“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
1
"Рўймолта тољикї банд!" Ба "Корвон" чаро бо "гаршок" бояд рафт? №22 (455). Чоршанбе, 26-уми августи соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ГУЗОРИШ
Гранпри - "Кафгири тиллої"
САЊИФАИ 4
БЎЊРОН
Вазъ - "тољикї", истироњат - "амрикої" САЊИФАИ 5
МАОРИФ
ЛОМАКОН
ЊНИТ анљуманашро дар куљо баргузор мекунад?
Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ:
"Бањо - манбаи арљгузорї, на сарзаниш" САЊИФАИ 13
ТАБЛИЃ
Н:
и
Њолати равониатонро дар Бемористони Ибн Сино санљед
ДУ КАШФИЁТИ ГЕНЕРАЛ ДЎСТУМ САЊИФАИ 10
САЊИФАИ 11
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
Ин гумон, ки ќароргоњи Њизби нањзати исломии Тољикистон то Анљумани навбатиаш баста мешавад ва њизб маконе барои баргузории он пайдо карда наметавонад, ба яќин мерасад. Ва ин вазъ суолеро ба миён меорад, ки ЊНИТ анљумани худро дар куљо баргузор хоњад кард? Шоми 24 август пас аз соати 7 - и бегоњ намояндагони Прокуратураи генералї ва Суди Олии иќтисодии Тољикистон ба дафтари њизб воќеъ дар кўчаи Борбад, 1 - и шањри Душанбе омада, дари онро муњр заданд. Ба ќавли масъулини ЊНИТ, бегоњи њамон рўз ваќте онњо аз бинои њизб берун меомаданд, атрофи биноро кормандони маќомоти ќудратї печонида гирифта буданд, аммо ин гумонро надоштанд, ки ин њама тадорукот ба хотири бастани ќароргоњи њизб бошад. Муњаммадалии Њайит, муовини раиси ЊНИТ, ба "Нигоњ" гуфт, бастани дари ќароргоњ бо пешнињоди Прокуратураи генералї аз љониби Суди Олии иќтисодии Тољикистон сурат гирифтааст. Вай афзуд, дар пешнињоди Прокуратураи генералї, ки аз љониби Њотам Назарзода, муовини аввали прокурори генералї, шудааст, муњр задан ба дари ќароргоњ ба бањси њалнашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва амволи давлатї бо соњибмулки бинои ќароргоњи марказии ЊНИТ рабт дорад. Ба ќавли ў, дар он омадааст, ки соњибмулки ќароргоњи ЊНИТ онро аз ширкати "Тиљорат" ѓайриќонунї харидорї кардааст. Суд - иљрочињои Суди олии иќтисодї гуфтаанд, то 10 рўзи мавриди њаллу баррасї ќарор гирифтани бањси мазкур, ЊНИТ иљозати пешбурди кор дар ин биноро надорад. Ва ин њам дар њолест, ки ба ќавли Муњаммадалии Њайит, чунин як бањсе миёни соњибмулк ва Кумитаи мазкур дар њоли њозир вуљуд надорад.
БАЛОИ ТАГИ ПО Ќароргоњи ЊНИТ ба Неъматулло Саидов, писари Саид Абдуллоњи Нурї, асосгузори њизб, тааллуќ дорад. Ба ќавли масъулини њизб, ин бино дар замони Шўравї дафтари Идораи сохтмонии №22 - и комбинати сохтмонии шањри Душанбе (ДДК), нињоди зертобеъи Кумитаи давлатии сохтмони Љумњурии сотсиалистии Тољикистон буд. Баъди ба ќудрат расидани њукумати кунунї, ки яке аз барномањои бузурги иќтисодиаш хусусикунонии моликияти давлатї буд, ин биноро соњибкоре бо номи Ѓуломов харидорї кард ва онро ба дафтари "Тиљорат" ширкати дар гузашта мутааллиќ ба вазорати иќтисод ва савдои Тољикистон табдил дод. Ин ширкат соли 2000 муфлис шуд ва бинои дафтарашро ба фурўш гузошт. Харидори он ба зудї пайдо шуд ва ин нафар шахсан Сайид Абдуллоњи Нурї, раиси ваќти ЊНИТ буд, ки сохтмонро ба номи писари дуввумаш ба расмият даровард. Дар бораи ќимати сохтмон масъулини ЊНИТ изњори беиттилоотї карданд. Масъулини ЊНИТ мегўянд, харидуфурўши бино тариќи Кумитаи давлатии сармоягузорї ва амвол, он замон Кумитаи амволи Тољикистон њуљљатгузорї шуда, аз соли 2000 то 24 августи соли 2015 ихтилофе миёни соњибмулки ќаблї ва кунунї вуљуд надошт. Ба ќавли онњо, бањси имрўз балоест, ки якбора аз таги по хезонда шудааст ва бањс њам танњо ин нест, ки Неъматулло Саидов биноро ѓайриќонунї харидааст, балки ин аст, ки ширкати "Тиљорат" онро ѓайриќонунї хусусї кардааст ва њоло азияташро бояд ЊНИТ кашад.
ЛОМАКОН
ЊНИТ анљуманашро дар куљо баргузор мекунад? САНЉИШУ ТАФТИШ Њуќуќшиносон бастани ќароргоњи ЊНИТ ро як амали ѓайриќонунї мењисобанд. Ба ќавли Бузургмењр Ёров, раиси Коллегияи адвокатњои шањри Душанбе, дар ќарори суд сухан дар бораи хусусигардонии ѓайриќонунии бинои дафтари ЊНИТ меравад. Вай афзуд, суд њуќуќ дорад, ки иншоотро то маълум кардани њолатњои кор њабс кунад, аммо ин њуќуќро надорад, ки истифодаи онро то ќатъ кардани њуќуќи соњибмулк манъ намояд. Дар навбати худ, масъулини ЊНИТ бастани ќароргоњашонро идомаи барномаи "антинањзат" меноманд, ки тибќи протоколи 32 20 роњандозї шуда, 3 сол ба ин сў идома дорад. Ба ќавли онњо, чанд моњ ба ин сў бинои дафтари марказии њизбро кормандони нињодњои гуногун, аз љумла "Тољикстандарт" - у хадамоти бењдоштї ва дигар нињоду вазоратњо тафтишу санљиш мекарданд ва њоло маълум мешавад, ки њадаф њамоно бастани худи ќароргоњ будааст. Ба ќавли онњо, аз касе пўшида нест, ки њадафи аслии маќомот эљоди монеа ба анљумани 12-уми њизб аст, ки бояд 15уми сентябр дар њамин бино мегузашт. Ќаблан пас аз санљишу тафтиши нињодњои гуногуни њукумативу тафтишотї ба дари матбааи "Муаттар", ягона чопхонаи ЊНИТ муњр зада шуд. Дар ин чопхона ягона минбари ЊНИТ - њафтаномаи "Наљот" нашр мешуд. Њикматуллоњ Сайфуллозода, сармуњаррири "Наљот мегўяд, нињодњои гуногуни њукуматї чопхонаро низ як муддати тўлонї мавриди тафтиш ќарор доданд, њатто маљбур карданд, ки ба коргарон хўроки гарм дода шавад.
Муњаммадалии Њайит мегўяд, шеваи муњр задан ба дари ќароргоњи ЊНИТ низ ѓайриќонунї аст, зеро онро пас аз соати 7 - и бегоњ берун аз ваќти корї анљом доданд.
ЯК ТОЛОРИ МУВОФИЌ Њарчанд маќомоти судї гуфтаанд, ки то 10 рўзи дигар, таќрибан 3 сентябр, бањсро баррасї мекунанд ва посухашонро хоњанд гуфт, њељ як аз коршиносон инро истисно намедонад, ки муњлат аз ин бештар хоњад буд. Аммо ЊНИТ эълон кардааст, ки 15 сентябр Анљумани худро барпо кунад. Муњаммадалии Њайит мегўяд, се рўзи ќабл ба Мањмадсайид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе ва Бахтиёр Худоёрзода, раиси Дастгоњи иљроияи президенти Тољикистон дархост
ирсол карда, аз онњо хоњиш кардаанд, то барои баргузории Анљумани њизб "як толори мувофиќ" људо намоянд. Рањбарони ЊНИТ ин интизориро надоранд, ки посухи мусбат гиранд, аммо мегўянд, онњо њанўз њизби расмї ба шумор меоянд ва аз ин хотир, вазифаи маќомот аст, ки ба онњо дафтар људо кунанд. Аммо коршиносон мегўянд, барномаи "антинањзат" - и се соли ахир собит кард, ки барои ЊНИТ ягон марљаъи ќонунии њалли мушкилот боќї намонда ва охирин њизб, ба истиснои ЊХДТ аст, ки акнун дафтари корї надорад ва мешавад гуфт, ба монанди дигар ањзоб ба њизби ломакон табдил ёфт.
Фаромарзи ФОЗИЛ
САДОИ МАРДУМ
75%: "МАНСАБДОРОН БА ПРЕЗИДЕНТ МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ ПЕШНИЊОД МЕКУНАНД" Натиљаи як пурсиши виртуалї маълум кард, ки зиёда аз 75 фоизи мардум бовар надоранд, ки мансабдорони кишвар ба Президент Эмомалї Рањмон маълумоти дуруст пешнињод мекунанд. Назарпурсии ахире, ки зери унвони "Бовар доред, ки мансабдорон ба президент маълумоти дуруст пешнињод мекунанд?" баргузор шуд, маълум кард, ки 39 фоизи иштирокчиён ба варианти "Њеч гоњ, оморњои бардуруѓ ва сохта пешнињод мекунанд" овоз дода, 36 дарсади дигар њам ба гузинаи "Не, намехоњанд, ки Президент аз камбудињояшон огоњ шавад" раъй додаанд. Ин дар њолест, ки њамагї 2 фоизи раъйдињандагон дар бораи садоќати мансабдорон ба Президент гуфта-
анд, ки "албатта, зеро мансабдорон бенињоят садоќати баланд доранд" ва 3 фоизи дигари онњо низ ќайд кардаанд, ки "бале, вазифаашон аст, бояд иљро кунанд." Аммо 14 дарсади иштирокчиёни пурсиш бар ин боваранд, ки "президент ба маълумоти онњо ниёз надорад, хабарасонњои худро дорад." Аз љамъи иштирокчиён 2 фоизи онњо дар посух додан ба ин суол гуфтаанд, ки "Дар посух мушкилї мекашам" ва 4 дарсади ахир њам таъкид доштаанд, ки "намедонам." Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 19-ум то 25-уми августи соли љорї дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 647 нафар ширкат кардааст.
СИЁСАТ Хабарнигори моро мурољиати чанд нафар ба "Корвон" бурд. Шикояти онњо аз ин буд, ки дар ин бозори калонтарини Душанбе як амалиёти густарда барои кашидани сатри занон ва гирифтани риши мардон роњандозї шудааст. Њарчанд маќомот инкор мекунанд, њатто дар гузашта ин гуна иќдомотро инкор намуда, як - ду корманди милисаро њам муљозот карда буданд, њафтаи гузашта, ба ќавли шоњидон, њатто риши имомхатибони чанд масљиди шањри Душанберо, ба истилоњ, "канатка" карда, ба тартиб дароварданд. Инак, дар бозори "Корвон" чї мегузарад?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
"РЎЙМОЛТА ТОЉИКЇ БАНД!"
Ба "Корвон" чаро бо "гаршок" бояд рафт? ЊУСНИ РЎ Аввалин марде, ки ба ман занг зад, суол кард: - Ќонуни риш намондан ё сатр набастан баромадааст? - Инро ба Шумо кї гуфт? - Њамин милисањо омада, маљбур доранд, ки ришњотона тарошед ва занњои савдогари пањлуямонро гуфтанд, ки "Апа, рўймолта тољикї банд!" Чї гап аст? Мегўянд, фармон баромадааст... Хоњиш кардам, ки гўширо ба ягон милиса дињад. Аммо мухотаби мо, ки садояш њам меомад, аз суњбат парњез кард.
Шояд хуб кардам, ки барои тањќиќи мавзўъ рўзњои чоршанбе ва шанбеи гузашта ба "Корвон" рафтам. Ман њам сатр бастам. Дар даромадгоњи якуми, растаи яклухтфурўшї ё "аптовий" вазъ ором буд. Аммо маълум буд, ки ришњо тарошида шудаанд. Ними болои рўйи мардони савдогар офтобхўрдаву гандумї ва ними поён, зери манањ то рости лабони мардон сафед менамуд. Як нафари онњо эътироф кард, ки як инсони лоѓару мариз аст ва ришашро ба хотири... пур кардани руйи худ монда буд. Вай гуфт: - Баъзе бародарон бо риш њусни худро пурра мекунанд... На њама бо доштани риш нањзативу салафиву ифротгаро ё "сояи ДОИШ" њастанд. ПАШМИ ТАН Собиќ ришдорон мардони фаъоланд. Аксари онњо бо ман дарди дил мекарданд. Бархе умуман инро ќабул карда наметавонистанд, ки ришашонро гирифтаанд. Баъзе мегуфтанд, "ришро гирї, боз мебарояд, љанљол ба кї даркор?" - Дастонамонро дошта, тарошиданд... - гуфт яке ба алам. - Ба суд мурољиат намекунед? - Кадом суд? Боз худамонро дасту по баста мањкам накунанд. Бо як риш халос шавем, дарди ба хайр аст. Марди дигар ба таври куллї хулоса кард: - Имрўз ришамонро тарошиданд, сатри занњоямонро гирифтанд, пагоњ боз чї?
Куртакашї ё манъ кардани намозхонї? Ин чї давлат аст, ки ба мўйи танат кор дорад? Чаро ба мансабдорони давлатиаш кор надорад? "МАША" Хонуми савдогаре рўйи колоњояшро мепўшонд. Њампањлуяш пурсид: - Маша чаро мањкам кардї? - Милиса гуфт, ки сатра нагирї, њозир штрафат мекунем. Чї кор кунам? Асабома вайрон карданд, сарам дард дорад, хона мерам. Даф кун, њамин кораву њамин ми... Хонуми дигари тољир ба њамсояњояш арзи дил мекард: - Шавњарам дигар иљозати ба бозор баромадан намедињад. - Чаро? - Ин љо бозор аст. Хаму рост шудан даркор. Сатр бошад ваќте саратро хам мекунї, ягон љойи бадан метобад охир. Шавњарам аз њамсояњо хиљолат мекашад... Аз суњбат бо савдогарон маълум шуд, ки чанд савдогари мард аз хавфи "риштарошон" чанд рўз ба савдо набаромадаанд. Хонумњои тољир мегуфтанд, ки аз тарс то даромадгоњи бозор бо сатр меоянд ва дар дохил рўймоламонро гирифта, пушти сар мебандем. Дар байни раддањои бозор ду - се марди синнашон аз 50 сола боло риш доштанду халос. "ЊОЉАТХОНА КУ?" Онњое, ки ба "Корвон" мераванд, бояд бо худ "гаршок" баранд. Њини суњбат савдогареро дидам, ки аз пушт шимаш зард
ЊАМСОЯДОРЇ
Баргузории Иди асал ва харбуза дар пойтахт 29-уми август дар шањри Душанбе Иди "Асал харбуза-2015" доир мегардад. Баргузоркунандаи чорабинї Вазорати кишоварзї мебошад ва он дар панљ бозори пойтахт дар "Маљмааи савдои Пойтахт-90, КВД "Бозори Шоњмансур", КВД "Бозори Саховат", майдони назди "Карияи Боло" ва КВД "Бозори Дењќон" гузаронда мешавад. Дар Маљмааи "Пойтахт-90" кишоварзони вилояти Суѓд, дар КВД "Бозори Шоњмансур" кишоварзони вилояти Хатлон, дар КВД "Бозори Саховат" кишоварзони минтаќаи Ќурѓонтеппаи вилояти Хатлон, дар майдони назди бозори "Ќарияи Боло" кишоварзони ноњияњои тобеи марказ шањру
ноњияњои Файзобод, Роѓун, Нуробод, Тољикобод, Тавилдара ва Љиргатол" ва дар КВД "Бозори Дењќон" кишоварзони шањру ноњияњои Вањдат, Рўдакї, Варзоб, Њисор, Шањринав ва Турсунзода мањсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Баргузории Иди "Асалу харбуза, дар тамоми тамоми вилоятњои љумњурї њамасола дар моњи август баргузор гардида, кишоварзони љумњурї аз ин тариќ мањсулот ва дастовардњои худро таблиѓ мекунанд. Вазорати кишварзии љумњурї тасмим гирифтааст, ки барои бењтарнињо туњфањои хотиравие низ таќдим кунад.
