“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
Таљовуз ба номуси духтараки 11сола дар рў ба рўи ќасри президент
1
САЊИФАИ 5 №22 (350). Чоршанбе, 21-уми августи соли 2013
ШЕЪРУ ШОИРЇ
Љони ман, њарфи маро ту гўш дор САЊИФАИ 12
НАНГИ МИЛЛАТ
Парвозу фурудоии шармандагї САЊИФАИ 3
ОИНИ ЉАВОНМАРДЇ
Маро ба љои Зайд шинонед САЊИФАИ 7
КОМИЛАН ЉИДДЇ
Ѓалтак дар андешаи мактабу Мирзодиккак дар фикри кафан САЊИФАИ 16
ХАТОИ СИЁСИИ ФАТТОЕВ Оё шубњањо аз њомиёни мазњаби салафия дар раддањои болоии Тољикистон дуруст мебароянд?
"ЌАСИДАИ "ЗАКАЗНОЙ" Бозори ќаллобї дар Душанбе чї тавр ављ гирифтааст? САЊ. 13
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
БАРДОШТ
ХАТОИ СИЁСИИ ФАТТОЕВ Оё шубњањо аз њомиёни мазњаби салафия дар раддањои болоии Тољикистон дуруст мебароянд? Аслан ин њарфе набуд, ки руйрост гуфта шавад. Аммо гуфта шуд. Ва то љое хуб њам буд, ки ба ин шева гуфта шуд. Агар гуфта намешуд, барои гўянда хуб буд, аммо чун гуфта шуд, на фаќат барои гўянда хуб аст. Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии президенти Тољикистон дар масоили робита бо љомеа 15-уми август дар дар љаласаи навбатии мањфили "Њамкорињои иљтимої"-и Шўрои љамъиятии назди Президенти ЉТ, ки "Муносибати давлат ва дин" ном дошт ва дар Кохи Вањдати шањри Душанбе доир шуд, эълон дошт, ки Тољикистон ба љараёни "Салафия" фишор оварда наметавонад, зеро ин мазњаби расмии Арабистони Саудї ва як ќатор давлатњои дигари Халиљи Форс аст: - Ваќте мо дар мавриди ин гуна љараёнњо суханронї мекунем, бояд эњтиёт кунем. Албатта, ин љараёнњо дар мо мамнуъ эълон карда шудааст. Вале мо бояд њангоми суханронї дар нисбати ин гуна њизбу њаракатњо бояд эњтиёткор бошем, чунки бархе аз ин равияњо дар кишварњои Халиљ њизбњои расмии давлатї мањсуб мешаванд ва мо бояд коре кунем, ки ба иззати нафси онњо нарасем, иќтибос меоранд мушовири давлатиро расонањо. Ба бовари Фаттоев, ќонунгузории Тољикистон озодии динњоро кафолат додааст, аз ин рў, Њукумати Тољикистон ба равияи мамнўъгардидаи салафия фишор оварда наметавонад. Аммо зери "коса"-и ин нукта, ки мушовири давлатї зикр кард, наметавон "нимкоса" еро надид. Вай гуфт, ки дар бастагї ба мавзеъгирии Арабистони Саудї њизби салафињои Миср "Ан-Нур" аз кудатои њарбиён алайњи Муњаммад Мурсї, президенти барканоршудаи ин кишвар дастгирї намуд. Суол халќ мешавад, ки магар чунин хатар дар Тољикистон њам вуљуд дорад ва салафињои кишвар ба њадде нерўманданд, ки метавонанд дар "соати Х" аз кудатое алайњи
«
њукумат дастгирї кунанд? Шояд иттилои мушовири давлатї бештар аст, вагарна дар пайи ин, ки Суди олии Тољикистон 8-уми январи соли 2009 фаъолияти Салафияро бо пешнињоди Прокуратураи генералї ѓайриќонунї эълон кард, то љое хотирњо ором шуда буданд, чун мардуми мусалмони Тољикистон њам хатарњоеро аз ин љараён ба мазњабу амнияти худ њис карда буданд. Суди олї эълон дошта буд, ки Салафия идеалогияи хатарнок дорад ва ба хотири њимоят аз сохти конститутсионии Тољикистон, тањкими амнияти миллї ва пешгирї аз тафриќаандозињои мазњабї фаъолияти онро манъ мекунад. Ва ин њам факт аст, ки фаъолияти Салафия дар Тољикистон пушти парда рафт ва гуё нуфузашро аз даст дод. Аммо њоло ба назар мерасад, он тавре нест, ки љомиа фикр мекард. Воќеан, њар љо, ки ин мазњаб "тухм" гузошт, аз љумла Покистон, Афѓонистон, Русия ва ба иттилои мо, маркази ѓайрирасмии онњо дар минтаќа - Ќазоќистон, бо он вуљуд, ки "сараш зада шуд", дигарбора "сабзид". Тољикистон дар ин силсила ва ё харитаи љињоди глобалии салафия њам сабт шудааст ва то замоне маболиѓи нафтии Арабистони Саудиву пуштибонии баъзе аз доирањои ИМА њаст, реша хоњад давонд. Аммо аз суханони Саймурод Фаттоев њанўз пурра намешавад дарк кард, ки Тољикистон аз ин "љињод" тарс хўрдааст, ё бояд тадобири хешеро бигирад. Воќеан, ваќте ќонун мазњаби њанафїро расман мазњаби мардуми Тољикистон зикр кардааст, ин пешбинињоро њам касоне доштаанд, аммо чаро мазњаби расмии як кишвари тањти султаи ИМА бояд дар кишвар љавлон кунад, агар заъф набошад, пас чист? Таъкиди мушовири президент бар принсипи дунявият, ки бењтаринаш мехонанд ва мувофиќи ќонунгузории мо озодињои динии њар фард кафолат дода шудааст, низ роње барои њалли масъала аст, ё фирор аз воќеиятњо, яъне таќвият ёфтани салафињо дар
...ваќте онњо алайњи шиањо ва ин руњониён садо баланд карданду Њољї Акбари Тўраљонзода онњоро њамандешаи Ал - ќоидаву Толибон унвон кард, назари њукумат њам ба салафињо таѓйир ёфт ва фаъолияташон ќатъ шуд. Мантиќан, бо суханони Саймурод Фаттоев тавозуне миёни нуфузи ду душмани ашаддї дар олами ислом - Арабистони Саудї ва Эрон дар Тољикистон ба миён омадааст?
«
Тољикистон? Ѓайримустаќим ин маънои эътирофи онњо, мустаќим ишора ба пуштибонњои онњост, ки дар Тољикистон озодии динист, њар мазњаб њаќќи будан дорад? Ва расонањо њам зуд аз њамчунин як изњори назар бардоштњои гуногун карданд. Иддае онро муросои њукумат бо салафия хонданд, зеро замоне онњо њамкор буданд, салафињо озодона њатто дар телевизионњои давлатї суњбат мекарданд, касе "пишакашонро пишт намегуфт". Њатто њадс зада мешуд, ки чун онњо шоњ, дар мавриди мо - президентро "улуламр", нафари амраш бебањс мехонданд, њарфи дили бархе дар раддањои болоиро мегуфтанд. Ва њам бархе аз "болоњо" бар ин фикр буданд, ки ба дасти онњо нуфузи руњониёни њанафимазњаби маъруфи кишвар, назири Эшони Нуриддинљон, Њољї Мирзо, Домулло Абдурањим ва дигаронро метавонанд коњиш дињанд. Аммо ваќте онњо алайњи шиањо ва ин руњониён садо баланд карданду Њољї Акбари Тўраљонзода онњоро њамандешаи Ал - ќоидаву Толибон унвон кард, назари њукумат њам ба салафињо таѓйир ёфт ва фаъолияташон ќатъ шуд. Мантиќан, бо суханони Саймурод Фаттоев тавозуне миёни нуфузи ду душмани ашаддї дар олами ислом - Арабистони Саудї ва Эрон дар Тољикистон ба миён омадааст?
БОЗДОШТИ МУОВИНИ САРДОРИ ЗИНДОНИ ЁВОН Исохон Ќосимов,муовини сардори Муассисаи ислоњии иљрои љазои ноињяи Ёвон, ки аз тарафи Раёсати назорати молиявї ва мубориза ба зидди коррупсияи вилояти Хатлон боздошт шудааст, аз пайвандони мањбус 2,5 њазор доллари ИМА талаб карда будааст. Дар ин бора Љамшед Сангов, сардори Раёсати мазкур ба TojNews иттилоъ дод. Ба гуфтаи ў, Муовини сардори Муассисаи ислоњии ноњияи Ёвон барои сабук кардани муњлати иљрои љазо аз хешовандони як мањбус 2,5 њазор доллар талаб карда, њангоми гирифтани 1000 доллар, яъне ними пораи талабкардааш ўро боздошт шудааст ва њоло дар њабси пешакї ќарор
дорад. Ин њам дар њолес, ки гуфта мешуд ў бо талаби 1000 доллар ришва ба даст афтодааст. Нисбати ин њодиса парвандаи љиної боз шуда, тафтишот идома дорад, - хабар дод Љамшед Сангов. Маврид ба зикр аст, ки Исохон Ќосимов, ки зиёда аз 20 соли собиќаи корї дар ин соња дорад, аз соли 2010 инљониб муовини сардори муасисаи ислоњии ноњияи Ёвон фаъолият дошт. Вай зодаи ноњияи Мир Саид Алии Њамадонї буда, бо дастгирии яке аз хешовандонаш, ки дар зинаи болоии системаи Муассисањои ислоњї сари вазифа буд, ба ин соња ба кор омадааст.
Исохон Ќосимов чилу њафт сол дораду то боздошт шудан дар ноњияи Ёвон зиндагї мекард. Маврид ба зикр аст, ки нахустин маротиба аст, ки Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия аз боздошти кормандони муассисањои ислоњї, он њам дар вазифаи баландї давлатї, хабар медињад. То њол њич касе аз тобеъони Иззатулло Шарифов, ки Раёсати иљрои љазои Вазорати адлияро рањбарї мекунаду бинобар рушди шиканља ва маргу мир дар зиндонњои Тољикистон ба яке аз "ќањрамон"-њои асосии расонањои кишвар табдил ёфтааст. боздошт нашуда буд.
Ва нињоят, ишораи мушовири президент шояд љанбаи молиявї низ дорад? Њоло сармоягузории 150 - миллионаи Ќатар, кишвари дигари тањти нуфузи салафињо ба "Душанбе - сити" ва бузургтарин масљиди Осиёи Марказї Душанбеи расмиро ба эњтиёт бо салафињо водор карда, ё Арабистони Саудї њам ваъдањо кардааст? Воќеан, сармоягузорї муњим аст ва њар сармояи бузург хатаре њам дар батн дорад, аз љумла сармоягузории Чин ва њатто Русия. Аммо оё онњое, ки ин ишораи мушовири давлатиро шуниданд, дар баробари амнияти миллї ва мазњабии Тољикистон таљдиди назар намекунанд? Мешавад ба чунин "риск" рафт? Ва бо дигар андешањо метавон пешнињоди Саидмурод Фаттоевро иштибоњи сиёсии ў хонд. Њарфе буд, ки ин давлатсолори тољик лоаќал бояд намегуфт… Бе ин њам иддае аз руњониёни њанафимазњаб ба пуштибонии бархе доирањо дар Тољикистон аз салафия ишорањое доштанду сиёсати давлати Тољикистон дар баробари дин њанўз пурра шакл нагирифтааст ё њадди аќќал онро давлатсолорона гуфта намешавад.
Фаромарзи ФОЗИЛ
СЎЊБАТ
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
3
Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
Номаи Евсиков Дмитрий Евсиков дар сањифаи фейсбукиаш бо мурољиат ба мардуми Тољикистон аз муњаббаташ нисбат ба тољикон, аз самимияташ дар таблиѓи фарњанги ин миллат суханро оѓоз менамояд. Мегўяд, ки исботи ин гуфтањоро онњое, ки дар консертњоямон дар Душанбе ва Хоруѓ њузур доштанд, дар амал диданд. Дар идома аз ќазияе наќл мекунад, дар фурудгоњи Душанбе рўбарў шудаанд. Бо нороњатї аз муносибат ва бархўрди масъулини фурудгоњ наќл мекунад. (Шакли пурраи мурољиати Дмитрирй Евсиков дар шумораи гузашта бо унвони "Њафт хон"-и фурудгоњи Душанбе" нашр карда будем) Навиштаи Евсиков аз љониби корбарони Фейсбук истиќболи гарм ёфта, вокунишњои шадидеро нисбат ба малкарди кормандони фурудгоњ ба миён овард. Фаъолони иљтимої дар Фейсбук нисбат ба ин ќазия бетараф набуданд. Мављи вокунишњо дар сањифањои Фейсбук сарозер шуд. Аксар муносибати кормандони фурудгоњро мањкум намуда, таќозои онро мекарданд, ки маќомоти расмї аз њайати гурўњи "Барака" пўзиш хоњад. Мурољиати Евсиковро дар сањифаи фейсбукиаш бештар аз 60 истифодабар писандида, њудуди 130 кас ин навиштаро бознашр намудаанд. Садњо шарњу тавзењ дар гурўњњои гуногуни Фейсбук дар зери ин навишта коридаанд. Ва бештари афрод муносибати масъулини фурудгоњро "шармандагї" номида, њамагї аз гурўњи "Барака" пўзиш мехостанд. Њамагї интизор буданд, ки аз љониби маќомоти расмии вазорати наќлиёти Тољикистон, ё аз фурудгоњи байналмиалалии шањри Душанбе тасмими боаќлонае сурат хоњад гирифт. Аммо њодиса ранги аљиб гирифт: боде вазиду ормонњоро бо худ бурд…
"Хас тоби шамол надорад" Дар Фейсбук пешнињод шуд, ки агар масъулини баландпояи вазорат ва фурудгоњ аз мењмонони пойхтахт бахшиш напурсанд, дар назди бинои вазорат бо нишони эътироз гирди њам хоњем омад. Њамчунин, гуфта шуд, ки барои таъмини шаффофият дар тањќиќи њодисаи мазкур намояндагони љомеаи шањрвандї низ љалб шаванд, мувоффиќи маќсад хоњад буд. Ин садо бепосух намонд. Мањмадюсуф Шодиев, сухангўи фурудгоњи Душанбе дар Фейсбук аз худ дарак дод. Ў пеш аз њама бо такя ба баёноти кормандони фурудгоњ навиштаи Евсиковро рад намуд. Баъдан, пешнињод кард, ки "пикет" бояд дар назди сафорати Руссия баргузор кунед, хубтар аст, зеро рўзе нест, ки аз Русия ду - се тобут наояд. Бар замми ин, Шодиев на ин, ки узр, балки мавќеи булъаљабе гирифт. Тавре ў навиштааст: "Як наѓмаи артисти мењмонро аз обрўи миллату давлат боло мемонед…".
ПАРВОЗУ ФУРУДОИИ ШАРМАНДАГЇ Њафтаи гузашта як гузориши Дмитрий Евсиков, рањбари гурўњи "Барака" аз муносибати кормандони Фурудгоњи байналмилалии шањри Душанбе ба миф мубаддал гардидани "мењмоннавозї"-и тољиконро ба намоиш гузошт. Бояд гуфт, ки наметавон бо як содагї гурўњи "Барака"-ро "артисти мењмон" ном бурду мушоњидаи ўро аз фурудгоњи Душанбе "наѓма" номид. Ин њама далолат бар он аст, ки то њол нињодњои њукуматї фарњанги солими вокуниш нишон додан шакл нагирифтааст. Масъулин њамеша талош мекунанд, дар муќобили танќиду эроде худро сафед ва љониби муќобилро ба дурўѓгуї муттањам намоянд, на ин ки аз паи рафъи камбудї гарданд. Посухњои эњсосотии намояндаи расмии фурудгоњ намояндагони дипломатияи Русия дар Тољикистонро низ бетараф нагузошт. Онњо низ ба воситаи Фейсбук дар посух ба Шодиев эълон доштанд, ки амнияти сафорати Русия дар Тољикистонро гурўњњое тањдид мекунанд.
Евсиков Холиќову Њакимов нест! Бояд гуфт, ки гурўњи "Барака" дар худ њунармандони касбии Латвияро гирди њам овардааст. Беш аз дањ сол мешавад, ки фаъолият дорад. Рањбарии онро Дмитрий Евсиков ба ўњда дорад. Ин гурўњ барои тољикон бегона нест. Вижагии хоси худро дорад. Зеро онњо то ин дам дар сањнањои њунарии аврупову Русия муаррифгари фарњангу њунари тољикон буданд. Дар ќатори офаридањои гурўњи "Барака" метавон аз дањњо оњангу суруди тољикиро ном бурд, ки ин гурўњ иљро намудаанд. Дар ду албоми худ: "Tribute To Muboraksho" ва "Tribute To Nargis Demo" сурудњои Муборакшо ва Наргис Бандишоеваро бозхонї намудаанд.
Муњтарам Низом Њакимов, вазири наќлиёти Тољикистон ва Рустам Холиќов, директори генералии фурудгоњи байналмилалии Душанбе барои муаррифии фарњанги тољик, њифзи имиљи давлату миллат дар умри сарашон коре накардаанд, ки Евсиков барои ин миллат танњо дар рўз анљом додааст. Умуман, то кай чунин муносибат идома меёбад? Чунин муносибат барои онњое, ки аз фурудгоњи Душанбе боре истифода бурдаанд, падидаи нав нест. Пўшида њам нест, ки њар нафаре, ки ба Тољикистон ворид мешавад, аввалин тасаввуроташ аз фурудгоњ ба вуљуд меояд. Агар ин ватану давлат танњо аз њакимовњову холиќовњо барин масъулин иборат мебуд, мегуфтем, ки бало ба пасаш! Аммо ин ватан танњо аз Шумо иборат нест.
