Нигох №17 (345) Чоршанбе, 17-уми июли соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

"Сархатиб рафт, зинда бод сархатиб!"

1

Муфтии Тољикистон дар барканории сархатиби ноњияи Восеъи Хатлон чї наќш дорад? САЊИФАИ 3 №17 (345). Чоршанбе, 17-уми июли соли 2013

ФОШГЎИИ СИЁСЇ

"Нањзатињо худро раќиби љиддї њисоб намекунанд" САЊИФАИ 8

ДИН ВА МАЗЊАБ

Рамазон 31 рўз намешавад! САЊИФАИ 5

БОЗДОШТИ МУХОЛИФИ №1 БЕАДОЛАТЇ ДАР ХАТЛОН

"Рўзи Малола" "Як кўдак, як муаллим, як китоб ва як ќалам зарфияти таѓйир додани љањонро доранд." САЊИФАИ 11

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Ѓалтак, "СССР" ва сиёсати зарбдор САЊИФАИ 16

Ин маќсадњои худро 20 рўз ќабл аз эълони таъсиси њизб ба намояндаи баландмаќоми КДАМ баррасї намудам, ки мавќеи худро маълум намояд, аммо бо гузашти беш аз 20 рўз мавќеи худро ба мо нагуфтанд. Онро аломати ризо гумон карда аз иќдоми худ хабар додем... Танњо гуноњи банда њамин аст, ки ќурбони шахсони манфиатљў, дурўя ва хушомадгў гаштаам.

НОМАИ ЗАЙД САИД БА ПРЕЗИДЕНТ


2

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

Соати 4-и субњ ба ваќти Љумњурии Чех мухолифи №1-и Њукумати Тољикистон Додољон Атовуллоев аз Прага ба Маскав парвоз кард. Ин парвозро касе намедонист, балки то дараљае ногањонї буд. Соати 11.30-и ваќти Маскав њавопаймои рањбари Љунбиши "Ватандор" дар Фурудгоњи Шереметевои пойтахти Русия нишаст. Аммо мухолифи сарсахти Њукумати Тољикистон аз фурудгоњ берун наомад. Додољон Атовуллоев ба "Нигоњ" гуфт, афроди номаълум, аммо маълум, ки кормандони маќомоти амниятии Русия ўро пешвоз гирифта, ба як утоќ бурда, мањкам карданд. Ў дарк намекард, ки чї мегузарад. Бовар надошт, аммо рафтори маъмурини рус хеле суолангез буд, њељ яке вазъро шарњ намедод. Ба пурсишњои ў танњо як посух буд: "Мо одамони хурдем" ( Мы маленькие люди, - русї). - Ман визаи яксола ба Русия доштам. Аз омадани ман бохабар буданд. Чун маъмурон маро диданд, гўё Амрико кашф карда бошанд, њама дар такопў заданд. Гўё "моњии тилло" ба дом афтонда бошанд. Муносибаташон сарду њатто, дурушт буд, - мегўяд Атовуллоев. - Яъне супориш гирифта буданд? - Бале, супориш гирифта буданд ва онро њам аз Душанбе. Бовар дорам, ки дар сатњњои поёнтар ин файсала буд, ки маро боздошт карда, аз Шереметево ба Душанбе фиристанд. Њукумати Тољикистон бо истифода аз лоббистњои худ дар њукумати Русия, ки дар сатњњои баланд њастанд, мехост маро ба Душанбе интиќол дињад. - Аммо чаро нафиристоданд? - Аз фурудгоњ тавонистам ба ду-се баландмаќоми рус тамос гирам. Ин суњбатњои ман ва њам дастгирии љомеаи рўзноманигориву расонањои хабарї вазъро якбора таѓйир доданд. Муносибати онњое, ки маро нигоњ медоштанд, таѓйир хўрд: онњо мењрубон шуданду сигору ќањва пешнињод мекарданд. Пас аз чор соати будубош дар Шереметево маро дигарбора ба њавопаймои Прага савор карданду ба Прага баргаштам. Њарфе, ки аз хотирам намеравад, ин буд, ки як масъул њангоми гусел ба ман гуфт: "Шумо дубора таваллуд шудед, ќарор буд роњи Шумо ба дигар љо бошад". Манзур Душанбе буд... - Агар робитањои шумо ин ќадар ќавї бошанд, ки шуморо рањо карданд, пас, чаро нагузоштанд, ки вориди Маскав шавед? - Ростї, ин ба худи ман њам норўшан аст. Шояд, ба ин фикр расиданд, ки дар хориљ аз Русия будани ман бењтар аст. Аммо ман та-

«

"Сўз"-и Маскав Ё чї тавр Додољон Атовуллоев 12 соат аз Прага ба Прага парвоз кард?

Бино ба суњбатњои худи Атовуллоев, ў ба Маскав даъват шуда буд, њадди аќал, дар раддањое аз Кремл медонистанд, ки ў меояд. Виза дошт ва вурудаш бояд њељ мушкиле намедошт. Коршиносони "Нигоњ" бар инанд, ки њадаф аз њамчунин оварда, сипас, баргардондани Додољон Атовуллоев амалиёти махсуси "сўз" додан ба Душанбе буд, яъне бубин, ман ба чї кор ќодир њастам. Ин кор, бешак, дар Душанбе фањмида шуд. Русия бармало нишон дод, ки сахт озурда аст ва бо ин кор љойи Њукумати Тољикистонро "нишон дод".

лаб хоњам кард, ки њукумати Русия ин њодисаро тањќиќ кунад. Воќеан, ин суол њоло матрањ аст: "чаро Додољон Атовуллоевро, ки раќибонаш дастнишондаи Кремлин мегўянд, ба Русия роњ надоданд? Ва низ чаро шарики стратегї ўро ба монанди Ёќуб Салимов, Муњаммадрўзї Искандаров ва Низомхон Љўраеву дањњои дигар ба Душанбе таслим накард? Умуман, ин мењрубонї - таслим накардан ба Њукумати Тољикистон ва номењрубонї - роњ надодан ба Русия чї маъно дошта метавонанд?"

"Гапи калонтар" Ваќте Атовуллоевро боздошт карданд, бахши тољикии Интернет ё Тољнет гўё "таркид". Чор соат бањсњо дар Фейсбук ончунон гарм шуданд, ки њељ кас гузашти ваќт ва ба Прага расидани Атовуллоевро нафањмид. Чун аз Прага садои ў омад, њама ором шуданд, њаќорату тањќири љонибдорону мухолифон ба маротиб кам шуд. Кї оњи сабук кашиду кї оњи сард. Аммо аз эњсосот бигзарем, чаро рањбари "Ватандор"- ро ба Русия роњ надоданд? Коршиносони "Нигоњ" бар ин иттифоќи назар доранд, ки Маскав дар чунин лањзањои њассос, бахусус, пас аз барномањои Додољон Атовуллоев дар К+ хашми Душанберо дуруст дарк

ин масъала набояд дар мадди аввал бошад, њатто, бигзор, ин масъалаи хурд барои Њукумати Тољикистон хеле калон намояд њам... Инро дар Маскаве, ки њоло "мушкили Сноуден" дорад, хеле хуб мефањманд.

"Чормаѓзи сахт"

«

мекунад. Яъне ќазия бўи амниятї дораду дар барномањои телевизионї истифода набурдани маълумоти махсус дар бораи хонаводаи президент Эмомалї Рањмон аз љониби журналисти мухолиф ба он ишора мекунад, ки "пушти" Додољони Атовулло то куљо њассос будани масъаларо ба хубї дарк мекунад. Ин њам дар њоле, ки хашми Душанбеи расмї њоло он гуна ќавї шудааст, ки њукумат аз њељ гуна тасмими "нињої" рў намегардонад, то "зунук"-и Атовуллоевро гиронад. Рост мегўянд, ки Русия Аврупо нест ва њукуматаш сари кишвар мусаллат намебошад. Њатто, худи Владимир Путин, шояд, ба амнияти худ бовар надошта бошад, чї расад ба таъмини амнияти як сиёсатмадор ё рўзноманигори тољик. Агар аз амният ба сиёсат гузарем, будани Атовуллоев дар Маскав ба нафъи Кремл буда наметавонад. Рўзе шаваду Владимир Путину Эмомалї Рањмон дар ягон љаласаи навбатии ИДМ ё Иттињоди иќтисодии АвруОсиё сар ба сар шаванд, ин суол њам мешавад: "Ња, ако, тинљї- мї? О, дар рў ба рўямон менишинеду лофи бародарї мезанед, аммо онеро, ки маро тањќир мекунад, дар баѓал мепарваред?" Албатта, ВВП пеши ин суханњо эњсосотї хоњад шуд ва шояд, сурхї њам ба рўи разведчик дамад. Воќеан, ваќте гапњои калонтаре њастанд,

Суоли дигар њам ин аст, ки чаро Маскав ин корро накард, яъне Атовуллоевро ба Душанбе надод? Мавсуф аз раддаи Ёќуб Салимов, Муњаммадрўзї Искандаров, Низомхон Љўраев ва Ќорї Восит, ки собиќ фармондењону мансабдорони Њукумати Тољикистон буданд, нест. Ў рўзноманигор ва мухолифи кампули њукумати Эмомалї Рањмон - шарики стратегии русњо (!) аст, яъне барои низоми њокими Русия аз бањри Атовуллоев гузаштан, ба монанди аз бањри Салимов ва Искандаров, ки гўё рўйрост дуздида, ба Душанбе оварда шуда буданд, кори, ба истилоњ, "ду карат ду" буд. Њељ шакке њам нест, ки дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 дар Тољикистон истирдоди Атовуллоев барои Њукумати Тољикистон ба чанд миллион долларе, ки набошад, пирўзии бемисл мебуду њамеша хоњад буд ва шояд, муњимтарин истирдод дар таърихи кишвар мешуд, ки то љое ба дарозтар шудани умри бархе сиёсатмадорони сари кор ва њукумати онњо мусоидат мекард. Њамчунин, заминањои ќонунии истирдод бармањал фароњам шудаанд. Прокуратураи генералии Тољикистон аз соли 2011 талаб дорад, ки рањбари Љунбиши "Ватандор" ба Душанбе истирдод шавад. Вале ин ќисса як "аммо" дорад. Атовуллоев тањти њимояти СММ ба унвони паноњандаи сиёсї аст ва Олмон кафили ўст. Аз тарафи дигар, моњи июни соли 2001 њам дар Русия ўро боздошт карда буданд, ки шахсан Путин бо хоњиши президенти ваќти Фаронса Жак Ширак, котиби давлатии Амрико Колин Пауэл ва вазири корњои хориљии Олмон Йошка Фишер дар бораи ќазияи у тасмим гирифта буд ва ин кадом як воњима нест, яъне Путин як бор барои рањоиаш "имзо" карда буд ва дигарбора ин "имзо"-ро пас намегирифт. Ин нуќтаи назар Додољон Атовуллоевро ба "крепкий орешек"-и сиёсати имрўзаи Тољикистон табдил медињад, аммо фаќат дар њамон сатњњо.

Додољон ва Эдвард Аммо агар жарфтар ба ин масъала нигоњ кунем, як бархўрди, шояд, куњна, аммо ба назари мо, нави Русия ба назар аён мешавад. Масалан, Русия бо ИМА мушкилоти љиддї дорад ва муњимтар аз ИМА раќибе надорад. Ќазияи Эдвард Сноуден нишон медињад, ки Русия метавонад ин душмани №1-и худро чї гуна бозї ва то љое тањќир кунад. На Сноуденро рањо мекунад, на боздошт, њарчанд инро ИМА (!) мехоњад. Яъне њаќ ба љониби коршиносони ѓарбї аст, ки мегўянд: "Путин ба хадде расидааст, ки дар њама самт "бозї" мекунад". Аммо дар ќазияи боздошти чорсоатаи Атовуллоев то куљо хашмњои нињонии Маскав барои пойгоњи 201-ум, ќаробатњои Тољикистон бо раќибони ИМА, њадди аќал, интихоби соли 1992-яш дар љаласаи 16-уми Шўрои Олї нуњуфтаанд? Бино ба суњбатњои худи Атовуллоев, ў ба Маскав даъват шуда буд, њадди аќал, дар раддањое аз Кремл медонистанд, ки ў меояд. Виза дошт ва вурудаш бояд њељ мушкиле намедошт. Коршиносони "Нигоњ" бар инанд, ки њадаф аз њамчунин оварда, сипас, баргардондани Додољон Атовуллоев амалиёти махсуси "сўз" додан ба Душанбе буд, яъне бубин, ман ба чї кор ќодир њастам. Ин кор, бешак, дар Душанбе фањмида шуд. Русия бармало нишон дод, ки сахт озурда аст ва бо ин кор љойи Њукумати Тољикистонро "нишон дод". Гузашта аз ин, инро мешавад "бозї дорондани Душанбе" њам номид, чун ин љо хеле ба умед шуданд, ки нињоят Маскав барои истирдоди Атовуллоев ба истиќболи онњо меравад. Аммо ин як бозї дорондан буд, ки бешак, ѓазаби Душанберо овард ва дар кул, мавќеи Тољикистонро дар бањс бо Русия на заиф ва на ќавї мекунад. Њарчанд, шояд, барои бархе, ки дуртар аз шиками худ чизи дигареро дидан намехоњанд, овардани Атовуллоев ба чї ќимате набошад, њатто, то ба савдои гузоштани манофеи миллї фарќе надорад. Њаќ ба љониби Њазрати Сулаймон ё њамон Пайѓамбар Саломон аст, ки мегўяд: "Ин њам мегузарад".

Фаромарзи ФОЗИЛ


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

РАНДА Рўзи 15 июн расонањо аз барканор шудани сархатиби масљиди марказии ноњияи Восеъ, ё масљиди Њазрати Муњаммад - Њољї Убайдуллоњ Њасанов хабар доданд. Бино ба ин хабарњо, сархатиб ба он хотир барканор шуд, ки 4 июн дар мулоќоти президент бо руњониён пешнињоди "бемантиќ" кард. Дар ин мулоќот мавсуф баромад карда, дар оѓоз як шеър дар бораи вањдат хонд. Сипас ба президент мурољиат кард, ки маркази ноњияи Восеъ масљид надорад, балки биное, ки онњо њамчун масљид истифода мебаранд, хусусї буда, барои он иљорапулї дода мешавад. Президент дарњол ба раиси ноњияи Восеъ Рустам Латипов дастур дод, ки ин масъаларо њал кунад, аммо масъала дигар хел њал шуд. Њољї Убайдуллоњ Њасанов ба "Нигоњ" гуфт, рўзи шанбеи њафтаи гузашта кормандони њукумати ноњия омада, гуфтаанд, ки бо ин таклифат њамаро шарманда кардї: - Рўзи якшанбе 14 июн дар як масљиди љомеъи назди Кўњи Намак дар кўчаи Вализода имомхатибони ноњия љамъ омаданд. 12 масљиди љомеъ дорем дар Восеъ аз ин имомхатибони панљ масљид љамъ омада, маљлис карданду моро барканор карданд. Њатто фикри моро нашуниданд. Хабари расонањо дар бораи ин, ки ин кори њукумати ноњияи Восеъ аст, зуд вокуниш пайдо кард. Маркази матбуотии њукумати ноњия (бори аввал њукумати ноњияеро мебинем, ки маркази матбуотї дорад! Офарин!) љавоб дод, ки њукумат умуман ба барканории сархатиб муносибат надорад, чун масљидњо тобеи њукумат нестанд, балки ба Кумитаи дин итоат мекунанд. Аммо њукумати ноњияи Восеъ шарњ дод, ки сархатиб барои "таклифи бемантиќ" не, балки ба хотири "нуќсонњо" дар фаъолияташ барканор шудааст. Воќеан, нафаре, ки дар як масљиди кирояи (!) марказии як ноњия (!) ва он њам ба номи Њазрати Муњаммад (с) (!) имоатї мекард, чї "нуќсон" дошта метавонист? Ба њамин минвол, Рустам Латипов, раиси ноњияи Восеъ љавобгариро аз сари худ дур кард, зеро бояд медонист, ки ин љо ў умуман вуљуд надорад, балки нафари дигар ва њоло зимом дар даст аст.

3

"Сархатиб рафт, зинда бод сархатиб!" Муфтии Тољикистон дар барканории сархатиби Восеъ чї наќш дорад?

Нуфузи муфтї Манобеъи мо ин нафарро Саидмукаррам Абдулќодирзода меноманд, ки муфтии љумњурї ё ба таври дигар раиси Шўрои уламои Тољикистон аст ва аз бозе, ки ба ин симмат расидааст, хеле чењраи хабарсоз ва "дўстдоштанї" - и расонањо аст. Њамсўњбатони мо аз Восеъ мегўянд, нафаре, ки ба љои сархатиби собиќи Восеъ омад, Мањмадсаид Акрамов, зодаи ноњияи Данѓара ва аз хешовандони раиси Шўрои уламо ба шумор меояд.

Соле чанд нафаре бо номи Абдурањим дар шањраки Восеъ, маркази маъмурии ноњияи њамном як масљид бунёд кард. Њама ба умед буданд, ки масљиди марказии ноњия ба он љо мекўчад. Аммо Валї Султонов, раиси собиќи Восеъ тасмим гирифт, ки ин масљиди шањрак бошад ва хешаш Мањмадсаид Акрамов имомхатиби он. Аз ин ќисса мешавад хулоса кард, ки фурсати муносибро тими наздик ба Шўрои уламо ва Кумитаи дин истифода

карда, Њољї Убайдуллоњ Њасановро аз вазифа барканор карданд. Аммо магар сархатиб гуноњ кард, ки дар назди президент мушкили љомиаро монд? - Аз ман мардум хоњиш карданд, ки пешнињоди онњоро ба љаноби президент расонам. Ман фаќат хоњиши мардумро расонда будам, - мегўяд Њољї Убайдуллоњ Њасанов. Вале хабар надошт, ки барои раќибони дар каминаш дастак дод ва ўро аз вази-

фа барканор карданд. Тавре мегўянд, "Шоњ мурд, зинда бод Шоњ!", дар мавриди мо "Сархатиб рафт, зинда бод Сархатиб!" Суханони собиќ ќозии мусалмонони Тољикистон Њољї Акбари Тўраљонзода ба хотир мерасад, ки дар шумораи гузаштаи "Нигоњ" гуфт, ин гуна масљидњо иттињодияи динї њастанд, зеро масљид љои ин кору интригаву тавтиањо нест. Ќиёми НУР


4

НОМАИ БЕТАЊРИР

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

танзими анъана ва љашну маросимњо сариваќтї шуморида, онро пурра ва њаматарафа дастгирї намуда, аз нигоњи илми ислом нолозим будани маъракањои миёншиканро асоснок карда буд. Билолов хатмкунандаи Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам буда, онро бо бањои аъло тамом кардааст. Аќидаронињои Билолов сад дар сад ба ќонунњои Тољикистон мувофиќат мекунанд, аммо майдони мазњаббозони кўтоњандешро танг кардаанд. Билолов китоби Худованд Ќуръони маљид, суннатњои Расули акрам д (с) ва мазњаби Имоми Аъзам (р)-ро асос карда, фикру аќидањои худашро баён мекунад. Фикру аќидахои Билолов он аст, ки маъракањои серхарољот аз ислом нестанд. Дини ислом њељ гоњ ба сари мардуми мусалмон зањмату гаронї бор накардааст. Инњоро манфиатљўён бо аќидањои нафспарвари худашон ба сари мардум бор кардаанд. Ин нукта, албатта, ба "эшонзодањо" маќбул нест, зеро муллоиро касбу сарчашмаи даромади муфт медонанд, бо истифода аз донишњои мазњабї бо тафаккури мардумбозї мекунанд. Аз њама сифати бењтарини Билолов он аст, ки суханаш бо амалаш як аст. Билолов ба мардум мефањмонад, ки шукри Худованд, бояд,ки ба тинљию осудагї расидаем ва чунин роњбари муъмину мусалмон дорем, ки Ќуръонро барои мо тарљума кардааст, то илм биомўзему ба хурофот роњ надињем. Билолов сиёсатњои пешгирифтаи давлатро амалан дастгирї карда, ба мактабу ятимхонањо ва фондњои хайрия пул ирсол кардааст. Сањмияњои НБО-и "Роѓун"-ро бо маблаѓи зиёда аз 10 000 сомонї харидорї кардааст.

