Нигох №24 (406). Чоршанбе, 3-юми сентябри соли 2014

Page 1

Нигоње ба роњи Истиќлолияти Тољикистон

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

1

САЊИФАЊОИ 8-9 №24 (406). Чоршанбе, 3-юми сентябри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ИСЛОМ БАЊОНА НЕСТ

Чор зан мехоњед? Марњамат, ба Малайзия!!! САЊИФАИ 12

МУСОЊИБА

Китобхонаи миллї рамзи ниёкон аст САЊИФАИ 4

АЛВИДОЪ, ОТАМБОЕВ! Ќирѓизистон чаро бояд ба як инќилоби дигар омодагї бинад? САМАРЌАНД

Шоирон аз Ватан бозича сохтанд САЊИФАИ 6

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Мулломанияи ТВТ САЊИФАИ 16

ШАБАЊИ ИМПЕРИЯ Чаро њамлаи ДИИШ-ро ба Осиёи Марказї њам бояд интизор буд?


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

ЊАМСОЯРО ИНТИХОБ НАМЕКУНАНД Ќирѓизистон чаро бояд ба як инќилоби дигар омодагї бинад?

Алмос Отамбоев ояндаи торикеро барои миллат ва мардуми Ќирѓизистон таъин кардааст. Ваќте ў аз "хизмат" - њои "Газпром" мегўяд, инро аз мардум пўшида медорад, ки бозори нафту газро ба Русия додааст ва ин њол барои њамеша кишварашро мутеъи Русия намудааст. Ў агар роњбари воќеї мебуд, "Ќирѓизгаз" - ро ба њар навъе нигоњ медошт, то лоаќал њамон 2,5 миллиард метри мукааб гази Љалолободро дар оянда танзим мекард. Аммо инро њам ба ихтиёри "Газпром" додааст. "Ташхис" - и хатои Атамбоев аз онњое, ки газро бастаанду дар марзњо миномет мепарронанд, боз њам беасос аст. Ўзбакистон газро барои Тољикистон њам ќатъ кард, аммо вазъи дохилии кишвар осеб надид, зарарњои иќтисодї буданд, на сиёсї. Яъне ин ќадар набояд воњима кард, балки бояд кўшид, ки роњњои дигари воридоти газро фикр кард. Марзи аломатгузоринашудаи Ќирѓизистон бо Ўзбакистону Тољикистон нишони душманї нест, балки як бањси оддии ба мушкил табдилёфта аст. Ва суњбатњои Отамбоев дар бораи истифодаи миномет њамоно бардошти "коршиносона" аз ин њодиса аст. Ў инро зикр намекунад, ки дар њодисањои марзї љониби Тољикистон бештар талафоти љонї додааст, на Ќирѓизистон. Аммо бо вуљуди ин њама, мо ду њамсоя метавонем ин мушкили худро њал кунем, чун мо њамсоя њастем. Ин як њамсоядориест, ки ба монанди интихоби волидайн интихоб надорад. Алмосбек Отамбоев хилофи њамсоядории асрњо ба ин сўи тољикон, ўзбакњо ва ќирѓизњо ин арзишро њам фаромўш мекунад, ки "њамсояи наздик, беш аз бародар ё хеши дур" аст. Шояд ин кўшишњои ў барои љалб кардани Русияву Ќазоќистон ба бањсњои марзиаш бо Ўзбакистону Тољикистон бошад. Агар ин тавр њаст, боз њам хато мекунад. Барои Русияву Ќазоќистон Тољикистон - "марзњои љанубии ИДМ" ањамияти бештар дорад ва онњо ба хотири Ќирѓизистон њељ гоњ наметавонанд муносибатњои худро бо Тољикистон тањти хабар гузоранд. Намехоњанд њамон "марзњои ИДМ" ба Бодканд кўчад. Њамзамон алораѓми манофеъи миллии Ќирѓизистон ин рањбар фаромўш мекунад, ки кишвараш метавонад тавассути ширкат дар тарњњои минтаќавї, назири CASA 1000 ва роњи оњани Чин - Ќирѓизистон - Тољикистон - Афѓонистон субъекти комилњуќуќи муносибатњои минтаќаї бошад, ба як љањони бузург тааллуќ гирад, на дар мањдудаи иттињоди нокомили русиябунёд бимонад. Њодисањои Украина чашми Нурсултон Назарбоев, асосгузори њамгироињои авруосиёї дар фазои собиќ Шўравї боз намудаанд, аммо Отамбоевро њушёр накардаанд.

"РИСК" Суханронии Алмосбек Отамбоев дар рўзи истиќлолияти Ќирѓизистон нишон дод, ки ин президент торафт ба як коршиноси масоили сиёсї табдил меёбад. Президенти Ќирѓизистон дар ин суханронї "дўсту душман" - и Ќирѓизистонро ташхис дод. Аз љумла, инро гуфт, ки Русияву Ќирѓизистон дўстони Ќирѓизистон ва њамсоягони дар ба девораш - Ўзбакистону Тољикистон - душманаш њастанд. Ин ошкоргўї ба як нафаре, ки сарнавишти 5 миллиону 800 њазор нафарро ба зимма дорад, њељ гоњ намезебад, зеро ўзбакњову тољикон на фаќат њамсоя, балки сокинони комилњуќуќи сарзамине ба номи Ќирѓизистон њам њастанд. Ин як гапи оддї нест. Ва ин як соддалавњї мебуд, барои онњо дастур додан, ки фалонињо дўст ва бањмадонињо душмани шумо њастанд.

"ДЎСТОН" "Коршинос" Отамбоев ваќте дар бораи Иттињоди гумрукї сухан мекард, гуфт: "Дар гузашта ман бо намояндаи Иттињоди Аврупо дар ин мавзўъ суњбат доштам. Гуфтам: "Лутфан, ман Янукович нестам, биёед, ман созишномаро имзо мекунам ва мо узви Иттињоди Аврупо мешавем". Гуфт, ин имкон надорад, зеро марзи умумї надоред". Ман њам мегўям, ки Иттињоди гумрукї алтернатива надорад…" Вай бар ин аст, ки агар кишвараш ба Иттињоди гумрукї ворид шавад, сатњи зиндагии мардумаш ба њаддии Русияву Ќирѓизистон боло меравад. Ва… кишварњои ин иттињод ба Ќирѓизистон даъвои марзї надоранд. "Агар мо хоњони иттињод бо Ќазоќистони бародар, Русияи бародар набошем, пас бо кї бошем?" Вай инро пўшида надошт, ки Русия ба хотири ба Иттињоди гумрукї ворид шудани Ќирѓизистон маблаѓи њангуфтеро харљ мекунад, то ин раванд "дарди кам ба вуљуд орад". Инро њам пинњон накард, ки мехоњад кишвараш аз 1 январи соли 2015 узви комилњуќуќи Иттињоди гумрукї, яъне Иттињоди иќтисодии Авруосиё бошад.

"ДУШМАН" "Душман" - и њамсояашро ваќте дар бораи фаъолиятњои "Газпром" суњбат мекард, як бор зикр намуд. Ба ќавли ў, ин њамсоя ба хотири "ноамн кардани вазъи сиёсии" Ќирѓизистон газро бастааст. Ва дар идомаи мадњу сано аз "Газпром", ки бояд ба Ќирѓизистон ба 165 доллар газ орад, инро њам зикр мекунад, ки кишвараш аз Ўзбакистон ба 229 доллар сари њар метри мукааб газ мехарид. Бо њамин, "коршинос" рўшан кард, ки кадом "душман" мехост, вазъи сиёсии дохили кишварашро ба њам занад. Ваќте дар бораи Иттињоди гумрукї суњбат мекард ва аз русњову ќирѓизњо њамчун хешованд ёдовар шуд, Алмос Отамбоев гуфт: "Онњо обу гази моро намебанданд, марзњои моро аз миномет (минаандоз) намепарронанд. Онњо замини моро талаб намекунанд". Ин љо боз њам ишора ба Ўзбакистон ва Тољикистон шуд.

"ТАШХИС" "Ташхиси коршиносона" - и президенти Ќирѓизистон нишон медињад, ки ин сиёсатмадор аз вазъи кунунии кишвараш бардоштњои ѓалат дорад. Ваќте фикр мекунад, ки баробари ворид шудан ба Иттињоди гумрукї сатњи зиндагии мардумаш ба сатњи Русияву Ќазоќистон боло меравад, ин "ташхис" ба тањлили, пеш аз њама, худи вазорати иќтисоди Ќирѓизистон мухолифат мекунад. Ин вазорат чанде ќабл љанбањои манфиву мусбати ворид шудан ба ин иттињодро ба гунаи зайл таъриф дода буд: а) Љанбањои мусбат: 1) Ба вуљуд омадани шароити муфид бидуни марзњои гумрукї; 2) истифодаи талабот ва асноди ягона, ки бехатарии мањсулотро кафолат медињанд; 3) дастгирии иќтисодии шарикон барои мувофиќ кардани иќтисоди Ќирѓизистон ба шароити Иттињоди гумрукї; 4) рушди саноати нассољї, дўзандагї, хўрока ва коркард ва дигар соњањо; 5) љалби сармояњои мустаќими хориљї аз њисоби вусъати бозор; 6) њалли мушкилоти муњољират; 8) воридоти бидуни бољи маводи стратегї (нафт, газ, гандум, маводи кимиёї, мета-

лњои сиёњ ва ранга…) 9) модернизатсияи лабораторияњои санљишї мутобиќ ба талаботи Иттињоди гумрукї. б) Љанбањои манфї: 1) боло рафтани ќимати амволи воридотї аз кишварњои сеюм; 2) коњиши воридот аз Чин, коњиши шуѓли ањолї дар тиљорати яклухт ва даромадњои буља; 3) афзоиши пардохтњо ва коњиши раќобатпазирии барои бахшњои иќтисод, ки имконияти бештари содир карданро доранд; 4) афзоиши пардохтњо ба далели заъфи зерсохтории сифат иљрои талаботи нави Иттињоди гумрукї; 5) Коњиши бахшњое, ки раќобат карда наметавонанд; 6) афзоиши муњољирати ањолї ("Вечерний Бишкек", манбаъ: вазорати иќтисоди Ќирѓизистон). Ин тањлил нишон медињад, ки Ќирѓизистон дар њоли њозир барои ворид шудан ба Иттињоди гумрукї омода нест. Дар њоли ворид шудан онро танњо як сарнавишт дар пеш аст: мардумаш ба Русия муњољират мекунанд, иќтисодаш ба дасти ширкатњои бузурги Русияву Ќазоќистон мегузарад ва аз дасти њукуматаш коре наомада, мунтазир менишинад, ки кай барояш "бародарон" як луќма нон мепартоянд. Дар ояндаи дур, шояд наздик, њамон "орзу" - е, ки Феликс Ќулов дошт, яъне ба як губернияи Русия табдил додани Ќирѓизистон, љомаи амал мепўшад. Ќирѓизистон аз љомиаи башарї канда мешавад. Дигар на Амрикову Аврупо ва на њатто Чин онро як кишвари худкифо ва "кирои гап" нахоњанд њисобид. Дари созмонњои байнулмилалии сиёсиву иќтисодї ва молиявиро њам тавассути "иттињоди путинї" хоњанд кўфт, зеро як шарти вуруд ба ин иттињод роњандозии сиёсати ягонаи иќтисодї дар ин фазо аст. Тавре Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон гуфт, "агар истиќлолияти иќтисодї набошад, истиќлолияти сиёсї маъно надорад". Њамин "орзу" - ро ду њамсояи "душман" Тољикистону Ќирѓизистон дар њаќќи худ ва дар њаќќи њамсояашон надоранд. Ин њамсояњо њарчанд бо Ќирѓизистон мушкил доранд, аммо њељ гоњ бадхоњи он нестанд, зеро агар хонаи њамсоя оташ гирад, боз њам њамсоя зарар мебинад.

