Нигох №1 (484). Чоршанбе, 30-юми марти соли 2016

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

1

Саймиддин ДЎСТОВ:

"ЊУКУМАТЊО МЕОЯНДУ МЕРАВАНД, МАНФИАТЊОИ МИЛЛЇ МЕМОНАНД" №1 (484). Чоршанбе, 30-юми марти соли 2016

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

-УМ СОЛ БО ШУМО!

www.facebook.com/nigohtj

БЕМАНТИЌУ КЎЧАГЇ НОМГУЗОРЇ КАРДАН АЙБ АСТ! Ба Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Тољикистон, Федератсиюни футболи кишвар, Шањрдории пойтахтамон Душанбе

ПАНТУРКИЗМ, МО ВА ИСЛОМ Ё чї тавр пантуркистон аз дини Ислом ва Муњиддин Кабирию ёронаш истифода мебаранду пушти шабакаи телевизионии СА TV кї меистад? БО ШОИР

ДИКТАТОР Уго Чавес:

Адибаи ХУЉАНДЇ:

ХОЊИШМАНДАМ, НАГУЗОРЕД, КИ МАН БИМИРАМ!

ХУШКИДА ДАРАХТИ БЕСАМАР ШУД ДИЛИ МАН

САЊИФАИ 10

КОРАФТОДА

САЊИФАИ 12

МАВЌЕЪ

Њабиб САИД:

Нарзулло ЛАТИФОВ:

"БЕВАТАН НЕСТ ЃАРИБЕ, КИ КУНАД ЁДИ ВАТАН..." САЊИФАИ 11

МАН АЗ РЎИ ВИЉДОН СУХАН МЕГЎЯМ! САЊИФАИ 13

Обид ШАКУРЗОДА

Аз Федератсиюни футболи кишвар эњтиромона хоњиш мекунем, ки дар амри ному номгузории дастањо бетарафу бепарво набошад. Акнун як дастаро дар лигаи бартари Тољикистон мебинам бо номи БАРЌЧЇ. Айб аст дар сатњи љумњуриявї чунин номи бемантиќу носуфта гузоштани тими футболи кишвар. Агар сохторњои барќкору барќтаъмингари Тољикистон масъули ин даста бошанд, муносибтар аст онро НУРАФШОН исм гузорем, ё ХУРШЕД ё номи суфтатару хушсадотар аз инњо. Ва бояд дар њамин замина таркиби ЦСКА-ро њам аз исми ПОМИР ва ТадАЗ-ро аз "Регар" њазф кунем. Зарурате нест ба ин таркибњои бегона дар исми дастањои мо. Хеле гўшнавозу зебо аст исмњои ПОМИР, РЕГАР, ХУЉАНД, ВАХШ. Дастаи дигар бо номи ЊОСИЛОТ(??). Ин номро кї ва ба чї хотир баргузида бошад ва ЊОСИЛОТ худ чї маъно дорад? Айб аст чунин бемантиќу кўчагї номгузорї кардан. Номњо оинаи фарњанги њар миллатанд ва номи зебову мантиќию гўшнавоз нишони фарњанги баланд аст. Дар њоле, ки зеботарин ному лафз дар забони миллати тољик аз њазорсолањо дурахшида меоянд. Ба ХАЙР (ки ин лафз арабї аст) низ номи шинаму зебо бигузорем, то маълум гардад ки њовии кишвари Тољикистон аст ва бењтарин ном ба он, ба фикри банда, РОМИТ аст, лафзи суѓдї, њикоятгари таърихи ин иќлим. Бояд миёни Федератсиюни футболи кишвар ва Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати кишвар дар ин замина њамоњангию њамкории расову самарбор пайванд гирад ва ин Кумита ёвару мушовири федератсиун бошад. Аз шањрдории пойтахтамон Душанбе хоњиш мешавад, ки баройи таъсис додани як дастаи томму тавоно камари њиммат бандаду баробари таъсис додан онро сарпарастї кунад, то ба тиме њамчун ИСТИЌЛОЛ њамсангу њамрадиф гардад. Ин амр чанд савоб дорад: нахуст -- дастаи футболи шањродории мо муаррифи пойтахти тољикон дар дохилу хориљ мегардад ва дигар, дастаи шањрдориямон футболи моро аз якќутбї будан вомерањонад. Таљриба акнун нишон додааст, ки футболи якќутбї бекифоят ва носудманд аст. Зеро ба сармоя гузоштану мутаккї шудан танњо ба Истиќлол-и Душанбе мушкили футболи мо њал намегардад, баръакс, вохўрињои паёпай дастаро хаставу афсурда мекунанду корро мушкилтар. Ва сеюм, аз њама муњимм шањрдории пойтахт дар рушди ин варзиши шумораи яки кишвар бевосита сањим мешавад. Як замоне шањрдории мо дастаи ПОМИР-ро маъруфу мањбуби љањониён карда буд. Чиро акунун ин корро накунем?


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

МАВЗУИ АСОСЇ

ПАНТУРКИЗМ, МО ВА ИСЛОМ

ЗАФАР МИРЗОЁН

Зарба ба андешаи миллї

Мо дар навишторњои пешини хеш борњо ба мавзўи пантуркизм рў оварда, ба ниятњои ин равияи носолим, ки дар миллатгароии фошистї обишхўр дорад, кинояњову ишорањое доштем. Гумон наравад, ки нависандаи ин сатрњо камтарин рўзноманигорест дар тањлили мавзўи пантуркизм ва ислом вараќ сиёњ мекунад. Ин мавзўъ солњост аз дидаи пажўњишгарон, ба вижа сиёсатшиносони имрўз дур намондааст. Ахиран сиёсатшиносону туркшиносони Русия, аз љумла Игор ДОБАЕВ, Андрей ИВАНОВ, Михаил МАКОВЕТСКИЙ, Евгений САТАНОВСКИЙ ва чанде дигарон ба ин мавзўи дар нигоњи нахуст љузъї, вале дар амри худогоњии миллї ва динпаноњї муњим, маќолањои љолибе интишор кардаанд, устувор бар пояи далелњову намунањои гўё аз гузаштаву имрўзаи андешањои бемори пантуркистону пантурониён. Агар пурсида шавад, ки чаро мо пиромуни мавзўи пантуркизм ин ќадар гуфтумонњо дорем ва аз чист, ки дар ин навиштор нигари хонандаро ба мавзўи ислом ва пантуркизм љалб карданием, посух ин аст, ки зеро пантуркизм бо коргирї аз ислом дар хурд кардани миллати тољик наќши равшан бозидааст ва дар рўзгори мо низ хатар ба андешаи ориёиву миллї ва њатто ба амният дорад. (Ва њамон рухдодњои вањшатбори сари тољикон ба бор овардаи пантуркистони панузбакї дар солњои 20-уми садсолаи гузашта, ки барои њуввиятёбии хеш, дар зимн узбаксозии тољикони Самарќанду Бухорову Фарѓона, аз мусалмонии онњо маккорона сўистифода намуда буданд, дарсест аз торихи худбохтанњои як миллати саргузашти њазорсолањо дошта. Огањон медонанд, ки ба њангоми тањияи шиносномањо маъмурони таасуби узбакї дошта аз тољикон мепурсиданд "миллатат чист?", бо гирифтани посухи "мусалмон" тољиконро дар хати ба њуввият ишора доштаи шиносномаашон сабт карданд, "узбек" ва дар натиља аз 9 - 10 миллион тољикони дар пойтахтњои фарњангии худ љойгањ дошта, њуввияти узбакї сохтанд.

Љомаи исломии пантуркизм, пантуронизм ва узбакосентризм Аммо дар рўзгори мо, ки муборизаи беамони равияњои пантуркизм, пантуронизм ва узбакосентризм барои сохтмони кишвари хаёлии Турони Бузург ављ гирифта, ба вижа ин муборизањояшонро дар либоси дини ислом анљом доданианд ва рухдодњое, ки дар дохилу хориљи кишварамон ба миён омадаанд, мо ночор њастем, дар бораи ватанамон бањс кунем ва дар минтаќа дар шароити кунунї агар бихоњем аз арзишњои миллиамон дифоъ кунем, бояд нигари андешамандону динпаноњон ва њама ватанхоњони тољикро ба ин мавзўъ љалб намоем. На њама огоњанд, ки идеяи туркисозии ислом њам дар миёни ањли таќво ва њам миллатгароёни Туркия љавлон мезанад. Чунончи замоне олими овозаманди факултаи худошиносии донишгоњи Стамбул, Яшар Нурии ОЗТЮРК дар маќолаи хеш унвонии "Дин ва миллатгарої" ин андешаро берун баровардааст, ки мабни бар он рисолати аз њама муњими интишори дин ва Ќуръон ба иродати Аллоњ бар души ќавми турк вогузошта шудааст, ки њазор

Ё чї тавр пантуркистон аз дини Ислом ва Муњиддин Кабирию ёронаш истифода мебаранду пушти шабакаи телевизионии СА TV кї меистад?

шуда, кишваршиносони бостон аз фаросўи Сир то Урол кишвари Туронро дида буданд, ки ба этноними "турк" гарде пайвастагї надорад ва дар он пањна ниёкони русњо ва дигар ориёитаборон, ба монанди сакоињо, сарматњо, роксолонон, кушониён, элурњо, осњо, олонњо, масагетњо, аланорсњо... зистгоњ доштаанд.

Суннигарої ва Турони бузург

ПАНТУРОНИСТЊО ХАРИТАЊОИ ХУДРО ДОРАНД... сол ба ин тараф ба ислом хизмат мекунад. Кишваре, ки ин рисолатро дар љањони туркї анљом медињад, љумњурии Туркия мебошад. Ва дар ин љо поёни гуфтањои номбурдаро аз матни ба забони русї баргардон кардаи муаллифи маќолаи "Аз торихи пантюркизм: миллатгарої зидди боварї", пеши дидор меоварем: "Конунњои (институтњои) динї бад - он хотир заруранд, ки дар њоли њозир исломи реза шудаи дар чашми саросари љањон бечораву хор, дубора пояи зиндагии саодатмандонаи њар як шахс гардад, дар назар Туркия аст - кишваре, ки дорои тавоноии зарурии донишњову озодињо мебошад"

Синтези миллатгарої ва дин Назарияи синтези миллатгарої ва дин, пешинаи торихї дорад, ки ба пиндори пайравони он дини ислом ва дар нињодаш пайдо шудани миллатгарої њам исломро пурра месозад њам миллати туркро ва яке ба дигаре нерў мебахшад. Барои равшан шудани ин пиндорњо ба таври гузаро гузаштаи омехтасозии пантуркизмро бо ислом ёдовар мешавем, ки он ин аст: Соли 1902 дар Ќоњира маљаллае зери унвони "Тюрк" ба чоп мерасад, ки дар сањифањои он пантуркизм њамчун алтернативаи исломисозї бознамоён мешавад. Пантуркизм дар ќиёс бо миллатгароии ифротї, бунёдгароии исломї ва тарзи дунявии (ѓарбиву аврупоии) зиндагї бо бартарияти кулл бозтоб мегардад. Соли 1904 дар ин маљалла маќолаи пантуркисти Русия Юсуф ОЌЧУРА, ё Акчурин Юсуф Хасанович (1876-1935), зери унвони "Се тарзи сиёсат" ("Och Tarzi Seyaset") интишор мешавад, ки дар миёни туркгароён вокуниши сахте ба миён меоварад. Азбаски ин маќола вижагињои барномавї дошта, даъват ба бартарихоњии туркї ва бунёди салтанати Турони бузург дошт, муаллифаш аз бими зиндонї шудан, ба Стамбул гурехта, дар он љо рўзнома вараќаи таблиѓотии "Турк Орду" (Ватани Турк) ро ба нашр мерасонад. Соли 1908 маќолаи Алї Њусейнзодаи озарбойљонї, зери номи "Турксозї, Исломисозї, Замонасозї" ("Turkuleshmek, Islamlashmak, Zamanlashmak") интишор ёфт, ки равияи

пантуркизмро ривољ медод. Аммо чуноне туркшиносон дарёфтаанд таъсири аз њама беш дар таблиѓоти туркгарої, навиштори Зиё Гёк-Алп (Мухаммед Зия) (1876-1924), зери унвони "Асосњои принсипи Туркизм", чашмрас буд, ки соли 1923 онро асоси идеологияи пантуркизм донистаанд. Ончуноне ба огањон равшан аст, ин ташкилот ки намояндагонашон сика дар умури давлатдорї низ задаанд, пас аз пошхўрии Иттињоди Шўравї талош доранд кишварњои туркзабони пасошўравии Узбакистон, Туркманистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Озарбойљон, Тотористону Бошќирдистони Русия ва як идда љомеањои турктаборонро зери таъсири хеш дароваранд. Онњо соли 1991 дар шањри Ќазон Ассамблеяи халќњои туркро таъсис додаанд ва њоло низ пайваста њамоишњоеро доир мекунанд ва кишти ормонњои бунёди Турони бузургро аз роњи андешарабоии љавонон комёбона густариш медињанд. Чунончи агар литсейњои туркї дар Узбакистон бо бањонаи таблиѓоти исломї доштан баста шуданду дар Тотористон номи "Литсеи тоторї - туркї" ро ба " Литсей - интернати №.." баргардонда, директоронашро танњо аз њисоби шањрвандони Русия таъин намуда бошанд њам (дар кишвари мо низ чунин карданд) тавонистанд идеяи пантуркизмро дар сари як идда љавонон љой бидињанд. Коршиносон ва хатмкардањои ин макотиб дар Тољикистон, ки олуда нашудаанд, бар онанд, ки таълим дар ин мактабњо хеле хуб аст, аммо тарбия шубњаовар ва маќсаднок аст. Дар маљмуъ ин макотиб њамон "нерўи нарм"-и туркї муаррифї мешаванд, аммо њадаф аз истифодаи ин нерў чист? Густариши пантуркизм ё пантуронизм? Мо дар бораи пантуронизм, ки вожањои "тур" ва "турк" ро яке бознамоёнда, бо эљоди афсонаи Турони бузург мардумони ноогоњи љањонро ба рањгумињо водоштаанд, дар навишторамон унвонии "Ирон Турон ва туркон" бо далелњои гўё гуфта будем, аммо чун иддае аз донишхоњони мо чунин далелњоро напазируфта, дар наќшаи љуѓрофияи торихии Турон кишвари имрўзини Тољикистонро дидан мехоњанд боз мегўем, ки марзњои торихии Ирони Бузург дар рўди Сир (Гулзариюн, на рўдхонаи Омў) тамом

Акнун пиромуни дарњамомезии идеяи Турони бузург бо ислом ва аз љараёни туркбузургбинї кор гирифтани ифротиёни бархе кишварњои арабї барои густариши суннигарої дар дини ислом ва бо шиори ислом пеш бурдани андешањои пантуронизму пантуркизм, ин андешањоро пеши рў меоварем. Аз китобњои хондаамон медонем, ки Арабистони Саъудї барои пойдории давлати исломии худ њамеша аз туркони сањронавард пуштибонї мекард ва чуноне борњо ишорањо доштем, халифањои араб барои аз по дарафкандани давлатњои мустаќили миллї (дар њавзањои таъсири дини ислом аз омили исломї, ба вижа аз суннигарої истифода мебурданд). Њамин буд, ки фотењони араб ба пањнаи васеъи Осиёи Марказї, ки Варзрўд (Варорўд) ном дошт, нахуст "Мовароуунањр" ва сипас "Туркистон" ном нињодаанд, ки он тухми њарзаи коридаашон то њанўз њам бангдона мерўёнад. (Соли 1868 Русияи таззорї ин бахши мустамликаи худро Туркистон номид ва ба пайравї аз он болшевикњо соли 1918 ин пањнаро Љумњурии Сотсиалистии худмухтори Туркистон номиданд ва соли 1924 номи Туркистон аз миён рафта, љои онро унвони Осиёи Миёна гирифт). Як замоне Туркияи усмонї маркази хилофати исломї дониста шуд ва замони дигар (ибтидои асри XX, замони њукуматдории Камол Ататурк), равшанандешони ин кишвар дарёфтанд, ки замони хилофат гузаштааст ва аз ин худбузургбинї боясти даст кашид. Аммо имрўз беморандешони бешуморе ба сурати дигар талош меварзанд, ки хилофати исломиро боззої намоянд, ки асли њадаф таљдиди хилофати усмонї мебошад. Агар жарфтар бингарем, хоњем дид, ки ба пантуронистону пантуркистони замони мо барои эљоди вањдати туркбузургбинон, ки дар хаёлашон кишвареро мепарваранд бо густарае аз марзњои шарќии Аврупо то марзи Чин, танњо дини ислом метавонад афзори асосї бошад. Њамчунон тадбирњое андешида мешаванд барои бунёди фазои тиљоратии туркї, миёни кишварњои туркзабон. Ончуноне ба нигар мерасад, сарони кунунии Туркия мекўшанд бозори муштараки бузурги туркї эљод кунанд ва бар пояи он бунёди императории бузургеро бо забони ягонаи туркї пешбинї мекунанд. Донишманди туркшиноси Русия, И. Обухов дар маќолаи худ унвонии "Бузургихоњии пантуркистї дар Осиёи Марказї" навиштааст, ки дигар имрўз дар раванди љањонишавии фарњангњо аз миёни дигар бозигарони сиёсї пантуркизм, нерўи сите-

13


НАБЗИ РЎЗ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

3

ЊУЉУМИ НАВБАТИИ РУСИЯ Нуралї Давлат, коршиноси тољик мегўяд, ки "заифии Тољикистон"-ро тањдиде ба Русия донистан тањољуми иттилоотии русњо мебошад. Дар гузорише тањти унвони "Тањдидњои байналмилалї барои Русия дар соли 2016" коршиносони рус "нооромї дар Тољикистон"-ро аз хатарњои љиддї барои кишварашон арзёбї кардаанд. Ин гузориш аз љониби ољонсии "Сиёсати хориљї" ва клуби мубоњисавии "Валдай" омода шудааст. Дар ин гузориш њамчунин иќдомњои ИМА-ро дар самти заифсозии Русия аз тањдидњои аслї ба Маскав донистаанд. Тањиякунандагони гузориш ба ин назаранд, ки дар соли 2016 хатари фаъолшавии ифротињои мусаллањ дар ќаламрави Русия кам аст, аммо ноором кардани кишварњои наздик ба Русия эњтимоли зиёд дорад. Онњо Тољикистонро дар ќатори чунин кишварњои осебпазир номида, "заифии Тољикистон"-ро тањдид ба амнияти Русия донистаанд. Коршинос ва тањлилгари тољик Нуралї ДАВЛАТ ин гуна бархўрди марказњои тањлилии Русияро беѓараз намедонад. Ба гуфтаи ў: "Маќсад аз ин гапњо малум аст: Русия мехоњад, ба хати марзи Тољикистону Афѓонистон баргардад, нерўњои низомиашро таќвият бахшад".

Нуралї Давлат мегўяд, чунин њарфњои русњо бори нахуст нест, ки садо медињад: "Афсонаи тањдид ва њамла аз Афѓонистон таќрибан 30 сол аст, ки идома дорад. Баъди хуруљуи нерўњои Шўравї аз Афѓонистон мегуфтанд, ки Ањмадшоњи Масъуд ба Осиёи Миёна ворид шуда, нияти тасарруфи Самарќанду Бухороро дорад. Чанд сол аст, ки мегўянд, Толибон ба Осиёи Миёна њамла мекунанд.Њоло баъди ноком шудан дар Укроину Сурия ќартаи "њамла аз Афѓонистонро барљаста кардан доранд. Русия дар дигар кишварњои Осиёи Марказї пойгоњи низомї надорад ва имкони ташкил ва баргаштан ба дигар кишварњои минтаќаро аз даст додааст. Дар Тољикистон Пойгоњи 201 дорад. Ба ин хотир мехоњад, ки пойгоњњи низомиашро дар Тољикистон таќвият бахшад ва агар даст дињад, нерўњои марзбониашро ба сарњад баргардонад. Аз як тараф бо Толибон гуфтугўи пушти парда доранд, аз дигар тараф эълон медоранд, ки њамкорињои низомиро бо Тољикистон густариш медињанд". Дар бораи гуфтугўи русњо бо Толи-

бон аз интињои тирамоњи соли гузашта хабарњо нашр мешаванд. Аз љумла 15уми ноябри соли гузашта "The Sunday Times", як нашрияи боэътибори Инглистон хабар дод, ки намояндагони Русия дар ќаламрави Тољикистон бо њайате аз фармондењони Толибон дар шимоли Афѓонистон мулоќот анљом додаанд. Нашрия ин хабарро аз ќавли Толибон дар Љалолобод, маркази вилояти Нангарњор дар шарќи Афѓонистон пахш карда, афзуда буд, ки "ин хабар аз сўи маќомоти амниятии Покистон ва Њинд низ таъйид шудаааст". Баъдан, 23-юми декабри соли сипаришуда Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афѓонистону Покистон тамоси кишвараш бо Толибон, њамзамон мулоќот бо онњоро таъйид кард.

ТО ОЛИМПИАДА

Фаромарзи ФОЗИЛ

СИЁСАТИ ХОРИЉЇ

НОКОМИИ МАВЗУНА ЧОРИЕВА ДАР ЧИН

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринљии Олимпиадаи Лондон муштзани маъруфи тољик дар мусобиќаи литсензионї оид ба бокс дар минтаќаи Осиё ва Уќёнус дар даври чањорякнињої шикаст хўрд. Ў дар раќобат бо раќибаш аз Австралия Шелей Марие дар даври чањорякнињої бо њисоби 3:0 ноком шуд. Мавзуна Чориева ќаблан бар раќибаш аз Афѓонистон Диана Надимро,

Дар ин эътироф мањалли мулоќоти русњо бо Толибон, ки Тољикистон гуфта мешуд, зикр нашуд, аммо боз њамон "The Sunday Times" 27-уми декабр хабар дод, ки кадом як низомиёни баландмартабаи русу кадом як фармондењи толиб дар шимоли Афѓонистон не, балки Владимир Путин, президенти Русия ва Мулло Ахтар Мансур, рањбари Толибон моњи сентябри соли 2015 дар пойгоње дар Тољикистон шабона мулоќот кардаанд. Аммо дар ин маврид на љониби Тољикистон ва на Русия ибрози назар накарданд. Дар њамин њол, њукумати Тољикистон аз иттифоќчиёни Русия дар ОМ боќї мемонад, вале тавре ба назар мерасад, аз хоњиши баргаштани неруњои њарбии Русия ба сарњад истиќбол намекунад.

