин оппозитсионери љањон њастам. - Бубинед, њоло мавќеъгирии як нафари маъруфи фарњангї ё руњонї дар бораи Њизби нањзати исломї, мешавад, гуфт, ки "мўд" шудааст. Шумо дар бораи ин њизб чї фикр доред? - Њар кас њаќ дорад, ки бошад ва худро баён кунад. ЊНИТ њам, бигзор, њатто, ба касе маъќул набошад. "Ман ба њарфи шумо розї нестам, аммо омодаам њаётам бахшам, ки шумо њарфи худро гўед", - гуфтааст Волтер. - Моњи ноябри соли равон интихоботи президентї дар Тољикистон бояд баргузор шавад. Ин интихобот, аз назари Шумо, чї маъно дорад? Чизе бояд дињад? Ё чї бояд дињад ба Тољикистон? - Акнун моро танњо як шахси пайѓамбармонанд наљот дода метавонад. Фаќат ў метавонад моро муттањид кунад ва мисли Њазрати Мўсо аз ќаламрави фиръавнњову ѓуломї берун орад. - Воќеан, чанд ваќт аст, ки дар Ќирѓизистон њастед? Фикри бозгашт доред? Агар доред, ин љо ба чї кор машѓул хоњед шуд? - Се моњ шуд. Ба њамин наздикињо ба хона меравам. Хеле ва хеле хонаи худро дўст медорам. Ва бўи кишвари худро хоњам кашид, мисли бўи болинњои модаркалонам... Лутфан, агар он чї ман гуфтам, ба табъатон нахўрд, нахонед ва нашр накунед. Бе ин њам ман як зиндагии содда надорам дар ин дунё. - Магар фаромўш кардед, ки бо "Нигоњ" сўњбат доред? - На. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ


4

ТОЉИКИСТОНИЁН

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

Як замон вазири наќлиёти Тољикистон - Низом Њакимов гуфта буд, ки аз хизматрасонии ширкати IRS дар шоњроњи Душанбе - Чаноќ ќаноатманд аст ва шикояте надорад. Ман бо ин роњ сафар кардам ва дарёфтам, ки вазири наќлиёт боре њам аз ин роњ сафар накардааст. Аз Њушёрии Варзоб то Такфони Айнї роњ 40 дар сад комилан хароб буда, ба истиснои вазири наќлиёт, њама - ронандагону мусофирон аз хизматрасонињои бади ширкати пулчинак - IRS, ки ба ѓайр аз пулчинї кори дигаре надорад, шикоят мекунанд. IRS њуќуќи маънавии аз Њушёрї то Такфон ситонидани маблаѓро надорад. Ин роњ кайњо корношоям шудааст. Мо аз се бунгоњи пулчинї гузашта, то наќби "Истиќлол" расидем. Дар њељ куљо, њељ техникае мушоњида накардем, ки таъмир мекарда бошад.

Марги нахустин дар наќби Истиќлол

Истиќлол: наќб ё ѓор?

«

Наќби "Истиќлол", воќеан, соњибистиќлол асту дигар ба касе итоат намекунад. Об чу дарё равон буда, дохилаш торик аст. Аз бўи дуди ѓализи мошинњо аксари мусофирон бо рўймолакњо биниашонро баставу бо душворї нафас мекашиданд. Њар роњгузар хомўшона калима арза мекард. Мошини мо ба чуќурињои зиёди зери оби ноаёни наќб бархўрда, њар замон "оњу уњ" мегуфтем, ки агар мабодо, баллони мошин кафад, њоламон чї мешавад, зеро бо арматурњое рў ба рў мешудем, ки хавфи ба баллон халидану кафонидани онро ба вуљуд меовард. Шаби 3-юми июн наќби "Истиќлол" бори аввал мусофиреро зањролуд намуда кушт. Соати 10 сокини 49-солаи дењаи Гулистони ноњияи Панљакент Сайидов Лутфулло Муродуллоевич њангоми гузаштан аз наќби мазкур аз дуди ѓализи сўзишвории мошинњо зањролуд шуда, ба њалокат расид. Мувофиќи наќли шоњидон, ки дар сафари мазкур марњум Лутфуллоро њамроњї мекарданд, њангоми гузаштан аз "Истиќлол" наќб њавои басо дилгиркунанадаву вазнине дошт, ки барои мусофирон торафт имконияти нафаскаширо душвор мегардонд. Нафаскашии Сайидов Лутфулло душвор шуда, њолаташ вазнин мешавад ва то баромадан аз наќб аз дуди сўзишвории мошинњо зањролуд шуда, вафот мекунад. Вазорати наќлиёт ва ширкати пулчинаки IRS аз ўњдаи таъмир ва коршоям нигоњ доштани наќби мазкур намебароянд (IRS ин бањонаро дорад, ки њанўз ин роњро ќабул накардааст), вале чаро, аќаллан, Кумитаи њолатњои фавќулода дар назди наќби "Истиќлол" бунгоњи наљотдињии худро таъсис намедињад, ки дар чунин њолатњо ба таври таъљилї мусофиронро наљот дињад? Ё магар мусофирони мо, ки ба ширкати пулчинак маблаѓи зиёде дода, аз ин роњ мегузаранд, њуќуќи маънавии истифода аз хизматрасонињои наљотбахшии Кумитаи њолатњои фавќлодаро надоранд? Љуброни марги Лутфуллоро кї медињад? Кї бояд масъули наќби мазкур бошад?

БДА-и Панљакент раќами мошини моро канд Баъд аз расидан ба дењаи Шўрчаи ноњияи Панљакент мо дар назди бозоре бо номи Чоршанбебозор ќарор гирифта, хостем тўшае ха-

«

Баъд аз пурсупоси зиёде дарёфтем, ки раќами мошини моро нозири минтаќавии БДА бо номи Мирзо гирифтааст ва дар багажи мошини раќами шахсиаш АТ 3441 02РТ пинњон кардааст. Аз дидани мошини мазкур, ки дар багажи он дањњо раќами гирифта руст карда шуда буд, дар њайрат афтодем. Ронандагон њар яке маблаѓи муайянеро дода, ракамњои худро бозпас мегирифтанд.

ридорї намуда, ба назди волидайн њозир шавем. Баъд аз хариди дастовез ман ѓайричашмдошт мошини худро бераќам дарёфтам. Мошин дар љое истода буд, ки махсус барои таваќќуфи мошинњо пешбинї шуда, ба касе халал намерасонд. Баъд аз пурсупоси зиёде дарёфтем, ки раќами мошини моро нозири минтаќавии БДА бо номи Мирзо гирифтааст ва дар багажи мошини раќами шахсиаш АТ 3441 02РТ пинњон кардааст. Аз дидани мошини мазкур, ки дар багажи он дањњо раќами гирифта руст карда шуда буд, дар њайрат афтодем. Ронандагон њар яке маблаѓи муайянеро дода, ракамњои худро бозпас мегирифтанд. Баъд аз муаррифї нозири минтаќавї чун дарёфт, ки банда рўзноманигорам ва ќонуну ќоидаро хуб медонам, бе њељ бањсе зуд раќами мошини маро бозпас дод, вале ваќти шинонидани раќам маълум шуд, ки нозир бинобар он ки таљрибаи хуби кандани раќамро надоштааст, онро зўран канда, плостики болояшро шикастааст. Чун ваќти бањс набуд, танњо ба ў эътирозе карда, ба роњи худ идома додем. Роњ аз Шўрча то Колхозчиён дар њолати дањшатнок ќарор дошт. Робарияти ноњия бинобар он ки таъмири роњи Айнї - Панљакентро, аллакай, дигар ширкат оѓоз намудаву бояд то соли 2015 ба итмом расонад, њатто, аз пур кардани чуќурињову кандањои роњ низ комилан даст кашидаанд.

Дањшат дар бозгашт Дар бозгашт сафари мо ба ваќте дуруст омад, ки обхезињо ба роњњо хисороти зиёде расонида буданду вазъи роњњо комилан дањшатнок ба назар мерасиданд. Боронњои пай дар пай ва фаромадани селу ќум роњњоро комилан хароб карда, дањњо мошинњо ба ќуму хок ѓўтида буданд. Аз дењаи Дашти Ќозии ноњияи

«

Панљакент то кўпруки Киштўдаки ноњияи Айнї дар дањњо љой лойоба фаромада, њаракати наќлиётро комилан ѓайриимкон карда буд. Дар њељ куљо, њељ гуна техникае ба назар намерасид , ки роњро аз сел тоза кунад ва њама ронандагону мусофирон бо дасту белчањои худ сангу ќумро тоза карда, роњро мекушоданду мошинњоро тела дода, аз лойобањо мегузарониданд. Водии Зарафшон, воќеан, водии дур аз таваљљўњ мондаву касе ба он эътиборе намедињад. Шояд, ваќти он расидааст, ки статуси вилоят дошта шавад? Як нафар корманди Њукумати Панљакент, ки аз овардани номаш худдорї кард, гуфт, дар 21 соли истиќлолият ягон бор аз тарафи вилоят барои бозсозии аќаллан, як километр роњ маблаѓ људо нашудааст.

IRS ба чї кор машѓул аст? Њангоми пулакї шудани роњи Душанбе Чаноќ ва ба мўњлати 30 сол ба ширкати му-

ассисаш номаълуми IRS супорида шудани он дар оѓоз сахт танќид мешуд, њоло кам менависанду кам шикоят мекунанд. Шояд, ширкат ба ваъдањои худ вафо карда, роњро њамеша дар њолати коршоямї нигоњ медорад? Не, албатта. Натиљаи сафари мо нишон дод, ки хомўшї сабаби дигаре дорад. Њама аз гуфтан хаста шуданду ба таќдир тан додаанд. Мардум боварї њосил карданд, ки даъвои онњоро касе намепурсад. IRS дар минтаќаи офшор ба ќайд гирифта шуда, тибќи нишондоди сафири собиќи Бритониё љаноби Мур, ба шањрвандани Тољикистон тааллуќ дорад ва баъзе сарчашмањо, њатто, иброз медоранд, ки ширкати мазкур ба наздикони сарвари давлат марбут аст ва танњо ба њамин хотир, аз њама имтиёзњо бархўрдор буда, ба мўњлати 30 сол аз тамоми намуди андозњо озод карда шудааст. Боре дар мусоњибае собиќ директори техникии IRS мўњтарам Абдуллоев изњор дошта буд, ки вазъияти Тољикистон имконият намедињад, номи муассис ошкор карда шавад. Мавсуф, аз љумла, гуфта буд: "Масалан, агар ман гўям, ки соњиби ин ширкатам, кї кафолат дода метавонад, ки бегоњ автоматбадастон ба хонаи ман омада, маблаѓ талаб намекунанд?..." Агарчи Абдуллоев баъди ин гуфтањо аз вазифа сабукдўш шуд, вале то њол муассиси ин ширкат фош нашудааст…

Акрами ХОЛИЌ, Душанбе-Айнї-ПанљакентДушанбе

МАЪЛУМОТНОМАИ "НИГОЊ" Шоњроњи Душанбе - Чаноќ 31 марти соли 2009 расман пулакї эълон шуд. Ширкати IRS аз њамон рўз ба фаъолият оѓоз кард. Аз моњи январи соли 2009 Ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД - Innovative Road Solutions LTD - IRS аз пардохти њамаи намуди андозњои давлатї, њатто, ба сифати Агентии андоз аз ќайди нозироти андоз гузаштан ба муддати 30 сол озод карда шудааст. Яъне аз роњи мазкур ягон сомонї дар давоми 30 сол ба буљаи Тољикистон ворид нахоњад шуд. Тибќи иттилои расонањо, њамон сол ин ширкат, њамчунин, 20 млн. ќарзи бефоизи Вазорати молияи Тољикистонро низ дарёфт кардааст. Ин њам дар њоле, ки барои сохтани ин роњ Њукумати Тољикистон аз Љумњурии Халќии Чин 320 млн. доллар ИМА ќарзи фоизнок гирифтааст, ки шарту шароити пардохташ шубњанок менамоянд. Тибќи ин ќарордод, Њукумати Тољикистон муваззаф аст, ки шурўъ аз њамин моњ, яъне июли соли 2013 пули ќарз ва фоизи онро ба Чин баргардонад. Дар сурати ѓайр, тибќи њамин ќарордод, Шоњроњи Душанбе - Чаноќ ва 11-метрии ду канори он моликияти Чин њисобида мешавад.


ЊОКИМИЯТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

5

ПРЕЗИДЕНТ ЉОМЕАИ ДИНИРО ТО ЊОЛ НАШИНОХТААСТ Андешањо дар њошияи мулоќоти президент бо руњониён Мулоќоти президенти Тољикистон 4-уми июл замоне бо рўњониён баргузор гардид, ки њукумати феълии Эмомалї Рањман њолат ва вазъияти љомеаи динии кишварро дуруст дарк карда натавонистааст. Суханронии президент, ки дар расонањои хабарї инъикос ёфту намоиши он тариќи телевизионњои давлатї пўшиш дода шуд, гувоњи он аст, ки муаллифи матн ва ё гуруње, ки онро тањия кардаанд, на салоњиятњои президентро дуруст шинохтаанду на љомеаи диниро аз дохил омўхтаанд. Ќисме аз маълумотњое, ки дар матни суханронии Эмомалї Рањмон љо додаанду онњоро бе дудилагї президент ќироат кард, на танњо дар сињат доштани онњо шаку тардид вуљуд дорад, балки хилофи мантиќ ва тааммулталаб њам њастанд. Барои мисол, Эмомалї Рањмон гуфт: "Мулло дар њар сурат, агар аз ањли савод ва таќво бошад, набояд аз дин истифодаи моддї кунад ва динро воситаи касб дар зиндагии худ ќарор дињад. Ќуръони карим возењан мегўяд, ки намунаи диндории њаќиќї адои рисолат ва иљрои вољиботи динї барои њар як мўъмин, хосатан ходимони масљидњо њамчун ибодат барои ризои Худост ва подоши он низ дар дасти Парвардигор мебошад". Вай афзуд: "Худованд дар сураи Њуд, ояти 29-уми каломи осмонии худ мефармояд: "Эй ќавми ман, барои ин рисолат подоше аз шумо дархост намекунам. Подоши ман љуз бар ўњдаи касе, ки маро офаридааст, нест. Пас оё намеандешед?". Мантиќи ин гуфтор ин аст, ки имомхатибон бояд холисанлиллоњ кор кунанд ва аз касе чизе тамаъ надошта бошанд. Вале бар хилофи ин худи Эмомалї Рањмон таъкид ва супориш њам дод, ки "... Аз ин хотир супориш дода мешавад, ки Вазорати молия, Кумитаи оид ба корњои дин якљо бо дигар сохторњои марбута доир ба муќаррар кардани маоши расмии имомхатибони масљидњои љомеи кишвар аз моњи январи соли 2014 чораљўї намоянд". Яъне, агар имомхатибон тамоми корњои худро мањз ба хотири ризои Худо анљом бидињанд, маоши ваъдакардаи президент чї маъно дорад? Маълумоти дигаре, ки шунавандаро ба тааммул ва тафаккур кардан во медорад, ин аст, ки Президент гуфт: "аз љумла сафари њаљ њамаи шароит муњайё шудааст ва њамасола беш аз шаш њазор нафар шањрвандони кишварамон ба зиёрати љойњои муќаддаси ислом мераванд". Ин њам дар њолест, ки ба иттилои Кумитаи оид ба корњои дин соли 2012 шаш њазор нафар, соли 2011 5500 нафар ва соли 2010 5000 нафар ва... барои соли 2013 њудуди 4800 зоир дар мавсими Њаљ-2013 даъват шудааст. Агар гуфтаи президент дуруст бошад, маќомоти марбутаро лозим аст, ки онро шарњ дињанд ва бар мардум гўянд, ки ин теъдод чї касонеро дар бар мегирифт ва чаро дар муддати солњои сипаришуда аз ин маълумот парда набардоштаанд? Президенти Тољикистон то љое аз ваколатњои худ фаротар ќадам нињода, ќайд кард: "ба Кумитаи оид ба корњои дин ва Маркази исломии Тољикистон супориш дода мешавад, ки ба масъалаи тозагии симои ахлоќиву маънавии ходимони дин эътибори љиддї дињанд ва њамзамон бо ин, то охири соли равон сару либоси намунавии хатибони масљидњои љомеъро бо таљассуми унсурњои фарњанги миллї ќабул намуда, курсњои бозомўзии хатибонро тавассути љалби олимону донишмандони соња дар дохил ва хориљ роњандозї намоянд".

Ба муаллифони матн кї гуфтааст, ки Эмомалї Рањмон, њамчун президенти Тољикстон њуќуќ дорад, ки ба либоспўшии рўњониён ва намояндагони ташкилотњои динї, ки фаъолияти онњо мустаќил ва бар асоси Оиннома равона шудааст, дахолат карда метавонад? Агар ба иттилои љанобашон расонида бошанд, ки симои ахлоќиву маънавии имомхатибон хадчадор шудааст, пас бояд таклифашонро рўшан карда мегуфтанд, ки симои ахлоќї, яъне чї? Ба гунаи мисол, ришашонро ба мисли раиси Маркази исломї ду сонтиметр гузоранд ё чизи дигар? Муаллифон ин матни суханронї он ќадар љасорат пайдо кардаанд, ки њатто ба умури ибодатии мардум дахолат кардаанд, ва Эмомалї Рањмон зикр кард: "дар њамаи шањру

«

растї табдил дода, безарурат панљ - шаш маротиба ва њатто зиёда аз ин ба њаљ рафтаанд". Вале љанобашон нагуфт, ки њукумат ё масъулини Кумитаи оид ба корњои дин бо "роњњои тољикї" ба рафтани онњо мусоидат мекунанд. Ба иборати дигар, агар фаъолияти ин кумита, ки Њаљро ба як намуди бизнес табдил додааст, шаффоф ба роњ монда мешуд, њам арзону њам осон дигар навбатпоён њам рафта метавонистанд. Вале чун фасоди идорї дар худи ин нињоди њукуматї аст, гунањкор кардани афроде, ки панљ - шаш маротиба њаљ кардаанд, аслан мантиќ надорад. Ба њамин хотир, ваќти он расидааст, ки барои зоирони Каъбаи мушаррафа дар мавсими Њаљ як фењристи ягонаи электронии љумњуриявии вижа таъсис дода шавад ва њар

Дар сурати икроњ ва ё маљбур кардан ихлосу нияти инсон осебпазир мегардаду кас аз савоби он мањрум шуданаш мумкин аст. Ба њамин хотир, њељ кас њаќ надорад, ки мусалмонеро маљбур намояд, ки ту ин хайр ё садаќаи фитри худро ба њисоби ину он бирез. Њатто президент њам бошад.

