Бунёдгузори "Њотам ПВ":
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
1
Омузиши фанњои даќиќ масъалаи амнияти миллї аст №19 (452). Чоршанбе, 5-уми августи соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
СИЁСАТ Њуљљатуллоњи ФАЃОНЇ:
"Сиёсати Эрон зидди ањли суннат набудаву нест"
САЊИФАИ 10
МИНТАЌА
"Фарњод..." ва Тошканд Даъвои замини Ўзбакистон аз Тољикистон то куљо мантиќист? САЊИФАИ 5
ТАБЛИЃ
"Њуй хўр!" Дигарандешони тољик аз куљо нон хўранд? Эшони МАЊМУДЉОН:
Амина: Кюнет зиндагиамро дигар кард! САЊИФАИ 13
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Н:
и
Пора надодагињо "бомж" мешаванд САЊИФАИ 11
"МО БА ГАРДИ ПОЙИ ЌИБЛАГОЊИАМОН НАМЕРАСЕМ"
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
2
Шокирљон Њакимов, доктори улуми њуќуќшиносї, пас аз ќариб ду соли љустуљўи кор ахиран маљбур шуд ба муовини Сарвазири Тољикистон, куратори соњаи илму тањсил ва фарњанг - Марњабо Љабборї мурољиат кунад. Номаи ба зоњир расмї, аммо ба ботин пур аз сўзу гудози доктори илм ин нуктаро бармало месозад, ки доирањое таъсиргузор дар њукумати Тољикистон дигар ба дигарандешон рањм намекунанд. Ё бо ин восита мехоњанд, ки онњо аз кишвар берун раванд. Бидуни "муњтарам" Ин ариза, ки рўзи 4 август дар сафњаи Фейсбуки Шокирљон Њакимов нашр шуд, бидуни зикри калимаи "муњтарам" нашр шудааст. Гўё доктор аз ќабл медонад, ки кори бењудае мекунад ё "об дар њован мекўбад". Ва ин бидуни сабаб буда наметавонад. Њакимов, ки соли 2012 рисолаи докториро дар Русия њимоя карда, ба ватан баргашт се сол боз ба: 1) Президенти Академияи илмњо; 2) директори Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи Академияи илмњои Тољикистон; 3) Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, 3) ректорони Донишгоњи миллии Тољикистон; 4) Донишгоњи Тиљорати Тољикистон; 5) Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. С. Осимї; 6) Донишгоњи молия ва иќтисоди Тољикистон; 7) Академпияи вазорати корњои дохилии Тољикистон; 8) Донишгоњи славянии тољики- русї ва ба њамаи 9...) филиалњои Донишгоњњои Русия дар Тољикистон мурољиат карда, наметавонад " аз њуќуќњои кониститутсионии худ ба мењнат" истифода кунад, ё содда карда гўем, кор ёбад. Доктор аз ин дар њайрат аст, ки дар Академияи улум ва донишгоњњои зикршуда "олимони унвони илми дошта, бахусус докторони илм" намерасанду кормандонашон дар ду то панљ муассисаи олї, илмї - тадќиќотї ва дигар корхонаю ташкилотњо кор мекунанд,
«
"Њуй хўр!" Дигарандешони тољик аз куљо нон хўранд? ўро ба кор нагирифтанд. Аммо кўшишњо ва вокуниш ба мурољиатњои ў нишон медињанд, ки гап дар сари доктору соњибунвон будани ў нест. Соли тањсили 2014- 2015 рўзномањои расмии вазорати маориф ва илм ва њукумати Тољикистон - "Омўзгор" (№ 39, 26. 09. 2014) ва "Љумњурият" (№ 78 , 16.04.2015) эълон доданд, ки довталабон барои ишѓоли вазифаи мудири кафедра дар Донишгоњи тиљорати Тољикистон ва Донишгоњи техники Тољикистон ба номи академик М. С. Осимї њуљљат супоранд. Њакимов ариза ва дигар њуљљатњои заруриро њамчун довталаб супурд, аммо...
Ин овоздињї шуд, аммо дар бюлетени овоздињии пинњонии Шўрои олимони донишгоњ номи Шокирљон Њакимов набуд. "Дар натиља номзадии ду довталаб, ки номзадњои илмњои фалсафа ва таърих кормандони њамин донишгоњ ба бюллетени овоздињии пинонї ворид карда шуд, аммо ягонтои онњо аз се ду њиссаи овози аъзои Шўрои олимонро нагирифтанд" - бо дард менависад доктори тољик.
«
Дар озмуни Донишгоњи тиљорати Тољикистон ўро ба маљлиси кафедра, шўрои олимони факултет ва донишгоњ умуман даъват накарданд. Довталаб бояд тибќи озмун суханронї карда, барномаи пешазинтихоботашро пешнињод намояд, ки чунин нашуд. Баръакс, ба андешаи Њакимов, ба дигар довталабон имтиёз дода, барояшон имконият ва шароити мусоид фароњам шудааст. Дар натиља номзади илмњои њуќуќшиносї ва кормандони худи донишгоњ пирўз эълон шуд. Њакимов бошад, доктор аст. Њамин тавр, дар Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. С. Осимї номзадии ўро умуман ба овоздињї нагузоштанд. Њол он ки тибќи муќаррароти роиљ дар донишгоњ ва бар асоси ќарори мушовараи Вазорати маорифи Тољикистон дар бораи озмуни ишѓоли вазифањои њайати профессорону омўзгорони кафедрањои Донишгоњи техники Тољикистон ба номи академик М. С. Осимї бояд овоздињии пинњонї баргузор ва нафари арзанда
интихоб шавад. Ин овоздињї шуд, аммо дар бюлетени овоздињии пинњонии Шўрои олимони донишгоњ номи Шокирљон Њакимов набуд. "Дар натиља номзадии ду довталаб, ки номзадњои илмњои фалсафа ва таърих - кормандони њамин донишгоњ ба бюллетени овоздињии пинонї ворид карда шуд, аммо ягонтои онњо аз се ду њиссаи овози аъзои Шўрои олимонро нагирифтанд" - бо дард менависад доктори тољик. Ў пас аз ин маврид ба Вазири маориф ва илми Тољикистон - Нуриддин Саидзода аризаи шикоятї навишт. Ин умедро дошт, ки вазорат як комиссияи босалоњият ташкил дода, ин мавридро "холисона ва дуруст" тањќиќ мекунад. Ин як умеди ботил буд. Касе њам посух надод. Доктор якуми август барои гирифтани посухи хаттї ба ќабули вазир омад. Аз вазир фањмид, ки аризаи шикоятии ўро боз њам ба... раёсати Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. С. Осимї "барои моњиятан баррасї намудан" ирсол кардаанд.
25% 20% 15% 10% 5%
14%
8%
2%
Дар ин бора фикр накардам
30%
32%
Кадом бањс?
35%
Њудуди сарбанди обанбор замини Тољикистон аст
40%
41%: "САРБАНДИ "ФАРЊОД" ЗАМИНИ ТОЉИКИСТОН АСТ Бањс барои наслњои оянда гузошат мешавад
Даркор шавад, марзњои аљдодиамонро бармегардонем
41%
45%
Тољикистон барои муносибати хуб бо Ўзбакистон аз бањри сарбанд мегузарад
САДОИ МАРДУМ
3%
0% 1
2
3
4
5
6
Натиљаи як пурсиши виртуалї маълум кард, ки беш аз 40% - и иштирокчиён "њудуди сарбанди обанбори "Фарњод"-ро замини Тољикистон" медонанд. Назарпурсии ахир зери унвони "Бањси марзї бо Ўзбакистон сари сарбанди обанбори "Фарњод" ба чї меанљомад?" маълум кард, ки 41 дарсади раъйдињандагон ба варианти "њудуди сарбанди обанбор замини Тољикистон аст" овоз дода, 32 фоизи дигар гузинаи "даркор шавад, марзњои аљдодиамонро бармегардонем"-ро интихоб кардаанд. Инчунин 15%-и респондентон оид ба ин масъала зикр кардаанд, ки "Тољикистон барои муносибати хуб
бо Ўзбакистон аз бањри сарбанд мегузарад". Вале 8 дарсади дигари раъйдињандагон таъкид доштаанд, ки ин "бањс барои наслњои оянда гузошта мешавад". Аз љамъи иштирокчиёни ин назарпурсї њамагї 2 дарсади онњо суол гузоштаанд, ки "кадом бањс?" ва 3 фоизи ахир њам таъкид доштаанд, ки "дар ин бора фикр накардаам". Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 29-уми июл то 4-уми августи соли 2015 дар сомонаи Ољонсии итиилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 232 нафар иштирок кардааст.
СИЁСАТ Њакимов мегўяд, ба вазиру муовинон ва кормандони вазорат мантиќан нодуруст будани ирсоли аризаи шикоятиро ба донишгоњ баён карда, бо ин вуљуд, "дунё баумед - шайтон ноумед" гуфта, барои гирифтани посухи хаттї худи њамон рўз ба ректори ДТТ ба номи академик М. С. Осимї мурољиат кард. Ректор низ аз додани посухи хаттї худдорї намуда, гуфт, ки "њамаи њуљљатњои аз донишгоњ вобаста бударо гирифтаам ва зарурати навиштани мактуби иловагї нест". Њамин тавр, доктори илмњои њуќуќшиносї "њамаи зинањо" - ро тай карда, 4 август ба муовини Сарвазири Тољикистон, куратори соњаи илму тањсил ва фарњанг Марњабо Љабборї мурољиат кард.
"Рўйхати сиёњ" Худи Шокирљон Њакимов сабаби "футбол" шуданаш миёни макотиби олї, дар умум љойњое, ки барои ў метавонанд љои кор, ё ба ќавли худаш, маоши зиндагиашро ба даст орад, "сабабњои субъективї, аз љумла мавќеи шањрвандї, мансубияти њизбї, тафсири нодурусти санадњои меъёрию њуќуќии танзимкунандаи фаъолияти соњаи маориф ва дарк накардани моњияти онњо, эњсос нашудани зурурати љалби олимони унвони доктори илмдошта њамчун шарти муњим дар тадбиќи стратегияи давлат љињати ислоњот дар соњаи маориф, бахусус бењтар кардани сатњ ва сифати таълим, интизоми мењнат, раќобати носолим, набудани муњити мусоид барои анљоми кори илмї, мањалгарої, бархилофи одоби касбї ва ба таври сунъї роњ надодан ба донишгоњњо" медонад. Аммо худи ў ва њам ректору директору вазирон ва њар каси дигар њама хуб медонанд, ки ин њама "сабабњои субъективї" - ро метавон бо як љумла баён кард: ў муовини Рањматулло Зойиров, раиси Њизби сотсиал - демократи Тољикистон аст. Ба кор ќабул кардани ў њам аз хоњиши рањбарони вазорату Академияву донишгоњњо вобас-
та нест, балки тибќи як дастури ќаблї, ё "рўйхати сиёњ" - и эњтимолї на танњо ў, балки дањњо нафари дигар барои узвият дар ањзоби мухолифи њукумат ё андешаи дигар доштан дар њељ куљо набояд ба кор пазируфта шаванд. Шарти ба кор гирифтани онњо њам як аст: бояд аз њизби худ хориљ шаванд, ё аќидаашонро таѓйир дода, ба мадњу ситоиши сиёсатњои њукумат камар банданд, собит кунанд, ки бо киянд. Дар акси њол, онњо њељ гоњ рўи вазифаро нахоњанд дид... Дар суњбат бо мо як манбаъи наздик ба њукумат изњор дошт, ки аксари ин афрод, аз љумла Шокирљон Њакимов, њамон Рањматулло Зоиров ва раиси Њизби нањзати исломї - Муњиддин Кабирї, чанд рўзноманигори дигар низ "инсонњои боаќл ва ќавї" янд, барои њукумат даркоранд, аммо мутаассифона, аз доирањое дар хориљ ва муќобили Тољикистон истифода мешаванд. "Онњо нерўи аќлонї ва истеъдоди худро бояд дар роњи манофеъи миллї ва дифоъ аз давлатдории тољикон истифода кунанд, на пеш бурдани манофеъи ќудратњои хориљї" - гуфт ин њамсуњбати мо.
"Рондашуда" Дар шароити кунунї, ки воќеан, заъфи иддаи зиёди кадрњои њукуматї эњсос мешавад, истифода аз нерўи аќлонии дигарандешони ќавї табиист, ки зарур аст. Аммо онњо низ мавќеи шањрвандии худро доранд ва на камтар аз кадрњои њукуматї даъвои муњаббат ба ватан ва алоќамандї ба рушду нумуъашро мекунанд. Ин њол љониби холис мардумро дар дуроњаи интихоб миёни онњо ва њукумат ќарор медињад. Табиист, ки ин њол љомиаро ба љонибдорони њарду тараф таќсим мекунад. На як бору ду бор рањбарони ањзоби мухолиф ва дар умум, дигарандешон њукуматро ба як "диалоги умумимиллї" даъват кар-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
да буданд, ки њељ баргузор нашуд. Њукумат ин пешнињодро нодида гирифт. Баръакс, њизбиёнро саркўб кард ва дами фаъолони маданиву рўзноманигорон ва афроди муассири алоњидаро аз љумлаи фарњангиёну руњониён баст. Аъзои ањзоби мухолифи нањзати исломї ва сотсиал - демократ мегўянд, њатто аз соњањои маорифу тиб, њатто сохтмон ронда шуданд. Љое њам онњоро ба кор намегиранд. Пас онњо чї кор кунанд? Ё аз забони як рўзноманигори маъруф, ки ба далели мавќеи шањрвандиаш "радди маърака" шудаасту ду сол боз на фаќат дар нашрияњои њукуматї, балки мустаќил низ кор пайдо карда наметавонад (будани ў барояшон проблема эљод мекунад, њарчанд њама ўро коргари худ дидан мехоњанд), ин суолро метавонем пеш гузорем: "онњо зану фарзанди худро чї гуна нон дињанд?" Оё ин дидаву дониста ба дастњои хориљї таслим кардани маѓзњо ё интеллектуалњои Тољикистон нест? "Гурусна ба шер мезанад..." Зимнан, мисоли рўшан сарнавишти коргардони маъруф Барзу Абдураззоќов аст. Ваќте ў дар ављи фаъолият буд ва аз сиёсатњои њукумат интиќоди шадид мекард, низ мавриди фишори маќомот ќарор гирифт. Дар як мусоњибааш гуфт, аз ў хоњиш карданд, ки хомўш нишинад. Ба ин суолаш, ки "чї кор кунам?" гуфтаанд, "баро рав!" ё "просто, њуй хўр!" Барзу "њуй хўрд". Њоло аз ахбори расонањо мефањмем, ки ў дар хориљ ба чї муваффаќиятњо даст меёбад. Њамин гуна бисёрињо "њуй" хўрданд ва агар бархўрдњо чунин монанд, хоњанд хўрд. Аммо то кай? Ба ин суол касе посух надорад ва бадтар аз њама, бархе бар инанд, ки инњо - дигарандешон раванд, олам гулистон мешавад, "хас каму љањон - пок"... Фаромарзи ФОЗИЛ
3
Муњибуллоњ Ќурбон Ман андак аз ояндаи Љавод нигарон будам. Нигарон аз он ки вай бештар хислатњои љинси латифро таљассум менамуд.
Љаласаи... модарон Солњои њаштодум аз дења ба пойтахт кўчидем ва фурсате пас яке аз хешонамонро, ки аз мо дањ - дувоздањ сол пештар ба Душанбе омада, дар ин љо оила барпо намуда буд, ёфтем. Шавњари он хешамон фавтида буд, вале ба хотири писари ягонааш Љавод, ки ба љонаш баробар буд, дигар ихтиёр накард ва Љаводро танњо ба воя расонд. Ваќте ки мо ба пойтахт омадем, Љавод тахмин бист сол дошт, аммо ќариб, ки аз уњдаи ягон кори мардона намебаромад. Њамаи корро бечора модараш иљро мекард. Њатто ба маѓоза одатан модар мерафт ва Љавод танњо дар мутолиа устухон надошт. Вале дар њар як кори оддї намедонист чї тадбир пеш гирад. Гоње назди ман меомад ва аз ман маслињат мепурсид. Вале аз њама рафтори барои ман њайратовараш он буд, ки агар дар рўи њавлї гуруњи духтарону писарон алоњида - алоњида бошанд, ў бештар ба љониби духтарон майл мекард. Ман андак аз ояндаи Љавод нигарон будам. Нигарон аз он, ки вай бештар хислатњои љинси латифро таљассум менамуд. Чун худ љавон будам, аз ин рафтори Љавод чизеро хулоса карда наметавонистам, аммо бо амри тасодуф рўзе бо як руњшинос суњбате доштам ва дар омади гап аз "феномен" ё "падида"-и Љавод суол бардоштам. Пас аз фурсати андеша посухам дод, ки гоње он писароне, ки бо модар калон мешаванду тарбияи падарро надидаанд, хислати занона низ гирифтанашон эњтимол дорад. Аммо ин чиз ба њамаи бачањои бе падар ба воя расида дахл надорад... Ин суханони духтури руњшинос замоне ба ёдам расид, дар љаласаи падару модарон дар дабистон менишастам. Њар сол охири май љаласаи волидайни шогирдон дар мактаб мешавад. Ва ман њам чун падар дар он љаласаи љамъбастї ба мактаб даъват шуда будам. Ва чун одати њамешагї андак дер кардам ва узр пурсида, ба синфхона ворид шуда, ба курсии ќафо нишастам ва беихтиёр њозиринро аз назар гузаронидам. Дар он синфе, ки фарзандам мехонад, 25 хонанда њаст. Ва волидайни 21 нафар иштирок доштанд ва њамаашон... зан буданд. Танњо ман, волиди 22-юм мард будам. Омўзгор низ аз љинси латиф буд. Бо оњанги шухї гуфтам: хоњарон, мардњоятон куљоанд, њарчанд ќариб ки љавоби онњоро тахмин медонистам. Ќариб бо як овоз гуфтанд: дар Русия. Чун љаласа ба итмом расид, аз муаллима хоњиш кардам, ки минбаъд дар даъватнома танњо маљлиси... модарон нависад, њамсарам меояд... Аз синф берун шудам ва суханони руњшинос дар маѓзам такрор мешуд: гоње он писароне, ки бо модар калон мешаванду тарбияи падарро надидаанд, хислати занона низ гирифтанашон эњтимол дорад.
ЊАМСОЯДОРЇ
Сарраёсати марзбонии КДАМ дар муноќишаи марзї вакили ќирѓизро гунањкор медонад Сарраёсати марзбонии КДАМ мегўяд, ки муноќиша дар марз то њол идома дошта, иѓвоангезии Роза Усарова, вакили мардумї сокинони ќирѓизро ба по хезондааст. Ба гуфтаи Муњаммад Улуѓхољаев, сухангўи Сарраёсати марзбонии КДАМ дар шарњи ин ќазия мегўяд, ки њодиса ба як њафта пеш сарчашма мегирад: "25-уми июли соли љорї тахминан соати 11.30 даќиќа якчанд истиќоматкунандагони дењаи Сомониёни љамоати Чоркўњи ноњияи Исфара бо маќсади обёрї намудани мањаллаи номбурда бо оби нўшокї дар наздикии дарёи Исфара љамъ омада, ќубурњои обгузар мегузарониданд. Ин њангом, истиќоматкунандагони мањаллаи Кок-Тоши љамоати Оќсойи ноњияи Ботканти Љумњурии Ќирѓизистон аз ин иќдом бохабар шуда, бо сардории яке аз иѓвогарони маълум - Роза Усарова, вакили мардумї аз мањаллаи љамоати Оќсой, ба назди дарёи Исфара њозир мешаванд, ки шумораашон таќрибан 130-150 нафарро ташкил медод. Роза Усарова бо ѓавѓоњои иѓвоангезонааш сокинони мањаллии ќирѓизро ба шўр оварда, ба фоидаи Љумњурии Ќирѓизистон даровардани роњи пиёдагарди минтаќаи Мазор - оромгоњи муштараки сокинони дењаи Сомониёнро ба миён мегузошт. Баъд аз хархашањои дуљониба, тахминан соати 16.00 ба љои муноќиша раиси шањри Исфара Зоњидзода Даврони Абдуќодир ва ра-
иси ноњияи Боткант Кэниш Салихов њозир шуда, вохўрии корї оид ба масъалаи мазкур доир намуданд ва ба хулоса омаданд, ки то санаи 28-уми июл тартиби гузаронидани ќубурњоро њал менамоянд. Ќобили зикр аст, ки то њол масъалаи бамиёномада њалли худро наёфта, ба љои њодиса аз њар ду тараф сокинони мањалї љамъ меоянд ва муќобили якдигар сангпартої мекунанд. Дар ин раванд, имрўз санаи 4 август соати 12.30 аз љониби сокинони мањаллаи Кок-Тоши љамоати Оќсойи ноњияи Ботканти Љумњурии Ќирѓизистон истифодабарии силоњи оташфишон (яроќи шикорї) ва "коктейлњои Молотов" ба сўи сокинони љамъшудаи мањаллаи Сомониён ба ќайд гирифта шуд, ки дар натиља 6 нафар захмї гардида, айни замон 2 нафари онњо бо љароњатњои вазнин дар беморхонаи мањалаи Наймани љамоати Чоркўњи ноњияи Исфара бистарї карда шудаанд". Тавре пештар хабар дода будем, дар рўзи дуюми муноќишаи сокинони наздимарзии Тољикистону Ќирѓизистон 6 сокини дењаи Чоркўњи Исфара аз тири марзбонони ќирѓиз захмї шудаанд. Ба гуфтаи сокинони мањаллї, то соати 15и 4-уми август тири марзбонони ќирѓиз 6 сокини дењаи Чоркўњ захмї шуда, љароњат бардоштаанд. Њоло дар бемористон дар зери муроќибати табибон ќарор доранд.