ки дар Дания тамрин мекунад, дастболо шуда буд. Мавзуна Чориеваи 23-сола, ки дар вазни 60 кг муштзанї мекунад, умеди Тољикистон барои роњ ёфтан ба бозињои олимпии соли 2016 дар Бразилия буд. Бо бохташ имкони гирифтани сањмияро низ даст дод. Инчунин, бонуи дигари муштзани тољик Шоира Зулќарнаева аз раќиби чиниаш Ли Киан бохтааст. Ў низ

то расидан ба даври чањорякнињої Пуља Раниро аз Њиндустон маѓлуб карда буд. Њоло аз ба даст овардани сањмия барои роњхат ба Олимпиада мањрум шуд. Њамзамон сомонањои расмии ин ќувваозмои литсензионї аз шикасти муштзани дигари тољик Наврўз Љафоев аз њарифи ўзбакистониаш Элшод Расулов хабар додаанд. Анвар Юнусов, барандаи медали бринљии ќањрамони љањон дар ин мусобиќот ноком шудааст. Мусобиќаи литсензионї оид ба бокс дар минтаќаи Осиё ва Уќёнус дар шањри Ќиани Чин идома дорад, ки 25-уми март оѓоз ёфт, то 2-юми апрел идома меёбад. Ба гуфтаи коршиносон, њоло умед ба муштзан Љањон Ќурбонов, ќањрамони Осиё мондааст, ки дар вазни то 91 кило имрўз бо Сергей Паренко (Ќирѓизистон) вориди раќобат мешавад. То њол натиљаи ќувваозмоии ў маълум нест. Умари ТОЊИР

ТАЪИНИ САФИРОНИ НАВ Парвиз Давлатзода сафири Тољикистон дар Чин ва Заробиддин Ќосимї сафир дар Арабистони Саудї таъин шудаанд. хориљї шудааст. 29-уми март бо фармонњои Заробиддин Ќосимї, сафиПрезидент Эмомалї Рањмон, ри нави Тољикистон дар Арадар нињодњои дипломатии кишвар дар хориљ таѓйироти бистони Саудї аз тобистони кадрї сурат гирифт. Њамин соли гузашта директори хатавр Парвиз Давлатзода, ки 45 баргузории "Ховар" буд. Ќабсол дорад, то кунун дар вазилан, Азамшо Шарифї дар вафаи муовини вазири корњои зифаи сафири Тољикистон дар хориљии Тољикистон кор меАрабистони Саудї кор мекард, кард, сафир дар Чин таъин ки моњи январ Ёрдамчии Прешуд. зидент оид ба масъалањои роЎ дар ин вазифа Рашид битањои хориљї таъин шуд. Олимовро иваз кард, ки дуюмї Инчунин, Имомуддин Сатаз моњи январи соли равон инторов, сафир дар Русия њамљониб котиби генералии Созамон сафир дар Арманистон змони њамкорињои Шанхай Зоњир Саидов Озодович сафимебошад. Ба љои Парвиз Даври Тољикистон дар Озарбойљлатзода Музаффар Њусейнов, он њамзамон сафир дар Гурљсобиќ сафири Тољикистон адр истон таъин шудааст. Ўзбакистон муовини вазири TojNews

САДОИ МАРДУМ

БЕШ АЗ 50% ЗИДДИ ИВАЗ КАРДАНИ СОЛШУМОРИИ РАСМИИ КИШВАР МЕБОШАНД Бештари ширкаткунандагони назарсанљии навбатии TojNews гуфтаанд, ки иваз кардани солшумории расмї зарурат надорад. Ин назарсанљї бо суоли "Оё мехоњед солшумории расмии мо аз Наврўз оѓоз ёбад?" дар сомонаи хабаргузории TojNews баргузор шуд. 56% ё 711 нафар аз ширкаткунандагон гуфтаанд, ки "не, зарурат надорад". Аммо 38% ё худ 480 корбар ба гузинаи "бале, њатман" овоз дода, љониб-

дори иваз кардани солшумории расмии кишвар ба солшумории хуршедї шудаанд. Танњо 6% (70 нафар) гуфтаанд, ки "ба ман фарќ надорад". Назарсанљии мазкур ќабл аз Наврўз, 18-уми март оѓоз шуда, то замони љамъбасти он, 29-уми март 1261 нафар ширкат карда буданд. Ин назарсанљї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" гузаронда шуда, ѓайрирасмї мебошад.

Суоли навбатї: Агар якшанбеи оянда њамапурсї (референдум) баргузор Фаромарзи ФОЗИЛ шавад, дар он ширкат мекунед?


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

СУЊБАТИ РЎЗ

Матбуот. Расонањо. Аз инњо дар љомеаи Тољикистон шинохти гуногун вуљуд дорад. Баъзењо оппозитсиюни њукуматашон меноманд, баъзењо ёвари он. Њаќиќати њол чист? Вазъи имрўзаи расонањои Тољикистон чї гуна аст? Барои баррасї ва посух ба ин суолот барои як бањси бештар ба дафтари "Озодагон" яке аз тањлилгарони варзидаи Тољикистон ва соњибрасонаи тољик Саймиддин Дўстовро даъват кардем. ИНСТИТУТЊОИ ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ БОЯД ЊИФЗ ШАВАНД - Нахуст Шумо, кормандони расонањоятон ва њамаи онњоеро, ки аз нони журналистї зиндагї мекунанд, ба солгарди Иди матбуот табрик мекунем. Муборак бошад! -Ташаккур, ба шумо њам муборак бошад. -Шумо як сол ќабл эълон кардед, ки аз фаъолияти журналистї ва коршиносї канор меравед. Сабаб чї буд ва чаро чунин як изњорот додед? -Даќиќан 20-уми марти соли гузашта буд, як рўз пеш аз Наврўз. Чунин таљриба дорам, ки њар сол дар арафаи Наврўз аз фаъолиятњои худ натиљагирї мекунам ва сар мехалонам ба як санади муњими худ"Истротежики биографї". Њисоб мекунам, ки дар ин сол чї дастовардњое доштем, таќрибан чї ќадар пеш рафтем ва ё бараъкс. Соли гузашта њам чунин як тасмим гирифтам ва нигоштае њам дар Фейсбук коридам. Сабаб ин буд, ки ман сари як мавзўи илмї бояд тадќиќот мебурдам ва хушбахтона бо њамин кор машѓул њастам. Рўйи ин мавзўъ, ки барои ман бенињоят муњим аст кор мебарам ва гипотезае, ки дар ин мавзўъ пешнињод кардаам, бароям хеле арзиш дорад. Вале таќрибан дар моњи октябри соли гузашта, баъд аз ќазияи 4-уми сентябр ба назарам чунин расид, ки хеле аз журналистон, коршиносон, сиёсатшиносон ва фаъолони љомеаи шањрвандии тољикро як гуна маъюсї фаро гирифтааст ва зарур донистам, њадди аќал ба 10-12 нафари онњо занг бизанам, нома бинависам. Ба он дўстон гуфтам, чаро чунин шуда, ки як маъюсиву ноумедї њамаро фаро гирифта? Набояд чунин бошад. Чун агар ќазияи Њољї Њалим Назарзода талоши табаддулоти давлатист, пас мо њодисаи марбут ба Ѓаффор Седойро дар соли 2003 хуб дар ёд дорем, ки низ кўшиши табаддулоти давлатї бањогузории расмї мешуд. Вале баъд аз он њодиса "Миллат", "Фараж" ва "Нигоњ" рў заданд, ташаббус дар љомеа зинда буд ва нафароне ёфт шуданд, ки барои бењбуди љомеа фаъолият мекарданд. Њатто ба чанд институти љомеаи шањрвандї асос гузошта шуд. Он рўзњо зарур донистам, ки он хомўширо бишканам ва чанд нигоштањое доштам, ки ин љомеа, љомеаи мост. Ин миллат миллати мост. Ин давлатдории миллии мо-тољикон аст. Њукуматњо, ќудратталабон, фурсатталабон, имтиёзталабон чї љойгоњу наќше дар таърих надошта бошанд, чї бузургманишињое, ки аз онњо рў назанад ва чї арзишњоеро, ки шиор накунанд, меоянду мераванд. Вале миллати тољику манфиатњои миллияш бояд њифз шаванд. Ман бар онам ки институтњои љомаеи шањрвандї, ки аслан институтњои миллат њастанд, бояд њифз шаванд. Дар баробари ин, рўи ду стартап ё тарњи нав њам кор мекардам, ки яке аз онњо "Шањри боз" ном дошт. Ин тарњ барои бењтар шудани фаъолияти маќомњои иљроия дар шањри Душанбе ва бењтар кардани хизматрасонињои давлатї ва маишї ба мардум равона шуда буд. Чунин як тарњро ман омода ва унвонии шањрдори Душанбе равон кардам.Аммо шањрдорї ба он њатто љавоб надод. Тарњи дигар њам Бюрои стратегия ва барномањои миллї буд, ки бинобар нокифоя будани сармоя мавќуф гузошта шуд. - Ин тарњњо фармоишї буд ё ташаббуси худи Шумо? - На, ин ташаббусњои банда ба њайси як фаъоли љомеаи шањрвандї ва нафаре буд, ки тахассусаш "идораи давлатї ва шањрдорї" аст. - Гуфтед, замоне ки канор рафтед ба фаъолияти илмї иштиѓол варзидед. Мешавад бигўйед, ки ин тадќиќи Шумо марбути чї буд, сиёсат ё расонањо? -Мавзўъ аслан сиёсї аст ва ном дорад "Наќш ва вижагињои омма дар љомеањои дар

Саймиддин ДЎСТОВ:

мањдуд аст ва таъсири худи расонањо њам ба фазо ва љомеаи мо хеле камранг мебошад. Аз назари Шумо ба ин вазъ мудирияти нодурусту менељменти нокофии худи соњибрасонањо ва истротежии нодуруст боис шуда ё њамин фазое, ки мову Шумо сараш бањс мекунем? -Дар муњити сиёсии Тољикистон њоло вазъи буњронист. Ин вазъи буњронї наметавонад ба ќишрњои гуногуни љомеа таъсир нарасонад. Вале агар посух бихоњем, ки ин фазосозиро сабаб чист, албатта сабаби асосї сиёсист ва он њам бармеояд аз рафтори нињодњои њукуматї ва њукумати феълї. Њукумати феълї вазифаи аввалиндараљаи худ њифзи њукумати шахсиро медонад. Кулли барномарезињо, шурўъ аз пахши як гузориш дар барномаи "Ахбор" то баргузории референдум њама ба њамин маќсаданд. Яъне, тасмимро худи њукумат мегирад. Аммо институтњои љомеаи шањрвандї, ки

"ЊУКУМАТЊО МЕОЯНДУ МЕРАВАНД, МАНФИАТЊОИ МИЛЛЇ МЕМОНАНД" Суњбати ихтисосии бунёдгузори "Нигоњ" бо хабарнигори "Озодагон" Иршод Сулаймонї њоли гузор". Гипотезаи рисола њамин аст, ки "дар љомеањои дар њоли гузариш таќрибан њеч чизе аз омма вобаста нест, балки наќши њалкунандаро нухбагони идорї, тиљорї ва аќлонї ё интелектуалњо мебозанд. Масъули рушд ё аќибмонии миллат њам нухбагонанд, на омм". Умедворам замоне онро барои хонандаи тољик пешнињод мекунам. СОЛИ 2012 БА ЌУЛЛАИ ЭЪТИРОФИ ЖУРНАЛИЗМИ ТОЉИК РАСИДЕМ -Бисёр хуб аст, умедворем, ки дар ин тањќиќи худ муваффаќ мешавед. Њоло баргардем ба мавзўе, ки мехоњем атрофаш бањс кунем. Таќрибан аз соли 2006 дар бозор ва фазои расонаии Тољикистон ворид њастед, ибтидо њафтаномаи "Нигоњ"-ро роњандозї кардед ва баъди чанд соле њам хабаргузории "Тољнюс"ро таъсис додед. Мешавад ба њамин дањсолае, ки дар ин бозор њузури фаъол доштед, ба вазъи озодии баён назари гузаро дошта бошед? -Бале, мешавад. Вале пеш аз њама инро бигўям, ки чаро ман як нафаре, ки тахассусам журнализм нест, ба ин кор даст задам. Соли 2006 ба ин нукта расидам, ки 80-85 дарсади тирожи нашрияњои љамъиятию сиёсии Тољикистон ба забони ѓайридавлатїрусї аст. Мо, ки худро аз насли Истиќлол медонем, аз худ пурсидем, ки чиро чунин шуда? Чї гуна мешавад, ки дар 15 соли Истиќлол мо расонањои миллї бо забони тољикї надошта бошем? Дар њоле ки забони 99 дарсади ин мардум тољикист. Њамин андешањо тањрик доданду ба фаъолияти "Нигоњ" бунёд гузоштем. Таќрибан баъди панљ сол вазъ куллан дигар шуд. Њоло 90 дарсади ин гуна расонањо бо забони давлатї нашр мешаванд. Дар ин кор, наќши 56 расона хеле муњим аст, ки мо онњоро ба сифати расонањои мустаќил мешиносем ва аз нигоњи ман ва хеле аз мутахассисон расонањои афкорсоз мањсуб мешаванд. Бањо ба 10 соли гузашта? Аз нигоњи ман дар ин 10 сол мешавад рушд ва ё вазъи озодии баёнро ба се давра људо кард: Давраи аввал солњои 2005-2009-ро дар бар мегирад, ки ин марњилаи пайдошавї ва шаклгирии расонањои миллии тољикї буд. Соли 2005 нашрияи "Миллат" пайдо шуд, ки як гоми ќањрамонона буд аз љониби асосгузоронаш ва дар моњи декабри соли 2006 "Нигоњ" ва баъди як њафта "Фараж" ва баъдан нашрияњои "СССР"-у "Озодагон" пайдо шуданд. Баъди инњо њеч расонаи ќавие дар муњити расонаии Тољикистон пайдо нашуд, ки сабабњои худро дорад. Давраи дувум, солњои 2009-2012-ро фаро мегирад. Ин марњилае буд, ки њокимияти иљроия расонањоро њамчун институтњои миллии рушд эътироф карда, дар муносибат ба онњо таљдиди назар кард.

Фањмиданд, ки инњо институтњои миллие њастанд, ки њадди аќал аксарияташон аз неруњои сиёсї дуранд ва ба њайси воситањои ахбори омма дар инъикоси њаёти маданї дар кишвар наќши муњим доранд. Њамин чиз боис шуд, соли 2012 дар љашни 100-солагии матбуоти тољик мо ба ќуллаи эътирофи журнализми тољик аз љониби њукумати феълї расидем. Аз моњи декабри соли 2012 давраи сеюм сар шуд, ки онро фикр мекунам бояд марњилаи буњронї номид. Вазъи буњронї замоне шакл гирифт, ки муносибати њукумат ба ЊНИТ ва ба мухолифин љиддан бознигарї шуд. Замоне буд, ки бори аввал дар хориљи кишвар нерўе чун "Гуруњи 24" пайдо шуд ва дар назди маќомоти гуногуни њукумат вазифањои мушаххасе пайдо шуданд. Хушбахтона ё мутаассифона ин давра њам вижагињои худро дорад, ки мешавад гуфт, замоне буд аслро аз љаъл људо кард. Бо пайдо шудани "Фабрикаи љавоб", зери фишорњои равониву лафзї ќарор додани як идда аз журналистони тољик, фаъолони љомеаи маданї тавассути чопи маќолањо дар расонањои давлатї ва як силсила корњои дигар маълум карданд, ки кї дар ин муњит кист! Ин марњила расонањоро ба ду гуруњ људо кард. Яке расонањои воќеан мустаќил, ки истиќлоли онњо чанд вижагї дорад ва расонањои ќуллай барои њукумат ё расонањои созишкор. Ин созишкорї, албатта як созишкорие на дар доираи ќонун ва ахлоќи журналистї, балки берун аз он буд. -Яъне, як созиши муомилаї? -Бале, як созиши муомилаї. Буданд расонањое, ки ин корро ба хотири пул созмон доданд, расонањое буданд, ки аз наздик будан бо ин ё он нињоди ќудратї хостанд имтиёз бигиранд. Аммо расонањое, ки принсипи дурї аз ањзоби сиёсї, аз нињодњои њукуматї, аз њокимияти иљроия, аз њокимияти ќонунгузор ва судї, аз тиљорати калон, аз рекломдињандагон, аз гуруњњои моливу саноатї риоя карданд, истиќлоли худро њифз намуданд. "Нигоњ" аз љумлаи онњо буд. ОНЊОЕ, КИ ДАР ИН МУЊИТ КОР МЕКУНАНД, ВОЌЕАН ЌАЊРАМОНАНД -Аммо тавре Шумо баррасї кардед, марњилаи сеюм бисёр вазъи хубе нест, балки бештар ба унвони вазъи буњронї ёд мешавад. Њам дар заминаи буњрони иќтисодї ва њам дар заминаи буњрони фазоие, ки ба вуљуд омадааст, расонањои мо бисёр њоли ногувор доранд... - Марњилаи аввалро шаклгирї ва устувор шудан гуфтем, марњилаи дувумро эътирофи миллї марњилаи ахирро буњронї номидем. -Вале дар њамин марњилаи нињої, мисле ки мушоњида мешавад таъсири њамин институтњои милливу иљтимої ба тасмимгирињои њукумати иљроия бисёр

хеле заъифанд, минљумла расонањо, дар баробари ин рисолати худро бояд иљро кунанд. Рисолати онњо инъикоси њамин воќеиятњои рўз аст. Албатта баъзе аз онњо, ки расонањои иљтимоиву сиёсианд, дар баробари ин равандњо мавзеъгирињои сиёсї доранд. Мавзеъгирии сиёсии гуруњи расонањои "ИНДЕМ" њамин гуна аст, ки арзишњои давлатдории миллї набояд тобеи хостањои шахсї ва гуруњї шаванд. Њатто агар онњо хеле њам муњимм ба назар бирасанд. Њамин буд, ки дар матлаби "Тугмаи якум" ва њамчунин дар матлаби дигаре дар бораи референдум мавзеъгирии "Нигоњ"-ро мо маълум кардем. Ба муњити расонаї маљмуи омилњо таъсир мерасонанд. Дар ќадами аввал фикр мекунам, ки сабабњои сиёсї нестанд. Пеш аз њама худи сохтори расонаї дар Тољикистон, ки дар асоси принсипњои раќобатнокї сохта нашудааст ва аз нигоњи илми иќтисод хусусияти олигополї (инњисори чандљониба ва ё тавлиди коло тавассути афрод ва ширкатњои маъдуд - "Озодагон") дорад. Ин њамчунин посух ба суоле њаст, ки чаро дар Тољикистон расонањои нави боќувват пайдо нашуданд. Ман дар ин бора матлабњое њам навишта будам, дар суханронињоям изњор кардам ва боз њам мегўям, ки Конгресси Амрико барои бахши тољикии Радиои Озодї 1 миллиону 600 њазор доллар њар сол ихтисос медињад, дар њоле ки гуруњи расонањои "Азия-Плюс" барои бахши иттилоотї дар ихтиёр таќрибан буљаи 160-180 њазор долларї доранд. Аввалї ягон моли иттилоотии пулакї ба мардум пешнињод намекунад. Чаро? Чун маќсад доранд. Дар ин њол баровардани моли иттилоотї дар бозор ѓайриимкон аст. Яъне, шумо њар ќадар моли хуб њам истењсол накунед, дар ин бозор харидор пайдо карда наметавонед. Њатто агар менељменти хуб њам ба роњ монда бошед. Њамин аст, ки "Тољнюс", "Озодагон", "Авесто" ё "Ховар" наметавонанд дар баробари инњо раќобат кунанд. Аз љониби дигар худи њукумат њам таќрибан барои "Ховар" беш аз 1,5 миллион сомонї ихтисос медињад. Молњояш боз њам бепул. Дар ин њолат ворид шудан ба бозори ожонсињо дар њоли њозир сармояи 120-140 њазор долларро кор дорад. Яъне, як нафар агар бихоњад, ки расонаи иттилоотї бисозад, бояд дар як сол 120 њазор доллар ва дар се сол њудуди 400 њазор доллар масраф кунад, то њадди аќал 70-80 дарсади аудиторияи "Тољнюс"-у "Озодагон"-у "Ховар"-у "Озодї"-ро ба даст биоварад. Њамчунин сармоягузори девона бо ин ќадар рискњои сиёсї аз тољикон ёфт мешавад? Албатта, не. Бинобар ин онњое, ки дар ин муњит кор мекунанд, воќеан ќањрамонанд.

8


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

5

Се банки Русия: "Новикомбонк", "Промсвязбонк" ва "ТрансКапиталБонк" аз "Тољиксодиротбонк" ба Бонки миллї шикоят оварда, дар як номаи расмї изњор доштанд, ки чанде боз яке аз калонтарин бонкњои Тољикистон њудуди 15 миллион доллар ќарзи онњоро баргардонда наметавонад. Ин се бонки Русия аз Бонки миллии Тољикистон дар њалли ќазия мусоидат хостаанд. Дар ин бора як манбаъи муътамади "Нигоњ" аз низоми бонкии кишвар бо шарти ифшо нашудани номаш иттилоъ дод. Тибќи иттилои ин манбаъ, ќарзи "Тољиксодиротбонк" баќияи ќарзњо асту айни њол, танњо аз "ТрансКапиталБонк" њудуди беш аз 190 миллион рубли русї ва 2,4 миллион доллари ИМА ташкил медињад, ки "Тољиксодиротбонк" чанд моњ боз онро пардохт карда наметавонад. Ба гуфтаи њамин манбаъ, чанд моњ боз бо сабаби нотавонии молї "Тољиксодиротбонк" уњдадорињояшро назди ин бонкњо иљро намекардааст ва онњо маљбур будаанд, маблаѓњои ба њисобњои муросилотии бонк рехтаро бигиранд. Дар њамин њол, масъулини "Тољиксодиротбонк" ва Бонки миллии Тољикистон аз ин бора суњбат кардан нахостанд. Мавќеъи бонк ин аст, ки ба расонањо чизеро шарњ намедињем, то нофањмињо ба вуљуд наоянд, ки шубњаовар менамояд. Танњо талаби БМТ аз "Нигоњ" баъди чоп шудани ин хабар дар сомонаи Тољнюс ин буд, ки "манбаъатонро фош кунед". Табиист, ки љавоби мо рад буд. Маврид ба зикр аст, ки "Тољиксодиротбонк" бонкњои аслї дар низоми бонкии кишвар аст, ки дар як соли охир шадидан дучори мушкили молиявї шудааст. Гарчи масъулини бонк расман дучори мушкил буданашонро рад мекунанд, аммо муштариёни "Тољиксодиротбонк" аз хидматрасонињои он зиёд шикоят доранд. Аз љумла, дар чанд моњи ахир муштариёни бонки мазкур аз камбуди маблаѓ дар банкоматњои ин бонк шикоят мекарданд. Одамон барои бозпас гирифтани пасандозњояшон низ соатњоиву рўзњо навбат мепоянд ва њамарўза ба расонањо занг мезананд. Нишондињандањои молии ин бонк низ нигаронкунанда буда, охирин маротиба нимаи аввали соли 2015 нашр шудаанд. Бинобар иттилои ѓайрасмї, дар як соли ахир, дар ин бонк бозпас гардонии њудуди 800-900 миллион сомонии Вазорати молия, Агентии суѓуртаи иљтимої, Дирексияи сохтмонњои азими Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон ва маблаѓњои мардумии неругоњи "Роѓун" аз мушкилот будааст. Бо сабабњои номаълум нињодњои номбурда ин мушкилот бо бонкро аз љомеа пинњон медоранд. Ба дархостњои расонањо љавоб намедињанд. Чанде пештар Бонки миллии Тољикистон барои наљоти ЉСП "Тољиксоди-

РАИСИ «ТОЉИКСОДИРОТБОНК» ДАР ЉАЛАСАИ АХИРИ САЊЊОМОН ГУФТААСТ, КИ РОЊИ ЊАЛЛИ МУШКИЛОТРО МЕДОНАД

ТАЌДИРИ БОНКИ ПИРЗОДА ротбонк" аз буњрони молї дастбакор шуд. Танзимгари соња хабар дод, ки њамроњ бо Бонки аврупоии таљдид ва рушд (БАТР) стратегияи нави таќвияти "Тољиксодиротбонк"-ро баррасї кардаанд. Рўзи 29-уми март Георгий ОРЛОВ, роњбари БАТР доир ба институтњои молиявии Русия, Осиёи Миёна ва Муѓулистон ба родиёи Озодї гуфтааст, ки "Бонки миллии Тољикистон дар мавриди таљдид ва таќвияти "Тољиксодиротбонк" назари худро дорад ва мо аз он истиќбол мекунем", аммо он чї назар аст, ба љомеа маълум нест. Ба гуфтаи ин масъули баландпояи БАТР дар сурате ба "Тољиксодиротбонк" ёрї хоњад кард, ки "дар ин бонк њар чї зудтар ин ислоњот сурат бигирад". Сухан аз кадомин ислоњот ба хотири наљот ё таќвияти бонк меравад, боз њам номаълум аст. "Тољиксодиротбонк" аз бузургтарин бонкњои Тољикистон ба шумор меравад, ки ба иќрори раисаш Тољиддин Пирзода "дар низоми бонкии љумњурї мавќеи намоён ва устуворро ишѓол менамояд ва њиссаи бонк аз рўи нишондињандањои асосии фаъолият аз 21 то 27 фоизро ташкил медињад". Дар муаррифномаи ин

бонк гуфта шудааст, ки "ба сањми ЉСК "Тољиксодиротбонк" таќрибан 20 фоизи сармояи 12 бонки Тољикистон рост меояд". Аммо чун нишондињандањои молии бонк, бархилофи талаботи ќонунгузорї чанд ваќт боз нашр нашудаанд, ба ин иттилоъ бовар кардан салоњ нест. Боястї гуфт, ки се бонки русии мавриди зикр аз бонкњои матрањи Русия мебошанд. Аз љумла "Промсвязбонк" бо дороии 1,2 трлн рубл дар ќатори се бонки хусусии пешсафи Русия шомил мешавад. "Новикомбонк" бо дороии њудуди 200 млрд рубл аз 40 бонки муътабари Русия дониста мешавад."Транскапиталбонк" низ аз шарики бонкњои асосии Тољикистон буда, маъмулан бонкњои кишварро бо ќарзњои гуногун таъмин мекард. Дар пайи мурољиати ин бонкњо "ЭКСАР"- Агентии суѓуртаи ќарз ва сармоягузорињои ба экспорт равонашудаи Русия "лимит" барои бонкњои Тољикистонро мањдуд кардааст, ки барои дигар бонкњои Тољикистон, ки маъмулан аз бонкњои ин кишвар ќарз мегиранд, мушкилзо хоњад буд. Коршиносон бар онанд, ки бе кўмаки берунї "Тољиксодиротбонк" тавони

