“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
1
Карзай аз кї норозї аст? САЊИФАИ 10 №17 (399). Чоршанбе, 16-уми июли соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
БОЗ ХОРУЃ
276 њазор сомонї ќарзи фармондењон монд САЊИФАИ 4
НОМАИ ИМДОД
Ба номи президент чаро иснод меоред!?
НОКАУТ МУШКИЛИ МИЛЛАТ
Хилъати сафед САЊИФАИ 7
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
"Сифр карат сифр, Собирамо..." САЊИФАИ 16
БОДЊОИ НАВИ КОЊИ КУЊНА Кї манофеъи миллии Ќирѓизистонро мефурўшад?
САЊИФАЊОИ 8-9
САЊИФАИ 13
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
2
ПАРВАНДАИ "КАЛОН" "Њамсоя" - и Фаттоњ Саидов куљо ѓайб зад? Бо гузашти як моњ аз "ѓайб" задани Низомхон Љўраев њељ яке аз маќомоти Тољикистон њозир нест шарњ дињад, ки собиќ раиси Корхонаи кимиёи Исфара ва муттањам дар сирќати дањњо миллион сомонї пули давлат, "гўрков" - и чандин прокурору судя ва пешвои 33 зиндонии Исфара куљо шуд. Нусратулло Абдуллозода, раиси Судии Олии Тољикистон, нињоде, ки як моњи ќабл баррасии парвандаи Низомхон Љўраевро бояд оѓоз мекард, аз мањалли будубоши судшаванда изњори беиттилоотї кард: - Дар куљо ќарор доштани Низомхон Љўраевро шумо аз маќомотњое, ки бевосита бо корњои фаврї - љустуљўї машѓуланд, пурсед. Агар мо медонистем, ки Низомхон дар куљост, ўро даъват карда, меовардем. Мо ќарори худро дар бораи Низомхон Љўраев ќабул карда, барои иљроиш ба маќомотњои дахлдор ирсол кардаем... 20 июни моњи гузашта Суди Олии Тољикистон дар пайи ин, ки Низомхон Љўраев ба мурофиаи судї њозир нашуд, ќарор баровард, ки нињодњои зирабт - Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати корњои дохилї ўро пайдо карда, ба суд њозир кунанд. Низомхон Љўраев аз моњи апрели соли 2012 дар боздоштгоњи Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия нигањ дошта мешуд. Озод буд, аммо тањти назорат, ба ин хотир, ки ба ў зиёне аз берун нарасад. Ду сол Низомхон Љўраев дар ихтиёри Агентї буд. Њатто мегўянд, дар ша-
«
фати кабинети кории раиси ин нињод Фаттоњ Саидов утоќ дошт, ба истилоњи дигар, њамсояи девор ба девори ў буд. Аммо дар шарњи "ѓайб" задани ў масъулини ин нињод ба расонањо гуфтанд, ки охири моњи май парвандаи Љўраевро ба Прокуратураи генералї интиќол дода, аз њамон ваќт мањалли иќомати ўро намедонанд. Ин ишораи рўйрост ба ин буд, ки Низомхон баробари интиќоли парвандааш дар ихтиёри ин нињод нест, яъне агар гум шуда бошад, айби мо не, айби прокуратураву суд. Аммо ин тавр нагуфтанд. Дар Прокуратураи генералї ба даъвои Агентї як зањрханд зада, гуфтанд, ин тавр бошад мо парвандаро ба Суди Олї супурдаем, пас љавобгар бояд Суди Олї бошад. Аммо корманди прокуратура шарњи аљибе дод: "Интиќоли парванда маънои инро надорад, ки соњиби парванда њам интиќол дода шавад. Мо парванда гирифтем, на одам" Ин нињод њам инро нагуфт, ки куљо будани Низомхонро кї медонад ё масъули нигањдории ў кї буд. Дурусттараш, њама хуб медонанд, аммо хомўшанд, то дар "бало" намонанд. Суди Олї њам мегўяд, ки аз маќомоти тафтишотї суол кунед. Маќоме, ки парвандаи Низомхонро такмил кард, Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон аст. Аммо ин љо њам касе Низомхон Љўраев, "њамкор"-и дусолаи худро намедонад. Аз чењрањо бармеояд, ки ўро барваќт хеле боз надидаанд, ё умуман як рањматиест, ки дар кадом солњо, шояд асри миёна дар кадом як кунљи дунё ба сар мебурд.
Њама аз гуфтани њарфе дар ин бора тарс доранд. Њатто адвокати Љўраев. Он кас телефонашро намебардорад. Аз суњбатњои рўзи аввалаш бо матбуот њатто хулоса мешуд, ки хавф дорад ўро њам љавобгари ин фирор кунанд. Њол он, ки мањз ў њуќуќ дорад аз маќомот пурсад, ки нафари тањти њимояташ куљо шуд?
САДОИ МАРДУМ
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
13%
Пеш роњи ин издивољњоро гирифта намешавад
24%
7%
Намедонам, дар ин бора то њол фикр накардаам
Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки беш аз 60% раъйдињандагон ба шавњари хориљї кардани духтарони тољик назари нек надоранд.
Ишќ сарњад надорад
Хеле бад, бояд њукумат ин чизро манъ кунад
Бад, генофонди миллат зери хатар ќарор мегирад
Хуб, љавонони мо њам бо духтарони хориљї хеле зиёд издивољ кардаанд
Олї, ин як раванди маъмули љањонишавї аст
6%
дињои ў њам калон буданд. Аз сарнавишти ў сарнавишти як гурўњи калон њам бастагї дошт. 33 хешу табор ва ду бародари Низомхон Љўраев дар пайи парвандаи ў боздошт ва зиндонї шуда буданд. Сарнавишти онњо чї мешавад? Хулоса, ин як гапи калон ва парвандаи калон аст. Аљаб ин, ки љомиаи шањрвандї њам љое инро масъалагузорї намекунад. Ё њама фаќат масъулагузорї бо супоришњои махсус аст? Маќомот њатто шояд хуш бошанд, ки ба ин хабар касе эътибор намедињад, ба љуз як - ду рўзноманигор, ки њамонњо њам шояд дигар мавзуъ наёфта, иљборї инро пўшиш медињанд. Бале, эњсос мешавад, ки њама аз гуфтани њарфе дар ин бора тарс доранд. Њатто адвокати Љўраев. Он кас телефонашро намебардорад. Аз суњбатњои рўзи аввалаш бо матбуот њатто хулоса мешуд, ки хавф дорад ўро њам љавобгари ин фирор кунанд. Њол он мањз ў њуќуќ дорад аз маќомот пурсад, ки нафари тањти њимояташ куљо шуд? Ин хомўшї ва шона холї карданњои маќомоти масъул аз рўи адолат нест. Тарсангез аст. Сарнавишти Шамсиддин Салимов, рањбари љамъияти ўзбакњои вилояти Хатлон ба хотир меояд. Шояд њамин тавр њам бояд бошад? Парвандаи калон, пули калон, гапи калон... Танњо ормонњои як давлати демократї хурданд ва гапе нестанд?
МУХОЛАФАТИ БЕШ АЗ 60%-И РАЪЙДИЊАНГОН БА ИЗДИВОЉИ ДУХТАРОНИ ТОЉИК БО ХОРИЉИЊО
37%
9%
«
Аммо набояд ин тавр бошад. Љўраев ин љо ду соли расо буд. Лоаќал касе бояд шарњ дињад, ки њамон рўе, ки аз боздоштгоњи Агентї берун омад, кай буд, бо кї буд, ба кадом далел бо кї берун рафт ва барнагашт. Нињоят: охир, ў тањти муроќибат буд, ўро посбонї мекарданд! Мо аз матрањ кардани ин суол пеши дигар нињодњо худдорї мекунем. Сахт метарсем, ки он нињодњо ин фирорро ба манофеъ ва амнияти миллї, шояд љањонї рабт дињанд. Аљаб нест. Аммо бубинед, ки чун як љиноят ё њодисаи маъмулї рух медињад, чї ќадар сараш љамъ мешаванд, воњима, овозаву дарвоза мекунанд. Аммо њоло нафаре фирор кардааст, ки аз рўи 9 моддаи Кодекси љиної муттањам мешавад! Инсоне, ки ба истењсол, ба даст овардан, нигоњдорї, њамлу наќл ё ба муомилот баровардани мол ва мањсулоти тамѓаношуда, соњибкории сохта, ба расмият даровардан (ќонунї гардонидан) - и маблаѓњои пулї ё молу мулки дигари ѓайриќонунї ба даст овардашуда, контрабанда (ќочоќ), саркашї аз пардохтњои гумрукї, саркашї аз супоридани андозњо ва (ё) пардохтњо аз шахси њуќуќї, сохтакорї, тайёр кардан ё ба соњибияти каси дигар додани њуљљат, мукофоти давлатї, штамп, мўњр ва бланкањои ќалбакї, азонихудкунї ё исрофкорї ба миќдори махсусан калон, ќаллобї ба миќдори махсусан калон муттањам мешавад. Хулоса, гап дар бораи як љинояткори калон меравад. Хисоротеро, ки аз ў давлат дида буд, дањњо миллион сомонї њисоб шуда буд. Дуз-
4%
Ин назарпурсї, ки зери унвони "Муносибати шумо ба шавњари хориљї кардани духтарони тољик чї гуна аст?" гузаронида шуд, маълум кард, ки 37% (207 нафар) иштирокчиён ба варианти "Бад, генофонди миллат зери хатар ќарор мегирад" раъй доданд. Инчунин 24 дар сад (137 нафар)-и дигар њам ба гузинаи "Хеле бад, бояд њукумат ин чизро манъ кунад" овоз додаанд. Аммо бар хилофи раќамњои дар боло зикршуда, 9% (50 нафар)-и раъйдињандагон варианти "Олї, ин як раванди маъмули љањонишавї аст"-ро интихоб карда, 6 дар сад (31 нафар)-и дигари ширкаткунанда-
гон њам гуфтаанд: "Хуб, љавонони мо њам бо духтарони хориљї хеле зиёд издивољ кардаанд". Инчунин 13 дар сад (74 нафар)-и райъдињандагони ин назарсанљї гуфтаанд, ки "Ишќ сарњад надорад" ва 7%(37 нафар)-и дигар бар ин боваранд, ки "Пеши роњи ин издивољњоро гирифта намешавад. 4% (25 нафар)-и иштирокчиёни ахир њам гуфтаанд, ки "Намедонам, дар ин бора то њол фикр накардаам". Ин назарсанљї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи "Тољнюс" аз 9 то 15-уми июли 2014 гузаронида шуда, дар он 561 нафар иштирок кардааст.
МАОРИФ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
3
омилони сар задани чунин њодисањо мегарданд. Аммо дар ин баробар дигар омилњое низ њастанд, ки домани муноќишаро рањо кардан намехоњанд.
Равѓан барои оташ Ќирѓизистон бо фарќ аз замони президентњои собиќ Аскар Акаев ва Ќурмонбек Боќиев идораи мутамарказ надорад. Њизбњои сиёсї ва шахсиятњои алоњида дар тасмимгирињо нуфуси боло доранд. Ин аст, ки аз њар гардиши њаводис ба нафъи худ истифода бурдан мехоњанд, роњи њали мушкилоти марзиро печ дар печ мегардонанд. Тољиконро дар расонањояшон њамчун душман бозтоб намудан низ, бархоста аз њадафњои чунин гурўњњост, ки бо манфиатњои давлати ќирѓиз њамхонї надорад. "Дасти саввум"-ро ба унвони дигар омил ном мебаранд. Баъзе ќудратњо ва кишварњои таъсиргузор дар минтаќа њеч хоњони он нестанд, ки Ќирѓизистон ва Тољикистон сари масъалањои марзиашон нуќта бигзоранд. Њали ин масъала дафтари тозае дар муносиботи ду кишвар буда метавонад. Кам
10-уми июл як гуруњ сокинони дењаи Ворух аз сўи марзбонони ќирѓиз мавриди тирборон ќарор гирифтанд. Дар натиља як нафар куштаву чанд тани дигар захмї шуданд. Сафоиддин Шаропови 36сола њамроњи њамдењањояш барои тармими ќубурњои обгузар ба мањаллаи Бедак мераванд. Ин гурўњ зери њамлаи ногањонии марзбонони ќирѓиз мемонад, ки дар натиља Сафоиддин Шаропов љон месупорад. Аз ў се фарзанд ятим монанд. Њодиса дар замоне рух дод, ки љонибњои Тољикистону Ќирѓизистон лоињаи шартнома оид ба масоили марзиро ба шакли нињоияш мерасонданд. Ин амали махсус тарњрезишуда буд?
БОДЊОИ НАВИ КОЊИ КУЊНА Кї манофеъи миллии Ќирѓизистонро мефурўшад? Оѓози соли равон миёни марзбонон тирпарронї сурат гирифт, ки дар натиља чанд захмиро аз ду љониб ба љой гузошт. Ин ќазия боис гардид, ки љониби Ќирѓизистон як маъракаи густурдаи иттилоотиро алайњи Тољикистон роњандозї кард, расонањои ќирѓиз ба тањрифи воќеият пардохта, чењрањои алоњидаи кишварашонро тарѓиб мекарданд. Чунин ба назар мерасид, ки чењрањои сиёсии ќирѓиз аз ин ќазия суд бардоштан мехоњанд.
Суди сиёсї
Шинохти њариф
Сафоиддин Шаропов аввалин нафаре нест, ки ќурбонии муноќишањои марзї дар ноњияи Исфара гардидааст. Муноќишањо манша аз миёнањои солњои 50-уми асри гузашта мегиранд. Аз замоне, ки ба њамсоягии тољикон дар он сўи марз ањолии нав оварда шуд. Соли 1989 дар замони Шўравї муноќишаи мардуми ду љониб се куштаро ба љой мегузорад. Рањбарони ваќти Тољикистон ва Ќирѓизистон Ќањњор Мањкамов ва Абдусамад Масолиев аз минтаќа дидан карда, мардумро ба њамзистї даъват мекунанд. Баъди ба истиќлол расидан, бо пеш омадани мушкилоти дохилии Тољикистон њалли масъалаи марзї ба ќафо партофта мешавад. Аз соли 1998 ин љониб њар сол њеч не се муноќиша дар марз ба ќайд гирифта шудааст. Бахусус, як соли охир шумори муноќишањо афзуда, истифода аз силоњ бештар шуд. Њодисаи мудњиши шаби 19-ум ба 20-уми августи соли гузашта, ки 4 узви оилаи Абдуќањњор Халоќовро дар дењаи Чоркўњ кушта ба љой гузошт, намунаи барљастаи ин аст. То њол маълум нест, ки омилони ин ќазия кињо буданду чаро он сар зад.
Ба фарќ аз тољикон љониби Ќирѓизистон њамеша нисбат ба масъалаи марзї њассостар будааст ва рўи ин масъала барномањои мушаххас дорад. Аз љумла ташкили вилояти Ботканд дар сарњади Тољикистон низ аз зумраи ин барнома дониста мешавад. Вилояти Ботканд соли 1999 баъд аз њуљуми Љумъаи Намангонї ташкил шудааст, ки бо дахолати ќумандонњои тољик баъдан минтаќаро тарк кард. Ин масъала ва муноќишањои марзї бањона шуданд, ки барои дар сатњи вилоятї бардоштани масоили амниятии минтаќа Ќирѓизистон дар асоси се ноњияи ќисмати љанубиаш - Ботканд, Лайлак ва Ќадамљо вилояти Боткандро таъсис дињад. Вилоят наздики 500 њазор ањолї дорад. Ќариб баробар ба ањолии ноњияњои Исфара ва Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд мебошад. Аз нигоњи геополитикї печидатарин минтаќа дониста мешавад. Чунки дар вилоят љазираќаламравњои Ўзбакистон ба мисли ноњияи Сух (аксари ањолї тољикон), дењаи Шоњимардон ва минтаќаи бањсии атрофи Ворух воќеъ аст. Аз нигоњи этникї, марзи вилоят хеле печида буда, бо љазираќалам-
«
Ќазияи мазкур халтаи борути хобидаро мемонад, ки дар њар ваќти дилхоњ зарра-зарра аз он истифода мешавад. Мутмаинан, инњо ќирѓизњои асил ва агар тољик бошанд, тољикњои асил нестанд. Ин низоъ устувории њарду кишварро барњам зада, онњоро тобеъу дастнигари Ўзбакистону Русия мекунад. Тарњњои бузурги минтаќаї, назири CASA-1000, лўлаи газ ба Чин, роњњои оњан аз Русияву Чин, њатто тарњњои дохилї зери суол рафта, зомини ризќи мардуми ду кишвар хоњад шуд.