Бо вуљуди ин њама, инљониб бар ин нест, ки Алмосбек Отамбоев аз асли воќеиятњо хабар надорад, шояд ба сабабњои маълум њузури худ дар њукуматро таќвият медињад. Аммо њељ љои шакку тардид нест, ки ин нутќи "таърихї" -и ў мањсули муаллифи дигар бошад. Алмосбек Отамбоев пас аз њукумати сесолааш дар Ќирѓизистон корро ба дараљае овардааст, ки дигар будану набуданаш ба тасмимњо дар Кремл вобастагї доранд. Масалан, камтарин кўшишаш барои истиќлоли амал, на ба чизе дар сатњи геополитика, балки мањз бо сиёсати як ширкат - "Газпром" љилавгирї карда мешавад. "Газпром" як њафта нафту газро ба ин кишвар ворид накунад, боз як инќилобу ў сари ќудрат нест. Алвидоъ, Отамбоев! Паёме њам, ки зимни "дарафтодан" - и ў ба њамсояњои наздиктарини Ќирѓизистон - Тољикистон ва Ўзбакистон нуњуфтааст, чизе аз ин беш нест, ки бигўяд: пушти ман Миллер ва Путин њастанд! Зимнан, дар нутќи таърихї аз ин ду нафар зикри хайри мањкаме рафт. Аммо љаноби Отамбоев, як "риск" - и бузург мекунад ва он њам нодида гирифтани наќши бозигари бузурги минтаќа - Амрико аст. Амрико "интихоб" - и Отамбоевро нахоњад бахшид. Агарчи имрўз пойгоњи амрикоиро Отамбоев тавонист аз Ќирѓизистон берун кунад, шояд љои сармоягузорињои Бонки љањониву Бонки осиёии рушдро њам сармояњои Русия гирифтаанд, вале Амрико ба навњањои дигар дар минтаќа мустаќар мешавад. Дигар чї мешавад, шояд президенти Ќирѓизистон фањм кунад. Таърих, ки ба як солу ду сол тамом намешавад. Миллатњо њам як солу ду сол, ки нестанд, агар роњбари воќеї дошта бошанд… Худо кунад, ки Алмосбек Отамбоев њам то ба соли 2017 - интихоботи навбатии президентї дар Ќирѓизистон бирасад. Аз њама муњим ба бародарон ва њамсояњои азизи мо, 5 миллиону 800 њазор сокини Ќирѓизистон газанде нарасад, ки хеле азияти бозињои сиёсатмадорони ноуњдабарои худро кашидаанд…

Фаромарзи ФОЗИЛ


СИЁСАТИ ХОРИЉЇ

Дар "Рўзи Дониш" ба синфхона роњ надодани як хонандаи синфи 8-и МактабГимназияи раќами 4-и шањри Хуљанд дар љомеа ба вокунишњои мухталифе рў ба рў шуд. Фаъолони шабакањои иљтимої директори мактаб ва рањбари синфи ин хонандаро ба исломситезї муттањам карданд. Тоњирхон Бањриддинов, падари Абдурањмон Тоњирзода, хонандаи синфи њаштуми мактаб-гимназияи №4-и шањри Хуљанд барои роњ надодани писараш ба дарс ба Прокуратураи ин шањр шикоят бурдааст. -Бањриддинов мегўяд: "Субњи 1-уми сентябр ваќте Абдуррањмон ба мактаб меравад, рањбари синф ўро ба синфхона роњ надодааст. Гуфтааст, ки "агар директори мактаб шуморо ин љо бубинанд, маро мекушад..." ва аз синф пеш кардааст. 5-6 рўз пеш писарам Абдуррањмон барои гирифтани китобњои дарсї ба мактаби №4-и шањри Хуљанд, ки дар он љо дарс мехонад, рафта буд, вале рањбари синфаш ва директори мактаб ба ў гуфтаанд, ки падар ва ё модаратро бо худ биёр, баъд дар бораи гирифтани китобњо суњбат мекунем".

Зан, вакил, омўзгор... Аз баски директори мактаб ва рањбари синфашон њар ду зан њастанд, ман њамсарамро њамроњи писарам ба мактаб фиристодам. Дар мактаб ба њамсарам гуфтаанд, ки писаратонро аз ин мактаб гирифта, ба дигар мактаб баред, зеро соли гузашта ўро ду - се маротиба њангоми рафтан ба намози љумъа маќомот дастгир карда буданд ва гўё вай дар синф бањсњои зиёде мекунаду њамсинфонашро њам ба диномўзї ташвиќ мекунад. Ба њамсарам гуфтаанд, ки мо намехоњем дар ин мактаб чунин донишомўз дошта бошем. Оилаи шумо рўњонї асту ин бача њам дар оянда рўњонї ва ё мулло хоњад шуд, чї лозим аст дар ин мактаб дарс хондани ў. имрўз бошад ўро ба синфхона роњ надодаанд", -мегўяд Бањриддинов. Тоњирхон Бањриддинов мегўяд: "агар ба фарзи мисол, Абдуррањмон - писари ман намози љумъа њам рафта бошад, вай хилофи Кодекси маъмурї рафтор кардааст ва дар назди маќомот сабт мегардад, вале мо њамчун падару модар аз он ки ба масљид рафтааст, барои намози љумъа дар ваќти дарсї хабар надорем. Чаро аз љониби маќомот ё мактаб дар ин бора моро пештар огоњ накардаанд?". Тоњирхон Бањриддинов аз роњбарияти мактаб - гимназияи №4-и шањри Хуљанд ба Прокуратураи ин шањр шикоят бурдааст. "Мо аз маќомоти прокуратура талаб кардем, ки нисбати роњбарияти мактаб, тибќи моддаи 164-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиноятї кушода шавад. Зеро фарзанди мо дар рўзи аввали хониш аз дасти роњбари синф ва директори мактаб зарари калони маънавї дидааст". Директори мактаб-гимназияи №4-и шањри Хуљанд Зулфия Ашурова дар суњбат бо TojNews гуфт: "Абдурањмон Тоњирзода дар мактаб сустхон аст, аз њафт фан

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

3

ХАТОИ СИЁСЇ Ё чаро вакили мардумї ва директори мактаб-гимназия дар "Рўзи Дониш" хонандаи намозхонро аз мактаб ронд?

бањои се дорад. Тибќи талаботи Шўрои муаллимони мактаб, талабае, ки аз беш аз чор фан бањои се дорад, бояд ё дарсњои иловагї хонад ва ислоњ шавад. Ё бояд ба мактаби дигар равад. Дониши Тоњирзода Абдурањмон ба талаботи мактабгимназия љавобгў нест.".

Фарзанди оилаи диндор Зулфия Ашўрова, вакили маљлиси вакилони шањри Хуљанд ва дирктори мактабгимназияи №4, дар бораи боздошти Абдурањмон Тоњирзода дар масљид гуфт: "Вай ду маротиба дар масљид, дар намози љумъа иштирок карда, як маротиба аз љониби кормандони маќомоти корњои дохила дастгир шуда, падараш рафта ўро бо додани забонхат озод кардааст. Як маротибаи дигар талабањои мактаб, њамсинфонашро ба хонаашон бурда онљо намоз хондаанд, ки аз он рањбари синфашон муаллима Њабиба Каримова огоњ шуда, онњоро хуб фањмондааст. Ин оила руњонї њастанд, ду хоњарчаи Абдурањмон њам дар мактаб мехонанд ва ба дарсњо бо сатри исломї меоянд. Мо як сол талош кардем, як соли дароз кор карда, фањмондем, ки хоњари дар синфи як мехондааш, ки имсол ба синфи 2 гузашт, сатрашро аз сар гирад, аммо то њол вай ба мактаб бо рўймол меояд", - мегўяд Зулфия Ашурова. Ба гуфтаи директори Мактаб-Гимназияи №4 шањри Хуљанд ва вакили маљлиси вакилони халќ, дар "Рўзи дониш" ду се толибаи њиљобпўши мактаби №27-и Хуљанд ба ў мурољиат кардаанд, то онњоро ба мактаб ќабул кунад. Зеро онњоро аз мактаб барои њиљобдорї рондаанд. Мушкили духтарони њиљобпўш дар дигар манотиќи Тољикистон, аз љумла дар шањри Душанбе њам вуљуд дорад. Онњое, њам кам нестанд, дар шањр, ки барои манъи њиљоб ба таълими духтаронашон баъд аз синфи 9-ум монеъ шудаанд, онњоро ба мактаб рафтан намемонанд. Дар Тољикистон расман, беш аз 99 дар сад мусалмонанд, ва барои онњо шариати исломї, аз љумла пўшидани њиљоб барои духтарони ба бало?атрасида як фаризаи илоњї аст. Бењуда нест, ки ваќтњои ахир ингуна бањсњо зиёдтар расонаї мешаванд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ки се сол пеш ќабул шуд, рафтан ба масљидро барои то 18-солањо мамнуъ кард, боиси бањсњои зиёд дар љомеаи Тољикистон мешаванд. Бино ба иттилои расмї, беш аз 99 дарсади мардум дар кишвар мусалмон асту, намоз барояшон, аз синни балоѓат, фарзи илоњї аст. Талаба бояд мактаб хонад, дониш омўзад, аммо дар баробари ин, вай набояд бедин шавад. Аз ин рў, набояд ба масъала содда нигарист. Дар зењни насли наврас бедор кардани њисси тафриќаи дин-

дору бедин ба вуљуд биёяд. Баъди ба бало?ат расидан, онњо метавонанд, барои худ мафкураи заруриро интихоб кунанд. Дар ин роњ истифодаи зўрї ва сиёсат, хатои бузургест, ки муттаассифона омўзгор содир кардааст.

Ќонун чї мегўяд? Дар Тољикистон њар кас дар интихоби дин, њамчунин либоспўшї ва озодињои дигар озод аст. Коршиносони масоили њуќуќї мегўянд, ќонуни "масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", ба талаботи Ќонуни асосї мухолифат дорад. Њамин тариќ, аз дарс рондани талаба барои диндор буданаш, боиси шикояти волидайн ба маќомоти прокуратура шуд. Муњимтар аз ин, тавре онњо дар ариза ба прокуратура навиштаанд, чунин муносибати омўзгор, боиси зарари маънавии сахт бардоштани талабаи мактаб шудааст. Дар бораи иддаои роњбарияти мактаб, ки сабаби аз дарс рондани талабаро ба сустхонии ў рабт додааст, бояд гуфт, ки тибќи ќонун барои сустхонї донишомўзи то 16-соларо касе њаќ надорад, ки аз мактаб пеш пеш кунад. Масалан банди 6-и Моддаи 16-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маориф" мегўяд, "барои шањрвандони Љумњурии Тољикистон таълими умумии асосї (9-сола) њатмист". Дар банди 10 ва 11-и њамин модда гуфта шудааст, ки: "Бо ќарори маќоми идоракунии муассисаи таълимї ва дар мувофиќа бо маќомоти мањаллии идоракунии маориф, барои мунтазам содир намудани амалњои ?айриќонунї ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимї хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимї хориљ карда мешавад. Муассисаи таълимї ўњдадор аст, ки дар бораи хориљ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онњоро ивазкунанда) ва маќомоти дахлдори давлатї хабар дињад". Њарчанд президент ќабл аз имзои ќонуни номбурда гуфта буд: "Маќсад аз тањияи ин ќонун љавобгар кардани волидайн ва масъулини тарбия нест, балки тавассути ин ќонун њукумат ният дорад, ки масъулият, маќому манзалати падару модарро дар љомеа бештар гардонад, њар як падару модарро вазифадор кунад, фарзандро тавре тарбия намояд, ки ў ба номи бошарафи падару модар ва миллати хеш иснод наорад", ба назар мерасад, ки њамин банди ќонун гўё дастак барои њисобот, љарима кардани волидайн суистифода мешавад. Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ки онњоро уњдадор карда гуфтааст: "иштироки фарзандро дар фаъолияти иттињодияњои динї (аз љумла рафтан ба масљид), ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмї дар муассисањои динї ба таълим фаро гирифта шудаанд, иљозат надињанд",

ЗУЛФИЯ АШУРОВА, ДИРЕКТОРИ МАКТАБ-ГИМНАЗИЯИ №4. ХЉАНД

боиси латма хўрдани нуфузи Тољикистони демократї натанњо дар дохил, балки дар арсаи љањонї шудааст.

Мактаб ё масљид? Тарљењ додани масљид ба мактаб, гапи нав дар расонањои Тољикистон нест. Солњои 2011 ва 2012 кор то љое расида буд, ки дар назди баъзе мактабњои миёнаи умумї дар рўзњои љумъа натанњо кормандони маќомоти њифзи њуќуќу тартибот, балки, аз љумла дар шањри Душанбе ќисме аз имомхатибон њам сафарбар карда мешуданд, то ин ки аз рафтани донишомўзони мактабњои миёна ва пайвастани онњо ба сафи намозгузорон љилавгирї кунанд. Муаззини масљиди марказии пойтахт, ба номи Њољї Яъќуби Чархиро ба хотири намозгузории чанд ноболи? љарима њам карда буданд. Дар шабакањои иљтимої хабари аз мактаб рондани талаба дар "Рўзи дониш", барои он ки масљид мерафт, бигзор њатто сустхон бошад, ба интиќоди шадиди љомеаи шањрвандї рў ба рў шуд. Хулосаи корбарони шабакањои иљтимоиро дар ин бора метавон мухтасар баён кард, ки агар њадаф аз таълиму тарбияи фарзанд дар мактабњо ба камол расонидани мутахассисони оянда бошад, тарзи либоспўшии онњо бояд дуюмдараља бошад. Рондани талаба барои он ки пўшиши исломї ва барои сиёсати давлат номаќбул дорад, чораи кор нест. Агар дар масљид насињат шунида, дар мактаб барои риоя ба њамин насињатњо танбењ гирад, навраси бояд чї хулоса кунад? Ба зўру фишор наметавон дар дили хонанда, мењри мактабу тањсилро бедор кард.

