Нигох №16 (398). Чоршанбе, 9-уми июли соли 2014

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

1

Тиљи КИНТИНАР:

"МО НА ОНЕМ, КИ МЕГЎЯНД!" САЊИФАЊОИ 8-9 №16 (398). Чоршанбе, 9-уми июли соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МАНФИАТИ МИЛЛЇ

"Шоњ Ѓанї" Чї тавр Британия Тољикистону Афѓонистонро ноором мекунад? САЊИФАИ 5

ИЌРОРИ СОЛ

Боз нагўед, ин чї хел президент буд САЊИФАИ 11

Сафари пурташвиш Тафсилоти садама, ё даќиќтараш вазъи ѓайриштатї дар тайёраи ширкати «Сомон Эйр» бо иштироки Эмомалї Рањмон зимни сафари давлатї ба Малайзия ТАЪИНОТИ РЎЗ

"Бебарќии тољик" САЊИФАИ 7

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Норозигии Ѓалтак аз Иттифоќњои касаба САЊИФАИ 16

ХИЛОФАТЕ БО САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМ


2

АМНИЯТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

САФАРИ ПУРТАШВИШ Ширкати "Сомон Эйр" садама, даќиќтараш вазъи ѓайриштатї дар тайёраи ширкат бо иштироки Эмомалї Рањмонро зимни сафари давлатияш ба Малайзия шарњ дод димоѓи журналистон расид, касе њатто кўшиши фарзиякобї накард. Тавре, ки дар Малайзия ва Чин буд. Дар Чину Малайзия тамоми фарзияњои имконпазир ва ѓайриимкони рух додани ѓайб задани Боингро муњокима карданд, омўхтанд. Журналистон навиштанд, ки њавопайморо ду муњољири эронї (эњтимол террористон), ки бо худ шиносномањои ќалбакии аврупої доштаанд, ба самти дигар тоб додаанд. Русњо гуфтанд, ки њавопаймо аз љониби хадамоти љосусии Ѓарб ба Покистон бурда шудааст. Фарзияи таркидан ва ѓарќ шудани њавопайморо то њол касе тасдиќ карда наметавонад. Ахиран фарзияи даст ба худкушї задани сар-

Ллойд Пакстон, директори генералии ЉДММ "Ширкати њавопаймоии Сомон Эйр" зимни љавоб ба агентии TojNews, ба вазъи садамавї дучор шудани њавопаймоии ин ширкатро рад ва таъйид накарда, гуфтааст: "Сафари расмии Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Малайзия тавассути ЉДММ "Сомон Эйр" бо истифода аз тайёраи тамѓаи Боинг 737-800 сурат гирифт. Њайати парвозї, њайати техникї ва њайати хизматрасонї аз мутахассисони мањаллї, ки малакаи касбии дараљаи баландро соњиб њастанд, иборат буд. Хатсайри иљрошуда, ќаблан аз тарафи мутахассисони тањрири хатсайрњои байнаплмилалии ширкат ва мутахассисони давлатњои дар самти парвоз буда тањия карда шуд, парвоз дар ин самт дар асоси талаботњои авиатсионии байналмиллаї ба роњ монда шуда буд". Њамин тариќ, директори генералии "Сомон Эйр" аз посух гурехта, аз тафсилоти бештари ин парвоз худдорї варзидааст. Дар њоле, ки як манбаъи муътамади TojNews ба шарти ифшо нашудани номаш, гуфтааст: "њавопаймои Боинг 737800 дар баландии 9-10 њазор метр парвоз мекард, ба сарњади минтаќаи анбуњи бузурги абрњои хатарнок наздик мешаваду назди њайати парвозкунанда интихоби масир пеш меояд, аммо чун њавопаймоњои "Сомон-Эйр" барои парвоз аз болои бањр омода набудаанду баландтар аз 15 њазор метр парвоз карда наметавонанд, сарнишинњо иљборан тайёраро ба анбуњи абрњои хатарнок ворид месозанд. Дар натиља, беш аз ним соат тайёраро ба таври фавќуллода метаконад, вазъи саломатии хеле аз мусофирон бад шуда, чандин нафари онњо ќай мекунанд". Аммо тавре TojNews менависад: "ин танњо вазъи ѓайриштатї њангоми парвози ин тайёра набудааст".

"БОМУВАФФАЌИЯТ" Тибќи иттилои дарёфтї, зимни фурудої дар фурудгоњи Куала Лумпур тай-

ёраи "Сомон Эйр" ба изи њавоии тайёраи пеш аз он фурудомада ќоим шуда, якбора 160 метр ба поин меафтад, аммо сарнишинњои тољик муваффаќ мешаванд, ки идораро ба даст гирифта, тайёраро ба замин нишонанд. Баъди фуруд омадани тайёра, хабар ба Душанбе мерасад ва Кумитаи давлатии амнияти миллї Ллойд Пакстон ва чанд масъули дигари "Сомон Эйр" - ро барои тањќиќи њодиса ба бинои КДАМ даъват мекунанд. Натиљаи ин тањќиќ чї будааст, дар КДАМ шарњ додан нахостанд, аммо ба назар мерасад, ки шарњи масъулини "Сомон Эйр" - ро касбї ќабул карда, тафтишот оѓоз накардаанд". Ин њодиса 23-юми июни соли љорї рух дода, то ин дам аз назари расонањо пинњон монда буд. Њавопаймои ширкати "Сомон-Эйр" он рўз њайати баландпояи њукуматї, аз љумла Президент Эмомалї Рањмон ва њамсари ўро ба Малайзия мебурд. Аз шарњи Ллойд Пакстон, рањбари "Сомон Эйр" дар бораи ба вазъи садамавї, ё ѓайриштатї дучор шудани њавопаймои ин ширкат, замоне Президент Эмомалї Рањмонро аз Душанбе ба Малайзия мебурд, фањмо шуд, ки дар мавриди омил ва фарзияњои њодиса майна гиљ кардан њољат надорад. Ба гумон аст, ки ин њодиса ба расонањо роњ меёфт, агар дар он номи президенти кишвар ва њайати њукуматї намебуд. Њайати њукуматї, ки 23-юми июни соли љорї ба Куала Лумпур бо њавопаймои "Боинг-737-800"-и "Сомон Эйр" мерафтанд, њамагї сињату саломат ва танњо Худову худашон медонанд ба

«

ватан бо чанд тонна баѓољ баргаштанд. Тавре љаноби Ллойд Пакстон гуфтааст: парвоз "бомуваффаќият анљом ёфт".

"ХУШБАХТЇ" Албатта, баъди он ки њавопаймо дар баландии 10 њазор метр якбора ним соат даруни абрњо рафта, њамаро таконадаву ларзонда, дилбељову сарвайрон кард, зиндаву саломат фуруд омадан, муваффаќият он тараф истад, хушбахтї аст. Ва аз њама хушбахт дар ин ќазия, аз афташ Ллойд Пакстон аст. Аввал, ин, ки ѓайр аз ў касе шарњи ин ќазияро ба уњда гирифтан нахост. Дигар ин ки њарчанд дар ин њавопаймо набуд, ў бояд бештар аз дигарон шодї кунад: дар 70 - солагї дар кишвари бегона њамин шармандагї намерасид, ки њавопайморо бо президент ва як командаи оќилонаш ба бањр партофта, кор ба суд равад... Фољиа мешуд-ку. Ин садама бори дигар њодисаи шаби 8-ум ба 9-уми март - чор моњ пеш ѓайб задани Боинги 777-200-и "Малайзия Айрлайнс"-и Малайзияро ба ёдњо меорад. Њоло дар њукумати Тољикистон бењтар аз њар њукумати дигар мефањманд, ки як њавопаймои муосир њам метавонад аз назари дурбинњои замонавї ѓайб занад ва онро њатто агар тамоми кишварњо якљоя кобанд, намеёбанд. Чор моњ аст беш аз дањ кишвари пешрафта аз ин тайёраи Малайзия, ки ба Пекин парвоз мекард, нишоне ёфта наметавонанд. Ин љо "Секунљаи Бермуд" ба хотир меояд, ки њељ рабте надорад. Аммо аљиб ин аст, ки бо шунидани ин хабар, ки баъди як њафта бўяш ба

Баъди фуруд омадани тайёра, хабар ба Душанбе мерасад ва Кумитаи давлатии амнияти миллї Ллойд Пакстон ва чанд масъули дигари "Сомон Эйр" - ро барои тањќиќи њодиса ба бинои КДАМ даъват мекунанд. Натиљаи ин тањќиќ чї будааст, дар КДАМ шарњ додан нахостанд, аммо ба назар мерасад, ки шарњи масълини "Сомон Эйр" - ро касбї ќабул карда, тафтишот оѓоз накардаанд".

«

Ллойд ПАКСТОН, директори генералии ЉДММ "Ширкати њавопаймоии Сомон Эйр" нишинњои ин њавопайморо маќомоти худи Малайзия мавриди омўзиши ќарор додаанд. Бо гузаштани чор моњ, малайзиягињо умед ва њатто талош доранд, ки нишон далел ва омилони ин њодисаро маълум кунанд. Дар мо инро аз Худои таъоло диданд, аз афташ, ки умуман ба ин пањлуи масъала касе хира нашуд. Ба гумон аст, ки касе дар Тољикистон ба рўшан шудани ќазия бовар дошта бошад. Чаро? Оё ин метавонист кўшиши номуваффаќи амали террористї ё суиќасд бошад? Касе дар шабакањои иљтимої ин фарзияро кўшиши пешнињод кард, ки зуд ба дањонаш заданд: "бемантиќтарин фарзия!". Натанњо барои он ки шахсан Ллойд Пакстонро ба он гумонбар карда намешавад, ё дар њукумат њама хешу таборанд. Бори охир дар бораи суиќасд ба президент дар Душанбе соли 2009, баъди як њодисаи хандаовар навишта буданд. Барои онњое, ки фаромўш кардаанд, ёдрас мекунам: Президент бояд биноњои нави кўчаи Њофизи Шерозии пойтахтро ифтитоњ мекард. Донишљўёне, ки ба пешвози Љаноби Олї он љо буданд, дар даст пуфакњои паррон - пури газ доштанд. Кадом як бесавод, ба љойи гелий ба пуфакњо - пропан пур кардааст. Яке аз ин донишљўён сигоркаш будааст. Чун сигорро дар медињад, пуффакњо... инфиљор медињанд. Ду донишљў сўхта, дар беморхона бистарї шуданд. Он ваќт њам њамин фарзия, яъне амали террористї, рў зада буд. Њодисаи 30-юми апрели соли 1998ро њама медонанд ва њољати ѓоз додани гап нест. Фаридун РАЊНАВАРД


МАОРИФ "Фаъолияти литсейњои тољикї-туркї дар Тољикистон зери суол аст" - ин нукта аз забони Нуриддин Саидов вазири маориф ва илми Тољикистон зимни як нишасти матбуотї садо дод. Вазири маориф гуфт, мўњлати ќарордод ва иљозатномаи фаъолияти литсейњои тољикї-туркї дар Тољикистон њанўз 1-уми сентябри соли 2013 ба итмом расидааст ва то њол бо онњо ќарордоди нав баста нашудааст. Ў гуфт, барои фаъолияти минбаъдаи ин муассисањои таълимї ба Њукумати Тољикистон мактуб карда, дархост намудааст, ки таќдири минбаъдаи литсейњои туркї-тољикї муайян кунанд: - Дар 6 моњи оянда ин масъала њалли худро меёбад. Зарурат доштан ё надоштани ин литсейњоро халќ медонад. Нуриддин Саидов дар њоле аз итмоми ќарордоди литсейњои тољикї-туркї хабар медињад, ки масъулини литсейи муштараки тољикї-туркї баъзе аз гуфтањои Нуриддин Саидовро зери шубња бурданд. Сабањаттин Гюнай, раиси Љамъияти таълимии Шалола ва Мудири кулли литсейњои тољикї-туркї дар сўњбат ба "Нигоњ" гуфт, ба вазири маориф дар бораи литсейи онњо маълумоти носањењ медињанд. Нахуст вай зикр кард, ки соли 1994 ваќте ќарори Шўрои вазирон дар бораи иљозат додани фаъолияти литсейњои туркї баромад, мўњлат гузошта нашуда буд, ки то фалон ваќт ин литсейњо амал мекунанду халос: - Лекин ваќте ки бо Вазорати маориф шартнома баста мешавад, ин мўњлат зикр шуда буд. Соли 1993 шартнома баста шуд ва соли 2003 онро тамдид карданд. Ва соли 2003 шартнома бастем ба муњлати то 10 сол. Мо соли 2012, яъне як сол пеш аз ба итмом расидани шартнома, ба вазорати маориф мурољиат кардем, ки шартнома ба итмом расида истодааст. Мо фикрњои худро ба вазорат пешнињод кардем ва то њол интизори посухем. Литсейњои тољикї - туркї бо ќарори њукумати Тољикистон фаъолият мекунанд ва агар ќарори ќатъ содир шуда бошад, сипас, онњо нишаста, сохтори ояндаи литсейњоро баррасї мекунанд.

МЕДАЛ... Нуриддин Саидов аз кори литсейњои туркї интиќод кард, ки хонандагони ин литсейњо медал кам мегиранд, ба љуз литсейи Њољї Камол. Вай гуфт, ин литсейњо хонандагони болаёќати мактабњоро љалб карда, аммо дар ягон Олимпиада љойи намоёнро намегиранд: - Аљиб он аст, ки ба ин литсейњо бачањои лаёќатманду закии мо асосан љалб мешаванд. Таљрибањои солњои ахир нишон медињад, ки литсейњои туркии шањрњои Кўлоб, Ќурѓонтеппа, Турсунзода ва Хуљанд дар ягон Олимпиада љой њам намегиранд. Фаќат литсейи Њољї Камол мегирад. Аммо Сабањаттин Гюнай гуфт, соли 2013 хонандагони литсейњои туркї 85 ва соли 2014 - 86 медал ба даст овар-

"ХАЛЌ МЕДОНАД..." Литсейњои туркї бошанд, ё набошанд? данд. Сабаби аз њама зиёд соњиби медал шудани хонандагони литсейи Њољї Камол дар он аст, ки дар он як гурўњи муаллимон махсус барои омода кардани хонандагон кор мекунанд. Яъне, аз дигар литсейњои тољикї - туркї хонандагони болаёќат ба литсейи Њољї Камол љалб шуда, дар онљо барои олимпиадањо омода карда мешаванд. Ягона нафаре, ки аз Тољикистон соњиби љоизаи Менделев шудааст, хонандаи ин литсей Улуѓбек Боронов аст. Дар Олимиадаи JBMO дар Македония 3 нафар љойи севвум, дар Олимпиадаи JBOI дар Сербия 2 нафар соњиби љойи дуввум, дар Олимпиадаи GENIUS дар ИМА 4 нафар ва дар Олимпиадаи INEPO дар Туркия 4 нафар соњиби љойи дуввум шудаанд. Ду хатмкардаи ин литсей - Ином Мирзоев дар Донишгоњи Боулдер ва Фаррух Воњидов

«

дар донишгоњи Техаси ИМА рисолањои номзадии худро њимоя мекунанд.

МАКТАБИ ЌИМАТ... Нуктаи дигаре, ки миёни гуфтањои вазири маориф ва масъулини литсейи тољикї-туркї ихтилоф ба вуљуд меорад, нархи ин муассисањо аст. Вазири маориф гуфт, ин литсейњо дар аввал њамчун литсейи хайриявї барои мардуми камбаѓалу камбизоат пайдо шуданд: - Дар ќарордоди Њукумат низ чунин омадаст. Бояд ин литсейњо аз њисоби маблаѓњои хайриявї амал мекарданд. Мутаассифона, бо мурури замон аз таъиноти азалии хеш дур рафтанд. Аммо Сабањаттин Гюнай ин иддаоро рад карда, мегўяд, литсейњои тољикї-

Мо фикрњои худро ба вазорат пешнињод кардем ва то њол интизори посухем. Литсейњои тољикї - туркї бо ќарори њукумати Тољикистон фаъолият мекунанд ва агар ќарори ќатъ содир шуда бошад, сипас, онњо нишаста сохтори ояндаи литсейњоро баррасї мекунанд.

«

туркї бино ба шартнома аз аввал пулакї нишон дода шуда буданд: - Дар ќарордоде, ки соли 1992 бо Вазорати маориф имзо кардем, нишон дода шудааст, ки ин литсейњо аз њисоби шартнома фаъолият мекунанд. Чун дар аввали таъсисёбї ин литсейњо вазъияти Тољикистон бисёр бад буд, аз соли 1992 то соли 1997 аз талабањо маблаѓ пурсида намешуд. Сарфи назар аз ин, маблаѓе, ки хонандагон месупоранд, кам аст. Чунки ин гуна тањсил дар Туркия на кам аз 10 њазор доллар аст, аммо дар Тољикистон 1,100 доллар аст. Шабакаи литсейњои туркї бо номи "Шалола" дар Тољикистон аз соли 1993 фаъолият доранд. Ин литсейњо 7 адад буда, дар шањрњои Душанбе, Ќўрѓонтеппа, Кўлоб, Турсунзода ва Хуљанд тибќи созишномањо дар бахши маорифи Тољикистону Туркия фаъолият мекунанд. Баъд аз пош хўрдани Иттињоди Шўравї литсейњои туркї аз љониби ширкатњои наздик ба Фатњуллоњ Гюлен, пешвои њаракати "Фатњуллочиён", ё "Нурчилар", ки дар ИМА ќарор дорад, дар кишварњои пасошўравї ташкил гардид. Мулло РАЉАБ

4%

5%

Намедонам, дар ин бора фикр накардаам.

НАТИЉАИ ПУРСИШ: ЊУКУМАТ ГУНАЊКОРИ АСЛИИ ЌИМАТШАВИИ МАЊСУЛОТ АСТ Муњољирини мењнатї, ки дењќониро партофта, рафтанд

1%

Чаканафурўшон, ки "болої" - ро зиёд мондаанд

Дењќонон, ки кам истењсол мекунанд

Тољирони бузурге, ки соњаро “монополия" кардаанд

Вазорати кишоварзї, ки омори шубњанокро пешнињод мекунад

Њукумат, ки дар рушди соња сиёсати оќилона надорад

10%

18%

3

САБАЊАТТИН ГЮНАЙ, РАИСИ ЉАМЪИЯТИ ТАЪЛИМИИ «ШАЛОЛА» ВА МУДИРИ КУЛЛИ ЛИТСЕЙЊОИ ТОЉИКЇ-ТУРКЇ

САДОИ МАРДУМ

61%

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки беш аз 70% раъйдињандагон Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар ќимматшавии мањсулоти хурокворї дар моњи рамазон гунањкор медонанд.