«
равњо ва дигар омилњо вилоятро осебпазир гардондааст. Инчунин, гурўњи алоњида дар вилоят барои ба сари њокимият омадан њамеша миёни худ бархўрдњо доранд. Аз љумла, гурўње бо пўштибонї аз Мамет Айбалаев, губернатори собиќ дар талоши онанд, ки Љениш Раззоќов, губернатори вилояти Боткандро барканор карда, аввалиро ба ин маќом шинонанд. Гурўњи дигар алайњи ин гурўњ мехоњад, ки Љениш Раззоќов дар маќоми худ боќї монад. Ба тафсири коршиносон ва расонањо шахсияти Айбалаев барои худи ќирѓизњо ва ўзбакњои Ќирѓизистон дар њодисањои љануби ин кишвар дар соли 2010 хеле маълум аст. Ў яке аз оташафрўзони ин ноамнињо, ки дањњо кушта ба љой гузошта буд, шинохта мешавад. Ўро дар пеш омадани мушкилњо дар љазираќаламравњои Сух ва Шоњимардони Ўзбакистон ва њам тољикони ноњияи Лайлаки худи Ќирѓизистон хеле хуб мешиносанд. Мањз ў буд, ки дар замони "салтанат" - аш дар Бодканд (солњои 1999 - 2003) тамоми ќудратро ба дасти ќирѓизњо дод ва тавозуни чандасраи њамзистии осоиштаи миллатњои ин вилоят - ќирѓизњо, ўзбакњо ва тољикњоро барњам зад. Соли 2002 дар вилояти Лайлак миёни љавонони тољик ва ќирѓизи Ќирѓизистон муноќиша бархост. Ба фарќ аз ў, Љениш Раззоќов , губернатори вилояти Ботканд инсони мусолињакор аст ва љонибдорї аз њалли мусолиматомези ќазияи марзї бо Тољикистон мекунад. Аз талаби мардуме, ки ба љонибдорї аз ў бархостаанд, шахсияти Раззаќов дар миёни боткандињои Ќирѓизистон хеле матрањ аст. Ў назар ба губернаторњои пешин њоло сари бењшавии авзои зиндагии мардум кўшиш дорад. Ва ба гуфтаи коршиносони марзї, хостори кадом як ноамнии ба мардум зараровару ба кадом гурўњње манфиятовар нест. Аз ин хотир, мардум худ ташаббус нишон дода, мехоњанд ў дар сари ќудрат боќї монад ва равуо миёни тољикон ва ќирѓизњо бе мушкил сурат бигирад. Зеро аз роњбандии ќирѓизњо пеш аз њама боз худи онњо, ки сокинонии ин кишваранд, зарар мебинанд. Чунин гурўњњо дар сиёсати Бишкек низ дасти дароз доранд, аз чунин њодисањо њамеша суд бардоштан мехоњанд. Ин ва дигар масъалањои Ботканд худ аз
нестанд, масъалањое дар сатњи минтаќавї, ки Душанбе ва Бишкек дар он манфиатњои муштарак доранд. Эњсосоти мардуми минтаќа аз њарду љониб низ мавриди истифода ќарор гирифта метавонад Чун њарду љониб њам солиёни дароз дар рўёрўи њам ќарор гирифта, мубориза барояшон характери миллї касб намудааст. Ин эњсоси онњо барои тарафи манфиатдор мавриди истифода ќарор мегирад. Чунин ранг гирифтани кор дар соатњое, ки бояд љонибњо сари мизи музокирот менишинанд, бењадаф нест ва зери контрол нагирифтани эњсосоти мардуми ду љониб ва ба љояшон нанишондани марзбонњои "худсар" оќибатњои таассуфбор оварданаш мумкин аст. Ќазияи мазкур халтаи борути хобидаро мемонад, ки дар њар ваќти дилхоњ зарра-зарра аз он истифода мешавад. Мутмаинан, инњо ќирѓизњои асил ва агар тољик бошанд, тољикњои асил нестанд. Ин низоъ устувории њарду кишварро барњам зада, онњоро тобеъу дастнигари Ўзбакистону Русия мекунад. Тарњњои бузурги минтаќаї, назири CASA-1000, лўлаи газ ба Чин, роњњои оњан аз Русияву Чин, њатто тарњњои дохилї зери суол рафта, зомини ризќи мардуми ду кишвар хоњад шуд. Бале, Тољикистону Ќирѓизистон дар сатњи минтаќа ду сарбози як сангар њастанд, аммо кї онњоро зидди њам мешўронанад, маълум аст, ки дўсти онњо нест. Њељ љои бањс надорад, ки дар сафи марзбонон ва рањбарони ќирѓиз дастнишондањои хориљї њастанд ва онњо бо гирифтани маблаѓи муайян мехоњад супоришњои онњоро иљро кунанд. Мањз ин ќудратњо нагузошта буданд, ки аз њамон оѓоз мушкили марз њал шавад. Дар баробари ин, рањбароне низ дар Ќирѓизистон њастанд, ки манфиати миллии худ ва ањамият, дўстии ду кишварро хуб мефањманд. Онњо ба сахтї њам бошад, он паллаи тарозуро зер мекунанд, то хоинон манофеъи миллии Ќирѓизистонро ќурбонии манофеъи хориљињо накунанд. Мо бо њаминњо бояд кор кунем, то бодњои нав коњњои куњнаро ба самти дигар савќ надињанд... Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
РЕЗААХБОР
"АМОНАТБОНК":
ЌАРЗИ ФАРМОНДЕЊОН 276 ЊАЗОР СОМОНЇ МОНД Толиб Аёмбеков ва Ёдгор Мањмадаслонов, ќумандонњои бадахшї 70%-и ќарзашон аз "Амонатбонк"-ро баргардондаанд. Љамшед Нурмањмадзода, раиси "Амонатбонк" дар нишасти хабариаш эълон дошт, дар 6 моњи аввали соли равон ин ду нафар аз ќарзи гирифтаашон 65 њазорашро ба «Амонатбонк» баргардонидаанд. - Ба 1-уми июли соли 2014 ќарзи онњо 276 њазор сомониро ташкил медињад. Дар баргардонидани ќарз ягон хавф вуљуд надорад, гарав њаст. Онњо низ омо-
даанд бо дарёфти маблаѓ ќарзашонро пардохт кунанд. Дар ин самт корњои рафта истодаанд,- гуфт раиси "Амонатбонк". Раиси бонк дар ибтидои дар посух ба ин суол, ки ин ќарз аз кадом њисоб рўёнда мешавад, гуфта буд, Айёмбеков дар ноњияи Ишкошим дар чашмаи Ављ як бино, дар шањри Хоруѓ мењмонхона ва хонаи истиќоматї дорад ва боз соњиби 2-3 мошини сабукрав мебошад, ки аз њисоби фурўши онњо ќарз рўёнида мешавад. Он замон Љамшед Нурмањмадзода эълон кард, ки дар њоли њозир дарёфти
БОЗГАШТИ АЛЮМИНИУМИ БАЛАНДСИФАТ БА ТАЛКО
Ќарзи Аёмбеков ва Мањмадаслонов дар назди "Амонатбонк" бо фоизњояш ба 800 њазор сомонї расида буд. Муллораљаб ЮСУФЇ
БОЗДОШТИ ОМЎЗГОР БО 11 ЊАЗОР ДОЛЛАР ПОРА
Корхонаи воњиди давлатии "ТАЛКО" баъди таваќќуфи чандинмоња истењсоли алюминиуми аълосифати навъњои АЕ5 ва АЕ7 - ро барќарор намудааст, ки вазъи молии корхонаро бењтар мекунад. Тавре Игор Сатторов, сухангўи "ТАЛКО" ба "Нигоњ" хабар дод, корхона ба асоси барномаи "Баланд бардоштани иќтидори истењсолии Талко" ба азнавсозї, васлу таљњизонидани ванањои нав ва дигар корњои аввалияи зарурї љињати истењсоли дигарбораи тамѓаи аълосифати алюминийи навъњои АЕ5 ва АЕ7 шуруъ карда, нахустин тоннањои алюминиуми баландсифатро истењсол кардааст. Игор Сатторов мегўяд, ки алњол корњои васлу таљњизсозии ваннањои нав дар сехњои электролизии корхона шуруъ шудааст. Мутахассисони корхона дар як моњ имкон доранд то 20 ванаи куњнаро ба ванањои нав иваз намоянд. Ванањои нав барои корхона аз хориљи кишвар харидорї карда шуда, теъдоде аз ванањои куњна низ барќарор шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки таќрибан аз аввали зимистони соли 2014 камбуди энергияи барќї дар фасли зимистон, арзоншавии бесобиќаи нархи алюминий дар Биржаи металњои Лондон ва мањдудиятњо дар интиќоли хокаи алюминий ба дохили Тољикистон сабаб шуда буданд, ки истењсолоти навъњои бењтарину бозоргири алюминий, аз љумла навъњои АЕ5 ва АЕ7 дар корхона муваќќатан ќатъ шаванд. Энергияи барќии зиёд ва ван-
харидор рафта истодааст. Агар харидор дарёфт шавад мо кўшиш мекунем, ки ба ѓайр аз амволаш дар бораи дигар манбањои даромади ў чорањо андешида истодаем.
нањои гидролизии пуропур аз хокаи алюминиум аз вижагињои истењсоли ин навъи алюминиум будаанд. Истењсоли алюминии навъњои АЕ5 ва АЕ7 барои корхона фоидаовар аст, зеро ќиммати ин навъи филиз аз нархи алюминиуми муќаррарї то 220 - 250 доллар барои як тонна зиёдтар мебошад. Ин дар њолест, ки арзиши истењсоли як тонна алюминиум дар "ТАЛКО", бинобар њисоби коршиносон, таќрибан 1800 - 1900 доллар барои як тонна буда, айни њол нархи љањонии филиз 1850 1920 доллар барои як тонна мебошад. Бояд гуфт, ки панљ соли пеш "ТАЛКО" аз њаљми умумии энергияи барќи тавлидгаштаи НБО - и Тољикистон 36 дарсадашро дар истењсолоташ истифода мебурдааст. Дар се солаи баъдї ин нишондод ба 25 - 20 ва дар зимистони гузашта бо ќарори махсуси њукумат то 18 дарсад коњиш дода шудааст. Дар фасли тобистон КВД "ТАЛКО" аз харидорони асосии энергияи барќи ШСХК "Барќи тољик" ба шумор меравад, ки њамасола оби эквивалент ба 5-5,5 млрд. кВт/соатро ба дарё мепартояд, аммо ширкат нархи энергияи барќиро, на барои саноати миллї ва на барои ањолї поин намебарад. Абўалї НЕКРЎЗОВ
«
Кормандони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо фасод як омўзгори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистонро барои гирифтани пора ба маблаѓи 11 њазор доллари амрикої боздошт намудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Аегнтї, нисфирўзии 3-юми июл Гулчењра Халикова, ассистенти кафедраи "Физиолигия"-и донишгоњи мазкурро дар як хона дар хиёбони Рўдакии шањри Душанбе њангоми гирифтани маблаѓи 11 000 доллар барои дохил намудани довталаб ба Донишгоњ дастгир кардаанд. Гулчењра Халикова аз як сокини ноњияи Зафаробод бо маќсади ба ДДТТ дохил намудани хешаш ба донишгоњ 11 њазор доллари ИМА талаб кардааст. Агентї эълон доштааст, дар асоси иљозати суди ноњияи Исмоили Сомонии шарњри Душанбе рўзи 5-уми июл нисбати гумонбаршуда Халикова чораи пешгирї дар намуди ба њабс гирифтан татбиќ карда шуд. Дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи љиноятї Халикова муайян кардаанд, ки гўё бо ягон нафар дар хусуси дохил кардани довта-
лаб њанўз бо касе маслињат накардааст ва гўё маќсад доштааст, ки минбаъд шахсони дахлдорро дарёфт намуда, барои дохил кардани номбурда мусоидат мекардааст. Ин аввалин њодисаи дастгир намудани омўзгорони донишгоњњои олї дар соли равон нест, ки бо иттињоми порагирї боздошт мешаванд. Ибодуллоњи ТОЊИР
МУСОДИРАИ "СОСА СОLА", "ФАНТА" ВА "ФАНТА-ЛИМОНАД" Кормандони Агентии Тољикстандарт дар ду њафтаи охир беш аз 4 тонна нўшокињоро, бинобар гузаштани муњлати истеъмолашон аз муомилот боздоштаанд. Аз љумла њазорњо адад аз нўшокињои "Соса СоLа", "Фанта" ва "Фанта-Лимонад"-ро мусодира кардаанд. Тавре Агентии Тољикстандарт иттилоъ медињад, аз аввали соли 2014 беш аз 400 тонна мањсулоти гуногуни муњлати истеъмолашон гузаштаро ошкор намуда, нест кардаанд. Ба гуфтаи масъулини ин нињод, зимни санљишњои навбатї дар њамкорї бо маќомоти њифзи њуќуќ мањсулоти гуногун аз ќабили кулчаќанд-125 кило, нўшокии ѓайриспиртї 250 литр, маргарин 25 кило, ширинињо - 300 кило ва дигар мањсулоти пастсифат ошкор гардидааст. Њамчунин, 61 тонна ќиммаи гўшти мурѓ дар анбори нигоњдории мањсулот, воќеъ дар шањри Душанбе ошкор ва пас аз ташхис тибќи хулосаи комиссия ба сифати хўроки чорво равон карда шуд. Дар анбори нигоњдории мањсулоти Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Кристал казбеги" ба миќдори 4 њазору 456 кило чойи хушки муњлати истеъмолаш гузашта ошкор карда шуд.
Ѓайр аз ин дар анбори ЉДММ "Соса СоLа"-нўшокињои Тољикистон", ки дар минтаќаи саноатии шањри Хуљанд љойгир мебошанд ба миќдори умумии 138 њазору 828 адад нўшокињои ташнашикан бо тамѓаи "Фанта", "Фанта-Лимонад" ва "Соса СоLа" муњлати истеъмолиашон гузашта гирифта шудааст. Мењрубон ОРИФЇ
БАЊСИ РЎЗ
Баъди ба анљом расидани расмиёти вуруд дар фурудгоњи Дубай, бузургтарин шањри Амороти Муттањидаи Араб ва пойтахти Аморати Дубай ба толори пазираи мењмонон гузаштам. Ва аввалин чизе, ки дар назарам ѓайримуќаррарї намуд, ин аз чор сў шунидани яке аз лафзњои њиндуї буд. Гўё, замин кафида, њиндустонї баромадааст. Њатто њамон дўстоне, ки маро пешвоз гирифтанд, гуфтанд, рафиќи њиндустониашонро низ истиќбол мегиранд. Чун ба мењмонхона ворид шудам, маро љавонмарди њинду хайрамаќдам гуфт. Пагоњии дигар барои харид ба маѓоза даромадам, фурўшанда марди њинду буд. Ба тарабхона рафтам, аксари таъомњо њиндуї буду тез. Мизољон низ наваддарсад њинду буданд. Рўбарўи тарабхона дўкони газетафўрушї будааст ва ба он наздик шудам, дар он танњо нашрияњои њиндуї дидам. Рўзи љумъа ба яке аз масољид рафтам, боз аксари ањли ибодат аз мардуми њинду ва ё њиндунамо иборат буд ва њатто мавъиза њам ба забони њиндуї садо дод. Дар тамоми кўчаву растањои савдо симои њинду ва садои њиндуиро мешунидам ва аз худ суол кардам, ки ман ба куљо омадам: ба Аморот ё ягон иёлати Њиндустон? Аз њама аљибаш он буд, ки дар хиёбону фурўшгоњњо илова бар њиндуњо покистонињо, бангладешињо, эронињо, чинињо, филлипинињо, аврупоињо ва арабњои гайриаморотї ва дигар миллатњоро мебинед, аммо бо арабњои тањчої, ки номи пурифтихори "аморотї" доранд, кариб ки дучор намешавед. Онњо бегоњињо дар фурўшгоњњои гаронбањову тарабхонањои бењтарин ва мошинњои камёфт менамоянд. Аз нафари зиёинамо, ки шаклу сумоти њиндуї дошт, нишониеро пурсидам. Гуфт, ман њам ба њамон љониб равонам. Њамин тавр, њамроњ кадам задем. Аз суњбати сари роњ маълум гардид, ки вай њам њиндутабор будаасту зиёда аз сї сол боз дар Аморот кору зиндагї дорад. Бо шухї гуфтам, шумо дар ин мамлакат худро бегона эњсос намекунед, ба кадом тараф гардед, њиндутаборро мебинед. Њаминро низ бояд гуфт, ки агар њинду сарашро аз чап ба рост љунбонад, маънои "ња"-ро дорад, яъне, одаташон бар акси мову шумост, чунки дар анъанаи мо агар сарро аз боло ба поён љунбонед, маънои "ња"-ро дорад. Аз либос ва тарзи суханронии хамсафарам маълум, ки аз њиндуњои ќаторї набуд, бинобарин баодобона ба ин чиз ишора задам. Гуфт, бале, дар як ширкати бонуфуз мушовир аст. Сабаби бисёр будани мардуми њинду дар Аморотро пурсидам. Наќлам кард, ки соли 1976 шоњи АМА бо сарвазири њамонваќтаи Њиндустон марњум Индира Гандї дар Дењлї мулоќот ва хоњиш намуда будааст, ки аз љињати ќувваи корї ба Аморот, ки ба он сахт ниёз дошт, мадад расонад. Ин дархост пазируфта шуда, иёлати Керала барои фиристодани ќувваи корї ризоият додааст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
5
ДУБАЙИ ЊИНДЇ Њиндуњо ба амнияти миллии Амороти Муттањидаи Араб тањдид намекунанд? Мувофиќи асноди интернетї, 5 июли соли 2014 дар Аморот 9 миллиону 479 њазор ањолї буд ва дар Дубай 1 миллиону 780 њазор сукунат дошт, вале баъзе сарчашмањо ањолии Дубайро то се миллион нишон дода, таъкид њам намудаанд, ки шумораи истиќоматкунандагони он аз шумораи ањолии пойтахти Аморот Абу Дабї гузаштааст. Аз ин 9 миллион танњо 12% араби аморотї будааст ва шумораи њиндуњо 2.2 миллион ё зиёда аз 20% ањолии Аморотро ташкил медињанд. Агар ба ин 2 миллиону 200 њазор боз 1.5 миллион покистонї ва тахмин 700 њазор бангладешї, ки њама аз собиќ Њиндустонанд, илова кунем, пас маълум мегардад, ки тахмин ними сокинони имрўзаи АМА њиндутаборанд. Онњо бештар дар сохтумону тиљорат машѓуланд. Агар гўем, ки 90% бинокорон њиндувонанд, шояд хатое аз мо нагузарад. Тозагии шањрњои Аморотро низ њиндуњо ба зимма гирифтаанд. Дар соњаи хидматрасонї њам њиндуњо аксариятро ташкил медињанд. Бо њиндувоне, ки солњои сол дар Аморот њастанд, суњбатњо доштам ва онњо бо ифтихор таъкид доранд, ки Дубай, аз љумла, биноњои осмонбўсашро сохтаанд. Бори аввал ман ба ин кишвар соли 2006 сафар карда будам ва он замон њам њиндуњо дар сохтумон аксариятро ташкил медоданд ва ман аз тољири тољик, ки дар Дубай солњо мезисту тиљорати хуб њам дошт, пурсида будам, ки чаро тољикон мисли њиндуњо дар ин диёр кор намекунанд, зеро Аморот назар ба Русия якчанд афзалият дорад. Пеш аз њама аз љињати ахлоќї назар ба Русия бењтар аст. Он рафиќ посухам дод, ки бале, мо њам чунин суолро дода будем, ки тољик аз њинду чї камї дорад ва як даста бинокоронро аз Душанбе овардем. Онњо як моњ тоќат карданд. Ба кор дар ваќташ намебаромаданд, дар љойи кор низ њама фармоишњоро иљро намекарданд. Соњибони корхона мехостанд, мардуми мо аз рўи инсоф кор кунанд, вале тољикон чавоб доданд, ки мо дигар ба 300 доллар кор намекунем… Онњо њаќ буданд. Дар Аморот дар соњаи бинокорї ба коргар баста ба шароиту ширкати корфармо аз 300 то 700 доллар музд медињанд ва тољик ба ин пул
кор намекунад. Ва монеаи дигар ин надонистани забони арабї ва англисист. Аз ин љињат гуё, Аллоњ њиндуњоро махсус барои кор дар Аморот офарида бошад. Њиндуњо худро дар Аморот озод хис мекунанд, чунки дар њарду кишвар забони англисї расмї мебошад ва аз ин сабаб дар масъалаи забон мушкилие надоранд. Аз љињати обу њаво низ ин ду мамлакат шабењи њамдигаранд. Баъд, барои њиндуњо Аморот кишвари наздиктарин ва барои кор ќулайтарин њисобида мешавад. Бинобарин аз ќариб 12 миллион муњољири њинду, ки дар кишварњои дигар кор мекунанд, зиёда аз 2 миллионаш ба Аморот рост меояд. Љавонмарди њинду ба 300 - 700 доллар бо хушнудї, ба ќавли мардум, љон - љон гуфта, кор мекунад. Чаро? Чунки дар ватанаш бо 100 доллар як моњ як оилаи миёна хеле хуб зиндагї мекунад. Баъзењояшон мегўянд, ки мо дар ватанамон сарватманд ба њисоб меравем. Аморотї ва бизнесменњо аз дигар мамолик низ хеле каноатманданд, ки биноњои бузургашро бо кувваи арзони њиндуњо месозонад ва он барояшон фоидаи калон меорад. Љињати дигар ва хеле муњими љалби њиндуњо ба сохтумон дар он аст, ки аксари ин миллат хеле пуртоќат, ором ва иљрогар аст ва кори фармударо айнан ва дар муњлати барояш муайянкарда ба итмом мерасонад. Илова бар ин њиндуњо табиатан эътирозгар нестанд. Дар чанд соли охир онњо се ё чор бор дар мавриди пардохти музди кам бинокорон дар Дубай коршиканї кардаанд. Аз љумла, чор - панљ сол пештар њангоми сохтумони баландтарин бинои имрўзаи љањон - Бурљи Халифа, ки 162 ќабат манзили истиќоматї дорад, њиндуњо ва бангладешињо барои баланд бардоштани моњонаашон, ки танњо 200 доллар будааст, коршиканї карда буданд. Сабаби дигари афзудани шумораи њиндуњо дар он аст, ки онњо аз љињати сиёсї ба манфиати зимомдорони араб мувофиќанд, чунки онњо дар ин ё он мамлакат њаргиз ба ягон гуруњњои иртиљої шомил намешаванд ва умуман, аз сиёсат худро канора мегиранд.
Њиндуњо аз чињати сиёсї пуртањаммултарин миллати љањонанд ва идораи давлаташонро њар замон ба дасти аќаллиятњои миллї месупоранд. Якчанд сол пештар сарвазири он аз миллати сикњо, ки шояд дар атрофи 2.5% ањолии Њиндустонро ташкил дињанд, буд. Ё президенти он мусалмон буду раиси њизби њукмрон хонуми итолиёвинажод ва вазири мудофиа Ферденандес ном марди масењї. Бо ин гуфтањо ман њиндуњоро "љаннатї" намехонам. Онњо њам инсонанд ва мисли мову шумо аз камбудї орї нестанд. Танњо соли 2013 зиёда аз 1200 нафар шањрвандони он дар Аморот зиндон шудааст. Сафири Њиндустон дар АМА то ќадри имкон аз он мањбусон дидан намуда, таъкид кардааст, ки яке аз омилњои содир кардани љиноят ин дур афтодан аз оила, танњої ва таъсири давомноки шиддат дар љойњои корашон аст. Аморот на танњо аз мардуми њинду истиќбол менамояд, балки бо худи Њиндустон низ муносибати хуби иќтисодї, молиявї ва тиљоратї дорад. Масалан, ба иќтисодиёти ин кишвар АМА зиёда аз 70 миллиард доллар маблаггузорї кардааст ва ин тахмин ба сї буљаи солонаи Тољикистон баробар мебошад. Эњсос мекунам, хонандаи азиз мехоњад бипурсад, ки агар аз 9 миллион 50% њиндутабор бошад, ба сохти давлатдории Амороти Муттањидаи Араб тањдид намекунад, зеро ањолии тањчої - аморотињо танњо 12% - ро ташкил медињанд. На танњо њиндуњо, балки дигар миллатњо, ки дар Аморот нињоят зиёданд, ба сохти давлатдории он таъсире расонида наметавонанд, зеро ќавонин ва чунин тарзи муносибат бо хориљиёнро дар миён гузоштаанд, ки имкони ба сохти давлатдории Аморот таъсир расонидан амри мањол аст. Аз тахмин 8 миллион мардуми омад 99.99% онњо танњо маќоми муњољирро доранд. Метавон гуфт, шумораи аљнабиёне, ки шањрванди Аморот шудаанд, ангуштшумор аст. Ва аксари онњо солњои шастуму њафтодум соњиби шиносномаи АМА шуда буданд.
