“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
1
Созишномаи њастаї дастоварди бузурги байналмилалист
Сюзан Эллиотт:
№17 (450). Чоршанбе, 22-юми июли соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ИЌТИСОД
Тањдиди нафарони номаълум ба љони фарзанди Воњидова
САЊИФАИ 3
ЉАЊОН
САЊИФАИ 9
ОФАТИ ТАБИЇ ДАР ШАРЌИ ТОЉИКИСТОН Зайд Саидов:
Нирўи њастаї:
Эрон бурд кард ё Ѓарб? САЊИФАИ 6
ПЕШНИЊОД
"Љурмам шояд тољик буданам бошад!?" Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонї парвандањои иќтисодиашро давоми мантиќии парвандањои пешини худ дониста аз суд дархост кардааст, то ўро сафед кунанд.
Навбат дар шаш миллион... сол мерасид! САЊИФАИ 8
Бренди "LifeQode" аз QNET
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
2
Исњоќ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов гуфт, ки ў дар рафти мурофиаи судї гуфтааст, ягон иттињоми алайњаш эълоншударо ќабул надорад. Зайд Саидовгуфтааст, ки шояд гуноњаш дар он бошад, барои хидмат ба ин Ватан тамоми дороињояшро аз хориљ оварда сармоягузорї кардааст. Бар зами ин, дўстонамро низ барои сармоягузорї љалб кардам. Аммо аз он изњори афсус кардааст, ки бо дасти хориљињо, аз љумла нафари ветнамие талоши беобурў кардани ўро доранд. Суол кардааст, ки магар тољик дар ватани худ бояд хору зор бошад? Ва ин мисрањои Лоиќ Шералиро ба ёд овардааст, ки "тољик андан ватани хеш чаро муттањам аст, ё хато рафта ба тољик таваллуд шуданам". Ба гуфтаи вакили дифої, роњбарии ѓайрирасмии ширкати сохтмони "Тољсохтмон-байналмилал"-ро рад карда, гуфтааст, ў ба ин ширкат танњо сармоягузорї кардааст ва ин ширкат роњбари расмии худро дошт ва дорад. Исњоќ Табаров мегўяд, дар рафти мурофиаи судї онњо бегуноњии Зайд Саидовро исбот кардаанд. Вакили дифоъ мегўяд, Зайд Саидов итминон дорад, ки корхона назди давлат њич амали ѓайриќонуние накардааст. Инро дар мурофиањои судї бо далелњо исбот кардем. Агар дуздие шуда бошад аз молу амволи хонаводаи мо шудааст на аз давлат, - иќтибос меорад аз суханронии Саидов, адвокати ў. Дар назар аст, ки Зайд Саидов 23юми июл бо сухани охиронашро ироа мекунад. Сухани нињонии ў аз 99 сањифа иборат буда, ба гуфтаи вакили дифоаш аз бандњои ќонун, ояњои Ќуръон ва ашъори шоирони классику муосир иќтибосњо оварда шудааст. Ќаблан прокурор аз Суд талаб карда буд, ки дар доираи парвандаи иќтисодї ба Зайд Саидов 25 соли зиндон мањкум, 34 миллион сомонї љарима ва кулли амволаш мусодира шавад. Прокурор њамчунин талаб карда буд, тобанду басти моддаи 262 таѓйир дода шавад. Наздиконаш мегўянд, ки аз он, ки ќаблан Зайд Саидов 26 сол њукм гирифта буд, шояд аз 25 сол 4 сол ба њукми ќаблии ў илова шавад. Зеро тибќи ќонунгузории Тољикистон ба мањкумшуда наметавон аз 30 сол зиёд њукм таин кард. Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, ки тафтиши парвандаи иќтисодии Зайд Саидовро пеш мебурд, ќаблан эълон карда буд, ки нисбат ба соњибкори тољик бо моддањои 340 ќисми 2 бандњои а,б (сохтакории шиноснома, шањодатнома ва дигар њуљљатњои расмии њуќуќдињанда ва аз уњдадорї озодкунанда, ки такроран бо маслињати пешакї аз љониби гурўњи шахсон содир карда шудааст), 314 ќисми 2 (сўиистифода аз ваколатњои мансабї, аз љониби шахсе, ки манса-
Зайд Саидов:
"Љурмам шояд тољик буданам бошад!?" Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонї парвандањои иќтисодиашро давоми мантиќии парвандањои пешини худ дониста аз суд дархост кардааст, то ўро сафед кунанд. бњои давлатии Љумњурии Тољикистонро ишѓол мекунад), 245 ќисми 4, банди б (бо роњи азонихудкунї ва исрофкорї ба миќдори махсусан калон тасарруф намудани маблаѓњои давлатї) , 262 ќисми 3 банди б (ба миќдори калон ќонунї гардонидани маблаѓњои пулї ва дигар молу мулки ѓайриќонунї бадастовардашуда) ва 292 ќисми 2, банди б (ба миќдори махсусан калон саркашї намудан аз супоридани андозњо ва пардохтњо аз шахси њуќуќї) ... парванда боз кардааст. - Мурофиаи навбатии Зайд Саидов 16-уми июл баргузор мешавад, ки дар он суханни адвокат ва Зайд Саидов шунида мешавад. Баъд аз он суд ба хонаи машварат меравад, - мегўяд вакили дифоъ. Мурофиаи судии Зайд Саидов дар доираи парвандањои иќтисодї 12-уми феврали соли равон дар боздоштгоњи раќами 1-и шањри Душанбе оѓоз шуда буд. Дар доираи парвандаи иќтисодии Зайд Саидов 4-уми июн ду нафар аз мансабдорони баландмаќоми пешини Њукумати Тољикистон Гул Шералї ва
Матлубхон Давлатов шоњидї дода буданд. Гул Шералї, собиќ вазири энергетика ва саноат ва Матлубхон Давлатов, собиќ рањбари Дастгоњи иљроияи Президент дар солњои пеш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї буданд. Ба гуфтаи вакили дифоъи Зайд Саидов, ин ду мансабдори собиќ воломаќоми Њукумати Тољикистон дар мурофиа тасдиќ кардаанд, ки моликияти мавриди бањс аз љониби судшаванда тибќи ќавонин хусусї гардонда шудааст. Њамчунин, пурсидашудагон гуфтаанд, ки Зайд Саидов дар замони мансабдориаш њеч таъсире дар раванди хусусигардонии моликиятњои мазкур таъсир расонда наметавонист. Аз љумла Гул Шералї дар масъалаи хусусигардонии корхонаи Тољиказот ва Гулистон тасдиќ кардааст, ки хусусигардонї дар асоси ќарори Њукумати Тољикистон сурат гирифта буд, раванди хусусигардонї дар чорчуби талаботи ќонун сурат гирифтааст. Дар ин љо ягон ќонуншиканї нест. Саидов њамчун вазири ваќти саноат ягон манфиати шахсї надошт. Ба раванди хусуси-
гардонї таъсир расонда наметавонист. Гул Шералї дар мурофиа гуфта буд, ки корхонањоњо бо пешнињоди вазорати саноат хусусї карда шуда, баъдан бо љалби маблаѓи хориља фаъол гардонда шуд. Ќазияњо атрофи Зайд Саидов баъди 6-уми апрели сол 2013 шурўъ шуд. Он ваќт Зайд Саид бо гурўњи њамфикронаш аз ташаббуси таъсиси њизби сиёсии Тољикистони нав хабар дода буд. Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе њангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуда буд. 25-уми декабри соли 2013 Суди Олии Тољикистон Зайд Саидовро аз рўи 4 моддаи љиної ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш мањкум карда буд. Маќомот ўро ба бисёрзанї, сўистифода аз маќом, ќаллобї, ришват ва таљовуз ба номус муттањам мекарданд. Вакилони дифоъи Зайд Саидов он ваќт гуфта буданд, ки тафтиши парванда аз аввал то анљом якљониба сурат гирифтааст. Умари ТОЊИР
20% 15% 10% 5%
4%
31%
17%
4%
Барои ман фарќ надорад
25%
37% ЊУКМИ 16-СОЛИ ЗИНДОН БА "ШАЙХ ТЕМУР" ЗУЛМУ ЉАБР МЕДОНАНД “Шайх Темур” кист?
30%
Адолат аст, љазои ќонуншикан њамин аст
35%
37%
Ќонуншиканї аст
40%
Ин зулм ва љабри зиёд ба мўйсафед аст
САДОИ МАРДУМ
6%
0% 1
2
3
4
5
6
Натиљаи як назарсанљии виртуалї муайян кард, ки бархўрди истифодабарандагони интернет ба њукми 16-соли зиндон ба "Шайх Темур" гуногун аст. Дар назарсанљии виртуалии сомонаи хабаргузории TojNews ба суоли " Муносибати Шумо ба њукми 16-соли зиндон ба "Шайх Темур" чи гуна аст?" 37% ширкаткунандагон њукмро "зулм ва љабри зиёд ба мўйсафед" донистаанд. Танњо 4% дар посух ба суол гуфтаанд,
ки "ќонуншиканї аст", аммо барои 17% ин њукм "адолат аст, љазои ќонуншикан њамин" ва 31% гуфтаанд, ки "гунањкор бояд љазо гирад, аммо на ба ин њад". Инчунин, 4%-и дигар дар миёни посухњо гузинаи "Шайх Темур" кист?"-ро интихоб карда, 6 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки "барои ман фарќ надорад". Назарпурсї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" аз 15-уми июл то 21-уми июл дар сомонаи TojNews баргузор шуд.
ВОЌЕИЯТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
Президент аз маконњои офатзадаи Бадахшон дидан мекунад Президент Эмомалї Рањмон барои боздид аз маконњои офатзадаи љамоати Сучони ноњияи Шуѓнон ба Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон сафар мекунад. Як манбаъ аз Њукумати Тољикистон гуфт, ки Комиссияи њукуматї бо шумули вазирону раисони вазорату кумитањо кори худро дар Шуѓнон ба итмом расонда, ба Душанбе баргаштанд. Аммо бархе аз намояндагони маќомот аз љумла масъулини Кумитаи њолатњои фавќуллода ва мудофиаи гражданї барои омодаї ба сафари Президент дубора ба минтаќа рафтаанд. Ин манбаъ мегўяд, ки сафари Президент ба Бадахшон ќаблан ба назар гирифта шуда буд, аммо сар задани обхезї ва тахриб шудани дањњо манзили зист боис шуд, ки Президент зудтар барои боздид ба Шуѓнон равад. Зимни ин сафар ў бо сокиноне, ки манзилњояшон аз обхезї хароб шуда, хисорот дидаанд, мулоќот карда, кўмаки моддї хоњад кард. Дар назар аст, ки сафари Президент дар ВМКБ дар Шуѓнон ба итмом намерасад, дар барномаи сафар боздид аз дигар ноњияњо низ ворид кардаанд. Тибќи њисоботи комиссия обхзеї дар ноњияи Шуѓнон то њол наздики 20 миллион сомонї ё бештар аз 3 миллион доллар хисорот ворид кардааст. Дар пайи обхезие, ки 17-уми июл дар ноњия ба миён омад, дањњо хонавода дар љамоати дењоти Сучони ноњияи Шуѓнон бесарпаноњ мондаанд. Тибќи маълумоти пешакии Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудоифаи гражданї то 18-уми июл дар дењањои Барсем, Бердибекобод, Колхозобод 56 хонаи истиќоматї пурра хароб шудаанд. Инчунин, 1 бинои мактаб, 6 маѓоза, 1 нуќтаи фурўши сўзишворї, 2,5 километр роњи мошингарди ањамияти байналмилалидоштаи Хоруѓ-Мурѓоб, 2 километр роњи ањамияти мањалидошта, 2 километр хатти интиќоли барќи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиќоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадињанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад љуйбори обёрикунанда, дар дењаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад љуйбори обёрикунанда дар дењаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр, 2 адад пули пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб шудаанд. Барои бартараф кардани хисороти обхезї 18-уми июл бо рањбарии Сарвазир Ќоњир Расулзода бархе аз аъзои Њукумат ва раисони нињодњои дахлдор дар њайати Комиссияи њукуматї вориди Бадахшон
шудаанд. Дар ин Комиссия вазирону раисони молия, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї, наќлиёт, энергетика ва захирањои об, Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї, Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї, Агентии захирањои моддии давлатї, Корхонаи воњиди давлатии Хољагии манзилию коммуналї шомил шудаанд. Шаби 20-ум ба 21-уми июл дар ноњияњои Ванљу Рашт низ сели харобиовар омад, ки бо талафоти љонї анљом ёфт. Бино ба маълумоти ВКД дар натиљаи фаромадани сел дар љамоати Убаѓи дењаи Висхарви ноњияи Дарвоз - 2-адад автомашинаи сабукрав ва дар дењаи Курговад 1-адад купруки мошингард таги сел монданд. Дар љамоати Љовидони дењаи Равоти ноњияи Ванљ 1 адад автомашинаи тамѓаи "Старекс" бо 5 нафар мусофирон таги сел монда, дар љои њодиса ба њалокат расидаанд. Дар дењаи Лугади љамоати Вотхуди њамин ноњия 1-адад "Экскватор", 1-адад автомашинаи тамѓаи "Кетчут" таги сел монда, ронандаи "Экскватор" бе ному нишон гум шудааст. Дар дењаи Бравни љамоати Вотхуд 1-адад автомашинаи субукрави тамѓаи "Опел", 1-адад маѓозаи тиљоратї таги сел мондаанд. Дар маркази ноњияи Ванљ оби канал аз маљро баромада, идораи Бойтории ноњияро хароб намудааст. Њамин тариќ, сел 100 метр роњи мошингарди шоњроњи Душанбе-Хоруѓро дар мавзеи љамоати Барушони ноњияи Рушон мањкам намуда, 4 хонаи истиќоматиро хароб намудааст.Дар натиљаи фаромадани сел дар мавзеи дењаи Дењмиёни љамоати Вер 14-метр роњи мошингарди шоњроњи Хоруѓ-Мурѓоб шуста шудааст. Барои бартараф намудани оќибатњои офати табиї аз љониби масъулин корњои барќарорсозї идома дорад. Дар дењаи Бедак ва атрофи он низ сел манзилњову заминњои киштро хароб кард, ки субњи он рўз Ќоњир Расулзода ба љои њодиса сафар кард. Ў дар як љаласа бо њузури дипломатњои муќими Душанбе аз кишварњои хориљї барои бартараф кардани хисорот офат кўмак хост. Баъдан, ВКХ низ бо пахши як изњорот маблаѓи хисороти офатро беш аз 100 миллион эълон кард. Дар пайи ин ќазияњо Президент Эмомалї Рањмон ба ањли хонаводаи фавтидањо аз офати табиї изњори тасаллият ва њамдардї эълон кард. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
3
Муњибуллоњ Ќурбон Он мењмон гуфт, ки ман њоло аз маркази вилоят омадам. Дар он љо як маркази савдое буд бо номи "Њољї Абдулазиз". (Барои маълумот илова мекунем, ки Њољї Абдулазиз Расулови Самарќандї (1852-1936) дар рушди њунари мусиќии классикї сањми арзанда доштаанд.