3
шуд ва давид ба як тарафи бозор. Он мард, ки фарбењ буд ва ранги шимаш сафед, њолати бад дошт. Яке гуфт: - Бачањо, ин њолат табиист, нигоњ накунед, ки айб мешавад. Љойи хиљолат нест, ки бозор чунин љойи муњим надорад. Дар њоле, он мард сўйи хонааш ё паноњгох медавид, ки радиои бозор эълони баста шудани дарвозањоро мекард. Ба ќавли тољирон, ин як њодисаи маъмулист. Чанд савдогар ва харидор, ба гуфти худашон, "ќапида натавонистаанд". Ман аз пайи марди дартоз рафтам. Ў вориди дарвозаи як њавлї шуд. Дар гўшаи он њавлї ду њољатхона буд. Мард њатто ба пулчинаки њољатхона эътибор надода, дохил рафт. Нархи њољатхона - 1 сомонї. Њољатхонаи мардону занон пањлуи њаманд. Дар бораи ѓайрисанитариву ифлосии он, ба истилоњ, гап нест. Аз "Корвон" ин њама сол миллионњо сомонї ба љайби соњибмулк ва буљети њукумат рафтаву њанўз ба таври кофї њољатхона надорад. Њатто барои њамон савдогароне, ки њар рўз маблаѓи бозорро месупоранд. Дар бораи нархи њар як метри бозор, патент ва андоз њарф намезанам. ГАПЕ НЕСТ... Хулоса, њоло "Корвон" як бозор не, мешавад гуфт, бозори сиёсату њуќуќи инсон ва болотар аз иќтисоду тиљорат аст. Хонумон ва мардони аз сатру риш мањрум дасту пойи баста доранд. Ба ягон маќомот мурољиат карда наметавонанд. Кўшишњои мо њам барои суњбат бо кормандони милиса ва маќомоти болоии онњо натиља надод. Касе намедонад, чизе нашунидааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки гапе нест. Як кўчагї ва фарсахњо аз сиёсат дур њам мефањмад, ки риштарошї ва сатргирї кори дасти маќомоти расмист. Агар чунин нест, чаро њукумат аз њуќуќи шањрвандон ва озодии виљдони онњо њимоят намекунад? Ман он рўз хеле хаста шудам. Аз суолњое, ки љавоб надоранд, аммо љавобашонро бо чашмони сари худ дидам... Мењрбону ОРИФЇ
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
ГУЗОРИШ
ГРАНПРИ "КАФГИРИ ТИЛЛОЇ"
КАРИМ ЊАЛИМОВ – СОЊИБИ ШОЊЉОИЗА - "КАФГИРИ ТИЛЛОЇ"
Гузориши тасвирї аз фестивал - озмуни љумњуриявии “Оши палав”, ки дар боѓи "Дўстии халќњо" – и шањри Душанбе баргузор шуд
БАЊОДУР ДОДОБОЕВ - “ОШПАЗИ БЕЊТАРИН” (ХУЉАНД)
ИЌТИСОД Иќтисоди Тољикистон торафт заъфњояшро ошкор мекунад. Пеш аз њама, ин дар ќурби пули миллї сомонї инъикос меёбад, ки дар баробари доллари ќавї рўз ба рўз беќурб мешавад. Њатто ќурбе, ки њукумат муайян кардааст (1 доллар = 6 сомониву 53 дирам) кайњо баёнгари воќеият нест. Агар як - ду моњи ќабл 1 доллари амрикої дар бозори асъор ба 6 сомониву 53 дирам харидаву 20 дирам гаронтар фурўхта мешуд (расмї) ва саррофињои Тољикистон аз хати кашидаи Бонки миллї берун намеомаданд, њоло инони ихтиёрро онњо аз даст додаанд. 1 доллар имрўз, 25 август, амалан ба 6 сомониву 80 дирам табдил ва то 700 сомонї фурўхта ё харидорї мешавад. Бадтар аз ин, ќурби пули русї - рубл асъори асосие, ки ба Тољикистон ворид мешавад, имрўзњо башаст поён меравад. Гўё ба ќаъри дарё чуќуртар ѓарќ мешавад ва сомониро, ки рубл, ба истилоњ, пас аз Худо, дуввумин нигањдорандааш аст, бо худ мекашад. Њарчанд Тољикистон ба хотири нигањ доштани ќурби сомонї бо Чин сари 500 миллион доллар ќарзи дарозмуддат музокира дорад, ин таъсири кутоњмуддат хоњад дошт, зеро ба 4 миллиард долларе, ки солњои пеш муњољирини мењнатї мунтазам мефиристоданд, баробар шуда наметавонад. Коршиносон ба ин далел, ки воридоти доллар тайи шаш моњи соли равон 43 дарсад коњиш ёфтааст, то охири сол нисфи 4 миллиарди солњои пешро пешгўї мекунанд ва изофаи 500 миллион доллар њанўз илољи воќиа аст, на таъмини рушд. Тавре мегўянд, ин маболиѓ "барои хўрдану намурдан" аст ва дар њоли идома пайдо кардани буњрон дар Русия умуман дурнамои як ё ду соли иќтисоди Тољикистон маълум нест. "Тару хушк" Зимнан, натиљањои буњрон на фаќат дар бахши хусусї, балки давлатї низ эњсос мешавад. Нињодњои давлатї, аз љумла андоз ва гумрук наќшањои нимсоларо иљро накарданд. Корхонањои давлатї, аз љумла "Барќи тољик", "Талко", Бонки миллї, чопхонаи "Шарќи Озод" (дар бораи дигар корхонањо њанўз маълумот нест), ба ихтисори кормандон шуруъ кардаанд. Дар бахши хусусї танњо як нигоњ ба бозорњо кофист, ки кас на фаќат гум шудани ќудрати харидории мардумро эњсос кунад, балки баста шудани дўкону растањои тољиронро низ бубинад. Шабона агар аз назди манзилњои навсохти зист дар Душанбе гузар кунед, хоњед дид, ки
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
5
ВАЗЪ - "ТОЉИКЇ", ИСТИРОЊАТ - "АМРИКОЇ" Дар њоле, ки буњрони иќтисодї амиќтар ва пули миллї беќурбтар мешаванд, ду муовини раиси Бонки миллии Тољикистон барои истироњат ба Иёлоти Муттањида рафтаанд
дар аксарияти кулли утоќњо чароѓ дар намегирад. Ё харидор надоранд, ё фурўхта шудаанду барои истифодаашон маблаѓи соњибон нест. Ин як манзараи сатњї аз вазъи иќтисодї дар Тољикистон аст, ки аз омадани буњрон ба Тољикистон хабар медињад. Тавре мегўянд, дар ин раванд "тару хушк баробар месўзанд". Дар бораи дигар воќеиятњо чизе намегўем. ...дар истироњат Њанўз як соли ќабл маќомоти Тољикистон аз ташкил шудани як гуруњи зиддибуњронї хабар дода буданд, ки бояд вазнинињои буњронро сабук мекард. Ин гуруњ чї кор мекунад, маълум нест. Касе дар њукумат дар ин бора суњбат намекунад, ё чизе барои гуфтан надорад. Бахусус, дар њоле ки пули миллї - сомонї бо беќурбшавї дасту панља нарм мекунад, се муовини Раиси Бонки миллии Тољикистон барои истироњат ва ширкат дар конфронс ба Аврупову Амрико раф-
таанд. Љамолиддин Нурализода, муовини аввал ва Умед Латифов, муовини раиси Бонк дар рухсатии мењнатиянд. Сирољиддин Икромов, муовини дигар барои ширкат дар як конрфонси байналмилалї ба Олмон рафтааст. Бино ба иттилои ољонсии TojNews, муовини аввал - Љамолиддин Нурализода ва муовин - Умед Латифов барои истироњат ба Иёлоти Муттањидаи Амрико рафтаанд. Ин се нафарро, ки моњи майи соли равон ба вазифањои Бонки миллї таъин шуданд, њамчун аъзои тими зиддибуњронии Њукумати Тољикистон ба курсињои рањбарии Бонки миллии Тољикистон муаррифї мекунанд. Зимнан, Љамолиддин Нурализода ва Умед Латифовро дар Бонки миллии Тољикистон чун кадрњои ё "амрикої" мешиносанд. Њарду 38 - солї дошта, хатмкардаи донишгоњњои ИМА мебошанд. Љамолиддин Нурализода соли 2007 Коллељи Донишгоњии Университети Мэриленд, иёлати Мэриленд, ИМА Серти-
фикат/Диплом дар соњаи менељменти молия дар ташкилотњо, соли 2006 Коллељи Донишгоњии Университети Мэриленд, иёлати Мэриленд, ИМА Магистри илм дар соњаи идоракунии молия ва соли 2005 Коллељи Донишгоњии Университети Мэриленд, иёлати Мэриленд, ИМА Магистри фаъолиятњои идорї (МBA) хатм кардааст. То муовини якуми Раиси Бонки миллии Тољикистон шуданаш дар вазифањои муовин ва муовини якуми вазири молия ва ташкилотњои байналмилалии молиявї фаъолият кардааст. Домоди Президент Эмомалї Рањмон мебошад. Њамсараш Озода Рањмон дар вазифаи муовини якуми вазири корњои хориљї кор мекунад. Умед Латифов низ соли 2001 Донишгоњи давлатии Аризона ва соли 2008 Донишгоњи Стэнфордро бо ихтисоси магистри идоракунї ва молия хатм кардааст. То муовини Раиси Бонк таъин шуданаш бештар дар ширкатњои ИМА фаъолият дошт. Аз љумл солњои 2001 - 2006 - директори рушди тиљорат дар Осиёи Миёнаи Љанубї дар Иёлоти Муттањидаи Амрико, соли 2007 - сармоягузори ширкати ""Pacifie alternative asset menagement", солњои 2008-2010 - директори молиявии рушди бизнес дар Аврупои марказї, Осиё ва Амрикои Ширкати "CНХ Capital", солњои 2010-2014 - Директори сармоягузории Ширкати "Innovation Endeavors" дар ИМА буд. Ў 13-уми майи соли 2015 ба вазифаи муовини Раиси Бонки миллї таъин шуд. Бонки миллї дар шарњи рухсатии мењнатии муовинони раисаш гуфт, љанобон Нурализода ва Латифов дар рухсатии мењнатї ќарор доранд ва ба куљо ба истироњат рафтанашон ба ихтиёри худашон аст. Инро касе инкор намекунад. Воќеан, њаќќашон аст. Аммо дар давраи буњронї оё њар лањза маънои аз даст рафтани рўзњои сарнавиштсозро надорад? Умари ТОЊИР
ИДОМА Дар пасманзараи гароншавии нархњо дар бозорњои Русия ќурби рубл боз њам поин рафт. Директори департаменти тањлилњои стратегии Русия, профессори мактаби олии иќтисодии Маскав Игор Николаев пешбинии њузноваре дар мавриди ояндаи рубли русї дорад. Вай мегўяд, ба наздикї Русияро як мушкилоти сахте ба ќурби пули миллиаш интизор аст. "Омилњои зиёде њастанд, ки ба ин таъсир мерасонанд ва ин омилњо маъмулан вобаста ба нафтанд",-мегўяд ў. Ин коршинос ду сабаби аслии коњиши бесобиќи нархи нафтро ном мебарад, ки яке вуруди Эрон бо нафти худ ба бозори љањонї ва дигар беќурбшавии юан, ки ахиран таъсирњое доштааст. "Илова бар нафт боз метавон дар бораи њолати имрўзаи иќтисоди Русия њарф зад, ки мутаассифона, чандон хурсандиовар њам нест". Ин коршинос пешгўї мекунад, ки њарчанд нархи 30 доллар ба њар буш-
"Беќурбшавии рубл мусибати танњо Русия нест" Коршинос:
ка нафт чандон боваркарданї нест, вале эњтимоли то 40 ва каме аз он поин рафтани арзиши "тиллои сиёњ" мантиќист. "Аммо дар пасманзараи ин њама оќибати рубли русї тањлил намешавад, зеро афтиши њар доллари нафт барои рубл хеле гарон меафтад". Аркадий Дворкович, ноиби сарвазири Русия низ пешгўї карда буд, ки арзиши нафт њатман поинтар аз 50 доллар ба њар бушка хоњад буд. Мусибати рубли русї танњо мусибат барои сокинони ин кишвар нест. Аввалан садњо њазор муњољир љабр мебинанд ва дуюм хоставу нохоста он ба бозори арз дар кишварњои вобаста аз иќтисоди Русия таъсир мерасонад. Ин дар њолест, ки муњољирин беш аз њар ваќти дигар рубли русї интиќол меди-
њанд, то ки доллар фиристанд. Афтиши ќурби рубл дар бозорњои арзи Тољикистон шояд ќаблан чандон пешгўишаванда њам набуд. Зеро њамагї як ё якуним моњ пештар маќомоти Маскав аз устувории ќурби рубл дар баробари доллар, евро ва њатто юан њарф мезаданд. Њарчанд он замон њам коршиносон ва тањлилгарони масоили иќтисодї ин устувориро муваќќатї унвон карда буданд. Зарфи се њафтаи охир рубл якбора беарзиш шуд ва имрўз дар бозори арзи Тољикистон 1000 рубл ба 101 сомонї табодул мешавад. Ин дар њолест, ки дањаи аввали моњи август 1000 рубли русї ба 107 сомонї баробар буд. Аз афтиши ќурби рубл танњо Тољикистон нест, ки љабр мебинад, њатто
Ќазоќистоне, ки иќтисоди дањњо баробари Тољикистон пешрафта дорад, аз ин дар изтироб аст. Ахиран Нурсултон Назарбоев, президенти Ќазоќистон аз њукуматаш талаб кард, ки иќтисоди кишварро ба нархи 30-40 доллар ба њар бушка нафт дар зарфи панљ соли оянда мутобиќ кунад. Зеро баъди коњиши нархи нафт буљаи ин кишвар 22 дарсад коњиш ёфт. Аз сўйи дигар коњиши ќурби рубл ба истењсолкунандагони ќазоќ њам таъсири манфї расонд. Бахусус ба арзиши гандум ва дигар мањсулоти кишоварзї. Бонки миллии Ќазоќистон низ ахиран тангаи худро дар пасманзараи афтиши ќурби рубл нисбат ба доллар 4,4 дарсад беќурб кард. Боз њам поинтар рафтани ќурби рубли русї дар њоли тањкими тањримњои ѓарбї ва рўёрўии Кремл дар буњрон бо Украина барои кишварњои дигари вобаста фољеабортар хоњад буд, ки пешгўї кардани он мушкил аст. TojNews
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
МАОРИФ
Вазорати маориф ва илми Тољикистон барои гузариш ба низоми бањодињии бисёрхолї омодагї дорад. Дар чанд мактаби тањсилоти умумї барои гузариш ба ин низом даврањои таљрибавї роњандозї карданд. Хабарнигори TojNews аз Шарифмурод Исрофилниё, директори Пажўњишгоњи рушди маориф нахуст суол кард, ки чї зарурате Вазорати маориф ва илми кишварро водор кард, ки ба низоми нави бањодињї гузарад? - Раванди љањони муосир, тараќаёти илму техника, талаботи замон собит кард, ки бањогузории панљбала дигар куњна шудааст, љавобгўи талаботи замон нест. Гузаштан ба низоми бисёрхола, шояд 10холї бигузарем ё 12-холї ва ё 20-холиву 100-холї ин таќозои замон аст. Ва худи њамин имкон медињад, ки дар ислоњоти соњаи маориф як таконе ба вуљуд ояд. Мо њозир дар Пажўњишгоњи рушди маориф анќариб ду сол аст, ки дар ин соња таљриба гузаронида истодаем. Њам таљрибаи низоми 10-балаву њам 12-бала ва 100бала. Худи њамин таљриба нишон дод, ки зарурати гузаштан ба низоми бисёрхола ва љавобгў будан ба талаботи байналмилалї ин ногузир аст. Системаи панљбала ба талаботи низоми байналмилалии тањсилот љавобгў нест... - Бурд ва бохтњои низоми панљбала ва низомњои бисёрхолиро чї гуна шарњ медињед? - Мо ва шумо ба њамон системаи панљбала тањсил кардем, бубинед, муаллим се нафарро бањои аъло - 5 мегузорад, ин маълум аст, ки ин се нафар як хел савод надоранд. Албатта, аз ин се нафар ба яке зиёдтар бањо гузошта шадаасту ба яке њам камтар, яъне фарќ байни ин се хонанда, ки бањои аъло гирифтаанд, њаст. Аммо дар низоми 100-бала ин фарќият муаяйн мешавад. Дар он љо аъло њаст, олї њаст ва олитарин аст ва мумкин бањои ин се нафар ба њамин се ќисмат људо шаванд. Ин љо омўзгор метавонад бањои њар сеи онњоро дуруст муайян кунад. Дар системаи панљбала танњо ба дониш бањогузошта мешавад, дигар аз дарс дер мондану ахлоќи хонанда ба назар гирифта намешавад. Аммо дар системаи 100-бала ваќте хонанда ба мактаб дохил шуд, ба тамоми фаъолияташ арљгузорї мешавад. Ин системае, ки мо коркард кардем, тамоми фаъолияти хонанда зери назорат аст, њам ба ахлоќаш бањо гузошта мешаваду њам ба рафтор ва алалхусус ба донишаш. Албатта, бањо ба дониш бештар аст, вале ахлоќу одоби хонанда низ дар ваќти бањодињї ба назар гирифта мешавад. Агар хонанда масалан, панљ даќиќа аз дарс дер кард, аз 20 хол 5-тои он кам мешавад. Таљриба нишон дод, ки хонандањо хеле камтар аз дарсњо дер мекунанд ва ќариб, ки дарсгурезї нест. Медонанд, ки агар дарс нараванд, аз 20 хол мањрум мешаванд. - Дар шароити кунунии Тољикистон гузаштан ба ин низом сифати таълиму тарбияро таѓйир дода метавонад? - Маќсади асосии гузариш ба низоми бисёрхолї ин сифати тањсилотро баланд бардоштан аст. Аз рўи коркарде, ки анљом додем, дар он љо хонанда хеле фаъол мешавад, чун ки њар як фаъолияташ зери назорат гирифта мешавад. Ваќте, масалан, дар дарс фаъолона иштирок кард, холњояш зиёдтар мешаванд. Агар вазифаи хонагиашро кор накард, холаш камтар мешавад. Дар системаи панљбала агар хонанда аз 7 хато зиёдтар кунад, ба вай бањои 2 гузошта мешавад, вале дар низоми 100-хола ин тавр нест. Агар
Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ:
"БАЊО - МАНБАИ АРЉГУЗОРЇ, НА САРЗАНИШ" хонанда аз 50 калима 40-тои онњоро дуруст навишта, дар 10-тои дигар иштибоњ карда бошад, дар ин љо бањои 2 не, балки хол мегирад. Ин љо як системаи њавасмандкунї аст. Кўдакон як дунёи махсуси худро доранд, бањо бояд манбаи арљгузорї шавад, на манбаи сарзаниш. Дар мисоли фани даќиќ- математика, агар хонанда аз 5 суол ба яктои онњо љавоби дуруст додааст, вале дар чортои дигар дар љойњое иштибоњ кардааст, ки љавоби масъала хато баромадааст. Вай барои кўшишњояш хол мегирад. Яъне, ба ў бањои 2 не, балки дар низоми бисёрбала барои ин кўшишњои хонанда хол медињанд. Ин љо ташвиќ ва ба назар гирифтани рўњияи кўдакон дар мадди аввал гузошта мешавад. - Гузариш ба ин низом харољот ва сарборињои зиёдеро дар бар дорад. Шумо гуфта метавонед, ки дар шароити кунунї Тољикистон метавонад ин сарборињо ва харољотро дар алоњида пўшонад? - Њеч як ислоњот бидуни харољот ва мушкилот гузаронида намешавад, он харољоте, ки њаст, он ќадар зиёд нест. Бубинед, як Барномаи компютеркунунии мактабњо буд, ки Тољикистон дар муддати чанд сол 80 то 90 фоизи ин Барномаро амалї кард. Аксари мактабњо бо таљњизоти техникї таљњизонида шуданд. Харољот ин низом шояд масрафи коѓазро камтар зиёдтар кунад. Мо ин њамаро ба назар гирифта роњњои пўшонидани ин харољотро коркард кардем. Ин њама харољоте нестанд, ки маблаѓњои њангуфтро талаб кунанд. - Коршиносон мегўянд, дар шароите, ки дар аксари синфхонањо аз 36 то 42 нафар тањсил мекунанд, гузаштан ба ин низом ѓайриимкон ва эњтимол бар зарар анљом мешавад. Инро чї гуна шарњ додан мумкин аст? - Аз рўи таљрибае, ки мо гузаронидем, теъдоди хонандагон дар синфхонањо аз 22 хонанда зиёдтар бошанд. Албатта
мактабњое мо дорем, ки дар се баст дарс мегузаранд, њатто 35-40 нафар хонанда дар як синф тањсил мекунанд. Дар ин гуна синфхонањо имкони татбиќи низоми бисёрхола душвор аст, вале роњњои дигараш њам њаст. Мо њар сол мактабњои зиёде сохта ба истифода медињем. Мо азм надорем, ки пагоњ якуми сентябр ба ин низом гузарем, вале мо дар ибтидо наќша дорем, ки дар мактабњое ин низомро амалї кунем, ки синфхонањояшон аз 22-25 нафар зиёд нестанд. Дар листейю гимназияњое, ки ин имконро доранд ва њам дар мактабњое, ки теъдоди хонандањояшон камтар њастанд. Масалан, дар вилояти Бадахшон теъдоди хонандањо дар синфхонањояшон ба маротиб камтар њастанд, њатто дар як синф то 10-12 нафар мехонанд. Дар тамоми љумњурї баъзан чунин мактабњоро пайдо кардан мумкин. Роњи сеюм, ин ба малакаи устод вобаста аст, шарт нест, ки устод дар як ваќт њамаро бипурсад. Роњи чорум, он њам њаст, ки мо аввал дар тамоми мактабњое, ки шароит ва имконияти татбиќи ин низомро доранд, онро амалї ва таљриба мекунем ва замоне, ки тамоми љумњурї ба он омода шуд, баъди он пурра ба ин низом мегузарем. - Бо амалишави ин Барнома талабот аз омўзгорон бештар мешавад. Дар ин сурат њаќмузди омўзгор ё маоши онњо зиёд хоњад шуд? - Мо чунин пешнињодеро ба Вазорати маориф ва илм кардем ва он дар вазорат дар њоли омўзиш ќарор дорад. Як пешнињоди мо ин буд, ки бо татбиќи низоми 100-бала бояд лоаќал ду то чор соати дарси сарбории омўзгор камтар карда шавад. Њамин сарборї, ки кам шуд, он харољотро мепўшонад ва њамчунин сол ба сол маоши муаллимон зиёд мешавад. Масалан, аз 1-уми сентябр маоши муаллимон 20% зиёд мешавад, ин чиз имкон дорад як роњи њавасмандии устодон бошад. Ин мушкилот њам дар сатњи њукумати љумњурї ва њам дар сатњи вазорат ироа ва мавриди омўзиши љиддї
ќарор доранд ва барои њаллу фасли он њар ду љониб талош мекунанд. - Дар ваќти гузариш ба ин низом Тољикистон ба танњої харољоти онро мепўшонад ё њастанд шарикон ва донорњое, ки иљроиши ин Барномаро маблаѓгузорї кунанд? - Њоло барои омўхтани таљрибаи кишварњои дигар кумаки созмонњои хориљї ба мо лозим аст. Мо он таљриба ва омўзишњое, ки тайи ду соли ахир анљом додем, њама аз маблаѓгузории Њукумати Тољикистон буд, аз тарафи созмонњои байналхалќї ягон хел дастгирї набуд, мо њама маошњои худамонро мегирифтем. Барои љалби шарикони рушд ва донорњо мо як лоињаи фармоишї њам навиштем, ки он айни замон аз тарафи Њукумати љумњурї дастгирї мешаваду њоло дар Академияи илмњо таъйид њам шудааст. Вале агар созмонњои байналхалќї дар ин раванд моро кумак кунанд, барои мо хеле хубтар аст. Хусусан, мо бояд таљрибаи мамолики хориљиро омўзем. Зеро ин таљрибае, ки мо гузаронидем дар асоси суннатњои миллї ва маърифати худамон буд, мо баъзе маълумотњоро аз тариќи интернет гирифтем, вале бевосита ба ягон кишвари дунё сафар накардему бо чашми сар бинем, ки барои мисол низоми 100-бала чї хел коркард шудаасту он чї гуна амалї мешавад. - Гуфта метавонед, ки барои гузариш ба ин низом кай пурра омода мешавем? - Ин таљрибаи аввали мо дар ин соња аст. Мо барои гузариш ба ин низом шитоби зиёде надорем, чун таљрибаи мо номукаммал аст. Лекин умедворем, ки дар муддати то панљ сол ин таљрибаи мо такмил ёфта, натиљаи мусбат ба даст меорем. Он замон Њукумати Тољикистон дар ин робита ќарор мекунад, ки ба кадоми яке аз ин низомњои бисёрхола гузарем. Суњбати Амруллоњи НИЗОМ
СУЊБАТ Моњи октябри соли љорї 3000 солагии Њисори Шодмон љашн гирифта мешавад. То рўзи љашн рўзњои кам мондааст ва гуфта мешавад, Њисор ба љашн омода несту сохтмони иншооти љашнї то 50% њам омода нашудаанд. Њатто сохтмони Чойхонаи миллии харбузамонанд, ки ба иттилои ѓайрирасмї, бо супориши Президент Эмомалї Рањмон аз сўи Муродалї Алимардон, директори "Агроинвестбонк" бо харљи беш аз 1 миллион сомонї дар њоли бунёд аст, эњтимол дорад то љашн омода нашавад. Ин гуфтугузорњо моро ба суњбати Усмон Сабзов, раиси ноњияи Њисор бурд ва суоли нахустин ин буд, ки омодагї ба љашн дар кадом њол аст? - Омодагї ба љашн дар сатњи олист, ягон љойи ташвиш надорад. Марњамат, бинои љашнии Китобхонаи миллї, Осорхона ва Кохи фарњанг аллакай омода шудаанд. Ин биноњоро дар рў ба рўи бинои њукумати ноњия месозанд, ки Шумо аллакай дидед. Њатто дар љамоати дењоти Дањбед шањрак сохтем, ки мењмонхона, нуќтањои савдо, бахши бонкњо ва сењњои дўзандагї дорад ва њама фаъолият карда истодаанд. Њар рўз субњ аз мањали сохтмонњо дидан мекунам ва шом љаласаи ситоди сохтмони иншоотро дорем. Аз њар як мушкилоти ба амал омада дар љараёни сохтмон гузориш мешавад ва сари ваќт њал мегардад. - Иншоотро кадом ширкатњо месозанд ва маблаѓгузори асосї кї аст? - Сохтмони иншооти љашниро асосан Дирексияи сохтмонии Дастгоњи иљроияи Президент ба зимма дорад ва иншооте, ки ба онњо вобаста буд, ба охир расидаанд. Асосан 198 иншооти хурду калон дар наќша ворид шуда буд ва њоло дар 98 адади он корњои сохтмонї дар арафаи анљомёбист. Лоињаи 48 иншоот дар идорањои лоињакашї мавриди омўзиш ва ташхис ќарор дорад. 58 иншоот сохта ва ба маќомот супорида шуданд. Њастанд иншооте, ки аз сабаби нарасидани маблаѓ ва њолатњои дигар корњоро мавќуф гузоштанд. Вале ин маънои онро надорад, ки аз сохтмон ва бунёди иншоот даст кашидаанд. Бо фароњам шудани шароит, албатта, ки корњояшонро идома медињанд. Соњибкорони ноњия њам дар ин марњала ќафо намонданд, зиёда аз 160 иншоот аз тарафи онњо сохта шуда истодааст. Дар назар дорем, ки то рўзи љашн 200 иншоот ба истифода дода шавад. - Љое хондем, ки гуфтаед, мардуми Њисор шабу рўз хидмати президент Эмомалї Рањмонро кунанд. Чаро? - Дар таърихи 70 соли Шўравї ноњияи Њисор ин гуна тањаввулоти иќтисодї ва иљтимоиро надида буд ва маблаѓе, ки давоми ду сол охир Президент барои ноњияи Хисор људо кард, ду баробари маблаѓест, ки Шўравї давоми
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
Усмон САБЗОВ:
7
сурат онњо ба "рўйхати сиёњ"-и соњибкорон ворид хоњанд шуд? - Кадом соњибкор инро гуфт? Нишонааш ва ному насабашро ба ман гўед! - Бе розигии онњо иљозат нест. - Дар ноњия мо ягон иншооте надорем, ки 3 - ошёна бошад, аз панљошёна боло сохта истодаем. Њатто дар љамоатњои дењот њам мо баландошёна месозем. Дар маркази ноњия бинои 9 - ошёна сохтем. Шарт нест, ки њамаи ин иншоот то рўзи љашн сохта шавад. Борњо дар љаласањои ситод њам таъкид кардем, он иншооте, ки дар наќшаи иншооти љашнї њам ворид шудаанд, аммо бинобар сабаби буњрон ё њолати дигар имкони то он рўз сохта ба истифода доданро надоранд, њељ гап не. Баъди љашн идома медињанд. Ба мо њам сифат лозим аст. Њоло дар иншоот 14 њазор нафар ба кор љалб шудаанд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур њам љойи холии корї пайдо мешавад. Фикр кунед, 411 иншоот аст, ки 200 адади он хурду бузург ва миёна
"МАРЊАМАТ, БИНЕД, ПУРСЕД, ТАФТИШ КУНЕД!"
ОСОРХОНАИ НАВИ ЊИСОР 70 сол барои ин ноњия сарф кардааст. Барои њамин бояд, ки мардуми ноњияи Њисор шабу рўз хидмати Љаноби олиро кунанд. - Шумо мегўед, ки ба љашн омода њастед, аммо ваќте мо аз рафти корњо дар иншоот дидан кардем, корњои сохтмони чандон хуб ба назар намерасанд. Њатто Чойхонаи миллї њам њоло њам пўшонда нашудааст? - Чойхонаи миллї пўшонда намешавад, шишбандї мешавад. Он яке аз иншооти муњими љашнист ва бояд ки то он рўз њатман омода бошад, зеро љойи пазирої ва зиёфати мењмонон њамин
љост. Пањноии шакли харбуза, ки модели Чойхонаи миллист, 47 метр, дарозиаш - 107 метр ва баландиаш - 32,5 метр буда, тарњи он ягон сутун надорад. Тавре дидед, мо биноњои 9-ошёнаи истиќоматї њам сохта истодаем. - Агар махфї набошад, сармоягузори Чойхонаи миллї кї, харљи маблаѓи он чї ќадар аст ва он хусусї мешавад ё туњфа ба мардуми Њисор? - Зиёд ба чойхона таваљљуњ накунед, ки дар бораи харљи сохтмон ва сармоягузораш чизе намегўям. Намедонам кї аст. Дигар ин ки он хусусї намешавад, он туњфаи Љаноби Олї ба мардуми Њисор аст. Иншооте, ки њоло сохта мешаванд, ягон адади он ба раиси ноњия ё мансабдорони дигар вобаста нест. Ташаббуси давлат, дастгирињои Љаноби Олї нисбат ба мардуми Њисор аст. Мардуми Њисор инњоро ќадр накунад, кўр мешавад. - Маблаѓе, ки аз тарафи буљети њукумати марказї ва њукумати ноњия барои сохтмони иншоот људо шудааст чї ќадар аст? - Зиёда аз 1 миллиард сомонї... - Соњибкороне, ки дар доираи ин љашн иншоот месозанд, мегўянд, фурсат барои сохтани як иншооти босифат кам аст ва онњо маљбуранд, ки ба љойи бинои 9 - ошёна ва ё 5 ошёна, акнун сеошёна созанд, ки то рўзи љашн ба истифода дињанд. Дар ѓайри
буда, то рўзи љашн месупорем. Як ќисмати иншоотро Љаноби Олї, дигарњояшро сарвазир, муовини сарвазир мекушоянд. - Мегўянд, ки дар љараёни корњои сохтмонї сирќати маболиѓ аз тарафи рањбарон њам вуљуд дорад, чун ин љо миллионњо сомонї мечархад. Ин њарфњо љой доранд? - Ин гуна гапњо нестанд. Намедонам Шумо чиро дар назар доред, аммо дониста монед, ки њоло њам дар хонаи истиќоматии аз падарам монда дар дењот зиндагї дорам. Ягон хешу табор ва фарзандам дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Њисор кор намекунад. Бовар намекунед, марњамат, пурсед, тафтиш кунед! Њатто дар сатњи љамоати дењотњо њам кор намекунанд. Ман ба хотири даромад дар вазифањои давлатї кор накардаам. То ба њол худам сари иншоот меравам, мебинам, мепурсам. Ваќте аз пайи манфиат шахсї, ки рафтї, муттањам мешавї! Ягон хољагиии дењќонї ё моликияти дигар надорам. - Ба њар сурат, яъне Њисор ба љашн омода аст? - Албатта, зеристгоњи 220 кВат ба кор даромад, ки тавоноии ду дењаро ба барќ таъмин карданро дорад. Сохтмони 411 иншооти хурду калон љараён дорад. Вазорату идорањои дигари давлатї њам иншооти худро месозанд. Мутаассифона, давоми ду сол 486 соњибкор фаъолияташро ќатъ кард. Онњо дар шањри Хуљанд фаъолиятро идома дода истодаанд. Як мушкил дорем, сари ваќт посух надодани мурољиати лоињаи иншоот аз тарафи идорањои зидахл. Ваќте лоињаро барои тасдиќ ва санљиш ба идорањои дахлдор пешнињод мекунед, як моњ баъд аз њамон идора ё идораи он дар ноњия барои санљиш меоянд. Дар њоле ки бояд њар як идораи масъул бо назардошти пешнињоди лоиња ва зарурати гузарондани санљиш ё розигї додан вазифаи худро иљро кунад. Ба љойи он, ки идорањо хулосаи мусбї дињанд, кор равнаќ ёбад, баръакс, комиссия ташкил мекунанд, корро мекушанд. Фикр мекунам, ин тоифа пешравии кишварро намехоњанд. Суњбати Мењрбону ОРИФЇ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
Маљаллаи машњури "Вокруг света" маќолаеро бо номи "Ваш ход, сэр!" (Навбати Шумо, љаноб!" дар сомонаи худ љо додааст, ки аз сарнавишти талхи Бадахшони имрўза дар гузашта њикоят мекунад. Бадахшон, сарзамини тољикон, ки порае аз Тољикистони азиз аст, замоне миёни ду ќудрати љањонї Русия ва Британия мавриди бањси ќаламрави манфиатњо ќарор гирифтааст. Муаллифи ин маќола Евгения Андреева аз дўстии ду љосус - яке русу дигар инглис бо номњои Бронислав Громбчевский ва Фрэнсис Янгхасбенди њикоят мекунад, ки тавонистаанд кишварњои худро дар ин минтаќаи куњистонї ба љанг кашанд ва зодбумеро, ки асрњо марзро намешинохт, бо истифода аз љараёни дарёи Панљ ва бо назардошти манофеи геополитикии худ ба ду таќсим кунанд. Аз он ваќт ба инљониб дар тањлилњои коршиносони љањон ќисмати афѓонистонии Бадахшон - британиёї ва ќисмати тољикистонии он - русї баррасї мешавад. Ва бо он вуљуд, ки Тољикистон ва Афѓонистон кишварњои соњибистиќлол ба шумор мераванд, њамоно аз нуфузи Британияву Русия дар ин ду ќисмати Бадахшон суњбат мешавад. Дар муќаддима муаллиф менависад, ки Фрэнсис Янгхасбенди британиёї ва Бронислав Громбчевскии рус метавонистанд дўстони хели хуб бошанд, вале ногузир буданд ќоидањои Бозии калон, ки кишварњои онњо дар мусобиќаи нуфуз дар Помир доштанд, риоя кунанд. Вазъи онњо хеле ноустувору нопойдор буд, онњо метавонистанд њар лањза ба ќурбонии њукуматњои худ табдил ёбанд ва ё њокимони шарќї онњоро ба ќатл расонанд. Аммо афсарони њариф бидуни кадом тарсе дар куњњо бо воњидњои хурди низомї њаракат мекарданд, роњњои љадидро кашф менамуданд, ќаламравњои навро меомўхтанд ва дар минтаќаи бе ин њам ноором фазои тарсу вањшатро эљод мекарданд. Инак, сарњади имрўзаи байни Афѓонистон ва Тољикистон муддати 120 соли охир бидуни таѓйир боќї мондааст. Солњои 1880 1890 ин ќаламрав охирин нуќтаи тавсеъаи Русия дар Осиёи Марказї буд.