Муњибуллоњи КУРБОН
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
Чорабинињои ахир дар Суѓд собит мекунанд, ки тими нави раиси вилоят дар ташкил ва гузаронидани чорабинињо таљрибаи кофї надорад. Ба назар мерасад, бахусус, шўъбањои ташкилї ва шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи вилоят яъне идеология, раёсати љавонон варзиш ва сайёњии вилоят ба тахмин 50 дарсади корашонро иљро карда наметавонанд. "Нигоњ" дар гузашта маводеро аз барканории Аминљон Шарифов, сарвари шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи вилоят ба чоп расонда буд. Барканории ўро дар паст будани корњои идеологї дар чорабинињо, махсусан рўзи љавонони вилоят, ки бо иштироки беш аз 20 њазор нафар дар варзишгоњи 20 - солагии истиќлолияти шањри Хуљанд доир шуд, рабт медињанд. Устоди ў Абдуњаким Шарифовро низ ба нафаќа гусел намуданд. То ба њол шўъбаи идеалогия кори назаррасе накардааст, ки ќобили баррасї бошад. Аммо чанд љузъиёте дар кори ин шўъба вуљуд дорад, ки намешавад онњоро сарфи назар кард. Чанде ќабл сармутахасиси шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи вилоят Ниятќул Њаётов аз сифати намоиш ва ташкили барномаи "Андалеб"-и шањри Хуљанд, ки воќеан њам дар сатњи паст баргузор шуд, интиќод намуд. Ќариб буд, ки мавсуфро аз њукумати вилоят пеш кунанд. Аз њама аљиб, парадокс ин аст, ки нашрияи расмии вилоят - "Њаќиќати Суѓд" бар зидди Ниятќул Њаётов матлаб нашр карда, ўро тањќиру танќид кард. Аъзам Њотамї, ки таљрибаи корї бо Хайринисо Мавлонова ва Мављуда Бобоева дорад, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи вилоят, ки масъалањои идеологияро танзим мекунад, таъин шуд. Дар назар шахси фарњангї аст, вале то куљо аз уњдаи вазифаи аслии худ - идеология мебарояд, ваќт нишон медињад. Шањри Хуљанд низ њоло мудири шуъбаи идеология надорад...
Барканории ногањонї Ѓайричашмдошт ва њамагї пас аз шаш моњи фаъолият аз вазифа рафтани роњбари Дастгоњи раиси вилоят ё ба истилоњ, нафари дуюми вилоят (дар њукумати вилояти Суѓд маќоми роњбари дастгоњ аз муовинони раис муњимтар шуморида мешавад) Рустами Рањматулло њамаро њайрон кард. Сабаби рафтани ўро ба њар навъ шарњ медињанд, аз љумла сарусадоњо дар мавриди иртибот доштанаш ба порагирї (тахминан ба маблаѓи 20 њазор доллар, ки инро касе аз масъулин на тасдиќ мекунад ва на инкор) ва ѓайра. Пеш аз Рустами Рањматулло мудири шуъбаи молиявию хољагии Дастгоњи раиси вилоят - Илњом Каримов бо љурми порагирї, мувофиќи бархе маълумотњо, то 10 њазор доллар, бо курсие, ки њамагї як моњ пеш нишаста буд, падруд гуфт.
СУЃД
"ХУРЎСКУШЇ"
Чаро сиёсати кадрии Абдурањмон Ќодирї "меларзад"? кард. Чанд соли ахир шояд бори аввал чунин чорабинї бахшида ба Рўзи ѓалаба дар сатње баргузор гардид, ки умуман "ногуфтанї"... Бори аввал дар вилоят љамъбасти рўзњои љавонон дар сатње баргузор гардид, ки касе онро интизор набуд ва интизор њам надошт, ки дар чунин поя бо ширкати роњбари вилоят ва дигар шахсони масъул барпо мешавад. Одамњоро соати 15 ба варзишгоњ хабар карданд, аммо чорабинї соати 18 оѓоз шуд. Барномаи фарњангї гўё фаќат раќсу бозї буд. Куштани хурус дар Рўзи Ѓалаба аз љониби афсарон, паридани хун ва тарси иштирокчиён, махсусан духтарон, касро ба њайрат меорад, ки ин идеяи "олї" аз кї бошад. Аз сатњи пасти намоишномаи театрї дар ин рўз варзишгоњро, ба ѓайр аз раиси вилояту шањр ва чанд дастандаркори дигар, бисёре аз тамошобинон тарк карданд.
"Љуѓрофиё" - и кадрї
Ба љойи Рустами Рањматулло - Ѓафурљон Зоњиров, ки таљрибаи кор дар Дастгоњи раиси вилоят ва ноњияи Бобољон Ѓафурову шањри Чкаловро дорад (њатто бо раиси вилоят њам дар як рўз мавлуд доштааст), интихоб гардид. Наздик ба ду моњ мешавад, ки Зоњирови фарњангпарвар худро нишон надодааст ва ба назар мерасад, дигар њам нашудааст.
"Аз барф таги жола..." Барканории Фариддун Њодибоев, сардори Раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии вилоят ва ба љои ў таъин шудани Зариф Мирдадоев низ чизе монанд ба "аз барф гурехта таги жола мондан" аст. Ахирї њам њоло худро нишон надода, дар бораи пешравї ва камбудие наметавон суњбат кард. Раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии вилоят дар таљлили Рўзи љавонон ягон коре накард, ки боиси тањсину офарин бошад. Аксаран чорабинињоеро, ки ин раёсат барг-
по мекунанд, "ради галочики" арзёбї мекунанд. Мисоли оддї, озмуни "Хомаи заррин", ки њамасола дар арафи иди рўзноманигорон барпо карда мешуду чанд соли ахир аз байн рафта буд ва гўё Зариф Мирдадоев бо баробари сари мансаб омаданаш онро аз нав эњё кард. Сардори раёсат Зариф Мирдадоев дар ин озмун худ дер омад. Дар бораи сатњу сифати озмун сухан гуфтан дигар тарафи масъала аст. Дар ин озмун солњои пеш аз тамоми минтаќањои вилоят рўзноманигорони љавон ширкат мекарданд. Дар озмуни имсол бошад танњо донишљўёни шуъбаи рўзноманигории Донишгоњи давлатии Хуљанд иштирок намуданду халос.
"Бардакчорабинињо" Рўзи ѓалаба ваќти гулчамбаргузорї зери муљассамаи шањидон дар шањри Хуљанд раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї ва муовинонаш ба камбудињое роњ доданд, ки аслан сари онњо бояд шўъбаи идеология кор ме-
Коршиносон сабаби нокомии сиёсати кадрии Абдурањмон Ќодириро дар сиёсати нодурусти интихоби кадрњо бо назардошти аломатњои љуѓрофиёии номзад маънидод мекунанд, ки љурми аслии мушовирони кадрии раиси вилоят бояд бошад. Яке аз чунин шахсони калидї - Убайдулло Рашидов, мудири шуъбаи кадри Дастгоњи раиси вилоят бинобар ба нафаќа баромадан чанде ќабл ин вазифаи "муќаддас"-и худро падруд гуфт. Ин нафар ягон каси бегонаро ѓайр аз шањри худаш ва ноњияи худаш ба мансабњои калидї, њатто пасттарин ва эљодї, дар мисоли "Њаќќиќати Суѓд" ба вазифа пешбарї намекард. Сармуњарири "Њаќиќати Суѓд" аслан журналист нест. 5 сол инљониб ин вазифаро ба зимма дорад, вале ягон таѓйироте дар сатњу сифати рўзнома накардааст, ѓайр аз дар гирду атрофи худ љамъ намудани чанд ошнову хешу табор ва устодаш. Ин њама дар њолест, ки рўзњои аввали таъин шуданаш ба маснади раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї ваъда дода буд, ки кадрњоро на аз рўйи мањал, балки аз руйи истеъдод ба кор ќабул мекунад. Мутаассифона, ин ваъдаи раис амалї нашуда истодааст.
Собири ЉАМОЛ
ДОНИШГОЊИ УЛУМИ ПИЗИШКИИ ЊАМАДОН ОМОДАИ ПАЗИРИШИ ДОНИШЉЎЁНИ ТОЉИК АСТ Агар бихоњед дар яке аз бењтарин донишгоњњо дар риштањои пизишкї, дандонпизишкї, дорусозї ва дигар риштањои тиб тањсил кунед, акнун чунин имкон дар Донишгоњи улуми пизишкии Њамадон барои шумо фароњам аст. Шањри Њамадон дар кишвари Љумњурии Исломии Эрон дар доманаи сарсабзи кўњи Алванд воќеъ аст. Оромгоњи њаким Абўалии Сино - бузургтарин табиби љањон дар ин шањр воќеъ шуда ва пизишкони бузурги љањон барои зиёрати оромгоњи ў ба Њамадон меоянд. Аз он љо ки марќади шарифи Мирсайид Алии Њамадонї дар шањри Кўлоби Тољикистон ќарор дорад ва зиёратгоњи ошиќон аст, шањрњои Кўлоб ва Њамадон хоњархонда њастанд ва хиёбоне дар шањри Њамадон ба номи Кўлоб ва хиёбоне дар Кўлоб ба номи Њамадон аст. Донишгоњи улуми пизишкии Њамадон яке аз донишгоњњои ќадимии Эрон аст ва 7 донишкада ба номњои пизишкї, дорусозї, парасторї, пиропизишкї, бењдошт ва тавонбахшї дошта, дар њоли њозир панљ њазор донишљў дорад. Донишгоњи улуми пизишкии Њамадон омодаи пазириши донишљў дар риштањои пизишкї, дорусозї, парасторї, момої ва бењдошт аз миёни шањрвандони кишвари дўст ва бародари Тољикистон аст. Барои гирифтани иттилоъоти бештар ва сабти ном ба дафтари ин донишгоњ дар Бемористони Ибни Синои шањри Душанбе мурољиа кунед ва ё бо телефонњои 44 6400115, 446400127 тамос бигиред. Ва ё ба веб-сайти www.ibnisino.tj нигоњ кунед.
Дориюши РУСТАМЗОД
ДАРДИ БЕДАВО Тайёра ба љониби шањри Дубай мепарид. Дар пањлуям марди миёнсоле андешаманд менишаст. Махсусан, то аз њудуди Душанбе берун рафтан чашм ба шишаи гирд буд. Мусофир бештар ба шахсе монанд буд, ки бо дили нохоњам сарзамини аљдодиро тарк мекард. Худ ба худ меандешидам, ки чаро чењрааш он кадар кушоду хурсанд нест. Кунљкобї боло гирифта буд, зеро ин мард на ба тољир монанд буду на ба љањонгард. Гумон кардам, фарзандонаш дар Амороти Муттањидаи Араб тиљорате доранд ва ўро барои истироњат даъват намудаанд. Соате ўро ба њолаш гузоштам. Ман, ки одатан аввал шуда, бо њамсафар суњбат мекунам, натавонистам, дигар хомўш бошам ва ба ў низ худро шиносонидам. Худро Муњаммад Алиев шиносонид ва дар идомааш гуфт, ки духтур аст. Зуд аз хаёлам гузашт, ки вай дар ягон кишвари араб чун духтур кор мекунад ва чун медонистам, ки бисёр аз табибони тољик дар Ямананд, пурсидам, ки мабодо ў њам дар Яман кор намекунад. Иќрор кард, ки бале, ман дар он љо аз рўи ихтисос кор мекардам. Борхо шунида будам, ки дар Яман тахмин 200 табиби тољик кор мекунад. Барои ман андак нофањмо буд, ки чаро дар Русия не, дар ягон љумњурии дигари собиќ Шуравї неву дар Яман тољикон фаъолият доранд. Акаи Муњаммад шарњ дод, ки воќеан гуруњи духтурони тољик дар нимањои солњои навадум, асосан, онњое, ки ќурбони мањалгароињо гардида буданд, Ватанро ба љониби Ру-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
7
ТАЌРИБАН БАРОИ ЊАР ЉАРРОЊЇ ДАР ТОЉИКИСТОН РИШВА СИТОНИДА МЕШАВАД
ХИЛЪАТИ САФЕД Кї дар бемористонњои Тољикистон кор карда наметавонад? сия тарк кардаанд. Худи ў низ дар яке аз вилоятхои љануби Русия ба кор шуруъ карда будааст. Дар он солњо Русия бо Яман дар бораи таъмини он кишвар бо табибон шартномае доштааст ва русњо аз хисоби тољикон низ ба Яман духтуронро фиристодаанд. Дертар табибони муњољири тољик шиносу њамдарсу наздикони њамкасбашонро ба Яман даъват карданд. Њамин тавр, шумораи тољикон тадриљан афзудааст. Зиёда аз 20 сол аст, ки духтурони тољик дар табобатхонањои хусусиву давлатии ин мамлакат кор мекунанд. Чун аз маош пурсидам, акаи Муњаммад гуфт, ки ин, албатта, баста ба таљриба ва нуфузи муассисаи табобатист. Дар дармонгоњњо ва беморхонањои хусусї то 2000 доллар медињанд. Таъкидаш кардам, ки дар Тољикистон њам имрўз духтурон бе мушкилї метавонанд чунин маблаѓро дар як моњ ба даст оранд. - Аммо ин маблаѓ моњона нест. Шумо медонед, ки як љузъ ё воњиди кории духтур дар Тољикистон андак зиёдтар аз 400 сомонї сар мешавад. Духтури дараљаи олї њамагї 50 сомонї илова ба маъош мегирад ва духтури хуби унвондору дараљаи олї то 800 сомонї хаќ дар як моњ мегирад, - акаи Муњаммад. Гуфтам, на. Ман духтуронеро медонам, ки дармонгоњњои хусусї ташкил кардаанд ва як ќабулашон аз 30 то 50 сомонї аст. Агар духтури хусусии бачагонаи дараљаи олии унвондор барои як ќабулаш 50 сомонї расман гирад, дар як моњ камаш то 4000 доллар расман даромад дорад, лекин дуруст аст, ки чунин
духтурон ангуштшуморанд. Чунин духтурон дар табобатгоњи хусусї аз духтурони унвондори дараљаи олии дар беморхонахои муќаррарї то 20 баробар зиёд даромад доранд. Он муассисањое, ки чунин нархро барои як ќабул то 50 сомонї муайян намудаанд, мебоист инро низ ба инобат мегирифтанд, ки фарќияти пардохти њаќќи кор набояд то 20 баробар бошад. Дар рафти суњбат маълум гардид, ки акаи Муњаммад њам духтури ботачриба ва њам донишманд будааст ва гуфтам: "Тољикистон ба ў барин духтурон ниёз дорад". "Шуморо фањмидам. Њарчанд дар Яман маро њамчун духтур эњтиром мекунанд, мехостам ба мардуми худам хидмат намоям. Нињоят, пас аз 12 соли кор дар Яман ба Душанбе баргаштам ва дар яке аз беморхонањои пойтахт ба кор сар кардам. Сар кардаму пушаймон шудам. Пушаймон аз он шудам, ки баргаштам ва ба кор даромадам, зеро дар ин користон ман њар рўз фасодро медидам. Рўзе модари камбизоате аз ноњияи атрофи пойтахт фарзандашро ба беморхона овард. Ба замми он ки дар давоми ду њафта дорувори зиёд харид, рўзи аз касалхона баромадан талош сар шуд. Талош аз фаррош то мудири шуъба! Аз њама аљиб ва таассуфовар он буд, ки њар як вазифа ва мансаб дар беморхона нархномаи худро доштааст. Албатта, нархномаи ѓайриќонунї ва беинсофона! Мудири шуъба ё духтури муолиљакунанда 20 сомонї мегирифтаанд. Пизишкёр 10 - 15 сомонї "њаќ" доштааст.
Фаррош аз 3 то 5 сомонї талаб мекардааст. Боз кати хоб, бистар ва ѓайра низ алоњида пардохт доштааст. То њамаи ин ашхосро розї накунад, ба бемор нусхаи иќтибос аз таърихчаи бемориро намедодаанд. Пай мебурдам, ки он модар пули кофї надошт ва намедонист, чи кор кунад. Назди мудири шуъба даромадам ва гуфтам, он зан наметавонад ин сарбориро пурра пардохт кунад. "Шумо дар дигар давлат кор карда, каму беш захира доред. Ман бо ин њазор сомонї моњона ањли оилаамро чї тавр хўронаму пўшонам?" Хомўш ба сардор гўш додам. "Баъд ин тартибро ман љорї накардам, балки дар тамоми љумњурї чунин аст… Тавонед, ба ман неву ба вазорат, ба њамон идорањои дахлдори хукумат фахмонед, ки имрўз як бачаи дар лаби дарашон семичкафурўш аз мани кариб 20 сол тањсилдоштаву 25 сол коркарда дар як моњ зиёдтар пул меёбад. Ман намефањмам, ки чаро дипломи духтурї дар назди њукумат кадр надорад. Нафаре бо маълумоти миёна дар як нињоди ќудратї кор мекунад, аз мани 7 сол дар донишгоњ хонда расман зиёдтар моњона мегирад. Чаро?" - лањзае мудир сокит бимонд, то посухи маро шунавад, вале ман чизе гуфта наметавонистам. "Муњаммадљон, маро маъоши духтурї дастнигару муњтољ кардааст… Шуморо њам њамин маъоши пасти духтурї маљбур намуд, ки солњои зиёд аз Ватан берун равед" - гуфт мудир ва интизори њарфи ман нашуда, пизишкерро даъват намуд ва иќтибос аз таърихчаи бемории он зани камбизоатро ба ў дода, таъкид намуд, ки аз вай њеч корманди беморхона пул нагирад. Пас аз ин суњбат муносибати мудир ва дигар њамкорон ба ман сард шуд, зеро ман аз маризон пул намегирифтам ва бисёр аз маризон мехостанд, аз ман муолича гиранд. Њамин тавр як моњи дигар кор кардам. Он моњонае, ки мегирифтам, воќеан ба зиндагии рўзмарра намерасид, вале виљдонам намебардошт, ки аз беморон пул гирам. Медидам, ки он фазо барои ман рўз то рўз тангтар мегардид. Ман дар як њолати ногувор афтода будам: аз як
тараф муносибати њамкорон ба ман сард бошад, аз љониби дигар, моњона барои ман танњо ба рањпулї ва хўроки чошти худам мерасид. Дар охири моњ ањли оилаам номаълум ба дасти ман менигарист, аммо он холї буд. Аз онњо шарм медоштам. Бинобар ин як њафта пеш ариза навишта, аз кор рафтам. Њоло ба Яман равонам, лекин бо ягон муассисаи табобатї шартнома надорам. Чи хеле мегўянд, таваккул ба Худо. Вале дар Яман ба ќадри мутахассис мерасанд. Маро камаш дар се табобатхона нури дида, гуфта, ба кор мегиранд…" "Бењтар мебуд, дар Тољикистон мемондед. Шумо метавонистед аќаллан аз мизољони сарватманду миёнањол, ки бо хоњиши худашон барои изњори сипос гоње ба табибон пул медињанд, мегирифтед" - гуфтам. "Не, нахостам. Медонед, бародар, ман метавонам њамон 4 њазор долларро дар Тољикистон кор кунем, аммо њаќ надорам, ки хилъати сафедамро сиёњ кунам!" Пас аз ин сухан акаи Муњаммад боз лањзае сукут ихтиёр кард ва боз ба ман рўй гардонида, изњор намуд: "Дар Яман бо духтурон аз бисёр кишварњо њамкор будам ва баъзан худам њам дар замони рухсатї ба якчанд давлатњо сафар намудам ва хулосаам чунин аст: духтури тољик дар байни њамаи табибони љањон аз њама каммаъоштар аст. Дар ягон беморхонаи дигар давлатњо чунин тарзи пулчинї нест ва шояд дар ягон кишвари љањон соњаи тиб ин гуна фасодзада њам набошад!" Бисёр мехостам, дар бораи соњаи тибби Яман суњбат кунам, зеро барои ман аљиб буд, ки чаро дар ин кишвар духтурони аљнабї, аз љумла, бисёр духтурони тољик, махсусан, духтарону занони мо дар Яман духтуранд, вале эълон гардид, ки тайёра барои ба яке аз бузургтарин фурудгоњњои љањон - Дубай нишастан омодагї мегирад ва дигар барои муколама ваќт набуд. Вокеан, фурсате пас њавопаймо нишаст ва акаи Муњаммад пас аз хайрухуш ба толоре, ки аз он љо ба шањри Сано, пойтахти Яман парвоз мекунад, рафт.