Ба Президенти Љумхурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Нусха ба раиси вилояти Хатлон муњтарам Ѓайбулло Афзалов Муњтарам Президенти Љумњурии Тољикистон! Мо, мардуми дењаи Мирзоободи ноњияи Абдурањмони Љомї љонибдорони устувори сиёсатњои пешгирифтаи шумо буда, аз Худованди пок шукргузорем, ки шуморо дар ваќту соати таќдирсоз ба мардуми кишвар расонид. Шумо бо дилу нияти нек тавонистед як кишвари харобгаштаю ба хоку хун оѓўштаи дар њолати фано бударо ба як давлати орому обод, як давлате, ки мо имрўз бо номаш фахр мекунем, табдил додед. Инро мо, мардуми водии Вахш аз њар мардуми дигар дида, хубтар медонем. Моро ин соат маъзур доред, ки ваќти ќимати шуморо мегирем. Узр дорем, зеро масъала њассосу барои мо ва фикр мекунем, кулли љомеаи Тољикистон басо муњим аст. Шикояти мо аз болои раиси ноњия Акрам Сулаймонов ва пуштибони ў Сирољиддин Саидов масъули Вазорати энергетика ва саноат аст, ки бо амалњои онњо ва хешовандонашон вазъ дар дењаи мо ноором гашта, дилњои мардуми зиёде озурда гаштааст. Мо ба он боварем, ки Саидов С. бо њар восита ба раиси њукумати ноњия таъсир расонида, ба хешовандонаш вазифа медињад.Онњо, дар навбати худ, ба корњое даст мезананд, ки боиси озурдагии хотирњо ва пора-пора мардуми дења гаштааст. Сухан аз хешовандони ў Мањмадуллоев Р., Неъматов И. ва бародарон Мањмудовњо меравад, ки бо номи "эшонзодањо" маълуманд. Баъди он ки Акрам Сулаймонов аз Вазорати энергетика раиси нави ноњия таъин шуд, ин гурўњ тўй доштанд, зеро медонистанд, ки Сулаймонов А. бо Саидов С. њамкор ва дўст мебошанд. Дере нагузашта онњо њавлии калони худро, ки дар маркази ноњия љойгир мебошад ва дар як ќисмаш прокурори ноњия М.Давлатов зиндагї мекунад, пешкаши Сулаймонов А. карда, ўро иљорашинашон намуданд. Раиси нави ноњия ба ин мењрубонии ѓаразнок дода шуда, ба доми онњо гирифтор шуд. Њамин буд, ки Сулаймонов А. хеш ва ќудои Саидов С., яъне Мањмадуллоевро ба вазифаи љонишини раиси љамоати дењоти Калинин таъин кард, њарчанд дар Мирзообод њама медонанд, ки Мањмадуллоев Р. арзандаи ин вазифа набуду нест. Мањмадуллоев Р. чанд сол пештар бо дастгирии хеши худ Саидов С. ба роњбарии хољагии гўсфандпарварї роњ ёфта буд дар давоми кори худ ба ма....ї ва љўрабозї овора шуда, хољагиро ба нобудї расонида буд. Ин буд, ки аз тарафи Прокуратураи ноњия нисбати Мањмадуллоев.Р. делои љиноятї боз гардид. Баъдтар ин делои љиноятї ба таври шубњаомез ќатъ шуд. ... Акнун бо даст ёфтани Мањмадуллоев ба њукумат, дар як муддати кўтоњ дења ду таќсим гашт, раиси дуюми дења таъин шуду худи ў ду ќитъа замини наздињавлигї гирифт ва дар љое иншооти тиљоратии дуошёна сохт, ки тамоми ќонунњои љумњурї сохтмонро дар он маън кардаанд. Раиси аз ќонунњои љумњурї бехабари ноњия бошад, ба кушодашавии ин иншоот иљозат дод ва худ лента бурид. Гўё надид, ки ин иншоот дар болои нањри обгузари дења љойгир шудаасту тамоми маќомоти љумњурї ин иншоотро ѓайриќонунї медонанд. Мањмадуллоев Р. тавонист, ки дар давоми як моњи иљрокунандаи вазифаи раиси љамоат буданаш бо њамроњии Неъматов И. ва хешовандонаш аз болои собиќ муллои дења Билолов Насриддин ба раиси ноњия шикоят баранд ва маќсади нопоки худ - беобруву зиндонї кардани Билоловро ба воситаи Сулаймонов њал кунанд. Раиси ноњия новобаста аз он ки Билоловро надидааст ва намешиносад, дар аризаи онњо дастхат монда, ба Кумитаи амният фиристонидааст. Дар Кумитаи амният баъди санљиш ба хулосае омаданд, ки ин як бањси авлодї аст ва ин ба воситаи раиси ноњия бояд њал шавад. Аммо ќарор шудааст, ки "муллоро љазо дињанд". Баъди ин ба њама маълум шуд, ки раиси нави ноњия бо ин беадолатии худ натавонист, ки сиёсатњои пешгирифтаи сардори давлатро роњандозї кунад. Ба љои он ки халќро ба оромиву сулњу субот даъват кунад, ба саркўб кардани ќисми дигаре супориш медињад ва тарафдори гурўње мешаваду гурўњбозї мекунад. Сулаймонов, њатто, лањзае фикр накард, ки роњбари давлат - нафаре, ки ўро ба ин вазифа таъин кардааст, бо чї ќадар љонбозињо сулњро ба халќи тољик оварду то куљо субот

Дод аз дасти раису иљорадињандањояш «

- Кишвари маро осмон љазо додааст. Мо онњоеро дар хотир надорем, ки дар замони болшевикњо њаёти хешро ќурбон кардаанд ва онњо њазорон фарзандони бењтарини миллати мо буданд. Мо ягона кишвари ИДМ њастем, ки намехоњад њамватани кушташуда дар соли 1937-ро ба хотир орад.

барои мардумони њар як дењаи хурд њам азиз аст. Мо ба он боварем, ки Сулаймонов боварии Шумо, Љаноби Олиро амалї карда натавонист ва мардуми дењаи моро бо њам душман кард, ки барои мо ва фарзандони мо оќибати бисёр бад дорад. Раисони пешинаи ноњия корро аз маслињат бо пирони кордону ветеранњои ноњия, ки барои ободии он тамоми умр хизмат карда омадаанд, сар мекарданд, аз таљрибаи бои онњо оиди тарзи роњбарї ва шеваи муносибат бо халќ истифода мебурданд. Сулаймонов бошад, бо он кибру ѓуруре, ки дорад, ин гуна имкониятњоро бар шаъни худ нолоиќ мешуморад. Пирони кордида Буров Бегиљон ва Носиров Амриддин шахсоне њастанд, ки барои хизматњояшон дар ободии диёр аз тарафи Њукумати Љумњурї ќадрдонї шудаанд ва имрўз давлати пирї меронанд. Ин шахсон хостанд, ки бо Сулаймонов вохўранд ва оиди оромии дења сўњбатњо кунанд, аммо љаноби раис онњоро, њатто, ба даргоњаш роњ надодааст. Имрўз Сулаймонов дар ноњия ба Мањмадуллоев ва Неъматов Ибод такя мекунад, ки ин ду одам дар тамоми умри худ ба давлат ва љомеа хизмати шоистае накардаанд. Мо шоњидем, ки вазифаи ин ду нафар фаќат миёнаравї аст ва инњо овоза кардаанд, ки гўё Сулаймонов шахси дўстдоштаи президент буда, ќудои вазири энергетика ва саноат Гул Шералї мебошад. Мо њаргиз ба чунин овозањо бовар намекунем,чунки шоњид њастем, ки Шумо сифатњои бењтарини инсониро дороед ва њељ гоњ чунин шахсони ботакабурро ќабул надоред. Муњтарам роњбари давлат, имрўз бо ташаббуси њамин одамон њамдењаи мо - мулло Билолов Насриддинро, ки яке аз ташвиќот-

«

чињои бењтарин ќонуни миллї - Ќонуни ЉТ "Оид ба танзими анъана ва љашну маросимњо" буду аз нахустинњо шуда, онро аз тариќи телевизион ташвиќ мекард, ба дасиса гирифтор кардаанд. Гўё Билолов дар байни халќ тафриќа андохта бошад. Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон гўё бозичаи дасти гурўње шудааст, ки бо ќонуншиканињои гўшношунид аз болои Билолов парвандаи љиноятї оѓоз карда, хост муллоро зиндонї кунад, аммо суд ба ин роњ надод. Кумитаи амният дар асоси тўњмати Мањмадуллоев, Неъматов ва "эшонзодањо" Мањмудовњо нисбати Билолов мавод оѓоз кардааст. Ин љанобон њамеша тарафдори маъракањои серхарољот буданд ва онњоро сардорї мекарданду имрўз њам ин корро давом дода истодаанд. Ин гурўњ ќонуни танзимро риоя намекунанд ва даъво доранд, ки аз нигоњи ислом, ин маъракањо дурустанд. Мегўянд, ки падарњои мо ин корро кардаанд, мо низ мекунем ва мардумро бо овози баланд дар масљид ташвиќот мекунанд. Бигзор маќомот сабтњои видеоии ин гуна маъракањоро љамъ кунанд ва бубинанд, ки њаќ ба љониби кист. Ногуфта намонад, ки исбати ин масъалањо мардум ба Прокуратураи ноњия мурољиат карда буданд, аммо аз сабабе ки прокурори муњтарам Давлатов дар хонаи ба ин гурўњ тааллуќдошта зиндагї мекунад, њодисањои ќонунвайронкунии маъмуриву љиноятї нодида гирифита шуданд. Сармутахассис оид ба соњаи дин дар љамоати дењоти Калинин Усмонов Ќурбонназар, љияни Мањмадуллоев Р. аст, ки мардум ба дину диндорияш сахт шубња доранд. Билолов бошад, яке аз аввалинњост, ки дар "Микрофони озод" аз ноњияи Љомї ва баъдтар аз Шабакаи якуми телевизиони Тољикистон суханронї карда, пешнињоди Шуморо оиди

Зери њидояти Шумо ятимеро ба фарзандї хонда, тарбия карда истодааст. Муњтарам Љаноби Олї, мардуми одї медонанд, ки чунин аќидаронињову тарзи зиндагии Билолов боиси тафриќаангезї ва барангехтани кинаю адоват дар љомеа набуда, баръакс, ба фоидаи љамъият ва наслњои оянда мебошад. Мо медонем, ки Ќонуни "Танзими анъана ва љашну маросимњо" ба "эшонзода"-њои мо маъќул нест ва онњо дарду аламашонро аз Билолов, ки бе ин њам хусумати авлодї доштанд, гирифтанианд ва Кумитаи амниятро ба воситаи дўстони мансабдорашон ба роњи хато бурдаанд. Аз ин рў, мо ба Шумо - кафили њуќуќњои конститутсионии худ мурољиат мекунем, то ба ин ќазия шахсан таваљљўњ кунед. Зеро мурољиатњои мо ба Прокуратураи вилояти Хатлон, Прокуратураи генералї, КДАМ ва Кумитаи телевизион ва радио натиљае надоданд. Бинобар ин умеди ягонаи мо фаќат ба Шумо, роњбари одилу адолатпарвар мондааст. Мо аз дасти ин раисону љўрабозињои онњо ба дод омадаему аз Шумо, Љаноби Олї эњтиромона хоњиш менамоем, ки ба ин беадолатї роњ надињед ва аз Билолов Н., ки пуштибони бењтарини Ќонуни танзими анъана ва љашну маросимњо ва њамаи сиёсатњои пешгирифтаи Шумо буду њаст, пуштибонї намоед, то оромиву субот дар дењаи хурди мо барќарор шавад, муносибати байни авлодњо нек гардад, фарзандони мо ќурбони љањолати гуруњї ва хусумати авлодї нагарданд. Муњтарам Президенти мардумї, нињодњои ќудратї, ки бо дасисабозии як гурўњ одамон ва хољагони онњо яке аз моро ба суд мекашанд, дарк намекунанд, ки дар симои Билолов сиёсати давлат ва боварии мардум ба њукуматро ба суд мекашанд Љаноби Олї, аз Шумо илтиљо мекунем, ки тибќи талаботи ќонун, арзи моро ба маќомоти вилоятї нафиристед, балки комиссияи мустаќиле таъсис дињед, ки њаќиќати њолро маълум кунанду њаќ ба њаќдор расад. Бо самимияти хоса ва эњтироми беандоза Носиров А., Назриев Н., Мањмадов А., Додов Н., Ќурбонов Ф., Хољаев Б., Давлатшоев С. ва дигарон. Љамъ - 40 имзо.


МАЗЊАБ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

5

Бисмиллоњир рањмонир рањим.

РАМАЗОН 31 РЎЗ НАМЕШАВАД! Бо санову ситоиши бењадди Парваридгори оламиён ва дуруди беадад ба руњи поки Муњаммади Мустафо (с) ва бо изњори дуои хайру баракоти рамазония, таманнои њузури ќалб дар намози таровењ ва хоњиши ибодати маќбул барои мусулмонони љумњурї ва арзи сипос њузури хонандаи гиромї шурўъ менамоям. Рўза рукне аз аркони панљгонаи ислом ва фаризаи њатмист, ки субути фарзияти он дар Ќуръони карим бо оятњои: "Эй касоне, ки имон овардаанд, бар шумо рўза доштан фарз гардонида шуд, чунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, то бошад, ки парњезкор бошед" (Баќара/183), "Моњи Рамазон он аст, ки дар вай Ќуръон фуруд оварда шуд, барои њидояти мардумон ва суханони равшан аз њидоят ва фавќкунанда байни њаќќу ботил. Ва њар ки аз шумо он моњро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад" (Баќара/185) ва дар суннати поки набавї бо ривояти Абдуллоњ ибни Умар (раз.) аз баёноти Расули акрам (с): "Бинои ислом бар панљ чиз нињода шуд: гувоњї додан ба ягонагии Худои таоло ва ба рисолати Муњаммад (с), барпо доштани намоз, пардохтани закот, њаљи хонаи Худо кардан ва рўза доштан" (Бухорї, раќ.8, 4514) омадааст. Дар каломи гуњарбори Расули Худо (с) пањлуњои гуногуни фазилати рўзаи Рамазон баён гардидааст, ки аввалї њадиси ќудсї (каломи Худои таоло дар баёни Расули Ў таоло) мебошад. "Њар амали фарзанди Одам барои худаш њаст, магар рўза, ки он барои Ман бошад. Ва Ман худ подоши онро хоњам дод". (Бухорї, раќ.1904), "Њар кї Рамазонро ба љињати имондорї ва талаби савоб рўза дорад, гуноњони пешини вай бахшида хоњад шуд (Бухорї, раќ.37, 2009), " Ба рўза чизе баробар нест" (Насаї, 4/165), "Дуои рўзадор рад нахоњад шуд" (Байњаќї, 3/345), "Барои рўзадор ду фарањ бошад: яке гоњи ифтор ва дигаре гоњи мулоќот бо Худои таоло" (Имом Ањмад, 2/174), " Рўза сипар ва ќалъаи муњ-

«

Агар кишварњои дигар рўзаи сирўзї доранд, Шўрои уламоро љињати рафъи иштибоњи фавќ яке аз ду роњ боќї мемонад: таањњуди даќиќ барои дидани моњи нав, ки гумон аст, даст медода бошад, ё фатво ба рўзаи 31-рўзї, ки дар таърихи рўзадории мусулмонони кишвар бори аввал рух медињад.

кам аз оташи Дўзах аст" (Имом Ањмад, 2/ 402), "Бўи дањони рўзадор назди Худои таоло аз бўи мушк хуштар аст" (Муслим, 2/807) ва амсоли он, ки шањодати маќоми бузурги рўза ва мартабаи шахси рўзадор аст. Дар робита ба зарурати шаръии ин матлаб, доир ба рўзаи имсол мехоњам баъзе андешањои худро иброз намоям. Аввал он ки, Шўрои уламои Маркази исломии љумњурї рўзаи сешанбе, таърихи 9 июлро ифтитоњи рўзаи моњи шарифи Рамазон эълон намуд, ки ба субути Рамазон дар кишварњои њамсоя ва аз љумла, ба Арабистони Саудї, Аф?онистону Эрону Покистон, Мисру Русияву дигарон мутобиќат надорад. Тибќи таълимоти мазњаби њанафї, субути рамазоният ба яке аз ду роњ аст: яке дидани моњи Рамазон, ба љињати ќавли Расули Худо (с): "Гоњи дидани моњ рўза доред ва гоњи дидани он ифтор намоед"(Бухорї, раќ.1909). Дигаре он ки, агар моњи Рамазон дида нашавад, ба љињати абр ва амсоли он, бояд моњи Шаъбон (моњи пеш аз рўза) сї рўз гардонида шавад, ба љињати ќавли Расули акрам(с): Агар моњ тањи абр бошад, пас, Шаъбонро сї рўз гардонед"(Бухорї, раќ.1909). Аммо Шўрои уламо њељ яке аз ин дуро ба инобат нагирифта, боиси иштибоњ дар ин амри зарури шаръї барои мусулмонони љумњурї гардид. Эњтиёт дар амсоли ин масоил таъхири он аз ваќт аст, на таќдим. Зеро ибодати пеш аз ваќт љоиз набошад, монанди гузори-

«

дани намози пешин дар соати 12- и рўз. Солњои пеш гоњи раёсати муфтии марњум Амонуллоњ Неъматзода, мусулмонони љумњурї гоње аз кишварњои дигар як рўз таъхир рўза медоштанд ё ид мекарданд, ки боке надошт. Ва он тибќи фармони Расули Худо (с): "Рамазонро пеш магиред, њатто, моњро бинед ва ё моњи Шаъбонро сї рўз комил намоед. Баъд аз он, боз ифтор накунед, то моњро набинед ё моњи Рамазонро сї рўз комил нагардонед". (Абўдовуд, раќ.2328). Тибќи ривояти дигар: "Рамазонро бо рўзаи як рўз ё ду рўз пешї нагиред", Аллома Ибни Обидин "пешї гирифтан" (таќдим)-и Рамазонро рўза доштан бо маќсади (нияти) рўзаи Рамазон шарњ додааст. Аз ин љо, хулоса кардааст, ки рўза доштани "рўзи шакк" бо нияти нафл кароњат надорад. Аслан, шањодати мусулмонон дар Шарќу Ѓарб барои њамдигар дар субути моњи шарифи Рамазон ва Иди фитр далели шаръист. Њарчанд баъзе фатвоњо субути Рамазонро бо диди моњ дар як минтаќа барои минтаќаи дигар, ки аз минтаќаи аввалї дар масофаи роњи якмоња (бештар аз 500 км) дар хатти тўл ќарор дошта бошад, лозим намедонанд. Уламо диди моњро аз тариќи таљњизоти расадхонањо далели шаръї нашуморидаанд, зеро шариат мабдаи ом ва њамагонист. Пайомади манфии иштибоњи фавќ дар субути фитр (Ид) бармало мегардад. Дар Ра-

мазони имсол бо доштани рўзаи сирўзї Шўрои уламо њаќќи фатво ба субути Иди фитрро надорад, агар мусулмонони дигар кишварњо моњро дида ва ид накунанд, ки албатта, он гоњ рўза дар он кишварњо 29 рўз мешавад. Агар мусулмонони дигар кишварњо моњро набинанд, фитр дар сурати рўзаи 29 рўз бо њисобу таќвимњо барои онњо низ мураххас набошад, чунон ки дар ривояти муњаддис Абўдовуд мазкур шуд ва дар фиќњи чањор мазњаби ањли суннат: њанафї, моликї ва шофеию њанбалї омадааст, ки дар ин маврид ќавли мунаљљим эътибор надорад. (Ниг. Ибни Обидини њанафї, "Дурулмухтор", 3/354. Муњаммад ибни Ањмади Майёраи моликї, "Аддурулсамин", сањ.327. Закариёи Ансорї, "Асналматолиб", 1/410. Бањутии Њанбалї, "Кашшофулќиноъ", 1/462). Яъне 29-рўза доштан шаръан љоиз њаст ва Расули Худо њамагї нўњ сол рўзаи Рамазон доштаанд, аз љумла, 4 сол 29-рўзї. Вале, дар он сурат, фитр танњо бо дидани моњи нав шаръан собит мегардад. Агар кишварњои дигар рўзаи сирўзї доранд, Шўрои уламоро љињати рафъи иштибоњи фавќ яке аз ду роњ боќї мемонад: таањњуди даќиќ барои дидани моњи нав, ки гумон аст, даст медода бошад, ё фатво ба рўзаи 31- рўзї, ки дар таърихи рўзадории мусулмонони кишвар бори аввал рух медињад. Судури фатво барои Иди фитр бо доштани рўзаи сирўзї бидуни эътибори риояи фармудаи Расули Худо (с) дастандаркорони Маркази исломиро масъули хўрдани як рўзи рўзаи мусулмонони љумњурї назди Худои таоло мегардонад, ки шахси боимон чунин масъулиятро барои худ њељ гоњ раво надида ва бар дўш њам намегирад. Ба њар њол, ваќт довар асту оянда ба умед. Масъалаи дувум, ки он низ марбут ба Маркази исломї мешавад, ба шакли намози љамоат баргузории намози ќиёми лайл (ѓайри таровењ, ки баъзан намози тасобењаш гўянд)

12


6

ФАРЁДИ НАСЛ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

Баъд аз сафар: марг ба ин зиндагии мо!

Б

ори аввал нест, ки ба як давлати хориљї сафар мекунам. Њар маротиба, ки худамро берун аз Ватан, аз ёру дўстон ва атрофиён мебинам, хеле ва хеле худамро њаќиру зор эњсос мекунам. Эњсоси нохуш пеш аз њама аз он боло мегирад, ки бори дигар шоњиди рушду равнаќи дигарњову дар як љой пой кўфтани миллату давлати хеш мегардам. Њатто ваќте дар Улан-Батор, пойтахти Муѓулистон будам, њамвора ин эњсоси бад маро њамроњї мекард. Ин навбат барои чанд рўз ба шањри Берлин, пойтахти Олмон рафта будам. Баробари ворид шудан ба Аврупо бардоштњоям аз сафар бо "Чаро ..?"-њои зиёде зењнамро тира мекард... Албатта, худамро дар як кишвари муќаррарии аврупої медидам. Њеч мўъљизаи моддие дар рў ба рўям нест, ки гўям барои ба онњо расидан мо имкони моливу техникиву ва ѓайра надорем. Њеч шигифтие аз зебоии шањру биноњо ва меъморињои он надорам, зеро тамошои ин њамаро метавон бо фановарињои замони нав њам тамошо кард. Аммо фарњанги ин мардум мўъљизае аст, тасаввурнопазир! Ба Худо тасаввурнопазир! Инсонпарастии давлату њукумат зебоии нодиданї аст, ки аз ин неъмати бебањо мардуми кишвари ман мањрум аст. Ё худашро мањрум кардааст. Миллати ман њам соњиби тамаддуну тамаддунофар буд, аммо имрўз пояшро аз ботлоќи мушкилоти фарњангиву ахлоќиву сиёсї берун кашида наметавонад. Замоне, ки дигар миллатњо бо суръати кайњонї рушд мекунанд, мардуму њукумати кишвари ман 20 сол мешавад, ки бо суръати гардиши санги осёби обии бобої атрофии худ давр зада, лофи замонњои даќюнусиро мезанад… Њоло, ки аз бешарафї саросар намурдаем, аз беномусии бемисл то миён ба замин фур? нарафтаем, биёед аз Олмон њикоят кунам.

Давлат барои мардум Ваќте аз фурўдгоњ берун шудем, бонуи олмоние, ки моро пешвоз гирифт, пешнињод намуд, ки барои истифода аз наќлиёти ?амъиятб бояд билет харидорї намоем. Чунин њам кардем. Барои ба манзили зисти муваќќатиамон рафтан ба автобус нишастем. Баъд ба метро савор шудем. На дар автобус ва на дар метро касеву назоратгаре аз мо напурсид, ки оё мо билет дорем ё на. Ба мисли дигар давлатњо дар метро дастгоње низ набуд, ки билети моро ба ќайд гирад. Ваќте пиёда шудем, аз бонуи њамроњам бо забони тољикї (ў забони тољикиро баллад аст) суол кардам, ки чаро касе дар автобус ва метро аз билет доштан ё надоштани мо напурсид ва назорате њам набуд? Ў маънии суоли маро нафањмид. Такроран бо забони русї пурсидам. Боз нафањмид. Хиљолат кашидам, ки шояд суол дода њам наметавонам. Њамро-

њам ба бону такроран манзури маро фањмонд. Бонуи олмонї хуб хандид. Хеле самимона. Гуфт, "31 сол дорам, аммо ба ин суол нав дучор мешавам. Њама бояд билет бигиранд, касе назорат намекунад. Агар мўњлати истифодаи билет ба итмом расид, бояд онро нав кард, тамом". Бале, чунин суол дар тасаввури як олмонии љавон намеѓунљад. Чизе, ки нест онро тасаввур кардан муњол аст. Агар Душанбеи моро, мањз маркази фарњангиву сиёсии моро надида бошад, њолати воќеъии наќлиёти љамъиятии моро тасаввур њам карда наметавонад. Боло болои њам нишастан, садои гушхароши чалласаводи мазњабї ё сарояндаи хиёбониеро и?боран г?ш кардану шоњиди аз њар мусофир 20-40 дирам дуздидани ронанда шудан вокќеъан барои ? тасаввурнопазир аст. Агар ба љавонї олмоние, ки наќлиёти љамъиятї дар кишвараш даќиќа ба даќиќа њозир мешавад, бигўї, ки дар пойхтахти давлати ман наќлиёти љамъиятї то аз мусофир пур нашавад ба роњ намебарояд, чї тасаввуре хоњад кард? Рўзи дигар ваќте савори автобус шудам, њолати аљиберо дидам. Автобус дар истгоњ истод, пањлўяшро баробар ба рањ поин намуд, ин як амалї маъмулиест, ки бояд анљом дињад. Ќаблан њам дида будам. Мўйсафеде бо аробаи маъюбии худ ба автобус наздик шуд. Мехостам, кўмакаш намоям. Ин ниятро дар дил ба охир нарасонда будам, ки ронанда ба назди мўйсафед бо чењраи боз њозир шуд. Барои аробачаи маъюбии мўйсафед роњи махсусеро њамвор кард. Мўйсафедро ба автобус ворид намуд. Дар истгоњи дигарї мўйсафед бо каме гардиши аробачааш майли фуромадан кард. Ронанда боз њам њозир шуд ва бо њамон чењраи кушоду бидуни њеч ташвише барои аз автобус поин шудани мўйсафед кўмак намуд. Ин њолатро дида ба сўи њамроњам нигаристам. Ў њам маќсади маро пай бурда гуфт, "инро давлати иљтимої ё давлат барои мардум" мегўянд. Дар мо чї?! Њољат ба њарфе нест, зеро мансабдорон гуфтанро њам беодобї ќабул мекунанд.