ноњияњо ба номи ятимон суратњисоби махсус кушода шудааст. Аз ин лињоз, зарур аст, ки фитри рўза ва дигар кўмакњои моддї ба суратњисоби онњо гузаронида шаванд". Фитри рўза љузъи фиќњи ибодот аст ва ба љо овардани умури ибодї ихтиёрї ва ихлосу ният фард вобаста аст. Дар сурати икроњ ва ё маљбур кардан ихлосу нияти инсон осебпазир мегардаду кас аз савоби он мањрум шуданаш мумкин аст. Ба њамин хотир, њељ кас њаќ надорад, ки мусалмонеро маљбур намояд, ки ту ин хайр ё садаќаи фитри худро ба њисоби ину он бирез. Њатто президент њам бошад. Маълумоти дигаре, ки мушкил ва решаи асосии он дар дасти худи масъулини њукуматњои мањаллї Кумитаи дин асту онро ба гардани дигарон бор кардан хатои фањш аст, чун аст, ки Президент ќайд кард: "Њамзамон бо ин, бояд гуфт, ки баъзе шахсон маросими њаљро ба василаи худнамоиву зоњирпа-

«

фарде, ки Њаљ рафтан мехоњад номи худро дар њамин фењрист сабт кунад ва ба мардум њар шаш моњ иттилоъ дињанд, ки кињо аз кай навбат истодаанд ва дар ѓайри он њалли ин мушкил њамоно боќї хоњад монд. Њамчунин дар рафти њамин мулоќот маълум гардид афроде, ки матни суханронии президентро тањия кардаанд, он ќадар аз масљиду мењроб дур будаанд, ки имоми масљиди панљваќтаро аз имомхатиби масљиди љомеъ фарќ карда наметавонанд ва президентро њам аз ин тариќ ба ироаи маълумоти комилан барѓалат тела додаанд. Вай гуфт: "...Ўро имомхатиби масљиди панљваќтаи дењаи Навободи њамин ноњия Хўљамов Ќурбонназар никоњ кардааст". Љаноби президент, дар масљиде, ки минбар надорад, намози љумъа хонда намешавад, ба гуфти худатон, масљиди дења ва панљваќта аст, хатиб чї гум кардааст? Хатиб дар масљид љомеъ, масљиде, ки минбар до-

раду њар љумъа дар он хутба ироа мешавад, адои вазифа мекунад. На он чуноне, ки гуфтед. Њамзамон пешнињоди имомхатибон дар бораи њазфи калимаи "ислом" аз Њизби нањзат ва љавоби тарафи муќобил њам баёнгари он буд,ки заифтарин раќиб дар муќобили як ташаккули фикрї ќарор гирифтааст. Агар воќеан он идда аз имомхатибон диктагарони онњо андешаи солим ва муассире дар муќобил медоштанд, ягон тарњи фикриеро матрањ мекарданд. Дар њамин нишаст, мадњу сано ва тамаллуќкории имомхатибони Тољикистон нисбат ба масъулини Њукумат то њадде расидааст чашми аќлу хирад ва гўши онњо хира гардида, тавони дарки оддитарин мушкили љомеаи диниро надорад.

Он натавонистанд ва љуръат њам накарданд, ки ба президент гўянд, ки "азон" яке аз шиорњои ислом асту онро њатто дар рўзи љумъа намозгузороне, ки барои обдаст гирифтан ба тањоратхонаи масљиди Марказии пойтахт мераванд, шунида наметавонанд. Рўњониён њатто ин љасоратро дар худ пайдо карда натавонистанд, ки гўянд, чаро садои мусиќии баъзе аз тарабхонаи пойтахт шабона аз масофаи сесад то панљсад метр дуртар аз бинои онњо шунида мешаваду садои азон дар рўзи љумъа аз чордевории масљид хориљ намешавад? Гуфта мешавад, тарроњон ва муаллифони ин матн онро тарзе тањия кардаанд, ки бо пайгирї кардани он кас гумон мекунад, ки президент дар зарфи чор соли тира шудани муносибати њукумат бо љомеаи динї ва њамчунин дар ба роњ андохтани маъракањои зиддидинї аз ќабили "масљидбандон", "риштарошон", "мубориза зидди њиљоб" ва ѓайра Эмомалї Рањмон бо сукут ва ё њамнавои худ дар онњо сањмгузор буд. Ин љониб ба ин натиља расидам, ки њамин гуна маълумоти машкук ва тасњењталаб боис шудааст, ки як ќишри њаводори љомеа худро аз оѓўши њукумат ба доман мухолифин биандозанд...

Амруллоњи НИЗОМ


6

ИЌТИСОД

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

Ѓоратгарон сейфи "Агроинвестбонк"-ро шикаста натавонистанд Аз Шуъбаи "Агроинвестбонк" дар ноњияи Файзобод ягон миќдор маблаѓ рабуда нашудааст. Ѓоратгарон дари сейфи бонкиро кушода натавонистаанд.

"ТАЛКО" соњиби сертификати ISO-14000 гашт Аудити байналмилалии КВД "ТАЛКО" тасдиќ кардааст, ки системаи амнияти экологии ин ширкат ба талаботи муосири байналмилалї -ISO14000 љавобгў аст. Дар ин бора ба TojNews аз Хадамоти матбуотии Корхонаи воњиди давлатии "Ширкати алюминии Тољикистон" иттилоъ доданд. Бино ба ќавли манбаъ, санљиши байналмилалии фаъолияти корхона собит кардааст, ки системаи экологии "ТАЛКО" ба талаботи ISO14000 (системаи экологии менељмент) ва OHSAS-18000 (системаи менељменти амният ва сињатї дар истењсолот) љањонї љавобгўй аст. Ин дар њолест, ки ахиран, маќомоти экологии Љумњурии Ўзбакистон аз зарарњои экологии "ТАЛКО" изњори нигаронї мекунанд. - Акнун, - мегўянд коршиносон, иддаои давлати њамсояро метавон пурра беасос ва бо њадафњои сиёсї унвон кард. Аудити системаи менељменти экологии "ТАЛКО" аз љониби Созмони олмонии T?V SAAR CERT баргузор шудааст. Гурўњи аудиторї иборат аз муттахассисони Фаронса, Литва ва Ќазоќистон будааст.

Дар "ТАЛКО" мегўянд, дар доираи стратегияи экологии ширкат њанўз аз тобистони соли 2010, се сол ќабл ба љорї кардани системаи менељменти экологии ISO-14000 шуруъ карда буданд. Стандарти байналмилалии ISO 14000 маљмуи стандартњо оид ба љорї кардани системаи экологии менељмент дар корхонањои истењсолї аст, ки барои њифзи муњити зист имкон медињад, таъсири фаъолияти корхона ба муњити зист, њаддалимкон, коњиш дода шавад. ТАЛКО" соли 2008 эълон карда буд, ки якумин ширкат дар Осиёи Марказї шуда, системаи менељментии сифаташ ISO-9000-ро љорї намуд ва айни њол якумин истењсолкунандаи алюминийи аввалин дар минтаќаи Осиёи Марказї ва аввалин ширкати саноатї дар Тољикистон шуда, соњиби сертификати мувофиќшавии системаи экологии менељменти ISO14000 гашт.

Дар ин бора ба TojNews аз ЉСК "Агроинвестбонк" иттилоъ доданд. Бино ба ќавли Бобонаврўз Раљабов, муовини раиси ЉСК "Агроинвестбонк", кормандони маќомоти корњои дохилї тавонистаанд пеш аз он ки яѓмогарон сейфро шикананд, ба љойи њодиса њозир шаванд. - Ѓоратгарон бо дидани кормандони милитсия аз љойи њодиса фирор кардаанд. Онњо кўшиши шикастани сейфњоро кардаанд, аммо натавонистаанд, - гуфт манбаъ. Гуфта мешавад, дар натиљаи ин њодиса як нафар - посбони бонк ба њалокат расидааст. Бегоњии дирўз, 7-уми июл Шуъбаи бонки "Агроинвестбонк" дар ноњияи Файзобод мавриди њамлаи гурўњи номаълум ќарор гирифта, посбони бонк кушта шудааст.

Бино ба иттилои маќомоти корњои дохилии ноњияи Файзобод, њамлагарон бо маќсади ѓорати бонк ба бинои он ворид шуда, посбонро бо силоњи худи ў паррондаанд. Ному насаби посбони њалокшуда барои халал нарасонидан ба тафтишот пинњон дошта мешавад. Ин бори дуюми кўшиши ѓорати бонк дар ин ноњия мебошад. Ќаблан Шуъбаи "Ориёнбонк" дар шањри Роѓун ѓорат шуда буд. Њодисаро ба писари раиси собиќи сохтмони Неругоњи барќї-обии "Роѓун" Саидамир Сияњмардов, ки њоло раиси Њукумати ноњияи Нуробод аст, марбут медонистанд. Гуфта мешавад, ќазия бо миёнаравии раиси "Ориёнбонк" Њасан Асадуллозода ва баргардонидани маблаѓи рабудашуда хотима ёфт.

ЭЪЛОН ДАФТАР ДАР ТОЉИКИСТОН Ташкилоти љамъиятие (минбаъд ТЉ), ки дар озмун ѓолиб мебарояд ва дар Лоињаи "Дастгирии Марказњои Захиравии Занон" иштирок мекунад, бояд се вазифаи асосиро амали гардонад: а) ба сифати маркази бўњронї расондани кўмаки њуќуќї ва равоншиносї ба оилањо ва шањсони алоњида; б) гузаронидани семинарњо ва пешнињоди маълумот ба мардум оид ба масъалањо баробарии гендерї ва оид ба дастрасї ба хуќуќњо; в) ба сифати маркази захиравї, бо намояндагони њокимияти мањаллї ва фаъолони љомеа, барои мустањкам намудан ва баланд бардоштани наќш ва имконоти занону духтарон дар љомеа, бо роњи истифодаи усули иштирок ва сафарбарии љомеа, њамкорї мекунад; ТЉ, ки дар Лоиња иштирок мекунад, дар њолати мављуд будани маблаѓи иловагї, бояд њамчунин омўзиши касбу њунар ва курсњои саводомузиро ташкил намояд. Ин омузишхо чун илова ба се вазифаи дар боло номбаршуда ба њисоб мераванд. Шањру ноњияњое, ки лоињаи мазкур дар бар мегирад: Вилояти Суѓд - ш. Панљакент, ш.Истаравшан, н.Б.Ѓафуров, н.Ѓончи; Вилояти Хатлон - ш.Кўлоб, н.Шуробод, н.Ќубодиён, н. Љиликул, н. Хуросон, н.Љ.Румї, н.Ќумсангир; Ноњияњои Тобеи Марказ - н.Ѓарм ва н. Тавилдара; Вилояти Мўхтори Кўњистони Бадахшон (н.Мурѓоб ва н.Ванљ). Мўњлати иљроиши лоиња: Охири 2013 сол,

бо давомнокии 12-18 моњ, вобаста ба мављуд будани маблаѓ. Меъёрњои интихоби ТЉ: - ТЉ бояд ташкилоти ѓайрињукуматї ва ѓайритиљоратї бошад; - Маќсадњои ташкилот ба арзишњои пазируфташуда дар соњаи њуќуќи инсон бояд ќисми фаъолияти ташкилот бошад; - Таљрибаи кории на камтар аз 3 соли амалисозии лоињањои ба љамоатњо равонакардашуда; - Имкони амали гардондани вазифањоро дошта бошад ва дар мўњлати кўтоњ ба кор даровардани Лоињаро таъмин намояд; - Соњиби дафтари њусусї будан ва ё доштани њуќуќи истифодаи моликият барои муддати тулонї ва ройгон ќобили ќабул дониста мешавад; - Мављудияти мутањассисон барои амалї намудани барнома аз љумла роњбар, равоншинос, њуќуќшинос, муњосиб ва сафарбаркунандаи љомеа (мобилизатор); - Асоснок намудани зарурияти Лоиња. Афзалият ба он ТЉ дода мешавад, ки фаъолияти худро дар он минтаќае пешниход менамояд, ки дар он љо маркази буњрони вуљуд надорад. Њуљљатњои зерин аз љониби ТЉ бояд пешнињод гарданд: 1. Мактуб аз ТЉ дар њаљми як сањифа дар бораи роњњои пешбурди баробарии гендерї дар љомеа, њусусан оид ба масъалањои зуроварї дар оила ва тањсилоти духтарон ба воситаи сафарбар намудани љомеа; 2. Нусњаи ба тариќи нотариалї тасдиќшу-

Мавзўъ: "Озмун байни Ташкилотњои љамъиятї барои амалї намудани барномаи "Дастгирии Марказњои Захиравии Занон" даи шањодатномаи (азнав ба ќайдгирии) кайдгирии ТЉ; 3. Нусхаи Оинномаи Ташкилот (нусњаи ба тариќи нотариалї тасдиќшуда); 4. Нусњаи Гувоњномаи оиди додани Раќами Мушаххаси Андозсупоранда, ки аз тарафи маќомоти андоз дода шудааст; 5. Нусњаи маълумотнома аз тарафи Кумитаи Давлатии Омор дар бораи додани ОКПО; 6. Нусњаи гувоњнома оиди сабтгирии ТЉ дар низоми суѓуртаи иљтимої ва додани Раќами Мушаххаси Иљтимої (РМИ/СИН); 7. Маълумотномаи хаттї оиди суроѓаи ТЉ; 8. Руйхати кормандони ТЉ ва тарљумаи њоли онњо (резюме); 9. Тарљумаи њоли кормандони ташкилот, ки дар Маркази захиравии занон бояд кор кунанд, аз љумла, роњбар, њуќуќшинос ва равоншинос; 10. Маълумотномаи расмї аз бонк дар бораи суратњисоб (реквизит); 11. Номгўи лоињањои љорї ва пешина (се соли охир), азљумла донор (њо), мўњлатњои амалигардонии лоињањо ва маълумоти кўтоњ оид ба лоиња, ва мактуби дастгирї аз донорхо; 12. Њисоботњои молиявии (аз љумла аудитї, агар вуљуд дошта бошад) ТЉ барои се соли охир. Талабот нисбати кормандон: - Маълумоти зарурї ва таљрибаи корї; - Дониши хуби забонњои тољикї ва русї (хаттї ва шифоњї) - Малакаи кор бо барномањои компютерии Microsoft Office (Word, Excel ва ѓайра). Барои иштирок дар озмун ТЉ бояд тамоми

њуљљатњои заруриро ба лифофа гузошта, онро мўњр зада бо навиштаљоти "Шуъбаи Дастгирии барномахо, дафтари САХА : "Озмуни амали гардонидани барномаи Марказњои захиравии занон", бо нишонии зерин пешнињод намоянд: ш. Душанбе, кўчаи Ањмади Дониш 18/А, тел: +992 (372) 26 50 14/15/16/17/18/19 ё ба Дафтари сањроии Cозмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо (САЊА) дар шањри Хўљанд, кўчаи Содирхон Хофиз 81, тел. (834 22) 6 30 78 \ 4 2286, дар ш.Ќурѓон-теппа, кўчаи Зоя Космодемянская 1. Тел: +992 (3222) 2-54-57, ва 992 (3222) 2-78-73, дар н. Рашт, кўчаи Боќи Рањимзода 78 маркази Ѓарм, ноњияи Рашт, телефон: 831 31 2 17 86 дар шањри Кўлоб, кўчаи Дустї №6, телефон (83322)2-0197,2-01-96 ё нусњаи сканшудаи тамоми хуљљатњоро ба тариќи почтаи электронии: PCUTJ@osce.org ирсол намояд. Мањфияти хуљљатњои пешнињодгардида кафолат дода мешавад. Мўњлати охирини пешнињоди њуљљатњо:2 Августи 2013 соати 17:00 (бо ваќти мањаллї). Њуљљатњое, ки пас аз мўњлати муайяншуда пешнињод мешаванд, ба назар гирифта намешаванд. Барои маълумоти бештар ба шањси масъули барномаи мазкур Шахло Шоева (бо масъалањои барномавї) ва Љамшед Яњёев (бо масъалањои њуќуќї) бо тариќи телефонњои +992 (37) 226 50 14/15/16/17/ 18/19, мурољиат намоед.


