"Њисси шашум"-и Шоњиён
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
1
Чаро низоми бисёрњизбї масхарае беш нест? САЊИФАИ 5 №24 (352). Чоршанбе, 4-уми сентябри соли 2013
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛЇ
"КОРВОН" БАЪДИ ЯК СОЛ: ОТАШ ХОМЎШ НАШУДААСТ?
Коррупсия аз Сингапур то мо САЊИФАЊОИ 8-9
ФАРЌИ МО АЗ УЗБАКЊО
Њукумати кишвар! Марњамат ба Эсанбой! САЊИФАИ 13
АДОЛАТИ МУРДА
Шикояти адвокати ноболиѓи таљовузшуда аз Прокуратураи генералї
САЊИФАИ 11
КОМИЛАН ЉИДДЇ
Бонувони тиллої ва њукумати ќоѓазпеч САЊИФАИ 16
ТАБИАТАН ОППОЗИТСИОНЕРАМ 10-уми сентябр журналист Абдуќаюми Ќаюмзод, яке аз муаллифони доимии "Нигоњ" 46 - сола мешавад. Як соли ахир ў расонаитарин хабарнигори тољик буд. Ўро, ки дар Радиои "Озодї" кор мекард, аз кор озод карданд. Вазорати корњои хориљии Тољикистон сабти ном ё акредитатсияи ўро тамдид накард. Бо гузашти ваќт худи радио њам, ба ќавле, аз ў халос шуд...
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
Аз сўхтор дар бозори калонтарини пойтахт, ки беш аз ду њазор соњибкори норозиро ба кўчаву хиёбонњои шањри Душанбе афганд, расо як сол гузашт. Расо як сол пеш, њодисае, ки то њол омилонашро маќомоти прокуратураи Тољикистон ошкору эълон накардаанд, боиси љиддитарин ташвиши њукумат дар дањсолаи ахир шуда буд. Шоми 5-уми сентябри соли 2012 ќисми яклухтфурўшии Бозори "Корвон" оташ гирифт. Сўхтор ќариб як шабонарўз идома кард. Молу ашёи беш аз ду њазор дукони пурбор хокистар шуданд. Он шом сутунпояњои оњании корхонаи саноатї дар ноњияи Рўдакї, ки бо касофати љанги шањрвандї ба бозори бесарусомоне бо номи "Корвон" табдил ёфта буд, аз гармї тоб наоварда хам мешуданд, ба замин мерехтанд. Контейнерњои филизї бо молу коло дар коми ин аждањо, ки беш аз 150 метр ќад алам карда буд, чун њалво гудохта мешуданд. Милисаборон, мошинњои ёрии таъљилї ба навбат осебдидагони сўхторро мебурданд, доду вой, имдодталабї, сактаи дил... Касоне дар фикри торољи дуконњо, гурезогурез, пурсупоси кормандони милиса... Расман гуфтанд, дар ин њодиса як нафар њалок шуду молу колои беш аз ду њазор соњибкори ин бозор ба коми оташ фурў рафт. 5-уми сентябри соли гузашта, баъди њудудан дањ соли оромиву субот дар ин кишвар, њукумат дар пойтахт шояд нахустин бор дар муќобили одамони воќеї ќарор гирифта буд, ки рўирост ба онњо норизої баён мекарданд. Онњо њаќќи худро талаб мекарданд. Мехостанд зараре, ки ба онњо аз ин сўхтор расид, љуброн шавад. Онњо дигар чизеро шунидан намехостанд... Онњоро бо њабсу боздошту завлона тарсонда намешуд...
Расо як сол пеш... Издињоми беш аз њазорнафараи тољирони бозори сўхтаи "Корвон" наздики бинои Сирки давлатии Тољикистон расидаанд. Мардуми норозї, барои талаби шарњи сабабњои сўхтор дар бозори "Корвон" ба њукумати шањри Душанбе ё "Ќасри президент" равон буданд. Беш аз 1000 фурўшанда аз субњ назди дари маъмурияти бозор љамъ омада буданд. Онњо талаб карданд, ки сабабњои сўхтор ва дуздии моликияти онњоро шарњ бидињанд.
БО МАРДУМ
Дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, гурўњи беш аз 200-нафараи милиса кўшиши пароканда намудани тазоњуротчиёнро карданд. Мардуми норозї, њар замон садо баланд мекарданд, ки ба назди "Ќасри президент" ё шањдорї мераванд. Касе аз роњбарияти бозор назди онњо набаромада буд. Норизогии мардум на танњо аз сўхтор, ва хисороти он, балки аз шеваи бархурди маќомот ба њодиса, масъулини бозор, ки аз тарс шояд роњи гурез аз кишварро мељустанд ва њодисањои дуздї њангоми сўхтор меафзуд. Вазорати корњои дохилї гуфт, љасади 3 нафар ќурбониёни ин оташсўзї ёфт шуда-
асту теъдоди љароњатбардоштањо њанўз маълум нест. Сабабњои сар задани сўхторро истифодаи нодурусти ноќилњои барќї унвон карданд. Баъд тазоњуротгарон ба ду гуруњ таќсим шуданд. Маќомоти милиса дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, наздикии "Текстил" як нафар зан ва чандин тољирони љавонро бо чўбдаст лату кўб кардаанд. Хабарнигори TojNews аз љойи њодиса иттилоъ дод, ки ин зан дар даст тифл дошт... Њукумати шањр зуд фањмид, ки њодиса метавонад аз доираи контрол берун шавад. Бинобар ин милиса гирдињамомадагонро зўран ба автобус шинонда, ба љойи њодиса мекашонд. Дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, ки тазоњуркунандагони бозори "Корвон"-ро маќомот корњои дохилї базўр нигоњ медоштанд, издињом дудила шуд. Як гурўњ баъди ваъдаи њалли ќазия аз паси Мањмадсаид Убайдуллоев, мири шањри Душанбе ба бозори "Корвон" рафтанд. Гурўњи дигар роњи худро ба сўйи њукумати шањр идома доданд, ки ба латукўб аз љониби милиса рў ба рў шуданд. Милиса кўшиш мекард, љавононро аз сафи тазоњуркунандагон берун кунад...
Ваъдаи њукумат, ё фиреби мардум Мардуме, ки чандин бор дар пайи сўхторњо зарар дида буд ва медонист, ки ин даъфа низ бо тамоми мушкилоташ танњои танњо хоњад монд. Аммо ин даъфа њаљми зарар аз њад зиёд - миёншикан буд. Илољи ягона дар ин вазъ њалли мушкили мардум буд. Њукумати шањр зуд тасмим гирифт. Шашуми сентябри соли 2012, њанўз тасфи лахчањои он чї аз ќисми яклухтфурўшии Бозори "Корвон" монда буд, сард на-
«
шуда, шахрдори Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев ба ин бозор рафт ва бо тољирони љабрдида суњбат кард. Вай бо баландгўяк болои мошини боркаш истода, ба тазоњуротгарон ваъда дод, ки то барпо намудани фаъолияти нави соњибкорї ва ќомат рост кардани соњибкорон, њељ кас аз соњибкорон, андоз, пули иљора, патент, чек, пули посбон намегирад. Њамчунин ба гирдињамомадагон ваъда доданд, ки ќарзи соњибкорон аз бонку ташкилотњои ќарзї аз 30 то 50 фоиз бахшида мешаваду муњлати баргардонидани ќарзи онњо њадди аќалл то ба 1 сол тамдид шуда, бонку ташкилотњои ќарзї аз соњибкорони зарардидаи ин сўхтор фоизи ќарзашонро намеситонанд. Мири шањр бо сарзаниш аз соњибмулкони Бозори "Корвон" зоњиран хеле љиддї рафтор мекард. Масалан, Ситоди тафтишоти иллатњои сар задани сўхтор бо роњбарии муовини Прокурори генералии Тољикистон Воњидов Њ. С. ташкил шуда буд. Дар асоси як љаласа, ки 13-уми октябри соли гузашта дар бинои њукумати шањри Душанбе бо иштироки соњибкорони зарардидаи "Корвон", роњбарияти ин бозор ва масъулин баргузор шуд, ќарори раиси шањри Душанбе ќабул шуд, ки дар он аз љумла гуфта мешуд: "...Сарнавишти минбаъдаи Бозори "Корвон" мутобиќ ба наќшаи генералии шањри Душанбе њаллу фасл мегардад. Минбаъд љињати пешгирии њолатњои мушобењ ва муњайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти тиљорати соњибкорон дар ЉДММ "Бозори Корвон" усули риояи њатмии волоияти ќонун ба роњ монда шавад." Аз њамин љумла дар протоколи маљлис маълум аст, ки њукумат масъалаи бартараф кардани ин бозорро дар сар дошт. То
Беш аз 1000 фурўшанда аз субњ назди дари маъмурияти бозор љамъ омада буданд. Онњо талаб карданд, ки сабабњои сўхтор ва дуздии моликияти онњоро шарњ бидињанд. Дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, гурўњи беш аз 200нафараи милиса кўшиши пароканда намудани тазоњуротчиёнро карданд. Мардуми норозї, њар замон садо баланд мекарданд, ки ба назди "Ќасри президент" ё шањдорї мераванд.
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
БО СЎХТАЊО
3
"КОРВОН" БАЪДИ ЯК СОЛ: ОТАШ ХОМЎШ НАШУДААСТ? њамин дараља вазъ роњбарияти пойтахтро ба ѓазаб оварда буд. Ба назар чунин менамуд, ки соњибкорони зарардида метавонанд умуман ташвиш накашанд, чунки њатто дўконњои онњо аз њисоби бозор таъмир хоњад шуд. Он ваќт касе, бахусус соњибкорони "сўхта", ба гўшаи хаёл оварда наметавонистанд, ки аксари ин ваъдањо танњо дар коѓаз мемонанд. Дар њамин ќарори раиси шањри Душанбе Бонки милли Тољикистон муваззаф шудааст, ки ба бахшидани аз 30 то 50 дар сади ќарзи соњибкоронро аз љониби бонку ташкилоти ќарзї мусоидат намояд.
Кї аз ваъда саркашї кард? Дере нагузашта Бонки миллии Тољикистон дар асоси њамин ќарори раиси шањр ба бонк ва ташкилотњои ќарзие, ки ба соњибкорони зарардидаи "Корвон" ќарз додаанд, мурољиат кард. Аммо ягон бонк ё ташкилоти ќарзї супориши њукумати шањрро дар бораи бахшидани аз 30 то 50 дарсади ќарзи соњибкорони зарардида то имрўз иљро накардааст. Масалан, дар мактуби Бонки миллии Тољикистон ба "Тољиксодиротбонк" чунин навишта шудааст: "1. Муњлати пардохти ќарзи асосї ва фоизи њисобшуда аз рўи он барои соњибкорони мазкур то 1-уми марти соли 2013 тамдид карда шавад. 2. Ситонидани њар гуна љарима, њаќќи хизмати иловагї ва дигар пардохтњое, ки аз рўи таѓйир додани ўњдадорињои шартномавї сурат мегиранд, татбиќ нашаванд." Чунин мактуб бо номи соњибкори мушаххас ба ташкилотњои ќарзї ирсол шудааст. Бонки миллї бо ташкилоти ќарзї мурољиат кардааст, аммо дар ин мурољиат дар хусуси бахшидани аз 30 то 50 дарсади ќарз сухан намеравад. Танњо дар бораи тамдиди муњлати пардохти ќарз ба муњлати шаш моњ мурољиат шудаасту халос. Инро мардуми мо њилаи шаръї меноманд. Ба ин мактуби Бонки миллї "Тољиксодиротбонк" ба њамин мазмун посух додааст, ки Кумитаи ќарзии "Тољиксодиротбонк" наметавонад фоизи ќарзњоро аз соњибкор наситонад. Ба ивази ин, ташкилоти ќарзї фоизи солонаи ќарзро, ки 30%-ро ташкил медод, ба 3% коњиш додааст. Њамчунин муњлати пардохти ќарзро ба 12 моњ тамдид карда, ин ташкилоти ќарзї њисоби љаримаи мизољонашро ќатъ кардааст. Ба мурољиати њукумати шањри Душанбе дар бораи бахшидани ќарзи соњибкорони зарардидаи "Корвон", "Аввалин бонки молиявии хурд", ки сањњоми асосияш Хазинаи Оѓохони Тољикистон аст, гуфтааст, 30 нафар соњибкорони зарардида дар сўхтори "Корвон" 5-уми сентябри соли гузашта мизољони ин ташкилотанд. Ќарзи ин соњибкорон аз ин ташкилот дар умум камтар аз 2 милион сомониро ташкил додааст. "Аввалин бонки молиявии хурд" тавонистааст муњлати пардохти ќарзи мизољонашро то 13 моњ тамдид кунад ва ба 12 моњ онњоро аз пардохти њамагуна пардохтњо озод намояд. Аммо ба бахшидани ќисме аз ќарз, куљо расад ба 30, ё 50 дар сади он ташкилот ѓайрат надорад. Њиммати Шоњкарим Оѓохони 4 хамин будааст. Аз эњтиро-
«
"Тољиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" то љое огоњї дорам муштариёни зарардида аз сўхторашонро дастгирї карда, то як муддат муњлати баргардонидани ќарзи онњоро тамдид карданд. Аммо ташкилоти ќарзии хориљї ба монанди "Аксесбонк", "Эсхата" натанњо муњлати баргардонидани ќарзро тамдид накарданд, фоизи ќарзњоро лаѓв њам накарданд, балки аз соњибкорони зарардидаро барои дер супоридани ќарз ва фоизњои он љарима намуданд, -изњор дошт бонуи Мавлонова.
«
ми ин ташкилот нисбати касеву чизе гуфтан њољат њам надорад. Дар њоли њозир соњибкорони зарардидаи "Корвон" нигаронї мекунанд, ки тариќи радиои дохилии бозор роњбарият эълон кардааст, ки маблаѓи патент ва андозро бояд аз моњи январи соли љорї супоранд.
Кї гунањгор? Њалима Мавлонова, раиси ЉДММ "Корвон" мегўяд, Мањмадсаид Убайдуллоев, њамчун раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо соњибкорону савдогарони зарардида дидор намуда, арзу шикоятњояшонро шунид ва ќавл дод, ки савдогарони зарардида аз баъзе пардохтњо озод карда мешаванд: - Дар њамон њамоиш муовини аввали раиси Бонки миллии Тољикистон њузур доштанд. Ба ў супориш доданд, ки вобаста аз шароитњои мављудбуда то як муддати муайяне соњибкороне, ки аз бонку ташкилотњои молї ќарз гирифтаанд, муњлати баргардонидани ќарзи онњо дароз ва фои-
зи љамъшудаи ќарзи онњо лаѓв шавад. "Тољиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" то љое огоњї дорам муштариёни зарардида аз сўхторашонро дастгирї карда, то як муддат муњлати баргардонидани ќарзи онњоро тамдид карданд. Аммо ташкилоти ќарзии хориљї ба монанди "Аксесбонк", "Эсхата" натанњо муњлати баргардонидани ќарзро тамдид накарданд, фоизи ќарзњоро лаѓв њам накарданд, балки аз соњибкорони зарардидаро барои дер супоридани ќарз ва фоизњои он љарима намуданд, -изњор дошт бонуи Мавлонова. Ба саволи мо вобаста ба ин масъала киё Абдуљаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тољикистон гуфт, ки аз назари корбарї, аз њисоби муассисањои бонкї ва ташкилотњои ќарзї пўшонидани зарари соњибкорон салоњи кор нест. Бояд ба ин кор ширкатњои суѓуртавї машѓул мешуданд. Аммо, мутаасифона, аз сабаби суѓурта накардани молу амвол аз љониби соњибкорони ин бозор онњо зарари гушношунид диданд. Дар тамоми љањон
ба ин корњо ширкатњои суѓуртавї љалб карда мешаванд, на бонку ташкилотњои ќарзї. Ширинов афзуд, ки танњо иддаи ками соњибкорони ин бозор молу амволашонро суѓурта карда буданд. Онњо муваффаќ шуданд зарари молии ба сабаби сўхтор ба амал омадаро љуброн кунанд. -Аксари зарардидагони бозори "Корвон" дар натиљаи сўхтори соли гузашта аз "Акксесбонк" ва "Фононбонк" ќарз гирифта буданд. Соњибкорони ин бозор муштариёни дигар бонкњо низ буданд, аммо камтар, илова намуд раиси Бонки миллии Тољикистон. Ин љо кї гунањгор аст? Киро метавон ба њодисаи сўхтор дар бозори калонтарини пойтахт "Корвон" айбдор кард? Роњбарияти бозорро? Барои он ки шароити бозорро тибќи ќонун таъмин накардааст? Соњибкоронро, барои он ки молашонро суѓарта накардаанд? Бонкњоро, ки супориши њукумати шањрро иљро намекунанд? Ё шояд як зани афсонавии сатрпўшеро, ки камерањои назоратии бозор гўё оташзании растањои бозорро аз љониби ин зан ба навор гирифта тавонистанд? Ё шояд посбонњои бозорро, ки ин сабтро баъди хокистар шудани молу колои беш аз 2 њазор нафар диданд? Киро? Ба њар њол бо фиребу футбол кардани аризаи мардуми норозї аз як дар ба дари дигар, аз як маќомот ба маќомоти дигар, наметавон мушкилро њал кард? Аммо бояд! Лахчаи сўхтори "Корвон" њанўз хомўш нашудааст. Ба њар сурат, он рўзе дар дили аламзадаи ин соњибкорон аланга хоњад гирифт... Бошад, ки дер нашавад. Фаридун РАЊНАВАРД
4
НАРЕЗОНДАВУ НАЧАКОНДА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
Дар Боздоштгоњи муассисаи ислоњии вилояти Суѓд наздик ба ду моњ аст, ки мурофиаи судии мањбусон Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома дорад. Њадаф ошкор кардани омилони дискњоест, ки дар онњо гўё мањбусони аз мањбаси Душанбе ба Хуљанд интиќолёфта мавриди шиканља ќарор гирифтаанд. Прокуратура Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошевро гунањкор медонад.
