Нигох №21 (454). №21 (454). Чоршанбе, 19-уми августи соли 2015

Page 1

ОН:

и

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

1

Абдувосид ЮЛДОШЕВ:

"ФАСОД УМУМАН ЉОЙ НАДОРАД" САЊИФАИ 4 №21 (454). Чоршанбе, 19-уми августи соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ЧЕЊРА

Темур Зулфиќоров Нобиѓаи беунвон

САЊИФАИ 8

НИГОЊИ ХОРИЉЇ

Сарзамини марњамат ва рањмат САЊИФАИ 6

ЉАЊОН

Саддом гуфт: Эй хоини муздур!

СЕНТЯБР - 2015

Муњиддин Кабирї аз рањбарии ЊНИТ меравад?

ИЛА-АЛ-ЛИЌО! САЊИФАИ 10

БО ШОИР

Маргрўзи солњои рафтаам... САЊИФАИ 12

Пахши "Висоли њаќ" дар Тољикистону Эрон ќатъ шуд


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

2

14-уми август Раёсати олии Њизби нањзати исломии Тољикистон ќарор ќабул кард, ки 15-уми сентябр Анљумани интихоботї - њисоботии њизб баргузор шавад. Рањбарияти њизб мегўяд, ба мисли анљуманњои ќаблї њудуди 500 вакил ва мењмон даъват кардаанд. Вакилон аз гўшаву канори кишвар, мењмонон аз корпусњои дипломативу созмонњои байнулмилалии муќими Душанбе ва њам ањзоби сиёсиву созмонњои љамъиятии ватанї даъват шудаанд. Мањмадалии Њайит, муовини раиси ЊНИТ, мегўяд, то ба њол сари рўзнома ва мањалли баргузории анљуман тасмим гирифта нашудааст. Вай афзуд, танњо маълум аст, ки раиси ЊНИТ дар ин Анљуман ширкат нахоњад кард. Ин вазъ гуфтугузорњо атрофи Анљумани навбатии ЊНИТ - ро бештар мекунад.

СЕНТЯБР - 2015

Кабирї ё Нурї? Аз рўзномаи маљлис танњо инро метавон пешгўї кард, ки яке аз масъалањо интихоби раиси нав хоњад буд ва 15-уми сентябр ЊНИТ рањбар интихоб мекунад. Аз ин хотир, дар љомиа њоло ин гуфтугузорњо ба миён омадаанд ё ба миён андохта шудаанд, ки эњтимолан раиси кунунї - Муњиддин Кабирї аз рањбарї канор рафта, писари асосгузори ЊНИТ Сайид Абдуллоњи Нурї - Муњаммадљони Нурї раис интихоб шавад. Чаро Кабирї равад? Коршиносоне, ки дар ин бора бо "Нигоњ" суњбат карданд, ба ин назаранд: 1) Кабирї ЊНИТ ро пароканда кард ва дар рањбарї боќї мондани ў онро барбод хоњад дод; 2) Ин љузъи барномаест, ки "антинањзат" унвон мешавад ва наќшаи онњоест, ки ин барномаро тарњрезї кардаанд; 3) Њатто фишорњо ба њизб барои он аст, ки Кабирї як шахси љањонї ва барои њукумат хатарнок шуд, аз ин хотир, ўро бояд ба як "экспонати сиёсї" табдил дињанд; 4) Танњо рафтани ў ин имконро ба вуљуд меорад, ки ўро дар љустуљўи байнулмилалї ќарор дода, далоили истирдодаш ба Тољикистонро фароњам созанд. Чаро Муњаммадљони Нурї бояд ояд? 1) Нањзатро аз барбодї нигањ медорад; 2) Нафари мулоим ва "гапдаро" аст; 3) Писари Нурист ва бо дастони ў ќатъ кардани фаъолияти ЊНИТ мантиќї аст. Тавре мегўянд, "кори падарашро анљом дод". ЊНИТ, ба ќавле, 40 сол пеш дар водии Вахш аз љамъи њамфикрони Саид Абдуллоњи Нурї ташкил шуда буд. Аммо расман 26 октябри соли 1991 дар Кохи "Вањдат" -и шањри Душанбе бо ширкати њудуди 1000 вакил аввалин анљумани худро баргузор карда, Муњаммадшариф

Муњиддин Кабирї аз рањбарии ЊНИТ меравад? Њимматзодаро рањбар интихоб кард. Рањбари амалї њамоно Саид Абдуллоњи Нурї мањсуб мешуд.

Истамбул ё Душанбе? Анљумани ЊНИТ бояд дар Душанбе баргузор шавад, аммо иддае инро баъид намедонанд, ки он дар хориљи кишвар низ сурат гирад. Ва далели асосиашон ин аст, ки љаласаи вижаи Шўрои сиёсии он дар шањри Истамбули Туркия баргузор шуд. Аммо рањбарияти њизб мегўяд, сухан дар бораи дохили Тољикистон ва худи Душанбе меравад. Онњо аз ин нигарон њастанд, ки маќомоти давлатї барои расидани вакилон ба Анљуман монеа эљод мекунанд ва ин имконро аз дасти вакилон мегиранд, ки дар он ширкат кунанд. Ба гумони ѓолиб, Анљумани ЊНИТ дар Душанбе ва мањз ќароргоњи њизб баргузор мешавад, зеро имкони баргузор кардани он, тавре анљумани ќаблї нишон дод, дар ягон љои шањри Душанбе вуљуд надорад. Аммо то куљо баргузор кардани он дар хориља, масалан, Туркия, ё Русия имконпазир аст? Рањбарияти ЊНИТ дар

ин бора њанўз ба иттифоќи назар нарасидааст. Аммо як нигоњи сатњї ба ин гуна љараён гирифтани кор нишон медињад, ки ин роњ низ монеаэљодкунињои худро дорад...

ЊНИТ баста мешавад ё не? Ин бањсест, ки ќариб 5 сол ба ин сў идома дорад, аммо тайи як соли ахир воќеї шудааст. Аксари коршиносоне, ки як соли пеш ин суолро хандаовар ё љое "иѓвогарона" мехонданд, њоло сар ба андеша рафта, ба ин хулоса расидаанд, ки боќї монад њам, дигар он ЊНИТ нахоњад буд. Аз нигоњи аксари онњо, дар њоли ба рањбарии ЊНИТ омадани Муњаммадљони Нурї њам, бастани њизб моњияташро гум намекунад, яъне дар њама њолат онро хоњанд баст. Аммо Нурии дуввум метавонад номзадии худро нагузорад ё аз ширкат дар сабќат даст кашад ва Кабирї дар симматаш боќї монад. Он гоњ низ, аз нигоњи коршиносон, масъалаи бастани ЊНИТ ањамияти худро гум нахоњад кард. Чї пеш хоњад омад? Аз нигоњи коршиносон, 1) дар њама њолат масъалаи

бастани њизб аз рўзномаи кори роњандозони барномаи "антинањзат" хориљ намешавад, зеро њадафи аслї аст. Бахусус дар доираи ин барнома ин идея низ таблиѓ мешавад, ки исломи сиёсї барои љомиа хатарнок аст; 2) Онро ба Њизби сотсиалист ё Њизби демократи дигар табдил медињанд. Эњтимоли ба майдон даромадани мухолифони Кабирї вуљуд дорад, ки бо далелњои худ, аз љумла бо ин ки ба хотири ў ва "сиёсати сабр" - аш њизб ба ин њол афтодааст, даст ба мубориза мезананд. Пас аз ин љиноњњо ба вуљуд меоянд, ки яке аз онњо дар вазорати адлия сабти ном мешавад ва баќия, аз љумла љиноњи Кабирї, дар њошияи ќонун ќарор мегирад. Љиноњи расмї метавонад комилан аз онњое таъсис ёбад, ки ба ин њизб умуман робитае надоранд ва аз сўи афроди рў ба њукумат таъсис ёфтаанд. Њукумат инро кори дохилињизбї њисоб мекунад. 3) Рањбарони ЊНИТ бар ин боваранд, ки агарчи њизб баста мешавад, идеяи он боќї мемонад ва "як рўзи Худо" ЊНИТ боз ба майдон хоњад омад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ

САДОИ МАРДУМ

37%

40%

33%

37%: "ХАРЉИ ЛИБОС ВА АСБОБИ ДАРСИИ ЯК ФАРЗАНД БЕШ АЗ 1000 СОМОНЇ АСТ"

15% 10% 5%

6%

Аз 1000 сомонї зиёдтар

20%

Аз 500 то 1000 сомонї

25%

24%

Аз 300 то 500 сомонї

30%

Аз 100 то 300 сомонї

35%

0% 1

2

3

4

Наздик ба 40 дарсади мардум барои тањияи либос ва лавозимоти дарсии фарзандони худ дар мавсими омодагињо ба соли нави тањсил зиёда аз 1000 сомонї харљ мекунанд. Натиљаи як назарпурсї зери унвони "Барои тањияи либос ва лавозимоти дарсии фарзандонатон чї ќадар маблаѓ харљ мекунед?" маълум кард, ки њамагї 6%-и иштирокчиён варианти "Аз 100 то 300 сомонї"-ро интихоб карда, 24 фоизи дигари онњо ба гузинаи "Аз 300 то 500" раъй додаанд. Ба њисоби миёна њудуди 33 фисади

мардум барои тањияи либос ва лавозимоти дарсии фарзандонашон "Аз 500 то 1000 сомонї" харљ мекунанд, вале 37 фоизи дигар таъкид доштаанд, ки дар ин мавсим барои тањияи либос ва лавозимоти дарсии фарзандон "Аз 1000 сомонї зиёдтар" харљ кардаанд. Ин назарпурсии виртуалї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 13-ум то 18-уми августи соли љорї дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд. Дар он 563 нафар ширкат кардааст.


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

3

Муњибуллоњ Ќурбон Ронандаро на барои он љазо медињанд, ки пулашро гиранд, балки ба ў ёддошт мезананд, ки ин амал, масалан, гузаштан дар чароѓаки сурх, барои амнияти мусофирон ва наќлиёти дигарон хавфи фалокат ва ё бо забони худашон њолати садамавї эљод мекунад.

ПУЛМАСТ ВКД пул љамъ мекунад, ё амнияти мардумро таъмин?

"ОДАМОНИ БЕГОНА" Чаро маќомот ба њељ кас "рањм" намекунанд? 18-уми август суди ноњияи Исмоили Сомонии пойтхат Аминљон Гулмуродзода, сармуњаррири бахши русии сомонаи "Фараж"-ро барои ду сол ба зиндон мањкум кард. Маќомоти амниятии Тољикистон Аминљон Гулмуродзодаро тибќи моддаи 340, ќисми 2, банди "а"-и Кодекси љиноятї "сохтакории шиноснома, бо маќсади истифода аз љониби худи сохтакор ё шахси дигар, њамчунин истифодаи њуљљатњои бараъло ќалбакї, такроран" муттањам кард. 17-уми август прокурор дар мурофиа талаб намуд, ки Аминљон Гулмуродзода ба чор соли зиндон мањкум карда шавад. Парвандаи љиноятї нисбат Аминљон Гулмуродзода аз љониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллї дар шањри Душанбе боз шуда буд. Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, рањбари Маркази тадќиќоти журналистии Тољикистон, Аминљон Гулмуродзода ба он муттањам мешавад, ки "гўё соли 1989, ки њанўз ба балоѓат нарасида буд, бо кўмаки падараш, собиќ декани факултаи журналистикаи ДМТ, шодравон Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САЊШ-и ноњияи Ленин (њозира Рўдакї)-и ЉСС Тољикистон шањодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки он, ба гуфтаи маќомоти тафтишоти пешакї, ќалбакї мебошад. Дар идомаи парвандаи љиноятї омадааст, ки Аминљон гўё бо истифода аз ин шањодатнома аз маќомоти корњои дохилии

ноњияи Рўдакї соли 1998 соњиби шиноснома шудааст ва онро дар чанд њолат њангоми ба кор ќабул шудан истифода намудааст". Ба гуфтаи Хуршеди Атовулло, "њарчанд маќомоти тафтишоти пешакї даъво пеш овардааст, ки шањодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминљон тањти №208 дар бахши САЊШ-и ноњияи Рўдакї мављуд несту ин раќами ќайд ба шањрванд И.З. тааллуќ дорад, аммо њангоми тадќиќоти журналистї исбот шуд, ки ќайди акт дар бораи таваллуд тањти №208 дар асоси маълумотномаи ќалбакї гирифта шудааст. Зеро дар ќайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шањри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роњбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадќиќоти журналистии Тољикистон чунин љавоб дод, ки "Таваллудхонаи №3-и шањри Душанбе бо ќарори Кумитаи иљрояи вакилони халќи шањри Душанбе тањти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст". Маркази тадќиќоти журналистии Тољикистон ќасд дорад, ки баъди њукми суд натиљаи тадќиќоти комили хешро расонаї кунад. Њамчунин, Хуршеди Атовулло суол мегузорад, ки муфаттишон ба суоли асосї посух наёфтаанд, ки оё Гулмуродзода Пайванд Гулмурод аз гирифтани шањодатномаи ќалбакї фарзандашро огоњ кардааст ё не? Чунки шањодатномаро аслан дар кўдакї

волидон барои фарзанд мегиранд ва кўдак наметавонад аз он, ки ба ў дар тифлї ба чї ному насаб шањодатнома гирифтаанд, кай ва чї хел гирифтаанд, чї ном гузоштаанд, табиист, ки огоњ буда наметавонад ва њам собиќ декани факултети журналистикаи Донишгоњи миллии Тољикистон шодравон Гулмуродзода Пайванд Гулмурод - падари Аминљон чанд сол аст, ки дар ќайди њаёт нест ва наметавонад ин талаби муфаттишонро ќонеъ кунад. Аминљон Гулмуродзода дуввумин рўзноманигорест, ки бо чунин иттињомоти бањсангез равонаи зиндон мешавад. 29 октябри соли 2013 рўзноманигори аштї Мањмадюсуф Исмоилов барои як иттињоми шубњаангез 11 сол њукм гирифт ва њоло дар зиндон аст. Њатто пас аз он, ки шоњидони парвандаи ў аз даъвоњои хеш даст кашиданд, њукми ў таѓйир дода нашуд. Њоло маълум нест, ки дар паси ќазияи Аминљон Гулмуродзода чї ва кї меистад. Ва боздошти ў дар ќатори боздошти дањњо нафар, аз љумла оппозитсионеру руњониён сурат мегирад. Хулоса мешавад, ки имрўз маќомот ба њељ кас бовар надоранд. Агар мавзуъ њамон аст, онњоро ба як тоифаи, ба истилоњ, "одамони бегона", метавон ворид кард, ки њељ гоњ мавриди "рањм" - и маќомот ќарор намегиранд. Мењвар ин аст, ки азбаски маќомоти њукумат худ ќавї нестанд, ба ягон шахсу ќувваи ќавї бовар надоранд. Умари ТОЊИР

Ду ронанда барои 444 ќойидавайронкунї тўли 20 моњ 108 њазору 600 сомонь љарима супурдаанд! Аввалин фикре ба сарам омад ин буд, ки ин нафарон пулмаст шудаанд. Љаримаи яке аз онњо баробари нафаќаи 12-солаи ман аст. Барои намоиши сарват ба њама гуна ањмаќї ќодиранд, вале барои бачањои бепарастор "кризис, корхона пул надорад" мегўянд. Мо мехоњем, намехоњем, љомеа тадриљан ба табаќањои дорову камсарвату камбизоат таќсим мешаванд. Аммо дигар љониби ин масъала боиси ташвиш аст. Чаро ВКД имконият додааст, ки ин афрод 20 моњи дароз ин ќадар ќоидаи роњ вайрон кунанд? Агар рисолати ВКД ва шуъбаву бахшњои он танњо аз љарима кардану љазо додан иборат бошад, метавон гуфт, ин нињод чунин амалиёташро идома дињад, вале то љойе мо медонем, яке аз рукнњои асосии ВКД ва шохаи он БДА ин назорат ва ѓамхорї дар њаќќи амнияти шањрвандон дар дохили кишвар аст! Ронандаро на барои он љазо медињанд, ки пулашро гиранд, балки ба ў ёддошт мезананд, ки ин амал, масалан, гузаштан дар чароѓаки сурх, барои амнияти мусофирон ва наќлиёти дигарон хавфи фалокат ва ё бо забони худашон њолати садамавї эљод мекунад. Аммо бармегардем ба ин љаримањои њангомавї. Бубинед, дар давоми якуним сол ин ронандањо њаёти моро камаш 444 бор (!) дар хатар гузоштаанд! Ин шумораи ќойидавайронкунињоро камаш ба ду бояд зарб занем, зеро на дар њама кўчаву хиёбонњои пойтахт дурбинњои ВКД часпонда шудааст. Пас метавон гуфт, ки дурбинњои ВКД дар ин њолат танњо ба сифати дастгоњњои пулљамъкунаки ин нињод хидмат мегузоранд, на чизи дигар, чунки њам мувофиќи ќойидаву ќонун ва њам мантиќ ваќте ронанда як бор аз хатти ќонун ё низомномаи муќарраркардаи БДА убур кунад, ў бояд њамон замон боздошт, љарима ва огоњ шавад, ки амалаш хилофи ќойида аст. Аммо бубинед, ВКД дар муддати бист моњ (!) ба ин авбошони роњ имконият ва шароит фароњам овардааст, ки онњо ќойида вайрон кунанд ва зиндагии мову шуморо зери хатар гузоранд! Чаро? Љавобаш њам хеле содда аст ва ман нанавишта аксари шумо, хонандаи азиз, фањмидед: пул љамъ кардан даркор аст! Агар пас аз як њафта ин нафаронро огоњ мекарданд, ки ин корро накунанд, шояд ќойидавайронкунї камтар мешуд. Ва гумон меравад, баъди супоридани љарима камтар бошад њам, чунин рафторро давом медињанд ва ин хабар буд, ки моњи августи соли љорї яке аз онњо боз 2 бор ќойидаро вайрон кардааст. Боз як масъала норўшан мондааст. Ваќте мову шуморо дар роњ нозирон барои вайрон кардани ќойида боздошт намоянд, њам љарима, њам огањ мекунанд ва гоње сабт њам менамоянд, ки дар сурати дар муњлати дар низомномаи БДА муайяншуда ду бори дигар такрор шудани њамин намуди ќойидавайронкунї, ба монанди гузаштани чароѓаки сурх моро аз њуќуќномаи ронандагї ба муњлати муайян мањрум мекунанд ва танњо пас аз супоридани санљишњо њуќуќи ронандагиамон барќарор мешавад. Худ аз худ ба муњтарам Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилї, суоле пайдо мешавад: чаро моро барои се бор такрор кардани як намуди ќойидавайронкунї аз њуќуќнома мањрум мекунанд, аммо ронандањои мазкур, ки њар якашон зиёда аз 200-борї ќойида вайрон карда, њам њаёти худ ва дигар шањрвандонро дар хатар гузоштаанд, аз њуќуќнома мањрум нашудаанд? Суоли дигари мантиќї он аст, ки умуман, барои зиёда аз 200 ќойидавайронкунї њар яки ин ронанда аз љониби ВКД чї љазо гирифт? Ё барои ВКД аз њама муњим ин дастгоњњои пулљамъкунї кор кунанду ронандањо њаёти шањрвандон ва худро зери хатар гузоранд?

ЭНЕРГЕТИКА

БОЗДИДИ ЌОЊИР РАСУЛЗОДА АЗ РАВАНДИ БУНЁДИ НАВБАТИ ДУЮМИ МАРКАЗИ БАРЌУ ГАРМИДИЊИИ ДУШАНБЕ -2 Сарвазир Ќоњир Расулзода аз раванди бунёди навбати дуюми Маркази барќу гармидињии Душанбе -2 аз наздик шинос шудааст. Бино ба иттилои расмї, 18-уми август баъди боздид аз Марказ Ќоњир Расулзода бо ситоди сайёри омодагї барои дар сатњи зарурї гузаронидани давраи тирамоњу зимистони солњои 2015-2016 љаласаи корї баргузор кардааст. Дар ситод масъалаи ба кор андохтани агрегати якуми навбати дуюми Маркази барќу гармидињии Душанбе-2, бунёди хатњои интиќоли

гармї дар њудуди пойтахт, нуќтањои гармидињї ва захира кардани ангиштсанг барои кори муназзами Маркази барќу гармидињї баррасї шуд. Татбиќи лоињаи бунёди навбати дуюми Маркази барќу гармидињии Душанбе- 2 дар асоси созишномаи ќарзї миёни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Бонки содироту воридоти Љумњурии Мардумии Чин амалї гардида, бо дарназардошти лоињаи татбиќшудаи навбати аввали маркази барќу гармидињї иќтидори он ба 400 мегаватт баробар хоњад шуд.