Беодобии маъмулии ман Дўстони олмонии њамроњонам њар рўз мехостанд моро ба гўшае аз шањрашон ошно намоянд. Ба чандин боѓу поркњои шањрї рафтем. Дари њамааш боз, њатто дарвоза надоранд. Даромад ройгон. Боѓњоеву маконњое, ки њар якеаш бамаротибу бењтару зеботар аз боѓи ботаникии (Боѓи Ирам) шањри Душанбе. Дар мањали зисти мо "Боѓи пинњон"-е мављуд буд. Дар боѓ тамоми намуди мева вуљуд дошт. Њамааш њосил дошт. Касе нигоњ њам намекард. Њамроњи олмониамон гўё маќсади маро дарк кард, ки пеш гузашта ба назди дарахти тут рафт. Гуфтам, таъмашро чашидан мумкин? Ў бедудилагї ба љои посух даст ба навдаи дарахт бур-

ду ман њам такрор кардам. Баъди тут ба зери дарахти гелос омадам. Бонуи кўњансоле дуртар аз он менишаст. Бо забони олмонї чизе гуфт, њеч нафањмидам. Мўйсафед боѓбон, ки дар дуртар бо кўдакон машѓули бозї буд, наздамон њозир шуд. Ба њамроњи олмонии мо фањмонд, ки "аз меваи дарахтони боѓ то соати 6-и бегоњ хўрдан мумкин нест ва ин эълон дар беруни дари боѓ навишта шудааст". Бо мўйсафеди боѓбон хайру хуш карда берун аз боѓ навиштаљотњоро мехондем, дар њеч љое эълоне бо чунин маънї надидам. Пас фањмидам, ки боѓбони олмонї барои беиљозат аз мевањои боѓ чиданамон моро ба њамин шеваи зебо фањмонидааст. Оё мешавад баъди ин олмонињоро дўст надошт? Ба боѓи дигар рафтем. Дар миёнаљойи он боѓи њайвонот њам буд. Тозагї ва зебоии њайвоноти ин боѓ бо њолати боѓи њайвоноти шањри Душанбе ќиёснопазир аст. Ин боѓ низ ройгон. Ба хотири фароѓати сокинону мењмонони шањр! Дар миёни кўчае оњангархонае дидем. Роњбаладамонро низ маротибаи аввал медид. Вориди он шудем. Ба гуфтаи масъулини оњангархона он аз соли 1624 инљониб фаъолият мекардааст. Дараш барои мардум њамеша боз аст. Оташи оњангархона гирон буд. Даќиќ буд, ки чизе дар он намегудозанд, аммо барои тамошо њамеша дар њолати корї нигоњ медоранд. Муносибати олмонї. Бо ќадам задан дар ин шањр ба хубї эњсос мекунї, ки бани одамї, инсонї, махлуќи Холиќи покиву барои мардумони дигар азизї. Инсону њуќуќњои ў бузургтарин арзиш барои ин давлат аст. Давлату њукумат барои мардум фаъолият мекунанд. Њукуматдорон медонанд, ки аз њисоби мардум ва барои мардум кор мекунанд. Барои истироњати сокинон тамоми шароит муњайёст. Аз оњангархона берун шудаму даме худамро дар Душанбе тасаввур кардам. Бо ин њама диданњо, бо ин њама чашмкушоињо магар метавонам, аз ин сафар хуш бошам?! На, асло, на! Њатто агар мудавом болои љойнамозу пањлуи сањобагон бошам.

Ислом дар Бундестаг ва вакилони худотарси Олмон Њар нафаре, ки ба Берлин меравад, њатман хоњиши аз бинои Бундестаг диданро дорад. Мо њам аз ин ќатор берун набудем. Дар интернет дар бораи фаъолияти вакилони олмонї, фаъолияти Бундестаг зиёд хонда будам. Дар матбуоти тољик аз озод будани раванди баргузории љаласањои вакилони ин кишвар зиёд навишта буданд, мегуфтанд, ки мардум метавонанд бевосита рафти љаласаи вакилонро дар дохили толор назора кунанд. Њамаи инро аз ќабл медонистам, навиде бароям набуд. Ба бинои Бундестаг ба роњи маъмулї надорамадем. Бо мусоидати Александр Њайзер, рањбари љамъияти Тољикистону Олмон ва Толиб Камолёр, масъули ин љамъият ва тољики афѓонистонии муќими Олмон њамчун мењмон во-

риди Бундестаг шудем. Дар даромадгоњ моро вакиле аз Њизби озодї-демократии Олмон пешвоз гирифт. Пас аз сўњбати шиносої ва аксбардорї барои мо ёрдамчии фраксияашонро масъул намуд, ки биноро бароямон нишон дињад. Гўшањои таърихї, толори маљлис ва дигар њуљрањоро бароямон шинос мекард. Њамаи инро дида мегуфтам, барои як кишвари озоди демократї чизи маъмулист. Аз диданаш њаяљоне бароям боло намегирифт, ба љуз нафрат аз он, ки мо, миллати тамадунофари ориёї дар ин Куњистони порс надорем. Ваќте ба болои бинои Бундестаг баромадем, пур пури одам буд. Мањз дар болои боми толоре, ки вакилон маљлис мегузаронанд, мардум туда-туда мегаштанд. Љавонњо њар љо њар љо ба мисле, ки дар боѓе истироњат доранд, ка?пањл? зада буданд, гур?ње г?иё пик ник доштанду чанде њам њатто раќс мекарданд… Нигоњам ба р?и њавлии Бундестаг афтид. Яќин он?о флешмоб ё эътирози лањзаина баргузор мешуд. Акси њазорон чашм ба вакилон мегуфтанд: "Мо шуморо назора мекунем!". Њомили њиссиёти мураккабе аз таа?убу шодї ва с?зиши дарднок аз вазъи миллату давлатамон поин фуромадам. Бонуи мењрубони рањнамо дари њуљраеро боз намуд. Фањмонд, инчо барои вакилони ањли дини насоро калисост, барои ањли дини яњудї синагога, барои вакилони мусалмон масљид аст. Хоњиши њарчи зудтар ворид шудан боло гирифту, њурмати калонсолонро сарфи назар карда, аввалин шуда вориди њу?ра гардидам. Толори на он ќадар калон минбаре дар пештоќу курсињо ба мисли калисо чида шудаанд, дар деворњо рамзњои гуногун. Бонуи рањнамо сўи ќибларо нишон дода гуфт, ки он тараф ќариб њамеша бе ягон аксу рамзе мебошад. Агар рамзе њам бошад, дар рўзи даркорї бардошта мешавад. Беихтиёр, бањсњои зиёди аксњоиЭмомалї Рањмон дар масо?иди кишвар ба ёдам омад. Дар пањлўи толор њуљраи бедари дарозрўяе меистод. Ба он ворид гардидам, дар зери шиша дар равоќњои алоњида китобњои муќаддаси динњо меистод. Дар рўи миз чанд љойнамоз њам буд. Наметавонистам, аз ин љойнамозњо акс набардорам. Бонуи рањнамо аксбардории моро дида шарњ медод, ки ин толор барои вакилон аст, то ин ки баъди ќабули ќонуневу ќароре, ё пеш аз он як саре ба ин љо бизананд. Дар назди Худову имонашон, дар назди виљдону боварашон ибодат намуда, дар сукуту хомўшї дар тарозўи имону виљдонашон баркашанд, ки барои чї овоз додаанд. Ин њама барои пан? вакили мусалмони Бундестаг будааст. Ин лањза бехуд ба ёдам рафти љаласаи парламенти Тољикистон дар 15-уми июни соли 2011 ба хотирам омад, ки он рўз вакилони мусалмони тољик рафтани то 18-солањоро ба масљид ќонунан манъ намуда буданд. Худашон чї, њато мардумро то 18-солањоро ба масљид рафтан манъ карданд. Дар њоле, ки дар як кишвари дур аз ислому мусалмонї дар ќалби њукуматаш барои иљрои фаризаи динии мусалмонњо арљ мегузорад. Ба фарќ аз кишвари мусалмоннишини ман дар ин љо хоњарону модарони мусалмонї њиљоб басар роњат ба дарсу кор мераванд. Сари ќадам ба чунин хоњарону модарон дучор мешудам. Дари масљид барои касе баста нест. Ба худ мегуфтам, бешак ояндаи ислом мањз дар ин кишварњост…

Марги хоњиши хизмат ба мардум Роњат зиндагї кардани мардум дар ин кишварњо эњсоси њасудиамро боло мекард. Чаро хоњари ман, њамсари ман дар кишвари худам ин ќадар озод нестанд, ки як мусалмондухтар дар ин кишвар чунин озодї доранд? Чаро дари масљид дар мо барои занону наврасон баста асту дар ин кишвар њама баробари њам ба ибодати Худо меоянду дар назди маќомоте музлам намешаванд? Чаро?! Дар ин љо аз сиёсатњои бону Ангела Меркел, конслери Олмон, аз сиёсати муваффаќонаи хориљии ин кишвар, аз муњаррики иќтисоди Иттињоди Аврупо будани ин давлат аз садњои дигар нагуфтем. Танњо аз се њолате ёд кардем, дар њар кишваре дигаре ба мисли Тољикистон метавонад барои роњатии сокинонаш роњандозї намояд, ки барои он маблаѓу нерўи зиёдатиеро талаб намекунад. Танњо хоњиш даркор асту бас. Танњо хоњиш барои рушди кишвар, хоњишу азму ирода барои хизмат ба мардуму давлат, барои некўањволии миллат… Аммо гузашти 20 сол исбот намудааст, ки барои фањмидани он, ки масъулини мо чунин хоњише доранд, ё на њеч асбоби замонавие ба мисли "детектор лжи" зарур нест. Дар кишвари мо марг хоњиши хизмат ба мардумро бо худ бурдааст. Фаќат намедонам, ки аз кай? Шояд шумо медонед?

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


НОМА АЗ ЗИНДОН

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

7

Зайд САИДОВ:

"Маќсади мухолиф буданро надоштам" Номаи Зайд Саидов ба ба президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Муњтарам Эмомалї Рањмон! Ба иттилои Шумо мерасонам, ки аз нахустин рўзњои вохўрии намояндагони њукумат ва мухолифин ба њайси аъзои расмии њайати музокирот, сонї ба њайси аъзои њукумат ва баъдан ба њайси соњибкор дар роњи сулњу вањдат, рушди иќтисодї, њалли масоили иљтимої содиќона хизмат кардам. Шумо имкониятњои молиявии бандаро дониста борњо таъкид намудед, ки тавони молиявии худро аз хориљ ба кишвари худамон оварда, барои рушду нумўи он равона намоед. Ин дастури Шуморо ба хотири ободии Ватан то ќадре ки имкон доштам, анљом додам. Мисоли он фаъолияти чанде аз корхонањои хурду бузурги саноатї, биноњои хизматрасонї, сохтусози замонавї дар кишваре, ки сарвараш Шумоед. Њеч гоњ дар гўшаи хотирам худхоњї ва рў овардан ба сиёсат набуд. Фаъолияти соњибкориям на ба истилоњ тиљорати "равѓанї", балки ба фаъолиятњои пурмашаќќати шабонарўзї буд. Њамон ќисм корхона ва биноњое, ки ба моликияти банда мансуб дониста мешавад, аксарашон аз 5 то 49% ба сањмияи банда ва наздиконам тааллуќ дошта, ќисми зиёди сањмияи онњо ба сањмигузорњои хориљї тааллуќ доранд. Фаъолияти хоксоронаам борњо аз љониби Шумо мусбат арзёбї шуда, ба ордени "Шараф" дараљаи 1 ва чанд унвонњои њукуматї сарфароз гардонда шудааст. Њатто дар як љаласаи њукумат Шумо таъкид намудед, ки Саидов З.Ш. беш аз 10-15 миллион доллари амрикоии худро аз хориља оварда, барои рушди иќтисод сармоягузорї намуда истодааст. Оид ба дастгирињоям нисбат ба сохтмони "Роѓун" ва дигар чорабинињои њукумати љумњурї ба хотири риё нашуданаш номбар намекунам.

Муњтарам президент! Солњои охир дар фаъолияти соњибкории истењсолї мушкилоти зиёде буду њаст, ки бисёр мехостам ба Шумо онњоро расонам, аммо муваффаќ нагаштам. Аз минбари ташкилоти љамъиятии соњибкорї низ ба пешнињодњои мо аз љониби маќомоти дахлдор диќќати лозимї дода нашуд. Мисоли равшани гуфтањо тањия ва ќабули кодекси амалкунанда мебошад ва ѓайра. Маќсади асосии ташкили њизб мањз тањия ва пешнињоди барномаи иќтисодї, ислоњоти иќтисодї, баланд бардоштани фарњанги сиёсии мардум ва ѓайрањо иборат буд. Сариваќт њал нагаштани

«

ЗАЙД САИД НАЗДИК БА ДУ МОЊ БОЗ ПУШТИ ПАНЉАРА АСТ

Танњо гуноњи банда њамин аст, ки ќурбони шахсони манфиатљў, дурўя ва хушомадгў гаштаам. Ба фаъолияти сиёсии касе ё њизбе як сомонї кумак накардаам ва аз касе њам як сомонї кумак нагирифтаам. Фикри бо ягон њизби сиёсї њам муттањидшавї надоштем, ки дар ин бора борњо иброз доштем.

масоили иќтисодї натанњо мушкилињои мо соњибкорон, балки зиёд гаштани он ба њукумати љумњурї низ гардад. Ин ташаббус на аз "фарбењї", њамчуноне ки баъзењо мехоњанд маънидод намоянд, балки рўз аз рўз ба муфлисшавї мувољењ гаштани фаъолиятњои наздикон ва ќисми соњибкорон гардида буд. Барои мисол, шаш корхонаи истењсолие, ки аъзои ассосиатсияи мо буданд ва метавонистанд дар онњо њазорон шањрван-

ДАСТХАТИ ЗАЙД САИД АЗ БОЗДОШТГОЊИ МУВАЌЌАТИИ КДАМ

«

дон кор кунанд, аз фаъолият бозмонданд, ки онњо дар дањ соли охир бунёд ёфта буданд. Дар ин солњо мехостам ба хориља равам, аммо њар дафъа манро як савол ором намегузошт, ки кишвари худамон ба садњо чун ман ниёз дорад, чаро тавоноии худро барои ободии кишвари дигар равона намоям? Маќсади мухолиф будан ба њукумати љумњурї ва ё каси дигареро надоштам. Дар њеч суњбатамон дар бораи мухолифат нагуфтем, баръакс табиатан мухолиф ба људоиандозї, тундгарої ва њар гунна нооромї мебошам. Оромию осудагї, тартибу низом ва амният орзуи доимии банда аст. Ин маќсадњои худро 20 рўз ќабл аз эълони таъсиси њизб ба намояндаи баландмаќоми КДАМ баррасї намудам, ки мавќеи худро маълум намояд, аммо бо гузашти беш аз 20 рўз мавќеи худро ба мо нагуфтанд. Онро аломати ризо гумон карда аз иќдоми худ хабар додем. Баъд аз он аз мо талаб шуд, ки фаъолиятатонро ќатъ намоед. Аъзои гуруњ бо ањде, ки бо такя ба ќонун ва њуќуќњои конститутсионии худ карда будем ва ѓаразамон ободии кишвар ва кўмак ба њукумати љумњурї буд. Дар он рўзњо такя ба иродаи шањрвандиямон доштем. Фикрамон он буд, ки миллати беирода ва истиќлолият наметавонад ба Ватан ва роњбари давлат хизмат намояд. Танњо гуноњи банда њамин аст, ки ќурбони шахсони манфиатљў, дурўя ва хушомадгў гаштаам. Ба фаъолияти сиёсии касе ё њизбе як сомонї кумак накардаам ва аз касе њам як сомонї кумак нагирифтаам. Фикри бо ягон њизби сиёсї њам муттањидшавї надоштем, ки дар ин бора борњо иброз доштем. Аз сабаби он ки аз љониби маќомот нофањмињо зиёд шуд, њанўз дар Фаронса буданам тасмим гирифтам, ки баробари бозгашт аввалин коре, ки мекунам дар Душанбе боздошти фаъолияти таъсиси њизб буд. Ин нуктаро аз Олмон ба њамроњии раиси

Душанбегии КДАМ ба раиси КДАМ иброз дошта будем. Рўзњое ки дар хориљ будам ва иттињомоте, ки нисбати банда эълон шуда буд аз бисёр кишварњо зангам мезаданд ва огоњ мекарданд, ки ўро њабс мекунанд. Аммо пеш аз њама ба хотири дар хориљ мондан ва њамчун мухолифи њукумат ќарор нагирифтан ба Ватан баргаштам. Маро аз назди њавопаймо њабс карданд. Муњтарам Президент! Аз сабаби он ки иттињомоти эълоншуда нисбати банда сирри тафтишотї аст, аз љузъиёти он чизе гуфта наметавонам. Фаќат њаминро мегўям, ки дар муддати њашт соле, ки аз он гўё љиноят гузаштааст, барои даъвогарон шахси боэњтиром ва тоза аз њар гуна фасод номбар мешудам ва њама он туњматномае беш нест, ки ба парвандаи банда њеч часпоиш надорад. Ва як даъвогарашро умуман бори аввал мебинам. Аз њама муњимаш банда њеч гоњ ба чунин аблањї ва фасодкорї даст назадаам. Бо баргузории мурофиаи судї ва ошкор шудани њамаи пањлўњои ин иттињомот бевосита ба обрўи давлатамон, ки даъвои њуќуќбунёдї мекунад латма ворид мекунад. Ин сатрњоро дар њолати дарди шадиди меъда дар зиндон менависам, то ба ин лањза ќариб ду моњ интизор шудам, ки маќомоти дахлдор њамаи пањлўи фаъолият, њаракатњои худ ва наздиконамро омўхта ба Шумо умед дорам маълумоти объективї дастрас мегардад. Боварї дорам, ки он њам ѓайр аз ростї ва фикри ободии ин ватан чизи дигар набошад. Мутаассифона, муносибате, ки ба банда дар ин муддат раво дида шудааст, шояд нисбат ба ягон касоне, ки ба хиёнати Ватан даст мезананд, набошад. Аз вохўрї бо њимоятгар дар ин муддат мањрумам. Онњоро баъзан баъди њафтањо бо муфаттишон мебинаму халос. Наздикони худро ба ѓайр аз кўдакони хурдиям, њамонам бошад рўзњои дигар мањрумам. Аз шунидани радио дар давоми 53 рўз мањрум будам, аз ташхиси духтурони касбї, ки вазъи саломатиям хеле бад аст, мањрумам. Вобаста ба гуфтањои боло аз Шумо хоњиш менамоям, ки саломатии бандаро ба назар гирифта, ба ќазияи банда дахл намоед, то ки маро озод намоянд ё бо надодани иљозати берун рафтан зери назорати тафтишот ба муолиљаи худ машѓул шавам. Бо эњтиром, З.Ш. Саидов


8

СУЊБАТИ РЎЗ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

Ќарор аст, моњи ноябри соли љорї интихоботи раиси Љумњурии Тољикистон баргузор шавад. Бештари коршиносон дар дохил ва хориљ бар ин боваранд, ки ин навбат ин маъракаи муњими сиёсї дар як фазои гарм ва пуршўр доир хоњад шуд. Бо Давлати Усмон, ки дар соли 1999 номзади неруњои оппозисиюн барои ин маќом буд пиромуни чанду чунии ин маърака сўњбате ороста ва нахуст аз ў пурсидам, ки интихобот чї гуна баргузор хоњад шуд ва аз интихоботи ќаблї, масалан, аз ду интихоботи президентии пешина чї фарќ хоњад дошт. Ў гуфт: - Аз замони интихоботи соли 1999 ва соли 2006 дар сањнаи сиёсии Тољикистон кадом таѓйироти љиддї ба вуљуд наомадааст. Ба назари ман, кадом як њизби сиёсии љиддии мухолиф, ки бо њизби њоким ва роњбари он раќобатњои љиддї нишон бидињад ва љомеаро дар ин замина ба худ моил ва мутаќоид сохта бошад, ба майдон наомадааст. Љомеа ва мар-

тихобот чанд њафтаи дигар мондааст, ба як хулоса нарасидаанд. Чаро? Барои он ки њељ яке аз роњбарони ин ањзоб омода нестанд, ки ба хотири роњбари њизби дигар гузашт кунанд. Њоло чї расад ба он ки як шахсиятро аз берун оварда, пешбарї ва атрофи он љамъ шаванд.Чунин фазо дар Тољикистон вуљуд надорад. Агар вуљуд медошт, ин ањзоб то имрўз ба ягон иттињоди воќеї мерасиданд. Њатто, бигзор, ки шахси номзад њам, ки мушаххас намешуд, вале њанўз як сол ќабл мебоист якљо шуда, барномаву наќшањои ширкат дар интихоботро маълум ва ба мардум эълон мекарданд. Аз ин љост, ки гумон мекунам, интихобот мисли интихоботњои пешина доир мешавад ва кадом таѓйироте ба бор намеоварад. Чунки њизби њоким эътимод ба нафс дорад ва мухолифи ќавї надорад. - Агар ки ањзоби мухолиф эътилоф ташкил дод ва номзади воњид њам пешбарї кард, боз њам ба чизе муваффаќ нахоњад шуд?

