Нигох №23 (456). Чоршанбе, 2-юми сентябри соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

1

На Акбаре ва на раисе ба сони ў... №23 (456). Чоршанбе, 2-юми сентябри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МУШОРИКАТ

"Камбаѓал" Моликияти Занљонї дар Тољикистон чї гуна ба сафорати Эрон тааллуќ дорад?

"МАСТ ШАВ, ГАЗПРОМ!" - 2 Хадамоти зиддиинњисорї аз "Газпромнефт - Тољикистон" љонибдорї мекунад?

САЊИФАИ 5

МУШОЊИДА

Садои баланди... ош САЊИФАИ 3

СИНАМО

Филме, ки зояндаи бањс хоњад буд

САЊИФАИ 13

САФАРГУФТА

Н:

и

Як чакра оби Сари Хосор Бардоштњо аз сафар ба як гўшаи Тољикистони зебоманзар САЊИФАИ 16

ЯК ЌАДАМ ТО "ШАЙТАНАТ"

Такя ба ќонун задани ЊНИТ чаро мантиќї нест?


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

2

Вазорати адлия зимни як огоњинома, ки аз сўи хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуд, баргузории анљумани ЊНИТ-ро ѓайриќонунї хонд. Дар огоњинома, ки аз сўи вазири адлия Рустам Шоњмурод имзо шудааст, сабабњои ѓайриќонунї будани ЊНИТ чунин шарњ дода мешавад: 1) ЊНИТ дигар њизби умумиљумњуриявї нест, зеро дар ихтиёри вазорати адлия нусхаи 76 санад аз 58 сохтори мањаллии њизб оид ба ќатъи фаъолият дар шањру ноњияњои љумњурї ќарор дорад. Бино ба моддаи 10 и Ќонуни њизбњои сиёсї ва Сарќонуни Тољикистон, њизби умумиљумњуриявї бояд дар аксарияти кулли шањру навоњии кишвар созмони ибтидої дошта бошад. Раёсати Олии њизб ин санадњоро бар хилофи банди 2.4 Оинномаи Њизби нањзати исломи Тољикистон бе баррасї мондааст. Ва бо ин роњ бар хилофи талаботи моддаи 28 - и Сарќонун, ки тибќи он шањрванд њаќ дорад ихтиёран ба њизбњои сиёсї дохил ва аз онњо хориљ гардад, кор кардааст. Моддаи 5 - и Ќонуни њизбњои сиёсї њам мегўяд, узвият дар њизб танњо дар асоси майли ихтиёрии шањрванд сурат мегирад. Аммо роњбарони ЊНИТ ин њуќуќи аъзои собиќи худро наќз кардаанд, ваќте аризањои онњоро ба баррасї нагирифтаанд. Чун ЊНИТ дар тамоми шањру навоњї созмонњои ибтидої надорад, њизби љумњуриявї нест, њуќуќи барпо кардани анљуманро њам надорад. 2) 26 августи соли љорї бо имзои муовини аввали раиси ЊНИТ ба Вазорати адлия дар бораи иваз кардани суроѓаи њизб ариза ворид шудааст. Аммо мутобиќи ќисми дуюми моддаи 6 - и Ќонуни њизбњои сиёсї ва банди 10 - и Оиномаи ЊНИТ барои таѓйир додани муќаррароти оинномавї ба Оинномаи њизб бояд таѓйирот ворид карда шавад. Салоњияти ворид намудани таѓйиру иловањо ба Оинномаи њизб ба ваколати Анљуман мансуб мебошад. 3) ЊНИТ њизби характери динї дошта аст, аммо ташкилоти динї нест ва њуќуќи фаъолияти диниро надорад. Аммо њизб дар нашрияњои њизбї ва њам дар чорабинињои хеш бевосита ба тарѓибу таблиѓоти динї машѓул шуда, бо иштироки шумораи зиёди шањрвандон маросимњои динї, адои тоату ибодат, расму оинњо, хондани намозро амалї намуда истодааст. Њуќуќи таблиѓотии оммавии диниро танњо иттињодияњои динї доранд. Тибќи моддаи 2 - и Ќонуни њизбњои сиёсї, њизби сиёсї бояд дар њаёти сиёсии љомеа ба воситаи ташаккули иродаи сиёсии шањрвандон иштирок кунад. Аммо ЊНИТ мисли ташкилоти динї фаъолият мекунад, ки ѓайриќонунї аст. Ташкилоти динї аз њизби сиёсї тафовут дорад. Њизб "бо њар роњу усулњо" аз дини ислом истифода намуда, "шањрвандонро оид ба вазъи њуќуќии хеш ба гумроњї мебарад". Ва огоњї: агар ЊНИТ "фаъолияти ѓайриќонунї" - ашро ќатъ нанамояд, нисбаташ чорањои пешбинишуда дар Ќонуни њизбњои сиёсї андешида мешавад. Дар огоњиномаи вазорати адлия гуфта намешавад, ки чї чора, аммо маълум аст, ки сухан дар бораи батамом бастани ин њизб меравад. Вазорати адлия ба ЊНИТ дастур медињад, ки дар давоми 10 (дањ) рўз ин огоњиномаро баррасї намуда, аз натиљааш ба вазорат ахборот дињад.

ЯК ЌАДАМ ТО "ШАЙТАНАТ" Такя ба ќонун задани ЊНИТ чаро мантиќб нест? Иљборї Дар тафсири ин огоњинома дар ЊНИТ ба "Нигоњ" гуфтанд, ки шанбеи гузашта, 30 август, як њайат тањти сарварии Саид Умар Њусайнї ба вазорати адлия рафта, бо худи вазир Рустам Шоњмурод, муовини ў - Абдуманнон Холиќов ва масъули раёсати ањзоби сиёсиву созмонњои ѓайрињукуматї - Ќурбоналї Бобоев мулоќот карданд. ЊНИТ мегўяд, иттињомоте, ки дар огоњиномаи вазорати адлия омадаанд, асос надоранд. Чї тавр? 1) Масъулини вазорати адлия мегўянд, ки аризаву протокол ва ќарорњои созмонњои ибтидоии ЊНИТ дар дасташон њаст, аммо онњоро ба њайати рањбарии њизб нишон дода натавонистанд. Масъулини ЊНИТ мегўянд, ин санадњо њама таќаллубиянд, зеро дањњо далел доранд, ки аъзои њизб онњоро имзо накардаанд. Ба ќавли онњо, аз ноњияи Панљакент 278 аризаи аъзои ЊНИТ гўё вуљуд дорад, ки мехоњанд њизбро тарк кунанд, аммо дар асл он љо њизб 52 узв дорад ва њељ як аз онњо аризае барои хориљ шудан нанавиштааст. Ин аризањоро на 278, балки 2 - 3 нафар навиштаанд. Ё дар ноњияи Айнї 4 узви њизбро дар утоќе маъмурини ќудратї мањкам карда, худ санад навишта ва онњоро маљбур кардаанд, ки муњр зананд. 2) Узв њизб бояд ба созмони ибтидоии он ариза навишта, узв ва ариза навишта, хориљ шавад, на ба маќомоти њукуматї ариза нависад. Ин дахолат ба кори дохилии ањзоб аст. Тибќи моддаи 28 - и Сарќо-

нуни Тољикистон, аъзои њизб ихтиёрї шомил ё хориљ мешаванд, на иљборї. Танњо Раёсати олии ЊНИТ њуќуќи ташкил ва бастани созмонњои ибтидоиро дорад. 3) Ваќте ќароргоњи ЊНИТ аз сўи Суди иќтисодї баста шуд, рањбарият тасмим гирифт, ки онро ба љои дигар кўчонад. Дар ин бора онњо ба вазорати адлия нома навишта, огоњ карданд, ки аз ин ба баъд суроѓаи онњо ба тариќи зайл хоњад буд: шањри Душанбе, кўчаи Хайрулло Мирзоев, 69. Ин манзили зисти раиси њизб - Муњиддин Кабирї буда, ќароргоњи муваќќатии ЊНИТ ба њисоб меравад. Тибќи Оинномаи њизб, ки дар вазорати адлия сабти ном шудааст, њизб баробари таѓйир додани суроѓаи ќароргоњаш вазоратро дар љараён бояд гузорад. Ин расмиётро ЊНИТ иљро кард. Аз ин хотир, иддао дар бораи ѓайриќонунї таѓйир додани суроѓаи ЊНИТ ѓайриќонунї аст. 4) Њушдори вазорати адлия дар бораи бастани ЊНИТ - ро масъулини њизб саросемагї меноманд, ки бо пушти по задани ќонунгузории Тољикистон рўи кор омадааст. Тибќи ќонунгузорї, танњо Суди Олии Тољикистон њуќуќи бастани њизбро дорад, он њам пас аз он, ки дар оѓоз 6 моњ фаъолияти онро ба таъхир мегузорад ва сипас ќарори бастанашро содир менамояд. Дар мавриди мо вазорати адлия эълон кардааст, ки чораљўї хоњад кард.

"Шайтанат" Њамин тавр, ЊНИТ далоили худро барои беасос будани огоњиномаи вазорати адлия

дорад. Аммо як суол њамеша дар зењн мечархад: он ќадар, ки ЊНИТ такя бар ќонун мезанад, тибќи се соли фишору монеањо оё боре тавонистааст ягон ќазия, масалан, латукўб ё иљборан аз њизб хориљ кардани узвашро бо роњњои ќонунї њал карда бошад? Њамчунин маврид умуман вуљуд надорад. Њељ як аз маќомот боре њам барномаи, ба истилоњ, "антинањзат" - ро расман шарњ надодааст. Касе чизеро надидаасту намедонад ва донистан њам намехоњад. Аз ин хотир, барои ЊНИТ то куљо мантиќист такя кардан ба ќонунњои Тољикистон? ЊНИТ берун аз ќонунњои Тољикистон вуљуд дорад. Ќонун бо он коре надорад. Дар њоли њозир, танњо метавонем инро пешгўї кунем: кори ЊНИТ њамон гуна, ки вазорати адлия гуфтааст, идома хоњад кард ва њамон гуна ба анљом мерасад. Созмонњои байнулмилалї аз ЊНИТ љонибдорї менамояд ва мехоњанд њукумати Тољикистонро муътаќид кунанд, ки бо бастани он кори хубе намекунад. Њатто коршиносон бо баста шудани ЊНИТ як "давраи шайтанат" - ро пешбинї мекунанд. Ин њама рўшание дар зењнњои љомиа намеандозад, то дарк кунад, ки бе ЊНИТ чї мешавад. Аз ин хотир, ояндаи ЊНИТ торик аст. Аммо ояндаи Тољикистон? Њар чї пеш омад, хуш омад, ё як бало мешавад? Њарчи њаст нест, тањаввули љиддие дар сањнаи сиёсии Тољикистон моро интизор аст. Мунтазир мемонем. Фаромарзи ФОЗИЛ

САДОИ МАРДУМ

"НИЊОДЊОИ ВКД БА ТАЪРИФ НАМЕАРЗАНД"

40%

8%

4%

19%

Дар ин бора фикр накардам

5%

12% 9%

Кофтукови љиної

10%

9%

БДА

15%

Нозирони минтаќавї

20%

Хадамоти оташнишонї

25%

Њамааш мисли њамдигар, фаъолияташон ба таъриф намеарзад

30%

Њамааш дар доираи салоњияташон кор мекунад

35%

Бењтараш ба милиса корафтода нашавед

36%

3%

0% 1

2

3

4

5

6

7

8

Аксарият бар ин назаранд, ки "нињодњои тобеи Вазорати корњои дохилии Тољикистон ба таъриф намеарзанд". Дар ин бора назарсанљии ахири виртуалии "Нигоњ", ки бо супориши нашрия дар сомонаи ожонси иттилоотии TojNews идома дорад, далолат мекунад. Дар ин назарпурсї, ба саволи " Кадоме аз нињодњои зертобеи ВКД хубтар кор мекунанд?" беш аз 35 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, фаъолияти њамаи ин нињодњо ба таъриф намеарзанд. Дар њамин њол, 9 фоизи пурсидашудагон дар посух ба ин савол гуфтаанд, "Нозирони минтаќавї" хубтар фаъолият мекунанд. 9 дарсади дигар гуфтаанд, "Хадамоти оташнишонї" фаъолияти бењтар дорад. Ва 12 фисади дигар фаъолияти БДА-и ВКД-ро бењтар арзёбї кардаанд. Ин њам дар њолест, ки 8 дар сад фаъолияти Раёса-

ти кофтукови љиноии ВКД-ро бењтар аз нињодњои дигари тобеи ин вазорат мењисобанд. 4 фисад гуфтаанд, "Њамааш дар доираи салоњияташон кор мекунанд". Аммо 36 фоизи мардум бар онанд, ки "Њамаи ин нињод мисли њамдигар, фаъолияташон ба таъриф намеарзад". Дар посух ба њамин савол њамчунин варианти посухи "Бењтараш ба милиса корафтода нашавед" низ пешбинї шуда буд, ки ба тарафдорї аз он 19 дарсади овоздињандагон райъ додаанд. Дар њоле, ки 3 фисад гуфтаанд, "Дар ин бора фикр накардам". Дар ин назаросанљї, ки аз рўзи душанбе, 31-уми август дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews www.tojnews.org/taj/ идома дорад, аз як компютери инфиродї њамагї як маротиба овоз додан имкон дорад. Дар он то кунун зиёда аз 350 нафар ширкат кардаанд.


БАРХЎРД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

3

Муњибуллоњ Ќурбон "Чаро шумо камнамо?" Ман њам дар навбати худ бо садои нињоят баланд посухаш додам, ки муддати тўлонист, ки ман ба љашну сур кам меравам.

Садои баланди... ош

"Маст шав, Газпром!" - 2 Хадамоти зиддиинњисорї аз "Газпромнефт - Тољикистон" љонибдорї мекунад?

Хадамоти зиддиинњисорї мегўяд, ки беќурбшавии сомонї ва гарон шудани нархи бензин дар Русия боис ба боло рафтани нархи ин навъи мањсулот дар нуќтањои сўзишвории Душанбе шудааст. Абдусамад Саидмуродзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинњисорї дар як посухи катбї дар бораи сабабњои боло рафтани нархи сўзишворї дар Тољикистон гуфт, ки "ташаккули нархњои чакана аз таѓйирёбии нарх дар корхонањои коркарди мањсулоти нафтї, таѓйирёбии ќурби асъори миллї нисбати арзи хориљї ва аз ќурби ивазкунии арзии бонкњои тиљоратї, инчунин, аз камчинї ва барзиёдии мањсулоти нафтї њам дар бозори Федератсия Русия ва њам дар бозори дохилї вобастагии зиёд дорад". Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зиддиинњисорї, "нархи фурўши 1 тонна бензини навъи АИ-92 дар корхонањои коркарди нафти Русия барои ширкатњои воридкунандаи Тољикистон дар ќиёс ба моњи январи соли љорї то ба 47,1 фоиз (515.0 $:350.0 $ x100), нисбат ба моњњои феврал-апрел 33,88 фоиз (515.0 $:385.0 $ x100) ва нисбат ба моњњои июн ва июл 6,2 фоиз (515.0 $:485.0 $ x100) баланд гардидааст". Инчунин, ў мегўяд, ки "дар ин давра, яъне ба санаи 1-уми августи 2015 ќурби њисоботии Бонки миллї дар

ќиёс ба санаи 2-юми январи 2015 сол 18 фоиз (6, 2602 : 5, 3074) зиёд шудааст, ки ин њам ба ташаккулёбии нархи яклухт ва чаканаи он дар бозори дохили љумњурї таъсири худро мерасонад". Ба гуфтаи Саидмуродзода, агар нархи фурўши 1 тонна бензини навъи АИ-92 дар корхонањои коркарди нафти Русия бо шарти таъмини истгоњи роњи оњани Спитамен дар моњи январи соли 2015 мутаносибан ба њисоби миёна 580,06 доллари ИМА, дар моњи март 632,38 доллари ИМА, дар моњи июн 715,50 доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин раќам ба 30-юми июли соли 2015 то ба 781,50 доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Дар Хадамоти зиддиинњисорї мегўянд, ки њамасола тамоюли болоравии нархи мањсулоти сўзишворї аз нимаи дуюми сол то охир моњи ноябр ва баъдан пастшавии он дар моњњои декабр-март ба мушоњида мерасад. Њоло дар нуќтањои сўзишвории Душанбе 1 литр бензини навъи АИ92 то 5 сомонию 60 дирам ва бензини навъи АИ-95 5 сомонию 90 дирам фурўхта мешавад. Ин нарх бештар дар нуќтањои фурўши "ГазпромнефтТољикистон" ба назар мерасад. Ќаблан, аз ширкати "ГазпромнефтТољикистон", ки воридкунандаи аслии маводи сўхт ба Тољикистон мебошад, сабаби гароншавии нархи бензинро ба оѓози љамъоварии мањсулоти кишоварзї дар Русия рабт дода буданд. Фирдавс Муртазоев, менељер оид ба фурўши яклухти ширкати мазкур ба TojNews гуфта буд, ки њар сол дар ин мавсим нархи бензин дар Русия гарон мешавад, зеро дар ин ваќт љамъоварии њосили кишоварзон шуруъ шуда, талабот ба мањсулоти нафтї бештар ва мањсулоти коркардшудаи нафтї камёфт мешавад. Инчунин, ин масъули ширкат гуфт, ки "тибќи мувофиќаи ќаблї бо