му, необходимо данный вопрос поднимать и дальше. Лично мне уже самому надоело каждый раз перед командировкой сталкиваться с беспределом в аэропорте Душанбе. Правда обхожусь без проблем до самого вылета, но другие, даже наши же сограждане страдают от такого сервиса... 14 августа в 16:18 Виктор Кучерук: Рустем,если у вас такой бардак в аэропорту длится годами,то почему вы думаете что жалоба простых музыкантов из Латвии что то изменит? 14 августа в 16:30 Малина Гулшерхонова: Знайте ребята, главное простой народ получил громадное удовольствие от этой прекрасной группы))))))) Дмитрий, низкий поклон Вам и вашей группе за такую радость, который вы дарите всем))))))) Мы Вас любим - это самое главное))))) 14 августа в 15:52 Rukhshona Olimova: Ребята ну так стыдно ей богу.когда этот колхоз на выезде
закончится а? Я понимаю, что наш аэропорт это неприкосновенная зона, но эти' прекрасные люди' всю страну позорят уже. Есть управа хотя бы на этих конкретных сип и виповцев? Или тоже чьи то прикормыши? Стыдно... Abdulaziz Voseev: Афсус. Ин чї аблањист, намефањмам. Рањбарияти фурудгоњ бояд расман узр бипурсад! 14 августа в 8:32 Шухрат Рахматулло: То кай ин аблахи! То ба кай ин пул талаб кардан! Шармандахо! Ман хайрон ин давлат ба кучо менигарад. О наход мехмонхо аз хорич ба мо хамчун як хадя бо забони точики сурудхо дар мадхи мо омода карда хизмат карданд..... ин мехмон навозии точиконаи мо кучо шуд магар ин шармандаги нест? Ана барои чи мо мухочирон барои онхо Равшан ва Чамшудем. Ана кадру киммати мо! ...... афсус!!! 14 августа в 9:01 Абдурахмон Рахмонов: Дар чомеае, ки аз кур асо талаб мекунанд аз ин бадтарашро хам интзор шудан мумкин .. 14 августа в 9:09 ·
БИДУНИ ТАЊРИР АЗ САЊИФАЊОИ ФЕЙСБУК: Далер Гуфронов: Аз дустон хохиш мекунем, ки хар кадоме ба сахифаи Дмитрий Евсиков даромада хамдардии худро баён дорем, то дилшикастагияшон заррае хам бошад бартараф шавад. Махсусан дар холе, ки аз узрхохии макомоти расмии мо холо умедворие нест 14 августа в 9:02 Maykl Skofild Акаи Юсуф: нафарои гунахгора баёнот кати не сахтар чазо додан даркор Шумо тасавур кунед Мехмон ба хонаи Шумо меояду вакти рафтан савготихои додатонро дар дари баромади хонаатон аз мехмон гирифта рав мегуед. Ачиб. Дарднок. Шармандаги. Фурудгох огалхона нест хар як гову хари чашмгурусна чарида гараднд. Бояд нафарони донишманд, ватандуст, инсондуст ва хаматарафа омодаро санчида баъд кабул кунед. Охир хар як камбуди дар фурудгох обуруи Миллатро мерезонад. PS. Ё шояд маошашон кам бошад ки "леви прави" мекунанд. 14 августа в 13:04 Rakhmon Nazarov: Ба ин тоифаи беъору номусон ва шармандахо чи фарке дорад?
Шиъорашон: "гур сузаду,дег чушад!",аст. 15 августа в 4:22 Мунаввар Мунавварзод: Д. Есиков барои туњмат бояд боз пули њангуфт ё самбуликие пардозад!.. (хнкхкх) 15 августа в 10:16 Сорбон Имомназаров: А также и вам низкий поклон от нас - все кто любят и ценят вас всех!!! и приносим свои извинения за этих "недоумков", и очень надеемся, что эти неприятные нюансы не станут преградой для вашего следующего визита. 14 августа в 16:14 Рустем Тахиров: Дмитрий, в дополнение к тому, что сейчас остро обсуждается ситуация с вашим убытием из Таджикистана, хочу попросить вас написать официальную жалобу. В письме стоит описать более подробно то, с каким тоном с вами общались сотрудники аэропорта, какие козни устроили и т.п. Это нужно сделать, чтобы наказать до конца виновных. Сейчас руководство аэропорта будет всячески защищать своих сотрудников и эта ситуация забудется. Поэто-
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
ЮНИСЕФ - Бунёди кўдакони Созмони Милали Муттањид мегўяд, таъхири Тољикистон дар тасвиби Эъломияи њуќуќи маъюбон ин кишварро аз кўмакњои байнулмилалї мањрум кардааст. Мари Пйер Пуарйе, сарвари бахши минтаќавии "ЮНИСЕФ" дар кишварњои Аврупои Марказию Шарќї ва ИДМ мегўяд, Тољикистон ин санадро на имзо кардааст ва на ба тасвиб расондааст. Вай афзуд, ба тасвиб расонидани ин санад њукуматњоро вазифадор мекунад, ки дар бораи иљроиши бандњои он њисобот дињанд: - Шомил намудани кўдакони маълул ба Конвенсия дар тамоми кишварњо як мушкили калонест. Масъала, ё душвории якум ин вобаста ба заминаи ќонунгузорї аст. Аммо ин ба Тољикистон имконият медињад, ки ёрии ташкилотњои байналмилалиро бештар барои њалли масъалањои кўдакони маълул љалб созад. Шарикони байналмилалї дар ин замина метавонанд, ки захирањои бештарро људо кунанд, ё ин ки таљрибаи худро љињати њали мушкилоти мазкур дар Тољикистон пешнињод намоянд. Барои кўдакони маълул ин аллакай аз љониби њукумат як ваъдае мешавад, ки масъалаи мазкур ба таври доимї мунтазам њалу фасл карда шаванд. На ин ки маълулон интизор шаванд, ки рўзе мерасаду њукумат ба онњо мадад мерасонад. Ба тасвиб расидани Конвенсия ин маънои онро дорад , ки Тољикистон ба худ ўњдадорї мегирад, ки масъалаи мазкурро ба таври мунтазам њаллу фасл хоњад кард. Ин матлаб дар Анљумани чоруми њифзи кўдакони маълули Осиёи Марказї, ки дар мењмонхонаи "Њаят Рељенси" - и шањри Ду-
РАНДАИ «НИГОЊ»
"Санади маъюб" Чаро Тољикистон Эъломияи СММ оид ба њуќуќи маъюбонро имзо намекунад?
«
Эъломияи СММ оид ба њуќуќи маъюбон соли 2006 аз љониби СММ ќабул шудааст. Бино ба иттилои ЮНИСЕФ, танњо 133 кишвари љањон Конвенсия оид ба њуќуќи шахсони маълулро эътироф намуда, ба тасвиб расониданд. Дар Осиёи Марказї танњо Туркманистон Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонидааст.
«
шанбе бо мусоидати њукумати Тољикистон ва созмони байналмилалии "ЮНИСЕФ" баргузор гардид, матрањ шуд. Эъломияи СММ оид ба њуќуќи маъюбон соли 2006 аз љониби СММ ќабул шудааст. Бино ба иттилои ЮНИСЕФ, танњо 133 кишвари љањон Конвенсия оид ба њуќуќи шахсони маълулро эътироф намуда, ба тасвиб расониданд. Дар Осиёи Марказї танњо Туркманистон Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонидааст. Дигар давлатњои Осиёи Марказї њоло ба тасвиб нарасонидаанд. Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Ўзбакистон дар сатњи њукуматњояшон онро ба имзо расонидаанд, ки як ќадам то ба тасвиб расонидани Конвенсияи мазкур мебошад. Дилором Мирсаидова, мудири шуъбаи љавонон, варзиш ва сайёњии Дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон ва њамзамон муовини раиси Комиссияи назди њукумати Тољикистон оид ба њуќуќњои кўдак сабабњои ба тасвиб нарасидани Эъломияро дар кишвар шарњ дод: - Соли 2008 дар Тољикистон ин Эъломия ба забони давлатї тарљума карда, ба тамоми сохторњои давлатї ва љомеаи шањрвандї барои муњокима пешнињод шуд. Имрўз барои ќабул ё эътироф намудани
«
ин Эъломия мо пеш аз њама бояд заминаи њуќуќї, иќтисодї ва иљтимоии онро омода созем ва баъд аз он мо аъзои ин Конвенсия мегардем. Дар айни замон ин масъала дар њукумати Тољикистон мавриди баррасї ќарор дода шуда истодааст ва итминони комил дорам, ки Тољикистон њамчун яке аз давлатњои аъзои СММ ба ин Конвенсия ворид мегардад. Бино ба иттилои вазорати маорифи Тољикистон, шумораи кўдакони маълул то синни 18 зиёда аз 26 њазор нафарро ташкил медињад, ки аз онњо тарибан 2000 нафар дар муассисањои махсусгардонидашуда љойгир карда шудаанд. Бино ба ин манбаъ, то имрўз 6 њазору 566 кўдаки маълул ба омўзиши инклюзивї дар мактабњои Тољикистон фаро гирифта шудаанд. Дар Тољикистон нафаќаи маъюбї барои кўдакони имконияташон мањдуд вобаста ба вазъи маъюбиашон аз 104 то 1000 сомониро дар як моњ дар бар мегирад. Як ќатор хизматрасонињо, аз љумла марказњои будубош барои кўдакони имконияташон мањдуд фароњам оварда шудааст. Ба ѓайр аз муассисањои интернатї имрўз зиёда аз 14 маркази рўзонаи будубош барои кўдакони имконияташон мањдуд таъсис ёфта, фаъолият доранд. Инчунин дар муассисаи
Ба ѓайр аз муассисањои интернатї имрўз зиёда аз 14 маркази рўзонаи будубош барои кўдакони имконияташон мањдуд таъсис ёфта, фаъолият доранд. Инчунин дар муассисаи давлатии реабилитатсионии љумњуриявї, ки дар ноњияи Варзоб дар минтаќаи Чорбоѓ љойгир шудааст, ѓайр аз хизматрасонињои иљтимої, њуќуќї ва тиббї барои ин кўдакон бо волидони онњо њам кормандон кор мебаранд.
«
давлатии реабилитатсионии љумњуриявї, ки дар ноњияи Варзоб дар минтаќаи Чорбоѓ љойгир шудааст, ѓайр аз хизматрасонињои иљтимої, њуќуќї ва тиббї барои ин кўдакон бо волидони онњо њам кормандон кор мебаранд. Дар њамин њол, коршиносон дар ин анљуман аз он ибрози нигаронї намуданд, ки дар Осиёи Марказї доир ба фаро гирифтани кўдакони имконияташон мањдуд ба тањсил, шуѓл ва ба ќайд гирифтани онњо як ќатор мушкилот љой доранд. Ба иддаои онњо, то ба имрўз оилањое њастанд, ки њамчунин кўдаконро дар ягон маќомоти мањаллї, ки барои онњо имтиёз пешнињод мекунанд, ба ќайд нагузоштаанд. Чунин кўдаконро дар шароити хона тарбия мекунанд. Аз љониби давлатњои Осиёи Марказї, азљумла аз љониби Тољикистон як ќатор санадњои меъёрї њуќуќї оид ба дастгирии ин ќишри кўдакон ба тасвиб расида, амалї шуда истодааст, вазоратњои мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, тандурустї, маориф барои дастгирї намудани ин гуруњи кўдакон масъул њастанд.
- Барои волидайне, ки дар оила кўдакони маъюб доранд, аз љониби коршиносони ватанї ва њам байналмилалї дар муњити хона омўзишњо ташкил шудааст. Барои он ки ин кўдакон аз оила дур нашаванд. Дар хона падару модар бо ин кўдакон оид ба малакаи њаётї низ бояд сару кор дошта бошад ва њам барои рушди онњо мусоидат кунанд. Он волидоне ки фарзандонашонро ба муассисањои статсионарї ва интернатї месупоранд ва онњоро хабар намегиранд, гуфтанї њастем, ки бояд масъулиятро њис кунанд. Фарзанди маъюб њам фарзанд аст ва набояд аз муњиту тарбияи оила дур шаванд. Ягон муассисаи интернатї муњити оила, мењри падару модар, наздикон ва хешу аќраборо дода наметавонад, - гуфт Дилором Мирсаидова. Тољикистон ва дигар давлатњои Осиёи Марказї дар ин анљуман тасмим гирифтанд, ки ин Эъломияро љиддитар муњокима мекунанд. Анљумани навбатї дар шањри Тошкент - пойтахти Ўзбакистон баргузор мегардад.
Абўалї НЕКРЎЗОВ
СЎЊБАТ Соли 2014 Тољикистон дар системаи маориф усули тестии имтињони ќабул ба мактабњои олиро ба роњ мемонад. Пўшида нест, ки шеваи имтињони ќабул дар Тољикистон бо чї "иќдом" - њое нест. Аммо, масъулин мегўянд, сусули тестї дасти дарози "таѓо" - њо кўтоњ мекунад. Дар ин бора хабарнигори "Нигоњ" бо Сабзалї Љаъфаров, директори Муассисаи давлатии "Маркази милли тестї" - и назди вазорати маориф суњбат анљом дода, нахуст дар бораи ин барнома пурсид: - Ойиномаи "Маркази миллии тестї" - ро соли 2010 њукумат тасдиќ кард. Вазифаи Марказ ба таври шаффофу одилона ва дастрасии баробар ташкилу гузаронидани имтињонњои марказонидашудаи тестии дохилшавї ба мактабхои олї аст. Соли 2010 гуруњњои кории тањияи тестњоро бо кўмаки мушовирони байналмилалї оѓоз кардем ва зиёда аз 70 тањиягари тестї њам омода шуданд. Њамаи он фанњое, ки њангоми имтињони ќабул дар мактабњои олї гирифта мешаванд, мутахассисони мо омўхта, тестњоро дар асоси онњо тањия мекунем. Њатто мо мутахассисонро аз дењот њам даъват карда, фикру андешањои онњоро доир ба фанњо ва тањияи тестњо ба инобат гирифтем. Аз соли 2010 то 2013 њафт барномаи пилотии омўзиши гузронидем, ки хонандагон огоњ шаванд. Системаи имрўзаи мо аз ќаблї бо он фарќ дорад, ки дар тамоми минтаќањои кишвар шўъбањои минтаќавии худро кушодем. Ин шўъбањо мунтазам бо идорањои маорифи минтаќањо аллакай фаъолиятро шуруъ карданд. Чорабинињои пилотиро њатто мо дар мактабњои дењот њам гузарондем ва охирин иќдоми пилотии мо "ПИЛОТ-ГРАНТ" буд, ки натиљаи онро њафтањои наздик ба вазорати маориф ва донорњои мо - Бонки Љањонї ва Инситути љомеаи кушод пешнињод мешавад . Натиља дар умум хуб аст. - Имтињони тестиро компютер месанљад. Довталаб бояд, ки кор бо компютерро донад, ё танњо маводи имтињониро компютер месанљад? - Таљрибаи дигарон нишон дод, ки бештар шакли коѓазии компютериро довталабон истифода мекунанд ва барои љавоб додани онњо аз 3 то 4 соат ваќт муаяйн мешавад. Ваќте тамом мекунанд љавобњоро ба лифофа меандозанд, ки ба марказњо интиќол мешаванд ва шўъбањои компютерии иттилоотї бланкањоро санљида, аксбардорї мекунанд. Њатто то 5 њазор лифофа њам бошад, скайнер мешавад ва технология љавоби довталабонро месанљад. Онљо ному насаби довталаб навишта намешавад ва танњо компютер штрихкоди довталабонро мехонад. - Компютерро як нафар идора мекунад ва вай метавонад сарнавишти чанд довталабро бо "муш" њал кунад? - Онљо як оператор мешинад. Лифофањо ному насаб надоранд. Оператор њам имконияти компютерро надорад, ки дар санљидани лифофањо таъсир расонад. Бехатарї њаст. Моњияти иќдом кам кардани таъсири омили инсонї аст. - Тест чї гуна аст? - Формат маълум аст, як суол ва панљ љавоб. Довталаб як љавоби дурустро интихоб мекунад. Тестњоро компютер мехонад ва бал ё холи довталабро мегузорад. - Оё имконияти таќаллуб кардан нест? - Ин имконият амалан аз байн меравад, њам аз барнома ва њам тартиби кор. Оператор
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
5
Инќилоби соли 2014 дар Тољикистон
ХАБАРНИГОРИ "НИГОЊ" БО САБЗАЛЇ ЉАЪФАРОВ намедонад, ки ин лифофа аз кист, чун он љо аз 1000 лифофа зиёд аст. Онњоро компютер мехонад, ки аз кї аст ва дар марњалаи охир маълум мешавад, ки кадом лифофа ба кї таллуќ дорад. - Оё ин боиси мушкил намешавад, чун пўшида нест, ки саводнокии довталабон ќонеъкунанда нест? - Бале, сатњи саводнокии довталабони мо "мелангад". Аммо имтиёз њам пешнињод мешавад. Масалан, довталаб метавонад ба 10 ихтисос њуљљат супорад, яъне худро ба ќайд гирад, яъне метавонад ба чанд донишгоњ њуљљат супорад. Компютер холи вайро месанљад, ки бо ин хол дар кадом ихтисос ва ба талаботи кадом Донишгоњ мутобиќ аст. Дар ихтисоси аввал хол мутобиќ нашуд, дуввум, севвум ва њамин тавр то охирро компютер месанљад. Дар Ќазоќистон солњои аввал дараљаи бал ё хол 30 буд, њоло то 100 расидааст. Дар мо њам аз меъёри аввалї сар мешавад. Бо ин усусл харољот барои довталаб њам кам мегардад ва хушбинам, ки натиљаи хуб медињад. - Дар аксаритяи мактабњои олї супо-
«
ридани иншо дар авлавият ќарор дорад. Имтињони иншо аз байн меравад? - Не, иншоро дар шакли ЕС довталабон месупоранд. Аз шакли иншои ќаблї даст мекашем ва довталабон бо шакли нав дар њаљми 300 калима иншо менависанд. Мавзуъњо мухталиф њастанд ва довталабон тасаввуроти доштаи худро дар њамин миќдор калима менависанд. Талаботи асосї ин аст, ки довталаб фикри худро дар 300 калима баён кунад. - Имтињон бо кадом забон аст? - Забони давлатї аст, аммо ба ихтисосњои забони дигар як имтињон њам иљоза аст. Фикр мекунам, ки ин талабот хуб њам аст то барои донистани забони давлатї водор мекунад ва њар як довталабро зарурат аст, ки барои аз худ кардани забони расмї таваљљуњ кунад. - Гузаштан ба имтињони тестї инќилоб дар соњаи маорифро мемонад ва њамагуна инќилоб ё ислоњот бо норозгии мардум рў ба рў мешавад. Оё назари мардум ва хонандагон ба инобат гирфта шудааст ва тањќиќоти сосилогї анљ-
Аз соли 2010 то 2013 њафт барномаи пилотии омўзиши гузронидем, ки хонандагон огоњ шаванд. Системаи имрўзаи мо аз ќаблї бо он фарќ дорад, ки дар тамоми минтаќањои кишвар шўъбањои минтаќавии худро кушодем. Ин шўъбањо мунтазам бо идорањои маорифи минтаќањо аллакай фаъолиятро шуруъ карданд.