- Фикр мекунам, мунтазиранд, ки њизби њоким кадом ишорае барои онњо хоњад кард, ки дар тахтаи шоњмоти сиёсї ба чї наќше њузур ёбанд ва сипас, ба бозї дароянд. Яъне ин њам танњо ба хотири он аст, ки интихоботро воќеї ва бораќобат љилва дињанд ва њамчунин, бартариро њизби њукмрон мехоњад касб кунад. Шояд, инњо дар њамин фикру хаёл њастанд. Аммо ба њайси як раќиби љиддї ва воќеї, ки битавонад ангушт тоб дињад, нестанд. Аз ин љињат, хоњ алоњида ва ё хоњ бо иттифоќи њизби дигар бираванд њам, натиљаро иваз карда наметавонанд, чун худашон мусаммам ва омода бар таѓйири натиља нестанд. - Яъне, воќеан, раќиби љиддї нестанд? - Худашон худро раќиби љиддї њисоб намекунанд. Њамон љуръати раќиби љиддї буданро дар худ њис накардаанд. Эътимоду бовар ва эътиќод ба худ надоранд. Аз љониби дигар, интихобот дар шароити феълї њазинањои њангуфтро талаб меку-

Мусоњибаи Абдуќаюми Ќаюмзод бо Давлати Усмон, собиќ вазири иќтисод ва тиљорати Тољикистон ва муовини пешини раиси ЊНИТ

на танњо њизби исломї, ѓайриисломї њам амал намекунад. Мисли Саудї ва ё Аморот ду се кишвар њастанд, ки раќобати сиёсї мамнўъ аст ва гуногунандешии сиёсї њоло роњ наафтодааст. Аммо дар дигар кишварњо, масалан дар Ќувайт ва ё Бањрайн ва ѓайра ањзоб фаъолият доранд. - Баъзе аз тањлилгарон чунин фикр доранд, ки эњтимол дорад, ин навбат њизби њоким номзади дигареро љойи Эмомалї Рањмон барои ин маърака пешбарї кунад? - Бо он мавќеъву эътиборе, ки феълан президенти Тољикистон љаноби Эмомалї Рањмон дорад, фикр мекунам, ки њизби њоким нафари дигарро пешбарї нахоњад кард ва аз президенти феълї дида номзади ќавї надорад. Ман мушоњида накардам, ки њизби њоким ягон нишонаи омодагї барои номзади дигарро дошта бошад ва ё зоњир карда бошад. - Ин љо сухан аз Русия аст, ки таъсири зиёд болои Тољикистон дорад. Вале дар муќоиса бо интихоботњои ќаблї, ки аз ном-

Давлат УСМОН:

"Нањзатињо худро раќиби љиддї њисоб намекунанд" дум аз њељ њизбе кадом барномаи алтернативї, ки билфарзе, агар сари ќудрат ояд, бо иљрои он зиндагии мардумро бењбуд мебахшад, надорад. Аз сўи дигар, интиќоди камбуду навоќиси барномањои имрўзаи њукуматро тавассути ин ањзоб, таќрибан, мушоњида накардаем. Яъне иќдомоту амалњое, ки њизби сиёсии мухолифро ба унвони як созмон ва гурўњи љиддии муддаї муаррифї кунад, сурат нагирифтааст. Раќобати мављуда миёни ањзоби сиёсии мухолиф ва њизби њоким на ба он сатњу њаддест, ки љомеа бовар ва эътимод ба ин ањзоб пайдо карда бошад. Бадењист, ки љомеа ваќте мушоњида кард, ки ќувваи раќибе вуљуд дорад, ки агар ба ќудрат ояд, муљиби тањаввулоту таѓйироти мусбат мешавад ва аз њизби њоким шароитро бењтар ва хубтар хоњад кард, дунболи он меравад. Ман фикр мекунам, ки њизбњои мухолифи Тољикистон, њамчунин, эътимодро дар љомеа касб накардаанд. Баъзе аз ањзоб, аз љумла, ЊКТ, ЊНИТ ва ЊСДТ кам ё беш расонаианд ва дар матбуот гоњ-гоњ сару садое баланд мекунанд. Албатта, дар зењни шумо, њамчунин, саволе пайдо мешавад, ки ЊНИТ як њизби муборизи ќавї аст-ку? Лекин ба бовари ман, фаъолияти ЊНИТ њам ба унвони раќиби њизби њоким бештар расонаиву матбуотист. Зеро таъсири он дар музофоту минтаќањо, дењањо он ќадар назаррас нест. Агар шумо ба таърихи фаъолияти ањзоб дар бархе аз кишварњо таваљљўњ кунед, маълум мешавад, ки њизб танњо кори сиёсї анљом намедињад. Ањзоб корњои иљтимоиву фарњангї њам анљом медињад, то бо љомеа наздик бишавад. Ваќте љомеа аз наздик ањзобро шинохт, он ваќт раќобат дар маросимњои сиёсї љиддї мешавад. Оре, мушкилот дар љомеаи мо зиёд аст. Мушкилоти бекорї, ночизии маош, фасоди молї ва ѓайра. Аммо ин мушкилот љомеа ва мардумро бояд дар суроѓу љустуљўи як гузинаи дигар, як алтернативаи дигар ќарор дињад. Мутаассифона, алтернативаи нањзатї заиф аст, ки мардумро ба самти худ љазб ва љалб кунад. - Аммо як тафовути љиддии интихоботи президентї аз интихоботи парлумонї дар он аст, ки дар нињояти амр мубориза байни шахсиятњо доир мешавад. Дуруст аст, ки ањзоб номзадњоро муаррифї мекунад, вале мубоњисоту муборизањо байни шахсњо мешавад. Шумо бовар надоред, ки аз ањзоби мухолиф, њамчунин, шахсияте дар баробари номзади њизби њоким ќад алам кунад? - Албатта, дуруст ва љолиб њам суол кардед. Аммо бубинед, ки дар як соли ахир байни ањзоби мухолиф дар мавриди ташкили эътилоф ва ё иттињод ва пешбарии номзади ягона бањсњо идома дорад, вале то имрўз, ки то ин-

- Гуфтам, ки то њанўз эътилофи ин ањзоб маълум нест ва моњи оянда дигар кишвар вориди марњалаи интихобот мешаванд, ки то рўзи натиљагирї фурсат кам мемонад, пас, дар ин фосилаи андак чї коре метавонанд анљом дињанд? Дар њоле ки мантиќ ва ќоидаи бозї талаб мекунад, ки ин Эътилоф, агар дар воќеъ шуданист, хеле пештар иттифоќ меуфтод, то ки њадаф ва хостањои он барои фард-фарди љомеа мерасид. Ин њам дар њолест, ки ањзоби мухолиф расонаи сартосарї мисли радио ва телевизион надорад, ки дар амри шиносонидану муаррифии барнома ва маќосиди онњо битавонад мусоидат кунад. Акнун ки аз њар лињоз дасти кўтоњтар аз њизби њоким доштанаш возењ аст, бояд омодагиро ќаблтар анљом медод. Интихоботи президентї интихоботи парлумонї нест, ки доира ва њудуди фаъолияти номзади як ноњия бошад, ин бозї, ки дар тамоми ќаламрави кишвар баргузор мешавад. Бояд 8 миллион сокини љумњурї иттилоъ биёбад, ки ањзоб дар талоши ќудрат чї кор карданиаст ва ин иттиллоъ тавре бояд расонида шавад, ки њамин шумора аз ањолї майл ба самти инњо бигардонад. Фикр мекунед, се, чор моњи боќї кофист? На. Фикр мекунам, ваќтро аз даст доданд. - Аз нигоњи шумо, ЊНИТ ба ин маърака алоњида хоњад рафт ва ё дар доираи Эътилоф бо ањзоби дигар?

«

- Гуфтам, ки то њанўз эътилофи ин ањзоб маълум нест ва моњи оянда дигар кишвар вориди марњалаи интихобот мешаванд, ки то рўзи натиљагирї фурсат кам мемонад, пас, дар ин фосилаи андак чї коре метавонанд анљом дињанд? Дар њоле ки мантиќ ва ќоидаи бозї талаб мекунад, ки ин Эътилоф, агар дар воќеъ шуданист, хеле пештар иттифоќ меуфтод, то ки њадаф ва хостањои он барои фард-фарди љомеа мерасид.

«

над. Ин як урфи пазируфтаи интихобот аст. Барои як кондиди интихоботи раёсати љумњурии ИМА 500 то 600 миллион доллар сарф мешавад. Агарчи сї дар сад аз њисоби давлат аст, аммо 70 дар сади боќиро худи номзадњо аз тарафдоронаш ва аз мардум љамъ меоваранд. Ќавонини интихоботии Тољикистон низ ин корро манъ накардааст. Њар нафаре, ки номзади интихоботї мешавад, метавонад аз мардуми Тољикистон пул љамъ оварад. Агар ањзоб ќавист, ин корро иљро мекунад ва истифода мебарад аз ин меъёри ќонун. Оё ягон бор, ягон њизб ба шањрвандон мурољиат кард, ки кўмак кунед, дар интихобот баранда бишавем? То њоло чунин чизњо вуљуд надорад, накарданд. - Дар омади гап, як суоли дигарро мехоњам пурсам. Дар мулоќоти, ба истилоњ, рўњонињо бо президент пешнињод шуд, ки аз исми ЊНИТ калимаи ислом берун карда шавад. Назари шумо дар ин бора чї аст? - Ин пешнињод ба раиси љумњурї аз љониби афроде садо дод, ки шояд, аз сиёсат фарсахњо дуранд. Намешавад чизеро, агар ки бо аслу асос ва пойдевораш мухолиф бошад, дигар кард. Аз ин ки ин корро бо иљбор њам, ки анљом дињанд, чизе таѓйир меёбад? Ин њарфњо маънї надорад. Дар Туркия ё дар Миср њаракатњои исломї ба худ номњои дигар гузоштанд, аммо ваќте матбуоти ѓарбї дар бораи онњо менависад, њизби исломгарои Саломат ва ё Фазилат садо мекунад. Њол он ки вожаи ислом, мисле ки њоло баъзењо пешнињод кардаанд, дар таркиби номи онњо вуљуд надорад. Хуб, агар тамоми аъзои ЊНИТ бигўяд, ки тамом, мо дигар сотсиал-демократ шудем, гапи дигар. Вале ин љо њам, гумон аст, ки мардуми дигар бар ин бовар кунад. Дар номи ин њизб хоњ калимаи ислом бошад ё набошад, фарќе надорад, чун тањкурсї ва пойдевор, яъне аќида ва ормонаш исломї аст. - Як нафаре њам гуфт, ки дар кишварњои арабї њизб вуљуд надорад... - На. Ин њарфњо, аслан, сињат надоранд. Дар бархе аз кишварњои арабї, ки низоми шоњигарї доранд (онњо њам на њамаашон), ба мисли Арабистони Саудї ањзоб вуљуд надорад. Аммо бубинед, Урдун иморотист, вале ањзоби мухталиф амал мекунад ва њизби ѓолиб дар порлумон нахуствазирро интихоб мекунад, Мароккаш шоњигарист, аммо алъон нахуствазири ин кишвар аз њизби исломгаро аст - Аммо гуфта шуд, ки ин кишварњо њизби исломї надоранд. - Дар њамаи кишварњои арабї ањзоби исломї амал мекунад. Њизби исломї доранд. Аммо дар он кишварњое, ки ањзоб мамнўъ аст,

зади мавриди назараш хеле пештар эъломи њимоят мекард, ин навбат хомўш аст ва аз ин норўшании мавќеаш бархењо бардошт кардаанд, ки намехоњад бо роњбари имрўза кор кунад. - Ман фикр мекунам, ки ин бардоштњо чандон дуруст нестанд ва њаттомешавад гуфт, ки фикрњои парокандаанд. Ба хотири он ки Њукумати феълии Тољикистон - њукумати соли 1999 ва 2006 нест. Имрўз Њукумати Тољикистон аз он солњо ќавитар аст. Аз дигар тараф, нуфузи Русия - нуфузи соли 1999 ва 2006 њам нест. Хеле коста шудааст. Нуфузи дигар кишварњо бештар шудааст. Барои мисол, Чин. Њоло ин кишвар ба сармоягузори аслии Тољикистон табдил шудааст, ки тањлилгарњо аз тањдидњои ояндаи он нигаронї мекунанд. Њузури кишварњои Иттињоди Аврупо ва ИМА низ сахт эњсосшаванда аст. Вале сардии муносибатњои Тољикистону Русия бештар бар сари манфиатњои ду кишвар мебошад. Албатта, њузури Русия дар Тољикистон ва таъсири он ќавитар аст. Њузури низомї дорад. Русия њамчун шарики стратегии ќадима таваќќўъ ва талаби бештар дорад. Бањс сари ин аст ва ман фикр накунам, муносибатњои Тољикистон ва Русия то он њадде сард шуда бошад, ки ба таѓйироти ќудрат дар Тољикистон оварад. Шартномаи идомаи њузури пойгоњи њарбии Русия дар Тољикистон аз љониби президентњои њар ду кишвар имзо шудааст. Думаи давлатии Русия онро ба тасвиб расонд. Аммо аз он ки то имрўз порлумони Тољикистон онро таъйид накардааст, бисёрињоро ба њамин тур фикрњо овардааст. Аммо ваќте Тољикистон ин шартномаро имзо кард, онро бо ду шартномаи дигар вобаста карда буд. Яъне бояд ин се шартнома баробар ва дар як замон тасвиб шаванд. Дар Думаи давлатии Русия яктоаш тасвиб шуд, аммо дуи дигараш нашуд. Аз ин љост, ки Тољикистон њам дар мавќеаш истод.Мегўяд, ки њар сеи ин созишномањо якљоя тасвиб шавад. Яке бардоштани бољ аз маводи сўхт ва дигар, дар робита ба вазъи њуќуќии муњољирин ва шартномаи сеюм њам, яъне ихтисоси 200 миллион доллар кўмаки Русия барои навсозии иќтидори низоми Тољикистон аст. Ин љо Тољикистон барои он диранг кард, ки ин се шартномаро њам бояд Русия тасвиб кунад ва агар Тољикистон шартномаи асосиро тасвиб кард, маълум нест, ки сарнавишти шартномањои дигар чї тавр њал мешавад. Чун мавќеаш заиф мешавад.Мушкилї сари њамин муомила аст. Дигар равобити ду кишвар он ќадар буњронї нест. Аммо ин љо як масъалаи дигар њам њаст. Ин њам бошад, идомаи њузури ИМА дар Афѓонистон ба чї навъ мешавад. То њол миёни ИМА ва Афѓонистон дар бораи идомаи њузури


“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

низомї ва шарту шароити он шартнома тасвиб нашудааст. Дар худи ИМА дар ин бора ду нуќтаи назар вуљуд дорад. Як гуруњ мехоњанд, ки њузури ин кишвар дар Афѓонистон бо шароити шабењи Ироќ бошад. Дар Ироќ њоло фаќат мушовирони низомии амрикої боќї мондаанд, ки шумораашон мањдуд аст. Ќисмате аз конгресс ва сенат тарафдори ихрољи сарбозон аз Афѓонистонанд ва мехоњанд, ки фаќат мушовирони низомї бо теъдоди кам боќї бимонанд. Аммо фикри дигар ин аст, ки дар сурати мукаммал берун омадан њукумати Афѓонистон суќут мекунад ва он мисли Ироќ побарљо нахоњад буд. Дар њолати дувум, яъне агар неруњо боќї монд, ИМА ба як аќибгоњ ниёз дорад. Дар шароити феълї Покистон як аќибгоњи боэътимод нест. Дигар кишварњое, ки дар њамсоягии Афѓонистон ќарор доранд, мисли Чин ва Эрон, имкон надорад, ки пойгоњ дошта бошанд. ИМА маљбур аст, ки дар кишварњои Осиёи Марказї аќибгоњ бисозад. Ќирѓизистон њам, ба гуфтаи бархењо, зери фишори Русия пойгоњи дар ихтиёри ИМА додаашро пас гирифт. Русия ба ин љумњурї кўмакњои калон кард. Њузури низомии Русия дар Ќирѓизистон дар муќоиса бо Тољикистон камтар аст. Аммо Русия 500 миллион доллар ќарзашро барои ин кишвар муоф ва кўмаки як миллиард долларї барои бозсозии артишашро кард. Њамчунин, Русия таањњуд кард, ки ду неругоњи миёнаро дар ќаламрави ин љумњурї хоњад сохт. Њоло Њукумати Тољикистон дид, ки дар мавќеи нобаробар ќарор гирифтааст. Акнун, ки ИМА аз Ќирѓизистон пойњояш канда мешавад, ду гузинае беш надорад. Ё бояд дар Ўзбакистон, ё дар Тољикистон аќибгоњ дошта бошад. Ин ду кишвар имрўз шанс пайдо карданд, ки дар сари манфиатњои миллиашон биистанд ва хусусан, бо Русия савдо карда, як бартарї ба даст оваранд. - Бархўрди абарќудратњо дар интихоботи тирамоњї таъсири мусбат мерасонад ё манфї?

- Агар дар Тољикистон як оппозисиюни ќавї мављуд мебуд, ки мардум сари он эътимод дошта бошад ва дар ин љо фазои интихоботї озодтар буд, бозии абарќудратњо таъсири манфї мегузошт. Дар ин ваќт њар яке аз ин абарќудратњо номзадеро, ки имкон дорад, манфиатњояшро њимоят кунад, пуштибонї мекунанд. Дар сурате, ки чунин нест ва њамчунин, чизњо вуљуд надорад, гумон мекунам, таъсири манфї расонида наметавонанд. - Шумо дар интихоботи гузаштаи порлумонї номзад будед ва дидед, ки то чї њад раъю овози эътирозии пўшида дар кишвар мављуд аст. Њатто, коршиносон ва тањлилгарон ба чунин натиља расида буданд, ки ЊНИТ раъйи аксариятро ба даст овард. Албатта, он овозро надоданд. Вале табиист, ки раќобати интихоботи президентї шадидтар аст. Бо таваљљўњ ба њамон интихоботи порлумонї ва афзоиши норозигињо аз шароити феълї, гумон доред таъсири хориљї корсоз нахоњад буд? - Хелењо бар онанд, ки ЊНИТ баранда шуд, аммо раъйи ба даст овардаашро надоданд. Оё ѓайр аз эътирози якрўзае, ки раёсати ЊНИТ кард (мо ин ќадар овоз гирифтему надодед), чї кори дигарро анљом дод? Барои њифзи њамон овозњо чї кор кард? Оё ба додгоњ шикоят бурд, оё ба нишони эътироз аз он ду курсї дар порлумон сарфи назар кард, аз бањраш баромад? Эътирозоти одиро, ки њаќ дорад, зоњир накард. Шояд, овозњояшон њамин ќадар буд? Чун мантиќан фикр кунед, ваќте одам иддао кард, баъд маълум мешавад, ки ў як чизро соњиб будааст. Ваќте як нафар овоз дод ва ин овоз њифз нашуд, ба ин одам эътимод боќї мемонад, ки боз равад ва ба њамон одам ё њизб овоз дињад? Манзурам ин аст, ки ањзоби мухолиф ќувва ва ќудрате нестанд, ки фарзи мисол, хориљињо барояшон такя кунанд. - Вале ба бовари бисёрињо, љомеа аз шароити феълї хаста шудааст ва њарчанд шумо мегўед, ки ањзоби мухолиф алтер-

нативаи кофї нестанд, аммо онњое, ки мераванд пойи сандуќњо, боз њам њамонњоро алтернатива дармеёбанд. - Њатто, дар кишварњои пешрафта, ки љомеа аз болои фаъолияти њукумат назорати шадид дорад, 10-15 фисад норозињо њамеша њастанд. Њељ гоњ њукумат як љомеаро сад дар сад розї карда наметавонад. Дар њар кишвар њукуматњо мўътариз ва муъориз доранд. Ваќте як њизб сари ќудрат меояд, ў аз ќудрат истифода мебарад. Аъзои он мансабњои асосиро соњиб мешавад. Њизби мухолиф њам чунин аст. Яъне раќобат ба хотири ќудрат аст. Ин табиист, ки њељ њукумат наметавонад њамаро ќонеъ созад. Аммо ваќте љомеа, аксарият мехоњад, ки шароитро таѓйир дињад, он нишона ва аломатњо дорад. Ман алъон дар љомеаи Тољикистон њамин нишонаро намебинам. Њамчунин, нишонаро, ки аксарият аз шароити мављуда норозист, ман мушоњида накарда истодаам. Агар ин нишонањо вуљуд дошт, худи њамин ањзоб фаъолтар мешуданд. Чаро њизбњо фаъол нестанд? Барои он ки бовар надоранд, мардум онњоро дастгирї мекунад. Таѓйирот ваќте имконпазир аст, ки љомеа пуртањаррук бошад. Аз он љумла, њизбњои сиёсї ва дигар нињодњои љомеаи шањрвандї ва худи мардум. Дуруст аст, ки дар Тољикистон раванд ва суръати иќтисодї сусту карахт аст. Аммо субот пайдо кардааст. Дар кишваре, ки мардумаш љанги шањрвандиро пушти сар кардааст, душвор аст, ки талаботи сиёсї ба зудї дар маќоми аввали љомеа барояд. Бубинед, њамагон медонем, ки зиндагии мардум аз њисоби пулњои муњољирин аст. Муњољирини кории мо солона то 4 млрд. доллари ИМА сармоя ворид мекунанд. Чанде пештар дар як навишта хондам, ки дар дањ соли ќабл аз тарафи атбои Миср аз хориљ ба ин кишвар 6 миллиард доллар ворид кардаанд, ки ин маблаѓ тавлидоти нохолиси Мисрро 6 миллиард боло бурдааст. Яъне имрўз дар Тољикистон ин чањор миллиард чархаи иќтисоду тиљоратро чархонида ва ба як манбаи асосии љамъоварии молиёти кишвар табдил ёфтааст. Бо вуљуди он ки аз ин миќдор маблаѓ бист ва шояд, сї дар садаш дар кишвар боќї мемонад, чун истењсолоти ватанї сахт заиф аст, аммо ин сармоя - сармояи нињоят муассир ва бузург аст, ки суботи иљтимоиву иќтисодї ва дар нињояти амр, сиёсии љомеаи Тољикистон ба он сахт вобаста аст. Вале агар баръакс бишавад ва аз ин миќдори сармояи воридшаванда 50, 60, 70 дар садаш дар дохили кишвар боќї бимонад, шароит то куљо иваз мешавад ва то куљо кишвар рушд мекунад? Њатто, ниёз ба сармояи хориљї боќї намемонад. Ањзоби сиёсии Тољикистон, њатто, дар ин бора як тањлилу барнома надоранд, ки аз ин сармоя чї тавр метавон бењтар бањра бурд ва онро пешкаши мардум кард. Ва масалан, ошкоро гуфт, ки Њукумати Тољикистон аз ин сармояи бузурге, ки тавассути бастагони шумо ворид мешавад, дуруст истифода набурда истодааст ва агар ки мо сари кор оем, мо метавонем бо навъи ањсан ва шоиста аз он истифода кунем, ки њам ба фоидаи мардум бишавад ва њам ба суди давлат. Ку? Ягон маротиба ањзоб чизе дар ин бора гуфт? Дуруст аст, ки дар љомеаи Тољикистон мушкилот хеле зиёд аст. Аммо воќеъгаро бояд буд. Интихобот раќобати сиёсї аст. Дар раќобати сиёсї тарафи муќобил он ваќт ќавї аст, ки барои мардум дастовези ќавитар дорад. Ањзоби мухолиф то имрўз натавонистаанд, ки худро нишон бидињанд. - Вале агар ањзоби мухолиф заиф аст, чаро њукумат ин ќадар болои эшон, масалан, ЊНИТ фишор меоварад, фаъолияташро мањдуд кардан мехоњад ва њатто, дигар фаромўш кардааст, ки ин њизб як љониби сулњ буд? - Сулњ байни ду љониби бо њам баробар мешавад. Яъне ду тарафе, ки аз бисёр љињат ќувваи баробар доранд ва як тараф, тарафи дигарро наметавонад аз байн бибарад. Аз љињати низомї, доштани пойгоњи иљтимої, сиёсї ва ѓайра. Шояд, то 15 соли пеш дар Тољикистон њамин гуна шароит барљо буд. Шояд, њукумати онваќта заиф буд ва оппозисиюн њам бартарињое дошт. Вале табиати ќудрат чунин аст, ки новобаста аз сулњу салоњ, талош мекунад љониби муќобилро заиф ва боз њам заифитар ва њатто, мањв созад. Оппозисиюн баъди бозгашт пушти њам иштибоњњо кард. Дар таќсими вазифањо ( манзур сањмияи сї дар садї) дар дохили худаш ихтилоф пайдо шуд. Луќмае, ки доданаш, дуруст њазм карда натавонист. Шояд, панљ дар садаш анљом шуд, аммо онро њам пурра њазм карда натавонист. Баъдан, оппозисиюни сиёсї (роњбарият) аз њам пошид. Неруњои низомиаш тибќи ќарордод ба сохторњои ќудративу њифзи њуќуќи њукумат ворид шуд, аммо таъсирро болои онњо аз даст дод, аз онњо дур шуд, тарафдории маънавї њам накард. Шумо фикр мекунед, ки ба њамаи ин њукумат айбдор аст? Оппозисиюн худаш худашро ба ин њол овард. Њатто, аз дохили