РАНДАИ «НИГОЊ»

Сарвари давлат Эмомалї Рањмон дар њаќќи кўдакону наврасон њамеша сарпарастию ѓамхорї зоњир менамояд ва хуб њам мефањмад, ки барои Тољикистони соњибистиќлол пеш аз њама хушбахтию саодатмандии насли наврас муњим аст. Аз афташ, дар њукумати ноњияи Бохтар, ки раисии онро намояндаи комилњуќуќи президент ба ўњда дорад, ин нуктаи муњимро фањмидан намехоњанд, ки дар давоми бист даќиќа њавлии бо њазор орзую њавас бунёдёфтаи Модари тољик - Каниева Шањлоро ба хок яксон намуда, чањор фарзанди ноболиѓашро зери осмони соф њайрону нолон партофтанд. Шавњари бонуи Шањло дур аз Ватан, дур аз наздиконаш, ба душворињои зиёд нигоњ накарда, њамеша маблаѓе ба азизонаш равон мекард, то оилаи онњо аз азоби беманзилї наљот ёбанд. Модар бошад, бо њазорон умеду орзу, ба хотири фардои дурахшони пайвандонаш, худ нахўрду напўшид, аз њаќќи њалоли чўљањояш пасандоз кард, то сарпаноње пайдо кунад… Хона бино ёфт, аммо… Инак, модари зору нолон бо чўљањои зору њайронаш дар кўча мондаанд. Аз њамин даќиќа фарёди имдодталабонаи Модар ба само бармехезад: Љабру бедод кунад умри љавонон кўтоњ, Эй бузургони Ватан, бањри Худо дод кунед! Гар шуд аз љабри шумо хонаи мўре вайрон, Хонаи хеш мањол аст, ки обод кунед!!! Фарёди њаќиќатљўёнаи ин Модари зори тољик аз идорањои ноњиявию вилоятї, то ба садрнишинони Суд Олї, Прокуратураи генералї расид. Вале курсинишинони њокимиятњои судию иљроиявї бо њазор санаду далели навишта собит карданї мешаванд, ки амали хонавайронсозиашон аз рўи Ќонун аст ва бояд њавлии Модар бетаъхир ба хок яксон мешуд. Дар ягон давлати њуќуќбунёди љањон чунин амали зишт ба вуќўъ намепайвандад. Фарз кардем, ки Модар њуќуќи бунёди биноро надошт, вале бе муњайё сохтани манзили муваќќатї ягон сохтори њукуматї њаќ дошт, ки авбошона ба манзили Модар зада дарояд??? (Вайрон карданаш он тараф истад). Магар онњо медонанд, ки мувофиќи Конститутсияи Тољикистон дахлнопазирии манзили шахсї аз љониби давлат њимоя карда мешавад? Агар роњбарон ва иљрочиёни амалиёти хонавайронкунї заррае виљдони инсонї дошта, ё ба нидои дил гўш мекарданд, њељ гоњ нисбати як Модари тољик чунин бемантиќона амал наменамуданд. Худи онњо набояд фаромўш созанд,

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

КУ ФАРОСАТ? “ КУ ЊАЌИЌАТ? КУ АДОЛАТ? Чаро хонаи Модари тољикро бо булдозер њамвор карданд? ки њукумату давлат мањз тавассути Модар баќо мегирад. Чї худи папкабадастону маошхўрони хонавайронкун магар Модар надоранд? Ё шояд, онњо аз сайёраи Зўњра тасодуфан ба Замин афтодаанд? Бо супориши идора ин ќазияро меомўзаму њар боре, ки ба номаи Модар назар мекунам ќариб гиря гулўгирам мешавад: "…бе огоњї ба њавлии ман зада даромаданд ва бо белу лом дару тирезањоро майда карданд. Ман, њатто, натавонистам ягон асбобу анљоми хонаро берун созам. Сипас, бо булдозер…". Бори ахир ќарор додам, ки на њамчун журналист, балки њамчун шањрванд, њамчун фарзанди як модари дигар нависам. Ва инак, ба таъкид мегўям, ки ин аст муносибат бо мардуми камбаѓал. Вагарна ман нашунидаам, ки мардум гўянд "њукумати фалон мањал хона ё маѓозаи фалон бойро вайрон кард". Модар дар давоми солњои зиёд бо такопўву саргардонињои зиёд, барои дарёфти њаќиќат љањду љадал дорад. Агар роњи паймудаи Каниева Шањлоро байни роњњои

маќомоти иљроияи ноњияи Бохтар, вилояти Хатлон ва љумњурї њисобу љамъ карда бароем, ў метавонист пиёда то ба пойтахти Русия - шањри Маскав рафта расад. Аммо сарнишинони боло чун пештара Модарро аз як идора ба идораи дигар равона месозанд, то ки, билахира, ў безор шуда, аз љустани Њаќиќату Адолат даст бишўяд. Модар аз ин њама маќомоти њуќуќї танњо ба як саволаш посух мехоњад: Оё њаќиќат њаст? Ва гар вуљуд дошта бошад, барои њама ашхоси дорову нодор якест? Ба бачањои 10-12 солаам, ки бо њама кўчакияшон њар бор мушт гирењ мекунанд, чї гўям?!! Њой мардум! Ку фаросат? Ку њаќиќат? Ку адолат? Њама сохторњои тобеъи Ѓайбулло Афзалов алайњи даъвати Модар сангари чинї сохта, худро кару гунг нишон доданї мешаванд. Аз санг садо меояду аз онњо не! Воќеан, аз дасти як Модари зањматкашу бебизоат чї њам меомад? Афсўс, ки дар љомеаи имрўзаи мо ќадри Пул аз волоияти Ќонун беш гашта истодааст. Ин барои оянда фалокати дањшатборест, пеш аз њама

7

Бо супориши идора ин ќазияро меомўзаму њар боре, ки ба номаи Модар назар мекунам ќариб гиря гулўгирам мешавад: "…бе огоњї ба њавлии ман зада даромаданд ва бо белу лом дару тирезањоро майда карданд. Ман, њатто, натавонистам ягон асбобу анљоми хонаро берун созам. Сипас, бо булдозер…". Бори ахир ќарор додам, ки на њамчун журналист, балки њамчун шањрванд, њамчун фарзанди як модари дигар нависам.

барои њамин мансабдорони бемасъулият. Њоло умеди охирини Модар Президенти кишвар Эмомалї Рањмон аст. Рўзи 8-ум июл боз ба номи садри њукумат нома навишта, акси хонаи ба хок яксоншудаашоро њам равон кардааст. Шояд Дастгоњи иљроияи Президент ба суоли Модар: "Ба бачањои 10-12 солаам, ки бо њама кўчакияшон њар бор мушт гирењ мекунанд, чї гўям?!!" љавоби мушаххас бидињанд. Мо њоло њам ба ин итминони комил дорем. P.S. Ба акси фиристодаи Модар назар мекунам: Дар сањни замин дару деворњои валангоршуда… Модар бо се писару як духтарчааш акс ёфтааст. Гирду атроф њама вожгун. Духтарак модарашро ба оѓўш гирифтааст. Се уќобчаи боѓайрату далер бо чашмони њаќиќатљўёна ба объектив назар меандозанд… Ваќт даргузар аст… Агар онњо имрўз аз ин њукумат љавоб нагиранд, рўзе муштњояшон фулодин мешаванд...

Рустам РАМАЗОНЇ

ИЌТИБОС АЗ КОДЕКСИ ЉИНОЯТИИ ЉТ ОИДИ "ВАЙРОН НАМУДАНИ ДАХЛНОПАЗИРИИ МАНЗИЛ" Моддаи 147. 1) Ѓайриќоунунї даромадан ба манзил бар хилофи хоњиши шахси дар он истиќоматкунанда ё касеро аз манзилаш мањрум кардан: Бо љарима ба андозаи аз як њазор то ду њазор маоши њадди аќал, ё мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати то ду сол љазо дода мешавад. 2) Њамин кирдор агар: а) бо истифодаи зўроварї тањдиди истифодаи он; б) бо истифодаи маќоми хизматї сурат гирад. Бо мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян, ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба мўњлати то 5 сол љазо дода мешавад… Тасдиќ карда шуд: Президенти Љумњурии Тољикистон Э. Рањмонов ш. Душанбе, 21. 05. 1998, №574


8

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

Дар арафаи љашни Рўзи Вањдат бахшида ба имзои Созишномаи умумии сулњ ва ризоияти миллї расонањои њукуматї, бахусус, Шабакаи аввал ба нашру пахши барномањое даст зад, ки ба гуфтаи соњибназарон, хилофи асноди сулњ ва оштии миллї дар кишвар аст. Шабакаи аввал њаводиси солњои навадуми ќарни гузашта ва љанги дохилиро тавре тасвир мекард, ки дар бурузи нооромињо ва минбаъд љангу куштор як тараф, неруњои мардумї гунањкор бошад. Ин дар њолест, ки њам љониби Фронти халќї дар симои президент ва њам љониби неруњои мардумї эътироф карданд, ки ин љанг дар хориљ аз Тољикистон тарњрезї ва болои миллати мо тањмил шуда буд. Дар сўњбати зерин Њољї Акбар Тўраљонзода, ќозии пешин ва собиќ муовини аввали сарвазир ва яке аз лидерони ИНОТ, бо изњори таассуф аз нашру пахши њамчунин маќола ва барномањо дар ТВ-њои давлатї, барои бори аввал парда аз рўи асрор, сабаб ва иллати аслии вуќўи љанги шањрвандї бармедорад. Ин њам дар њоле, ки пештар ў эълон дошта буд, ки он сирру асрор соли 2025 тавассути мемуарњои сиёсиаш ифшо хоњанд шуд... - Сипосгузорем, ки барои ин сўњбат розї шудед. То куљо маъракаи тарѓиботии атрофи Созишномаи сулњ ва љанги шањрвандии дуюми Тољикистон шуморо норањат кард? - Бисмиллоњир-рањмонир-рањим. Дарвоќеъ, бархе аз маќола ва барномањое, ки ба муносибати Рўзи Вањдат нашру пахш шуданд, водор мекунад, ки сокит набошам. Зеро ба назар мерасад, ки дидаву дониста, њаќоиќро пўшониданианд. Ба мардум на њаќиќати воќеї, балки он чизеро, ки имрўз ба манфиати як гурўњ аст, бо тањриф намудани воќеият ва њаќиќат, гуфта истодаанд. Банда ба њайси ноиби аввали раиси Иттињодияи оппозисиюн ва Њаракати нањзати исломии Тољикистон ва рањбари њайати музокироти љониби оппозисиюн дар раванди сулњ, табиист, ки аз љузъиёт, нозукињо ва суханњои паси парда огоњии комил дорам . Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки аз ќатъ шудани љанг ва имзои Созишномаи сулњ, бо вуљуди камбудињояш, хушњол њастам. Худоро шукр мекунам, љанг ќатъ шуду мардум аз Афѓонистон ба кишвар бозгаштанд. Аммо мушоњидањо нишон медињанд, ки њар чї ќадар ки мо аз замони имзои санади сулњ дуртар мешавем, бештар њаќиќати њаводиси он солњо барќасд пинњон дошта мешаванд. Гузашта аз ин, дар бораи омилњо ва сабабњои шурўи љанги шањрвандї ва маќсади тарроњони асосии он фикрњои гуногун ва аксаран нодуруст баён карда мешавад. Аксарияти мардум, мутаассифона, тањти таъсири ахбори нодурусти расонањои њукуматї бар ин боваранд, ки ин љанг барои мансаб буд. Дар солњои 1993, 94 ва 95 њам матбуоти њукуматї неруњои оппозисиюнро муттањам мекарданд, ки гўё ба хотири мансаб кишварро ба љанг кашиданд. Ман аз муаллифоне, ки ба тањќиќу нашри ин масъала машѓуланд, хоњиш мекунам, ба аснод ва њуљљатњои расмии он замон, на ахбори матбуоти Русия, холисона ва аз рўи инсоф назар кунанд. Пешнињоди дигари ман ин аст, ки бигзор аз шоњидњои зиндаи он айём аз њар ду тараф, ки Худоро шукр, баъзењо њанўз дар ќайди њаётанд, даъват ба амал овард, то бо баргузории нишастњо сабаби оѓозу анљоми он њаводис мавриди бањсу баррасї ќарор дода шавад. Сипас, мешавад, ки хулоса карду натиља гирифт ва њаќоиќро ошкор кард. - Хуб, ба назари шумо, иллат ва сабаби асосии љанги дуюми шањрвандї чї буд, чун мо моил ба он њастем, ки Љанги якуми шањрвандї баъди ѓасби Аморати Бухоро аз љониби болшевикњо, солњои 1920-1933 сурат гирифту ин љанги дуюм буд? - Барои он ки ба ин савол љавоби асоснок дода шавад, зарур аст, ки муруре ба њаводиси асосии он замон дошта бошем. Чаро мардум бори аввал ба майдон баромаданд? Дуруст аст, ки дар матбуоти даврии охири соли 1991 ва аввали соли 1992 аз фаъолиятњои њукумати Рањмон Набиев - хоњ дар бахши сиёсату иќтисод, хоњ дар соњаи иљтимоиёту фарњанг интиќод карда мешуд. Аз љумла, ба моликияти љумњурї нагирифтани дивизияи 201-и СССР-и пошхўрда њамчун њиссаи мероси замони Шўравї аз тарафи президент Набиевро расонањо сахт танќид мекарданд. Дар масоили иќтисодї мавќеи њукумат норўшан буд, ки ба кадом самт мерафт - сотсиалистї ё капиталистии шеваи гайдарии Русия. Ин интиќодот як амри табиї буд ва возењ аст, ки њамчунин маќолањо сабаби саршавии ошўбу љангљол дар кадом як гўшаи олам, аз љумла, Тољикистон буда наметавонист. Аз ин љо метавон хулоса кард, ки њарфу њиљои он, ки расонањо боиси сар задани љанг шуданд, поя ва мантиќ надорад. Сабаби асосии гирдињамої - муњокимаи ошкоро ва тањќиромези вазири дохила Нављу-

вонов аз тарафи раиси Шўрои Олї Сафаралї Кенљаев ва аз тариќи ТВ нишон додани љараёни он љаласа буд. Муњокимаи фаъолияти вазири умури дохиларо бояд президент ва њукумат анљом медод, чунки ВКД љузъи њукумат буд ва бевосита ба президент Набиев итоат мекард. Њамон рўзњо худи Кенљаев гуфта буд, ки "нафањмидам, чаро Набиев ин корро ба ман супориданд". Худорањматии Набиев њамин гуна як хислат дошт, ки њар коре, ки каме љанљолї бошад, бо дасти дигарњо иљро мекард ва худ масъулиятро намехост ба зимма бигирад. Вагарна вазири дохилиро барканор мекард ва одами хостаи худро дар љояш мегузошту њама кор тамом мешуд. Аммо њамин љуръатро надошт. Як идда аз бародарони бадахшї ба нишони эътироз аз ин тарзи муњокимаи Мамадаёз Нављувонов, ки сахт нороњаташон карда буд, даст ба гирдињамої заданд. Ба онњо баъзе аз бародарони нањзатї ва растохезї, ки аз Кенљаев алам доштанд, аз љумла, эшони Сайид Ќиёмиддину худорањматии Ќорї Муњаммадљон ва Мирбобои Миррањим њамроњ шуданд. Зеро Кенљаев алайњи онњо ба додгоњ шикоят карда буд ва эњтимол мерафт, додгоњ ба манфиати Кенљаев масъаларо њал мекард. Табиист, ки ин се нафар афроди одї набуданд, дар љомеа тарафдор ва обру доштанд ва тарафдорони онњо њам вориди майдон шу-

«

24-уми апрели соли 1992 Шўрои Олї пешнињоди неруњои оппозисиюнро дар бораи баргузории интихоботи порлумонї дар моњи ноябри њамон сол ва њамин тавр ќабули Ќонуни асосии нав аз тариќи раъйпурсї ќабул кард. Њатто, квота муќаррар карда шуд, ки аз њар њизбу созмонњо чанднафарї шомили њайати гурўњи тањияи лоињаи Ќонуни асосї мешавад. Аз љумла, аз Идораи ќозиёт, ЊНИТ, ЊДТ, ЊКТ ва "Растохез" ва бо њамин гирдињамої тамом шуд.

«

данд. Талабашон њам истеъфои Кенљаев буд. Идораи ќозиёт зери роњбарии банда дар ду њафтаи аввал бетараф буд. Ба хотири он ки, ман ба майдон набаромадам, садњо мактуб меомад ва бандаро дурўя ва мањалчї мегуфтанд. Гўё Кенљаев аз хешон ё муридонамон њаст ва ё аз мањалли мосту ман, аз ин рў, он касро пуштибонї мекунам. Ин номањо пур аз суханњои дурушт ва тањќир буданд. Рањмон Набиев маро даъват намуда, гуфт, хабар омад, ки митингчињо ба идораи президент њуљум мекунанд ва хоњиш намуд, ки аз ин кор љилавгирї кунам, чун оќибати хуб надорад ва гуфт, мо тарафи дигари масъаларо дида мебароем. Яъне ишора карданд, ки аз бањри Кенљаев мегузаранд. ( Тафсилоти ин ќазияро дар китоби "Дар миёни обу оташ тарњи сулњ андохтам" муфассал навиштаам). Мунтањо баъди ин сўњбат дар рўзи 17-уми майдоннишинї ба назди мардум омадам. Гирдињамомадагон изњори хурсандї карданд ва нашрияњои онваќта њам навиштанд, ки "Тўраљонзода ба майдон пайваст". Аммо ман аз майдон даъват кардам, ки дар доираи ќонун амал кунанд ва даст ба хушунат назананд.Ошкоро истеъфои Кенљаевро талаб накардам. Намояндањои майдон нороњат шуданд. Рўзи дигар устодон Нурї ва Њимматзода назди ман ба Идораи ќозиёт омада, гуфтанд, ки аз барои Худо, ин мардум мусалмон аст, онњо њамагї мухлисони шумоянд, чаро бо онњо якљоя будан намехоњед. Шумо бояд аз ин мардум пуштибонї кунед. Ман, шояд, ин њарфњоро барои бори авал мегўям. Ба онњо гуфтам, бародарон намеарзад, ки барои аз кор гирифтани як нафар (манзурам Кенљаев) ин ќадар зањмат ва ин њама обруро дар тарозу гузошт. Чун дар нињояти амр Кенљаев њам яке аз чиновникњои њамин низом аст. Ва њар каси дигар њам ба љойи ў ояд, њамин корро мекард. Бинобар ин ман дар ин кор шарик шуда наметавонам. Вале агар шумо мехоњед, ки ман њам бо шумо бошам, ду чизи дигарро дар талаби худ илова кунед: Якум, интихоби порлумони љадид ва доимоамалкунанда. Зеро порлумони феълї дар замони яккањизбї, дар вазъияти фавќулодаи соли 90 ва дар замони Шўравї интихоб шудааст ва њоло ки кишвар соњибистиќлол аст ва ањзоби гуногун амал мекунанд, бигзор љойгоњи воќеии неруњои нави сиёсии замони истиќлол дар порлумон инъикос ёбад; Дувум, Конститутсияи нави кишвар, ки низоми идораи порлумониро дар кишвар љорї мекунад, тањия ва аз тариќи раъйпурсї ќабул карда шавад. Зеро бо њамин роњ миллатро аз дарди бедавои мањалгарої халос намудан мумкин аст. Ва набояд Ќонуни асосиро ба ихтиёри