Аз љумла рўзноманигор Набиюллоњи Суннатї аз номи масъулини ёрии таъљиллии бемористони дењаи Чоркўњ мегўяд, ки аллакай вазъияти фавќуллодаи низомї (казарменное положение) эълом шуда, табибону кулли пизишкон дар њоли омодабош ќарор гирифтаанд. Сокинон мегўянд, ки сокинони ќирѓиз беибову истињола ба тарафи сокинони мањаллї сангпартої карда, чанд нафари дигарро маљрўњ кардаанд. Марзбонони ќирѓиз бошанд, нафарони ба марзи наздик шударо беогоњї мавриди тирборон ќарор медињанд. Ба гуфтаи сокинон бањси асосї дар сари таќсими об мебошад, ки ќирѓизњо як њафта мешавад, намегузоранд мардуми дењоти Чоркўњ, Сурх ва Наймани Исфара аз оби худу замини худ истифода баранд. Ин њам дар њолест, ки саргањи об дар њудуди Тољикистон љой гирифтааст. Дар њамин њол гуфта мешавад, ки намояндагони комиссияи доимоамалкунанда миёни ду кишвар дар љойи њодиса ќарор доранд. Ќарор аст, ки Абдурањмон Ќодирї, раиси вилояти Суѓд шоми имрўз ба љои њодиса равад. Рўзи дуввум аст, ки дар мавзеъи мазкур муноќиша миёни сокинон идома дорад. 3-юми август дањњо нафар аз сокинони марзии ноњияи Исфараи Тољикистон ва Боткенди Ќирѓистон даргир шудаанд, ки дар му-
ноќиша аз сангу дигар лавозимоти сахт истифода кардаанд. Ба гуфтаи нињодњои ду љониб бањси об ва роњ ба сўи ќабристон боис ба сар задани муноќиша миёни сокинони дењањои Сомониён ва Чоркўњи Исфара ва Куктоши Боткенд шудааст. Масъулини шањри Исфара мегўянд, ки ќирѓизњо роњи обро ба дењоти тољикнишин бастаанд, ки боис ба ин њодиса шуд. Аммо љониби Ќирѓизистон, маќомоти сарњадии ин кишвар сокинони тољикро омили сар задани ин њодиса медонанд. Мегўянд, ки гўё сокинони Тољикистон роњро ба сўи ќабристони муштарак бастаанд, талаб доранд, ки тољикњо роњро кушоянд. Расонањои ќирѓиз навиштаанд, ки сокинони Тољикистон роњи ќирѓизњоро, ки аз дењаи Майский убур мекард, масдуд карданд. Ба нишони эътироз ќирѓизњо обе, ки аз канал ба дењаи Чоркўњ мерехт, бастанд. Дар ин њодиса њудуди 200 нафар аз ду љониб ширкат кардаанд, ки барои љилавгирї аз зиддияти бештар намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар фавран мулоќот намуданд. Гуфта мешавад, ки 120 нафар аз љониби Тољикистон ва 80 нафар аз љониби ќирѓизњо љамъ шудаанд. Намояндагони њукуматњои мањал низ ба љойи њодиса омадаанд ва барои њалли мусолиматомези ќазия вориди гуфтушунид бо мрадум шудаанд. Тољикистону Ќирѓизистон њудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танњо 519 километр аломатгузорї шудааст. Бахшњои бањсбарангези марз њамоно роњи њалли мушкили худро наёфтаву тайи чанд соли охир боиси ташаннуљи авзоъ ва њатто љангу хунрезї ва талафоти одамон шудаанд.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
Вазъи саломатии Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тољикистон дар Олмон бењтар шудааст. Аз вазорати тандурустї ва њифзи иљтимої ба TojNews гуфтанд, ки њудуди як њафта пеш вазир ба хотири табобат ба Олмон рафта буданд. Наздикони вазир мегўянд, ки њоло вазъи саломатии Нусратулло Салимзода бењ шуда, вазир худро хуб эњсос мекунад. Фотима Ѓоибова, сухангўи Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимої ин масъаларо шарњ додан нахост. Аммо баъди нашри хабари мазкур ба расонањои хориљї, аз љумла Радиои "Озодї"-и ИМА гуфтааст, вазир на барои табобат, балки бо сафари корї ба Олмон рафтааст. Нусратулло Салимзода 50 сол дошта, 4-уми феврали соли 1965 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Соли 1988 Донишкадаи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Синоро хатм карда, номзади илмњои тиб мебошад. Фаъолияти мењнатиашро соли 1988 њамчун духтури беморхонаи марказии ноњияи Данѓара оѓоз намуда, то
Точик Худаш Вазири тандурустиву ба Олмон табобат меравад. Пас маълум мешавад, ки саломатии мардуми точик дар дастии чунин одамхост. Точик Вой бар холи миллати точик ки чунин вазир дораду духтуронаш худашро табобат карда наметавонанд. Пас маълум мешавад, ки духтурон аз точикон факат пул мегиранду табобат карда наметавонанд ва бо пули мардум вазирашонро барои табобат ба Олмон мефиристанд. Ачабоооо Дарвеш Яъне вазир ба зертобеини худ, ба докторхои худ, ба бемористонхои худ бовар намекунад? Дар урфият мегуянд: кур як бор дар чох меафтад. Пас аз инки мушкили бар сари вазир хурд ва у дар оянда коро чунин барох монад, ки камбизоатхои бемор дар хаминчо табобат гиранд. Ин суханро пештар раиси чумхур низ гуфта буд. Шамс Вакте сарвазири пешини Малайзия Махатир Мухамад бемор шуд ва табибон баади ташхис маалум карданд ки бояд калбашро чарохи кунанд.Барои вай якчанд давлатро пешниход карданд ,то ки ихтиер карда чаррохи кунад.Аммо вай дар сухани маш-
БАРРАСИЊО
Шифои вазирон Вокунишњои хонандагони сомонаи TojNews ба хабари барои табобат ба хориљ рафтани вазири тандурустии Тољикистон соли 2006 дар вазифањои духтури беморхонаи вилояти Халон, муовини аввал ва сардухтури Беморхонаи клиникии љумњуриявии ба номи А.М. Дяков, сардухтури Маркази љумњуриявии беморињои саратон ва директори Маркази идораи Лоињаи ислоњоти системаи тандурустии Тољикистон кор кардааст. Солњои 2006-2008 Муовини аввали Вазири тандурустї буд. Аз 26-уми январи соли 2008 инљониб Вазири тандурустї ва аз 21-уми но-
ябри соли 2013 Вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї мебошад. "Нигоњ" аз љониби худ ба Нусратулло Салимов бо шеваи модарони тољик, ки дуо мекунанд: "Худованд шифои ранљуронро дињад!" мегўем, "Худованд шифои вазирони моро дињад!", зеро бештари онњо ва дигар мансабдорони тољик дар њолати зарурї барои табобат хориља, аммо аз њама бештар Олмонро интихоб мекунанд. Њоло шарњи корбарони сомонаи
TojNews ба хабари барои табобат ба хориља рафтани вазири тандурустии Тољикистонро пешкаш мекунем, ки мушкилоти соњаи тандурустиро матрањ мекунанд ва умедворем, ки љаноби Нусратулло Салимов баъди бозгашт ба њалли онњо кўшиш хоњад кард ва дар ин бора президент Эмомалї Рањмон низ дар яке аз суханронињояш ишора карда буд (нуќтаи назарњо бидуни тањрир чоп мешаванд ва тањќирњо њазф шудаанд):
хураш ки тарихи Малайзия барояш шаходат медихад, чунин гуфт. '' Давлатеро ки ман сохтам ба табиб ва беморхонааш бовари дорам ва хеч гох барои табобат ба хоричи ватанам намеравам.'' ва дар хакикат 8 соат чарохи давом карда хуб гузашт' ки то имруз тансихат умри пири мегузаронад.
Табиби хозик Хусни муборак президенти вакти Миср барои табобат ба Олмон меравад ва дар яке аз беморхонахои машхури ин кишвар дар канори палатаи як пиразане бистари ммешавад. Пиразани Олмони холату шароити Муборакро мушохида мекунад вва рафтуомаду издихоми мардум дар беморхона уро мачбур месозад то аз яке аз мухофизонаш бипурсад ки:" ин мард кист ва чикорааст ? Мухофиз дар чавобаш мегуяд ки ин мард президенти Миср чаноби Оли Хусни Муборак аст ва 25 сол аст ки раиси чумхур аст! !! Пиразан таачуб мекунад ва мегуяд ки ин марди хубе нест! Мухофиз мегуяд ки чаро? Пиразан дар идома мегуяд ки НАХОД ДАР 25 СОЛИ ДАЛАТДОРИЯШ АКАЛАН ЯК БЕМОРХОНАЮ ЧАНД НАФАР ДОКТОРУ ПООФЕССОР БАРОИ ХУДАШ ТАЁР КАРДА НАТАВОНАД! !!??? МАЬЛУМ МЕШАВАД КИ ИН МАРД РОХБАР НЕ БАЛКИ ДИКТАТОР АСТ!!! бале дустони азиз вазире ки тули чандин сол дар вазвазорати тандурусти фаолият кунад ва то макоми рохбарияти вазорат хам бирасад Вале НАТАВОНАД як мутахасис таёр кунад ва хангоми беморияш даст ба домони олмонихо шавад вой бар холи мардуми бечора ...
Шармада Шармандаам, ки дар чунин кишвар зиндагї мекунам. Вазири тандурустиаш ба беморхонањояш эътимод надорад, вазири молияаш роњсоз, вазири кишоварзиаш аз хољагии ќишлоќ хабар надорад, боз чї метавон гуфт. Њамин вазир набуд, ки мардумро насињат мекард, ки Эрону дигар давлатњо наравед, худамон зур, худамон фалону фалон гуфта? Нусратулло Салимзода агар каме ору номус медоштанд, бояд, ки дар бемористонњои Тољикистон бистарї мешуд. Агар зери теѓи духтурони худаш худое накарда љон ба Љаббор медод, ба дигарон ва тамоми њукуматињо сабаќ мешуду вазифаву корњои худро масъулятноктар иљро мекарданду ин давлат ба маънии аслияш давлат мешуд! Шармандагї, дигар њељ калимае ин кори вазирро дуруст тасриф карда наметавонад.
Мухаммад Ачиб аст,точикистони сохибистиклол як духтури бовари надорад ки вазира табобат куна, вакте як одами одди касал шавад кучо равад марди кор Чаноби Вазир шарм бояд дошт! Чун гохе лофхое мезанед аз рушди тибу дастовардхои тиб вале дар амал табобати шумо ва дигар чиновникхои хукумати дар хорича худ нишондихандаи холати вокеии тиб имруз дар мамлакат аст. Хуллас хамаро р... Комил Нарафтааст, балки дар холати бехуши интикол дода шудааст. Хунравии дохили дошта, эхтимолияти захролудшавияш мавчуд аст Шахрванд Ин хам дархолест.ки одамон дар Медгородоки машхур мурда-мурда табобат мегиранд
Мухочир и Вазир дигаро мега барои табобат Эрон нарен хдш боша Олмона гирифтай ку
Ilhom Оё ин хабар барои шумоён навигарист!!!!???? Ин холат аз соли 1992 дар ВАТАНИ мо вучт дорат, Хамаи вазирони тандурустии чумхуриамон ё дар олмон,ё дар изроил, ё дар канадаю има худро табобат мекунанду мардум дар дёри худ. Онхо муттахасисони "бебахо" хастанд ва саломатии онхоро бояд хукумат мухофизат намояд. Онхо аз хоки сафед сохта шудаанд.
МИНТАЌА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
5
"Фарњод..." ва Тошканд Даъвои замини Ўзбакистон аз Тољикистон то куљо мантиќист? Ўзбакистон шарти асосии гарм шудани муносиботи Тошканд бо Душанберо додани заминњои њудуди обанбори НБО-и "Фарњод" ба ин кишвар хондааст. Дар ин бора ба TojNews як манбаъи наздик ба Комиссияи байнињукуматии Тољикистону Ўзбакистон ба шарти ифшо накардани номаш иттилоъ дод. Ба гуфтаи ин манбаъи муътамад, зимни љаласаи Комиссияи байнињукуматї миёни Тољикистон ва Ўзбакистон зери роњбарии Давлаталї Саид, муовини якуми Сарвазири Тољикистон ва Рустам Азимов, муовини нахуствазири Ўзбакистон, ки 21-24-уми июн дар Тошканд баргузор шуд, љониби Ўзбакистон се масъаларо ќатъиян мавриди музокирот ќарор додан нахостааст. Ин масоил: аз байн бурдани рељаи виза миёни ду кишвар, кушодани хатсайри њавоии Душанбе - Тошканд ва барњам задани майдонњои минкоришуда дар навоњии сарњадї будаанд. Миёни ду кишвар аз соли 2000 - ум низоми раводид амал мекунад ва аз оѓози солњои истиќлол ба инљониб парвози њавойпаймо низ ќатъ шудааст. Дар охири солњои 90-уми асри гузашта Ўзбакистон дар пайи њамлаи Љумъаи Намангонї марзњояш бо Тољикистонро минакорї кард, ки аз таркиши минањо садњо шањрванди Тољикистон фавтидаанд, ё захмї шудаанд. Ўзбакистон њеч ваќт омода нашудааст, ки харитаи майдонњои минакоришударо ба ихтиёри Тољикистон гузорад. Дар баробари ин, љониби Ўзбакистон зимни музокирот ва суњбатњои хоса намоишкорона ба масоили бундёи НБО-и "Роѓун" бетаваљљўњї зоњир карда, шарти асосии кушодашавии роњи оњан ба вилояти Хатлон тариќи барќарор кардани ќитъаи роњи Амузанг-Ѓалаба, нисбатан поин бурдани тарифњои роњи оњан, соддакунии рафтуомади сокинони ноњияњои сарњадї, барќарор кардани интиќоли гази табиї, зиёд кардани њаљми савдои байнидавлатиро гузаштњои њудудї ба Тошканд донистааст. Миёни Тољикистон ва Ўзбакистон наздики 1200 км хати марз мављуд аст, ки ба гуфтаи Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон 90%-и он муайян ва аломатгузорї шудааст. Манбаъи TojNews мегўяд, ки хостањои Ўзбакистон ба роњбарияти кишвар расонида шудаанд, вале мавќеъи расмии Њукумат дар ин робита њануз мушаххас нашудааст. Аммо манобеъи расмї, минљумла роњбари њайати гуфтушунид намехоњанд, ки ин масоилро шарњ дињанд. Вале 28-уми июл Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон дар нишасти хабарї дар посух ба суолњои хабарнигори TojNews аз муносиботи Тошканд бо Душанбе хушбинї кард, аз љумла баргузории љаласаи
®
Комиссияи байнињуматиро ќадаме дар рушди муносибот маънидод кард. Зимнан, љаласаи охири байнињукуматї оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марз соли 2009 дар Душанбе баргузор шуда буд. "Ташкил кардани љаласаи комиссияи делимитатсия ва демаркатсия байни ду кишвар навбати љониби Ўзбакистон аст, фикр мекунем, то охири сол баргузор мешавад", - мегўяд Сирољиддин Аслов. Сарбанд, пули рўи он ва обанбори нерўгоњи "Фарњод" дар шимоли Тољикистон аз бањсњои умдаи марзї миёни ду кишвар мебошанд, ки дар њудуди Тољикистон љой гирифтаанд. Ўзбакистон иддаъо дорад, ки ин минтаќа хоки ўст. Бањси марзї миёни ду кишвар таи 6 соли охир хомўш буд. Њамрохон Зарифї, собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон тобистони соли 2010 гуфта буд, ки Душанбеву Тошканд мувофиќа кардаанд, ки масъалаи обанбори "Фарњод" муваќќатан аз рўзномаи масъалањои миёни ду кишвар бардошта шавад. Обанбори "Фарњод" иншооти стратегии Тољикистон мањсуб меёбад, ки њазорњо гектар замини Ўзбакистон аз он обёрї шуда, саноати вилояти Тошкандро бо об ва нерўи барќ таъмин мекунад. Зоњиран, обанбори "Фарњод"-ро бар ивази сабукињо нисбати Тољикистон талаб кардани Ўзбакистон њарфи тоза нест. Тирамоњи соли 2012 Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон дар мулоќот бо сокинони Хоруѓ дар бораи муносиботи
Тошканду Душанбе њарф зада, гуфта буд, ки Тошканд бар ивази њамлу наќл ва бархе масоили иќтисодии дигар шарт гузоштааст, ки обанбори "Фарњод" ба онњо дода шавад. Нерўгоњи барќи обии "Фарњод" солњои 50уми асри гузашта дар њудуди Тољикистон бунёд шудааст. Њоло ќисмати сарбанди он дар хоки Тољикистон ва ќисмати истењсоли нерўи барќ дар њудуди Ўзбакистон љой дорад. Бањси марзї дар ин минтаќа бо фурўпошии Иттињоди Шўравї сар зад, Тошканд талаб дорад, ки обанбор дар ихтиёраш гузошта шавад. Атрофи обанбор ва сарбанди он, то соли 2002 аз љониби Ўзбакистон идора мешуд. Дар ин сол бо як корнамоии сардори пешини идораи ШКД ноњияи Спитамен полковник Рустам Саидов постгоњи маъруф ба "Платина" (Сарбанд), сарбанд ва роњи болои он ба Тољикистон баргашт. Рафтуо миёни сокинони Мастчоњ ва ноњияи Спитаменро осон кард. Мањз ин обанборро аз мушкилоти аслии марзии ду љониб медонанд. Коршиносон низ чандин бор гуфтаанд, ки сабаби уќдаи асосии Тошканд нисбат ба бунёди "Роѓун" обанбори "Фарњод" мебошад. Њатто расонањо аз Талбак Назаров, собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон наќли ќавл карда буданд, ки бењбудии равобити Ўзбакистон бо Тољикистон ба њалли ќазияи посгоњи "Платина" ва сарбанди НБО "Фарњод" бастагї дорад. Ањамияти обанбори "Фарњод" низ дар он аст, ки оби вилояти Тошканди Ўзбакистон ва
ИДОМА
Прокуратураи генералї дар бораи парвандаи љиноятии Муњиддин Кабирї Прокурори генералии Тољикистон рад ва ё тасдиќ накард, ки нисбат ба Муњиддин Кабирї парвандаи љиноятї боз шудааст. Абдулњасан Абдуллоев, сардори Раёсати Прокуратураи генералї, 31-уми июл дар нишасти хабарї гуфт, ки "наметавонем гўем, ки нисбати Муњиддин Кабирї парвандаи љиноятї оѓоз шудааст, лекин њолатњои ѓайриќонунї хусусигардонии бинои сохтмонаш нотамоми беморхона барои 500 кас ва ѓайриќонунї ба фурўш баровардани ќитъањои замин дар доираи тафтиши пешакї санљиш рафта истодааст." Моњи июн рўзномаи "Љумњурият" нашрияи Њукумати Тољикистон навишта буд,
ки "њангоми тањќиќи парвандаи љиноятї вобаста ба далели хусусигардонии ѓайриќонунї маълум шуд, ки соли 1999 раиси ЊНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалињои сироятиро, ки барои 500 љой пешбинї шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар дењаи Навободи љамоати дењоти Сарикиштии ноњияи Рўдакї, бо маблаѓи ночиз харидорї намуда, тавассути созишномањои сохтаи њадясозї, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздињавлї барои дигарон фурўхтаанд. Ин амали ќаллобона аз љониби маќомоти судї ошкор ва ашхоси дастдошта ба љавобгарї кашида шудаанд. Њама, ба истиснои соњибмулки асосї - Муњиддин Кабирї. Аз рўи шар-
тномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он ќаблан анљом ёфта буд, Кабирї уњдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шањри Душанбе ќарор дињад". Аммо ин иттињомро Кабирї рад карда, гуфта буд, ки чи тавр парвандаи љиноятї мешавад, дар њоле ки макони фурўхташуда моликияти шахсии ман буд. Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ баъд аз интихоботи парламентии соли равон дар нимањои моњи март Тољикистонро тарк кард. Њоло дар хориљї ба сар мебарад. Баъди сару садоњо дар бораи парвандаи љиноятї нисбат ба ў омаданаш ба таъхир афтод.
