Cерро чї парвои гурусна!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
1
Мурољиат ба Амирхон Каттаев, депутати Маљлиси намояндагони МО аз шањри Исфара САЊИФАЊОИ 8-9 №21 (403). Чоршанбе, 13-уми августи соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
БО ШОИРИ ТОЉИК
Шабнам ба лола бўсаи тар мезанад, биё САЊИФАИ 12
ТИБИ ТОЉИК
Академик: "Моро "зиндабагўр" карданд САЊИФАИ 7
«Сўхт»-и стратегї Кї ва чаро бо нархи бензину кисаи мардум дониста бозї мекунад? ТАЪРИХИ ЯК ПЕШВО
Эрдуѓон. Њалвофурўше, ки президент шуд
"КАМИКАДЗЕ"
САЊИФАИ 10
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ДНК -и Мирзодиккаку ваъдаи оши самарќандї САЊИФАИ 16
Чаро Абдурањмони 34-сола назди хонаи Президент ба худкушї даст зад?
2
ИЌТИСОДИ ОСОНБАЁН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
«Сўхт»-и стратегї Кї ва чаро бо нархи бензину кисаи мардум дониста бозї мекунад? Сафорати Русия дар Тољикистон як иттилоияе пахш кардааст, ки "Дар бораи кўмаки Русия ба Тољикистон дар солњои 2008 - 2014" ном дорад. Дар иттилоия кўмаку сармоягузорие, ки Русия мустаќим ва ё тариќи созмонњои байнулмилаливу ширкатњои дигар ба Тољикистон кардааст, љамъбандї шудаанд. Ба њамин тариќ, Русия тариќи ин созмонњои байнулмилалї чунин кўмакњоро кардааст: - Бунёди зиддибуњронии Иттињоди иќтисодии Авруосиё - 70 млн. доллар; - Бунёди кўдакон (ЮНИСЕФ) 4, 53 млн. доллар; - Барномаи љањонии озуќа - 59,4 млн. доллар; - Созмони байнулмилалии мудофиаи шањрвандї (МОГО) - 2,94 млн. доллар; - Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва љинояткории СММ; - Комиссияи иќтисодии аврупоии СММ - 350 њазор доллар; - Бонки љањонї - 4,1 млн. доллар; - Созмони љањонии сињат - 3,6 млн. доллар; - ЭСКАТО (Комиссияи махсус ва иќтисодї барои кишварњои Осиё ва АТР); Дуљониба: - Вазорати њолатњои фавќулодда - 5,42 млн. доллар; - Сармоягузори умдатарин - 1,6 млрд. доллар. Беш аз 130 ширкати
русї ва муштарак; - 300 млн. доллар аз њисоби бољи гумрукї аз даст дод; - 2013 муњољирини мењнатии тољик - 4,2 млрд. доллар (48% - и ММД); - 2013 - 2014 1133 љои буљетї барои донишљўён. 2014 - 2015 - 800 љо дар макотиби олии Русия. - Кўмак ба нерўњои амниятї. - Агентии маводи мухаддири Тољикистон - 4,7 млн. доллар; - Обанборњо - барномаи Иттињоди иќтисодии Авруосиё (75% - и 1 млрд. рубли барномаро Русия медињад). Тавре аз ин омори сафорати Русия дар Душанбе бармеояд, шарики стратегии Тољикистон таќрибан 150 миллион тариќи созмонњои байнулмилалї ва 100 миллиони дигар дар тарњњои дуљониба (арќом тахмини моянд, зеро маблаѓи умумиро сафорат њисобу китоб накарда, ё агар карда, ба чї сабабе зикр нанамуда) кўмак кардааст. Иёлоти Муттањидаи Амрико кайњост, ки болотар аз 1 миллиард доллар кўмак карда, њатто солњои ахир ин раќамро таѓйир намедињад. На ба он маънї, ки дигар кўмак на-
«
мекунад. Шояд аз кўмак ё њисоби он хаста шудааст? "Ифтихор" - и Русия дар мавриди Тољикистон тайи 6 соли њисоботии сафорат њамоно сармоягузории 1,6 миллиарддоллара ва интиќоли пули муњољирон аст. Тайи ин муддат Чин њам сармояњои њангуфтеро ба иќтисоди Тољикистон сарозер кард, ки аз марзи 1 миллиард доллар кайњо убур кардаанд. Интиќоли маболиѓи муњољирин агар соли 2013 4,2 млрд. доллар (48% - и Маљмўи Мањсулоти Дохилї) буд, солњои пеш аз 2 то 3 миллиард њисоб мешуд. Амалан муњољирин аз рўи ин њисобњо то 20 миллиард доллар ба Тољикистон интиќол додаанд. Ин љо хуб мебуд, ки зикр мешуд, бонкњои Русияву Тољикистон, вазорати корњои дохилї ва Хадамоти муњољирати Русия аз њисоби муњољирини мењнатї чї ќадар суд диданд ва дар умум, иќтисоди Русия аз мењнати муњољирини тољик чї ќадар ба он кишвар фоида оварданду меоранд. Агар њарфи ифтихорсозї аст, бигзор ин раќам низ њисоб карда шавад, ки суди муњољирин ба иќтисоди Русия чї ќадар аст. Дар акси
њол, ин ифтихорсозї яктарафа метавонад бошад, зеро њама хуб медонанд, ки ба муњољирин "барои чашмони зебо" дар Русия маблаѓ намедињанд. Агар мегуфтанд, бубинед, тољику рус чї тавр кор мекунанд, ки ин ќадар фоида меоранд ва ин ќадар фоида мебаранд, гапи дигар буд. Хуб, ташаккур, Русия! Мо - миннатдор! Њарчанд далели нашри ин иттилоияи сафорати Русия дар Душанберо нафањмидем, чун солњои пеш ин одатро надошт. Аммо ин љо гапи мо сари дигар мавзўъ аст.
БОЉИ "БУЃЇ" Дар иттилоияи сафорати Русия дар Тољикистон зикр мешавад, ки буљаи федеролии Русия дар натиљаи интиќоли бидуни бољи гумрукии маводи нафтї аз 12 ноябри соли 2013 300 миллион доллар зиён дидааст. Мо ба ин омор бовар мекардем, агар дар нуќтаи фурўши сўзишвории шафати хонаамон намедидем, ки нархи бензини аз њама маъмул АИ 92 5, 50 то 5,60 дирам шудааст.
Агар Тољикистон солона 1 миллион тон маводи нафтї аз Русия гирад ва 80 дарсад аз худи ин кишвару њудуди 65 дарсадро ширкатњои худи кишвар ворид кунанд, наметавон гуфт, ки Русия зиён дидаасту мебинад. Хуб, ош шавад, аммо!
«
Ваќте омори Тољикистон мегўяд, ки аз моњи январ ба ин сў ќимати бензин рў ба боло аст, чї тавр мешавад ба раќами сафорати Русия дар Душанбе ва њамон Созишномаи интиќоли маводи нафтии Русия ба Тољикистон бовар кард? Нигаред ба љадвали раќами аввал, ки фарќияти ќимати сўзишворї дар нимсолаи аввали имсол ва соли 2013 - ро то 21 июли соли 2014 нишон медињад. Агар бензини навъи АИ 92 дар 6 моњи соли 2013 ва то лаѓв кардани бољи гумрукї 6 сомониву 15 дирам буд. Пас аз лаѓв шудани бољи гумрукї як муддат (моњњои январ ба февралу март) ба 4 сомониву 50 дирам поён омад, аммо њоло (12 август) 5 сомониву 60 - 65 дирам аст. Сабабашро Агентии зиддиинњисории Тољикистон ќимат шудани нархи бензин дар корхонањои коркарди нафти Русия арзёбї кард. Тољикистон аз се манбаъ Корхонањои коркарди нафти Омск, "Салаватнефтеоргсинтез" ва "Орскнефтеоргсинтез" маводи нафтї ворид мекунад ва он мустаќим ба Хуљанд интиќол дода мешавад (аз он љо ба дигар манотиќ интиќол меёбад). Љадвали 2 - юмро менигарем. Бино ба он, ширкатњои тољикї аз ин се корхона мутаносибан моњи январ агар 729, 730 ва 720 долларї њар тони бензини навъи АИ 92 - ро ворид мекарданд, моњи июл 949, 945 ва номаълум ворид мекунанд. Фарќият дар ду мавриди маълум дар моњи июл нисбат ба январ - 220 ва 215 доллар. Њамин тавр, сўзишвории дизелї (нигаред ба љадвали 3), ки барои Тољикистон хеле муњим аст ва њам бозоргир. 1 тони ин навъи сўзишворї агар дар моњи январ аз се корхонаи фавќуззикр мутаносибан 838, 820 ва 812 доллар харидорї мешуд, моњи июл (21 июл) ба 914, номаълум ва 900 доллар харидорї шуданд. Фарќ сари тон 76 ва 88 доллар! Русия соли гузашта бољи гумрукиеро, ки аз њисоби интиќоли маводи нафтї ба Тољикистон интиќол меёфт, њудуди 400 миллион доллар њисоб мекард. Њоло ин даъворо дорад, ки 300 миллион доллар зиён дидааст. Ин раќам то куљо воќеї буда метавонад, ваќте ќиматњо рўз ба рўз боло мераванд? Бино ба омори расмии Тољикистон, њаљми воридоти бензин дар нимсолаи аввали соли 2014 158,1 њазор тон ва сўзишвории дизелї - 124,3 њазор тонро ташкил кардааст. Омори дигар навъњои маводи нафтї дар ихтиёри мо нест. Аммо аз њамин њисоб њам гирем, ба таври миёна ва тавре мегўянд, сатњї њисобу китоб кунем, чї раќам ба даст меояд?
БОЗОРИ СЎЗИШВОРЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
3
Љадвали №1
Нархи фурўши бензини навъи АИ 92 ва сўзишвории дизелї дар давоми 6 моњ (21 июли соли 2014)
Љадвали №2
Динамикаи афзоиши нархи бензини навъи АИ 92 ФАРЊОД МИРЗОЕВ, МУДИРИ КУЛЛИ “ГАЗПРОМНЕФТ - ТОЉИКИСТОН” Бале, таќрибан 300 миллион доллар ба њисоби 21 моњи июл зиён ба буљаи Русия расидааст ва Тољикистон 100 миллион доллар фоида дидааст. Аммо ин њам замоне њисоб шудааст, ки нархи навъи бензини АИ 92 - ро ширкатњо (нигаред ба љадвали 4) дар таърихи 18 июли соли 2014 ба 4 сомониву 90, 5 ва 5 сомонї (њоло 5,75) ва сўзишвории дизелиро ба 5, 60 сомонї (5, 80 то 6,20) мефурўхтанд. Ин љо инро њам набояд нодида гирифт, ки беш аз 50 дарсади маводи нафтиро ширкати русї - "Газпромнефт - Тољикистон" ва беш аз 15 дарсади дигарро ширкатњои наздик ба он (масалан, Том Ойл) ворид мекунанд. Агар Тољикистон солона 1 миллион тон маводи нафтї аз Русия гирад ва 80 дарсад аз худи ин кишвару њудуди 65 дарсадро ширкатњои худи кишвар ворид кунанд, наметавон гуфт, ки Русия зиён дидаасту мебинад. Хуб, ош шавад, аммо! Пешгоми болобарии нархњо њамоно "Газпромнефт - Тољикистон" ва ширкатњои наздик ба он њастанд. Љадвали 4 - ро бингаред ва ба љадвали 5, ки тахминњои расмии њукумати Тољикистон дар мавриди боло рафтани ќимати маводи сўзишворї дар мисоли ин ширкати бузургро мебинем. Аммо њоло ки моњи август аст, фикр намекунем, ки ин пешбинињои њукумат дар мавриди "Газпромнефт Тољикистон" дуруст бароянд. Њатто мешавад Худо гуфт, ки дуруст бароянд.
ПУШТИ БОЛОРАВИЊОИ РУСЇ Тавре аз ин тањлили сатњї бармеояд, Русия то як соли дигар эњтимолан њамин 300 миллион доллари аз даст додаашро баргардонад. Ва њоло боз ба ин њаќиќат мерасем, ки бозињои ин кишвар бо Созишномаи интиќоли маводї нафтї ба Тољикистон аз пеш маълум ва њадафмандона буданд. Њарчанд Владимир Путин, президенти Русия, бо дањони пур инро њам ба рўи Тољикистон кашид, ки 400 миллион бољи гумрукиро барои кўмакњои низомї бахшидааст, натиља ин аст, ки маболиѓи дањонии ў боз њам аз љўе, ки омада буданд, аќиб мераванд. Аммо пушти ин њама чї меистад ва њукумати Тољикистон сари чї бояд андеша кунад?
Аз рўи болоравии нархи бензин ќазоват кунем, кор ба як марњалаи ташаннуљи сунъии иќтисодиву сиёсие меравад, ки Тољикистонро гиребонгир хоњад шуд. Кам касе дар ёд дорад, ки дар Кўлоб бо эътироз аз болоравии ќимати бензин ронандањо роњкироро як баробар боло бурда буданд. Њоло дар хотираи мо ин њам эњё мешавад, ки фурўшандагони бозорњо бо бањонаи ќимат шудани сўзишворї нархњои мањсулоти ниёзи аввалро њам боло бурда буданд. Наќлиёт агар рагњои иќтисод аст, сўзишворї, бешак, хуни он аст. Мо боз ба он марњалае бармегардем, ки Русия моњи майи соли 2010 ба боло бурдани бољи гумрукї шурўъ карда буд. Он замон њарфи Созишномаи интиќоли маводи нафтии Русия ба Тољикистон, ки соли гузашта имзо шуд, ба миён омад. Аммо ин дафъа њам боз аз ин роњ такрор меравем? Бархе аз иќтисоддонњо умед ба тањримњои Амрикову Аврупо алайњи Русия бастаанд, ки агар русњо ба рўи онњо нафту газашонро банданд, маљбуранд онњоро ба бозорњои мо оранд. "Аз нўги ин хамир" ба мо њам мерасад ва баръакс, вазъ хуб мешавад. Ин як хаёли хом мешавад, ваќте вазъ њамин тур, ки имрўз воќеан њаст, идома ёбад. Он чї мо дорем ин аст, ки ќимати сўзишворї баланд меравад. Раванд шурўъ шудааст ва пайомадњои он њам рўшан мешаванд. Дар чунин њол, мо боз ба назарњои коршиносон дар соли 2010 бармегардем, ки мегуфтанд, фаќат як њукумати ноќобил њудуди 65 дарсади бозори маводи нафтиашро дар ихтиёри як бузургширкати хориљї (дар ин маврид, "Газпромнефт Тољикистон") мегузорад ва аз як кишвар (Русия) 80 дарсад сўзишворї ворид мекунад. То ин замон нињодњои дахлдор чї кор карданд? Мо ба сўи як бунбаст равонаем. Акнун Созишномаи пойгоњи низомии 201 имзо шуда, барои муњољирин њам дар Русия шароити дигар андешида шуданд, ки "дастовард" - њои музокирот атрофи пойгоњи низомиро ба сифр баробар мекунанд. Мушорикати стратегї ба як "сўхт" - и стратегї табдил меёбад. Аљаб ин аст, ки боз чї тавр бояд "сўзем"? Далери ХАЙРУЛЛОЊ
Љадвали №3
Динамикаи афзоиши нарзи сўзишвории дизелї
Љадвали №4
Нархи сўзишворї дар нуќтањои сўзишвории ширкатњои нафтрасони шањри Душанбе (18 июли соли 2014)
Љадвали №5
Ташаккули эњтимолии нархи сўзишворї дар мисоли "Газпромнефт - Тољикистон" (Ќурби евро ба сомонї - 6, 7706, доллар ба сомонї - 4,9425)
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
4
РЕЗААХБОР
Раиси Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон хостори таљдиди нархњои тањсил дар макотиби олии кишвар аст. Абдусамад Раљабзода мегўяд, нархномањои тањсил ќаблан бо ин нињод мувофиќа шуда буданд, аммо бо дигар шудани вазъи љомеа бояд таљдиди назар шаванд. Имсол бори аввал дар Тољикистон маблаѓи шартномаи донишљўён аз марзи 10 њазор сомонї њам убур карда, сари 10 њазору 780 сомонї ќарор гирифт. Ду мушкили асосие, ки довталабон аз ќишри камбизоати љомеаро нигарон кардааст, яке зиёд будани шартнома ва дуюм, кам будани љой дар бахши буљавї мебошанд. Онњое, ки ќудрати тањсил дар бахши шартномавиро надоранд, наметавонанд ба бахши буљавї дохил шаванд, зеро љой дар ин љо кам аст. Бењрўз Ќодиров, сокини ноњияи Конибодом, ду сол аст, ки наметавонад ба факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шавад. Вай мегўяд, акнун маљбур аст, ки аз бањри хондан ва њуќуќшинос шудан гузашта, ба Русия равад. Ба монанди Бењрўз зиёданд нафароне, ки наметавонанд ба факултетњои, ба ќавле "престижни", аз ќабили њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон, дохил шаванд. Ин факултет барои соли тањсили 2014 - 2015 маблаѓи тањсилро 10 њазору 780 сомонї муќаррар кардааст. Соли гузашта 9800 сомонї буд.
МАБЛАЃИ ШАРТНОМАИ БАЛАНД ЯКЕ АЗ МУШКИЛИЊОИ АСОСИИ ДОНИШЉЎЁНИ ТОЉИК АСТ
"ПРЕСТИЖНИ"
Маблаѓи тањсил дар мактабњои олиро беасос боло мебаранд
ЊУЌУЌШИНОСЇ БАРОИ ЌИШРИ КАМБИЗОАТИ ТОЉИКИСТОН ДАСТНОРАС МЕШАВАД
Комили Ёдгор, коршиноси тољик, мегўяд, баланд шудани нархи тањсил дар донишгоњњо њуќуќи мардуми камбизоат ба тањсилро наќз мекунад, њол он ки ќариб 40 фоизи мардум ба њайси камбизоат эътироф шудаанд, давлат бояд барои њамаи ќишрњои љомеа шароити баробари тањсилро фароњам орад: - Бояд аз 10 љойи барои тањсил пешнињодшуда, 4 љои он аз њисоби буља
То ин дараља баланд шудани нархи тањсил барои Тољикистоне, ки 35 дарсади мардумаш дар фаќр ба сар мебаранд ва харљи якрўзаашон камтар аз 1 доллар аст, барои мардуми камбизоат дастнорас шуд. Зеро як оилаи камбизоати тољик наметавонад танњо барои тањсили як фарзандаш 10 њазору 780 сомонї (муодили 1960) доллар пардохт кунад.