Амруллоњи НИЗОМ


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

МУСОЊИБА

Расо 7 сол пеш, ваќте Президент Эмомалї Рањмон хишти аввали бинои Китобхонаи миллиро гузошт, ин рўзро - Рўзи китоб хонд. Аз соли 2007 4уми сентябр дар Тољикистон расман њамчун Рўзи китоб ќайд карда мешавад. Ду сол аст, ки китобхонаи миллї фаъолият мекунад. "Нигоњ" дар робита ба ин рўз тасмим гирифт бо Њуриннисо Ализода, муовини директори Китобхонаи миллии Тољикистон аз бурду бохт ва наќшањои ояндаи он мусоњиба анљом дињад. -Муаллима, бисёрињо то њол њам бар онанд, ки Китобхонаи миллї, аз њад бузург аст, дар муќоиса ба зарурати сохтмони он. Мегуфтед, ки он аз китобхонаи ба номи Абулќосим Фирдаввсї чи тафовут дорад? - Китобхонаи миллии ба зарфияти собиќ китобхонаи Фирдавсї муќоисанашаванда аст.

КИТОБХОНАИ МИЛЛЇ - РАМЗИ НИЁКОН АСТ Њуринисо АЛИЗОДА:

Алабатта, китобхонаи Фирдавсї, азамати маънавї бахшидааст. Солњои шўравї фаъолият карда, рисолати боргоњи сухану андарз ва илм будани худро ба анљом расонид. Аммо, њоло ки љањони наву асри суръати илму техника аст, таббист, ки талабот њам фаррохтару љадидтар ва масъулияти бештарро талаб мекунад. Имрўз дар хазина зиёда аз 10 миллион китоб мањфуз аст, 6 миллион китоби чопї ва зиёда 4 миллион электронист ва дар ин коргоњи фарњангї 35 шуъба фаъолият дорад, ки њар яке самти кори худро доранд. Оё ин њамаро дар китобхонаи Фирдавсї ѓунљонидан имконпазир буд. Толорњои китобхона бо таљњизоти муосири шабакавї таъминанд. Тамоми талошро барои дар хидмати истифодарбарандагон ќарор додан амалї карда истодаем. Њатто гўшањои китоб ва иттилооти сафоратхонањои гуногуни муќими кишварро таъсис дода истодаем. Дар ин гўшањо китобњои чопї ва электронї оид ба таърихи давлатњо, миллатњо,осори бадеї, илмї, иттилоотї ва техникї фароњам оварда мешаванд. То солњои наздик шањрвандони мо њатто барои дастрас кардани китоб ё рисолаи илмї ба Русия ё кишварњои њамсоя мерафтанд. Имрўз бошад онро метавонанд дар толори ин китобхона нишаста тавассути шабакаи иљтимої ва сомонаи китобхонаи миллї дастрас кунанд. Зарифятњое, ки њоло ихтироъ мешаванд ва давлати мо, ки талош дорад аз ин њама бархўрдор бошад, алабатта барои инсон шароити мусоидтаре дар нисбати пешин фароњам меорад. Ин њам яке аз самтњои сиёсатњои муњими роњбари давлат ба њисоб меравад ва сарчашма аз он дорад, ки китобдориву китобхонадорї љузъи муњиму барљастаи таърихи миллати мост. Дуруст аст, ки ваќти кушода шудани бинои он, дар зењни баъзе кутањандешон суоле пайдо шуда буд, ки зарурати китобхонаи муњташам нест. Аммо, акнун дидем, дар ин нуктаи стратегии фарњангии миллат амалї шудани рамз ва ормони миллї, ки аз таърих маншаъ мегирад, таљассум ёфтааст. Китобхонањои замони Исмоили Сомонї то њанўз вирди забонњост, бо он бойгониву сарваташ. Дањхо бузургони илму хирад ва ирфон аз он истифода кардаанд, ки бо илму ирфонашон дар таърих мондагор гаштаанд. Сарвари давлати мо њам, ин рамзро нигоњ дошт. Њоло ингуна Китобхонаи миллї на танњо дар кишварњои њамсоя, балки дар Осиёи Марказї на-

зир надорад. Дар њар ваќту замон, таърих, миллат, давлат ва роњбарро бо мондгориаш ёд мекунанд. Пас Роњбари давлат бо гузашта ифтихор кардаву ба ояндагон њамчунин ёдгореро боќї мемонад, ки ин албатта љойи ифтихори миллист. Ин иќдомро метавон аз муваффаќтарин тарњњои муосири давлат шумурд. Ин гуфтањоро мењмонони хориљии зиёде, ки ба китобхона меоянд, такрори ба такрор мегўянд. Ин бинои мўњташами илмуирфон танњо китобхона ва толорњои китобхонї нест, балки имконоти бузурги баргузории њама гуна њамоишњоро дар сатњи байналмилалї дорад. Бо таљњизоти муосир муљањњаз аст. -Дар роњ медидем, ки бо кўдакон њам баъзан ин љо меоянд. Ман ёд дорам, ќаблан њам ваъдањо буданд, ки шароит барои сарпарастии кўдакон њам ин љо фароњам мешавад, то волидайни онњо тавонанд ба роњат аз хидмати китобхона истифода кунанд. - Албатта ин ваъдањо барзиёд иљро шудаанд. Ваќте мо барои хонандагон ё муштариён, шароити бо кўдакон омаданро таъмин намудем, њамагї як гўшаи китобхонаро љойи махсус барои чанд соат нигоњубин кардани кўдакон омода кардем. Њоло рафта бинед, ин гўша ба як толори бузург табдил шудааст ва ба истилоњ тангї мекунад. Ваќте модаре мехоњад, ки ба китобхона ояд, парастор, ё шароите надорад, ки бидуни кўдакаш биояд, ин љо бисёр мувофиќ аст. Барои њамин, мо шароит фарњам овардем, ки чанд соати машѓулият, падар ё модар кўдакро дар гўшаи дигар бо парастор ва њамсолонаш бо машѓулияти мутобиќ ба синну сол супорад. Њатто чанд соат ин љо будани кўдакон аллакай ба як бахши бойгонии кор бо кўдакони мо табдил шудааст. Кўдакон бо пластилин чизњои аљоиб месозанд, расм мекашанд, тавассути компютер барномањои љолибро меомўзанд. Масалан, монанди викторинањо аз забони модарї, риёзї, англисї ва ѓайра. Оё ин њам баробари модар, падар, ё хоњар маънавиёт бардоштани кўдак нест? Аз хурдї аллакай кўдак роњи китобхона ва машѓулиятро дар он љо ва самараи онро медонад. Натиљаи инро мо баъди 5-6 сол хоњем дид. Барномањои хоси омўзиш бо кўдакон дорем. Барои рушди зењнии онњо хуб аст. Хуб, агар имрўз замони Сомониёну Сосониён ва ё Исмоили Сомониро бо

китобхонаи бузургашон ёд кунанд, пас чаро ватан ва миллати ўро бо чунин шоњкорї ва ин боигарияш нашиносанд? Ин рамзист, асрораш дар њамон доштани фарзандони барўманди иршодиву ирфонї аст, ки асарњои онњо мавриди таваљуњ ва истфодаи љањониён аст. -Шумо бояд бењтар донед, ки дар мо аксарият китоб намехонанд. Дар мо синни китобхонї чанд аст? Одамони кадом синну сол ба ин љо бештар меоянд? -Бубинед, имрўз радио, телефон, телевизион, диск, матубот, сомона, интернет њама василаи мутолиа, ё огоњ шудан аз иттилоот фароњам шудааст. Шарт нест, ки хондани китоб чопї бошад, ё аудиої. Як нафар мехоњад тавассути телевизион, дигаре радио ва интернетї аз илму ахбор воќиф гардад. Дигар замони аз мутолиот дур будан аз байн рафт. Шояд мо ки аз љанги шањрвандї баромадем ва чанд сол дучори буњрон будем, на танњо ба фарњанги мутолиот, ба њама соњот таъсири худро дошт, њоло вазъ таѓйир ёфтааст. Њоло калонсолњо барои истифода аз компютер ва пултњои телевизор аз наврасон ва кўдакон кўмак мехоњанд. Пас наврасони мо аллакай аз истифодаи таљњизоти муосир ва раванди истифодаву барномањои онњо бештар огоњї доранд. Оё ин мутолиа нест, ин њам як шакли муосири омўхтан, яъне мутолиа њаст. Фарќ нест, ки амалї аст, ё назариявї. Замон њар чиро ба љойи худ мегузорад. Ин љо бояд назорати волидайн ва омўзгорон бошад, ки зиёдаравї нашавад аз истифодаи таљњизоту шабкањои иљтимої, чун њар як падида пањлуи мусбат ва манфї дорад. Китоб хондан ва китобдорї љузъи муњими фарњангии миллии мост. Ба ин ки миллати мо китоб намехонад, ё љавонон кам аз китоб исфтифода мекунанд, розї нестам. Китобхон дар 100-солагї њам мехонад, оне, ки намехонад дар њељ як синну сол намехонад. Бонувонеро медонам, ки сари оташдон пораи китоб ё газетро ёфта, новобаста аз он ки дар чї бора аст, то сўхтани оташ мехонанд. Кўдакони мо њам имруз бо назардошти талаботи замони худ љавобгўянд. Онњо аз интернет дар як рўз ё чанд соат аз чандин маълумот бархўрдор мешавад. Њадди аќал хабар мехонанд, акс ва навор мебинанд, бо дўсташ њамсўњбат мешавад, ин њам ба рушди зењнии ў бетаъсир нест. Масъалаи дигар ин аст, ки худи мо во-

лидайн бояд ишќ ва лаззати китобхониро ба кўдакон бичашонем. Вобаста ба синну сол, завќ ва муњиташ, агар китоби мувофиќ ёфта, бидињем ин лаззатро ба ќалби вай љо карда метавонем. Агар ба ин њадаф расидем, шавќи кўдак зиёд мешавад, худаш дар љустуљуйи китоб меафтад. -Шароити китобхонї барои маълулон њаст дар Китобхонаи миллї? -Бале. Яке аз вижагињои Китобхонаи миллї шўъбањои махсугардонидашудаи он аст. Масалан, шаклњои гуногуни хизматрасонї ба ашхоси дорои имкониятњои мањдуд, яъне маъюбон аллакай фаъол аст, кормандони мо ба хонаи пиронсолон ва ашхоси маъюб китобњои заруриро мебаранд. Дар рўзи муашахас мебаранд ва боз рафта меоранд. Китобњое, ки онњо дархост мекунанд. Шояд дар оянда тавассути сабту видиоњо оид ба њодисањо ва барномањои љолиб њам ба пиронсолон хидмат расонида шавад. Барои маъюбон њам, њатто мо ба хонањои пиронсолоу маъюбон дар иртиботем, онњо китоб дархост мекунанд, мо таъмин мекунем. Маъюбоне њастанд, ки ба ин љо меоянд ва даромадгоњи ќабати якуми бино тавре дидед, барои ворид шудани онњо бо аробача ва дигар њолат пешбинї шудааст. Ба нафарони нобино мутолиоти садої тавассути шунавої ва ба онњое, ки намешунаванд, ё ќувваи шунавоиашон заъиф аст, хизматрасонии тасвириро ба роњ мондаем. Барои нобиноён дар назар аст, ки китобњоеро бо забони Брайл нашр кунем. Замони шўравї ин китобњо дар Русия нашр шудаанд, ки хеле куњна гаштаанд . Ба маъюбон барномањои хуќуќї мегузаронем. Њуќуќшиносњо даъват мешаванд ва ба суолњои маъюбон оид ба њуќуќњояшон посух медињанд. Вохўрии адибон бо маъюбон доир мешавад. Ба ќарибї бо дастгирии сарпарастон ба 20 кўдаки маъюб лавозимоти дарсї кўмак расонида шуд. Кўдакони маъюбро даъват мекунем ва онњо бо њам суњбат мекунанд, барномаеро бо њам мегузаронанд ва дар охир аз мо туњфа ва хайрия њам, иборат аз маънавиёт мегиранд. Ин љо тамоми табаќањо имкони тарбияи маънавї гирифтан доранд. Мусоњиб Мењрбону ОРИФЇ


НАВИД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

БОНКИ ЉАЊОНЇ: РОЃУН КОМИЛАН БЕХАТАР АСТ Бонки љањонї 1-уми сентябр хулосањои нињоияшро аз ташхиси ќариб 4-солаи тарњи Нерўгоњи барќи обии Рѓун нашр кард, ки дар он гуфтааст, иншооти мазкур аз њар љињат бехатар аст. Дар санади мазкур, Бонки љањонї гуфтааст, "тањќиќоту пажуњиши неругоњи Роѓун, тарњи бањсбарангези минтаќавї ва њамзамон мустаќил, аз љониби консорсиуми Coyne et Bellier (Фаронса), Electroconsult (Италия) ва IPA (Шоњигарии Британия) гузаронида шудаанд. Ин пажуњишњои муњим њарчанд људогона ва мустаќил гузаронида шуданд, вале арзёбии њамзамони экологї ва иљтимоии он бо мушовирони дигар, аз љумла Poyry Energy Ltd (Швейсария) низ роњандозї шудааст.

