Мењралї Тошмуњаммадов, шахсе, ки тарњи сулњи тољиконро кашид
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
1
САЊИФАЊОИ 8-9 №22 (404). Чоршанбе, 20-уми августи соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
БО ШОИРИ МИЛЛАТ
Посе зи шаб гузашту бурун шуд САЊИФАИ 12
АФЃОНИСТОН ВА МО
Дуроњаи дигари интихоб САЊИФАИ 10
ТАВСИФИ ЯК МИР
Ќўрѓонтеппа шањр шуд САЊИФАИ 4
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Орзуи маскавии Амиршо Миралиев САЊИФАИ 16
Фактори ќозї Ё чї тавр њукуматињо Тўраљонзодаро дар сањнаи сиёсат нигоњ медоранд?
2
ИЌТИСОДИ ОСОНБАЁН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
ЊАР САРИ ЧАНД ВАЌТ БАРОДАРОН НУРИДДИН ВА ЊОЉЇ АКБАР ТУРАЉОНЗОДАРО БАР ЗИДДИ ХОЊИШИ ХУДАШОН ЊАМ БА САЊНАИ СИЁСАТ МЕКАШАНД
кард. Гоњ тавассути "Фабрикаи љавоб", гоњ ба дигар воситањо сиёсатмадорро ба майдон мекашиданд. Маълум набуд, ки ин бозї бо ўст, ё њамеша тањти назар доштани ў. Дафъаи ахир - баъди интихоботи президентї - Тўраљонзода боз ба кунљи узлати худ баргашт. Як дафъа тариќи Ќањњор Мањкамов, президенти собиќ, ки ўро ѓайримустаќим дар њаводиси моњи феврали соли 1990 муттањам карданд ва маводе њам дар ин бора дар рўзномањои давлатї ба табъ расид, ин кўшиш шуд, ки ќозии собиќро фаъол кунанд. Аммо вокунише аз сўи Тўраљонзода нашуд. Тир ба нишон нарасид. Аммо њоло мавзўи моликияти писари ў ба миён кашида мешавад. Ва тавре ба назар мерасад, љаноби Тўраљонзода ин дафъа њам намехоњад вокунише кунад, њарчанд аз њар иќдом алайњи ў садои "куљо меравї?" баланд мешавад. Дар суњбат бо "Нигоњ" писари ў Илњомљон Тўраљонзода, фориѓуттањсили Донишгоњи дипломатии Русия, гуфт, ки равандро пайгирї хоњад кард, зеро амалан аз маќомоте дар ин маврид њуљљате дастрас накардааст.
ФАКТОРИ ЌОЗИКАЛОН Ё чї тавр њукуматињо Тўраљонзодаро дар сањнаи сиёсат нигоњ медоранд? Њољї Акбар Тўраљонзода хато мекунад, ё шояд њаќ ба љонибаш аст, ки ваќтњои охир мехоњад аз сиёсат дур бошад. Хеле шуд, ки номи эшон дар сафњањои матбуот нест, бахусус нашрияњои давлатї дигар "нома" њои мењнаткашонро алайњи ў нашр намекунанд. Дар ќиёс бо солњои пеш, ки Њољї Акбар Тўраљонзода як чењраи фаъол дар сиёсату матбуот буд, эшон њоло кунљи хилват гузида, бо корњои хољагии худ машѓул аст. Дар як суњбат ба "Нигоњ" чанде ќабл мавсуф изњор дошта буд, ки дур аз сиёсат худро хеле роњат њис мекунад, тавре мегўянд, "аз бало њазар". Аммо ба назар мерасад, ки љаноби Тўраљонзода хато мекунад. Агар ў ба сиёсат кор надорад, сиёсат њамеша ба суроѓи ўст, ки дар ин бора дар идомаи матлаб суњбат мекунем.
"Љинояти вобаста ба замин" Агентии миллии "Ховар" рўзи 19-уми август бо истинод ба вазорати корњои дохилии Тољикистон хабаре нашр кард. Ин хабар ба зоњир танњо марбут ба Тўраљонзода, аз мањсулоти "Фабрикаи љавоб" нест, аммо доштанаш бармало ба чашм мерасад. Бино ба ин хабар, ки "Ошкоршавии љиноятњо вобаста ба замин" унвон дорад, ќањрамони аввал "раиси љамоати дењоти А. Абдулвосиеви ноњияи Вањдат Абдумаљид Ањмадов, соли таваллудаш 1963, истиќоматкунандаи шањри Вањдат аст. Ин нафар бо маслињати пешакї бо муњандиси заминсозии љамоати дењоти мазкур Мањмадї Сафаров, соли таваллудаш 1966, сокини њамин ноњия, дидаю дониста, бо ќарори маљлиси шўрои хољагии дењќонии "Сомониён" ба шањрванд Ќоси-
«
мљон Њамзаев, соли таваллудаш 1978, сокини дењаи Мењргон 0,16 сотих замини наздињавлигї људо намудааст, боз такроран ба ў њамчун шахси эњтиёљманд аз њудуди дењаи Суфиёни ноњияи мазкур 600 метри мураббаъ замини наздињавлигї људо кардаанд". Ба дунболи ин сархат хабар хеле содда маљрояшро дигар карда, ба мавриди дигари "љинояти вобаста ба замин" мегузарад: "манбаъ њамчунин хабар медињад, ки сокини дигари ноњияи Вањдат шањрванд Тураљонзода Илњомљон Њољї Акбар, соли таваллудаш 1980, худсарона ќитъаи заминро ишѓол намуда, дар он тањкурсии бинои истиќоматї сохтааст. Чунончи, номбурда дар моњњои июнавгусти соли 2011 бо маслињати пешакї бо Умар Таѓоев, соли таваллудаш 1958, истиќоматкунандаи њамин ноњия аз њисоби заминњои минтаќаи муњофизатии дарёи Сароби Миёна, 528 метри мураббаъ ќитъаи заминро худсарона ишѓол намуда, атрофи онро мањкам кардааст". Њамин тавр "љинояти вобаста ба замин" ба насаби Тўраљонзодањо рабт мегирад ва бидуни шак, Њољї Акбарро тариќи писараш Илњомљон боз ба сафњаи матбуот бармегардонад. То бегоњи рўз ягон расонае намонд, ки ин хабарро пахш накарда бошад. Чангакњои сиёсат ба њар навъ ба остини Тўраљонзода гирењ мехўранд…
Ќиссаи оддї Далел њам ин аст, ки худи Њољї Акбар Тўраљонзода ва њам писараш Илњомљон дар суњбат бо "Нигоњ" аз ќазия изњори беиттилоотї карданд. Бино ба иттилои манобеъи мо њам, ин як ќиссаи оддї аст: ќозии пешини мусалмонони Тољикистон солњои 2007 - 2008 дар шањраки Ромит бо исрори наздиконашон њавлии як на-
Дар вазорати корњои дохилии Тољикистон аз њамчунин мавзўъ изњори бехабарї карданд. Њадди аќал маркази матбуоти он изњори беиттилої кард. Дар сомонаи расмии вазорат њам ин гуна хабар то лањзаи навишта шудани ин матлаб пайдо нашудааст. Пас агентии миллї онро аз куљо гирифтааст? Бидуни шак, ин фикр ба сари кас меояд, ки ВКД боз манобеъи дигари пахши хабар низ дорад.
«
фарро ба 13 њазор доллар харидорї кардааст. Умар Таѓоев њам як масъули љамоат ё њукумати ноњия нест, балки устои оддї аст, ки барои таъмири њамон њавлї киро шудааст. Ин њавлї дар лаби дарёи Ромит ва љои хушбоду њавое љойгир будааст. Илњомљон Тўраљонзода дар њавлї боѓи зебое бунёд карда, лаби дарёро соњилбандї кардааст. Аммо барои бозсозии бинои он, ки хеле фаќирона буда, њоли хароб доштааст, ду маротиба кўшиш кардааст, то иљозаи њукумати ноњияи Вањдатро бигирад, аммо муваффаќ нашудааст. Он замон маќомоти зидахл ўро ба он муттањам карда будаанд, ки заминаш 2 сотих зиёд аст. Аммо мавсуф мегўяд, ки ба њамин андоза аз соњибаш харидааст, хабар надоштааст, ки замин на 15, балки 17 сотих аст. Мантиќан, Илњомљон чизеро харидааст, ки ба ў фурўхтаанд… Ин бањс чанд сол хомўш буд. Њоло, тавре мебинем, аз нав доман зада мешавад ва њадаф њам замини зиёдатї нест. Маъмулан, барои замини зиёдатї андоз муќаррар мешавад, зеро дар дохили мањалли зист аст ва даврони ќадим мардум њамон ќадар замин доштанд, ки барояшон расида буд. Он замон ќонунњои имрўза набуд. Ин замон ќонунњои дигар дорад. Бар замми ин дар њар дењоти Тољикистон на камтар аз 80-90 дар сади сокинон чанд метри мураббаъ замини "зиёдатї" дорад ва ками андар кам мешавад, ки маќоме онњоро барои "ѓељидани" хандаќ ё шиѓ муљозот карда бошад.
"Куљо меравї?" Аз рўи сенарияњои маъмулї, ки дигар барои мардуми Тољикистон љои пинњонї надоранд ва њатто корхонањову заводу фабрикањо чунин сарнавишт доштанд, ин њавлї ѓайриќонунї эълон шуда, суд њукм мебарорад, ки ба соњиби аввалааш баргардонида ва ё ба нафъи давлат гирифта шавад, сипас, дар "ауксион" ба савдо меравад. Ин варианти аз њама манфист, аммо агар чизе ва њар чї њам нашавад, даќиќ паёми зерро дорад. Дар гузашта Њољї Акбари Тўраљонзода чанд маротиба эълон дошта буд, ки дигар ба сиёсат кор намегирад, президент, њатто вакили парлумон њам шуданї нест. Ин паёмњо ба "боло" ба он хотир буданд, ки ўро ором гузоранд. Аммо хато
Бехабарї… Дар вазорати корњои дохилии Тољикистон аз њамчунин мавзўъ изњори бехабарї карданд. Њадди аќал маркази матбуоти он изњори беиттилої кард. Дар сомонаи расмии вазорат њам ин гуна хабар то лањзаи навишта шудани ин матлаб пайдо нашудааст. Пас агентии миллї онро аз куљо гирифтааст? Бидуни шак, ин фикр ба сари кас меояд, ки ВКД боз манобеъи дигари пахши хабар низ дорад. Гап сари ин њам њаст, ки бо масоили замин, љиноятњои марбут ба он прокуратурањо сарукор доранд, на милиса. Агар ин нињод - ВКД њам бо ин масъала сарукор гирад, пас таѓйироте дар салоњиятњо ворид шуда, ё амдан чунин иттифоќ афтода. Гапе нест, њар нињод масъули љилавгирї аз љиноёт аст. Вале чї кунем, ки ин далел њам заъиф ба назар мерасад. Чї тур? Кормандони милиса як маврид ё ду мавридро шояд ошкор кунанд, на бештар аз инро. Дар хабари пахшуда ду мавриди дигар њам њастанд. Хулоса, ду далел - яке, манбаъи хабар, дигаре, салоњиятњои милиса касро ба ин нукта машкук мекунанд, ки њадафи пахши ин хабар оддї нест, дар зимн паём ё месиљ дорад. Аз нигоњи аввал, њадаф њамоно нигоњ доштани Њољї Акбари Тўраљонзода, сиёсатмадори маъруф дар сањнаи сиёсат аст, на чизе аз ин беш. Дуюм, њадаф њамоно бадном кардани хонадони сиёсатмадор аст. Аммо ин њама ба кї даркор метавонад бошад? Мантиќан, инсонеро, ки фаќат ба марги Ленин муттањам нашудааст, нигоњ доштан дар сањнаи сиёсат ба манфиати њукумат буда наметавонад, бахусус, ин, ки вазифаашро пеши он иљро кардааст. Ва мешавад ё меарзад ўро ба як њавлие, ки дар кадом кунљи як дара љойгир аст, ба сиёсат баргардонд? Муњимтар аз ин, кї бе ќозии ваќти љумњурї дар сањнаи сиёсат нафас кашида наметавонаду њар замон ба фактор ё "омили ќозикалон" даст мезанад ? Ин суолњо љавобњое доранд, ки љомеаи мадании Тољикистон низ онњоро донистан мехоњад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
БОЗОРИ СЎЗИШВОРЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
Баъд аз Cозишномаи истиќрори сулњ шумора ва баландии девору панљарањо дар биноњои њукуматии Душанбе афзуда, њафтаи љорї ба њади рекордї 5 метр расид. Он њам дар маркази шањр, дар хиёбони асосии Душанбе...
Шањри панљарапеч Аз истиќрори сулњ дар Тољикистон 17 сол сипарї мегардад. Шањри Душанбе дар давоми ин солњо ба яке аз пойтахтњои нисбатан ороми минтаќа мубаддал гардид. Аммо имороту иншоот, маконњои тафрењиву сохтмонњои шањрї рўз ба рўз оњанпеч мешаванд. Боѓи фароѓатиамон, тирезаи хонањоямон, макони корамон њамаљо панљарапеч аст. Њатто атрофи мазорњо дар шањри Душанбе бо панљара ињота шудааст. Панљарањои атрофи нињодњои њукуматї њамасола тармиму таљдид гардида, истењкоми он бузургтар мешавад. Панљарањо дар ин шањр гўё чунин њикоя мекунанд, ки њама аз касеву чизе эњсоси хатар дорад. Бо панљарабандї мурдањо аз
РЕКОРДИ НАВ ДАР ДУШАНБЕ. ДЕВОРИ НАВИ ЌАРОРГОЊИ ЊУКУМАТЇ ДАР ХИЁБОНИ РЎДАКЇ БЕШ АЗ 5 МЕТР БАЛАНДЇ ДОРАД
Девору панљарањо маќомотро аз мардум њифз мекунанд?
Шарњи масъул ИН ПАНЉАРА ГЕНЕРАЛЊО ИЗЗАТУЛЛО ШАРИПОВ, ШЕРАЛЇ САБЗОВ, АБДУРАЊМОН БУЗМАКОВ ВА АКНУН САИДХОН ЉУРАХОНОВРО «ЊИФЗ» МЕКУНАД
Деворњои таърихї Пас аз истиќлол Душанбе бо деворњояш низ ном баровард. Девори корхонаи сементбарории пойтахти Тољикистон бо нигорањояш барои сайёњони хориљї таваљљўњбарангез буд. Сайёњон дар навишти сафардида-
рофи онро девор гирифтаанд, ба таври худсарона буда, аз љониби маќомот бартараф карда мешаванд. Девора гуфта, мо панљарадеворањоро дар назар дорем. Дигар намуди деворњо умуман иљозат нест. Айни замон шањрдорї тасмим гирифтааст, ки атрофи биноњо панљарадевор неву деворањои сабз шинонда шавад. Аввалин ќадамњо дар ин самт алакай гузошта шудааст. Њамон ќадаре, ки панљарадеворањо кам бошанд, њусни шањр њамон ќадар зебо мегардад. Атрофи хонањои маскунии индивудуалї, ки дар шањри Душанбе мављуд њастанд ва бо деворњои баланд ињота гардидаанд, ин ба минталитети мардуми мо вобаста аст, ки бояд манзилашон аз чашми бегона пинњон бошад. Њамаи ин муваќатї буда, таљдид мегарданд. Дар пайи онњо биноњои дигар бунёд мегардад. Деворе, ки Шумо дар назар доред, ки
БАЪД АЗ ИСМОИЛ Аз ин сабаб, ба бузургон посух дод: То он рўзе, ки ман зиндаам, девори Бухоро хоњам буд! Њамин тавр атрофи Бухоро девор бунёд нагардид. Аммо дар Душанбе касе њисоб накардааст, ки барои ба "муњосира" гирифтани иншооту корхонањо чи ќадар мабла? сарф мешавад? Болотар аз ин, дар посух ба суоли њадаф аз ин панљарагириву деворсозї чист? Танњо як посух бештар ба ёд мерасад, канораљўї аз мардум...
зиндањо худро њимоят мекунанд, мансабдорону маќомдорон аз мардум канораљўї мекунанд... Бахусус, дар хиёбони марказии шањри Душанбе панљарањои оњанин атрофи иншооти давлативу љамъиятї бештару бештар рост шудаанд. Аз љониби шимолии хиёбони Рўдакї о?оз кунем, бинои идораи нави Маркази миллии тестї, Бо?и ба номи устод Айнї, донишгоњњои аграрї, тиббї, омўзгорї, чойхонаи "Саодат", Маљмаи "Кохи Сомон", бинои Бонки миллии Тољикистон, бинои Дастгоњи иљроияи Президент ва чандин биноњои дигари њамшафат њама панљарапеч.
3
њояшон аз Душанбе њатман ба он ишора низ кардаанд. Дар чанд њафтаи охир дар маркази шањри Душанбе дар баробари роњи мошингузари хиёбони Рўдакї девори нав бо баландии 4,5 метр ќомат афрохт. Сутунњои ин девор баландтар аз 5 метр мебошанд. Ин девор дар идомаи панљарањои "Кохи Сомон" бунёд гардида истодааст, ки дар дохили он низ бунёди сохтмоне идома дорад... Гўё ин девор бо баландиву истењкоми бузургаш аз љашми мардум чизеро пинњон медорад, ки диданаш барояшон љоиз нест.
Ќудратулло Файзуллоев, сардори Сарраёсати меъморї ва шањрсозии Душанбе: - Бунёди деворањо ба љуз дар иншоотњои таъиноти махсусдошта, аз ќабили иншооти љамъиятї-давлатї дар дигар биноњо иљозат нест. Дар бештари иншооти хусусие, ки ат-
дар атрофи Кохи Сомон бунёд намудаанд, вай девор нест. Он шакли меъмории зебост, ки бо услуби нигориши шарќиёна сохта шудааст. Маълум аст, ки дар дохили он иншооти махсус љойгир шудааст, ки бештар бо њадафи мулоќоти сарони давлатњо истифода мешавад. Атрофи чунин иншоот дар тамоми љањон ба таври хоса муњофизат мешавад, аз љумла бо чунин деворањои зебо. Дар шањр вобаста ба иншоот ва макони љойгиршавии он сатњи баландии деворапанљарањо аз 60-70 см то 5 метр иљозат мебошад. Њикмат Тољикон дар хонањо карданд дарњо оњанин, Шањр бедарвоза бошад аз дари оњан чи суд? Лоиќ
Азамати ВАЊЊОБ
Девори Cомонї Мегўянд, дар замони шоњии Исмоили Сомонї дар давлати Сомониён бузургони Бухоро пешнињод мекунанд, ки барои њифозати шањр аз душманон атрофи онро девор бигиранд. Исмоили Сомонї ба хубї медонист, ки барои бунёди чунин деворе ба нерўи бузург ва мабла?и калон ниёз доранд.
МАГАР ПРОКУРОРЊО ЊАРОС ДОРАНД, КИ АРЧАЊОИ НАЗДИ БИНОРО ДУЗДОН МЕБАРАНД?
ДЕВОРИ ХОНАИ ЊУКУМОВЊО БАЁНГЎИ ФАРЊАНГИ НАВ
ШОЯД СУДЯЊОИ ТОЉИК АЗ ДАРОМАДАНИ БУЗУ ГЎСФАНДОН МЕТАРСАНД?