Талабот ба ин факулта сол аз соли зиёд мешавад. Барои ихтисоси њуќуќшинос дар бахши буљетї 25 љой ва барои бахши шартномавї 75 љой муќаррар кардаанд.
«
донишгоњро аз рўи маблаѓи шартнома ба суд кашида буданд. Соли 2008 як дониљўи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон донишгоњро аз барои беасос баланд кардани маблаѓи шартнома ба суд кашида буд. Донишгоњ беасос аз донишљўён на 700 долларї маблаѓи шартнома, балки 100 доллари дигар изофа талаб кардааст. Суди шањри Хуљанд ин ќазияро ба фоидаи донишљўён њал кард ва донишгоњро маљбур кард, то 100 доллари зиёдатии гирифтаашро баргардонад. Њоло маблаѓи шартномаи тањсил дар ин факултет низ аз 700 доллари соли 2008 ба 826 доллар афзудааст ва барои бахши буљавї ягон љой низ муќаррар нашудааст. Дар Тољикистон аз рўи маблаѓи шартнома пас аз њуќуќшиносї ихтисоси "Иќтисодиёти љањон" меистад, ки 9800 сомонї аст. Донишгоњњои Тољикистон дар њоле маблаѓи шартномаашонро сол то сол баланд мекунанд, ки наметавонанд барои донишљўён шароити мусоид фароњам оранд. Бахусус, дар фасли зимистон синфхонањо сардхонаанд. Илова бар ин, њамасола аз донишљўён маблаѓи таъмир ва дигар маблаѓњо ситонида мешавад. Инро "престиж" мегўянд... Умари ТОЊИР
САДОИ МАРДУМ
60% БА ЊАМЛАИ НИЗОМИИ ЎЗБАКИСТОН БА РОЃУН БОВАР НАДОРАНД
10%
Дар љавоб мушкилї мекашам
23%
Не, чунки аз пойгоњи 201-и Русия мењаросад
20%
Ба њарњол, мобоядомода бошем
Не, чунки аз тољиконмењаросанд
6%
Не, љуръатнамекунад
9%
Бале, зеро он як кишвари ќудратманд аст
29%
Бале, метавонад
«
бошад. Агар воќеан Тољикистон давлати иљтимої бошад, пас зарур аст, ки 40 фоизи донишљўёни ќабулмекардаи донишгоњњо аз њисоби буља тањсил кунанд. Бояд фикри нафаронеро кард, ки шароити хондан бо чунин нархњоро надоранд, аммо мехоњанд тањсил кунанд. Онњо бояд ба куљо раванд? Чун ба бахши буљавї дохил шуда наметавонанд, барои бахши шартномавї бошад шароит надоранд? Бахшњои њуќуќшиносии донишгоњњои Тољикистон сол то сол нархњои тањсилро боло мебаранд. Агар дар соли тањсили 2008-2009 маблаѓи тањсил дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллї 4080 сомонї буд, имрўз ќариб 3 маротиба афзудааст. Талабот ба ин факулта сол аз соли зиёд мешавад. Барои ихтисоси њуќуќшинос дар бахши буљетї 25 љой ва барои бахши шартномавї 75 љой муќаррар кардаанд. Барои бахши русии њамин ихтисос 15 љойи ройгон ва 25 љойи пулакї пешнињод шудааст. Маблаѓи шартномаи донишљўёни бахши ѓоибонаи ин донишгоњ 8400 сомонї буда, бахши буљетї надорад. Ягон масъули Донишгоњи миллии Тољикистон њозир нашуд, то сабабњои баланд шудани маблаѓи шартномаро шарњ дињад. Низоми маорифи Тољикистон чунин њодисаеро њам ёд дорад, ки донишљўи
Натиљаи як назарсанљї маълум кард, ки наздик ба 60% - и иштирокчиён бовар надоранд, ки Ўзбекистон ба НОБ-и "Роѓун" њамлаи низомї анљом намедињад.
3%
Дар ин назарсанљї, ки зери унвони "Бовар доред, ки Ўзбакистон ба Роѓун њамла мекунад?" баргузор шуд, 29 дарсад (286 нафар) ба варианти "Не, љуръат намекунад" раъй додаанд. 20% (200 нафар) њам ба гузинаи "Не, чунки аз тољикон мењаросанд" овоз додаанд. 10 дарсад (101 нафар) гуфтаанд, ки "Не, чунки аз пойгоњи 201-и Русия мењаросад". 23% (233 нафар) таъкид доштаанд, ки "Ба њар њол, мо бояд омода бошем".
Њамагї 9% (90 нафар) гуфтаанд, ки "Бале, метавонад" ва 6 дарсад (57 нафар)-и дигар ба варианти "Бале, зеро он як кишвари ќудратманд аст" њамовозї карда, 3% (25 нафар)-и ахир њам гуфтаанд, "Дар љавоб мушкилї мекашам". Ин назарсанљии виртуалї бо супориши нашрияи "Нигоњ" тавассути ОИ Тољнюс дар муддати як њафта, аз 5 то 12-ум моњи августи љорї баргузор гардида, дар он 992 нафар ширкат кардаанд.
АМНИЯТИ МИЛЛЇ Натанњо дар Тољикистон ба нишони эътироз аз ноадолатї, худро оташ мезананд, мекушанд, вале дар Тољикистон ин эътирозњоро кўшиш мекунанд, нодида бигиранд, ё то њадди ифрот вокуниши манфї нишон бидињанд.
"ШЎХЇ" - ЊОИ МАЊБАС Дар мањбасњо, масъулин ќариб њар марги асроромези мањбусон, ки аз назари омма
"КАМИКАДЗЕ" Кї мардумро худкуш мекунад?
АБДУРАЊМОН ДАВЛАТОВ БО ЊАМСАРУ ФАРЗАНДОНАШ ЊОЛИ ТАБОЊЕ ДОРАД зањои дуздї ин кас аз ноњияи Љалолиддин Румї ба хонаашон занг задааст. Њарчанд то ин дараља бегуноњии ў исбот шуд, аммо Суди ноњияи Рўдакї боз бародари маро гунањкор дониста, њамсинфи ўро девона гуфта озод кардааст. Дар Суди ноњияи Рўдакї аз ў талаб карданд, ки пора дињад. Аммо ин кас гуфтааст, ки модоме ман љинояткор нестам, пас чаро пора дињам? Бародари маро тањдид кардаанд, ки ё 2 сол мањбас мешавї, ё 4000 сомонї љарима месупорї. Дар њоле ки говро аз дасти њамсинфи Абдурањмон дошта буданд, на аз дасти ў, суд ўро гунањгор баровардааст", -наќл мекунад бародари Абдурањмон Давлатов. Абдурањмон Давлатов, њамон шаб, баъди берун шудан аз ШКД ноњияи Рўдакї гуфт: "Суди ноњияи Рўдакї маро нодилона 4000 сомонї љарима кард. Ба ман тўњмат карданд, ки гўё ман дуздї карда бошам. Ман гуфтам, ки набудам, марњамат шоњидонро биёред. Аммо онњо ин корро намекунанд. То њолате, ки маро зўрам омад. Се фарзанди ноболиѓ дорам, мардикорї мекунам, ки ризќи фарзандонамро ёбам. Ман се фарзандамро аз куљо хўронда мепўшонам? Ман ваќте назди хонаи Президент рафтам, омада бензинро аз дастам гирифтанд", -мегўяд Абдурањмон Давлатов. "Суди ноњияи Рўдакї бо ќарори судя Салихова Заррина, тахмин чор моњ ќабл ќарор бароварда буд. Чун Абдурањмон њамаи зинањои судиро гузашт ва ба арзи ўро касе гўш накард, маљбур шуд, ки ба худкушї даст занад. Чанд рўз пештар ў назди ман омада, гуфта буд, ки худро назди Ќасри Президент бо њамроњи кўдаконаш оташ мезанад. Аммо ман ба ў гуфтам, ки ин корро накунад, зеро ин кори њаром аст. Ў мегуфт, ки дигар тоќати ин ноадолатиро надорам", -мегўяд Ањмадхўља Давлатов.
5
дод, то кушоду шаффоф, аз рўйи ќонун ва адолат, бо иштироки ВАО ва намояндагони љомеаи шањрвандї баррасї кунад. Дар Тољикистон њодисањои худкушї хеле кам тањќиќ мешаванд. Њамасола дар кишвар, бино ба иттилои расмї, кам ё бештар аз 600 њолати худкушї ба ќайд гирифта мешавад. Бино ба як тадќиќоти Барномаи рушди Созмони Милали Муттањид бо номи "Њисобот оид ба рушди башарият дар соли 2013", Тољикистон миёни кишварњои минтаќа аз љињати шумораи худкушї баъд аз Ќирѓизистону Ўзбакистон ќарор дорад. Дар ќатори сабабњои суиќасд дар Тољикистон, маќомот вазъи бади иќтисодї, иљтимої, љанљоли хонаводагї, бемории руњї ва ѓайраро номбар мекунанд. Аммо то куљо ин фарзияњо асос доранд, норўшан мемонанд.
ЭЪТИРОЗИ ТОЉИКЇ Шоми дирўз 11-уми август, тахминан соати 19:30 даќиќа, сокини ноњияи Рўдакї Абдурањмон Давлатов, як мардикори оддї, назди хонаи Президент дар пойтахт кўшиши худсўзї кард. Кормандони хадамоти амнияти Президент аз кўшиши худсўзї пешгирї кардаанд. Ањмадхўља Давлатов, бародари Абдурањмон гуфт: "ноадолатињои Суди ноњияи Рўдакї, ки беасос бародари маро дар як дуздї муттањам мекунад, ўро ба ин кор маљбур кардааст. Бародарам мехостааст худро бо фарзандонаш дар назди Хонаи Президент оташ занад, аммо бо кадом сабаб ин корро накардааст. Мушкил дар он будааст, ки Абдурањмон бо кадом њамсинфашон нофањмие доштаанд ва он њамсинфашон ин касро дар як љинояти дуздї шарик сохтааст, яъне "подстава" кардааст. Дар асл ваќти содир шудани љинояти дуздї, Адбурањмон Давлатов дар ноњияи Љалолиддини Румї будааст ва адвокатњо низ инро исбот карданд. Исбот шудааст, ки дар лањ-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
Бино ба гуфтаи Абдурањмон Давлатов, ў бо ќарори суд дар дуздї гунањгор дониста шуда, ба 4 њазор сомонї љаримабандї шудааст, дар њоле, ки ин љиноятро содир накарда, дар рўзи содир шудани он дар љойи дигар ќарор доштааст.
ДУ МАВРИДИ ДИГАР Ин ягона њодисаи кўшиши худкушї ба нишони эътироз дар Душанбе нест, ки расонаї мешавад ва бо талоши љалби диќќати роњбари давлат сурат гирифтааст. Моњи марти соли љорї мўсафеди 74-сола Шавкат Рањмонов, сокини пойтахт, назди Ќасри Президент даст ба худкушї зад. Вай баъди бистарї шудан дар беморхонаи клиникии №3-и пойтахт, ки 50% баданаш сўхта буд, љон дод. Маълум шуд, ки Шавкат Рањмонов бо духтараш бањси манзилї доштааст ва бо ќарори суд аз ними хона мањрум мондааст. Њафтаи гузашта 6-уми август дар Душанбе боз як кўшиши худкушї расонаї шуд. Ин навбат шањрванди гурезаи Эрон - Отифа Пичанд ба нишони эътироз аз беэътиноии маќомот ва Намояндагии СММ дар Тољикистон даст ба худсўзї зад. Вай пештар ба Раёсати Комиссари олии СММ, Прокурори генералї Шерхон Салимзода ариза навишта, шикоят карда буд, ки аз љониби корманди маќомот мавриди таљовуз ќарор гирифтааст.
"ДЕВОНА" Ин њодисањоро метавон эътироз зидди ноадолатї дар маќомоти њокимияти давлатї номид. Фаќат мўсафеди 74-соларо, ки ў њам ба гумони ѓолиб мехост, аз њолаш роњбарияти њукуматро хабардор кунад, "девона" номиданд. Касе нафањмид, ки ў чї мехост.
Духтари Шавкат Рањмонов ба расонањо гуфт, ки падараш бемории руњї дорад ва пеш њам чандин маротиба даст ба худкушї зада будааст. Маќомот журналистонро ба мулоќот бо ў роњ надоданд ва ў шарњи эътирозашро ба гўр бурд. Дар ин ќазияњо, кї њаќ асту кї не, бояд суд њал кунад. Суди одил, ќонунманд ва адолатнок. Зарина Салехова иддаои Абдурањмон Давлатовро дар бораи талаби пора рад карда, инро тўњмат хонд. Суд бояд акнун ба ин савол њам посух гўяд, ки чаро ў зиндагиро - дар љавонї њаёташро дар пањлўи се тифли ноболиѓаш ба 4000 (чор њазор сомонї) љарима намехарад? Чаро ў ба пули будааш бензин харида, назди хонаи Президент ба Душанбе меояд, то худро аз њаёт мањрум кунад? Оё дузд ба ин амал ќодир аст? Оё нафаре, ки муттањам аст, нафаре, ки гови њамсояро дуздидааст, нафаре, ки ќарори суд барояш ѓайриинтизор набуд, нафаре, ки медонист, ки барои дуздї метавонад ба њабс равад, нафаре, ки ба зиндонї шудан тайёр буд ва огоњона ба дуздї мерафт, оё аз туњмат ба њамин андоза дилмонда шуда метавонист? Касе, ки дузд аст, оё метавонад маргро бар бадномї тарљењ дињад? Шаънашро метавонад аз њаёташ боло гузорад? Кї ќодир аст, танњо барои он ки дар чашми њама худро сафед кунад, ба марг розї шавад? Оё посухи ин саволњо, боварии касе дар Суди ноњияи Рўдакї ба бегуноњии ў зиёдтар намекунанд? Оё метавон гуфт, ки билохира як нафар бархост ва эътироз кард, ки омода аст љонашро бидињад, аммо шаънаш бори туњматро намебардорад? Наметавонанд њама "девона" бошанд. Бояд маълум кард, ки кї девона аст - муттањам ё суд?
ЉОЙИ СЕЮМ Дар њама кишварњо ба нишони эътироз аз ноадолатї, худро оташ мезананд, мекушанд, вале дар Тољикистон ин эътирозњоро кўшиш мекунанд, нодида бигиранд, ё то њадди ифрот вокуниши манфї нишон дињанд. Дар Тољикистон аз чї бошад, ваќте гирифторони ноадолатї ба расонањои мустаќил шикоят мекунанд, маќомот "љомаро чаппа мепўшанд" ва кор ранги дигар мегирад. Дар њолати бахайр дар бораи ин нафарон тўњматномаи дурударози беасосе нашр хоњад шуд, дар њолати ѓайр, ба онњо бо парвандањои нав тањдид мекунанд. Таљриба нишон додааст, ки ќариб њар як чунин ќазия, бо "хизматњои хирсона" и як ё ду курсичадор, ки пинакашон вайрон шуд, сиёсї мешавад ва ба эњсоси манфї нисбати роњбарияти њукумат зам мекунад. Масалан, дар ќазияи Абдурањмон Давлатов, бењтарин вокуниши маќомот њамин буда метавонад, ки ќазияро бояд ба додгоњи дигар
пинњон аст, худкушї унвон мекунанд. Мањаммадшариф Насриддинов, мањбуси 22-солаи мањбаси №1 пойтахт шаби 1уми феврали соли љорї ба њалокат расида буд. Талбак Насриддинов, падари мањбус ба журналистон гуфта буд: "Гуфтанд, ки писаратон худкушї кардааст. Бовар накардам, шухї фањмидам..." Вай гуфта буд, ки писараш боре аз зиндагї шикоят надошт ва њамеша мегуфт, ки падарљон ман ислоњ шудам ва ваќте баромадам, маро хонадор кун. Бањром Абдулњаќов, муовини сардори Сарраёсати иљрои љазои љиноии назди Вазорати адлия њамчунин марги мањбусро худкушї унвон кард. Љасади Њамза Икромзода, мањбуси 27солаи њамин мањбас бо љароњатњои зиёд ва пайи сўхта 21-уми сентябри соли 2012 ба наздиконаш супорида шуд. Наздикони Њамза Икромзода дар латукўб ва шиканљаи марњум кормандони мањбас, аз он љумла роњбари ин муассисаро айбдор медонанд. Раёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон ин иддаоро рад карда, гуфтанд, Њамза Икромзода худкушї кардааст. Баъдтар, Прокуратураи назорати иљрои ќонунњо дар муассисањои ислоњии Тољикистон аз хулосаи тањќиќи ин ќазия изњорот дод, ки сабаби марги Њамза Икромзода бинобар "хунукназарї"-и масъулин рух додааст. Аксу сабтњои видеої, ки вуљуди шиканљаро дар мањбасњо тасдиќ мекарданд, боиси истеъфо, ё ба љазои љиної кашида шудани масъулини мањбасњо нашуданд. 26-уми июни соли 2012 Аљик Ќаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноњияи Фархори вилояти Хатлон дар мањбаси №3 Вањдат аз захми теѓ, ки худ ба пояш задааст, аз зањролуд шудани таркиби хун фавтид. Мањбус баъди чор рўзи љароњат бардоштанаш ба њалокат расид. Њамон сол 6-уми июн дар њамон мањбас, мањбус - Нўъмон Сатторќулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноњияи Конибодом, дар њолати асроромез худро ба дор овехта, ба њалокат расид. 22-юми июни соли 2013 варзишгари мањбус Алишер Ќосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шањри Душанбе, ба њалокат расид. Аз худкушии Далер Азизов, мањбуси дигари њамин муассиса, пешгирї карда шудааст. Дар Тунис худсўзии эътирозии сабзаљотфурўши љавони "камикадзе" 17-уми декабри соли 2010, ки мањсулоташро барои пораситонї мусодира карда буданд ва дар беморхона љон бохт, њамчун омили тањрикдињандаи гирдињамої, тазоњуроти оммавї ва суќути њукумати Бинни Алї унвон мешавад...