Бонки Љањонї, НБО "Роѓун"-ро тарњи боќимонда аз шўравї дар солњои 80-ум муаррифї карда, гуфтаст, он баъдан ба иллати ноамнињои солњои 90 сохтмонаш мутаваќќиф шуд. Давлати Тољикистон соли 2008 ба он љиддан руљуъ кард, вале корњои таъмини бехатарї ва роњандозии арёбињои байналмилалї аз соли 2012 дар он шуруъ гардиданд. Дар њисоботи 12 љилдаи Бонки љањонї, ки Бонки љањонї нашр кард,

«

Аз сўи дигар лоиња хеле бузург аст ва сармоягузории калонро таќозо дорад. Аз хулоса метавон ба ин натиља расид, ки ин созмон зидди он аст, ки Роѓун мустаќилона аз љониби худи Тољикистон сохта шавад, аз ин рў хатароти маблаѓгузории худиро баён мекунад.

НАШРИ "НЕРЎИ СУХАН" Маљмўи маќолоти устодони соњаи журналистикаи тољик зери унвони "Нерўи сухан" аз чоп баромад. Дар ин бора ба "Нигоњ" Дилбар Самадова, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоњи давлатии шањри Хуљанд иттилоъ дод. Ба иттилои Дилбар Самадова, дар ин маљмўа, маќолањо оид ба масъалањои муњими соњаи журналистика, таърихи матбуот ва тозагињои матбуоти имрўз, адабиёт ва публитсистикаи тољик љой дода шуда, аз љониби устодони Донишгоњи миллии Тољикистон ва кафедраи журналистикаи Донишгоњи давлатии Хуљанд таълиф шудаанд. -Маќолањои илмии устодони факултети журналистикаи Донишгоњи миллї Мурод Муродї, Сангин Гулов, Ќутбиддин Мухторї, Љамила Рањмонова ва устодони Донишгоњи Хуљанд: Илњом Љамолов, Иноат Ќосимова ва дигарон љой дода шудаанд. Минбаъд ин иќдом идома пайдо мекунад ва бояд њар сол 2 маротиба аз тарафи шуъбаи журналистикаи Донишгоњи дав-

асосњои илмии љузъиёти лоињаи Роѓун хеле муфассал омадааст. Файли нињоии њисобот "Масъалањои калидии баррасии минбаъдаи лоињаи пешнињодї" ном гирифтааст ва дар он баъзе масоил ба сурати тавсияву ишоракунанда ба тањќиќоти жарфтар низ омадааст. Бонки байналмилалї сохтмони Роѓунро аз њар нигоњ бехатар медонад ва менависад, ки аз се гузинаи пешнињодшудаи сарбанди Роѓун барои

латии Хуљанд маљмўаи "Нерўи сухан" ба чоп расонида мешавад, - гуфт Дилбар Самадова. Маљмўаи "Нерўи сухан" ба муносибати 23 - солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон ва 20 - солагии Сарќонун омода шуда, бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти "Ношир" ба табъ расидааст. Маљмўа аз њисоби Донишгоњи давлатии шањри Хуљанд ба табъ расидааст. Абўалї НЕКРЎЗОВ

«

5

Тољикистон аз бероѓунї бењтар аст. Аз сўи дигар лоиња хеле бузург аст ва сармоягузории калонро таќозо дорад. Аз хулоса метавон ба ин натиља расид, ки ин созмон зидди он аст, ки Роѓун мустаќилона аз љониби худи Тољикистон сохта шавад, аз ин рў хатароти маблаѓгузории худиро баён мекунад. Дар хулосаи њисобот аз ду мушкили экологї ва иљтимої низ ёд шудааст, ки яке кўчанидани аз 1 њазору 294 то 5 њазору 743 хонавода вобаста ба баландии сарбанди неругоњ ва таѓйири эњтимолии љараёни об дар тобистону кафолати риояи низоми истифодаи он аст. Муаллифони њисобот гуфтаанд, 3 тарњи сарбанди Роѓун, бунёди сарбандро бо баландии 1220, 1255 ва 1290 метрро дар назар дорад ва коршиносони Бонки љањонї аз ин миён варианти 1290 метрро ќабул донистаанд. "Тарњи НБО Роѓун хеле бузург аст, таќрибан 50 дарсади маљмўи мањсулоти дохили соли 2013-ро ташкил медињад ва рискњои бузурги моливу макроиќтисодї дорад, таъкид кардааст Бонки љањонї. Ва гуфтаст, "аз њисоби худи Тољикистон сарф шудани шудани миллиардњо доллар сармоягузории Роѓун "метавонад боиси кам шудани даромади холис, танг кардани сармояи хусусї ва коњиши љиддии воридоте шавад, ки ба сохтмони неругоњи Роѓун рабт надорад. Муаллифон гуфтаанд, харољоти Роѓун танњо аз њисоби Тољикистон, пеш аз њама ба коњиши воридоти мањсулот ниёзњои аввалия мусоидат хоњад кард". Дар ин санад њамчунин гуфта мешавад, консортсиуми байналмилалї метавонад харољоти ин сохтмонро аз дўши Тољикистон сабуктар кунад ва рискњои онро низ таќсим кунад. Коршиносони Бонки љањонї ба Душанбе ислоњоти соњаи энергетикаро тавсия додаанд, ки дар он аз љумла шаффофият, суботи молї ва идораи муносиби ширкати "Барќи Тољик"-ро шарт гузорї кардаанд. Њамчунин дар тавсияи Бонки Љањонї ба Тољикистон гуфта мешавад, ки истифодаи неруи барќро, дар корхонаи ТАЛКО танзим кунад. Умари ТОЊИР

БОЗДОШТИ ДУЗДОНИ ХОНАИ СУРАЙЁ Њангоми оташсўзї дар хонаи сарояндаи маъруф Сурайё Ќосимова дар шањри Кўлоб ба маблаѓи 24 њазор доллар љавоњироту дигар ашёро дуздидаанд, ки мутањњамони ин љиноятро боздошт кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корњои дохилї, шаби 24 ба 25 - уми июли соли 2014 дар хонаи истиќоматии шањрванд Ќосимова Сурайё, роњбари Ансамбли Фалак дар вилояти Хатлон, аз љониби шахсони номаълум, аз дохили љевони оњанин љавоњиротњои тиллої ва нуќрагин, як адад планшети тамѓаи "Самсунг", љамъ ба маблаѓи 24000 доллари амрикої дуздида шудаанд. Њамзамон, хонаи истиќоматии мазкур оташ гирифта, ки њадаф аз он нест намудани изи љиноят буд. Мошинњои сўхторнишонї сари ваќт расида кўшиш намуданд, молу амволи хонаро аз коми оташ наљот дињанд. ВКД хабар медињад, ки бо гумони даст доштан дар њодисаи мазкур чор нафар сокинони шањри Кўлоб: Ќосимова Муњайё,

соли таваллудаш 1985, Ањророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Ањороров Љумъахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 дастгир карда шуданд. Шаби сўхтор худи овозхон ва наздиконаш дар хона набуданд ва касе аз ањли оила осеб надид. Бар тибќи арзёбињои пешакии Хадамоти сўхторнишонї, њаљми хисорот дар паи сўхтори манзил на камтар аз 80 њазор сомонї њисоб шудааст. Аз рўи арзёбињои зоњирии хабарнигори Озодї, таќрибан 30 дар сади манзили зисти овозхон, ки дар як њавлии воќеъ дар шањри Кўлоб љойгир аст, ба коми оташ рафтааст. Он замон хабар дода буданд, ки бо ин вуљуд, рўзи 28уми июл дар манзили овозхон ид буд ва наздикону дўстон ба-

рои дуохонї ба ин манзил меомаданд. Зимистони имсол овозхон њамсараш Хуршед Рабиев (падари Фарзона, овозхон ва духтари хурдии хонадон) - ро аз даст дод ва мардуми дуогў барои ширкат дар иди аввали баъди марги њамсари Сурайё меомаданд. Дастурхони идона дар рўи њавлї густурда шуда буд. Њодиса дар шабу рўзе рух дода буд, ки духтарњои овозхони ин хонадон - Шабнами Сураё ва Фарзонаи Хуршед барои адои њаљи умра њанўз дар Макка ќарор доштанд. Мулораљаб ЮСУФЇ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

6

ПАЖУЊИШ

Бад он гуна ки гардишгари чиноии садсолаи VII мелодї, Сюян Тсзан, љасорату мардонагии тољикони Фарѓона ва Усурушанаро арзёбї намуда, њамзамон чењраашонро нозебову зишту бадсурат ба тасвир овардааст: "Дар њаќиќат симои бошандагони Тухоло (Тахористон), зишту оддї мебошад" Ончуноне А. Шишов баён доштааст, ин сатрњо аз пажўњиши донишманди урус, Н. Аристов баргирифта шудааст, ки муаллиф дар идомаи сатрњои боло ба ин натиљагирї расидааст: "Дар њаќиќат намуди зебоии ориёї бо биниши муѓулии зебої рост намеояд" Гузашта аз ин туркону муѓулон ва арабњо њамчун ќавми ѓолибу бартарихоњ мекўшидаанд, чењраи ориёии тољиконро нозебо бознамоён сохта, то љойе ки имкон дошта онњоро дар роњи худнигарї ба рањгумињо њидоят намоянд. Бар ин њадаф дар миёни мардуми оддї, бо ишора ба вижагињои симои ориёии он мардум, тавсифњои тамасхуромезе ба сони "зарди пашша", "зарди пухниќ", "говчашм", "ашќари дароз", "дарози бениёз", "сурхи булњут", "таркабуд" ва монанди он бофта, биниши дурустро дар шинохти чењраи ориёї ба кажнигарї мебурданд. (Тасаввур шавад, ки дар он замон як араби сиёњ, ё турки чигилу яѓмо бо чашмони резу бинии пачаќ, тољики ориёиро бо ќомати баланд, мўйњои тиллоирангу чашмони обї ва ё оњугуна бо тамасхур, носазо мегуфт.)

шад, дар бозшинохти чењраи тољикон бедиранг боиси ба кажфањмиву рањгумї њидоят намудани худиву бегонањо мегарданд. Ба мушоњида мерасад, ки эљодгарони реклама, виросторони филмномањову намоишномањо, тандисгариву чењранигорї ва монанди он њунарњои вобаста ба бознамоёнсозии чењраи тољикї, дар асарњои хеш узбакону тољикон ва ќазоќу ќирѓизу туркманонро њаммонанд ва аз як табор бозтоб менамоянд. Бад - он сон, ки дар аксари филмномањои "Тољикфилм", њунармандони (актёрњои), иљрокунандаи наќши ќањрамонони (персонажњои) намоён, аз миёни онњое баргузида шудаанд, ки симои тољикї надошта, бештар бо муѓулнажодон њамгун мебошанд. Чуноне ки дар филми овозаманди "Ман бо духтаре вохўрдам", ба иллати ноогоњии (ё огоњонаи) виросторон, бо намоён сохтани чењраи њунарманди шинохта, шодравон София Тўйбоева, ки аз ќавм татар (ё бошќирд) буд ва њамчу-

ЧЕЊРАИ ТОЉИКЇ Нигорашиносон талош доштаанд, ки бо эљоди назарияи "Нигорањои мактаби Табрез", "Мактаби Шероз", наќќошии ирониро баргирифта аз њунари Чин бознамоёнанд. Аммо ин тафсири рўякии онњо шахсро ба гумроњї вомедорад, зеро чуноне гуфта шуд, як тамошогари ноогоњ, дар симои зоњирии Фаридуну Рустаму Сиёвашу Кайхусрав муѓулнажодонро дархоњад ёфт, на озодзодагони ориёиро. Вале наздик ба яќин аст, дар рўзгори талхи бар сари тахти ориёї барнишастани турктаборони муѓулсимо суратгарони иронитабор чењраву сару либоси ќањрамонони офаридањои худро ночор муѓулї тарсим менамуданд, то ки њунарашон ба ѓосибони њукуматдор ва харидорон, ки ѓолибан аз истилогарон буданд, писанд оянд ва нигорашиносони аврупоиву шўравї ин нуктаро аз нигари хеш дур доштаанд ва шояд ба бахше аз ишон муѓулсимо дидани ќањрамонони осори классики форс - тољик хушоянд низ бошад. Аз рўйи назарияи он нигорашиносони аврупоиву шўравї аз оѓози садаи VIII њиљрї сабки клоссики нигоргарии (сураткашии) иронї ба гунаи чиної устувор гашт ва ишон барои тасбити бофтори хеш, њуши хонандаро ба нусхањои гуногуни "Шоњнома" и Њаким Фирдавсї мебаранд, ки ќањрамонони он, "аз ирониву турку тозиён", њама саросар, "сурх турки гурбачашм" , яъне муѓулнажод бознамоён шудаанд. Аммо љолиби таваљљуњи вижа ин аст, ки дар яке аз нигорањои "Шоњнома", унвонии "Эъдоми Маздак ва пайравонаш", Маздаки њалќаи дор бар гардан, бо чењраи иронї, яъне бо чашмони калон ва ришу сабили пурмўй тас-