1%

Ин назарпурсии виртуалї, ки зери унвони "Ба ќиматшавии мањсулоти хурокворї дар Тољикистон кї гунањкор аст?" доир шуда буд, маълум кард, ки 61% (624 нафар) ба варианти "Њукумат, ки дар рушди соња сиёсати оќилона надорад", овоз додаанд. Инчунин 10 дар сади дигар (100 нафар) гуфтаанд, ки сабабгори ин ќиматшавї "Вазорати кишоварзї аст, ки омори шубњанокро пешнињод мекунад". 18 дар сад (187 нафар) аз иштирокчиёни ин назарсанљї бар ин боваранд, ки дар ин кор дасти "Тољирони бузурге, ки соњаро "монополия" кардаанд", дида мешавад. Инчунин 4 дар сад (36 нафар) аз ширкаткунан-

дагони ин пурсиш ба гузинаи "Чаканафурўшон, ки "болої" - ро зиёд мондаанд" раъй дода, 5 дар сад (56 нафар)-и дигар њам гуфтаанд, ки "Муњољирини мењнатї, ки дењќониро партофта, рафтанд". Њамагї 1 дар сад (13 нафар) дар бораи ќиматшавии мањсулоти хурокворї ба гузинаи "Дењќонон, ки кам истењсол мекунанд" овоз дода, 12 нафари дигар њам гуфтаанд: "Намедонам, дар ин бора фикр накардаам". Ин назарсанљии виртуалї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи расмии ОИ Тољнюс аз 1 то 7-июли 2014 гузаронида шуда, дар он 1028 нафар ширкат кардааст.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

Дар мањаллаи 191 - уми шањри Душанбе, мавсум ба "9 километр, одам бояд намурад. Чаро? Агар мурд, ќабристоне нест, ки ўро гўр кунанд. Кашидани ин мавзўъ ба матбуот шояд то љое шарм дошта бошад, зеро то кунун њељ нашунида ва нахонда будем, ки дар пойтахти Тољикистон метавонад њамчунин мушкил пеш ояд. Аммо омад ва мо ба хулосае омадем, то барои њалли он, яъне Худо нокарда, дар њоли љон ба љоноварин супоридани худу наздиконамон, лоаќал ба ин муваффаќ шавем, ки дониста бошем: оё дар ин шањр ба андозаи 2 ба 1 манзиле барои мо хоњад буд, ки натарсида, даъвати илоњиро лаббайк гўем? Рўзи љумъаи гузашта як наздикамон, љояшон љаннат бод, гузаштанд. Тањаммули мусибат барои мо - наздикон як сў шуду кандани ќабри он кас, як ќазияи хеле љиддї, ки барои њаллаш њатто дари маќомоти ќудратиро задем. Чанд соли пеш њамин ќадар хабар доштем, ки ќабристони мањалла дар тарафи рости гардиши шањр ба љониби Теппаи Самарќандї, рўи теппањои баланди канори шоњроњи Душанбе - Вањдат аст. Аммо он рўз ќабрканон ба мо гуфтанд, ки иљозаи кандани ќабрро барои онњо раиси мањаллаи Гулистон надод. Ваќте бо ў дар тамос шудем, гуфт, ки њамчунин иљозаро дода наметавонад, зеро ба маломати мардуми мањал гирифтор мешавад. Вай гуфт, ќабристон ба Гулистон тааллуќ дорад ва дар њоли роњ додани бегонагон аз ў хоњанд пурсид, ки чаро ин иљозаро додааст. Мо гуфтем, мурдан насиби њама аст, моњи Рамазон аст, гузашта аз ин, дењањое, ки мо аз онњо ба пойтахт омада, "9 километр" - ро мањалли иќомат ќарор додаем, хеле дуранд, наметавонем майити худро он љо барем ва њоло лутфан иљоза дињад, ки онро ба хок супорем. Он кас боз ба ин далел, ки "аз халќ гап мешунавад", ин иљозаро надод. Дари раиси Шўрои дењоти Гулистонро задем. Гапи он кас њам ба раиси мањалла нагузашт. Ин кас тањлил карда, ба мо роњи ќабристони Шоњмансур, воќеъ дар мањаллаи Ќаротегинро нишон дод, њол он ки ќабристони мо дар рў ба рўи мањаллаамон аст ва барои дуову фотиња њам наздик. Ночор мо ба шўъбаи милисаи ноњияи Рўдакї мурољиат кардем. Онњо гуфтанд,

РАНДАИ «НИГОЊ»

"9-ум КИЛОМЕТР" МАЊАЛЛАЕ, КИ ЌАБРИСТОН НАДОРАД...

ки бо ин масъала њељ гоњ дучор наомадаанд, аммо њамаи кўшишро карданд, то мушкили мо њал шавад ва њам њал карданд. Ин гирудор 4 соат тўл кашид. Мо он рўз майити худро дар ќабристони Гулистон ба хок супоридем. Мешуд, ки бо њалли мушкиламон дигар аз он ёдоварї накунем, аммо оё њаќ дорем? Фардо як нафари дигар њам ба ин мушкил дучор ояд, чї мешавад?

«

Хулоса, суол маълум аст, ки пурсем: ќабристони 9 - ум километр кадом аст? Пас аз суњбатњо дар мањалла маълум шуд, ки њар кас ин мушкили худро ба таври худ њал мекунад. Онњое, ки аз дењоти наздиканд, майити худро ба зодгоњашон мебаранд. Онњое, ки дуртаранд, илољи худро ба њар роњ меёбанд. Ва мо аввалин коруфтодае будем, ки ба чунин иттифоќ афтодем. Хулосаи мо аз пурсуљўњо дар мањалла ин аст, ки ба ќавле, њамон ќабристон

Пас аз суњбатњо дар мањалла маълум шуд, ки њар кас ин мушкили худро ба таври худ њал мекунад. Онњое, ки аз дењоти наздиканд, майити худро ба зодгоњашон мебаранд. Онњое, ки дуртаранд, илољи худро ба њар роњ меёбанд. Ва мо аввалин коруфтодае будем, ки ба чунин иттифоќ афтодем.

«

ба номи "9 километр" њуљљат шуда, имрўз ин њуљљат ба эътибор гирифта намешавад. Аммо раиси мањаллаи Гулистон мегўяд, ки ин ќабристон комилан ба ин мањалла тааллуќ дорад. Яъне, "9 километр" дигар ќабристон надорад! Аз рўи инсоф, мо, зодагони Тољикистон, дар акси њол метавонем майити худро ба чор тарафи кишвар кашида барем. Аммо агар ин майит аз тољикони Ўзбакистон ва ё Афѓонистон, ё дигар мусалмонони љањон бошад, чї кор хоњанд кард? Онњо Душанберо умедгоњи охирини худ медонанд, чун пойтахти тољикон аст, як шањри мусулмонист. Хуб, онњо њам дар њар ќабристоне, ки рост омад, майити худро ба хок супоранд, боз њам суол боќї мемонад: ќабристони "9 километр" куљост? Ин суолро мо аз њокимияти ноњияи Шоњмансур ва њам шањрдории Душанбе мехоњем пурсем. Бисёр узр, масъулини муњтарам, аммо чунин мушкил њам будааст, вагарна мо њам наменавиштему шумо њам њайрон намешудед. Воќеан, замин замини Худост, ваќте сухан аз маргу мир меравад. Инсонро њар љо, ки марг дастгир кард, яъне њамон љо хокашро њам насиб дидааст. Аммо чї кунем, ки њоло ин арзишњои инсониро њам ба хоставу бинишњои худ танзим мекунанд. Чун танзими ќонунњои илоњї ба дасти одамон шуд, пас илољи онро њам бояд одамон ёбанд. Аз ин хотир, мо ба Шумо мурољиат мекунем, масъулини муњтарам! Инсон, сокини "9 километр" - и шањри Душанбе

"ОХИРИН ЊУШДОРИ ХИТОЇ" Бо дастури Президент Эмомалї Рањмон Кумитаи давлатии амнияти миллї (КДАМ) ба тафтиши фаъолияти ширкатњои наздик ба муовини сарвазир Муродалї Алимардон оѓоз кардааст. Бинобар иттилои дарёфтї, гароннархии маводи ѓизої дар моњи Рамазон ва аз тањти назорат берун рафтани нарху наво боиси нигаронии шадиди сарвари давлат ва "охирин њушдори хитої"-и ў ба муовини сарвазир, куратори соњаи кишоварзии мамлакат ва манфиатбардори асосии бозори ѓизои мамлакат дар љаласаи ахири њукумат шудааст. Президент дар рафти љаласаи ахири њукумат аз болоравии нархи гўшт то 40 сомонї дар њоли набудани сабабњои объективї нигаронї карда, ба Муродалї Алимардон хитоб кардааст, ки њамааш кори дасти туст ва ин охирин њушдори ман аст. Њамзамон президент раиси КДАМ Саймумин Ятимовро аз љой хезонда, супориш додааст, ки ин мушкилоти сунъиро тањќиќ карда, наќши ширкатњои наздик ба Алимардоновро дар болоравии нарху наво маълум кунад. Манобеи TojNews дар маќомоти амниятї, бо тасдиќи иттилоъ дар бораи таъсиси чунин як гуруњи корї бо дастури Эмомалї Рањмон, аз шарњи бештари ќазия худдорї мекунанд. Бояд гуфт, ки дар бораи нигаронии Эмомалї Рањмон аз болоравии нархи ѓизо ба хусус гўшт, ки њоло дигар ба монополисти ин соња будани Муродалї Алимардон кам касон шубња мекунанд, Хадамоти матбуоти Президент хабар дода буд. Њарчанд дар хабари расмї гуфта мешуд, ки Эмомалї Рањмон аз мусалмон будани мардуми Тољикистон ёд карда, онњоро ба инсоф

даъват намудаастт, њадди изтироб ва нигаронии роњбарияти њукумат ва сабаби њушдори "хитої"-ро ба олигархи тољик пай бурдан мумкин буд. Бо ќарори Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси њукумати шањри Душанбе, насб карани камерањои назоратї дар дуконњои гўштфурўшии пойтахт ва назорати доимии нархи он, тавассути комиссияи љамъиятї, ин иддаоро тасдиќ мекунад. Дар бораи ин ки гуруњи моливу саноатии Муродалї Алимардонов, дар замони роњбари Бонки миллї буданаш бизнеси мањсулоти аввалияи ѓизої, аз љумла бозори ѓаллаву орд, чорвопарварї, гўшту шир ва мурѓпарвариро зери контроли худ даровардааст, дар долону роњравњои њукуматї зиёд гуфта мешавад, аммо наздикии хосаи ў ба роњбари давлат ва корчалонии бе мислу монанди Муродалї Алимардонов сабаб мешуд, ки таќрибан њич нињоде ба империяи Алимардонов сару кор намегирифт. Ин буд, ки гуруњи молї дар чанд соли ахир њамчунин ќисми аъзами воридоти масолењи сохтмониро низ зери даст дароварда, ба бозори сохтмонии пойтахт низ ворид шуд. Муродалї Алимардонов зиёфаторои асосии њукумат ба шумор рафта, дар доирањои коршиносї, аз ў њамчун манфиатбардору гардонандаи асосии иќтисоди мамлакат, шуруъ аз савдои мањсулоти филизї ва ѓаллаву орд то сохтмону чорводорї ёд карда мешавад. Номи ў баъди ќазияи машњури "Алимар-

дон-гейт" тавассути матбуоти мустаќили тољикї расонаї шуда буд. Дар пайи нашри аудити мустаќили Бонки миллии Тољикистон матбуот навишт, ки дар замони роњбарии Муродалї Алимардонов дар БМТ њудуди 800 миллион доллар ќарзи созмонњои хориљї ба воситаи сохтори мутаалиќ ба "Агроинвестбонк", ки "Кредит Инвест" ном доштааст, "ѓайб" задааст. Ин сохтори булаљаб беш аз 1,5 млрд. доллар ќарзњои хориљиро ба 12 ширкат-иштирокдорони бозори пахтаи Тољикистон "таќсим" кардааст, ки пушти њар кадоми онњо шахсиятњои бонуфузи њукумат меистоданд. Аммо Алимардонов ин ќазияро пушти сар карда, ба ќавле "аз об хушк баромаду" дубора нуфузашро дар њукумат барќарор кард. Дере нагузашта номи ў дар ќазияи "Ренесанс-Капитал"-и мутаалиќ ба љиянаш ва боздошти бонкирњои ќаллоб дар "Агроинвестбонк" дубора рў зад, вале боз њам ба зудї фаромўш шуд. Айни њол, ў ба њайси муовини сарвазири Тољикистон боз њам гардонандаи тарњњои муњимтарини кишоварзї ва иќтисоди миллї буда, дастрасї ба 300-400 миллион доллар маблаѓњои ќарзиву грантї ва иттилоъи муњими соњавиро таъмин мекунад. Аз вижагињои кору кирдори ў, ороиши хонњои шоњона барои мансабдорони сатњи гуногун, раѓбати зиёд ба ѓизову пул ва раќќосаву сарояндањои љавон, љалби нухбагони нав ба мол-

дориву боѓдориву асппарварї ва моил будан ба њамшањрињояш дониста мешаванд. Муродалї Алимардонов њамчунин калонтарин сањмдори Љамъияти сањњомии НБО "Роѓун" мањсуб ёфта, њамроњ бо писараш сањмияњои баробар ба наздики 20 миллион доллари љамъиятро соњибї мекунад. Дар њамин њол, маълум нест, ки "охирин њушдори хитої"-и президент ба Муродалї Алимардонов ба чї оварда мерасонад, зеро ба эътирофи умум, имконоту зарфиятњои КДАМ басанда нест, ки нўги калобаи беш аз 20 сол танидаи генийи њукуматї Муродалї Алимардоновро ёбад. Ва он ки раёсати иктишофи иќтисодї (контрразведкаи иќтисодї)-и КДАМ боре њам ба кушодани схемањои Алимардон муваффаќ нашудааст, далели ин гуфтањост. Ин аст, ки пош хўрдани клани Алимардонов ба ин наздикињо интригаи рўз боќї мемонад.

Муллораљаб ЮСУФЇ


БАЊСИ РЎЗ Абдуллоњ Абдуллоњ интихоботро бохт ва Афѓонистон ба соли 1992, замони сари ќудрат омадани Бурњонуддини Раббонї баргашт. Бино ба иттилои Кумиссиюни интихоботи Афѓонистон, Абдуллоњ Абдуллоњ - 43 ва Ашраф Ѓанї Ањмадзай - 56 дарсад раъй гирифтанд. Ин натиљаи муќаддамотї аст, аммо нињої њам бошад ва њатто Доктор Абдуллоњро пирўз эълон кунанд, ахирї аз такрори сарнавишти њукумати Раббонї роњи фирор надорад. Худи Доктор Абдуллоњ дигар умедворие надорад. Натиљањои муќаддамотї ин аст, интињої чунон хоњад буд. Тими Ислоњот ва Њамгироии ў њукумати худро эълон намуд. Гўё рўзи аввал - 7 июн дањ вилоят ва вулусволї аксњои Њомид Карзайро аз биноњои њукуматї поин афканда, аксњои Доктор Абдуллоњро минњайси раисљумњури Афѓонистон насб карданд. Њамон шаби 7 июн љонибдорони Абдуллоњ арки президенти Афѓонистонро муњосира карда, аз Њомид Карзай хостанд, ки ба хубї њукуматро таслим кунад. Фурудгоњи њавоии Кобулро њам муњосира карданд, то президенти феълї њукуматро насупорида, нагурезад. Соли 1992 низ Доктор Наљибуллоњ - президен-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

БУМЕРАНГ - XXI

ПОСТЕРИ АБДУЛЛОЊ АБДУЛЛОЊ ДАР БИНОИ МАЪМУРИЯТИ ВИЛОЯТИ ПАРВОН

ния аз соли 1839 то 1842 бори дигар њукм ронд, то кушта нашуд. Иттињоди ў бо Бритониё ба он хотир буд, ки худро аз таљовузи Наполеон ва Русия њимоят кунад. Соли 1838 бо кўмаки Британия ба њукумати Дўст Муњаммадхон њамла кард, ки дар таърих бо номи Љанги аввали Инглису Афѓон ёд мешавад. Афѓон барои Инглис моњияти худро гум накардааст. Шоњ Шуљоъи имрўз - Шоњ Ѓанї, яъне Ашраф Ѓанї Ањмадзай аст. Ин шоеот дар Афѓонистон сайр мекунанд, ки сафорати

"ШОЊ ЃАНЇ" Чї тавр Британия Тољикистону Афѓонистонро ноором мекунад?

Афѓонистон худро љаноб медонанд ва њамчунин дар Тољикистон. Њаводиси як - ду моњи ахирро ба ёд орем, тарњњое, ки сари мо кашидаанд, рўшан мешаванд. Роберт Орд - Смит, сафири Британия дар Тољикистон 10 июн, замоне роњи Бадахшони моро пеш гирифт, ки аз ноамнињои 21 май 20 рўз гузашта буд. Сафоратњои ѓарбї ба шањрвандонашон њушдор доданд, ки ба Бадахшон нараванд. Аммо љаноби Орд - Смит худ рафт ва дар Твитераш навишт: њадафи сафарам ошної бо вазъ аст, ки оё барои сайёњї мусоид аст, ё хайр. Масъалањои сайёњї масъулияти сафири як кишвар нест. Ин сафари сафир оддї мебуд, агар бинои сафораташ дар Душанберо сангборон намекарданд. Чанд рўз пас раиси КДАМ - и Тољикистон эълон кард, ки хориљињо ба гуруњњои љиної дар Тољикистон маблаѓ медињанд, то вазъро ноором кунанд. Саймуъмин Ятимов даќиќ нагуфт, кї ва барои чї. Аммо њељ љои шак нест, ки ин ё сафорати Бритониё аст, ё як нињоди ба он наздик ва шахсе дар хизмати хадамоти махсуси ин кишвар. Њељ набошад дар сатњи пажўњишгар Александр Содиќов. Чаро ба ин шакке нест? Интихоботи Афѓо-

ти Афѓонистонро нагузошта буданд, ки фирор кунад ва карда њам натавонист, то аз дасти љосусони Покистон кушта шуд. Њаракатњои тими Ислоњот ва Њамгирої шояд фишор ба Кумиссиюни интихобот ва пуштибонони хориљии Афѓонистон аст, аммо муаллифи ин сатрњо мутмаин нест, ки њатто бо расидан ба ќудрат Доктор Абдуллоњ њамин як муњлаташро ба некї пушти сар кунад. Гузашта аз ин, њатто агар Ашраф Ѓанї Ањмадзай њам ба ќудрат расад, наќшаи љадиди ќудратњо дар Афѓонистону минтаќа ба таълиќ нахоњад афтод.

СЭР РИЧАРД СТАГ, АЊМАДЮСУФ НУРИСТОНЇ ВА ЗИЁУЛЊАЌ АМАРХЕЛ...

Сарвазири собиќи Покистон Парвиз Мушарраф, њанўз натиљањои интихобот эълон нашуда, дар Фейсбук Ањмадзайро бо пирўзї табрик кард ва ўро шахси ќобили ќабули Исломобод номид

АЗ КОБУЛ ТО ДУШАНБЕ Шабоњатњое дар фаъолиятњои сафоратњои Британияи Кабир дар Афѓонистону Тољикистон ба назар мехўранд. Лондон дар роњандозии наќшаи ќудратњо дар минтаќаи мо фаъолтарин аст. Ин кишвар дар њамдастї бо Покистон ва Ўзбакистон мекўшад Ашраф Ѓанї Ањмадзайро ба ќудрат расонад. Ѓарбињо мегуфтанд, интихоботи Афѓонистон дар даври аввал ба анљом мерасад ва Доктор Абдуллоњ раиси љумњур мешавад. Аммо Инглис танњо кишварест, ки намехост интихобот дар даври аввал ба анљом расад. Онњо интихоботро ба даври дуввум кашонданд ва њоло мехоњанд Шоњ Шуљоъи дигареро бо таќаллуб раиси љумњури дигар бисозанд. Шоњ Шуљоъ Дурронї роњбари Империяи Дурронињо тайи солњои 1803 то 1809 аст, ки ронда шуд ва баъд аз 30 сол бо кўмаки Брито-

5

Британия дар Кобул барои таќаллубкорињои интихоботи президентии Афѓонистон 100 миллион доллар харљ кардааст ва ё ба Сибѓатуллоњ Муљаддадї 10 миллион доллар додааст, то аз Ашраф Ѓанї њимоят кунад. Бовари кас намеояд, аммо аљаб нест. "Англисњо дар таќаллуби интихоботи Афѓонистон даст доранд", - ин навиштаи рўзномаи "Армони Миллї" - и Кобул аст. Рўзнома далел њам меорад: сафири инглис Сэр Ричард Стаг дар рўзи интихобот, 14 июн, бо Ањмадюсуф Нуристонї, раиси Кумиссиюни интихоботи Афѓонистон дар мањалли кумиссиюн мулоќот кард ва њатто анборњои онро як давр зад, анборњоеро, ки ќуттињо он љо бояд љамъ шаванд. Зиёулњаќ Амархел, раиси дастгоњи марказии Комиссиюни интихоботи Афѓонистонро, ки даст доштанаш дар таќаллубкорињо сад дар сад собит шуд, аз маќом барканор шуд ва ба Инглистон фирор кард. Дањњо сабти телефонии Амархел бо кормандони сафорати Британия дар Кобул вуљуд дорад, ки то њол нашр нашудаанд. Сухангўи сафорати Британия ба ин матлаби "Армони Миллї" вокуниши шадид карда, эълом дошт, ки Британия фарќе миёни Абдуллоњ ва Ѓанї намегузорад. Дар ин посух омадааст, ки Британия тариќи СММ барои интихобот 30 миллион доллар ихтисос додааст. Ин љаноб намегўяд, ки дар рўзи интихобот дар бинои Кумиссиюни интихоботи Афѓонистон ва анборњои он сафири як кишвари хориљї ва бо иттифоќи як таќаллубкори бузург - Амархел чї кор мекард? Њељ гоњ намегўяд, чун дар

нистон собит кард, ки њадафи ба ќудрат расонидани "Шоњ Ѓанї" эљоди як кишвари дигари монанд ба Покистон аст. Кишваре, ки лонаи дањшатафканон, аммо наздик ба Эрону Русияву Чин ва барои Ал - Ќоидаву дигар созмонњои террористї љаззоб бошад. Агар "Шоњ Ѓанї" наомад, Абдуллоњ омад, иљрои ин тарњ монанд ба вазъи њукумати Раббонї дар соли 1992 хоњад буд. Як нерўи чандмиллиятї, ба монанди Толибону Ал - Ќоида, ин њукуматро аз Кобул меронанд ва шуруъ мешавад њаракат ба Осиёи Миёна. Фарќи солњои 90 аз имрўз - соли 2014 танњо замонист. Моњиятан фарќе нест. Неруи њамгун бо Толибон ва Алќоида - ДИИШ дар Ироќ сар бардошт. Солњои 90 Мулло Умар худро Амиралмуъминин эълон кард, имрўз Абубакри Баѓдодї. Ахирї гўё пештар рафт ва Хилофати худро эълон намуд. Дар асл ў пеш нарафт, тарњњои пуштибонњои ў пеш рафтанд. Толибонро Инглис ва Покистон эљод карда буданд. Халифу халифаашро њам Инглису Амрико пешандоз кардаанд. Аммо умумиятњое дар ин тарњ њаст. Дар Ироќ суннињои салафиро алайњи шиањо истифода мекунанд. Намедонам, касе аз мо пай бурда бошад, ё не, дар Бадахшон њам мехоњанд ин тарњи мазњабиро фаъол кунанд... Њоло маълум мешавад, ки ба Имумназар Имумназаров, фармондењи собиќи Бадахшон кї 10 миллион доллар пешнињод карда будаасту ў ќабул надоштааст...