Фаридун РАЊНАВАРД
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
ТИБИ БЕСОЊИБ
Академик: "МОРО "ЗИНДАБАГЎР" КАРДАНД Академик њоло забони хориљї меомўзад. Интизори рўзи баромадан ба нафаќа аст, то... ба яке аз кишварњои хориљ ба кор равад. Мутахассис ё кадр, ки љомеа ба ў ниёз дорад, мунтазир аст бар пояи ќарори њукумат расман ўро пеш кунанд. Табибон асосан баъди аз синни 50 боло рафтан ба камолоти тахассусї мерасанд ва нафъи бештар ба тиб ва љомеа меоранд. Аммо њоло дар ин синну соли камолот онњо бояд аз кор раванд. Љарроњ Рањмон Муродов њоло ба њайси мушовир дар шифохонаи Ќарияи боло фаъолият дорад. Муаллифи беш аз 20 патенти усулњои љароњии дилу гурда аст. Вай љарроњињои асаб ва сарро роњбарї мекунад. Чанд рўз ќабл дар Ќарияи боло тасодуфан бо як хонум њамсуњбат шудам. Хонум мегуфт, ки дар Русия барои љарроњии сари фарзандаш 20 њазор доллар талаб карданд. Аммо маблаѓ надошт ва бо фарзанди бемор ба ватан баргашт. Ба тасодуф касе ба ў Рањмон Муродов ва писараш Рањим Муродов - табибони љароњи сарро муаррифї мекунанд... Њоло фарзанди он хонум бо маблаѓи хеле ночиз сињат ёфтааст. Оё ин боигарии миллат ва тиб нест? Академик дафтари забони хориљиашро нишон дод, ки грамматикаи арабиро ба охир расонидааст. Фањмидам, ки ў ба кишварњои арабї меравад. Њоло 60 сол дорад ва хеле, ба истилоњ, бардам њам аст. Аммо чаро ў бояд биравад ё биравонемаш? Оё барои њукумат магар чунин ботаљрибањо ва сарватњои миллат лозим нестанд? Оё кадрњое, ки њоло бањоро дар мактабњои миёна бо фри ё картошкабирён ва олї бо доллари сабз мехаранд, магар љойи мутахас-
«
сисони дорои таљрибаи 30 - 40 соларо гирифта метавонанд? Академик Њ. Мансуров њам замони аз ќарори њукумат дар бораи дар синни нафаќа гусел кардани табибон сахт афсўс хурда буд. Дар суњбат ба "Нигоњ" гуфта буд, ки ин ќарор ќабри тибро меканад. Шояд барои бархе соњот зарур бошад, аммо барои тиб на. Табибон хатто то синни 80 - солагї тавони кор дар тибро доранд. Њоло академики тибби мо њамагї 1700 сомонї маош мегирад. Он њам агар дар беморхонае ба њайси мудир фаъолият дошта бошад. Академик Рањмон Муродовро ошкоро аз маблаѓи дармонаш мепурсам. Мегўяд, ки бемор худаш до-
Ваќте "нафќагуселкунандагон" руйи як курпача бо духтари калоне нишаста, як љо "тост" мебардоранд, аз иќдомашон даст мекашанд. Ин аст зўрї дар кишвари мо, на ќонуну ќарорњои расмї! Маљидови фавтидаро мансаб не, беэњтиромї ба худу ва хидматаш ба соња кушт ё...?
«
рувориро меорад, њолатњое мешавад, ки ба нодор бо розигии беморони дигар, ки дорувориаш фаровон аст, ё аз захирањои худамон ёрии тиббї мерасонем. Дар бораи як академики тибби кишвар навиштанї набудем, аммо марги Саидбухорї Маљидов, собиќ директори Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Љураев, ки баъди њамагї чор соати аз вазифа рафтанаш рух дод, омўзанда аст. Ба наќли шоњидон, ки шодравон барои 8 моњи дигар идомаи фаъолият карданаш аз вазири фарханг ва муовини вазир хохиш карда будааст, аммо ин ду роњбар рад кардаанд. Њамкоронаш дар вазорати фарњанг мегўянд, масъулиятшинос буд ва Филармонияи ба биёбон табдилшударо обод кард. Њар рўзу њафта дар Филармония як барномае буд, мо журналистон њам шоњиди баргузории чорабинињои бахшида ба рўзи матбуот њам шудем. Аммо 8 моњ чї сирре дошт, ки як фарњангиро аз мо рабуд? Чаро нафаќахўрони аз синни 60 гузашта, њоло њам дар муассисањои зертобеъи вазорат фаъолият доранд ва онњоро вазир ба истилоњ љунбонида наме-
тавонад? Ё як нафаќахўри дигари вазорат, ки синнаш аз 60 гузаштааст, хабари тибќи ќарор ба нафаќа гуселкарданашро шунавад, сенария тайор мекунад. Дар хонааш ба ин муносибат зиёфат ороста, духтари калонеро њам даъват мекунад ва бо роњбарияти вазорати фарњанг якљо сари дастархон мешинанд. Ваќте "нафќагуселкунандагон" руйи як курпача бо духтари калоне нишаста, як љо "тост" мебардоранд, аз иќдомашон даст мекашанд. Ин аст зўрї дар кишвари мо, на ќонуну ќарорњои расмї! Маљидови фавтидаро мансаб не, беэњтиромї ба худу ва хидматаш ба соња кушт ё...? Оё табибе, ки синаш ба 63 расидааст ва ўро мо ба нафаќа гусел карда, аз мудирият озод мекунем ва ба љойи ў як 25 - сола ё 35 - сола кадри љавонро мемонем, коре аз рўи хирад аст? Тољикистон њамагї 4 академики тиб дорад. Онњоро "зиндабагўр" мекунем? Њадди аќал њамон 8 моњро барои идомаи кор дињем, чї мешавад? Мењрбону ОРИФЇ
ВОКУНИШ - Аз давраи ќабул ва мавриди амал ќарор додани Кодекси андози Љумњурии Тољикистон муњлати начандон тўлонї гузаштааст. Аз љониби маќомоти ваколатдори љумњурї пеш аз мавриди амал ќарор додани он корњои фањмондадињї ба роњ монда шуда буд ва ќайд кардан ба маврид аст, ки њангоми тањия, муњокима ва ќабули Кодекси андози ЉТ соњибкорон, коршиносон, кормандони вазорату идорањои љумњурї ва инстутњои байналхалќии молиявї иштирок намудаанд ва пешнињодњои онњо ба инобат гирифта шудааст. Оиди андозбандии Ширкатњои байналмиллалии алоќаи барќї ќайд менамоем, ки 15 -уми майи соли 2014 дар Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон оид ба баррасии мутобиќати меъёрњои ќонунгузории миллї ба меъёр ва ќоидањои Иттињодияи байналмилалии алоќаи барќї дар соњаи андозбандї љаласаи васеъ, бо иштироки шахсони масъули Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Вазорати молия, Кумитаи андоз, намоян-
ВАЗОРАТИ МОЛИЯ: АДАМТ ЯГОН МАВОД ПЕШНИЊОД НАКАРДААСТ! (Вокуниш ба матлаби "Изњори нигаронї" "Нигоњ", №16 (398), аз 9 июли соли 2014) дагони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоќаи мобилии Тољикистон, ширкатњои "Вавилон" ва "Билайн" гузаронда шуд. Дар љаласа пешнињод гардид, ки бо маќсади омўзиш ва хулосабардорї Ассосиатсияи дастраскунандагони алоќаи мобилии Тољикистон ба унвони Вазорати рушди иќтисод ва савдо, Вазораи молия ва Кумитаи андози назди ЊЉТ тањлилњои амиќи иќтисодиро пешнињод намоянд. Муттаассифона, аз тарафи Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоќаи мобилии Тољикистон то имрўз маводњои зарурї оид ба масъалаи маз-
кур пешнињод карда нашудааст. Инчунин ќайд менамоем, ки тибќи супориши Њукумати Љумхурии Тољикистон дар назди Вазорати молияи ЉТ аз њисоби кормандони масъули вазорату идорањои дахлдори љумњурї ва бахши хусусии љумњурї гуруњи доимоамалкунанда бо маќсади омўзиш, тањлил ва такмили Кодекси андози ЉТ таъсис дода шудааст ва андозсупорандагон метавонанд љињати такмили низоми андозбандї ба њамин гуруњи корї мурољиат намоянд. Дар њолати пешнињод гардидани тањлилњои амиќи иќтисодии асосноккардашу-
да, масъалаи андозбандии ширкатњои алоќаи барќї такроран мавриди баррасї ќарор дода мешавад. Мењринамо ЉОНМАМАДОВА, муовини вазири молияи Тољикистон
РАНДА "Марворид" аз охирин таълифоти адиб ва тарљумони шинохтаи кишвар Абдуѓаффор Абдуљабборов буд, ки барои суњбат бањонае шуд. Њарчанд муаллиф мењмони нав дар сањифањои њафтанома нест. Аз ин пештар њам дар љараёни таълифи маќолањо аз рўзгору осори адиби оламшумул Габриэл Гарсиа Маркес мо Абдуѓаффор Абдуљабборовро чун яке аз мутарљимони аслии романњои адиби маъруф муаррифї кардаву суханњояшро аз боби таваљљуњаш ба тарљумаи Маркес иќтибос оварда будем. Вале ин суњбат ихтисосист ва бештар аз фаъолиятњои эљодии адиб ва андешањояш ба дурнамои тарљума дар кишвар сухан меравад. Нахустин суол њам ин буд, ки сабаби ба тарљумаи адабиёти бадеї рў овардани Абдуѓаффор Абдуљабборов дар чї буд? - Рости гап, айёми тањсил дар мактаби миёна як силсила асарњои тарљумавии адабиёти љањонро хонда, њавас мекардам. Орзу њељ гоњ ва њаргиз айб нест. Фаќат бањри амалї шудани он бояд сари ваќт замина гузошт. Бинобар ин овони донишљўї андак љиддитар ба омўзиши забони русї пардохтам. Бехабар аз он, ки шамоли таќдир маро ба фазои таърихию эњтиросангези Донишгоњи давлатии шањри соњили Нева мебарад. Ибтидои солњои 80-ум мањз ба хотири амиќтар дарк намудани нозукї ва тобишњои забон чанд њикояву повестњои Е. Носов, А. Лиханов ва драмаи М. Шатровро ба забони тољикї гардондам… Сирф барои санљиши худ. Аз онњо танњо як порча аз повести "Фарзанди Россия"-и А. Лиханов дар рўзномаи њамонваќтаи "Комсомоли Тољикистон" чоп шудаасту халос. Сипас, то љое таърихи тарљумаи адабиёти бадеиро дар Тољикистон омўхтам, ёддоштњои устодон Њабиб Ањрорї, Рањим Њошим ва дигаронро хондам. Оњиста-оњиста, соли 1987 дар кунљи дилам баробари шиносої бо баъзе асарњои адабиёти љањонї љуръату ќудрат падид омад ва ба тарљумаи баъзе њикояњое, ки бароям хеле дилписанданд, шурўъ кардам… - Чї боис шуд, ки ба эљодиёти Габриэл Гарсиа Маркес таваљљўњ зоњир намудед? Њангоми тарљумаи романи "Сад соли танњої" чї душворињо пеш омаданд? Масалан, дар муќоиса бо тарљумаи повести Валентин Распутин "Дарсњои франсузї"?.. - Бори дигар шоистаи зикр медонам, ки ман ба Габриэл Гарсиа Маркес ба шарофати устод Кўњзод, ки романи "Хазони умри Одамхудо"-ро тарљума кардаанд ва охирсухани муњаќќиќи барљаста Акбар Турсунов ба он асар раѓбат пайдо карда будам. Баъд то љое фањмидан мехостам, ки чї асрори бузург дар офаридањои Габриэл Гарсиа Маркес нињон аст, ки ањли љањон мароќ доранд. Шояд хоксорї набошад, аммо, иќрор мешавам, ки тарљумаи "Сад соли танњої" он ќадар, сарфи назар аз њама тобишњои фикру иншо, гардишњои услубї, банду басти сюжетї, тавони бењамтои ба њам омезиш додани воќеияту устураву афсонаву тахайюл ва љумлабандињое, ки баъзан аз 10-12 феъл иборатанд, душворї надошт. Чунки мењру эњтиром ба эъљози адиб боло гирифта буд. "Дарсњои франсузї" аз самимитарин офаридањои нависандаи классики муосири рус Валентин Распутин ва тарљумааш, албатта дар ќиёс, осон метофт. Агар имкон мебуд ба њар нафар хонандаи мактаб онро таќдим мекардам. Эњтимол садњо нафарашон хонда њастии одамияти хешро зери таъсири маънавии "Дарсњо…" ташаккул медоданд. Чї тасвирњои нодир, ѓалаёни андеша, рафтору хулоса ва заминагузории хислати инсонї… Дили одам ба эњтирос меояд!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
7
Абдуѓаффор АБДУЉАББОРОВ:
ТАРЉУМА МЕЊРУ САБРУ САМИМИЯТ МЕХОЊАД… Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо тарљумони Камю, Маркес ва Распутин - Маќоми тарљумаро дар адабиёт ва њаёти иљтимої чї сон арзёбї менамоед? - Таи асрњо дар адабиёти њар миллат тарљумаи бадеї мартабаи хосу љиддї дошт ва имрўз низ халќњои олам ба бозёфтњои адабї мароќ доранд. Таърихи адабиёти классикии мо, аз устод Рўдакї сар карда, мисолњои фаровонро доро асту асрњои миёнаи адабиёти умумибашарї њам. Шоњи кабири рус Пётри 1 таъкид фармуда, ки зимни тарљума рўњи асар, услуби муаллиф набояд коњиш ёбад. Шоири бузург Пушкин тарљумонњоро "аспњои почтавии маърифат" ва адиби забардаст Чингиз Айтматов "тарљума - фарзанди муњаббат аст" гуфтаанд. Шоири Куба Элисео Диего тарљумаро рамзи дўстии беолоиши (бигузор ѓоибона) байни нависандагон пиндоштааст. Бибунед, 19 майи соли 1945, баъди дањ рўзи Ѓалаба пленуми нависандагон дар Москва сурат гирифта, Александр Твардовский оид ба офаридањои адибон гузориш дода, хоса, тарљумаи "Антоний ва Клеопатра" ва "Ромео ва Љулйетта"-ро аз љониби Борис Пастернак ќайд кардааст. Бо вуљуди он, ки љанг мерафт ва умед ба ояндаи адабиёт дар дили ў њифзу гиромї мондааст. Таи 70 соли замони шўравї, ман бо њавсала аз рўи маълумотномаи "Адибони Тољикистон" њисоб кардам, ки беш аз 350 асарњои хурду калони адабиёти олам ба забони модарии мову шумо тарљума ва интишор ёфтааст.
Бинобар ин, тарљумаи романи "Сад соли танњої"-ро ба ёди неки адибон - мутарљимони касбии адабиёти тољик Абулќосим Лоњутї, Њабиб Ањрорї, Рањим Њошим, Сотим Улуѓзода, Эмануил Муллоќандов, Фазлиддин Муњаммадиев, Аслам Адњам, Шамсї Собир, Абдулло Зокир ва дигарон бахшидаам, ки бањри тарљума ва ѓанї гардонидани хазинаи маънавии халќамон сањми камназир гузоштаанд. Чањорљилдаи "Љанг ва сулњ"-и Лев Толстойро дар тарљумаи Њабиб Ањрорї бинед, касро воњима зер мекунад. Пайваста тарљумаву тањияи Азимќул Насимов чоп мешавад, устод Љумъабой Азизќулов дирўз иттилоъ доданд, ки романи "Граф Монте-Кристо"-ро тарљума кардаанд. Хеле хушнуд шудам. Анъанаи ин гуна шахсиятњо, ки соњибмактабанд, бояд њатман идома ёбад, зеро тарљумаро яке аз рукнњои мўътабари фарњанги адабиётдорї эътироф намудаанд. - Тољикистон ба таъсиси мактаби тарљума ниёз дорад ё на? - Бечунучаро. Чунки тарљумаи адабиёти бадеї дар њар давру замон як љузви муњими адабиёти миллї ба шумор мерафт ва њамчунон хоњад буд. Њалолашон бод, сарфи назар аз бепарвоию нодида гирифтанњои љомеа, зумрае аз тарљумонњои касбии мо пайваста ба тарљумаи асарњои љолиб шуѓл меварзанд. Вале, як сохтори њамоњангсоз зарур аст, ки тарљумонњоро ба њам орад, масоили соњаро тањлил ва самтњои ояндаро даќиќ намояд. Зеро њанўз садњо асарњои бењтарини адаби-
МУАРРИФИИ "НИГОЊ": Абдуѓаффор Абдуљабборов - нависанда, тарљумон, драматург, доктори фахрии фалсафа дар соњаи адабиёт, Академики Академияи мусаввирии Тољикистон, роњбари дастгоњи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон. Муаллифи китобу маљмўањои "Гавњаре дораму соњибназаре мељўям", "Сўњони ќазо", "Лањзањо", "Аспи озурда", "Каприччио", "Последний снег" (нашриёти "Истеъдод"), "Дарсњои Вафо Назаров"… Романи нависандаи Миср, барандаи љоизаи Нобел Наљиб Махфуз "Роњ", повест ва романи Габриэл Гарсиа Маркес "Ба полковник касе наменависад", "Сад соли танњої", романи "Моњ ва фулус"-и Соммерсет Моэм, "Дарсњои франсузї"-и Валентин Распутин, як силсила њикояњои адибони шинохтаи љањон, китобњои публитсистии Нурсултон Назарбоев "Роњи ќазоќистонї", "Дар дили ЕвроОсиё", асари публитсистии Сун Сзячжен "Ормону орзуњо дар фарњанги муосири Чин", шаш пйесаи драматургони љањониро ба забони тољикї тарљума кардааст.
