“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
1
Такфир дар ислом №18 (451). Чоршанбе, 29-уми июли соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ИЌТИСОД
Зиёрат ба хотири ибодат
САЊИФАИ 4
ЉАЊОН
Лоиќ аз нигоњи Гулрухсор САЊИФАИ 8
ПЕШНИЊОД
Оби марворид табобат дар 20 даќиќа
РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ: АЗ ДИРЎЗ ТО ОЯНДА Бо писари президент чї кор кардан мехоњанд?
САЊИФАИ 11
Њавотозакунаки "AirPure Humidifier" аз Qnet бењтарин асбоб барои хона!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
2
Нишасти хабарии ахири Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар њоле сурат гирифт, ки аксари журналистон интизории зиёд доштанд. Ин љои бањс надорад, ки нишастњои агентї њамеша хабарсозанд. Дар замони Шерхон Салимзода агар дар ќатори масоили корї бањс бо прокурори генералї Бобохонов авлавият мегирифт, дар замони Абдулфаттоњи Ѓоиб, пањлуњои дигар вуљуд доштанд. Аммо нишасти ахири агентиро бо њузури Рустами Эмомалї журналистон ба он хотир хеле мунтазир буданд, ки ваќтњои охир ў дар пардаи телевизион зиёд пайдо мешавад. Њам "Сафина" ва њам "Шабакаи аввал" 5 - 8 даќиќа аз љараёни вохўрињои Рустами Эмомалї ахбор медоданд ва аз суханронињояш иќтибос меоварданд. Бархе аз корфармоёни фаъоли шабакањои иљтимої, масалан, Фейсбук дарњол сатњу сифати суханронињои директори агентї ва писари президентро ба бањс кашиданд. Аммо мегуфтанд, ки њанўз ба Рустами Эмомалї бањо додан барваќт аст, чун ў дар ин гузоришњои телевизионї аз рўи коѓаз матни тайёрро мехонад ва бояд мунтазир шуд, ки дар суњбатњои бевосита ў аз худ чї тавонмандие ба намоиш хоњад гузошт. Нишасти хабарї бањонаи бисёр хуб барои ин буд. Аммо дар нишаст на Рустам, балки муовинаш Аламхон Ќодирї ба назди журналистон њозир шуд ва гуфт, роњбараш азбаски ба назди президент барои як суњбати љиддї даъват шудааст, наметавонад дар ин маърака њузур дошта бошад.
Њолномаи ѓанї Аммо чаро рўзноманигорон ва дар умум мардум дар бораи писари президент бисёр донистан мехоњанд? Ва умуман дар бораи он, ки дар асл чї мегузарад? Дар Тољикистон равандњое эњос мешаванд, ки аксарият онро намебинанд. Онњое њам, ки мебинанд, дар борааш њарф намезананд. Ва гўё худро бо ин таскин медињанд, ки "бош, бубинем, чї мешавад?" Њоло њамчунин як раванд дар фаъолиятњои Рустами Эмомалї дар корзори њукумат ва сањнаи сиёсии Тољикистон мушоњида мешавад. Дурусттараш, аз як нињод ба нињоди дигар "кўчбандї" - њои писарбузурги президент гумону фарзияњоеро ба вуљуд овардааст, ки касе сари онњо ќазовати дуруст карда ва ё ба ин суол, ки "бо писари президент чї мекунанд?" посух дода наметавонад. Болоравињо дар мансабро як љавони 28 сола дар Тољикистон орзу мекунад, аммо ин барои Рустами Эмомалї аллакай тарљумаи њол ва таърихи зиндагист. Ин роњи кўтоњ, аммо пурѓановат дар роњи мансаб танњо насиби афроди мунтахаби таърих мешавад. Рустами Эмомалї мутаваллиди 19 декабри соли 1987 дар ноњияи Данѓара соли 2008 Донишгоњи давлатии миллии Тољикистонро бо ихтисоси иќтисоддон ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси њуќуќшинос хатм кардааст. Соли 2006 аввалин вазифаи худ - сармутахассиси шўъбаи њамкорї бо созмони умумии савдои вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистонро соњиб шуд. Ин як вазифаи оддї буд, аммо барои њолнома хеле муњим ба шумор меравад, зеро хурд аст, аммо оѓози мантиќист барои љавоне, ки бояд роњро "аз сари дастгоњ ба курсии роњбарии корхона" тай кунад.
Рустами ЭМОМАЛЇ:
АЗ ДИРЎЗ ТО ОЯНДА Бо писари президент чї кор кардан мехоњанд? Зинаи дуввум рањбарии Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Тољикистон њам идомаи мантиќии ин роњ буд, ки Рустами Эмомалї солњои 2009 - 2011 бо муваффаќият онро сипарї кард. Дар ин давра ў ба "корњои љамъиятї" низ љалб шуд. Ўро аз апрели соли 2009 муовини раиси Иттифоќи љавонони Тољикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатњои байналмиллалии Шўрои олимпии Осиё интихоб карданд. Њамин тавр, аз январи соли 2012 раиси Федератсияи футболи Тољикистон баргузида шуд ва ўро асосгузори тими бењтарини футболи Тољикистон - "Истиќлол" низ медонанд. Аммо ваќте узвияти Њизби халќї - демократиро ба даст овард ва узви Маљлиси шањри Душанбе интихоб шуд, бисёрињо њадс заданд, ки акнун ў ба фаъолиятњои љиддии сиёсї низ даст хоњад зад. Манзур, зуњури як чењраи дигар дар сиёсатњои Тољикистон буд. Коршиносон шитоб карданд, на Рустам. Ў роњи дигарро интихоб кард ё барои ў интихоб карданд. Таъиноти баъдї нишон медињад, ки ќисмати иќтисодї ва сиёсии роњи писари бузурги президент ба поён расид. Соли
2011 хеле ѓайриинтизор ў ба як нињоди ба зоњир нимаиќтисодї ва ниманизомї - Хадамоти гумруки назди Њукумати Тољикистон омад. Ў сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои гумрук, як сол баъд муовин ва боз як соли расо пас раиси ин нињод таъин шуд. Ќисмати ниманизомї ва нимаиќтисодии зиндагии Рустами Эмомалї он замон пурра низомї шуд, ки ба ў дар синни 26 - солагї унвони генералиро доданд ва ў ба далели низомї будан аз узвияти Њизби халќї - демократї баромад. Њамин тавр, генерали љавон моњи марти соли равон дар синни 28 - солагї раиси Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия таъин шуд. Се таъиноти ахир аз сўи президент ё падараш сурат гирифт ва пас аз ин бањсњои мувофиќат кардани ин иќдомњо бо ќонунгузории мубориза зидди коррупсия низ ба миён омаданд. Азбаски ин таъинот ба далели аз сўи падар таъин шудани писар бо ќонунгузории зидди коррупсия мухолифат мекарданд, шарњи ин иќдом низ дода шуд: вазифањое, ки бо салоњдиди президент дар ихтиёри афрод ќарор мегиранд, тасмими сиёсї аст, тасмимњои сиёсиро дар њолатњои фавќулодда ме-
гиранд. Дар асл оё мо дар робита ба Рустами Эмомалї њолатњои фавќулоддаро мебинем?
Муназзим Фаъолиятњои писари бузурги президент то омаданаш ба гумрук агар омодагї "барои корњои љиддї" буданд, аз ин ба баъд ў воќеан ба соњањое даст зад, ки "проблема" доштанд. Ва маълум аст, ки дар Тољикистон њар кас "проблема" карда наметавонад. Љилави ин гуна афродро, ки бидуни бањс, бо маќомоти болої ё афроди давру бари онњо рабт доштанд, танњо нафари ќавитар аз онњо метавонист бигирад. Интихоби Рустами Эмомалї дар наќши муназзим, танзимгар ё ба истилоњи кўчагї, "разборшик" далели он буд, ки афроди "проблемасоз" хеле љиддитар аз он будаанд, ки тасаввур мешаванд. Дастовардњо љомиаро зиёд мунтазир накарданд. Ба иттилои Неъмат Рањматов, он замон муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тољикистон, танњо дар давоми соли 2012 88 миллион сомонї пардохтњои гумрукї дар натиљаи пешгирии њуќуќвайронкунии гумрукї љамъоварї ва буљети давлатї ворид шуд. Ё масъалаи "хлопушка" як бизнеси бузурги
САДОИ МАРДУМ
50 ДАРСАД АЛАЙЊИ ТЕРРОРИСТОН ХОЊАНД ХЕСТ
35% 25% 20% 15% 10% 5%
Њатман, бидуни чуну чаро
30%
8%
14%
13%
8%
Дар посух душворї мекашам
Агар Сарфармондењи Олии Ќуввањои мусаллањ фармон дињад, чаро не
40%
Дар ин бора фикр накардам
45%
Тољикистонро чунин хатар тањдид намекунад
50%
Ватанро афсарону сарбозонаш њимоят мекунанд
49%
9%
0% 1
2
3
4
5
6
Њудуди 50 дарсад зимни як пурсиш омодагии худро ба њимояти Тољикистон аз террористон иброз доштаанд. Дар пурсише тањти унвони "Агар зарур ояд, омодаед, ки алайњи террористон бар њимояи Ватан хезед?" 49% (237 нафар) гузинаи "Њатман, бидуни чуну чаро" - ро интихоб кардаанд. 8% (38 нафар) гуфтаанд, ки "Агар Сарфармондењи Олии Ќуввањои мусаллањ фармон дињад, чаро не". 14% (67 нафар) бар ин
назаранд, ки "Тољикистонро чунин хатар тањдид намекунад". 13% (63 нафар) бар ин боваранд, ки "Ватанро афсарону сарбозонаш њимоят мекунанд". 8% (37 нафар) гузинаи "Дар ин бора фикр накардаам" - ро интихоб кардаанд ва 9% (43 нафар) гуфтаанд, "Дар посух душворї мекашам". Назарпурсї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" аз 24 то 21-уми июл дар сомонаи TojNews баргузор шуд. Дар он 485 нафар иштирок карданд.
СИЁСАТ ќочоќбарон, ки солњо ба ин сў барои мардум дар остонаи соли нави милодї мушкил эљод карда буд, низ дар замони Рустами Эмомалї њалли худро пайдо кард. То ин замон маќомот "мубориза мебурданд", аммо сол ба сол "бомба" - ву "мина" ва паќпаќакњои дигар оромии сокинонро бештар халалдор менамуданд. Њамзамон ду иттифоќи дигар пеш омад. Аввал, ќазияи дуздии њудуди 200 мошини олмонї буд, ки ба ќавли нашрияњои Олмон, дар Тољикистон пайдо шудаанд. Рўзномаи "Bild" 19 декабри соли 2013 навишт, ки ин мошинњоро наздикони президенти Тољикистон меронанд. Сафорати Тољикистон дар Олмон, вазорати умури хориљї ва Хадамоти гумруки Тољикистон њадафи ин хабарро бадном кардани Тољикистон унвон карданд. Аммо баъдар вазорати корњои дохилї аз боздошти 127 мошини дуздї, аз љумла 57 адад аз Олмон хабар дод, танњо ин даъворо рад кард, ки онњо ба наздикони президент ё аъзои њукумат тааллуќ надоранд. Моњи январи соли 2014 расонањои Чин хабар доданд, ки дар 11 моњи соли 2013 гардиши мол миёни Тољикистону Чин беш аз 1 миллиарду 670 миллион долларро ташкил дод (агар дар асл чунин мебуд, Чин љои Русияро гирифта буд), аммо ин раќам дар омори Агентии омори Тољикистон 660 миллион доллар њисоб шуда буд. Ин хабарро гумруки Тољикистон шарњ дода, гуфта буд, ки чинињо ба дигар тарз ва мо ба тарзи дигар њисоб мекунем. Дар њарду маврид њам рўшан нашуд, ки дар ошкор кардани воќеият то куљо генерали љавон ва тими ў сањм доштанд. Аммо 15 январи њамон сол Рустами Эмомалї њангоми љаласаи васеъи њукумат гузориш дод, ки наќшаи пардохтњои гумрукї аз 496 миллион сомонї бештар иљро шуд. Њамчунин ў бори аввал дар таљрибаи Хадамот ба 56 корманди гумрук калиди хона таќдим кард. Пас аз таъин шудан ба раисии Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия, нињоди хеле муътабар, аммо то љое машкуки солњои ахир, моњи июн низ Рустами Эмомалї "худро нишон дод". Дар љаласаи Шўрои амният президент Эмомалї Рањмон ин нињодро шадидан интиќод кард. Вай гуфт: "Ман медонам, инњо ба чї кор машѓуланд. Он ќадар шумораатон зиёд нест. Агар њамин стили кориятон бошад, ин сохторро барњам медињам. Ќисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эљод карда истодаед. Ваќте корманди Агентии зидди коррупсия худ даст ба коррупсия мезанад, ин чї гуна сохтор асту чї гуна методи ќабули кормандон аст?" Пас аз ин писараш дар Агентї аттестатсия гузаронд. Аз аттестатсияи 79 хизматчї ва 309 корманди воњидњои њифзи њуќуќи Агентї 16 хизматчї ва 40 корманд, љамъ 56 нафар нагузаштанд. 3 июл дар як нишасти бо ширкати рањбарияти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Шўрои адлия, Суди олї, Суди олии иќтисодї, Палатаи њисоб ва намояндагони дигар нињодњои давлатї баргузор шуд, Рустами Эмомалї њушдор дод: "Номатонро доѓдор накунед, сазовори боварии мардуми шарафманди Тољикистон бошед". Кор ба љое расид, ки 13 июл Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия њатто се љонибдори созмони террористии "Љундуллоњ" ро дар ноњияи Ѓафуров боздошт кард, њарчанд мубориза бо терроризм салоњияти маќомоти дигар аст. Ва 21 июл як соњибкори чиниро њангоми 3 миллион сомонї пора додан ба корманди Агентї боздошт намуд. Дар ањди Рустами Эмомалї дар Агентї ќабули шањрвандон аз љониби
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
роњбарият ќариб се баробар афзоиш ёфт... Расонањо дар замони рањбарии Хадамоти гумрук ва њоло Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия нињодњоро бештар бо номи ў - "нињоди Рустами Эмомалї" зикр мекарданду мекунанд. Ин њама далели дуруст пеш рафтани кори писари бузурги президент аст. Аммо коршиносон чї камбудеро дар ин пешравињо мебинанд?
3
Муњибуллоњ Ќурбон Чун ба њудуди иёлати Вирљиниё расидем, мошинро дошт ва ба як тахтае, ки дар он эълон мечаспонидаанд, ишора намуд. Ду - се нафар аз он лањв ба телефонашон, ба фикрам, раќаме мекўчониданд.
"Доира" - и номусоид Аслан таваљљуњ ба писари бузурги президенти Тољикистон пас аз он шуруъ шуд, ки соли 2003 Њайдар Алиев, собиќ рањбари Озарбойљон њукуматро ба писараш Илњом Алиев вогузор кард. Он замон њафтаномаи "Рўзи нав" як пурсишеро тањти унвони "Мехоњед Рустам Рањмоновро президенти Тољикистон интихоб кунанд?" баргузор намуд ва кам касе ба љиддияти мавзуъ таваљўњ кард, чун он замон Рустами Эмомалї хеле љавон буд ва чизе аз худ зоњир намекард. Ин далел њам буд, ки ба мерос гузоштани њукумат хоси на кишварњои демократї, балки шоњї аст. Аммо њоло соли 2015 аст ва таљрибаи Озарбойљон нишон дод, ки як намунаи бесобиќа наметавонад бошад, бахусус барои Тољикистон. То интихоботи президентии соли 2020 њафт сол боќї мондааст ва пешравињои Рустами Эмомалї собит мекунанд, ки ў то 7 соли дигар метавонад як сиёсатмадори пухтае шавад. Аммо огањони њол бар инанд, ки барои шаклгирии шахсияти ў, ба љуз ин ки писари Ќањрамони миллии Тољикистон, шахсияти таърихї ва хизматнишондодаи миллї аст, муњити созгор ва мусоид вуљуд надорад. Аз љумла инро зикр мекунанд, ки дар "доира" (истилоњи русии "круг") - и ў афроди шоиста анќариб вуљуд надоранд. Масалан, онњое, ки менељерони иќтисоду њуќуќшиносони хатмкардаи донишгоњњои пешрафтаи љањону афроди фарњангї ва имиљмейкерони тозафикранд, дар доираи ў дида намешаванд. Сабзиши ў дар доирањое сурат мегирад, ки аз мардум дар фосила ќарор доранд. Бахусус зикри номи ў дар ќазияи фирори фармондењи ОМОН, нињоди масъули амнияташ, нишон медињад, ки ба ў маълумоти нодуруст мерасонанд ва ў бояд ба манбаъњои дигари иттилоъ, бахусус њирфаиёни сохторњои ќудратї низ такя кунад. Воќеияти дигар ин аст, ки њанўз худи Рустами Эмомалї яке аз марказњои таъсиррасон ба маркази ќабули ќарор аст. Дар баробари ў, аз љумла аз доираи хонаводааш чанд маркази дигар ба маркази асосї таъсиргузор њастанд. Мутаассифона, ин марказњои таъсиргузор дар нињодњои давлатї низ нуфуз доранд. Масалан, њар яке аз онњо ин имконро дорад, ки мустаќим ба ягон вазир ё раис тамос гирифта, таъсир расонад ё нафари худро дар ин ё он вазифаи калидї гуморад. Њамчунин њолат солњои пеш вуљуд надошт. Раису вазирони пешин мустаќим бо худи рањбари давлат итоат мекарданд ва аз як марказ таъин ва њидоят мешуданд. Ваќт ва кўшишњои зиёде лозим аст, ки худи ў дар маркази маркази асосї ќарор гирад, агар ба ў халал расонда нашавад. Хулоса, ин ки аз вазифа ба вазифа сафарбар кардани писари бузурги президент њоло маълум намекунад, ки бо ў чї кор мекунанд: ўро барои танзими мушкилот истифода мекунанд, ё барои як рисолати таърихї "мепазонанд".
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
Орзу барои ориёињои асри… ХХII Дўсте дорам бо номи Абдуманнон, ки дар иёлати Вирљиниё истиќомат дорад. Ин иёлат ба монанди шањри Вањдат ва ё Њисор, ки дар наздикии пойтахт њастанд, дар назди пойтахти Амрико, шањри Вошингтон воќеъ аст. Аксари мардуми ин иёлат дар Вошингтон фаъолияти мењнатї доранд. Аз љумла, дўсти мо Абдуманнон њам дар пойтахт шуѓл меварзад. Ў њар рўз аз Вирљиниё ба пойтахт бо мошин ба кор рафта меояд. Њаминр њам бояд гуфт, ки дар Амрико шабакаи наќлиёти шањрї хеле заиф аст, яъне, хатњои зиёд нест ва автобус зуд - зуд њаракат намекунад ва аксари мардум, шояд то 99 дарсади мардум аз наќлиёти хусусї истифода мебаранд. Дар яке аз сафарњоям ба Амрико дўстам Абдуманнон, ки воќеан марди мењмоннавоз њам њаст, маро ба хонааш ба мењмонї даъват кард. Чун ба њудуди иёлати Вирљиниё расидем, мошинро дошт ва ба як тахтае, ки дар он эълон мечаспонидаанд, ишора намуд. Ду - се нафар аз он лањв ба телефонашон, ба фикрам, раќаме мекўчониданд. Абдуманнон наќл кард, ки чун Вирљиниё минтаќаи сабзу њавояш тоза аст, бисёр ходимони идорањои њукумат ва дигар муассисањои Вошингтон дар иёлати Вирљиниё зиндагї мекунанд ва табиист, ки њар яке мошин дорад. Дар омади гап њаминро бояд зикр кард, ки дар манзили Абдуманнон чор мошин ва як мотосиклро дидам. Аммо чун њар рўз наќлиёти бисёр аз иёлати мазкур ба пойтахт меравад, ифлосшавии њавои шањр њам таносубан меафзояд. Аз ин сабаб мардуми Вирљиниё ба ќароре омадаанд, ки барои камтар ѓуборолуд шудани њавои пойтахт сањм гузоранд. Масалан, агар ду ё се сол пештар њар рўз ба Вошингтон дањ њазор мошини сабукрав мерафта бошад, њоло шумораи онњо ду ё се баробар кам шудааст.
