“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
1
Карон - тамаддуни баландї ё кашфи шањри ќадимтарин дар Дарвоз САЊИФАЊОИ 8-9 №18 (345). Чоршанбе, 24-уми июли соли 2013
ДАР СЎЊБАТИ РЕКТОР Убайдулло ЌУРБОНОВ:
"Мо "ставка" надорем" САЊИФАИ 5
ЊОЛИ ШАЊРИЁН
ПАРВАНДАИ ХАТАРНОК Чаро раиси Суди Олии Тољикистон таљдиди назар дар њукми 33 исфарагиро намебинад?
Тарифњои хизматрасонї дар Душанбе САЊИФАИ 6
БОЗЇ ДАР МИНТАЌА
Хашми «Исроил» Музокироти сулње, ки касе ба он бовар надорад САЊИФАИ 10
КОМИЛАН ЉИДДЇ
Мирзодиккаки суѓдї САЊИФАИ 16
РАИСИ ШАЊРИ КЎЛОБ ВА АРЗИШЊОИ ИСЛОМЇ Абдуѓаффор Рањмонов медонад, ки чї кор мекунад?
2
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
ќаллобї ва монеъ шудан ба татбиќи адолати судї ва тафтишоти пешакї муттањам шуданд. Њанўз њукми ин ду набаромадааст.
Боз кї монд?
ПАРВАНДАИ ХАТАРНОК
Аммо суханони раиси Суди Олї дар бораи ин, ки њукми судя, прокурор ва нињоят муфаттишон, онњое, ки 33 исфарагиро муттањам карда, ба зиндон фиристоданд, ба сарнавишти мањкумшудагон таъсир намерасонад, дар як нигоњи сатњї орї аз мантиќ менамояд. Чаро? Ваќте Имом Ѓоибов ва Одил Очилов бо моддаи 349 - и Кодекси љиної - монеъ шудан ба татбиќи адолати судї муттањам мешаванд, сухан аз кадом адолати судї меравад?! Маълум аст, ки онњо дар баробари њељ каси дигар на, балки дар њаќќи њамин 33 исфарагї адолати судиро татбиќ накардаанд. Ё раиси Суди Олї боз чиро дар назар дорад, ки барои дигарон рўшан нест? Умуман, кай ин иддао, ки худи ў низ дар ин парванда дахил асту наќш дорад, посухи худро пайдо мекунад, бахусус, бо назардошти воќеиятњои Тољикистон, ки бидуни дахолати рањбар зердаст коре карда наметавонад? Ваќте дањњо фактњои дуруѓини парван-
Чаро раиси Суди Олии Тољикистон таљдиди назар дар њукми 33 исфарагиро намебинад? "Парвандаи исфарагињо" - "модарбузург" - и парвандањое, ки ба дунболаш пайдо мешаванд, рўз ба рўз саволњои нав ба вуљуд меорад ва масъулин изњороти хориќулоддае мекунанд, ки шубњаи кас ба рўшан шудани адолату њаќиќат њар лањза бештар мешавад, на кам. 15-уми июн дар нишасти матбуотии Суди Олї эълон шуд, ки бо вуљуди пеш омадани њолатњои нав дар њукми 33 сокини Исфара таљдиди назар сурат нахоњад гирифт. Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олї дар посух ба суоли рўзноманигорон, ки "агар љурми судя ва муфаттишон - дастандаркорони "парвандаи исфарагињо" исбот шавад, омода аст, ба истеъфо равад?", посухи рад дод. Вай гуфт, бо вуљуди ба масъулият кашида шудани судя ва муфаттишон њукми Суди олї таѓйир намехўрад: - Мањкумшавии судяи Суди Олї Нур Нуров, айборкунандаи давлатї - Рустам Олимов, бародари ў - Пирумшоњ Олимов ва адвокат - Бердиќул Расулов ба исботи гуноњи ба ном исфарагињои мањкумшуда ягон иртибот надорад. Онњо љиноётеро кардаанд, ки ба љиноятњои мањкумшудагон њељ робита надоранд. Њама барои љинояти худ љавоб мегўяд. Аз гуфтаи раиси Суди Олї хулоса мешавад, ки боздошти сарварони Комиссияи тафтишотии Агентии назорати молиявї ва
«
мубориза бо коррупсия - Имом Ѓоибов ва Одил Очилов њам ба њукми 33 исфарагї таъсир нахоњад дошт. Оё ин то куљо мантиќист?
"Сайри парванда" 33 исфарагиро Суди Олии Тољикистон соли 2008 ба мўњлатњои аз 10 то 25 сол равонаи зиндон карда буд. Онњо њамагї дар њамдастї ба Низомхон Љўраев, мудири Корхонаи кимиёи Исфара, ки соли 2007 фирор карда буд, муттањам мешуданд. Аммо ин њукм он рўзњо норизоиятии прокурори генералии ваќт Бобољон Бобохоновро ба вуљуд овард, ки њукми Суди Олиро "говсуд" ном бурд. Прокурори генералї аз вазифа сабукдўш шуд. Баъдтар писари прокурорашро њам зиндонї карданд. Њодисаи назаррасе, ки дар ин муддат ба вуќўъ пайваст, нашри матлаб дар расонањои Тољикистон бо имзои вакили дифоъ Солењљон Љўраев буд. Ў то љое парда аз рўи асрори парванда боз кард. Аз љумла сабтеро фош намуд, ки бар асоси он, дар "говсуд" гўё раиси Суди Олї даст дорад.
Њодисаи назаррасе, ки дар ин муддат ба вуќўъ пайваст, нашри матлаб дар расонањои Тољикистон бо имзои вакили дифоъ Солењљон Љўраев буд. Ў то љое парда аз рўи асрори парванда боз кард. Аз љумла сабтеро фош намуд, ки бар асоси он, дар "говсуд" гўё раиси Суди Олї даст дорад.
«
Амалан 4 сол ин парванда гўё ањамияташро гум кард, ё онро фаромўш карданд. Њам расонањо ва њам маќомот. Аммо моњи апрели соли 2012 "саркарда" - и ин гурўњ Низомхон Љўраев аз Маскав ба Душанбе оварда шуд. Тањќиќи парвандаи ў оѓоз ёфт. Њанўз идома дорад, аммо дар сарироњ чандин парвандаи дигарро тавлид кард. Њоло натиља ин аст, ки дар "парвандаи исфарагињо" њам мањкумшудагон, њам судя, њам прокурор - айбдоркунандаи давлатї, њам сарварони тафтишот, њатто як адвокат, хулоса, њама љонибњо ба љавобгарї кашида шуданд. Ба ќавле, ягон кас бегуноњ нест. Аммо мантиќ куљост, чун њама гунањкоранд, пас бегуноњ кист? Моњи апрели соли равон судяи Суди Олии Тољикистон Нур Нуров, касе, ки мурофиаи "парвандаи исфарагињо" - ро ба зимма дошт ва ба ќавли Солењљон Љўраев, гуфта буд, ки њукми 33 сокини Исфараро бо фармони раиси Суди Олї - Нусратулло Абдуллоев баровардааст, бо љурми ќаллобї муттањам ва ба 8 соли зиндон мањкум шуд. Рустам Олимов, айбдоркунандаи давлатї аз Прокуратураи генералии Тољикистон низ бо љурми ќаллобї ба 10 солу 6 моњи зиндон мањкум шуд. Бародараш Пирумшо Олимов, ки њамагї дар ин парванда наќши ронанда ва миёнаравро дошт, низ ба чоруним соли шартї мањкум шуд. Вакили дифоъ Бердиќул Расулов 9 соли зиндон гирифт. Моњи майи соли равон Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия рањбар ва муовини сардори Комиссияи тафтишотии "парвандаи исфарагињо" Имомназар Ѓоибов ва Одил Очиловро боздошт кард. Имомназар Ѓоибов ба гирифтани пора ба миќдори махсусан калон, монеъ шудан ба татбиќи адолати судї ва тафтишоти пешакї ва Одилљон Очилов ба
да ва сохтакориву камсаводии математикии судяи парванда исбот шуд, сухан аз кадом адолати судї меравад?! Дар баробари изњороти раиси Суди Олї дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералї аз генпрокурор Шерхон Салимзода њам пурсида шуд, ки ба навиштаи расонањо дар бораи ќаробаташ бо Имом Ѓоибов чї мегўяд? Шерхон Салимзода инро, ки Имом Ѓоибов ќудои ўст, рад кард ва њамкурсаш будани ахириро таъйид намуд. Њамчунин суоли дигар ин аст, ки худи Шерхон Салимзода он замон рањбари Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия буду Имом Ѓоибов ва Одил Очилов тобеони ў буданд. Аммо Прокурори генералї дар ин бора њоло изњори назар накардааст. Нињоят, сарнавишти нафари калидї Низомхон Љўраев, ки мисли силоње алайњи рањбарони пешин истифода мешавад, то куљо хоњад кашид, чун дида мешавад, ки ўро њатто алайњи Зайд Саидов, собиќ вазири саноати Тољикистон низ истифода бурданд. Ин "мил" боз сўи кї равона хоњад шуд ва боз ба сари кї об хоњад рехт? Њамин тавр, "парвандаи исфарагињо" њамоно пурсавол ва албатта, хатарнок боќї мемонад...
Фаромарзи ФОЗИЛ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
НАБЗИ РЎЗ
3
19-уми июл дар бинои Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї нишасти матбуотї доир гашт. Раиси кумита дар ин љаласа иштирок накард. Бояд ягон њолати сахти фавќулода рух дода бошад, ки љанобашон дар љамъбасти фаъолияти шашмоњаи нињоди зертобеаш ширкат карда натавонистааст, гумон кардам, ман ва шояд, бисёре аз журналистон ба дидори муњтарам Хайриддин Абдурањимов он рўз мушарраф нашуданд. Вале ин њадсу гумони ман зуд пароканда шуданд, ваќте дидам, ки барои саволу љавоб бо журналистон генерал се муовин - се генерали дигарро сафарбар кардааст. Њар як раис њам ваќте дар ихтиёраш се генерали дигар дорад, албатта, ба наљоти кўдакони суѓдї ба Бањри тољик ё Сирдарё намеравад. Зиёда аз он, љанобашон собиќ вазири амнияти як кишвари каппа-калон. Муовинон - се генерал - исбот карданд, ки рутбаро њамту нагирифтаанд. Онњо роњи аз њама осон - намоиши дастовардњои хешро ба шакли дидактикї, яъне нишон додани филми тасвирї осон намуданд.
“
Воќеан, генерал дар њазлу шўхї мањорати хоса доштааст. Рафту, дар ягон нукта дармемонд, Хушвахтов бо ёрии њазлу шўхї ва табассуми сабуке зуд риштаи суханро ба дасти хеш мегирифту бори дигар собит мешуд, ки ба насаби Хушвахтов муносибу мувофиќ аст.
“
Фаъолияти кумита дар экран, албатта, хеле љолибу шавќангез буд ва њарчанд аз воќеиятњои њаёти имрўза ба куллї фарќ дошт, ба онњое дер боз дар бораи худ филми тасвирї тамошо накардаанд, аљиб буд. Вале баъди он ки њама фањмиданд, ин филми тасвирї моли бегона аст ва ба мо ягон иртибот надорад, албатта, генерал - љонишинњои раис зери борони суолњои журналистон ќарор гирифтанд. Муовини якуми раис генерал-майор Абдусаттор Хушвахтов аз фурсат истифода бурда. исбот кард, ки њамту муовини аввал таъйин нашудааст ва бешак, худаш ба саволњои чаппаву роставу кўндаланг посух гуфт. Њар ќадаре ки метавонист, албатта. Касе пурсид: "Чаро дар натиљаи њодисањои нохуш ва њолатњои фавќулода чандин нафар њалок мешаванду аммо ба пойи
Як соат бо се генерал Гузориш аз аљибтарин нишасти матбуотии њукумати Тољикистон ягон корманди кумита хор намехалад ё парахае дасти онњоро намехарошад?" Генерал Хушвахтов ба ин савол њам бо хушваќтии тамом, бо лабханду њазломез посух гуфт: "Барои он ки кормандни мо бисёр машќ кардаанду обутобдидаанд...". Воќеан, генерал дар њазлу шўхї мањорати хоса доштааст. Рафту, дар ягон нукта дармемонд, Хушвахтов бо ёрии њазлу шўхї ва табассуми сабуке зуд риштаи суханро ба дасти хеш мегирифту бори дигар собит мешуд, ки ба насаби Хушвахтов муносибу мувофиќ аст. Генерал-майорњои муовин Рустам Шоев ва Бахтиёр Орифов, ростї, то ба масъули як нињоди муњимтарини кишвар, бештар ба мењмонони толори консертии "Кохи Борбад" мемонданд. Онњо бодиќќат консерт, яъне суханронии муовини аввал - генерал Абдусаттор Хушвахтовро шунида, гўё њаловат мебурданд. Аз чењраи онњо чунин ба назар
мерасид, ки гўё онњо низ орзуи мисли ў сухандон ва "аввал" шуданро дар дил мепарваранд. Хулоса, мо, њозирин, њатто, нафањмидем, ки як соати астрономї аз куљо, чї хел ва кай гузашта рафт. Ман, ќариб буд, саволе, ки мехостам ба он аз худи генерал Хайриддин Абдурањимов посух бигирам, фаромўш карда будам. Не, хайрият, ки ба ёдам омад ва ман онро ба генерал - муовини аввал додам: "Худо нишон надињаду, фарз кардем, агар дар шањри Турсунзода, барои мисол, њодисаи фавќулодае рух дињад ва шуморо огоњ карданд, ситоди кумита
«
баъди чанд муддат ба љойи њодиса њозир хоњад шуд?" - Манзараи аљиб буд, ман худро шоњиди воќеаи аљибе тасаввур кардам. Генерал фикр мекард, ки чї гўяд. Ва нињоят, посух ман ва шояд, бисёриро дар маљлисгоњ ба худ - ба воќеияти њаёти имрўзаи мо овард. Генерал бо чењраи андаке љиддї гуфт: "Медонед, ин пеш аз њама ба рафтору кирдори даста ва одоби ронандањо вобаста аст. Мумкин, дар як соат ва ё чандин соатњо..." Рустам РАМАЗОНЇ, журналист
Ман, ќариб буд, саволе, ки мехостам ба он аз худи генерал Хайриддин Абдурањимов посух бигирам, фаромўш карда будам. Не, хайрият, ки ба ёдам омад ва ман онро ба генерал муовини аввал додам: "Худо нишон надињаду, фарз кардем, агар дар шањри Турсунзода, барои мисол, њодисаи фавќулодае рух дињад ва шуморо огоњ карданд, ситоди кумита баъди чанд муддат ба љойи њодиса њозир хоњад шуд?"
«
Пирмуњаммадзода: Аз боздошти писарам напурсед Њољї Исмоил Пирмуњаммадзода, рўњонии шинохтаи тољик, 23-юми июл зимни як чорабинии фарњангї дар Китобхонаи миллї аз иштирокчиён хост, ки дар бораи боздошти писараш аз вай суол накунанд. Сархатиби масљиди шањраки Њисор ба номи Муњаммад Расулуллоњ дар вохўрї бо кормандони Китобхонаи миллии Тољикистон, ки дар њошияи вохўрии президент Эмомалї Рањмон бо рўњониён ва ањли љамоатчигї дар шањри Душанбе доир шуд, аз мисраъњои машњури Хоља Њофизи Шерозї ёд кард: "Воизон, к-ин љилва бар мењробу минбар мекунанд..." Ва аз њозирин дархост кард, то аз саволњои сиёсї
ва дар бораи боздошти писараш худдорї кунанд. Баъди боздошти писари Њољї Исмоил Пирмуњаммадзода, намоиши чењраи ин рўњонї, ки дар гузашта мушовири президент оид ба масоили дин буд, мамнуъ шуда, шабакањои телевизионии давлатї, ки барои инъикоси вохўрии Китобхонаи миллї даъват шуда буданд, ба нишасти мазкур њозир нашуданд. Бино ба иттилои маќомоти корњои дохилї, писари Њољї Исмоил Пирмуњаммадзода - Ањмадљон Исмоилзода, яке аз се нафаре, ки дар пайи њодисаи зарбу лати як зани њомиладор - сокини ноњияи Њисор мавриди кофтуков ќарор
дошт, дар Шањринави водии Њисор боздошт шудааст. Бино ба иттилои манобеи TojNews, дар пайи як бањси пулї ин се нафар ба манзили истиќоматии сокини дењаи Ќарамќули Њисор ворид шуда, келини њомиладори соњибхонаро задаанд, ки дар натиља тифли батни ахирї њалок шудааст. Ањмадљон Исмоилзода ќаблан ба итоат накардан ба маќомоти бозрасии давлатии автомобилї ва тиркушої љониби маќомот гумонбар шуда буд. Њољї Муњаммад Пирмуњаммадзода, яке аз рўњониёни саршиноси тољик ва писари домулло Пирмуњаммад, маъруф ба Эшони Санги Кулўла аст.
4
НОМАИ БЕТАЊРИР
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
В
аќте ба фурўдгоњи байнулмилалии "Домодедово"-и Маскав расидам ва њафт соат беќадрї, хорї ва зиллати муњољирони мењнатии тољикистониро бо чашми сар дидам, ба ин натиља расидам, ки мувофиќону мухолифон ва њукумати феълии Тољикистон ба тољикон хиёнат карда, дигар њаќќи рањбарї кардани ин миллатро аз даст додаанд. Ин ду гуруњ баробар ба ин миллат хиёнат кардаанд. Хиёнат ба орзуву омол, ќадру манзалат ва арзишњои тамоми озодманишони тољикистонї. Зеро ин мардуми шарифе, ки аз зўромад роњи муњољиратро пеш гирифтаасту рўзона њазорњо нафар тарки хонавода мекунад, дар чашми дигарон арзишњои инсонии худро гум кардааст.
Соатњои хорї Фурудгоњи "Домодедово" мусофирони тољикро њафт соат нигоњ дошт ва дигаре бо чашмпўшї ва хомўшии худ њайсияти инсонии тољикистонињоро ба њамин сатњ пойин оварда, миллатро хору залил кардаанд. Нињоят ду соат гузашт, як хонуме пайдо шуду ин "рама"-ро пароканда кард ва дар чанд лањза рафта аз гузаргоњњои холї гузаштанд.