ёти асрњои гуногуни олам ба забони тољикї манзури хонандагони мо нагардидаанд. Ин иќдом, фаќат бо афсўс хўрдан ислоњ њам намешаваду пеш њам намеравад. Њафтае пеш бо љалби ањли адабиёт маљлиси корї ороста, иттилоъ доданд, ки Маркази тарљумаи адабиёти бадеї дар назди Иттифоќи нависандагони Тољикистон таъсис меёбад. Умедворем, ки он рисолати аслию таърихии хешро дар замони истиќлолият њадафмандона баљо биёрад. - Алњол чї наќшањои эљодї рўи кор омадаанд? - Ибтидои солњои навад як порчаи пйесаи Бертолд Брехт (драмнавис, адиб ва ходими театрии Олмон) "Куражбибї ва фарзандони ў"-ро тарљума карда будам. Баъдан аз мадди назар дур афтода, фаромўш њам шуда буд. Чанде пеш, тибќи фармоиши театр онро ба субут расондам. Сонї, бо супориши вазорат ба ифтихори 100-солагии зодрўзи композитори барљаста Зиёдулло Шањидї пйесаи "Суруди вопасин"-ро навиштам, ки онро режиссёри машњур Давлат Убайдуллоев дар сањнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї тањия карда истодааст. Гоњ-гоњ, фурсат даст дињад, силсилаи "Лањзањо"-ро идома медињам. Ният дорам, то охири сол повести худро, ки "ЗооПарК" ном гузоштаам, ба анљом расонам… Мусоњиб Бобољони ШАФЕЪ
Барандаи љоизаи Иттифоќи журналистони Тољикистон ва Ассотсиатсияи публитсистони Тољикистон. Бо ордени "Шараф" (дараљаи II), "Дили Данко" (Русия), медали љашнї ба ифтихори ХХ-солагии истиќлолияти Ќазоќистон, медали тиллои шабакаи тањсилотии Оксфорд… мушарраф гардидааст. Иштирокчии Форуми байналхалќии нависандагон "Чингиз Айтматов ва замони муосир" (2009, Бишкек), семинарњои байналхалќии тарљумонњои адабии кишварњои ИДМ ва Балтия (2010, Москва, Ереван) мебошад. Дар сафи њайати эљодї ба кишварњои Русия, Эстония, Ќазоќистон, Франтсия, Эрон, Афѓонистон, Арманистон, Хитой, Ўзбакистон, Туркманистон, Њиндустон, Ќирѓизистон, Кореяи Љанубї сафар кардааст. Узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон, Иттифоќи байниминтаќавии нависандагони Россия. Моњњои апрел-июли соли љорї китобњояш "Последний снег" - чопи Санкт-Петербург, "Фарзанди сарзамини ќазоќ", "Марворид" - тарљумаи бадеии роман, повест, њикоя, драмањо манзури хонандагон гардиданд.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
МИНБАРИ ХАЛЌ
CЕРРО ЧЇ ПАРВОИ ГУРУСНА! Мурољиат ба Амирхон Каттаев, депутати Маљлиси намояндагони МО аз шањри Исфара Муњтарам Амирхон Каттаев! Шумо имрўз камаш 4950 сомонї барои депутатиатон моњона мегиред. Барои он камаш мегўям, ки боз имтиёзњои зиёде доред, ки бароятон чун намоянда медињанд ва онњоро њамроњ намоем, моњонаатон аз 6000 сомонї њам мегузарад... Њамробой Тўраев дар кони ангишти Шўроб кўњкан буд. Пагоњии 19 декабри 1979 ваќте кори навбатиро ба анљом расонида, баргаштанї буд, якбора аз тори сараш ќабати бараш чорметраву дарозиаш тахмин дањметраи љисмњои куњї канда шуда, ўро пахш кард. Дар як лањза љисми ў зери чанд тонна бори гарон монда, љањон дар назараш торик шуд. Њамробой пару хобида, умед аз зиндагї канда буд. Хабари фољиаи Њамробой зуд ба рањбарияти кон ва њамчунин ба бародараш Бўрибой Тўраев, ки низ кўњкан буд, расид. Чун гуруњи куњканон ба љойи фољиа омаданд, ба ѓайр аз тўдаи дарозиаш тахмин дањметраи љисми куњї чизе наменамуд. Коргарон ноумед шуданд ва њама гумон карданд, Њамробой кайњо фавтида, зеро тани ўро бори гарони сангин пўшонида буд ва љисми инсон назди ин вазни гарон лањзае њам муќовимат карда наметавонист. То ин дам чанд бор чунин њолати фољиабор рух дода, аз он нафаре зинда намонда буд. Вале Бўрибой бовар дошт, додараш зинда аст ва бо тамоми овоз "Њамробой!" гуфта, бонг зад. Нохост аз даруни тўдаи санг садои заифи "ња" - и додараш омад... Акнун барои наљот додани додар роњ бояд кушод ва барои ин бошад, њамон тўдаи дањметраи сангро тоза кардан зарур буд. Баъзењо мегуфтанд, барои то Њамробой расидан камаш як шабонарўз зањмат кашидан даркор аст, аммо то он ваќт зинда мондани ў дар гумон буд. Роњрави зеризаминї танг буд ва дар он на аз се кас зиёдтар кор карда метавонист. Бо вуљуди ин Бўрибой ва Иброњимбой Аловаддинов, Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї (ин унвон баробар ба Ќањрамони Иттињоди Шўравї буд) бовар доштанд, то бегоњ ба Њамробой мерасанд ва наљоташ медињанд. Дар њар ним метр, ки пеш мерафтанд, Бўрибой њамоно садо мезад: "Њамробой, тоќат кун! Наздик омадем!" Пас аз шаш - њафт соати фољиа куњканњо ба љисми нимљон ва хуншори Њамробой расиданд ва ўро наљот доданд.
Њарчанд пўсти сар ба пушт рафта, сутунмуњра ва дастонаш шикаста буданд, њама хурсанд буданд, ки Њамробойро аз марги яќин халос карданд. Дањњо шахтёрони тољик дар кони ангишти Шўроб ќурбон шуда буданд, зеро шароити кори зеризаминї вазнин буду њаст. Аз ин сабаб куњкане, ки бист сол зери замин кор кунад, баъди расидани солаш њуќуќи гирифтани нафаќаро дорад. Њангоме ки ин маќоларо менавиштам, боз аз кони Шўроб шумхабар омад, ки Абдураззоќи 59 - сола аз Чоркуњ аз гази зањрноки зеризаминї фавтидааст. Дар он солњо, чи тавре акаи Њамробойи 72-сола наќл мекунад, дар як баст то 200 тонна ва аз он њам зиёд ангишт медоданду дар се баст то 700 тонна! Дар як шабонарўз тамоми кони Шўроб бошад, то 3000 тонна ва аз ин њам зиёдтар ангишт меканд. Њамин матонату шуљоат ва ѓайрати ангиштканони солњои њаштодуми кони ангишт буд, ки дар Шўроб як миллион тонна ангиштсанг истењсол карда буданд ва имрўз ин раќам чун афсона менамояд. Вале њоло тамоми кони ангишти Шўроб дар як рўз тахминан то 100 тонна ангишт истењсол мекунад. Яъне, њоли њозир назар ба солњои 80-ум тахмин 30 баробар камтар ангиштсанг истењсол мешавад. Акаи Њамробой бо њасрат мегўяд, ки њанўз лати он фољиа азобаш медињад, аммо нафаќааш танњо 200 сомонї аст! Ва ин пул ба дорупулї њам намерасад. Њол он ки ў зиёда аз 20 сол зери замин куњкан буд! Ман аз акаи Њамробой мепурсам, ки чї тавр 200 сомонї масраф мешавад. Табассум мезанад ва мегўяд, ки хайрият, фарзандони баору баномус дорам, ки дастамро ба оби хунук задан намемонанд. Онњо зиндагии моро таъмин мекунанд ва њамчунин даштеро обод карда будам ва имрўз андак бошад њам, њамон замин зиндагии моро мекашад. Аммо он куњканоне, ки писари коргар надоранд ва ё доранду ба зиндагии худ овораанд ва ба волидайн наметавонанд мадад расонанд, чї кор мекунанд? Ака-
аш рањматї Бўрибой Тўраев низ барои 27 соли собиќаи куњканї танњо 200 сомонї мегирифт. Имрўз куњкан Ќањњоров Бобои Шайх аз дењаи Чоркуњ, ки 35 сол умри худро дар минтаќаи аз њама хавфноки кон љойи ангиштканї, ки њамеша эњтимоли фурў рафтани сангу љисмњои куњї ба сарашон буд, сарф карда, низ 200 сомонї нафаќа мегирад. Шамсиддин Ѓиёсови 82-сола низ ба ивази 32 соли зањмати зеризаминї 200 сомонї пул мегирад. Амакхон Њисомов низ дар як шахта 30 сол кор карда, аз ангишткани оддї то ба сармуњандис расида буд, вале нафаќааш танњо 200 сомонї аст. Ў мегўяд, аз соли 1992 то 1996 ќариб ки бе моњона кор кардааст. Дар он солњо ба љойи маъош як халта ангиштсанг медоданд... Њоло дар шањрњои Исфара, Шўроб, дењањои Зумрадшоњ, Чорќишлоќ, Сурх, Чоркўњ ва Ворух њазорон ангиштканон њастанд, ки синнашон ба 60, 70 ва 80 расида, ба истиснои ду ё се нафар њамаи онњо танњо 200 сомонї нафаќа мегиранд! Бобо Љабборов, ки депутати Шўрои Олии Иттињоди Шўравї буд, 360 сомонї нафаќа мегирад ва ў њам мегўяд, бо ин пул зиндагии якмоњаро саришта кардан амри мањол аст. Ин љо љоиз аст, нафаќаи ўро бо нафаќаи депутатњои имрўза муќоиса кунем. Дар Ќонун дар бораи таъмини нафаќа омадааст, ки барои мардуми оддї 55% маъошаш барои нафаќа ба инобат гирифта мешавад, аммо барои депутатњои муњтарам 80% - и моњонаашон. Агар барои депутатњо мањдудият љорї нашуда бошад, онњо камаш 4000 сомонї нафаќа мегиранд. Њол он ки Љабборов депутати Шўрои Олии Иттињоди Шўравї буд! Ќањрамони Мењнати Сотсиалистї Иброњимбой Аловаддинов, ки синнаш аз 80 гузаштаасту 40 сол умри худро зери замин бо зањмати сангин гузаронидааст, андак зиёдтар аз 400 сомонї нафаќа мегирад. Такрор мекунем, ки ин унвон баробар ба Ќањрамони Иттињоди Шўравї буд ва панљоњ соли охир танњо ду кўњкани тољик Мелик Шафиев ва Иброњимбой Аловаддинов ба ин унвон сазовор шуда буданд ва ин худ далолат ба он дорад, ки ин унвони олї хеле боќадр буд. Бечора Мелик Шафиев имрўз дар бистари беморист ва дар шањраки Шўроб зиндагї дорад ва аз рўи гуфтаи рафиќонаш нафаќа танњо дорупулї мешудааст...
Дар муќоиса ба онњо ангиштканони имрўза хушбахтанд. Бо ангишткан Њодибой Ѓаниев аз Чоркуњ, ки як моњ ќабл ба нафаќа баромадааст, суњбат кардам. Мегўяд, бист сол собиќаи зеризаминї дорад ва ба нафаќа бо 600 сомонї баромадааст ва пурсидам, ки шояд ў аз дигарон фарќ мекунад. Гуфт, на, ќариб ки њамаи онњое, ки ин моњу сол бознишаста мешаванд, аз 400 то 600 сомонї нафаќа мегиранд. Яъне, оне, ки зиёдтар ангишт истењсол карда, афзунтар гирифтори фољиањо шудаанд, солњои бисёртар зери замин кор кардаасту собиќаи зиёдтар дорад, њоло аз бознишастањои муосир СЕ БАРОБАР камтар нафаќа мегирад. Он пуле, ки куњканони имрўза чун нафаќа мегиранд, танњо дар муќоиса бо њамкасбони насли калонсол хуб аст, зеро аз суњбати онњо маълум мегардад, ки бо ин 600 сомонї танњо хоксорона зистан мумкин аст, на пасандоз кардан. Сабаби чунин фарќият, дурусттараш беадолатї, нисбат ба насли калонсол дар чист? Шояд ангиштканони имрўза моњонаи зиёдтар мегиранд? На, моњонаи ангиштканони имрўзаро бо маъоши он рўзњо муќоиса кунем, ангиштканони солњои њаштодум назар ба имрўза зиёдтар мегирифтаанд. Акаи Њамробой мегўяд, онњо аз 500 то 700 рубл маош мегирифтаанд. Шахтёрони њозира низ аз њама зиёд то 1000 сомонї њаќ мегиранд. Агар ин ду моњонаро ба доллар гардонем, афзалияти чандкарата дар насли калонсол аст, чунки солњои 80-ум 1 доллар ќариб баробар ба 1 рубл буд. Пас агар ба њисоби миёна онњо њар моњ 500 доллар маъош мегирифта бошанд, пас куњканони имрўза то 200 доллар. Ин беадолатиро албатта, куњканони насли калонсол хеле хуб дарк кардаанд ва солњост, ки онњо ба њама идорањои марбута, њатто борњо ба Президенти Тољикистон њам навиштаанд, аммо аз кулух садо њасту аз љониби онњо не. Онњо мегўянд, бигузор ба номаи шикоятии куњканон љавоб надињанд, аммо аќаллан метавонанд, ба Маљлиси намояндагони МО ва дигар нињодњое, ки дар муайян кардани андозаи нафаќа наќши асосї мебозанд, дастуре дињанд, то ки ин беадолатї ё хатои даѓал ва камсаводонаву берањмона њангоми таъин кардани нафаќа рўй додааст, бартараф карда шавад.