«
ом шудааст? - Мо борњо бо падару модарон ва хонандагон вохурињо ва тањќиќотњо анљом додаем. Онњо њам њавасманди баланд бардоштани савод ва шаффофият дар ваќти имтињонсупорї мебошанд. Њатто омўзгорон инро хуш ќабул карданд. - Ин усул даст ё дахолати хелењоро аз таъсир ба натиљањои имтињон кўтоњ мекунад. Фикр намекунед, доирањое ин иќдомро хуш намебинанд? - Набояд ин тавр шавад, чун ин ќарори њукумат аст ва муњлати иљрои он наздик шудааст. Ин ташаббус савод ва донишро дар аввлавият мегузорад ва љавонон барои лаёќати худро имтињон ќавї гардонидан талош мекунанд. - Дар Тољикистон гузаштан ба ин ё он система бо таќозои ташкитлотњои байналмилалї ва дастгирии молї онњост. Ин барнома бо чї ќадар маблаѓ ва пешнињоди кї амалї мешавад? - Мо њоло аз рўи як лоињаи грантии Кумаки рушди тањсилоти Русия кор карда истодаем. Аз соли 2011 то ба ин сол, яъне 4 сол боз ин лоиња амалї шуда истодааст. Њаљми маблаѓе, ки аз њисоби ин лоиња амалї мешавад 3 миллиону 400 њазор доллар аст ва он аз тарафи Русия мебошад. Сањми њукумати мо њар сол дар доираи 100 њазор доллар аст. Мусоњиб Њарамгули ЌОДИР
Таљовуз ба номуси духтараки 11-сола дар рў ба рўи ќасри президент Тољири чинї, пешвои ѓайрирасмии уйѓурњои Тољикистон Абляжан Аблайти, ки ба номи Абдулло дар Шимоли кишвар машњур аст, ба гумони таљовуз ба номуси духтараки 11-сола бо пешнињоди Прокуратураи генералї ба њабс гирифта шуд. Дар ин бора як манбаъи муътамад ба Тољнюс хабар дод. Тавре мо маълум кардем, ин њодиса, соли 2011 дар хонаи мутаалиќ ба Эргаш Даминов ном масъули вазорати кишоварзї, дар суроѓаи Рўдакї 93, дар рў ба рўи ќароргоњи Президенти Тољикистон, дар пайи муносибатњои ќарзиву молии модари ноболиѓи 11сола М. рух додааст. Модари ин ноболиѓ, ки ёвари ѓайрирасмии Абляжан Аблайти будааст, бинобар манфиати молї доштанаш , њодисаи љиноятро
руйпўш мекунад. Баъдан, тољири чинї бо кўмаки мулло А. ном шахс, ин кўдакро ба никоњи худ медарорад. Алњол, модари ин кўдак ба Чин фирор кардаасту дар назар аст, ки рўзњои наздик ба Тољикистон оварда шавад. Абляжан Аблайти яке аз манфиатбардорони Бозори тољику чини "Сомонї"-и шањри Чкаловск буда, аз фаъолиятњои ў бори аввал, зимни як тадќиќоти журналистї нашрияи "Нигоњ" ва сипас бо пахши як изњороти матбуотї яке аз асосгузорони бозор Абдуљамол Тољибоев иттилоъ дода буданд Абляжан Аблайти 37 сол дошта, зодаи шањраки Атуши ноњияи худмухтори Шинљону Уйѓури Хитой мебошад, ки соли 2005 ба Тољикистон омада, бо тољирони мањаллї бозори мазкурро таъсис медињад, аммо дере
нагузашта шарикони аввалаашро ба одамони наздик ба Ќосим Ќосимов-раиси ваќти вилоят, аз љумла Эргаш Даминов иваз мекунад. Ин кор бо пуштибонии баъзе аз афроди баландпоя дар Душанбе сурат мегирад, ки њоло њам манфиатбардорони Бозори тољику чини "Сомонї" мебошанд, ки гардиши молияш миллионњо долларо ташкил медињад. Суд дар њоле ба њабс гирифтани тољири чинї иљозат дод, ки ќазия се моњ дар Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккили Вазорати корњои дохилї њалли худро наёфт ва гумонбаршуда дар таљовуз ба њабс гирифта нашуда буд. Тафсилоти бештари ин ќазияро пешнињод хоњем кард.
6
БОДИ ШИМОЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
Оѓози бозии футболи рафиќонаи Тољикистону Њиндустон соати 17: 00 эълон шуда буд, аммо аз соати 12:00 сокинон вориди варзишгоњи 20 - солагии Истиќлолияти шањри Хуљанд мешуданд. Сабаб: ќабл аз бозї соати 15:00 консерти Нигина Амонќулова ва Нозияи Каромутулло дар назар буд. Аз љорзании чанд чиптафурўш дар назди варзишгоњ маълум буд, ки мухлисон каманд. Билет 10 15 сомонї арзиш дошт. Якуним сол ќабл дар бозии Љопону Тољикистон ќисме аз мухлисон њатто бо билетњо ба варзишгоњ роњ наёфтанд. Ин даъфа даромад озодтар буд, аммо як "нюанс" дошт - кормандони милитсия намегузоштанд, ки мухлисон бо худ "баклашка" - њои обро дароранд. Њаво офтобї ва хеле гарм буд ва варзишгоњ њам болопўш набуд. Маќомоти сабаби манъи "бакалашка" - ро шарњ намедоданд. Аммо мешавад њадс зад, ки ин њам як навъи тадобири амниятї аст. Моњи май дар шањри Истаравшан бозии дар бозии дастањои лигаи олї - " Истаравшан" - и Истаравшан ва "Регар - ТадАЗ" - и Турсунзода баъди итмоми бозї мухлисон майдонро "баклашка" - борон карданд, зеро аз њукми довар норозї буданд. Пас сангњо ба оинаи бинои варзишгоњи Истаравшан њам партоб шуданд. Алайњи ду ноболиѓ - хонандањои синфи 9 њам парвандаи љиної боз шуд. Аммо савол мемонад: айби мухлисон аст, ки барои шикастани ташнагї бояд бо худ "баклашка" и об дошта бошанд, ё айби доварон, ки њукмњои ноодилона мебароранд? Ё сабаби ба бозии Тољикистону Њиндустон кам даромадани мардум њам як гуна пешбинии ташнагї дар варзишгоњ бошад?
Рўзноманигор ё "калон"? Барои таъмини амният дар ин бозї 1000 корманди маќомоти дахлдор љалб шуда буданд ва сари њар ќадам милиса меистод. Дар варзишгоњ барои мо рўзноманигорон љои махсус - MEDIA
- Тзе гуфтос ин?
"БАКЛАШКА" - СИЛОЊИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ TRIBUNE људо шуда буд. Хостем, нишинем, аммо кормандони милиса иљозат надоданд. Гуфтанд, ин љо барои "калонњо" аст. Њукумати шањри Хуљанд ба њар рўзноманигор "бейљик" њам дода буд. Милисањо инро ба назар нагирифтанд, то он замоне, ки "калон"-ашон ишораи "монед"-ро накард. Њамчунин милисањо, ба назар мерасид, намефањмиданд, ки MEDIA TRIBUNE чист.
«
"Реклама" Нигина Амонќулова 24 даќиќа овозхонї кард. Нозияи Кароматулло бо суруди њиндї вориди сањна шуда, дар кул се суруди њиндї хонд ва баромади ў 36 даќиќа давом кард. Нигина ва Нозия њамагї 1 соат суруд хонданд, аммо то бозї ваќт зиёд буд. Барои тамошобинон тариќи экрани калон то соати 16:33 рекламаи баргузории бозии имрўза бори дигар намоиш дода шуд. Чанд суруд њам садо дод.
Маќомоти сабаби манъи "бакалашка" - ро шарњ намедоданд. Аммо мешавад њадс зад, ки ин њам як навъи тадобири амниятї аст. Моњи май дар шањри Истаравшан бозии дар бозии дастањои лигаи олї - " Истаравшан" - и Истаравшан ва "Регар - ТадАЗ" - и Турсунзода баъди итмоми бозї мухлисон майдонро "баклашка" - борон карданд, зеро аз њукми довар норозї буданд.
«
Бозї оѓоз ёфт. Ќисмати авали бозї бо њисоби 2 бар 0 ба охир расид. Ваќти танаффус њама интизори овозхонон буданд, зеро дар бозии Љопон ва Тољикистон чунин буд, аммо ѓайриинтизор ба љои Нозия ва Нигина тариќї экрани калон рекламаи консерти Бобораљаб дар шањри Хуљанд ва чанд сурудњои пешин такроран садо доданд. Голи саввумро дар 5-даќиќа ваќти иловагї, ки аз тарафи доварон дода шуд, заданд. Дар ин бозї Рустами Эмомалї, раиси вилояти Суѓд - Ќоњир Расулзода, Маликшо Неъматов раиси кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии ЉТ ва дигарон иштирок карданд. Афзал БОСОЛИЕВ, шањри Хуљанд
КОШ, ЌОРЇ - ИШКАМБА МЕБУДАМ! Ё МЕБУДЕМ? Ваќте ин латифаро хондам, гуфтам, ки кош, Худованд маро Ќорї - Ишкамба мекард, њамаро ў мекард. Ўе, ки хасису мурда аст, паст аст ва тимсоли манфї, типажи сўдхўрони замони Амир Олимхон дар романи "ќорї - Ишкамба" - и Устод Садриддин Айнї. Аз сўхтани пулњояш дар бонк "Воњ!" гуфта, Худорањматии Ќорї - Ишкамба мурд ва љумлаи охирини роман њам чунин буд: "Ў мурда буд!". Бале, буржуазия мурд, капитализм мурд, шансњо барои Аврупо шудани Бухоро? Мурданд. Аммо афсўси банда аз ин нест… Биёед, латифаро бо њам бихонем. "Ќорї ишкамба, ки марди зихна ва гушна буд, як руз сањарї аз хонааш мебарояду 2 км дур меравад. Якбора ба ёдаш мерасад, ки чароѓи керосинии хонаашро накуштааст. Гашта ба хонааш рафта, аз пушти дар занашро љеѓ мезанад. Ваќте занаш пушти дар меояд, Ќорї - Ишкамба амр медињад, ки дарро накушояд, то бењуда "ошуќ - маъшуќ"-аш хўрда нашавад: - Рафта, њамон чароѓро куш, ки керосинаш адо нашавад! Занаш мегўяд:
- Шумо рафтеду ман чароѓро куштам. Наход барои њамин аз њамон ќадар роњ таги калўшро хўрда карда, гашта омадед? Ќорї - Ишкамба мегўяд: - Не, калушњоям дар дастам, то љойи гаштагиам равам, баъд боз мепўшам!" Ташаккур, ба нафаре, ки ин латифаи тољикиро дар Фейсбук кошт. Ва њоло умедворам, хонандаи азиз, њадафи ситоишњои маро аз Ќорї - Ишкамба фањмид. Агар на, мекўшам рўшантар суњбат кунам. Оё дарк кардед, ки ин инсон, бигзор, тимсол, бофташуда аст, то куљо њаќиќї аст? Њарфашу андешааш, амалаш табиианд? Ва метавонед гўед, ки њар яки шумо њамин гуна њастед? На, пасту хасису судхўр не! Инсоне дар наќши њаќиќї. Дар наќши рўзноманигор, овозхон, раќќос, муаллим, табиб, энергетик, раис, вазир ва… Њаќиќї, на дурўѓ на ба ном! Њастед? Кош, Ќорї - Ишкамба мебудам! Ва мебудем!
Фирдавс НОДИРОВ
БАРДОШТ
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
7
ва маоши хуб таъмин кардаанд. Вале мо медонем, ки зиёде аз дигар коргоњњоеро, ки дигарон гирифтаанд, ё манзили зист кардаанд ё пора-пора намуда фурўхтаанд, ки касе љуз худи соњибмулкон манфиате надидаанд. Дар њоле, ки иншоотњои мазкур бояд њамчун корхона боќї мемонданд, вобаста ба шароити имрўза самти фаъолияти худро мутобиќ мекарданд. Аммо аз ин љиноятњо назди миллату Ватан ва наслњои ояндаи кишвар кї љавоб хоњад гуфт? Зайде, ки аз вайронањо коргоњ сохтааст? Бењуда нагуфтаанд: хизматгор - гунањгор… Чашмњои Рўдакиро кур кардем, бас набуд?! Магар бас нест, ки ин таърихи моломол аз љинояткор тарошиданњоро нисбати бузургони миллат хотима бахшем? Касоне мегўянд, Зайд Саидов ришвахўрест, ки дар замони вазирияш моли миллатро хўрдаст… Зайд Саидов њамагї дорои як дасту се ангушт мебошад… Пас он раису вазироне, ки дорои ду дасту дањ ангуштанд ва баъзеяшон ќариб 20 сол боз бо садњо хешу таборашон дар сари мансабњо ќарор доранд, чї миќдор аз моли ин миллатро хўрда бошанд? Агар маоши вазиреро њисоб намоем, дар як моњ ба сўзишвории мошинаш намерасад, пас хонаву мошинро аз куљо гирифта бошад? Магар аз модараш бо ќасру кушк ва мошинаи Х6 таваллуд шуда буд? Зайд Саидовро ба он хотир ба ин бало гирифтор намуданд, ки агар њизбаш "Тољикистони нав" бакор шурўъ менамуд, … мисли дар соњикориву биносозияш муваффаќ мегардид. Иллати аслии ќазияи ў њамин аст… Љанои Олї! Оё дар кишвари њуќуќбунёд ба вуљуд овардани њизбе љиноят аст? Агар ин тавр бошад, пас дигар роњбарони њизбњоро низ бояд ба љавобгарї кашем… Ин амал зидди сиёсати њукумат аст, Шуморо бадном месозад…
МАРО БА ЉОИ ЗАЙД ШИНОНЕД Мактуби кушода ба президенти кишвар мўњтарам Љаноби Олї Эмомалї Рањмон Агар боз дањњо љинояти дигареро ба сари Заид Саидов бор кунанд њам, бадтарин њукм барои ў њукми абад хоњад буд. Агар имкон мебуд, ман омодаам ба љойи Зайд якумр зиндонї бошам, то ў озод бишавад ва боз ба садњо лоињањои соњибкорони љавон роњнамоиву сарпарастї намояд, донишљўёнеро бањри ояндаи ин кишвар тарбия кунад ва силаи рањми худро ба садњо ятиму бенавое арзонї дорад. Ман, ки њоло 26 - сола њастам, агар панљоњ соли дигар њам умр бинам, дар гумон аст, хизмати якрўзаи Зайдро ба мардум ва миллати тољик ба љо оварда тавонам. Инак, тўли се моњ мешавад, ки бонуфузтарин иќтисоддон ва соњибкори машњури кишвар Зайд Саидов бо туњмат вориди мањбас аст. Дасисаеро, ки муѓризону бадхоњон нисбати ў анљом доданд, туњмате беш нест, аз ин рў, баъди ин њама бадномкунињое, ки ба иќтисоддон ва соњибкори машњур, роњбари соњибкорони кишвар Заид Саидов раво диданд, аз љаноби Шумо њамчун устод ва бародари бузург хоњишманди озодии ин шахси наљибу саховатпеша њастем. Зеро шахсияти Рањмонии Шумо метавонад дар ин ќазия дахолат намояд, чун Шумо будед, ки тайи 20 соли ахир бо лутфу карами худ чанд навбат авфи умумро эълон доштед, ки дар натиља
њатто баъзе аз љинояткорону размандагони солњои љанги шањрвандї низ аз неъмати Озодї бархурдор шуданд. Аммо ин бор ин лутфи худро нисбати як нафар љабрдидаи бегуноње арзонї медоштед. Худ огањї дорам, ки аз замони боздошт шудани Зайд Саидов дањњо лоињањои хурду миёнаи соњибкорони љавон бе сарпараст, роњбар ва роњнамо монданд. Дањњо љавонони донишљў ва ятиму бенавое бесаробоншуданд. Њамарўза мешунавам, ки њар рўзи Худо, ў бањри донишандўзии љавонон, оиладоршавї ва рушди соњибкории мардум кўмакњо мекард, маслањатњо медод. Яъне ў миёни мардум буд ва нисбати мушкилоти дигарон масъули-
ят дошт. Ин аст, ки ўро рўз то рўз мардум дўст доштанд ва пас аз зиндонї шуданаш муњтарамтар мегардад… Њоло мегўянд, ки гўё ў дар замони мансаби давлатї доштанаш аз љову маќоми худ суйистифода намуда, як чанд иншооту коргоњеро ба номи хешу пайвандонаш гардонидааст… Ба касе пўшида нест, ки пас аз истиќлолияти давлатї, бо ќарори њукумати кишвар аксари корхонаву иншооти давлатї хусусї гардонида шуданд, пас чї ишколе дорад, ки дар ин миён љаноби Зайд Саидов низ коргоњеро ба номи хеш ё пайванди худ гардонида бошад? Њол он, ки корхонањои ба ў ва ё пайвандони ў тааллуќдошта њамагї фаъолияти мунтазам доранд, ки мардуми зиёдеро ба љойи кор
Президенти муњтарам Эмомалї Рањмон! Агар боз дањњо љинояти дигареро ба сари Заид Саидов бор кунанд, дар натиља бадтарин њукм барои ў - њукми абад хоњад буд. Яъне зиндонии якумрї. Агар имкон мебуд, ман омодаам ба љойи ў як умр зиндонї бошам, то ў озод шавад ва боз ба садњо лоињањои соњибкорони љавон роњнамоиву сарпарастињо намояд, донишљўёнеро бањри ояндаи ин кишвар тарбия кунад ва силаи рањми худро ба садњо ятиму бенавое арзонї дорад. Ман, ки њоло 26 сол умр дорам, агар панљоњ соли дигар њам умр бубинам, дар гумон аст, хизмати якрўзаи Зайдро ба мардум ва миллати тољик ба љо оварда тавонам. Зайде, ки бењтарин биноро сохт, Зайде, ки бењтарин мактабро сохт ва Зайде, ки бењтарин низоми иќтисодиро омўзонд ва њамеша мегуфт: "мусалмон набояд дастнигар ва муњтољ бошад", њайф аст, ки дар зиндон умр ба сар барад!!! Мо худ ба гарди домани марде намерасем, Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад! Бо умеди ободии Ватану Миллат ва Озодии Зайд Саидов, Восиев АБДУРАЊИМ, сокини ноњияи Ќубодиён
8
ТАЊЛИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
РЎЗНОМАНИГОРОН НЕРЎИ СИЁСИАНД Рўзноманигории сиёсї дар Тољикистони имрўза. Андешае чанд дар њошияи як конфаронс