Тањќир
« Душанбе-Тољикэйр Шоми 12-уми июл аз фурўдгоњи Душанбе бо њавопаймои Тољикэйр бо хатсайри Душанбе -Маскав №629 парвози мо оѓоз шуд. Ин парвоз бо ширинву шўркомии худ хотирмон буд. Њарчанд бо Боейнг омадем, вале курсињояш ќариб аз курсињои тангу ланги "Газел"-њои Душнабе фарќ намекард. Муносибат њайати тайёра низ айни њамон. Дар ваќти парвоз, ки беш аз чор соат буд, њафт маротиба тугмачаи хидматрасониро пахш кардам, то яке биояду таклифамро рўшан кунам, вале касе наомад. Чанд нафари дигареро њам дидам бо пахши њамон тугмача чизе гуфтан мехоњанд, лекин аз санг садо буду аз онњо не! Чанд чанд хонуме, ки стюардесса буданд, ќариб тамоми ваќти холии худро ба оина мебахшиданд, на мусофирон. Касоне буданд, ки моро тањќир карда "тољик..." мегуфтанд. Њамчунин садо баланд мекарданд, ки ин Корхонаи воњиди давлатї ба Љамъияти сањњомии кўшода табдили ном кардааст. Яъне, ќисме аз сањмияњои "Тољикэйр" ро њам фурухтаанду боз кадом воломаќоме онро харидааст... Фурўдгоњи байналмилалии Домодедово. Таќрибан соати 01:15 даќиќа ба ваќти Душанбе дар Маскав расидем. Ваќте мо аз тайёра
пойин шудем, њудуди 220 нафар будем. Аксари њамсафарони мо муњољирони мењнатї буданд. Ваќте бархўрд бо њамин тўдаи мардумро дар ин фурўдгоњ дидам, эњсос кардам, ки моро њамчун инсон намешиносанд.
Беќадрї Барои гузаштан аз гузаргоњи назоратии шиносномањо тамоми њамсафарони моро дар ду толори хурд ва алоњида љо карданд. Айнан мисли рамаи бузу гўсфанд. Чанд даќиќа баъд, як тайёраи дигар аз Самарќанд расид, мусофирони онро њам бо мо њамроњ карданд. Пас аз он дар як тайёраи дигар тољикистонињо аз Хуљанду омада расиданду баъди он дигаре аз Хатлон, дар њамон ду толор ё "оѓил"-њои танг зану мардро алоњида - алоњида љо кардаанд. Дар тангно нафас гирифтан њар лањза душвортар мешуд. Бо ин њама касе барои талаб кардани њаќќи худ лаб намекушод. Ќариб њамаи онњо ѓуломтабиат шуда, хоља њар чї гўяд, њамонро иљро мекунанд... Ин њам дар њолест, ки берун аз ин ду толор дањњо гузаргоњи назоратии дигар дар ошёнаи аввалу дуввум холї буданд. Садњо мусофироне, ки аз дигар љойњо меомаданд, бо дидани ин манзара ва ду толор бо сад фикру
хаёл сар љунбонида мегузаштанд ва на танњо бе кадом мамониат, балки бо иззату икром ва ќадрдонї аз дигар гузаргоњњои холї хориљ мешуданд.
Зиллат Дар ин муддат ба чанд нафаре, ки зоњиран симояшон аз дигарњо фарќ мекард, яъне то андозае рўшанфикр менамуданд, мурољиат карда гуфтам, ки бародарон забонро медонед, чаро мурољиат намекунед, ки аз дигар гузаргоњњои холї рафта гузарем, муттассифона, ба љуз як ё ду нафар касе љуръат намекард, гўё њамаи онњо ишораи "подабон"-ро интизор буданд, ки кай чї мегуфта бошад. Дар баробари он афроде низ њузур дошт, ки нафрин мехонданд. Нафрин ба аъзои њукумати феълии Тољикистон, мувофиќон ва мухолифони он. Аксари онњо мегуфтанд, ки тайи чанд соли ахир њоли мо њамин аст. Ин тавр муносибат кардани масъулини фурдугоњ бори аввал нест. Онњо дар ин кор таљрубаи зиёде доранд. Ќисме аз ин муњољирон ба ин натиља расида буданд, ки мањз сарони мувофиќону мухолифони Эмомалї Рањмон, ки худро рањбар ва ё њомии миллат медонанд, яке бо каљрафторї
Нињоят баѓочњо ду соат расиданду ваќти гузаштан аз гумрук оѓоз шуд. Дар ин муддат њар тољикистоние, ки маъќул намешуд, аз љамъи мусофирон мисли љинояткор ўро људо мекарданд ва ба мисли маймун бо ў муносибат менамуданд. Ба иборати дигар, аз љамъи мусофирони се тайёраи тољикистонињо њудуди 45 нафарро дар як каридори 5 ё 6 - квадратї дар шафати гузаргоњи асосї љо карданд. Айнан мисли пода. Беш аз якуним соат мусофирони аз дуру наздик омада, онњоро тамошо карда мерафтанд. Дар ин муддат ба касе аз онњо иљозат дода намешуд, ки љояшро иваз кунад. Яъне, аз каридор берун шавад. Мўйсафеде, ки ба гуфти худаш, барои дидори писараш омада буд, рафта пурсид, пешоб дорад, бояд рафта пешоб кунад, ўро иљозат надоданд, бар илова Шоњ гуфтанї љавоне, ки худро аз Варашилободи ноњияи Румї муаррифї карду ўро дар даромдагоњи каридор навбатдор таъйин карда буданд, яке аз масъулини њамин гузаргоњ бурда, дар утоќи алоњидае чанд мушти обдор дар шикамаш заду гуфт, ки нагузор касе берун ояд... Баъди он ин њамаро ба подвал, љои интиќоли боѓољњои умумї интиќол доданд. Дар он љо вазифаи Шоњро ба як хонуми рус супориданд. Њамаро дар як гўша, он њам дар мањдудаи 6 метри квадратї росто нигањ дошта, ба навбат тафтишро оѓоз карданд. Тафтиши борљомаву њуљљатњо ва худи мусофирон. Тафтиши ин 45 нафар тољикистонї, ки ба ѓайри онњо ягон мусофири дигаре вуљуд надошт, наздик ба ду соати дигар давом кард. Бо њар нафаре аз онњо њар тавре, ки мехостанд дар алоњидагї муомала мекарданд ва баъд сенафарї аз тањхона љавоб медоданд... Бояд дарк кард, ки муњољирати мењнатї сароѓози тањаммул кардани тамоми зиллату хорї ва тањќири инсоният аст. Ба њамин хотир, он мансабдороне, ки ин падидаро таблиѓ карда ва ба ин васила шона холї кардан мехоњанд, чун лаёќати рањбарї кардани ин миллатро надоранд, бояд мансабро холї кунанд ва барои бемасъулиятї ба љавобгарї кашида шаванд.
Амруллоњи НИЗОМ, Маскав, 13.07.201
МАЗЊАБ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
Убайдулло ЌУРБОНОВ:
"МО "СТАВКА" НАДОРЕМ" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Убайдулло Ќурбонов, профессор, доктори илмњои тиб, ректори Донишгоњи давлатии тибби Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино - Донишгоњи тиббї муассисаи муњим аст, ки ба њаёти инсон сару кор дорад, аммо њоло дар кадом бахш мушкилот дорад, норасоии адабиёт, устодон, утоќњои таълимї ва ё чї..? - Баъзе мушкилоти љузъие вуљуд доранд, ки итминонамон комил аст бо дастгирии Њукумат ояндаи наздик њал хоњанд гашт. Мављуд набудани клиникаи донишгоњї аз љумлаи њамин мушкилот мањсуб ёфта, таъсиси он дар ривољу равнаќ ва вусъат бахшидани фаъолияти донишгоњ сањми муассир хоњад гузошт. Таъсиси клиникаи донишгоњї фаъолияти муолиљавии ДДТТ ба номи Абўалї ибни Синоро њаматарафа вусъат дода, ба пуррагї амалї гардидани "Барномаи рушди Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино дар солњои 2006-2015"ро, ки бо ќарори њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст, таъмин менамояд. Масъалаи бо хобгоњ таъмин намудани донишљўён низ аз љумлаи мушкилоти раванди фаъолияти донишгоњ мањсуб меёбад. Нишондињандаи таъмин намудани донишљўён бо хобгоњ аз 8 фоизи соли 2005, соли гузашта ба 20 фоиз расонида шудааст. Тайи ин муддат бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ду хобгоњи донишгоњ, ки солњои зиёд дар ихтиёри ташкилоту муассисањои зертобеи Вазорати тандурустї ќарор доштанд, тибќи Наќша чорабинињои њукумат ба донишгоњ баргардонида шуд. Сарфи назар аз иќдомоти дар ин љода амалигардида, шиддати норасоии хобгоњ барои донишљўён то њанўз паст нашудааст. Айни замон гирифтани хобгоњ унвонии роњбарияти донишгоњ беш аз 1500 ариза пешнињод гардидааст. Донишгоњ дар танњої аз уњдаи њаллу фасли ин мушкилот намебарояд.
«
Тањсилоти олии касбии баъдидипломии тиббїинтернатура аз рўйи ихтисосњои клиникї бо муњлати 1-солаи таълим бо додани тахассуси "табиби амалияи умумї" ва таъмин намудани љойи кор дар муассисањои муолиљавїпрофилактикї дар вазифањое, ки онро Вазорати тандурустии Тољикистон тасдиќ менамояд, кор мекунад.
- Чаро факлутаи педиатрї бо омадани Шумо баста шуд, табибон мегуянд, ки баъди як ду сол дар кишвар буњрони норасоии табибони кўдакона пеш меояд? - Бо ин комилан розї шуда наметавонам ва бояд ќайд намоям, ки ин ихтисос баста нашуда, балки дар асоси "Консепсияи ислоњоти тиббї ва фарматсевтї дар Љумњурии Тољикистон", ки бо ќарори њукуматаз 31. 10. 2008, тасдиќ шудааст, ба хотири рафъи нобаробарї дар низоми тайёркунї ва истифодабарии мутахассисони нигањдории тандурустї ва амалї намудани кўмаки аввалияи тиббї ба ањолї, зарурати низоми муосири омода кардани мутахассисони соњаи тандурустї ба миён омадааст. Бар асоси ин консепсия пас аз хатми њатмии тањсилоти олии касбии тиббї ва фармасевтї, ки табиби дараљаи "мутахассис- табиб"-ро тайёр мекунад, ба такмили минбаъда дар марњилаи баъдидипломї аз рўйи барномањои касбии ихтисоси муайяни махсусгардонидашудаи табибї равона карда мешавад. Тањсилоти олии касбии баъдидипломии тиббї- интернатура аз рўйи ихтисосњои клиникї бо муњлати 1-солаи таълим бо додани
«
тахассуси "табиби амалияи умумї" ва таъмин намудани љойи кор дар муассисањои муолиљавї- профилактикї дар вазифањое, ки онро Вазорати тандурустии Тољикистон тасдиќ менамояд, кор мекунад. Омода намудани мутахассиси љавобгў ба стандартњои давлативу байналмилалї аз муњиммиятњоест, ки имрўз Ташкилоти умумиљањонии тандурустї, ки Тољикистон низ ба узвияти он шомил мебошад, таќозо менамояд. Аз ин рў, ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино саъй мекунад, дар чаљорчўбаи ин низоми байналмилалї амал намояд, то њуљчате, ки аз донишгоњ ба хатмкунандагон дода мешавад, дар сатњи љањонї эътироф гардад. Аммо бояд таъкид кард, новобаста аз низоме, ки Консепсияи ислоњоти тиббї ва фарматсевтї муайян кардааст, Вазорати тандурустїњангоми таќсимоти фардии хатмкунандагон ба ихтисосњои тиббї, имкони додани пешаи табиб- педиатрро ба хоњишмандон дорад ва ин низом њамасола амалї мешавад. Мутаассифона, нафарони алоќаманд моњияти масъаларо ба таври лозимї њанўзњ њам дарк накардаанд.
5
- Маоши имрўзаи устодон њоло чї ќадар аст? - Соли 2005 профессори донишгоњ њамагї 102 сомонї маош мегирифт. Дар заминаи истифодаи самараноки маблаѓњои буљавї ва хусусии донишгоњ имрўз музди миёнаи маоши доктори илм, профессор дар донишгоњ аз 1979 то 2368 сомонї, дотсент аз 1239 то 1409 сомонї муаллими калон аз 886 то 1133, ассистент ба 804 сомонї расидааст, ки дар муќоиса ба солиёни пеш дањњо маротиба зиёд аст. - Солона чї теъдод шогирдон ин даргоњро хатм мекунанд ва онњо ба куљо мераванд ба кор, муњољират, кишварњои арабї...? - Соли гузашта донишгоњро 1023 нафар ва соли равон бошад 1012 хатм намуданд. Вобаста ба ќисмати дуюми саволи пешнињодгашта бояд зикр созам, ки тибќи муќаррароти мављуда онњое, ки гурўњњои буљавии донишгоњро хатм менамоянд, бояд 3 сол дар муассисаи тиббие, ки тибќи роњхати Вазорати тандурустии кишвар ба онљо равон шудаанд, фаъолият намоянд. - Чанд сол ќабл ин даргоњ оташ гирифта буд, зиёнаш чї шуд ва оё зарари расонидашуда бартараф шуд? - Агар манзури шумо сухтори соли 2007 рухдода бошад, пас бояд гўям, ки дар натиљаи ин сухтор бинои асосии донишгоњ ба пуррагї сухта буд. Шукргузорї аз он менамоем, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти љумњурї муњтарам Эмомалї Рањмон дар муддати 11 моњ бинои асосии донишгоњ бо њифзи намои аслиаш аз нав барќарор гардид. - Солона аз кишвархои хориљ чї теъдод донишљўу дохил мешаванд ва ќимати тањсил барои онњо чї ќадар муќаррар шудааст ва ин маблаѓ барои чї сарф мешавад? - Њамасола тибќи наќша ва муќаррароти мављуда ба донишгоњ то 100 нафар донишљўйи хориљї ќабул карда мешаванд. Маблаѓи шартномаи ин ќабил донишљўён барои як соли тањсил дар донишгоњ 3,5 њазор доллари ИМАро ташкил медињад. Маблаѓе, ки аз њисоби тањсили пулакї ба донишгоњ ворид мешавад, пеш аз њама то 60 дар сади он барои музди маоши кормандон ва боќимонда барои корњои таъмиру сохтмон ва хариди таљњизот сарф карда мешавад. - Сару садоњо атрофи он, ки Донишгоњи давлатии тиббї аз њама "лимити " баланди дохилшавї дорад, кам нест, аммо шумо чї мегуед. Оё воќеан њамин њолтањоро санљидаед? - Ќабули донишљўён на аз рўйи "лимит", балки аз рўйи наќша сурат мегирад. Агар манзуратон аз истифодаи калимаи "лимит" "ставка"-и ќабул ба донишгоњ бошад, ки мутаасифона, сарфи назар аз мављудияти комили шаффофияти маъракаи ќабул аз љониби баъзе ашхоси "њавасманд" пањн мешавад, пас бо дарки масъулият мегўям, ки ин андешањо беасос буда, аз њаќиќати воќеї фарсахњо дуранд. Њазорњо мисол мављуданд, ки дар сурати дониши мукаммал доштан, дилхоњ довталаб новобаста аз намояндаи кадом ќишри љомеа буданаш, њатман комёб мешавад. - Сатњи саводнокии довталабон дар кадом сатњ аст? - Дар муќоиса бо солњои пеш дар ин љода бењбудињо ба мушоњида мерасанд. Вале, сарфи назар аз ин пешравињо њанўз сатњу сифати дониши довталабон моро ба пуррагї ќаноатманд карда наметавонад. Итминонам комил аст, бо мавриди истифода ќарор гирифтани Ќонуни нав "Дар бораи маориф" сатњу сифати дониши довталабон низ беш аз пеш бењтар мегардад.Имсол ин донишгоњ њамагї 1 њазору 410 донишљў ќабул мекунад: 580 нафар ба бахши буљавї ва 830 нафарро ба бахши шартномавї. Дар бахши буљавї 133 нафар тибќи квотаи Президенти Љумњурии Тољикистон ќабул шуда, дар бахши шартнома 100 љой барои шањрвандони хориљї пешбинї шудааст. Нархи шартномаи солонаи ДДТТ ба вобаста ба факултетњои он аз 2,5 то 5, 5 њазор сомониро ташкил медињад. -Чї мурољиате ба довталабон, шогирдон ва онњое ки ба ин Донишгоњ тавачух доранд доред? -Ман аз рўзи аввали ба ин вазифа таъин шуданам маќсад пеш гузошта будам, ки тамоми донишу малакаамро бањри љавобгўйи талабот намудани сатњу сифати таълиму тарбия, мустањкам намудани заминаи моддиву техникии донишгоњ ва таъмини пурраи шаффофияти маъракаи ќабул равона менамоям. Табиист, ки одилонаву объективона баргузор намудани маъракаи ќабул дар ин љода мавќеи хос дорад ва ман ба њељ ваљњ аз роњи интихобкардаам пас нахоњам гашт. Яъне, довталабони гиромї дилпур бошанд, ки азми мо дар ин самт ќавист. Мусоњиб Њарамгули ЌОДИР
6
ЧЇ ЊОЛ ДОРЇ ЊАМШАЊРЇ?!
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
Тарифњои хизматрасонї дар Душанбе
- Мо шуморо дар «счётчик» мондем...