Салларо биёр нагуфта, калларо овардаанд... Як дўстамро падар Њољї ном гузоштааст. Њољї фалониев неву танњо Њољї... Волид мехостаат писараш ба воя бирасаду ба њаљ биравад. Нияти неке... Њољиро дирўз мушавваш дидам ва сабаб пурсидам. Гуфт, шунидам, ки Вазорати адлия дастуре тањия намудааст, ки гўё, мувофиќи он изофањои номњое, ки оњанги динї ва ё ишора ба табаќаву гуруњ мекунанд, аз исмњо бардошта мешудаанд. Агар номи "Њољї" њам бардошта шавад, ман бе ном мемонам. Кош, падарам маро аќаллан Њољї Ќаландар ном мегузошт ва "Њољї"-ашро мебардоштанд, аќаллан "Ќаландар"-аш мемонд ва ман низ бе исм намемондам... Ман ин суњбати дўстам Њољиро њамчун як лутф пазируфтам, вале дар сарам хаёле мечархад, ки воќеан њам агар ин гуна дастур тасдиќ ва дар амал татбиќ гардад, он гоњ хараљу мараље дар номгузорї мешавад, зеро њама "Сайид", "Эшон", "Тўра", "Мирзо" ва монанди инњо аз байн мераванд. Падар Сайид Анвар, вале писар танњо Зафар мешавад, на Сайид Зафар. Бо ин роњ мо метавонем анъана ва ифтихори номгузории авлодиро халалдор шавем. Масалан, авлоде њаст, ки садсолањо бо як изофаи номашон машњуранд ва ин изофї рафта равон ба таркиби ном бадал шудааст. Оё ин авлод метавонад аз он пасванд ва ё изофї даст бикашад? Албатта, не. Аслан, ба номгузорї дахолат кардани нињоди давлатї хилофи Сарќонун аст ва озодии инсонро мањдуд месозад, њарчанд дар баъзе кишварњо њар гуна мањдудиятњо дар номгузорї расман ќабул шудааст. Агар дар як кишвар номи золимону хунхорон ба монанди Њитлер мамнуъ бошад, дар дигаре номњои фањш манъ гардида-
аст. Ман аз он метарсам, ки ваќте аз љониби Вазорати адлия як силсила ному изофањоро дар номгузорї манъ кунанд, дар мањалњо боз аз худ иловаи дигаре месозанд, чунки халќи мо дар эљодкорї њам ном баровардааст. Тахмин ду моњ муаллифе ба идораи нашрия аз шањри дигар омада буд ва чї шуду суњбат дар мавриди њамин дастури Вазорати адлия хест. Он мењмон гуфт, ки ман њоло аз маркази вилоят омадам. Дар он љо як маркази савдое буд бо номи "Њољї Абдулазиз". (Барои маълумот илова мекунем, ки Њољї Абдулазиз Расулови Самарќандї (1852-1936) дар рушди њунари мусиќии классикї сањми арзанда доштаанд. Аз ин сабаб ба хотири њамон хидматњо чанд муассисаву кўча ва њунаргоњњо ба номи ў гузошта шудаанд.) Бо фармони шояд шањрдорон бошад, аз номи "Њољї Абдулазиз" калимаи "Њољї"-ро кандаанд ва ё кўр кардаанд. Ва њоло танњо калимаи "Абдулазиз" мондааст. Кош, ин гуфтаи мењмони идора сањфе бошад, Пас аз ин ман аз як намояндаи њуќуќ пурсидам, ки оё њамин дастур расман пањн шудааст, посухе дод, ки хабаре надорад. Њанўз барои аз номњо партофтани изофањояшон ба ин шањр фармони расмї нарасидааст. Њатто баъзењо мегўянд, худи он дастур њанўз тайёр нашудааст. Аз љониби дигар агар чунин њуљљат ба роњбарияти шањр расида бошад њам, он ба номи таърихї ва ё номи инсоне, ки дар асри нуздању бист зистаасту бе "Њољї" Абдулазизро касе намешиносад, чї дахл дорад? Воќеан њам мо гоње салларо биёр нагуфта, калларо меорем, зеро чунин њастем.
ЊУЌУЌИ ИНСОН
Тањдиди нафарони номаълум ба љони фарзанди Файзинисо Воњидова Адвокати маъруф Файзинисо Воњидова мегўяд, ки шахсони номаълум ба воситаи ирсоли паёмак аз шабакањои иљтимої ба љони ў ва фарзандонаш тањдид кардаанд. Воњидова мегўяд, ки мавќеъу назарњояш дар бораи ин ё он масъала, ки дар расонањо нашр мешавад, бахусус назарњояш дар бораи ЊНИТ боис ба ин тањдидњо шудааст. Дар паёмњо таъикд кардаанд, ки барои суханњояш ўро "дар рўзњои наздик "наказат"-и сахт интизор аст. Ту фикр мекунї, ки њама навиштањоят њамин хел мемонанд, ту ва ањли оилаатро њоло хеле бадбахтињо интизор". Дар
идомаи паём нисбат ба фарзанди Воњидова, ки дар хориљ тањсил мекунад, дашном дода, навиштаанд, ки ўро дар куљое набошад, меёбанд... Воњидова муътаќид аст, ки муаллифи ин њарфњоро мешиносад ва дар њолати зарурї агар маќомот тафтишот оѓоз кунанд, бо далелу аснод исбот хоњад кард, ки ин навиштаро кї ба ў равон кардааст. Ба бовари ин адвокати маъруф, чунин тањдидро нисбат ба ў аз кормандони маќомоти ќудратї раво дидаанд. Барои тафтиши ин ќазия Воњидова ба прокуратураи вилояти Суѓд бо ариза мурољиат карда, хостори
тањќиќи ин паёмњо шудааст. Ва маќомотро дар љараён гузоштан мехоњад, ки агар ба сари ў ва ањли оилааш зараре расонанд, ин кор аз љониби як корманди маќомот сурат гирифтааст. Адвокат мегўяд, агар прокуратура чораи зарурї наандешанд маљбур аст, ки барои њифзи њуќуќњояш ба созмонњои байналмилалї мурољиат кунад. Файзинисо Воњидова аз вакилони дифоъи маъруф дар шимоли Тољикистон аст, ки бо мавќеъгириву назарњояш ва адвокатиаш дар парвандањои пурсарусадо ном баровардааст.
Бори аввал нест, ки фаъолони љомеаи шањрвандї аз чунин тањдидњо шикоят мекунанд. Соли 2013 Шокирљон Њакимов, муовини аввали раиси ЊСДТ низ он шикоят карда буд, ки афроди номаълум ўро тањдиди ќатл кардаанд.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
ГУЗОРИШИ ТАСВИРЇ
Офати табиї дар шарќи Тољикистон
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
5
ИСТЕЪФОИ МУЊАММАДИЕВ Оё Тољикистон мураббии бењтаре аз Муњсин Муњаммадиев дорад, ки рафту касе ўро бознадошт? Баъди ду нокомии бузурги мунтахаби футболи Тољикистон сармураббии он њафтаи гузашта аз истеъфои худ хабар дод. Муњсин Муњаммадиев шикаст дар мусобиќоти байналмилалї бо Урдун ва Бангладешро ноомади кор медонад ва мегўяд умедњо дигар буданду натиља дигар шуд. Истеъфои Муњсин Муњаммадиев дар доирањои коршиносии варзиш гўмагўњои тозаро ба бор овард ва аксаран љойгузини шоистатар аз ў барои мунтахаби Тољикистон намедонанд. Кист Муњаммадиев ва чаро бо вуљуди нокомињои ахир боз њам коршиносон рафтани ўро аз сањнаи футболи кишвар љуброннопазир шумардаанд? Њар касе ёде аз даврони Шўравї ва шуњрати тими миллии "Помир"-ро дошта бошад, ин ном барояш ноошно нест. Муњсин Муњаммадиевро метавон аз насли охири бозингарони "Помир" донист, ки поёни солњои 80-уи асри гузашта вориди ин тим шуд ва чанд сол баъд ба муљарради суќути Иттињоди Шўравї маъруфияти "Помир" низ тадриљан аз байн рафт. Ба гунае, ки "Помир" моли њамон Шўравии ќудратманд буд ва бо рафтанаш боди айём он њама шуњрату обрўи футболи тољикро бо худ бурд. То њамин чанд соли охир дигар футбол буд, вале бидуни шуњрате, ки "Помир" дошт.
«
Муњсин Муњаммадиев њам аз њамин насл буд, дар ќатори касоне дар сабќатњо майдондорї ва обрўи футболи тољикро бардошт, ки номашон вирди забони хосу ом буд. Онњое, ки дар гўшаи хотироти мо наќш бастаанд ва њоло намедонем сарнавишти аксарашон чї шуда: Андрей Мананников, Станислав Карасев, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимљон Рафиќов, Шўњрат Мамадљонов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Њаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Мўњсин Муњаммадиев, Вазген Манасян, Эдгар Гесс, Наримон Палабуюк... Мўњсин Муслимович Муњаммадиев зодаи шањри Душанбест, 21-уми октябри соли 1966 ба дунё омадааст. Аз хурдї шавќи беандоза ба футбол дошт ва дар о?ози фаъолияташ тањти роњбарии Войнов Николай Алексеевич машќ кардааст. Соли 1987 Донишкадаи тарбияи љисмонии Тољикистонро хатм намуда, муддате дар тими "Пахтакор"-и шањри Ќур?онтеппа бозї кардааст. Мањорати хуб ва бозии љолиби Муњаммадиев таваљљуњи мураббиёни ваќти "Помир"-ро ба худ кашидааст ва ў ба ин тими он замон шуњратёфта даъват шудааст. Соли 1988 дар њайати тими "Помир" бори аввал шарафи ширкат дар бозињои лигаи олиро дарёфт кард.
Пош хўрдани Иттињоди Шўравї ба нањве ба орзуњои рушди футболи ватанї низ латма зад ва солњои љанги шањрвандї Муњсин низ аз Тољикистон хориљ шуд. Соли 1992 бо даъвати Юрий Сёмин ба тими футболи "Локомотив"-и Маскав шомил шудааст. Баъдан дар клубњои футболи "Спартак"-(Маскав), "Торпедо" (Маскав), "Локомотив" (Нижний Новгород) ва дигар тимњои машњуру номашњури Русия бозї кардааст.
«
Дар мавсими соли 1992 дар чемпионати Тољикистон оид ба футбол дар 3 бозї 5 тўб задааст. Пош хўрдани Иттињоди Шўравї ба нањве ба орзуњои рушди футболи ватанї низ латма зад ва солњои љанги шањрвандї Муњсин низ аз Тољикистон хориљ шуд. Соли 1992 бо даъвати Юрий Сёмин ба тими футболи "Локомотив"-и Маскав шомил шудааст. Баъдан дар клубњои футболи "Спартак"-(Маскав), "Торпедо" (Маскав), "Локомотив" (Нижний Новгород) ва дигар тимњои машњуру номашњури Русия бозї кардааст. Соли 1995 дар њайати мунтахати Русия низ дар як бозї ширкат намуда, соли 1998 бо як муоњада муддати як соли дар њайати тими "Аустрия" (Вена) бозї кард ва баъди анљоми созишнома ба Маскав баргашт. Соли 2002 ба шуњрати футболи касбї баъди ширкаташ дар бозињои футбол аз љониби клуби њарбии "Витяз"-и Русия поён дод ва дар њамин клуб ба кори мураббигї гузашт. Аз соли 2007 то 18 апрели соли 2008 сармураббии "Витяз" буд, ки зери роњбарии ў ѓолиби минтаќавї гашт. Аз июни соли 2008 то июни соли 2012 директори варзишии "Рубин"-и Ќазон буд. Умуман, аз охири соли 1992 то бозгашт ба Тољикистон дар дастањои футболи чор кишвари олам: Русия, Туркия, Австрия ва Узбакистон фаъолият кардааст. Соли 2012 Ассотсиатсияи журналистони варзишии Тољикистон Муњсин Муњаммадиевро бењтарин футболбози асри ХХ эълон кард. Вай хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни Маскав ва мураббии дорои
муљаввизи ё "PRO" мебошад. Моњи июли соли 2013 сармураббии мунтахаби Тољикистон таъин гардид. Дар ин муддати бештар аз ду сол футболи тољик хеле комёбињо дошт, бохт њам буду пирўзї њам. Аммо бозие, ки Муњсинро дилгиру дилшикаста кард, бохт бо тими Урдун буд, ки мунтахаби Тољикистон ба њисоби 1-3 маѓлуб шуд. Вай беш аз дигарон хиљолат кашид. Дар аввалин фурсат ба хабаргузорињо гуфт: "Дар назди мухлисон хиљолат кашидам. Шояд бозигарони мо ба њаяљон омада буданд. Мо бозиро тањлил мекунем, вале бори дигар мегўям, ки аз ин бозї шармсорем. Чунин бозї кардан мумкин нест..." Ва њамин хиљолат билохира тасмими ўро барои тарки мунтахаби футболи кишвар нињої кард. Мўњсин Муњаммадиев дорандаи медали хурди тиллои чемпионати СССР байни дастањои лигаи якум (1988), ќањрамони футболи Федератсияи Русия (1994), соњиби медалњои нуќраю биринљї ва Љоми Русия дар њайати дастањои футболи шањри Маскав аст. Оиладор аст, соњиби се духтар бо номњои Муслима, Мањбуба ва Марям мебошад. Њамсараш Моњира духтур ва собиќ узви мунтахаби Тољикистон оид ба чавгонбозї будааст. Падарарўси Муњсин Сергей Мусаллимович Носиров дар гузашта мураббии футболи кўдакону наврасон буд. Дар айни замон Муњсин Муњаммадиев ба Маскав баргаштааст ва мегўяд то ин замон пешнињоде аз љомеаи футбол барояш нарасида ва њоло намедонад оянда ба чї коре машѓул хоњад шуд. Бобољони ШАФЕЪ
ЌАРЗ
"Амонатбонк" амволи гарави Толиб Айёмбековро ба савдо мегузорад "Амонатбонк" амволи Толиб Айёмбековро фурўхта, ќарзашро ба маблаѓи 329 њазор сомонї аз собиќ ќумандон бармегардонад. 14-уми июл Руњуллоњ Њакимзода, раиси Бонки давлатии "Амонатбонк" ба хабарнигорон гуфт, ки Толиб Айёмбеков ќарзашро баргардондааст, аммо фоизњое, ки аз ќарз љамъ шудаанд ба маблаѓи 329 њазор сомонї боќї мондаанд. Ба гуфтаи раиси Бонк, бо ризоят ва мувофиќаи љонибњо "Амонатбонк" амволи ба гаравмондаи Айёмбековро фурўхта фоизи ќарзњоро мегирад. Толиб Айёмбеков, собиќ ќумандон аз Бадахшон ва писари ў Ѓуломалї Абдурањмонов соли 2010 аз ин бонк 455 њазор сомонї ќарз гирифта, тибќи шартнома бояд дар муњлати ду сол пардохт мекарданд. Пардохти он ба мушкилї мувољењ шуд. Моњи январи соли равон Љамшед Нурмуњаммадзода, раиси ваќти "Амонатбонк" гуфта буд, ки Толиб
Айёмбеков ќисми зиёди ќарзашро баргардондааст. Он ваќт Аёмбеков бояд ба бонк 157 њазор сомонї пардохт мекард. Ба масъалаи ќарзи Толиб Айёмбеков ва ќумандони дигар Ёдгор Мамадасламов Президент Эмомалї Рањмон низ дахолат карда буд. Моњи сентябри соли 2012 ў зимни мулоќоташ бо сокинони вилояти Бадахшон дар шањри Хоруѓ гуфта буд, ки ќарзи ин ду нафар бо љамъи фоизњояш ба 1 миллиону 265 њазор сомонї расидааст. Президент њамчунин гуфта буд, ки ин ќарзњоро бо дастури худаш дода буданд. Толиб Айёмбеков бародари ќумондорни сањроии маъруфи бадахшонї Абдуламон Айёмбеков, маъруф ба Алёша Горбун аст, ки соли 1994 дар Бадахшон кушта шуда буд. Исми Толиб Айёмбеков баъди њодисањои тобистони соли 2012 хеле машњур шуд. Маќомот ўро дар моњи
июли њамон сол ба ќатли генерал-майор Абдулло Назаров, сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон муттањам мекарданд. Ў дар он замон дар вазифаи муовини раиси ситоди отряди марзбонии Ишкошим фаъолият мекард. Маќомот бо пахши изњорот Айёмбековро ба ташкили гурўњи мусаллањ, ќочоќи маводи мухаддир, тамоку, сангњои ќиматбањо ва љиноёти вазнини бандитизм гунањкор мекарданд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
Дар умум бояд гуфт, ки бо имзо шудани тавофуќнома Эрон нахустин њаќќи ќонунии байналмилалиро барои ба даст овардани ин гуна силоњ соњиб гашт. Њафтаи гузашта масъалаи нирўи атомии эронї, ки чанд сол инљониб мавриди бањсу талош ва гирудори љониби Эрон ва давлатњои ѓарбї ќарор дошт, зоњиран, њалли худро ёфт ва љонибњо ба созиши ќаноатбахш ба њар ду расиданд. Доир ба муњтавои он чї дар созишнома омадааст, ниёз ба тафсил нест, чун дар ин бора дар расонањои мухталиф бисёр гуфта шудааст. Вале онро метавон ба таври содда чунин баён намуд: тибќи ќарордод Эрон имконияти ѓанисозии урани худро ба даст дорад, вале танњо зери назорат, то пеши роњи истењсоли аслињаи атомї гирифта шавад. Дар муќобил бошад, љониби дигар дар симои давлатњои 5 љамъи 1, вазифадор шуданд, ки тањрими иќтисодї, ки то ин дам бар сари ин кишвар бор шуда буд, бардоранд. Бешак, сиёсатмадорони ѓарбї ин талошњоро дар доираи таъмини истиќрор дар Ховари Миёна ва саъйи Амрико дар роњи пешгирї аз интишори аслињаи атомї ё силоњи ќатли ом маънидод мекунанд. Агарчї ин саъйу талошро (яъне манъи интишори аслињаи атомї) баъди љанги дуюми љањонї ибтидо шуда бошад, њам вале то ин дам давлатњое чун Бритониё, Русия, Чин, Фаронса ва боз чанде дигар ба силоњи атомї даст ёфтаанд. Дар минтаќаи Ховари миёна дар њоли њозир ба љуз Исроил кадом давлате аз ин "имтиёз" бархўрдорї надорад. Мусобиќа дар ин љода миёни кишварњои мухталиф беист идома дорад ва њар яке мехоњад, аз ин навъи технологияи навин бањрабардор бошад. Зеро бо вуљуди вањшонияти асари он ва ќатли омњое, ки метавонад ин навъи силоњ аз худ боќї гузорад, њама мехоњанд онро дошта бошанд, чун ин силоњ њамон василаест, ки маъракаро мебараду ба соњибаш имтиёз мебахшад. Дар бораи бурду бохтњои ин созишнома ва суду зиёнњои он ба љонибњои музокира намуда, андешањои гуногун матрањ мешаванд. Агар бархе онро "шикасти љониби Эрон дар муќобили талаботи давлатњои ѓарбї" пиндоранд, бархеи дигар онро пирўзии дипломатияи низоми Рўњонї мешуморанд. Дар умум бояд гуфт, ки бо имзо шудани тавофуќнома Эрон нахустин њаќќи ќонунии байналмилалиро барои ба даст овардани ин гуна силоњ соњиб гашт. Агарчї бандњои созишнома бар акси ин далолат менамоянд. Аз касе пўшида нест, ки низоми кунунии эронї барои ба даст овардани нирўи атомї то кадом њад њарис аст. Илова бар ин тибќи ин созиш-
МИНТАЌА
Нирўи њастаї:
Эрон бурд кард ё Ѓарб? нома, ки тањримот аз болои иќтисоди ин кишвар бардошта мешавад, љониби Эрон беш аз сад миллиард доллари амрикої аз бозмондањои худро, ки бар асари тањримот дар бонкњои ѓарбї хобидаанд, бозпас мегирад. Ин маблаѓ барои кишваре, ки иќтисодаш тайи чанд соли ахир сахт осеб дидаасту таъсири он ба љайби њар як шањварванд расидааст, чун обу њаво мусоид хоњад буд. Вале саволе, ки имрўз миёни коршиносон ва тањлилгарони масоили Ховари миёна давр мезанад, ин аст, ки Оё низоми кунунии Эрон ин маблаѓњоро барои эњёи иќтисоди худ ва бардоштани сатњи некўањволии мардумаш ба харљ медињад? Ё барномањои дигаре њастанд, ки барои низоми идории ин кишвар авлотар ба назар мерасанд? Дар посух аксари кор-
шиносон бар он назаранд, ки аз бозпас ба даст овардани ин маблаѓњо дар хусус ва рафъ гардидани тањримот аз сари иќтисоди ин кишвар дар умум наметавон њадс зад, ки сатњи иќтисод дар рн кишвар бењбуд меёбад ва дараљаи некўањволи мардум сўйи хубї боло меравад. Чун аз иќдомоти чанд соли ахири низоми эронї бармалост, ки барномањои муњими дигаре њастанд, ки ниёз ба маблаѓгузорї ва дастгирї мебошанд. Бинобар андешаи коршиносон сиёсати хориљї ва ѓояњои тавсеавї барои низоми идории кишвар боањамияттар аз њадафњои дохилї мебошанд. Дар њоле ки наќши ин кишвар бо сиёсатњои хориљии худ дар низоъњои минтаќа ва хусусан Ховари миёна(Яману Сурия, Лубнону Бањрайн ва Ироќ) љойи бањсе нест.