4

МУСОЊИБА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

Маъракаи ќабули довталабон ба донишгоњњои олї, ки ду сол боз аз сўи Маркази миллии тестии назди Президенти Тољикистон ба охир расид. Бархе ба ин назаранд, ки бо роњандозии ин низом дохил шудан ба макотиби олии Тољикистон одилона шуда, бархеи дигар мегўянд, њанўз бидуни фасод намешавад донишљў шуд. Нахустин суоли мо аз Абдувосит Юлдошев, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тољикистон низ ин буд, ки то куљо гуфтугзори мардум дар бораи ин марказ сињат дорад? - Бо роњандозї гардидани имтињонњои марказонидаи дохилшавї шаффофияти раванду марњалањои гуногуни имтињонњои ќабули донишљўён таъмин шуда, арзёбии одилонаю воќеъбинонаи дониши довталабон барои роњ ёфтани довталабони дорои донишу ќобилиятњои бештар ба тањсилоти олии касбї ба роњ монда шуд. Вобаста ба ин, истифодаи ибораи "то љое фасодро аз байн бурдан" дар мавриди имтињонњои марказонидаи дохилшавї то љое нодуруст аст, зеро дар имтињонњои мазкур фасод умуман љой надорад ва њар як довталаб ва падару модар шоњиди бевосита гардид, ки дар муваффаќ гардидани довталаб касе ва ё чизе наметавонад таъсире расонад ва њар як довталаб, бешубња, муваффаќиятро худаш ба даст овардааст. Њолатњоеро, ки њамчун "ќаллобї" гуфтан мумкин аст, њељ гоњ наметавон ба Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон рабт дод. Зеро Марказ дар хусуси њушёру зирак будани довталабон ва падару модарони онњо ва бовар накардан ба гапњои ашхоси "нопок"-у "ѓаразнок" борњо таъкиду мурољиатњо намуда буд ва барои таъмину исботи ин, ки касе дар натиљаи имтињонњои довталаб таъсире расонида наметавонад, шароиту имкониятњои заруриро фароњам овардааст. - Шумораи довталабон имсол чї ќадарро ташкил медињад? Дар ќиёс ба соли гузашта он чи ќадар кам ё зиёд шудааст? - Соли љорї дар ду даври баќайдгирї 73700 довталаб барои иштирок дар имтињонњои марказонидаи дохилшавї сабти ном гардиданд. Соли гузашта бошад, зиёда аз шумораи умумии довталабони баќайдгирифта 52408 нафарро ташкил дода буд. Яъне шумораи умумии довталабони дар соли 2015 азќайдгузашта нисбат ба соли 2014 ин нишондињанда 40,62% бештар аст. - Соли гузашта чанд фисади довталабони ба муассисањои таълимї њуљљат супорида тавонистанд соњиби номи донишљў шаванд? - Соли гузашта дар маљмўъ аз 52408 довталаби баќайдгирифта 46207 нафарашон дар имтињонњои марказонидаи дохилшавї иштирок карда, аз ин шумора 27272 нафарашон соњиби унвони донишљў шуданд, ки ин 59,02 %-и шумораи довталабони дар имтињонњо иштироккардаро ташкил медињад. - Дар соли гузашта ва имсол аз љониби довталабон ва ё волидайни онњо чї шикоятњо асосан ба Маркази миллии тестї мерасанд? Оё шикоятњо аз системаи Маркази милллии тестї низ вуљуд дорад? - Дар давраи эълони натиљањои имтињонњо ва таќсимоти довтлабон мурољиатњо зиёданд.

Абдуфаттоњи Ѓоиб собиќ муфаттиши парвандаи Зайд Саидов Зуњал Рањимовро дар Хадамоти гумрук вазифа додааст. Як манбаъ дар Хадамоти гумрук тасдиќ кард, ки бо фармони Абдуфаттоњи Ѓоиб, сардори Хадамоти гумрук Зуњал Рањимов ба вазифаи муовини Раёсати минтаќавии гумрукї дар шањри Душанбе таъин шудааст. Ў аллакай дар ин вазифа ќариб се њафта боз фаъолият дорад. Пештар дар Хадамоти гумрук дар Раёсати ќочоќ кор мекардааст, ки бо сардори Хадамоти гумрук таъин шудани Абдуфаттоњи Ѓоиб ба кор гузаштааст. Зуњал Рањимов дар вазифаи мудири шўъбаи тафтишотии Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия кор мекард. Яке аз муфаттишони парвандањои пурсарусадотарини Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонї буд, ки парвандаи "таљовуз ба номуси духтари ноболиѓи рус" - ро пеш мебурд. Дар моњи майи соли 2014 аз вазифааш дар Агентї дар вазъи шубњаангез барканор шуда, аз кор сабукдўш шуд. Он ваќт расонањо хабар доданд, ки Зуњал Рањимовро баъди муњокима дар як љаласаи коллегияи Агентї дар замони рањбарии Абду-

Абдувосид ЮЛДОШЕВ:

"ФАСОД УМУМАН ЉОЙ НАДОРАД" Суњбати ихтисосї бо Абдувосид Юлдошев, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тољикистон Аз љумла, нафароне, ки холњои гузаришро соњиб нашуда, ба озмуни таќсимот роњ наёфтаанд ва ё довталбоне, ки бинобар камтар будани балњояшон дар озмуни таќсимот муваффаќ нагардидаанд. Њар як мурољиати довталабон дар доираи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон баррасї шуда, аз натиљаи он ба муаллифони мурољиат љавоб гардонида мешавад. - Имсол бо супориши Президент Эмомалї Рањмон њамаи 65 коллељњои љумњурї, Донишгоњи славянии Русияву Тољикистон ва дигар филиалњои донишгоњњои Русия ба низоми Маркази милли тестї ворид карда шуданд. Бо ворид шудани ин муассисањо ба низоми Маркази миллии тестї шумораи довталабон то чи андоза таѓйир ёфт? - Соли љорї ба низоми имтињонњои марказонидаи дохилшавї 33 муассисаи тањсилоти олии касбї (аз љумла, Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, филиалњои муассисањои таълимии тањсилоти олии касбии Федератсияи Россия дар шањри Душанбе) ва њамагї 8 муассисаи тањсилоти миёнаи касбї, аз љумла 4 коллељи омўзгорї ва 4 коллељи тиббї ба низоми ИМД шомил гардида, Консервато-

рияи миллии Тољикистон ба номи Т. Сатторов аз низом бароварда шуд. Маќсад аз ворид кардани танњо 8 муассисаи тањсилоти миёнаи касбї ба низоми ИМД, пеш аз њама, озмоиши низоми ИМД буд, зеро низоми мазкур аз ќабл барои муасисањои тањилоти олии касбї тарроњї гардида аст ва барои санљиши раванду механизњои баргузори имтињонњо ва ќабули донишљўён ба муассисањои тањсилоти миёнаи касбї санљиши низом зарур буд. Агар шумораи довталабони дар соли 2015 баќайдгирифтаро бо шумораи довталабони дар соли 2014 баќайдгирифта бе назардошти шумораи љойњои тибќи наќшаи ќабули донишљён муќоиса намоем, имсол шумораи довталабони сабтиномшуда нисбат ба соли 2014 бештар аст. Агар таносуби шумораи умумии довталабони баќайдгирифта ва шумораи љойњои тибќи наќшаи ќабули донишљўён људогардидаро низ вобаста ба солњои 2015 ва 2014 муќоиса намоем, шумораи умумии довталабон дар соли љорї 157,61 % аз шумораи љойњои наќшавї (46762)-ро ташкил медињад. Ин нишондињанда соли гузашта аз шумораи љойњои наќшавї, ки 37621 буд, 139,3% -ро ташкил медод. Яъне, дар њар сурат шумораи довталабо-

"КАРЙЕРА". АЗ АГЕНТЇ БА ХАДАМОТ Муфаттиши парвандаи Зайд Саидов дар Хадамоти гумрук вазифа гирифт фаттоњи Ѓоиб, гўё бо сабаби суистифода аз нўшокии спиртї аз кор рондаанд. Аммо баъдан Агентї бо нашри як изњорот ин хабарро такзиб карда, эълон дошт, ки Зуњал Рањимов машѓули корњои илмї буда, аз кор хориљ накардаанд, балки ба ихтиёри шуъбаи кадрњо гузаштааст. Аз вазифа барканор шуданашро ба машѓул шудан ба корњои илмї рабт доданд. Зуњал Рањимов дар ќазияи Зайд Саидов, аз љумла парвандаи "таљовуз ба номуси духтари ноболиѓи рус" - ро пеш мебурд, ки тибќи

он соњибкорро ба таљовузи духтари 12-солаи рус муттањам мекарданд. Моњи сентябри соли 2013 вакилони Зайд Саидов алайњи ин муфаттиш шикоят карда, гуфта буданд, ки ба посбонњои бўстонсарои Зайд Саидов дар ноњияи Варзоб фишор овардааст, ки то ба ин бўстонсаро овардани духтари ноболиѓи русро эътироф кунанд. Агентї дар замони рањбарии Абдуфаттоњи Ѓоиб баъд аз Зуњал Рањимов баъди хабари барканориаш чун муфаттиши кордон сифат

ни дар соли 2015 баќайдгирифта нисбат ба шумораи довталабони дар сли 2014 баќайдгирифта бештар аст. - Довталабон имсол асосан ба кадом ихтисосњо таваљљўњ доранд ва он нисбат ба соли гузашта чи гуна аст? - Ба мисли соли гузашта њамоно таваљљўњи довталабон бештар ба ихтисосњои самти тиб ва њуќуќшиносї аст. Агар ба омори имсола ва соли гузашта назар афканем, њолат дар ин гурўњи ихтисосњо чандон таѓйир наёфтааст. Масалан, шумораи бештари довталабони баќайдгирифта дар соли љорї ба гурўњи ихтисосњои 5 ум (тиб, биология ва варзиш) рост меояд, ки аз шумораи љойњои наќшавї 234,86 %-ро ташкил медињад ва соли гузашта ин нишондињанда ба 244,63 % баробар буд. Дар гурўњи ихтисосњои 4 - ум (љомеашиносї ва њуќуќ) низ шумораи довталабон нисбат ба дигар гурўњњои ихтисосњо зиёд буда, шумораи онњо 220,99 % аз шумораи љойњои наќшавиро ташкил медињад ва соли гузашта бошад, ин нишондињанда ба 227,69 % баробар буд. - Камбудии асосї дар кори довталабонро дар чї мебинед? - Яке аз камбудињои кори баъзе аз довталабон, пеш аз њама, дар интихоби нодурусти ихтисосњо ва риоя накардани тартиби дурусти ишора кардани љавобњо дар вараќањои љавобњо аст. Борњо таъкид ва такрор карда будем, ки таќсимот дар доираи ихтисосњои интихобкардаи довталабон бо назардошти афзалияти интихобњо ва балњои умумии бадастовардаашон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотї гузаронида мешавад. Бинобар ин, дар ваќти баќайдгирї довталаб бояд мувофиќи хоњиши худ афзалияти интихобњои худро дуруст муайян намояд. Инчунин, борњо таъкид карда будем ва дар ваќти имтињон низ дастур дода будем, ки дар ваќти пур кардани вараќаи љавобњо довталаб бояд ба шитобкорї роњ надињад ва тартибу тарзи пур кардани вараќаи љавобњоро риоя намояд, зеро тамоми вараќањои љавобњо тавассути барномаи махсуси компютерї коркард мешаванд ва дар сурати риоя накардани талабот имкон дорад, ки бинобар аломатњои нодуруст љавоби дуруст ќайдкардаи довталаб хонда нашавад. - Дар соли гузашта ва ё имсол њолатњое буд, ки довталабони босавод бо сабаби надонистни кор бо техника аз имтињон афтида бошанд? - Чунин њолат аслан вуљуд надошт, зеро дар ИМД довталаб бо техника кор намекунад. Албатта, довталабе, ки дониш дорад, њатман кўшиш мекунад, ки бо тартибу ќоидањои имтињонњои марказонидаи дохилшавї хубтару бењтар шинос шавад ва ногуфта намонад, ки Марказ бо ин маќсад маводу матлабњои зиёдеро дар шакли чопї ва электронї тањия ва интишор намудааст. - Суоли аз њама охир: оё шумо ором хоб меравед? - Агар манзури Шумо хоби ором аз љињати серкорї бошад, пас, дар њаќиќат, дар даврањои муайян бинобар серкорї хаста шуда, каме бошад њам, ором хоб меравем. Суњбати Муллораљаб ЮСУФЇ

карда буд. Дар изњороти Агентї гуфта мешуд, ки Зуњал Рањимов факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи Миллии Тољикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, аз моњи апрели соли 2008 корро дар Агентї њамчун иљрокунандаи вазифаи муфаттиши Раёсати Агентї дар шањри Душанбе шурўъ намуда, баъдан дар вазифањои муфаттиш, муфаттиши калон, муфаттиши калон оид ба корњои махсусан муњим, муовини сардори Шўъба-сардори бахши 1уми Шўъбаи тафтишотии Раёсати Агентї дар шањри Душанбе кор кардааст. Аз 8-уми июли соли 2012 зуњал Рањимов ба вазифаи сардори Шўъбаи 3-юми Раёсати тафтишотии Агентї таъин гардидааст. Абдуфаттоњи Ѓоиб, генерал-майори адлия аз моњи майи соли 2009 то моњи марти соли 2015 дар вазифаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия кор мекард. Дар моњи марти соли равон бо фармони Президент вазифањояшонро бо Рустами Эмомалї, ки сардори Хадамоти гумрук буд иваз карданд. Гуфта мешавад, Зуњал Рањимов ягона нафаре аз собиќ кормандони Агентї нест, ки Абдуфаттоњи Ѓоиб дар Хадамоти гумрук ба кор гирифтааст. TojNews


МУСОЊИБА

"Газпромнефт-Тољикистон", бузургтарин ширкати воридкунандаи маводи нафтї ба Тољикистон, мегўяд, ќимати бензини навъи АИ 92 - ро то 5 сомониву 80 дирам боло хоњад бурд. АИ 92 серхаридортарин навъи бензин дар Тољикистон аст, ки аксарияти кулли мардум ва ба баъзе тахминњо 90 дарсади ронандагон аз он истифода мекунанд. Њоло нархи як литри ин навъи бензин дар нуќтањои сўзишвории Душанбе то 5, 40 дирам фурўхта мешавад. АИ 92 - ро Агентии захирањои моддии давлатї 5 сомонї ва ширкатњои фурўши сўзишворї, аз љумла "Газпромнефт-Тољикистон" 5 сомониву 40 дирам савдо мекунанд. Сабаби боло бурдани нархро ширкати "Газпромнефт-Тољикистон" ба гароншавии ќимати бензин дар Русия рабт медињад. Фирдавс Муртазоев, менељери фурўши яклухти ширкати мазкур, ба TojNews гуфт, њар сол дар ин мавсим дар Русия љамъоварии њосили кишоварзон шуруъ шуда, талабот ба мањсулоти нафтї бештар ва мањсулоти коркардшудаи нафтї камёфт мешавад. Вай гуфт, "тибќи мувофиќаи ќаблї бо Хадамоти зидди инњисории Тољикистон онњо иљозат доранд, ки нархи 1 литр бензинро то 5 сомониву 80 дирам ба фурўш гузоранд. Аммо мо то њол нархи нињоиро нагузоштем". Дар Хадамоти зиддиинњисорї гуфта буданд, ки ширкатњои фурўши маводи сўхт дар њолати ба арзиши аслии мањсулот мувофиќ набудани нарх ва таѓйирот ба амал омадан дар бозори маводи сўхт њуќуќ доранд, ки ба таври чакана молашонро то 25 дарсад ва ба

Вазорати корњои дохилии Тољикистон фењрести њунармандонеро нашр кард, ки ќоидањои њаракат дар роњро вайрон карда, дар камерањои "Шањри бехатар" сабт шудаанд. Дар раддаи аввали сарояндањое, ки аз њама бештар љарима супурдаанд, Фарзонаи Хуршед ќарор дорад. Тибќи маълумоте, ки дар сомонаи расмии ВКД нашр шудааст, Фарзонаи Хуршед бо худрави тамѓаи "Рэнљ-Ровер" (раќами давлатї 0007 ВР 01) аз 15-уми ноябри 2013 то 23юми июни 2015 23 бор ќоидањои њаракат дар роњро вайрон кардааст, дар "Шањри бехатар" сабт шудаанд. Ба Фарзонаи Хуршед 18 далели ќоидавайронкунињои њаракат дар роњро пешнињод кардаанд, ў ба маблаѓи 4 њазору 990 сомонї љарима пардохт кардааст. 5 далели ќоидавайронкунињои њаракат дар роњ носупорида мондааст. Дар маќоми дуюм њунарманди мардумї Афзалшоњ Шодиев бо худрави тамѓаи "Тойота-Лэнд Крузер" (раќами давлатї 6262 АС 01) ќарор дорад. Ў аз 3-юми нобяри 2013 то 7уми августи 2015 27 бор ќоидаи њаракатро вайрон карда, барои 12 ќоидавайронкунї 2 њазору 560 сомонї љарима супурдааст. Љаримаи 15 ќоидавайронкуниаш нопардохта мондааст. Афзалшоњ Шодиев дар миёни сарояндањо аз њама бештар ќоидањои њаракат дар роњро вайрон кардааст. "Шањри бехатар" аз љониби Сароянда Мењрнигори Рустам бо худрави тамѓаи "Тайота-Королла" (раќами давлатї 6600 АТ 01) аз 2-юми ноябри 2013 то 1-уми августи соли 2015 19 далели вайронкунии Ќоидањои њаракат дар роњро сабт кардааст. То њол барои чањор њолат бо маблаѓи 840 сомонї љарима падохта, барои 15 далели дигар ќарздор мебошад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

5

МУРДА ВА ТУТХЎРОН Нархи бензин дар Тољикистон аз дењќонони Русия вобаста будааст таври яклўхт то 9 дарсад гарон кунанд. Бино ба маълумоти Хадамот, дар шаш моњи соли љорї ба Тољикистон 282 њазору 781,9 тонна мањсулоти нафтї ворид шудааст, ки аз он 121 њазору 130,8 тонна бензин (42,8%), 125 њазору 754,9 тонна сўзишвории дизелї (44,5%) ва дигар мањсулоти нафтиро ташкил медињад. Ба Тољикистон аслан аз Русия мањсулоти сўзишворї ворид шудааст, ки ба 85,9% рост меояд. Боќимонда аз дигар кишварњо аз љумла Туркманистону Ќазоќистон ворид шудааст. Наздики 50%-и мањсулоти нафтї ба Тољикистон аз љониби ширкати русии "ГазпромнефтТољикистон" ворид шудааст, ки воридоти 44,1%и бензин ва 41,0%-и сўзишвории дизелї ба он тааллуќ дорад. Ширкатњои "Тољик-Петролиум" ва "Аурум-Спика" то 10 дарсадї дар воридоти мањсулоти сўхт наќш доранд.

"ЭЛАК БАЊОНА..." Тафсири масъули "Газпромнефт - Тољикистон" њамон далелофаринињои маќомоти Тољикистонро ба хотир меорад, ки бањор мебуд, мегуфтанд, фасли кишту кор аст, тирамоњ, ки мешуд, мегуфтанд, мавсими љамъоварии њосил. Аммо дар асл дар ягон љои олам ин авомил њељ таъсире ба нархи бензин надоранд.

Гўё фаќат Тољикистон дењќон дораду имрўз Русия. Аврупо, Чин ва дигар "бензинхўрон" - и олам дењќон надоранд!? "Умри дуруѓ кутоњ аст" ё масъулини соња "хандондани хар" - ро хуш доранд. Масъулин инро њељ гоњ ќоил намешаванд, ки нархи нафт дар бозори љањонї сол то сол рў ба коњиш оварда, њоло як баррел нафт аз 50 доллари ИМА поин рафтааст. Аз ин хотир, аввалин хулоса ин мешавад, ки гўем: Русия мехоњад коњиши даромадњои нафтиашро аз њисоби фурўши гаронтари маводњои нафтї дар дигар кишварњо, аз љумла Тољикистон пўшиш дињад. Дар њоле, ки гап њамагї дар бораи 1 миллион тон маводи сўхт меравад ва содироти Русия ба миллионњо тон баробар аст, на дењќонон, балки гардонандагони ин бозор бояд шарм доранд, ки "алами Мўсоро аз Исо гиранд". Ин мушорикати стратегї њам нест, ки ба љои кўмак кардан, аз доираи ахлоќ берун шуда, ѓоратгарї кунї. Дуюм, ваќте масъули як ширкати бензинфурўш аз Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон "њадис" оварда, моро муттањам мекунад, ки "чї норозигї мекунед, мо њоло ба нархи муайянкардаи Агентї баробар накардаем!", комедия трагедия ё мазњака фољиа мешавад. Њамон Хадамот воќеиятњои бозори љањониро оё тањлил мекунад, ё не, як суолест, ки посу-

хаш манфї аст. Њатто ба назар мерасад, ин нињод тањлилгар њам надорад, вагарна ин гуна тавсияи њавої намедод. Агар касе дар ин нињод тањлил дошта бошад, бояд дарк кунад: 1) бо коњиши нафт дар бозори љањонї бояд ќимати бензин коњиш ёбад, на афзояд; 2) дар пайи тањримњои Амрикову Ѓарб бозори маводи нафтии Русия танг шудааст. Русњо бояд маводи нафтиашонро арзон бифрўшанд, тавре чанд моњи ќабл мушоњида шуд. Дар акси њол бо истифода аз вазъ ягон бозингари дигар ба майдон ворид мешавад, ки "Газпромнефт-Тољикистон" - ро аз Тољикистон хоњад ронд. Ваќте ин гуна воќеиятњо пеши рўи мо истодаанд, пас метавонем фикр кунем, ки ин љо аслан гап дигар аст ва ин бозорро кадом як гуруњ ба манофеъи худ истифода мекунад? Вагарна дар замони буњрон ё кризис ба истилоњи мардум ин вазъ "мурдаро монда, тутхўрї кардан" аст. Даст бурдан ба кисаи холии мардум аз рўи одоб нест. Ё гапњое њастанд, ки мо намедонем? Агар чунин аст, бигзор, "Газпромнефт-Тољикистон" ва Хадамоти инњисорї як шарњи самимии инсонї ва ахлоќї дињанд.

