Нигох №20 (348) Сешанбе, 6-уми августи соли 2013

Page 1

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

1

Дарњои бозу сарњадоти баста Чаро аз бародари дур њамсояи наздик бењ аст? САЊИФАИ 4 №20 (348). Сешанбе, 6-уми августи соли 2013

БАЪДИ БОЗДОШТ

"Ба президент 120 савол дорам" САЊИФАИ 5

БЕ ХОТИРУ ФАТИР

Бисёрњизбї ё фиреби бузург? САЊИФАИ 7

САЊ. 2-3

НОМЗАДИ ЯГОНА СИЁСАТИ ЉАЊОНЇ

Шоњзодаи Арабистон дар Русия чї мељуст? САЊИФАИ 10

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Ѓалтак ва сабаќи русии Мирзодиккак САЊИФАИ 16

Дар бораи Њољї Акбар Тўраљонзода, Муњиддин Кабирї, Рањматилло Зойиров ва интихоботи президентї

"ЊАМАИ МАСЪАЛАЊО". ЯЪНЕ ЧЇ? Дидору мулоќоти Эмомалї Рањмон бо Владимир Путин дар Маскав агарчанде бидуни имзои кадом санад ба анљом расид, аммо Абдумаљид Достиев , сафири Тољикистон дар Русия аз ќавли президет изњор дошт , ки "њамаи масъалањо њал шудааст". Аммо даќиќан кадом масъала њал шудааст, агар шуда бошад, чї тавр шудааст, ба нафъи кї анљом ёфтааст?


2

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

Номзади ягона акнун миф нест. Дар интихоботи президентии соли 2006 ин њарф на фаќат миф, балки як андешаи берун аз аќли солим, сода бигўем, беаќлие беш наметофт. Неруњои мухолифи Щукумати Тољикистон он замон, умуман, ин андешаро надоштанд, ки як нафарро пешнињод ва бо ў, лоаќал, барои интихоботи президентии соли 2013 "тамрин" кунанд. Аз он интихобот ин нукта рўшан дар ёдњо мондааст, ки раќибони номзади асосї - Эмомалї Рањмон (раиси Њизби халќї-демократї ва президенти амалкунанда) онњо њам - Абдуњалим Ѓаффоров (раиси Њизби сотсиалист), Олим Бобоев (раиси Њизби ислоњоти иќтисодї), Амир Ќароќулов (раиси Њизби аграрї) ва Исмоил Талбаков (муовини раиси Њизби коммунист) дар як "маршрутка" ба мулоќотњо бо интихобкунандагон мерафтанд ва њамагї таблиѓи раќиби аслии худро мекарданд. Дар шумораи гузаштаи "Нигоњ" Исмоил Талбаков гуфтааст, ки як номзади мустаќил буд ва аз њељ куљо њидоят намешуд. Он замон ва имрўз њам исбот кардани даъвои ў маъное надорад, чун "он чї аён аст, њољат ба баён нест". 7 сол гузашт. Имрўз барои аксари мардум ѓайричашмдошт ањзобу созмонњои мухолифи њукумат, ки Иттињоди неруњои ислоњотхоњ барои интихоботи демократиро созмон доданд, фаъол шуд ва як моњ аст, ки њарфи номзади ягонаро ба миён андохтаанд. Сабабњои ин тасмимгирї ва нињоят "гурда кардан"-и ањзобу созмонњои мухталифи Тољикистон мавзўи бањси дигар аст ва агар ба таври содда натиљагирї кунем, ин ба он маъност, ки онњо номзади мухолифи 7 сол пеш ќавии худро акнун заиф мебинанд ва њам дудилагињои пуштибонњои дохиливу хориљиашро гўё њис кардаанд. Ё ба ќавли русњо, "время пришло" - фурсат омад, мусоид шуд. Аммо њоло машваратњои неруњои сиёсї дар раъси ањзоби нањзати исломї ва сотсиал-демократ барои дарёфти номзади ягона њафта ба њафта ин интригаро бештар мекунад, ки нињоят кї номзади ягона аз неруњои мухолифи њукумат, ё ба таъбири худашон, "неруњои демокративу ислоњотхоњ" хоњад шуд. Аз њама муњим, ин номзад бо Эмомалї Рањмон ё нафари дигар аз њизби њоким бояд вориди корзори интихоботї шавад. Ин як нафари љиддї хоњад буд, ё њамин тавр, ширкат ба хотири ширкат ва тавре гуфтем, "тамрин"? Ў кї буда метавонад?

"Сифоти номзади ягона" Пурсиши "Номзади ягонаро чї гуна дидан мехоњед?", ки дар сањифаи "Президент 2013" дар Фейсбук кошта шуд, натиљањои зеринро ба бор овард: - Аќидаи инфиродии устувор; - Маќбули ањзобу шахсиятњои дигарандеш; - Орї аз маризии мањалгарої; - Сармояи кофї ва љасорат; - Номзади кулли мардум ва њамаи ањзоби сиёсї бошад; - Аъзогии њељ њизберо доро набошад (агар њам бошад, дар оянда даст кашад); - Устуворї дар сиёсат ва маъруфият дар љомеаи байналмилалї; - Раъйи мардумро соњибї намояд; - Тољикистонро ба асри 21 баргардонад; - Асолатан тољик бошад; - Бо таъриху фарњанг ва дину мазњаби мардум ошної дошта бошад; - Љањонгашта ва љањонбинии васеъ дошта бошад; - Дониши баланди сиёсї, иќтисодї ва њуќуќї дошта бошад; - Тањлили дуруст дошта бошад; - Суханаш бо рафтораш мутобиќ бошад; - Дорои маданияти муосир бошад; - Ваъдаи гузор ба хатти порсиро бидињад; - Набзаш бо набзи миллат якљо битапад; - Аз нуфуз ва эътибори сартосарї бархўрдор набошад; - Њаќљўву адолатхоњу солењу шоиста бошад; - Пайвандие бо мансабдорони кунунї надошта бошад... Ин фењристро метавон "Сифоти номзади ягона" ё тасвири як номзади идеалии ин мањфил унвон кард ва бадоњатан мегўем, ки дар Тољикистон њамчунин як номзадро наметавон пайдо кард. Хеле аз шартњо, ки дар назари аввал нек менамоянд, аблањона низ ба назар мерасанд, мисли "аќидаи инфиродии устувор", зеро фашизм ё тафаккури гуруњї низ аќидаи инфиродии устувор буда метавонанд. Ё "маќбули ањзобу шахсиятњои дигарандеш" дар њоле, ки њатто пайѓомбари

ИНТИХОБОТ - 2013

НОМЗАДИ ЯГОНА Дар бораи Њољї Акбар Тўраљонзода, Муњиддин Кабирї, Рањматилло Зойиров ва интихоботи президентї

«

"Номзади пухта" Баргузории машварат дар ќароргоњи ЊНИТ, ки чанде пеш баргузор гашту бо таъсиси Иттињоди неруњои ислоњотхоњ барои интихоботи демократї (ИНИИД) анљом шуд, бидуни шак, кўшиши ба даст гирифтани ташаббус аз дасти Рањматилло Зойиров буд, ки чанде пештар Эътилоф барои демократия ташкил карду дар афкори љамъиятї аз њар каси дигар зиёдтар номзади ягона менамуд.

ислом Муњаммад (с) маќбуди њама ањзобу шахсиятњои дигарандеши тољик нест. Тавре мегўянд, бе камбудї танњо Зоти пок аст ва инсонњо њамон "гўшти хомхўрда"-њоянд. Аммо ин воќеият бањонае барои он буда наметавонад, ки вазъи кулл дар Тољикистон, фаќиртарин кишвари пасошўравї, таѓйир ёбад. Њоло соли 2006 нест, балки 2013 аст. Аз он чї мушоњида мешаваду дар расонањову шабакањои иљтимоии интернет мешунавему мехонем, хоставу интизорињои мардум дигар шудааст! Акнун шакке нест, ки аксари сокинони кишвар ислоњот, зиндагии шоиста ва самтгирии дурусту рўшан ба сўи рушду ояндаи фарзандони худро мехоњанд ва як роњбареро, ки ормонњои онњо - мустаќилияти иќтисодиву сиёсї, вањдати миллї, дастрасии баробари мардум ба сарватњои миллї, фаъолияти озоди иќтисодиву сиёсї, шоистасолориву мардумсолорї, интихоботњои озод ва кишвари бефасоду мањалгарої... будани Тољикистонро таъмин кунад. Аммо љонибдорони Эмомалї Рањмон ва дастгоњи таблиѓотии њукумати ў чунин мешуморанд, ки касе дигар наметавонад ба љуз номзади онњо расидан ба ин ормонњоро то 7 соли дигар таъмин кунад ва дар њоли аз ќудрат рафтани ў эњтимоли љойгузини ин оромиву субот шудани хаос ва њатто, љанги дохилї дар Тољикистон шавад. Мухолифини њукумат мегўянд, ин танњо тарс додани мардум ва кўшиши рўйпўш кардани заруратњои аз ќудрат рафтани гурўњи молию тиљоратии њукмрон дар кишвар, ки сарватњои миллиро бо истифода аз хешутаборї бо рањбари давлат аз худ кардааст, мебошад. Онњо мегўянд, ин сарватњо бояд дар њалли мушкилоти мардум ва пешрафти Тољикистон истифода шаванд, на дар њисобњои ширкатњои оффшорї бихобанд ва ба моликияти ѓайриманќули афроди алоњида дар кишварњои дигар табдил ёбанд. Ва њоказо.

«

Нуктаи дигари муњим дар интихоби номзади ягона ин аст, ки мухолифин мехоњанд президенти нав барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Ќонуни асосї салоњияти 7 сол медињад. "Бар илова, он номзад ба неруњои ислоњотхоњ ва љомеа ваъда бидињад, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки њамаро амалї мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентї омода месозад ва муњимтар аз њама, президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, њаќќи номзад будан пайдо нахоњад кард", - ин пешнињоди Муњиддин Кабирї, рањбари матрањтарин њизби мухолифи Њукумати Тољикистон - Њизби нањзати исломї аст, ки ба назар мерасад, ба дигар неруњо њам писанд омадааст. Њар чї њаст, нест, як воќеияти бебањс аст, ки номзади ягонаи неруњои мухолифи њукумати феълї таќозои замон аст. Ў бояд ба майдон ояд ва неруњоеро рањбарї кунад, ки мехоњанд Тољикистонро таѓйир дињанд. Њамчунин, ин њам муњим аст, ки то куљо аз ин номзад ќудратњои хориљї ва њамсоякишварњо истиќбол хоњанд кард. Бале, мардуми Тољикистон муваззаф нест, ки бо назардошти манфиатњои Русия, Чин, Эрон, ИМА, Аврупо ва Ўзбакистон рањбар интихоб кунад, чун роњбари онњо барои онњост ва дар дохилу хориљ бояд ба интихоби мардуми Тољикистон арљ гузоранд, на гурўњњое, ки барои пиёда кардани манфиатњои онњо вориди майдони сиёсат ва корзори интихоботї мешаванд. Њоло муруре хоњем кард ба он чењрањое, ки метавонанд номзади ягона бошанд ва ба таѓйири вазъ дар Тољикистон мусоидат кунанд. Ин чењрањоро аллакай расонањо ва мањфилњои сиёсї, новобаста ба хоњишу иродаи онњо матрањ мекунанд. Аммо кадоме аз онњо бояд номзади ягона ва раќиби номзади њизби њукмрон бошад? Дар њоли њозир, аз "номзади пухта", "исломии галстукдор" "номзади миллат", " ...ва дигарон" ном мебаранд.

Њољї Акбар Тўраљонзодаи 59-сола, сиёсатмадори маъруф, ки таљрибаи фаъолият дар рањбарии Иттињоди неруњои мухолифини тољик ва муовинати сарвазири Тољикистонро дорад, 20 сол аст, ки аз љониби тарафдоронаш як рањбари идеалї тасвир мешавад. Аммо худи ў на як бору ду бор рўйрост иќрор шуд, ки њамчунин хоњиш президент буданро надорад, ќабл аз њама ба он хотир, ки синну солаш мувофиќ нест. Аммо изњори назарњои ў аксаран замоне иттифоќ меафтанд, ки фишори маќомот сари ў ва ањли хонаводаи маъруфи руњониаш меафзояд. Собиќ ќозии мусалмонони Тољикистон ин фишорњоро ба он хотир медонад, ки њукумати феълї њанўз њам бовар надорад, ба ин ки Тўраљонзода фикри ба ќудрат расиданро надорад. Ва аљобат дар ин аст: далели боризи Тўраљонзода дар ин бора, ки як шахсияти исломї дар минтаќа наметавонад президент шавад, раќибони ўро ќаноат надодааст. Пеш аз њама барои он ки Тўраљонзода њоло њам нуфуз дораду метавонад пушти ин ё он биистад. Дар байни мухолифин низ Тўраљонзодаро бо вуљуди арзанда будан номзади ягона намепиндоранд, чун аз суњбатњои худи ў бармеояд, ки номзади идеалї барояш дигар кас аст ва агар ў њам ќабул нашавад, омода аст, аз нафари дигари арзанда низ пуштибонї кунад. Касе мехоњад бо раъйи мардум ба маснади президентии Тољикистон расад, бояд пуштибонии Тўраљонзодаро дошта бошад, чун дастгирии ў, бидуни бањс, тавозуни паллањои тарозуро таѓйир дода метавонад. Миёни мухолифин ў шояд ягона касест, ки таљрибаи ѓании бозињои хуфии сиёсиро доросту аз инќилоби сањнавї ё "ранга" кор гирифта метавонад. Баръакси номзадњои дигари эњтимолї, фарзи мисол Кабирї, сиёсатмадорТўраљонзода њадди аќќал барои ба ин шева расидан ба ќудрат, хеле аз зарфият ва тавоноињоро дорад. Ба гумони ѓолиб, њоло ў дар фикри он аст, ки аз номзадии "исломии галстукдор" дастгирї кунад ё на.

"Исломии галстукдор" Номзади идеалие, ки хеле аз исломгароён ва бар иловаи онњо иддае аз рўшанфикрон мебинанд, Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон мебошад. Кабирии 48-сола тайи чанд соли ахир, бо он вуљуд ки, дар беамалї, эњтиёткорї ва заъф дар назди њукумат њамеша мазаммат мешавад, собит кард, ки як сиёсатмадори одї нест. Њарчанд дар амалия њамчунин њам набошад њам, дар тафаккури љамъиятї, се сол


“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

БЕ ПАРДА

аст, ки алайњи њизби ў барномаи њукуматие, ки ѓайрирасмї "антинањзат" унвон мешавад, идома дорад. Аъзои мушаххаси њизб аз Бадахшон то Исфара боздошту таъќиб мешавад. ЊНИТ-ро мехоњанд ба Ал-ќоидаву Толибон рабт дињанд. Аммо таќрибан њар нафаре, ки бо Муњиддин Тиллоевич Кабиров дучор меояд ва ё тариќи расонањо суњбатњои ўро мешунавад, чи дар хориљу чи дар дохил ба иттињомоти алайњи њизбу аъзояш шак мекунад. Њарчанд њич тарњи муваффаќе надоштааст, чењраи раиси ЊНИТ тозатар аз рањбарони њаракатњои исломї дар љањон менамояд. Ин зодаи тафаккури дуќутбї дар љомеаи тољик барои хелењо сумбула (символ)-и муќовимат ба њукумати феълї њам аст, њарчанд дар амал ў љузъе аз њукумат аст ва дар пайи созиш ба он вакили Маљлиси намояндагон шудааст. Новобаста аз ин, хелењо бар он аќидаанд, ки "агар Тољикистон як кишвари мутамаддин мебуд ва интихоби рањбар аз мардум вобастагї медошт, ба ќавле, пои Кабирї "ба замин намерасид" ва њатман президент интихоб мешуд". Њамзамон чунин аќида вуљуд дорад, ки дар низоми демократї ва шаффоф Кабирї раќобатпазир буда наметавонад, зеро зарфияти зиёд надораду зери пойи технократ ва интеллектуалњо мемонад. Номзадии ягона метавонад насиби ў шавад. Аммо ин сўитафоњум, ки як нафари исломгаро наметавонад ба ќудрат расад, ин шансро ба Кабирї намедињад.Раиси ЊНИТ њам чанд моњи пеш инро таъкид кард, аммо њоло ба назар мерасад, ки ба кадом як хотире аз ин аќидааш даст кашида истодааст. Нуктаи дигар, мањалли таваллуди Кабирї ба њељ як аз мањалњои анъанавии рањбарони 80 соли ахири Тољикистон - њуљандињо ва инак, кўлобињо мувофиќат намекунад. Аз нигоњи аќли солим, ин бурд аст, аммо аз кадом як тасаввуротњои дигар бохт њам шинохта мешавад. Њодисањои њафтаи гузашта гувоњи онанд, ки Кабирї барои иштирок дар интихоботи президентї тасмими нињої нагирифтааст, аммо мехоњад ташаббусро аз "номзади миллат" бигирад.

"Номзади миллат" Рањматиллоњ Зойиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон, низ аз чењрањои бањсангез аст, ки љанбањои мусбату манфии худро дорад ва танњо дар њоле лидери миллат буда метавонад, ки воќеан, аз сўи миллат интихоб шавад. Ў тољики Ўзбакистон аст. Мањз баромади љуѓрофии ў барояш заминањои мусоиди расидан ба ќудратро њамвор мекунад, аммо аз дигар тараф, њама заминањоро аз миён мебарад. Агар ў интихоб шавад, ба њамаи мањалњо "бо як чашм" менигарад, чун худ њељ љонибро намояндагї на-

мекунад. Аз тарафи дигар, набудани њаммањалњо заминањои иљтимоии ўро, њатто ,дар баргузида шуданаш ба номзадии ягона заиф мегардонад. Дар асл њуќуќшиноси маъруф таќрибан тамоми хусусиятњоеро, ки як номзад ба маќоми президентї бояд дошта бошад, дораду хеле аз ислоњотхоњонро атрофи худ љамъ карда метавонад. Аммо ба танњої зарфиятњои моливу ташкилї барои иштирок ва ѓалаба дар интихоботи президентиро надорад. Инро ў хуб фањмида чанд ташаббус (машваратњои пўшидаи сиёсї, сафар ба Маскаву Тошканд, таъсиси Эътилоф барои интихобот ва ѓ.њ) нишон дод, то номзади ягонаи сазовор гардад. То "...ва дигар номзадњо" ба ў бовар карда, захирањои моливу ташкилияшонро ба ихтиёри ў вогузор кунанд.

..ва дигарон Абдумалик Абдуллољонов, Додољон Атовуллоев, Умаралї Ќувватов... ва онњое, ки ба фењристи номзадњои ягона аз хориљи Тољикистон метавонанд ворид шаванд, низ имкониятњое доранд, ки ба вазъи сиёсии мамлакат таъсиргузор бошанд, аммо таъсирашон њамоно хеле ва хеле заиф аст. Бар замми ин, неруи њукмрон њељ гоњ иљозаи ворид шудани онњо ба хоки Тољикистонро намедињад, балки онњоро тањти пайгарди ќонун ќарор додаанд. Неруњои мухолифи дохил њам ба ин "риск" намераванд, ки онњоро номзади ягонаи худ ќарор дода, умуман, аз њаќќи ширкат дар интихобот мањрум монанд ё саркуб шаванд. Њадди аќќал ин се нафар, ки номашонро зикр кардем, шонси љиддие надоранд. Њанўз замони сафари нокоми Абдумалик Абдуллољонов ба Укроин, ки ба гумони ѓолиб њадаф аз он вохурї бо нафар ё нафароне буд, ки имкони ќонунї убур кардани сарњади Иттињоди Аврупоро надоранду назди ў ИМА њам рафта наметавонистанд (Мо ба он боварем, ки њиљ бизнесс Абдуллољоновро ба ин сафари пурхатар водор карда наметавонисту њар бозингари сиёсии дигар, хоњ аз Љануб бошаду хоњ аз Шимол худ

«

назди ў ё љойи таъинкардаи ў њозир мешуд, -Нигоњ ) маълум шуд, ки Абдуллољонов мухолифинро сармоягузорї карда наметавонад ё намехоњад. Додољон Атовуллоев бо вуљуди касб кардани рейтинги зиёд бе кўмаки Кремлин ва дастгирии молии кавї наметавонад, дар муњити сиёсї, хоса ба таври бардавом, таъсиргузор бошад. Умаралї Ќувватов сиёсии бетаљриба асту ба касе аз мухолифон робита надорад, љонибдоронаш ба шуморанду заминаи иљтимої ва њуќуќї барои фаъолиятњои густурдааш алњол фароњам нестанд. Саидамир Зуњуров, Муродалї Алимардон, Ќоњир Расулзода, Њамрохон Зарифї... ва онњое, ки дар фењристи шахсиятњои дигари дохили кишвар ќарор доранд, танњо аз сўи онњое зеби президентї доранд, ки бидуни њисобу китоби даќиќ ё ба таври идеалї бояд дар сабќати президентї бошанд. Њар гуна овозањо низ дар бораи онњо пањн шуд, ки ин ё онро дар хориљ хуш кардаанду дар дохил њам шанси зиёд доранд, вале ба назар мерасад, њељ касе аз онњо намехоњад ба сари худ бало орад. Инњо ё прагматиканд ё тарсу. Њамин аст њикояти номзади ягона, ки њатто дар сурати ба зудї маълум шуданаш њам, шонси камтар аз ночизи ѓалаба дар интихоботро дорад. Пас мухолифини њукумати феълї, на барои ѓолиб шудан дар интихобот, балки барои "љой зери офтоб" мубориза хоњанд бурд.