ШОЊИДИ МАДЊУШ Гузориш аз мурофиаи судї дар СИЗО - и шањри Хуљанд 30 август, соати 9.30 даќиќа мурофиаи навбатї шуруъ шуд. Судя Улуѓбек Мустафоќулов шоњиди аввал Фирўз Хољамуродовро ба толор хонд. Шоњид калавида - калавида вориди толор шуд. Аз роњгардї ва нигоњаш маълум буд, ки биноии чашмонаш хуб нест. Ба назар мерасид, шоњид дар њолати мадњушї ќарор дорад. Ба суолњои судя хеле бемадорона паст ва канда-канда љавоб медод, њатто мекалавид ва рўи трибуна ё минбар ба ду даст сахт такя дошт. Фирўз бо дастонаш Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро "унаму" гуфта нишон медод. "Унаму" - гўён дасташро рост тарафи Ризоев ва Тошев мекард, аммо номашро ба ёд оварда наметавонист. Аз сабаби он, ки канда-канда ва бо овози гирифта њарф мезад, њарфашро шунида намешуд. Бо вуљуди дархости вакилони дифоъ ва судя, ки баланд гап занад, ба худ наомад. Њатто номи онњоро њам ба забон оварда наметавонист. Муфатиши давлатї Рауфхон Алиев ба Фирўз ќариб ки суол надод. Файзинисо Воњидова, вакили дифоъи Садриддин Тошев ва Абубакр Ќулматов, вакили дифоъи Сунаттулло Ризоев ба шоњид чанд суол доданд, аммо мухотаб њатто дарк намекард, ки чї шунид ва чї бояд гўяд. Ба нишондодњояш дар парванда мухолиф њарф мезад. Файзинисо Воњидова аз судя хоњиш кард, ки нишондодњои Фирўзро њангоми тафтишот хонад. Баъди шунидани нишондодњо, Воњидова аз Фирўз пурсид, ки оё нишондодњои дар тафтишот додаатро тасдиќ мекунї? Шоњид "бале" гуфт, аммо баъди суоли навбатї, ки чаро бо нишондоди дар суд додаат мухолифат мекунад, Фирўз бо калавидан ва чашмони, ба истилоњ, хеле хуморї гуфт, ки ту њам он љо бошї, девона мешавї. Фирўз дар рафти тафтишот шоњидї додааст, ки мањбусон ба якдигар љароњат расонданд. Дар суд бошад гуфт, ки њар яки онњо худашон ба худашон љароњат расонданд. Мухолифати нишондодњояшро бартараф карда натавонист. Файзинисо Воњидова мегўяд, ки ман то њол дар як мавќеъ мебошам, ки ў дар њолати мадњушї буд. Фирўз дигар ба суолњои вакилони дифоъ "девонаї" гуфта посух медод ва рушан буд, ки дигар маљоли рост истодан надорад. Вакилони дифоъ таќозо карданд, ки барои ў ба толор табиб оварда ва бадани шоњид аз назорат гузаронида шавад, то мабодо пайи сузандору намонад. Табиб омад, аммо пайи сузандору ёфт нашуд. Бо ин вуљуд вакилони дифоъ талаб карданд, ки аз Раёсати назорати маводи мухадири вилоят нарколог оранд,
«
Ин шоњид, ки дар рў ба рўяш Диловар Арабов, сардори муассисаи 3\3-и шањри Хуљанд, подполковники адлия, нафаре, ки гуё мањбусонро бо фармони вай мавриди латукўб ва шиканља ќарор додаанд, менишаст, гуфт, Арабов барои баёноте ба рўяш 3 - 4 шаппотї задааст. Њамчунин иќрор шуд, ки њангоми тафтишот ва љавоб додан ба суолњои муфаттиши давлатї Диловар Арабов њам будааст.
то хуни шоњид ташхис шавад ва баъдан ба вай суол хоњанд дод. Бад-ин тартиб, шоњиди дуввум ва севвум - Неъматулло Давлатов ва Илњом Рустамов њам пурсида шуданд. Аммо ин ду аз суд талаб карданд, ки дар сурати бо вакили дифоъ таъмин шудан њаќиќатро хоњанд гуфт.
Шоњиди рањгум? Шоњиди чорум њам пурсида шуд. Вай мегуфт, ки дар каратин шабона навбатдорї доштааст ва Неъматулло (яке аз шоњидони дар боло зикршуда) аз вай хоњиш кардааст, ки рафта аз дасти Фирўз шоњиди аввалї аз карантин телефонро гирифта оварад. Ин амалиёт соати 5.20 субњ гўё сурат гирифта бошад. Аввал гуфт, ба назди Фирўз рафта, як чизи латтапечро гирифта оварда, ба Неъматулло додааст. Аммо баъдан ба суоли вакил Файзинисо Воњидова гуфт, ки Фирўзро гирифта, ба назди Неъматулло овардааст. Айбдоршаванда Сунатулло Ризоев бо иљозати судя аз шоњиди чорум пурсид, ки "Шумо мегўед, соати 5.10 ё 5.20 - и субњ Фирўзро ба назди Неъматулло бурдед, Фирўз куљо буд, дар њоле, ки дари карантин соати дањ то кам 6.00 - и субњ кушода мешавад?" Шоњид гуфт, ки Фирўз дар майдони варзишї ќарор дошт ва ман ўро аз он љо гирифта бурдам. Аммо Ризоев аз ин суол ќонеъ нашуда, гуфт, ки варзиши пагоњирўзї њар субњ соати дањто кам шаш шуруъ мешавад ва њељ кас њуќуќ надорад то ин ваќт дари карантинро кушояд. Шоњид дигар худро гум кард ва соати аввал нишондодаашро ба 5.30 даќиќа таѓйир дод. Ба ин суол, ки чаро Фирўзро бидуни иљозат аз карантин гузаронидааст, љавоб дода наметавонист. Садриддин Тошев њам ба шоњиди чорум суол дод, ки "дари карантин ё мањбусони аз Душанбе интиќолдодашударо соати 5.50 даќиќа танњо афсари муассиса њуќуќи кушодан дорад, аммо Шумо чї хел Фирўзро дар сањни майдони варзиш-
рантин ё шуъбаи мутобиќгардонї њолати латукўб бо дубинка љой дорад. Вай гуфт, ки ин одати муассиса аст, ки њар касе ба муассиса ворид мешавад ба шўъбаи мутобиќгардони љойгир карда ва њатто ўро чунон зада буданд, ки то њол аз ёдаш намеравад...
«
гоњ пагоњирўзї ёфта, бурдед?" Шоњид боз њам ба роњгумї афтод ва гуфт, ки вайро аз дохили карантин берун баровардааст. Нишондодњое, ки шоњиди чорум дар рафти мурофиа медод, ба нишондодњои ба муфаттиш додааш рост намеомаданд. Файзинисо Воњидова аз судя дубора хоњиш кард, то нишондодњои шоњиди чорум аз парванда хонда шавад. Ваќте хонда шуд, Воњидова ба шоњид гуфт, ба ин нукта - дар парванда ба муфатиш гуфтааст, ки телефонро аз Фирўз гирифта, ба Неъматулло додааст, аммо њоло дар суд гуфт, ки як чизи латапечро оварда додааст ва Фирўзро гирифта, ба назди Неъматулло бурдааст - фарќ гузорад. Зеро шоњид мегуфт, ки чизи латапечро бурда буд, аммо намедонист, ки дар дохилаш чї аст?
Шоњиди озод Навбат ба шоњиди охирин, собиќ мањбусе, ки бо љурми узвият дар Њизби тањрир мањкум шуда буд, расид. Баъди садо кардани судя 10 даќиќа пас ворид шуд. Ин шоњид, ки дар рў ба рўяш Диловар Арабов, сардори муассисаи 3\3-и шањри Хуљанд, подполковники адлия, нафаре, ки гуё мањбусонро бо фармони вай мавриди латукўб ва шиканља ќарор додаанд, менишаст, гуфт, Арабов барои баёноте ба рўяш 3 - 4 шаппотї задааст. Њамчунин иќрор шуд, ки њангоми тафтишот ва љавоб додан ба суолњои муфаттиши давлатї Диловар Арабов њам будааст. Нишондоде, ки ќонунї будани тафтишоти парвандаро зери суол мебурд, зеро муфаттиш, аз рўи гапи ин шоњид, дар њузури нафаре, ки дар шиканља кардани мањбусони аз Душанбе интиќолёфта айбдор дониста мешавад, шоњидонро пурсидааст! Илова бар ин шоњид иќрор шуд, ки њангоми овардан ё интиќоли мањбусони нав ба ин муассиса онњо мавриди мутобиќгардонї ё латукўб ќарор мегиранд. Арабовро њам таъриф мекард. Аммо тасдиќ кард, ки дар ка-
"Гоша" Ќабл аз анљоми мурофиаи ќисмати аввал Садриддин Тошев аз судя дархости хаттї кард, ки ваќти онњоро аз Душанбе овардан ва мавриди лату куб ќарор додан корманди яке аз муассисањо бо лаќаби "Гоша" ба куљое занг зада гуфтааст, ки "калон њамааш њал аст..." Ў гуфт, ба кї занг задани ўро њам тафтиш кунанд. Фирўз Њољиматов - шоњиди аввалин ба хотири ташхис аз толор берун нашуда буд, дар љойи нишастааш хоб мерафт. То охири мурофиа ба њуш наомад ва ташхиси наркологии ўро ба баъди зуњр гузоштанд... Ин буд љузъёти як мурофиаи судї аз мањбасхонаи Хуљанд... Прокуратураи махсус нисбати Тошев ва Ризоев тибќи моддаи 346, ќисми 2-и Кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиної оѓоз карда, мањбусонро ба дидаву дониста расонидани хабари бардурўѓ, бо роњи сохтани далелњои сунъии айбдоркунї, бо истифода аз воситањои ахбори омма гунањкор мекунад. Дар расонањо сабти видеоие пањн гардида буд, ки дар он мањбусон ба назди камераи видео омада, пас аз шиносондани худ осори зарбу латро дар баданашон нишон медоданд... Наздикони мањбусон мегўянд, сабаби интиќоли Тошев ва Ризоев аз Душанбе ба Хуљанд шикастани руњияи онњо будааст, ки дар ќазияи марги Њамза Икромзода шоњидї дода, гуфтаанд, ахирї аз љониби масъулини мањбаси №1-и пойтахт латукўб шуда, ба њалокат расидааст. Пас аз марги Њамза Икромзода, мањбуси 28-солаи мањбаси шањри Душанбе, ки 21уми сентябр ба наздиконаш љасади пур аз осори шиканљааш супурда шуд, њудуди 50 нафар ба зиндони Хуљанд интиќол ёфтанд. Ин боиси "гирдињамої"-и наздикони мањбусон назди бинои Прокуратураи генералии Тољикистон дар пойтахт шуда буд, ки ба иддаои онњо, маќомот барои љазо додани шоњидони ќазияи Њамза Икромзода мањбусонро ѓайриќонунї ба шимоли кишвар интиќол доданд.
Њарамгули ЌОДИР
БО ЯК ЊИЗБЇ 3 сентябр, даќиќан пас аз се рўзи эълони санаи интихоботи президентї, Шермуњаммади Шоњиён, раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тољикистон рањбарони 8 њизби сиёсиро ба "оши маслињат" даъват кард. Албатта, ош набуд, лекин маслињат буд. Соат 9 нашуда, аввал Абдуњалим Ѓаффоров, раиси Њизби сотсиалист ва Саидљафъар Усмонов, раиси Њизби демократ ба толори Комиссия њозир шуданд. Интизорї дер накашид ва аз дар Олим Бобоев, раиси Њизби ислоњоти иќтисодї ва Амир Ќароќулов, раиси Њизби аграрии Тољикистон ворид шуданд. Ба дунболи онњо омад - омад зиёд шуду "оппозитсионерњо" - Шокирљон Њакимов ва Амният Абдулназаров, муовинони раиси Њизби сотсиал - демократ њам пайдо шуданд (то ба охир расидани машварат касе њам напурсид, ки раиси онњо Рањматулло Зоиров куљост). Чун одам зиёду љои истодан танг шуд, рањбарони ањзоб ба нишастан шурўъ карданд. Тасодуфї буд, ё не, аз тарафи чап, ањзоби, ба истилоњ, "кисагї", аз тарафи рост, демократу сотсиал - демократњо нишастанд. Шодї Шабдолов, раиси Њизби коммунист пайдо шуд. Ў тавре ба толор нигарист, ки гўё пеши як интихоби љиддї ќарор гирифт. Касе њам бо ў шўхї кард: "Устод, марњамат, агар "кисагї" бошед, аз ин тараф, агар не..." Шабдолов зуд мавќеашро муайян кард: "Не, мо кисагї нестем!" ва зуд худро дар канори сотсиал - демократњо гирифт. Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзат бо иттифоќи муовинаш Мањмадалии Њайит ворид шуданд. Ў њам як ба толор нигарист, лањзае љамъу тарњ карда, ба тарафи рост раф-
5
"ЊИССИ ШАШУМ"-И ШОЊИЁН Чаро низоми бисёрњизбї масхарае беш нест? Илова бар ин љойгиршавии "стратегї" дар ин љаласа ба љуз мавќењо, баёнгари ин њам буд, ки на фаќат барои ЊХДТ, балки ањзоби мухолиф њам љиддї натофт. Њар кас ба сару савдои худ буд ва омада буд, то касеро наранљонда, баромада равад.
Хайрулло Ѓафуров
та, аз бари раисикунанда нишаст. Дар ин тарафаш - Саидљафъар Усмонов, ки ба назар мерасад, он лањзањо ё њисобу китоби аниќ накард, ё огоњона дар сафи "мухолифони ашаддї" љой гирифт. Зоњиран хулоса кардан мумкин аст, ки демократњо худро "кисагї" њисоб намекунанд, ё онњоро њанўз ба ин саф "ќабул" накардаанд. Воќеан, онњо дар љаласањои ИНИТ - Иттињоди неруњои ислоњотхоњи Тољикистон, њамон нињоди сиёсии тањти роњбарии нањзатињо ва сотсиал - демократњо, њам пайдо мешаванд. Кабирї мавќеи суолангезро он лањзањо гирифт. Аз ин љониб, раисикунандаи љаласа ва аз ин тараф - "њамсангарон". Аммо аз њама аљиб ин буд, ки намояндаи Њизби њалќї - демократї дар куљо нишаста буд? Аз љониби "кисагињо" ду чењраи ошно менишастанд - яке раиси Иттифоќњои касабаи Тољикистон - Муродалї Солиев ва дигарї - Маликшо Неъматов, сарвари Созмони љавонони Тољикистон. Њузури онњо њам ба он хотир буд, ки нињодњои комилњуќуќ буданд. Њуќуќашон њам дар ин, ки њаќ доранд номзади худро ба маснади президентї пешнињод кунанд. Аммо номзади њизби њоким ку? Ќарибињои ахири љаласа маълум шуд, ки њизби њокимро њуќуќшиносаш Абдулло Нуров намояндагї мекардааст. Ин суол, ки раисаш Эмомалї Рањмон он тараф истад, њатто муовинаш Сафар Сафаров чаро наомаданд, то охири маљлис ба гўшаи хотири касе наомад. Бисёрњизбї ва демократия!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
Шермуњаммади Шоњиён гўё "њисси шашум" дорад. Ў пас аз он, ки намояндагони ањзоб љамъ омаданд, пайдо шуд. Мисли омўзгори синф бо табассум аз дар даромада, аз "боло" гузашта нишаст ва љаласаро сар кард. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйгирї (КМИР) њадафи нишастро машварат ба хотири њамкорї дар маъракаи интихоботї ном бурд. Вай гуфт, омода аст њамчун раиси як нињоди мустаќил (бовар накунеду бинед!) андешањои ањзоби сиёсиро шунавад. Њамин корро чор моњ пеш њангоми пешнињодњо ба Ќонуни интихобот мекард, хубтар буд, чун он замон гап дар бораи ќонуне мерафт, ки татбиќашро Шоњиёну нињодаш ба зимма доранд. Акнун њамаро гўё пеши "аробаи вайрона" љамъ карда, маслињат пурсиданро мемонд кораш. "Акнун чї кор кунем, ки дар рафти интихобот ба камбудї роњ дода нашавад" - гуфт Шоњиён. Чї кор њам мекардед? Ароба - вайрон! Аммо раиси КМИР гапро кашол надод. Сухан ба Хайрулло Ѓафуров, устоди њуќуќи Донишгоњи миллии Тољикистон дода шуд, ки мебоист њозиринро бо моњияти интихоботи президентї ошно кунад. Мавсуф хеле гуфту гуфту гуфт, аммо ба назари ман расид, ё њамин тавр намуд, ки як суханаш каме рангу рўи њозиринро дигар кард. Вай гуфт, номзад ба президентї бояд як шахси ватандўст ва арзанда бошад. Ин гап ба кї даркор буд? Наход њизбњои таљрибадор ягон ватанбадбин ва нолоиќро пешнињод кунанд-а? Зоњиран, гапи хосе нест, агар Ѓафуров на ба тарафи чап, ба истилоњ "кисагињо", балки ба тарафи "мухолифини ашаддї" - нањзатињову сотсиал - демократњо ва њам миёнамавќеву номаълуммавќењо - коммунистону демократњо нимнигоњ карда, њатто каме таваќќуф намекард. Ба назари ман тофт, ё њамин тавр намуд, ки авзои Абдуњалим Ѓаффорову Олим Бобоев ва Амир Ќароќулов каме дигар шуд. Аз тарафи муќобил, Муњиддин Кабириву Шокирљон Њакимов ва Шодї Шаб-
ё надонист, ин "њис"-ро љунбонд. Вай гуфт, ки ба љои чанд кас овоз додани чанд кас мушкили калон аст. Раиси КМИР эътироф кард, ки чунин шикоятњо аз кормандони участкањои интихоботї солњои гузашта њам буданд ва роњи ягонаи халосї риоя кардани ќонун аст, ки инро манъ мекунад. Ана, инро њамон њис мегўянд... Воќеан, раисони ањзоб њарфи наве намегуфтанд. Ин шикоятњо солњои пеш њам буданду солњои оянда њам хоњанд буд, агар њамин ањзоб ва њамин КМИР бошад. Воќеан, Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ њам њарфи
долов як худро дар курсї рост карданд. Агар Ѓафуров илова мекард, ки онњоро дар назар надорад, шояд ташаннуљи чандлањзаина эњсос намешуд, аммо даќиќан ў дар бораи Эмомалї Рањмон суњбат намекард... Хайрият, суханронии Хайрулло Ѓафуров дер давом накард...
"Коњњои куњна" Ба Шокирљон Њакимов сухан дода шуд. Хушбахтона, ё мутаассифона, Њизби сотсиал - демократро гуфтањои Рањматулло Зойиров муайян мекунанд. "Дар сурати ба њадаф расидан (президент шудани номзади ЊСДТ?) њизби мо бо истифода аз усули ворисият дастовардњои Эмомалї Рањмонро давом хоњем дод!". Бале, муовини Зойиров чунин гуфт ва дар охири суњбаташ њатто зикр кард, ки њизбаш "интихоботро барои ноамн кардани Тољикистон, паст бурдани њисси миллї ва эњсоси ватандўстии шањрвандон, таќсим кардани онњо ба миллатњову ќавму мањалњо... истифода намекунад". Он лањзањо эњтимол дар он толор намояндагони "фабрикаи љавоб" њам буданд ва суханони муовини "дўстдоштаашон" Зоировро шуниданд. Бовар њаст, ки њоло тањлил доранд ва кош, фањманд, ки чї гуфт... Пас аз Шокирљон Њакимов зимоми суханро ба Саидљафъар Усмонов доданд. Мавсуф пешнињод кард, ки технологияњои номатлуб пешгирї шаванд, масалан, рўзи интихобот дар назди њавзаи интихоботї ташвиќот бурдан ба нафъи як номзад (ин корро кї гурдаи кардан дорад, охир?), нозирон дар љое шинанд, ки раванди овоздињиро дида тавонанду "аз думи њар кас давида нагарданд" ва нињоят раисони њавзањо баъд аз анљоми интихобот протоколи натиљањоро ба нозирон дињанд. Шоњиён эроди аввалу дуввумро дуруст шуморид, аммо дар мавриди эроди охирин протоколњо гуфт, ки ин љо мушкили молї вуљуд дорад. Аммо агар 3 њазор њавза бошад ва њар яке 10 нозир дошта бошанд, ќариб 30 њазор вараќ даркор. Хуб афтанд, 30 - дирамї меафтанд, яъне таќрибан 9 њазор сомонї, 2 њазор доллар. Мањмадалии Њайит, муовини раиси ЊНИТ њамон лањзаи сабилмондаро ёфту раиси КМИРро дар њолати ногувор ќарор дод: "Агар имкон надошта бошед, мо омодаем, ин корро кунем!". "Њисси шашум" - и Шоњиён "кор накард". Абдуњалим Ѓаффоров њам хоњ дониста,
наве нагуфт. Барномањои ТВ - њои давлатиро ёдовар шуд, ки ЊНИТ - ро дар њолати ногувор ќарор додааст (шояд мегуфт, ки "айб аст ин тарзи бархўрд", бењтар буд?). Ва дигарбора њамон "ручка" - ву "протокол" - ро ба хотир овард, ки "чизњои хурд њастанд, аммо самимияти љонибњоро тањти шубња ќарор медињанд"... Боз њамон бањси ширкати муњољирин буд, ки ба "мўъљиза"-и Ќонуни интихоботњои Тољикистон табдил ёфтааст. Муњољир њаќ надорад, ки номзад пешнињод кунад, аммо бояд овоз дињад... Хулоса, ањзоби сиёсї он рўз боз коњњои куњнаро ба бод доданду доданд. Ва омаданду гуфтанду рафтанд. Амалан аз касе пўшида нест, ки чаро 6 ноябр фаќат рўзи интихоботи президентї дар Тољикистон аст. Соли 1994 мањз дар ин рўз бори аввал Эмомалї Рањмон президент интихоб ва Сарќонуни Тољикистон ќабул шуд. Аз он рўз то ба њол Эмомалї Рањмон монд. Гўё ин нуктаро ањзоб хуб дарк кардаанд ва машваратњояшон бо ин њаво печида шудааст...