њазорњо гектар замини дашти Дилварзини вилояти Суѓд - навоњии Спитамен, Мастчоњи Нав ва Зафарободро танзим мекунад. Дар њоли аз даст рафтани он Тољикистон ихтиёри оби ин навоњиро њам аз даст медињад, ки њамагї кишоварзї ва бахусус дар кишти пахта пешгом њастанд. Кўшишњои Ўзбакистон низ барои даст ёфтан барои ин иншооти стратегї аст. Ва ин дар њолест, ки мушкили об ќариб 30 сол ба ин сў миёни Тољикистону Ќирѓизистон њам вуљуд дорад. Даргирињо низ ба вуљуд омаданд, ки охиринаш чанд рўзи пеш - 3 август миёни мардуми дењаи Чоркуњи Исфара ва марзбонони ќирѓиз иттифоќ афтод. Дар ин даргирї 7 сокини осоиштаи Чоркуњ захмї шудаанд. Дар њоли дар ихтиёри Ўзбакистон гузоштани обанбори "Фарњод" њељ кас ин итминонро дода наметавонад, ки њамсоякишвар низ оби дашти Дилварзинро ба рўи Тољикистон хоњад баст ва бо мухолифати дигараш ба неругоњи "Роѓун" дар умум оби Тољикистонро мехоњад тањти назорат гирад. Иддае њам бар инанд, ки дар бањсњои миёни Тољикистону Ўзбакистон ќазияи шањрњои Самарќанду Бухоро низ ба миён гузошта шавад. Аммо маќомоти расмии Тољикистон мегўянд, ин кишвар тамомияти арзии кишварњои дигарро эътироф мекунад ва аз онњо низ таќозо мекунад, ки ба тамомияти арзии Тољикистон эњтиром гузоранд.
Умари ТОЊИР
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
МУСОЊИБА
Бунёдгузори "Њотам ПВ":
ОМЎЗИШИ ФАНЊОИ ДАЌИЌ МАСЪАЛАИ АМНИЯТИ МИЛЛЇ АСТ Мусоњиба бо директори гимназияи Тољикистону Русия "Њотам ПВ" Абдуфаттоњ Хотамов, ки як нигоштаи фейсбукии дўсти ќазоќистониам аз натиљањои олимпиадаи љањонї дар Алмаато сабаби он гашт. Дар тахтаи эълонњои гимназия хабарномаи ѓалабаи хонандаи синфи 11-и гимназия Мењрубон Тўраевро дар ин олимпиада хонда, вориди утоќи директор гаштам. Љаноби Њотамов, баръакси интизорињои можурналистон аз як сарвари макотиби тањсилоти њамагонии пойтахт, аз мушкилоти мављудаи гимназияву низоми маорифи кишвар хеле шаффоф, бо дарки амиќи масъулият ва хеле дилсузона сухбат кард. Мо дар шахси ў як маорифпарвари тољикро дарёфтем, ки аќидањояш бунёдиву пешнињодоташ амалгароёна будаанд… "Нигоњ": -Ичоза фармоед шумо ва кули муаллимони гимназияро бо медали биринчии шогирдатон дар олимпиадаи умумиљањонї аз информатика табрик гўям… -Ташаккур. Ба шумо њам муборак, чун дастоварди љомеа аст. "Нигоњ": - Як пости дўсти маљозиам аз Ќазоќистон, ки аз ширкати фарзандаш дар олимпиадаи номбурда хушнудї мекард, моро дар ин гармои тобистон сўи гимназияи шумо роњї кард. Фикр мекунам, бањонаи хубест барои як суњбати расонаї, хоса, имрўзњо, ки таќдири дањњо њазор довталаб њал шудан дорад. Њарчанд шуморо сертараддуд мебинам, оё омодаед як суњбати ошкоро дошта бошем? -Албатта, бањонаи хуб аст ва мо њам аз суњбатњои тахассусї њазар надорем, вале таљрибаи чандсолаи роњбарї нишон медињад, ки баъд аз оиди ягон масъалаи маориф ибрози назар намудан, аќќалан як њодисаи ѓайримунтазира пеш меояд. Аммо, таваккал ба Худо! Муаллим будан осон набуду нест: назди љомеаву давлат масъулият дорад. Суол кунед. "Нигоњ": - Пешопеш сипосгузорем аз шумо. Марњамат карда, аз њамин олимпиада наќл мекунед? - Бале. Воќеан аз 26 июл то 2 август дар ш. Алмаатои Ќазоќистон олимпиадаи умумиљањонї аз информатика баргузор гардид, ки дар он дастаи Тољикистон иборат аз 4 нафар ширкат варзиданд. Мењрубон Тўраев ва Нодир Даминов аз гимназияи мо Доро Умаров ва Бањодури Суњайлї аз литсейњои муштараки тољикї-туркї. Мењрубон сазово-
ри 250 хол, Нодир сазовори 154 хол, Бањодур сазовори 142 хол ва Доро сазовори 97 хол гардиданд. "Нигоњ": - Мењрубон бо 250 хол соњиби медали биринљї шуд? Дигарон чї? Бубахшед, чаро шумо аз ин натиљањои ифтихорсоз ќаноъатманд наменамоед? -Бале, аз кишварњои ОМ ва Кафкоз танњо Мењрубон соњиби медал шуд. Дигар аъзои дастаи Тољикистон маќом дарнаёфтанд. Воќеъан, шогирдон ќаноъатманд нестанд, аммо мо бо назардошти тамоми омилњо бояд ќаноъатманд бошем, агарчи шахсан ман аз Мењрубон медали тиллоро интизор будам. Гап сари он аст, ки тамоми шогирдони мо 16-17 сол доранд, аммо аксарияти кулли аъзои дастањои кишварњои дигар 18-20 сол доранд . Бар замми ин, синни зиёда аз 90% фоизи дорандагони медалњои тиллою нуќра аз 19 боло аст. Тибќи низомномаи тамоми олимпиадањои умумиљањонї шогирдони макотиби миёна ва курсњои омодашавї то 20 солагї иштирокчї буда метавонанд. Сабаб дар он аст, ки дар аксарияти кишварњо дар мактаби миена 12-14 сол тањсил менамоянд. Агар расмњои иштирокчиёнро муќоиса намоед, дар ќатори дигар иштирокдорон шогирдони мо кўдак менамоянд, яъне аз назари синну сол раќобати шогирдони мо бо дигарон одилона, аз рўи адолат нест. Агар танхо натиљаи шогирдони 16-17 соларо киёс намоем, натиљаи шогирдони мо олї аст. Ин мушкилот бояд њалли худро ёбад. Хуб мешуд, ки то ба низоми тањсили 12 -сола гузаштан, масъулони маориф расман ба њамон шогирдоне, ки ихтиёран пас аз синфи 11 боз як соли дигар бо хоњиши худи онњо ва падару модарон барои омодашавї ба имтињонњои дохилшавии донишгоњњои бењтарини љањон дар мактабхои хусусї мондан мехоњанд, иљозат диханд. Боз як соли ди-
гари омўзишу таълим њаёти чандин шогирдони болаёќатро ба куллї таѓйир медихад. Масалан, Мењрубон Тўраев дирўз аз љониби ширкати Гугл барои тањсил ва таљрибаомўзї даъватнома гирифт. Ин тачрибаи нодир аст ва чунин маъно дорад, ки дар пеши Мењрубон Тўраев имкониятњои бузург пайдо шуданд њам барои тањсил, њам барои кор ва умуман барои инкишоф ва пешравии шахсият. Омўзишу таълими миллї њаёти ўро ба ширкате пайваст, ки зиёда аз 600 миллиард доллар арзиш дораду бењтарин маѓзњои оламро ѓун кардааст. Аммо ў њоло миёни Донишгоњи СанктПетербурги Русия, Донишгоњи Љопон ва кор дар Гугл интихоб дорад. Тарафи дигари масъала ин аст, ки аксарияти аъзои дастањои Тољикистон аз њамаи фанњо муќаррар дар синфи 11 тањсил менамоянд, аммо бо сабаби халли мушкилињои дохилшавї, онхо барои омодашавї ба олимпиадањои байналмиллалї имкону ваќт намеёбанд ва табиист, ки натиљањои иштироки онхо нисбатан поёнтар мешавад. Масалан, Мењрубон ба хотири дохилшавї ба яке аз донишгоњњои Љопон, ки дохилшавияш нињоят мушкил аст, чанд моњи охир ваќти омўзиши информатикаро надошт ва шояд њамин боис шуд, ки ў сазовори на медали тилло, балки биринљї шуд. Кулли миллатњо њоло такя ба захоири аќлиро асоси рушд медонанд. "Нигоњ": - Љои бањс надорад, аммо дар мо чї? -Бубинед, бо вуљуди њама мушкилињои зикргардида дастаи мунтахаби Тољикистон миёни 83 давлат сазовори љои 48, Ќирѓизистон љои 61, Озорбойљон љои 78 ва Узбакистон љои 82-ро ишѓол намудаанд, метавонем то як андоза ќаноъатмандї изњор намоем, бахусус бо назардошти нисбатан камшумор будани ањолии Тољикистон. Самара мултипликатсияро нодида гирифта намеша-
вад. Аммо бо њама бузургии маќсад манзили мурод њанўз хеле дур аст. Њар маѓзи тољикї, њар падару модар, њар масъули мактабу маориф ва њам њар як хонанда бояд донад, ки зарфиятњои инсонї - бузугтарин манбаъи рушди љомеаву давлати Тољикистон ва шарти зиндагии лоиќу сифаташ баланд аст. Академики АИ Русия Р. Энтов њисоб кардааст, ки муаллифи ѓояи телевизион Владимир Зворикин мањсулоти аќлие офаридааст, ки њачмаш ба 20 ММД Русияи кунунї (!) баробар аст. "Нигоњ": - Мисолхои дигар низ зиёданд: асосгузори Гугл Сергей Брин, ки хатмкардаи низоми мактаби русист, решањои бунёдгузори Фейсбук њам ба Одесса мебаранд. Мисоли ахир аз Беларус: даромади солона аз фурўши бозии компютерии "Ворд оф танкс" ё "Љањони танкњо" аз фурўши танкњои воќеъии Русия ба маротиб зиёд аст… -Бале, мисолњо зиёданд. "Нигоњ": - Ба њайси як масъули мактаб ва маорифпарвари тољик ба интиќоди ректори филиали Донишгохи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов, ки гуфт хеле аз довталабони аз имтињоноти маорифи Тољикистон гузашта, ки даъвои донишљўи онњо шудан доранд, аз уњдаи љамъ кардан намебароянд, чї мегўед? - Чунин эрод шояд асос дошта бошад. Хуб мешуд, агар ба љомеа мисолњои мушаххас пешнињод мегашт. Аммо ба њар сурат бояд иќрор шуд, ки сатњи дониши шогирдони макотиби кишвар аз математика ва дигар фанњои табиию техникию технологї ќобили ќабул нест. Бинобар ин, мо бояд дар фикри баланд бардоштани сатњи дониши шогирдон аз фанњои номбурда шавем. Оиди ин масъала сарвари давлат низ борњо изњори норозигї карда буд. То љое, ки мо иттилоъ дорем, Вазорати маориф барои бењтар кардани са-
ИЌТИСОД
тњи дониши шогирдон аз фанњои табиию риёзї љањду талош дорад, аммо то чи андоза онхо сатњи дониши хонандагонро бењтар менамоянд, ваќт нишон медињад. Ин мушкили миллї мисли њар масъалаи дигар кўшишњои сатњи миллї таќозо мекунад. Мушкили баланд бардоштани сатњи дониши математикию риёзии мањз хонандагони мактабро кишвари пуриќтидортарини љањон -ИМА њанўз ќариб 50 сол пеш, МАСЪАЛАИ МУЊИМТАРИНИ БЕХАТАРИИ МИЛЛЇ мењисобад ва ќариб њар як президенти ин кишвар аќаллан соле як бор оиди ин масъала ва нокифоя будани сатњи дониши љавонон дар ин самт изњори назар менамояд. Њол он ки амрикоиён то 5 дарсади ММД барои маориф харљ мекунанду таъсири љомеа ба низоми маорифи кишвар хеле демократї аст. Азбаски имкониятњои кишвари мо дар ин самт он ќадар зиёд нест, бинобар роњњои камхарљи баланд бардоштани сифати таълимро љустуљў бояд кард. Бояд аќаллан барои бо таълими босифат фаро гирифтани наврасоне, ки завќи донишмандшавиашон зиёд аст, кўшиш кунем. Шояд ваќти он расидааст, ки барои љустуљў ва дарёфти чунин роњњои каммасрафи баланд бардоштани сифати таълимї фанњои табиию риёзї дар назди сарвари давлат як Шўро ё Комиссияи љамъиятї ташкил шавад ва аъзои он омода бошанд, ки холисона дар ин самт фаъолият намоянд. Ќањрамони миллии Сингапур Ли Куан Ю баланд бардоштани савияи дониши хитоибачањоро, ки аз дигар миллатњои њамсинфашон пасттар будааст, шахсан назорат мебурд ва дар ин бора дар китобаш њикоят мекунад. Яъне, масъала хеле љиддї асту њалли он иродаи сиёсї металабад. "Нигоњ": - Шояд ин фикрњо дар оянда моро ба зинаи баландтари сифати
таълим бирасонад, аммо њоло, имрўзу пагоњ чи бояд кард, то дониши аксарияти хонандагони кишвар ба дониши шогирдони шумо наздик шавад? -Шумо медонед, ки барои баланд шудани сатњи дониши наврас чанд омили њатмї вуљуд дорад: устод, китоб, хоњиш ва мењнат. Мушкили устод. Устодони фанњои даќиќ дар њамаи мактабњо њастанд, аммо устодони воќеан донишманд, на дар њамаи мактабњо мављуданд. Устоди имрўза бояд ба њар гуна саволу масъалањои мушкил дар фурсати кутоњтарин ва ваќти барои наврас муносиб љавоб гуфта тавонад. Масалан, шабона ё соати 6-и субњ. Бо њамин маќсад мо дар садади тањияи барномаи компютерие њастем, то наврас дар ваќти мехостагиаш ба сайт мурољиат карда, њамон лањза ба саволи худ љавоб гирад. Яъне, ваќте, ки хонанда мурољиат менамояд, ки хоњишмандам барои њалли ин муодила ва ё ин масъала ба ман кумак намоед, њамон лањза дар форуми сайт њалли муодила ё масъалаи пурсида пайдо мешавад. Наврас онњоро омўхта , то пайдо шудани мушкилии нав омўзишашро давом дињад. Мо азм дорем ин тарњро барои њама дастрас карда, истифодаи ройгонашро ба роњ монем. Мушкилии адабиёт. Адабиёти зарурї барои њамаи синфњо тибќи барномаи тасдиќкардаи Вазорати маориф вуљуд дорад ва бечуну чаро онњо барои талаботи донишгоњњои Тољикистон кофї мебошанд. Аммо онњо барои дохил шудан ба донишгоњњои кишварњои дигар ва барои омодашавї ба озмун ва олимпиадањо кофї нестанд. Тамоми љумњурии мо имконияти тарљума ва нашри номгў ва миќдори зарурии чунин адабиёт њатто аз як фанро надорем! Ин воќеъаияти талх аст. Хомўш нишастан њалли масъала нест, пас бояд талош кард. Барои таъмини хонандагон бо адабиёти зарурї мо бояд аз шакли элект-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
ронии онњо истифода намоем. Пешнињоди планшетњои нисбатан арзон ( худуди 200-250 сомонї) бо љой кардани адабиёти зарурї роњи њалли масъала аст. "Нигоњ": - Мушкили забони монеъ намешавад? -Ин планшетњо бояд имконият дињанд, ки хоњишмандон, хатто аз синни томактабї забономўзї кунанд. Забономўзї мушкили калонсолон аст, на кўдакон. Њар кўдак метавонад ба осонї 4-5 забон ва 2-3 хатро аз худ кунад. TojNews: - Ин њамон идеяи "Тољики раќобатпазир"-и "ИНДЕМ" аст, ки бояд њар тољик се забон: инглисї, русї ва чиниро дар макотиб омўзад ва ду хат: сирилик ва ниёконро балад бошад. Барои ин бояд низоми маорифи Тољикистонро инглисзабон кард ё на? Мисли Гурљистон чанд њазор муаллими инглисзабон овард… -Пешнињоди кобили омўзиш ва баррасї аст. Вале шогирдон ва падару модари онњо бояд имконияти интихоб дошта бошанд: шояд баъзеашон тањсилро бо забони соф тољикї афзал донанд, баъзеашон тањсилро бо забони русї ё англисї ва ё чинї бењтар шуморанд. Аммо худатон медонед, ки бо забони дигар тањсил кардани шумораи зиёди шогирдон чї ќадар мушкилии зиёд дорад, пеш аз хама барои омода намудани устодон ва адабиёт. Умуман ин масъала эњтиёткориро талаб мекунад, то мекунам гуфта, ба миллат зарар наорем. "Нигоњ": - Дуруст аст, ки шумо мисли Билл Гейтс љонибдори аз синфи як омўзонидани фанни информатика дар тамоми макотиби кишвар њастед? -Чандин кишварњо таълими математика, технологияи иттилоотї ва забони модарию англисиро њанўз аз синни томактабї оѓоз менамоянд. Агар имконият бошад, ин танњо ба нафъи кўдакон аст. Бигузор њанўз аз хурдї кўдакон донанд, ки роњи ягонаи зиндагии хуб ва хушњолона мењнати њалол ва донишмандї аст. Мехоњам дар идомаи суоли пешин аз бедор кардани завќи хониш ва моил кардани кўдакону наврасон ба мењнат чанд сухан гўям. Яке аз роњњои осонтарини талќини чунин завќ њар чи зиёдтар ташкил намудани сабќату озмунњои зиёд ва хар чи зиёдтар дар ВАО пањн кардани натиљаи чунин сабќатњо мебошад, дар дохили њар як синф, њар як мактаб, њар як ноњия, њар як шањру вилоят ва нињоят дар тамоми кишвар эълон кардани математикадон, физикадон, кимиёдон ва барномасози бењтарин аст. Азбаски наврасон табиатан майли
7
зиёди сабќат кардан ва ѓолиб омаданро доранд, ин шеваи кор дониши онњоро аз фанњои табиию риёзи ба маротиб афзун менамояд. Бо ин маќсад бояд сайти махсус сохта, дар он аз њар як фанни табиию риёзї якчанд њазор масъала љойгир намуд ва аз хонандагони синфњои 5-11 хоњиш кард, ки онњоро хал намуда, ба нишонаи сайт фиристанд. Устодони ботаљриба онњоро санљида, ба идоракунандаи сайт мефиристад ва ў дар навбати худ натиљањоро ба сайт мегузорад ва њар як шахс метавонад донад, ки то њамин рўз масалан риёзидони бењтарин миёни синфњои 6 њар мактаб, њар ноњия, њар шањр, њар вилоят ва тамоми кишвар кї аст. Айнан њамин тавр аз њар як фан дар тамоми синфњо донандаи бењтарини фанњои зикргардида муайян карда мешавад. Инчунин моње як бор аз њар як фан олимпиадаи фосилавї бояд гузаронид. Хуб мешавад, ки идорањои маорифи њар як ноњия имконият пайдо карда, ѓолибонро аз њар як фан бо туњфањои рамзї сарфароз намоянд. "Нигоњ": - Пешнињоди мушаххас. Умедворем, ки љомеаи омўзгории пойтахту кишвар онњоро баррасї хоњанд кард. Устод, оё шумо медонед, чаро Мењрубон донишгоњи љопониро интихоб кардааст? Хато накунам, ба донишгоњњои Љопон танњо шогирдони "Хотам ПВ" дохил мешаванд? Дохилшавї ба донишгоњњои хориљї хеле мушкил аст? - Инро бояд аз худи Мењрубон пурсид. Воќеъан, чаро журналистон бо ѓолибони олимпиадањои гуногун суњбат намеороянд, то намунањои миллї боиси эњёи фарњанги донишомўзї гарданд?! Бале, дохилшавї ба донишгоњњои хориљї хеле мушкил аст. Ба њадде, ки њатто аълочињои макотиби миёнаро бояд як соли дигар таълим дод. Барои ин бояд курсњои омўзишии махсус созмон дод. Хуб мешуд, агар ин гуна барномаи миллї медоштем. Дар љавоб ба ќисми охирони саволи шумо бояд гўям, ки хушбахтона, тамоми шогирдони мо дар тўли тањсил соњиби дониши хуб мешавад, бинобар барои аз имтињони нињоят мушкилу якчандзинагии сафоратхонаи Љопон дар Тољикистон имконияти бештар доранд. Агар имсол њамаи 5 нафар шогирдони мо боз аз як зинаи дигар гузаранд, дар он сурат шумораи умумии шогирдони мо дар ин кишвари пешрафтаю пуриќтидор бо мардуми мењрубон ва њалиму донишмандаш ба 12 нафар мерасад. Аммо умед дорем, ки шумораи шогирдони мо бо туфайли саховатмандии Њукумати Љопон ва дониши хуби шогидон дар солњои наздик ба маротиб зиёд мешавад ва муносибатњои дўстонаи мардуми њарду кишвар низ бемайлон ќавитар мешаванд. Аз фурсат истифода бурда мехоњам ба Њукумати Љопон ва Сафоратхонаи ин кишвар дар Тољикистон барои пардохти тамоми харољоти шогирдони мо дар тўли 6-7 соли тањсили њар яки он арзи сипос намоям. "Нигоњ": - Сипос аз шумо, устод,барои суњбати ошкоро. -Намеарзад. Як хоњиш дорам, ки бо Мењрубону Нодир ва агар имкон бошад, бо кулли ѓолибони олимпиадањои љумњуриявию љањонї аз гимназия чанд даќиќа суњбат кунед, то донед, ки чї љањони пурѓановату орзуњои наљибе доранд онњо. Ва дар интињо орзуи муњимтарини ман њамин аст, ки шароит фароњам оварда, кўшиш намоем, ки фарзандони бењтарини миллат мањз дар Тољикистон тањсил намуда, дар ободии кишвари азизу зебоямон сањмгузор бошанд. Шумо албата, медонед, ки Билл Гейтс бо дороии зиёда аз 90 миллиарда, солона ба хазинаи давлат чанд миллиард доллар андоз месупорад. Мо њам бо дастгирии якдигар бояд чунин шахсонро тарбия намоем. "Нигоњ": - Хатман, Устод.