порлумон гузорем, ки њар ваќт хост, таѓйир дињад. Бояд дар тањияи лоињаи он, њамчунин, неруњои мардумиву исломї њам ширкат дошта бошанд. Ин пешнињодот маъќулашон шуд. Мо тавофуќ карда, даст додем ва баъди ин ман бо мардуми майдон њамроњ шудам. Бо Набиев њам дар ин бора сўњбат кардем. Дар нињояти амр ин пешнињодњо пазируфта шуданд. Вале дар ин миён амали нодурусти гаравгонгирии баъзе аз депутатњо ва ду муовини сарвазир (дасисаи касе буд, ки њоло њам барои ман нофањмост) иттифоќ афтод. Рости гап, ман аз ин кор сахт нороњат шуда, хостам аз тариќи ТВ зидди ин гирдињамомадагон сўњбат кунам ва аз талаби истеъфои Кенљаев њам даст кашам. Вале бо хоњиши зиёди бародарони нањзатї, аз љумла, устод Нурї ва бародар Њимматзодаву Давлат Усмон ва раиси ЊДТ Шодмон Юсуф ба ин кор даст назадам. Онњо гуфтанд, ба њељ нафари гаравгонгирифтањо касе муомилаи бад намекунад ва онњо гаравгон њам нестанд, балки бо мардум дар яке аз хаймањо нишастаанд ва њамаашон субњ ба манзилашон мераванд. Љолиб ин буд, ки фардо њамаи онњо дар љаласаи Шўрои Олї тасдиќ мекарданд, ки дар мењмонї буданд ва њељ рафтори бад ба онњо сурат нагирифтааст. Хулоса, Кенљаев истеъфо дод. Ба ин тартиб, 24-уми апрели соли 1992 Шўрои Олї пешнињоди неруњои оппозисиюнро дар бораи баргузории интихоботи порлумонї дар моњи ноябри њамон сол ва њамин тавр ќабули Ќонуни асосии нав аз тариќи раъйпурсї ќабул кард. Њатто, квота муќаррар карда шуд, ки аз њар њизбу созмонњо чанднафарї шомили њайати гурўњи тањияи лоињаи Ќонуни асосї мешавад. Аз љумла, аз Идораи ќозиёт, ЊНИТ, ЊДТ, ЊКТ ва "Растохез" ва бо њамин гирдињамої тамом шуд. Дар ин љо, воќеан, мардуми майдони "Шањидон" эњсоси пирўзї мекарданд, ки билахира, роњ барои як ислоњоти муњими сиёсї боз шуд. Дарвоќеъ, ин як пирўзии бисёр муњим барои тамоми мардуми Тољикистон њам буд. Аммо мутаассифона, ин таѓйироти мусбат барои миллат, барои номенклатураи Њизби коммунист ва роњбарияти кишвари њамсоя нафорид. Тањлилгарон дар кишвари зикршуда натиља гирифтанд, ки агар рафту, дар Тољикистон интихоботи озоди порлумонї ва раъйпурсї барои ќабули Ќонуни асосї баргузор шавад, њатман, неруњои милливу исломї аксарияти љойњоро дар порлумон мегиранд ва ин барои кишварњои дигари минтаќа таъсир мегузорад. (Дар он ваќт дар водии Фарѓона гирдињамоињои зиёд идома дошт ва маќомоти ин кишвар хавотир шуданд, ки мардуми ин водї тањти таъсири иттифоќоти Тољикистон њамчунин талабњоро


СУЊБАТИ РЎЗ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

9

Њољї Акбар Тўраљонзода:

"Ивазшавии њоким набояд нишонаи ноамнї бошад" Мусоњибаи ихтисосии "Нигоњ" бо Њољї Акбар Тўраљонзода, сиёсатмадор ва рўњонии маъруф пеши њукуматњояшон матрањ хоњанд кард ва ба хотири он ки мардуми Тољикистон ба ин маќсад нарасад ва низ худро аз эњтимоли пеш омадани чунин њаводис эмин доранд, эълону таблиѓ карданд, ки дар Тољикистон "њукуматро исломињо" гирифтанд, "њукуматро Тўраљонзода" гирифт). Њол он ки, аз рўи инсоф гўем, дар ин тазоњурот ягон масъалаи кадрї ба љуз аз Кенљаев дар миён набуд. Танњо Кенљаев аз кор рафт ва дар љойи он низ оппозитсия касеро пешнињод накарда буд, ки фалон одамро бимонед. Худи депутатњо дар ин вазифа Акбаршо Искандаровро иљрокунандаи вазифа интихоб карданд. Аз сабаби он ки Рањмон Набиев, раиси љумњурї аз Хуљанд, Акбар Мирзоев, сарвазир аз Кўлоб буданд, намояндаи Бадахшон ва Ќаротегин Искандаровро ба раёсати порлумон интихоб карданд. Дар он рўзњо Искандаров ба оппозитсия иртибот надошт . Ў њам намояндаи номенклатураи Њизби коммунист буд. Ман бо ин гуфтањо онро таъкид карданиам, ки гирдињамої ба хотири мансаб набуд, балки ба хотири ислоњоти сиёсї буд. Њамаамон бовар доштем, ки чунин ислоњоти сиёсї кишварро аз бўњрон наљот медињад. Шояд, ин кор аз назари баъзењо ѓалат буд, вале ќаноати оппозисиюн дар он ваќт њамин буд. Воќеан, мо мехостем, ки як порлумоне сари кор ояд, ки дар назди мардум њисоботдињанда ва љавобгар бошад. Ва мардум, воќеан, дар интихоби вакилонаш бевосита таъсир дошта бошад. Шахсонеро бояд интихоб намоем, ки дар оянда ходими мардум бошанд. На ин ки раису њокиму подшоњи мардум. Ин буд андеша ва назари мо дар њамон замон. Яъне нияти ќудратро гирифтан набуд. Бале, шояд, дар идораи кишвар нияти иштирок карданро неруњои мардумї ва исломї доштанд, аммо аз тариќи интихоботи одилона. Ва њамон миќдоре, ки халќ ба онњо овоз дињад. Яъне бо розигии мардум, на бо роњи дигар. На оппозитсия ва на Тўраљонзода ќасди гирифтани њукуматро надошт. Чунки шахсан ман њељ гоњ нияти мансаби давлатї гирифтан надоштам. Дар интихоботи президентии соли 1991 хоњиши зиёд карданд, ки номзадиамро ба президентї гузорам, розї нашудам. Рањмон Набиев аз ман илтимос карданд, ки ба њайси ноиби президенти ў бошам, рад кардам. Масъулияте, дар он шабу рўз бар ўњдаам буд, ки болотар аз њар гуна мансаби давлативу њукуматї медонистам. Тибќи эътиќоде, ки доштам, ман дар хидмати ислому мусалмонњо будам. Иззату икромро аз Худо медонистам. Бинобар ин обру њам доштам, имконияти васеи молї ва эњтирому њурмат њам доштам. Њеч намехостам, ки вориди сиёсат бишавам, сиёсат ба маънои гирифтани мансаби давлатї. Мунтањо бо њамин гирдињамої тамом шуд. Кишвари њамсоя фањмид, ки агар интихоботи демократї дар Тољикистон баргузор шавад, натиљањои он бо хостањои он мувофиќат нахоњад кард. Ман Ќирѓизистону Ќазоќистону Туркманистонро ин љо њамроњ намекунам, чунки онњо, воќеан, ба њаводиси Тољикистон дахолат надоштанд. - Дарвоќеъ, чаро Ўзбакистон барои пешгирї кардан аз ислоњоти сиёсї дар Тољикистон ба Хуљанд, Зарафшон, Турсунзодаву Њисор нею мањз ба номенклатураи Кўлоб такя кард? - Ба хулосае, ки ман дертар ба он расидам, хадамоти Ўзбакистон аз ихтилофњо миёни ману Њайдар Шарифзода ва њамчунин, ихтилофњои шадиди нањзатињои Кўлоб бо роњбарии Мулло Абдурањим ва Њайдар Шарифзода хабар дошт ва аз ин хуб истифода бурд. Дар

«

Як шарти дигар ин буд, ки аъзои њукумати интиќолї дар интихоботи порлумонї ширкат намекунанд. Интихобот баргузор мешавад ва кадом гурўње, ки пирўзу дастболо шуд, њукумати навро ташкил мекунад. Дар оянда низоми Тољикистон низоми порлумонї боќї мемонад.Азбаски мањалгарої дар мо бисёр решањои амиќ дорад, касе, ки президент шавад, майл ба мањалу хешу табори худ мекунад, хушбахтона, дар низоми порлумонї ба мањал авлавият додан имкон надорад!

«

њамон рўзњои митинги Кўлоб як нафар аз он љо пайдо нашуд, то ки бипурсад: оппозитсия кадом мансабро гирифт, ки шумо мегўед, њукуматро гирифтааст?... Чї хеле пештар гуфтам, баъди митинги аввал, ки охири моњи апрел тамом шуд, њеч таѓйироте дар њукумат ва мањалњо нашуда буд. Вазирон дар љойњояшон монда буданд, љонишинњояшон низ. Ва раисони вилоятњову њукумати ноњияњо низ. Ба њамин савол мехоњам таърихнигорони варзида љавоб гўянд, ки оппозитсия кадом вазифаро дар он ваќт гирифт? Аз Нуралї Давлат, аз Иброњим Усмонов, ки дар ин робита менависанд, хоњиш мекунам, ба ин савол посух бигўянд, ки соли 1992, баъд аз митинги аввал, оппозитсия ба ѓайр аз њодисаи гаравгонгирї, кадом кори ѓалат, ѓайриќонунї ва зидди манофеи миллї карда буд??? Ман мехоњам мардуми азизи Тољикистон фањмад, ки маќсад аз гирдињамої талаби мансаб набуд. Ваќте ки зидди гирдињамоии аввал гирдињамоии љавобї ташкил карда шуд ва мардумро аз Кўлоб ба пойтахт оварданд, раиси љумњурї Рањмон Набиев бо дигар роњбарони њукумат аз онњо хайра маќдам гуфтанд. Барои таъмини ѓизову зисти онњо сохторњои давлатї муваззаф шуданд. Кор то љое расид, ки он майдон мусаллањ гардонида шуд. Муродулло Шералиев, депутати Шўрои Олї ва сардабири "Садои мардум", дар дохили Шўрои Олї бо тири нафарони майдони "Озодї", "тарафдорони" њукумат кушта шуд. 450 нафарро мусаллањ карданд, ки бо ин амал тамоми ќонунњои кишвар поймол гардид. Яъне онњо бе даъвати Комиссариати њарбї, бе муоинаи тиббї, бе мушаххас кардани шахсияти онњо 450 нафарро бо сардории Бўрихон Љобиров, ки баъдан, ба ихтиёри Сангак Сафаров гузашт, бо силоњ таъмин намуданд. Аммо нашармида, ќасдан овоза андохтанд, ки Муродулло Шералиевро оппозитсия кушт. Дар даруни бинои Шўрои Олї оппозитсия чї кор мекард? Оппозитсия дар майдони "Шањидон" буд. Майдони "Озодї" дар ихтиёри, ба истилоњ, тарафдорони Рањмон Набиев ќарор дошт. Њол он ки майдони "Шањидон" мухолифи Рањмон Набиев набуд. Агар гуноњ мељўем, бояд аз ташкилкунандагони майдони "Озодї" љуст, ки ба-

рои чї онњо мардумро оварданд? Кадом ќарори Шўрои Олї, ки зери "фишор"-и оппозитсия ќабул шуд, ба манфиати Тољикистону миллат, аз љумла, мардуми Кўлоб набуд. Кадомаш? Интихоботи озод ба манфиати Кўлоб набуд? Ќабули Ќонуни асосии нав дар шароити истиќлолият ба манфиат набуд? Кадом кори майдони "Шањидон" бародарони кўлобии моро дар ѓазаб овард? Ман бисёр мехоњам инро бифањмам. Наход, ки ба љуз, ба истилоњ , "чашмакзании Тўраљонзода" онњоро овард? Чашмакро барои чї ва ба сўи кї задам ман? Ин, аслан, аз мантиќ дур аст. Мутаассифона, ягон тањлилгари љиддї намехоњад ин масъаларо тањлил кунад. Чї ин мардумро ба майдон овард? Магар Кенљаев амакбачаашон буд, ки аз кор рафтанаш ба онњо сахт расида бошад. Њоло он ки Кенљаевро раиси КГБ (!) монда буданд??? Агар маќсадашон барќарор кардани Кенљаев ба мансабаш мебуд, њарчанд ман ба ин бовар намекунам, порлумон дар ихтиёрашон буд ва Сангаку Муллоњайдару Рустами Абдурањим, роњбарони майдони "Озодї" њамеша дар маљлисгоњи Шўрои Олї буданд. Штаби майдони "Озодї" дар дохили Шўрои Олї буд. Хуб, агар барќарор кардани Кенљаев њадафашон буд, барќарораш мекарданд. Чаро накарданд?? Чаро баъдан дар Хуљанд накарданд??? Аммо чаро ќарори баргузории референдуми Ќонуни асосї ва интихоботи порлумонро бекор карданд? Хулоса, масъала - масъалаи Кенљаев набуд. Масъала - масъалаи фурсат надодан ба мардуми Тољикистон барои ќабули Конститутсияи нав дар шароити истиќлолият ва интихоботи шаффофу озоди порлумони нав, яъне ислоњоти сиёсї буд. Сабаби асосии љанг њамин буд. Мањз барои њамин Ўзбакистон "Фронти халќї"-ро ташкил кард. Ташкилкунандањои "Фронти халќї" Сафаралї Кенљаев, Амирќул Азимов, Љўрабек Муродов ва баъзе роњбарони Хуљанд буданд. Онњо рафтанд ба Тошканд ва роњбарияти Ўзбакистонро мутаќоид карданд, ки "Фронти халќї"-ро ташкил намуда, онро аз љињати молиявию низомї таъмин кунанд ва онњо неруњои мардумии тољикро аз решааш мањв мекунанд. Яъне њадафи ташкили "Фронти халќї", ки инро баъдан роњбарони имрўзаи кишвар дар сўњбатњои хусусиашон ба мо ошкор гуфта буданд, љисман несту нобуд ва решакан кардани неруњои оппозитсионї дар Тољикистон буд, зеро наздашон чунин вазифа гузошта шуда буд. Бояд ягон "вовчик" дар Тољикистон зинда намонад. Аз ин хотир, бо як вањшонияти нињоят шадид неруњои "Фронти халќї" ба муќобили оппозитсия мубориза бурданд. Баъд аз он ки њукуматро дар Хуљанд гирифтанд, боз панљ соли дигар, ба истилоњ, "очистка" карданд ва њар касе , ки тарафдори оппозисиюн буд, дар майдонњо иштирок ва ё гунае хешутаборї ва низ рафтуомад дошт, бо таври физикї њар чї ќадар,ки аз дасташон омад, несту нобуд карданд. Њатто, кор то љое кашид, ки бисёрињоро, ки аз минтаќаи оппозисиюн - аз Ќаротегин, Бадахшон ва Кофарнињон буданд, ба мањзи мањалли таваллуд љисман мањв карданд. Ин кор то соли 1996 идома кард. Баъди он камубеш њукумат фањмид, ки иштибоњ аст, вале дар аксари њолат он афсарњое, ки дар Вазорати дифову амнияту дохила мансаб гирифта буданд, ба ин корашон идома медоданд. Ва то имрўз њам ба намояндањои собиќи оппозисиюн нафрат доранд, хусусан, дар сохторњои ќудратї. Ва њамин фаъолияти "фабрикаи љавоб" нишондињандаи он аст, ки то имрўз њамон нафрат ва бадбинї побарљост . Имрўзњо барномањое, ки дар телевизион пахш меку-