Фаромарзи ФОЗИЛ
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
10-уми сентябр журналист Абдуќаюми Ќаюмзод, яке аз муаллифони доимии "Нигоњ" 46 - сола мешавад. Як соли ахир ў расонаитарин хабарнигори тољик буд. Ўро, ки дар Радиои "Озодї" кор мекард, аз кор озод карданд. Вазорати корњои хориљии Тољикистон сабти ном ё акредитатсияи ўро тамдид накард. Бо гузашти ваќт худи радио њам, ба ќавле, аз ў халос шуд. Њоло рўзноманигори маъруф чї рўзгор дорад ва чї бардоштњо аз њодисањои атрофаш тайи як соли ахир кардааст? Ин мавзўи сўњбати мо бо Абдуќаюми Ќаюмзод буд. - Ман шахсан њарчанд хеле намехоњам ба њамин мавзуъ баргардем, аммо барои хонанда, ба њар њол ин саволро ба шумо медињам. Мегўянд, ки рондани Шумо аз "Озодї" кори дасти маќомоти њукуматї ва рањбарияти бахши "Озодї", бахусус - Сољидаи Мирзо будааст. Шумо чї фикр доред? - Мутаассифона, ин њарфњо дуруст аст. Бахусус, баъд аз он ки дар даъвати кор њатто дар Бишкек дурангї ва ошкоро фиреб карданд, шакку шубња боќї намонд, ки њадаф бо њар роњу васила берун карлани ман аз "Озодї" буд. Як соли ахир Сољида талош кард, ки маро худаш, бидуни дахолат ва кўмак аз берун аз кор барканор кунад. Аммо њамчунин шароит барояш дода нашуд. Сахттарин "супориш" -њои ў иљро шуданд. Њатто давоми соли 2012 як санади хилофи ќонунро, фаќат ба хотири он ки бархе аз кормандонро забонкўтоњ ва гапдаро созад, тартиб дода, дар њар се моњ гўё фаъолияти моро арзёбї мекард (ин санад ба мудир иљоза медод, ки кормандро, новобаста аз мављудияти ќарордоди корї аз кор озод кунад). Дар ин арзёбињо ба кори ман бањои ѓайриќаноатбахш дод. Баъдтар фањ-
љикии "Озодї" кард. Аммо намояндаи радио дар додгоњ (мудири дафтар) сўњбатњои ўро дар рўбарўяш инкор накард, вале дар мурофиаи баъдї изњор дошт, ки намояндаи вазорат нодуруст ќазияро шарњ дод. Ин манзара ва ин сањна далели рўшан аст, ки дар саволи шумо воќеият ифода ёфтааст. Аммо як нуктаро ин љо месазад таъкид кард, ки ќазияи ба сари ман омада низ бармегардад ба мањал. Агар роњбарияти вазорати хориљї ва ё мудири "Озодї" аз мањалњои гуногун буданд, поёни ќазия ин тавр намешуд. - Дарвоќеъ, чаро мањз шуморо ронданд? Ин зарурат аз куљо пайдо шуд? Чаро? Ман метавонам њадс занам, ки шояд ин ќазия ба муносибатњои Шумо бо ЊНИТ, Њољї Акбар Тўраљонзода ва Додољон Атоуллоев рабт дошта бошанд. Аз ин нигоњ, шумо низ то љое ќурбонии маъракањоои "антинањзат" ќарор гирифтед. Ё не? - Ман аз охири соли 2001 то охири соли 2012 дар "Озодї" кор кардам. Дар бораи даврањои мудирии афроди пешина чизе намегўям. Њамин Сољида њам дар як - ду соли аввали мудирї аз мо танњо талаби кор дар доираи меъёрњои радиоро дошт ва кадом мушкил њам ба љуз аз мавзўи кор дар миён набуд. Аммо дар соли ахире, ки кор кардам, манзурам соли 2012 талабот тамоман дигар шуд. Ростї, њанўз аз нимањои дуввуми соли 2011 мо ба мушоњида гирифта будем, ки сиёсати радио иваз шудааст. Ба гумони бисёрињо, ин сиёсат (албатта, боз њам дар заминаи мањал) дигар дар хидмати доирањои муайяне аз маќомоти Тољикистон ќарор гирифт. Дигар радиои "Озодї"-и бетараф ва беѓараз набуд. Он ба шайпур ва вакили дифоъи ин доира табдил шуд.
Абдуќаюми ЌАЮМЗОД:
ТАБИАТАН ОППОЗИТСИОНЕРАМ мидем, ки њамчунин санад як санади љаълї буда, дар боќии бахшњои "Озодї" аслан вуљуд надорад. Аммо бо вуљуди он ки ба ман бањои "ду" дод, натавонист аз кор берун кунад. Чунки, албатта, дар доираи рўзноманигорї гап мешуд, ки чаро "фалонї" неву Ќаюмзод? Хуб, ин љо гапи зиёде мешуд, мавзўи мањал ва мањалгарої бармехест. Зеро баъди омадани Сољида ин масъала на танњо дар сиёсати бахш, мавзўи гузоришу хабарњо љои аввалро гирифт, балки дар сиёсати кадрї њам "мањал" ба мењвари асосї табдил шуд. Вагарна то ба њол номаълум аст, ки чаро мудири пешини дафтари "Озодї" дар Тољикистон бо роњбарони дигар аз љумла бо А. Љавводї, М. Турфа ва Р. Шањидї кор карда тавонист, вале Сољида ўро бо нафаре дигар иваз кард? Магар мавзўи мањал набуд? Вагарна чаро аз дохили худи "Озодї" масалан, Рањматкарими Давлат, Фахриддини Холбек ва ё нафаре дигар натавонист дар чашми Сољида "битобад"? Албатта, ин таѓйирот тасодуфї набуд, њисобшуда буд, то ин ки як радиои маъруф ва неруманд дар хидмати доираи хос ќарор бигирад, ки мутаассифона, боз њам ин љо ва дар ин кор њам њамон дарди тољикии "мањал" наќши асосї дорад. Нуктаи дигаре, ки њамчунин бардошт ва натиљањоро таќвият медињад, мољарои додгоњии миёни ман ва "Озодї" аст. Дар љараёни мурофиаи додгоњї намояндаи Вазорати хориљї тавре сўњбат кард, ки барои аз кор рафтани ман аслан дахл надорад. Ў тамоми масъулиятро бори дўши бахши то-
Чењрањои маъруф ва машњури кишвар, ки дар расонањои расмї имкони сўњбат кардан надоштанд, аз ин минбар низ мањрум карда шуданд. Дигар оњиста-оњиста ошкоро аз афроде ном бурда мешуд, ки онњо набояд тариќи радио сўњбат намоянд. Намояндагони ањзоби мухолиф, масалан, Кабирї, Зоиров, Сайфуллозода, Шокирљон Њаким ва ѓайра таќрибан мамнўъ шуданд. Дигар дар идора як фазои комилан дигаре њукмфармо гардид. Сољида борњо ва ошкоро ба ман ишорањо кард ва гуфт, ки "бо шароити нав" мутобиќ шав ва коре кун, ки коратро идома дињї, аммо Худову ростї, новобаста аз он ки ман чї дидгоњ ва мавќеъ дорам, дар идомаи кор низ тибќи талаботи радио хабару гузориш менавиштаму мусоњиба анљом медодам. Аз онки бо ЊНИТ, олими ислом ва сиёсатмадори бузург Њољї Акбар Тўраљонзода ва ё рўзноманигори маъруф Додољон Ато-
«
вуллоев иртиботу алоќа дорам, њељ гоњ чизеро пинњон надоштаам ва кори пинњоние њам надорам ва дар кору фаъолиятам њам кадом таъсире надоштаанд. Зеро то ин ки бо онњо алоќа ва иртибот дошта бошам, менавиштам ва њоло њам ин корро идома медињам. Ман бист сол пеш њам рўзноманигор будам, њоло њам. - Шумо дар як суњбататон гуфтед, ки бо вазири корњои хориљї ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон дар ин бора суњбат доштед. Бо онњо вохўрдед? Онњо чї гуфтанд? - Тафсилоти мулоќот бо раиси КДАМ-ро пештар дар яке аз суњбатњо зикр карда будам. Ва ин љо, фикр мекунам, ки зарур нест, як бори дигар такрори он. Танњо њаминро гуфтаниам, ки баъд аз он ки дар вазорати хориљї гуфтанд, КГБ розї нест, ки ба ман аккредитасия дињанд, ба ќабули раиси ин идора рафта будам.
Баъди омадани Сољида ин масъала на танњо дар сиёсати бахш, мавзўи гузоришу хабарњо љои аввалро гирифт, балки дар сиёсати кадрї њам "мањал" ба мењвари асосї табдил шуд. Вагарна то ба њол номаълум аст, ки чаро мудири пешини дафтари "Озодї" дар Тољикистон бо роњбарони дигар аз љумла бо А. Љавводї, М. Турфа ва Р. Шањидї кор карда тавонист, вале Сољида ўро бо нафаре дигар иваз кард? Магар мавзўи мањал набуд? Вагарна чаро аз дохили худи "Озодї" масалан, Рањматкарими Давлат, Фахриддини Холбек ва ё нафаре дигар натавонист дар чашми Сољида "битобад"?
«
Аммо бо вазири хориљї мулоќот надоштам. Дар як дидори кўтоње, ки тасодуфан дар назди бинои Маљлиси намояндагон (баъди суханронии вазир дар назди вакилони МН) дар аввалњои декабри соли 2012 иттифоќ афтод, аз ў масъалаи аккредитасияро пурсидам. Чун дар ин миён бо хоњиши роњбари пешини департаменти иттиллооти ин вазорат ба номи вазир як нома навишта будам. Вазир изњори беиттиллої кард. Вале гуфт, њатман пайгирї хоњад кард ва як нуктаи љолибро изофа кард , ки "агар аз мо болотар бошад (бо ишора ба самти Дастгоњи Иљроия) коре аз дастамон барнамеояд". Баъди ин бори дигар дар назди Маркази тадќиќоти стратегї, ки мебоист нишасти матбуотии вазири хориљї доир мешуд, талош кардам аз љаноби вазир иллати надодани аккредитасияро бипурсам, ки аслан нахост посух дињад ва њатто нињоят нороњат шуда, зери лаб чї чизњое гуфту вориди бино шуд. Ба назари ман, дафъатан ва дарзамон як дипломати баландпоя ба њамон собиќ корманди амният бадал шуд. Зимнан, дар солњои пеш низ як бори дигар бо таќозои вазифа бо љаноби Зарифї рўбарў шуда будам. Он ваќт ў муовини раиси КГБ дар Њукумати Муросои Миллї буд. Як мўйлаби сиёњ њам дошт ва аммо он ваќт зиёд њарф назада буд. Ин дидор миёни мо кормандони "Чароѓи рўз" Сољидаи Мирзо, Ќодири Рустам, Мирзои Салимпур ва бан-
БО МУХОЛИФ да дар бинои КДАМ бо роњбарияти ин нињод Алиљон Солибоев - раис,Љўрабек Аминов, Оразшоњ Пояндашоев ва Њамрохон Зарифї - муовинњо иттифоќ афтода буд. Вале онњое, ки дар ЊММ фаъолият доштанд, дигар бо рафтани он њукумат рафтанд, аммо љаноби Зарифї на танњо нарафт, балки дар њукумати нав то ба сатњи вазирї расид. - Чаро дар ин бора ёд кардед, фикр мекунед, тасмим аз "болотар" набуд? - Моњи марти соли 2012 Иттифоќи рузноманигорони Тољикистон маро низ барандаи љоизаи ба номи Абулќосими Лоњутї эълон кард. Ёдатон бошад, ин љоиза низ ба муљарради он ки ба ман дода шуд, сару садоњои зиёде ба бор овард. Њатто аз Дастгоњ роњбарияти Иттињоди рўзноманигорони Тољикистонро сахт накўњиш кардаанд, ки чаро љоизаро ба фалонї додед. Чун дар маросими эътои он, ки ба 100 - солагии таъсиси матбуоти тољикї рост меомад, раиси љумњур иштирок ва ин љоизањоро ба соњибонаш месупорид. Хуллас, раиси љумњурї дар воќеъ дар ин маросим иштирок, суханронї ва мукофотсупорї њам кард. Аммо аз барномаи љашнї расми супоридани љоизањои Лоњутї берун карда шуд. Аз ин хотир, њоло дигар муњим нест, ки кори кадоме аз нињодњо ва ё идорањо буд. Аммо як чизро мардум пай бурд ва эњсос кард, ки ќудрат ва њукумат кайњост, ки рисолати худро иљро намекунад, балки олоти ниќору интиќом шудааст, њатто дар баробари як хабарнигор. - Шумо ва бисёри дигарон рўирост њам мегўянд Радиои "Озодї" ба як дастгоњи њукумати Тољикистон табдил ёфтааст. Радиои "Озодї", ки моли Иёлоти муттањидаи Амрикоаст. Дар ИМА, дар Сафорати ИМА дар Душанбе аз ин гапњо хабар надоранд?
- Сафорати Амрико аз ќазия огоњии комил дорад. Аммо вокуниши онњо мармуз ва шубњанок аст. Њатто дар ягон мурофиаи додгоњї ширкат накарданд. Хонуми сафири Амрико низ аз мољаро огоњии комил дорад. Аммо шояд инљо бозињо дигархелтар бошад. -Ин як андоза аљибу ѓайриинтизор аст, ба назарам. Њоло умо ќариб дар њама љаласањои мухолифини сиёсї ширкат доред. Шумо хоњед нахоњед дар симои умо мухолифи њукуматро мебинанд. Шумо чї мегўед? Оё метавонем гўем, ки акнун Шумо амалан мухолифи њукумат ё оппозитсионер њастед? - Давоми кор дар "Озодї" дар љаласањои расмї ва нишастњои парлумон бештар ман мерафтам ва он ваќт ин њарф набуд, ки шумо њукуматї ё вакили МН њастед. Њоло низ агар даъват шавам, ба ин гуна љаласањо меравам. Чун кори хабарнигорї њамин тавр аст. Аммо саволи шумо, ки ман оппозисионерам? Ба унвони як шахси сиёсї, не. Яъне ман мустаќим вориди сиёсат ва ё маъракањои сиёсї нашудаам. Аммо ба њайси як ќаламкаш табиатан оппозисионерам. Њамеша бо сиёсат њастам ва зимнан дар табиати кори хабарнигорї ин чиз нуњуфта аст. Матбуот сиёсат аст. Пас корманди он кї хоњад
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
буд? Агар расона сиёсат набуд имрўз К+ - ро намебастанд. Њоло ваќте ман дар бораи Д. Атовулло андеша мекунам, як мисраи шоири бузургамон ба хотир меояд: "Бўалї аз дасти туркон кўбакў буд…" Аммо, на танњо ман њастам, ки дар љаласањои мухолифин ширкат мекунам. Вале ман чунин мењисобам, ки консепсияи интихоботии Иттињоди неруњои ислоњотхоњи Тољикистон барнома ва тарњи бењтарин барои шароити имрўзи кишвари азизамон аст. Тамоми иллат ва нобарорињои Тољикистони азиз ва мардуми ранљкашидаи он дар сурати љорї шудани ин консепсия аз байн меравад. -Пешдастї кардед дар масъалаи интихобот. Мехостам назари шуморо дар умум ба интихоботи президентии Тољикистон бифањмам. Чї назар доред? Чї тавр баргузор мешавад? - Бидуни шак, ин интихобот аз интихоботњои ќаблї таври дигар баргузор мешавад, фарќ хоњад дошт. Вале њукумат талош дорад онро чун солњои ќабл доир кунад. Агар тасмими ЊСТ, ЊИИТ ва ЊАТ барои ширкат дар ин маърака "љиддї" бошад, сабти ном ва вориди мубориза шудан барои намояндаи ИНИТ осон даст нахоњад дод. Чопи матолиби бўњтономез алайњи ЊНИТ ва ЊСДТ ва ташкили мавсими ихрољсозии њаррўза аз ЊНИТ, намоиши он аз тариќи ТВ
- Мухолифин аз зарфият ва имконоти васеъ бархурдоранд. Ин зарфият ва имконот пул ва ё ќонуни интихобот нест. Аммо руњияи мардум, ки кайњост як дигаргунии бунёдиро дар њукумат мехоњад, барги барандаи онњост. Яъне аксарияти мардуми кишвар, аз мухолифин тарафдорї мекунад. Чунки аз шароити имрўза ва якрангиву якнавохтї безори љон шудааст. Албатта, агар мухолифин номзади воњид пешбарї кунанд, бидуни шубња ѓалаба насиби онњо мешавад.
«
7
ба масъалаи интихобот марбут мешавад. Њукумат аз руњияи мардум огоњ аст. Руњияи мардум тарафи ў нест. Аммо мехоњад ба зўрї ва ба раѓми хоњиши мардум худро дар курсї биншонад. Омодагињо барои саркўбии тазоњуроти эњтимолї њам, ки бархе аз нињодњо аз ин боб њарф заданд, шояд тасодуфї набошад. Дар шароите, ки њукумат фишор ва таъќибро болои мухолифин шиддат мебахшад, маъракаи сиёсие чун интихобот дар дасти мухолифин як навъ роњи наљот хоњад буд. - Зарфияту имкниятњои мухолифин, ё ислоњотхоњонро чї гуна мебинед? - Мухолифин аз зарфият ва имконоти васеъ бархурдоранд. Ин зарфият ва имконот пул ва ё ќонуни интихобот нест. Аммо руњияи мардум, ки кайњост як дигаргунии бунёдиро дар њукумат мехоњад, барги барандаи онњост. Яъне аксарияти мардуми кишвар, аз мухолифин тарафдорї мекунад. Чунки аз шароити имрўза ва якрангиву якнавохтї безори љон шудааст. Албатта, агар мухолифин номзади воњид пешбарї кунанд, бидуни шубња ѓалаба насиби онњо мешавад. - Њоло расман то љое медонам, дар ягон љо кор намекунед. Нахоод ягон пешнињод аз расонањои мустаќил барои њамкорї нашуда бошад? - Оянда њам, иншоаллоњ, бо матбуот хоњам буд. Њоло њам бо бархе аз нашрияњо њамкорї дорам. Аз чанд нашрия пешнињоди њамкорї гирифтам. - Шояд ба худи шумо ин чизро нагўянд, вале дар ѓайбатон бањогузорї мекунанд, ки Ќаюмзод "достони зиндаи рўзноманигории тољик" ва "классики жанри мусоњиба" аст. Ба ин бањогузорињо чї назар доред? - Лутфи шумо зиёд аст. Коре, ки анљом медињам, як кори муќаррарї аст. «НИГОЊ»
8
ТАЊЛИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
М
атлаби зерин, зоњиран иртиботе ба Тољикистон надорад....