Далери ХАЙРУЛЛОЊ

Бумеранг як силоњи аборигенњои Австралия аст. Монанд ба доси тољикї, аммо ваќте онро меандозанд, дигарбора ба дасти соњибаш бармегардад. Шуруъ аз ин воќеа бар пояи мушоњидањои шахсї ва маслињати дўстон мехоњам иттифоќоти зиндагии ману моро, ки њамон бумерангро ба ёд меоранд, рўи сафња орам. Асри 21 аст, гапи кайњону моњу инќилоби раќамї аст, аммо мо њанўз андар хами кўчаи замони Атторем. Бо умеди ислоњ ва њамдигарфањмии мардуми Тољикистон, ки ба њар сурат бо њам њастем ва Худо асло ин васлро њиљрон накунад, ин гўшаро дар "Нигоњ" чун оинаи хеш минбаъд њамеша рўи ба рў дошта бошем.

"ЗАОЧНИ" Хуршеди дўстам омад. Ќиссаи "Безавол"ро, ёдоварї карда, расо хандидем. Шумо њам пеш аз гиря як хандед: Дилшод, довталаби Донишгоњи тиббии Тољикистон буд. Вай пайваста ба дарси иловагї мерафт, ки дар имтињон бали баланд гирад. Як рўз ваќте аз дарси иловагї меояд, Хуршед мепурсад, ки "Шоњнома"-ро кї навиштааст. Дилшод сарашро хорида-хорида мегўяд: "Безаволай, кияй, ба фикрум њаму навиштагияй..." Аз довталаби дигар пурсидаанд, ки ба куљо њуљљат супоридї, гуфтааст, писари амакам ба њуќуќшиносї, ман ба "Љазира". Ман шахсан аз як хатмкунандаи мактаб пурсидам, ки куљо хондан мехоњад, гуфт, ки "заочни"... Ин њафта аз чанд хабаре, ки расонањо аз нишасти матбуотии Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тољикистон нашр карданд, хулоса кардан мумкин аст, ки мафкураи истеъморзадаи мо дигар нашудааст. Мо њамонем, ки будем, шаш моњ пеш, як, панљ, дањ, бист сол пеш. Нуриддин Саидов ба журналистон гуфтааст, ки ќаср надорад, дар хонаи дуњуљрагї зиндагї мекунад. Нафаре, ки синнаш ба нафаќа расида, хонаашро аз ду њуљра васеътар карда натавонад, як миллатро босаводу донишманд карда наметавонад. Фаќат дар бораи хоксорињои котибони њизби коммунисти шўроњо насињат нахонед. Албатта, ба вазири маориф ва илм касе бовар накард. Ба мо фарќ надорад, ки вай донишманд аст ё не. Барои мо фарќ надорад, ки вай кист. Вай њаќ надорад, ки дар ќаср зиндагї кунад. Мо ба ин эътиќод дорем. Мо њамонем, ки будем. Аз устухонњои мо њамон тарси коммунистї нарафтааст. Не, мо ќаср дорем, боз бисёр чизњои дигар њам дорем, ки аз гуфтанашон метарсем. Мафкураи мо, маѓзамон инро ба мо иљоза дода наметавонад. Мо њама муътаќидем ва мехоњем, ки профессор ва вазири тољик бояд ќаср надошта бошад. Бигзор, ки дар хонаи иљора мурад. Мо мехоњем, ки моро туркњо таълим дињанд. Мо медонем, ки кайњо боз дигар донишманд надорем. Як -ду нафаре мондаанд, бад мебинем. Мо жарф бовар кардаем, эътиќод дорем, ки ѓайр аз штукатуршикгастарбайтер дигар касеро ба ин олам дода наметавонем. Барои њамин мо бояд ќаср надошта бошем. Мо бовар дорем, ки ба ин сазовор нестем. Мо барои дохил шудан ба донишгоњ китоб намехарем. Пул љамъ мекунем. Баъд шинос меёбем. Чунки мо медонем, ки бачаамон бесавод аст. Не, мо медонем, ки бо гирифтани дипломи њуќуќшинос, писар ё духтари мо чї будани њуќуќро сарфањм нарафтааст. Охир онњоро мо аз дигарон бењтар медонем. Онњоро мо калон кардаем. Ба ў пул ва туњфа харида медодем, то рустиву пинњонї ба мураббї, баъд ба муаллимааш барад. Имтињонашро харад. Ин њол солњост, ки давом дорад. Писари мо, духатарамон њам муаллим шуд, дандонпизишк шуд, љарроњ шуд. Худо касеро ба назди ў набарад. Онњо ба ќарибї профессор ва насиб бошад вазир њам мешаванд. Хайр шумо худатон гўед, оё њамин писари мо, ё духтарамон њаќ дорад, ки дар ќаср зиндагї кунад? Куљои ин профессор? Чї мо намедонем, ки аз кори дипломї, сар карда, то маќолањову китоби рисолањояшро мо фурўхта будем? Медонему чї кунем?

Фаридун РАЊНАВАРД

Фаромарзи ФОЗИЛ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

НАБЗИ РЎЗ

Кас ба омори воридоти гўшт таваљљўњ мекунаду, бидуни шак, ба ин хулоса мерасад, ки дар Тољикистон соњаи чорводорї рў ба суќут аст ва камбуди ин навъи мањсулот як раванди табиисту љомиа бехабар будааст. Назар ба маълумоти сардори Хадамоти минтаќавии Кумитаи гумруки Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд - Љумъахон Бегов соли 2013 ба вилояти Суѓд дар маљмуъ 4 миллиону 670 њазору 451 кг (4 њазору 670 тону 451 кг) гўшти чорпои калони шохдор ворид шудааст, ки арзиши гумрукии он 4 миллиону 027 њазору 845 долларро ташкил медињад. Гўшт асосан аз Њиндустон, Эрон, Аморати Муттањидаи Араб, Русия ва Туркия ворид шудааст. Дар чањор моњи аввали соли равон ба вилоят 2 миллиону 422 њазору 715 кг (2 њазору 422 тону 751 кг) гўшт аз Њиндустон, Эрон ва Аморати Муттањидаи Араб бо арзиши гумрукии наздик ба 2 миллиону 280 њазор доллар ворид шудааст. Воридоти гўшт дар моњњои январ - апрели соли равон аз њамин давраи соли 2013 518 тону 807 кг зиёд аст. Ба Тољикистон навъњои гуногуни гўшти мурѓу филмурѓ, моњї, консерву њасибњо ворид мешаванд. Аммо худи вилоят чї кардааст? Мудири бахши чорводории Раёсати кишоварзии вилоят Маъруфљон Шарифов мегўяд, якуми майи соли равон дар корхонањои кишоварзию хољагињои дењќонии вилояти Суѓд 44 њазору 693 сар моли калони шохдор ба ќайд гирифта шудаааст, ки 13 њазору 532 сари он модагов аст. Тайи як соли охир саршумори њайвоноти калони шохдор 125 сар афзудааст. Саршумори гўсфанду буз назар ба њамин давраи соли гузашта 482 сар зиёд шудааст. Аммо истењсоли гўшт дар вилоят, назар ба омори расмї, 748,2 тон аст, ки назар ба як соли пеш 33 тонна зиёд аст. Агар ин арќомро бо воридоти гўшт муќоиса кунем, фарќ аз замин то осмон аст ва бидуни бањс, метавонем гўем, ки ин соња рў ба инќироз аст.

ВИЛОЯТИ АРЗОН Дар вилояти Суѓд, ки гўё њама гуна мавод, чї кишоварзї ва чї сохтмониву сўхтаниву хўрданиву ва ѓайра нисбат ба минтаќањои дигари кишвар арзонтар аст, ду моњ ќабл як кило гўшти гов 30-31 сомонї, гўшти гўсфанд 35-36 сомонї, равѓани гусфанд 45- сомонї арзиш дошт. Ин дар њолест, ки як соли пеш ин гуна мавод мутаносибан 23-24, 27-28 ва 40 сомонї ќимат доштанд. Алњол гўшти гов дар Хуљанд аз 35 то 37 сомонї ва гўшти лањм то 45 сомонї арзиш дорад. Мудири шуъбаи тиљорати Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рањмон Зоњидов мегўяд, ярмаркаи мањсулоти кишоварзї дар шањрњои саноатї, аз љумла Хуљанду Ќайроќум, Чкаловску Истиќлол андак њам бошад ба паст шудани нархи ин мањсулот мусоидат мекунад. Сардори Раёсати Хадамоти зиддиинњисории вилояти Суѓд - Тоњир Ѓафуров мегўяд, нархи њар навъ мањсулот вобаста ба талабот ва пешнињод муайян мегардад ва танњо раќобати солим миёни субъектњои бозор дар муќаррар шудани ќимати нињоии мањсулот таъсиргузоранд:

«

ГЎШТИ "СУЃДЇ"

Чаро тољир ба чорводор гўшт мефурўшад? - Њар навъ дахолат дар раванди нархгузорї баръакс таъсири манфие ба нархи нињоии мањсулот хоњад гузошт. Тањлили маълумотњо баёнгари он аст, ки дар бозорњо раќобати солим вуљуд дорад ва нафарони бонуфуз, ки дар муайян шудани нархњо таъсиргузор бошанд, вуљуд надоранд.

ЌАССОБИ ФАЌИР Дар бозори "Панљшанбе"-и шањри Хуљанд тахминан сад ќассобу фурўшанда гўшту маводи гўштї ба таври доимї машѓули коранд. Як коршинос гуфт, ки агар ќассоб аз 100 то 500 сомонї фоида набинад, мол нахоњад кушт. Вале ќассобњо мегўянд, ки як зиндагии одї доранд. Аммо чаро гўшт ќимат аст? - Мо асосан молњои парворї ва ё фарбењро мекушем, - мегўяд як ќассоб. - Нархи онњо назар ба молњои харобу лоѓар баландтар аст. Молро харида, ба ќассоби дигар медињем, ки забњ кунад. Ба вай њаќки хидмат медињем. Роњкиро карда, онро ба бозор меорем. Нархи иљораи яксолаи дукон 1200 доллар аст. Сесад сомонї барои дарёфти иљозати кор аз хадамоти бењдоштї, яъне санэпидстансия медињем. Њар сол як маротиба аз муоинаи тиббї мегузарем. Њар рўз 800 грамм гўшт барои муоинаи лабораторї ва ду сомонї барои хидматашон медињем. Ин њама харољот болои гўшти фурўшї ќарор мегиранд ва ба арзиши аслии махсулот таъсир мерасонанд. Гузашта аз ин, гўшт бояд дар муњлати се рўз пурра фурўхта шавад, дар ѓайри он муњлаташ гузашта, ѓайри ќобили истеъмол дониста мешавад. Дар сурати фурўхтани ин гуна гўшт љазоњои гуногун пешбинї шудааст. Ин аст, ки дањњо ќассобон

- Ба љойи гушту маводи гуштї метавон мањсулоти кишоварзии дигар, чун лўбиё, нахўд, наск, чормаѓзи зеризаминиро бештар истеъмол кард. Ин мањсулот дар таркиби хеш сафедаю чарбию витаминњоеро доранд, ки гўшт надорад.

«

муфлис шуда, барои дарёфти ризќу рўзї ба Русия рафтаанд.

РОЊИ ЊАЛЛ Рањмон Зоњидов мегўяд, роњњои њавасманд ва дастгирї намудани дењќону фермерњоро бояд пайдо кард, то дар натиљаи нињоии кораш манфиатдор бошад: - Ба дењќону фермер бояд имтиёзњои муайян дода шавад. Барои фароњам сохтани ѓизои чорво барояшон чарогоњњоро људо бояд кард. Фермерњо аз баъзе навъи андозњо бояд озод карда шаванд ва ё дар андозситонї барояшон имтиёз муќаррар карда шавад. Фурсати он расидааст, ки ба љумњурї говњои зотии гўшту ширашон зиёд оварда, парвариш карда шаванд. Имтиёз бошад, чорводор ба Русия нарафта, дар ин љо ба истењсол машѓул мешавад. Дар дењот саршумори чорво сол аз сол кам шуда, теъдоди молпарварон ангуштшумор мондаанд. Ин аст, ки ќимати мањсулоти кишоварзї, аз љумла гўшту ширу тухм дар дењањои кишоварзї њатто баландтар аз бозорњои шањрњо аст. Чорводор муњољир шудааст ва тољир барои оилаи ў аз хориља маводи кишоварзї меорад. Маъруфљон Шарифов мегўяд, дар даврони Шўравї соњаи чорводорї дар дотатсия, яъне кўмакњазинаи давлат ќарор дошт: - Њоло давлат имконияти чунин кўмакхарљиро надорад. Вале давлат метавонад бо додани ќарзњои дарозмуддат ва дарсадињои паст фермерњоро дастгирї кунад. Чарогоњњо ба ихтиёри он нафароне гузошта шаванд, ки мол доранд. Шароити лозимро бояд муњайё кард, то чорво то 9 моњ бичарад. Њоло дар каламрави вилояти Суѓд 13 маљмааи чорводорї ташкил шудаанд, ки дар хар яке аз 100 то 150 сар говњои зотии сиёњало парвариш мешаванд. Нафароне њастанд, ки њамасола ба Точикистон аз Русияву Ќирѓизистон аз 200 то 300 сар говњои зотї ворид менамоянд. Собиќадори соњаи чорводорї Мањмудљон Боќиев мегўяд, барои поийн шудани нархњо бояд бештар истењсол шавад:

- Барои ин пеш аз њама саршумори говњои зоянда зиёд карда шавад. Њукумат ба он мусоидат намояд, ки фермер ба ѓизои босифат ва нисбатан арзони чорво дастрасї дошта бошад. Мутахассисони соња низ таъкид карданд, ки як ќисми гўшти дар вилояти Суѓд истењсолшуда ба маркази кишвар интиќол меёбад. Њол он, ки дар минтаќањои љанубии Тољикистон имконияти бештаре барои парвариши њайвоноти гўшташон њалол мављуд аст. Директори Пажуњишгоњи амрози насої ва перинатологии Вазорати тандурустии Тољикистон Шамсиддин Ќурбонов мегўяд, бояд фарњанги ѓизохўрии мардум њам боло бардошта шавад: - Ба љойи гушту маводи гуштї метавон мањсулоти кишоварзии дигар, чун лўбиё, нахўд, наск, чормаѓзи зеризаминиро бештар истеъмол кард. Ин мањсулот дар таркиби хеш сафедаю чарбию витаминњоеро доранд, ки гўшт надорад. Дар Њиндустон як ќисми ањолї аз гўшти парранда истифода мебаранд. Дар кишварњои Араб ва Эрон низ аксарият гўшти гўсфанд истеъмол наменамоянд. Ањолии он кишварњо аз беморињо шикоят намекунанд. Бонувонашон гирифтори камхунї, авитаминоз, ки бинобар камбуди гемоглобин дар хун ва оњан ба вуљуд меоянд, нестанд.

ГЎШТ БАРОИ САГ Русњо пойи мурѓи амрикої ва бразилиро асосан барои сагњои хеш мехаранд. Ин ки гўштњои машкуки воридотии мо аз Њиндустону Аморати Муттањидаи Арабу Эрону Бразилия чї таркибе доранду то чї андоза барои инсонњо безараранд, барои аксари ањолии Тољикистон номаълум аст. Вазорати тандурустї, Хадамоти байтории Вазорати кишоварзї, "Тољикстандарт" - ро ин вазъ ба масъулияти бештар мехонад, зеро сухан аз генофонди миллат ва сињатии он меравад. Дориюши РУСТАМЗОД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ ДАРДИ БЕДАВО НАЌШАИ МАЪМУЛИИ ФАСОД,№16 7 8. 07. 2014 Ё (398), «АРРА КАРДАН»-И

ПУЛИ МАРДУМ ДАР ЯК ШИРКАТИ ДАВЛАТЇ

"БЕБАРЌИИ ТОЉИК" Боло бурдани ќимати барќ ва таѓйири рањбари ширкати "Барќи тољик" бори дигар исбот намуд, ки дар Њукумати Тољикистон фањмиши дурусти идораи ширкатњои давлатї вуљуд надорад. Ин матлабро бояд хонд, то фањмид, ки «одами сарвазир» њам ноком хоњад буд, зеро тавони муќовимат бо «арракашњо»-ро надорад...

ФАЊМИШИ ЊУКУМАТЇ Њукумат аз 1-уми июл арзиши барќро дар кишвар 15% гарон кард. Ба њар киловатт соат ањолї ба љои 11 - 12,60 дирам, истеъмолгарони саноатї ва ѓайрисаноатї ба љои 26,63 - 30,60 дирам, соњаи буљетї, бахши коммуналї ва маљмаањои варзишї ба љои 10,63 - 12,20 дирам пардохт мекунанд. Танњо "Талко" соњибимтиёз боќї монд. Корхонаи алюминий њар киловат соатро аз 1 май то 30 сентябр ба 7,20 дирам ва дар давраи зимистон аз 1 октябр то 30 апрел ба 11,80 дирам мехарад. Гарон шудани барќ чунин тафсир гардид, ки эњтиёљоти молии ширкатро бароварда кунад. Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия њангоми муаррифии созишномаи ќарзї миёни Тољикистон ва Бонки исломии рушд барои таљдиди зеристгоњи "Равшан" - и шањри Турсунзода дар посух ба ин суоли вакилони парлумон, ки "оё ин лоиња мушкилоти "Барќи тољик"-ро зиёд намекунад?", гуфт, барои "Барќи тољик" мушкил ба бор нахоњад омад, зеро ќимати барќ 15% афзоиш хоњад ёфт.

Њафтаи гузашта парлумони Тољикистон созишномаи миёни Тољикистон ва Бонки исломии рушд барои таљдиди зеристгоњи "Равшан"-ро ба тасвиб расонд. Маблаѓи умумии ин созишнома 14 миллиону 500 њазорро ташкил медињад, ки онро бояд "Барќи тољик" баргардонад. Вале бо такя бо таљрибаи солњои гузашта коршиносон баъид медонанд, ки боло бурдани ќимати барќ вазъи молиявии ширкатро бењтар созад. Ѓуломиддин Сайфиддинов, коршиноси соња мегўяд: "Дар Ўзбакистон ќиммати аслии энергияи барќї нисбат ба Тољикистон 15-16 маротиба гаронтар аст. Ўзбакистон энергияи барќро гарон истењсол мекунад, аммо ширкаташ ќарздор нест. Дар Тољикистон барќи обиро арзон истењсол мекунанд, аммо "Барќи тољик" њамоно ќарздор аст. Чанд навбат ќимати барќро боло бурданд, аммо мушкил њал нашуд?" Дар пайи боло бурдани ќимати барќ рањбари "Барќи тољик" иваз шуд. 5 соли охир зуд-зуд рањбари ин ширкат иваз мешавад. Як анъана шудааст, аммо таѓйироти навбатиро ѓайричашмдошт номем њам, хато намекунем.