"Нигоњ" дар бораи нархномањои хизматрасонии коммуналї, партов ва фонди манзилии Душанбе ду соли охир зиёда аз 10 мавод ба нашр расонд, аммо хонандагон њанўз дар ин бора мепурсанд. Бархе хонандагон гумон мекунанд, ки чун замони Шўравї хизматрасонии коммуналї аз њисоби давлат аст ва њоло њоло њам идораи ЖЭУ-њо амал дорад. Иддаи дигар хоњиш мекунанд, ки матлабњои ќаблиамонро соддатар бифањмонем. Ќисме шикоят мекунанд, ки пулчинакони коргоњњои партовкашонї бар иловаи маблаѓи хизматрасонии партов боз барои хизматрасонии дигари коммуналї, ки анљом надодаанд, аз онњо маблаѓ меситонанд. Бархе аз тарифњои хизматрасонї шикоят мекунанд. Сараввал изњор медорем, ки то ба тасвиб расидани Ќонуни ЉТ "Дар бораи хусусигардонии фонди манзили ЉТ" аз 4-уми ноябри соли 1995 квартирањо (минбаъд хона) моликияти давлат ва кооперативњои манзилї-сохтмонї буданд. Бо татбиќи ин Конун, манзилњои истиќоматї ройгон хусусї шуда, ду моликиятдор пайдо намуданд: - шањрванд, ки манзили истиќоматиашро хусусї гардонидааст; - раёсат ё идорањои хољагї - коммуналї, ки истифодабарии бинои бисёрхонагї ва молу мулки умумиро амалї менамуданд. Айни њол дар Душанбе идораи истифодабарии манзил (ЖЭУ) нест. Дар доираи ислоњоти соњаи хољагии манзилию коммуналии шањри Душанбе аз солњои 20072008 бо маќсади нигоњ доштани љойњои корї дар заминаи собиќ ЖЭУ - њо ташкилотњои худмаблаѓгузори ѓайридавлатї ташкил ва дар Вазорати адлияи ЉТ ба ќайд гирифта шуда буданд. Њамзамон, новобаста аз тарзњои идоракунии интихобгардида, барои иљрои функсияњои идоракунї ва нигоњдории бино бояд аз љониби соњибмулкон маблаѓи муайни хизматрасонї пардохт карда шавад. Айни њол хизматрасонї, таъмири бино, хуљрањои истиќоматии хусусигардонидашуда аз њисоби худи соњибмулк бо риояи ќоида ва меъёрњои техникї, истифодабарї ва таъмири фонди манзилї гузаронида мешавад. Шањрвандон аз он зиёд шикоят мекунанд, ки кормандони коргоњњои партовкашонї бар замми гирифтани маблаѓи хизматрасонии партов аз онњо барои хизматрасонии коммуналии иљронагардида низ маљбуран маблаѓ меситонанд. Дар шарњи ин масъала Рустам Иброњимов, мудири шуъбаи коммуналї ва муњандисии дастгоњи раиси шањри Душанбе мегўяд, ки соњибмулкони њар як манзили зист мутобиќ ба ќонуни ЉТ "Дар бораи нигоњдории биноњои бисёрхонагї ва ширкати соњибмулкони манзил" аз се намуди идоракунии манзилњои зист бояд яке аз онро интихоб намуда ташкил дињанд. Њангоми аз тарафи соњибмулкони бинои истиќоматии бисёрхонагї интихоб нагардидани яке аз тарзњои пешбининамудаи идоракунии бинои истиќоматї (бевосита аз љониби соњибмулкон, ташкили ширкати соњибмулкони манзил ва тавассути ташкилоти идоракунанда), аз љониби маќомоти мањаллии ноњияњои шањри Душанбе барои идоракунии бинои мазкур ташкилоти идоракунанда интихоб карда мешавад. Барои мисол соњибмулконе, ки тарзи пешбининамудаи идоракунии бинои истиќоматии бисёрхонагї (ширкати соњибмулкони манзил)-ро муайян намудаанд (њам биноњои заминї ва њам баландошёна дар назар аст) онњо ба ѓайр аз маблаѓи њаќќи хизматрасонии баровардани партов дигар уњдадор нестанд, ки њаќќи хизматрасонии дигари коммуналї (хизматрасонии фонди манзил)-ро пардохт намоянд. Чун худашон ширкати соњибмулкони манзилашонро ташкил намудаанд, шикасту-
“
Вгар соњибмулкони биноњои истиќоматии бисёрхонагие, ки шакли идоракунии бинои истиќоматиашонро то њол муайян накардаанд ва аз хизматрасонии коммуналии мањалли зисташон ба таври собиќ истифода мекунанд, аз љониби ташкилотњои идоракунанда (њамон ЖЭУ-њо) хизмат расонида мешаванд.
“
рехт, таъмири бом, васлу таъмири хатњои интиќоли барќи дохили бино, лулањои об, вазъи санитарии дохили бино ва ѓайраро аз њисоби маблаѓи сарикасии њар як соњибмулк бояд анљом дињанд. Вале агар соњибмулкони биноњои истиќоматии бисёрхонагие, ки шакли идоракунии бинои истиќоматиашонро то њол муайян накардаанд ва аз хизматрасонии коммуналии мањалли зисташон ба таври собиќ истифода мекунанд, аз љониби ташкилотњои идоракунанда (њамон ЖЭУ-њо) хизмат расонида мешаванд. Онњо уњдадоранд барои њамон хизматрасонии коммуналие, ки истифода бурданд, дар баробари маблаѓи њаќќи хизматрасонии баровардани партов маблаѓ пардохт намоянд. Айни њол тариф барои хизматрасонии фонди манзил (хизматрасонии коммуналї) аз рўи 1 м/кв масоњати умум њисоб карда мешавад. 1. Хонањои истиќоматї бо таъмини шабакањои ахлотпартовњо барои 1 м/кв масоњати умум 0,140 сомонї (яъне 14,0 дирам); 2. Хонањои истиќоматї бе таъмини шабакаи партовњои сахти маишї ва бе истифодаи лифт барои 1 м/ кв масоњати умум 0, 1129 сомонї (11,3 дирам). Њамзамон, хизматрасонї мутобиќ ба ќонунгузории амалкунанда бояд танњо дар асоси шартномаи тарафайн байни истифодабаранда (шањрванд) ва хизматрасон (ташкилоти идоракунандаи коммуналї) амалї карда мешавад. Мувофиќан, ташкилоти идоракунанда танњо дар њолати мављудияти шартномаи тарафайн метавонад пардохти њаќќи хизматрасонии худро аз соњибмулк бо пешнињоди вараќаи расид (квитансия) талаб намояд. Новабаста аз ин, дар њолати пешнињоди хизматрасонии ѓайриќаноатбахш аз љониби ташкилоти идоракунанда, соњибмулкони бино дар асоси ќарори маљлиси умумии худ метавонанд тарзњои дигари идоракунї ва хизматрасонии бинои худро, ки ќонунгузорї пешбинї намудааст, интихоб намоянд, аз љумла идоракунии бинои худ бевосита аз љониби соњибмулкон ё
тавассути ташкил намудани ширкати соњибмулкони манзил. Як хонандаи мо - Раљабалї истиќоматкунандаи хонањои ободнашуда (барак) аз кўчаи Убайд Зоконии ноњияи Шоњмансур изњори нигаронї аз он дорад, ки маблаѓи хизматрасонии коммуналиро аз онњо барои 1 м/кв ба љои 0,1129 сомонї (11,3 дирам) аз онњо 16 дирамї меситонанд. Рустам Иброњимов мегўяд, ки ин ѓайриќонунист ва аз сокинони ин бино даъват ба амал меорад, ки нархи муќарраршуда 11, 3 дирамро пардохт намоянд, на он 16 дирамиро. Дар мавриди тарифи хизматрасонии баровардани партов низ сокинони чор ноњияи шањри Душанбе низ пурсон шуданд, ки оё он таѓйир ёфтааст ё хайр. Тарифи хизматрасонии баровардани партов чун пештара бетаѓйир монда, барои сокинони ноњияњои Исмоили Сомонї ва Шоњмансур барои як истиќоматкунанда чунин муќаррар гардидааст: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто (мусорпровод) таљњизонидашуда, (9 - 10 ошёна) 1,70 сомонї (ё 1 сомониву 70 дирам); - Дар хонањои бе ќубури ахлот - 1,50 сомонї (1 сомониву 50 дирам); - Дар њавлињои шахсї - 2,20 сомонї (2 сомониву 20 дирам); - Дар хонањои обод нашуда (баракњо) - 2,20 сомонї (2 сомониву 20 дирам). Барои сокинони ноњияи Фирдавсї бошад барои як истиќоматкунанда чунин муќаррар гардидааст: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто (мусорпровод) таљњизонидашуда, (9-10 ошёна) 1,75 сомонї (ё 1 сомониву 75 дирам); - Дар хонањои бе ќубури ахлот - 1,55 сомонї (1 сомониву 55 дирам); - Дар њавлињои шахсї - 2,15 сомонї (2 сомониву 15 дирам); - Дар хонањои обод нашуда (баракњо) - 2,15 сомонї (2 сомониву 15 дирам). Мувофиќи дастури Хадамоти зиддинњисории Тољикистон аз санаи 1-уми январи соли 2013 ба тарифи хизматрасонии баровардани партов барои сокинони ноњияи Сино таѓйирот дароварда шуд. Сабаби таѓйироти хизматрасонї ин дур будани ноњия аз партовгоњи 9-ум километр ва фарсуда шудани техникаи кории он мебошад. Тарифњои хизматрасонии баровардани партов ба ѓайр аз ноњияи Сино дар ноњияњои Исмоили Сомонї, Шоњмансур ва Фирдавсї бетаѓйир мемонад. Сар аз 1-уми январи соли 2013 тарифи хизматрасонии баровардани партов барои сокинони ноњияи Сино барои як истиќоматкунанда чунин муќаррар гардидааст: - Дар хонањои бо ќубури ахлотпарто (мусорпровод) таљњизонидашуда, (9-10 ошёна) 2,20 сомонї (ё 2 сомониву 20 дирам); - Дар хонањои бе ќубури ахлот - 1,80 сомонї (1 сомониву 80 дирам);
- Дар њавлињои шахсї - 2,60 сомонї (2 сомониву 60 дирам); - Дар хонањои обод нашуда (баракњо) - 2,45 сомонї (2 сомониву 45 дирам). Шањло хонандаи дигари мо аз ноњияи Фирдавсї мепурсад, ки оё мумкин аст, ки маблаѓи њаќќи хизматрасонии баровардани партов ва хизматрасонии коммуналиро ба дасти пулчинакњои ташкилотњои идоракунандаи худмаблаѓгузори ѓайридавлатї (собиќ њамон ЖЭУ-њо) супорем? На, ин маблаѓро бояд, балки ба филиалњои Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" дар њудуди марзиву маъмурии ноњияњои худ бояд пардохт кард. Ањлиддин, як хонандаи дигари мо дар мавриди тарифи њаќќи хизматрасонии оби нўшокї пурсон шудааст. Мирзомурод Убайдов, сардори фурўши оби КВД "Обу корез"-и шањри Душанбе мегўяд, тарифи истифода барои оби нўшокї ва ихрољї (канализатсия) чун пештара бетаѓйир мондааст. Шањрвандон барои истифодаи оби нўшокї ва мављуд будани хатти канализатсия бояд барои њар як истиќоматкунандаи хонаашон 3 сомону 50 дирам ва агар хатти канализатсия надошта бошанд, бояд танњо барои истифодаи оби нўшокї 3 сомону 01 дирам сари њар нафар пардохт намоянд. Ин маблаѓро ба филиалњои "Амонатбонк" бояд супурд.
“
Новабаста аз ин, дар њолати пешнињоди хизматрасонии ѓайриќаноатбахш аз љониби ташкилоти идоракунанда, соњибмулкони бино дар асоси ќарори маљлиси умумии худ метавонанд тарзњои дигари идоракунї ва хизматрасонии бинои худро, ки ќонунгузорї пешбинї намудааст, интихоб намоянд, аз љумла идоракунии бинои худ бевосита аз љониби соњибмулкон ё тавассути ташкил намудани ширкати соњибмулкони манзил.
“
Ин буд тарифњои хизматрасонињои мављуда дар њудуди маъмуриву марзии шањри Душанбе. Баъзе аз хонандагони мо дар ташвиш буданд, ки нархњои хизматрасонї чун соли гузашта баланд бардошта мешавад. Аммо соњибназарон маъракањои сиёсии дар пеш истодаро мисол оварда, изњор медоранд, ки то охири соли равон нархњои хизматрасонї баланд бардошта намешавад, то мабодо норизиигии мардумро ба бор наоранд.
Абўалї НЕКРЎЗОВ
РАВЗАНА
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
Кўлмакњои Ќарияи боло мумфарш шуданд Маркази миллии тиббии љумњуриявї, дар миёни мардум маъруф ба Ќарияи боло, ё Ќараболо аз дармонгоњњои асосии Душанбе ба њисоб меравад. Гузар, ё хољати шањрвандони дохилу хориљ ба ин марказ меафтад. Њарчанд ин бино дар замони Шўравї, замоне, ки ањолии пойтахт 500 њазор њисоб мешуд, сохта
даромадан ба пой мекашанд) ва табобатњои пулакиву доруњои гарони ин марказ њарф намезанем. Сухан дар бораи кўлмакњои... собиќ аст. Муддати як сол дар ин Марказ бемор доштам ва њар рўз рафтуомад кардам. Аммо дар баробари бемордорї вазъи моддиву хизматрасонии ин Мар-
каз аз мадди назар дур намонд. Шабњои зимистон чароѓњои њавлии он, аз шамъ њам хира месўзад. Шабњо шоњиди афтидани табибон ва пайвандони беморон будам. Њавлии беморхона пур аз кўлмакчањои об буд. Сари њар ќадам пои кас дар чуќурї, ё ба истилоњ, ѓоре меафтид. Борњо ин манзарањоро мушоњида кар-
шудааст, њоло ањолии Душанбе беш аз 1 миллион тахмин зада мешавад. Гузашта аз ин, беморон аз шањру навоњии дигар низ ба ин марказ меоянд. Њоло мо дар бораи 1 сомонї шудани бахил (селофане, ки корафтодагон њангоми
7
да ва аксбардорї њам кардам. Рўзи нишасти матбуотї ваќте ин суолро ба вазири тандурстї додам, ки чаро сањни њавлињо ва њолати санитарии беморхонањо, аз он љумла Ќарияи боло таъмир намешавад ва њарљо њарљо кўлмак асту ба рафтуомади беморон ва мизољон халал мерасонад, вазир њайрон шуд, ки наход њавлии Ќарияи боло њамин тавр бошад. Директори Ќарияи боло баъди нишаст, бидуни муарифии ному насаб бо чењраи хашин аз мо суол кард, ки "Шумо кадом роњњои кандаро мегўед?" Гуфтам, "Шумо дар як моњи охир таъмир кардед?", гуфт, "На". Гуфтам, пас ман худам омада, њавлии кандаро ба Шумо нишон хоњам дод. Рўзи 16 июл ба Ќарияи боло рафта, хостам њавлї ва роњњои кандаи онро ба роњбараш нишон дињам. Ѓайричашмдошт, њавлии љо - љо кандашуда ва роњравњои харобшударо таъмирдида ёфтам. Маълум, ки ба тозагї чуќурињои њавлии Ќарияи боло асфалт рехтаанд. Мешудааст - ку!!! Акнун бояд, ки чароѓакњо ва атрофи биноњои ин Марказ таъмир шаванду гулњо ва дарахтони њамешасабз сабзонида ва љойњое, ки беморон њавогирї мебароянд ва каме нафаси тоза мегиранд, болопўш карда шаванд, то аз борону барф эмин бошанд. Барои пайвандони беморон њам нишастгоњњои тољикона , яъне катњо сохта шаванд, зеро пайвандони беморон љо - љо миёни дарахтон руйи замин гилем партофта мешинанд. Он гоњ Ќарияи Боло Маркази миллии тиббии љумњуриявї мешавад! Њарамгули ЌОДИР
Зойиров њукуматро ба "террори давлатї" айбдор кард Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон, бо пахши як изњорот бахшида ба солгарди њаводиси Хоруѓ, амалиёти низомии маќомоти ќудратии Тољикистонро "террори давлатї" номид. Вай дар ин изњороташ навиштааст: "Пагоњ солгарди њаводиси муфољои шањри Хоруѓро ќайд мекунем. Ба ин њодисањо њар кас њар хел бањо медињад, аммо ба назарам, замоне фаро расидааст, ки ба ин њаводис бањои объективї ва холисона дода шавад. Ба бовари комили ман, он чї дар Хоруѓ 24-уми июли соли гузашта рух дод, чизе ѓайр аз амалиёти пешакї тарњрезишудаи террори давлатї ном бурдан мумкин нест. Солњои ахир Њукумати Тољикистон бо бањонаи мубориза бо терроризм, худ ба амалиёти террори мардуми кишвар ва дар чанд маврид ба амалиёти васеи терроризми давлатї (дар Рашт, Исфара, Кўлоб ва ѓ.) даст мезанад. Мисолњои рўшантарини ин чунин амалиёт аз љониби Њукумати Тољикистон мањз амалиёти 24-уми июли соли гузашта дар Хоруѓ аст.
Барои чї? Биёед тањлил мекунем. Биёед ба мафњумњо ва бањогузорињои илмї дар санадњои њуќуќии байналмилалї мурољиат кунем. Википедия "Терроризми давлатї"-ро њамчун зўроварии давлатї нисбати љомеаи шањрвандї тафсир меунад. Тањти ин истилоњ боздоштњои ѓайриќонунї, куштор, шиканља ва ќатли шањрвандонро бе муњокимаи судиву тафтишот мефањманд, ки аз љониби маќомоти ќудратї ва њифзи њуќуќу тартибот амалї мешавад. Њамчунин, амалиёти террористиеро, ки аз љониби маќомоти махсуси њукуматї амалї мешавад, "Террори двлатї" меноманд. Декларатсияи Женева аз соли 1987 The Geneva Declaration on Terrorism" тањти "террори давлатї" чунин зуњуротро мушаххас кардааст. Њамагї ду пункти марбут ба амалиёти дохилидавлатиро мисол меорам: Таљрибаи давлати полисї, ки ба муќобили шањрвандони худи ин давлат равона карда шудаанд: Назорат, парокандакунї ва рондани гирдињамомадагон, назорати хабарњо, латукўб, шиканља, боздошт ва њабсги-
рињои сохтакорона, боздоштњои дастаљамъї, муттањамкунии беасос, суд аз рўи нишондодњои бардурўѓ, куштор. Ќатъи (мањдудсозии) њуќуќ ва озодињои шањрвандї, талаботи ќонун ва конститутсия бо бањонаи мубориза ба муќобили терроризм. Рањматилло Зойиров, њамчунин, мафњуми "террори давлатї"-ро дар китоби Арлин Одергон - "Терроризм ва террори давлатї" љустааст. Вай менависад: "Одергон дар китобаш "Њотели "Љанг". Динамикаи психологии низоъњои мусаллањона" - М:2008с. навиштааст, ки "Террори давлатї бо маќсади номураттабсозии фаъолияти њаракатњои иљтимої ва гуруњњои инќилобї ва ба нестї расондани таъсири онњо ва муќобилат кардан ба фаъолияти онњо амалї карда мешавад. Дар ин изњорот Рањматилло Зойиров, њамчунин, 4 пешнињоди худро, аз љумла, ба
президенти Тољикистон ироа кардааст. Вай аз президенти Тољикистон масъулият ва љасорати эътирофи амалиёти Хоруѓро чун "терроризми давлатї" дархост карда, гуфтааст, 24-уми июлро "Рўзи гиромидошти тамоми зарардидагони репрессия ва амалиёти зўроварї эълон кунад. Њамчунин, Зойиров аз Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Тољикистон мафњуми терроризмро дар моддаи Ќонуни љиноии Тољикистон бо назардошти Конвенсияи Женева оид ба террорризм аз соли 1987 нисбати амалиёти ѓайриќонунии њукумат ва масъулини њукуматї ба муќобили ањолї бозбинї кунад. Ва пешнињоди ахири Рањматилло Зойиров ба љавобгарї кашидани масъулини њукуматии Тољикистон мебошад, ки амалиёти мазкур бо фармони онњо сурат гирифтааст.