Табобати "њарисии сироятшаванда" Аз замони расидан ба истиќлолият дар соли 1965 Сингапур дар вазъе ќарор дошт, ки шабењи Тољикистони пасошўравї буд. Кишвар дар њоли бўњрони иќтисодї ќарор дошт ва беќонунии куллї њоким буд. Ќонунгузорї аз љониби Англияи ишѓолгар аз дурињои дурр ворид мешуд, маќомоти њифзи њуќуќ бо љиноятњои муташаккилона наметавонистанд муќовимат кунанд, бисёре аз соњибмансабони давлатї дар фасод шарокат доштанд. Дараљаи маълумотнокии ањолї дар сатњи нињоят паст буд ва он наметавонист аз њуќуќњои худ дифоъ намояд. Сарварони кишвар ба дарки ин нукта расиданд, ки љилави фасод ва худсариву бесарусомонињоро бигиранд, чун медонистанд, ки бидуни он кишвар наметавонад оянда дошта бошад. Ин боиси он гардид, ки як силсила чорањо андешида шаванд, ки аз нигоњи љиддият ва мантиќ фарќ мекард. Амали соњибмансабонро ба низом дароварданд, тартиботи бюрократї сода карда шуд, аз болои меъёрњои этникї назорати ќатъї љорї гардид. Маќоме, ки ин тадобирро амалан татбиќ намуд ва ваколати худро имрўз њам њифз кардааст, Бюрои тафтиши њодисањои фасод башумор мерафт. Шањрвандон ба Бюро аз болои амалкардњои соњибмансабон шикоят мебурданд ва талаб мекарданд, ки зарарњои расида баргардонида шаванд. Њамзамон бо ин чорањои љазои љиної барои амалњои коррупсионї шадид карда шуданд, мустаќилияти системаи судиро баланд бардоштанд, моњонаи судяњо якбора боло бурда шуд ва маќоми соњибимтиёзии онњо таъмин гардид, муљозоти њисшавандаи иќтисодї барои додани ришва ва ё саркашї аз ширкат дар тафтиши зидди коррупсионї љорї карда шуд. Дар бисёре аз идорањои давлатї аксияњои љиддї (то аз кор барканор намудани њамаи кормандони гумрук) гузаронида шуданд. Ин чорањо боиси коњиши дахолати давлат ба иќтисодиёт, баланд бардоштани маоши соњибмансабон ва омода намудани кадрњои соњибтахассуси маъмурї оварда расонд. "Фоиз", "мукофот", "бахшиш", "ифлосї",бо њар мафњум, калима ва ё жаргони забони мањаллї коррупсияро ном мебурданд, як аломати тарзи њаёти осиёї ба шумор мерафт. Вазирон ва соњибмансабон наметавонистанд танњо бо маоши худ зиндагонї кунанд. Њар ќадар мансаб баланд буд, хонањояшон, занњояшон ва маъшуќањояшон зиёд буд. Сингапурињое, ки дар чунин кишварњо ба тиљорат машѓуланд, бояд њамеша њушёр бошанд, ки ин гуна одатњоро ба хона накашанд",- навишта буд Ли Куан Ю, сарвазири мамлакат, яке аз ташаббускорони ислоњот дар Сингапур. Дар айни замон Сингапур аз худкоматарин давлатњои олам буда, дар рейтинги љањонии набудани фасод, озодии иќтисодї ва сатњи рушд дар маќомњои аввал ќарор дорад.
Стратегияи мубориза Замони расидан ба истиќлолият Сингапур як давлати фаќир буд, ки њатто зарураш омад оби нўшокї ва рег барои сохтмонро аз берун ворид кунад. Кишварњои њамсояи он муносибати ѓайридўстона доштанд, дар миёни ањолї ѓояњои сотсиалистї маъруфияти бештар доштанд. Кишвар аз ишѓолгарони бритониёї хадамоти амалкунандаи шањрвандиро ба мерос гирифт, њарчанд фасод як зуњуроти одатї буд ва њама ќишрњои љомеаро зери таъсир ќарор дода буд. Аввалин њукумати Сингапур барои муќовимат бо фасод ба якчанд мушкил рў ба рў гашт. Ќонуне, ки мубориза бо коррупсияро танзим мекард, хеле заъиф буд. Бисёре аз љиноятњои коррупсионї аз фаъолияти ин ќонун берун монда буданд, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ бошанд, ќудратеро дар ихтиёр надоштанд, ки тавонанд вазифањои худро самаранок иљро кунанд. Гузашта аз ин, пайдо кардани шањодати љиноят бинобар самаровар набудани ќонунгузорї ва љалби шумораи бењадди мансабдорон ба фасод амалан номумкин буд. Соњибмансабони давлатї дар ќиёс ба кормандони сектори тиљоратї зиндагонии осудањолона доштанд. Бисёре аз онњо вази-
фањои хидматии худро ба њадафњои шахсї истифода мебурданд. Сатњи саводнокии ањолї ва фарњанги њуќуќии он хеле паст буд. Дар натиља ришва ба тариќаи ягонаи дастрасї пайдо кардан ба захирањо табдил шуда буд. Вазъро боз он мушкил мекард, ки дар Бюрои тафтиши њолатњои коррупсия, ки инглисњо дар замони худ таъсис дода буданд, асосан афроди бархоста аз пулиси мањаллї кор мекарданд ва онњо рўњан омодаи муборизаи љиддї бо ин падида набуданд. Бо дарки он ки кишвар дар њолати бўњрони хатарнок ќарор дорад, њукумат ба ин натиља расид, ки дар љомеа фазои бошарафї, покї ва ошкоргўиеро, ки коррупсияро ба як зуњуроти ѓайри ќобили ќабули иљтимої табдил дињад, бунёд кунад. Принсипи "бошараф ва фурўхтанашуда боќї мондан" мањаки асосии ин фаъолият интихоб шуд. Муаллифони стратегия бовар мекарданд, ки назорат бар коррупсия аз нигоњи стратегї барои рушди миллї муњим мебошад. Сарвазир Ли Куан Ю, ки даст ба ислоњот зад, худ ва љонибдоронашро"гурўњи буржуйњое меномид, ки маълумоти роњбариро дар Англия гирифтаанд". Ли Куан Ю дар китобаш "Таърихи Сингапур: аз љањони сеюм ба якум", ки тарљумаи русии он соли 2005 дар Маскав нашр шудааст, менависад: "Аъзои њукумат бар ин бовар буданд, ки метавонанд худро бо воситањое, ки дар ихтиёр доранд, дар сурати кор накардан дар њукумат њам таъмин карда метавонанд. Барои ман ва ман барин шахсони касбї ин комилан имконпазир буд. Занони аксари мо кор мекарданд ва комилан имкон доштанд, ки дар сурати дар њабс будан ва ё њузур надоштанамон хонаводаро таъмин намоянд. Ва аз он ки вазирон мавриди эњтиром ва боварии мардум ќарор гирифтанд ва хизматчиёни давлатї низ худро шоиста нишон медоданд ва бо боварї даст ба ќабули ќарорњо мезаданд". Њукумати Ли Куан Ю њадаф дошт Сингапурро ба як маркази молиявї ва тиљоратї дар Осиёи Љанубу Шарќї табдил дињад, њамчунин ба кишвар сармоягузорони хориљиро љалб намояд. Соли 1960 стратегияи мубориза бо коррупсия бо Ќонун дар бораи пешгирї аз коррупсия ва ба Бюро оид ба тафтиши њолатњои коррупсионї додани салоњиятњои махсус тањким дода шуд. Тартиби ќабули ќарорњо сода карда шуданд, ба шарофати нашри шарњњои бисёр оддї ва фањмо аз ќонунњо њаргуна духурагињо бардошта шуданд. Бюрои мустаќил саргарми мубориза бо коррупсия дар сатњои баланди њокимият шуд. Тафтишњо њатто бар зидди пайвандони наздики Ли Куан Ю роњандозї шуданд. Якчанд вазироне, ки даст доштанашон ба фасод собити худро ёфт, ба мўњлатњои гуногун аз њуќуќњои озодї мањрум гардиданд, иддае њаёти худро бо худкушї ба поён бурданд ва иддаи дигар аз кишвар фирор карданд. Дар байни онњо њатто њамсафони пешини Ли Куан Ю низ буданд. Аз китоби ёдшудаи сарвазир мехонем: "Ви
«
-Шакл ва низоми давлатдорї њанўз наметавонад сабаби пешрафт ва шукуфоии кишвар, мардум ва љомеа бишавад. Мо беш аз 20 сол аст, ки зери сояи давлати дунявї ба сар мебарем. Ва њукумат ба бањонаи онки давлати дунявием пушти ин таъбир паноњ бурда болои аксарияти арзишњо ва суннани мардум тохтан дорад.
«
Тун Бун соли 1975 ваќте, ки бо хонаводааш ба Индонезия сафар кард, вазири њифзи муњити зист буд. Харљи сафар аз љониби пудратчие пардохт гардид, ки хонањои истиќоматї бунёд мекард. Вай аз ин пудратчї биноеро ба арзиши 50 000 доллари Сингапур харидорї намуд. Њамчунин ду ќарз бо номи падари вай ба арзиши 300 000 доллари сингапурї барои њаннотї дар бозор гирифт, ки зери кафолати њамин пудратчї барояш дода буданд. Ви Тун Бун сарвари сарсупурдаи ѓайрикоммунистї аз аввали солњои 50-ум мањсуб мешуд, аз ин рў, барои ман басо дардовар буд, ки наздаш ќарор гирам ва ба њама далелу бурњони ѓайри ќобили боварии ў, ки љињати худсафедкунї мегуфт, гўш андозам. Вай ба муњлати чор солу шаш моњ аз озодї мањрум гардид. Аз болои њукми додгоњ шикоят бурд, вале айби эълоншуда тавре буд, боќї монд, танњо њукм 18 моњ кам карда шуд". Маоши судњо ба зудї баланд бардошта шуданд, ба корњои судї бењтарин вакилони мудофиа - адвокатњо љалб гардиданд. Музди мењнати судњо дар Сингапур якчанд њазор доллар дар як солро ташкил дод (дар соли 1990 бештар аз 1 миллион доллар дар як сол). Гурўњњои мафиёзї љиддан аз байн бурда шуданд. Маоши хизматчиёни давлатї басатњи топ - менеджерњои ширкатњои хусусї боло бурда шуд. Ли Куан Ю бар ин назар буд, ки ба роњбарони сиёсї маоши бештар дода шавад, зеро онњо ба шоистагї аз њукумати поквиљдон намояндагї мекарданд. Агар ба онњо маоши хуб дода нашавад, онњо метавонанд барои таъмини хонавода ва дарёфти фоида боз ба фасод рў оваранд. Аз ин рў, маоши кормандони давлатї дар он солњо хеле баланд бардошта шуд, то"маѓзњо"ба сектори хусусї фирор накунанд. Солњои 1989 ва 1994 маоши хизматчиёни давлатии сатњи олии Сингапур дар сатњи баландтарин маоши хизматчии давлатї дар љањон боло бурда шуд. Њамзамон бо ин формула на ба он маъно буд, ки маош њар сол ба таври автоматї афзоиш ёбад, зеро фоидаи сектори хусусї гоњ боло меравад ва гоњи дигар поён. Ваќте ки соли 1995 фоидаи сектори хусусї коњиш ёфт, дар соли 1997 мутобиќ ба он маоши њамаи вазирон ва шахсони мансабдор коњиш дода шуд. Роњбарияти Сингапур ба ин бовар буд, ки харољоти бузург ба маъракаи интихоботї лаънатшуда дар аксар кишварњои Осиё ме-
бошад. Аз ин рў, довталабон мебоист маблаѓњое камтаре масраф намуда, на танњо баъди пирўзї онро бояд баргардонанд, балки барои интихоботи оянда сармоя љамъ намоянд. Ин буд, ки пешвоёни Њизби халќии Сингапур кўшиш ба харљ доданд, дар маъракањои интихоботї камтар маблаѓ масраф намоянд.
Бюрои тафтиши њодисањои фасод Дар татбиќи амалии ќонунгузории зиддикоррупсионї наќши ожонсии вижа - Бюрои тафтиши њодисањои фасод бузург аст. Ин ожонсии давлатї, ки коррупсия дар долонњои њукумат ва сектори хусусиро тафтишу тањлил мекард, хеле пештар, соли 1952 дар замони њукумати мустамликавї сохта шуда буд. Ќонуни пешгирї аз коррупсия, ки соли 1960 ба ќувваи иљро даромад, ба Бюро салоњиятњои васеъи тафтишотї дод. Вазифањои асосии Бюро: баррасии арзу шикоятњо вобаста ба коррупсия дар соњањои мухталифи љамъиятї ва сектори хусусї, тафтиши њодисањои хунукназарї ва беэњтиётї, ки хизматчиёни давлатї ба он роњ додаанд, њамчунин тафтиши ќонунмандии амали онњо. Дар назари аввал ин вазифањо мутобиќ ба вазифањои Прокуратураи Тољикистонанд. Вале фарќияти њайратангез дар амали он ба мушоњида мерасад. Шевањои кори Бюро аз њад зиёд авторитарианд. Вай њаќ дорад бидуни ќарори суд гумонбар ба фаъолиятњои коррупсиониро боздошт ва кофтуков намояд, агар барои ин тибќи ќонунгузорї асос мављуд бошад. Метавонад на танњо дар муносибат ба гумонбар, балки дар иртибот ба хешовандони он ва кафилонаш тафтишот барад, метавонад ва њаќ дорад њар њисоби бонкї ва молиявиро мавриди санљиш ќарор дињад. Метавонад барои пурсиш шоњидонро даъват кунад, њамчунин њар гуна наќзи ќонунро, ки дар рафти дида баромадани фаъолияти коррупсионї ошкор шудааст, тафтиш кунад. Бюро миёни бисёре аз сингапурињо, махсусан миёни касоне, ки майли амалњои коррупсионї доранд, фазои тарсу њаросро ба миён меорад. Бюрократияи сингапурї аз Бюро метарсад. Аз сўи дигар Бюроро барои кори самаранок ва шевањои боназо-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
9
КОРРУПСИЯ АЗ СИНГАПУР ТО МО Ба љои Стратегияи миллї. Агар њукумат иродаи мубориза бо фасодро дошта бошад. рафтори мансабдор худи онњо бошанд ва њама маълумотњо дар бораи даромадњои худро ба хотири шаффофияти амалиётњои молиявї ва тиљоратї ошкор карданд. Сарвазири Сингапур Ли Куан Ю изњор дошт: "Сингапур метавонад танњо дар сурате пойдор бимонад, ки агар вазирон ва амалдорон хариданашаванда ва соњибтахассус бошанд. Лозим аст ба сингапуриён алоќа миёни мењнати босуботу сангин ва мукофоти баланд ба он амалан нишон дода шавад. Танњо бо чунин муносибат хориљиён ва сокинони кишвар ба иќтисоди Сингапур маблаѓгузорї мекунанд; танњо дар њамон њолат сингапуриён барои татбиќи он мекў-
«
кати амалњояш дўст медоранд. Онро њамчунин "Бюрои тафтиши њарисии сироятшаванда" низ меноманд. Бюро њаќ дорад њар шањрвандро новобаста аз маќом, мартаба ва ё мансубияти диниаш ба додгоњ кашад. Хизматчиёни давлатї, чуноне дар Тољикистон аст, дар Сингапур истисно нестанд. Ба кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ва хизматчиёне, ки аз рўи фаъолиятњои худ вазифањои эњтимолан коррупсиониро ишѓол менамоянд, бештар таваљљўњ карда мешавад. Барои пуштибонї аз шаффофияти фазои соњибкорї Бюро коррупсияро аз љумла дар сектори хусусї тафтиш мекунад. Њар шахсе, ки ришва медињад, мегирад ва ё барои харидани мол аз фурўшандаи мушаххас "мукофот" дарёфт мекунад, метавонад љарима ва ё ба мўњлате аз озодї мањрум гардад, ё ин ки њам љарима шавад ва њам мањкум ба зиндон гардад. Илова ба ин, суд мутобиќ ба экиваленти ришваи ситонидашуда љарима муайян мекунад. Њар шахсе, ки аз номи каси дигар ришва пешнињод кардааст ва ё гирифтааст, њамчунин дар њамон њаљме, ки аз номи худ ва барои худ ситонидааст, љазо дода мешавад. Ин гуна меъёрњо дар ќонунњои Тољикистон низ вуљуд доранд. Танњофарќ дар он аст, ки дар Сингапур ин намуди тиљорат таъќиб мешавад, аммо дар Тољикистон бошад ширкатњои молрасон ошкоро ба кормандони ширкатњои харидор ришва пешнињод мекунанд ва таъќиби ин гуна коррупсия дар мо вуљуд надорад. Бюро њамагї аз 71 корманд - 49 муфаттиш ва 22 коргари маъмурї иборат аст. Моњиятан вай бахше аз маъмурияти Нахуствазири Сингапур мебошад. Бюро аз се ќисм иборат аст: тафтишот, маълумотдињї ва ёрирасон. Ќисми тафтишот калонтарин бахши он ба шумор меравад, вай љавобгар ба роњандозии амалиётњои Бюро мебошад. Аъзои он парвандањои тафтишашон ба анљом расидаро ба сарвари идора месупоранд, ки вай онро ба прокуратура бо пешнињод дар асоси шањодатњои исботшуда тибќи нишондоди ќонун ироа мекунад. Агар асос барои таъќиби љиної кофї набошад, директори Бюро бо розигии прокурор парвандаро ба сарвари шуъбае, ки ба корњои интизом машѓул аст, ирсол менамояд. Хадамоти маълумотдињї ва ёрирасони Бюро масъули интихоби номзадњо барои таъин ба вазифањои давлатї ва болоравии
онњо дар зинањои мансаб ва њатто такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї мебошанд. Интихоби номзадњо ба вазифањои давлатї тариќи озмун сурат мегирад ва он ба тартиби додани иљозаи кор ба мутахассисони хориљї њангоми дарёфт кардани шањрвандии Сингапур ва ё ба тендери пудратчиён барои ба даст овардани муоњадањои давлатї шабоњат дорад. Хадамоти маълумотдињї ва ёрирасони Бюро аз љониби Иттињодияи тањќиќотї пуштибонї мешавад, ки амалиётњои кории моил ба коррупсияи шўъбањои давлатиро тањлил мекунад ва љоњои суст дар ташкил ва танзими кори ќисмњои маъмурият, ки сабабгори коррупсия шуда метавонад, ошкор месозад. Хадамоти маъмурї вазифањои молиявї ва идории Бюроро иљро мекунад ва пуштибонии канселярии дигар бахшњоро таъмин менамояд. Муфаттишони Бюро ин гуна салоњиятњо доранд: а. Мутобиќ ба Ќонун дастгир мекунанд: - Директор ва дигар ваколатдори махсус њаќ дорад бидуни хабарнома њар шахси гумонбар ба љиноятњои коррупсиониро, ки ба он даъвои оќилона дорад ва агар маълумот аз манбаъњои мўътамад дастрас шуда бошад, боздошт кунад; - Муфаттиш метавонад њар шахси боздоштшударо, дар сурати мављуд будани далел дар бораи фаъолияти ѓайриќонунии он кофтуков намояд; - Њар шахсе, ки бо ин гуна далелу бурњон боздошт гардидааст, ба шўъбаи Бюро ё пулис оварда мешавад. б. Муфаттишон њуќуќи мусодираи далелњои шайъиро доранд. Кормандони Бюро тибќи даъватномаи додашуда метавонанд ба њар бино, њатто бо истифода аз нерў ворид шаванд, кофтуков кунанд, њуљљатњо ва ашёњое, ки ба амалњои коррупсионї марбут мебошанд, бигиранд. Агар афсари Бюро асоси воќеъї ва оќилона дар даст дошта бошад, ки таъхир барои дарёфти даъватнома наќшаи тафтишро хароб месозад, вай метавонад аз њаќи тафтиши бидуни даъватнома истифода барад.