ГЕОПОЛИТИКА
ТАБАРТАЌСИМ Ќудратњо Бадахшонро чї тур ду таќсим карданд? мурољиат кард. Вай пешнињод намуд, ки дар ин сафар Канљут, давлати начандон бузург дар саргањи рўди Њинд омўхта шавад. Роњандозии корњои љосусї бо бањонањои омўзиши таъриху фарњанг яке аз равишњои аслии хадамоти махсуси Русия дар Шарќ ба њисоб мерафт. Зуњури мусофири рус ва боз марди низомї дар мањдудањои Њиндукуш тањдид ба мураккаб шудани муносибатњо бо империяи Британияро дошт. Аз ин рў, њарчанд ин сафар ќобили ќабул дониста шуд, ба Громбчевский ваколати расмї надоданд, балки таъкидаш карданд, ки хеле эњтиёткор ва даќиќ бошад. Аммо Громбчевский натавонист эњтиёткор бошад. То њадде ба ин њокими Канљут Сафдар Алихон њам мусоидат кард: ба назари ў, Громбчевский сафири "Шоњи сафед" намуд, ки бо ў метавон дар бораи иттињод суњбат кард. Њарчанд сайёњи рус расман изњор дошт, ки сафараш хусусист ва иртиботе ба њукумат ва нињодњои он надорад, вале дар нињоят тахмини Алихонро дар мавриди ваколатњои дипломатияш таъйид кард. Эњтимол меравад, дар ин маврид Громбчевский мехост амнияти худ ва њамроњонашро таъмин созад, чун танњо маќоми сафир метавонист онњоро дар ин "лонаи роњзанон", ки Канљутро меномиданд, њифз кунад. Аз сўйи дигар, вай
шояд барќасдона чунин амал кард, зеро медонист, ки гузаштани Канљут ба тарафи Русия мутобиќ ба манфиатњои ин кишвар аст. Аммо дар ин њолат Русияи подшоњї наќшаи пуштибонї аз Алихонро надошт ва намехост бо Британияи Кабир дар муќовимати ошкор ќарор гирад. Аммо ин низ воќеият буд, ки Ситоди кулл барои идомаи иктишофот дар Помир манфиатдор буд.
Љойгузинї: наздик омадани душманон Тобистони соли 1889 Громбчевский дуввумин экспедитсияи Помирро ба уњда гирифт. Дар њамин њол Фрэнсис Янгхасбенд ба Канљут аз љануб, аз тариќи гузаргоњи Шимшал равона гашт. 11 октябри соли 1889 ин ду наљибзода, ки њамдигарро тибќи овозањо мешинохтанд, дар мавзеъи Ќаиндавизи дараи рўди Раскамдарё, ки аз покистон сарчашма мегирад ва то ноњияи имрўзаи Шинљону Уйѓури Чин љорист, вохўрданд. Бино ба номаву ёддоштњои ин ду нафар, сарфи назар аз он, ки онњо њар кадом маъмурияти људогона доштанд, вале аз ин мулоќот изњори хушї мекарданд. "Марди баландболои ришдор бо сарулибоси њарбии русї ба пешвози ман баромад", - наќл кардааст Янг-
Мубориза барои Алихон Дар ин бахш аз маќолаи худ муаллиф дар бораи талоши инглисњову русњо барои љалби њокими Канљут (њоло Њунз воќеъ дар Покистон) њикоят мекунад. Бино ба навиштаи ў, соли 1888 капитан Бронислав Громбчевский, ки то ин замон аллакай бештар аз дањ сол дар Осиёи Миёна зиставу се сол пештар сафаре ба Ќошѓари Љанубї доштааст, ба љомеаи љуѓрофии Императори рус бо лоињаи сафар аз тариќи куњњои Помир
ПУЛ
Афзоиши парвози њавопаймоњо миёни Тољикистону Эрон Ба гузориши "Мењр"-и Эрон, 24-уми август Мурод Исмоилї, мудири кулли умури байналмилалї ва њуќуќии ширкати њавопаймоии Эрон дар Тењрон ба хабарнигорон эълом кардааст, ки Тољикистону Эрон тавофуќномаи љадидеро дар бораи тавсеаи њамкорињо ва њаму наќли њавої ба имзо расониданд. Бар асоси ин тавофуќнома Эрону Тољикистон теъдоди парвозњои мусофирбарии худро њафтае ба 10 парвоз афзоиш доданд.
Тибќи ин тавофуќнома 4 ширкати њавопаймоии ду кишвар вазифадор шудаанд, ки мунтазам парвозњои худро байни ду кишвар идома дињанд. Аз Тољикистон ширкати њавопаймоии "Тољикэйр"-у "Сомонэйр" ва Эрон ширкатњои њавопаймоии "Мењан" ва "Осмон" интихоб шудаанд. Инчунин бар асоси ин тавофуќнома ширкатњои ваколатдор метавонанд ба ѓайр аз парвозњои мунтазам парвозњои чартерии худро низ аз ин тариќ идома бидињанд.
хасбенд дар бораи аввалин дидораш, ки бо даъвати Громбчевский сурат гирифтааст. "Капитан Янгхасбенд зоњиран љавони ба синну сол 27-сола менамуд, чандон ќоматбаланд набуд, босалобат ва чењраи зиёї дошт. Симо ва ќаду ќоматаш билофосила як эњсоси хубиро тавлид мекард ва шиносоии нисбатан наздиктар ўро пеши назар чун зиёи хеле хуб тарбиятдида вонамуд месохт", - навиштааст тааассуроти худро аз нахустин дидораш Громбчевский. Дар аввалин мулоќот се рўзро бо њам гузарониданд ва тањќиќоту пажуњиши илмї ба нишастњои дўстона табдил шуданд. Онњо бо забонњои урду ва фаронсавї дар бораи Канљут, вазъи Афѓонистон, марзњо ва равобити Британияву Русия њарф мезаданд. Дар суњбат бо Янгхасбенд Громбчевский хеле ошкору кушодарў буд, ба њадде, ки барояш харита таќдим кард. То имрўз сари ин рафтори капитан бањс меравад. Муаррихи љуѓрофиё ва харитакашї, академик Алексей Постников бар ин назар аст, ки Громбчевский ќариб, ки љиноят содир кард, вай хеле сабуксарона харитаи арзишманд ва махфии болооби Амударёро бо ишороти худ, ки баъди диду боздидаш аз мањал гузошта буд, ба Янгхасбенд таќдим намуд. Аммо доктори илми торих Михаил Басханов гуфтааст, ки
МУСОЊИБА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
9
ри Чин гузаштани Помир ба нафъи мавќеъи Русия дар минтаќа аст. Русия аз њар фурсате барои тањмили иродаи худ бар маќомоти мањаллии чинї истифода мекард. Аз ин рў, гумоштаи рус он љуръатро њам пайдо кард, ки амалан бо чинињо барои таќсими Помир вориди гуфтушунид шавад. Вай баъдан дар суњбаташ бо Янгхасбент ба њамин ишора кард, зеро медонист, ки инглисњо низ бар умеди доштани таъсир ба њукумати Чинанд. Дар њар сурат, ин басо бозии хатарнок буд, чун Громбчевский бидуни доштани ваколат амал мекард.
Аќибнишинї аз мавќеъ: дуранг дар бозии њарбї
Янгхасбенд бо Алихон мулоќот кард ва бовар њосил намуд, ки њокими Канљут њозир нест талаби британиёињоро иљро кунад. Алихон њамоно зери таъсири мулоќоташ бо Громбчевский ќарор дошт, бо инглисњо густоху якрав ва гапнодаро буд, мекўшид хеле кам њарф занад. Янгхасбенд бо њамин таассурот ба Њинди Британиё баргашт ва соле баъд вай вориди Туркистони Шарќї шуд, то бо русњо барои касби обрў дар минтаќа дар набард шавад. БРОНИСЛАВ ГРОМБЧЕВСКИЙ
ФРЭНСИС ЯНГХАСБЕНД
ин харита чандон махфї њам набуд, чун ќаблан дар ИРГО чоп шудаву британиёињо аз он бохабар буданд. Аммо ин ду олим ба ин иттифоќи назар доранд, ки Громбчевский бо ин туњфааш аз рўйи кодекси "клуби наљибзодагон"-и гумоштањои аврупої амал кард, ки тибќи он, љосусон ба њамдигар кўмак мекунанд. Янгхасбенд низ он замон ба дўсти наваш харитаи британиёии Тагдумбаш - Помирро таќдим кард.
Аз сардии њаво ва душворињои дигар ў ва њамсафонаш ба ќароре омаданд, ки пас гарданд ва бо машаќќати зиёд зиндаву саломат аз куњњои сард поин омаданд. Аз 45 аспе, ки дар ихтиёр доштанд, танњо 8 асп боќї монд. Зарур омад молу амволи худро берун андозанд. Бино ба навиштаи публистисти инглис Питер Хопкирк сарвари ин экспедитсия муддате аз шиддати сармохўрдагї бо чигас њаракат мекард. Билохира, онњо ба Ќошѓар баргаштанд ва ба њадаф нарасиданд. Аммо баъдан њаќиќати дигар рушан шуд. Нокомии гуруњи Громбчевский на дар нобарорї дар сафар, балки дар ќасди љонашон кардани инглисњо буд. Капитан Янгхасбенд медонист, ки њукумати Британия ба гуруњи тањќиќотии Громбчевский иљоза нахоњад дод дар Канљут зимистонро пушти сар кунад ва ба ќирѓизњо ин дастурро доданд, ки русњоро роњи мустаќим ба Тибетро нишон дињанд. Янгхасбенд ба сарвараш дар Кашмир гузориш дод, ки русњоро ба роње њидоят кард, ки ба нокуљост. "Як роњи морпечи куњист, ки ба як минтаќаи беалафу бењезум мебарад. Онњо шояд зинда пас нагарданд". Ангеза хеле содда буд - мебоист ин экспедитсияи хатаровар, ки будубоши инглисњо дар марзњоро мебоист тањќиќу тањлил мекард, шикаста шавад. Аз сўйи дигар, шояд инглисњо намехостанд барои русњо захоири тилло ва яшм ошкор гардад.
Љалби таваљљўњ: рафтори нољавонмардона Ин ду нафар гарму нарм бо њам худоњофизї карданд ва Янгхасбенд ба самти Канљут, назди Сафдар Алихон њаракат кард, Громбчевский бошад ба љануб, љониби Кашмир, минтаќаи тањти назорати инглисњо роњ пеш гирифт. Вале њукуматдорони инглис Громбчевскийро ба минтаќ роњ надоданд. Афсари рус дар дуроњаи интихоб ќарор гирифт: ба ватан баргардад ва ё ба њар њол талош кунад, ки вориди Тибет шавад? Громбчевский ба ќароре омад, ки ба пеш њаракат кунад. Ќирѓизњои мањаллї ўро ба роњи мустаќими Шањидулло Хоља рањнамої карданд, ки аз тариќи куњњо ба рустои тибетии Полу сарозер мешуд. Ин иштибоњи марговар буд, чун пайроњаи њидоятшуда мушкилгузар ва њатто дар зимистон ба њадди марговор хатарнок буд.
Њиллањо: ќурбонии бардурўѓ Тобистони соли 1890 Громбчевский ба Ёрканд - Ќошѓари Љанубї омад. Ва фањмид, ки Янгхасбенд низ он љост. Дўстони њариф бори дигар басо гарму нарм бо њам мулоќот карданд. "Капитан Громбчевский, - навишт баъдтар Янгхасбенд, - ба мулоќот бо сару либоси ордендор омад. Бароям басо хуш буд, мехостам хеле ќиссањои ўро дар мавриди сафараш баъди он, ки соле пеш мо аз њам људо шуда будем, бишнавам". Аммо ин инглис мехост яќинан бидонад, ки њокимияти Чин амалан то куљои минтаќаи ѓарб тавсеа ёфтааст. Њамчунин њукуматдорони Чинро ба ѓасби заминњо дар Помир тањрик дињанд, то баъди ин инглисњо ин холигоњро миёни Русия ва Британия чун минтаќаи манфиатњои худ истифода баранд. Янгхасбенд њадафро пинњон медошт, аммо Громбчевский аз соњибмансабони Чин иттилоеро ба даст овард, ки тибќи он, Чин "њама заминњои соњили рости дарёи Панљро бахши људонашавандаи худ медонист". Аз суњбатњо Янгхасбенд ба ин хулоса расид, ки Русия низ чун инглисњо хостори он аст, ки Чин Помирро забт кунад. Албатта, бо "додани" Помири Шарќї ба Чин Громбчевский њадафи дигаре надошт, ба љуз ин ки бо як "лаќќигї" маълумотњои сирриро аз дигарон ба даст орад. Аммо, аз сўйи дигар, вай дар њаќиќат бар ин назар буд, ки ба ихтиё-
Громбчевский ба Петербург бо маълумоти хели пурќиммат аз авзоъи минтаќа баргашт. Муддате бо маърўзањо дар чанд љаласа ва дар назди афсарон баромад кард. Њукуматдорони Русия бо тањлили вазъи Помир бовар њосил карданд, ки бояд даст ба тањољуми низомї зананд. Дар минтаќа вазъ ба вахомат мегароид. Моњи декабри соли 1891 неруњои британиёї зери таъсири хулосањои Янгхасбенд дар Канљут Сафдар Алихонро сарнагун карданд ва заминњои ўро тасарруф намуданд. Тобистони њамон сол Русияи подшоњї воњидњои њарбии полковник Михаил Ионовро эъзом кард. Генерал - губернатори Туркистон Александр Вревский ба Ионов кўмак расонд ва худи Громбчевский низ дар ин њайат буд. Янгхасбенд бо дарёфти хабари њамлаи русњо аз Ќошѓар ба куњњои Помир рафт. Громбчевский ва Янгхасбенд бори дигар вориди минтаќа шуданд, вале ин бор бо њам дидор надоштанд: афсари британиёиро отряди Иоанов аз ќаламрави Помир берун ронд ва бидуни кадом асоси таърихие минтаќаро минтаќаи тањти нуфузи Русия эълон кард. Талошњои ин ду наљибзода ба бозии калони минтаќавї оид шуд. Соли 1893 муносибатњои Русия ва Британияи Кабир барои Помир хеле сард шуд ва ду љониб ногузир ба муколамаи дипломатї барои муайян намудани љойи по шуруъ карданд. Муоњада баъди ду сол имзо шуд. Русия марзи манфиатњои худро аз дарёи Панљ муайян кард ва Британияи Кабир Афѓонистонро бо гузаргоњи Вахон ба даст овард ва то замони ишѓоли Чин Британияи Њиндро аз Осиёи Миёна људо мекард.