нанд, баёнгари ин гуфтањо аст. Бо вуљуде ки, таањњуд карданд, ба Худо ќасам хўрданд, ки якдигарро сиёњ ва бадном намекунанд, бо вуљуде ки, ду тараф њамдигарбахшї кард, санади афв ќабул гардид ва "лаънати Худо ба тарафе, ки тарафи дигарро сиёњ мекунад", гуфта, зери ин санад имзо карданд, лекин дар телевизион, њатто, дар соли 2013 барномањоеро бахшида ба рўзи Вањдат нашр ва љониби дигарро тањќиру сиёњ карданд. Њодисањои љанги шањрвандиро нишон дода, њар љое ки сияњкорони миллат, душманони миллат мегўянд, аксњои онваќтаи роњбарони оппозитсияро нишон медињанд. Ин баёнгари он аст, ки худи њукумат, ки доим аз вањдат гап мезанад, њарифи сиёсии собиќашро набахшидааст. - Яъне мисле, ки њоло аз њамон сулњу оштї пушаймон шудаанд? - Шояд, пушаймон њастанд, аммо мушкил он аст, ки росташро гуфта наметавонанд. Мушкил ин љост, ки аз вањдату сулњ сўњбат мекунанд, аммо амал зидди вањдат ва зидди сулњ аст. Дар бораи вањдат гап мезананд, аммо ба тарафдорони оппозитсия на танњо бовар надоранд, балки намегузоранд дар идорањои одии кишвар кор кунанд, њамеша сиёяњашон мекунанд, тањќир мекунанд, фишорашон меоранд. Пас, маълум њаст, ки оштї нашудааст. Вањдат нуќтаи нињоят баланди оштї аст. Њозир инњо оштї нашудаанд, чї расад ба вањдат. Мутаассифона, ин њаќиќати талхи муњити сиёсї аст. Ман чї гуфтан мехоњам ва манзурам аз ин њарфњо чист? Мо ба хотири мансаб, курсї ва ќудрат гиридињамої накарда будем ва мубориза набурдаем. Мо шурўъ аз моњи апрели соли 1993 бо намояндаи Созмони Милал гуфтугўро оѓоз ва омодагии худро барои музокира баён кардем. Тарњи Созишномаи оштии дуљонибро пешнињод доштем. Ин тарњ аз чї иборат буд? Дар Тољикистон марњалаи интиќолї ба мўњлати то яку ним сол ташкил карда шавад. Дар ин марњала аз шахсоне, ки аз намояндагони ду тараф нестанд, яъне бетарафанд, хусусан, аз технократњову олимњо њукумати интиќолї ташкил дода шавад. Ваќте ки ин њукумат ташкил шуд, дар ин муддат муљоњидину муњољирин бозмегарданд, силоњњоро месупоранд ва њамчунин, тибќи њамин созишнома "Фронти халќї" њам бояд силоњашро супорад. Њукумати интиќолии ташкилшуда бо сарпарастии Созмони Милал барои баргузории интихоботи озод замина омода намуда, албатта, бо иштироки намояндагии баробари њар ду љониб (50 ба 50) комиссияи њавзањои интихоботї ва комиссияи маркази интихобот ташкил менамояд, роњбарї ва назорати интихоботро низ Созмони Милал бояд ба зимма бигирад. Як шарти дигар ин буд, ки аъзои њукумати интиќолї дар интихоботи порлумонї ширкат намекунанд. Интихобот баргузор мешавад ва кадом гурўње, ки пирўзу дастболо шуд, њукумати навро ташкил мекунад. Дар оянда низоми Тољикистон - низоми порлумонї боќї мемонад.Азбаски мањалгарої дар мо бисёр решањои амиќ дорад, касе, ки президент шавад, майл ба мањалу хешу табори худ мекунад, хушбахтона, дар низоми порлумонї ба мањал авлавият додан имкон надорад! Ягон мањалли Тољикистон бе муттањидшавї бо дигар мањал имкони аксариятро дар порлумон ташкил кардан надорад. Њамин хусусиятњоро ба назар гирифта, мо ин пешнињодро ироа намуда будем, ки њам аз љанги бемаънї халос шавему њам њукумате ташкил намоем, ки љавобгўи ниёзњои тамоми љомеа бошад. Агар чунин мешуд, воќеан, Тољикистонамон дар сафи кишварњои мардумсолору демократї ва озод ворид мегашт. Њукуматњое, ки тариќи интихоботи озод сари кор меоянд, њатман, пеш аз њама ѓами мардумро мехўранд, дар фикри ризоияти ин-

12


10

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

МИНТАЌА

ЉАНГИ КАРЗАЙ БО ОБАМА

Миёни талошњои амрикоии сулњофаринї дар Афѓонистон ва шубањоти Карзай манфиатњои дуљониба ба хатар ќурбон шудан рў ба рў меоянд. Вале дар асл ду љониб хуб медонанд, ки бе њам наметавонанд буд

бош дар минтаќа маънои онро надорад, ки Вашингтон аз ќасди худ даст кашида бошад. Тўли ин бештар аз як дањсола амрикоињо маблаѓњои њангуфтеро масраф карданд, аз ин рў, онњо ба осонї минтаќаро аз даст намедињанд. Доктори илмњои таърих, профессор Александр Князев низ, таќрибан, ба њамин назар аст ва мегўяд, ба истилоњ, "амалиётњои зиддитеррористї" аз оѓоз вазифањои геополитикї доштанд ва њадаф њаргиз мубориза бо терроризм набуд. "Ин аз аввал маълум буд ва њоло аз натиљањои он пайдост. Дар Афѓонистон љанг поён наёфт, балки бўњрони дохилии он амиќтар шуд. Аз сўи дигар, мо шоњиди тањкими њарбии ИМА дар ин кишвар ва умуман, дар минтаќа њастем". Аз назари ин тањлилгар, ИМА, аллакай, пойдевори мустањками будубош дар минтаќаро бино кардааст. Масалан, равобити тираи ин кишвар бо Покистон метавонад баъди сари ќудрат омадани сарвари амрикогарои он Навоз Шариф ба њоли одї баргардад. Кўшишњои таъсиси инфраструктураи њарбї дар самти Хазар (бандари Актау дар Ќазоќистон) як вазъи зиддиятзоро дар минтаќањои барои Русия њассос - Осиёи Марказї ва Ќазоќистон аз сўе ва Ќафќоз аз љониби дигар ба миён меорад. Стратегияи зиддиэронии Амрико низ аз тариќи Афѓонистон бо њифзи пойгоњи низомии Шиндон дар Њирот амалї мешавад.

Вашингтон метавонад тактикаро дигар кунад, на ки биравад Профессор Александр Князев, њамчунин, мегўяд, Амрико њоло зиёд кўшиш дорад, бо вуљуди он ки Ќирѓизистон зери фишори Маскав "Манас"-ро аз амрикоињо бозпас гирифт, вале ноумед нест, ки ба њузураш идома медињад. ИМА метавонад шабакањои низомии худро дар Ќирѓизистон ("Манас"), Тољикистон аз тариќи Фурудгоњи Айнї, Фурудгоњи Шимкенти Ќазоќистон ва бандари Актау, фурудгоњњои њарбии Ўзбакистон ва Туркманистон бунёд созад, ки дар назари аввал, чандон муњим не-

« Талоши сулњпарварии амрикої, ки дар поёни њузури низомиаш дар ин кишвар роњандозї мекард, ба шикаст мувољењ мешавад. Ва на танњо ин, балки акнун ба назар мерасад, шояд, Обама тасмим бигирад, ки кулли неруњои амрикоиро аз Афѓонистон хориљ созад. Ин дар њолест, ки ќарор буд, то 9 пойгоњи муњташами ин кишвар дар Афѓонистон боќї бимонад. Охири моњи гузашта сарварони ду кишвар бо њузур дар як видеоконфронс бо лањни тунд бо њам дар муноќиша шуданд. Президенти Афѓонистон Њомид Карзай њамтои амрикоии худро ба мувофиќаи људогона бо Покистон муттањам кард. Љавобан ба ин Обама ба Карзай ёдоварї кард, ки сарбозони амрикої барои њифзи њукумати ў ба њалокат мерасанд. Баъди ин муноќиша Вашингтон шадидан дар фикри он шудааст, ки кулли неруњои худро аз Афѓонистон хориљ созад ва њама тавофуќоти ќаблан њосилшуда ва тарњњои бунёдии боќї мондан дар Афѓонистонро лаѓв кунад. Њанўз аввали моњи сентябри соли гузашта расонањо ин хабарро интишор дода буданд, ки Пентагон мехоњад неруњои низоми амрикої баъди соли 2014 низ ба теъдоди 25 њазор нафар дар Афѓонистон бимонанд. Ва аксари онњо сарбозони ќисми таъиноти махсус хоњанд буд. Ин пешнињод ва ин ѓоя аз љониби вазирони дифои кишварњои Аврупо низ пуштибонї ёфт. Онњо низ мехоњанд дар Афѓонистон њузур дошта бошанд, вале танњо ба он шарт, ки сарбозонашон дар амалиятњои низомї мустаќиман ширкат накунанд. ИМА аллакай базаи њуќуќии доштани пойгоњи низомї дар Афѓонистонро дорад ва ин њамон муоњада дар бораи њамкорињои низомиест, ки моњи майи соли равон дар Кобул имзо шудааст. Аммо бар ивази ин њузури низомї ИМА ўњдадор аст дар рушди инфраструктураи саноатии Афѓонистон сањм гирад. Яъне њузури низомї акнун як љониби масъала аст ва љониби дигар, таваљљўњ ба бунёди корхонањои саноатист. Ва мўњлати он низ мушаххас аст: то соли 2024 Амрико барои пешрафтњои саноатии Афѓонистон кўмак мекунад. Вале њаљми ин кўмакњо эълон нашудаанд. Тибќи иттилои расмї, њоло дар Афѓонис-

тон 63 њазор сарбозону афсарони амрикої њузур доранд ва то моњи феврали соли оянда теъдоди онњо то 34 њазор нафар коњиш дода шавад. То охири соли 2014, ќарор аст, низомиёни амрикої Афѓонистонро комил тарк кунанд. Аммо ихтилофи назар миёни ду кишвар танњо ин нест, ки Амрико бимонад ё биравад. Карзай ИМА-ро муљиби рушди бунёдгароии исломї дар минтаќа медонад. Дар дохили Афѓонистон бошад, њолати дигар њоким шудааст. Њамлањои Толибон шиддат ёфтааст, амнияти нисбї њам зери хатар аст. Илова бар ин, Вашингтон мегўяд, Карзай омодааст ба он нигоњ накарда, ки интихоби навбатиашро конститутсияи кишвар иљоза намедињад, дар ќудрат боќї бимонад. Аз сўи дигар, дурнамои 8 миллиард доллар кўмаки солонаи амрикої ба Афѓонистон њам зери суол аст ва маълум нест, ки дар сурати хуруљи комил таањњудоти ќаблї боќї мемонад ва ё Вашингтон дар он низ таљдиди назар мекунад. Ин њама њоло гўмагўњо, тасмимњое, ки амалї шуданашон њам зери шубњо ќарор дорад. Чун њадафи Амрико хуруљи комил нест, балки боќї мондан ба теъдоди мањдуд, њузур доштан дар минтаќа бо њар васила аст. Њарчанд гуфтушунидњо сари ин масъала дар гузашта њам чандон корсоз ва муваффаќиятомез набуданд. Вашингтон мекўшад њамвора бо ифшои асроре Њомид Карзайро забонкўтањ созад, аммо Карзай њам паст намеояд: бо бањонаи натиљаи баргузории ин ё он амалиёти номуваффаќи амрикої ва НАТО, ки муљиби марги бегунањон мегардад, ангушти иттињом сўи Кохи Сафед дароз мекунад ва низомиёни ин кишварро ба ќатли бегуноњон ва харобии бештари шањру рустоњо гунањкор медонад. Њамзамон бо ин, Кохи Сафед њам њукумати Кобулро ба рушди фасод гунањкор мекунад ва Карзайро ба муборизаи самарабахш дар ин самт даъват мекунад. Њомид Карзай борњо Амрикоро ба он муттахам карда буд, ки паси парда бо Толибон бидуни ширкати њукумати расмии Кобул гуфтушунид мекунад. Вай мегўяд, њар гуна музокирот танњо бо ширкати љонибайн муфид ва созанда аст ва мулоќоти људогонаи эммиса-

рњои Кохи Сафед бо намояндагони Толибон мизони бовариро коњиш медињад ва боиси шубњаоти зиёд мегардад. Аммо вазири дифои Амрико Хейгел ин иддаоро рад карда буд ва мегуфт: "Ман ба президент (яъне,ба Карзай) фањмонидам, ки њамкорињои Иёлоти Муттањида бо Толибон, аслан, асоси воќеї надоранд". Намояндаи Маркази тањќиќоти стратегї ва байналмилалии Амрико Энтони Кордсман мегўяд: "Нигаронии љиддї вуљуд дорад, ки гуфтушунидњои сулњ метавонанд комилан бемаъно бошанд, танњо боиси идомаи љанг бо истифода аз воситањои дигар гарданд". Артиши њукуматї дар Афѓонистон 350 њазор нафар раќам зада мешавад, вале тањлилгарон бар ин назаранд, ки баъид аст, тавони онро дошта бошад, ки ба муќобили њамлаи гурўњњои мусаллањи зиддидавлатї муќовимат кунад.

Амрико њељ гоњ ќасд надорад аз Афѓонистон биравад Ин аст назари Дмитрий Попов, роњбари Маркази информатсионї-тањлилии Пажўњишгоњи тањќиќоти стратегии Русия. "Ба назари ман, њадафи эълоншудаи њамла ба Афѓонистон ба воќеияти ин њамла ба њам мувофиќ нестанд. Њадафи аслї -мубориза бо терроризми байналмилалї аст, ки амалан Вашингтон ба манфиатњои худ аз он чун дар Сурия ва Либия истифода мебарад. Њадафи воќеї бошад, тањкими њарбї-сиёсї дар бахши марказии ќитъаи АвруОсиё дар наздикии марзи Эрон, Чин, Њиндустон ва кишварњои узви СПАД мебошад. Аммо ба назар мерасад, ба ин њадафи аслї комилан муваффаќ нашуданд, њарчанд Вашингтон бисёр ќўшиш кард, дар ин самт комёбї дошта бошад. Вале хастагї њис намешавад, пайваста гуфтушунид мекунанд, ки ба теъдоди 9 пойгоњи њарбї дар нукоти гуногуни Афѓонистон боќї бимонанд". Геннадий Чуфрин, доктори илмњои иќтисодї, мегўяд, "њатто, нокомї дар тарњи буду-

ИМА аллакай базаи њуќуќии доштани пойгоњи низомї дар Афѓонистонро дорад ва ин њамон муоњада дар бораи њамкорињои низомиест, ки моњи майи соли равон дар Кобул имзо шудааст. Аммо бар ивази ин њузури низомї ИМА ўњдадор аст дар рушди инфраструктураи саноатии Афѓонистон сањм гирад. Яъне њузури низомї акнун як љониби масъала аст ва љониби дигар, таваљљўњ ба бунёди корхонањои саноатист. Ва мўњлати он низ мушаххас аст: то соли 2024 Амрико барои пешрафтњои саноатии Афѓонистон кўмак мекунад.

«

станд, вале нек бингарї, дар якљоягї як неруи азимро метавонанд ташкил дињанд. Ба сурати умум, метавон ба хулоса расид, ки таљдиди назар дар дурнамои њузур дар минтаќа барои Амрико хуруљи комил нест. Њарчанд Карзай бештар тунд њарф мезанад ва мебинад, ки Вашингтон мехоњад дар остонаи берун бурдани бахши азими неруњояш бо гуфтушунид бо Толибон заминањоро барои њузури ояндааш муњайё созад, худро тањќиршуда мебинад. Зеро ўст президент ва бояд њар гуфтушунид сари ояндаи Афѓонистон бо ширкати ў ва намояндагони ў доир гардад. Њоло дида мешавад, ки дигар Вашингтон њам наметавонад ин хостароо сарфи назар кунад. Интизор меравад, ваќтњои наздик тактикаи дигари стратегияи мондан дар минтаќа аз љониби Кохи Сафед матрањ мешавад, ки он бурунрафти комилро дар назар нахоњад дошт.

Фирўзи МУЊАММАД


МУЊОЉИРАТ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

11

Хайём дар Питер Ба ман гаштугузор намудан дар хиёбони Александр Невскии шањри зебои Санкт - Петербург хеле хуш меояд. Алалхусус биноњои ќадимаи сохти барокко, кањвахона ва маѓозањои гуногунаш. Гуруњ- гуруњ одамон дар такопўи зиндагї. Аз ин лањзањои ширини њаёт, ки Офаридгор арзонї доштааст, лаззат мебаранд ва банда низ. Ин лањзањо як њаловату кайфияти хоссае доранд. Баъди нўшидани ќањва ва тамошои манзарањои аљоибу дилфиреб ман роњ ба маѓозањои китобфурўшї мегирам. Дар ин хиёбон шумораи китобхонањо хеле зиёданд. Барои ман ташриф ба ин маѓозањои китоб як роњи истироњат буда, асабро ором, кўфти рўзро мебарорад. Камоли ифтихор ва хурсандист, ки дар ин маѓозањо дар ќатори њазорњо номгўи китобњо офаридањои нобиѓањои тољику форс бештар вомехўранд. Аз он љумла, тарљумањои гуногуни рубоиётњои Шайх Умари Хайём. Дар ин пойтахти мадании Русия ман гаштугузор намуда, ба Ќахвахонаи "Рубаият", Тарабхонаи " Омар Хайям", " Наврўз" дучор омадам. Барои он ки фарзандони як миллат воњиду ягона бошанд, дар худ арзишњои умумие бояд доштан. Дар як ваќт фикр мекунам, аз мероси гаронмояи гузаштагонамон бохабару њифз намуда тавонистан низ санъат аст. Ин яке аз вариантњои идеяи миллї шуда метавонад? Андрей Панкратов аз як менељери кореягї сирру асрори давлати муттараќиву пешрафта шудани Кореяи Љанубиро пурсид. - Мо - кореягињо худро миллати воњиду ягона медонем, мумкин сирру асрор дар њамин бошад. Ин буд љавоб... Исмонхўља НУЪМОНОВ

Маѓозањои китобфурўшии Санкт-Петербург фоторепортажи ѓайрикасбї ва ё... дар љустуљўю дарёфти идеяи миллї

САДОИ МАРДУМ

РАЊМАТИЛЛО ЗОЙИРОВ НОМЗАДИ ЯГОНАИ МУХОЛИФИН ДАР ИНТИХОБОТ - 2013

27%

27%

Натиљаи назарсанљии ахири TojNews зери унвони " Кї номзади ягонаи мухолифин дар Интихобот - 2013 бошад?" баргузор гардид. Маълум шуд, ки Зойиров ва Кабирї бо гирифтани 27%- райъ номзади ягонаи мухолифин дар Интихобот - 2013 шуда метавонанд.

1%

Умаралї ? увватов

1%

Сайидумар Њусайнї

Ойнињол Бобоназарова

1%

Рањматилло Зойиров

1%

Раљаби Мирзо

Умед Бобохонов

0%

Муњиддин Кабирї

1%

Матлуба Улљабоева

Манзура Мањкамова

8%

Зайд Саидов

11% Додољон Атовуллоев

2%

Њољї Акбар Тўраљонзода

Абдулло Давлатов

19%

3%

Дар ин назарсанљї Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон бо гирифтани 27% (254 раъй) зидди 257 райъи ба рањматулло Зоиров додашуда дар љои дуввум ќарор гирифтааст. Дар ин пурсиш, ки дар он номи беш аз 10 номзади эњтимолї љо дода шуда буд, Додољон Атовуллоев, рањбари Љунбиши "Ватандор" бо бадаст овардани 19% маќоми саввумро ишѓол кардааст. Зайд Саидов 11% ва Њољї Акбар Тўраљонзода 8% раъйи интихобкунандагонро ба даст оварданд.