PS: Муттасифона, ба мо даст надод, ки бо Мењрубону Нодир хамсуњбат шавем. Онњо дар таътил будаанд.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
ПАДАРНОМА
Эшони МАЊМУДЉОН:
"Мо ба гарди пойи ќиблагоњиамон намерасем" Суњбати ихтисосї бо Эшони Мањмудљони Тўраљонзода дар бораи Эшони Тўраљон 5-уми август ба даргузашти Эшони Тўраљон, яке аз чењрањои маъруфи исломии Тољикистон, 10 сол пур мешавад. Ангезаи ин суњбат хабарест, ки фарзандони эшон мехоњанд маљмуъи фатвоњои падарашонро дар шакли китоб интишор дињанд. Ва аввалаин суол њам аз эшони Мањмудљон, фарзанди эшони Тўраљон њамин буд: суолоте, ки барои Эшон омаданд дар куљо мањфуз буданд ва шумо инро чи хел љамоварї кардед? - Бисмиллоњир рањмонир рањим. Њазрати ќиблагоњї аз замоне, ки ман худро мешинохтам, ба њайси марљаъи фатво маъруф буданд. Дар мањфиле аз эшон ин ё он масъала пурсида мешуд. Мардумони зиёде аз масоили шаръї суол мекарданд ва чун ин пурсишњо зиёд буданд ва баъзан дар маъракањову маросимњои гуногун такроран њам пурсида мешуданд, эшон фатвоњоро дар вараќњо ва баъзан њатто дар љилди китобњо менавиштанд ва дар мавридаш ба шахси суолкунанда иќтибосро бо зикри маъхазаш мехонданд ва шарњу тафсир мекарданд. Баъзе фатвоњо, чуноне гуфтам, мањфилї буданд, онро ба љамъомади умум, дар намозњо ва ё љамъи уламо мехонданд ва перомуни он суњбат мекарданд. Баъзан мешуд фатвои лозимаро дар кисаашон нигоњ медоштанд то замоне, ки шахси суолкунандаро дар намозе ё дар мањфилу маъракае пайдо мекарданд ва онро чун далели дигар аз он чї ќаблан барояш гуфта буданд, мехонданд. Њатто Њазрат баъзе масъалањои шаръиро њам, бидуни он ки касе барояшон мурољиат карда бошад, ба хотири зарурї буданаш менавиштанд ва дар мавридњое ба мардум мерасониданд. Хулоса, ин фатвоњо ба њайси вараќањое дар дохили китобњо ва дафтарњои эшон гузоштаву нигоњдорї мешуданд. Аммо эшон дар фикри дар як дафтари мукаммал љамъ кардани онњо набуданд. Баъдан мо тасмим гирифтем, ки он вараќпорањоро гирдоварї кунем ва ба муљарради фароњам омадани фурсате онњоро дар шакли як китоби мукаммал интишор дињем. - Шеваи посух ба саволњо чї гуна буданд? Чун он замон воситањои коммуникатсионї ба ин њад рушд надоштанд. - Эшон солиёни дароз, њатто муддати 35 сол хатиби масљиди калонтарини минтаќа буданд ва як минбари аслии суолу љавобњои шаръї барои эшон минбари њамин масљид буд. Кўшиш мекарданд ба саволи воридшуда дарњол дар њамон мањфил посух гўянд ва баъзан агар лозим мешуд, ки саволро омўзанд, пас баъди аз китобњо пайдо кардани посухи мутмаъинкунанда ва даќиќ онро ба саволкунанда мехонданд. - Бештар аз кадом китобњо истифода мекарданд? - Китобњое, ки эшон истифода мекарданд ва фатвоњои худро содир менамуданд, њама китобњои њанафї буданд. Масалан, "Оламгирї", "Дуррул-мухтор" бо шарњаш, "Раддул-муњтор", "Хулосатул- фатово", "Фатовои Ќозихон", "Баззозия" ва ѓайра. - Мо медонем, ки дар он замон китобњои улуми исломї аслан нашр намешуданд ва уламо мушкил доштанд, ки китобе дархўри замон пайдо кунанд ва бихонанд. Њазрати эшон аз куљо китоб дарёфт мекарданд? - Ќиблагоњии мо аз љавонї ташнаи китоб буданд. Њар китоберо дар њар куљое медиданд, бо њар восита, бо пул аст ё бо њадя ё ба ивази чизи дигар њаракат мекарданд онро ба даст оранд. Баъзан китобфурўшњое буданд, ки маъ-
руфият доштанд ва ќиблагоњии мо аз онњо китобњоеро суроѓ мекарданд ва мехариданд. Аз муридону шогирдон ва афроди дигар суроѓи китобдорњоро пайдо мекарданд. Масалан, мегуфтанд, ки фалонї китобњои зиёд дорад. Суроѓ мекарданд ва гоње ба манзили он китобдорњо мерафтанд ва аз байни анбуњи китобњояшон китобњои барояшон заруриро меёфтанд ва мехариданд. Буданд касоне, ки аз падаронашон китобњои зиёдеро ба мерос гирифтаанд ва худашон онњоро хонда наметавонистанд ва истифода намекарданд, меоварданд ва ба Њазрат њадя мекарданд ва мегуфтанд, ки шумо аз ин китобњо бањра баред ва дар њаќќи гузаштагони мо дуо кунед. Ёд дорам, дар даврони Шўравї чандин маротиба ба Ўзбакистон рафта буданд ва аз он љо њам барои худ китоб ёфта овардаанд. Чуноне мегўянд, "љўянда ёбанда аст", Њазрат њам њамеша дар талоши китоб буданду меёфтанду мехонданд. Бо воситаи бародарамон Ќозї - домулло, ки дар Бухорову Тошканду Урдун тањсили илм доштанд, китобњои зиёде пайдо мекарданд. Хулоса, дар манзиламон китобњои зиёде љамъ шуда буданд, ки то њол нигањдорї мешаванд ва мо низ њанўз њам аз онњо истифода мебарем. - Замони љанги дохилї, ки њамаи шумо аз кишвар берун рафта будед, ин китобњо љї гуна њифз шуданд? - Ба наќл кардани онњо ба макони амн, хонањои баъзе муридону мухлисњо ва хешу табор аз талаф шудан мањфуз мондаанд. "СУЊБАТЊОЯШОН БО МАРДУМ БЕ МИСОЛ АЗ АШЪОРИ ПИРАШОН ХАТМ НАМЕШУД" - Њазрати эшон яке аз ташаббускорони аслии зэњёи анъанаи амри маъруф дар масљидњо буданд. Ин кор аз кадом солњо шуруъ шуд? - Соли 1962 бо тавсияи устодашон мулло Барот, ки дар ноњияи мо зиндагонї мекарданд ва баъдан дар як садамаи автомобилї шањид шуданд, ќиблагоњии мо ба њайси сархатиби масљиди Роњатї таъин шуданд. То ин замон эшон аз љониби хадамоти давлатї барои андешањои тозаву ѓайриќолабиашон таъќиб мешуданд. Устодашон мулло Барот тавсия доданд, ки ягона роњи халосї аз таъќиб он аст, ки дар ягон масљиди расмие, ки давлат сабти ном кардааст, ба кор дароянд ва бо ин васила њам бо мардум наздиктар мешаванд ва њам ба давлат ва њам тадриљан худро аз пайгирии эшон канор мегиранд. Ва аз њамон лањза бо истифода аз минбари масљид Њазрат тадриљан ба амри маъруфу даъват ба намозу донистани ањкоми Ислом шуруъ карданд. Албатта, пеш аз ин њам даъвату амри маъруф доштанд, вале он танњо дар њалќаи хоси муридњои худашон сурат мегирифт. Дар масљид ва миёни анбуњи мардум аз сабаби он ки њукумат намегузошт, ин гуна амри маъруфњо намешуданд. Аммо баъди сархатиб таъин шуданашон майдони таблиѓ њам васеътар шуд ва эшон кўшиш мекарданд дар њар намоз фур-
сатеро барои амри маъруф људо кунанд, дар намозњои љумъа муфассалтар, дар шабњои моњи Рамазон пеш аз намози таровињ низ фурусати таблиѓ ба Ислом доштанд. Дар маросимњои дигар, аз ќабили хатнатўй ва љаноза, ки даъват мешуданд, њатман амри маъруф мекарданд. Бахусус, амри маъруфи пеш аз намози љаноза дар манотиќе, ки мо медонистем, аз ќиблагоњии мо мерос монд. Уламои дигар њам њарфи пеш аз љаноза доштанд, вале њамин њаќќуллоњ ва њаќќунносро мегуфтанду халос. - Дар њоле, ки он замон амри маъруфи сари љаноза зиёд набуд... - Бале, амри маъруфи рўзи љаноза пеш камтар буд. Ќиблагоњї мекўшиданд дар чунин лањзањо бештар рў ба насињат оранд, ки ин зиндагї омадану рафтан аст. Яъне, мардумро њушдор медоданд, ки оќибат рўзе шањди марг чашиданист, саволу љавоб дар пеш аст, гўри тираву торику сард дар пеш аст. Пас чї бояд кард, ки он гур пурнур бошад, гарму нарм бошад, рушан бошад. Дар бораи њуќуќи мусалмонон њарф мезаданд, омодагї ба сафари охиратро мегуфтанд. Он замон њар хатиб ќаламрави хоси худро дошт ва дар он ќаламрав њама љанозањоро худаш мехонд. Бисёр ваќт Њазратро ба минтаќањое, ки тобеъи масљидашон набуданд, мебурданд ва эшон мањфилу љанозањои онњоро мегузарониданд. Ва њукумат њам аслан ба амри љаноза ва мањфилњои мардум кордор набуд. Фаќат ба сиёсати њукумат дахл накунанд, дигар коре ба эшон надошт. Чї ќадар, ки амри маъруф мекарданд, чизе ки мегуфтанд, монеъ намешуданд. Њоло, ки ба гузашта менигарам ва сањифаи ёддоштњоро вараќ мезанам, мебинам, ки ба њаќиќат он замон Њазрат ба сони як булубуле гашта буданд, ки дар њар мањфил агар менишастанд, хомўш набуданд. Кутоњ њам бошад як насињатеву як паёмеро ба мардум мерасониданд. Њатто дар мањфилњои Њазрати эшони Абдурањмонљон, Њазрати домулло Муњаммадљони Њиндустонї, ки на њама љуръати сухан гуфтану бањс кардан доштанд, ќиблагоњии мо гоњо як вараќеро мебароварданд ва масъалаеро дар миён мегузоштанд ва он мањфилро бо бањси муфиди илмї гарм мекарданд. Њатто замоне, ки хеле заъф доштанд, аз сабаби беморињои фишори хуну аз сар гузаронидани амали љарроњии талха љисмашон нањифу њолашон заъиф шуда буд ва дар синни 60 ё 62 - солагї аз синнашон хеле пиртар ба назар мерасиданд, вале агар дар њар мањфиле аз эшон хоста мешуд, насињат кунанд, рад намекарданд. Бахусус, солњои њиљрат дар Ќазоќистон дар мањофили хешовандон ва муридон њатман амри маъруф доштанд. Њатто баъди бозгашт ба Ватан 3-4 соли аввал, ки њарчанд бемор буданд, вале дар њар намози љумъа дар масљид ќабл аз баромади мо ба минбар њудудан 20 даќиќа ё бештар бо мардум суњбат мекарданд. Дар минбар менишастанд ва аз рўи китобњое, ки бо худ меоварданд, амри маъруф мекарданд. Хулоса, то замоне неру доштанд, як каме ќуввати њарф задан доштанд, аз даъват намонданд. РАФТОРУ ГУФТОРАШОН ДАР РАВИШИ ПАЙЃАМБАР (С) БУД - Чї хислатњое доштанд? - Њазрат хулќи хеле хуб ва писандида доштанд. Чун дар њама умур пайрави Пайѓамбари Худо (с) буданд. Кўшиш мекарданд рафтору гуфторашонро ба суннати Расулаллоњ (с) мувофиќ бисозанд. Ахлоќи њамидаву хулќи хуб,
ки доштанд, муносибаташон бо тамоми уламои асрашон њамсон буд. Бо њамаи ањли илм ва муллоњову эшонњои дуру наздик, ки мешинохтанд, рафтуомад доштанд. Ба њич касе дар дилашон кинаву адовату кудурату ѓуборе надоштанд. Бо њама ёру бародар буданд. Зиёрати эшони Абдурањмонљон мерафтанд, зеро эшон аз њар назар хеле шахсияти барљаставу бузург буданд. Зиёрати домуллои Њисор - мулло Шариф (Худо рањматашон кунад), мерафтанд. Ва њамаи домуллоњову эшонњо њам ба манзили мо ташриф меоварданд, дар маъракањо њамдигарро даъват мекарданд. Хулоса, рафтуомади хуб бо њамаи ањли фазли замонашон доштанд. Ман ёд надорам, ки бо кадоме аз ањли илм Њазрат ѓуборе дар дил дошта бошанд. Њатто ёд дорам, ки охири солњои 80, ки як зумра домуллоњои љавон бо аќидањои наву тоза арзи вуљуд карданд ва маќомот мекўшиданд онњо ва аќидаи онњоро барои ихтилоф миёни мусалмонњо истифода кунанд ва дар њаќиќат як ихтилофе миёни онњову домуллоњои насли калонсол ва муридону шогирдонашон ба вуљуд омада буд, эшон бо њарду тараф муносибати хубу созанда доштанд. Њам ин љавонњоро ба эњтиромашон бо эњтиром посух медоданд ва њам бо домуллоњои насли худашон иртиботи хубу дўстона доштанд. Ва кўшиш мекарданд њарду тоифаро ба њам наздик кунанд. Бахусус, аз он љавонњо домулло Њимматзода ва домулло Сайид Абдуллоњи Нурї (Худованд рањматашон кунад) меомаданд, суњбат мекарданд. Ин замоне буд, ки миёни љавонони наву домуллоњои калонсол, машоихи замон иртиботњо бурида шуда буданд. Вале ќиблагоњии мо аз хулќи хубашон бо њарду љониб муносибати њамсон доштанд. Он замонњо Њазрати домулло Муњаммадљони Њиндустонї то њадде аз инњо бурида буданд ва эшони Абдурањмонљон низ ба эшон иртиботи хубе надоштанд, вале њазрати ќиблагоњї бо њарду љониб равобити њасана доштанд. - То љойе медонем, Њазрати эшон аз љумлаи суфиёни замони худ буданд ва аз пайравони ростини ањли тасаввуф мањсуб мешуданд. Аз кадом љараёни тасаввуф даќиќан пайравї доштанд? - Бо иршоде, ки аз падарашон гирифта буданд, њазрати ќиблагоњї дар тасаввуф аз пирашон Мавлавї Љунунї пайравї мекарданд. Мавлавї Љунунї њарду љараёни тасаввуф, њам хуфяву њам љањрия, яъне њам тариќаи наќшбандия ва њам тариќаи ќодирияро ќабул доранд ва инњо дар навиштањошон тасвиб шудаанд. Мавлавї Љунунї мегуфтанд, ки барои нафъи оммаи мардум зикри љањрия бењтар аз зикри хуфя аст. Чун дар равиши хуфя зикру тасбењ паст ва дар дил гуфта мешавад ва он таъсири камтаре ба руњияи мардум дорад. Вале дар равиши ќодирия ин тавр нест. Њазрати Мавлавї Љунунї (алайњиррањма) дар китоби "Маъданул-њол"-и хеш дар ин робита мефармоянд: Барои нафъи мардум љањр авло, Ки гиранд бандагонаш файзи Мавло. Ва муридони ќиблагоњии мо низ дар манзили мо бо њамин равияи љањрия зикри шаб мегуфтанд. Ман аз кўдакї ёд дорам, ки дар мењмонхонаамон дар нисфњои шаб садои зокирњо баланд мешуд. Мо кўдак будем ва дар сањни њавлї, дар болои кат хоб мекардем. Дар нисфи шаб садои нолањошон, садои зикру тасбењашон баланд мешуд. Зикрњое, ки њазрати Мавлавї Љунунї дар китобњои худ оварда буданд, муридони ќиблагоњї аз бар кардаву њар шаб таќрибан як соат пеш аз он ки субњ дамад, мехонданд. Ва ин зикрњо хеле зиёданд, ки дар
МУСОЊИБА
таркибашон тасбењу њамди бешумор баргирифта аз ањодиси набавї доранд, ниёишњо доранд, ки ќалби њар ширкаткунандаро бидуни шак тасхир мекунад. Баъзе порањои шеърї њастанд, ки њазрати Мавлавї Љунунї ба зикру тасбењоти шаб илова кардаанд. Ва дар канори ин зикру тасбењот садои гиряву зорї ба даргоњи Худованд њам баланд мешуд. Њазрати ќиблагоњї ин њамаро то ба охир ба муридонашон таълим медоданд, онњоро ба зикр даъват менамуданд ва аз фазилати хондани њар зикру тасбењ ба онњо маълумот медоданд. Хатто солњои охир ба ёдам њаст, ки бо амри эшон зикрњоро дар вараќњо менавиштанд ва дар дастгоњи ксерекс нусхабардорї менамуданд ва дар байни муридонашон таќсим мекарданд. Њоло њам дар мењмонхонаи мо баъзе халифањои эшон њастанд. Онњо маъмулан шабњои љумъа меоянд ва нимишабї њамин зикрњоро мегўянд. Ин аст, ки Њазрат зикри љањрияро дар равияи ќодирия барои муридонашон таълим додаву инро чун равиши муассири зикру ёди Худо тавсия додаанд. Аммо самоъ ва раќсњои суфиёна, ки дар назари фуќањо, ба вижа фуќањои њанафї мамнуъ аст, дар тариќати ќодирия нест ва инро Мавлавї Љунунї њам манъ кардаанд. Зикри муридони мо ба сурати њалќа нишастан ва бо садои баланду нарм тасбењ гуфтан аст. Оре, гоње њолатњое мешаванд, ки дар аснои зикри љањрия касе аз худ бехуд шуда, фарёд мекунад ва ё дар љойи нишасташ мисли мурѓи нимбисмил дар тапидан медарояд ва њар гуна рафторњои љазбу љунуномез мекунад. Вале ба сурати умум њалќаи зикри муридони њазрати ќиблагоњї ором ва бидуни раќсу самоъ баргузор мешавад. - Оё ин њалќањои зикре, ки шумо фармудед, шабњои муайян доштанд ё на? - На, шабњои муайяне надоштанд. Шояд шабњои љумъа муридњояшон бештар гирд меомаданд ва бештар бошукуњтар буд. Вале ваќтњои дигар њатто агар се ё чор нафар њам, ки меомаданд, нимишабї зикр мегуфтанд. Њазрати ќиблагоњї худашон ширкат намекарданд, чун эшон дар утоќашон зикрњои дигар ва мутолиаи китоб доштанд, ки онро анљом медоданд. Аз лањзањои кўдакї, ваќте ки 6-7 сола будам, ёд дорам, ки эшон намози шаб доштанд ва то охири умр онро тарк накарданд. Баъзе шабњо ними шаб меомаданд аз мањфилњо, аз маљлисњо, вале пас аз соате бедор мешуданд ва намози шаб мехонданд. Мо тааљљуб мекардем, ки чї хел эшон монда намешаванд, боз омада, намози тањаљљуд мехонанд. Њатто дар шабњои кутоњи тобистон, ки баъзан одамро зуд хоб мебарад, хоби дуруст намекарданд ва дар зикри Аллоњ буданд. Воќеъан як шањи шабзиндадор буданд. Дар шабзиндадорї њич кадоми мо фарзандњо ба гарди пойи ќиблагоњиамон намерасем. ЊАР НАМОЗРО БО ВУЗУЪИ ТОЗА АДО МЕКАРДАНД - Эшон намози тањаљљудро маъмулан кадом соатњо мехонданд? - Њазрат одатан намози тањаљљудашонро дар сулси охири шаб анљом медоданд. Ин худ суннати Расулаллоњ (с) ва муносибтарин ваќтест, ки дар аксари њадисњои сањењ омада, ки Худованд дар ин поси шаб бандањои муъмин ва мухлисашро ба ибодат ва ниёиши худ хон-