Чанд њарфи охир Ду ашрафзода дигар аслан вонахўрданд. Баъди пирўзии инќилоби Октябр сайёњи рус Громбчевский ба Варшава фирор кард. Он замон вай њама молу амволашро аз даст дод, умеде дигар ба зиндагонии шарафмандонаи пирї надошт. Соли 1924 Янгхасбенд, генерал-майор ва собиќ президенти љомеаи љуѓрофишиносони Шоњигарии Британия аз дўсти муњтољу фаќираш Громбчевский номае дарёфт кард, ки мегуфт, барои эњтиёљоти зиндагї як тањќиќоти илмии ўро дар мавриди Ќошѓар бо забони инглисї дар Британиё ба табъ расонад. Янгхасбенд розї шуд, ки кумак расонад, вале чопи асар ба иллати марги ногањонии Громбчевский дар соли 1926 муяссар нашуд. Тањияи Бобољони ШАФЕЪ
ДУРУСТ БИНАВИСЕМ
ДАРНАЗАРДОШТ - НАЗАРДОШТ Ин калимаи мураккаб (дар+назар+дошт) ахиран маъмул шуда ва сари он њам бањсњое сурат гирифтааст. Мавриди истифодааш дар љумлањое аз ин ќабил мебошад: "Бо дарназардошти ањаммияти зиёди ин мавзўъ дар ин хусус муфассалтар бояд андеша ронд". Баъзан пешнињод шуда, ки аз ин таркиб калимаи "дар" њазф ва "назардошт" навишта шавад. Яъне љумлаи боло чунин навишта шавад: "Бо назардошти ањаммияти зиёди мавзўъ дар ин хусус муфассалтар бояд андеша ронд" ва ин шакл њам ќариб аст маъмул гардад. Ин таркиб аз забони форсии Эрон омадааст ва таркиби дигаре њам дорад: "бо дар
назар гирифтани", ки комилан њаммаънои "бо дарназардошт" аст. Дар ќиёс бо ин шакл метавон дурустии шакли "назардошт"-ро санљид. Маълум мегардад, он гуна ки "бо назар гирифти, бо назар гирифтани, бо назаргирифти" ноќис хоњад буд, "бо назардошти…" њам ноќис аст. Эњсос мешавад, он сон ки дар "бо дар назар гирифтан" Љузъи "дар" (ё "ба") зарурист, дар мавриди "бо дарназардошт" низ зарурист. Аммо возењ аст, ки ин калима сангин аст, дар њоле ки њамон калимаи асосї ва решагї, ки "назар" аст, ба танњої кофист, ки ин наќшро адо кунад, танњо ба изофаи пешоянди "ба" пас аз ин калима. Яъне "бо назар ба": "Бо назар ба
ањаммияти зиёди мавзўъ дар ин хусус муфассалтар бояд андеша ронд". Дар ин љо як маънои дигари зотии калимаи "назар", ки "тавваљљўњ", "диќќат", "муроот", "ањаммият додан" аст, ба кор гирифта мешавад ва ба танњої комилан метавонад њамон маънои "бо дарназардошти"-ро адо намояд. Ин навъ баён дар навиштањои њамзабонони мо маълум ва маъмул аст. Њатто ба истисно баъзан бидуни пешоянди "бо" менависанд. Яъне "Назар ба ањаммияти зиёди ин мавзўъ дар ин хусус муфассалтар бояд андеша ронд", аммо ин истисност ва аз меъёр хориљ, мисли "бо назардошти" ва ба ѓайр аз ин "назар ба" дар забони мо ибораи ќиёсї аст. Масалан: "Ин хиёбон назар ба хиёбонњои дигар васеътар аст". Хулоса, шакли дурусти ин ибора "бо дарназардошти", "бо дар назар гириф-
тани" аст, вале воќеан вазнин аст ва шакли дурусту осони он "бо назар ба (бар)" ("Бо назар бар ањаммияти зиёди мавзўъ дар ин хусус муфассалтар бояд андеша ронд") мебошад. Рустами Вањњоб
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
ЉАЊОН
ДУ КАШФИЁТИ ГЕНЕРАЛ ДЎСТУМ Генерал Абдурашид Дўстум дар риштаамалиётњои худ алайњи гуруњњои мусаллањи Толибон дар шимоли Афѓонистон хешро на танњо пирўз медонад, балки мегўяд, ин бор, ки вориди майдони љанг шуд, чанд нуктае, ки ќаблан то њадде ба он шубња мекард, тайид шуд. Аввалан дахолати Покистон дар умури Афѓонистон ошкортар шуд ва дигар аз миёни аъзои давлат дар њукумати марказї теъдоди бо Толибон њампаймонанд. Вай дар минтаќаи Ѓурмољи вилояти Фарёб гуфт, ки дар љанги ахир генерали покистонї бо исми Шайх Њољї Мавлавї Ќорї, ки чанд номи дигар њам ба худ мондааст, кушта шуд ва ин далели хеле рушан аз дахолати хадамоти љосусии Покистон дар умури Афѓонистон аст. Ин генерали Покистон њафтаи гузашта дар Фарёб кушта шудааст ва ба иттилои Дўстум, тир аз чашми чапаш ворид ва аз чашми рост берун шудааст. Дўстум њамчунин гуфтааст, ки дар амалиёти дигар дар Болои Мурѓоб як фармондењи Толибон, ки дар асл вазири сарњадоти онњо
будааст, низ захм хўрдааст. Њамчунин хабар додааст, ки як фармондењи ўзбакистонї бо номи Ќорї Забењ низ ба њалокат расидааст. Дўстум гуфтааст, ки баъди ин амалиёти дигаре дар вилояти Кундуз тарњрезї шудааст ва њоло ин тарњ дар маќомоти олии Кобул дар дасти баррасї мебошад. "Фаќат мунтазири файсалаи Шўрои амният њастем ва њидояти доктор соњиб Ѓаниро интизорем. Мисли ин љо дар он љо њам як ё ду њафта корњои дарунї мекунем. Он љо иртиботњои бештар дорем ва дилам мехоњад, ки назар ба ин љо мо дар он љо натиљањои бештару хубтар дошта бошем" гуфтааст ў. Дар амалиёти Форёб неруњои урдуи миллї, пулиси миллї ва амнияти миллии Афѓонистон муштаракан амал карданд ва Дўстум гуфтааст, ки миёни ин неруњо њамоњангї вуљуд дорад ва бисёр манотиќ аз њузури мухолифони мусаллањ поксозї шудааст. Дар суњбати дигаре бо Тулуъ-нюз Абдурашиди Дўстум иќрор шудааст, ки шуморе аз аъзои њукумати Афѓонистон бо шўришиёни
Толиб дасти њамкорї доранд. Кормандони хадамоти амниятї вазифадоранд ин афродро шиносої ва ба мардум ошкор созанд. Вай гуфт, ки ба муљарради поён ёфтани амалиёти Фарёб худаш парда аз рўйи тарафдорони Толибон дар њукумат хоњад бардошт. "Гузоришномаи Афѓонистон", сомонаи марбут ба хабарнигори маъруф Раззоќи Моъмун, дар шарњи ин гуфтањои генерал Дўстум чанд фарзияро мавриди бањс ќарор медињад. Аз љумла менависад, ки "оё вай (яъне, Дўстум) њалаќоте аз наздикони доктор Ѓаниро ба њамкорї бо ДОИШ ва Толибон муттањам мекунад ё раќибони худ дар "Шўрои иљроия"-ро ба доштани иртибот бо ДОИШ ва Толиб мулзам месозад? Шояд бо њарду љиноњ даруфтода бошад. Гузаштаи сиёсии љенрол Дўстум нишон медињад, ки вай дар њассостарин шароит тасмим мегирад, ки тумори тамоми муомилотро дарњам печад. Аммо дар вазъияте, ки Амрико дар сањна њозир аст, баъид аст, ки Дўстум ба иќдоме назири он чї дар баробари дуктур Наљибуллоњ ва давлати устод Раббонї мутавассил шуд, дубора ба њамон формул иттико кунад". Ин пойгоњи интернетї фарзияи дигарро њам дар миён мегузорад, ки ба маъмурияти Дўстум дар Форёб ва умуман шимоли кишвар иртибот дорад. Эњтимол меравад, Кобул масъулияти бурун рондани дастањои ДОИШ ва Толиб аз минтаќаро ба уњдаи Дўстум гузоштааст. "Сукути роњбари сиёсї дар Кобул њамин гумонзаниро таќвият мекунад. Шояд бо шуруъи даври
дуюми музокарот бо Толибон дар Чин давлати марказї њамон гуна, ки ваъда карда, бо эътимод ба нафс ва дастовардњои низомї дар майдони разм ба масофи сиёсии Толибон биравад. Њосили љамъи ин масоил он аст, ки сулњ бо Толибон як формули љабрї аст, ки аз сўйи Амрико тарњ шудааст",- менависад муаллифи шарњ. Дар амалкарди генерал Дўстум тазоде бо сиёсати Кобул ба мушоњида мерасад. Доктор Ѓанї Толибонро нерўе медонад, ки мешавад бо онњо сулњ кард, ба идораи давлат љалб намуд ва бо ин васила кишварро аз як хатар наљот дод. Вале Дўстум инро пазируфтанї нест. Вай бар ин назар аст, ки ин нерў на созанда, балки кушанда дар Афѓонистон аст ва наметавон аз он устураи дўстиву субот тарошид. Дар гузашта Дўстум аз дасти Толибон зарбањои сахти њалокатбор хўрдааст ва муљиби муддате рафтан аз сањнаи сиёсиву низомии Афѓонистон ва зиндагї ихтиёр кардани ў дар хориљ њамин Толибон буданд. Дўстум, ки на бо доктор Наљибуллоњ созиш кард ва на бо профессор Раббонї билохира ќудрати Шимолро њам аз даст дод ва имрўз њам он обрў ва иззат дигар дар ў нест. Љойе, ки истиќомату мардонагии устод Атост, дар зењни мардум Дўстум намешинад, зеро ба назар мерасад, вай як давраи шуњрату маъруфияташро њатто миёни њамќавмњои худ аз даст дод.
буданд. Акнун њам Ѓарб ва њам худи мухолифони давлати Белорусия аз истидлоли асосии тањти суол бурдани ќонунї будан ё набудани интихобот мањрум шуданд. Олга Карач, сарвари созмони љамъиятии "Хонаи мо" гуфтааст, ки "озодии зиндониёни сиёсї овои ошкори Лукашенко ба Ѓарб аст, то интихоботи гузаштаро љомаи ќонуният пўшонад. Лукашенко акнун рў ба Ѓарб овардааст". Ѓарб њамвора иддае аз кишварњои пасошўравиро ба доштани зиндониёни сиёсї мањкум мекунад ва гоњу ногоњ ин масъала дар љаласањои бузурги байналмилаливу тањлилњои созмонњои љањонии њифзи њуќуќ рў мезанад. Њарчанд дар ин мамолик он афрод бо љурмњои дигар боздошту зиндонї мешаванд, вале кишварњои ѓарбї он парвандањоро сохтаву бофта ва бо ѓарази сиёсї унвон мекунанд. Аз љумла, 13 майи соли 2009 дар шањри Екатиренбурги Русия мудофеъи њуќуќи башар Алексей Соколов боздошт шуд, ки фавран ба њимояи он Amnesty International бархост. Баъди фишорњои пайваста 27 июли соли 2011 додгоњ бо сабук кардани моддаи љиної ўро пеш аз муњлат озод кард. Моњи феврали соли 2012 намояндагони мухолифи давлати Русия ба дастгоњи президенти ин кишвар як рўйхатеро иборат аз 38 нафар пешнињод карданд, ки љурмашон сиёсї, вале бо парвандањои сохта зиндонї шудаанд. Аз Туркманистон дар бораи Борис Шайхмуродов њарф зада мешавад, ки аввал ба
муддати 25 сол аз озодї мањрум шуд, вале худи њамон рўз додгоњ дар њукмаш таљдиди назар кард ва ўро барои тамоми умр зиндонї эълон намуд. То моњи майи соли 2014 таќдири минбаъдаи Шайхмуродов барои хешовандонаш номаълум буд ва имрўз њам хабари даќиќе дар бораи зиндаву мурда будани ў дастрас нест. Аз Туркманистон Овезгелдї Атоев, Сардор Рањимов, Акмурод Рељепов, Муњаммадќулї Аймуродовро низ созмонњои њифзи њуќуќи байналмилалї зиндониёни сиёсї меноманд. Иддае аз ин афрод баъдан ба озодї баромадаву ба таври мармуз нопадид шудаанд ва иддаи дигар њамоно дар зиндонанд. Иддае аз давлатњои ќудратманди љањон мављудияти зиндониёни сиёсї дар ин ё он кишварро тањќир ба арзишњои демократї меноманд ва кўшиш мекунанд њатто ба хотири њамрайъї бо онњо муњимтарин чорабинињои варзишиву фарњангиро тањрим кунанд. Чунончї, моњи июни соли љорї нашрияи олмонии Tagesspiegel истинодан ба манбаъњои худ хабар дода буд, ки сарварони аввали Олмон дар маросими ифтитоњи аввалин бозињои љоми Аврупо дар Боку ширкат намекунанд. На Садриаъзам Меркел, на президент Гаук ва на вазири умури дохила Мезер ба Боку намераванд ва сабаби ин мављудияти теъдоди зиёди зиндониёни сиёсї дар Озарбойљон аст.