Бањси нигорањои муѓулї дар китобњои "Шоњнома" Бо он чи гуфта шуд, мебояд афзуд, ки дар њангоми мутолиаи осори мусаввари адибони классики тољик, ба таври фаровон нигорањое (миниотурњое) ба чашм мехўранд, ки ќањрамонони асарњо ѓолибан муѓулсимо ба тасвир расидаанд ва он нигорањо метавонанд ноогоњонро ба кажфањмї бибаранд. Гузашта аз ин тољикситезону иронибадбинони бархоста аз тариќати бузургманишии пантуркистиву пантуронистї, дар чењраи ќањрамонони осори бадеии классикони форс - тољик, мехоњанд гузаштагони фароторихии худро бубинанд. Аммо фарњангшиносон, ба вижа нигорашиносони шўравї ва намояндагони тољики ин мактаб пиндоштаанд, ки дар замони Бењзод ва пас аз он суратгарии иронї зери таъсири њунари Чин" будааст: "Возењ аст, ки муѓулњо осори њунари чиниро бо худ ба Ирон оварда ва донишмандону тасвиргарони чинї бисёре дар дарбори илхониён будаанд ва иттифоќе нест, ки сабке, ки дар ин замон дар Табрез ва дигар шањрњои наздик ба он тавсеъа меёбад, сабки муѓулї хонда мешавад, зеро боризтарин вижагии он, алораѓми иртиботи ошкори ин сабк бо сунани наќќошии иронї ва Байн - ун - нањрайн, таъсири амиќи њунари Ховари Дур ва пеш аз њама кишвари Чин аст. Чењра, љома ва силоњи муѓуливу чинї дар нигорањо аз аксарият бархурдор аст." Яъне, дар садаи VIII њиљрї (XIV - XV мелодї) шеваи сураткашї дар пайравї бо суратгарони Чин будааст ва ин шеваро муѓулон ба Вароруд оварда будаанд.

вир шуда, кушандагонаш Анушервони савора ва њамроњаш бо симои муѓулї бознамоён гаштаанд. Ин нигора бори дигар баёнгари андешањое мебошад, ки болотар ёдрас шуда будем, яъне нигоранависон чењрањои ношоистаи осори худро (персонажњои манфиро) бо симои иронї ва ќањрамонони мусбат - шоњону сипањбадонро муѓулсурат тарсим менамудаанд.

Бозтоби чењраи ориёии тољик, рамзи давлатдорї Њамон гуна ки дар оѓози ин гуфтор омад, шинохти чењраи зоњирии тољикона навъе хештанёбї ва худшиносиро гувоњї медињад ва ќавмњои дигар дар давлатдориашон ба ин вижагии бозшинохти миллати хеш ањамияти сазовор медињанд. Чунончи, дар низомномаи низомиёни Горди Президентии давлати Русия ба таъкид омадааст, низомиёни љузвитомњои ќаровулони фахрї, њатман бояд симои славянї дошта, бошанд." (военнослужащие рот почётного караула, объязательно должны быть из числа лиц славянской внешности). Њатто боре дар њафтаномаи "Азия - плюс", огањиномае ба чашмам хурд, ки дар он хонуми уруси дар шањри Душанбе зистгоњ дошта, манзили зисташро иљора медињад, вале танњо ба одамони чењраи славянї дошта("Сдаю в аренду комнату со всеми удобствами, только лицам славянской внешности"). Ин њаќиќат низ бояд гуфта шавад, ки тољикони мо дар ин росто хеле ноогоњонаву бепарво рафтор доранд ва гање ин беэътиноии зиёнбор, ки обишхўри нохудогоњии таборї мебо-

нон мўзадўзи узбактабор, бо чашмони резу гунањои барљаста, симои тољик ноориёї бозтоб гаштааст. Бадењист, ки пас аз намоиши пай дар пайи дањсолањо, дар зењни ќавмњои дигар муѓулсимо пиндоштани тољикон, ин наворњо наќши намоён гузоштааст. Бояд афзуд, ки њар гоњ бодиќќат ва кунљковї ба намодњои филмномањои русиву аврупої нигариста шавад, мулоњиза хоњад шуд, ки наќши ќањрамонони мусбатро њунармандони дорои чењраи ориёї ва намодњои ањриманиро дар синамоњои њоливудї арабчењрагон ва дар филмњои пулисии русї, симоњои ќафќозї ва агар гање тољиконро бозтоб карданї шаванд, ѓолибан муѓулчењрагонро намоён месозанд. Сухани поён ин ки азизону арљмандоне, ки ќадри асолати миллиро медонанд, дар ин замони ѓарбу турку арабзада фарзандони бетафовуту бепарвои миллат набуда, дар пайи бозгашт ба арзишњои миллї ва бозёбии он чи гум шудааст, бошанд. Боясти њамвора дар талоши он буд, ки на танњо зоњири ояндагони хеш, балки манишу бинишу куниши наслњоро бо озодзодагони љањонсоз созгор намуд. Бигзор зоњираш ба истилоњ ба намуна - эталони чењраи ориёї љавобгў набошад, лекин дар амри муаррифии миллати хеш чи аз роњи телевизион, театру синамо, сањифањои матбуот, офаридањои суратгарон, чи аз роњи паёмњои бозаргонї (реклама), чењраи аслии тољикиро бознамоён сохта, ориёї будани ќавми худро тарѓиб намояд.

Зафар МИРЗОЁН

87% РАЪЙДИЊАНДАГОН МУХОЛИФИ НАМОИШИ НАВОРЊОИ ФАЊШИ "МУЛЛОЊО" Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки беш аз 85%-и раъйдињандагон мухолифи намоиши наворњои фањши "муллоњо" тариќи телевизионњои давлатї мебошанд.

23%

1%

Ба ман фарќ надорад

Х еле бад, андози моро ба фањш сарф накунед

6%

26%

Ќабул надорам, зеро тарѓибгари фањш-порно мебошад

36% Бад, ин наќзи ќонунњои амалкунанда ва љиноят мебошад

5%

О лї, аз таљрибаи бад, бояд ибрат бигирем

1%

Х еле хуб, маќомот кори худашонро ба хубї анљом медињанд

Х уб, хабари муќаррарї аст

САДОИ МАРДУМ

2%

Ин назарпурсї, ки зери унвони "Муносибати шумо ба намоиши фањши "муллоњо" тариќи телевизиони тољикистон чї гуна аст?" маълум кард, ки 36 дар сади иштирокчиён ба варианти "Ќабул надорам, зеро тарѓибгари фањш-порно мебошад", раъй додаанд. 26% -и дигар њам ба гузинаи " Бад, ин наќзи ќонунњои амалкунанда ва љиноят мебошад", овоз дода, 23 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки "Хеле бад, андози моро ба фањш сарф накунед". Инчунин њамагї 6 дар сад гуфтаанд, "Олї, аз таљ-

рибаи бад, бояд ибрат бигирем". 4% ба варианти "Хеле хуб, маќомот кори худашонро ба хубї анљом медињанд" овоз дода, њамагї 1 фоиз (7 нафар) гуфтаанд, ин "Хуб, хабари муќаррарї аст". 1 дар сад, иќрор шудаанд, ки дар ин бора фикр накардаанд ва 2%-и пурсидашудагон гуфтаанд: "Ба ман фарќ надорад". Ин назарпурсї бо супориши нашрияи "Нигоњ" дар сомонаи ОИ "Тољнюс" баргузор шуда, дар беш аз 700 нафар ширкат доштаанд.

«


ПАЖУЊИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

7

бистарї, на шеъри њаќиќии ишќї. Гуё, ки калимаи ишќу муњаббатро истифода бурда дар бораи муњаббат шеър навиштаанд. Мавлавї мефармояд: Миллати ишќ аз њама динњо људост, Ошиќонро миллату давлат Худост. Шоирони навпайдо инро бозича донистанд, вожаи Ватанро бозича сохтанд. Ё як кас дар бораи парчам менависад. Парчамат парафшон бод! Парчам парафшон намешавад. Парчам мурѓ нест, парранда нест. Парчам як чизест, ки масалан дар болои як сутунпоя алвонљ мехўрад, метапад. Модоме, ки парчам метапад дар инсон чи метапад? Дил метапад. Шоироне, ки имрўз дар васфи Ватан менависанд, гуё онњо ватандўст бошанд. - Дар Тољикистон хеле каманд шоироне, ки озодбаён бошанд, мустаќил бошанд. Дар Ўзбекистон чї њоле дорад шоир? Оё њолатњое мешаванд, ки аз чопи асаре чопхонањо парњез карда бошанд? - Хушбахт шоире, ки ба вай санг мезананд. Ба дарахти мевадор санг мезананд. Ба дарахти бемева санг намезананд. Як чиз будааст, ки ба мо санг мепартоянд. Зеро барои худам њам дар он љову њам дар инљо гоњ - гоње бархўрд мекунанд. Дар Ўзбекистон аз чопи асарњои шоире, ки парњез мекунанд,

Хабарнигори "Нигоњ" Ќамари Ањрор, бо истифода аз фурсат, суњбате дошт бо Њаёт Неъмати Самарќандї, шоир ва донишманди маъруфи тољик, ки чанде пеш бо як сафари кутоњ дар шањри Хуљанд ќарор дошт. Аз шоир, ки шебу фарози мардуми тољикро дар Ўзбекистон, баъди мустаќилияти ин кишвар бењтару бештар аз њар нафари дигар медонаду аз он мегўяд, нахуст пурсида шуд, ки насли нави тољикон дар Самарќанди куњан чи гуна аст? - Муттассифона, он љавононе, ки имрўз 30-сола шуданд, забонашон хароб. Чунки њама ўзбекї хондаанд. Як-ду то мактаби тољикї монду тамом. Дар онњо њам синфхонањову талабањояш ба шумур мондаанд. Чунки њаминро сиёсат талаб карда истодааст, ки гўё агар дар мактаби тољикї хонанд, дар оянда ба мактаби олї донишомўз шуда наметавонанд. Ё ягон касбу кор пайдо карда наметавонанд. Њамин хел як сиёсати бардурўѓ аст, ки ѓайрирасмї вуљуд дорад. Ба фарќ аз Бухоро, ки вазъ тамоман нигаронкунанда аст. Аз аввал ягон мактаби тољикї набуд, баъди Истиќлолият ба як њафтаномаи тољикї "Бухорои Шариф" иљоза доданд, ки њамагї ду сафиња чоп мешавад. Дар Самарќанд то ба имрўз чанд њафтаномаи тољикї чоп мешаванд. Дар замони мо бањри омўзиши забону хат таваљљўњ дигар буд ва барои истифодаи як њарфи дуруст муаллим диќќат мекард, аммо имрўз чунин нест. Ва тавре мебинам, вазъи мактабу маориф дар худи Тољикистон њам коњиш ёфтааст. Вазъи забони гуфтугўї бисёр хароб шудааст. Масалан, чи забони шањри Самарќанд ва чи забони дењоти атрофи он: Хоља Ањрори Валї, Хаймар, Чоршанбе, ки њама тољикнишинанд, њама як забон буда ва фарќ намекунанд. Дар Самарќанд забон њоло зинда аст. Ва агар забонашро њам муќоиса намоед, назар ба забони Душанбе - пойтахти Тољикистон тољикитар аст. Забони имрўзи Душанбе хеле хароб шудааст, мутаассифона. -Шумо аъзои Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар Самарќанди Ўзбекистон њастед ва аз вазъи зиёињо ва адабиёти тољик огањед. Фарќ миёни ин ќишр дар ду кишварро эњсос мекунед? Онњо аз њам чї фарќ доранд? Дуруст аст, ки мо чанд нафар аъзои Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар Самарќанд њастем. Ва як бартарии Њукумати Тољикистон аз Њукумати Ўзбекистон њам њамин аст, ки шоиронашро дар хориљи киш-

Њаёт Неъмати Самарќандї:

ШОИРОН АЗ ВАТАН БОЗИЧА СОХТАНД вар ба узвият пазируфтааст. Дар Ўзбекистон чунин нест ва шоирони хориљияшро ба узвияти нависандагон намепазирад. Масалан, дар Тољикистон шоирони ўзбекзабон ба мисли Љамшед, Улмас Љамол њастанд, аммо, инњо аъзои Иттифоќи нависандагони Ўзбекистон нашуданд. Масалан ман мукофоти давлатии ба номи Деваштичро гирифтаам. Ва ё Адаш Истад дар Самарќанд дорандаи љоизаи ба номи Лоњутї мебошад. Аз ин љињат бартарии Тољикистон эњсос мешавад, ки ќатъи назар аз он, ки шањрванди дигар љумњурї њастем, моро пазируфтааст.