Хадамоти зидди инњисории Тољикистон онњо иљозат доранд, ки нархи 1 литр бензинро то 5 сомониву 80 дирам ба фурўш гузоранд. Аммо мо то њол нархи нињоиро нагузоштем". Ин њам дар њолест, ки нархи нафт дар бозори љањонї рў ба коњиш оварда, як баррел нафт аз 50 доллари ИМА поин мебошад. Коњиши нархи нафт дар Русия ташвишовар ќабул шудааст. Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинњисорї дар шаш моњи соли љорї ба Тољикистон 282 њазору 781,9 тонна мањсулоти нафтї ворид шудааст, ки аз он 121 њазору 130,8 тонна бензин (42,8%), 125 њазору 754,9 тонна сўзишвории дизелї (44,5%) ва дигар мањсулоти нафтиро ташкил медињад. Ба Тољикистон аслан аз Русия мањсулоти сўзишворї ворид шудааст, ки ба 85,9% рост меояд. Боќимонда аз дигар кишварњо аз љумла Туркманистону Ќазоќистон ворид шудааст. Наздики 50%-и мањсулоти нафтї ба Тољикистон аз љониби ширкати русии "Газпромнефт-Тољикистон" ворид шудааст, ки воридоти 44,1%-и бензин ва 41,0%-и сўзишвории дизелї ба он тааллуќ дорад. Ширкатњои "Тољик-Петролиум" ва "Аурум-Спика" то 10 дарсадї дар воридоти мањсулоти сўхт наќш доранд. Нињоят, чизе ки њатман бояд зикр кунем, ин аст: матлаби "Нигоњ" ба ширкати "Газпромнефт - Тољикистон равона шуда буд, аммо посухро Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон дод. Чаро худи "Газпромнефт - Тољикистон" посух намедињад? Ва чаро шарњи њарду аз њамдигар фарќ дорад? Умари ТОЊИР

Дар яке аз тарабхонањои пойтахт оши нањор мехўрдем. Сароянда, њунарманди халќии Тољикистон, дар даст садоафзо раги гардан хезонида, бо тамоми овоз мехонд ва ин тафрењгоњ, ки на он ќадар бузург аст, агар овозхон андаки дигар садо баланд мекард, гўё мекафид. Дар мизи мо ду љойи холї буд ва фурсате пас рўбарўямон ду нафар нишастанд ва яке аз онњо дўсти деринам буд. Дуямон њам аз дидор хеле хушнуд шудем, чунки тахмин дањ сол ин сў мо якдигарро надида будем. Дўсти дерин чизе пурсид, нашунидам, аммо гумон кардам аз вазъи саломативу оила мепурсад ва бо ишораи тасдиќ, яъне, хуб сар љунбонидам, вале ў њамоно чизе мегуфт бо табассум. Сад афсўс, боз ўро нашунидам. Баъд бо овози боз баландтар пурсид: "Чаро шумо камнамо?" Ман њам дар навбати худ бо садои нињоят баланд посухаш додам, ки муддати тўлонист, ки ман ба љашну сур кам меравам. Воќеан, ин амали маро дўстонам пай бурда, муътаќидам карданд, ки иштирок дар чунин мањфилњо афзалиятњо дорад ва яке аз он ба ќавле, дидорбинии дўстон њаст. Мо ташнаи суњбати якдигар будем, вале њамоно садои баланди овозхону муѓаннињо халаламон мерасонид. Муддате дуямон хомўш мондем. Он дўст аз љойаш бархост ва ишора намуд, ки аз пасаш бароям. Баробари аз тарабхона берун шудан сабукие вуљудамро фаро гирифт, зеро аз садои гўшкаркунанда фориѓ гардида будам. Эътибор додам, ки чанд гуруњ мењмонон, ки мебоист дар толор менишастанд, мисли мо дар сањни назди тафрењгоњ суњбат доштанд. Њоло љашнњои мо тахмин ду соат давом мекунад ва дар ин муддат ба гўшу маѓзи мо сурудањои њунарпешаи ба тўй даъватшуда бе танаффус мерезад. Дар баъзе маъракањо ду ва ё зиёдтар овозхон табъи мењмононро, ба ќавли худашон, шод мегардонанд, аммо дар асл кайфияти мењмонон нољур мешавад. Чаро бо овози баланд мехонанд? Шояд яке аз сабабњояш он бошад, ки сарояндањо мехоњанд ба соњибљашн писанд оянд, зеро он пули гирифтаро бояд, ба ќавле, "њалол" кард. Ва сабаби дигараш дар айни замон онњо ба мењмонон њунари худро ба намоиш гузошта, барои њамкории оянда дар љашнњояшон хабар медињанд. Агар аз як тараф садои баланди мусиќиву суруд ба суњбати ањли нишасти љашн сахт халал расонад, аз љониби дигар, садои баланд ба саломатии сомеъ зарар мерасонад. Мо медонем, ки баландии садоро бо детсибел (дб) њисоб мекунанд. Масалан, тик - тики соати деворї бо 30 дб ва суњбати муќаррарии одамон ба 60 дб баробар будааст. Хатти ќирмиз барои саломатии инсон аз 75 дб боло мебошад. Садои мусиќии баланд баробар ба 110 (!) дб будааст, вале бовар дорам, овози хунёгаре, ки дар тарабхона мехонад, аз ин њам баландтар аст, чунки тарабхона макони танг ва худи сароянда аз масофаи хеле наздик ба мењмонон мехонад. Шояд барои шунаванда суруду мусиќї аз 130 дб њам боло бошад. Яъне, ба саломатии инсон чунин садои баланд зараровар будааст! Пас чї бояд кард, то њам мењмонон озоре наёбанду бо якдигар озодона, дод нагуфта суњбат кунанд ва њам њунарпешањо истеъдоди худро љилва дињанд? Чи тавре мегўянд, њам лаъл ба даст ояду њам ёр наранљад. Пеш аз он ки ба ин пурсиш љавоби худро бигўям, як лањзаро бароятон тасвир мекунам. Дар аксар кишварњои хориљие, ки будаму дар тарабхонањояшон тановул кардаам, одатан дар кунље ва ё љойи махсус ва андак баландтар аз толор як фортепиано ва ё сози дигаре њаст ва онњо мувофиќи хоњиши мизољон одатан менавозанд ва агар чунин дархост набошад, ягон оњанги марѓубро бо лањни фораму паст мерезанд ва ё сурудеро ба њамин тарз, бо сатњи садое, ки ба мизољон халал намерасонанд, мехонанд. Пас чї бояд кард? Оё тољики куњанфарњангу куњантамаддун метавонад дар љашнњову оши нањору шом бо садои паст мусиќиро истеъмо фармояд? Албатта, метавонад! Барои ин ба Ќонун дар бораи танзими расму оинњо як љумла бояд илова кард, ки садои мусиќї дар ин маъракањо аз 75 дб набояд баланд бошад. Вассалом! То он замоне ки ба ќонун чунин илова мешавад, њукумати шањру ноњияњо баландии мусиќиро дар тарабхонањову тўйхонањо бо амр ё дастур метавонанд танзим созанд. Он гоњ њам таъом ош мешаваду њам суњбат ва фароѓати мењмонони њар гуна мањфилу љашн таъмин ва њимоя мегардад.


4

ГУЗОРИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

6 октябри соли 2014 нашрияи "Азия - Плюс" маќолаи Игор Лекаркинро ба табъ расонида, муаллиф ин гуфтаи як нафарро дар маќолааш аз љараёни бањс њамчун акси садо иќтибос овард: "забони тољикиро мурда њисобидан мешавад". Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати ЉТ сари ваќт ба Лекаркин ва шариконаш паёме фиристод ва таъкид кард, ки дар њаќќи забони тољикї ин гуна ибораро раво дидан ба забони давлатї бењурматист. Пас аз тамошои ин аксњо бовар шояд бовар кунед, ки забони тољикї бемор асту Лекаркин то љое њаќ.

ТОЉИК - МЕЊМОННАВОЗТАРИН МИЛЛАТИ ДУНЁ! НОМИ КЎЧА ЊАМ БА СЕ ЗАБОН!

СИРФ БА ЗАБОНИ ЧИНЇ...

ТОЉИКЇ МЕМИРАД? Гузориши тасвирї аз вазъи забони тољикї дар маркази давлати тољикон - Душанбе

КУЉОЕ ТОЉИКЇ ЊАСТ, САЊВЕ НИЗ ЊАСТ: ТЕХРОН ТЕЊРОН БУДАГИСТ?

ПАЙЃОМИ БОЗАРГОНЇ ДАР КИРОЯХАТ

ЊАТТО "ХУШ ОМАДЕД" БА РУСЇ

ЭЪЛОНИ ОДДИРО МЕКЎШАНД БА ЗАБОНИ РУСЇ НАВИСАНД

ЛАВЊ ДАР ВАЗОРАТИ АДЛИЯ

ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ БА ТОЉИКИВУ АНГЛИСЇ НАВИШТААНД. ШОЯД БАРОИ ОН КИ МАБЛАЃГУЗОРОН АСОСАН АНГЛИСЗАБОН ЊАСТАНД?

"ОЛАМИ КЎДАКОН" ДАР ХИЁБОНИ СОМОНИЁН. БО ЊАРФЊОИ КАЛОНИ АНГЛИСЇ ВА ЊУРУФИ ХУРДИ ТОЉИКЇ...

ЊАТТО ТАРЉУМА НОДУРУСТ

ИН ШИРКАТ ТАНЊО БА РУСЗАБОНЊО МУРОЉИАТ КАРДАН ДОРАД

ШИРКАТИ ЧИНЇ ДАР БИНОИ "ПОЙТАХТ" ЊАМ ДИД, КИ ТОЉИК НА БА ЗАБОН КОР ДОРАДУ НА БА МУЊОФИЗАТИ ОН

ХИЁБОНИ ОДАМУШШУАРО РЎДАКЇ

ХИЁБОНИ НЕЪМАТ ЌАРОБОЕВ ДАР... ШАНХАЙ?

ЌАЊВАХОНА ДАР ПАЊЛУИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯ...


ИЌТИСОД Эрон аз тасарруфи молу таљњизоти сафораташ дар Тољикистон нигарон аст. Парламенти Эрон иддио дорад, ки давлати Тољикистон молу мулк ва таљњизоти сафорати ин кишварро аз худ кардааст. Мустафо Афзалифард, сухангўи Комиссиюни асли навади Маљлиси Шўрои исломии Эрон, як нињоди махсуси парламенти ин кишвар ба хабаргузорињо гуфтааст, ки ба вазорати корњои хориљии Эрон њушдор додаанд, то сади роњи мусодираи амлок ва таљњизоти сафорат шаванд. Ў гуфтааст, бояд ин амлок ва таљњизотро сафорат ба номи Љумњурии Исломии Эрон сабт мекард, то аз сўистифодаи эњтимолии он пешгирї мешуд. Мустафо Афзалифард аз масъулини сафорати Эрон дар Душанбе ва дипломатњои ин кишвар интиќод кардааст, ки нисбат ба амлок ва таљњизот ањамият надоданд. Ин масъули парламенти Эрон њушдор додааст, ки набояд иљоза бидињем то амлок, имконот ва таљњизот аз байн рафта, ё тавассути давлати Тољикистон аз худ шавад. Чунин амалро вай "зулм" барои кишвараш номидааст. Ў гуфтааст, ки ин амал ба зудї аз љониби вазорати корњои хориљї пешгирї карда мешавад. Дар сафорати Эрон дар Тољикистон аз шарњи ин хабар худдорї карданд. Аммо як манбаъ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки сухан дар бораи таљњизоти телевизиони муштараки форсизабонњо ва амволи марбут ба миллиардери зиндонии Эрон Бобаки Занљонї меравад. Ќаблан, љониби Эрон эълон карда буд, ки соли 2013 барои таъсиси шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон аз Олмон ба Тољикистон ба маблаѓи 2 млн. евро таљњизоти телевизионї овардааст. Аммо Хадамоти гумруки Тољикистон барои ворид кардани он 400 њазор бољи гумрукї талаб кард. Як муддат ин таљњизот дар амбори гумрук нигањдорї мешуд, таќдири роњандозии телевизиони муштарак номуайян боќї мемонад. Њарчанд маќомоти Тољикистон дар ин бора намегўянд, бино ба иттилои манобеъи огоњ аз ќазия, таљњизоти телевизиони муштараки форсиро як ширкати муштараки эрониву тољикї ворид кардааст, ки аз сўи афроди алоњида, на њукуматњо ташкил шудааст. Аз ин хотир, бино ба ин манбаъ, Хадамоти гумруки Тољикистон аз ин ширкати муштарак талаб кардааст, то њаќќи гумрукро пайдо кунад. Аз сабабњои сиёсии таъхир дар ташкили телевизиони умумифорсї суњбат мешавад. Тољикистон аз ин хатар дорад, ки дар ин телевизион эронињо наќши калидї хоњанд дошт, чун сармоягузори аслї низ онњо мешаванд. Тољикистон барои ин телевизион ќароргоњи бепул људо мекунад ва Афѓонистон њам бархе аз таљњизотро фароњам хоњад кард. Баќия сармоягузорї, аз љумла маоши кормандон бояд аз љониби Эрон пардохт мешуд. Соли 2006 президентњои се кишвари њамзабон - Тољикистон, Афѓонистон ва Эрон барои таъсиси телевизиони муштараки форсї ба созиш расида буданд. Ќарор буд, ки маркази фаъолияти он Душанбе шавад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

5

"КАМБАЃАЛ"

Моликияти Занљонї дар Тољикистон чї гуна ба сафорати Эрон тааллуќ дорад? ЗАНЉОНЇ Зимнан, Эрон дар робита ба ќазияи Бобаки Занљонї низ чандин бор эълон дошт, ки ин миллиардери эронї аз номи Бонки миллии Тољикистон санадеро пешнињод кардааст, ки тибќи он беш аз 2 миллиард евро пули нафти Эронро интиќол додааст. Иддиое, ки маќомоти Тољикистон борњо рад кардаанд. Маќомоти Тољикистон эълон доштанд, ки Бобаки Занљонї дар Тољикистон сармояе надорад. Оѓози соли равон Ќодири Ќосим, раиси Кумитаи сармоягузори ва амволи давлатї гуфта буд, ки ба номи ин миллиардери эронї дар Тољикистон сармояе нест. Ин њам дар њолест, ки аз ташкилшавии чанд ширкат дар Душанберо бо сармоягузории Бобаки Занљонї суњбат мешавад. Аз љумла бо сармояи ў Терминали марказии шањри Душанбе аз нав таъмир шуда, моњи марти соли 2013 бо ширкати Президент Эмомалї Рањмон бозкушої шуд. Бобаки Занљонї дар 10 соли охир яке аз сармоягузорони матрањ дар Тољикистон

дониста мешуд. Аз љумла аз сањњомони аввалини "Конт- групп Тољикистон" дониста мешуд, ки ки ширкатњои алоњида, назири "Asian Express Terminal", "Конт - Таъминот", "Конт - Турист", "Asian Express Airline" ва "Конт - сохтмон" - ро муттањид мекунад. Бобаки Занљонї, соњибкор ва тољири Эронї 30-юми декабри соли 2013 аз љониби маќомоти ќудратии Эрон боздошт шуд. Дар Эрон ў ба муомилоти ѓайриќонунї бо вазорати нафти ин кишвар ва Бонки миллї вобаста ба фурўши нафт ба ќаллобї ба миќдори зиёд ва сохтакории њуљљатњо, аз љумла аз номи Бонки миллии Тољикистон гумонбар дониста мешавад. Ин ќадар як миллиарддору миллиардбоз чаро дар Тољикистон њељ чї надорад, яъне камбаѓал аст, воќеан аљиб аст. Эронињо чиро дар назар доранд? Чаро таљњизоти як ширкати муштараки тољикиву эрониро њоло моли сафорат мехонанд? Агар моли сафорат мебуд, њељ гоњ пардохти гумрукї намедод. Занљонї њам як сармоягузори мустаќил ба Тољикистон омад, на шахси нодор. Њарчи карда буд, бо номи ширкатњои тур-

киву бонке дар Малайзия кард, ки онњо њам ба худи ў рабт доштанд. Ў расман сармоягузори мустаќил эълон шуда буд, на як нафари давлатї. Эълон кардани моликияти ў дар Тољикистон ба номи сафорати Эрон њам чї маъно дошта метавонад? Ин њам дар њоле, ки маќомоти Тољикистон мегўянд, ширкате дар ин кишвар ба номи Занљонї сабт нашудааст. Њарчанд њама хуб медонанд, ки ин љавонмард омаду хеле сармоягузорї кард. Ќариб 1 миллиард сомонї. Агар маќомот ба шеваи парвандаи соњибкор Зайд Саидов, ки низ чизе ба номаш надошт, ба ин ќазия њам руљуъ кунанд, њама чї маълум мешавад. Њарчи њаст нест, бањси "таќсими мерос" (ба шеваи Абдурањмон Мушфиќї) миёни Тољикистону Эрон идома дорад, хеле хаппу дам, хеле бехабар... Умари ТОЊИР

ЊАМСОЯДОРЇ

ЌАРОРИ ЌАТЪИИ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БАРОИ ТАЌВИЯТИ РАВОБИТ БО ЎЗБАКИСТОН Эмомалї Рањмон изњори омодагї кардааст, ки њамроњ бо Ислом Каримов, Президенти Ўзбакистон барои таќвият бахшидан ба муносиботи дуљониба љидду љањди бештар кунад. 1-уми сентябр Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон бо ирсоли паёми табрикї ба њамтои ўзбакаш ба муносибати Рўзи истиќлоли Ўзбакистон таъкид кардааст, ки "бо истифода аз фурсати муносиб, мехостам, ќарори ќатъии моро барои истифодаи њамаи имкониятњо бањри рушди минбаъда ва таќвият бахшидан ба муносибатњои дуљонибаи мутаќобилаи миёни њарду давлат таъкид кунам. Омода њастам, ки якљоя бо Шумо љидду љањди њарчи бештари худро бањри устувор кардан ва таќвият бахшидан ба анъанањои чандинасраи дўстии миёни халќњоямон ва ёрии њамдигарї истифода барам". Президент Эмомалї Рањмон дар ибтидои паёмаш бо як хушњолї Ислом Каримов, Президенти Ўзбакистон ва тамо-

ми мардуми ин кишварро табрик карда, гуфтааст, ки "мардумони моро риштањои ќавии дўстї ва њамсоягии нек муттањид намуда, робитањои таърихан таркибёфтаи маънавию фарњангие ба њам мепайванданд, ки барои рушди муваффаќонаи муколамаи байнидавлатї ва њамкорї заминаи боэътимод бояд бошанд". Дар идома Эмомалї Рањмон дар бораи њавасмандии Душанбе барои рушди њамкорињо њарф зада, таъкид доштааст, ки "Тољикистон ба рушди бемайлони њамкории бисёрљонибаи миёни Тољикистону Ўзбекистон ањамияти бузург медињад ва барои рушди минбаъда ва пурмуњтаво намудани мундариљаи он талош меварзад. Дар солњои охир афзалият пайдо кардани љараёни нек дар муносибатњои дуљониба барои рушди минбаъдаи ин муносибатњо заминаи хуб мегузорад". Дар интињо ба "Ислом Абдуѓаниевич, саломатии ќавї, саодати зиндагї ва муваффаќиятњои нав ба нав дар пеш-