"ЛАЊЗАЊОИ НОГУВОР" Вазорати корњои дохилии Тољикистон овозхону њунармандонеро, ки ќоидањои њаракати роњро риоя накардаанд, фош кард. Мансабдорон ва наздикони онњо чї? Аммо Зулайхо Мањмадшоева, сарояндаи дигари эстрадаи тољик аз ибтидои соли равон то 9-уми августи 2015 бо худрави тамѓаи "ЛексусIS 250" (раќами давлатї 3370 CB 01) њамагї 4 бор ќоидањои њаракати роњро вайрон карда, барои як њолат 120 сомонї љарима супурдааст. Барои се њолат ќарздор мондааст. Дар рўйхати ќарздорњои ВКД аз Сарвиноз Юсуфї, сарояндаи дигар ном бурда мешавад. Ў бо худрави тамѓаи "Мазда-СХ7" (раќами давлатї 8686 ВА 01) аз 1-уми декабр 2013 то 22-юми июли 2015 8 бор ќоидањои њаракат дар роњро вайрон кардааст. Аммо маблаѓи љаримаро то њол пардохт накардааст. Исми сарояндаи шинохта Шабнами Сурайё низ дар фењрести ќарздорњо ќарор дошта, 8 далели ќоидавайронкунии ў бо худрави тамѓаи "Порше-Кайэн" (раќами давлатї 0008 ВВ 01) дар "Шањри бехатар" сабт шудааст. "Амонатбонк" барои пардохти ќарз ўро интизор аст. Сарояндаи дигар Гулрў Табарова бо 3 далели ќоидавайронкунї, ки бо худрави тамѓаи "Лексус-GX470" (раќами давлатї 7111 AD 01) аз аз 25-уми январ то 7-уми июни 2015 содир кардааст, ќарздор мондааст. Шањроми Абубакр 15 бор ќоидањои њаракатро бо худрави тамѓаи "Тойота-Королла" (раќами дав-

латї 0010 СО 01) аз 23-юми октябри 2014 то 2-юми июли 2015 вайрон кардааст. Барои 4 њолат 700 сомонї љарима пардохт карда, барои 11 њолат ќарздор будааст. 17-уми август вазорати корњои дохилии Тољикистон хабар дод, ки Холмурод Сиддиќов аз соли 2013 инљониб бидуни иљозатнома тирезаи худравашро сиёњ кардааст. Инчунин, ў 22 бор ќоидањои њаракат дар роњро вайрон кардааст, ки аз љониби камерањои "Шањри бехатар" сабт шудаанд. Барои ин ќоидавайронкунї ин њунарманди њаљвнигорро 9 њазору 720 сомонї љарима кардаанд. Холмуроди Сиддиќ, њунарман-

ди маъруф аз "Лањзањои гуворо" ба "Нигоњ" гуфт, "воќеан як муддат муњлати иљозатнома барои мошини сиёњшиша гузашта буд, ки тирезањои мошинро ба асли аввалааш баргардонем. Њоло дуюмбора шишањоро сиёњ кардему ба "чанг" афтодем. Он њам њамагї як рўз буд. Ќасд доштам, ки дар наздиктарин фурсат њуљљатгузорї кунам". Аммо дар бораи ќоидавайронкунињояш изњори бехабарї карда, гуфт, ки барои муайян карданаш ба Раёсати БДА хоњад рафт. Дар њамин њол, эълон кардани исми овозхонону њунармандони "ќоидавайронкун" пеши љомиа ин су-

Умари ТОЊИР

олро гузошт, ки агар инњо ќоидањои њаракати роњро вайрон мекунанд, дурбинњои "Шањри бехатар" мансабдорону наздиконашро њам медида бошанд? Ба зудї ВКД ќоидавайрокунињои Асрор Њукумов, бародарзодаи Амонулло Њукумов, собиќ раиси Роњи оњани Тољикисон ва аз афроди маъруфро эълон кард, ки бо БМВ-523, 8897 ВС 01 - аш 53 маротиба ќоидањои њаракати роњро вайрон карда, ќањрамони "Шањри бехатар" шудааст. Аммо ў њанўз 23 декабри соли 2014 љаримаашро ба маблаѓи 14 њазору 240 сомонї пардохтааст. Дида мешавад, ки ВКД ин раќамро барои ором кардани љомиа пахш кард, ки "ана, бачаи одамони мегуфтагитон". Ин кўдакро бо кулчаќанд фиребидан аст. Љомиа, ки кўдак нест. Бахусус, пешнињод кардани маълумот дар бораи пули њанўз 23 декабри соли 2014 пардохтшуда њељ мантиќе дошта наметавонад. Дигар ин, ки Амонуллои Њукуматулло дигар мансабдор нест ва аз номи ў сўистифода кардан њам кори хубе буда наметавонад. Њељ имкон надорад, ки писари "фалонињову бисмадонињо" ќоидањои њаракати роњро бењтар аз Асрор Њукумов донанд. Воќеан, вазири корњои дохилии Тољикистон дар як нишасти матбуотии соли гузашта дар бораи як "Кемри" - и сиёњшишаи 61 - 61 01 суњбат карда буд, ки 49 њазор сомонї бояд љарима месупурд. Оё мантиќитар нест, њамон "Кемри" ошкор шавад, ки аз кисту ба кї тааллуќ дорад? Албатта, холисанлиллоњ, ки дар паси чанбари он воќеан кї будро гўяд. "Лањзањои ногувор" аз "Шањри бехатар" идома дорад!

Фаромарзи ФОЗИЛ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

Фарњоди Иброњимпур, як эронии муќими Дубай дер боз дар орзуи дидани Тољикистон, як гўшаи Эрони Бузурги даврони Курушу Доро буд. Пас аз бозгашт ў хотирањояшро рўи чоп овард ва "Нигоњ" онро сазовори чоп донист. Њангоми хондани ин сафарнома мо метавонем аз канор, ба чашми як рањгузар ба худ нигарем, чизњои арзишманде, ки доштаем, бубинему њифз бикунем, наќсу камбудњомонро дур афканем, барои ислоњаш бикўшем.

Ду калима бисёр зиёд дар Тољикистон истифода мешавад - "марњамат" ва "рањмат". "Рањмат" ба маънии "ташаккур" ва "марњамат" ба маънии "бифармоед". Њаво боронї буд ва борон њанўз дошт меборид. Боронро њамеша дўст доштам. Фарќе намекунад куљои дунё њастам, њар ваќт, ки борон миёд, фикру руњияам куллї таѓйир мекунад. Фурудгоњаш мисли Бандараббос буд, хеле сареъ расидем ба ќисмати тањвили гузарнома. Пушти он тасмањои гардони бор буд, аммо ман нахуст бояд таклифи визоро њал мекардам. Рафтам ба ќисмате, ки марбут ба визо буд. Як нафар банголї, ки эњтимолан аз аъзои консулии он љо њам буд, он љо мунтазир буд. Ѓайр аз ману ў каси дигаре набуд, чун кори ў тамом шуд, ман ба марде, ки пушти мизаш хеле орому муќар нишаста буд, гуфтам, ки визо надорам, дар Дубай гуфтанд, ки барои эронињо дар фурудгоњ њам визо медињанд. Хушбахтона, њамзабон будем ва мешуд љузъиётро тавзењ дод, ду ќитъа акс аз ман хост ва маблаѓе бо доллар ва як барга, ки бояд мушаххасоти адресї дар Дубай ва Душанбе пур мекардам. Љамъан 20 даќиќа тўл кашид ва њамонљо визо дохили паспорт зад; визое ки дар фурудгоњ медињанд якмоња ё 45 рўза аст, ки метавонад дусар њам бошад; яъне визое, ки шумо метавонед дар муддати таъйиншуда биравед ва боз баргардед, ба шарте, ки аз муддати ќайдшуда бештар нашавад. Аз масъули он љо ташаккур кардам, рафтам ќисмати чиканк, он љо њам дар муддати ду даќиќа нигоњ кард ва мўњри духул зад, рафтам ќисмати бор, ки он њам омада буд. Асосияи андаке, ки доштам, бардоштам ва омадам берун. Таксињои мухталифи мунтазири мусофир дар он ваќти шаб њам зиёд буданд. Мехостам сигор бикашам, ки як тан аз ронандаи таксињо гуфт, ин љо накаш, бояд биравї онтарафтар. Бо њамон ронанда ќарор гузоштем маро бирасонад ба њутал, фаврї ёдам омад, ки масъуле, ки визо содир мекард, гуфта буд, дар ягон њутал њатмї бояд њадди аќал барои як њафта рељистр кунї. Ман њутали Душанберо интихоб карда будам. Ба ронанда гуфтам, маро барад ба њутали Душанбе. Мошинаш каме дуртар порк карда буд, аммо ќабл аз њама бояд сари нархи роњ ба тавофуќ мерасидем. Ќабул кард, ки 5 доллар бидињам, ман низ розї шудам. Чун хостам сигор бикашам, гуфт, биё, боло дар мошин њам метавонї бикашї. Одами хубе буд, мошини Опели олмонї дошт. Борон бо шиддати бештар меборид ва ман дар он лањза воќеан хушњол ва сайри кайф будам дар хиёбонњои хилват ва орому камнур. То њутал 15 даќиќа роњ буд, ў то назди масъули пазириши мусофири њутал рањнамої кард. Зани миёнсоле масъули пазириш буд, гуфт, табаќаи дувум як утоќи хоб дорем, шабе 45 доллар. Дидам роње нест, гуфтам, бошад ва барои ду шаб иљора кардам, чун намешуд бо ин ќимат муддати як моњ дар њутал монд. Калиди утоќро гирифтам ва рафтам боло. Ќисмати боло њам як ресипшани дигар дошт, инро ќаблан бист сол пеш дар Ўзбакистон дида будам, ин њутал њам сабќу сохташ мисли он љо буд; бузург буд, ба назар 100 то 120 утоќ дошт. Ду роњрави баланд дар тарафайн дошт, роњрави камнур, ки бо фарши ќадимї ва малофае кафи роњравро пўшида буданд. Интизори чизи хориќулъодае набудам, мисли њутали Ўзбакистон бо њамон имконоти дохилї; телевизиони бисёр ќадимї, тахтњои хоби ќадимии бисёр муњкаму бузурги куњнашуда ва дастшўйу туалетњое, ки шеланги шустушў надоранд ва бояд бо дастмоли коѓазї худатонро пок кунед. Сервиси њаммом ва туалеташ хеле кўњна буд, ба љои шуфоз (отопление) дар ин њавои сард як кандоктури барќї, чизе шабењи куларњои исплит, ки љои боди сард боди гарм берун медињад. Албатта, дар ин њавои сард ва шишањои якљадора вай имкони гарм кардани утоќро надошт. Хоб аз чашмам парид, дасту рў шустам ва рўи кат дароз кашидам, њанўз дар берун дошт борон меборид. Дањ сол буд, ки сармо надида

НИГОЊИ ХОРИЉЇ

САРЗАМИНИ

МАРЊАМАТ ВА РАЊМАТ Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур

будам, сармое, ки баром тозагї дошт ва њозир будам бо сармош њам лаззат бубарам. Сафар барои ман мисли бехабаре аз борон аст. Баъзе ваќтњо худам њам намедонам кай бояд биравам, аммо даѓдаѓаи рафтанро мебинї аз муддатњо пеш онро дорам. Мисли абре ки ќарор аст биборад, аммо намедонад куљо ва чи ќадр ва чи ваќт. Билохира фикру эњсос ва зењну њама чиз даст ба даст медињанд ва ман ногањон роњї мешавам. То њоло ки чунин буда ва чандин бор шуда, ки ба ќавле маъруф бехабар ба дарё задаам ва љоњое рафтаам, ки на худам медонистам он љо чи гуна аст ва на васвоси ин корро доштаам, албатта, бе авоќиб њам набудааст ва инро низ пазируфтаам. Ду кишваре, ки мо тайи солиёни дарозест, ки кам робита доштаем, ду кишваре, ки бо онњо сунану фарњанг ва мазњаби муштарак дорем ва аз њама муњимтар, дорои забони муштарак њастем, Тољикистон ва Афѓонистон аст. Барои ман њамеша муњим буда, ки бо онњо иртиботи наздик дошта бошам ва дар сурати имкон ин ду кишварро аз наздик бубинам. Афѓонистон дар шароити мусоиде аз лињози амниятї ба сар намебарад ва мудом он љо љангу хунрезист, ки умедворам њар чи зудтар сояи шуми ин даргирињо аз сари мардуми Афѓонистон бардошта шавад ва онњо ба оромиш бирасанд. Аммо дар Тољикистон вазъият хуб аст ва то он љо, ки пурсидам ва медонам мардум дар оромиш ва сулњу сафо њастанд. Бад-ин љињат тасмимро ќатъї кардам ва рафтам суроѓи ожонсињои мусофиратї. Ќиматњо, чун соли нави милодї наздик шуда буд, гарон шуда буд ва чандин ожонс њам фаќат билет резерв мекарданд ва хабаре аз бук (брон) кардани њутал набуд. Аз тариќи интернет чандин љо баррасї кардам, ки бештари онњо дар Эрон буданд ва намешуд коре кард. То ин ки иттифоќан бо ожонсе бархўрд кардам, ки худаш аз ањолии Тољикистон буд, њам билети Тољикистон дошт ва њам бо сўњбатњое, ки кардам, гуфт, аз ин љо эњтиёље нест, визо бигирї ва њутал њам он љо рафтї, гират миёд. Њам хуб буд, њам каме вањмаангез, чун намедонистам он љо воќеан ба чи шакл аст. Касеро намешинохтам, ки он љо рафта бошад. Чанд даќиќа он љо нишастам ва бо онњо сўњбат кардам. Онњо мегуфтанд, нигарон набош, визоро он љо дар фурудгоњ барои эронињо медињанд ва харљи зиёде надорад. Чун ман ин љо дар Дубай пурсида будам, гуфта буданд, њудуди 750

дирњам мешавад. Бо консуле њам тамос гирифтам, њудуди 400 дирњам мешавад, гуфт. Билохира, дар ним соат тасмим гирифтам, чун фурсати зиёде надоштам ва намехостам мураххасиам талаф бишавад. Њамон љо пули билети рафту баргаштро додам ва худоњофизї кардам. Зимнан шумораи телефони он фард ва як шумораи телефон дар Тољикистон аз ў гирифтам. Парвоз шаби чањоршанбе соати 11. 30 буд. Мусофират бо њавопаймо барои ман њамеша бо дилњара ва истрес будааст. Истресе, ки маъмулан чанд соат ќабл аз парвоз шурўъ мешавад ва то нимањои парвоз идома дорад. Љавон, ки будам, чунин њолате надоштам, њудуди 20 сол мешавад, ки чунин њолат пайдо мекунам, ба назари худам, тарс аз иртифоъ аст. Чун њатто ваќти дидани филмњое, ки афроде аз баландї мепаранд ё дидани чархуфалакњои бузург њам њамин њолатро дорам, њарчанд гузаротар ва кўтоњтар аст. Њозирам бо ќатору утубус ду рўз мусофират кунам, аммо ду соат дар њавопаймо набошам. Њарчанд омори талафоти љодаї ва дигар масирњо то кунун нишон дода, ки омори талафоти њавої ба маротиб камтар аз онњо аст. Дар арзи ду рўз лавозим ва васоиле, ки барои сафари якмоња эњтиёљ доштам, харидам. Бахусус либоси гарм, чун он љо шунида будам, ки дар ин фасл хеле сард аст. Сардтар аз Табрез ва Машњади худамон. Аз зуњр њама чиз омода буд. Мо ду соат ќабл аз парвоз ба терминоли як расидем. Ќисмати мусофирони Тољикистон зиёд набуд, аммо ду нафар аз мусофирон дар сафе, ки мо будем, боиси маътали мо дар њудуди як соат шуданд. Баъд аз он њам дар ќисмати чак кардани кифи дастї ва поспурт ба далели шулуѓе ва њаљми зиёди мусофирон ба зањмат ба ќисмати парвоз расидем. Албатта, ин амр шомили њама мусофирон ба тамоми нуќоте буд, ки аз терминоли як савор мешуданд. Воќеан, он шаби бисёр шулуѓе бо мусофирони зиёде буд, ки бо вуљуди суръати кори масъулини фурудгоњ ислоњ намешуд. Њавопаймои "Боинг 735" њавопаймои "Сомонэйр" - и Тољикистон буд. Мењмондор ба ду забон - тољикї ва русї мухтасар ва муфид сўњбат кард ва гуфт, муддати парвоз ду соату панљоњ даќиќа хоњад буд. Имконоти дохили

њавопаймо зиёд набуд. Албатта, микрофонњое доданд, ки ба дастаи сандалї васл мешуд ва метавонистї оњанг гўш кунї. Ман, ки њар чи вар рафтам, чизе оидам нашуд ва сарфи назар кардам. Байни њар чањор сандалї як монитор болои саќф буд, ки фаќат масири парвозро нишон медод, ки аз Дубай ба самти Бандараббос ва аз он љо байни Кирмон ва Систону Балучистону Афѓонистон ва баъд аз он вориди хоки Тољикистон мешуд. Се радиф сандалї дар самти рост ва се радиф дар самти чап буд. Яке аз се сандалии мо холї буд. Ман ва як тољик дар як радиф будем, дар радифи дасти чапи мо ду зани тољик буданд, аз аввали бисмиллоњ чапа шуданду хобиданд, мавќеъи ѓизо хестанд ва аз нав то Душанбе хобиданд. Ним соат баъд аз парвоз шурўъ карданд ба ѓизо додан, ки шомили пепсикуло ё фонто ва ѓизои њавопаймоие, ки моли кишвари худашон буд; каме нон ва чизе шабењи обгўшт ва як ширинимонанд, ки нафањмидам чи буд, аммо хуб буд. Њампањлўи ман одами бисёр њисобгар ва тезу заранге буд ва њамсиннусоли ман буд ва тасбење њам мисли муллоњо даври дасташ зеру боло мекард. Њар чи буд хўрд ва ќошуќу чанголу намаку филфил њам гузошт туйи љайбаш. Бо мулло каме сўњбат кардем. Мегуфт, мо ќаблан забони худамонро надоштем ва алъон њам хате, ки истифода мекунем, русї аст. Чун ваќте рўзнома оварданд ва ман таќозои рўзномаи тољикї кардам, мењмондор гуфт, ки забони рўзнома тољикї аст. Ман мутаваљљењ нашудам, чун ба русї навишта шуда буд, аз мулло, ки пурсидам, гуфт, мењмондор дуруст мегўяд, ба забони тољикї навишта шуда, аммо ба хати сирилик, мисли туркњои Туркия, ки туркиро ба хати лотинї менависанд. Дањ даќиќа монда ба фурудгоњи Душанбе. Халабон эълон кард, ки то чанд даќиќа пас дар фурудгоњи Душанбе хоњем нишаст. Њарорат 12 дараља буд. Ногањон њама аз хоб бедор шуданд, мисли мошине, ки ангор сари соати худаш ба кор биафтад. Мутаассифона, канори панљара набудам то шањри Душанберо дар шаб аз боло бибинам. Албатта, зиёд муњим набуд, ба ќавле, дар шаб аз ун боло чи мехоњї бубинї? (Давом дорад)


ИЌТИСОД 13 июл шабакаи телевизионии "Висоли њаќ" эълон кард, ки дар Тољикистону Эрон пахши мављи он ба мушкил мувољењ шуд. Масъулини шабака гуфтанд, ки аз шоми 12уми август мављи шабакаи "Висоли њаќ" дар ин ду кишвар халалдор шуда, онњо натавонистаанд, ки барнома пахш кунанд. Онњое, ки барномањои ин шабакаро пайгирї мекунанд, мегўянд, аз он ки ба барномањои ин шабака ба тавњину тањќир, ба дашному суханњои ќабењ роњ медињанд, њатто то љое муѓризона фаъолият мебарад, барои љомеа мањдуд шудани ин шабака, на фаќат фољиа нест, балки як кушоиш аст. Аммо 16 август ин шабака боз хабар дод, ки боз дубора ба фреконси ќаблиаш "бо таќвияти себаробар" баргашт. Аммо дар асл чунин нест. Кормандони шабака бењуда хушњолї мекунанд. Ва дар њоле, ки воќеияти аз њама муњим ошкор шуд: Тољикистону Эрон боз метавонанд дами ин шабакаро банданд ва ба ин шабакаву бинандагонаш поём дода шуд, ки бењуда об дар њован мекўбанд ва шањр бедарвоза нест.