9 и
н
в
с б
в ( -
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
4
РЕЗААХБОР
Дар нишасти матбуотии Амирулло Асадулло, раиси шањри Ќўрѓонтеппа ба Душанбе рафтам ва иштирок карда натавонистам. Афсўс хўрдам, ки шонсро аз даст додам. Мехостам ба ў гўям, ки Ќурѓонтеппа нав шањр шуд. Балебале, нав шањр шуд. Ба кадомин далоил? Имрўзњо ба шањр менигараму завќ мебарам. Дар њама љо кор љўш мезанад. Сохтмони биноњои 5, 8, 15 ошёна босуръат идома дорад. Шањр аз ахлоттудањо тоза шудаву мошинњои обкаш на танњо кўчањои марказї, њатто канори роњњои мошингузарро об мезананд. Тракторњое, ки ахлоттўда мекашонанд, болояшонро бо бризент мањкам кардаанд, то ахлоттўдањо нарезанду табъи мардум бо дидани онњо хира нашавад. Ин мушоњидањои чанд моњи ахири банда аст. Ба чашми сар дидам, ки аз раисии Амируллои Асадулло як моњ нагузашта новањои ду тарафи роњњои мошингард аз ахлоттудањои "меросї" тоза гашта, мардуму мењмони шањр аз бўи ѓализ наљот ёфтанд.
РАИСИ ШАЊРИ ЌУРЃОНТУППА ЊОЉЇ АМИРУЛЛОЊИ АСАДУЛЛО
чорпоён наљот дењ!" Умед дорам, ки кўмак бирасонї то ин љоро девор гирам". Оњи сарде кашида, гуфтам: "Бобољон, молу амволе, ки дорам њамааш дар танам аст, дигар чизе надорам. Кўшиш мекунам, агар саховатманде пайдо шавад...". Гуфт. ки аз тариќи радио расон. Гуфтам имкон надорад. Тавсия додам, ба раиси ноњияи Ќумсангир мурољиат кунад... Аз байн ќариб як сол гузашт. Боре аз он љо мегузаштам. Бо ѓишти пухта дарвоза бунёд шудаву маълум буд, ки мўйсафед хоњиши шогирдони хуфтаашро ба љо овардааст. Хурсанд шудам. Ба хонааш рафтам. Ў маро ба назди гўристон овард, нињолњои шинонидаашро нишон дода, гуфт: "Ба фарзандонам васият кардаам, ки маро дар шафати шогирдонам бигуронанд!" Хаёл кардам, ки раиси ноњия кўмак кардааст. Чун ному насаби ўро ба забон овардам, мўйсафед ба шўр омад. Гуфт, ба наздаш рафтам, кўмак накард, балки... Ва гапашро идома дод: - Як шогирди зўр дорам дар Сарбанд. Рафтам 1000 дона ѓишти пухтаро ба мошин бор кард, маблаѓ дод ва гуфт, корро анљом дењ. Ў рў ба ќибла истоду дуои хайр дод. Шогирди муйсафед њамин Амирулло
ЌЎРЃОНТЕППА ШАЊР ШУД
ДАЊМАРДАЊОИ РАИС Аз муњандиси Корхонаи воњиди давлатии "Хизмати коммуналии шањр" пурсидам, ки чї гуна ба шумо тоза намудани новањои ду тарафи роњ даст дод? - Напурс, раиси нав 10 дањмардаро аз кўњ оварда, дар 10 рўз маркази шањрро пурра тоза кард. - Ин ќадар сол шумо тоза карда натавонистеду дањ дањмарда...? - Ака, ба Худо, њар "лапотка" доранд, дастонашро ба ду тараф ёзонда, ана, њаминќадарї... Ў дар тасвир ољизї кашид... Муњандис ба интервю розї нашуд. Гуфт, ягон гапаш маъќул нашавад, раис аз кор меронад! Ќиссаи "дањмардањо шањрро тоза карданд" шањрро фаро гирифтаву заминњои маркази шањр низ, ки дањсолањо поруро надида буданд, бањравар шудаанд...Инро журналисти интиќодгар њам нодида гирифта наметавонад.
рўз ба худ наомадааст ва агар њамон замон бо ман вомехўрдааст, ањволамро "ањволи саг мекардааст"... Бале, њамин хел гуфт. Њоло "ТВЌ" њамон пешнињоди маро "нишон" медињад. Барномае нест, ки масъалањои доѓи шањрро баррасї накунад. Офарин шоир!-хитоб кард баъди тамошои телевизион як њамкасбам, ки мењмони хонадони мо буд (Амруллои Асадулло ду китоби шеър дорад)! Ва идома дод:- Табъи нозук дорад, шоъир, вале иродааш мустањкам. Ќисме ба ин назаранд, ки ў додарарўси Эмомалї Рањмон ва бародари Њасан Асадуллозода асту барои њамин масъулин аз ў мењаросанд. Гуфтам:- Ман ба ин бовар надорам, зеро борњо дидаам, ки мансабдрони мо аз худи президент њам наметарсанду корњое мекунанд, ки мўи одам сих мешавад. Шояд як нафаре, ки аллакай њама чиро дорад, мехоњад њунари шањрдорї нишон дињаду сазовори њурмат гардад, њарчанд мегўянд мардумдўст аст шоъир. Ва як ќиссаи солњои 90-ум ба хотирам омад.
"ТВЌ"-И ДИГАР Замоне, ки Изатулло Зоиров, раиси шањри Ќўрѓонтеппа буд, њукумат телевизиони худашро надошт. Пешнињод кардам, ки тариќи шартнома телевизиони мустаќили "Ќўрѓонтеппа" - ро барои инъикоси масъалањои доѓ истифода кунад. Дар ин нишаст директори "ТВЌ" Умари Камол иштирок надоштанд. Нафаре пешнињоди маро тарзе фањмондааст, ки гўё ман ўро ба "љосусї" муттањам намуда бошам. Бо Умари Камол баъди як моњ вохўрдам. Ў гуфт, баъди шунидани ин хабар се
ВОХЎРЇ БО УСТОДИ РАИС Он солњо дар радиои "Садои Хуросон" кор мекардам. Марде ба Ќўрѓонтеппа омада, манзили истиќоматиямро пайдо мекунад. Њол он ки бародаронам дар куљо иљоранишин будани маро намедонистанд. Он мард гуфт, ки муйсафеде дар Ќумсангир асту мехоњад коре хайре кунад. Ў маро ба хонаи он мард, дар даромадгоњи Ќумсангир, пости "Гулшан" даъват кард ва гуфт, бароям гапи муњиме њаст. Дар љустуљўи хабари ноб рафтам. Хонаи муйсафед дар рў ба рўи ќабристон будааст. Ба њавлї ворид гаштан дарёфтам, ки худаш будааст. Баъди ањволпурсї њамроњ ба гўристон рафтем. Ў тудањои хокро ба ман нишон дод ва гуфт, зери ин гўрњо шогирдонам аз њарду љониб - њам мухолифин ва њам Фронти халќї хуфтаанд. Аз ин љо пода мегузарад. Чандин шаб боз дар хоб шогирдони шањидам мегўянд: "Устод моро аз зери суми
будааст. Шояд ў тули ин солњо боз садњо маротиба дасти хайр дароз карда бошад, вале ин муњим нест. Муњим чизи дигар аст. Ќудрати Худовандро бинед: раисе, ки кўмак накарда буд, зори 2-3 њазор ѓишт мондаву ин шахси накукор раиси шањри сеюми кишвар шудааст. Шањре, ки акнун симои шањр пайдо кардан дорад. Камбудињо дар Ќурѓонтеппа, албатта, зиёданд. Ќиссањое њам аз норасоии пули будља, даст ба гиребон шудан бо ину он, мушкили ќабули мардум ва ким чињои дигар њам ба гўши мову идораи "Нигоњ" мерасанд, чун зиёд супориш мегирам, ки ин ё он њодиса, овозаду дарвозаро бозтоби журналистї дињам, вале муњим саъйю талоши як раиси шањр аст. Хоњони онам, ки чашм нарасаду Ќурѓонтеппа соњибашро ёбад, фарњанги шањрдорї вусъат ёбаду мо бо шањрнишиниямон ифтихор кунем. Давлати ШОЊЭЪТИБОР
САДОИ МАРДУМ
Натиљаи як назарпурсї маълум кард, ки агар якшанбеи оянда интихоботи парлумонї дар Тољикистон баргузор гардад, ягон њизби ба ном "кисагї" имкони љой ёфтан дар Маљлиси намояндагонро надорад.
10%
Ба њеч кадомашон
5%
"Тољикистони нав” (сабтиномнашуда)
3%
“Гуруњи-24”(сабтиномнашуда)
0%
Њаракати “Ватандор” (сабтиномнашуда)
0%
Њизби “Вањдат” (сабтиномнашуда)
4%
Њизби сотсиалистї
Њизби сотсиал-демократї
Њизби халќї-демократї
1%
Њизби нањзати исломї
0%
Њизби коммунистї
1%
Њизби ислоњоти иќтисодї
Њизби демократї
Њизби аграрї
1%
«ЊИЗБЊОИ КИСАГЇ» ШОНСИ БА ПАРЛУМОН ВОРИД ШУДАНРО НАДОРАНД
33%
32%
9%
Ин назарсанљї, ки зери унвони "Агар рўзи якшанбе интихоботи парлумонї баргузор мешуд, ба кадоме аз њизбњо раъй медодед?" баргузор шуд, маълум кард, ки 33 дар сад (346 нафар) аз ширкатку-
нандагон ба варианти "Њизби халќї-демократї" раъй додаанд. Инчунин тибќи омори њамин назарсанљї, њудуди 32% (333 нафар) - и раъйдињандагон гузинаи "Њизби нањзати исломї" - ро интихоб кардаанд. Бо вуљуди расман сабти ном нашудани њизби "Тољикистони нав" њамоно љонибдоранаш аз шаш њизби ба ном "кисагї"-и њукумат ва дигар њизбњои мухолиф зиёдтар будаанд. Ба "Тољикистони нав" њудуди 10% (104 нафар)-и ширкаткунандагон раъй додаанд. "Њизби сотсиал-демократї" 4 дар сад (39 нафар) овоз гирифтааст. 5 дар сад (52 нафар)-и ширкаткунандањо ба "Гурўњи 24"(сабтиномнашуда) ва 3 % (28 нафар)-и дигар ба
Њаракати "Ватандор" (сабтиномнашуда) овоз додаанд. 1% (6 нафар) ба "Њизби агарарї", 1% (14 тан) ба "Њизби демократї", 1% (15 кас) ба "Њизби комунистї" раъй додаанд. 0% (5 кас) ба "Њизби ислоњоти иќтисодї", 0% (3 нафар) ба Њизби "Вањдат" (сабтиномнашуда) ва 0% (њеч кас) ба "Њизби сотсиалистї" раъй дода, боќї 9% (92 нафар)-и дигар гуфтаанд, ки "Ба њеч кадомашон", раъй намедињанд. Ин назарсанљї бо супориши нашрияи "Нигоњ" тариќи ОИ Тољнюс ба муддати як њафта - аз 13 то 19уми августи соли 2014 - гузаронида шуда, дар он 1037 нафар ширкат карданд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
Чилаш њам гузашт. Нависандаи халќии Тољикистон Љонибек Акобир, ки њудудан 50 рўз пеш бо мо буд, акнун манзил ба абадият бадал кардааст. Дањњо нафар мисли он рўзи гарми тобистон, ки ба остонаи дараш барои видоъ омада буданд, имрўз њам њозир шуданд, то як каф дуо ба руњи покаш фиристанд. Љонибек Акобир нависандаест, ки дар кўдакї ранљу дарди бепадарї кашидааст. Њанўз ў тифл буд, ки волидонаш аз њам људо шуда буданд. Ва худро аз љумлаи бачањои интернат медонист. Замоне, ки рў ба адабиёт овард, дар чандин њикояву достонњояш љо-љо сањнањоеро ворид кард, ки њаёти як ятими ба ќавли њамсараш зиндаљудоро ифода мекард. Вале дар "Саѓираи сур" ин образ хеле барљастатар ифода ёфтааст. Дар суњбате, ки бо њамсари адиб Њалима Акобирова доштем, бештар аз хислатњои ў ёд кардем ва чанд рўзи охири њаёти нависандаи маъруфро пеши назар овардем. Онњо соли 1976 издивољ карданд ва як сол баъд аввалин писарашон Љовиди ѓурамарг ба дунё омад. Вале он замон Љонибек њикоя наменавишт ва чун дар шуъбаи тарљумаи нашриёт кор мекард, як њикояи Шукшинро тарљума кард ва ба адиби шинохта
данд. Њатто фиреби фарзандашонро намебахшиданд. Гапи бењуда надоштанд. Бењуда намехандиданд, аслан хеле камгап буданд, баъдан соатњо ором нишаставу гап намезаданд. Дар тўли 38 соли њаёти муштарак ман ягон маротиба оби чашмонашонро надидам, гарчї ѓами кам њам надоштем. Ва ёд дорам, ки борњо гуфта буданд: "Ман дар тифливу љавонї басо ѓамњоро тани танњо фурў бурдаам ва ин ба ман одат шудааст". Марде буданд, ки имрўз агар пул меоварданду пагоњ ман мегуфтам тамом шуд, намепурсиданд куљо шуд. Њамеша мегуфтанд: "Тамом шуд? Боз меёбем". - Дар тарбияи хонавода падари сахтгир буданд? - Сахтгирї надоштанд. Лањни суханашон њамеша насињатомез буд, дурушт намегуфтанд, фарзандњоро сахтгирии зиёд намекарданд. Мепурсиданд, ки куљо будиву чї кардї ва то дергоњ чаро гаштї? Аммо њарфи сахт намегуфтанд. Бахусус, духтарашонро басо дўст медоштанд. То охирин рўзњои њаёташон таъминоти духтар ба гарданашон буд. Миљгона њам бо падар мисли дугонаи љонї буд. Нохунгирї ба хонаи духтар мерафтанд, духтарбинї мерафтанду мегуфтанд, духтарљон акнун нохунома гир.
РЎЗЊОИ БЕ ЉОНИБЕК Сўњбати ихтисосї бо њамсари нависанда бону Њалима Акобирова
Саттор Турсун нишон дод. Тарљума мавриди писанди адиби шинохта ќарор гирифт ва аввалин њикояи худро њам бо тавсияи ў навишт. "Дунё ба умед" аввалин маљмуаи њикояњои Љонибек буд, ки ба хонадони мо шодињои зиёд овард, - мегўяд Њалима Акобирова ва идома медињад: Ман таќрибан њамаи он њикояњоро ќабл аз чоп себориву чорборї хонда будам ва ба ќавле аввалин муњаррираш њам худам будам. Бароям роњат буд њикояњои он касро хондану андешањоямро гуфтан. Ва њатман эродњоямро ќабул мекарданд". Њалима Акобирова мегўяд, Љонибек бештар шабона кор мекард, бегоњї як сайри кутоње дошт, субњи барваќт варзиш мекард. Дар сукути шаб ба кори эљодиаш машѓул мешуд. Баъзан рўзона њам менавишт, ё навиштањояро тањрир мекард. - Шўру маѓалу давутози кўдакон халал мерасонданд? - Не, Љонибек бисёр одами орому ботамкин буданд, кўдакон њич ваќт он касро асабонї карда наметавонистанд. Њатто дар гирду атрофашон бозиву шодиву даводавї мекарданд ва агар саргарми кор бошанд, чашм аз ќаламу коѓаз намеканданд. Кўдаконро хеле дўст медоштанд ва агар ман њам онњоро љанг мекардам, ки ба падаратон халал мерасонед, мегуфтанд, ки "кордор нашав, мон бозї кунанд". Шояд аз он буд, ки худашон зиндаятим ба воя расида буданд, аз бачањои ба ќавли худашон, интернат буданд, азоби ятимї кашидааанд ва намехостанд, ки фарзандонашон дар бозиву шодї мањдудият дошта бошанд. Худорањматї ба њар сахтї тањаммул доштанд, аммо фиребро тањаммул намекар-
«
5
ДАРДЊОИ ЯТИМЇ... Љонибек метавонист дар кураи ѓам худ бисўзаду хокистар шавад, вале ин ѓамбодаро бо дигарон нўш накунад. Дардњои ятимї ва мушкилоти бекасиро њам танњо пушти сар гузошт ва боре њам нанолид, њатто дафтари хотироташро намедонанд, ки ин њамаро навишта бошад. Ва замоне, ки як адиби баркамолу соњибкитоб буд, ба мусибати мудњиши дигар печид. Фарзанди бузургаш, оне, ки умед дошт аламбардори падар мешавад, дар айёме, ки садњову њазорњо њамсолонаш аз фасли гулфишони умр гул мечиданд, сар ба болини хок гузошт. Ва марги ўро аз ќабл њам медонист, медонист, ки ёрои табобаташро надорад ва шояд тадриљан худро ба мусибати оянда омода мекард. Марги писар ќомати истеъдодашро њам шикаст, худи ўро ба сад ранљи дигар мубтало сохт. Дарунї аз ин мусибати танњої аз набудани фарзанд сўхт. Вай ба идораи "Садои Шарќ", ки сардабираш буд, танњо ба он хотир меомад, ки рўзро шаб кунад. Вай мехост ин ягона маљаллаи адабї, ки маљаллаи адабии миллї њам ном гирифта буд, зинда монад ва ба теъдоди мањдуд њам бошад, муттасил чоп шавад. Аммо ѓами фарзанд нињонї ўро мехўрд, аз танўри дилаш садњо марсияи људої забона мезад, вале лаб мегазид, ки садояшро дигарон нашнаванд. Оё мешавад ин садо ношунида монад? Вале ин одати ў буд, ки ѓамро фурў барад, бо худ бигиряд, танњо бигиряд ва ашкашро нишон надињад, чун дар оини љавонмардї дуруст набошад, ки ашки мардро бубинанд.
Ман баъзан ваќтњо дилбардорї мекардам, мегуфтам, ана, бачањо њастанд, наберањо њастанд, аммо њич ба худ омада наметавонистанд. Њолатњое буд, ки њамроњи мо сари дастурхон нишаству хўрок намехўрданд. Зиндагї рангу њоли худро барои Љонибек гум карда буд. Ва њамаи ин ба хонавода њам таъсир мерасонд.
«
Ва бону Њалима, ин охирин мањрами рози адиби дарошно, тайид мекунад, ки рўзи марги Љовид њам касе ќатрае ашки чашмони ўро надид. "Ба њадде тањаммулпазиру босабр буданд, ки дар марги фарзандашон оби чашмонашонро надидем. Ѓами зиёд мехўрданд, аммо дарунї. Аз даст додани љигарбанде, ки садњо умед дорї, осон нест. Вале Љонибек ин њамаро тањаммул карданд. Ман шабона оњи љигарсўзашонро мешунидам, вале надидам, ки аз ѓам гириста бошанд. Зањри ѓамро даруннокї фурў мебурданд ва берун намепошиданд. Замоне мо имкони дурударози бо њам будану нишастану суњбат кардан доштем. Вале марги ногањонии Љовид ќомати њамаи моро шикаст, бахусус ќомати Љонибекро ва ба гумонам баъди Љовид Љонибек њам комилан таѓйир ёфтанд".