САДОИ МАРДУМ
"КОРД АЗ УСТУХОН ГУЗАШТ?"
1%
Дар љавоб мушкилї мекашам
11%
Барои ман фарќ надорад
Не, ин кор номумкин аст
7%
Ќатъиян не! Магар ў ягон раќибашро бахшидааст?
8%
Шояд, њарчанд "корд аз устухон гузаштааст"
Бале, роњбари дилсўз аст
68%
Назарсанљии ахири TojNews зери унвони " Нома аз зиндон: Оё Эмомалї Ра?мон кафили Зайд Саид мешавад? " ба анљом расид. Маълум шуд, ки Эмомалї Рањмон кафили соњибкори шинохта Зайд Саидов шуда наметавонад.
4%
68 дарсад (480нафар) - и иштирокчиёни ин назарсанљии виртуалї варианти " ?атъиян не! Магар ў ягон ра?ибашро бахшидааст?"-ро интихоб кардаанд. Њамагї 11 дарсад (75 нафар) - и иштирокчиён ба варианти " Не, ин кор номумкин аст" раъй додаанд ва 8 дарсад (57 нафар) - и дигар бовар доранд, ки президент аз ин мактуби ў дастгирї мекунад ва онњо варианти " Бале, ро?бари дилсўз аст "-ро интихоб намудаанд. 7 дарсад (49 нафар) аз корбарони сомона, ки дар ин пурсиш ширкат вар-
зидаанд, варианти "Шояд, ?арчанд "корд аз устухон гузаштааст "-ро интихоб карда, 1 дарсад (9нафар) - и дигар гуфтаанд, ки "Барои ман фар? надорад" Дар ин назарсанљї, ки тўли як њафта бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи ОИ TojNews гузаронида шуд ва дар он 701 нафар иштирок кард, њамагї 4 дарсад (31 нафар) ба гузинаи "Дар љавоб мушкилї мекашам" раъй додаанд.
8
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
Бостоншиносон дар минтаќаи Дарвози Тољикистон шањри ќадимаеро кашф намуданд, ки дар ќаламрави Хуросону Мовароуннањр беназир арзёбї мешавад. Бозёфтњо аз ин шањри ќадимї, ки дар баландии 1 700 метр аз рўдхонаи Панљ љойгир аст, далолат ба тамаддуни баланди шањрдории гузаштагони миллати тољик мекунад. Ин шањр Карон ном дорад. Дар асарњои таърихї гоњо давлат низ ном бурда шудааст. Асари ќадимтарине, ки аз мављудияти Карон хабар медињад "Китоб ал-Масолиќ вал Мамолик"-и олими араби асри 9 Ибни Хурдодбењ мебошад. Ба навиштаи Ибни Хурдодбењ давлати Карон андозсупорандаи давлати Тоњириён буда, 4 000 дирњам дирњам андоз месупурдааст. То њол макони љойгиршавии Карон даќиќ муайян нагардида буд. Шарќшиноси номии олмонї Иосиф Маркварт макони љойгиршавии Каронро љануби Бадахшон медо-
КАРОН ТАМАДДУНИ БАЛАНДЇ ё кашфи шањри ќадимтарин дар Дарвоз
ЛЎЛАЊОИ САФОЛИНИ КАРОН нист, Василий Владимирович Бартолд шарќшиноси маъруфи рус Каронро ба Дарвозу Рушон нисбат медод. Њафриёт њаќ будани Маркварт, Бартолд ва Муъмин Ќаноатро исбот кард.
Кашфи Карон Садсолањо боз баландиеро дар болои кўњи Зогик, як километр дуртар аз дењаи Рўзваии Дарвоз, мардуми мањалї ќалъаи Ќањќања ва Шањшања ном мебаранд. Устод Мўъмин Ќаноат дар китоби хотироташ "Ёддоштњо ва бардоштњо" муфассал дар бораи ин мавзеъ, макони шоњнишинњои Дарвози бостон сўњбат мекунад. Устод Ќаноат дар як сўњбати муфассал ба "Нигоњ" гуфт: Он чизе, ки дар бораи ин макон навиштам, лафзї ва боќимонда дар зењнњои мардум буд, чизе буд, ки дар осори таърихии русњо, англисњо, чинињо, муѓулу њиндуњо нашр шудааст. Иттилоъи зиёд, аммо собит нашуда. Далеле дар даст набуд. Дар илми таърих гапи каломї
њуљљати охир нест, ковиши бостоншиносї даркор буд. Аз ин рў, аз бостоншиноси варзидаи тољик Юсуфшоњ Яќубов хоњиш кардам, ки барои рўшан намудани ин сањифаи нодири таърихи тољик корњои њафриётиро дар мавзеъи маъруф бо номи ќалъаи Ќањќања дар Дарвоз оѓоз намояд. Юсуфшоњ Яќубов бо хушнудї пешнињодро ќабул кард. Бо дастгирии молиявии Бунёди "Муаллими Кўњистон" экспедитсияи бостоншиносї барои пайдо кардани шањри Карон ташкил шуд ва рањбарии онро Юсуфшоњ Яќубов ба зимма гирифт. Баъдтар барои њамкорї Александр Никитин, донандаи забони пањлавї, нодиртарин олим дар ин самт, корманди Эрмитажи Санкт-Петербург даъват шуд. Оѓози њафриёт бостоншиносонро ба њайрат гузошт. Акнун бозёфтњои муќаддамотї аз ин минтаќа, дар рўи дасти бостоншиносон аст. Карони гумшуда ва аз ёдњо рафта кашф гардид. Имрўз дар бораи он олимон аз Русияву Фаронса ва дигар кишварњо медонанду интизори натиљањои нињоиянд. Аммо дар Тољикистон аз Карони бостонї ва ањамияти он барои раванди миллатсозї ками кам медонанд.
Шањри нодир дар дили кўњ Њафриёт маълум намудааст, ки њудуди шањр 32 гектарро дар бар мегирад. Бо меъмории волои шањрдорї ва назокати шањрсозї бино ёфтааст. Танњо масоњати
диж, ки макони зиндагї ва маъмурии шоњ будааст, дар њудуди аз 1 гектар зиёд бунёд шудааст, ки калонтарин љойи нишасти шоњ дар куњистони Осиёи Марказї унвон мешавад. Аз маълумоти дастрасшуда бармеояд, ки шањри Карон аз чањор бахш иборат мебошад. Ба навиштаи олимони њафриётгар дар бахши шимолу ѓарбї дар гузаштаи дур биноњои он, аз маъбади оташи муќаддас ва баъдан ибодатгоњ, майдонњои варзишї ва манораи бузург ва дањњо ободонињо иборат мебошад. Бахши дувуми шањр дар љануби диж љой дорад. Дар ин ќисмати шањр дар баландии кўњ манораи сезина воќеъ ёфтааст, ки њоло аз он ду зинаи поёнї боќї мондааст. Дар ин манора дар замонњои ќабл аз ислом дар рўзњои љашн оташи муќаддас афрухта мешудааст. Ба гуфтаи олимони њафриётгар њуљрањои атрофии манора аз маъбад будани бино шањодат медињанд. Бахши сеюми шањрро гуристон ташкил мекардааст, ки дар тарафи шимол дар мавзеъи Варчи поён ва Варчи тор љой дорад. Ба гуфтаи тањќиќотгарон азназаргузаронї нишон дод, ки дар Варчи поён фарвартикњои оилавї будаанд ва дар онњо устухонњои аз гўшт покшуда нигоњ дошта мешудаанд. Дар Варчи тор дањма љой дошт ва он аз љониби дењаи Рузваї бо девори бузурге ва бо бурљњои тирандозї муњофизат мешуд. Бахши чањоруми шањр дар ќисмати љануб љой дорад. Дар ин ќисмат њуљрањои
дуќабатае њафриёт шуданд, ки дар сатњи баландтар бино ёфтаанд. Њуљрањои ќабати дуввуми манзили зисти шоњ будаанд, ки бо гузашти солњо хароб гардида, аз он танњо андоваи гачї бо наќшу нигори рангини олами наботот ба таври пароканда ва шикаста боќї мондааст. Дар Карон тамаддун то њадде рушдкарда будааст, ки дар сохтмони биноњо ѓишти пухта истифода бурда мешудааст. Порањои ѓиштњои пухта сокинони Дарвозро, ки гурўњ-гурўњ аз ин мавзеъ дидан мекунанд, ба ваљд меорад, зеро онњо хуб медонанд, ки њатто дар даврони Шуравї низ дар Бадахшон як корхонаи ѓиштпазї набуд. Ѓишти пухта, ки алњол ду намудни он кашф шудааст, дар сохтмони маъбади бузурги 25-метра низ истифода шудааст.
Меъмории беамсол Ин маъбад ё оташкада дар ќисмати аввали шањр љойгир аст, ки амсоли он дар љањон вуљуд надорад. Бинои мазкур аз манораи марказии чоркунљаи баробарпањлў ва чањор бурљи мудаввар иборат мебошад, ки дар байни онњо айвон ва чањор арк љойгир аст. Бино панљманор буда, дар меъмории Осиёи Марказї ва Эрон амсол надорад. Устод Мўъмин Ќаноат мегўяд, монанд ба ин иншоот дар Љумњурии Озарбойљон дар соњили бањри Хазар панљманоре вуљуд дорад, ки аммо бозёфти шањри Канор аз он ќадимтар мебошад. Бостоншинос Юсуфшоњ Яќубов панљманорро чунин тасвир мекунад: "Шояд ин
АЗ ЌАЪРИ АСРЊО
ТАБАЌИ ГУЛДОР панљманор рамзи панљ бахши оташи муќаддас: Биризи Сунгањ, Вању Вариёна, Уваруози Яшта, Возишта ва Спиништа бошанд. Дар тафсири Пањлавї ин панљ оташро ин тавр шарњ додаанд. 1. Оташи баланди сут исми умумии оташи Бањром аст; 2. Оташ дар колбади инсон; 3. Оташ дар растанињо; 4. Оташи раъду барќ, ки аз гарзумон пайдо шудааст ва бо он фариштаи Тиштр деви Спинљкараро гўё кушта бошад; 5. Оташ дар арш, дар назди Ањура Маздо њамеша фурўзон". Ба таъкиди олими тољик панљманор дар меъмории пеш аз исломї нодир ва арзиши бузурги илмї, фарњангї ва таърихї дорад. Баъд аз сафари бостоншиноси машњур Александр Никитин дигар шакку шубњае боќї намонд, ки маъбад аз ёдгорињои ањди худи Зардуштї мебошад. Њангоми њафриёт дар ин макон як сиккаи мисини хоси асрњои 6-8-и мелодро пайдо намудаанд, ки ба тахмини олимон пеш аз замони ислом бино гардидани манораро
аз сабаби он, ки сангњои девор сўфта ва буррида будаанд, мардум ба роњи мошин партофта, ба Ќалъаи Хум (маркази ноњияи Дарвоз) бурда хона ва дигар биноњоро сохтаанд. Мардум намедонанд, ки њар санги бинои хонаашон асрори худ ва таърихе дорад. Шоњони Карон аз охирон давлатдорони гузаштаи тољикон дониста мешаванд, ки исмњои шоњони давлати Сомониён ба фарзандони худ мегузоштаанд. Яке аз шоњони Дарвоз Исмоили Сомонї ном доштааст.
фода мекардаанд, хушк гардидааст. Дуввум, эњтимол дорад, ки мардум ба хотири шароити бењтар ба макони наздик ба соњили дарёи Панљ кўч бастаанд. Мўъмин Ќаноат дар ин маврид чунин ибрози назар кард: обе, ки дар шањр аз он истифода мекардаанд, тањ мезанад. Камбуди об шоњони Дарвозро маљбур мекунад, ки Ќалъаи Хумбро макони доимии худ интихоб кунанд. Ќалъаи Хумб то ин ваќт боѓи истироњатии Шоњони Дарвоз будааст. Ќалъаи Хумб хеле пасттар аз Карон канори Панљ љойгир аст.
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
9
кур - зовияро мегўянд, дар баѓали кўњ табиат "кур" (зовия) сохтааст, дар ин љо дар замони ќадим мардум зиндагї мекардаанд. Замоне, ки тамаддуни либосу пўшиш даштан набуд, дар зовияњо зиндагї мекарданд. Пеши зовияњоро девор мекарданд. Яъне обе, ки аз кур меояд. Тањќиќ кардем, ки дар чунин зовияњо одамњо зиндагї мекардаанд. Баъдан чунин таъбир кардам, Курговад- обе, ки аз зовияњо, камари куњњо ва ё курњо мегузарад, ки ќаблан дар он љо одамон зиндагї мекардаанд. Баъдан курњоро барои нигоњдошти
Муаммои Карон Мардуми бумї мавќеъи шањри Каронро Ќањќањаи љоду низ ном мебурдаанд. Ба он хотир, ки барои мардум макони мазкур сењрнок ва пурмуаммо ба назар мерасад. Дастовардњои бостоншиносї нишон медињад, ки шањри Карон бо тамоми назокати шањрсозї бино ёфтааст. Аз сохтмони биноњо аз хишти пўхта истифода намудаанд. Дар њоле, ки дар минтаќаи Бадахшон як кони ангишт низ вуљуд надорад, ки барои омода намудани хишти пўхта аз ангишти он истифода баранд. Лулањои сафолини ба дастомада шоњиди он мебошад, ки фарњанги њамомдорї ва бунёди корез дар шањр ба таври васеъ истифода мешудааст. Дигар аз муаммоњои шањр лавњи
Карон
ЮСУФШОЊ ЯЪЌУБОВ ДАР КАРОН тасдиќ менамояд. Маркази маъмуриву сиёсии тољикон будани Карон бо чанд далел исботи худро ёфтааст. Майдони чавгонбозї ва макони љамъомад яке аз ќисматњои аввали шањрро ташкил медињад, ки њудуди майдон, љойњои нишасти тамошобинонро имрўз њам мушоњида кардан мумкин аст. Он воќеъан як мўъљиза дар бостоншиносии имрўз аст.