Кї баст? Исфандиёр Саъдулло, сармуњандиси ЉСК "Телерадиоком", ширкате, ки мављи радиову телевизионњоро ќаламрави Тољикистонро назорат мекунад, мегўяд, "мо аз нигоњи техникї чунин имконро надорем, ки мављи шабакањои мањвораиро халалдор кунем, зеро басомадњои онњо махфї нигоњ дошта мешавад. Ба ќавли ў, ќатъи пахши басомадњои мављи "Висоли њаќ" туњмате дар њаќќи Тољикистонро беш нест, зеро дар ин бора чунин супориш нагирифтаанд ва имкон њам надоранд, ки садди роњи пахши мављ шаванд. Аммо иддае бар ин аќидаанд, ки Тољикистон кайњо ба ин сў бо кўмаки Чин ба технологияњои љадиди ќавї соњиб шуда, на фаќат мављи телевизионњо, балки фазои интернетиро низ тањти назорат гирифтааст. Ќаблан низ хабарњо дар бораи халалдор кардани мављи шабакањои телевизионї дар Тољикистон пањн шуда буд. Аз љумла дар соли 2013 Шабакаи телевизиони "К+", ки дар баробари телевизионњои Тољикистон ягона манбаи алтернативии иттилоъ барои хеле аз сокинон мањсуб меёфт, эълон дошт, ки Тољикистон бо истифода аз таљњизоти махсус сади роњи пањн гардидани мављи телевизиони "К+" шудааст. Пахши шабакаи телевизионии "Сафо ТВ", ки мансуб ба мухолифони њукумат дониста мешуд, низ дар Тољикистон низ ќатъ шуда буд. Ширкати аврупоии EUTELSAT, ки молики моњвораи HotBird мебошад, хабар дод, ки мављи телевизиони "Сафо" дар њудуди Душанбе бо истифода аз таљњизоти махсус зада шудааст. Он ваќт корбарони Фейсбук тахмин мекарданд, ки Тољикистон таљњизоти махсуси мављзанро бо харљи миллионњо доллар аз Чин дастрас кардааст. Аммо ин иттилоъро нињодњо рад мекарданд. Вале коршиносон мегуфтанд, ки Њукумати Тољикистон ба њар бањое набо-

ИНТИЌОЛИ ПУЛ ИНТИЌОЛИ ПУЛЇ Ин иштибоњ, ки бисёр фарогир шудааст, дар њамаи лавњњои таблиѓии насбшуда дар хиёбонњои шањр, рўзномањо, гуфтори радиё ва телевизион ба чашму гўш мерасад ва асабњоро меларзонад, тарљумаи њарфбањарфи ибораи "денежный первод" аст. Дар ин ибора њеч ниёзе ба анљомаи "ї" нест. Хулоса, шакли дурусти ин ибора "интиќоли пул" мебошад. АЊАММИЯТ - МУЊИМИЯТ Маънои калимаи аввал, ниёз ба шарњу тафсир надорад, маънояш машњур аст. Аммо гунаи дигаре сохта аз ин таркиб - "муњимият" дар ду-се соли охир

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

7

ИЛА-АЛ-ЛИЌО!

Пахши "Висоли њаќ" дар Тољикистону Эрон ќатъ шуд

шад, омода аст, ки ба роњ ёфтани манбањои дигари хабарї, хоса мустаќилу мухолифи њукумат дар баробари телевизионњои Тољикистон монеъ шавад. Дар њамин њол, коршиносон мегўянд, агар Тољикистон аз пахши мављњои "Висоли њаќ" љилавгирї карда натавонад њам, Эрон чунин иќтидори техникиро дорад. Як коршиноси огањ аз вазъи Эрон мегўяд, ду навъи халалдор кардани мављњои моњвора вуљуд дорад. Роњи аввал ин аст, ки фриконси фиристандаро шиносої ва бар рўи њамин фриконс мављ ё ба истилоњ "вирус" мефиристанд, бори зиёд рўи як мављ, ки боиси ихтилол ва њатто харобии њамон бонди моњвора мешавад. Роњи дигари халал ворид кардан дар сатњи, ба истилоњ, замин аст, ки ин мављ парокандан дар фазои болои шањрњост, ки албатта, мегўянд, ин тариќ барои саломатии мардум хеле зарар дорад. Зимнан, дар як мулоќот Рамазон Рањимзода, вазири корњои дохилии Тољикистон аз њамтои эрониаш Абдулризо Рањмонї Фазлї барои муќобила ба пахши барномањои шабакаи телевизионии "Висоли њаќ" кўмак хоста буд. Рањимзода бо вазири кишвари Эрон Абдулризо Рањмонї Фазлї 6-уми июн дар Душанбе мулоќот кард. Расонањои эронї навиштаанд, ки Рањимзода аз њамтои эрониаш хостори он шуд, ки Тењрон дар кори мубориза бо шабакаи телевизионии "Висоли њаќ", ки ба мардуми кишвар ахбори нодуруст пешнињод мекунад ва таблиѓоти ифротгароёна пахш менамояд, кўмак кунад. Аз ин расона,

њамчун шабакаи равияи салафињо, ки дар Тољикистон мамнуъ шудааст, ёд кардаанд. Дар њамин њол, коршиносон инро њам мегўянд, ки пуштибонони "Висоли њаќ" Арабистони Саудї, Амрико ва Инглистон низ кишварњои аз лињози моливу техникї ќавї њастанд ва онњо аз тарњњои худ рўй намегардонанд.

Тарњи пурхарљ "Нигоњ" њанўз аз рўзњои аввали пахши намоишњои ин ТВ дар Тољикистон гуфта буд, ки "Висоли њаќ" танњо љузъи як пружаи бузург аст. Ин пружа тањрики созмонњои террористї ба Тољикистон аст ва "Висоли њаќ" онњоро бояд кўмаки иттилоотї кунад. Шабакаи телевизиони мазњабии "Висоли њаќ" аз моњи апрел инљониб ба минбари интиќоди Њукумати Тољикистон табдил шуда буд. Агар дар ибтидо сиёсати њукумат дар самти динро мавриди интиќод ќарор медоданд, њоло њатто ба тамошобинонаш имкон медињад, ки нисбат ба маќомдорони кишвар њарфњои ќабењ бигўянд. Бинандагони ин ТВ мегўянд, ваќтњои охир он дуртар рафт ва бањси шиаву суннї дар Тољикистонро ба миён андохт. "Нигоњ" аз оѓоз пешбинї карда буд, ки њадафи "Висоли њаќ" - шабакаи сирф салафї буда, идеяи асосии ин љараёни такфирї - зидди њам шўр додани намояндагони ду мазњаби бузурги олами ислом - суннињо ва шиањо аст.

Њадафи мушаххасаш дар Тољикистон танњо ва танњо ангехтани шиабадбинї дар миёни ањли суннат аст. Ва он бо бадбинии шиањои Эрон, ки як кишвари форсизабон ва њамфарњангу њамхуни тољикон аст, мањдуд нашуда, мехоњад миёни сунниву шиањои Тољикистон, ки дар асл намояндаи як миллат - тољик њастанд, низ тухми нифоќ андозад. Аз ин хотир, аз оѓоз нињодњои гуногуни Њукумат ин шабакаро ба дурўѓпароканиву иѓвоангезї муттањам карданд. Аз љумла Кумитаи дин бо нашри як изњорот гуфта буд, ки шабакаи телевизионии "Висоли њаќ" бо дурўѓпароканиву буњтон ва иѓвоангезиву найранг мехоњад ба эњсосоти динии мардуми Тољикистон нохун занад. Њатто аз ровии барномањо Муњаммад Ансорї даъват мешуд, ки омада Тољикистонро аз наздик бубинад. Ансорї, инсоне, ки боре њам Тољикистонро надидааст ва тасаввураш танњо бо фаъолиятњои вањшиёнаи ДОИШ дар Сурияву Ироќ мањдуд аст, наомад. Аммо ба бадгўиву сўистифодањо аз мушкилоти дохилии Тољикистон ба таблиѓоти зиддињукуматї идома дод, ки дар нињоят ноком шуд. Њоло ба ў, ки дигар аз тинати эрониаш дур шуда, дар хизмати арабу инглис ќарор гирифтааст, танњо ба забони арабї мегўем: "Ила-ал-лиќо!", яъне "падруд!" Умари ТОЊИР

ЃАЛАТ НАНАВИСЕМ ривољ пайдо кардааст, ки дар матнњои пешин ва навиштори њамзабонон њам ин шакл вуљуд надорад ва аз назари сарфу нањви суннатї њам асолат надорад. Зоњиран, ин калимаро зарурати тарљумаи калимаи русии "актуальность" дар афшурдаи русии рисолањои илмї, ки бахши махсусе бо унвони "актуальность темы" дорад, ба вуљуд овардааст, чун дар ќисматњои дигар "ањаммият" дар тарљумаи калимаи "значение" ба кор бурда мешавад. Аммо дар асл "ањаммият" ба сурати масдар даровардашудаи сифати олии "муњим" мебошад, яъне муњимтарин будан, ки даќиќан њамон маъ-

нои "актуальность"-и русиро медињад ва ниёз нест, ки калимаи сохта ва иштибоњии "муњимият" дар ин мавридњо ба кор бурда шавад. Хулоса, тарљумаи дурусти "актуальность" њамон "ањаммият" аст ва агар зарур бошад, ки бо решаи "муњим" калимаи дигаре сохта шавад, пас бењтар аст, бо истифода аз имконоти калимасозии забони тољикї аз калимаи "муњиммї" истифода намоем, зеро "муњимият" аслан ѓалат аст. Рустами ВАЊЊОБ

Фаромарзи ФОЗИЛ Ањли нашрияи "Нигоњ" њамќалами худ - Раљаби Мирзоро ба рўзи мавлудаш табрик карда, ба ў дар кору зиндагиаш муваффаќият орзу мекунад.


8

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

ТЕМУР ЗУЛФИЌОРОВ НОБИЃАИ БЕУНВОН ДЕБОЧА Ё ВУРУДЕ БА ШИНОХТИ АДИБИ МАЪРУФ Навиштан дар бораи Темур Зулфиќоров кори сангинест. Адиби маъруфе, ки дар ду кишвар бори сангини адабиётро бар дўш дорад. Адибе, ки масъулияти гарони пайванди ќарнњову наслњоро бар дўш гирифтааст. Ва боз муввафаќтарин пайвандгари наслњову ќарнњост, кореро анљом дода, ки то кунун касеро муяссар нашудааст. Дар бораи ў хеле зиёд гуфтаву навиштаанд, вале бештару бењтар аз мунаќќидони русаш касе ўро арзёбї накардааст. Дар ватанаш Тољикистон ўро хеле кам мешиносанд, чун асарњояш кам тарљумаву нашр шудаанд ва баъд шеваи навишту муњтавои он барои њавзаи мутолеоти тољик чандон ошно нест. Вале вай номбардори тољик дар њавзаи фарњанг ва тамаддуни олам аст. Ба таъбири профессор Артём Тарасов, Темур Зулфиќоров "шоири бузург, насрнавис, драматург, публистист. Хирадманд. Нобиѓаи тасаввуф. Баъди Пушкин ва Хлебников сеюмин ислоњгарои шеъри рус. Халлоќияти чашмгири эљодиёти ў наздик ба ибодат, ба љодуњо, паёмњо аз пайёмбарони бостон аст. Он гуна, ки румони "Иван Грозний" ва ё "Достони марги Амир Темур", ки мунаќќидон барњаќ "калисо ё масљид аз каломи абадї" номидаанд. Эљодиёти Зулфиќоров ин на ки адабиёт, балки фарњанг аст ва баъзан дин аст (бахусус масењият ё Ислом). Ду румони Зулфиќоров дар бораи њакими машњур ва базлагўй, ќањрамони њикоёти 43 кишвари олам Хоља Насриддин - "Муњаббати аввали Хоља Насриддин" ва "Бозгашти Хоља Насриддин" аз пурфурўштарин асарњо дар олам гаштаанд, ки то ин замон бештар аз миллион нусха чоп шудаанд. Ин муъљизаест, ки мо шоњидем, муъљизае, ки як адиби муосири мо аз фолклор офаридааст". Темур Зулфиќоров - адиби маъруфи тољик, ки солиёни дароз дар Русия зиставу бо забони русї эљод кардааст. Ривоятгари рўзгори Хоља Насриддин, шахсе, ки дар назму насри омехта маъруфият ва шуњрати љањонї пайдо кардааст. Шахсе, ки ѓарбиён Дантеи русаш унвон кардаанд, чун нигоштањояшро шабењи фалсафаи Данте ёфтаанд. Нобиѓае, ки ду маротиба ба дарёфти љоизаи љањонии адабии Нобел пешнињод шудааст, аммо дар ватанаш њеч љоизаро шоистаи ў надонистаанд. Адибе, ки бо ин гуна шуњрат чун куњ устувор аст, аз вазиши њар боде намеларзад. Замоне, ки зумрае аз ќаламкашон, онњое, ки шояд як шеърашон берун аз хоки кишвар нарафтааст, бо шикоятномањо сањфањои рўзномањоро пур мекунанд, Иттифоќи нависандагонро ба тањрик меоранд, аммо Зулфиќоров суфиёна таќво пеша мекунад, пеши касе забони шиква боз намекунад, балки бо њамон салобате, ки шоистаи як суханвари мањбуб аст, ба кори эљодии худ идома медињад. Вай гоње аз фаќр њам менолад, вале мегўяд танњо ў фаќир нест, балки Тољикистону Русия, ду ватани ў кишварњои фаќиранд ва фаќри ў фаќри њамагонист, бояд ба ин фаќр

«

њам сабр кард. Вай акнун ба ин нодорї муросо кардааст, њатто соли гузашта, ки љашни 75-солагї дошт, мегуфт дар љайб пуле надорад, ки барои дўстонаш дастурхони идона орояд. Дар Маскав њам як њуљраи фаќирона дар кўчаи Мосфилм дорад, ки умри 40 соли охираш дар он сипарї шудааст ва аз он дилшиаста њам њаст, ки натавонист мисли дигар адибони номвари рус хонаи хубу дилкаше дошта бошад... ФАРЗАНДИ "ДУШМАНИ ХАЛЌ" ВА ЗАБОНШИНОСИ МАЪРУФ Темур Зулфиќоров 17-уми августи соли 1936 дар шањри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Ќосим Зулфиќоров аз љумлаи муборизони сохти нав буд, аз зумраи касоне, ки аввалинњо шуда узвият дар њизби коммунистро дарёфт карда буданд. Заковати фитриаш ўро то курсии котиби њизби коммунисти ноњияи Шањринав бурд, вале ќатори садњо њамзамонаш њадафи тири "тройка" ќарор гирифт. Дар рўзи равшан ё дар як шаби тор аз ин олам рахти сафар барбаст ва Темур замони тифлии худро дар оѓўши модари донишмандаш бо мањрумиятњо, бо уќубатњо ба сар бурд. Модараш забоншиноси маъруф, профессор Людмила Владимировна Успенская, аз муњаќќиони хеле муваффаќи шевашиносї дар Тољикистон буд, ки гўишњои њисориро мавриди пажуњиш ќарор дода, њамзамон яке аз муаллифони "Луѓати тољикї - русї" ба шумор мерафт. Темур Зулфиќоров аввал дар Донишгоњи адабии Ленинград, вале баъдан тањсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шањри Маскав идома дод ва соли 1961 онро хатм кард. Андрей Вознесенский, Бела Ањмадуллина ё Юнна Моритс Аввалин асаре, ки худи Зулфиќоров аз он зиёд ёд мекунад ва ќадамаш ба адабиётро низ аз он медонад, "Достони марги Амир Темур" буд, ки соли 1971 интишор ёфт. Ва баъди он тадриљан повесту румонњо ва ќиссањояш яке паси дигар рўйи чопро диданд ва имрўз ин нависандаи маъруф соњиби зиёда аз 20 китоби назму наср аст, ки дар солњои гуногун ба теъдоди бештар аз 1 миллион нусха бо бештар аз 12 забони олам нашр шудааст. Бахусус, румонњояш дар бораи Хоља Насриддин, Амир Темур, Умари Хайём, Иван Грозний ва достони мондагор дар мавриди зиндагї ва иттифоќоти пас аз марги шоири муосир бо номи "Сафари заминї ва осмонии шоир" миёни њаводорони каломаш маъруфият пайдо кардаанд. Аввалин асари Зулфиќоровро бо забони тољикї нависандаи хушкаломи тољик, марњум Муњаммадзамони Солењ тарљума кард. Ба ин тарљума худи адиб бањои баланд додаву гуфта буд, ки аз асл бењтару равонтар аст. Баъдтар нависандаи тавонои тољик Нур Табаров низ чанд асари ў, аз љумла "Афъимори марљонї", "Чойхонаи лаби љар", "Марг нест", "Як рўзи бачагии њазрати Муњаммад" (с)-ро ба тољикї баргардонд, ки њоло дар шакли китоб дар "Адиб" нашр шудааст. Тарљумони маъруф Њикмат Рањмат низ чанд асари ўро тарљума кардааст.

Дар асари устод Темур Зулфиќоров лањзањои охири умри Темури хунхор ба тасвир омадааст, ки оѓушта дар хунњои ноњаќу рехтааш, то гулў ѓарќи гуноњ, аз Худо омўрзиш металад, то ба гўшаяке аз бињишт ўро бипазирад, аммо дарёи хуни рехтааш садди роњи ў мегардад.