АСАРЊОИ НОТАМОМ... Маъмулан адибони маъруф, ки ишќ ба зиндагї доранд ва пайваста дар њоли кору эљоданд, пас аз маргашон даста баста шеърњову таронањову њикояњо ва асарњои нотамом мегузоранд. Вале аз Љонибек бино ба тайиди њамсараш асари нотамоме боќї намондааст. - На, ин гуна асар надоштанд. Баъди чопи охирин китобашон "Ќаламњои куњистонї" дигар чизи тоза рўи коѓаз наёварданд. Чун вазъи саломативу њолати руњиашон њам муносиби кори эљодї набуд. Баъди фавташон ман рафта утоќи кориашонро дидам. Дар блокноташон фикрњои парешон њастанд, вале асаре ё њикояеро сар кардаву нотамом монда бошанд, надидам. Љонибек бармањал бо њаёт падруд гуфта буд. Аз соли 2012 вай дигар чизе рўи коѓаз наёвард ва дар њамон "Ќаламњои куњистонї" њам танњо навиштањои пешинро шояд бо тањрирњои тоза гулчин кардааст. Њамеша интизори он рўзе будааст, ки бояд биравад. На танњо њамсар, балки њамкорон ва онњое, ки ўро аз наздик мешинохтанду эњтиромаш мекарданд, инро тайид мекунанд, ки баъди марги фарзандаш вай тадриљан худ-
ро аз майдони эљод канор гирифт. Солњои нахуст дар умќи синааш шарорањои умеди зистану эљод кардан боќї буд, вале баъдан вай тадриљан дилсард шуд ва худро ба њаёти комилан дигаре омода мекард, ки бояд он љо буда бошад. - Дар бораи охирин рўзњои њаёташон чї метавонед бигўед? - Љонибек баъди рењлати фарзанди љавонмаргашон Љовид комилан ба як шахси дигар табдил ёфтанд. Ба њадде, ки њоло ман гуфта наметавонам, ки ваќтњои охир дилгармие ба њаёт доштанд. Њис мекардам, ки дигар он Љонибеки дўстдори зиндагиро мо аз даст дода будем. Баъзан њатто зинда будану мондан намехостанд. Як руњияи шикаставу як дилсардии ѓайри ќобили пешбинї. Ман баъзан ваќтњо дилбардорї мекардам, мегуфтам, ана, бачањо њастанд, наберањо њастанд, аммо њич ба худ омада наметавонистанд. Њолатњое буд, ки њамроњи мо сари дастурхон нишаству хўрок намехўрданд. Зиндагї рангу њоли худро барои Љонибек гум карда буд. Ва њамаи ин ба хонавода њам таъсир мерасонд. Ваќтњои охир нафасашон мегирифт. Намехостанд духтур барем, табобат кунем. Аммо мегуфтанд, ки худам ба наздикї љое меравам. Фикр мекардем зодгоњашон рафтанианд, боду њавои тоза, салќин... Як рўз пеш љойи корашон рафтанд, аммо дере нагузашта баргаштанд. Њамон рўзе, ки Љонибекро аз даст додем, њич аз пеши назарам намеравад. Ба ванна даромада, сару тан шустанд ва баромада, болои кат дароз кашиданду бо њамин барнахестанд. Дидем, ки ба муљарради дароз кашидан љонашон баромад. Хеле ногањонї ва ѓайриинтизор. Поњо дарозу рў ба осмон ва бо чашмони боз љон аз бадан рафт берун. - Дар бораи маргумир чизе мегуфтанд? - Не, дар бораи мурдан ошкор њарф намезаданд, вале мегуфтанд, ки "ман меравам, як љое меравам". Баъд ман пурсон мешудам: Охир куљо меравед, Љонибек? Мегуфтанд: "Хайр як љо меравам, шуморо дар азоб намемонам. Ман њамин хел меравам, ки њич кас хабардор намешавад". 2-3 њафтаи охир њамин гапро такрор мекарданд. Баъдан, ки рўзи рењлат наздик меомад, мешунидем: "Ман љое меравам, ки бояд равам..."
Бобољони ШАФЕЪ
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
ТИБИ БЕСОЊИБ
1. ХУСУСИЯТЊОИ ЗОЊИРИИ ОРИЁИЁН Пеш аз баёни матлаб ёдоварии ин нукта баљо дониста мешавад, ки навиштори пеши дидори шумо буда, ба таблиѓи кадом бартарихоњї ва нажодпарастї нигаронида нашуда, талоши ночизи инљониб барои бозшинохти гузаштаи пурфољеаи мардуми тољик дар роњи расидан ба худогоњии миллї ва бунёди ояндаи сарафрози ин миллат мебошад. Яъне набояд нажодшиносиро бо нажодпарастї ба иштибоњ даровард. Шояд бисёрињо аз худ пурсида бошанд, ки аслан чењраи зоњирии тољик чи гуна бояд бошад ва тољикон, ки худро аз нажод ориёї медонанд, то чи андоза вижагињои зоњирии хешро (вижагињои антропологии хешро) то имрўз нигоњ доштаанд. Аз ин ки тољикон њамакнун дар ињотаи ќавмњои муѓултабор зиндагї доранд, хешро аз дудаи ориёињо донистанашон, барои ноогоњони торих, ба вижа нотољикони нотавонбин тамасхуромез низ менамояд ва ба чашм мехўрад, ки гоње на њар њамванди мо тавони додани посухи сазовор ба чунинњо дорад. Албатта ба ориёитабор будани тољикон бо дидаи тамасхур нигаристани бархе аврупоиёну урусон ва нотољикони бартарихоњ, сабаб њам дорад ва он дар ин аст, ки чењраи зоњирии имрўзини на њама тољикон ба вижагињои чењраи мардумони ориёї њамгун мебошанд. Вижагињои зоњирии ориёињо ин аст, ки онњо одамони борику ќадбаланд, лоѓару хушандом буда, пешонии баланд, бинии борику кашида, чашмони калони ба сони оњу ва гање бодомишакл ва бо рангњои ѓолибан обї, сабз, ќањваї, ё сиёњ мебошанд. Ранги мўйњои онњо тиллої (бўр), ќањваиранг (њиної) ва сиёњи мушкї буда, бештар мављдор мебошанд. Бояд дар нигар дошт, ки ранги мўй ва ранги чашми мардуми ориёї, аз љумла тољикон, аз шиддати партави офтоб торик шуда, мўйњо аз тиллоирангу зард ва ранги чашмњо аз обиву сабз, бештар ба мушкї ва ќањваї табдил меёбанд. Ранги пўсти онњо асосан сафед, ё сафеди моил ба сурхї (гулгуна) мебошад. (Албатта бояд дар нигар дошт, тољиконе, ки дар водињои гарм шуѓли дурударози кишоварзї доранд, бинобар корњои сангини зери офтоби сўзон, пўсташон сўхта сафедиашонро гум кардаанд.) Садои ориёиён ѓолибан нарму гарм мебошад. Њамин аст ки њангоми сухангўйї бо забони арабї, вокњои хашену даѓали арабиро бо лањни нарм баён мекунанд. Аммо имрўз шумори зиёди тољиконро медонем, ки бо чашмони резу танг, гунањои барљаста, ќомати паст, риши кўса ва мўйњои дурушти сиёњ, бештар мардумони муѓултаборро мемонанд. Албатта њељ касе наметавонад исбот кунад, ки масалан мардумони фалон ќавм сад дар сад ориёии ростин мебошанд, зеро аз замони дар як љойгоњи муайян зиндагї доштан, то имрўз ориёиён бар асари тўфонњои сахту маргбори торих, ба монанди њамлањои вањшиёнаи туркон, муѓулон, арабњо чунон гирифтори омезиши нажодии маљбурї гаштаанд, ки аксаран чењраи ростини худро аз даст додаанд ва набояд аз дида дур дошт, ки чунин дарњамомехтагии нажодї дар саросари кишварњои љањон миёни њама ќавмњо љой дорад. Аммо новобаста бар ин њоло дар Осиё ориёињои симои аслии худро аз даст надода зиёданд, ки онњо дар Ирон, шимоли Њиндустон, дар ќисматњое аз Афѓонистону Покистон, Тољикистон ва музофоти тољикнишини Узбакистон зистгоњ доранд.
2. СИМОИ ТОЉИКЇ ДАР ДИДОРИ ДИГАРОН Дареѓ аст, ки аврупоиёну урусњои андакхондаву нохонда, њатто дар расонањои хабарии расмї ва гуфтори сари минбарњо, њангоми ба рўйи коѓазу забон овардани таркиби тавсифї, ба гунаи "намуди физикии нажоди осиёї"( "физический тип азиатской расы") , мардуми дар фалоти Осиё зистгоњ доштаро саросар муѓулсимо (монголоид), донистаанд ва дар ин росто тољикро бечунучаро њампояи ќазоќу ќирѓизу туркмону узбак мебинанд. Аммо доноёну пажўњишгарони онњо њанўз дар оѓози садсо-
наи Суманот, мардуми он љоро саросар зинда пўст аз тан дароварда буданд.) Ва агар Саъдї њам, ки "Турки ту бирехт хуни тољик" гуфтааст, чашмони зебову бепарвои кушандаи ошиќро дар нигар дорад, ки ба сони тољики зори бечораи аз дасти турки чаповулгар ранљдида менамояд. Ва дар мисраи аввал "Шояд, ки ба подшањ бигўед", ишора ба маъшуќа аст, яъне "подшањи хубон", на подшоњи мулк. Чунин намунањоро аз адабиёти форс - тољик метавон фаровон пеши дидор овард, ки гумони норости бархењоро дар тавсифи "чењраи зебои туркї" намоён месозад.
3. ДАРЊАМОМЕЗИИ ТОЉИКОН БО ТУРКОН Торихи љафокашии тољиконро пеши рў оварем, бозхоњем дид, ки дар дарозои садсолањо туркон на як бору ду бор ба сарзамини ниёкони мо њамла бурдаанд. Нахуст њамлаи вањшиёнаи њунњо, дар садсолаи VI мелодї, бо сарварии Атилло, ки падари туркон дониста мешавад, дар дигаргун сохтани чењраи ориёинажодон наќши ибтидої гузоштааст. Вале њамлаи аз њама беамони онњо, ки раванди дарњамомезии иронитаборонро тезонда буд, пас аз ислом пазируфтани туркони гуногунќабила, ба монанди туркони чигил, туркони яѓмо, туркони ќарлуќ ва зимнан бунёд ёфтани "суперэт-
ЧЕЊРАИ ТОЉИКЇ лањои XIX - XX, пас аз сайри шањрњову дењоти Вароруд дарёфта буданд, ки тољикон ягона мардуми иронитабори аз бостон бумии ин сарзамин мебошанд ва дар тафовут бо муѓулнажодону турктаборон, аврупоинажод мебошанд. Њамон гуна ки донишмандони рус А.Н. Хаников, А. Семёнов, А. Шишов, Н. Аристов ва чанде дигарон дар пажўњишњои этнографии худ, тољиконро бо вуљуди хориву залилї аз гирифторињои зулми турктаборон, бо љабини фарох, чашмони калони мешї ва гање обиву сабзи бо мижгонњои сиёњ ињота гардида, биннии нозуки рост ва гање уќобгуна, бо чењраи сафеди гулгун, бо мўйњои њиноии мушкин ва риши ѓафси пурмў, ќомати баланд, яъне ориёиёни ростин дарёфта буданд. Инљониб бар онам, ки дар ин марњилаи њассоси садсолаи XXI, ки сиёсатпешамардум аз љањонишави љањон сухан меронанд, танњо соњиби давлате будан кофї нахоњад буд. Дар баробари соњиби давлати мустаќил будан, доштани њуввияти миллї, ки бар пояи шохисњои антропологї, забону фарњанги миллї, этнографї ва соири вижагињои таъинкунндаи миллат устувор аст, лозим меояд ва мо мардуми дар ињотаи нотољикон зиндагї доштаро, то расидан ба худогоњї, боясти њарчи зудтар ба њамдигаршиносї расид. Яъне бояд донист, ки тољик дар кадом љойе набошад барои якояки мо тољик аст ва гузашта аз ин касе забони порсї ва саргузашти пурифтихор ва њамзамон дардогандаи моро дар пањнаи Ирони Бузург ва њарими њарами Авасто самимона пазируфтааст ва талош ба боззоии њофизаи абадии забону торихи адаби порсї дорад, ба ноогоњон бирасонад, ки рўњи нокоми њазорсолагонамон то расидани дудааашон ба рўзгорони њамсўйиву њамгиройї хаставу нигарон хоњад монд. Бояд донист; аз ин ки арабњо пас аз шикасти Сосониён, садсолањо дар зодбуми мо њукумат карданд ва њазорон араб дар сояи дингустарї ва паноњи давлатдории арабї, регзорони бесамари хешро тарк карда, ба сарзамини рўдборону дарахтзорон сарозер шуданд ва њар кадоме соњиби чањор зан (ѓолибан занону духтарони шавњар ва падари ба ќатл расонда) ва хонаву њавлї гаштанд, аз ин ки туркон пас аз шикасти Сомониён, осиёбњоро бо хуни тољикон чархонда, аз фарёду додхоњии занону духтарони гирифтори таљо-
вуз лаззат мебурданд, омезишњои генетикии фаљење ба миён омад, ки чунин офатњои пай дар пай, мардуми дигареро ба сони гард аз рўйи замин саросар пок медошт. Аммо озодзодагон гарчи бахше аз ишон дар пайкар аз нутфаи бегонагон огандагї доштанд ва чуноне гуфта шуд, то андозае чењраи ростини хеш бохтанд, вале сиришти тољикии худро аз даст надода, аз ориёињо њам ориётар монданд. Аммо сухан ин љост, ки тољик дар бисёре аз мавридњо ба осонї фирефтори чењраву номњои ба истилоњ "шарќии" нотољикони фитнаангез гашта, дар шинохти худиву бегона њамвора ба иштибоњ роњ додааст ва аз паёмади њамдигарношиносињо ранљу ошуфтагињои њангуфту камаршиканеро аз сар гузаронидааст. Саргузашти нангбори на чандон дури дар ду сангар љой гирифтану бо машварати нотољикони чи дохиливу чи хориљї, бањамситезиданњои хунини ин мардум гувоњи равшани он андеша аст. Ва ё чуноне бештари њамвандон фирефтори ташвиќи турктаборон гашта, њанўз њам дарнамераванд, ки дар адабиёти форс - тољик њар гоњ дар тавсифи чењраи душизаи зебо ба дилрабогии чашму мижгону абрўву мўйи туркона ишорањо рафта бошад, манзури шоир аз он ташбењот танњо сифатњои тозандагиву берањмї, занандагиву гирифтор намудан ба доми ѓуломї ва дигар вижагињои мардуми тозандаву ѓоратгари сањронишин мебошад. Бад - он сон ки ба њангоми доварињо ба байти машњури Њофиз ("Агар он турки шерозї ба даст орад дили моро, Ба холи њиндуяш бахшам Самарќанду Бухороро"), њатто иддае аз адабиётшиносони номї мепиндоранд, ки дар ин ѓазал шоир ба туркзодаи зебои шерозї ишора доштааст, гарчи дар он замон дар Шероз як турк њам зиндагї намекард. Равшан аст, ки он бузургвор бо ишора ба берањмиву золимии туркон, душизаи шерозиро низ љафокор унвон карда, танњо холи сиёњи вайро ба ду маркази бостонии Ирони Бузурги аз љониби Темури ланги турк ишѓол гардида - Самарќанду Бухоро, баробар донистааст. (Ва бояд донист, ки дар таркиби "холи њинду" дар баробари ишора ба сиёњии хол, киноя ба берањмии туркони сабуктегиниву темурї ба чашм мерасад, ки бо бањонаи интишори дини ислом, барои ѓорати хазинањои Њинд, аз љумла ганљи-
носи мусалмонї", дониста шудааст, зеро пас аз он бахши зиёди иронинажодон на танњо аз роњи иљбориву таљовуз, балки ихтиёрї низ бо туркон омезиш меёфтанд. Донишманди донову тавонои тољик, Юсуфшоњ Яъќубшоњ мавзўи этногенези тољикон ва туркзабононро мавриди тањлил ќарор дода, бар пояи љусторњои пажўњишгарони номии Аврупо ва муќоисаву бознигарињои мўшикофонаи хеш, ба мавзўи бозшинохти чењраи зоњирии тољикону ирониён, дар тафовут бо нотољикону анирониён, метавон гуфт нуќта гузоштааст. Устод ба раванди таѓйири чењра намудани тољикон дар масири рўзгорони дарњамомезї бо муѓулнажодон бо дидаи жарфбин нигариста, чунин натиљагирињо кардааст: "Дар гузашта омезишёбиро њамдинї ва забткорињою таљовузњо ба вуљуд оварда. Бинобар ин бо омадани аъроб ва исломро ќабул кардани халќи тољик ва баъд ѓасби туркзабонону муѓулнажодон тољиконро омезиши бо онњо рух дод. Агар дар аввали ташкил шудани этногенези тољикон муѓулнажодон (туркон) иштирок накарда бошанд, пас аз асрњои XI - XII туркони ќарлуќ (ќарахонї), дар асри XIII муѓулон ва дар асри XVI ќабоили гуногуни муѓулнажод, бо номи узбакон сарзамини тољиконро забт намуда, њамчун халќи њукмрон бо тољикон омезиш ёфтанд ва њамхуншавї то ба рўзгори мо давом дорад." Дар ин маврид зањматњои шоёни ситоиши донишманди пуркори тољик, Мирзо Шукурзодаро низ боясти ёдовар шуд, ки дар китоби пурарзиши худ, унвонии "Тољикон дар ќаламрави Ориёно", дарёфтњои пажўњишгарони замонањоро гирд оварда, барои хештанковии тољикон, метавон гуфт дастуре таълиф намудааст. Агар ин мавзўъро густариш бидињем, аз андозаи як маќола берун рафта, дар як китоб љой хоњад гирифт, аммо он чи дар ин росто дархўри нигариш аст ва он ин мебошад, ки дар миёни мардумони ориёии бо туркњо фаровон омезиш ёфта, ќавми урус низ мебошад, зеро љараёни этногенези онњо аз замони њамлаи њунњо, бо сарварии Атилло оѓоз ёфта буд. Дар ин бора пажўњишгари урус, Лев Гумилёв ишорањо дорад, ки бинобар маљоли мањдуди ин навиштор, аз бознависии он худдорї мекунем.