"Раќиби пирўз" Њар касе, ки номзади ягона аз сўи неруњои мухолифи Њукумати Тољикистон интихоб мешавад, раќиби соддае надорад. Эмомалї Рањмон, президенти феълї, бидуни бањс, дар интихоботи моњи ноябр ширкат хоњад кард ва њар касе бо ин хаёл, ки ба љои ў метавонад нафари дигари наздик ба ў номзад бошад, фикри худро бењуда банд кардааст, сахт иштибоњ мекунад. Дар 20 соли муборизаву роњбарии Тољикистон Эмомалї Рањмон бештар аз њама дастовард ва ба њамин дараља камбудї дошт. Ў эњсоси ќуд-

Дар байни мухолифин низ Тўраљонзодаро бо вуљуди арзанда будан номзади ягона намепиндоранд, чун аз суњбатњои худи ў бармеояд, ки номзади идеалї барояш дигар кас аст ва агар ў њам ќабул нашавад, омода аст, аз нафари дигари арзанда низ пуштибонї кунад. Касе мехоњад бо раъйи мардум ба маснади президентии Тољикистон расад, бояд пуштибонии Тўраљонзодаро дошта бошад, чун дастгирии ў, бидуни бањс, тавозуни паллањои тарозуро таѓйир дода метавонад.

«

3

рат мекунад ва худро худодод медонад. Ин ду вижагї њукумат ба касе доданро ќатъиян истисно мекунанд! Агар дар интихоботи соли 2006 дастовардњои президенти сулњ барљаста менамуданд, њоло камбудињои њукмронии ў барљастатар шуда, хастагии умумимиллиро аз якрангињои сиёсї ба вуљуд овардаанд. Мањз бо назардошти ин неруњои дигари сиёсї дар Тољикистон бо он вуљуд, ки ба бохти Эмомалї Рањмон бовар надоранд, аз њисоби камбудињои ў ва командааш майдони фарохеро барои фаъолият ва пирўзии худ мебинанд. Хоса баъди он ки ба шабакањои иљтимоии назири Фейсбук сар мехалонанд ва љуръати фейкњои худашонро сарчашмаи илњом ќарор медињанд. Аз ин хотир, номзади ягона њам нафаре хоњад буд, ки дар марњалаи аввал хоњад бохт, аммо барои дарозмуддат ба як чењраи муњим табдил хоњад ёфт. Ин наќшест, ки на њама љуръати ба зимма гирифтанашро доранд. Бахусус, ба мерос гирифтани кишваре, ки ин ќадар ба мушкил рўбарўст... Аммо њаводиси њафтаи гузашта нишон дод, ки муносибатњои ду тан аз номзадњои эњтимолї (Зойиров ва Кабирї) , ки њадди аќќал як нафарашон метавонад, њамчунин наќша дошта бошад, сода нест. Баргузории машварат дар ќароргоњи ЊНИТ, ки чанде пеш баргузор гашту бо таъсиси Иттињоди неруњои ислоњотхоњ барои интихоботи демократї (ИНИИД) анљом шуд, бидуни шак, кўшиши ба даст гирифтани ташаббус аз дасти Рањматилло Зойиров буд, ки чанде пештар Эътилоф барои демократия ташкил карду дар афкори љамъиятї аз њар каси дигар зиёдтар номзади ягона менамуд. ЊНИТ, ки Эътилофи Зойировро то ин дам ба њар бањона нодида мегирифт, њадафмандона ба ин бозии нави сиёсї оѓоз кард. Аммо иштирок накардани Њољї Акбар Тўраљонзода дар машварат маънии онро дорад, ки руњонии маъруф мессиљи Кабириро фањмидааст, аммо њоло ба ќарори нињої наомадааст. Пас суоли матрањ дар масъалаи номзади ягона ин аст, ки оё Тураљонзода ва дигар ислоњотхоњон ба Кабирї бовар мекунанд? Оё стротежии "маѓлубияти пирўзиоваранда" дар њамин марњила ба манофеъи миллї созгор аст? Оё амалњои рањбарияти ЊНИТ кўшишњои гирди номзади ягона иттињод бастанро аз байн намебарад? Барои њукумат кї раќиби ќулай аст: Зойиров ё Кабирї? Инро Кабирї аз кай боз фањмидааст? Ба ин суолњо то Рўзи дониш - 1-уми сентябр худи муњити сиёсї љавоб хоњад гуфт. Интизор бояд буд.

"НИГОЊ"


4

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

Оё бо чунин муносибати њамсоядорї дар Осиёи Марказї бунёди Роњи Абрешим имконпазир аст? Чанд сол аст, ки бањсњо сари бунёди ин Роњ идома доранд. Роње, ки дар сурати бунёди он метавонад Осиёи Марказиро ба яке аз бузургтарин маркази тиљоратии љањон табдил дињад. Роње, ки давлатњои минтаќаи Осиёро аз давлатњои ќашшоќу бенаво ва ба ќавле, "грантталаб" ба кишварњои бою рушдёфта табдил дињад. Вале ба назар чунин мерасад, ки мањз муносибати сарди роњбарони кишварњои Осиёи Миёна, бахусус, Ўзбекистону Тољикистон садди роњи ин лоиња шуда истодааст. Њатто Њукумати Иёлоти Муттањидаи Амрико, ки мехоњад, бо њар ќимате бошад, тарњи "Роњи нави Абрешим"-ро дар Осиёи Марказї амалї намояд, иќор мекунад, ки танњо пешрафту шукуфоии иќтисодї метавонад, Осиёи Марказиро аз хараљу мараљ, бесуботї ва љангњо нигоњ дорад. Вазоратњои корњои хориља ва тиљорати Амрико ба тарњи "Роњи нави Абрешим" таъкид карда мегўянд, ин тарњ бояд Осиёи Марказиро ба минтаќаи барои сармоягузорон љолибу гуворо табдил дињад ва рушди иќтисодию тиљоратии он ба манфиати њамаи тарафњо бошад. Вале саволи матрањ ин аст, ки барои он ки чунин сармоягузорињои љиддї ба роњ монда шаванду Осиёи Миёна ба яке аз минтаќањои тиљоратии бузурги љањон табдил дода шавад чї бояд кард? Зеро агар сиёсати њамсоягии Тољикистону Ўзбекистон чунин идома ёбанд солњои наздик охирин роњњои ин кишварњо ба рўйи шањрвандони њамдигар баста мешаванду њељ гуна доду гирифте ба роњ монда намешавад. Масалан имрўз ўзбекистон барои он ки ќаторањояш дар оянда њудуди Тољикистонро убур накунанд роњи нави оњанро бе ворид шудан ба Тољикистон ба роњ монда истодааст. Тољикистон низ ба хотири он ки пурра дар муњосираи Ўзбекистон боќї намонад роњхои алтернативиро кофта истодааст. Вале сарони њарду кишвар агар ба љойи кофтани роњњои алтернативї ва якдигарсиёњкунї роњхои ба њам забон ёфтанро љустуљў мекарданд, ман фикр мекунам камхарљтару барои мардуми њар ду кишвар манфиатноктар мебуд. Барои ин чї намерасад: Хоњиш? Ирода? Ва ё чизи дигар?

Интихоботњои оянда Оё интихоботњои оянда метавонанд вазъро таѓйир дињад? Тољикистон дар рўёрўи интихоботи президентї ќарор дорад ва моњи ноябр президенти нави худро интихоб мекунад. Ўзбекистон низ дар ояндаи наздик њатман интихобот мегузаронад ва роњбари дарозумри худро иваз менамояд. Бояд яке аз њадафњои асосии номзадњои оянда хоњ дар Ўзбекистон ва хоњ дар Тољикистон ин забон ёфтан бо њамсоягон, кушодани роњњо ва ба роњ мондани тиљорати озоди шањрвандон, сохтани бозорњои муштарак дар сарњадоти якдигар ва барњам задани раводид миёни кишварњои Тољикистон, Ўзбекистон ва Туркманистон бошад. Номзаде аз њама зиёд овоз хоњад гирифт, ки ваъда дињад, ки баробари ба сари ќудрат омадан вазъиятро ба куллї таѓйир хоњад дод. Имрўз бинобар он ки муносибати сарони ду кишвар хуб нест ва дар тамоми вазоратхонањо њама вазирон аз як авлод ва аз як минтаќаанд, касе ба бењтар шудани муносибатњо њатто кўшиш њам намекунад. Зеро њатто дар оила агар муносибати садри хона бо њамсоя сард бошад, ањли оила ба ў такя мекунанд. Шояд агар аќаллан дар Њукумати мо њам аксари мансабдорон на аз як авлод, балки аз кулли минтаќањои Тољикистон мебуданд, онњо метавонистанд, ки дар бењтар намудани муносибатњо коре бикунанд. Танњо иттифоќ бо њамсояњо метавонад иќтисодиёти њар ду кишварро хеле боло бурда, сатњи зиндагии мардумро баланд бардорад.

РАНДАИ «НИГОЊ»

ДАРЊОИ БОЗУ САРЊАДОТИ БАСТА Чаро аз бародари дур њамсояи наздик бењ аст?

Даника Старкс, намояндаи аршади Вазорати тиљорати Амрико дар конфронсе, ки Кумитаи Њелсинкии Иёлоти Муттањида , барои баррасии тарњи "Роњи Нави Абрешим" ташкил додааст, 31-уми июл дар Вашингтон изњор дошт, ки "афсона ё орзу нахоњад буд, ки рўзе "кишоварзони ќирѓиз молу меваи худро на танњо дар бозорњои Ќирѓизистон, балки дар Афѓонистону Покистон фурўхта тавонанд, тољирони ўзбекистонї мустаќим ба Душанбе парвоз кунанд, соњибкоре аз Ню - Йорк дар як њафта аз Озарбойљон, Ќазоќистон ва Туркманистон дидан кунад". Имрўз хар нафаре, ки ба минтаќањои гуногун сафар мекунад, саволи нахустини шањрвандон чунин хоњад буд, ки "кай муносибатњои байнидавлатии Точикистону Ўзбекистон хуб мешаванд?" Бархе њатто мепурсанд, ки "рост аст, ки сарњадотро мекушодаанд?" Вале ба ин саволњо на роњбарияти давлатњо ва на олимону коршиносон, на њатто ањли вузаро посух гуфта наметавонанд. Зеро воќеан ояндаи муносибатњои Ўзбекистону Тољикистон чун сиёсати кунунии њукумати кишвар торик аст. Аз ин рў, пеш аз интихобот њар номзаде, ки ба сари ќудрат омадан мехохад бояд пешт аз њама њадафаш на танњо бењтар намудани муносибатњо, балки њаматарафа барќарор кардани муносибатњои њамсоягї бошад. Мардум аз сиёсати дарњои бозу сарњадоти баста хаста шудаанд ва онњо мехоњанд, ки на бо ном мо сиёсати дарњои бозро пеш гирем, балки воќеан дарњои мо боз бошанд ва рафтуои озоди шањрвандони мо ба кишварњои њамсоя таъмин бошад ва дар сафар њам кафолати амнияти онњо дода шавад. Ин бетаваљљўњии сарони кишварњо њатто тарњи Роњи

Абрешимро зери суол бурдааст. Њол он ки "Роњи Нави Абрешим" шабакаи роњњои тиљориву наќлиётиест, ки аз даштњои Осиёи Марказї то ба бандарњои Њинд доман хоњанд густурд. Маќомоти Амрико ин барномаро бо "плани Маршалл", ки баъди љанги дувуми љањон заминаи эњё ва пешрафти Аврупои љангзадаро фароњам овард, монанд мекунанд. Оё дар амал табиќ намудани Роњи абрешим бе муносибатњои хуби њамсоягон имконпазир аст? На! Зеро њаракат ба ин самт мушкилињо ва монеањои зиёд дорад. Пеш аз њама њолати ташвишовар мањз нарасидани таваљљўњи роњбарони кишварњои минтаќа ба тиљорати озод ва густариши равобити иќтисодї ба њисоб меравад.

Картаи нави Русия Чаро Русияро дар миќёси байналхалќї чун шарики боэътимод эътироф намекунанд? Русия ва дигар ќудратњо аз муносибатњои сарди Тољикистону Ўзбакистон ба фоидаи худ ва бар зарари мо истифода бурда истодаанд. Масалан, тарњи Роњи оњани Русия - Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон, ки аз тарафи Путин пешнињод шуд, ба назари банда, чуз як бозии сиёсї чизи дигаре нест, зеро Русия њам бо Ќазоќистон ва њам бо Ќирѓизистон роњи оњан дорад. Вале ин лоињаро чун лоињаи Роѓун, ки соли 2004 Русия барои сохтани он ваъдањо дода, чандин њадафњои худро пиёда кард ва бо шахсї намудани "Окно"-ву иншоотњои дигар муваффаќ шуд, зуд аз он даст кашид ва бар ивазаш нафту гази Ўзбекистонро ба даст

овард. Шояд бо овардани ин тарњ Путин нишон додан мехоњад, ки ў Тољикистонро дастгирї мекунад. Вале банда яќин мегўям, ки њатто агар мо двизияи 201- ро на ба 30 њатто агар ба 100 сол љой дињем њам боз њам Русия ба мо гузашт нахоњад кард ва боз њам чун имрўз њазорњо њазор муњољирони мо аз Русия бадарѓа мешаванду бо тўњмат ба мањбасњо кашида мешаванд ва аз тарафи фашистони сартоси рус, ки њукумати ин кишвар аз онњо пуштибонї мекунад, кушта мешаванд.

Њамсоя? Ё худ? Дар њама номумуваффаќињои њукумати феълї чаро њамсоя гунањкор аст? Њукумати Тољикистон воќеан корношоям шудааст ва дигар ќобили эътимод буда наметавонад. Аз њама аљибаш ин аст, ки тамоми вазоратхонањо дар њама шикасти худ Ўзбакистонро гунањкор мекунанд. КВД «Роњи оњани Тољикистон» миллионњо доллар зарар дидааст ва дањњо њазор аз кор рафтаанд. Вазорати энергетика ва саноат аз он хабар дод, ки 161 корхонаи саноатї дар давоми шаш моњ фаъолияти худро ќатъ намуда, њазорњо нафаррро аз кор љавоб додаанд. Кумитаи андоз… Маќомоти амниятї. Њама як мушкиле доранд, ки ба он Ўзбекистон гунањкор аст. Вале касе намепурсад, ки чаро муносибатњо торафт сарду вазнин мешаванд? Дипломатияи мо ба чї кор машѓул аст? Чаро аз тарафи Њукумати Тољикистон барои бењбудии муносибатњо њатто нимкўшише карда намешавад?

Акрами ХОЛИЌ

Мактуби Кабирї ба Рањмонов Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, аз Асадулло Рањмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Њукумати ЉТ, талаб намудааст, ки барои масъулини њизбї имкон дињад, ки тариќи шабакањои радио ва телевизион ба барномањои антинањзат посух бидињанд. Муњиддин Кабирї ин таќозои худро имрўз бо ирсоли номае ба Асадулло Рањмонов баён кардааст. Тавре дар сомонаи ЊНИТ омадааст: "Ваќтњои охир дар шабакањои ра-

дио ва телевизионњои давлатї маъракаи васеи таблиѓотї алайњи ЊНИТ ба роњ монда шудааст, ки гоњо дар он тањќиру буњтон низ љой дорад". Дар идома таъкид мешавад: "Ин амалњо хилофи ќонунгузории кишвар ва сулњу вањдати миллї буда, ба якпорчагї ва суботи кишвар зарба мезанад. Агар маќсад аз пахши чунин барномањо таъмини гуногунандешї ва плюрализми сиёсї бошад, зарур аст, ки назари тарафи дигар њам дар

расонањои давлатї инъикос гардад". Аз ин сабаб дар асоси моддаи 15уми Ќонуни ЉТ "Дар бораи њизбњои сиёсї" ва моддаи 24-уми Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуот ва дигар воситањои ахбори омма ", роњбарияти Њизби нањзати исломии Тољикистон аз раиси Кумита талаб намудааст, ки шароитро ба масъулини њизбї барои раддия дар њамон воситаи ахбори оммаи давлатї ва њамон ваќти пахшгардида таъмин намоянд.


Мањмурод ОДИНАЕВ:

БАЪДИ БОЗДОШТ

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

дошт. Вай фармони ѓайриќонунї ќабул кардааст, ки маро ба Прокуратура барои баёнот овардааст. Ман њуќуќ дорам, умуман, баёнот надињам. Ин чизи ихтиёрї аст. Прокурор хост руњияи маро шиканад, бо зўроварї ѓайриќонунї маро боздошт кард, ин аллакай љиноят аст. Парвиз Ќосимов ду маротиба бо китоби Кодекси љиноятї ба сарам зад, љиноят содир кард. Ваќте дид, ки ман љинояткории вайро исбот мекунам, дар њар куљо бошад, чизе гуфта наметавонист. Ман гуфтам, њар коре, ки хоњед кунед, ман рафтам. Баёноташонро имзо накардам. - Суди Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев чї гуна сурат мегирад дар СИЗО-и Хуљанд? - Ваќте муфаттиши Прокуратура Парвиз Ќосимов мавќеашро рўшан кард, ман фањмидам, ки судя Мусулмон Шарипов дар вазъияти бисёр душвор ќарор дорад. Вай мавриди фишори сахт аз љониби прокурор, ки аз оилаи бисёр таъсиргузор ва маъруфи вилояти Суѓд ќарор гирифтааст. Чун Ќосимов ба раиси вилоят хешї дорад, судя низ, эњтимол аст, ки аз вазифаи худ, аз ояндаи худ андеша мекунад. Гумон мекунам, ки ў низ метарсад ва кўшиш хоњад кард, ки мурофиаро яктарафа ба манфиати љониби даъвогар њал кунад. - Чї тавр? - Мо аллакай дида истодаем, ки судя барои он ки аз ин ќазия одамон хабар наёбанд, журналистонро ба мурофиа роњ намедињад. Ѓайриќонунї мурофиаро дар СИЗО таъйин карданд, њол он ки мурофиа бояд дар бинои Суд баргузор шавад. Ба СИЗО ягон хабарнигорро роњ намедињанд. Судя иддао дорад, ки бояд расонањо расман аз раиси Суд иљозат гиранд, то дар ин мурофиа ширкат варзанд. Мо чандин бор ба ѓайриќонунї ва бемантиќ будани ин даъвои судя Шарипов ба ў мурољиат кардем, вале бањона карданд, ки барои то бинои суд бурдани мањбусон, шоњидон посбон надоранд. Ваќте гуфтем, ки ба мо