9

нањзати исломии Тољикистон афроди саршиносаш берун рафтанд. Онњо бармало диданд, ки бо он мушкилоте, ки пеши рў омад, оппозисиюн заиф мешавад, Нањзат заиф мешавад. Он ќудрати сиёсї, он киштии бузург оњистаоњиста хурду реза ва дар сањна камранг мешавад. Шояд, баъзеашон ба ин хотир, баъзеи дигар бо шароити дигар рафтанд. Яъне ноумед шуданд, чун диданд, ки натиљаи талошњояшон њадар рафта истодааст. Вале аз љониби дигар, ман бо шумо мувофиќ њастам, ки нањзат худро нигоњ дошта тавонист. Муваффаќиятњо њам дорад. Ва имрўз бо вуљуди њама камбуду наќс њарифи асосии њизби њоким боз њам ўст. Аммо нањзат бо дасти худаш худашро заиф кард. Нањзат раќиби ќавии њукумат буд. Ин ќонуни ќудрат аст, ки пайваста талош мекунад, раќибашро заифтар бисозад. Аммо нањзат дар тўли ин дањ-понздањ сол барои он ки заиф набошад ва ќудрати пешинаашро њифз кунад, чї кор кард? Агар нањзат ва оппозисиюни собиќ худро нигоњ медоштанд, дар Тољикистон як раќобати солими сиёсї ба вуљуд намеомад? Меомад! Њоло барои пеш омадани чунин вазъ кї муќассир аст? Њукумат ва ё ЊНИТ? Њар њукумате, на танњо Њукумати Тољикистон, бо њар имконоте, ки дорад, тарафи муќобилашро мањдуд мекунад. Ба хотири он ки вай ќавї нашавад, љои

«

- Хелењо бар онанд, ки ЊНИТ баранда шуд, аммо раъйи ба даст овардаашро надоданд. Оё ѓайр аз эътирози якрўзае, ки раёсати ЊНИТ кард (мо ин ќадар овоз гирифтему надодед), чї кори дигарро анљом дод? Барои њифзи њамон овозњо чї кор кард? Оё ба додгоњ шикоят бурд, оё ба нишони эътироз аз он ду курсї дар порлумон сарфи назар кард, аз бањраш баромад? Эътирозоти одиро, ки њаќ дорад, зоњир накард. Шояд, овозњояшон њамин ќадар буд? Чун мантиќан фикр кунед, ваќте одам иддао кард, баъд маълум мешавад, ки ў як чизро соњиб будааст.

«

инро нагирад, ин мубориза аст. Фишори њукумат болои њизби мухолиф як амри табиї аст. Ваќте як одам тавонмандии худро гум мекунад, бањона пеш меорад, ки агар маро фишор намеоварданд, ман тавонмандиамро аз даст намедодам. Ваќте тавонмандиро худ аз даст медињї, айбро болои дигарон гузоштан маъно надорад. Ин нуќтаи назари ман аст ва шояд, шахсони масъули ЊНИТ ба он мувофиќ набошанд. Њатто, њамон оппозисиюни собиќ , ки парешон шуд, айб дар худи онњост, ки аз њам пошиданд. Маркази ягонаашонро аз даст доданд. Албатта, шумо пурсиданиед, ки яке аз ин гунањкорњо худи шумоед? - Бале, сад дар сад дуруст аст, даќиќан инро пурсиданиам. - Ин саволро бисёрињо ба ман медињанд ва мегўянд, ки шумо як вазири муваффаќ будед дар Њукумати Тољикистон, президент ба шумо њусни таваљљўњ дошт, муносибати шумо бо ў хуб буд, чаро розї шуда, дар баробари ў номзадии худро гузоштед? Њатто, ќумандонњое, ки бо нањзат ихтилоф доштанд, мисли Муњаммадрўзї Искандаров ба манзили ман омаданд ва гуфтанд, ки номзадиатро пас бигир, барои ту чї даркор? Ман њамон ваќт гуфтам, ки медонам, ѓалаба намекунаму шикаст мехўрам. Чун аллакай оппозисиюн хеле чизњоро аз даст додааст ва мо пирўз шуда наметавонем. Аммо як суннат боќї мемонад. Суннати интихоботи воќеї. Агар соли 1999 оппозисиюн муттањид боќї мемонд ва бо нуфузе, ки дошт, вориди интихобот мешуд, имрўз љойгоњи он дар љомеа мустањкамтар мегашт. Зеро марњала ба марњала раъйи бештар касб мекард. Соли 1999 раёсати ЊНИТ интихоботро тањрим кард. Аммо ваќте нисфи шаб онро шикасту ба интихобот рафт, ки ман, номзади њизб, бехабар мондам. Њатто, телефон карда, воќиф нанамуданд, ки биравам ва овоз дињам. Њоло манзур аз ин њарфњоям ин аст, ки оппозисиюн натавонист њастаи худро њифз кунад ва он чї, ки имрўз ба њошия ронда мешавад, бо вай њисоб намекунанд, натиљаи он корњост.


10

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

МИНТАЌА ба инзивои воќеї бурда расонад. Давлатњои Осиёи Марказї њамчун кишварњои мустаќил ва њамчун воќеиятњои љањони муосир доир шудаанд ва роњи устувори худро идома медињанд. Аз ин рў, акнун асри эътирофи њуќуќи баробари њамдигар аст, на асри даъвоњои хиљолатбори таърихию њудудї. Набояд фаромўш сохт, ки чунин даъвоњо - даъвоњои љавобиро низ ба бор меоранд... Муаллиф бояд, аќаллан, як бор ба мазмуну таърихи номи худ таваљљўњ мекард, ки аз куљо ва аз кадом фарњангу кадом миллат сарчашма мегирад… Ва умуман, миллатдўсти бохирад касест, ки барои давлати худ ва барои миллати худ дўст меёбад, на ин ки душман мељўяд ва душман месозад. Аз ин рў, ин навишта комилан бар зиёни давлатдории миллати ўзбек ва бар зиёни манфиатњои миллии кишвари ўзбекистон аст. Маќола баёнгари он аст, ки муаллиф дар љањони тахайюлї зиста, аз воќеъбинии сиёсї ва аз тафаккури давлатдорї бархўрдор нест. Яќинан, ў нисбати миллати ўзбек ё "дўсти нодон" аст ва ё "душмани доно". Ба назари мо, дувумї яќинтар менамояд. 4.Дар ин навиштаи зоњиран илмї ва дар ин тарњи љанг, ки ќурбонии он тамоми мардуми минтаќа хоњанд буд, академики мўњтарам дар муќобили бародарони худ, дар баробари

Дониш маљмўаи муназзами маълумотест, ки инсон метавонад дар тўли умр дар шароити гуногун љамъоварї намояд, бо доштани он шинохта шавад ё соњиби унвонњои баланди илмї низ гардад. Аммо меъёри баландии маќоми инсон мањз хирад аст. Донише, ки бо гавњари хирад омехта набошад, он њамагї як халтаи маълумот аст. Зеро мањз хирад муайян мекунад, ки сухан гуфта шавад ва ё гуфта нашавад, пайомади сухан нек аст ё бад, сухан созанда аст ва ё сўзанда... Маќолаи академик Рустам Абдуллоев бо номи "Ўзбекистон бояд узви НАТО шавад ва нисбати баъзе кишварњои ИДМ даъвоњои њудудї ва ѓайра пеш гузорад" зоњиран саршор аз "маълумот", "далел" ва "бўњрон" аст. Зоњири ин навишта бо баъзе иќтибосу бо баъзе ишора ба сарчашмањо ороста шуда, ба он ќолаби "маќолаи илмї" бахшида шудааст. Аммо рўњи ин маќола, мазмуни ин маќола ва нияти он шарру вайронгарии мутлаќ буда, дар замири он фитнањои бузург, ихтилофу парокандагї, љангу хунрезї нуњуфта аст. Пас, агар он њикмати бузурги илоњиро пеши рўй оварем, ки "фитна бадтар аз ќатл аст", метавон гуфт, ки фитнагар низ бадтар аз ќотил аст. Чун тамоми далелу мисол ва мантиќу баррасињои ин маќола дар бораи таърихи ташаккули миллатњо ва давлатњои минтаќа аз аввал то охир ботил буда, њељ пояи илмї надорад, мо ба љузъиёти он фурў нарафта, ба андешањои он посух намегўем. Таърих худ посухи ин даъвоњои пучро додааст. Аммо ваќте унвонњои баланду муќаддаси "доктори илм" ва "академик" бо ин тарњи фитнаро дар канори њам мебинем, фаќат зикри чанд нуктаи усулиро зарур медонем: 1.На танњо олим ё академик, балки њатто њар фарде, ки номи худро навишта метавонад, агар заррае инсофу хирад дошта бошад, дар њаќќи давлатњо ва миллатњои ин минтаќа, ки асрњо канори њам зиндагї кардаанд, њаргиз чунин суханон ва чунин иѓворо раво намебинад. Зеро одитарин шахс дарк мекунад, ки пайомади чунин даъвои пуч на танњо барои миллатњои дигар, балки барои худи миллати бародари ўзбек низ бисёр ногувор мебошад. Барои дарки ин шарт нест, ки инсон "доктор" ё "академик" бошад… 2.Мо афсўс мехўрем, ки бо чопи ин навиштаи бадфарљом илми бузурги ўзбек доѓдор шуд ва ба муњити илмии ин кишвари бародар, ба анъанањои бузурги илмию академии ин миллати бародар иснод оварда шуд. Зеро рисолати як олим мањз дар эљоди дўстї, дар бунёди пайвандњо, дар наздиксозии халќњо, дар нашри арзишњои баланди инсонї ифода мешавад. Ва чї нангин аст, ваќте, ки зиёї ва олим ба рисолати таърихї ва виљдонии худ хиёнат мекунад, ба љойи наќши созанда, наќши як вируси вайронгар, балки наќши як бомбаи тахрибгарро иљро мекунад. Дар њаќиќат, ин нангест бар домани поки илм. 3.Љойи шак нест, ки аз чунин навиштаи бехирадона бештарин зарарро давлат ва миллати Ўзбекистон мебинад. Он зењни тамоми кишварњои дўстро ба муќобили давлати Ўзбекистон ва фикри тамоми миллатњои атрофро алайњи миллати ўзбек равона сохта, ин давлат ва ин миллатро дар муњосираи зењнї ќарор медињад, ки дар марњилаи баъдї метавонад

ри мо, меъёри дўстї ва робитањои ин ду миллат мањз њамин омезиш ва њамин воќеият аст, на назари ноогоњонаи як шахси ѓаразнок. Илова бар ин, набзи муносибатњои ду миллати куњанбунёдро мањз мавќеи масъулонаи роњбарияти сиёсии ду кишвари дўст ва њамсоя ифода мекунад. Шояд, академики мўњтарам огоњ нест, ки чанде пештар дар Маљлиси љамъбастии Њукумати Љумњурии Ўзбекистон мўњтарам Ислом Каримов бо сароњат баён доштанд, ки њељ неруе дўстии таърихии миллатњои минтаќа, аз љумла, бародарии миллати ўзбек, тољик ва ќирѓизро халалдор карда наметавонад ва миллатњои минтаќа барои њамзистї ва њалли масъалањои худ ба миёнрави берунї эњтиёљ надоранд. Ва шояд, академики мўњтарам аз ин низ огоњ нест, ки 15-уми марти соли љорї, њангоми кушодани бинои нави Вазорати корњои хориљии кишвар, дар њузури намояндагони тамоми корпусњои дипломатї Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон њангоми эълони самтњои афзалиятноки сиёсати хориљї, мањз номи Ўзбекистонро дар аввал гузошта, мањз рушди муносибатњои нек бо ин кишвар ва дигар кишварњои минтаќаро самти афзалиятноки сиёсати хориљии Тољикистон донистанд. Набзи муносибатњои ду миллати бародарро бояд мањз дар ин назари

бузург бояд аз нигоњи сирфан сиёсї ба нигоњи фарњангию инсонї гузаред… Шояд, Шумо болои ин мавзўъ андеша кунед, зеро мањз чунин пешнињод ва чунин назари созанда сазовори як зиёї ва як академик мебуд… Дуюм, дар бораи НБО-и "Роѓун": Агар муаллиф, дар њаќиќат, ба ќавли худашон, "доктори илмњои иќтисодї" ва "академики СССР" бошад, бисёр хуб медонад, ки тамоми бањсњое, ки атрофи "Роѓун" мешавад, њељ заминаи илмию иќтисодї надошта, мањсули манфиат ва тахайюли сирф сиёсї мебошанд. Зеро муаллиф бояд донад, ки тамоми тарњи ин неругоњ ва аз љумла, тадќиќоти бунёдї дар бораи ањамияти он барои минтаќа, аз љумла, барои ўзбекистон, мањз дар марказњои илмии Тошканд анљом шуда буданд ва фарзандони бузурги миллати ўзбек, ки мо дар ватандорию ватандўстии онњо заррае шак надорем, пушти ин тарњ меистоданд… Бале, шояд, имрўз "Роѓун" барои Шумо сиёсат бошад, вале ин тарњ барои Тољикистон пеш аз њама як масъалаи сирф иљтимої ва инсонист. Агар Шумо вазъияти миллионњо нафар мардуми Тољикистонро, ки ба сабаби нарасидани барќ ва наомадани барќи њамсояњо шабњои сарду тўлонии зимистонро дар торикию хунукї мегузаронанд, пеши рўй меовар-

Хирадманд месозад, нохирад месўзад (Ќайдњое дар њошияи маќолаи академик Рустамљон Абдуллоев "Ўзбекистон бояд узви НАТО шавад ва нисбати баъзе кишварњои ИДМ даъвоњои њудудї ва ѓайра пеш гузорад", расонањои интернетї, 06.07.2013) миллатњои њамхуну њамсарнавишти худ рўи неруи НАТО такя мекунад. Ин андеша то чї њад барои ин минтаќа ва барои ин миллатњо бегона будани замир ва арзишњои дарунии муаллифро нишон медињад. Таърих нишон додаст, ки њам њангоми вуруди арабњо, њам њангоми њуљуми муѓулњо ва њам дар ваќти забткорињои Русияи подшоњї ва Шўравї давлатњо ва миллатњои минтаќа мањз бо њамин роњ ишѓол шуда буданд. Яъне яке аз онњо ба неруи берунї такя карда, дар муќобили бародари дигари худ ќарор гирифт ва дар натиља, њамагї забт шуданд, њамагї ѓулом шуданд. Пас, маълум аст, ки он раги хиёнат муаллифро њанўз ором намегузорад; маълум аст, ки бо вуљуди ин даъво, ки "ман таърихи минтаќаро амиќ омўхтам", муаллиф аз ин таърих њељ сабаќе нагирифтааст. Чї ќадар дуруст аст он њикмати илоњї, ки "фаќат хирадмандон сабаќ мегиранд!" 5.Аммо чизе, ки муаллиф дар боби муносибатњои миллати тољику ўзбек мегўяд, нишонгари камоли бехабарии ўро аз воќеияти ин ду миллати бародар нишон медињад. Дўстию њамзистии тољику ўзбек як падидаи сохтаю сунъї ё як мафњуми наву береша нест, балки он як арзиши амиќест, ки дар тўли садсолањои тўлонии таърих аз имтињон гузаштааст. Таърих нишон додааст, ки сиёсатмадорон, тањлилгарон, "академикњо" меоянду мераванд, вале дўстии ин миллатњо љовидон боќї хоњад монд. Дар тўли асрњо миллати тољику ўзбек то он њад омехта шудаанд, ки чунин омезишро на тољикон ва на ўзбекњо бо њељ миллати дигар надоранд. Љолиб аст, ки гарчї тољикон бо тољикони Афѓонистон ва бо мардуми Ирон њамнажоду њамзабон мебошанд, вале имрўз, шояд, бо мушкил чанд тољикеро пайдо кардан мумкин бошад, ки бо мардуми Ирон ё Афѓонистон оила барќарор карда, муносибати хешу таборї дошта бошад. Аммо, баръакси ин, шояд, камтар тољикеро ёфтан мумкин бошад, ки бо ўзбек хешутаборї ё дўстї надошта бошад. Дар айни замон, гарчї ўзбекњо низ бо миллатњои дигари турк, аз љумла, ќазоќњо, ќирѓизњо ва туркменњо њамнажод дониста мешаванд, вале имрўз онњо бо њељ миллати дигаре ба андозаи тољикон наздик ва омехта нестанд. Шояд, ќариб ўзбеке ёфтан мушкил бошад, ки бо тољик пайванди оилавї ё дўстию хешутаборї надошта бошад. Умумияти урфу одат ва умумияти тарзи зиндагии ин ду миллат њељ њољат ба исботу баён надорад. Ин аст њикмати он сухан, ки "тољикону ўзбекњо як миллатанд, ки бо ду забон њарф мезананд." Ба наза-

масъулиятшиносонаи роњбарони ду кишварњо љустуљў намуд. 6.Ва нињоят, зарур медонем, ки ба ин муаллифи мўњтарам ду тавсияи сода ва равшан бидињем, ки шояд, болои он каме андеша намояд: Якум, дар бораи Самарќанду Бухоро: Агар муаллиф, дар њаќиќат, "таърихи минтаќаро амиќ омўхта бошад", бояд бидонад, ки Самарќанду Бухоро барои мардумони минтаќа чї маъно дорад. Ин ду номи муќаддас њамчун гањвора ва хостгоњи тамаддуну фарњанги миллатњои минтаќа барои њамаи онњо, аз љумла, барои миллати тољику ўзбек маънои рамзї ва мењварї дорад. Миллатњои минтаќа мактаби илму хирад ва дину маърифатро мањз дар ин шањрњо омўхтаанд ва њар сањифаи таърихи мо ба Самарќанду Бухоро пайванд аст ва њар як хишти ин ду шањр гувоњи зиндаи таърихи мост. Аз ин рў, њељ кас наметавонад љойгоњи ин ду шањри азимро аз хотираи таърихии миллатњои минтаќа пок созад. Дар ташбењ Самарќанду Бухоро ин Маккаву Мадинаи тамаддуни мост, ки гаштаву баргашта аз он ёд меоварем. Њамон гуна, ки ин сухан асрњо садо медод: Самарќанд сайќали рўи замин аст, Бухоро маркази ислому дин аст. Бинобар ин агар дар Тољикистон ва ё дар њар куљои дигар касе аз ин ду шањр ёд мекунад, номи онњоро ба забон мегирад, дар васфи онњо шеъру сухан меофарад, ин на маънои даъвои марзию њудудї, балки маънои эњтирому бузургдошти ин ду модаршањри таъриху тамаддуни мост. Њамон гуна, ки дар тамоми љањони ислом мардум аз Маккаву Мадина ёд меоранд ва ин ба он маъно нест, ки онњо маќсади ишѓоли он шањрњоро дошта бошанд. Аз ин рў, мову Шумо бояд ифтихор намоем, ки аз Самарќанду Бухоро дар Тољикистон ва дар тамоми љањон ёд меоваранд, дидану зиёрати ин ду модаршањрро орзу мекунанд. Ва инро бояд бисёр табиї пазирем, зеро барои мардуми тољик Самарќанду Бухоро фаќат сиёсат нест, балки як арзиши бузурги фарњангї ва як рукни маънавист. Бинобар ин агар зењни Шумо то ин њад сиёсатзада намешуд ва агар маќоми азими тамаддунии ин ду шањрро дарк мекардед, њамчун академик бо тамоми њастиатон пешнињод мекардед, ки Самарќанду Бухоро на ба мавзўи ихтилоф, балки ба рамзи пайванду њамзистии миллатњои минтаќа, хусусан, миллати тољику ўзбек табдил дода шавад… Бигузор солона њазорон нафар аз ин ду шањр дидан намоянд ва пайванди халќњои мо боз њам амиќтар гардад. Яъне дар масъалаи ин ду модаршањри

дед, шояд, њамчун олим ва зиёї фикратон комилан дигар мешуд. Агар Шумо миллионњо мардумеро, ки бо сабаби набудани барќ дар шаш моњи сол барои тайёр кардани хўроки гарм мушкил мекашанд ва ё њазорон кўдакеро, ки ба сабаби набудани барќ наметавонад вазифаи хонагиашро тайёр кунад, пеши рўй меовардед, шояд, њамчун зиёї фикратон дигар мешуд… Ба назари мо, сиёсат ва сиёсатзада шудани андешаатон ба Шумо имкон намедињад, ки ин мазмуни инсонї ва иљтимоии тарњи Неругоњи "Роѓун"ро дарк намоед. Зеро агар Шумо маънои инсонии ин лоињаро дарк мекардед, мо бовар дорем, ки дар торикию сардї мондани миллионњо бародару њамсояи худро њаргиз ќабул накарда, њамчун зиёии асил ба давлати худ ва ба давлатњои дигар пешнињод мекардед, ки "Роѓун" њарчї зудтар сохта шавад ва ин мардум аз ин мушкилот рањонида шаванд. Он гоњ Шумо њамчун зиёї, шояд, њаракати љонибдорони "Роѓун"-ро сарварї мекардед… Зеро хиради инсонї, фарњанги бародарї, њисси њамсоягї ва виљдони илмї мањз њаминро талаб мекунад… Яъне пешнињоди мо ин аст, ки зењни худро дар мавриди "Роѓун" аз бањсњои сиёсию расонаї рањо карда, ба он як бор њамчун инсон ва њамчун зиёї ва олим менигаристед… Шояд, дар ин маврид њам каме андеша намоед. Хулоса, олим, зиёї, академик, ањли хирад касест, ки ин сармояи таърихии ду миллат ва ин дўстиву бародарии табииро шиносад, ќадрдонї кунад, рушд дињад. На ин ки миллатњои решапайвандро људо кунад, муќобил гузорад, байнашон тарњи фитна резад. Зеро бе ин њам чи дар минтаќа ва чи дар љањон душманони миллатњои мову Шумо кам нестанд… Чуноне ки Саъдии бузургвор фармудааст, аломати марди хирад он аст, ки агар дўстї ба андозаи мўе бошад, онро нигоњ медорад ва аломати марди љоњил он аст, ки агар дўстї ба њадди занљире бошад, онро бармеканад. Ин аст фарќи маълумоту дониш аз хираду имон. Яќинан, ба даст овардани маълумот осон аст, дарёфти унвон низ мушкил нест, вале касби хирад ва имон бисёр мушкил аст. Ва сухане, ки аз сари хирад ва имон барнахезад, бељо, носавоб ва сўзанда меояд. Ба мисли маќолаи сўзандаи ин "академик"-и мўњтарам… Бо орзуи шукуфоии ду кишвар ва осудагии ду миллат,

Бобохон МАЊМАДОВ


МИНТАЌА

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

11

М

алола Юсуфзай, духтараки блогнавис ва њомии тањсили духтарон аз ќабилаи паштуњои Покистон аст. Рўзи 12-уми июли соли равон ў ба синни 16 расид. Созмони Милали Муттањид ин рўзро "Рўзи Малола" унвон кард ва ба номбурда имкон дод, то дар зодрўзаш аз минбари СММ дар Ню-Йорк ба љањониён мурољиат кунад. Њамин тавр, ба рўзи 16-солагии худ фаъолдухтари мубориз Малола Юсуфзай бо либосњои суннатии паштуњои Покистон дар тан ва рўймол ба сар аз минбари баланди Созмони Милали Муттањид дар њузури 4 њазор њамсоли худ, ки зиёда аз 100 кишвари дунё гирди њам омада буданд, бо як дуои мусалмонї суханрониашро шурўъ кард. Ў аз роњбарону масъулони тамоми кишварњои љањон даъват ба амал овард, ки барои кулли кўдакон шароити тањсили ройгонро муњайё ва таъмин намоянд. Илова бар ин, номбурда хешро танњо яке аз њазорон ќурбонии "Толибон" номид.