Бобољони ШАФЕЪ
ЗИНДОНИИ СИЁСЇ Лукашенко рў ба Ѓарб овардааст? Бо ин истилоњ сокинони кишварњои Шўравии собиќ аз хеле замонњо ошноянд, вале аввалин маротиба озодии Андрей Сахаров аз зиндон зери фишори љомеаи байналмилалї мављудияти зиндониён бо ангезањои сиёсї дар ќудратмандтарин давлати дунёро ошкор кард. Аз он замон њарчанд Шўравї пош хўрд, вале истилоњ гоњу ногоњ сари забонњо мепечад, чун дар иддае давлатњои истиќлолёфтаи он њамоно ин афрод бо сарнавиштњои гуногун вуљуд доранд. Шояд аз муњимтарин хабари охири њафтаи гузашта озодии зиндониёни сиёсї дар худкоматарин кишвари пасошўравї Белорус буд. Президенти ин кишвар Александр Лукашенко ба таври ѓайримунтазира мухолифони сиёсии худро аз зиндонњо озод кард. Дар нахустин соати эълони ин хабар коршиносон тасмими президенти Белорусияро гашти бузурге дар тахтаи шоњмоти бозињои сиёсї номиданд. Бегоњии рўзи шанбе, 22 июл ожонсии давлатии "БелТА" эълон кард, ки "Тибќи принсипњои гуманизм президенти Белорусия имрўз тасмим гирифт Николай Дедко, Игор Олиневич, Николай Статкевич, Евгений Васкович, Артем Прокопенко, Юрий Рубсовро авф кунад ва онњоро аз зиндон рањо созад". Њамагї чанд рўз пеш вай ба журналистон гуфта буд, ки наметавонад фармони озодии Николай Статкевич ва дигар зиндониёни сиёсиро имзо кунад, чун онњо ба гуноњони худ иќрор нашудаанд ва барои авф ариза нанавиштаанд. Аммо рўзи шанбе президент фармони авфро содир кард ва њамаи ин шаш зиндонии сиёсиро бегоњии њамон рўз савори автобусњо то манзилашон расонданд. Озодї тавбаву пушаймонї ба дунбол надошт. Николай Статкевич, ки аз мухолифони аслии Лукашенко ба шумор меравад, дар ав-
валин дидораш бо журналистон гуфт, ки ба номи президент номаи авф нанавиштааст ва њоло тасмим дорад ба фаъолияти сиёсии худ идома дињад ва талош хоњад кард, ки Ѓарб интихоботи гузашта дар Белорусияро напазирад. Николай Статкевич дар интихоботи соли 2010 аз мухолифони аслии Александр Лукашенко буд ва ўро шоми рўзи интихобот ба иттињоми роњандозии беназмињои оммавї боздошт карданд. Аммо вай аз додани нишондод саркашї кард ва 23 рўз гурасна нишаст. Моњи майи соли 2011 ўро ба муддати 6 сол аз озодї мањрум карданд. Мебоист 20 декабри соли 2016 аз њабс рањо мешуд. Се интихоботи ахири Белорусия, ки солњои 2001, 2006 ва 2010 баргузор шуданд, то њол аз љониби љомеаи љањонї эътироф нашуда ва интихоби Лукашенко ѓайриќонунї унвон шудааст. Ба маънии дигар, тибќи ченакњои ѓарбї, муддати ин 14 сол Белорус сарвари ќонунан интихобшуда надошт. Аз соли 2010 боз њам ба сабаби интихоботи пур аз таќаллуб ва таъќиби дигарандешону мухолифон вуруди Лукашенко ва аъзои кобинаи вай ба Аврупо ва Амрико манъ шуд. Коршиносон мегўянд, президенти Белорусия барои гармии муносибаташ бо Ѓарб ба ин иќдом даст зад. Акнун ѓарбиён бањонаи дигаре барои ѓайриќонунї эълон кардани интихоботи Белорусия надоранд. Аммо мушкили дигар, аз ќабили шаффофият дар интихобот, озодии сухан боќї мемонанд, ки метавон дар љараёни муколамањои баъдї мавриди суњбатњо ќарор дод. Инњо дигар наметавонанд шарти эътидоли муносибати њомиёни Ѓарб ва Белорус унвон шаванд. Аз сўйи дигар, Русия њам мухолифате ба ин тасмими Лукашенко надорад, чун афроди озодшуда на ба дархости Маскав зиндонї шуда
Фирўзи МУЊАММАД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
ТАБЛИЃ Бахши равоншиносї ва равонпизишкии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшњои љадиди бемористон ба шумор меравад. Аммо бо вуљуди ин аллакай миёни мардум шуњрати зиёде пайдо намудааст. Бино ба иттилои равонпизишкони бемористон зиёдтар барои кўмаки тиббї шахсони гирифтори якчанд бемории равонї мурољиат менамоянд. АФСУРДАГЇ (ДЕПРЕССИЯ) яке аз беморињои пањнгашта мањсуб меёбад. Аксар ваќт афсурдагї аз сабаби дучор шудани шахс ба руњафтодагї ба амал меояд. Бањри пешгирї намудани оќибатњои вазнини он муњим аст, то сабабњои пайдоиши афзурдагиро муайян намоем. Ба афсурдагї њамаи шахсон, новобаста аз сину сол, љинс ё гурўњи иљтимої метавонанд гирифтор шаванд. Арзишњои љомеаи имрўза барои ба вуљуд омадани афсурдагї сабаб шуда метавонанд. Зеро одамон барои соњиб шудан ба неъматњои иљтимої, муваффаќиятњои касбї ва дороии зиёд сайъ мекунанд. Дар сурати ба даст наовардани ин неъматњо шахс озурда шуда, ба афсурдагї дучор мегардад. Сабаби дигари афзоиши ин беморї буњрони шадиди равонї, вобаста бо бемории вазнин ё марги шахсони наздик, пароканда шудани оила ё дигар омилњои ба ин монанд шуда метавонад. Нишонањои ин беморї асабонияти аз њад зиёд, камхобї, бехобї, ѓамгинї, дарди сар буда метавонанд. Дар мавриди муайян намудани шакли афсурдагї, мо бо таври гузаронидани сўњбатњо ва ё таъин намудани дору табобат таъин менамоем. Дар њар сурат бемор бояд дарк намояд, ки табобати самаранок аз худи ў, аниќтараш аз таѓйир додани нуќтаи назараш ба зиндагї, вобастагии калон дорад. Табобати ин беморї муњлати зиёдро талаб мекунад ва танњо дар сурати иљрои тамоми тавсияњои равонпизишк ба муваффаќият ноил шудан имконпазир аст. НЕВРОЗ - ин њолате мебошад, ки дар натиљаи ѓаму андўњи пайваста хурўљ менамояд. Чунин њолат системаи асаби беморро хароб намуда, ба мутобиќшавии ў ба њолати атроф монеъагї менамояд. Беморони гирифтори невроз шахсро асабонї, дилгир, хаста, боизтироб, серараќ намуда, кори меъда ва дилро номўътадил менамояд. Сабаби пайдоиши бемории невроз ин сарбории зиёди равонї ва љисмонї бидуни имконоти истироњат ва барќарор намудани нерў мебошад. Фаъолияти вазнини мењнатї, мушкилот дар њайёти шахсї, њамдигарнофањмї метавонад шахсро дучори ин беморї гардонад. Неврозњо метавонанд ќобилияти мењнатии шахсро коњиш дода хашму ѓазаби беморро нисбат ба наздиконаш зиёд намоянд. Чунин њолат метавонад
11
Њолати равониатонро дар Бемористони Ибни Сино санљед!
сабаби сар задани мухолифат дар оила ва коллективи мењнатї гардад. Ихтилолоти шахсият бемории дигари равонї буда, нишонањои он аз печидафикрї, андеша ва амалњои ѓайри ќобили ќабули омма иборат аст. Албатта, њар як шахс хусусиятњои худро дорад, аммо ахлоќу рафтори чунин беморон аз чањорчубаи рафторњои ќабулнамудаи умумї комилан фарќ доранд. Аз рўйи кирдори ин бемор на танњо худи ў, балки атрофиёнаш низ зиёд ранљ мебаранд. Дигар бемории миёни мардум пањнгардида ин ЭПИЛЕПСИЯ мебошад, ки одатан хуруљи он ѓайричашмдошт ба амал меояд. Сабаби он зиёд мављуд будани манбаъњои ангезанда дар ќисматњои мухталифи маѓзи сар мебошад. Ќисми зиёди одамон бар он назаранд, ки бемории Эпилепсия табобатнашаванда аст, аммо тибби муосир мухолифи ин гуфтањост. Доруњои њозиразамони зиддиэпилептикї ба 63% - и беморон имконияти табобатро фороњам меорад. Равонпизишкони Бемористони Ибн Сино дар самти табобати бемории МАЙЗАДАГЇ низ таљрибаи зиёд доранд. Майзадагї њам яке аз намудњои бемории равонї мањсуб шуда, нишонањои он аз меъёр зиёд истеъмоли
машрубот мебошад. Дар натиљаи истеъмоли зиёди машрубот ба саломатии бемор зарари љиддї мерасад. Ў ќобилияти мењнатї, арзишњои маънавї ва дороиашро аз даст медињад. Шахси майзада комилан аз машрубот вобаста мегардад. Духтурони Бемористони Ибни Сино бар он назаранд, ки мурољиати сариваќтии беморон метавонад самаранокии табобатро кафолат дињад. Равонпизишкони Ибн Сино бо истифода аз шевањои навтарин ва таљњизоти замонавии бемористон, дар муддати кўтоњтарин бемории шуморо муайян карда, онро дармон мебахшанд. Духтурони бемористон дар табобати беморињои зерини равонї таљрибаи бой доранд: 1) Эскизофрения - Шизофрения - Афсурдагии шадид - Њолати депрессивї - Синдроми манякалї - Синдроми манякалї -депресивї - Мутизм 2) Неврозњо - Неврозњои ташвишу изтироб - Неврози тарсу изтироб - Њолатњои њарос - Неврози васвос - Неврози пас аз зарбаи асаб
- Майли худкушї 3) Ихтилолоти шахсиятї - Ихтилолоти иртиботи љинсї - заношўї - Мушовараи издивољ - Мушовараи занушўї - Норасоии љинсї - Беморињои равонии кўдакона - Пуртањаррукї (гиперактивный синдром) - Ихтилолоти тањсили кўдакон - Тести њуш - Мушовараи тахсил 4) Беморињои асаб - Эпилепсия - Мултисклероз - Паркинсон - Ихтилолоти хоб - бехобї - Инсултњо, ишемияи маѓзї - Дардњои асабї - Невропатия - Полиневрит 5) Суистифода аз мавод - Майзадагї - Вобастагї аз сигор, нос - Вобастагї ба маводи нашъаовар Беморињои равонї, мисли дигар беморињо табобатшавандаанд ва шарти асосии пирўзї бар ин гуна беморињо, мурољиати сариваќтї ба мутахассис мебошад.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
БО ШОИР Њар зарра хоки ин дањр дар дида парниён аст. Нисо, магў, љавонї рафту дигар њазинам, Умре бизї ба некї, некї, ки љовидон аст.
Тўтинисо Исмоилзода (Дагарова) дар шањри Истаравшан ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонї шеър мегўяд. Риштаи таърихи Донишгоњи давлатии Тољикистонро хатм кардааст. Солњо дар мактабу литсей аз таъриху њуќуќ дарс гуфтааст. Ду маљмуаи шеърњояш "Гули њавас" ва "Афсонаи ишќ" дастраси хонандагони каломи бадеъ гаштаанд. Зиёда аз шаш сол ба ин сў дар шањри Екатеринбурги кишвари Русия зиндагї дорад. Оиладор, соњиби се фарзанд.
Аз фуруѓи орази ту дида равшан мешавад, Зарра - зарра мењрњо афзуда, хирман мешавад. Нотавон њастам бигўям, ман њадиси ишќи ту, Чун бубинам рў ба рў дил дар тапидан мешавад. Як нафас бозо ба сўйи ман, ки дарди дурият, Занги ѓамњои диламро оњу шеван мешавад. Сабзаву гулњои гулдони дили манро мапурс, Хору сањрою биёбон бо ту гулшан мешавад. Ханда бар рўям намову ашки чашмонам марез, Хандаи ту малњаме бар руњу бар тан мешавад. Њар гање ёдам намойї дар дили шабњои тор, Кулчаи рўям мањасту шом рўшан мешавад. Пирањан аз мењри ту пўшида, дорам орзу, Бо ту зиям, эй Нисо, он мулк Мењан мешавад. *** Азизи дил, чаро рањме надорї, Зи мулки ќалби ман гашта фирорї. Чаро султонї хуш н-омадат, гўй Ба куйи кї кунун ту рањсипорї? Намесозї ягон боре суроѓам, Нигоњам хаста шуд аз интизорї. Сари роњи туро гулпўш кардам, Ба гўши ќалби ту гуфтам ба зорї. Њама ѓамњои ту афсурдаам кард, Биафтодам зи иззу чоњ ба хорї. Ѓурури ман заминї гашту акнун, Хазон гаштам дар айёми бањорї. Туро бо чашми дил кардам назора, Даруни синаат ту дил надорї. Нисо, дастам бигир, набзи маро санљ, Даво бахшо маро аз беќарорї. *** Ашкњои дидагони ман, чу дарё гаштаї, Оњњои ќалби ман дар дашту сањро гаштаї, Эй гули гулзори ман, айни шукуфтанњои худ, Чун хазони фасли поиз дар сари ро гаштаї. Дар биёбони муњаббат дида бас ранљу бало, Дар тарики ишќ бо Маљнун ту њампо гаштаї. Њар бањорон зинда гардад сабзањои зери хок, Шукр бинмо, чун табиат боз эњё гаштаї. Дардњои синаат бар бедилон њаргиз магў, Дар хиёбони алам гар зору танњо гаштаї. Љуз дили модар набошад рўйи дунё ќалби нарм, Зоњиру ботин њама аз санги хоро гаштаї. Ранљњои зиндагонї њикмате дорад, бидон, Бо њама нодорият ту ганљи дилњо гаштаї. Дар замоне, ки њама чашму забон барбастаанд, Лолњоро ту забону ќалби бино гаштаї.
Тўтинисо Исмоилзода
"САРИ РОЊИ ТУРО ГУЛПЎШ КАРДАМ..." Кай, Нисо, охир шавад шабзиндадорињои мо, Бо умеди субњи содиќ нурполо гаштаї. *** Кош, эњё мешудї, эй модари яктои ман, Рўйи ќалбат менињодї ин сари танњои ман, Боз бо он шеваи зебо ту мегуфтї маро: "Ёд кардам ман туро, гулдухтари зебои ман!" Бо хаёлат бигзарад њар лањзаи умри азиз, Ёди ширинат њамеша муниси шабњои ман. Акси нуронии ту бигзоштаам ман рў ба рў, Ашкњо љорї шавад аз чашмаи бинойи ман. Бе ту ќалби ман тињиву зиндагонї сарди сард, Эй шукуњи зиндагонї, бе ту чун фардои ман? Сабзањо чун махмале хоки туро пўшидаанд, Модаро, сабз аст оѓўши туву дунёи ман. *** Табассум дораму аммо даруни сина гирёнам, Ѓаму андуњи ту рўзе бигирад аз гиребонам. Бидидам садњазор афтодањо бархостанд, аммо Чаро дастони ларзони туро бигрифта натвонам. Њама он тифлаконат љустуљўи ризќи худ рафтанд, Манам, ки бо туву бо дарду ѓамњои ту мемонам. Чаро, ки аз азал як тўда бедарду ѓаму ранљ аст, Чаро, ки орифону фозилон хоранд, њайронам. Дили зањматписандам зањмати дунё кашид аммо, Насибе аз фароѓат буд оё, ман намедонам. Шавад рўзе, ки Хуршеду Само хандад ба рўйи мо,
Парастуи нишот ояд ба сањну рўйи айвонам. Бигирї ту њама фарзандњои хеш дар оѓўш, Нисо гўяд, пас аз садсолањо баргашт Сомонам. *** Биё, бемораму дармони ман бош, Тасаллои дили гирёни ман бош. Дар ин ѓурбатсаро дур аз азизон, Басо озурдаљонам, љони ман бош. Бањорони ватанро ёд кардам, Азизам, накњати райњони ман бош. Садои булбулон дар гўши ёдам, Навои мурѓи хушилњони ман бош. Чаманзори хаёламро шукуње, Ба сони ѓунчаи хандони ман бош. Даруни ќалби ман сад орзу хоб, Навиди тозаи армони ман бош. Нисоё, нобасомон шуд замона, Худовандо, сару сомони ман бош. Дар ѓафлатем, ёро, умри азиз равон аст, Мо пир гаштаему дилњои мо љавон аст. Зангўлањои хотир моро барад ба њар кўй, Мо рањсипори умрем то он даме тавон аст. Дар зиндагї дилеро њамдил будан чї зебо, Дил рўйи каф нињодан ин сабру имтињон аст. Гар бедилон шикаста як ќалби поку маъсум, То бар ќиёмат он дил гирёну хунчакон аст. Гар зиндагонї моро дар аршу фарш бинмуд, Шукронањо саройем Аллоњ мењрабон аст. Афтодаро асо бош, дилхастаро тавон бахш, Ин њарфи зарњалие з-афкори муъминон аст. "Чанд ќасру кушк дорї?" аз мо касе напурсад, Танњо зи њам бипурсанд, оё туро нишон аст. Дар сина гар маконест мењру муњаббату сидќ,
*** Биёву шодии дунё даруни ќалби мо андоз, Зи ишќу ошиќињо парчаме бо мењр барафроз. Тамоми хорњоро аз гулистони сафо баркан, Дару дарвозаи гулшан намо бар андалебон боз. Зи лањни булбулон бо гул суруди ишќ бишнида, Каломи ќалби худро бо муњаббат ту намо оѓоз. Бањори зиндагиро бо шукуњи худ бахшо файз, Њама он талхкомињо ба ширинї мубаддал соз, Худафрўзиву дилсўзї ин аст перояи оќил, Хушо, бо ин шањоматњо намоем ќалбњо пардоз. Азизам, зиндагии мо њаме тарњи наве хоњад, Биё, меъмор бошу зиндагонии навинам соз. Нисоё, кош ин ѓамхонаи дунё зани оташ, Ки дунё пур шавад аз хандаву суру њаёву ноз. *** Дар бањори зиндагї як ѓунчаи гул во нашуд, Як гиёње бар давои дарди мо пайдо нашуд. Ранљу озоре бидидем мо дар ин ѓурбатсарой, Шоми мо тўлониву субњи сафо эњё нашуд. Шодї гањ мењмони дил мегардаду ѓам ёри мо, Ѓамшарике, мунисе кас мутаккои мо нашуд. Шўру исёне надорад ин дили дардошно, Ќалби ёрон ях бубасту бањри мо дарё нашуд. Хам бигашта оќибат ин ќомати болои мо, Ѓўрањои сабри мо сад њайф, ки њалво нашуд. Бори њасратњо кашидан ќалби моро хаста кард, Ранљи мардум лањзае аз дида нопайдо нашуд. Корвони умри мо бошаст мебошад равон, Њай дареѓо, зиндагї табъи дили Нисо нашуд. *** "Њар ки моро ёд кард, Эзид мар-уро ёд бод". Мир Сайид Алии Њамадонї Дар дили ањли вафо афсонаи ман ёд бод, Њар ки ёд орад маро ў хурраму дилшод бод. Умр ширину вале талхї гиребонгири ў, Фарќи талхиву љафо аз тешаи Фарњод бод. Дўстони умрбодам, бар муроди дил расед, Бадсиголу кинаљўро орзу барбод бод. Дасти ёрї медињам њамвора бар њар нотавон, Зиндагї умедворонро њаме обод бод. Он касони золиму бедарду ањримансифат, Роњаташ нороњату як умр бебунёд бод. Њаст роњи умр, эй Тўтинисо, мушкилписанд, Ќуфли лаб чун бишќанад кораш њаме фарёд бод.