РАШИД ЃАНЇ АБДУЛЛО 1. Чанде пеш бо ибтикори "Азия Плюс", дастгирии Дафтари Бунёди Фридрих Эберт (Олмон) дар Душанбе ва иштироки бархе аз чењрањои шинохтаи соња ва ањли сиёсат конфаронси вижа дар мавзўи "Масоили танзими журналистикаи сиёсии Тољикистони мустаќил" баргузор шуд. Дар нисбати падидае, ки мавриди бањсњои тўлонї дар конфаронс гашт, гуфтан равост, ки рўзноманигорї аз њамон лањзае, ки ба дунё омадааст, на ягон чизи дигар, балки амри сирф сиёсист. Бино ба худи њамон сабаби аслие, ки сиёсї будани чунин падидањоро, ба мисли таълиму низоми таълим, адабиёт, санъат, фарњанг, сохторњои мазњабї ва фаъолияти пешвоёни мазњабї ва ѓайраву њоказо, муайян мекунад. Яъне, дар њар он макону замон, ки барои фарде муяссар гашт, ки эњтимоми аќалан як шахсро ба худ, ба афкору дидгоњи худ љалб кунад, чї расад ба водор сохтани њамон шахс ба ќабули фикри ў ё даст задан ба амали муайян, њамон љо сиёсат њузури ошкоро дорад. Њамин аст, ки рўзноманигор, ки на бо як ду кас, балки бо њазорњо хонандагон, шунавандагону тамошобинон сару кор дораду ба онњо ин ё он фикрро на танњо мерасонад, балки онро барояшон талќин мекунад ва, ба мисли адиб, њунарманд, мулло, муаллим, устоди донишгоњ, дар шаклгирии мавќеъгирињои мухотаби хеш рољеъ ба масоили гуногун сањим мебошад, равост мансуби ањли си-
ёсат донист, гузашта аз он, аз ќисми фаъолтарини ин тоифаи мардум донист. Ба ибораи дигар, рўзноманигорро на танњо нашояд, балки намешавад аз сиёсат људо кард, ўро људо аз сиёсат донист. Ба шарофати дарёфти истиќлол Тољикистон љузъи љомеаи байналмилалї гашту дигар кадом як деворе рўзноманигорони љумњуриро аз њамтоёни бурунмаризияшон људо намекунад. Шубњае нест, ки аз байн бардошта шудани њамагуна деворњои људокунанда барои рушди расонањои итиллоотї ва рўзноманигории кунунии тољик басо судманд аст. Аз љумла, хеле аз мабдаъву усули коргузориву корбарї дар соњаи иттилоот, ки барои боќии олам кайњост, ки маъмул мебошад, дигар барои расонањо ва рўзноманигории тољик низ бегона нестанд. Бо ин њама, аќидае, ки аз љониби бегонагон исрормандона ба рўзноманигорони тољик талќин мешуду гўё аз он аст, ки рўзноманигорї ва, мутаносибан, рўзноманигорон дар расондани иттилоот ба мардум бояд бетараф бошанд, усули корбарии рўзноманигорони тољик нашуд. Пеш аз њама, аз он лињоз, ки ин аќида пурраву комилан ботил аст. Њама гуна гуфтугузор дар бораи расидагии бетараф дар расондани итилоот ба љомеъа ин масъала ба љуз пошидани хок ба чашми ањли љомеа, кўшиши рўйпушкунии њаќиќате, ки рўзноманигорї амали сирф сиёсист, чизи дигаре намебошад. Дуруст аст, мешаванд њолатњое, ки рўзно-
манигор, бар хилофи дигарон, аз љумла њамкасбанаш, ки рољеъ ба масъале ё мушкилае дар ду тарафи сангар ќарор гирифтаанд, дар нисбати њамин масъала ё мушкилаи хилоафангез ва дастбагиребоншавї дар атрофии он исрори бетарафї мекунад. Дар чунин њолатњо бетарафї њамагї як маъно дорад - агар рўзноманигор мавќеъгирињои тарафайни даргирро таъйид накунад њам, ў њатман дар мавќеъгирии саввум рољеъ ба масъалае, ки маншаъи ихтилофи љонибњои даргир гаштааст, ќарор дораду зимнан бо ин амри худ, бо ин мавќеъгирии худ тарафайни даргирро ба гузаштан ба мавќеи худ даъват мекунад, ки ин њам сиёсат аст. 2. Дар Тољикистон њаќиќату воќеъият чунин аст, ки њар ду бахши расонањои ахбори умум - расмиву мустаќил, нерўи сиёсианд. Њар кадоме ба таври худ. Расонањои марбути сохторњои давлатдорї ба њайси дастгоњи иттиллооти онњо ва тарѓибкунии тартиби ќоими давлатдорї ва натиљањои фаъолияти он. Расонањои мустаќил ба њайси нерўи алоњидаи сиёсие, ки чунин маќомро њоло дар марњалањои ахири умри давлату давлатдории шўравї касб кардаанд. Гуфтан љоиз аст, ки дар аёми мо расонањои мустаќилро нашояд танњо неруи сиёсї донист. Њамаи онњо дар якљоягї аз маќоми як навъ њизбе, ки на танњо дар ташшаккули мавќеъгирињои сиёсии мардум фаъолона иштирок мекунанд, балки намояндагї кардан ва дифоъ намуданро аз ман-
«
рўзномањои мустаќил бо исрор талќиншаванда, таваљљуњи самимї доранд, раќами хеле назаррасро ташкил мекунад. Азбаски гардиши рўзномањои мустаќил нисбатан собит аст, имкон дорад ба хулосае расид, ки теъдоди онњое, ки афкору дидгоњу мавќеъгирињои аз љониби рўзномањо талкиншавандаро тайид мекунанад, њадди аќал низ собит мебошад. Яъне, рўзномањои мустаќил љомеаи назаррас ва устувори хонандагони худро доранд. Дар Тољикистон садоњои мустаќил низ фаъолият доранд. Њамчунин дар љумњурї њоло њам онњое кам нестанд, ки ба садоњои тољикзабони бурунмарзї таваљљуњи устувор доранд. Махсусан ба "Озодї"-ву ББС, ки пайваста кўшиш мекунанд аз рушди равандњои гуногун дар љомеаи тољик огоњ бошанд ва барномањои худро тавре созанд, ки бо дигаргунињое, ки дар љомеаи тољик рух медињанд, њамоњангу мутобиќ бошанд. Симои мустаќиле, ки дар пояи навъњои дигари расонањои мустаќил ќарор дошта бошад, њоло дар љумњурї вуљуд надорад. Симои расми дархостњои онњоеро, ки худро ќишри интелектуали љомеъа медонанд, ќонеъ карда наметавонад. Мутаносибан, ин тоифа мардум барои дарёфти барномањое, ки мувофиќи табъу завќи эшон бошад, рў ба симоњои гуногуни бурунмарзи мегардонанд. Баъзењо ба симоњои инглиззабон, баъзењои дигар ба симоњои гуногуни порсизабони Афѓонистону Эрон ва кишварњои Аврупо ва ё симоњои арабизабон, вале аксарият ба симои Русия, ки басо гуногун-
Дар арафаи сафари президенти Тољикистон ба Чин матбуоти Русия истинодан ба манбаъњои номўътамад мољарои ѓасби заминњои Тољикистон аз љониби Пекинро дар миён гузошт ва ин њатто то ба имрўз идома дорад. Њарчанд иттилоъ расман тайид нашудааст ва њатто гузоришњои матбуотї њам ноќису бидуни далел буданд, вале таъсири сахте ба афкори љомеа расонданд.
фиатњои мардум ва манофеъи умдаи миллии кишвар барои худ вољиб медонаду дар ин ростову љода хеле фаъоланд, бархўрдор мебошанд. Хонандагони расонањои мустаќили кишвар умдатан аз њамон ќишри љомеъаи тољиканд, ки мехоњад аз равандњои феълии рушди кишвар њамеша огоњ бошад. Гардиши (тирожи) њар як рўзномаи мустаќиле, ки аз обрўву эътибор бархурдор њаст, ба њисоби миёна, атрофи 8-10 њазор нусха мебошад. Њадди аќал 5-6 рўзномаи мустаќилро имрўз мансуби њамин тоифаи рўзномањо донистан мумкин аст. Бо дарназардошти воќеъияте, ки њар як нусхаи чунин рўзномањоро чандин кас мутолеъа мекунад ва њамчунин дорои сомонаи худ будани онњо, шумораи мардуме, ки нисбат ба аќида, ѓоя ва мавќеъгирињо аз љониби
«
навъ аст, ё симоњои амсоли К+, ки усулан русзабонанд, мутаваљљењ мешаванд. 3. Давру наќши расонањои иттилоотии тољик, хоњ мустаќил бошанд, хоњ расмї, аз љумла дар ташвиќи неруњои дигари сиёсї хеле назаррас аст. Онњо њамеша аз ин неруњо вобаста ба ин ё он муносибат, њодисаву рўйдод ёдовар мешаванд. Расидагињои расонањои кишварро, нисбат ба њодисаву рўйдод, неруњои сиёсї ва ё ашхоси алоњида ба њељ ваљњ бетараф намебошад. Дар Тољикистон таќрибан дар нисбати њар як падида, рўйдод, њодиса, шахсони алоњида, ки мавриди пўшиши иттилоотї мешавад, мавќеъгирињои расонањои расмї ва мустаќил љиддан аз њамдигар фарќ мекунанд. Бояд эътироф кард, ки мањз њамин
МАЃЗИ ГАП фарќияту тафовут таваљљўњи бештари хонандагонро ба расонањои мустаќил, ба мавќеъгирињо, райъзанињо ва бањодињињои онњо муайян мекунад. Чунин падида хоси танњо Тољикистон намебошад. Дар тамоми пањнои пасошуравї њамингуна як вазъу њолро мушоњада кардан мумкин аст. Вижагии назарраси равоншиносии иљтимої дар ин пањно ба нањве мебошад, ки агар расонањои расмї дар нисбати неруи сиёсии мухолиф ва ё шахси алоњидае, ки гаравиш ба пеш бурдани сиёсати мухолиф дорад, новобаста феълї ва ё вањмї будани ин гаравиш ва мавќеъгирии танќидонаро, новобаста аз феълї ё вањмї будани он, ихтиёр кунанд, аксарияти њаводорони расонањои мустаќил билофосила дар мавќеи муќобил ќарор мегиранд. Ин расонањоро илољи дигар намемонад, ки мавќеъгирии хонандагони худро инъикос кунанд. Ќазияи мухолифи сиёсии давлатдорони кунунии Русия оќои Навалний баёнгари возењи чунин як вижагии равоншиносии иљтимої дар пањнои пасошўравї мебошад. Баробари дараља ба дараља боло рафтани шиддати танќиду маззамати ў аз љониби
«
доштани расонањо ва фаъолияти онњоро муайян мекард. Дувумини ин омилњоро худи воќеъияти рўи дунё омадани Тољикистони мустаќил ва торихи минбаъдаи он дар ду дањсолаи ахир муайян мекунад. Тавре њамагон огоњанд, дар рафти бозсозии горбачёвї худи сарварони давлати шўравї дар Маскав алайњи низоми шўравї шуданд. Чунин ранг гирифтани раванди њаводис инќироз ва заифу ковок шудани давлату давлатдории шўравиро боис шуд. Дар пасманзари ин раванд - заиф гаштани давлатдории шўравї, њаракати растохези миллї, ки њоло дар нимаи дувуми солњои 60-уми дар шакли иќдомњои ѓайри муназзами ањли адабу фарњанг падидор гашта буд, аз як тараф, ва чолишњои мањаллу минтаќагарої, ки аз соли 1946 ба баъд љузъи ногусастании њаёти сиёсии кишвар гашта буд, аз тарафи дигар, ба истилоњ, рўи об баромада, аз неруи зиёд бархурдор шуданд. Љунбиш бањри растохези миллї дар андак ваќт шакли муборизаи ошкорро барои расидан ба соњибихтиёрии љумњурї гирифт. Чолишњои мањаллу минтаќагарої бошад, аз феврали соли 1990 ба баъд ба муборизаи
Дар арафаи сафари президенти Тољикистон ба Чин матбуоти Русия истинодан ба манбаъњои номўътамад мољарои ѓасби заминњои Тољикистон аз љониби Пекинро дар миён гузошт ва ин њатто то ба имрўз идома дорад. Њарчанд иттилоъ расман тайид нашудааст ва њатто гузоришњои матбуотї њам ноќису бидуни далел буданд, вале таъсири сахте ба афкори љомеа расонданд.
расонањои расмии Русия, эњтимому таваљљљўњи мардум ба ў низ дараља ба дараља боло мерафт. Махсусан дар пойтахти Русия - шањри Маскав. Пўшиши иттилоотии расонањои расмї, ба додгоњ кашида шудани Навалний, рафти мурофиъаву мањкум шуданаш ба бандагии 5 - сола дар зиндон ўро яку якбора раќиби љиддии шањрдори кунии Маскав оќои Собянини дар интихоботи шањрдори Маскав, ки бояд моњи сентябр баргузор шавад, сохт ва рейтинги ўро дар њамин чанд рўзи ахир ба беш аз 10 поин овард. Танњо баъд аз он, ки оќои Путни дар сўњбат бо љавонон дар кули Селигер њукми додгоњро амалан зери шубња гузошт, суръати болоравии рейтинги маъруфияту мањбубияти Навалний то андозае сустар гашт. Худи њамин амр бо Мухтор Аблязов, мухолифи оќои Назарбоев, рух дод. Бар хилофи интизорињо, баъд аз мавриди танќиду таъќиб гаштани эшон таваљљўњи мардум ба ў на танњо камтар нашуд, балки зиёд њам гашт. 4. Дар нисбати расонањои иттилоотии Тољикистон раво аст боз як вижагии онњоро ёдовар шуд. Ин расонањо дар давлати имрўзаи тољикон на танњо басо сиёсиянд, балки аз лињози таъсири сиёсии худ ба љомеъаи тољик дар љои саввум ќарор доранд. Басо сиёсї будан ва ба неруи мустаќили сиёсї мубаддал гаштани расонањои иттилоотии љумњуриро, њадди аќал, ду омили бунёдї муайян мекунанд. Нахустини ин омилњо њаќиќатест, ки рўзноманигории имрўзаи тољик вориси рўзнроманигории Тољикистони шўравї, ки сарупо сиёсї буд, мебошад. Баъд аз он, ки низоми шўравї дар љумњурї устувор гашт, кадом як муборизаи неруњои гуногуни сиёсї, барои муайян кардани табиати давлату давлатдорї, дигар ба назар намерасид. Њар он чизро, ки расонањои иттилоотї дар ањди шўравї дарљ мекарданд, бояд дурустии аќидаи шўравї, давлатдории шўравї ва њамаи пањлўњои дигари воќеъияти шўравиро тасдиќ мекарду тањким мебахшид. Ба гуфтаи Иброњим Усмон, дар конфаронси фавќуззикр дар даврони шўравї мабдаъи партиявият фаъолияти њамаи расонањоро - аз газетаи деворї дар кўдакистону мактаб то рўзномаи "Тољикистони Советї", "Коммунист Таджикистана" садову симо ва ѓ.њ., ва, бадин минвол, характери сирф сиёсї
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
9
"ЌАЛБ ДАР БАДАН" Љавононро чї тавр љинояткор накунем?
«
нухбањои сиёсї-минтаќавї барои султаи олї дар кишвар мубаддал гашт. 9 сентябри соли 1991 Тољикистон истиќлоли худро эълом дошт. Аз худи њамон рўз ва барои 21-22 соли минбаъда масъалањои асосие, ки љомеа гирифтори њаллу фасли онњо буд - бунёд намудани давлатдории навини тољикон баъд аз фурўпошии давлатдории пеши шўравї дар љумњурї, ба њам овардани якпорчагии ќаламрави кишвар баъд аз таљзия ёфтани он дар рафти муќовимати сиёсии аз сентябри соли 1991 томан соли 1992 ва љанги шањрвандии панљсола, ба ифоќа овардани мардум баъд аз даргирињои мусаллањона, то ба алњол машѓул будан бо эљоди вањдати миллї, баъд аз таќрибан нопадид шудани он дар солњои 1990-1992, аз байн бурдани солории кумондонњои майдониву пайравони силоњбадасти онњо ва барќарор намудани пањнову фазои ягонаи њуќуќї, баст намудани давлат соњибихтиёрии худро бар тамоми ќаламрави кишвар, ба роњ мондани сиёсати бисёрсамтии беруна ва ѓ.њ., масъалаву мушкилањои сирф сиёсї буданд. Мутаносибан фаъолияти расонањои ахбори умум умдатан иборат буд аз пўшиши иттилоотии љараёнгирии њамаи ин раванду њодисањо. Ва ин пўшиши ба лањзае њам бетараф набуд. Самараи доругирњои сиёсии бисту ду соли ахир 22 соли ахир сарљамъ будани кишвар ва устувории давлату давлатдорї мебошад. Вале ин маънои онро надорад, ки барои муборизаи сиёсї дигар маљол намондааст. Ин мубориза куљое нопадид нагаштааст. То султа арзи вуљуд дорад, мубориза бањри он аз байн намеравад. Њамзамон, тавре ба назар мерасад, дар чанд соли минбаъда талошњо бањри таъмин намудани самаранокии фаъолияти сохторњои давлатдорї дар ростои њифзу дифоъи истиќлоли миллї, њифзи вањдати миллї, таъмин намудани мурунати давлатдорї дар ќиболи мушкилњои нав ба наве, ки њар лањза падидор мешаванд, љавобгў будан давалтдорї талабу дархостњои нави љомеъаи тољик ва љолишњои замона мазмун ва мўњтавои муборизаи сиёсиро ташкил мекунанд. Раванди ин мубориза ва натиљањои он ояндаи кишвар, давлат ва љомеъаи тољикро муайян мекунанд. Табиист, ки ин муборизаи сиёсї мавриди пўшиши иттилоотї мегардаду њамроњ бо он фаъолияти расонањои иттилоотї ва рўзноманигорон њамоно сирф сиёсї мемонад.