пардохти ин ќарзро дар муддати кутоњ надораду дар сурати ба дарозо кашидани мушкилот ин масъала дар Љаласаи Комиссияи байнињукуматии Русияву Тољикистон, ки дар назар аст, моњи май дар Душанбе баргузор мешавад, баррасї хоњад шуд. Сабаби ба буњрон дучор шудани бонкро коршиносон дар идораи камсамари бонк, сиёсати нодурусти ќарздињиву нашинохтани рискњо ва љалби зиёди пулњои будља дар замони вазирии Абдусалом Ќурбонов медонанд. Ахирї аз афроди наздик ба соњибони бонк мањсуб мешавад. Моликони аслии Тољиксодиротбонк ширкатњои "Евразия", "Мелодиён " ва "Эњсон" мебошанд, ки аввалї беш аз 58 дарсади сањмияњои бонк ва дуи дигар дар алоњидагї 11 фоизи сањмияњои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати "Евразия" Тољиддин Пирзода ва Забњулло Нурруллоев мебошанд. Њамин аст таќдири ин бонки калони кишвар дар соли буњронии соли 2016, ки оѓози буњронро мемонад. Фаромарзи ФОЗИЛ

ДАЊШАТ! Бонки љањонї мегўяд, ки дар зарфи се моњи охир сатњи зиндагонии сокинони кишварамон 27 дарсад коњиш ёфтааст. Ин нињоди љањонї дар як гузориши тозаи худ тањти унвони "Арзёбии некуањволии хонаводањо дар Тољикистон" дар ин бора маълумот додааст. Бино ба хулосаи пажуњишгарони Бонки љањонї, зарфи се моњи охир теъдоди касоне, ки имкони таъмини хонаводањои худ ба маводи кофии ѓазої надоштанд, то 46 дарсад афзудааст. Ин дар њолест, ки дар њисоботи ќаблї ин раќам 40 дарсадро ташкил медод. Ѓайр аз ин 44 дарсад хонаво-

46 % ОИЛАЊОИ ТОЉИК ЃИЗОИ КОФЇ НАДОРАНД дањои кишвар ноилољ маблаѓњои барои тандурустї сарфакардаи худро барои хариди маводи ѓазої харљ кардаанд. Дар ин њисобот омадааст, ки даромаднокии хонаводањо аз 1100 сомонї то 775 сомонї коњиш ёфтааст. Муаллифони ин маърўза мегўянд ин коњишро бештар аз дигарон сокинони шањ-

рњо эњсос кардаанд. Њамзамон бо ин пажуњишгарони Бонки љањонї гуфтаанд, ки ба коњиши даромади хонаводањо бештар аз њама кам шудани интиќоли пул аз хориљ сабаб шудааст. Тибќи охирин маърўзаи интишордодаи Бонки Марказии Русия њаљми интиќолоти пул аз Русия ба Тољикистон

дар соли 2015 то 66,6 дарсад коњиш ёфтааст. Агар дар соли 2013 ба муњољирони корї ба кишвар 4,1 млрд. доллари ИМА интиќол дода бошанд, ин нишондињанда дар соли 2014 то 3,8 млрд ва соли 2015 то 1,2 млрд. доллар поин фуромад. Дар назар аст, ки соли љорї ин раќам то 900 млн. доллар њам нахоњад расид. Тазаккур бояд дод, ки Бонки љањонї соле чор маротиба ин гуна тањлил мегузаронад ва натиљаи онро ба љомеа мерасонад. Ќиёми НУР


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

142 њазору ... км2

ПАНЉ

ЊИСОР

ЌОЧОЌИ СИГОРИ "ESSE" ДАР ПАНЉИ ПОЁН Маќомот дар ноњияи Панљ аз ќочоќи наздик ба 9 њазор ќуттї сигарети тамѓаи ESSE ба кишвар пешгирї кардаанд. Ин њодиса 23-юми март дар гузаргоњи гумрукии Панљи Поён зимни муоинаи як мошин рух додааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, сокини кишвар Давлатманд Гулов, ронандаи мошини боркаши тамѓаи "ДАФ" дар зери халтањои шакар 8 900 ќуттї, ки дар маљмуъ 178 000 дона сигарети тамѓаи ESSE- и истењсоли давлати Кореяро "устокорона" љойгир намуда, мехост бидуни њуљљатњои лозима ва ѓай-

"ШОЊАМБАРЇ" ХУСУСЇ МЕШАВАД

риќонунї ба Љумњурии Тољикистон ворид намояд, аммо муваффаќ нашуд. Мањсулот мусодира шуда, аз рўи њодисаи ќочоќ парвандаи љиної боз шудааст. TojNews

КЎЛОБ

БОЗДОШТИ ЯК АФЃОН БО 107 КИЛО МАВОДИ МУХАДДИР Як шањрванди Афѓонистон дар шањри Кўлоби вилояти Хатлон бо беш аз 100 кило маводи мухаддир боздошт шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корњои дохилии Тољикистон, 24-уми март кормандони милиса дар шањри Кўлоб шањрванди Љумњурии Исломии Афѓонистон, марди 36-сола, сокини улусволии Хохони вилояти Бадахшон М.Ю.-ро бо гумони муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъадор дастгир кардаанд. Дар ВКД мегўянд, ки боздоштшуда узви як гурўњи муташаккили љиної мебошад, ки аз ў 107 килою 646 грамм маводи нашъадор, аз инњо 97 килою 424 грамм маводи нашъадори бангдона, 9

Њукумати кишвар барои фурўши истироњатгоњи "Шоњамбарї", ки дар љамоати Алмосии ноњияи Њисор љойгир аст, музоядаи байналмилалї эълон кардааст. Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ба "Нигоњ" иттилоъ доданд, нархи аввалияи истироњатгоњ 3 миллиону 100 њазор сомонї муайян шудааст. Музоядаи фурўши истироњатгоњи маъруф бубояд 22-юми апрел дар бинои Кумитаи мазкур баргузор гардад. Ин њам дар њоле, ки ќарзи истироњатгоњ дар назди буља, молрасонњо ва кормандонаш то 1-уми июли соли 2015 чизе бештар аз 532 њазор сомонї будааст. Тибќи шартњои муайяншуда соњибмулки нав муваззаф мешавад, ки дар баро-

бари пардохти ќарзњо давоми се соли оянда барои бењбуд ва густуриши фаъолияти мунтазами истироњатгоњ сармоягузорї кунад. Ширкату соњибкорони хоњишманд метавонанд то рўзи 21 апрел барои иштирок дар музоядаи фурўши истироњатгоњи "Шоњамбарї" њуљљат пешнињод намоянд. Ќабули њуљљатњо дар бинои кумита ба роњ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки "Шоњамбарї" аз охирин истироњатгоњњои кишвар аст, ки хусусї мешавад. Пештар истироњатгоњњои "Оби гарм", "Хоља Оби гарм", "Сафедорак" ва "Бањористон" хусусї карда шуданд. Умари ТОЊИР

ШАМСИДДИНИ ШОЊИН

килою 266 грамм маводи њашиш ва 956,8 грамм маводи нашъаовари афюн дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишот идома дорад. TojNews

ДУШАНБЕ

ПУРЗЎР КАРДАНИ ВУРУДИ НАМОЗГУЗОРОН БА МАСЉИДЊО

РАЊОИИ ДУ РОЊСОЗИ ТОЉИК АЗ АСОРАТИ ЌОЧОЌЧИЁНИ АФЃОН Ду шањрванди кишвар, ки аз 25-уми март инљониб дар гарави ќочоќчиёни Афѓонистон ќарор доштанд, озод шудаанд. Ба гуфтаи Муњаммад Улуѓхољаев, сухангўи Сарраёсати нерўњои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон нимаи дуюми рўзи 28-уми март Бахтиёр Давлатов ва Давлатманд Муродов, ду сокини ноњияи Шамсиддини Шоњин (Шўрообод) аз асорати ќочоќчиёни Афѓонистон рањо шудаанд. Барои рањо кардани ду шањрванди Тољикистон, ки дар ширкати роњсозии туркї дар роњи Шоњон-Шўрообод кор мекарданд, музокирот бо гуруњи ќочоќчињо аз субњи 28-уми март оѓоз шуда буд. Ба ин музокирот маќомоти масъул аз вилояти

Бадахшони Афѓонистон низ ширкат кардаанд. Ёдовар мешавем, ки 25-уми март як гуруњи ќочоќчиёни афѓон тањти рањбарии нафаре бо номи "Наљиб" ба роњсозони тољик њамла карда, як танро захмї ва ду танро гаравгон гирифтанд. Дар ин њодиса Давлатљон Ёќубов, ки 23 сол дорад, захм бардошта, дар бемористони Кўлоб бистарї шуд. То њол маќомоти Тољикистон дар бораи ин ќазия шарњи муфассал надодаанд. Аммо коршиносон бар онанд, ки гаравгон гирифтани сохтмончиёни тољик вокуниш ба боздошти ќочоќчиёни њамин гуруњи љиної аст. TojNews

ИСФАРА

ПЕШГИРЇ АЗ МУНОЌИШАИ МАРЗЇ МИЁНИ ТОЉИКОНУ ЌИРЃИЗЊО Дар масљидњои панљваќта ва љомеи шањри Душанбе дастгоњњои кашфи љисмњои металлї насб карда хоњад шуд. 28-уми март Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе ба масъулини шањрдорї ва ноњияњои шањр супориш додааст, ки "дар кулли масљидњои панљваќта ва љомеъ, ки дар шањри Душанбе расман фаъолият мекунанд, аз њисоби худи масљидњо камерањои назоратї ва дастгоњњои муосири кашфи љисмњои метталї насб ва вуруди намозгузорон ба масљидњо дар ояндаи наздик тавассути ин дастгоњњо ба роњ монда шаванд". Њадаф аз роњандозии ин тасмимро Убайдуллоев "бањри пешгирї аз њола-

тњои номатлуб, таъмини тартиботи љамъиятї ва амнияти намозгузорон" унвон кардааст. Дар дафтари матбуоти шањрдории Душанбе мегўянд, ки чунин муќаррарот дар муассисањои тиббї ва маориф, тарабхонањо, марказњои савдою маишии шањр низ љорї хоњад шуд. Раиси шањр супориш додааст, ки барои зери назорат ќарор додани фаъолияти камерањо дар масљиду дигар муассисањо дар дастгоњи раиси шањр базаи ягонаи иттилотию назорати интерактивї ташкил карда шавад. Маблаѓи харољоти навоварињо њанўз маълум нест. TojNews

Марзбонони ќирѓиз ва тољик мегўянд як ихтилофро, ки метавонист муљиби бањси нав миёни сокинони Тољикистон ва Ќирѓизистон шавад, бо мусолиња њал кардаанд. Ин ихтилоф рўзи якшанбе миёни сокинони рустоњои Оќсой (Ќирѓизистон) ва Чоркуњ (Тољикистон) дар масъалаи истифода аз сангрезањои дарё рух додааст. Гуфта мешавад, ки пештар ду љониб барои истифодаи муштараки сангрезањои ин дарё тавофуќ карда буданд. Вале рўзи якшанбе сокинони Чоркуњ ба иќдоми бардоштани рег аз сўйи сокинони Оќсой мухолифат кардаанд. Дар хабари дафтари матбуотии неруњои марзбонии Ќирѓизистон гуфта мешавад: "Тољикистониён ба се ё чор шањрванди Ќирѓизистон иљозат надодаанд, ки аз дарё рег бардоранд. Сокинони норозии ду тарафи марз гирди њам омадаанд ва ба бањс пардохтаанд". Фармондењони постгоњњои марзии ду

љониб ба минтаќаи мавриди бањс фаро расидаанд ва бо сокинон суњбат карданд ва талош намуданд мушкил роњи њалли мусолиматомез пайдо кунад. Аммо дар хабар гуфта мешавад, ки масъалаи бањсбарангези истифода аз сангрезањои дарё имрўз дар мулоќоти сарварони идорањои мањаллии ду љониб мавриди баррасї ќарор мегирад. Манбаъ гуфтааст, ки њоло вазъ дар минтаќаи марзї муътадил аст. Љониби Тољикистон низ ин хабарро тайъид карданд. Муноќишаи навбатї дар њолест, ки интизор меравад, миёни Тољикистону Ќирѓизистон дар моњи май созишномаи марзї ба имзо расад. Гуфта мешавад, ки ду кишвар барои муайян кардани њудуди 519.9 километри марз ба созиш расидаанд. Дар њоли њозир 396 километр ё 40 %-и марз миёни Тољикистону Ќирѓизистон бањсї боќї мондааст. TojNews


БАЊСИ МИЛЛЇ 2 заљўе буда, барои таѓйир додани љуѓрофиёи олам, аз њама њилаву тавоноињои хеш истифода мекунад. Ирон ва дар Осиёи Марказї иронгароии тољикон бо забони ѓайритуркии худ (форсї) (хеле ночиз њам бошад), дар ин талошњо халалпазир ба чашм мехўрад ва барои њуши тољиконро аз њуввияти иронитаборї ба канор бурдан, боз њам афзори коро дингарої, ба вижа суннигарої мебошад. Барои як тољики бархурдор аз њунари тањлилу ќиёс равшан аст, ки паноњгоњ ёфтани иддаи зиёде аз мухолифони њукумати феълї, аз љумла рањматї Умаралї Ќувватов, Муњиддин Кабирї ва шуморе аз аъзои ЊНИТ дар Туркия бе њикмат нест. Камина бовар надорам, ки маќсад аз паноњгоњ додан ба шахсияту нерўњои сиёсї, аз љумла нерўњои ифротгаро ба намоиш гузоштани арзишњои демократии њукумати њозираи Туркия бошад. Саркуб кардани кардани мухолифини сиёсї, мањдуд кардани дастрасї ба сомонаву пойгоњњои дигарандешон ва шабакањои иљтимоиро аз љониби њукумати Раљаб Тайип Эрдуѓон ба њич ваљњ њимояи арзишњои демократї гуфта намешавад. Пас, пушти ин амал манфиатњои сиёсї ва арзишњои дигар меистанд. Манфиат ва арзишњое, ки борњо эълон шудаанд. Аз љумла, аз забони раиси Њизби "Тараќќиёт ва Адолат", Сарвазири феълии њукумати Туркия Ањмад Довудоѓлу дар китоби соли 2001 нашркардааш бо номи "Stratejik derinlik: T?rkiye'nin uluslararas? konumu", ки моњиятан стротежии табдил додани Туркия ба ќудрати љањонї дар "пањнои баъдиусмонї" мебошад. Бењуда нест, ки сиёсатшиносон онро "идеологияи неоусмонизм" ё усмонињои нав медонанд. Идеологияе, ки ба гумони ѓолиб, пушти шабакаи телевизионие ба унвони СА TV (Central Asian TV) меистад.

Пушти СА TV "гўшњои кї метобанд?" Огоњон медонанд, ки ин шабакаи телевизионї аз Русия шабу рўз барномањоеро пахш мекунад, ки гарчи ба кишварњои Осиёи Марказї ишора дошта бошад њам, 70- 75 % мавзўи барномањои сияњсозашон ба самти Тољикистон нигаронида шудаанд. Ин шабака минбари айбљўї ва майдони сангзанї ба давлатдории тољикон мебошад. Барномасозони ин шабака њар онеро, ки майл ба њангомахоњї дорад ва ё арзишњои дањриву дунявии давлати Тољикистонро тира сохта, давлати исломї бунёд кардан мехоњанд, пушти пардаи телевизион шинонда, соатњои дароз гуфторњои хушку берабти онњоро намоён месозанд. Ва гарчи номи шабакаи телевизион ишора ба Осиёи Миёна дошта бошад њам, ба бозтоби вазъи сиёсиву иљтимоии кишварњои Узбакистон, Туркманистон ва Ќазоќистону Ќирѓизистон 5 - 10 даќиќа ваќт бештар људо намешавад. Чуноне дида мешавад Туркия "ѓамхорї" дорад, ки дар сарзамини аз ў дар дурињо љой доштаи Тољикистон арзишњои демократї дар сатњи Аврупои Ѓарбї љорї бошанд. Њамин аст ки чанде пеш адвокатхонуми худро намоишкорона дар либоси сатри мусалмонї ба Душанбе фиристод, то ки аз њуќуќњои адвокати тољик пуштибонї намояд. Аммо фиристодагони он адвокат мебоист ба ёд оваранд, ки њуќуќњои миллион нафар ќавми курдро кадом созмони башардўсти Туркия пуштибонї мекарда бошад? Ва он ѓамхорони демократисозии љањон курдњоро ба чи ошуфтагињое гирифтор кардаанд? (Дирўз гўяндаи телевизиони Русия њамлањои артиши Туркияро сари курдњо "генотсид" (ќатли ом) унвон карда буд.) Чунин "ѓамхорињо" ба сарнавишти ислом ва дареѓудардхонї аз таъќиби аъзои њизби исломї танњо ба Тољикистон раво дида мешавад ва аз кишварњои дигари Осиёи Марказї, ки ѓолибан туркзабон буда, дар он љумњурињо фаъолияти њизбњои динї ќатъиян нораво дониста шудаанд ва камтарин гуфтори озод зери пурсиш гузошта мешавад, сухане ба лаб намеоваранд. Бархе бар онанд, ки тарроњони ин шабака аслан дар кишварњои туркгароён такя задаанд. Шояд чунин њам бошад, зеро дар

Туркия миллиардерњоеро медонанд, ба монанди роњбари љомеаи динии сарпарасти интишори ормонњои тундгароии исломї ва синтези туркї-исломї "Нурљалар" (Роњи сафед), Муњаммад Фатњуллоњи ГЮЛЕН, ки дар амалї намудани њадафњои худ дар саросари љањон сохторњои бешумореро дар ихтиёр дорад. Вайро беш аз 500 ширкат дастгирї мекунад, ки дар миёни онњо гурўњи молиявии "Азия - финанс" ва медиа холдинги "Заман" љой доранд. Шабакаи "Хизмет"-и Гюлен, њарчанд бо њукумати Эрдуѓон дар раќобати шадиди сиёсї аст, аммо њамоно "неруи нарм"- Туркия аст, ки дар Тољикистон низ нуфузи хоса дорад ва

њукмрон бошад. Мебояд заминњои арабиро туркї сохт ва миллатгароии љавонони арабро пеш аз бедорї дар батн гулўгир намуд. Аспи љангии туркї бењтар аз пайѓамбари миллати ѓайр мебошад; арабњо бадбахтї барои Туркия". Њамин буд, ки сарвари миллатгароёни он кишвар, Туркеш зарурияти синтези миллатгароии туркиро бо ислом шарти муњим донист.

Таззоди рушод дар пайкари Ислом Туркия, Арабистони Саъудї, Ќатар ва Покистон бозигарони асосї дар бозори

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

7

нон Тува ва Ёќутистон мебошанд. Шиору даъватњо барои ягонагии туркон бар пояи њамзабонї, њамфарњангї, торихи муштарак ва наздикии этникиву динї, ба талошу кўшишњои љанговаронаи пантуркистон њамсон мебошад, ки он дар шакли мудохилаи рўйирости онњо њангоми даргирињои дохили марзњои Ќафќоз (Ќарабоѓ, Абхозия, Чеченистон) намоён гашта буд". Идеяи дубора гирд овардани мусалмонон дар фалоти як давлати мусалмонї ва ё "хилофат", ки имрўз кажандешонии ДОИШ дар сар хаёли барпо намудани онро мепарваранд, гузаштаи пешина дорад. Ва бунёдгузори ин андешаи хом Ал Афѓонї ме-

ПАНТУРКИЗМ, МО ВА ИСЛОМ

Ё чї тавр пантуркистон аз дини Ислом ва Муњиддин Кабирию ёронаш истифода мебаранду пушти шабакаи телевизионии СА TV кї меистад? аксарияти бизнеси туркї ба Тољикистон тавассути онњо ворид ва назорат мешавад. Тавре болотар ишора кардем, литсейњои туркї-тољикї низ шомили шабакаи "Хизмет" мебошанд. Шабакаи СА ТV-ро сарпараст будани сарватмандони Туркия дар паёмњои бозаргонии он њамвора васф кардани колову моли Туркия низ гувоњ аст. Ин њам дар њолест, ки аз бепарвоию ноогозии мо - тољикон истифода бурда, маркази тољикистонии "Диалог-Евразия"" (роњбараш Емсал Кољ), ки муттаалиќ ба "Хизмет" аст, ба чопи китобњои чењрањои сиёсии Тољикистон машѓул аст. Ин гуна муносибат далели он аст, ки мо манфиатњои милливу давлатии худро намешиносем. Ба хатару тањдидњои нав бањои дуруст дода наметавонем, идораи кофии онњоро ба роњ намондаем. Баръакси њамтаборони худ аз Ирон.