"ТАРОШАЕ АЗ БОМ" Аслиддин Назарзода, ки аз моњи июли 2013 ширкатро рањбарї мекард, барканор шуд. Њарфи аз вазифа рафтани ў њанўз баъд аз љаласаи њукумат дар моњи майи соли равон ба миён омада буд. Баъди ин љаласа, ки фаъолияти "Барќи тољик" - ро баррасї кард, саломатии Аслиддин Назарзода бад шуда, як њафта дар шифохонаи њукуматї табобат гирифт. Ба љои ў дар ин вазифа чењраи тамоман нав дар соњаи энергетикаи кишвар Рањматзода Рустам Мирзо, то ин ваќт раиси ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд, таъ-

ин шуд. Назаре ба зиндагиномаи Рустам Мирзо кофист, ки бифањмем, то куљо ба ин соња "наздикї" дорад. 7-уми майи соли равон 51-сола шуд. Ду маротиба - солњои 1985 ва соли 1994 Донишгоњи Миллии Тољикистонро бо ихтисосњои муаллими фанни риёзї ва иќтисод хатм кардааст. Фаъолияти мењнатиашро аз соли 1985 (то соли 1991) дар вазифаи муњандис-барномасози маркази њисоббарории љумњуриявии Кумитаи давлатии РСС Тољикистон оид ба таъминоти моддї ва техникии шањри Душанбе оѓоз кардааст. Солњои 1991 - 1993 сармутахассиси шўъбаи иќтисод ва молияи мудирияти корњои кабинети Вазирони ЉТ, 1993-1995 - сармутахассиси шўъбаи иќтисод ва молияи мудирияти Шўрои Вазирони ЉТ, 1995-1996 cармутахассиси шўъбаи иќтисодии Дастгоњи иљроияи Президент будааст. Аз соли 1996 то 2002 муовини сардори шўъбаи молиёт, буља, назорати арзии Раёсати иќтисодиёти Дастгоњи иљроияи Президент ва аз соли 2002 то 2006 дар вазифаи муовини вазир - сардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноат кор кардааст. Соли 2006 2009 муовини раиси шањри Душанбе буд. Аз январи 2009 то январи 2013 раиси ноњияи Айнї ва то 5 июли соли 2014 раиси ноњияи Зафаробод буд. Аз љумла буљаи ноњияи Айниро аз дотатсия баровард, ки натиљањои манфии он имрўз ошкор шуда истодааст. Тариќи барномањои "Ахбор"-и Шабакаи аввал худро рањбари тавоно нишон дод. Барои худаш низ кор кард. Мардуми Айнї медонанд, ки дар маркази ноњия мењмонхонаи шўъбаи маорифро хусусї ва хонаи истиќоматї кард ва дар дењааш низ хонааш ранг иваз намуд.

РУСТАМ РАЊМАТЗОДА, РАИСИ НАВИ "БАРЌИ ТОЉИК", КИ ОДАМИ САРВАЗИР МАЊСУБ МЕШАВАД

Дар ноњияи Зафаробод аз техникаи нави роњбарї кор гирифт. Аввалњои раисї бо бар намудани либоси оддї ба идораву муассисањо рафта, ногањон аз вазъи онњо хабар меёфт. Обкашњое, ки солиёни дароз кор намекарданд, ба кор даромаданд… Шояд ў як рањбари тавоно ва кордон барои як ноњия бошад. Аммо ўро барои рањбарии "Барќи тољик" тамоман бегона медонанд. Ширкате, ки то муфлисшавиаш як ќадам мондааст.

ВАЗЪИ ШИРКАТ Нахуствазир Ќоњир Расулзода дар муаррифии Рустами Мирзо дар назди кормандони ширкат изњори боварї кардааст, ки дар як сол 20 млрд кВт/соат барќ истењсол шуда, ширкатро аз буњрони молї рањо хоњад кард. Ширкатеро, ки аз бузургтарин ќарздорњо дар назди буља мебошад. Ќарзи ширкат дар назди буља кайњо марзи 400 миллион миллион сомониро убур кардааст. "Барќи тољик" аз неругоњи "Сангтуда - 1" - 417,6 млн. сомонї (то 1 майи соли 2014), аз "Сангтўда - 2" 133 млн. сомонї (нишондоди соли 2013) ќарздор аст.. 13


8

СЎЊБАТИ ДОЃ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

Тиљи Кинтинар:

"МО НА ОНЕМ, КИ МЕГЎЯНД!" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо директори QI group Тиљи Кинтинар, директори QI group њафтаи гузашта ба дунболи бањсњое, ки дар Тољикистон сари фаъолиятњои яке аз 8 ширкати ин њолдинг - Qnet - бархост, вориди Душанбе шуд. Мавсуф чор рўз дар Душанбе њузур дошт, бо намояндагони мустаќил, матбуот ва муштариёни Qnet мулоќот кард. Дар анљоми сафари ў "Нигоњ" нахуст аз Тиљи Кинтинар пурсид, ки њадафи сафар чї буд ва нињоят ба чї натиља расид? - Моро як ќатор матолибе, ки алайњи ширкати мо дар расонањо нашр шуданд, ба Тољикистон овард. Мо омадем, ки бигўем: мо на онем, ки шумо дар бораи мо мегўед! Тавре бархе фикр мекунанд, мо аъљуба нестем. Мо як ширкати глобалии мўътабар ва ќонунї дар љањонем, ки бо дилу нияти пок кор мекунем. Ба љуз Тољикистон дар дањњо кишвар фаъолият дорем, моро мебинанд ва мешиносанд… Аввалан, барои ман ин њуљуми иттилоотї њељ љои аљобат надошт, зеро одамони зиёде њастанд, ки тиљорати шабакавиро намефањманд, ё бо сабабе ба ѓараз кор мегиранд. Аммо даќиќ аст, эътибори як кишвар аз ин њам вобаста аст, ки то куљо дар њудудњои он ширкатњои љањонї фаъолият мекунанд ва брендњои глобалї дида мешаванд. - Аз чанд рўзе, ки дар Тољикистон ќарор доштед, чї хулоса кардед? - Ин аввалин ошноии ман бо Тољикистон аст. Ростї, намедонистам, ки аз ин сафар чї таваќќўъ кунам. Ман дар кишварњое њам будам, ки аз дидани ман хуш набуданд. Манзурам, он кишварњое, ки Qnet-ро бо вуљуди гузаштани беш аз 10 сол њанўз як ширкати ќаллоб мешиносанд. Ваќте ман гуфтам, ки Тољикистон меравам, бархе пурсиданд, мутмаин њастї? Ва ман омадам, бо ањли оилаам. Ман назди онњое омадам, ки ба кори мо бовар кардаанд ва азбаски имрўзњо тањти фишори расонањо ќарор доранд, њис мекунам, ки дар бари онњо будан масъулияти ман аст. Њоло як нуктаро дарёфтам: хеле мушкил аст ба мардум фањмондани он, ки мо як ширкати ќонунї њастем. Муњим нест, ки чї мегузарад, аммо мо хоњем буд, то собит кунем: Qnet он чї нест, ки шумо фикр мекунед. - Яъне Шумо хуб огоњ будед, ки дар бораи Qnet бархе дар Тољикистон чї мегўянд?

- Мо ин љо лидерњои худро дорем, ки њамеша моро аз вазъ огоњ мекунанд. Бахусус, технологияњои имрўза имкон медињанд, ки дар се - чор даќиќа аз воќеањо дар ин љоњои дур хабардор шавї. Ростї, ваќте мо фањмидем, ки дар Тољикистон якбора се маротиба сесоатї алайњи ширкати мо таблиѓ мекунанд, шок шудем. Як бор не, се - чор маротиба. Мо ба ин хулоса омадем, ки ин њама тарњрезишуда асту бояд тадбир љуст. - Кистанд ин ашхос ё гурўњњо? - Ман чанд андеша дар ин бора аз афроди мухталиф шунидам, аммо њоло онњоро ќазоват намекунам. Фикр мекунам, ваќте онњо даст ба чунин кор мезананд, далели худро доранд. Аммо вазифаи ман ин аст, ки иттилоъи нодурусти ин ашхосро ислоњ кунам. - Љаноби Кинтинар, Шумо омадед, дидед, гуфтед ва хоњед рафт. Расонањо боз мавзўи Qnet - ро ба миён мегузоранд, яъне боз маъракаи сияњкунии ширкат шурўъ мешавад… - Бубинед, ман аз як кишвари демократї меоям - Филипин. Он љо матбуот озод аст, танќид мекунад, аммо њељ надидам, ки як танќид ё њуљуми иттилоотиро борњо ва ба таври мудаввом кунанд. Ман мефањмам, ки Тољикистон демократияи нав аст, аммо њис мекунам, њамлаи мудаввом як кори ѓайримаъмулї аст, шояд њатто дар Тољикистон њељ гоњ чунин набуд. Мо чї кор

«

- Мо дар Тољикистон лидерони худро дорем, ки ба онњо эътимод мекунем. Аммо, бар иловаи ин, мо як гурўњи дигарро њам сафарбар мекунем, ки људо аз намояндагї ва лидерони мо ба Душанбе меоянд ва тафтишоти мустаќилонаи худро роњандозї мекунанд. Мо танњо ба як манбаъ такя намекунем. Мо ба њар роњ њар мавридеро, ки мешавад, тањќиќ мекунем, зеро эътибори ширкат барои мо хеле муњим аст.

«

мекунем? Ќасос намегирем. Ин кори як ширкати шоиста нест. Мо бо кори худ ба тамоми мардуми Тољикистон исбот мекунем, ки як ширкати ќонунї ва боэътибор њастем. - Гап дар бораи имиљи ширкати Шумо меравад. Барои њимоят аз он чї кор хоњед кард? - Мо як усули кор дорем дар ин самт, на фаќат дар Тољикистон, балки дар тамоми дунё аз рањбарони ширкат танњо як хоњиш дорем, ки тиљораташонро дар доираи одоби хеле баланд роњандозї кунанд. Хуб мефањмам, ки бархе афрод бар пул кор кардан арљ мегузорад, ба љои ин ки як тиљорати муаддабона ва одилонае дошта бошанд. Мо итминон дорем, њар соњибкорие, ки аз рўи одоб пеш бурда мешавад, хеле дур меравад, оянда дорад. Њар љо, ки мо сафар мекунем, дар мулоќот бо намояндагонамон як нуктаро зикр мекунем: Qnet, дар кулл тиљорати шабакавї - соњибкории дарозмуддат аст. Мутаассифона, бархе инро василаи зуд сарватманд шудан медонанд. Ин тур нест. Ин соњибкорї њам мисли дигар соњибкорињо, ё тиљоратњо зањмати зиёд талаб мекунад. Ин як навъи тиљорат аст, ки бо зањмати зиёд, аммо ба масрафи кам муваффаќ хоњед шуд. Ваќте низоми кории њамкорони мо дар Тољикистонро дидам, хеле хуш шудам, зеро онњо хеле дуруст кори худро ба роњ андохтаанд. Аммо бо вуљуди исрору дарсњои мо афроде низ њастанд, ки ба мисли як себи пўсида, тамоми сабадро мепўсонанд. Онњо усулњои кории худро роњандозї карда, низоми умумии ширкатро хароб мекунанд. Њарчанд онњо хеле каманд, аммо зиёни зиёд доранд. - Воќеан, ба назар мерасад, ки мушкили аслии Qnet њамин афрод њастанд. Онњо хоњанд буд, кор хоњанд кард, ё чї? Бо онњо чї хоњед кард? - Qnet як департамент ё раёсати бузурге дорад, ки њуќуќшиносњои варзида дар он кор мекунанд ва ин гуна маворидро мавриди тањќиќ ќарор медињанд. Масалан, агар фаъолияти ѓайриќонунии як намояндаи мустаќили Qnet ошкор шаваду инро тафтиши њуќуќшиносони мо муайян карда, њукм бароранд, ки ў њазф шавад, бидуни таъхир, ин нафарро мисли њамон себи пўсида аз сабад дур мекунем, сањифаашро дар сомонаамон мебандем. - Агар як нафар аз намояндаи мустаќили Шумо шикоят дорад, бояд чї кор кунад, масалан, дар Тољикистон? - Барои мардуми Тољикистон ин кор осон аст, зеро ин љо дар Душанбе мо

намояндагї дорем. Дар намояндагї онњое кор мекунанд, ки бевосита корманди мо њастанд, на намояндањои мустаќил. Онњо вазифадоранд, ки њар чї ин љо иттифоќ афтад, масалан, касе шикоят кард, ба мо бирасонанд. - Бале, ин гуна њам метавонад шавад, ки намояндањои Шумо ба Шумо хабар нахоњанд дод, чун ин љо манфиат доранд. Он ваќт чї кор мекунед? - Мо дар Тољикистон лидерони худро дорем, ки ба онњо эътимод мекунем. Аммо, бар иловаи ин, мо як гурўњи дигарро њам сафарбар мекунем, ки људо аз намояндагї ва лидерони мо ба Душанбе меоянд ва тафтишоти мустаќилонаи худро роњандозї мекунанд. Мо танњо ба як манбаъ такя намекунем. Мо ба њар роњ њар мавридеро, ки мешавад, тањќиќ мекунем, зеро эътибори ширкат барои мо хеле муњим аст. Аммо мо бештар аз њама ба намояндагии худ бовар дорем ва ба он такя мекунем. - Бубинед, њамин намояндагї буд, ки имрўз як баѓочи бузурги шикоятро дар пушти Qnet доред. Агар ин намояндагї Шуморо огоњ мекард, имрўз дучори чунин мушкил намешудед ва расонањо њам Шуморо мавриди интиќод ќарор намедоданд… - Бале, аз њамин хотир, тавре гуфтам, мо танњо ба иттилои намояндагї такя намекунем. Манобеъи дигар - лидерон ва манобеъи мустаќилро њам ба кор меандозем. - Хуб, љаноби Кинтинар, маълум аст, ки Qnet бо тиљорат ва фоида гирифтани худ машѓул аст. Аммо ин тиљорати шумо ба Тољикистон чї нафъ меорад? - Аввал, мо дар саросари дунё ба онњое, ки мехоњанд, аммо наметавонанд бо соњибкорї машѓул шаванд, шароит фароњам меорем, то тиљорат кунанд ва фоида ба даст оранд. Ин як тиљоратест, ки барои њама дастрас аст. Шарт нест, ки дипломи мактаби олї, њатто шањодатномаи мактаби миёна ва њатто истеъдоди вижа дошта бошед. Њар нафар метавонад бо ин соњибкорї машѓул шавад. Мо одамонеро дорем, ки замоне ќањвафурўши кўча буданд, аммо њоло як соњибкори муваффаќанд. Ваќте намояндагони мо муваффаќ мешаванд ва ба даромади хуб мерасанд, ба давлат андоз месупоранд. Мо ифтихор мекунем, ки 2 њазор (!) намояндаи мустаќили мо андозсупорандаи доимии Тољикистон њастанд. Барои мо чаро Тољикистон авлавият дорад? Мо фаъолиятамонро ба баќия кишварњои Осиёи Марказї ва Русияву Ќафќоз тариќи Тољикистон пиёда кардем. Бубинед, аксари лидерони Qnet дар он


ХУДСОЗЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

ТИЉИ КИНТИНАР, ДИРЕКТОРИ QI GROUP

кишварњо тољиканд ва маблаѓе, ки онњо кор мекунанд, ба Тољикистон меояд. Андозро њам ба Тољикистон месупоранд. Онњо дар Русия ва дигар кишварњои љањон корфармо њастанд, на коргар. Мо мехоњем љавонони Тољикистон њамин гуна ба хориља раванд, на ба сифати муњољири корї. - Оё њастанд лидерони шумо аз љумлаи тољикон, ки даромадњояшон, масалан, аз 1 миллион доллар боло рафта бошад? - Ростї, ном ба ном намедонам, аммо њастанд. Ва мо ин гуна афродро дар саросари љањон дар 100 кишвар дорем. Аммо муваффаќњо аз миёни тољикон дар ќиёс бо кишварњои дигари Шўравї хеле зиёданд. - Як далели расонањое, ки зидди Qnet суњбат мекунанд, ин аст, ки чаро фаъолияти ин ширкат дар кишварњои пешрафтаи Аврупову Амрико ва њатто Эрон дида намешавад. Шумо чї мегўед? - Онњое, ки мегўянд, ширкати моро дар фалон кишвар бастаанд, хато мекунанд. Ин њамаро барои камранг кардани эътибори ширкати мо мекунанд, ки дуруст нест. Гап дар ќонунгузории кишварњо аст, ки агар мувофиќ буд, мо дар он љо кор мекунем, агар набуд, не. Масалан, Чин. Он љо мо намегузорем, ки намояндагони мустаќиламон кор кунанд, зеро ин кишвари ќудратманду бузург тиљорати шабакавиро сахт танзим мекунад. Ширкатњои дигар ба Чин рафта, модели бизнеси худро дигар мекунанд, то иљозати фаъолиятро ба даст оранд, аммо мо наметавонем ин корро кунем. Олмон. Мо он љо намояндагии расмї кушодаем. Њамин тавр, мо дар Туркия њам кор мекунем. Он љо ширкати мо дар ихтиёри худи туркњо аст. Мо дар Эрон кор намекунем, зеро ин хоњишро надорем. Аммо мо дар Сингапур фаъолият дорем. Кишваре, ки барои камтарин фаъолияти ѓайриќонунии иќтисодї шумо сахт муљозот, њатто зиндонї мешавед. Мо он љо шаффоф ва хеле бо муваффаќият фаъолият дорем. Яъне воќеият ин нест, ки ба мо иљозаи кор намедињанд, балки мо зарурати кор дар он кишварњоро намебинем. - Дар Тољикистон ин овозањо ва ин њадсу гумонњо вуљуд доранд, ки пушти ин њама таблиѓот алайњи Qnet кадом як гурўњњои молї меистанд, зеро њоло аслан коњи куњнаро ба бод медињанд, яъне он мизољонеро мешўронанд, ки солњои пеш бо намояндагони мустаќили Qnet мушкил доштанд. Иддае инро дида, хулоса мекунанд, ки њадафе

њаст. Мегўянд, њадафи онњо аз худ кардани тиљоратест, ки Qnet мекунад ва ё ин њадаф њам пайгирї мешавад, ки Qnet мањз бо онњо кор кунад. Шумо чї назар доред? - Ман аз ин чї дар њайрат намеафтам. Гуфтанї нестам, ки дар Тољикистон айни чунин вазъ аст. Не. Дар бархе кишварњои дигари љањон ин гуна бозињо иттифоќ афтода буданд. Ба мо мегуфтанд, ки агар бо онњо кор накунем, роњњои нафаси моро хоњанд баст ва ин корро њам карданд. Аммо ман мегўям, ки мо тиљорати комилан ќонунї дорем. Мо дар саросари љањон њамкорони худро дорем, онњо ба мо кўмак мекунанд, ки ин тиљорати хуб дар кишварашон рушд кунад. Онњо ин имкониятро, ки барои шањрвандонашон фароњам шуд, аз дасти онњо нагирифтанд. Qnet њамагї 17 сол аст, ки вуљуд дорад, аммо њоло яке аз бузургтарин ширкатњои тиљорати шабакавї дар љањон аст. Рушди мо эњтимолан ба бархе ширкатњои дигар маъќул нест ва онњо мехоњанд, ки рўи фаъолиятњои мо соя афкананд. Аммо ба такрор мегўям, ки мо њар куљо фаъолият дорем, бар асоси ќонунњои љории њамон мањал фаъолият дорем. Дар њар кишваре набошем, мехоњем дар дарозмуддат бошем, на кутоњмуддат, зеро мо ба ќонунњои он кишвар бовар дорем, на кадом як неруи мушаххас, ки бояд моро пуштибонї кунад. - Воќеан, расонањое, ки ба Qnet њамла кардаанд, ошкор мегўянд, ки ширкати шуморо дар Тољикистон фалонї пуштибонї мекунад ва рањбари намояндагии ширкат њам аз хешовандони фалонист... - Агар то имрўз алайњи ширкати мо ягон парвандаи љиної боз накарданд, ин на ба он хотир аст, ки мо пуштибони ќавї дорем, балки барои он аст, ки мо ягон ќонуни Тољикистонро наќз накардаем. Бовар дорем, њар кї дар Тољикистон ќонунро наќз кунад, муљозот мебинад. Чун Qnet ягон ќонуни Тољикистонро наќз накардааст, чаро ба як њомї ниёз дошта бошад? Ин љо як нуктаро рўшан кунам, ки мардум бояд фарќи миёни корманди Qnet ва намояндаи мустаќилро дониста бошанд. Корманди мо аз њисоби мо маош мегирад ва њар коре, ки мекунад, масъулияти мост. Мо дар Тољикистон њамагї 3 корманд дорем. Аммо 2 њазор намояндаи мустаќил дорем. Њарчанд мо ба онњо ќоидањои тиљорати боадолат ва боодобонаро меомўзем, онњо аз шевањои худ кор мегиранд ва муртакиби хатову љурмњо мешаванд, ки худ бояд дар назди

«

- Онњое, ки мегўянд, ширкати моро дар фалон кишвар бастаанд, хато мекунанд. Ин њамаро барои камранг кардани эътибори ширкати мо мекунанд, ки дуруст нест. Гап дар ќонунгузории кишварњо аст, ки агар мувофиќ буд, мо дар он љо кор мекунем, агар набуд, не. Масалан, Чин. Он љо мо намегузорем, ки намояндагони мустаќиламон кор кунанд, зеро ин кишвари ќудратманду бузург тиљорати шабакавиро сахт танзим мекунад.