"Чї тавр се баробар кам шуд?" зуд кунљкобї кардам. Дўстам наќлашро идома дод, ки њар бегоњї њамонњое, ки дар Вошингтон кор мекунанд, дар ин тахта телефони худро мегузоранд ва ду ва њатто баъзан се нафарро хоњиш мекунанд, ки рўзи дигар ба ў занг зананд. Њамон шахси эълонгузор хабар медињад, ки ў рўзи дигар се нафарро аз манзилашон мегирад ва ба Вошингтон мебарад ва дар љойњои корашон мерасонад, баъд бегоњї њарсеяшонро боз аз љойњои корашон гирифта, ба Вирљиниё то ба манзилашон мерасонад ва дар натиља ба пойтахт ба љойи се ё чор як (!) мошин меравад. Сухани дўстамро гўш мекардаму ёдам ба Тољикистони азизам мерафт. Тасаввур мекардам, ки дар даромадгоњи шањри Вањдат, Шањринав ва ё Њисор чунин лавњи эълонњо њаст ва њар бегоњ онњое, ки дар Душанбе кор мекунанду дар ин ноњияњо истиќомат, дар ин тахта телефони худро мегузоранд ва менависанд, ки омодаанд пагоњї се нафареро, ки дар Душанбе кор мекунанд, аз манзлашон гирифта, дар љойњои корашон расонида, бегоњї боз онњоро аз идорањояшон гирифта, ба манзилњояшон дар ноњияњояшон мерасонанд... Чунин амал шуданаш эњтимол дорад? Дорад, танњо барои авлоди худ, яъне, падар, фарзанд ва ё хоњару додари худро мо, албатта, то љойи кор ва ё тањсил мерасонем, вале бегонаеро на. Барои ин амрикоии сияњпўст, зардпўст ва ё сафедпўст бояд буд, ки дар бораи фазои тозаи шањр андешид. Ногфта намонад, ки њиссаи сияњпўстон дар пойтахти давлаташон дар муќоиса бо дигар шањру иёлатњо зиёд аст вале ин корро мо, давомдињандаи наслњои ориёї мекунем? Шояд наслњои ояндаи мо пас аз саду дусад сол ба чунин дараљаи тафаккур бирасанд, ки ба љуз манфиати худу атрофиён дар бораи манфиати дигарон, манфиати миллату давлат низ фикр кардан даркор аст.
АЊЗОБ
Бозгашти Бозор Собир ба ИМА
Бозор Собир, шоири шинохтаи тољик баъди ду сол дубора ба ИМА баргаштааст. Дар Иттифоќи нависандагон низ тасдиќ кардаанд, шоири тавонои тољик њудуди ду њафта пеш аз Тољикистон рафт, аммо ў нагуфтааст, ки бармегардад ё не. Дар Иттифоќи нависандагон мегўянд, ки шоир мањз барои дидорбинии пайвандонаш, ки дар Сиэтлли
ИМА ба сар мебаранд, ќасди сафар кард. Дар бораи он, ки ў боз ба Тољикистон хоњад омад ё не, дар Иттифоќи нависандагон чизе нагуфтанд. Замоне, ки дар Тољикистон буд, болонишини мањфилњои адабиву фарњангии маќомоти њукуматї буд, њамеша дар мањфилњои Иттифоќ ширкат мекард. Бозор Собир баъди 19 соли мусофират дар ИМА 27-уми майи соли 2013 дар замони маъракаи интихоботии президентии Тољикистон ба Душанбе баргашт. Пеш аз ин, се бор ба Тољикистон омада буд, ки бештар аз љониби фарњангиён ва фаъолони љомеаи шањрвандї истиќбол мешуд. Аммо бозгашти охири ў куллан фарќ дошт, ба гуфтаи худаш бо даъвати Президент Эмомалї Рањмон баргаштааст. Даъвати Президентро ба ў вазири корњои хориљї Сирољиддин Аслов таслим кардааст.
Баъди се рўзи бозгашт Бозор Собирро Президент Эмомалї Рањмон ќабул ва сўњбати хосае дошт. Он ваќт Абдуфаттоњ Шарифзода, сухангўи Президент ба раоснањо гуфта буд, ки ба бозгашти шоири тавоно тобиши сиёсї надињанд. Гуфтугузорњо атрофи он, ки шоирро мањз дар соли интихобот бо њадаф даъват кардаанд, бепоя хонда буд. Ваќти бозгашташ ба Душанбе дар фурўдгоњ гуфта буд, ки барои њамеша ба Тољикистон омадааст. Њасрати пирї низ карда, аз он гуфт, ки барои дафн дар ќабристони ИМА як љой 10 њазор доллар нарх дорад, аммо сўзондани љасад 7 њазор доллар мебошад. Дар давоми ду соли дар Тољикистон буданаш, исми ў ќариб њамеша дар сархати расонањо ќарор дошт. Сўњбату изњори назарњои бањсбарангезаш ўро аз расонањо дур наме-
кард, гарчи як муддат мегуфтанд, ки Низом Ќосим, собиќ вакили парламент ва њоло раиси Иттифоќи нависандагон масъули сўњбати шоир бо расонањост. Дар пайи ќазияи ќатли вањшиёнаи Фархунда, як духтари афѓон дар Кобул шеъре навишт, ки боис ба вокуниши тунди сафири Афѓонистон дар Тољикистон шуд. Инчунин, бо нашри матлабе аз Президент Эмомалї Рањмон ситоиш карда, ўро ба Ризошоњи Пањлавї, охирин подшоњи Эрон ташбењ карда буд. Бозор Собир соли 1938 дар ноњияи Файзобод таваллуд шудааст. Аз саромадони љунбиши бедории мардуми тољик дар солњои 70 ва 80-и асри гузашта буд, ки мањз дар ин солњо шеърњои "Забони модарї", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тољикистон"-ро эљод кардааст. Дар оѓози дањаи 90 дар саргањи нерўњои демократї ќарор дошт, вакили Шўрои олї шуда буд. Аммо дар замони истиќлол дар соли 1993 9 моњ зиндонї шуда, дар охири њамон сол аз Тољикистон рафт. Соли 1994 аз Русия ба ИМА кўч баст. Шањрвандии ИМА-ро дорад.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
Рамазон мавсими шукўњи ибодатњо барои мусалмонон аст, вале дањаи ахири ин моњи муборак бањори ин мавсим аст. Дар ин дања мўъмимон бештар аз тамоми рўзњои сол дар тоату ибодат ва хайру саховат мекўшанд. Инчунин дар ин дања шабест, ки Худои Таъоло ибодати онро баробар ба ибодати њазор сол донистааст. Онњое, ки дасташон мерасаду тавони Њаљљи Умра карданро доранд, дар ин дања ба сўи Каъба-ќибалаи мусалмонон мешитобанд. Фазлу рањмати Худовандї буд, ки имсол дар ќатори зиёда аз 2 миллон зоир њудуди 500 тољикистонї низ дањаи ахирро дар љивори Хона Худо ва дар Њарами Маккї гузарониданд. УМРА Расули Акрам (с) мефармоянд: "Умра дар Рамазон Њаљ кардан ё мисли он аст", ривоят аз Имом Бухорї. Имсол дар нимаи дуюми моњи шарифи Рамазон бо фазлу марњати Худовандї садњо нафар тољикистонї ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуд. Лутфи Худои Карим буд, ки банда низ дар ќатори ин зоирони Каъба ба зиёрати Маккаву Мадина сарфароз гардидам. Аксари ин зоирони кишвар барои анљоми Њаљљи Умра тавассути ширкати ватании ЉДММ "Расул" ба Арабистони Саудї сафар карданд. Ин сафарро метавон сафаре нек ва муборак номид, чун аксар зоирони Хонаи Худо аз он чї дар анљоми ибодатњо мехостанд, бањравар шуданд. Зоирони тољик низ дар ќатори дигар мардумони аз дуру наздик ба ин макони муќаддас ташрифоварда, њама машѓули тавофи Каъба ва саъй байни Сафову Марва ва ба ќироати Ќуръону дуруду салавот фиристоданд ба Расули Худо(с) буданд. Гурўње борњо Њаљљи Умра мекарданду гурўње дигар дањаи ахирро дар эътикоф- узлатнишинї дар масљид- бо ќироати Ќуръон мегузарониданд ва гурўњи сеюм бо дасти саховатмандонаашон ба дигар корњои хайр машѓул буданд ва як гурўње њам дар хидмати ин њама зоирон саф мекашиданд... РАЌОБАТ ДАР ИБОДАТ Дар ин айёми пурфайзу баракат зоирони Хонаи Худо, ки њудуди 2 миллиону 300 њазор нафар аз дуру наздик ташриф оварда буданд, дар Маккатуллоњ майдони раќобатеро дар ибодат ва хайру саховат бо њам ороста буданд. Он љо амалан маънои ин ояти каримаро, ки Худои Карим вафс кардааст: "Ононе, ки ёди Худоро ростову нишаста ва ба пањлў ѓелида анљом медињанд ва дар бораи офариниши замину осмонњо меандешанд..." (ояи 191, сураи Оли Имрон), фањмидан мумкин буд. Аз сўи дигар, дар ин майдони раќобатњои ибодатї ду гурўњи азиме бо њам саф кашида буданд. Аз як љониб занњо ва љониби дигар мардњо. Њар чанд теъдоди занњо нисбат ба мардњо њудуди 40/60-ро ташкил медод, вале дар ибодот фикр мекунам гурўњи занњо муваффаќтар буданд. Чун ќаблњои нозуке доштанд, оби дидаашон нисбат ба мардњо зиёдтар мерехт. Он љо дидам, ки мўъминон барои касби сифати "бењтарини мардумон", ки Худои Карим дар васфи мўъминон мегўяд: "Њамоно бењтарин шумо назди Аллоњ парњезкортарини шумост" (ояти 13, сураи Њуљурот) бо њам майдондорї мекарданд. Ёд дорам пиразани беш аз 75-солаеро, ки рўз то бегоњ дар Њарами Маккї рўзадор ва машѓули тоату ибодат буд ва шаб то сањар њам дар таровињу ќиёми лайл (намозњои шабона) дар ќатори садњо њазор нафари дигар дар сафи намоз меистод. В-он пиразани дигаре, ки бо шавњараш якљо ба Њаљљи Умра сафар карда буданд, њамсарашро накўњиш мекард, ки чаро дар тоату ибодат дар Њарами Худо, ки як ракаат намоз баробар ба 100 њазор ракаат дар дигар љойњост,коњилї мекунад? Он замон аз љавонию коњилї ва тарзи ибодат карданњоям мешармидам... ЭЪТИКОФ Эътикоф- нишастан дар дањаи ахири моњи Рамазон дар масољид суннати муаккада аст. Расули Худо(с) њар сол дар моњи Рамазон дар масљидаш дар Мадинаи мунаввара узлатнишинї мекарданд. Он замон аз њарваќта дида бештар ба тиловати Ќуръону ибодат кардан машѓул мешуданд. Он Њазрат(с) дар айёми эътикоф он чї аз Ќуръон нозил шуда буд, ба Љибраили Амин њамасола мешунавониданд. Бар илова, Паёмбар(с) ба асњобашон таъкид мекарданд, ки шаби "Ќадр"-ро, ки баробар ба 1000 моњи ибодат кардан аст, дар њамин дањаи ахир љўё шаванд. Гурўње аз зоирони Хонаи Худо њам бо пайравї аз ин суннат ва таъкидо-
ГУЗОРИШИ ТАСВИРЇ
Зиёрат ба хотири ибодат Хоњишмандони зиёрати Њаљљи умра метавонанд ба шуморањои зерин ЉДММ "Расул" тамос гиранд: Тел: 224 48 58, 919 62 62 00, 93564 00 04
®
ти Расули Акрам(с) ба ќадри тавон дар Њарами Маккї эътикоф менишастанд. Шаби 27-уми Рамазон, ки тибќи аксари ривоятњо шаби ќадр ба њамин шаб рост меояд, њеч гоњ аз хотирам намеравад. Он шаб дар Њарами Маккї он ќадар теъдоди зоирону намозгузорон зиёд шуда буд, ки гўё майдони Њашр њамон љо ќоим шудааст. Аз касрати мардумон на танњо Њараму сањни он, балки кўчањои атрофу долонњои мењмонхонањои наздик ба Њарам њам ѓуноиши намозгузоронро надоштанд. Ваќте ин њамаро бо чашми сар медидам, ќиссаи бунёди Каъба тавассути Паёмбари Худо Иброњим ва писараш Исмоил (алайњимассалом) ба хотирам мерасид. Он љо, ки Аллоњи мењрубон баъд аз бунёди Хонаи Каъба ба Иброњим (а) мегуфт: "Ва мардумро ба сўи (анљоми маносики) Њаљ даъват кун, то пиёдаву савора ва аз роњи дуре ба сўи ту љамъ оянд"(ояти27, сураи Њаљ) тањаќќуќ ёфта буд, ба худ мегуфтам, Худоё, даъвати Паёмбари Туро ин њама мардумон лаббайк гуфта омаданд. Шаби хатми Ќуръону дар намози Ид њам теъдоди мардумон аз шаби Ќадр камтар набуданд. Ваќте ин дањаи муборака ба охир мерасид, аксари зоирон ѓамгин буданд, чун дигар намедонистанд, ки то рамазонњои дигар зинда мемонанд ё на ва муњимтар аз он агар зинда њам бошанд, тавфиќи зиёрату ибодат дар чунин рўзњо насибашон мешавад ё хайр?! САЙРИ АРАФОТ Вуќуф дар Арафот љузъи маносики Њаљљи Умра нест, лекин бо ин вуљуд зоирони тољик ба хотири ибрат ва ёдоварї аз макони нузули Одам ва яке рукнњои асосии Њаљљи фарзї ба дидани маконњои муќаддаси Минову Муздалифа, Љамарот ва Арафот рафтанд. Арафот њамон кўњи замоне бо њашаматаст, ки бо мурури замон њоло ба назар аз он теппае боќї мондааст. Њамон маконест, ки Расули Худо дар њаќќи он мефармояд: "Њаљ истодан дар Арафот аст". Ба иборати дигар, касе дар айёми Њаљљи фарзї ба арафот наравад, Њаљљаш нотамом боќї мемонад. Аз як сў зиёрати ин маконњои муќаддас дарсњои амалї ба касоне, ки Њаљљи фарзї анљом надодаанд, мебошанд ва аз сўи дигар тафаккури инсониро ба гузаштањои дур мебаранд. Њамон гузаштаи талхе, ки падарбузург ва модарбузургамон њазрати Одам ва Њавво (алайњимассалом) бо сањлангорї ба фармони Илоњї ба дарахти мамнўъ шуда, наздик шуданду аз меваи он хўрданд ва сипас аз бињишти барин ба замин ронда шуданд. Бахусус, ќиссаи тавбаи онњо, ки хеле љаззобу дилниш Ќуръони Карим аз он ёд кардааст, пеши назар меоянд: "Парвардгоро, бар нафсњои худ зулм кардем ва агар моро набахшї ва бар мо рањм накунї њамоно мо аз гурўњи зиёнкорон хоњем буд" (ояи 23, сураи Аъроф). МАДИНА - ШАЊРИ ПАЁМБАР(С) Мадинаи мунаввара, њамон сарзаминест, ки дар гузашта бо номи "Ясриб" ёд мешуд. Замоне, ки даъвати Паёмбари Худо(с) дар Мак-
ка ва атрофи он густариш пайдо карду фишорњои сарварони ањли Макка бар мусалмонон зиёд шуданд, мардуми Мадина бар хилофи ањли Макка ба Расули Худо(с) имон оварда, Ўро ба сарзамини хеш даъват карданд. Ваќте ќадами мубораки њазрати Муњаммад(с) ба ин сарзамин гузошта шуд, онро Мадинат-ур-Расул ё Мадинаи Мунаввара ном нињоданд ( шањри Паёмбар ё шањри нурафшон). Ањли Мадина бар хилофи ањли Макка аз Расули Худо(с) ва ёрони ростинаш бо љону молашон дифоъ ва ба онњо кумак карданд ва ба њамин хотир Худои карим ба онњо лаќаби "Ансор"-ро сазовор донист. Дар ин шањр, нахустин масљид, нахустини њукумати Исломї бунёд шуд ва равзаи муборакаи он Њазрат(с) њам, ки Расули Худо(с) дар борааш мефармояд: "Байни мењробу минбари ман боѓчае аз боѓчањои бињишт аст", дар масљиди Набавї аст. Дар ин масљид як ракаат намоз хондан баробар ба 1000 ракаат намоз дар дигар масљидњост. Инчунин Масљиди Набавї аз љумлаи њамон се масљидест, ки Расули Худо сафар кардан ба онњоро ташвиќ кардаанд. Дар пањлўи равзаи муборака марќади Њазрати Паёмаб(с) ва Абўбакру Умар дар хонаи модарамон Оиша (Худо аз онњо розї бод) воќеъ шудааст. Дар канори Њарами Маданї ё худ Масљиди Набавї ќабристони Баќиъ љойгир аст, ки њудуди 10 њазор сањоба он љо ба хок супурда шудаасту то њол мардумоне зиёде он љо ба хок супурда мешаванд. Дар ин шањр ќабристон шањидони Уњуд њам вуљуд дорад. Њамон ќабаристоне, ки бо сабаби як нофармонї аз Паёмбар(с) 70 тан аз сањобагон ба ќатл расиданд. Хулоса, Мадинаи мунаввара њама пур аз осори таърихии садри Ислом асту мардумонаш то кунун пойбанди таълимоти ин дини бузурги љањонианд ва њар зоире, ки вориди Мадина мешавад, шефтаи он шањр мегардад... БАРДОШТЊО Дар ин сафар моро пиру барноњои зиёде њамроњї мекарданд. Касоне њам буданд, ки барои панљумину шашумин маротиба ба Њаљљи Умра мерафтанд. Ин гурўњи мардумон бо ифтихор мегуфтанд, касоне, ки лаззати ибодат дар Рамазонро дар Њарами Маккї боре чашида бошанд, то ваќте зиндаву саломат њастанд, онро фарўш нахоњнд кард. Ба њамин хотир њамасола талош мекунанд, ки дањаи ахири Рамазонро он љо гузаронанд. Як гурўњи дигаре аз ин зоирон, ки бо худ ёру ёваре доштанд, дар анљоми тоату ибодат муваффаќ буданд. Аммо бар хилофи онњо касоне низ њузур доштанд, ки чун синну солашон ба љое расида буд ё аз саломатиашон шикояте доштанд, дар танњої дар анљоми ибодатњо чандон муваффаќ набуданд. Роњбаладон њам вазифадор набуданд, ки тамоми гурўњњоро як сў гузошта, аз ќафои ин чанд нафаре шаванд. Барои мисол, пирамарде дар ин сафар моро њамроњї мекард, ки бори аввал ба Њаљљи Умра рафта буд, касе аз наздикону пайвандонаш бо ў њамсафар набуд, бар илова шунавоияш њам хуб набуд. Вай на танњо дар анљоми ибодатњо мисли ди-
гарон муваффаќ набуд, балки дар дигар корњо, аз љумла хўрдану нўшидан њам ба дастёре ниёз дошт. Њатто утоќи хобашро њам дар мењмонхона ба танњої пайдо карда наметавонист. Ба њамин хотир тавсия дода мешавад, ки чунин афрод њангоми сафар бо њамроњони хайрхоњу мухиласашон ба зиёрат Хонаи Худо рањсипор шаванд то бењтар истифода кунанд... БА ЉОИ ХУЛОСА Ба назари банда, дар умум шароити мењмонхонањои интихоб шуда ва хидматрасонии онњо дар ин муддат ба зоирони тољик бад набуд, бояд холисона гуфт, ки зоирон аз тамоми хидматрасонии мењмонхонањо истифода намекарданд, чун мегуфтанд, ки барои ибодат омадаем, на кайфу саёњат. Вале бо ин њол табиист, ки чун дар њар гурўње афроди гуногунсалиќае вуљуд дорад, хоњишу хостањои онњоро низ бояд ба инобат гирифт. Ширкати хидматрасонЉДММ "Расул"-ро зарур аст, ки дар даврањои баъдї дар интихоби таъоми зоирон таљдиди назар кунад. Истифода кардан аз таомхонаи туркї бо шароите, ки дар ин давра дар Макка буд, он ќадар бад нест, вале агар таомхонаи тољикї ташкил ташавад, истифода кардан аз он барои зоирони тољик бењтар аст. Инчунин барои муаррифии бењтари кишварамон истифода кардан аз баъзе таљрубањои Кумитаи дин ба мисли сару лисоби ягона ва љузводонњои таблиѓотї хуб аст. Кумитаи динро низ лозим меояд, ки аз тарзи хидматрасонии хуби ин ширкат ва интихоби мењмонхонањои наздиктар ба Њарам дар маросими Њаљљи фарзї истифода кунад. Чун баъзе зоироне, ки тайи чанд соли ахир аз хидматрасонињои Кумитаи дин дар мавсими Њаљљи фарзї истифода карда буданд, аз кори хидматрасонии ЉДММ "Расул" дар баробари Кумитаи дин ситоиш мекарданд. Табодули таљрубаи њар ду нињод ба нафъи мардум хоњад буд. Ба ЉДММ "Расул", ки ягона ширкати сафарбаркунандаи Њаљљи Умра дар Тољикистон аст, пешнињод карда мешавад, ки бар иловаи даврањои 15 ва 21рўза даврањои 7 то 10-рўзаро њам мадди назар дошта бошад, чун њама хоњишмандон ваќту имкониятњои лозимиро дар чунин рўзњо надоранд. Ва ахиран ин ширкати ватаниро зарур аст, ки дар њамлу наќли зоирони тољик дар интихоби ширкати њавоии хидматрасон "Флай Дубай" таљдиди назар кунанд. То њадди тавон кўшиш карда шавад, ки парвозњои мустаќим Тољикистону Арабистонро пайдо кунад, ва илло њангоми интихоби хатсайрњои транзитї низ муддати сафар ва хўрду хўроки зоиронро ба инобат бигирад. Дуруст аст, ки сафар бе зањмату машшаќат намешавад, вале чун рўз то рўз шароити хидматрасонї дар љањон бештар мешавад, хостањои мизољон низ меафзоянд. Амруллоњи НИЗОМ, Душанбе - Дубай - Љидда - Макка Мадина - Љидда - Дубай - Душанбе