МУШКИЛИ МАРДУМ
Пурсидам, ки чаро ба депутат аз шањри Исфара Амирхон Каттаев мурољиат накардед. Посухам доданд, ки ќаблан гуруње бо дигар масъала ба ў мурољиат кардааст, лекин депутат гуфтааст, он масъала бевосита ба фаъолияташон баста набудааст. "Ваќте нархњо моњ ба моњу њафта ба њафта неву рўз ба рўз баланд мешаванд, оё бо 200 сомонї имрўз одам барин зиндагї кардан мешавад?" - мепурсад аз ман яке аз он куњканон, ки синнаш ба 82 расидааст. Ман хомўшам. Ў суханашро идома медињад: "Кай шумо шунида будед, ки картошка 3 - 4 сомонї шуда буд?! Айб аст, ки мо як миллион тонна картошка истењсол кунему аз Покистону Эрон картошка харем! Сад сомонии нафаќаам њар моњ барои хариди дорувор сарф мешавад. Сад сомонї мемонад. Ба гўшт харидан меандешам, зеро аз он заруртар ѓизоњо њастанд, ки бояд харем. Масалан, картош-
ка, ки дањ килои он аллакай 30 сомонї мешавад, ним халта орд 70 сомонї мешаваду 200 сомонї тамом. Дилам ба тармева гум мезанад, вале харида наметавонам, чунки агар харбуза ё шафтолу харам, маљбурам, орд ё картошка нахарам... Ман аз онњое, ки нафаќаамро муайян кардаанд, мепурсам: чаро барои 30 соли умрамро зери замин гузаронида, борњо дасту пойям шикаста, ба дами марг рафта омадаам ва имрўз њам базўр роњ мегардам, танњо 200 сомонї медињед? Оё худи шумо ба 200 сомонї зиста метавонед? Њаргиз! Эй, онњое, ки ба ман 200 сомонї пули нафаќа муайян кардаед, маслињат дињед, ки ман бо кадом пул равѓан харам? Ба кадом пул моње аќаллан як кило шакар гирам? Ман дар бораи пули барќ, ки он њам номаълум њар сол баланд мешавад, намегўям! Ба кадом пул сабзавот харам??? Ман дар бораи либос њарфе намегўям...." - дигар дар чашмонаш ашк дамид ва њарф дар гулўяш дар монд. Барои ба суоли дардноки мусоњибам посух ёфтан ба Ќонуни ЉТ дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки соли 1993 ќабул шудааст, мурољиат мекунам. Дар "Фасли VII. Њисоб кардани нафаќа, моддаи 71 омадааст: "Ба шахсоне, ки дар моддаи 3юми ин Ќонун зикр гардидаанд, музди миёнаи моњонаи воќеї аз 24 моњи пайдарпайи охирини пеш аз корро ќатъ кардан, барои давомдињанњагони кор бошад, таи 24 моњи пайдарпайи охири кор пеш аз мурољиат барои нафаќа, ё ин ки аз панљ соли пайдарњами (бо интихоби шахси ба нафаќа мурољиаткунанда) тамоми давраи фаъолияти мењнатии пеш аз мурољиат барои нафаќа гирифта мешавад." "Музди миёнаи моњонаи мењнатї 5 сол бо роњи ба 60 таќсим кардани маблаѓи умумии музди шаст моњи таќвимии корї пайдарњам муайян карда мешавад." Дар назар мерасад, ки ин банди ќонун боадолатона навишта шудааст ва барои муайян кардани маблаѓи нафаќа њуќуќи бознишастаи ояндаро њимоя мекунад. Яъне, миќдори нафаќа дар асоси моњонаи ду соли охир ва ё панљ соли пайдарњами собиќаи корї бо интихоби худи мурољиаткунанда таъин карда мешавад. Ду соли охири собиќаи кории куњканони насли калонсол ба солњои навадум рост омадааст. Њамаамон медонем,
ки он солњо моњонаи муќаррарї 8, 10 то 20 рубл буд. Ана, барои њамин гоње аз минбару гоње тавассути матбуот љор мезанем, ки моњонањо назар ба фалон сол 50 ё 100 баробар афзудааст! Ёдам меояд, ки соли 1997 дар Донишгоњи омўзгорї як сол ба донишљўёни курси 5 дарс додам ва моњонаам 16 рубл буд. Агар аз рўи он муќаррарот нафаќа муайян мекарданд, шояд њамин 200 сомонї њам намешуд, бинобарин дар шуъбањои иљтимої панљ соли пайдарпайи аз љониби худи мурољиаткунанда интихобшударо гирифта, аз рўи он нафаќа муайян кардаанд ва чун моњонаи он солњо аз 300 то 700 рубл буд, њамон 200 сомонї таъин кардаанд. Аз назари ман иштибоњи асосї њамин љой рух додааст. Агар моњонаи куњканон дар давраи Шўравиро аз рўи ќурби њамон солњои њаштодум муайян мекарданд, ин гуна љабр болои ангиштканони насли калонсол намефуромад. Масалан, агар соли 1985 моњонаи куњкан 300 рубл бошад, он солњо ќурби 1 доллар ќариб баробари 1 рубл буд. Пас агар моњонаи куњкан тахмин баробар ба 300 доллар бошад, нафаќаи ў камаш ба 160 доллар баробар бояд мешуд. Дигар роњи муќоиса ин аст, ки ба 300 рубл дар он замон 16 - 17 халта орд, камаш 50 кг гўшти дасткуш (дар маѓоза як кило гўшти гов 1 рублу 90 тин буд) харидан мумкин буд... Бинобарин барои њимояи нафаќахўрони насли калонсол нафаќаи онњо на аз рўи моњонаи 24 моњи охир, балки аз рўи 5 сол ё 60 моњи пайдарпайи интихоби худи мурољиаткунанда мувофиќ ба ќурби њамонзамонаи рубл нисбат ба доллар муайян кардан зарур ва њатмї аст. Он гоњ мо метавонем, бигўем, андак бошад њам, адолати иљтимої барќарор шуд. Барои илова ба ин Ќонун ворид кардан асос њам њаст: ин нобаробарии миќдори нафаќаи насли калонсол ва имрўза. Њамчунин набояд фаромўш сохт, ки њар як ќонун догма нест ва њамеша бояд мувофиќ ба талаботи замон ба он таѓйироту иловањо ворид карда шавад. Худи Ќонуни ЉТ дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон исботи гуфтаи мост, зеро ба ин Ќонун аз соли 1993 то 2011 зиёда аз 20 бор (!) таѓйироту иловањо даровардаанд. Ва саволи мантиќї чунин аст: пас барои чї боз як иловаи дигар дохил карда
ЗАМОНЕ АНГИШТКАНЊОИ ТОЉИК ДАР ЯК КОНЊОИ ШЎРОБ ШАБОНАРЎЗЇ ТО 3 ЊАЗОР ТОННА АНГИШТ ИСТЕЊСОЛ МЕКАРДАНД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
9
нашавад? Муњтарам Амирхон Каттаев, шумо имрўз камаш 4950 сомонї барои депутатиатон моњона мегиред. Барои он камаш мегўям, ки боз имтиёзњои зиёде доред, ки бароятон чун намоянда медињанд ва онњоро њамроњ намоем, моњонаатон аз 6000 сомонї њам мегузарад. Аммо интихобкунандањои шумо, насли калонсоли ангиштканони тољик аз шањрњои Исфара ва Шўроб, дењањои Зумратшоњ, Чорќишлоќ, Сурх, Чоркуњ ва Ворух, ки њар яке аз 20 то 40 сол зери замин кор кардаанд, имрўз танњо 200 сомонї нафаќа мегиранд. Шумо аз онњо камаш 30 баробар зиёд моњона мегиред. Мувофиќи навиштаи нашрияи "Азия Плюс" маъоши Шумо (депутатњоро дар назар дорам) дар муддати 14 соли охир 5000% зиёд шудааст!!! Агар соли 2000 - ум 100 сомонї ва соли 2006 бо иловањо 1000 сомонї шуда бошад, пас соли 2013 то ба 4950 сомонї баланд рафтааст. Яъне, ин моњона бо хоњиши депутатњои муњтарам бардошта шудааст. Яъне, маъоши ќаблї барои зисту майишати дупутат кофї набудааст, њарчанд имтиёзњои зиёд дар муќоиса ба мардуми оддї доранд. Амирхон Каттаев, аммо як бор фикр накардед, ки интихобкунандањои куњансоли шумо чаро танњо 200 сомонї нафаќа мегиранд ва чаро чунин беадолатї рух додааст. Чї тавре мегўянд, серро чї парвои гурусна! Масъалае, ки аз он сухан меравад, шумо бояд кайњо мебардоштед! Аммо шумо худро аз чунин масъалањо бо бањонаи он ки бевосита ба фаъолиятатон дахл надорад, канор гирифтаед. Шумо БОЯД барои кушодани ин гирењ, ки дањсолањо мардум аз он љабри молиявї мебинанд, сањм гузоред! Бинобарин аз депутати МН аз шањри Исфара Амирхон Каттаев хоњиш мекунам, як бор сари ин масъала биандешад, ки чаро одамон то 30 - 35 cол зери замин, ба ќавли худашон, "кафанашонро ба гардан гирифта" ангишт канда, умед доштаанд, ки рўзе дар пирї ба ќадри њол давлат ѓами пиронсолии онњоро мехўрад, вале ин тавр нашуд. Ба замми ин шумо чанд намуди имтиёз њам доред, ки бечораи куњканони номбурда надоранд. Њоло шумо худро аз мардум дур гирифтаед ва дар њалли масъалаи мушкили ноњияи Исфара сањме намегузоред ва шояд гузоштан њам намехоњеду њам наметавонед, вале шумо метавонед ба Ќонуни ЉТ дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандон иловае пешнињод кунед, ки: Нафаќаи онњое, ки то солњои 90- ум зери замин кор кардаанд, мувофиќи ќонун аз рўи панљ соли собиќаи корї, ки худи коргарон интихоб мекунанд, муайян карда шавад ва моњонаи онваќтаи кўњканон бояд аз рўи ќурби доллар дар њамон солњо муайян карда шавад. На танњо куњканон, балки намояндањои дигар соњањо њам, ки насли калонсоланд, ќурбони чунин тарзи њисобкунї, ки њам беадолатона ва њам берун аз мантиќ аст, гардидаанд. Агар чунин илова ба Ќонун ворид карда шавад, он гоњ беадолатии сисола бартараф хоњад шуд. Амирхон Каттаев, як бор он коре, ки аз дастатон меояд, иљро кунед. Он гоњ њам савоб мегиред ва њам бевосита кореро ба охир мерасонед, ки њазорон нафар интихобкунандањоятон андак бошад њам, нафаќаи зиёдтари боадолатона гирифта, меосоянд. Ёдрас мекунам, ман дар бораи касоне менависам, ки аксари онњо офтоби сари куњанд. Њол он ки садњо ва њазорњо нафар куњканони насли калонсол бо умеди он ки рўзе нафаќаашон меафзояд, аллакай аз олам чашм пўшидаанд ва натавонистанд одамвор зиндагї кунанд. Муњибуллоњ ЌУРБОН
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
ПАЖУЊИШ
РАЉАБ ТАЙЙИБ ЭРДУЃОН БО ОРОИ БЕШ АЗ 51 % ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ИНТИХОБ ШУД
Рўзи якшанбе, 10-уми августи соли 2014 дар интихоботи президентии Туркия бо аксарияти оро Раљаб Таййиб Эрдуѓон раиси љумњур интихоб шуд. Ин нахустин интихоботи президентии Туркия буд, ки мардум раисљумњури худро мустаќиман тариќи овоздињї интихоб карданд, то пеш аз ин президентро парлумон интихоб мекард. Мухолифин аз идомаи њукмронии Эрдуѓон, ки онро њукумати "диктотурї" медонанд, дар њаросанд. Раљаб Таййиб Эрдуѓон кї аст ва чї хел ба ин мансаб расид?
ОЃОЗИ ХУДШИНОСЇ Эрдуѓон 26-уми феврали соли 1954 дар яке аз дењањои оддии Истанбул, дар оилаи фаќир, вале диндоре аз шањри Резаи шимолу шарќи Туркия ба дунё омадааст. Ў тањсилоти ибтидоии мазњаби худро дар яке аз муассисањои динии Истанбул аз худ карда, он замон барои хариди китобњои дарсиаш дар кўчаву хиёбонњои зодгоњаш њалвофурўшї мекард. Эрдуѓон мухлиси бозии футбол аст. Солњои њафтодум њамчун њамлагар дар бозињои футбол иштирок мекард. Соли 1981 Донишгоњи улуми иќтисодии Мар-Мараи Туркияро хатм кард. Соли 1976 ба Њаракати Наљмиддин Арбакон, ки баъди солњо дар ин кишвар ба мансаби президентї расид, пайваст.
НАХУСТИН ЌАДАМЊОИ СИЁСЇ Дар натиљаи инќилоби низомие, ки соли 1980 дар ин кишвар амалї шуд, ў то соли 1983 аз майдони сиёсат канор рафт. Он замон рањбараш Арбакон Њизби "Рифоњ" - ро таъсис дод ва соли 1985 Эрдуѓон масъули ин њизб дар Истанбул таъйин гардид. Эрдуѓон 27-уми марти соли 1994 раиси шањри Истанбул интихоб шуд ва он замон дар натиљаи пуркорї ва фаъол буданаш дар љомеа љонибдорони зиёдеро ба худ љалб кард. Соли 1997 пас суќути Наљмиддин Арбакон зери фишорњои зиёди артиш аз мансаб истеъфо дод ва аз сањнаи сиёсат дур карда шуд. Соли 1998 бо иттињоми тањрик ба бадбинии динї муттањам шуда, ибтидои соли 1999 ба муддати чор моњ равони
РАЉАБ ЭРДУЃОН Њалвофурўше, ки президент шуд зиндон карда шуд. Дар ин иттињом гуфта мешуд, ки Эрдуѓон соли 1997 дар як суханрониаш дар назди мардум абётеро истифода кардааст, ки мазмуни он чунин аст: Масљидњои мо подагони низомї (казармањо)-и мо њастанду ќуббањои онњо кулоњњои љангии мо. Минорањои мо синонњои мо мебошанду намозгузорон лашкари мо. Дини моро ин артиши муќаддас њифз мекунад.
БА СЎИ ЊУКУМАТ Соли 2001 суди конститутсионии Туркия ба вай иљозат дод, ки метавонад фаъолияти сиёсиашро аз сар гирад. Эрдуѓон 14-уми августи соли 2001 Њизби Адолат ва Тараќќиёташро таъсис дода, риёсати онро худаш ба зимма гирифт. Ноябри соли 2002 Њизби Адолат ва Тараќќиёт дар интихобот пирўз шуд. Лекин Эрдуѓон натавонист, ки мансаби нахуствазириро соњиб шавад. Зеро ду моњ пеш аз он Кумитаи олии Интихоботи Туркия эълон карда буд, ки Эрдуѓон наметавонад мансаби нахуствазирии Туркияро соњиб шавад. Вай аз Абдуллоњ Гул, дасти рост ва ёвараш талаб кард, ки ин маснадро ќабул кунад. Дар ин муддат талош кард, ки парлумон баъзе таѓйиру иловањоро бо ќонунњои амалкунада ворид кунад. Баъд аз он Эрдуѓон тавонист 11-уми марти соли 2003 ба њайси Нахуствазири Туркия интихоб шавад.
11 СОЛИ ЊУКМРОНЇ Дар муддати 11 соли њукмронии Эрдуѓон ва се маротиба соњиб шудани зимоми њукмронї дар ин кишвар Њизби Озодї ва Тараќќиёт тавонистааст, ки дар 12 маврид дар интихоботњои мањаллї ва умумиљумњуриявї пирўз шавад. Дар сояи њукмронии ў иќтисоди Туркия хеле пешрафт кард. Њатто дар соли
2011 сафњањои наверо дар олами иќтисодии ин кишвар боз кард. Дар хусуси курдњо барномаи наверо рўи даст гирифта, ислоњоти љадид ва љиддиеро дар ин замина ба вуљуд овард, ки он њама муњаррики њамроњшавии Туркия ба Иттињодияи Аврупо дар соли 2005 дониста шуданд. Эрдуѓон тавонист бар артише, ки тайи ним ќарн (панљоњ соли ахир) чор маротиба тавассути инќилобњои низомии худ бар алайњи њукуматњо ташкил кунанд, ѓолиб ояд. Лекин мухолифини њукуматаш ўро ба пеш гирифтани роњи "худкомагї", "исломгарої" ва њукуматашро ба низоми фасодзада муттањам мекунанд. Вай дар соли 2013 гурўње аз эътирозгаронро дар майдони Тањрири Истанбул саркўб кард. Тибќи Оинномаи Њизби Адолат ва Тараќќиёт Эрдуѓон наметавонад бештар аз се маротиба дар як вазифа боќї бимонад, лекин ў мехоњад, ки аз тариќи низоми президентї ба њукмронии худ идома дињад. Ибтидои моњи июли соли љорї Эрдуѓон аз љониби њизбаш њамчун номзад ба маќоми президентї интихоб ва пешнињод гардид. Раљаб Таййиб Эрдуѓон, собиќ шањрдори Истанбул пас аз соњиб шудани беш аз 51.8 дарсади овози раъйдињандагон њукумат ва ќонунманд будани худашро ќавитар хоњад кард. Ин њам дар њолест, ки тобистони соли гузашта ва замистони он барои ў соли имтињонњои бузург ва таърихие унвон мешавад. Тобистоне, ки њукумати ўро ба худкомагї муттањам карданду дар замистон њам њукуматаш ба фасоди молии густурдае рў ба рў шуд. Ин њама пояњои њукумати ўро ба ларза дароварданд, вале бо саркўб кардани хилофкорон, њамчун марди мунодии демокросї болои он њама тавтеањо пирўз шуд.
ОРЗУЊОЯШ Эрдуѓон дар интихоботи давраии соли 2015 маљбур мешавад, ки аз мансаби сарвазирї канор биравад, лекин эњтимол мехоњад зимоми давлатдории Туркияро аз тариќи мансаби раёсатиљумњурї њатто то соли 2023, соли бузургдошти 100-солагии таъсиси давлати Туркия барои худ њифз кунад. Эрдуѓон бо Њизби Адолат ва Тараќќиёти исломгароаш, ки кишвари 76-миллионнафарии Туркияро тайи дањ соли охир идора мекунанд, шояд барои 10 соли оянда низ њамчун њукмрони аслии ин давлат сари ќудрат бимонад. Ў њаќ дорад њамчун номзад ба маќоми президентї ду маротиба дар интихобот ширкат кунад. Вай пеш аз ин эълон карда буд, ки тамоми салоњиятњояшро барои ворид кардани таѓйиру иловањо ба Ќонуни асосии кишвар истифода хоњад кард, то ин ки низоми њукмронии Туркия аз низоми парламентї ба системаи президентї, ки то њол салоњиятњои раиси љумњур њамчун вазифањои ташрифотї дониста мешуданд, гузарад. Ин чизро њарифаш Эњсон Оѓлу ва мухолифини Њизби Адолат ва Тараќќиёт, нозирон ва дар байни онњо котиби рўзномаи "Миллият"-и Туркия Ањмад Озир њам мањкум карда, онро навъе "хатари гароиш ба худкомагї" хонданд. Лекин Раиси Њукумат, ки зери шиори "Раиси Миллат" баромад намуд, дар радди мухилифин тарафдоронашро ба эъмори "Туркияи навин" дар муќобили "Туркияи ќадим"даъват кард. Мунаќќидон ва мухолифини фарњангї ва атеистонро, ки онњоро њамчун "Душманони Туркия" дониста буд, тањдид кард, ки дар баробари тавтеањо дар оянда болои онњо фишорњои зиёдтаре хоњад овард. Тарљумаи Амруллоњи НИЗОМ, аз Хабаргузории "Франс-24"
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
ЧЕЊРА Аз пурмољаротарин журналистони насли истиќлоли кишвар аст. Муњаббат ба касбаш тањдидњои љиддие ба њаёташ доштанд, борњо мавриди латукўби афроди ношинос ќарор гирифт. Фаъолиятњои сиёсиаш пояшро ба дарвозаи зиндон њам кашидаву муддати 15 рўз нони мањрумият аз озодиро њам чашид. Вале шояд боре њам дар сар ин андешаро напарварид, ки касбашро иваз кунад, гарчанд бо шўхї дар ин бора њарф њам мезанад. Мараимов Раљабалї Мирзоевич, ки бо номи Раљаби Мирзо маълуму машњур аст, 10 августи соли 1973 дар хољагии ба номи Ленин (њоло ба номи Рўдакї) - и ноњияи Восеъ дида ба олам кушод. Мактаби миёнаи раќами 7 - и ноњияро бо медали нуќра хатм кард. Жур-
Муассиси њафтаномаи "Рўзи нав" аст, ки каме бештар аз як сол, аз 7 августи соли 2003 то 25 августи соли 2004 ба нашр расид. Дар замони худ аз камтарин нашрияњои кишвар буд, ки мушкил ва дарди мардумро хеле урёну бепарда мегуфт, парда аз асрор мекушод ва хеле аз масоили муњимро матрањ менамуд, ки кам касон љуръат доштанд онро ба сањифаи газета кашанд. Вале баъдан бо фишори маќомот чопхонањои Тољикистон аз интишори он даст кашиданд. Муассисонаш талош карданд дар хориљ онро ба чоп расонанд ва њатто моњи ноябри соли 2004 як шумораи онро дар Бишкек интишор доданд. Вале њини интиќолаш ба пойтахт дар фурудгоњи Душанбе мусодира шуд.
11
мавриди њамлаи афроди ношинос ќарор гирифтаву шадидан латукўб шуда буд. Вале бо гузашти 10 сол маќомот омилони ин ду њамларо шиносої накарданд ва љиноят нокушода монд. Раљаб мегўяд, ин ду њамлањо иртибот ба "ќазияи Ѓаффор Мирзоев" доштанд, ки бори аввал замони барканории генерал аз фармондењии Гвардияи президентї ва бори дигар замони боздошти ў дар Агентии назорати маводи нашъаовар сурат гирифт. Ба дигар маънї, њамлаварон бар ин гумон буданд, ки Раљаби Мирзо аз наздикони генерали саркаш аст. Баъди "Рўзи нав" Раљаби Мирзо муддате (солњои 20082009) сармуњаррири радиои "Имрўз" ва соли 2010 сардабири рўзномаи њаррўзаи Тољикистони мустаќил - "ИмрўзNews"
РАЉАБИ МИРЗО налисти маъруф Сафват Бурњонов мегўяд, дар хонадоне, ки Раљаб ба воя расидааст, бояд ин гуна шахсияте камол меёфт: "Бо амри таќдир ва дўстї хонаводаи Раљабро мешиносам. Падари азизашро мешинохтам. Ёдашон ба хайр! Модаре дорад, ки саропо мењр. Њама хонаводааш аз хурд то бузург нури мењр мепошанд. Ваќте одам дар чунин муњити солими пур аз мењр зиндагї мекунад, њич сахтиву сустии зиндагї барояш таъсиргузор намешавад". Фаъолияти мењнатиашро соли 1997 баъди анљоми тањсил дар факултаи журналистика ва тарљумонии Донишгоњи миллии Тољикистон аз нашрияи "Сурўш" оѓоз кард ва баъдан дар нашрияњои "Восточный экспресс" (1998 -1999) - хабарнигор, "Љумњурият" (1999 -2002) - хабарнигор, мухбири махсус ва мудири шўъба, директори Маркази хабарии "Чархи гардун" (20022003) ва мудири шўъбаи итиллоот ва сиёсати нашрияи "Нерўи сухан" (соли 2003) буд.