Дар ќатори ин афроди зикргардида номњои Абдулло Давлатов, Манзура Мањкамова, Матлуба Улљабоева, Умед Бобохонов, Раљаби Мирзо, Ойнињол Бобоназарова, Сайидумар Њусайнї ва Умаралї Ќувватов низ вуљуд дошт. Дар ин назарсанљии виртуалии TojNews, ки ахиран бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" аз 3 то 9-уми июли соли равон баргузор шуд, 942 нафар иштирок кард.


12

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

ВОКУНИШИ МАЌОМОТ

9 тихобкунандањояшон мешаванд, ки дар интихоботњои оянда њизбњояшон аз сањнаи сиёсї дур нашаванд. Яъне ин роње буд, ки дар тамоми дунё бо њамин роњ кишварњо рушд кардаву ихтилофоти мањалливу мазњабиашонро њал мекунанд. Аврупоро мисол намеорам, Њиндустонро, ки кишвари мисли мо осиёї аст, мисол меорам. Як кишваре, ки ќариб 200 миллион мусулмон ва 800-900 миллион њинду дар он зиндагї мекунад, боз миллатњои дигар њаст, лекин бубинед, на терроризм њаст, на экстремизм њаст, на нооромї њаст, на ихтилоф аст. Чаро? Барои он ки мансабдорони мањалливу федералї, воќеан, аз тариќи интихоботи озоду шаффоф ба идораи кишвар меоянд! Дар таблиѓи дину оин мардум озод аст, дар ривољу равнаќи фарњанги миллї ва диниашон озодии сад дар сад доранд, њукумат на танњо кордорашон намешавад, балки кўмак мекунад, фарњанги як миллатро аз миллати дигар болотар намедонад, як мазњаби муайянро аз дигар мазњабњо болотар намегузорад. Ва њар чор ё панљ сол аз тариќи интихобот назди мардум њисобот медињанд. Ин демократияи шарќї аст. Њоло њам мо тарафдори онем, ки низоми давлатдории Тољикистон, чї тавре ки њаст, дунявию њуќуќбунёд боќї бимонад, аммо дунявие, ки мисли Њиндустон хостањои динии мардумро эњтирому эътироф бикунад. - Дуруст аст, ки мухолифин бо фишори њукумати Бурњониддини Раббонї аз хеле пешнињодоти худ гузашт кардаанд? - Солњои 93-94-95, то даме, ки Толибон ба остонаи Кобул наомаданд, дар мавзўи гуфтушунид њељ гуна фишор аз љониби бародарони афѓонамон надоштем, ба љуз як ихтилофи љузъї, ки мутаассифона, Ањмадшоњи Масъуд аз Ризвон тарафдорї мекард. Иљоза намедод, ки мо Ризвонро халъи силоњ кунему љазояш дињем. Ўро дар зери њимояи худ гирифта буд. Ваќте ки Толибон наздиктар омаданд, њукумати ваќти Афѓонистон бо Русия робитаи хубу њасана дошт, масалан, пули афѓонї дар Маскав чоп мешуд, пуштибонии низомї њам аз тарафи русњо буд. (Баъди аз даст рафтани Кобул њукумати Раббониву Ањмадшоњ кўмакњои низомии Русияву Эронро танњо аз тариќи Тољикистон мегирифтанд). Табиист, ки русњо ваќте диданд, ки Толибон наздик мешаванд, хостанд, њарчї тезтар масъалаи Тољикистонро њал кунанд. Тарсашон ин буд, ки Иттињоди оппозисиюн бо Толибон якљоя мешаванд! Чуноне ки имрўз низ аз хуруљи неруњои НАТО воњима мекунанд. Агарчанде ки њељ ваќт мо ин фикрро надоштем! Дар љанги дохилии Афѓонистон мо аз ягон гурўњ тарафдорї намекардем, њарчанд аз њукумати Раббониву Ањмадшоњ миннатдор будем. Бо Дўстум њељ алоќае надоштем, онњо бародарони моро боздошт мекарданд, њатто, Давлат Усмонро њам боздошт карда буданд. Хулосатулкалом, русњо аз бародарони афѓон талаб карданд, ки пешнињоди оппозисиюн дар бораи халъи силоњи "Фронти халќї", канор рафтани њукумати мављуда ќобили ќабул нест, шумо онњоро маљбур кунед, ба њамин њукумат шомил шаванд. Дар навбати аввал, 50 дар сади мансабњоро пешнињод карда буданд, аз љумла, яктои он Вазорати дифоъ буд. Ман ќатъиян зид будам. Зидди њамин гуна тарњ, албатта, на зидди сулњ! Зеро мо барои мансаб гирифтан мубориза набурда будем. Ман њамеша мегуфтам, ки мардуми мо дањњо њазор шањидро барои мансабгирии Тўраљонзода, Њимматзода ва дигарњо надодаанд. Онњо барои озодии худ мубориза бурдаанд. Агар ин корро кунем, мардум моро намебахшад. Мутаассифона, бисёр касоне, ки ин суханњоро дар маљлисњо, нишастњо аз ман шунида буданд, шањид шуданд. Вале хушбахтона, баъзењо зиндаанд. Устод Абдунабї Сатторзода, Худойбердї Холиќназаров, Давлат Усмонов ва дигар бародарони нањзатї, аз барои Худо, хоњиш мекунам, дар бораи ин нуктањо њаќиќатро баён кунед. Дуруст нест, хомўш будан, тарсидан. Ин як амонат ва њаќиќати таърихист. Њоло доимо менависанду мегўянд, ки Тўраљонзода зид буд! Ман, воќеан, он сулњеро мехостам, ки Тољикистонро ба як давлати мутамаддин, ба як давлати мардумсолор ва замонавї табдил дињад! Давлате, ки њокими аслиаш на як гурўњу на як њизб ё як нафар, балки мардум бошад! Мехостам

«

Њољї Акбар Тўраљонзода:

Дар моњи ноябри 1996 дар минтаќаи Вахё неруњои њукуматї болои муљоњидин, ки тањти фармони худорањматї Мирзо Зиёев буданд, њамла карданд. Мехостанд онњоро нобуд созанд. Неруњои њукуматї дар ин љанг аз тарафи муљоњидини Мирзо Зиё шикаст хўрданд. Мирзо Зиёев на танњо Тавилдара , балки бо ёрии Муњаммадрўзї Искандаров ва Мирзохўља Низомов Тољикободу Љиргатол, Ѓарму Комсомолободро зери контроли њарбии оппозитсия даровард. Мирзо Зиё дар як муддати кўтоњ неруњои њукуматиро дар минтаќаи кони тиллои Шуѓнов торумор карда, нияти ба самти Ховалинг њуљум кардан дошт. Ваќте ки њукумат ва мушовирони русии он диданд, ки неруњои оппозитсия, воќеан, пирўз омаданду пурќувватанд, аз устод Раббониву Ањмадшоњ бисёр илтимос намуданд, ки оппозитсия аз идомаи пешравї даст кашад ва њарчи тезтар мулоќоти сарони ду тарафро дар Шимоли Афѓонистон ташкил кунанд. Аз сабаби он ки њукумати устод Раббонї аз пуштибонии низомии Русия вобастагии зиёд дошт ва ин кўмакњо танњо аз ќаламрави Тољикистон ба онњо мерасид, ин дархости љониби Русия ва Њукумати Тољикистонро иљро карданд. Ин пешнињод боз аз он љињат ба устод Раббонию Ањмадшоњ писанд омад, ки бо баргузоршавии ин мулоќоти байналмилалї иддаои Толибонро, ки мегуфтанд, тамоми Афѓонистонро онњо контрол мекунанд, рад мекарданд. Айнан, аз њамин нуќтаи назар, устод Раббонї моро водор намуданд, ки ба ин мулоќот розї шавем. Билахира, мо илтимосњои бародарони афѓонро ба назар гирифта, ба ин мулоќот дар дањаи аввали моњи декабр розї шудем, агарчи 23-юми декабр мулоќоти

"ИВАЗШАВИИ ЊОКИМ НАБОЯД НИШОНАИ НОАМНЇ БОШАД" мардум тариќи интихобот њукуматашро интихоб кунад ва боз тариќи интихоб, агар маъќул нашуд, барканораш кунад! Он ваќт ин гуна Тољикистонро орзу мекардам ва имрўз њам њамин гуна Тољикистонро орзу мекунам! Ивазшавии њоким набояд нишонаи бесуботиву ноамнї бошад. Бубинед, дар Италия гоње мешуд, ки дар яку ним сол њукуматаш иваз мешуд, лекин ин кишвар њамеша тараќќї мекард. Истеъфои њукумат ва президентро набояд мусибату фољиа њисоб кард! Президент, вазирњо, депутатњо, мансабдорон њама хидматгори мардум бояд бошанд, миллат ба инњо маош медињад, халќ маоши онњоро таъмин мекунад. Чунин фањмро, мо, зиёиён дар тафаккуру зењни мардум љой кунем, зеро њаќиќати њол њамин аст! Имрўзњо зиёиёнро танќид кардан мумкин аст, ки ин нуктаро ба мардум намефањмонанд! Баръакс, андешаи ѓуломиву шахспарастиро ривољ дода истодаанд. Мардумро ѓулом тарбия намуда, илќо менамоянд, ки гўё мардум бе хољаву сарвар њељ кор аз дасташ намеояд! Баргардем сари савол. Пофишорињои мо давом кард, мо њамаамон, чуноне гуфтам, зидди ин пешнињод будем. Аввал бо насињат буд. Дар як маљлис устод Раббониву Ањмадшоњу генерал Фањим ва аз љониби мо се нафар : устодон Нуриву Њимматзода ва банда сари ин мавзўъњо сўњбат доштем, њарф мезадему бањс мекардем, мегуфтам, ки агар мо ба њукумат дохил шавем, тарафдорони мо ба рўямон туф мекунанд, моро лаънат мекунанд, мегўянд, ки наход, ин њама мањрумияту љонбозињо ва шањид доданњоро ба хотири мансабгирии шумо карда бошем! Наход, фарзандони мо ба хотири њамин мансабгирии шумо шањид шуда бошанду хонаву дарамонро ба њамин хотир тарк карда бошем. Наход, ин чор сол машаќќати ѓарибиву сардиву гармињоро ба њамин хотир та-

Ивазшавии њоким набояд нишонаи бесуботиву ноамнї бошад. Бубинед, дар Италия гоње мешуд, ки дар яку ним сол њукуматаш иваз мешуд, лекин ин кишвар њамеша тараќќї мекард. Истеъфои њукумат ва президентро набояд мусибату фољиа њисоб кард!

«

њаммул кардем, ки шумо соњиби мансаб шавед?! Њатто, гуфтем, ки чаро худи шумо дар ваќташ шомили њукумати Наљибулло нашудед, ки моро акнун маљбур мекунед, вориди њукумати Эмомалї Рањмонов шавем!? Хулоса, бањсамон ба љое намерасид. Дар музокирот низ љониби њукумат пешнињодњои моро ќабул намекард. Се давраи музокирот, ки дар Ашќобод доир шуд, бе натиља ба поён расид, зеро њукумат ба њељ ваљњ пешнињодњои моро ќабул намекард. Пешнињоди мо њамоно ташкили њукумати интиќолии технократї буд. Љониби њукумат иддао пеш меовард, ки ин њукумат конститутсионї аст ва њељ куљо намеравад! Бањсњо торафт доманадор ва кашол меёфтанд. Дар чунин вазъият бародарони афѓонистонї, ки вазъашон бад шуда буд, ошкоро ба тањдид гузаштанд. - Тањдид ба љони роњбарони мухолифин? - Ултиматум гузоштанд, ки ё ба њукумати Рањмонов дохил мешавед, ё аз Шимоли Афѓонистон баромада равед! Хусусан, мавќеъњои низомиатонро пароканда кунед. Бозињои пасипардагию интригањо торафт бештар мешуд. Њукумат, њатто, кўшиш мекард, ки байни ману устод Нурї ихтилоф эљод кунанд, маро душмани сулњ мегуфтанд, кўшиш мекарданд, сўњбат бо устод Нурї танњо ба танњо, бе иштироки банда баргузор гардад, ба торњои мањал нохун мезаданду мегуфтанд, ки як бор тољикони њаќиќї сари ќудрат омадаанд. Биёед, якљоя шавему њукуматро аз даст надињем, дар ин љанг кињо мурданд, асосан, мардуми Рашту Кўлоб. Тўраљонзода зарафшонї аст ва аз ин рў, парвои мардуми моро надорад... ва аз њамин ќабил суханњо. Њол он ки њафт пушти ман аз Ромитанд. Њамин тавр, тибќи тавофуќ, 23-юми декабри соли 1996 бояд дар Маскав мулоќоти ду тараф дар сатњи олї баргузор мешуд. Чун њамеша њукумат пеш аз музокироти дуљониба кўшиш мекард ба неруњои оппозисиюн њуљум намуда, пешравии њарбие ба даст орад ва аз њамин тариќ, дар рафти музокирот ба љониби мо фишор оваранд. То охири соли 96 њамеша бо тамасхур мегуфтанд, ки талабу дархостњои шумо аз имкониятњоятон хеле зиёд аст ва ѓайра.

сарони ду тараф дар Маскав таъин шуда буд. Хуб, ин дигар ба ќазовати хонанда ва таърихнигорони варзида аст, ки чаро Њукумати Тољикистон ва пуштибонони русиягиашон то 23-юми декабр мунтазир нашуда, ољилан 9-уми декабр мулоќоти сарони ду тарафро дар Шимоли Афѓонистон ташкил намуданд. - Чаро мањз дар Шимоли Афѓонистон? Чаро дар Эрон ва ё Туркманистон не? - Сабаби асосї ин буд, ки љониби њукумат мехост ин мулоќот танњо бо устод Нурї ва бидуни ширкати ман доир гардад. Зеро онњо бисёр хуб медонистанд, ки банда бо сабабњое, ки барои онњо маълум аст, ба Афѓонистон намеравам. Чаро? Дар ин бора дар ёддоштњоям ба тафсил баён доштаам. Хулоса, бо сардории устод Нурї бародарон Латифї, Сатторзода, Љумъабой Ниёзов, Њабиб Сангинов, Худойбердї Холиќназаров ва дигарон ба Толиќон сафар карданд. Љониби њукумат аз омадан ба Толиќон даст кашид ва пешнињод намуд, ки дар яке аз дењањои дохили кўњ бо номи Хусдењ мулоќот баргузор шавад. Пеш аз рафтани њайат љаласаи роњбарияти ИНОТ дар Эрон баргузор ва ќарор шуд, ки дар ин мулоќот ягон санад ба имзо нарасад, танњо бо табодули назар иктифо кунанд. Зеро баъди 12 рўз, яъне 23-юми декабри 1996 дар Маскав мулоќоти сарон дар наќша гирифта шуда буд. Аммо њадафи асосї аз ин сафар, аз дидгоњи мо, дар он ваќт, хурсанд кардани њукумати устод Раббонї буд. Аз њамин хотир, банда ва устод Њимматзода дар ин мулоќот ширкат накардем. Мутаассифона, устод Нурї (Худо рањматашон кунад) ба хотири сулњ ва фишору илтимосњои устод Раббонию Ањмадшоњ, бо вуљуди тавофуќи ќаблї, гузаштњои нињоят зиёд карданд. На танњо пешравии неруњои оппозисиюнро мутаваќќиф карданд, балки идорањои давлатиро дар тамоми марказњои ноњияњои озодшудаи водии Рашт барќарор карданд. Хулоса, њамин гузаштњо сабаб шуд, ки имрўзњо вањдати њаќиќї дар Тољикистон барќарор нагашт. Зеро он љомеаи озоду мардумсолоре, ки мо орзуяш доштем, бунёд нашуд. Зеро як тараф худро пирўз ва тарафи дигарро маѓлуб њисоб кард. - Чаро њоло шумо намехоњед ё наметавонед ошкоро дар канор ва ё сафи роњ-


ТАБЛИЃ барони неруњои мухолифи феълї бошед? - Чаро ман намехоњам аз љумлаи роњбарони мухолифин бошам? Барои он ки ман худамро гунањкор њисоб мекунам, ки натавонистем низоми давлатдории ормонии худро бунёд кунем. Бинобар ин, ба фикри ман, аз тариќи роњбарони пешинаи мухолифин таѓйирот ба вуљуд намеояд. Мардум њаќ дорад, њар як рўзноманигору тањлилгари сиёсї њаќ дорад, ки гўяд: шумо натавонистед! Албатта, ин суханњо ба мо сахт мерасад ва њамчунин, ваќте мегўянд, ки барои мансаб мубориза бурдед, лекин њељ фикр намекунанд, ки чаро мо вориди њукумат гаштем? Њаќиќат ин аст, ки моро маљбуран шомили њукумат гардониданд. Аз сентябри соли 1997 то охири феврали соли 1998 ман ягон мансабро ќабул накардам. Моњи ноябр ё декабри 1997 бо талаби президент Рањмонов доктор Вилоятї, вазири хориљаи Эрон, маро бо худ ба Австрия барои мулоќот бо президент бурд. Дар ваќти мулоќот президент пешнињод карданд, ки биё, кадом вазифае хоњї, омода њастем, ба шумо бидињем. Ман гуфтам, ки барои вазифа мубориза набурдаам ва њељ вазифае ба ман даркор нест. Шумо кишварро орому осудаю њаќиќатан, демократї созед, розигии ман њамон аст, ваќту соаташ шавад, боз мегардам. Хулоса, пешнињоди эшонро ќабул накардам. Баъдан, тамоми дўстони маро дар дохилу хориљ дар байн дароварданд, то ки ман баргардам, ќабул накардам. Билахира, њазрати ќиблагоњї (Худо рањматшон кунад), он касро ба байн дароварданд, ночор розї шудам, зеро наметавонистам амри падарро рад кунам. Аммо барои ман, ба унвони як нафари аз сањнаи сиёсат каноррафта, муњим он аст, ки кишвар, билахира, ором шавад ва суботи њаќиќї дошта бошад. Суботи кишварро бо мањдудсозии њуќуќњои сиёсиву динии шањрвандон намешавад таъмин кард. Субот он ваќт барќарор аст, ки мардум, воќеан њам, аз љињати њуќуќњои сиёсиву диниву иќтисодиаш озод бошад. Танњо аз тариќи интихоботи озоду шаффоф, аз тариќи њисоботдињанда будани њуку-