Сафои СОДИЌ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
ИЌТИСОДИ ОСОНБАЁН
НОКАУТ
Ё сањфаи нав дар "парвандаи тољикї"-и олигархи рус Олег Дерипаска, ки боиси эълони сулњ миёни "Талко" ва "Русал" шуда метавонад... Суди Олии иќтисодии Тољикистон даъвои ширкати "Созидание" дар мавриди беасос таъин шудани санљиш ва нодуруст тартиб додани санади санљиш аз сўи Кумитаи андози Тољикистонро рад кард. Санљиши фаъолияти ширкати мазкур пинњонкунии андозњоро ба маблаѓи 322 миллиону 352 њазору 898 сомонї, муодили 67 миллион доллар ошкор намудааст. "Созидание" бо натиљањои санљиш розї нашуд ва барои беэътибор донистани санадњои Кумитаи андоз ва амалњои шахсони мансабдори он ба Суди иќтисодии шањри Душанбе бо ариза мурољиат кард. 29-уми майи соли равон Суди иќтисодии шањри Душанбе даъвои "Созидание" - ро рад намуд ва ширкат расман пеши буљети Тољикистон ќарздор шуд. МАРКАЗИ ТИЉОРАТИИ «СОЗИДАНИЕ» ВА МЕЊМОНХОНАИ «ЊАЯТ РИЉЕНСЇ» БО ФОИДАИ АЗ «ТАДАЗ» ГИРИФТАШУДА БУНЁД ГАШТААНД
ЉАРИМА ТО КУЉО ВОЌЕЇ АСТ? Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тољикистон зимни як гузориш ба вазоратњои молия, адлия ва Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Тољикистон далелњои бепоя будани даъвои "Созидание" - ро, ки мегуфт, санљиши ширкат беасос таъин ва санади санљиш њам нодуруст тартиб дода шудааст, яъне пинњонкории 322 миллиону 352 њазору 898 сомонї воќеият надорад, шарњ додааст. "Созидание" 12-уми июни соли 2014 аз Давлаталї Саидов, муовини якуми Сарвазири Тољикистон дархост кард, то ба њалли ќазия мусоидат кунад. Ахирї 18-уми июни соли 2014 ба Кумитаи андоз ин дархостро ироа мекунад. Бар пояи ин, Нусратулло Давлатзода далелњои нодуруст будани даъвои "Созидание" - ро ба нињодњои зирабт шарњ дод. Инак, чаро санљиш асос дошт? Фарзияи расмї. Аввал, санљиш бо риояи ќонунгузории Тољикистон сурат гирифтааст. Тибќи моддаи 32 и Кодекси андоз он бар асоси Амрномаи мувофиќашуда миёни маќомоти андоз ва Вазорати молияи Тољикистон гузаронида мешавад. Тибќи ин амрнома, аз 10 декабр то 18 январи соли 2014 фаъолияти ширкати "Созидание" аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 - ро Кумитаи андоз тафтиш кард. "Созидание" аз он шикоят кардааст, ки ин санљиш бемаврид буд. Аммо бино ба ќисми 10 - и моддаи 29 - и Кодекси андоз, дар доираи муњлати даъво санљиши такрории маљмуї ќонунї аст. Бино ба ин Кодекс, маќомот њаќ доранд то дурии 5 сол дар як корхона санљиши такрорї гузаронанд. Хуллас, ваќте далелу асо-
сњои кофї барои гузаронидани санљиш ва мављудияти ќонунвайронкунињо њаст, "Созидание", њамчун андозсупоранда, њуќуќи мањдуд кардани ваколатњои назоратии маќомоти андозро надорад. Дуюм, Нусратулло Давлатзода мегўяд, санљиши такрорї дар "Созидание" охири соли 2013, яъне дар соли якуми мавриди амал ќарор гирифтани Кодекси андози нав таъин шудааст ва ин маънои онро надорад, ки даврањои андози то Кодекси андози нав санљида намешаванд. Кодекси андози нав 17 сентябри соли 2012 ќабул ва аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор гирифт ва ин ќонуни авф барои њуќуќвайронкунињо ва пинњонкунињои андоз то 1 январи соли 2013 буда наметавонад. Сеюм, "Созидание" даъво дорад, ки муќаррароти моддаи 45 - и Сарќонуни Тољикистон наќз карда шудааст, дар њоле ки худи љамъият бар хилофи сархати якуми моддаи 45 - "додани андоз ва пардохтњо, ки ќонун муайян кардааст, вазифаи њар кас мебошад" - ро даѓалона наќз ва сарфи назар кардааст. Кумитаи андоз сабабњои пайдо шудани ин раќами бузурги пинњонкории андоз дар Тољикистонро пинњон медорад. Ба кадом хотир алњол маълум нест. Аммо бино ба гузориши ин нињод, ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр молики ягонаи "Созидание" мањсуб мешуд. Санљиш ошкор кард, ки соли 2009 ин ширкат њиссаи худро ба маблаѓи 100 млн. доллар (бо ќурби пули миллии њамон ваќт 447 780,0 њазор сомонї) ба "Sunlink Limited", як ширкати офшории дигари кипрї фурўхта, аммо аз ин амалиёт андоз пардохт накардааст. Суроѓаи "Sunlink Limited" - Агиу Андреу, 332, Патрисиан Чемберз, к\п 3035, Лимассол, Кипр аст ва аз 11 августи соли 2008 ба ќайд гирифта
шудааст. Соњиби 100 фоиз сањмияњои "Созидание" аст. Хулоса, бар асоси санади санљиш аз моњи январи соли 2014 "Созидание" барои пинњонкунии андозњо бо иловаи љарима ва фоизњо 322 миилиону 352 њазору 898 сомонї, муодили 67 миллион доллар аз буљети Тољикистон ќарздор шуд. Ширкат барои беэътибор донистани санадњои Кумитаи андоз ва амалњои шахсони мансабдори он ба Суди иќтисодї ариза дод. Суд 29 майи соли 2014 даъвои ширкатро ба пуррагї рад кард. Кумитаи андоз мегўяд, ки намояндагони "Созидание" даъвоњои худро дар суд асоснок карда натавонистанд. Масъулини ширкат дар бораи ин иддаоњои Кумитаи андоз ва ќарори Суди иќтисодї ба "Нигоњ" танњо љумла гуфтанд: "маблаѓе, ки Кумитаи андоз даъво дорад, бештар аз даромади 7 - солаи мо аст".
ПУШТИ АРЌОМ Агар чунин аст, пас ин маблаѓ аз куљо ва барои чї пайдо шудааст? Аз гузориши Кумитаи андоз рўшан мешавад, ки "Созидание" барои мавриди харидуфурўш ќарор гирифтанаш миёни молики ќаблї ва њозирааш ин ќарзи андозро "кор кард". Аммо чї тавр аз 100 миллион доллар 65 миллион доллар, яъне 65% фоиз, бигзор бо њисоби љарима ва фоизњо њам бошад, метавонад ќарз пайдо шавад? Бизнес - сентри "Созидание" ва "Hayat Regency" ду бинои муњташами намояшон алюминиро ЉДММ "Созидание" сохтаву њоло њардуро ихтиёрдорї мекунад. Њарчанд он замон эълон шуда буд, ки ин ду биноро ширкати "Русские отели" месозад, аммо арти 2009 "Hayat Regency", воќеъ дар кўчаи Исмоили Сомонї
ва апрели 2010 Бизнес-сентри "Созидание"- и 12 - ошёна, дар кўчаи Айнии Душанберо ЉДММ "Созидание" сохта, ба истифода дод. Соњиби аввали "Созидание" - WTT Hotels one Limited соли 2004 дар минтаќаи Никузияи Кипр сабти ном шуда, ба љуз Тољикистон дар дигар кишварњои собиќ Шўравї, аз љумла Русия ва Укроин низ фаъолият мекард. Аз рўзи оѓози фаъолияти "Созидание" аз касе пўшида набуд, ки ин ширкат ба Олег Дерипаска тааллуќ дорад, зеро WTT Hotels one Limited, яке аз ширкатњои оффшории олигархи рус аст. Олег Дерипаска тариќи ширкати бузургтаринаш "РусАл" ќариб 10 сол аст, ки бо "Талко" ву Тољикистон мушкил дорад ва то ба имрўз суд ба суди байналмилалї даъвоњо доранду миллионњо доллари дигар миёни онњо бањс мешавад. Аммо дар баробари ин, ба фаъолиятњои Бизнес - сентри "Созидание" дар кўчаи Айнї ва "Hayat Regency" дар кўчаи Исмоили Сомонї дар Тољикистон касе машкук набуд. Ин ду бинои муњташам фаъолият мекарданд ва ягон мушкиле зоњиран вуљуд надошт. Аммо мушкил ба вуљуд омад. Бино ба иттилои манобеъи огоњ, Олег Дерипаска "Созидание" (Бизнес - сентри њамном ва мењмонхонаи "Hayat Regency") - ро 100 миллион доллар арзёбї карда, ба як бонуе, ки мавриди таваљљуњ ва алоќаи ў будааст, додааст. Аммо расман WTT Hotels one Limited "Созидание" - ро ба 100 миллион доллар ба "Sunlink Limited" - и гўё марбут ба он хонум, аммо амалан низ зертобеъи худи олигарх аст, фурўхт. Ин њама бозї сари "Созидание" барои Дерипаска чї зарур буд? Чаро Дерипаска аз ин ширкаташ ба дигараш моликияти "Созидание" - ро фурўхт? Чї мехост? Ба гумони ѓолиб бегонакунии олигарх пеш-
БАЊСИ РЎЗ
бинї карда буд, ки чунин мушкилоти молиявї барои ширкаташ халќ мешаванд ва аз ин хотир, онро хост "бегона" кунад. Ин корро хеле пўшида кард, то он замон, ки дар кору кирдори "Созидание" шубња пайдо нашуд. Санљиши такрорї нишон дод, ки ин ширкат дигар моли WTT Hotels one Limited нест ва гузашта аз ин, ба "Sunlink Limited" ба 447 миллиону 780 њазор сомонї фурўхта шудааст. Аз њама бадтар, аз ин маблаѓ ба буљаи Тољикистон беш аз 111 млн. 127 њазору 500 сомонї андоз аз даромад супорида нашудааст. Инљо бояд таъкид кард, ки маблаѓи боќимонда баќияи чандин намуд андозњо ва пинњонкунии андоз мебошад, ки барљастатаринаш 83,9 сомонї нишон додани як шабонарўзи хоб дар мењмонхонаи панљ ситорадор аст. Пас талаботи ќонун аст андозро ситонидан ё шояд ќасд?
ЌАСД Ё ТАЛАБОНИ ЌОНУН Дар кулл, ин бозињо барои Олег Дерипаска чї зарурат доранд? Олигарх ба ин василањо ба чї мехоњад даст ёбад? Љониби Тољикистон чї? Таги ин коса шояд нимкосаест? Ба њама маълум аст, ки РусАл - и Дерипаска бо "Талко" мушкил дорад, ки арзишаш 274,3 миллион доллар медонад. "Талко" бояд ин маблаѓро ба "РусАл" супорад, зеро ќарори Суди арбитражи Шветсария аз соли гузашта баромадааст. Аммо ќариб як сол аз ин ќарор мегузараду њељ не, ки "РусАл" ба Тољикистон њайат фиристад, то тибќи ќонунгузории байнулмилалї, муњру имзои нињої барои пардохти ин маблаѓро дар Суди иќтисодии Душанбе гирад. Чаро намеояд? Агар ояд, дар Суди иќтисоди далелњои дигар рўи миз гузошта мешаванд, ки ба даъвои љониби Тољикистон, арзишашон бештар аз ќарзи РусАл аст. Гузашта аз ин, "Парвандаи тољикии РусАл" њанўз соли 2007 аз љониби Прокуратураи генералї анљом шудааст. Он схемаи муфлис кардани корхонаи алюминиуми Тољикистон аз сўи "РусАл" - ро фош мекунад, ки дар давоми се - чор сол ширкати тољикиро беш аз 500 миллион доллар (!) ќарздори худ кардааст. "Парванда" тамоми далелњоро дар ин бора дорад, аз ин хотир, дар Душанбе бо дили пур мунтазири Олег Дерипаска ва менељменти "РусАл" њастанд. Мантиќан, "РусАл" агар забони кўтањ надошта бошад, чаро намеояд? Ширкати русї хуб медонад, ки дар ин мурофиа на фаќат маѓлуб шуда, ќарзашро ситонида наметавонад, балки худ ќарздор ва шарманда мешавад. Дерипаска бо дарки ин њаќиќат ва ба њадафи аз худ кардани 274 миллион доллар роњњои тоза ба тозаи фишорро истифода мекунад. Аз љумла, зимистони соли 2014 аз судњои Туркия ва Гурљистон таќозо кардааст, ки гилхок ва дигар маводи барои "Талко" аз хориља воридшавандаро ба нафъи "РусАл" ва бар ивази њамон 274 миллион доллар ситонанд. Судњо, албатта, инро рад кардаанд. Зеро гилхоки ба Тољикистон равон ва алюминиуми содиротшуда бори ширкати мутаалиќ ба њукумати Тољикистон, вале дар љазираи Вирджинияи Бритониё сабтшуда-"Талко-менељмент"(тибќи иттилоии ѓайрирасмї, 70 % ба њукумат 30% -аш он ба гуруњи молї-саноатии Њасан Асадуллозода тааллуќ дорад) мебошаду њабси ин борњо маънии дар Судии олии Лондон ба кашмакашњои љиддї ворид шуданро дорад. Шеваи дигари "РусАл" роњандозии љанги
иттилоотї алайњи "Талко" ва оилаи президенти Тољикистон буд, ки, дар ду моњи ахир, бахусус, тариќи сомонаи амрикоии eurasianet.com таќвият ёфт. Муаллиферо њам, ки РусАл киро кардааст, ба номи Девид Треллинг, фаќат дар моњи июн ду матлаб алайњи рањбарони Тољикистону "Талко" ба нашр расонд. Дар онњо аз љумла гуфта мешуд, ки фоидањои корхонаи алюминиум ба љайби оилаи президенти Тољикистон мераванд ва тайёрањои "Сомон Айр" аз маблаѓи "Талко" харида шудаанд. Иддае њам њадс заданд, ки "РусАл" мехоњад бар ивази ќарзи 274 - миллиондоллара њавопаймоњоро аз худ кунад. Аммо њаќиќат ин аст, ки бо ин роњ "РусАл" мехост сари роњбарияти Тољикистон фишор орад, то даст аз "Созидание" бардоранд. "Русал" ба воситаи ин маќолањои гўиё тањлилї, ки рўи чанд ВАО-и ватанї низ рехтанд, ба роњбарияти ТАЛКО рўирост тањдид карда, эълон дошт, ки тайёраи президентро ба њабс мегирад. Барои ин Русал дар ИМА як маъракаи густурда тањия сохт, вале муваффаќ нашуд. Роњбарияти Талко ва њукумати кишвар низ сар нафароварданд, њарчанд дар яке аз ин матолиб ишора мешуд, ки силсила-филмњое дар шабакањои давлатии Русия пахш хоњанд кард. Суди иќтисодї њукмашро таѓйир надод, баръакс Кумитаи андоз талаб дорад, ки ширкат ќарзи андозашро супорад - ин маънои онро дорад, ки Душанбеи расмии маъумулан аз русњо тарсон, аз тањдидњои Дерипаска натарсид, њатто баъди ин тањдид, ки РусАл гуфт, омода аст њуљљатњои аз худ кардани маболиѓи "Талко" аз сўи наздикони рањбари Тољикистонро фош кунад.
НАЗЪИ ЉОН... Аммо "эљодкорињо" - и РусАл аз мастиву хотирљамъї нест, балки то љое аз назъи љон аст. Он на фаќат дар Тољикистон, балки дар саросари љањон ба хатари аз даст додани моликияташ дучор шудааст. Дар Черногория ширкати En+ - и Олег Дерипаска тариќи суд мехоњад аз њукумати ин кишвар барои таќаллуб дар њисоботи молиявии "Комбинати алюминийи Подгоритса" (КАП) як миллиард доллар ситонад. КАП - и Черногорияро њам Дерипаска бо схемаи муфлискунї 400 миллион евро ќарздор кардааст. Ин кишвар бар ин аст, ки КАП - ро дидаву дониста, худи "РусАл" муфлис кардааст. Далел њам ин аст, ки ќимати бозории худи комбинат 13 миллион евро аст, аммо 360 миллион евро ќарздор шудааст. "Бипурсед, имкон дорад, ки як комбинат бо арзиши 10 миллион евро 400 миллион евро ќарз љамъ кунад?" - менависад яке аз расонањои Черногория. En+ Group - и Дерипаска соли 2005 ба маблаѓи 50 миллион евро КАП - и Черногорияро хусусї карда буд. Њоло КАП аз кор монда, коргаронашон ихтисор шудаанд. Њукумат талаб дорад, ки "РусАл" вазъро ислоњ кунад, вагарна корхонаро миллї хоњад кард. Дерипаска дар Ямайка се корхонаи алюминиум харид. Њоло њамаро бастааст. Њазорњо мардуми мањал бекор мондаанд. Соли гузашта дар Нигерия коргарони корхонаи алюминии Alscon, ки ба UC Rusal тааллуќ дорад, даст ба коршиканї заданд. Коргарон аз шароити вазнин ва маоши ночиз шикоят карданд. Гирдињамоињои саросарї дар корхонаи гилхоки Friguia -
и Гвинеяи нав, ки низ ба UC Rusal тааллуќ дорад, рух доданд. Шикоят њамон - шароити вазнин ва маоши ночиз. Њукуматњои ин кишварњо дар бораи миллї кардани ин корхонањо меандешанд. Дар худи Русия "РусАл" соли 2013 панљ завод, аз љумла Корхонаи алюминиуми Волгоградро баст. Дар ин корхонањо њам њазорњо нафар кор мекарданд, ки њоло бекор мондаанд. Сабаби мушкилињои "РусАл" коњиш ёфтани нархи алюминиум дар бозори љањонї аст. Ќарзи Русал ба 10,6 млрд доллар баробар шудааст, ки аз нархи бозорияш 3-4 млрд.доллар болотар аст. Аммо мешавад тасаввур кард, ки агар солњои 2005 - 2006 корхонаи "Талко" - и Тољикистон њам моликияти ин ширкат мешуд, имрўз сари чанд миллион бо Тољикистон даъво медошт ва коргарони корхонаи алюминиум куљо мебуданд.