рафти кишвари Ўзбекистон ва ба халќи дўсти Ўзбекистон сулњу рафоњат таманно" кардааст.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

- Мо имрўз дар арафаи саршавии Соли нави хониш ќарор дорем, омодагињои Раёсати маорифи пойтахтро мехостем бишнавем? - Омодагї дар сатњи хуб аст. Њарчанд, ки сол то сол вазнинињо аз лињози зиёдшавии теъдоди хонандањо ва талабот ба љойи нишасту синфхонањо ва мактабњо афзоиш меёбад. Њамаи мактабњои тањсилоти миёнаи умумї омодаанд, њатто мактабњое, ки теъдоди шогирдон аз наќша ё ѓунљоиш то 800 нафар зиёд аст, талош кардем, ки љойи нишаст њалли худро ёбад. 1-уми сентябр дар шањри Душанбе њудуди 18 њазор кўдак бори нахуст ќадам ба мактаб нињоданд. Ба эњтимоли зиёд, то охири моњи сентябр ин шумора зиёд шавад. Соли гузашта 17 њазору 900 хонанда ба синфи якум рафта буданд, ки дар маљмўъ 177 њазору 996 хонанда дар мактабњои тањсилоти миёнаи пойтахт тањсил мекарданд. Соли љорї шумораи муњассилини мактабњои миёна дар пойтахт ба 179 њазор хонанда мерасад. Ба њисоби раёсати маорифи шањр, њар сол теъдоди хонандањои синфњои якум ба њисоби миёна то 200 ва хонандагони синфњои болої то 2 њазор нафар зиёд мешаванд. - Имрўз дар шањр сохтмонњо идома доранд, ки аксар хонањои истиќоматиянд. Ваќте манзили зист зиёд шуд, теъдоди хонанадањо њам афзоиш меёбанд. Вале сохтмони мактабњои навро намебинем. Ин њолат то куљо мантиќист? - Воќеан, дар бархе аз мактабњое, ки наздашон биноњои истиќоматї ба истифода дода шудааст, теъдоди шогирдон зиёд гардидааст. Албатта, мо њам маљбурем фарзандони онњоро ба мактаб ќабул намоем. Наќшаи мактабњо аниќ аст ва ин љо зиёдшавии теъдоди хонандањо рух медињад. Дар бархе мактабњо ночор дар як синф то 40 хонанда рост меояд. Рўз ба рўз талабот зиёд мешавад. Масъалаи дигар ин аст, ки аксари волидайн ба мо даъво меоранд, ки фарзандам дар ин ё он мактаб бояд тањсил кунад. Њарчанд мефањмонем, ки тибќи ќонун шањрванд бояд дар мактаби љойи зисташ тањсил кунад, ба љуз њолатњои истисноие, ки ќонун пешбинї кардааст. Аммо боз њам саркашї мекунанд. - Дар пойтахт, ба истилоњ, мактабњои "престижний" њам њастанд. Масалан, мактабњои №8 ва №1. Онњо чї сир доранд? - Муњим деворњои нави мактаби №8. Тамом! Он толори раќс ва оббозї дорад. Вагарна наќшаи таълим ва сифаташ баробар ба мактабњои тањсилоти миёнаи умумии дигари пойтахт аст. Талабгорони ин мактаб аз тамоми гўшаву канори пойтахт меоянд. Њарчанд мефањмонем, ки ин мактаб хонандагони атрофии мањали худро ќабул мекунад, боз њам пофишорї мекунанд. Њоло дар ин мактаб низ теъдоди хонандагон аз наќша зиёд аст. Ё мактаби №1, ки таълим бо забони русї ва тољикист. Солњои пеш хонандагон бо њар роњ аз гўшањои дигари пойтахт инљо ќабул мешуданд. Њоло тартибу низом љорї намудем, пеш аз њама хонандагони сокини њамин мањаллањо фаро гирифта мешаванд. Атрофи ин мактаб низ биноњои истиќоматї зиёд шудааст ва теъдоди хонандагон сол то сол меафзояд. Њукумати шањри Душанбе барои соли оянда наќшаи сохтмони мактабњои типи нав ва синфхонањоро ќабул кард. Соли оянда соли бобарори ислоњоти маориф дар пойтахт аст. Аллакай дар назди мактабњои №52, 92, 80 - и ноњияи Сино сохтмони синфхонањо ва биноњои нав шуруъ шуданд. Дар ноњияи Сино бинои мактаби №96 вайрон карда шуда, дар љояш аз сари нав бино сохта мешавад.

МАОРИФИ ПОЙТАХТ

Њамидуллохон ФАЌИРОВ:

он зиёд аст. - Соли гузашта дар рўзњои аввали соли хониш дар шабакањои иљтимої навори як сањнаи пулситонї аз хонандаи синфи якум пахш шуд ва сарусадои зиёдро эљод кард. Иќдоми Шумо чї буд? - Аслан ин як сањна нисбат ба директори мактаб буд. Инро гуруње тасвир карда, рўи шабкањои иљтимої гузоштанд. Мо комиссия ташкил карда, љиддан аз пайи он кор шудем. Бархе директорони мактаб аз дањ сол зиёд дар вазифа буданд ва табиист, ки онњо низомро тавре сохта буданд, ки њатто гузаштан ба масъулияти дигарро ќабул надоштанд. Тадќиќ кардем ва исбот намудем, ки як директори мактаб дар мактабе, ки роњбар аст, чанд хешу пайвандро ба ном корманд овардаасту њар моњ маош мегирад. То домоду хоњару фарзанд ва љиянњоро дар басти корї ќайд кардаанд ва њар яке аз њисоби буљаи мактаб маош мегирифт. Албатта, ваќте аз директорї рафт ва директори нав дар доираи ќонун фаъолият карданро талаб кард, кормандони оилаи ќаблї аз кор рафтанд. Бояд он тараф њам "љавоб" дошта бошад. Бидуни осемасарї ин масъаларо пайгирї

"ТАШАББУСИ ХИРСОНА"-РО АЗ БАЙН БУРДЕМ" Суњбати ихтисосї бо Њамидуллохон Фаќиров, Сардори Раёсати маорифи шањри Душанбе, доктори илмњои иќтисодї, профессор Бархе аз волидайн иддао мекунанд, ки мактаб ба љойи кораш наздик аст ва бењтар он аст, ки фарзандаш ин љо бихонад. - Мушкили маориф зиёд аст. Аз он љумла мушкили нарасидани китобњои дарсии русї ва омўзгорони ин фан. Чаро Вазорати маориф ва илм давоми 24 сол натавонистанд ин мушкилро њал кунад, дар њоле, ки барномаи давлатии таълими забонњои хориљї ќабул шудааст? - Воќеан, дар тамоми мактабњое, ки бо ду забон тањсил роиљ аст, камбуди омўзгорон ва китобњои дарсї љой дорад. Шояд мо солњои охир ба тайёр кардани омўзгорони фанњои забони русї чандон ањамият надодем. Аз ин ба баъд бояд сари ин масъала љиддї фикр кард. Ваќте омўзгори фанни забони русї ба рухсатии кутоњ ё дарозмуњат меравад, омўзгоре ёфт намешавад, ки ўро иваз намояд. Аз рўйи талаботи шањрвандон тањлил намудем, ки оилањое њастанд, ки худашон забони русиро намедонанд. Аммо мехоњанд, фарзандашон дар мактаби русї тањсил намояд. Ваќте волидайн дар ин масъала ба мо мурољиат менамоянд. Мепурсем, ки волидайн то куљо забони русї ё давлатиро медонад. Њатто забони давлтиашон њам хуб нест. Ваќте фарзандонро ба мактабњои гуруњи русї медињанд, агар синфњо пур бошад, даъво пеш меоранд, ки фарзанди маро ба мактаб ё гуруњи забони русї намегиранд. - Солњои пеш мактабњо мехостанд пас аз хатми синфи нуњум аз дардисарњо, хонандагони бесаводу авбош халос шаванд. Мегўянд, бо омадани Шумо ба Раёсат ин ѓайримкон шудааст. Дуруст?

- Он хатми асосии мактаб набуд, балки фирор аз тарбияи шогирд буд. Мактабњо мекўшиданд аз хонандагоне, ки ѓайриќаноатбахш тањсил мекарданд, халос шаванд ва бо ин роњ бори худро сабук кунанд. Мо ин "ташаббуси хирсона"-ро аз байн бурдем. Баъди гусели хонандагон аз зинаи асосии таълим, дигар мактаб ё омўзгор иттилоъ надошт, ки шогирдаш дар куљо аст. Дар куча, зиндон ё муњољират. Ин хиёнат ба вазифаи пуршарафи омўзгорист. Ин равандро мо ќатъ кардем. Њоло мо талош дорем, ки аз мактабњо сифат талаб кунем. Сифати сатњи саводи шогирдонро. Дуввум, хонандае, ки баъди хатми синфи нуњум ба шарте аз мактаб меравад, ки ба ягон муассисаи таълимї ё касобомўзи дохил шавад. Ва маълумоти даќиќ бояд бошад, ки шогирд куљо шуд. - Дар ин соли нави хониш дар пойтахт ягон мактаби нав ба истифода дода шуд? - Не, ба истиснои мактаб дар шањраки 104 пойтахт, ки аз њисоби маблаѓњои грантї аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои 1886 хонанда сохта шуд. Дар шањраки 92 аз љониби Љумњурии исломии Эрон барои 1176 хонанда ќисман бино сохта шудааст ва сохтмон идома дорад. Дар назди корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" собиќ мактаби №31 аз нав сохта шуд ва №100-ро гирифт. Мактаб бо таљњизоти замонавї ва толори варзишии васеъ таъмин аст. Акнун мактабњо бо типи нав ва шароити мудерн сохта мешаванд. Њамон тавре, ки мактаби №8 њавзи шиноварї ва толори раќс дорад ва бино њам замонавист, талабот ба

кардем ва онњое, ки ин сањнаро сохтанд ва хостанд дубора боз ба директории мактаб оянд, ба маќсад нарасиданд. Масъалаи пулситоние, ки Шумо гуфтед. Мактаб њељ як наќшаи пулситонї надорад. Њар мактаб Ассосиатсияи волидайн дорад ва њама ќарорњо дар ваколати онњо ќабул мешавад. Танњо ба истиснои дарси иловагї, ки аз хонандагон як миќдори ками маблаѓ њар моњ гирифта мешавад. Ваќте хонанда дар хона аз волидайн маблаѓ пурсид, пурсида мешавад, ки ин маблаѓ барои чї? Ё ба мактаб меравад, ки пурсад? Намеравад. Њол он, ки аксари мактабњо дарси иловагї медињанд ва ин маблаѓ асосан барои њамон аст. Волидайн назорат кунад, ки фарзандаш њатман дарси иловагї гирад. Њар рўзро назорат барад, имзои дарсии иловагии омўзгорро бинад. Ё дар як моњ ду маротиба дар дарси иловагии фарзанд иштирок намояд ва бидонад, ки сатњи дарс додан ќонеъкунанда аст ё нест? Бархе аз хонандагон барои дарси иловагї розигї ва маблаѓ медињанд, аммо дар давоми моњ на дар њама дарсњои иловагї иштирок мекунанд. Мо волидайн ва устодон бояд сахтгир бошем. Ба љузъ ин масъала дигар маблаѓ нест дар сохаи маориф. Шояд ягон волидайн аз рўи эњсон ин корро кунад ва баъд овоза намояд? - Яъне соли нави хониш аз хонандањо ягон сомонї њам дархост намешавад? - Не ва набояд шавад. Агар маълумоте дастрас кардед, марњамат, мо дар хидмат њастем. Суњбати Мењрбону ОРИФЇ

кардаанд, ки муттањами аслї Мањмадалї Абдуллоеви 15-сола мебошад. Њоло дар пайгард ќарор дорад. Дар навори ВКД гуфта мешавад, ки љавонони боздоштшуда аз Шањритусро нафаре бо номи Абўсаид, ки аз пайравони љангии "Давлати исломї" ба ин гур-

ўњи террористї ба воситаи Вотсапп љалб кардааст. Њатто ин нафарон мегўянд, ки рањбаронашон як фидоиеро мељўстанд, ки бояд шўъбаи корњои дохилї дар ноњияи Шањритусро тарконад.

ИДОМА

БОЗДОШТИ 22 ЉОНИБДОРИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМЇ" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 14 љавонро дар шањри Норак бо иттињоми њамкорї бо гурўњи мавсум ба "Давлати исломї" ва барафшон кардани парчами сиёњи ин гурўњ дар маркази Норак боздошт кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, нафарони боздоштшуда 21 то 37-сола буда, баъзеашон узвияти ЊНИТ-ро низ доштаанд, - мегўянд дар ВКД. Ин нафарон тавассути Интернет бо як љангии тољик, ки дар сафи гурўњи "Давлати исломї" бо номи Юнус мељангад, шинос шудаанд. Барои нишон додани садоќаташон парчами сиёњро дар шањри Норак параф-

шон кардаанд. Дар наворе, ки Вазорати корњои дохилии Тољикистон дар шабакањои телевиони давлатї намоиш дод, яке аз боздоштшудањо бо номи Давлиё Саидов мегўяд, ки мањз ў матои сиёњ ва ранги сафедро харидааст. Ўро ба ин кор Юнус рањнамої кардааст. Дар ин навор мегўяд, ки аз кардааш пушаймон мебошад. Ќаблан, низ хабарњо дар бораи насби парчами "Давлати исломї" дар ноњияи Шањритус низ расонаї шуда буд. Масъулини ВКД дар шарњи ин хабар мегўянд, ки дар робита ба ин ќазия 8 сокини мањаллиро боздошт


ВАРЗИШ Дар мусобиќаи љумњуриявии гўштии тарзи озод миёни наврасон ва љавонон муррабї Љамшед Абдуллоев ба раќобати фарзанд ва шогирдаш мудохила карда, ба рўи њарифи писараш бо шаппотї мезанад. Њодисае, ки ба гуфтаи мутахассисон дар мусобиќањо нодир буда, муррабї њуќуќ надорад, ки вориди гилеми мусобиќа шавад. Мусобиќаи љумњурявии гўштии озод 21-23-юми август дар шањри Душанбе баргузор шудааст. Муњаммадазиз Юнусзода ва Муњаммадамин Абдуллоев ду раќибе ба њисоб мераванд, ки борњо вориди сабќат шудаанд. Мегўянд, ки ќаблан Муњаммадазиз аз Исфара дар сабќатњо њамеша ѓолиб меомад. Раќобати охири онњо дар мусобиќаи љумњуриявї боис ба дахолати падари Муњаммадамин, ки њамзамон муррабиаш мебошад, анљом меёбад. Љамшед Абдуллоев вориди майдон шуда, њарифи писарашро бо шаппотї зада, аз фарзандаш дур мекунад. Наздикони Муњаммадазиз Юнусзода, гўштингири 14-сола аз шањри Исфара мегўянд, ў њангоми бозї каме монда буд, ки писари Љамшед Абдуллоевро шикаст дињад, аммо дахолати Абдуллоев боис ба ќатъи мусобиќа шуд. Дар як наворе, ки дастраси TojNews шуд, дида мешавад, ки ин варзишгар писари Абдуллоевро ба њолати "купрук" (мост) оварда, кўшиш мекунад, ки тахтапушти ўро ба замин хобонад. Аммо дар ин њангом Муњаммадамин овози имдодталабонае мебарорад ва Љамшед Абдуллоев ба майдон баромада, аввал, тарафи довар тањдид мекунад, сипас, ба шаппотї ба рўи Муњаммадазиз мезанад. Муњаммадазиз Юнусзода баъди шаппотї хўрдан бо дасташ рўяшро мањкам дошта, аз майдон берун меравад. Наздикони Юнусзода нисбат ба ин амали Љамшед Абдуллоев ба ШКД-2-и ноњияи Синои шањри Душанбе шикоят кардаанд, то ахирї барои ин кораш ба љавобгарї кашида шавад. Мураббї Абубакр Ќосимов мегўяд, ки Љамшед Абдуллоев нисбат ба варзишгари наврас Муњаммадазиз хусумати дерина дошта, мањз барои њамин дар миёни издињом чунин рафтор кард. Амали Љамшед Абдуллоевро ин муррабї аз Исфара "амали авбошона" меномад. Баъди ин њодиса падари Муњаммадазиз гуфтааст, ки минбаъд ба ширкати фарзандаш ба мусобиќот дар шањри Душанбе иљозат нахоњад дод, зеро аз муносибати Љамшед Абдуллоев њарос дорад. Абубакр Ќосимов аз Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї таќозо дорад, ки нисбат ба мусобиќот назоратро пурзўр кунанд, то ба чунин бадрафторињо љой дода нашавад.

"БЕ МУРАББЇ..." Чаро падар ба рўи њарифи писараш шаппотї зад?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

7

Љамшед Абдуллоев, ки худ устоди варзиш ва чемпиони собиќ Иттињоди Шўравї мебошад, ба майдон ворид шуда, ба мусобиќа дахолат карданашро чунин тавзењ дод: - Њамчун мураббї метавонам латта партоям, лекин ваќте вазъ хавфнок шудан ман њаќ дорам, ки ба майдон ворид шавам. Чун ин бача калон аст, мардум фикр мекунанд, ки ў чи ќадар зур аст, ки писари маро ќариб маѓлуб кард.

"КУПРУК"

Лейтенанти калони милитсия Ќурбоналї Хољаев, корманди ШКД-2-и ноњияи Сино тасдиќ кард, ки нисбат ба ин њодиса тањќиќотро шурўъ карда, баёноти љонибњоро гирифта, Љамшед Абдуллоевро ба бозпурсї даъват карда буд. Хољаев аз ќавли Љамшед Абдуллоев мегўяд, ў ба эњсосот дода шуда, ба ин амал даст задааст. "Ин амали Абдуллоев њуќуќвайронкунии маъмурї буда, дар њолати тасдиќ шудани гуноњаш љарима хоњад шуд. Танњо баъди расидани натиљаи ташхиси тиббї маълум мешавад, ки амали Абдуллоев дар асоси кадом модда татбиќ мешавад", - мегўяд Хољаев.