Зафар МИРЗОЁН
РАНДА Як гурўњи љавонони тољик дар вилояти Суѓд филмеро бо номи "Паймон" ба навор гирифтанд ва умед доранд, бо ин кори худ инќлоб хоњанд кард. Филмро худи гурўњ бо худмабалаѓгузорї тањия кардааст. "Нигоњ" аз Муњиддини Музаффар, коргардони ин филм, нахуст пурсид, ки "Паймон" чї паём дорад? - Филм аз решањои људошавии оилањои љавон ва сабабњои нашинохтани љавњари ягдигар суњбат мекунад. Аз рўзгори љавоне ќисса мекунад, ки бо шикастани аввалин паймон ба мољароњои зиёд дар зиндагї мепечад. Ќањрамони мо чї тавр мушкилашро њал мекунад, бояд филмро дид. Филм дар Хуљанд наворбардорї шудааст. - Шуморо чї тањрик дод, ки ба синамо ворид шавед? - Дар рагу пайванди мо ин хун љорист. Кор дар театри Конибодом ва тањсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон бегуфтугў моро вориди дунёи синамо гардонд. - Оё шумо пеш аз ин филмеро коргардонї кардаед? - Бале, коргардони филми "Ормонњо" ва филми њуљљатии "Канд" ва боз чанд филми кўтоњмуддат њастам. - Ин филм дард ва ё мушкилоти кадом ќишри љомеаро боз мекунад? - Бо шакл ва услуби мелодрама ва детектив тањия шудааст. Филм аз мушкилоти ќишри миёнаи ањолї ва оилаи зиёї мегўяд. Бовар дорам, ки "Паймон" ба тамоми ќишри љомеа писанд меояд.
- "Паймон" кай ва дар куљо ба намоиш гузошта мешавад? - Шояд оѓози моњи сентябр нахустнамоишаш дар кохи бузурги Љомї ва баъдан шурўъ карда аз ноњияњои вилояти Суѓд ва дар дигар шањру навоњии љумњурї бо навбат то соли нави мелодиї ба намоиш гузорем. - Оё метавон ба ояндаи синамои тољик бовар кард? - Сармоягузорї бояд кард, аммо дар љойњои махсус. Сарпарастон бубинанд, ки коргардон чї мехоњад ва пушти идея чї меистад. Гурўњи корї ба чї кор ќодиранд. Имрўз синамогарони љавон њастанд, ки бо ёфтани маблаѓи ночиз даст ба тањияи филм мезананд. Аммо мо љониби синамои њирфавї ќадам мезанем. Ба ояндаи синамои ватан бояд умед баст, зеро љавононе њастанд, ки мехоњанд ва метавонанд корњои инќилобї анљом бидињанд. - Дар кишваре чун Тољикистон, ки ин соња то њол рушд накардааст, ба-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
7
Муњиддини МУЗАФФАР:
"МО ДАР ПУЛ ТАВАККАЛ КАРДЕМ, НА ФИЛМ!"
рои як гурўњи љавон кори осон буд бардоштани филм? - Мо таваккал дар самти харљи мабалаѓ кардем. Аммо худи кори тањия таваккал набуд. Зеро барномарезии яксола ва њама аъзои гурўњ мардуми њирфавї буданд. Ин маънои онро дошт, ки мо на таваккал, балки медонистем чї кор карда истодаем. Лекин харљи маблаѓ ин воќеан таваккал аст, ки мо умед дорем онро пайдо мекунем. - Бурду бохти синамои имрўзи тољикро метавонед шарњ бидињед? - Бурд ин аст, ки ду се коргардони муваффаќ њастанд, талош доранд корњояшон њирфавї бошад. Бохт ин аст, ки дар кишвар мактаби синамо вуљуд надорад ва чандин синамоофарони аз кўчаи ин мактаб нагузашта филм мебардоранд, ки мардум бо тамошои он ба тамоми филмњои тољикї бањо медињанд ва аз филмњои ватанї дур мешаванд.
- Коргардонњои мо метавонанд сифати филмњои худро дар сатњи љањонї омода кунанд? - Ман дар рушди соња некбин њастам. Аввал, барои филми хуб реклом ва
сарпарасти хуб даркор аст. Баъд, омўзонидани љавонони дўстдори соња. Фарќ надорад, ки ў наворгир аст, нурпардоз ва ё декоратор (устои сањна). Дигар, њамкорї бо коргардонњои муваффаќи тољик, ки дар хориљ фаъолият мекунанд. - Интихоби њунармандон ва кор бо онњо, бахусус бо Ќурбон Собир, кори осон буд? - Барои ман осон буд, зеро бо устод ман солњо боз мисли падару писарем. Мо бо бањсњои зиёд зуд забони якдигарро меёбем. Устод хоњишњои худашонро доранд, аммо мо низ андешаи худро дорем. Муњим ин, ки дар эљод бањси њирфавї бошад, на ѓаразу кина. - Муаллифи ин филмнома кї аст, дар наќши асосї бозї мекунад? Чанд моњ ва бо чї харољот филмро ба навор гирифтед? - Сенария аз Бахтиёр Каримов, филмноманависи љавони тољик аст, вале коргардон онро дубора коркард намудааст. Дар наќшњои асосї њунармандони маъруф Ќурбони Собир, Тањмина Раљабова, Сирољиддин Ѓафурї ва Хуршед Мустафоев наќш офаридаанд. Харљи маблаѓро ман намедонам, зеро ин кори продюсер аст. Дар муддати як солу њашт моњ тањия шуд. Мусоњибаи Амруллоњи НИЗОМ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
МИНБАРИ ХАЛЌ
ИМЗОИ ЯКЕ АЗ САНАДЊОИ СУЛЊ
Мењралї Тошмуњаммадов, шахсе, ки тарњи сулњи тољиконро кашид Ин матлаб бо фармоиши идораи «Нигоњ» омода шудааст 1. Њастанд инсонњое, ки дар зиндагии худ ба давре ќадам мегузоранд, ки аз он ба баъд њаёти онњо ба якборагї ба сатњи дигар ва басо баландтар мерасаду чењрањое мегарданд, ки дар таърихи кишвару мардуми хеш аз маќоми хосу мўътабар бархурдор мешаванд. Мењралї Тошмуњаммадов аз њамин гуна шахсони фарид аст. Оѓози давреро, ки ўро узви чунин як тоифаи баргузидагон сохт, яке аз рўзњои феврали соли 1993 буд. Дар он аём Мењралї Тошмуњаммадов дар Хоруѓ мезист. Баъд аз анљоми тањсилу дифоъи рисолаи номзадї дар риштаи иќтисод дар Академияи идоракунии Русия ба ватани љангзадаву пароканда баргашт. Зимистони Бадахшон њамон сол басо ќахратун омад. Азоби мардумро норасоии барќ ва маводи хўрока дучанд мегардонд. Барќ барои 1-2 соат дар як шабонарўз дода мешуд. Дар Хоруѓ њамагї як корхонаи нонпазї кор мекард. Бо ин њама, мардум охирин ќути лоямути худро бо муњољирини иљборї таќсим мекарданд. Мењралї бо дўкондорї машѓул шуд, то ањли хонавода ва боз 30 - 40 хеши дигарро бо орду нону маводи ниёзи аввал таъмин намояд. Дўкончаи эшон дар шафати бинои Комиссариати њарбии ВМКБ, ки он замон сарвариашро ба њайси коммисари њарбии вилоят бародараш Тошмуњаммад Тошмуњаммадов ба ўњда дошт, воќеъ буд. Аввали феврали соли 1993 раиси ваќти Шўрои вакилони халќи ВМКБ Ѓарибшо Шањбозов ба бинои комиссариати вилоятї меояд ва бо Тошмуњаммад ва Мењралї Тошмуњаммадовњо вомехўрад. Ў мегўяд, ки рўзњои наздик ба Хоруѓ Ливиу Бота, намояндаи Дабири Кулли СММ, ки баъдан роњбари дафтари намояндагии сиёсии СММ дар Тољикистон буд, ба Хоруѓ меояд. Ба ќавли Ѓарибшо Шањбозов, фиристодаи СММ бо ваколати Шўрои Амнияти СММ ва супориши давлатњои аъзои он дар љустуљўи имконияти пайдо кардани роњи баромад аз низоъи дохилии Тољикистон мебошад. Ў аз бародарон хоњиш намуд, то дар баргузор намудани љаласаи
якљояи њарду тараф ва љаноби Ливиу Бота мусоидат кунанд. Мурољиати Шањбозовро ба бародарон Тошмуњаммадовњо боз як сабаб дошт. Дар ќиёс бо рўёрўии мусаллањона дар аксари манотиќи љанубтар аз аѓбаи Анзоб, дар Хоруѓ байни њукумати вилоят ва мухолифини мусаллањ ба даргирии феълї бо тиру туфанг нарасида буд. Вале њеч кас таѓйири вазъро кафолат дода наметавонист. Коре кардан лозим буд, то вазъ мунфаљир нашаваду рўёруии сиёсї ба бархўрди мусаллањонаи тарафайн тањвил наёбад. Мурољиати Ѓарибшо Шањбозов мањз ба Мењралї Тошмуњаммадов ва бародараш Тошмуњаммад беасос набуд. Њам намояндагони њукумат ва њам мухолифин онњоро эњтиром мекарданд. Падарашон - Акрам Тошмуњаммадов, дар њар мансабе, ки Њукумати Шўравї онро барояш раво медонист, ихлосмандона мењнат мекард. Амакашон - Мастибек Тошмуњаммадовро дар љумњурї чун нахустгенерали тољик мешинохтанд ва њурмат мекарданд. Худи Мењралї Тошмуњаммадов низ мисли падару амакаш инсоне буду њаст, ки барояш кори давлат ва хизмат ба мардум њамеша дар љои аввал меистанд. Бар хилофи хелењои дигар, Мењралї Тошмуњаммадов ягон зарра дахле ба сар задани низоъи умумимиллї надошт. Мењралї даъвати Шањбозовро мепазирад ва билофосила аз паси коре мешавад, ки ба манфиати њамагон аст. Корњои шахсї ва манфиатњои хусусии худро дудила нашуда, як тараф мегузорад. 2. Баробари ба Хоруѓ омадани Ливиу Бота, вохўрии сетарафаи маќомоти давлатї, мухолифин ва Намояндаи Дабири Кулли СММ дар Тољикистон баргузор шуд. Иштироккунандагони вохурї њузури худи Мењралї Тошмуњаммадовро дар љаласа амри заруриву њатмї донистанд. Чунин вохўрињо дар он ваќтњо хељ гоњ орому равон намегузаштанд. Ин вохўрии сетара-
фа низ истисное аз ќоида нагашт. Тарафайн якдигарро танќиду маломат ва ба њар чизе, ки мумкин буду имкон дошт, айбдор мекарданд. Њарорати радду бадали каломии тарафайн ба њадди аъло расиду хеч касе аз суханкунанандагон дигар ба гуфтањои тарафи муќобил гўш намедоду њарферо низ дар бораи пайдо кардани роњи баромад аз рўёрўї ва њамдигарнофањмї намегуфт. Бањсу мунозира бо он анљом ёфт, ки њар як тараф дар мавќеи худ монду маљлисгоњро хомўшии пуршиддат њукмрон гашт. Ин хомўшии пуршиддат метавонист бо њар паёмад, аз љумла аз байн бардошта шудани садди ночизе, ки тарафайнро аз силоњ кашидан ба рўи якдигар мамоният мекард, анљомад. Дар чунини як лањзањои пурташаннуљ ва барои оромиву субот ва истиќрори нисбии вилоят феълан хатарнок, дар њолате, ки дигар њеч кас гуфтани њарферо зарур намедонист, њозирин аз Мењралї Тошмуњаммадов боисрор хоњиш карданд, ки фикру андешањояшро баён намояд. Дар сухани худ Мењралї, ќабл аз њама, ишора ба он кард, ки на дар атрофи корњое, ки дар гузашта шуданду љой доштанд, шиддатгирї бояд кард, балки эњсосро як тараф гузашта, дар атрофи масоили барои њамин рўзњои љорї мубрам бањс намуд. Дар њамин лањзањо њељ як кори муњимтар аз гирифтани пеши роњи интиќоли хунрезї ба вилоят вуљуд надорад. Ин корро њеч яке аз нерўњои феълии вилоят - на маќомоти давлатї ва на мухолифини онњо, ба танњої иљро карда наметавонад. Ягона роњи амалии расидан ба мурод ин аст, ки њар ду тараф бояд паси мизи гуфтугў нишаста, бо асабњои ором мушкилњои мављударо якљоя ташхис намоянду роњњои њаллу фасл намудани онњоро љустуљў кунанд. Дар давоми сўњбати хеш Мењралї Тошмуњаммадов ба он низ ишора кард, ки тавре аз рафти вохурї бармеояд, намояндагони њукумату мухолифин ба якдигар боварии чандон зиёд надоранд. Аз ин рў, ноилољ эњтиёљ ба миёнаравон пайдо мешавад. Нињодеро, ки Ливиу Бота сарварї менамояд, љомеъаи бай-
налмилалї мукаллаф сохт, ки ин вазифаро иљро кунад. Вале ин кам аст. Мушкиле, ки ба сари тољикон омад, чанд давлати дигар, аз љумла Русия, Эрон, Ўзбекистон, Афѓонистон ва ѓайраро гирифтор кардааст. Бе ворид кардани онњо ба раванди дарёфти њамдигарфањмї байни тарафайни ќазия њаллу фасл намудани мушикилоти мављуда амрест имконнопазир. Ин њам кофї нест. Барои њамоњанг сохтани кўшишу талошњои тарафайни ќазия дар пеш бурдани кори эљоди сулњ, вокуниши фаврї ба мушкилоти пайдошаванда ва дарёфти сареъи њалли муносиб барои онњо њар ду љонибро лозим аст як дастгоњи муштараки иборат аз намояндагони ваколатдори тарафайн ва дар асоси доимї амалкунанда таъсис дињанд. Мењралї Тошмуњаммадов бо ибрози ин фикрњо иктифо накард. Дар идомаи сўњбати худ ў исрор дошт, ки сулњу субот дар вилоят танњо њамон ваќт устувор буда метавонад, ки агар раванди феълии эљоди сулњ саросари љумњуриро фаро гирад. Њамзамон ў маљмуъи пешниходњоро аз ќабили шурўъи бетаъхири музокирот байни тарафайни даргир зери парчами СММ, баргардонии бошарафу боамни кулли мўњољирини дохили кишвар ва хориљ аз он ба мањаллањои муќими зисти онњо ва боз чанди дигар, матрањ сохт, ки чунини як равандро метавонистанд хидмат кунанд. Гуфтан љоиз аст, ки њамаи ин пешнињодњо дар маљмўъ 13 пешнињод, аз љониби Ливиу Бота сабт карда шуданд ва тавре аз раванди минбаъдаи њаводис маълум гашт, љузъи пешнињодхое гаштанд, ки СММ ба тарафайни ќазияи тољик матрањ карда буд. Ногуфта низ намонад, ки ин пешниходњо ба Созишномаи сулњи байни тољикон низ ворид гаштанд. 3. Раванди минбаъдаи зиндагї исбот кард, ки пешнињодњо оид ба њифз намудани сулњу суботи њоло на чандон устувор дар ВМБК ва гирифтани пеши роњи аз будаш бештар халалдор шудани вазъ дар вилоят на танњо муфид, балки бамаврид њам буданд. Баъд аз
ЌАДРДОНИИ МИЛЛЇ аз чанд моњ, тобистони соли 1993 нерўњои аввалини тамриндидаи Њаракати исломии Тољикистон иборат аз 300 нафар, размандаи сарупо мусаллањ тањти фармондењии Њаким Ќаландаров ва Љумъаи Намангонї аз Афѓонистон вориди ќаламрави Бадахшон шуданд. Ба гуфти мардуми њолдони тањљої, онњо ният доштанд, ки њукумати мањаллиро барканор кунанду каламрави вилоятро пойгоњи њамлањои низоми алайњи њукумати Тољикистон гардонанд. Љавобан нерўњои марзбонии рус дар ќаламрави Бадахшон ба њолати омодабоши куллї оварда шуданд. Њукумати марказии љумњурї низ нерўњои низомиашро ба аѓбаи Саѓирдашт интиќол медод. Вазъ дар Бадахшон хеле номусоид ва хатарзо гашт. Њамин буд, ки дар Хоруѓ њаракати мардумии "Неруњои худмуњофизи Бадахшон" созмон дода шуд. Њадафи аслии њаракат эмин нигоњ доштани минтаќа аз кашида шудан ба вартаи доругири низомї буд. Њаракат Бадахшонро минтаќаи сулњ эълон кард. Маќоми роњбарї ва њамоњангсозии нерўњои худмуњофизро Шўрои Сиёсї бар дўш дошт. Он барои роњандозї намудани муносибатњои њасанаву созанда бо тамоми љонибњои зирабт ва љилавгирї аз ташаннуљи авзо љањду талош мекард. Расидан ба ин њадаф ба њељ ваљњ осон набуд. Њар сари чанд ваќт муносибатњо байни тарафайни ќазия дар Хоруѓ ва амокини дигари вилоят шиддат мегирифт. Ба таъкиди шоњидону орифон, баландтарин нуќтаи ављи ташаннуљи авзоъ дар ви-
аро таъмин кардан мумкин аст. Њамчунин онњо дар аќидае росих буданд, ки аѓлаби мардуми Тољикистон, новобаста аз мансубият ба ин ё он минтаќа, љараёну љунбишњои сиёсї, иљтимої ва мазњабї, фарзандони хамин диёранд. Фарзандоне, ки дар замони Шўравї бо њамдигар равобити дўстона ва бародарона доштанд, якдигарро самиман иззату њурмат мекарданд ва дар дил орзўи шукуфоии Ватани ягонаашон - Тољикистони озоду соњибистиќлолро, мепарвариданд. 4. Охири сентябри соли 1993 Мењралї аз Хоруѓ ба Душанбе баргашт. Ўро лозим буд, ки падараш, шодравон Акрамбек Тошмуњаммадовро, ки аз маризии шадиди гурда азият мекашидан, ба хотири гузарондани амали љарроњї ба беморхона хобонад. Бино ба гуфтаи тањлилгари шинохта Шодавлат Шонусайриев, баъди рафтани Мењралї Тошмуњаммадов ба Душанбе, Нерўњои худмуњофизи Бадахшон ва Шўрои Сиёсии он ба Шўрои сиёсии Оппозитсиюни Муттањидаи Бадахшон мубаддал гашт ва Њукумати вилоят ва Шўрои Сиёсї нињоди муштаракеро бо номи Комиссия созиши маќомоти давлатї ва Шўрои Сиёсии Оппозитсиюни Муттањидаи Бадахшон созмон доданд. Ин комиссия њамон дастгоњи гуфтушуниди доимї ва вокуниши амалиёти ба њама гуна дигаргушавии вазъият гашт, ки дар бораи он Мењралї Тошмуњамадов ба ширкаткунандагони наху-