САРГУЗАШТИ ТОЉИКИИ РУСАЛ "РусАл" соли 2003 бо ширкати "Ансол" - и Аваз Назаров, ки њамкори "Талко", он ваќт ТадАз буд, 25 миллион пора дар шакли "њаќќи ворид шудан ба бизнес" дода, њамкор шуд. Олег Дерипаска медонист, ки ширкати "Эштон инвестментс" - и писари директори ТадАЗ Абдуќодир Эрматов, муассиси "Ансол" аст, вале бо он ањди фасодолуда баст. "РусАл" ва "Ансол" соли 2004 ширкати Hamer Investing Ltd - ро ташкил карданд, ки барои ТадАЗ ашёи хом, аз љумла гилхок меовард. Аз њисоби Hamer Investing Ltd ба маблаѓи 6, 5 млн. доллар ду манзил дар Маскав барои оилаи директори ТадАЗ Абдуќодир Эрматов харид. Ба пуштибони низомии ТадАз - Ѓаффор Мирзоев (Ѓаффор-Седой) њам Hamer Investing Ltd њудуди 25 млн. доллар туњфа кард ва ахирї ба ин пул, аљаб не, ки бо маслињати РусАл, силоњу муњимот гирифт. Пули як чархболи Ѓаффор Мирзоевро низ Hamer Investing Ltd дод. Ин чархбол, ба иттилои хадамоти љосусии ИМА, бо тиљорати маводи мухаддир машѓул буд. Моњи августи соли 2004 бо мусоидати "РусАл" Ѓаффор Мирзоевро боздошт карданд. Моњи декабр Абдуќодир Эрматов аз директории ТадАз барканор шуд ва ба Аврупо фирор кард. "Ансол" њам аз бозї бароварда шуд. Hamer Investing Ltd аз кор монд. Њамкори нави "РусАл" нињодњои тањти назорати Њасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва хеши президент шуданд, ки ќариб як сол бо кормандони Русал дар бинои Рудакї, 100 њамкорї карда, таљрибаи савдои байналмилалї меомўхтанд. Онњо ширкати муштараки CDH Investments Corp - ро таъсис доданд, ки наќши Hamer Investing Ltd - ро барои ТадАз бозї мекард. Таќрибан њама кормандони Hamer Investing Ltd дар Душанбе кормандони Русал буданд ва инро пинњон њам намедоштанд, аз љумла именно В. Берсенов- директор оид ба истењсолот, Н.Тюрина-роњбари департаменти таъминот, А.Чуканов -директор оид ба молия буда, њамзамон аз Русал маош мегирифтанд. Маъмури хадамоти бехатарии "Русал" К. Загребалний бошад, дусту њамнишини журналистони русзабони Тољикистон буд, ки манфиатњои Русалро дар муњити расонаии Тољикистон њифз мекарданд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
9
Баъдтар маълум шуд, ки ин схемањо мањсули худи РусАл њастанд, то корхонаи алюминиуми Тољикистонро аз худ кунад. Ин ширкат соли 2004 ваъдаи 2 миллиард сармоя барои неругоњи Роѓунро дода, дар ин самт коре накард, аммо наќшањояшро барои аз худ кардани корхонаи алюминиум муназам пеш мебурд. Ба ин хотир, њамкорони аввалиаш - "Ансол" ва Абдуќодир Эрматову Ѓаффор Мирзоевро "фурўхта", хост тими нави рањбарони корхонаро њам гўл занад, ки нашуд. Соли 2005 "Ансол" ба Суди олии Лондон шикоят бурд, ки аз соли 2003 то 2005 "Русал" дафтари онро ѓайриќонунї гўш мекард, яъне ба љосусї машѓул аст. Бањс аз бахши иќтисодии Суди Олии Лондон метавонист ва бахши љиноии он гузараду Дерипаска њабс шавад. Ин буд, ки ширкатњо зуд созиш карданду "Русал" ба Аваз Назаров 140 миллион доллар пардохт. Ин бозињои олигархи русро дида, роњбарияти Талко ва Њукумати Тољикистон ќарори стратегї ќабул мекунанд: "Русал" аз Тољикистон пеш бояд кард! Соли 2007 CDH Investments Corp аз бозї баромад ва љои худро ба Talco management Ltd дод. "РусАл" сањми Аваз Назаров аз Hamer Investing Ltd - ро гирифта, ин ширкатро пурра аз худ кард. Аз номи он ба Суди арбитражии Шветсария аз "Талко" шикоят бурда, пирўз омад. Суд "Талко" - ро вазифадор кард, ки ба "РусАл" 274 миллион доллар пардохт кунад. Агар "Талко" гуноњ надошта бошад, чаро суди обрўманди байнулмилалї онро љарима кард? Hamer Investing Ltd даъво дошт, ки соли 2003 ба корхонаи алюминиуми Тољикистон гилхок ва дигар ашёи хом ворид карда, $112,7 миллион доллар маблаѓашро нагирифтааст. Суд фоизњои ин даъворо 147 млн. ва харољоти судиро 14,6 миллион њисоб кард ва њосил шуд 274 миллион доллар. Хулосаи суд аз рўи ќарордод буд. Ќарордоде, ки њарду тарафашро як одам- Олег Дерипаска идора мекард. "Талко" ворид шудани гилхокро ба маблаѓи 112, 7 млн.доллар бе суд њам эътироф мекард, зеро он дар тавозуни њарсолаи корхона нишон дода шуда буд. "Талко" ин маблаѓро бояд супорад, аммо тибќи ќавонини байналмиллалї, танњо баъд аз њалномаи зирабти Суди Олии иќтисодии Тољикистон. Аммо Дерипаска аз тарси њабс шудан на худ ва на менељерњояшро ба Душанбе равон накард ва даќиќ аст, ки нахоњад кард, зеро ќиссаи њабси олигархи дигари рус Баумгертнер дар Минск њанўз фаромўш нашудааст. Хулоса, Дерипаска аз њамон дурињо, мушакњояшро нишон медињад. Аммо њоло "Созидание" - ро метавонад ду бинои нархашон 100-120 миллиондаллариро аз даст дињад ва соњиби парвандаи љиної дар Душанбе шавад. Барои пардохти 67 миллион доллар ќарзи андоз ин ширкат дигар роње ба љуз фурўхтани Бизнес - сентр ё мењмонхонаи "Њайат Рељенси" надорад.
САЊФАИ НАВ Шарњ надодани ќарзи 65 миллион долларї аз љониби "Русал" ва матуботї накардани ин бањс, њамчунин худдории КВД "Талко" аз додани иттилоъ ба расонањо далели онанд, ки љонибњо ё вориди гуфтушуниданд ё ба он омодагї мегиранд. Њарчї њам набошад, мавзеъгирињои "ТАЛКО" ва Кумитаи андоз забаи нокаутро мемонад, ки олигархи русро бењуш кард, то ба худ омада, њарифашро шиносад ва сари мизи гуфтушунид нишинад. "Нигоњ"
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
ПАЖУЊИШ
Мо ба як сафари тўлонї ва муштарак дар канори љомеаи байналмилалї ниёз дорем ва љастухез заданњои эњсосот ва миллигароињои сўхта фаќат метавонанд моро дар баробари воќеъияти берањм заъифтар бисозанд. Дар акс мушоњида мекунед, ки моњи декабри соли 2001 райиси љумњури Афѓонистон Њомид Карзай дар ињотаи командуњои амрикої аз Урузгон ба Кобул оварда шуд ва низомиёни амрикої чанд соле њам ба давраш девор кашида, муњофизаташ мекарданд. Љон Керрї, вазири корњои хориљии Амрико, аз љанги њатмї ва саросарї дар кишвар љилавгирї кард. Зоњиран ин иќдом ба мазоњи райиси љумњур Карзай чандон хуш наёмадааст ва мегўяд:
КОМАНДОСИ АМРИКОЇ ЊОМИД КАРЗАЙРО СОЛИ 2001 БА АРКИ КОБУЛ ОВАРД
КАРЗАЙ АЗ КЇ НОРОЗЇ АСТ? Чаро ва аз кї президенти Афѓонистон талаби авф кунад? Худо он миллатеро сарварї дод, Ки таќдираш ба дасти хеш бинвишт. Аввал ин, ки ин шеър шояд дар њар љойи дунё мувофиќате дошта бошад, дар Афѓонистон њич гоњ надоштааст ва баъд аз ин њам нахоњад дошт. Дуюм ин, ки дар ин харобсарои таърихї њар ќишр ва таборе, ки дарде дорад ва шикоят ба таърих мебарад, таваљљуњ дорад, ки садњо маврид љафо ва љиноёт дар њаќќи кињо ва дар куљо сурат гирифтааст. Њар, ки адреси душманони худро медонад. Аммо ман то имрўз нафањмидам, ки оќои Карзай бо кї душманї дорад ва чї касонеро ба душманї гузидааст. Пас аз дувоздањ соли бизану бирон ва ќабза дар давлат ва њокимият њоло намешавад зењнияти мардум ва таърихро шуст. Бандњои бузург ва љинояткори молї ва ќочоќ, ѓаддорї ва дуздї ба воситае ёр ва њамёри Карзай дар Афѓонистон зуњур карданд ва бунёди низомсозиро аз бун суст карданд. Агар раиси љумњур Карзай аз муваффаќияти сиёсии хеш пас аз дањ ёздањ сол ранљ мебурд, зери бори њисси пушаймонї камар хам карда, роњи њалли содда барояш пешнињод мекунем. Дар њамин рўзњо як суханронии таърихї хитоб ба мардум ва таърих эрод кунад. Ва дар он бо сароњат эълом бидорад, ки аз он чї то кунун воќеъ шуда ва ба василаи амри-
коињо ба сањнаи ќудрат оварда шуд ва сипас амрикоињо нисбат ба ваљоњат ва њарими салоњиятњои вай мудохилањои шармовар анљом доданд, розї нест ва расман аз таърих ва мардум ва наслњои баъдї талаби авф кунад. Њоло њам дер нашуда, оќои Карзай фурсат дорад аз он њама хатоњо ва лаѓзишњое, ки шуд, маъзарат хоста, худрову љумла рафиќони худро, ки Афѓонистонро дар як дања ба партгоњи фасод ва љанги ќавмї ва бебоварии умумї наздик кардаанд, лаънат ва нафрин кунад. В-арна бо ин чунин майдабозињо на касе фиреб мехўрад ва на виљдони оќои Карзай ба осудагї мерасад.
СЕ ДАРС АЗ ЉОН КЕРРЇ Монёври дурўзаи Љон Керрї њамаро мутааљљиб кард: ба вижа касонеро, ки наќши марказиро дар мазњакањои каззбоби миллигарої иљро мекарданд. Муњимтарин воќеъият наќши сарнавиштсози омили хориљї дар буњрони Афѓонистон аст. Дахолат ва наќши Љон Керриро аз ин бештар тасвир натавон кард. Аз раиси љумњур то шуморе аз соњибони таърихи панљњазорсола! Бо шиорњое аз бумигароии сиёсии њаќ ва ноњаќ дар баробари љараёни мусаллати мудирияти байналмилалї љанг ва дандон нишон доданд. Акнун њама сари љояшон нишастаанд ва дар баробари
воќеъият гардан хам задаанд ва нигоњ доранд, ки Керрї - як хориљї дар мавриди сарнавишти Афѓонистон чї тасмим мегирад. Муњимтарин тањаввули дигар таркидани болуни афѓонисозии хом ва бемавќеъи умур буд, ки љамъе аз маќомоти давлатї ва хориљ аз давлат дар шарњи ин воќеъият дањонашонро то баногушњояшон боз карда буданд. Кулбањои коњгилии ба ном комиссиюнњои интихоботї њарду ба кобуси хонањои бебоварї ва ѓаддорї табдил шуда буданд. Маъмурияти Љон Керрї ба афѓонисозии умури интихобот як хати бутлон кашид ва нишон дод, ки бидуни тавассул ба мудирияти байналмилалї, њадди аќал то замоне, ки кишвар аз њар рањгузар рўи поњои худ устувор нашудааст, кубидан бар дуњули таркида ифтихороте аст, ки њаргиз набудааст. Саввумин таѓйире, ки мушоњида шуд, шикасти муњандисињое буд, ки раиси љумњур Карзай ва тими вижаи арк аз чанд сол ба ин сў рўи он кор карда ва созории онро љињати фароњамоварии имкони тањкими ќудрат дар њокимияти оянда ба шакли як сомонае худкор дароварда буданд. Ин тавре аён шуда буд, ки њама роњњо дар нињоят ба тасмим ё фармони раиси љумњур хатм мешуд. Номзадњои раёсати љумњурї ва гардонандањои њарду комиссиюн бояд субњ ё шом
барои дарёфти дастурњо, машвара ва рањнамудњо ба арк њозир мешуд ан д . Њ ат т о м у ш оњ и д а к ард ем , к и њарду номзад дар айни њоле, ки фиѓону шикоят аз мудохилаи созмондењишуда аз сўи Карзай сар дода буданд, боз њам барои наљот аз гирдоби интихоботї даст ба домани Карзай шуда буданд. Њоло њама нозирон ва тањлилгарони сиёсї бегумон ба ин масъала диќкат мекунанд, ки чї гуна сафари 48-соатаи Љон Керрї наќшаи роњи буњрониро тарсим кард. Љомеа ва кишвар аз як љанги саросарї фаќат як фосила дошт. Таниш ва нобоварї њанўз њам дар сари љояш боќї аст ва тавофуќи аввалия байни тимњои раќиби интихоботї бо авќоти талхињои бисёре њамроњ хоњад буд. Њамон гуна, ки наќши Љон Керрї мутааљљибкунанда буд, натиљаи тозае, ки хоњї нахоњї ба азњони умумї ба бовари мусаллам бадал хоњад шуд, ин аст, ки Афѓонистон муњимтар аз он аст, ки сиёсат ва мудирияти он ба таври дарбаст ба худи афѓонњо супурда шуд. Мо ба як сафари тўлонї ва муштарак дар канори љомеаи байналмилалї ниёз дорем ва љастухез заданњои эњсосот ва миллигароињои сўхта фаќат метавонанд моро дар баробари воќеъияти берањм заъифтар бисозанд. «Гузоришномаи Афѓонистон» Бобољони ШАФЕЪ
ВОКУНИШ - Раёсати коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд маълум менамояд, ки ќаблан аз љониби Раёсати коллегияи адвокатњо аризаи шањрвандон М.Бобољонов, Б.Эшонова, И.Умаров, С.Нарзуллоев ва Ш.Исмоилов, мавриди баррасї ќарор гирифта, аз натиљаи он ќарори раёсат аз 24 - уми декабри соли 2013, тањти №14 ќабул шуда буд. Бо ќарори раёсат, бинобар риоя накардани меъёрњои одоби касбии адвокатї ба адвокат А.Одилов танбењи сахт эълон ва ба мурољиаткунандагон тибќи Ќонуни ЉТ "Дар бораи мурољиатњои шањрвандон" љавоби хаттї ирсол шуда буд. Он маълумотњое, ки аз номи сокинони шањри Исфара зери сарлавњаи
АДВОКАТ АЗ КОР ХОРИЉ ШУД! (Вокуниш ба маќолаи "Адолати" -и Одилов, чї гуна барои адвокат ќонун хамиртуруш мешавад? Нигоњ №2 (384) аз 2-юми апрели соли 2014) "Адолати" - и Одилов, чї гуна барои адвокат ќонун хамиртуруш мешавад?", ки аз 2-юми апрели соли 2014 дар њафтаномаи "Нигоњ" чоп шудааст, дар соли 2013 мавриди санљиш ќарор гирифта буданд ва тибќи ќонунгузории мављуда ба мурољиаткунандагон тавсия дода шуда буд, ки агар бо њалномаи судї
розї набошанд, пас њуќуќ доранд ба маќомоти болоии судї мурољиат намоянд, зеро ба ваколати коллегияи адвокатњо санљиши ќонунии санадњои судии марњилаи аввал мансуб нестанд. Дар айни замон бо ќарори Раёсати коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд аз 8 уми майи соли 2014, тањти раќами 7
адвокат А.Одилов аз аъзогии коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд бо хоњиши худаш хориљ шуда, ў дар коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд фаъолят надорад. Анвар ЊАСАНОВ, раиси Раёсати коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд
ВОКУНИШ Басо хуб аст, ки ваќтњои охир таваљљуњи ањли љомеа ба кори мактабу маориф бештар мегардад. Зеро чунин амал баёнгари он аст, ки љомеа ба кору таълиму тарбия чандон бетараф нест. Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар њама њолат ба онњое, ки фаъолияти муассисањои таълимї ва масъалањои марбут ба кори таълиму тарбияро мавриди баррасї ќарор дода, нуќсонњоро њамеша ошкор месозанд, изњори ташаккур менамояд. Њамзамон, таъкид менамоем, ки Вазорати маориф ва илм оид ба маводи чопшудаи њама гуна нашрияњо (новобаста аз шакли фаъолияташон), ки ба масъалањои соњаи маориф дахл доранд, бетараф набуда, онњоро дар љаласањои назди вазири маориф ва илм мавриди баррасї ќарор медињад. Агар эродњо воќеан, љой дошта бошанд, албатта љињати рафъи онњо тадбирњои мушаххас андешида мешаванд.
тањсилоти миёнаи умумии раќами 92-и шањри Душанбе (муаллифи маќола дар такя ба њамин муассисаи таълимї маводро тањия кардааст) оѓоз мешавад. Дар љараёни санљиш маълум мегардад, ки муассисаи мазкур моњи марти соли равон 120 дона дастури ёрирасони "Забони англисї барои хонанда"ро ќабул намуда, дар синфњои 3 ва 4 бо нархи 7 сомонї ба фурўш гузоштааст. Тибќи баёноти директори муассисаи таълимї М.Р.Кузиева муаллиф китобро бори аввал њамчун фурўши озод пешнињод мекунад. Директор ба пешнињоди муаллиф љавоби рад дода, талаби дархости Вазорати маориф ва илмро мекунад. Сипас, муаллиф мактуби раёсати маорифи шањри Душанбе (№219/3, аз 12 марти соли 2014)-ро, ки дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илм (№10/1-121, аз 07.02.2014) тањия гардидааст, пешнињод менамояд. Директор 120 нус-
Барои њаќиќатро рўи об баровардан гурўњи кории вазорат бевосита муаллифи дастур Ф.Н.Солињовро љињати суњбат даъват менамояд. Аз суњбат бо муаллиф маълум мегардад, ки дар таърихи 8.10.2013 барои ба фурўш гузоштани дастури мазкур аз номи Сафаров Рамазон Саидмуминович бо ариза ба Вазорати маориф мурољиат мекунад. Санаи 24.10.2013, №12/4-277 муовини вазири маориф ва илм Ф.Исмонов расман ба шањрванд чунин љавоб мегардонад: "…дастури пешнињодкардаи Шумо бояд аз љониби омўзгорони забони англисии яке аз муассисањои пешќадами тањсилоти умумии шањри Душанбе, устодони кафедраи забони англисии яке аз муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї ва нињоят, аз љониби аъзои гурўњи њамоњангсози барнома ва китобњои дарсии забони англисии Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маориф ва илм
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
11
рифи шањри Душанбе мурољиат менамояд, ки тавре дар боло зикр шуд, барои пањн карданаш иљозат мегирад. Мавриди зикр аст, ки њарчанд муаллифи "Забони англисї барои хонанда" дар шиносномаи дастур теъдоди нашрро 1000 нусха нишон дода бошад њам, вале бо теъдоди аз ин нишондод зиёд дар матбааи ЉДММ "Хоксор-Труд" чоп намуда, дар муассисањои тањсилоти умумии №№32, 38, 40, 43, 86, 87, 90, 91, 92, 94, 98 барои фурўш таќсим менамояд. Тибќи њисоботе, ки аз раёсати маорифи шањри Душанбе дастрас гардид, теъдоди он 2645 нусхаро ташкил медињад. Бо дастури бевоситаи вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саид раёсати маорифи шањри Душанбе муваззаф гардонида шуд, ки дастури мазкур пурра аз муассисањои таълимї љамъоварї ва маблаѓњои ситонидашуда ба волидайни хонан-
ФИРЕБИ ТАРБИЯТИ БОЃБОН МАХЎР… Посух ба маќолаи "Нони хойида…" (њафтаномаи "Нигоњ", №8 (390),14.05.2014)
Аз љумла, маќолаи Сафои Содиќ бо номи "Нони хойида…" (њафтаномаи "Нигоњ", №8, 14.05.2014) дар ошкор намудани амали ношоистаи баъзе аз афроди таќаллубкору манфиатљў мусоидат намуд. Муаллиф, ки худ донандаи забони англисї мебошад, бо тањлили амиќ ва њамаљониба аз дастури "Забони англисї барои хонанда" муаллифаш Ф.Н.Солињов, ки дар мактабњои шањри Душанбе ба фурўш гузоштааст, интиќод мекунад ва изњори нигаронї аз он менамояд, ки чї гуна китобњои бемантиќу бењадаф ва пастсифат ба муассисањои таълимї роњ меёбанд. Муаллиф бо як хулосаи хеле љолибу бомантиќ мегўяд: "Пеш аз њама маълумам гардид, ки китоб аз љониби Вазорати маориф тавсия нашудааст. Бовар дорам, ки ин гуна китоб ба Вазорати маориф пешнињод мешуд, њатман онро на барои чоп, балки ба соњибаш бармегардониданд". Дар баробари ин, дастури мазкурро бо китоби англисї барои синфи 3 муќоиса карда меафзояд: "… китоби дарсии англисї барои синфи 3, ки бо тавсияи Вазорати маориф ба табъ расидааст, аз бењтарин китоби таълимии забони англисї ба њисоб меравад. Аз фурсат истифода бурда, ба муаллифи он Абдурањмон Саидов изњори сипос мегўем." Мавриди тазаккур аст, љињати тањќиќи маќолаи мазкур тибќи фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саид гурўњи корї дар њайати мутахассисон аз раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї, шуъбаи таъминоти њуќуќї ва котибот, Маркази тањия, нашр ва муомилоти китобњои дарсї, илмию методї таъсис дода шуда, санљиш аз муассисаи
«
ха китоби мазкурро њамчун дастури иловагї барои хонандагони синфњои 3 ва 4 ќабул намуда, ба роњбарони синф барои фурўш месупорад. Гурўњи корї ба асоснок будани мактуби Вазорати маориф ва илм шубња намуда, аз пайи санљиши он гардид. Дар ин иртибот, њамчунин, муовини сардори раёсати маорифи шањр С.Сафаров зикр менамояд, ки мактуби раёсати маорифи шањри Душанбе дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илм тањия гардида, дар љаласаи назди сардори раёсати маорифи шањр мавриди муњокима ќарор гирифтааст. Дар асоси банди 3-и протоколи љаласаи мазкур (аз 10.03.2014, мутаассифона, раќам надорад(!)) раёсати маорифи шањр тавассути мактуб (№219/3, аз 12.003.2014) ба мудирони шуъбањои маорифи ноњияњои шањри Душанбе ризоияти пањн намудани дастури "Забони англисї барои хонанда"-ро дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва муассисањои томактабї тавсия медињад. Њамин нуктаро бояд таъкид кард, ки раёсати маорифи шањри Душанбе бидуни ташхис ва новобаста аз он ки Вазорати маориф ва илм ба унвони раёсат мактуби ризоият ирсол накардааст, мактуби муаллифи китоб Ф.Н.Солињовро асос њисобида, пањн намудани онро дар муассисањои таълимї иљозат медињад. Тавре дар љараёни тафтишот маълум мегардад, мактуби аз љониби Вазорати маориф ва илм тањиягардида, ки ба шањрванд (муаллифи китоб Ф.Н.Солињов) дастрас гардидааст, сохтаву таќаллубкорї буда, дар шуъбаи умумии Вазорати маориф ва илм умуман ќайд нагардидааст. Илова бар ин, шиноснома (бланка)-и мактуб ба шиносномаи вазорат мувофиќат накарда, тартиби баќайдгирию раќамгузорї низ тафовут дорад. Њамчунин, матни мактуб пур аз ѓалатњои имлої ва услубї буда, аз љониби кормандони Вазорати маориф ва илм навишта ва содир шудани он аз имкон берун аст.
Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бори дигар бо камоли эњтиром ва сипос миннатдории худро ба муаллифи маќолаи "Нони хойида..." Сафои Содиќ баён медорад. Зеро тавассути навиштаи мазкур яке аз масъалањои муњим ва доѓи соњаи маориф пайгирї шуда, љињати пешгирии он чорањои амалї андешида шуданд.
«
(иборат аз 9 нафар) мусбат арзёбї гардад. Њама ташхисгарон бояд хулосањои худро дар шакли таќризи имзодор ва бо муњри муассиса тасдиќшуда манзур намоянд. Танњо пас аз ин, дар асоси таќризњои субъектњои номбурда, Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон нисбат ба дастури мавриди назар хулосаи мушаххас бароварда метавонад. Дастури номбурда дар њаљми 92 сањифа ба Шумо баргардонида мешавад." Бори дувум муаллиф дар таърихи 20.11.2013 бо ариза ва ду таќриз љињати чопи дастур (ин маротиб бо ному насаби худ-Солињов Фаррух Низомович) ба Вазорати маориф ва илм мурољиат мекунад. Тибќи муќаррарот ва дар асоси таќризњо дастури "Забони англисї барои хонанда" дар љаласаи Шўрои миллии тањсилот аз љониби мутахассисон љиддан муњокима гардида, љавоби рад дода мешавад. Мувофиќи ќарори љаласаи Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дастури мазкур ба муаллиф баргардонида мешавад. Гузашта аз ин, бори савум муовини аввали вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев дар таърихи 08.01.2014 ба шањрванд Ф.Солињов тавассути мактуби №12/2-06 расман чунин љавоб мегардонад: "Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аризаи дархостии Шуморо дар хусуси иљозат додан ба нашр ва фурўши дастури "Забони англисї барои хонанда" мавриди баррасї ќарор дода, иттилоъ медињад, ки тибќи муќаррарот, масъалаи мазкур дар асоси таќризњо ба љаласаи Шўрои миллии тањсилот пешнињод гардида, љиддан муњокима шуд. Мувофиќи ќарори Шўрои миллии тањсилот аз 26.12.2013, №09 дастури номбурда бояд такмил ёфта, ѓалатњои имлоиву техники он ислоњ гарданд ва бо расмњои љолиб ороиш дода шавад. Хотиррасон мешавем, ки вазорат дар љавобномаи худ (мактуби №12/4-277, аз 24.10.2013) бо аризаи мураттиби дастури номбурда, сокини ноњияи Варзоб - Сафаров Рамазон Саидмуродович (ариза аз 08.10.2013; воридоти ВМ №С-393, 10.10.2013) љавоб гардонида буд. Бинобар ин, мусаввадаи дастури номбурдаро дар њаљми 92 сањифаи А5 ба Шумо бозпас мегардонем." Тавре аён мегардад, муаллифи дастур бо вуљуди љавобњои радро гирифтан, мактуби сохтаи Вазорати маориф ва илмро ба унвони худ дастрас намуда, ба раёсати мао-
дагон баргардонида шаванд. Тибќи иттилое, ки аз раёсати маорифи шањри Душанбе ба даст оварда шуд, айни њол 2088 нусхаи дастури мазкур ба анборхонаи Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Маблаѓе, ки ба муассисањои таълимї супорида шудааст, 5740 сомониро ташкил медињад. Масъалаи дигаре, ки ошкор мегардад, ин дар њаммуаллифї не, балки дар алоњидагї ва бо унвони муаллифњои људогона чоп гардидани дастури мазкур мебошад. Яъне дастур бори аввал дар тарљумаи Сафаров Рамазон Саидмуминович бо номи "Забони англисї, русї, тољикї" бо теъдоди 100 нусха (14.03.2013" ва бори дувум дар муаллифии Ф.Н.Солињов унвонии "Забони англисї барои хонанда" бо теъдоди 1000 нусха (14.01.2014) бо мазмун ва муњтавои айнан якхела аз љониби матбааи "Хоксор-Труд" ба чоп иљозат дода шудааст. Бубинед ин ашхос барои манфиат ба даст овардан аз њеч гуна амали номатлуб рў намегардонанд. Хуб, дигар ќазовати масъалаи мазкурро ба хонандаи арљманд вогузор мекунем. Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бори дигар бо камоли эњтиром ва сипос миннатдории худро ба муаллифи маќолаи "Нони хойида..." Сафои Содиќ баён медорад. Зеро тавассути навиштаи мазкур яке аз масъалањои муњим ва доѓи соњаи маориф пайгирї шуда, љињати пешгирии он чорањои амалї андешида шуданд. Њамзамон, аз раёсати маорифи вилоятњо, мудирони маорифи шањру ноњияњои љумњурї, роњбарони муассисањои таълимї даъват карда мешавад, ки љињати љилавгирї аз китобу дастурњои бемантиќу бењадаф ва пастсифат, ки бо роњњои гуногун ба муассисањои таълимї ворид мешаванд, чорањои таъхирнопазир андешанд. Њамчунин, аз афроди ба масъалањои соњаи маориф дилсўз, ба монанди Сафои Содиќ, хоњиш менамоем, ки дар њолати рух додани њодисањои номатлуб дар соња, ки ба кори таълиму тарбия халал ворид месозанд, њатман ба Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мурољиат намоянд. Боќї бо як байти хеле пурмазмун ва зебо ин навиштаро љамъбаст менамоем: Фиреби тарбияти боѓбон махўр, эй гул, Ки об медињаду гулоб мехоњад. Эњсони ХУШБАХТ, сухангўи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
БО ШОИР
Абдумалики Абдуљаббор 10уми марти соли 1988 дар дењаи Ровадини ноњияи Панљакент дар оилаи омўзгор зода шудааст. Мактаби миёнаро дар дењааш хатм карда, Омўзишгоњи омўзгории шањри Панљакент ба номи Лоиќ Шералиро хатм кардааст. Китоби нахустинаш бо унвони "Бањори ишќ" соли 2010 чоп шуд.
Чаро мурдан ба инсон офаридї, Чу мемирад, чаро љон офаридї? Агар хоњї, ки бадкорї набошад, Чаро Аллоњ шайтон офаридї!? *** Бањорон омаду гул рў кушода, Нигоњи хешро ќоќу кушода. Њама љо маст аз атри бањорї, Арўси беди маљнун мў кушода.
*** Чу модар њеч кас мењрофарин нест, Сафобахшандаи рўи замин нест. Суруди хуб афзун аст, лекин Суруди "Алла"-и модар барин нест!
Њар кас, ки бади ту хост бо ањриманї, Минбаъд ба даври ў набояд, ки танї. Њарчанд як аз узви ту бошад дандон, Чун дард биоварад ба љонат, биканї!
Ба бародари шодравонам Абдуѓанї, ки љавон рафт аз олам Ду чашмам рўзи маргат љўи хун шуд, Ба чашмам зиндагонї тўи хун шуд. Фироќатро чу гирйистам бародар, Тамоми синаам Омўи хун шуд.
*** Борон, ки њуљум бар кўњу њомун кард, Ќабл он чи накарда буд ў, акнун кард. Бо торсакї зи косаи сар, бингар Чашмони кабуди обро берун кард.
*** Бародарљон, дилам хуну дилам хун, Вуљудам сард аз ин олами дун. Зи баъди рафтанат аз дори дунё, Нахоњам зиндагонї зери гардун.
КЎЊИСТОН Ба љуз санги сари кўњаш набошад тахти кўњистон, Ки медонад, ки бошад дар куљоњо бахти кўњистон. Азоби гурро бинанд халкаш чор фасли сол, Њамин аст, эй бародар зиндагии сахти кўњистон! *** Мурги ту ба боми ман нишинад, чи шавад? Лаб аз лаби ту бўса бичинад ,чи шавад? Монандаи дарёи Душанбе мењрат Дар синаи ман љой гузинад, чи шавад? *** Рўят ба мисоли нони оташдон аст, Хуршедсифат мењри дилат сўзон аст. Оѓўши бињиштии ту, эй духтари Шарќ Огандаи атри лолаву райњон аст. *** Поиз мабод гулфишонии туро, Пирї нарасад фасли љавонии туро. Хоњам зи Худо, ки захми чашме нарасад, Зебогии чашми осмонии туро. *** Бе њеч шаке санги Ватан болин аст, Себаргаю сабзаи Ватан ќолин аст. Аз дида људо шуд ашку дар хок фитод, Аз Мењани худ, ки мебурї, њол ин аст. *** Ки дида зи њам људо бувад дил аз тан, Сарфањм равад њар ки бувад соњибфан. Чун пораи дил, ки дар тани инсон аст, Модар чу Ватан азиз бошад бар ман. *** Модар, ки туро худ сабаќомўз кунад, Шабро сари гањвораи ту рўз кунад. Бояд, ки ба ќадри мењнати вай бирасї, Чун ў зи ѓами ту пўшти худ куз кунад. *** Шодии љањон аз ту бувад, эй модар, Аз ту бирасем бар Худо, Пайѓамбар. Як нусха тўї зи њури покони бињишт, Шири ту ба кўдак аст оби кавсар. *** Модар дили поки ту пур аз мењру вафост, То умр бувад забони ту побарљост. Пои ту муборак аст меорад бахт, Дасти ту маро ба сар бењ аз боли њумост. *** Ёвар бувадам дуои неки модар, Ќурбони умедњои неки модар. Њар њарф, ки буд зодаи мењру вафо, Шуд гушзади Абдумалики модар. *** Гашти чу калон зи ќуввати нони падар, Асло манамо туф ба намакдони падар. Фардо зи гиребони ту гирад писарат, Гирї агар имрўз гиребони падар.
*** Як сина ѓарќи орзу буду ба бод рафт, Хайфо, зи дањр Абдуѓанї номурод рафт. *** Ало, эй Ровадин мењрат ба љон аст, Дарахту буттањоят гулфишон аст. Балогардон бувад кўњи туроят, Бароям пуштањоят пуштибон аст.
АБДУМАЛИКИ АБДУЉАББОР *** Њуснат ба чашми ман љуз аз афзун намешавад, Ишќат чу хун зи роњи раг берун намешавад. Чашмат ба сењр оламеро зери даст кард, Он кист бар љамоли ту афсун намешавад? *** Гардуни сифла рутбаю мансаб намедињад, Онро агарки сифлаю гар дун намешавад. Даврони ишќ тай шуду шуд асри техник, Дигар касе фасонаву маљнун намешавад.
Як боѓ бањор боли товус овард, Як дашт ба дасти лола фонус овард. Покию таровату сафо як доман, Аз домани занњои баномус овард. *** Хуршед ба чашми кур чун метобад? Гул бар каси хор хорбун метобад. Бадбин њама чизи хубро бад бинад, Дар чашми Язид об хун метобад. *** Оташ бидамад зи лолаи лабњоят, Бошад пури май пиёлаи лабњоят. Худро зи њарос мезанад бар њар сў, Дар доми лабам ѓазолаи лабњоят.
*** Иќболу бахт як њамин молу манол нест, Доро ки гуфт хастаю мањзун намешавад? Њастї дили ману ки ман хуни дили туам, Боњуш бош, кори дил бе хун намешавад.
*** Дар шохи дарахт барфи тар мешиканад, Дар зењни ману ту найшакар мешиканад. Оњиста гузор по, ки оинаи барф Зери ќадамат шаќар -шаќар мешиканад.
*** Аз оташи лабони ту оташ гирифтааст, Лабњои ман, хамўш дигар акнун намешавад. Бехуда панди хешро бар бад масоз њайф, Гавњар њар он чи њаст, дигаргун намешавад.
*** Бо фахру ѓурур мебиёяд борон, Бо шавкату шўр мебиёяд борон. Бар аспи сафеди абр биншаста чу шањ, Аз дурии дур мебиёяд борон.
*** Баъд аз ин... Баъд аз ин эй њамљаворон, Зиндагонро арљ бигзорем, Мурдагонро пос дорем!
*** Чу хуршеди фалак њастї ту якто, Мисоли чашма њастї нурполо. Аё модар, дуоям дењ, ки бошад Рањам испед дар домони фардо.
*** Дарёи вафо мегузарад аз дили ман, Сад бурду бало мегузарад аз дили ман. Танњо худам огоњаму Њаќ медонад, К-эй дўст, чињо мегузарад аз дили ман.
*** Дили ман холї аз мењру вафо нест, Вуљудам хастаї макру риё нест. Равам чун пушти коре, эй азизон, Бароям пуштибон ѓайри Худо нест!
***
***
*** Аз љумла ганљи дунё волост модари ман, Монандаи фаришта зебост модари ман. Шуд сарфи рўзгорон дар кўњу пушта умраш, Чун кўњ сарбаланду барљост модари ман. Ганљу заре надорад, се нури чашм дорад, Бо се ситорагонаш дорост модари ман. Рўзу шабон ба зорї аз даргањи Илоњї Иќболу бахти моро мехост модари ман. Моро ба сурати гул парвард ў дар оѓўш, Худро барои моён мекост модари ман. Бар дидагони њар кас чизе азиз бошад, Бар дидаи ман, аммо яктост модари ман!
ГУЛИ СОХТА Як мард, ки дар тарадуди рафтан буд, Њангоми сафар ба ёри худ гул бахшид. Баргуфт, ки то хазони гул меоям, Ту бош чунину машав асло навмед. Гуфтанд: туро зиёд медорад дўст, Њамсоязанони аз муаммо ѓофил. Бедарк аз он ки дар тањи ин коса, Як косаи ним бошаду ќолу ќил. Ў рафту бишўст ашки ѓам чењраи зан, Дигар ба тамом хешро бохта буд. Донед чаро вай оњу шеван мекард, Зеро гули он мард гули сохта буд.
ЯК ШАБ... Имшаб биомадам ёд, Аз он шаби њумоюн. Мову ту њарду будем Хушбахт зери гардун. Моњи само зи гардун, Моро назора мекард. Лабњои ман лабатро, Бо бўса чора мекард. Печида буд он шаб, Бо њам тани туву ман. Шоњид ба кори мо буд, Боѓу дарахту гулшан. Як шаб ба амри таќдир Будї ту роздонам. Афсус, њоли њозир Њолат чи сон, надонам...
ТАХТАИ СИЁЊ Дар баъзе аз давлатњои дар њоли тараќќии љањон, ба вижа љумњурињои Осиёи Миёна, хешовандони президентњо гоњо ба иззати нафси касе мерасанд, аммо чун он мазлум садо баланд кард, тамоми сохтори давлатї ба по бармехезад. Бањри дифои обрўи сарвари давлаташон сина сипар мекунанд ва зуд адолатро барќарор месозанд. Агар њатто бањри барќарор кардани адолат моњро ба чоњ андохтан лозим бошад. Ва аммо дар ќазияи банда на моњро ба чоњ андохтан лозим асту на "ба нохун роњ дар хоро буридан. Додарарўси президенти мамлакат љаноби Олї Эмомалї Рањмон бо исми Муњибулло Саъдулоев бозорамро кашида гирифта истодаасту ман њамагї барќарор кардани адолатро дар ин љода талаб дорам. Ба андешаи ман, сарвари давлат, ки як љумњуриро боре аз вартаи њалокати љанги гражданї бо изни Худо рањонид, сазовори он нест, ки як нафар хешовандаш, њамин тавр, барои як бозор шуда, обрўяшро резонад. Дар ин бозор 1000 нафар љои корї доранду њамарўза ризќ дарёфт мекунанд. Якљо бо узви оилањояшон, шояд баробар ба 7 - 8 њазор нуфус шаванд. Яъне ин миќдор мардум, ки њамвора бо бозори мо сари кор доштанд, њаќиќатро дар бораи он, ки бозор мутааллиќ ба кист, медонанд. Имрўз аз хусурбачаи президент тарсида, садо баланд намекунанд, аммо чанд муддати дигар њамин тавр хомўш меистанд, як, ду, се, чор сол... Худоё, илоњо давлат ва раъияти президенти мамлакат, ки мо њам љузъи он њастем доимо поянда бошад! Хосса, манзури Љаноби Олї хеле болотар аз як ё чанд бозору чанд хусурбача бошад. То ошно шудан бо Муњибулло Саъдуллоев, ки на бо кору пайкор, ободкориву бунёдкорињояш, на њамчун хусурбачаи Президенти кишвар, балки аз пушти навиштањои ман бобати љабру ситамаш сари мардуми бечораи ноњияи Шањритус, ки аз дасти ў ба дод омадаанд, дар сатњи љумњурї кам - кам маъруфият пайдо намуда исгодааст. Инро дар урфият обрўи арзон меноманд. Мардуми кишвар ба президенти мамлакат Љаноби Олї эътимод дорад ва ўро эњтиром мекунад. Гумон дорам кўшишњои хешовандони ин шахси хело бузург ба монанди додарарўсаш њољї Муњибуллоњ Саъдулоев, бо њар роњу восита бањри дањшат афкандан ба дили мардум усулан лозим нестанд. Фаромўш набояд кард, ки эњтиром болотар аз тарс аст! Њамарўза тариќи расо-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
13
БА НОМИ ПРЕЗИДЕНТ ЧАРО ИСНОД МЕОРЕД!? нањои хабарї мебинем, ки умри дањшатафканон хеле кўтоњ аст. То њанўз Иёлоти Муттањидаи Амрико барин абарќудрат ба думболи дањшатафканон мамлакатњоро бомбаборон карда истодаанду шоњонро ба дор меовезад. Ин ѓазаби Худо аст, барои дањшатафканї. Гумон дорам, сиёсати пешгирифтаи президенти мамлакат хеле сиёсати инсондўстонаю хирадмандона аст, аммо афсўс, ки аз "баракати" чунин хешовандон латма ба он ворид шуда истодааст. Борњо шунидаам, ки президент гуфтааст: "Ман кафили пойдории њуќуќњои њамаи тољикистониён мебошам." Пас, чаро њуќуќњои ман поймол мешаванду касе таваљљуњ зоњир намекунад, на бародари ў Њасан, ки мегўянд хело љавонмарди асил ва мисли мо соњибкор аст, на янгаи гиромиамон - њамсари президент, охир мањз онњо калонтарњои Муњибуллоянд? Ба хотири ман накардед, охир ба хотири њифзи обрўи президент ба додам расед. Мо дар ноњия ягона оилаи аз дасти ў ба дод омада нестем. Мисли мо 18 - хонаводаи дигар бо 2 - 3 фарзандї, ки дар як бинои куњнасохти давлатї ба сар мебаранд, тайи чанд соли охир мешавад, ки њоли табоњ дорем. 30 - 40 нафар истиќоматкунандагони ин хона бар асари зулми додарарўси президенти кишвар хобу оромиро аз даст додаанд. Бо ин њама, њољї на аз ѓазаби Худо тарсиду на аз дуои бади мардум. Ин сокинон бо ин њама азоби руњї то њадди имкон тоќат карда кўшиданд, то ќазия ба хубї њаллу фасл шавад. Нашуд, ки расонаї гашт. Дар њафтавори "Нигоњ" № 5 (387), аз 23.04.2014 тањти унвони "Илтимос, ба Президент расонед", мактуби кушоде ба табъ расонидам. Умед доштам, ки њар як намояндаи президент баъди мутолиаи ин мактуб бањри њалли боадолатонаи ин ќазия камари њиммат мебандад, аммо афсўс…Дар асл собит шуд, ки њамаи ин чиновникњо ба ном дўстдори президентанд, дар асл њама пойбанди мансаби худанду ба обрўи љаноби Олї коре надоранд. Касе парво надорад, ки як нафар хешовандаш обрўи президентро резонда истодааст. Балки љониби мухолифи мо ба тањдиди ошкоро пардохт: "Ман рўзи ин ўзбакро сиёњ мекунам, тамоми бозорро аз дасташ кашида мегирам" "Љаноби Олї маро монда, магар ўро мешунидааст?" назири тањдидњои њољиянд.