РОСТУ ДУРЎЃ Дар њамин њол, Абубакр Ќосимов, устоди Муњаммадазиз мегўяд, ќаблан дар Фестивали кўдакон дар моњи майи соли равон шогирдаш писари Љамшед Абдуллоевро шикаст дода буд ва дар мусобиќаи 22-юми август бар раќибаш бартарї дошт: - Шогирди ман Муњаммадазиз аз зарбаи Љамшед Абдуллоев захм бардошт. Ваќте аз Абдуллоев сабаби ин рафто-

рашро пурсон шудам, ки ў нисбти ман низ њаќорату дашномњои ќабењ карда, тањдиди лату кўб кардан кард. Аммо Љамшед Абдуллоев ин иддиоро рад карда, мегўяд, агар ба майдон баромада, ба бозї дахолат намекард, мумкин буд миёни писараш шиканад. Њатто ба рўи Муњаммадазиз бо шаппотї заданашро рад карда, гуфт, ў онњоро халос карда, раќиби писарашро танњо тела додааст. Ба гуфтаи Абдуллоев, доварро дар он њолати хавнок зарур буд, то бозиро ба ѓайр аз њуштак кашидан бо даст боздорад, зеро ин варзишгарон хеле љавонанд: - Довар дар чунин њолат баъди њуштак кашидан бояд бо даст варзишгаронро аз иљрои усулњои хавфнок бозмедошт, зеро дар њолати "купрук" хатари шикастани миёни варзишгарони наврас зиёд аст, устухони онњо мулоим мебошад. Дар он бозї ман онњоро халос кардам, агар ман намебаромадам, мумкин буд миёни писарам шиканад. Дигар инки Муњаммдазиз аз писари ман 2 сол калон аст ва дурўѓ ўро дар протокол соли таваллудашро 2003 навишта ба бозї даровараанд, њол он ки соли таваллуди ў 2001 аст.

Аммо мутахассисон амали Љамшед Абдуллоевро мањкум мекунанд. Мањмадшариф Сулаймонов, собиќ сармураббии тими мунтахаби Тољикистон оид ба гуштии самбо, дар шарњи навори мазкур гуфт, варзишгарон њангоми бозї ягон камбудї накардаанд ва Љамшед Абдуллоев њамчун мураббї бояд ба љараёни бозї дахолат намекард: - Варзишгари сурхпўш ба њолати "купрук" (мост) ќарор гирифта, кўшиш дорад маѓлуб нашавад. Варзишгари камбудпўш кушиш дорад, то ўро ба замин хобонда, ѓалабаи соф ба даст орад. Муњаммадазиз дар њолати лат додани гардани раќибаш набуд. Дар ин њолат мураббї бояд мунтазир мешуд, то довар дар ин бора чї њукм кунад. Аз нигоњи ќонунњои варзишї мураббї њаќ надорад, ки њангоми бозї ба гилеми гуштингирї ворид шавад. Њамаи њолатњои дар дохил руйдодаро довар њал мекунад ва агар мураббї аз кори ў норизо бошад, метавонанд ба сардовар аз ин шикоят кунад, вале дар њељ њолат њаќќи дахолат ба бозиро надорад. Барои дахолат ба бозї, тањдид ба довар ва зарба задан ба рўи раќиби шогирд, метавон варзишгарро барои чанд бозї мањрум кард ё устоди ўро љазо дод. Зеро дар ягон њолат мураббї њаќ надорад ба раќиби шогирдаш зарар расонад, балки бояд шогирдашро хубтар таълим бидињад. Усули "купрук" (мост) метавонанд чанд сония ё даќиќа давом кунад. Зеро варзишгаре, ки дар њолати "мост" аст, намехоњад пушташ ба замин расад, њарифаш бошад кўшиш мекунад пушти ўро ба замин хобонда, ўро маѓлуб созад. Собиќ сармураббии тими мунтахаби Тољикистон оид ба гуштии самбо мегўяд, ба варзишгари пурќувват бояд тан дод, зеро майдон аз далер аст ва ба сиёсату љанљолу тарсонидан намешавад ѓалаба кард. - Агар дар дохили кишвар њам бо тарсонидан ѓалаба ба даст орї, дар мусобиќањои байналхалќї чї кор мекунї? Киро метарсонї? - хулоса кард Мањмадшариф Сулаймонов. Муллораљаб ЮСУФЇ

СИПОСНОМА

ЗИНДАГЇ ЗЕБОСТ! -Бемор дар куљоянд?!... - Ќомати баланди табиби наљот аз дари њуљрачаи хурдакак ва хеле тозаву озодаи ќабулгоњи Шўъбаи наљоти Пажуњишгоњи гастроэнтерологияи шањри Душанбе, ки новобаста ба њавои тафсони тобистон, хеле салќин аст, намоён шуд... Ў бо наљобати ба худаш хос беморро пурсупос, аммо дар асл муоина мекард. - Духтур, ин њанўз охири кор нест? ба зўр мепурсад бемор, ки аз камхунї бењолу бемадор аст, овозаш меларзад... - Эњ, Шумо чињо мегўед, апа?! Мо духтурњо ин љо барои чї кор мекунем?!! - вай бо хитобу бо шитоб шубња ва тарсро аз вуљуд модари беморам дур мекунад. Бо ќатъият ва њамзамон хеле мењрубонона иддаои ўро рад карда... Њаросу ноумедиро аз вуљуди мо низ дур меандозад, боварї мебахшад, боварї ба фардои нек...

Банда он ваќт касеро аз њайати табибони ин муассиса дуруст намешинохтам ва шояд ба гўшаи хаёл њам оварда наметавонистам, ки соњиби ин овози ќатъї, ин шахси наљибро дар симои табиби наљот Хуршедшоњ Љавов то охири умр фаромўш нахоњам кард. Миннатдорї ва сипосмандии бандаро нисбат ба табибони ин муассиса бо сухан баён кардан нињоят мушкил, балки номумкин аст. Бахусус аз Амонбек Бахтибеков, духтури наљот, Аълочиии тандурустии Тољикистон ва мудири Шўъбаи наљоти Пажуњишгоњи гастроэнтерологияи пойтахт, Хуршедшоњ Љавов, табиби наљот, табиби њозиќу ѓамхор Нигора Орифљонова, Субњон Назиров ва њамчунин табибони шўъбаи ќабул Муродалї Љамилов, Бењрўз Ѓаниев ва дигарон, ки дарвоќеъ њамчун табибони касбї, духтурони њирфаї ва шахсони бомасъулият шинохтам, хеле ва хеле миннатпазирам.

Онњоянд, ки њар рўз, њар шаб, њар лањзаву њар соат, ба дардњо дармон ва ба дилњо умед мебахшанд. Онњо худ далели муътамаданд, ки њанўз њам дар кишвар соњибони аслии ин касби воќе-

ан шарифу пурифтихор кам нестанд. Онњоянд, ки дар амал исбот кардаанд, зиндагї зебост ва барои он талош бояд кард! Фаридун РАЊНАВАРД


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

Хотира навиштан кори душворест. Кас ба осонї муайян карда наметавонад, ки кадом лањзаи зиндагонии мањз ту барои хонанда аљибу хотирмон хоњад буд. Аз ин сабаб, на њар кас ва на њар ваќт ба ин кор даст мезанад. Бо вуљуди ин, гоњо эњсос бахшише мекунаду њарчанд њанўз ба ќароре наомадаї, ки онро ба чопхона мебарї ё на, хоњ-нохоњ ќалам ба даст мегирї. Шунидани хабари даргузашти муаллим Абдулло Солењов аз њамин гуна лањзањои пурэњсоси зиндагии камина шуд. Албатта, муаллим умри дарози пурбаракат диданд, соњиби мукофоту унвонњо шуданд, дар курсии мансабњои зиёд нишаста, хизмат карданд ва хеле барваќт ба ќатори мардумони, ба ќавле, оламу одамдида дохил гардида буданд. Вале гап чандон дар сол нест. Дар ин маврид ту банохост рўшан, баръалоина дарк мекунї, ки инсоне бебозгашт оламро падруд гуфт, ки барои касб, кор, шахсият, ё моњияти зиндагии ту агарчї на пайваста, лоаќал замоне бевосита манфиате дошта буд ва ин манфиат њаргиз, имрўз низ кам намешавад. Намедонам, аз чї сабаб ки дар хотири ман он кас бештар аз њама чун муаллим падидор мешаванд. Эњтимол аз он бошад, ки бори аввал мо мисли ду муаллим вохўрда, шинос шуда будем ва њар вохўрии минбаъда низ ин эњсосро гўё таќвият бахшида, ќавитар мекард. Агарчї камсухану оромтабиат буданд, вале басо хотирмон њарф мезаданд. Чанд чизи нав, ки аз муаллим шунида будам, баъдтар борњо ба њамсўњбатон наќл кардаам, ё дар аснои сафари адибон ба ину он мактабу ноњияи љумњурї, ба шунавандагон аз сари минбар гуфта, кафкўбию ќаноатмандї мукофот гирифтаам… Дар ин маќола аз ќайди таърихи рўзу солу моњ ва њар гуна љумлаву иборањои расмиву обшуста ва маъмулї худдорї мекунам. Як вохўриамро бо муаллиму хонандагони мактаб ёдовар мешавам, ки ќабл аз њама барои худам ибратангез буданд, зеро бисёр кам воќеъ шудаст, ки муаллимеро вохўраму њамсўњбат шавам, ки фаќат бо чанд сањифаяки китоби дарсиву муњити мактаб ва таълимоту барномањои шўъбаи маориф мањдуд нашуда, аз њудудњои муќаррарнамудаи баъзе "донишмандон"-и соња баљуръат берун пой гузорад… Шиносоии нахустини мо таќрибан оѓози солњои дуњазорум воќеъ гардида буд. Он шабу рўз Абдулло Солењов сарвари Донишгоњи такмили ихтисоси муаллимони љумњурї буданд. Рўзе устод Наримон Баќозода занг заданд: - Азизљон, дар Донишгоњи такмили ихтисоси муаллимон як гурўњ ѓолибони Озмуни олимпиадаи љумњуриявї мунтазири адибонанд. Ман ваъда додам, ки меравам, лекин беморам. Рафтан наметавонам. Чї мешавад, ки маро аз хиљолат бароред?! - Ба назди кї бояд равам? - пурсидам ман. - Ба назди Абдулло-ака Соле-

ЁДИ ХАЙР

њов! - љавоб доданд устод. Коруборро як тараф гузошта, ба Донишгоњ рафтам. Муаллимро вохўрда, салом дода, гуфтам: - Ман - Азизи Азиз. - Оњо-о! - нидо карданд муаллим ѓайричашмдошт ва якбора синусоламро пурсиданд. Ваќте љавоб шуниданд, ки аз чил болост, гуфтанд: - Наримон-ака гуфтанд, ки љавонтарин носири бачагонаи Тољикистон меоянд. Шўхї карданд, ё рост гуфтанд? Ман аз љавоб гурехтам ва азбаски шогирдони мактабњои мамлакат дар толор нишаста, мунтазири адиб буданд, пасупеш аз дар даромадем. Муаллим бе ягон муќаддима суханро ба ман доданд. Ёд дорам, ки вохўрї хубу хуш гузашт.

Чун ман андешаамро гуфтам, муаллим баландгўякро ба даст гирифтанд. - Нависандаи њаќиќї шиносномаи миллат гуфтаанд. Бо мардуми диёри дигар аввал моро шоиру нависандааш ошно мекунад. Масалан, ман њаргиз Доѓистонро надида будам, вале медонистам, ки ин кишвари зебо дар куљосту доѓистонињо чї мардуми хубанд. Ё баъди мутолиаи ду-се асари Чингиз Айтматов муњаббати ман ба ин диёру мардумаш зиёд шуд. Гумон мекунам, ки бе ин ду адиби бузург ин диёрро дертар мешинохтам ва мењрашон низ дар дилам ба ин дараља бузург намешуд. Мисоли дигар, боре дар сарњад, ба хоки Њиндустон фиристодагони Давлати Шўравиро бе ягон тафтиши њуљљату ба-

МУАЛЛИМИ ХОТИРАЊОИ МАН Баъд саволу љавоб оѓоз ёфт. Мањз дар њамин лањза муаллим, ба ќавле, кї ва чї будани худро низ андак-андак ошкор карданд. Бисёр хушам омад, ваќте бачањои толорро огоњ намуданд: - Хонандагони азиз! Ваќте савол медињед, кўшиш кунед, ки такрор набошад. Ин як. Дигар, саволњои обшуста надињед, масалан, чї лозим пурсидан, ки китоби аввалинатон кадом буд, дар мактаб чї хел мехондед! Аз нависанда чизе пурсед, ки "бањри дафъи њаводис" ба кор ояд. Ваќт танг аст, њаво сард, шом шудаст… Азбаски њозирон шогирдони пешќадами мактабњои љумњурї буданд, саволњои аљиб низ дода мешуданд. Вале барои рангорангу хотирнишин шудани вохўрї ман низ аз бачањо хоњиш кардам, ки ба Абдулло Солењов њам савол дињанд, зеро муаллим оламу одамдидаанд, аз таљрибаю зиндагии худ метавонад бисёр лањзањоро наќл кунанд. Ин гапро, ба ќавле, таваккалї, аз одоб гуфтам, албатта. Зеро то он лањза муаллимро дуруст наешинохтам. Фаќат аз тарзу оњанги суханронии муаллим чунин хулоса бароварда будам, аммо ба зудї фањмидам, ки ин марди шариф метавонанд бо њама, чї бо шогирду чї бо устоди шогирд, хубу хуш сўњбат кунанд. Хато накарда будам… Як хонанда аз ман пурсид, ки барои нависанда шудан пеш аз њама чї лозим аст. Ман пешакї гуфтам: - Ба њар савол њам ман ва њам устод Абдулло Солењов љавоб медињем.

ѓоч фаќат барои њамин роњ доданд, ки шоири бузурги тољик Мирзо Турсунзода њамроњашон буд!.. Бегуфтугў ин бањои баланд буд ба зањмату шахсияти адиб. Одї, бачафањм, бемуболиѓа, бамаврид! Муаллим фаросати баланд доштанд. Барои исбот, дар як сўњбат каме гилаомез ва пешакї узр пурсида, бо мулоиматї гуфта буданд: - Адиби бачањо, Азизљон, бояд муаллим низ бошад. Чї хуб, ки шумо муаллимї њам карда будаед. Баъзе њамкасбонатон зењну завќу њавсалаи бачањоро ба эътибор намегиранд. Бачањо дар толор маѓал доранд, хомёза мекашанд, њатто аз љой хестаанд, лекин шоир гўё чизе намебинаду чизе намешунавад: шеър мехонаду шеър мехонад… Чї мушоњидаи олиљаноб!.. Ин гап ба тафсир ниёз надорад… Хуллас, дар он вохўрї он лањза аз кори худ хурсанд шудам. Баъдтар худи муаллим низ дар як сўњбат изњори ќаноатмандї карданд, ки он рўз ба он кас њам сухан додам. "Баъзан, - гуфтанд муаллим, - аз дигарон ибрату илњом гирифта, ягон таљрибаю мушоњидаи зиндагиатро гуфтан мехоњї, ягон гапу кори аљойиб ба ёдат мерасаду мехоњї шунавонї. Лекин майдон нест. Он ду-се чиз ки гуфтам, илњом аз шумо буд…" Хоксорї карданд муаллим, зеро бисёр љумлањои нотакрор дар дафтарчаи ёддоштам он рўз мањз аз забони муаллим ќайд ва сонитар мавзўи њикояњоям низ шуда буд. Ин суханро муаллим хоњ аз дигарон шунида буданду аз китобе хонда, бори нахуст мањз аз забонашон шунида

будам: "Агар тамоми дарёњо ранг, тамоми бешањо ќалам ва рўйи замин коѓаз шавад, аздусар барои васфи муаллим камї мекунанд…" Бори дигар сухан аз њунари омўзгор рафту ба устод Баќозода гуфтанд, ки бачањо дар панљ-шашсолагї гиря мекунанд, ки ба мактаб рафтанианд, чун ба мактаб меоянд, њар замон гиря мекунанд, ки дигар ба мактаб нахоњанд рафт. Аслан таълим хусусияти иљборї њам дорад, вале муаллими асил роњ надињад, ки гиряи аввалаи бачањо мазмуну оњанги дигар пайдо кунад… Ё дар як вохўрї (мо акнун дукаса, ё бо шодравон Баќозода, ки дўсти муаллим буданд, се тан шуда, ба вохўрињо мерафтем) аз бачањо сабаби ба кишварњои гарм рафтани парасту барин парандаро пурсиданд. Як саволи одиву як њодисаи муќаррарї, аммо шўре дар толор хест. Њар кас њар чї гуфт. Њама љавоб як хулоса дошт: вай аз зимистон метарсад! Муаллим мушоњидакор буданд, мушоњидањои аљиб доштананд, ки гуфтанд: - Ин паранда арзанхора нест, вай ризќашро фаќат дар фазо пайдо мекунад, ба замин дароз намешинад… Дар фасли сармо парасту беѓизо мемонад… Ин мушоњидаи аљиби муаллим сонитар мавзўи як њикояи банда шуд! Ќисса кўтоњ, чунонки соат аз сонияњо иборат аст, зиндагї низ лањзањост. Вале на њар кас ба ин лањзањо махсус эътибор медињад. Барои хурсанду мамнун шудан њамеша гапу кори бузург орзу мекунем. Як сухани хуб, як саломи одї одатан на њар инсонро хурсанд

мекунад. Ояндаи дур моро чунон ба худ мафтун кардаст, ки имрўзу њамин лањзаро на мебинем ва на њис мекунем. Зиёда аз ин мо билкул фаромўш кардаем, ки дар зиндагї бо одами хуб вохўрдан, бахти бузург, инъоми Худовандист. Нависандаи тољик Пўлод Толис як ќиссаи басо нотакрору машњурашро мањз бо њамин гунна мазмуни баланд љамъбаст карда буд... Хуб шуду хушбахтї буд, ки замоне муаллим Абдулло Солењовро вохўрдам! Як рўз пештар аз оѓози соли нави тањсил муаллимро фарзандону наберагон, шогирдону дўстон, шиносону хешу аќрабояшон ба роњи охирин гусел карданд. Чанд нафар барњаќ гуфтанд, ки умри дарозу пурбаракат диданд Абдулло Солењов. Ин сухан њаргиз дар омади гап, барои таскини дили фарзандонашон гуфта нашуда буд, ё гапи маъмуливу муќаррарии маъракаи вопасинашон ба њисоб намерафт… Чанд њафта пештар дар зодгоњашон - Пушти Отхонаи ноњияи Ѓончї будам, ки солњои њафтодуми асри гузашта бошандагонашро муњољир карда, ба ноњияи Зафаробод бурда буданд. Дења солњост, ки холист, пурсукуту њузнангез менамояд ва рафтани муаллим Абдулло Солењов низ... Бале, муаллим рафтанд ва агарчї њама ба некї ёдашон мекунанд, љояшон дар миёни мо, дўстону шогирдонашон, мисли зодгоњашон холї, пурсукут ва њузнангез шуд ва агарчї аз таќдир љойи гурез несту марг - ногузир, ба рафтани баъзе мардони асил одам ба сахтї муросо мекунад ва ба он ки ў дигар дар миёни мо нест, одат кардан басо душвор аст. Аммо чорае нест, чора нест ба љуз ин ки ёд кунему дуо гўем: рўњашон шод буд! Азизи АЗИЗ, нависанда

МАОРИФ

1-УМИ СЕНТЯБР ДАР ДУШАНБЕ 18 ЊАЗОР ТАЛАБА БОРИ НАХУСТ БА МАКТАБ РАФТ 1-уми сентябр дар шањри Душанбе њудуди 18 њазор кўдак барои бори нахуст ќадам ба мактаб нињоданд. Бино ба иттилои Њамидуллохон Фаќиров, сардори Раёсати идораи маорифи шањри Душанбе эњтимол ин раќам то анљоми моњи аввали соли хониш афзоиш ёбад. Ба гуфтаи ў, соли гузашта 17 њазору 900 хонанда ба синфи 1 рафта буд, ки дар маљмўъ 177

њазору 996 хонанда дар мактабњои тањсилоти миёнаи пойтахт тањсил мекарданд. Соли љорї шумораи муњассилини мактабњои миёна дар пойтахт ба 179 њазор хонанда мерасад. Ба њисоби раёсати маорифи шањр њар сол теъдоди хонандањои синфњои якум ба њисоби миёна то 200 нафар зиёд мешаванд.