њодисањо иштирок накардааст. Сањар метарсанду маљбур мешаванд, мошини ёрии таъљилї даъват кунанд. Табибон талош мекунанд, аммо вай мефавтад. Табибон хулосаи тиббии экспертї додаанд, ки дар натиљаи нўшидани машруботи спиртии зиёд фавтидааст. Баъди 14 рўз Прокуратураи ноњияи Рўдакї њуљљат мекунад, ки гўё ин љавон дар натиљаи тела додан сараш ба девор зада будаасту аз њамин сабаб њалок шудааст. Ташхиси тиббии иловагї мекунанд. Баъди ду њафта писари маро даъват карданд ва Суннатулло Ризоев рафт ба Прокуратура. Аз њамон шаб ўро озод накарданд. Писари ман гуфт, ки "ман набудам. Инњо маст буданд, ман рафтам хона. Ман дигар надидам, ки чї шуд". Њатто дар мурофиаи судї Шарипов эксперте, ки љасадро ташхисї тиббї кардааст, бо прокурор Илњом Муродов бањси тезутунд кард, ки "бародар, чї зўр мезанї, ин куштор нест. Онњое, ки ин љавонро пиёда кашола карда, бурдаанд, афтондаанд. Аз баландии 1,8 метр ба замин афтода, чаккаи сараш зарб хўрдааст. Ин дар њолати латукўб намурдааст", - гуфт. Ин корњо бе иштироки Суннатулло Ризоев рух додаанд. Њатто Ашўров Њаким, падари фавтида, дар ариза ба Суд гуфтааст, ки Суннатулло Ризоев беадолатона мањкум шудааст. Аввал хостанд, ки бо моддаи 104 ўро ба куштор айбдор кунанд. Исбот карда натавонистанд. Баъд ўро њамроњи як нафари дигар тибќи моддаи 110 барои расонидани зарари вазнини љисмонї, ки боиси марг шудааст, ба муњлати 13 сол аз озодї мањрум карданд. Бегуноњ фарзанди ман шаш сол боз дар мањбас аст. - Ба расонањо гуфтед, ки ба ќарибї кормандони милитсия ё амният дар ноњияи Њисор ба хонаи шумо даромадаанд. Чаро бо воситаи зинапоя, ба ошёнаи дуюм ё сеюм? Даратон баста буд? - Аввал ин ки, манзили ман, макони дахлнопазири шахсии ман аст. Ва бе иљозати ман ба он даромадан касе њаќ надорад. Вале кормандни маќомоти амният ва милитсия ба хонаи ман, зинапояи њамсояро истифода бурда, даромаданд. Маро маљбурї ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллї, ба Душанбе оварданд. Бо ман Зафар Нуралиев, муовини раиси КДАМ, дар пойтахт суњбат кард. Ман аз ин суњбат фањмидам, ки маќсадашон пешгирї аз гирдињамої будааст, ки мо, наздикони мањбусон пештар мехостем, доир кунем. Мо ба расонањо гуфта будем, ки аз Њисор то Душанбе њудуди 500 нафар бо шиорњои "Нест бод шиканља!!!", "Истеъфои Иззатулло Шарипов!", "Истеъфои Нусратулло Абдуллоев!" роњпаймої мекунем. Ба ман Нуралиев гуфт, ки аз ин кор даст кашем, чунки маќомоти амниятї аз тамоми њодисањои латукўб ва шиканља дар мањбасњо огоњанду ба ќазияи Њамза Икромзода ва шиканљаи шоњидони марги ў дахолат карда, њаќро ба њаќдор мерасонанд. Ман, ростї, ба ин шахс бовар кардам. Аммо маълум шуд, ки ин гапњо дурўѓ баромаданд ва то боздошти ману пурзўртар шудани мушкили мањбусон дар Хуљанд омада расид. Ман, умуман, ба тамоми маќомоти Тољикистон, аз љумла, ба вазири адлияи Тољикистон Рустам Менглиев, прокурори генералї Шерхон Салимзода, Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олї ва тамоми судњои дигари Тољикистон изњори нобоварии худро баён мекунам. Ман ба адолати инњо бовар надорам. Ман ба риояи ќонун аз љониби онњо шак дорам. Эътимоде надорам, ки ин нафарон љонибдори њаќиќатанд. Дигар аз инњо интизори адолат нестам. Мурољиати ахири ман ба вазири адлияи Тољикистон њамчун рањбари Кумитаи љамъиятии мубориза бо шиканља дар боздоштгоњњо ва муассисањои ислоњї дар назди Эътилофи демократия ва љомеаи шањрвандииТољикистон буд. Мо расман ба вазири адлияи Тољикистон мурољиат кардем, ки бинобар бад будани вазъи нигоњдории мањбусон ва шоњидони марги Њамза Икромзода дар СИЗО-и Хуљанд, ба комиссияи Кумитаи мо иљозати вуруд ба мањбасњои Душанбе ва СИЗО-и Хуљандро дињанд. Аммо бо гузаштани беш аз як моњ, ин одам, њатто, ба мактуби мо љавоб надодааст. Ваќте вазири адлия ќонуни одии кишварашро дар бораи мурољиати шањрвандон риоя намекунад, ба рўйи ќонун по мегузорад, ман ба чунин вазиру ќонуну маќомот бовар надорам. - Ба президент чї? То љое медонам, ба Эмомалї Рањмон њам мурољиат карда будед. Баъди ин мурољиат президент супориш дод, ки ќазияи Њамза Икромзодаро худи Шерхон Салимов, прокурори Тољикистон, тањти назорат гирад. - Он чї дар шаш моњи ахир рух медињад, маро ба як хулоса овардааст, ки президент аз њамаи ин корњо огоњ нест. Вай як бор супориш дод, ба назарам, дигар аз пасаш нашуд. Ман фикр мекунам, ки вай ба хондани тамоми нашрияњо ваќт намеёбад. Инро фањмидан мумкин. Аммо аз тарафи дигар, ин вазифаи президент нест. Ин вазифаи маќомоти њифзи њуќуќ аст, ки адолатро таъмин кунанд. Шояд, вай мушовироне дорад, ки ба ў мегўянд, дар нашрияњои хусусї гапњои дурўѓ ва муѓризона нашр мешавад ва ў танњо ба расонањои давлатї ва телевизионњо бовар мекунад? Ба њар њол, ба президент ман њанўз эътимод дорам, ки агар ў огоњ шавад, њатман, ќазия ранги дигар мегирифт. Ман ба Эмомалї Рањмон 120 савол дорам, ки Худо хоњад, ба воситаи расонањои мустаќил ба ў пешкаш мекунам. Мусоњиб Фаридун РАЊНАВАРД

"БА ПРЕЗИДЕНТ 120 САВОЛ ДОРАМ" Мусоњиба бо Мањмурод Одинаев, рањбари Кумитаи љамъиятии мубориза бо шиканља дар муассисањои ислоњї ва боздоштгоњњо дар њайати Эътилоф барои демократия ва љомеаи шањрвандї дар Тољикистон, падари Суннатулло Ризоев, яке аз мањбусон - шоњиди марги Њамза Икромзода дар мањбас - Шодем, ки шуморо дар озодї мебинем. Хабари боздошт шуданатонро дар Хуљанд шунидем. То љое хабар дорем, ба мурофиаи судии писаратон рафта будед. Шуморо маќомоти прокуратура чаро боздошт кард? Аз шумо чї мехоњанд? - Ман барои иштирок дар мурофиаи судии писарам, ки ѓайриќонунї дар СИЗО-и шањри Хуљанд идома дорад, рафта будам. Рўзи аввал дар майдони назди СИЗО будам, ки ногоњ Арабов Диловар, рањбари Муассисаи ислоњии №3-и шањри Хуљанд ва Парвиз Ќосимов, муфаттиши Прокуратураи махсуси Хуљанд, пайдо шуданд. Ба ман Парвиз Ќосимов гуфт, ки ман бояд бо ў равам ва њамчун шоњид дар ќазияе, ки њоло писари ман ва Садриддин Тошевро айбдор мекунанд, нишондод дињам. Онњо мехостанд, ман нависам, ки он наворњои видеої, ки мањбусон дар он пайи шиканљаву латукўб шуданашонро сабт карда, ба расонањо фиристодаанд, ман пинњонї аз писарам гирифта, ба расонањо пањн кардаам. Ман маълумоти олии њуќуќшиносї дорам. Гуфтам, ки ман хонаву дар дорам, чаро маро аз рўйи ќонун даъватнома фиристода, даъват накардед? Парвиз Ќосимов гуфт, ки "ман туро маљбур мекунам, ки баёнот дињї". Адвокатњо, Файзинисо Воњидова ва Абўбакр Ќулматов, ки њамон љо буданд, ба байн даромаданд ва нагузоштанд, ки маро боздошт кунанд. Рўзи дигар бо Амиралї Икромзода, ки њамчунин, барои иштирок дар ин мурофиа бо ман рафта буд, назди СИЗО, дар дохили мошин шишта будем. Шахсони номаълум дар як сабукрави тамѓаи "Мерседес бенс" омаданд. Ду нафари онњо аз мошин фуромаданд ва ба ман њамла карданд. Худро муаррифї накарда, дастњои маро тоб доданд ва ба мошин савор карданд. Гуфтам, эй бародар, шумо кї њастед? Чаро бо ман чунин рафтор мекунед? Яке аз онњо гуфт, ки роњбари Шуъбаи мубориза бо љиноятњои муташаккили Раёсати ВКД дар вилояти Суѓд аст ва бо супориши Парвиз Ќосимов омадааст. Маро зўран, зада-зада, ба мошин бор карданд ва ба Прокуратура, ба њуљраи Парвиз Ќосимов бурданд. Њуљљат нишон надоданд. Ваќте гуфтам, шояд, шумо маро барои куштан мебаред? Яке аз онњо дар дохили мошин њуљљат нишон дод. Парвиз Ќосимов, муфаттиши Прокуратура, ки аз наздикони Ќосим Ќосимов, раиси вилояти Суѓд аст, дар Прокуратура аз ман бо киноя пурсид, ки: "Ња, омадї-ку!". Пурсидам, ки чї маќсад дорї? Гуфт: - Маќсад њамин ки, ту баёнот медињї. Дар бораи он ки ман наворњоро аз писарам гирифта,

ба расонањо пањн кардам. Ман дар баёнотам он чиро ман медонам, навиштам. Ин наворњоро, воќеан, медонам, ки сохта нестанд. Воќеан, ин наворњоро мањбусон баъди латукўб ва шиканља шудан ба навор гирифтаанд. Ва медонам, ки чї хел, бо кадом роњ онњо ба расонањо роњ ёфтанд. Онњо панљ баёноти маро даронданд. Гуфтанд, он чї, ки мо мегўем, мо мехоњем, ту њамон тавр баёнот дињї. Онњо мехоњанд, ман нависам, ки ман дар таърихи 5-уми ноябри соли гузашта баъди мулоќот бо писарам Суннатулло Ризоев, ин наворњоро гирифтаму баъд ба расонањо пањн кардам. Ман гуфтам, ки ин наворњоро Њусниддин Нидоев, муовини ваколатдори њуќуќи инсон дар Тољикистон, тариќи пинњонї пањн кардааст. Ваќте мо ба Прокуратураи генералї шикоят кардем ва баъди ин шикоят бо Њусниддин Нидоев як љаласа доштем, вай ба ман гуфт, ки воќеан, аз њодисањои латукўби сахти мањбусон огоњ аст ва ин сабтро тариќи пинњонї вай пањн кардааст. - Яъне наворњое, ки њоло Муассисаи ислоњї сохта унвон карда, барои бо далелњои сохта писари шумо ва Садриддин Тошевро ба номураттаб кардани фаъолияти мањбас гунањкор мекунад, мањбусон ба муовини омбудсмени Тољикистон дар СИЗО-и Хуљанд додаанд? -Бале. Вай дар њузури ќариб 70 нафар аз созмонњои дифоъ аз њуќуќи инсон дар љаласае, ки дар Душанбе, дар Тарабхонаи "Меркурий" баргузор шуда буд, гуфт, ки дилаш ба мањбусон месўзад. Гуфт, мо аз њодисањои латукўбу шиканљаи мањбусон хабар дорем. Гуфт, ваколатдори њуќуќи инсон дар Тољикистон чораандешї хоњад кард. Аз ин чиз њамаи ширкаткунандагони ин љаласа огоњанд. Бо ў панљ маротиба вохўрдам. Вай баъди шикояти ман ба Хуљанд рафта, аз њоли мањбусон хабар гирифта буд ва ин наворњоро аз њамон љо овард. Вай ба мо ду сурат оварда буд, аксњои писари ман, ки баъди шиканља шудан бо осори зиёди латукўб акс гирифта буд. Њусниддин Нидоев мегуфт, ки барои ин њодисањо бояд роњбарияти Муассисаи ислоњї љавоб гўянд назди ќонун. Вале ман њайрон шудам, ки чаро ин шахс баъди чанд моњ аз мавќеи худ баргашту аз муњофизони њуќуќи инсон ба муњофизони шиканљагарону љинояткорон гузашт? Ман њайронам, ки ин ќазия бо чї анљом меёбад? - Шуморо озод карданд? Тавре прокурор мехост, баёнот навиштед? - Не. Ман њуќуќњои худро медонам. Вай њуќуќ дошт, ки маро то се соат барои муайян кардани шахсиятам нигоњ дорад. Вай маро 4,5 соат нигоњ

иљозати сабти њадди аќал аудиоиро аз љараёни мурофиа бидињанд, судя Мусулмон Шарипов гуфт, ки дар Кодекси мурофиавии љиноятии Тољикистон калимаи магнитофон њасту диктофон нест. Вай бо диктофон ворид шудан ба мурофиаро иљозат надода истодааст. - Айнї будани далелњо, яъне сохта набудани онњоро чї хел исбот карданї њастед? Ё баръакс, сохта будани далелњоро исбот кардан мумкин аст? Дар Суд љониби даъвогар инро чї хел исбот карданї аст, ки мањбусон бадани худро маљруњ кардаанд ва баъд ба навор гирифтаанд? Суд инро ба назар мегирад ё не? - Дар њамон наворњо, агар тамошо карда бошед, мањбусе бо номи Аслиддин гап мезанад ва љароњатњои бадани худро нишон медињад. Вай дар Суд алакай пурсида шуд. Вай ба Суд бо асо омад. Мелангад. Ваќте аз ў пурсиданд, ки чаро мелангад, рўирост гуфт, ки баъди латукўб шудан чўлоќ шудааст. Боз чї далел лозим аст? Дар ин шаш моњ барои исбот кардани њамин даъво, ки гўё мањбусон худро маљруњ карда, баъд наворбардорї кардаанд, чї корњо карданду чї гапњо гуфтанд. Аввал гуфтанд, ки гўё дар бадани мањбусон пайи латукўб нест, балки ин осори оњанњои "КамАЗ" аст, ки мањбусон дар он аз Душанбе то Хуљанд оварда шудаанд. Яъне дар роњ, дар бадани мањбусон аз мошин њамин хел пайи сурх мондааст. Баъд гуфтанд, ин пайи кафгир аст, ки дар як љойи махсус гўё дар мањбас кафгир будааст ва мањбусон бо он худро задаанд. Баъдтар боз як версияи дигар фикр карданд, ки гўё мањбусон бадани њамдигарро макида, сурх карда бошанд. Онњо тамоми воситањоро истифода бурда, мехоњанд љиноятњоро пинњон доранд. - Писари Шумо - Суннатулло Ризоев барои чї ба њабс афтод? Вай барои кадом љиноят мањкум шудааст? - Шаш сол пеш писари ман дар як базми домодї бо рафиќонаш нишаста будааст. Байни соњибљашн Ашўров Неъматулло ва яке аз мењмонон бањс мешавад барои нўшидани араќ. Яке мегўяд, ки ман ду шиша араќ хўрда метавонам. Дигарї мегўяд, ки наметавонї. Ин бањс байни соњибљашн ва як иштирокчии дигар рух додааст. Ваќте ду шиша араќро мехўрад, аз њуш меравад. Дигар гашта наметавонад. Баъд пинњонї дусад грамм спирти навшодир мегиранд ва ба бинии маст мерезанд. Ба худ намеояд. Шабона ўро ба кампал мепечонанд. Як панљоњ метр дуртар кашонда мебаранд ва дар ошхона мемонанд. Ќариб як километр пиёда мебаранд. Писари ман дар ин

5


6

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

Нигина Давлатова, сокини Хуљанд, аз "Супермаркет" шир харид. Ваќте хона омад ва хост аз он хўрок пазад, дарёфт, ки шир турш шуда будааст. Аммо санаи истењсол њамон рўзе навишта шуда буд, ки шир харидорї шуд. Хонум Давлатова танњо нафаре нест, ки аз мањсулоти вайроншудаи харидааш шикоят намояд. Њамсўњбати дигарам мегўяд, аз маѓоза кефир харид ва фурўшанда онро аз яхдон бароварда дод. Ваќти истеъмол маълум шуд, ки он аллакай вайрон шудааст. Ин њолатњо дар Бозори марказии Хуљанд - "Панљшанбе", ки калонтарин бозори минтаќа ба шумор меравад, бештар ба назар мерасад. Њарчанд дар ин бозор Маркази озмоишї фаъолият дорад, вале мушоњидањо нишон дод, ки сифати мањсулоти гўштию ширї нигаронкунанда аст. Аммо мудири Озмоишгоњи ташхиси байторию бењдоштии назди бозорњои Хуљанд Абдуљалил Кодиров мегўяд, мањсулоти бозорњо њамарўза аз озмоиш мегузаранд ва мањсулоте, ки мўњлаташ гузаштааст, дар бозор ба фурўш гузошта намешавад: - Њар як мањсулоти гўштї, ширї ва растание, ки ба бозор ворид карда мешавад, дар китобњо ќайд карда, санљиш гузаронида ва ба онњо сертификат дода мешавад. Он мањсулоти зудвайроншаванда, ки имрўз дар ба фурўш гузошта шудаанд, њамагї аз санљиш гузаштаанд ва ба талабот љавобгў мебошанд. Ба гуфти масъулини Маркази назорати давлатию санитарии эпидемологї, гўшти ќима бояд дар яхдон, дар њарорати то 8 дараља гармї ва мањсулоти ширї низ дар яхдон гузошта шаванд, зеро ки онњо дар њавои гарм зуд вайрон шуда, дар сурати истеъмоли ин гуна мањсулот инсон ба њар гуна касалињо, аз љумла, бемории шадиди рўдаю меъда, исњоли хунин гирифтор мешавад. Ин дар њолест, ки ваќти назорати мо дар он гармињое, ки бесобиќа ном бурда мешавад, бархе аз фурўшандагон гўштњои ќимаро на дар яхдон, балки дар зарфњо ва њатто, дар рўи миз пањн карда, ба фурўш гузошта буданд. Аммо баробари дидани мо онњо гўштњои ќимаашонро пинњон мекарданд, зеро аз омадани мо корманди Озмоишгоњи бо-

АЗ ЉАНУБУ МАРКАЗ

ХЎРУ НАМУР!

Чї тавр дар маѓозаву бозорњо мањсулоти пастсифат ва вайроншуда ба фурўш гузошта мешаванд? зор чанд лањза ќабл савдогаронро огоњ намуда буданд. Лутфулло Сиддиќов, мудири шўъбаи гигиенаи хўроквории СЭС-и шањри Хуљанд мегўяд, пас аз баромадани ќарори дахлдор дар робита ба ин масъала аз 25-уми апрел то имрўз 500 дона сихкабоб ва 200 килограмм гўшти ќима аз савдо боздошта шудааст. Хулосаро аз ин гуна фаъолияти кормандони бењдоштї бо ин килограммашон ва ин њам дар бозори калонтарини вилоят ба виљ-

дони онњо вогузор мекунем, ки то кадом андоза њаќиќат аст. Њарчанд ки дар кори фурўшандагони мањсулоти ширї нисбат ба гўштї бењбудї мушоњида мешавад, лекин нигањдории мањсулот, махсусан, "майонез" ташвишовар аст. Барои он ки ин мањсулот вайрон нашавад, он бояд дар њарорати то 11 дараља гармї дар яхдонњо нигањдорї шавад, вале фурўшандагон онро њам дар гармои беш аз 45 дараља берун аз яхдон ба савдо гузоштаанд.

Дар нишасти матбуотии "Тољикстандарт" дар вилояти Суѓд гуфта шуд, ки аз тарафи масъулони ин марказ дар шаш моњи соли равон дар 228 корхонаи ѓайридавлатии шакли моликияташон гуногун санљиши назорати давлатї гузаронида шуда, дар фаъолияти 9 корхона љавобгў набудани мањсулоти муайян ошкор шудааст. Дар ин давра 30 мавриди љавобгў набудани мањсулот ба талаботи стандарт ошкор ва мањсулот аз фурўш боздошта шудааст, ки маблаѓи умумии он 12 њазор сомониро ташкил медињад. Аммо ба назари коршиносон ин шумора дар муќоиса ба мањсулоте, ки имрўз дар бозорњои вилоят ба фурўш мераванд, хеле кам аст. Дар њамин њол, кормандони Маркази "Тољикстандарт" баён медоранд, ки солона як ё ду маротиба њуќуќи аз назорати пурра гузаронидани мањсулотро доранд. Агар аз тарафи истеъмолкунанда ягон аризаи шикоятї ирсол шавад, мо метавонем, ки онро асос намуда, њамон мањсулотро бори дигар дида бароем. Онњо мегўянд, агар солона бештар аз ду маротиба санљиш гузаронем, соњибкорон иддао пеш меоранд, ки моро бисёр санљиш мекунанд ва кор кардан намемонанд. Барои аз фурўш боздоштани мањсулоти пастсифат бояд истеъмолкунанда, яъне шањрвандон њам њуќуќњояшонро талаб намуда, ба маќомоти дахлдор мурољиат кунанд. Аммо мурољиати шањрвандон чї гуна аз тарафи масъулин баррасї мешавад, бањси дигар аст. Њукуматдорони шањр бањри пешгирї аз чунин њолатњо ба роњбарони бозорњо супориш медињанд. Муваќќатан вазъ ислоњ мешаваду баъд ба њолати аввала бармегардад. Нусхаи ќарор оиди манъи фурўши мањсулоти зудвайроншаванда дар гармо њам берун аз яхдон дастрас шудааст. Шояд, ин љо ягон гап бошад!? Ин танњо мушоњидаи якрўзаи мо буд, шояд, аз ин њам њолатњои ташвишоваре буданд, ки харидорон рў ба рў шудаанд ва боз хоњанд шуд!? Афзал БОСОЛИЕВ


БЕ ХОТИРУ ФАТИР Ѓайр аз афзоиши милиса дар кўчаву хиёбонњо, иттињому пурсуљўкунии сиёсатмадорон ва боздошти шахсиятњои ба наќшањои низом номаъќул, ба ибораи дигар, танг кардани чорчўбаи идораи љомеа, хусусияти дигари фазои пешазинтихоботї дар Тољикистон пурандешаву пургў шудани раисони њизбњои сиёсї ва коршиносон аст. Як навъ муќовимати мавсимї, муваќќатї сар мешавад, барои ба даст овардани хол овози даркорї, њокимият. Њоло оѓози њамин марњилаи аљиб аст. Дар ин марњилаи зудгузар њизбњои сиёсии мо одатан худро ѓамимардумхўр ва пурдон вонамуд мекунанду балабудањан мешаванд. Дар матбуот чењрањоеро дидан мумкин мегардад, ки њадди аќал як ва њатто ду-се соли ахир бо диќќати ду журналист менозиданду аз забонаш њарфе кашидан муваффаќияти хабарнигорон мањсуб мешуд. Ва дар ин айём чењрањо њам назди объективи суратгир ё наворбардор љиддитару донотар менамоянд. Мусоњибаву изњорот, бањсу мањкумкунї ва танќиду таънаи њамдигарї, ки "думи сагат каљ аст" то ба ављи аъло расида, ту гўи ѓайри инњо дигарон - њама сабаби ягона ва аслии мушкили давлату халќи зањматкаш аст. Ва бояд ба онњо ва танњо ба онњо овоз дод, то наљот ёбї! Роњи дигар нест. Ту гўйї, трагикомедияи актёрони моњиртарини дунё ба мо намоишнома дода мешавад. Мазњака ин аст, ки натиља ё интињои асар ба муаллиф ва аксари тамошобинон маълум аст. Фољиа, ки мардум бояд новобаста ба натиљаи он ќарсак бизанад.