Равоншиносон ва педагогњои ѓарбї ба ќароре омадаанд, ки имрўз дар кишварњои Ѓарб бекориву оворагардии љавонон яке аз бузургтарин омили љинояткорї ба њисоб меравад ва бо таъкид мегўянд, ки агар љавон дар танњої як лањза ваќти холї пайдо кунад, њатман дар маѓзаш фикрњои фармондењ, њавову њаваси шайтонї ва хаёлњои шањватангез љой мешаванд. Дар ин њол нафси аммора аз бањри амалї намудани он фикрњову хаёлот ба њаракат даромада, соњибашро водор мекунад, то ба корњои ношоиставу љиноёти сангин даст занад. Метавон гуфт, ки ин вабо на танњо дар мамолики ѓарбї, мутаассифона, дар тамоми минтаќањои дунё таќрибан њукмронї мекунад. Ин дар њолест, ки дар тамоми кишварњои дунё аз раисљумњур то фаррошу афроди ќаторї љавононро ояндаи миллат, нерўи љомеа ва ѓайра мењисобанд. Донишмандони риштаи таълиму тарбия насли љавонро сахттарин нерўи давлат њисобида, ислоњи онро ба ислоњи љавонон рабт медињанд. Яке аз донишмандон љавононро чунин васф мекунад: "љавонон нерў ва пойдевори љомеа ба њисоб мераванд. Ислоњи љомеа, балки ислоњи тамоми миллат вобастагї ба ислоњи эшон дорад. Агар ин ќоида дар љои худ собит шавад, тамоми фасод аз љомеа бартараф хоњад шуд. Љавонон барои як миллат ба мисоли ќалб барои як бадан аст. Замоне ќалб ислоњ шавад, тамоми аъзои бадан ислоњ мешавад. Агар ќалб фосид шавад тамоми аъзои бадан фосид хоњад гашт". маврид ба ёдоварист, миллате, ки ќалбаш (насли љавон) дар гирдоби фасодиву табоњї дасту по мезанад, бешак, кулли омолу орзуњояш ба боди фано хоњанд рафт. Имрўз дар љомеаи мо, низ сатњи љинояткорї ба маротиб меафзояд. Чуноне ба мо ошкор аст, дар макотиби тањсилоти умумї дар асари муноќишот мактаббачањо сўиќасд ба љони якдигар мекунанд. Гузашта аз ин, фоњишагї дар кўчањои шањр ошкоро ба назар мерасад, дар тамоми минтаќањои кишвар худкушї аз љониби шањрвандон ба суръат меафзояд... Чунонки хонанда огоњ шуд, имрўз аксари уламо яке аз сабабњои умдаи љинояткориро аз љониби љавонон дар БЕКОРЇ мебинанд. Имрўз сари он чанд љумлаи кўтоње, ки 14 ќарн ќабл Паймбари мо Муњаммад (с) гуфта буд, расидем. Имом Бухорї аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: "ду неъмати бузург вуљуд дорад, ки аксари мардум дар он ду неъмат фиреб мехуранд. Яке тансињатї асту дигаре бекорї
(холї будан аз машѓулиятњо)". Расули Худо (с) баён медоранд, ки бекорї, холї будан аз машѓулиятњо дар њаќќи њар фард неъмати бузурге аз љониби Худо аст. Агар ба шарте онро дар роњи росту манфиатнок истифода кунад. Аммо замоне фароѓу бекориро љавон ѓанимат надонад, бекорї аз неъмати илоњї ба интиќоми ў, аз бахшиши ў ба сахтии ў мубаддал гашта, то он њад, ки љавонро ба монанди як бозичаи дасти шаётини инсї ва љиннї мегардонад. Ва ба њар самте, ки хоњад ўро мебарад. Хуб мешавад, ки дар макотиби тањсилоти умумї дарси тарбиявї аз ањодиси Паёмбар (с) ба роњ монда шавад, то ба ин восита тадриљан насли наврас асолати худро бишносаду аз илму адаб ва ахлоќи њамида бархурдор гардад. Њамнишини Расули Худо (с) Абдуллоњ Ибни Масъуд (р) дар шаъни нафароне, ки ваќти ќиммати худро ба бекорї сипарї мекунанд гуфта буд, ки "бешак ман душмани он марде њастам, ки бекору фориѓбол аст. Ба он њад, ки на барои дунё кор мекунад на барои охират". Яке аз донишмандони илми нафс дар робита ба оворагардиву бекории љавонон як ќоидаи куллие, ки тамоми уламо бар он иттифоќи назар доранд, зикр карда насли љавонро мавриди хитоб ќарор дода мегўяд: "Љавони иззатманд! Агар нафсатро ба кори њаќ ва дуруст машѓул насозї, яќин дошта бош, ки туро ба кори нодурусту ботил машѓул месозад. Ва дониста бош, ки машѓулсозии нафс ба кори њаќ ин машѓул шудан ба таълиму тадрис ва тарбияву поксозии он мебошад. Дар сурати акс њатман нафсат ба корњои бад одат мекунад ва ба роњи каљ рафта туро ба зиёни бузурге бурда мерасонад" . Пас модоме, ки бекорї яке аз иллатњои љинояткорї бошад, сари ин масъала андешидан амри муњим ва зарурї аст. Табиист, ки гирењи ин банд дар дасти масъулини њукуматї аст. Ин усул њам аз нигоњи дини Ислом, њам аз нигоњи иќтисоддонону педагогон бењтарин усули тарбия ва ислоњ ба њисоб меравад. Ман аз масъулин, ки мехоњанд ба њар роњу восита пеши љурму љиноятро садде банданд, хоњиш мекунам ва инро њама хоњиш доранд, ки аз вазъ намудани ќонунњои навбанав ва кулли масъулиятро ба гардани падару модари бечора бор кардан, шуѓли ањолиро таъмин намоянд фикр мекунам ин роњи хубтар аст. Ќадриддин ИСОЕВ
10
ЉАЊОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
бошад, гузоришоте омода ва пањн месозад, ки ба љонибдорї аз "Бародарони мусалмон" омода гаштаанд. Аммо аз миён танњо Туркия аст, ки њамоно ќотеъона роњбарияти низомии Мисрро мањкуммекунад. Ин ду кишвар ба як љанги дипломатї њам даст заданд: ба якдигар суханњои тезу тунд гуфтанд, сафирони худро аз мамлакати якдигар бозхонданд, тармимњои низомии муштаракро, ки ќарор буд моњи октябр баргузор шавад, лаѓв намуданд. Њатто њукумати низомии Миср монеъи сафари Эрдуѓон ба навори Ѓазза шуд, ки мебоист аз гузаргоњи ин кишвар сурат мегирифт.
"Ал-Ќоида" ва "Толибон" дар сањнаи љињоди Миср
ФОЉИАИ МИСР "Падар! Пузиш мехоњам, вале пулњои мо омили рехта шудани ин хунњост..." Ин садои эътирози як шоњдухтари мусалмон аст. Духтаре, ки хуни арабиву юнонї дар вуљудаш дар љараён аст ва аз миёни миллионњо зане, ки бо њассосият рўйдодњои Мисро пайгирї мекунанд, садои ў шунаво буд, чун падари худро дар гирдоби хушунате андармон дид, ки на танњо масъулияти гарони имрўз, балки посух пеши Худованди худ дорад. Зеро амиру кабир аз сарвати Парвардигор дода дар ќиёмат пурсида мешаванд. Войи онњое, ки пулњошон барои хунрезї истифода шудаст. Мо бандагон намедонем дараљаи гуноњи он чї миќдор аст. Вале яќинан як нуктаро медонем: ОН САВОБ НАДОРАД! Аз миёни хабару гузоришоте, ки аз аввали њафтаи љорї то замони навишта шудани маќолаи мазкур мурур шуд, таъсиргузортарини он номаи духтари њокими Дубай Мўњра бинти Муњаммат ибни Рошид Оли Мактум будааст, ки тарљумаи тољикии онро аз аввалинњо шуда тањлилгари тољик Сайидюнуси Истаравшанї дар сомонаи худ интишор дод. Мўњра бинти Муњаммат ибни Рошид Оли Мактум дар сањифаи Фейсбуки худ ба ќиблагоњаш хитоб кард: "Падар! Пўзиш мехоњам, вале пулњои мо омили рехта шудани ин хунњост!" Ин ишора ба мавзеъгирии Аморати Муттањидаи Араб дар њаводиси ахири Миср буд. Ин кишвар якљо бо Арабистони Саудї ва чанд мамлакати дигари њавзаи давлатњои араб аз њукумати низмоии Миср пуштибонї мекунад, ки моње ќабл бо роњандозии табаддулоти низомї рўи кор омад. Аммо духтари њокими Миср бо заковат дарёфтааст, ки пули Аморат сарфи рехтани хуни садњо мусалмон дар Миср мешавад. Муњра бинти Муњаммад фарзанди зани юнонии њокими Аморати Муттањидаи Араб будааст, ки ўро Кристина низ меноманд. Таърихи олами ислом ин гуна рўйдодњои нодирро зиёд дар хотир дорад, ки њатто тифлон њам тавонистаанд дар љараёни њаводис бо њамон лањни ширину гуворои кўдакї таъсир гузошта бошанд. Масалан, ситезаљўёни Толиб соли гузашта Малола Юсуфзайи покистониро мавриди њамла ќарор дода буданд, ки он замон бо андешањои зидди мафкураи Толибон шўњрат ёфта буд. Аммо Малола аз захми тир шифо ёфт, баъди он сару садоњое њам баланд шуданд, ки ба Малола љоизаи сулњи Нобел эњдо шавад. Сайидюнуси Истаравшанї дар љои дигар аз маќолаи худ ќайд мекунад, ки пеш аз Кристина духтари Амири Ќатар Њинд бинти Њамад Оли Сонї дахолати кишварашро дар умури Сурия "расвоии таърихї" барои њокимони Ќатар тасвиф карда буд. Номаи ў дар шабакаи иљтимоии Twitter интишор ёфт ва ў менавишт, ки падараш тањаввулоти Сурияро хостаи мардуми ин кишвар донист ва аз он њимоят кард. Вале њоло аз наворњои расида акси
Њар бесуботї муљиби он мегардад, ки гурўњњои ситезаљў даст ба фаъолияти густарда зананд. Дар аксар ин гуна мавридњо марзњо барои вуруди пархошгарон боз мешаванд, низоми њоким, ки мутаваљљењи саркўбии мухолифони дохилист, бехабар мемонад, ки ба кишвар бо даъвату бидуни даъват гурўњњое сарозер мешаванд, ки суботу амният барин мафњумњо барояшон бегонаанд. Зеро худи кишвар, муњити сиёсиву мавќеъи љуѓрофии он барояшон бегона аст. Аммо "Бародарони мусалмон" барои "АлЌоида" ва "Толибон" барин гурўњњои љанговар бегона нест. Ин њизбест, ки зиёд аз 80 сол ба инљониб вуљуд дорад ва метавон онро падари њама ањзоби исломии олам номид. Суќути њукумати ихвонињо барои гурўњњои дигаре, ки аз Ислом њимоят мекунанд, хеле дардовар ќабул
мољаро мерасад. "Ин њаводис љиноят алайњи миллати Сурия аст. Ман аз њузури љангљўён дар Сурия ва аз касоне, ки ба онњо иљоза додаанд, ки мардуми Сурияро эъдом кунанд, интиќод мекунам, зеро видеое ба ман расидааст, ки дар он як фарди саудї 21 шањрванди Сурияро ба мерасонад ва ининќилоби мардумиро ба инќилоби теруристї табдил мекунад." Наметавон даќиќ гуфт, ки магар ин таъсири Њинд бинти Њамад Оли Сонї ё чизе аз ин беш, аммо ахиран Ќатар аз пуштибонии шўришчиёни Сурия даст кашид ва дар ин росто Арабистони Саудиро тани танњо гузошт.
Њоли асафбори Миср Ин шабу рўз Миср сањнаи њузнангезе дорад. Њатто дар замоне, ки њукуматњои истибдодии панарабисти машњур Љамол Абдуносир, диктаторон Анвар Содот ва Њуснї Муборак ин гуна дањшатро касе ёд надошт. Артиши сар то по мусаллањи он билохира њама шарафи инсониро аз даст дод ва ба масљиде њамла бурд, ки гурўњњои исломї захмиёни худро табобат мекарданд. Зеро дари бемористонњо ба рўи онњо баста шуданд ва табибон аз тарси њарбиён наметавонанд ќарзи башарии худро иљро кунанд. Рўзи љумъаи гузашта баъди як муњосиаи басо кўтоњмуддат артиш фармони њамла ба ин масљидро гирифт ва даст ба куштори гўшношунид зад. Фардои он рўз аз тариќи садњо
«
Ин шабу рўз Миср сањнаи њузнангезе дорад. Њатто дар замоне, ки њукуматњои истибдодии панарабисти машњур Љамол Абдуносир, диктаторон Анвар Содот ва Њуснї Муборак ин гуна дањшатро касе ёд надошт. Артиши сар то по мусаллањи он билохира њама шарафи инсониро аз даст дод ва ба масљиде њамла бурд, ки гурўњњои исломї захмиёни худро табобат мекарданд. Зеро дари бемористонњо ба рўи онњо баста шуданд ва табибон аз тарси њарбиён наметавонанд ќарзи башарии худро иљро кунанд.
«
шабакањои телевизионии олам ин сањнаи дањшат дар наворњои мухталифи видеої пахш гардид. Аз аввали њафтаи љорї дар аксар шабакањои иљтимоии интернет навори љасадњои кафанпечи мисриёни шањид гузота шудаву њоло њам гардон аст.
Эрдуѓони танњо Аз миёи њама сарварони кишварњои исломї танњо Раљаб Тайип Эрдуѓон аст, ки ин амали нангинро мањкум намуд. Дар гирдињамоие дар пойтахти Туркия сарвазир вазири мудофиаи Миср Абдулфаттоњи Сисиро ба президенти Сурия Башор Асад монанд кард. "Њам ину њам он шарафи худро аз даст додаанд ва одамонро дар масољид ба њалокат мерасонанд". Аммо дар бародари ў шоњ Абдуллоњи урдунї аз иќдоми артиши Миср пуштибонї намуд ва бо лањни арабї њамон суханони ѓарбиёнро ба забон овард: "ин артиши муќобии терроризм мубориза мебарад". Арабистони Саудї шармандавор аз режими низомии дунявї пуштибонї кард ва барои саркўбии "Бародарони мусалмон" 12 миллиард доллар људо намуд. Замоне, ки Мурсї дар сари њокимият буд, ягона кишвари арабие, ки ба њукумати ў бо чашми муњаббат менигарист, ин Ќатар буд. Ва имўз њам мањз њамин кишвар низомиёни саркубгари Мисрро мањкум мекунад. Ширкати телевизионии "Ал-љазира", ки мансуб ба давлати Ќатар ме-
шудааст. Зеро њатто ѓарбе, ки демократия, озодии баёну андеша, интихоботи одилонаро тарѓиб мекунад, дар мавриди Миср аз њарбиён пуштибонї намуд. Ин буд, ки њам "Ал-Ќоида" ва њам "Толибон" сарењан эълон карданд, ки билохира ба љињоди Миср хоњанд пайваст. Толибон њукумати низомии ин кишварро ба ќатли бегуноњон муттањам намуд. "Ал-Ќоида" бошад, расман ба тазоњуроти Ќоњира пайваст ва ваъда њам дод, ки аз таљрибаи муборизаи худ бо њукуматњои дастнишонда кор хоњад гирифт ва "Бародарон"-ро хоњад ба ин шеваи мубориза ошно кард. Абдулло Муњаммади Таќї, як тан аз тањлилгарони мисрї, ки њамакнун дар хориљ ба сар мебарад, мегўяд барои "Ал-Ќоида" мубориза ба муќобили њукуматдорони Миср як навъ кори хонаводагист. Якшанбеи гузашта бародари хурдии Сарвари ин созмон Айман Завоњирї Муњаммад аз-Завоњирї, ки гурўњи "Љињоди исломии Миср"-ро сарпарастї мекард, боздошт гардид. Дар замони њокимияти Њуснї Муборак як аз бародарони дигари ў ба иттињоми ширкат дар сўиќасд ба муќобили Анвар Содот дар соли 1981 14 солро дар мањбаси Ќоњира сипарї намуда буд. Бо назардошти ин тањлилгар ширкати фаъолонаи "Ал-Ќоида"-ро, ки шеваи ќасос њам хоњад дошт, истисно намекунад.