Тибќи маълумотњо кишвари Эрон барои дастгирии низоми Башшор Асад дар Сурия солона наздик ба 6 миллиард доллар харљ мекунад. Њаракати Њизбуллоњи Лубнон аз а замони таъсиси инљониб аз дастгирии бевоситаи ин кишвар алахусус дар маљоли молиявї бархўрдор аст. Доир ба таъсири Эрон ба Њаракати Ансорулллоњ дар Яман, ки чун Њусиён шинохта шудаанд, њољат ба гуфтан нест. Ин њаракат низ бо дастгирии бевоситаи моддї ва маънавии эронї табаддулотро дар Яман созмон дода, ин кишварро ба доми љанги дохилї кашиданд. Дар ин росто љониби ѓарбї дар ин созишнома низ бо "дасти хушку холї" намемонад. Балки њар яке аз кишварњои ѓарбї ба њадди имкон аз дастурхон насибаи худро бардоштан мехоњанд. Маълум аст, ки дар сиёсат њамеша манфиат наќши муњим дорад. Њамин аст, ки бо муљарради имзо шудани созишнома намояндагони боломаќоми чанд кишвари аврупої тасмими худро доир ба зиёрати расмї ба Эрон эълом доштанд. Чанд ширкатњои тиљоратї омодагии худро бо барномањои амал дар ин кишвар аз ин пеш њам гуфта буданд. Вале як савол, ки посух ба онро ваќт медињад, ин аст, ки оё љонибњои ба созиш расида то чї њад ба ин "ваъдањо"-и худ устувор меистанд ва аробаи тавофуќ то манзили мурод беосеб хоњад расид ё на? Абдулло КАРИМ
АЊЗОБ
Бо њукми суд Љалолиддин Мањмудов дар мањбаси низомаш пурзўр 5 сол зиндонї шуд Љалолиддин Мањмудов, узви Раёсати олии ЊНИТ барои ѓайриќонунї нигоњ доштани силоњ 5 сол равонаи зиндон шуд. Нимаи дуюми рўзи 20-уми июл бар асоси њукми суди ноњияи Њисор Љалолиддин Мањмудовбо дастрасии моддаи 195, ќисми 2, бандњои "б" ва "в"-и Кодекси љиноятии Тољикистон, барои ѓайриќонунї дастрас намудан, нигоњ доштан, интиќол додан аз як љо ба љои дигар ва ба касе додани силоњ ба 5 соли зиндон дар мањбаси низомаш пурзўр љазо гирифт. Зарафо Рањмонї, вакили дифоъи Мањмудов мегўяд, ки суд ду нафари дигар Истам Саъдуллоев ва Обид Назриевро низ барои хабар надодан ба маќомот љазо дар њаљми 100 нишондод, яъне 4 њазор сомонї љарима кард. Зимнан, Зарафо Рањмонї гуфт, ки дар мурофиањои пешина бо дархости онњо генералњо Амирќул Азимов, собиќ котиби Шўрои амният ва Зафар Икромов, собиќ мушовири Президент ширкат карда, аз шахсият ва фаъ-
олияти Љалолиддин Мањмудов дар Комиссияи оташбас ситоиш карда буданд. Онњо дар мурофиа гуфтаанд, ки дар он замон бо худ доштани силоњ як амри маъмулї буд, дар замони њассосу хатарнок барои Мањмудов доштани силоњ зарур буд. Љалолиддин Мањмудов дар солњои љанги шањрвандї намояндаи мухолифин дар Комиссияи оташбас дар Душанбе буд. Ќаблан, прокурор аз суд хоста буд, ки Љалолиддин Мањмудов 6 солу 6 моњ зиндонї карда шавад. Прокурор Љалолиддин Мањмудовро бо љинояти дар ќисми 2-юми моддаи 195-и Кодекси љиноятии Тољикистон (Ѓайриќонунї соњиб шудан, ба дигарон додан, ба соњибияти каси дигар додан, нигоњ доштан, интиќол додан гирифта гаштани силоњ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда ва воситањои таркиш) муттањам кардааст. Зарафо Рањмонї пештар хабар дода буд, ки ибтидо нисбат ба Љалолиддин Мањмудовро
танњо бо банди "в-и ќисми 2, моддаи 195-и Кодески љиноятї айб эълон карда буданд. Вале баъди ташхис ва пешнињоди хулоса дар бораи силоњњои бозёфтшуда айби нав тибќи банди "б-и ќисми дуи моддаи 195 кодекси мазкур низ илова шудааст. Љалолиддин Мањмудов, ки узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсї мебошад, 10-уми феврали соли равон ќабла аз баргузории интихоботи парламентї аз љониби Кумитаи давлатии амнияти миллї боздошт шуда буд. Ва ўро барои нигоњ доштани ѓайриќонунии аслиња гумонбар медонистанд Он ваќт маќомоти амниятї хабар дода буданд, ки дар манзили истиќоматии шањрванд Сардоров Латиф, соли таваллудаш, 1955, зода ва истиќоматкунандаи дењаи Чуќураки Болои љамоати Навободи ноњияи Њисор 2 адад таппончаи тамѓаи Макаров, 4 тирдон, 51 дона тир, 1 адад запали таркандаи норинљаки дастиро дарёфт ва мусодира намуданд. Маќомот мегуфтанд, ки тибќи нишондоди Латиф Сар-
доров силоњ ва лавозимоти ёфтшуда ба Љалолиддин Мањмудов тааллуќ доранд. Баъдан, масъулини ЊНИТ ва адвокати ў эълон доштанд, ки ин силоњ дар солњои љангї шањрвандї, дар замоне, ки Љалолиддин Мањмудов узви комиссияи оташбас буд, ба њамсояашро барои нобуд кардан медињад. Аммо дар хабари КДАМ гуфта мешуд, ки Латиф Сардоров ба маќомот гуфтааст, ки Мањмудов ин силоњро барои рўзи мабодо ба ў дода буд.
ИЌТИСОД
"Газпромнефт-Тољикистон" боз бензинро гарон кард
Дар нуќтањои фурўши сўзишворї дар шањри Душанбе нархи бензин аз 20 дирам то 40 дирам гарон шуд. Њоло дар нуќтањои сўзишворї нархи бензини навъи А92, ки то анљоми моњи Рамазон (17-уми июл) 4,80 ва 5 сомонї фурўхта мешуд, 5,20 сомонї нархгузорї шудааст. Ронандањо мегўянд, ки алакай баъди анљоми моњи Рамазон аввалин шуда, ширкати "Газпромнефт-Тољикистон" нархи бензинро боло бурда буд. Рањбарони ширкатњои нафтрасон ќабл дар оѓози моњи Рамазон тибќи як ваъда ба шањрдори Душанбе нархи бензинро гарон накарданд. Дар љаласае дар шањрдорї, ки 19-уми июн баргузор шуда буд, Фарњод Мирзоев, сарвари ширкати "Газпромнефт - Тољикистон" ваъда дода буд, ки ќимати як литр бензинро аз 5 сомониву 20 дирам ба 5 сомонї ва як литр гази моеъро аз 2 сомониву 70 дирам ба 2 сомониву 50 дирам коњиш медињад. Он
ваќт Ањмадбек Идиев, намояндаи ширкати "Умед - 88" њамчун ширкати ватанї, ки низ як литр бензинро ба 5 сомониву 20 дирам ва газро 2 сомониву 70 дирам мефурўхт, аз љониби шањрдор муваззаф шуд, ки як литр бензинро ба 4 сомониву 80 ва як литр газро ба 2 сомониву 40 дирам коњиш дињад. Азамат Ќосимов, директори ширкати "Фароз", низ њамчун ширкати ватанї, вазифадор карда шуд, ки нархи бензину газро ба монанди ширкати "Умед - 88" поён оварад. Бо анљом ёфтани Рамазон ин ширкатњо нархи бензинро боло бурданд. Болоравии нархи сўзишворї аз оѓози моњи июн мушоњида мешуд. Аз љумла дар оѓози моњи гузашта дар нуќтањои фурўши сўзишвории ширкати "ГазпромнефтТољикистон", ки дар бозори нафт мавќеъи њукмфармої дорад, нархи бензини навъи 92 аз 4,7 сомонї то 5,1 сомонї гарон шудааст. Нархи гази моеъ барои
истифодаи худравњо аз 2 сомонї ба 2,5 сомонї расид. Он замон нињодњои марбутаи кишвар гуфта буданд, ки "Газпромнефт-Тољикистон" худсарона нархи сўзишвориро боло бурдааст. Дар Вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистон гуфта буданд, ки онњо низ якбора боло рафтани сабаби нархи сўзишвориро њоло шарњ дода наметавонанд, дар пайи муайян кардани сабабњои он мебошанд. Аммо масъулини Хадамоти зиддиинњисорї аз љониби "Газмромнефт-Тољикистон" боло бурдани нархи сўзишвориро амали худсаронаи ин ширкати нафтрасони русї медонанд. Масъулини Хадамот дар сўњбат бо "Нигоњ" арз дошта буданд, ки "Газмпромнефт" бидуни мувофиќа бо онњо нархро боло бурдааст. Тибќи ќавонини кишвар Хадамоти зиддиинњисорї муваззаф аст, ки барои
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
7
субъектњои хољагидоре нарх муайян мекунад, ки дар бозор мавќеи њукмфармої доранд. Њоло наздики 70 субъекти хољагидор ба Тољикистон мањсулоти нафтї ворид мекунанд, ки аслан аз Русия меоранд. Дар њамин њол, коршиносон сабаби боло бурдани нархи сўзишвориро амали сунъии "Газпромнефт-Тољикистон" медонанд. Маводи нафтї ба Тољикистон бештар ба воситаи ширкатњои русї ворид мешавад, ки тибќи омори ѓайрирасмї наздики 50%-и онро ширкати "Газпромнефт - Тољикистон" ва беш аз 15%ро ширкатњои ба он наздик ворид мекунанд. Дар соли 2014 аз миќдори умумии мањсулоти нафтие, ки ба Тољикистон ворид кардаанд, 84,6% ба Русия, 8,4% ба Ќазоќистон, 2,1% Озорбойљон, 2,8% ба Туркманистон ва боќї 0,9% ба дигар кишварњо рост меояд. Нархи сўзишворї дар Душанбе дар охирњои соли 2014 аз 6-сомонї баланд шуда буд. Аз љумла дар миёнањои моњи ноябри соли гузашта як литр бензини навъи АИ 92 дар нуќтањои фурўш то 6 сомонию 40 дирам, 1 литри бензини навъи АИ 92 "Љидрайв" 6 сомонию 65 дирам, нархи 1 литр бензини навъи АИ 95 - 6 сомонию 90 дирам ва нархи як литр гази моеъро 3 сомонию 40 дирам ба савдо гузошта буданд. Аз оѓоз соли равон раванди коњишёбии нархи сўзишворї ба назар мерасид. Моњи январи соли равон Усмоналї Усмонзода, вазири энергетика ва захирњои оби Тољикистон эълон карда буд, ки тибќи созишнома Русия ба Тољикистон дар соли 2015 830 њазор тонна мањсулоти нафтї бидуни бољи гумрукї интиќол медињад. Ба гуфтаи вазир, аз ин 830 њазор тонна мањсулоти нафтї 260 њазор тонна бензин, 310 њазор тонна солярка, 40 њазор тонаи керосини авиатсионї, 40 000 тонна мум, 20 њазор тонна нафти коксї ва 160 њазор тоннаро гази моеъ ташкил медињанд. Соли 2014 барои ворид кардани 1 миллион тонна мањсулоти нафтї миёни Тољикистону Русия ба мувоффиќа расида буданд, ки аз он ба Тољикистон њудуди 580 њазор мањсулоти нафтї ворид шуд. Муњољират ва бозори нафти Тољикистон аз ањромњои фишори Маскав ба Душанбе дониста мешавад. Њар навбат ваќте Маскавз ба ин ду ва дигар омилњои фишор рў меорад, маълум аст, ки чи гузаштеро аз Душанбе интизор аст... Умари ТОЊИР
МОЛИЁТ
Гилаи "Тољик Эйр" ва Фурудгоњ аз ќарздориву буњрони молиявї Сарфи назар аз муттањид шудани ЉСК "Тољик Эйр" ва ЉСК "Фурўдгоњи байналмилалии Душанбе" њамоно ширкати њавопаймоии "Тољик Эйр" дар назди фурўдгоњ ќарздор боќї мондааст. Ба гуфтаи Файзулло Сатторов, директори парвозњои ЉСК "ТољикЭйр" то муттањид шудани ЉСК "Тољик Эйр" бо ЉСК "Фурўдгоњи байналмилалии Душанбе" дар моњи июли соли гузашта, ќарзи он 28 миллион сомониро ташкил медод. Баъди муттањид шудани ду ширкат ин ќарз реструктризатсия шуда, баъдан бахшида шуд. Њоло ќарзи ширкат дар назди фурўдгоњ ба 65 миллион сомонї расидааст. Зимнан, ќарзњои кредитории ширкат нисбат ба њамин давраи соли 2014 254,4 миллион сомонї кам шуда, ба 210, 4 миллион сомонї расидааст. Ќарзњои дебиторї 6,5 миллион сомонї зиёд шуда, ба 74,1 миллион сомонї расидааст. Ин масъули ширкат мегўяд, ки ЉСК "Фур-
ўдгоњи байналмилалии Душанбе" ба "ТољикЭйр" нисбат ба дигар ширкатњои њавопаймої 60 дарсад арзонтар хизматрасонї мекунад. Аммо агар ќаблан ЉСК "Тољик Эйр" солона 2 - 3 миллион сомонї барои хизматрасонї пардохт мекард њоло бо афзун шудани даромадњои молиявиаш дар як сол 12 -15 миллион сомонї барои хизматрасонї ба ЉСК "Фурўдгоњи байналмилалии Душанбе" пардохт мекунад. Дар шаш моњ ЉСК "Тољик Эйр" 828 парвоз анљом дода, ба 155 њазор мусофир хизмат расондааст, ки 43,9 дарсади њаљми умумии мусофиркашонии ширкатњои ватаниро ташкил медињад. Аз ин 133,1 њазор мусофир тариќи хатсайрњои байналмилалї ва 21 њазору 899 њазор мусофир тариќи хатсайрњои дохилї аз хизматрасонии ширкат истифода бурдаанд. Ин нишондодњо аз њамин давраи соли гузашта 15% камтар мебошад. Аммо дар хатсайри дохилї 2,2 дарсад зиёд гаштааст.