НИГОЊИ ХОРИЉЇ (Аввалаш дар шумораи гузашта) Соати њашту ним аз хоб бедор шудам, њаво њанўз абрї буд. Шаб, мавќеи вуруд ба њутал, як биркаи кўчаки дастнавис ба ман дода буданд, ки барои хўрдани субњона буд. Субњона аз соати 7.30 то 10 субњ дар ќисмати буфаи (буфети) пушти њутал, рў ба хиёбон ва майдон буд. Дишаб, ки омада будам, њаво торик буд ва фазои он љо зиёд таваљљўњамро љалб накарда буд, субњ, ки берун омадам, дидам муќобили њутали Душанбе майдони бузургест, муљассамаи Садриддин Айнї, аз шоирони бузурги муосири тољик дар он ќарор дорад. Садриддин Айниро ба номи шоир ва нависандаи бузурги мардуми тољик мешиносанд ва минтаќаи бузурге ба номи ўст ва ном ва нишони ў њама љо њаст. Рафтам дохили буфа, дидам чањор радиф сандалии чањортої њаст ва се нафар њам доштанд субњона мехўрданд. Як самовори барќии оби љўш канори дари вурудї буд, ки мусофирон худашон барои худ чой мебардоштанд. Ман баргаамро додам, чанд даќиќа пас як тика нони мањаллии худашон бо як адад тухми мурѓи нимрў ва як коса ширбиринљи доѓ ва каме колбоси гўшти гов оварданд; ѓизои нисбатан хуб ва муќаввї буд дар он њавои сард. Берун, ки омадам намнами борон шурўъ шуда буд. Дар ун њаво воќиан сигор кашидан барои одами сигорї кайф дорад. Сигорам, ки тамом шуд, рафтам боло дурбини аккосиамро бардоштам ва кулоњи гарме њам сарам гузоштам ва ба самти хиёбони поини Айнї, ки хиёбони Садбарг буд, роњ афтодам. Дастфурўшї туйи (дар) шањри Душанбе хеле зиёд мебинї, аз кўдакон то љавонњо ва одамњои бузургсоли зану мард. Дидам ду писарбача чизе шабењи себ бо чўбе дар васати он мефурўшанд. Мехостам бихарам, дидам пули сомонї надорам, гуфтам чанд аст, гуфт донааш 2 сомонї, яъне њудуди 1 дирњаму 40 фулус. Сарфи назар кардам, мебояд ќабл аз њама симкорт ва хати интернет мегирифтам. Аз чанд нафар пурсидам, гуфтанд, наздики бозори Садбарг њаст, вале ќабл аз он бояд долларро табдил ба сомонї мекардам. Дар шањри Душанбе саррофї ба шакли бисёр мушаххас кам аст, аммо то дилат биход њар сад метр -сад метр касоне ва маѓозањое њастанд, ки тоблуи нархи арзњои ќобили хариду фурўшро задаанд ва шумо метавонед он љо пули худро табдил ба сомонї кунед. Маъмулан се арзи мављуде, ки ќобили табдил шудан буд, доллар, евро ва рубли русї буд. Њар сад доллар байни 535 то 548 сомонї хариду фурўш мешуд. Шояд марказњои муњиме барои пулњои сангин бошад, аммо барои мане, ки мехостам сад то дувист доллар сомонї бигирам, тафовути нарх зиёд нест. Каме поинтар маѓозаи дўконмонанде буд, ки бояд саратро хам мекардї, то мерафтї дохили он. Гуфтам сад доллар сомонї мехоњам. Гуфт дорам, 542 сомонї мешавад. Шояд поинтар нарх камтар ё бештар байни 3 то 6 сомонї бошад, аммо ман њамин нархро ќабул кардам. Пули роиљ дар Тољикистон сомонї аст ва искиносњои 1, 3, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонї доранд ва пули хурд сикањои 5, 10, 20, 25, 50 дирамї доранд, ки њар як сомонї 100 дирам аст. Пул, ки гирифтам, рафтам, ки симкорт бигирам. Дидам рўи тоблуи маѓозае наздикињои майдони Айнї дар Садбарг навишта буд "Фурўшгоњи маводи ѓизої" ба хати форсї. Рафтам дохил, дидам хонуме ва бачаи кўчаки нозхушгил канораш нишаста. Пурсидам шумо эронї њастед? Гуфт, на, аммо соњиби фурўшгоњ эронист. Гуфтам, дунболи хариди симкорт њастам. Билофосила омад берун аз фурўшгоњ, дуто љавон, ки канори хиёбон истода буданд, садо зад ва ба онњо гуфт, ин оќо симкорт мехоњад. Яке аз онњо рафт ва баъд аз панљ даќиќа бо симкорт омад. Гуфт, шорз (зарядник) њам бояд бихарї. Гуфтам, мешавад он ваќт хати интернет дошта бошам? Хонуме, ки дар фурўшгоњ буд, гуфт, бале ва бо бачааш њамроњ омад ва маѓозаи дигаре ба ман нишон дод ва ун оќое, ки симкорт аз ў харида будам, низ бо ман омад фурўшгоње, ки корњои фурўши хати интернет ва телефони мобайл дошт. Аз 1 гигобойт то 4 гиго дошт. Барои ман як гиго кофї буд ва дањ сомонї шорз њам гирифтам, ки љамъан бо хати интернет шуд 40 сомонї ва куллї аз ин бобат хаёлам роњат шуд. Билофосила бо њамсарам ва бачањо дар Дубай тамос гирифтам ва бењашон иттилоъ додам, ки хуб њастам ва ин шумораи телефони ман дар Тољикистон аст. Чанд даќиќае суњбат кардам, баъд мутаваљљењ шудам нархи муколама бо Дубай њар даќиќа наздик ба дуву ним дирњам аст, барои њамин тасмим гирифтам, ки бештар бо интернет бо њам тамос дошта бошем то бо телефон. Кори телефон, ки тамом шуд, баргаштам ва аз он зану мард, ки дохили фурўшгоњ буданд, ташаккур кардам. Аљноси маѓоза тавлидоти Эрон буд, маѓозае дар њудуди 40 метри мураббаъ, каме бо њам њарф задем ва ман роњї шудам то биравам ба самти хиёбони поини
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
13
Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур
Садбарг. Њамон тавр ки мерафтам, расидам ба љое, ки нонњои гарми мањаллї мефурўхтанд; нони хуб ва гарме буд. Як нони кўчак гирифтам ва омадам поинтар, дидам оќое самбўсаи мањаллии гарм дорад, ки 2 сомонї буд; махлуте аз пиёзу гўшт, албата, гўшташ хеле кам буд, мисли пирошкињои Дубай буд то самбўсаи њиндї, ки тунду тез аст ва хушку бришта аст. Ба худам гуфтам, ќарор нест њама љо њама чиз мисли њам дошта бошанд. Салоиќ ва алоиќи мардумони кишварњои мухталиф фарќ дорад ва ин бар зебоии саёњат ва гардишгарї меафзояд. Каме рафтам поинтар ва расидам ба љое, ки исмаш бозори Садбарг буд ва маъруфияти он минтаќа ба ин бозори Садбарг буд. Фурўшгоњњои кўчаки љамъу љўр дар як сохтмон дар ду табаќа, ки бештари аљносашонро дар берун њам бисот карда буданд. Бештари аљнос лавозим ва эњтиёљоти рўзмарраи мардум буд аз кашки хушку нахўду биринљи русиву тойландї гирифта, то нони мањалливу равѓану кара ва анвоъи кансерв; мисли бозорњои Тењрон дар хиёбонњои Носири Хусрав ва Амири Кабир ва Тўпхона. Поинтар занњо дар пиёдарав доштанд мева ва сабзї (зелен) мефурўхтанд: гашнизу пиёзчаву швид ва як намуна коњуи кўчак монанди коњуи чинињо. Мевањо бештар себу ангури худашон ва норанги чиниву покистонї буд, анонос ва кивии хориљї њам буд. Ќимати аксари онњо ё дар њаду андозаи Дубай буд ё бештар. Навъе лимуи турши зард доранд, ки донаї мефурўшанд ва моли худашон аст; донае 1 сомонї кўчакаш ва бузургаш яку ним сомонї. Бояд эътироф кунам, ки ин лиму яке аз камназиртарин лимуњои зарде буда, ки ман то кунун хўрдаам; обдор, хушмаза ва бисёр латиф, мешавад уна бо пўсташ хўрд ва як зарра њам эњсоси талхї накард. Њамон масирро рафтам то поин, то љое, ки мерасидї ба майдони бузурге, ки дар интињои майдон истгоњи ќатор (поезд) буд. Њамон њаволї чарх задам, њаваси чой кардам, рафтам дукамонанде, ки як зани миёнсол дар он кор мекард. Гуфтам, чой дорї? Гуфт, бифармоед ва пардаи плостикиро канор зад. Туйи он дукаи кўчак ду радиф сандалии кўчак буд, ки њам
мањали хўрдани ѓизо буд, њам нўшидани чой. Гуфт, чойи сиёњ ё кабуд? Гуфтам, кабуд. Як ќурї чойи кабуд овард бо ду пиёла. Ду пиёла чой хўрдам ва каме ба фазои дохили он нигоњ кардам, дидам ду зан доранд ин дукаро идора мекунанд. Занон дар Тољикистон наќши бисёр муњиме дар маъоши хонавода доранд ва њар љо ки он даврубар нигоњ кардам, занон низ монанди мардон ва гоње бештар аз онон машѓули кору фаъолият буданд. Як ќурї чой он љо 1 сомонї, баробари 75 фулус буд. Пула додам ва ташаккур кардаму омадам берун. Рафтам ба самте, ки теъдоде фурўшгоњњои канори њам дар гўшаи майдон. Њудуди сї маѓозаи хорборфурўшї; аз тухмаи офтобгардону гардуву писта гирифта, то анвоъи шакалоту њабуботу биринљ ва… Ќадре суол кардам ва акс гирифтам (ёдатон бошад, дар Тољикистон њар љо мехоњед аз маѓозаи касе ё шахсе акс бигиред, њатман ќаблан бипурсед, чун баъзењо мувофиќи акс гирифтан нестанд). Омадам набши (кунљи) дигари майдон, зане дохили як дукамонанде сондвич мефурўхт. Сигору бисквиту нон њам дошт. Оќое њам канораш истода буд, ки баъдан фањмидам борбари он минтаќа аст ва аљнос аз љое ба љои дигар мебарад. Аз зане, ки дохили дука буд, пурсидам, маѓоза моли худаш аст? Гуфт, на, ман барои соњибаш кор мекунам, вале маѓоза моли соњибкораш њам нест, балки иљора карда моње 700 доллар ва ба ман дар њудуди 800 сомонї њуќуќ медињад, яъне 600 дирњам. Аз субњ меояд то соати 6 ва баъзе ваќтњо то 8 шаб. Агар мусофирони ќатор хуб бошанд, даромад бењтар аст. Аз онњо худоњофизї кардам, рафтам самти поин, ки њамон истгоњи ќатор аст. Он рўз хабаре аз ќатору мусофир набуд, барои њамин аз мањута акс гирифтам ва ба њутал баргаштам. Рўзи крисмас буд. Аз њутал болотар рафтам, мехостам бо он минтаќа бештар ошно шавам, то расидам ба як гулфурўшї. Ќимати шохањои гулро пурсидам; воќеан гарон буд. Ду баробари ќимати Дубай буд. Мегуфт, гулњо ва гулдонњо бештар аз Њуланд миёд, аммо чанд намуна аз Ўзбакистон њам њаст. Худашон зиёд дар кори гул набуданд ё агар буданд ман намедонистам. Зимнан алъон фасли сардї буд ва
шояд аз њамин сабаб бештар аз хориљи кишвар ворид мекарданд. Аз он љо рад шудам то расидам ба љое, ки рўи девораш дуто тоблу зада буданд, ки яке аз онњо ба хати форсї буд; окодимияи ъулуми љумњурии Тољикистон, институти забон ва адабиёт ва шарќшиносии Рўдакї буд. Рафтам дохил, њар чи дунболи касе гаштам, набуд то ин ки дидам љилўи дар як мизи пур аз китоб њаст, ки байни онњо чанд китоб ба хати форсї буд. Љолиб буд, китоби њизби тўда њам он љо буд. Дидам, касе он љо нест, берун омадам, ба самти боло рафтам, то расидам ба донишгоњи миллии Тољикистон. Ду донишљў он љо буданд, каме аз онњо пурсуљў кардам ва бо яке аз онњо акс гирифтам ва худоњофизї кардам. Баргаштам ба њутал ва то ѓуруб истироњат кардам. Ман фаќат барои ду рўз њутал гирифта будам. Барои њамин бояд зудтар фикри љое арзонтарро мекардам. Поини баѓали њутал рестурон буд, ки аз соати шаши шаб боз буд, њам пешхон дошт, њам мизу сандалї. Чанд зани миёнсол ва як зани љавон машѓули кор ва сервис ба муштариён буданд. Бору бисёр ќадимї буд ва чанге ба дил намезад, аммо муњите самимї ва хеле сода дошт. Як нафар тољики гирди кулуфт њам канори ман нишаст, салому алейк кардам, гуфтам, чи дорї? Гуфт, њар чи бихоњї. Ќабл аз ин ки ман њарфе бизанам, гуфт, араќ бидињам? Гуфтам, бидењ. Гуфт, чанд грам? Бо ин мавзўъ њеч ошної надоштам. Фаќат гуфтам мутавассит. Як ќадањ овард, андозаи сингли Дубай, шояд њам як каме бештар. Њама навъи машруб дошт; обљав ва шаробу араќ ва вискї ва… Ду ќадањ хўрдам. Мехостам њисоб дастам биёд, гуфтам, бил биёр, гуфт 6 сомонї меша, тааљљуб кардам, яъне ин ќадар арзон! Яъне ду дирњам, боварам намешуд, араќаш хуб њам буд. Рафтам берун чархе задам ва њавои тоза кардам ва дубора дутои дигар супориш додам, баъд аз он ѓизои шашлик суфориш додам. Љотон холї, хеле часпид, ду сомонї њам инъом гузоштам ва рафтам майдони Айнї чархе задам ва рафтам боло дароз кашидам. Аввалин рўзам дар шањри Душанбе инчунин гузашт. (Идома дорад)
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ
АРЗИШИ 1м3 ОБ ЧАНД СОМОНЇ АСТ? - Пештар ваќте обњисобкунак надоштем, барои истифодаи об аз њар як аъзои хонаводаи мо 3 сомониву 50 дирам мегирифтанд. Дар њавлиамон обњисобкунак насб карданд. Акнун мегўянд, ки барои истифодаи њар 1м3 - и об маблаѓ супоридан даркор аст. Бинобар ин, пурсиданї њастам, ки нархи давлатии 1м3 и об чанд сомонї аст? Таманно ШАФИЕВА, сокини ноњияи Фирдавсї - Корхонаи воњиди давлатии "Обу корези Душанбе" тибќи Фармоиши Хадамоти зиддинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти №83 аз 12-уми ноябри соли 2014 нархномаи нави хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољиро сар аз 1-уми январи соли 2015 дар ќаламрави шањри Душанбе мавриди амал ќарор дод, ки айни њол он бетаѓйир боќї мондааст. Тибќи ин нархнома барои истиќоматкунандагони биноњои баландошёна, њавлї ва хонањои ободнашуда (баракњо), ки дар он обњисобкунак насб карда шудааст бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии 1м3 -и оби нўшокї (0,39 дирам) ва оби ихрољї (0,14 дирам - оби канализатсия) дар љамъ 0,53 дирам муќаррар шудааст. Барои 1 (як) истиќоматкунандаи биноњои баландошёна (аз 1-то 12 ошёна) дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (4 сомониву 0,14 дирам) ва оби ихрољї (1 сомониву 0,56 дирам) дар љамъ 5 сомониву 0,70 дирам) муќаррар шудааст. Барои 1(як) истиќоматкунандаи биноњои баландошёна (аз 12 ошёна боло) дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (5 сомониву 0,52 дирам) ва оби ихрољї (1 сомониву 0,61 дирам) дар љамъ 7 сомониву 0,13 дирам) муќаррар шудааст. Барои як истиќоматкунандаи хонањои мањаллї (њавлї ва хонањои ободнашуда) дар як моњ бе обњисобкунак бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї (2 сомониву 0,88 дирам) ва оби ихрољї (0,42 дирам) дар љамъ 3 сомониву 0,30 дирам) муќаррар шудааст. Нархномаи дар боло ќайдшуда танњо хос барои ањолии шањри Душанбе мебошад. Нархномаи хизматрасонию истифодабарии оби нўшокї ва оби ихрољї барои корхонањои буљавї, ѓайрибуљавї ва хобгоњњои умумї дигар аст. Дар сурати савол пешнињод шудан аз љониби хонандагони њафтаномаи "Нигоњ" нархномаи он њам пешнињод мегардад. Ба саволи Шумо Мирзомурод УБАЙДОВ, сардори шуъбаи фўруши оби КВД-и "Обу корези Душанбе посух дод.