«

ТЕМУРИ БЕДОДГАР ДАР "КАБКИ ЌАФАС" Темур Зулфиќоров на танњо румону достону ќисса навиштааст, балки дар сенариё барои филмњо ва пйеса барои театрњо дасти расо доштаву то ин замон хеле муваффаќ њам будааст. Аз љумла, намоишномаи "Кабки ќафас"-и ўро бинандагон дар сањнаи театри академї - драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї дидаанд. Њунарманди варзида Шералї Абулќайсов, ки дар "Кабки ќафас" наќши амир Темурро бозидааст, аз мањорати образофаринї ва фалсафаи эљоди Темур Зулфиќоров дар шигифт аст. Вай мегўяд, мардони таърихсозеро амсоли Темур, ки ба бедодї ними оламро гирифтаву ба хунхорї номи худро ба сањфаи торих абадан сабт кардаанд, ба сањна овардан чї мушкилест ва барои ин килки суханофарин кам аст, инсон ва нависанда бояд дарки он њолатро дошта бошад. Ба андешаи Шералї Абдулќайсов, "ин ќувваи зишт дар рўйи замин, њар замон сирату симояшро таѓйир дода, бўќаламунвор фаъолият мебарад. Он аз шафати њисси дањгонаи баркамол ба нињоди њамзамонон ворид шуда, њокими басирати зебои башарї мегардад ва бо сифоти модарзодии худ нерў зиёда карда, инсонро аз басират вожгуна месозад ва меваи берањмиву бемурувватї ба бор меоварад. Дар асари устод Темур Зулфиќоров лањзањои охири умри Темури хунхор ба тасвир омадааст, ки оѓушта дар хунњои ноњаќу рехтааш, то гулў ѓарќи гуноњ, аз Худо омўрзиш металад, то ба гўшаяке аз бињишт ўро бипазирад, аммо дарёи хуни рехтааш садди роњи ў мегардад". Њунарманди варзида замони кор болои образи Темури бедодгарро ба ёд меорад ва мегўяд: "Душвории аз андоза зиёд барои ман њини иљрои наќши Темур он буд, ки аз номи ў пеши Худо авфи гуноњ металабидам. Њар ќадар самимитар дар талаби авфи гуноњаш мешудам, њамон андоза ѓайриимкон будани хоњиши вопасини љањонгири сангиндилро эњсос мекардам..." Шералї Абдулќайсов чун як њунарманди љўё мутмаъинан њини офариниши наќши Темур ба сарчашмањои таърихї њам руљуъ кардааст, хеле аз навиштањоро вараќ задааст. Аз ин рў, пурсидам, ки Темур Зулфиќоров то куљо дар тарсими симои Темури ланг муваффаќ будааст? Вай гуфт: "Устод Темур Зулфикоров чун файласуф ва адиби андешаманд Темурро дар лањзаи оринљгазиданњояш бо Хоља Њофиз рў ба рў мегардонад. Дар ин мољаро Темур бо сењри сухан љањонороии Њофизро дарк карда, якбора ба худ мепечад, аммо оранљгазињои бесуд ўро аз по меѓалтонанд. Дар Эрон њангоми хунрезии шадид (Темур худаш дар њар ду даст шамшери дудама, љанг мекардааст), мўйсафеди хирадманде бо сару либоси сап-сафед пеши пойи Темур уфтода, тавалло мекунад, ки љўйборон пури хун шудаанд ва дар шањр низ дигар касе намондааст... Темур ба ў амр мекунад: "Њой, пири бехирад, магар ту воќиф нестї, ки инњо љигарбанди маро, Љањонгирро куштаанд!!!! Ман аз ин мардум амсоли Худои мутаол ќасос мегирам, ба њангоме, ки њазрати Одаму Њаворо аз бињишт ронда буд..." Бубинед, њикмати ќуръонї куљову бањрагирї аз панди ќуръонї куљост? Ин турфа золимон аз таърихи башар ва дину диёнат фаќат мадори макру њиларо зиёда мекунанд... Ин њунарманди шинохта мегўяд, барои башарият даври темурњо гузаштанї нест ва он њамасола бо шевањову роњњои дигар такрор мешавад. ДОИШ-у Толибњо хатаре њастанд, ки болотару мудњиштар аз хатари чингизиёну темуриён. "Мардуми содаи мо аз макру

њилла ва нерўи беандоза зиёди ин худхоњон бехабаранд. Аз ин хотир, масъалагузорї карданамон шарту зарур аст, ки ин гуна табдилу табаддулотро низ бояд бихонанд, бидонанд, бубинанд, бишиносанд... Танњо дар њамин маврид бо ин ќувва истодагарї карда метавонад. Дар акси њол, аз руњи ѓуломї рањо намешавад. Ин аст, ки фалсафаи Темур Зулфиќоров низ куњна намешавад, Темуру темуриён буданд ва њоло њам њастанд",- мегўяд ў. "МО НАМЕДОНЕМ ВАЙ ДАР БОРАИ КАДОМ ЗАМОН МЕНАВИСАД..." Муруре ба наќди осори Темур Зулфиќоров он нуктаро бармало кард, ки аксари мунаќќидонаш, ки хушбахтона, аз шинохтарин чењрањои олами адаби Русия, аз ќабили Л. Анненский, В. Бондаренко, А. Геворкян, В. Коркин, В. Плетнер будаанд, дар эљодиёти ў пайванди асрњоро ба имрўз кашф кардаанд. Темур Зулфиќоров аз назари аксарият шахсест, ки ба гунаи як риштаи иртиботї миёни гузаштагон ва имрўзиён зуњур кардааст. Вай имрўзро бо дирўз ва дирўзро бо имрўз пайванд мезанад. Вале ин пайвандгари наслњо миллатњоро њам ба њам мепайвандад. Барои Зулфиќоров ваќту фазо муайян нест, макони њамешагии ист надорад, гоњ дар Ѓарб аст ва гоњ дар Шарќ, гоњ бо Хоља Насриддин дар суњбати шоњону вазирони ќарни вустост, гоњ бо Исои пайѓамбар сайри олами тифлї мекунад ва гоњи дигар аз Шарќ ба Ѓарб кўч мебандад ва аз сарнавишти Иван Грозний ривоят мекунад. Темур Варќї, адиби руснависи дигари тољик, ки бо осори устод Зулфиќоров хеле аз наздик ошност, низ ба њамин назар аст. Вай мегўяд: "Ноќилони воќеъї ва гўяндагон ба дунё меоянд, бузург мешаванд, вале онњо на дар њаёти афсонавї, балки дар як замони мудњиш њаёт ба сар мебаранд. Худи айём ѓамин, вањшатнок, хунин ва берањмона аст. Ин замони таѓйирот дар хасрўбаву поруву саргини худ шароитеро муњайё месозад, ки бар хилофи дањшатњо ва дар шакли љуброну подоши дањшатњо руъёњои орзуро ба самти зебо савќ дињад. Ин аломатњои афсонавї ба фардои равшан ва хуш кашида мешаванд ва таронаи рангњо ва шарбати он барои рўзњои дур таъин ва ба ояндае, ки бо њалќаи Мебиус ба гузашта меравад, нигаронида шудааст. Чунинанд афсонањо ва гуфтањо ва тамсилњои устод Темур Зулфиќоров. Мо намедонем вай дар бораи кадом замоне менависад. Шояд барои гузашта, ё ки ояндаи бофта ва зебое менависад, ки имрўз пешорўи мо ба сони як афсонаи шигифтангез дар бораи муњаббати абадї ва зебої ќарор гирифтааст. Афсонае, ки њоло бароямон дорад ба оянда табдил мешавад, оянда барои наслњое, ки холо хоњанд омад, яъне ояндагони баъди имрўзиён. Мо намедонем дарвеш Хоља Насриддин ба кадом шева достонњои худро хоњад суруд. Шояд дар ин њол, амсоли кадом паёмбаре харсавор пушт ба пеш гардонда. Аммо ба њар сурат ин љо ва њоло афсонае сохта мешавад, ки гузаштаро ба имрўз мепайвандад, Шарќро бо Ѓарб, Љанубро бо Шимол, русиву тољикиро бо муњаббат, бо ѓусса, бо ашки марди солманд-писарбача-ошиќ пайванд мезанад. Тамсил, мурољиат ва насоињи устод Темур Зулфиќоров аѓлаб њолат ба ќудратмандон, амирон, хонњо, шоњон нигаронида шудааст. Чї миќдор аз ононро дар роњи сафарњои худ дарвеши саргардон мулоќї шуд? Хуб, ин гули наљиб бояд ба хасрубаву поруи ваќт, ки баъзан бод баргу пояи онро хам мекунад, чизе бидињад. Дар ин рўз ба дарвеш чи метавон орзу кард? Ашки хурсандї ва ѓам, ки аз чашмон ба гунањояш мешоранд ва ба


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

ЧЕЊРА

9

МАРГЊОИ СУОЛАНГЕЗ Чаро мавќеи Артиши Тољикистон дар ифшои сабабњои марги сарбозон шаффоф нест?

мусиќии таронае бадал мешаванд, ки ба Ѓарб, Шарќ, Шимол ва Љануб, ба гузашта, ба оянда мебаранд. Ба њар самте, ки дарвеш њаракат мекунад, таронањояш аз ў пешї мегиранд. Роњи дарозу дур ба устодамон таманно дорем". Аниса Собирї, адибаи тозагў ва хушнависи тољик як тањлили хеле кутоњу пурарзише дар бораи ашъори Зулиќоров кардаву дар сањифаи фейсбукии худ коридааст. Вай мегўяд: "Шеъри Темур Зулфиќоров метавонад тафаккури шуморо ба олами кайњонии сухани љодуї савќ дињад. Борњо сари ин суол андеша рондаам: эљодиёти адибро ба кадом адабиёт мебоист мансуб донист, яъне ба самти кадом миллат аст пайроњаи ў. Баъди муколамаи бисёрсола бо ў моил ба он мешавам, ки дар рў ба рўйи мо уќобе дар ављи парвоз дар фазои ин ду роњ аст, ки тавонистааст ин ду роњро бо муњаббати ба худ хос, ба шеваи классикї дуруст ба мушоњида гирад". Ба андешаи профессор Артём Тарасов "Њамчуноне Гоген (Эжен Анри Поль Гоген-рассоми машњури фаронсавї) наќќошињои Фаронсаро ба љазирањои аљоибу ѓароиб бурд, Темур Зулфиќоров бо румонњои гўшношунидаш ба румоннависи рус уфуќњои тоза боз кард. Бисёре аз мунаќќидон бар ин назаранд, ки дар сањнаи адабиёти олам баъди "Сад соли танњої"-и Маркес ин гуна асарњои пурасрор набуд". ЉОИЗАЊОИ ХУРДУ РЕЗА БА АДИБИ ТАВОНО Шоњкорињои Темур Зулфиќоров дар Русия ва дигар кишварњои олам соњиби унвону љоизањои муътабар шудаанд. Чунончї, асари "Сафари заминї ва осмонии шоир" соли 1993 ин бењтарин румони Аврупо дониста шуд ва онро ба љоизаи британиёии "Коллетс" сазовор донистанд. Баъди соли 2000-ум Темур Зулфиќоровро ду маротиба ба љоизаи адабии Нобел пешнињод кардаанд, вале пазуруфта нашуд. Коршиносон инро на ба иллати заъфи асарњои ў, балки ба сабаби сиёсатзада набудани адиб медонанд. Дар суњбате сардабири нашрияи адабии "День Литературы" Владимир Бондаренко гуфта буд, ки "Темур њатто бо худвижагиаш кайњо сазовори ин љоиза шудааст. Адибоне њастанд, ки истеъдоди хос доранд, вале дар як маљрои умумї ќарор доранд. Вале Темур Зулфиќоров падидае чунон вижаву нотакрор аст, ки љоизаи Нобелро бояд ба чунинњо дод. Љоизаи Нобелро њарсол, албатта, ба бењтаринњо медињанд, на ба адибони сиёсатмаоб. Вале муносибати умумї ба Русияи Путин ва мавзеъи сиёсии довталабон низ наќш дорад. Бубинед, Орњан Памук, ки дар воќеъ сазовор буд, то замоне ки ќатли арманињоро ќатли ом нагуфту кораш ба додгоњ нарафт, љоизаи Нобел нагирифт. Темур Зулфиќоров дар радифи Валентин Распутин ва Василий Аксёнов аз ангуштшумор адибони рус аст, ки шоистаи Нобел њастанд. Мушкили ў дар камбуди њуна-

раш нест, балки дар камбуди фаъолиятњои сиёсиаш аст." Темур Зулфиќоров барандаи чандин љоизаи дигари адабист. Аз љумла, соли 2004 румони машњураш "Масали тилоии Хоља Насриддин" сазовори љоизаи "Ясная Поляна" шуда буд. Соли 2005 бошад румони "Афъии марљон"-и ў "Бењтарин китоби сол" эълон гардид. Соли 2008 сазовори љоизаи Антон Делвиг, соли 1991 барои бењтарин сенария дар Њоливуд љоизаи "Хартли-Мерилл"-ро соњиб шуд. Соли 2011 бошад румони "Як рўзи бачагии њазрати Муњаммад (с)" дар озмуни умумирусиягии "Пайѓамбар Муњаммад (с)-рањмат барои оламиён" ѓолиб дониста шуд. Темур Зулфиќоров муаллифи сенариё ба бештар аз 20 филми њунариву мустанад аст, ки дар љашнворањои гуногун чун бењтарин сенариё эътироф шудаву соњиби љоизањо гаштаанд. Аз љумлаи ин сенарияњо ба филмњои "Инсон аз пайи паррандањо меравад", "Мурѓи сиёњ ва ё сокинони зеризаминї", "Сароби ишќ" ва ѓайра мебошанд. Темур Зулфиќоров аз нигоњи ањли назар нобиѓаест, ки дар ду Ватан мезияд, барои ду кишвар эљод мекунад, вале дар ин ду кишвар њам ўро ќадр намекунанд. Он ки мухлисонаш то кунун ин адиби маъруф дар Тољикистон соњиби љоизаи давлатї намебинанд, як муаммоест норушан. Дар њоле, ки атрофи љоизагирони ахир сару садоњое баланд шудаву боре њам аз сазоворон исми Темур Зулфиќоров бурда нашудааст. Вале, мутаассифона, дар Русия низ бо вуљуди он, ки соњиби чандин љоизањои хурду реза аст, вале иддае бар инанд, ки Зулфиќоров њоло њам ќадр нашудааст. Аз љумла, адиби шинохта Анатолий Ким, ки мегўяд, Зулфиќоров як устоди асили назму насри муосир аст ва дар адабиёт падидаи нотакрорест ва ў бар ин назар аст, ки дар Русия ќадрашро надонистаанд. Мунаќќид Вларий Плантер њам ўро падидаи нодир дар услуби нигориш ва забони баён медонад. Профессор Артём Тарасов мегўяд: "Барои рамзкушоии Зулфиќоров шумо ба як муассисаи адабї, фалсафї ва адёншиносї ниёз пайдо хоњед кард". Ва њамаи ин адибону мунаќќидон бар ин назаранд, ки Темур Зулфиќоров як нобиѓаи њанўз ношинохта дар ситоразори осмони адабиёти олам аст. Дар Тољикистон низ чунин аст. Номи Темур Зулфиќоров, адиби тавонои тољики сатњи љањонї дар рўйхати љоизадорони мукофоти давлатии ба номи Рўдакї дида нашуд. Ва таманное, ки њар мухлиси каломи бадеъ ва шефтагони њунари воло доранд, дидани ин номи маъруф дар листи адибони соњибунвону соњибљоизаи тољик аст. Шояд соли оянда, ки адиби тавоно 90 - сола мешавад, ба ў Љоизаи Устод Рўдакиро дињем?

Бобољони ШАФЕЪ

Имсолро барои имиљи Артиши миллии Тољикистон соли бобарор набуд, гўем хато нахоњад буд. Танњо њамин тобистон љасади чањор сарбози суѓдї - Фирдавс Рањматов, Абдувањњоб Ќаюмов, Парвиз Дўстматов ва Аъзам Убайдуллоевро ба волидайнашон таслим карданд. Њар яке ќазияи худро дошт. Хабари марги яке аз сањифаи расонањо пок нашуда, дар бораи марги дигаре менавиштанд. Охирин ќазия марги сарбози шањритусї мебошад, ки волидайнаш њатто бовар надоранд, ки љасади гирифтаашон љасади фарзандашон аст. Бахусус, баъди барои ташхис аз ќабр берун кардани љасад волидайн гуфтаанд, ки он ба фарзандашон шабоњат надорад. Сарбози шањритусї Нуралї Њайдарови 22-сола, 22-юми июл ба њалокат мерасад. Ў дар сафи нерўњои марзбонї дар Ишкошим адои хидмат мекард. 29-уми июл љасади бељони ўро ба пайвандонаш месупоранд. Волидайни сарбоз ба расонањо гуфтанд, ки дар пешонии љасад сурохии тир боќї монда ва ќисмате аз рўяш сўхтааст. Онњо бо ин гуфта мавќеъи маќомот дар бораи сабаби марги фарзандашонро рад карданд. Маќомот эълон доштанд, ки сарбоз Нуралї Њайдаров дар дарё ѓарќ шуда, фавтидааст. Сару садоњо атрофи ин ќазия бо њамин тамом нашуд. Баъди талоши волидайни сарбоз 7-уми август бо ќарори Сарпрокуратураи њарбии Тољикистон комиссияи экспертї барои гузаронидани тафтишоти судию тиббї, криминалистї ва патологоанатомї (эксгуматсия) - и љасади марњум ташкил карда шуд. Ба ќавли маќомот, натиљаи санљиши онњо нишон дод, ки сарбози мазкур "дар натиљаи ѓарќ шудан дар об њалок гардидааст." Аммо вокуниши навбатии волидайн дигар буд. Онњо гуфтанд, љасаде, ки дар ќабр гузоштаанд, ба фарзанди онњо монанд нест ва дар он нишонањои фарзандашонро надидаанд. Баъди интишори ин изњороти Сарраёсати ќушунњои сарњадии КДАМ садо дод ва бори дигар волидони сарбоз дар суњбат бо расонањо эътироз карда гуфтанд, ки љасаде, ки маќомот барои ташхиси тиббї ва криминалистї ва аз хок берун оварданд, ба писари онњо монанд набуд... Ќазоват кардан осон нест, ки кї дуруст

0 .. 10 . 0 1 1 ...

мегўяд. Аммо суол инљост, ки чаро њамеша артиши кишвар наметавонад дар бораи сабаби чунин њодисањоро бепарда дар лањзаи аввал эълон карда, дар паи бартараф кардани мушкилот шавад? Бори нахуст њам нест, ки нисбат ба иттилои расмии деркардаи маќомот оид ба марги ин ё он сарбоз изњори нобоварї мешавад. Моњи марти њамин сол буд, ки миёни ду сарбоз Илњом Бобоев ва њамхизмати ў Исломиддини Искандар муноќиша сар зада, Бобоев аз автомат сўи Искандар тир холї карда буд, ки ахирї дар роњ ба бемористон њалок шуд. Пеш аз ин низ Акмал Давлатови 19сола њангоми адои хизмати њарбї дар ноњияи Мастчоњ ба њалокат расида буд. Масъулини ќисми њарбї сабаби марги ўро дар руст мондани нон дар гулўяш шарњ дода буданд. Љасади Љўрабой Њомидов, сокини Каљровути ноњияи Ѓончї низ, ки дар Фурудгоњи низомии Айнї адои хизмат мекард, бо љароњатњои вазнин ба волидайнаш супурда шуда буд. Падари ин сарбоз Акрам Холиќов он ваќт гуфта буд, ки то даруни гур аз љасади фарзандаш хун мерафт. Дар пайи хабари марги Фирдавс Рањматови 22-сола, ки дар ќисми њарбии воќеъ дар Конибодом хидмат мекард, маќомот тафтиш гузаронданд. Вазорати мудофиа гуфт, ки фармондењони полк, баталйон ва ротаи ќисми низомиро аз вазифањояшон барканор карданд. Бо иттињоми даст доштан дар латукўби сарбози фавтида алайњи ду сержант ва як сарбози ќисми низомии мазкур парвандаи љиноятї оѓоз гардида, онњо ба њабс гирифта шудаанд. Ин танњо ќазияе буд, ки маќомот ба расонањову мардум итминон доданд, ки нисбат ба чунин њодисањо бетафовут нестанд. Гарчи осон нест, аммо вазорати мудофа фармондењони полку баталйон ва ротаро аз вазифа ронд, ки барои омода кардани чунин кадр ќариб 20 сол кам аст. Ин як њолати истисноие буд, ки маќомот чунин иќдом карданд. Вале чаро маќомот, бахусус масъулини артиш намехоњанд ё наметавонанд сабаби марги сарбозеро ба волидайнаш ошкор бигўянд, суоли боз мемонад? Њатто гумону шубњањоро зиёд мекунад...

Азамати ВАЊЊОБ

...