АДЛ Муњтарам њомиёни волоияти ќонун ва арзиши оли доштани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд! Хотиррасон менамоям, ки бо Њукми суди вилояти Хатлон аз 30.04.с.2015 Ризвонов Њошимчон Нозирхуљаевич (тибќи ќисми 2 моддаи 247 бандњои "а", "в", ва ќисми 3 моддаи 32, ќисми 2 моддаи 255 бандњои "а", "в" КЉ ЉТ) ва Абдуллоев Бурњон Салењљонович (тибќи ќисми 3 моддаи 32, ќисми 2 моддаи 255 бандњои "а", "в" КЉ ЉТ) дар содир кардани љиноят гунањкор дониста шудаанд. Азбаски мањкумшудањо ду нафар њастаанд, аввал ду калима дар бораи мањкумшудаи аввал. Дар ќисми 2 моддаи 247 нисбати Ризвонов Њ.Н. таъин шудани муњлати љазо бањснок аст ва тибќи ќонун ба ў таъини љазо дар намуди мањрум кардан аз озодї раво набуд, бояд ин масъаларо дар мурофиаи суди марњилаи кассастионї тањлил ва татбиќ бояд кард. Аммо, барои банду баст кардани нисбати Ризвонов Њошимчон Нозирхуљаевич дар асоси ќисми 3 моддаи 32 ва ќисми 2 моддаи 255 бандњои "а", "в" КЉ ЉТ ягон асоси њуќуќї ва воќеї мављуд нест ва парванда дар ин ќисм бояд ќатъ карда шавад. Нисбати зерњимояи ман Абдуллоев Бурњон Салењљонович, ки тибќи ќисми 3 моддаи 32, ќисми 2 моддаи 255 бандњои "а", "в" КЉ ЉТ на танњо нодуруст банду баст карда шудааст, зеро на танњо ягон асоси њуќуќї ё воќеї мављуд нест, балки барои оѓоз кардани парвандаи љиноятї асос нест ва набуд. Яъне зерњимояи ман беасос ва ѓайриќонунї ба љавобгарии љиноятї кашида шудааст ва аз 19 декабри с. 2014 ѓайриќонунї дар тавќифгоњи тафтишотии шањри Ќурѓон-теппа ќарор дорад. Биёед, ба мушаххасот гузарем ва ќилро аз хамир људо кунем. Танњо хоњиш мекунам, ки ба эњсосот дода нашуда, ваљњо ва хулосањои маро тањлил намоед. Ман дар мурофиаи суди марњилаи аввал њаматарафа тањлил кардам, ки фикри айбдоркунї, ин санади муњими мурофиаи судї аз љониби тафтишоти пешакї ва прокурори назораткунанда ва тасдиќкунанда, яктарафа, ѓайриобъективї ва дар асоси инкор кардани меёрњои асосии ќонунгузории љиноятї (КЉ) ва мурофиавии љиноятї (КМЉ), тартиб дода шуда, он маводњои (нишондоду далелњо ва банду басти) пешнињодкардаи тафтишоти пешаки ва тасдиќи прокурор нисбати Абдуллоев Б.С. њатто ќисман, нопурра тасдиќи худро дар мурофиаи судї наёфт ва ёфта њам наметавонад. Барои чї? На танњо барои он, ки ин парванда супоришї ва ѓаразнок буд, ва парвандаи љиноятиро нисбати Бурњон Абдуллоев махсусан ташкил кардаанд, балки аз рўи на воќеияти кор, на далелњо, на банду баст ва ѓайра, парвандаи њуќуќї намебошад. Хотиррасон мекунам, ки аз чи ва дар кадом асос парвандаи љиноятї оѓоз карда шуд? Рўзи 18 ба 19 декабри с. 2014 ду нафар - Њошим Резвонов ва Идибек Шарипов гўё ки ваќте ба бозори "Ином"-и ноњияи Шањритус оташ мезаданд, дастгир карда шудаанд. Њолати кор чї гуна буд? Якум. Ин ду нафар дар назди забори (девори) на бозори "Ином", балки ЉДММ "Сафари нек", аз ин забор то забори бозори "Ином" њоло 300 метр масоњат љой дорад, дастгир карда шудаанд. Дуюм. Кињо дастгир кардаанд? Се корманди милитсия, ки пешакї дар ин љо мунтазир будаанд. Ѓайр аз ин, ин ду нафарро гурўњи оперативї аз РВКД ш. Ќурѓонтеппа мунтазир будаанд? Њатто, шахсони "холис" пешакї омода будаанд? Барои чї? Сеюм. Азбаски, Идибек Шарипов - яке аз дастгиршудањо, чандин сол мешавад, ки агенти КДАМ ва ВКД буд ва њаст. Ва чи хеле 1) муфаттиши РВКД ва 2) роњбари гурўњи оперативии РВКД дар ваќти тафтишот ва суд иќрор шудаанд, бо њамин сабаб Идибек Шарипов, на танхо ба љавобгарї кашида нашуд, балки нисбати ў њатто парвандаи љиноятї оѓоз карда нашуд. Ѓайр аз ин, ў аз рўйхати шоњидон берун карда шудааст ва навобаста аз дархостњои хаттии ман њимоятгар Р. Зойиров Идибек Шариповро ягон маќомоти давлатї барои пурсидан њамчун шоњид дар мурофиаи судї, дарёфт карда натавонист. Чорум. Бояд ба ин савол љавоб дод, ки Шарипов Идибек кист? Агенти маќомоти ќудратї (њам КДАМ, њам ВКД ва ѓайра), чи хеле муфаттиши њамин парванда гуфт "гумоштаи" орган, ки солњои дароз дањњо шахсони сазоворро ба љиноят моил карда, њамчун тањриккунанда ва ташкилкунанда, онњоро дар асоси "подстава" ба маќомоти њифзи њуќуќ ва "адолати судї" супорид. Барои ин кор ў сазовори чи шуд? Танњо як чиз: маблаѓ ва имконияти бе мањдудият амали гардонидани бе сару сомонї. Мисол, чанд сол кабл Шарипов Идибек Њалимов Давлатёр Сангаковичро бо лаќаби "Раис" њамин тавр дастгир кунонд, ки ў бо њукми суд 20 сол муњлати љазо гирифт. Дигар шахс, капитан Зокир Назаров хизмати сазовор дошт барои Ватан, аммо, бо дар асоси амалњои Идибек Шарипов дастгир карда шуд ва тибќи Њукми суд
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
Мурољиати њимоятгар Рањматилло Зойиров ба Раиси Суди Олии ЉТ, муњтарам Шермуњаммад Шоњиён, ба Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар ЉТ, муњтарам Зариф Ализода, ба Прокурори генералии ЉТ, муњтарам Юсуф Рањмонов, ба сардори Кумитаи давлатии амнияти миллї, муњтарам Саймумин Ятимов, ба Вазири корњои дохилии Тољикистон, муњтарам Рамазон Рањимзода
5
Акнун, бо дарназардошти дар боло гуфтањо, дар ин љо ба саволи асосї посух дода бинем, ки чи гуна ва дар кадом асос дар ин "љинояти" ТАШКИЛШУДА ВА СУНЪЇ, ЯЪНЕ ВУЉУДНАДОШТА, Бурњон Абдуллоев, ки дар наздикии Њошим Резвонов ё Идибек Шарипов карор надошт, охиронро умуман намешиносад, "фармондињанда" дониста шуд. Агар шарикї дар љиноят банду баст мекарда бошанд, канї ин шарикї ва дар кадом намуд? Аз ин рў, биёед ба моддаи 36 КЉ ЉТ, ки "Шарикони љиноят" ном дорад, назар андозем: Дар ин модда омадааст: 1) Ташкилкунанда, тањриккунанда ва ёрдамчї дар баробари иљрокунанда шарикони љиноят эътироф мешаванд. 2) Иљрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита љиноятро содир намудааст ё якљоя бо шахсони дигар (иљрокунандагон) бевосита дар содир намудани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки бо роњи истифодаи шахсони дигаре, ки мувофиќи ќонун ба љавобгарии љиноятї кашида намешаванд, љиноят содир кардааст (Ќонуни ЉТ аз 18.06.2008 № 386). 3) Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки љиноятро ташкил ё ба иљрои он роњбарї карда бошад, инчунин шахсе, ки гурўњи муташаккил ё иттињоди љиноятиро (ташкилоти љиноятї) таъсис дода ё ба он роњбарї кардааст.
ТАЛАБИ ЌАЗОВАТ
®
оид ба бегуноњии мањкумшуда Бурњон Абдуллоев 13 сол муњлати љазо гирифт. Ин гуна фактњо зиёд мебошад. Барои ман аљиб буд, ки дар дењањои Тољикобод ва ѓайраи ноњияи Шањритус Шарипов Идибекро њамчун "полковник" - и амалкунандаи Кумитаи амният мешиносанд, яъне ў худро њамин хел муаррифї мекунад. Њамин тавр, дар Ќубодиён ва дигар љойњо чанд нафарро "подстава" кардааст, инаш аз хисоб берун. Дар Ќубодиён - чанд парванда нисбати Шарипов Идибек мављуд мебошад ва ѓайра. Акнун, савол пайдо мешавад, ки ба ин гуна агенти худ КДАМ ва ВКД чи гуна бањо медода бошанд? Панљум. Ваќте ин ду нафарро - Њ.Резвонов ва И.Шариповро - дастгир мекунанд, онњо на танњо ягон њаракати сўиќасд надоштаанд, њоло ба бозори "Ином" наздик нашудаанд, балки, Њ.Резвонов барои оташ задан ягон имконият надошт. Яъне оташзанак (зажигалка) дар киссаи Идибек Шарипов буд ва пас аз дастгир кардан аз киссаи ў гирифта шуда ва протокол ворид карда шуд. Дар ин њолат, муњтарам, њомиёни ќонун ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, дар бораи кадом сўиќасд, ё чи хеле овоза карданд - ин ду нафар дар ваќти оташ задан дастгир кардашуда мешаванд? Таъкид ва таъйид мекунам, ки мањкумшудањо Њошим Резвонов ва Бурњон Абдуллоев бояд бо чунин асосњои њуќуќї, бо ќабули њукми сафедкунандаи пурра (мављуд набудани њодиса ва таркиби љиноят) нисбати Б.Абдуллоев ва на дар асоси ќисми 3 моддаи 32, ќисми 2 моддаи 255 КЉ ЉТ, балки (ќисми 3 - сўиќасд дар кирдори Резвонов Њ. мављуд нест), балки ќисми 1 моддаи 32 - яъне тайёрї ба љинояти супоришї, яъне барои имитатсияи оташ, инсенировкаи оташ, дар асоси ќисми 1 моддаи 32 ва ќисми 2 моддаи 255 КЉ ЉТ, бо татбиќи моддаи 18 КЉ ЉТ (ќисми 3) ва ќисми 2 моддаи 32 КЉ ЉТ, ќатъ кардани кори чиноятї ва ќабули њукми сафедкунанда нисбати Њошим Резвонов, озод карда шаванд. Акнун меъёрњои КЉ ЉТ тањлил намоем. Чи хеле, ки маълум аст, моддаи 32 КЉ ЉТ "Тайёрї ба љиноят, сўиќасди љиноят" ном дошта, ин модда дар боби 6 КЉ ЉТ, яъне "ЉИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ХОТИМАЁФТА" ном дорад, љойгир мебошад ва ќисми 3 моддаи 32, яъне сўиќасд, бе баррасї ва тањлили якчоягї бо дигар бандњои њамин модда ва дигар моддањои ќисми умумї ва махсуси КЉ ЉТ имконнопазир мебошад, аз ин рў, аввал мо бояд ба матни моддаи 32 дар пуррагї як назар андозем. Инак, моддаи 32. Тайёрї ба љиноят, сўиќасди љиноят чунин омадааст. 1) Тайёрї ба љиноят ин аз тарафи шахс ќасдан љустуљў, тайёр ё мувофиќ кардани восита ё олоти содир намудани љиноят, ёфтани шарикони љиноят, забоняккунї барои содир кардани љиноят ё ќасдан фароњам овардани шароити дигар барои содир кардани љиноят мебошад, агар зимнан љиноят бо сабабњои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад (Ќонуни ЉТ аз 17.05.2004
№ 35). 2) Љавобгарии љиноятї танњо барои тайёрї ба љинояти вазнин ё махсусан вазнин муќаррар карда мешавад (Ќонуни ЉТ аз 17.05.2004 № 35). 3) Сўиќасди љиноят њаракати (бењаракатии) ќасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани љиноят равона гардидааст, агар зимнан љиноят бо сабабњои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад. 4) Љавобгарї барои тайёрї ба љиноят ё сўиќасди љиноят бо ишора ба њамин модда мутобиќи њамон моддаи ќисми махсуси Кодекси љиноятї фаро мерасад, ки барои љинояти хотимаёфта муќаррар шудааст. Дар моддаи 33 КЉ ЉТ, ки "Љинояти хотимаёфта" ном дорад, чунин омадааст: "Љиноят хотимаёфта эътироф мешавад, агар кирдори содирнамудаи шахс тамоми аломатњои таркиби љинояти дар њамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад". Акнун, ба моддаи 255 назар мекунем. "Ќасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ѓайр, ки зарари љиддї расонидааст" (ин ќисми 1), ва "Њамин кирдор, агар: а) бо роњи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад;… в) зарар ба миќдори калон расонида бошад", бо љарима ба андозаи аз сесаду шасту панљ то нўњсаду дувоздањ нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад. Аз ин њолат ба чор омил ањамият дињем: 1) ќисми 2 банди "в" моддаи 255 дар ин банду баст умуман љой дошта наметавонад, азбаски, "в" зарар ба миќдори калон расонида бошад" - мављфуд нест, яъне зарар набошад, бо ин банди моддаи 255 КЉ ЉТ банду баст кардан ѓайриимкон мебошад; 2) ба санксияи ќисми дувљуми ин модда назар андозем. Савол пайдо мешавад, ки барои чи прокурор, агар, парванда супоришї, сунъї ва ѓаразнок набошад, аз суд танњо мањрум кардан аз озодиро талаб мекунад, на вобаста аз моддаи 32 КЉ ЉТ, яъне љинояти нотамом. 3) Аз рўи санксия маълум мешавад, ки муњлати мањрум кардан аз озодї то панљсол пешбинї карда шудааст, яъне тибќи моддаи 18 КЉ ЉТ, хусусан ќисми 3, ин категорияи љиноят ба љинояти категорияи дараљаи миёна дохил мешавад. 4) Маълум мешавад, ки тибќи ќисми 2 моддаи 255, барои тайёрї ба љиноят кори љиноятї оѓоз кардан мумкин нест, агар кори љиноятї оѓоз карда шуда бошад, бояд ќатъ карда шавад. Ин вазифаи љонаљони прокурори назораткунанда мебошад. Тањлили элементарї нишон медињад, ки дар рафтори Њошим Резвонов ѓайр аз тайёрї ба љиноят (ин њам супоришї ва худнамоёна) дигар таркиби љиноят мављуд нест, яъне нисбати њатто Њошим Резвонов кори љинояти оѓоз кардан ѓайриќонунї мебошад.
4) Тањриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роњи багапдарорї, порадињї (харидан), тањдид ё ба тариќи дигар ба содир кардани љиноят моил кардааст. 5) Ёрдамчї шахсе эътироф мешавад, ки бо маслињату дастур, додани маълумот, восита ё олоти содир кардани љиноят ё рафъи монеањо ба содир намудани љиноят мусоидат кардааст, инчунин шахсе, ки пинњон кардани љинояткор, восита ё олоти содир намудани љиноят, осори љиноят ё ашёи бо роњи љиноят ба даст омадаро пешакї ваъда додааст, њамчунин шахсе, ки дар хусуси соњиб шудан ё ба соњибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакї ваъда додаст. Инак, Бурњон Абдуллоев кист дар ин парвандаи "љиноятї": иљрокунанда, ташкилкунанда, тањриккунанда, ёрдамчи? Калимаи "фармондињанда" ба ягон маќоми њуќуќии шарикони љиноят намегунљад ва дар ин кори љиноятї "фармондињанда" будани Бурњон Абдуллоев умуман мављуд нест ва бо гапи оддї гўем Њошим Резвонов ва Шарипов Идибек дар бораи "фармони" ё "фармоиши" Бурњон Абдуллоев ѓайр аз туњмати ду тарафа чи асос ва чи далел доранд? Љавоб: ѓайр аз туњмат њеч!!! Ѓайр аз ин, савол пайдо мешавад, ки бе татбиќи моддаи 36 ва муќаррар кардани маќоми њуќуќии Бурњон Абдуллоев тафтишоти пешакї ва прокурор чиро мехостаанд исбот кунанд ва киро ба љавобгарии љиноятї кашанд? Бе татбиќи моддаи 36 ба љавобгарии љиноятї кашидани Бурњон Абдуллоев умуман ѓайриимкон мебошад. Ва на танњо Бурњон Абдуллоевро, балки Њошим Резвоновро њам дар љинояти гурўњи ё дар шарики айбдор донистан ин бемантиќи ва ѓайриќонунист. Яъне, бо моддаи 36 банду баст нашудани ин "љиноят"-и сохта ва супоришї аллакай асос барои ќатъ кардани кори љинояти нисбати Б.Абдуллоев мебошад. Танњо дар ин љо як фактро ба таваљљўњи суд ва иштирокчиени мурофиаи судї расонам. Фикри айбдории тафтишоти пешакї омодакардаро ва прокурор тасдиќкардаро гиреду дар ќисми айбдор донистани Б. Абдуллоев ќироат кунед. Прокурор ё айбдоркунандаи давлатї ду бор дар суд ќироат кард. Мо дањњо бор хондем, тањлил кардем, ва њар сафар ба њайрат меоем, ки дар якуним сањифа айбдоркунии Б. Абдуллоев ягон далел, ягон факти гунањкории худи Абдуллоев мављуд нест, ягон кирдори Абдуллоев номбар нашудааст. Танњо, дар ин ќисми айбдоркуни Њошим Резвонов ин корро кардааст, дигар корро кардааст. Мегўянд, ки Б.Абдуллоев ФАРМОН додаст, аммо, дар ду љилди парвандаи љиноятї ва дар давоми мурофиаи судї (ѓайр аз туњмати бедалел), нисбати Б.Абдуллоев ягон факти, далели исботкунандае, ки ФАРМОНИ Б. Абдуллоевро тасдиќ мекунад, пешнињод карда нашуд. Дигар њолатњоро мушаххас ва маънидод накарда, оид ба Њукми суди вилояти Хатлон аз 30.04.с. 2015 чунин њолатхоро таъкид мекунам.
7
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
МИНТАЌА
Такфир дар ислом Муфассали суханронии Домулло Маъруфљон (Маъруф Рањимов), имомхатиби масљиди љомеи "Сари Осиё" - и шањри Душанбе тањти унвони "Ѓояњои такфирї дар љараёнњо ва ањзоби муосири исломї" дар Конфронси байнулмилалии "Ислом зидди терроризм ва экстремизми динї, ки њафтаи гузашта бо ибтикори Кумитаи дини Тољикистон дар Душанбе баргузор шуд Љањон имрўз аз њар рўз дида ба сулњу сабот ниёз дорад. Садои ѓулѓулаи танку туфанг, таркишу куштору дањшат аз гўшаю канорањо фаро мерасад. Инсон гўїё худро буѓї мекарда бошад. Дар ин миён, љомеањои исломї яке аз талхтарин ва фољеабортарин даврони таърихии худро сипарї менамоянд. Паёми сулњовари Ислом, ки дар навбати аввал бояд фарогири кишварњои исломї ва байни худи мусулмонњо бошад, аз зењну хотирањо фаромуш гардида, ёддошти он бас азизу гарон аст. Худои Бузург мефармояд: " Эй касоне ки имон овардаед, њамагї дар сулњу оштї дароед ва аз гомњои шайтон пайравї макунед, ки ў душмани ошкори шумост. (Баќара/208). То љое дар њолати ќитол ба
ѓайри мусулмонњо љониби сулњро тарљењ медињад: "Ва агар тамоюл ба сулњ нишон дињанд, ту низ аз дари сулњ дарой!". (Анфол/ 61). Бо вуљуди ин паёми њаётбахш љањони ислом имрўз дар сархати њама ахбору иттилооти расонањои љањонї рољеъ ба куштору террор, ќатлу ѓорату фасод ва анвои зулму тааддї ќарор дорад, ки њамагї аз нигоњи шаръ амалњои накўњида ба шумор мераванд. Ва ѓайр аз ин. Бояд ќайд кард, ки гурўњњои террористии мансуб ба ислом њамагї аз андешаи такфир кор мегиранд ва ќатлу куштору амалњои вањшиёнаи худро љињод номида, онро бар асоси аќидаи такфир амалї менамоянд. Љињати дастёбї ба асли матлаб, дар навбати аввал шинохту муаррифии такфир ва љињод њар кадом ба эътибори зоти худ ва робитаи такфир бо љињод дар таълими ислом ва дар навбати сонї баёни робитаи мутаќобилаи ин ду мафњум дар таълимоти љараёну ањзоби исломї лозим аст. Шинохти дуруст ва муаррифии такфир дар андеша ва амали љараёну ањзоби исломї бисёре аз мушкилоти љомеањои муосири исломиро бармало месозад. Њамчунин, таносуби масъалаи такфир бо љињод аз ањаммияти холї нахоњад буд. Љињодро тобеи манофеу масолењи њизбї донистан, аввалан зулм бар худи љињод аст. Сониян, андешаи такфир ва тарѓиби он чун василаи љињод рехтани хуни бегуноњон, эљоди тафриќаю низоу фитна ва барњам додани амну сабот дар кишварњои исломист, ки тамоми масолењи билоду манофеи ибод ба он манут ва рушду инкишофу тараќќї ба он марбут мебошад.