Хатари Туркистони бузург ва хилофати ДОИШ Чуноне дар боло ёдовар шудем дар охири асри X иттињоди ѓуломони турк ва хилофати араб сурат гирифта, давлати Сомониёнро аз байн бурд ва бад - он соне пажўњишгари Ирон њушдор медињад ин иттињод метавонад дубора такрор шавад: "Рисолати мо ин аст, ки битавонем аз Ирони фарњангии бузург дар муќобили ду хатар - ДОИШ ва Алќоида, ки аз сохтањои Арабистони Саъудї њастанд, аз як тараф ва Туркистони бузурги Туркия аз тарафи дигар муњофизат намуда ва роњеро боз кунем, ки иттифоќе, ки ќаблан дар торихи Ирон рух дода, яъне "иттињоди ѓуломони турк ва хилофат" муљададдан такрор нашавад. Ин иттифоќ дубора метавонад такрор шавад, дар иттињоди Туркистони бузург ва хилофати ДОИШ и Арабистон ва албатта ин эътилоф беш аз њама ба зарари мо Ирон хоњад буд буд". Дингарої ва миллатгарої дар љањони ислом љанбањои гуногун дошта, дар амалкарди байнихудї ба душворињои сахт дучор меоянд. Масалан туркгарои ашад, узви њизби ёштуркњо Жалол НУРЇ барои бознамоёндани бартарии туркизм бар исломгарої, дар ибтидо бедуни кадом биму мулоњиза ба унвони бунёдгузорони дини ислом чунин суханони куфру носазо раво медонист: "Заминњое, ки дар он арабњо буду бош доранд, бояд саросар ба туркон таалуќ дошта бошанд, дар он љо бояд забони туркї

љањонии исломисозии кишварњо ба шумор мераванд. Дар замони мо агар миллатгароии исломї асоси пантуркизмро созмон дињад, исломи толибонизмї бар пояи миллатгароии паштунї ќарор дорад. Аммо Ќатар, ки намедонад миллиардњои худро дар куљо харљ кунад; маблаѓњои њангуфте дар пурзўр гардонидани љињодиёни ифротгарои динї ба харљ медињад. Нукта ин љост, ки Арабистони Саъудї оњиста - оњиста дар минтаќа ба душмани асосии Ирон ва кишварњои сарпарасти ањли ташайуъ табдил гашта, бархе кишварњои арабии дигарро ба мисли Ќатар ба сўйи худ мекашад. Ва пантуронистони Туркия, ки дар адвори расмї реша доранд, бо шиори суннигарї мехоњанд кишварњои арабиро зери таъсири худ дароваранд. Аммо пайравони боли шиъии дини ислом љуз аз Ирон дар кишварњои арабї низ зиёданд, ки агар дастандаркорони Ирон њар моњ як конфронс дар мавзўи "Вањдати исломї" њам доир намоянд ва сарони њама њизбњои исломии комёбу нокоми љањонро дар он гирд оваранд, ягонагии динї дар миёни мусалмонон њаргиз фароњам нахоњад шуд, зеро дар садаи XXI дини ислом василаи густариши боварињои таассубии "пантуркизм", "пантуронизм", "панарабизм", "панозаризм", "панпаштунизм", "панисломизм" ва метавон гуфт "панпокистонизм" гашта, таззоди рушод (антагонизм) дар пайкари ислом љой гирифтааст. Пайравони назарияи вањдати исломї даъват ба амал меоваранд, ки њама мусалмонони љањон берун аз чањорчўбаи миллї љуѓрофиёї муттањид бошанд, аммо пантуркистону пантуронистон бар онанд, ки тамоми туркони мусалмон бар пояи этникї динї муттањид шуда, давлати мустаќили сиёсї таъсис дињанд. Њамон гунае сиёсатшиноси Русия навиштааст "шомил ба истилоњ ба марзњои этникии туркї" љумњурињои Осиёи Марказї (ба љуз Тољикистон, ки асоси љамъияташ тољикон мебошанд, ки ба гурўњи иронї дохиланд), Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Озарбойљон, Ќиприси шимолї, навоњии шимоли Чин (ки ѓолибан љамъияташон уйѓурњо мебошанд), Ќрим, як идда аз љумњурињои Поволжеи Русия (Тотористон, Бошќирдистон, Чувашистон), њамчу-

бошад, ки дар охири садсолаи XIX сафсатаи ў ба силоњи сиёсии дасти туркон табдил ёфт. Ал Афѓонї замони дароз ба атрофиёни султони Туркия Абдулњамиди II наздик буда, идеяи панисломизмро дар зењни ў корида буд. Аммо даъвогарони љараёни пантуронизм аз хостњои пантуркистњо фаротар рафта, на танњо барои иттињоди давлатњои дар боло ёдшудаи туркзабонон талош доранд, балки њадафи худро аз роњи ба даст овардани иттињоди милливу давлатии "халќњои туронї", аз љумла бо пайвастани халќњои угро - фин, муѓулњо, як идда мардумони Ќафќози шимолї, ба мисли ќарочаву черкес ва монанди он, бунёди давлати ягонаи "Турони Бузург" ро дидаанд. Дар поён бозгуфтани ин андеша зарур дониста мешавад, ки тољиконро боясти њар нафас андешае пеши рў бошад, ки дин љузъи фарњанги мо аст ва давлати миллї надоштан љуз тан ба бардагї додан чизи дигаре нест. Доноён дуруст дарёфтаанд, ки њар давлате ё давлати миллї аст, ё давлат нест ва давлати миллї манофеъи миллї дорад. Мо тољикон то дирўз дарнамерафтем, ки манфиати миллї дорем, ё на. Имрўз ин нуктаро аз самими дил мебояд пазируфт, ки манфиати миллии тољикон фаротар аз манфиати динї аст. Воќеан дар ин бора њатто пешвои инќилоби исломии Ирон, оятуллоњ ХУМАЙНЇ пиромуни кишвари худ гуфтааст, ки "Ман сахт эътиќодманд њастам, ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатњои дигар, њатто манфиатњои динї, чун намоз, рўза ва њаљ њам авлотар дониста шавад". Дар ин рўзгорон, ки бузургихоњони миллатгаро, иртиљоъи дохилї ва хориљї, силоњи пурзўри худро ба гунаи њамлаварони гузашта, дар корбурди хосаи дини Ислом пайдо кардаанд, моро мебояд нармии тољиконаро канор гузошта, тундии туркона пеша кунем, яъне бедору њушёр бошем. Як њамлаву як њамла, омад шабу торикї, Тундї куну туркї кун, не нармиву тољикї. (Љалолуддини Балхї)

Игорь Добаев, "Из истории пантюркизма: национализм против веры", evrazia.org З. Мирзоён, "Худовандагори сухани порсї", Душанбе, 2015 3 И. Обухов, Экспансия пантюркизма в Средней Азии: Турция vs Россия - Источник:CANews 4 Доктор Љавод Таботабої, Суханронї дар дуввумин симпозиуми муносиботи фарњангии торихї ва иљтимоъии Ирон, Ќафќоз ва масири оянда, 1394 (2015) 5 "От пантюркизма до панисламизма", сарчашма аз novostink.ru 6 Игорь Добаев, "Из истории пантюркизма: национализм против веры", evrazia.org 1 2


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

МУСОЊИБА

Саймиддин ДЎСТОВ:

"ЊУКУМАТЊО МЕОЯНДУ МЕРАВАНД, МАНФИАТЊОИ МИЛЛЇ МЕМОНАНД" Суњбати ихтисосии бунёдгузори "Нигоњ" бо хабарнигори "Озодагон" Иршод Сулаймонї 4 Сабаби дувум гуфтем, ки сиёсист. Фишор болои ин фаъолияти касбї зиёд аст, рискњои сиёсии он меафзоянду нафарони хубу варзида ва донишманд аз кишвари мо њар сол берун мераванд. Мушоњида кардаед, ки њар сол 4-5 нафар аз дўстони гумо тарки кишвар мекунанд? "Фирори маѓзњо" яке аз тамоюлњои баръалои љомеаи имрўзи мост. Бинобар ин нафарони омода ба ин муњит ворид намешаванд. Њамин аст ки мо 10 нафаре надорем, ки журналистикаи иќтисодии тољикро ташаккул дињанд. Миллати воњид шуда, 20 нафаре надорем, ки журналистикаи бисёррасонаиро аз худ карда бошанд. Њеч нињод, њеч гуруњи саноативу молї ва њеч сармоягузоре њам омода нест, ки 20-30 њазор доллар масраф бикунад барои омода кардани журналистон, фарзи мисол дар бахши журналистикаи иќтисодї. Буњрон њамин аст. -Шумо як нуктаи бисёр љолиб гуфтед, ки чигунагии вазъи сиёсї дар Тољикистон ба њукуматсозї бастагї дорад. Аз ин суњбати Шумо чунин хулоса кардам, дастовардњое, ки мо дар љомеаи расонаї доштем ва њамин тур як сатњи муайяни озодии баёне, ки буд, ќурбони њукуматсозї шуд. Аз љониби дигар дар љомеаи мо ин сару садоњо вуљуд дорад, ки њукумат дар симои расонањои мустаќил як нав оппозитсиюн, як навъ мухолифро мебинад. Дар њоле ки на аз нигоњи илмї ва аз нигоњи назарї дар Тољикистон ва умуман дар љањон расонањо наметавонанд оппозитсиюн бошанд. Ва таќрибан њеч њизби сиёсї, гуруњњои дигари сиёсї, гуруњњои молї ва њатто гуруњњои љиної њам дар Тољикистон расонањоро маблаѓгузорї намекунанд ва њамин гуна њамкории расонањо бо ин гуруњњо мушоњида нашудааст. Њадди аќал аз тарафи маќомоти марбутаи давлат ошкор нашудааст. Пас, сабаб чист, ки њукумат аз расонањои мустаќил ин ќадар мењаросад, дар њоле ки мо расонањои бисёр камтаъсир дорем? -Аввал ин ки табиати њукумати мо барои мардуми Тољикистон маълум аст. Њукумате аст, ки баъд аз љанги шањрвандї, баъд аз ѓалабаи силоњноки як гуруњ бар гуруњи дигар рўи кор омадааст. Ба љуз ин, ба назари аксари коршиносон њукумати авторитарї дар Тољикистон ба зўргарої такя мекунад. Аз фалсафаи зўргарої дар њукумат њамеша љонибдорї мекунанд. Аз вижагињои њукумати феълї он аст, ки њукумати андакхондањост, мисли худи љомеаи мо. Њар њукумат аз њамун љомеа бармеояд. Љомеа дигар шуд, њукумат њам дигар мешавад. То соли 2009 шинохт аз расонањо дигар буд, баъд шакл гирифт. Соли 2012, дар љашни садсолагии матбуот худи њукумат њам эътироф кард, ки ин расонањои мављуда институтњои миллиянд. Яъне, инњо на бо оппозитсиюнанд ва на бо истилоњи дўстдоштаашон аз "хољагони хориљї", балки бо њамин миллатанд ва аз мушкилоти њамин љомеа мегўянд. Њамин буд, ки президент Эмомалї Рањмон њам дар љаласањои њукумат ба мансабдорон таъкид кард, ки шумоед, ки дар дафтарњоятон менишинед, вале журналистонанд, ки аз њоли мардум мегўянду мо мефањмем дар ин кишвар чї мегузарад. То соли 2012 дар њукумати Тољикистон

як маркази ќабули ќарор буд -худи Эмомалї Рањмон. Эмомалї Рањмон то соли 2012 ва то дараљае имрўз њам кафили озодии баён ва фаъолияти матбуоти озод аст. Агар дар соли 2012 мо як Маркази ќабули ќарор ва панљ Маркази таъсиррасон ба маркази ягонаи ќабули ќарор доштем, дар солњои 20142015 ва 2016 як њукумате дорем, ки аз чанд маркази ќудрат иборат аст. Мушкили калидии давлатдорї-истифодаи ќудрат, яъне дар баробари ин ё он раванд, ин ё он институт, дар баробари ин ё он фард чї гуна нерў истифода бурда шавад ё нашавад, њоло дар 5 ё 6 маркази тасмимгиранда ќабул карда мешавад. Њамин аст, ки журналистон ин тањдиду хавфу хатарњоро эњсос мекунанд ва ќисме созишкорї мекунанд ва ќисме, барои мисол њайти эљодии "Нигоњ" мегўянд, ки "мо нашрияи давлатсолор њастем. Аз њукуматњо ва њатто аз нињодњои њукуматї, ки гўиё барои пуштибонии давлат сохта шудаанд, дар њифзи манофеъи миллї камтар нестем". Ин вазъияти ба вуљуд омадаро дар илми сиёсат њукумати бисёрмарказї мегўянд. Њамин вижагї рискњои журналистон ва институтњои љомеаи шањрвандиро боло бурдааст. Вазифаи расонањо имрўз аз ин иборат аст, то ба њукумати марказї фањмонем, нињодњое, ки таъсиррасонанд, аксарияташон нињодњои давлатї нестанд. Баъзе аз онњо шахсњои алоњидаи наздик ба раисљумњуранд, ки тасмимњои сиёсї мегиранд. Фарз кардем, сари бастани ин ё он сайт, таъсир расондан ва ё ба мањкама кашидани ин ё он журналист ва ё расона. Ба ин гуна корњо бояд хотима дода шавад. Њукумати Эмомалї Рањмон чаро пирўз шуд? Чун такя ба ќонуният дошт. Шурўъ аз соли 2000 љиддан такя ба ќонуният дошт. Боварии мардум ба ќонуният, ба адолати давлат буд, ки мо тавонистем оќибатњои љанги шањрвандии тањмилиро пушти сар кунем. Агар њоло ба ќонуният ин љомеа ва ин њукумат хиёнат мекунанд, њеч тардиде нест, ки ин заъф ба шикаст оварда мерасонад. Мушкил дар њамин самт аст. Расонањо инро хеле хуб дарк мекунанд. -Шумо мегўйед њукумат бояд ба дарки ин маънї бирасад, ки баъзе аз марказњои таъсиррасон кори нодурусте мекунанд ва бояд бо нињодњои љамъиятї, институтњои таъсиргузор ва аз љумла бо расонањо вориди муколама шаванд. Вале дар солњои ахир таќрибан њеч муколамаеро аз љониби њукумат бо ањзоби сиёсї ва њамин тур бо расонањо намебинем. Дар чунин фазо дархости чунин як муколама чї мантиќ дошта метавонад? -Бубинед. То соли 2012 яке аз нафарњои таъсиррасон ба маркази ќабули ќарор худи Саидмурод Фаттоев буд. Фаттоев бо ин ки дар хеле аз доирањо ба сифати "мазори бешафоат"шинохта мешавад, ба њайси як нафаре, ки донишњои нисбатан фаррох дораду ходими љамъиятии муњофизакор аст, муваффаќ шуд, ки эътирофи њамин институтњои миллї дар маркази ќабули ќарор пайдо шавад. Њоло он ки роњбарони Дастгоњи иљроияи раисљумњур демократ набуданд. На Амиршо Миралиев ва на Матлубхон Давлатовро намешавад демократ ё њатто демократмаоб гуфт. Њардуи онњо њар лањза омода буданд, ки рўи расонањо ва ањзоби сиёсї хатти бутлон бикашанд. Дар соли 2012 бо

пайдо шудани "Протоколи 32 20", ки мављудияти онро гуруње эътироф мекунанду гуруње не, бо пайдо шудани сиёсатњои нав дар баробари ташаккули сиёсии динмењвар, мушаххасан Њизби нањзати исломї, дар муњити сиёсї ташаббус аз дасти Дастгоњи иљроияи раисљумњур, атрофиёни ў ба дасти нињодњои ќудратї гузашт. Бо ин ки ташаббус ба нињодњои ќудратї гузашт, муносибатњо ба буњроне печид, ки имрўз дорем. Дар муњити сиёсї ташаббусро додан ба нињодњои ќудратї ва амниятї, агар онњо бењтарин шахсиятњо бошанд ва ман шубњае њам надорам, ки дар шумули онњо хеле аз афсарони варзидае њастанд, ки воќеан дар хидмати давлатдории миллї мебошанд, иштибоњи асосии њукумат аст. -Яъне, Шумо мегўйед, ки феълан дар Тољикистон дастгоњи идеологї тобеи манфиатњои нињодњои ќудратї аст? - Бале. Аммо дар чанд моњи охир ёвари раисљумњур дар масоили иљтимої ва робита бо љомеа Абдуљаббор Рањмонзода талошњое дорад, ки ин ташаббусро то љое ба даст бигирад. Ва ин њам бе муќовимат бо нињодњои дигари таъсиррасон аз ќудратињо. Эњсос мешавад, ки њоло наќши Шўрои амният камранг шудааст,ки албатта фоли нек аст, вале наќши Вазорати корњои дохилї ва КДАМ њам дар ин самт бояд бонигаї шаванд. Бояд онњо бифањманд, ки манфиатњои давлатдории миллї болотар аз манфиатњои имрўза меистанд. Мо наметавонем хеле аз институтњои миллї ва озодињое, ки дорем ва онњо баромада аз маниши миллии тољикианд, мутеъи кадом як масъалањои сохтаю бофтаи амниятї гардонем. Ин кори хуб нест. ШИКАНЉАИ РАЗИЛТАРИН ТЕРРОРИСТ, БАРОИ ЊУКУМАТ ЗАРУРАТЕ НАДОРАД -Бубинед, баъд аз њаводиси 4-уми сентябри соли гузашта ва њамин тур баъд аз мамнўъ ва террористї эълон шудани ЊНИТ ва њаводиси марбут ба он, таќрибан мебинем, ки дар оѓози соли 2016 ва то имрўз фишорњои байналмилалї болои Њукумати Тољикистон зиёд шуд. Ахиран њам намояндаи вижаи СММ ба Тољикистон омад ва дар нишасти хабарие, ки дошт, эълон кард вазъи озодии баён дар Тољикистон бисёр нигаронкунанда аст ва тавсия дод, ки Тољикистон аз њамапурсии моњи май, ки бар асоси он ба Ќонуни асосї таѓйирот ворид мешавад, даст кашад ва мањбусини сиёсї рањо карда шаванд. Мо мебинем, ки оппозитсиюни берун аз низоми Тољикистон дар хориљ аз кишвар ба њар гунае шакл мегиранд ва фаъолтар шудаанд. Аз назари Шумо агар фазо ва вазъият њамин тур давом кунад вазъи расонањо дар чанд соли наздик чї мешавад? -Аз вижагињои њукумати феълии Тољикистон њамин аст, ки дар баробари њама гуна фишорњои бегона, бинобар собиќаи хеле тўлонии дар њукумат будан, имунитет пайдо кардааст. Воќеият ин аст, ки фишори байналмилалї сари Тољикистон то зуњри 9 март набуд. Њатто баъди мурољиати ЊНИТ ба чандин созмонњо ва кишварњое, ки кафили Созишномаи истиќрори сулњ буданд, њич кишвар баёния пахш накард. Њич давлат дар ин бора расман изњори назар надошт. Онњо дар ин бора як гуна "таймаут"

гирифтанд, барои он ки бубинанд дар воќеъ инљо чї мегузарад. Воќеан дар ин давра вазъ дигар шуд, мутаассифона бо ин ки ташаббус дар муњити сиёсї дар дасти нињодњои ќудратї буд, корњое шуданд, ки барои Њукумати Тољикистон њеч зарурат надоштанд. Шиканља кардани боздоштшудањо, њатто разилтарин террорист, барои Њукумати Тољикистон зарурате надорад. Чун дар шумори миллисањо ва амниятињои тољик нафарони касбї њоло њам њастанд, ки метавонанд хостањои касбияшонро аз террористу гумонбаршудањо бароварда кунанд. Њеч зарурати латту кўб кардани дањову садњо одам набуд. Њеч зарурати боздошт кардани чандин бародару зану хоњару модари кўдакони онњо вуљуд надошт. Зеро дар назари мардум менамояд, ки ќонуният дигар вуљуд надорад. Бубинед, вожаи љазои авлодї пайдо шуд. Ин аз чї мегўяд? Аз фазои тарс. Агар мехоњанд, ки корашонро аз тариќи тарс болои мардум бор кунанд, ин мардум дар тўли таърих њамин ќадар тарсидааст, ки фикр намекунам, бо ин роњ онњоро тарсонидан шавад. Дар якуним соли пеш дар Сурия 400 тољикистонї буд, њоло беш аз 1400 нафар. Агар фишороварї, латту кўб, шиканља, кор гирифтан аз усулњои ѓайриќонунї натиља медод, магар миќдори суриямерафтањо се маротиб меафзуд?! Ин роњи њалли масъала нест. ТОЉИКОН БЕ ОЗОДИИ БАЁН НАМЕТАВОНАНД -Дар ин вазъ њоли расонањо чї мешавад? -Расонањои Тољикистон њоло ба њайси институти љомеаи шањрвандї наќши филтри интизорињои мардум аз њукумат ва интизорињои њукумат аз мардумро мебозанд. Фикр мекунам, њамин гуна мавзеъгирї созанда аст ва ин њам шарти баста нашудан ва пош нахўрдани ин институтњо мебошад. Имрўз бояд расонањо ниёзу интизорињои мардумро ба њукумати иљроия, ки кулли шохањои дигари њокимиятро зери тасарруфи худ даровардааст, расонанд. Аммо чанд сабаби дигаре њаст, ки дар ду соли наздик шумори расонањои тољикро кам хоњанд кард ва сифати онњоро таѓйир хоњанд дод. Аввал инќилоби технолољї. Баъд аз ду сол, 70-80 дарсади расонањои Тољикистон баста ва ё бо тироже нашр мешаванд, ки бенињоят ночиз хоњад буд. -Манзуратон расонањои чопї аст? -Бале, матбуоти даврї. Барои рушди бисёрасонаї, ки њоло тренд ё тамоюли асосии соња њисоб мешавад, барои расонае мисли "Озодагон" буљаи иловагї, њудуди 36-48 њазор доллар барои як сол зарур аст. Оё сармоягузори "Озодагон", ки то њол ин корро аз њисоби маблаѓњои худ мекунад, омода аст, барои пардохти он? Фикр мекунам, мушкил аст. Банда њам фикр мекунам, ки барои нигоњ доштани бахши русии расона, ки њудуди 18-20 њазор доллар зарур аст, масраф кунем ё на? Оё барои рушд додани чандрасонаї буљаи иловагии то 40 њазор долларї ихтисос дињем ё на? Ин њама вобаста аст аз он, ки оё соњибрасонањо ва журналистони мустаќил боз њам мехоњанд, рисолати худро давом бидињанд ё не? Агар љомеаи Тољикистон, ќишри бедори он хоњанд, ки


БАЊСИ БЕШТАР

САЙМИДДИН ДУСТОВ ДАР «БАЊСИ БЕШТАР»-И «ОЗОДАГОН» БО ИРШОД СУЛАЙМОНЇ ин институтњо њифз шаванд, бояд бо расонањо бошанд. Фикр мекунам, тањдиду хатарњои басташавї дар њоли њозир вуљуд доранд ва агар њизби "бошањои љангї" дар атрофи раисљумњур ѓалаба кунад, расонањо дар ду-се соли наздик аз байн мераванд. Мемонанд расонањои давлатие, ки бо теъдоди умумии 250 њазор адад нашр мешаванд, вале наметавонанд дар бозори озод 500 дона рўзнома фурўшанд. Дар ин њолат мешавем Курёи Шимолї. Вале агар атрофи раисљумњур "њизби рушд" -- тарафдорони рушди миллї ва њифзи субот ѓалаба кунанд, расонањо таќвият хоњанд ёфт. Дар Тољикистон шурўъ аз соли 2009 созмонњои байналмилалї дигар барои расона ва нашрияњои хусусї пул намедињанд. Замоне ки ин муњит русї буд, онњо озмунњои гуногун баргузор мекарданд ва соле њудуди як миллион доллар ихтисос медоданд. Вале њоло нест, чаро? Зеро дањгонаи расонањои мустаќили тољикии Тољикистон расонањое њастанд, ки бинобар риояи њамон иерархияи мустаќилиятњо худро њифз кардаанд: аз њукумати Тољикистон, аз рекломдињандагони бузург дуранд; аз ањзоби сиёсї канорагирї мекунанд, аз шахсиятњои сиёсии ќудратталаб дурї мељўянд. Барои рушди миллии Тољикистон яке аз шартњои асосї ин таъмини озодии баён таъмин аст. Фикр мекунам тољикон бе озодии баён наметавонанд. Вале агар њизби "бошањои љангї" ѓалаба кунаду расонањо аз байн бираванд, мутмаинан метавон гуфт, ки баъд аз 5-6 моњ бори аввал дар Тољикистон журналистика ва адабиёти муќовимат пайдо хоњад шуд. Мухолифини берун аз низом, ки њоло дар хориљ ба сар мебаранд дар ихтиёри худ њудуи 80-100 нафар аз маѓзњои бењтарини тољикро хоњанд дошт. Ва бо ихтисос додани буљањои камтарин нерўи онњоро метавонанд бар зидди њукумати феълї истифода баранд. Њатто гуруњњои иртиљої метавонанд аз инњо истифода кунанд. ЊЕЧ ГОЊ НОНХЎРИ ЖУРНАЛИСТИКА НАБУДАМ -Яъне, вазъе ки имрўз ба вуљуд омадааст ва тавре Шумо мегўйед агар њизби "бошањои љангї" пирўз шавад, ба манфиати давлатдорї ва њукумат њам нест. Аммо замоне ки ману Шумо дар бораи ин вазъ суњбат мекунем, баъзе аз мунтаќидони расонањо мегўянд, вазъ дар дохили худи расонањо њам бисёр хуб нест. Ба иддаои як гуруњ мунтаќидон, соњибрасонањои мо нафарони муомилагар њастанд, ки ё бо маќомот муомила менамоянд ва ё њадафњои тиљоративу сиёсии худро вориди фаъолияти касбии расонањояшон мекунанд ва њамин тавр фаъолияти касбии расонањо халалдор мешавад. Ба ин чї назар доред? -Дар расонањо њам одамон кор мекунанд ва аз њамин гўшаву канори диёри мову шумоянд. Табиист, ки њамин муњит наметавонад ба онњо таъсир нарасонад. Мутаассифона, дар низоми Тољикистон, дар тарзи давлатдорие, ки мо њоло дорем имтиёзталабї ва имтиёз додан яке аз вижагињои њукумат шудааст. Њукумат бо шахсиятњо, гу-

руњњо ва ќишрњои муайян бозињое мекунад. Масъулини Дастгоњи иљроия гуруње аз сармуњарриронро њамроњи раисљумњур ба сафар мебаранд ва гуруњи дигарњоро дур нигоњ медоранд. Чандеро ба љашни Наврўз даъват мекунанд, ќисми дигарро не. Шахсе агар аз онњо интиќод кард ба чорабинињои њукуматї даъват намекунанд. Ин кор сиёсаи њукумати феълї шудааст. -Сиёсати дуруст аст ё нодуруст? Куллан нодуруст аст. Агар мо як миллати воњидем, агар ин давлатдории миллии тољикон аст, пас муносибат бо њама бояд дар доираи ќонун ва ахлоќ сурат бигирад, на аз тариќи имтиёз додану ба худ дуру наздик кардан. Албатта мунаќќидон хубтар медонанд, ки кадом соњибрасона ва редаксияњо чї гуна сиёсати редаксионї доранд. Вале фикр мекунам, њеч кореро барои як муњлати бардавом аз хонанда ва мунаќќидон пинњон карда намешавад. Масъалаи фонди миллии маоши журналистон яке аз масъалањои муњим аст. Ман аз рўзе, ки соњибрасона шудам дар ин масъала нигоњи хос доштам. Назари мо ин буд, ки ин мардум як маоши муносиб бояд гиранд. Соли аввал барои таъсиси "Нигоњ" хуб дар ёд дорам, ки чизе зиёда аз 43 њазор харљ кардам. Яке аз бародарњоям, ки њоло њам хона надорад, боре аз ман интиќод њам кард, ки "ако, Шумо њадди аќал пули 13 манзил дар Душанберо барои расонањотон сарф кардед". Ман аслан наметавонам дар бораи онњое гўям, ки соњиби ќасру кушкњо шудаанд, чун њамингунањоро намедонам. Албатта як хонањое сохтаанд, як гуна манзилњое доранд, вале бояд бидонем, ки дар журналистикаи тољик нафароне њастанд, ки журналистика барояшон танњо тиљорат аст. Онњо расонањои тиљоратї доранд. Вале дар бахши расонањои иттилоотїсиёсї таќрибан ин гуна одамњо нестанд. Бо фарќ аз кишварњои дигари пасошўравї, мисли Гурљистон, Укроин, кишварњои соњили Балтик, Ќазоќистон ва њатто Ќирѓизистон дар мо расонањоро на гуруњњои моливу саноатї, балки худи журналистон ва нафароне, ки ё њадафњои сиёсї доранд ва ё мисли банда маорифпарварї таъсис медињанд. То соли 2013 андозаи маоши журналистон тадриљан боло мерафт, вале бо бад шудани вазъи иќтисодиву сиёсї баръакс шуд, ки нигаронкунанда аст. Аз пешнињодоте, ки дар Анљумани тозаи Иттифоќи журналистон шуд, яке аз пешнињодоти "Нигоњ" њам ин буд, ки њукумат дар ин масъала бояд бознигарињое дошта бошад ва расонањоро њадди аќал барои се сол таътили андоз бидињад ва барои њар як љойи кори наве, ки дар расонањо офарида мешавад барои ду ё се сол аз андозњо озод намояд. -Шумо бо ин ки њудуди 10 сол мешавад дар бозор њастед, метавонед бигўйед, ки расонањоятон худкифо шуданд ва ё аз расонањоятон сарват ба даст овардед? -Борњо ба њайси як нафари прогматик њисоб кардаам, ки дар тўли ин солњо њеч гоњ нонхўри журналистика набудам. -Нондењ будед?