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

ЉАЊОН

Диктаторони олам баъди суќути низомњояшон маъмулан ё зиндонї шудаанд ё эъдом. Вале кам андар кам сарнавиште ба сарнавишти худкомаи Ироќ Саддом Њусей монанд аст. Шахсе, ки баъди 35 соли салтанат бо кумаки неруњои хориљї сарнагун ва баъдан боздошту кушта шуд, то охирин лањазоти умр ба њаќ будани роњаш таъкид мекардааст. Ин як пора аз суњбатест, ки дар китоби "Саддом аз ин љо убур карда буд..." интишор ёфтааст. Баъд аз дастгир шудани Саддом чї пеш омад? Суханони Ањмад Чалабї. Баъд аз ин ки дастгирии Саддомро ба мардум иблоѓ кардем, Бриммер бо ман тамос гирифт ва аз ман хост бо ў барои дидани Саддом биравем. Љамъе аз аъзои њукумати муваќќатро гирифтам. Ман ва доктор Аднон Аппочачї, доктор Одил Абдулмањдї, доктор Муваффаќ Аррабеъї, генерал Санчес - фармондењи неруњои амрикої дар Ироќ ва Скот Карпентер. Ба минтаќаи Сабз рафтем ва бо чархбол ба тарафи фурудгоњи Баѓдод мунтаќил шудем ва аз он љо моро ба сохтмони яктабаќаї бурданд. Рўяш навишта шуда буд: "Миллати якпорчаи араб бо як паёми абадї". Ин мањалл маќари њизби БААС буд. Дарахтњо атрофи онро гирифта буданд ва сарбозони амрикої аз он њимоят мекарданд. Мо вориди сохтмон шудем. Бриммер пурсид: - Оё мехоњед Саддомро аз тариќи дурбини телевизионї бубинед? Гуфтам: - На генерал, иљоза бидењ ворид шавам. Ќабл аз онњо вориди айвоне шудам, ба утоќе, ки арзаш як метр ва аз равоќ 30 сантиметр болотар буд, расидам. Аз он ба утоќе ба тўли 5 метр ва арзи он ба 3 метр мерасид, дохил шудам. Ваќте вориди утоќ шудам, дидам, ки Саддом бар рўйи як тахти низомии амрикої хобидааст ва яке аз сарбозњои амрикої ўро бедор кард. Ваќте сарашро боло овард ва дид, ки ворид мешавам, ларзид. Курсие гирифтам ва болои баландї бурдам ва рў ба рўйи Саддом нишастам. Миёни мо ним метр фосила буд. Баъд аз он дигарон низ ворид шуданд. Бриммер ва Санчес наздики девори вурудї байни дар ва айвон истоданд ва сањнаро дунбол мекарданд. Суњбат накардам ва муроќиби Саддом будам. Дар ў ду вижагиро дидам. Аввалан, нисбат ба вазъияти љањонї ва меъёри ќудрат дар љањон ноогоњ буд. Сониян, њеч тасаввури амалї аз тавзеъи ќудрат надошт. - Чї тур инро фањмидї? - Аз суњбат ва шеваи баррасии умур ва тасаввуроташ аз он чи рух медињад. Ва чизи дигар: ў худшефтагї дошт. Эътиќод дошт, ки он чи анљом медињад, сањењ аст, бидуни ин ки мавзуъеро муќоиса кунад ва фикр мекард, коре ки мекунад, сањењ аст. Тўли ин 35 соли охир ў дар Ироќ њукмронї карда буд. Иљоза бидењ дар ин љо бигўям, ваќте ки мо

Ин як омори пажуњишист, ки то кадом њад зарарнок будани њавои касиф ба саломатии инсонњоро нишон медињад. Ва ин кишвар метавонад на танњо Чин, балки Тољикистон низ бошад. Як пажуњиш, ки натиљаи онро "The Epoch Times" - и ИМА расонаї кардааст, нишон медињад, ки аз олудагии њаво дар Чин солона наздик ба 1,6 миллион одамро дар ин кишвар ба њалокат мерасонад. Ин як раќами такондињанда аст: ќариб 4400 нафар дар як рўз бар асари њавои касиф љони худро аз даст медињанд. Ин пажуњиш аз љониби созмони ѓайритиљоратии Berkeley Earth роњандозї шудааст ва гуфта мешавад, ки он саргарми пажуњишњои таѓйири обу њавост. Тањќиќот мегўяд олудагии њаво сабаби аслии 17 дарсад маргумир дар Чин аст. Ин маълумотест, ки аз 1500 нуќтаи ањолинишини Чин, Кореяи Љанубї ва Тайван дар муддати чор моњ гирдоварї ва тањлил шудааст. Тибќи ин пажуњиш хатарноктарин олудагињо зарроти хурде мебошанд, ки дар натиљаи кори неругоњњои барќї, сўзиши маводи сўхт дар хонањо ва корхонањои азим истифода мешаванд. Ин заррањо ба шуш ва хуни инсонњо ворид мешаванд ва муљиби беморињои зиќќи нафас, дил ва дигар мегарданд. "Њангоми пажуњиши мо 92 дарсади ањолии Чин бештар аз 120 соат њавои олуда нафас мекашид ва 38 дарсад аз њавои сатњи олудагиаш миёна истифода мебурд. Солона дар ин кишвар њудудан 1,6 миллион нафар аз ин олудагињо мемиранд, ки он 17

САДДОМ ГУФТ: ЭЙ ХОИНИ МУЗДУР! вориди Баѓдод шудем, аз вазъияти он ба њоли шок уфтодам. Ба шиддат такон хўрдам, шањре дар сатњи дигарро дидам, ангор, ки пойтахти кишваре фаќир дар соњили Африќо аст. - Вакте ворид шудед, Муваффаќ Аррабеъї ба Саддом чї гуфт? - (Механдад) Ба Саддом гуфт: Ту дар дунёву охират малъунї. Баъд Саддом ба Муваффаќ гуфт: Сокит шав, эй хоин, эй муздур! - Оё Муваффаќро мешинохт? - Бале, аз ваќте ки ворид шудам, Муваффаќ ба ў гуфт: Ман хоин ва муздурам? Ба ў љавоб дод: Бале, оё бо инњо наёмадї? Ба амрикоињо ишора кард. - Оё бо Аднон Аппочачї њам суњбат кард? - Аднон ба ў гуфт: Чаро аз Кувайт хориљ нашудї? - Албатта, Саддом аз ман хост, ки афроди њозирро ба ў муаррифї кунам. Ман гуфтам: Аднон Аппочачї, доктор Одил

ва Муваффаќ. Аммо ваќте гуфтам Аднон Аппочачї, Саддом рў ба ў кард ва гуфт: Доктор Аппочачї, оё ту вазири умури хориљии Ироќ набудї? - Ба ў гуфт: Бале. Ва рў ба Саддом кард ва гуфт: - Чаро аз Кувайт аќибнишинї накардї, ваќте ки аз љанг бо Эрон пирўз хориљ шудї ва дунё бо ту буд ва имконот доштї, чаро ин корро накардї? Љавоб дод: - Доктор Аппочачї, оё ту тайид намекардї, ки Кувайт бахше аз Ироќ аст? Доктор китоберо дар бораи хотироташ аз Созмони милали Муттањид навишта буд, ки аз мавзеъи Абдулкарим Ќосим дифоъ карда буд, ки Кувейт љузъи Ироќ аст. Аднон дастпоча шуд ва љавоб дод: гузашта гузашта. Аммо ман бекор будам ва аслан суњбат намекардам. - Оё Саддом бо Одил Абдулмањдї њам суњбат кард? - Бале. Аммо Муваффаќ аз ў пурсид, ки

чаро Садрро куштї? Саддом љавоб дод: Кї? Ба ў гуфт: Сайидмуњаммад Боќир Садр ва хоњараш бинт Ал-Њудо. Саддом гуфт: Сайид Боќир бо ёрони ў хоин ва мустањаќи марганд. Одил Абдулмањдї гуфт: Чаро Абдулхолиќ Ассомироиро эъдом кардї? Гуфт: - Абдулхолиќ Баъсї буд. - Яъне ту вориди суњбат нашудї? - Сипас Муваффаќ пурсид: Чаро бо амрикоињо мубориза накардї, њамон тур ки писаронат мубориза карданд? Ба ў гуфт: - Мехоњї бо инњо мубориза кунам? Яъне, изњори норозигї кард. Дар њоле ки аз дигарон даъват мекард ва онњоро ба мубориза ва куштор ташвиќ мекард. Аммо ў лузуме намедид мубориза кунад, ў эътиќод дошт, он чи анљом медињад, сањењ аст. - Оё Бриммер бо ў њарф зад? - На, њатто як калима. - Оё Саддом тарсида буд? - Ваќте ки хориљ шудем, тарсид. Ва ў дар охир хост, ки бо оќои Чалабї ва дуктур Аппочачї суњбат кунад. Назди ў истодам ва ваќте хостам хориљ шавам, гуфт: Яъне тамом шуд? Њамааш њамин? - Оё чизи дигаре дар тўли гуфтушунид баён шуд? - Њарфњои зидду наќиз. Мутмаъин буд коре, ки карда, дуруст аст ва бузургнамої мекард, дар њоле ки њозир набуд ба њеч ваљњ ба он чи гузашта буд, мурољиа кунад. Ва гуфт: "Ба ман гуфтї, бо амрикоињо биљанг, ман њам алъон бо онњо мељангам". Тањияи Фирўзи МУЊАММАД

ЊАВОИ КАСИФИ ЧИН Њамасола аз олудагии њаво дар Чин 1,6 миллион нафар мефавтанд дарсади њамаи фавтидагон дар як солро дар бар мегирад",- омадааст дар њисобот.

Олудагии њаво дар Чин то куљо хатар дорад? Бино ба навиштаи New York Times, муњаќќиќон изњор медоранд, ки арзёбии онњо дар маргумир бар асоси маълумоти Созмони љањонии тандурустї аст, ки дар доираи барномањо оид ба тањќиќи сабабњои маргумир аз панљ бемории алоќаманд ба таъсири сатњи гуногуни олудагии њаво бо заррањои кўчак бармеояд. Гуфта мешавад, ки њукумати Чин њамеша маълумотњои маргумири одамон бар асари олудагии њаворо пинњон медорад ва дар таърихи дањ соли охири ин кишвар ягон маротиба ин гуна маълумот расонаї нашудааст. Њарчанд маќомоти чинї ваќтњои охир талош мекунанд ба ВАО дастрасии бештар дар мавриди сифати њаво ва олудагї дињанд, аммо тањлилгарони байналмилалї ва пажуњишгарон дар љамъоварии далелњои расмї њамоно ба мушкил рў ба рўянд. "Њарчанд Чин барои системаи мониторинг ва

шаффофияти коммуникатсия шоистаи таърифу тавсиф аст, натиљаи назоратњои бойгонї дар дастрасии умум ќарор дода нашудаанд",- навиштаанд онњо дар њисоботи худ. Сонсоркунандагони чинї ба таври доимї сайтњо ва пойгоњњои хабарии иљтимоиро ба хотири ошкор кардани мухолифон ва талошгарон барои бесуботгардонии низоми коммунистї пайгириву тафтишу тањќиќ мекунанд. Моњи марти соли љорї видеои мустанади машњури "Зери гунбад" дар бораи оќибатњои таъсири олоиши њаво ба саломатї дар сомонањо пайдо шуд ва муддате дар чархиш буд. Аммо шуъбаи марказии таблиѓотии њизби коммунист амр кард, ки онро аз шабакањо поккорї кунанд. Чинро лозим меояд роњи дарозеро тай кунад, пеш аз он ки одамон ба њавои тоза ва безарар барои худ даст ёбанд, - менависад "The Epoch Times", США Соли гузашта њам як чунин бонги изтироб дар мавриди хатароти ношї аз олудагии њаво пахш шуда буд. Олимони Чин њушдор дода буданд, ки олудагии њавои зањролуд дар кишвар ба он сатње расидааст, ки фазо зимистони њастаиро мемонад. Он ра-

ванди фотосинтез дар рустанињоро суст мекунад ва метавонад системаи истењсоли мањсулоти хўрокиро дар Чин вайрон кунад. Академияи илмњои љамъиятии Шонњой хабар дода буд, ки аз олудагии њаво Пекин ќариб, ки барои зиндагонї номусоид шудааст. Њукумати Чин борњо ваъда додааст, ки ба тозагии њаво дар шањрњои санъатии бузург љиддан таваљљуњ ва барои он барномањои љиддиро рўйи даст хоњад гирифт. Моњи октябри соли гузашта Пекин як њолати фавќулоддаи наљот аз олудагии њаворо барои се рўз љорї кард. Дар доираи ин чорабинї манъи тањсил дар макотиб, манъи фаъолияти як ќатор корхонањо, њамчунин мањдуд кардани њаракати мошинњои давлатї дохил буданд. Он замон ожонсии хабарии Синхуа хабар дода буд, ки 147 корхонаи бузурги Пекин ё соати кории худро коњиш дод ва ё комилан фаъолияташро боздошт. Аммо мактабњоро набастанд ва мошинњои давлатї њам бидуни мамониат дар њаракат буданд.

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

ТАБЛИЃ Таърихи тиљорати шабакавї (ТШ) бо номи Карл Ренборги амрикої (1887-1973), ки ѓояњои татбиќшудаи ў ба як соњаи алоњидаи саноат бо гардиши 200-миллиарддоллара табдил шудааст, иртиботи ногусастанї дорад. Ин амрикої 12 сол дар ширкатњои гуногуни Чин (корхонањои нафт ва киштисозї) кор кардааст ва њатто дар њамон замон њам дар бораи тарзи муфиди истеъмоли ѓизои инсон ва наќши витаминњо дар он меандешид. Вале дар миёнањои солњои бистуми асри гузашта дар ќатори хориљињои зиёди дигар ба мањбас афтод. Мањз њангоми дар зиндон будан дар сараш фикри чї тавр ѓизое ёфта бихўрад, ки ба саломатиаш осеб нарасад, зеро ба њама маълум, ки хўроки мањбаса на њамеша бењдошти саломатии инсонро ба инобат мегирад. Аммо суол ин буд, ки њамон љузъњои ѓизои барои бењбудии саломатиашро аз куљо пайдо кунад. Масалан, оњанро, ки мо дар таркиби њар гуна ѓизо мехўрем, аз куљо бояд пайд кард? Карл роњи њалли ин масъаларо ёфт! Метавон гуфт, аввалин ѓизои изофї, ин мехи зангзада буд! Ренборг ба хўрокњои мањбас кам - кам аз занги мехњо илова мекард. Баъд бо посбонњо забон ёфт ва онњо барояш њар гуна алафњо меоварданд. Ба њамин тарз, Ренборг ва дигарон, ки њамроњаш дар зиндон буданд, аз истеъмоли сабзањои гуногун зинда монданд ва ба ватанашон Амрико баргаштанд. Ренборг ба Амрико соли 1927 баргашт ва дар такопўи тавлид кардани изофањои ѓизої шуд. Ў барои ин кор юнучќаро интихоб намуд, зеро ин растанї дар таркибаш бисёр витамин, сафеда ва дигар ѓизоњои муфид дорад. Он изофаи ѓизое, ки дар асоси юнучќа тањия шуда буд, Ренборг барои озмоиш ба дўстони худ маљљонї пешнињод намуд, вале ягон дўсташ нахост њадафи озмоиши Ренборг гардад. Њамин тавр, таљрибаи аввалини бепул таќсим намудани изофањои ѓизої бенатиља анљомид. Карл ба хулоса омад, ки чизи бепул ќадр надорад, бинобарин, дигар роњро интихоб кард. Ў барои изофањои ѓизої аз мизољон пул талаб кард. Натиља зуд њосил шуд. Ва боз натиљаи мусбат! Маълумот дар бораи изофањои ѓизої зуд пањн шуд, зеро њар як дўсти Карл боз дўстону шиносњои худро доштанд ва ба онњо хабар доданд. Акнун одамон дар суроѓи худи Ренборг буданд ва мехостанд аз сарчашма дар бораи изофаи ѓизої маълумоти бештар ва даќиќ гиранд. Албатта, як худи Ренборг наметавонист њама хоњишмандонро бо изофаи ѓизої таъмин созад. Бинобарин ба сараш фикри гениалї омад. Ренборг ба дўстонаш пешнињод кард, ки дар бораи изофаи ѓизої ба дигарон худи онњо сањм гузоранд. Барои ин хидмат Карл ба онњо њаќќи зањмат низ пешнињод кард. Ў ба ин ќарор омад, ки

КАРЛ РЕНБОРГ - АСОСГУЗОРИ ТИЉОРАТИ ШАБАКАВЇ

рати гуногунсоња ном дошт ва њаммаънои тиљорати бисёрсатња буд. Агар онро ба забони имрўза баргардонем, Тиљорати шабакавї мешавад. Хуб, худи Тиљорати шабакавї чї маъно дорад? Он чї намудњои фаъолиятро дар худ фароњам овардааст? Маънояш он аст, ки мо шабакаи мизољонро таъсис медињем, ки тавассути он шабака молу њар гуна хидматрасонињо татбиќ мешаванд. Афзалияти он аз бизнеси анъанавї ва ё муќаррарї дар чист? Бартарияш пеш аз њама дар он аст, ки: Аз байн миёнаравњои зиёд бардошта мешаванд. Яъне, байни истењсолкунанда ва истеъмолкунанда танњо пањнкунанда мемонад. Аз љумла, шумораи нињоят зиёди яклухтфурўшон, чаканафурўшони сатњи миёнаву поён аз байн мераванд ва мол њарчи зудтар ба истеъмолгар мерасад. Дар таърихи ин соња рўзњои мушкил низ буданд. Соли 1975 дар Амрико муборизаи шадид ба муќобили пирамидањои молї оѓоз шуда буд ва

Таќдим аз Qnet: ТАЪРИХИ ТИЉОРАТЇ ШАБАКАВЇ њатто ба шиносњои рафиќонаш, ки дар пањн ва фурўхтани изофањои ѓизої мадад мерасонанд, барои корашон пул дињад. Њамин тавр соли 1934 Маркетинги шабакавї таъсис ёфт. Карл Ренборг њамин сол ширкати "СaliforniaVitamins" (Витаминњои Калифорния) - ро бунёд гузошт ва дар натиљаи љорї кардани тарзи нави фурўш, ки њам худи пањнкунандагони маводи ѓизої низ њамчун мизољ њисобида мешуданд, ширкат зуд соњиби комёбињои бузург гардид ва гардиши он то ба 7 миллион расид. Дар он солњо ин пули хеле бузург њисобида мешуд. Љињати аљиби кор он буд, ки барои фурўши ин ќадар ѓизо ягон хел реклама истифода нашуда буд. Соли 1939 году Карл Ренборг тарзи фурўши изофањоро таѓйир надода, номи ширкатро ба "Nutrilite Products" табдил дод. Њамкоронаш худашон кормандони навро даъват намуда, бо онњо суњбатњо гузаронида, ба кор мепазируфтанд ва њатман дар бораи маводњои изофї ба онњо маълумоти кофї медоданд. Ширкат аз кормандонаш талаб мекард, ки худи онњо шабакањои ќиёсан хурдро таъсис дињанд ва ба онњо на танњо барои фурўши изофањои ѓизої, балки барои пайдо кардани њар

як мизољи нав пул пардохт мекард. Њамин тавр, Ренборг ба љомеа бизнеси классикии "Маркетинги содда ва ё яксатња"-ро пешнињод кард. Таърихи минбаъдаи "Nutrilite" бо номи кормандони ширкат Рич Де Вос и Љей Ван Эндел иртибот дорад. Онњо пас аз дањ соли фаъолият дар сохторњои Ренборг ширкати худашон "Аmerican Way Согрогаtion", ё ихтисоршуда "АМWАY" - ро ташкил карданд. Хидмати бузурги ин мардон дар он аст, ки онњо танњо бо фурўшу таќсими изофањои ѓизої мањдуд нашуда, фурўши асбоби рўзгорро низ ба роњ монданд. Дар охири солњои панљоњум мардум фањмиданд, ки барои фурўши мањсулот ва тарѓиби бозаргонї роњњои тозаро бояд фикр кард. Миллиардер Пол Гети гуфта буд, ки аз сад нафар 1%-ї фоида гирифтан бењтар аст, назар ба он ки худро абгор намуда, њамаи 100% фоидаро аз њисоби зањмати хеш ёбад. Ва он нафар ин намуди бизнесро фикр кард, ў дар бораи он њам андешид, ки чї тавр коммуникатсия ва иртибот, муомилаи мардумро барои ин кор љалб кунад. Ба ин мисол, охири солњои 50-ум як намуди саноат падид омад, ки он MLM (MultiLevelMarketing), яъне, Тиљо-

11

®

ќариб ки зери шиори мубориза алайњи чунин ќаллобон кормандони соњаи ТШ низ дастгир шаванд. Дар сатњи Њукуумати федералї шахсоне пайдо шуданд ва онњо таќозо мекарданд, ки ширкати "АМWАY" низ ба фењристи ширкатњои ќаллоб ворид карда шавад. Чор сол тафтиши фаъолияти ин ширкат идома ёфт ва дар нињоят Суд ќарор баровард, ки ТШ њамчун роњи ќонунии фаъолият эътироф карда шавад. Пас аз ќарори Суди њукумати федералї дигар аёлатњо низ фаъолияти ширкати "АМWАY" - ро ќонунї донистанд. Ваќте ин намуди саноат тавсеа меёфт, бисёр одамон аз он дарак надоштанд, ки чї истењсол мекунад. Њоло "АМWАY" иборат аст аз бештар 6000 ширкат, ки дар саросари љањон пањн шудааст. Ва солона ба њайати ин ширкатњо зиёда аз шаш миллион мизољи нав њамроњ мешаванд, то ки даромади асосї ва ё иловагии худро бењтар намоянд. Шикатњои бешумор аз пайи "АМWАY" рафта, тарзи кори онро омўхта, баъзе љузъњояшро дар фаъолияти тиљоратиашон истифода мебаранд. Имрўз њатто дистрибутсияи њуќуќї низ дар асоси саноати Тиљорати шабакавї пайдо шудааст. Њамчунин ширкатњои машњури љањонї, ба монанди Coca-Colla, Proctor&Gamble, Johnson&Johnson, Colgate, Ford, McDonald's, Toyota, BMW ва монанди инњо дар фаъолияти худ аз баъзе таљрибањои тиљоратии "АМWАY" истифода мебаранд. Њоло давраи нињоят баланди рушду тавсеаи ТШ дида мешавад. Њазорон њазор ширкат аз таљрибаи ТШ барои ба мизољ расонидани мањсулоти худ истифода мебаранд. Номгўи фаъолиятњои онњо дар ТШ хеле гуногун буда, аз бима то фурўши анљомњои кимиёвї, кортњои пластикї, зару зевар, чиниворї, компутерњо, майдатракторњо ва ѓайра њастанд. Аз таљрибаи ТШ бисёр ширкатњо, аз љумла, Fогd, Соlgаtе, Саnоn, Liрtоn, Соса-Соlа барои фурўши тавлидоти худ истифода мебаранд. (Давом дорад)


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

Аъзам ХУЉАСТА:

БО ШОИР 15 августи соли 1955 дар дењаи Худгифи Сояи ноњияи Масчо ба дунё омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи раќами 10 ноњияи Масчоњро хатм карда, дар њамон сол ба донишкадаи таърихи донишгоњи давлатии Тољикистон дар шањри Душанбе дохил шуд. Баъди хатми донишгоњи давлатии Тољикистон дар соли 1977, ба муддати 8 сол њамчун омўзгор иљрои вазифа кардааст. Дар соли 1985 ба унвони тарљумон ба Афѓонистон фиристода шуд ва то соли 1988 дар вазорати зироат ва ислоњоти арзии Афѓонистон кор кард. Аз соли 1988 барои кор ба идораи рўзномаи ноњиявии "Машъал" даъват шуд ва то соли 1994 дар он љо машѓул буд. Соли 1997 бо роњхати хукумати ноњияи Масчо ба Љумњурии Исломии Эрон рафт ва то соли 2012 дар бахши тољикии Садо ва симои Љумњурии исломии Эрон (Садои Хуросон) фаъолият кард. Дар Эрон ду китоб шеър бо номњои "Соярушан"(соли 2002) ва "Чашмаи зулол"(соли 2011) ба табъ расондааст. Китоби "Чашмаи зулол" дар таърихи адабиёти форсї аввалин мачмуъа дар жанри нави "зулол" аст. Ин китоб дар соли 2012 аз тарафи Муассисаи фарњангии созмони байналмилалии бо ЭКО бо нишони тиллои Фирдавсї ќадр карда шуд. Соли 2014 китоби ў бо номи "Падидаро салом" дар шањри Хуљанд ба табъ расид.