Аз ин љо шинохти моњияти имон ва аркони он бисёр муњим буда, тавассути он ѓояњои такфирї ва андешањои инњирофї шинохта ва пешгирї хоњад шуд. Сипас, ба бозшиносии такфир ва робитаи он бо љињод дар амалиёти гурўњњои ифротї ва паёмадњои он хоњем расид. Такфир дар Ислом. Такфир баргирифта аз калимаи куфр ба маънои пўшонидан аст. Дењќонро барои он кофир мегўянд, ки донаро дар хок мепўшонад. Дар истилоњи (терминология) шариат такфир касеро ба куфр нисбат додан аст. Куфр инкори он чизе мебошад, ки ба таври зарурї аз дин шинохта шудааст, ё ба таъбири дигар инкори яке аз аркони имон аст: "Бандаи мўъмин аз ислом берун намешавад, магар ба инкори он чи ки ўро дар имон дохил кардааст". (Аќидаи Тањовї, зимни Љомеулмутун, сањ. 78). Яъне, инсон бо кадом роње дар ислом дохил шавад, бо њамон роњ аз он хориљ мегардад. Пас, дар Ислом такфир њаст, ба ин маъно ки ислом њамчун дин ба љињати њуввияти мустаќил ва имтиёз аз дигар диёнату кешњо дорои моњияти мушаххас ва шомили аркону шароит ва ќавоиду усулу маорифу њудуд аст, ончунонки давлат. Бар асоси таълими ислом њар кас, ки бо адои калимаи шањодат ислом оварад ё мусулмонзода бошад, хуну молу љон ва номусу обрўяш муњтарам шумурда мешавад. Дар ин маврид аз Расули акрам (с.) ба ривояти Анас бини Молик (раз.) омадааст: "Њар ки намози моро бархонад ва ба сўи ќиблаи мо рў оварад ва аз забњкардаи мо бихурад, ў мусулмонест, ки вайро ањду паймони Худо ва расули Худост. Пас, ањду паймони Худо
ва расули Вайро нашканед!". (Бухорї, раќ.391). Аз њадиси шариф бармеояд, ки ањли ќибла дар ањди Худо ва Пайѓамбари Худоанд ва хуну молу номусу обрўи эшонро бояд нигоњ дошт. Биноан, дар аќиданомањои ањли суннат омадааст: "Шамшерро бар касе аз уммати Муњаммад љоиз намедонем". (Аќидаи Тањовї, зимни Љомеул мутун, сањ. 81). "Мусулмонеро ба сабаби анљом додани кори гуноњ, агарчи гуноњи кабира бошад њам, њукм ба куфр намекунем модоме ки онро њалол нашуморад" (Фиќњи акбар" -и Имом Абўњанифа, зимни Љомеулмутун, сањ. 39). Дар "Аќидаи Азудия" тафсилоти бештари ин масъала рафтааст: "Касе аз ањли ќибларо њукм ба куфр карда намешавад, магар бо он эътиќоде, ки дар он нафйи Худои ќодиру мухтору алим ё ширк (ба Худо шарик овардан, њамто ќоил шудан) ё инкори нубувват ё инкори он чи Пайѓомбар (с.) овардааст, ки он ба таври зарурї дониста шудааст ё ќатъан, инкори он чи муљмаун алайњи бошад, мисли инкори аркони панљгонаи ислом ва њалол шуморидани муњаррамот". (Аќидаи Азудия, зимни Љомеулмутун, сањ. 99). Уламои гузаштаи минтаќаи Мовароуннањр бо камоли дарку эњсоси масъулият ва шинохти њаќќи калимаи Ислом ба њар феълу ќавл таѓмаи куфру ширк намебастанд. Дар китобњои аввалияи таълимии мардуми Бухоро ва Самарќанд ба монанди "Чањор китоб" омадааст, ки агар касе калимае гўяд, ки дорои 366 пањлў бошад ва аз он 365 пањлў бар куфр ва як пањлў далолат бар имон дошта бошад, њукм ба имони он кас карда мешавад. Ин фатво аз фањми волои фиќњї бармеояд, ки он кас яќинан, имон дошт ва ин эњтимолоти 365 гона он яќинро аз байн нахоњад бурд, магар яќине мисли он. Яъне, яќин ба шак зоил намегардад, магар ба яќин. Дар њоле як пањлўи калом бар имон аст, он эњтимолот њамагї шакканд. Аз сўи дигар, ин гумони нек дар њаќќи бародари мусулмон аст, ки каломи вайро бе далел ё ќарина ба куфр њамл кардан нашояд. Љињати бозшиносии ифроту ѓулув дар амалияи љињодии гурўњњои ифротї тањлилу баррасии назария ва амалии такфир аз нигоњи асили исломї, хоссатан мазњаби њанафї, ки дар љомеањо ва хилофатњо асоси њуќуќии муносабати афроду давлатњо буд, аз ањамият холї нест. Чун тамаркузи бањс бар назарияи такфир њасту он шарњу бастеро мехоњад, љанбаи амалии онро пештар овардем. Аз нигоњи амалї њукм ба куфр кардан дар салоњияти ќазо (додгоњ) аст, на минбар ё нињоди дигар, ё њизбу љараёне. Китобњои фиќњї шомили тафсилоти суратмасоилеанд, ки кадом ќавлу амал боиси аз имон берун шудани бандаи мўъмин мегардад ва дар ихтиёри ќозиён ва ањли фатво ќарор доранд. Минбари масољид бошад танњо њаќќи баёни масоилро дорад, на њаќќи њукмро. Воизон мусулмононро аз куфриёт барњазар медоранд, вале ба касе њукм ба куфр намекунанд. Имрўз дар бисёре аз додгоњњои исломї њукм ба куфр аз љињати баёни аќида баррасї намегардад. Балки ќозї ба љињати татбиќи никоњу мерос ва амсоли ин ањком њар ќавлу амалеро, ки боиси куфр дониста мешавад, баррасї ва њаллу фасл менамояд, на ба эътибори зоти худи масъала. (Идома дорад)
Домулло МАЪРУФ
ИСЛОМ
Маскав сарварони кишварњои исломиро ба ифтитоњи масљиди нав даъват кард Сарони кишварњои Арабистони Саудї, Фаластин, Урдун, Ќатар, Кувайт, Туркия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Озарбойљон, Туркманистон, Тољикистон, Эрон ва чанд мамлакати дигар моњи сентябри соли равон ба Маскав даъват шудаанд, то дар маросими ифтитоњи аввалин масљиди бузург дар пойтахти давлати Русия ширкат кунанд. Тибќи иттилои нашрияи масковии "Известия" маросими ифтитоњи ботантанаи масљид дар остонаи Иди мубораки Ќурбон ба наќша гирифта шудааст ва ќарор аст аввалин намози иди Азњо дар ин масљид баргузор шавад. Манбаъ хабар медињад, ки аллакай Туркия, Њинд, Судон, Чад, Либия, Ироќ аз эъзоми намояндагони худ хабар додаанд.
Шўрои муфтиёти Русия ин чорбиниро на танњо фарњангї ва динї, балки мулоќоти басо муњими геополитикї хондааст. "Известия" суханони љонишини аввали Раиси Шўрои уламои Русия ва Раёсати идораи динии мусалмонони ин кишвар Рушан Аббосовро наќли ќавл кардааст, ки гуфтааст: "Ин рўйдод на танњо барои мусалмонони Русия, балки барои њамаи мусалмонони олам њоизи ањамият аст. Ин баёнгари он нукта аст, ки Русия бори дигар дар олами ислом наќши созанда ва муњим мебозад. Идомаи њамон замони Иттињоди Шўравист, ки бо кишварњои олами араб равобити њасана барќарор буд. Аммо он замон Шўравї идеологияи дигар њоким буд, ки имкон намедод муколама бо олами ислом тавре боястї сурат бигирад".
Масљиди љомеъи Маскав калонтарин масљид дар Аврупо хоњад буд, ки дар майдони умумии 19 њазор метри мураббаъ доман густурдааст. Вай аз шаш ошёна иборат буда, дорои толорри конфронс ва намоишгоњ хоњад буд.
ИЌТИСОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
7
Дору гир Агентии мубориза бо коррупсия ним сол чї кор кард? Дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон 480 нафар корманд кор мекунанд, ки маоши миёнаи онњо аз 940 то 1300 сомониро ташкил медињад. Аз 480 коргар 89 нафар хизматчии давлатї дар самти назорати молиявї ва 391 нафар дар самти хидмати њарбї кор мекунанд. Маоши миёнаи хизматчиёни давлатї дар самти назорати молиявї 940 ва хизматчиёни њарбї мутаносибан 1265 - 1300 сомониро ташкил медињад. Ин нуктаро дар посух ба суоли хабарнигори "Нигоњ", Наимї Аъламхон Ќодириён, муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон зимни нишасти матбуотї рўшан кард. Дар њамин њол, Наимї Аъламхон Ќодириён ба суоли хабарнигорон "бо чунин маош баъзе аз кормандони агентї аз куљо соњиби мошинњои гаронарзиш ва хонањои боњашамат мешаванд?" гуфт, ки шахсан аз мошину хонањои кормандони агентї иттилоъ надорад ва илова намуд, ки "Чї хеле, ки шумо оила доред, мумкин бародарон, рафиќонашон бошад, ки соњибкор њастанд, мадад кунанд. Падару модари якхелашон ба соњибкорї машѓул њастанд. Дар агентї раёсати махсуси амниятї дохилї њаст, ки њамин хел њолатњоро тафтиш ва ошкор мекунад. Айни замон дар мо чунин њолат ошкор нашудааст". Наимї Аъламхон Ќодириён, мегўяд, ки дар шаш моњи соли равон дар самти назорати давлатии молиявї, дар вазорату идорањо, маќомоти мањаллии њокимияти давлатї, лоињањои муштараки инвеститсионї, субъектњои хољагидории давлатї ва дигар муассисањои буљетї аз љониби 66 мутахассис 519
5 А) суд, аз татбиќ ва амалигардонии банди 14 ќисми 1, ќисми 2 ва 3 моддаи 35, 261, 264, 268, 287, 288, 292 оид ба салоњияти худ беамалї карда, аз татбиќи онњо даст кашид. Б) Њукми суд ба моњият ва натиљањои тафтишоти судї ва далелњои пешнињодшуда, асос наёфтааст, ки пурра меъёрњои муќаррарнамудаи КМЉ ЉТ - ро оид ба адолати судї ва баровардани њукми одили судро инкор мекунад, моддањои 333, 335 ва 339 КМЉ- ро даѓалона вайрон мекунад. В) Фикри айбдоркунї ва Њукми суди вилояти Хатлон аз 30.04. с. 2015 бе риоя ва татбиќи ќонунгузории мурофиавии љиноятии ЉТ, ки муфаттиш, прокурор ва судро вазифадор (уњдадор) мекунад, ки мурофиаи судї, ки ба ў тафтишоти пешакї њам ворид мешавад, њамаљониба, объективї ва бо риояи њама меъёрњои ќонун муќарраркарда, ба анљом расонида нашудааст. Аз љумла, ќисми 3 моддаи 15 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон принсипи эњтимолияти бегуноњї- "Айбдоршаванда ўњдадор нест, ки бегуноњии худро исбот намояд", ва ќисми 4 - "Њама гуна шубњањои гунањгории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бартараф карда намешаванд, ба фоидаи айбдоршаванда маънидод карда мешавад", пурра риоя нагардидааст. Г) Њамин тавр, ќисми 1 ва 3 моддаи 9 КМЉ ЉТ, ќисмњои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 21 КМЉ ва ѓайра, дар мурофиаи судї дида нашуд. Ѓайр аз ин, муќаррароти моддаи 85 КМЉ ЉТ, ки дар боби
тафтишу санљиши молиявї гузаронида 141 миллион сомонї зарари молиявї ошкор шудааст. Дар рафти тафтишу санљишњои молиявї 74 миллион сомонї ба давлат барќарор карда шуд, ки он 52,7 дарсади зарари ошкоркардашударо ташкил дода, ба буљет 61 миллион сомонї ва ба корхонањо 13 миллион сомонї барќарор карда шудаанд. 495 нафар шахсони масъул барои камбудињои содиркардаашон љазои маъмурї ва моддї гирифтанд ва 35 нафари онњо аз вазифа озод карда шудаанд. Ба иттилои муовини аввали Рустами Эмомалї камбудию норасогињои зиёди молиявї дар ин давра хусусан дар Агентии захирањои моддии давлатї, Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк", Вазоратњои корњои дохилї, саноат ва технологияњои нав, энергетика ва захирањои об, наќлиёт, маориф ва илм рух додаанд. Њамчунин њангоми тафтиши фаъолияти молиявї ва хољагї дар корхонањои зертобеи ШСХК "Барќи Тољик" њолатњои камомад ва тасарруф, дуздии энергияи барќ, изофанависї дар корњои сохтмонї, њисоббаробаркунии беасосу ѓайриќонунии андоз бо ташкилотњои буљетї ва дар маљмуъ зарари молиявї ба маблаѓи 6 миллиону 700 њазор сомонї ошкор карда шудааст, ки аз ин 4 миллион сомонї барќарор карда шудааст. Аз љумла, тафтиши фаъолияти молиявию хољагї дар силсила нерўгоњњои барќї - обии Вахши шањри Сарбанд зарари молиявиро ба маблаѓи 810 њазор сомонї ошкор намуд. Тавре Наимї Аъламхон Ќодириён бо нигаронї зикр кард дар нимсолаи соли 2015 шумораи содиркунии љиноятњои коррупсионї аз тарафи маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар
вазорату кумитањо рў ба афзоиш овардааст. Аз љумла ў иброз дошт, ки дар ин давра содиркунии љиноятњои коррупсионї аз тарафи прокуратура - 3, Вазоратњои корњои дохилї 37, мудофиа - 11, КДАМ - 5, Агентии назорати маводи нашъаовар - 3, Шўрои адлия - 5, вазоратњои адлия - 26, маориф ва илм - 53, тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї - 45, наќлиёт - 6, кишоварзї - 26, энергетика ва захирањои об - 6, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї - 18, саноат ва технологияњои нав - 18, Кумитањои телевизион ва радио - 2, идораи замин ва геодезї - 22, њолатњои фавќулода ва мудофиаи шањрвандї - 1, андоз - 18, системаи бонкии љумњурї - 100 адад содир гаштааст. Аз њисоби умумии љиноятњои ошкоргардида 100 адади онро кормандони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва худидоракунии шањраку дењот содир намудаанд. Вобаста ба пешгирии хариду фурўш, истифодаи ѓайриќонунии замин ва дигар омилњои ба он мансуб 238 љинояти хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд мебошад. Дар ин давра аз љониби агентї ба роњбарони вазорату идорањо, корхона ва муассисањои дахлдор 1405 дастури хаттї ва 624 пешнињод оиди бартараф намудани омилњои коррупсионї ва шароитњои ба онњо мусоидаткунада ирсол карда шудааст. Дар натиљаи баррасии пешнињодњои мазкур 77 нафар аз вазифа озод карда шуда, нисбати 176 нафар танбењ, нисбати 193 нафар огоњї ва нисбати 177 нафар сарзаниш татбиќ карда шудааст. Муовини аввали Рустами Эмомалї ба фаъолияти агентї дахл карда баён дошт, ки
ТАЛАБИ ЌАЗОВАТ
оид ба бегуноњии мањкумшуда Бурњон Абдуллоев 10. ИСБОТ, омадааст, хусусан, А) њолатњое, ки љиноят будани кирдорро истисно мекунанд; Б) њолатњое, ки метавонанд боиси аз љавобгарии љиноятї ва љазо озод кардани шахс гарданд; В) њолатњое, ки хусусият ва андозаи зарари аз љинояти содиршуда расидаро муайян мекунанд; Г) њолатњое, ки боиси содиршавии љиноят гардидаанд, муќаррар карда нашуд.. Д) Махсусан, таъкид мекунам, ки талаботи моддаи 11 ва моддаи 11(1) КЉ ЉТ, на аз нигоњи моњияту меъёри он, на аз рўи маънидоди меёри њуќуќ ва таркиби љиноят, аз љониби суд риояи худро наёфт. Е) Аз мурофиаи суди маълум гашт, ки моддањои 42 ва 74 оид ба љабрдида нодуруст ќабул гардидааст, дар њолати эътирофи моддаи 42 аз љониби тафтишоти пешакї (ќабулаш нодуруст) КМЉ ЉТ, моддањои 44 - даъвогари гражданї ва 54 - љавобгари гражданї КМЉ татбиќ карда нашудаанд. Ж) Шахсони холис ба моддањои 60 ва 181 КМЉ умуман мутобиќат намекунанд. З) Њамин тавр шоњидон (хусусан 8 нафар) ба моддаи 56 ва 73 оид ба шоњид мутобиќат намекунанд. И) Суд аз татбиќи дурусти моддањои 87 ва
88 (тафтиши далелњо ва бањодињии далелњо) даст кашид. К) Ваќти тафтишоти пешакї моддањои 140,146, 149 аз љониби тафтишоти пешакї моддањои 150, 168, 247 ва 248 аз љониби прокурор риоя карда нашудааст. Л) Байни Идибек Шарипов ва Ризвонов Њошим, ки ин ду нафар якљоя дастгир шуда будаанд, аз рўи нишондоду мавќеи онњо моддаи 204, яъне рўбарў кунї умуман баргузор карда нашудааст. М) Бо Ризвонов Њ. тибки моддаи 207 КМЉ ЉТ санљиши нишондод дар љои њодиса гузаронида шуда, дар ин њолат Идибек Шарипов умуман иштирок надоштааст. Н) Моддањои 11, 27-28, 234-235 оид ба ќатъ кардани парвандаи љиноятї нисбати Б. Абдуллоев аз љониби њам тафтишоти пешакї, њам суд вайрон карда шудааст. Дар асоси гуфтањои боло ва бо дастрасии моддањои 371-376, 379 КМЉ ЉТ аз Шумо, роњбарони маќомоти судї ва њифзи њуќуќ, ХОЊИШ МЕКУНЕМ: 1. Кори мазкурро зери назорати худ гиред. Моњияти кор бояд на дар шахсияти Бурњон
дар шаш моњи аввали соли 2015 ба дастгоњи марказї ва воњидњои мањаллии агентї 2494 адад мурољиати шањрвандон дохил шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 1000 адад зиёд мебошад ва зиёда аз 700 шањрванд бевосита аз љониби худи Рустами Эмомалї ќабул карда шудаанд, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 510 нафар зиёд мебошад. Дар асоси дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, ки дар љаласаи васеи Шўрои амният баён гардида буд, аз 12 - уми май то 22 - юми июни соли 2015 аттестатсияи њайати кормандони агентї гузаронида шуд. Аз 388 аттестатсияшавандагон 56 нафар, аз љумла 40 нафар дар самти маќомоти њифзи њуќуќ ва 16 нафар дар самти назорати давлатии молиявї ба вазифањои ишѓолнамудаашон номуносиб дониста шуда, аз мансабњои ишѓолнамудаашон озод ва аз маќомот хориљ карда шудаанд. - Барои вайрон кардани интизоми хизматї, яъне зоњир намудани бемасъулиятї дар иљрои вазифањои хизматї ва ба таври дахлдор иљро накардани уњдадорињои мансабї нисбати 23 корманди агентї муљозоти интизомї татбиќ карда шуда, ба 16 нафар танбењ, ба 4 нафар сарзаниш эълон карда шуда ва 3 нафари дигар аз вазифаи ишѓолнамудаашон озод карда шудаанд. Њамчунин аз љониби 1 нафар корманди агентї 1 љиноят содир гардидааст, иброз дошт дар хотимаи нишасти матбуотї Наимї Аъламхон Ќодириён, муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон.