"РЎЗИ МАЛОЛА"

"Як кўдак, як муаллим, як китоб ва як ќалам зарфияти таѓйир додани љањонро доранд." Ќурбонии Толибон Малола аз аввали соли 2009, аз 11- солагї дар блоги интернетї дар сомонаи "Би-би-си" дар бораи зиндагии худ дар низоми идории Толибон, аз шиканљаи љангиёни ин гурўњї террористї њангоми ба муњосира гирифтани водии Свот ва муњайё кардани шароит барои тањсили духтарон назару маќолањо менавишт. Мањз бо њамин навиштањои худ ва пас аз сўиќасд ба љонаш Малола дар ќаламрави Покистон ва љањон шинохта шуд. Ќабл аз он ки охири соли 2009 низомиёни Артиши Покистон аз водии Свот љангиёни Толибонро торумор ва бадарѓа карданд, њанўз 9-уми октябри соли 2012 Юсуфзай аз љониби гурўњи љангиёни Толибони Покистон "Тањрир" барои фаъолияти пуштибононаи худ дар роњи тањсили духтарон сахт захмї карда шуд. Он рўз ваќте Малола савори автобуси мактабї аз таълимгоњ ба хона бармегашт, наќлиёти хизматиро дар роњ одамони ниќобпўши аслињадор боздоштанд. Автобус бозистод ва яке аз ниќобпўшон бо яроќ вориди автобус шуду Малола ном духтарро пурсон шуд. Баробари муайян шудани шахсияти Малола Юсуфзай, толиб ба сўи ў ду маротиба тир холї кард. Дар нињояти кор як тир ба сар ва тири дигар ба гардани Малола расид. Тирњо баъди гузашт аз љисми Малола, ба духтароне, ки дар паси ў нишаста буданд, расид ва онњоро низ захмї кард.

Сипас, Малоларо ба госпитали њарбии шањри Пешовар интиќол доданд. Баъди љарроњии сесоата ба духтурон муяссар шуд, ки тирро аз майнаи сари ў бароранд. Ваќте саломатии Малола каме рў ба бењбудї овард, њукумати Покистон барои табобати пурраи вай шароит муњайё кард, то ўро ба Британияи Кабир интиќол бидињанд. Духтарак дар роњи тањсили духтарон марњилаи табобатиро дар беморхонаи шањри Бирмингеми Британия сипарї кард ва 4-уми январи соли 2013 аз беморхона мураххас шуду минбаъд барои чанд муддат дар табобати дармонгоњї ќарор мегирад. Падари Малола гуфтааст, ки духтураш баъд аз гузаронидани марњилаи табобат ба ватан бармегардад. Малола Юсуфзай, ки баъди барќарории саломатиаш аввалин маротиба суханронї мекард, гуфт, њамлаи Толибон ба ў барои идомаи муборизааш танњо рўњу ќуввати бештар бахшид. Ба аќидаи духтараки мубориз, љангиёни Толибон фикр мекарданд, ки тирњо моро хомўш мекунанду аз ро?и мубориза мегардонанд, аммо эшон хато карданд. Гузашта аз ин, ба љойи ин хомўшї њазорон садо баланд шуд. Вале чизе дар зиндагии ман дигар нашуд, ба љуз ин ки: "Заъфу тарсу ноумедиам мурд. Ва ба љояш зўру ќувват ва љасорат омад". Малола Юсуфзай намехоњад, ки ўро њамчун духтаре бишиносанд, ки Толибон куштан мехостанд, балки хостори он аст, номбурдаро "њамчун

духтаре шинохта шавад, ки барои њуќуќаш мубориза бурдааст."

Парчами занони ислом Малола зимни баёни аќидањояш дар Маљмааи умумии СММ изњор дошт, ки омодааст аз њуќуќњои тањсили кўдакон дифоъ карда, умрашро сарфи њаќќи тањсил барои духтарон кунад. Малола гуфт, "Толибон ва ифротгароён аз он тарс доранд, ки агар занону духтарон мактаб бираванд, њаќќи худро соњиб мешаванд. Аз ин рў, мехоњанд монеи тањсили духтарон бошанд". Малола афзуд, "мехоњад духтарони террористону экстремистон низ дар баробари дигарон тањсил кунанду соњиби маълумоти олї шаванд ва њатто, агар дар муќобили љангиёни Толибон дар даст яроќ њам дошта бошад, ба сўи онњо тир нахоњад кушод. Ба монанди ў миллионњо нафар аст, ки садои онњо шунида намешавад". Дар љалсаи Ассамблеяи генералии СММ, ки Муншии умумии ин созмон Пан Ги Мун ва намояндаи доимии Британияи Кабир дар СММ, собиќ сарвазири Британия Гордон Браун ширкат доштанд, назару пешнињодоти Малоларо љонибдорї намуданд. Аз љумла, Гордон Браун гуфт, "суханронии Малола як ну?таи муњим ба сўи таѓйир дар роњ ба тарафи соли 2015 буд." Соле, ки љањон, ба гуфтаи Браун, бояд масъалаи тањсилро пурра њал кунад. Тиб?и Барномаи рушди њазорсола, ки соли 2000-ум

тасвиб шудааст, бояд то соли 2015 тамоми кўдакони дунё бо имкони тањсил дар мактабњои ибтидої таъмин карда шаванд. Малола дар охири суханронии худ изњор дошт, ки дар муќобили террористону экстремистон танњо бо як ќаламу як китобу як коѓаз мубориза хоњад бурд. Ин духтараки мубориз аз љомеаи љањонї даъват ба амал оварда ќайд намуд, ки "Биёед, китобу ?алами худро бардорем. Силоњи ќавитарини мо њамин аст. Як кўдак, як муаллим, як китоб ва як ќалам њам метавонанд дунёро дигар кунанд". Малола Юсуфзай 12-уми июли соли 1997 дар Покистон ба дунё омадааст. То ин дам ў барандаи чандин љоизањои бонуфузи байналмилалї гардидааст. Мавсуфро 1-уми феврали соли љорї ба дарёфти ?оизаи бонуфузи Нобел дар риштаи Сулњ пешнињод намудаанд, ки дар таърихи ин мукофот љавонтарин довталаб ба шумор меравад. Дар ин замина бояд гуфт, ки њунарманди машњури амрикої Анљелина Љоли ба Фонди Малола њудуди ним миллион доллари амрикої људо кард, ки ин маблаѓ барои ба тањсил фаро гирифтани духтарон аз оилањои камбизоат равона карда хоњад шуд. Дар посух ба суоли он ки "оё суханронии як ноболиѓ аз минбари баланди љањонї дар робита ба даъвати оламиён барои муњайё кардани шароит ба тањсил барои кўдакону духтарон метавонад таъсиргузор бошад?", Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадќиќоти стратегии назди президенти Тољикистон гуфт, "бале, баёни аќидаи Малола метавонад ба умќи маѓзњои хобида бирасад. Ин духтарак новобаста аз синну сол ва дараљаи маълумотнокиаш метавонад парчаму парчамбардори тамоми мубориззанони роњи маорифи муосир шавад. Юсуфзай метавонад барои тамоми занони мусалмон як парчаме шавад, ки эшонро аз андешањои асримиёнагиву ќабилавї ва гурўњиву авлодї берун кашад. Дар умум, Малола метавонад бо мавќеи сиёсии худаш тамоми љањонро таѓйир бидињад. Чун ваќте зани мусалмон дигар шуду рушд кард, дунё таѓйир мехўрад". Муовини раиси Маркази тадќиќоти стратегї мегўяд, тамоми гурўњњои ифротгароиву экстремистї ва аз љумла, Толибон, ки андешањои куњнагарої доранд, аз мардуми соњибмаълумот, бахусус, аз занони бомаърифат метарсанд. Барои њамин шўришгарону љангљўён кўшиш мекунанд, ки занону духтарон ба маориф рў наоранд. Дар айни замон, ба андешаи Сайфулло Сафаров, омили муњимтарини рушди ояндаи Покистону Афѓонистон мањз маълумотгирии занон ва роњ кушодан ба онњост, то онњо маълумотнок нагарданду аз доираи роњи хона то ба сўи љойи кор, ба љониби фаъолиятнокии иљтимої рў наоранд, њалли масъалањои љангу љидол дар ин кишварњо номумкин аст.

Умедљони САЪДУЛЛО


12

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

5 аст, ки дар баъзе аз масољиди Душанбешањр, баъзе манотиќи наздики пойтахт ва Шимолу Љануби кишвар дар ќисмати охири шаб пеш аз таоми субњона (сањур) барпо мегардад. Тибќи мазњаби њанафї, танњо намози таровењ бо љамоат баргузор мегардад. Њамчунин, намози витр дар моњи шарифи Рамазон. Аммо бо љамоат баргузоридани намозњои нофилаи дигар, аз љумлаи суннатњои ротиба, намози тасобењ (аслан, чунин намоз вуљуд надорад) ва амсоли он макрўњ аст. Тибќи оиннома ва низомномањои масољид, масљидњои љумњурї дар асоси фиќњи њанафї бояд фаъолият намоянд ва минбару мењробњои масљидњоро риояи ин амр њатмист. Маркази исломї чун нињоди љамъиятї ва маќоми рањбарияти маънавии масољидро бардўшдошта барои хотима бахшидан ба зуњуроти ибодат ба шеваи дигар мазоњиб бояд иќдомоти лозима намояд, дар њадди аќал, минбару мењробњо аз он тоза шавад. Маќоми ваколатдор оид ба дин чун маќоми давлатии назоратии ќонун бояд дар ин самт бетарафї ихтиёр накунад. Њамчунин, дар бахши таълими динї, нуќтањои калидии таълимро вогузор ба фориѓтањсилони муассисоти таълимии динии бурунмарзї набояд бошад, ки ин парвариши мор дар остинро монад. Суханони сарвари давлат Эмомалии Рањмон дар вохўрии 4-уми июл бо ањли љамъиятчигї, аз љумла, ходимони дин: "Давлат ба диндории шањрвандони худ бетараф буда наметавонад" аз нигоњи сиёсатї ва амниятї то љое метавонад марбут ба гузориши намоз ба шеваи мазоњиби дигар бошад. Зеро зуњуроти фавќ заминасози фаъолияти равияњои радикалї ва ифротї буда, роњро барои андеша ва амали эшон њамвор месозад. Фаротар аз ин, муњити созгор барои фаъолияти љиддитари онњо фароњам хоњад овард. Ва инак, омадем ба масъалаи охир; 8 ракъаат намози таровењ гузоридани баъзе аз љавонон боиси ташвиш аст. Аслан, намози таровењ бо феъли Расули акрам (с) собит гардида, љамоати он, њамчунин. Биноан, иддаои рофизињо, ки љамоати намози таровењ бидъат аст, беасос мебошад. Дар замони босаодати Расули акрам, он Њазрат (с) бо мар-

Таѓйироти кадрии навбатї дар "Барќи тољик" ба зарурати рафъи мушкилоти энергетикї ва вазифаи президентї - таъмини истиќлолияти энергетикї дар кишвар ягон иртибот надорад. Агар не, чаро шањрванди Русияро роњбари ширкати "Барќи тољик" таъин карданд? 11 июн бо ќарори раиси њукумати Тољикистон Эмомалї Рањмон раиси Ширкати сањомии њолдингии кушодаи "Барќи тољик" иваз шуд. Ба љойи Абдулло Ёров маќоми раисии ширкати "Барќи тољик" - ро Аслї Назаров гирифт. "Барќи тољик" яке аз нињодњои вазорати саноат ва энергетикаи Тољикистон аст. Пас аз вазир таъин шудани Шералї Гул дар соли 2006 Аслї Назаров чорумин раиси "Барќи тољик" таъин мешавад. Аммо њар дафъа таѓйир ёфтани рањбари ин ширкат интригањои хосе бо худ дошт. Интригањо мањз атрофи рањбари ширкат пайдо мешуданд.

МИНТАЌА

РАМАЗОН 31 РЎЗ НАМЕШАВАД! дум ду ё се шаб намоз гузорид, ки дар он зикри адади ракаот наомадааст. Вале ба љињатии фарз нашудани он бар уммат Расули Худо шабњои баъдї аз намоз гузоридан бо эшон худдорї намуд. Лафзи њадис: фа салло би салотињи риљол (бо намози ў мардумоне намоз гузориданд) гувоњи он аст, ки ин намоз бо љамоат буд. Тибќи ривояти Имом Бухорї, дар замони хилофати Абўбакр (раз.) ва аввалњои хилофати Умар ибни Хаттоб (раз.) мардумон парешон таровењ мегузориданд; марде танњо ва ќавме бо љамоат. Њазрати Умар (раз.) онњоро ба як имом (Убай ибни Каъб) љамъ намуд. Тибќи ривояти дигар, ин таровењ иборат аз 20 ракъаат буд. Замони ду халифаи баъдї Усмон ва Алї (раз.) таровењ ба шакли љамоат бо як имом ва бо адади фавќ идома ёфт. Бо ин иљмои феълии сањоба аќд гардида, минбаъд дар равиши ибодатии мусулмонон идома пайдо кард. Чањор мазњаби ањли суннат 20-ракаатї таровењ адо намуданд, магар баъзе зиёдатї дар мазњаби моликия дида мешавад. Њамасола дар Њарамайни шарифайн (Макка ва Мадина) низ тибќи мазњаби њанбалї 20 ракъаат таровењ бо ќироати ќориёни мумтоз баргузор ва тариќи симои давлатї мустаќиман пахш мегардад. Дар диёри Мовароуннањр таровењ бо шакли љамоат ва 20-ракъаатї аз замони нуфузи мазњаби њанафї дар симои шогирди имом Муњаммад Абўњафси Кабири бухорї ва дигарон то имрўз идома дорад. Магар он ки солњои ахир иддае аз љавонони салафї бо такя бар ќавли Носириддини Албонї 8 ракъаат намоз гузорида, аз масљид мебароянд. Ба маълумоти онњо, ки худро пайрави суннати Расули Худо (с) мешуморанд, њадиси зерро мерасонам: "Њароина марде намоз мегузорад, то баргашти имом аз намоз, барояш он ќиёми шаб мањсуб мешавад". (Абўдовуд, раќ. 1227), ки њадиси

сањењ асту барои ин љавонон љињати пайравї тавсия мегардад. Ва амалї намудани ин гуфтаи њазрати Расули акрам бењтар аст аз он ки дар пайи тарљењоти муљтањидони навбаромаде амсоли Албонї рафтан, ки дар ин маврид гуфтае дорад беасос: "Ривояти сањоба, аз љумла, ривоят аз Умар (раз.) дар мавриди 20 ракъаат гузоридани намози таровењ сињат надорад". Зеро муњаддисини бузург сињати ривояти 20-ракъаатии таровењ аз Умар (с) ва асњоби Расули акрамро бар асосњои илми ривоят исбот намудаанд. То љойе ки уламои муосири њанбалї низ бо такя ба њадиси фавќ барои муќтадї бо имом будан, то дами баргашти вай аз намозро авло шуморидаанд. (Ниг. "Ассалот", доктор Абдуллоњ ибни Муњаммади Тайёр). Ва дар баргашти мазкур адади ракаот ба таври сарењ зикр гардида, ки агар имом бист ракъаат намоз гузорад, муќтадирост низ бист ракъаат гузоридан. Ва ахиран, барои мусулмонони љумњурї бори дигар завќи њаловати самои тиловати Ќуръони карим дар хониши ќориёни мураттилу хушхон даст дода ва неъматест бузургу љои ќадрдонї, на пуштбаргардонї, бинобар фањму бардошти ѓалати онњое, ки бизоати андаке аз илм доранд. Тайи хатми каломи маљид тиловати имом бояд ба њайсияте бошад, ки аз он дар дили шунавандањо риќќату оромиш пайдо шавад. Гоњи тиловат набояд ќавоиди илми ќироат тарк шавад, аз ќабили лањну хушовозии ѓайри муљоз, ки ба сабаби кашидани савт дар ѓайри мавзеъаш ё амсоли он ба вуќўъ меояд. Њамчунин, ќироат набояд ба тавре сурат гирад, ки боиси халал дар фањми маъноии Ќуръон шавад, ки маќсуди аслї ва биззот аз хониши Ќуръони Карим аст. Худои таоло дар каломи маљид мефармояд, ки китобун анзалноњу ли аддаббару оётињ. Пас, муќтадирост, ки гоњи

"Барќи рус" Чї тавр "Барќи тољик" ба дасти Русия меафтад? танд: "Санъат Асоевич ба Њасан Асадуллоевич маъќул нашудааст". Ё Рањимов ба "тарњи муфлискунї"-и "Барќи тољик" монеъ шуд? Њарчи набуд, дигар љойи интрига њам намонд.

"Худиро зан..."

Бозгашт ба "солњои самиевї"

Шарифхон Самиев. Ин раиси "Барќи тољик" аз моњи марти соли 2006 то январи соли 2010 аз хабарсозтарин чењрањо миёни мансабдорони Тољикистон буд. Ва он њам ба он хотир, ки мањз ин солњо дар Тољикистон буњрони барќ амиќ шуду расонањои кишвар медонистанд, ки њалворо кї мехўрад, аммо калтакро ба сари Самиев мезаданд. Ў ахиран аз президент "мўњлат" гирифт, ки аз хотири мардум њанўз зудуда нашудааст. Дар љаласаи васеъи њукумат президент ба ў гуфт, ки 6 моњ мўњлат дорї… Баъдтар маълум шуд, ки барои вазифаи нав - мудири нерўгоњи Норак ва сипас мансаби масъултар - раиси шањри Ќурѓонтеппа таъин шудан 6 - 10 моњ лозимї мекардаасту интрига "худиро зан то бегона тарсад" будааст. Пас аз Шарифхон Самиев Санъат Рањимов раиси ширкати "Барќи тољик" таъин шуд. То љое вазъи таъмини барќ ба ањолї нисбат ба як соли пеш бењбуд ёфт. Таъсири Ўзбакистон ба низоми энергетикии Тољикистон њам ба сифр баробар карда шуд. Дар фасли зимистон ба фарќ аз "солњои самиевї" ба мардуми дењот 7 - 8 соат барќ дода шуд. Аммо ѓайриинтизор рањбарии Санъат Рањимов дар "Барќи тољик" як сол њам идома наёфт. Њолдонњо дар шарњи истеъфо гуф-

Санъат Рањимовро соли 2011 Абдулло Ёрови собиќадор, муовин ва сипас вазири пешини энергетикаи Тољикистон таъин шуд. Мушкилоти барќи тољик дар се соли рањбарии ў кам не, балки афзуд ва як гуна бозгашт ба "солњои самиевї" эњсос шуд. Гарчи ду агрегати нерўгоњњои Сангтўда-1 (аз Русия) ва Сангтўда-2 (аз Эрон) ба кор даромаданд, аммо вазъи таъминоти барќ вахим боќї монд. "Сангтўда"-њо на ин ки омили рањої аз бебарќї на гардиданд, балки боиси сархамиву ќарздории ширкати "Барќи тољик" дар назди Русияву Эрон шуданд. Муомилоти пулии "Барќи тољик" ба кабинетњои "Ориёнбонк" гузашту дисконти ќарзњои дебитории "Барќи тољик" ба 40-50 % баробар шуд. Ќарзи ширкат рўз ба рўз зиёд шудан дорад. То ибтидои соли равон ќазри ширкат дар назди нерўгоњи "Сангтўда-1" 320,7 млн. сомониро ташкил медоду дар назди нерўгоњи "Сангтўда-2" 20 миллион долларро дарбар мегирад. Ин њам дар њоле, ки ањолї пули беш аз 90%-и барќи истифодабурдаашро медињаду роњбарияти ширкат инро бањона карда наметавонад. Аммо Абдулло Ёров худашро гум накарда, даъво пеш овард, ки КВД "ТАЛКО" пулро сари ваќт намедињад. Менељменти "ТАЛКО"

ба воситаи матбуот эълон дошт, ки ин иттилоъ сањењ нест. Маљлиси намояндагон маълум кард, ки даъвои "Барќи тољик" асос надорад. Аммо касе дар асл намедонад, ки воќеан "Талко" њаќќи барќро пардот мекунад ё не. Назорати љамъиятї ва мустаќилона вуљуд надорад. Хуллас, вазири собиќ њам дар рањо намудани Тољикистон аз бўњрони нерўи барќ ољиз монд. То њадде ољиз, ки дигар масъалањои асосии ширкат на дар дафтари ў, балки дар "Ориёнбонк" њал мешаванд. Ё шояд њамеша мешуданд. Чун маблаѓи барќ мустаќим ба њисоби "Ориёнбонк" меравад ва Худо медонад, ки Абдулло Ёров њатто њисоби онро медонад ё не. Зеро дар нишастњои матбуотї ў њељ гоњ раќами аслии фурўши ќариб 20 (!) миллиард киловат - соат барќро гуфта натавонистааст. Агар ба њисоби миёнаи 2 - сентї ин миќдор барќ њисоб шавад, 200 миллион доллар мешавад. Њол он ки мардуми оддї барќро ба 11 дирам, беш аз 2 сент ва корхонањо ба истиснои "Талко" (9 дирам) то 27 дирам як киловат соатро харидорї мекунанд.