Раљаби Мирзо мегўяд, то кунун санаде дар даст надорад, ки "Рўзи нав" баста шуда бошад, балки чопи он ба иллатњои гуногун мутаваќќиф шудааст, чун рўзномаро танњо дар се њолат ќарори муассис, њукми суд ё аз нав ташкил додани он метавон баста эълон кунад. Профессор Иброњим Усмонов "Рўзи нав"- ро ягона рўзномаи миллии замони истиќлол номида буд. Дар он журналистони хирфавие ба мисли Хуршеди Атовулло, Фахриддини Холбек, Барот Юсуфї, Мавлуда Султонзодаи Абдулло, Њабиби Фаридун, Султони Њамад кор кардаанд. Журналистони баъдан шинохташуда Носирљон Маъмурзода, Камол Саидов, Умаралии Сафаралї, Каюмарси Ато аз мактаби "Рузи нав" ќалами истеъдод сабз кардаанд Зарфи бештар аз як соли чопи "Рўзи нав" Раљаби Мирзо ду маротиба, моњи январи соли 2004 дар Хуљанд ва 29 июли соли 2004 дар шањри Душанбе
буд. Ва ду соли дигар устоди Донишгоњи миллї буд ва ба донишљўёни факултаи журналистика дарси "Журналистикаи сиёсї" гуфт. Моњи октябри соли 2011 Маркази тањќиќоти сотсиологии "Бозтоб" -ро таъсис дод ва роњбарии онро ба уњда гирифт. Барандаи Љоизаи Кумитаи кор бо љавонони назди Њукумати ЉТ, "Журналисти сол - 2004" мебошад. Раљаби Мирзо танњо журналисте нест, ки бештар тањлилњои љолиби сиёсиро матрањ карда бошад, балки худ вориди майдони сиёсат буд. Ду маротиба - бори аввал феврали соли 2005 аз њавзаи Шоњмансури шањри Душанбе ва бори дуюм дар интихоботи миёндаврии њавзаи Восеъ №39 ба сифати номзад иштирок кардааст, вале дар ду маврид њам ба номзади њизби њоким интихоботро бохтааст. Аз октябри соли 2005 то октябри соли 2013 аъзо, раиси ЊДТ дар шањри Душанбе буд. 4
ОМОДАГИИ РУСИЯ БА КОРКАРД ВА ЌАБУЛИ МАЊСУЛОТИ ТОЉИКИСТОН Љониби Русия изњори омодагї намудааст, ки технологияи муосири истењсол ва ба содирот омода кардани меваю сабзавотро ба Тољикистон ворид намояд. Ин нукта дар мулоќоти Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Тољикистон бо Сергей Лисовский, муовини якуми Раиси Кумитаи Шўрои Федератсияи Маљлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалањои сиёсати аграрию озуќаворї ва табиатистифодабарї зикр шудааст. Бино ба иттилои Шавкат Саидов, ёвари раиси Маљлиси љониби Русия пешнињод кардааст, ки дар доираи "Форуми байнипарламентии Тољикистону Русия: нерўи њамкорињои байниминтаќавї", ки дар њафтаи охири моњи октябри соли 2014 дар шањр ва вилояти Маскав баргузор мегардад, њамкорињои иќтисодию тиљоратии давлатњо тањким бахшида шавад. Дар форум баррасї кардани масъалаи афзудани истењсол, коркард ва интиќоли меваю сабзавоти истењсоли Тољикистонро
дар бозори истеъмолии Федератсияи Русия мувофиќ ба маќсад шумориданд. Дар мулоќот таъкид шудааст, ки барои дастгирии истењсолкунандагони Тољикистон ва истеъмолкунандагони Русия Маскав омодааст технологияњои муосири истењсол ва ба содирот омода кардани меваю сабзавотро ворид карда, бо ташкили марказњои логистикї теъдоди фармоишњоро бо инобати дурнамои маблаѓузорї ва њамкорињо љињати харидории анвои мањсулоти кишоварзї барои молистењсолкунандагони Тољикистон даќиќ намояд. Гузашта аз ин зикр гашт, ки бањри дастгирии молистењсолкунандагони Тољикистон дар минтаќањои алоњидаи Федератсияи Русия низ марказњои логистикї бунёд карда мешаванд. Умари ТОЊИР
ноябри соли 2006 барои баргузории як пикет ба нишони эътироз аз мавќеъгирии нодурусти вазорати адлия Раљаби Мирзо дар ќатори се узви фаъоли ЊДТ барои 15 рўз зиндонї гардид. Дар анљумани ахири ин њизб (октябри соли 2013 - пешопеши интихоботи президентї) узвияти худро ќатъ кард. Мегўяд, замони рафтанам аз "Имрўз нюс" гуфта будам, ки ба журналистика танњо бо нияти таъсиси рўзномаи њаррўза бармегардам. Ва шўхї њам мекунад: "Њоло фикр мекунам зарфияту иќтидори худро анќариб дар тамоми бахшњои журналистика санљидам ва дар журналистика дигар бахше нест, ки фаъолият накарда бошам... Шояд акнун дар бораи иваз кардани касб фикр кунам?" Ва мепурсам: Магар ин тасмим аст ё саволест, ки пеши худ гузоштаву посухашро интизор? - Албатта, ин як шўхист, вале шояд дар худ љиддияте дорад. Ба њар сурат, имрўз дар чандин комиссияњои љамъиятии
хукумати шањри Душанбе ба сифати намояндаи љомеаи шањрвандї ширкат дорам ва ин нишон медињад, ки дар ин самт њам чандон номуваффак нестам... Аз љониби дигар, ин иќдом нишон дод, ки омодаам бо њукумате, ки ба принсипу арзишњои ман наздик аст, њамкорї намоям. Яъне, шояд ба ман задани тамѓаи "мухолиф" ва оппоззитсионери њукумат, он гуна ки баъзе нињодњо мехоњанд, чандон дуруст нест. Яъне, њукумат ва афродеро, ки ба андешаву принсипњои ман наздиканд, метавонам эътироф намояму бо онњо њамкорї кунам". Сафват Бурњонов мегўяд, "шояд баъзан фикр кунем, ки Раљаб бо "Рўзи нав" ё депутатї муваффаќ нашуд, аммо сахт иштибоњ мекунем. Ў мактабњоро гузашт. Њоло љавон аст, зиндагї дар пеш. Бовар дорам, ки ин муњит њоло ўро ба дараљањо мерасонад". Раљаби Мирзо оиладор ва соњиби як писар аст. Бобољони ШАФЕЪ
ТАЃЙИРОТИ НАВИ КАДРЇ ДАР СОХТОРИ ДИПЛОМАТИИ ТОЉИК Саидбег Саидов, сафири Тољикистон дар Њиндустон аз маќомаш барканор гардида, ба љойи ў Мирзошариф Љалолов ба ин вазифа таъйин шудааст. Бино ба иттилои расмї, фармони Президент Эмомалї Рањмон дар ин бора 11уми августи соли равон ба имзо расидааст. Мирзошариф Љалолов то таъин шуданаш ба ин вазифа дар симмати муовини Дабири кулли Созмони њамкории Шанхай кор мекард. Вай 37 сол дошта, хатмкардаи Донишгоњњои байналмилалии Чину Љопон мебошад. Фаъолият дипломатиашро њанўз аз айёми донишљўї аз сафорати Тољикистон дар Хитой оѓоз кардааст. Баъд аз кор дар сафорати Тољикистон дар Хитой ба Вазорати корњои хориљии Тољикистон ба кор даромадааст. Донандаи 4 забони хориљї буда, ќаблан ба сифати котиби дуюми Раёсати кишварњои Осиё ва Африќои Вазорати корњои хориљї низ фаъолият кардааст
Њамчунин бо фармони дигари Президенти Тољикистон, ба вазифаи сафири Тољикистон дар Љумњурии исломии Эрон, Неъматулло Эмомзода таъин шуд. То ин дам Давлаталї Њотамов дар вазифаи сафири Тољикистон дар Эрон фаъолият мекард. Абўалї НЕКРЎЗОВ
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
ТАРЉУМАИ ХОЛ Соли 1968 Бе пурсиши ман, Маро зодаанд. Соли 1975 Бе хоњиши ман, Маро ба мактаб доданд... Агар озори касеро кашидаам Ва ё миннати хасеро бурдаам, Хоњиши зиндагї ин буд! Ва аскарї, Ва Донишгоњ, Ва роњ, Ва бероњ Бо сукути хоњиши ман будааст. Ва шеърам, Ва ишќам, Ва рашкам Гувоњанд, ки ЊАСТАМ!
ОРЗУИ ШИКАСТА Ман дар канори ѓам, Набзи бемори њамин мардумро Бо гушњои хеш Ташхис мекунам. Оњ, номардумакон Як ќалам лофи њаќиќат назаданд, Сари бозори сухан Паст савдо карданд. Дили аз дарё дарётари ман, Сабри аз куњи гарон куњтарам Њиммати мардумро Хурд мепиндорад. Санги рањ пои ѓурурам нашикаст, Лаззати ишќу њавас пир нашуд, Лек дар роњи њавас Пойдаргил шудаам.
НОШИНОС Эй китоби каснахонда, Хушмуќова. Шеъри тар бошї Ва ё Як романи романтикї?! Кай њамин оинањо мешикананд?! Кай њамин оинањо мешикананд, Ки њамин сурати танњоии ман Моту мабњут шавад, Несту нобуд шавад? Кай њамин оинањо мешикананд, Ки сањар хезаму дар чашми ту хамёза кашам?!.. Кай њамин оинањо мешикананд, То нигоњам, ки дар оинањо гум шудааст, Боз дар оинаи чашми ту эњё бишавад?!
Apple Духтарам, Њасрати телефони мобилї дошт!? Имшаб аз ман Аз себи газидаи насоро пурсид.
МОНДА ШУДАМ Ба Худо монда шудам, Аз дурўѓу ростњо монда шудам, Хостњо нохостњо Монда шудам! Мондаам аз лутфњои бардурўѓ, Аз салому аз каломи бефурўѓ... Чењрае нест дилам бикшояд!
Мурољиат ба Тарас Шевченко Руњи Тарас аз кишвари зебои Украин, То дењаи зебои мо парвоз карда буд. Аз курсињои мактабу аз даври кўдакї Моро ба сўи хештан овоз карда буд. Бо шоњроњи дўстї ман омадам кунун, Бо Украини мењрубонат ошно шавам. Аз соњили Днепри ту ман об мехўрам, Бо дардњои халќи ту дардошно манам. Аз сарзамини шеъри ноб, аз номи Рўдакї Бо лафзи поки форсї овардаам дуруд. Гарчї туро надидаам дар зиндагии худ, Бар хоки поки кишварат ман мебарам суљуд.
БО ШОИР Зиндагї оѓози роњи мурдагист, Сад суолу як љавоб андохтанд. Лаззати ишќ аст мегўянд гунањ, Дар сарам фикри савоб андохтанд. Сўзиши љонам магар кам будааст, Дар дилам ишќи шароб андохтанд. Аз харобињои шеъри ман магў, То ба ин њоли хароб андохтанд *** Зеру бамро менависему халос, Шарњи ѓамро менависему халос. Бо шикоятномањо сўи Худо, Умри камро менависему халос. Тољњо зеби сари омї шуданд, Тахти Љамро менависему халос. Аз навиштан монда дилњо лољарам, Ло љарамро менависему халос. Зидагимон меравад дар оши ѓам, Оши ѓамро менависему халос. *** Хотири ошуфта дорам, хезу о, Њасрати ногуфта дорам, хезу о. Оташи ишќи ту месўзад дилам, Оташе бинњуфта дорам, хезу о. Хобњоямро тасарруф кардаї, Чашми бахти хуфта дорам, хезу о. Мисрањои нотамоми ду ѓазал, Як-ду байти суфта дорам, хезу о. Дар миёни ин њама бедоди ѓам, Ќалби дарњамкуфта дорам, хезу о. Нозанини дилшикан, паймоншикан Њолате ошуфта дорам, хезу о.
АБДУВОЊИДИ ЗЕВАР Њељ кас бе ту намефањмад маро, Бо ту бас ногуфта дорам, хезу о! *** Шабнам ба лола бўсаи тар мезанад, биё Ангушти бод њалќаи дар мезанад, биё. Омад бањору сабз шуд Ишќи ту дар дилам, Мењри ту дар замири ман сар мезанад, биё. Дар гушњои шохаи бодому себњо Хуршеду моњ њалќаи зар мезанад, биё. Овози пои ту расад бар гушњои дил, Дил дар даруни синаам пар мезанад, биё. Дар умри кам намудаам бисёр бехудї, Ќисмат маро ба химчаи тар мезанад, биё.
Соѓуи Модар Њамшабењи соѓуи мањ, Соѓуи пуршири модар. Мањ барояд аз паси абр Модари ман аз паси дар. Тирамоњи хотири ман Бодњои оњ дорад. Шеъри ман аз шири модар То дили ман роњ дорад. Ман зи ёди неки модар Осмонамро сиришта. То шавад пур аз муњаббат, То шавад пур аз фаришта. Аз рањи поки садоќат Модарам сўи Худо рафт, То шавад моњи мунаввар, Модарам сўи само рафт..
Зиндањои мурда
Аммо чї шуд шоири миллатсаро кунун, Бар сарзамини дилбару бо таърихи куњан?! Дар пеши пои њайкалат хун рехт, шоиро, Ин воќеа рух дода буд дар пеши чашми ман!
Зиндањои мурда бисёранд, Зиндањои мурда бедоранд. Зиндањои мурда дар њар љо Дар сари коранду бекоранд.
Шояд, ки руњи поки ту чун руњи Рўдакї, Амну амони оварад бар кишварат Тарас!? Шояд, ки руњи поки ту гўяд ба ѓосибон, "Кўтоњ бод дасти ту! Бар кишварам нарас!!"
Зиндањои Зиндањои Зиндањои Зиндањои
*** Љони манро дар азоб андохтанд, Оташе будам, ки об андохтанд.
Зиндањои мурдаро бинед, Мурдаанду боз мегарданд. Дар сари анљоми умри худ Аз паи оѓоз мегарданд.
мурда мурда мурда мурда
медонанд, мехонанд. механданд, хурсанданд.
Љўи Малик Сари Љўи Малик ово кунам чи? Туро дар пуштањо пайдо кунам чи? Ту ки дар пуштањо пайдо намешї, Чу гурги чила вовайло кунам чи?! Сари Љўи Малик най мекашидам, Ба ёди рўи ту май мекашидам. Сари зулфи ѓами ту буд насибам, Сари зулфи туро кай мекашидам.
тарки занн кун! Афсонаи рўз Дар "Саховат" њам саховат нест, "Шоњмансур" аз сахо холист. Зиндагї бозор шуд, афсўс, Ќиммате одамгариро нест. Бо њама мошинањои нав ба нав њам, Нест дар дил аз сафедињо гувоње. Шишањоро чун дили худ карда торик То куљо меоварад ин рўсиёњї?!
Хами зулфи нигореро кашидам, Сари дуди сигореро кашидам. Сари Љўи Малик биншаста то субњ Њавои беѓубореро кашидам.
Чашми рањбарњо ба сўи депутатшав, Чашми мардум њам ба сўи депутатњо. Рањбарон аз депутатњо гашта розї, Мардумон аз депутатњо хурда латњо.
Сари Љўи Малик оѓози ишќам, Ба гушат мерасад овози ишќам? Чунон ман хастаљонам, ки ду дунё Намегунљад дигар дар нози ишќам!
Гарчи худ нашрия бисёр аст, аммо, Журналист аз матбуоти мо гурезон. Олимон рањгум зада дар саргањи илм Оби рў аз оби љўи илм резон.
Сари Љўи Малик олист бе ман, Сари Љўи Малик холист бе ман. Хаёлам булбуле то субњи содиќ, Сари Љўи Малик нолист бе ман.
Аз њама мавзуи олї - занфурўшї Духтарон аз бањри ишкам танфурўшї. Шармам аз ин њафтавори рўзнома, Нангам аз ин хомгуињои хома.
Сари Љўи Малик олуболузор аст, Њамеша дар дили ман як ќарор аст: Худамро мекашам дар тори зулфат, Нињоли ќоматам монанди дор аст.
Хушкии бањри Арал бошад бањона, Як-ду њарфе нонавишта киссањо пур. Кўдаконам гар зи ман афсона хоњанд Матбуот аз инчунин афсонањо пур!
Сари Љўи Малик фарёд кардам, Миёни нозукатро ёд кардам. Миёни нозукат чун муй борик, Чи нозук мисрае эљод кардам!
ОСИЁ Осиё! Дар Љанубат, Дар Шимолат, Марказат. Дар утоќи кории фарзонагонат, Рўи мизу пеши айвон, Сабз дорї хорњои амрикої. Осиё! Кулбаи сарди дилатро гарм кун! Аз муњољирмурдагонат то ќиёмат шарм кун! Осиё! Хорњоро решакан кун! Тарки ин гулбоварию
Есенин Аз риштаи умри кандаи Есенин, Бишнав ту садои хандаи Есенин, Бар кутањии умри худаш механдад, Бар душмани кури ношудаш механдад. Як байти хуше, ки дар љабинаш буда, Он мадњу санои сарзаминаш буда. Он шеъри таре, ки дар љавонї гуфтаст, Дар сафњаи таърихи љањонї хуфтаст. Азбаски замини Форс омолаш буд, Омоли дигар њамеша помолаш буд. Аз Саъдию аз Њофизу аз Хайёмаш, Шањди ширине нишаста буд бар комаш. Шоњона, агар ба сўи Шерозаш хонд, Нодида зи чашми духтарак розаш хонд. Ў рафт зи худ ба як имои Лола, То шеъри таре гўяд барои Лола. Умри ками ў барои сарвода гузашт, Бе Лолаю Шоњонаю бе бода гузашт. Ў бўсаи саъдиёнаро ёд гирифт, Нохонда забони форс иршод гирифт.