АЛВИДОЪ, РАИС! Шояд гумон намекардам замоне дар сўгаш хоњам навишт. Ман ки аввалин бор аз роњи панљоњсолааш дар матлабе ривоят кардам, гумон доштам тадриљан бо ў ошно мешавам. Ва ба ростї њам то очерки панљоњсолагї аслан ба љуз саломалайки маъмулї суњбате надоштам, корам њам науфтода буд. Вале њоло ба сўгаш нишастаам, мисли дањњову садњо тане, ки ўро аз наздик мешинохтанд. Ва ба ин хулоса расидам: барои шинохти комили инсон шарт нест дўсти наздикаш бошї. Танњо мушоњидаи кору рафтораш басандааст, ки њарфи навиштанї пайдо кунї. Дар ин панљ рўз басо сатрњои пурсўзе

НА АКБАРЕ ВА НА РАИСЕ БА СОНИ Ў... дастони холї аз олам берун шуд? Ин чї танњоие метавонист бошад, ки касе аз њамгинонаш намедонистанд? Акбар чунин шахси мармуз буд? Марги ў ишорањои аёну ноаён дорад, ки паёми як марги мармуз дорад? Набояд ў дар ин њолат тарки дунё мекард. Аммо ин љо чї сиррест? Посухи ин суолотро кї метавонад бидињад? Ва ё ин пурсишњо амсоли садњову њазорњо рози башар посух надоранд?

аз забони њамќаламон рўйи сафњаи Фейсбук рехт, дањњову садњо аксњо гузошта шуданд. Ва ин њама ба ин нукта ишора дорад: Ў НАМУРДААСТ! Ба ќавли азизе: "Мурда он аст, ки номаш ба накўї набаранд..." Аз ў-ку ёд мекунанд. Ва боз чї ёдњои гулусўзе: "Эњ, Акбареее! Њеч наметавонам бо набуданат бисозам ва бипазирам, ки рафтаї... Чењраат аз пеши назарам дур намешавад... Худо биомурзадат, дўсти љавонмаргам..."(Зафар Сўфї). "Акбар, ту љонатро халос кардї, вале моро, маро бо ин кадар мушкилу дард ба кї гузошта рафтї?" (Хуршеди Атовулло). Дарди дили ман ба сад китоб љо нашавад, Бе дард вале калима иншо нашавад. Ман гиря кунам, ки рафтаам боз ояд, Донам, ки азизи рафта пайдо нашавад. (Шоираи Рањимљон) Касоне, ки шояд њафтањову моњњо бо ў буданд, хеле аз наздик ошної доштанду ба маънои пурраи ин калом дўсташ медоштанд, њарфи муњими дилашонро натавонистанд бигўянд. Пора-пора хотироти ѓамолудро дар сањфа рехтанд. Онњо шокї шуда буданд ва њоло њам аз он њолат берун наёмадаанд. Зеро марги ў њамаро ѓофилгир карда буд... *** Субњи имрўз аз назди бинои, ба истилоњ, ГЖК рад мешудам. Аз мошини зиёд суръати њаракат хеле суст буд. Ва чашмам беихтиёр ба љойе уфтод, ки маъмулан њар бор ўро истода медидам. Ё дар даст сигор дошт, ё бо касе суњбат мекард

ва мунтазири мошинаш буд, ки биравад. Ва боз њам ўро зинда дидам. Намешавад бо гузашти ин панљ рўзу шаш рўз ба марги азизе бовар кунї, ки намехостї ў бимирад. Замоне, ки устод Лоиќ аз олам гузашт, эњсосе маро фаро гирифта буд, ки гумон мекардам ними шањр холї шуд. На, ки моњњо, балки солњо гузаштанд, ки дарк кунам шоири миллат дигар нест. Њарчанд ин нуктаро њам медонам, ки шоирон намирандаанд, хоса шоире чун Лоиќ. Ва баъдан чун Сайид Абдуллоњи Нурї тарки олам кард, боз њамин эњсос баргашт. Гумон кардам як бори сангинеро аз дўшаш ба имрўзиён гузошту рафт. Ин бор ин эњсос њоло ба миён омад ва шабу рўз доманам гирифта ва рањо намекунад. Гумонам журналистикаи тољик акнун ятим шуд. Войи он курсї, ки дигар њамвазни Акбарро намеёбад. Меоянд, мешинанду мераванд, вале на Акбаре ва на раисе ба сони ў. *** Марги боварнакарданї, њатто барои волидонаш. Ин њарфњои модари ў дар рўзи мотамаш, ки бону Шоираи Рањимљон наќли ќавл мекард: "Охї наход тоќаи зор љон бидињї. Љондињї осонай охї? Ту чї гуфтї? Оча гуфтї? Об гуфтї? Чи гуфтї? Наход бо ин ќадар хешу табор тоќа љон бидињї..." Њарфи модар масали танњоиро пеши назар меорад. Аммо магар Акбар њам танњо буд? Магар ў њам розе дошт, ки ба касе намегуфт ва билохира он розро бо худ бурд? Магар ў њам дар ин зиндагї чизеро мељуст, ки намеёфт? Ва билохира, бо њамон њасрати танњої, бо њамон

*** Фурќати Сайид, њунарманди варзидаи кишвар орзу кардааст, ки макони охираташро дар баландињо љой дињанд, ки "ў арзандаи ќадршиносињо буд, аммо чї илољ, ки љойи ўро дигарњо муайян карданд, ин њам бошад дар як гўшаи ќабристоне... Эњ Акбар, Акбар! Љавонмард будиву љавонмард рафтй...". Ин њунарманди маъруф гуфтааст, ки барои волидонаш, ки азизи азизонанд, хун гириста буд, вале барои Акбар сўхт... Раиси созмони журналистии НАНСМИТ Нуриддин Ќаршибоев навишт: "Боварам намеояд, ки Акбари Саттор даргузашт. Дар љанозааш будам, пояи тобуташро бардоштам, ќабрашро дидам... Гўё ин њама хоб буд?! Акбар роздони дўстону њамкорон буд, розњои нуњуфта дар дил дошт, он њамаро бо худ бурд.." *** Акбари Саттор аз љумлаи равандагони роњи пешиниён ва эњёгари матбуоти озод дар кишвар аст. Замоне, ки њама саргарми ёфтани як бурда нон буданду фикри рањої аз гуруснагї дар сар мепарвариданд, вай дар андешаи он шуд, ки чї гуна мардуми дурафтода аз маърифатро бори дигар ба мутолиаи рўзномаву маљалла баргардонад. Ў муваффаќ шуд, њарчанд барои ин лозим омад хеле зањмат кашад, як бахши азими дороињои худро сарф кунад. *** Фаъолияти мењнатии ў низ мисли њар журналист аст: хатми донишгоњ, оѓози кор дар кадом муассисаи эљодї, навиштани аввалин очерку маќола... Пайроњаи эљодии ў аз рўзномаи он замон машњури "Тољикистони Советї" оѓоз шудааст, вале њамагї баъди чор моњ ба "Садои мардум" гузаштаву аз моњи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, њаёти байналмилалї ва њуќуќи ин рўзнома будааст.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

9

Пешаи рўзноманигорї дар он замони пур аз љангу љўш муносиб наёмад ва њатто хатарнок њам буд. Аз сўи дигар, иддае дар сар задани љанги дохилї матбуот ва журналистонро муќассир медонистанд. Ин буд, ки ў муддате ба кори тиљорат машѓул шуд. Аз хориљ мол меовард ва дар дохил мефурўхт. Шояд ин тиљорат њам санљиши мањорат буд, замоне буд, ки сари таъсиси нашрияи мустаќили худ андешид. Ва бозгашти дуборааш ба матбуот на аз дари "Љумњурият" ё "Садои мардум", балки аз нашрияи хусусии худи ў шуруъ шуд. Худ ба майдони матбуот танњо наёмад, дигаронро, ки интизори як даъват буданд, бо худ вориди ин майдон кард. Ва бо њам "Дайджест пресс"-ро таъсис доданд ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияњои русии Маскавро бозчоп мекарданд ва бо иловаи гўшаву сањифањои рекламавї ба фурўш мебароварданд. Бо ин васила чанд нафар аз љумлаи журналистони кишварро бо љойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорї дар он солњо намедонистанд худро андармони чї коре кунанд, ки бурдаи нони беминнат ёбанд, аз фурўши "Дайджест пресс" ќут меёфтанд. Ва гузашта аз ин, заминањо барои интишори "Чархи гардун" њам фароњам омад. Тавре рўзноманигор Суњроби Зиё мегуфт: "Бо оѓози нооромињои сиёсї дар Тољикистон, хелењо ангушти иттињомро ба суи матбуот ва рўзноманигорон мекарданд. Ба бовари онњо дар аланга гирифтани оташи љанги дохилї сањми матбуот ва журналистон њам кам набуд. Чунин пиндорњо ва вазъияти нобасомони сиёсї ва иќтисодї боиси дилсардии мардум нисбат ба рўзномаву маљалла ва радиову телевизион шуд. Вазъият ба њадде ногувор буд,ки нашрияњои тољикї таќрибан надоштем. Дар чунин шароите бањори соли 1996 Акбари Саттор иќдом ба таъсиси њафтаномаи "Чархи гардун" кард. Ва мењри хондани нашрияро дубора дар дили хонандањо љой намуд". "Чархи гардун" журналистони зиёдеро, ки бекору парешон ва аз нобасомонии замона дар ранљњои руњї андармон буданд, дубора гирд овард, умедро дар умќи синаи онњо фурўзон кард. Яъне, мегуфт, ки њаќиќат намемирад ва то даме инсон нафас мекашад, умед њам зинда аст. Ва ў тадриљан мактаби журналистикаи худро поягузорї кард, ки имрўз бидуни шак касе наметавонад ва њаќ њам надорад бидуни омўзиши мактаби журналистии Акбари Саттор таърихи журналистикаи муосирро бинвисад. Насли нави сарварон ва муассисони матбуоти хусусї Хуршеди Атовулло, Сайёфи Мизроб, Раљаби Мирзо, Љумъаи Мирзо, Ортиќи Ќодир, Равшан Махсумзод, Боймурод Шарифзода, Њабибулло Ёров, Њикматулло Рањматов, Раънои Мубориз, Мањмадалї Маќсадуллоњ, Наљмиддини Шоњинбод дар мактаби ў "дарси менељмент ва сарварии матбуотро ёд гирифтаанд". Ва метавон зиёд гуфт, вале ин њарфи зиёд такрори арзи матлаби дигарон хоњад буд. Бигзор касоне ўро муаррифї кунанд, ки умре њаммактабаш, њамнишинаш, њамсоѓараш буданд. Чї хуб гуфта Зафар Сўфї, шори хуби мо ва молики "Озодагон", ки низ худро аз пайравони мактаби журналистии Акбари Саттор медонад: Мењрубоно! Мењр мотамдор шуд! Чашми ёронат њама хунбор шуд, Сахткўшо! Ин чи осон рафтан аст? Эй бародар! Охир ин њам кор шуд? Баъди ту дигар садоќат шуд ятим, Ишќ њам бехонаву бемор шуд. Борњо гуфтї: зи ѓурбат бозгард, Ѓурбатам аз ѓуссаат саршор шуд... Шиква пеши кї барад дигар Зафар, Шањр, ки бе Акбари Саттор шуд... Бобољони ШАФЕЪ

"НИГОЊ": Њайати эљодии њафтаномаи "Нигоњ" марги бармањали Раиси Иттифоќи журналистони Тољикистон Акбари Сатторро талафоти љуброннопазир барои журналистикаи кишвар медонад. Аз даргоњи Худованди тавоно барояш Фирдавси барин таманно дорад ва барои бозмондагонаш сабри љамил хоњон аст. "Мо аз Худоем, ба сўи Ў бозмегардем". Фаромўшатон намекунем, Раис!


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

ЉАЊОН

ФИЛМЕ, КИ ЗОЯНДАИ БАЊС ХОЊАД БУД

Эрониён дар офариниши симои паёмбарон таљрибаи хубе доранд. Барои бинандаи тољик бахусус филми "Юсуф - пайѓамбар" ошност, ки замоне њатто аз шабакањои телевизионї низ намоиш дода шуд. Вале дар ин кишвар филми дигаре њамакнун рўйи кор омадааст, ки эњтимол дорад дар оянда то љойе ихтилофзо њам бошад. Шояд пурбањстарин, вале яќинан сермасрафтарин филми эронї, инак, рўйи экран омад. Давлати Эрон бори аввал дар таърихи Љумњурии Исломї як филми мазњабиро ба миќдори 40 миллион доллари амрикої сармоягузорї кардааст. Ин филм "Муњаммад Расулаллоњ" ном дорад ва тавре аз номаш пайдост, дар бораи Расули Акрам (с) аст. Филм ќарор аст дар аввалин рўзи њузураш дар олами синамои кишвар дар 143 синамохонаи Эрон намоиш дода шавад. Ва рўзе пас бинандагон онро дар љашнвораи

филми Монреал тамошо хоњанд кард. Маљид Маљидї, коргардони 56солаи эронї, ки ин филмро ба навор гирифтааст, дар суњбате бо хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки "ифротгароён ва љињодињо аз ќабили гуруњи ДОИШ номи Исломро дуздидаанд. Дар љањони араб тафсири нодурусте аз ислом ба вуљуд омада, ки нишондињандаи тасвире хашин аз Ислом аст. Ва ба назари мо он њеч иртиботе ба дин надорад". "Муњаммад Расулаллоњ" (с) аввалин бахш аз як филми сегона аст, ки зиндагонии Паёмбар (с)-ро ба

Тибќи оморе, ки "Маркази-Левада" ахиран расонаї кардааст, баъди таљлили њафтодсолагии пирўзї дар Љанги Бузурги Ватанї рейтинги президенти давлати Русия миёни мардум 89 дарсад буд, аммо аллакай баъди се моњ он то 83 дарсад коњиш ёфт. Чун обрўву маъруфияти сарвари давлат дар Русия вобаста ба эњсоси ватандўстї дар љомеа мебошад, мутахассисони марказ мегўянд, эњтимол дорад мардум нисбат ба президенташон сард шудаанд ва агар зарфи моњњои оянда коњиши обрў идома пайдо кунад, пас метавон гуфт, ки рўйдодњои ахир ба руњияи мардум бетаъсир намондааст. Ин дар њолест, ки њукумат њам њама имконоти худро барои љилавггирї аз буњрон аз даст додааст. Пас ин кадом омилњо тавонистанд маъруфияти Путинро миёни сокинони кишвараш коњиш дињанд? Нашрияи љопонии "Jiji Press" дар тањлили ин сабабњо аввал аз њамроњсозии Ќрим њарф ба миён меорад. Соле пеш бо шўру шари беандоза Русия Ќримро аз танаи Украина људо кард ва чун замини аљдодї ба худ њамроњ намуд. Љомеаи байналмилалї ин иќдомро напазируфт ва он боиси тезутунд шудани равобит миёни кишварњои Ѓарб ва Русия шуд. Аммо дар худи Русия мавриди истиќболи гарм ќарор гирифт. Як амали таљовузбарангез дар ин кишвар эњсоси мењанпарастиро бедор кард ва рейтинги сарвари он миёни мардум аз 60 дарсади маъмулї то 80 дарсад боло рафт. Њатто он замон њам коршиносони "Маркази-Левада" мегуфтанд, ки ин болоравии обрў як амри муваќќат аст, чун муќовиматњои ѓарбї тадриљан Русияро гирифтори њолатњое мекунад, ки ногузир маъруфияти сарварашро ба коми худ фуру мебарад. Русия ба иќдомоти Ѓарб дар мавриди тањримњо муќовимат кард ва љавобан ба он ба