«МАРГРЎЗИ СОЛЊОИ РАФТААМ...» ЗОДРЎЗАМ Маргрўзи солњои рафтаам, Солњои рафтаву бо хеш бурда Сад манеро аз вуљудам, Сад наворо аз сурудам, Сад њазорон хислату андешаро Аз фарозу аз хилоли тору пудам. Солњое, ки пур аз Рузу њафта, Моњ буданд, Бо ѓаму бо шодмонї, Бо суъуду бо суќут, Бо нолањои дар сукут Њамроњ буданд. То ки оям то ба ин рўз, Солњо аз ман гузаштанд, Ё гузаштам ман аз онњо. Ин гузашту ин гузаштан, Гоњ ѓурбат аз куњистон сўи дашт, Сўхтан дар кўчањои гарму доѓи бедарахт, Хокро оѓўш кардан њамчу рахт, Рафтане гоње бидуни бозгашт. Гоњи дигар ин гузашту ин гузаштан, Њамчу рўзи як асири банду зиндон, Њамчу назъу кандани љон, Мегузашт, аммо... вале ... истода буд, Ќисмате буд, ки Худояш дода буд. Солњо аз ман гузаштанд, Солњои сориќони кўдакї, Ѓосибони ганљу файзи олами афсонањо, Селњои бурда аз кўи љавонї хонањо, Карда вайрон кушкњо, кошонањо. Дар хилоли солњо додо шудам, Шукри бењад, баъд аз он бобо шудам. То шудам додо, шудам огањ зи ранљи волидон, Дарк кардам зинда - зинда кандани љон. Буд соле, ки падарро даррабуд, Олами ѓамро ба руи мо кушуд, Модари дилсўзро аз мо гирифт, Файзу фарри рўзро аз мо гирифт. Ман кунун ин рўз, Солрўзи омадан бар ин замин, Дар азои солњои рафта гирям, Ё ки хандам бар њама буду набуд?! Њарчи буда њарчи њасту њарчи мехоњад шудан, Шукри њар дарду ѓами он солњо, Шукри њар бешу ками он солњо, Шукри бењад, Додаї аз солњо шастам, Худо, Кардаї аз ишќи худ мастам, Худо. Баъд аз ин аз ман нагирї шасти ман, Баъд аз инам ту бигир дастам, Худо!

Дунё ба юмни ишќ бувад устувор, чун Чизе ба њаљми ишќ баробар намешавад. Фарзонагони дањр чи зебо сурудаанд: "Бе ранљ њеч ганљ муяссар намешавад". Ранљи кашидаро, ки ту нодида мегирї, Ранље, ки ганљ медињад абтар намешавад. Ин аст ин, њаќиќати шатранљи зиндагї, Њар байдаќе, ки медавад, афсар намешавад. *** Имшаб шитоби моњ фарќ мекунад, Дар сина сўзи оњ фарќ мекунад. Дилњо ба сўи ту саф бастаанд аљаб, Њолу њавои роњ фарќ мекунад. Гар бо гуноњи мо ту ранљ мебарї, Ин шеваи гуноњ фарќ мекунад. Ман бо нигоњи дил куйи ту меравам, Ин чашму ин нигоњ фарќ мекунад. Аз мулки интизор овардаам далел, Ин шоњиду гувоњ фарќ мекунад. Бо сидќу дустї мо аќд бастаем, Ин хутбаи никоњ фарќ мекунад. Акнун шифои ту аз роњ мерасад, Чун холиќи рифоњ фарќ мекунад. *** Њама дардам, њама дардам, куљої модари пирам, Куљої, эй падар, эй муттако, эй пири дастгирам? Ба зери бори якрангї зи ѓам хам мешавам њар дам, Куљо бигзорам ин бору зи кї дарси вафо гирам? Маро танњо рањо кардеду рафтеду нагуфтедам, Ки ман њам дар камони зиндагї дар њукми як тирам. Зулоли ранљи бемењрї дарунам мекунад туфон, Чї хоњад шуд таќдирам, кї хоњад гуфт таъбирам? Вузу дар љуйи ашки худ нашуд бар дарди ман чора, Кунун дар хуни худ ѓарќам, зи њастї дилгиру серам. Абас дар интизорам ман, падар - модар намеоянд, Ва бори бекасї бар душу рўзе хаста мемирам...

БАЊОРИЯЕ БО ОЊАНГИ ТАНЗ

Гуфтї, ба шањри ишќ ман муншии туам, Бояд бидонї, омили бекории манї. Шабњо ба љои хоб дар чашми ман туї, Њатто даруни соати девории манї. Дар раќси шухи пардањо дар ќоби панxара, Тасвири соярушане аз хории манї. Гоње сигор мегирам бехобиро кушам, Ман содаам, ту бонуи сигории манї. Дил кандам аз ту, аз њама то дил барам бувад, Fофил аз он, ки муњиби дилдории манї. *** Дар лањзае дурахшид як руњи масти хаста, Чун сайди ворањида аз чанги дасти хаста. Дар азму дар талош аст дар роњи мондагорї, Чун моњии гирифтор дар банди шасти хаста. Aз соя мегурезад то бекарони хуршед, Як зарра дар радифи ањди аласти хаста. Ин умри пурмуаммо бар xумла зишту хубаш, Истодаву равон аст чун майпарасти хаста. Як шоири хаёлї бо истакони бода, Дар худ паноњ бурда аз як нишасти хаста. *** Ман аз ишќи занони пир метарсам, Шикори хастаам, аз тир метарсам. Каманди зулфи печонат бипeчон, Ки аз ин дому ин занљир метарсам. Нигоњи чашми мастатро маорой, Ки аз њар бозии таќдир метарсам. Наё, кутањ кун аз ман дасти таѓйир, Ки аз ислоњу аз тањрир метарсам. Баёзи гарданат њарфе надорад, Вале аз љурму аз таќсир метарсам. Туро дар хоби шаб дидам, чї дидам? Ки аз њар фолу њар таъбир метарсам. Ба абруят мазан холу хат, эй бут, Мусалмонам ва аз такфир метарсам.

ПУЛИ ДЕЊА Дењаи мо Ќаблан як пули кўчак дошт, ки фаќат бо хар Ва ё пои пиёда Кас аз он вориди русто мешуд. Ва ба хотир дорам ман, Он замон Хонаи бобоям њар шаб Мусофир ва мењмоне дошт. Дењаи мо акнун, Чун њама дењаи кўњњои баланд Пули мошингузари мањкаму хубе дорад. Хонањо низ бузургтар шудаанд. Вале Он пули куњна Аз кафи суннатии дењаи мо Њамчу тиллои Зарафшон рафтаст, Њамрањаш бобоям Ба суроѓи ... Мењмон рафтаст. *** Пок созед синањо аз кинањо, То шаванд ин синањо ойинањо! Љумла "ман" - њоро иваз бо "мо" кунед, Дар масири суннати деринањо. То куљо њарфи хазону яъсу ѓам? Ёд оред мањфили сабзинањо.

Омад бањору хандаи мастона муд мешавад, Чангу рубобу соѓару паймона муд мешавад.

Хонаи дилњо сипењри дўстист, Ќуфл бардоред аз ин ганљинањо.

Кору вазифа муддате камранг мешавад, Гуфту шунуди ќиссаву афсона муд мешавад.

Дурї аз њам бањри чї, эй оќилон? Дўст будем мо њама то динањо.

Бар рестурони "Њољиён" ринде саре намезанад, Рафтан суроѓи хилвати майхона муд мешавад.

Иттињоду инсиљом - рамзи рифоњ, Ќадр донед ќудрати ин зинањо.

Дар бонувон, зи дидани филми пур аз калофагї, Таќлиди расму шеваи туркона муд мешавад.

Fофилему умри моро мебаранд, Шанбаю якшанбею одинањо.

*** Њар к-ў Муњаммад аст паямбар намешавад, Њар соњиби саре њам сарвар намешавад.

Пеши бари барањнаву соиду бозуњо... ...Дар кўчањо карашмаи љонона муд мешавад.

Роњњои дўстї роњаттаранд, Аз чи мекоред дар ин рањ минањо ...

Таърих аз таљоруби худ њарф мезанад, Дарё њамеша шоњиди гавњар намешавад.

Камтар касе бо њамсари худ меравад ба дашт, Чашми тамаъ ба хонуми бегона муд мешавад.

Дасти карам ба суи Яњудо чи мебарї, Бо лутф карданат, ки бародар намешавад.

*** Ту як далели ин њама бедории манї, Бадќавл, боиси шабзиндадории манї.

РЎЗЕ Рўзе Поёни умри ман Оѓози будани санге мешавад, Бар рўи мазори ман Чун ёдгори ман.


ВОКУНИШ - Тавре ки равшан аст, ахиран иваз кардани ному насаб аз љониби равшанфикрон, љавонони бедор ва миёнсолон хеле афзудааст. Ин падида ба хотири эњтироми суннатњои ќадимии номгузории тољикї ва ё њифзи номгузории авлодї, ки дар замони низоми шўравї мураваљ буд, сурат мегирад, на ба хотири табъиди миллатеву низоме ва ё "хориљ шудан аз "рўйхати сиёњ"-и Хадамоти федералии муњољирати Русия" (аз дидгоњи Шервони Умриддин). Сараввал муаллиф дар навиштааш аз иштибоњ дар сабти номи Шањром ёдовар шуда, зимнан иброз медорад, ки гўё кормандони бахши сабти асноди њолати шањрвандї дар шањри Панљакент "...њанўз ду сол ќабл, аниќтараш моњи июли соли 2013 ваъда дода буданд, ки бо харољоти кам дар муддати як њафта насабашонро (насаби Шањроми Лутфиддин, Фархундаи Умриддин ва Замираи Лутфиддин дар назар аст) дар шиноснома иваз кардан мумкин аст. Аммо ба номи бобо гузаронидани насабашон бояд харољоти бештар кунанд ва се моњ инизор шаванд". Зимнан фењристи њуљљатњои пешнињодшаванда номбар мегардад. Ин љо ба љуз суханбозї ва музахрафот чизи дигаре нест. Зеро муаллиф бо ин њама суханпардозї ќасд кардааст кормандони бахши САЊШ-ро ба тамаъљўї муттањам намояд. Њол он ки муњлати баррасии масъалањои болозикр ва таърифаву нархномањоро санадњои меъёрии њуќуќї муайян менамоянд.

ДАР МУДДАТИ 20 РЎЗ (Вокуниш ба матлаби "Раиса Душанбе рафтаанд...", "Нигоњ" №13 (446) аз 24-уми июни соли 2014) Дар маќола муаллиф мудири бахшро бо ифодањои "раиса ба Душанбе рафтаанд", "ба ќабули раиси шањр (шояд ин љо манзур аз иштироки банда дар маљлисњои њафтавори назди раиси шањр ва ситодњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр бошад)" ва ё "раиса ба Хуљанд" рафтаанд айбдор менамояд. Охир ин њама дар доираи тартиботи корї ва дастуру супоришњои маќомоти салоњиятдор сурат мегирад. Зимнан дар маќола омадааст, ки мурољиаткунандагон њуљљатњояшонро ба ивази муњлати се моњи таъиншуда бо гузашти њашт моњ дастрас намудаанд. Тазодест аљиб!!! Охир муаллиф дар маќола овардааст, ки дар бахши САЊШ ќабули шањрвандон аз љамоатњои дењот мунтазам тибќи наќшаи тасдиќгардида дар давоми њафта амалї мегардад... Мавриди зикр аст, ки мурољиаткунандагон мебоист дар муддати се моњ баъд аз пешнињоди ариза ва дастрас шудани иљозатномаи Раёсати сабти асноди њолатњои шањрвандии вилояти Суѓд ба бахши САЊШ-и шањр њозир шуда, маблаѓњои тибќи ќонунгузорї пебинишударо ба суратњисоби махсуси шуъбаи молия пардохт менамуданд. Мутаассифона, ин муќарра-

ВАКОЛАТДОР ЊУЌУЌИ САНЉИШИ САНАДЊОИ СУДИРО НАДОРАД (Вокуниш ба матлаби "Талаби ќазоват оид ба бегуноњии мањкумшуда Бурњон Абдуллоев", "Нигоњ" №18 (451) аз 29-уми июли соли 2015) - Маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон мурољиати њимоятгар Р. Зойировро, ки тањти сарлавњаи "Талаби ќазоват оид ба бегуноњии мањкумшуда Бурњон Абдуллоев" дар њафтаномаи "Нигоњ" ба нашр расидааст, баррасї намуд. Дар мурољиати худ њимоятгар Р.Зойиров хоњиш кардааст, ки њукми айбдоркунандаи суд нисбати Б.Абдуллоев бекор карда шуда, парвандаи љиноятї нисбати ў ќатъ карда шавад. Њамчунон хоњиш кардааст, ки нисбати Њ.Ризвонов њукми сафедкунанда ќабул карда шавад. Бояд тазаккур дод, ки маќомоти Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон" маќомоти ѓайрисудї буда, њуќуќи санљиши ќонунї ва асоснок

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

будани санадњои судиро надорад. Тибќи моддаи 96-и Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" санљиши ќонунї ва асоснок будани санадњои судие, ки судњои поёнї ќабул кардаанд, аз тарафи суди болої тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољикистон сурат мегирад. Дар асоси меъёрњои зикргардидаи ќонуни конститутсионї ва моддаи 403 - и Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон њимоятгар Р.Зойиров њуќуќ дорад ба марњилаи назоратии Суди Олии Љумњурии Тољикистон мурољиат намояд. Зариф АЛИЗОДА, ваколатдор оид ба њуќуќи инсон дар Љумњурии Тољикистон

рот аз љониби мурољиаткунандагон риоя нашуд. Њамзамон лозим ба ёдоварист, ки дар рўзњои ќабули шањрвандон кормандони масъули љамоатњои дењот, маъмулан котибони љамоатњо ширкат менамоянд. Саволе ба миён меояд, ки мурољиаткунандагон вобаста ба њолати баррасии мурољиатњояшон чаро аз эшон пурсон нашудаанд??? Агар аз эшон пурсон мешуданд ва маблаѓњои майяншударо тибќи тартиботи муќарраргардида пардохт менамуданд, масъалаи болозикр сари ваќт њалли худро меёфт. Мавриди зикр аст, ки шањрвандони болозикр баъд аз мурољиати такрорї ва пешнињоди њуљљатњои зарурї шањодатномањои хешро аз бахши САЊШ-и шањри Панљакент дар муддати 20 рўз дастрас намудаанд. Инчунин, дар маќола омадааст, ки "... барои њалли мушкилашон онњо бояд њар кадом 330 сомонї пардохт кунанд". Ин гуфтањо асоси воќеї надоранд. Зеро тамоми пардохтњо аз тариќи амалиёти бонкї, тибќи нархномањои тасдиќгардида сурат мегиранд. Мављуда СОБИРОВА, мудири бахши САЊШ дар шањри Панљакент

БАРРАСИИ ЉИДДЇ ШУД... (Вокуниш ба маќолаи "Файзободи эксперементалї", "Нигоњ" №7 (440)) - Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияии Файзобод ба Шумо мерасонад, ки маќолаи "Файзободи эксперементалї", ки дар њафтаномаи "Нигоњ" №7 (440) аз 13.05.2015 нашр гардида буд, баррасии љиддї ќарор дода шуд. Раисони љамоатњои шањраку дењот ва роњбарони ташкилоту корхонањо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд дар фаъолияти худ ба камбудию норасоињои дар маќолаи болозикр овардашуда роњ надињанд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия тамоми чорањоро меандешанд, ки њама гуна фаъолият дар доираи ќонунњои амалкунанда анљом дода шаванд. Миралї РАЉАБЗОДА, и.в раиси ноњияи Файзобод

13

АЗ НАВ ЉУДО МЕКУНЕМ... (Вокуниш ба матлаби "Беадолатї дар Мастчоњ", "Нигоњ" №4 (437) - Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон иттилоъ медињад, ки дар асоси ќарорњои раиси ноњияи Мастчоњ аз 11-уми феврали соли 2008 тањти №82 хољагии дењќонии "Фарњод", аз 19.09.2008 тањти №438 њољагии дењќонии "Сурўш", аз 28.04.2011 тањти №374 хољагии дењќонии "Орият", аз 27.04.2012 тањти №269 хољагии дењќонии "Садафхоним", аз 04.07.2012 тањти №367 хољагии дењќонии "Ањлиддин", аз 25.07.2013 тањти 550 хољагии дењќонии "Наљот", аз 29.07.2013 тањти 558 хољагии дењќонии "Фаридун" ва аз 26.05.2014 тањти №361 хољагии дењќонии "Мењр" аз њисоби заминњои хољагии дењќонии "Сангин Сафар", воќеъ дар њудуди љамоати шањраки Бўстони ноњия ташкил карда шудааст. Њангоми таљдиди хољагињои дењќонии мазкур ба камбудињо роњ дода шудааст, ки он боиси пайдо шудани бањс гардидааст. Аз ин лињоз, бо пешнињоди прокурори вилояти Суѓд ва бо ќарори раиси ноњияи Мастчоњ аз 19-уми майи соли 2015 тањти 438 ќарорњои раиси ноњияи Мастчоњ оид ба ташкили хољагии дењќонии болозикр бекор карда шудаанд. Тибќи ќарори мазкур, кумитаи идораи замини ноњияи Мастчоњ вазифадор карда шудааст, ки барои аз нав дар мањал дуруст људо ва вобаста намудани ќитъањои замини хољагии дењќонии "Сангин Сафар" њуљљатњои заруриро ба муњокимаи комиссияи азнавташкилдињии ташкилоту корхонањои ноњия пешнињод намояд. Акбар ЯТИМЗОДА, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон

АРТИШ

РАЗМОИШИ ЊАРБИИ НИЗОМИЁНИ РУС ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Неруњои мусаллањи Русия мустаќар дар Тољикистон дар њайати пойгоњи 201 дар вилояти Хатлон размоиши њарбї гузаронданд. Ба гуфтаи ёвари фармондењи неруњои мусаллањои округи марказии Русия, полковник Ярослав Рошупкин дар амалиёти омўзишї беш аз 500 хизматчиёни њарбї ва наздик ба 160 техникаи низомї ширкат кардаанд. Ярослав Рошупкин мегўяд, ки хизматчиёни њарбии Русия дар љараёни омўзиши дуљониба як манбаъи истратежї- пули рамзии раќами 330, ки на-

ќлиёт ва одамонро ба ду соњили дарёи Вахш интиќол медод, аз ишѓоли љангиёни мухолиф наљот додаанд. Воњидњои низомии полкњои Душанбе ва Ќурѓонтеппа дар машќгоњи "Сумбула" дар муќобили њам ќарор гирифтанд ва амалиёти ѓасб ва озодсозии пулро машќ карданд". Тибќи ин сенарияи њарбї мебоист ду гуруњи љанговарони мусаллањ мавзеъи истратежии убур аз пули азимро ишѓол мекарданд. Тарњи љангиён фош мешавад ва неруњои мусаллањи давлатї сари ваќт ба мавзеъ мерасанд ва аз ишѓоли

ин нуќтаи басо муњим љилавгирї ба амал меоранд. Гуфта мешавад, ки тарњи љангиёнро тайёрањои бесарнишини љосусї ошкор ва хабар медињанд. Оќибат ишѓолгарон бо истифода аз артилерия ва тонкњо ва силоњњои дигар и вазнин нобуд карда мешаванд.

Омўзишњои низомии неруњои њарбии Русия дар Тољикистон замоне дар њавзаи ноњияњои Хатлон мегузаранд, ки аз сўйе аз хатароти амниятї дар марзњо хабарњо мерасанд ва аз сўйи дигар сокинон аз размоишњои русњо дар рустоњои сарњадї шиква мекунанд.