Афсонаи шутурмурѓ Њоло Њизби нањзати исломї (ЊНИТ) ва Њизби сотсиал-демократи Тољикистон (ЊСДТ) - ду њизби сиёсии гўё фаъолтарини кишваранд, ки дар расонањои мустаќил, дар доирањои сиёсии дохиливу байналмилалї вирди забонњо ва гўё миёни мардуми Тољикистон њам нуфузи зиёд доранд. Њизбњои дигарро киссагї меноманд ва агар њозир, барои мисол касе аз сотсиалистон, ё коммунистон гўяд, ки номзад барои интихоботи президентї хоњад буд, боиси масхара ва хандахариш хоњад шуд. Иќдомњои њукумат гўё ба муќобили ду њизби фаъол ЊНИТ ва ЊСДТ равона шудааст, аммо дар асл, агар ба ин ањзоб фишор набошад, онњо гўё ќариб, ки нестанд. Дар расонањо аксаран аз фишор болои ин њизбњо ва намояндагони онњо менависанду мардум мањз ба њамин чиз онњоро дар ёд дорад. Солњост ин мазњака идома дорад ва њамин як афсонаи "шутур-мурѓ" -ро дар ин солњо ба зењнњо мехкўб карданд, ки агар аз њизбњои мухолиф интиќод кунї, ту "кгбшникї" ва агар ба амале аз њукумат, ё њизби халќї демократї эрод гирифтї, "фабрикаи љавоб" туро ба "хоинон"-и дигари миллат баробар хоњад кард. Ё шутур ё мурѓ... Ин менависад, ки риш "пашм" асту њиљоб "патак", дигарї галстукро "тавќи лаънат" меномад. Кор ба љоое расида, ки мо аз ин дуртар андешае надорем. Маѓзамон ба андешаи дигар ќодир нест. Ба ахтањои зењнї мубаддал шудан дорем ва дигар намефањмем, ки ба доми фиреб афтодаем. Ба мо мегўянд, ки: "Дар Тољикистон расман њашт њизби сиёсї фаъолият мекунанд". Инро дар њар љову њар пайти муносиб такрор мекунанд. Дар ин љумла, ки дар назари аввал ягон калима дурўѓ надорад, он ќадар макру фиреб пинњон шудааст, ки то бас гуфтан. Воќеан њам дар Тољикистон њашт њизби сиёсї танњо расман, яъне дар рўйи коѓаз фаъолият мекунанд.

«

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

7

БИСЁРЊИЗБЇ, Ё ФИРЕБИ БУЗУРГ? Њизби њоким? Биёед бубинем, ки ањзоби сиёсї чї њол доранд. Сераъзотарин њизби сиёсии Тољикистон Њизби халќї - демократї, дар 19 соли фаъолияташ тавонистааст, расман 200 (дусад) њазор аъзо љамъ кунад. Ин њизбро њоким меноманд ва мегўянд он аз имкониятњои бештар бархурдор аст. Масалан дар њоле, ки Њизби коммунисти Тољикистон маблаѓ надорад, ки моње њадди аќал як маротиба газетаашро нашр кунад, дар ихтиёри ЊХДТ тамоми расонањои давлатї ќарор гирифта, газетаи ин њизб аз сертиражтаринњо мањсуб мешавад. Мегўянд, ки хонанда надорад ва бо роњи обунаи маљбурї зинда аст. Ба сомонаи ин њизб дар шабакаи интернет рў меорем. Касеро, њатто аъзои ЊХДТ-ро ба хондани сомонаи њизб маљбур карда намешавад. Хабари муњимтарини сомонаи ин њизб "tribun.tj" (?) "Мурољиати президенти мамлакат ба матбуот оид ба натиљањои мулоќот бо Владимир Путин", президенти Русия дар Маскав аст. Воќеан барои аъзои ЊХДТ аз мурољиати натанњо президенти мамлакат, балки рањбари њизб чї муњимтар шуда метавонад? Ин хабарро дар 3 рўз њамагї 43 нафар хондаанд. Яке аз онњо, албатта, муаллифи ин сатрњо. Аз 200 њазор аъзои ЊХДТ њамагї 42 нафар тавонистаанд дар се рўзи ахир ба интернет ворид шаванд? Ё онњо умуман аз ин неъмати замони муосир бархурдор нестанд? Ин њатто аз депутатњои ЊХДТ дар парлумон њам кам аст. Ин раќам 50% не, 20% не. Ин раќам 0,01%-и теъдоди аъзои ЊХДТ аст, ки албатта як маъ-

Ман шахсан ба ин ки дар Тољикистон 55 њазор нафар андешањои атеистї дошта бошанду то Худоро дар кабинеташ набинанд, ба мављудияташ бовар нахоњанд кард, шояд бовар карда тавонам. Аммо ба ин ки ѓайр аз Шодї Шабдолов ва Исмоил Талбаков ягон коммунисти дигарро дар Тољикистон 55 нафар мешиносад, њич бовар намекунам. Шояд бошанд, касоне, ки ба ин бовар мекунанд. Ман не.

«

лумоти аз њаќиќат фарсахњо дури расмї асту халос. Наход аз 200 њазор нафар њадди аќалл 1% - 2000 (ду њазор) аъзои ЊХДТ ба натиљаи мулоќоти роњбарашон бо Владимир Путин диќќат накарда бошанд? Аммо ин маънои бењтар будани сиёсати иттилоотии њукуматро надорад. Мегўянд, ки тамошобинњои телевизионњои давлатї сахт коњиш ёфтаанд. Аксарият асосан шабакањои русї тамошо мекунанд. Нашрияи расмии њукумати Тољикистон "Љумњурият" низ мегўянд, тариќи обунаи маљбурї ба сар мебарад. Сомонаи расмии њукумат "jumhuriyat.tj" омори истифодабарандагонашро рўшан кардааст. Барои мисол хабари муњимтарини ин сомонаро дар бораи сафари Эмомалї Рањмон ба Русия дар як њафта, аз 31-уми июл то 5-уми август њамагї 27 кас хондааст. Хулоса бароред. Яке аз онњое, ки ин хабарро хохун зад, агар муаллифи ин сатрњо бошад, ин хабарро њамагї 26 нафар хондаанд. Њамин хабарро дар сомонаи АМИТ "Ховар" њамагї 389 нафар хондаанд. Дар ин бора дигар њарф намезанем, то ба њизбњои сиёсии дигар ваќт ёбем.

Мухолифин Дар њизбњои дигари сиёсї вазъият чандон бењ нест. Масалан, ЊНИТ. Фаъолияти расмияшро дар Тољикистон аз соли 1991 оѓоз кардааст. ЊНИТ иддао дорад, ки 40 сол боз фаъолият дорад ва зиёда аз 40 њазор аъзо. Сомонаи ин њизб - "nahzat.tj" дар интернет, ки ба наздикї бахши форсии он њам ифтитоњ шуд, дар як њафтаи ахир аз њаёти њизб њамагї ду хабари муњим нашр кардааст. Матолиби дигари иттилотиву фарњангї ва сиёсї, асосан ба њаводиси Миср, Изњороти роњбари "Ал - Ќоида", Президенти нави Эрон ва моњи Рамазон дахл доранд. Матлаби серхонандатарини њафтаи гузаштаи ЊНИТ дар бораи Изњороти раиси ин њизб дар ифтитоњи бахши форсии сомона дар се рўз аз соати 12:00-и 2-юми августи соли љорї, то субњи 5-уми август њамагї 379 хонанда доштааст. Ин чї маънї дорад? Нањзатињо куљоянд? Њизби сотсиал -демократи Тољикистон расман аз соли 2002 фаъолият мекунад ва зи-

ёда аз 4 њазор аъзо дорад. Сомонаи ин њизб нав ифтитоњ шуда, 3-юми август аз сомонаи ин њизб њамагї 217 нафар ва 4-уми август онро 155 нафар дидаанд. Дар бораи Њизби коммунисти Тољикистон умуман њарф задан оё њољат њаст? Ин њизби куњнатарини сиёсии Тољикистон соли оянда 90 сола мешавад. Расман, яъне имконияти хеле калон њаст, ки ин иттилоъ дурўѓи мањз бошад, ЊКТ 55 њазор нафар аъзо дорад. Ман шахсан ба ин ки дар Тољикистон 55 њазор нафар андешањои атеистї дошта бошанду то Худоро дар кабинеташ набинанд, ба мављудияташ бовар нахоњанд кард, шояд бовар карда тавонам. Аммо ба ин ки ѓайр аз Шодї Шабдолов ва Исмоил Талбаков ягон коммунисти дигарро дар Тољикистон 55 нафар мешиносад, њич бовар намекунам. Шояд бошанд, касоне, ки ба ин бовар мекунанд. Ман не. Њоло аъзоњаќќии ин њизб чанд сомонї шудааст, ки ЊКТ наметавонад њатто моњномаашро нашр кунад. Куљоянд коммунистони тољик?

Ба љойи хулоса Дар бораи њизбњои дигар чизе гуфтан сарфи бењудаи ваќт хоњад буд. Чун аз ростї, њамин њоло, даќиќ наметавонам гўям, ки раисони демократњо ва сотсиалистњо кист? Аз њамин хулоса кардан гиред. Њоло дар бораи хуб ё бад будани ин ки мардуми мо аз сиёсат дур рафтаасту, њизбиятро як чизи нодаркор мењисобад, ба хулоса наомадам. Ба назарам дар њоли њозир, ки њизбу њизбсозї фиреб аст, ин албатта хуб аст, ки ба мо њизбият бегона бошад. Бовар кардан ба њамин љумла, ки "Дар Тољикистон њашт њизби сиёсї фаъолият мекунанд", ба доми фиреби бузург афтодан аст, ки мо мутаассифона дар он аллакай ѓўтидаем. Дар асл аз фаъолият ягон њизби сиёсї дар Тољикистон дараке нест. Дигар на мардум аз онњо таваќќуе дораду на инњо аз мардум, ба ѓайр аз як овоз, як хат имзо, ки омодаанд бо њар роњ ба чанг оранд, чизе мехоњанд. Дигар њама медонанд, ки умедеро бо узвият дар ин њизбњо амалї гардонидан барояшон номумкин аст. Фаридун РАЊНАВАРД


8

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

"ЊАМАИ МАСЪАЛАЊО" Дидору мулоќоти Эмомалї Рањмон бо Владимир Путин дар Маскав агарчанде бидуни имзои кадом санад ба анљом расид, аммо Абдумаљид Достиев , сафири Тољикистон дар Русия аз ќавли президет изњор дошт , ки "њамаи масъалањо њал шудааст". Аммо даќиќан кадом масъала њал шудааст, агар шуда бошад, чї тавр шудааст, ба нафъи кї анљом ёфтааст? Коњиши бољи гумрукї аз содироти мањсулоти нафтии Русия ба Тољикистон? Хонандаи боњуши "Нигоњ" огоњ аст, ки дар ин бора ва зиёни роњандозии бољи гумрукї пештар низ чанд матлаб ба чоп расида буд. Мо гуфта будем, ки њамчунин "муљозот"-и маснуиро Русия дар соли 2010 барои Тољикистон љорї кард, то ба василаи он нагузорад аз "рамка" берун шавад. Мисле, ки Русия муваффаќ шуд. Бо ин "гузашт"-и худ њамчунон миннат нињод, ки маќомоти тољикї онро њамчун " њалли њамаи масъалањо" ќабул карданд. Ва ё шояд мушкили муњољирони кории тољик њал шуда бошад? Инљо њам илтифоту марњамати Русия њадду андоза надошт ва боз "гузашт" кард: шароити зисти бидуни ќайд барои шањрванди Тољикистон дар ќаламрави ин кишвар аз 7 рўз то ба 15 рўз тамдид карда мешавад. Дар њоле ки барои як табааи ќирѓиз Русия то 90 рўз њамчунин имкониятро арзонї доштааст Зимнан, чун муносибати Русияву Тољикистон ва Русияву Ќирѓизистон муќоиса бишавад боз ин нуктаро њам метавон тазаккур дод, ки русњо барои бозсозї ва модернизатсияи артиши ин кишвар беш аз як миллиард доллар (!) ихтисос доданд ва аммо барои артиши тољикї панљяки ин адад яъне 200 миллион доллар. Ва инро њам ба инобат бигирем, ки дар ин наздики чањор сол танњо аз љорї кардани бољи гумрукї ба содироти фаровардањои нафтии худ Русия аз Тољикистон беш аз 800 млн. доллар (!)њазина кард, пас маълум мешавад, ки њамин 200 миллион доллари кўмак ба артиш њам њам аз њисоби ронандањои тољик аст ва ин њам дар њолест, ки ќирѓизњо дучори њамчунин "муљозот" нашудаанд ва тавонистанд, ки маводди сўхти русиро бидуни бољи гумрукї бигиранд ва акнун ба мо бо фоида мефурўшанд. Њамин набуди бољи гумрукии Русия ба фаровардањои нафтиаш ба Ќирѓизистон аст, ки бархе аз ширкатњои дастраскунандаи ин навъи мањсулот аз ќабили "Тољирон" дар пайи тољироти он миллионњо доллар ба даст оварданд. ( Як саволи дигар ин аст ки чунин тарзи муносибати Русия барои халќи тољику ќирѓизро иллат чї аст? Ин

итобу хитоби Русия барои њукуматњои ин ду мардум аст ва ё њукуматњои онњо? Ин ќадру манзалати мардуми ќирѓиз ва тољик дар назди русњост ва ё њукуматњои онњо? Ва агар монеаи тавсеи робита ва њамкорї њукумат буда бошад, чаро ба халќ инсоф намекунад, ки дар Ќирѓизистон нархи бензин се сомонї дарТољикистон нархи он ќариб 6,5 сомонї аст?) Хуб, пас кадом "њамаи масъалањо њал шуда бошанд?" Магар ин ки ин "њамаи масъалањо" интихоботи ќарибулвуќўи президентии Тољикистон набошад? Ва шояд барои онњое, ки ин ибораро расонаї карданд, дарвоќеъ "њамаи масъалањо" чизе бештар аз њамин интихобот нест? Даќиќан! Чун дигар масоил, тавре зикраш рафт, он гуна ки буд, монд. Кадом таѓйире ба бор наомад. На дар матни он асноди дар поизи соли гузашта дар Душанбе ба имзо расида, на дар сифру арќом ва замони иљрояш.Бо таваљљўњ ба ин тарафи масъала бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки шояд њамин масъалаи интихобот њам њал нашуда бошад. Аммо бо вуљуди ин њама зоњиран ва то љое Путин ба номзадии љаноби Эмомалї Рањмон алоќамандї нишон дод. Вале мову шумо, дигар тардид надорем, балки мутмаинем, ки Рањмон боз њам ва барои бори чањорум ва ба ин нигоњ накарда, ки 21 сол мешавад сари ќудрат аст, хастагиро дар худ роњ надода, номзади ин интихобот аз њизби њоким мешавад. Ин аз бахти баланди ўст ва ё шўри пешонии миллати тољик, њарфи дигар.

«

Хуб, дигар номзади њукумат ва њизби њоким маълум шуд, аммо дар љабњаи ањзоби мухолиф чї мегузарад? Ангор мухолифин њам даст рўи даст нанишастанд. Онњо њам ба ибтикороте даст зада ва бар таъйиди тасмими гирифтаашон, ки ин навбат њатто агар ќонуни интихоботро њам иваз накунед, ширкат хоњем кард, вориди амал шуданд. Дар њафтае ќабл ду њизби умдаи мухолифин ЊНИТ ва ЊСДТ бо ширкати шаъсиятњои мўътабари љомеа ва намояндањо аз бархе аз нињодњои љомеаи шањрвандї ташаккули вижаи интихоботиеро тањти унвони "Иттињоди нерўњои ислоњотхоњ барои интихоботи демократї" таъсис доданд. Њизби демократи Тољикистон њам алоќамандии худро ба ин ташаккул изњор дошт, аммо гуфт њоло "мулоњизањо" дорад ва сонитар шояд бипайвандад. Њамин тавр ин Иттињоди интихоботии ањзоб барои пешбарии номзади воњид ба иттифоќи назар даст ёфтанд ва дар айни замон мафкурачиёни онњо дар тањияи як барномаи пешазинтихоботии ин номзади воњид машѓул мебошанд. Аммо савол инљост ки ин Иттињод то куљо мерасад? Истгоњи охири онро кї муайян мекунад, ќонуни интихобот ва ё њукумат ва гузашта аз ин он истгоњ баъди интихобот аст ё то интихобот? Яъне онњо муваффаќ ба ширкат дар ин сабќат хоњанд шуд ва исми номзади воњидашон рўи баргаи интихобот навишта мешавад ва ё бюллтен бидуни номи онњо ба дасти интихобкунанда мерасад? Чунин ба назар мерасад, ки аз таъсиси ин Иттињод њукумат ошуфтаву парешон шуда ба шиддат норозї ва нороњат аст. Барои њукумат ба њам омадани ЊНИТ бо ЊСДТ бисёр нофорам ва њатто ѓашовар аст. Метавон гуфт, ки аз Рањматулло Зойиров "аллергия" доранд. Бале, бо вуљуди њама радду бадалњо, сахту саќатгуфтанњо, маъракаи бадсозї ба роњ андохтанњо, каллакўбак карданњо њукумат моил ва њавасманд аст, ки дар муќобили номзади ЊХДТ дар ин сабќат, бале, мањз дар њамин интихобот номзад аз ЊНИТ бошад. Яъне раќобат ми-

ЊНИТ барои номзади ЊХДТ як њарифи шинохташуда ва аз тарафи дигар, шикастхўрда аст. Рањмон ЊНИТ-ро њатто замоне, ки соњиби неруи низомї буд ва метавон гуфт нисфе аз ќаламрави кишварро тањти контрол дошт ба бозї гирифт( номзади ин њизб дар интихоботи соли 1999 ду дар сад раъй овард) ва баъдтар бе онки њатто суоле кунад Ќонуни асосии бо ин њизб сохта ва таањњуд дар иљрояш супурдаро бекор кард ва шароитро барои баќои умри сиёсиаш фароњам сохт.

«

ёни ин ду њизб сурат бигирад ва ЊСДТ аслан ва ба њељ ваљњ ширкат ва њузур надошта бошад. Чаро? Ин љо чанд нуктаи аљиб аст. ЊНИТ барои номзади ЊХДТ як њарифи шинохташуда ва аз тарафи дигар шикастхўрда аст. Рањмон ЊНИТ-ро њатто замоне, ки соњиби неруи низомї буд ва метавон гуфт нисфе аз ќаламрави кишварро тањти контрол дошт ба бозї гирифт( номзади ин њизб дар интихоботи соли 1999 ду дар сад раъй овард) ва баъдтар бе он ки њатто суоле кунад. Ќонуни асосии бо ин њизб сохта ва таањњуд дар иљрояш супурдаро бекор кард ва шароитро барои баќои умри сиёсиаш фароњам сохт. Вагарна њанўз замони раёсаташ дар соли 2006 поён мепазируфт ва њоло дар сањна афроди дигар бозингар мебуданд. Дигар ин ки тибќи наќшарезии "Протоколи 32-20" беш аз пеш ЊНИТ-ро мањдуд ва танг сохта ва дар як гўша ва канор рондаасту бархе аз раёсаташ зери контрул аст. Дар њељ як аз маъракањое, ки метавон гуфт мустаќим ба ин њизб иртибот дорад, аз љумла нишасту бархостњо доир ба Рўзи вањдат ва ахиран нишасти руњониён даъват намекунад. Хуллас, њизбро дар њолати буѓї кардан ва нафасгардон шудан овардааст. Чун дар муќобил вокуниши шадидеро эњсос намекунад. Аз ин љињат ба номзади ин њизб дар интихобот ду ё се дар сад овоз медињаду мегўяд, њаќатон њамин аст, халќ ба ЊНИТ ин миќдор раъй дод. ЊНИТ бо тани афгору абгор ва сари зери зарбањо латхўрдааш љуръат намекунад ба эътирози љиддитар масалан тазоњурот даст занад. Зеро бидуни шак њукумат аз неру истифода карда ва њамзамон њизбро бо иттињомоте, ки њоло њаракатњои исломиро дар саросари олам ба он гирифтор кардаанд, мазнун мешуморад ва аз эњтимол дур нест ки наќшаи бастанашро њам ба иљро расонад.Чун аз њамин њоло маълум аст ки натиљаи интихобот ба раѓми раъйи мардум дасткорї мешавад, вале нозирон аз СНГ ва махсусан Шонгњой (Чин) онро демократї ва ќонунї эълон мекунанд. Ин далели исбот мешавад, ки њукумат ЊНИТ-ро , ки аз чанд соли пеш дар паяш афтодааст, бо айбњои "исломињои тундраву экстремист, мансабталош" ва ѓайра муттањам сохта бубандад. Машќу тамринњои имрўзаи вазорати кишвар бељињат нест ва дар сањнаи пушт њам шумори сафњаи њуљљату асноде, ки аллакай чанд бор Прокурори генералї алайњи ЊНИТ чоп кард, бештар мешавад. Њоло бархе аз нањзатињо шояд бар ин бовар буда бошанд, ки бо ширкати худ метавонанд дар ин сабќат як бори дигар касби машруиятро дар дохил ва хориљ касб кунанд ва ин васила ва њатто як имтиёз бишавад барои аз раъй баргардонида-