Дар њимояи шоњ Дар нуќтаи аз њама баланди Карон ќасри шоњон љой гирифтааст. Аз нигоњи меъмории ваќт ва стратегї талош шудааст, ки ба њади аксар амнияти манзили шоњ таъмин бошад. Роњ ба сўи манзили шоњ пурпечутоб тарњрезї гардидааст, ки одами бегона дар он рањро гум мекунад ё зуд аз байн бурда мешавад. Усули меъмории хонаи шоњ ба хонањои имрўзаи бадахшињо хеле шабоњат дорад. Ба забони имрўз меъмории хонаи шоњ аз ягон љой плагиат нашудааст, балки хоси меъмории Бохтари ќадим мебошад. Дар Бадахшони боло њам мањфуз аст. Девори диж, ки манзили шоњонро њимоя мекунад, чањор метр пањно дораду то њол намунањои девор боќї мондаанд. Девор аз љониби дењаи Рузваї баланд, аз љониби дарёи Панљ ба хотири он, ки кўњ баланд аст, девор на он ќадар баландї дорад, аз сўи дењаи Кеврон низ девор баланд мебошад. Устод Мўъмин Ќаноат ба ёд меорад, ки
сангї мебошад. Дар майдони шањр санги бузурге, ки аз он лавњи сангї тарошидаанд, хобидааст. Барои ба болои пояњояш мондан тавони чандин нафар намерасад. Шигифтовар он аст, ки чи тавр ин сангро садњо сол ќабл ба болои пояњо гузоштаанд. Аз ин лавњи сангї, ки дар майдони шањр насб шуда будааст, барои ќироати китоби Авесто истифода мешудааст. Бе муболиѓа, лавњи китоб намунаи фарњанги китобдўстии аљдодони тољикон аст. Дар кори дисертатсионии Ќандил Љўраев, таърихдони тољик дар бораи Карон як нукта аст. Рањматї Ќандил Љўраев бо далелњо собит намудааст, ки минтаќаи мазкур маркази љуѓрофии Осиёи Марказї мебошад. Дар яке аз минтаќањои музофоти мазкур нишонаи чањорсўй низ насб шуда будааст. То асрњои миёна (асри ХV) шањри Карон макони шоњони Дарвоз ва љои зисти мардум будааст. Аммо бостоншиносон, њам Юсуфшоњ Яъќубов ва њам Александр Никитин ба ин хулоса расидаанд, ки бошандагонаш шањри Каронро ба якборагї тарк кардаанд. Аммо чаро? Фарзияњо гуногунанд. Номзади илми таърих, ходими калони илмии Эрмитажи Санкт-Петербург Никитин мегўяд, сабаби кўч бастани мардум аз шањри Каронро дар ду фарзия метавон тахмин кард. Аввал, бо сабаби буридани љангали атроф чашмае, ки аз он исти-
Бо такя ба навиштаи муаррихњои тољику хориљї Мўъмин Ќаноат њудуди љуѓрофии њукмронии шоњи Каронро аз Рўшон то марзи Кўлоб медонад, ки дорои тамаддун, урфу одат, мусиќї ва забони хос ва ягона мебошанд. Аз назари топономика низ номи Каронро мавриди омўзиш ќарор гирифтааст. Мўъмин Ќаноат ба ин назар аст, ки "номи ќишлоќи Кеврони имрўза (мардуми мањалї Керон низ мегўянд) синоними калимаи Карон аст. Аз нигоњи сохтори вожагї як калима њастанд. Ин дења аз тарафи шарќ ду километр дуртар аз Карон мебошад. Ќишлоќе, ки номи Каронро дорад, бо њамон номи худаш, љомеа ва дењаи калонаш боќї мондааст. Агар Каронро вожаи арабї гўем, решааш аз мукаррар - такрор аст, ки тамоман чизи дигар мебошад. Инљо арабњо тамоман наомаанд, вожаи арабї буданаш имкон надорад. Баъдан, ба вожаи "кара" дар забонњои ќадимии ориёї менигарем. Номи ќишлоќи моро мегирем Курговад. Ваќте ёддоштњоямро менавиштам, решаи њамин калимаро кофтам, ки аз куљост ва чї маъно дорад, маънои семантикиаш чист, аз куљо пайдо шудааст? Он чизе, ки мардуми мањаллї мегўянд, он чизе, ки аз кўдакї медонам, он чизе, ки олимони Шуѓнону Рўшон дар масъалаи забон навиштагианд, мавриди омўзиш ќарор додам. Аз ин ба чунин хулоса омадам, ки аљиб аст. Номи Курговад. Овад - об,
АЛЕКСАНДР НИКИТИН МЕГЎЯД КАРОН БА АЊДИ ЗАРДУШТ РОСТ МЕОЯД
ШАКЛИ БАРЌАРОРШУДАИ ПАНЉМАНОР молу ашёи худашон истифода мекардаанд. Њашто дења бо "кур" њаст, ки њамаашро дар китоб овардаам. Баъд аз он ба масъалаи "кар" омадем. Маънои баландро дорад, обаш аз њазрати Бурх меояд. Обе, ки аз љои баланд меояд. Пўсти заминро њам "кара" мегўянд, њамон пўст канда шавад, сел мехезад. Каргас, ки вайро лошахўр њам мегўянд, парандаи баландпарвозтарин мебошад… Чунин калимањо, ки "кар" дар онњо ба маънои баландї ишора мекунад, дунё дунё ёфт шуд. Масалан, карбос. Карбосбофњо санговезро (асбобе, ки карбосро мебофанд) барои бофтани карбос дар шифти болои хона, дар баландї меовезанд. Яъне матоъи бофти баланд аст…" Бо такя бо ин ва дигар далелњо ба таъбири устод Ќаноат ба фарќ аз "кур", ки "тамаддуни ѓорнишинї" мебошад, Карон маънои "тамаддуни баланд"-ро дорад. Њоло Мўъмин Ќаноат рањбарии Бунёди "Эњёи ёдмонњои таърихии фарњанги ориёї" (Возрождение исторических памятников арийской культуры)-ро ба зима дорад, ки барои њафриёт ва бозшиносии Карон таъсис ёфтааст. Њоло ба Карон об оварда, боѓ бунёд карда истодаанд. Корњои њафриётї ба њамон эњтиёткории хоси бостоншиносон идома дорад. Экспедитсияи Никитин барои имсол корњояшро фарљом бахшида, мавсими ояндаи њафриётиро интизор аст, то бо њайати бузурге аз Эрмитажи Санкт-Петербург ва бостоншиносони фаронсавї ба Карон биёянд. Рўнамоии расмии бозёфтњо ва бозмондањои шањри Карон барои оммаи васеъ дар моњи сентябри соли љорї баргузор мешавад. Устод Муъмин Ќаноат мегўяд, онњое, ки оѓози пойиз ба Карон намеоянд, сахт пушаймон мешаванд. Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
10
ЉАЊОН
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
Ба назар мерасад љомеаи љањонї боз як бори дигар шоњиди сањнасозии сулњи Фаластину Исроил мешавад. Музокироте, ки муддатњо ба таъхир афтода буд, ќарор аст рўзњои наздик дар Вашингтон оѓоз гардад. Аммо ин бурди киву бохти кист, њоло касе наметавонад шарњ дињад. Танњо як чиз мушаххас аст: Ѓарб замоне ин дуро ба музокирот мехонад, ки бахше аз "Њизбуллоњ"ро террорист эълон кардааст. Мањз њамон бахшеро, ки бо сарварии Њасан Насруллоњ дар Сурия мељангад. Аммо ин охирин иќдоми Ѓарб дар њафтаи љорї набуд, балки зидди давлати яњудї низ дар остонаи оѓози музокироташ бо фаластиниён аз иќдомоте кор гирифт, ки боиси хашми сарвазири он шуд. Ихтилофоте, ки рух дод, метавонад соя дар равобити давлати яњудї бо кишварњои узви Иттињодияи Аврупо андозад. Ахиран Иттињодияи Аврупо ба директивае имзо гузошт, ки тибќи он аврупоиён дигар наметавонанд бо он яњудиён ва созмонњои исроилї, ки дар шањракњои яњудинишини ќаламрави Фаластин кору зиндагонї мекунанд, њамкорї намоянд. Сарвазири давлати яњудї Бинямин Натанёњу дар аввалин вокунишаш Брюсселро ба диктаторї муттањам кард ва суханрониаш нисбати кишварњои аврупої хеле лањни шадид дошт. Аммо аз имрўз аллакай коршиносон дар ин бора сухан меронанд, ки сарварони давлати яњудї наметавонанд даст ба вокуниши аз ин шадидтар назананд. Њоло иддае аз аъзоёни кобинаи вазирони Исроил пешнињод доранд, ки њукумат чорањои љавобї андешад. Муљиби хашми Натанёњу он аст, ки дар сурати мавриди амал ќарор гирифтани директиваи мазкур кишварњои узви Иттињодияи Аврупо њаќ нахоњанд дошт созмонњои давлатї ва хусусии мустаќар дар сарзаминњои ишѓолиро маблаѓгузорї намоянд, барои донишљўёнашон идрорпулї дињанд, грантњо људо намоянд ва мукофотњо дињанд. Директива мушаххасан ин ќаламравро ном мебарад: Соњили ѓарбии руди Урдун, Байтулмуќаддаси Шарќї ва баландињои Њолан. Акнун давлати яњудиро лозим меояд дар танзими иртиботњои нав мушаххасан он созмонњоеро, ки бо Иттињодияи Аврупо њамкорї мекунанд, мансуб набуданашон ба "хати сабз", ки соли 1949 дар тайини марзи Исроил бо кишварњои њамсояи вай муайян шуда буд, нишон дињад. Дар таърихи бунёди давлати яњудї шояд ин аввалин бор аст, ки Исроилро барои шањраксозињои ѓайриќонуниаш дар ќаламрави ишѓолї муљозот мекунанд. Пештар тањдидњо буданд,
сухан буд, вале амали онњоро касе намедид. Охири соли гузашта сиёсатмадорони Аврупо дастаљамъона ва якдилона иќдомоти шањраксозии яњудиёнро дар ќаламрави ишѓолї, аз љумла дар Байтулмуќаддаси шарќї, ки алораѓми эътирозоти байналмилалї садњо иншоотњои таърихиро чаппагардон ва ба љои он шањракњои нави яњудинишин бунёд карда мешуд, мањкум намуданд. Он замон вазирони умури хориљии кишварњои узв ба ин ќарор омада буданд, ки аз ин ба баъд муоњадањо бо Исроил набояд ќаламрави ишѓолї, бахусус марзњои баъди соли 1967ро дар бар гиранд. Аввали њафтаи љорї сарвазири давлати яњудї дар сўњбати телефонї бо иддае аз сарварони кишварњои Иттињодияи Аврупо мехост онњоро водор ба лаѓви ин тасмим кунад. Вай мегуфт, бо њама эњтироме, ки бо ин мамолик дорад, наметавонад ин фишорро бипазирад ва аксуламал нишон надињад. Ба андешаи тањлилгарон Исроил метавонад њаракати сарварон ва
ХАШМИ «ИСРОИЛ» Музокироти сулње, ки касе ба он бовар надорад
намояндагони ИА-ро ба ќаламрави ишѓолї мањдуд намояд.
Ваъдаи озодии зиндониён Ахиран Котиби давлатии ИМА Љон Керрї хабар дод, ки миёни давлати яњудї ва Фаластин барои аз сар гирифтани музокироти сулњ тавофуќи усулї њосил шудааст. Ќарор аст зарфи чанд рўзи оянда ду љониб аввалин мулоќоти худро баъди таъхири бештар аз дусола дар Вашингтон баргузор кунанд. Љон Керрї дар ин бора дар пойтахти Уммон баъди бозгашташ аз соњили Ѓарбии руди Урдун иттилоъ дод. Рўзе пеш аз ин давлати яњудї эълон кард, ки теъдоде аз зиндониёни фаластиниро рањо хоњад намуд. Маќомоти исроилї инро мусоидат ба эњёи музокироти сулњи Фаластин номиданд ва Ювайл Штайнитс, вазири равобити байналмилалї, масоили стратегї ва кашфи ин кишвар бо тайиди ин хабар љузъиёти бештареро ошкор накард. Ба саволи
хабарнигорон, ки мепурсиданд чї касоне ин бор озод хоњанд шуд, мушаххас чизе нагуфт, вале ишора кард, ки дар миёни ин афрод касоне њастанд, ки беш аз дањ сол ба инљониб дар зиндонанд. Созмони исроилии њуќуќи башари "Бетслем" ахиран хабар дода буд, ки њоло дар зиндонњои Исроил бештар аз 4700 мањбуси фаластинї нигањдорї мешаванд. Вашингтон њамвора мекўшад љонибњои ба њам мухолифро водор ба оѓози гуфтушуниди бењосили сулњ кунад. Њадаф бозгашт ба музокирот аст, вале баъид аст ин бор њам ба мушкилоти умда расидагї сурат гирад. Монеъи аслии оѓози гуфтушунидњои сулњ миёни Фаластин ва давлати Исроил талаби љониби Фаластин дар мавриди бозгашти давлати яњудї дар марзњои соли 1967 аст, ки имрўз аксари кулли давлатњои олам аз он пуштибонї мекунанд. Шањраксозињои барќасдонаи Натанёњу дар сарзаминњои ишѓолї муљиби шикасти музокироти сулњ шуда буданд. Вале њоло дида мешавад, ки Вашингтон ин
бор њам натавонистааст љониби Исроилро мутаќоид созад, ки ба гуфтушунидњои бунёдї бояд оѓоз намуд. Зеро ќабл аз он ки хабари оѓози музокирот расонаї шавад, давлати яњудї сарењан эълон дошт, ки фаластинињо набояд шартгузорї кунанд. Яъне, гуфтушунид имкон дорад, ба он шарте, ки Фаластин аз даъвоњои худ бигзарад. Пас сари кадом масоил бояд музокирот анљом дод? Ин дар њолест, ки фаластиниён њамоно ба талабњои ќаблии худ пофишрї мекунанд, талабњое, ки мавриди ќабули давлати яњудї нест. Дар иртибот ба ин метавон ба хушбинињои Керрї њам ришханде зад, ки бе тасаввури натиљаи номаълум њам изњори боварї мекунад. Ин дар њолест, ки Васел Абу Юсуф, як тан аз узви кумитаи иљроияи давлати Фаластин иброз дошт: "Фаластиниён наметавонанд дар рў ба рў ишѓоли ќадам ба ќадами заминњояшон сари мизи гуфтушунид биншинанд".
Касе ба ин музокирот бовар надорад То њол чунин нашуда буд, ки касе ба натиљаи гуфтушуниди фаластиниён бо Исроил бовар надошта бошад. Њатто худи фаластиниён мувофиќаи Мањмуди Аббос ва Керриро як ташаббуси ноком меноманд. Аз аввалин даќиќањои эълони хабари омодагии фаластинињо ва исроилиён ба гуфтушуниди сулњ "Њамос" изњор дошт, ки назари Керрї мабнї ба он ки шароити гуфтушунид фароњам шудааст, поя надорад. "Њамос", ки бахше аз Фаластинро идора мекунад, гуфт, ки Мањмуди Аббос њаќ надорад аз номи њамаи фаластиниён вориди гуфтушунид шавад. Тањлилгарони хориљї њам бар ин назаранд, ки гуфтушунид миёни фаластиниён ва исроилиён ин бор низ комёбие нахоњад дошт. Евгений Сатановский, Директори пажуњишгоњи Ховари Миёнаи Академияи илмњои Русия мегўяд ин љо њоло сухан аз оѓози гуфтушунидњои комил сухан намеравад. "Исроил дигар майл надорад ба фишори ИМА ва Аврупо гузашт кунад зеро вай бунёди 50 соли охирро барои худ дастоварде медонад, ки наметавонад аз он рў гардонад ва он сохтањоро ба ихтиёри фаластиниён вогузорад" Георгий Мирский, корманди аршади илмии Академияи фанњои Русия мегўяд сўитафоњумњо миёни Фаластин ва Исроил басо зиёданд ва комёбї дар ин музокирот аслан баробар ба сифр аст. Зеро ду љониб дар масъалањои калидї, аз љумла маќоми Байтулмуќаддас, сарнавишти шањракњои яњудинишин дар Соњили ѓарбии руди Урдун, бозгашти оворањои фаластинї ончунон бузург аст, ки шахсан ман ягон пешрафтеро тасаввур карда наметаовнам. Њатто наметавонам пешгўї кунад, ки дар яке аз ин масъалањо пешрафте ба даст меояд",-чунин мењисобад тањлилгар. Борис Долгов, тањлилгари дигари рус низ мегўяд њоло Исроил танњо ба як шартро иљро кард, вале он њам нокомил. Ин озодсозии зиндониёни фаластинї мебошад, вале на њамаи мањбусон, балки бахше аз онњоро Вале вай њозир нест талабњои дигари фаластиниёнро иљро намояд. Њамчуноне дида мешавад, ташаббуси Керрї ва умуман Вашингтон ин бор њам ноком мемонад. Гузашта аз ин тавре ишора рафт, Исроил дигар на он кишварест, ки зери бори фишорњои байналмилалї худро заъифу нотавон эњсос намояд. Зеро хуб медонад, ки Амрико бо вуљуди он ки нохушнуд аз иќдомоти ахири ин кишвар аст, вале боз њам ягона пуштибони ќавии он дар сатњи байналмилалист.
Бобољони ШАФЕЪ
ВОКУНИШ Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Панљакент маќолаи Ш. Исматї "Дурўѓњои бефурўѓи Њакимбой Мањкамов"-ро баррасї намуда, маълум менамояд, ки маќолаи мазкур саропо ѓаразнок аст. "Мансабдорони Панљакент њатто дар назди ќонун масъулият надоранд" - чунин оѓоз мегардад тўњматномаи навбатии Шариф Исматї нисбат ба роњбари хољагии љангали Панљакент Њ. Мањкамов. Аз оѓози ин маќола ў худро ягона њомии ќонунњо муаррифї карда, чунон ба суханпардозї роњ медињад, ки хонандаи ноогоњ гумон мекунад, бечора Исматї дар зери зулм монда бошад. Аммо њолати кор комилан баръакс аст ва ин шахсе, ки дар гузашта њамчун муаллим ва устод эњтиром дошт, бе њељ гуна шарму њаё сиёњро сафед мегўяду сафедро сиёњ. Мутаассифона, кормандони њафтаномаи "Нигоњ" низ аз паи тањќиќи ин нашуда, онро ба нашр расонидаанд, ки аслан хилофи ќонун "Дар бораи матбуот" аст. Шояд онњоро суханпардозињои Исматї ба гумроњї бурдааст. Гап дар сари он, ки дар навиштањои Шариф Исматї заррае њаќиќат нест ва он чї шуда буд, хулосааш чунин аст: Солњои Шўравї бо ќарори њукумати ваќт як ќисм аз минтаќањои дар тавозуни Хољагии љангал буда ба колхозу савхозњо барои истифодаи дарозмуддат њамчун чарогоњ барои моли љамъиятї ва ё майдони кишти зироат дода шуда буданд. Аз љумла мавзеи Тандара дар наздикии дењаи Артуч ба хољагии "Чимтарѓа" вобаста шуда буд. Он ваќт падарарўси духтари Шариф Исматї - Сафаралї Њаќбердиев 0,45 њисса аз њамин заминро аз њисоби хољагии мазкур гирифта, дар он тамоку кишт мекард ва њамроњи ањли оилааш, ки духтари Исматї - Гулистон низ шомили оилаи ў буд, алафи онро барои чорвои худ медаравиданд. Ин њолат то замони фавти Сафаралї Њаќбердиев идома дошт. Баъд аз марги ў занаш Эгамова Њидоят хост ин заминњоро байни ду фарзандаш - Мирзоалї ва Бењзод таќсим кунад, вале онњо сари ин замин бо њам муноќиша карданд. Исматї менависад: "Њама бањсњо танњо њамон ваќт оѓоз ёфтанд, ки бо ќарори раиси шањри Панљакент аз 26. 01. 2011 тањти №20 њамаи заминњои фонди давлатии хољагии љангали шањри Панљакент, ки ба хољагињои кишоварзии шањр барои истифодаи дарозмуддат вобаста карда шуда буданд, ба хољагии љангали Панљакент њамчун заминњои фонди озоди љангал баргардонида шуданд". Ин ягона сухани дуруст дар маќолаи Исматї аст ва тавре, ки худи ў иќрор мешавад, ин кори Мањкамов не, балки ќарори њукумат буд. Тавре, ки ў њамчун одами босавод бояд мефањмид, дар ин миён замин ба соњиби аслиаш, яъне Хољагии љангал баргардонида шуд. Акнун хољагї њаќ дошт ба касе, ки хоњад, дар мавриди ис-
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
11
ЉАВОБ БА ИСМАТЇ (Вокуниши њукумати шањри Панљакент ба маќолаи "Дурўѓњои бефурўѓи Њакимбой Мањкамов", "Нигоњ", №11, аз 5-уми июни соли 2013) тифодаи он шартнома бандад. Аммо Хољагии љангал хост, ки бо назардошти он, ки Њаќбердиев дар ин заминњо њамроњи занаш ва дигар аъзоёни оилааш зањмат кашидааст, бо худи фарзандони Њаќбердиев ин корро анљом дињад. Аммо байни онњо муноќиша ба амал омад ва њамсари Њаќбердиев, Њидоят Эгамова омада хоњиш намуд, ки замини мазкурро аз ў гиранд, то фарзандон ва келинњои ў барои њамин замин шуда, њамдигарро ба љиноят тела надињанд. Хољагии љангал дар навбати худ бо љияни Исматї Забењулло Исматов шартнома баст ва ў ўњдадор шуд, ки дар ин замин буттањои хуч шинонад. Худи мўњтарам Исматї низ дар шоњидии шоњидон ба љиянаш фотињаи сафед дода буд. Њоло 95 фоизи нињолњои шинонидаи Забењулло Исматов дар ин заминњо хуб нашъунамо карда истодаанд. Ин буд хулосаи кўтоњи он чї шуда гузашт. Ќаблан намояндаи Хољагии љангали љумњурї М. Бобоев мактуби ба унвони муовини Сарвазири љумњурї навиштаи Исматиро тафтиш намуда, хулосаи худро њам ба роњбарияти худ ва њам ба худи Исматї пешнињод карда буд, ки дар он
«
беасос будани даъвоњои ў ёдрас шуда буданд. Аммо чунин хулосаи мутахассис ба Исматї мањќул набуд ва ў боз ќалам тез карда, навиштанњояшро идома додан гирифт. Акнун биёед, як андеша кунем, ки чаро Исматї дидаю дониста њам нашрияњо ва њам сохторњои дигарро гумроњ кардан мехоњад. Он мактуберо, ки ба нашр расонд, ин шахс ба дигар нашрияњо, аз љумла "Фараж" ва "Тољикистон" низ бурда будааст. "Фараж" онро аз сабаби далел надоштанаш чоп накард, вале "Тољикистон" барои он ки асоснокии даъвоњои Шариф Исматиро дар љои њодиса дида бароянд, барои ин хабарнигори худро ба Панљакент, аз љумла ба сари замини бањсї ба сафари хизматї фиристод. Журналист мактуби Исматї дар даст бо аксари онњое, ки аз ин мољаро огоњ буданд ва ё аз рўи вазифа бояд ба саволњои ў љавоб медоданд, вохўрд. Хулосаи хабарнигори "Тољикистон" дар шумораи №23 аз 6-уми майи соли 2013 (як рўз баъд аз нашри маќолаи Исматї дар "Нигоњ") бо номи "Мољаро дар Тандара, як пула савдою сад пула ѓавѓо" ба нашр расид, ки дар он аз вохўрињояш бо
Солњои Шўравї бо ќарори њукумати ваќт як ќисм аз минтаќањои дар тавозуни Хољагии љангал буда ба колхозу савхозњо барои истифодаи дарозмуддат њамчун чарогоњ барои моли љамъиятї ва ё майдони кишти зироат дода шуда буданд. Аз љумла мавзеи Тандара дар наздикии дењаи Артуч ба хољагии "Чимтарѓа" вобаста шуда буд. Он ваќт падарарўси духтари Шариф Исматї - Сафаралї Њаќбердиев 0,45 њисса аз њамин заминро аз њисоби хољагии мазкур гирифта, дар он тамоку кишт мекард ва њамроњи ањли оилааш, ки духтари Исматї - Гулистон низ шомили оилаи ў буд, алафи онро барои чорвои худ медаравиданд.