НАХОД? ОВОЗИ ХИРС - Моње ќабл аз рўйи одат шоњиди як њодисаи аљибе шудам, ки аќидаамро нисбати усули нигоњдории дарандаву паррандањои љамъшудаи Боѓи њайвоноти шањри Душанбе ба куллї дигар кард. Соати 8и бегоњ буд ва тибќи одати дерина хостам камтар барои рафъи хастагї пиёда бигардам. Ба мавзеи боѓи вуњуш наздик шудам, ки як нолаи дањшатангези ба зориву таваллои одаме, ки дар талоши љонканї монанд аст, ба гўшам расид. Вале њарчанд гўш ба ќимор шудам, то охир ба манбаъ ва чї будани ин овоз бовар њосил намекардам. Овоз ростї, ба гуфти адабгуфторон, "мурдаро зинда мекард", шахсро ба риќќат меовард ва дар зењни ашхоси гирду атроф эњсосоти нороњатї, яъсу навмедиро ба бор меовард. Иддае аз шавќмандони ин садо аз њисси кунљкобї саросема ба дарвозаи Боѓи њайвоноти Душанбе фаромадем ва аз нозири он сарчашмаи ин садои вањшатнокро пурсидем. Нозир бо як беэътиної љавоб дод, ки ин овози хирси куњиест, ки њар бегоњ аз њолати ќафаси худ ба ин тарз эътироз мекунад ва чун нав ба боѓ оварда шудааст, ба ин вазъи бардагї одат надорад. "Бо мурури замон овози ў мулоимтар хоњад шуд ва ба таќдираш тан хоњад дод", - афзуд масъули боѓ. Ин одати њайвонњои саркаш аст. Ростї, амали ин хирси озодманиш дар дилам дигар роњи омадан ба ин боѓро баст. Дигар намехоњам ба махлуќи ѓуломтабиат ва гадохўй табдил ёфтани ин хирсро бинам. Хирсе, ки дар ќафас, то охири умр, умеди ягонааш ризќи аз дасти хољагонаш тавзеъмешударо интизор аст. Интизори нони кафолатшуда бар ивази озодї. Рустам СОРБОН, сокини шањри Душанбе
БА ЉОЙИ 09 - Гуруњи эљодии "F1[iMDOD]-IT SERVICES" бо маќсади фароњам овардани минбари эљоду иттињод ва боз сохтани дари фазлу маърифат, шуруъ аз соли 2011 инљониб, барои кулли мактабиёни тољик ва омўзгорону волидайни эшон пойгоњи интернетии maktab.tj-ро фаъол гардонидааст. maktab.tj - аввалин ва бењтарин пойгоњи интернетї барои муњассилини тољик бо забони тољикї ва барои шумост! Мањз бо назардошти њамин маъмурияти maktab.tj њамаи хонандагони мактабњои миёнаи тањсилоти умумии пойтахт ва дигар шањру навоњии кишварро ба хотири боз њам ѓанитар гардонидани муњтавои он бо матолиби љолибу хонданї ба њамкорї даъват мекунад. Муњасилин метавонанд тариќи почтаи электронии мо: infof1imdod.tj ва ё шумораи телефонии (918) 94-32-31, (44) 600-61-30 бо маъмурони maktab.tj њамвора дар робита бошанд!
ЛАТИФА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
Љавоне дар ошхона ба таомхўрї машѓул буд, ки дар њамин ваќт њарбиён барои "облава" ба ошхона зер карда, медароянд. Љавон, ки фурсатро аз даст дода буд, дигар роњи гурез наёфта, худро кўдак вонамуд мекунад. Афсар ба љавон мегўяд: - Шумо кї? - Ман - нинї, - дар љавоб мегўяд љавон. Афсар: - Чї мехўрї? - Ма-ма ма-ма. Афсарро љањлаш меояд ва ба љавон мегўяд: - Мамата бихўр, баьд дудут мебарем, тайтай ёдат медињем. *** Мард тарафи занаш: - Медонї, азизам ман имрўзњо пули хуб кор мекунам ва ба боварии том гуфта метавонам, ки аз уњдаи як зани дигар мебароям. Ба ин фикри ман чї мегўї? - Бисёр олиљаноб! Ман њозир очаамро занг мезанам, бигзор, омада, бо мо зиндагї кунад. *** Духтурњо љарроњї гузаронида истодаанд. Ногоњ аз таги кат овоз мебарояд: - Мияв! Љарроњ: - Гум шав аз ин љо! Аз таги кат боз: - Мияв! Љарроњ: - Гум шав аз ин љо, гуфтам! Боз: - Мия-а-а-ав! Љарроњ чизеро бурида, ба таги кат мепартояду мегўяд: - Ма, гиру тез гум шав аз инљо! *** Як рўз Гитлер ба яке аз њамнишинонаш њасрат карда, гуфтааст: - Дар фронти шарќї њар рўз чандин генерали забардасти мо мурданд, аммо даст намерасад, ки аќалан як нафари онњоро бо тантана гўронем. Њамнишинаш Гитлерро тасалло дода, гуфтааст: - Ѓам нахўред, љаноби фюрер, њама тантанањо дар мотами шумо мешавад. *** Замин меларзид. Ногоњ аз болои бом духтаре ба баѓали Афандї афтод. Афандї ба њаяљон омаду гуфт: - Сад бор шукр, њоло заминларза тамом нашуда, алакай ёрињои башардўстона мерасанд.
ШЕЪР Содаю содашуморем, њамин тинати мост, Тањи кору тањи борем, њамин ќисмати мост. Ханда мегирадам аз мушту гиребоншудагон, Даст бар гардани ёрем, њамин давлати мост. Љумлае аз паи шуњрат ба љањаннам рафтанд, Мо, ки з-он љумла канорем, њамин шуњрати мост. Иддае љуста тилло, сокини мањбас гаштанд, Мо, ки як пайса надорем, њамин сарвати мост. Дастае тарки Ватан гуфта, кафандузд шуданд, Мо ки дар кунљи диёрем, њамин нузњати мост. Пои?андози њама аз гулу себарга кунем, Мо, ки њамдасти бањорем, њамин суннати мост. Дигаронро зи тарањњум бирањонем зи дом, Бањри худ дом гузорем, њамин ќудрати мост. Тољикистон њама санг аст, вале бар гўре Лавњасанге нагузорем, њамин њиммати мост. Бас касон бањри худ аз бањри Худо бигзаштанд, Мо, ки чун санги мазорем, њамин вусъати мост... Лоиќ ШЕРАЛЇ
ЧАРО? ЧАРО БА ЗЕЊНУ РУЊИ ХУД ИСТИРОЊАТ НАМЕДИЊЕМ? - Дар бештари кишварњои дунё фасли тобистон фасли истироњат ва таътилот мањсуб мешавад, аз љумла дар кишвари мо низ. Мактабњо ва донишгоњњо њама таътил мешаванду талабањо ва донишљўён ба таътили тобистона мераванд. Гап дар сари он аст, ки мардуми мо таътили тобистонаашонро чї гуна мегузаронанд? Оё касе ба моњияти ин таътил фикр мекунад? Дар дигар кишварњо мардум, махсусан, мардуми фарњангї ва онњое, ки корњои илмї мекунанд, тобистонро фасли истироњат ва мусофират медонанд. Бо оѓози тобистон онњо барномањои худро тарњрезї мекунанд. Онњое, ки тавоноии молиашон хуб аст, њатман ба ягон кишвари дигар барои истироњат ва саёњат мераванд, аммо онњое, ки тавони молиашон пасттар бошад, њатман ба сафарњои дохилї мераванд. Хулоса, онњо њадди аќал як моњи тобистон ба истироњат ва тарбияти зењну руњи худ мепардозанд. Аммо мардуми мо чї? Бештари донишљўёни мо баъд аз хатми имтињоноти солона ба љойи истироњат ба гандумдаравї ва ё ба кори сохтмон машѓул мешаванд. Талабањо бошанд дар тамоми фасли тобистон коњу алафу њезум љамъ мекунанд. Сахттарин корњо дар љомеаи мо имрўз шояд бар уњдаи донишљўён ва талабањо бошад. Дар ин миён чанд дарсад шањрнишинон шояд истисно бошанд, вале онњо низ ваќти худро бо корњои дигаре, чун тиљорат ва даллолї мегузаронанд. Аммо мардуми мо чаро кам ба истироњат мепардозанд ва ба зењну руњи худ истироњат намедињанд? Чаро ба зењну руњашон аз њад зиёд фишор меоваранд? Имрўз њама мехоњанд донишљўён ва талабањо хуб дарс хонанд, вале мутаассифона, ба ниёзњои зењнї ва руњии онњо чандон ањамият намедињанд. Ногуфта намонад, ки фишорњои зиёд ва беањамиятї ба чунин амрњо яке аз сабабњои пайдоиш ва зиёд шудани беморињои равонї аст. Ба љойи туњмат задан ба деву париву љину зани њамсояву дигарон, пеш аз њама бояд вазъияти руњї ва равонии хонаводаи худро баррасї намуд ва фишорњои мављудро коњиш дод. Хулоса, таътил ва ниёзи инсон ба он бояд барои љомеаи мо дуруст баён карда шавад. Бояд коре кард, ки мардум ниёзњоии руњї ва равонии худро бењтар бишносанд ва онњоро аз роњи дуруст посух дињанд. Њар гоњ ниёзњои руњї ва равонї дар инсонњо ношинохта монад, дар вуљуди инсон таоруз ба вуљуд меояд ва таоруз маншаи беморињои равонї ва амалњои зидди иљтимої мебошад. Пас таътилоти тобистонаатонро ба гунае бигзаронед, ки њам љисматон ва њам зењну равонатон истироњати кофї дошта бошад ва аз њамин имрўз ба фикри тартиб додани барномаи тобистонаатон бошед! Холиддин МАТИНОВ, сокини шањри Душанбе
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №22 (455), 26. 08. 2015
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
"Дар ин савдои аспи хубу зебо..." Мушоираи шоирони мардумї - Алиљони Сарбандї ва Гули Мурод Гулов дар сари савдои асп Гули Мурод Гулов: Муборак бодат ин аспи фурушї, Ба ту зангат занам фардо ба гушї. Бањояшро муайян кун ба бегоњ, Чї дорї, дўст? - Азми хонапушї?
Алиљони Сарбандї: Бувад зоти араб, яъне, ки тозї, Зафар ёбад басе дар асптозї, Агар онро харидорї намої, Яќин донам шавї аз ин ту розї.
Алиљон Сарбандї: Бањои асп тахмин панљ њазор аст, На бо сомонї, балки бо дулор аст, Ба пули асп шояд зан бигирам, Харидорї магар? Пулат тайёр аст?
Гули Мурод Гулов: Чи наќши аввалиро бозї кардї, Кињоро дар миёнмо ќозї кардї. Ва шояд љўгї байни мо даромад, Балан(д) гуфтиву моро розї кардї.
Гули Мурод Гулов: Пули ќарздориро љамъ карда истам. Через "Вистер Юнон" мефиристам. Гаранти медињї, љони бародар, Ту аспро мебарї бар љои зистам?
Алиљони Сарбандї: Дар ин савдои аспи хубу зебо, Сифоти асп кардам бе муњобо, Агар савдои моён пухта бошад, Баракат пас биёбї, Њочї-бобо!
Алиљон Сарбандї: Намедонам чи гўям бар саволат, Фаќат гўям, бародар, хуш ба њолат, Ба Росровут зи Љомї роњ дур аст, Ба бурдан ман намедињам кафолат.
Гули Мурод Гулов: Писар рекламаи моро бидидаст. Ва тозон назди Банкомат давидаст. Тариќи гўшї аз Руси бародар, Љавоб омад, ки утубус харидаст.
Гули Мурод Гулов: Наметвонї, бигўї аз куљо аст? Ягон аз зоти аспи Аврупо аст? Љасуру бодпову чусту чолок, Ва ё, ин курраи аспи Зиё* аст?
Алиљони Сарбандї: Давидию давидию давидї, Ба пули хеш утубус харидї? Агар чун асп зебо буд утубус, Савори Рахш кай Рустам бидидї.
*Аспи Зиёи росровутї дар тамоми гўшаву канори Тољикистону Ўзбакистону Ќирѓизистон машњур буд.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Њамрохон ЗАРИФЇ, сафири Тољикистон дар Љопон: - Ман њамон ваќт њам ба ин саволњо чандин бор љавоб додаам. Ман на вазири ѓарбгароам, на шарќгаро. Ман вазире будам, ки манфиатњои Љумњурии Тољикистонро њимоя мекардам. - Љаноби сафир, њозир ин "ин" - гарову "ун" - гароњо чунон мўл шуда рафтагї, ки бовар кунед, худамон њам њайрон мондем, ки Шумо "кадом" - гаро њастед... Хуршед ИСОЗОДА, судяи суди ноњияи Исмоили Сомонї: - Мо аризаи шикоятии Гулмуродзодаро дарњол баъди эълони њукм ќабул намудем. Он њукме, ки имрўз баровардем, њанўз эътибори ќонунї нагирифтааст ва номбурда барои шикоят бурдан њуќуќ дорад. Аммо ман дар бораи парванда ба ягон журналист мусоњиба намедињам. - Ањ мусоњиба надињед! Аслан мусоњибаатон њам даркор нест! Мусоњиба медодагї, натарсида додан мегирад. Аздусар "зиндагї њамине" - мегуфтагистед мисли ун кас, њо, Зайд Саида судяш барин... Саидумар ЊУСАЙНЇ, муовини аввали раиси ЊНИТ: - Сиёсати сабру тањаммули моро гуруњњои тундгаро зери танќид ќарор доранд ва ин хатар њаст, ки онњо бо истифода аз ин аъзои њизби моро дилсард карда, ба худ љалб кунанд ва моро бадном созанд. Аммо мо наметавонем пеши роњи њама аъзои њизбро бигирем ва танњо ба фаъолони њизб таъкид мекунем, бимонанд. - Сабр карда гаштан гиред, ако, њамаш худаш љобаљо мешавад! Як рўз мехезеду мебинед, ки њељ кас намондааст. Њамаш тамом шуда рафт! Буттаро мањкам гиред, буттаро! Савзаалї НАЗИРЗОДА, раиси ноњияи Варзоб: - Азбаски Варзоб минтаќаи сайёњист, имконияти васеъ кардани замин нест. Бинобар ин мо, ба ЊЉТ пешнињод кардем, ки минбаъд ањолии ноњияро аз дигар ноњияњо - Рўдакї, Данѓара, Ќубодиён ва ѓайра бо замин таъмин кунанд. Илољи дигар нест. - Раиси љун! О чаро намегўед, ки мардумро кўчонда, заминњояшонро барои њо ана вай одамо... ња... мўлдору пулдоро фурўхтан даркор. Бо ба кадоме дача даркор шуд гўеду монед - дия! Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси МТС: - Зина ба зина чашми мардум кушода мешавад. Њозир њам њаст. Он љавононе, ки њозир њастанду баъзеашон њукуматро интиќод мекунанд, баъди 10 сол онњо оппозитсия намешаванд. Баръакс, онњое, ки зид њастанд, боз бо њукумат њамроњ мешаванд. Онњое, ки њамроњ буданд, баъзеашон људо мешаванд.
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
- Мо ку хотирамон љамъ, Ако! Њамин худатонро њам њамон ваќт ќабул мекарда бошанд дар њамон њукумат? Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ, директори Пажуњишгоњи рушди маориф: - Гузаштан ба низоми бисёрхола, шояд 10-холї бигузарем ё 12-холї ва ё 20-холиву 100 - холї ин таќозои замон аст. Ва худи њамин имкон медињад, ки дар ислоњоти соњаи маориф як таконе ба вуљуд ояд. Мо њозир Пажуњишгоњи рушди мориф анќариб ду сол аст, ки дар ин соња таљриба гузаронида истодаем. Њам таљрибаи низоми 10-балаву њам 12-бала ва 100-бала. - Акаљони азиз, ба 1000 - хола њам гузаред, ки бо ин њол фарзанд ба вуљуд намеояд. Кайфията зўр кардан даркор! Аз њамин таљрибањои њавої дигар савод њам намонд! Амирќул АЗИМОВ, котиби пешини Шўрои амнияти Тољикистон: - Ман бовар дорам масъалањои боќимонда бо Ќирѓизистон бо тинљї анљом меёбад ва ањолї њељ ваќт бо эњсосот дода нашавад. Як сухани нодуруст оммаро ба ѓазаб меорад, аз ин рў, њамаи масъаларо бояд ба хушї њал кард. - Як гап мешад, гўеду монед - дия!
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09