-Наметавонам бигўям, ки нондењ будам. Аз нигоњи ахлоќї ин кор дуруст намебуд. Њарчанд сару садоњоеро мефањмам, ки "Дўстов ин карду он кард" ва чун дар бораи ман сухан мекунанд аз 50-60 њазор доллар кам сухан намекунанд. Расонањои мо баъзе аз солњо худкифо буданд ва баъзе аз солњо зарари молї меоранд. Вале гуруњи расонањои мо бо фарќ аз расонањои дигари тољикї молњои гуногуни иттилоотї: шурўъ аз мониторинг, консалтинги истротежик, машваратњои реклом ва матлабњои хуби тарѓиботї, тадќиќоти журналистї ва чандин номгўйи молњои пулакии иттилоттї пешнињод мекунад, ки заминаи молии фаъолияти моро фароњам меорнд. Медонам, ки дар ду соли наздик аз муњити расонаї фоида гирифтан номумкин аст, рискњои сиёсї зиёданданд, вале ба њар њол омодаам ин расонањоро маблаѓгузорї кунам. Чун дар доираи њадафњои маорифпарвонае, ки дунбол мекунам ва шояд аз њамин роњ аз худ шахсият месозам, омодаам ин харљњоро дошта бошам. - Дар њамин вазъи нољўри иќтисодиву сиёсие, ки вуљуд дорад ва њам дорем дар борааш суњбат мекунем, љомеа аз журналистон, аз расонањои мо талаботи дигар дорад. Чизи бештар, иттилооти бештар мехоњад. Бо пўшиши додани вазъ мавзеъгирї дар баробари масоили сиёсї ва стратегии давлат мехоњад. Оё њамин талаби љомеа, вобаста ба њамин вазъ мантиќї њаст ё не? -Фикр намекунам, ки љомеаи мо њамчунин фармоиши иљтимої дошта бошад. -Мушкилоти расонањо њамчунин бастагї дорад ба низоми расонаии Тољикистон ва бештар бастагї дорад ба низоми сиёсї. Вале яке аз масъалањои асосї дар роњи рушди озодии баён ин аст, ки давлат дар ихтиёри худ расонањои зиёде дорад. Агар баргардем ба назарияи журнализм, назарияи озодии баён асоситарин унсури озодии баён ин аст, ки расонањо бояд аз њокимияти иљроия озод бошанд. Аммо дар мо вазъ њамон гунаест, ки мебинем. -Дар мо бинобар тафаккури коммунистї доштани хеле аз идеологњои њукуматї ва худи марказњои ќабули ќарор њеч гоње намехоњанд озодии баён таъмин бошад, бараъкси муѓулњо, ки ќонуни расонањояшон аз 4 модда ва 6 љумла иборат аст. Бубинед, Афѓонистони љангзада, имрўз телевизиони "Тулўъ" маѓзњои тољикиро тасхир карда, наќшеро, ки дар забономўзї ва њифзи арзишњо дорад болотар аз њама расонањои њукумат аст. 5-6 НАФАР НАМЕТАВОНАД МИЛЛАТСОЗЇ КУНАД -Ин муќаддимае гуфтам бармегардад ба низоми телевизион дар Тољикистон. Шумо аз низоми телевизион, ки шакл гирифтааст ва умдатан мавќеъ ва ањдофи њукуматро њамин телевизионњо таблиѓ мекунанд ва то як андоза њукуматро ба мардум муаррифї мекунанд, розї њастед ё не? -Ман њамчун тољик аз телевизионњои тољик шарм мекунам. Ман шарм мекунам, ки баногоњ аъробие бисёр таваљљуњ кунаду гуфтањои бахши арабии телевизонњои Тољи-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

9

кистонро бишнавад. Ё русе бештар аз ду даќиќа барномаи русии ахбори Шабакаи аввалро бубинад. Ин телевизион боиси шармандагии мост ва њам баёнгари он аст, ки то куљо сиёсати кадрї ва идеологии њукумат заъф дорад. Њамчунин нишон медињад, ки њукумат омода нест, ки зарфиятњои аќлонии миллат дар хидмати њукумат ва давлатдории миллии тољикон бошанд. Телевизиони Тољикистон аслан барои як кас барнома тањия мекунад ва ин шояд ягона телевизион дар дунёст, ки сеткаи телевизионї надорад. Њар барномаеро, ки хоњанд аз њар куљои он ќатъ мекунанд ва сабабш њам маълум аст. Ё ин нафар занг задааст ё ун нафар ё либоси касе маъќул нашудааст ё гуфтаи касе. -Президент дар маросими ифтитоњи ду шабакаи нави телевизионї изњор дошт, ки журналистони телевизион мањорати пасти касбї доранд ва бояд дар корашон таѓйирот ворид кунанд. Агар њамин таѓийроти ТВ-ро бар гардани Шумо бизананд, аз чї сар мекунед? -Аз мутаќоид кардани Президент, ки телевизиони миллї бояд дар хидмати халќ бошад, на њукумати иљроия ва пешнињоди стротежии рушди телевизиони миллї барои 6-8 соли наздик. -Мо дар ин авохир шоњиди як тарњи ќонуни бисёр пурсарусадо њам шудем, ки ба маќомоти гуногун салоњият медод контроли расонањоро дар ихтиёр бигиранд, вале парлумон ин тарњро бозпас гардонд. Фикр мекунед, пушти ин тарњ кадом гуруњњое истода баданд? -Пушти он тарњ Вазорати фарњанг меистод. Гуруње аз заъифии вазиру вазъи сиёсї сўистифода карда, хостанд расонањои мустаќилро таслими худ кунанд, аммо ба муќовимати шадид рўбарў шуданду муваффаќ нагаштанд. -Оќои Саймиддин, фикр мекунам бо ин суњбате, ки доштем тавонистем рўйи асоситарин мушкилоти муњити расонаии Тољикистон суњбат кунем, умед мекунем ва умедвор њастем, ки дар Тољикистон муњити солими расонаї шакл бигирад ва фарњанги солими расонаї ба вуљуд биояд. Расонањо њамчун нињоди иљтимої, њамчун институтњои миллии таъсиррасон битавонанд дар марњилаи гузор дар ташаккули давлати миллии мо, милатсозии мо наќши созанда ва дуруст дошта бошанд. Ба унвони охирин суол, метавонед 5 журналисти ќавии тољикро номбар кунед? Агар имкон бошад бо номњояшон. -Аввал ин ки бо истифода аз фурсат мехоњам кулли журналистони тољикро ба иди касбї - Рўзи матбуот муборакбод гўям. Мо аз миллатњое њастем, ки нињодсозї аз љанбањои ќавии мо нест. Мутаассифона, мо њамеша ба фардњо такя мекунем, ки ин яке аз заъфњои мост. Такя ба институтњо давлатњо ва миллатњоро муваффаќ мекунад. Такя бояд рўйи нињодњо бошад, на рўйи шахсиятњо. Навобаста ба ин, дар њамин муњите, ки дорем, бо ин њама мањдудиятњои сиёсиву иќтисодиву иљтимоиву равоние, ки вуљуд дорад ва ин ки 60-70 нафар зањмат мекашанд ва матбуоти миллї месозанд ин кор шоистаи тањсин аст. Акасарияти ин нафарњо барои ман ќањрамонанд. Ман намехоњам аз 5 нафар ном бубарам, чун наметавонам аз 50 ё 500 нафари онњо ном бубарам. Вале инњо бояд ќадрдонї шаванд. Ва њатто умед њам дорам. Љашни 25-солагии Истиќлол, ки мо дорем њамон гуна, ки 100солагии матбуот тавонист ба як ќуллаи эътирофи расонањо аз љониби њукумат табдил шавад, метавонад дар ин муносибот калидї бошад. Ин шанси хуб аст, њам барои њукумат ва њам барои расонањо, ки кушишњои умумї дошта бошанд. Миллатсозї кушишњои умумимиллиро таќозо мекунад, як ё ду ва 5-6 нафар наметавонад миллатсозї кунад. Ин љомеаи мост ва њар яки мо бояд сањм бигирем. -Мо њам ба ин умеде, ки Шумо эътимод доред, ба суњбати худ хотима медињем ва умедворем, њукумат ба ин тафаккур, ба ин пиндор бирасад, ки аз расонањо ба унвони нињоди миллї истиќбол кунад. -Ташаккур!


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

ДИКТАТОР

Ин њарфи як сарварест, ки дар ќиёс ба дигар худкомагони олам хеле кам дар сари ќудрат будааст: њудудан 14 сол, ки ду соли охираш дар бистари бемориву бемористонњо гузаштааст. Ва аз маргаш њам се сол сипарї шуд, вале њамоно чун як сарвари саркаш нисбат ба сиёсатњои ИМА дар ёдњо мондааст. Муаммар Ќаззофї ва Саддом Њусейн аз саркашї аз хостањои Вашингтон ѓарќоби худ шуданд, вале Уго Чавесро саратон кушт. Саратоне, ки ба сирояташ ИМА-ро муттањам мекард. Њамчунон, ки дар нокомињои сиёсати иќтисодияш... Уго Рафаэл Чавес Фриас, 28-уми июли соли 1954 дар шањри Сабанети штати Баринас дар хонаводаи марди африќоиву њинду ба дунё омадааст. Модараш Елена Фриас де Чавес аз ќабилаи креолњо буд. Чавес панљ бародаре дошт, ки ба синни камолот расида буданд, як бародари ў ширхор буда, ки фавтидааст. Падараш муаллими дења буд. Пешгузаштагон аз љониби модараш ширкатдорон ва фаъолони Љанги шањрвандии солњои 1859-1863 будаанд. Шояд њамин буд, ки Чавес аз љавонї майл ба инќилоб дошт. Њангоме, ки дар мактаби њарбиву десантї тањсил мекард, ташкилоти пинњонкори COMACATE-ро созмон дод, ки баъдан он ба Љунбиши инќилобии Боливар (ба ифтихори ќањрамони љангњои Амрикои Лотин барои истиќлолият Симон Боливар) табдил шуд.

"Хиёнати полковник ба давлат" Солњои 1990-1991 тазоњуротњои зиддидавлатї нерў гирифтанд ва 7-уми ноябри соли 1991 калонтарин коршиканї дар таърихи ин кишвар шуруъ шуд. Дар ин миён гуруњи калони афсарон ба сарварии полковник Чавес бо мардум пайвастанд. 4-уми феврали соли 1992 рўзи табаддулоти нобарори Чавес буд. Аслан Чавес мегуфт ќасди ѓасби њокимият надорад, вале хостори ислоњоти сиёсї дар сатњи олист. Дар ин амалиёт 133 афсар ва ќариб 1000 сарбоз ширкат дошт. Вале дар муќовимати низомї онњо шикаст хўрданд. Чавес худро ба њукуматдорон таслим кард ва аз љонибдоронаш хост, ки силоњ ба замин гузоранд. Аммо дар гузориши мустаќими телевизионї аз њолати супурдани силоњ Чавес ошкор гуфт, ки яроќро танњо ба он хотир ба замин мегузоранд, ки ба њадафи худ нарасиданд ва намехоњанд хунрезї идома кунад. Вале муборизаи онњо идома хоњад кард. Чавес ва гуруње аз њамсафонаш зиндонї шуданд.

Роњи сиёсї Соли 1994 аз њабс бо авфи президенти ваќт Рафаэл Калдера озод шуд ва филњол созмони "Љунбиши V љумњурї"-ро ташкил намуд. Моњи декабри њамон сол бори аввал вориди Куба шуд ва зимни суханронї дар донишгоњи Њавана вай барномаи инќилобии худро эълон намуд. Ин замоне буд, ки вай зери таъсири сиёсатмадори оржентинї Норберто Сересоле ќарор дошт. Мањз Сересоле буд, ки ўро ташвиќ мекард ба ѓояњои инќилоби Муаммар Ќаззофї таваљљуњ дошта бошад. Уго Чавес ба ин њидоятњо мутаваљљењ шуд, аз пайи Ќаззофї рафт ва њатто соли 2004 ба Троблус ба ў љоизаи байналмилалии њифзи њуќуќи башари Муаммар Ќаззофиро таќдим карданд. Дар интихоботи президентии соли 1998 Чавес бо дарёфти 55 дарсади овозњо пирўз шуд, вале муттањиданаш дар Конгресс бартарият надоштанд. Баъди ќабули Конститутсияи нав дар соли 2000 дар ин кишвар интихоботи нави президентї ва парламонї роњандозї шуд. Чавес 60 дарсади овозњоро соњиб шуд, љунбиши ў аз 165 љойи парламон 92 курсиро ба даст овард. Аммо интихобот њам ба зиддиятњо миёни Чавес ва мухолифонаш поён надод. 16-уи апрели соли 2002 дар майдони Мирафлореси Каракас миёни љонибдорон ва мухолифони Чавес тирандозї сурат гирифт, ки дар натиља бештар аз 60 нафар кушта шуданд, 18-уми апрел бошад шўриши мусаллањона шуруъ шуд. Гуруњи њарбиён бо сарварии шањрдори Каракас А. Пена ва фармондењи нерўњои хушкигард Васкес талоши сарнагунии Чавес карданд, њатто ўро боздошт ва ба самти номаълум интиќол доданд. Генерал Лукас Ринкон Ромеро

Уго ЧАВЕС: ХОЊИШМАНДАМ,

НАГУЗОРЕД, КИ МАН БИМИРАМ хабар дод, ки Чавес истеъфо дод. Генерал Алберто Комачо Кайрус изњор дошт, ки на Чавес ва на њаводоронаш ва њукуматаш ќодир ба идораи давлат нестанд. Президенти анљумани соњибкорон ва кормандони саноати Венесуэла Педро Кармон иљрокунандаи сарвари ин кишвар таъин шуд. Вай парламонро мунњал кард, прокурори генералї ва нозири давлатиро аз фаъолият боздошт. ИМА аз ин табаддулот истиќбол кард. Ин дар њолест, ки њоло сарнавишти кишвар номаълум буд, чун артиш комил аз Чавес пуштибонї мекард. Љонибдорони Чавес ба майдонњо рехтанд ва талаб карданд, ки президенти боздоштшударо озод ва ба дафтари кориаш баргардонанд. Дар ин њол Кармон аз идораи давлат даст кашид ва табаддулотчиён аз тарси љазои сангин Чавесро баргардониданд. Чавес њамаи мухолифони умдаи худро дастгир кард. Дар гузориши мустаќими телевизионї аз бозгашти Чавес президент изњор дошт, ки гумон намекард ба зудї бармегардад. Њатто ба навиштани шеърњо шуруъ намуд, вале ваќт нарасид, ки достонашро ба итмом расонад. Тањлилгароне, ки рўйдодњои Венесуэларо пайгирї мекарданд, мегўянд анљоми табаддулот ва пирўзии Чавес ба буњрони сиёсии ин кишвар хотима набахшид. Тазоњуроту гирдињамоињо идома доштанд, 15-уми августи соли 2004 мухолифон ба парламон пешнињоди бозхонди Чавес ва баргузории интихоботи нави раёсати љумњуриро ба овоз монданд ва 59,10 дарсади вакилон ба ин пешнињод райъи мухолиф доданд. Бо вуљуди талошњои зиёд ва интиќодњои љиддї аз шеваи кори роњбарї ва муносибаташ ба демократия Уго Чавес миёни мардуми кишвараш аз обрў бархўрдор буд. Вай њама эродњоро нодида мегирифт ва бо њамон шевае ба роњбарї идома медод, ки худ меписандид. Дар њамин њол, Чавес њар кореро дар сиёсати хориљї анљом медод, зидди сиёсатњои ИМА буд. Чунончї, соле, ки ба ќудрат расид, ба Ироќ сафар кард, бо Саддом Њусейн мулоќот анљом дод ва бо ин амалаш хашми Амрикоро, ки Ироќро тањрим карда буд, барангехт. Њатто вай аввалин сарвари кишвари хориљие буд, ки бо Саддом Њусейн баъди љангаш бо Эрон дидор кард.

"Мењвари некї" ба муќобили "мењвари бадї" Баъди табаддулоти нобарор Чавес ба ин натиља расид, ки дар минтаќа љонибдор ба љуз Куба надорад. Ин буд, ки бо Фидел Кастро дар мавриди таъсиси як "иттињоди зиддимпериалистї" ба созиш расад. Баъдан ба ин иттињод Боливия пайваст, тадриљан љонибдорони сиёсати сотсиалистии Чавес дар Амрикои Лотин ва дигар манотиќ пирўз мешуданд. Аз љумла, Даниэл Ортега дар Никарагуа ва Рафаэл Корреа дар Эквадор ба ќудрат расиданд. Ва Чавес

иттињоди Венесуэла-Куба-Боливияро "мењвари некї" меномид, чун амрикоињо ин се кишварро ба гуруњи кишварњое шомил карда буданд, ки истилоњи "мењвари бадї"-ро муносиб медонистанд. Чавес тамоми умр зидди сиёсатњои амрикої ва дидгоњњои Вашингтон дар мавриди кишварњое садо баланд кардааст, ки мустаќилона мехоњанд давлатдорї кунанд. Њатто 20-уми сентябри соли 2006 дар иљлоссияи Ассблеяи генералии СММ Чавес Буши хурдиро "шайтон" номид Вай моњи июли соли 2006 чун мењмони фахрї дар њамоиши Иттињоди Африќо аз мамолики африќої даъват кард, ки ба неоколониализми амрикої муќовимат кунанд. Њамон сол вай ба кишварњое сафар кард, ки ба гумонаш метавонанд аз ширкаткунандагони эътилофи зиддиимпериалистї бошанд. Аз љумла, Русия, Белорус, Ветнам, Ќатар, Мали, Бенин ва Эрон. Њатто ба Эрон панљ маротиба сафари кориву расмї дошт, миёни ин ду кишвар муоњадањои зиёди њамкорї имзо шуда буд. Замоне, ки Шўрои мнияти СММ Эронро охирон маротиба барои ѓанисозии уран њушдор дод, Угон Чавес гуфт: "Венесуэла њамеша ва дар њама љо, дар њар њолат ва њар ваќт бо Эрон хоњад буд. Ваќте мо бо њамем ба осонї бар империализм пирўз меоем". Ва президенти ваќти Эрон Мањмуди Ањмадинажод посух дод: "Ман њисс мекунам, ки њоло бародарамро вохўрдам, инсоне, ки гўё дар як хандаќ ба муќобили душман ќарор дорем. Эрон ва Венесуэла дар як хатанд ва аз њамдигар дифоъ мекунанд. Президент Чавес сарчашмаи љараёни пешрафта ва инќилобии Амрикои Љанубист ва дар кори муќовимат бо империализми љањонї хизматњои шоиста мекунад". Ва Чавесро бо олитарин ордени кишвараш ќадрдонї кард. Моњи июли соли 2006 миёни ин ду кишвар 29 созишномаи иќтисодї ба имзо расида буд. Каракас ва Тењрон барои татбиќи лоињањои иќтисодї хазинаи муштаракеро ба андозаи 2 миллиард доллар созмон доданд. Моњи январи соли 2007 Мањмуди Ањмадинажод ба Венесуэла сафар кард. Дар ин сафар Тењрон в Каракас ба ќароре омаданд, ки њаљми сармоягузорињои Эрон дар Венесуэларо дар се соли оянда ба 3 миллиард доллар расонанд. Чавес бошад гуфт, ки кишвараш аз барномаи осоиштаи њастаии Эрон њимоят мекунад ва онро њаќи башарии ин кишвар медонад.

Чавес худро пайрави Тротский меномид Ин нукта замоне рушан шуд, ки Чавес хост Хосе Рамон Ривероро ба вазифаи вазири кор таъин кунад. Чавес дар ёддоштњои худ менависад: "Ваќте ман ўро даъват кардам ва пешнињод намудам, ки вазифаи вазири коррро бипазирад, Риверо гуфт: "Президент, дар оѓоз мехоњам шуморо огоњ созам: ман пайрави

Тротский њастам". Ба ў гуфтам, "Хеле хуб. Ин аслан мушкил надорад. Ман њам пайрави Тротский њастам ва аз хати сиёсии ў дар мавриди "Инќилоби давомдор" њимоя мекунам". Чавес замоне китоби Тротский "Инќилоби давомдор"-ро мутолиа кард ва ба ин натиља расид, ки дар СССР сотсиализм аслан ба маънои томаш вуљуд надошт, зеро ѓояњои Ленин ва Тротский тањриф шуда буданд. Сталин љомеаи дигареро бо номи сотсиализм сохта буд. Вай мегуфт, ки сотсиализми Бовария низ ба марксизм иртиботи камтар дорад, чун аз воќеъияти Амрикои Лотин гирифта шудааст. Дар љараёни сафараш ба Белорус вай изњор дошт, ки низоми белорусиро метавон бењтарин номид ва он метавонад барои Венесуэла низ ќобили пазириш бошад. Бо президенти Белорусия, "охирин диктатори Аврупо"Александр Лукашенко равобити хуби дўстона дошт ва сарвари Белорусро аз муттањидони асосї ва дўстони содиќи худ медонист. Ин ду сарвар борњо ба кишварњои якдигар сафар кардаанд. Ва борњо њукумати Чавес ба Белорус ќарзњои имтиёзнок додааст. Борњо теъдоди азими техникаро аз Белорус харидорї кард. Дўстии ду сарвар ба њадде буд, ки рўзи марги Чавес дар сар то сари Белорус парчами миллии ин кишвар пойин оварда шуд.