«
онњое, ки аксарашон дар маќолаи Исматї номбар шудаанд, наќл мекунад. Аз љумла навиштањои Исматї дар маќола: - Эгамова Њидоят мегўяд, ки суханњое, ки дар мавод (маводи љавобии Њ. Мањкамов дар њафтаномаи "Фараж"-ро дар назар дорад) аз номи ман чоп кардаанд, тамоман нодуруст аст, пас ман чї гуна ин амали мўњтарам раисро дурўѓ нагўям? Дурўѓест, ки исботи онро хабарнигор дар маќолааш овардааст. Эгамова дар назди хабарнигор суханонашро дар мавриди розї нашудани духтари Исматї ва таќсими замин ва бо хоњиши худаш барои гирифтани пеши роњи муноќишањои минбаъда байни фарзандонаш додани заминро тасдиќ мекунад ва тавре, ки ин журналист гуфтааст, сабти овози ў дар диктафонаш мављуд аст. Агар кормандони муњтарами њафтаномаи "Нигоњ" зарур шуморанд, њамаи сабтњоро сари ин мавзўъ аз њамкасбони худ гирифта метавонанд ва ё омада, бо њар кї мехоњанд, вохўранд ва њаќиќати њолро фањманд. Акнун худ ќазоват кунед, ки Мањкамов "дурўѓњои бефурўѓ" мегўяд, ё Шариф Исматї, ки синнаш ба љое расидасту њанўз ва хотири расидан ба њадафњояш аз дуруѓгўї, ки торикии имон аст, даст намекашад? Ин љо њадафи ў замин њам нест ва Исматї мехоњад танњо собит созад, ки ў аз раис њам зўр аст ва бо њар роње набошад, инро исбот карданист. Аммо зўри худро ў мисли ќудояш Њаќбердиев С., ки њамкасбаш муаллим буд, мебоист бо мењнат собит менамуд, на бо номанависиву сиёњкунии дигарон. Домуллоев Б. Д., муовини авали раиси шањри Панљакент
12
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
ШЕЪРУ ШОИР
Исфандиёр КАЛИМАЊО ВА ТУ Калимањоямро канори њам мечинаму туро месозам, Калимањо њама дар дастам, Табдил ба љисми ту мегарданд. Бонуи ман, Зеботарин иморати ин дунё, Бешубња љисми туст. Комилтарин базри вожањоро Дар њосилхезтарин заминњо мепошам, То ту сабз шавї. Бонуи ман, Эй бењтарин зане, ки медонам, Волотарин намунаи рўйиш! Калимањо њама аз љинси зан њастанд, Ранги ќалам зан аст... Дар њар калима, ки мебинам, Дар њар ќасида, ки мебинам Бонуи ман, Симои моњтобии ту љорист!
ЧИЛЧАРОЃ Дењаи мо чилчароѓе дошт, Чил чароѓе, ки ба он шабњои зењнаш буд рушан. Шуълаи он дар дили шабњои масљид, Бо садои дењгири њазрати гулдастахон, Бар равоќи наќшии масљид мепечид. Шуълаи он, Сура-сура, Оя-оя, Бар суњуфи љони мардум рушанї мекард. Дигар акнун, Чилчароѓи дењаи мо солњо бигзашту хомўш аст. Зангхўрда, Монда дар кунље, Хуфта зери дудњои куњнаи вомонда аз печандагї, Тира чун дуди хаёлоти муњол аст... Солњо шуд шуълаи онро, ки мафќуд аст, Солњо шуд шуълааш хомўшу бедуд аст... Солњо пеш, Шуълааш ёдовари наски Авастои ќадимї буду шояд, Шуълаи лабханди Чисто, Духтари ќаддисаи Зардушт. Њол акнун, Солњо шуд шуълааш чун оташи Зардушт хомўш аст, Шуълааш, Чун Занду Позанди муќаддас, Рафта аз хотир, фаромўш аст. Миллати ман чилчароѓе дошт, Чилчароѓе аз адаб, аз дин, аз фарњанг. Чилчароѓе аз Авасто, Аз нуќуши Монї дар Аржанг! Миллати ман чилчароѓе дошт, Поку равшан дар њазорон соли шабњо. Чилчароѓе маншаъаш Хуршед, Чилчароѓе рушан аз анвори кавкабњо. Миллати ман, Худ масал аз чил ќаландар дошт, Њар куљое Коху ќасри Чилсутун дошт, Кай чунин њоли забун дошт? Миллати ман, Санг шуд чил духтараш аз чашми номањрам, То кунун аз ѓуссаи Чилдухтаронаш дида пурнам. Духтаре будаш ба номи Робиъа, Дошт чил газ мўй, Дошт чун моњи мукаммал рўй. Миллати ман, Чилтанони пок дошт, Эътиќоде њам ба оташ, њам ба обу хок дошт. Аз њазорон чил ба ин миллат шаби чил мондааст, То ба синни чил дар ў сад сактаи дил мондааст... Чилчароѓаш нест, аммо, Сарду торики шабони чиллааш поён надорад, Чунки хуни гарм дар шарён надорад! Чунки ў исён надорад! Миллати манро муњољир кардаанд, Fурбаташ бахшидаанд, Бо ѓам муљовир кардаанд... Ман кунун аз љойи худ бархостам чун хашм, Чун тўфон. То фурўзонаш намоям чилчароѓи фахри деринро, Чилчароѓи ќудсойинро, Чилчароѓи хашму тўфонро, Чилчароѓи гарми исёнро! Миллати ман метавонад боз бархезад, Њамчу пайѓамбар, Чу шоир, Њамчу як сарбоз бархезад! Миллати ман, боз бархезад!
Дарё љунуни љории пистон аст, Хезобњои пистонат, Ављи љунуни калимотанд! Бонуи ман, Ављи баланди шатњиёти ман, Аз умќи синањои ту мељўшанд. Чашми ту њаст њарчи тасаввуф њаст, Њам њафт шањри ишќ канори туст. Бонуи ман, Хуршед аз канори ту таљаллї ёфт. Танњо калимаи шањодат нест, К-онро ба пешгоњи ту мехондам. Ман яштњои ошиќонаи худро, Садсолањост, ки мехонам Дар маъбади пуроташи оѓўшат. Ориф дар иштиёќи фанофиллоњ, Ман дар њавои фано шудан дар ту, Ў сар нињад ба рўйи саљљода, Ман сар ба пойи ту.
ТАРОНАИ РАФТАН Эй сукути тилоии шабњо, Ки ман умре туро парастидам. Меравам аз канори ту хомўш, Аз њама кас зи баски ранљидам, Ту маро лањзае ба ёд овар. Бо чунин ишќи сода, ишќи пок, Гањ мукаррам шудам, гање бадном. Мењрубоне, ки мењрубонам буд, Лутфи худро расонд бар анљом, Зор мондам миёни ин маъбар. Кўчањо, кўчањои шањри азиз, Дидаед шодаму гање ѓамнок. Бурдаедам шумо канори ёр, Мебаредам шумо канори хок, Мекунед рафтани маро бовар? Он, ки умре ба хотири ишќаш, Менишастам тамоми шаб бедор. Риштаи мењрубониро барканд, Аз мани хаста, аз мани ночор, Меравам аз канори ў музтар. Сањари босафои шањристон, Ки мукаррам туро шуморидам. Боз кун бори дигар оѓўшат, Ки туро бо Худо супоридам, Меравам ман, чї гўямат дигар?
Тути пири канори њавлии модар, Мењрубону соягустарам будї. Мезадам сангату будї хомўш, Дар њалимї чу модарам будї, Меравам, аз гуноњи ман бигзар!
ТУРО Туро аз шеъри худ бењтар, ки гуфтам, Туро дар њусн пайгѓамбар, ки гуфтам. Нигоњат Мањшаре дар шеър ангехт, Туро ошуби сад Мањшар, ки гуфтам...
ВА ФАРДО Ва фардо аз ту ман фарёд гўям, Диламро бурд гўям, дод гўям. Диламро бурду худ њам рўй гардонд, Ба гўши кї аз ин бедод гўям?
АЗ ЃАМИ ДИЛ Ва фардо аз ѓами дил менависам, Аз ин савдои мушкил менависам. Диламро бурд бо туфони чашмаш, Аз он туфони њоил менависам.
ЭЪТИРОЗ Касеро њамчу ман сарсон накардї, Асират кас чунин осон накардї. Љавон мондї, љавон њастї ва аммо, Љавонии маро љуброн накардї. ШЕЪРИ ХУБЕ КУ? То паёми омаданро аз ту, эй фасли шукуфтан, бар ман орад боз Аз тани сабзи дарахтон, доркўбе ку? Панљаи гелоси њавлии падар холист аз овои заргулдор, Шохсори пайкари ман зери барф аст, То таконад дасти хуршед аз танам ин барф чўбе ку? Зери поям њарчї мебинам пур аз барг аст, пўсида, Бўи аљсоди алафро медињад ин хок, Хашми тўфон бар сари нопокињо бодо, Хошарўбе ку? Ашки хунини Фарангис аст дар домони афлок, Офтоб дар мазњаби худ - шайхи побарљост. Он зи гиристан намонад, ин зи љояш барнамехезад, ѓурубе ку? Буфи кўре шеър мехонад ба гўши шаб, Ман ба худ мепечаму бар рўд мегўям: Љуз тулўъи моњ бар пешонии шаб шеъри хубе ку?
МАЙДОНЊОИ ЊАЗРАТИ ФИРДАВСЇ ХОЛИЯНД Тарси Худову шарми паямбар намондааст, Дигар ба њарфи одамон бовар намондааст, Аз дил куљо биноламу аз љаври ошиќї? Дигар барои ман дилу дилбар намондааст. Љойи муносибе ба љуз зери кулоњи худ, Ёри мувофиќе ба љуз соѓар намондааст. Аз чор сўй бастаанд роњи умеди халќ, Љуз сўйи гўр халќро маъбар намондааст. Майдонњои њазрати Фирдавсї холиянд, Гурду камону ночаху ханљар намондааст.
ШАРЊИ ЊОЛ Шоир Исфандиёри Назар 25-уми ноябри соли 1971 дар оилаи хизматчї, дар рустои Дарѓи ноњияи Айнии (Фалѓар - аз тавобеи Бухорои шариф) вилояти Суѓд ба дунё омадааст. Соли 1989 мактаби миёна ва соли 1996 факултаи шарќшиносии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистонро хатм кардааст. Маљмуаи нахустини ашъораш зери унвони "Руљўи Исфандиёр" соли 1993 чоп шуда, баъдан, маљмуахои шеърии "Маро супору бирав", "Як сока ребос", "Ёдгори хуну хокистар", "Аз маъбари тўфон", "Эй шеър", "Њамхуни Деваштич", маљмуањои насрии "Пули њаром", "Тўмори хунин", "Нахл дар мурдоб", рисолањои тадќиќотии "Шеъри шоир таронаи ќудсист", "Дарѓи шариф - таърихи мухтасар", "Ду љашни бузурги миллї: Наврўз ва Мењргон", "Наврўзи Дарѓ", "Бо лањљаи дарѓї", њамчунин, силсилаи дурдонањое аз тасаввуфро зери унвони "Љоми гетинамой" (Шоњ Неъматуллоњи Валї), "Боѓи чашм" (Имодиддин Насимї), "Арўси ѓунча" (матни интиќодии девони Шоњии Сабзворї), тањияи матни классикии "Даќоиќул-ахбор ва маноќиб-ул-аброр", "Манзараи марг", "Пас аз марг чиро мебинем?" ва ѓайраро ба чоп расонидааст. Ба њайси сардабири њафтаномаи "Њамроз", "Сипар" ( Вазорати корњои дохилии Тољикистон), "ИмрузNews" фаъолият кардааст. Айни замон сардабирии њафтаномаи мустаќили фарњангии "Дишидак"-ро ба уњда дорад. Ашъораш бо забонњои русї ва арабї ва хатти форсї (дар Афѓонистон) ба чоп расида, намунаи ашъораш дар кутуби дастљамъии шоирони форсигўй дар Эрон ва ѓайра нашр шудаанд.
ТАХТАИ СИЁЊ
Моњњои ахир мардуми шањри Кўлоб чанд њодисаи љолибро бо иштироки раиси шањр Абдуѓаффор Рањмонов мушоњида мекунанд. Ин амалњо ба онњо писанд нест. Сабаб чист?
Њодисаи якум: Бо туфлї вориди масљид шуд 4-уми июни соли равон раиси шањри Кўлоб ба яке аз масљидњои љомеъи шањр омад. Чанд љавон дар дохил ва беруни масљид машѓули кору бор ва таъмир буданд. Имомхатиб барои љўр кардани садои баландгўяк ќироъати Куръон мекард. Ногањон Абдуѓаффор Рањмонов пайдо шуд. Раиси шањр пойафзоли худ-
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
13
Раиси шањри Кўлоб ва арзишњои исломї
кор намекунад". Занњо ва духтарони сатрдор набояд дар ягон вазифаи давлатї кор кунанд. Ё сатрњои худро мегиранд, ё рафта дар дигар љой кор мекобанд… Дар Сарќонун омадааст, ки агар сатр дошта бошї, дар корхонањои давлатї кор карда наметавони?
Абдуѓаффор Рањмонов медонад, ки чї кор мекунад?
Њодисаи чањорум: Мубориза дар кўча
ро накашида, бо туфлињои ифлосаш вориди хонаи Худо шуд. Шоњидони воќеъа мегўянд, раиси шањр имомхатибро мепурсад, ки "чаро бо баландгўяк Куръон мехонї, оё рўзњои љумъа кофї набуд, ки боз дар дигар рўзњо бо баландгўяк ќироат мекунї?" Имомхатиб бо тамкин љавоб дод, ки "Раис, ман садои баландгўякро месанљам…" Аммо раиси шањр "Барои санљиши баладгўяк хубтараш ягон сурудро замзама кун, байту тарона бихон" гуфта, имомхатибро огоњ мекунад. Баъд аз дохил баромада, як-як тамоми ашёи масљидро пурсидан гирифт, ки инаш чист, аз куљост, чаро дар инљо мебошад, агар лозим набошад, ба фалон макону сохтмонњо равон кунед, дар онљо лозим мешаванд. Президенти ИМА Барак Обама ваќте ба шањри Истанбули Туркия сафар кард, ба зиёрати яке аз масљидњои бузург - "Султон Ањмад" рафт. Обама ѓайримуслим аст, аммо пойафзоли худро кашида, дохили масљид шуд…Раиси шањри Кўлоб чї?
худи раиси шањр дар ин чорабини иштирок кард. Рањмонов дар њавлии мактаб модарони хатмкунандагонро маљбур сохт, ки сатри исломии худро аз сар дур карда, баъдан дар занги камолот иштирок кунанд, вагарна онњоро барои иштирок иљозат нахоњад дод. Яке аз хатмкунандагон, ки нахост номи худро гўяд, гуфт, ки " аз ин амали њукуматдор бисёр ѓамгин шудем. Агар садои худро баланд мекардем, шояд ба сарамон ягон њодисаи нохуш меомад. Аз сабаби тарсиданамон чизе гуфта натавонистем. Аммо аслан гирем, мири шањр ба сатри модарон чї кор дорад? Модари ман ва дигар занону хоњарони тољик озод буда, чї либосе, ки хоњанд, мепўшанд. Онњо ба духтароне, ки нисфи баданашон урён аст, дахолат намекунанд, барои њамин ба сатри модару хоњарони мо низ дахолат накунанд"….