Бобољони ШАФЕЪ
БО АЊЛИ МАЪРИФАТ
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
11
Омодагињо барои бастани Заводи алюминии Волгоград , ки ба ширкати "Русал" мансуб аст, то 30октябр ба итмом мерасанд. Дар назар аст, ки боз се корхонаи ин ширкат низ то охири сол аз фаъолият бозмонанд. Олигархи рус Олег Дерипаска аз зарурати таъсиси Анбори давлатии алюминий сухан мекунаду то 350 њазор тонна кам кардани истењсолоти алюминийро њалли мушкилот медонад. Ин миќдори металли парронро њамасола КВД "ТАЛКО" истењсол мекунад. Дар њоле, ки муносибатњои Русияву Тољикистон ранги нав гирифтан доранд, таќдири "ТАЛКО" чї мешавад? Ахири њафтаи гузашта, њукумати вилояти Волгогради Русия изњори нигаронї кард, ки ширкати "Русал" Заводи арзизи Волгоградро то оѓози зимистон мебандаду дар натиља беш аз 3 њазор одам бе љойи кор мемонанд. -Роњбарияти Заводи алюминии Волгоград, аллакай аз ширкати "Русал" дастури расмї гирифтааст, ки бояд то 30октябр пурра истењсоли алюминиро ќатъ намуда, банду басти воситањои истењсолотро таъмин намояд ва дар оянда истењсоли таљњизоти электролизиро љорї созад, -омадааст дар баёнияи матбуотии њукумати Волгоград. Сабаби ин иќдомро ширкати "Русал" раќобатпазир набудани истењсолот дар бахше аз заводњо ва пастшавии нархи алюминий дар бозори љањонии филиз эълон доштааст. Аммо тањлилгарон бар он аќидаанд, ки "Русал" ба ин васила диќќати њукумати Русия ва шояд њукуматњои Осиёи Марказиро барои ба таври мустаќим ва ѓайримустаќим њал кардани мушкилоти худ љалб карданист, аммо бастани ќисме аз корхонањо, воќеъан њам талаби замон мебошад. Дар робита ба ќатъи истењсолот, њукумати вилояти Волгоград бо иштироки сарони њукумат, завод ва иттифоќњои касаба гуруњи корї созмон додааст, ки роњи баромадан аз ин вазъияти ногуворро њаллу фасл намоянд. Ногуфта намонад, ки аз кор монондани заводњои алюминиум вижагињои худро дорад, ки ваќт ва маблаѓ талаб мекунанд, њамчунин, ки барои ба кор даровардани корхонаи таёри мисли "ТАЛКО" низ аз 300 то 500 млн. доллар сармоя лозим аст, њарчанд нархи бозории корхона аз 1-1,2 млрд. доллар боло нест. Тибќи маълумоти "Ростехнадзор" барои боздошти як ќатор иншоот ва иљрои ташхисњои даркорї на кам аз 100 рўз даркор будааст. -Дар "Русал" мегўянд, ки ќарори нињоии боздошти истењсолот дар ширкат алњол ќабул нашудаасту масъала дар маљлиси Шўрои директорон, рўзњои наздик дида мешавад"-овардааст "Газета.Ру". Дар ОНЭКСИМ (17,02% сањмияњои "Русал"-ро дорост) аз шарњи ин нукта худдорї намудаанд. СУАЛ Партнерс
ЧОР ЗАВОДИ БАСТАИ "РУСАЛ" Таќдири "ТАЛКО" чї мешавад? (15,8% аксияи "Русал"-ро зери назорат гирифтааст) ба чунин аќида аст,ки "басташавии заводњо хеле гарон хоњад афтод". Ин њам дар њоле, ки садри "Русал" Олег Дерипаска изњор дошт,ки холдинги алюминї њамчунин метавонад дар муддати чор сол истењсоли алюминии Надвоиск,Урал, Волгоград ва Богословскро бо сабаби раќобатнопазирї боздорад. "Ин ањволи ногувор,-аниќ намудааст Олег Дерипаска дар як суњбати ихтисосї бо расонањои Русия-бо сабаби пастравии нархи алюминий дар бозори љањонї ба вуќуъ пайвастааст. Барќарорсозии истењсолот фаќат дар он сурат ба вуљуд меояд,ки нархи алюминий то сатњи 2400 доллар/тонна баланд шавад. Арзиши њозирааш бошад камтар аз 1900 доллар/ тоннаро ташкил медињад". Маврид ба зикр аст, ки чанде пештар Њукумати Русия љаласаи махсусеро рољеъ ба ин масоил бо иштироки муовини сарвазир Аркадий Дворкович созмон дод. Зимни он Дворкович изњор дошт, ки саноатичиён истењсол ва инкишофи алюминиумро дар ташкили Анбори давлатии алюминум мебинад, аммо ќарори нињоии њукумат дар ин масъала њанўз ќабул нашудааст. Боиси ёдоварист, ки "Русал" оиди баста шудани ќисме аз корхонањои худ дар Надвоиск, Богословск, Волхов ва Новокузнеск њанўз охири соли 2012 маълумот пахш карда буд. Он замон масъулини ширкат бо пеш-
нињоди як барномаи вижа эълон доштанд, ки маљбуранд, солона истењсоли металли парронро то 275-350 њазор тонна кам кунад. Ин таќрибан њамон миќдори алюминиум њаст, ки КВД "ТАЛКО" ба бозори љањонии филиз мебарораду таќрибан 8-10 дар сади истењсоли солонаи "Русал" мебошад. Яъне аз кор мондани "ТАЛКО" барои манфиатбардорони бозори филиз айни муддао мебуд. - Ширкат дар соли гузашта тавонист аз "Росэнергоатом" ба заводи алюминии Богословск нерўи барќро бо арзиши муътадил ба роњ монад. Ба ѓайр аз ин дар моњи август бояд масъалаи хариду фурўши ТЭС-и Богословск ва заводи "КЭС-Холдинг"-и Виктор Векселберг њаллу фасли худро ёбад. ќарори дар бораи боздошти ТЭС-и Богословск низ дар мадди назар мебошад, аммо бо нархњои њозираи алюминиум роњи дигар,ба љуз бастани заводњо вуљуд надорад, - таъкид мекунанд дар "Русал". -Њар як корхонае ки бояд баста шавад, 10-15 млн. доллар зарар мебинад. Фоидаи баъзе заводњои дар Сибир буда, комилан барои љуброн кардани фоизи ќарзњои "Русал" сарф мешавад",мегўяд тањлилгар Олег Петропавловский аз ИК БКС ва илова мекунад, ки барои фоидаовар будани корхонањои бахш ё дивизиони "Ѓарб"-и Русал низ нархи металл бояд на камтар аз 2400 доллар барои як тонна бошад. Ин аст, ки "РусАЛ" дар муњити расонаї фаъол шуда, баста шудани заво-
дњои алюминиумро њалли масъала медонад. Бастани КВД "ТАЛКО" яке аз маќсадњои нињоии сиёсатњои Ўзбакистони њамсоя низ мебошад, ки ба њар васила ба Тољикистон фишор меорад. Аз љумла, аз 1-уми январи соли љорї Тошканд интиќоли гази табииро ба Тољикистон ќатъ кард, ки истифодабарандаи асосияш "ТАЛКО" буд. Баъди соли нави масењї, корхонаи арзизи тољик бояд бе газ монда, баста мешуд, аммо ташкили истењсоли гази сунъї аз ангишти мањаллї, ки дар коргоњ ба роњ монда шуд, корхонаро, баръакси "Тољиказот" ва "Тољиксемент" наљот дод. Моње пеш парлумони Узбакистон бо изњори номаи расмї аз парлумони Тољикистон талаб кард, ки вазъи экологии атрофи "ТАЛКО"-ро шарњ дода, њарчи зудтар "ТАЛКО"-ро бубандад. Дар љавоб вакилони парлумони тољик изњор доштанд, ки вазъи экологї љавобгўи талаботи меъёрњои љањонї асту љойи нигаронї вазъи экологии ноњияњои њамсарњади Шимоли Тољикистон бо корхонањои саноатии Ўзбакистон мебошад. Алњол Тошканди расмї љавоб нагуфтааст, аммо љавоби эњтимолии Тошканд метавонад бастани роњи оњан ва чорањои дигар, мисли иттифоќ бо Олег Дерипаска бошад. Дар њамин вазъ, таќдири КВД "ТАЛКО" чї мешавад ва оё Њукумати Тољикистон барномаи мушаххаси њифзи истењсолоти алюминумро дорад ё на, интригаи рўз боќї мемонад. Рустам РАМАЗОНЇ
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
Ассалом, ай Холиќи якто! Кам шавад то сўзиши захму равад дардам, Ному исмат садќаи як лањзаи дидори ту кардам. Оњи мартуб хона монда пеши њарфи ман, Аз саёњат сели ашку нола овардам Метавон донист, ин њама аз чист? Метавон овард имон бар вуљуди њастии эњсос Метавон хандид, Метвон ранљид, Метавон шармид Метавон бо печ-печи гармии ду тан, ин садоќат ин муамморо сањењ санљид Ёсуман аз мењри поки дидаи афлок сањни њавлї хандаи нилуфарї дорад Ноз-нозу ѓамзањои дилбарї дорад… Ин њама аз иќтидори кист? Ќудрату зўру тавони кист? Ассалом, ай Холиќи якто Беназиру поку, бењамто Як садо гўё тароват дар раги љону тану самъу сарам бахшида гармї бо ово ба њам омад Чашми ваќт аз издивољи њис муштаил гардид Ламъаи хилватгањам бо маъваљи дигар саќфи хона љонибам хандид Меравам монанди шањдухтар ба бўстони таманноњо Дар даруни дидаи ќалбам битобад сурати шањзодаи зебо Пайкари иблис рафта дар як он њам-њама бо хеш бурда љониби осмон… Ин њама аз ѓофилињо аз бароят чанд карат гуфтам Гавњари розам чу љайби шатти ќалбам бо ќалам суфтам Мазњабу имону дину оинам шарќист "Дўст дорам, дўст дорам"-гуфтанам шаръист.
АНДАРЗ Љони вуљуди волидон, боре ту гўш кун, Бар гунањои њарфи дилам як назар намо. Не ранг карда лаб сухан, не сурма бар нигоњ, Аз покиву мулоимат дорам ишорањо. Дї омадї ба оламу ду дањ зи умр рафт, Аммо ту тифлакї њанўз аз барои ман. Љонам њаметапад ба танам аз барои ту, Номи накўи ту маро шањд аст дар дањан. Оре, ту меваи манї дар боѓи рўзгор, Аммо макун, ки талх шавад коми модарат. Њаргиз марез оби рухи ќиблагоњи хеш, Маъюс карда додару шарманда хоњарат. З-ин рў бигир, љони љон, панди маро ба гўш, Берун зи сар намої њавасњои њою њў. Дилхаста менабош зи љўёи кори хайр, Њар љо, ки бошї, сўњбати саъдахтарон биљў. Ќабл аз њама ситоиши зоти Худой кун, Аз каффаи забони худ магзор номи ў. Бархон намози ишќ ба домони мењанат, То ин ки бо виќор бимониву сурхрў. Сози њазор олам аст, њар тори зиндагї, Дарёб аз рањи хирад, оњанги њастият. Љањде макун, ки гоми ту берун равад зи њад Намеёбам ман асли худ зи чашмат? Ай, ойина, куљоям ман, куљоям? Магар кам мешавад доѓи гунањњо, Агар рўю нигоњи ту бишўям? Њарос амсоли морон њалќапечанд, Ба роњи омаду рафти нафасњо. Садоям мерасад то ќуллаи вањм, "Бурун н-оед, ёрон, аз ќафасњо". Нидои ман расад бар гўши ёрон, Фурў бар чоњи ѓамњо то наоянд, Чу ман ду зону болин карда шабњо, Суруди нолаи дилро сароянд. Сухан дар ин замон чун ишќ хор аст, Кї битавонад бидуни ин ду будан? Кї битвонад бифањмад рози шабњо? Жакони моњу ахтарњо шунудан. Маро дар хилвати шаб бо ту пайваст, Садои тозаву дилгарму љўшон, Ту танњо рў ба сўйи мо намудї. Нишину чењраи лутфат мапўшон. Аз ин рў ошиќам бар чашми афлок, Ки боз омад бањори рўзгорам. Зи хушбахтї бигуям бори дигар: -Туро ман дўст дорам, дўст дорам!
БО ШОИР ТУЛЎЪИ НУР Љони ман, њарфи маро ту гўш дор, Мењри худ ифшо бикун, пинњон мадор. Чун бањор ояд шукуфад настаран, Роњат афзояд ба рўњи љону тан. Хез љоно, љониби гулзор рав, Розњо аз хандаи гулњо шунав. Дида њусни дилкаши ў шод шав, Банди ёри дилбари озод шав. Њусни ўро гирд овар бо ќалам, Менаёбї мисли ў зебосанам. Ошиќи ў љумлаи халќи љањон, Мењри волояш намуда љо ба љон. Сад њазорон по ба кўяш менињанд, Лозим ояд љон ба љонаш медињанд. Сахт медоранд домонаш ба каф, Дўстони дилќарин аз њар тараф. Хонаи аљдоди худ дарёфтанд, Ёфтанд охир њар он чї кофтанд. Ганљи маънї буд дар ин хонадон, Илму ирфон буд меросу нишон. Ин њама буданд доди Кирдигор, Аз барои ќавми хушномусу ор. Миллати мо рўи истиќлол дид, Шањди пок аз боѓи армонаш чашид. Ай, хушо, дилњо шуда дасти ба даст, Моњии маќсуд уфтода ба шаст.
Раънои ЗОИРДУХТ Љумла истора шунида ин навид, Дар фалак оростандї базму ид.
Мешиносанд асли худ бо ман, Решапайванд форсбунёдон.
Оташи ишќу њавас афрўхтанд, Бањри сулњу оштї дил сўхтанд.
Дар ѓами Рухшонаи ноком, Рўњу љону пайкарам сўзад. Кист к-ў дар хонаи дилњо, Ќандили ёдаш барафрўзад.
Чодари торикии ѓамњо дарид, Муждаи хушнудии миллат расид. Субњ омад, эй рафиќ, бар мењанам, Ёфт, нерўи дигар љону танам.
Аз ѓаму озорњои дил Шаммае гуфтам ба ањли дил Номи некўям ба ёд оред Нур то борад дар ин мањфил
Хуш ба њоли мо расидем бар фурўѓ, Карда парњез аз газофу аз дурўѓ. Бояд акнун худшиносї, пеша кард, Кисмати фардои худ андеша кард. То шиносем урфу расми хешро, Љумлаи афроди хайрандешро. Љо наёбад то ба дил њирсу тамаъ, Мењрубон бояст будан бо њама! РУЉЎИ ИСТАРАВШАН Ман чароѓи рўшани мањфил, Ман нигоњи поки истора. Ман сари болои хуршедам, Мондаам њоло ба як пора. Нестам хокистарї њаргиз, Аз њавои зиллати бадбин. Остони Зардуњиштам ман, Будаам хушному некоин. Решаи њастї зи ман пурсї, Донаи нур, сабзаи гулхан. Номи ман пайванди рўшноист, Монда мерос аз ниё бар ман. Мезанад силї нигоњи ѓайр, Бо ѓараз бар гунаи таърих. З-он њама озору кулфатњо, Мезанад њар дам дили ман сих... Аз њуљуми хашми Искандар, Манѓиту аъробиву чингиз. Турктозињо ба яѓмо бурд, Њастиву фарњангу молу чиз. Мардумонам зери хоку хун, Ормонњо хаставу помол. Дуди оњам то фалак печид, Њељ кас чун ман надид ин њол. Боди бадхў гулшанамро бурд, Нури њастиро намуд хомўш. Соѓари айшу тараб бишкаст, Базми ањли дил бимонд аз љўш. Аз љароњатњои ман огоњ, Ањли Порис Суиду Олмон.
*** Мухаммас бар ѓазали Бедил Соати айшу нишоти бераќам дорем мо, Аз дарозињои дасти фањш алам дорем мо. Бањри акси доѓу дарди дил ќалам дорем мо, Номи худро то ба расвої алам дорем мо. Аз маломат кай ба дил як зарра ѓам дорем мо. Не тафовут гавњареро аз хазаф, не ќимате, Шуд фано кошонаи њусн аз тагарги тўњмате. Мекашад гўши тањаммул бори ранљу зањмате, Аз ќаноат буд моро дастгоњи њиммате. Чун њумо дар зилли боли худ карам дорем мо. Роѓиби вуслат зи ранљи ошиќї гардад аён, Дидаи оина аз сози нафас ёбад зиён. Васфи эњсоси хаёли мост мушкил дар баён, Бар умеди он, ки ёбем аз дањони он нишон. Рўи худро љониби мулки адам дорем мо. Ањли фањму фазлу завќу оќилу фарзонаем, Дар канори хирмани маънї гадои донаем. Љуръанўши ѓайрфарњангу зи худ бегонаем, Дар њарам гањ шайху гоње роњиби бутхонаем. Њар куљо бошем, Бедил, як санам дорем мо.
Кўчаи омадани мову ту куллан, ки људост, З-ин сабаб ваъда ба фардо бигузорем, равост. Мекунам ёди туву меравам аз хеш бурун, Доду фарёди нафас то ба кайам обилапост? Ку њамон дасти нигоње, ки расад нури вафо, То бубинам, ки туро хонаву дарвоза куљост. Мерасад дасти таманно ба лаби домани васл, На, хамўш, эй њаваси бењуда, по банди њаёст. Нафаси њарфи дилам рўшану пок асту нафис, Њон, макун шўъла хамўш, љони ман ин кори хатост! Бо њавас менигарам бар нигањи поки само, Сурати ишќ бубинам, ки ба њар ранг намост. Гўй, Раъно, талабат чист, ки онаш бикунем, Дили бечора факат хост туро, хост, ки хост.
ТАХТАИ СИЁЊ
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
13
"ЌАСИДАИ "ЗАКАЗНОЙ" Бозори ќаллобї дар Душанбе чї тавр ављ гирифтааст?
- Хуб, духтарам, њаќќи кори ман 100 сомонї мешавад. Барои худат. Барои дигарон 50 доллар аст. Бовар накунї, ана, рафта, аз дигар клиентњо пурс. - Чї? Ман бо худ ин ќадар маблаѓ наовардаам. Аз роњи дур омадам ба назди шумо. Аз њафтанома эълонро хонда, сурататонро дида, гумон кардам, ки хеле одами хайрпешаед. Ман њамагї 10 сомонї медињам. Агар ки фоида карду каме њолати духтари маъюби ман бењ гардид, ман наздатон омада, 100 доллар медињам. - Ман ба ту гадо нестам. Барор њаќќи кори Имрўзњо баробари зиёд шудани њофизони кўчагї сафи фолбинњову табибони ќалбакї хеле зиёд шудааст. Мардуми камбизоати содаро бо ин усул фиреб карда, пул мерўёнанд. Боз шарм надошта, дар њафтаномањои даврї њам эълонњои бодабдаба нашр мекунанд. Бо се љабрдида њамсуњбат гардидам, ки аз назди ин гуна табибони навбаромад рафтанашон сахт пушаймонанд ва алами зиёд дар дил доранд. Зулайхо зодаи шањри Хуљанд мебошад. Аз њамон роњи дур ба љустуљўйи табиби ќасидахон Бобои Њаким омадааст. Ў духтарчаи сесолае дорад, ки модарзод маъюб аст. Аммо умедашро аз Худо наканда, ба назди табибони зиёде бурдааст. Вале њангоми дар њафтаномаи "Реклама" дидани эълони Бобои Њаким боз бо дили умедвор духтарчаашро гирифта, ба шањри Душанбе меояд. Нишониро ба зудї наёфта, дар ин њавои гарм то нисфирузї сарсону саргардон мегардад. Оќибат суроѓаи табибро ёфта, ба хонаи ў меояд. Дар роњрави њавлиаш корафтодагони зиёде меистоданд. Зулайхо одамони зиёдро дида, дар дил гумон мекунад, ки ин мард табиби њаќиќист. Баъди як соат навбати ў мерасад. Матлабашро изњор кард, ки духтарчаи маъюбашро барои ќасидахонї овардааст. Бобои Њаким аввал сигорашро дуд кард, сипас гуфт: - Парво накун, хоњар, ман барои духтарчаи ту ќасидаи "заказной" мехонам.
«
Њоло бархе аз нањзатињо шояд бар ин бовар буда бошанд, ки бо ширкати худ метавонанд дар ин сабќат як бори дигар касби машруиятро дар дохил ва хориљ касб кунанд ва ин васила ва њатто як имтиёз бишавад барои аз раъй баргардонидани њукумат аз бастани ЊНИТ. Аммо на. Ин тавр намешавад. Равиши њаракатњои њукумат ва ба вижа фазое, ки ўро ињота кардааст: Кумитаи дин, Маркази исломї ва боз як, ду нињоди дигар тавре аст, ки наќшаашон бояд дар ин давраи муносиб ба самар бирасад.
«
Ва шуруъ кард ба ќасидахонї. Зулайхо ќариб яку ним соат дар оѓўшаш духтарчаашро дошта, ба ќасидахонии ў гўш кард. Ќасидахонии ин табиби, ба ќавле, номдор ба шеърхонии ќориазёди мактаббачањо шабоњат дошт. Баъди ба итмом расонидани ќасида табиби ќалбакї ба Зулайхо нигариста, гуфт: - Ана, ман корамро ба анљом расонидам. Аммо ин њангом духтарча он ќадар доду фарёд бардошт, ки Зулайхо дар њарос фитод, ки духтарчааш табъ накарда бошад. - Хавотир нашав, ин љинњои духтарчаат мебошанд, ки ўро ба доду гиря мерасонанд. Ин хел њолат баъди ќасидахонї рух медињад. Зулайхо агарчанде дар дил ба ин суханони ў шубња пайдо карда бошад њам, каме ором шуду ба табиб саволомез нигоњ кард.
мана. Ман дар ваќташ дар прокуратура кор кардагї, боз ба суд дода, шармандаат накунам. Акнун Зулайхо аниќ дарк кард, ки ин одам яке аз табибони навбаромади риёкор аст. Бо ѓазаб дод зад: - Шарм намедоред, амак. Ман духтари маъюб дорам. Ин ќадар маблаѓро аз куљо меёбам? - Ман њам аз куљо ин ќадар пул меёбам, ки њар моњ ба њафтаномањо эълон дода, 700 донаи онро бо нархи 500 сомонї харидорї намоям? Байни онњо барои пул ќариб ним соат љангу муноќиша рафту сипас Зулайхо ноилољ 30 сомонї дода, аз ин њавлї норозї баромада рафт. Љабрдидаи дигар Шараф Каримї, зодаи дењаи Бакарони ноњияи Вањдат мебошад, ки аз дасти ин гуна табиби навбаромад ќариб ки ба њалокат расад.