тасвир мекашад. Филм асосан замони пеш аз мавлуд ва овони бачагиву наврасии фиристодаи Худоро то замони мабъус шудан ба пайѓамбарї дарбар мегирад. Яъне, тасвири њаёти Расули Худо (с) то остонаи чилсолагии эшон аст. Чун тибќи фармудаи Ќуръон Њазрати Муњаммад (с) баъди синни чињилсолагї ба пайѓамбарї мабъус шуданд. Аммо дар бораи њазрати Муњаммад (с) дар олами Ислом, бахусус дар кишварњое, ки пайравони ањли суннат њастанд, филме офарида нашудааст, ки маќбули назари њамагон бошад. Зеро дар ќиёс ба пайравони мазњаби шиа сунниён бархўрди дигаргуна ба экраникунонии њаёти Пайѓамбар (с) доранд. Маљидї, коргардони аслии филм дар робита ба муносибати љањони Ислом ба тавлиди филме дар бораи Расули Худо (с) гуфтааст, ки онњо низ воќеъан бо баъзе давлатњо, аз љумла Арабистони Саудї бо ин филм мушкил доранд, вале бо аксари мамолики исломї ин мушкил нест. Чунончї, Туркия, Малайзї, Индонезї, теъдоде аз кишварњои љанубу шарќи Осиё хостори пахши ин филм дар ќаламрави худ њастанд. Дар таърихи чанд соли охир аввалин филме, ки дар олами синамои олам дар бораи Пайѓамбари ислом муњим дониста мешавад, аз љониби коргардони суриёитабори Амрико Мустафо Аќќод наворбардорї шуда буд. Дар он њунармандони машњури Њоливуд Энтони Куинн ва Ирен Папас наќш офарида буданд. Аќќод мехост филмашро дар Марокаш ба навор гирад, вале Њоливуд ин пешнињодро рад кард. Дар љараёни офариниши филм Аќќод талош кард хеле бо эњтиром ба симои Расули Худо муносибат кунад ва баъди омўзишњои зиёд сенариёи вай дар донишгоњи Ал-Ањзари Миср

љонибдорї шуд. Вале мушкил дар Лигаи умумиисломї дар Макка буд, ки аслан офариниши филмеро дар бораи Пайѓамбар (с) намехост. Билохира, ѓояи Аќќод аввал аз љониби бахше аз кишварњои љомеаи араб пуштибонї ёфт. Аз љумла Марокаш, Кувайт ва Либиё ваъдаи кўмаки молї карданд. Вале чун Лигаи мусалмонон ва Арабистон зидди он садо баланд карданд, Кувайт низ худро канор гирифт. Шоњи Марокаш Њасани II сармоягузори он шуд, аммо баъди фишорњо аз љониби Риёз ба Марокаш Аќќод ба Либї мурољиат намуд. Ќаззофї билохира иљозат дод, ки шаш моњи дигар филмро дар кишвараш ба навор гиранд ва онро пурра сармоягузорї кард. Аммо ин филм дар замони пахшаш дар соли 1976 мавриди интиќоди шадиди љањони Ислом ќарор гирифта буд. Баъдан талоши дигари офариниши образи Паёмбари Ислом (с) дар аввали солњои 2000 сурат гирифт, ки он филми тасвирии "Муњаммад (с) охирин паёмбар" ном дошт. Филм барои атфол аст ва дар он талош шудааст њаёти Пайѓамбар (с), таълимоти ў, муборизаи он Њазрат (с) бо мушрикони Макка ба риштаи тасвир кашида шавад. Дар ин филм низ бинанда чењраи Расулаллоњ (с)-ро намебинад. Филмро ширкати "Ал-Бадр"-и Саудї дар яке аз студияњои Њоливуд дар Калифорния ба навор гирифта буд. Сенариёи филмро Ал-Азњар ва њатто Шўрои шиъиёни Лубнон писандидаву аз он пуштибонї карда буданд. Коргардони эронї барои он, ки нигаронињо дар олами Ислом ба филмаш рафъ шаванд, барои тасвири чењраи Пайѓамбар (с) аз роњњои дигар истифода намуд. Дар филм чењраи он Њазрат (с) нишон дода намешавад. "Мо аз тактикаи вижае истифода кардем, дар авќоте, ки мо тасвири Паёмбар (с)-ро

ОБРЎИ ПУТИН Бори аввали зарфи ду соли охир аз поин рафтани обрў ва маъруфияти Президенти Русия Владимир Путин њарф зада мешавад. воридоти мањсулоти кишоварзї аз кишварњои Иттињодияи Аврупо эмбарго љорї намуд. Аммо ситемаи фасодзадаи гумрукї ва тиљоратии ин кишвар имкон надод, ки мањдудиятњо тавре ќонун таќозо мекунад, риоя шаванд. Њатто имрўз њам мањсулоти манъшуда бо роњњои пинњонї ва ё бо асноди сохтаву таќаллубї, ё худ аз тариќи кишварњои сеюм ба бозорњои Русия ворид мешаванд. Нашрия менависад, ки ахиран ин хашми маќомоти давлатиро барангехт ва даст ба иќдоми бесобиќае заданд. Онњо на танњо дар марз, балки дар дўкону маѓоза ва бозорњои дохил њам панир, меваљот ва дигар анвоъи мамнуъшударо бо истифода аз шевањои гуногун нобуд карданд. Њукумати хашин њатто ба сару садоњо дар мавриди он ки мањсулоти кашфшуда ба ятимхонањову эњтиёљмандон ройгон таќсим карда шавад, посух надод. Садњо тонна ин мањсулотро њатто зери чархи булдозерњо аз байн бурданд. Ва ин иќдом њам боиси поин рафтани обрўи президент шуд. Љомеа шояд ба заъфи маќомоти марбута ва рушди фасод дар нињодњои зидахл пай бурд, ки натавонистанд тибќи ќонун аз вуруди мањсулоти мамнуъ љилавгирї кунанд. Ин боз дар њолест, ки арќоми расмї ба нукоти дигар ишора мекунанд. Тибќи иттилои

вазорати рушди иќтисоди Русия дар нимсолаи аввали соли равон воридоти мањсулот аз рўйхати тањримњо ба ин кишвар то 6 миллиард доллар коњиш ёфт. Дар нимсолаи аввали соли 2015 воридоти гўшт то 962 миллион доллар коњиш ёфт. Ин дар њолест, ки нимсолаи аввали соли 2014 Русия аз хориљ ба маблаѓи 1719 миллион доллар гўшт ва мањсулоти гўштї ворид карда буд. Вазорат њамчунин гуфтааст, ки зарфи ин ним сол вуруди мањсулоти кишварзї низ 15,8 дар сад коњиш ёфтааст. Аз љумла, њаљми содироти гандум дар нимсолаи аввали соли равон дар ќиёс ба шашмоњаи якуми соли 2014 4,1 дарсад коњиш ёфтааст. Равѓани рустанї 11,9, моњї 9,3 ва машруботи спиртї 41,2 дарсад кам ворид шудааст. Ва боз: соли гузашта президент Путин дар як нишасти матбуотї эълон карда буд, ки ба буњрони иќтисодї зарфи ду соли оянда поён дода хоњад шуд. Вале бо гузашти нуњ моњ ин мушкил натанњо бартараф нашуд, балки рушд ёфт. "Ба он арзиши поёни нафт ва беќурбшавии рубл илова шуд ва агар ба суханони президент бовар карда шавад, пас њоло ин вазъ боз як соли дигар идома мекунад"- менависад нашрия. Ахиран нашрияи Bloomberg низ дар тањ-

дар филм дорем, биниши коргардон муњим буд, њатто дар тасвири замони кўдакии он Њазрат (с). Њама кунљкованд, то чењраи Пайѓамбар (с)-ро дар филм бубинанд. Аммо шумо наметавонед чењраи эшонро бубинед". Боз њам "Ал-Азњар"-и Миср талош кардааст ба шеваи офариниши филми эронї мухолифат кунад. Дар баёнияи ин донишгоњи маъруфи исломї омадааст, ки "ба тасвир кашидани паёмбарон дар њунар мавриди эътироз аст, чун муљиби тањќири маънавии онњо хоњад шуд". Ал-Азњар на танњо ба нишон додани симои паёмбарон, балки мухолифи пахши садои онњо низ њаст, яъне њатто садои њич пайѓабаре барои имрўзиён шунида нашавад. Абдуддоим Насир-мушовири Ањмад ат-Тайиб, раиси Ал-Азњар дар ин робита ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки "бозигаре, ки ин наќшро бозї мекунад, мумкин аст дар оянда наќши як ќотилро бозї кунад ва бинандагон вайро бо наќши як ќотил ба ёд биёваранд". Ба њар њол ќисмати аввали филми "Муњаммад Расулаллоњ" омода шуд ва шаке нест, ки агар Арабистон ё чанд кишвари дигар онро намоиш њам надињанд, дар мамолики дигари мусалмоннишин намоиш дода хоњад шуд. Вале интригањо баъдан сари ин филм хоњад омад. Чуноне ишора шуд, филм се давраро дар бар мегирад ва як филми сегона аст. Сериёлњои баъдии он яќинан бањсбарангезтар њоњанд буд, чун зиддиятњои аќидатии шиъиёну сунниён баъдан шуруъ шудаанд. Табиист, ки роњ надодан ба ихтилофоти мазњабї аз коргардон мањорати вижа мехоњад. Ва боз ин ки филм бо буљаи давлати Эрон сохта мешавад ва пушти њар навор давлати ин кишвар ќарор мегирад.

Бобољони ШАФЕЪ

лиле гуфта буд, ки агар ќиммати нафт дар бозори љањонї то 30 доллар ба њар бушка поин равад, маъруфияти Путин миёни ањолии кишвараш коњиш меёбад. Афтиши нафт то 22,50 доллар системаи молиявии Русияро суќут медињад. Ин нашрия баъди пурсиши 30 иќтисодшинос, ки рўзњои 24-25-уми август баргузор шудааст, ба ин натиља расидааст. Коњиши арзиши нафт дар бозори љањонї муљиби афтиши бесобиќаи рубл дар бозори арз шуд. Вале то њол маќомоти давлатї дар ин бора љиддан изњори назар накардаанд. Ба андешаи стратеги иќтисодшиноси Danske Bank Владимир Миклашевский, бонки марказии Русия њоло њам муќобили он нест, ки ќурби рубл поин равад, зеро буљаи ин кишвар ба рубли заъиф ниёз дорад, то ин арзиши поиншудаи нафтро љуброн кунад". Аммо иќтисодшиноси Raiffeisen Bank International Андреас Швабе мегўяд, агар Бонки марказї ќасд кунад, ки аз захоири асъор истифода намояд, пас ба њадди хеле мањдуд истифода мекунад. Ба сурати умум коњиши арзиши нафт, тањкими тањримњои ИМА ва кишварњои Аврупо, эмбаргои худи Русия ба вуруди мањсулоти кишоварзиву саноатї аз мамолики Иттињодяи Аврупо тадриљан пояњои давлатдориро њам дар ин кишвар заъиф мекунад. Ин њам дар њолест, ки коршиносон аллакай дар бораи вобастагии иќтисоди Русия ба сармояи Чин њарф мезананд. Зеро Пекин ягона муттањиди Маскав аст, ки баъзе тањримњоро нодида мегирад, вале аз сўйи дигар љуръат њам намекунад, ки тарњњои бунёдии иќтисодии худро дар Русия роњандозї кунад.

Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

(Идома аз шуморањои гузашта) Њоло гардиши молии Тиљорати шабакавї (ТШ) њар сол то ба 20-30% меафзояд ва шумораи дистрибютерњо (пањнкунандањо) аз 20 миллион мегузарад. Масалан, дар Амрико тиљорати шабакавї тавассути дистрибютерњо њар як оилаи дањумро фаро гирифта, бештар аз 100 миллион амрикої аќаллан як бор тавассути ТШ харид кардаанд. Имрўзњо ТШ дар 190 кишвари љањон аз њамаи ќитъањои олам нашъунамо дорад. Дар Љопун зиёда аз 2 миллион дистрибютер тавассути ТШ солона ба маблаѓи 30 миллиард доллари амрикої коло мефурўшад. Дар Тайван, ки на он ќадар бузург аст, зиёда аз 1 миллион мутахассисони ТШ тавонистанд њаљми фурўшро аз 1 миллиард доллар гузаронанд. Айнан чунин комёбї дар Австралия низ њаст ва њаљми фурўш тавассути ТШ аз 1,5 миллиард доллар кайњо гузаштаасту танњо дар се мамлакати Иттињоди Аврупо - Олмон, Фаронса ва Италия њаљми тиљорат аз 2 миллиард гузашта, дар Британияи Кабир бошад, 1 миллиардро ташкил медињад. Чунин пешрафти ТШ - ро дар Испания, Австрия, Шветсария, Шветсия, Норвегия барин мамолики Аврупо ва Бразилия, Аргентина, Кореяи Љанубї ва дигар давлатњо низ мушоњида кардан мумкин аст. Агар ба таърихи инсоният чуќуртар назар кунем, мебинем, ки аввалин пањнкунандагони маълумот аз тиљорати шабакавї њазрати Исо ва 12 пайравонаш буданд. Њатто тарзи андозљамъкунии Мисри ќадим айнан тарзи кори ТШ- ро такрор мекунад. Ин тарзро њатто Чингизхон истифода мебурд ва ба тобеонаш мегуфт, ки равед ва бо дањ нафаре баргардед, ки дар фатњи кишварњои дигар ва корнамоиву шуљоат аз шумо камї надошта бошанд. Касе, ки чунин дањ љанговарро бо худ меорад, сардори њамон дањнафара мегардаду сад нафарро орад, сардори дастаи саднафара таъин мешавад. Њамин тавр, сардорони дањнафара дањ нафарро ва сардори саднафара сад нафарро ба муњорибањо тайёр мекарданд. Ва боиси он мегардиданд, ки артиши бузурги Љингизхон дар муддати бисёр кўтоњ тамриндида, обутобёфта ва омодаи љанг буд. Як сирри комёбињои љангии Чингизхон дар он буд, ки ѓаниматњо мувофиќи вазифа ва ё рутба таќсим мешуд. Яъне, сардори саднафара назар ба сардори дањнафара зиёдтар ѓанимати љангї мегирифт. Оё шумо медонед, Маскав чї тавр ба шањри пешрафтаи тиљоратї табдил ёфта буд? Соли 1263 Даниил, писари хурдии Александр Невский соњиби мулки на он ќадар бузург - шањрчаи Маскав гардид.

11

Таќдим аз Qnet:

Таърихи тиљорати шабакавї Яке аз фармонњои содиркардаи Даниил он буд, ки њар оилае, ки барои зиндагї ба Маскав мекўчад, соњиби имтиёзњо мегардад. Аз љумла, соњиби миќдори муайяни ѓалла, чўб барои сохтумон гардида, аз супурдани њама гуна пардохт аз даромад барои панљ сол озод карда мешаванд. Агар бо худ оилаи дигареро оранд, он гоњ аз супурдани њама гуна пардохт ба муддати дањ сол озод карда мешуданд! Имрўз тиљорати шабакавї њамчун воситаи нотакрори таќсими љањонии љараёни пул ба њисоб меравад. Сохтори муќаррарии фурўши мањсулот аз чунин зинањо иборат аст: - Корхонаи тавлидгари мањсулот; - Наќл ба харидори яклухти бузург; - Нигоњ доштани анбори бузурги савдои яклухт; - Саришта кардани њайати менељерони баландмаош; - Боз наќл ба анборњои тиљорати яклухт; - Боз нигоњ доштани анборњои савдои яклухт; - Масрафи наќл ба фурўшгоњњо; - Моњонаи соњибони анборњо ва фурўшандањо ва ѓайра.; - РЕКЛАМА. Дар бораи реклама алоњида суњбат бояд кард. Њоло тавлидот нињоят бисёр аст ва ба харидор гоњо интихоби он колое, ки барояш даркор аст, мушкил мебошад. Агар моли нав пайдо шуда бошад, бе

тарѓиби пайдарњами зиёди бозаргонї умуман савдои он мушкил аст, аммо рекламаи хуб њамеша гарон буду њаст. Масалан, тарѓиби бозаргонии як сония дар шабакањои телевизионњои марказї то 1000 доллар арзиш дорад. Агар нархи молро 100% њисоб кунем, пас миёнаравњо аз рўи њамин наќша то 80% даромадро мегиранд ва ба тавлидгар танњо 20% мемонад... Агар ягон моли нав, ки дар натиљаи коркардњои навтарин, ки бо фаро гирифтани маблаѓгузории илмї, сармоягузории сохтмони корхонањои нав, сехњо, коркарду татбиќи технологияву љорї кардани таљњизоти навтарин, сертификаткунонии молњо аз рўи меъёрњои байналмилалї тавлидот ба даст ояд, пас аз рўи интиќоли классикии дастраскунї ба муштариён нархи мол чанд бошад, ки ба корхона фоида орад? Аз ин хотир, истењсолкунандагони муосир зиёдтар барои фурўши молашон аз Тиљорати шабакавї истифода мекунанд. Дар ин њолат наќшаи силсилањои миёнаравњои зиёд ва рекламаро дистрибютерњои ТШ иљро мекунанд. Дистрибютерњо нафаронеанд, ки њама љињатњои хуби маводи фурўхташавандаро наѓз медонанд, зеро онњо худашон аз ин молњо истифода мебаранд ва колоњоро ба муштариён бо нархи арзоншуда пешнињод мекунанд.