Намояндагии сиёсии Созмони Милали Муттањид дар Тољикистон ќарор гашту аз љониби он писандида шуд. Аљаб нест, ки њамин омўзишу тањлил ва гузоришњои сарвари Намояндагї Ливиу Бота ба Шўрои Амнияти СММ яке аз омилњое гашт, ки шурўъи нахустин раванди гуфтушуниди љиддиро байни намояндагони њукумати марказии Тољикистон ва мухолифин бо ибтикори муштараки Русияву ИМА дар чањорчўби конфаронси Дартмунд моњи марти соли 1993 имконпазир гардонд. Хамчунин, шакке нест, ки таљрибаи фаъолияти Комиссияи созиши маќомоти давлатї ва Шўрои Сиёсии Оппозитсиюни Муттањидаи Бадахшон минбаъд дар сохтору фаъолияти Комиссияи муштараки назорат бар риоя намудани иљрои Созишномаи Тењрон оид ба оташбас ва Комиссия оштии миллї ба ин ё он андоза такрор ёфт. Дар раванди музокироти сулњи тољикон намояндагони тарафайни ќазия дар Бадахшон низ иштирок карда буданд. Дар баробари бардоштњои СММ, таљрибаи дар раванди њамкории банно зери сарпарастии СММ андўхтаи онњо низ метавон яке аз сарчашмањои созишњое донист, ки иштироккунандагони музокироти сулњи тољикон ба онњо расиданд. Кадомин омилњо аз љониби Мењралї Тошмуњаммадов дар нахустин вохўрии сетарафа пешкаш кардани чунини як барноми мутакомилро имконпазир гардонд? Дар ин асно, аввалин омилеро, ки бояд ёдовар шуд, њамон таљрибаи кори њизбї-давлатї ва тањсили му-
МЕЊРАЛЇ ТОШМУЊАММАДОВ
лоят ба 20 июли соли 1993 рост омад. Ба шарофати талошу кўшишњои њам намояндагони њукумати вилоят ва њам Шўрои Сиёсии Нерўњои худмуњофизи Бадахшон ин мушкилї сулњомезона њаллу фасл ёфт. Тарафайн Њукумати муросои миллии вилоятро созмон доданд. Бо пешнињоди Шўрои Сиёсї намояндаи Нерўњои худмуњофизи Бадахшон Балхиёр Замиров ба њайси Раиси Кумитаи иљроияи ВМКБ таъйин шуд. Боз чанд нафари дигар ба сохторњои гуногуни њукуматї шомил гаштанд. Њамкории тарафайн дар чањорчўби њукуматї ягона нигоњ доштани сулњу суботро дар минтака имконпазир гардонд, љиддан сањмгузор шавад. Дар њамаи ин иќдомгирињо, махсусан дар дарёфти тафоњум байни њукумати вилоят ва Шўрои Сиёсї фаъолияти Мењралї Тошмуњаммадов ва њаммаслаконаш, ки дар байни онњо Шодавлат Шонусайриев, Улфатхоним Мамадшоева ва дигарон - чењрањои солењфикру равшанзамир, ки онро равост фаъолияти сулњофарї номид, наќши намоён, балки калидиро бозиданд. Ба яќини томи онњо танњо аз роњи њамин гуна фаъолият, ки љавњари онро мубориза барои ба ифоќа овардани мардум ташкил мекунанд, сулњу субот ва, бадин минвол, устувориву пойдории љомеъ-
стин вохўрии сетарафаи намояндагони њукуматї, мухолифин ва СММ гуфта буд. Дар њайати Комиссия бахшњои алоњида оид ба масоили сиёсї, низомї ва ѓайра таъсис дода шуда буданд. Сарчашмаи ин ва њамаи иќдомоти дигари дар боло ёдоваршуда њамон вохўрии сетарафа, сухани Мењралї Тошмуњаммадов дар вохурї ва пешнињодњои ў буданд. Ногуфта намонад, ки маводи ин вохўрї, раванди созмон дода шудани Нерўњои худмуњофизи Бадахшон ва Шўрои Сиёсї, таъсис дода шудани њукумати муросои миллї дар вилоят ва ба он ва сохторхои мухталифи њукуматї тибќи як меъёри нисобї (квота) ворид карда шудани намояндагони љониби мухолиф, таъсис додани Комиссияи муштараки созиш дар асоси намояндагии баробари тарафайн ва аз љониби мухолифин сарварї шудани он, мабдаъ ва усуле, ки раванди гуфтугўи сиёсї дар чањорчўбаи комиссия такя ба онњо дошт, гунаи фаъолияти муштараки љонибхо дар њал намудани њам масъалањои умда ва њам мушкилоти мушаххаси мардум, аз худи лањзаи аввали оѓози раванди ба ифоќа овардани тарафайни доругири сиёсї дар Бадахшон дар чањорчўби талошњои сулњофарини СММ мавриди омўзишу тањлили даќиќ ва пайвастаи
такомили њизбї-сиёсии ў мебошад. Аз он лињоз, ки њамин таљрибаву тањсил омили муњими дигар - дар Мењралї Тошмуњаммадов ташаккул ёфтани ќобилияти нисбат ба њар як падидаву мушкилот дар асоси мавќеъгирињои шомил ва расидагии фарогир рафтор карданро, боис шуда буд. Боз як омили муњим ин буд, ки худи Мењралї Тошмуњаммадов на дар ангезондани рўёрўии сиёсї даст дошту на дар љараёнгирии онњо сањмгузор буд ва аз ин рў, ќобилияти фикрронии мустаќилро аз даст надода буд. Нињоят, аз он њам бояд ёдовар шуд, ки дар минтаќањое, ки даргирињои шадиди низомї рух дода буданд, њамоно идома меёфтанд. Нерўњои сиёсии даргир ва тарафдорони онњо њоло барои тафкири љиддї оид ба расидан ба сулњи умумимиллї тавассути музокирот омода набуданд ё, дурустараш, њоло фурсати лозимаи сиёсиву равонї барои чунини як амр нарасида буд. Барои расидани чунини фурсат ваќт лозим буд. 5. Аз бозгаштани Мењралї Тошмуњаммадов ба Душанбе дере нагузашта буд, ки тасодуфан ё бо амри таќдир бо Ливиу Бота, ки њамоно сарварии Намояндагии сиёсии СММ-ро Тољикистон бар дўш дошт, вомехўрад. Ин
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
9
лањзаи њаёташро худи ў барояш таќдирсоз унвон мекунад, зеро Ливиу Бота пас аз салому алейк ва пурсупоси њолу ањволи зиндагї, аз ў хоњиш мекунад, то дар дафтари Намояндаги бо ў якљоя кор кунад. Ў хохиши ўро, ки амалан даъват барои кор кардан дар ин сохтор буд, пазируфт. Аз њамин лањзаи вохурї бо Ливиу Бота дар Душанбе фаъолияти минбаъдаи сулњофарии Мењралї Тошмуњаммадов дар сатњи сифатан боло шурўъ гашт. Кори худро дар дафтари Намояндагии сиёсии СММ Мењралї Тошмуњаммадов аз он сар кард, ки дар чањорчўби Намояндагї бахши махсусро бо номи Гурўњи иттилоотїтањлилї ташкил кард. Дар андак ваќт Гурўњи мазкур ба пуркортарин ва фаъолтарини бахши Намояндагї, гузашта аз он, ба манбаъи саршори аќидањову ташаббусњои сулњофарї дар љумњурї табдил ёфт. Њамчунини лозим ба ёдоварист, ки тавассути сарварї намудани кори бахш, Мењралї Тошмуњаммадов дар ташаккул додани фазои иттиллоотии ба меъёрњои байналмилалї љавобгуй дар Тољикистон низ љиддан сањмгузор шуд. Аз он љињат, ки дар солњои 90-ми ќарни гузашта Гурўњи иттиллотї-тањлилии Намояндагии сиёсии СММ дар Тољикистон, ки минбаъд дар раванди густариш ёфтани амалиёти сулњофаринї дар љумњурї ба Хайати нозирони СММ дар Тољикистон (ЊНСММТ) тањвил дода шуд, фоъили (субъекти) пурнишоти пањнову фазои иттилоотии кишвар гашта буд. Дар чањорчўби фаъолияти хеш Гурўњи мазкур, ки дар њайати он ба ѓайр аз худи Мењралї Тошмуњаммадов, дар ибтидо Наргис Таваллоева, Шамсулло Рањимов, Шодавлат Шонусайриев ва аз соли 1997 банда ва Муњибулло Зувайдуллоев кор мекарданд, хабару маълумотро барои роњбарияти Намояндагї, ки тирамоњи соли 1994, баъд аз расидан ба созиши оташбаси Тењрон, ба Њайати нозирони СММ дар Тољикистон (ЊНСММТ) тањвил дода шуда буд, дар бораи вазъи феълии кишвар, ки аз тарафи расонањои расмии хабарии мухталифи дохилї ва берунї пахш карда мешуданд, љамъ мекард. Хабару маълумоти љамъшуда дар шакли Вараќаи тафсири вазъи феълии Тољикистон ва атрофи он ва Нашрияи иттилоотї ба роњбаряти ЊНСММТ ва кормандони бахши сиёсии он равона мешуданд. Усулан мањсули кори Гуруњи иттилоотї тањлилї танњо барои истифодаи дохилии худи Њайат омода мегашт. Вале дере нагузашта он аз љониби истифодабарандагони дигари хабару иттилоот, ба шумули Дастгоњи иљроияи сарвари давлат, парлумон, вазоратњои мухталиф, сафоратњо, Нерўњои дастаљамъии сулњофаринини ИДМ ва њамаи сохторњои он дар алоњидагї, фирќаи 201-уми Русия, Гурўхи марзбонони Русия, намояндагињои созмонњои гуногуни байналмилалии муќими Тољикистон, нињодњои иттиллотии дохиливу хориљї дархост карда мешуд. Роњбарияти ЊНСММТ раво донист, ки ин дархостњо ќонеъ карда шаванд. Дар маљмўъ нашрияи иттилоотии Њайат ба беш аз 70 суроѓа равона мешуд. Аниќктараш, баъд аз соати 11 сањар утоќи кории Гурўњи иттилоотї-тањлилии ЊНСММТ зиёратгоњи њаќиќии намояндагони њамаи ин истифодабарандагон мегашт. Омадагон нусхањои омодашудаи нашрияро гирифта њамрохи худ мебурданд. Сабаби аслии чунин як таваљљўњи дигарон ба мањсули иттилоотии ЊНСМТ њамоно як буд - васеъгии дарбагирии маъхазњо ва пуррагии маълумоти љамъшудаву дарљгашта. Маълумоти дар нашрияи иттилоотии ЊНСММТ дарљшуда усулан хабару гузоришњои расонањову ољонсињои иттилоолтї-тањлилии гуногун буданд. Ин хабару гузоришњо аз дидгоњи ин расонањо, аз дидгоњи худи гузоришгарон, ки ба табиати њол, аз њамдигар фарќ мекарданд, омодаву пахш мешуданд. Аксарияти расонањои бурунмарзї мухбирони худро дар њар ду тарафи сангарњои сиёсї доштанд. Шабакаи мухбирони расмии ББС ва Радиои Озодї махсусан густурда буд. Њамаи ин боис мешуд, ки хабарњои дар Тафсир ва Нашрия љамъшуда воќеъияти љумњурї, равандњоеро, ки дар кишвар дар љарйён буданд, даќиќ инъикос мекарданд. Барои худи ЊНСММТ маълумоти њосилшуда имкон медод вазифањоеро, ки дар наздаш љомеъаи љањонї тавассути Шўрои Амнияти СММ гузошта буд, бо самаранокии баланд иљро намояд. (Давом дорад)
Рашид Ѓанї АБДУЛЛО
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
Љ
он Керрї, вазири корњои хориљии Амрико ду сафари ѓайринаќшавї ба Афѓонистон дошт, то вазъро ором ва аз љанги дохилї љилавгирї кунад. Ин дасти хориљї дар оѓоз хеле созандатар аз дастњои дохилї буд, чун ду љонибро мутаќоид кард, ки орои мардумро баршуморанд ва воќеъиятро ошкор созанд. Ва дар сафари дуюм боз њам мутаќоид сохт, ки дар кутоњтарин фурсат њукумати эътилофиро рўи кор оранд. Аммо њар боре бо рафтани ў, ин неруњои ба њамомада, дубора парешон мешаванд. Чун аз камингањ мушовирони дигар мељањанд ва нукотеро матрањ месозанд, ки ду љониб ба андешаи амиќ фурў мераванд. Њоло њамин сањнаи норушан пеш омадааст, магарам ин бор Љон Керрї ояд ва то њукуматро созмон надињад дар як утоќи иљораи кохи раёсати љумњурї будубош кунад. Роњи дигаре нест. Нест?
РОЗЊОВУ НИЁЗЊОИ ТИМЊОИ ЃОЛИБУ МАЃЛУБ Њатто наметавон дар бораи муваффаќияти тими доктор Абдуллоњи ним тољику ним паштун њарф зад. Дар њоле, ки бародари љонии сипањсолор Ањмадшоњи Масъуд Ањмад Зиё Масъуд дар канори раќиби ў Ашрафѓанї ќарор дорад. Ин як иттињоди хеле нуњуфта дар розњост, ки расидан ба умќаш душвор аст. Ва он ки Ато Муњаммади Нур, волии ќудратманди Шимол тањдид ба як шўриши мардумї дар сурати эълони маѓлубияти Абдуллоњ мекунад, ќобили дарку фањм аст. Тањдид замоне сурат мегирад, ки комиссиёни интихоботї ду њафтаи дигар барои шумороиши орои мардум ваќт талаб кардааст. Њарчанд Њомид Карзай ва њам ду тими интихоботї мегўянд натиља бояд то охири њамин моњ сарењан эълон шавад, вале коршиносон баъид медонанд ва бар ин назаранд, ки шумориши овозњо ба таври сунъї ба дарозо кашида мешавад. Њадаф чист ва чаро яке тањдиди шўриш дорад ва дуюмї онро нодида мегирад? Гап сари он аст, ки тими доктор Абдулло на фаќат аз кундии раванди шумориши овози мардум, балки аз иљро нашудани тавофуќи ба дастомада дар шоњидї ва миёнаравии вазири умури хориљии Амрико нигарон аст. Агар хонандагон ёд дошта бошанд, аслан сари масъалаи таъсиси њукумати эътилофї муоњада имзо шуда буд. Тибќи њамон санади имзошуда мебоист Ашрафѓанї президент ва доктор Абдуллоњ садриаъзам интихоб ё таъин мешуданд ва ќудрати иљроияи кишвар муддати ду соли оянда миёни ин ду тан таќсим мешуд. Вале дар сари иљрои протоколи имзошуда тими Ашрафѓанї онро напазируфт ва гуфт, ки наметавонад ба он муросо кунад, ки њокимият дар Афѓонистон ду таќсим бошад. Дар созишномаи имзошуда ба гунае таљрибаи Ќирѓизистон мавриди истифода ќарор гирифта буд. Яъне, ду тими пирўз муддати ду соли оянда Афѓонистонро идора меку-
МИНТАЌА
ДУРОЊАИ ДИГАРИ ИНТИХОБ Кї раисљумњури Афѓонистон мешавад?
нанд, вале баъди он ин кишвар мебоист кишвари парламонї мешуд. Ва инро низ тими Ашрафѓанї Ањмадзай баъди имзо шудан напазируфт. Пас љониби доктор Абдуллоњ даъвои комилан дуруст доранд, ки њам дар равиши шумориши оро кундии шубњаовар эњсос мешавад ва њам љониби мухолиф ошкоро муоњадаи имзошударо зери по мекунад. То замоне, ки ин сатрњо навишта мешуданд, аз Кобул ин хабарро доштем: муддати як њафтаи охир миёни доктор Абдуллоњ ва Ашрафѓанї муколамае сурат нагирифтааст. Ба дигар маънї, як хомўшии асрорангез њокимият меронад ва ин метавонад дар ояндаи наздик муљиби буњрони хеле шадид шавад. Чун нодида гирифтани тањдиди устод Ато нодида гирифтани вазъи сиёсиву таносуби неруњост, ки дар њаќиќат метавонад муљиби як бебандубории азим шавад ва аз ин неруњои мухолифи фурсатталаб, аз љумла Толибон њадафнок истифода баранд. Ончуноне, ки замони њукумати муљоњидин шуда буд. Ду љиноњи ќудратманд: устод Раббониву Ањмадшоњ Масъуд аз як тараф ва Гулбиддини Њикматёру ёронаш аз сўи дигар бо њам созиш накарданд, балке њамдигарро саркўбгарона заъиф сохтанд ва аз ин нерўи Толибони њидоятшаванда аз Покистону Амрико истифода бурданд ва њокимияти онњоро аз њам пош доданд. Гулбиддини Њикматёр замоне ба Масъуду Раббонї пайваста буду мансаби нахуствазириро пазируфта, ки Толибон то дарвозањои Кобул пешрафт карда буданд ва ба љуз таслим кардани пойтахт ба онњо чораи дигаре намонд. Ин мебоист як сарнавишти ибратомўз барои ду љониб мебуд ва дар аввал ба назар мерасаид мушкилот чунин дарк шуда буд. Вале баъдан нерўњое аз камигоњ берун љастанд ва тими Ашрафѓаниро аз пазириши тавофуќи њосилшуда канор заданд. Ин ќуввањо њоло паси пардаанд, вале дар кутоњтарин фурсат рў мезананд ва аз худ дарак медињанд. Он ваќт мисли замони њокимияти муљоњидин ислоњи вазъ дер хоњад шуд. Мушкили дигар эълони натиљаи интихобот аст, ки мањз он мамлакатро буњронї кар-
дааст. Сухангўи тими доктор Абдуллоњ Фозил Санчоракї бори дигар ин нуктаро ёдрас кард ва гуфт, ки "4 њазор ќуттии интихоботї, агар њар яке 500 раъй дошта бошанд, 1,5 то 2 миллион раъй вуљуд дорад, ки касе намедонад аз кадом мањал омадаанд. Мо мегўем, инњо ќабул нашаванд, аммо љониби муќобил мегўяд, ки вориди систем шавад. Ќабул надоранд. Агар њамин тур њисоб кунанд, њамон гапи Устод Ато мешавад".
АЗ ВАШИНГТОН МЕОЯНДУ МЕРАВАНД, АММО… Аммо аксари тањлилгарони масоили Афѓонистон бовар надоранд, ки иќдомоти Вашингтон ин бор корсоз меояд. Чунончї, Александр Князев, коршиноси шинохтаи рус бар ин назар аст, ки "дар умум вазъияти ин кишвар тибќи сенариёе пеш меравад, ки таќсими он ба ќавмї-сиёсї яке аз вижагињо хоњад буд. Агар роњи њалли сиёсї ба натиља нарасад, давлати Кобул, ки ќарор аст бо тайиди Амрико ба Ашрафѓанї Ањмадзай вогузор шавад, умдатан аз њимоятњои манотиќи паштунишин бархўрдор хоњад шуд". Ин тањлилгар иттифоќоти дигарро дар ин маврид нодида намегирад. Аз љумла, тањдиди руњияи људоихоњї аз Кобул дар шимоли кишвар, иттињоди гуруњњои тољикї бо гуруњњои дигари минтаќаї алайњи гуруњњои паштун, истифода туркзабонон, ќабл аз њама узбактаборон бо кўмаки Дустум барои фишор болои тољикони шимоли Афѓонистон, афзоиши хараљу мараљ дар Кобул, њамчунин дар масири иртибототии "шимол-љануб" ва амалан иттифоќ уфтодани худмухтории манотиќ ва ѓайра.