Иродаи сиёсї Сарварони сиёсии Сингапури соњибистиќлол ба ќароре омаданд, ки намунаи
-Шакл ва низоми давлатдорї њанўз наметавонад сабаби пешрафт ва шукуфоии кишвар, мардум ва љомеа бишавад. Мо беш аз 20 сол аст, ки зери сояи давлати дунявї ба сар мебарем. Ва њукумат ба бањонаи онки давлати дунявием пушти ин таъбир паноњ бурда болои аксарияти арзишњо ва суннани мардум тохтан дорад.
«
шанд ва худ ва фарзандони худро бо маълумоти хуб таъмин менамоянд, ба љои он ки дар бораи иртибототи ѓайриќонунї орзу кунанд ва умедвор ба тўњфа аз љониби дўстон ва хешовандони обрўмандашон бошанд". Њамчуноне аз љараёни њодисоти баъдї дида мешавад, њукумат иродаи сиёсї нишон дод, то ин ки наќшањо ва ниятњо амалан татбиќ гарданд.
Ќонунгузорињои зиддикоррупсионї Дар ќоннугузорињои кишварњои зиёд ба зарурати мубориза бо фасод таъкид мешавад, вале танњо дар баъзе аз мамолик чун дар Сингапур ба ин гуна иќдомот љиддан муносибат мекунанд. Парвандањои коррупсионии хизматчиёни давлатї, ки дар вазифањои баланд кор мекунанд, бо љиддият ва берањмона баррасї карда мешаванд. Дар соли 1959 Сингапур як кишвари фаќири олам буд, њукумат ќудрати ба хизматчиён пардохт кардани маошро надошт. Тањкими ќонунгузории амалкунанда дар мавриди коњиш додани имкониятњо барои содир намудани амалњои фасодолуд ва боло бурдани љазои љиної ба он як вокуниши алтернативї ба камќуд-
ратии давлат ба пардохти музди мењнат шуд. Ќонун дар бораи коррупсия соли 1960 ќабул гардид. Тибќи ин ќонун президенти мамлакат метавонист худ Директори Бюро, љонишинони ў ва шумораи ёварон, муфаттишони махсусро ба њадде таъин кунад, ки зарур медонад. Намуди љинояте, ки маъмулан ришва номида мешуд, дар ќонун бо истилоњи "мукофоти коррупсионї" ифода шуд. Ва ин гуна мукофотњо метавонистанд шаклњои гуногун дошта бошанд ва инњоро дар бар гиранд: а. Пул ва њар тўњфаи дигар, њаќќулзањмат, ќарз, мукофот, коѓазњои арзишнок ва дигар навъи амволи манќул ва ѓайриманќул; b. Њар вазифа, кор ва ё муоњада; c. Њар намуди пардохт, озодкунї, пардохти ќарз, ўњдадорї ва дигар ќарзњо пурра ва ќисман; d. Њар хизматрасонии дигар, тарљењ додан (афзал шумурдан)-и њар навъи дигар, аз љумла њимоя аз љарима ва ё имкони пардохт надоштан, њамчунин озод намудан аз амалњо ва ё гуфторњои интизомї; e. Њар пешнињод, кўшиш ва ё њар ваъдаи мукофотонї. Мутобиќ ба моддаи 5 - и Ќонун, шахси муттањам ба коррупсия онест, ки мустаќим ва ё бо ширкати каси дигар ѓайриќонунї мехарад, ба даст меорад ва ё розигии худро барои гирифтани њар мукофот барои худ ва ё одами дигар изњор медорад. Ба њар одам ваъдаи мукофот медињад ва ё онро пешнињод менамояд. Тибќи моддаи 6 амали коррупсионї замоне содиршуда дониста мешавад, ки агар агент ѓайриќонунї инъом мегирад ва ё розї мешавад онро бигирад ва кўшиш менамояд аз манфиатњои њар одам пуштибонї намояд, ё худ ба манофеъи ин ё он касе беэътиної кунад. Њар касе њам, ки гуноњаш мутобиќ ба моддањои 5 ва 6 исбот шудааст, љарима месупорад ва миќдори он аз 100 њазор доллар боло нест ва ё ба мўњлати то 5 сол аз њуќуќи озодї мањрум мегардад. Агар љиноят бо муоњадањои давлатї, хадамоти шањрвандї алоќаманд бошад ва ё ба он узви парламон љалб гардида бошад, муњлати њабс метавонад то 7 сол боло бурда шавад. Ѓайр аз љарима ва зиндонї кардан ба шахси муттањам ба љиноятњои коррупсионї суд метавонад амр кунад, ки пули ришваи гирифтаашро ба сурати љарима бозгардонад. Ба он нигоњ накарда, ки ќонун дар бораи пешгирии коррупсия шахсияти маълумотдињандаи амалњои коррупсиониро њимоя мекунад, дар сурате агар суд гумонбар шавад, ки ин шахс ахбори бардурўѓ пешнињод кардааст, ин њимоя ќувваи ќонунии худро гум мекунад. Њар шахсе, ки ба Бюро ва ё дигар маќомоте, ки њодисаи мављудияти фасодро тафтиш мекунанд, маълумоти бардурўѓ пешнињод менамояд, аз љониби суд чун хабаррасони дурўѓин таъќиб карда мешавад. Гузашта аз ин ќонунгузории зиддикоррупсионии Сингапур пайваста дар њоли таѓйирот ва такмил аст. Њар сол вобаста ба зуњуроти нави коррупсионї ва ё кашфи шевањои нави фасод ба он иловаву таѓйирот ворид карда мешавад.
Тањияи Бобољони ШАФЕЪ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
РАНДА
Тасмими масъулини њукумати Ќубодиён бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлатии Тољикистон дар самти расонањо, на дар асоси барномаву тањлилњои коршиносона, балки аз рўи хостањои њавасакї ва тасмимњои манфиатљўёна сурат мегирад.
«АНТЕНГА КЕЛИНГ» Ё "Амнияти иттилотї"-е, ки њукумати феълї мефањмад… "Антенга келинг!" Маќомоти Тољикистон ба њар василае талош доранд, ки сафи тамошобинњои телевизионњои давлатиро бештар гардонанд. Њатто барои љалби тамошобин ба мардум антенна таќсим мекунанд. Тасмими масъулини њукуматї дар ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон далели ин гуфта аст. Њафтае пеш њукумати ноњияи Ќубодиён ба сокинони ўзбактабори ноњия барои тамошои барномањои телевизионњои Тољикистон 5 њазор антена таќдим намудааст. Онњо њадаф аз ин иќдомро љалби сокинон барои тамошои телевизионњои Тољикистон ва ба ин васила омўзондани забони тољикї маънидод карданд. Масъулини олињиммат ният доранд, ки боз 5 њазори дигар чунин антенањо таќсим кунанд. Ин тасмим бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлатии Тољикистон дар самти расонањо, на дар асоси барномаву тањлилњои коршиносона, балки аз рўи хостањои њавасакї ва тасмимњои манфиатљўёна сурат мегирад. Чаро? Поёнтар шарњ медињем. Аммо њоло дар бораи К+ ва ТВ Сафо.
Њуљум ба моњвора Хелењо огањанд, ки аз моњи июл инљониб, дастрасї ба мављи шабакаи телевизионии "К+", ки тариќи антенањои моњвораї пахш мешуд, дар Тољикистон ба мушкилї мувољењ гардидааст. Шабакаи телевизиони "К+" дар баробари телевизионњои Тољикистон ягона манбаи алтернативии иттилоъ барои хеле аз сокинони Тољикистон мањсуб меёфт. Рањбарияти ин шабака эълон дошт, ки Тољикистон бо истифода аз таљњизоти махсус сади роњи пањн гардидани мављи телевизиони "К+" гардидааст. Чун ин шабакаи телевизионї то љое муѓризона фаъолият мебурд, мањдуд шудани ин шабакаро љомеа трагедия ќабул накард. Аммо чанд рўз пештар, мављи шабакаи телевизиони навтаъсис-"Сафо ТВ" низ дар Тољикистон мањдуд гардид. Ширкати аврупоии EUTELSAT, ки молики моњвораи HotBird мебошад, хабар дод, ки мављи телевизиони "Сафо" дар њудуди Душанбе бо истифода аз таљњизоти махсус зада шуд. Тахмини корбарони Фейсбук дар мавриди дастрас кардани таљњизоти махсуси мављзан бо харљи миллионњо доллар аз Хитой рост баромад. Дигар шубњае намонд, ки њукумати феълии Тољикистон ба њар бањое набошад, омода аст, ки ба роњ ёфтани манбањои дигари хабарї, хоса мустаќилу мухолифи њукумат дар баробари телевизионњои Тољикистон монеъ шавад. Дар назари аввал, ин њама гуиё тадобири хубе њастанд. Вале оё ин њама воќеан, таъмини амнияти иттилоотии кишвар аст? Оё њамчунин муносибати њукумат бо расонањо дар асри нав "дар кўфтани хирман бо барзагов раќобат кардани буз"-ро намемонад?
Амнияти иттилоотї амнияти кист? Бардошт аз барномаву сиёсатњои њукумат дар ин самт чунин аст, ки зери мафњуми "амнияти иттилоотї" пешгирї аз пањншавии њаргуна иттилоъ, ки ба манфиати њукумат ва гуруњи њукмрон нест, фањмида мешавад. Дар њоле, ки ба гуфтаи коршиносон чунин фањмиши "амнияти иттилоотї" танњо дар кишварњои собиќ шўравї чанд соли пеш роиљ буду дигарњо аллакай муносибаташонро бознигарї кардаанд, аммо дар Тољикистон њанўз њам аз он кор бурда мешавад. Ба таъкиди коршиносон, мафњуми "амнияти иттилоотї" дар асли худ њифзу нигањдории иттилооти шахсї дар бонкњо, вазорату идорањо, корхонаву ширкатњои хусусию давлатї, мактабу донишгоњњо ва њар љои дигар аст.
Дар љањоне, ки васоили иртиботї, назири Интернет ашхосу љомеањоро ба њам меорад, дўздии иттилооти шахсї аз љониби "роњзанњои интернетї"-афроди љиноятпеша, ширкатњои бузург ва њатто сохторњои њукуматї як амали маъмулист. Ба ин делел, амнияти иттилоотї ањамияти бештар пайдо кардааст. Албатта, на бо он манзуре, ки дар њукумати Тољикистон таъбир мекунанд. "Амнияти иттиллотї"-е, ки њукумат рўи он кор мекунад, дар асли худ мушкили амниятї нест. Онро мешавад, "мушкили расонаии њукумат" маънидод кард. Ба таври дигар, масъала на дар амният аст, балки адами сиёсати давлатии соња, заифии расонањо ва надоштани менељменти муваффаќи соња барои њукумат мушкилофар шудааст. Ва на танњо дар бахши расонањои электронї, яъне радио ва телевизион, балки дар расонањои чопї, Интернет ва алоќаи мобилї низ. Вале дуруст аст, ки наќши телевизион ва хоса низоми барномаофарї дар он ќобили таваљљуњи андешамандон аст. Телевизион ва картошка Низоми барномаофарии шабакањои телевизионии Тољикистон борњо дар маркази таваљљўњи Президент Эмомалї Рањмон ќарор гирифтааст. Ў боре њатто наќл кард, ки як хабарнигори телевизион барои тањияи гузориш њангоми њосилѓундорї чи талабњое ба кишоварз дорад. Мавзўи асосии барномањои хабарии телевизионњои Тољикистон низ мањз кишоварзон мебошанд. Хабарњо бештар аз њосили картошкаву сабзї, рушду нумўи боѓдорї, токпарварї, чорводорї ва амсоли ин мебошад. Барои як тамошобини телевизион муайян намудан душвор нест, ки шабакањои телевизионии Тољикистон дар кадом мавсим, дар кадом рўзи њафта, дар кадом бахши "Ахбор" чи хабаре омода мекунанду мавзўи гузоришњо чист. Дар бораи пахши хабарњои сиёсї њољат ба њарф задан нест. Танњо дар њолати сафари президент ва маљлисњои њукумат шоњиди пахши хабарњои сиёсї дар телевизионњо мегардем, ки онњо њам расмї мебошанд. Сарфи назар аз таъкидњо ва пешнињоди чандин дафъинаи коршиносон сатњ ва сифати барномањои телевизионї таѓйире намебинанд. Солњо боз далели ѓайрирасмї вале хеле муњками масъулин њам дигар нашуд: "Мо як тамошобин дорем, ба ў маъќул бошад, шуд!" Ростї, ба чунин далел, пеш овардани ваљњи зид имконнопазир аст. Иддаои дигари масъулини Кумитаи радио ва телевизион ин аст, ки ќариб ба тамоми Тољикистон мављи шабакањои телевизионї пахш мешавад. Аммо пањн гардидани мављи телевизионї дар саросари кишвар маънои онро надорад, ки њама тамошобини телевизионњои Тољикистон мебошанд. Мўњтаво ва сифати барномањои шабакањои ватанї тамошобини тољикро маљбур кардааст, ки бинандаи телевизионњои русї, ўзбакї, эронї, њатто афѓонї гарданд. Љои телевизионњои тољикро на танњо шабакањои телевизионї, њатто филмњои туркї танг намудаанд. Сатњи барномаофарї дар телевизионњои Тољикистон њатто дар сатњи телевизионњои мањаллии Русияву Ќирѓизистону Афѓонистон ќарор надорад. Инро сабаб алгоритми хоси барномасозї аст: Гузоришгар як бало карда, иљозати камераро мегираду бо харљ аз љайби худ мавзуву ќањрамон мекобад. Ќањрамони навбатиро "розї кунонда", навор мегирад. Бо баргаштан ба марказ режиссеру директори барномањоро "ризо мекунад". Хуллас, харљи гузориш 200400 доллар мешаваду ягон кафолат нест, ки пахшаш мекунанд ё на. Натиљаи ин пахши гузоришњои монанду дилгиркунандаи пай дар пай дар ТВ аст. Ин аст, ки мардум шухї мекунанд:
"А, бача, туалети нав сохтї, телевизиона заказ накардї?!". Ваќте љомеа интизорињои худро аз шабакањои телевизионии Тољикистон бароварда наметавонанд, эњтиёљи худро аз шабакањои дигари хориљї таъмин менамояд, хоњ телевизионї бошаду хоњ радиої.
Радио: истисно ё исботи вазъи мављуда Фазои мављудаи радиої аз телевизионњо ба куллї фарќ мекунад. Танњо дар шањри Душанбе якчанд радиои мустаќил фаъолият мекунанд, ки раќобат хеле кордонашон кардааст. Ин шабакањо аз пањн намудани хабари сиёсї њам рў наметобанду барномањои тафрењиро низ канор намегузоранд. Барои васеъ намудани доираи шунавандагон ва чалби рекломдињанда даст болои даст намонда, кор мекунанд. Масъулини онњо, на ин, ки дар бораи муњтавои барномањо меандешанд, балки формати радиої меофаранд. Формати радиоии "хабар+мусиќї" сирф бо забони тољикї натиљаи њамин бозори раќобат буд, ки деворњои зиндони иттилотии русњову русгароњоро дар ин бахш шикаст. Он аз љониби тими "Имрўз" пиёда гардиду "Ховар" аз он пайгирї кард. Ин ду тарњ исбот краданд, ки барои муваффаќ шудану муњити иттилоотии ватаниро соњиб шудан пули зиёд лозим нест. Агар миллионњо сомонии њукумат сабаби наљот мешуд, расонањои чопии он ба ин рўзи бад гирифтор набуданд.
Матбуоти њукуматї: хушбоварии фиребанда Се мутахассиси номии ИМА - Алберт Фред С., Шрим Уилберг ва Петерсон Теодор дар соли 1956 чањор назарияи матбуотро таъриф додаанд: авторитарї, либертарианї, назарияи масъулияти иљтимої ва назарияи Шўравии коммунистї. Ин чањор назарияи матбуот пеш аз њама на бо нуќтањои назари гуногун ва консепсияњо, балки аз нигоњи вобастаї ба кадом режими њокимияти ваќт ва љомеа тавоффут доранд. Аз рўи ин назарияњо шакли фаъолияти матбуоти расмии Тољикистон хоси назарияи авторитарї, ё худ идомаи фаъолияти коммунистии матбуот мебошад.Чизе, ки режими мављуда аз матбуот хоњад, аз рўи он бояд амал намояд. Натиљааш њам маълум. Матбуоти расмии Тољикистон айнан боќимонда аз замони Шўравї буда, бо такя ба шонањои кулли кормандони соњаи буљавї "зинда" мебошад. Обунаи иљборї омили гардиши миллионњо сомонї дар фурўши нашрияњо гардидааст. Барои матбуоти расмї љалби хонанда муњим нест, зеро дар аввали сол хонандаи онњоро "муайян кардаанд"-у маблаѓашонро супурдаанд. Бо чунин њол, аз ин нашрияњо умед кардани он, ки дар пур кардани халои иттилоотї наќше дошта метавонанд, камоли хушбоварии фиребандае беш нест. Чунин намуди матбуот айни замон дар таљрибаи љањонї амсол надораду мављудияти љомеаи моро дар "колонияи умумї" таъмин мекунад.