мат ва порлумон дар назди мардум ин њуќуќњоро метавон ба даст овард. Бо саркўб кардани мухолифин, бо душмансозї аз озодандешон субот таъмин намешавад. Мутаассифона, имрўз њар касе гўяд, ки интихобот бояд озоду шаффоф бигзарад, ўро гунањкор мекунанд, ки љанг мехоњад. Касе озодї талаб кунад, мегўянд, ки шумо љанг мехоњед. Ин њарфњо, ки дуруст нестанд. Њељ одами оќил љангро намехоњад. Мо мехоњем, ки пеши љанг гирифта шавад. Пеши љанг бо таъмини озодињои сиёсї, динї ва иќтисодї гирифта мешавад. Озодии сиёсї, яъне чї? Яъне овози ман дуздида нашавад, ман ба нафаре ва ё њизбе, ки мехоњам, тавонам, овоз дињам. Муаллимони фарзандони маро ба љиноятњои интихоботї љалб карда, беобру накунанд. Њамсояњоям барои хонасозї замин нахаранд. Озодии диниам набояд мањдуд шавад. Яъне озодона дар њар куљое, ки шариат иљозат додааст, ибодат кунам, динамро таблиѓ намоям, фарзандамро ба масљид бурда тавонам, барояш таълими диниро таъмин намоям, ба пўшиши либоси шаръии занону духтаронамон кордор набошанд, ба маросимњои диниамон - хайру худої, мавлуд ва тўю сурамон дахолат накунанд, ки чї тавр мо онњоро баргузор мекунем, яъне тўйи сурхи комсомолї ё тўйи исломї, хулоса, њар як шањрванди Тољикистон дар зиндагии

«

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

шахсиаш озод бошад. Њељ мансабдоре ба зиндагии ў дахолат накунад. Ба андозаи пошнаи туфлию њаљму дарозии риш кордор набошанд... Зеро беадолатињову мањдудиятњо дар оянда, эњтимол, кишвари моро низ мисли Мисру Либия ва Сурия гардонад. - Чаро мухолифин ба ин њама тан додаанд? - Тамоми муборизаи мо барои бозгашти шарофатмандона ва сохтани як љомеаи мардумї ва озод буд. Мо њадаф гузошта будем, ки иштибоњњои гузаштагони худро дар аввали асри 20 такрор накунем ва њатман, ба Ватан бо сари баланд баргардем. Њадаф ва маќсади мо курсї ва мансаб набуд. Аммо аз он ки имрўз њукумат ин њама фишору тањќирњоро бар мову љонибдорони мо раво медонад, табиист, ки розї буда наметавонам ва хомўш буда њам наметавонам. Ва ин норозигии худро њизбњо ва шахсиятњои сиёсї бо баёния ва изњорот муайян мекунанд. Аксарияти тарафдорони мо ќаноат доранд, ки њукумат имрўз аз тарафдорони љониби дигари сулњ - аз нањзат, аз тамоми роњбарони пешинаи оппозисиюн ва фармондењони он, њатто, аз соњибкороне, ки як замоне бо оппозисиюн буданд, интиќом гирифта истодааст. Бо вуљуди ин њама фишорњо, мо роњи интиќомро пеш гирифтанї нестем. Мо танњо тарафдори ислоњотем ва бинобар ин садоямон-

Њаќиќат ин аст, ки моро маљбуран шомили њукумат гардониданд. Аз сентябри соли 1997 то охири феврали соли 1998 ман ягон мансабро ќабул накардам. Моњи ноябр ё декабри 1997 бо талаби президент Рањмонов доктор Вилоятї, вазири хориљаи Эрон, маро бо худ ба Австрия барои мулоќот бо президент бурд. Дар ваќти мулоќот президент пешнињод карданд, ки биё, кадом вазифае хоњї, омода њастем, ба шумо бидињем. Ман гуфтам, ки барои вазифа мубориза набурдаам ва њељ вазифае ба ман даркор нест. Шумо кишварро орому осудаю њаќиќатан, демократї созед, розигии ман њамон аст, ваќту соаташ шавад, боз мегардам.

«

13

ро баланд мекунем. Ва таъкид мекунем, ки ин фишору тўњматњо кори ѓалат аст, роњи дуруст нест, ин амал кишварро ба харобиву љангу љангљол мебарад ва роњи ягона ислоњот аст. Ва мехоњем, ки ин ислоњот бо роњбарии худи њамин њукумат анљом ёбад. - Талош накардед, маќоми масљиди "Муњаммадия"-ро барќарор кунед ? -Масљиди љомеи "Муњаммадия"-ро бо ќарори додгоњ барњам доданд ва мо бовар дорем, ки дубора иљозат намедињанд. Њатто, агар рафту, иљозат дињанд њам, бо ин шароите, ки болои масљидњо овардаанд ва онро ба минбари таблиѓотии њукумату таърифи мансабдорон табдил додаанд, аз будани ин гуна масљид набуданаш њазор бор бењтар аст. Зеро дар шариати исломї масљид љоест, ки тибќи талаботи ќуръонї ва "аннал масољида лиллоњ фало тадъу маъаллоњи ањадо"(сураи Љин), ки Худо мегўяд, масљид хос ва фаќат барои Худо аст ва дар масљид ба љуз Худо ва Расули Худо њељ касро мадњу сано кардан мумкин нест, њаром аст. Дуои хайр мумкин, аммо ба њељ ваљњ, њељ касро дар он таърифу тавсиф кардан мумкин нест. Агар њар масљиде, ки ин сифат ва њамчунин, изни ом (яъне озодона ворид шуда, ибодат кардани мардумро надошта бошад - чи мард бошанд ва ё зан ва ё љавонњои аз 12-сола боло)-ро надошта бошад, онро масљид, хонаи Худо њисобидан љоиз нест. Ин аст њукми фиќњи мазњаби њанафї доир ба сифатњои масљид. Масљиде, ки дар он мадњу санои њоким мешавад, масљиде, ки дар он ќарорњои њукуматро мехонанд, масљиде, ки дар он номаи Кумитаи динро њар рўзи љумъа ба љои Ќуръон ќироат мекунанд, имомашро намозхонњо не, балки "началник"-њои бенамоз таъйин мекунанд, чунин биноњо дигар маќоми исломии масљид - хонаи Худоро надорад. Аз нигоњи ќонунгузории Тољикистон, њамчунин, биноњо масљид нею иттињодияи динї номгузорї шудаанд. Дар чунин шароит чунин ном, шояд, дурусттарин таъбир бошад. - Ташаккур, барои сўњбати ошкоро. - Марњамат, кўшиш мекунем, ки дар хидмати мардум бошем.


14

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

БО ШОИР

Љўёи САМАРЌАНДЇ Дигаргун карданам амри муњол аст, Маро модар чунин зодаст, бобо! 1995 Ба доктор Ањсан

МО КЎДАКЕМ Мо кўдакони содаи рустоизодаем. Бас дида рўи оламу одам њанўз оламнадидаем, одамнадидаем. (Олам дигар будаст! Одам дигар будаст!) Пиндори мо аз оламу одам њубобу бас.

(11) Гар дигарон зи "Чакман"-и Гогол рўиданд, Ў аз даруни шеъри Рўдакї омад бурун. Пур кард љои нуќтаи девони Рўдакї, Дар осмони шеър як истора шуд фузун. Њамроњ бо Ќаноату Бозору Гулназар Дар шеъри асри бисти мо ў кард инќилоб Бо кўлбори пуру бо фотињаи ниё, Бо он њама љасорате к-ўро буд аз шабоб.

Мо кўдакони содаи рустоизодаем. Якрўб якзабонаю якрафт будаем. Гаправ набудаем, Чаправ набудаем, Хаправ набудаем.

Берун нарафт аз Ватан њангоми гарму сард, Њар вожаи чакомааш армони халќ буд. Мардум ба рўзи сўгу сур хонанд шеъри ў, Сарводањои ў кунун барњаќ зи халќ шуд.

Мо бандагии њазрати одам накардаем. Чашмони хеш њар замон пурнам накардаем. Як зарра аз ѓурури худ кам њам накардаем. Љуз пеши пои модарон сар хам накардаем.

1999 Ба Фотењи Абдуллоњ

ЖАКОН

Мо кўдакони содаи рустоизодаем. Ду даст сўи кору дил бар ёр додаем. Маънии зиндагї агар пуркарди рўдањост, Мо по ба фарќи зиндагї кайњо нињодаем. 1992

БЕЊТАРИН ШЕЪРИ ХУДО КАЙЊОНИ КЎЧАК Я не люблю, когда мне лезут в душу, Тем более - когда в нее плюют. Владимир Висотский Шаробию хароботим хонї, Намедонї валекин кистам ман. Ту мехоњи ки бошам чун дигарњо, Агар ман худ набошам, нестам ман. Зи њар сўю ба њар сў гармии дил На овардан, на бурдан метавонї. Даруни танг дунёе ки дорї, Ту не зистан, на мурдан метавонї. Худованд одамиро офаридаст Ба њар рангу забону кешу миллат. Яке гарму яке сарду яке тунд, Агар њамгун набошад, нест иллат. Худованд одамиро офаридаст, Ва њар инсон чу кайњонест кўчак. Ба як љо зиндагонї мезанад љўш, Дигар љо холию хомўшу пуччак. Ба рангорангиаш зебост дунё, Зи якрангист дарду захму иллат. Зи якрангї бимирад дар бадан хун, Чї суд аз пайкари берўњи миллат? Дар ин дунё ду-се рўзе ки њастем, Бибояд зист зебо, мурд зебо.

Бас нанг кашида хўрдам санг, Мансураму интизори дорам… Ман рафтаму баъди рафтани ман Байту ѓазал аст ёдгорам. Бархоста аз Мазор будам, Бигрифт Лучоб дар канорам.

Фартут гашт кишвару ўро Боистатар зи гўру кафан нест… Аќли куњан ба маѓзи љавон нест, Фикри љавон ба маѓзи куњан нест… Маликушшуаро Бањор Ассаломи ман дурўѓин. Њар каломи ман дурўѓин. Рўзу шабњоям дурўѓ аст, Субњу шоми ман дурўѓин.

Эй зан, эй зан, аз куљої? Аз Сурайё ё сарої? Метаровад аз нигоњат Нури гарми оњурої. Сап-сафедию муназзањ Чун ѓазалњои нимої. Санги оташзой гоње, Гоњ чун оташрабої. Ранљњоро мезудої, Дардњоро мўмиёї. Аќлу динро интињої, Њар љунунро ибтидої, Гар Худованд аст шоир. Бењтарин шеъри худої. Беш аз ин Љўё чї гўяд, Шармаш ояд жожхої.

Њам сахои ман дурўѓин, Њам сафои ман дурўѓин. Ањду паймонам дурўѓ аст, Њам вафои ман дурўѓин. Инќилоби ман дурўѓин. Интихоби ман дурўѓин. Сўгу сури ман дурўѓ аст, Њам ѓурури ман дурўѓ аст.

1996 Дар сўги устод Лоиќ

Аз баду некам хабар нест, Зиндагї дорам дурўѓин. Чун худогумкардаам ман, Бандагї дорам дурўѓин. 1992

АЗ МАЗОР ТО ЛУЧОБ (1) Ман зинда њаме ба бўи ёрам, Аз мурдани хеш ѓам надорам. Чун сарф ба роњи шеър кардам Њар чиз ки дод Кирдгорам. Эй халќ, чї кардї бо худу ман? Эй мояи нозу ифтихорам? Як шањр хамўшу ман ѓамоѓўш, Ѓамњои шумост карда корам. Биншаста будам ба сўги модар, Захмои Ватан рабуд ќарорам.

КАЉ Каљќадамро љодаи њамвор каљ. Каљќаламро љумлаи осор каљ. Каљгумонро одами њушёр маст, Каљнигањро гунбади даввор каљ. Андарунро бозгў бошад бурун, Каљњадафро хонаю девор каљ. Каљтабиат кай пазирад ростї, Ў зи модар омада бисёр каљ. 1997

1.Занду Позанд - номи китоби тафсирии "Авесто" дар забони пањлавї


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД...

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

?-И НОБОБ АНДОЗСУПОРАНДА ЧЇ ЊУЌУЌ ДОРАД? - Маъмурони андоз њар ваќте хостанд савдогарону соњибкоронро тафтиш мекунанд. Корманди давлатем гуфта ин рисолаташонро болои мардум миннат њам мекунанд. Дар ваќти тафтишу санљиш соњибкорону савдогарон дар баробари маъмурони андоз аз чї њуќуќу уњдадорињо бврхурдоранд? Нурулло САФАРОВ, сокини шањри Душанбе - Мувофиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон (Боби 3, моддаи 18) андозсупоранда чунин њуќуќ ва ўњдадорињо дорад: - аз маќомоти андоз доир ба андозњои амалкунанда ва таѓйирот дар ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон маълумот, инчунин оид ба тартиби њисоб кардан ва пардохтани андозњо ва пур кардани шаклњои њисоботи андоз шарњу эзоњ гирад; - манфиатњои худро оид ба масъалањои муносибатњои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муњофизат намояд; - дар њолатњои муќаррарнамудаи кодекси мазкур натиљањои назорати андозро гирад; - оид ба санљиши њуљљатии дарпешистода огоњинома гирад, њангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намояд; - агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре муќаррар нашуда бошад, аз маќомоти андоз намунањои (бланкањои) аризањои андоз ва шаклњои њисоботро гирад, тибќи тартиби муќарраршуда њисоботи андозро дар шакли электронї пешнињод намояд; - ба маќомоти андоз оид ба њисоб кардан ва пардохт намудани андозњо аз рўи натиљањои назорати андоз шарњу эзоњ дињад; - на дертар аз 5 рўзи корї аз лањзаи аз љониби маќомоти андоз гирифтани аризаи хаттї оид ба њисоббаробаркунї бо буљет доир ба иљрои ўњдадорињои андоз аз вараќањои њисоббаробаркунии шахсиаш иќтибос гирад; - дар давоми 5 рўзи корї дар асоси аризаи хаттї маълумоти зеринро гирад, аз љумла дар бораи мављуд будан ё набудани ќарзи андоз, дар бораи маблаѓњои даромаде, ки ѓайрирезидент аз манбаъњо дар Љумњурии Тољикистон гирифтааст ва дар бораи андозњои боздошташуда (пардохтшуда); - маълумоте, ки барои пур намудани њуљљати пардохт бо маќсади иљрои ўњдадорињои андоз оид ба пардохти андозњо зарур аст, инчунин маълумотро оид ба усули пардохти андозњо дар давоми 1 рўзи корї аз лањзаи мурољиат ба маќомоти андоз гирад; - мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи кодекси мазкур ва дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нисбат ба санадњои санљиши андоз, огоњиномањо оид ба санадњои санљиши андоз, амали (беамалии) шахсони мансабдори маќомоти андоз шикоят намояд; - ба риояи сирри андоз; - иттилоот ва њуљљатњоеро, ки ба андозбандї дахл надоранд, пешнињод нанамояд; - мўњлати пардохти андозњоро тибќи тартиб ва шартњои муќаррарнамудаи кодекси мазкур тамдид намояд (ба таъхир гузорад); - ба бањисобгирї ё баргардонидани сариваќтии маблаѓњои андозњои барзиёд супоридааш ё аз ў ситонидашуда (андозњои ба буљет барзиёд дохилшуда); - аз шахсони мансабдори маќомоти андоз њангоми амалї намудани њаракатњояшон нисбат ба андозсупорандагон риояи ќонунгузории андозро талаб намояд; - бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї аз маќомоти андоз товони зарари дар натиљаи ќабули ќарор ва амалњои (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад. Андозсупоранда (агенти андоз) њамчунин дорои дигар њуќуќњои пешбининамудаи кодекси дар боло зикршуда мебошад. Ба андозсупорандагон њифзи судии њуќуќ ва манфиатњои ќонуниашон кафолат дода мешавад. Тартиби њифзи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии андозсупорандагонро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Њуќуќњои андозсупорандагон тавассути ўњдадорињои дахлдори шахсони мансабдори маќомоти андоз таъмин карда мешаванд. Иљро накардан ё иљрои номатлуби ўњдадорињо оид ба таъмини њуќуќњои андозсупорандагон боиси љавобгарии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мегардад Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ЧАРО? ЧАРО ПИСАРИ ЊАМСОЯ МАГНИТАФОНАШРО БАЛАНД МЕМОНАД? - Писари њамсоя дар набудани модараш дар хона дар дили шаб бо садои баланди магнитафонаш дар љони мо задааст. Ин њама њоло ба хайр ў бар замме, ки магнитафонро баланд мондааст раќсу њаёњўй низ мекунад. Магнитафонро бо садобаландкунак (калонка) монда гўё, ки инљо дискотека бошад. Оддитарин ќоидаи фарњанги шањрнишинро риоя намекунанд. Хайр рўз бошад ту хурсандї кун майлат, охир дар соати дуи шаб номаќул карда бо садои гўшхароши магнитафонат њамсояњоро безобита мекунї. Ба хотири њамсоягї ин писари синфи 10-ро мебахшам. Бори дигар агар боз кирдорашро такрор кард ба куљо мурољиат кунам, ки ба додам мерасанд? Нозигул КАРИМОВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Шањрванди гиромї, дар асоси Ќоидањои тартиботї љамъиятї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе дар кўчањо, майдонњо, боѓу соњилњои фароѓатї (пляж), наќлиёт ва дар дигар љойњои љамъимиятї, инчунин аз соати 23 00 то соати 6 00 дар хобгоњњои умумї ва манзили зист доду фарёд кардан, њуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобњои мусиќї, ба кор андохтан ё истифодадаи дастгоњњои садотаќвиятдињанда ё таљњизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии љамъиятї мегарданд ќатъиян манъ аст. Њамчунин дар њудуди марзиву маъмурии шањри Душанбе насб кардани радиошунавоњо, магнитофонњо ва карнайњои радио дар тирезањои биноњои истиќомотї ва хобгоњњои умумї ва кўчаву шоњроњњо манъ аст. Бозињои варзишї ва дигар чорабинињои фарњангиву шавќовар, ки доду ѓавѓоро таќозо менамоянд, танњо дар љойњои махсуси барои ин маќсадњо таъингардида (майдонњо) гузаронида мешаванд.Шањрвандоне, ки талаботи ин ќоидањои шањрнишиниро вайрон мекунанд тибќи кодекси њуќувайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд. Барои ислоњи вазъ Шумо, инчунин метавонед ба маќомоти мањаллї ва шуъбаи корњои дохилии ноњияатон мурољиат намоед. -Риояи тартиботи љамъиятї, ќоидаю меъёрњои санитарию гигиенї ва санитарию эпидемиологї дар њудуди маъмуриву марзии шањри Душанбе дар кўчаву мањаллањо, боѓу майдонњо, гулгаштањо, майдонњои варзишї, клубу театрњо, кинотеатрњо, наќлиёти шањрї, љойи кору истиќомат, инчунин дар дигар љойњои љамъитї масъулият ва ўњдадории њамаи шахсони мансабдору шањрвандон мебошад. Ба саволи Шумо аз Њукумати шањри Душанбе љавоб доданд.