ВОКУНИШ Ассотсиатсияи операторони алоќаи мобилии Тољикистон, ки ба он чоргонаи алоќаи мобилии кишвар-Мегафон, Билайн, Вавилон-М ва Тселл шомиланд, ба иддаои Вазорати молияи Тољикистон дар бораи камњавсалагии ширкатњои мобилї вокуниш нишон дод. Ѓафурљон Иркаев, директори Ассотсиатсияи мазкур мегўяд, мушкилоти андозбандии ширкатњои мобилии дар Тољикистон бояд бе бањонаљўї њал шавад. Ба гуфтаи ў, аз соли 2007 ин љонибињамаи ширкатњои мобилї аз мушкилоти худ ба Вазорати рушди иќтисод, Хадамоти зиддиинњисорї ва дигар сохторњои дахлдор ва ќисман ба Вазорати адлия мурољиат мекардаанд: "Мо бо мушкилотњои мушаххас ба онњо мурољиат мекунем. Онњо ба њар мурољиати мо ба диќќат гўш медињанд, аз онњо хуб огоњї доранд, онњоро њамаи нињодњои марбути Тољикистон дарк мекунанд ба дурустї, вале зоњиран, ин мушкилот умуман ба инобат гирифта намешаванд. Тамоми идорањои дахлдоре, ки мо ба онњо мурољиат мекунем, асли масъаларо хуб дарк мекунанд, аммо бо сабабњои номаълум онро њал намешаванд. Илова бар ин чандин бор ширкатњои мобилї мустаќилона ба Њукумати Тољикистон ва дигар сохторњо, тариќи почта њам мурољиат кардаанд. Баъзе аз вазоратњо бањона пеш меоранд, ки гўё мо ќаблан ба онњо мурољиат накардаем, њол он ки аз асли ќазия хуб огоњанд". Ин њарфњои Ѓафурљон Иркаев дар њоле садо медињанд, ки Вазорати молияи кишвар чоргонаи ширкатњои мобилии ТољикистонМегафон, Тселл, Вавилон-М ва Билайнро, ки аз Кодекси нави андоз ва андозбандии баланд шикоят карда буданд, ба камњавсалагї айбдор кард. Муовини вазир Мењринамо Љонмамадова дар робита ба мактуби дастаљамъии чоргонаи ширкатњои мобилии Тољикистон, ки ба - Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд мурољиати сокинони шањри Исфара Бобољонов М. ва дигарон, ки ба Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Абдуфаттоњи Ѓоиб, прокурори Генералии Љумњурии Тољикистон, вазири адлияи Љумњурии Тољикистон нисбати кирдорњои ќаллобонаи узви Коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд Одилов Абдухалил ба табъ расида буд, мавриди баррасї ќарор дод. Њангоми баррасї муайян карда шуд, ки ќаблан аризањои Бобољонов М. ва дигарон аз тарафи прокуратураи вилояти Суѓд ва прокуратураи шањри Исфара як чанд маротиба мавриди санљиш ќарор дода шуда, аз натиљаи санљиш санањои 2 август, 18 сентябри соли 2013 ва 15 апрел ва 28 июли соли 2013 ба муаллифон љавобњои хаттї дода шудааст. Дар асоси мурољиати шањрванд Исмоилов Ш. оиди бо роњи сўистифода аз мансаб ќитъаи замини наздињавлигии ўро ба номи келинаш њуљљатгузорї кардани Одилов А. санљида шудааст, ки он тасдиќи худро наёфтааст. Одилов А. оид ба бахси ќитъаи замини наздињавлигї бо Исмоилов Ш. ба суди шањри Исфара ариза пешнињод намудааст, ки бањси онњо аз љониби суд баррасї карда шуда, бо санади судї аз санаи 12.12.2011 сол ба манфиати Одилов А. њалли худро ёфтааст. Бинобар он, санаи 01.05.2013 сол нисбати Одилов А. аз љониби тањќиќбарандаи ШВКД №1 Љумњурии Тољикистон дар шањри Исфара лейтенанти калони милитсия Икромов Д. вобаста ба њолати гўё бо роњи сўистифода аз мансаб ќитъаи замини наздињавлигии Исмоилов Ш.-ро ба номи келинаш њуљљатгузорї намудан бинобар дар кирдораш мављуд набудани аломати таркиби ЉИНОЯТ бо дастрасии сархати 2 ќисми 1 моддаи 27 КМЉ ЉТ ќарор дар бораи рад намудан аз оѓози парвандаи љиноятї асоснок ќабул карда шудааст. Ѓайр аз ин, бо аризаи шањ-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
13
ВОКУНИШИ ЧОРГОНА БА ИЗЊОРОТИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
вазири молия Абдусалом Ќурбонов ва раиси Кумитаи андози Тољикистон Нурастулло Давлатзода аз вазъи соња нигаронї карданд, ба нашрияи "Нигоњ" гуфта буд: "15-уми майи соли 2014 дар Вазорати рушди иќтисод ва ва савдои Тољикистон оид ба баррасии мутобиќати меъёрњои ќонунгузории миллї ба меъёр ва ќоидањои Иттињодияи байналмилалии алоќаи барќї дар соњаи андозбандї љаласаи васеъ, бо иштироки шахсони масъули Вазорати рушди иќтисод ва савдо Вазорати молия, Кумитаи андоз, Намояндагони Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоќаи мобилї, Ширкатњои "Вавилон" ва "Билайн" гузаронда шуд. Дар љаласа пешнињод гардид, ки бо маќсади омўзиш ва хулосабардорї Ассосиатсияи дастраскунандагони алоќаи мобилии Тољикистон ба унвони Вазорати руди иќтисод ва Вазораи молия ва Кумитаи андоз тањлилњои амиќи иќтисодиро пешнињод намоянд ". Муттаассифона, аз тарафи Ассотсиатсияи дастраскунандагони алоќаи мобилї дар Тољикистон то имрўз маводњои зарурї оид ба масъалаи мазкур пешнињод нашудааст".
Ин њам дар њоле, ки аз ваќти таъиншуда беш аз дувуним моњ гузаштааст. Ќаблан чоргонаи ширкатњои мобилии Тољикистон бо ирсоли як мактуби дастаљамъї ба расонањо, унвони Вазири молия Абдусалом Ќурбонов ва раиси Кумитаи андози Тољикистон Нурастулло Давлатзода аз вазъи соња изњори нигаронї карда буданд. Дар мактуби дастаљамъии чоргонаи алоќаи мобилї ба вазирон гуфта мешуд: "Масъалаи асосї дар он мебошад, ки дар даврањои солњои 2010-2013 дар ќонунгузории андози љумњурии Тољикистон таѓйироти зиёде вобаста ба соњаи алоќаи барќї ворид карда шуд.. Аз љумла, дар мўњлати кўтоњ андозњои зерин, аз ќабили аксиз аз зангњои баромад 3%, барои зангњои воридотї 3%, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангњои баромад, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангњои даромад љорї карда шуданд. Дар њамин њол, Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ба "Имрўз Нюс" гуфтааст, ки ваќтњои охир эродњо аз љониби ширкатњои мобилї тавассути расонањо инъикос гардида, вазорат аз ин огоњї дорад, вале
аз ин натиље њосил нашудааст: "Ширкатњои мобилї мегўянд, 32 дар сади андозњо ба як сомоние, ки ширкатњо барои хизматрасонї ќабул менамоянд, вазнин аст. Вобаста ба ин њолат супориш шуда, гуруњи корї фаъолият дорад. Аз Вазорати молия сардори раёсати пардохтњои њатмї дар гуруњи корї шомил буда, дар Вазорати рушди иќтисод њама омилњоро тањлил доранд. Њозир гуфтан барваќт аст, ки чї натиља њосил мешавад". Ёдрас мешавем, ки чоргонаи алоќаи мобилї бозори алоќаи GSM-и Тољикистонро пурра дар ихтиёр дошта, гардиши умумии молї ва фоидаи софашонро ифшо намекунанд, вале коршиносон бар онанд, ки ин чор ширкат, ки моликони сетои онњо: Билайн, Мегафон ва Тселл асосан хориљиён мебошанд, солона то 200-280 миллион доллар фоидаи соф ба даст оварда онро аз Тољикистон берун мебаранд. Ин њам дар њоле, ки љамъи сармоягузории онњо ба иќтисоди Тољикистон дар тули 5-6 соли ахир камтар аз фоидаи як солаи онњо мебошад.
Муллораљаб ЮСУФЇ
ШАЊРВАНДОН БА СУДИ БОЛОЇ МУРОЉИАТ НАМОЯНД! (Посух ба матлаби "Адолат" - и Одилов "Чї гуна барои адвокат ќонун хамиртуруш мешавад?", "Нигоњ", №2 (384) аз 02.04.2014) рванд Исмоилов Ш. санљиш гузаронида, муайян карда шудааст, ки байни шањрвандон Исмоилов Ш., Собитова Г. ва Одилов А. солњои тулонї бањси замин љой дорад ва ваљњи оварда дар маќола аз номи Юнусбой Ахмедов низ асоси њуќуќї надошта, тасдиќи худро наёфт. Чунончи, санаи 13.04.2009 сол дар асоси аризаи Собитова Г. барои худсарона забт намудани ќитъаи замини ў шањрванд Исмоилов Ш. мувофиќи моддаи 141 КЊМ ЉТ ба љавобгарї кашида шуда, аз љониби прокурори шањри Исфара ба Кумитаи заминсозии шањри Исфара амр оиди бетаъхир бартараф кардани ќонунвайронкунї ва ба њолати аввала баргардонидани ќитъаи замин дода шудааст. Инчунин, санаи 16.09.2010 сол аризаи њимоятгар Одилов А. оиди худсарона забт намудани ќитъаи замин аз љониби шањрванд Исмоилов Ш. аз љониби ёрдамчии прокурори шањри Исфара Њасанов Ф. санљида шуда, 07.10.2010 сол ба муаллиф тавсия дода шудааст, ки оиди бањси мазкур ба маќомоти судї мурољиат намояд. Гузашта аз ин, санаи 07.01.2012 сол аризаи шањрванд Исмоилов Ш. оиди бањси замин нисбати Одилов А. аз љониби ёрдамчии прокурори шањри Исфара Ќаюмов М.М. санљида шуда, 10.01.2012 сол ба муаллиф тавсия дода шудааст, ки оиди бањси мазкур ба маќомоти судї мурољиат намояд, зеро ки бо бањси мазкур санадњои ба ќувваи ќонунї даромадаи суд мављуд аст. Ба ѓайр аз ин, бо њалномаи суди шањри Исфара аз 12.12.2011 сол даъвои Одилов А. нис-
бати Исмоилов Ш. "Дар бораи барои бартараф намудани истифодаи ќитъаи замин ва кўчонидани иншооти худсарона сохташуда" ќонеъ карда шуда, даъвои муќобили даъвои Исмоилов Ш. "Дар бораи басташуда эътироф намудани ивази ќитъањои замини наздињавлигї ва эътирофи њуќуќи соњибмулкї ба замин" бинобар беасос буданаш рад карда шудааст. Бо ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании суди вилояти Суѓд аз 13.03.2011 сол њалномаи суди шањри Исфара аз 12.12.2011 сол бетаѓйир ва шикояти кассатсионии Исмоилов Ш. беќаноат мононда шудааст. Ба мурољиаткунанда Исмоилов Ш. фањмонда шудааст, ки дар њолати норозї буданаш бо санадњои судї ў метавонад бо шикояти назоратї ба Раёсати суди вилояти Суѓд мурољиат намояд. Њамчунин, санаи 15.05.2013 сол ба унвони прокурори шањри Исфара аризаи шањрвандон Бобољонов М. ва Эшонова Б. оиди норозї будани онњо аз фаъолияти адвокат Одилов А. ворид шудааст. Аризаи мазкур аз тарафи прокурори шањр барои гузаронидани санљиш ба ШВКД №1 Љумњурии Тољикистон дар шањри Исфара ирсол карда шудааст. Дар рафти санљиш бинобар дар њаракатњои Одилов А. мављуд набудани аломатњои љинояти ќаллобї аз љониби муфаттиши ШТ ШВКД №1 Љумњурии Тољикистон дар шањри Исфара лейтенанти калони милитсия Ќодиров Ш. 31.05.2013 сол ќарор дар бораи рад намудан аз оѓози парвандаи љиноятї ќабул кар-
да шудааст, ки он асоснок мебошад. Ѓайр аз ин, шањрванд Умаров И. якчанд бор ба унвони прокуророни шањри Исфара ва вилояти Суѓд оиди фаъолияти адвокат Одилов А. мурољиат намудааст, ки асоснокии иљозатномаи адвокат Одилов А. санљида шуда, он бекор карда шавад. Муайян карда шуд, ки Одилов А. аъзои колегияи авокатњои шањри Хуљанд буда, коллегияи мазкур 10.10.2010 сол аз тарафи Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст. Аз натиљаи санљиш, прокурори шањри Исфара санаи 15.04.2013 сол ба Умаров И. тавсия додааст, ки оиди хориљ кардани Одилов А. аз коллегияи адвокатњои шањри Хуљанд метавонад ба Раёсати адлияи вилояти Суѓд мурољиат намояд. Њамин тавр, баррасии мурољиати шањрвандон Бобољонов М., Эшонова Б. ва Исмоилов Ш. нишон дод, ки вачњои онњо аз тарафи шахсони масъули ШВКД №1 Љумњурии Тољикистон дар шањри Исфара сари ваќт санљида шуда, ќарорњои асоснок ќабул карда шудааст. Инчунин ба шањрвандон Исмоилов Ш., Умаров И., Нарзуллоев С. фањмонида шудааст, ки дар њолати норозї будан ба санадњои судї метавонанд ба судњои болої мурољиат намоянд. Музаффар АЊМАДОВ, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
Тур выходного дня по маршруту Душанбе-Пенджикент -долина "Хафткул"Душанбе и Ходжент-Пенджикент -долина "Хафткул"-Ходжент" Продолжительность тура -3 дня, группа не менее 15 человек Стоимость тура - 450 сомони В стоимость входит: - проезд по маршруту Ходжент-Пенджикент - Долина "Хафткул"(3-е озеро) - Ходжент (200 сомони с человека)
- питание ( завтрак, обед, ужин) - экскурсия ( древный Пенджикент, Саразм, исторический музей имени Рудаки , семь озёр ( Мижгон, Соя, Хушьёр, Нофин, Хурдак, Маргузор и Хазорчашма) - проживание на территории турбазы у берега 3-го или 6-го озера В стоимость тура не входит: - Аренда гужевого транспорта с инструктором-50 сомони/ час - спортинвентарь и рыбная ловля с удочками- 10 сомони /час Телефон для справок: 93 507 69 00; 904 32 69 00; 92 717 69 14
НИГОЊИ МАРДУМЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
ЧАРО? ЧАРО КИТОБИ ЌУРЪОН БА ЊАМА ТАЌСИМ НАШУД? - Дар вохўрии Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо ањли љамоатчигии динии Тољикистон иддае аз руњониён гуфтанд, ки бо дастуру њидоятњои сарвари давлат се маротиба китоби муќаддаси Ќуръон ба забони давлатї тарљума шуда ройгон ба сокинони љумњурї њадя карда шуд. Албатта ин иќдоми сарвари давлат ќобили тањсин аст. Аз ВАО њам зиёд мехонем, ки Кумитаи оид ба корњои дини назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз ин арќом њарф мезанад. Аммо, чаро китоби муќаддаси Ќуръон ба њамаи сокинони кишвар њадя карда нашуд? Дар доираи амалии ин иќдом на њамаи сокинони љумњурї ба китоби Ќуръон дастрасї пайдо карданд. Ман мехоњам, ки њамин туњфаи сарвари давлат ба ман њам дастрас шавад. Оё Кумитаи оид ба дин омода аст аз ин китоби муќаддас як нусха ба ман њадя намояд, то ман њам бо забони дароз бигўям, ки ин туњфаи арзишманди сарвари давлатро дорам?! Мањмадї ЌУЛОВ, сокини ноњияи Рўдакї - То имрўз тамоми шуъба ва бахшњои вазорату идорањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо, имомон ва имомхатибон, мањбусон ва як теъдоди шањрвандон бо тарљума ба забони тољикї ва њуруфи кирилии китоби Ќуръони маљид таъмин гардидаанд. Минбаъд, тариќи ройгон бо китоби Ќуръони маљид таъмин намудани ањолии кишвар марњила ба марњила дар назар аст. Шумо метавонед барои дастрас намудани китоби Ќуръони маљид ба Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо суроѓаи шањри Душанбе, кўчаи Лоњутї 14, мурољиат намоед. Ба саволи Шумо, Љумъахон ЃИЁСОВ, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
ЛАТИФА Масте баъди аз майхона баромадан, њамроњи рафиќаш ба бозори "Корвон" рафтанианд. Даст бардошта, таксиеро сари роњ нигоњ медоранд. Маст аз ронанда мепурсад: - То "Корвон" се нафарро дар чанд сомонї мебарї? Ронанда: - Охир, шумо ду кас ку?! Маст: - Охиррр.., ту њам бо мо меравї, ку!!! *** Донишљў дар имтињон ба њама суолњо посухи дуруст дод. Профессор суоли иловагї медињад: - Дар синфхона чанд фурўзонак мављуд аст? Донишљў њисоб карда, љавоб медињад: - Панљто. Профессор мегўяд: - Хато кардї, шаштост! Ва як фурўзонакро аз сумкааш бароварда, болои миз мегузорад. Нагузаштї. Дафъаи дигар биё! Дафъаи дигар њама бо њамин зайл такрор меёбад. Инак суоли иловагї: - Канї бигў дар синфхона чанд фурўзонак вуљуд дорад? Донишљў: - Шашто. Профессор: - Боз хато кардї. Ман имрўз дар сумкаам фурўзонак наовардам! Донишљў: - Лекин ин дафъа ман овардам!!!