Аз "зиндон" ба "колонияи умумї" Коршиносон ќаблан мегуфтанд, ки моро муњити расонаии русї фаро гирифта, худ гирифтори "зиндони иттилоотї"-и русњо гардидаем. Онњо ба сифати далел теъдоди чопи нашрияњои русї, назорати бозори реклом аз љониби расонањои русї, таваљљуњи бештари мардум ба ша-
бакањои телевизионии русї ва ѓ.њ.-ро меоварданд. Њоло метавон гуфт, ки рушди фановарињои муосир ва имконоти он, ба вуљуд омадани як гуруњ расонањои мустаќили чопї ва сомонаву пойгоњњои хабарї љомеа ва њукумати кишварро аз "зиндони иттилоотї"-и русњо то љое берун кард. Аммо аз зиндони иттилоотии русњо берун гардида, њоло мо дар "колонияи умумї" ќарор дорем. Бале, шароит дар ин љо аз зиндон бењтар аст. Имкони шунидан, тамошо кардан ва хондани хеле чизхо њаст. Аммо ин имконро баъзе аз масъулини нињодњои зирабт ба ќадри тавонашон мањдуд намуда, дастрасї ба матолиби "бегона"-ро то њади тавон зери назорат мегиранд. Хеле аз ин кўшишњо хандаовар низ ба назар мерасанд. Аммо дар љањони муосир ин роњи њал нест. Мањдуднамої, шикастан, бастан ва амсоли ин дигар амалњо њади нињої дорад ва метавонад аксуламали љиддитаре ба миён орад. Агар њатто њукумат дар самти иттилоот тањдиде ба амнияташ эњсос мекунад, боз њам шикастану бастан роњи њал нест. Амалияи расонаии кишварњои љањон роњњои сабуктар ва манфиатовареро таљриба кардаанд, ки фурсати он расидааст, ки Тољикистон низ аз он кор бигирад. Дар ин самт танњо хостан кифоя нест. Бояд ба масъала аз мавќеъи давлатмењварона нигаристу даст ба кор шуд: 1.Шакли маблаѓгузории давлатии телевизионњои Тољикистонро бояд таѓйир дод. Бигзор шабакањои телевизиони давлатї дар асоси озмун 80 дарсади барномаву тарњњои телевизиониро аз студияњои хусусї ва љамъиятї харидорї намоянд. Ин амал роњи раќобати солимро боз мекунад. То ваќте, ки Кумитаи телевизион ва радио аст, ин кор ношуданист. Аз ин рў, салоњиятњои ин кумитаро ба Вазорати фарњанг ва иттилоот дода, худи онро барњам задан айни муддао мебуд; 2. Чун њич зарурате барои пахши хабарњои љањон дар се шабакаи давлатї нест, бубояд, ки шабакаи "Љањонннамо"-ро ребрендинг карда, онро ба шабакаи хабарии минтаќавї бо 5 дафтари корї дар кишварњои Осиёи марказї табдил дињем. Аз барои Худо айб аст, ки шабакањои афѓонї дар њудуди Тољикистон афкорсозї кунанду мо як шабакаи минтаќавї надошта бошем. Ин кор харљи иловагиро талаб, ки намекунад; 3. Ваќти он расидааст, маблаѓгузории нашрияњои соњавї, минтаќавї ва дигар нашрияњое, ки дар пур кардани халои иттилоотї наќше надоранд, аз њисоби буљаи давлат ќатъ шавад. Эълони озмун барои амалї гардонидани сиёсати давлатї дар бахшњои зарурї миёни расонањои мустаќили электрониву чопї ва шабакавї салоњ аст; 4. Њукумати Тољикистон аз имконоти интернет барои ба вуљуд овардани фазои маънавиву фарњангии тољикї бояд васеъ истифода барад. Интернет, шароитеро фароњам овадааст, ки Тољикистон метавонад, на танњо барои сокинонаш балки барои тољикони бурунмарзї низ фазои фарњангиву маънавии худиро талќин намояд. Аз љумла барои 10 млн насли нави тољикони Ўзбакистон бо забони тољикї ва бо хати лотинї ва барои тољикони Афѓонистону дигар манотиќ бо хати ниёкон сомонаву пойгоњњое роњандозї намояд. Бахшњои узбакии /лотинии "Азия-плюс"у "Тољнюс" ва "Озодагон" ба фоидаи коранд, ки ба зарар на. Барои ин бор, њамин пешнињодотро ироа карда, умед мебандем, ки масъулини њукумати феълї низ хостори онанд, ки мардуми кишвар на дар колонияи умумї, балки дар муњити озод зиндагї кунанд.
Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
ДАЊШАТ!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
пурсї кард. Наздикињои аср буд, ки Абдулло (Абляжан Аблайти)-ро бо адвокаташ оварданд ва моро рў ба рў карданд. Дар ин ваќт касе њамроњи ман набуд. Таѓоњоям, ки бо ман омада буданд, дар берун маро мунтазир шуданд. Муфаттиш онњоро даромадан намонд. Як занеро њамроњи ман дароварданд, ки буданашро намедонам. Муфаттиш чанд савол дод. Аммо ягон наздиконамро намонданд, ки бо ман бошанд, - мегўяд Н.Г. Њарчанд аз њодисаи таљовузи духтари ноболиѓ ва дар синии 11-солагї хариду фурўш шудани ў беш аз 4 сол сипарї гаштааст, ин њодиса, њафтае пештар зимни як тадќиќоти журналистии нашрияи "Нигоњ" расонаї шуд. Адвокат Савсан Розиќова мегўяд, хешовандони дигари љабрдида, ки модараш ўро ба ин марди хитої фурўхтааст, ба Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккили Вазорати корњои дохилї 3 моњ ќабл ариза навишта будаанд, аммо то њол касе ба мушкили онњо нарасидааст ва маълум нест, ки Раёсати номбурда парвандаи љиноятї боз кардааст ё на. Ин њам дар њоле, ки факти њомиладор
ШИКОЯТИ АДВОКАТИ НОБОЛИЃИ ТАЉОВУЗШУДА АЗ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛЇ Вакили дифои духтараки ноболиѓ, ки дар синни 11- солагї аз тарафи пешвои ѓайрирасмии уйѓурњои Тољикистон Абляжан Аблайти, машњур ба "Абдулло" таљовуз шуда буд, аз наќзи њуќуќи зерњимояаш дар Прокуратураи генералї шикоят дорад. Савсан Розиќова, вакили дифои љабрдида Н.Г. мегўяд бар хилофи ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистон, ки зерњимояш то ќарибии соати 2-и шаб дар бинои Прокуратураи генералї бе иштироки намояндањои њуќуќї мавриди бозпурсї ва рўбарўкунї ќарор гирифтааст. -Дар њоле, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои бозпурсї ва њамагуна чорабинињои тафтишотї њузури педагог, психолог, намояндаи њуќуќї ва ё волидайни ноболиѓро њатмї медонад, тафтишоти Прокуратураи генералї, зери роњбарии муфаттиш Умед Пўлодов ин њуќуќњои зерњимояи маро нодида гирифта, бозпурсї кардааст. Дар њоле, ки он шаб барои гумонбаршудаи 36-37-сола адвокат ёфтанд, тафтишот зарур надонистааст, ки њадди аќќал мо-
мои љабрдидаро аз дарвозаи бинои Прокуратураи генералї дарун кунал, мегўяд вакили дифоъ. Бино ба гуфтаи худи љабрдида Н.Г. ўро аз соати 9-и сањар то соати 1-и шаб дар Прокуратураи генералї мавриди бозпурсї ќарор додаанд ва ў азият дидааст. Бино ба наќли Н.Г., ки 14 сола аст, онњо аз љониби маќомот ягон даъватномаи расмї низ нагирифта будаанд. -Ба таѓоям аз Прокуратура занг заданд ва гуфтанд, ки ба он љо равем. Аз соати 9-и сањар маро муфаттиш боз-
«
шудани љабрдида. Н,Г. дар синни 12-солагї исбот шудааст ва шахсияти як тан аз се нафар духтурњое, ки исќоти њамли ѓайриќонунї ба амал овардаанд, маълум аст. -Танњо пас аз мурољиати дубора ба Прокуратураи генералии Тољикистон парвандаи љиної боз шуд, вале он њам бо дастрасї ба моддаи 141-и Кодекси љиноии Тољикистон, ки њатто дар сурати исбот шудани таљовуз ба номуси кўдаки 11-сола аз љониби марди 36-37сола, бинобар ќонуни афви соли 2011 мањрумият аз озодиро барои љинояткор дар
Њодисаи таљовуз ба номуси кўдак дар хонаи ба дигар мансабдорои воломаќом таалуќдошта рух медињад, ки айни њол мо наќши ў дар ин њодисаро тањќиќ карда истодаем. Баъди як муддат ноболиѓ њомиладор шуда, мавриди тазиќу фишори Абляжан Аблайти ќарор мегирад. Модараш ўро ба таваллудхонаи № 1-и шањри Душанбе мебарад. Ноболиѓ Н.Г. аз дањшати утоќи акушерї тарсида онљоро тарк мекунад. Модараш ўро бори дувум ба таваллудхона бурда, се нафар духтурон, ки шахсияташонро аллакай маълум аст, ѓайриќонунї бар ивази маблаѓ исќоти њамл мекунанд.
«
11
пай надорад. Ба ин модда басту банда кардани љиноят хеле шубњаовар мебошад. Мо бар онем, ки ин њодисаи љиноят бояд аз рўи моддаи 138-и Кодекси љиноии Тољикистон басту банд карда шавад, то ќонун риоя гардаду љинояткор љазои сазовор гирад-ба таъкид мегўяд Савсан Розиќова. Дар њамин њол, роњбари Агентии тадќиќоти журналистии "Нигоњ" Эраљи Амон мегўяд:"Гуруњии тадќиќотии мо ин њодисаро тањќиќ карда, маълум кард, ки кўдаки 11-сола Н.Г. дар пайи муносибатњои моливу ќарзии модараш Фирўза.Г ба шањрванди Хитой Абляжан Аблайти фурўхта шуда, бо иштироки мулло А. аз ноњияи Шањринав ба никоњи ў дароварда мешавад. Маросими ба ном "никоњ" бо иштироки таѓои ноболигу модараш дар як хонае, ки дар рў ба рўи Ќасри Президенти Тољикистон љойгир асту мутаалиќ ба Эргаш Даминов ном ёвари Вазири хољагии ќишлоќ Ќосим Ќосимов мебошад, баргузор мегардад. Њодисаи таљовуз ба номуси кўдак дар хонаи ба дигар мансабдорои воломаќом таалуќдошта рух медињад, ки айни њол мо наќши ў дар ин њодисаро тањќиќ карда истодаем. Баъди як муддат ноболиѓ њомиладор шуда, мавриди тазиќу фишори Абляжан Аблайти ќарор мегирад. Модараш ўро ба таваллудхонаи № 1-и шањри Душанбе мебарад. Ноболиѓ Н.Г. аз дањшати утоќи акушерї тарсида онљоро тарк мекунад. Модараш ўро бори дувум ба таваллудхона бурда, се нафар духтурон, ки шахсияташонро аллакай маълум аст, ѓайриќонунї бар ивази маблаѓ исќоти њамл мекунанд. Баъди се соли љиноят дар пайи хархашаи хонаводагї ва лату куби ноболиѓ Н.Г пайвандони дигари ў ба Раёсати мубориза зидди љиноятњои муташаккили ВКД шикоят мебаранд, аммо ин нињод аз рўи њодисаи љиноят парвандаи љиноятї боз намекунад. Дар њоли њозир, мо тањќиќ дорем, ки бо кадом сабаб ва омили асосї бароибоз накардани парвандаи љиноятї чї буд? Мо маълум кардем, ки Абляжан Аблайти ва Эргаш Даминов манфиатбардорони пинњонии бозори Чину Тољикистони ""Сомон"-и Чкаловкс мебошанду дасти дароз доранд.Махсусияти ин тадќиќоти мо он аст, ки гумонбаршуда Абляжан Аблайти ва пуштибонњои ошкору пинњонии ў аз номи шахсони олимаќом хеле моњирона истифода мебаранд, на њар маќомот љуръати сару кор крадан бо онњоро дорад. Айни њол, тадќиќоти мо идома дорад. Рўзњои наздик мо онро ба сомон расонида, дар нашрия ба чоп мерасонем". TojNews
САДОИ МАРДУМ
МУНОСИБАТИ ОИЛАВИАТОНРО ДАР АСОСИ КАДОМ ЌОНУНЊО ТАНЗИМ КАРДАН МЕХОЊЕД?
1%
Дигар динњо
0%
Дар ин бора фикр накардаам
5%
Барои ман фарќ надорад
9%
Суннатњои аљдодї
2%
Принсипњои шахсї
23%
Муносибати хешутаборї
Шариати исломї ва ќонунњои Тољикистон
8%
Ќонунњои шариати исломї
Ќонунњои амалкунандаи Тољикистон
51%
0%
Пурсиши навбатї муайян кард, ки 51 дарсад (410 нафар)-и райъдињандагон ќонунњои шариати исломиро арљгузорї мекунанд ва муносибати оилавии худро бо он танзим менамоянд.
Пурсиш, ки зери унвони "Муносибати оилавиатонро дар асоси кадом ќонунњо танзим кардан мехоњед?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 23 (184 нафар) дарсад гузинаи "Шариати исломї ва ќонунњои Тољикистон " - ро интихоб кардаанд. Инчунин 9 дарсад (74 нафар) принсипњои шахсии худро аз њамаи чиз боло дониста, тугмаи "Принсипњои шахсї"- ро интихоб намудаанд. Дар њамин њол, 8 дарсад (65 нафар) ќонунњои љории кишварро аз ќонунњои шариат авло дониста, тугмачаи "Ќонунњои амалкунандаи Тољикистон" - ро пахш кардаанд. 5 (41 нафар) дарсад аз ширкаткунандагони ин пурсиш варианти "Суннатњои аљдодї"- ро интихоб кардаанд, аммо 2 дарсад (16 нафар) ширкаткунандагони муносибатњои пайвандонашонро аз ќонун њам боло дониста, тугмачаи "Муносибати хешутаборї" -ро интихоб кардаанд, вале 1 дарсад (11 нафар) то имрўз њоло хулоса набаровардаанд ва гузинаи "Дар ин бора фикр накардаам"-ро пахш кардаанд. Дар назарсанљии мазкур танњо 3 нафар тугмачаи "Барои ман фарќ надорад" ва 2 нафари дигар "Дигар динњо"-ро интихоб кардаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта дар сомонаи Ољонси иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд, ки дар он 806 нафар иштирок кардааст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
БО ШОИР
ШУЊРАТИ ДАВЛАТШОЊ Чаро тољик намедонї, ки фардо, Ба хуни ту кї зомин мешавад боз? Агар гуфтем агарњо шуд талофї, Вале аммо ва лекин мешавад боз. Барои миллати берўзии худ, Ду дастам дасти омин мешавад боз. Ба Рўзи Шашмаќом - 12 май Коми ман бардоштанд бо тамъи шири Шашмаќом, Мегирад ором љонам дар масири Шашмаќом. Мезиям дар Шашмаќом, балки њавоям Шашмаќом, Мемирад дар сина ишќ аз ман, ки гирї Шашмаќом Савти Дугоњ, Соќинома, Бузруку Талќинчаро Њар кї бишнид мешавад охир асири Шашмаќом. Меравад арѓушту аз ман мерабояд сабру љон, Дилбарам дар савти хуби беназири Шашмаќом Рўзи маргам љои навња уффаре хон, ёри ман Уффари Ороми Љони дилпазири Шашамаќом.
СЎХТ ШАРМСОРАМ Њолатам бечора дидам, шармсорам, ки напурс, Дардмандам ханда созам, шармсорам, ки напурс. Даъвии шањри Самарќанд, даъвии тахти Бухоро, Аз чунин даъвои кам-кам, шармсорам, ки напурс. Дар њамин рўзе, ки бояд дар ѓами миллат бигирям, Аз чунин чашмони бе нам, шармсорам, ки напурс. Дасти худро бўса созу миннати дасте мабар, Ман чунин дасте надорам, шармсорам, ки напурс. Дар лаби сад рўду чашма ташнагї нашкаста хоњам, Аз Мадина оби Замзам, шармсорам, ки напурс. Шўњрат ин њарфи муаммо пеши душман гў, ки њоло, Аз чунин ёрони беѓам, шармсорам, ки напурс.
ФИЛМИ "ЃАМАНГЕЗ" Мерасад дар назарам ќофилаи роњ ѓамангез, Мекашам оњ, фаќат оњ, фаќат оњ… ѓамангез. Рўйњо дар ватани ман чї сафеду чї сиёњанд, Сурати марду зани зиндагиогоњ ѓамангез. Гарчї раќсад ба чаман духтараке дар Наврўз, Ханда мўњре зада бар чењраи он моњ ѓамангез. Њама љо бекасї, бебарќї, хамўшї, сухане нест, Ин сукут чун баѓали сарди шабонгоњ ѓамангез. Чї мусулмонї, ки дар кишвари ман ваќти намоз, Мебаранд бар лаби худ номи ту Аллоњ ѓамангез? Эй Худо, сўги маро нота навис бо ќалами ман, Зери лаб замзама созем ба њамроњ ѓамангез. Пеши чашмам гузарон аст навори њама умрам, Мерасад охири ин филм баногоњ ѓамангез…
ДАСТИ ОМИН Ду дастам дасти омин мешавад боз, Ки миллат мисли дерин мешавад боз? Барои он ки ин миллат намирад, Сари сад љода хунин мешавад боз. Ба ин озодию демокросї, Дусад озода хоин мешавад боз. Дару дарвозањо бесоњибанд лек Сари ѓавчўб поин мешавад боз.
Ошиќи бечора аз ѓамњои њиљрон сўхт, сўхт. Рўзадорон, дидагирён, синабирён сўхт, сўхт. Дар тавони ман набуд оташ задан бар љони кас, Ишќ оташ гашту љони нотавонон сўхт, сўхт. Бо худам гуфтам, ки фардо офтобї мешавам, Абри њисам чун њавои баъди борон сўхт, сўхт. Баргаи бурде ба дастам даррасиду боз њам, Норасида навбати ман давру даврон сўхт, сўхт. Хотирам чун донаи зуннор аз њам пора кард, Каъбаи ёди маро он номусулмон сўхт, сўхт. Дар дуо гуфтам, ки шањри бевафоён даргирад, Дастро бар рў кашидам Тољикистон сўхт, сўхт. Дўстонам, маъзарат, шояд шуморо бовар аст, Ин ки, Шуњрат аз дуову оњи љонон сўхт, сўхт.
БОЯД
Бояд ба ишќи Шўњрат, эй хуршеди мањвашам, Ранље ба мисли ќисмати шамсу ќамар кашид.
МОДАР Ману бехабар зи њолат, ки чунин набод бояд, Туву чашм ба дар, ки шояд писарам зи дар дарояд. Ману як баѓал гул аз шеър, ки ба пойи ту бирезам, Туву дида-дида ашке, ки ба ќатрае наярзам. Ману як идат муборак, ки ба рўзи 8-уми март, Туву сад дуову омин, набинад вуљуди ман дард. Ману дар хаёли ин, ки чї касам барои модар, Туву сад умеди ин, ки писарам барои модар. Ману ваъдаву ќасам, ки зи ту бехабар намонам, Туву хандаву насињат, ки ќасам дигар нахонам…
КЇ ГУФТ? Рўзе биё ба шањри мо як шаб бимон, кї гуфт? Охир биё, биё, биё, номењрубон, кї гуфт? Гуфтам савоби рафтанам аз ту чї мерасад, Як хол дар кунљи лабам аз бўса мон, кї гуфт? Аз шеъри худ рањтўшаи хубе гирифтамат, Ту шоири шеъри наву охирзамон, кї гуфт? Дар роњи байни фурќату васлат нишастаам, Эй войи ин мусофири озурдаљон, кї гуфт? Ин зангњои мобилї њарчанд гусастаанд, Ту бо манї, ман бо туам пайванди љон кї гуфт? Акнун равам, ё наравам, фарќе намекунад, Шуњрат, наої, меравам бар шањратон, кї гуфт?
ДУШАНБЕ Эй Душанбе, шањри ѓамдорону ѓамбардорї ту, Шањри ошиќ, шањри маъшуќ, шањри одамдорї ту. Рафтам аз оѓўши ѓавѓоят ба ѓам гаштам дучор, Эй Душанбе, њарчї ѓам дорам ту мебардорї, ту!