дааст. Ва њамеша дар як ваќти муайян аз рахти хобашон бармехестанд ва ба ибодат машѓул мешуданд. Бархестан дар шабњои кутоњи сол, бахусус бањору тобистон хеле мушкил аст, вале ман ёд надорам, ки Њазрат ин намозро дар он айём тарк карда бошанд. Баъди намози тањаљљуд ва анљоми зикру тасбењот дигар намехобиданд ва то намози бомдод китоб мехонданд. Ёд дорам, ки аксари фатвоњои фиќњиро оид ба пурсишњои мардум дар њамин ваќт менавиштанд. Баъдан ба мењмонхона мерафтанд ва бо муридњошон намози бомдодро бо љамоат мехонданд. Ва баъди намози љамоат њатман авроди шариф мехонданд. Аврод як соат давом мекард. Дар охир сураи "Ёсин" хонда мешуд. Баъд аз ин хона омада, китоби "Далоил" мехонданд. Ин њам аз тавсияњои пирашон Мавлавї Љунунї буд, ки њамин се вазифаро ман надидаам ки эшон тарк карда бошанд. На дар солњои тинљиву осудагї ва на дар солњои љанг ва на њатто дар њиљрат. Якум тањаљљуд, дуюм аврод ва сеюм хондани китоби "Далоил". То охир Њазрат ин серо идома медоданд. Вижагии дигаре, ки эшон доштанд, ин буд, ки њар намозро бо вузуъи тоза адо мекарданд. Ман ёд надорам, ки эшон ду намозро бо як вузуъ хонда бошанд. Он ќадар ботаќво буданд, ки њатто дар шабњову рўзњои сарди зимистон њатман вузуъи тоза мегирифтанд ва баъд дар намоз мешуданд. Масалан, барои мо хеле мушкил аст њар намоз тањорати нав кунем, вале эшон бидуни тањорати тоза сари љойнамоз намеомаданд. Ѓусли рўзи љумъа будро низ њеч гоњ на дар зимистон ва на дар тобистон тарк накардаанд. Њар намозе, ки илова ба намозњои фарзиву суннат дар ањодиси сањиња омадааст, мисли намози шукри вузу, ишроќ, пеш аз намози аср, шаш ракаат баъди намози шом ва чањор ракаат ќабл аз намози хуфтан, намози тањаљљуд ва ѓайраро мехонданд. - Борњо шоњид будаем, ки њангоми амри маъруф беихтиёр оби чашмашон мерехт. - Бале. Эшон воќеан ќалби раќиќ доштанд. Њамеша оби дидаашон љорї буд. Хусусан, ваќта ѓазалњои пирашонро мехонданд, беихтиёр гиря мекарданд. Ва ё дар бораи сирати Расули Акрам (с) наќл мекарданд, бидуни ихтиёр гиря мекарданд. Ва ё аз таърихи сањобањо, халифањо ё аз сарнавишти авлиёњо... Воќеан, дили раќиќ доштанд. - Бо муридон дар зикрњо њамроњ мешуданд? - Дар зикрњои сањарї эшон њамроњ набуданд. Дар фаслњои гарми бањору тобистон, азбаски муридон дар сањни мењмонхона ба зикр мепардохтанд, садои онњоро мешуниданд ва гўш меандохтанд, вале пешашон намебаромаданд, чун саргарми иљрои вазоифи худ буданд. Банда ёд дорам, ки эшон дар солњои пеш баъди намози аср сураи Амма ва баъди намози хуфтан њамеша сураи Таборак ќироат мекарданд. Ва ё ба мо амри мекарданд ва мо ќироат мекардем. Бо гузашти солњо ваќте њавсалаи мардум камтар шуд, сабр карда наметавонистанд ва худашон њам аз заъф наметавонистанд нишинанд, аммахонї ва таборакхонї њам тадриљан ќатъ шуд. Хусусан, дар мањфили таборакхонї чароѓњоро хомўш мекарданд, чун баъзе муридњо њангоми шунидани ќиротати сура ба гиря медаромаданд, баъзеи дигар бехудона љазба мешу-
данд ва муњим буд, ки њолати он лањзаинаи нишастагон аз якдигарашон пинњон монад. То ин ки њар кас бо худаш бошад ва лаззати худашро худаш эњсос кунад. Дар њаќиќат дар ваќти тиловати сураи Таборак садои гиря шунида мешуд. Ва баъзан дар поёни сура зикр шуруъ мешуд, яъне ѓайриихтиёр мањфили зикр барпо мешуд. Баъзе ваќт љазбу љунун мешуд. Авродро њам чароѓњои хомўш карда мехонданд, њатто мењмонхонаамон тиреза дошт, тирезањо илова бар оина даричањои чўбї дошт, њамаро аз пушт махќам мекарданд. Чароѓњоро барои он хомўш мекарданд, ки мањфил муассир бошад, зеро ваќте гиряву нола, љазбу љунун мекарданд, агар хомўш намебуд, рўйи њамдигар ва њолати њамдигарро медиданд.Ба хотири њамин торик мекарданд,то ин ки як кас мутаваљењи каси дигар нашавад, њар кас ба ёди худаш бошад, барои њамин хонаро торик маекарданд. Сањарињо њам дар ваќти хондани аврод чароѓњо хомўш мешуданд. Зикрњои шаб одатан дар торикї мегузаштанд. - Кай ва чї гуна мехобиданд? - Њамеша эшон пеш аз хобашон вузуъ мегирифтанд, мањсињошонро аз пояшон мекашиданд ва баъди он вузуъ мегирифтанд, ду ракаат намоз мегузоштанд ва пойи ботањорат хоб мерафтанд. Банда ёд надорам ки эшон бидуни вузуъ хоб карда бошанд. Хобашон њам нур буд. Худашон ањли илм, ки буданд, суннати Расули Акрам (с)-ро мў ба мў риоя мекарданд. Либосашонро њамеша нишаста мепўшиданд. Баъди хондани ду ракати намози шукри вузуъ рў сўи ќибла истода, ришашонро шона мекарданд. Ёдам њаст, ки дар шона кардани мўй њамеша аз љониби рост шуруъ мекарданд, зеро аз рост шуруъ кардани њар кор суннати Расули Акрам (с) аст. Њазрат дар суннати Расул (с) пойбанд буданд. Имрўз кам муллоеро суроѓ дорем, ки бо пои вузуъ дар љойгањаш хоб кунад, бе тањорат њам, ки бошанд, хоб кардан мегиранд. Бо тањорат хобидан дар њадисњо таъкид шудааст. Дар њадисњо ривоят шудааст, ки агар касе дар рахти хобаш пои бо вузуъ бимирад, дараљаи шањодат меёбад. "ХУДОЁ, МАРО ЗЕРИ ХОК БАР, КИ ТО ЊОЛИ НИЁЗМАНДОНРО НАБИНАМ..." - Аз муносибати эшон бо мењмонњо мехоњам њарф занед. - Њазрат бисёр мењмоннавоз буданд. Мо бача будем ва дар мењмонхона ба њайси хизматгор хизмат мекардем. Гоње њатто баъд аз хондани намози хуфтан њангоми соати хоб ягон кас зиёрат меомад. Дар њамон нисфи шаб Њазрат амр мекарданд, ки барои мењмон зиёфат тайёр кунед. Худо рањмат кунад модарамонро, барои мењмонњо зуд таом омода мекарданд ва ба воситаи мо ба мењмонхона мефиристоданд. Ёд надорам, ки эшон мењмонро бидуни зиёфат љавоб дода бошанд. Эшон хеле одами мењмонпазири хуб буданд. Њатман пеш аз худоњофизї миќдоре пул ва ё савѓотї ба мењмон медоданд. Бидуни он гусел намекарданд. Хусусан толибилмонро бисёр кўмак мекарданд. Эшон одате доштанд, ки пулро дар кисаашон нигоњ намедоштанд. Агар њамаи он пулњое, ки муридонашон ба эшон медоданд, љамъ мекарданд, шояд хеле сарвати зиёде аз он кас боќї мемонд, вале ин гуна одат надоштанд, зуд масраф мекарданд, ба мењмонону зиёратгарон, ањли илму таќвову толибони илм таќсим мекарданд. - Шояд аз он аст, ки эшон пайрави ањли тасаввуф буданд? - Оре, саховатпешагї як хулќи хоси тасаввуф аст. Суфї бояд дили пок дошта бошад. Дили беолоишу беѓубор дошта бошад. Сўфї бояд бо тамоми сифатњои неки инсонї дар гуфтор, њам дар кирдор ороста бошад. Њар сўфие, ки њариси дунё аст, бахил аст, мумсик аст, дар љамъ овардани молу сарват талош мекунад ва муњаббати онро дар дил дорад, вай аслан сўфї нест. Дар китобњо мегўянд, ки як шарти сўфї будан муњаббат доштан ба Худо ва Расули Худо (с) ва ба инсонњо аст, сўфї бояд мењр ба дунё, мењр ба пулу мол надошта бошад. Дунёро бояд ба кафашон гиранд, вале набояд дар дил љо кунанд. Воќеан, ќиблагоњии мо њамин гуна буданд. Њатто гоњ ваќте муњтољњо омада, аз эшон кўмак мехостанд, ќарз мегирифтанд. Дар ваќти Шўравї муњтољї камтар буд. Аммо ваќте аз њиљрат баргаштанд, медидем, ки ниёзмандон бештаранд ва то њамин ќарибињо эњтиёљмандон доим дар хонаи мо буданд, аз њар гўша меомаданд. Ва Њазрат ба онњо њаттал-маќдур кўмак мекарданд. Гоњо агар чизе намеёфтанд, аз касе ќарз гирифта, ба онњо медоданд. Зеро дилашон ба њоли ин гуна касон месўхт. Ба гуфти Шайх Саъдї: Ман аз бенавої наям рангзард, Ѓами бенавоён рухам зард кард.... Эшон воќеан мисдоќи њамин суханњои Саъдї буданд. Агарчи худ бенаво набуданд, лекин ѓами бенавоён эшонро зиќ ва дилтанг мекард. Ва гоње њатто мегуфтанд: Худоё маро
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
9
зери хок бар, ки то ман дигар њоли зори инњоро набинам. Воќеан як сабаби фишори хунашон аз њамин буд, ки хеле дар ѓаму дарди мардум њассос буданд. Баъд бозгашт ба Ватан ин гуна одамонро зиёд медиданд ва њолатњое мешуд, ки ба њолашон мегиристанд. - Ба фарзандонашон чї гуна муносибат доштанд? - Њазрати ќиблагоњї барои тарбияи мо ѓамхорињои зиёд доштанд. Њаракат мекарданд, ки мо аз хурдї маълумоти динї дошта бошем. Ман дар њафтсолагї синфи якумро хатм кардам. Аз мо пештар бародаронамон Эшони Нуридинљон, Ќозї-домулло, бародармон Ањмадљон буданд. Ваќтњои таътил њамаи моро назди бобои модаримон - Мулло Абдусамад (р) мебурданд ва се моњ мо он љо тањсил мекардем. Таълимоти ибтидоии динї, то "Чањор китоб"-ро он љо омўхтаем. Ман синфи нуњ будам, ки бобоям аз дунё гузаштанд (Худо рањматашон кунад). Замоне буд, ки мо нав ба њифзи Ќуръон машѓул будем. Ќозї-домуллоро дар Бухоро дохил карданд, баъд мактаби олии диниро дар Тошканд ва Урдун тањсил карданд. Њамаи инро дидаву тањлил карда метавонам гўям, ки ќиблагоњї ба тањсили фарзандонашон бетаваљљуњ набуда, хеле диќќат медоданд. Мо кўдак будем, хеле бароямон гарон буд, мехостем тобистон бозї кунему гардем, вале њамин ки таътил шуруъ мешуд, моро аз љўрањомон људо мекарданд ва ба дењаи дигар назди бобомон мефиристоданд ё худашон мебурданд. Имрўз ба гузашта назар мекунам, мебинам, ки кори эшон дуруст буд. Агар эшон бачањо зиќ мешаванд гуфта, мисли волидони дигар моро ба бозї рањо мекарданд, мо њатман зарар медидем. Ин нишонаи камоли ѓамхории эшон буд. Азбаски њамеша саргарми пазироии мењмонон ва љанозањову маъракањо буданд, барои таълим ва тадриси мо худи эшон ваќти кофї надоштанд. Масъулияташон зиёд буд. Лекин бо вуљуди њамаи ин мо кўшиш мекардем дур аз дарс набошем. Баъде, ки банда мактаби миёнаро тамом кардам, маро назди бародари аршадамон домулло Нуриддинљон бурданд ва банда он љо тањсили улуми динї кардам. Баъзе бародарњо тавсия доданд, ки эшони Мањмудљон рафта донишгоњ хонанд, аммо ќиблагоњї ќабул накарданд. Моро бурда дар хонаи бобои Мењмонбой гузоштанд ва банда он љо 6 моњ дар назди бародарамон тањсил кардам. Аммо КГБ фишор овард, китобњоро гирифт. Баъд аз таъќиби КГБ њар куљо тањсил мекардем, гоњ дар шањру гоњ дар дења. Хулоса, Њазрати ќиблагоњї ба мо тавсия медоданд, ки шумо хонед, ѓами зиндагиро нахўред. Фаќат шумо дар роњи илм бошед,таълим гиред, таълим бидињед. Ваќте мо дар навбати худ ба таълим гузаштем, шогирд гирифтем, њатто њамаи шогирдњои моро Њазрат аз љойи хоб таъмин мекарданд. Аксарашонро дар мењмонхонаи худамон љой медоданд. Худо рањматашон кунанд, то охир дар хизмати мо буданд. "МУСУЛМОН БОШЕД ВА МУСАЛМОН БИМИРЕД" - Охирин васиятњои эшонро ёд доред? - Ягона васияти њазрати ќиблагоњї ба мо њамон васияте буд, ки њазрати Иброњиму Њазрати Яќубу Исњоќ фарзандонашонро ба он васият карда буданд ва он ин буд, ки Худованд оини Исломро барои шумо баргузидааст, шумо мусулмон бошед ва мусалмон бимиред. Эшон барои мо низ њамин васиятро мекарданд, ки мо њамеша дар дини Ислом ва бо тоати Худо ва ёди Худо бошем. Аз гуноњ парњез кунем. Дар хизмати дин ва мардум бошем. Даъвати Ислом байни мардум кунем... Њамаи тавсияњошон тавсияњои динї буданд. Ба нафъи љомеаву ба нафъи Ислом буд. Баъд мегуфт, ки ба бародарњои калонатон эњтиром кунед, онњо њаќи калонї доранд, эњтиромашонро ба љо биёред, беодобї накунед. Ваќте беморишон вазин шуд, дигар аксар намозашонро бо таяммуму ишора мехонданд. Њатто замоне, ки љарроњии талхадон шуда буданд ва табибњо талхаашонро гирифтанд, дар бемористон њам намозашонро бо таямуму ишора мехонданд. Бисёр ваќт амр мекарданд, намозро бо љамоат адо бикунем. Мо пеш мегузаштем ва он кас дар рахти хобашон њамроњамон намози љамоат адо мекарданд. Дар лањзањои охир њарфи охирашон ба ёдам нест. Аммо њамин ќадар ба ёд дорам, ки дар ваќти додани љон набзи мубораки эшон дар дасти банда буд. Дар болои сарашон бо бародарон нишаста будем. Дасти эшонро дар дастам гирифта будам. Задани набзи даст ва кор кардани дилшонро эњсос мекардам. Як ваќте буд, ки набзи эшон аз тапидан монд ва ин замон њамаи мо дар давру бари эшон нишаста будем... Мусоњиб Бобољони ШАФЕЪ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
- Муњимтарин рўйдоди чанд њафтаи охир, ки на танњо барои Эрон, балки барои кишварњои минтаќа дорои ањамият буд ва њатто дар таъйини сиёсатњои минтаќавї наќши муњим дошт, натиљаи нињоии гуфтушуниди њастаї бо кишварњои 5+1 буд. Метавонед имзои ин муоњадаро пирўзии дипломатияи Эрон номед? - Бисмиллоњир рањмонир рањим. Њатман ин як дастоварде барои Љумњурии исломии Эрон аст, ки алораѓми њамаи иддаоњои ин чандинсола бар сари барномаи њастаии Эрон барои љањониён рўшан шуд, ки наќше музокирот дорад, талоши дигаре надорад. Ва њама талош сари он буд, ки алораѓми хостањои дигарон Эрон намехост њазораи сеюм бо љангу хушунат шуруъ шавад. Мутаассифона, касоне, ки дар ин њазора љангу даргирињо роњ андохтанд, ба ин нарасиданд, ки барои њалли ихтилофи назарњо ва мушкилот аз имкони музокира истифода кунанд. Ман фикр мекунам, ки нафси тавофуќ барои њалли ихтилофот аз тариќи музокирот як дастовард барои њамаи дунёст ва нишон медињад, ки музокирот роњи њалли бењтаре барои рафъи ихтилофот аст. - Эрон то куљо хушбин аст, ки ин муоњадаро Амрико наќз намекунад ва он умри тўлонї мебинад? - Ин тавофуќ фаќат тавофуќи миёни Эрону Амрико нест. Ин тавофуќ миёни Эрон ва шаш ќудрати бузург ва СММ аст. Ваќте ќатъномаи Шўрои амнияти СММ њам дар ин робита содир мешавад, дигар ин як тавофуќи љањонист. Агар ба њар далеле ба ин тавофуќ пойдор намонанд, шикасти бузурге барои Амрико хоњад буд. Чаро ки бо ин иќдом тавофуќеро, ки мавриди ќабули њамаи љањон буд, пушти по хоњад зад. Агар чунин иттифоќе рух дињад, боиси инзивои Амрико хоњад шуд. Умедворам, ки дар Амрико њам манофеъи худашонро дарк бикунанд ва ба ин тавофуќи љањонї пойдор бимонад. - Бахше аз коршиносони рус фикр мекунанд, ки њарчанд тавофуќи њастаї аз назари сиёсї ва амниятї ба нафъи суботи минтаќавї ва байналмилалист, вале аз љињати иќтисодї ва бахусус энержї (арзаи нафти Эрон ба бозорњои љањонї) бар зиёни Маскав мебошад. Шумо дар ин хусус чї назар доред? - Ин тавофуќ аз љињати иќтисодї барои касе зиёнбор нахоњад буд. Ба кор гирифтани тањримњо фаќат бар зарари Эрон набуд ва хисороти тањримкунандагон низ камтар аз Эрон нест. Њамчуноне дар љангњо баранда донистани яке аз тарафњо иштибоњ аст, зеро љанг барандае надошта, балки њар ду тараф бозандаанд. Дар масъалаи тањримњо њам њамин гуна аст. Тањримкунанда ва тањримшаванда њарду осебњое мебинанд. Аммо иттифоќан тањримњо барои Эрон фурсатеро фароњам овард, то мардуми кишвар иттико ва эътимоди бештаре ба худашон бикунад. Њамин алон Эрону Русия дар шароити тањримњо барои анљоми бархе аз њамкорињо бо мавонеи бонкї, бимаї ва ѓайра мувољењанд. Агар ин мавонеъ бо лаѓви тањримњо бардошта шаванд, табиатан њамкорињо густариш пайдо хоњанд кард. Яъне дар маљмўъ аз вуљуди фазои њамкорї њамаи тарафњо суд хоњанд бурд. - Оё бо музокироти муваффаќи Эрон бо Ѓарб раванди эронњаросї ва эронситезї тазъиф хоњад шуд? - Эронњаросї ва эронситезї як тарњи сохтаву маснуъї буд. Чаро бояд аз Эрон битарсанд? Чаро бояд аз Эрон бињаросанд? Эроне, ки на танњо њеч гоње тањдиде барои њеч касе набуд, балки дар ќиболи буњронњо ва мушкилоти минтаќа њамвора бахше аз роњи њал будааст. Агар ба њамаи буњронњои 20 - 30 соли гузашта нигоњ кунед, њамеша Эрон як калиди тиллої барои њалли мушкилоти минтаќа буда ва њатто хориљ аз он низ (назири буњрони Болкон ва кумак ба њалли мушкилоти мусалмонони он) талошњои лозимро анљом додааст. Эронњаросї тарње ба хотири љилавгирї аз пешрафтњои Эрон ва мунзавї кардани он буд. Барои тарсондани мардум аз кишваре бояд далеле вуљуд дошта бошад. Эрон њеч њаракату иќдоме, ки муљиби тарси миллатњои дигар бошад, анљом надодааст. - Тавофуќи њастаї муљиби наќши фаъоли Тењрон дар њаллу фасли масоили минтаќавї ва бењбуди равобити Эрон бо кишварњои арабї хоњад шуд? - Он даста аз кишварњои арабї, ки аз ањдофи эњтимолии барномаи низомии Эрон ибрози нигаронї мекарданд, агар дар иддаъои худ садоќат дорад, бояд бо ба даст омадани ин тавофуќ, ки сулњомез будани ањдофи Эронро нишон медињад, нигаронињояшон рафъ шавад. Бинобар ин, тавофуќи њастаї бояд ба тавсеаи њамкорињои сиёсиву иќтисодии миёни мо бо онњо бианљомад. - Оё имкони он њам вуљуд дорад, ки Ѓарб бо истифода аз фурсат талош кунад Эрон пуштибонии худро аз љунбишњои зиддиисроилї дар минтаќа (монанди "Њамос"-и Фаластин ва "Њизбуллоњ"-и Лубнон) коњиш дињад? - Њамон гуна, ки ишора кардам, њадафи мо аз музокирот њаллу фасли масоили сохтагии