Шарафу њамсараш тўли 10 соли зиндагии оилавї соњиби фарзанд нашуда буданд. Аз њафтаномае нишонии табиберо гирифта, ба Душанбе меоянд. Ин табиб дар мањаллаи атрофи бозори Шоњмансур нишаста, њар гуна гиёњњои давої мефурўхтааст. Њамзамон, гўё беморонро дам њам меандохтааст. Шарафро хеле хуш пазируфту гуфт, ки бо њамсараш якљоя равѓани хирс истеъмол намоянд. Баъд ба оби барги бед чой дам карда, дам хонду ба онњо дод ва гуфт, ки ба наздикї соњиби фарзанд мешаванд. Њаќќи корашро 100 доллар гуфт. Шараф ба хотири фарзанддор шудан 100 доллар доду ба хона омада, муддати 10 рўз равѓани хирсро субњгоњону нисфишабї истеъмол карданд. Аммо рўзи савум якбора саломатии њамсараш бад шуду табаш баланд шуд. Мошини ёрии таъљилиро љеѓ заданд. Дар беморхона зуд меъдаи ўро тоза карда, ба табобат пардохтанд. Ќариб 1000 доллари Шараф барои табобати њамсараш сарф гардид. Сабаби якбора бад шудани њолати њамсараш равѓани хирс будааст. Чун њамсараш ба касалии занона гирифтор будааст, ин равѓан якбора саломатиашро вайрон кардааст. Љабрдидаи савуми мо - Таманно, як зани дењотиест аз ноњияи Маскави вилояти Хатлон. Баъди фањмидани он, ки шавњараш дар Русия зани рус гирифтааст, ў хобу хаёлашро гум карда, аз кадом дугонааш мефањмад, ки дар пойтахт зани љодугаре будааст, ки гармиву хунукї мекардааст ва номаш Назокат. Ба назди фолбинзани маккора омада, барои баргардонидани шавњараш аз Русия кўмак мепурсад. Назокат ба ў мегўяд, ки барояш панљ метр атлас, гунљишк, пашми уштур, саргини саги сиёњ, либоси шавњарашро биёрад. Таманно гуфтањои фолбинро оварда, мегўяд, ки гунљишки ќапидаашро шабона хусураш дида, сар додааст. Њамин тавр, баъди ду рўз шавњари Таманно аз Русия занг зада, телефонї талоќи њамсарашро медињад… Шањлои НАЉМИДДИН
®
"Истиќболи самимї" аз "МегаФон"
8 августи соли 2013. Бо ёрии интернети мобилї аз ширкати "МегаФон" модар ва фарзанде, ки тўли ду сол њамдигарро надида буданд, тавонистанд тариќи алоќаи видеої сўњбат кунанд. Дар яке аз идњои бузургтарин - Ид-алФитр - Ширкати "МегаФон" дар Тољикистон лоињаи "Истиќболи самимї"-ро љорї намуд, ки дар доираи он оилањо метавонанд тариќи алоќаи видеої бо хешовандони дар Россия ќарордоштаи худ муошират намоянд. Занги видеої бо ёрии 3G-модем аз "МегаФон" анљом дода мешавад. Барои ин пайваст кардани гаљет ба компютер ё ноутбук ва ба кор андохтани яке аз барномањо барои алоќаи видеої кифоя аст. Аввалин шуда дар Тољикистон оилањо аз ноњияи Исфараи вилояти Суѓд тавонистанд зангњои видеоиро ба наздикони худ,
ки дар Россия кору фаъолият менамоянд, анљом бидињанд. "Писари ман, ки аллакай тўли ду сол надида будамаш, дар Хабаровск кор мекунад. Баъзан мо ба њамдигар занг зада тариќи телефон дар тамос мешавем, вале ба њар сурат ин сўњбатњо сўњбати "рў ба рў"-ро иваз карда наметавонанд. Аљаб фарањбахш аст, ки ман аз њоли Амриллои азизи худ хабардор шуда, бифањмидам, ки ў сињат ва саломат аст", - мегўяд Гулнора Њасанова. Дар Россия бошад, намояндагони маъмурияти минтаќаи Хабаровск, намояндагии Тољикистон дар минтаќаи мазкур, инчунин кормандони Хадамоти федеролии муњољират бо наздикони дар вилояти Суѓд будаи худ тариќи алоќаи видеої тамос гирифтанд. "Имрўз мо барои њамаи шањрвандони Тољикистон, ки дар Хабаровск умр ба сар мебаранд, љашн баргузор менамоем. Дар ин рўзи ботантана аз дидани наздикон ва дўстонамон, ки дар ватан боќї мондаанд, хеле хушамон омад. Гарчанде моро њазорњо километрњо аз њам људо менамоянд, мо метавонем њамдигарро бубинем, табрик намоем, суханњои нарм гўем ва тамоми хушињоро ба якдигар таманно намоем. Ба ман билохира имкон даст дод, ки бо модари азизи худ тамос бигирам, - ин барои ман аз ширкати "МегаФон" тўњфаи бењтарин аст!", - мегўяд намояндаи намояндагии Тољикистон дар минтаќаи Хабаровск Амрилло Шарипов.
Дар љараёни "Истиќболи самимї" аз "МегаФон" дањ оила тавонист, ки бо наздикони худ тариќи видеої сўњбат намояд. "Мутобиќи маълумоти Хадамоти федеролии муњољират айни замон дар Россия беш аз як миллион шањрвандони Тољикистон кору фаъолият доранд. Ва мањз ин далел баёнгари ањамияти бузурги лоињаи "Истиќболи самимї" ба њисоб меравад. Зеро он ба оилањо имкон медињад, ки бо кўмаки 3G-модеми оддї ва интернети мобилї бо он наздиконе, ки дар ФР ќарор гирифтаанд, дар робита бошанду њамдигарро бубинанд. Занги видеої - ин танњо яке аз имконотест, ки муштариёни интернетии мо
ба даст меоранд. Бо пайвасткунии опсияи арзонтарин онњо имкон доранд, ки бо наздикони худ тариќи почтаи электронї ва шабакањои иљтимої дар тамос шуда, инчунин хабарњоро мутолиа намоянд. Њамин тариќ, технологияњои муосири мобилї мардумро мутањњид менамоянд", - мегўяд роњбари раёсати минтаќавии ширкати "МегаФон Тољикистон" дар вилояти Суѓд Фирдавс Зеваров. Ширкат лоињаи "Истиќболи самимї"-ро дар навоњии Тољикистон давом хоњад дод. Дар назар аст, ки боз дањњо сокинони Љумњурї аз алоќаи видеоии ройгон истифода бурда тавонанд.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
Як зане, ки бемор буд, бо писари 5-6 солааш вориди њуљраи духтур шуд. Дар девор як расми калонњаљми Каъба овезон аст. Писарак ба расм нигариста, суол дод: - Ин хонаи кист? Модар дар љавоб гуфт: - Хонаи Худост. Писарак чанд лањзаи андешаманд шуд ва боз аз модар пурсид: - Худо њам дар Русия аст? - Не, бачам… Ин њодиса маро ба фикр бурд. Муњочирати мењнатї. Кўдаки 6-сола андеша дорад, ки њама ба Русия рафтаанд ва мераванду меоянд. Њаёт он љост. Њатто кўдак дар масъалаи муњољират бетараф нест. Њарфи њамаи мањфилњо дар Тољикистон муњољират аст. Беш аз 40 дарсади Маљмаи мањсулоти дохилии Тољикистонро муњољирини мењнатї таъмин мекунанд. Шояд бештар бошад, аммо яќин њоло аксари оилањои кишварро муњољир мехўронад. Ин њама дову даска ва каттагиву манманињо дар сатњњои болову поён аз муњољират аст. Аммо… Ин њама ба кадом ќимат ба даст омад? Њиљрат, дурї, фироќ, дард, ѓурбату андўњ. Оилае нест, ки як аъзо, марде аз он дар Русия набошад. Як нафар кист? Мард аст, марди хона. Марде, ки бояд дар назди фарзандон ва дар тарбияи онњо бошад. Њама сари дастурхон љамъ мешавад ва… падар нест. Дар куљост? Дар муњољират. Хўроке, ки модар, ё њамсар омода кардааст, наметавонад ноне бањузур бихўрад… Дар замони хилофаташ њазрати Умар ибни Хаттоб шабњо дар кўчањо гаштугузор мекард, то аз њаёти мардумаш наздиктар ошно шавад. Як шаб аз назди хонае гузашт, ки зан њангоми алла гуфтан барои фироќу њиљрату дурии шавњар бо овози баланд суханњо мегуфту шеър мехонд. Баъди тањќиќи ин њолат мушаххас шуд, ки шавњари ин зан дар љанг будааст ва моњњо назди занаш наомадааст. Њазрати Умар амр кард, ки њар мард баъди 4 моњи љанг ба назди њамсараш баргардад… Ваќте падар нест, зан тарбияткунандаи фарзанд аст. Наврас сари дастурхон занро дид, боѓчаву мактаб рафт, занро дид, бозору маѓоза рафт, занро дид, яъне дар њама љо зан, пас ў аз кї битарсад? Сиёсати зан дар таълиму тарбияи фарзанд баробар ба сиёсати мард буда наметавонад. Зан - модар синаи рањму шафќат аст. Метавонад ба ин самимияту на-
ДОВТАЛАБ - 2013
ХУДО ЊАМ ДАР РУСИЯ АСТ? Андешањо дар бораи муњољират. Маротибаи чандум! зокат, латофату муњаббат фарзандашро зери фишору сиёсату сарзаниш ќарор бидињад? Тарбиятгари асосї, яъне модар - зан, роњбари синф - зан, муаллима - зан, директор зан, танњо дарбони мактаб - мард. Њамон њам як мўйсафеди кар. Кўдак аз мактаб баромад, дид дар кўча - зан, дар бозор - зан, дар маѓоза - зан. Агар ба зан љомаи пилтанї пўшонда, Рустам Дастонаш кунї, мард шуда наметавонад! Бино ба омор, анќариб 80 дарсади ноболиѓоне, ки ба корњои номатлуб даст задаанд, шабона дастгир шудаанду воилайни онњо дар муњољиратанд! Оила њамон ваќт оила аст, ки аъзои он сарљамъ бошанд. Ваќте марди хона нест, таъсири он на танњо ба фарзанд њатто ба зану падару модару атрофиён њам мерасад. Дар баробари аз тарбия дур мондани фарзанд, њарчанд, ки муассисањои томактабиву таълимї гунањкоранд, оила њам айбдор дониста мешавад, зеро аз рўи соатбандии шабонарўзї бештари даќиќањо хонанда дар муњити оилавї ќарор дорад. Агар воилайн дар як шабонарўз бар иловаи мактаб як соат ба тарбияи фарзандон машѓул шаванд, таълиму тарбия маќоми худро соњиб мешавад. Њукумати Тољикистон ба хулосае омад, ки ќонун дар бораи "Масъулияти падару мо-
дар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро ќабул кунад. Чаро масъулият ба дўши мактаб, ё љомеа вогузор нашуд? Чунки кўдак бештар дар муњити волидайн аст ва аз ин рўз ќонуни мазкур мањз ба номи падару модар муњр зада шуд, то онњо дарк кунанд, ки барои ба таълиму тарбия фаро нагирифтани фарзандон волидайн гунањкоранд. Оила, ки њамчун ячейкаи аввалияи давлат ба шумор меравад, бояд дар худ сиёсатмадор -падар дошта бошад. Бо амри таќдир мешаванд оилањое, ки аз падар мањруманд, лекин он љо бобо, амак, ё таѓое њаст, ки њатман бори тарбияи кўдакро бар зимма мегиранд. Аммо њамин, ки давраи наврасї синни 12 боло расид занљираи оила, мактаб, масљид канда мешавад ва љавон зери таъсири муњит ќарор мегирад. Дар оилае, ки падар барљост, ў боло аз муњит меистад ва оилаи бепадар имкони аз даст додани фарзандашро ба муњит дорад. Насли имрўз њама хушбахтиро ба Русия нисбат медињанд. Њатто фикр мекунад, ки Худо њам дар Русия аст. Хоњ - нохоњ дар љавонон як дараља њисси ѓуломї њам бедор мешавад. Миллат имрўз бе ѓурур ташаккул меёбад, муттаассифона, мактаби миёна, миё-
наи махсус ва олї ба љойи тарбияи ѓурури миллї њисси ѓуломиро зиёдтар дар насли нав ташаккул медињанд. Љоруб задани мактаббача аллакай тањќир аст! Ин тарбияи мењнат нест, ин омода кардани миллат барои роњрубї дар Русия аст, шикасти миллат аст, шикасти ѓурури миллат аст. Шанбегињои бемаъние, ки аз синфи 1 то 11 бо љорубу белу каланд мебароянду бо тањдиди роњбари синф дили нохоњам љоеро љоруб мезананд, ё пораи заминеро мегардонанд, тарбияи мењнатї нест, ин тањќири шахсият аст, ки бачаи бе падар, бе ѓурур, тарсу наметавонад ба тањдиди омўзгор љавоб гуяд, ки МАН барои саводомўзї омадаам, на љойрўбї. Умуман ин масъала бояд парламенти кишварро нороњат намояд, равоншиносону масъулини Вазорати маорифро, ки шахсияти бачаро ташаккул медињанд. Љомеаи шањрвандиро бояд ба ташвиш биёрад ва дар якљоягї чораи сариваќтї андешем то фарзандони ин мењану миллат дар воќеъ љасуру далеру ватандору ѓаюр тарбия ёбанд. Аммо ваќте падар ѓуломи мењнати сангин аст, писар чї гуна метавонад саддшикан бошад? Умедљони САЪДУЛЛО
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ? - И НОБОБ ОЁ ФАЙЗОБОД ДАР ИЉРОИШИ ТАСМИМИ ХУД ТАЪХИР НАМЕКУНАД? - Дар аксари мактабњои ноњияи Файзобод бо тавсияи шуъбаи маорифи ноњия, омўзгорони мактаб бо даъват намудани падару модарони хонандагон хоњиш доранд, ки барои фарзандонашон сару либоси ягонаи мактабиро бо нархи нисбатан арзонтар, ки Вазорати маорифи Тољикистон ба корхонањои дўзандагии ватанї супориш додааст, харидорї намоянд. Хуб, мо ба ин тасмим зид нестем. Аммо мушкил ин љост, ки соли гузашта низ дар арафаи омад - омади соли хониши нав омўзгорон аз волидони хонандагон чунин даъват ба амал оварда буданд, вале то се - чор рўз мондани рўзи тањсил аз уњдаи ин навгониашон баромада натавонистанд. Њамагон хуб медонанд, ки бо ин инсофе, ки савдогарони мо доранд, то се - чор рўз мондани тањсил онњо сару либоси мактабиро бо нархи гарон ба савдо мемонанд. Соли гузашта мо ин фиреби омўзгоронро хўрда, дар натиља бо нархи ду баробар ва њатто cе баробар сару либоси мактабї харидорї намудем. Нигаронии мо дар он аст, ки оё Вазорати маориф ё шуъбаи маорифи ноњия имсол њам дар иљроиши ин тасмими худ таъхир намекунанд то мо сару калобамонро гум накарда барваќтар аз бозорњои шањри Душанбе барои фарзандонамон сару либоси мактабї харем? Некрўз ЊОЉИЕВ, сокини ноњияи Файзобод - Дар љавоб ба саволи сокини ноњияи Файзобод Некрўз Њољиев иттилоъ медињем, ки дар њаќиќат имрўз як ќатор корхонањои дўзандагии ватанї сару либоси мактабї истењсол мекунанд. Чанде пеш аз љониби корхонањои "Ёќут-2000" ва "Нассољии тољик" намоиши сару либоси мактабї баргузор гардида буд, ки дар он нархи мањсулоти ин корхонањо нисбат ба бозорњо арзонтар аст. Дар масъалаи харидорї намудани сару либоси мактабї бошад, падару модари хонандагон соњибихтиёр мебошанд ва метавонанд мустаќилона сару либоси мактабиро харидорї намоянд. Агар шуъбаи маорифи ноњияатон чунин иќдом гирифта бошаду шумо ба иљрои сариваќтии навгонї аз љониби омўзгорону масъулини шуъба эътимод надошта бошед, метавонед аз бозор ё нуќтаи савдои дигар барои фарзанди худ сару либос харидорї намоед. Вазорати маориф љонибдори ба таври иљборї аз ягон соњибкор ё ширкати махсус харидорї намудани сару либоси мактабї нест. Чунин дастур њам ба ягон шуъбаи маориф ё муассисаи таълимї дода нашудааст. Вазорати маориф танњо тасмим ба он гирифтааст, ки дар муассисањои таълимї тибќи талаботи муайяншуда сару либоси таълимї риоя гардад. Ба саволи Шумо сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи Тољикистон Мањмудхон ШОЕВ посух дод.
НАХОД?