®

Ширкатњое, ки тавассути шабака тиљорат доранд, харољоташон назар ба дигар ширкатњои дар шабака набуда хеле камтар аст. Зеро пеш аз њама њољати кушодани марказњои савдо нест ва барои харидани реклама дар миќёси тамоми мамлакат маблаѓњои њангуфт сарф намешавад, шумораи зиёди менељерони баландмаошро бењуда пул намедињанд. Њамаи ин амалро дистрибютерони мустаќил ба уњда мегиранд. Кўшиши онњо натиљаи хуб медињад. Барои пардохти хидмати ширкатњои миёнарав - дистрибютерњои ширкатњои истењсолкунанда то 60% пули аз фурўши мањсулот ба даст омадаро медињанд. Њамин тавр, мањсулоти нави босифат бо нархи 10% камтар аз тарзи муќаррарии фурўш ё классикї фурўхта мешавад. Боз 10% - и даромади иловагї низ ба њисоби корхонаи истењсолкунанда меравад. Ин маблаѓ барои пўшонидани масрафњо барои васеъ кардани номгўи тавлидоти нав ва љорї кардани технологияи навтарини прогрессивї сарф мешавад. Як чизро њатман бояд таъкид кард, ки тавассути ТШ танњо тавлидоти босифат ба мизољон мерасад. Зеро дар дигар њолат ширкатњои истењсолкунанда ба раќобат тобовар буда наметавонанд. (Давом дорад)


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

БО ШОИР ЊАСРАТ

(Тасаввури симою шахсияти падарам дар њошияи гуфтањои дўстонашон) "Падарам шоир буд" , Шоири кишвари ѓам, Шоири кишвари худ … Ва ѓуруре будаш, Њамчу куњи ватанаш Ва дами шодињо, Гањ ба тайёраи ишќ Ошиќонро ба тамошо мебурд… Ва ду-се сол зи Донишкадаи Ишќ сабаќ њам бигрифт. То ба рўзе, ки бирафт бандагї пеша намуд, Бандаи соѓар буд. Соѓаре буд, ки дар он "акси рухи ёр"-аш дид, Мо њама бехабар аз "шурби мудом"-аш будем. Бехабар љангу љидолаш карда Ва бигуфтем: Дигар бода нанўшї, нашавї масти љунун, Ки њама мардуми дун, Як сабад ханда бароят дорад… Њолиё дар дили мо, хона-хона алам аст, Бонги афсўс дигар беохир, Ки дигар суде нест!!! Ў дигар нест миёни ману мо, Ў шањиде шоир, Ў шањиде дар шеър, Ў шањиде дар ишќ… Ва агар он ки ба ў дошт даме њамнафасї, Мебидонад, ки самимиву заминї њам буд… Ва пасин рўз адў тири ѓазабро ба сари ў мезад, Бегумон ханда ба дил дошту шодї мекард… Ин аён аст барои њама кас, Ки набудаш ба касе буѓзу њасад… Ва табассум дар лаб, Рафт аз олами фонї ба само… Ва њанўз, Зи ѓами маргашу шеъраш, ки буд оѓўштаи анвори кўњистони азиз! Нола дорад куњсор… Тифли Андўњ таваллуд шудаву хоњад мурд. Алам аз њар тарафе забти дили мо дорад… Кулбае сохтам аз оњ дигар, Оњ, бе ту дигарам нест тавоне, дигар, Ки мубориз бишавам, лашкари ѓамро шиканам, Бар сари он ки туро кушт, љарасњо бизанам… Бешаке, наздик аст, Ки маро марги ту мемиронад Ва маро марги ту мегўронад… УМРЕ ДАР САФАР Булаљаб зиндагии дарё аст, Ки њама умр равони рањи фардо бошад. На бинўшад бихўрад на бўяд, Боз њам солиму барљо бошад. "Аљаб аст, ин аљаб аст" , На ба љое биравад дам гирад, Нашавад хаста зи рањ рафтану не дилмонда… Хешро мезанад аз санг ба санг, Њамчу як марди бананг. Нањаросида зи марг, Ба аљал мушту гиребон аст он, Нашавад пир, њама умр љавон аст, љавон… Ва на њаргиз мирад…

Ин дили моро ќароре нест, нест, Базми шодию хуморе нест, нест. Он яке карда басе мардонагї, Дигареро нангу оре нест, нест. Ошиќї њам кори осон гаштааст, Ошиќи муштоќу зоре нест, нест. Бас шиори хушку холї њар куљо, Лек љањдеву нисоре нест, нест. Дилбарон дилдодаи симу заранд, Табъи дил, дардо, ки ёре нест, нест. Чун падар аз бањри ман дар зиндагї, Њамдамеву ѓамгусоре нест, нест. Кишвари дилдодагонро, њасрато, Шањриёро, шањриёре нест, нест.

МАЗЊАБИ ТАНЊОЇ Мардонагї омўзам аз мактаби танњої, Сидќ асту сафову мењр дар матлаби танњої. Бас ќуфли ѓаму ѓусса, бишкастаму бишкастам, Њар шому сањар гуфта, бас ё Раби танњої.

Шањриёр ОЛИМЇ

МАРГИ ШЕЪР ДЎСТАМ ТАНЊОИСТ

ЃУРУРИСТОН

Њолиё, иљоранишини кулбаи танњоиям, Дўстам Танњоист, Саропо лутф аст…

Як сабад оѓўш мехоњад дилам, Бўса нўшонўш мехоњад дилам.

Ва саропо шафќат, На ба кас доштаву дошт њасад, На бадї кард ба кас… Њар ки омад ба дараш, лутфу навозиш кард ў, Ба њама бекасу бечорагї созиш кард ў Ва напурсид касеро, ки ту шањзода ва ё дарвешї Ва напурсид касеро, ки ту бо ман хешї… Њамаро хуш бипазируфт ва њангоми видоъ, Ба њама дод як анбона дуо. Кош, эй кош, к-аз ў њар инсон, Дарси ибрат бипазирад, эй Њаќ, Ва равад љодаи њаќ.

Дар мазори Ишќ аз ашъори худ, Пирањан-рўпўш мехоњад дилам.

ЊАЌНАВАРД Ин дилам муштоќи љому бода аст, Шеър моро ќиблаву саљљода аст. Рўдакї пайѓамбари ишќ асту шеър, Гарчи шеъри ў равону сода аст. Њаќнаварде бас суроѓи шеъри сабз, Рафтаву дар нимарањ љон дода аст. Зиндагиям чун навори мустаќим, Пахш дар ойинаи сарвода аст. Санг андар соњили дарё мудом, Чун нигањбоне ба љо истода аст. Кам бизан лаб бўса аз лабњои ёр, Доми холе бар лабаш бинњода аст. Шањриёри ишќ мегардад забун, Чун ба ёри ховарї дилдода аст.

То шавам масту хароби ишќи ў, Васли оташљўш мехоњад дилам.

Дар Ѓуруристони мардї, Эзадо, Эй басо, кї кўш мехоњад дилам. Баъди омад-омад аз чашмони ёр, Мењрубонї тўш мехоњад дилам. То шањиди ишќ гардад Шањриёр, Аз камонат ѓўш мехоњад дилам.

ЛАШКАРИ ЁД Рафтаиву ёди ту дар дафтари ёдам њанўз, Чењраат чун шед андар ховари ёдам њанўз. Вирди лаб шеъри равонам номи ту дорад, бидон, Хома њам гўйї, ки дорад озари ёдам њанўз.

То чанд њаме болам пеши касу њар нокас, Бо пайравии ќалбам аз мазњаби танњої. Маќсуду мароми мо бо лутфи Худо њосил, Нолам чу дуо гўям андар шаби танњої. Бо мардуми њизби ѓам то он ки шавам сарвар, Дидам њама дам, љоно, тобу таби танњої. Мастона занам ово пеши њама мардона, Нўшида шароби ноб аз машраби танњої.

ФИРОЌИ САБЗ Нек бин, эљоди ман, ишќ аст ишќ, Аз азал бунёди ман, ишќ аст ишќ В-аз фироќи сабз менолам њанўз, Шевану фарёди ман, ишќ аст ишќ. Њамчу Мансурам агар дорам кашанд, "Њар чї бодо бод"-и ман, ишќ аст ишќ. Маст аз рўзи аластам љовидон, То атову зоди ман, ишќ аст ишќ. Чун бињишт Эзад Одамро аз адн… Дарди оташзоди ман, ишќ аст ишќ, Ољиз аст ин аќл андар љодааш, З-ин њаме иршоди ман, ишќ аст ишќ. Дар фарози ќуллайи ихлоси Шеър Ин Суханободи ман, ишќ аст ишќ. Шањриёр андешаи сабзи ту гуфт: Дар дилу дар ёди ман, ишќ аст ишќ.

ЌИЁС Дине, ки ту дорї, њамагї

Дар самову дар замину њар куљо бошї агар, Бањри ту њар шаб барояд ахтари ёдам њанўз. Як нафас ою бубинам, эй тамоми њастиям, Захми њаљру нола дорад пайкари ёдам њанўз. Гиряи хобам бубину ѓуссаи шабњои тор, Бе ту љоно, њаст холї бистари ёдам њанўз. Шањриёро, ѓусса дорад шодиатро сарнагун, Дар набарди ѓам фитода лашкари ёдам њанўз.

пул бошад, Кай огањият зи сўзи булбул бошад. Гар банда надорам зару симе чи аљаб, Зеро ки дилам дар талаби гул бошад.

ЊАМЕШАГЇ Њошо, ки њамеша бодаи ноб хўрам, Мастона ба аќсои љањон тоб хўрам. Хоњам, ки агар њусни ту созам тасвир, Бояд, ки њамешагї ѓами ќоб хўрам.

АФСЎС Њайфо, ки ту дар суроѓи пул мемирї, Парвона ба он чароѓи пул мемирї. Ман аз ѓаму аз сўзи гуле хоњам мурд, Ту бо аламу зи доѓи пул мемирї.


ВОКУНИШ - Мазмуни як ќисмати алоњидаи маќолаи зикргардида асосан ба баррасї накардани њуљљатњои довталаб Њакимов Ш.Ќ. барои ишѓоли вазифаи мудири кафедраи "Фанњои љомеашиносї" дар Шўрои олимони Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М.С.Осимї бахшида шудааст. Дар маќола зикр гардидааст, ки: ".... дар Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї номзадии ўро умуман ба овоз нагузоштаанд". Маврид ба тазаккур аст, ки њуљљатњои пешнињоднамудаи довталаб Њакимов Ш.Ќ. аз љониби аъзоёни Комиссияи экспертї, ки дар назди Шўрои олимони Донишгоњ амал мекунад, хеле даќиќ ва дар асоси талаботњои "Низомномаи озмуни ишѓоли вазифањои њайати профессорону омўзгорони кафедрањои ДТТ ба номи академик М.С.Осимї" мавриди тањлилу омўзиш ќарор дода шудааст. Таљрибаи бисёрсола нишон медињад, ки на њама довталабон (њатто профессорону устодони худи Донишгоњ) барои ишѓоли ин ё он вазифа дар мавриди пешнињоди хуљљатњо ба комиссияи экспертї ва баъдан дар Шўрои олимон ба пирузї ноил мегарданд. Ќарори комиссияи экспертї характери тавсиявї дошта бошад њам дар аксарият њолатњо аъзоёни Шўрои олимон ќарори пешнињоднамудаи кимиссияи экспертиро љонибдорї менамоянд. Чунки аъзоёни комиссияи экспертї аз њисоби устодони ботаљриба ва нафарони бењтарини Шўрои олимон таъин мегарданд. Њуљљатњои довталаб Њакимов Ш.Ќ. пас аз баррасї дар комиссияи экспертї бинобар мувофиќат накардан ба талаботи "Низомномаи озмуни ишѓоли вазифањои њайати профессорону омўзгорони кафедрањои ДТТ ба номи академик М.С.Осимї" барои ворид накардани номзадии довта-

"РАЪЙДИЊЇ БУД..." (Вокуниш ба матлаби "Њуй хўр". Дигарандешони тољик аз куљо нон хўранд?, "Нигоњ" № 19 (452) аз 5-уми августи соли 2015)

лаб ба бюллетени овоздињии пинњонї аз љониби њамаи аъзоёни Шўрои олимони Донишгоњ якдилона овоз дода шудааст. Зиёда аз ин, дар мавриди баррасии њуљљатњои пешнињоднамудаи довталаб Њакимов Ш.Ќ. ба љаласањои кафедраи "Фанњои љомеашиносї" ва Шўрои олимони факултет даъват шуда, дар рафти овоздињии пинњонї шоњид буданд, ки дар кафедра 7 нафар ба тарафдорї ва 12 нафар муќобил ва мутаносибан дар факултет 16 нафар муќобили довталаб ва як нафар тарафдор, овоз додаанд. Дар сурати дар кафедра ва факултет овоз нагирифтани довталаб Њакимов Ш.Ќ. барои ишѓоли вазифаи мудири кафедра, Раёсати Донишгоњ давъват намудани Њакимов Ш.Ќ.-ро ба љаласаи Шўрои олимони Донишгоњ зарур нашуморид. Аз ин лињоз, Раёсати ДТТ ба номи академик М.С.Осимї ќарори ќабулнамудаи Шўрои олимонро аз 07.07.2015 сол асосонок мењисобад. Дар сархати дигари маќола омадааст: ".....Ректор низ аз додани посухи хаттї худдорї намуда, гуфт ки њамаи њуљљатњои аз донишгоњ вобаста бударо гирифтаам ва зарурати навиштани мактуби иловагї нест". Баъд аз навиштани аризаи шикоятии

Њакимов Ш.Ќ. ба унвонии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва бо супориши муассис аз љониби Раёсати Донишгоњ мактуби љавобї тањти К-14/115 аз 27.07.2015 сол бо нишони додани асосњои рад намудани њуљљатњои пешнињоднамудаи Њакимов Ш.Ќ. ирсол гардидааст.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

13

Бо назардошти зикри масоили боло, Раёсати Донишгоњ бо итминони комил зикр менамояд, ки дар мавриди баррасии њуљљатњои довталаб Њакимов Ш.Ќ. барои ишѓоли вазифаи мудири кафедраи "Фанњои љомеашиносї" - и ДТТ ба номи академик М.С.Осимї аз доираи талаботњои Низомнома ва санадњои меъёрии њуќуќии соњаи марбута берун набаромадааст ва ягон хусумат надорад. Дар озмуни эълон намуда аз се нафар довталабон ягон нафарашон овози мусбї нагирифтаанд, ки ин воќеъбинона амал намудани аъзоёни Шўрои олимони донишгоњро нисбати масъалаи зикргардида баён менамояд. Ишора ба роњбарияти њафтанома ва муаллифи маќола: Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимї муддати 60 соли охир барои соњањои мухталифи хољагии халќи кишвари азизамон мутахассисони баландбоя тарбия намуда, обрў ва нуфўзи худро дар байни муассиссањои тањсилоти олии касбї чї дар миќёси љумњурї ва берун аз он пайдо намудааст. Раёсати Донишгоњ барои њамкорињои бисёрљабња бо тамоми ташкилоту муассисањои давлатї ва воњидњои ѓайридавлатї њамеша омода аст. Аз ин лињоз, Раёсати Донишгоњ таъкид менамояд, ки барои амиќ дарк намудани масъалањои бањсталаб ва дар мавриди ишора намудани матолибе, ки дар сањифањои интернетї нашр мешаванд ва аксарияташон асосу воќеият надоранд, бо Донишгоњ њамкорї ва мувофиќа намоед, њамаљониба мувофиќи маќсад мебуд. Њайдар ОДИНАЕВ, ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ АНДОЗ АЗ МАОШ ЧИ ТАРЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Дар шањри Душанбе маоши њадди аќал 800 сомонї муайян шудааст. Дар ќаламрави шањри Душанбе андоз аз даромад ва андози 1% аз маблаѓи 800 сомонї ситонида мешавад. Чаро чунин аст? Дар корхонае, ки ман кор мекунам, маошам 650 сомонї мебошад. Ваќте ман 650 сомонї маош мегирам, чї хел аз меъёри 800 сомонї андоз ситонида мешавад? Одамоне низ њастанд, ки дар корхона дар ним баст кор мекунанд, магар аз онњо њам аз меъёри 800 сомонї андоз мегиранд? Амин СИДДИЌОВ, сокини шањри Душанбе - Бо баробари аз 1 - уми январи соли 2013 мавриди амал ќарор гирифтани Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав талабот оид ба инобат гирифтани музди мењнати миёнаи оморї бекор карда шуд. Музди мењнати кормандони кироя дар асоси шартномаи мењнатї байни корфармо ва корманд бо назардошти риоя намудани талаботи ќонунгузории мењнат муќаррар карда мешавад. Бо маќсади андозбандии андоз аз даромад, музди мењнати воќеии пардохтшавандаи корфармо ба корманд ба инобат гирифта мешавад. Мутобиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон тањти №1493 аз 14.08.2013 њадди аќали музди мењнат дар тамоми соњањои иќтисодиёти мамлакат 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи њадди аќали он 250 сомонї дар як моњ муќаррар гардидааст. Бинобар ин, музди мењнат бояд воќеъбинона бо назардошти шароити бозорї муќаррар карда шавад ва наметавонад аз 250 сомонї кам њисоб карда шавад. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

ЛАТИФА

МАСЪАЛА РЎЗМАРРА АСТ ВАЛЕ … - Корхонаи воњиди давлатии "Хољагии манзилию коммуналї" маќолаи дар њафтаномаи "Нигоњ" №14 (447) аз 1 - уми июли соли 2015 чопшударо, ки "Ман ќабул надорам!" (Пули обро месупорему аз об бенасибем) номгузорї шуда, ба масъалаи бо оби полезї таъмин намудани боѓоти љамоати Ифтихори ноњияи Ашт бахшида шудааст, баррасї намуда, чунин иттилоъ медињад. Масъалаи дар маќола чопшуда дар њаќиќат рўзмарра аст, вале бо оби полезї таъмин намудани тамоми субъектњои мављудаи љумњурї, новобаста ба шакли моликияташон, ба зиммаи Агентии бењдошти замин ва обёрии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст. Аз ин лињоз, хоњишмандем, ки оид ба њалли масъалаи матрањшуда ба Агентии номбурда мурољиат намоед. Бо камоли эњтиром, Алимурод ИСЛОМЗОДА, директори генералии КВД "Хољагии манзилию коммуналї"

БА ЉОЙИ 09 - Роњнамои касбї аз рўи таърихаш ба ќарнњои дур тааллуќ дорад. Талабот ба роњнамоии касбї вобаста ба талаботи љамъият пайдо шудааст, яъне барои касби лашкаркаш ва хаттотро тайёр кардан аввал шахсони ба њамин касб ќобилиятдоштаро људо карда мегирифтанд ва баъд аз хатми тањсили муносиб низ онњо имтињон - пурсиш барои муайян намудани омодагї ба касб мегузаштанд. То ба имрўз соњаи роњнамои касбї мавќеи худро дар љамъият нигоњ доштааст. Шахс, агар касби худро дуруст интихоб намояд, муњаббати ў дар дил нисбати касб зиёд гашта водор месозад, то нозукињои касби интихобкардаи худро бо таваљљуњи зиёд аз худ намояд ва мутахассиси хуб гардад. Аз касбаш обрў ёбад ва шуњратманд гадад. Агар ту дўсти азиз, дар интихоби касби худ мушкилие дорї, мутахассисони Муассисаи давлатии "Маркази љумњуриявии роњнамои касбї" ба ту барои дурусту бошуурона интихоб намудани касб мадад расонида метавонанд ва то кадом андоза аз љињати саломатї, ќобилият, шавќу раѓбат касб ба ту мувофиќ меояд ройгон муайян менамоянд. Нишонии мо: кўчаи Борбад 71, ошёнаи 4. Шуморањои телефон барои тамос: 231- 09 -49 ва 231-16-45.