Муњити шеър Дар масъалаи шеъру шоирї гўям, ки бисёрињо имрўз дар мактаби олї мехонанду ќонуни вазну ќофияву радифро ёд мегиранду пас гуё шоир мешаванд. Аммо бештари самарќандињо ин тур не. Масалан, дар замони њозира ман мепурсам, ки фарзандатонро чи гуна аз хоб бедор мекунед? Мегуянд, ки "канї хез аз хоб, ки ба мактабат дер мемонї!". Аммо дар хонадони мо ва бештарини хонаводањои Самаќанд ин тур набуд. Модарон хурдсолонро бо шеър бедор мекарданд. Масалан, ман дар ёд дорам, ки ваќте кўдак будем, модарам дари хонаи хоби моро, ки њамроњи бародаронам зери як бистар мехобидем, мекушоянду аз остона истода мегуфтанд: Њей бачањо хезетон, Инќадар нахобетон. Офтоби њаррўзї, Баромадаст аз дур. Мегўяд, бинед чи тур...

«

Баъд мо њамагї бо шўру шавќи бисёр зуд дар тараддуди рафтан ба мактаб мешудем. На фаќат бо алла калон шудем, балки бо шеър низ ба воя расидем. Барои њамин имрўз дар Самарќанд табии шеър менависанд.

Шеър ва Ватан Ман бештар шеъри шоирони Тољикистонро гўш мекунам, гўё, ки як чиз ба назар мерасад. Масалан, мафњуми Ватан. Магар ин мафњум њамин ќадар сода аст, ки дар бораи он як шоир 10-12 то шеър менависад?! Ё дар бораи Модар. Дар тамоми дунё хељ чизе нест, ки муносиби номи модар бошад. Бањои модарро арзиш кунад. Ман дар бораи модарам шеър нависта натавонистам. Модарам њатто гиря њам карданд, ки писари ман њатто шоири љањонї, аммо дар бораи ман шеър нанавишт. Ман ба модарам гуфтам, ки модараљон ман ташбењи муносиб ба ному унвони Шумо ёфта наметавонам. Мебахшед, њар чизе, ки навиштам аз они Шумо, лекин бевосита ба номи Шумо шеър навишта наметавонам. Чунки муносиби ташбењи Шумо пайдо карда натавонистам. Модар ин як мафњуми содда нест. Агар мо имрўз њамаи шеърњое, ки дар васфи Ватан дар Тољикистион навишта мешаванд, љамъ оварем, пай мебаред, ки гўё ки як кас навиштааст. Њол он, ки њар як шоир бояд усули худро дошта бошад. Имрўз мебинед, ки њама як равия. Такрори њамдигар ва таќлиди њамдигар. Ё ин ки дар бораи муњаббат менависанд. Шеърњое, ки дар бораи муњаббат менависанд, њамааш

Як маќола дар бораи таърихи таъсиси њамин "Овози тољик" супоридам. Худи муњаррири он гуфт, ки устод кай замоне мешавад, ки аз номи худатон чоп кунем. Ман гуфтам, ки њоло шарт нест, бе номи ман аз номи тањририя чоп кунед. Яъне, шарт нест, ки њатман бо номи ман барояд. Як рўз не як рўз мардум моли кї буданашро мефањмад.

ин манам. Аммо аз дигаронро чоп мекунанд. Њатто дирўз пеш аз ин љо омаданам, ба идораи "Овози Тољик" даромадам, чунки 90-солагии он наздик буд. Як маќола дар бораи таърихи таъсиси њамин "Овози тољик" супоридам. Худи муњаррири он гуфт, ки устод кай замоне мешавад, ки аз номи худатон чоп кунем. Ман гуфтам, ки њоло шарт нест, бе номи ман аз номи тањририя чоп кунед. Яъне, шарт нест, ки њатман бо номи ман барояд. Як рўз не як рўз мардум моли кї буданашро мефањмад. Хушбахтарин шоир њамон аст, ки ба вай санг мезананд. Њар ќадаре, ки ба мо санг мезананд, мардум њамон ќадар ба навиштањои мо рў меоваранд. Ин чизи табиї аст. Ва ё ваќте, ки ба кўдакатон амр дињед, ки ин чизро нахўр, баръакс вай шавќ мекунад барои хўрдани он, бо он ки чаро манъ мекунанд?! -Дар бораи муносибатњои имрўзаи Тољикистону Ўзбекистон чї назар доред? Ва ба назари Шумо муносибати ин ду кишвар бояд чи гуна бошад? -Дар ин бора намехоњам зиёд гап занам. Заминањои ин сиёсат дар замони шўравї пайдо шуда буд, ки Самарќанду Бухоро аз тољикон аст, ин ѓаши маќомдорони Ўзбекистонро ба вуљуд овард. Имрўз Самарќанду Бухоро дар марзи Ўзбекистон аст. Њарчанд аз рўи сарчашмањои таърихї дуруст нест, ин. Аммо аз рўи таќсимоти ѓайримантиќии шуравї дар марзи Ўзбекистон љойгир аст. Имрўз ин талошњои мардум ба хунрезињо оварда мерасонад. Вазъияти Украинаро бинед. Њама кор ваќту фазоеро мехоњад. Њељ як империя дар њељ як давру замон абадї набуд. Шояд замоне меояд, ки Ўзбекистону Тољикистон як сарзамин мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки барои расидан ба худшиносии миллї, аввал бояд худшиносии инсонї пайдо кард. - Ташаккуру сипос, барои сўњбати самимї.


8

ПАЖУЊИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

бесоњибї, аз муфлисшавї ба дод омада буд ва мехост роњи наве ёбад, њоло гумон дошт ва њатто боварии комил дошт, ки инро танњо њизби коммунист дуруст анљом дода метавонад, танњо кадрњояшро нав кардан кифоя аст. Биноан, дар пешнињоди тазоњуротчиён ивази се роњбари ду рукни љомеа буду бас. Ва ъаламдори ин мубориза равшанфикрон, пеш аз њама, ањли илму фарњангу адаб буданд. Он ваќт ањли дин ба ин њодисањо камтар тасаллут доштанд ва агар он чи иќрори расмї шудааст, рост бошад, маќомоти расмии дини кишвар ба роњбарияти мамлакат барои ором кардану фурў нишондани воќеањо кўмак кардаанд. Таърих дар сањифањои матбуоти он замон дар њуљљатњо, дар аксњо ва наворњо њаќиќати он воќеањоро, бањсњои пленумњои паёпаи њизбиро, митингу љамъомадњои 11-17 февралро, айбдор эълон шудани "Растохез", эълон шудани ќуюдро, ки як сол идома дошт, мањфуз медорад. Ин як. Дуввум, дар њамин шароит, ваќте мамлакат ноором буд, ваќте ќонунњо амал намекарданд, ваќте на СССР таъсир дошту на давлати Тољикистон ќудрате, интихоботи парламентии озоде баргузор шуд. Он чи интихобот буд аз ин фактњо мебинем: дар водии Вахш аз се тан яке муллои номї Саид Абдуллои Нурї, дигаре олими номї Мўсо Диноршоев касе интихоб шуд, ки номашро танњо дар њамон мањал медонистанд; дар як њавзаи вилояти Суѓд котиби якуми кумитаи њизби ноњия не, Тоњири Абдуљаббор интихоб шуд, ки "Растохез"-и ўро сабабгори

НИГОЊЕ БА РОЊИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ТОЉИКИСТОН Президенти Тољикистон гуфта буд: "Истиќлолияти воќеии давлатамонро, ки моњияти рањої аз дастнигарї ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад, натанњо мо, наслњои имрўза, балки наслњои оянда бояд чун гавњараки чашм њифз ва эњтиёт намоем". (љ. 3, с. 662). Истиќлолияти воќеии Тољикистон, Истиќлолияти амалии давлат ва кишвар аз бањори соли 2000 оѓоз мешавад. Ин эъломияи њуќуќї ё сиёсї не, ин рўњ ва њолати халќу миллат, имконияти дидашавандаи рушди иљтимої аст. Дар љашни 10-солагии Истиќлолият Эмомалї Рањмон бо зикри ифтихорманди "њоло дар Тољикистони мо сулњи комил ва вањдати миллї њукмрон аст" афзуда буд: "Акнун вазифаи муќаддаси њамаи мо дар ин марњила пеш бурдани корњои созандагию бунёдкорї ва паст кардани сатњи камбизоатї мебошад. Њар як шањрванди бонангу номусе, ки ояндаи давлат ва миллатро азиз медонад, бояд ба имконияту омилњои аќлонї ва моддии кишварамон такя карда, ба умеди дигарон нашуда, барои ободии Ватани азизамон саъю талош намояд. Зањмате, ки мо имрўз мекашем, на барои имрўзиён, балки барои наслњои ояндаи миллат, ба хотири ояндаи неки Ватан аст".

"Вовчику юрчик"-и Истиќлолият Он њаќиќат аст, ки иљлосияи фавќулоддаи Шўрои Олии Тољикистон 9 сентябри соли 1991 Истиќлолияти комили Тољикистонро эълон кард ва он њам ќонунист ва дуруст аст, ки мо рўзи 9 сентябрро чун љашни тавлиди давлати соњибистиќлоли Тољикистон - Љумњурии Тољикистон љашн мегирем. Дар ин шакку шубња нест. Аммо сарнавишт бо халќи тољик ва мардуми Тољикистон чунон бозї кард, ки 10 соли аввали истиќлолият хело кам ба манфиати миллат мусоидат намуд, балки баръакс кишвар ва миллатро ба вартаи нобудї овард; дар дохили кишвар фарзандон ба фирќањо таќсим шуданд ва фирќагарї аввал хислати сиёсї дошт, баъд рўњи динї пайдо кард, баъди он мањалгароиро бор овард ва боиси талошњои минтаќаї бо истифодаи шиорњои динї гардид. Ду касе, ки дирўз дар њамдигар ба љузъ њамдиёр чизи дигаре суроѓ намекарданд, акнун мусулмону кофир, вовчику юрчик, тољику ѓайритољик, эрондўсту руспараст шуда, бо њам душманї мекарданд. Дар хона, ки иттифоќ набошаду нооромї роњ ёбад, дар байни њамсояњои дуру наздик иѓвогарон пайдо мешаванд, то он оиларо ноором ва бесаранљом кунанд ва ѓановати онро худашон ис-

тифода баранд, ба њоли онњо тамасхур зананд ва кинаву адовати боњамии онњоро аланга андозанд. Ба истилоњ "обро лой карда, моњї гиранд". Ба њолати миллату кишвари мо низ чунин боди сарди беруна таъсир кард, лахчаи нав дудгирандаро бод дода барафрўхт, яке бо нишони њамрайъї, дигаре бо нишони хайрхоњї ва сеюмиву чорумї бо њазор бањонаи дигар боиси ба љанг табдил ёфтани "тую мани" дохилї гардиданд. Њар ду тарафро ситоиш карда, ѓурурашонро об доданд, њар ду тарафро паст зада, чун тифлакони бехабар ќањрашонро оварда тезониданд. Њамаи ин буд, аммо заминаи чунин дахолатро худкомагиву худхоњии дохилї бор овард.

Таърихи љанг: Аз Мањкамов то Рањмонов Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон дарку фањми таърих ва моњияти замони пойдоршавии истиќлолият, сулњ ва вањдатро дар худшиносии миллї ва тарбияи насли наврас муњим мењисобад, бинобар ин зикр менамояд, ки "Имрўз шукри он мекунем, ки сулњу амният дар мамлакат пойдор аст, вањдати миллї ва фазои боварию эътимоди кулли шањрвандони Тољикистон торафт тањким меёбад, њисси худшиносї, ватандўстї ва ифтихори миллии мардум боло меравад. Дар ин рўзи пурнишот моро лозим аст, ки ба гузаштаи таърихи навини давлатамон назар афканда, сабаќњои ин давраро арзёбї намоем, бурду бохтамонро бо чашми ибрат бубинем, шоњроњи рушди давлати соњибистиќлоли худро муайян карда, давлати демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягонаи Тољикистонро барпо намоем. Тољикистон 9 сентябри соли 1991 истиќлолияти давлатии худро эълон кард. Эълони истиќлолияти комили давлатамон мебоист масъулияти њамватанони моро бањри истењком бахшидани пояњову рукнњои давлати соњибихтиёр меафзуд. Вале, мутаассифона, дар љомеа шахсон ва ќуввањои сиёсие зуњур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, њадафњои худхоњонаву ѓаразноки худро аз манфиатњои умумимиллї ва давлатї болотар гузоштанд ва Тољикистонро ба гирдоби љанги гражданї кашиданд. Ин љанг рушди љомеаи моро ба дањсолањо аќиб партофт". (љ. 3, с. 669) Таърихи ин талошњо, ин љанг ва ин муќовиматњо таърихи Тољикистони мустаќилро, агар ба шеваи таърихнависии ќадимї гўем, ба даврањои зерин таќсим мекунад:

а) замони Ќ.Мањкамов; б) замони роњбарони муваќќатї; в) замони Р. Набиев; г) давраи А. Искандаров ва нињоят д) замони Э.Ш. Рањмонов. Ин замонњо ва номњо њар кадом ба худ махсусият доранд ва агар моњияти онњоро дарк накунем, њаќиќати таърихамонро намешиносем, ба онњо бањо дода наметавонем, нофањмї ва гумонбарии доимиамон идома мекунад ва дар њар давра як садди наве пеш меояд ва мољарое пайдо мешавад. Азбаски замони аввалро бо номи Ќањњор Мањкамов ёд кардем, воќеањои марбут ба он давраро аз ибтидои соли 1990 оѓоз мекунем. Аслан, замони мазкурро бо номи дигар - "Анљоми бозї ва лаќќигарии Горбачёв ва фанои СССР" номидан низ мумкин буд. Зеро вай 20 моњи охири фаъолияти роњбарии Ќ.Мањкамовро дарбар мегирад. Дар ин давра Ќ.Мањкамов аввал Раиси Шўрои Олии Тољикистон ва сипас, аввалин Президенти кишвар, ки Парламент интихоб кардааст ва нуњ моњ баъд Парламент ба "пушаймон мешавад" гуфтанашон эътибор надода, аз вазифаи олї сабукдўш кардааст.