Дар њамин давраи соли гузашта ширкат ба 165,9 њазор мусофири омадаву рафта хизмат расонида буд. Парки "ТољикЭйр" аз 34 њавопаймо, аслан истењсоли Шўравї иборат мебошад. Аз 34 њавопаймо 29-тои он њавопаймоњои истењсоли замони шўраваинд. Њоло ширкат аслан тавассути 2 њавопаймои Ан-28 дар масири дохилї ва 3 њавопаймои Боинг-757, 759 дар масири байналмилалї ва 3 чархболи Ми-8 ба мусофирон хизматрасонї мекунад. Зимнан, масъулини Фурўдгоњи байналмилалї низ гила аз он доранд, ки буњрони молиявї дар Русия боис ба коњиш ёфтани сафи муштариёни Фурудгоњи байналмила-
лии Душанбе шудааст. Дар шашмоњаи аввали соли равон ба 527 њазору 900 мусофир хидмат расондаанд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 24,8% кам мебошад. Маъмурияти фурудгоњ мегўянд, ки буњрон дар Русия сабаби асли коњиш ёфтани сафи истифодабарандагони фурудгоњ шудааст. Дар ин давра 289 њазор нафар аз Тољикистон берун рафта, 238 њазор нафар ба кишвар ворид шудаанд. Даромади умумї Фурудгоњ дар шаш моњ 141,3 млн сомониро ташкил кардааст, ки 27 миллиону 400 њазор сомонї ба буља пардохт кардаанд.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
МУСОЊИБА
Сюзан ЭЛЛИОТТ:
Созишномаи њастаї дастоварди бузурги байналмилалист Сюзан Эллиотт, Сафири ИМА дар Тољикистон дар як мулоќот бо хабарнигорон дар Душанбе тавофуќи њастаии кишварњои "5+1" бо Эронро шарњ дод. Сафир дар бораи тавофуќ "Тавофуќе, ки бар асари бањсу музокироти тўлонї ба даст омад, гумон мекунам, як ќадами хубест барои бењтар кардани муносибот бо Эрон ва дигар кишварњои љањон мебошад. Тавофуќи Эрон бо кишварњои 5+ 1, ё тавре мо мегўем, шарикони байналмилалї бисёр ќадами устувор аст. Президенти ИМА Барак Обама аз нафароне буд, ки ин созишномаро истиќбол кард ва худи Љон Керї, вазири хориљии ИМА иштирокчии ин музокирот буд. Мо бисёр хурсандем, ки муваффаќ шудем ва худи созишнома як дастоварди бузурге њаст. Ин созиш, асосан на бар пояи эътимоду бовар, балки дар асоси назорат њосил шудааст. Ман наметавонам аз номи њукумати Эрон суњбат кунам, вале
«
аз номи њукумати ИМА чунин гуфтаниям, ки њар як давлате, ки аъзои ин музокирот буд уњдадор аст, ки барои иљро кардани тавофуќот содиќ бошад. Њамчунин бояд бигўям, дастоварди дигар аз ин тавофуќ замоне мешавад, ки агар Эрон барои назаратчиён имконият бидињад, то раванди барномаи њастаиро назорат кунанд. Њамаи он тањримоте, ки буданд яку якбора барканор намешаванд, балки марњила ба марњила бардошта мешаванд. Зеро назоратчиён мебинанд, ки Эрон то куљо ба ин созишнома садоќатмандона муносибат мекунад".
Њамкорї алайњи терроризм "Гумон мекунам, ки масъалаи ДИИШ, масъалаи дигар аст ва музокирот барои тавофуќ сари барномаи њастаии Эрон солиёни зиёд тўл кашид. Ба даст овардани ин созиш аз њамкории давлатњое шањодат медињад, ки нуќтаназарњои гуногун доранд. Кишварњое назири Русия, Чин, ИМА ва ѓайра. Чун пайдоиши ДИИШ барои ноамнии тамоми дунё боис шуд ва хусусан, сатњи баргашти сулњи Шарќи Наздикро коњиш дод. Созиш бо Эрон метавонад боз њамкории давлатњоро дар бароба-
Њар фикру аќидаи гуногун сари ќазияњо бо музокироти боз метавонанд, ки ба натиљаи хуб анљом ёбанд. Ман бар ин назарам, ки тавофуќ сари ин созишнома дар оянда метавонад барои созишномањои дигар, аз љумла мубориза алайњи терроризм сабаб шавад".
ри мубориза бо терроризм боз њам зиёд кунад. Зимнан, пешгирї кардан ва барњам задани фаъолиятњои террористї аз маќсадњои муштаракаи давлатњо дар љањон аст. Эрон, албатта дар сатњи байналмилалї метавонад бо дигар давлатњо бар муќобили терроризм њамкорї кунад, аммо на барои дастгирии терроризм. Чун Шумо медонед, ки ягон ќазия наметавонад ба василаи хушунат њал шавад. Њар фикру аќидаи гуногун сари ќазияњо бо музокироти боз метавонанд, ки ба натиљаи хуб анљом ёбанд. Ман бар ин назарам, ки тавофуќ сари ин созишнома дар оянда метавонад барои созишномањои дигар, аз љумла мубориза алайњи терроризм сабаб шавад".
Њамкории минбаъдаи ИМА ва Эрон "Фикр мекунам, ки дар ин масъала суњбат кардан њоло њам барваќт аст, вале чун президенти мо њам изњор доштанд,, ин як ќадами бисёр хуб барои аз сар гирифтани муносиботи мо аст. Аммо ман гумон мекунам, ки агар ин созишнома муваффаќона вориди иљро шавад, барои бењтар шудани муносибот њатман замина мегузорад".
Таќдири минбаъдаи созиш дар фазои сиёсии ИМА
«
"Шумо медонед, ки кишвари мо як давлати демократї њаст ва њар шахс њуќуќ дорад, ки фикри худро дар ин росто иброз кунад. Бисёрињо бар ин назаранд, ки тавофуќ бисёр созиши хуб аст, вале њастанд нафароне, ки ин та-
вофуќро кори бад медонанд. Ин созиш бояд аз љониби Конгресси ИМА ба тасвиб расад. Вале ман боварии комил дорам ва мехоњам итминон дошта бошам, ки албатта ин созишномаро Конгресс мепазирад. Чун ин созиш на танњо миёни ду давлат - ИМА ва Эрон аст, балки як тавофуќи байналмилалист. Мебинем, ки посухи Конгресс чї мешавад, ман назари некбинона дорам. Албатта ин дар Конгресс як масъалаи бисёр мушкил ва пурбањс хоњад шуд ва ба осонї ба даст намеояд.
Билохира тањримот лаѓв шуданд... "Ман бар инам, ки пеш аз он ки ин тањримот ба Эрон гузошта шуданд ин кишвар њам як бозори нињоят бузурге барои фурўши нафт дошт. Мешавад гуфт, ки ин тањримот тањримоти пурсамар буданд ва тавонистанд, ки Эронро барои ба даст овардани фоидаи бештар водор кунанд. Чун Шумо гуфтед, ки оё Эрон метавонад љойи Русияро бигирад, ман бар инам, ки дар љањон бозори нафту газ як бозори озод аст ва ягон давлат наметавонад љойи давлати дигарро бигирад. Фаќат онњо метавонанд ба сифати раќиб дар бозори љањонї бошанд. Яъне ин давлатњо метавонанд, ки ИМА, Арабистони Саудї бошанд, хулоса кишварњое, ки дорои захоири бузурги нафту газ мебошанд. Ба фикри ман Эрон њоло имконияти бисёр хуб дорад, ки газу нафтро бештар ба фурўш барорад". «НИГОЊ»
ПЕШНИЊОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
9
мушкилї ва кадом ваќте ки хоњанд, ба режими он-лайни din.tj даромада, рўйхати мављударо назорат кунанд. Ваќте худи хоњишманд назорат карда метавонад, ваќте нињодњои номбаршуда аз мављудияти ин нават огањанд, кї метавонад, онро рахна занад ва бе навбат ба њаљ равад? Агар чунин тарзи навбат љорї нагардад, баъзе пулдорону мансбадорон дар панљ сол ду бор ва дигаре дар дења, ки њар сол барои яке аз рукнњои фарзи худро адо кардан љамоат ариза медињад, баъди бист сол њам намеравд. Дар ин њолатњо рањматї бобоям Шарофиддини Файзї, ки охири солњои њаштодум аз олам гузашта буданд, ёдам меояд.
Тахмин се ё чор моњ пеш аз оѓози мавсими њаљ занги телефон њам аз дўстону пайвандон аз ноњия њам сар мешавад. Аз њарфи аввалашон мефањмам, ки аз ман барои бе навбат ба њаљ рафтан мадад мепурсанд ва дар охири суњбат њатман ба он њам ишора мекунанд, ки агар нафаре мадад расонад, "хурсанд њам мекунанд", яъне, ришва њам медињанд ва баъзеашон тайёранд, то чанд њазор доллар пора дињанд, њол он ки бо ришва ба њаљ рафтан аз рўи шариат дуруст нест ва Шўрои уламои Маркази исломии ЉТ дар ин хусус фатво низ нашр кардааст. Танњо пас аз фањмондани он ки дар ягон идораи њукумат кор намекунам, мансабе надорам ва дар Кумитаи дин шиноси наздик њам нест, он дўстону пайвандон суст мешаванд. Чаро чунин дархостњо хоњ - нохоњ ба миён мафтанд? Барои ба ин суол љавоб додан оќил њам будан шарт нест. Њама њисоби оддиро медонанд: ањолї зиёда аз њашт миллион. Синну соли камаш чор миллиони ањолї барои ба њаљ рафтан мувофиќ аст. Аз ин раќам камаш 500 њазор имконияти пардохти харољоти њаљро доранд. Ва аз ин ним миллион тахмин 250 њазорашон, агар зиёдтар набошад, мехоњанд, яке аз панљ фарзро иљро кунанд. Пас агар сохтумону таъмири бинои асосии Њарам дар Макка ба итмом расад, квотаи Тољикистон њашт њазор мешавад, яъне, солона танњо 8000 њамватани мо метавонад ба њаљ равад, дар ин њолат ба њар нафар баъд аз сї сол навбат мерасад! Акнун тасаввур кунед, соњибкоре, ки якбора кораш пеш меравад ва мехоњад модари њафтодсолаашро ба Макка фиристад ва ќарзи фарзандиро баљо орад. Аммо навбат баъди сї сол мерасад. Ана, ў сад роњи дигаррро мекобад, то бо ришва навбате, ки њозир дар ноњияњо њастанд, рахна бизанад ва ба љойи нафаре модари худро бифиристад ва ё њамроњ бибарад. Ва ё дигаре ба курсии мансаби баланд такя задааст ва ў њам волидайн дорад. Чї, ў рафта, ба њукумати ноњия дар навбат меистад? Њаргиз не! Тартиб ва тарзи ягонаи истифода аз квота дар љумњурї љорї нашудааст ва он осебпазир аст. Дар аксари ноњияњо
Навбат дар шаш миллион... сол мерасид! Ё агар Њукумат хоњад адолат бошаду ришваситонї камтар... рўйхати номњо дар коѓази оддї сабт мешавад, вале онро метавон аз нав навишт ва нафареро хат зада, ба љойаш дигареро ворид кард. Дар баъзе ноњияњо, аз љумла, дар ноњияи Синои пойтахт тарзи лоторея љорї буд ва номи њамаи хоњишмандонро ба он ворид карда, шумора ё квотаи ноњияро бо раќамњо ишора мекарданд ва касе њамон тўбчаи раќамдорро гирад, ба рўйхати њољињо медаромад. Узр, ин љо як сипос мехоњам ба собиќ раиси ин ноњия Зафар Сафаров бирасонам, зеро ду - се сол пештар фарзандони эшон низ хостанд њаљљи фарзиро адо кунанд ва аз падар маслињат пурсиданд. Раис Сафаров гуфт: марњамат, дар ќатори мардум дар лоторея иштирок кунед, буред, равед, не, намеравед. Ва писарони раиси ноњияи Сино дар лоторея бахташон омад накард. Кош, сафи чунин роњбарон зиёд мешуд. Бовар дорам, ваќте ба мани бемансаб чанд хоњиш њар сол дар ин бора расад, пас мансабдорон ва онњое, ки ба ин Кумита ва њаљ сару кор доранд, телефонашон дар мавсим метафсидагист. Њамаамон хуб медонем, ки дар ин соња ришва низ хеле ривољ ёфта буд ва борњо шоњиди он будем, ки ин ё он нафар барои миёнљї ва ё миёнадаро шудан паси панљара њам рафтаанд. Ва бовар дорему шунидаем, ки баъзе мансабадорон низ дар ин соња ба ришва даст задаанд ва ба њаќќи њољињо чашм ало карда буданд. Пештар ваќте Сафоратхонаи Шоњигарии Арабистони Саъудї дар Тољикистон набуд, дањњо ширкатњои хурди ба ном "њољибарак" муфлис шуда, соњибонашон хонасалот гардиданд ва њамаи ин танњо аз пушти як амали зиддиќонунї:
аз шахсе ришва гирифта, ўро бе навбат ба гуруњи њуљљољ ворид кардан ва ё тавассути кишварњои дигар шањрвандони моро ба њаљ бурдан рух медод. Њол он ки як роњи хеле осон ва ќулай њаст ва пас љорї кардани он касе наметавонад, навбати дигареро бигирад. Њоло Кумитаи дин ва расму оинњо сомонаи худро - din.tj-ро дорад. Агар дар он ба тарзи он-лайн, яъне, ба тољикї "дар рўи хат" сањфаи "Навбат ба њаљ"-ро ифтитоњ ва ба њар як ноњия як сањфа људо кунанд, њар хоњишманд метавонад ба бахши ноњияи худ ворид гардад. Њатто ноњияњои серањолї метавонанд шуъбаи худро ба шуъбачањо таќсим карда, дар њар шуъбача фењристи хоњишмандони њаљро аз љамоатњои алоњида тартиб дињанд. Барои мисол, шањри Исфара зиёда аз 200 њазор ањолї ва якчанд љамоат дорад. Аз ин сабаб шуъба рўйхати хоњишмандонро аз њар љамоат дар шуъбачањои худашон љой медињанд ва хоњишманд аввал ба сомонаи din.tj ва баъд ба шуъбаи шањри Исфара ва пас аз он ба шуъбачаи љамоати Чоркуњ ворид шуда, дар рўхат номи худро ворид мекунад. Ин шахс медонад, ки дар ин номгўи шуъбача дањум аст ва пас аз он ки нуњ нафар ба њаљ рафт, навбати ў њам мерасад. Назорати ин рўхати ба њаљ навбатгирифтањо осон ва ќулай аст. Он нињодњои Њукумат, ки мехоњанд дар ин кор адолат бошад, ришва камтар ва ё умуман набошад, бо осонї ба ин сомона ворид шуда, њар замон рўйхати мављударо барои худ њифз карда, мегиранд. Масалан, дар Кумитаи амният, дар Дастгоњи Президент, дар Ољонсии мубориза бар зидди коррупсия бе ягон