ЉАЊОН
Њуљљатуллоњи ФАЃОНЇ:
"Сиёсати Эрон зидди ањли суннат набудаву нест" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии исломии Эрон дар Тољикистон љаноби Њуљљатуллоњи Фаѓонї перомуни барномаи њастаии кишварамон буд ва мавзуоти дигаре мавриди бањс ќарор нагирифтааст. Ихтилофоти мо бо Ѓарб дар њавзањои дигар боќист. Сиёсати калони Љумњурии исломии Эронро маќоми муаззами рањбарї тарсиму таъйин мекунанд ва эшон ба рўшанї фармуданд, ки сиёсатњои калони кишварамон собит хоњад буд. Махусусан дар ормони дифоъ аз мазлумону мањрумони љањон, ки љузъи ќонуни асосии мост, собитќадам хоњад монд. Дифоъи мо аз "Њизбуллоњ" ва "Њамос" дифоъ аз њамаи мавозину меъёрњои байналмилалист, ки иљозаи ишѓолгарї ва терроризми давлатиро ба њеч кишваре намедињад. - Вазъи Афѓонистон буѓранљ мешавад. Афзоиши хатари гуруњњои ситезаљў дар марзњои Афѓонистон бо Тољикистон бармало шудааст. Эрон то куљо метавонад бо Тољикистон дар масъалаи мубориза бо ин гурўњњо њамкорї кунад? - Бале, мо бо Тољикистон марзи муштарак надорем, вале ба унвони як кишваре, ки 15 њамсоя дорем, ман бо љуръат метавонам бигўям, ки бисёре аз онњоро бо мо муштаракот, пайвандњо ва равобити хеле камтар аз Тољикистон аст. Мо ду кишвари њамкеш, њамхун, њамреша ва њамзабону њамфарњанг њастем. Терроризм як падидаи марзношинос аст ва хоси ин љову он љо нест. Барои ин ки ин ду кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротигарї бо њам њамкорї кунанд, њатман лозим нест, ки њамсояи якдигар бошанд. Албатта, барои муќобилаи муассир бо террористон боястї ихтилофоте, ки дар олами ислом, аз љумла миёни шиаву суннї вуљуд дорад, бартараф шавад. Яъне, масъалаи вањдати мусалмонон хеле муњим аст. Маълум аст, ки њар љо фаќр бошад, фишори сиёсї бошад ё љањл бошад заминаи мусоид барои ёргирии террористњо аз байни мардум ва бахусус љавононро фароњам мекунад. Бояд бо рафъи ин заминањо иљозат надод, ки террористњо аз миёни мусалмонони фаќир, тањти фишор ё ва мутаасиб ёргирї кунанд. Мо фикр мекунем, ки бењтарин роњкор барои муќобила бо терроризм муќобила бо тафаккуроти хушунатсоз аст. Албатта, тафаккуроти ифротї лузуман фаќат дар њавзаи суннї нест. Он тафаккуроти шиъї, ки алъон њастанд ва аз тариќи моњвора бо мадади инглис ва амсоли он таблиѓ мешаванд, њадафашон тавњин ба муќаддасоти мазоњиби дигар аст, он њам аз тафаккуроти ифротист. Ба ин далел, Эрон пештози андешаи вањдати мусалмонњо буда, маќоми муаззами рањбарї тавњин ба муќаддасоти дигар мазоњиб ва рањбарони онњоро
шадидан рад мекунанд. - Бархе мегўянд, дар ќиёс ба замони љаноби Ањмадинажод равобит миёни Тољикистону Эрон кунд шудааст. Ин чї метавонад бошад: таѓйири сиёсати Эрон дар ќиболи Тољикистон ва минтаќа ё саргармии дипломатияи Тењрон бо Ѓарб? - Дар воќеъ барои муддате равобити камтар доштем, вале алъон аз ду љониб њамкорињо тавассути сафирњои љадид дунбол мешавад. Оќои Рањмон аз аввалин руасои љумњуре буд, ки ба оќои Руњонї муваффаќияташро табрик гуфт ва дар маросими савгандаш низ ширкат кард. Љаноби Руњонї њам дар моњи сентябри соли гузашта ба Тољикистон сафар кард, ки тайи он 10 санади њамкорї ба имзо расид. Комиссияи муштараки њамкорињои Эрону Тољикистон, ки се сол буд баргузор намешуд, сурат гирифт. Дар моњи хурдод (яъне ќабл аз Рамазон) ќариб 20 њайат байни ду кишвар мубодила кардем, ки онњо дар се сатњи мухталиф ќарор доштанд. Эрон дар сатњи боло дар њамоиши об, ки дар Душанбе доир шуд, ширкат кард. Дар сатњи минтаќа иљлоси Шонгњой баргузор шуд, ки вазири кишвари мо њузур ёфт. Дар сатњи дуљониба вазири энержии мо ба Душанбе омад. Яъне, зарфи як моњ ду вазир ва фармондењи неруњои марзбонии Эрон аз Тољикистон боздид доштанд ва њамчунин диду боздид њайатњои дигаре аз Тењрону Душанбе низ сурат гирифт. Изофа бар ин дар сатњи њамкорињои байни манотиќи Эрону Тољикистон ду устондори мо ба вилоятњои Суѓду Хатлон сафар карданд. Дар моњи љорї њам сафари љаноби доктор Њаддоди Одилро доштем, ки бо маќомоти олии тољик ва теъдоде аз фарњангиёни Тољикистон мулоќот анљом дод. Тайи чанд моњи гузашта намоишгоњи ихтисосии Эронро доштем, ки он њам муддате буд баргузор нашуда буд. Алъон њам раиси љумњури муњтарами Тољикистон ва њам раиси муњтарами Маљлис даъватнома барои сафар ба Эронро доранд. Мехоњам бигўям, ки сатњи равобит матлуб аст ва њаљми мубодилоти Эрон бо Тољикистон дар соли гузашта ба 320 миллион доллар расид, ки дар муќоиса бо соли 2013 беш аз 35 миллион доллар афзоиш дошт. Ин дар шароите буд, ки табодули коло байни Тољикистон ва дигар њамсоягонаш ба далели буњронњои иќтисодиву ѓайра то нисф коњиш ёфта буд. - Њизби нањзати исломии Тољикистон аз фишоре, ки болои он омада, ба СММ ва кишварњои кафили сулњи тољикон нома ирсол кард. То кунун аз ягон кишвар ё созмон по-
сухи ин нома нарасидааст, аз љумла аз Тењрон низ... - Эрон аз ќадимитарин ва самимитарин њомиёни амнияти Тољикистон аст ва инро амалан дар як марњалаи душвор ба хубї собит кард. Ваќте љанги дохилї буд ва њама аз Тољикистон мерафтанд, сафири мо истод ва ба даст ёфтан ба оштии миллї кумак кард. Чуноне арз кардам, сиёсати мо тавсеъаи њамешагии равобит бо Тољикистон аст ва сиёсати мењварии оќои Руњонї сиёсати эътидол аст. Тољикистон кишварест, ки таљрибаи хуб ва муваффаќе дар заминаи усули тафоњум ва њалли ихтилоф аз тариќи музокира ва гуфтугўро дорад. Ман тайи њашт моње, ки дар ин љо машѓул ба кор њастам, шоњиди интихоботи парлумонї дар Тољикистон будам ва он чи ки аз ЊНИТ дидам як рўйкарди муътадилу мантиќї буд. Дар интихобот ба унвони як мушорикати миллї њузур ёфт ва нисбат ба натоиљи интихобот њам агар эътирозе доштанд, бо истифода аз роњкорњои ќонунї ва маданї пайгирї карданд. Ахиран оќои Рамазон Рањимзода дар мусоњибае гуфтанд, ки раиси ин њизб барои баргаштан ба мушкиле мувољењ нест ва ин хабари хубест. Умедворам дар амал њам шоњиди ин иттифоќот бошем. - Ваќте ба суњбати Шумо мешитофтам, хабари тахриби як масљиди суннимазњабон дар Тењрон расонаї мешуд. Чї иттифоќе пеш омада? - Сиёсати Љумњурии Исломии Эрон њеч ваќт эљоди мањдудият барои бародарону хоњарони ањли суннат набудаву нест. Он чї дар Тењрон иттифоќ афтодааст, як талоши иљрои ќарори шањрдорї дар мавриди ѓайриќонунї бардошта шудани панљара ва теѓа дар намозхона ба иллати фаъолияти сохту сози ѓайримуљоз будааст. Яъне, шањрдорї ба маъмурияти ин намозхона ќаблан як моњ фурсат дода, ки ин сохтмони ѓайриќонуниро мутобиќ ба ќонун кунанд. Вале боз њам бо вуљуди њушдорњо аз миён на як, балки се моњ сипарї шудаву амр иљро нагардидааст. Аз ин рў маъмурони шањрдорї даст ба ин икдом задаанд. Вале ин њаргиз ба он маъно нест, ки ибодатгоњњои бародарони ањли суннат тахриб шуда бошад. Њоло танњо дар устони Тењрон дар 25 минтаќа намозхонаи ањли суннат расман ва бидуни кадом як мушкил амал мекунад. Аммо мутаассифона, аз иќдоми шањрдорї, ки он њам дар доираи ќонунгузорї сурат гирифтааст, бархе аз расонањои хориљї бардошту тафсирњои нодуруст ироа додаанд. Суњбати Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
ТАБЛИЃ
(Аввалаш дар шумораи гузашта) Ќобили зикр аст, ки аќидаи ањли суннат дар мавриди фирќањои шиа, муътазила, мурљиа ва дигар фирќањои исломї аз гуфтаи боло људо нест. Китобњои эътиќодии ањли суннат таълимоти ин равияњоро баррасї карда, нуќтањои иштибоњу хато дар онро баён кардаанд. Мусулмонон бо ин равияњо њамчун равияњои куфрї муносибат ва бо онњо љињод эълон накарданд. Мубораза бо аќидаи нодурусти ин фирќањо дар сатњи љомеа ва Давлат сањифањое барљо дар таърихи Исломро дорад. Оре, ихтилофу мубораза ва муќотила байни суннї ва шиа тулу бастеро дорост, вале бар асари сиёсатњост, на дар асари такфиру љињод. Љињод дар Ислом. Љињод баргирифта аз калимаи "љањд" ба маънои "кушиш" аст. Дар истилоњи шаръ бошад, саъю талош ва мубораза аст барои дифоъ аз мусулмонон ё интишори калимаи Ислом. Дар фиќњи њанафї омадааст, ки агар бегонањо ба ќаламрави мусулмонњо њуљум намоянд, љињод бар марду зан ва озоду банда фаризаи айнї мегардад. Вале, дар ѓайри ин сурат он чун фарзи кифоя ва бе њуљуми дигарон ба ќаламрави ислом ибтидоан, оѓоз кардан ба он амри мустањаб талаќќї мегардад. Аммо агар гурўње бе иљозаи Имом ба Дорулњарб њуљум бараду ѓанимат гирад, Имом аз он хумс (панљяк аз моли ѓанимат) барнамедорад. Яъне, ба он ањкоми љињод татбиќ намешавад. Чун дар он шароити фарзияти љињод мављуд нест: иљоза ва пуштибонии Имом ва нусрати ањли љомеа. Дар Ќуръони карим бисёре аз ояњост, ки ба љињод даъват менамоянд: "Эй Пайѓомбар! Бо кофирону мунофиќон љињод кун ва бар онњо сахт бигир! Љойгоњашон љањаннам аст". (Тавба/73). "Ва локин Пайѓомбар ва касоне, ки ба ў имон овардаанд ва бо амволу љонњояшон љињод кардаанд, њама некињо барои онњост ва онњо њама растагоронанд. (Тавба/88). Њамин оятњо ва дигар оёту ањодис, ки ба љињод даъват менамоянд, дар масъулияти Имоми мусулмонњост. Ба ин маъно ки оёту ањодис дар иљтимои инсонњо татбиќ мешаванд ба эътибори он ки онњо танзими муносабат байни афроду оила ва давлату љомеаанд. Пас, мавриди татбиќи оёти љињод љомеањо ва масъули татбиќи он Давлат аст, на афроду на ањзобу на дигаре. Чунонки имрўз њаќќи татбиќи сиёсати сулњу љангро Давлат дорад, на њизб. Аз ин нигоњ, њукуматњои мањаллї дар љомеањои исломї аз номи уммати исломї њаќќи пешбарии ин масъаларо надоранд. Мутаассифона, ин љониби масъала аз тањќиќи донишмандони муосир дар канор монда, дар як давлат ањзоби исломї ва гурўњњои алоњида ба худ њаќќи машруияти љангу сулњро ќоиланд, ки боиси бадбахтии уммати исломї гардидааст. Тибќи таълимоти њанафия, бар афроди аз динбаргашта (мурдатњо) ањкоми муртадин татбиќ мешуд, на љињод. "Њурубурриддат" (љанг бо муртаддин) яке аз сањнањои нотакрори таърихи мусулмонњост, ки пас аз марги Расули Худо баъзе аз ќабилањои арабї аз дин баргаштанд ва баъзеи дигар закотро манъ карданд. Љанги лашкариёни халифаи аввал бо аввалињо љињод ва бо дуввумињо барќарор сохтани низоми якљояи ибодатї (намозу закот) зери амри халифа мањсуб мегардид. Ба њар њол, дар таърихи мусулмонон дар асоси
ТАКФИР ДАР ИСЛОМ Муфассали суханронии Домулло Маъруфљон (Маъруф Рањимов), имомхатиби масљиди љомеи "Сари Осиё" - и шањри Душанбе тањти унвони "Ѓояњои такфирї дар љараёнњо ва ањзоби муосири исломї" дар Конфронси байнулмилалии "Ислом зидди терроризм ва экстремизми динї, ки њафтаи гузашта бо ибтикори Кумитаи дини Тољикистон дар Душанбе баргузор шуд аќидаи такфир (кофир гуфтани љамоае, халќияте, ањли мањаллае) љангидани давлатдорони исломї (љињод) њодисаи нодир ба шумор меояд. Такфир дар андешаи љараёну ањзоби исломї. Асли такфир ва љињод дар Ислом баён гардид. Акнун он њамчун меъёр дар баррасии андеша ва амали љараёну ањзоби исломї ќарор мегирад. Њамчунон ки зикр шуд, татбиќи такфир ва иртиботи он бо љињод дар ихтиёри афрод ва ањзоб нест. Омўзиши андешаи такфир дар ду љињат бастеро мехоњад: дар ноњияи љараёнњои даъватї, њамчун вањњобия ва салафия ва дар омўзањои сиёсии ањзоби исломї, ки асилтарини онњо Ихвонул муслимин, Њизбуттањрир ва бунёдгароёни шиї мебошанд. Бахши аввал. Дар ин бахш маќоми умда (асосї)- ро таълими салафия ташкил медињад. Таълими салафия бар асоси тавњид бино шудааст. Тавњид дар аќидаи салафия дорои бахши сегона: тавњиди рубубият, тавњиди убудият ва тавњид дар асмо ва сифоти илоњї мебошад. Салафия бахши аввалро дар таърихи даъвату рисолати илоњї масъалаи њалшуда медонад, ба ин маъно ки њамагон аз љумла мушрикони ќабилаи Ќурайш, ки њазрати Муњаммад (с.) дар миёни эшон ба даъват ќоим гардид эътироф доштанд, ки Худо ягона њаст. Мушкили асосиро дар таърихи рисолатњои осмонї тавњиди убудият ташкил медод. Инсоният дар мадори таърих обу оташу санаму бут ва амсоли онњоро парастиш намуда аз масири ибодати Худои ягона мунњариф шуд. Аз ин лињоз, муњтавои аслии диёнатњои њаќро роњнамої бар асоси сазовори ибодат ва ягона донистани Худо ба ибодат ташкил медод. Зимнан, салафия бо пайравї аз мазњаби вањњобия калимаи калидї: "ибодат" -ро васеъ шарњ дода, њама ќавлу амалеро, ки мавриди ризои Худои таоло бошад, "ибодат" гуфт, на ба маънои махсуси шаръї. Тибќи ин тафсир, бузургдошти авлиё, зиёрати ќубур ва бисёре аз афъоли мусулмонон ширку куфр маънидод шуд. Њамчунин таълимоти салафия бар асоси тафсири калимањои "дуо", васила ва амсоли он шомили доираи васее аз масоили ширку куфргўињо гардид. Пештар аз салафия, ра-