Абўалї НЕКРЎЗОВ
Абдуллоев, балки дар риояи волоияти ќонун, хусусан талаботњои Конститутсия бошад. 2. Њукми айбдоркунанда нисбати Б. Абдуллоев бекор карда шуда, парвандаи љиноятї нисбати ў ќатъ карда шавад. 3. Судшаванда Њошим Резвонов на дар асоси ќисми 3 моддаи 32, ќисми 2 моддаи 255 КЉ ЉТ, азбаски, ќисми 3 - сўиќасд дар кирдори Резвонов Њ. мављуд нест, балки дар асоси ќисми 1 моддаи 32 ва ќисми 2 моддаи 255 КЉ ЉТ, бо татбиќи моддаи 18 КЉ ЉТ (ќисми 3) ва ќисми 2 моддаи 32 КЉ ЉТ, парвандаи љиноятї дар ин ќисм ќатъ карда шуда, бо ќабули њукми сафедкунанда дар ин ќисм озод карда шавад. 4. Чораи пешгирї (њабси пешакї) нисбати њарду судшаванда бекор карда шуда, аз толори суд озод карда шаванд. 5. Ќарори тафтишоти пешакї оид ба эътироф кардани Њ. Достиев њамчун љабрдида бо сабаби беасос ва ѓайриќонунї буданаш, бекор карда шавад. 6. Нисбати рафтори худсарона ва авбошона, изњор кардани бењурмати нисбати суд ва иштирокчиени судї, нисбати Ќосим Ќосимов, намояндаи ваколатдори Њ. Достиев чорањои зарурии њуќуќї андешида шавад. 7. Бо маќсади бартараф кардани камбудињои љиддї дар амалиёти тафтишоти пешакї ва РВКД вилояти Хатлон, аз љумла дар кори оператививу љустуљўї, нисбати ин маќомотњо ва шахсони мансабдори онњо, таъиноти дахлдори суд ќабул карда шавад. Бо эњтиром, њимоятгар Р. Х. ЗОЙИРОВ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
МУСОЊИБА
ЛОИЌ АЗ НИГОЊИ ГУЛРУХСОР "Ба рафтору гуфтори нодуруст тунд аксуламал нишон медод"
Суњбати зер бо бону Гулрухсор ёдест аз Лоиќ. Бузургворе, ки бе номаш наметавон шеъри ним асри ахири тољикро тањлил кард. Касе мисли Гулрухсор наметавонад Лоиќро барои ин миллат аз шеъраш, аз хулќу рафтори наљибонааш, аз инсонияташ, аз љавонмардиву садоќаташ шиносонад. Лоиќ инсоне буд, ки њар њарфаш омўзанда аст. - Вохурии аввалинатонро бо Лоиќ ёд доред? - То аввалин вохўрї чизе дар бораи Лоиќ намедонистам. Як бегоњ дар телевизори сиёњу сафеди аммаи шањриам, ки бо падарам дар таътил ба аёдаташ омада будем, мањфили шеъри Њабибулло Файзуллоро дидам, ки бароям хеле аљиб буд. Дар мањфил дигар шоирони љавон низ шеър хонданд, ки номашон дар ёд намондааст. Аммо шоире, ки баъдан фањмидам, ки пешоњанги суханварони навовари насли хеш будааст, дар байнашон набуд. Лоиќро дар назар дорам. Ваќте донишљў шудам, пахтачинї рафтем. Сармо хўрда, бемор шудам. Устоди мењрубон, Мансур Бобохонов (рўњашон шод бод!), ки декани факулта буданд, маро ба бемористоне оварданд, ки дар бари хобгоњи мо, дар кўчаи Айнї воќеъ буд. Рўзи дигар навбатдор маро даъват кард: - Сафиева, на виход! "Кї омадааст?" - пурсидам ман, ки касеро интизор набудам. - Шералиев, - љавоб дод духтур... Њайрон шудам, зеро чунин хеш ё шинос надоштам. - Салом. Ту Гулрухсорї? - маро дида суол кард мењмони ношинос. - Гулрухсорам, аммо ту кистї? - Лоиќ Шералї! - даст дода гуфт ў, - Шунидам беморї, хабаргирит омадам. - Шамол хўрдаам, - гуфтам дар љавоб. - Дигар шамол нахўр, мева хўр! - гуфт дастовези пур аз меваро чун шиноси дерина ба дастам дода. Он замон ман намедонистам, ки Лоиќ Шералї кист, дар бемористон низ ўро намешинохтанд, аксар духтурону кормандон рус ё русзабон буданд. Ин аввалин мулоќоти мо буд. Њанўз чењраи Лоиќ, чењраи шоир, чењрае, ки танњо дар як акси камёфташ боќї мондааст, дар чашми хотираам боќист. Дуввумин мулоќоти мо, хушбахтона, зуд фаро расид. Кумитаи марказии комсомол гурўњи эљодие ташкил кард, аз љумлаи ањли илму адабу фарњанг, барои мулоќот бо дењќонони тољик, ки соли сахту сардеро пеширў доштанд. Гурўњи эљодии мо ба мулоќоти дењќонони ноњияи Шањритус сафарбар шуд. Сархели гурўњ ба ќавли ин љониб, ду Шералиев буданд, Лоиќ ва Мастон. Тарона мехонданд, латифа мегуфтанд, месуруданд, шеър мехонданд, шеъри худу бузургонро. Аз он замон, то дами аз дунё рафтани
Лоиќу Мастон, ки мутаассифона, хеле барваќт фавтиданд, бо њам дўстони мењрубону ќадрдон будем, дар аксар мањфилњову сафарњои эљодии дохиливу хориљї бо њам ширкат доштем. Баъдан Мастон Шералї, ки яке аз бењтарин шоири насли хеш буду њаст, муњаррири чандин китобњои ман шуд. Минбаъд ману Лоиќ зиёд вомехўрдем, њарчанд тафовути синнусол доштем, ин фосила эњсос намешуд. Ба њамдигар "ту" гуфта мурољиат мекардем. - Мегўед дар ибтидо њамдигарро намешинохтед, вале Лоиќ ба аёдати шумо ба бемористон омадааст. Ин љо чї иртибот буда метавонад, ки шахсе ношиносеро диданї ояд? - Ба аёдати як донишљўи ношинос бо дастовез ба бемористон омадани Лоиќи машњурро намедонам. Он гоњ шеърњоям дар рўзномаву маљалањо чоп мешуд, шояд барои дидани Гулрухсори шеърнавис омад. Шояд барои дидани духтараки интернатие, ки дарањову пайрањањои зиёди дењаи дурдасти кўњистонро паси сар гузошта, ба шањр омада, на танњо донишљўй, балки шеъргўй низ њаст, омада буд. - Дар бораи иртиботи давраи љавонї, ширкат дар мањфилњо ва дигар равобити дўстона чї хотироте доред? - Дар аксар мањфилњои шеър ширкат мекардем. Шеърњои навамонро барои якдигар мехондем. Гоње ду нафар ба минбар мебаромадем ва рубоиву дубайтињои мардумиро мехондем. Лоиќ бештар дубайтї мехонд, ман - рубої. Мегўянд, ваќте Лоиќ чашм аз љањон пўшид, рубоиву дубайтихонии наврўзии моро дар телевизиони Панљакент намоиш медоданд, Аз мањфилњои дукасаамон хотирањои хубе дорам. Ёд дорам, бори нахуст бо ташаббуси Бунёди Фарњанги Тољикистон, ки ин љониб раисияшро ба ўњда дошт, љашни Мењргон таљлил гардид. Онњое, ки ин љашнгириро ёд доранд, медонанд чї љашне буду чї ифтихори миллие. Ману Лоиќ барандагони ин љашн будем. Бори аввал Лоиќро чунин њаяљонзада медидам. - Тамоми шаб хобам набурд, дар назди ин ќадар халќ сухан гуфтан, мањфилро гарм кардан ба Худо зањмати камаршикан аст! - гуфт Лоиќ сигори дигарашро дар дода. - Маро њам хоб набурд, хоб набурде! гуфтам ман бо оњу воњ. То пагоњї фикр кардам, ки чї пўшам. Њич гоњ чунин баланд хандидани Лоиќро нашунида будам...
- Лоиќ чї гуна инсон буд? - Ба номаш сазовор. Шахсияти барљаста, самимї, бобаќо, дўсти ќадрдон, Шоирро шахсияташ шоир мекунад. Заминиву самимї буд. тамаъ, хушомад, чоплўсї, дурўѓу бўњтонбофї, ѓаразу кина дар вуљудаш набуд. Дењотї буд, аммо бо роњу равиши пур аз фазилату маънї. Ин љо сигор кашидану кўлоњ пўшидан дар назар нест. Лоиќ худашро таъриф намекард, фурўтану хоксор буд, бељо вожаи "устод"-ро ба кор намебурд, ба устодони воќеї самимона арљ мегузошт. Њарфи дурўѓро дўст намедошт. Як худнамоии љавонї дошт, махсусан дар њузури духтарони љавону нозанин, ки ба худаш мезебид. Бисту чањор соат шоир буд. - Миёни шумо бањсњо, эрод гирифтан ба ашъори якдигар сурат мегирифт? - Лоиќ шоири баркамол буд, ман шогирди донишгоњ. Ў берањмона эрод мегирифт, ман сарсахтона эътироз мекардам. Аммо бањсу талоши эљодии мо беѓаразу самимона буд. Ёд дорам, аввалин бањси мо замони донишљўии ман буд. Лоиќ аллакай шоири шинохта буду силсилаи "Модарнома"-аш сари забонњо. Дар радиову телевизион пайваста ин силсила садо медод. Худаш аз њама бењтар мехонд. Дар яке аз мањфилњо Лоиќ дар сафи дигар навќаламоне, ки мавзўъи худро надоранду гуфтаи дигаронро такрор мекунанд, маро низ ном бурд, аммо бидуни мисоли мушаххас, ки ба ман нафорид, зеро дигаронро бо мисол танќид кард, маро ба ќавли маъруф њавої. Аз минбар посухи эродашро додам. Ба Лоиќ гуфтам, бояд дар ин саф худатро низ ном мебурдї, зеро шеъри "Ватан сар мешавад аз гањвора",- и ту аз шоири маъруфи рус фалонист. Дар исботи эродам чанд мисраъ аз он шеър хонда, гуфтам: - Минбаъд бо мисол танќид кун! - Њолї ист! - гуфт Лоиќ дар танафус. - Ана истодам! - љавоб додам ман. Њар ду баробар хандидем. Мо бањси сўзанда надоштем, бањси шеър доштем, яке аз дигаре меомўхт. Пас аз чоп шудани як шеърам маро Кумитаи марказї даъват карданд. Хонуме, ки ба ман эрод гирифт, медонистам, ки суханони худашро намегўяд, зеро як мисраъ бо забони тољикї намедонист.
- Наход дар дунёи советии мо ягон шодї намонда бошад, ки шумо навиштед: Кулбаи шодї дар ин олам чу чашми сўзан аст, Сарњади ѓам кишвари беќуфлу бедарвоза аст. Душманамро дўст кардам, дустон душман шуданд, Ќањќањи ман бањри ин мотам фиѓони тоза аст... - Шояд дунёи шумо аз чашми сўзан калонтар бошад, аммо дунёи ман ба назарам чун чашми сўзан аст, - гуфтам дар љавоб. Дар он даврон эроди сиёсї аз њукм камтар набуд. Дере нагузашта ин шеърро аз минбари анљумани нависандагон (таърихашро ёд надорам) Лоиќ њам танќид кард, аз љумла; Худбахуд хандаву бигириста ово кунам, Дар таги ин осмон ман аз хато афтодаам! - Аз Гулрухсор пурсиданиям, ки ў дар таги кадом осмон афтодан мехост? - танќидашро бо суол љамъбаст кард дўсти шоирам. Адиби машњури рус Александр Боршаговский, ки мењмони анљумани адибони тољик буд ва гурўњи адибони иттињодияи нависандагони шўравиро раисї мекард, маърўзањоро бо диќќат ба воситаи тарљума мешунид. Ваќте ки ин адиби шинохтаву зиндагидида ба минбар баромад, њеч гумон надоштам, ки сўњбаташро аз љонибдории шеъри ман оѓоз мекунад. Воќеан ин љонибдории намояндаи марказ хеле бамаврид буд. Дар танаффус Лоиќ , ки барои њардуямон чой меовард, гуфтам: - Њолї ист! - Ана истодам, - гуфт хандида. Ба шеъри "Дар назди ойина"- ам низ Лоиќ эрод дошт, аз љумла: ...Чашмњои ман пур аз афсонаанд, Мардумони ман маро бегонаанд, Мегурезам аз нигоњи хештан… Лоиќ аз минбаре гуфт; - Чї гуна њама мардуми мо барои Гулрухсор бегона будаанд? - Гулрухсор "мардумаки чашмро дар назар дорад", посух додам аз толор... Лоиќ дар бањогузорї ва сухангўї бодиву сањлангор набуд, аммо чанд бор, ки аз шеъри ман эрод гирифт, муваффаќ нашуд. Шояд зери таъсири лањзагии баъзе ёвагўйњои бењунар, ки дар њама давру замон бешумору бе-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
барору харобкоранд ва ба эљодиёт ва шахсияти худи Лоиќ низ њусни маънї набахшидаанд, ќарор дошта буд. Кинагир, беинсоф набуд, аз комёбии дигарон хушњол мешуд. Ваќте сармуњаррири маљаллаи Садои Шарќ буд, романи "Занони Сабзбањор" ва достони "Мотами сафед"-ро ба ќавли маъруф " бенавбат" чоп кард. Фарзандонамон Ромишу Азиз дар як рўз ба дунё омадаанд. 3-уми март, дар зодрўзашон њамроњ ба сайри дараи Варзоб мерафтем. Шеъри " Эй бањори бе Лоиќ!.." ёди мањзунест, аз он рўзњои бебозгашт. Хеле дилсафеду дилпок буд. Мегуфт, бењтарин дўсти ман ин Парї аст. Маро Парї мегуфт. Зебуннисо њанўз маро Парї меномад. - Лоиќро њам танќид мекарданд? - Аз дигар њамќаламон камтар танќид мешунид. Ваќте шахсиятро дўст медоранд, љурмашро намекобанд, камбудияшро ба љойи њусн мебинанд, Лоиќ мањбуб буду њаст. Зиёд мутолиа мекард. Нусхањои ќаламиро мељўст, пайваста луѓат меомўхт. Ба рафтору гуфтори нодуруст тунд аксуламал нишон медод. Чандин шоиртарошони бењунарро байни њама сахт ранљонда буд, ки то дами охир истеъдоди модарзодии Лоиќро набахшиданд.
"Зебуннисо намебуд, шояд Лоиќ аз даст мерафт..." - Мегўянд инсонро бештар дар сафар мешиносанд. Шумо дар сафарњои дур њам бо њам будед. Чї хотироте аз он сафарњо доред? - Донишгоњро хатм карда, ба фестивали шеъри љавонони Иттињоди Шўравї ба Украина, ба шањри Николаев роњхат гирифтам. Дар фестивали умумиљањонии шеър Лоиќ ва инљониб намояндаи Тољикистон будем. Алњаќ, одамро шинохтан хоњї бо ў сафар бикун. Сафари хубе буд, хоса барои мани донишљў хотирмону омўзанда. Бо њамдигар хеле унс гирфтем, њангоми ба поён расидани сафар ѓамгин шудем. Дар фурудгоњи Душанбе ба Лоиќ пайѓоми писардор шуданашро расонданд. Ин аввалин фарзанди Лоиќ буд. Сафари тўлонии дигаре доштем ба Афѓонистон ва Њиндустон. Лоиќ њамсафари хуб буд. - Њамсари устод Лоиќ ба шумо рашк намекард? - Ба ман не, зеро бо дили занонааш хуб дарк мекард, кї раќибаш кї њасту дўсташ кї. Баръакс онњое, ки Лоиќи шоирро дўст медоштанд, ба Зебуннисо рашк мекарданд. Њамсари Лоиќ бонуи бомаърифатест. Кї будани Лоиќро хеле хуб медонист, ќадр мекард, хонаи бахташонро бо зањмат месохт. Бењуда Лоиќ нагуфтааст: Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад, Њар куљо марди бузургест гирифтори зан аст... Аз шонањои нозуки занаш шоири мо такягоњи бењтаре надошт! Зебуннисо намебуд, шояд Лоиќ аз даст мерафт. - Бо Зебуннисо кай ва чї гуна шинос шудед? - Дар яке аз сафарњоямон ба Панљакент бо ў шинос шудам. Бањор буд, айёми пўхтани гелос. Дар боѓи сабзу пурсамаре, ки баъд фањмидам, боѓи падарии Зебуннисо будааст, ман
болои дарахт баромадам, Лоиќ коса медошту ман гелос мечидам. Аз дарахт серу хушњол фаромада, таги гелос бонуи зебоеро дидам. - Шинос шав, Парї, њамсари ман Зебуннисо. Зебуннисои арўс ба љойи рашку пархош косаи гелосро аз дасти ман гирифт ва моро ба сари дастархон даъват кард. Зебуннисо гўиё пеш аз сабру тањаммул ба дунё омадааст. Њамсараш, модари фарзандонаш якумр такягоњи шоир буд. Ман якумр ба сабру тоќату ишќи ду зани занон, ки сутуни хонадони шавњарони боистеъдоди хеш гаштаанд ва пеши роњи эшонро бо мењри худ равшан кардаанд, ба София Ќодирова (руњаш шод бод!), њамсари дўсти шодравонам Њабибулло Файзулло ва Зебуннисо Ќутбидинова њамсари Лоиќи зиндаёд сари таъзим фуруд меорам. Зебуннисо аз сабр кард, бурд кард. Зеро ўро дўст медошт ва хуб медонист, ки Лоиќи шоирро дигар карда намешавад. Барояш Лоиќи дигар даркор набуд! Оре, сабр кард, бурд кард. Яке аз охирин ва самимитарин шеъри Лоиќ "Дидор дар ќиёмат ...!" мањз ба њамсари вафодораш бахшида шудааст.
"Лоиќ пулдор набуд, аммо саховатманду дасткушод буд..." - Њатман, ки устод аз замони кўдакиаш ба дўсти наздикаш ќиссањое карда. Мешавад, ки чизеро аз он наќлњо ёд кунед? - Оре, наќл мекард, гоњ-гоње, наќли пурсўз, аз бачагии азиятдидаву машаќќаткашида. Ашъори саршори муњаббату эњсоси шоир њама хонданист, аммо шеъри "Бачагї" ва "Кафандўзи дилам нест..." бароям хеле азизанд. "Бачагї"-и Лоиќ, як шеъри кўтоњест баробари як ќисса, аз њаёти як навраси хеле барваќт аз мўшти берањмонаи рўзгор ба балоѓат расида. Ин шеърро бе оби дида хондаву шунида наметавонам. Шеъри "Кафандўзи дилам нест...", ки Афзалшоњи њунарманд хеле хуб оњанги гиряашро ёфтааст, низ як ќиссаи фољиаи инсонист. Фољиаи инсоне, ки таваллуд шудааст, то ки бимирад, омадааст, то ки биравад… - Аз чопи китоби њамдигар чї гуна истиќбол мекардед? - Чопи њар китоб бароямон хурсандибахш буд. Аз чопи китоби њамдигар шод мешудем. Њаќќи ќалами хуб мегирифтем. Ними њаќќи ќалам дар "китобшўйї" харљ мешуд. Лоиќ пулдор набуд, аммо саховатманду дасткушод буд. Њар китоби навашро бо соядаст, бо байте, дубайтї ё рубої ба ман њадия мекард. Дар китоби "Вараќи санг" - аш аз ў чунин ёдгорие дорам: Ќарзам зи ту ин аст, ки пас аз "Вараќи санг", Дар васфи ту гўям ѓазале дар вараќи гул! - Замоне маљаллаи машњури Иттињоди Шўравї "Огонёк", дар бораи Тољикистон маќолаи айбдоркунандае чоп карда, аз љумла Лоиќро низ танќид кард, ки бенавбат хона гирифтааст. Чї таъсире он маќола дар рўњияи шоир гузошт? - Албатта, чопи он маќола барои Лоиќи сарбаланд бетаъсир намонд. Оне, ки шоистаи таърифу тавсиф буд, аз ин бархўрди ноодилона хеле ранљидахотир гашт. Ба шоире, ки обрўи кишвар асту падари
панљ фарзанд оќибат дар ќатори дигарон як манзили бетонї дода, онро њам миннат карданд. - Ёд дорем, ки боре номзадии Лоиќ ба Раисии Иттифоќи нависандагон пешнињод шуд, вале овоз нагирифт. Њадаф аз пешнињод кардану шикаст додан чї буд? - Солњои пеш вобаста ба эљодиёт, мањбубият ва ному нишони арзандаашон ба ташкилотњои илмиву эдодиву фарњангї роњбар интихоб мекарданд. Ёд бод он рўзгорон, ёд бод! Дар анљумане, ки шумо ёдрас кардед, онњое, ки барои расидан ба курсии раиси иттифоќи нависандагон раќобат мекарданд, бояд ашхоси маъруфу мањбуб, шоиставу арзанда бошанд ва аз раќобати солим фосила нагиранд. Яке аз чунин номзадњо Лоиќ буд. Номзадиашро гузошт. Лоиќ мањалчї набуд, дар тинати ў њисси мањалгарої љо надошт. Аммо сањми хеле "фаъолона"- и онњое, ки худро мухлисони сарсупурдаву шогирдони бовафои Лоиќ муаррифї мекарданд ва њоло њам мекунанд, боиси нокомии ў шуд. Дар пешбарии номзадии Лоиќ чун њамеша онњое пешоњанг шуданд, ки имрўз њам сари њоланд ва дар њар маврид њар амали нољавонмардонаро зидди шахсиятњои арзанда анљом медињанд. Дар он анљуман, ки пешвоёни ваќт хостанд ба нафъи худ созмон бидињанд ва то љое муваффаќ низ шуданд, бењтарин љавонони эљодкори мо, аз љумла Бањманёр, Фарзона, Сайф Рањим ва амсолашон низ ноком монданд. Баъди коре, ки бо Лоиќ карданд, дилмонда шудам. Ба љойи ў каси сазовортар интихоб мешуд, шояд аламовар набуд. - Чї шуморо бештар ба њам меовард? Кадом хислатњои Лоиќ дўстии миёни шуморо ќавї нигоњ медошт? - Лоиќ аз дурўѓу тамаъ, таърифу тавсифњои бепоя, хушомадгўї ва њазёнгўињои дилбазан мегурехт... Андешаманд буд, андешаашро ба дигарон тањмил намекард, зуд аз гапаш намегашт. Суханро рўйрост, бепарда, гоње талху дардовард мегуфт. Хато кунад узр мепурсид. Њасудакони зиёд дошт, бархе бењунариву нокомии хешро аз ў медиданд. Боре дар омади гап наќл кард, ки як њамшањрияш, номашро низ гуфт, дар њама љо мегўяд, ки агар њамин Лоиќи бахилу њасуд намебуд, имрўз ў Лоиќ мешуд. Ман низ чанд ќиссаи ба њамин монанд наќл кардам,ў хандида гуфт: - Ба ќавли худат; "Раќиби ман илоњо зинда бошї, ки умри ман надорад бе ту маъно!.." - Дар шеърњои Лоиќ воќеан тамаллуќ њис намешавад ва бахусус шеърњои охири устод хеле барањнаву ростанд. Аммо њастанд касоне, ки мегўянд, Лоиќ хушомад њам гуфтааст, њарчанд мо дар шеъњои ў инро надидем. - Лоиќ касеро таърифу тавсиф накардааст, хушомад назадааст. Ман њам шунидам, ки мегуфтанд, аз паси фалонї рафтааст ва фалониро ситоиш кардааст. Бахусус, солњои охири њаёташ, ки як зиндагии мушкиле дошт. Лоиќ фањмида буд, ки "моро бо дасти мо задан оини сарварњои мост." Лоиќ тани танњо монд. Касоне, ки даст ба сиёсат задаву худро сиёсатмадор эълон карданд, њокимият мехостанд, вале мо чизе намехостем, на ман, на Лоиќ ва на дигар рушанфикрон аз ањли фарњанг. Њоло мегўянд, ки Лоиќ чунин карду чунон. Лоиќ њич кор накардааст. Њар коре карданд, бо Лоиќ карданд. 15 сол аст, ки вафот кардааст, вале дар ёдњо зинда аст. Ва ман фикр мекунам мо то њол эњтироми Лоиќро ба љо наёвардем. Лоиќу Лоиќњои дигарро њам. Духтури дил Соњибназар Рањмонов 10 - 12 соат садои дили Лоиќа сабт кардааст. Садои дили бемори шоирро.