СИЁСАТ ни њукумат аз бастани ЊНИТ. Аммо на. Ин тавр намешавад. Равиши њаракатњои њукумат ва бавижа фазое, ки ўро ињота кардааст: Кумитаи дин, Маркази исломї ва боз як-ду нињоди дигар тавре аст, ки наќшаашон бояд дар ин давраи муносиб ба самар бирасад. Чун бењтар аз ин шароит ба даст намеояд. Зеро ЊНИТ ногузир аст аз таќаллуб ва тахаллуф садо баланд кунад. Барои он ки возењан огоњанд, ки интихобот боиси хашму ѓазаби ањолї мешавад, ањолие, ки ба номзади ЊНИТ овоз додааст. Ва ин мардум ин навбат сукути њизбро тањаммул карда наметавонанд ва ЊНИТ маљбур аст ки як њарфе бизанад. Ва дуруст њамин "њарф"-ро ин нињодњо мунтазиранд, то бираванд дар иљрои наќша нафари охири тасмимгирро мутаќоид созанд. Ба ин тартиб, барои ЊНИТ низ дарвоќеъ душвор аст ки барои мисол баъди онки интихобот бо таќаллуб натиљагирї бишавад, чї вокунише аз худ нишон медињад. Агар ки тазоњурот кард, натанњо њукумат муќобилаш ќарор мегирад, баъзе аз кишварњо, аз љумла, Ўзбакистон ва Русия низ бо вуљуди сардии робита бо њукумати феълї, пуштибонї намекунанд. Барои њукумати феълї раќобат бо намояндаи ЊНИТ боз аз он љињат муфид аст, ки ба кишварњои берун бори дигар нишон дињад, ки ба љойи ман кї ва кадом ќувва хоњад омад. Аммо агар номзади воњиди ањзоби мухолиф аз ЊСДТ, фарз кардем, раиси он шавад, чї хоњад шуд? Як чиз рўшан аст, ки ин њама њарфу њиљоро, ин њама айбу иттињомро, ки ба ЊНИТ мезананд ба вай зада ва ба кор бурда наметавонад ва ин њама "имтиёзњо"-ро ( муќобили ман чи касњо ва чї ќув-

тозиёнаи танќид ќарор медињанд ва матолибе ба нашр мерасаду ўро гумоштаи Ўзбакистон муаррифї мекунанд, кореро, ки то њамин њоло иљро карда истодаанд. Аммо Зойиров бо як љумлаи пурмазмун ва пуришора, ки ман бо танку тўпи ўзбакї сари кор намеоям, ин њама иттињомро мањор хоњад кард. Аммо, бале, аммо масъала ин љост, ки ўро сабти ном хоњанд кард? Сабти номро КМИР мекунад, ки тобеи номзади ЊХДТ аст.Хуб, як бањона пеш меоваранд, ки чандто имзо љаълист ва бо њамин имкони ширкат дар интихобот барои ањзоби мухолиф аз байн меравад.Як бор, ду бор ва шояд севу чањор бор созмонњои байналмилалї мисли САЊА ва ё сафорати кишварњои урупої "эътироз" мекунанд ва бо њамин тамом? Вале дар марњалае, ки дар маќтаи замоние, ки кишвар ќарор дорад, бо љомеаи ба шиддат норозї ва пурэътироз, ки мунтазири тањаввули бунёдист њамчунин бархўрд, чї пайомад хоњад дошт. аз њамин њоло маълум аст, вагарна дар вазорати дохила машќу тамрин барои љилавгирї аз эњтимоли тазоњурот вобаста ба интихоботро зарурат набуд. Чун теъдод ва шумораи норозиёни шароит ба маротиб зиёд аз тарафдорони номзади ЊХДТ ва ањзоби мухолиф њаст, ки худ нахоста ба электорати ањзоби мухолиф табдил мешаванд. Ба кишварњои "берун", ки њоло дигар дар пушти ин њукумат нестанд, бахусус, он кишварњое, ки дар ваќташ бо мусоидати онњо њукумат ба ќудрат расида буд, эњтимол дорад, шароити дахолат фароњам мешавад. Њанўз маълум нест, ки

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

ИНТРИГАИ РЎЗ

МОЊИ ДОЃ БАРОИ МАНСАБДОРОНИ ПАНЉАКЕНТ

ЯЪНЕ ЧЇ?

вае ќарор дорад), ки дар баробари номзади њизби исломї касб мекунад, аз даст медињад. ЊСДТ њизби дунявист ва ба фарќ аз ЊНИТ дар сурати даст ба иќдом задан, то ва ё баъди интихобот, ўро намешавад ба он айбдор кард, ки низоми дунявиро вайрон мекунанд. Дуруст аст ки шумораи аъзои он дар муќоиса бо ЊНИТ ба маротиб кам аст ва њатто як намоянда дар парлумон надорад. Вале дигар ЊНИТ бо вай иттифоќ бастааст ва ин шумора ва камбудиро рафъ карда зарфият ва имконоташро бо ў дар миён мегузорад. Афзун бар ин, раиси ин њизб дар собиќ мушовири давлатии президент буд. Ва барои афроде њатто дар сутўњи давлат њам бегона нест. Ва дар муќобили раиси љумњурї мушовири собиќи ў ќад боло мекунад. Ва аз ин њам муњимтар Зойиров сурат ва рамзи љанг ва камон нест. Чизеро, ки љомеаи кишвар тўли ин беш аз бист сол бо дарди љонкоњ тањаммул ва тоќат мекунад. Дуруст аст, ки ўро шадидан тањти

онњо пушти ањзоби мухолифро мегиранд, вале аз он ки бо истифода аз фурсат хостањояшонро болои номзади ѓолиби ЊХДТ бор хоњанд кард ва илоље ба љуз аз ќабули онњо надорад, даќиќ аст. Ва ин њолат номзади ѓолибро дубора ба бозии дасти онњо мубаддал карда ва дар пеши мардум аз обрў ва њайсият мањрум хоњад сохт. Аз ин љост ки њукумат эњтимол дорад аз ин тасмим, ки номзади воњидро радди сабти ном созад, даст бикашад ва сабти ном кунад, вале овози андак дињад. Мисле, ки бо нањзат мекард. Шоядам чизе бештар. Вале ман мутмаин нестам. Имкон дорад њатто камтар раъй барояшон ќоил бишавад, чун аз рикоб по берун карданї нест. Бо ин њама чанду чун ва чиву чароњо мусаллам аст, ки тасмими ширкати ањзоби мухолиф дар ин навбати маърака њукуматро безобита ва дар ташвиш андохтааст. Агар номзади воњиди онњоро сабти ном кард, ў табиист, ки вориди корзор мешавад ва дар сартосари кишвар имкон пайдо мешавад, ки камбуд навоќиси номзади ЊХДТ-ро мардум бишнавад. Ва аз тарафи дигар халќ бори дигар шоњид мешавад, ки ба нафари дигар раъй дода буд, боз њамон нафар ѓолиб эълон мешавад. Яъне њукумат бе онки ба њарфи мардум ва миллат гўш дињад, боз худро "интихоб мекунад". Оё халќ ин навбат тањаммул мекунад? Љавоби ин савол бисёр душвор аст. Аммо агар номзади воњидро сабти ном накард ва имкон надод, ки "Иттињоди неруњои ислоњотхоњ барои демократия" вориди корзор шаванд, чї хоњад шуд? Интихоботро дар канори номзадњои сохтаву дастї чун интихоботи ќаблї доир мекунад ё чї? Дар ин њолат боз њам машруияти интихобот чи дар дохил ва чи дар хориљ масъалаи љиддї хоњад шуд. Ва бараъкс, акнун натанњо забони ЊНИТ в ЊСДТ, балки забони он кишварњое, ки дар боло зикаршон рафт низ муќобили номзади ѓолиб ва њукумати вай дароз мешавад. Пеши роњи њаракатњои эътирозии неруњои сиёсї ва мардумро гирифта намешавад ва онњо ошкоро мегўянд, ки њукумат тарсид, то дар баробари номзади ањзоби мухолиф ба майдон ояд. Ва аз он ки руњияи мардумро дар дохил ва берун хуб медонанд, ки эътирозист ва касе њам дар дохил ва њам берун бовар намекунад, ки дар чунин шароит номзади воњиди ањзоби мухолиф барои касби 180 њазор имзо љонибдор надошта бошад, баръакс дар тањрики ташаннуљи авзоъ аљир мешаванд. Зеро халќе, ки аз њолати якрангиву якнавохтии бист сол безор шудааст, њатман, имзояш ва овозашро ба нафаре, ки нав аст, њарфи тоза дорад, медињад. Дигар чизе пинњон намемонад ва њама чиз офтобї хоњад шуд.

Абдуќаюми ЌАЮМЗОД

9

Моњи гузашта фазои сиёсии шањри Панљакент ѓайримаъмулї буд. На аз њангомањо дар атрофи номи Додољон Атовулло, мухолифи Њукумати Тољикистон ва модари ў, на аз рабуда шудани чўпонњо аз љониби марзбонњои ўзбак, балки "зилзила"е дар сатњи рањбарияти идорањои шањрї сурат гирифт. Ѓайриинтизор ба карйераи бархе аз мансабдорони нињодњои шањри Панљакент доѓ афтод. Дар ахири моњи июл Фаттоњ Саидов, директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, ба хабарнигорон аз боздошти Хайриддин Алиев, полковники милитсия, собиќ сардори Шўъбаи корњои дохилии шањри Панљакент, иттилоъ дод. Ба гуфтаи Фаттоњ Саидов, собиќ сардори Шўъбаи корњои дохилиро бо љурми гирифтани пора дар њаљми 4 њазор доллари ИМА боздошт намудаанд. Хайриддин Алиев њангоми дар вазифа буданаш барои гузарондани корњои оперативї-љустуљўї аз рўи парванда алайњи худаш ба њар васила монеа мешудааст. Шоњидони парвандаро барои ба хориљ равон намудан ризо намуда, аз бозпурсии муфаттишони Агентї сарпечї менамудааст. Хайриддин Алиев дар миёнањои моњи июл бо фармони Рамазон Рањимов, вазири корњои дохилї, аз вазифааш барканор гардид. Хайриддин Алиев бо озод гардиданаш аз вазифа аз љониби Агентї боздошт гардид. Аз мансаб ба мањбас рафт. Аљиб аст, ки ба љойи ў Рањмон Давлатов, сардори раёсати амнияти дохилии ВКД, таъин гардид, ки бо интиќодњояш алайњи Агентии зидди фасод шинохта шудааст. Ў кормандони агентиро бо он танќид мекунад, ки аз берун аз доираи ќонунгузорї ва тартиботи муќарраршуда кор мекунанд. Расонањо аз забони ў навишта буданд, ки кормандони ин нињод (ман-

зур Агентї) бо сўиистифода аз вазифа ва шањодатномаи хизматї аз љавобгарї сар печида, дар баробари ин дигаронро ба фасод ва шиносбозї маљбур мекунанд. Ба гуфтаи ў, миёни кормандони Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, шояд, њамагї 5% масъулиятнок бошанду халос. Шояд, дар ин љо як намуд раќобати пинњонии маќомот низ љой дошта бошад? Аз вазифа барканор шудани Алиев дар сатњи мансабдорони шањри Панљакент дар моњи июл аввалину охирон набуд. Инчунин, тибќи хабарњои тасдиќнашуда, раиси Суди шањри Панљакент Њакимљон Асроров аз вазифааш барканор шудааст. Аммо дар Суди шањри Панљакент ин хабарро на тасдиќ кард, на рад намуд. Дар рўйхати овозањо нисбат ба мансабдорони барканоршуда дар шањри Панљакент сардори шўъбаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия Карим Љангиев низ шомил мешавад. Прокурори шањр Орифљон Умаровро низ аз сафи барканоршудагон берун намедонанд. Ў њам аз вазифа рафт. Ба куљо? Номаълум. Дар ин ќатор Н. Шодиев, сардухтури Беморхонаи марказии шањр, њам бо аризаи худаш аз вазифа истеъфо (!) рафтааст. Аммо дар байни мардум сабаби аз вазифа рафтани ўро тамоман дигар хел тафсир мекунанд… Ба љои ў, бо пешнињоди Хисрав Абдуназаров раиси ноњия Муњаммадмурод Сафаров, директори омўзишгоњи тиббии шањри Панљакент, ба вазифаи сардухтури Беморхонаи марказї таъин мегардад. Моњи июлро бо њамин маќомоти Панљакент бо осонї паси сар накарданд. Рабуда шудани чўпонњои панљакентї бо рамаи гўсфандонашон аз љониби марзбонњои ўзбак раванди аз вазифа барканор шудани мансабдорони панљакентї зери сояи худ ќарор дод. Дар њељ љо њам садое набаромад. Шояд, барканоршавии мансабдорон ба рабуда шудани чўпонњо низ дахл дошта бошад? Хабари дигари топ дар Панљакент дар моњи гузашта - "мењмонї"-и раиси љамоати Ворў бо наворбардор ба хонаи модари Додољон Атовулло ва сару садоњо атрофи он буд. Ин амали масъулини мањаллии Панљакент акси садое дар шабакањои иљтимоии интернет ба бор овард… Мардуми огоњи Панљакент интињои "июли доѓ"-ро бо њамин ќазияњо тамомшуда намењисобанд. Суол њам мегузоранд, агар мансабдорони барканоршуда камбудї карда, аз вазифа рафта бошанд, чаро раиси ноњия њам наравад? Албатта, дар ин раванд рафтани Хисрав Абдуназаров интрига нест. Зеро рафтану омадан як суннати маъмулист. Аммо интрига он аст, ки Хисрав Абдуназаров аз мансаб ба куљо меравад? Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


10

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

ОЛАМИ ИСЛОМ

Шоњзодаи Арабистон дар Русия чї мељуст? Шоњзода Бандар оли Сауд як сафари ѓайриинтизор ба Русия дошт, ки то аз Маскав хориљ нашуд, расонаї нагардид. Бо гузашти њудудан 5 рўз њам парда аз асрори муколамаи сарвари кохи Кремл бо шоњзодаи Арабистон бардошта нашуд. Охири њафтаи гузашта як маќоми олирутбаи Арабистони Саудї, шоњзода Бандар бини Султон, ки сарварии хадамоти љосусии ин кишварро ба ўњда дорад, ба Маскав омад ва бо президенти Русия Владимир Путин дидор ва гуфтугў кард. Аммо љузъиёти ин сўњбат њамоно ба пуррагї интишор наёфтааст. Гуфта мешавад, ки мулоќот ба њадде пўшида буд, ки њатто, сомонаи президенти Русия ва нашрияњои дигари ин кишвар натавонистанд акси мулоќоти Путин бо шоњзода Бандарро нашр кунанд. Шоњзода Бандар аз љумлаи шахсиятњои таъсиргузор дар сиёсатњои шоњигарии Арабистони Саудї мебошад. Тибќи иттилои расмї, шоњзода зарфи 7 соли охир бори шашум аст, ки ба Маскав меояд. Мегўянд, мањз ў буд, ки соли 2007 сафари президенти Русия ба Риёзро тарњрезї ва ташкил кард. Ва охирин дидораш аз Маскав ба оѓози "бањори араб" рост омада буд. Баъдан, вазъи нобасомони минтаќа сабаб мешуд, ки шоњзода Бандар аз сафарњои муњими хориљї канораљўї кунад. Соли 2008 ВАО овоза пањн карданд, ки шоњзода Бандарро барои ќасди кудето бо кўмаки Маскав боздошт ва дар тањхонае бандї кардаанд. Ин дар њолест, ки шоњзода Бандар дар гузашта 22 сол сафири Риёз дар Вашингтон буд ва ба њадде ба хонаводањои сарварони давлати Амрико наздикї дошт, ки барояш лаќаби Бандар Буш дода буданд. Тавре Григорий Косач, мутахассис ва арабшиноси машњур, мегўяд: "Шоњзода бо њамаи нухбагони њокими ИМА иртиботи хеле наздик дорад ва наметавонад дар як соат љонибдори сиёсати Русия шавад. Вале ў як сиёсатмадорест, ки дар бораи кишвари худаш зиёд меандешад". Бандар аввалин шахс аз хонадони шоњони Арабистон аст, ки ба шарофати сарвари хадамоти љосусї буданаш бо Путин зуд забон ёфтааст. Анатолий Эл Мурид, як сиёсатшинос ва блогер менависад, ки "Путин ба сиёсатмадорон чандон бовар надорад, вале дар сўњбат бо шахсияте аз хадамоти махсус хеле озод аст".

Муколамае аз бўњрони Сурия дар Маскав Њарчанд љузъиёти мулоќоти Путин бо шоњзода Бандар бин Султон интишор нашудааст,

вале коршиносони масоили сиёсиву амниятї њадсу гумонњои зиёдеро дар ин замина изњор доштаанд. "Бандар яке аз шахсони масъули Арабистон дар умури Сурия аст. Ним сол пеш мањз ў шоњи Арабистон малик Абдуллоро мутаќоид карда буд, ки имкони тезтар суќут додани Башор Асад мављуд аст. Баъди њамин шоњ бидуни диранг як изњороте ба "бародарони суриягї" имзо намуд. Аз сўи дигар, мухолифони давлати Сурия соњиби имтиёзоте аз љониби Арабистон шуданд. Баъди њамин ёрињои Риёз ба сурати ошкоро ба гурўњњои мусаллањи ин кишвар мерасиданд. Дар сатњи байналмилалї Арабистони Саудї љонибдори дахолати низомии ѓарбиён дар умури Сурия аст ва њадафи ягонаи шоњигарї барканории президенти аловитї ва сари ќудрат нишондани як суннимазњаб аст. Арабистон борњо расман аз Бритониёи Кабир ва Амрико даъват кардааст, ки сенариёи Либияро дар Сурия низ татбиќ кунанд. Вале замоне, ки Муаммар Ќаззофї бояд суќут дода мешуд, ба Ќатъномаи Шўрои амният Русия ва Чин њам имзо гузошта буданд. Яъне Ѓарб монеаеро дар сари роњи худ дар таљовуз дар Либия намедид. Аммо дар мавриди Сурия њам Пекин ва њам Маскав пухта шуданд ва ягон ќатъномаи дахолати низомии беруна дар умури Сурияро имзо накарданд. Бо истифода аз њаќќи ветои худ ин ду кишвар тавонистанд љомеаи љањониро то њадде водор созанд, ки сари масъалаи бўњрони Сурия дигаргуна муносибат кунад. Аммо тадриљан дар хати љабњаи давлати Сурия ва мухолифони мусаллањаш дигаргунї ба амал омад. Шикаст ё суќути Башор Асадро, ки шоњзода Бандар пешгўї карда буд, касе надид. Балки ахиран, хабар дода шуд, ки мухолифон дар калонтарин шањри ин кишвар Алепо, ки пойгоњи худ медонистанд, шикаст хўрданд. Ин буд, ки Арабистон њам ногузир шуд дар сиёсати худаш таљдиди назар кунад. Чаро? Ин ду сабаби аслї дорад: аввал ин ки, аз муттањидони аслии Риёз давлати Ќатар худро аз ин бозї хеле бармањал рањо кард. Ва дуюм, дида мешавад, ки Амрико намехоњад дар ин бўњрон амалан вориди амал шавад. Умеди мухолифони хориљии Башор Асад њамин оппозитсияи дохилист, ки гумон мекунанд, агар мусаллањ бошад, режимро метавонад шикаст дињад.

Аммо бо вуљуди ин њама, давлати Арабистон намехоњад аз кўмакњояш ба мухолифони давлати ин кишвар бикоњад. Њафтае ќабл Ањмад Љабрї, сарвари "Иттињоди миллии неруњои мухолиф ва инќилобии Сурия" ба Риёз омад ва баъди дидору мулоќотњояш бо маќомоти давлатии ин кишвар ба дарки ин нукта расид, ки бо вуљуди мушкилот Арабистон намехоњад мухолифони Башор Асадро бе кўмаки моддї бимонад. Ба навиштаи рўзномањо, Ањмад Љабрї низ аз ќабилаи Шаммар аст, ки шоњони Арабистон мансуб ба он ќабила мебошанд.

Љанг дар Сурия бозингарони минтаќаро шарманда кард "Њама њоло бар ин назаранд, ки љанги Сурия ба анљом мерасад ва њама мехоњанд бо њифзи чењраи аслї аз он берун оянд. Ќатар аллакай худро берун андохт. Ин кишвар маблаѓгузории Либия, Тунис. Миср ва Сурияро ќатъ кард. Ва Арабистони Саудиро амалан дар рў ба рў ба як тўфон тани танњо гузошт. Њар моњ лозим меояд барои мухолифони давлати Сурия як миллиард доллар масраф кунанд. Пештар ин миќдорро ба Ќатар якљоя пардохт мекарданд, вале њоло зарур аст, тани танњо ин масрафотро бар дўш бигиранд. Онњо њоло њис мекунанд, ки амалан љангро дар Сурия бохтаанд ва њоло мехоњанд солим аз љанг берун оянд", - мегўяд эл-Мурид. Анатолий эл-Мурид бар ин назар аст, ки дар чунин вазъи њассос шоњзода Бандар метавонад ба як миёнарави идеалї мубаддал гардад. Вай, њатто, бо љиноњњои даргири Сурия муносибаташро тира накардаву як машваратчии пасипардагии давлати Арабистон буд ва амалан касе ўро ба љонибдорї аз љанг дар Сурия њам муттањам наметавонад кунад.