"Ваќте ба соњилњои мо флоти рус наздик мешавад..." Аввали соли 2006 ИМА ба муќобили Венесуэла тањримњо барои фурўши силоњ ба ин кишвар љорї кард, љавобан ба ин Чавес эълон кард, ки кишвараш дигар аз ИМА аслан силоњ нахоњад харид. Баъди эълони эмбарго Чавес ба Маскав чашми умед дўхт ва Кремл низ аз ин вазъ ба нафъи худ истифода бурд. Чавес танњо бо ду созишнома 200 њазор автомати Калашников харид, созишномаи харидории маљмуъи мушакии Тор-М1", 34 њавопаймои Су30МК2 ва 52 чархболро имзо кард. Чавес мегуфт, тарси ў аз тањдидњои амрикоист, аз ин рў кишварашро омодаи њамлањои эњтимолии Вашингтоон хоњад кард. ИМА дар вокуниши худ ба созишномањои харидуфурўши силоњ миёни Венесуэла ва Русия мегуфт, ки њукумати Чавес ин силоњњоро барои фурўши баъдї ба кишварњои дигари Амрикои Лотин мехарад. Аз љумла, шўришчиёни зидди њукумати Колумбия мањз тавассути Венесуэла соњиби силоњ мешаванд. Ваќте соли 2008 Амрикоро ба сўиќасд ба љонаш муттањам мекард, гуфт: "Аз ин ба баъд Венесуэла танњо нест, Русия бо мост. Русњо шарикони стратегии моянд. Мо дигар танњо нестем. Ваќте ба соњилњои мо флоти рус наздик мешавад, амрикоињо аз аќл бегона хоњанд шуд". Аммо ин њама мушкилоти иќтисодии кишварашро њал накард, сатњи зиндагии мардум башиддаи поён мерафт.

14


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

САЊФАИ ВОЛИДОН

11

КОРАФТОДАИ ДОНО Бо Њабиб Саид замоне ошно шудам, ки Душанбе дар як фазои номафњуми нооромї мепечид ва ин миллатро сарнавишти номаълуму ноаёне домангир буд. Њабиб шорењи сиёсї ва ман сармуњаррири бахши ахбори радиои Тољикистон будам. Агар гўям, ки аввалин шарњњои сиёсї дар ќолаби тоза дар радиоро ў менавишт, иштибоњ нахоњам кард. Њанўзам як табсираи ў дар ёдам наќш бастааст: вазъи сиёсии кишварро ба тањлил мекашид ва фазои ноамнро ба сегонаи НабиевДўстов-Кенљаев иртибот медод. Дар љараёни рўйдодњо он њама пешгўињои вай амалї шуданд, њамин сегона муљиби хунрезї дар кишвар шуд, ки аз он имрўз њам ранљ мебарем. Баъдан ман ўро гум кардам, шояд дањ сол баъд дар фазои маљозии Интернет њамдигарро пайдо намудем. Аз миён танњо як маротиба ўро дар Душанбе дидам ва њоло боз 20 сол аст, ки танњо суњбатњои онлайн дорем. Боди айём ќатори садњо рушанфикрон ўро низ ба Русия бурд ва муддате ба корњои истењсолї саргарм шуд, вале даст аз навиштан барнамедошт. Бо ду забон: тољикиву русї њикоя њам навишту повесту ќисса њам. Аммо мушкили чоп пеш омад. Њабиб шояд хеле зуд ба ин натиља расид, ки барои як муњољири тољик роњ ёфтан ба нашрияњову чопхонањои Русия корест мушкил. Пас Интернетро василаи иртибот бо хонандагонаш ќарор дод. "Нахуст кўшидам, ки дар "Самиздат" блоге кушода ва дар он љо њикояњо, повест, достону эссењои ба русї навиштаамро љой бидињам. Блоги нахустин маро маљбур сохт баъзе љузъёти барномарезиро биомўзам. Дертар дар платформањои дигар блогу сайтњо, аз ќабили "Насри навин", "Наср - Проза", "Проза", "Новеллањо", "Танз", "Њабиб Саид", "Њабиб Саид эссе", "Инsайт", "Мы вышли из Любви, Мы есть - Любовь, Мы возвращаемся к Любви"ро кушодам ва барои повести "Итальянец, тётя и Золушка", блоги алохидае омода намудам. Њабиб Саид мегўяд баътар барои худ ин воќеъиятро кашф кардам, ки дар фазои иттилоотии Интернет љойи Тољикистон таќрибан холист. Хостам дар ин самт баъзе корњоеро

"БЕВАТАН НЕСТ ЃАРИБЕ, КИ КУНАД ЁДИ ВАТАН..." анљом дињам ва русњову русзабононро бо Тољикистон, таърих ва фарњанги он ошно созам. Ин буд, ки блог ва сайтњои "Таджикистан в картинках", "О таджиках и про таджиков", "Таджикская музыка: классика, ретро, поп" "Бухара" -ро ташкил кардам. Блогњои Њабиб Саид њоло хонандагону бинандагони мушаххаси худро доранд. Бино ба иќрораш камтарин воридшаванда ба блогњои ў 5 њазоранд. Баъзе аз блогњояш хеле пурбинандаву пурхонандаанд ва теъдодашон аз 30 то ба беш аз 50 њазор нафар мерасад. Њабиб Саид, ки худ тањлилгар аст, гоњу ногоњ вуруди хонандагонаш ба блогњоро тањлилу баррасї мекунад ва мегўяд теъдоди бинандагони сомонаву блогњои мусиќии ў бештаранд. Зиёда аз 70 дарсади хонандагону бинандагонаш аз Русия мебошанд, аз Тољикистон бештар ба блогњои "Садриддин Айнї","Душмани №1 тољик - вируси М" таваљљуњ кардаанд. "Хеле афсўс, ки фазои итиллоти тољикон дар интернет холист, блогњои ба мавзуъи Тољикистон бахшидашуда нињоят каманд ва блогнависони хуб њам ангуштшуморанд. Танњо Салими Аюбзод, Дориюши Раљабиён, Саидюнуси Истаравшаниро медонам, ки блогашон пурхонандаву маъруф аст", - мегўяд ў. Ба шинохти њамсуњбатам, Тољикистон њатто дар пахши онлайн-радиоњо дар ќиёс ба њамсоягон ќафо мемонад. "Тољикистон чор барномаи радиоиашро тавассути радио-онлайни сомонаи "Mediabay" пахш мекунад, вале ягонтааш кор намекунад. Ман шахсан ба самонаи мазкур мурољиат кардам, гуфтанд, ки пас аз як моњ ба кор медароянд, ним сол шуд гузашт, аммо онњо њамоно хомўшанд, пули кишварро мерўёнанд, вале ягон соњибмансаб парвое надорад, ки он радиоњо кор мекунанд ё на".

Аз дурињои дур њам метавон ѓами миллатро хўрд, метавон хизмате барои тавсеъа ва рушди фарњанги миллї анљом дод. Ваќте ў мебинад, ки садњо њазор сомонї пул сарфи радио-онлайнњо мешавад, вале онњо кор намекунанд, хуни дил мехўрад. Ва суњбаташро бо як корманди радио наќл мекунад, ки гуфтааст, "баъзе мансабдорони мо хатто тасаввурот надоранд, ки радио - онлайнаш чист". Ба андешаи Њабиб Саид њоло радиохои "Ховар", "Радиои Диёр", "Азия - Плюс", дар фазои интернет бо сифати мављ ва муњтавои барномањояшон аз бењтаринњоянд. Ожонсињои хусусии хабарии "Азия Плюс", "Тољнюс", "Озодагон" фазои итиллотии кишварро фаъол нигоњ медоранд. Њабиб Саид шахси љўяндаест, пайваста бо афрод дар иртибот аст, бењтарин савту навои тољикиро гирд меоварад ва аз онњо ба навъе клип дуруст мекунад ва дар блогњои худ мегузорад. Мегўяд, "ба наздикї сурудеро ёфтам, ки соли 1956 сабт шуда буд, хурсандии маро њадду канор набуд. Духтари шодравон Њанифа Мавлонова - Гулнор Мавлонова, ки дар Маскав иќомат дорад, ваъда дод ки аз бойгонии шахсиаш сурудњои модарашро медињад, то ба њаводоронаш пешкаш кунем. Шодравон Бобољон Ѓафуров шашмаќомро дар иљрои Њанифа Мавлонова бисёр наѓз медиданд. Бо кўмаки Сорбон Норбадалов аз Хуљанд муяссар бигашт, то сурудњои марњум Бобољон Шамсиевро ба тамошобинон пешкаш намоем. Агар хонандагони рўзномаи бонуфузи "Нигоњ", ки дар дохилу беруни кишвар хонандагони зидёд дорад, дар љустуљуйи сурудњо кўмак мекарданд, бисёр кори савобе мешуд, то зањмату мењнати санъаткорони мо ба боди фаромўшї наравад".

ЊАБИБ САИД Њоло саргарми сохтани канали "habibsl" дар ЮТЮБ аст ва мегўяд дар бойгонии худ аз њамаи маъруфтарин сарояндагони кишвар, устодони "Шашмаќом", эстрада бењтарин таронањои онњоро гирд овардааст, дар бораи Садриддин Айниву Бобољон Ѓафурову, Лоиќ клипњо дорад. Танњо аз сурудањои Ањмад Зоњир зиёда аз 100 видеоролик сохтаву дар баъзе аз онон бештар 450 акси шодравонро истифода кардааст. Дар хориљи кишвар дањњо танеро медонем, ки мањз бо талоши худ дар шинохти миллат хизматњоеро анљом додаанд. Вале аз хазинаи ин давлат зар нахостанд, баъзан кори як дастгоњи муќтадирро анљом доданд, вале ба касе миннат назаданд. Танњо њисси мењандўстиву мењанпарастї метавонад њидоятгари ин афрод бошад. Онњо њар куљое њастанд, бо ин Ватананд, аз њавои он нафас мекашанд, бо ёди он мехобанд ва бо ёди он аз хоб бедор мешаванд. Ва мисрањои устоди шодравон Мастон Шералї њам ба њамин маъност: Беватан нест ѓарибе, ки кунад ёди Ватан, Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

МАСЛИЊАТ Дар замоне, ки шуруъ аз Президент то вазирону мутахассисон барои бењбуди шевањои тањсил дар макотиби миёнаву олї талош мекунанд, ин мактабњоянд, ки бояд њар усули пешрафтаро таљриба кунанд ва натиљаро бо асосњои илмї пешнињод намоянд. Аз назари ин љониб омўзгорони мактаб худ дар маркази њам омўзиш ќарор доранд ва њам дар маркази таљриба. Мо њам ин авохир талош кардем шевањоеро таљриба кунем ва барои ин аз баъзе усулњои ќадимии низоми тањсил даст шўем. Бо назардошти вазъї буњронї ва хатари шабакањои иљтимоиву пешгирии наврасону љавонон роњбарияти литсей-интернати Президентии шањри Душанбе ба низоми тањсилот ва имтиёз ба шогирдон ислоњот ва навоварї ворид кард. То соли гузашта низоми тањсилоти мо ин буд, агар дар анљоми соли тањсил зиёда аз 3то бањои "се" дошта бошад, бояд хориљ шавад ё бо таври шартномавї тањсил намояд. Соли љорї ин муќарраротро ќатъ кардем. Бо маќсади дастгирии љавонон ва додани имтиёз шарти хориљ шуданро њам бекор кардем. Баръакс, бо шогирдоне, ки бањои ѓайриќанотабахши зиёд мегиранд, омўзгорон дарсњои иловагиро бештар мегузаронанд ва ташхис мекунанд, ки мушкил дар чї аст? Раѓбати шогирд кам аст ё мушкил сари он аст, ки омўзгор ба хонанда таваљљуњи кам кардааст? Дар нињояти амр шогирд худ тасмим мегирад, оё лаёќати тањсил дар муассисаи моро дорад ё не. Ин шеваи бархўрд бо хонандагони сустхонро мо аллакай таљриба кардем. Дар љамъбасти чоряки дуюм 12 нафар волидон бо хоњиши худ фарзандонро аз муассисаи мо гирифтанд. Се шогирди дигар њам бо хоњиши худ ба муассисаи тањсилоти миёнаи мањали зисташон гузаштанд. Яъне, мо ба шогирдон бояд њаќи интихоб ва имтиёз барои талошро дињем. Бунёди илм ва омўзиши дурустро бояд аз наврасї дар зењни кўдак сабзонд. Таассуроти онро, ки инсон тиљорат, яъне пул дошта бошад сарватманд мегардад, ѓалат аст. Бояд ба наврасон тиљорат ё роњи сарватманд шуданро дар омўзиш нишон дињем. Ваќте илм ва касб аст, шахс сарватманд аст. Навраси босавод барои оянда заминаи боэътимод дорад, ки дигар ўро фирефтаи њар амале кардан кори сањл нест. Яъне, мо нерўи солими созанда тарбия мекунем. То њадде аз дастовардњои солњои охири шогирдонамон метавонем изњори ќаноатмандї

ХОРИЉ КАРДАНИ ХОНАНДА НОРАВОСТ!

лагери Осиёи Марказї ба Љумњурии Ќирѓизистон роњхат гирифт. Дар ин самт мо аз волидайни хонандагон минтадорем, ки моро дастгирї мекунанд ва њамеша дар пањлуйи мо њастанд. Ќарсак аз њар ду даст аст. Бидуни волидайн талошњои мо бенатиљаанд. Ваќте муносибат ва муњит барои хонандагон баробар аст ва зењни наврас ба ташаббусу рафторњои нек машѓулу дилгарм аст, вирусњои манфї ба ў камтар таъсир доранд. Набояд хонанда аз дидани омўзгор эњсоси тарс ё хиљолат дошта бошад. Дар чунин фазо хонанда бидуни хиљолат ва худдорї аз омўзгор љуръати пурсидан ё баррасї намудани њар гуна масоилро надорад. Албатта, муњити илмї ва таълимро дар назар дорем, ки омўзгор то куљо тавонистааст, ки завќу шавќи шогирдро бедор созад ва оид ба муњити атроф ва њаводиси љањонї чї таасурот дорад. Исмоилзода Бањром Мансур, директори литсейи-интернати Президентии шањри Душанбе.

ТАВСИЯ ИБОРАЊОЕ, КИ НАБОЯД БА КЎДАКОНАТОН БИГЎЕД кунем, вале ин на ба он маъност, ки њадди комёбї њамин аст. Боз њам бояд талош кард, то натиља бењтар аз ин бошад. Соли љорї 4 хонандаи муассиса ѓолиби озмуни олимпиада аз фанњои иќтисодї дар Маскав гардиданд. Ду шогирд баъди ноил шудани љойњои дуюм аллакай њуќуќи донишљў шудан дар мактаби асосии математикаи Русия доранд. Барои ин ду нафар аз њоло даврањои омўзишии иловагии забони русиро ба роњ мондем, ки дар оянда дар тањсил душворї накашанд. Баъди таъсис додани басти корї оид ба омода кардан ба олимпиадањо ба натиљањои назаррас ноил шудем. Яке аз муовинони директори муассиса ба ин самти фаъолият машѓул аст. Дар Олимпиадаи байналмилалии фосилавї аз фанни забони инглисї дар даври аввал 13 - шогирд гузаштанд ва ба давраи дуввум роњхат гирифтанд. Аз 11 -ум то 19-уми феврал дар шањри Маскави Федератсияи Русия 18умин Конфронси байналмилалии корњои илмї-

техникии хонандагони давлатњои аъзои ИДМ ба номи "Оѓоз ба илм" доир гардид, ки дар он Муњиба РАЊИМОВА, шогирди муассисаи мо миёни 700 иштироккунанда сазовори љойи дуюм ва диплом гардид. Муњиба Рањимова, соли 2014 дар Озмуни даставии хонандагони мактабњои президентї аз фанни математика соњиби љойи аввал, инчунин њамон сол дар Олимпиадаи байналмилалї аз фанни математика дар Ќазоќистон сазовори љойи дуюм шуда буд. Соли 2014 дар Озмуни IV-уми байналмилалии корњои илмї оид ба математика ва механика, ки дар Ќазоќистон баргузор шуда буд, сазовори медали биринљї низ гашт. Соли 2015 дар Озмуни V-уми байналмилалии корњои илмї оид ба математика ва механика ба номи О. Жолдосбеков соњиби медали нукра шуда, номбардори парчами Љумњурии Тољикистон гашт. Илова ба ин, соли 2015 Муњиба Рањимова аз озмуни лоињаи Университети Осиёи Марказї гузашта, барои тањсил дар

Равоншиносон мегўянд бо ба забон овардани калимаву иборањое шумо метавонед фарзандатонро руњан љароњатдор кунед. Инак, баъзе аз онњо: - Чизе аз дастат намеояд, ист ман худам инро анљом медињам. - Ма, бигир, фаќат ором шав, ин чї њол аст?! - Агар як бори дигар инро бубинам, шатта мехўрї! - Ман гуфтам ба ту, фавран бас кун. - Ту бояд донї, ки... - Писарбачањо (духтаракон) чунин рафтор намекунанд, ки ту мекунї. - На, мо инро намехарем, пул надорем, ин хеле гарон аст. - Њамаи кўдакон мисли кўдаканд, аммо ту...эњ...


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

БО ШОИР

АДИБАИ ХУЉАНДЇ 1 Оини ту сабр, сабру тоќат, дили ман, Тўмори нигањдори њакиќат дили ман. Садбарги шукуфтаи муњаббат дили ман, Эй парчами сурхи дасти соат дили ман. 2 Мафтуни гунањњои заминї моем, Њар љо деве, ба њамнишинї моем. Роње, ки равем, рои нафсу ѓараз аст, Безор зи ќонуни баринї моем. 3 Дар дайри тааллуќ ба итоат моем, Бар њусни маљозї ба ибодат моем. Њар љо ки равем, њамрањи мо марг аст, Се рўз иљорашини соат моем, 4 Дар дайри гунањњо ту савобам бошї, То манзилу рањ ройи шитобам боши. Њам соњиби суративу маънои сияр, То зинда манам, ту интихобам бошї. 5 Хушкида дарахти бесамар шуд дили ман, Дур аз назари ањли сияр шуд дили ман. Гулбарги ба номи ёр омад зи фалак, Ёраш нагирифту беасар шуд дили ман. 6 Дар пеши дарат дубора оям рўзе, Рамзе шаваму ишора оям рўзе. Дар рўи замин дубора кай меруям, Бесурату беситора оям рузе 7 Раќќосаки базми соат оям се руз, Бар њар назаре назокат оям се руз. Як њарфу ду њарф аз фалак овардам, Рамзест, ки ман ишорат оям се руз 8 Эй лутфи Худо, ба номи ман нома макун, Олам њама њангомаву њангома макун. Ман мухтасарам, расидаам бар фарљом, Аз ман ба умеди хеш барнома макун 9 Мастуртарин фаришта бошад дили ман, Аз гиря магар сиришта бошад дили ман. Њар руз агарчи нома гирад зи фалак, Як номаи нонавишта бошад дили ман. 10 Эй ёр, фаќат ту љурм дар мо дидї, Дар њастии аѓёр таљалло дидї. Яъне ки њамеша душмани мо будї, Варна ту зи хуршед сафоро дидї 11 Он сурати бехазон њиљобї бошад, Ў воњиди ишќу интихобї бошад. љуз у дигарон зи боѓњо рањгузаранд, У ишќ! Дигар њама саробї бошад. 12 Оинаву ёр ањли хиёнат бошанд, Вомонда буруну банди сурат бошанд. Чун сурати мост бебаќо буданашон, Худ бехабар аз асли муњаббат бошанд.

13 Хуш бош, љањон на бар муроди ману туст, Берун зи харитаи саводи ману туст. Аз халќ ба љуз бади набинї њаргиз, Он суи фалак касе ба ёди ману туст. 14 Гар об зи кўза бо чакидан кам шуд, Соњибсухан, обурў ба гуфтан кам шуд. Бисёр махоб, сўи хуршед шитоб, Афсўс, ки зиндагї ба хуфтан кам шуд. 15 Њар вожа, ки гуфта будаам аз ѓайб аст, Дил гарчи xавон аст, хирадро шайб аст. Бигзор гадо раќиб бошад ба гадо, Шоир чу шавад душмани шоир , айб аст. 16 Эй лањза, туро, туро табобат бояд, Яъне, ки ба њаќ туро садоrат бояд. Эй дил чї кунї ба хок болотар бош, Пои ту бурун зи марзи соат бояд. 17 Дар дасти њароси шаб чу барги бедам, Аз дидани дидори сањар навмедам. Гуфтам, ки туро садо кунам бо телефон, Охир ту наойї сўи шаб, хуршедам. 18 Гар аз ту људоем, Худо бас бошад, Дар бекасињо Худо маро кас бошад. Ў буд наљоти ман зи деву дади дањр, Варна на умеди ман зи њар хас бошад. 19 Эй дил саги ту, куљост гарданбандам, То шарти ѓуломии абадро бандам. Сад саљда барам ба хоки поки ќадамат, То ки наравад ёди ту, дарро бандам. 20 Хуршеднасаб кокули зарринам буд, Њам гулбашакар чењраи ширинам буд. Монанди булўр ќомати субњназир, Афсўс барои нигањат ин кам буд 21 Омўз аз ин ќабила мармарсифатї, Эъдом кунад замона гавњарсифатї. Хуршед куљо ба ёди мардум бирасад. Дорем чу зањњокию аждарсифатї. 22 Авранги хирад набуд љои дили мо, Аржанги муњаббату вафои дили мо. Њар кас нашавад лоиќи ишќи абад, Танњо туї мањбуби Худои дили мо. 23 Дар њар ду љањон лоиќи дори саќарам, Ў нест дар ин ќисмати зулматасарам. Бегонаи обу дона бошад фикрам, Сад кўњи зару сим нагирад назарам. 24 Гар саљда ба нокасон бигўяд, напазир, Айшу тараби љањон бигўяд напазир.

ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ 1.Худатонро намуна барои дигарон мењисобед? Чаро? -Барои он худро намуна медонам, ки воќеан дар оилаи фарњангї ва хос ба дунё омадаам ва аз таълиму тарбияти неку бархўрдор ба камол расидам. Инсони нек њастам бо хурдтарин имкон некї мекунам. Агар онон, ки бештар имкони некї кардан доранд, бештар имкони хайру дастгирї доранд, пайрави аз ман мекарданд, хуб мебуд. Њасад намебарам, туњмат намекунам, ѓайбат намекунам. Дар дустї устувору вафодору содиќам. Дуст дошта метавонам, бад дида наметавонам. Њамеша чонибдори адолату њаќиќату рўшанї њастам. Аз хислатњои бади инсонњо хушам намеояд. 2.Ба кадом савол посух гуфтан мехостед, аммо њеч кас онро аз Шумо напурсид? -Худам ба инсонњо суоли зиёд дорам. Масалан, мехоњам аз бархе инсонњо бипурсам, ки чаро дар ин умри кутоњи нотакрор ин ќадар ба њамдигар бадї раво мебинанд, чаро ба камтарин манфиати худ тайёранд умри як инсони дигар, бахти як инсони дигар ќурбонияшон бошад, чаро ба инсонњои дигар садду садама мегузоранд ва рў-рўи сари инсонњо мераванд худпарастона? Чаро рўшанї аз руњи мо ихтисор мешавад... чаро кўшиши инсони комил будан надорем... чаро бадї дар одамизод равнаќу ривољи бештар дорад.....Дар ин љомеа чароњои ман бељавобанд. Мехостам аз ман рахнамої пурсанд. Мехостам пурсанд, ки кадом роњ дуруст аст барои расидан ба хушбахтии воќеї? Мегуфтам бадї накардан! Њамеша некхоњ будану некї кардан!... Мегуфтам бењтар аст ки гургу шаѓол, мору аждар набошем....Инсон бошем.... Аљаб, ки њаминро аз ман инро касе напурсид. Аммо рисолати шоир њамин аст, ки рањнамо ба суи рўшанї бошад дилњоро... 3.Агар шахси ноайён мебудед, ба куљо рафтан мехостед, то асрори хосро маълум кунед? -Агар чунин имкон мебуд, мерафтам он сўи ниќобњо - то аслу њаќиќати одамон .