Њодисаи дуюм: Сатр ва раис
Боз моњи июни соли равон дар як маљлиси ноњиявие, ки дар шањри Кўлоб бо сардории раиси шањр баргузор гардид, Рањмонов фармуд, ки "Зан ва духтари касе, ки сатр мекунад, њамроњи ман
7-уми июни соли 2013 дар литсейи Сомонии шањр занги камолот гузашт, ки
Њодисаи сеюм: Кор ва сатр
Бо фармони раиси шањр дар боѓчаи назди Донишгоњи давлатии шањри Кўлоб чанд нафар истода, донишљўёни сартдорро назорат мекарданд. Дар куљое, ки духтарони сатрдорро бинанд, дарњол маљбурї сатри онњоро кашида мегиранд. Хонума Холматова, яке аз шоњидони ин њодиса буд. Яке аз кормандони бонк, ки номи худро махфї дошт, ин њодисаро наќл карда гуфт, ки њукуматдорони Кўлоб кори дигаре надоштаанд, ба љои ин бењудакорї раванд ягон љойро обод кунанд намешавад? Ин хусумату душманї алайњи ањкоми дини мубини Ислом ба кадом хотир аст? Шањри Кўлоб пул аз мушкил аст. Нисфи роњњо хароб, касе дар фикри таъмир нест. Ойлањои бехонаю камбизоат њастанд. Камбудии љои кор, об, ќувваи барќ ва газро фаромуш кардаанд. Иддао мекунад, ки Кўлоб сарзамини обшорон аст, аммо мардум аз набуди об танќисї мекашад. Аз Абдуѓаффор Рањмонов њамчун як раис мепурсем, ки оё ба ин њама сатри мардум гунањкор аст? Ва кї бояд мушкилоти шањрро њал кунад: њукумати шањр, русњо, амрикоињо, ё ки боз њам чинњо? Абдуллоњи АБАДЇ
14
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
ИЉТИМОЪ
20-уми июл президент Эмомалї Рањмон дар Шањринав лентаи нахустин корхонаи коркарди нафт "Капитал" -ро бурид. Корхона дар як сол иќтидори коркарди 100 њазор тон нафти хомро дорад. Аввалин корхонаи коркарди нафти Тољикистон ду намуд сўзишвории дизелї (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ-80 ва мазути аълосифат истењсол хоњад кард. Хуб ё бад? Ин хабар бисёрињоро хуш кард, аз љумла Зиёратшо, ронандаи Хундай-Старексро, ки мегўяд, ин пеш аз њама файзу баракати моњи шарифи Рамазон аст. Вай бо боварї гуфт, ки ваќте дар дохили кишвар коркарди нафти хом ба роњ монда мешавад, хоњу нохоњ ба арзиши мањсулоти нафтї таъсири мусбат хоњад расид. Аммо Сафар ном њамсуњбати дигари мо, ки сари чанбари сабукрав нишаста буд, гуфт, дар њоле, ки аз истифодаи бензини АИ-80 аксар кишварњо даст кашидаанд, мо низ наметавонем аз он истифода намоем, зеро ин намуди бензин танњо барои мошинњои калонњаљми боркаш пешбинї шудааст, аммо айни њол дар Тољикистон анќариб дида намешавад мошини боркашеро, ки бо бензини навъи АИ-80 њаракат кунад: - Аз сабаби гарон будани арзиши бензин мо ба мошинњоямон таљњизоти газї насб кардаем. Имрўз њатто 50% худравњои сабукрав бо гази моеъ гардиш мекунанд. Вале умед дорам, ки дар ояндаи наздик истењсоли бензини навъи АИ-92 ба роњ монда мешавад. Аммо Диловар, ронандаи "Опел" мегўяд, ин пешравї ба тиљорати нав дар кишвар табдил меёбад, яъне ќисме аз бензинфурўшњо ба хотири манфиати бештар ба даст овардан, онро арзонтар харидорї намуда, бо бензини нави АИ-92 омехта карда, ба фурўш мегузоранд: - Муњаррики мошинњо зуд-зуд таъмирталаб мешавад. "Капитал" мањсулоти худро бо мошинњои махсуси сўзишворикаш ба фурўш гузорад, то њамагон огањ шаванд, ки бензини аълосифати истењсоли ватанист. Акмали Шариф, ки мошинашро бо газ мечархонад, гуфт, ба арзоншавии бензин
БЕНЗИНИ ТОЉИКЇ бовар надорад, зеро ифтитоњи ин корхона њам ба монанди ГЭС-њое хоњад шуд, ки ваъдаи барњам задани лимити барќро дар зимн доштанд: - Ман дар андешаи он њастам, ки арзиши сўзишвории истењсоли худї назар ба хориљї гаронтар нашавад. Ба мисли ќувваи барќ, ки худамон истењсол мекунему гарон харидорї мекунем.
Зарфиятњои наќду нася Феълан дар Тољикистон дар самти кашф, пармакунї, истихрољ ва коркарди нафту газ 11 ширкати ватаниву хориљї фаъолият дорад. Дар ин росто, "Газпром"и Русия дар ноњияи Шањринав пармакунии чоњи љустуљўиро то умќи 6450 метр ба анљом расонд. То њол дар миќёси Осиёи Марказї чоњ бо чунин умќи зиёд парма нашудааст. Њамчунин дар шањри Конибодом бо истифода аз мабла?њои буљети давлатї пармакунии чоњи умќаш 4810 метр дар мавзеи Мањрам ба охир расида, корњои омўзишиву озмоишии ќабатњои нафтдор идома доранд. Масъулини "Капитал" мегўянд, корхона навтарин технологияи коркарди нафтро аз Русия дар њамдастї бо соњибкорони хусусии ин кишвар аз шањри Томск
ворид карда, беш аз 70 миллион сомонї дар 10 га замини санглохи бекорхобида бунёд ёфт. Иќтидори корхона дар оянда бояд ба 300 њазор тон дар як сол ва шумораи коргарон ба 300 нафар расонда шавад. Феълан дар корхона 111 мутахассис ба кор љалб шудаанд, ки аксарият мањаллї мебошанд. Барои таълими мутахассисони мањаллї роњбарияти корхона омўзгорони касбиро аз хориљи кишвар даъват карда, коргарон баъд аз хатми курси семоњаи таълимї барои кор ба ин корхона љалб карда шуданд. Масоњати замини барои ин корхона људогардида ва лоињаи сохтмону таљњизи он имкон медињад, ки оянда иќтидори ин корхона ба коркарди то 500 њазор тонна нафт ва истењсоли мањсулоти гуногуни тайёр зиёд карда шавад. Хишти аввали ин корхона расо ду сол ќабл гузошта шуда буд.
Таљњизоти куњна? Аммо то куљо корхонаи нав муваффаќ хоњад шуд? Коршиноси масоили энергетикї, ки нахост номаш ќайд шавад, гуфт, аз гузориши телевизионї ифтитоњи ин корхонаро дида, аммо назараш ба ин кор-
хона чандон рушан нашудааст. Вай гуфт, корхона бо таљњизоти наву замонавии муосир сохта нашудааст: - Чунки дар айни замон њар корхонае, ки дар кулли кишварњои љањон барои истењсоли мањсулоти нафтї таъсис дода мешавад, тамоми таљњизоти идоравию коркунии он иборат аст аз стандарти ЕВРО-4. Ваќте дастгоњу таљњизоти завод ё ин корхона ЕВРО-4 мебуд хоњу нохоњ бензини навъи АИ-92 истењсол карда метавонист. Зеро бензини АИ-92 ва АИ-95 танњо бо таљњизоти стандарти љањонии ЕВРО-4 истењсол карда мешавад. Аз он, ки маълумот дода шуд ин корхона танњо бензини навъи АИ-80 метавонад истењсол кунад, гуфтан мумкин аст, ки таљњизоташ мувофиќи маќсад нест. Агар талаботи тамоми љумњуриро ба инобат гирем, коркарди 100 њазор тонна нафти хом дар як сол хеле кам аст. Илова бар ин дар гумон аст, ки барои Капитал дастрас кардани нафти хом аз хориљи кишвар имконпазир гардаду фаъолияти назаррас дошта бошад. Вале боз ба њал њол аз њаракати худи соњибкор вобастагї дорад, ки корхона то куљо рушд мекунад. Умедљони САЪДУЛЛО
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
Мањмадамин Мањмадаминов
Мањмадинов Мањмадамин Бозичаевич, вазири мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон.
Аз љумлаи вазирони бадахшонитабори Њукумати Тољикистон аст. 22-юми апрели соли 1961 дар ноњияи Шуѓнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соњиби ду дипломи олист. Соли 1988 Донишгоњи давлатии Тољикистон ва соли 2002 Донишгоњи техникии ба номи академик Муњаммад Осимиро хатм кардааст. Аз ин рў, ду ихтисос дорад: муаллими забон ва адабиёти тољик ва иќтисодчї. Аммо дар њич соња муваффаќ набудааст. Чуноне аз тарљумаи њолаш пайдост, баъди хатми донишгоњ, аслан, кори омўзгорї накардааст. Аммо дар риштаи иќтисод рисолаи номзадї њам навиштаву њимоя кардааст ва њоло номзади илми иќтисод мебошад, аммо муваффаќиятњои иќтисодї надорад. Фаъолияти мењнатиашро аз соли 1978 оѓоз кардааст ва то соли 1982 коргари совхози "Шуѓнон"-и ноњияи Шуѓнон будаву баъдан, хизмати њарбї кардааст. Солњои 1982-1990 шунавандаи шўъбаи тайёрї ва баъд донишљўи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи Ленин (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) буд. Чун узви ком-
сомоли ленинї котиби Кумитаи комсомолии донишгоњ буд. Њамин заминае шуд ба гузариши Мањмадамин Бозичаевич ба корњои комсомолї ва зарфи се сол (1990-1993) дар вазифаи котиби Кумитаи Марказии комсомолии Тољикистон кор кард. Аммо пошхўрии Иттињоди Шўравї ва барњам хўрдани институтњои роњбарии Шўравии собиќ боис гардид, ки самти фаъолияти ў низ таѓйир ёбад. Муддати дањ сол - аз соли 1993 то соли 2003 менељери генералии Барномаи Дастгирї ва рушди минтаќањои кўњии Лоињаи Рушди Оѓохон буд. Солњои 2003-2005 аввал муовин ва баъд муовини аввали Љамъияти сањомиии кушодаи "Ориёнбонк"гашт. Ба ин вазифа омадан ва барои муддате узви тими Њасан Асадуллозода шудани ў тасодуфан дар заминаи љустуљўи кадрњо аз њар минтаќаи Тољикистон барои ишѓоли вазифањои муовини раис сурат гирифтааст. Дар "Ориёнбонк" низ аз ў хотирањои нек боќї намондааст. Дар бораи муваффаќиятњои ў аксаран мегуфтаанд: "Хайр коргари комсомол-дия". Соли 2005 ба ќавї шудани худи Њасан Асадуллозода дар садри бонк ўро ба Раёсати
Бонки давлатии амонатгузории Љумњурии Тољикистон "Амонатбонк" "гусел мекунанд. Чун дар панљ соли раёсат аз ў бонкир намебарояд, Мањмадаминовро моњи марти соли 2010 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон вазири мењнат ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон таъин мекунанд. Замони роњбарии ў дар "Амонатбонк" ба фурўши сањмияњои НБО "Роѓун" ва ќарзгирии пешвоњои ѓайрирасмии Бадахшон рост омад. Дар чанд барномаи телевизионии маъракаи фурўш аз худ донандаи бозори коѓазњои ќиматнок тарошид, вале донишњои назариявияш заиф намуданд. Ќарзњои пешвоёни ѓайрирасмии Бадахшон њоло њам мушкили "Амонатбонк" боќї мондаанду дарди сари љойгузин ва шогирди Мањмадаминов Гулнора Њасанова њастанд. Замони кашмакашњои ахири Бадахшон, минљумла соли 2012 бо супориши њукумат бо як њайат ба Бадахшон сафарбар карда шуд, аммо миёнљигарии ў ва шахсияташро пешвоёни гайрирасмї напазируфтанд. Ин гуна ранг гирифтани кор эътибори ўро дар Душанбе кам кард. Соли 2011 ба дарёфти ордени "Шараф" дараљаи II сазовор гардидааст. Айни њол аз тими Њасан Асадуллозода берун рафтааст. Ба гумони ѓолиб, баъди интихоботи президентї аз вазифа барканор карда мешавад.
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЛАТИФА ПИСАРИ ГЕНЕРАЛ Писари генерал "сарбозакбозї" дорад: - Падарљон, нигоњ кунед, ин љо ман аз ќисмати рост ва чап сарбозњоро ќатор гузоштам… - Боракалло, писарам! Њу ана он сарбозњоро, ба фикрам, барои эњтиёт дар аќибгоњ гузоштаї-а? - Не, ин сарбозњо барои ман ќасру кушк месозанд…
РОЊХАТ БА ХУШДОМАН - Ња, љўра, чї ин ќадар хурсандї? - Барои хушдоманам роњхат ба Испания харидам. - Аз кадом ширкат? - Номаш "Љањонгардї". - Эээњааа! Ин ширкат одамонро фиреб мекунад. Муштариёнашро бурда дар фурўдгоњ мегузораду дигар суроѓашон намекунад. - Ман медонам……
ЗАН ВА ШАВЊАР Зану шавњаре, ки 30 соли умри худро якљоя сипарї кардаанд, аз рўзномае мехонанд, ки дар як кунљи шањр чоњи бузургест ва агар ба он танга партофта чї орзуе кунед, амалї мешавад. Зан шавњарашро маљбур мекунад, ки назди њамон чоњ раванд. Нахуст мард ба чоњ наздик шуда, зери лаб чизе мегўяду тангаи 50 дирамаеро њаво медињад. Ваќте зављааш мехоњад тангаро партояд мувозинатро аз даст дода, ба даруни чоњ меафтад. Мард бо тааљуб: -Оњооо, зўр-ку. Ин ќадар зуд!
?-И НОБОБ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
15
АКСИ ГЎЁ
ОЁ ЗАНЊО МЕТАВОНАНД ПЕШ АЗ МУЊЛАТ БА НАФАЌА БАРОЯНД? - Занњое, ки агар соњиби шаш фарзанд бо собиќаи кории зиёда аз 15 сола бошанд метавонанд пеш аз муњлат ба нафаќа бароянд? Агар ња, чунин занњо аз чандсолагї метавонанд ба нафаќа бароянд? Хоњишмандем дар ин бора маълумот дињед. Аломатхон АБДУЛЛОЕВА, сокини шањри Душанбе - Шањрванди гиромї, мувофиќи моддаи 15-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Тољикистон" заноне, ки агар панљ ва беш аз ин кўдак таваллуд карда бошанд, кўдаконро то синни њаштсолагї тарбия карданд ва модарони ашхоси аз кўдакї маъюб, ки онњоро то ин синну сол тарбия карданд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиќаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти муњлати нигоњубини кўдакон ё дар мавриди доштани собиќаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти муњлати зикргардидаи нигоњубини кўдакон ба нафаќа њуќуќ доранд. Дар айни замон ёдрас кардан ба маврид аст, ки њуќуќи гирифтани нафаќаи иљтимоиро пеш аз муњлат натанњо занон њамчунин кўдакон ва мардон низ доранд. Агар онњо ба талаботњои зерини ќонун љавобгў бошанд: кўдакони маъюби то синни 16 - сола, ки ба шахсони аз кўдакї маъюб мансуб дониста мешаванд њуќуќи гирифтани нафаќаи иљтимоиро доранд. Њамчунин инњо бо имтиёз њуќуќи гирифтани нафаќаи иљтимоиро доранд: Шахсони гирифтори касалињои нанизми гипофизарї (лилипутњо) ва паканањои номутаносиб ба нафаќа аз рўи синну сол дар мавридњои зайл њаќ доранд: мардњо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиќаи кории накамтар аз 20 сол; занњо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиќаи кории на камтар аз 15 сол; Маъюбони гуруњи 1 аз љињати биної: мардњо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиќаи кории на камтар аз 15 сол; занњо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиќаи кории на камтар аз 10 сол; Иштирокдорони рафъи оќибатњои фалокати корхонаи зарравии барќии Чернобил дар синну соли зайл ба нафаќа њаќ доранд: мардњо - баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиќаи кории на камтар аз 25 сол; занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиќаи кории на камтар аз 20 сол. Маврид ба зикр аст, ки аз 1 - июли соли 2001 сар карда то 1 - июли соли 2003 синну сол барои ба нафаќа баромадан њар як сол як сол баланд бардошта мешавад. Шањрвандони гиромї барои маълумоти бештар гирифтан оид ба нафаќаи иљтимоии пеш аз муњлат ба шуъбањои шуѓли ањолї ва њифзи иљтимоии мањалли зисти худ мурољиат намоед. Онњо мувофиќи ќонун дар доираи ваколатњои худ уњдадоранд ба саволњои пешнињодшуда посухи равшан дињанд ва мушкилоти Шуморо бароварда созанд. Ба саволи Шумо аз Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Тољикистон посух доданд.