Аз мулоќоти Путину Бандар чї метавон гуфт? На Кремл ва на Риёз ба ин суол посух надодаанд. Танњо њадсу гумонњо мављуданд, ки бахше ба њаќиќат хеле наздиканд. Аз љумла, гуфта мешавад, ки дар мулоќоти Путин бо шоњзода Бандар, њатман, сари се масъалаи калидї: Миср, Сурия ва Эрон муколама сурат гирифт. Дар масъалаи бўњрони Миср, ки ма-

вќеи тарафњо, таќрибан, якест. На Арабистони Саудї ва на Русия њузури "Барордарони мусалмон"-ро дар садри њокимияти кишвари ањромњо намехоњанд. Аммо масъалаи муњимтар - равобит миёни Эрон ва Русия аст, ки Арабистон ба ин метавонад бо њассосияти том бингарад. Григорий Когач бар ин назар аст, ки Арабистон њамоно Эронро тањдидкунандаи амнияти минтаќа медонад. Аз ин рў, Русия аз љонибе набояд бо Тењрон тарки иртибот кунад, аммо дар мавридњое бояд њассосияти байни ду кишварро дар тарњрезии барномањои иртиботии худ дар мадди назар дошта бошад. Ба Риёз мустаќилияти Эрон писанд нест, чунон ки мустаќилияти "Њамос" ё "Њизбуллоњ"ро намехоњад. "Ба муљарради аз минтаќа рафтани ИМА, Арабистони Саудї дар баробари Эрон тани танњо мемонад. Шиањои Яман њаргиз аз хотир фаромўш намекунанд, ки чї гуна муддати ин 50 соли охир Арабистон як вилояти онњоро гирифтаву пас намегардонад. Ва дар сурати суќути султаи амрикої дар минтаќа ин гуна масъалањои бањсбарангез зиёд рух мезананд, ки шиањо бар суннимазњабон ва суннињо ба шиамазњабон даъво пеш меоранд", -менависад Григорий Когач. Ва боз нуктаи дигар: Ба назар мерасад, муддати ин се соле, ки Амрико мехоњад тарњи кайњо кашидашудаи Ховари Миёнаи бузургро амалї созад, њоло худро дар як бунбаст мебинад, ки илољи рањої аз онро љустуљў мекунад. Аз сўи дигар, коршиносон њадс мезананд, ки эњтимол дорад, мављи ноамнињо ба дигар мамолики Ховари Миёна, аз љумла, ба худи Арабистон расад. Ин боз дар њолест, ки Риёз дар остонаи ивазшавии насли саудињо барои тољи шоњи ќарор дорад ва кўчактарин ноамнї ин кишварро ба гирдоби як бўњрони амиќ метавонад бипечад. Агар њаводисе назири њодисањои Миср ва Тунис дар ду соли пеш рух дињад, на вазъи молиявї ва на пуштибонии Вашингтон наметавонад кореро бикунад. Аз назари элМурид, шояд, як сабаби ба Маскав омадани шоњзода Бандар низ њамин бошад.

Бобољони ШАФЕЪ


БО АЊЛИ МАЪРИФАТ Гимназия - интернати Тољикистону Русия - "Њотам ва ПВ" чанд сол аст, ки аз бењтарин муассисањои таълимии кишвари мо ба шумор меояд. Дањњо хонандагони ин гимназия дар олимпиадањои љањонї медалњои зиёдеро ба даст оварданд ва шарафи тољикону Тољикистонро баланд бардоштанд. Нахуст мо аз директори гимназия - интернати "Њотам ва ПВ" Абдулфаттоњ Њотамов суол кардем, ки ваќте ин гимназияро роњандозї мекард, чї њадаф дошт? - Маќсади ман соњибкорї нест, гарчанде барои бисёрињо ѓайриодї менамояд. Зеро њар як чизи хусусї барои гирифтани даромад аст. Маќсади ман љамъ овардани наврасонест, ки ќобилияти баланди аќлонї ва хоњиши зиёди омўзиши фанњои даќиќро доранд. Мо чунин хонандагонро гирд оварда, онњоро барои таълими босифат, бахусус, дар бахши фанњои даќиќ фаро мегирем. - Чаро "Њотам ва ПВ"? - Њотам номи падари ман ва ПВ як љўраи ман - Павел Василевич аст, ки ў њам бо кори таълим, илм ва њам бо соњибкорї низ машѓул аст. Он кас аз њисоби аќлу дониши зиёд соњиби сарвати зиёде њам шудааст. Хатмкунандаи Донишгоњи давлатии Маскав ба номи Ломоносов аст. Химик мебошад. - Яъне он кас сармоягузори гимназия њастанд? - Не, гимназия сармоягузор надорад. Маблаѓ аз њисоби мактаббачагон аст! - Яъне гимназия пулакї аст? - Бале, як хонанда солона 900 доллар месупорад, аммо пеш аз њама донишу малакаро ба назар мегирем. - Мегўянд, ки дар мактаби Шумо танњо фарзандони мансабдорон ё тољирон тањсил мекунанд. Дуруст аст? - Аслан, дуруст нест. Ќариб 30 фоизи хонандагони мо барои тањсил ягон тин харљ намекунанд. Як ќисми онњо падар надоранд, камбизоатанд ва имкони пардохти маблаѓро надоранд. Баъзеи онњо аъло мехонанд ва аълохонњоро мо ба назар мегирем. Ягон фарзанди мансабдорро намедонам, ки дар ин љо тањсил кунад. Мо, умуман, ба ин чиз диќќат намедињем, ки ин хонанда кї асту падараш кї, бародараш чикора ва аз кадом минтаќа аст. Шумо метавонед омада бинед ва исбот кунед, ки ин чизњо барои мо бегона аст. Имтињони мо тамоман шаффоф ва бе ягон рўбинї мегузарад. Дар аввал мо ягон хел њуљљат талаб намекунем. Касоне, ки номнавис шудаанд ва агар номнавис нашуда бошанд њам, мо ба имтињонамон роњ медињем. Њатто, гувоњнома њам намепурсем. Њама ба имтињон медароянд, пас аз он натиљањо тафтиш мешаванд. Дар ваќти тафтиш њељ кас намедонад, ки ин дафтар аз кист. Зеро ман ба њама рамз мегузорам. Пас аз тафтиш ва мувофиќи синфхонањои холї номи бачањоро бе ягон суроѓа аз рўи холашон љойгир мекунем. Мо, њатто, намепурсем, ки ў маблаѓ дорад ё не, ё ин ки пардохта метавонад. Пеш аз њама мо донишу ќобилияти хонандаро ба инобат мегирем. Њатто, дар гимназияи

«

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

Абдуфаттоњ ЊОТАМОВ:

11

Ман ба иззати нафси касе расиданї нестам, лекин аз дидањои худ чунин хулоса баровардам, ки ягон устодеро вонахўрдаам, ки талаботи хонандагони моро баъд аз синфи 7 ќонеъ карда тавонад. Њамон хонандагоне, ки ќобилияти баланд доранд, аллакай баъд аз синфи 7 масъалањоеро медонанд, ки шояд, дар Тољикистон ягон нафар новобаста аз дараљаи илмиаш аз уњдаи љавоби чунин масъалањо набарояд. Синфњои болої он тараф истад. Шогирдони мактаби мо њар сол дар олимпиадањои умумиљањонї иштирок карда, соњиби љойњои намоён мешаванд ва дар кишварњои хориља тањсил намуда, доимо бо мо дар иртиботанд. Аммо ман то њол ќонеъ нестам. Мехоњам сатњи дониши устодону донишљўён аз ин њам баландтар бошад. - Барномањои таълимии "Њотам ва ПВ" аз барномањои мактабњои миёнаи тањсилоти умумї фарќ дорад. Чаро ба барномањои Вазорати маориф эътимод надоред? - Мо пурра аз барномањои Вазорати маориф истифода мебарем. Вале пас аз дарс боз ду соати дигар хонандагонро ба тањсил фаро мегирем. Дар як њафта барномањои Вазорати маориф 32 соат бошад, аз мо 48 соат мебошад. - Пас аз хатми гимназия - интернат хонандагон соњиби чї гуна њуљљат мешаванд ва аз кадом имтиёзњоро бархўрдор мегарданд? - Њуљљати маъмулии дар Вазорати маорифи Тољикистон тасдиќшударо мегиранд. Шукри Худо, ки то њол ягон хонандаи мактаби моро намепурсанд, ки ту чї хел њуљљат

"УСТОДЕ НЕСТ, КИ ХОНАНДАИ СИНФИ 7-РО ЌОНЕЪ КУНАД" мо њељ кас ба њељ кас кўмак расонида наметавонад. - Дар гимназияи Шумо соли хониш кай ба охир мерасад? - Имсол чун дигар мактабњо соли хонишро рўзи њафтуми июн ба охир расонидем. Лекин тобистон 100 хонанда ба лагер фаро гирифта мешаванд. Мо аз онњо ягон чиз талаб намекунем. Таълим медињем, интернет меомўзанд, ба спорт машѓул мешаванд. - Устодон аз Русия њам даъват мешаванд? - Не, устодон танњо шањрвандони Тољикистонанд. Лекин бо забони русї дарс мегўянд. Сабаби бо забони русї таълим гирифтани хонандагон ин кам будани адабиёт бо забони тољикї аст. Мутаассифона, Тољикистон тавони таъмин кардани наврасони болаёќатро бо њамаи адабиётњои зарурї надо-

Воќеан, таълимгоњи мо дар як боѓчаи пешинаи бачагона љойгир аст. Мо бенињоят аз њукумати шањри Душанбе миннатдор њастем, ки як ќисми ин боѓчаро ба ихтиёри мо гузоштааст. Ќариб дањ сол мешавад, ки мо ин љо ба хонандагон дарс мегўем. Мо ба раиси њукумати шањри Душанбе мактуб навиштем, онњо ба мо замин људо карданд.

«

рад. Њатто, кишварњои чандин маротиба пурќудрат низ њамин тавонро надоранд. Ин кори осон нест. - Чаро ба гимназияи Шумо аз синфи 5 ќабул мешаванд? - Маќсади љамъ овардани шогирдони ќобилияти баланди зењнї дошта ва хонандагонест, ки хоњиши зиёди омўхтани фанњои даќиќро доранд. Барои таљриба имсол ният дорем 20 нафарро ба синфи як ќабул намоем. Мо ба хонанда 10 масъала аз синфи чор пешнињод мекунем ва се соат ваќт медињем, агар хонанда дутоашро њал кунад, мо ўро ба мактаб ќабул мекунем. Асосан гирем, ин бањои ду аст, лекин барои он ки довталабони мактаби мо зиёданд ва падару модарон бар он боваранд, ки фарзандашон аз ин љо ба худ таълими лозимиро мегиранд, мо теъдоди хонандагонро зиёд кардем. Хушбахтона, хонандагони мактаби мо фикрњояшонро озод баён карда метавонанд. - Мегўянд, дар мактаби Шумо танњо муаллимони унвондор ба кор ќабул мешаванд. Ин дуруст аст? - Дар мактаби мо муаллимони унвондор танњо 6 нафар њастанд. Лекин боз њастанд нафароне, ки унвон надоранд, аммо ќобилияти баланди педагогї доранд. Ростї, таъмини мактаб бо устодон бо он сатње, ки ман мехоњам, нест ва буда њам наметавонад.

дорї. Аз онњо танњо донишу истеъдод талаб мекунанд. - Барои ба таълимгоњ љалб намудани шогирдон чї пешнињод доред? - Мо чанд барнома дар якљоягї бо Вазорати маориф пешнињод кардем ва дилхоњ хоњишманд метавонад омада, дар гимназияи мо тањсил кунад. - Дар атрофи гимназияи Шумо сарусадоњои зиёде шунида будам ва гумон мекардам, ки ин гимназия дар як бинои боњашамат љойгир аст, вале… - Воќеан, таълимгоњи мо дар як боѓчаи пешинаи бачагона љойгир аст. Мо бенињоят аз њукумати шањри Душанбе миннатдор њастем, ки як ќисми ин боѓчаро ба ихтиёри мо гузоштааст. Ќариб дањ сол мешавад, ки мо ин љо ба хонандагон дарс мегўем. Мо ба раиси њукумати шањри Душанбе мактуб навиштем, онњо ба мо замин људо карданд. Шояд, онњо њам чун дигарон овозаи шогирдони моро шунида бошанд. Воќеан њам, хонандагони мактаби мо сазовори як таълимгоњи замонавии зебоянд. Зеро ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар кадом мусобиќа, олимпиадае набошад, хонандагони мактаби мо аз фанњои даќиќ сазовори бањои баланд мешаванд. Суњбати Олимаи АБДУСАТТОР

САДОИ МАРДУМ

13%

8%

Бадахлоќї мењисобам

Бад

Хуб

8%

Барои ман фарќ надорад

29%

Дар сиёсат тамоми воситањо хубанд

42%

БА СИЁСАТ КАШИДАНИ НАЗДИКОНИ СИЁСАТМАДОРОНРО ЧИ ГУНА ЌАБУЛ МЕКУНЕД? Натиљаи пурсиш муайян кард, ки 42 (268 нафар) дарсади райъдињандагон ба сиёсат кашидани наздикони сиёсатмадоронро "бадахлоќї" њисобидаанд. Иштирокчиёни ин пурсиши виртуалї, ки зери унвони "Ба сиёсат кашидани наздикони сиёсатмадоронро чи гуна ќабул мекунед?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 29 (182 нафар) дарсад гузинаи "Бад"-ро интихоб кардаанд. Дар њамин њол, 13 дарсад (80 нафар) бошад тугмачаи "Барои ман фарќ надорад"-ро пахш кардаанд. Гуфтанист, 8 (49 нафар) дарсад аз ширкатку-

нандагони ин пурсиш варианти "Дар сиёсат тамоми воситањо хубанд"-ро интихоб кардаанд, аммо 8 дарсад (52 нафар) ширкаткунандагони ин назарсанљї ин амалро ќобили ќабул дониста гузинаи "хуб"-ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд, ки дар он 631 нафар иштирок кардааст.


12

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

Дар ривоёт омадааст, ки яке аз девонањои фарзона назди халифаи мусалмонњо њозир мешавад. Сараввал халифа аз ў мепурсад, ки "оё аз Ќуръон ояте ё сураеро аз ёд медонад?" Девона дар посух мегўяд: "Оре! Медонам, бисёр наѓз њам медонам". Халифа мегўяд, якчанд ояте ќироат кун! Девона ба хондан шурўъ мекунад: "Изо љоа насруллоњи ва-л-фатњу вараайтанноса "яхруљуна" мин диниллоњи афвољо" (замоне наср ва фатњ аз љониби Худо биёяд, мардумро мебинї, ки аз дини Худо гурўњ-гурўњ "хориљ мешаванд"). Халифа дар њайрат омада, мегўяд: "Ту Ќуръонро нодуруст ќироат кардї! Тарзи дурусташ "ядхулуна фи диниллоњ" (дохил мешаванд дар дини Худо) аст. Девонаи ба кори худ њушёр мегўяд, "ин дар замони Расули Худо (с) буд, ки мардум дар дини Худо гурўњгурўњ дохил мешуданд, аммо имрўз мардум гурўњ-гурўњ аз дини Худо хориљ мешаванд". Агар воќеиятро нигарем, имрўз тибќи оморњои расмї, њаррўза њазорњо-њазорњо нафар ба дини ислом мегараванд, њатто, аз замони Расули Худо (с) дида бештар. Пас, ин сухан чї маъно дорад? Дар атрофи ин оят ё ин ќисса ривоёти сањењ низ ворид шудааст, њатто, дар њадисе низ мазмуни ин ќисса ривоят шудааст. Ба андешаи инљониб, агарчи имрўз мардум ба касрат вориди дини ислом мешаванд, аммо, мутаассифона, бо ќалбњои муттањид набуда ва нафароне дар сояи ин дин ба воя мерасанд ва соњиби мансабњои динї мешаванд, ки шояд, сабаби рўгардонии њазорњо нафар аз дини ислом шаванд. Ва сад нафаре, ки дар замони Расули Худо (с) ин динро мепазируфт, назар ба сад њазор нафари имрўза имонашон ќавитар ва нафъашон ба дин бештар буд. Шояд, ба гумони ѓолиб, таъбири ин ќисса њамин бошад. Ба њар сурат, ин њикояти дирўза баёнгари њоли љомеаи имрўзаи мост. Љомеаи мо агарчи дар зоњир худро мутамаддин ва мудофеи дин ва ба арзишњои динї ќоил нишон

«

Вохўрие, ки рўњонињои кишварамон бо раисљумњур доштанд, эшон Худову Пайѓамбарро фаромўш карда, ба мадњу санои раис пардохта, нохудогоњ ба Њизби исломї ва калимаи ислом муќобилияти шадид нишон доданд. Дар њоле, ки таълимоти динї ташвиќ мекунанд, ки дар назди подшоњ сухани њаќ гуфтан ин бузургтарин "љињод" ба шумор меравад. Аз он ки њазорњо мушкилоти њалношудаи љомеаро дар њузури раисљумњур матрањ намоянд, ба тавсифу таърифи бењуда пардохтанд ва таќрибан, кулли суханрониашон дар атрофи њизби исломї ва сарнагун кардани он давр мезад.

«

медињад, аммо ботинан, шояд, яке аз љомеањое мањсуб шавад, ки дар дингурезиву динситезї маќоми аввалро ишѓол кунад (аксар масъулини њукуматро дар назар дорам). Манъ кардани то синни 18-сола аз рафтан ба масљид, мухолифат варзидан ба њалќањои дарсии динї, нафрат доштан ба Њизби нањзати исломї, манъ кардани азон бо баландгўяк ва монеъ шудан ба њиљоби исломї... инњо аз амалњое њастанд, ки гуфтањои болоро тасдиќ мекунанд. Бояд зикр кард, ки дингурезї ё динситезї, бахусус, аз љониби љавонон омилњои хоси худро дорад ва ин ќиссаи мазкурро метавон ба чандин чанбањо кашид, аммо суханро ба дарозо накашида, яке аз сабабњои умдаи фирор аз динро ё, ба ќавли дигар, фосидкунандањои динро ин љо дар зери ин ќисса зикр хоњем кард. Ба ќавли донишманд ва яке аз мутафаккирон, "нимчамулло динро фосид мегардонад ва нимчатабиб љисмњоро", метавон яке аз сабабњои аз дин рўгардонии мардумро аз њамин рўњонињои мўњтарамамонро муаррифї кард. Донишмандон зикр мекунанд, ки яке аз омилњои асосии дилмонда шудани мардум аз исломи поку беайб, ин "мувофиќат накардани ќавл бо амали рўњонињое, ки даъвои диндорї мекунанд", ба њисоб меравад. Мо то њол дар њаќќи камтарин диндори худї ё

МАЗЊАБ

Девона ва шоњ Чаро ба президент гуфтани сухани њаќ барои руњонї зарур аст?

беруна сухани танќидиеро ба худ раво намедидем, чунки ин амалро ба чашми худ хок пошидан медонистем ё, ба ќавле намехостем, ба деги душман об резем, мегуфтем, њар чї њам бошад, аз рўи инњо шуда, ислом бад нашавад. Аммо, мутаассифона, кор то андозае аз њад гузашт, ки муллоњои мо дар муќобили њизби исломї ва калимаи ислом набард эълон кардаанд. Вохўрие, ки рўњонињои кишварамон бо раисљумњур доштанд, эшон Худову Пайѓамбарро фаромўш карда, ба мадњу санои раис пардохта, нохудогоњ ба Њизби исломї ва калимаи ислом муќобилияти шадид нишон доданд. Дар њоле, ки таълимоти динї ташвиќ мекунанд, ки дар назди подшоњ сухани њаќ гуфтан ин бузургтарин "љињод" ба шумор меравад. Аз он ки њазорњо мушкилоти њалношудаи љомеаро дар њузури раисљумњур матрањ намоянд, ба тавсифу таърифи бењуда пардохтанд ва таќрибан, кулли суханрониашон дар атрофи њизби исломї ва сарнагун кардани он давр мезад. Суоли матрањ ин аст, ки оё ин рўњонињо, ки аксарашон имомхатиб њастанд, рисолати хатибиро дарк кардаанд ё на? Бубинед, мутафаккирони динї дар мавриди хутбаи намози љумъа ва хатибњо чї мегўянд": "Хутбаи намози љумъа, яке аз муњимтарин василаи даъват ба сўи Худо ва таълими мусалмонон, ањкоми динашон ва ошкор намудани љойгоњи ислом нисбат ба ќазияњои имрўза - чи сиёсї бошад, чи иќтисодї ба њисоб меравад. Чї гунае, ки мо огоњем, хутбаи намози љумъа яке аз манбаъњои боэътимоди шариати ислом мањсуб ёфта, њар њафтаина њазорњо њазор мусалмонон аз он љо хостаи хешро пайдо мекунанд. Арзиши имомхатиб аз ин љо пайдост, ки уламо ўро ба мартабаи муаллим ва њидоятгари њазорњо нафар - чи њозир дар намоз, чи ѓоиб, муаррифї мекунанд". Аз ин таърифу тавсифи њамчун аслу ќоидаи донишмандон бармеояд, ки сиёсат ва атрофи њизби сиёсии исломие, ки аз арзишњои ислом дифоъ мекунад, сухан гуфтан ва баррасии масоили сиёсии рўзмарраи ислом ва муслимин вазифаи њар хатиб будааст. Аммо, мутаассифона, имрўз "хатибњои" мо рисолати худро дарк накардаанд ва бидуни илм, динро аз сиёсат људо мехонанд. Тазаккур бояд дод, ки дар минбар ма-