Имони ту аз гиря бигирад сайrал, љуз гиря чу ину он бигўяд, напазир. 25 Товуси сухан зи бўстони хирад аст, Оростасурати равони хирад аст. Ишќе ки људо зи наќшњои араз аст, Ишќи ту бувад, ки љони љони хирад аст 26 Бењуда бувад њамеша марямсифатї, Савсаннасабї, љилову шабнамсифатї. Гул хор шавад ба чашми ин ќавми касиф, Бояд ба гуноњашон љањаннамсифатї. 27 Дар боѓи хирад хори муѓелон ишќ аст, Худ донаву доми марг бар љон ишќ аст. Бигзор шиносем, ки садбарг кї буд, Дар њасрати дидори шукуфон ишќ аст. 28 Дил дар саќари сияр ба ѓам масдуд аст. То дидани дидори ту рањ мањдуд аст. Бо риштаи нур омада будем ба хок, Роње ки ба осмон равем, аз дуд аст. 29 Гулро зи чаман ба фикр кўчат кардам, Оина пур аз наќши њаќиќат кардам. Чашми ту чароѓи сабз буд дар дили ман, Ин умр барои ту муњаббат кардам. 30 Афсўс туро, ки порсої араз аст, Бадхоњию бадгўї туро чун мараз аст. Сад саљда барї ба пои мансабдорон, Санљидаи мо ин, ки саломат ѓараз аст. 31 Гар пок будї, ба хок н-афтода будї, Эй он, ки худ аз гуноњњо зода будї. Яъне, ки гунањ кашид бар хок туро, Андар адам эй дўст, ту озода будї. 31 Њар љо, ки ќадам расид дом аст ин љо, Ќонуни њаќиќате њаром аст ин љо. Лаб номи Худо дораду дил майли гунањ, Оинаи безанг кадом аст ин љо. 33 Парвози маро ба бол дому расан аст, Бечора дилам тeъмаи зоѓу заѓан аст. Бегона бар ин мардуми бечора манам, Яъне, ки маро атри сухан чун ватан аст. 34 Мо субњзамирему гуњарљома наем. Тўфони асирем, ба њангома наем. Шуд номасиёњ зиндагї аз ишќат, Њарчанд сазовори яке нома наем. 35 Ку он, ки дар оина муќимї монад, Асрори њаёту маргро њам донад. Ку чењра, ки дар чашми ту шарманда нашуд Афсўс, љањон аз сари мо мемонад. 36 Дар мањфили зоѓи боѓ симурѓ мабод. Бар хоки пур аз гуноњ њуре марасод. Дар мањфили шоирон мабодо суханам, Дар анљумани фалак гирифтори ту бод.

МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Адибаи Хуљандї соли 1971 дар шањри Хуљанд дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Падараш Мирзо Ќаландар олим, файласуф, рассом ва шоир буд. Мирзо Ќаландар муаллифи китобњои мунташирнашуда: "Педагогикаи Шарќ", "Аќоиди педагогии Зиёуддини Нахшабї", "Тарљумаи Ќуръон", "Газалиёт" ва " Андешањои њикамиву фалсафї" мебошад. Ў барои духтараш Адиба устоди аввалин аст. Дар рушду равнаќи илму фарњанги Адибаи Хуљандї устодаш Абдуманнони Насриддин низ сањми калон гузоштааст. Мањз бо хидояти ў Адиба ба омўхтани љиддии адабиёти классикї машѓул шуда, дар замони донишљўи њамарўза ба шеър азёд кардан машѓул мешавад. Њамчунин Озод Аминзода, Фарзонаи Хуљандї ва Рањмат Назрї ба интишор шудани ашъораш ѓамхору дастгир будаанд. Адиба дар Шуъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагон, дар телевизиони шањрии Хуљанд кор кардааст ва солхои тулонист, ки дар маљаллаи илми адабии "Паёми Суѓд" фаъолият дорад. Узви Иттифоки нависандагон аз соли 1998, дорандаи Љоизаи ба номи Камоли Хуљандї мебошад. Китобњояш бо номи " Пайѓоми сањар", "Гиряи ишќ", "Хиљрони офтоб","Хокистари хуршед", "Фарёди хотирахо", "Ситорачин" " Накњати гулњои гумгашта", "Садои шикастан", "Ѓунчаборон", "Рўзи танњоии оина" мебошад. Китобњои мунташирнашудааш "Чашми сабзи оина" ва "Њазор ѓазал" мебошанд, ки интизори ноширанд. 37 Эй бадбудагон, раведу собун оред, Як чашма зи лољувардњомун оред. Оред ба козур дили чиркинро, Пас саљда бар он Худои бечун оред. 38 Садбарги сухан бидуни накњат набувад. Бе рамз сухан лоиќи иззат набувад Гар обу њавою офтобеяш нест, Он бењ, ки ба дафтарам яке хат набувад. 39 Дил чист ? чу албоми пур аз сурати ту, Мазмуни умеду орзу сўњбати ту. Дар хоки рањат чу сабза мижгон руста, Садбарги нигоњи мост дар њасрати ту. 40 То чанд ту кўњнадўз монї, шоир? То чанд фасурдањарф монї охир, Ин килку китоб аз Худованд расид, Не аз кафи шайтону зи лутфи соњир. 41 Дил дар њарами хирад наояд, донї, Эй он, ки Масењию зи мо пинњонї. Гарди гунањи нигањ мабодо расадат, Аммо чї кунам, ки мизбони љонї. 42 Ин дил чу нигоњбони дўзах дорам, Њар лањза чу хошок ба коми норам, Лек аз гунањи ишќ пушаймон нашавам, Гарчанд набудаї ту њаргиз ёрам. 43 Њаргиз суханам мабод урён бошад, Мазмун ба замири рамз чун љон бошад. Гар лоиќи эътибори ту урёнист, Дар кисвати тан љон зи чї пинњон бошад? 44 Айб аст агарки одамї урён аст, Беќадрии њарфро сабаб низ он аст. Сурат чи бувад бидуни љон, лошаву бас, Зебої сухан бошаду мазмун љон аст.


ВОКУНИШ Посухи Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон Нарзулло ЛАТИФОВ ба маќолаи раиси Федератсияи таэквондо ИТФ ва кикбоксинги Тољикистон Мирсаид ЯЊЁЕВ "Давайте говорить по совести!", ки дар њафтаномањои "Варзиш-Спорт" ва "АзияPlus" 4 феврали соли 2016 чоп шудааст. Банда њамчун коршиноси соња бар асоси таљрибаи бисёрсола ва мушоњидањои худ барои рушди минбаъдаи варзиш дар љумњурї ахиран дар расонањои хабарї се пешнињод карда будам. Ин пешнињодњои ман тањти унвонњои "Нарзулло Латифов пешнињод мекунад" (њафтаномаи "Нигоњ", 20.01. 2016), "Варзиш" аз "љавонону сайёњї" људо, сатњи

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

13

Пешнињоди сеюми банда дар бораи Љоизаи президенти Тољикистон ба ѓолибон ва љоизадорони мусобиќањои байналмилалии варзишї буд. Барои њавасмандгардонии варзишгарон 24 декабри соли 2015 Амри президенти Тољикистон ба имзо расид. Тибќи он 21 варзишгар бо Љоиза сарфароз шуд. Вале дар риштањои олимпї њамагї чор варзишгари бузургсол љоиза гирифт. 9 нафар ё беш аз чил дар сади вазишгароне, ки бо Љоизаи президент мукофотонида шуданд, намояндагони як намуд - таэквондо ИТФ - буданд, њол он ки ин намуди ѓайриолимпї на ба барномаи Бозињои осиёї дохил аст, на ба барномаи Универсиадаи умумиљањонї ва на ба бар-

Нарзулло ЛАТИФОВ:

МАН АЗ РЎИ ВИЉДОН СУХАН МЕГЎЯМ Шўрои варзишу Љоизаи президент баланд карда шавад (сомонаи olympic.tj, 26.01.2016 ), "Љиян"-и њамакора" (њафтаномаи "Тољикистон", 03.02.2016) ва "Спорт в тени молодежной структуры" (рўзномаи "Азия- Plus", 04.02. 2016) чоп шудааст. Аввалан хонандагонро бо ин пешнињодњои банда ба таври мухтасар ошно мекунам. Пешнињоди якум рољеъ ба масъалаи муњим - сохтори кунунии давлатии соња - буд. Таљдиди маќомоти идораи давлатї дар соњаи тарбияи љисмонї ва варзиш, яъне ба Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соња таъсири манфї расонда, солњои охир барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеањои зиёд эљод кардааст. Бинобар ин ман пешнињод намудам, ки сохтори алоњида љињати пешрафти варзиш фаъолияти пурсамартар анљом хоњад дод. Соњањои љавонон ва сайёњї низ, ки имрўз бо мушкилоти зиёд рўбарў њастанд, дар сурати дар алоњидагї фаъолият кардан, њарчи бештар муваффаќ хоњанд шуд. Пешнињоди дуюми ман дар бораи Шўрои рушди тарбияи љисмонї ва варзиш буд, ки бо ќарори Њукумати Тољикистон моњи марти соли 2011 тањти роњбарии сарвазири кишвар таъсис дода шудааст. Вале дар муддати чор сол њамагї се љаласаи Шўро баргузор шуд ва ќарорњои ќабулшуда танњо рўи коѓаз монданд. Соли гузашта бо пешнињоди Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии кишвар њайати Шўро азнав тасдиќ гардид. Њамакнун ба Шўро на сарвазир, балки муовини сарвазир, ки масъули соњаи варзиш аст, роњбарї мекунад. Яъне сатњи Шўрои љумњуриявї паст шуда, дар шањру навоњї ва вилоятњои кишвар низ ба њайати шўроњои мањаллї ба љойи раисон муовинонашон дохил гаштанд. Ба назари ман бо маќсади татбиќи пурсамари сиёсати давлатї дар соњаи тарбияи љисмонї ва варзиш ва бо истифода аз таљрибаи кишварњои Иттињоди Давлатњои Мустаќил таъсис додани Шўрои тарбияи љисмонї ва варзиш бо роњбарии Президенти Тољикистон мувофиќи матлаб аст. Зимнан, чунин Шўроњо дар бисёре аз љамоњири собиќи шўравї тањти рањбарии президентњои ин кишварњо таъсис ёфтааст, ки барои рушди соња хидмати бузургеро ба анљом мерасонанд.

номаи Бозињои олимпї. Инчунин ин намуд аз љониби Кумитаи байналмилалии олимпї Шўрои олимпии Осиё њам эътироф нашудааст. Ба рўйхат дохил нашудани варзишгарони маъруфи мо дар риштањои олимпї - Комроншоњи Устопириён ва Саидљалол Саидов оид ба дзюдо, Муродљон Тўйчиев оид ба гуштии юнониву румї ва Фарњод Анаќулов оид ба гуштии озод, ки порсол барандагони медалњои биринљии чемпионати Осиё шуда, ба ќатори дањ варзишгари бењтарини сол дохил гаштаанд, боиси нигаронї аст. Натоиљи ба даст овардаи варзишгарони кишвар на аз рўзе, ки Ќарори Њукумат (1 августи соли 2015) баромадааст, балки аз рўзи таъсиси Љоизаи президент (9 январи соли 2015) бояд ба назар гирифта мешуд. Ба андешаи банда минбаъд бояд сатњи Љоизаи президент баланд бардошта, дар Низомнома баъзе таѓйирот ворид карда шавад. Вале баъди чопи ин пешнињодњои камина маќолаи тањќиромезу бўњтонангези президенти Федератсияи таэквондо ВТФ ва кикбоксинги Тољикистон Мирсаид Яњёев ба забони русї бо номи "Давайте говорить по совести!" дар њафтаномањои "Варзиш-Спорт" (18.02. 2016 ) ва "Азия-Plus" (18.02.2016) чоп шуд. Ман барои тањќири банда дар "Варзиш-Спорт", бояд муаллифу њафтаномаро ба додгоњ бикашам, вале аз рўи маќоли дар худи маќолааш овардаи Яњёев "Саг мељакад, корвон меравад" амал мекунам. Вале наметавонам ба ин мутахассиси њарзагўю азхудрафта ва носипос посух надињам. Љаноби Яњёев камина ва онњоеро, ки андешањои худро дар бораи таэквондо ИТФ дар расонањои хабарї мунсифона баён кардаанд, шахсони аз варзиш дур унвон кардааст ва гўиё танњо вай "мутахассиси дилсўзи соња" мебошад. Агар дилаш дар њаќиќат барои соња месўхт, вай нахуст дар бораи ду пешнињоди аввали банда андешаашро баён мекард. Вале ў дар ин бора ягон њарф назадааст, яъне аз рўи маќоли "Гўр сўзаду дег љўшад", амал кардааст ё чунон ки русњо мегўянд "Моя хата с краю." Њол он ки Яњёев борњо њангоми суњбат бо банда мегуфт, ки то соња људо нашавад, рушди варзиш имконнопазир аст. Яњёев рўирост дурўѓ мегўяд ва туњмат мекунад, ки банда њангоми љаласаи Шўрои рушди тарбияи љисмонї ва вар-

НАРЗУЛЛО ЛАТИФОВ, РАИСИ АССОТСИАТСИЯИ ЖУРНАЛИСТОНИ РИШТАИ ВАРЗИШИ ТОЉИКИСТОН

зиш, ки дар пањлўяш менишастам, хомўширо ихтиёр карда бошам. Бале, дар љаласаи шўро рўзи 7 декабри соли 2015, ки тањти раёсати собиќ муовини сарвазири мамлакат Марњабо Љабборї дар маљлисгоњи Китобхонаи миллї баргузор шуда буд, банда 6-7 даќиќа суханронї карда (сабти аудиої дар ман њаст), масъулони баргузории љаласаро танќид намудам, ки њамчун узви шўро аз љаласа имрўз огоњ шудам, вале ягон маводи он, ба љуз рўзномаи љаласа, на пешакї ва на дар љараёни он ба аъзои шўро пешкаш нашудааст. Рўйхати варзишгароне, ки ба гирифтани Љоизаи президент пешнињод шудаанд, низ дар дасти мо набуд. Баъди суханронии худ ман љаласаро ба нишони эътироз тарк намудам ва дар баррасии масъалањои дигар ширкат надоштам. Вале Яњёев шарм надошта, навиштааст, ки ман барои тасдиќи рўйхат овоз додаам. Яњёев навиштааст, ки ман узви Комиссияи мукофотпулињои Љоизаи президенти Тољикистон њастам. Бале, танњо дар Ќарори Њукумат, вале боре њам ба љаласаи ин комиссия даъват нашудаам ва ширкат накардаам. Пас аз куљо ман њамчун уви комиссия аз ин рўйхат воќиф будаам. Агар дар љаласаи комиссия иштирок мекардам, њатман эрод мегирифтам. Ин "дилсўзи варзиш" навиштааст, " ман аз Нарзулло Латифов, ки худро раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тољикистон ном мебарад, шармам меояд." Эй, носипос, туро ва шогирдонатро мањз њамин Ассотсиатсия, ки роњбараш Нарзулло Латифов аст, маъруф кардааст. Банда, ки поягузори АЖРВТ мебошам, се бор ба ин вазифа дар конфронси њисоботию интихоботї аз љониби вакилон интихоб шудаам. Мањз бо талошњои банда ин Ассотсиатсия солњои зиёд варзишгарони таэквондо ИТФ-ро ба рўйхати дањ варзишгари бењтарини сол дохил мекард, ки дар байни онњо Шањоб Бањромов, Далер Сайфиддинов, Далер Тюряев, Шањло Муњаммадрањимова, Сабина Таѓойназарова, Алишер Ањмадов ва дигарон буданд. Порсол ба рўйхати пешакии варзишгарони бењтарин Сабина Тюряева дохил буд, вале аз рўи натиљагирии назархоњии хабарнигорон, ки дар он беш аз 70 нафар намояндагони расонањои хабарї ширкат доштанд, ў ба ќатори 10

нафар бењтаринњо дохил нашуд. Ин раъйпурсї аст ва њар як хабарнигор мувофиќи салоњдиди худ ба ин ё он варзишгар овоз медињад. Чаро љаноби Яњёев солњои пеш даъво намекард ва акнун ба сўи Ассотсиатсия ва хабарнигорони варзишї санг мезанад. Оё ў ба ин кор салоњият дорад?! Вай њатто шарм надошта, менависад, ки чаро ду варзишгар аз намуди самбо ва як нафар аз гуштии камарбандї ба рўйхати дањ нафар бењтаринњо дохил шуданду аз таэквондо ИТФ не? Самбо ба барномаи Бозињои осиёї, ки бузургтарин мусобиќоти ќитъавист, дохил шудааст, инчунин самбо ва гуштии камарбандї ба барномањои дигари бозињои ќитъавию универсиадањои љањонї шомиланд. Ногуфта намонад, ки дар муддати беш аз чињил соли ќањрамонии љањонпањлавон Саидмуъмин Рањимов (соли 1975 дар чемпионати љањон дар Минск), дигар касе аз Тољикистон дар ин ришта ва, умуман, дар намудњои гуштї, барандаи медалии тилло нашудааст. Се медали варзишгарони тољик дар намуди гуштии камарбандї дар Универсиадаи љањонии соли 2013 дар Ќазони Русия ба Тољикистон шўњрати беандоза зиёд овардааст. Пешнињодњои банда љињати рушди варзиш буд, вале маќолаи Яњёев дар "Варзиш-Спорт" аслан аз тањќиру тўњмат, дурўѓу буњтон ва фитна иборат аст. Вай аз номи президенти Тољикистон мегўяд, ки мо баринњо чї хидмате барои соња ва кишвари худ кардаем. Барои хидматњои худ бо фармонњои президенти кишвар ду бор - бо медали "Хизмати шоиста" (соли 2001) ва унвони фахрии "Корманди шоистаи Тољикистон" (соли 2014) - сарфароз шудаам. Инчунин лауреати Мукофоти Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи Абулќосим Лоњутї мебошам. Яњёев агар ба соњаи варзиш соли 1992, пас аз таъсиси Федератсияи таэквондо ИТФ омада бошад, банда фаъолиятамро дар соњаи варзиш соли 1969 шурўъ кардаам, ки он замон Мирсаид мактабхон буд. Солњои 1972-1973 дар Кумитаи тарбияи љисмонї ва варзиши назди Шўрои Вазирони ЉШС Тољикистон ба њайси дастурдињанда (инструктор)-и шўъбаи ташкилї ва кадрњо кор кардаам. 15


14

ФУТБОЛ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

МАКТУБИ КУШОД Ба Президенти Федератсияи футболи Тољикистон , мўњтарам, Рустами ЭМОМАЛЇ. Ба раиси вилояти Суѓд, мўњтарам, Абдурањмон ЌОДИРЇ. Ба раиси шањри Истаравшан, мўњтарам, Наим НАБИЗОДА. Инак, ба Истиќлолияти давлатии кишвари азизамон 25 сол пур шуд. Дар тўли 25 сол дар баробари дигар соњањо варзиш, хоса футбол бомаром пеш рафт. Сохта шудани варзишгоњњои наву замонавї, толору майдонњои барњаво ва таваљљўњи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон , мўњтарам , Эмомалї Рањмон ба футбол боиси рушди он гардида истодааст. Хушбахтона, бо ташаббу-

10

"Мо бояд "Дон Кихот"-ро бихонем..." Уго Чавес монандаи њама роњбарони худкомаи олам "дард"-и нависандагиву шоирї дошт. Шеър менавишт, достон эљод мекард. Муњим набуд онро кї менависад, муњим он буд, ки бо номи ў чоп мешуд. Охири соли 2007 маљмуъи сурудњоеро интишор дод, ки худаш иљро карда буд. Дар Твиттер блог дошт, њатто сарвари Куба Фидел Кастро ва президенти Боливия Моралесро ташвиќ кард, ки блоги худро боз кунанд. 22-юми сентябри соли 2010 блоги ў аз љониби хакерњо шикаста шуд, вале ба зудї назоратро барќарор кард. Моњи апрели соли 2005 дар суханрониаш ба муносибати 400-солагии Мигел де Сервантес Сааведра Уго Чавес ба сокинони кишвараш мурољиат кард ва аз љумла гуфт: "Мо бояд "Дон Кихот"-ро бихонем, то ба руњи ин мубориз, ки ба олами мо омад, то зидди ноадолатињо мубориза барад, ворид шавем". Ва маќомоти ин кишвар даъватро амр пазируфтанд ва дар як муддати басо кутоњ "Дон Кихот"-ро ба теъдоди калон чоп карданд ва як миллион нусхаи онро ройгон ба сокинони 24 шањри бузурги Венэсуаела таќсим намуданд. Ин маърака баъдан номи "Амалиёти Дулсинея" - ро ба худ гирифт.

си Пешвои миллат соли 2012 дар Истаравшани бостонї низ варзишгоњи замонавї бо 18 000 љои нишаст ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоњи он шахсан худи Љаноби Олї иштирок карда буданд. Аз ин дастгирии Президенти кишвар чанде аз љавонону футболдўстони фаъоли шањр рўњу илњоми тоза гирифта, худи њамон сол дастаи футболи касбиро бо номи "Далерон Уротеппа", аз њисоби футболбозони љавону болаёќати шањр таъсис доданд. Ин даста, ки худ зодаи даврони Истиќлолият аст, бо як шуљоату далерии ба худ хос соли аввал ѓолиби лига ва љоми вилоят гашт. Соли 2013 бошад, дар лигаи якум соњиби медалњои биринљї гашта, соњиби роњхат ба Лигаи олї шуд. "Далерон Уротеппа", ки бо мухли-

сону њаводорони зиёдаш аллакай ба тамоми кишвар маълуму машњур гашта буд, дар соли аввали баромадаш дар Лигаи олї соњиби медалњои биринљї гашт ва аз тарафи њафтаномаи "Варзиш-Спорт" "Сермухлистарин дастаи сол дар Тољикистон" эътироф гашт. Мутаассифона, соли 2015 "Далерон Уротеппа" бе сарпараст монд ва новобаста аз кўмаки њукумати вилояту шањр натавонист, ки мавќеяшро нигоњ дорад ва баъди тарки даста кардани футболбозони калидияш љои 9-умро ишѓол намуд. Вале новобаста аз ин, мухлисони содиќи "Далерон Уротеппа" дар њар куљое набошад дастаро мухлисї мекарданд ва дар њар бозии хонагияш њаводорони зиёде љамъ мешуданд. Аз ин љост, ки ба натиљањои ѓайри-

Уго ЧАВЕС: ХОЊИШМАНДАМ,

НАГУЗОРЕД, КИ МАН БИМИРАМ Дар конститутсияи соли 1999, ки бо ташаббуси Чавес ќабул шуд, расман эътироф гардид, ки 300 њазор сокинони ин кишвар њиндуњо мебошанд ва онњо ба замин ва ташкили марзи будубоши худ њаќ доранд. Ин дар њолест, ки дар конститутсияи пешин гуфта мешуд, ки зодагони бумии ин сарзамин дар њимояи давлатанд ва онњо бояд тадриљан ба њаёти ин миллат бупайванданд. Соли 2007 сектори энержї, њама чашмањои нефтї ба назорати давлат гузаштанд ва ширкатњои машњури амрикоии Exxon Mobil и ConocoPhillips, ки низоми навро напазируфтанд, аз бозори энержии Венесуэла хориљ шуданд. Соли 2008 саноати сементро миллї кард ва изњор дошт, ки дигар тањаммули онро надорад, ки ширкатњои хусусї сементро ба хориљ содир мекунанд, дар њоле, ки кишвар ба он ниёз дорад. Ин ширкатњо асосан ширкатњои хориљї буданд. Њамон сол калонтарин корхонањои металургї низ миллї шуданд.

"Алло, президент" Љавобан ба даъвои ВАО, ки Чавесро ба диктаторї айбдор мекарданд, вай радио ва телевизионро ба итоати њукумат даровард. Ширкатњои телерадиокоммуникатсионие, ки ба ИМА мансуб буданд, миллї кард. 23-уми май дар телевизион бо ширкати Чавес барномаи "Алло, президент" пахш шуд. Вай мегуфт хоњиши чун баранда зоњир шудан дар ў пайдо шуд, то воќеъияти љањон ва кишварро ба мардум шахсан расонад. Дар ин барнома вай ба вазиронаш суол медоду посух мегирифт, бо сокинон муколама мекард, сиёсати дохиливу хориљиро шарњ медод. Барномањои ў хеле тўлонї ва марз надоштанд, њатто ба гармии њаво нигоњ накарда, беист баромаеро 8 соату 6 даќиќа барандагї карда буд. Популизм ба Чавес имкон медод, ки пешвои миллат бимонад, аммо вазъи иќтисодиро бењтр карда наметавонист. Сиёсати иќтисодии ў рў ба шикаст оварда буд.