Бобоям пайи њам аз солњои панљоњум то њаштодум 23 сол ба Њукумати њамонваќтаи Шўравї барои ба њаљ рафтан ариза навишта будаанд ва дар ин бора ба ман пеш аз фавташон бо надомат наќл намуданд. Вале чї тавре мо медонистем, бобоямон њољї нашуда, ормон бо худ ба он дунё бурданд. Воќеан, дар замони Њокимияти Шўравї барои ба номи пурифтихори њољї сазовор шудан аз дањњо гуна нињодњои полоишї гузаштан даркор буд. Бо иборае ,аз сўрохии сўзан мегузарониданд, пеш аз он ки ба њаљ тавсия дињанд. Дар он солњо аз њар љумњурии мусалмононнишини Шўравї як ва аз калонтараш ду ё се нафар ба њаљ мерафтанд. Ва маъракаи гуселу пешвозашон низ орому хомўш мегузашт. Дар он солњо агар ањолии Тољикистон шаш миллион бошад, пас бояд шаш миллион сол мебоист интизор мешуд, то навбат бирасад. Дар он солњо кї метавонист њољї шавад? Пеш аз њама коргар ва ё дењќони оддии пешќадам, ки тарљумаи њолаш боз ба чанд талабот мебоист љавобгўй бошад. Фарзанди бой набошад, аз оилаи диндор набошад , љинояткор набошад ва боз чанд "бошаду набошадњои" дигар. Бо далели он ки имрўз ба роњбарияти ин идора Сулаймон Давлат барин инсон омадааст, бовар дорам, пешнињоди мо аз љониби Њукумат пазируфта мегардад, зеро маќсади њамаи мо як аст: дар маъракаи њаљ адолат бошаду порадињиву порагирї не. Муњибуллоњ ЌУРБОН
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
ЉАЊОН
Ин дигар на хоб асту на хаёл. "Давлати исломї" аллакай дар остонаи кишварњои Осиёи Марказї ќарор дорад. Ноамнии Афѓонистон, њушдори Ѓанї ба сарварони мамолики њамсоя, ки Афѓонистон дигар наметавонад барои онњо сипар бошад, њушдорњои пайвастаи маќомоти ѓарбиву русї аз бурузи як ноамнии эњтимолї хабар медињанд ва дигар намешавад онро нодида гирифт. Дар њоле, ки њукуматњои минтаќа саргарми тањкими њокимият бо шеваи мубориза бо мухолифони дохилианд, ин ноамнињо чї паёмадњое хоњанд дошт? Ангезаи навиштани ин сатрњо маќолае шуд, ки ахиран дар "Publico.es" (Испания) чоп шудааст. Муаллифи маќола Назанин Арманян аз пешгўињои тањлилгар ва сиёсатшиноси машњури амрикої Бзежинский ёд мекунад, ки њанўз соли 1978 шиддати диниву ќавмиро дар наздикињои марз бо Чин ва Русия пешгўї карда буд. Барои дастёбї ба ин њадаф аз бунёдгароии динї дар Ќавќоз, Ховари Миёна ва Осиёи Марказї, њамчунин ќаламрави уќёнуси Ором истифода хоњад шуд. Бино ба навиштаи ин муаллиф хадамоти љосусии ИМА соли 2012 ба ѓояи "љињодизм бидуни марз" такя кард ва онро муњимтарин силоњи стратегї барои тарњњои бунёдии ќудратњо ва бахусус Амрико интихоб намуд. Акнун тасмим гирифта шудааст бо мусоидати "Давлати исломї" барои назорат бар Осиёи Марказї ва навоњии марзї бо Эрон ва Њинд ба муњимтарин кишвари минтаќа-Афѓонистон баргарданд. Ин минтаќаро Вашингтон чун "њавлии пас" барои Русия ва Чин медонад. Бино ба гуфтаи президенти Русия Давлати исломї њоло аз 35 вилоят дар 25 вилояти Афѓонистон тасаллут пайдо кардааст. Талошњои Амрико барои вуруд ба Афѓонистон, ки маркази Осиёст, то ин дам ду марњиларо пушти сар гузоштаву ба марњилаи сеюм шуруъ кардааст. Дар марњилаи аввал "љињодизми байналмилалї" ба пролетариати мањрумшуда аз њуќуќи иљтимої ва сиёсї дар Афѓонистон, Покистон, Узбакистон, Чечни, Тољикистон ва кишварњои арабї такя кард ва онро њанўз соли 1978 Пентагон дар ќаламрави Афѓонистон сохта буд. Аммо вуруди Шўравї ба Афѓонистон ин тарњро барбод дод. Талоши дуюм аз соли 2001 шуруъ шуд.
Олмон ахиран шинохти расмии Исроил аз љониби Эронро як шарти аслии рушди њамкорињои тиљоратї ва иќтисодї миёни Берлин ва Тењрон номид. Аммо Тењрон посухи расмї дод: дидгоњњои Тењрон аз Берлин дар ин масъала аз њам хеле фосила доранд Зигмар Габриэл-ноиби Садриаъзами Омон ва вазири иќтисоду энержии ин кишвар, ки рўзи якшанбеи гузашта бо як сафари расмї бо љумлаи њамроњонаш вориди Тењрон шуда буд, шинохти расмии Исроил аз љониби Эронро як шарти тавсеъаи равобити иќтисодї миёни ду кишвар донист. Вай дар аввалин дидораш бо соњибкорон ва тољирони эронї гуфтааст, ки зери суол бурдани њаќи вуљуди давлати Исроил на аз љумлаи он масоилест, ки Олмон омода бошад бипазирад. Бино ба гузориши Рейтер ноиби садриаъзами Олмон гуфтааст, ки агар ин мавзуъ сарењан бањс нашавад, Эрон наметавонад ба равобиту њамкорињои густардаи саноативу иќтисодї бо Олмон умед бандад. Њамзамон бо ин Зигмар Габриэл хостори миёнљигарии давлаташ барои гуфтушуниди Тењрон бо Тел-Авив шудааст. Зигмар Габриэл аввалин як маќамои баландпояи аврупої буд, ки баъди имзои созишномаи њастаии Ѓарбу Амрико бо Эрон ба Тењрон омад. Дар љараёни ин сафар вай бо Њасани Руњонї-президенти Эрон ва љумлае аз вузарои кобинаи вазирони ў дидор кард. Њамчунин дар Тењрон њамоиши њамкорињои иќтисодии Эрон ва Олмон ва љаласаи утоќи бозаргонии Эрон бо њайати эронї баргузор шуд ва дар поёни он мулоќоти мањрамонаи Зигмар Габриэл бо вазири нафти Эрон доир гардид. Дар гармогармии изњори назари соњибмаќоми олмонї рољеъ ба дурнамои муносибати Эрон бо давлати яњудї Вазорати умури
пайвастаанд. Дар марњилаи баъдї калонтарин хати интиќоли газ дар љањон, ки аз ќаламрави Туркманистон, Узбакистон ва Ќазоќистон убур мекунад, тахриб карда мешавад. Баъдан Русия ба низоъњо дар Осиёи Марказї, Ќафќоз ва Украина кашида мешавад, захоири об дар Тољикистонро зери назорат мегиранд, то чун абзори фишор болои дигарон истифода кунанд. Дар минтаќа ба оташи љангњои миллї миёни узбакон, тољикон ва ќирѓизњо равѓан рехта мешавад. Туркманистон дар ин миён бетарафиро як сў мегузорад, то тавонад барои таъмини амнияти худ силоњ харад. Дар атрофи Эрон низ вазъро муташанниљ мекунанд ва њадаф он аст, ки Эрон дигар натавонад ба муттањидони Амрико-Арабистон ва Исроил тањдид намояд. Ин тањлил пешгўї нест, балки баргирифта аз тарњњои Пентагон барои нуфуз дар мин-
Густариши њузури ИМА ва љињодиён дар Осиёи Марказї Он замон Амрико зидди Толибон эълони љанг кард, вале имрўз бо ин гуруњи бунёдгаро ва террористї дар як фазои сулњу оромиш ба сар мебарад ва Љо Байден-ноиби райиси љумњури Амрико гуфта буд, ки "Толибон душманони мо нестанд". Давлати исломї бошад марњилаи сеюми талоши Амрико барои амалї сохтани тарњњои нокомаш дар минтаќа аст. Он як гуруњи бисёрмиллата буда, НАТО ният дорад мањз бо кўмаки он Осиёи Марказиро зери назорати худ дарорад. Аз назари тарроњони ин тарњ Толибон њоло дигар наќши њалкунанда намебозад, чун танњо аз манофеъи ќавми паштун њимоя мекунад ва барои онњо ќавмњои дигар дар Тољикистон ва Узбакистон бегонаанд. Муаллифи маќола менависад, ки "ин ду кишвар (Тољикистон ва Узбакистон) заъифтарин мамлакатњои минтаќаанд ва дар навбати аввал тарњњои Пентагон ба муќобили онњо равона шудаанд". Гузашта аз ин хадамоти љосусии Покистон (ISI), "таъсидињанда ва пуштибони Толибон" њоло зархаридонро барои Давлати исломї омода менамоянд ва бо ин васила аз амалњои вањшиёнаи ин созмон пуштибонї
мекунад. Муаллифи маќола дар идома ба тарњњои ояндаи низомиёни армикої таваљљуњ мекунад ва менависад, ки дар сурати оѓози амалиётњои њарбї дар Осиёи Марказї Пентагон аввалин коре анљом медињад он аст, ки њузури неруњояш дар Афѓонистонро бо бањонаи бесуботии амниятї дар минтаќа тамдид мекунад. Сипас, зархаридони Давлати исломиро ба "бузи ќурбонї" табдил медињад ва ба ДОИШ пешнињоди худмаблаѓгузорї бо истифода аз конњои лољувард, тилло, нуќра, мис, афюн ва ѓайра мекунад, то онњо барои аз худ кардани ќаламрави бештар талош намоянд. Чинро водор мекунад аз истихрољи конњо дар Афѓонистон даст кашад ва њамзамон ба уйѓурњо кўмак мерасонад, то ба талошњои истиќлолхоњиашон аз Чин идома дињанд. Чин дар муќовимат бо људоихоњї њатто аз нерўи низомї истифода мебарад. Сарварони Чин Туркияро муттањам мекунанд, ки ба људоихоњони уйѓур шиноснома медињад ва онњо вориди Таиланд шуда, сипас, ба сафи ДОИШ пайванданд. Ба маънии дигар аз њоло Пекин нигаронињои зиёд аз он шањрвандони худ дорад, ки ба сафи ДОИШ
таќа аст. Њар касе заррае диди тањлилї дорад, дар ин хатари ошкор ба амнияти минтаќаро эњсос мекунад. Зеро њадафи нињоии Амрико шикастани нуфузи љањонии Чин ва берун рондани Русия аз минтаќаи тањти нуфузаш аст. Ин имкон медињад, ки харитаи геополитикии олам таѓйир ёбад ва таќсими љањон дигарбора сурат гирад. Амрико бо Чин танњо баъди њузур пайдо кардан дар марзњои он дасту панља нарм карда метавонад. Ва ин марзњо бахше аз ќаламрави Осиёи Марказї низ мебошанд. Пас имрўз оё ин кишварњо омода њастанд бо хатари ДОИШ муќовимат кунанд? Русия дар њоли буњронаш бо Украина ва ташаннуљи авзоъ дар ќаламрави ќафќозии худ то куљо метавонад аз Душанбеву Бишкеку Тошканду Ишќобод пуштибонї кунад? Њукумати Тољикистон ахиран ба чанд иќдоми созанда дар тањкими марзњояш бо Афѓонистон даст зад, вале дар њоли пушти парда будани Амрико барин ќудрати љањонї ин талошњо то куљо самароваранд?
Бобољони ШАФЕЪ
Ѓарб дар талоши бењудаи шинохти Исроил аз љониби Эрон хориљии Эрон вокуниш нишон дод. Марзия Афхам-сухангўи вазорати умури хориљї гуфт, ки Эрон дар ин маврид дидгоњи комилан мутафовут бо сиёсатњои Олмон дорад. Хонум Марзия Афхам, ки рўзи 20-уми июл дар њузури љамъе аз хабарнигорон суњбат мекард, иброз дошт, ки ин дидгоњи тозае нест ва дар гузашта низ дар гуфтушунидњои гуногун маќомоти ѓарбї инро масъалагузорї кардаанд. Вай дар мавриди љузъиёти сафари Зигмар ба Эрон гуфт, ки "бахши аслии ин сафар гуфтугў ва табодули назар пиромуни заминањо ва чашмандози њамкорињои дуљонибаро шомил мешавад ва табиъист дар гуфтугў пиромуни минтаќа мо њамчун гузашта нигаронињо ва назароти худро дар хусуси тањдидоти мављуд ва аз љумла тањдидоти режими сањюнистї ва решањои буњрон дар минтаќа матрањ хоњем кард". Зигмар Габриэл дар њоле Эронро ба шинохти расмии Исроил ташвиќ менамояд, ки тањлилгарони дохилї дар ин кишвар сарвазир Бинёмин Натанёњуро аз љониби Ѓарб ба њошия рондашуда тасаввур мекунанд. Ахиран нашрияи исроилии "NRG" навишт, ки муоњадаи Ѓарб бо Эрон сарвазири Исроил Бинёмин Натанёњуро аз хоб мањрум мекунад, ўро водор месозад, ки ба чандин кишвари олам сафар намояд ва дидгоњњои дав-
латашро дар бораи тањдидњои амниятии ношї аз барномањои њастаии Эронро матрањ кунад. Зеро аз назари давлати Исроил ин барномањо тањдид ошкоро ба амнияти давлати яњудианд. Ин нашрия менависад мавзеъгирии Натанёњу, ки аввалњо ба роњандозии њар гуна гуфтушуниди њастаї бо Эрон ошкоро муќовимат мекард, амалан ўро аз бозии байналмилалии барномањои атомии Эрон хориљ кард. Баъди изњори назарњои тезу тундаш ўро дигар аз љузъиёти гуфтушунидњо огоњ њам намекарданд. Ин буд, ки вай чораи дигаре ба љуз навиштани постњо дар Фейсбук, суханронињо дар семинару њамоишњои мухталиф ва тарсондани исроилињо ба ояндаи як Холокости дигар чорае надошт. Ба навиштаи ин нашрия Исроил на танњо дар гуфтушунид бо Эрон, балки дар муколама бо он кишварњои арабие, ки зидди муоњадаи Ѓарб бо Тењронанд, ба њошия ронда шудааст. Ин њолат то замоне идома пайдо хоњад кард, ки масъалаи истиќлолияти Фаластин љиддї гирифта намешавад. Њалли буњрон бо Фаластин метавонад роњи Исроилро дубора ба њалќаи кишварњои мухолиф бо сиёсатњои Эрон боз кунад. Њарчанд баъди интихобот сарвазир оид ба дурнамои сулњи Фаластин назароти тоза иброз дошт,
вале амалан барои таѓйири дидгоњњояш кореро анљом надод, то муљиби азсаргирии музокарот шавад. Тањлигари "NRG" менависад, ки њам дар мавриди муоњадаи Ѓарб бо Эрон ва њам сулњ бо Фаластин Натанёњу аз хатарњои он барои давлати яњудї њарф мезанад, вале роњи алтернативии рањої аз буњронро нишон намедињад. Дар тўли солњои њокимияташ Натанёњу аслан иќдоме барои боздоштани барномањои њастаии Эрон ва њифзи Исроил чун як кишвари демократї дар минтаќа ва хонаи яњудиёни олам нишон надод. "Натанёњу дўст медорад, ки тарсонад ва тањдид кунад, вале дўст надорад, ки даст ба иќдоми мушаххас занад. Аммо дар олам вазъ мураккабтар аст. Њарчанд Натанёњу дар мавриди њаќ будани худ талош кард ва њоло њам мекунад, аммо олам дар љойе ќарор надорад. Бо вуљуди талошњои Натанёњу ва мухолифатњояш ба имзои муоњадаи атомї Ѓарб тавре рафтор кард, ки зарур донист ва изњори назарњои сарвазири Исроилро аслан канор зад. Ва агар Натанёњу ибтикоре дар мавриди ташкили давлати Фаластин анљом надињад, боз њам Ѓарб дастбакор мешавад ва мушкилро беназардошти манфиатњои Исроил њал мекунад".