ВОКУНИШ "ТОЉИКСУЃУРТА" ЉУБРОНИ ЗАРАРРО КАФОЛАТ МЕДИЊАД! - Корхонаи воњиди давлатии "Тољиксуѓурта" вобаста ба матлаби сокини ноњияи Шоњмансур Амруллоњ Низомов ("Оё КВД - и "Тољиксуѓурта" љубронпулї медињад?") Нигоњ №18 (400) аз 27 уми июли соли 2014 чунин иттилоъ медињад: Аз саволи шањрванд Амруллоњ Низомов, ки дар натиљаи паридани санг воситаи наќлиёташ зарари моддї дидааст, маълум мегардад, ки ин њодиса ба намуди суѓуртаи наќлиёт мансуб мебошад. Бинобар њамин, шањрванд метавонад, ки дар њолати доштани шартномаи суѓуртаи наќлиёт бо пешнињоди њуљљатњои зерин: - ариза; - полиси суѓуртавї; - маълумотнома аз маќомотњои дахлдор оиди зарари расида; - нусхаи шањодатномаи ронандагї; - нусхаи шањодатномаи баќайдгирии воситаи наќлиёт; - нусхаи шиноснома. Ба КВД "Тољиксуѓурта" (ш.Душанбе, кўчаи Дењлавї 4 - а) ё филиали он, ки шањрванд дар онљо шартномаи суѓурта бастааст мурољиат намояд. Дар сурати пешнињод гардидани њуљљатњои тасдиќкунанда КВД - и "Тољиксуѓурта" љуброни зарарро кафолат медињад. Аловиддин САТТОРОВ, директори генералии КВД - и "Тољиксуѓурта"
? - И БОБ "ГАЗПРОМ" ВА "ТЕТИС-ПЕТРОЛИУМ" КАЙ НЕФТ ИСТИХРОЉ МЕКУНАНД?
*** Як рўз Сафар Махсум дар роњ рафта истодааст, ногањ пешпо хурда меафтад аз љой бархоста э ин њама аломати пирї, пир шудї дигар чї мешї? Хеста ин тараф он тараф назар мекунад, касе нест, худ ба худ мегўяд: Э, намурдї дар љавонитам хоки хунук набудї!
- Дар Тољикистон чанд сол инљониб ширкатњои "Газпром" ва "Тетис-Петролиум" гўё бо њам мусобиќа дошта бошанд, пай дар пай ваъда медињанд, ки билохира аз ќаъри замини љумњурї нефт истихрољ мекунанд. Аммо ин ваъдањо њамоно ваъда боќї мемонанд. Бино ба маълумоти онњо, дар ќаъри замини Тољикистон захираи њангуфти нефту газ мављуд аст. Агар ин ширкатњо ба ваъдаи худ љињати кашфу истихрољи нефту газ содиќ мемонданд то имрўз њамаљоро дар Тољикистон маълумот дар бораи истихрољи нефт ва коркарди фаровардањои он пур мекард. Аммо, мутаасифона ин тавр нест. Кай онњо ба ваъдаву мусобиќањои худ хотима дода билохира ба кашфу истихрољи њаќќонии нефту газ машѓул шуда ба мардуми Тољикистон паём медињанд? То ба кай дунболи ваъдањои пучи онњо мегардем? Худамон кай ба истихрољи нефту газ машѓул мешавем? Оё ширкатњои ватанї дар ин соња дорем, ки ба истихрољи нефту газ машѓул шуда аз фаровардањои он бензин ва маводи сўхти дизелї истењсол мекарда бошанд? Мухтор ИБОДОВ, сокини ноњияи Рўдакї
*** Донишљў бе тайёрї ба имтињон меояд. Ба суолњо хеле бад љавоб медињад. Профессор: - Аќалан ту медонї, ки худи њамин имтињон чї маъно дорад? Донишљў: - Бале. Имтињон ин суњбати ду шахси босаводро мегўянд. Профессор: - Агар аз ин ду нафар якеаш девона бошад чї? Донишљў: - Дар ин сурат нафари дуюм аз гирифтани идрорпулї (стипендия) мањрум мешавад.
- Бале, дар Тољикистон ба миќдори начандон зиёд нефт истихрољ карда мешавад. Айни њол Дар Тољикистон 7 ширкати ватаниву хориљї ба истихрољи нефт машѓул њастанд, ки ин корхонањо дар Шимолу Љануби љумњурї љойгир њастанд. Дар шаш моњи соли равон ин 7 ширкат 11 њазору 783 тонна нефт истихрољ карда аз он 180 тонна бензин, 938 тонна маводи сўхти дизелї, 2937 тонна мазут ва 1700 тонна битум истењсол кардаанд. Истихрољи нефт ва коркарди фаровардањои нефтї нисбат ба њамин давраи соли гузашта каме коњиш ёфтааст. Барои мисол дар нимсолаи соли гузашта ширкатњои номбурда 13 њазору 937 тонна нефт истихрољ карда аз он 191 тонна бензин, 1241 тонна маводи сўхти дизелї, 4015 тонна мазут ва 1940 тонна битум истењсол карда буданд. Дар бораи кори анљомдодаи ширкатњои "Газпром" ва "Тетис-Петролиум" дар Тољикистон ба Вазорати энергетика ва захирањои оби Тољикистон мурољиат намоед. Ба саволи Шумо Шодмон ШОКИРОВ, муовини аввали директори Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон посух дод.
ЗАБОНИ ТОЧИКИ ДАР КУРГУНТЕППА ХОР ШУД!
НИГАРОН? МО ДИГАР ЉАНГРО НАМЕХОЊЕМ! - Воќеањои Украинаро ба воситаи телевизион мебинему аз Худованд илтиљо мекунем, ки ин балоњоро боз ба сари мо наёрад. Охир, њамааш аз хешу таборбозии президенти он Виктор Янукович, худнамоии писари ў сар шуд. Дар давлату њукумат Виктор Янукович хешу таборашро раису вазир монд, писарашро раиси ширкати нафту газ кард. Ришвахўриаш ба ављи аъло расид. Аз ин халќаш ба шўр омада, ба майдонњо баромаданд. Президентони давлатњои дигари Осиёи Марказї њам айнан кори Виктор Януковичро карда истодаанд. Ќариб аксарашон домоду хусурбача ё писару духтаронашонро бо дигар њамдењагонашон оварда дар давлату њукумат вазифа болои вазифа дода истодаанд. Оё њамаи ин пагоњ хатар надорад? Оё халќ њамаи инро намебинаду намешунавад? Виктор Янукович низ њамин хел гарданшахию истодагарї кард, вале ќањру ѓазаби халќ ўро рўфта нест кард. Оё бо ин тарзи давлатдорї дар давлатњои Осиёи Марказї прогресс мешавад? Дар мисоли Тољикистон агар бигирем, то ба кай мо тайи ин 20 сол 6 моњ аз бебарќї азоби саг мекашем? 1 миллион шавњарону писаронамон дар Русия ѓуломї мекунанд. Њама бояд ба худ оем, то Тољикистони сарсабзу азизамон мисли Украина нагардад! Кўшиш бояд кард, ки аз мушкилоти дохилии мо боз абарќудратњо сўистифода карда гулхан наафрўзанд, ки њоламон табоњ мешавад. Мо дигар љангро намехохем! Илољи воќеа пеш аз вуќуъ гуфтаанд. Сафармо НУРМАТОВА, сокини дењаи Лангари ноњияи Муъминобод
БА ЉОИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои осон намудани мурољиати андозсупорандагон телефони иттилорасонї ва хизматрасониро бо раќами мухтасари 151 фаъол намуд. Мурољиаткунандагон метавонанд бо чидани раќами 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии (Call-center) Кумитаи андоз пайваст шаванд. Дар бахши иттилоотї аз соати 8.00 то 18.00 ба саволњои андозсупорандагон оид ба андозбандї ва хизматрасонии маќомоти андоз мутахассисон посух медињанд.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
ЭЪЛОН - Дипломи гумшудаи Муллоѓозиев Икром, ки факултети иќтисодиёти Университети давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленинро соли 1967 хатм кардааст, аз сабаби гум шуданаш бекор дониста шавад.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (403), 13. 08. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ДНК -И МИРЗОДИККАКУ ВАЪДАИ ОШИ САМАРЌАНДЇ Мирзодиккак сафари кории Ислом Каримов, президенти Љумњурии Ўзбакистонро ба Љумњурии Тољикистон шунида, ришашро се маротиба чаппаю роста тарошида, ба роњ баромад. Дар назараш менамуд, ки бо об шудани барфу яхњои дарањои Варзобу Ромит яхи сиёсї байни ду њамсоякишвар об шудааст. Акнун, меандешид Мирзодиккак, тољикони лабташнаи тамошои шањрњои бостонии Бухорою Самарќанд бе ягон душворї аз ин маконњои таърихї дидан мекунанд. Он мардону занононе, ки ќабл аз ин яхбандињои сиёсии Ўзбакистону Тољикистон оила барпо намуда будаанд, баъди ин дидорбинии таърихї њуќуќи озодона рафтану омаданро дарёфт карда, чї ќадаре хоњанд аз дидори волидайн ва хешу аќрабояшон сер мешаванд. Мирзодиккак барои сўњбати навбатї бе ягон дудилагї вориди чойхонаи миллии "Роњат" гашта, болои кат баромада, рўи кўрпачаи сатин нишаст ва лўлаболишти бахмалинро зери пар намуд. Буданаю кабкњои чойхона Мирзодиккакро мешинохтагї барин месуруданду месуруданд... Пешхизмат бо сару либоси атлас, ки тоќии сараш њам аз атласи ранга буду мўи сараш то ба лаби доманаш мерасид бо як назокати шарќиёна ба Мирзодиккак салом дода, интизори фармоиши генерали њукуматї шуд. Мирзодиккак, ки дар киссааш як пучаки сиёњ надошт, барои аз вазъияти ногувор баромадан дархости овардани МЕНЮ - ро намуд. Пешхизмат барои овардани МЕНЮ рафту Ѓалтак вориди чойхона шуд. Мирзодиккак аз шодї дар куртааш намеѓунљид ва даст меафшонд. Замоне, ки Ѓалтак бо Мирзодиккак салому алейк намуда, рў ба рўи њамдигар нишастанд, пешхизмат китоби номгўи ѓизоњоро оварду бо ишораи Мирзодиккак онро бо чењраи кушода мафтункунанда љониби Ѓалтак дароз намуд. Ѓалтак китоби номгўйи ѓизоњоро як аз назар гузарониду овардани чойи кабуд, ошу палов, харбузаю тарбуза, нону ангурро фармоиш дод. Мирзодиккак бо шунидани фармоиши дўсташ ба пешхизмат аз он хурсанд буд, ки ба серї ѓизо мехурад ва аз љониби дигар аз он дар хиљолат буд, ки бо баланд шудани нархи барќу дигар хизматрасонињои коммуналї якчанд моњ боз киссааш пулро надидааст. Аз он рўзе, ки давлатњои Иттињоди Аврупо нисбати давлати Русия тањримњои иќтисодї эълон кардаанд, Ќобилљони нањзатї ва келини урусаш аз Русия ба Мирзодиккак чойпулї ирсол накардаанд. Новобаста аз њамаи ин тањримњо ризќи Мирзодиккак, ки ба мисли дигар инсонњо то рўзи маргаш азалї аст, ба восита ва бевосита расонида мешавад. Имрўз ба воситаи Ѓалтак Худованд ризќашро расонида буд, вагарна баъди чанде ўро пешхизматњои чойхонаи "Роњат" барои маън намудани љойи нишаст пеш -пеши љорўбу швабра мебароварданд. Мирзодиккак: - Ќандаша занад њукумати љонољонамон. Бењуда як шоирамон нагуфтааст, ки мо ба љањониён дарси чї гуна сулњ бастанро бо истифода аз аќли азалиамон омўхтем. Ѓалтак: - Кошки, њамин тавр мешуд. Ба фикрам, агар аз њамон аќли азалии мегуфтагии шоир, ќисме аз шумо њукуматињои дупагона сариваќт кор мегирифтед, тољик овораи мулки бегона намешуду аз њамсояранљишатон як тараф аз истифодаи газ мањрум намегашту тарафи дигар дар фасли тобистон аз харидорї намудани барќ саркашї намекард. Мирзодиккак: - Моњо як миллату бо ду забон гап мезанем. Ана, барои оне, ки ба асли худ нарасем, яке ба њарфи кирилї часпидаему дигаре ба лотинї. Чанд сол боз аз тањсил бо ин њуруфњо бой мешавем мегуем, лекин теъдоди муњољирони мењнатиамон дучанд афзуда истодааст. Ѓалтак: - Ба андешаи ман, аз ќайсарї аќламон ба чунон "боло" рафтагї, ки яке љониби Бараку дигаре љониби Путин намоз гузошта, ба ќавле, сояи њамсояамонро аз девор метарошем. Худованд њамаро мебинад. Ин аст, ки якамон ду нашуда истодаасту ба љои дар љаласањо њал намудани масъалањои иќтисодї бо каллаи Гўрков Академик кор карда, гоњ ба ТАЛКО мечаспему гоњ бо шунидани номи "Роѓун" ба тамоми дунё бонги хатар мезанем. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, гапи ростро гўям, моро бадию бахилї ба дастнигарии урусу англис овардагї. Яке кўшиши аз чоњ баромаданро дошта бошем, дигаре, аз почакаш сахт медорем. Ба ќавли мардуми ўзбак, "гадо душмани гадо", вагарна байни тољику ўзбак ягон чизи таќсиммекардагї набуду
нест, зеро фарханг як, дину мазњаб як... Мебахшед, ќисме аз ўзбакзабонњои Тољикистон, агар худаш нагўяд, ки ўзбакзабон аст, аз тољик фарќ карданаш танњо баъди ДНК мумкин асту халос. Дар Ўзбакистон инхело аз мўи сар зиёд... Ѓалтак: - Ин љо айб айби Ислом Карим аст. Агар бо лањљаи мардуми љануби Тољикистон гап заданро меомўхт, духтараш Гулнора аз гапаш як ваљаб дур намерафту гапашон бо љониби Тољикистон мегузашт. Мирзодиккак: - Боварї дорам, ки авроњи Шароф Рашид ва Љаббор Расулов мадад мекунаду тарафњо масъалањои душвортарини давлатдориро дар муносибатњои байни Тољикистону Ўзбакистон ба осони ва зудї њал мекунанд. Ѓалтак: - Барои суханњои инсондўстонаат пули ѓизоро пурра пардохт мекунам. Агар корњо хуб шаванд, боз оши самарќандї њам медињам. Ба њукумати љонољонат дуруст фањмон, ки мардуми ўзбаку тољик президентњояшонро барои дифо аз манфиати умум интихоб кардаанду девонагарии Владимир Жириновский дар муносибатњои шарќиёна љуз аблањї чизе беш нест ва буда њам наметавонад. Љўрањо баъди пардохти њаќќи ѓизо бо пешхизмат хайру маќдам намуда, ба роњ баромаданд. Шамоли форам мевазид. Осмони Душанбе ба мисли чашмони кабуди суѓдї софу беѓубор буду аз толоре, ки дар он базми арусї идома дошт, ровї шеърњои Абдурањмони Љомї ва Алишери Навоиро бо мањорати баланд ќироат менамуд... Бо омадани автобус Ѓалтак ба хонааш бозпас шуду Мирзодиккак ѓарќи фиру хаёл дар кўчањои Душанбешањр ќадам мезад...
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Рањим МАСОВ, академики АИ ЉТ: -Шахсан љонибдори додани маќоми давлатї ба забони русї дар Тољикистонам ва аз он њимоят мекунам. -Шукри Худо, ки ин масъала аз шумо њеч вобастагї надорад, аммо метавонед, васият кунеду мо њатман дар сари ќабратон менависем: "Он боролся за государственный статус русского языка на родной земле".
Абдуманнон ХОЛИЌОВ, муовини вазири адлияи Тољикистон: - Љавононе, ки аксаран дар омўзишгоњњо дохил мешаванд, аслан маќсадашон гурез аз хизмат аст. Масалан аз 56 њазор донишомўзони ин омўзишгоњњо танњо 10 ва ё 20 дар cадашон пайваста дар дарсњо ширкат мекунанд, боќимонда танњо ба ном дар ин муасссиањо тањсил доранд. -Хуб мекунанд! Нашавад, ки ин 40 њазор одамро њам ба артиши 16 -17- њазорнафара баред. Њоло ба њамон артишбудањо нони шикамсерию дар шаш моњ як трусигї дињед, баъд ягон гап мешудагист.
Фирўза ЊАФИЗОВА, сароянда: - Рўз то бегоњ дар хона бишинї, давлату сарват аз дарат намедарояд. Мо мењнат карда пул меёбем! Хизматгор доштанамро пинњон намедорам. -Ња, хуб! Лекин росташро гўед, ки ин хизматгоратонро зани аввалааш хуб тарбия карда будааст ё инаш њам нашуд?
Шавкат БОБОЗОДА, вазири саноат ва технологияњои нави Тољикистон: - Дар 6 моњ 5 корхона дар Бадахшон, 46 дар Суѓд, 86 дар Хатлон, 34 дар Душанбе ва 76 корхона дар ноњияњои тобеи марказ аз кор мондаанд. -Э, кори нохуб шудааст-де! 5 карат њазор долларї+46 карат 2 њазор долларї+ 86 карат 500 долларї+34 карат 5 њазор долларї ва 76 карат "хайр ягон чї медодагистанд", аз даст рафт гўед!
Саъдулло БЕКНАЗАРОВ, раиси ноњияи Ќубодиён: - Ман, ки кадри Шўравї њастаму ихтисосам кишоварзист, њељ гоњ нисбати кишоварзон берањмї накардаам ва намекунам! Њамчун намояндаи Президент талош меварзам, њар мушкиле, ки мардум доранд, аз байн бубарам. -Бењтарин шиъорпартої! Фаќат як савол: Агар мушкилзо худи вай каси мегуфтагиатон бошад-чї?
Усмон СОЛЕЊОВ, сухангўи ЊХДТ: - Ба Њукумати Тољикистон чизе тањдид намекунад. -Ба љуз аз камњунариву беаќлињои худаш-ња?!
Абдуѓаффор РАЊМОНОВ, раиси шањри Кўлоб: - Ваќте алангаи оташ сар мезанад, дигар пеши роњи онро гирифтан мушкил аст. Бубинед, ваќте бозори Кўлоб оташ гирифт, то Хадамоти оташнишонї ва дигар нињодњои зирабт ба мањалли сўхтор расиданд, ки нисфи бозор сўхт. - Дупа-дуруст! Ѓазаби кўлобињоро овардан шарт нест. Бигзор љойњо дар бозорњо фурўхта нашаванд, ќитъањои замин барои манзил ба мардум бепул дода шавад, милисаву духтуру омўзгор ришва нагиранд, вагарна ...
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.