"Ба љойи худу Лоиќ ман маљлисро тарк кардам..." - Шунидем дар љашни 70 -солагии Лоиќ шумо ширкат надоштед. Дар сафар будед? - Он рўз яке аз аввалинњо будам, ки ба толори театри Лоњутї ворид шудам. Аммо бароям сахт аламовар буд, ки дар љашни 70солагии Лоиќ устодаш Муъмин Ќаноат, ки худ низ зодрўз дошт, дар толор менишаст, аммо бархе, ки аз рўйи вазифа ё масъулият ширкат доштанд, аз баландии раёсати љашни шоири миллат толорро бењавсала назора мекарданд. Чунин рафтор нисбат ба шахсият мумкин нест. Лоиќ зинда мебуд, бешак маљлисро тарк мекард. Ба љойи худу Лоиќ ман маљлисро тарк кардам. - Имрўз мешунавем, ки фалониву фалонињо худро дўсту шогирди Лоиќ муаррифї мекунанд, китобњои зиёде њам навиштаанд, дар ин масъала шумо чї андеша доред? - Русњо маќоле доранд, "бигўй, дўстат кист,
9
то бигўям, ки худи ту кистї!" Лутф мекунанд баъзењо, худро шогирди Лоиќ ном намебаранд. Њар кас дўст ё шогирди инсони нотакроре чун Лоиќ буда наметавонад. Дар пиёлае чой рехта ба Лоиќ додан, чунин маъно надорад, ки ту њамнишин ё њампояи ў будиву њастї. Лоиќ њар касро шогирди худ намењисобид. Ошкор мегуфт, ки рав, кори худата кун. Аз њич кас тарсу бим надошт. Шоњидон наќл карданд, ки дар рўзњои мотами миллї камондори бовиќоре Лоиќро ба наврўзї даъват карда, базми тараб оростааст, ба маънии мурдаро монда, тутхўрї. Ин шодии хунолуд Лоиќро сахт ошуфта кардааст, ки фарёд бардошта аст: - Туе, ки мехоњї ин миллатро бикушї, биё, аввал маро бикуш. Оне, ки шоири бесилоњ ба куштани миллат айбдораш кардааст, метавонист бо як тир шоири миллатро низ аз байн бибарад. Рўзе, ки њамон камондори бовиќор сар ба пойи аъмоли худ гузошт, дар Иттифоќи Нависандагон бо њамдастии Созмони Миллали Муттањид Фарњангистони шеъри љањон мањфили вањдат дошт бо номи " Замзамаи сулњ, таронаи вањдат!..." Лоиќ низ бояд дар ин њамоиш шеър мехонд, аммо дер кард. Сабаби дер карданаш ин буд, ки ў дар љанозаи њамон камондори бовиќор суханронї карда, ўро ба роњи охират гусел кардааст. - Баъд аз њама он тањќиру озори наврўзї ту ба љанозаи ў рафтї? - пурсиданд ўро. - Дар зиндагї солњо љўраам буд, имрўз аз мурдааш бигрезам? - гуфт ѓамгинона. Лоиќ мард буд. Ваќте ки сарбозони Фронти халќї барои бурдани ман ба хонаам омаданд, дар ин лањзаи мудњиш ду кас ба ман занг заданд, яке Лоиќ буду дигаре Ойнињол Бобоназарова. - Парї, ман биём? - гуфт Лоиќ, ки љони худаш низ дар сари ангўшти аљал буд. - Ман биём? - гуфт ў. Суоли зиёду бељо надод, напурсид, ки туро кї ба куљо мебарад. - Ман биёям? - гуфта пурсид ва аз ин суоли кўтоњ ман бори аввал ба таги дањшати фољиаи худ расидам. Бисёр лањзаи њассос буд. "Ман биёям"-и Лоиќ, маънии агар бикушанд, њардуямонро бикушанд"-ро дошт. Гуфтам, ту дону Худо, Лоиќ, њолї наё, ман худам меём. Гуфт: "Куљо"? Гуфтам: "Ба хонаат". Он лањзаро зинњор аз ёд нахоњам бурд. Њамин гуна мардонагињо дошт Лоиќ. Ба кўдак, модар, зан, бонувон..., муносибати хоса дошт, эњтироми њар кадомро ба љо меовард. Як сол пас аз даргузашташ барои таљлили шастсолагии Лоиќ ба Панљакент рафтем. Дар бозгашт, дар ноњияи Айнї мењмони шоиру рўзноманигор Субњони Туйѓун (руњаш шод бод!) будем. Мизбон бо алам наќл кард, ки чанд сол пеш устод Лоиќ дар њамин кат менишаст. Ман пурсидам, ки Гулрухсор њоло куљо бошад? Лоиќ аз љояш бархосту гуфт: - Чаро ба захми дили ман намак мепошед? Чаро инро аз ман мепурсед? Бояд Гулрухсор ин љо бо мо менишаст. Лоиќ инро гуфту таом нахўрда рафт.
"Бањор омад наомад Лоиќи мо..." - Замоне, ки шумо дар Тољикистон набудед, Лоиќро медидед? - Муддати хеле тўлонї ўро надидам. Мулоќотњо хеле кутоњ ва тасодуфї буд, дар мањфилњои адабї берун аз хоки кишвар. Охирин њарфаш, ки дар гўши њушам мондааст, ки аз телефон гуфта буд: "Парї, ман биём"? - Рўзи љанозааш њузур доштед? - Дар сафар будам. Хостам биём, лекин њавопаймо њафтае њамагї се маротиба парвоз мекард. Ваќте шунидам, ки ба кома афтидааст, факс равон кардам. Умедвор будам, ки Лоиќ мебарояд, чун пештар њам ин гуна њодисањо рух дода буд. Аммо њеч боварї надоштам, ки ин ќадар зуд моро тарк мекунад. - Аз охирин дидорбинї чї дар ёд доред? - Бори охир дар љашни 60-солагии вилояти Суѓд дар шањри Хуљанд вохўрдем. Дилшикаста буду аз оламу одам дилмонда. Пас аз як моњ аз олам даргузашт. Њамагї 59 сол умр дид. Охирин китобаш акси садои охирин дарду аламаш, охирин суханаш буд, аз фољиаи миллии мо. Љойи Лоиќ њамеша, дар чањор фасли сол холист, аммо фасли бањор набудани ин шоири њамеша ошиќу зебопараст бештар эњсос мешавад; Бањор омад наомад Лоиќи мо, Наомад шоири мо, ошиќи мо, Парешонем чун барги хазонрез, Чї кардї љамъи моро, холиќи мо?! Суњбати Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
10
ЉАЊОН
Тавсеъаи ќаламрави "Давлати исломї" (Давлати исломии Ироќу Шом (ДОИШ), љалби бештари мардум аз кишварњову ќорањои мухталиф, ки яке зидди он мељангад ва дигарї ба љонибдорї аз он коршиносонро беш аз пеш мутаваљљењ кардааст, ки решањои бунёдии онро тањлил кунанд Андешаи салафият бо илњом аз тафаккуроти Ибни Таймия, Ибни Ќайим, Ибни Абдулвањњоб оѓоз шуд. Њаштод дарсади ин мактабро андеша ва гурўњњои ситезаљў, љангљў ва муљоњидони ба ном инќилобї ташкил медињад, ки ќудратмандтарину сарватмандтарини онњо дар њоли њозир гурўњи ДОИШ аст. Ва падари маънавии њамаи инњо Ибни Таймия ва мабноњои тафаккуроти инњоро андешањо ва назарияњои ифротии ў ташкил медињад. Аъзо, олимону пайравону сарбозони гурўњи ДОИШ бар умќи масоили динї огоњї надоранд, бар тибќи хостањову салиќањои худ ояњои Ќуръонро тафсиру таъвил мекунанд. Дар масъалањои сиёсї ва љањонї мањдуднигар, кўтањбину мутањаљљир буда, зотан аз њар гуна аќлу мантиќ дуранд. Ба шиддат ба рањбарону раисону муфтиёну олимони худ вобаста њастанд. Ба таври ашаддї тундрав, шитобзада ва барои расидан ба маќсадњои худ ба корњои ѓайришаръї ва инсонї низ даст мезананд. Аз љињоди исломї, ин њукми муќаддаси илоњї, бардоштњои ѓалату нодуруст доранду ќатлу куштори знону кўдакону асир гирифтани ќавмиятњои аќаллиятро љињод меноманд.
Шуруъ Метавон баъзе аз омилњо ва сабабњое, ки дар шаклгирии гурўњи террористии ДОИШ муассир будаанд, ба таври бисёр хулоса ингуна баён кард: Аввалан, пас аз суќути Саддом Њусайн ва њизби Баъс, таѓйироти бисёр сареъ дар таќсими ќудрат, анљом гирифт. Аз замони фурўпошии императори Усмонї то соли 2003 дар ин кишвар системаи шоњаншоњї мустаќар буда, якбора ба љумњурї табдил гашт. То пеш аз 2003 дар Ироќ њукумат тавассути як гурўњи ќудратманд рањбарї мешуд, аммо пас аз 2003 ва суќути Саддом ва табдил шудан ба љумњурї ва таќсими ќудрат норизоятињо дар миёни гурўњњо ва ќавмњои гуногун ба вуљуд омад. Ва оромором њамин камбудињо љойи худро ба кашмакашу низоъњо доду барои ба вуљуд омадани гурўњњои ифротї ёрї расонд. Набуди амнияти кофиро барои пешбурди ањдофи давлатї метавон омили дигари рўйи кор омадани ДОИШ донист. Заъфу сустї ва беањаммиятї барои ободонї ва рафоњи умумї. Махсусан, дар се вилояти суннинишин: Ал-Анбор, Найнаво ва Салоњуддин. Парокандагии низомиёну сарбозон. Будани ќавмиятњои гуногун ва мазоњиби мухталиф дар ин кишвар. Сеюм, аз байн набурдани комили Баъсиёну вафодорон ба Саддом Њусайн аз артишу дастгоњњои амниятї ва идорї, сиёсатњои дугонаи иќлими Курдистони Ироќ дар баробари давлати марказї, будани нефтњои саршор ва захирањои азими табиї ва дар натиља васваса шудани баъзе аз кишварњои њамсоя гурўњњо ва зургўёни олам. Чорум, Амрико барои нуфузи худ ва барои таъсиси Ховари Миёнаи љадид ва тасаллути худ
Мухтасари ДОИШ бар ин минтаќаи зархез, бо вуљуди масраф кардану зарарњои калони пулї ва инсонї, намехост онро аз даст бидињад. Бинобар ин бояд як душмани дурўѓину љонишине барои худ дар ин минтаќа месохт, то њадафои Амрикоро пеш бибиранд. Аз ин хотир аст, ки баъзе аз аъзои гурўњи ДОИШ ва "Баъс", дастгир мешаванду ба зиндонњои амрикої интиќол меёбанд ва пас аз муддате озод мешаванд. Маълум мегардад, ки миёни инњо доду ситаде барќарор шудааст. Ва Амрико аз ин гурўњњо барои заъиф кардани низомњои минтаќа истифода мебарад. Яке дигар аз сабабњое, ки гурўњњои террористиро ба вуљуд овардааст, заъиф кардани нуфузи Эрон дар минтаќа мебошад. Тањдиди амнияти Эрон ва ќарор додани ин кишвар дар муњосираи гурўњњои террористї. Ва дигар, мехоњанд зењну ёди мусалмононро аз ишѓоли Фаластин ва Ќудси Шариф, мунњариф созанд. Ва давлатњои мисли Эрону Сурия ва Ироќро бо љанги гурўњњои террористї машѓул ва фарсуда кунанд, то дигар натавонанд ба гурўњњои муќовимат мисли "Њизбуллоњ"-и Лубнон, "Њаммос" ва "Љињоди Исломї", кўмак кунанд. Ва нињоят, эљоди тарсу вањшат дар Русия ва Чин ва кашидани доманаи ин љанг ба марзњо ва дохили ин кишварњо ва ё тањдиди манфаатњои онњо дар минтаќа.
Манобеъи сармоягузорї Ќабл аз њама аз ѓорати амволи умумї ва гирифтани хирољ: њамла ба шањрњо ва ѓорати амволи мардум ва хирољбандии умумї, яке аз манбаъњои муњими даромади ин гурўњ аст. Масалан, дар њамла ба шањри Мавсили Ироќ ва ишѓоли вилояти Найнаво ба банкњо ва саррофињо њамла карданд ва 430 миллион долларро ба ѓорат бурданд. Ва баъд аз њисоби ќочоќи маводи мухаддир ва одамрабої, ќочоќи аъзои инсон, фурўши асирњои љангї, фурўши духтарони асиршуда ва мероси бостонї таъмин мешаванд. Аммо бузургтарин манбаъи даромади онњо нафт аст. Дар њар манотиќи ишѓолї чашмањои нафтиро аз худ карданд ва бо роњњои ѓайри-
МАКТАБ
ЭЪЛОН Гимназияи Точикистону Русия "Хотам ва ПВ" эълон менамояд, ки барои курсхои омузишии дохилшави ба мактабхои олии Точикистон, Русия ва дигар кишвархо хонандагони синфи 11 -ро кабул менамояд. Дарсхо рузи шанбе аз соати 13 то 17 ва рузи якшанбе аз соати 8 то 13 баргузор мешаванд. Эхтимолияти супоридани имтихоноти кабул ба баъзе макотиби олии Русия дар худи гимназия вучуд дорад. Самтхои афзалиятноки омузиши: илмхои дакик, техники, технологи, энергетики, сохтмони, лоихасози, кишоварзи, тибби ва гайрахо. Телефон барои тамос 2325022, 2374873
расмї тиљорати онро ба роњ монданд, ки аз ин њисоб сарвати беинтињо ба даст оварданд. Аз сўйи дигар бино ба гуфтањои коршиносон, гурўњи ДОИШ аз тарафи бархе кишварњои арабї, аврупої ва хайрияњои арабї-исломї ба таври густарда њимоят мегарданд. Инчунин њимоятњои иттилоотї, машваратї ва низомї мешаванд.
Таблиѓот ва сарбозгирї Гурўњи террористї-такфирии ДОИШ барои он, ки битавонад ќуввањои мусаллањи худро зиёд кунад, сарбозњои худро аз ќорањои љањон љамъоварї намояд, тафаккуру андешањои худро густариш бидињад, њилаву макрњои бисёреро ба кор бурдааст: Яке аз тактикањои ин гурўњ дар бисёр кардани сафи ќуввањои мусаллањи худ ин аст, ки њар шањру минтаќаеро, ки ишѓолу тасарруф кард, барои нављавонону љавонони он љо давраи сарбозиро маљбурї месозад. Њамон коре, ки дар Мавсилу Раќќа кардааст. Бисёре аз мусалмон ва махсусан мусалмонони кишварњои арабї, муњимтарин далели мушкили олами ислом дар асри кунуниро набуди "хилофати исломї" медонанд ва роњи наљоти мусалмонон ва даврони тиллої ва шуку-
фоии тамаддуни исломиро дар њукумати "халифа" мепиндоранд. Бар ин асос низ ДОИШ аз ин соддалавњї ва кўтоњбинии ин гуна инсонњо истифода бурда иддао дорад, ки барои онњо ва барои наљоти онњо аз мушкилот ба дунболи сохтани њукумату хилофати исломї аст. Бахши зиёде аз мардуми мусалмон, далели заъф ва аз байни рафтани ќудрати љањони исломро дар ќарордоди "Сайс Пику", медонанд. Ќарордоде, ки пас аз љанги љањонии аввал кишварњои арабии мусалмонро ба мамлакатњои кўчак табдилу марзбандї кард. ДОИШ иддао мекунад, ки њаргуна марзњоро аз байн мебарад ва як хилофати ягона таъсис мекунад. Ва ин шиор барои ин гуна инсонњо љаззобу фиребанда аст. Ба њамин хотир, љазби ин гурўњи фосид мешаванд. Яке дигар аз фиребу макрњои ин гурўњ барои љалби љавонон аз саросари олам, истифода аз ояњо, ривоятњо ва аломатњои охируззамонї аст. Ривоятњои заъифу худсохтае мављуд аст, ки дар охируззамон гурўњи сиёњпўш бо парчамњои сиёњ пайдо мешаванд, ки адлу додро дар замин мегустаронанду бо кофирону золимон љињод мекунанд. ДОИШ дар таблиѓоти худ ба таври густарда дар пайи он аст, ки ин ривоятњоро бар худ татбиќ дињад, то лашкар љамъ кунад. Бар њамин асос њам аз парчами сиёњ ва муњри Паёмбари Акрам (с), истифода мебарад. Фаъолиятњои густардаву озодона дар шабакањои иљтимої, моњвораї ва сайту веблогњо барои ошно сохтани мухотабон бо андешањову њадафњои худ ва дар натиља фиреби онњо ва кашонидани љавонон ба майдонњои љанг, ба номи љињод як шеваи дигар таблиѓоти ин гуруњ аст. ДОИШ талош карда аст, ки амалиётњои низомиашро ба таври комил филмбардорї ва сабту забт кунад ва филмњоро ба сурати бисёр њирфаї, њунармандона ва фавќулодда, ки бо наъту сурудњои љињодї њамроњ аст, тадвин ва дар интернет нашр дињад, то аз ин тариќ битавонад љавононро ташвиќу тарѓиб кунад, то ба сафи онњо бипайванданд.