«

ќонун љавобгар бошанд, на Qnet! Масалан, Калашников автоматеро ба инсоният дод, ки аз тири он миллионњо афроди бегуноњ кушта шуданд. Калашников инро мехост? Не, албатта. Ў мехост, ки ин силоњ барои њимояти инсонњо бошад, на куштори онњо. Тиљорати Qnet низ чизе ба ин монанд аст. Онро кї ва ба кадом хотир истифода мекунад, ин муњим аст. Мутаассифона, бархе ин тиљоратро ба љиноят табдил медињанд, ки бояд тањќиќ ва муљозот шаванд. - Дар ин муддате, ки дар Душанбе будед, оё бо маќомоти Тољикистон мулоќот доштед? Назари онњо ба тиљорати шабакавї чї аст? - Њадафи сафари мо дигар буд. Бо рўзноманигорон ва лидерони худ мулоќот кардем, аммо натавонистем бо маќомот њам вохўрем. Агар назари њукумати Тољикистон дар бораи тиљорати шабакавї нек намебуд, ањамияти ин тиљорати ояндаро дарк намекард, тавре дар бархе кишварњои дигар њаст, ба ширкатњое

9

чун Qnet иљозаи фаъолият намедод. Ман мутмаинам, ки њукумати Тољикистон як иќтисодї ќавї месозад ва дар он сањми тиљорат ё соњибкории шабакавиро њам мебинад. Дар интернет як навор аз Бил Клинтон, собиќ президенти Амрико њаст, ки мегўяд: тиљорати шабакавї ояндаи иќтисоди љањонї аст, то 50 соли дигар њамаи ширкатњои љањон барои дастрас кардани молашон ба мизољон аз ин низом кор хоњанд гирифт. Њоло мешавад гуфт, 50 дарсади ширкатњо ба ин тиљорат рў овардаанд. Пас худ ќазоват кунед, ки агар Тољикистон имрўз дар ин самт дар ќиёс бо дигар кишварњои муваффаќтар аст, фардо самараашро бармало хоњад дид. Гап танњо дар бораи Qnet нест, балки тиљорати шабакавї дар умум аст. - Яке аз даъвоњое, ки алайњи ширкати Шумо доранд, сифати мањсулот аст. Мизољон ягон моли Qnet (дар Тољикистон, бахусус љавоњирот) - ро мехаранд ва зуд шикоят мекунанд, ки он ба нархаш мувофиќ нест. Нархњои Qnet, фикр намекунед, ки воќеї нестанд? - Мо тамоми кўшишамонро барои он равона кардаем, ки моли мо сифати бењтаринро дошта бошад ва аз брендњои љањонї ќафо намонад. Дар Тољикистон асосан соатњои шветсарии моро мехаранд, ки аз 800 то 2000 доллар ќимат доранд. Мо барои он ки ба соатњои худ тамѓаи "Swiss made" - ро бигирем, аз чандин комиссияњои љањонї гузаштаем ва онњо ба мо шањодатнома додаанд. Хуб, ин соат 2 њазор ва дар баробари он соати "Ролекс", ки 8 то 15 њазор доллар ќимат дорад. Нек бингарем, њарду ќариб аз як матоъ - пўлод љўр шудаанд, барои њарду миќдори муайяни пўлод истифода шудааст, аммо нархи комилан мутафовит доранд. Агар "Ролекс" чанд грам тилло дорад, арзиши тилло 2 - 3 њазор доллар аст, на беш аз ин. Аммо соат фурўхта мешавад ба 20 - 30 њазор доллар. Хулоса, харидор сифат, ном ва брендро мехарад, чун медонад, ки меарзад ва аз ин кори худ њаловат мебарад. Моли мо сирф эксклюзив - вижа аст. Соати шветсарии мо "Бернард" - ро танњо мо мефурўшем. Агар ба каталоги соатњои шветсарї як сар занед, мебинед, ки соати мо дар ќатори бењтаринњост. Њамин тур, барои як Iphone то 100 доллар харљ мекунанд, аммо болотар аз 500 доллар мефурўшанд. Онњое, ки аз Qnet мол гирифтанд, бояд ин ќоидаву ќонуни бозорро донанд. - Ташаккур, љаноби Кинтинар, њарфе монд, ки мо напурсида бошем? - Бале. Ман њар куљо сафар мекунам, њамсар ва ду фарзандамро бо худ мегирам. Аз њисоби худам, на ширкат. Чаро? Мехоњам, ки њамсар ва фарзандонам донанд, ки чї гуна саробони хуб доранд. Дуввум, шахсан мехоњам барои дигарон коре кунам. 17 сол пеш ваќте мо ширкатамонро роњандозї кардем, як шиор доштем: худро бардор, то худро бардошта натавонї, ба дигарон њам кўмак карда наметавонї, ки аз љой баланд шаванд. Њоло аз расонањое, ки алайњи Qnet таблиѓ мекунанд, хоњиш мекунам, ки нависанд, аммо бо адолат ва мардонагї нависанд. Аввал, хуб тањќиќ кунанд, асли матлабро фањманд, мутмаин шаванд, ки он чї мегўянд, аз рўи адолат аст. Агар љурми моро собит карда тавонистанд, хуб, танќид кунанд, агар натавонистанд, ором бошанд бењтар аст, зеро чун худ бардошта наметавонанд, бигзоранд, то дигарон бардоранд. Паёми мо ба мардуми мењмоннавози Тољикистон ин аст: фурсат дињед ва мо ба шумо собит хоњем кард, ки кори Qnet њаќ аст. Суњбати Фаромарзи ФОЗИЛ

МАЪМУЛОТИ "НИГОЊ": QI group аз 8 ширкат - Qnet (фурўшњои мустаќим бар пояи тиљорати электронї), Lifestyle and Leisure (зиндагии солим ва истироњат), Luxury and Collectibles (соатњои люкс ва љавоњирот), The V (тренингњои маърифатї ва ивент - менељмент), Qi Assets management (менељменти амволи ѓайриманќул ва мењмонхонањо), QuEx (логистика) ва QIUP (донишгоњ дар аёлати Пераки Малайзия) иборат аст.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

ПАЖУЊИШ

АЗ ТОЛИБОН ТО ДИИШ Њатто мутолиаи кулли хабарњо дар бораи Давлати исломии Ироќу Шом (ДИИШ) дарбаргирандаи он дањшате нест, ки тасаввур мешавад. Дар ду кишвари ноороми ќаламрави Ислом давлати худхондае парчам меафрозад ва худро хилофати исломї меномад. Ва халифаи он Абубакр Баѓдодї, бидуни истињола, ба оинаи нилгун шона мезанад ва аз мусалмонони олам даъват мекунад, ки аз ў итоат кунанд. Барои касоне, ки сиёсатњои љањониро хуб омўхтаанд, ин рўйдод падидаест, ки минтаќаро дар хоку хун оѓўшта мебинад. Тањлилгарони мустаќил аллакай фикри худро иброз доштанд ва онро низ мањсули тафаккури њамон ѓарбе

ХАЛИФА АБЎБАКРИ БАЃДОДЇ

ХИЛОФАТЕ БО САРНАВИШТИ НОМАЪЛУМ Аз ду њафта ба инљониб аввал таъсиси давлати нави исломї ва баъд эълони хилофати исломї сиёсатмадорон, сарони кишварњо ва тањлилгаронро ба кўи андешањои гуногун бурдааст. Ва хулоса як аст: таъсиси хилофате бо сарнавишти номаълум

донистанд, ки пайваста барои барњам задани субот дар ќаламрави Ислом даст ба дасиса мезанад. Ва акнун ин дасисањо ошкоранд, акнун мо дигар паспардаи онро намековем ва ба ковиши бештар њам зарурат надорад. Мо аллакай ин сенариёро як бор татбиќшуда медонем. Охири садаи гузашта давлати навпои муљоњидин дар Афѓонистон тавассути иломгароёни номнињоде бо исми Толибон заъиф ва аз садри Кобул берун ронда шуд. Толибон муддати каме бештар аз 5 сол њокимият карданд ва боз њамон ѓарб бо сенарияи дигар онњоро њам аз салтанат берун ронд. Вале муваффаќ шуд чењраи Исломро маѓшушу олуда бо хуну террор ба љањониён ба намоиш гузорад. Чун Толибон бо њамон андешаи арсримиёнагї тавре амал карданд, ки то дергоњ ѓубори он аз чењраи Ислом пок намешавад. Давлати исломии Ироќу Шом низ тибќи њамон сенария аст, вале ба гунаи дањшатафкантар, акнун ду мазњаби маъруф дар Ислом теѓ ба рўи њам мекашанд. Хилофат давлати суннињост ва шиамазњабонро лозим меояд бањри ќаламрав ва ояндаи будану мондани худ даст ба пайкор зананд. Яъне, яке њатман бояд хуни дигареро бирезад. Дар ѓайри сурат аз номуваффаќон хоњад буд.

ХАЛИФА КИСТ? Дар бораи шахсияти халифаи номнињод маълумоти расмї хеле кам интишорёфта ва шабењи касест, ки хеле пинњон будаву чун муъљиза аз худ дарак додааст. Ўро Иброњим Алї аль-Бадрї, Абу Дуъо, Абубакр ал-Баѓдодї меноманд ва аз 4-уми октябри соли 2011 аз љониби ИМА љустуљў мешавад. Дар ин таърих Департаменти давлатии Амрико барои иттилооте, ки ба дастгир намудани Абу Дуъо мусоидат мекунад, 10 миллион доллар љоиза эълон кард. Њамзамон бо ин ўро дар рўйхати хатарноктарин террористони байналмилалї шомил карданд. Њамчуноне ишора рафт, дар мавриди ў то њол маълумоти итминондињанда хеле кам интишор ёфтааст. Танњо чизе, ки мутмаъинан дар атрофи номи ў бофта мешавад, сарварии шуъбаи ироќии "Ал-Ќоида"-ро бар душ доштани ўст.

рифтан ва аз назорат хориљ гардидани Толибон Амрико нигарон шудаву вориди Афѓонистон шуда буд, тарроњонаш аз љумлаи кишварњои исломї дар изтиробанд, зеро на барои Кувайт ва на барои Саудї хилофати исломї ба нафъ нест. ДИИШро сарнавишти Толибон ва Абубакри Баѓдодиро сарнавишти Муллоумар интизор аст. Зеро ин лоиња чун "Ал-Ќоида"-ву Толибон мањкум ба шикаст аст. Чаро? Хуан Коул, коршиноси Ховари Миёна ва муаллифи китоби машњури "Арабњои нав" менависад, ки халифа аслан худ як ќотили гузаро ва занљиравии равонист ва рафтори таљовузбарангезаш ќабл аз њама метавонад муљиби хашму ѓазаби љонибдоронаш гардад. Вай аз соли 1924 ёд мекунад, ки дар Туркия Камол Отатурк охирин хилофати исломиро дар ин ќаламрав барњам зада буд. Вале он замон ин наметавонист аксари мусалмонони оламро ба риќќат орад. Дар марњилаи кунунї гуруњњои мубориз њам дар Ироќ ва њам дар Сурия аз иќдомоти ДИИШ пуштибонї мекунанд, вале чуноне хоси њама инќилобњову табаддулотњост, ин марњила басо зудгузар аст, чун тадриљан золимияту ќатлу ќитоли Баѓдодї рў мезанад ва њамин неруњое, ки њоло пањлуи њам дар њайати ДИИШ мељанганд, аз ў дилсард мешаванд. Зеро баъзе гуруњњо ДИИШ-ро бозувоне мебинанд, ки бо кўмаки вай дар Ироќ суннињо зидди бедодињои њокимияти шиамазњабони Маликї сари по хестаанд ва на аз ин беш. Вале назари дигар њам вуљуд дорад,

ЌАЛАМРАВИ ХИЛОФАТИ ОЯНДА

Баъди марги Усома бин Лодан дар моњи майи соли 2011, Абу Дуъо эълон кард, ки барои ў аз Амрико ќасос хоњад гирифт. Њамзамон бо ин масъулияти чандин амали террористие, ки дар Ироќ рух додааст, бар душ гирифтааст. Ва боз: баъди љустуљўњои зиёд олимони шаљарашинос ин шаљараномаро њам ба ў нисбат доданд: Абу Бакр АлБаѓдодї бинни Армуш, бинни Алї, бинни Иид, бинни Бадрї, бинни Бадриддин, бинни Халил, бинни Њусейн, бинни Абдуллоњ, бинни Иброњим, бинни Шариф Яхё Изомудин, бинни Шариф Башир, бинни Маљид, бинни Абдуррањмон, бинни Ќосим, бинни Шариф Идрис, бинни Љаъфар аз, Закї, бинни Алї Ал-Њодї, бинни Муњаммад Ал-Љавод, бинни Алї ар-Ризо, бинни Мусо Ал-Козим, бинни Љаъфар ас-Содиќ, бинни Муњаммад Абубакр, бинни Зайнаобиддин, бинни Њусайн, бинни Алї, бинни Абутолиб ва Фотима бинти Муњаммад, Расули Аллоњ (с). Чуноне дида мешавад, халифаи оянда аллакай насабномаи худро бо Пайѓамбари Худо (с) дуруст кардаву хештанро барои сарварии ояндаи муслимин омода намудааст.

ДИИШ МАЊКУМ БА ШИКАСТ АСТ, АММО КАЙ? Тањлилњои коршиносона бар ин далолат мекунанд, ки ДИИШ њарчанд зодаи тафаккури Ѓарб аст, вале дар заминаи ихтилофоти дохилии худи мусалмонон рўи кор омадааст. Замоне, ки давлати Асад бо мухолифонаш мељангид, аз миёни њамин мухолифон гуруњњое људо шуданд ва худро њам муќобили Асад ва њам муќобили мухолифони давлалти ў ќарор доданд ва зидди њарду љангиданд. Баъдан ин гурўњ каме ќувват гирифт ва давлатњои њамсоя аз љумла Арабистони Саудї хостанд онро ба манфиати худ барои саркўб сохтани Башор Асад истифода кунанд. Дар ихтиёраш њама имкононти заруриро гузоштанд ва ин гуруњ хуб нерўманду муќтадир шуд. Ба њадде, ки майдони љанг дар Сурия барояш тангї мекард ва худро ба Ироќ зад. Дар ин сарзамин бо истифода аз фурсати муносиб курдњо нерў гирифтанд, хавфи як љанги дигар бо курдњо дар Ироќ, Эрон ва Туркия афзуд. Ва имрўз ин хилофати исломї Ироќро пойгоњи аслии худ ќарор додааст ва дар ду кишвар ба муќобили шиамазњабон даст ба кор шудааст. Имрўз чуноне замоне аз неру ги-

ки ДИИШ боз муддате чун бозингари калидї барои заъиф кардани низомњои њоким истифода мешавад. Аммо мушкили тарроњони лоиња он аст, ки аксари гуруњњои мусаллањ мувофиќ нестанд, ки марзбандињои имрўза миёни Ироќ ва Сурия хароб шаванд. Вале дар ин замина тањлилњои дигар њам мављуданд, ки наметавон нодида гирифт. ДИИШ ва амалкардњои он метавонад на танњо амнияти минтаќа, балки оламро зери хатар гузорад. Як назари сатњї ба бањсњои фейсбукии њамватанони худамон кифоя аст њадс зад, ки ѓояи дурўѓини хилофат инсонњоро то кадом андоза њассос кардааст ва гуруњњоеро пайдо кардан мумкин аст, ки огоњонаву ноогоњона пуштибонии худро аз он эълон медоранд. Албатта, чун ин пайнавиштњо бо исмњои мустаъор гузошта мешаванд, наметавон донист, ки паси пардаи љонибдорї аз ДИИШ кадом нерў ќарор дорад. Вале мусалламан ошкор аст, ки худи ѓояи таъсиси хилофат ёди мардумро ба гузаштаи таърихии Ислом мебарад, њарчанд таърих такрор шуданист, вале на ба он шакл. Бобољони ШАФЕЪ


ИЌРОРИ СОЛ (Идома аз шуморањои гузашта) ...Ман мегуфтам, тарафдори олимњо њастам, аммо агар русњо кўчида раванд, кори саноатро кї мекунад? Биёед, мисли Шветсария кунем. Чор забони давлатї дорад (немисї, франсавї, итолиявї ва забони рето - романї - А. Н.). Моро касе ба забони тољикї гап назан намегўяд - ку! Гуфтам, забони тољикї давлатї ва забони русї забони муоширати байни миллатњо шавад. Дар бораи генотсид. Чанд соле, ки дар маќоми роњбарї кор кардам, рости гап, чї будани генотсидро намедонистам. Ин дар Озарбойљон пайдо шуда будааст, баъд аз њамон љанљоле, ки байни арманињо ва озарињо шуд, дар Химзавод. Дар Тољикистон генотсид набуд. Мардуми мо ин корро њељ ваќт алайњи русњо накарда буд он солњо (1990 92).

Иљлосияи 16 - Ман дар ин иљлосия иштирок накардам. Зеро депутат набудам. Барои чї берун - хориља нарафтам? Бисёр одамњо кўчашонро бардошта рафтанд. Ваќтњои вазнин буд. Тирпаронї буд. Ањли оила барои машварат љамъ омадем. Гуфтам, чї кор кунем, фикратонро гўед. Њама љим. Гуфтанд, шумо сардори оила,

«

Устодон - Устоди аввалини ман - Љаббор Расулов, дуюм - Абдулањад Ќањњоров, сеюм - Генадий Зубарев ва чорум - худи партия буд.

Украина - Њодисањои Украина аз њамон Беловежская Пуша сар шуд. Љумњурињои СССР майда - чайда шуда, рафтанд. Як хел давлатњо ба кор даромаданд. Русия бисёр давлати бой, боигариаш дар зери замин. Ба дигарон надода, фаќат мефурўшад. Њаминро як илољ карда, гирем, гуфта, корро сар карданд. Украина ба ин дом афтид. Њоло њаракат доранд ба Аврупо њамроњ кунанду ба сарњади Русия наздик шаванд. Дар миён мардуми Украина саргардон. Русзабонаш бисёр дар азоб. Чї мешавад, Худо медонад.

Ќањњор МАЊКАМОВ:"БОЗ НАГЎЕД, ИН ЧЇ ХЕЛ ПРЕЗИДЕНТ БУД" Тафсилоти суњбати президенти нахустини Тољикистон дар мањфили "Гуфтугўи тамаддунњо"

Мехоњад кадрњои нав пайдо шаванд. 10 соли аввал бо масъалаи сулху салоњ овора буд. Кори асосї баъди соли 2000 сар шуд. Ман боварї дорам, агар то охири њамин муњлаташ ин одам кор кунад, љумњуриро шинохта намешавад. Бисёр хушрў мешавад љумњурии мо.