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ЧАРО? НОЗИРИ АНДОЗ ХАТО КАРД, ЧАРО МО ГУНАЊГОР БОШЕМ? - Аз рўи њуљљатњо майдони ќитъаи њавлии мо 239,2 метри квадратї аст. Аз ин 62 метри квадратї истиќоматї, 77, 4 метри квадратї ёрирасон, боќимондаш замини бесохтмон мебошад. Моњи апрели соли равон барои супурдани андози замин ва андоз аз молу мулки ѓайриманќули шахсони воќеї ба Нозироти андози ноњияи Шоњмансур рафтам. Мувофиќи њисоби кардаи мутахассиси андоз 141 сомонї андоз аз молу мулки ѓайриманќул ва 19 сомонї андози заминро супоридам. Дар ин зимн мутахассиси андоз гуфт, ки маблаѓи андози солњои пешинро нодуруст супоридаед ва илова намуд, ки расидњои 5 соларо аз нав њисоб кардан лозим аст. Гуфтан бамаврид аст, ки андози молу мулки ѓайриманќул ва замини њавлии истиќоматиамон барои солњои 2010, 2011, 2012, 2013 ва 2014 -ро мо мутаносибан чунин супоридаем: 90,12 с. - 14,26 с., 124,89 с.-15,73с., 124,89 с.-15,73с.,120,84 с.-17,27 ва 120,84 с.-17,27 яъне дар љамъ 745 сомонї. Аммо њамаи ин дар њолест мутахассиси андоз гуфт, ки 131 сомону 44 дирам ќарздор њастед. Нафањмидам барои чї мо ќарздор њастем? Агар мутахассиси собиќи андоз, андози солњои пешинро нодуруст њисоб карда бошад чаро мо гунањгор бошем? Амриддин ЊАКИМЗОДА, сокини ноњияи Шоњмансур - Мутобиќ ба талаботи ќисми 1 моддаи 19 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андозсупоранда вазифадор аст уњдадории андозии худро мутобиќи Кодекси мазкур сари ваќт ва дар њаљми пурра иљро намояд. Њамзамон, ба маълумотатон расонида мешавад, ки дар сомонаи расмии Кумитаи андози Љумњурии Тољикистон (www.andoz.tj) њисобкунаки андоз (налоговый калькулятор) љойгир карда шудааст, ки андозсупорандагон метавонанд барои дуруст њисоб намудани андозњо аз он истифода намоянд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТОВ, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Аз ибтидои соли 2015 то инљониб њамагон шоњиди навгонињои мусбату манфии зиёд дар љумњурї будем. Вожањои "буњрон", "риш", "сатру њиљоб", "ДИИШ", "доллар" бештар аз њама дар вирди забонамон буд. Хуб, либосу сатру њиљобро ба фарњанги бегонаю худї људо кардем ва маслињат додем, ки намояндагони љинси латиф онро ба бар накунанд. Аммо тазодро бубинед, ки дар хиёбону кўчањои шањр бархе мардону љавонон дар таќлид ба Аврупо шортњое, ки ба трусї монанд аст, мепўшанду гаштугузор мекунанд, "мим" намегўем. Ё баъзан занону духтароне, ки либоси ба фарњанги миллии мо бегона мепўшанду пушти баданашон урён ва домонаш аз зону боло аст, чизе намегўем. Тарафдори њиљоб нестам. Тарафдори рўсарии тољикии худамон њастам. Њайрон аз онам, ки њамаи мо мусулмонем зидди сатру њиљоб таблиѓот мебарем, вале чаро онњоеро, ки либосњои нимбарањнаву шармафзо мепўшанду тартиботи љамъиятиро дар кўчаву хиёбонњои шањр халалдор мекунанд, љарима намебандем ё ба мисли њамин сатру њиљоб ба фарњанги бегона дохилаш намекунем ва дар борааш дар телевизион бањс намеороем? Мухтор ИБОДОВ, сокини ноњияи Рўдакї

АНТИРЕКЛАМА КАЙ ЗАБОНИ МОРО ЭЊТИРОМ МЕКУНАНД? - Њазор доди мустаќилият занем њам, бе хафагї, мо њоло дар њаќиќат мустаќилияти мутлаќ ба даст наовардаем… Ќариб як моњ шуд дар Тољикистонам, аммо њолї аз ягонто операторњои мобилї, аз Вавилону Мегафон сар карда, то Тселу пселу Билайну милайнаш ягон бор "SMS"-и форсї (тољикї) нагирифтам… Мана бинед смс-њои охирин аз Вавилону Мегафон: Ваш баланс менее 1.00 Сом…Пожалуйста пополните баланс. Ваш баланс пополнен на сумму 2.91 TJS. Э бародарони Вавилон, Мегафон, Тсел ва Билайн! Шумо "смс"- њои русї мефиристонед ба номи падарам, ки дар паспорташ тољик навишта шудаааст! Инњо кай њурмати забони модарии моро мекарда бошанд? Дар њолате, ки бизнесашон дар мост ва аз њисоби "носител"- њои забони форсї - тољикї пул кор мекунанд аммо... Диловар АШЎРОВ, сокини шањри Душанбе

БА ЉОЙИ 09 - Бањри баланд бардоштани масъулияти роњбарони субъектњои хизматрасон дар иљрои вазифањои хизматї бобати таќвияти кор бо мурољиати шањрвандон, баќайдгирї ва назорати электронии бартарафсозии сариваќтии садамањо дар шабакањои муњандисї ва кулли дигар хизматрасонињои коммуналию бењдоштї њолати санитарї, наќлиёт ва фарњанги шањрнишинї ташаккул ва татбиќи заминаи технологї дар ќаламрави шањри Душанбе шањрвандон метавонанд тариќи фиристодани паёмакњо ба шумораи телефони 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj ва воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj мурољиат намоянд. Дар њолати њал нагардидани мушкилот, шањрвандон метавонанд ба навбатдори шабонарўзии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе тавассути шумораи телефонњои 221-26-95, 223-22-14 арзњои хешро бароварда созанд.

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

Ќаламе аз ќаламдони ќозї ба замин афтид. Шахсе, ки онљо њузур дошт, гуфт: - Каландатро бардор! Ќозї хашмгин шуда гуфт: - Ту ќаламро аз каланд фарќ намекунї? Он шахс љавоб дод: - Њар чї ки бошад, ту хонаи маро бо он вайрон кардї… *** Мард ба китобхона омада, мегўяд: - Бубахшед! Ман аз Шумо дирўз китоб гирифтам бо номи "Чї тавр 1 миллион пул метавон кор кард", аммо нисфи сањифањо нестанд. - Хайр чї?! Ним миллион њам бад нест. *** Афандї бо занаш баъд аз љанљолу хархашањои зиёд мехоњад расмї људо шавад. Барои људо шудан ба идораи ќозиёт меояд ва ариза навишта талаб мекунанд, ки хатти талоќро дињанд. Ќозї баъд аз хондани ариза мегўяд, мувофиќи ќонун бояд молу амвол миёни шумо ду таќсим шавад, вагарна хатти талоќ дода намешавад. Розї мешаванд. Ќозї аз Афандї мепурсад: - Шумо чї доред дар хона? Афандї низ номбар мекунад: хона - пона, ќолин - полин, гов пов, ќошуќ - мошуќ, табаќ - мабаќ, коса - поса, дег - пег ва ѓайра. Ќозї баъд аз шунидани посухи Афандї њукми худро оиди таќсими амвол мебарорад: - Хона аз занатон пона аз шумо, ќолин аз занатон полин аз шумо, дег аз занатон пег аз шумо, гов аз занатон пов аз шумо... *** Рўзона ба ман СМС-пайём омад: - Салом! Ман духтараки хушрўям, рў ба рўят зиндагї дорам, шинос намешавем? - Ќариб талхакаф шавам, чунки хонаи ман дар рў ба рўи МОРГ (мурдахона) љойгир аст. *** Мард ба духтараш: - Ин домодшаванда чї ќадар даромад дорад? - Аљоиб падарљон! Вай њам њамин хел савол дар бораи Шумо дод.

Д И Ќ Ќ А Т! - Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат кунед. Нишонї: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї - 3, назди Хона - музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс - паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

ЊИКМАТИ ЗЕБОИИ ЗОЊИРУ БОТИН

ЭЊСОС ВА ЭЊТИМОМ БА ЗЕБОЇ - Дар дини муќаддаси ислом ба зебоии зоњирї ва ботинї таваљљуњи хосае зоњир шудааст. Хусусан, дар дини ислом зебоии ботинї ањамияти хоса дорад. Бисёр нафарон њастанд, ки либоси зебо дар бар доранд, дар ягон идораи давлатї адои вазифа менамоянд, аммо зоњири эшон фаќат барои онњо назарфиребї асту бас. Бинобар њамин Саъдии бузургвор дар њаќќи шахсоне, ки либоси зебо доранду аммо ботинашон аз ахлоќи њамида холї аст чунин гуфтааст: Сурати зебои зоњир њељ нест, Эй бародар, сирати зебо бисёр. Албатта, инсон бояд њам зоњиран ва њам ботинан зебо бошад. Лекин дар назди Худованд он нафароне мартабаи баланд доранд, ки дар дунё таќворо пеша намуда, ба корњои нек машѓул мешаванд. Зеро Худованд мефармояд, ки "Мукарамтарини шумо дар назди ман он нафароне њастанд, ки таќворо пешаи худ менамояд" (Сураи "ал-Њуљарот" ояти 13). Пайѓамбарамон Муњаммад (с) фармудаанд: "Њароина Худованд назар намекунад ба суратњои шумо ва љисмњои шумо. Валекин назар мекунад ба дилњо ва амалњои шумо" ("Сањењ" - и Имом-ал-Бухорї). Ин сухани паёмбари Худо маънои онро надорад, ки инсон либосњои дарбењшуда ва ифлосро пўшида онро мояи фахри худ донад. Баръакс аз зиндагии паёмбар ва дустони ў мо огоњ њастем, ки эшон ба намуди зоњирї ва ботинии худ ањамияти љиддї медоданд. Масалан, Имоми Аъзам ба либоси зебо ва хушбўии худ маблаѓи зиёд масраф мекард. Дигар ин, ки паёмбар (с) мо умматонашро амр намудааст, ки њамеша худро покиза нигоњ дорем. Њатто эшон дар як њадиси шариф уммати худро амр кардааст, ки "Пеш аз оне, ки шумо ба намози љумъа њозир шавед, тану бадани худро шустушў намоед". Тамоми китобњои "Сунан", ки маљмўи ањодиси љаноби паёмбарро дар бар мегиранд бо китоби тањорат оѓоз мешавад. Њамчунин Худованд шахсони покизаро дўст медорад. Чуноне ки дар сураи Баќара, ояти 222 фармудааст: "Бегумон Худованд тавбакорону поконро дўст медорад". Гузаштагони мо њамеша ба тозагии зоњир ва ботини худ натанњо ањамияти хоса медоданд, балки дигаронро низ ба он даъват менамуданд, ки ба ин масъалањо ањамияти љиддї дињанд. Тавре ки Мавлоно Љомї фармудааст: Љавњари љонро зи араз пок кун, Чашми хирадро зи ѓараз пок кун. Домани љон даркаш аз олудагї, Нест дар олудагї осудагї. Њисси зебопарастї натанњо дар пўшидани либос ва тоза нигоњ доштани тану бадан ифода меёбад, балки дар сохтмонњои масљид, хона, бозор ва ѓайра низ ифода меёбад. Агар мо ба масљидњои зебои шањрњои таърихии тољикон амсоли шањрњои Самарќанду Бухоро назар намоем, ба мо маълум мегардад, ки то чї андоза гузаштагони мо њисси зебопарастї доштанд. Масалан, масљиди "Тиллокорї" дар шањри Самарќанд, ки дар он санъати баланди њунари сохтмонї ифода ёфтааст, њар бинандаро мафтун менамояд. Ё ин ки пули "Сию се пул", ки дар шањри Исфањон бунёд шудааст, њисси баланди зебопарастии уммати исломро ба мо нишон медињад. Хулоса, дини муќаддаси ислом инсонњоро ба бунёдкорї, њисси масъулиятшиносї, обод намудани шањрњои зебо ва албата ба покии зоњиру ботин даъват менамояд. Шуњрат ЌОДИРОВ, донишљўи бахши дуюми Донишкадаи исломии Тољикистон


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №21 (454), 19. 08. 2015

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Доктор Тоњирї муддаии унвонњои Ќањрамони Тољикистон ва Љоизаи Нобел Доктор Муллозуњур Тоњирї иддао дорад, ки арзандаи унвони олии давлатї Ќањрамони Тољикистон ва љоизаи пурнуфузи байналхалќї Љоизаи Нобел мебошад. Ў барои дарёфти унвони Ќањрамони Тољикистон шахсан ба Президент Эмомалї Рањмон тариќи нома мурољиат карда, ќасд дорад, ки тирамоњи соли равон њуљљатњояшро барои номзадї ба Љоизаи Нобел дар соњаи тибб пешнињод кунад. Муллозуњур Тоњирї, табиби мардумї дар суњбат бо TojNews гуфт, ки азми ў дар ин самт љиддї буда, хидматњояшро камтар аз дорандањоии унвони Ќањрамони Тољикистон намедонад. Ў ба истиснои Эмомалї Рањмон аз панљ нафари дигар ном бурда, гуфт, ки дар соњаи тибб хидматњояш камтар аз хидмати инњо нест. Ќањрамони Тољикистон унвони олии давлатї мебошад. Аллома Садриддин Айнї (1878 - 1954) ва академик Бобољон Ѓафуров (1909 - 1977) нахустин дорандањои ин унвон мебошанд, ки соли 1997 дода шудааст. Баъдан, дар соли 1999 Президент Эмомалї Рањмон ва дар соли 2001 шоир Мирзо Турсунзода (1911-1977) бо ин унвон сарфароз гардидаанд. Соли 2006 ходимони сиёсї Шириншоњ Шоњтемур (1899 1937) ва Нусратулло Махсум (1881 - 1938) дорандаи унвони Ќањрамони Тољикистон шуданд. Муллозуњур Тоњирї мегўяд: "Идеяи пешнињоди ў ба унвони Ќањрамони Тољикистон њанўз се сол ќабл аз љониби Убайдуллоњи Ширин ва Абдулвосеъ Сангин ироа шуда буд, вале ман гуфта будам, ки њанўз барваќт аст. Зеро як ќисми доруњои ихътироъ кардаам, мавриди озмоиш ќарор доранд". "Њоло, - мегўяд ў, - озмоиши доруњояш дар пажўњишгоњњои Русия ва Ќазоќистон бо муваффаќият анљом шуд, умедворам, ки унвони ќањрамониро аз яке аз

Эшони Мањмудљон ТУРАЉОНЗОДА, руњонї: - Мусалмон дар њоли зинда будан ва пас аз марг муњтарам аст ва озор додани ў гуноњ мебошад. Ва чуноне, ки дар њоли зинда буданаш бе иљоза ва ихтиёраш дандонаш канда шавад озор мебинад, инчунин пас аз марг низ озордида мањсуб мешавад. Бинобарин агар зарурат пеш наояд кандани дандонњои тилоии майит љоиз нест. - Домулло, њамон мусалмони муњтарамро як бор ба мо њам нишон дињед, бинем охир! Ќурбоналї АБДУЛЛОЕВ, сароянда: - Мо аслан дар июни соли 2014 ба нафаќа баромадем, чунки алакай собиќаи кориамон ба 24 сол расида буд. Вале шояд он ваќт чанд даста гул барои мо наёфтанд, ки ин маросимро танњо як сол баъд доир карданд. Вале аксари овозхонњову мутрибони "нафаќахўр" дар љои кори худ монданд ва тибќи шартнома кор мекунанд. - Њамон як даста гулро худатон харида мебиёред, гуфта, фикр кардагистанд - да онњо. Дастаи гулро чї мекунед, дастаи љоруб ё калтаки чупонї гўед, шояд фањманд?

ин се кишвар: Тољикистон, Русия ё Ќазоќистон дарёфт хоњам кард". Доктор Муллозуњур Тоњирї иддаъо дорад, ки дар муддати 40 соли ахир хидматњои зиёде дар соњаи тибб анљом дода, барои муолиљаи беморињои саратон доруњои шифобахше ихтироъ кардааст, ки айни замон дар Русияву Ќазоќистон мавриди истифода ќарор доранд. Муллозуњур Тоњирї зодаи дењаи Путхини ноњияи Айнї буда, нахустин нафарест, ки соли 1990 мактаби табибони халќиро дар Тољикистон таъсис додааст. Ва як сол баъди он дар соли 1991 аввалин маљаллаи тиббии тољикии "Шифо"-ро таъсис дода, давоми 10 сол сардабирии онро бар ўњда дошт. Соли 1998 чопи рўзномаи "Дарду дармон" ва соли 2006 маљаллаи байналхалќии "Тиб ва табобат" (Авитсенна), ки дар Русия бо забонњои русї ва тољикї нашр мешавад, ба роњ гузошт. Соли 2007 нашриёти "Тиб"-ро таъсис дод ва аз соли 2013 намояндаи МАААК (Международный академический аккредитационного аттестационного комитета) дар Тољикистон ва Доѓистон мебошад. Соли 2011 дар хољагии дењќони "Доктор Тоњирї" ноњияи Айнї барои барќароркунии саломатї осоишгоњ барои 30 нафар ташкил намудааст. Аз соли 1999 узви вобастаи Академияи муњандисии Тољикистон ва аз соли 2002 соњиби унвони "Бењтарин табиби Русия" ва соли 2003 унвони "Бењтарин табиби њазорсолаи сеюм"-ро соњиб шудааст. Аз соли 2004 номзади илми тиб мебошад. Муаллифи дањњо асарњои илмї ва садњо маќолањо аст. TojNews

Мањмадрўзї ИСКАНДАРОВ, раиси пешини ЊДТ: - Иштибоњи аслии мо демократњо низ аз ин шуруъ шуд, ки њамроњи нањзатињо рафтем. Нањзатињо одамоне мисли моро ќабул надоштанд. Онњо ба афроде такя мекарданд, ки назару мавќеашон комилан ба кунљи рост ё чап буд. Одамони бо назари миёнаро ќабул надоранд. - Надоштанд, ки ба њамин рўз заданд, надоштанд, ки ба њамин рўз задед, ака! Рањима ШАЛОЭР, сароянда: - Њар хел одамонро дар зиндон дидам. Занњои одамфурўш, ки барои пул шуда фарзандони худашонро фурўхтаанд. Фоњишањо, одамкушњо ва ѓайрањоро. Душмани ман ин рўзњоро набинад. - Ин хел, ки бошад, кўшиш кунед дигар он љо наафтед. Ње, ќаллобњое! Гул ШЕРАЛЇ, вазири пешини энергетикаи Тољикистон: - Вале ягон рўзноманигор замоне, ки дар бемористони њукуматї будам, маро хабаргирї наомад, то саломатиамро дида бошад. Фаќат ваќте дар Олмон будам, аз баъзе наздиконам шунидам, ки ду-се хабарнигори худї маро зиёд кофтаанд. Намедонам маро хабаргирї омадаанд ё боз хабар навиштанї… Аммо хурсанд шудам, ки њоло њам маро ёд мекунанд. - Акаи Шералї, ин тур фикр накунед, ки Шуморо мо фаромўш карда бошем. То барќ нест, њамеша дар ёду хотирањои мо њастед! Шерхон САЛИМЗОДА, раиси Федератсияи иттифоќњои мустаќили Тољикистон: - Њоло як пешнињод њам аз тарафи ЊЉТ ба тамоми корхонањои давлатї шудааст, ки рўзи ќабули шањрвандон на фаќат дар рўзи шанбе, балки чоршанбе низ бояд шавад, яъне ду рўз. Рости гап, то имрўз ягон шањрванд аз пеши мо хафа нарафтааст. Мушкилашонро дар љояш њал карда, баъд ба хонањояшон, ки бештарашон аз роњњои дур, масалан, аз Бадахшону Суѓд меоянд, гусел мекунем.

КАРИКАТУРАИ РЎЗ

- Нав љоятонро ёфтед, ако! Мешудааст - ку њамин хел одамњоро ќабул карда, мушкилашонро њал кунед? Њољимуњаммад УМАРОВ, иќтисодшинос: - Њоло пушту паноњи пули миллии мо сомонї маблаѓњоест, ки аз муњољирон меоянд... Ваќте мо њукуматро танќид мекунем, ё Бонки миллиро, ё инки вазорати молияро, ки онњо як стротежии дурусту дархўри манфиатњои Тољикистон ва ба бехатарии мамлакат мувофиќро пеш нагирифтаанд, моро, мутаассифона, душман эълон мекунанд. - Ака, шуморо барваќт "душман" эълон кардагї! Бањузур гап задан гиред! "Душманї" аз ин зиёд намешавад. Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.