ИТТИФОЌОТЕ, КИ ЗАБОН НАМЕГАРДАД ГУФТ Ваќте ин маќоларо менавиштам, як бори дигар тањлилњои коршиносонро то ва баъди даври аввали интихоботи Афѓонистон мурур
кардам. Ќариб дар њама пешбинињо пирўзии Ашрафѓаниро дидам, то ки ба Абдуллоњи Абдуллоњ ин ѓалаба нисбат дода шавад. Ва аксари касоне, ки ин гуна ибрози назар мекарданд, на ба маъруфияти сиёсиву шуњрат миёни мардум, балки ба мансубияти ќавмии ду номзад таваљљуњ кардаанд. Яъне, њамон гузаштаи бештар аз сесадсола дар мењвари ин тањлилњо ќарор гирифааст, ки њамеша талоши сари ќудрат омадани ќавми ѓайрипаштун хунсо шудааст. Ба дигар маънї дар Афѓонистон ба њич ваљњ иљоза дода нахоњад шуд, ки ќавми ѓайрипаштун сари ќудрат ояд. Ин боз дар њолест, ки Ашрафѓанї Ањмадзай то њадде барои Амрико кадри ошност, чун солњои дароз профессори Донишгоњи Колумб ва Берклї кор кардааст. Аз сўи дигар бештар ба гуруњњои њарбию сиёсии муњими дохили Афѓонистон иртиботи наздик дорад. Ин аст, ки Афѓонистон дар пешорўи интихоби дигар ќарор дорад. Хавфи љанги дохилї аз миён нарафтааст ва агар эълони пирўзу ѓолиб на ба муроди дили мардум бошад, пас метавон њадс зад, ки њатто дар сурати аланга назадани оташи љанги дохилї таљзияи кишвар ба сурати имрўз идома мекунад. Ва таќсимбандии эњтимолии оянда бино ба тањлили Александр Князев: Ќандањор њамоно чун минтаќаи нуфузи паштуњо боќї мемонад. Аз вилояти Зобул то Кунар ва њатто манотиќи бештар аз он солњост тањти назорати Толибон аст ва оянда низ ин густара њамчунин тањти назорати онњо боќї мемонад. Ѓарби Афѓонистон ва њатто агар комилан њам набошад Њирот зери назари волии шуњратмандаш Исмоилхон хоњад буд, чуноне имрўз аст. Дар шимолу-шарќ фармондењони иттињоди шимол ва неруњои вафодор ба Ањмадшоњи Масъуд ва Бурњониддин Раббонї њокимият хоњанд кард. Ба дигар маънї, давлати фарогири Афѓонистони якпорча њаддиаќал як дањсолаи дигар чун орзу барои сиёсатмадоронаш боќї мемонад.
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
ТАБЛИЃ
КЮНЕТ - САРПАРАСТИ "МАНЧЕСТЕР СИТИ"
11
®
Тољикистон њам дар Лигаи футболи Англия то љое сањим шуд Ширкати фурўшњои мустаќили QNET бо дастаи клуби футболи Манчестер Ситии Англия шартномаи њамкорї баст. Бино ба иттилои намояндагони ширкати QNET, тибќи ин шартнома ширкати мазкур масъулияти сарпарастии расмии клуби футболи "Манчестер Сити"-ро ба уњда гирифтааст. Муоњадаи ин њамкорї барои се соли оянда дар варзишгоњи "Иттињод" -и шањри Манчестер имзо шудааст. Љейар Майер, директори идорї дар
расми имзои ин муоњада гуфтааст, ки барои ширкаташ ин як шарафи бузур аст, ки сармоягузори ин гуна як клуби футболи машњури байналмилалї мешавад. "Манчестер Сити" низ чун QNET фаъолиятро басо оддї, дар доираи як гурўњи дўстон о?оз кард ва танњо баъди солњо мубориза ва талошу пайкорњо муваффаќ шуд. QNET низ њамчунин бо убури тадриљии монеъањои бузург ва ба њадди як ширкати эътирофшудаи бай-
ЌАДРДОНИИ «МАНЧЕСТЕР СИТИ» АЗ 16 СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ КЮНЕТ
ЉЕЙАР МАЙЕР, ДИРЕКТОРИ ИДОРЇ ВА ПАТМАН СЕНАТИРАДЖА, ДИРЕКТОРИ QNET БО ФУТБОЛБОЗОНИ МАНЧЕСТЕР СИТИ
налмилалї расид", - гуфтааст ў. QNET аз ширкатњои тиљорати шабакавии байналмилалист, ки дар Тољикистон низ намояндагони расмии худро дорад ва бино ба иттилои расмї њудудан 2,5 њазор нафар дар шањру навоњии кишвар чун намояндагони мустаќил фаъолият доранд.
Аз ташкил гардидани ширкати QNET 16 сол сипарї мешавад. Айни њол ширкат дар беш аз 100 давлати дунё намояндагї дорад. Ин аввалин сарпарастии QNET дар олами варзиш нест. Ширкати мазкур таи чандин сол аст, ки яке аз сарпарастони расмии Formula-1 низ мебошад.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
БО ШОИР
НАЃМАИ РУСАБЇ Бидењ он ќуттии сурхоби маро То занам ранг ба берангии хеш. Бидењ он рўѓан, то тоза кунам Чењри пажмурда зи дилтангии хеш. Бидењ он атр, ки мушкин созам Гесувонрову бирезам бар дўш. Бидењ он љомаи тангам, ки касон Танг гиранд маро дар оѓўш. Бидењ он љом, ки сармаст шавам Ба сияњбахтии худ ханда занам. Рўи ин чењраи ношоди ѓамин Чењрае шоду фиребанда занам. Вой аз он њамнафаси дишаби ман Чї равонкоњу тавонфарсо буд! Лек пурсид чу аз ман, гуфтам: Кас надидам, ки чунин зебо буд! В-он дигар њамсари чандин шаби пеш Ў њамон буд, ки беморам кард. Ончи пардохт, агар сад мешуд Дард з-он бештар озорам кард. Пуркаси бекасаму з-ин ёрон Ѓамгусориву њавохоњї нест. Лофи дилљўии бисёр зананд, Лек љуз лањзаи кўтоње нест. На маро њамсару њамболине, Ки кашад дасти вафо бар сари ман. На маро кўдакеву дилбанде, Ки барад занги ѓам аз хотири ман. Оњ, ин кист, ки дар мекўбад? - Њамсари имшаби ман меояд! Вой, ай ѓам, зи дилам даст бикаш, К-ин замон шодии ў меояд! Лаби ман - ай лаби найрангфурўш, Бар ѓамам пардае аз роз бикаш! То маро чанд дирам беш дињанд, Ханда кун, бўса бизан, ноз бикаш!..
СУРУДИ НОН Њољї Фирўза, соле йе рўза... Чангии даврагард боз омад: Наѓма зад сози наѓмапардозаш Сўзи овозхони даф дар даст Шуд њамоњанги нолаи созаш. Пойкўбон расиду дастафшон Далќаки љомасурхи чењрасиёњ. То пашизе зи љамъ бистонад, Аз сари хеш баргирифт кулоњ. Гарм шуд бо адову шўхии ў, Сури ромишгарони бозорї. Чашмаке зад ба духтаре танноз, Хандае зад ба шайхи дасторї. Кўдаконро ба сўйи хеш кашид, Ки: Бањор асту ид меояд. Маќдамам фаррух асту фирўз аст, Шодї аз ман падид меояд. Ин манам, пайки навбањор манам, Ки ба шодї суруд мехонам. Лек оњиста наѓмааш мегуфт: Ки на аз шодиям... пайи нонам!.. Чангии даврагард рафту њанўз Наѓмае хуш ба ёд дорам аз ў. Медавам сўйи сози куњнаи хеш, Ки њамон наѓмаро барорам аз ў...
ВОСИТА Абрў ба њам кашиду маро гуфт: "- Дигар шикори тоза надорї? Инон тамом наќшу нигоранд Љуз рангу бўю ѓоза надоранд! Душизае биёр, ки ўро Њољат ба рангу бўй набошад. В-он обу ранги сохтагиро Бо рангаш обрўй набошад. Душизае биёр дилангез, Зебову шўхи ком надода. Бар лаъли обдори њавасрез, Аз шавќ кас нишон нанњода!" Афсун ба кор бастаму найранг, То духтаре ба чанги ман афтод: Духтар нагў! Шукуфта бањоре Гулпайкаре ба чанги ман афтод! Як боѓ лутфу гармиву хубї, З-ангушти пой то ба сараш буд. Дигар чи гўямат, ки чи офат Пистону синаву камараш буд!
СИМИНИ БЕЊБАЊОНЇ Базме тамом чидаму онгањ Он мардро ба маърака хондам. Мушкинѓизоли чашмсияњро Наздики хирси пир нишондам! Гуфтам: - Бубин, ки дар њамаи умр Њаргиз чунин шикор надидї. Аз њеч боѓу њеч гулистон, Ин сон гули шукуфта начидї. З-он пас ба ў супурдаму рафтам Мурѓи шикастаболу пареро. Пушти даре нишастаму дидам, Ранљи талоши бесамареро. Посе зи шаб гузашту бурун шуд Шодон, ки: "- Вањ, чи пурњунарї ту! Ин зар бигир, к-аз пайи подош Шоёни музди бештарї ту…" Ин гуфтугў нарафта ба поён Бар духтарак маро назар афтод. З-он шиквањо, ки дар нигањаш буд, Гуфтї ба љони ман шарар афтод. Он гуна гашт њол, ки гуфтам Кўбам ба фарќи мард зарашро. К-ай аждањо! Биёву зари хеш Бистону боздењ гуњарашро! Деви дарун нињеб ба ман зад: К-ин зар туро василаи нон аст! Бинњуфтамаш ба кисаву бастам, Зеро зар асту баста ба љон аст!..
АФСОНАИ ЗИНДАГЇ Њамнафас, њамнафас, машав наздик! Ханљарам, обдода аз зањрам. Андаке дуртар, ки сар то по, Кинаам, хашми саркашам, ќањрам..! Лаб манењ бар лабам, ки њамчун мор, Неш дар коми худ нињон дорам! Гирањи буѓзу кинае хомўш Пушти ин ханда дар дањон дорам! Сина бар синаам манењ, ки дар он, Оташе њаст зери хокистар. Тарсам оташ ба љонат андозам, Сўзамат пой то ба сар яксар. Мењрубонї умед дориву ман Сарду берањм њамчу шамшерам. Мори захмин зи зарбати сангам, Бабри хунин зи новаки тирам. Ёдњо дорам аз гузаштаи хеш, Ёдњое, ки ќалби сарди маро Карда вайронае зи кинаву хашм Ки нињон карда дарду доѓи маро!
Симини Бењбањонї, ѓазалсарои номвари Эрон, маъруф ба бонуи шеъри муосир дар синни 87-солагї аз олам гузаштт. Чанд рўзи ахир Бењбањонї дар бемористони "Порс" бистарї буд, субњи 18-уми август хабари марги ин шоир пањн гардид. Симин Бењбањонї 28-уми июни 1927 дар шањри Тењрон ба дунё омада, њамчун номдортарин бонуи ѓазалсарои Эрон маъруф гардидааст. Аз соли 1951 то инљониб беш аз дањ маљмўаи шеърњои ў ба нашр расидаанд. Аз љумла дар Тољикистон дар тањияи шоир Исфандиёри Назар соли 2008 нашриёти "Ирфон" бо номи "Як доман гул" мунтахаботи ашъори 9 китоби ин шоири номвар бо њуруфоти кириллї бо соядасти ў ба табъ расонд.
Кўдаке будаму маро ночор, Гоњ аз ин, гоњ аз он људо афканд.
Ки: Бо ин мурда дандони тило њаст, Намоён буд чун мешустам ўро.
Кинањо хуфта гуна-гуна басе Дар дили ранљдидаи сардам. Гоњ аз бањри номуродии хеш, Гањ пайи дўстони њамдардам.
"Фурўѓи чанд дандони тилоро Ба чашми хеш дидам дар дањонаш, Вале, овањ! ба чанги ман наафтод, Ки андешидам аз хашми касонаш."
Кўдакї , њарчи буд, зуд гузашт, Дидаам боз шуд ба мењнати халќ. Даст шудам зи хешу хотири ман, Шуд нињонхонаи муњаббати халќ.
Кунун ў буду ганљи хуфта дар гўр, Ба коми пайкари бељони сарде. Ба чанг афтад агар ин ганљ, ночор Тавонад буд дармон бањри дарде.
Дидам он ранљњо, ки миллати ман, Мекашад рўзу шаб зи душмани хеш. Он намудори азму имонро Ки наорад фуруд гардани хеш.
Ба даст орад гар ин зар, метавонад, Ки симе дар бањои ў ситонад. В-аз он пас кўдаки бемори худро, Пизишке ораду дору ситонад.
Дидам он ќањрамон, ки чандин бор Зери бори шиканља рафт аз њуш. Лек орому шодмон љон дод, Мењр накшуда аз лаби хомўш.
Чи њосил з-ин зари афтода дар гўр, Ки кас коми дил аз вай барнагирад? Зар ин љо бошаду беморе он љо Ба бедармониву сахтї бимирад?!
Дидам он чењраи мусаммами сахт Аз паси милањои сарду сиёњ. Оњ аз он охирин зи лаб лабханд! Вой аз он вопасин зи дида нигоњ!
***** Куланги гўркан бар гўр биншаст: Сукути шаб чу деворе фурў рехт. Ба љонаш чанг зад биме равонкоњ, Араќ аз чењраи беранги ў рехт.
Дидам он дўстон, ки љон доданд, Зери занљир, бо њазор уммед. Дидам он душманон, ки раќсиданд Дар азои диловарони шањид. њамнафас, њамнафас, машав наздик! Ханљарам, обдода аз зањрам. Андаке дуртар, ки сар то по, Кинаам, хашми саркашам, ќањрам... Ханљарам, ханљарам, ки тезии хеш Бар дили хасми хира биншонам. Оташам, оташам, ки охири кор, Хирмани љаврро бисўзонам.
ДАНДОНИ МУРДА Ду дил, ларзон, њаросон, чењра пурбим, Ба гўри сарду вањшатзо назар дўхт: Шарори њирс оташ зад ба љонаш, Тамаъ дар хотираш сад шўъла афрўхт.
Ёд дорам зи роњу расми куњан, Ки ду носозро ба њам пайваст. Ман шудам ёдгори ин пйванд, Лек чун ришта суст буд, гусаст.
Ба њар лавїу ба њар сангу ба њар гўр, Зада торикиву андўњи шаб ранг На ѓавѓое, ба љуз наљвои арвоњ! На овое, магар бонги шабоњанг!
Хирагињои модару падарам, Он дуро фитна дар саро афканд.
Ба нармї зери лаб такрор мекард, Суханњои аљиби мурдашўро.
Вале бо он њама ошуфтањолї Куланге мезад аз пушти кулангеДигар ин ў набуду њирси ў буд, Ки мековид шаб дар гўри танге... Шароре љаст аз чашми њарисаш, Чу он тобути чўбин шуд намудор. Дилаш бо зарбањои тунд мезад, Ба шавќи дидани зар дар шаби тор... Дигар ин ў набуду њирси ў буд, Ки заъфу тарсро пасту забун кард. Кафанро пора кард ангушти хушкаш, Ба берањмї саре аз он бурун кард. Саре, к-андар дањони хушку сардаш Тилое ноб буд... оре, тило буд! Тилое, к-аз паяш љон арза мекард, Агар њамроњ бо садњо бало буд! Дигар ин ў набуду њирси ў буд, Ки коми мурдаро хунсард во кард. В-аз он факки касифи нафратангез, Тилоро бо њама сахтї људо кард... Сањаргоњон ба заргар арзааш кард, Ки: Бингар, чист ин коло бањояш? Мањак зад заргару беэътино гуфт: Тилоранг асту пиндорї тилояш!
ТАХТАИ СИЁЊ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
13
МАЉЛИСИ Њайати тањрири маљаллаи "Садои Шарќ" Таърих 3 ноябри соли 2009
Ба Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон! Аз Шоири халќии Тољикистон Њадиса Ќурбонова Худоё, љањонподшої турост, Зи мо хидмат ояд, худої турост. Паноњи баландию пастї туї, Њама нестанд, он чи њастї, туї… Низомї Ман узр мехоњам, ки ваќти бебањои Шумо, Сарвари давлатро бо ин навиштаам мегирам. Медонам, ки Шумо хеле серкоред. Ман дар шумораи № 5 (387) аз 23 апрели 2014-и њафтавори "Нигоњ" маќолаи Холањмад Маљидов, узви Кумитаи Љоизањои давлатии ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї, њунарпешаи халќии Тољикистон, сархормейстри ба номи Садриддин Айнї,"Бозињои пасипарда"-и Љоизаи Рўдакї"-ро хондам ва ба ѓайр аз якчанд нукта ба њамааш розиям. Шукр, ин калобае, ки дањ сол
Иштирокдорон: Љонибек Акобир, Абдурањмон Абдуманнон, Гулназар, Ўрун Ќўњзод, Абдулњамид Самад, Саттор Турсун, М. Шакурї.
достони: "Лоиќ намеояд дигар"-ро бо 30 шеъри алоњида навишта, дар љашни 60-солагияшон њамроњи дигарон дар зодгоњашон будам ва ин китобро ба њамдиёронаш таќдим намудам. Баъд онро соли 2003 барои дарёфти Љоизаи адабии ба номи устод Мирзо Турсунзода пешнињод намудам. Аз 17 нафар узви раёсат, 14 нафарашон ба љонибдории ман овоз доданд. Вале Мењмон Бахтї њељ бовар надошт, ки ман 14 овоз мегирам. Дар баданаш рашъа дамиду 14-овозро тафтиш намуд ва фањмид, ки яке аз онњое, ки ба љонибдории банда овоз додаст, зердасташ, котиби Иттифоќ Камол Насруллост. Њар замон ўро таъна мезадааст, ки чаро ба Њадиса овоз додї. Рўзе инони ихтиёрашро аз даст доду гуфт: "Апа, то њанўз Мењмон маро таъна мезанад, ки ба љониб-
Ќосимро дидам. Салом дода, пурсидам: "Низом, ту ки бо 4 хол Љоизаи Рўдакиро гирифтї, чаро се достони бузургњаљми маро: "Ин китоб нест",-- гўфтї. Бо ин гуна шеъракњоят љоиза гирифтї-ку? Омадас Сабчак, Мезанем чак-чак. Ё ин ки: Бар шўразор донаи умед фикандаем, Ѓамњои дил ба гўшаи дили хора гуфтаем, Дар ин дусўи дањр, ки як чорасоз нест, Ба чашми чор дар њаваси чора гуфтаем. Магар чорасоз Сарвари давлат набуд, ки чорасозї намуда, љангу љидол басанда шуду сулњу салоњ омад? Ба чор холу бо чунин шеъракњо Љоизаи Рўдакї гирифтї-ку?