чизе, ки гўед, мо - розї. Гуфтам, фарзанди охиринамон соли 1966 дар хамин љо таваллуд шуд. Соли 1963 мо ба Душанбе омада будем. Њозир охири соли 1991. 28 сол нону намаки Душанберо хўрдем. Бисёр нодуруст мешавад, ки кўч бардошта Хуљанд ё дигар љо равем. Хуљандињо бисёр илтимос карданд, ки биёед. Ман гуфтам, намеравам, ягонтаат дар ваќти сессия ягон дањон нагуфтед - ку. Ваќте аз кор рафтам, ба ман нафаќа таъин карданд. Ба Иззатулло Њаёевич гуфтам, ки як илтимос дорам, дигар њељ, њамин як мошинро бо пули худам мефурўшед. Дар давоми 40 соли корам 30 њазор сўм љамъ карда мондаам, ки як рўз мошин мехарам. Он кас рад карданд, гуфтанд, ки мо худамон шуморо таъмин мекунем, мошин медињем, Шумо ѓам нахўред. Ман рад кардам. Гуфтам, як рўз, як моњ њал мекунед, баъд сар мешавад ронанда нест, мошин нест, бензин нест, резин нест... Ман кўча баромада, дастамро бардошта истам мї? Гуфтам, бо њамин пули худам "Волга" и нав ёфта дињед. Аз кадом як анбор як русткардагињояшон будааст, њамонро ёфта оварданд. Аккумуляторашро зада рафтагї будаанд. Баъд 28 њазор сўм дода, квитанцияаро гирифта, бо њамин мошин 21 сол гаштам. Њозир њам њамин мошин дар хона истодааст. Мо шаш бародар њастем, ман аз њама калонї. Ваќте ман кор мекардам, аз ман хафа буданд. Барои чї? Њар яке њаракат мекард, "дўст" - ашро ба як кори баланд бардорем. Ман телефон мекардам, ки хаппакак дар љойятон кор карда гаштан гиред, њоло ягонтаи шумо аз уњдаи кори баланд намебароед.Баъд аз оне ки ман аз кор рафтам, баъд вай гапи дигар. Бозор, ваќте фарзандон буданд, намерафтам. Баъзан бо оилаам мерафтем, бо њамон "Волга". Ман даруни мошин мешиштам, он кас аз бозор харид карда мебаромаданд. Баъд аз он, ки оила аз дунё рафтанд, маљбур худам меравам, њар њафта як - ду бор. Бисёртар бозори Шоњмансур меравам. Рости гап, савдогарон њама шинохта мондаанд, њаракат мекунанд, ки мевањои сањл дурустарашро дињанд.

11

да њам аз телвизион ва њам аз матбуот мебароварданд. Њамин масъалаба ман норозї будам, ки њой шумо алов сар надињетон, ки бе ин њам худаш дар гирифтааст.

Чаро? - ...шуморо њама њурмат мекунаду њељ кас ганда намекунад? Аз ман мепурсанд. Ман надонам барои чї? Шояд барои он ки њалол кор кардам, ба як тини давлату халќ нарасидам. Шабу рўз кори давлатро кардам. Њаракат кардам, ки ба инсонњо ёрдам расонам. Кори ганда накардам. Барои њамин будагист. Дигар намедонам.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

«

Роѓун НБО-и "Роѓун" - ояндаи љумњурии мо. Барои иљозати он мо 10 сол даводав кардем. Лоињаашро 10 сол тайёр кардем. 47 институти давлати Шўравї кор кард. Омада љои накофтагиашон намонд, чуќурии накандагиашон намонд. Њамашро батамом дида баромада, баъд аз 10 сол проект тайёр шуд. Њоло њар хел гап мегўянд, ки тагаш намак буду ин буду он буд. Ин масъалањоро пурра њал карда будем. Ягон масъалаи њалношудаи лоиња намонда буд. Соли 1979 моњи декабр Совети Вазирони СССР ин лоињаро тасдиќ кард. Сметааш соли 1980 тайёр шуд. Бо шањрчааш 1 миллиарду 347 миллилон сўми советї, бо нархи соли 1980 харљ дошт. Баъд оњиста оњиста корро сар кардем. Се - чор соли аввал барои ташкил кардани љои кори сохтмоничиён аз 10 то 100 миллион сўмро дар як сол истифода бурданро сар кардем. То соли 1989 кор хуб рафт. Он сол рўзе директори сохтмон пеши ман омада, гуфт: "Каххор Махкамович, нам не дают работать". Гуфтам, чаро? Гуфт, "мардуми мањал омада мегўянд, ки шумо дењаи мо, ќабристони моро таги об мемонед, бас кунед корро, худро таги булдозеру мошин мепартоянд. Корњо хобидаанд. Метарсем". Пагоњаш Роѓун рафтем. Одамњо, мўйсафедонро љамъ карда, фањмонда додем, дигар гап намонд, њама розї шуданд, гуфтанд, омин, Аллоњу Акбар! Корро идома додан гиред. Як моњ нагузашта, боз сар шуд. Дуюм бор он љо нарафтам. Гуфтам, ба љои он љо рафтан, дар телевизион як љамъомад ташкил кунем, муќобилонро љамъ кунем. Он љо маълум шуд, ки як шоир китобхона доштаасту он таги об мемондааст. 700 оила бояд мекўчиданд. Онњо норозї будаанд. Сардорашон њам пайдо шудааст. Хулласи калом, дар телевизион 4 соат суњбат кардем. Охир гап њамин тавр шуд, ки платинаро ин ќадар то охираша намебардорему то њамин китобхона таги об намонад. То вай ваќта Худо подшоњ аст, чандто корњо мешавад. Лекин солњои 1989 - 90 кор кардан намонданд, пули гирифтаамонро истифода бурда натавонистем. Агрегати якум омада, дар анбор хоб буд. Як кисми пул соли 1991 баъди аз

кор рафтани ман ѓорат шудааст. Ѓоратгарї дар тамоми љумњурї буд. Ба ман мегуфтанд, ки дастгоњњои наппа - нави корхонаро канда, ба металолом - оњанпора месупоранд. Дар Роѓун 700 самосвалу экскватори калон буд. Якто экскватори њаракаткунанда буд. Њамаро дуздиданд. Кї? Намедонам. 30 метри сарбандро бардошта будем. Њадаф ин буд, ки сарбандро 120 метр мебардорему агрегати якумро ба кор медарорем. Агар якум агрегат бо ними ќувват - 300 њазор кВт/соат корро сар мекард, ба кор даромадани њарду агрегат осон мешуд. Неругоњ худаш худашро месохт. Нашуд. Баъд сарбандро об шуст. Неругоњ 70 км роњњои тагизаминї дорад. Мошинхона 70 метр баландї, 100 метр - дарозї, 60 метр - бар дошт, дар чуќурии замин. Лоиња тавре буд, ки њатто зеристгоњаш дар таги замин мешуд. Он ваќтњо гапи бомбаи атомиву бомбаборон гуфтанї гапњо буд, њамаи инро ба њисоб гирифта буданд дар тарњ. Барои њамин дар рўи замин чизе нест. Аз таги замин кабелњо баромада, ба симчубњо васл мешаванд ва барќро интиќол медињанд. Идора - контора дар таги замин аст. Идораи НБО хеле калон аст. 1-уми январи соли 1992 аз њамин смета - 1 миллиарду 347 миллион 737 миллион сўм бо пули њамонваќта сарф шуда буд, яъне нисфи пулро аз худ карда будем.

Наќши Пуго, Петкел дар њодисањои феврал - Баъд аз ин њодисањо Петкел (Владимир Петкел, аз соли 1985 то 1991 раиси КГБ-и Тољикистон) - ро аз кор пеш кардем - ку. Пуго (Борис Пуго) фаќат барои ёрдам омада буд, ки ин љоро тинљ кунем. Як вазифаи дигар дошт Пуго - агар ман ба истеъфо равам, интихоб кардани котиби якуми Комитети Марказии ЊКТ, њамчун намояндаи КПСС. Рости гап, ягон китоби хотироти солњои љанги шањрвандиро нахондаам ва хондан њам намехоњам

Эмомалї Рањмон Толеъи тољикон бисёр баланд будааст. Ин одам ёфт шуду давлатро соњибї кард. На њар кас ин давлатро нигоњ дошта метавонист. Хуб аст, бад аст, ман мегўям, ки ин одам барои Тољикистони мо одами зарурї аст, мехоњад њамин таракќї дињад. Мехоњад кадрњои нав пайдо шаванд. 10 соли аввал бо масъалаи сулху салоњ овора буд. Кори асосї баъди соли 2000 сар шуд. Ман боварї дорам, агар то охири њамин муњлаташ ин одам кор кунад, љумњуриро шинохта намешавад. Бисёр хушрў мешавад љумњурии мо. Ваќте вомехўрем, албатта, суњбат мешавад, аммо дар кадом мавзуъ суњбат карданамонро ман њаќ надорам, ки ба шумо гўям...

Бисёрњизбї

Пушаймон будан ё набудан

- Тавре гуфтам, масъалањое буданд, ки бе Маскав њеч кас њал карда наметавонист. Як ваќт намояндаи нањзати ислом (ЊНИТ) назди ман омада буданд, ки моро сабти ном кунед. Ман раиси Шўрои Олї будам. Ду кас омада буданд (Давлат Усмон ва Саидиброњим Гадоев - А.Н.). Нагуфтам, ки бе иљозати Маскав мо коре карда наметавонем. Њаќ надоштам. Гуфтам, њозир ваќти ин гапњо нашудааст. Ваќташ ояд, шуморо сабти ном мекунем. Дигар наомаданд. Дар Тољикистон 3 њизб бошад хуб, 20 - то шавад, бад аст.

- Њамту агар фикр карда бароям, аз ягон кори кардагиам, пушаймон нестам. Локин як чї дар сари дили ман истодааст, ки кори сар кардагиамро тамом карда натавонистам, Роѓун ва наќби тарафи шимолро. Тунеле, ки њозир аз он гузаштан бисёр вазнин - Анзоб. Дар ваќти советї сар шуда буд. 700 метр аз ин тараф, 600 метр аз он тараф гузашта буд. Афсўс, баъд аз ин корњо кариб дањ сол дар љояшон истодаанд. Эронињо њаракат карданд ба сохтани он, аммо чї тур шуд, ки тунел бисёр нодуруст фаромадагї њозир. Ман афсўс мехўрам, ки онро ба охир расонида натавонистем.

Рўзноманигорон - Ман боре њам нагуфтаам, ки журналистњо сабабгори љанг шудаанд. Аз онњо фаќат барои он хафа шудаам, ки њамон ањвола дидаву дониста, шароити республикаро дидаву дониста, њамона болобандиву вазнин кар-

Дар бораи истиќлолият - Ман истиќлолиятро фаќат бо як вожа Озодї мефањмам, Озодї. Дигар њељ… Фароњамсоз Абўалї НЕКРЎЗОВ

АЗ ИДОРА: Суњбатњои президенти аввалини Тољикистон бо кўшишњои фароњамсоз њадди аксар ба забони адабии тољикї мувофиќ карда шуданд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

БО ШОИР

РАСТАХЕЗ Ин замона чарх дорад рўзу шаб, Мекунад инсонї аз мардум талаб. Њар замон бояд ба оне гўш кард, Њукми Яздон бо хушие нўш кард. Гар равї берун ту аз њукми Худо, Бар сарат ояд зи оне њар бало. Чун бигўям ман зи ин чархи љањон, Чун бубини Моњ андар осмон. Равшане бошад ба ман ин кори дањр, Дурр мебинам миёни оби бањр. Чун шамол одам кунад гардиш мудом, Ё ки мисли субњу ё бар мисли шом. Чун кунад гардиш њаме одам ба дањр, Гањ зи он беруну гањ ояд ба шањр. Боварї бар ин надоранд одамон, Нест мегўянд чун андар љањон. Мисли дому дад зи дунё бехабар, Шом мебинанд,лекин на сањар. З-он биёяд бар сараш он растахез, Вай кунад дунё хазону баргрез. Њаќ бимонад дар љањон аз халќи хеш, На зи тухми гург,лек аз тухми меш. Мекунам инак зи ин гуфтор сар, То бишав аз кори Яздон бохабар. Ду милаландар љањон з-аввал бибуд, В-он яке чун шеду дигар мисли дуд. Буд дунё бањри онњо чун бињишт, Њар яке дар боѓи худ дона бикишт. Хар кадоме боѓи худро парварид, Ин ба боѓаш вай ба боѓи ин надид. Пок мебуданд доим аз гуноњ, Њам намекарданд бар кас бад нигоњ. Њар кї аз авлоди худ зан мегирифт, Њаќ нашуд аз кори онњо дар шигифт. Чашми зан ногоњ бар Одам фитод, Вай зи зебоии Одам дил бидод. Дар талоши макр доим вай бишуд, Охир аќл аз ќалби Одам вай рабуд. Шуд фаромўш он замон њукми Худо, Гашт он дам Одам аз љаннат људо.

ДАР ОМАДАНИ РАСУЛОН Шаш расул омад ба дунё баъди он, Роњи њаќ доданд бар мардум нишон. Аз нахуст Одам биомад бар замин, Аз фалак ў буд бар мардум нигин. Гашт пур одам зи вай андар љањон, Монд аз худ донишу одам нишон. Ваќт бигзашт аз миён дар њар нафас, Одамї мекард аз њар чизе њавас. Дод Яздон бањри ў аз илму фан, То намояд роњате андар ватан. Лек илм аз аќл вайро дур кард, Дар љањон онро ба мисли кўр кард. Рафта-рафта гашт вай мисли дадон. Дар ѓазаб овард вай аз осмон. Оќибат берун бишуд аз роњи Њаќ, Њељ андарзе нашуд бар вай сабаќ. Шуд фасод он кори онњодар љањон, Дўзах аз кирдори онњо шуд дамон. Чун фаромўше намуданд аз Худо, Гўиё буданд ёре бар вабо. Ќалби Яздон гашт аз кораш ба дард, Гашт мењри вай зи мардум сахт сард. Бутпарастї пешаи онњо бишуд, Шод з-он буданду з- он диданд суд. Даъвате з-онњо расуле менамуд, Дур бояд гашт з-ин лойоби руд. Гўшњои мардумон буданд кар, Њарфашон танњо бибуд он симу зар. Халќ парво аз Худо дигар надошт, Кори некї дар љањон дигар накошт. То ба даври Нўњ андар рўи дањр, Буд одам дар миёни дењу шањр. Шакли якхела дар он мардум бибуд, Лек њар як хонд бо лафзаш суруд. Зангию турку муѓул байнаш набуд, Не яке з-он тангчашму не чудуд. Бутпарастї карда буданд одамон, Чун зи он диданд роњат бањри љон. Шањвате афзуд дар њар марду зан, Гўиё буданд аз тухми заѓан. Чашмњояш он замоне хира гашт, Шаш барояш менамуд монанди њашт. Дар миёнаш гул намуд он дам фасод, Мўъмине омад аз дасташ ба дод. Чун Худо ин њоли ин мардум бидид, Он замон бар доди њар мўъмин расид. Сўи дунё вай фиристонде зи Нўњ, То бифањмонад ба онњо љисму рўњ. Њукми Яздон бањри онњо вай бигуфт, Аќлашон бо санги Яздон вай бисуфт.

Аќназаров Алиназар (Ромини Њаќназар) 16-уми декабри 1943 дар ќарияи Дењрушони ноњияи Рушон Бадахшон зода шудааст. Аз соли 1980 инљониби бо тахаллуси Ромини Њаќназар шеър мегўяд. Соли 1985 шўъбаи ѓоибгонаи факултаи филологияи Донишгоњи омўзгориро хатм кардааст. "Резањои яшм" ягона китоби ўст, ки ба нашр расидааст.

РОМИНИ ЊАЌНАЗАР Кард онњоро зи кори Њаќ хабар, Теѓ ояд гуфт фардо бар сипар. Гар сипар бишкаста гардад рўи даст, Сар њамоно мешавад бар хок паст. Пок гардед аз гунањ мисли расул, Њарфи мо созед чун инсон ќабул. Гар намесозед гўш аз њарфи мо, Бар сарат борад зи афлоке бало. Бо шумоён кори дигар мекунанд, Сўи дўзах љумла яксар мекунанд. Халќ аз андарзи вай рўяш битофт, Макри навро бањри худ он халќ бофт. Чун бидид ин њолро дар мардумон. Пир бефарњанг дид ў чун љавон. Байни мардум он замон афрўхт љанг, Њам ба чунбиш з-он биомад чўбу санг. Зангию турке ба Нўњ овехтанд, Шакли пешинро зи рўяш рехтанд. Чор соле рафт байнаш љанги сахт, Не барои Њаќ,вале аз бањри тахт. Ѓолибе Яъљуљ бишуд бар халќи он. Тарк бинмуд зуд Нўњ аз он макон. Дид он дам Нўх,аз он вањшиён, Бадтаре бошанд аз дому дадон. Рафт он гањ Нўњ бар болои кўњ, То ки ороме бимонад љисму рўњ. Халќро дар кўњ дод ў ќанду нон, Кас чунин коре надид андар љањон. Вай зи роњи дур овард он ѓизо , Не ба симу зар, на бо љангу низо. Љумла бепул дод бањри мардумон, Ин чунин коре набуд андар гумон. Халќ лекин дод он љо з-ў азоб, Гарчи бањраш буд вай чун офтоб. Чун ќабул вайро њамон мардум накард, Ќалби вай пур гашт аз андўњу дард. Он замон он халќ сагардон намуд, Аз паси молу пулу њам нон намуд. Кард овора зи мардум аз макон, Њар яке мерафт пушти шањду нон. Хонањо холї шуданд аз марду зан, Халќро пайдо набуд он љо кафан. Сўи мулки ѓайр њар як шуд равон, Чун хатар мондан бибуд аз бањри љон. Номи худро вай баровард он замон. Љамъ аз нав кард вай з-он мардумон.

ДАР ПОДШОЊИИ ЯЪЉУЉ Лек Яъљуљ Гашт ѓолиб бар раќиб, Гашт доим бањри яъљуљон њабиб. Солњо кард Яъљуљ рањбарї, Мулкро вайрона бинмуд аз харї. Вай ба зарби теѓ чун рањбар бишуд, Сол то соле ба мисли хар бишуд. Вай зи њикмат дур буд монанди хар, Њикмати вай буд он теѓу табар. Халќро фармуд созандаш сано, Вай гумон бинмуд бошад ў Худо. Пеш, лек ў буд бадтар аз гадо. Хар кй аз вай кард чун њинду садо. Аз њама авлоди худ кард ў вазир, Гарчи фарќ онњо накарданд аз панир. Подабон буданд онњо ваќи пеш, Њикмати онњо баробар буд ба меш.

Халќ рафт аз дасти вай мулки дигар. Чун дар он мулке на нон буд не шакар. Кард Яъљуљ гирди худ љамъ аз дўстон. Оташе андохт байни бўстон. Сол бар соле ватан кард ў хароб, Мардумон карданд фаромўш аз кабоб. Хешро доим стоиш менамуд, Чун раќибон,лек хониш менамуд. Кас гумон мекард вай аз дўстон, Кор лекин кард вай чун душманон. Кас зи бим бар рўи вай њарфе нагуфт, Бо њазорон орзу мардум бихуфт. Буд њоли мардумон бадтар зи дом, Рўзи равшан буд бањраш мисли шом. Дар ѓарибї нон барояш ёфтанд, Бањри Яъљуљ гўр,лекин кофтанд.

БОЗ ОМАДАНИ НЎЊ Боз омад Нўњ бар он зодгоњ, Дид бисёр одамони рўсиёњ. Рафт аз он љо ба чорум осмон, Чунки он љо буд арзон ќанду нон. Њафт сол аз умри вай он љо гузашт, Соли њаштум вай ба мулкаш бозгашт. Он нафас вай гашт байнаш ошкор, Мисли он шоњин,ки ояд дар шикор. Он замон парда зи рўи худ гирифт, Душманон аз кори вай андар шигифт. Њељ даъват вай дигар аз кас накард, Ќалби вай гардид аз он халќ сард. Дод вай аз ќудраташ б-онњо нишон, То чи дорад зери парда аз тавон. Он замон аз тахти Яъчуљ вай гирифт, Душман аз кораш бишуд он дам шигифт. Решаи Яъљуљ ба тахти вай бисўхт, Њар яке бар њоли зораш чашм дўхт. Онзамон фармон биомад аз Худо, Кун дигар мардум зи ин дунё рањо. Хоњараш он гоњ дар парвоз гашт, Њавлии дўзах ба мардум боз гашт. Гирди дунё њар замон парвоз кард, Бар мунофиќ мурдане андоз кард. Аз рухаш он гоњ нуре медамид, Санг аз нури рухаш њар љо кафид. Бар тамошояш љањон бар пой хест, Нолаи љонсўз з-он аз бой хест. Вай ба молу њоли худ чун санг гашт, Љисми вай бар љони вай њам танг гашт. Пок шуд он дам мунофиќ аз љањон, Шуд малакут бањри он мардум аён.