Се чизи муњими соли 1990 Замони душвор ва замони нооромињо, талхињо, душмансозињо, худкомањо, замони пайдо шудани аќидањои расмї дар бораи эъмори давлати исломии Тољикистон (мусоњибаи Раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон дар рўзномаи "Известия"), замони рўзгор дар вазъияти фавќулодда ва ќуюди шабгардї, замони кушта шудани аввалин майдонињо (моњи феврали соли 1990, 23 нафар) буд. Соли 1990 дар аввалин моњњояш се чизи муњимми ба њамдигар номонанд дошт: исёни моњи феврал, ки номашро таъсисдињандагонаш бо мафњумњои барои тољикон дар он ваќт нофањмо ва ё бегона - бахманмоњ ва шањидон ёд карданд. "Бањманмоњ" барои он бегона ва нофањмо аст, ки ин моњро тољикони Осиёи Миёна ва Афѓонистон далв (дањаи охирашро њут) мегуфтанд ва истилоњи шањид чун ба муњорибаи ањли дин дар муќобили кофирон фањмида мешуд, аз такаллуми тољикони шўравї дур шуда буд. Воќеањои моњи феврал сарфи назар аз мафњумњо як чизи хело муњимро ифода мекард. Халќи тољик аз чорчўбаи "њабси маънавї" растааст. Вай озодии миллї, фарњангї, забони тољикї, динї, ба шеваи умум озодии маънавї мехост ва ба сўи он равон буд. Халќи тољик њам мисли њамаи халќњои дигари шўравї аз бесарусомонї ва

воќеањои бањманмоњ меномиданд, аз минтаќањои гуногун 6 нафар уламои дин вакили маљлис интихоб гардиданд. Ин мардумро, ин депутатњоро баъзењо бо дарназардошти он ки одамони пулдори камобрў низ вакил интихоб шуда буданд, "калўшдепутатњо" мегўянд. Ин њаќиќате дорад, он ки мегўянд, мољарову талошњои ин вакилон, махсусан дар солњои 19911992 боиси бўњрони њокимият шуд низ њаќиќате дорад. Аммо ман моилам ба он ки дар хусуси онњо чизи дигаре гўем, чизи мусбате гўем. Зеро онњо, аввалан, нахустин вакилони халќ буданд, ки бо овоздињии озод, бо шеваи демократї интихоб шудаанд. Ва мањз онњо буданд, ки бо њама бетаљрибагї ва навкорї, соли 1992 дар Иљлосияи Хуљанд роњи ростро муайян карда тавонистанд. Ин ду.

Се тазоди давраи Мањкамов Моњи марти соли 1990 бо ташаббуси онњое, ки њар чи зудтар СССР-ро барњам доданї буданд, гумон мекарданд, ки мардуми шўравї барои ин пухта расидааст, раъйпурсї барои фањмидани он ки СССР лозим аст, ё не, баргузор гардид. Бар хилофи андешаи онњо, дар тамоми Иттињоди Шўравї, аз љумла дар Тољикистон њам, аксарият тарафдори пойдории системаи шўравии давлатдорї буданд. Се чизи ба њам муќобили се моњи давлатдории Ќ.Мањкамов дар ибтидои соли 1990 њаминњо буданд: эътироз аз роњбарият ва ављи митингњо, интихобот дар њолати вазъияти фавќулодда ва демократї шудани он, мубориза барои озодии маънавї ва пуштибонї аз системаи шўравї. Се чизи дигар, ки ба замони Мањкамов рост меояд - ављ ва фанои карйераи сиёсии ўро нишон медињад. 20 августи соли 1990 Декларатсияи истиќлолияти Тољикистон эълон шуд. Ин истиќлолияти нисбї, истиќлолият дар дохили шўравї буд, истиќлолияте мисли истиќлолияти имрўзаи Тотористону, Доѓистону Чеченистону дигару дигарњо дар таркиби Русия, ё истиќлолияте, ки Новоросњо дар дохили Украина доштан мехоњанд; 30 ноябри соли 1990 тибќи таѓйироти Конститутсионї Ќ.Мањкамов Президенти Тољикистон интихоб шуд. Аз ин пеш дар Тољикистон чунин вазифа набуд ва аз ин баъд Раиси Шўрои Олї вазифаи дараљаи аввал њисоб намешуд. 31 августи соли 1991 Ќањњор Мањкамов аз президентї озод шуд. Дар замони ў Њизби нањзати исломии Иттифоќи Шўравї, ки моњи июни соли 1990 дар Астрахан


САБАЌИ ТАЪРИХ таъсис ёфта буд, дар Тољикистон эътирофи расмї пайдо накард. Ин буд давраи Ќ.Мањкамов. Бисёрињо ба он фикранд, ки ў ба вазифааш хиёнат накард. Баъзењо гумон доранд, ки аќалан андаке сахт мегирифт ва истодагарї мекард, шояд ба љанг мувољењ намешудем. Онњо њаќанд, њама њаќанд, аммо дар сари корбудагон њаќиќати худро доранд.

"Кулоњ"-иномувофиќи Аслонов Аз моњи сентябри соли 1991 замони роњбарони муваќќатї шурўъ шуд, ки дар ин давра Ќ.Аслонов, Р.Набиев, А.Искандаров роњбарии Шўрои Олиро ба дўш доштанд ва вазифаи Президент аз миён рафта буд, Раисони Шўроро сардори давлат низ мегуфтанд. Давраи роњбарони муваќќатї то охири ноябри соли 1991, яъне то интихоби Президент давом кард. Аввалини онњо Ќадриддин Аслонов буд, ки 25 сентябр бо сабаби ба сараш мувофиќ наомадани "кулоњи Мономах" аз вазифа рафт. Яъне дар њудуди 20 рўз роњбар буд. Аммо мањз дар њамин замон "Декларатсияи Истиќлолияти Тољикистон" эълон шуд. Истиќлолияти расмии ЉТ дар њамин замон аз 9 сентябр оѓоз мешавад. Аммо хурсандии бузургро муќовимати шадиди ду љањонбинї - сотсиалистї ва динї, тањќиру њамдигархойии митинггарон, вандализми сиёсї ва худкомагињои сиёсї ѓуборолуд кард. Митингарони майдони Озодї рўњияи овоздињандагони дохили бинои парламентро муайян мекарданд. Аз љумла, онњое рўзи 23 сентябр зўр буданд, ки пайкараи Ленинро афтонда, болояш раќс мекарданд ва рўзи 24 сентябр онњое зўр буданд, ки Ќ.Аслоновро аз курсии мансаб фароварда, Р.Набиевро ба сиёсат бозоварданд. Р.Набиев 14 рўз (25.091991 - 08.10.1991) Раиси Шўрои Олї буд ва аз ўњдаи њељ кор набаромад. Ин даврае буд, ки занљирбандњо, хайманишинњо, горбачевпарастњо, демократияхоњон пирўз буданд. Ин даврае буд, ки ба њалли мушкили Тољикистони мустаќил аз њукумати ниммурдаи СССР-и Горбачёвї мадад хостанд: на њукумат, балки мухолифини он. Ва тибќи шартномаи њукумат, мухолифин ва миёнаравњои беруна Р.Набиев раёсати худро дар маљлис барои 40 рўз боздошт. Аз 8 октябр то анљоми интихоботи Президент (26 ноябр) ва савгандёдкунии ў Акбаршо

Искандаров роњбарии Тољикистонро ба ўњда дошт. Марди ором, сулњљўй ва бетарафе буд. Интихоботи мазкур холисона гузашт. Ин аст, як давраи дигари таърихи баъди истиќлоли мо, як шохаи замони гузар.

Президент Набиев Замони нави президент Рањмон Набиев замони душвор, замони муќовимати пурдањшати сиёсї, замони митингњо, замони шурўи љанг, замони њукуматњои бењокимият буд. Шурўи ин замон хурсандибахш ва умедбахш буд. Халќ аз 8 номзад дар худи давраи аввал танњо ўро интихоб кард. Бознависии овозњо нашудааст, таќаллуб нашудааст, зеро њукумат чунин ќудратро надошт, њукумат худашро базўр њимоя мекард. Дар замони Р.Набиев воќеањое рух доданд, ки бо соддагї, андеша нашуданашон, бо худкомагињо касро ба тааљљуб во медоранд. Чаро Р.Набиев анъанаи деринаи нанавиштаро вайрон карда, Раиси Шўрои Олиро низ аз намояндаи мањалли худ таъин кард? Чаро ў натавонист иттифоќчиёни собиќи худ - демократњо, исломињоро низ ба оромї ба њукумат даъват намояд, ё онњо нахостанд, бо ў њамкорї кунанд? Чаро ў корњое кардан мехост, ки аз ўњдааш намебаромад? Њукумати Рањмон Набиев беќудрат буд, чунки артиш надошт. Њељ давлате дар таърих набудааст, ба љузъ њукумати Р.Набиев, ки артиш надоштааст. Дивизияи 201-и Русияро он кишвар ба Тољикистон доданї буд, "мо пул надорем", гуфта, нагирифт. Дар 9 моњи Президентии Р.Набиев вазири амният чор бор иваз шуд, вазири корњои дохила аз итоат баромад, Ќумондони гвардияи Президентї баъди як њафта хиёнат кард. Президент натавонист Прокурори генералиро аз тањќир ва марг наљот дињад, ў натавонист сарвазир ва мушовири давлатиро аз тањќир наљот дињад, ў натавонист муовинони Сарвазир ва депутатњоро аз гаравгоншавї боздорад, ў натавонист ќасри Президентро - љои кориашро аз муњосираю тањдид наљот дињад. Ин танњо айби ў њам набуд. Аз моњи январи соли 1992 ошўбњо ва митингњо дар Душанбеву водии Вахш ављ гирифтанд, радикализми исломї шиддат ёфт ва ањли дин пешвои майдоншинон шуданд, аз 26 март то 17 май митингњои бардавом дар майдонњои гуно-

гун кори муќаррарї гардида, њаёти оддї дар шањри Душанбе ќатъ шуд, мухолифати динию дунявї, мухолифати мањаллию миллї барафрохта шуданд.