15

АКСИ ГЎЁ

Њамсояамон Абдулќањњор ба шахсе пул ќарз доду се сол аз пасаш давид. Боре бадќањр шуда, пеши ќарздор омад: - Э бародар! Рањм дорї? Дар ин се сол каси дигар мебуд, кайњо "бачаву набераи" ќарзро бармегардонд! - Дўѓ назан! - паст наомад ќарздор. - Мана рўйхат. Пеш аз ту 15 нафари дигар ба ман ќарз додагї. Агар сахт истї, номатро аз рўйхат мебарорам. *** Як бизнесменро дар мактаб ба њайси омўзгори расмкашї ба кор гирифтанд. Ў ба талабањо супориш медињад: - Дар дарси оянда њама як донагї картошка биёред, чун расмро аз рўи асл мекашем, агар хоњед расм зебо барояд, картошкањои калонкалони бенуќс биёред! Дар дарси оянда њама як донагї картошка мебиёранд. Омўзгор дар рў ба рўи њар як, як донагї мегузорад. Расмкашї шуруъ мешавад. Расмњои кашидашуда ќариб ба картошка монанд буданд. Дар анљоми дарс омўзгор картошкањоро дар борхалтааш меѓундорад, ки беш аз чињил дона буданд ва борои дарси оянда кашидани расми пиёзро супориш медињад. Ногуфта намонад, ки ин омўзгор њар рўз дар чор синф дарси расм мегузаронд.

ХАБАРИ ФАВРЇ

ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

Имрўз дар назди хонаи Афандї љасади мурчаи ноболиѓ ёфт шуд. Мурчаи ноболиѓро Афандї бо табар зада, љасади ўро дар замини њамсояаш бурда мондааст. Њоло Афандї дар њабси пешакї ќарор дорад. *** Яке аз хешони Пулодбойро дар Арабистон раиси радио таъйин карданд, пас аз се рўз ўро аз кор холї карданд. Аз ў пурсиданд, ки чаро туро аз кор холї карданд? Гуфт: - Њељ чї, дар байни азон реклама пахш кардам. *** Чанд сол аст, ки сигор мекашї? - Чил сол. - Ин хел бошад, чаро њамаи ин муддат худат сигор намехарию аз ину он металабї? - Метарсам, ки сигоркашї ба ман одат шуда намонад! Тањияи Нодир ЉОБИРОВ, сокини ноњияи шањри Норак

? - БОБ МУАММОИ НАРХИ БЕНЗИН - Њамин як чизро намефањмам. Ваќте ки як бочка нефт баробари 100 -120$ буд, дар мо бензин 5 сомонї арзиш дошт. Аммо њоло бошад нефт баробари 40 - 45$ шудаасту њоло њам бензин 5 сомонї нарх дорад. Агар мантиќан фикр кунем, бензин бояд 2,5 сомонї шавад. Фаќат дар Тољикистон бо нархи куњнааш фурўхта мешавад? Дар дигар давлатњо њам нархи бензин бо нархи пештарааш фурўхта мешуда бошад ё 2 маротиба камтар шудааст? Муњаммад АМИН, сокини шањри Хуљанд

ШИКОЯТ ФИЛИАЛИ "ТОЉИКСОДИРОТБОНК" МОРО ДАР БА ДАР КАРД - Мо якчанд сокини ноњияи Мастчоњ дар соли 2011 маблаѓњоямонро дар филиали Љаъмияти сањњомии кушодаи "Тољиксодиротбонк" дар ноњияи Мастчоњ њамчун пасандоз гузошта будем ва боварї доштем, ки бо онњо њамкорї карда, ба якдигар фоида меорем. Вале, афсўс, ин тавр нашуд. Маблаѓњои моро кормандони филиали ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар соли 2013 бе иљозати мо гирифта, моро дар ба дару овораю саргардон кардаанд. Њузновараш он аст, ки касе ба доди мо намерасад. Ё намедонем дар Љумњурии Тољикистон риояи њатмии ќонун танњо барои камбаѓалон аст ва риояи ќонун ба мансабдорону пулдорон дахл надорад, ки ба мурољиатњои чандинбораи мо аз маќомотњои дахлдори љумњурї эътибор намедињанд? Оиди рўёнидани маблаѓњоямон мо дар таърихи 4 -уми январи соли 2014 ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон, ба Прокурори генералї ва ба дигар маќомот шикоят кардем. Њамчунин 5 (панљ) маротибаи дигар ба Прокуратураи вилояти Суѓд мурољиат кардем. Вале њамааш бефоида. Бинобар ин аз Шумо рўзноманигорони муњтарам хоњиш дорем, ки шикояти мо љабрдидагони филиали ЉСК "Тољиксодиротбонк" -ро дар нашрияи "Нигоњ" чоп кунед, то њаќ ба њаќдор бирасад. Њамчунин умед дорем, ки пас аз нашри шикояти мо сардори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњуриии Тољикистон љаноби Рустами Эмомалї аз проблемаи ба сарамон омада огоњ шуда, моро аз ин сарсонї рањо мекунанд ва њаќро ба њаќдор мерасонад. Мирзоубайд БАДАЛОВ, Гулмирзо РЎЗИЕВ, Насимбойпочо БОТУРОВА, сокинони дењаи Палдораки љамоати Лангари ноњияи Мастчоњ

ТАЪЗИЯ Кормандони Донишгоњи миллии Тољикистон аз даргузашти АКБАРИ САТТОР, журналисти соњибмактабу соњибрўзнома, инсони шариф, шахси саховатпешаву ёри дармондагон сахт андуўгин буда, ба бозмондагон, пайвандон, шогирдону равандагони роњаш сабри љамил аз даргоњи Худованди мутаол сабри љамил металабанд. Худованд ќабрашро пурнур, хонаи охираташро обод дорад.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №23 (456), 02. 09. 2015

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ЯК ЧАКРА ОБИ САРИ ХОСОР

Худойбердї ХОЛИЌНАЗАРОВ, директори Маркази тањќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон: - Бисёрињо таблиѓ мекунанд, ки Тољикистон дар пањлўи кишвари ноороми Афѓонистон аст, ки њамин омил њам метавонад барои гурезондани сайёњон сабаб шавад. Албатта, ин њам як намуди сабќат аст, зеро њамаи кишварњои Осиёи Марказї мехоњанд, ки туристонро ба худ љалб кунанд. - Худо хоњад, маркази тањќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон ба рекламаи сайёњї гузарад э мебинед да сабќат чї тавр мешавад... Абдунабї САТТОРЗОДА, профессор: - Як вазири Русия низ гуфта буд, барои он ки иќтисоди Русия пеш равад 50 сол зарур аст. Дар ин њолат мову шумо ба куљо, ба кадом умед ва барои чї меравем? Дар марњилаи њозира Иттињоди иќтисодии Авруосиё бештар љанбаи тарѓиботї, сиёсї ва идеологї дорад, на иќтисодї.

Бардоштњо аз сафар ба як гўшаи Тољикистони зебоманзар

- Маълим, серро чї парвои гурусна. Њамин гапатонро ба муњољирини мењнатї гўед. Э безор карданд - да, "кай? Кай?" - гуфта...

Сари Хосор, ба гуфти як тан аз сокинонаш, аз њељ чиз мушкилї надорад, ба љуз роњи мошингузар. Ин мушкил солњост њалли худро наёфта, роње нест, ки Сари Хосор ва дењањои атрофи онро ба маркази ноњияи Балљувон пайвандад. Аз Балљувон то Сари Хосор роњи пурмашаќќатест, ки дар бархе аз нуктањои он баландии об то ба ними автомашинаи ГАЗ-66 ва УАЗ (танњо мошинњое, ки айни замон дар ин роњ мусофиронро бурда меоранд) баробар мешавад. Сари Хосор сарзамини шахсиятњои нодир аст, ки њар яке корномаи худро дорад. Ќиссаву ривоёти љолибу дилангезе дорандин мардум, ки баёнгари таърихи тољикон аст. Кампири Холбибї, ки ба шарофатии ў мо аз ин сарзамини пурфайз дидан кардем, саргузашти аљибу ѓарибе дорад. Рўзу рўзгори ин зани солхурда пур аз шебу фароз ва воќеањои нодиру љолиб аст аст. Соли 1953 бо сиёсати сталинии њамон давра ќисми зиёди мардуми манотиќи гуногуни Тољикистон, аз он љумла водии Сари Хосор ба муњољират гирифтор шуданд. Кампири Холбибї низ дар натиљаи сиёсати муњољиркунии мардуми ин минтаќа ба ѓарибї дучор гашт. Айёми гулгулшукуфии умри ў дар шароити мусофират сипарї шудааст. Аљибаш он аст, ки бинобар наќли худаш бо сабаби пастиву баландињои рўзгор њатто муддати беш аз 60 сол боре њам натавонист, ки аз обу њавои зодгоњаш - дараи Сари Хосор бањра барад, њарчанд, ки солиёни зиёд ин орзу дили ўро реш мекард. Тўли ин муддат ўро танњо ягона орзуву умед ва њасрат "чашидани њамин як чакра оби зодгоњаш" будааст-мегўяд худи ќањрамони мо. Аз ваљоњаташ намудор буд, ки ќалбаш барои њар ќатра обу санги зодгоњаш љўш мезанад. Кампири Холбибї агарчї ба синну сол хеле солхўрда менамояд, вале дар айни њол нињоят бардам ва хушчаќчаќ аст. Мо дар сафар дарк намудем, ки ў њатто азобу машаќќати роњи тоќатфарсои ин диёрро пайхас намекард. Бо расидан ба зодгоњаш нахустин кореро, ки анљом дод, шикасти ташнагии ормонњои беш аз шастсолааш бо оби чашмаи хокдони аљдодї буд. Пас аз нўшидани чанд ќатра об аз чашмаи зодгоњаш ба хотири шукргузорї ба даргоњи Худо дасти дуо боз кард. Агарчи бо гузашти беш аз шаст сол дар ин дења њељ як бино ва њатто харобазоре њам боќї намондааст, вале кампири Холбибї њар як кунљу канори ин маконро нуќта ба нуќта медонист ва наќл мекард. Чаро ки муњаббати модарзодии ин хоку диёр дар ќалбаш хуб маскан гирифтааст. Воќеан дидани ин сањна на танњо ба мо, балки барои бошандагони мавзеи Булѓурии дењаи Шањидон (ба таъбири мардуми он љо, Шайдон) низ аљиб ва як дарси пурманфиат њам буд... Палангкуш Бобои Љоншоњ, марди шарафманди ин диёр аст, ки зиндагиаш пур аз корнамоиву мардонагист. Нафарест, ки миёни кўњњои сар ба афлоки Сари Хосор иќомат мекунад, бо нанги худ, бо виќори худ бо шаъну мардонагии худ. Бобои Љоншоњ зодаи мавзеи Булѓурии дењаи Шањидон аст. Хуни нофаш миёни кўњњои сарбаланди Сари Хосор рехтааст ва дар корзори набардњои зиндагї аз кўдакї ин љо часпу талош варзидааст. Ваќте аз рўзгори тифлиаш ќисса мекунад, эњсос мекунї, ки чизе гулу-

Филлип РИДДЛ, рањбари иљроияи ташкилоти миллии сайёњии Шотландия: - Агар Тољикистонро дар муќоиса бо Шотландия бигирем, њарчанд ин кишвар ба маротиб хурдтар аз Тољикистон аст, аммо бо ин вуљуд, тавонистааст имкониятњои сайёњиро хуб истифода кунад. Даромади солонааш аз ин соња 8 миллирадро ташкил мекунад. Пас, њамин таваќќуъро метавон аз Тољикистон низ дошт.

яшро мефишорад, ќабза мекунад. Рўзгораш воќеан сањнаи диловарию ќањрамонист. Бобои Љоншоњ ва њамаи авлоду аљдодашро низ замоне дар натиљаи сиёсати ваќт ба ноњияњои сарњадии њамон давра иљборан муњољир карда буданд. Он љо мардум, Бобои Љоншоњ ва муњољирони дигар ба азияту уќубати зиёде гирифтор шуданд. Наќл мекунанд, ки аксари мардуме, ки иљборан ба муњољират фиристода мешуданд, баъдтар боз ба зодгоњи худ, ба хокдони бобої бармегаштанд. Ќањрамони моро низ мењри диёру зодгоњ дар ќалбаш љўш зад. Бањри ободии марзањои бобої роњ пеш гирифт боз ба сўйи Булѓурї. Ўро ин љо боз зиндагии дубора, зиндагии навин рўбарў шуд. Гўё боз њамаро аз сифр оѓоз кард. Ќиссањои ў ќиссањои марди њаќиќиянд. Бобои Љоншоњ худ паланги нуњуфтаи ин бешаи зиндагист. Ўро мардуми ин диёр њатто ба таъбири худ "кундаи давлат" ном мебаранд. Ќиссаи палангкушии Бобои Љоншоњ ёдамон омад. Бобои Љоншоњ ваќте, ки ин љоро баъди бозгашт аз муњољират обод кард, њайвонњои вањшї ба чорво ва полизњояш зиён меоварданд. Аз ин рў, шабона даруни марзаю љўйборњо хоб мекард. Шабе ба оѓилхонаи рамааш њайвони вањшие њуљум мекунад. Аз овози пурталотуми чорпоён чизеро пай бурда, зуд худро ба он љо мезанад. Дар зулмати шаб чизеро дидан душвор буд. Амо Бобои Љоншоњ бо панљањои пањлавониаш аз њалќуми њайвони бегонае медорад. Ин ду "пањлавон" хеле бо њам часпу талош мекунанд. Бобои Љоншоњ ѓолиб меояд, чунки ангуштони нохуну чанголи ў гардани он њайвонро то ба људо шудан фишор дода буд. Пас аз дамидани субњ муайян карданд, ки он њайвон паланг будаасту худи пањлавон Бобои Љоншоњ низ хеле захмї шудааст. Ќиссањои мардонагии ин марди шариф аз мардонагии Восеъи таърихие, ки низ зодаи ин сарзамин аст, ёдоварї мекунанд. Маскани Бобои Љоншоњ љоест, ки сари роњи зоирини мазори Њазрати Шоњи Якќоша аст. Зиёратгаронро доим бо мењмоннавозии хоси мардуми кўњистон истиќбол мекунад, обу нон медињад ва бо сари баланд гусел мекунад. Зиндагии Бобои Љоншоњ њам ишќ дораду њам кор ва њам ор. Бо ин њама нангу ору номуси кўхистонї Бобои Љоншоњ якљоя бо шарики якумриаш Сабзагул дањ фарзандро ба дунё овардаанд. Фарзандон имрўз њар кадоме пайи кору пайкори худанд ва Бобои Љоншоњ имрўз дар сояи фарзандону набераву аберагон, ки шумораашон ба панљоњ мерасад, давлати пирї меронад. Сари Хосор аз нуќтањои зеботарини Љумњурии Тољикистон шинохта шудааст. Бахусус шаршараи азиме, ки бо баландии беш аз 50 метр дар наздикии дењаи Муллоконии ин мавзеъ љойгир аст, њамасола ќадамгоњи садњо нафар сайёњони ватаниву хориљї гардидааст ва он рўз њам дур нест, ки њукумат њатман бањри њалли мушкили роњи мошингарди ин мањал тасмимеро рўйи даст мегирад.

Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 900 22 33 85

Ќамариддин ОДИНАЕВ, Комрон ЉУМЪАЕВ, Фаридуни УМАРБЕК Душанбе - Сари Хосор - Душанбе

- Бародар, ин Тољикистони моро Кувайт њам гуфтанду Шветсарияву ана бо Шотландия њам муќоиса мекунанд. Рўз ба рўз гарм шусос, Африка шуда наравем гўед? Мунира ИНОЯТОВА, вазири пешини маорифи Тољикистон: - Танњо дар он њолат метавон ба дастрасии баробарии њар ду ќишр ба маълумоти олї муваффаќ шуд, ки агар барои интихоби донишљўён ба макотиби олї мониторинги босифат пайдо шавад. Чунин мониторингро афроде бояд ташкил кунанд, ки манфиати шахсиро пас аз манфиати љамъиятї мегузоранд. Зеро Тољиикистон давлати хурд њаст ва хоњ нохоњ хешу таборбозї вуљуд дорад. - Балоторинг кунед, ки њамин тавр буд, њаст ва хоњад монд. Балогир шуданаш даркор... Виктор НИКИТЮК, сафири Украина дар Тољикистон: - Ояндаи Украина дар Иттињоди Аврупо аст. Таљовузкор муваќќатан Ќримро ишѓол кард, низомиён ва аслињаи вазнинро ба Донбасс фиристода, људоихоњон ва зархаридонро љонибдорї мекунад. Љањони ботамаддун аннексияи Ќрим ва Севастополро њеч гоњ эътироф нахоњад кард. - А Путин - ако бошанд, "даренному коню в зуби не смотрят", гуфта, кори худашонро карда гаштиян. Диданд, ки "љањони ботамаддун" рўзи Ироќу Сурияро ва Украинаи Шуморо њам, љаноби сафир, ба балои бад гирифтор кард...

Њикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, узви Раёсати ЊНИТ: - Рўзе мерасаду боз аз сари нав, мисле, ки соли 1992 агар ЊНИТ-ро бастанд, боз соли 1997 онро на мо, балки худашон боз кушоданд, мањз боз бо њамин дастњо кушода мешавем. Вале муњлаташ кай аст, чизе гуфта наметавонам. - Ње, биё, брем ба Сангирон, эъ... Туркия љои мувофиќ њамунљаст...

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.