Муњаммад ЃУЛОМОВ, тањлилгари масоили динї-фарњангї
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
ТАБЛИЃ
Оби марворид табобат дар 20 даќиќа
®
Узви биної барои инсон ањамияти вежае дорад. Мо бо чашм дунёи берунаро мебинем ва аз рўи маълумоти мутахассисон, то 90% маълумотњоро тариќи ин узв мегирем. Бинобар ин, чашмро бояд эњтиёт кард, чун чашми инсон мисли дигар узвњои ў ниёз ба муносибати эњтиёткорона ва табобат дорад. Дар тибби имрўз чашмпизишкї ё офтолмология ба омўзиши чашм, анатомия ва физиологияи он, беморињои гуногуни чашм ва табобату пешгирии онњо аз беморињо машѓул аст. Чашмпизишк ё худ офтолмолог мутахассисест дар тибби клиникї, ки ба омўзиши пайдоиш (этиология) ва механизмњои инкишофи беморињои гуногуни чашм сару кор дорад. Мањз ин мутахассис ташхис ва усули табобату пешгирии ингуна беморињоро анљом медињад. Мутаассифона, узви биноии инсон мубталои беморињои зиёде мегардад. Беморињое монанди наздикбинї, астигматизм (нуќсони чашм), дурбинї, оби сабз (глаукома), оби марворид (катаракта) ва ѓайра одамони зиёдеро азият медињанд ва боиси нороњатиашон мегарданд. Чизи муњими дигар ин аст, ки ќариб 80% - и беморињои
чашм, натиљаи таъсири беморињои дигар, аз ќабили бемории гипертония, аллергия, сил, беморињои сироятї, диабети ќанд, фарбењї ва ѓайра мебошанд. Бинобар ин, агар шумо ногањонї ё тадриљан ба мушкилоти узви биної дучор гаштед ва ё таѓйири њатто начандон зиёде дар нерўи биноии худ мушоњида кардед, њатман ба чашмпизишк мурољиат намоед. Яке аз беморињои пањнгардидаи чашм, ки хусусан боиси азияти одамони калонсол мегардад, бемории катаракта ё оби марворид мебошад. Тибќи маълумотњои Созмони умумиљањонии тандурустї, наздики 17 миллион одам мубталои бемории катаракта буда, аксарияти онњоро шахсони аз 60 - сола боло ташкил медињанд. Дар синни 70 80 - солагї ин беморї дар 260 мард ва 460 зан аз 1000 нафар одам ба назар мерасад ва дар синни аз 80 - сола боло бошад, дар њар нафар дида мешавад. Зуљољаи (хрусталик) чашм ба мисли линзаи табиист, ки нур гузаронида, онро мункасир мекунад. Зуљоља дар дохили тухми чашм дар миёни инабия ва баданаи шишамонанд воќеъ гардидааст. Дар љавонї зуљољаи чашми одамї шаффофу мавзун буда, метавонад шакли худро дигар кунад ва аз њисоби ин, чашм
њам дар наздикї ва њам дар дурї наѓз мебинад. Њангоми гирифтор шудан ба бемории катаракта ё оби марворид зуљоља ќисман ё пурра тира гардида, шаффофияти худро аз даст медињад. Бо ин сабаб, чашм танњо як ќисмати ками нурњои рўшної мерасанд ва неруи биної заиф гардида, инсон атрофро даќиќ намебинад. Бо гузашти солњо беморї рушд намуда, ќисмати хира шуда калонтар мегардад ва нерўи биної боз њам заифтар мегардад. Агар ин бемориро дар ваќташ табобат накунед, он метавонад ба кўрї оварда бирасонад. Яъне инсон комилан нерўи биноиашро аз даст медињад. Ин беморї дар одамон њамаи синну сол дида мешавад ва ба чанд намуд таќсимбандї мегардад: катарактаи модарзодї; катарактаи мураккаб ва катаракта, ки бо сабаби беморињои умумии организм буруз намудааст. Аммо аз њама бештар катарактаи синну солї (ё пирї) вомехурад ва дар одамони аз 50 сола боло инкишоф меёбад. Сабањои асосии пайдоиш ва инкишофи ин беморї низ гуногунанд: тамоюли ирсї; љароњатњои чашм (химикї, механикї ва ѓ); беморињои гуногуни чашм (аз љумла глаукома, наздикбинї);
11
иллатњои эндокринї (халалдор шудани мубодилаи модањо, диабети ќанд ва ѓ); шуоъхурии ултрафиолетї; истеъмоли тўлонии як ќатор доруњо; радиатсияи баланд; зањролудшавии токсинї ва сигоркашї аз љумлаи онњо ба шумор мераванд. Хусусияти дигари ин беморї дар он аст, ки њангоми гирифтор гардидан ба он, инсон атрофро мисли ин, ки аз шишаи араќкарда мебинад. Бо рушди бештари беморї милт-милти рахњо, хатњо ва доѓњои гуногун дар пеши назари бемор зиёд мегардад. Инсон ашёњоро дугуна мебинад ва аз рўшноии баланд метарсад. Дар бештари маврид њангоми хондан, навиштан ва дўхтан дучори мушкилот мегардад. Бо мурури пухта расидани катаракта, ранги зуљољаи чашм аз сиёњ ба сафед мубаддал мегардад. Заъфи нерўи биної аз љойгиршавии мавќеи ин тирагї вобастагї дорад. Агар ин тирагї дар атрофи зуљоља воќеъ гардад, одам њељ дигаргуниеро дар неруи биноии худ њис намекунад. Ин намуди катаракта тасодуфан, њангоми муоинаи табиб маълум мегардад. Аммо агар тирагї дар маркази зуљоља љойгиршуда бошад, инсон хело зуд гирифтори наздикбинї мегардад. Катаракта бемории маккорест ва мављудяти онро танњо мутахассис метавонад тасдиќ намояд. Асоситарин намуди ташхиси ин беморї, муоинаи ќаъри чашм дар рўшноии хуб ба шумор меравад. Баъзан танњо њамин амалкард ба табиб кофист, то мушкилотро муаян намояд. Аммо ташхиси даќиќтар ба воситаи ломпи рўшноидињанда - биомикроскопияи чашм гузаронида мешавад. Роњи ягона ва самараноктарини табобати катаракта, амали љарроњї ба шумор меравад, ки дар натиљаи он зуљољаи тирагашта, бо линзаи сунъї иваз карда мешавад. Аз њама усули пањнгашта ва камљароњати дур кардани катаракта - факоэмулсификатсия ба шумор меравад. Ин усулро амбулаторї иљро мекунанд ва он стандарти "тиллої" дар офталмољарроњии катаракталї ба шумор меравад. Ин усули љарроњї комилан бехавф буда, бемор худи њамон рўз ба зиндагии маъмулиаш бармегардад. Ин намуди љарроњи њамагї 15-20 даќиќа идома меёбад. Шўъбаи офтолмологии (беморињои чашм) Бемористони Ибни Сино бо таљњизоти навтарини муосир муљањњаз гардида, дар он мутахассисони варзидаи ватанї ва хориљї фаъолият мекунанд. Ин омилњо ба мутахассисони шўъба имкон медињанд, ки беморињои гуногуни чашм ва аз он љумла катаракта ё оби марворидро бо муваффаќият ташхис ва табобат намоянд. Барои дастрасгардонидани хизматрасонии тиббии њозиразамон ба ќишрњои мухталифи кишвар, дар назди бемористон ташкилоти суѓуртавии "Суѓуртаи миллї" таъсис дода шуда аст. Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суѓурта намуда, харољоти худро ба маротиб кам кунед. Барои касби маълумоти бештар метавонед ба сойти расмии мо мурољиат кунед: www.sugurta.tj ва www.ibnisino.tj
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
БО ШОИР
ЗИНДАГЇ
Љањони ман зи мењрат бас љавон буд, Чу ќайсе њам шудам ман ошиќи ту.
Боди туям, бањори ман, Мењри туям, хумори ман. Бўси туям, канори ман, Савти хуши њазори ман.
ДАР ДИЛАМ Бо ёди рухат нишастаам субњу шабе, Аз бањри љамоли ту ва ё бўси лабе. Солони дигар љавон бимонад дили ман, То ќиссаи ишќисту майлу талабе. Аз набзи дилам бимонад охир чу нишон Сад савту наво барои базму тарабе. Номи ту, ки сабт гашта дар кунљи дилам, Ман шеър навишта бо њазорон сабабе. Њарчанд ки дурї ту зи пеши назарам, Наздики туям чу ханда дар гирди лабе. Бо роњи мурод гарчи равонам шабу рўз, Ман њарф нагуфтаам ба ѓайри насабе.
Субњи тую сафои ман, Кафтари ту, самои ман. Ќудрати чун шифои ман, Шеъри туям, шиори ман. Њарфи туям, саводи ман, Олами њар каломи ман. Нахли туям, муроди ман, Шохаи пур зи бори ман. Баъди мане маљў дигар, Сояи пову дасту сар. Оби хама на поку тар, Фотињаи шикори ман. Зевари гумшуда макоб, Манзари рафтагон махоб. Чењраи худ макун ниќоб, Дида матоб, ёри ман.
ЁД КУНАМ
БА ЊАМНИШИН Эй кавкаби шабгардам, эй доруи сад дардам, Эй ѓунчаи дилсардам, ту лоиќи ман будї. Сад нозу ниёзам буд, маскан ба фарозам буд, Бо ту њама розам буд, ту лоиќи ман будї. Аз боѓи Ирам рустам, дар њавз рухам шустам, Нилуфари тар љустам, ту лоиќи ман будї. Майлам, ки ба њар гул буд, нўшам зи майю мул буд, Розам, ки зи булбул буд, ту лоиќи ман будї. Аз карда пушаймонам, мењри ту гуњар донам, Бахшо ба њавас љонам, ту лоии ман будї. Ѓамхори ту гардам боз, боз ой ба ёди ноз, Эй ошиќу эй мумтоз, ту лоиќи ман будї. Ту содиќи ман будї, ту розиќи ман будї, Ту ошиќи ман будї, ту лоиќи ман будї.
"ЧАТРИ СИМИНИ БАДАХШОН" Бадахшон зиннати ангуштарин аст, Бадахшон чун нигини ин замин аст. Бадахшон-маскани чандин бузургон, Бадахшон-чатри симини замин аст. Бинозам ман ба номи халќу миллат, Бифахрам ман ба лаълу ганљу неъмат. Њамеша сарбаланд бо рўду чашма, Бадахшон-кишвари сад зар ва зиннат. Бадахшон-мењани сад пиру барно, Бадахшон-манзили њам дину дунё. Ба номи поки он њар рўзу њар дам, Дуруде хонаму шеъру таманно. Ба номи халќи худ ман сарбаландам, Зи оби хоки худ ман бегазандам.
ГУЛНИСОИ АТО Миёни њар ќадам исмаш ба хотир, Бадахшон гўяму пайваста хандам. Чу оѓозам бувад аз мулки Шуѓнон, Бибошад бар забон сад лањни Рўшон. Бувад ганљинаи мо Ванљу Дарвоз, Њаловат бурдаам аз хони Ѓорон. Њавас дорам зи майдонам паридан, Зи андарзи Бадахшонам шунидан. Гулистон сохтан боѓи ниёгон, Зи шањду меваи ширин чашидан.
ФАРЁДИ ТАНЊОЇ Ало,эй ту Худованди садоќат, Парастори накўиву њаќиќат! Ба дасти ту бувад пасту баландї, Кушої сад дару сад ќалъа бандї! Туї донандаи њар рози њастї, Ба фармони туям дар њаќпарастї! Туї бахшандаи гулњои бахтам, Њазорон ганљњову тољу тахтам! Аё, хонандаам, асрори ман дон, Зи лавњи хотирам ин нуктаро хон. Навиштам ман варо бо ќатраи хун, Шикоятњо кунам аз чархи гардун! Агарчи рўйи ман бас лолазор аст, Даруни синаам сад нола бор аст. Мисоли буттаям ман дар чаманњо, Гулу булбул ба њам, ман зору танњо. Зи файзи ту њама шоданду маѓрур, Фаќат ман аз алам гардида ранљур. Љањони дўстї бар ман шаби тор,
Надорам дар барам ёри вафодор. На кас бо ман бибандад ё касе ман, Надорам роздоне мард ё зан. Зи як сў бекасу бечора њастам, Зи танњої басо дил пора њастам. Яке девам, яке девона донад, Яке шамъу дигар парвона хонад. Маро њар рўз печад нолаи зор, Худовандо, зи ту њастам талабгор. Нињоди дўстиамро ба бор ор, Ки танњої аљаб корест душвор!
МУЊАББАТНОМА Муњаббат-чашмаи љовид равона, Муњаббат- манзили бељойу хона. Муњаббат- мењани садњо гузашта, Муњаббат- лаззати бељому бода. Муњаббат- роњи дуру беканора! Муњаббат- офтоби њар шабу шом, Муњаббат- меваи на пухта, на хом. Насанљида, ба майдонаш мазан гом, На ѓолиб дораду на кафтари ром. Вараќњои муњаббат бас зиёда! Агар оѓози ман бошад муњаббат, Китоби бози ман бошад муњаббат. Китоби рози ман бошад муњаббат, Шукўњи нози ман бошад муњаббат. Муњаббат мўниси чандин замона.
ЭЊДО БА МОДАР Бањори умри ман бо туст рангин, Аё, эй модари хушлутфу ширин. Мисоли бањраям аз себи умрат, Нишоти зиндагї бо туст заррин. Ба ќалби бас бузурги модарона, Ту бо ин ном монї љовидона. Ба њар шоми сиёњ, њар рўзи равшан Ягона мушфиќи ман дар замона. Ба дунёи муњаббат лоиќї ту, Ба ањди худ њамеша содиќї ту..
Ту бирафтї, ёри ман, шаб то сањар ёдат кунам, Зери нахли хушк ман њар лањза фарёдат кунам. Гиряму нолам зи ѓамњои ту, эй бедори маст, Умри ширини љавонї њампари бодат кунам. Бо умеди васли ту оям ба боѓу гулшане, Настаран резам ба хоку бо њамин шодат кунам. Аз бањори зиндагї ин аст уммеди дилам Љо кунам бозат ба љону тоза бунёдат кунам. Ман гули армони Ширинам, аё, эй Кўњкан, Дар вафодорї шавад рўзе, ки Фарњодат кунам.
БАХТБОРОН Дўстон, хоки Бадахшон вањдатистон шуд зи нав, Сабзу хуррам, нурборон, ибратистон шуд зи нав. Дар дили садњо љавону кўдаку пири диёр Шўълаафкан мењри поки Тољикистон шуд зи нав. Њар киро бинї, ду рўяш аз фарањ гул кардааст, Шохаи хурду калон мисли гулистон шуд зи нав. Бо садоќат номи поки Оли Сомон бар забон, Дар бањори зиндагонї ишќу паймон шуд зи нав. Фахр дорад ќавми тољик аз самои поки хеш, Хурраму фархундарў ин рўзгорон шуд зи нав. То гулафшонї кунад доим бањори ошиќї, Гулниссо њам дўстдори мењри љонон шуд зи нав.
ТАБЛИЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
13
Њавотозакунаки "AirPure Humidifier" аз Qnet бењтарин асбоб барои хона! "AirPure Humidifier" асбобест, ки њавороро кашида, чанг, бактерияњои зарарнок ва дигар олудагињои онро тавассути танзимкунандаи сатњи рутубатнокї тоза мекунад. Истифода аз ин асбоб ба саломатии истиќоматкунандањо, яъне, соњибони он низ таъсири мусбат мерасонад ва ба замми ин дар истифода аз барќ њам сарфакорї мушоњида мегардад, рангу бори дару девор њам намекафад ва гулкоѓазњои девор низ бенур намешаванд. "HomePure" ин обтозакунаки њафтзинаї бо рўкаши арѓувонї аст, ки обро ба сифати баланд меполад, аммо бо шумораи мањдуд истењсол шудааст. Барои дорои сифати баланд ва бехатариаш ба "HomePure" Шањодатномаи NSF International, аз љониби ташкилоти ѓайридавлативу ѓайритиљоратии байналмилалї оид ба аттестатсия, яъне, аз тарафи љониби саввум дода шудааст. Дар рафти конфронс аз номи ин созмон духтур Тина Йеркс дар бораи фаъолияти созмон ва чи гуна соњиби чунин шањодатнома шуданро шарњ додааст. Духтур Йеркс њамчунин ба иштирокчиёне, ки дар бораи стенди "HomePure Red" донистан мехостанд, афзалиятњои ин асбобро шарњ дод. Чи тавре хабар дода будем, конфронси V-Malaysia 2015 яке аз бузургтарин љамъомадњо ва ё чорабинињои QNet гардид, ки дар он 14 500 нафар иштирок доштанд. Дар ин љаласаи бузург ба ѓайр аз он ки QNet асбобу колоњои нави худро муаррифї намуд, боз чорабинињои дигар низ гузаронида шуданд. Масалан, маросими мукофотонидани 70 донишљў, ки курси Пажуњишгоњи таълими электронии Шветсария (Swiss eLearning Institute)-ро хатм карда буданд, низ баргузор. гардид. Сї нафар аз хушбахтони ѓолибро насиб будааст, ки њангоми ѓизои чошт мукофоти худро бигиранд. Ин нафарон аз дасти њамтоњояшон Донны ИмсонЛекароз ва Ричард Е. Зинкевич, муовини директори њолдинги пањнкунанда, шањодатномањояшонро гирифтанд. Њамчунин дар рўзи чоруми конфронси бонуфузи V-Malaysia 2015 муштариёни наве, ки соњиби маќоми "Ситораи платиниум" (Platinum Star) гардида буданд, муаррифї шуданд. Исми онњоро директор оид ба маркетинг Тревор Куна эълон намуд.
"HomePure" ин обтозакунаки њафтзинаї бо рўкаши арѓувонї аст, ки обро ба сифати баланд меполад, аммо бо шумораи мањдуд истењсол шудааст. Барои дорои сифати баланд ва бехатариаш ба "HomePure" Шањодатномаи NSF International, аз љониби ташкилоти ѓайридавлативу ѓайритиљоратии байналмилалї оид ба аттестатсия, яъне, аз тарафи љониби саввум дода шудааст. Пас аз он рўзи дигар воќеан дар конфронс барои Qnet бобарор ва рекордї буд, зеро якбора 1000 муштарии нахустин бо нишони "Ситораи тилло" сарфароз гардиданд.
Њавотозакунаки "AirPure Humidifier" аз Qnet мањсулоти бењтарини барои њар хонадон Ба наздикї дар шањри Пенангеи Малайзия конфронси "Викон-Малайзия 2015" гузашт, ки дар он якчанд радда намудњои нави мањсулот ва моделњои навтарине, ки Qnet пешнињод мекунад, ба маъраз гузошта шуда буд. Айнан дар њамин њамоиш бори нахуст ба њамтоён ва муштариёни Qnet њавотозакунаки фавќулодда бењтарин AirPure Humidifier пешнињод шуда буд. Чи тавре баён кардем, ин асбоб дар тамоми љањон, аз љумла, дар Русия ва дигар кишварњои муштаракулманофеъ, талабгорони зиёд дорад, зеро он њам њаворо тоза мекунад ва њам на-
мнокї ё рутубатнокии онро муътадил нигоњ медорад. Имрўз њарчи зиёдати мардум дар љањон аз паси бењдошти дар манзилњояшон мебошанд ва онњо мехоњанд, њарчї зиёдтар дар манзилашон њузуру њаловат эњсос шавад. Асбобу анљомњое, ки Qnet ба муштариён ешнињод мекунад, торафт машњуртар ва маъмултар мегарданд. Аз љумла, њавотозакунаки "AirPure Humidifier" аз QNet манзилатонро њамеша тоза, ботароват ва рутубатнокиро дар меъёри муътадил нигоњ медорад ва на танњо барои бењтар шудани саломатиатон мадад мерасонад, балки њамчун љињоз намуди умумии хонаатонро низ зеб медињад. Барои кам шудани сулфа, кафидани лабњо, хориши гулў ва пўсти хушк њавотозакунаки AirPure Humidifier мусоидат мекунад. Махсусан, барои занњо, ки њамеша аз пайи хушк ва бетароват нашудани пўсти рўяшон њастанд, истифода аз њавотозакунаки AirPure Humidifier табъи дилашон аст. Марњамат, дар хонаатон ин њавотоза-
кунакро насб кунеду проблемањои пўсти хушкро фаромўш! Дар он љойњое, ки кондисионер њаст, махсусан, истифода аз њавотозакунаки AirPure Humidifier манфиатбахштар аст, зеро њавои хушкро ин тозакунак ботароват мегардонад. Бо мадади њавотозакунаки AirPure Humidifier шумо як микроклимати бо њузуру њаловатро ба вуљуд меоред, ки ба саломатии шумо ба таври мусбат низ таъсир мерасонад. Њамчунин риски гирифтори беморињои гузаранда шудан низ мекоњад, агар дар манзили шумо чунин њавотозакунак бошад. Чаро? Барои он ки ваќте њавотозакунаки AirPure Humidifier дар хона кор мекунад, чанг ва бактерияњои зарарнок кам мешаванд. Њавои намнокиаш муътадил, ки ба воситаи њавотозакунаки AirPure Humidifier ба вуљуд оварда мешавад, њатто ба сабзиши растанињои хонагї таъсири мусбат мерасонад. Вале як ёддоштро фаромўш накунед: он хонае, ки дар он њавотозакунаки AirPure Humidifier кор мекунад, бояд наѓз мањкам карда шавад, дарњо низ роѓ наистанд ва набояд сурохие бошад. Танњо як бори дигар ёдрас мешавем, ки конфронси Викон-Малайзия 2015 дар Малайзия анъанавї буда, њар сол гузаронида мешавад ва дар он њазорњо нафар иштирок мекунанд. Њар яке аз иштирокчии ин њамоиши бузург мехоњад њарчи зиёдтар ба асбобу таљњизоти замонавие, ки QNet пешнињод мекунад, шинос шаванд.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ТАЛБАНДАЊОИ КАСБИРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Имрўз хиёбонњои зебо, бозор, роњњо ва боѓу љойњои тамошобоби пойтахти кишварамон бо љўгизанњои халта ба китф ва давутози лўлибачањои талбанда пур шудаасту аз субњ то шом мардумро ба њоли худ намегузоранд. Базеъашон то андозае якраванд, ки ба осонї таслим намешаванд ва кўдакони жандапўши сару по пур аз чирк ба дасту пои кас кашол шуда, то ягон сўм наситонанд, рањо намекунанд. Рўзе дар бозори "Шоњмансур" бо зани фурўшандае њамсуњбат шудам. Зимни гуфтугў ќайд намуд: "Агар пули майда наёбем, аз љўгизанњо ќарз мегирем". Аз ин бар меояд, ки њар яки онњо њамроњ бо як ё ду кўдаки худ рўзе зиёда аз 60-70 сомонї ба даст меоранд. Бар замми ин, иддае аз онњо бо испанддудкуниашон дар байни растањои бозор таъби мардумро хира менамоянду баъзеи дигарашон дар сари роњу истгоњ ва гардишњо ќарор гирифта, бо навиштаљоте гўё худро гунгу лол ва муњтољ нишон додан мехоњанд. Рўзи љумъа аз даромадгоњи масљиди марказї сар карда, то роњи асосиро манзараи дилхароше фаро мегирад. Инсонњои маъюбу мањрум аз биної ё нуќси модарзодї дошта аз ду тарафи роњ саф меороянду дасти тамаъ ба сўи роњгузарон дароз мекунанд. Дар байни саф бошад боз њамон лўлибачањо баробари намозгузорон ќадам зада, то сањни масљид њамроњашон мераванд. Суоли матрањ ин аст, ки оё ин манзара масъулинро нигарон намесохта бошад? Дар масљиди марказї, ки рўзњои љумъа мењмонњои хориљиву намояндагони сафоратхонањои Арабистону Эрон ва дигар кишварњо барои адои намози љумъа меоянд. Оё ин манзара тољиконро њамчун мардуми носолим муаррифї намекарда бошад ва ин талбандањо ба шаъни миллати зањматкаши тољик латма ворид намекунанд? Масъулинро зарур аст барои бартараф намудани ин мушкилї, ки доѓи рўз аст ягон чорае биандешанд. Масалан бо људо намудани маблаѓи муайян барои маъюбону нафарони воќеан эњтиёљманд, ки эшон битавонанд рўзгорашонро пеш баранд. Аммо љўгињо ва баъзе талбандањои касбии бе ору номусро ба уњдаи маќомот во гузоранд. Дар асл аз он маъюбоне, ки дар боло зикрашон гузашт на њамаи онњо маъюбанд, бархеи онњо бањри ба даст овардани пули бе дарди миён бо роњу усулњои гуногун худро њамчун шахси носолим ва эњтиёљманд љилва медињанд. Юнуси ЮСУФЗОД, сокини шањри Душанбе.