ќаноатбахши даста нигоњ накарда, "Далерон Уротеппа" пайињам бори дуюм "Сермухлистарин дастаи сол дар Тољикистон" эътироф шуд. Аммо сад афсўс, ки имсол аз сабаби набудани сарпараст даста натавонист, машќу тамринњоро ба мавсими нав оѓоз намояд ва футболбозонро ба даста даъват намояд. Дар натиља, аз сабаби набудани маблаѓ "Далерон Уротеппа" маљбур шуд, ки аз чемпионат даст кашад. Ин хабар нафаќат мухлисони даста, балки бисёер аз њаводорони кишварро низ ѓамгин намуд. Зеро "Далерон Уротеппа" бо бозияш ва мухлисонаш аллакай дар дили мардум љой гирифта буд. Аммо бояд ќайд намуд, ки њоло чемпионат аз 8-уми апрел оѓоз мешавад ва барои наљоти даста аз барњамхўрї ваќт њаст. Аз Шумо хоњиш менамоем, ки ба таќдири сермухлистарин дастаи Тољикистон-"Далерон Уротеппа" таваљљўњ зоњир намоед ва ба нест шудани футбол дар шањри бостонию футболдўсти Истаравшан роњ надињед. Зеро Истаравшан мањз бо мухлисони сершумору содиќи худ дар футболи тољик маќоми хосро ишѓол мекунад ва манбаи асосии истироњати мардуми шањр футбол аст. Футбол ягона чизест, ки љавононро дар зери як даста, як парчам ва як ном муттањиду њамовоз мекунад. Дар Истаравшан имрўзњо футбол болотар аз варзиш аст. Аз он рўзе, ки дастањои Истаравшан иштирокро дар лигаи олї сар карданд, тарзи њаёти солим дар байни ањолї пањн гардид. Мардуми шањр ба варзиш таваљљўњи зиёд пайдо карданд, сатњи ифротгароиву љинояткорї бамаротиб кам шуд. Бешубња, аз байн рафтани дастаи сермухлисе чун "Далерон Уротеппа" ба футболи тољик зарбаи љонкоње хоњад шуда, ин боиси паст шудани таваљљўњ ба лигаи олии кишвар мегардад ва боз дар ахлоќу мафкураи љавонони шањр низ таъсири манфї мерасонад. Умедворем, ки хоњиши мо, мухлисони ашадии футболи тољик ва дастаи "Далерон Уротеппа"-ро ќабул менамоед ва дастаи дўстдоштаи мо дар лигаи олї боќї мемонад. Бо умеди пешрафту рушди футболи тољик ва эњтироми зиёд бар Шумо. Мухлисони дастаи футболи "Далерон Уротеппа"и Истаравшан

"Нагузоред, ки ман бимирам..." Уго Чавес аз бемории саратон ранљ мекашид. Борњо муолиља кард, амали љарроњї шуд, вале оќибат ин беморї кушанда омад. Вай боре ИМА-ро муттањам ба он кард, ки ўро ба вируси ин касалї сироят кардааст. Сарвари гуруњи муњофизони президент гуфт, ки дар охирин нафаси умраш бо ў буд. Вай маљоли сухан кардан надошт. Аммо дар вопасин лањзањо бо садои хеле паст ба Худо мурољиат кард ва гуфт: "Ман њоло мурдан намехоњам. Илтимос, нагузоред, ки ман бимирам..." 5 - уми марти соли 2013 диктатор Чаев аз олам даргузашт. Хабари марги ўро ноибаш Николас Мадуро, ки баъдан ба ќудрат расид ва њоло њам президенти Венесуэла мебошад, эълон кард. Аммо сабаби марги ўро на саратон, балки сактаи дил унвон карданд. Дар оѓоз мегуфтанд, ки љасади ўро мумиёї мекунанд, вале баъди машварат бо русњо аз ин фикр гаштанд. Сиёсати ўро Николас Мадуро пеш мебарад, аммо дар интихоботи ахир мухолифин парлумонро зери контрол дароварданду бо пас шудани нархи нафт ояндаи њукумати ў рушан нест. Дар Венесуэла акнун аз пешво ва наљотбахши миллат, пайрави Боливар њарчї камтар гап мезананд.

Бобољони ШАФЕЪ


ТОП-5 Муруре ба матолиби Тољнети ин њафта нишон дод, ки њамоно барои хонанда матолиби амниятї њоизи ањамият аст. Бахусус, матлабе, ки дар бораи тањдидњо аз хориљ интишор мешаванд ва дар Русия муњољиреро корд мезананд, мекушанд, љасадашро равон мекунанд. Яке аз пурхонандатарин матлаби сомонаи радиои "Озодї" "Гуруњи Мустафо тољик дар Кундуз" ном дошт, ки рўзи 23-уми март рўйи сањифа рехт ва то баъд аз зуњри рўзи сешанбе, 29-уми март онро 10 199 нафар мурур карда буданд. Њузури гуруње бо ин ном бидуни шак тањдидест ба амнияти Тољикистон ва хонанда хостааст бидонад, ки то куљо он воќеъият дорад. Ин њам дар њолест, ки манбаъи хабарї волии ноњияи Имом-Соњиб аст. Бегоњии рўзи 28-уми март гузориши "Марги ду љавони тољик дар Русия" дар ин сомона пайдо шуд ва то баъди зуњри рўзи 29-уми март, яъне зарфи њамагї як шабонарўз онро 9 њазору 58 нафар хонда буданд. Ин матлаб аз фољеа ду љавони тољик њикоят мекунад, ки яке 24-сола ва дуюмї 19-сола будааст. Аввалї барои дарёфти маошаш ба љойи кораш меояд ва дар миёни љанги гуруњњои мусаллањ мемонад. Бо ќасди наљот худро берун мезанад, вале бо зарби корд кушта мешавад. Аз таваљљуњи корбарони интернет пайдост, ки маъмулан ин гуна матлабњо хонандагони зиёд пайдо мекунанд ва шарњњои атрофи он низ илова ба баёни таъзия ба хонаводањои шуњадо, боз лањни хашин њам доранд. Корбарон гоњ ба маќомоти Русия дармеуфтанд ва гоњи дигар ба соњибмансабони Тољикистон, ки миллатро саргардон кардаанд ва ин љавонони навхат дар шањрњои дур бесарнавишт ќурбонии дасти миллигароёни рус мешаванд. Аз ду матлаби пурхонандаи сомонаи ТojNews яке боз њам дар масъалаи амниятист. Хабари "Шуруъи тањќиќи ќазияи њамлаи ќочоќчиёни афѓон ба роњсозони тољик" дар мавриди гаравгонгирии афѓонњои ќочоќбар аст, ки ба тањќиќи он як комиссияи њукуматї бо сарварии Раљабалї Рањмоналї, фармондењи нерўњои марзї машѓул шудааст. Хабар рўзи то зуњри 26-уми март рўйи сањфа омад ва онро то зуњри рўзи 29-уми март 3 њазору 164 нафар хонда буданд. Наќли рўйдодро раво намедонем, чун гаравгонњо аллакай озод шуданд ва њоло маќомоти марзбонї љузъиёти онро баррасї мекунанд. Матлаби дигар пурхонандаи ин сомона "Шикояти се бонки Русия аз нотавонии молии "Тољиксодиротбонк" ном дорад. Чуноне аз номаш пайдост, боз њам сухан аз бонке меравад, ки дар остонаи муфлисї ќарор дорад ва агар њукумат тадбире наандешад, яќинан он мушкили зиёд меофарад. ТojNews бо такя ба ман-

1 Банда солњои дароз дар дастгоњи Шўрои Вазирони Тољикистон масъули соња будам, ба њайси мудири шўъбаи варзиши Тољиксовпроф кор карда, инчунин узви коллегияи Кумитаи давлатии варзиши љумњурї, ноиби президенти Федератсияи футболи Тољикистон будам. Аммо маро мардум њамчун хабарнигори варзишї, бахусус шорењи футбол, хуб мешиносанд ва эњтиром мекунанд. Соњиби обрўю эътибор гашта, барои хидматњоям бо унвонњои баланди соњавї низ сарфароз шудаам. Њафтаномае, ки "Варзиш-Спорт" ном дорад ва имрўз минбари Яњёев гаштааст, бо ибтикори банда соли 2001 таъсис ёфтааст. Аввалин сармуњаррири он будам ва 24 шумора ба ду забон - тољикиву русї - нашр шудааст. Имрўз ин њафтанома дар хидмати ту барин бо ном "мутахассису дилсўзи варзиш" аст. Барои ин хидматам пеши ман бояд саљда намоед, ки бо њаммаслаконат ин рўзномаи таъсисдодаи бандаро ба минбари шахсї табдил додаед. Ман њељ гоњ ба мисли Яњёев дурўѓ нагуфтаам, аз гуфтани њаќиќат даст накашидаам, аз касе муттањам нестам ва тарсу

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

15

ТАЊДИД АЗ ХОРИЉА Пурхонандатарин матолиби Тољнети ин њафта матолиби амниятї буд баъњои худ дар Бонки миллї менависад, ки "Новикомбонк", "Промсвязбонк", "ТрансКапиталБонк" аз "Тољиксодиротбонк" ба Бонки миллї шикоят оварда, дар номањои расмї изњор доштанд, ки чанде боз яке аз калонтарин бонкњои Тољикистон њудуди 15 миллион доллар ќарзи онњоро баргардонда наметавонад. Ин се бонки Русия аз Бонки миллии Тољикистон дар њалли ќазия мусоидат хостаанд. Ду матлаби пурхонандаи "Азия-плюс" ба бонувон иртибот дошт. Яке "Семь привычек таджикских жен, которые понравятся любому мужчине" ном дорад, ки рўзе ќабл рўйи сањифа омада ва то соати навишта шудани ин матлаб онро 8 370 нафар мурур карда буданд ва дуюмї "Профессор Дилафруз. О том, как таджичка покорила один из старейших вузов США",ки зарфи камтар аз як шабонарўз онро 7 910 нафар хондаанд. Маќолаи аввал дар услуби пажуњиш аст, яъне 7 одати бонувони тољик, ки ба њар мард писанд аст ва дуюмї дар бораи бонуи соњибистеъдодест, ки дар Амрико шуњрат ёфтааст. Ў Дилафрўз Назарова, омўзгори донишгоњи Амрико, донишомўзи докторантура, муаллифи даврањои омўзишии онлайн, аккос,

блогер, модар ва зан. Ў аз хонаводаи шахсони машњур, набераи Мењрубон Назаров, љияни Далер Назаров. Ин хонуме, ки бо вуљуди љавонї аллакай ба ќуллањои шуњрат расидааст, таваљљуњи хонандагонро бештар ба худ љалб кардааст. Пурхонандатарин матлаби сомонаи Ожонсии давлатии "Ховар" хабаре аз таърихи 24-уми март аст, ки то баъди зуњри рўзи 29-уми март 416 хонанда дошт. Ва он њам ба сафари Эмомалї Рањмон ба Конибодом ихтисос дошт, ки гуфта мешавад бо расидани ќадами сарвари давлат корњои навсозї дар шоњроњи "Исфара Конибодом - Љаббор Расулов" оѓоз шудаанд. Дуюмин хабари серхонандаи ин сомона низ ба сафари Президент ба вилояти Суѓд ихтисос дошт, аниќтараш дар бораи мулоќоти Эмомалї Рањмон бо фаъолон ва роњбарони шањри Конибодом. Ин хабар низ баъди зуњри рўзи 24-уми март рўйи сањфа омадааст ва то баъди зуњри рўзи 29-уми март онро 349 нафар мурур карда буданд. Аз ин метавон хулоса баровард, ки мардум аз сомонаи "Ховар" бештар ба сафарњои Президент, мулоќоташ бо мардум, ифтитоњи корхонаву му-

Нарзулло ЛАТИФОВ: МАН АЗ РЎИ

ВИЉДОН СУХАН МЕГЎЯМ њарос њам надорам. Пешнињодњои банда љињати рушди варзиш дар кишвар њамеша аз љониби мутахассисону кормандони соња хуш истиќбол мешавад. Ин дафъа низ садњо нафар њамаќида будани худро бо ман тавассути телефону паёмаку вохўрињо баён карданд, ки аз онњо миннатдорам. Вале ман танњо аз он таассуф мехўрам, ки бо ту барин инсони сиёњдилу носипос солњои дароз њамсуњбат шудаам. Ман аз он ор мекунам, ки дар пањлўи ту дар њамон љаласаи шўро нишастам, вале хуб аст, ки то охир нанишастам. Ва аммо ба варзишгарону мураббиёни таэквондо ИТФ эњтиром дорам. Бо онњо борњо њамсуњбат шуда, дар расонањо таърифу тавсифашон кардаам. Вале наметавонам, ки имрўз дастоварди онњоро аз натиљањои варзишгарони намудњои олимпї боло гузорам. Намудњои олимпї нисбат ба

намудњои ѓайриолимпї мартабаи баланд доранд. Зеро ќуллаи баландтарини варзиш ин ба даст овардани медалњои Бозињои олимпист. Њоло дар љањон 35 намуди варзиши Бозињои тобистона ва зимистонаи олимпї, њамчунин, 29 намуд, ки ба барномаи бозињо ворид нестанд, вале аз тарафи Кумитаи байналмилалии олимпї пазируфта шудаанд, роњандозї гардидаанд. Намудњои олимпї бояд дар кишвари мо низ дар мадди аввал бошанд. Вале намудњои ѓайриолимпї низ зуруранд, њар яке аз онњо љойгоњи худ ва алоќамандони худро доранд. Банда њаргиз мухолифи намудњои ѓайриолимпї нестам, чунон ки Яњёев маънидод мекунад, аз дастовардњои варзишгарон дар ин намудњо низ хеле хушњол мешавам, ба онњо ањсант мегўям, њамеша аз дастовардњояшон ба алоќамандони варзиш иттилоъ медињам.

ассисањо таваљљуњ мекунанд. Њамчуноне дар гузашта њам гуфта будем, сомонаи "Озодагон" бахши пурхонанда надорад, вале аз он метавон дар бораи матолиби пурбањс њарф зад. Аммо зарфи як моњи охир пурбањстарин мавод муколама бо Ањмадхўља Давлатов - сарвари гуруњи љавонон, ки дар назди сафоратхонањо гирдињамої ташкил ва боздошти мухолифони давлати Тољикистонро таќозо мекунад ва хабари "Президенти "Ватандош" парастори ќотил тољик ё эронитабор аст" мебошад. Ба матлаби аввал то баъди зуњри рўзи 29-уми март 50 нафар ва ба матлаби дуюм аз 2-уми март 39 нафар шарњ навиштаанд. Агар матлаби аввал як суњбати саргумкунанда бошад, вале хабари дуюм ангезаи миллї дорад. Бори аввал як нафар шахси расмии Узбакистон эътироф мекунад, ки дар Самарќанд аксаран тољикон ва эрониён зиндагонї мекунанд. Ва он њам барои дур афкандани тамѓаи љиної аз миллати узбак аст. Яъне, Усмон Баротов ба он хотир, ки нагўянд узбакњо ќотиланд, самарќандињоро тољик ё эронї меномад. Бобољони ШАФЕЪ

Ба навиштањои камонвари машњур, дурахшонтарин чењраи варзиши тољик Зебуннисо Рустамова, ки њамеша таъкид мекунад ба намудњои олимпї бояд бештар таваљљўњ зоњир гардад, њамфикрам. Зеро дар муддати беш аз 20 соли охир, баъди пирўзии Андрей Абдувалиев соли 1995 дар чемпионати љањон оид ба гурзандозї, мо дар риштаи олимпии варзиш ќањрамони љањон надорем. Инчунин 24 сол мешавад, ки дар Тољикистон пас аз ѓолибияти Абдувалиев дар Бозињои олимпии соли 1992 дар Барселонаи Испания, ќањрамони олимпї пайдо нашудааст. Феълан варзишгарони тољик дар мусобиќоти литсензионї оид ба бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румї, дзюдо, таэквондо ВТФ ва ѓайра барои ба даст овардани роњхатњо ба Бозињои XXXI тобистонаи олимпї дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Вале то имрўз мо танњо як роњхати олимпї дорем, ки онро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Аз ў дар Олимпиадаи навбатї медал чашмдорем. Бовар дорам, ки дар оянда аз Тољикистони соњибистиќлол ќањрамонњои олимпї ва ќањрамонњои љањон дар намудњои олимпї ба воя мерасанд.


16

ХЕЛЕ ГАРОН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №1 (484), 30. 03. 2016

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

ОНЊОРО БОЯД ШИНОХТ

ФАХРИДДИНИ ХОЛБЕК 24-уми марти соли 1973 дар рустои Каљровути ноњияи Ѓончї (њоло Деваштич) вилояти Суѓд дида ба олам кушодааст. Дар мактаби миёнаи № 35-и зодгоњаш тањсисл кардааст. Соли 1992 ба Донишгоњи давлатї-миллии Тољикистон дохил шуда, онро соли 1997 бо ихтисоси журналист-тарљумон хатм кардааст. Фаъолияти кориаш соли 1997, баъди хатми Донишгоњ аз њафтаномаи "Истиќлол" шуруъ шудааст. Соли 1998 котиби масъули нашрияи "Љавонони Тољикистон" ва солњои 1999-2000 сардабири нашрияи "Саноати Тољикистон" буд. Њудудан як сол сардабири нашрияи бачагонаи "Ахтаракон" будааст. Ва як муддати кутоњи дигар њамоњангсози Jinnet (медиагуруњи љопонї) ва солњои аввали шуруъи амалиёти байналмилалии зидди Толибон дар Афѓонистон бо Asahi TV њамкорї кардааст. Бо таъсиси њафтаномаи хусусии "Рўзи нав" муовини сардабир шуд. Муассиси ин нашрияи хонданї Раљаби Мирзо ёдњои ногуфтае аз он рўзгор дорад, ки бахше аз он ёдњо ба Фахриддини Холбек рабт доранд. Аз љумла вай мегўяд: "мањз "Рўзи нав" барои бозгашти њунари эљодии Фахриддин сабаб гашт ва як журналисти њирфаиву тањлилгари нозукбинро муаррифї намуд. Бо шавќу завќи беандоза ба кор оѓоз намуду андармон шуд, ки ин неру бачањои аксаран љавони редаксияро тањрик ва завќманд мекард. Матлабњояш ончунон зиёду хонданї буданд, ки мебоист барои њар кадомаш имзои мустаор меёфтем. Фарњоди Милод, Фаридуни Фарњангї... Менавишт, тањрир мекард, тарроњї менамуд, "фалсофка"-ву газетфурўшї њам кард. Хулоса, "Рузи нав"ро самимона дўст медошту кор мекард..." Фахриддин бо забони русї њам хубу љолиб менависад. Соли 2005 муддате дар њафтаномаи русии Душанбе "Азия-Плюс" кор кард. То замоне њамкорї дошт, ки ба радиои "Озодї" (Аврупои озод) ба даъват шуд. Вай хабарнигори ин радио дар Кобул таъин шуд. Дар кишвари њамзабон, вале муњити ноошно њам тавонист манбаъњои муътамади хабарї пайдо кунад. Чун кори журналистикаи њирфаї наметавонад бидуни манобеъи мустаќиму муътамад роњ уфтад. Дар ин радио то соли 2014 кор кард ва баъданд дар њафтаномаи "Нигоњ" ва хабаргузории TojNews кор кардааст. Журналист Раљаби Мирзо мегўяд, Фахриддин бисёр корњоеро сар мекунад, ки баъзењо ба идомаашон бо шубња менигаранд. Аммо ў ќариб њамеша муваффаќона кори оѓозкардаашро ба самар мерасонад.

Њунари хуби сарояндагї њам дорад, оњангњои марѓуб эљод мекунад, ки бештари онњоро Бањром Ѓафуриву Сарвиноз Юсуфї мехонанд. Салиќаи хеле хуби дарки шеър дорад ва ин барояш имкон додааст, ки дар интихоби шеъри хуб ба оњангњои дилчаспаш матнњои пурмаънову шуниданї интихоб кунад. Бо тахаллуси Фарњоди Мелод чанд тарона низ иљро кардааст. Бо забонњои хориљии русї ва инглисї њарф мезанад.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 93 591 02 01 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

-Кї ин корро кард, апа?! О, ному насабашро гўед, ки дар таърихи миллат сабт шавад, прокурорњои оянда ёбанд ўро... Муњаммад Надим АР-РАЊИМЇ, љавони кувейтї: -Агар як бор ба замони таърих баргардем ва кишварњои ориёиро ба њам љамъ оварем, пас он нафаре, ки сазовори тахти Љамшед аст, он бояд Президанти Тољикистон бошад.

-И, ин хел бошад, сањми тамоми аъзои Иттифоќи нависандагон ва Академияи улум дар ММД тули 25 соли ахир ба 1000 сомонї њам баробар нест-ку! Сайёд БАШИРТОШ, пажуњишгари эронї: -Њукумати Тољикистон нисбат ба њама њукуматњои мусалмони Шўравї, ба љуз Ќирѓизистон бозтар ва нармтар аст. Њукумати Рањмон танњо садд дар баробари исломгарої аст ва бо шикасти ин садд Тољикистон бо суръати барќ ба њазору чањорсад сол пеш бозмегардад. -Гўш ку брат! Соф нафањмидестем хута: ту типа мора таъриф кесай ё њаќорат? Гав за ку...

-Нахуст чизе, ки давр "Нигоњ" хушам меояд ва ин њафтаномаро аз расонањои дигар мутамойиз мекунад, љуръату љасорати њирфаии нашрия аст. Тањлилгарон ва рўзноманигорони "Нигоњ" ба мавзуъњое мепардозанд, ки нашрияњои дигари кишвари мо - чї давлатї ва чї хусусї аз инъикоси онњо иљтиноб меварзанд ва барояшон "табу" аст. Дар маљмуъ - љасорати шањрвандї бар изофаи биниши густарда ва тањлили амиќи масоили мубрами љомеъа, ки гоње сарнавиштсоз низ њастанд, имрўз "Нигоњ"-ро пешгоми матбуоти тољик кардааст.

Котиби масъул: Умари ТОЊИР

Малика ЉЎРАБЕКОВА, санъатшинос, номзади илм, њунарманди шоистаи ЉТ: - Бинои теарти "Гањвора, ки дар маркази шањр, воќеъ дар суроѓаи Душанбе, кўчаи Њ.Назаров 1 љойгир мебошад, њамчун моликияти шахсї ба театри анъанањои миллии "Гањвора" тааллуќ дошт, ѓайриќонунї њуљљатњои онро аз љумла протоколи туњфа кардани бино, шартномаи туњфа, шањодатномаи ќонунигардонии молу мулк ва ѓайраро бо воситаи Прокуратураи генералї ва Суди иќтисодии шањри Душанбе бекор карда, моликияти маро кашида гирифтанд, то онро минбаъд бо нархи арзон хусусї гардонида, биноњои серошёна сохта, фоидаи калон ба даст оранд.

Мењр СОБИРИЁН, муњаќќиќи мустаќил: -Зиёї фардеро гўянд, ки соњибмаълумот буда, ба кори зењнї машѓул аст. Онњо дар фаъолиятњои худ аз ќобилияти зењнї истифода карда, сањми худро дар рушду пешрафти љомеаи мегузоранд ва ба Маљмуъи мањсулоти дохилї (ММД) арзише дохил мекунанд.

Ќодири РУСТАМ, нависанда:

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

- Кош он занон ба ёди раиси Кумитаи кор бо занон ва оила њам мерасиду ба њукумат мерасонд, ки сабаби ин тамоюли нангин чї аст...

-Њо саѓраи доное! Таъриф кардам гуфта боб карданї ту моя-ња? Хайел мекунї намедонем бо Љамшед чї шуд? Хуб аст, ки мењмон њастї...

52 СИФАТИ "НИГОЊ"

Муњаррир: Абдуазим ЉЎРАЕВ

Зарринаи ХУШВАЌТ, рўзноманигор: -Ман дар бештарин маврид дар остонаи 8-уми март ёдам ба заноне меуфтад, ки дар шароити мухталиф танњо роњи наљот барои бурунрафт аз мушкилоти иљтимоъиро дар худсўзї пайдо карда, худро ба коми оташ партофтаанд ва ё бо шевањои дигаре мехостанд рўи њаёти худ нуќта гузоранд.

Владимир ЖИРИНОВСКИЙ, сиёсатмадор ва миллигарои рус: -Аз моњи март мо метавонем карами барваќтї, олу, гелос ва ѓайраро аз Тољикистон харидорї намоем. Он љо њама чиз барваќтї аст. Вале ба мо чаро мањсулоти резинии Африќоро меоранд? Сарњади Тољикистон бо Афѓонистон тўлонї нест, онро мебандем. Инчунин сарњади Ќазоќистон бо Узбакистонро баста, бо ин ду кишвар низоми раводид љорї мекунем. -Хестї, ки хобї, дядя Володя! Баъди он њама њарзањову туњматњо нисбати тољикон ба дасти рости ќатшудаи тољик нигару гўш кун: Ана, ба ту ду олу! Ана караму гелос!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.