ПАДАРШОЊИИ ИТТИФОЌИ НОИТТИФОЌ боз аз интихоб шудан ба сарварии Иттифоќи нависандагон Мењмон Бахтї сар шудааст, кушоданд. Ман ба он нукта розї нестам, ки гўё Гулназар гуфта бошад, ки китоби Њадиса, китоб нест. Њангоме достони "Хаймаи Хайём"-ро навишта ба назди устод Гулназар бурдам, он кас, ки њаќќи устодї доранд, хонда шод шуданду дар шиносномааш чунин навиштанд: "Достони нави Шоири халќии Тољикистон Њадиса "Хаймаи Хайём" дар сабку услуб ва дарунмояи таърихиву фарњангї давоми достонњои: "Мењвари ишќ" (Мавлавї), "Њилолї" ва "Хатлон"-и ўст. Шоира барои офаридани ин асар бисёр маъхазњоро омўхта, дар зимни рўзгору пайкору кори Њаким Хољаимом Умари Хайём саргузашти талх, вале пуршарафи яке аз ситорањои дурахшони олами фарњанги моро даќиќу сањењ офаридааст". Оре, ин бозињо: "Бозињои пасипардаи Љоизаи Рўдакї"-ро на Кумитаи бонуфўзи Рўдакї, ки љонишини он Шоири халќии Тољикистон, муаллифи Суруди миллї Гулназар, ки нав ўро ба ин вазифа таъйин намудаанд, балки дањ сол пеш, бо сарварии раиси Иттифоќ Мењмон Бахтї ва ташкилкунандааш Низом Ќосим сар шуд. Низом Ќосим устоди худаш Бозорро бо Бўрї Карим љанг андохт, майдондавї намуда, халќро ба "љињод" даъват карду ѓайб зада, баъди оромї пайдо шуду дар сари ганљи Бўрї Карим ќариб дањ сол дар бинои "Зиннат" нишасту ганљи Бўрї Каримро худ хурду таксим намуд. Дар Иттифоќи ноиттифоќ низ ў Мењмон Бахтиро рањнамун аст. Соли 2001, аз тариќи нашриёти "Суруш" ба ёдбуди Лоиќ Шералї, ки дар њамсоягї 25 сол мезистем,
«
дории Шумо овоз додам. Ман гуфтам: "Камолљон, агар шумо њам овоз намедодед, 13 овоз мешуд, њол он, ки бо 12 овоз њам соњиби љоиза мешудам. Се кас як овозї гирифт, дигар довталабон овоз нагирифтанд… Дар љаласаи њайати тањририяи маљалаи "Садои Шарќ" аз таърихи 3-юми ноябри соли 2009 иштирокчиён: Љонибек Акобир, Абдурањмон Абдуманнон, Гулназар, Ўрун Кўњзод, Абдулњамид Самад, Саттор Турсун, Муњаммадљон Шакурї, масъалаи ба дарёфти Љоизаи адабии давлатии ба номи А. Рўдакї, барои соли 2010 пешнињод намудани номзадии маро ва баррасї намудани китоби "Хатлон"-ро, ки аз се достони: "Њилолї", "Мењвари ишќ", (Мавлавї) ва "Хатлон" иборат буд, Низом Ќосим, ки пушту паноњаш Мењмон Бахтї буду дар хушомадгўї низ устухон надорад, ба пешнињоди асарњоям, аз љо хеста чунин ибрози аќида намудааст:"Инњо асар не, ман ба онњо овоз намедињам!" Ошкоро дод задан ва фикри худро баён кардан, љое ки овоздињї махфист, ин рўирост маънои онро дошт ки: "Ба достонњояш ман, ки овоз намедињам, шумоён низ овоз надињед!" аст. Инро Мењмон Бахтї, раиси Иттифоќи нависандагон ба Низом фармуда буд. Бо вуљуди мухолифати Мењмон Бахтї ва доду фиѓони Низом, дар раёсат 12 нафар иштирок менамуд ва овозњо таќсим шуданд. Ману Доро 6-овозї гирифтем. Њуљљатњо ба Кумитаи Давлатии Рўдакї равона шуд ва дар овоздињї нагузаштаму маљмўаи ашъори нимоии Доро Наљот гузашт. Солњо мегузашт, рўзе дар назди Иттифоќи нависандањо Низом
Мактубро се моњ Мењмон Бахтї дар ѓаладонаш пинњон намуда, имзо накард ва њуљљатњоямро аз Вазорати фарњанг нагирифт. Ба саволњои ман мегуфт, ки мактуб наомадааст.
«
Љаласаи њайати мушовараи Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон октябри соли 2013 бо як овоз достони "Хаймаи Хайём" пазируфта, мактуб ба раиси Иттифоќи нависандагон равона шуд. Мактубро се моњ Мењмон Бахтї дар ѓаладонаш пинњон намуда, имзо накард ва њуљљатњоямро аз Вазорати фарњанг нагирифт. Ба саволњои ман мегуфт, ки мактуб наомадааст. Дар вазорат мегуфтанд, ки мактуб равон кардем. 9 январи соли 2014 ба ман Гулназар занг зада гуфтанд, ки мактубро аз ѓаладони Мењмон Бахтї бо Рањмат Назрї ёфтем. Ба вазорат рафта њуљљатњоро биёред. Ба вазорат рафтам, сардори дастгоњи вазорат Абдуѓаффор Абдуљабборов њуљљатњоро надоданд. Ба назди вазир рафтам. Ба он кас худамро муаррифї намудам. Вазир бо табассуми латиф гуфтанд, ки дар диёри мо сурудњоятро месароянду шуморо дар баробари онњо мешиносам. Масъаларо баён намудам, ки Абдуѓаффор сарвари дастгоњ њуљљатњоямро дињад. Ба назди Абдуѓаффор рафтам. Вазир занг заданд, вале он кас ба исрор мегуфтанд, ки дода наметавонам. Ин фармони Мењмон Бахтист, ки гуфтанд: "Њуљљатњоро надињед!" Пурсидам: "Чаро?" Гуфт: "Шумо довталаби сахтед ва Мењмон гуфтанд, ки њуљљатњояшро надињед, то мо Мирзо Файзалиро гузаронем". Ба пеши Мењмон рафтам, ў ноилољ занг зад ва хост, ки њуљљатњоямро дињад. Дар ин ќањратуни зимистони 9 январ аз вазорат ба Иттифоќ ва аз Иттифоќ ба вазорат мерафтам. Ваќт гузашта буд ва вазири нав дар њуљљат имзо карданд, ки он рўз 9 январ буд. Њайфи Љоиза, ки онро мефурўшанд. Эй њайфи шумо барин љоизадињандањову љоизагирандањо. Сари Рўдакиро Мењмон бо ин масхарабозї ба замин зад. Худо шуморо бахшад бо ин њаромбозиву дурўѓгўињоятон…
Масъала: Ба дарёфти Љоизаи адабии давлатии Рўдакї барои соли 2010 пешнињод кардани маљмўаи ашъори Њадиса "Хатлон", "Эљод", соли 2008. Љонибек Акобиров (раис): Шоира Њадиса солњост, ки дар роњи адабиёт зањмат мекашад ва имрўз, ки ба синни камолот расидааст, шеъраш низ болиѓтар гардидааст. Дар маљмўаи нави ў "Хатлон" бењтарин достонњои солњои охири эљодкор: "Њилолї", "Хатлон" ва "Мењвари ишќ" (Мавлои Рум) фароњам омадаанд. Мўњтавои достонњои Њадиса дирўз, имрўз ва фардои Ватан аст. Њайати тахрири маљаллаи "Садои Шарќ" тасмим гирифт маљмўаи мазкурро ба дарёфти Љоизаи адабии давлатии Рўдакї пешнињод кунад. Абдурањмон Абдуманнон: Ман ин пешнињоди Љонибек Акобирро дастгирї мекунам. Маљмўаи нави Њадиса аз балоѓати сухани шоира дарак медињад. Њоло ки дар назми мо умумигўи ва њарзасарої равнаќ гирифтааст, сухани Њадиса мушаххас, нишонрас ва омўзандааст. Достонњои ў дар васфи гузаштаву имрўзаи Тољикистон, воќеањои хунбори сипаршуда, мењру муњаббати инсонї њама самимї ва дилнишинанд.Андак-андак Њадиса ба мавзўъњои муњими таърихиву иљтимої ва ба нашрњои калонтари шеър, мисли манзумаву достон, рўй овард. Аз мутолиаи ин достонњо, хосатан "Њилолї" ва "Хатлон", хеле мутаассир шудам ва ба нависандаи онњо тањсину офарин гуфтам. Ин достонњо ва умуман китоби "Хатлон" роњи равшани худафрўзии шоира аст. Ман ба дарёфти Љоизаи Рўдакї пешнињод шудани маљмўаи достонњои "Хатлон"-и Њадисаро самимона љонибдорї мекунам. Ўрун Кўњзод: Асарњои Њадиса чун худи ў сода, самимї ва дидадаро њастанд. Барои ман мушаххас, равону шево гуфтани Њадиса хушоянд аст. Мо шеърњое дорем, ки бисёр мураккаб суруда мешаванд ва баъди тааммуќ дармеёбед, ки онњо дар асл чизе надоранд ва мураккабиашон як навъ хислати нозебост. Њадиса парвардаи мактаби М. Каноат, Ќ. Киром, Мастон ва Лоиќ аст. Асарњои ў барои ман маъќул аст ва номзадии ўро ба дарёфти Љоизаи олии адабии кишвар арзанда медонам. Абдулњамиди Самад: Солњост, ки сурудањои Њадисаро мехонем ва медонем, ки ў аз китобе ба китобе рушду камол меёбад, доираи хонандагон ва мухлисонаш густардатар мегардад. Маљмўаи нави ў аз достонњое фароњам омадааст, ки онњо таљассумгари воќеоти таърихи пурфољеа, аммо саршори нангу номуси мардуми тољиканд. Шоира дар офаридани сањнањои таърихиву адабї аз адабиётњои илмиву таърихї фароњам истифода мекунад. Достонњои ў дар тарбияи ватандўстонаи мардуми мо хидмати шоиста хоњанд кард. Ман љонибдори тасмими њайати тањрири маљаллаи "Садои Шарќ" њастам. Саттор Турсун: Адабиёт ба користони бузурге шабоњат дорад ва њар касе, ки дар ин майдон њаст, мувофиќи истеъдоду мањорат, донишу фаросат њунарнамої мекунад. Њадиса низ дар ин майдон бо он тавоне, ки дорад, арзи њастї мекунад. Ўро дар саросари Тољикистон мешиносанд, таронањояшро замзама мекунанд. Шеъри ў назокати занона дорад ва бо расму бори тољиконааш дилро тасхир мегардонад. Бисёр мехоњам, ки дуои мо мустаљоб бошад ва Њадиса ба дарёфти Љоизаи давлатии Рўдакї сазовор гардад. М. Шакурї: Чандест, ки Њадиса ба роњи љўяндагии љиддии эљодї даромадааст, Ў сўи шеърияти баланд роњ мељўяд ва сифати шеъраш дигар шудан дорад. Афзоиши таљрибаи эљодкорї имкон дод, ки ў даст ба жанрњои бузурги зањматталаб бизанад ва асарњои калонњаљми назмї ба вуљуд оварад. Ин асарњои ў аз љињати шаклу мазмун љолиби диќатанд ва гоњ тамоман чизи наванд. Ба дарёфти Љоизаи адабии давлатии Рўдакї пешнињод намудани маљмўаи тозаи Њадиса дар ин роњ ќадами љиддист ва ман ин иќдомро табрик мегўям. Гулназар: Се достони наве, ки шоираи пурљустуљў ва пуркори мо Њадиса Ќурбонова ба ин китоб дохил кардааст, аз назари аввал дар мавзўъњои мухталиф иншошуда ва аз њам људо менамоянд. Аммо, ба гумони ман, ин се достон њамдигарро пурра ва комилтар мегардонанд. Саропои достони "Хатлон"-ро ѓурури ношикаст ва рўњи волои ватандўстии мардуми ѓаюри Хатлонзамин фаро гирифтааст, ки намунае аз сафњаи таърихи дурахшони тољикон аст. Мо ин ѓуруру сарбаландї, ин мењанпарастиву башардўстиро дар достони "Мењвари ишќ" мебинем, ки гуфтору кирдору пиндори неки Мавлои Балх онро дар худ таљассум сохтааст. Маќсади муаллиф танњо бозгўи воќеањои таърихию адабї нест. Вай њар як лањзаи њаёти ќањрамонони худро барои њаллу фасли масоили имрўз истифода мекунад ва достонњояш ба асарњои дорои манфиати имрўзї табдил меёбанд. Достони пурвоќеа ва мураккаби "Хатлон" бо боби "Тулўъи хуршед" анљом меёбад, ки он ба рўзгору пайкори Ќањрамони Тољикистон, сарвари кишвар Эмомалї Рањмон бахшида шудааст. Ман аз дилу љон пешнињоди њайати тањрири маљалларо дастгирї мекунам ва китоби нави Њадисаро барои дарёфти Љоизаи Рўдакї шоиста медонам. Ќарори маљлиси њайати тањрир № 2 Маљлиси њайати тањрири маљаллаи "Садои Шарќ" китоби достонњои нави Њадиса "Хатлон"-ро, ки онро нашриёти "Эљод" соли 2008 аз чоп баровардааст, якдилона ба дарёфти Љоизаи адабии давлатии Рўдакї барои соли 2010 пешнињод мекунад ва аз Кумитаи ин Љоиза хоњиш дорад, ки пешнињоди мазкурро ба инобат гирад. Сармуњаррири маљаллаи "Садои Шарќ" Котиб
Љонибек Акобир Гулназар
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ ®
Таэквондочиён устувории шабакаи "МегаФон"-ро исбот карданд 14 августи соли 2014г. Тољикистон. Душанбе. "МегаФон" дар рафти Чемпионати љањон оид ба таэквондо, ки бори нахустин дар Тољикистон баргузор гардид, алоќаи боэътимод ва Интернети баландсуръатро таъмин намуд. Дар ваќти њамаи чорабинињои мутобиќи барномаи Чемпионат пешбинишуда ширкати "МегаФон" бому-
ваффаќона ба сарбории зиёдшуда тоб оварда тавонист. Барои иштирок дар чемпионат ба Душанбе зиёда аз 700 иштирокчиён аз 52 кишвари дунё њозир шуданд, ки 60 бастаи медалњоро бурд намуданд. Дастаи мунтахаби Тољикистон 35 медалро ба даст оварда, сазовори љойи сеюм гардид. Ба сифати оператори
расмии алоќаи Чемпионати љањон ширкати "МегаФон" баромад намуд. Омдагии худро ба чунин рўйдоди бузурги варзишї оператор муддатњо пеш аз оѓози мусобиќањо оѓоз намуда буд. "Дилхоњ чорабинии ин сатњ - садњо иштирокчиён ва њазорњо мухлисонро љамъ меоварад. Муштариёни
мо бевосита аз минбарњо аксњои чемпионатро ба интернет гузошта, пахшњои мустаќимро аз љойњои худ анљом медињанд. Ин маънои онро дорад, ки ба онњо суръати баланди дастрасї ва ѓунљоиши калони шабака зарур меояд. Бо маќсади он, ки њамаи хоњишмандон дар шароитњои ба маротиб зиёдшавии сарбории шабака бидуни мушкилї аз интернет истифода бурда тавонанд, мо корњои зиёдро дар самти васеъкунии шабака анљом дода, тамоми имкониятњоро барои доир гардидани чемпионат дар сатњи олї ба кор бурдем", - мегўяд Денис НИКИТИН, муовини аввали директори генералии ширкати "МегаФон Тољикистон". Дар ваќти мусобиќањо њаљми трафики тањвили маълумоти шабакаи "МегаФон" 2,5 маротиба афзуд: агар ќаблан муштариёни ширкат дар њудуди маљмааи варзишї дар 1 соат 1 Гб. интернетро истифода мебурда бошанд, дар рўзњои чемпионат ин нишондињанда ба њисоби миёна 2,5 Гб./ соатро ташкил дод. Танњо дар як рўз аз дастрасї ба интернет тариќи Wi-Fi беш аз 300 муштариён истифода бурданд, ки дар ин ваќт беш аз 400 Гб Трафики интернет харљ шудааст. Дар љараёни чемпионат мутахассисони "МегаФон" фаъолияти шабакаро дар рељаи онлайн мавриди назорат ќарор дода буданд.
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА Як шањрванди Русия аз Тољикистон боздид ба амал овада, ба ватанаш баргашт. Аз ў пурсиданд: - Дар Тољикистон чї дидї? - Чизеро дидам, ки њатто тасаввур намекардам! - Чї, њама ба Русия омада истодаанд! - Не, њамаи мардуми Хитой барои тољикњо кор карда истодаанд. - Бо кадом маблаѓ кор карда истодаанд? - Бо маблаѓе, ки тољикњо аз Русия фиристода истодаанд… *** Соли 1997, баъди љанги шањрвандї се хатмкардаи мактаб ба Душанбе ба донишгоњ меоянд. Дар пушти дари даромадгоњ "Бе њуљљат надароед!" навишта шудааст. Яке аз онњо мегўяд: - Биё, дароем. Дигаре ба навиштаи "Бе њуљљат надароед!" ишора карда мегўяд: - Бин, ин љо чизе навиштагиян! Сеюмї : - Бефањм будаї, о аз куљо медонанд, ки мо хонда наметавонем. *** Ширфурўш аз љўйбор гузаштанї буд, ки пулњояш аз киса ба об афтид. Як ќисми пулњоро аз об гирифту боќимонда бо об рафт. Ў ѓамгин шуду дид, ки касе нест, гуфт: - Њељ гап не, пули об рафту пули ширро гирифтам. Писарчааш, ки бо ў буд, инро шунида пурсид: - Модарљон, кадом пули об? - Обе, ки ба шир њамроњ мекардам, бачам.
15
АКСИ ГЎЁ
? - И НОБОБ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОБ БА КУЉО БОЯД МУРОЉИАТ КАРД? - Панљ сол инљониб фишори оби ба њавлии мо меомада бенињоят паст аст. На њар ваќт ба мо муясар мегардад, ки дар њавлии худамон аз љумак об бигирем. Маљбур мешавем аз њавлии њамсоя, 8 - 9 хона дуртар аз саргањи ќубур ба хона об кашонем. Хаста шудем. Дар назди кўчаи мо боз як ќубури дигар низ њаст, ки мардум аз он истифода намебаранд, мехоњем аз он ќубур ба хона об гузаронем. Оё барои ин азмамон иљозат гирифтан муњим аст? Агар ња, хоњишмандем мушаххас намоед, барои ба њавлиамон об гузаронидан ба куљо бояд мурољиат кунем, ки мушкиламон билохира њал гардад? Мењринисо КАРИМОВА, сокини ноњияи Шоњмансур
- Барои гирифтани шарти техникї оиди пайваст шудан бо системаи ќубурњои оби нушокї ва корезї дар ќаламрави шањри Душанбе дилхоњ сокин ё соњибмулки эњтиёљманд ба оби нўшокї бояд њуљљатњои лозимиро ба Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" пешнињод намояд. Номгўи њуљљатњои зарурї барои гирифтани шарти техникии оби нўшокї инњо мебошанд: 1. Ариза ва ё мактуб ба унвони директори КВД - и "Обу корези Душанбе". 2. Ќарори дахлдори шањрдорї, оиди људо намудани ќитъаи замин барои сохтмон ва ё таљдиди иншоот (хонаи истиќоматї). 3. Наќшаи љойгиршавии хона ва ё иншоот бо миќёси 1:500 ва ё ба 1:2000. 4. Шартномаи тарафайн бо КВД "Обу корези Душанбе". 5. Маълумотнома аз шуъбаи фурўши об оиди ќарздор набудан аз хизматрасонии КВД - и "Обу корези Душанбе". 6.? - И НОБОБ Маълумотномаи њайати оила бо муњри Раёсати хољагии манзилї - коммуналии ноњия. 7. Миќдори истифодабарии оби нўшокї ва корезї дар як шабонарўз (куб.м/сут.л/сек.) Барои иваз намудани ќубури оби нўшокии мављудбуда бошад њуљљатњои зеринро пешнињод намудан лозим аст: 1. Њуљљатњои тасдиќкунанда (шарти техникї) барои ќубури мављудбуда. 2. Лоињаи гузаронидани ќубурњои оби нўшокї ва корезї, санадњои иљроиши корњо, санљиши гидравликї барои ќубурњои мављудбуда. Баъди пешнињоди њуљљатњои дар боло зикршуда, онњо аз тарафи мутахассисони Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" омўзишу баррасї шуда, мувофиќи имкониятњои мављудбуда дархостњо ќонеъ гардонида мешаванд. Ба саволи Шумо Мирзомурод УБАЙДОВ, сардори шуъбаи фурўши оби КВД - и "Обу корези Душанбе" посух дод.