вияи вањњобия масъули ќатлу хунрезї дар Тоиф, Макка ва дигар навоњии Њиљозу атрофи он дар охирњои садаи 19 ва аввалњои асри 20м. буд, ки дар асари он осори сањоба, тобеин ва бузургони дин дар ин навоњї аз байн бурда шуд. Имрўз амали Толибон дар Афѓонистон, ДИИШ дар Ироќу Сурия дар ростои хароб кардани осори бузургони дин, масљидњо ки дар канори осори бузургон бино шуда ва дигар осори таърихии мусулмонон идомаи он амали нангин мебошад. Барои онњо мазори Имом Абўњанифа (рањ) аз осорхонаи Намруд фарќе надорад, чун њар ду василаи ширк ба шумор меравад. Бахши дуввум. Нахустин њизби исломї бо ибтикори Њасан ал Банно, дар нимаи аввали асри 20м. пайдо шуд. Њасан ал Бано њамчун олими ашъаримазњаб ба масоили тавњидї нигоњи муътадил дошт. Пас аз марги вай Ихвонулмуслимин ва њаракатњои мушобењ ба он тањти таъсири ду идеологи сиёсї: Саид Ќутб ва Абўаълои Мавдудї ќарор гирифтанд. Мавдудї дар "Мабодил ислом" аркони исломро танњо василае барои њокимияти исломї донист, ки аз нигоњи арзишшиносї таќлиби (чаппа нишон додан) арзишњост. Саид Ќутб бошад ангушти таъкид болои масоили тавњидї гузошта, зимни таќсими масоили тавњидї бар асоси таълимоти Ибни Таймия маљмўи онро дар "тавњидул њокимият" хулосагирї кард. Бар асоси ин таълим, тамоми њокимоне, ки дар кишварњои исломї ба ѓайри њукми Худо њукумат мекунанд, агарчи дар масъалаи љузъї бошад кофир мебошанд, ки њукумати Худоро кашида гирифтаанд. Ва љомеаеро, ки дар асоси њукми Худо зиндагї накунад, љомеаи љоњилї ва ширкї номид. Аз назари вай, ањли он љомеаро боистї, ки низоми он љомеаро таѓйир ва њукумати илоњиро истиќрор бахшанд, вагарна ширки тобеият хоњанд дошт. Ќутбињо созиш ба њар навъ њукумати дунявиро љоиз намедонистанд. Ин аќида мушобењ ба аќидаи гурўње аз хавориљ бо номи Бањшамия (тарафдорони Абўњошим) мебошад, ки ба гуноњи саѓира низ њукм ба куфр мекарданд. Аќидаи тавњиди њокимият реша дар аќидаи
11
шиа дорад, ки илоњї будани таъйини њоким ва њатмї будани њукумати илоњї ва рукне аз аркони имон будани онро таъкид менамуд. Пас, тавњиди Саид Ќутб омезиши муќаррароти тавњидии Ибни Таймия бо аќидаи шиа аст. Робитаи тавњиди Сайид Ќутб бо љињод зимни мароњили даъват баррасї гардидааст. Дар навиштаи вай масъалаи такфир бевосита ба љињод дакка мехурад. Тарафдорони ѓояњои тавњидии Саид Ќутбро "салафияи танвирї" номидаанд, ки аќлро дар баробари наќл муътабар медонанд. Ба љуз такфир ва љињод дар асоси он, омилњои ихтилофу низоъ ва даргирї дар љомеањои исломї зиёданд. Яке аз он авомил шиори "бедории исломї" аст, ки чун мафњуми сиёсї дар дањаи 70 уми асри 20м. шурўъ шуд. Ѓояњои аввалияи бедории мусулмононро Сайид Љамолиддини Афѓонї пайрезї кардааст, ки афкори вай ва шогирдаш Муњаммад Абдуи Мисрї таъсири босазое дар зуњури њаракатњои сиёсии исломї доштаанд. Мактаби сиёсати муосири исломї мадюни зањамоти фикрї ва илмии он ду нафар мебошад. Бар асоси ин, баъзе аз сиёсињо ва љомеашиносон бар ин боваранд, ки омили асосии пайдоиши гурўњњои тундраву љангљў њукуматњои иртиљоии минтаќаи халиљи Форс ва атрофи онанд, ки ба мављи фарогири бедории исломї рў ба рў шуда, ояндаи салтанати худкомаи худро дар хатар мебинанд ва љињати истиќрору идомаи мулку ќудрат гуруњњои ифротї ва такфириро бевосита њимоят менамоянд. Аммо комилан равшан аст, ки худи тарафдорони ѓояњои бедории исломї ва њукумату њаракатњое, ки ин мафњумро шиори худ сохтаанд, боиси барњам додани низоми љомеањо, хунрезї, фитнагарї ва садњо фољеа дар љомеањои мухталифи исломї ва ѓайри он гардидаанд. Аслан, бедории исломї шиори њаракатњои инќилобї аст, ки дар роњи расидан ба њадаф њар корро муљоз медонад. Ќобили ќайд аст, ки тибќи фармудаи асњоби мазоњиби чањоргонаи ањли суннат ва ќавоиди куллие, ки дар ростои татбиќи ањдофу маќосиди шаръї эшон аз он кор мегиранд, васоили татбиќ низ бояд шаръї бошанд. Яъне, дар ростои татбиќи ањкому маќосиди шаръї набояд аз мафњуми љињод дар байни мусулмонон кор гирифт. Ислом фишору тањдиду такфир, тазйиќу тафсиќу тафљир (фосиќу бетавфиќ гуфтан), худкафонию куштор ва дигар васоили зуру тањдид бар молу љону обрўи мусулмонон ва касонеро, ки дар ањди онон аст, ќатъан манъ менамояд ва барои њимояи ин маљмўъ ќавонини муњкам дорад. Яке аз масоили умда дар љињати бозшиносии амали такфирї ва љињодии ањзоби исломї нањваи бархурди ин ањзоб ба масъалањои бунёдии љомеа: Давлат ва њукм аст. Дар ин миён, Пайѓамбар (с) -ро нахустдавлатмард гуфтани баъзе аз ѓояпардозони ањзоби исломї хато ва ноќис нишон додани маќоми олии мансаби рисолати илоњист, чунки Пайѓамбари акрамро соњибдавлат гуфтан ба маънои илмии калимаи "давлат" норавост. Балки Пайѓамбар соњибдаъват буд, ки даъвати муборакаш аз њама њудуд даргузашта ва дархоњад гузашт, аз андешањо, ќалбњо, љонњо, давлатњо ва .... Даъватест, ки ба асосњои давлат дар тазодд нест, њатто ба давлатњои миллї. Балки он фарогири тамоми њудуд аст. Вале, пасон дар асоси ин даъват давлатњо бунёд гардиданд, аз Хилофати Рошида то шоњию салтанатњо. Дар шароити муосир, Пайѓамбарро муассиси давлати исломї гуфтан ва ин матлабро бо давлатдорињои миллї рабт додан хатари љиддие барои љомеањои исломист. Чун дар бисёре аз љомеањо навъе аз дунявият дар њолати шаклгирист, ки давлати исломиро бо таъсиси Паёѓамбар дар баробари он гузоштан маънои муќобил гузоштани Давлат бо асосњои динро дорад. Дигаре аз асбоби хато дар амалияи љињоди ањзоби исломї татбиќи нодурусти оёту ањодис оид ба њукм аст. Њамин буд, ки аввалин бор дар амалияи исломї татбиќи ояти "инил њукму илло лиллоњ" аз тарафи хавориљ, ки бо бардошти ѓалат (гирифтан ба зоњири оят) ва бидуни омўзиши маънои фиќњии он шамшер ба рўи Алї (кар.) ва ёронаш кашида ва мактаби такфирро поягўзорї карданд. Яъне, такфир ба маънои маъмулї не, балки такфири мусулмонон ва љомеаи исломї. Имрўз низ бисёре аз ањзоби исломї, ки ба бунёди њукумати исломї даъват менамоянд, бо зоњири ин оят ва бо ояти "Ва ман лам яњкум би мо анзаллоњ, фа улоика њумул кофирун" њукуматдорони кишварњои исломиро, ки бо ањкоми исломї њукм намекунанд, кофир медонанд. Њамин идомаи мантиќии андешаи такфир дар равияи хавориљ аст. Тафсири дурусти оятњои фавќ дар эзоњи сањобаи Пайѓомбари акрам (с) Ибни Аббос (раз) омадааст. (Давом дорад)
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
12
БО ШОИР ЊАМЌАВМ Ќавми Зардуштам, Душмани худро ба оташ Оташи њарбу ѓазаб куштам.
Ѓаффоралї Сафар
САНО Гарчи гўяндам, ки ў дорад дањан, Шукр дорам, Нестам аз бедањанњо.
ПАНЉАИ ОВОЗ ЧАРОЃИ УМЕД Рўзро афканд шаб дар чоњи торикаш, То сањар Дар хонае байни чароѓу шаб Љанг хоњад буд. 12.01.1995.
КЎЊЊО Дар дили сангњои кўњистон Розњои нуњуфта бисёранд. Љо гирифта канори њамдигар, Кўњњо њам ѓаму фарањ доранд. Рўзу шаб рўи шонаи кўњсор Моњу хуршед лона мемонанд. Аз хати дар љабинашон буда Хатшиносон чи ќиссањо хонанд. Мо чу фарзандњои кўњистон Бояд аз кўњ панд омўзем. Дасти ёрї ба њамдигар дода, Оташи мењр дар дил афрўзем.
МАРДЇ Нест мардї ин ки аз ќанди касон Мекунї њар лањза ширин комро. Њамчу сўзан пеша кун мардонагї, Бош урёну бипўшон омро.
РЎШНОЇ Зиндагї чун пилта метобад маро, То бисўзам дар чароѓи ѓам, мунаввартар шавам.
ЃУКЇ Савти ту якранг, Ботлоќї љомаи лафзат, Хонданат ѓукї.
ЉАНОЗАИ ПИРЇ Пириамро мебарам бар дўш То лаби гўр. Пириямро гўр хоњам кард.
ТЎФОНИ НОЗ Аз дили дарёи нозат Хост тўфон. Завраќи умед дар он мешавад ѓарќ.
НОЗ Шаб агар бо ахтарон нозад, Субњ менозад бад-он ки: Шамс мезояд.
МАНУ ТУ Зимистони гузашта ёдам омад, Набудам њељ парвое зи сармо. Ману ту роз мегуфтем бо њам, Миёни кўчањо бигзашта танњо.
МОЊИ НАВ То туро њамчу моњи нав дидам, Рў ба ту ман дуои нав кардам. Гандуми мазраи умедамро Шаб ба доси мањат дарав кардам.
БОЗЇ Гўй аст дилам дар сари чавгони ду зулфат, Њар љо ки бихоњї, Он љо ту бипартой.
ИХТИЛОФ Дудро меофарад оташ, вале Љои оташ њаст фаршу љои дудаш њаст арш. Дањр љоњилпарвар аст.
ТАШНА Ташнагиамро чї сон хоњам шикаст, Об шўр аст.
ВАТАН Гарчи хоки доманатро, Хоки поки доманатро Бошадаш њадде агар, Бошадаш хатте агар. Лек хатти мењри ту дар синаам, Дар дили равшантар аз оинаам Бењудуд аст.
МЎМИЁ Мўмиёиянд Ашкњои зиндагии сахти сангин.
БЕПАРАСТОР Тифли маънї бе мураббист, Дояи ѓамхори ў ку?!
ДУРАНГЇ Аз дурангї чун кунам ор, Мурѓи хушхон чун зи зардию сафедист.
ТАМАННО Дар шохаи гесўят Мурѓи дили ман хобад. Дар оинаи рўят Фардои рањам тобад. Пуршўр чу дарёї, Ман мављи њавасњоям. Шайдогари дилњої, Ман ошиќи шайдоям. Дар субњдами васлат Донї ба чї њолам ман? Дар чуну чарои ишќ Хамгашта суолам ман. Эй кош, бањори ишќ Як умр љавон монад. Шаббодаи бахти мо Хушбўю вазон монад.
ЗИМИСТОН Зимистон пирбонуест, Мезояд бањори сабз.
ШАБ Њаст шаб чун модари фарзандгумкарда, То дарояд аз дараш фарзанд, Бо њазорон чашм дорад интизорї.
ДАРД Он касеро, ки набошад дард, Нест соњибэњтиром. Њамчунон ки шишаи хунинљигар Чун тињї гардид, Мекунад кунљи фаромўшї маќом.
Фитода бар сару дўшу ба мўят, Чу ахтарпорањо барфи дурахшон. Гули барф об мешуд аз гули рўт Ба монанди дили ман дар шабистон. Ба зери чодари барфи зимистон Њамегуфтем рози ошиќона. Вале дар айни сармо дар дили мо Хаёлам, офтобе дошт хона. Ба њам гаштем мову дилбари ман, Ба њам бошед дар њар гўша, ёрон. Ки сармои зимистон њељ бошад Ба пеши гармии дилњои сўзон.
ПАЖВОКИ ТААССУФ Баски пажвоки паёми ман наомад, Аз љафои чархи бепидром Он ќадар бигристам хун, Вардгун, гувдоли ањмар гашт. Ѓусл кардї чун дар он, Сурх шуд рухсорањоят, Шуд ќабоят арѓавон.
ХУНРЕЗ Ташнаи хун, Косаи чашмам пур аз хун аст, Њар ќадар хоњї, бинўш.
МУТОБИАТ Зард кардан мўйро гардид мўд, Давр њам ибрат гирифта, Чењраамро кард зард.
ШОЊМОТТАХТА Тахтасанги роњ монад тахтаи шањмотро, Мардумон чун мўњрањо Дар дасти бозихоњи таќдиранд. Нест маълум, Дар чунин бозии шањмот Кї шавад ѓолиб, Кї шавад, кай мот?...
МУНОЌИША
"Гузаронданд". Занозании љавонони Кўлоб бо афсарони пойгоњи низомии 201 Миёни як гурўњи љавонони шањри Кўлоб ва 7 афсари руси пойгоњи њарбии 201 занозанї ба вуќуъ пайвастааст. Дар Раёсати корњои дохилии вилояти Хатлон ба TojNews њодисаро тасдиќ карда гуфтанд, барои тањќиќи њодис парванда боз шудааст. Як корманди бахши матбуотии ин нињод, ки худро Сайёдов муаррифї кард, аз шарњи бештари маълум худдорї карда, гуфт, аз роњбари Вазорати корњои дохилї супориш гирифтаанд, ки бидуни мувофиќа бо Маркази матбуотии
ВКД ба ВАО ягон иттилоъ надињанд. Дар Маркази матбуотии ВКД гуфтанд, ки њанўз ин њодисаро тањќиќ мекунанд ва баъдтар шарњ хоњанд дод. Њељ як аз ин манобеъ иттифоќи афтодани занозанї миёни як гуруњи љавонони Кўлоб бо афсарони пойгоњи низомии рад намекунанд. Дар њамин њол, љавоне, ки Суњроб ном дорад ва шоњиди њодиса будааст, ба TojNews гуфт, афсарони рус маст шуда, дар рўзи равшан дар маркази шањри Кўлоб барањна мегаштанд, ки ин ба бачањо мањал писанд наафтод.
Вай афзуд, афсарон ќариб 10 нафар буданд ва cоатњои таќрибан 9 ба 9. 30 -и шаби гузашта, 28-уми июл масту барањна ба кўчањои шањр баромада, доду фарёд бароварда, овозхонї мекарданд ва алфози беодобона мегуфтанд. Хулоса, гузаронданд. Ин бачањоро нафорид ва онњо афсаронро таги мушту лагад гирифтанд. Њодиса дар хиёбони Исмоили Сомонии шањри Кўлоб, мањалле, ки пойгоњи 201 - и Русия ќарор дорад, ба вуќуъ пайвастааст. Аз њарду тараф њам захмї шудаанд. Манбаъи мо мегўяд, ваќте
дар кўча доду фарёд зиёд шуданд, аз пойгоњ ба кўмаки афсарон њамразмонашон омадаанд, аммо кормандони милиса мардумро зуд ором кардаанд. Ба ќавли ў, аллакай чанд нафар боздошт ва бозпурсї шудаанд. Масъулини пойгоњи њарбии Русия дар Тољикистон то њол дар ин бора изњори назар накардаанд. Пойгоњи њарбии 201 бо 7 њазор сарбозу афсар калонтарин пойгоњи низомии Русия дар хориљ аз ин кишар аст ва љузъу томњояш дар се шањри калони Тољикистон-Душанбе, Ќурѓонтеппа ва Кўлоб мустаќаранд. Тибќи як созишнома миёни Тољикистон ва Русия муњлати њузури низомии Русия дар кишвари мо аз тариќи ин пойгоњ ба таври ройгон то соли 2042 тамдид карда шудааст.
ТАБЛИЃ Амина Давлатшоева, намояндаи мустаќили (НМ)-и Кюнет, аслан зодаи Тољикистон аст ва њоло дар шањри Дубайи Аморати Муттањидаи Араб кору зиндагї дорад. Ў дар соњаи бизнес ба комёбињо сазовор шудааст ва дар оянда ба яке аз ситорањои дурахшони Шабакаи маркетинг (Network Marketing) табдил меёбад. Ин мусоњиба ба пањлуњои фаъолияти бону Амина Давлатшоева рўшанї меандозад.
- Бори нахуст кай дар бораи Кюнет шунидед ва чї тавр намояндаи мустаќили (НМ)-и Кюнет шудед? - Ин аслан, як таърихчаи аљиб аст ва метавон гуфт, тамоман ѓайричашмдошт буд. Боре ман аз як нафар чї тавр ба кадом хиёбоне рафтанро пурсидам ва бо њамин суњбати сари роњ тафсид ва он шахс маро ба рўнамоие бо лањни бисёр гуворо даъват кард. Ман розї шудам ва дар он чорабинї иштирок намудам. Дидам, ки он мањфил аз Кюнет буда, дар он дар бораи консепти бизнеси ширкат ва наќшањои ояндаи он суњбат шуд. Ба ман њам он наќшањо ва тарзи фаъолияти Кюнет писанд омад, зеро суханронињо мушаххас, касбї ва равшан буданд. Маќсаду наќшањо ошкоро муњокима мешуданд. Њатто баъзе масъалањои на он ќадар хуби кор низ ошкоро баён мешуданд. Аз ин пеш ман умуман дар бораи Кюнет чизе нашунида будам ва табиист, ки дар ин ширкат касеро њам намешинохтам. Бо вуљуди ин ман ба ќарор омадам, ки ба он њамроњ шавам. Ва ман аз ќарори худ ќаноатмандам. Метавон гуфт, њамон роњгузаре, аз он дар бораи роњи хиёбон пурсидам, дар кори ман дар Кюнет сањм гузошт. Ин буд таърихчаи њамроњшавии ман ба Кюнет. - Ба кадом проблема ва ё чолишњо Шумо дар Кюнет рўбарў шудед ва онњоро чї тавр паси сар намудед? - Ман гўё, њамеша бо калимаи "чолиш" мисли дўст њастем. Аз соати аввалин ман медонистам, ки худи њамроњшавї ба ин ширкат худ барои ман чолиш буд. Бо вуљуди ин ман узви ин оилаи бузург шудам. Ман барои ин чолишњоро бартараф кардан ба ширкат омадам! Барои ман бузургтарин чолиш он буд, ки карйераи ояндаи
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
13
Њавотозакунаки "AirPure Humidifier" аз Qnet бењтарин асбоб барои хона!
АМИНА: «Кюнет зиндагиамро дигар кард!» худро ќурбон карда, ба ин соњаи бизнес, ки бароям тамоман нав буд, ворид шудам. Њол он ки ман мебоист доктори илм шуда, ба донишљўён дар университет дарс медодам, вале ман худро дар соњаи тамоман дигар ёфтам ва гўё, худам сарнавиштамро таѓйир додам. Дигар чолише, ки тимам ва ман дорем, ин ташкили бизнес дар Афѓонистон аст. Ман мехоњам хонадагони нашрия бидонанд, ки дар Афѓонистон бо мањаллањое, ки шароити оддитарин - ѓизову манзилро надоранд, кор кардан чї тавр мушкил аст. Мо ба гўшањои дурдасти Афѓонистон одатан хабари хуш аз Кюнет - чї тавр пул кор кардан ва аз љињати молиявї озод буданро меорем. Баъзењо чун моро мешунаванд, мегўянд: "Шумо дар асл инсонњои девонаед!" Аммо ман медонам, ташкилоте ба монанди Кюнет, ки тавассути идорањои Бунёди хайриявии RYTHM ба ин
мардум дасти мадад дароз кардааст, њамчун муњаррики бузург барои пеш бурдани бизнеси њалол хидмат мекунад. Мо дар Афѓонистон ба мушкилињои рўзмарра баста ба мардум, созмонњо, сабти ном, трейнингњо ва сафарњо рўбарў њастем, вале мо њаргиз дасту дил намешўем. Мо њамчунин аз Афѓонистон ба ватанам Тољикистон барои пешбурди бизнес ва трейнинг мегузарем. Тољикистон низ тадриљан ба љањони бузург пайваст шуда истодааст. Аз ин сабаб, гузаронидани трейнингњо ва бизнеси Кюнет дар Тољикистон оњиста - оњиста пеш меравад, бинобарин бисёр вазифањоро мо бояд иљро кунем. Ва мо аз мушкилї наметарсем, зеро мушкилї ин як ќисми кори мост. Касе то имрўз нагуфтааст, ки соњиби истиќлолияти молиявї гардидан осон аст. Ман бовар дорам, дар њар ќадам инсонро чолишњо меозмоянд.