Миёни соњибкорон њамарўза ташвиќот мебарад, ки гўё нархи чипта пулиро кам карда, дар љамъоварии андоз сабукї меовардааст ва дањњо чунин суханоне, ки боиси асабонияти ману фарзандонам ва зарар ба пешрафти корњои тиљоратию дењќониамон гаштааст. Наход умури андози кишвар дар дасти ин нафар бошад? Дар сурати аз манфиатњои худ гузаштану чигуна соњибкор буда метавонад? Ё чаро дар "Искра" - бозораш чунин "мењрубониро" раво намебинад, ки дар бозори "Ином" мехоњад сабукињоро роњандозї кунад? Агар дар оѓоз Муњиби ..., мардона иќрор мешуд, ки ба ман як ќисми бозоратонро дињед, дилам ба ин мавзеи кунун бо дасту мењнати шумо обод гардида кашол аст, мо низ одамвор рафтор намуда, њељ гоњ, суханашро рад намекардем. На ба хотири худи ў, балки ба хотири хеши президент буданаш. То андозае мо аз оини љавонмардї огањї дорем. Гарчанде то ин муддат дўстии "беѓаразона" доштанашро њељ њис накарда будем. Мењмони бологузару азизи хонадони мо буд. Боре сари дастурхон, замони аз "дўстиву бародарї" лоф заданњояш гуфта буд: «Янга, Шумо ба љои апаи рањматиям, ман њељ гоњ дар њаќќи оилаатон бадиро раво намебинам. Ба ман дороию сармояи шумо лозим нест». Аммо имрўз бо њар роњ дасти љабру зулмашро аз сару гиребони мо рањо карданї нест. Ў беибо ва бериё даъво дорад, ки ба бозори "Ином" њаќдор аст. Хонандаи нуктафањм, худ ќазоват намо! Муњиб, хусурбачаи Президент, агар ў сањмдоре шарики ин бозор мебуд, магар мегузошт, ки ман бозорро ба номи писарам Иномљон ном гузорам?! Мо ањли оилаи Абдуллоевњо ба хотири вусъати тиљорати имрўз доштаамон дар маркази пойтахт манзили зистамон ва њам дигар дороиамонро фурўхта, ин гушаи харобазорро ба мавзеи ободу љои кори њазор нафар соњибкор табдил додем. Дар марњилаи судї, ки якуним сол боз давом дорад, Муњиб натавонист ягон њуљљати тасдиќкунанда пешиињод кунад. Аммо дар зинаи охирини Суди љумњуриявї, ки судя Назарова Ховар доварї мекард ва чанд дафъа бо дидани мо худро ба беморї задаву корро ба аќиб мепартофт, бе шунидани арзи мо њалномаи су-
диро баровард. Бону Ховар назди ќонун тарс аз Худоро наандешида, аз њайбати Муњиб љонаш ларза афтода, бими аз даст додани курсї дар содир кардани њалнома рањнамояш гашт. Дар бунёд гузоштани ин бозор низ мо сиёсати президенти мамлакатро дастурамал ќарор дода будем. Таъкидњои пайвастаи Президенти Тољикистонро љињати бунёди корхонањо, таъмини ањолї бо љои кор ва бо ин васила бењтар кардани сатњи зиндагии мардум ва пуштибониашон аз соњибкорон ва дар такя ба органњои ќудратї, ки амнияту оромии кишварро тавассути шабзиндадорињояшон эмин нигоњ медоранд, тиљоратамонро ба роњ монда будем. На он, ки такя ба Муњиб доштем. Баръакс, ба љуз зиён аз ў чизе надидаем. Аз омаду рафташ ба оилаамон пуламон харљ гардидаасту имрўз бошад ќасди љонамон дорад. Сахт шигифтангез аст, ки аз 7 мурољиати ба Љаноби Олї кардаамон фаќат яктояш ба президент расиду таъсирашро зуд эњсос намудем. Боќї монеъгињо пурќувват гардиданд. Мардум имрўзњо тамошобинанд, дар ин бозї, кї то ки баранда мешавад. Аммо тамоми маќомоти ќудратї вазъро омўхта, нек дарк кардаанд, ки мо њаќ њастем. Њама акнун сахт бим аз он дорем, ки шояд Муњибулло барин хешовандон дар асл ѓараз ба президент доранду махсус чунин рафтор мекунанд, то обрўи президентро резонанд!? Худо паноњ дињад! Ин бор умед ба Худо ва шахсони дар њаќиќат сарсупурдаи президенти мамлакат, ба монанди прокурори генералї Шерхон Салимзода дорем, то ба якбор адолатро барќарор созанду обрўи президентро бихаранд. Њам сахт мехоњам хонандаи гиромии њафтавор дар ин маврид мавќеи худро дар њамин њафтавор рушан созад. На танњо ба хотири дастгирии банда, балки ба хотири барњам задани беадолатї, ки тањдид ба њар кадоми мо тољикистониён мекунад. Баъди ин ќазия суханони шайх Саъдии бузургвор ба хотирам расид: Эй забардасти зердастозор, Гарм то кай бимонад ин бозор. Ба чї кор оядат љањондорї, Мурданат бењ, ки мардумозорї! Санавбар АБДУЛЛОЕВА, шањрванди комилњуќуќи Тољикистон, сањњоми ЉС «Ином»
ВОКУНИШ - Муњтарам њайати эљодии њафтаномаи "Нигоњ", роњбарият ва кормандони ЉСК "Фурўдгоњи байналмилалии Хуљанд" маводи мазкурро мавриди баррасї ќарор дода, вобаста ба ин якчанд нуктаро ќайд намуданї њастем. Сараввал њангоми дар таърихи 18 уми майи соли 2014 сарбози љабрдида Мирзоев Шањболро дар шањри Маскав ба Хуљанд овардан, ягон нафаре пешакї оиди ўро аз фурўдгоњ то беморхонаи вилоятии Суѓд расонидан мурољиат накардааст. Фаќат пеш аз 10 даќиќаи фурўдойии њавопаймо ба шањри Хуљанд, њайати сарнишинони тайёра ба танзимгар хабар мерасонанд, ки мошини ёрии таъљилї назди тайёра интиќол дода шавад, ки ин амал иљро карда шуд. Сониян мутобиќи талаботњои ИКАО (Созмони байналмилалии авиат-
ПЕШНИЊОДИ ДУХТУРРО ДУХТУРИ РОЊБАЛАД ЌАБУЛ НАКАРДААСТ! (Вокуниш ба маќолаи "Шикасти боли шоњона" "Нигоњ" №9 (391) аз санаи 21 - уми майи соли 2014) сияи гражданї) мошини мазкур танњо дар минтаќаи тањти назоратбудаи мањдудшудаи фурўдгоњ хизмат мерасонад, яъне вазифаи он аз перрон ба баромадгоњ расонидани беморон ва супоридани онњо ба мошини ёрии таъљилии шањрї иборат мебошад. То омадани мошини ёрии таъљилии шањрї беморон ба нуќтаи тиббии фурўдгоњ, ки дорои њамаи шароитњо мебошад љойгир карда мешаванд, лекин ин пешнињоди дух-
тури навбатдори фурўдгоњро духтури роњбалад ва наздикони Ш.Мирзоев ќабул накарданд. Он њолате, ки сарбозро аз мошинаи ёрии таъљилї ба замин гузоштанд, ин бо маслињати духтури роњбалад , ки аз шањри Маскав ўро њамроњї мекард, иљро карда шудааст, на бо ташаббуси духтури фурўдгоњ. Гарчанде, ки барориши мошинаи ёрии таъљилии фурўдгоњ солњои на-
вадум бошад њам, лекин он дар њолати хуби техникї ќарор дорад. Мутобиќи наќшаи дурнамои рушди фурўдгоњ барои солњои 2012 - 2015 харидорї намудани мошини ёрии таъљилии нав ба наќша гирифта шуда буд. Дар њамин маврид мошинаи нави харидоришудаи тамѓаи "Мерседес" - ИЗ16, ки мислаш дар вилояти Суѓд, нест дар роњ ќарор дошт, ки аввалњои моњи июн ба фурўдгоњи Хуљанд оварда шудааст. Мошини мазкур дорои њамаи шароитњои расонидани ёрии аввалияи тиббї буда, њоло ба мусофирони корафтода хизмат расонида истодааст. Сайфулло МАЊМУДОВ, менељер оиди кор бо ВАО ва робита бо љомеаи ЉСК "Фурўдгоњи байналмилалии Хуљанд"
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
Худро аз шогирдони мактаби журналистии Отахон Латифї, профессорон Асадулло Саъдуллоев, Абдусаттор Нуралиев, Иброњим Усмонов ва марњум Пайванди Гулмуродзода медонад. Ва мегўяд дар амалияи журналистика аз сабаќњои Усмон Олим, Љўра Юсуфї (дар нашрияи ноњиявї), Маќсудљон Њусейн, Насибљон Амонї, Шамсиддин Насриддин, Азизи Азиз, Мансур Султонов, Амонќул Одилов ва дигарон бањра бардоштааст. Гулов Сангин Нурович 12-уми июли соли 1965 дар хонаводаи табиб дида ба олам кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шудааст ва факултаи журналистикаи ин боргоњи илмро соли 1991 хатм кардааст. Аммо фаъолияти мењнатиаш дар соњаи журналистика соле пеш аз хатми донишгоњ оѓоз шудааст. Соли 1991 њамзамон бо анљоми тањсил дар њамин факулта ба сифати ассисент ба кор оѓоз кардааст. Муддате муњаррири њафтаномаи донишгоњии "Ба ќуллањои дониш" низ будааст. Соли 1997 тањти роњбарии доктори илм, профессор Асадулло Саъдуллоев дар мавзуи "Поэтикаи очерки муосири тољик" рисолаи илмї навиштаву дифоъ кардааст. Дар давоми фаъолияти илмию омўзгорї барои донишљўён маводи илмию методии худро дар сањифањои маљалла, рўзнома ва маљмўањои илмї ва илмию оммавї ба табъ расонидааст. Дар муддати фаъолияти корї ба љуз он ки сармуњарририи нашрияи дониш-
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
САНГИН ГУЛОВ гоњро ба уњда дошт, боз дар солњои гуногун ассистент, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонї, муовини декан ва декани факултаи журналистика буд. Аз соли 2011 мудири кафедраи журналистикаи байналхалќии ДМТ таъин гардид. Дорандаи нишонњои Аълочии матбуот, Аълочии фарњанг ва Аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон буда, бо ифтихорномањои соњавї мукофотонида шудааст. Тањти роњбариаш 1 нафар рисолаи номзадї дифоъ карда, 4 нафар тадќиќоти илмї мебаранд. Муаллифи беш аз 50 маќолаи илмї, китобњои "Амвољи сухан", "Махсусияти очерки муосир", њаммуаллифи дастурњои таълимии "Жанрњои журналистикаи радио" (дар 2 ќисм), "Тадќиќоти журналистї", њаммураттиби китобњои "Гавњаршинос" (доир ба фаъолияти профессор Асадулло Саъдуллоев), "Озодамард" (доир ба фаъолияти профессор Иброњим Усмонов), "Ойини љавонмардї" (дар бораи кору амали Усмон Назири Оташ) ва ѓайра мебошад. Журналисти собиќадори тољик, устоди Донишгоњ ва Раиси Шўрои ВАО-и Тољикистон Ќироншоњ Шарифзода, ки солњои сол бо Сангин Гулов њамкор аст,
Тур выходного дня по маршруту Душанбе-Пенджикент -долина "Хафткул"-Душанбе и Ходжент-Пенджикент -долина "Хафткул"-Ходжент" Продолжительность тура -3 дня, группа не менее 15 человек Стоимость тура - 450 сомони В стоимость входит: - проезд по маршруту Ходжент-Пенджикент - Долина "Хафткул"(3-е озеро) - Ходжент (200 сомони с человека)
мегўяд аз назари ў се фазилат аст, ки хислатњои ўро барљаста ва миёни устодону шогирдон ангуштанмо кардааст. Ва ин фазилатњо барои устоди факултаи журналистика зарур ва њатто њатмї мебошад. "Аввалан, ў собиќаи зарурии кори амалї дар расонањои њам чопї ва њам электронї дорад. Сабаќи бардоштаи ў аз устодони соња Отахон Латифї, Нур Табаров, Насибљон Амонї ва дигарон дар нашрияи замоне маъруфи "Сухан", тули фаъолияти солњои минбаъда дар Радиои тољик сайќал ёфтааст. Яъне, Сангин Гулов ба шоњроњи омўзгорї бо кулбори пурбори касбї ворид гардидааст. Дигар, зењни гиро ва њофизаи ќавї доштани ў, њангоми дарсу машѓулиятњо муколамаву мубоњиса бо шогирдон, бањсу нишастњои илмию назарї бо њамкорону њамкасбон имкон медињад, ки Сангин Гулови омўзгори муњаќќиќ бо далелу санад сухан гуфтаву аз мавќеъ ва принсипњои касбї дифоъ карда тавонад. Посдории анъанаву корномаи шахсиятњои фарњанги миллї ва талоши идомаи фаъолиятњои сабаќангези онњо дар доираи тавону имкони худ, фазилатњои Сангин Гуловро миёни љамоаи мењнатї ва касбї ба њайси устоди хайрхоњу некназар меафзояд",- мегўяд ў.
Тањти роњбарии Сангин Гулов бори аввал дар замони истиќлолият Стандартњои тањсилоти олии касбї аз рўйи ихтисосњои журналистї омода ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ќабул шудаанд. Мураттиби барномањои таълими фанњои журналистї ва наќшањои таълимии ихтисосњои журналистї аст. Дар њама минтаќањои Тољикистон ба њайси тренер барои журналистон курсу даврањои омўзиширо гузаронидааст. Дар Маскав, Киев, Ќазон, Бишкек, Алма-ато сафарњои илмиву таълимї анљом додаст. Њамчунин як давраи омўзиширо соли 2007 дар ИМА гузаштааст. Оиладор аст, соњиби 5 фарзанд ва 2 набера мебошад.
- питание ( завтрак, обед, ужин) - экскурсия ( древный Пенджикент, Саразм, исторический музей имени Рудаки , семь озёр ( Мижгон, Соя, Хушьёр, Нофин, Хурдак, Маргузор и Хазорчашма) - проживание на территории турбазы у берега 3-го или 6-го озера В стоимость тура не входит: - Аренда гужевого транспорта с инструктором-50 сомони/ час - спортинвентарь и рыбная ловля с удочками- 10 сомони /час Телефон для справок: 93 507 69 00; 904 32 69 00; 92 717 69 14
НИГОЊИ МАРДУМЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
? - И НОБОБ ДАР РОЊИ ДУШАНБЕ - ТУРСУНЗОДА ЧАНД ШАЊРВАНДИ ТОЉИКИСТОН КОР МЕКУНАД? - Наздики 2 сол мешавад, ки роњи Душанбе - Њисор - Турсунзода аз тарафи роњсозони тољику чинї таъмир шуда истодааст. Чуноне пештар аз телевизору радио дидему шунидем, ин шоњроњ васеъ карда шуда, дар он аз њар ду самт сеќаторї воситаи наќлиёт метавонанд њаракат кунанд. Ман саволи зиёд надорам, танњо донистан мехоњам, ки аз рўзи шуруъи сохтмон то имрўз чанд километри њамин шоњроњ аз таъмир бароварда шуд. Чанд километри дигар бояд таъмир шавад? Умуман њамин шоњроњ чанд километр дарозї дорад? Аз куљо шуруъ шуда, дар куљо хотима меёбад? Дар сохтмони њамин шоњроњ чанд нафар роњсозони тољику чинї кор мекунанд? Ба роњсозони њамин шоњроњ барои роњкушоияшон миннатдории самимонаи худамро мерасонам! Айниддин ЛАТИФОВ, сокини ноњияи Њисор - Лоињаи бењтар намудани њолати роњи Душанбе - Турсунзода - сарњади Ўзбекистон аз ду ќисм иборат аст: - аз дарвозаи ѓарбии шањри Душанбе то шањри Турсунзода - тўлаш 45,3 км, бо пањноии 25,5 метр ва њаракати 4 - хаттаи воситањои наќлиёт; - аз шањри Турсунзода то сарњади Љумњурии Ўзбекистон 11,7 км бо пањноии 15 метр ва њаракати 2 - хаттаи воситањои наќлиёт. Алњол барќароркунии роњ идома дошта, то имрўз 31 километри он мумфарш карда шуда, њанўз ба истифода дода нашудааст. Тўли роњи барќароршаванда 57 км буда, анљоми он моњи июли соли 2015 дар назар аст. Шумораи коргарони дар лоиња масруфиятдошта 724 нафар буда, аз ин 408 нафарашон шањрвандони Тољикистон мебошанд. Ба саволи Шумо Хайрулло АСОЗОДА, вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон посух дод.
ЛАТИФА Ду рафиќ барои тамошои футбол ба варзишгоњ мераванд. Баъди анљоми бозї яке аз дигараш мепурсад: - Хайр чї, бозї маъќул шуд? - Бале. Лекин ањамият додам як нафаре, ки дар байн буду либоси зард дошт, то ахири бозї ин тарафу он тараф давид, касе тубро ба ў надод (манзур довари марказист). *** Пеш аз бозї яке аз бозингарон ба довар мегўяд: - Бар зидди дастаи мо њуштак накаш, ки пулро хоб мебинї! *** Мард аз кор омада, саросемавор либосњояшро иваз мекунаду ТВ - ро гирон мекунад, ки футбол рафта истодааст. Занаш ин њолатро дида, ба ў мегўяд: - Навакак тавассути радио натиљаи ин бозиро эълон карданд. Ман медонам, њисоб чанд шуд. Мехоњї бигўям? Шавњар: - Њељ гоњ! Ман мехоњам то ахир бозиро тамошо карда, худам њисобро фахмам. Зан: - Чї ќадаре мехоњї, тамошо кардан гир. Њељ кас гол намезанад. *** Духтаре ба кошонаи њусн даромада, мепурсад: - Ман пўсти њамвор ва чашмони калон мехоњам. Чанд пул мешавад? - 200 сомонї. - Ин нархи хизмати шумост? - Не, ин нархи противогаз!
БА ЉОИ 09 - Маркази иттилоотиву захиравии назди Дафтари Созмони байналмилалии муњољират дар шањри Маскав оид ба кули масъалањои ќонунгузории мењнат ва муњољират, гирифтани ёрии тиббї, иљтимоиву равонї (психологї), њамчунин имконоти маърифатї барои муњољирон ва ањли оилаи онњо машварат медињад. Шумораи телефон барои тамос: 8-800-333-00-16 (дар ќаламрави Русия занг БЕПУЛ аст). Муњољирони ба шањри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафаркарда имкон доранд барои гирифтани мадади бепули њуќуќї ва мусоидат барои таъмини љои кор ба созмони љамъиятии "Уральский дом" мурољиат намоянд. Шумораи телефон барои тамос: (34377) 7-39-73 ва 7-922-606-5550 Њар яки мо бояд бидонем: пешгирї - бењтарин роњи њифзи саломатии худ ва наздикону пайвандонамон аст.