? - И НОБОБ ОЁ МУЊЛАТИ МАНЪИ ХАБАРНИГОРОНИ "САДОИ ХУРОСОН" ПОЁН ЁФТ? - Дар моњи апрели соли равон Хабаргузории "Садои Хуросон" бо истинод ба Рањматилло Зоиров, раиси ЊСДТ дар сомонаш хабареро љой дод, ки дар он гуфта мешуд, ки марзбонони чинї дар ноњияи Мурѓоби Бадахшон то 20 километри дохили њудуди Тољикистон фаротар рафтаанд. Гарчанде ин хабар пеш аз ин дар сомонаи "Независимая газета" интишор ёфта буд, калтакро ду корманди "Садои Хуросон" хурд. Пас аз нашри ин хабар дар сомонаи "Садои Хуросон" ВКХ ЉТ онро берун аз "меъёри ахлоќї" ва "ѓайрињирфавї" унвон кард ва фаъолияти хабарнигорони "Садои Хуросон" дар Тољикистонро то се моњ манъ намуд. Бо гузашти ин муњлат оё ВКХ ба ин ду хабарнигор иљозати фаъолият дод ё фаъолияти онњоро тамдид кардааст? Саволест, ки пас аз ин се моњ посух мехоњад. Носир ДАВЛАТОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Исломии Эрон муносибати њасана, дўстона ва бисёрљабња дорад, њамкории тарафайн бо ин кишвар ба нафъи њам Тољикистон ва њам Эрон аст. Манъи фаъолияти хабарнигорони "Садои Хуросон" дар Тољикистон ба сабаби нашри хабари носанљидашуда аз ќавли Рањматилло Зоиров дар ин хабаргузорї буд ва худи Рањматилло Зоиров њам нашри ин хабарро иѓвогарона ва беасос номид. Вазорати корњои хориљии Тољикистон њуљљатњои хабарнигорони "Садои Хуросон"- Аловиддин Ќосимов ва Зиёратшоњ Ањмадовро мавриди омўзиш ќарор дод. Онњо акнун бе ягон душворї бо навиштани аризаи нав метавонанд соњиби аккредитасия шаванд ва фаъолияти худро дар Тољикистон идома дињанд. Барои ин ягон монеъ аз тарафи мо нест. Ба саволи Шумо, сардори Раёсати иттилоот, тањлил ва тарњрезии сиёсати хориљии Вазорати корњои хориљии Тољикистон Абдулфайз АТОЕВ посух дод.
? - И НОБОБ ДАР ТЎЙ ЧЇ ЌАДАР МЕЊМОН ДАЪВАТ КАРДАН МУМКИН АСТ? - Ба наздикї писарамро оиладор мекунам. Мехоњам, ки тўйи домодии писарамро мувофиќи тартиботи ќонуни танзими анъана ва љашну маросимњо гузаронам. Намехоњам, ки њар кас дар рўзи хурсандї ва сари деги оши мо "оќсаќол" шаваду табъи мо ва мењмононамонро хира гардонанд. Мардум кашмокашми бењуда ва хўљаини кардани раисони танзимро дар сари деги шањрванди тўйдор бисёр дидаанд. Бинобар ин пурсиданї њастам, ки то чанд нафар мењмонро метавонем ба тўйямон даъват кунем? Њангоми бурдани домоду арўс ба САЊШ (ЗАГС) то чанд адад мошинро истифода бурдан мумкин аст? Сайёра РАЉАБОВА, сокини шањри Душанбе - Тўйи домодию арўсї дар давоми на бештар аз ду рўз ба таври ихтиёрї бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тўй барои то 200 нафар аз њисоби њар ду љониб гузаронида мешавад. Ташкили маъракањои фотињаи тўй, маслињатошї, идонабарї, сандуќбарон, сарупобинон, љойгаштак, раисталбон, ќудоталбон, таќдими сарупо барои мењмонони тарафайн ва хешу табори домоди арўс, ба истиснои таќдими тўњфањо барои домоду арўс ва падару модари онњо манъ аст. Маросими домодталабон ва арўсбинон ба таври ихтиёрї дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд. Њамсарон њуќуќ доранд, ки тибќи муќаррароти Кодекси оилаи Тољикистон байни худ ањдномаи никоњ банданд. Маросими ќайди давлатии аќди никоњ дар маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї ва љамоатњо бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад. Маврид ба зикр аст, ки љашну маросимњо дар майдончањои (њавлињои) назди биноњои истиќоматї, дохили хонањои шахсї ва ё дар тарабхонањо, ќањвахонањо, ошхонањо ва ё тўйхонањо бо риояи тартиботи љамъиятї гузаронида мешавад. Дар љашну маросимњо пошидан ва часпонидани пул манъ аст. Ба саволи Шумо аз Кумитаи оид ба дини Тољикистон љавоб доданд.
ЊУББУЛВАТАН ТО ЊАНЎЗ ТОЉИКИСТОНРО ЁД МЕКУНАМ! - Дар шањри Ростови лаби Дон бо Самад ном марди ўзбек шинос шудам. Маълум гардид, ки ў зодаи шањри Исфараи Тољикистон асту алњол дар шањри Ќуќанди ?збекистон зиндагї мекунад. Аз 40 соли умраш 30 солаш дар ?збекистон паси сар шудааст. Бо амри таќдир, дар хурдсолї бо ањли оила ба Ќуќанд, назди бобои танњомондааш кўч бастаанд. Ин дар замони Шўравї буд. Он замон њељ фарќе набуд, ки дар куљо зиндагї мекунад. Дар Тољикистон ё ?збекистон. Асад бо андаке душворї бо забони тољикї њарф мезад. Дар бораи тољикону Тољикистон, дар бораи Исфара бо мењру муњаббат сухан мекард. Аз љумла ў хотироти бачагии худро во намуда мегуфт: - Гарчї аксари солњои умрам дар ?збекистон гузашт, то њанўз Тољикистонро ёд мекунам. То замоне, ки сарњад боз буд, зуд - зуд ба Исфара меомадам. Акнун, ки сарњадро бастанд, имкон нест. Њар шаб Исфараро дар хоб мебинам. Солњои ширини бачагиро, дўстонро... Бо тољикон ёру бародарона мезистему њељ эњсоси бадбинї ва бегонагї намекардем. Аз хоб бедор мешаваму лаънатњо мехонам. Лаънатњо бар он касоне, ки моро ба чунин рўз расонида, аз њам људо карданд. Байни мо садди оњанин гузоштанд. Тољику ўзбек мисли гўшту нохунанд, моро наметавон аз њам људо кард. Агар он замон медонистам, ки замоне фаро мерасаду байни ду љумњурии бародарї садди касногузар гузошта мешавад, ба њељ ваљњ тарки Ватан намекардам. Ман то њол Тољикистонро ватани аслии худ мешуморам! Асад мегўяд, ки дар ду тарафи марз мардуми зиёде хешу табор доранд. Акнун, ки сарњад баста аст, наметавонанд ба тўю мотами њамдигар бирасанд. Барои дидори хешовандон имрўз раводид (виза) зарур аст. Ба даст овардани раводид фурусату ташвиш ва масрафи пулиро талаб мекунад. Ба ќавли ў, љавонзане хонаи шавњарашро муваќќатан тарк карда, бо ду кўдак ба хонаи модари пири танњояш баргаштааст. Бо умеде, ки рўзе сарњад боз мешаваду равуо барои ў бемалол мегардад. Асад андеша меронад: ба ин вазъ ки гунањгор аст? Ва худ љавоб медињад: сиёсатмадорон. Онњо бо овози баланд љорљ мезананд, ки тољику ўзбек - як мардуманд, ки бо ду забон њарф мезананд. Аммо, гуфтор дигар асту рафтор дигар. Онњое, ки ба љойи муносибати байни давлатњоро ба роњ монанду мустањкам кунанд, баръакс амалан муносибатњои неки њамсоядории байни ду мардумро хатчадор менамоянд. Намедонам ба кадом сабаб нобарорињои худро ба сари њамдигар бор мекунад. Кор то љое расидааст, ки њатто аз эњтимолияти амалиёти њарбии байни ду љумњурии њамсоя сухан меронанд. Асад бо итминон мегўяд: тољикону ўзбекон њељ гоњ ба сари якдигар мушт нахоњанд бардошт. Ин рўзњои тира даргузаранд. Мерасад рўзе, ки вазъият дигаргун мешавад. Мо ба хиради мардумони хеш бовар дорем. Мо умедворем, ки њамчунин мешавад. Умар ЮНУСОВ, муњољири мењнатї дар Ростови лаби Дон
БА ЉОЙИ 09 Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед? Пас, ВКД-и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефонии раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-21-21; Ќисми навбатдории ВКД: 221-08-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-15- 42, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 224-48-74; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 223-1330, 227-80-00; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-83-35; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-22-38; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї:233-72-24, 233-72-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-06-997, 6-30-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-25-36; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 2-25-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-91- 14, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ:221-00-16
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“Нигоњ”, ЧОРШАНБЕ №18 (346) 24. 07. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
МИРЗОДИККАКИ СУЃДЇ Мирзодиккак ваќте дубора ба сари мансаб расид, ба ќавле, худаш шоњу таъбаш вазир шуд. Гўё касе аз модарон ба монанди вай донотару чаќќонтар таваллуд накардаасту ў худ "яккаву ягона" дар минтаќа аст. Њоло бари шиками ў њам кам не, ѓам не, 1 метру 20 сантиметр асту дар ду соли мансабдорї ў он ќадар фарбењ шуд ки аз бозор базўр куртаву эзори мувофиќ ёфта мехарад. Аммо агар раиси калонаш ўро бо ягон масъала наздаш даъват кунад, ончунон њаш-њашкунон медавад, ки ягон одами хароб ва њатто варзишгарон њам дар ин ваќт ба монанди ў давида наметавонанд. Ончунон медавад, ки долонњои њукумат ба ларза медарояд, гўё, ки танка омада истода бошад. Ва аллакай њама њамкоронаш њам медонанд, ки агар долон ба ларза дарояд, њатман Мирзодиккак назди раиси калон даъват шудааст. Ў, ки бар сари яке аз табаќањои ањли зиё калону роњбар аст, агар рафту ягон маќолаи танќидї дар рўзномањо чоп шавад, хоб аз сараш мепарад. Шабро шаб рўзро рўз нагуфта, тамоми корњояшро як тараф монда, аз паи ёфтани муаллифи он мешавад. То ёфтани муаллифи гумном дањњо нафарро гумонбар дониста, дастњояшро мушт карда, ончунон ба ин тарафу он тараф мезанад, ки… агар ба Майк Тайсон муштзани маъруф расанд, дар як раунд чор бор нокдаун мешавад. Њамин хел рўзњо ў "нависанда"-ро наздаш даъват карда, њатман айнакашро болои биниаш гузошта паст-паст ба њамсўњбаташ пичир-пичир карда, ким чињо мегўяд, то ба ѓайр аз худаш њељ кас ўро намефањмад, ки чї мегўяду чї мехоњад. Чанд сол муќаддам худаш њам виљдон дошту бо имзои мустаор њам бошад мавод менавишт ва ба сўйи кофтуковкунандагон нигоњ карда, бозавќ механдид, ки касе ўро ёфта наметавонад. Аслан Мирзодиккакро фањмидан хеле душвор аст, зеро ки ў чун боду њаво таѓирёбанда аст. Ваќте ба њукумат кор омад, ончунон ба мансаб ва "раис" дил баст, ки пас аз рухсатї рафтанаш дар њасрати љои аз даст додааш ин ќадар ѓам хўрд, ки 3040 килограмм хароб шуду садњо килограмм димидролу пиво истеъмол кард. "Тарки одат амри мањол" гуфтагї барин аввал њукуматро ба њама "ганда" кард, ки нашуд. Аз дидани кормандони њукумат, ки мошинњоро савор шуда савлат меронданд, "дањонаш об мекушод"-у баръакс дасту дилаш ба њукумат ончунон гарм мешуд, ки зиндагиашро бе он курсии мулоиму раиси љонољонаш ва "левак"-њои бемисолу кару фарри бешумораш њатто тасаввур карда наметавонист. Хеле хароб, ки шуд майнаи солњои сол аз кор мондаи сабилашро ба кор дароварду кисаашро боз њам харобтар карда, боз мансабдор шуд. Акнун сирро бой надода, ба њама
вонамуд мекард, ки ўро дубора ба љои кораш даъват кардаанду ў њамто надорад. Баъди ин Мирзодиккак девонаи ба кори худ њушёр шуд. Ў ба хотири он ки касе маротибаи дуввум љои ўро нагираду ба чашми "раисаш" аз ў бењтар натобад, рўихати сиёњ тартиб дода, хеле аз ањли зиёро ба он дохил кард, ки ягон нафари онњо њатто ба чорабинњои серодамтарини минтаќа њам роњ намёбанд. Обрўмандтаринњоро ба раис "чалов"-у "ганда" карду "сояашонро аз девор тарошид". Ба ѓайр аз ин "њунарњояш", Мирзодикак дар сўиистифодакунї аз мансаб њам усто шуд. Ў, ки дар як ваќт раиси табаќаи ањли зиёи минтаќа аст, собиќаи кори худро, ки дар асл беш аз 30 сол аст, њамагї 17 сол нишон дода, њуљљатњои худро ба гирифтани унвони давлатї пешнињод кард. Ин њама барои соњиб шудан ба унвони баланди хизматчии давлатї. Охир ў пештар дар ташкилоти хориљї кор мекарду аз боварии њукуматдорони вилоят берун буд. Акнун ў фаромўш кардааст, ки ташкилоти хориљї дирўз барояш хуб буду имрўз ганда. Долларњои таги сари болини њамсараш њам аз њамон солњо аст. Хелењо ўро њай-њай мекунанд, аммо ў суруди бай-бай мехонад! Мардак мансабдор аст, мансабдор! Таърихро дар вараќаи мукофотгирї кўр карда шавад њам, дар сањифањои сангини осорхонањо, дар љилд-љилд китобњо мањфуз мемонад. "Гўр сўзаду кабоби девона пазад" - гўён ў њатто садњо њамкасбонашро, ки дар хонањои иљора зиндагї мекунанд, ба як нўл зада, худро эњтиёљманди хона номнавис карда, соњиби хонаи 3 - њуљрагї гардид. "Болои сўхта намакоб" имрўз хонаи гирифтаи ў дар њаво муаллаќ истодаву ба давлат ягон андоз намесупорад. Њол он, ки вай соњиби як "подезд" хона аст. Мирзодикак он чунон пухтаву тахта аст, ки дар озмунњои эљодї фаъолона иштирок варзида, љойи мувофиќро ба даст меорад. Ба наздикї љоизаеро гирифт, ки барои чопи маводњояш дар рўзномаи вилоятї унвон мешуд. Дар асл ягон маводашро дар ин рўзнома чоп накарда буданд ва бо ин кораш обрўи ин љоизаро њам дар вилояти Суѓд ба як танга баробар кард. Мирзодиккак аз мансабаш сўиистифода карда, чанд сол ин љониб писарашро аз хизмати њарбї мегурезонаду ба ў бо њар роњи сохтаву бофта њуљљат омода кардааст. Худаш хизматчии давлатию фарзандонашро аз хизмати Модар-Ватан мегурезонад. Њолдонњо мегўянд, ин ваќти рафтани Мирзодиккаки суѓдї шудааст, зеро Ѓалтакњои зиёде чењраи воќеъии ўро аллакай шинохтаанд. Бале, ўву ўбаринњо дер ё зуд меравад, вале захми дилњои дањњо зиёиён мемонад. Њарду бари рўи Мирзодиккакњои дурўя сиёњ бод, ки аз дасташон рўз надорад ин љомеаи афгори тољик!
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Амонулло ЊУКУМОВ, раиси КВД "РОТ": - Як Атовуллоеви касофат тариќи телевизион баромад карда меўяд, Рањмонов Ўзбакистонро ин хел гуфту он хел гуфт. Агар њамин гапњо дуруст бошад, мо њам розї ба њамин гапњо. -О, пеш аз Атовуллоев кадом касофат буд, ки дар њузури сафир Шоисломов лаќигї кард:"Рањмонов Каримова ита гуфт ута гуфт"?! Мо њам розї ба њамин гапњо, ки кабки фарбењ њам аз забони худаш тир мехурдааст-де! Љумъахон САФАРОВ, раиси ноњияи Шањритус: - Баъзе ташкилоте њастанд, ки дар ягон кори ободонї њам иштирок намекунанд ва њам касро ганда мекунанд. Ин гуна корњоро (туњфахарї дар сафари президент дар назар аст) аз аввал бо дастгирии соњибкорон њал мекарданд. Дар буљети мањаллї ин гуна маблаѓ нест. Пулаш ќариб 8 њазор доллар мешуд. - Љумахон Сафарович, аз алами кабаѓалии ноњия ин сири давлатиро фош кардед-ку! Туњфа фаќат барои президент дода мешавад, ё ошпазу сартарошу протоколу оператор њам 200-300 долларї интизоранд?
Ќоњир РАСУЛЗОДА, раиси вилояти Суѓд: - Мо пеш аз њама бояд он вазифае, ки аз љониби њукумати кишвар ва мардум бароямон гузошта шудааст, иљро кунем. Намедонам, аз кори ман мардум ва њукумати љумњур розї њастанд ё не. Аз ин р?, бояд камбудњоямонро ислоњ кунем. -Аз рўи китоб гап зада мондед-де, раис! Хушомадзанї ба њукумати љумњурро камтар карда, хизмати мардумро кунед, иншоаллоњ, таќдири Ќосим Рањбаровичро такрор намекунед. Ислоњ њам дар њамин аст. Мирзошоњрух АСРОРЇ, вазири фарњанг: -Фикри шахсии ман вобаста ба навиштаи хонум Тутубалина ин аст, ки хонум аз њад гузаронидааст. -Дар ин ки њич шакку шубњае нест, аммо чи зарурат дошт љанљоли "њами занак мурѓњои моро таги таѓора карда худамонро ягон кор карданияй"-ро бардоштани зиёиёни њукуматї?!
Саъдулло БЕКНАЗАРОВ, раиси ноњияи Ќубодиён: - Дар байни мардуми дењаи Ќизилнишон чанд бор маљлис гузаронидем, онњоро ба консертњо меорем, телевизиони Тољикистонро тамошо карда наметавонистанд ва фаќат телевизиони Узбакистонро тамошо мекарданд. Аз Хитой 10 њазор антенна овардем ва як ќисмашро ба онњо бо нархи арзон: 16-сомонигї додем ба онњо, то аќаллан забони давлатиро ом?занд ва сиёњро аз сафед фарќ карда тавонанд. -Аз барои Худо монед он одамони хушбахтрову тафаккури тозаи онњоро њам бо барномањои телевизиони Тољикистон олуда насозед.
Шерхон САЛИМЗОДА, Прокурори генералї: - Он чор нафар яроќи худро насупориданд ва аз дигар љойњо яроќ оварда, љавононро фирефта намуданд ва хостанд давлатро низ фиреб кунанду роњбариро дар Бадахшон ба даст гиранд. -И-и-и, о вай "равон шуданд чор љавон" 20 сол боз роњбарии Бадахшонро ба даст оранду шумо нав аз фиреб сухан мекунед?!
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09