“Нигоњ”, ЧорШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
15
АКСИ ГЎЁ
РАНЉУРЇ АЗ НОС - Дар шањри Маскав як тољикро дидам, ки фаќат барои носкашиаш маъюби дараљаи 1 гашт. Дар майдони Театралная, дар пайроњае пиёдагардони зиёд дар равуо буданд. Ногоњ "чемпиони бокс" як марди Рустампайкар бо афту андоми Николай Валуев як роњгузареро дошта, чунон мезад, ки на милиса, на "ОМОН", на "СОБР", на "ФСБ" љуръат намекарданд, ки роњгузари бечораро аз чанги ў халос кунанд. Гўё, ки мўрчае ба дасти шери жаён афтода бошад. Сари бечораро ба асфалт зада ќариб пачаќ кард. Аз доду фарёди имдодталабонаи ин тољики сарсахт (одам дар мушкилтарин њолатњои њаёташ бо забони модарї модари худро ба имдод фарёд мекунад),баъзе пиразанони борањму шафќати рус гиряву зорї мекарданд, ки љавони бечораро "чемпион" тезтар рањо созад. Вале њайњот! "Чемпион" гўё садои њељ касро намешунид. Ваќте ки хуб дилашро холї карду њарифашро ба латтаи тайёр мубаддал сохт,ба яке аз роњгузарон хитоб намуд: - Акнун ёрии таъљилиро даъват кунед, ўро тез аз назарам гум кунед! Инро гуфту бо њамсари худаш бо виќор ва бо тамкин ќадам зада рафт. Ба суоли "чї шуд?" ва њисси кунљкобии чанд тан аз роњгузарон як пиразан, ки шоњиди воќеа шуда будааст, гуфт: - Ин мардак ("чемпион") бо њамсараш дар роњ равон буд, ки он роњгузар "насвай" (нос) туф кард. Нос ба пироњани њамсараш расиду доду вой баровард ва боќимонда ањволро худатон дидед... Пиразан ашки худро нигоњ дошта наметавонист ва тољики дар хоку хун олударо њамон замон мошини ёрии таъљилї гирифта бурд. Боварии комил дорам, ки он љавон баъди табобат гирифтан дар беморхона дигар њаргиз нос намекашад ва агар кашад њам нахуст андешаи онро мекунад, ки дар куљо туф кунад. Баъди ин њодиса фањмидам, ки як тољикписар махсус барои НОС маъюби дараљаи 1 гашт ва ин њам бошад дар пойтахти Русия - шањри Маскав. Исфандиёр РУСТАМОВ, сокини ноњияи Айнї
ЧАРО? ЧАРО НОЗИРИ БДА БА РОНАНДА ХУДРО МУАРРИФЇ НАМЕКУНАД? - Оё њангоми манъ намудани нозири БДА аз мошин фаромадани шањрванд зарур аст? Чаро нозири БДА аксар ваќт худро ба ронанда муарифї намекунад? Њуљљати ронандагиро ба дасти нозир додан њатмист ё ин ки нишон додан кофист? Ваќте ки нозири БДА њуљљатњои худро нишон намедињад, мо дар рафти ягон ќонунвайронкунии ў чї хел ному насабашро бояд маълум кунем? Охир ному насаби нозири БДА дар "значок" нест - ку? Фаромурз ЃАФУРОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Мутобиќи талаботи "Дастуруламал оиди хадамоти роњбонии Бозрасии давлатии автомобили ВКД ЉТ", ки бо фармони ВКД ЉТ тасдиќ гардидааст, бозрас њангоми боздоштани воситаи наќлиёт вазифадор аст, ки зуд ба назди ронанда равад, саломи низомї дода, худро шиносонад ва њангоми шиносої аниќ ва кўтоњ вазифа, унвон ва насаби худро номбар кунад ва минбаъд вобаста аз сабаби боздошт, њолат ва рафтори ронанда амал кунад. Барои њамсуњбат шудан бо ронанда зарурат нест, ки барои аз дохили воситаи наќлиёт ба берун баромадан ўро таклиф намояд. Њангоми сар задани мољаро, даъвоњо ё аз рўи талаби иштирокчиёни њаракат, бозраси хадамоти роњбонї шањодатномаи хизматиро пешнињод мекунад, њуќуќ ва тартиби эътирози њаракатњои худро ба онњо шарњ медињад. Агар корманди БДА талаботњои болозикрро иљро накунад, чунин њолатњо њамчун вайронкунии интизоми хизматї њисоб мешавад ва шахси гунањкор ба љавобгарии интизомї кашида мешавад. Тибќи талаботи банди 2.1 Ќоидањои њаракат дар роњ "Уњдадорињои умумии ронандагон" ронандаи воситаи наќлиёти механикї уњдадор аст, ки бо талаботи кормандони милитсия, њамчунин дружиникњо ва кормандони ѓайриштатии милитсия шањодатномаи ронандагї дар бораи њуќуќи идораи воситаи наќлиёт ва талони ќайди ќоидавайронкунї барои тафтиш пешнињод намояд: Бинобар он Шумо вазифадор њастед, ки шањодатномаи ронандагиро бо корманди БДА барои санљиш ё ин ки тартиб додани протоколи маъмурї пешнињод намоед. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон љавоб доданд.
ЛАТИФА - Ало, ало инљо милисахона? Милиса: - Бале, гап занед чї шуд? - Тезтар биёед, ки ба хона гурба даромадаст. - Ту барои ба хона даромадани гурба ба милиса занг мезанї? Дигар кор надорї? - Бале, тезтар биоед! - Ту кистї? - Ман тутї. *** Як марде дар роњ бо мототсикл равон аст. Нохост гунљишкеро зер мекунад. Мард аз мототсикл мефарояду мебинад, ки дили гунљишк кор мекунад. Мард гунљишкро бо худ гирифта, ба хонааш мебараду дар ќафасе мањкам мекунад ва худаш бо коре ба берун мебарояд. Пас аз чанде гунљишк хушёр шуда мебинад, ки дар ќафас мањкам аст ва нидо дардода мегўяд: мототсикилчї, мурдай мана "турма" карданд. *** Командир: -Ту сарбоз чаро ба ошхона бо силоњ медарої? - Рафиќ капитан, намехоњам, ки имрўз њам аз карамшўрбо мањрум шавам! *** - Духтурљон, њамин гап рост аст, ки саломатиро ба ягон маблаѓ харида намешавад? - Ин сафсатаро ба ту кї гуфт? *** Духтур: - Чанд сола њастед? - Ба наздикї ба чил медароям. Духтур: - Намедароед.
? - И НОБОБ ОЁ БА ПАХШИ РАЌАМЇ ГУЗАШТАН ЗАРУРИЯТ ДОРАД? - Бо бањонаи гузаштан ба пахши раќамї мо дигар тариќи мављгирњои параболї имкони тамошои шабакањои телевизионии Тољикистонро надорем. Акнун моро зарурат пеш меояд, ки барои тамошои шабакањои ватанї таљњизоти нав харидорї кунем. Саволе ба миён меод, ки телевизиони раќамї чист ва он аз телевизиорњои ќаблї чї фарќияте дорад? Оё дар њамин замона ба пахши раќамї ољилан гузаштан зарурият дорад? Тољикистон дар кадом асос ба пахши раќамї мегузарад? Комрон БАЊРОМОВ, сокини шањри Душанбе - Телевизиони раќамї ин технологияи муосири пахши барномањои телевизионї мебошад. Телевизионе, ки айни њол мо онро тамошо мекунем, анологї номида мешавад. Камбудии ин телевизиор он аст, ки њангоми интиќол сифати мављи телевизионї метавонад таѓйир ёбад. Сабаби асосї он аст, ки дар пахши аналогї халалрасонињои гуногун таъсиргузор њастанд. Сигнали раќамї аз чунин халалрасонињо эмин аст ва дар телевизиори мо навор бо сифати олї пайдо мешавад. Телевизиони раќамї имкон медињад, ки сарфи назар аз љойгиршавии љуѓрофии бинандагон - хоњ шањр аст, хоњ гўшаи дурдасти кишвар намоишњои телевизионї бо сифати баланд ба муштариён расонида шаванд. Зимни гузариш ба пахши раќамї ањолї имкон пайдо мекунад, ки дањњо шабакањои телевизиониро вобаста ба завќу салиќаи худ тамошо кунад. Ба љои як шабакаи аналогии ќаблї дар њамон як басомад якчанд шабакаи раќамиро тамошо кардан имкон дорад. Ин маънои онро дорад, ки теъдоди шабакањои телевизионии гуногун афзоиш меёбанд. Инчунин гузариш ба пахши раќамї дар оянда имкон фароњам меорад, ки барномањоро бо сифати олии HD низ дар хона тамошо кунем. Вобаста ба намуди мављќабулкунандаи раќамї ва телевизиор барои бинандагон имконоти фарохе фароњам оварда мешавад, аз љумла, овоздињии мустаќим перомони масоиле, ки дар барномањои телевизионї бањс мешаванд (телетекст), сабти барномањо, мањдудсозии тамошои барномањои телевизион барои кўдакон ва дигар имконот. Технологияњо дар шароити кунунї бо суръати кайњонї рушд мекунанд ва нав љои кўњнаро ишѓол мекунад. Масалан имрўз дигнар касе видеомагнитафонро истифода намекунад, њарчанд, ки чанде ќабл онњо дастоварди назарраси техникї њисоб мешуданд. Вобаста ба телевизиорњо низ чунин таѓйиротњои босуръатро эњсос мекунем. Бар ивази телевизиорњои анологї телевизорњои нав - телевизиорњои раќамї ба майдон меоянд. Чун дар тамоми дунё гузариш ба пахши раќамї сурат мегирад, Тољикистон низ чун љузъи љомеаи башарї аз ин дар канор нест. Њамзамон гузариш ба пахши раќамї барои озод гардидани радиобасамадњо барои хизматрасонии нав аз љумла барои дастрасии ањолї дар гўшањои дурдасти кишвар ба интернет шароити мусоид фароњам меорад. Тибќи Созишномаи Женева - 2006 Љумњурии Тољикистон бояд то 17 июни соли 2015 пурра ба пахши раќамї гузарад. Бо пайдо намудани
БА ЉОИ 09 - Оид ба гузариш ба пахши раќамї маълумоти иловагї гирифтан мехоњед, аммо намедонед ба кї мурољиат кунед? Пас, ба шуморањои телефонии поён диќќат дињед! Хонандагони гиромї! Оид ба гузариш ба пахши раќамї тавассути шумораи телефонњои 251 00 99 аз масъулони ЉСК "ТЕЛЕРАДИОКОМ", бо шумораи 238 58 29 ва 91 932 34 02 аз роњбарияти Ассотсиатсияи истењсолкунандагон ва пањнкунандагони маводи радиотелевизионии Тољикистон метавонед маълумоти пурра ва мушаххас пайдо кунед.
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (350) 21. 08. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ЃАЛТАК ДАР АНДЕШАИ МАКТАБУ МИРЗОДИККАК ДАР ФИКРИ КАФАН Ѓалтак хеле маъюс буд. Маош ва пули љорўбњои фурўхтааш барои хариди сару либосиякписари мактабхонаш намерасид. Сеи дигарашро чї кунад? Ў ѓарќи њамин андеша аз бозори "Шоњмансур" берун шуда, ба мардикорбозор рафт. Мехост то оѓози соли нави хониш мардикорї карда, ќадре њам бошад пул дарёфт кунад. Мардикорони интизори корфармо бо пайдо шудани корфармое ба ў мисли селаи замбур мечаспиданд. Онњо кори 20 сомонаро 100 сомонї нарх карда, сипас ќайчї мезадану ќайчї... Марде Ѓалтакро барои кор кардан дар масљид розї кунонд . Ў аз дунболи корфармои навашќадам зада љониби истгоњ мерафт, ки дўсташ Мирзодиккаки њукуматиро дид. Баъди салому алейк Ѓалтак хост аз пайи корфармо равад, вале Мирзодиккак ба љону њолаш намонда, ўро ба Агентии давлатии њифзи иљтимои, шуѓли ањолї ва муњољирати назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бурд ва хост исбот кунад, ки Тољикистон давлати иљтимої буда, фарзандони Ѓалтак ва дигар мардуми камбизоат бо сари баланду ишками сер имкони дар мактабњо тањсил карданро доранд. Љўрањо ба якчанд утоќхои кории Агентї сар халонданду дарди камбизоатї гуфтанд, вале натиљае њосил нашуд. Масъулин ба таъкид мегуфтанд, ки омўзгор Ѓалтак шахси доро ва масъулиятшинос буда, мебояд дигаронро дастгирии молиявї намояду ба интихобот омодагї бигирад, то "тафриќаандозон" суботу оромии љомеаро халалдор накунанду Љаноби Олї барои бори њафтум президент шавад. Якеааш мисол овард, ки зиндагии омўзгорони мактабњои шањри Душанбе аз зиндагии кормандони БДА фарќе надорад. Ин ваљњ ба Мирзодиккак сахт маъќул шуду бо берун шудан аз бинои Агентї сар кард: Мирзодиккак: - Рости гапро гуфт њамин марди Худо. Зиндагии њамсоям, ки дар мактаби туркї дарс мегўяд, аз нозири БДА њам зўр аст.. Ѓалтак: - Ба далели ун марду худат ризо нашуда намешавад. Муаллими ањди шумо аз нозирони БДА-атон ягон фарќ надоранд: чунон дар фасоду беномусї ва хиёнат ба мардум ѓутиаанд, ки бас гуфтан гир! Мирзодиккак: - Њой љўра,њукумати љонољони мо њамаи омўзгоронро дар ќатори камбизоатон њисоб намояд дар радифи давлатњои пасмондатарини дунё ќарор мегирад. Аз ин лињоз таљрибаи омўзгорони шањриро дар дењот љорї карданатон даркор - ња! Ѓалтак: - Дар мактабњои шањрњо муаллимон аз хонандањо пули латта, бўр, парда, печка, фарош, телефон ва ѓайраву вањоказо мегиранд. Агар муаллими боинсоф дар дења овардани ин гуна маблаѓњоро аз хонандагон талаб кунад, касе дари мактабро намекушояд. Мо девонаем, ки бо чор тангаи маорифу љорўбфурўши рўзамонро пеш бурда, дарс дода истодаем. Мирзодиккак: - Шумо Ѓалтакбой аз њукумати љонољонамон ношукрї накунед. Дар интихоботи президентї, албатта, ба номзади аз њизби мо пешбаришуда овоз дињед. Мана дар њамин бозори Шоњмансур рўзњои якшанбе ту љорўб мефурўшию се чор муаллими як кам 63- сола ароба мекашанд, 10-12 муаллимаи дигарпушти растащои мевафурўшї шиштаанд. Магар ин бад аст? Ѓалтак: -Њой, бародари худобехабар, њич медонї, ки шумо низоми маорифро дар ин кишвар ридед?! 20-25 њазор талабаи чалласаводро муаллим кардед, маошро баланд кардем гуфта соатњои дарсии як ставкаро зиёд кардед... Мирзодиккак: -Хуш... Ѓалтак: - Дар кулли интихоботњо муаллимони бечораро маљбур мекунед, ки ба райъи мардум хиёнат карда таќаллубкорї кунанд... Мирзодиккак: -Хайр... Ѓалтак: -Обрўи муаллими як замон сари сабаду болонишинро ба хоки кўча баробар кардеду боз аз мо шукргузорї интизоред?! Аробакашии муаллиму муздурии ў дар Русия, пушти растаи сазавоту мевафурушии муаллимањову љорубфурўшии ман магар шараф аст?!! Мирзодиккак: - Ммммм. Чї хел мо кардем? Ѓалтак: - Ана њамин хел! Бо амалї кардани сиёсатњои хирадмандона! Мирзодиккак: -Гап байни худамон, хуб кардам, киЌобилљони нањзатиро ба Русия фиристодам. Ки муллої карда маблаѓбиёрад. Хайрият
дар ваќташ як муллои салафанпеч вайро салафї кард, вагарна 11 сол пули бўр, латта, люстра болою батар месупориду њангоми мардикорї дар Русия аз ягон бинои баландошёна парида, љои Ленинро мегирифт. Ѓалтак: -Муллову муллопарастият аз сарат монад, зиёї, як бо аз таги биниат он тарафтан нигоњ кун. Њоло дар мактаб, дар кўчаю дар бозор "муњољират"-у "Русия" мавзўи раќами як аст. Муаллим як сол дарс медињаду ду сол мардикорїба Русия меравад. Меояду боз муаллим мешавад. Замоне, ки наќлњои мардикорияш дар ќатори пулњои киссаш тамом шуд, боз ба Русия сафар мекунад. Бо ин рўзѓору бо ин муносибат насл тарбия карда мешаваду тарбия ба роњ монда мешавад?! Мирзодиккак: - Чаро хомўш мешиштаам?! Њоло давр даври салафию алафї! Ѓалтак: -Нафањмидам.. Мирзодиккак: -Калон шавї мефањмї! Дўстам, салафињо аз гапи "соњиби амр", яъне подшоњу президент як ваљаб њам берун намерафтаанд. Ин хел мардакњои хубро аз куљо меёбад боз њукумат?! Њоло гап гапи наздик будан ба њукумат, наздик бошї маошу бизнес њам мешаваду кўмакпулї њам. Фикр мекунї чаро ун њамсоят Нуралича камбизоат њисобида шуда кўмакуплї мегираду додарат Хестак не?! Ѓалтак:- Барои он ки дар дењот камбизоат њисобида мешаванд хешу табори вакили дења, имомхатиб, раиси љамоат, раиси мањалла ва онњое, ки ба калон наздики доранд, тамом вассалом! Мирзодиккак: -Бале ва онњо дар дењот чашми њукумати љоночонам ба шумор мераванд. Ѓалтак:-Њукумати љонољонат то ба љое расидааст, ки фаќт машѓули хатнасур асту.. Мирзодиккак:- Ње-де, њукуматро барои чї гирифтем? Њарчи хоњем кардан мегирем! Сарвату боигарињои миллиро пурра аз худ кардем, тую тамошо ва њатто љанозаву чили мурда ва намозхониву ришмониро танзим кардем. Хатнасурњоро њам худамон мегузарорем, ки боз чули кадом як камбаѓал њам аз мо дур намонад... Ѓалтак: - Акнун навбати чї? Мирзодиккак: -Акнун навбати кафан! Баъди интихобот, андозаи кафанро маълум мекунем... Ѓалтак инро шунида аз љой бархосту хайр гуфта рафт.Мирзодиккак чизе нагуфт. Мисли кулли мардуми тољик, ки гуё дигар њарфи гуфтан надораду майдонро ба худхоњони давр додааст.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Низом ЊАКИМОВ, вазири наќлиёт: - Бояд гуфт, ки дар як рўз зиёда аз 7-8 м3 љинсњои кўњї барои пур намудани чуќурињо (и наќби Истиќлол) истифода мешавад ва ин як кори муваќќатї аст. Омори њаррўза нишон медињад, ки тавассути наќб дар як шабонарўз зиёда аз 2 њазор воситањои наќлиёти гуногунтамѓа мегузаранд, ки ин зарурати аз сари нав пур намудани чуќурињоро пеш меорад. - Аниќ кори муваќќатї аст, ки панљ сол боз давом мекунад. Ба ќавли њамон масали русї, ки "60 соли аввали зиндагї душвор аст, баъд одам одат мекунад". Кори муваќќатї-де.
Абдулло ЌОДИРЇ, сухангўи Хадамоти муњољират - Бо назардошти таѓйири сиёсати низоми кунунї дар самти муњољират, рањбарияти Хадамоти муњољират талош меварзад то низоми якќутбии муњољиратро ба низоми чандќутбии он табдил дињад. -Мо-ку як бало карда чї гуфтанатонро фањмидем, аммо аз барои Худо, ин гапро назди Сафиалло Девонаев нагўед, ки ду њафта ваќтатон барои фањмонидани матлаб сарф мешавад.
Муњаммадалии ФАЙЗМУЊАММАД, рўњонї: - Воќеан бояд гуфт, ки имомхатиб шудан дар ин вазъият бисёр мушкил аст. Барои мисол, ман як имомхатибро дидам, ки пеши як рањбари шуъбаи њукумат мисли бечора нишаста, њаќќи њарф задан надорад. Дар давраи мо раиси њукумат љуръати ворид шудан ба масљидро надошт. - Эњ, мулло-мулло. Давраи шумо "ќаровулњои насос" воќеъан њам дигар буд. Шояд агар он давра намешуд, мо ба ин рўзњо намезадем?
Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, сиёсатшинос: - Чун ваќте дар як ќисмати Русия њамин гуна њодиса бо муњољирони хитої рух дод, њукумати Хитой рўзи баъд эълом кард, ки сафари нахуствазири худро ба Маскав ќатъ мекунад. Ва албатта ин ба мавќеъи Русия таъсир гузошт. Тољикистон њам бояд овози худро баланд намояд. -Хитой давлат аст ва истиќлолияти миллї дорад, љаноби коршинос.
Муњаммадшариф НАБИЕВ, раиси ЊНИТ дар минтаќаи Кўлоб: - Тафриќаандозињое, ки ваќтњои ахир њукуматдорони тољик пеша кардаанд, эњтимоли сар задани њаводиси солњои 90-уми асри гузаштаро дар кишвар ба вуљуд меорад. - Он солњо тафриќа бо супориш ва ба манфиати Ўзбакистону Русия роњандозї мешуд, аммо њоло чї?
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09