ВОКУНИШ
ШЕЪР
ШАЊРВАНД ЃАЙРИЌОНУНЇ БА МУОМИЛОТИ АСЪОР МАШЃУЛ БУД - Бо маќсади иљроиши Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма" маќолаи Назаров Сафаралї бо номи "Муъминобод: Дод аз дасти муфаттишу прокурору судя", ки дар нашрияи "Нигоњ" тањти №5 (387) аз 23 - уми апрели соли 2014 ба табъ расидааст, аз љониби Суди Олї мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Муайян гардид, ки Назаров Сафаралї бо ќарори раиси Суди ноњияи Муъминобод аз 6 - уми феврали соли 2014 бо моддаи 541 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста, ба ў 10 нишондињанда барои њисобњо баробар ба 400 сомонї ба фоидаи давлат, бе мусодираи ашёи њуќуќвайронкунии маъмурї љазо таъин карда шудааст. Аз болои ќарори мазкур шикоят ва эътирози кассатсионї оварда нашудааст. Назаров Сафаралї барои он ба љавобгарии маъмурї кашида шудааст, ки ў аз моњи октябри соли 2013 то рўзи санљиш, яъне 25 - уми декабри соли 2013 бидуни иљозатномаи Бонки миллии Љумњурии Тољикистон ё тасдиќномаи ташкилотњои ќарзї дар бозори марказии ноњияи Муъминобод ѓайриќонунї ба муомилоти асъори хориљї машѓул шудааст. 25 уми декабри соли 2013 аз тарафи кормандони Прокуратураи ноњияи Муъминобод ва
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
ШВКД дар ноњияи Муъминобод аз дасти Назаров С. 4587 сомонї ва 8000 рубли Федератсияи Русия њамчун далел гирифта шудааст. Њамин тариќ, Назаров С. њуќуќвайронкунии маъмурии дар моддаи 541- и КЊМ Љумњурии Тољикистон пешбинигардидаро барои муомилоти ѓайриќонунї бо асъори хориљї бо роњи иваз кардан њангоми набудани аломати љиноят содир намудааст. Гуноњи њуќуќвайронкунанда Назаров С. дар содир намудани њуќуќвайронкунии дар боло зикршуда бо санад дар бораи гирифтани маблаѓњои пулї ва асъори хориљї аз Назаров С. аз 25.12.2013 сол, нишондоди намояндаи маќомоти ваколатдор (Прокуратураи ноњияи Муъминобод) Солињов Т.К., гувоњномаи Ассотсиатсияи бонкњои Тољикистон оиди аз курси тайёрии махсус барои хазинадорони нуќтаи мубодила гузаштани Назаров С. ва дигар далелњои парвандаи маъмурї тасдиќи худро пурра ёфтаанд. Ваљњи дар маќола овардаи Назаров С. ба он ки ў аз љониби суд беасос ба љавобгарии маъмурї кашида шудааст, ќобили ќабул набуда, бо далелњои дар
Ќуввати Маѓриб на аз чангу рубоб, Не зи раќси духтарони бењиљоб. Не зи сењри соњирони лоларўст, Не зи урён соќу, не аз ќатъи мўст. Муњкамї ўро на аз лодинї аст, Не фурўѓаш аз хати лотинї аст. Ќуввати Афранг аз илму фан аст, Аз њамин оташ чароѓаш рўшан аст. Њикмат аз ќатъу буриди љома нест, Монеи илму њунар аммома нест. Илму фанро эй љавони шўху шанг! Маѓз мебояд, на малбуси фаранг.
? - И НОБОБ АНДОЗ АЗ АМВОЛРО ЧЇ ТАРЗ БОЯД ЊИСОБ КАРД? - Андози амвол аз хонаи истиќоматї иборат аз 68 метри кв. воќеъ дар ошёнаи 2 - юм мувофиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав чї тарз бояд пардохт шавад? Оё хонаи истиќоматї њар ќадар баландтар дар ошёнаи боло љой гирифта бошад пардохти андоз сабуктар мешавад? Хоњишмандам, андоз аз ошёнаи 1 то 4 ум ба таври мушаххас ба мо мефањмондед. Моњира КОМИЛОВА, сокини ноњияи Фирдавсї - Пас аз мавриди амал ќарор гирифтани Кодекси андоз (аз 01.01.2013) тартиби њисобкунї ва меъёри андоз аз объектњои ѓайриманќул таѓйир дода шуда, бо истифода аз нишондињанда барои њисобњо муќаррар карда шуд. Њамзамон коэффисиентњои ба хонањои бисёрошёна пешбинигардида (то ошёнаи 4 - ум 100%, аз ошёнаи 4 - ум то 6 - ум 90% ва аз ошёнаи 6 - ум боло 80%) ва коэффисиентњои иловагї вобаста ба баландии шифти хона (то 4 метр, аз 4 то 6 метр, зиёда аз 6 метр) бекор карда шудаанд. Бинобар ин, њисоб намудани андоз аз объектњои ѓайриманќули Шумо, ки 68 метри квадратиро ташкил медињад новобаста дар кадом ошиёна љойгир шуданаш тибќи муќаррароти сархати 1 ќисми 2 моддаи 279 - и Кодекси андоз бо чунин тарз њисоб карда мешавад: 40 нишондињанда барои њисобњо *3%=1,2 сомонї барои 1м2 68*1,2=81,6 сомонї*коэффисиенти минтаќавї. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
Муњаммад ИЌБОЛ
БА ЉОИ 09 боло дарљгардида инкор карда мешавад. Њамин тариќ, бо назардошти навиштањои боло, ваљњи дар маќола овардаи Назаров С. дар хусуси он ки ў беасос ба љавобгарии маъмурї кашида шудааст, асоси воќеї надорад. Бахши нашр ва маркази иттилоотии Суди Олии Љумњурии Тољикистон
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
- Агар Шумо бекореду ихтисос надоред, ё мехоњед ихтисоси иловагї аз худ кунед, ин акнун њељ мушкилї надорад. Хоњишмандони касбомўзї мувофиќи роњхати маќомоти давлатии шуѓли ањолии мањалли зист бе имтињони дохилишавї ќабул карда мешаванд. Тайёрии касбї, такмили ихтисос ва бозомўзии шањрвандони бекор ба тариќи гуруњбандї ройгон сурат мегирад. Ихтисосњои мазкурро Шумо метавонед дар муассисањои зерин соњиб гардед: 1. Муассисаи давлатии "Маркази таълимии калонсолони Тољикистон" Нишонї: кўчаи Алишери Навої 5/1 тел: 236 05 19, 236 19 35. 2. КВД "Маркази таълимии омўзиши модулии шањри Душанбе" Нишонї: кўчаи Алишери Навої 5/1 тел: 37 81 50 30; 901 50 06 92. 3. КВД "Маркази таълимии шањри Душанбе" Нишонї: кўчаи Борбад 48/26, тел: 234 48 00; 234 48 06. 4. КВД "Маркази касбомўзию соњибкорї" Нишонї: кўчаи Алишери Навої 5/1 тел: 236 19 15
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (404), 20. 08. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ОРЗУИ МАСКАВИИ АМИРШО МИРАЛИЕВ Мирзодиккак бо шунидани хабари он, ки Русия аз љумњурињои Осиёи Миёна, бахусус аз Тољикистон меваю сабзавот харидорї мекунад, ба ќавле, дар куртааш наѓунљиду рост ба бозори Шоњмансур омад. Ў дўсти зиёияш Ѓалтакро саргарми тарбузфарорї дид ва дасту остин бар зада, ба фаровардани тарбузњои хољагии ба номи Имоми Аъзами ноњияи Данѓара шурўъ кард. Баъди фаровардани се дона тарбуз навбати як тарбузи барзангї расид. Мирзодиккак тарбузро бардошту садои шараќќоси устухонаш ба гўши дўсташ Ѓалтак расид. Генерали њукуматї сир бой надоду то ба охири кор истодагарї намуд. Замоне, ки раиси хољагии дењќонї аз соќи мўзааш пулњоро баровард, Мирзодиккак 500, 200, 100, 50 - сомонањои шароќосиро диду чашмонаш дурахшид. Раис аз байни дарзаи пулњои шароќќосї як 50 - сомонаро ба Ѓалтак дароз намуд. Ѓалтак изњори розигї намуду бо дўсташ Мирзодиккак барои субњона вориди чойхона шуданд. Онњо дар назди чойхона либосњояшонро афшонданд, дастњояшонро шустанд. Љўрањо аз пешхизмат дархости овардани нон, ќанд, чой, равѓану шакарро намудаанд. Мирзодиккак хушњол буд. Агар келини урусаш писардор мешуду Ќобилљони нањзатї 100 долларааш медод, таъби Мирзодикак ин ќадар болида намешуд. Ў замоне, ки хабар дар бораи дархости Русия барои харидорї намудани меваю сабзавоти Тољикистонро мутолеа кард, аз хурсандї дар куртааш наѓунљид. Мирзодиккак: - Њукумати ягонаи мо бо сиёсати хирамандонааш аввал хориљаро тасхир карду сипас бародари бузургаш Русияро. Бародари бузург баъди њодисањои Украина додаракашро хуб фањмид. Ќабл аз ин бенизомињо њамон пўсткаллањо ба тољикон љабр мекарданду ќисме аз бародарони бузург мўњр бар лаб зада буданду ќисми дигаре мегуфтанд, ки " С кетменом Москву взяли". Як клоуни љигаррехтаи аз таги дор гурехтагї, муттањами сад танга ќарздораш бо "Джамшуд" гуфтанаш "Њунарманди хизматнишондодаи Русия" шуда буд. Акнун ба ќапкон уфтод. Ягон уруси бавиљдону баномус бошад, ки дар "чамадонаш" як лагад зада, аз Москва департатсияаш кунад, баъд ба ќадри одаму одамгарї мерасаду мефањмад, ки Њазрати Исо барои кињо љон дода буд ё барои чињо. Ѓалтак: - Мирзољон, мо мардуми беозорем. Дар тўли таърих ба сўи мо теѓ кашидаанд, куштанд, заданд, хўрданд, бурданд, вале мо кам нашудем. Аз њамон аќли азалї кор гирифтему аз зери санги сахти таърих ба боло рушд кардем. Урусњо асрњо франсавињоро дар оѓўш гирифта, њамаи дороияшонро ба онњо доданд. Бо гузашти ваќт фањмиданд, ки мулкиён дар назди ин аљнабиён ќадру мазалате надоранд, онњоро ронданд... Франсузњо рафтанду бо тиру туфанг ба " мењмонї" омаданд. Омаданд ва хостанд хирсро мутеъ намоянд, вале чун хирс ба ѓазаб омад, устухонњояшонро монда гурехтанд. Ана њамон каллапўстњою масхарабозї арманиро солњои ахир сахт ба канор гирифта буданд, акнун фањмиданд, ки гург ба саг ошно намешавад. Мирзодиккак: - Акнун ваќти он расида, ки њукумати љонољони мо бо тамоми ќудрати доштааш мањсулоти кишоварзї ба давлати Русия содир намояд, вагарна аз боварии Брати калони мебарояд. Ѓалтак: - Мирзољон, ба умеди чор курсинишин шуданамон лозим нест. Ќисме аз онњо аз бењунарї курсињои мулоимро ишѓол кардагї. Мана чанд сол шуд танњо дар як вилояти Хуталон ќариб 30 њазор гектар аз гардиши кишоварзї дур мондаву нархи картошкаю пиёз ба гуфте дар осмони њафтум. Курсинишинњои мо то имрўз мардумро бо раќамњои безабон дар ќоѓази сафед гул мезананд. Бо мардум кор карданамон лозим. Худо хоњад "Отамиз" биёяду роњи оњан кушода шавад, монеањо дар рафту омади мардум барта-
раф гарданд, баъди ду- се сол Москваро лимуи Тољикистон мегирад. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, якчанд сол пеш гап - гап буд, ки фурудгоњи Ќурумтеппа тайораи "Боинг" мехараду аз ноњияи Бохтар Москваю Сан Петербургро бо кабудї таъмин мекунанд. Ѓалтак: - Ин наќшањои собиќ раиси вилояти Хуталон Амиршо Миралиев буд. Он ваќт Русия ўро нафањмид. Худо хоњад, орзу амалї мешавад. Мирзодиккак: - Мо њукуматињо мисли бархе аз нимчамуллоњо даъвои пайомбарї накунем њам пуштамон тоза. Мана, Миралиев пайомбар будаасте... Ѓалтак: - Мирзољон, пеш аз пода чанг наандозед. Барои ба боварии мардуми тољику рус даромадан мутахассисњои арзандаву кордон лозим, ки гап задаву корро пеш бурда тавонанд. Њозир бештари онњое, ки аз рўи љуѓрофияю бо додани "сафедї" ба курсињои роњат нишастаанд на гап зада метавонанду на масъалагузорї. Агар њукумат њамаро сарфи назар карда мутахассисону дилсўзњои сарзамину миллатро ба кор сафарбар намояд. Маблаѓгузории Барномањои рушди соњаи кишоварзиро бо Русия мувофиќа намуда, техникаи кишоварзї ворид созаду нархи сўзишвори арзон шавад, медонї, баъд чї мешавад? Мирзодиккак: - Чї мешавад??? Ѓалтак: - Дар Масква озмуни кадую дар Санкт - Петербург озмуни харбуза! Шахсан худам ба шањри Киров љорўбфурўшї меравам. Мирзодиккак: - Агар меваю сабзавотро мардум ба хориљ бо нархи гарон фурўхта соњиби даромади зиёд шаванду зиндагияшон хуб шавад, роњбарони њизбњои сиёсї дар куљое хоњанд баромад кардан мегиранд. Ѓалтак: - Чї хел, нафањмидам!? Мирзодиккак: - Агар нархи як кило памидори содиротї 10 сомонї шавад, ягон нафар даст ба памидоршаппаку тухмшаппак намезанад. Мебинед, ки Кабирї дар Кўлоб хона харид... Љўрањо баъди сўњбати самимию нешњои сиёсї бо табъи чоќ аз чойхона баромаданд. Бозори Шоњмансур, ба ќавле, лабрез аз меваю сабзавот буду харидорону фурўшандањо аз паи кору зиндагї. Њамин мевањоро Русия баранд ба худи мо чї мемонда бошад? Ин фикр аз сари њарду гузашт. Аммо диламонро сиёњ накунем, гуфта, рафтанд...
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Умед ДАВЛАТЗОД, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон: - Эмбаргои мевањои Полшаву Молдова аз сўи Русия барои ширкатњои содиротии Тољикистон шонси хуберо фароњам овардааст, ки дар бозори Русия мавќеъ пайдо кунанд. - Ваќте дар пойтахт себ то 15, ангур 20-25, анор 30-35 сомонї њам мешавад, кадом мевањоро бояд ба Русия баранд?! 1,2 млн. тонна ѓалаи Алимардонову 1 млн тонна картошкаи Ќосими Рањбарро, ки бурда намешавад, чун ба Русия коѓази сиёњкардашуда лозим нест... Файзинисо ВОЊИДОВА, њуќуќшинос: - Ќонунњои хуб дорем, аммо аз тарафи худи назораткунандагони ќонун ва чиновникњо иљро намешавад ва иљрои онро танњо аз мардум талаб мекунанд. -Аќќалан аз мардум њам талаб мекарданд, ягон гап мешуд. Муттасифона, дар дидори нахустин бо "бобои Франклин"-и равонкардаи муњољири ќаторї њам, бародар ё таѓои љиноятсодиркардаи ў сап-сафед шуда мебарояд. Њабиб ЊАКИМОВ, сароянда: - Бигзор њама инсон ва инсондўст бошанд! Сароянда, ситора, одами машњур, ва шахсияти љомеа шудан осон, вале "одам" шудан мушкил аст. Бигзор пеш аз њама одам шавем! - Магар намедонед, ки дар мо 20 сол боз одам шуда, ситора, одами машњур ва шахсияти матрањи љомеа гаштан имкон надорад? Алмосбек АТАМБОЕВ, президенти Ќирѓизистон: - Ман њељ ваќт пеши Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов зону намезанам. Акаев ва Боќиев назди онњо давиданд ва сабаќи бад гирифтанд. -И-и-и, о, мо њам њамту! Чи мешавад, њамандешагиро идома дода, масъалаи марзиро зудтар њал кунему онаи зори ин ду пиракиро якљоя нишон дињем? Садриддин ТОШЕВ, мањбус: - Ман 14 сол боз дар мањбас ќарор дорам ва то андозае аз њуќуќи худ дифоъ карда метавонам. Ман безор шудаам аз ин њама. Љавонии ман дар мањбас сипарї шуд. Мехоњам ба хона, назди зану фарзандам равам. Ман ду фарзанди ноболиѓ ва як падари пир дорам. Ман гуноњи худро ба уњда мегирам, аммо хуб мешуд агар маќомот ин њамаро ба назар гирифта, маро љавоб дињанд. -Баъди ин ду изњороти булаљаб, акнун мањбусон њам ба шумо хоњанд гуфт, ки "Ана нав љота ёфтї, бачем, ягон дањ соли дигар њам бо Зорро мешинї, акнун!". Абдурањмон ДАВЛАТОВ, додхоњ: - Ман ќурбони беинсофї ва туњмати кормандони милиса ва судяњо шудаам, ба амали дуздие, ки нафари дигар даст дораду маро туњмат задаанд, њељ гоњ сар намефурорам, агар додгоњ ин масъаларо набинад, худкушї мекунам. - Абдурањмони љў, худкушї кардан дигар шарт нест. Таќрибан њама мардум дарк карданд, ки асли воќеъа чист. Акнун миёнро мањкам баста, сафи онњоеро пур кунед, ки барои њуќуќњои дигарону зиндагии шоиста мубориза мебаранд. Бе шумо њам дар кишвар худкушњои назди экрани ТВТ, худкушњои хиёнаткор дар интихоботњо, хушкушњои хушомадгўй ва худкушњои порахўр зиёданд. Њайдар ЉАМОЛ, тањлилгари умури сиёсї: - Даргирињо дар ин минтаќа, аз љумла миёни Душанбе ва Тошканд пешбинї мешавад, ки дар натиља таѓйири ќишри элита низ эњтимол дорад. Чун ин њар ду режим, чї дар Тољикистон ва чї дар Ўзбакистон "дастсохт" - и Русия мебошанд. Агар пояи њукумати Кремл ларзад, имкони баќои ин режимњо низ дигар вуљуд надорад. - Аз дањонатон шамол барад-е! О, њич илољаш нест, ки таѓйироту ислоњот бе Кремлину бе даргирї амалї шавад?
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.