ЛАТИФА - Очаљон, барои чї сари падарам тамоман мўй надорад? - Барои он ки ў аз њама боаќл ва донишманд аст! - А, барои чї мўи сари шумо ин ќадар дароз? - Дамата гир, хўроката хур, хунук мешавад… *** - Падарљон, ман имрўз аз паси троллейбус то мактаб давидаму 70 дирам сарфа кардам! - Каллаварам, агар аз ќафои таксї медавидї, 10 сомонї сарфа мекардї. Хуб набуд? *** Марди майзадае дар роњ ба сўи хонааш фикр мекунад: "ваќте занам мефањмад, ки боз маст њастам ѓур-ѓурро сар мекунад. Ягон чї фикр кардан даркор… Ёфтам, њамин, ки хона даромадам, як китобро мегираму гўё, ки мехонам, занам намефањмад, ки нушидаам…". Ва њамин хел њам мекунад. Оњистакак дарро кушода медарояд ва китоби аз њама калонро бо муќовањои чармин гирифта, рўи фарш мешинад ва ба хондан медарояд. Занаш: - Чї кор мекунї? - Намебинї чї кор карда истодаам? Бесавод, ќишлоќї… - Калаат пўсат, канї зуд чемоданро дар љояш гузошта, болои кат гузашта хоб кун… *** Марди шикорчие аз љангал нимашаб бармегардад. Занаш аз ў мепурсад: - Хирсро диди? - Не, надидам. - Агар медидї, чї мекардї? - Мепаррондам. - Агар милтиќат кор намекард - чї? - Ба болои дарахт мебаромадам. - Агар он љо дарахт намешуд? - Худамро ба даруни љўй мепартофтам. - Агар љўй намешуд - чї? - ЭЭЭЭЭ, нафањмидам. Ту зани манї, ё зани хирс?

ЧАРО? ЧАРО ПЕШ АЗ САФАР МУЌАРРАРОТИ ЌОНУНИ НАВИ МУЊОЉИРАТ БА МУЊОЉИРОН ФАЊМОНИДА НАМЕШАВАД? Баъди ќабули ќонуни нави муњољират дар Федератсияи Русия болои муњољирони кории тољик мушкилот зиёд шуд. Ќариб њар њафта истирдоди муњољирони кории тољик аз Русия ба Ватан сурат мегирад. Боздошту истирдоди муњољиронро аксар ваќт расонањои хабарии Русия ба наќзи ќонуни муњољират ё ягон љиноят дигар марбут медонанд. Чаро муњољирони мо ќабл аз сафар ба Русия аз тарафи Хадамоти муњољират бо гузаронидани семинару нишастњо ќоидањои будубош шиносої карда намешаванд? Чаро пеш аз сафар муќаррароти ќонуни нави муњољират ба муњољирон фањмонида дода намешавад? Њољї Алї Рўзиев, сокини ноњияи Љомї - Шањрванди гиромї, Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон пайваста бо муњољирони корї кор мебарад. Иддаое, ки мегўед чаро бо муњољирон корњои фањмондадињи бурда намешавад он комилан нодуруст ва беасос аст. Дар мавриди ќонунњои нави федералї оид ба муњољират гуфтанием, ки дар асоси муќаррароти нави кодекси љиноятї ва кодекси мурофиавии љиноии (просесуалї) -и Федератсияи Русия тањти №312 аз 12-уми декабри соли 2012, ки аз 11-уми январи соли 2013 мавриди амал ќарор гирифт шањрванди хориљї ва шахсони бешањрванд, ки ба онњо ворид шудан ба ФР манъ аст ва агар онњо дидаю дониста сарњади давлатии ин кишварро ѓайриќонунї убур намуданд дар асоси ќонунгузории ФР чунин љазо пешбинї шудааст: - Љарима дар њаљми 300 000 рубли русї ё ки: - Ба мењнати маљбурї љалб намудан ба мўњлати на кам аз 4 сол, - Аз озодї мањрум намудан бо мўњлати болозикр. Агар чунин љиноят аз љониби гурўњи муташаккилона содир шуда бошад, мањрум гардидан аз озодї то 6 сол муќаррар гардидааст. Оид ба тартиби воридшавї ба Федератсияи Русия ва баромад аз он мувофиќи Ќонуни федералї тањти №321 аз 30-юми декабри соли 2012, воридшавї ба ќаламрави Русия дар дар мўњлати 3 сол барои шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванде, ки дар давраи будубоши ќаблии худ дар њудуди Русия бе ягон сабабњои љиддї аз ин кишвар дар мўњлати 30 рўзи минбаъда набаромаданд манъ аст. Яъне муњољири мењнатї бояд дар давоми мўњлати муќарраршудаи будубоши муваќќатї (90 рўз) иљозат барои кор ё патент гирифта, њамзамон муносибатњои мењнатиро расмї намояд. Агар муњољири мењнатї иљозат барои кор ё патент нагирад ў вазифадор аст дар њолати ба итмом расидани 90 рўз, дар 30 рўзи минбаъда ќаламрави ФР тарк намояд. Њамчунин мувофиќи Кодекси љиноии ФР тањти №308-ФЗ таѓйиротњо тасдиќ гардиданд. Сухан дар бораи он меравад, ки барои ѓайриќонунї ворид шудан ба Русия шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд, инчунин будубоши ѓайрирасмї ё убури транзитии ѓайрќонунї аз њудуди Русия љавобгарї пурзўр гардид. Гуфтан ба маврид аст шањрвандоне, ки тартиби воридшавї ба ќаламрави ФР вайрон мекунанд ќонун чунин љазоњоро пешбинї намудааст: Љарима дар њаљми 300 њазор рубл ё дар њаљми музди маош ё даромади дигари айбдоршаванда дар давоми то 18 моњ, корњои њатмї ба мўњлати то 420 соат, корњои ислоњї ба мўњлати то 2 сол, корњои маљбурї ба мўњлати то 3 сол бо мањдудияти озодї ба мўњлати то 1 сол, аз озодї мањрум намудан ба мўњлати то 5 сол. Њамин њолатњои содиргардида агар аз љониби гуруњи муташаккилона содир гардад мањрум намудан аз озодї ба мўњлати то 7 сол бо љарима дар њаљми 500 њазор рубл ё, ки дар њаљми музди маош ё даромади дигари айбдоршаванда дар давраи то 3 сол пешбинї шудааст. Аз шањрвандони гиромии кишвар хоњиш мекунем, ки њангоми сафар ба Русия ё кишвари дигар ба шароиту ќавоини будубошии он аз ќабл шиносої пайдо кунанд. Ба саволи Шумо аз Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љавоб доданд. ЭЪЛОН

Дар маркази шањри Исфара 7.5 сотих объекти дуошёна, дар лаби дарё љойгир аст, 300 м2, дорои тањхона, 100 м2 ва канализатсия мебошад, фурўхта мешавад. Имкони дар алоњидагї фурўхтани ошёнањо ва ќисмати сохтанашудаи объект бо тањхона вуљуд дорад. Маълумоти пурраро бо шуморањои телефонии 98 525 22 11 ё 917 46 27 20 дастрас намоед.


ПУРБИНИ «НИГОЊ»

НАМОЯНДАГИИ МИРЗОДИККАКУ ЃАЛТАК ДАР ЌАРАБОЛО

М

ирзодиккак ва Ѓалтакро њамчун намояндаи мардумї барои иштирок дар кушодани сехи ќаннодї ба ноњияи Ќарабало бурданд. Њама љо тозаю озода. Ќолинњои рангобаранг роњравњоро оро медоданд. Дар њамин њол, мошинае омада истоду аз дохили он якчанд "калон" баромад. Мактаббачањо гулу гулдастањо дар даст назди ќолин ќарор гирифта, ба хотири мењмонони олиќадр ба шеърхонї даромаданд. Онњо калимаи "Љаноби Олї"-ро ба забон меоварданду "калонњо", ба ќавли мардум, аз љой "як ќад" "як ќад" мепариданд. Масъулин шеърхониро боздоштанд, зеро шеърњо дар васфи онњо набуд. Муаллима норозиёна гуфт: - Мебахшед, шоирњо шеър дар њаќќи раисони љамоату ноњияњо нанавишта бошанд, мо гунањкор - мї? Мирзодиккак њамчун намояндаи њизби њоким худро муаррифї карда, ба ин бањс хотима гузошт, вагарна бањси шеър ба љанги шерон табдил мешуд. Љўрањо бе ягон даъвои зиёдатї баъди иштирок дар маросими кушодашавии сехи ќаннодї дар як гўшаи бозори ноњияи Ќараболо болои кат нишаста, болиштњоро зери даст карданд. Мизбонон дар як лањза дар болои кат хони пурнозу неъмат густурданд. Мирзодиккак ба хони пурнозу неъмат нигариста, њаваси баргаштан ба назди очаи Ќобилљонро надошт, зеро коммунист Пахтагул Панљсолаевна чанд сол боз рўза мегирад, намоз мехонад ва дар моњи мубораки Рамазон тобаю надоматаш ба саќф мепечаду иштињои истеъмоли мањсулоти шириаш меафзояд.

Мирзодиккак: - Мо метавонем, дидед! Дар ноњияи Ќараболо бо дастгоњњои хитоию мутахассисњои краснодарї 17 намуд кулча мепазанд. Ѓалтак: - Мо ин њолатњоро зиёд дидагї! Дар ноњияи Ќарапоён сехи хлебазиро бо сарварии як марди арманї ба роњ монда буданд. Ў бо гирифтани маоши 300- 400 - сомонигї ќонеъ нагашту бо командааш аз Тољикистон кўчида рафт. Мирзодиккак: - Мо њукуматињо корро ин хел намемонем. Дар мо махсус корхона аст, ки кормандонаш аз пайи пардохти њаќќи кори шоиста ба коргарон ва сариваќт пардохт кардани он мебошанд. Дунёра бесоњиб набинед, Ѓалтакбой! Иттифоќњои касабаамон зинда, њаќќи мардума аз дањони мору оташ кашида мегираду медињад. Ѓалтак: - Аз дасти њамон масъулону корманони Иттифоќњои касаба дар марказу дар музофотњо чї меояд ? Шумо њукуматињо Иттифоќњои касабаю якчанд ташкилотњои мувофиќи Оинномаашон ба Шумо вобаста набудагиро кайњо худї кардагї. Њамин ташкилоту иттињодияњои динї 50 фоиз аз Шумо буд, ба хаёлам баъди мулоќоти руњониён бо Президент интихоби эмомхатибњо њам бе "сафедї" намешавад. Дар Иттифоќњои касабаи ман медонистагї ќисмашон нафаќахўру майзада. То нисфирўзї кор мекунанду баъди зуњр куљое омад хоб мекунанд ё аз пайи дарёфти сад грамм араќ мешаванд. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, ба муйсафедони њукуматї чаќа нашав! Онњо кор мекунем, гуфта бо њамсолонашон барои намозхонї ба масљид намераванд. Аниќтараш то ба имрўз виљдони лениниашон азобашон медињад. Виљдони ману очаи Ќобилљон ќариб ленинї буду, лекин бо таъсири муњиту, Ќобилљон, рўзњои ахир бо таъсири Сардору Ќумондон пурра љояшро гирифт. Худо хоњад њамин хел рафтан гирад як гўшаи боѓи " Фирдавс" љойи мо мешавад. Ѓалтак: - Агар љойи њама дар он дунё "Фирдавс" шавад, ман хурсанд, лекин дар ин дунё, ки истењсолот несту њама буду набудро "реклама" карда гаштем, оќибаташ чї мешуда бошад? Мирзодиккак: - Њамин ќадар сол он њама лозимию нолозимињоямонро аз хориљ оварда истодаем, овардан мегирем. Пули мо ба Хитой мераваду писарони мо ба мардикорї, ба давлати Русия.

Ѓалтак: - Љўраљон, аз аввали сўњбат њукумати љонољонатро сахт тарафдори мекунеду баъдан эрод мегирї? Мирзодиккак: - О, чї хел эрод нагирам. Њарсол кушодем, сохтем, ба истифода додем, мегўянд. Канї як сол ярмаркаи фурўши истењсоли мањсулоти худї ташкил шавад. Ѓалтак; - Мешавад. Мана чанд маротиба дар музофотњо бахусус дар љануб шоњид будед. Винои мою зарфаш аз Булѓория. Ба зарфњои обњои нушокї дурустарак назар афканед њаммааш якчанд бор истифода шудагї. Ѓайр аз ќоѓази ташнобу матои беранг дигар чизе набуд. Мирзодиккак: - Шояд баъди сафари Президент дар ќисмати љануби кишвар саноат рушд кунад? Ѓалтак: - Намекунад, зеро раисаш чорводор њасту то ба имрўз аз ўњдаи бордоркунї набаромадааст. Мирзодиккак: - Ман пурсидани, ки њамон бинои хурди бетирезаи назди бинои боњашамат, ки моликияти коммунистњо буд, њоло барои рушди чорводори хизмат мекунад? Ѓалтак: - Опазитсия нашавед! Он гову моли лаби нањр соњиб доранд. Дар бинои якошёнаи ба оѓил шабоњатдошта (аз ќисмати беруниаш) кормандони соњаи маънавиёт, дин, умуман эљодкорони њукуматї зањмат мекашанд. Мирзодиккак: - Шояд њукуматамон дохили бинои баланошёнаро ба чунон обод кардааст, ки пашша шинад дилашон мезад. Аз ин лињоз эљодкоронро бадарѓа кардааст? Ѓалтак: - Хестед, ки хобед! Агар њамон љилу пўстаки собиќ коммунистњо набошад, нисфи бино урён мемонад. Зинда бод мерос! Дар болои дастархон чизе намонда буд. Љўрањо даст ба дуо бардошта, баъди хайру хуш бо мењмонон ба роњ баромаданед. Аз дасти таксистњо љои халосї набуд. Онњо Мирзодиккакро ба такси савор карда бурданду Ѓалтакро низ барои то ба хонааш бурда расонидан, розї кунонидаанд. Аз мардуми бекор, ки аз субњ то шом барои дарёфти ризќ медавиданд роњи халосї набуда буд. Имрўз аз рўзњои дигар дида гармтар буд. Њаво торафт метафсид, масъулин барои "дарёфти њезум" бо маќсади тафсонидани деги ќаблазинтихоботї ба корњое даст мезаданд, ки дар мадди аввал иљрошавии онњо ба назар имконнопазир менамояд.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

КОМИЛАН ЉИДДЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №16 (344) 9. 07. 2013

16

Дилноза КАРИМОВА, сарояндаи эстрада: -Не, шавњарам хуљандї аст. Падарам данѓарагианд. -Эња, ин расо миёни омехтаи хокаи алюминию маргансовка будед-ку, шумо. Соиш натед, ки бо таркида набуравад.

Мањдї СОБИР, коршиноси масоили амниятї: -Агар Њизби сотсиал-демократ дар интихобот иштироке накунанд њам, дигар њизбњое њастанд, ки иштирок хоњанд кард, ба мисли њизбњои аграрї ва ислоњоти иќтисодї . -Рост мегўед, фаќат аз барои Худо, онњоро пешакї огоњ кунед, ки мабодо номи худро дар бюлтен бинанд, талхакаф шуда намуранд.

Мамадшо ИЛОЛОВ, президенти АИ ЉТ: -Зиёии тољик имрўз маќоми барои ў мувофиќро дорост дар коргоњи худ нишаста ба хизмати халќу ватан машѓул аст. - Рост истодањояш бошанд даст пеши бар мадњу сано мехонанд.

Сайидмукарам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Тољикистон: -Маош барои имомхатибон дар дастрасї ба китобњо кўмак мекунад, чун баъзан барои хондани як мавъиза то 40 китобро хондан зарур меояд, ки њамаи онњо пул меистанд. -Мебахшеду баъзе аз имомхатибњои шумо дар умрашон њафт китоб нахондаанд. Агар мехонданд, яќин дар ин давра имомї намекарданд.

Гурез ЌОСИМОВ, сардори Раёсати хизмати давлатии Тољикистон: - 36 мансабдори давлатї, ки ба синни нињоии нафаќа расидаанд, айни њол бар хилофи ќонун дар нињодњои давлатї фаъолият доранд. Дар назар аст, то охири сол 240 нафари дигар аз њисоби хизматчиёни давлатї ба нафаќа бароянд. - Ба љои њамин 240 нафар намешавад, ки 10-12 аъзои њукуматро ба нафаќа/истеъфо фиристему љони њамаамон халос шава-а-а-д?

Ато МИРХОЉА, муовини сармуњаррири "Љумњурият": -Маъзарат, ман, ки рўза намегирам. Аммо ман ба њар хонае, ки рафтаам, касе аз беѓизої шикоят накардааст. - Љои маъзарат надорад, худат рўзадоронро ду рўз њаќорат надињї, аллакай пешравї аст.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.