Фирўзи МУЊАММАД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
ТАБЛИЃ
11
Бренди "LifeQode" аз QNET Чанде пештар дар пойтахти Малайзия шањри Куала-Лумпур рўнамоии якчанд навгонињои QNET-баргузор шуд.. Аз љумла, Њолдини байналмилалї якчанд мањсулоти тозаи "LifeQode" барои хона ва наќшаи љубронии Q10 ба маъраз гузошт. Дар шањри Куала-Лумпур аз љониби ширкати бузургтарини осиёї фурўши бевоситаи ду мањсулот аз силсилаи хўришњои ѓизо ва наќшаи таркибшудаи љубронии Q10, ки барои намояндањои мустаќил (НМ) ва ба мизољони ширкат подоши баланд додан нигаронида шудааст, ба маъраз гузошта шуда буд. Дар тўли 16 соли охир чунин дигаргунињои љиддї дар маркетинги стратегї бори савум татбиќ мешавад. То ин замон ширкат стратегияашро ду бор, солњои 2004 ва 2012 такмил дода буд. "Ќувваи Дањ"Q10 наќшаи олии омехтаи љуброн буда, яке аз љузъи стратегияи нињоят фаъолона аст, ки барои ба комёбињои нави тиљоратї афзоиши фурўш расидан мадад мерасонад. Мувофиќ ба гуфтањои Љей-Ара Майер, мудири барномањои ширкат, ин барномаи тоза 19 апрел оѓоз шудааст. Дар барнома ду наќшаи маркетингї: баробарсатњї ва бинарї омезиш ёфтаанд. Чунин навоварї имконият медињад подоши намояндањои мустаќилро то ба 50% зиёд кунад ва ба онњо боз 10 намуди гирифтани даромадро фароњам меоварад. Ин бар-
нома ба мизољон подоши боњимматонаро пешнињод мекунад. Аз рўи гуфтањои љаноби Майер, ин наќша ба ширкат имконият фароњам овард, то ки дар маркетинги шабакавї ба комёбињои назаррас муваффаќ гардад. Аз ин рў ин наќша ба намояндањои мустаќил низ барои зиёдтар суд бардоштан шароит фароњам меоварад. Чи тавре дар маросими рўнамої љаноби Патман, роњбари яке аз бахшњои ширкат, ки масъули таълими маркетинг, иброз намуд: "QNet аллакай таърихи 16-сола дорад ва дар тўли ин солњо ширкат пеш рафт ва нуфузи худро низ васеъ намуд. Он дигаргунињое, ки барои соли 2015 дар назар дошта будем, бо мувафаќќият идома дорад." Ба ассортименти мањсулоти бењдошти саломатии QNet бо ду моли нав: антиоксидант аз омехтаи мевањо бо номи "Berry XTREME" ва иловаи ѓизоии "Kenta" зам шуд. Фурўши њарду ѓизои нав барои њамаи муштариён нигаронида шудааст ва дар бахши худ натиљањои баландро кафолат медињанд. Маводи "Berry XTREME". Дар тўли зиндагї пўсти инсон аз таъсири радикалњои озод, ки дар натиљаи муњити зисти ифлос, фаъол мешаванд ва њамчунин аз стресс, ѓизои хароб ва одатњои бад ба монанди сигареткашї, осеб мебинад. Ин маводњо метавонанд барои зудтар пир шудани узвњо, паст шудани иммунитет, пайдо шудани бемории ќанд, дил ва њатто саратон мусоидат мекунанд.
Ва маводи "Berry XTREME метавонад барои кам кардани таъсири манфии таъсири манфиро сањм гузорад. Ин мавод дар худ яке аз брендњои навтарини бењдошти саломатии QNET - "LifeQode дорост. Њар як пакет дорои 30 халтача аст ва дар њар яки ин халтачањо меваи хушк, афшураи донањои ангур, як намуди олучаи барои саломатї хеле муфид ва чанд намуд мевањоро дорад. Љињати хуби ин мевањо дар он аст, ки онњо њамон молекулањои радикалї, ки дар узвњо љамъ мешаванд, ба худ кашида, мегиранд. Он таркибе, ки ин мавод дар худ гирд овардааст, бар зидди 5 намуди радикалњои озод, ки ба узвњои инсон ворид шудаанд, мубориза мебарад "Berry XTREME" барои намояндањои њарду љинси аз 12 - сола боло мувофиќ аст. Он иловаи хўришро дар миќдори 120 оби ширгарм омехтан даркор аст. Лекин барои таъсири муфиди "Berry XTREME" онро пас аз таъом истифода бояд кард. Ин мавод њаракати муътадили узвњо, аз љумла, баста ба дил, эњёшавї ва ќавї гардидани иммунитет, тоза ва ботароват гардидани пўст мусоитдат мекунад. Маводи "Kenta" ин илова ба ѓизо мебошад ва он њам бо бренди "LifeQode" истењсол мешавад. Таркиби он дар асоси парњези љопунии љазирањои Окинава, ки дар он мардумаш бо дарозумрї маъруфанд, тањия шудааст. Дар
таркиби ѓизои бошандагони ин љазира мањсулоти лубиёї афзалият дорад. Гарнири асосии он ба љойи биринљ картошкаи ширин аст. Ин ѓизо барои одамони аз 25-сола боло тањия шудааст. "Kenta" бошад, афзоиш ва фаъолияти табиии гормони сабзиш дар узвњои инсонро танзим мекунад ва барои сохтани як њуљайрањои нав мусоидат месозад. Як вояи он дар 120 мг оби ширгарм омехта шуда, асосан ба шиками гурусна як соат пеш ахўрокхрї ќабул карда мешавад. Афзалияти асосии "Kenta" ин бењтар намудани саломатии умумии инсон аст. Он кайфияти инсонро бењтар мекунад ва хобро низ муътадил мегардонад. Барои кам шудани сатњи ќанд дар таркиби хун мадад мерасонад. Барои муътадил намудани фишор ва нигоњ доштани вазни инсон низ мададгор аст. Барои бењтар шудани пўсти инсон низ ёрї мерасонад. Нерўи инсонро меафзоёнад, ба сабзиши мўй ва нохунњо низ таъсири мусбат дорад. Барои барќарор шудани мушакњо низ мусоидат мекунад. Тарзи истеъмоли "Kenta чунин аст. Онро дар тўли панљ рўзи аввал як халтачаї пеш аз нањорї ва хўроки нимарўзї бояд истеъмол намуд. Пас аз он ду рўз танаффус кардан даркор аст ва ба узвњо мконият дод, ки онњо маводњои воридшударо њазм намояд. Моњи дувум бо истеъмоли як халтача "Kenta" дар як рўз иктифо бояд намуд.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
16 апрели соли 1957 дар дењаи Худгифи Сояи Кўњистони Мастчоњ ба дунё омадааст. Пас аз хатми ДДТ дар нашрияњои ноњиявиву вилоятии "Машъал", "Ориён", "Суѓд", "Суѓдиён" ва макотиби ноњия кор кардааст. Алњол муовини сардабири хафтаномаи мустакили "Вароруд", муассис ва сармуњаррири њафтавори "Дам" мебошад. Китоби "Шохаи сабз" нашриёти "Адиб" соли 1989 дар маљмўаи "Санги овоз" ба табъ расонда буд. Соли 1996 нашриёти Рањим Љалил китобчаи илмию оммавии ўро бо номи "Аз таърихи Мастчоњ" чоп кард. Муаллифи чандин ќиссањои мустанад, аз ќабили "Њафт пайкор", "Манори Дењманора", "Шањиди њунар" мебошад. Шеърњояш дар китоби "Хуршедњои гумшуда" дар Эрон соли 1998 ба хати форсї ба табъ расидаанд. Китоби комили ашъораш бо номи "Андар хами як кўча" (Хуљанд, "Ношир", 2007) ба табъ расид. Узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон аст.
БО ШОИР Муѓаннї, Муроди дили мо туї, Маќомат надорад каломи дуї. Фидоят шавад Љўраи нотавон, Ту бошї, бимонад љавон љовидон. Саро, то рањад сар зи њарду саро, Намонад љуз он сар ба сар муддао! ХИТОБ БА ЉАВОНТОЉИКОН Сад салом он њусни беамсолро, Сад дуруд дорои беамволро! Он, ки xону ишќ тавъам офарид, Хокро бигрифту Одам офарид. Бар Муњаммад дод нури покро, То фалакњо бурд мушти хокро. Уммати охиррасул будан шараф, Дар пайи дигар макун умрат талаф! Мазњаби Имоми Аъзам они мост, Бењтарин роње ба сўи кибриёст. То њанўзам "Фиќњи Акбар" рўи даст, Ањли дониш ташнагияшро шикаст.
ЉЎРА ЮСУФЇ
Њафт пушти мову пушти пуштњо, Андарин рањ буд xeёи Худо. Пушт агар бар пуштњо гардондиё, Пеши арвоњон бигардї рўсиё! Дур бош аз ихтилофи мазњабї, Бандаи Њаќ бошу тобеъи набї!
Зи њар як тору пудам мекашад фарёд сад дардам, Зи дилмурда шудам сакта, зи бесарзода сардардам. Ба доде кай расад имдод аз махлуќи бечора, Аё Холиќ, дуои дод бар пеши ту овардам. Чї мепурсї аз ин шогирдњои бесару бепо, Басо море, ки андар остини хеш парвардам. Асои пир бар фарќи сараш кўбидам аз ѓафлат, Ба пирї бар сарам омад, ки сад зарби асо хўрдам. Зи мањдудии барќу газ наменолад дили зорам, Зи нобудии рўшанфикру оташдил фиѓон кардам. *** Тухмаи Љамшеду бељомем мо, Номдорон рафта, беномем мо. Бо њама ин гармињо нопухтаем, Офтобї кишвару хомем мо. Вањшие дар нисбати њамдигарї, Хољаи бегонаро ромем мо. Комёб аз оби мо поёнињо, Дар баландињо чї нокомем мо. Он ќадар панде шунидем аз ниё, Дасту по дар банду дар домем мо. Дигарон дар Моњ хайма мезананд, Кї бигуфт аз насли Хайёмем мо? Дар мањалбозї чунон ѓўтидаем, Хандасори хосаву омем мо. Љўраё, аз сустии миллат манол, Чун љањонро дар сари Бомем мо: Хуни нав ояд дар ин маѓзи кўњан, Аз ќудумаш тозаандомем мо! БАРОИ УСТОДИ ЗИНДАЁД АБДУЛМАННОНИ НАСРИДДИН Хаёли ранљише аз ишваи дилдор мамнўъ аст, Ба Айюби замони имтињон ин кор мамнўъ аст. Чаро ў дўстдоронро ба сад дарду бало печад? Љавоби ин савол аз дидаи бедор мамнўъ аст. Чї љойи шикваю нолиш гирифторони бедилро, Ки ним оње кашидан аз дили бемор мамнўъ аст. Ало, эй бандаи Маннон, ки ў додаст ин корат, Аз он ањде, ки бастї, кардани инкор мамнўъ аст. Риё буќалмуне бошад, дигаргун мекунад рангаш, Нињонї мекунад коре, ки дар изњор мамнўъ аст.
Барои нобакорон пешгоњи тахт маъвояст, Ба даркорон вале дарвозаи дарбор мамнўъ аст. Дар ин дунё ба ришват риштаи њар кор мегиранд, Бадо ањволашон, ин кор дар он дор мамнўъ аст. Намегўям ба нобино, ки чоње њаст дар пешаш, Накўї хостан дар ин замони тор мамнўъ аст. Битарконї диламро њар замон бо минаи пинњон, Агарчанде дар ойини хирад террор мамнўъ аст! Биё, Љўра, забон барбанду дам исто ту аз шиква, Шикоят дар њузури дилбари айёр мамнўъ аст.
МУХАММАС Бар ѓазали Лоиќ Намебинам ду оламро чу худро дар барат бинам, Шавам хокистари роњат, дар ораз озарат бинам, Зи љамъи хубрўён бењтару бењтартарат бинам, "Аз он соѓар ба каф дорам, ки андар соѓарат бинам, Ки худро масту азхудрафтаву ошиќтарат бинам". Бигардонам ба дунёи риёї пушт дар мастї, Бигўям њар даме Ё њу, равам арѓушт дар мастї, Ѓуруру рашкро охир бихоњам кушт дар мастї, "Њама дарњои оламро бикўбам мушт дар мастї, Вале охир фитода хешро пеши дарат бинам". Дили хушкидае доранд, бо чашмони нам миранд, Ки як дам њамдамии мо бидида, дам ба дам миранд, Худо, ин мўњтарамњо љумлагї номўњтарам миранд, "Раќибону бадандешони ман помоли ѓам миранд, Китобамро агар як шаб ба зери бистарат бинам". Муњаббатњои пешина њама рафтанд аз ёдам, Хаёли лўлиёни шўх бар боди фано додам, Ту Лайло шав, ки Маљнунам, ту Ширин шав, ки Фарњодам, "Барои ишќи ту аз дигарон бибридаму шодам, Дилатро меканам аз сина, гар бо дигарат бинам".
Њавасњою њавоњо гарчї мехонанд њар сўям, Ту хуршедию ман вартољ - бар сўят бувад рўям, Туро дар њар нафас хоњам, туро дар њар ќадам љўям: "Ман аз он ишќ меварзам, ман аз он шеър мељўям, Ки худро Лоиќат ёбам, ки худро шоират бинам". МО ЊАМА АЗ ОЛИ СОМОН БУДАЕМ Дар Варорўду Хуросон будаем, Сахтљону сахтпаймон будаем, Њамрадифи кўњсорон будаем, Тољику афѓону эронї магў, Мо њама аз Оли Сомон будаем. Муддате гарчї парешон будаем, Њамзабон, њамдину њамљон будаем, Њамдигарро сахт пазмон будаем, Тољику афѓону эронї магў, Мо њама аз Оли Сомон будаем. Рўдакидон, Рўдакихон будаем, Дар забон њамчун Сулаймон будаем, Тухми Эраљ, Тўру Салмон будаем, Тољику афѓону эронї магў, Мо њама аз Оли Сомон будаем. Дўсти фарзанди Инсон будаем, Душмани абнои шайтон будаем, Ёвари мардони Яздон будаем, Тољику афѓону эронї магў, Мо њама аз Оли Сомон будаем. МУЃАННИНОМА Эњдо ба Муродбеки Насриддин Муѓаннї, навои самоъї бизан, Шароре ба хушку ба моъї бизан. Рубобе навозу дафе љўр кун, Дили мурдаро рўњи пуршўр кун. Бидењ бода дар нойи Мавлои мо, Зи мастї надонем сарро зи по. Муѓаннї ба тан-тан тани ман бисўз, Ки худбин намирам, мани ман бисўз. Агар гўш бар байтњоят кунад, Абўњафси Суѓдї садоят кунад. Чу аз Лоиќ орї зи борон сухан, Њама сабза хоњад шудан анљуман. Муѓаннї, навои нав оѓоз кун, Дигар таблу дафро ба њам соз кун. Бизан бонги бедории ќавмро, Биронад зи чашмон гарон навмро. Дуруде зи Лоњурии роњдур, Расон бар љавонони санги сабур.