"Табрик" Инак Абдулло Ёров бо "сабаби беморї" аз вазифа барканор шуд. Ин маънои онро дорад, ки барканории Ёров ин навбат бебозгашт аст ва он бешубња ба таъиноти дигар дар низоми энергетикии кишвар - ба садри Раёсати фурўши барќ, нињоди навтаъсис дар "Барќи тољик" омадани Амонулло Саъдуллоев, ба ќавле, бародари Њасан Саъдуллоев рабт дорад. Абдулло Ёров бояд аз вазифа мерафт, то зиндон наравад.

ќироати имом дар мазмуни каломи Худои таоло, аз ќабили амру нањй ва ваъду ваъид (ваъд - ваъдаи нек, монанди башорат ба Љаннат ва ваъид - ваъдаи бад, монанди тарсонидан аз азоби Дўзах) тааммулу тадаббур намояд, ки мутаассифона, на ба њама даст медињад. Њамчунин, аз панду андарзњои ќуръониро, ки бевосита ё зимни ќиссањои ќуръонї зикр шуда тааммул намояд ва аз азоби Худои таоло, ки ба сабаби саркашї аз амри Ў таоло барои миллатњои пешин фаро расид, амсоли ќибтиёну Фиръавн ва дигарон, тарсад ва ибрат гирад. Он чї расми дуои хатм дар охири таровењ пеш аз рукуъ аст, он мазњаби имом Ањмад аст, ки аз вай ба таври сарењ собит гардида ва дар ќироати имомњои њарамайни шарифайн мушоњада мегардад. Њамчунин, дарки фарќияти дигар низ зарурї мебошад, ки барои имом љоиз нест аз рўи Ќуръон тиловат намояд. Мутобиќ ба фиќќи њанафї, ин амал боиси фасоди намоз мегардад, хоњ фарз ва хоњ нафл. Њамчунин, муќтадї њаќ надорад, ки аз паси имом ба Ќуръон назар карда, хатои имомро ислоњ намояд. Агар имом фатњи (луќмаи) чунин муќтадиро гирад, намози ў ва ќавм фосид мешавад. Гузоридани намози таровењ ба таври тахфиф (сабук) љоиз нест, ба њайсияте, ки дар он умури зарурї, аз ќабили фарзу вољиб риоя нагардад. Њамчунин, риояти суннату одоби намоз дар љињати ќабул муассир мебошад. Пас, набояд ба љињати осонї барои мардум дар ин умур халал ворид шавад. Имомро лозим аст, ки аз Худо тарсад ва намозро ба таври машруъ (чунонки дар шариат аст) адо намояд. Тибќи њадиси шариф, намоз бењтарин хайрест мавзуъ (яъне дар вазъи шариат чизе ба он баробар нест). Пас, имому муќтадирост, ки аз ин вазъ дар њадди лозим бањра бардоштан. Пас, моњи шарифи Рамазон моњи ибодат, моњи ниёишу дуо ва кушоиши дарњои рањмати илоњист. Њар кї аз хайри он бозмонд, аз тамоми хайр бозмондааст. Ва охиру даъвоно анилњамду лиллоњи Рабилоламин. Домулло МАЪРУФ, имомхатиби масљиди љомеи "Сариосиё"-и ш.Душанбе.

"Љойи муќаддас холї намеонад" - таъкид мекунад маќоли русї. Ба љои гарми ў Аслї Назаров омад. Аниќтараш ўро оварданд! Кї? Албатта, њамонњое, ки "Барќи тољик" зери назораташон аст. Миёни мардум ва њатто барои расонањо раиси нав чењраи ношинос аст. Аммо бино ба тавсифи коршиносон, ў мутахассиси варзидаи соњаи худ аст ва дар вазифаи директори Маркази шабакањои барќи навоњии тобеи маркази "Барќи тољик" фаъолият намудааст. Онњое, ки Аслї Гулмуродовичро аз наздик мешиносанд, мегўянд, шахсияти љиддї ва муњимтар аз њама ба касбаш содиќ мебошад. Бархе аз коршиносон њатто њадс мезананд, ки нафароне чун Аслї Гулмуродович дар ин вазифа ним сол намепоянд. Муносибати ў ба пешааш берун аз доираи мањал мебошад. Дар замони собиќ Шўравї дар љанги Афѓонистон ширкат намуда, дорандаи чањор орден низ будааст, ки баробар ба ќањрамон маънидод мекунанд (Инљо бояд ёдрас шуд, ки Санъат Рањимов низ варзишгари ќавї буд ва љиддиву мустаќил буданашро бо кулоњи афѓонї ба сар кардан ба тамошо мегузошт). Аслї Назаров соли гузашта кори номзадиашро дар мавзўи "Механизми мудирияти риски сармоягузор дар бахши энержии Љумњурии Тољикистон" дар Донишгоњи техникии ба номи академик М. Осимї њимоя кардааст. Номзади илмњои иќтисод мебошад. Дар рўи мизи кории "ќањрамон"-и мо иштирокчии љанги Афѓонистон ва номзади илми иќтисод дар "Барќи тољик" бастаи мушкилоти солњо хобида интизор аст. То куљо ба њалл намудани мушкилоти мављудаи "Барќи тољик" муваффаќ мегардад, фурсат нишон хоњад дод... Дар ин таѓйирот низ интригае њаст. Ному насаби Назаров Аслї Гулмуродович, соли таваллудаш 1963 дар рўйхати онњое ба назар мерасад, ки соли 1998 бо фармони президенти ваќти Русия Борис Елстин ба шањрвандии ин кишвар ќабул шудаанд. Агар воќеан раиси нави "Барќи тољик" шањрвандии Русияро њанўз њам дошта бошад, метавон аввалин ќадами њукумати Тољикистонро дар "русикунонї"-и бахши энергетикии Тољикистон "табрик" гуфт...

Эраљи АМОН


ТАХТАИ СИЁЊ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

13

Ба пешвози нишасти матбуотии вазири корњои дохилї, генерал-лейтенанти милитсия Рањимов Рамазон Њамроевич, ки бубояд санаи 19-уми июл баргузор шавад

Њикмати гургњои гўсфанднамо Ман шаш моњ боз дар бораи ќонуншикании милисањои ШВКД-и ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе ба маќомоти ВКД ва Прокуратураи Љумњурии Тољикистон бо аризаи хаттї мурољиат намудаам. Вале то ба њол аз як идора ба идораи дигар мераваму бо ду чашми сар мебинам, ки њаќиќат ба касе лозим несту талаботи ќонунгузории љумњурї дар бораи мурољиати шањрвандон ќатъиян риоя намешавад. Бо иљозаи хонандаи гиромї, ман дар бораи њодисаи љиноят - боздошти ѓайриќонунї, латукўб ва тањќири каминаи њуќуќшинос ва прокурори собиќ аз љониби се милиса ин дафъа наменависам, зеро маќсад тасвир кардани муносибати маќомот ба мурољиатњои мардум аст. Бубинед, ки ман 25-уми феврали 2013 ба Раёсати корњои дохилии шањри Душанбе, 18-уми марти 2013 ба маќомоти ВКД ЉТ ва 2-юми марти соли љорї ба Прокуратураи шањри Душанбе ариза навишта, оид ба содир намудани љїнояти мушаххас аз љониби кормандони ШВКД-и ноњияи Шоњмансур Бањриддин Шаробов, Рустам Юсуфалиев ва Илњом Садриддинов хабар додам. Аз рўи ќонун ман бояд љавоби аризаамро дар муддати як моњ мегирифтам. Аммо то ба имрўз аз Прокуратураи ноњияи Шоњмансур љавобе нагирифтам. Њол он ки

мутобиќи талаботи Кодекси мурофиавїљиноятии ЉТ бо тариќи хаттї дар ваќти пешбининамудаи ќонун ба ман бояд хабар медоданд. Ќонунњои ЉТ бояд аз љониби њамаи шањрвандони ЉТ, аз шахси одї сар карда, то мансабдорони давлатї риоя карда шаванд. Илова бар ин, мансабдороне мисли прокурори ноњия ва сардори милиса бояд масъулияти хос њам дошта бошанд, зеро њамчун љонибдорони сиёсатњои њукумати феълї ва президентЭмомалї Рањмон ба ин вазифањо таъин шуда, амалу беамалии онњо таљассумгари муносиботи давлат ба шањрвандон аст. Лекин аз чї бошад, ки кормандони милисаи ноњияи Шоњмансур дидаву донистадаст ба љиноят мезананду бељазо мемонанд. Агар ин муњофизони ќонун, ки халќ онњоро њомии худ мењисобанд, даст ба ќонуншиканї зананд, пас, ашхоси одї аз инњо чї ибрат гиранд? Бисёр мехостам фањмам, ки барои чї љинояти содирнамудаи шахсони дар боло номбаршударо муфаттиши Прокуратураи ноњияи Шоњмансур Ф. Раљабов пинњон намуда, ќарори ѓайриќонунї ќабул намудааст? Агар, воќеан, њодисаи љиноят љой надошт, пас, чаро љавоби ќонунї дода нашуд?! Чаро ВКД бењавсалагї нишон дода, дар ин бора тафтишоти хидматї таъин накард? Чї њикмат дорад

пуштибонї аз милисае, ки бо ќонун мушкилї дорад? Ё шояд, интизор буданд, ки ин гургони гўсфанднамо ё "оборотни в погонах" ба ягон љинояти хафвноктар даст зананду аз онњо чизе "кананд"?!! Дар њар сурат, њамин бељазо мондани онњо боис гашт, ки ду тан аз онњо - Садриддинов Илњом ва Юсуфалиев Рустам боз даст ба ќонуншиканї зананду дар натиља бо фармони вазири корњои дохилии ЉТ аз вазифа сабукдўш шуданд. Фикр мекунед, онњо муљозот шуданду бас? На ва боз њам на! Зеро онњо барои љинояти пешина њанўз љавоб нагуфтаанд!

Барои он ки ин њодиса тањќиќ шаваду барои љомеа, хоса, милисањо сабаќ гардад, ман, шумо, хонандаи муњтарами "Нигоњ", шумо, сармуњаррири ин нашрия, шумо, вазири корњои дохилии кишвар ва ањли љомеаро зарур аст, ки бетараф ва бемасъулият набошем. Биёед, ин масъаларо якљоя ба сомон расонем, то фарњанги муносибат ба шањрванд ва мурољиатњои ў ба маќомот дар љомеаи мо пойдор гарданд. Анвар САЛИМОВ, сокини шањри Душанбе


14

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

Президент Эмомалї Рањмон дар Паёми солонаи худ аз коњиш ёфтани маргу мири модар ва кўдакон дар Тољикистон иттилоъ дода буд, аммо баъди як рўз Созмони љањонии тандурустї ин иттилои президентро бепоя хонда, вазъро дар Тољикистон нигаронкунанда хонд. Дар ин робита, хабарнигори "Нигоњ" бо Шералї Рањматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонињои тиббї ба модарону кўдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустї, суњбат кард ва нахуст пурсид, ки оё, дар њаќиќат, вазъи маргумири модару кўдак дар Тољикистон вахим аст? - Аз соли 2008 Тољикистон таваллудро аз 500 грамм боло ба ќайд мегирад. Дар замони Шўравї ин хел набуд. Агар давраи њомиладорї аз 22 њафтаи пурра зиёд бошад ва ба сурате ки кўдак баъди таваллуд як маротиба нафас кашад, дасташро љунбонад ва дилаш як маротиб занад. Дар давраи Шўравї кўдаки як ва яку ним таваллудшударо ба ќайд намегирифтанд. Барои њамин мегўянд, ки марги таваллуд дар мо гўё зиёд шудааст. Агар ташкилотњои байналмилалї аз 500 грамм болоро ба ќайд гиранду баъд тањќиќот кунанд, ин дигар гап аст. Аммо аз рўйи њисоботи даврони Шўравї, ки он ваќт кўдаки 500-грамма ва яккилограммаро ба ќайд намегирифтанд ва талафот њисоб мекарданд, њисоб кардан хато аст. Њоло, њатто, Русия инро ќабул накардааст, ки аз 500 грамм боло таваллудро ба ќайд гирад. Теъдоди умумии фавти неоноталї фавти барваќтї, ки аз 0 то 7-рўзаро дар бар мегирад, дар Тољикистон аз 1000 зиндатаваллуд - 13 нафар, аз фавти неоноталии беваќтї - аз 7 то 26-рўзањо - аз 1000 зиндатаваллуд - 10 нафар, яъне дар умум, 23 нафар мефавтанд. - Бубинед, дар хонаводањои мо онњое, ки ба истилоњ, норасид таваллуд шудаанд, кам нестанд ва аммо зиндагї доранд... Аммо сабаби камвазнї ва гирифтори бемории дил таваллуд шудани кўдакон дар чї аст? - Дар замони Шўравї таваллуди камвазн њам буд. Шахсан худам њангоми кор кўдакро дар тоќї гирифта, ба модараш дода будам. Мо аллакай кўдакони 50, 750, 900 ва 650-граммае дорем, ки мактабхон шудаанд. Аммо асоси бо нуќсон таваллуд шудани кўдакон ин никоњи хешутаборї аст. Солњои охир кўдакони нуќсондор зиёд таваллуд мешаванд. Ман ин масъаларо чанд сол боз дар сатњи боло њам баррасї кардам ва њатто, соли гузашта унвонии президент нома навиштам.

«

ИЉТИМОЪ Теъдоди беморони дил дар љумњурї наздик ба 8 њазор нафарро ташкил дода, аз ин теъдод - дую ним њазори онњо кўдакони синну соли то 18-сола мебошанд. Феълан 60 кўдак барои амалиёти љароњњї омода шуда, давоми шаш моњи соли љорї 116 кўдакони гирифтори бемории дил љарроњї шудаанд. Аз ин теъдод - 41 нафари ин беморони љавони дил аз вилояти Суѓд мебошанд. Барои табобати дили як кўдаки бемор њудуди 4-5 њазор доллари амрикої ё 20 њазор сомонї лозим аст. Барои љарроњии 11 кўдаки гирифтори бемории дил аз њисоби буљаи давлатии Тољикистон 2 миллиону 320 њазор сомонї сарф шудааст. Кулли кўдакони гирифтори бемории дил, ки синни то 18-сола мебошанд, бояд љарроњї шаванд. Агар оилањо ё беморон имкони харидории маводи љарроњї дошта бошанд, нигоњубин ва хизматрасонии тиббї ройгон аст. Аксарияти мубталоёни бемории дил ирсї ё аз насл ба насл омадаанд ва пайомади издивољи хешутаборї аст. - Бубинед, тўли ин асрњо гузаштагони мо никоњи хешутаборї доштанд, аммо беморї набуд?

Шералї РАЊМАТУЛЛОЕВ:

"МИСЛИ ЊАЙВОНЊОИ ЉАНГАЛ ЗИНДАГЇ ДОРЕМ" - Ман оилањоеро медонам, ки мањз аз сабаби хешутаборї нуќсдор шудаанд. Њамин оилањое, ки хешутаборанд, ёбед, тањќиќот гузаронед. Бубинед, чанд маротиб кўдак партофтааст, чанд маротиб мурда таваллуд кардааст ва чанд кўдаки зинда таваллуд кардааст ва њамин зиндатаваллудњо дар чї њоланд. Њатман, гирифтори беморие њастанд. Њамин оилањо кўдак мепартоянд ва ё мурда таваллуд мекунанд. Барои чї авлоди Фиръавн намонд? Барои он ки фиръавн танњо никоњи хешутабориро иљоза дода буд. Пайёмбари ислом (с) бо бегонагон никоњ карданро муњим донист ва авлоди Пайёмбар (с) то њоло омадааст.

Барои табобати дили як кўдаки бемор њудуди 4-5 њазор доллари амрикої ё 20 њазор сомонї лозим аст. Барои љарроњии 11 кўдаки гирифтори бемории дил аз њисоби буљаи давлатии Тољикистон 2 миллиону 320 њазор сомонї сарф шудааст. Кулли кўдакони гирифтори бемории дил, ки синни то 18-сола мебошанд, бояд љарроњї шаванд. Агар оилањо ё беморон имкони харидории маводи љарроњї дошта бошанд, нигоњубин ва хизматрасонии тиббї ройгон аст.

«

- Баргардем ба сари мавзуи асосии сўњбат. Фавти модарон ба њангоми таваллуд њам нигаронкунанда арзёбї мешавад, аммо оморњои расмї дар ин бора чї иттилоъ доранд? - Фавти модарон ба њангоми таваллуд нисбати солњои ќаблї паст шудааст. Зеро фавт ва њаёти модарон зери назорати љиддї ќарор гирифта шудааст. Аз рўйи Барномаи њадафњои рушди њазорсола фавти модаронро бояд то 30 % кам кунем. Дар шаш моњи соли љорї аз 100 њазор таваллуд 37,3 модар фавтидаанд. Соли 1997 аз 100 њазор зиндатаваллуд 97 зан мефавтид. Соли 2012 аз 100 њазор таваллуд 34 зан фавтидааст. - Сабаби фавти модарон дар чї аст, чун ташкилотњои байналмилалї мегўянд, ки бар асоси тањќиќот, норасоии маводи доруворї ва рушди фасод боиси афзоиш ёфтани маргумири модарон ва кўдакон њангоми таваллуд шудааст? - Не, ин тавр нест. Сабаби асосї мурољиат накардан ва умуман, дар ќайд нагузоштан аст. Таваллуд ин беморї нест, ин талаботи физикї аст ва бидуни табиб њам рух медињад. - Гуфта мешавад, аксарияти модароне, ки њангоми таваллуд мефавтанд,

Мусоњиб Њарамгули ЌОДИР

ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

ЉУМЪАБОЙ САНГИНОВ Сангинов Љумъабой Рањматович, муовини аввали раиси вилояти Суѓди Љумњурии Тољикистон. 22-юми феврали соли 1952 дар ноњияи Мастчоњи вилояти Суѓд таваллуд ёфтааст. Дорои маълумоти олї аст. Соли 1974 Донишкадаи тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Синоро хатм кардааст. Фаъолияти мењнатиро дар Беморхонаи љумњуриявии клиникии №1и шањри Душанбе оѓоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноњияи Мастчоњ ба њайси духтури љарроњ фаъолият кар-

љавонанд? - Аксарияти модароне, ки мефавтанд, занони синни 25 то 30 њастанд ва инњо, ки аксаран њамсарони дувум ва севуманд, ба зоишгоњњо мурољиат намекунанд, пинњон медоранд. Миёни онњо, эњтимол модарони синни 16-17-сола бошад, аммо 14-15соларо то ба њол надидем. Дувум, сатњи солимї ва маънавии модарон бенињоят паст аст. Бадбахтона, мардуми мо китобу газетро аз даст додааст, намехонад. Њол он ки дар њар як нашрияву журналњо ва китоб дар бораи пешгирии беморињо њангоми таваллуди кўдак маълумот дода шудааст. Мардуми мо фикр мекунад, ки доно будан - таъмин бо телефони мобилї будан асту диску фитта. Тамом. Хориљ равед, дар роњ рафта истодааст ё рўйи хараке нишастааст, њатман, дар дасташон газет, журнал ё китобе мехонад. Дар мо чї? Дар мо нафс ѓалаба кардааст. Мисли њайвонњои љангал дар фикри онем, ки имрўз чї хел карда, як луќма канем. Имрўз чї кор карда, як пул ёбему хўрданї ё чизе харем. Бегоњ чї барем ба хона, рўзро чї хел гузаронем? Охир, ин зиндагї нест...

дааст. Муовини сардухтури беморхонаи мазкур буд. Сар аз соли 1980 то соли 1982 ординатураи клиникиро дар Донишкадаи тиббии Тољикистон хатм намуда, дар Беморхонаи шањрии клиникии №5-и шањри Душанбе ба њайси духтури љарроњ кор кардааст. Баъдтар, ба њайси мудири шўъбаи љарроњии њамин беморхона то соли 1985 кор кардааст. Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шўъбаи кадрњои Вазорати тандурустии Тољикистон буд. Солњои 19871991 дар вазифаи сардухтури Диспансери љумњуриявии саратоншиносї, аз

соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии њукумати шањри Душанбе буд. Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011ум 3 даъвати Маљлиси Олї - даъватњои II, III, IV, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шудааст.Роњбари фраксияи Њизби халќї-демократии Тољикистон дар Маљлиси намояндагон буд. Аз 7-уми январи соли 2011 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Љумъабой Сангинов ба вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суѓд таъйин карда шуд. Дорандаи унвони Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон аст, ки соли 1994 гирифтааст. Оиладор ва соњиби 3 фарзанд мебошад.