Бояд дамеро аз даме осудатар кашид, Рафъи хумори бодаро ваќти сањар кашид.
Љодуи чашми хиёбонњои ту хонад маро, Шањри сењру шањри мењру шањри афсункорї ту!
Бояд чу нури офтоб аз ќуллаи баланд, Ба пешвози рўзи нав бо ханда сар кашид.
Ман Самарќанду Бухороро намехоњам дигар, Пойтахти ишќ њастї, шањри нотакрорї ту!
Бояд чу мављи саркаши дарёи пурхурўш, Худро ба умќи синаи кўњу камар кашид.
Дар сари санге нишаста соњили рўди Урељ, Дарк кардам, ки Душанбе, љой дар дил дорї ту!
Бояд чу барги лолае дар дашти синае, Аз хуни худ ранги хати зеру забар кашид. Бояд чу як пайроњаи њамвору бегазанд, Мардони рањро бар рањи фатњу зафар кашид. Бояд чу як афсонаи ширини кўдакї, Аз лафзњои тифлакон ширу шакар кашид. Бояд, ки номи хешро бо ранги зарњалї, Дар сархати муаззами ањли башар кашид. Бояд чу гурге зиставу озода чун уќоб, Аз дори ин дунёи дун рахти сафар кашид.
МАН Дидаед марде сигорї Дасти ѓам андар кафи даст, Дар хиёбони дарози бекасї Меравад бешўру пуршаст… … Ин љавонии ман аст… Дидаед шањре, ки холї Аз нидои ошиќон аст? Дар хиёбонаш гуле нест, Кишвари дилмурдагон аст… … Зиндагонии ман аст… Дидаед дарёи хушке Шўриши сад бањр дорад? Мезанад сарро ба соњил, Мављњояш ќањр дорад… … Ќањрамонии ман аст… Дидаед як гурги танњо Дар сари санге нишаста? Рў ба сўи осмонњо Нолааш дар лаб гусаста… … Безабонии ман аст…
ТАХТАИ СИЁЊ Аз сарвазири Њукумати Тољикистон, мўњтарам Оќил Оќилов хоњиш менамоям, ки як рўз аз корњои давлатї фориѓ шуда ба мавзеи Эсанбой, ба гўшаи шўразору бегиёњи Ватан омада, ањволи мардумро бо чашмони худ бубинанд. Мо ягон иншооти нав насохтаем, ва бо ин ањвол бино карда њам наметавонем. Мувофиќи наќшањои шањрсозию ноњияободкунї аввали солњои 1990 шањри Душанбе мебоист масоњати худро то ба ноњияи Ленин (њоло Рўдакї) васеъ мекарду ноњия бошад ба самти дашти Эсанбой кўчонида мешуд. Мувофиќи њамин лоиња дар Эсанбой (65 километр дуртар аз Лоњур) корњои бузурги азнавсозию бунёдкорї оѓоз гашт. Техникаи пурќудрати Тољикистони шуравї ба њамвору тахт кардани заминњои бекорхобида, мутахассисони варзида ба обёрии боѓу киштзор ва сохтани хонањои њозиразамон сар карданд. Ва дар њамин айни љўшу хурўши кор давлати СССР нест шуду баъди чанде дар шањри Душанбе њайкали Ленинро сарнагун карданд. Пас аз ин њама корњо нотамом монда, техникаю мутахассисон пароканда шуда
13
њамсоя њамеша сабзу хуррам, боѓоту киштзораш шодоб; аз дарё ин тараф бошад, марзи Тољикистони соњибистиќлоли мо - биёбону шўразор! Воќеан, заминњои ин тарафи дарё, ки марзи Тољикистонро ташкил медињанд, як замон чунин ранги сабзу хуррамро доштанд. Дар наздикии дењаи Ќизил байраќ боѓи бузурги мевадор буд, ки њосилашро на танњо ањолии љамоати дењоти Эсанбой, Душанбею вилояти Бадахшон, балки ба шањрњои Маскаву Новосибирск равон карда, фоидаи зиёде мардум ба даст меовард. Он ваќт њама ќаноатмандона серу пур зиндагї карда, касе орзуи муњољиратро намекард. Акнун, ки боѓ хароб гашта, шабакаи обёрї аз кор баромадааст, љавонон бе љои кор мондаанд ва аз рўи зарурат ба шањрњои Русия мардикорї мераванд… Мардум аз роњи ночорї барои обёрї кардани боѓоти худ ба кандани чоњњои 25 - 35 метрї сар карданд, вале мутахассисон нўшидани онро зараровар њисобидаанд, зеро оби чоњ дар таркиби худ ба миќдори хеле зиёд намак дорад…
ЊУКУМАТИ КИШВАР! МАРЊАМАТ БА ЭСАНБОЙ! рафтанд. Баъди чанд муддат њама боѓоту киштзори мардум њам аз беобї хушк шуда, ба шўразор табдил ёфтанд… Дар Тољикистон чандин сол аст, ки сару садоњо нисбати ОБ баланд мешавад. Хукумат тавассути радио, ТВ ва васоити ахбори оммавї оид ба ОБ њамеша маводу барномањои љолиби диќќатро пешкаши мардум мегардонад. Дар Ватани љонољони мо њатто дањсолаи "ОБ - барои њаёт!" эълон гашт, аммо беш аз 27 дењоту љамоати Эсанбой оби тоза он тараф истад, њатто оби лойолуд њам надоранд. Ба мардум алам мекунад, ки дарёи Кофарнињон на аз он тарафи силсилакўњњои Боботоѓ, балки њамагї 500 - 700 метр дуртар равона аст. Халќи зањматкаш дар ин сарзамин ба ду манзара чашм медўзад: аз дарё он тараф марзи Ўзбекистони
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
Бадбахтї танњо намеояд. Мардуми минтаќаи Эсанбойро, инак, 8 сол мешавад,ки њашароти аз њама зараррасон - селаи малахњо азият медињад. Ин њашарот њамасола дар айни ваќти љамъоварии гандум пайдо шуда, саросар њамаро хўрда нобуд мекунад. Мардум аз дасти ин махлуќи касиф ба љон омада, намедонанд чї кор кунанд. Њар сол њукумати ноњия каме маблаѓ људо мекунаду сару рўи чанд малахи махуфро "дору" мезананд, аммо баъди 5 даќикаи "табобат" њашарот боз бо ќувваи дучанд зарар мерасонанд. Илољи ин махлуќи касифро њукумати Ўзбекистон зуд дарёфт: марзи худро бо самолёт дору пошид. Баъди ин амалиёт шумораи малахњо дар сарзамини тољик боз њам афзуд… Агар кор њамин тавр рафтан гирад, ин њашарот тамоми Тољики-
стонро фаро гирифтанаш аз эњтимол дур нест. Дар мањаллаи Марѓзор (љамоати дењоти Эсанбой) ба љуз аз танќисии ОБ, инчунин барои хонандагон мактаб намерасад. Имрўзњо шумораи хољагии дења аз 220 нафар њам гузашта, дар ду баст зиёда аз 300 хонанда дар вагону хонањои хусусї њамчун дар мактаби куњна тањсил доранд. Омўзгорони ин мактаби миёнаи №25 њамасола ба идорањои дахлдори кишвар, аз он љумла ба Вазорати маорифи Тољикистон аз ањволи
ногувори худ иттилоъ медињанд, вале вазорат ба онњо чун ба фарзандони хеши нињоят дур муносибат карда, хешро ба нодонї мезанад… Дар ин гўшаи Ватан масоилу проблемањо хеле зиёданд. Дар дењаи Ќалъа (љамоати дењоти Эсанбой) њангоми сўњбат бо мардуми мењнаткаш таъкид карда шуд, ки Сарвазири Њукумати Тољикистон чун ба њар манотиќи кишварамон меравад, он љо аз ќадами муборакашон гулу гулзор мешаваду мардум аз азобу машаќќат рањої меёбанд. Чї мешуд, ки ба ин гўшаи Тољикистон њам ташриф оварда, инояташонро ба мардуми азиятдида арзонї доранд. Халќи мавзеи Эсанбой боварии комил дорад, ки баъди сафари президент Эсанбойи шўразору янтоќзор аз нав чун пештара ба гулу гулзор ва боѓоту киштзор мубаддал хоњад гашт! Рустам РАМАЗОНЇ
Р. S. Роњњои мавзеи Эсанбой аз соли 1992 инљониб таъмир нашудаанд ва њангоми интихоби наќлиёт Сарвазири кишварро зарур аст, ки нуктаи мазкурро ба инобат бигиранд.
БОЗИИ КЎДАКОНА Фарќи сандуќи раъй аз тобут дар чист?
"Бењтарин ва ягона роњ барои хотима додани набардњои талху хунин, байни нерўњои мардумї дар Миср, Сурия, Тунис, Либия ва соири кишварњои демократї, ин пазируфтан ва эътироф кардани сандуќи раъй аст, на барпо намудани инќилобу барканорї, чунки натиљаи инќилоб инќилоб аст, на чизи дигар..." Ин андешаи донишманд ва коршиноси масоили сиёсї доктор Файсал Ќосим аст, ки бо мушоњида аз авзоъи хатарњои баъзе кишварњои арабї ва дигар кишварњои демократие, ки низоми бехирадона ва золимонаро пеш гирифтаанд ва аз воќеоти рўзгор њеч дарси ибрат намегиранд, зикр мекунад. Бо зулму зурї мањв намудани шаффофият дар интихобот, таќаллубкорї ва њиллаву найранг, танњо кинаву адоват ва љангу љидолро ба бор меоранд.
Воќеоти Мисри Араб, Сурия ва боќї кишварњои љангзада дарси ибрат аст барои афроде, ки зимоми давлату њукумат ба дасти эшон аст. Њукуматдорони њар кишвар набояд бо артишу нерўњои амниятии хеш њамчун рукн ё такягоњ эътимод кунанд ва набояд мардумро дасти кам бинанд. Артиши Сурия бо тамоми нерў дар гузашти ду сол наметавонад пеши мардумро бигирад ва эшонро аз шўриш боз дорад. Артише, ки худро дар муќобили мардум ќарор медињад ва алайњи мардум ќиём мекунад, дер ё зуд нобуд мегардад. Сиёсате, ки артиши Миср бо дастгирии нерўњои хориљї, пеш гирифтааст, бозии кўдаконае беш нест. Агар бархе гурўњњо дар љањони араб, ё хориљ аз он дар андешае бошанд, ки як ќисми љомеаро аз њуќуќи сиёсиву иљтимоияш мањрум бисозанд, пасон
зўран аз сари ќудрат барканор намуда мањву нобуд бисозанд, масхарабозї аст. Имрўз нерўњои дохилї ва хориљї мехоњанд дар кишвари Миср ва дигар кишварњои исломї инќилоб барпо кунанд ва тавассути он манфиатњои худашонро ба даст оранд, ки ин имконнопазир аст. Имрўз миллатњо аз хоб бедор шудаанд, лаззати озодиро чашидаанд, ки дигар онро ба соддагї аз даст нахоњанд дод. Бояд манфиатњо ва њуќуќњои тамоми раќибон дар интихобот таъмин карда шаванд. Ва бояд ањду паймон бибанданд, ки равиши интихобот тибќи низоми демократї пеш бурда мешавад, на аз тариќи барканор кардани раќиб. Дар он сурат ватанро ба харобї хоњем бурд. Аз сиёсатњои пешгирифтаи бархе њукуматњои Осиёи Миёна чунин ба назар мерасад, ки эшон ё мутеъу фармонбардори хољањои хориљиянд, ё таќлиди кўркўрона доранд, ё тибќи як стратегияи оламї њаракат доранд. Аз ин хотир, авзоъи љадид ниёз ба сиёсатњои бохирадона ва њакимона дорад, то кишварњоро аз табдил шудан ба майдонњои набарду хунрезї нигоњ дорад. Ќудратњои дохилї ва хориљї бояд бидонанд, ки манофеъ ва орзуњои онњо аз роњи рондани як гурўњ ва кўмак кардани як гурўњи дигар ба даст намеояд, ки инро бозии кўдакона меноманд, на сиёсат. Умдатарин омиле, ки кишварњои дунёро ба самти фурупошї мебарад, ин аст, ки як гурўњи муайян, ё як њизб фикр кунад, ки њамеша пирўзи майдон аст ва њамеша алайњи раќибон ќодири њукмфармоист. Донишмандони масоили сиёсї чунин аќида доранд, ки агар як гурўњ ё њизб пирўзи-
яшро алайњи дигар нерўњои иљтимої ва сиёсї эълом кунад, ин як бепарвої ва њамоќати бузург муаррифї мешавад. Дар кишварњои арабї пас аз суќути диктаторњо инќилобњо ба таври демократї сурат намегиранд, балки табдил ба душманї байни ду љараён гаштааст. Шуълаи ин ситезањо пас аз пирўзии исломгароён дар сандуќњои раъй ба ављи аъло расидааст. Секулярњо ба љои эътироф ва ќабул кардани натиљаи сандуќи раъй ба тарзи бехирадона барои суќути низомњои мунтахаб аз љониби мардум ва демократї иќдом мекунанд ва хаёл мекунанд, ки ќазия хеле сањлу содда аст. Ман дарк намекунам, ки чаро баъзе ќудратњо фикр мекунанд, ки соќит намудани гурўњи мунтахаб ва демократї ба соддаги мумкин ва фаромўш мешавад. Оё онњо фикр намекунанд, ки мардум нооромиро намехоњанд, намехоњанд љасади бељони тифлакони бегуноњу занони худро дигарбора мушоњида кунанд? Касе муваффаќ мешавад, ки аз сарнавишти дигарон дарси ибрат мегирад, дар њоле, ки бехирад танњо панду насињати худро мешунавад ва ќабул дорад. Бояд тамоми кишварњо, гурўњњо, артишњо, созмонњои амниятї ва нухбагони сиёсиву фарњангї, миёни сандуќ ё тобут якеро интихоб кунанд. Эњтиром гузоштан ба љойгоњу раъйи мардум, шукуфої ва сулњу суботи ватанро ба бор меорад ва адами эњтироми мардум, бароварда накардани хостањои эшон, эњтиром надоштан нисбати сандуќи раъйњо, танњо натиљааш тобут хоњад буд.
Ќадриддин ИСОЕВ
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
ИЉТИМОЪ
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЧАРО? ЧАРО ДАР ХАТСАЙРИ №4 ЌАРОРИ ШАЊРДОРИРО БА ЭЪТИБОР НАМЕГИРАНД? - Чанде пеш дар њафтаномаи "Нигоњ" як идда хонандагон аз он шикоят карданд, ки дар хатсайри №4 ронандагон ба љои 1 сомонї аз мусофирон 2 сомонї роњкиро меситонанд. Дар ин матлаб дар љавоб ба суоли хонандагон директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон" љаноби Абдуњомид Шералиев гуфта буд, ки дар хатсайри №4 мувофиќи ќарори ба тасвибрасонидаи раиси шањри Душанбе аз соли 2011 роњкиро 1 сомонї аст ва талаб намудани 2 сомонї аз тарафи ронандагон ѓайриќонунї аст. Њамчунин љаноби Шералиев дар он матлаб изњор дошта буд, ки љињати ислоњи вазъ дар хатсайри №4 як рейде доир мекунанд. Аз нашри он матлаб њамакнун расо як моњ сипарї гардид, аммо вазъ дар ин хатсайр њамоно нигаронкунанда боќї мемонад. Директор ва масъулони "Душанбенаќлиётхадамотрасон" дар ин хатсайр рейди худро бо муваффаќ гузарониданд ё не, вале њамоно ронандагон аз мусофирон 2 сомонї меситонанд. Чаро дар хатсайри №4 ва дигар хатсайрњо Ќарори шањрдориро ронандагон ба эътибор намегиранд? Чаро ронандагони хатсайри мазкур нисбати ќарори ба тасвибрасидаи раиси шањри Душанбе нописандона рафтор менамоянду вале аз љониби маќомоти дахлдор ба муљозот кашида намешаванд? Чаро дар амал љињати ислоњи вазъ дар соња Њукумати шањри Душанбе, Вазорати наќлиёти Тољикистон, Хадамоти танзим дар соњаи наќлиёт ва МДК "Душанбенаќлиётхадамотрасон" мушаххасан кореро анљом намедињанд? То ба кай ин ањвол дар пойтахти Тољикистон - шањри Душанбе давом меёбад? Оё ин бенизомї поёни худро дошта бошад? Саидмурод РАЊМАТОВ, сокини шањри Душанбе
ЛАТИФА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
15
АКСИ ГЎЁ
Дар тайёра. Садои баландгўяк. - Миёни мусофирон ягон духтур њаст? Як мард аз љо мехезад ва ба кабинаи сарнишинон меравад. Баъди ним даќиќа садои баландгўяк: - Миёни мусофирон лётчик њаст? *** - Духтурљон, росташро гўед, њамин алафњое, ки шумо дору гуфта мефурўшед, ягон манфиат меоранд? - Набошад - чї! Масалан, як њафта ќабл ба писарам охирин тамѓаи мошини хориљиро харидам, барои духтарам бошад роњхат ба Париж… *** Табибе аз назди ќабристон мегузашт ва рўяшро пинњон карда, ба тарафи дигар менигарист. Аз ў суол карданд: - Чаро рўятро пинњон мекунї? Табиб љавоб дод: - Нисфи мурдагони ин ќабристон аз дасти ман фавтидаанд.
?-И БОБ ОЁ ЌОНУН ТАНЊО БАРОИ КАМБАЃАЛОН АСТ?
НАХОД? ЌАДРИ МОДАРИ ДОМОД ДАР ШАБИ ТЎЙ!
РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ! - Ду њафта ќабл дар ЉДММ "НАЌЛИЁТГАЗ - 2004" дар мошини шахсиам таљњизоти гази моеъро бо сифати баланд ва бо нархи арзон насб намуданд. Инро баъди се њафтаи мушоњидањоям муайян намудам, ки хизматрасонї дар ин коргоњ назар ба дигар љамъиятњо арзон будааст. Акнун ман муштарии доимии ин коргоњ њастам. Њар гоње ниёз ба гази моеъ пайдо кунам, дар ин љамъият мошинамро пур мекунам. Аз яке аз коргарони он пурсидам, ки роњбари корхонаи шумо кист? Мехоњам, ки миннатдории худро барои хизматрасонии хубу нархи дастрас дар ягон газета баён намоям! Коргар гуфт, ки роњбарамон Умаралї Саидов мебошад. Ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда бо воситаи нашрияи "Нигоњ" барои хизматрасонии олї ва нархи ќобили дастрас ба сарвари ЉДММ "НАЌЛИЁТГАЗ - 2004" Умаралї Саидов миннатдории самимонаи худро мерасонам! Худоё, сафи чунин соњибкорон зиёд гардад! Омин! Мањмурод ОДИНАЕВ, сокини ноњияи Њисор
- Домоду арўс сари тахти шоњї менишинанд... Модари домод мехоњад омада онњоро табрик кунад, вале ба арўс писанд намеояд. Арўс дар гўши домод мегўяд, ки модаратро бигў наояд, маъќул нашуд. Домод дар њол аз љояш хеста эълон мекунад, ки кї модари маро мехарад, ман ўро мефурўшам. Ин њарфњоро се бор такрор мекунад, мењмонон њама њайрон мешаванд... Њама хомўш, касе лаб намекушояд. Домод ба назди модараш рафта, дастњояшро мебўсад ва мегўяд, ки ман худам модарамро мехарам... Арўсро дар њамон толори арусї талоќ медињад... Аз байн чанд моњ мегузарад, марде ба назди домод омада мегўяд, ман барои духтарам хеле талош кардам, ки домоди мувофиќ ва муносиб пайдо кунам, лекин ба љуз худат касеро пайдо карда натавонистам... Духтарашро бо бењтарин ваљњ тўй карда, ба домод медињад. Модар модар аст, њарчанд баъзе ваќт њамсар азизу барно њам бошад, вале њељ гоњ љои модарро гирифта наметавонад... Љаннат, ки ризои мо дар он аст, дар зери ќудуми модарон аст! Умед РАЉАБЗОД, сокини ноњияи Варзоб
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
РЎЗНОМАНИГОРОН! ХАТОЊОИ ИМЛОИИ ШУМОРО ЌАБУЛ НАДОРАМ!!! - Ман аз даврони собиќ Иттињоди Шўравї инљониб ба хондани газетаву маљалла шавќу раѓбати зиёд дорам. Њар њафтаи рўзи панљшанбе аз ягон писар ё наберагонам хоњиш мекунам, ки бароям њафтаворњои заруриро харида биёянд. Дар ќиёс ба замони Шўравї имрўзњо адади газетаву маљалла бамаротиб хеле зиёд аст. Албатта, ин мояи хушбахтї аст. Насле, ки рўзнома мехонад, онро фардои дурахшон интизор аст. Аммо, мутаасифона, љавонони имрўза нисбати љавонони замони Шўравї камтар рўзнома мехонанд. Муњтавои њар рўзнома њар хел аст. Ба ќавле, бо гуногунрангиашон муштариёнро ба сўи худ љалб кардан мехоњанд. Рўзноманигорони њар як нашрия бо риояи принсипи беѓаразї мекўшанд, ки ба мушкилоти гуногуни дар љомеа вуљуддошта бо матлабњои иншонамудаашон дарду дармон бахшанд. Аммо бисёр љои нигаронї аст, ки дар аксари нашрияњои тољикї хатогии услубию имлої бисёр мушоњида мешавад. Бар замми ин њарфњои думчадори тољикї гоње дар вожаву љумлањо чаппа ё ба шакли нохоно чоп мешаванд. Њатто дар баъзе вожаву љумлањо њарфњои думчадор навишта намешавад. Иллат дар чист ростї намедонам, шояд ба Шумо маълум бошад? Дар замони Шўравї ин камбудињо дар чопи газетањо камтар рух медоданд. Зеро "Главлит" назорат мебурд. Њоло њам ваќте ки "Љумњурият" ва "Садои Мардум" - ро барои хондан ба даст мегирам, ин гуфтањои боло камтар ба назар мерасад. Вале дар ин нашрияњо на њамаи рўйдодњои кишвар инъикос меёбанд, барои њамин дар фурўши озод хонандагони камтар доранд. Аксари он бо тариќи обунаи маљбурї дастраси шањрвандон мегардад. Нашрияњои ѓайрињукуматї њаводорони зиёд доранд, лекин хатоњои дар боло зикршуда њусну ќубњи онњоро мекоњонад. Дар њафтаномањои "Нигоњ", "Фараж", "Озодагон", "СССР", "Миллат", "Тољикистон", "Чархи гардун", "Самак", "Наљот" ва ѓайра ин норасоињо зиёд дида мешавад. Ба ќавли нашрияи "Нигоњ", рўзноманигорони муњтарам, ман ин хатогии имлоии Шуморо ќабул надорам! Нашрияњо дар баробари маърифатнок кардани хонандагон, бехато навиштанро бояд риоя карда, дар тарзи дурусти навиштани вожа, ибора, љумла ва матн барои хонандагонашон намуна бошанд. Хуб мешуд, ки сардабирони газетањо ба ин норасоињо сањлангорї накарда, аз паи ислоњи он мешуданд, ё мусањњењони ботаљрибаро ба кор даъват мекарданд. Боќї аз мо - хонандагон барои Шумо танњо дуост! Саломату комгор бошед! Раљабалї МАРДОНОВ, сокини шањри Душанбе
- Пайваста њафтаворњои давриро мутолиа мекунам ва бо ин восита њадалимкон аз рўйдодњои нави кишвар бархурдор мегардам. Рўзе нест, ки дар Тољикистон садамаи наќлиётї рух надињад. Бо иштироки писарони мансабдорони бонуфузи тољик Иззатулло Шарифов, Нусратулло Абдуллоев, Амирќул Азимов ва дигарон дар роњњои кишвар садамаи наќлиётї рух дода буд. Писарони онњо аз уњдаи идораи мошинњояшон набаромада, бо худравњояшон якчанд кўдакону нобилоѓонро пахш карданд. Дар натиља ин кўдакон маъюбу маслуќ ва њатто бо њаёт падруд гуфтанд. Гўё писарони онњо барои ин кирдорашон мувофиќи ќонун љазо гирифтанд, вале ягонтои онњо паси панљара љазояшонро адо накарданд. Њамаи онњо дар пайи амнистия ё худ авф ва бо њар роњу восита пеш аз муњлат озод шуданд. Тарафдори паси панљара нишондани ягон нафар, билхоса фарзанди бою камбаѓал нестам! Аммо ваќте ин ё он фарзанди як камбаѓал бо амали мушобењ ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд, чаро имтиёзњои ќонун ва амнистия дар нисбати онњо татбиќ карда намешавад? Оё дар Тољикистон хубию имтиёзњои ќонун танњо барои фарзандони мансабдор ва бадию муљозоти ќонун барои фарзандони камбаѓал навишта шудааст, ки таъини љазо ба онњо яксон амалї карда намешавад? Ё дар Тољикистон иљроиши ќонун танњо барои камбаѓалон аст? Дар њамин њол, оё метавон гуфт, ки дар Тољикистон њуќуќу озодї ва баробарии њама дар назди ќонун як хел аст? Бояд татбиќи ќонун дар ин масъала барои фарзанди бою камбаѓал як хел бошад, то фарзанди мансабдор њам бим аз он дошта бошад, њангоми љиноят содир кардан ягон имтиёз ва нуфузи падар ўро аз паси панљара кашидан озод намекунад ва фарзанди камбаѓал њам ба худ масъулият њис кунад, ки иљроиши ќонун барои њамагон яксон аст ва дар худ банд ё боби бою камбаѓал надорад! Агар не, духурагї дар татбиќи ќонун дар нисбати фарзанди бою камбаѓал оё баробарии иљтимоии шањрвандонро дар Тољикистон зери суол намебарад? Бахтиёр МИРЗОЕВ, сокини ноњияи Рўдакї
ТАНЊО ДАР МО... - Танњо дар мо мувофиќи Конститутсияи кишвар Тољикистон давлати иљтимої ба њисоб рафта, дар он тањсил ва табобати ройгон кафолат дода мешавад, аммо дар асл шањрвандон барои тањсилу табобат маблаѓ пардохт мекунанд! - Танњо дар мо мижаи мансабдоронамон тањ нахўрда, бо консенсуси њосилшуда бо як ширкати хориљии нестандарљањон роњњои беалтернативаи кишварамонро пулакї мекунанд! - Танњо дар мо дар донишкадаву донишгоњ љойњои буљавиро довталабон бо мистер $ (доллар) мехаранду номи пуршарафи донишљўро сазовор мешаванд! - Танњо дар мо ба љои "хайр бошад", "хайр набошад", мегўянд! - Танњо дар мо кондуктору ронандагони автобусу троллейбус ва минибусњо тамаъ ба пули мусофирон дўхта, баќияи пули онњоро барнамегардонанд! Валъамат СОБИРОВА, сокини шањри Душанбе
БА ЉОИ 09 - Агар фаъолияти автобусњои мусофиркашонии шањри Душанбе ба талабот љавоб намегўянд, ё нисбат ба кондукторњои ону дигар пањлуњои фаъолияташон норизоед, пас метавонед бо шумораи телефонњои зайл барои ислоњи вазъ мурољиати худро ба шахсони мутассадї расонед: 224 38 07 - мудири шуъбаи танзими МДК "Душанбенаќлиётхадамотрасон", 224 34 93 - шуъбаи равобит бо љомеа, 93 500 28 44 - директори ККД "Автобус 1", 93 500 65 52 - муовини директори ККД "Автобус" 1".
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (352) 4. 09. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
БОНУВОНИ ТИЛЛОЇ ВА ЊУКУМАТИ ЌОЃАЗПЕЧ Мирзодиккак ва Ѓалтак бо маслињати пешакї роњ сўи Кумитаи кор бо занон ва оилаи љумњуриро гирифтанд. Масъулони ин нињоди давлатї аз омадани љўрањо огањї ёфта, дар дари утоќи кориашон навиштанд, ки онњо ба сафари хизматї ба дараи Варзоб рафтаанд, то аз њолу ањволи бонувон дар дараи хушманзари Варзоб огањї пайдо намуда, ба онњо маслињатњои муфид дар хизматрасонї ба мизољони дохилу хориљи кишвар бидињанд. Мирзодиккак ва Ѓалтак баъди хондани ин навиштаљот паси сар хорида, аз бинои боњашамати њукуматї баромаданд. Онњо љуръати дар чойхона нишастану мисли њарваќта сўњбат карданро надоштанд, зеро ваќтњои ахир нарху навои маводи ѓизої дар чойхонањо аз нарху навои маводи ѓизої дар тарабхонањо фарќе надорад. Љўрањо дар гулгашти наздикии бинои њукуматї болои хараке нишаста, аввал, аз болоравии нарху наво дар маѓозаю бозорњо гапро кушода, сипас, ба масъалањои дар зиндагии бонувон љойдошта дармонданд. Ѓалтак: - Тибќи бархе аз назарсанљињо, бо таѓйир хўрдани Ќонуни андоз дар ќатори нарху навои њамаи мањсулот, нархи хизматрасонии "шабпаракњо" шабонаю рўзона дар мењмонхонаю њаммомњои хусусї афзоиш ёфтааст. Дар ноњияи Каттаќурѓон як бону ба сахтсарии мизољон тоб наоварда, худро аз ошёнаи болої ба поён партофта, љо ба љо мурд… Мизодиккак: - Мон-е, ту афзоиши "шабпаракњо" - ро мебинию афзоиши чандбаробараи раисонро аз њисоби бонувони дењотї намегўї? Њукумати љонољони мо њамаи шароитњоро барои бонувон муњаё кардагї. Дар ваќташ як бонуи раис буд дар тамоми љумњурї ўро мешинохтанд. Њоло мардњо заминро мардак барин ба бонувон додаву худашон аробакашию мардикориро пеша кардаанд. Мана, теъдоди раисњои хољагињои дењќонї аз њисоби бонувон чунон зиёд шудагї, ки њисобаш гум... Ѓалтак: - Рост, агар њамон заминњо зери ќарз намемонданд, дар њељ сурат раисї ба бонувон намерасид. Онњо заминњои зери ќарз мондаро ноилољ соњибї карда, мурда - мурда ќисме аз ќарзњои раисњо бурдагию хўрдагиро бозпас гардониданд. Мирзодиккак: - Бонувон сиёсати њукумати љонољонамонро њамаљониба дастгирї мекунанд. Мо бо онњо проблема надорем, вале ќисме аз мардњо занњоро аз заминњояшон људо карда, ба Русия бурда истодаанд. Чунин мавќегирии онњо бар хилофи сиёсати њукумати љонољонамон мебошад. Ин масъаларо бояд мавриди баррасї ќарор дода, ин гуна мардњои ватангурезро ба љавобгарии љиної кашид. Ѓалтак: - Мирзољон, духтарони мо дар Русия зудтар бахташонро дарёфт мекунанду зиндагияшонро хуб пеш мебаранд. Агар ба умеди баргаштани љавонон аз муњољирати мењнатї шаванд, тамоми умр пирдухтар мемонанд. Бачањои ба муњољирати мењнатї рафтагї аз Русия умуман барнамегарданд, ё баргарданд њам бенуќс барнамегарданд. Мизодиккак: - Њозир парламенти мо ба хулосае омадааст, ки худкушї дар байни бонувон асосан аз барваќт ба шавњар баромадани онњо аст. Агар аќлашон мерасиду баъд ба шавњар мебаромаданд, њељ гоњ заминро партофта, думболи шавњаронашонро гирифта, ба хориљи кишвар намерафтанд, худкушї намекарданд, људошавии оилањо ин ќадар зиёд намегашту теъдоди "шоњпаракњо" намеафзуд. Ѓалтак: - Эњњња, хестї, ки хобї! Агар ба умеди Шумо њукуматињо шавем, ягон зани зинда намемонад. Њамонњое, ки дандон ба дандон монда, ба ин зиндагии сахт тоќат карда истодаанд, онњое њастанд, ки имонашон ќавї асту аз гўру ќиёматашон метарсанд. Мана, ќисме имонамон боз ќавитар шавад гуфта, аъзои ЊНИТ шудаанду шумо њукума-
тињоро воњимаи аз даст додани давлат пахш кардааст. Мирзодиккак: - Рости гапро гўям, бонувони мо тиллоянд, тилло! Вагарна ин ќадар љабре, ки мо ба сари онњо мекунем, агар бонувони немис бошанд, дар сари мо њукуматдорњо чормаѓз мешикананд. Гоњ ба рўймоли сарашон чаќа мешавему гоњ ба куртаи барашон. Ба кор биёянд, бархе аз мансабдорон дар наздашон аз шодї ба раќс медароянд. Ѓалтак: - Мон-е, њамин номи раќсу сурудро нагир, ки гапи К + зиёд мешаваду мансабдорони мо ба љои кор кардану амнияти кишварро таъмин кардан ба љустуљўи журналистон сарсону саргардон гашта, нашрияњои њукуматї ба љои навиштани масъалањои дар зиндагии ањолї љойдошта, сањфањояшонро пур аз ѓаразу ѓайбат мекунанд. Мирзодиккак: - Ман њаргоњ аз назди беморхонаи беморињои дарунї, љоѓар мегузарам, хаёл мекунам, ки њамаи бонувони Тољикистон беморанд. Њукуматињои мо агар як зани ќонунї дошта бошанд, дутои дигар "запас" доранд. Аз ин лињоз, чунон холабеѓам шудагї, ки ба мисли марги муњољирони мењнатї марги бонувонро њам як амри маъмулї ќабул мекунанд. Њамон Њољї Мирзо дар ќатори таблиѓи он, ки бачањои тољик зани тољик бигиранд, мардњои муњољирро барои овардани ѓизоњои йоддор аз Русия барои зану фарзандонашон таблиѓ мекард, шояд теъдоди гирифторони љоѓар дар кишварамон камтар мешуд - а!? Ѓалтак: - О, Шумо њукуматињо њамаи намакњоро йод кардем, гуфта, гўши фалакро кар кардаед ку?! Мирзодиккак: - Ман - ку аввал ба йод кардани намак бовар мекардам, њоло баъди фањмидани он, ки мо йодро аз хориљи кишвар бо нархњои гарон мехаридаем, дигар ба йод кардани намак начандон бовар мекунам. Ќисме аз мансабдорони мо пулњои ночизро медузданду боз бо пули гарон йод мехаранд. Онњо дар баѓоч йоддор менависанду пули йодро майда карда, бо ањлу байташон мезананд. Ѓалтак: - Мирзољон, биё, аз њамин љо соќу саломат ба хонаамон биравем. Њозир масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати љумњурї омада монданд, њардуямонро чунон "шантаж" мекунанд, ки пагоњ дар расонањои хабарии њукуматї љои холї намемонад. Љўрањо аз љой бархоста, љониби истгоњи автобус равон шуданд. Њаво рў ба салќиншавиро дошт. Вазидани шамоли салќин гувоњї аз онро медод, ки паррандањои Тољикистон пас аз муддате чанд ба љойњои гарм мераванду ќисме аз муњољирони мењнатї бо умеди дидор ва саодати хонаводагї ба Ватани азиз бозпас мешаванд. Худо хоњад!
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 224 25 09 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 224 25 09 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Шермуњаммади ШОЊИЁН, раиси КМИР: - Мо бояд тамоми чорањоро андешем то таќаллубкорї дигар сурат нагирад. Барои ширкати беморон таваљљуњи махсус дода истодаем ва шароит муњайё мекунем. -Воалайкум вассалом, Мирзоалї Болтуевич, эъ, мебахшед љаноби Шоњиён, марњамат карда бигўед, ки шумо беморони интихобшавандаро дар назар доред ё беморони интихобкунандаро?!
Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Аслан шаффофият дар њеч кишвари дунё љой надорад, чї расад дар низоми Тољикистон. Сад дар сад шаффоф баргузор гардидани интихобот маънои онро дорад, ки њизби њоким бояд омода бошад, то ќудратро ба ањзоби мухолиф биспорад. Аммо дар њеч кишвари љањон њизби њокиме ба ин амал розї нест. -Рафиќ Шабдолов як бор аз кўчаи танги андешањои худ ва мифњои њукуматї берун шуда, ба хиёбонњои низоми сиёсии Олмону Инглистон ё аќќалан Ќирѓизистони њамсоя назар андозеду ин афсонаи ЊХДТ-ро дигар такрор накунед. Барои коммунисти билети № 1-дор ин кор айб аст. Сайидмукаррам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Тољикистон: - Далели риоя нашудани гуфтањои Ќуръон дар кишвар, имрўзњо миллионњо маблаѓ аз Тољикистон берун рафта истодааст. -Астаъзубиллањ! Аз кай боз шумо узви Академияи исломии ЊНИТ шудед, ки берун бурдани сармояро аз љониби нухбагони њукмрон бо ин шеваи нозук мазаммат мекунед?!
Сўњроб ШАРИФОВ, вакили парлумон: - Сарњадчиёни тољик танњо бо кўмаки появии моддї-техникї ниёз доранд. Мо сарњадро худамон њифз мекунем. Ба мо фаќат техника лозим асту зарурати таљдиди силоњ ба миён омадааст. - Баъди 5-уми октябр аз шумо вакилон ва сарњадчиёни тољик дигар њич кас њич чизро намепурсад, агар бовар накунед, 23-юми сентбр ва вохўрии ѓайрирасмии сарони кишварњои аъзои СПАД-ро интизор бошед. Усмон СОЛЕЊ, раиси шўъбаи таблиѓоти ЊХДТ: - Мувофиќи ќонун њар кас фикру аќидаи худро оид ба ину он њизб баён мекунад. Ин љои нигаронї надорад. Чун љомеаи демократї бояд мањдуд набошад. - Њамин хелу мулло Усмон, аммо ба ќавли мардум "њама чи бозї к@ри хари ќозї њам бозї?!" Баъдан њаќорати шахсияту ањзоб, тафриќаандозї миёни мардум теша бар пояи вањдати миллї задан аз кай боз "баёни фикру аќида" шуда монда бурафтанд?!
Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, сиёсатшинос: - Феълан даргирї байни ЊНИТ ва њукумат имконнопазир аст. Чун дар шароити феълї на ин тарафу на он тараф майли душвор кардани вазъиятро надоранд. -Рост мегўед, ду тарафи як медал кай ба њам даргир шуда метавонанд, хоса ваќте, ки сузанаки медал берањмона аз љонибу Русияву Узбакистон ба синаи миллат халонида шудаасту љомеа маљоли берун кардани онро надорад?!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09