ќоми сиёсї доштани хатиб ва ба сиёсат пардохтан њаќќи ўст. Масалан, вазифаи хатиб аст, ки дар мавзўи интихобот ва ањамияти ширкат варзидан бо мардум дар раъйдињї сухан гўяд, чунки ин кор аз љумлаи шоњидї додан мањсуб меёбад, ба шарте, интихоботи шаффофу њаќиќї бошад. Аммо замоне интихоботи ѓайришаффоф ва барои номзади муайян сухан гўяд ва љонибдории онро ба хотири ѓаразе кунад, ин сўиистифода аз минбар ва хиёнат дар њаќќи Паёмбар (с) мебошад. Ва инчунин, баду нодуруст аст, ки хатиб аз минбар сиёсати гурўњи муайян ё аќидаи сиёсии худро њамчун шахси ѓаразнок таблиѓ кунад. Чаро имомхатиб њуќуќ надоштааст, ки аз минбар аз сиёсати динї ва дар умум, атрофи масоили сиёсї сўњбат кунад? Барои он ки дин аз сиёсат људост? Пас, суоли матрањ ин аст, ки чаро хатибњои мўњтарами мо сиёсати раисљумњурро дар минбарњои масољид тарѓиб мекунанд? Дин аз сиёсат људо бошад, пас, ба куллї њама навъашро тарк бояд кард... Таваљљўњ кунед, Ќуръони карим чунин њомилонашро чї гуна мазаммат ва танбењ мекунад: "Эй касоне, ки ба Худо имон овардаед, чаро сухан мегўеду ба он амал намекунед. Ин боиси хашму ѓазаби Худо мегардад, ки сухан мегўеду ба он амал намекунед". (Сураи Саф, ояти 2). Ба таъбири Ќуръон, сабаби дингурезии аксарият нафароне мањсуб мешаванд, ки дар либоси дин бо дин муомила ва тиљорат мекунанд. Пас, бахусус, насли љавон дарк бояд кунанд, ки ин як асл ва ќоидаи табиист, ки бисёре аз мардум дониши динї доранд, вале рафтори динї аз онњо сар намезанад. Оё ин кор барои бадном кардани дин ќобили ќабул аст? Њаргиз не! Дар мавриди нафароне, ки

«

аз дари тиљорат дохили дини ислом гаштаанд, соњиби шариат худ муъминонро гўшзад кардааст, ки аз чунинњо эњтиёт бошанд ва дини покро дар сурати инњо мушоњида накунанд: "Эй муъминон, огоњ ва бедор бошед. Њамоно бисёре аз диндорон амволи мардумро ба роњи ботил туъмаи њаво ва њаваси худ мекунанд ва роњзании онњо дар дини Худо бештар аз роњбарии онњост"... (Сураи Тавба ояти 34). Чуноне шоир гуфтааст: Тарки дунё ба мардум омўзанд, хештан симу ѓалла андўзанд, На парњезгору на донишваранд, њамин бас, ки дунё ба дин мехўранд. Сўиистифодаи як гурўњ аз дин набояд дигаронро руњафтода ва динситез кунад. Ба гунаи мисол, як пизишк, бо вуљуди ин ки медонад сигор барои инсон зараровар аст, аммо аз он истифода мекунад. Пизишкони зиёдеро мо мушоњида мекунем, ки аз сигор ва баъзеяшон аз маводи мухаддир истифода мекунанд. Оё аз рўи ин духтурон мебояд дари илми пизишкиро бандем? Њаргиз не. Дини ислом низ аз ин ќоида берун нест. Яъне њамон тавре ки дар љомеаи пизишкї табибони сигоркаш ва муътод ёфт мешаванд, дар љомеаи динї низ диндорони дузду фосид ёфт мешаванд. Аз ин хотир, агар мо њаќиќати дин ва диндориро дарк кунем, динро дар асл ва моњияти худ љустуљў кунем, на дар шахсиятњои ѓофил аз дин. Муњаммад Иќболи Лоњурї дар шаъни чунин баъдинањо дидаву санљида ва ба маврид гуфтааст: Дини кофир фикру тадбиру љињод, Дини мулло фи сабилуллоњ фасод.

Ќадриддин ИСОЕВ

Чаро имомхатиб њуќуќ надоштааст, ки аз минбар аз сиёсати динї ва дар умум, атрофи масоили сиёсї сўњбат кунад? Барои он ки дин аз сиёсат људост? Пас, суоли матрањ ин аст, ки чаро хатибњои мўњтарами мо сиёсати раисљумњурро дар минбарњои масољид тарѓиб мекунанд? Дин аз сиёсат људо бошад, пас, ба куллї њама навъашро тарк бояд кард...

«


ТАХТАИ СИЁЊ Агар толеи 244 тољики корљў баландї мекард, даќиќан имрўз эшон дар кишвари Норвегияи ќитъаи Аврупо муњољир буданд ва "моњии тиллої"ро дар шаст доштанд. Дар зимн, давоми 6 моњ; сар аз моњи августи 2013 то охири феврали 2014 њар кадом аз 2,5 то 3,5 њазор доллар моњона дарёфт мекарданду дар бењтарин шароит ба сар мебурданд. Вале "моњии тиллої" ба нањанге бадал шуда, њам он чї дар дом буд бардошту њам худ аз дом рањо ёфт ва хоњишу умеди 244 корљўи тољикро бар бод дод… Ќиссаи "моњии тиллої" ва 244 корљўи тољик Салом Табаров, яке аз 244 корљўи тољик аст, ки њаваси њиљрат ба Норвегияро дар дил мепарварид. Вай дар авоили моњи апрели соли љорї дар яке аз кўчањои Душанбе эълонеро хонд, ки мазмуни даъват ба кор дар Норвегияро дошт. Худи он рўз ба раќами телефоне, ки дар поёни он эълон навишта шуда буд, тамос гирифт. Ва барои суњбати рў ба рў даъват шуд. - Гуфтанд, ки дар Норвегия ба 200 корљўи аз 20 то 50 - сола ниёз доранд. Аз ин шумор 80 нафар дар корхонаи поксозии моњї пазируфта хоњанд шуд ва 120 нафар дар корхонаи чуб. Гуфтанд, агар дар корхонаи поксозии моњї ба кор ќабул шавї, 3,5 њазор долар маош мегирї, дар корхонаи чўббурї бошад то 2,5 њазор долар. Хеле хурсанд шудам. На забондонї муњим буд ва на касб доштан. Аз ман танњо 1000 доллари амрикої талаб карданд. Гуфтанд, боќии корњоро худ тахт мекунанду моро ба он кишвар мефиристанд. Мебоист дањаи охири моњи июл озими Норвегия мешудем, аммо… - бо табассуми омехта ба њузн мегўяд Салом Табаров. … Аммо дањаи охири моњи июл вай њамроњи чандин тани дигар аз он 244 нафар, ки дар орзуи муњољират ба Норвегия буданд, пушти дари Раёсати корњои дохилии шањри Душанбе навбат мепоид.

Нањанге бо номи "Тадимпекс" Миёнањои моњи январи соли љорї Афанасиевич Виктор Пак, шањрванди Љумњурии Ќазоќистон бо маќсади љалби муњољирони кории тољик барои кор дар Норвегия вориди Тољикистон шуд. Магарам кораш барор нагирифт, ки то моњи март њамагї тавонист њудуди 30 довталабро пайдо кунад. Баъди чандин давраи даву ѓељаш ба Хадамоти муњољирати назди Њукумати ЉТ барои дарёфти иљозатномаи фаъолият, нињоят ба натиља расид, ки бењтар аст ин корро бо дастони шањрвандони Тољикистон анљом дињад. Бо ин њадаф, дар Вазорати адлияи ЉТ бо

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

13

ванд. Чанд нафари эшон шабонарўз онљо мемонанд ва маблаѓњояшонро талаб мекунанд. Дар ин кор маќомотро низ љалб месозанд. Маќомот Абдулњакимро водошт мекунад, ки пули эшонро баргардонад. Бад ин минвол, 29 июл ќисме аз ин афрод маблаѓњояшонро дар њузури кормандони Раёсати корњои дохилии шањри Душанбе пас гирифтанд, ки миёни эшон Салом Табаров низ буд.

"Дасти маќомоту гиребони шањрвандон"

МУЊОЉИРИ КОРЇ САЛОМ ТАБАРОВ ДАР ЉУСТУЉЎИ ЊАЌИЌАТ

Салом Табаров дар њоле аз бозпас гирифтани маблаѓаш изњори хушнудї мекард, ки бештар аз 120 нафар њамтаќдирони ў мумкин аст њатто 1 доллар њам бозпас нагиранд, агар Афанасиевич пайдо нашавад. (Тибќи маълумоти ба даст омада, Артём маблаѓи 30 нафари дигарро баргардонидааст). Тавре аз Хадамоти муњољират мегўянд, Афанасиевич дар љустуљўи байналмилалї аст. Бино бар гуфтаи Анвар Носиров, нисбати вай дар Прокуратураи генералї парванда боз гардида (?), фаъолияти ширкати

"МОЊИИ ТИЛЛОЇ" номи Ким Артём, шањрванди Тољикистон Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди (ЉДММ) "Тадимпекс"-ро сабти ном кард ва худаш муовини Артём шуд. 28 март аз Хадамоти муњољират иљозатномаи фаъолият дар самти муњољиратро дарёфт намуд. Дар ду моњи дигар (то охирњои май), тавассути таблиѓот дар ВАО ва насби вараќањо дар кўчањои Душанбе тавонист љамъулљамъ 244 нафарро љалб созад. 200 нафар барои он ду коргоњ ва 44 нафари дигар њамчун "захираи эњтиётї". - Албатта, ќонунгузории мо манъ накардааст, ки шањрвандони хориљї аз Хадамот иљозатнома бигиранд. Вале мо эњтиёткорї карда, ба Виктор Афанасиевич иљозатнома надодем. Бино бар ин шањрвандони Тољикистонро ба ин кор љалб кард. Мо манфиатдор њастем, ки њамин гуна ширкатњо пайдо шаванд, шањрвадони моро ба муњољират баранд. Ин аз барномањои Њукумати ЉТ бармеояд. Дар бисёр њолат корашон бобарор аст. Вале чаро бо "Тадимпекс" чунин шуд, мо њам њайронем, - мегўяд Анвар Носиров, сардори шуъбаи иљозатномадињии Хадамоти муњољират. Бино бар маълумоти ин нињод, Виктор Афанасиевич аз он 30 нафари аввала 800 долларї ва аз боќимонда 1000 - долларї барои тањияи раводид (виза) ва харидани чиптаи тайёра, ги-

рифтааст. Ба далели ин ки Норвегия дар Тољикистон сафоратхона надорад, љаноби Афанасиевич бо он маблаѓњо ба Ќазоќистон парвоз мекунад ва ваъда медињад, ки аз он љо раводид пайдо хоњад кард.

Хушбоварии тољикона Абдулњаким Маљидов, соњибкори инфиродї ва яке аз дигар коршарикони Виктор Афанасиевич, ки ў њам дар ин раванд барои љалби корљўён ба "Тадимпекс" мусоидат мекард, мегўяд, баъди он ки Афанасиевич ба Ќазоќистон рафт, телефонї робита доштаанд. Дањаи аввали моњи июн Маљидов ба Ќазоќистон меравад ва дар якљоягї бо Афанасиевич ба сафорати Норвегия барои дарёфти раводид мурољиат мекунанд. Он замон аз сафоратхонаи ин кишвар посухи ниммусбат мегиранд. Маљидов ба Тољикистон бармегардад ва ба он 244 нафар муждагонї медињад, ки ба зудї ба Нарвегия хоњанд рафт. Вале баъд аз як њафтаи бозгашти Маљидов аз Ќазоќистон ба Тољикистон ба якборагї телефонњои Афанасиевич хомўш мегардад, ба мактубњои электронї дигар посух намегўяд. Афанасиевич гўё буд ва гўё набуд… - Ман намехоњам шиносоиямро бо ин одам (Афанасиевич) муфассал наќл кунам. Таќдир будаст, њамин тавр шуд. Ў несту нобуд шуд. Ваќте ман аз Ќазоќистон баргаштам, як-ду бор бо ў дар тамос шудем, ки масъала чї шуд. Ў мегуфт, ки чї мушкилие пеш омадааст. Дафъаи охир гуфт, ки сафорат аз додани раводид худдорї кард ва бо њамин гум шуд. Њоло ман хонаи падарамро фурўхтаму ќарзи ин мардумро додам. Худам дар кўча мондаам, бо чањор фарзанд. Вале пули хона кифоя намекунад, маљбурам ќарз бигираму пули ин мардумро пардохт кунам, - мегўяд Абдулњаким Маљидов. Вай аз љониби маќомоти Тољикистон муваззаф шудааст, ки маблаѓи 83 нафар аз он 244 корљўйи тољикро баргардонад. Хонаи падарашро бошад, 67 њазор доллар фурухтааст.

"Моњигирон"

ПУЛИ МОРО ДИЊЕД

Салом Табаров, он корљўйи тољик дигар дар ин мавзуъ бо њазл суњбат мекунад. Вай њамтаќдиронашро бо "моњигирону" "чўбтарошон" таќсим кардааст. Салом мегўяд, дар мављудияти корхонаи моњигириву чубтарошї дар Норвегия шакке надорад. Чун тариќи интернет суроѓи ин корхонањоро пайдо кардааст ва воќеан худ хондааст, ки ин корхонањо ба 200 коргари хориљї ниёз доранд. Бинобар далели хушбоварии тољиконааш, иллати мањрумият аз ин кори сердаромадро дар њуљљатгузории "Тадимпекс" мебинад. - Фаќат сафорати Норвегия чї камбудие дар њуљљатњои мо пайдо кард. Агар ин кор барор мегирифт, њам Афанасиевич ва њам дигар коршариконаш аз њисоби мо бештар аз он маблаѓеро пайдо мекарданд, ки мо барои раводиду чипта ба онњо дода будем. Барои мо фањмо нест, ки чаро ў якбора нопадид шуд. Шояд баъд аз пурра рад кардани сафорати Норвегия андешаи "кидат кардани" тољикон дар зењни ў пайдо шуда бошад, - мегўяд Салом Табаров. Баъде, ки аз Афанасиевич хату хабар намешавад, "бачањо" хонаи Абдулњаким мера-

"Тадимпекс" муваќќатан боз дошта шудааст. - Артёму Абдулњаким бошанд, зери назорати маќомот њастанд. Айни њол талош доранд сањми худро љуброн кунанд. Њамчунин Хадамоти муњољират тавассути Вазорати корњои хориљї барои муайян кардани њолати пешомада, ба сафорати Норвегия дар Ќазоќистон мактуб фиристодааст. Вале то кунун посух дарёфт накардаем, - мегўяд Анвар Носиров. Иттилои таъсиси парванда дар Прокуратураи генералї ва навиштани мактуб ба сафорати Норвегияро ин масъули Хадамоти муњољират дар њоле баён мекунад, ки њам дар Прокуратура ва њам дар Вазорати корњои хориљї дар бораи ин мољаро ва ЉДММ "Тадимпекс" камтарин маълумотро натавонистанд ироа кунанд. Абдулфайз Атоев, сардори департаменти иттилоотии Вазорати корњои хориљї баъд аз як рўзи љустуљўи маълумот дар ин бора, чунин посух гуфт: "Ин кор марбути Вазорати корњои хориљї нест ва мо њам дар ин бора њиљ маълумоте надорем". Агар мактубе мебуд, љаноби Атоев метавонист посухе бигўяд. Њамчунин дасти кам 3 раёсати марбутаи Прократураи генералї; Раёсати байналмилалї ва таблиѓоти њуќуќї, Раёсати тафтишоти пешакї дар маќомои Прократура ва Раёсати тафтишотии Прократура аз таъсиси парвандае нисбати ЉДММ "Тадимпекс" ва Виктор Афанасиевич изњори беиттилої карданд. Парвандае мебуд, лоаќал яке аз ин раёсатњо онро дар ихтиёр медошт. Суоли ба маврид ин аст, ки дар мољарои мазкур Виктор Афанасиевич наќши калидї дорад, вале барои пайдо кардани ў чаро тадбире љуста намешавад? Шояд дар зењни хонанда њам ин суол пайдо гардад, ки "боми пастак, боми шањрвандони Тољикистон асту гиребони осонгир гиребони тољикон". Агар чунин набуд, њоло Афанасиевич, шањрванди Ќазоќистон њамроњи Маљидов ва Ким Артём мебоист зери назорати маќомот мебуд ва пулњои ѓундоштаашро ба корљўён бармегардонд ва њам барои то ин муддат сарсону овора кардани 244 нафар товони моддиву маънавї мепардохт.

"Goodbye Norway, Здравствуй Россия!" Њоло ин поёни мољарои "Тадимпекс" нест. Тавре дар боло ишора шуд, бештар аз 120 нафар маблаѓњои пардохтаи худро дарёфт накардаанд. Аз кордонї ва инсофи маќомот вобаста аст, ки эшон маблаѓњои худро пас бигиранд. Бинобар додањои фанни риёзї, агар ин корљўён бахтбаргашта намешуданд, дар шаш моњ пешќадамтарини эшон њудуди 20 њазор доллари амрикої пул меѓундошт. Ва "Тадимпекс" мисли "моњии тиллої" хоњиши ононро бароварда мекард. Акнун ки чунин нашуд, ќисме рў сўи ќиблаи доимии худ овардаанд. Тавре дар назди дари Раёсати корњои дохилии шањри Душанбе Салом Табаров мегуфт, њамин њоло барои харидани чиптаи самти Маскав назди бозори "Шоњмансур" хоњад рафт. - "Моњии тиллої" аз худашон, мо аз њамон шўрмоњињои Русия намонем!!!

Ёќуби САИД


14

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

МАЪРИФАТ


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЛАТИФА - Манижа, росташро гўй, агар ман на бо "Мерседес", балки бо Жигулии ВАЗ 21011 аз наздат мегузаштам ва пешнињод мекардам, ки "бишин, то манзилат мебарам" менишастї? - Ба ту чи хел фањмонам Салим… Агар дар њамон роњи гуфтаи ту ман бо либоси љулидаву оддї мешудам, на бо пироњани њазор доллараву зару зевар ту мошинро нигоњ медоштї? ****** Дар кўча. Љавоне ба духтари мавзунќомат хитоб мекунад: -Даме биист ширмоњии гулдор. -Чї мегўї, лаќамоњии бурутдор? Зан: Љонакам, ман мехоњам дар мавриди чанд чиз бо ту суњбати љиддї кунам. Мард: -Маълум, ки дар бораи он чизњое гуфтан мехоњї, ки њамсоя дораду ту њоло нахаридаї.

ЌИССАИ ДУ БАРОДАР ЊАКИМ ВА ТАБИБ - Дар як оила ду бародар буданд. Баъди хатми мактаби миёна, бародари хурдї ба донишгоњи исломї ва бародари калонї ба донишгоњи тиббї дохил шуд. Бародарон донишгоњњоро хатм карданд яке њакими бузурги роњи ислом гашт ва дигаре табиби машњур шуд. Як руз њаким барои табиб Ќуръоне туњфа кард ва гуфт, аз дарсњои ин китоб дар зиндагиат истифода бар. Табиб Ќуръонро гирифту накушода ба фарзандонаш чунин амр кард, ваќте ки ман вафот кардам оятњои ин китобро дар сари ќабри ман ќироат намоед, то ки шафоаташ ба ман расад. Њаким аз ин рафтори бародараш бохабар шуда ѓамгин гашт. Рузе њаким бемор шуд ва бародари табибаш барои аёдаташ омада, ба ў якчанд доруњо таќдим намуд ва гуфт, ки аз ин доруњо истифода бар то шифо ёбї. Њаким доруњоро накушода ба фарзандонаш амр кард, ки баъди маргам ин доруњоро ба сари ќабрам гузоред . Баъди чанд ваќт бародари табибаш аз ин рафтори бародари њакимаш нороњат гашт ва ба наздаш омада пурсид: "Бародар барои чї аз доруњо истифода набурди? Ва баъди марг чи фоидае, ки ин доруњоро ба ту дар сари ќабр мерасонанд?" Њаким табассум карда чунин љавоб дод: "Њамчуноне, ки бемор бояд пеш аз марг аз доруњо истифода барад, инчунин пайрави аз Ќуръон пеш аз марг лозим аст." Суханњои њаким барои табиб дарсе шуд, то ки китоби Ќуръонро омўзаду пайравї кунад!

ЧАРО?