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ТАНЊО ДАР МО... * Танњо дар мо ваќте мусофир "Њазор рањмат" гуфта, аз мусофиркаш берун мешавад, ронанда зуд аз дигар мусофирон мепурсад, ки "њамин мардак роњпулї дода буд"? * Танњо дар мо як тири дайду иртиботи телефониву интернетиро ба як вилояти калон комилан ќатъ мекунад… * Танњо дар мо бо бањонаи ќимат шудани бензин, роњкирои троллейбусро боло мебаранд… * Танњо дар мо зери пойи президент, ки аз майдони кишти пахта дидан мекунад, ќолин меандозанд. * Танњо дар мо хурду бузург якдигарро "к… оча" мегўянд… * Танњо дар мо њаќталоширо гуноњ мењисобанд. * Танњо дар мо, аввал, медароянду баъд, "мумкин дароям?" - мегўянд… * Танњо дар мо газетаро барои он мехаранд, ки себ печонанд. * Танњо дар мо ваќти моњи Рамазон нарх боло меравад. * Танњо дар мо рўзнома барои печонидани "семичка" ба кор меравад. * Танњо дар мо "БДА"-њо ба љойи он, ки дар љойи сермошин истода, њаракатро ба танзим дароранд, љойи холиро мегиранду мошини бегуноњро манъ мекунанд. * Танњо дар мо дар нишастгоњи секасаи "Хундай-Старекс" чор нафарро маљбурї тела мекунанд. * Танњо дар мо роњи беалтернатива пулакї аст. * Танњо дар мо бо 20% баланд шудани маош арзиши мањсулот дар бозор 60% боло меравад. * Танњо дар мо бо доштани бузургтарин тамаддуни башарї ќашшоќтарин мардумон зиндагї мекунанд. * Танњо дар мо падару модарон барои аз устод бањо гирифтан ба фарзандонашон пул медињанд. * Танњо дар Тољикистон мурдаро зинда навишта, нафаќапулиашро чанд сол мегиранд. * Танњо дар мо бо баробари афзудани ќурби доллар нархи шири гов боло меравад. * Танњо дар мо њама чиро метавон шахсї намуд. * Танњо дар мо гурехтан аз хизмати њарбї љавонмардист.

?-И НОБОБ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

НОЗИРОНИ БДА ЊАМРОЊИ ХУД КАДОМ ЊУЉЉАТЊОРО БОЯД ДОШТА БОШАНД? - Њангоме ки нозирони Бозрасии давлатии автомобилї дар роњњои хиёбону кўчањо ба тартиботи ќоидањои њаракат дар роњ ва тафтиши њуљљатњои ронандагон машѓул мешаванд, бояд кадом њуљљатњоро бо худ дошта бошанд? Раљабалї САЙФУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Ёвон - Нозироне, ки ба хизматбарї мебароянд, бояд намуди зоњирии озода, таљњизоти дуруст, либоси низомие, ки аз љониби роњбари воњиди сафдорї муайян гардидааст, инчунин, нишони махсуси сарисинагї, яроќи табелї (њангоми гузаронидани чорабинињои махсус бо яроќи автоматї), воситањои махсуси техникї, рўйхати автомобил ва мототсиклњое, ки тайи шабонарўзи охир дар кофтуков эълон шудаанд, бо зикри раќами муњаррик, бордон, шассињо (раќамњо), нишонањои махсус; наќшњои шифоњї, суратњо (фотороботњо)-и љинояткорони дар кофтуковбуда, вараќаи хатти сайри гаштанї ё посгоњ, китобчаи хизматї, шањодатномаи хизматї ва ронандагї, баргакњои протоколњо, авторучка, ќалам, љадвал, дафтари ќайди ёддоштњо, амуд (жезл), њуштак, фонуси электрикии кисагї (њангоми кор дар шароити дидашавандагии нокифоя), китоби "Ќоидањои њаракат дар роњ", љузвдони хизматї ё планшет дошта бошанд. (Њамаи ин муќаррарот дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти №592 аз 28-уми декабри соли 2006 амалї карда мешаванд). Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.

ДИДГОЊ

МУЌОИСАИ ТОЉИКИСТОН БО ЧИН

БА ЉОИ 09 - Њангоми пайдо шудани саволњои иловагї ва ё нофањмињо нисбат ба ќонунгузории Федератсияи Русия дар самти муњољирати мењнатї, Шумо метавонед ба Хадамоти муњољират ва сохторњои он дар вилоятњо ва шањри Душанбе бо суроѓаи зерин мурољиат намоед, онњо вазифадоранд ба саволњои Шумо љавоб гардонанд ва мушкилатонро осон намоянд: Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон шањри Душанбе, кўчаи Айнї, 121, шумораи телефонњо барои тамос: 225 07 19, 225 05 87, 225 05 92, 95 115 01 16; Раёсати Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї кўчаи Рўдакї, 37, шумораи телефон: 221 62 61, 93 889 32 56; Раёсати Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд: шањри Хуљанд, кўчаи Фирдавсї, 120, шумораи телефон: 8 3422, 6 51 99; Раёсати Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон: шањри Ќўрѓонтеппа, хиёбони Вањдат, 523, шумораи телефон: 8 2322, 2 55 83; Раёсати Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Бадахшон: шањри Хоруѓ, кўчаи Ленин, 36, шумораи телефон: 8 3522, 2 29 76; Намояндагии Хадамоти муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар Федератсияи Русия, индекс: 125047, ш.Маскав, кўчаи дуюми Тверска-ямская 40/3, стр.1. тел/факс: (495) 967 98 44, 8 925 880 80 38, 8 906 724 02 02, 8 926 255 09 27 ва + 7 495 967 84 12.

ЛАТИФА Ду мурѓ аз дења ба шањр барои кор меоянд. Аз назди бозор мегузаранд, ки дастгоњи мурѓпазї (грил)-ро мебинанд. Як мурѓ ба дигараш мегўяд: - Ина бин, мо аз дења шањр кор кардан омадему мурѓњои шањрї бошанд, дар чархофалак "катайса" доранд. *** Зан бо овози баланд фарёд мезанад: - Боз либосу љўробњоятро дар тамоми хона пањн кардї? Шавњар: - Ин аксияи нав аст: "Њамаи либосњоро љамъ кун ва барои лабсурхкунаки нав пул бигир". *** Писарча 18-сола мешавад. Падараш оњи сабуке кашида мегўяд: - Ана акнун рафта, ба модарат гўй, ки дигар алиментсупорї тамом. Тамошо кун, ки афташ чї хел мешавад.

Писар назди модараш рафта, нарезондаву начаконда, гапњои падарашро мерасонад. Модараш бо нимтабассум гуфт: - Ба падарат гўй, ки вай 18 соли дароз барои кўдаки марди бегонае алимент месупорид. Баъд афташ бин чї хел мешавад! *** Мaйор сарбози ќаториро наздаш љеѓ мезанад: - Сафаров, ту ба зинда шудани мурда бовар дорї? - Не, рафиќ майор. - Афсўс! Њу, ана дар он утоќ бибият, ки ду њафта пеш барои гўронданаш рафта будї, туро хабаргирї омадааст. *** Сарбоз назди командир омада мегўяд: - Рафиќ сардор, рухсатї мехоњам. Њамсарам бояд таваллуд кунад… Баъди як њафта сарбоз ба ќисми њарбї меояд. Командиp мепурсад: - Хуш, Сафаров, духтар ё писар? - Баъди нўњ моњ маълум мешавад.

- Боре бо шахси равшанфикру сиёсатмадору иќтисоддону тањлилгари барљастае њамнишин шуда будам, ки мутаассифона, наметавонам аз эшон ном бибарам. Аз љанобашон суоле карда будам, ки "барои чї ва сабаб дар чист, ки Љумњурии Мардумии Чин 1,5 миллиард ањолї дорад, вале шоњ барин зиндагї доранду аммо Тољикистони мо бо 8 миллион ањолї дар Осиёи Марказї ќашшоќтарин миллат буда, ба ѓуломию гадої рў овардаем??? Дар посух ин марди кўњансолу порсо гуфтанд: "Мардуми Чин дар ваќташ аз мо дида, бадтар буданд, аммо билохира, ба хулосае омаданд, ки бояд тарзи нави сиёсат ва иќтисодро пеш бигиранд, то зиндагии мардумаш хубтару бењтар шавад. Њамин тавр њам шуд! Масалан, шахсе ё шањрванде агар дар Чин мехост, ки корхона, завод, минизавод ё тиљорати хусусии худро кушояд, бояд пеш аз ин рафта, дар вазорати дахлдор ё дафтари андозсупорї, худ, корхонаи худ ё минизаводу тиљорати хусусии худро ба ќайд мегузошт. Баъди ин аз ин нињодњо куллан бе сарфи ягон маблаѓ, њуљљату гувоњнома мегирифт. Дар он њуљљат ё гувоњнома ќайд мешуд, ки ин ё он шахс ба фаъолияти соњибкорї нав шуруъ кардаасту куллан ба мўњлати 1, 2 ва њатто, 3 сол вобаста ба намуди фаъолияташ аз пардохти њама гуна андоз озод аст. Њамин тавр, ба намуди тиљорат ё иќтидори корхонаи шахс нигоњ карда, то як муддати муайян онњоро аз андоз озод мекарданд. Барои он ки то ривољ ёфтани кори соњибкор ў миёншикан нашаваду ќомат, иќтисодиёти худ, оила ва тиљорати худро рост намояду мустањкам шавад! Ваќте ки ин мўњлат ба охир расиду соњибкор муваффаќ шуд, худро мустањкам намуд, пас, худ ихтиёран рафта, андозсупориро шуруъ мекард. Вале на яку якбора, балки аввал аз пардохти кам. Њамин тавр, боз то як муддати муайян. Бо њамин тарз пардохт аз даромад мувофиќи Кодекси андоз марњила ба марњила зиёд шудан мегирад. Агар соњибкор аз пардохти андоз саркашї кунад, ихтиёран барои пардохти андоз наравад, ба куљо мегурезад? Дар њоле ки дар ќайди вазорат ё нозироти андоз аст. Ба њар њол, дар ин маврид ўро дарёфт карда, њам љарима меситонанду њам андоз! Њикмати ин сиёсати пешгирифта дар он аст, ки аз њамин њисоб барои оянда пояњои иќтисодиёти кишварашонро мустањкам намуда, аз љињати дигар шумораи андозсупорандагонашонро зиёд намуданд, на миќдору њаљми андозро! Ин сиёсати пешгирифта мардуми Чинро ба љое оварда расонд, ки њатто, бисёри ањолии он, ки дар дењаву рустоњо умр ба сар мебурданд, аз љињати шароит имкон надоштанд, ки дар алоњидагї корхона ё минизаводњои худро кушоянд, аз ноилољї дар дохили њавлињои шахсии хеш хуљрањои махсуси корї сохта, ба истењсолот машѓул шуданд, на мисли мо танњо ба харидуфурўш! Хонандаи азиз, агар аз худ як хулосаи дуруст барорем, нуран алонур мешавад. Ваќте ки њар як оиларо тавони молиявиаш хуб шуд, ваќте ки истењсолоти хурду миёна ва калони дохилї боло рафт, ваќте ки... Хулоса чї мешавад? Албатта, як кишваре чун Хитой! Аммо дар Тољикистони азизи мо чи? Дар кишвари мо ба љуз харидуфурўш, љуз аробакашию гадоиву талбандагї, андозситонии аз њад зиёд ва муњољират коре дигар нест! Дигараш дар зењни ориёиамон наомадааст. Бояд ин майнањои карахтро кор фармуд! Аммо агар дар мо бихоњї соњибкор бошию даст ба истењсолот бизанию корхона, минизавод ё фабрикаи худро дошта бошї, њоло ба кор шуруъ накарда, дарњол хабаргиракоњоят пайдо мешаванд! Аз он љумла, "ТОЉИКСТАНДАРТ", "БАРЌИ ТОЉИК", "КУМИТАИ АНДОЗ", "ИДОРАИ С?ХТОРНИШОН?", "СЭС" ва ѓайра. Пас, ёбу гир! Агар даромадатро бо харољоти кардаат шуморї, пас ,ба хулосае меої, ки њарчи зудтар ин фикрро (фаъолияти соњибкориро) аз сарат намоию роњи муњољиратро пеш гирї. Эй маќомдорони давр, пас, худ хулоса бароред, ки истењсолоту сафи андозсупорандагонро зиёд кардан хуб аст ё онњоро дар ба дару буљаи кишварро касод кардан! Њоло ин мардум њамаш аз шумо нагурехта, ба муњољират нарафтааст. Агар њамаш мерафтанд, танњо мемондед, чї кор мекардед? Њоло њам дер нашудааст, пас, ХУЛОСА БАРОРЕД! Сармадили РАВШАНЗАМИР, сокини шањри Душанбе


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №17 (345) 17. 07. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЃАЛТАК, "СССР" ВА СИЁСАТИ ЗАРБДОР Ѓалтак то намози бомдод полезињои аз водии Вахш овардаашро дар бозори "Шоњмансур" љо ба љо кард. Мисли њарваќта кор бе "таѓо", даќиќтараш бе 50-сомона њал нашуд. Он њам ќисман. Ба ў шарт монданд, ки "борњоятро баъди нисфирўзї , бо тамом кардани борњои љияни раис мекушої". Зиёии дењотї аз олудагї бо фасод ва ин шарти манѓитї дањшат кашид, аммо дигар илоље надошт: полезињо умри дароз надоранду оила ба пул сахт ниёзманд аст. Ў, ки танаффуси иљборї дошт, назди фаворањои мењмонхонаи Вахш равон шуд, то нимаи рўз дами беѓам зада, гуруснагию ташнагии боз як рўзи моњи мубораки Рамазонро пушти сар кунад. Майдони 800-солагии Маскавро деворбанд дида, ба парки Театри Опера ва Балет гузашту соате чанд сайр кард. Дар ин боѓи обод ду "ободии" дигар-кафеи "Москва" ва яки дигар каме табъи ўро хира сохтанд, вале баста будани онњо љуброн шуд. Солњои ахир, ин узви пушаймони "Фронти халќї" рўза мегирифт ва накњати ѓизои шому руњи оромро ба хубї медонист. Њини гашту гузор дар назди театр нигоњаш ба навиштаљоти "СССР" бархурду њисси кунљковї ўро вориди тањхонае кард. Деворњои тањхонаи сап-сафедро навиштаљоти "Зинда бод,СССР", "Пролетарњои љањон як шавед", парчамњои сурхи болшевикњо ва ѓайраву ва њоказо оро медоданду паси мизњои пурбор одамонии зиёде нишаста, саргармї нањорхурї будаанд. Бо воридшудани Ѓалтак марде аз љой бархоста, парчами "Ба бењтарин бригадаи зарбдори советї"-ро аз мех гирифту бо он рўяшро пўшонд. Вале ўро шинохт: Мирзодиккак мисли бригадири зарбдори советї ду лунљи пур аз ѓизояшро таконда, луќмаи бузургеро осемасар мехоид. Ѓалтак "Саломун ъалайкум, дўсти мењрубон. Роњат бошед." гуфта буд, ки Мирзодиккаки аз шарм суп-сурх шуда худашро ба даст гирифта, ба салому алейк ва њолпурсї даромад. Ў аз оринљи Ѓалтак гирифту њарду аз тањхонаи эњёи СССР берун шуданд. Аз чї бошад, ки Мирзодиккак ба шиддат суњбат оѓоз кард: Мирзодиккак: - Ќандаша занад, њукумати љонољони мо бо сарќонуни ќабулкардааш. Агар замони њукмронии Амир Олимхон мебуд барои рўзахуриам маро чўб мезаданд ва ё маљбур мекарданд, ки якчанд мискинро ѓизо дињам. Эшони Нуриддиљон маро 300 сомонї рўзаш љарима мебаст... Ѓалтак: - Беташвиш бош, он замон њам худат элчии амир мешудї.. Мирзодиккак: - Мана озодии виљдон, ки њаст яке аз мо рўзадору дигаре рўзахур. Дар шањр ќисме аз ошхонањо дарашонро ќуфл зада бошанд, ќисми дигараш мисли пештара кор карда истодаанд. Њоло дар якчанд љумњурињои мусалмоннишини собиќ СССР дар моњи мубораки Рамазон фурўхтани араќро мамнуъ кардаанд. Мо бошем бо риоя аз ќонунњои тиллоии давлати демократї дар моњи Рамазон фурўхтани араќро мисли нўшиданаш маън накардаем, то ки ба нафси ягон майзада нарасем. Ѓалтак: - Шумо њукуматињо дар љањон њамто надоред. Дар маљлиси имомхатибњо дар ќатори мардони саллаву ришдор бонувони сарлучу бепољомаро даъват мекунед, Ќуръон чоп мекунеду масљид мебандед, масљиди калонтарини Осиёро месозеду ба масљид рафтани наврасон ва мактабњои мазњабиро манъ мекунед. Касе дар маљлисњо аз "сенария" берун шавад,у як њарф ба манфиати мардум илова кунад, љазо медињед. Нодиред ба Худо шумо дар ин зоопарк. Мирзодиккак: - Бародар, агар њукумат њукуматияшро накунад, ќисме ќабл аз интихоботи президентї њамаро ба ќавли мардум "ба бузакбозї" медароранд. Мана Атовуллоев худашро "Ватандор" гуфта аз хориљи кишвар чињо намегўяду намоиш намедињад-а! . Ѓалтак: - Мирзољон дар дохил, ки фаъолияти њизбњои мухолифро ба њар роњу васила мањдуд кардед, забони ватандорњои дур аз Ватан дароз мешавад. Озодињои сиёсии мардумро таъ-

мин кунед, ватандорњои аслї ним нон њам барои Атовуллоевњо намемонанд! Мирзодиккак: - Њоло якчанд масљиду мадрасањои боњашамат бунёд кунем, имомхатибњоро маош медињему Тураљонзодањоро ба мисли њамон Мулло Абдурањим аъзову љонибдори ЊХДТ мекунем. Ана баъд дар хориљбудањо антеннаи К + ро оѓўш гирифта хоб мераванд. Ѓалтак: - "Љони нодон дар азоб" ба љои ин њама дасиса сиёсати кадриро дигар кунед, низоми судиро барќарор кунед, муњити сармоягузориро хуб кунед, аз фасод даст кашеду иќтисоди нав созед. О, ба сатњи мулло Абдурањим фуромадани як давлат чї зарурат дорад??! Мирзодиккак: - Не, ќандаша занад, мулло мавлавї ќумандон Абдурањим ва зинда бодо эшони алаф-салаф! Дигар гап дорї?!! Ана номи "ислом"-ро њам аз ЊНИТ мегирему аввал ЊНТ баъд ЊТ мекунем исломињои бесарро, фањмидї! Ѓалтак: - Боке нест, аз дигар кардани номи ин филиалатон чизе таѓйир намехўрад, кардан гиред. Акнун номи писаратон Ќобилљони нањзатї неву Ќобилљони чї мешавад? Мирзодикак: -Э, бало занад, туф кунем њам болои сари худамон меафтодааст-дия.. Ѓалтак: -Худкардаро даво нест, вовайлои пинњонї... Дўстон ба боѓ гузаштанду Ѓалтак чанд оёту њадис ёд овард. Баъди ним соат тарѓибгари њукуматї Мирзодиккак ќавл дод, ки аз пагоњ рўза медорад, то ки аз махфирати Худованд дар ин моњи муборак бархурдор бошаду дуоњои дуннявии ў мустаљоб шаванд. Бо њамин дўстон хайрухуш карданду Ѓалтак сўи бозори "Шоњмансур" равона шуд. Беназмї дар кори ин бозор ба ёдаш расиду ба худ ќавл дод: "Ё ман ќабри ин раисро меканам, ё ин раис ќабри рўзадорони пойтахтро".

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Шокирљон ЊАКИМОВ, муовини раиси ЊСДТ: - Гуфтам, манбаъњои маблаѓгузории мо њамоне аст, ки ќонун манъ накардааст ва гузашта аз ин, њар сол мо сметаи даромаду баромади њизбро дар матбуот нашр мекунем. Агар мо манбаъњои маблаѓгузори хориљї ё вобасатагї медоштем, прокуратура фаъолияти моро мањдуд ё ќатъ мекард. -Бењтараш нашр накунед, ки яхмосфурўшу симкартафурўшњои Ванљ айб накунанд: "Дромади солонаи воњимањо ай абароти ду њафтаинаи мара кам бдаст. Мре ба ин рузту академику професуро! Бо бай мора президентшав бдану!" Асадулло РАЊМОНОВ, раиси Кумитаи Телевизион: - Ин гуна туњматро бисёр шунидаем. Ин гапи занакњои лаби об аст. Ягон наворбардори мо дар ин тўй иштирок накардааст ва њеч гуна тањќиќот њам дар ин бора анљом надодаем. Ин њамааш бофтааст, бовар накунед. -Дуппа-дуруст! Занакои лаби об дар бораи њамтоњои худашон гуфтаанд. Наворбардорњо ба шумо тобеъ нестанд, онњо раисњои дигар доранд. Асло, бовар накунед! Ана он одами сари зону шишта, раќс-дуо мекардагї-ку, вай тамоман телех нест! Телех аз куљо ин ќадар бою бадавлат мешавад?! Афсона аст ин њама дар кишвари фасонањо, љони бобо! Њољї Акбари ТЎРАЉОНЗОДА, рўњонї: - Имомхатиб бояд аз улуми исломї бохабар, мусалмони ботаќво ва донандаи хуби фиќњи исломї бошад. Фаќат бояд ба хости Худо амал кунад ва љуз Худову расул касеро дар масљид њамду сано накунад. - Бобои њољї, лекин обрўи муллоњоро соф паст задед-да! О, аз куљо ёфт мешавад дар Тољикистон 200300 уламои ислому парњезгору ботаќво?!! Хоса, ба 250 сомонї маошу "расписка о сотрудничестве" дар бари гўшаш?! Баъди ин "бирка"-и "Ёќут"-ку барои масљидњои Душанбе имом ёфт намешавад, куљо расад ба масљидњои Чкаловску Айнї?! Сайфулло САФАРОВ, муовини директори МТС: - Дар интихобот бояд, намояндањои ањзоби сиёсии гуногун иштирок кунанд ва он њаќиќатан интихобот бошад, яъне мардум тавонад, ки интихоб кунад. Кадоме аз онњо чанд фоиз овоз мегирад ин барои мо чизи њатмї нест, лекин худи интихобот бояд њатман дар сатњи бисёр баланд, ќонунї, шаффоф ва демократї баргузор шавад. -"Вашими устами да мёд пить" гуфтаанд русњо ва амалњои њукумат дар "интихобот"-њои ќаблиро ба ёд оварда, илова кардаанд: "Ё...ва...у м....Откуда же у вас руки растут?!". Рустам ЛАТИПОВ, раиси ноњияи Восеъ: - Убайдуллоњ Њасановро (имомхатиби ноњияро) танњо барои пешнињоди кардааш бо президент сабукдўш накардаанд, агарчї дар он пешнињод њам каме нофањмї буд. Ахборе, ки он љо доданд, носањењ буд. -Афсоная монеду гўед, ки читу бо раис шудани шумо ноњия "проблемний" шудост?!

Аждар КУРТОВ, коршиноси рус: - Касе фикр дорад, ки дар Кремл мехоњанд, њукуматро дар Тољикистон иваз кунанд, ин хатост. Танњо ду маќом аст, ки дар мавриди додани ингуна изњорот њаќ доранд: президент ва вазири умури хориљии Русия. -Хайр, аќќалан ба мухолифони њукумати Тољикистон фикр карданро манъ накунед, монед ин кашталкандањо њам ду-се моњ орзуе дошта бошанд, охир!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.