Њар яке аз љурм он дам пок шуд, Љурм байнаш мисли барге хок шуд. Гар сањар мекард агар одам гуноњ, Вай љазо мехўрд он дам то пагоњ. Тарси Њаќ дар ќалби онњо реша кард, Девро аз дил бирун бар беша кард. Асрњо бигзаштану он одамон, Карда фаромуш.аз Худо андар љањон. Шуд нажоди Нўњ омеза зи нав, Гандуме гардид аз нав мисли љав. Халќ фаромуше намуд боз аз Худо, Бар сараш омад зи нав њар як бало. Кас тарошид он замон њайкал зи Нўњ, Гўи дар њайкал ба љо гардидаст рўњ. Ёдгор аз Нўњ он њайкал бимонд, Бањри худ њар як варо Яздон бихонд. Карда одат мардумон беихтиёр, Чун зи киште дона бошї интизор. Чун бидид Аллоњ ин кирдорро, Гуфт: баргирам кунун деворро. Вай зи Иброњим фиристонд он замон, То ки огањ з-ў кунад вай одамон. Њар куљо бутхона Иброњим шикаст, Шаъни бутњоро бизад дар дахр паст. Рафт чандин аср лекин мардумон, Боз чун дад гашт он кирдорашон. Ботиле дар дин бигардиданд боз, Кас намешуд рўзу шаб банди намоз. Њукм он дам кард бар Мўсо Худо, Рафта дар дунё ба мардум гў зи мо. Чунки дар дунё њама кофир шуданд, Бо фасодаш дар љањон моњир шуданд. Чандро Мўсо мусулмоне намуд, Кофириро вай зи дилњояш рабуд. Рафт чандин аср аз нав аз миён, Ботиле гаштанд аз нав одамон. Боз аз нав Њаќ фиристонд аз Исо, То ки бар мардум дуо гўяд басо. Њам Исо даъват намуд аз мардумон, Мурдаро бардод бо њикмат чу љон. Халќ, лекин гўш бар вай њам надод, Фахри мекарданд онњо аз фасод. Пас Муњаммадро равон Яздон намуд, То бигўяд барњи мардум нав суруд. Мардумон бо гуфтаяш розї нашуд, Мисли муме он замон тозї нашуд. Шуд мусалмон одаме бо зарби теѓ. Рўњ дар парвоз шуд бар мисли меѓ. Њар кї гар худ шуд мусулмон беситам Монд дар дин вай ба шодї гар ќадам. Дасти вай бигрифт зуд он дам Худо, Кард ўро аз рањи дўзах људо. Рафта -рафта одами рањ гум намуд, Нест бањри вай дигар аз нав дуруд. Аз мусулмонї нишон дигар намонд, Номи Њаќро аз дилу љон кас нахонд, Гар ба зоњир кас мусулмоне бувад, Лек ботин сўи куффорї давад. Кам мусалмон монд акнун дар љањон, Аз мусулмонї намонд акнун нишон. Одамон бадтар зи деву дад шуданд, Пеши Яздон мисл деве бад шуданд. Њамчу одам Њаќ зи онњо рад намуд, Бањрашон бинвишт вай дигар суруд. Бардињад акнун зи љамъе вай љазо, Бањри онњо аст акнун ин сазо.

ДАР ОМАДАНИ ХУДОВАНД Сирри Яздон гар намедонї яќин, Гўш бинмоу зи мо боло нашин. Одамон аз асри худ дар пешанд. Чун зи диди ѓайр лекин бешанд. Давраи пайѓамбарї аз байн рафт Рафт бо он аз дили њар шахс тафт. Бар замин дигар наояд як расул, Њаќ зи кори мардумон гашта малул. Навбати њафтум кунун аст аз Худо, Вай шавад аз арши аълое људо. Мебиёяд бар замин вай мисли мо, Кас намедонад,ки он бошад Худо. Бисту шаш сол пеш омад бар замин, Нур омад гўиё андар љабин. Не ба дењ омад,вале омад ба шањр, Љўш мезад дар љањон з-он нањру бањр Ин њама тўфон бувад аз бањри он, Хуни одам гашт дар дунё равон. Ман будам огоњ доим аз Худо, Ботинан ман нестам аз вай људо. Вай бибардорад кунун парда зи рў, Акси вайро боз бини кў ба кў. Бар мунофиќ теѓ бар сар омадаст, Њаќ зи гардун боз бар дар омадаст. Бисту шаш сал бигзарад аз растахез, Боз се соли дигар шав дар ситез. Баъди он ояд њисобат бо китоб, Пас зи он афти абад бар тахти хоб. Чун ту гаштї дар љањон бадтар зи дев, Дорї акнун мисли деву љин ѓирев. Аќл бинам дар сарат чун санг аст, Боѓи дунё аз бароят танг аст. Мењри Њаќ андар дилат бинам, ки нест, Оташи ишкаш ба ќалбат њам нахест. Гар надонї ин ќиёмат бар сарат, Нести омад ба оташ бар дарат. Љоњилї бигрифта чун аз дасти ту, Як нигар бар хеш мисли масти ту. Даври Нўњ акнун ба гардиш омадаст, Мањви одам бин ба хониш омадаст.


НИГАРОНЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

13

Ба Вазири молияи Љумњурии Тољикистон Ќурбонов А.К Ба раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Н.М Мўњтарам Абдусалим Каримович ва Нусратулло Муќим Ассотсиатсияи операторони алоќаи мобилии Тољикистон зимни ибрози эњтиром ба Шумо бо мактуби кушод оид ба вазъияти дар соњаи телекоммуникатсия ба вуљуд омада, мурољиат намуда, ташвиш ва нигаронии операторони алоќаи мобилии кишварро рољеъ ба имконияти дар оянда амалї намудани фаъолияти сармоягузорї дар Тољикистон баён мекунад. Соњаи телекоммуникатсия айни замон яке аз соњањои аз њама рушдкунанда ва муњими иљтимої дар иќтисодиёти љумњурї ба њисоб рафта, дар умум ба сохторњои дигар ва рушди давлат сањмгузор аст. Сатњи воридшавии алоќаи мобилї дар Љумњурии Тољикистон айни замон 100 фоизро ташкил медињад. Дар баробари ин, дар сатњи љумњурї масъалаи дар оянда зиёд намудани ин нишондињандањо ва такмил додани сифати алоќа гузошта шудааст. Бо назардошти он, ки 93%-и њудуди Љумњурии Тољикистонро кўњњо ишѓол намудаанд, рушди зерсохторњо ва таъмини алоќаи ноњияњои алоњида аз операторон сармояи бузургро талаб мекунад, ки бо чунин сатњи баланди андозбандї амалишавии он зери суол ќарор мегирад. Бояд зикр намуд, ки дар кишвари мо талабот барои истифодаи алоќаи байналхалќї зиёд аст, зеро миќдори бештари шањрвандони кишвар барои кор ба кишварњои дигар сафар намуда, барои онњо алоќаи мобилї бо ањли хонавода ва наздикони хеш, зарур мебошад. Инчунин, бояд тазаккур намуд, ки муњимияти соњаи мазкур дар бартараф намудани муњосираи иттилоотї-коммуникатсионии кишвар чандин маротиба дар баромадњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон ќайд шуда буд. Бояд ќайд намуд, ки операторони алоќаи мобилї дар амалї намудани сиёсати хирадмандонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар самти бењдошти некўањволии ањолї, ѓанї намудани буљаи давлат ва ворид намудан ва истифодаи технологияи муосир чорабинињои гуногунеро мавриди баррасї ќарор додаанд. Айни замон аз љониби операторони мобилї дастљамъона дар як сол наздик ба 1 млрд. сомонї андоз ба буљаи давлат, андозњо ва дигар пардохтњои њатмї пардохт карда мешаванд.

7 Ќарзи дебитории ширкат дар интињои соли гузашта ба 884,6 млн. сомонї баробар будааст. Аз љумла, хољагии об 246,7 млн., соњаи кишоварзї - 54,3 млн. ва ањолї - 342,6 млн. сомонї ќарздор мебошанд. Аммо дурустии ин раќамњоро Абдуфаттоњи Ѓоиб, директории Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия зери суол бурда буд. Суол ин љост, ки дар ин идора дуздии барќ сурат мегирад, ё пули барќ?

ДУЗДИИ РЎИРОСТ? Тибќи маълумоти расмии "Барќи Тољик", њаљми истењсоли нерўи барќ дар соли 2013 беш 14 млрд. 193, 6 млн. кВт/соатро ташкил додааст. Ин ба љуз нерўи барќест, ки ширкат аз "Сангтўда-1" (1 млрд. 994,4 млн. кВт/соат) ва "Сангтўда-2" (716,7 млн. кВт/соат) харидорї намудааст. Дар умум, 16 млрд. 904,7 млн. 716,7 млн. (ќариб 17 млрд.) кВт/соатро ташкил медињад. Талафоти технологии барќ дар соли 2013 ба 14,9% (гўё 2 млрд. 525,4

ИЗЊОРИ НИГАРОНЇ

Аммо, мутаассифона, њолатњое љой доранд, ки дар амалї намудани ин чорабинињо монеа эљод менамоянд. Масъалаи асосї дар он мебошад, ки дар даврањои солњои 2010-2013 дар ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон таѓйироти зиёде вобаста ба соњаи алоќаи барќї ворид карда шуд. Аз љумла, дар мўњлати кўтоњ андозњои зерин, аз ќабили аксиз аз зангњои баромад 3%, барои зангњои воридотї 3%, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангњои баромад, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангњои даромад љорї карда шуданд. Ин њама ба он оварда расонид, ки дар соли 2013 њиссаи андоз нисбат ба маблаѓи фурўш 32% -ро ташкил намуд, вале бо назардошти санљишњои андозї бошад, ин нишондињанда 45%-ро ташкил дод, хол он ки операторони алоќаи

«

мобилї инчунин харољотњои марбут ба нигањдорї ва хизматрасонии тиљорати худро низ ба дўш доранд. Имрўз операторони мобилї аз 1 сомонї 32 дирам танњо андоз месупоранд ва ба истиснои ин харољотњои дигар низ мављуданд, аз љумла арзиши аслии маоши кормандон, харољот барои нигоњдоштани шабакањои алоќа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, ќабули пардохтњо ва ѓайрањо. Яъне пардохтњои умумї бештар аз онанд, ки операторон даромад ба даст меоранд. Чунин гаронии харољотњо садди роњи инкишофи иќлими сармоягузорї ба иќтисодиёти Љумњурии Тољикистон гардида, иљрои нишондињандањои ба наќшагирифтаи соњаи алоќаи мобилиро дар рушди мамлакат ѓайриимкон мегардонад. Нишондињандањои гаронии андози

Дар баробари ин, дар сатњи љумњурї масъалаи дар оянда зиёд намудани ин нишондињандањо ва такмил додани сифати алоќа гузошта шудааст. Бо назардошти он, ки 93%-и њудуди Љумњурии Тољикистонро кўњњо ишѓол намудаанд, рушди зерсохторњо ва таъмини алоќаи ноњияњои алоњида аз операторон сармояи бузургро талаб мекунад, ки бо чунин сатњи баланди андозбандї амалишавии он зери суол ќарор мегирад.

«

"БЕБАРЌИИ ТОЉИК" млн.кВт.соат, ки шубњаангез аст) баробар будааст. Ин њама ба истиснои нерўе, ки аз нерўгоњњои хурду миёна истењсол мешавад. Аз ин њисоб, дар соли 2013 наздики 1 млрд. кВт соат нерўи барќ аз Тољикистон ба Афѓонистон 937,4 млн. кВт/соат ва ба Ќирѓизистон 27,9 млн. кВт/соат содир кардаанд. Ба њисоби коршиносон, бо чунин истењсол бояд дар Тољикистон танќисии нерўи барќ эњсос нашавад. Чаро? Соли 1989 дар Тољикистон зиёда аз 19 млрд.кВт/соат нерўи барќ истењсол шудааст. Вазъи онваќтаи саноат бамаротиб аз њоло бењтар буд, аз љумла, корхонаи алюминиум бо иќтидори пурааш фаъолият мекард. Њоло "Талко" нисбат ба он солњо 5 - 6 млрд.кВт.соат камтар барќ мегирад. Дигар корхонањои саноатї аз байн рафтаанд.

Пули барќ низ ба мушкил рў ба рў мешавад. Ин пул њарфњои худашро дорад. Дар маќолае дар бораи интиќоли суратњисоби "Барќи тољик" аз "Ориёнбонк" ба "Амонатбонк" тањти унвони "Љанги филњо" ("Нигоњ" №47 (378) гуфта будем. Ширкат пули наќдро ба бонк ворез мекунад. Ба гуфтаи њолдонњо, ваќте суратњисоб дар "Ориёнбонк" ќарор дошт, нафароне, ки ба "Барќи Тољик" мањсулот мефурўхтанд, бо бахшидани то 30 - 40%-и ќарзашонро ба миёнаравњо ба савдо мезаданд. Дасти дарози рањбарияти "Ориёнбонк" маблаѓи ширкатро то љое њифз мекард. Акнун, ин гардиш бо эњтимол дар дасти гурўњњои нави молї рафта, таќдири номуайяне ин маблаѓњо ва муњити сиёсии кишварро интизор аст, зеро филњои азими иќтисодї зидди њам дандоз тез кардаанд. Дар чунин шароит раиси нав ба чї ќодир хоњад буд?

мављуда дар кишвар яке аз гаронтаринњо дар таљрибаи љањонї ба њисоб меравад. Ширкати консалтинговии машњури "PricewaterhouseCoopers", ки пардохтњои андозии 186 кишвари љањонро мавриди тањлил ќарор додааст дар њисобти худ PayingTaxes 2014 ќайд менамояд, ки Љумњурии Тољикистон дар меъёри умумии андоз љойи аз њама охирро миёни кишварњои Осиёи Марказї ва Аврупои Шарќї ишѓол мекунад ва миќдори андоз дар њаљми 86 фоиз, яке аз њама баландтаринњо дар тамоми љањон ба њисоб меравад. Масалан, дар кишварњои Аврупои шарќї меъёри андоз 65% (Итолиё) ва аз њама кам 25% (Хорватия)ро ташкил медињад. Дар Аврупо нишондоди аз њама бештар 39 аст. Дар шумораи умумии андозњо дар кишварњое, ки дар њисобот нишон дода шудаанд, Љумњурии Тољикистон ба шумори кишварњои шумораи андозашон зиёд дохил мешавад. Дар умум Љумњурии Тољикистон миёни 186 кишвари љањон љойи 178-умро оид ба андозбандї дар соњаи тиљорат ишѓол менамояд. Он гуна, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд "баъзе муќаррароти Кодекси андоз тањлили њаматарафаро талаб мекунад". Бо назардошти гуфтањои боло операторони алоќаи мобилї таваљљўњи Шуморо ба њолати ба амал омада оид ба гаронии андоз дар соњаи телекоммуникатсия љалб менамояд. Эњтиромона хоњиш карда мешавад, ки ба саволи мазкур посух дињед: оё чунин гаронии андоз бар зарари инкишофи минбаъдаи соњаи алоќаи барќї ва умуман бар зарари иќтисодиёти кишвар ва манфиати давлат ва миллат нест? Шуморо ба ошкоргўї, нисбатан кушодбаёнї, шафоффият даъват намуда, хоњиш менамоем, ки ба мо ба таври озод дар васоити ахбори умум фикри худро баён намоед". Бо камоли эњтиром, Раис Иркаев

ИДОРАИ ДАВЛАТИИ БЕСАМАР Мушкилоти беохири ширкат ва интригањои атрофи он рањбарони ќаблї - Шарифхон Самиев, Санъат Рањимов, Абдулло Ёров, Аслиддин Назарзодаро водор ба тарки мансаб карданд. Њамагї мутахассиси соња буданд, аммо дар ин вазифа тоб наоварданд. Њоло мушкилоте, ки мутахассисонро аз по даровард, рў ба рўи Рустам Мирзо ќарор доранд. Коршиносон аз таъиноти ў камтар хушбинанд. Аз љумла Ѓуломиддин Сайфиддинов мегўяд: "рањбари ин ширкат бояд шахси соња бошад. Тамоми зинањои рањбариро дар ин соња гузарад. Дар акси њол "Барќи тољик"-ро идора карда наметавонад. Идораи ин ширкат замини пахтаву полез нест, ки талаб кунї, обро сари ваќт мону алафњояшро тоза кун. Бозори "Шоњмансур" нест, ки мањсулоти тайёрро савдо кунї. Рањбари ѓайрикасбиро дилхоњ нозир ва монтёри барќ фиреб дода метавонад". Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

иимкон Ниш


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

ТАБЛИЃ


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - БОБ

ОЁ ТАЌВИМИ РАМАЗОНИИ КУМИТАИ ДИН САЊЕЊ АСТ? - Чанде пеш маљаллаи тозанашри "Дин ва љомеа" (маљаллаи илмї - динї ва иљтимоию фарњангї), ки аз љониби Кумитаи оид ба дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дастраси банда гардид. Љои бисёр хурсандист, ки дар љомеае, ки 98 дарсадаш мусулмон мебошанд, чунин як маљалла дар хизмати эшон бошад. Мо умед дорем, ки маљаллаи мазкур бо маводи таълимию ахлоќии худ дар байни хонандагон мухлисони худро пайдо менамояд. Аммо ман ба масъулини муњтарами ин маљалла савол дорам. Саволи банда аз њайати тањририя ин аст: Дар охири маљалла (№1 май - 2014) сањ. 47 - 48 таќвими таќвимшинос Њољї Абударрашид Абдушакурзода оварда шудааст. Дар таќвими мазкур фарорасии њар моњ ва рўзи соли он низ нишон дода шудааст. Аз он љумла фарорасии моњи шарифи Рамазон дар соли 2014 - и мелодї, рўзи якшанбе (29 - уми июни соли 2014) муайян карда шудааст. Аз сабаби он ки таќвими мазкур дар маљаллаи "Дин ва љомеа" ба чоп расидааст, банда умед дорад, ки њайати тањририя ба таќвими мазкур эътимод доштааст. Таќвими мазкур то чї андоза сањењ аст? Агар воќеан таќвими мазкур дуруст бошад, пас чаро моњи Рамазони муборак имсол дар сартосари Тољикистон рўзи шанбе (28 - уми июни соли 2014) муќаррар шуд? Комилљон ЌОДИРОВ, сокини шањри Душанбе

ВОКУНИШ СОБИЌ АСКАРИ ГВАРДИЯ БА КОМИССАРИАТИ ЊАРБИИ ЉОИ ЗИСТАШ МУРОЉИАТ НАМОЯД! - Фармондењи Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон матлаби њафтаномаи "Нигоњ" - ро тањти сарлавњаи "Дархости мардумї! - Ба писарам рутбаи лейтенант дињед!" (№9 (391) аз 21.05.2014) мавриди баррасї ќарор дода, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Охунов Сайдалї Мирзоалиевич аскари ќатории Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон дар асоси Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон тањти №177 аз 14-уми марти соли 2014 "Дар бораи ба эњтиёт рухсат намудани хизматчиёни њарбие, ки муњлати муќарраргардидаи хизмати њарбиро тибќи даъват адо намудаанд" ба эњтиёт рухсат дода шудааст. Бинобар бо сабаби ба эњтиёт рухсат намудани Охунов Сайдалї Мирзоалиевич аз сафњои Гвардияи миллї додани рутбаи аввалини афсари эњтиёт мутобиќи моддаи 50 банди "б" -и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" ваколати вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон мебошад. Бояд зикр намуд, ки тибќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" ва "Низомномаи тартиби адои хизмати њарбї" њар як шањрванди дорои маълумоти олї (новобаста дар хизмати њарбии њаќиќї ё дар эњтиёт буда) ва дар маќомоти њокимияти давлатї фаъолият дошта, њуќуќи гирифтани рутбаи аввалини њарбии афсарї ва инчунин навбатиро дорад. Аз ин хотир, ба шањрванд Охунов Сайдалї Мирзоалиевич тавсия медињем, ки барои гирифтани рутбаи аввалини њарбии "лейтенанти эњтиёт" бо дастрас намудани њуљљатњои зерин: 1) нусхаи диплом бо тасдиќ дар идораи нотариалї; 2) хислатнома аз ќисми њарбии адои хизмат намуда; 3) маълумотнома (шакли 086) оид ба вазъи саломатї; 4) дархост аз Вазорати корњои дохилї оид ба доѓи судї надоштан; 5) тарљумаи њол ва 6) 4 - дона сурат 3х4 ба шуъбаи 3-юми комиссариати њарбии љои зист пешнињод намояд. Бо эњтиром, генерал - майори гвардия - Бобољон ЉАМОЛЗОДА, фармондењи Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 8. 07. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