Устухоне дар гулўи бадрагонам мондаанд, Тўъмае дар њалќаи хайли сагонам мондаанд. Рўзњои рафтаи ман чун нафасњои абас Рафтаанду сўзњои љовидонам мондаанд. Не зи роёна хабар, не з-олами боло дарак Аќл рафта, ишќњои ройгонам мондаанд. Гарчи сар дар осиёи пирї гардолуд шуд, Дилбаракњои сияњмўйи љавонам мондаанд. Сад фалак хондем мо аз ољизї пеши фалак, Дидаи пeшидаву гўши гаронам мондаанд. Шаш маќоме хонда дар даргоњи олї, эй аxаб, Боз њам дарду балоњои нињонам мондаанд. Сайди сайту байтњои аљнабї гардидаем, То ба тору пуди домаш пашшасонам мондаанд. Шукри он мардони ѓайюри баномусу баор, Тољикистон чун нишони Ориёнам мондаанд. Xони ман Эрон, дилам Афѓонистон бошад њаме, Дар нишот аз ину з-ў андар фиѓонам мондаанд. Љўраро аз фанду макри душманон огоњиест, Марзбони ифтихори тољиконам мондаанд. *** На гулистону чаман хоњад дилам, Соате бо ту будан хоњад дилам. Дар нињону ошкоро хоњамат, Эй хушо монанди ман хоњад дилам. Гар ту њам таркам бигeиву равї, Rабри торику кафан хоњад дилам. Булбулон бо ѓукњо пайрав шуданд, Наѓмаи зоuу заѓан хоњад дилам. Рўсияњ шуд мўсияњ дар Русия Кори шоён дар ватан хоњад дилам. ДУБАЙТЊО Гање ину гањ онам дењ, Худоё, Балоям дењ, амонам дењ, Худоё, Чї мегўям!? Њар он чизе, ки хоњї, Њамонам дењ, њамонам дењ, Худоё! Диламро мењрварзиш дењ, Худоё, Ба нафсам марги хоњиш дењ, Худоё, Бисоти дўстиро пањн гардон, Адўро майли созиш дењ, Худоё!
ВОКУНИШ
СИПОС БА ВАЗОРАТ Шарње ба посухи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба мактуби шикоятии "Квота ба кї мерасад?"
Дар шумораи № 16, аз 15 июли 2015 мактуби шикоятии "Квота ба кї мерасад?" чоп шуда буд. Дар он аз беадолатии баъзе намояндањои шуъбаи маорифи ноњияи Муъминобод ва дигар масъулони соња шикоят буд, ки њарчанд духтараш дар санљишњо дониши баланд нишон додааст, ба љойи ў дигар нафар соњиби квотаи президентї барои дохил шудан ба Донишгоњи давлатии тиббии ба номи Абўалї Сино гардидааст. Вазорати маориф ба таври ољилї ба ин шикоятнома тањти унвони "Квота ба хонандагони лаёќатманд дода мешавад" ба идораи нашрия посух фиристода, мўйро аз хамир људо ва муайян намудааст, кї соњиби дониш асту кї не. Дар зер љавоби Вазорати маориф ва илми ЉТ, ки аз номи муовини вазир Б. Одинаев омадааст, бо андак ихтисор пешкашатон мекунем. Танњо њаминро мегўем, ки воќеан вазорат ба ин шикоят мунсифона ва бо љиддият муносибат намуда, барои ќонеъ намудани соњибони арз њама корњои заруриро анљом додааст. "Чун солњои ќаблї ќабули духтарон тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон ба муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар тариќи суњбат баргузор мегардид. Муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї барои баргузории суњбат дар заминаи барномаи таълимии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї саволномањои фанниро тањия менамоянд. Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино дар заминаи барномаи таълимии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї аз фанњои химия, биология, физика, математика, асосњои давлат ва њуќуќ, забон ва адабиёти тољик барои њар як довталаб 10 савол тањия намуда, дар Шўрои олимони муассисаи таълимї тасдиќ кардааст. Дар асоси талаботи банди 18 "Ќоидањои ќабули донишљўён ба макта-
бњои олии љумњурї тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон" (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2006, №137) "Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањру ноњияњо ба њар як љойи пешбинишуда њуљљати на камтар аз се нафар довталабро ба комиссияи ќабули донишљўён ба мактабњои олии љумњурї тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд. Комиссия яке аз довталабонеро, ки дар ваќти суњбат дониши хубтар нишон додааст, барои ќабул ба сифати донишљўи мактаби олии марбута пешнињод менамояд". Тибќи талаботи мазкур маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Муминобод аз њисоби хатмкунандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии ноњия 5 нафар довталаб (Хуљамуродзода Фароѓат, Мањтовбии Мањмуд, Каримова Мадина, Азимзода Файзия Карим ва Хушнавози Суњроб)-ро барои ноил шудан ба як љойи људогардида ба ихтисоси кори табобатии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино пешнињод намуд. Дар ваќти баргузории суњбат, рўзи 10 июни соли 2015, бо њамроњии довталабон волидайни њар як довталаб њузур дошт. Саволномањои тањиянамудаи Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино (зиёда аз 100 адад лифофа бо муњру имзои ректори муассисаи таълимї) дар њузури довталабону волидайн аз тарафи яке аз волидайн интихоб карда шуд. Дар лифофаи интихобгардида 10 саволи якхела мављуд буд, ки ба њар як довталаб пешнињод гардид. Барои омода намудани љавоб ба довталабон 30 даќиќа ваќт људо карда шуд. Баъди санљиши омўзгорони Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино довталабон соњиби чунин холњо гардиданд: Хуљамуродзода Фароѓат 7,5 хол, Мањтовбии Мањмуд 5,5 хол, Каримова Мадина 10 хол, Азимзода Файзия Карим 11 хол ва Хушнавози Суњроб 10 хол.)
Аз байни довталабони зикргардида Азимзода Файзия Карим бо 11 холи гирифта, ѓолиб гардид. Волидайни Каримова Мадина барои муайян намудани љавоби як савол (саволи 6 "Мендел бо ёрии кадом усул ќонунњои меросгузории аломатњоро кашф кард") аппелятсия дода дархост намуд, ки љавоби духтарашро, ки "дурагакунї" буд санљиш намоянд. Омўзгорони Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино Ф. Олимов ва Љ. Љононов таъкид намуданд, ки љавоби дуруст "гибридологї" аст. Бинобар ин љавоби Каримова Мадина ба инобат гирифта нашуд ва ѓолибият ба Азимзода Файзия Карим, ки нисбат ба дигарон холњои бештарро (11 хол) соњиб гардида буд, дода шуд. Бояд тазакур дод, ки вожаи гибридизатсия нисбат ба дурагакунонї ё љуфтикунонї васеътар аст. Аз нигоњи таърихи биология бори аввал усули гибридологиро (яъне ба даст овардани гибридњоро) Г. Мендел истифода кардааст. Усули истифодакардаи ўро усули гибридологї ном мебаранд. Вожаи дурагакунонї њангоми тарљумаи матнњои русї дар китобњои дарсї истифода шудааст ва касе гуфта наметавонад, ки ин ду раг кадом рагњо њастанд, яъне роњи бадастоварии гибридњоро пурра нишон дода наметавонад. Бо дарназардошти рушди илми генетика (генетикаяке аз шохањои асосии илми биология) мо метавонем њам вожаи љуфтикунонї-ро ва њам вожаи гибридкунонї-ро дар маънои аслаш истифода барем. Оё мо метавонем гибридро дурага ё ќувваи гибрид (гибридная сила)-ро ќувваи дурага гўем? Албатта не! Бинобар ин истифодаи вожаи гибрид ва усули гибридкунї ё љуфтикунонї бењтар аст. Дар сурати алтернатив пешнињод шудан дар асоси гуфтањои боло аз вожањои номбурда ба вожаи гибридкунонї бартарї додан мумкин аст. Дар асоси гуфтањои боло омўзгорони Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
13
номи Абўалї ибни Сино ба љавоби довталаб Каримова Мадина (дурагакунї) 1 хол додаанд. Баъдан волидайни Каримова Мадина ба вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда, дархост карданд, ки барои њар ду довталаб суњбати такрорї ташкил карда шавад. Масъалаи мазкур бо вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мувофиќа гардида, довталаби ѓолиб Азимзода Файзия Карим аз ноњияи Муминобод бо њамроњии омўзгораш И. Азимов рўзи 23 июни соли 2015 барои баргузор намудани озмуни такрорї ба шањри Душанбе даъват карда шуд. Рўзи 23 июни соли 2015 дар толори Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Б. Одинаев, намояндаи шуъбаи маорифи ноњияи Муминобод И. Разоќова волидайни довталаб Каримова Мадина (модараш О. Латипова ва амакаш Каримов ва омўзгори довталаб Азимзода Файзия Карим И. Азимов суњбати такрорї баргузор гардид. Бо назардошти холњои баробарро соњиб гардидани њарду довталаб барои баргузор намудани суњбати такрорї бо розигии њарду тарафњо (довталабон ва волидайни онњо) протокол тањия карда шуд. Барои баргузории суњбат зиёда аз 20 лифофа, ки бо муњр ва имзои роњбарияти Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон тасдиќ гардида буд, ба довталабон пешнињод гардид. Бо розигии довталабон шањрванд Каримов, ки худро амаки довталаб Каримова Мадина муаррифї мекард, аз миёни зиёда аз 20 лифофа якеашро интихоб намуд. Дар лифофаи интихобгардида (њамагї 10 савол 3 савол аз фанни химия, 3 савол аз фанни биология, 1 савол аз фанни физика, 1 савол аз фанни математика, 1 савол аз фанни асосњои давлат ва њуќуќ ва 1 савол аз фанни забони тољикї) мављуд буд. Ба њарду довталаб барои њалли саволњо 1 соат ваќт људо карда шуд. Натиљаи санљиш аз тарафи омўзгорони Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино маълум намуд, ки довталаб Каримова Мадина аз 10 савол танњо ба 2 савол (1 савол аз фанни химия ва 1 савол аз фанни биология) љавоби дуруст навишта, соњиби њамагї 5 хол ва довталаб Азимзода Рамзия Карим ба 5 савол (3 савол аз фанни химия, 1 савол аз фанни биология ва 1 савол аз фанни асосњои давлат ва њуќуќ) љавоби дуруст навишта, соњиби 11 хол гардид. Дар суњбати такрорї низ довталаби (Азимзода Рамзия Карим) дар суњбати якум, ки рўзи 10 июни соли 2015 дар толори мактаби Президентї барои кўдакони лаёќатманд дар шањри Кўлоб баргузор гардида ѓолиб омада буд, боз ѓолиб омад ва соњиби квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар ихтисоси кори табобатии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино гардид. (Нусха аз протокол ва љавобњои даври такрории довталаб М. Каримова замима мегардад). Бо итминон гуфта метавонем, ки ин суњбат ба тариќи озод ва шаффоф ва бо иштироки падару модари довталабон ё намояндагони онњо тибќи муќаррароти муайяншуда баргузор гардид ва ѓолиб воќеъбинона муайян карда шуд.
ДОЃИ РЎЗ
Нархи мањсулоти ѓизої дар шаш моњ гаронтар шудааст
Бонки миллии Тољикистон: Дар Тољикистон нархи мањсулоти ѓизої њудуди 3,1 фоиз аз аввали сол то ба њол боло рафтааст. Бонки миллии Тољикистон бо интишори гузорише гуфтааст, ки 3,1 дарсад боло рафтани нархи мањсулоти хўрокворї, 2,8 дарсад афзудани хизматрасонињои пулакї ва 1,7 фоиз зиёд шудани амволи ѓайрихўрокворї аз омилњои аслии таваррум дар кишвар шудааст. Њамин тавр ин омилњо боис шудаанд, ки дар нимсолаи аввали соли равон сатњи таваррум 2,6 фоизро ташкил
дод, ки дар ќиёс ба шашмоњаи аввали соли гузашта 1,9 банди фоизї кам будааст. Бонки миллии Тољикистон аз он хушбинї мекунад, ки сарфи назар аз таѓйироти чашмгири нарх "дар бозорњои љањонии ашё, хавфњои молиявї ва низоъњои геосиёсї" раванди рушди иќтисодиёти кишвар дар шаш моњи сипаришуда муътадил буд. Бар пояи ин гузориш њаљми маљмўи мањсулоти дохила (ММД) дар нимсолаи аввали соли равон ба 19,2 миллиард
сомонї расид ва он 6,4 фоиз рушд доштааст. Бонки миллї дар ин гузориш тавсеъаи сохтмонро 41,4 фоиз, саноатро 14,9 дарсад, савдои чаканаро 10,9 фоиз ва тавлиди мањсулоти кишоварзиро 69, дар сад гуфтааст. Бино ба навиштаи Бонки миллї дар ин шаш моњ мушоњида шудааст, ки нархи баъзе аз мањсулоти ватанї, аз ќабилї картошка (39,9 фоиз), пиёз (47,3 фоиз), гўшти гов (4,3 фоиз), гўшти гўсфанд (1,4 фоиз), асал (3,8 фоиз), шир (8,3 фоиз), тухм (3,6 фоиз), нахўд (0,4 фоиз), поми-
дор (68,1 фоиз), бодиринг (70,3 фоиз), ангишт (14,3 фоиз), хишти пўхта (8,7 фоиз), семент (1,0 фоиз) коњиш ёфтааст.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЧАРО? ЧАРО ДАР АМАЛ МАН НАФАЌА НАМЕГИРАМ?
ИНРО БОЯД ДОНИСТ!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
ФАРЊАНГИ ШАЊРДОРЇ - Мувофиќи "Ќоидањои тартиботи љамъиятї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе" дар њудуди марзиву маъмурии шањри Душанбе аз соати 23:00 - и шаб то 6:00 - и рўз дар кўчањо, майдонњо, боѓу соњилњои фароѓатї (пляж), наќлиёт, дар хобгоњњои умумї, манзили зист ва дар дигар љойњои љамъиятї доду фарёд кардан, њуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобњои мусиќї, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоњњои садотаќвиятдињанда ё таљњизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии љамъиятї мегарданд ќатъиян манъ аст.