“Нигоњ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

МУШКИЛОТИ ЉОМЕА ЗАМОНАСОЗЇ - Имрўзњо дар љомеаи мо мансабдорон тухми ашхоси хушомадгўю санохон ва тамаллуќкору ѓуломсиратро ба дараљае хеле зиёд карда, аз онњо на мањорати кордонию илму дониш, балки сарафкандагию ситоиш чашмдоранд. Ашхоси хушодмадгў дар њама давру замон чун зањрпечаканд, ки намемонанд дар пањлўяшон ягон растании фоидаовар нашъунамо намояд. Шоир Сайидо гўё мањз ба замонаи имрўзаи мо ишора карда бошад: Гардуни сифла бењунаронро ривољ дод, Азбаски эътибор ба соњибњунар намонд! Аз рўи њикмати боло худ ќазоват кунед, ки Тољикистон ба куљо равона асту то ба куљо мерасад? Тавалло Лутфуллоев ваќте дохил шуд ба донишгоњ, ки дар куњи Варзоб тамоми моњњои июл - август (айни имтињонњои дохилишавї) бо таннозони туркию озарбойљонї маишат мекард. Рўзи 15-уми август падараш (њуќуќшиноси хеле обрўманди Тољикистон) ба Тавалло занг зад: "Писарам, табрик! Ту бо 247 хол якумин шуда ба факултаи "њуќуќи давлатї" дохил шудї" "Хайр чї? -бепарвоёна посух дод писар. - Агар Шумо мегуфтед, ки диплом гирифтї, ман хурсанд мешудам! Алњол њељ љои ман - манї нест! Старик мешать накун, ман бо Анжела чорто дами беѓам занам!" Тавалло на савод дошт на дониш. Гоњ- гоњ бо мошини "Хаммер" ба љазира рафта меомад. Декани факултет дудаста бо ў саломуалейк мекард... Хуб забон дошт бача! Кисаашро намегўед? Дусола маоши деканро (агар ваќташ чоќ мешуд!) дар як даќиќа ба ў пардохт мекард. Аз байн шаш сол гузашт. Тавалло рисолаи дипломї ва имтињони давлатиро бо бањои аъло супориду дипломи сурх гирифт. Ректор ўро наздаш хонд. Баъди пазироии гарму љушон ба шогирдаш гуфт: - Мо хеле хурсандем, ки чунин кадрњои боќувват тайёр мекунем! Шуморо дар њамин донишгоњ ба вазифаи мудири кафедраи њуќуќи ноболиѓон ва наврасони то 18- сола ба кор таъин мекунем! Ин як! Дуюмаш њамин, ки духтари ман Отифа, ки якљоя бо шумо тањсил мекард, шабу рўз маро безор карда мегўяд: "Додољон, кай Тавалло ба хонаи мо хосгор мефиристад?" Хостгор - хостгору чунон тўйе кунем, ки дањони Зайд Саидов во шавад! Њамин тавр не?!, - ректор бо љиддият ба чењраи шогирдаш нигарист. - Тўйро 9 - уми сентябр сар мекунем, устоди азиз! Дар рўзи истиќлолияти Тољикистон. Тавалло Лутфуллоев , аллакай устоди Донишгоњи Миллии Тољикистон санаи тўйи арўсу домодиашро баён мекард, вале дар худи њамин сонияњо фикр мекард, ки вазири дорої Кулча Ширмолович њам оё духтари арўсї дошта бошад?! Оё "карьерам"-ро ман хору зор накардам бо ин ректору бо ин Отифаи нозук... Охир ман бояд вазири дорої шавам... ... Не, не хайрият падараш занг зада гуфт, ки ба зинапоя оњисата оњиста боло мешавї. Охир ману ту мисли уќоб ќаноту мисли шутурмурѓ ќадамњои калон надорем ку! Писарам ба ту маслињат, ки аз духтари ректор рў нагардон! Боќимонда "постепенно" мешавад! Муњаммад ХУШБАХТ, сокини ноњияи Варзоб

БА ЉОИ 09 - Агар хизматрасонии воситањои наќлиёти мусофирбар Шуморо ќонеъ намекунад, аз Шумо барзиёд роњкиро мегиранд њамчунин дар сурати нисбати дилхоњ хатсайр оид ба риоя нагардидани сатњи зарурии хизматрасонї метавонед барои таъмини фарњанги шањрдорї дар пойтахт ба ситоди шањрї бо шумораи телефонњои боварии шабонарўзии 223-22-14, 221-26-95 ва 221-28-65, ки зери масъулият ва роњбарии муовини соњавии раиси шањри Душанбе Абдулњаќ ОЕВ ќарор дорад занг занед. Онњо вазифадор њастанд, ки ба арзу шикоятњои Шумо гўш дињанд ва љињати ислоњи вазъ чора биандешанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар сурати нисбати дилхоњ хатсайри мусофирбар арзу шикоят зиёд шудан, оид ба риоя нагардидани сатњи зарурии хизматрасонї унвонии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе ворид гардидани шикояти асоснок, хатсайр аз љамъият ё корхонаи коммуналї гирифта, ба дигар ширкатњои литсензияи фаъолиятдошта вобаста карда мешавад.

? - И НОБОБ АЗ КАДОМ МОЛ АКСИЗ СИТОНИДА НАМЕШАВАД? - Њафтаи гузашта дар мавриди молњои аксизї дар нашрия мавод чоп шуд. Вобаста ба мавзуъ пурсиданї њастам , ки мол ё мањсулоте ки ба миќдори камтар истењсол шудааст оё дар пардохти аксиз имтиёз пешбинї карда мешавад? Оё ягон моле њаст, ки аз он тамоман аксиз ситонида нашавад? Дилшод НУРМАТОВ, сокини шањри Хуљанд - Мувофиќи Кодекси андози Тољикистон аз супоридани аксиз ин молњо озод мебошанд:нўшокињои спиртдор, ки шахси воќеї мувофиќи номгўй ва дар доираи меъёрoои муаррарнамудаи ЊЉТ барои истеъмоли худї истењсол мекунад; ворид намудани ду литр нўшокии спиртї , ду баста (400 дона) сигор, маснуоти заргарї ба миќдори 4 адад (бо арзиши на зиёда аз 150 нишондињанда барои њисобњо) аз тарафи шахси воќеї барои истеъмоли (истифодаи) худї, инчунин сўзишвории автомобил мувофиќи ѓунљоиши зарфи сўзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Тољикистон тавассути автомобил ворид мешаванд; молњое, ки ба тариќи транзит тавассути ќаламрави Љумњурии Тољикистон интиќол дода мешаванд; воридоти муваќќатии молњо ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ба истиснои молњое, ки барои содироти такрорї (реэкспорт) пешбинї шудаанд; молњои зераксизї, ба ѓайр аз мањсулоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи мадади башардўстона ворид мешаванд, инчунин молњои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотњои эњсонкорї ба маќсади бартараф намудани оќибатњои офатњои табиї, садамањо, фалокатњо ва барои беподош додан ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон воридшаванда; содироти молњои зераксизї, агар чунин содирот љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддаи 202-и Кодекси андоз бошад аксиз ситонида намешавад. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.

ЧАРО? ЧАРО МАРШРУТИ 4 ВА 15 ДУ СОМОНЇ РОЊКИРО МЕГИРАНД? - Наздики 2 моњ мешавад, ки ронандагони мусофирбари раќами 4 ва 15 аз мусофирон 2 сомонї роњкиро љамъ мекунанд. Хатсайри 4 барои ронандагони он хатсайри хеле бобаракат мебошад. Агар ба он мусофире савор шуд њатман дар истгоњи дигар мусофири дигаре мефарояд. Ин ба ронандагони ин хатсайр имкон медињад, ки нисбат ба дигар хатсайрњо бештар фоидаи пулї ба даст оваранд. Аз соли 2011 то имрўз роњкиро барои як нафар дар ин хатсайр 1 сомонї буд. Акнун ронандагон мусофиронро шарм доронда 2 сомонї меситонанд. Дар хатсайри раќами 15 низ њамин бенизомї љой дорад. Оё дар њаќиат роњкиро дар ин 2 хатсайр барои як мусофир 2 сомонї шудааст? Агар ронандагон аз пеши худ нархгузорї карда бошанд, ки таноби онњоро мекашад? Чаро ронандагони маршрути 4 ва 15 бо салоњдиди худ аз мусофирон 2 сомонї роњкиро меситонанд? Ањлиддин ХЎЉАНАЗАРОВ, сокини ноњияи Шоњмансур Комрон БАЊРОМОВ, сокини шањри Душанбе Шањлои АБДУЛХАЙР, сокини шањри Душанбе Бењрўз ЌУРБОНОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Шањрвандони гиромї бори дигар хотирнишон месозем, ки ќарори раиси шањри Душанбе тањти №260 аз 30 - юми майи соли 2011 "Дар бораи тарифњои њамлу наќли мусофир дар шањри Душанбе" њоло њам амал дорад ва ба он ягон таѓйирот дароварда нашудааст. Мувофиќ ба он сар аз 1- уми июни соли 2011 то ба инљониб њаќќи роњкирои амалкунанда дар наќлиёти мусофирбари истифодаи умуми шањри Душанбе барои як мусофир тавассути автобусњои №№3А, 11, 14, 20, 23, 26, 27, 30 - 60 (шаст) дирам, микроавтобусњои "ГАЗел" ва "Хундай Старекс" (бо бензин ва сўзишвории дизелї њаракаткунанда) дар хатсайрњои №№ 4, 5, 7, 11, 12, 13, 15, 17, 21, 22, 24, 26, 34, 43, 44, 52, 55, 67 - 1 (як) сомонї ва микроавтобусњои "ГАЗел" (бо гази моеъ) дар хатсайрњои № 5 ва 22 - 70 (њафтод) дирамро ташкил медињад. Дар хатсайрњои микроавтобусњои "ГАЗел" ва "Хундай Старекс" № 1, 1А, 2, 2А, 8, 8А, 10, 10А, 14, 14А, 16, 16А, 18, 18А, 19, 19А, 25, 25А, 28, 28А, 33, 33А, 54, 54А - 80 (њаштод) дирам, дар автобусњои хатсайрњои №№1, 2, 6, 7, 8, 8А, 13, 18, 28, 37, 41 - 1,20 (як сомонию бист дирам), дар микроавтобусњои хатсайрњои №№ 18 ва 18А - 60 (шаст) дирам ва нархи роњкиро барои як мусофир дар троллейбусњо - 70 (дирам) муќаррар гардидааст. Мо аз шањрвандон хоњиш мекунем, ки њангоми аз онњо барзиёд гирифтани роњкиро ё хизматрасонии ѓайриќобил, раќами хатсайр, раќами давлатии наќлиёти мусофирбар, ваќту соати аниќи саворшавї ба наќлиётро низ мушаххас мекарданд ва ба мо мурољиат мекарданд то мо љињати ислоњи вазъ чора бинем. Бовар кунед танњо бо умумигуињо аз байни зиёда аз 2500 наќлиёти мусофирбар ронандагоне хилофи ќоидаву муќаррароти расмї кор мекунанд ёфтану ба муљозот кашидан кори сањл нест. Дар хатсайри раќами 15 дар самти бозгашт ба вокзали роњи оњан бинобар таъмир намудани пули болои хиёбони Саъдї Шерозї масир 6 километр дароз гардидааст. Бинобар ин аз самти бозгашт ронандагон бояд 1 сомону 60 дирам аз мусофирон гиранд на 2 сомонї. Ваќте ки ин пул тармим ва ба истифода дода шуд роњкиро чун пештара аз самти бозгашт бояд ба 1 сомонї коњиш дода шавад. Дар хатсайри раќами 4 низ талаб кардани 2 сомонї ин ѓариќонунист. Барои як самт роњкиро дар ин хатсайр чун пештара 1 сомонї аст. Ронандагон худсарона аз пеши худ аз мусофирон барзиёд 2 сомонї талаб менамоянд. Мусофирон бояд дар ин хатсайр аз 1 сомонї зиёд маблаѓ надињанд. Ваќтњои охир аз хатсайри раќами 4 ба мо бисёр арзу шикояти мусофирон мерасад бинобар ин тасмим дорем дар он љињати ислоњи вазъ як рейд гузаронем баъди он бовар дорем, ки вазъ дар ин хатсайр хуб мешавад. Ба саволи Шумо директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон" Абдуњомид ШЕРАЛИЕВ посух дод.


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №20 (348) 6. 08. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЃАЛТАК ВА САБАЌИ РУСИИ МИРЗОДИККАК Ѓалтак рост ба назди собиќ бинои Шўрои Олї, ки њоло мансуб ба Маљлиси намояндагони Љумњурии Тољикистон аст, омаду зери девори он такя зада, ба фикр фурў рафт. Роњгузарон гумон доштанд, ки ин марди рўзадор ба гуруснагї тоќат наовардааст ва ба девори бинои, ба ќавле, "ихтироъкорони ќарору фармонњои таќдирсози миллати тољик дар гузаштаву њозира" такя задааст. Пеши назари Ѓалтак пойбўсињои ќисме аз пешвоёни солњои 90-уми асри гузашта њувайдо мегашт, ки аз бегонагон дархости кўмаки низомї мекарданд. Бо шунидани ин даъватњои хоинона љониби муќобил дармегирифту љавонони њар ду љониб ќурбони манфиатњои мансабхоњон мегаштанд... Њамин замон дар майдон Мирзодиккак пайдо шуд. Ў парвои гузаштаро надорад, зеро имрўзи њукумат дар дасти ўву ёронаш аст. Ќадамзанињои Мирзодиккак дар назди бинои Маљлиси намояндагон ба генералњо рус шабоњат дошт. Ў гоњ ќавї ќадам мепартофт ва гоњ аз мастї/гуруснагї пояшро оњистакак ба болои роњрав гузошта, љуссаашро ба пеш мекашид. Мирзодиккак тамоми ќувваташро љамъ карда, пойи чапашро баланд бардошта буд, ки нигоњаш ба Ѓалтак уфтод. Ў зуд ба назди Ѓалтак рафта, дўсташро аз банди фикру хаёлњои гузашта рањонид. Онњо ба гулгаште, ки каме дуртар аз бинои МН воќеъ аст, омада, болои курсии бароњате нишастанд. Мирзодиккак аз шодї дар куртаи таќдимнамудаи Ќобилљони нањзатї намеѓунљид. Ин куртаро Ќобилљони нањзатї аз Русия барои падараш оварда буд. Ќариб буд, ки Пахтагул Панљсолаевнаи коммунист дар сари Ќобилљони нањзатї барои харољоти зиёдатї, ба ќавле, чормаѓз шиканад. Ќобилљон мегуфт, ки онро ба ў дар дачаи Алла Пугачева додаанд. Замоне Пахтагул Панљсолаевна иртиши як урус будани куртаро фањмид, дам фурў басту ба сарфакор будани писари нањзатияш ќоил шуд. Баъди салому алей суњбати дўстон ранг гирифт? Мирзодиккак: - Љўра, ман "маршировка" карда истодам. Мо, зиёињо бояд мисли генералњои урус ќадам занему шоиронамон мисли Бобои Крилов масал нависанд. Љанги соли 1812-умро русњо бо хондани масалњои Крилов буридагї. Мо ќарор додаем, ки дигар шоирон "Дар танат куртаи чити ќадамї" ё ин ки "Ќишлоќаки ман бўи чаппотї дорад" нависанду ќањрамонони асосияшонро дар байни њайвонњо, бахусус, дар љангал дарёфт намоянд. Ѓалтак: - Оббое! Ин зиёиён дар роњи протоколї маршировка намоянд, шоирњо љангал раванд, сиёсатмадорњо рўзаашонро дар Кремл кўшоянду љавонњо љангал рафта, барнагарданд, баъд, медонї, ки оќибати ин бегонапарастию муздурї чї мешавад? Мирзодиккак: - Шумо њамаатон баду бахил. Њозир мо аз ду љониб бурд кардагї: хитойњоро язна гирифтему урусњоро келин. Мана, Ќобилљони нањзатї мисли Алишер Усмонов мешавам гуфта, зани урус гирифтагї. Ман писарашро Пирмањмад ном кардам, келин дар шањодатномааш ному насабашро Кобелджанов Пётр Дикаревич навиштааст. Ѓалтак: - Мирзољон, келин ту ва писаратро боб кардагї. Маро гўш кун! Кобел ба забони тољикї саги нар мешавад, Пётраш номи русї, лекин дикараш маънои вањширо дорад. Келинатон ягон шавњари узбак ёфта, бобатон накарда бошад? Мирзодиккак: - Намедонам Ѓалтакбойе, намедонам! Њама моро боб мекунад. Дар њизби мо камбудињо аз боло то ба поён зиёд аст. Ман њам муќобили бегонапарастї њастам, вале ќисме аз мансабдорони моро Маскав сахт муттањам карда мондааст. Ба фикрам, мансабдорони рус ончуноне, ки бо мансабдорони мо рафтор мекунанд, чунин рафторро дар сад сол бо занњояшон карда наметавонанд. Агар хоњанд њам, наметавонанд...ду се това (сковорродка) мехуранд аз Марина Ивановна, бовар кун... Ѓалтак: - Ин гап, ки аксиома шудааст. Гап дар ин, ки агар мансабдорони моро аз мансаб барканор созанд, онњоро занњояшон писанд намекунанд. Аз ин лињоз, онњо мансабро бо лаганбардорию кўмаки бевоситаи бегонагон соњиб гаш-

таву то замоне љон дар рамаќ доранд, худкуши бегонапараст мемонанд. Мирзодиккак: - Ба фикри ту, дар интихоботи президентї номзади кадом њизби сиёсї ѓолиб меояд? Ѓалтак: - Албатта, њамон номзаде, ки маќсадњои султагароии давлати Русияро дар минтаќа амалї намуда, њунари аз девор душман тарошиданро дошта бошад. Мирзодиккак: - Ман намефахмам. Чї тавр овозњои шањрвандони моро аз Русия медуздида бошанд-а? Онњо дар ягон корхонаи давлатии Љумхурии Тољикистон кор накунанд?! Ѓалтак: - Каллаатро гаранг накун, љўраљон! Русия хоњад, овози муњољир он тараф истад, овози ањлу байташро гирифта, ба номзади љавобгўи манфиатњои стротежии кишвараш њадя мекунад. Њоло ист, номзадњо пешбарї шаванд, дар пўстинашон кайк медарояд, кайк! Мирзодиккак: - Ин хел бошад, мавќеи шарики стротежї аз манфиати халќу миллати озодихоњ дар ин давру замон баландтар будаасту мо соњибистиќлоем гуфта, худамонро тасалло дода гаштаем - де! Ѓалтак: - Мо нагуфтем, шумоед, ки њамаро бо шиорњои пучатон безор кардед. Аммо Худованд худ тадбирсоз аст. Як шаб аз "Ахбор" мефањмї, ки ... Мирзодиккак: -Т-ш-шш! "Девор муш дорад, муш гўш".. Љўрањо аз љой бархоста, ба роњ баромаданд. Дар гўшњои Ѓалтак садои тиру туфанг њануз боќї монда буд. Суханњои дар ин майдон шунидаашро нисбати дифо аз манфиатњои халќ ба ёд меоварду њар яки онро ба риштаи тањлил мекашид. "Не, - меандешид ў, - "як тори мўйи шумо ба мансабњои мо намерасад", гуфтанњоятон дурўѓ будааст. Бањри соњиб шудан ба мансаб садњо нафарро куштед, бештаратон кушта шудед. Њаќиќат дигар аст. Аз Худо тарсидан даркору заррае имон доштан даркор. Ин ду чиз бењтарин моланду онро бештари зимомдорони мо дар забон доранду дар дил на....

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Мањмадалї ВАТАНОВ, вакили парлумон: - Њоло вазъи кишвар хеле мушкилфањм шудааст. Фарз кардем, атрофи баррасии парвандањо. Парванда њоло дар додгоњи ноњиявиву шањрї нарасида, сару садои он то ба додгоњи олї расидааст.Ин нодуруст аст, додгоњи олї бояд дар марњилаи нињої бубинад, на ќабл аз додгоњњои ноњиявиву шањрї. - Ина, ако, эффекти ќўрѓон ё амон мегўянд дар љойњои мо. Диќќат нашавед, худатон, ки раиси Судї Олї шудед, њамаашонро бознигарї мекунад. Ойнињол БОБОНАЗАРОВА, роњбари љамъияти "Перспектива +": - Ман чанде пеш ба Ёвон сафар доштам. Вазъ то он сатње расидааст, ки дигар занони бечора худ ба хиштрезї машѓуланд. Зиндагї хеле мушкил шудааст. Ба мардум танњо ваъда медињанд, вале бо ваъда њеч коре намешавад. Мардум бисёр тањаммул кард, аммо бо ин сабр бозї набояд кард. -Муаллима, худатон медонед, ки хиштпорањо њамеша яроќи камбаѓалон буданд, аммо хиштпораи лифаи эзор воќеъан њам, хатарнок аст барои субот. Инро ба њукумат бояд гуфт. Рањматилло ЗОЙИРОВ, роњбари ЊСДТ: - Мехоњанд фањманд, ки дар сурати боздошт шудани Зойиров аз сўи кормандони Кумитаи амнияти миллии Тољикистон чигуна ва кадом табаќаи мардум ба њимояти ў бармехезанд. - Чи гуна? Садњо нафар бо шиорњои эътирозї ва дашному њаќорати шадид зидди њукуматдорон дар Фейсбук мешўранд. Аз кадом табаќа? Аз шумори фейкњо, албатта. Шариф РАЊИМЗОДА, вазири рушди иќтисод ва савдо: - Њоло бисёрињо аз дур, аз љумла аз хориљ истода доду вой мекунанд, ки мо зур. Шумо зўр бошеду ватандўсту ватанхоњ бошед, биёед, дар ќатори ман бо маоши ман кор кунед. Худашон дар хориљ ё худ созмонњои хориљї то 1,5 њазор доллари ИМА маош мегиранду доду вой мекунанд. - Мардумро ин ќадар сода нагиред, љаноб! Љойро холї кунед, то намози шом зурњо "ставкаашро" то 2-3 млн. доллар набардоранд, њарчи мегўед, гўед.

Иброњим УСМОНОВ, профессор: - Агар маро пурсанд, ки демократия даркор аст ё не, ман мегўям, не! Ба ман демократия лозим нест. Шояд ба халќи ман низ даркор набошад. Диктатор даркор аст ё не, ман боз мегўям, диктатор даркор нест. Зеро давлат бояд озод бошад. - Агар пурсанд, ки мушовири давлатии давлати номаш демократї шуда, диктатории диктаторро нодида гирифта, зори демократњои зидди диктатураи диктаторро нишон медињед, чї мегўед? Эшони СИРОЉИДДИН, рўњонї: - Тавре дар як њадисе аз Пайѓамбар (с) гуфта мешавад, панљоњ њазор сол пеш аз халќи осмону замин муќаддароти мо офарида шудааст ва дар њамонљо дар таќдири мо навишта шуда будааст, ки мо њамин чизро аз сар мегузаронем. Бинобар ин, ман касеро дуо намекунам ва аз касе низ норозї нестам. -Мулло, бе ояву њадис маълум аст, ки таќдири худат баринњоро ё дар шакли "малява" менависанд, ё дар шакли "гузориши хидматї ба унвонии раиси КДАМ". Акнун, як лутф карда, муќаддаротатонро бинед, ки љавоб ба њамин њаљви "Нигоњ" 50 њазор пеш халќ шудаааст ё мо не?!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.