Барои дарки мушкилињо ман њар гуна воситањоро истифода мебарам. Аз љумла, њамеша тањлилњо мекунам ва ба суолњои рўзмарра ба монанди "Барои чї?" , "Чист?" ва ё "Чї тавр?" посух мекобам. Ман андешањоямро ба дафтар менависам ва ин навиштањо гоње барои њалли масъала ва ё гирење мададам мерасонад. Ба замми ин ман њар замон бо нафароне, ки аз ман болотаранд, бањс мекунам ва тарзи дастурњое, ки Дато Сри Виљай Есваран пешнињод мекунад, истифода мебарам. Њаминро њам бояд ёдрас кунам, ки Кюнет низ роњњои зиёди њалли масоили гуногунро пешнињод мекунад, ки ман аз онњо низ истифода мебарам. Боз ман гоње ба китоб њам рў меорам ва аз мутолиаи китоб ба баъзе саволњоям љавоб меёбам. - Аз кадом молу ашёе, ки барои фурўш Кюнет пешнињод мекунад, шумо зиёдтар мехаред ва барои чї? - Пеш аз њам як нуктаро бояд гўям, ки аз он замон, яъне, соли 2013, ки ман ба ширкат пайвастам, номгўи молу ашёи фурўшии Кюнет хеле афзудааст. Ба ман шолњое (шарф), ки аз љониби De Moda ба фурўш гузошта шудааст, махсусан, соатњои Bernhard H. Mayer® La Vida Ceramic ва мањсулоти Physio Radiance писанд њастанд. Ва ё ман дар соњилњои Прана Бич, ки дар мавзеи Коњ Самуи Тайланд њаст, истироњати олиљаноб доштам! - Шумо дар бораи наќшаи љуброни омехтаи Q10 чї назар доред? - Наќшаи олиљаноб! Њатто тасаввур кардан душвор аст, ки як нафар аз харид њамин ќадар суд мебардоштааст. Ман аз он нафароне, ки ин наќшаро эљод кардаанд, сипосгузорам. Зинда бошед! - Ташаккур барои суњбат!
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - БОБ ОЁ РОСТ АСТ, КИ АЗ ИЉОРАИ МАНЗИЛ ЊАМ АНДОЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Оё ин рост аст, ки агар шањрванди Тољикистон хона ё њавлиашро ба шањрванди хориљї ба иљора дињад, аз ў андоз ситонида мешавад? Фарз кардем, ин ё он шахс хонаашро ба шањрванди хориљї ба маблаѓи 400 доллари ИМА ба иљора дод, аз ў чанд миќдори он њамчун андоз ситонида мешавад? Агар соњибмулк хонаашро ба шањрванди Тољикистон ба иљора дињад, оё дар ин сурат њам андоз ситонида мешавад? Нозигул КАРИМОВА, сокини шањри Душанбе - Мутобиќ ба талаботи моддаи 100 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон даромад аз њисоби иљораи молу мулки манќул ва (ё) ѓайриманќул бадастомада, ба даромадњои аз фаъолияти ѓайрисоњибкории шахси воќеї гирифташуда (агар ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосї набошад) дониста шуда, мутобиќи ќисми 2 моддаи 103 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон (новобаста аз он, ки молу мулк ба резидент ва (ё) ѓайрирезидент ба иљора дода мешавад) бо меъёри 13 фоиз бе татбиќи тарњњои пешбининамудаи Кодекси андоз андозбандї карда мешавад. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
ОЁ МЕДОНЕД?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
...одами калон 206 устухон дорад. Кўдакон бо 270 устухони хурд таваллуд мешаванд, аммо ваќте онњо калон шуданд, баъзе устухонњо бо њам пайваст мешаванд. Устухони аз њама калон устухони рон мебошад, ки дар мардњои ќоматбаланд дарозиаш то 50 см мерасад. Устухони кўтоњтарин кўбак ном дошта, дарозиаш 3 мм аст. *** ...ќариб 80 дарсади гармии инсон аз болои сар хориљ мешавад. *** ...гармии дањони инсон метавонад 1 грамм обро дар муддати 1 соат ба љуш орад. *** …хун аз њуљайрањои сурх ва сафед, тромботсити беранг ва плазма иборат аст. Њуљайрањои сурх ранги худро аз оњани гемоглобин, ки гузаронандаи оксисен ва њосилкунандаи мубодила бо гази ангидриди карбон мебошад, мегиранд. Дар хун њуљайраи сурхи хунї нисбат ба сафед њазор маротиба зиёдтар аст. *** ...дили одам њар сония таќрибан як маротиба фишурда шуда 0,1 литр хунро ба раги хунгард тела медињад.
? - И НОБОБ
*** ...97 дарсади одамон њангоми ба даст гирифтани хома, нахуст номи худро менависанд. Наврўз РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур
Бисёре аз издивољњо аз се давра иборатанд: Даври аввал. Мард гап мезанад, зан гўш мекунад. Даври дуввум. Зан гап мезанад, мард гўш мекунад. Даври сеюм. Њарду гап мезананд, додгоњ гўш мекунад.
ТАЊРИМ ОЁ БА ТОЉИКИСТОН ТАЪСИР ДОРАД? - Тањримоти иќтисодие, ки аз љониби Иттињоди Аврупо ва ИМА дар нисбати Русия содир шуд оё он ба Тољикистон таъсири худро дорад ё не? Чун бештари њаљми гардиши савдои хориљии Тољикистон бо Русия ва давлатњои ИДМ сурат мегирад донистан мехостам, ки њисаи содироту воридоти мол дар љумњурї алњол дар кадом њол ќарор дорад? Нўшервон ХОЛОВ, сокини шањри Панљакент - Дар шаш моњи соли равон гардиши тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон ба маблаѓи 2 миллиарду 5,1 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки ин нисбат ба њамин давраи соли гузашта ба маблаѓи 563,4 миллион доллар кам гардида, 78,1 - ро дарсад ташкил додааст. Аз маблаѓи умумии гардиши тиљорати хориљї 1 миллиарду 578,8 миллион доллар ба воридот ва 430,3 миллион доллар ба содирот рост меояд. Нисбат ба њамин давраи соли 2014 воридот ба маблаѓи 526,5 миллион доллар, ё 25,1 дарсад кам гардида, содирот низ, ба маблаѓи 36,9 миллион доллар, ё 7,9 дарсад кам гардидааст. Тиљорат бо давлатњои аъзои Иттињоди Давлатњои Мустаќил 981,8 миллион доллар ё 49 дарсади гардиши тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистонро ташкил медињад, ки нисбати њамин давраи соли 2014 ба маблаѓи 154 миллион доллар ё 13,6 дарсад кам гардидааст. Аз ин маблаѓ 116,1 миллион доллар ба содирот ва 865,7 миллион доллар ба воридот мансуб аст. Дар умум њаљми асосии содироти мол аз Тољикистон ба давлати Туркия 27,8%, Швейтсария 21,5%, Ќазоќистон 18,5%, Эрон 7,1%, Русия 6,6%, Афѓонистон 4,2% ва Покистон 3,2%, марбут мебошад. Воридоти асосии мол ба Тољикистон аз давлатњои Русия 31,6%, Чин 17,1%, Ќазоќистон- 16,8%, Эрон 4,2%, Туркия 4%, Туркманистон 3,5%, Литва 2,8%, Швейтсария 2,6%, Покистон 1,7% ва Аморати Муттањидаи Араб 1,6% - ро ташкил медињад. Таъсири тањримоти ѓарб ба иќтисодиёти Федератсияи Русия, ки ба иќтисодиёти кишвари мо низ бетаъсир намонда, ба тиљорати хориљї ва умуман, иќтисодиёти кишвар, таъсири худро расонид. Тањлилу муќоисањо нишон медињанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ба љумњурї 282,8 њазор тонна мањсулоти нафтї бо арзиши гумрукии 187,8 миллион доллари ИМА ворид шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 40,63 њазор тонна ё бо арзиши 81,6 миллион доллари ИМА кам мебошад. Илова бар ин, дар нимсолаи аввали соли љорї нисбат ба њамин давраи соли гузашта воридоти орд ба миќдори 16,8 њазор тонна ё ба маблаѓи 7,2 миллион доллар, нурињои минералї ба миќдори 3,1 њазор тонна ё ба маблаѓи 3,2 миллион доллар,чўбу тахта ба миќдори 101 њазор м3 ё ба маблаѓи 12,9 миллион доллар, семент ба миќдори 227,8 њазор тонна ё ба маблаѓи 23,6 миллион доллар, воситањои наќлиёти сабукрав ба миќдори 15,1 њазор адад ё ба маблаѓи 70,6 миллион доллар ва ѓайра, коњиш ёфтааст. Хадамоти гумруки Тољикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 ба буљети давлатї 1 миллиарду 646,5 миллион сомонї пардохтњои гумрукї (бо назардошти њамаи сарчашмањои даромад) ворид намуд, ки 81,5 дарсади наќшаро ташкил медињад. Ба саволи Шумо Абдуфаттоњ ЃОИБ, сардори Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД?
*** Интихобот - ягона рўзест, ки дар он зану мард аз як њуљраи умумї бемалол истифода мебаранд.
ЛАТИФА Дўхтури дандон ба ќабулгоњ баромада, асабї шуда, ин тарафу он тараф рафтуо дорад. - Чї шуд? Беморї вазнин аст? - мепурсад њамшира. - Ња, мизољ серпулу аммо њамаи дандонњояш сип-сињат. *** Аз суњбати ду мард: - Ту ба љои ман чї кор мекардї? Шаш духтар дораму ягон домод не, - мегўяд яке. - Ин дарди ба хайр. Ман бошам як духтар дораму шаш домод. Ту ба љои ман чї кор мекардї? - љавоб медињад дуюмї. *** Назди таваллудхона. Њамшираи шавќат дугоникро бароварда, ба мард мегўяд: - Шумо натарсидед, ки соњиби ин ќадар фарзанд шудед? - Не, чаро тарсам? - Набошад инњояшро доред, ман барои дутои дигараш равам.
Мефурўшам Њавлї иборат аз ду њуљра, дорои 6 сотих замин. Нархаш шартномавї. Шумораи телефон барои тамос: 987 25 25 55. *** Њавлї иборат аз дуошёна, дорои 7 њуљра. Њамчунин тањхона, ки иборат аз 6 њуљра аст ба фурўш гузошта мешавад. Нархаш шартномавї. Шумораи телефон барои тамос: 987 77 53 97.
*** Гар бар сари зани худ амирї мардї, Аз нозу карашмаш намирї мардї. Мардї набувад ба як зан пир шудан, Гар дую сею чор бигирї, мардї... *** Агар дидї, ки марде дари мошинеро ба рўи зане боз кард, бидон, ки ё мошин нав аст ё зан. *** Мард занро бо нигоњ њам дўстдорї карда метавонад, агар кори дигаре аз дасташ наояд.
БА ЉОЙИ 09 - Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед. Пас, ВКД - и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефонии раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-21-21; Ќисми навбатдории ВКД: 221-08-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-15- 42, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 224-4874; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 223-13-30, 227-8000; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-83-35; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-22-38; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї: 233-72-24, 233-72-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-06-997, 6-30-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-2536; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 2-25-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-91- 14, 242-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ: 221-00-16
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №19 (452), 05. 08. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Пора надодагињо "бомж" мешаванд Мирзодиккак аз рафту омад ва љамъ кардани маълумотномањо аз идорањои давлатї ба дод омад. Дањ маротиб њуљљат тахт карду боз нашуд. Дар охир аз ў талаби онро намудаанд, ки аз беморхона маълумотнома дар бораи фавти як фарзандаш аз соли 1992 -ум биёрад, вагарна ордери хонаашро, ки дар он 24 сол боз зиндагї мекунад, бекор мекунанду бо коммунисти матинирода Пахтагул Панљсолаева хоњу нохоњ ба хонаи бепарасторони ноњияи Ёвон мераванд ё даст ба гадои зада, як гўшаи бозори "Корвон"-ро "обод" мекунанд. Мирзодиккак пул барои харидани бандро намёфт, ки худашро овезад, вале ќисме аз курсинишинони њукумати љонољонаш ўро ба њолаш намегузоштанд. Ќариб буд, ки ў ба Афѓонистон ба бошишгоњи Сахї рафта, аз Толибон маълумотнома дар бораи фавти фарзандашро биёрад, Худо мададаш кард, вагарна хонандаи азиз, Мирзодиккак худкушї мекарду як "дастобрези њукуматї" кам гашта, љои сўњбатњои ширини ду љўраро дар њафтаномаи "Нигоњ" ќиссањои музофотї ишѓол менамуд. Имрўз бараъкси рўзњои пештар таъби Мирзодиккак болида буд. Ў на аз касе пул мепурсиду на парвои хубу бади дунёро дошт. Худованд рањми ќисме аз њукуматињоро худаш мехўрдааст, вагарна мисли Мирзодиккак баринњо, ки шиорашон "Њукумат дар хизмати халќ аст, на халќ дар хизмати њукумат" кайњо мемурданд… Мирзодиккаки олуфта дошт, ки ба ќавли рањматии Бобои Ќаландар дар сару либосаш "кайк буксават" мекард, дар тарабхонаи "Вахш" нишаста буд. Назди Мирзодиккак фавворањо ба ќавле раќс мекарданду пешхидматњо мисли њурони бињишт наздаш таъомњои лазиз мегузоштанд. Мирзодиккак аз зери айнакњои оинабандиаш дўсташ Ѓалтакро дид, ки бо шитоб аз ќафои зиндагї љониби бозори Шоњмансур дар тоз буд. Ў аз љой бархост ва бо тамоми ќувва аз ќафои Ѓалтак саросема ќадам зад. Баъди чанде љўрањо сари хони пурнозу неъмат ќарор гирифтанд. Сўњбати Мирзодиккаку Ѓалтак аз рўи сару либос ба сўњбати вазиру дењќон шабоњат дошт. Дар асл онњо њамон ду зиёии оддї тољик будаанд, ки асли њолро мегуфтанд, то ки "боло" -ро аз шинидани маддоњии зиёде хоб набараду дар андешаи ободии диёру љорї намудани адл бошанд, зеро адл пояи давлат аст. Ѓалтак: - Ба хаёлам њамаи масъалањои доштагият њал шуд? Ташвиш кам шуд. Пул бошад, сар кор кор мекунад. Аз њама дарди бедаво ин камбаѓаї. Мирзодиккак: -Њукумати мо њукумати мефањмидагињо. Нафањмед, мисли ман аз тарси пули об, барќ, гази набудагї ва андоз гурехта мегардеду дар хусусї намудани як хона худатонро дар дањ љой љўраи Амиршо Миралиев муаррифи мекунеду коратон иљро намешавад. Боаќл одам корро бо Љорљ Вашингтону Бобои Сомонї њал мекардаасту мо Охунову Миралиев гуфта гаштем -да! Ѓалтак; - Мегум, нав фањмидї!? Њоло ин љо майдони "Озодї" нест, ки болои об ба ишкам зада, њукумати ќонуни гўеду аз ќафои "палковник исёнгар" то ба ноњияи Љиликул "хоинони миллати тољик" гуфта, садо бардоред. Њоло мегўянд, ки доди бурдї, надоди мурдї. Мирзодиккак: - Дар ин љо, дўсти азиз, њукумати љонољону давлати ягонаи мо гуноњкор нест, ќонун ва шахсони масъул аз рўи инсоф не, балки барои њисобот кор мекунанд. Наход дар вазорату њукуматњо барои имзо њаќ бигиранду коррупсия надонад?! Ѓалтак: - Ака, коррупсияи мегуфтагият кайњо дар коррупсия ѓутидагї. Дар куљо дидї, ки коргари коррупсия мошини хориљї надошта бошад? Онњо танњо ба поён менигаранд, агар ба боло нигаранд, дар ин маќомот кор намекунанд.
Мирзодиккак: - Њукумати љонољони мо зўр, вале ќонунгузор додагиро њам гуноњкор мекунаду гирифтагиро њам . Љўраљон, ман ба њаминаш розї нестам. Мана, устухонњои мурдаро аз Афѓонистон оварданам осон буд ё ин ки пул додану ќарорро гирифтанам?! Ѓалтак: - Шукрона кун, дар таблиѓи њукумату дастовардњои беназираш камаратро сахт баста гир, вагарна … Мирзодиккак: - Њоло ист, Ќобилљон аз Русия пули зиёд фиристад, ман дода - дода, сардори коррупсия мешаваму сари хўрдагињоро мехурам, нахурам номам Мирзодиккак нею авлодам ориёї. Ѓалтак: - Мирзољон, беаќл нашав, њалли масъалаи пулу мансаб роњу равиши худро дорад. Замоне Сомонён буд, њозир дигартар шудагї. Бењтараш мебароем. Ин љо нишастагињоро њайрат зер кардагї, ки вазиру дењќон сари як миз дар кадам мавзўъ суњбат мекарда бошанд. Љўрањо ба роњ баромаданд. Мирзодиккак дари мошини "Лексукс" -ро кушоду Ѓалтак ворид он шуд. Ќисмеро њайрат зер карда бошад њам, вале табиат роњу равиши худро дошт. Осмони Душанбе гоњо беѓубор буду гоњо бо пайдо шудани абрњои сиёњ тундар њамаи ин хомўширо халалдор менамуд.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Зариф АЛИЗОДА, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Тољикистон: - Ман солњои 1992- юм 2 њавлї ва 1 дача доштам. Вале, азбаски мушкилоти маблаѓ пеш омад, мо 1 хонаро фурўхтем. Хонаро падарам гирифта буд, ки он дар паси Бонки миллї љойгир буд. Вале ман мошини шахсї надорам. Писарам бошад, 1 "Опел" и соли 2000 - ум дорад, ки хеле куњна аст. Хайр, чї илољ, зиндагї њамин будааст… - Э бечора, омбудсмен! Он ќадар "љое" њам набудааст, агар мебуд, он ќадар дар ин курсї шишта намемондед, ака!
Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилии Тољикистон: - Нисбат ба Кабирї тањдиди куштор бошад, ё чизи дигар ба ќайд гирифта нашудааст. - Ин Кабирї худаш - худашро тарсонда гашта будааст - дия? Кош, Зайд Саидов њам њамин њунарро медошт...
Юсуф РАЊМОН, прокурори генералии Тољикистон: - Ман дар "квартира" зиндагї мекунам ва хона гуфта, њаминро дар назар дорам. "Дача"-ам низ дар замони Шўравї сохта шудааст. - Њалол бї! Ба номи бачу кач, хешу табори дуру наздик... яъне нест? Махфират ХИДИРЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тољикистон: - То кунун 12 зану духтари тољик барои иштирок дар љангњои Сурия ва Ироќ рафтаанд ва омори мазкур тоза аз љониби ВКД дастрас шудааст. Барои Тољикистон њатто агар як зан њам ба ин роњ рафта бошад, боис ба нигаронист. - Роњи њал: онњоро дар хона бастан ва саводашонро бардоштан даркор! "Русия муњољират меравам", гуфта, Сурия мераванд. Русияро аз Сурия фарќ намекунанд! Алишер НУРАЛИЕВ, директори Раёсати банкинги корпоративии ЉСП ТАЌЊ "Њумо": - Ташкилоти амонатии ќарзии "Њумо" ба коркарди продукти "Тањсил" барои омўзиш ва ба продукти "Саломатї", ки барои табобат гирифтан пешнињод мешавад, диќќати махсус дода истодааст. - Продукти кишоварзиву бизнес, ки аз њамон рўзашон монданд, навбати мактабу духтурхона?
КАРИКАТУРАИ РЎЗ Дилмурод ДАВЛАТЗОДА, раиси Палатаи њисоби Тољикистон: - Бо вуљуди харљи маблаѓњои зиёд дар самти пешгирї аз афзоиши бемории СПИД дар кишвар ин беморї ба љои кам шудан, баръакс зиёд шуда истодааст. Вобаста ба ин, масъала ба Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї тавсияњои худро пешнињод намудем. - ...ки боз грант гиранд? Ба онњо дигар грант намедињанд, СПИД шудагї барин... Абдуќодири АБДУЌАЊЊОР, раиси Китобхонаи давлатии ба номи Абулќосим Лоњутї: - Бале, баъзан инсон дилмонда њам мешавад. Чун гоњ-гоњ намегузоранд худфидої кунї ва худашон низ амалї намекунанд. Њастанд нафароне, ки солњо дар маќом бе идея, бе андеша ва назар нишастаанд, вале касе, ки идея ва андеша дорад, пушти парда мондааст. - Идеядорњоро боз ба китобхона мефиристанд, ки китобњои боќимондаро њам хонда, боз идеяњои нав пешнињод кунанд! Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09