ВОКУНИШ
- Дар маќолаи "Нома ба вазири фарњанг", "Лоињаи сулњи бардавом ва дўстиву бародарї (Нигоњ, №2 (435), аз 8.04.2015) барои тањкими муносибатњо бо кишварњои њамсоя, хоса бо кишварњои Осиёи Миёна пешнињод шудааст, ки бо иштироки донишљўён ва љавонони ин кишварњо семинарњои дўстї бо дастгирии Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон гузаронида шавад. Њаќиќатан, фосилагирии мардумони кишварњои њамсоя аз њамдигар ба манфиати њељ кадоми мо нест. Вазорати фарњанг дар доираи имкониятњои худ њар як фурсати муносибро барои тањкими муносибатњои дўстона миёни кишварњои њамсоя истифода мекунад ва бо тамоми кишварњои номбурда ќарордодњои њамкории фарњангї дорад. Инчунин њангоми баргузории вохўрии роњбарони кишварњои њамсоя дар доираи созмонњое, ки њамаи мо аъзоем, чорабинињои фарњангии муштарак гузаронида мешавад. Њангоми баргузории вохўрии сарони кишварњои аъзои Созмони њамкорињои Шанхай њунармандони тољик консерти калоне бо суруду оњангњои мардумии кишварњои иштироккунанда пешнињод намуданд, ки барои густариши муносибатњои дўстонаи фарњангии ин кишварњо мусоидат намуд. Баъди њар ду сол табодули рўзњои фарњанги кишварњо гузаронида мешаванд. Чунин вохўрињои судманд дар доираи рўзњои фарњангї, намоишгоњњои байналмилалии китоб ва дигар чорабинињои муштарак дар њудуди ин ё он кишвар пайваста баргузор мегарданд. Ба наздикї рўзњои фарњанги Тољикистон дар Ќирѓизистон баргузор гардида, моњи август гузаронидани рўзњои фарњанги Тољикистон дар Русия дар назар аст. Воќеан фарњанг дар њама давру замонњо чун пули муносибатњои байни кишварњо хизмат менамуд ва дар даврони кунунї ин рисолаташ дучандон афзун гардидааст. Вазорати фарњанг минбаъд њам барои ташкили чорабинињои фарњангї ва ба онњо љалб намудани доираи васеи љавонон тадбирњо меандешанд. Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА, вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон
Аскари ќаторї дар њолати мастї ба хобгоњ баргашт дар роњ бо генерал рў ба рў шуд ва узрхоњона гуфт: - Мумкин ман аз пањлуи Шумо гузарам. Генерал дар љавоб мегўяд: - Фаќат яктогї гузаред.
ОЁ ШАЊРВАНДИ ТОЉИКИСТОН БО ХОРИЉЇ МЕТАВОНАД НИКОЊИ РАСМЇ БАНДАД? - Оё зани тољик, шањрванди Тољикистон метавонад бо шањрванди хориљї никоњи расмї бандад? Зеро якчанд сол ќабл шунида будам, ки парлумони кишвар лоињаи ќонунеро ба тасвиб расонида буд, ки шањрвандони хориљї ин њуќуќро надоранд, то замоне, ки хонае барои зани тољик хараду ба номи ў гузаронад. Оё воќеан чунин ќонун дар Тољикистон ба тасвиб расидааст? Манучењри КАМОЛ, сокини шањри Ќўрѓонтеппа - Зани тољик бо марде, ки шањрванди хориљї мебошад метавонад бо риояи тартиби муќаррар намудаи Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон аќди никоњро ба анљом расонад. Тибќи ќисми 3, моддаи 12 - и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон агар яке аз тарафњои никоњшаванда шањрванди хориљї ё шахси бешањрванд бошад, он гоњ шавњаршаванд дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон на камтар аз як соли охир бояд истиќомат карда бошад ва ба ѓайр аз њуљљатњои зарурї албатта ањдномаи никоњро ба таври хаттї ба маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї пешнињод намояд. Зарурати бастани ањдномаи аќди никоњ дар он аст, ки кафолати њуќуќию иљтимоии љонибњои аќди никоњро ба хусус, зани тољикро бо назардошти воќеияти иќтисодиёти миллии кишвар ва масъалањои ба он робита дошта таъмину кафолат медињад. Мувофиќи маќсад мебуд, ки зани тољик пеш аз розигии худро ба шартњои ањдномаи никоњ дода, ба он имзо гузоштан матни онро бо љалби њуќуќшинос баррасї намуда, моњияти онро дарк карда, њангоми зарурат ба матни ањдномаи никоњ таѓйиротњоеро ворид намояд, ки манфиатњои ўро инъикос намоянд. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илмњои њуќуќшиносї посух дод.
15
АКСИ ГЎЁ
ФОСИЛАГИРЇ БА МАНФИАТИ ЊЕЉ КАДОМИ МО НЕСТ
ЛАТИФА
? - И НОБОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
*** Сарошпази тарабхона пешхизматњоро љамъ карда, мегўяд: - Имрўз, азизонам, либосњои озода, зебо ба бар кунед, сару рўятонро ба тартиб дароред ва каме рухсорањоятонро сурх намоед! - Шефљон, барои чї? Ягон одами баобрў меояд? - мепурсад яке аз онњо. - Не, не, мехоњам, ки имрўз њамон таомњои дирўза намонанд. *** Зане ба дугонааш гуфт: - Ваќте њамсарам бо ман муносибати бад мекунад, ман ўро тарсонида, "ба хонаи модарам меравам", мегўям. Дугонааш гуфт: - Ман баръакс, мегўям, ки модарамро ба хона меорам. *** Дар Ялта Черчил ва Сталин вохўрї доштанд. Черчил гуфт: - Медонї, Иосиф, ваќтњои холигї хуш дорам латифањоеро, ки дар бораам одамон наќл мекунанд, љамъ орам. - Ту њам мисли ман будаї, чунки ман њам љамъ мекунам, лекин латифањоро не, балки нафаронеро, ки дар бораам латифа наќл мекунанд, - гуфт Сталин. *** Пирамарди бойе бандагиро ба љой овард. Дар болои сари љасади ў як марде бо либосњои камбаѓалона зор- зор мегирист. Як нафар аз ў мепурсад: - Шумо хешаш мешавед? - Не-е, - мегўяд он мард. - Ин хел бошад, чї ин ќадар гиря дорї? - мепурсад он нафар. - Охир.., барои њамин гиря дорам, ки агар хешаш мебудам…
? - И НОБОБ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОБ БА КУЉО МУРОЉИАТ НАМОЕМ? - Дар њафтаномаи "Нигоњ" хонда будам, ки барои об гузаронидан ба хона ё њавлї иљозатнома гирифтан лозим аст. Бинобар ин, аз Шумо пурсиданї њастем, ки барои ба хона об гузаронидан ба куљо мурољиат намоем? Бо худ кадом намунаи њуљљатњоро бояд дошта бошем? Абўбакр ЉЎРАХОНОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Барои гирифтани шарти техникї оиди пайваст шудан бо системаи ќубурњои оби нушокї ва корезї дар ќаламрави шањри Душанбе дилхоњ сокин ё соњибмулки эњтиёљманд ба оби нўшокї бояд њуљљатњои лозимиро ба Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" пешнињод намояд. Номгўи њуљљатњои зарурї барои гирифтани шарти техникии оби нўшокї инњо мебошанд: 1. Ариза ва ё мактуб ба унвони директори КВД - и "Обу корези Душанбе". 2. Ќарори дахлдори шањрдорї, оиди људо намудани ќитъаи замин барои сохтмон ва ё таљдиди иншоот (хонаи истиќоматї). 3. Наќшаи љойгиршавии хона ва ё иншоот бо миќёси 1:500 ва ё ба 1:2000. 4. Шартномаи тарафайн бо КВД "Обу корези Душанбе". 5. Маълумотнома аз шуъбаи фурўши об оиди ќарздор набудан аз хизматрасонии КВД - и "Обу корези Душанбе". 6. Маълумотномаи њайати оила бо муњри Раёсати хољагии манзилї коммуналии ноњия. 7. Миќдори истифодабарии оби нўшокї ва корезї дар як шабонарўз (куб.м/сут.л/сек.) Барои иваз намудани ќубури оби нўшокии мављудбуда бошад њуљљатњои зеринро пешнињод намудан лозим аст: 1. Њуљљатњои тасдиќкунанда (шарти техникї) барои ќубури мављудбуда. 2. Лоињаи гузаронидани ќубурњои оби нўшокї ва корезї, санадњои иљроиши корњо, санљиши гидравликї барои ќубурњои мављудбуда. Баъди пешнињоди њуљљатњои дар боло зикршуда, онњо аз тарафи мутахассисони Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" омўзишу баррасї шуда, мувофиќи имкониятњои мављудбуда дархостњо ќонеъ гардонида мешаванд. Ба саволи Шумо Мирзомурод УБАЙДОВ, сардори шуъбаи фурўши оби КВД - и "Обу корези Душанбе" посух дод.
БА ЉОЙИ 09 - Агар Шумо бекореду ихтисос надоред, ё мехоњед ихтисоси иловагї аз худ кунед, ин акнун њељ мушкилї надорад. Хоњишмандони касбомўзї мувофиќи роњхати маќомоти давлатии шуѓли ањолии мањалли зист бе имтињони дохилишавї ќабул карда мешаванд. Тайёрии касбї, такмили ихтисос ва бозомўзии шањрвандони бекор ба тариќи гуруњбандї ройгон сурат мегирад. Ихтисосњои мазкурро Шумо метавонед дар муассисањои зерин соњиб гардед: Муассисаи давлатии "Маркази таълимии калонсолони Тољикистон" Нишонї: кўчаи Алишери Навої 5/1 тел: 236 05 19, 236 19 35. КВД "Маркази таълимии омўзиши модулии шањри Душанбе" Нишонї: кўчаи Алишери Навої 5/1 тел: 37 81 50 30; 901 50 06 92. КВД "Маркази таълимии шањри Душанбе" Нишонї: кўчаи Борбад 48/26, тел: 234 48 00; 234 48 06. КВД "Маркази касбомўзию соњибкорї" Нишонї: кўчаи Алишери Навої 5/1 тел: 236 19 15
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №18 (451), 29. 07. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
УЗВИ "ЊИЗБИ ТАЊРИР" Ваќти дар рўзномаи "Љумњурият" ба сифати муовини аввали сармуњаррир кор кардани дўст ва њамсабаќам Ато Мирхоља њар гоње, ки ба утоќи кориаш медаромадам, сараш хаму машѓули хондани мавод буд. Мепурсидамаш, љавоб медод: Маводњоро тањрир карда истодаам. Ин кор чандин маротиба такрор ёфт. Нињоят тоќатам тоќ шуду гуфтам: - Ато, ба узвияти њизби дар љумњурї манъшудаи "Тањрир" ќабул шуданатро табрик мегўям. Шўхї будани суханамро зуд пай набурд, ки њайрон шуда, гуфт: - Чї хел "Њизби тањрир"? - Ана њамин хел, кадом ваќте ба наздат оям, ба тањрири мавод машѓулї. Магар ин гуна шахсро аъзои узви "Тањрир" намегўянд? - Хуб зўр ёфтї, дўстам, - гуфт Ато ва ширин хандид.
"БАРДОШТАНД" - Хайр, њамон масъалаи бањснокро дар љаласаи онрўза бардоштед ё не? - Ња, бардоштем. - Натиљааш кай маълум мешавад? - Натиљааш аллакай маълум шуд. - Ху-уш, чї будааст он? - Маро бардоштанд.
"РЎЙХАТИ СИЁЊ" Маъракаи мансабтаќисмкунї башавќ идома дошт. Шоме набуд, ки барномаи "Ахбор" дар хусуси ба ин ё он вазифа таъин кардани нафаре оѓоз нагардад. Баъди тамошои "Ахбор"-и навбатї писарам аз ман пурсид: - Дар як идора 26 сол боз кор мекунед, мўйи саратонро дар њамин корхона сафеду нури чашматонро кам кардед. Њамин номи Шумо дар ягонт рўйхати њукумат ё аќаллан вазорат њаст ё не? - Чаро набудааст, њатман њаст. - Он рўйхат чї ном доштааст, ки њељ навбати Шумо намерасад? - Он "Рўйхати сиёњ" ном дорад, писарам, - гуфтам дар љавоб.
"БА ТОЉИК ПОБЕЛ" Рухсатии мењнатии навбатиро дар дења гузарондам. Баъди чанд рўзи мењмондорї хостам ба падарам, ки дар боѓи сарсабзкардааш ба коре машѓул буд, кўмак расонам. Барои хуш гузашта-
ни ваќт радиочаро бо худ гирифтаму онро дар шохи дарахте бастаму дасту остин барзада, ба нарм кардани бехи нињолњо машѓул шудам. Падарам паи коре шуданду ман мондаму боѓи калон. Нињоят нарм кардани бехи нињолњоро тамом кардуму ба побел кардани замин сар кардам. Таъсири солиёни зиёд дар шањр гаштанам ё чизи дигар буд, ки монда шудам. Араќњои рўямро пок кардаву белро ба замин гузоштам. Гўшаки радиоро баланд кардам, то воќиф гардам дар дунё чї гапу хабар аст. Ин лањза падарам низ омаданду ба пањлўям нишастанд. Чун диданд, ки бодиќќат ба хабарњои радио таваљљўњ зоњир мекунаму гўшашон бар асари пиронсолї каме гарон шуда буд, пурсиданд: - Писарам, радио чї гапњои нав мегўяд? - Радио мегўяд, ки боз чанд олими яњудї Љоизаи байналхалќии Нобелро гирифтаанду соњиби чандин миллион доллар шудаанд, - гуфтам ба падар. Аз ин гапи ман падарам чандон њайрон њам нашуданду гуфтанд: - Хайр, аз дасти мо чї њам меояд? Дунё њамин будааст. Ба яњудї Нобелу ба тољик побел. Хез, писарам, коратро давом додан гир!
" ДАР БОРАИ РЎДАКЇ НАВИСЕД" Устод ва њамкорамон Насим Раљаб барои силсилаи ќиссањои бачагонааш аввали солњои 2000ум ба дарёфти Љоизаи давлатии ба номи Рўдакї пешнињод шуданд, вале муваффаќ нагаштанд. Пас аз панљ-шаш соли дигар барои ќиссаи ба рўзгори Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї бахшидаашон соњиби Љоизаи адабии ба номи Садриддин Айнї гаштанд. Барои табрики устод, ки дар бистари беморї буданд, ба хонаашон рафтем. Баъди салому алайк ва ањволпурсї табрикаш кардаму гуфтам: - Устод, роњи соњиби љоиза шудан будааст-ку. - Боз кадом роњаш будааст, ки ман сї сол боз намеёбам? - дар њайрат шуда пурсиданд устод. Худро љиддї вонамуд карда, гуфтам: -Дар бораи устод Айнї навиштеду соњиби љоизаи њамноми он кас шудед. Акнун сињат шуда хестед, як ќиссаи дигар доир ба њаёти Абўабдулло Рўдакї нависед, њатман Љоизаи Рўдакиро мегиред. Аз ин шўхиам табъи устод Насим Раљаб болида гашту иштињои чанд ваќт набудаашон аз куљое пайдо шуду сари дастархон бо мо њамроњ шуданд.
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
Љумъаи МИРЗО
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Усмон САБЗОВ, раиси ноњияи Њисор - Мо барномаи навро рўйи даст гирифтем, ки дар љамоати дењот њам иншооти замонавї ва на камтар аз 5ошёна бисозем. Замона ва талабот њамин аст. - Ака, ба фикри мо, Шумо њанўз дар соли 2014 зиндагї доред. Њозир кризис! Нашавад, ки дар њамон панљошёнањо њуштак кашида гардед?
Амирхон ИКРОМЗОДА, раиси ноњияи Шўрообод: - Сарбозони рус дар тамрингоњи "Мўмирак" рўзњои сешанбе, чоршанбе, панљшанбе ва љумъа тирпарронї мекунанд. Рўзњои тамрини сарбозон аз хона набароед! - Њаминљо њам рўз намедињанд гўед, раис! Худатон њам набароед, њар чї шуданаш мумкин!
Шермуњаммад ШОЊИЁН, раиси Суди Олии Тољикистон: - Ман њамчун раиси Суди Олї аз тамоми судяњо хоњиш менамоям, рўзноманигоронро ба љузъ баъзе мурофиањои махсуси судї ба дигар мурофиањои судї иљозат дињанд. - Гуфта буданду гуфтеду хоњанд гуфт! Натиља - 0! Он судяњои Шумо њамаро махсус мефањманд.
Аъламхон НАИМЇ, муовини аввали раиси Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон: - Дар давраи љамъбастї љињати љилавгирї аз хариду фурўш, истифодаи ѓайриќонунии замин ва дигар омилњои коррупсионї 238 адад љиноятњои хусусияти коррупсионидошта ошкор шуда, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 100 адад зиёд аст. - Њаминам натиља шуд - мї, раис? Расо 100 адад а? Ё њамту гуфта мондед, ки натиља шавад? Алмосбек ОТАМБОЕВ, президенти Ќирѓизистон: - Президент бояд нафаре шавад, ки ба Худо бовар дошта бошад. - Кадом Худо, рафиќ президент? Хитоињо нафањманд, ки кўча ба кўча гашта, риш метарошед. Нусратулло САЛИМЗОДА, вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Тољикистон: - Ман њамчун вазир то имрўз ягон маълумот надорам, ки дар Тољикистон касе аз гармо фавтида бошад. - Аз дигар чињо фавтиданро њам хабар доред, љаноби вазир? Масалан, аз пулњои калони табобат? Назар ОДИНАЗОДА, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинњисории назди ЊЉТ: - Таѓйирёбии нархе, ки имрўз дар биржа мешавад, натиљааш як-ду моњ пас дар Тољикистон эњсос мешавад. Чунки мо аз хориља мањсулоти нафтиро ворид мекунем. Дигар ин ки бештари маводи сўхтро мо аз полоишгоњњои нафтии Русия мегирем ва дар он љо бошад аз моњи январ ба ин тараф нархи сўзишворї боло меравад. - Чаро як њаёт дар хориља нарх поён мераваду дар мо боло? Ин ду моњи Шумо мабодо ду аср не - мї?
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09