- Синам ба 70 расидааст, нафаќахўр мебошам ва њар моњ ба ивази собиќаи 35 - 40 солаи кориям, 100 (сад) сомонї нафаќа мегирам. Феълан, њамчун соњибкори инфиродї фаъолият мебарам. Њамчун соњибкор њар моњ маљбурам ба маќомоти андоз 100 (сад) сомонї маблаѓ, њамчун "фонди нафаќавї" пардохт кунам. Саволи ман ин аст, ки модоме ман 100 сомонї нафаќа гираму, 100 сомонї фонди нафаќа пардохт кунам, мантиќан ман њоло нафаќае намегирам. Нафаќаи ман, њаќќи собиќаи кории ман, ки њаќќи њалоли ман мебошад, куљо меравад? Чаро дар амал ман нафаќа намегирам? Тибќи ќонун оё аз ман ситонидани маблаѓи фонди нафаќавї дуруст аст? Ќоидањои мазкур асосњои њуќуќии таъмини Саъдулло ТИЛЛОЕВ, тартиботи љамъиятї, ободонї ва санитариро сокини ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон дар шањри Душанбе муайян намуда, љавобга- Тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 23 - риро ба шахсони мансабдор ва шањрвандон юми августи соли 2013, тањти № 371 "Дар бораи тадбирњои барои вайрон намудани онњо муќаррар менататбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 14 мояд. - уми августи соли 2013, тањти №1493" нафаќањои мењнатие, ки дар асоси собиќаи кории пурра таъин гардида, аз 200 сомонї кам буданд, аз 01.09.2013 ба 200 сомонї баробар карда шудааст. Ќобили ќайд аст, ки ќонунгузории амалкунанда аз љумла, бандњои 19 - 22 ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 - юми августи соли 2013, тањти № 343 "Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафаќањои суѓуртавї ва мењнатї" барои нафаќагирон шароит муњайё намудааст, ки њангоми аз љониби нафаќагир идома додани фаъолияти мењнатї ва пардохт гардидани сањмњои нафаќавї, баъди ду соли фаъолият ва ё пас аз анљом додани фаъолияти мењнатии нафаќагир, нафаќањои суѓуртавию мењнатии ў аз нав њисобї карда мешаванд. Бинобар ин, нафаќагири мазкур метавонад пас аз ду соли фаъолияти соњибкорї ва (ё) њангоми ќатъ намудани фаъолияти худ ба маќомоти суѓуртаи мањали зист мурољиат намуда, нафаќањои суѓуртавии худро аз нав њисобї намояд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
ОЁ МЕДОНЕД? - Сохтмони бурљи машњури фаронсавї, Эйфел соли 1889 ба анљом расидааст. Он њамчун бинои муваќќатї сохта шуда буд, аммо 126 сол аст, ки макони тамошо ва тааљљуб ќарор гирифтааст. - Шањри Ню - Йоркро голандињо соли 1614 бунёд кардаанд. - Давлати Филиппин аз 7100 љазира иборат аст. - Заминларзаи зиёд дар Љопон рух медињад. - Нури офтоб то жарфии 400 метр ба оби дарё ё бањр мерасад. - Нодиртарин гурбањо дар љањон, гурбањои форсии сурх мебошанд. - Масљидњо аз њама зиёд дар дунё, дар Туркия вуљуд доранд. - Жарфии чоњи Зам-Зам 30 метр мебошад. - Аввалин автомобилро ихтироъкорони фаронсавї дар соли 1884 ба истифода додаанд. - Калонтарин беморхона барои касалињои руњї дар ИМА дар шањри Ню - Йорк мебошад, ки номаш "Стюпед" аст.
ЛАТИФА Дар теппае чўпоне рост истодааст. Дар назди чўпон рама мечарад. Ногањон телефони мобилии чўпон занг мезанад. Ў телефонро ба гўшаш наздик мекунад. Њамаи рама сўи ў мегардад. Чўпон бо ифтихори баланд сўи рама нигоњ карда мегўяд: - ин маро мепурсанд. *** Афандї аз бозор табаќи чўбї мехарад. Фикр мекунад, ки инро хона барам як рўз не як рўз мешиканад. Ябора шикаста пайвандаш мекунад, баъд ба хонааш мебарад. *** Ба муносибати зодрўзи писараш њамсояи Афандї тўйи калон баргузор намуд. Афандї њам хоњиши зиёд дошт, ки дар ин маърака иштирок намояд, зеро њамсояаш бой буд ва ўро таклиф накарда буд. Бинобар ин ў њила фикр кард, ки њам дар тўй бошаду, њам мењмони фахрї. Ў вараќи ѓафсеро гирифта, чорќат намуд, ба лифофа љой кард ва дар баѓалаш пинњон кард. "Ассалому алайкум, олимаќомам! гуфт Афандї, ба њавлии њамсоя даромада истода. - Ба муносибати зодрўзи писаратон, ќозиамон, бароятон табрикнома фиристоданд" ва лифофаро аз баѓал гирифта ба соњибхона пешнињод намуд. Бой аз ин хабар хеле хушњол гардид. Лифофаро ба кисаи даруни либосаш гузошт ва Афандиро дар љойи пурифтихор љой кард ва наздаш бењтарин ѓизоњоро гузошт. Баъд соњибмаърака билохира ором шуд, даст ба ришаш бурду лифофаро аз баѓал бо эњтиёт баровард ва кушод, ки болои зонуњояш вараќи тозае афтид. "Инро чї хел фањмем? - гуфта ў дасту по гум карда, ба Афандї мурољиат намуд. "Мумкин, ќозї ваќт надоштааст табрикнома нависад, охир кораш бисёр, фањмидан мумкин, гуфт Афандї ва лаѓмонро тоб дода ба дањон меандохту мегуфт, - мактуб њам лозим набуд, охир ман суханњояшро як ба як ба Шумо расондам-ку!" *** - Ту дар назди директор ваъда дода будї, ки дигар дар ваќти кор шароб наменўшї. Боз кайфат таранг ку! - Парво накун, дўстам. Бо директор њамроњ нўшидем! *** Корманди тамаъкоре ба назди сардор даромада гуфт: - Раис, имшаб хоб дидам, ки Шумо ба ман рањматнома ва мукофоти пулї додаед. Сардор гуфт: - Рањматномаро нигањ дору пулро ба муассиса баргардон, ки алњол мо ба он сахт эњтиёљ дорем.
? - И НОБОБ ОЁ НАРХИ БАРОВАРДАНИ ПАРТОВ ТАЃЙИР ЁФТААСТ? - Дар њоли њозир нархи баровардани партов дар њудуди шањри Душанбе чанд сомонї муќаррар шудааст? Оё нархи пешини баровардани партов таѓйир ёфтааст ё он бетаѓйир боќї мондааст? Сўдоба ШОКИРОВА, сокини шањри Душанбе - Айни њол нархномаи хизматрасонии баровардани партов дар ќаламрави чор ноњияи шањри Душанбе вобаста ба категорияи истиќоматкунандагон муайян карда шудааст, ки дар поён оварда мешавад. Нархномаи мазкур аз тарафи Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст. Барои сокинони ноњияи Исмоили Сомонї: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто таљњизонидашуда (мусорпровод) - барои як истиќоматкунада (9 - 10 ошёна) - 2 сомону 40 дирам; барои хонањои бе ќубури ахлотпарто - 2 сомону 00 дирам; барои хонањои ободнашуда (баракњо) - 2 сомону 70 дирам; барои њавлињои шахсї - 2 сомону 90 дирам. Барои сокинони ноњияи Шоњмансур: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто таљњизонидашуда (мусорпровод) - барои як истиќоматкунада (9 - 10 ошёна) - 2 сомону 40 дирам; барои хонањои бе ќубури ахлотпарто - 2 сомону 00 дирам; барои хонањои ободнашуда (баракњо) - 2 сомону 70 дирам; барои њавлињои шахсї - 2 сомону 90 дирам. Барои сокинони ноњияи Сино: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто таљњизонидашуда (мусорпровод) - барои як истиќоматкунада (9 - 10 ошёна) - 2 сомону 60 дирам; барои хонањои бе ќубури ахлотпарто - 2 сомону 20 дирам; барои хонањои ободнашуда (баракњо) - 3 сомону 00 дирам; барои њавлињои шахсї - 3 сомону 10 дирам. Барои сокинони ноњияи Фирдавсї: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто таљњизонидашуда (мусорпровод) - барои як истиќоматкунада (9 - 10 ошёна) - 2 сомону 50 дирам; барои хонањои бе ќубури ахлотпарто - 2 сомону 10 дирам; барои хонањои ободнашуда (баракњо) - 2 сомону 80 дирам; барои њавлињои шахсї - 3 сомону 00 дирам. Ба саволи Шумо, Рустам ИБРОЊИМОВ, мудири шуъбаи коммуналї ва муњандисии дастгоњи раиси шањри Душанбе посух дод.
БА ЉОЙИ 09 - Бањри баланд бардоштани масъулияти роњбарони субъектњои хизматрасон дар иљрои вазифањои хизматї бобати таќвияти кор бо мурољиати шањрвандон, баќайдгирї ва назорати электронии бартарафсозии сариваќтии садамањо дар шабакањои муњандисї ва кулли дигар хизматрасонињои коммуналию бењдоштї њолати санитарї, наќлиёт ва фарњанги шањрнишинї ташаккул ва татбиќи заминаи технологї дар ќаламрави шањри Душанбе шањрвандон метавонанд тариќи фиристодани паёмакњо ба шумораи телефони 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj ва воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj мурољиат намоянд. Дар њолати њал нагардидани мушкилот, шањрвандон метавонанд ба навбатдорони шабонарўзии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе тавассути шумораи телефони 221-26-95 ва 223-22-14 арзњои хешро бароварда созанд.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №17 (450), 22. 07. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Шўрои уламо бигўяд, љойнамозро бо "водка" бишўед, мешўем? Он њикояи марди шўхтабъро ба хотир доред, ки нисфишабие доду фарёд мекунад: -Хонаам сўхт, мардум. Кумак, кумак! Мардум ба кумак мешитобанд, ки на оташ асту на хонасўзї. Фардо шаб боз фарёд мекунад: -Хонаам хокистар шуд. Кумак, кумак, кумак! Мардум боз њам машки об дар даст ба фарёдаш мешитобанд, ки ин бор њам на аз хокистаре асар њасту на аз оташе. Шаби севум, воќеан, хонаи он шўхтабъ сўхт. Њар чї љон дошт фарёд кард. Аз бахти бад, мардум дигар садои шўхашро, ки шинохта буданд, ба фарёдаш нарасиданд ва субњ, ки хестанд тўдаи хокистареро диданд. Ин њикоя ба гумонам дар китоби "Одобнома" буд, ки барои хонандагони мактабњои миёна таълим дода мешуд. Ва хулосаи њикоя ин буд, ки нашояд бо мардум дар корњои љиддї њазлу шўхї кард, то оќибаташ зиёнбор нагардад. Ќарори Шўрои уламои Маркази исломї барои муайян кардани Рўзи иди Рамазон њамин њикояро ба хотир меорад. То шоми панљшанбеи 16 июл бархе аз мусалмонони Тољикистон ба як ќарор наомада буданд, ки рўзи љумъаро ид кунанд ва ё рўза бидоранд. То ин ки Туркия ва Арабистони Саудї љумъаро ид эълон накарданд, иддае аз њамватанони мо он њам домуллоњои китобхонда ба њарфи Шўрои уламо гўш надода буданд. Њарфи Шўрои уламо, ки аз шўхтабъї набуд. Бар пояи њисобу китоби даќиќ эълон карданд, ки Рамазони 2015 иборат аз 29 рўз аст. Аммо дар масоили ?айри рамазон, ки шўхтабъї карданд, бо дасти худ эътимода-
шонро аз љомеа рабуданд. Дигар њар чї фарёд мекунанд, кам касе пайдо мешавад, ки гўш ба фармонашон бошад. Њољат нест мў ба мў шўхтабъињои Шўрои уламоро бишкофем. Барои хонандагони маљозї ошкор аст, ки Шўрои уламо дар ивази пањн кардани вараќ-вараќ изњороти бемавќеъ мебоист эътимоди мардумро касб мекард. Набояд ба теъдоди намозгузорони масљиди марказии Душанбе ѓарра шуд, ки њар њафта ба ќавли масъулини он масљид, то 10 њазор нафар барои адои намози љумъа ташриф меоранд. Акнун ошкор мешавад, ки он 10 њазор танњо барои адои намоз меоянд, на барои шунидани мавъиза ва пайравї аз гуфтањои муфтї. Воќеан, љои нигаронї аст, ки мардум ба гуфтаи пешвоёнаш эътимод надошта бошанд. Гузаштагонамон васият карда буданд, ки: Ба май саљљода рангин кун, гарат пири муѓон гўяд, Ки солик бохабар набвад зи роњу расми манзилњо. Ин ќавли Њофиз аст, насињат мекунад, агар пешвоён бигўянд, љойнамозатро бо "водка"-ву "вино" бишўй, бояд шуст! Њоло чи расад ба он ки пешвоён ќарор кунанд, ки Рамазон 29 рўз аст! PS: Овозае њаст, ки ду соли баъдї њам моњи Рамазон аз 29 рўз иборат хоњад буд. Самимона мехоњам дар ин ду сол Шўрои уламо шўхтабъиро канор бигзорад ва эътимоди моро касб кунад. Аз блоги Ёќуб ЊАЛИМОВ
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон: - Мо бо роњбарияти "Babilon-Mobile" гуфтушуниди шифоњї доштем ва аллакай дар муддати ду моњ 5 миллион аз ќарзи умумии 341 миллион сомониро рўёнидем. Мо тибќи ќарори додгоњ чораандешї карда истодаем ва муваззаф њастем, ки њамаи маблаѓњоро ба буљаи давлат супорем. - Яъне ширкатро шикастеду ба рехтанаш бовар надоред?!
Абдуфаттоњи ЃОИБ, раиси Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон: - Ман ба наздикї дар Хитой будам, ба ман њуљљатњоеро нишон доданд, ки дар 5 моњ ба Тољикистон аз Хитой ба маблаѓи 257 миллион доллар бор интиќол дода шудааст. Аммо аз сарњади Тољикистон бор ба маблаѓи 132 миллион доллар гузаштааст. Акаљон, хап... Агар дар Хитой ба Шумо њуљљатњоеро нишон дода бошанд, дар Тољикистон ба Шумо номњоеро нишон медињанд, ки... Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Давлат кї аст? Давлат - халќ! Халќ кї аст? Халќ - андозсупоранда! Андозсупоранда кї аст? Андозсупоранда - ќисми даромади буља! Аз ин рў, ин њамаро давлат бояд андеша кунад. Ваќте ман дар парлумон будам, ин масъаларо доимо мебардоштам, аммо баъзењоро намефорид, аз љумла олигархњоро. - Халки тољик 23 сол фаќат дар њамин андеша аст, аммо як бор њам нашуд, ки давлат аз халќ андеша кунад.. Любоф яктарафа намешавад-де, рафиќ нодепутат! Ибодулло ЌУРБОНИЁН, раиси "Тољикстандарт": - Ман аз њамаи падару модарони тољик хоњиш дорам, ки мањсулоти "Витаминчик" ро аслан харидорї накунанд. Он њамеша ба Тољикистон ба таври ќочоќ ворид мешавад. Он аслан аз Чин ба Тољикистон меояд. Ягон њуљљат надорад, аммо чун харидори асосии он кўдакњо њастанд, боз ба фурўш бароварда мешавад ва зарари зиёд њам дорад. Аммо, бояд иќрор шавем, ки намедонем чї кор кунем, зўрамон барои аз байн бурдани он намерасад. Ана, марњамат, шумо рўзноманигорон дахолат кунед. Ана, мардиву мана, мардї! Роњбар рўшод мегўяд, ки намедонад, чї кор кунад. Агар роњбар надонад, чї кор кунаду боз зўраш нарасад, як кор мемонад: аризача... Умеди ЉАЊОН, сароянда: - Лутфан маро Умид нагўед, хоњари азизи тољикистонии ман! Барои мардуми Эрон ман Умид њастам, барои бародарону дўстони тољикам Умедам.
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
- Табрик Умедљон, моли тољикї шудед! Домулло Њикматулои ТОЉИКОБОДЇ, руњонї: - Рўзадорї 30 рўз аст ва дар рўзи 29 ум даст кашидан аз он дуруст нест. Ин як рўз бар мусалмон ќарз аст, ки бояд онро баргардонд. Камтар дер кардед, домулло! Раиси Шўрои уламо ва Президенти Академияи илмњо ин бор Шуморо "кидат" карданд... Сюзан ЭЛЛИОТТ, сафири ИМА дар Тољикистон: - Имзои созиши њастаии Эрон ва гуруњи "панљ бар изофаи як" ќадами муњиме аст. Ман бар ин назарам, ки дар сурати иљрои ин созиш, тањримњо алайњи Эрон марњала ба марњала лаѓв хоњанд шуд ва роњ барои њамкорињои байналмилалї боз мегардад. - Яъне, тањримњо моњ ба моњ, сол ба сол, дањсола ба дањсола бардошта мешаванд, гуфтанї њастед, хонум? Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09