Дар тарабхона духтари зебое нишастааст. Љавоне ўро дида, худро зуд ба наздаш мерасонаду бо мењрубонї мегўяд: - Духтари зебо, мумкин аст аз тани шумо ман пардохт кунам? Духтар њайратомез аз сумкачааш расидњои об, газ, барќро бароварда гуфт: - Марњамат, ман зид не. *** Писару падар: - Дадо, барои чї баъзе мўйњои шумо сафеданд? Падар: - Њар ваќт ки фарзанд падарашро ѓам дињад, як тори мўйи падар сафед мешавад. Писар: - Акнун фањмидам барои чї мўйњои бобоям сап - сафеданд. *** Дар Амрико мањорати кашфи љиноят миёни кормандони милисаро месанљанд. Дар љангале харгўшеро рањо карда ва комиссияи махсус интизор мешавад, ки намояндањои кадом давлат харгўшро зудтар пайдо мекунанд. Милисањои Олмон бо таљњизоту снайпер вориди љангал мешаванд ва пас аз ду рўз харгўшро боздошт мекунанд. Намояндањои Амрико бо тамоми дастгоњу муњимот ин корро дар як рўз мекунанд. Ду милисаи тољик дар даст папка вориди љангал мешаванд. Аъзоёни комиссия дар њайрат мемонад. Пас аз ду соат ин милисањо бармегарданд ва хирсе њамроњашон. Хирс ба аъзои комиссия мегўяд: - Ман харгўш њастам, дар куљо имзо кунам, ки шумо бовар кунед? *** Соли 2004 тољики носкаше дар Амрико сайру гашт мекард. Дар маркази пойтахти Амрико носашро аз дањонаш партофту рафт. Баъди чанд ваќт олиме омаду онро дида, дар њайрат монду онро дар шиша гирифта, ба лаборатория бурду ба гузаронидани озмоиш сар кард. То 9. 07. 2014 онро тамоми олимони Амрико санљиш гузаронанд, ки поруи кадом паранда бошад, аммо намеёбанд! *** Се љўра аз зиндони низомаш сахт мегурезанд. Аз милисањо сар карда, то посбон дар кофтукоби ин фирориёни сафарбар мешаванд. Вале зањмати кашидаашон ягон натиља намеорад. Аз миён ду соат мегузарад, ки ногањон фирориён худашон гашта меоянд ба зиндон. Њам мањбусон ва њам милисањо дар њайрат аз онњо мепурсанд: - Барои чї гурухтеду боз гашта омадед? Се љўра дар љавоб мегўянд, ки имрўз "репетитсия" буд, пагоњ мегурезем.

ДАРХОСТ

ДАР ХОБГОЊЊОИ УМУМЇ НАРХИ ХИЗМАТРАСОНИИ ОБ ЧАНД СОМОНЇ АСТ? - Дар шумораи пешини "Нигоњ" нархномаи нави хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољї барои ањолї бо забони оммафањм ба нашр расида буд. Аммо дар ин матлаб дар бораи нархномаи истифодабарии оби хобгоњњои умумї ишора нашуда буд. Аз Шумо хоњишмандем, ки дар бораи нархномаи хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва ихрољии хобгоњњои умумї љавоби масъулини КВД - и "Обу корези Душанбе" низ ба нашр расонед. Бањриддин ЁРОВ, сокини шањри Душанбе - Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" тибќи Фармоиши Хадамоти зиддинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти №88 аз 25-уми ноябри соли 2013 нархномаи нави хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољиро сар аз 1-уми январи соли 2014 дар ќаламрави шањри Душанбе мавриди амал ќарор дод. Бори дигар изњор медорем, ки тибќи нархномаи нав сар аз 1-уми январи соли 2014 барои истиќоматкунандагони биноњои баландошёна, њавлї ва хонањои ободнашуда, ки дар он обњисобкунак насб карда шудааст бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии 1м3 -и оби нўшокї (0,31 дирам) ва оби ихрољї (0,11 дирам - оби канализатсия) дар љамъ 0,4169 дирам (0,42 дирам) муќаррар шудааст. Барои 1 (як) истиќоматкунандаи хобгоњњои умумї дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (2 сомону 76 дирам) ва оби ихрољї (1 сомону 0,0 дирам) дар љамъ 3,7701 (3 сомону 77 дирам) муќаррар шудааст. Нархномаи дар боло ќайдшуда танњо хос барои ањолии шањри Душанбе мебошад. Ба саволи Шумо Файзулло ИСУПОВ, директори КВД-и "Обу корези Душанбе" посух дод.

АНТИРЕКЛОМ: ЗИНЊОР БАРОИ КЎДАКОНАТОН НАХАРЕД!

РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ

ВАЊДАТ - МАРКАЗИ ТИЉОРАТЇ Имрўзњо шањри Вањдат, вобаста аз мавќеи љуѓрофии худ, ба маркази тиљоратї мубаддал гардидааст, ки сокинони шањру ноњияњои Файзобод, Роѓун, Норак, Ёвон, Нуробод ва ѓайра барои хариду фурўши мањсулоти ниёзи аввал ба ин шањр меоянд. Ин њолат агар аз як тараф ба рушди соњибкорї мусоидат намояд, аз тарафи дигар масъулияти маќомдоронро зиёд мекунад. Мутаассифона, чуноне ки дар њар љои дигар мушоњида мешавад, дар шањри Вањдат низ баъзе маќомдорон бо суъистифода аз мансаби худ дар роњи соњибкорї монеањои сунъї эљод мекарданд ва хушбахтона, пас аз раиси шањри Вањдат таъин гардидани фарди кордону дилогоњ Амирзода Рањмоналї Амир монеагузорињои сунъї тадриљан аз байн рафта истодаанд. Фаъолияти Рањмоналї Амирзода дар рушди соњибкорї назаррас буда, ў фармудаи Президенти Љумњурии Тољикистон Љаноби Олї Эмомалї Рањмонро сармашќи кори худ ќарор додааст, ки дар мулоќот бо соњибкорони кишвар садо дода буд: "Маќсади асосї аз дастгирии соњибкорї дар Тољикистон рушди бомаром ва бемайлони муносибатњои иќтисоди бозорї мебошад. Сиёсати давлат ва Њукумати Тољикистон имрўз ба њаллу фасли масъалањои соњибкорї ва аз байн бурдани монеањое равона гардидааст, ки садди роњи густариши он мебошанд". Аз рушди соњибкорї дар шањри Вањдат хусусан соњибкорони маркази савдои "Табассум" бо ќаноатмандї изњори назар менамоянд. Маълум гардид, ки тартибу низоми кор дар ин марказ намунавї буда, маќомоти назоратї ба фаъолияти соњибкорон мутобиќи меъёрњои ќонун муносибат менамоянд. Дар моњи шарифи Рамазон бо ибтикори роњбарияти маркази савдои "Табассум" ва бо дастгирии бевоситаи раиси шањр Рањмоналї Амирзода дўконњои сайёри савдои мањсулоти кишоварзї ташкил карда шуд, ки ин иќдом ба арзон гардидани мањсулот оварда расонд. Масалан, нархи як кило картошка то 1 сомониву 50 дирам, пиёз то 1 сомонї, сабзї то 1 сомониву 50 дирам, карам то 1 сомонї, помидор то 1 сомониву 50 дирам, як дона тарбуз то 2 сомонї, як дона харбуза то 4 сомонї паст фаромад, ки сокинони шањру ноњияњои дигар метавонанд бо нархњои бозорњои худ муќоиса намоянд. Ин њолат њам ба зудтар гардиш кардани пулу мол ва дар натиља ба рушди соњибкорї мусоидат менамояд ва њам ба манфиати мардум мебошад, ки дар моњи шарифи Рамазон бе малоли хотир харидорї менамоянд. Комёбии чунин иќдом бо гуфтору амали раиси шањри Вањдат бевосита алоќаманд мебошад, ки ў њам дар сухан ва њам дар амал инсофро пеша кардааст. Рањмоналї Амирзода аз лањзањои аввали ба маќоми раиси шањри Вањдат расидан таъкид карда буд, ки кору фаъолияти тамоми маќомот ва соњибкорон пеш аз њама ба бењбудии халќ равона карда шавад. Њољї Савриддин СОЊИБЗОДА, сокини ноњияи Файзобод

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №16 (398), 9. 07. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

НОРОЗИГИИ ЃАЛТАК АЗ ИТТИФОЌЊОИ КАСАБА Мирзодиккак сањар барваќт аз хоб хеста, ба њавлї баромад ва гумон кард, ки пеш аз хурўсњои дења аз хоб хестааст. Ў китфњояшро афшонду ба лаби нањр рафт ва хост бо оби сарди он сару рўяшро бишўяд. Нигоњаш ба майдони кишти пахтаю дигар зироатњои кишоварзї афтоду њайрон шуд. Бонувони зиёде замин каланд мекарданду наврасон саргарми љамъоварии харбузаю тарбуза, памидору бодринг, ќаламфуру боймиљон буданд. Дар нимашаб аз дур садои дењќонон ба гўши Мирзодиккак расид. Онњо бо бизнесменњои шањрї мањсулоташонро нарх мекарданд. Яке зам мекарду дигаре кам... Мирзодиккак ба оѓили говњо наздик шуда буд, ки аз дохили оѓил садои соњибхоназан ба гўшаш расид. Говдўш суруди "Дар лаби обе, шаби мањтобї" - ро месуруду гоњ - гоњ њайвони безабонро барои шаттапартоию беќарорияш сарзаниш мекард. Падари Ѓалтак, муйсафеди як кам 80 - сола ба зикри Худо машѓул буд ва аз даргоњи Худованд тинљї, амонї ва серию пуриро орзу менамуд. Мирзодиккак дар ин субњи босафо, ки дар мењмонии дўсташ Ѓалтак буд, болои кат нишасту шукронаи њукуматро кард. Сўњбати дўстон бо кушодани хони рамазонї оѓоз гашта, атрофи бисёр масъалањои муњими давлатї чархиду чархид. Мирзодиккак: - Ќандаша занад Њукумати љонољонамон. Мана бинед, њукумати азизамон ба дилу дидаи мардум ба чунон љо гирифтааст, ки одамон шабро шабу рўзро рўз нагуфта, кор мекунанд. Канї њамон шоирњои забардасти мо, ки дар васфи онњо шеъру достонњо, повесту романњо навишта, синамогаронамон филмњои сирф тољикї тањия карда бароянд - а!? Ѓалтак: - Мирзољон, њозир мардумро зўр омадагї. Агар онњо шабро шабу рўзро рўз нагуфта, кор накунанд, бо ин маоши ночизу нархњои дар саќф печидаи бозор рўзашон намегузарад. Дар ќисме аз њолатњо пули меёфтагию мегирифтагии бархе аз дењќонон мо барои пардохти андози замин, истифодаи барќу об басандагї мекунаду халос. Мирзодиккак: - Мардуми зањматкаши мо аз наврасон то пиронсолан ба замин дил бохтагї, лекин дар дењаи шумо аз рўи мушоњидањои ман бонувонатон аз мардњо дида, се маротиба бештар. Рўзњои ахир гап - гап аст, ки ќисме аз љавонони мо аз рафтан ба Русия дилмонда шуда, Сурия рафта истодаанд. Ба хаёлам, дар он љо кораш каму пулаш зиёд будагист?! Ѓалтак: - Дирўз холаи Зебо арзи дил кард. Мегўяд, њар пагоњ аз хобам хезам, хаёл мекунам, ки нигоњи келинњоям маро мехўранд. Ў се келин дорад, писари севумаш як сол боз дар Русия, дувумаш ду сол боз наомадааст. Писари севумаш панљум сол аст, ки пул мефиристаду намеояд. Номаълум, писарони холаи Зебо барои зиндагї оиладор шудаанд ё барои модарашон пешхизмат овардаанд... Мирзодиккак: - Њељ гап не, бачањои холаи Зебо ба Русия рафтаанд, ки ба мисли дигарњо ќасрњо созанд, мошин харида, чангу хоки ќишлоќашонро бардоранд. Холаи Зебою келинњояш ба тарбияи бачањо машѓул шаванд... Ѓалтак: - Мирзољон, одам мурѓ нест, ки бо хоклутак тухм кунад. Писарони холаи Зебо туй карданду баъди як моњи бори зиндагї ба дўшашон афтидан буду шуди холаи Зеборо фурўхта, чиптаи њавопаймо харида, ба Русия ба мардикорї рафтанд. Њоло, холаи Зебо дигар кор надорад, њар рўз љамоату натарус меравад. Милисањои урус як рўз як писари холаи Зеборо дошта, љарима мебанданду рўзи дигар дигарашро... Кампири бечора аз субњ то шом барои ФСБ - и Русия маълумотнома љамъ мекунаду тариќи факс мефиристад... Мирзодиккак: - Вањ - вањ! Њамон табибњои ќаллоб вазъияти дењањои шуморо аз депутатњо парламенти мо бењтару хубтар медонистанду дарк мекардаанд. Мана, дар телевизион нишон

доданд. Муйсафед бонувони бекўдакро соњиби кўдак мекардааст. Аз афташ ќисме аз шавњарони њамон бонувони дар њасрати фарзанд, бештари ваќт дар муњољирати мењнатиянд ё беморанд. Онњо аъзои Иттифоќњои касаба шаванд, бо истифода аз роњхатњои Иттифоќњои касаба ба санаторияњои љумњурии азизамон рафта, аз њама гуна дардњо шифо меёбанд. Ѓалтак: - Акнун аз кору пайкори њукумати љонољонамон гул кардему аз кору пайкори Иттифоќњои касаба ба ќавли мардум ѓура мебандем. Кал додари кур. Мана, танњо дар њамин љануби Тољикистон ба њисобу китоби њолдонњо 65 - 70 фоизи ањолї аъзои Иттифоќњои касаба нестанд ва Иттифоќњои касаба низ парвои касе надорад. Љўра, Иттифоќњои касаба нашуд, ташкилоти кисагї шуд. Мана, њозир бештари аъзоёни хољагињои дењќонї дафтарчаи мењнатї надоранд, вале Иттифоќњои касаба танњо дар ѓами љамъ кардани њаќќи аъзогї, асосан аз ташкилотњои буљавї њасту халос... Мирзодиккак: - Агар дар љануб 70 фоизи ањолї аъзои Иттифоќњои касаба набошанд, пас дар Помир 90 фоизи ањолї соњиб надоранд. Ѓалтак: - Агар соњиб медоштанд, њама љоро оташ зада, сипас љои кор надорем, мегуфтанд?! Масъалагузорињо назди њукумат оид ба таъмини ањоли бо љой кор ин вазифаи љонии Иттифоќњои касаба аст, дар сурате, ки љамъияти бошаду кисагї набошад... Мирзодиккак: - Росташро гўям, њамин кисагї гаштани бархе аз њизбњои сиёсї, ташкилотњои љамъиятї асосан ба зарари мардуму љомеа мебошанд. Ба андешаи ман, мардум бо сабру тамкин бошанд онњо дар њамкорї бо ташкилотњои љамъиятї, њизбњои сиёсї бештари масъалањои њалталабро сариваќт ва дуруст њалу фасл мекунанд... Афсўс, ки ќисме аз масъулони мо бо истифода аз он, ки њамаро зери тоќї кардаанд, аз манфиати бештари ањолї дида, барои онњо муњиму афзалиятнок манфиатњои ќавмї ва хешу таборчигиашон шудааст... Ѓалтак: - Худо инсофашон дињад, вагарна бо ин гуна коргузорї мардум даст ба харгўшпарварї намезананд, зеро метарсанд, ки пагоњ фалонию мањмадонињо омада, њам заминро мегиранду њам харгўшњоро. Љўрањо баъди фотињаи рамазонї ба он бовар буданд, ки моли як шахс ба шахси дигар насиб намекунад. Онњое, ки бо истифода аз ќудрати доштаашон аз њисоби дигарон даскаву дукону даврон мекунанд, бо мурури ваќт дар назди љомеа расво мешаванд...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Имомиддин САТТОРОВ, сафири Тољикистон дар Русия: - Мо субъекти Русия нестем. Мо узви як кишвари мустаќил њастем, агарчї бо Русия иртибот ва муносибати хуб дорем. -Кору бори шумо раисатон њамин бошад, дур нест он рўз, ки субъектча њам шуда буравем. Эркин РАЊМАТУЛЛОЕВ, ёвари Президенти ЉТ оид ба сиёсати хориљї: - Шумо шунидед, ки малайзиягие автомат дар даст дар Сурия, Ироќ ё Афѓонистон љанг карда бошад? Ё даст ба террор зада бошад? Албатта, нашунидаед. - Сабабашро медонед чї аст? Малайзиягињо иќтисоди ќавии миллї дошта, 50 %-и нерўњои мењнатияшон хории муњољират намекашанд. Бар замми ин, њуќуќи интихоб кардану интихоб шудан доранд... Ањтам АБДУЛЛОЗОДА, раиси Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї: - Мо гуфта наметавонем, ки дар љалби сайёњон муваффаќ нестем. Тули чанд соли охир ширкатњои сайёњии мо ташаккул ёфтанд, як марњилаи стихиявии фаъолиятро аз сар гузарониданд. - Бе ташвиш бошед, мо гуфта метавонем, ки муваффаќ нестед ва бо эътирофи "марњилаи стихиявї" шумо њам ба кори 20 - солаи њамтоёнатон бањои "ду" додед. Нофањмида, албатта.

Саттор ХОЛОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ваќте, ки бензинро дар бутилка љой мекунанду дар макони гирдињамої мепартоянд, он метавонад ба инсон ва ё манзили зист бирасад ва онро хароб кунад. - Дањ кас-дањ кас омада, дуададї партофта, раванд - чї, гирдињамої накарда? Чуту шуд?

Давлатшо ГУЛМАМАДОВ, раиси вилояти Хатлон: - Пеш аз нишастан дар пушти мизи корї бояд фикр кунед, ки оё шумо (ишора ба раисони шањру ноњияњои вилоят) арзандаи ин вазифа њастед ё не. - Не, дурустараш ин хел: пеш аз он ки вазифа харед, ё аз хешовандони баландпояатон мансаб талаб кунед, фикр кунед, ки оќибаташ чї мешавад. Шуњрат САЙНАКОВ, сароянда: -Мехоњам њамеша дар миёни њунармандон фарќ карда истам, аз њамин хотир талош менамоям, ки сирф тољикї сароям. Яъне, на бадахшонї, на хатлонї ва на зарафшонї. Пурра тољикї!!! - Офаринатон бод! Нуран алонур мешуд, агар њамин сурудњои шуморо дар "зомбо-ќуттї"-и мањаллї бо номи Сабакаи аввал нею дар як шабакаи миллии тољикї пахш мекарданд.

Рустам РАЊМАТЗОДА, раиси ШСХК "Барќи тољик": - Механизми пайдо шудани ќарзњоро, ки воќеиянд ё ќалбакї бояд муайян кунем. Шояд ќарзњо дар пайи нархњои ѓайривоќеї пайдо шудаанд ва њам роњњои дигари ба вуљуд омадани ќарз вуљуд дорад, ки шахсан мехоњам тањќиќ кунам. - Ин тур бошад, пешопеш якчанд тумору таштоби тарс харида монед, ки ному насаби ќарздоркунњоро фањмида, њама љоро тар накунед.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.