ВОКУНИШ ШАЊРВАНД БА СУДИ БОЛОЇ МУРОЉИАТ НАМОЯД! - Љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009, тањти №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма", маќолаи шањрванд Назаров С. Тањти унвонии "Муъминобод: дод аз дасти муфаттишу прокурору судя", ки дар шумораи №5 (387) нашрияи "Нигоњ" аз 23 - уми апрели соли 2014 оид ба муддати тўлонї баррасї нагардидани парванда дар суди ноњияи Муъминобод ва норозї будан бо ќарори судї ба нашр расидааст, бо омўхтани маводњои дахлдор мавриди омўзиш ќарор доа шуд. Дар натиља муайян гардид, ки парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї бо моддаи 541 - и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љ Т санаи 7-уми январи соли 2014 ба суди ноњияи Муъминобод ворид шуда, аз љониби раиси суд Ашўров А. 6-уми феврали соли 2014 моњиятан баррасї гардида, нисбати Назаров С. бо моддаи зикргардида љарима ба андозаи дањ нишондињанда барои њисобњо баробар ба 400 сомонї бе мусодираи ашёи њуќуќвайронкунии маъмурї татбиќ кара шудааст. Доир ба ваљњи ариза оиди муддати тўлонї баррасї нагардиани парванда раисикунанда дар гузоришаш иброз доштааст, ки мурофиаи судї ба рўзи 27 - уми январи соли 2014 таъин гардида, бинобар дар ин рўз ба суд њозир нашудани њуќуќвайронкунанда бо таъинот аз 27 - уми январи соли љорї муњлати баррасии парванда мутобиќи тартиботи муќаррарнамудаи моддаи 136 - и КМ ЊМ ЉТ 10 рўз дароз карда шудааст. Оид ба ваљњи дигари ариза вобаста ба норозї будан бо ќарори зикргарида ќобили ќайд аст, ки тибќи моддаи 136 - и Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" санљиши ќонунї будани санадњои судие, ки судњои поёнї ќабул кардаанд мутобиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун аз тарафи суди болої сурат мегирад. Аз ин рў, ба шањрванд фањмонида шуд, ки њуќуќ дорад, тибќи муќаррароти Кодекси мурофиавии њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ба суди марњиллаи болої бо шикоят мурољиат намояд. Аз натиљаи санљиш ба муаллифи маќола хабар ирсол карда шуд. Љамолхон САИДЗОДА, муовини якуми раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон
ДАРХОСТИ МАРДУМЇ НАФАЌАИ МАЪЮБИЯМРО ЗИЁД КУНЕД! Ба таваљљуњи вазири тандурустї ва раиси ноњияи Ёвон - Ман Раќибова Дилором, мутаваллиди соли 1972. Соли 2003 ба бемории сил гирифтор шуда, дар беморхонаи Мачитон дар муддати 8 моњ бистарї гаштам ва њоло тањти парасторї ќарор дорам. Пас аз табобат соли 2006 ба Русия рафтам. Дар он љо саломатиам хуб буд. Соли 2012 ба Тољикистони азиз баргаштам. Моњи марти соли 2013 духтари 19 - солаам бемории сил шуд. Мо ўро дар беморхонаи касалињои сил хобондем. Дар муддати 40 рўз хоб рафт, афсўс, бењбудї нашуд. Табъаш баланд мешуду паст не. Тез - тез ўро табларза меќапид. Пас аз ин мо ўро ба беморхонаи Мачитон бурдем. 1 моњ дар онљо хоб рафт. Ташхис нишон дод, ки вай касали "имдиа" мебошад. Пас аз табобат духтарамро ба Ёвон бурда, табобатро давом додем. Табобати мо натиља надод. Моњи октябри соли 2013 духтарамро боз ба беморхонаи Мачитон бурдем. Моњи январи соли 2014 моро ба ошёнаи 3 бароварданд. Ман бо духтарам муддати 3 моњ хоб рафтам. Маро низ ташхис карда гуфтанд, ки дар ман касалии сил боз хуруљ кардааст. Муддати 3 моњ табобат гирифтам. Айни њол њам табобат карда истодаам. Ба ман сўзандору мегузаронанд ва доруњоро низ истеъмол мекунам. Духтарчаам Гулдаста 31 - уми майи соли 2014 дар беморхонаи Мачитон аз бемории сил вафот кард. Дилам ба ёди духтари нозанинам гум мезанад. Худованд љояшро љаннат гардонад! Ду моњ пеш аз ин (дар моњи март) дар шуъбаи њифзи иљтимоии ноњияи Ёвон духтарамро ба маъюби гуруњи 1 ва маро ба гуруњи 2 гузаронида, мутаносибан ба њардуямон 130 ва 78 сомонї нафаќа муќаррар карданд, ки ба ягон дарду дармонамон намерасид. Ман аз Шумо Нусратулло Салимзода, вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон ва редаксияи гиромии "Нигоњ" эњтиромона хоњиш дорам, ки оиди дуруст ё нодуруст татбиќ кардани нафаќаи маъюбиям равшанї андозед. Њангоми мурољиат кардан ба шуъбаи њифзи иљтимоии ноњияи Ёвон оиди камтар баланд бардоштани нафаќаи маъюбиям ба ман гуфтанд, ки дафтарчаи мењнатї надорам. Ман њар моњ 2 дона доруи "желафизин" ва 2 дона доруи "рингер" ќабул мекунам. Арзиши доруњои номбаршуда 104 сомониро ташкил медињанд. Доруњои дигарро ба ман аз беморхона ройгон медињанд, ки аз эшон барои ин саховаташон миннатдорам. Муњтарам Нусратулло Салимзода, илтимос камтар нафаќаи маъюбии маро бардоред. Одамњое њастанд, ки ба мисли ман ба маъюби гуруњи дуюм дохил мешаванд, аммо онњо ба мисли ман 78 сомонї не, балки 200 сомонї нафаќаи маъюбї мегиранд. Муњтарам вазир, аз Шумо бори дигар илтимос мекунам, ки нафаќаи маъюбии маро бардоред ва ба ман дар сањифаи њафтавор љавоб нависед. Худованди бузург дар њамин моњи Шарифи Рамазон некињоятонро дањчанд баргардонад. Дилором РАЌИБОВА, сокини кўчаи Абдурањмон Љомї, хонаи хонаи 61 кв 26 - и ноњияи Ёвон
АНТИРЕКЛОМ: ЗИНЊОР БАРОИ КЎДАКОНАТОН НАХАРЕД!
ЧАРО? ЧАРО "АФСАРОНИ ЗАХИРАВЇ" АЗ ТИРПАРОНЇ МАЊРУМ ШУДАНД? - Ба таваљљуњи Вазири мудофиаи Тољикистон, генерал Шералї МИРЗО мерасонем, ки, мо гуруњи донишљўён тайи се сол боз дар кафедраи њарбии ДМТ дарси таёрии њарбї мехондем. Баъди хатми донишгоњ тибќи талабот барои гузаронидани машќњои амалї тайи 15 рўз дар ќисми њарбии ДШБ таљрибаи амалї мегузаронем. Мо тибќи наќшаи таълимї њамчун афсари эњтиётї ё захиравї бояд омўзиши њарбиро гузарем. Тўли се сол фаќат назарияи њарбии омўзишро гузаштем ва бадбахтона, аз амалия ба љуз гузаштани сафорої дигар чизе нагузаштем. Сабаби нагузаштани амалияи омўзиши њарбї холї будани кафедрањо аз лавозимоти амалии љангї мебошад. Бо вуљуди се сол нишон надодани тарзи истифодаи лавозимоти љангї ба мо умед доштем, ки њангоми гузаштани машќи сањрої (сбор) бидуни монеа истифодаи амалии лавозимоти љангиро меомўзем. Вале дар машќи сањрої ба љуз гузаштани сафорої ва ќабули савганди њарбї чизе наомўхтем. Пас аз ќабули савганди њарбї мо тарзи истифодаи амалии аслињаи љангї, ба вижа автоматро бояд таљриба мекардем. Аммо на автоматро дидем ва на тарзи тирпаронии онро? Магар афсари захиравии њарбї шуда, аз автомат амалан истифода набурдан мумкин аст? Агар мумкин бошад, дар майдони љанг фардо афсарон чї кор хоњанд кард? Ваќте намедонанд автоматро чї тавр дар њолати омодабош ќарор дињанд, ваќте намедонанд чї тавр аз он тир мепаронанд, магар афсарони оянда фардо билфарз дар майдони љанг пештир хоњанд шуд? Тибќи омўзишу ихтисос мо бояд аз тарзи истифодабарии автомат ва амалан кор бурдани он огоњ мешудем, бавежа њангоми машќи сањрої ба таври амалї аз он бояд истифода мебурдем. Аммо, муттассифона, аз машќи сањрої понздањ рўз гузашт, мо фаќат автоматро дар китфи сарбозони ќисми њарбї дидему халос. Њарчанд борњо пешнињод намуда будем, ки ба мо амалан тарзи истифодаи автоматро омўзанд, вале аз сабаби иљозат надодан аз љониби Вазорати мудофиаи Тољикистон ягон чизро ба мо наомўзонданд. Мо намедонем, ки бо кадом сабаб афсари эњтиётї аз истифодаи амалии автомат ва тирпаронї аз он мањрум мешавад? Ин хандаовар аст, ваќте њамчун афсари захиравї рутбаи сержанту лейтенант дорию боре њам аз автомат тир напарронда бошї. Суоли матрањ ин аст, ки дар сурати иттифоќ афтодани ягон љангу њодиса ин гуруњ, ваќте боре њам аз автомат тир напарондааст, тарзи истифодаашро намедонад, дар майдони љанг чї кор бояд кунад? Магар бањона пеш орад, ки ба мо тарзи истифодаи автоматро наомўзонда буданд? Душман оё гузашт мекунад? Охир душман дигар намепурсад, ки ту тарзи истифодаи автоматро медонї ё не, як тир мезанад бо њамин кор тамом. Муњтарам Шералї Мирзо, ёдовар шудан мехоњем, ки мањрум кардани афсарони эњтиётї аз омўзишу истифодаи амалии автомат зиёни љуброннопазир ба ояндаи ин афсарони эњтиётї ва Артиши миллии Тољикистон мебошад? Зеро афсар тибќи низомнома ва наќшаи таълимї на танњо аз автомат бояд тир паронда тавонад, балки истифодаи танк ва дигар лавозимоту муњимоти љангиро бояд дар сатњи олї анљом бидињанд. Гуфтан ба маврид аст, ки соли гузашта афсарони эњтиётї тарзи истифодаи амалии автоматро омўзиш дида, њар як афсар то 10 тир мепаронд ва аз рўйи он бањо мегирифт. Муттассифона, имсол моро аз истифодаи амалї ва парондан аз автомат мањрум карданд. Мо як гуруњ афсарони захиравї таќозо мекунем, ки наќшаи истифодаи амалии автомат (тирпаронї аз автомат) аз сари нав барќарор шавад ва ба мо дар њузури камандирони масъул барои парондан аз автомат иљозот бидињанд. Умедворем, генерал Шералї Мирзо, ба мушкилоти мо расидагї мекунед! Шервони УМРИДДИН, Субњиддини САДРИДДИН, Меликбойи ОДИНА, љамъ 30 нафар хатмкунандагони кафедраи њарбии факултети журналистикаи ДМТ
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (399), 16. 07. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
"СИФР КАРАТ СИФР, СОБИРАМО..." Мирзодикак ва Ѓалтак баъди баздид аз корхонањои саноатї ва сўњбатњои дурудароз бо соњибони бонкњои давлатию тиљоратї ба хулосае омаданд, ки бо ин роњу усули корбарї дањсолањо давлати аграрї - саноатї шудани Ватани азизашон даст намедињад. Ин буд, ки баъди хондани таробењ дар масљиди Шоњи Хамўш дўстон болои кати назди њавзи Сабз, зери чанори 1000 - сола нишаста, дар атрофи гузашта, имрўза ва ояндаи соњаи саноат ба чунон чархиданд, ки гунљишкњои дар шохањои чинор буда аз лонањояшон сар бароварда, ба чириќ - чириќ даромаданд. Мирзодиккак: - Офарин ба роњбарони мо! Мо метавонемаш њамин - да ! Дар Чину Љупону Италёю Малайзиё дастгоњњои дўзандагию бофандагї ва ресандагї намонд. Њамаашро оварда насб кардем, лекин натиља, ба ќавли мардум, "сифр карат сифр, Собирамо" шуд. Боз рў ба бозору ба молњои дўхтаи чинињо дорем. Росташро гўям, Ѓалтакбой , њамин хориљињо моро љоду кардагї - ња, набошад њазорсолањо мардумамон читу карбос, тоќию палос, сучуку либосовезакњои истењсоли худамонро харида, истифода мекарданду њоло бошад назарашон моли моро намегирад?! Мана, "Барќи тољик"! Трансформаторњои корхонаи шањри Ќўрѓонтеппаро чанг зер кардаасту онњо аз Озорбойљону Арманистон трансформатор оварда истодааст... Ѓалтак: - Нав фањмидї, ки масъулини мо дар ќатори бењунарї ватандўсти хориљипарваранд? Метарсам, ки бо ягон бањона истењсоли коѓазњои ташнобро маън накунанду њамонро низ аз Чину Туркия ворид насозанд! Мебинї, ки њамаш ќаланфур молидагї меоянд... Мирзодиккак: - Не, нањ назанед! Мо баду бахил не. Мана "Барќи тољик" каммаъсулиятї нишон дод, њамаашро аз вазифа сабукдўш карданд. Акнун кадрњои нав меоянду шикастањои онњоро пайванд мекунанд. Ѓалтак: - Таљрибањои чандсола гувоњи он њастанд, ки масъалаи пешбарию интихоби кадрњо миёни љомеаро шикастааст. Касе болои вазифа мешинад хешу аќрабои бењунарашро љамъ карда ба ќавле онњоро "крыша" мешаваду то ваќту соати аз вазифа сабукдуш шуданаш сарват љамъ мекунад. Ба фикрам, хурљини собиќ раисони "Барќи тољик" пур шуда буд, акнун ќамбаѓалњояш таъин шуданд. Мирзодиккак: - Маълум, ки дар љумњурї касе дар соњаи барќ кор мекунад, гурусна намемонад. Мана, омўзгорон як моњ маош нагиранд, маорифро ба сар мебардоранд. Дар вилояти Хуталон барќчињо се моњ маош нагирифтаанд, рўзашон гузашта истодааст... Ќисме гумон карданд, ки барќчињо аз бими вазифа гапро ба "боло" намерасонанду "боло" њамаро мебахшад. Не, мо њукуматињо њамаро ваќт додагї, ки додагињоятонро зуд љамъ намоеду корро дуруст пеш баред, вагарна дигарон "дода " вазифањоро кашида мегиранд. Ѓалтакбой, шукр, ки мо дар масъалаи вазифатаќсимкунї таљрибаи ѓанї дорем, лекин дар хусуси ба кор даровардани корхонањои саноатї пул медињему натиљаи корамон њељ намешавад, ки намешавад. Чї кор карданамонро аз њамон хитоињо пурсем - мї?!
Ѓалтак: - Ба фикрам пеш нарафтани кор аз он аст, ки ќисме ба масъулони корхонањо маслињати дуруст дода наметавонанд ё ин ки соњибони корхонањо аз муѓамбири маслињати касеро шунидан намехоњанд. Агар чунин набошад, шахсе ки пул дода таљњизот мехарад, намеандешад, ки пагоњ кї сари дастгоњ мешинаду кор мекунад. Оё мањсулоти истењсолшуда дар бозор мегузарад ё дар амбор зери чанг мехобад?! Мирзодиккак: - Дуппа дуруст! Онњо пешравии љомеа ва тафаккури одамонро намеомўзанд. Агар меомўхтанду коргаронашонро бо љалби мутахассисони варзидаи љумњурию хориљї нозукињою навгонињои имрўзаро меомўзониданд њама кор пеш мерафту мардум соњиби љои кору маоши дуруст мешуданд. Ѓалтак: - Шумоњо намедонеду лекин мефањмидагињою корро хуб медонистагињоро чашми дидан надоред. Мирзодиккак: - Росташро гўям, мо њам наѓз медонем, ки кї соњибњунару кї бењавсала. Мана, як раис доштед - ку, баромадњояшро аз болои ќоѓаз бо сад ѓалат мехонду дар тўли чанд сол як элчаки мурѓ насохта, ботантана ба нафаќа рафт. Бадбахтии мо њукуматињо дар он, ки мо аз донишу малака дида ба "љуѓрофия" таваљљўњи бештар зоњир мекунем. Шиорамон "Мо метавонем" асту њангоми интихобу љобаљогузории кадрњо аз маќоли халќии "Аввал хешу баъд дарвеш" самаранок истифода мебарем. Ин ба ману коммунисти шинохта ва пазируфтаи Клара Сеткина Пахтагул Панљсолаевна, ба Ќобилљони нањзатї ва њатто ба келини урусамон писанд нест, вале ба гуфтану афсўс хўрдан ин марази "љуѓрофия" нест намешавад. Ба фикрам, онро сўзонидан даркор... Ѓалтак: - Њаминаш муссалам аст, ки бори каљ ба манзил намерасад. Мо бояд дар якљоягї бо ин "зањрпечак" мубориза бурем, вагарна оњиста - оњиста "зањрпечак" љомеаро буѓї карда, имкони рушди њамаи соњњањоро мањдуд мекунад. Он ваќт љои шиори "Мо метавонем" - ро маќоли бофтаи раисњо "Раис гуфт, ки тимсоњ мепарад, мепарад" ишѓол мекунад. Љўрањо замоне аз љой бархостанд, ки паррандањои шохњои чинори лаби њавзи Сабз чуљаяконашонро зери бол гирифта умед ба паррончак шудани онњоро доштанд. Шамол мевазид. Вазидани шамол дар нимашаб њаловатбахш буд ва ба силаи модари шабзиндадор шабоњат дошт...
ОБЪЯВЛЕНИЕ Частная компания объявляет набор на позицию руководитель отдела продаж Основные требования: - высшее либо неоконченное высшее образование - отличное знание таджикского и русского языков - возраст до 40 -лет - опыт работы в данной должности и знание иностранных языков приветствуется Дополнительные требования: - умение достигать поставленные цели - устойчивость, коммуникабельность, порядочность - знание ПК Резюме отправлять до 20.07.2014 года на e-mail: sugurtaimilli@mail.ru Тел. (44) 640 01 86 (+922) 918 26 30 02
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Нусратулло АБДУЛЛОЗОДА, раиси Суди Олии Тољикистон: - Дар куљо будани Низомхонро бояд аз маќомоте пурсид, ки ба фаъолияти фаврї љустуљуї машѓуланд. -Маќомот, ки уњдабаро мешуд, шумову судя Нурову Амиршоњ Миралиевро мепурсид. Мо аз кї пурсиданро худамон медонем. Росташро гўед, ки зинда аст ё аллакай љон ба Љаббор таслим кард?
Махфират ХИДИРОВА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ЊЉТ: - Мо имрўз дар бораи зан, ки њамчун тарбиятгар, олињаи зебої ўро мешиносем, ба њайси як љинояткор суњбат мекунем. Магар ин хуб аст? -Не хуб нест, аммо мо бояд фикр кунем, ки кадом сиёсату кадом љомеа ин занњоро ба њамин рўзи сиёњ расонд? Дар ањди амир Олимхон зиндони занона набуд...
Мансур ЊАМИДОВ, директори генералии ширкати "ТсеLL": - Аз сифр бунёд намудани як индустрия ибо љойњои кори нав, татбиќи инноватсияњо ва комёбињои навтарини технологї, якчанд сол паи њам сазовор гардидани унвони бењтарин андозсупорандаи мамлакат - ин аст муњтавои фаъолияти ширкати мо. -Боз мегўянд, ки муњтавои ширкати шумо аз 250 миллион доллар гирифта, ба бозори алоќаи мобилии Тољикистон ворид кардани аврупоињо њасту њамасола 50-70 миллион доллар фоида карда, онро мулоим берун бурдан. Гурез ЌОСИМЗОДА, муовини якуми раиси Агентии хизмати давлатии назди президенти Тољикистон: - То њол дар хусуси мансабфурўшї ба мо ягон "сигнал" наомадааст. Зимни гузаронидани озмунњо шояд таќаллуб сурат гирад, вале то имрўз њолати мансабфурўшї ба ќайд гирифта нашудааст. - Э, не-е! Сода машуморед, мардуми тољикро, мулло Гурез! "Сигнал"-и зиндаи дупои сип-сияњ њамонеест, ки њар бор мебинедаш мегўед: Ака, як дањан дар бораи ман ба Љаноби Олї нагуфтед... Мањмадалї ВАТАНОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ман як хона дорам, хонаи шахсї, хонаи хуб аст. Ман намедонам дигар ќасру кушкаш чист. -Бе ташвиш, лозим шавад дар ду њафта суроѓаи њамаи хонањо ва ширкатњои наздик ба шуморо меёбанд. Бовар накунед, аз Зайд Саид пурсед. Низорамоњ ЗАРИФОВА, собиќ котиби КМ ЊК ЉССТ: - Миёни толибилмону донишљўён њар нафари эљодкореро, ки медидем, дастгирї мекардем. Квота љорї карда будему он мисли њоло ба раису кабирзодањо дода намешуд. Квота мегўянду пешакї соњибаш кї маълум. -Рафиќ коммунист ваќте, ки маросими кушода шудани туалету маѓозањо тибќи сиёсати хирадмадона танзим мешавад, чаро квота нашавад?! Зафар САИДОВ, собиќ сухангўи президенти Тољикистон: - Масалан, мо одат дорем, ки худамонро боахлоќтарин ва бофарњангтарин миллати дунё номем. Чаро ба иѓроќ роњ медињем? Чаро намехоњем воќеъбинона иќрор кунем, ки кишвари мо ва љомеаи мо дар бархе аз бахшњои фарњангї ва иљтимої ба сарњади буњрон расидааст? Чаро худамонро бо хаёлбофињо хушњолу хотирљамъ мекунем? -Инро аз раиси собиќатон пурсед, домулло. Мо Шабакаи аввал тамошо намекунем.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.