Будану набудани Тољикистон Њукумати Р.Набиев аслан дар 7-10 майи соли 1992 аз миён рафт. Њукумати муваќќатї, ба истилоњ њукумати миллї, ки гўё зери роњбарияти Президенти мазкур пайдо шуд, њукумати њељ кас набуд, њукумат набуд, кўшиши сохтани њукумате буд, ки баъдтар бояд барои худ чорчўбаи ќонунро мувофиќ мекард. Одамони баландрутбаи ин њукумат Конститутсияи эълоншударо ислоњ мекарданд ва дар суроѓи он буданд, ки чї хел Президенти ќонуниро барканор кунанд. 20-22 май бо маслињатњои "судманд", ўро розї карданї шуданд, ки ваколатњояшро кам кунанд, имтиёзњо дињанд, розї нашуд. 29 майи соли 1992 Шўрои давлатї сохта, ўро барканор карданї шуданд, имкон наёфтанд. Моњи июни соли 1992 бо роњбарии Ш. Юсуф "Наљоти Ватан"-ро ташкил доданд, ки маќсадаш ба даст гирифтани ќудрат буд. 22 июни соли 1992 "Изњороти Раёсати Шўрои олии Тољикистон" эълон гардид, ки нияти нињоияш ин буд: агар Набиев гуфтаи моро ќабул накунад, ваќтњои наздиктарин иљлосияи Шўрои олиро даъват карда, њамаи раёсат истеъфо медињад ва масъалаи лозим будан ё набудани маќоми президент ба миён гузошта мешавад. 23 июни соли 1992 Мурољиатномаи Раёсати Девони вазирони Тољикистон ба миён омад, ки низ чунин маъно дошт. 11-15 августи соли 1992 дар Иљлосияи XV Шўрои Олї се нафарро - Н. Дўстов, Д.Ашўров ва Љ.Шокировро розї карданд, ки дар иљлосия ўро аз вазифа бозхонанд, масъала њал нашуд, 24 август Прокурори Генералиро террор карданд, Набиев истеъфо надод, 31 август и.в. Сарвазир ва мушовири давлатиро тањќир ва муовини раиси вилояти Кўлобро арра карда куштанд. Аммо њол њамон. Нињоят воќеаи 7 сентябр рух дод. Р.Набиев Хуљанд рафтанї буд. Маълум не, мувофиќи хоњиши ў, ё каси дигаре, тамоми Раёсати Маљлиси Олї ва тамоми аъзои њукумат ба майдони њавої барои гусел омаданд, маълум ки ин гусел аз вазифа будааст. Њамроњи онњо як гурўњ "љавонони пойтахт" омада, бо тањдиди силоњ Президентро маљбур карданд, аризаи истеъфо нависад. То њол касе намедонад, ки он љавонњоро кї хабардор карда овардааст. Баъзењо мегўянд, ки инро Русиягињо карданд, дигарњо мегўянд, ки инро њукумат кардааст, зеро роњбарони њукумат бо маќомњои вилояти Ленинобод забон як карда ўро ба истеъфо фиристоданї буданд. Бо ин ният, гўё рўзи 2 сентябр аъзои њукумат, њамчун рамзи нобоварї ба Президент Набиев, аризаи истеъфоро имзо карда буданд. Њаќиќати ин гапњо дар куљост, таърих њанўз љавоб надодааст. Њаќиќат он аст, ки Р.Набиев замони роњбарии худро њамон рўз ба охир расонда, ба Хуљанд рафт ва дигар Душанберо надид. Њаќиќат њамон аст, ки он ваќт сухан на аз истиќлолият, балки аз будан ё набудани Тољикистон мерафт. Замони Р.Набиев замони митингњо ва љанг, замони хорињо, душманшавињо, ватанфурўшї ва ватангурезињо, ќадрнодонињо ва нописандињо буд. "Набиев тарсид ва коре накард", мегўянд иддае. "Рањмон Набив аз хунрезї мулоњиза кард", мегўянд дигарњо. "Май ўро бекору бењис карда буд", андеша доранд дигарњо. Намедонам, дар тўфони Нўњ, ки майдоншинон дар Душанбе эљод карданд, кадом роњбари беартиш, кадом роњбари љангнодида, кадом одами сулњљў тартибу оромї ба миён оварда метавонист. Махсусан, дар сурате, ки муќобилонаш бузургтарин силоњи љангии маънавиро бар зиддаш истифода мекарданд.

72 рўзи Искандаров Замони роњбарии Акбаршо Искандаров 72 рўз буд. Аслан, соле ќабл низ, тавре зикр шуд, ў маќоми роњбарї ба даст дошт. Диќќат ба фаъолияти ин давраи Искандаров маро ба хулосањои зерин меоваранд: ўро њамсангаронаш амал кардан намонданд. Њатто намедонам мафњуми "њамсангар" барои муайян кардани робитаи А.Искандаров ва гурўњњои демократњо ва исломињо, ки баъди воќеаи моњи май ба иќтидор расиданд то чи њад ба њамдигар наздик буданд. Дар назари ман Искандаров аз ањли дин ва аз демократњои њамонваќта њам худро канора мегирифт. Ягона чизе, ки шояд онњоро ба њам мебаст, мансубияти мањал буд. Аммо бо ин наметавон Искандаровро мањалчї гуфт. Ў кўшиш кард, Тољикистонро ором кунад, аммо натавонист, намонданд. Дар он замоне, ки оташи љанг аланга зад (даъвати машњури Саид Абдуллоњи Нурї 18 сентябр дар Ќўрѓонтеппаро ёд оред), шояд касе њам ба зуддї пеши роњи онро гирифта наметавонист. Искандаров дар талоши ба Тољикистон гирифтани дивизияи 201 буд, мулоќотњои ў бо Елсин ва роњбарони Осиёи Миёна барои сулњ буд, аммо он нерў, ки худро

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

9

"акнун опозисия моем, оппозисия дигарњо" мегуфт, ба вай халал мерасонд. Воќеаи гаравгонгирии хонандагони мактаби раќами 8-и шањри Душанберо ба ёд оред. Намегузошт, ки бо Фронти халќї муросо кунад, намегузошт, ки њукумати ќавї ва доимие созад. Дар давраи ў ду чизи бебароре буд: кўшиши табадуллот дар 24-25 октябр ва кўшиши ташкил кардани Шўрои давлатї дар моњи ноябри соли 1992. Вай ба як чизи хеле муњими таърихи халќи тољик муваффаќ шуд: Иљлосияи XVI Шўрои Олї дар шањри Хуљанд баргузор шуд. Дар њар љои дигаре њам, ки ин иљлосия баргузор мешуд, он натиљаро намедод, ки он дар Хуљанд њосил гардид. Вале ин мисоли корсоз будани Хуљанд ва ленинободињо не, ин њаќиќати зиндагии душвор, авзои печида ва худношиносии бародарони њамхун буд. Ин нуктае буд, ки ба њолати нав њидоят мекард. Имрўз пас аз мулоњизаи он чизњое, ки дар Ливияю Яману Мисру Сурия ба амал омаданд, пас аз дарку тањлили он чизе, ки ќариб як сол боз дар Украина идома дорад ва шањрњо вайрону мардуми бегуноњ бехонаву дар шудаанд, барои ман ањамияти Иљлосияи XVI Шўрои Олї ва ањамияти роњи сулњ, ки роњбарияти Тољикистони нав пас аз он пеш гирифт, хело ва хело барљаста менамояд. Митингњову муќовимати Тољикистон дар солњои 1990-1992 чанд њукумати ќонуниву нимќонуниро аз байн бурданд, то Иљлосияи XVI Шўрои Олї баргузор гардад. Хонаи тољикистонињо кафтархонаро мемонд, аз тарсу парешонї. Мисли он чи имрўз дар Украина мебинем, зўроварї буд, ѓорат буд, тањќир буд, тамасхур буд. Иљлосияи XVI Шўрои Олї, махсусан натиљањои баъдии он - музокироти сулњ, Комиссияи оштии миллї, баргардонидани гурезагон ва муњољирони иљборї, халъи силоњи њам маљбуриву њам бо салоњ, бозгардонидани садњо ва њазорњо хонаву замини ба яѓмо бурда ба як чизи нињоят муњим оварда расонд - имкони њамдигарбахшии љангидагон пайдо шуд ва њамин омили вањдат заминаи истиќлолияти воќеиро омода сохт. Аммо ин кор ва роњи осон набуд, пурдард буд, бофољеа буд, сангин буд ва бурдбардорї мехост. Онњое, ки дар иљлосия љамъ омада буданд, њанўз ин мушкилиро пай намебурданд, ба натиљаи неки он камтар эътимод доштанд, гарчи душманони дирўзаро бесилоњ ва оѓўш ба оѓўш диданд, оши худоиеро, ки гўсфандашро бо кинояи шоире "чокуи одамкушї" ќурбон карданд, хурданд, Раёсати нави Шўрои Олї ва Њукумати навро интихоб карданд ва Ќонуни авфе њам ќабул намуданд. "Оё метавонанд њамдигаркушњо оштї шаванд?" Ин садои дилро њам дар дохилу њам дар хориљи кишвар аз чашму рўи одамон хондану шунидан мумкин буд. Роње, ки пешандоз шуд, ба ин савол љавоби мусбат дод, њамин љавоб Истиќлолияти воќеии кишварро замина шуд ва амалї кард. Замони Эмомалї Шарифович Рањмонов. Аввалан чаро сардори давлатро на бо номи имрўзаашон ёд кардам. Танњо барои он ки маќола перомуни он давраи таърихист, ки ному насабашон чунин буд. Таърих даќиќият мехоњад. Ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Тољикистон ва сонитар Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб шудани Э.Ш.Рањмонов тавре рўзгори тањќиќшаванда далолат медињад, њодисаи муњим ва муайянкунандаи сарнавишти халќи тољик будааст: софдилї, мардумгарої, сулњталабї, пойдорї дар суроѓи сулњ, тоќат ба тањќирњо, хорию носозгўињо, ки дар дањсолаи охири ќарни ХХ мардум дар ў шинохтаанд, Тољикистонро аз шикасту вайронї, Тољикистонро аз гурезагию парешонї, халќро аз яъсу ноумедї наљот дод. Ваќте ў ба ќудрат омад, агар гўем, ки ќудрат набуд, хато намешавад, ваќте ў ба мардум нон доданаш лозим шуд, худаш нони хўрданї надошт гўем, хато намешавад, ваќте ў сулњ оварданї шуд, љони худаш дар хатар буд гўем хато намешавад. Тољикистон ва халќи тољик аз њамаи ин хатарњо рањонда шуд. Чи мушкилоте дар ин давраи истиќлолияти мо буд, аниќтараш гуфтан лозим аст, ки Э.Ш.Рањмонов дар он марњилаи истиќлолияти Тољикистон ба вазифа расид, ки Њукумати мустаќил надоштем, сарзаминамон хатари пора-пора шудан, натанњо соњибистиќлол, балки беном шуданро дошт, мардум зери бори таблиѓоти сиёсиву динї, зери бори тўњмату тањдиди љанг мустаќилї як тараф истад, нафаси осударо умед карда наметавонист. Њар ки пул дошт, силоњ дошт, тањдид дошт, атрофиёни мусаллањ дошт, зўр он буд. Дар рўзњои иљлосия ва ду моњи баъди он зери тавтиа садњо њазор тољикистонї тарки Ватан, тарки љои зист, тарки хонаву дар кард. Кадом истиќлолият вуљуд дошт? Њељ. (Давом дорад) Иброњим УСМОНОВ, доктори илмњои таърих


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

-Кай? Дар посух додан ба ин савол коршиносон саросема намешаванд, аммо шуълае, ки ин созмон дар дили Шарќ афрўхтааст, аллакай "Ќасри сафед"-ро саргарм кард. Аввалан, шояд њаминро бояд дар мадди назар дошт, ки аз номи ДИИШ аллакай харитаи забткориеро мунташир карданд, ки ба он минтаќаи Осиёи Марказї, барои њамроњ кардан ба ќаламрави он шомил карда шудааст. Баъди дар шабакањои иљтимої валвала ангехтани ин тарњ, ки то он њам ДИИШ-ро дастпарвардаи ИМА муаррифї мекарданд, ин идао таќвият ёфт. Фарзия дар бораи ин ки баъд аз хуруљ аз Афѓонистон ба "Ќасри сафед" нуќтаи дигари доѓ зарур хоњад шуд, диќќати коршиносонро ба Осиёи Марказї љалб мекард. Њилари Клинтон, котиби давлатии собиќи ИМА њам дар китоби хотирањояш гуфтааст, ки Давлати исломии Ироќу Шомро мо таъсис додем. Вай гуфтааст, барои таъсиси ин гуруњ, ки яке аз њадафњояш таќсим кардани харитаи сиёсии Ховари Миёна аст) вай ба 130 давлат сафар кардааст, то њангоми эълони мављудият онро эътироф кунанд. Аммо дар муддати се рўз, замоне, ки артиши Миср алайњи њукумати ќонунии Муњаммад Мурсї дар он ин кишвар инќилоб карду вазъият дар минтаќа таѓйир ёфт, ин наќшањои ИМА ба бод рафтанд. Дар наворњои савтї ва видеої њам, ки аз номи Абубакри Баѓдодї, халифаи худхондаи ДИИШ тариќи расонањои хабарї нашр шудааст, худи халифа њам тамоми мусалмононро барои пайвастан ба ин созмон ва эътироф њамраъйї кардан ба он даъват кардааст. Вай дар ин паёмњо ба сароњат густариши ќаламрави зери нуфўзашро то њудуди Осиёи Марказї таъкид кардааст. Аммо он чї акнун рух медињад, коршиносонро муътаќид кардааст, ки ин созмон метавонист бо захираи молиёту силоњи амрикої аз итоат ба хољагонаш саркашї карда асту

ГЕОПОЛИТИКА

ДИИШ ОСИЁИ МАРКАЗИРО БА ХАРИТАИ ИШЃОЛИАШ ВОРИД КАРДААСТ

Шабањи Империя Чаро њамлаи ДИИШ-ро ба кишварњои Осиёи Марказї њам бояд интизор буд? Ин кори созмонро метавон гуфт, аз њоло барои бењтар идора кардани воњидњои маъмурии тањти нуфўзаш ва дар оянда густариши ќаламрави Императураи дар зењнњо сохтааш, омодагї мебинад. Айни њол дар ин бора иттилоъ кам аст, аммо гуфта мешавад, ки ДИИШ аллакай боиси як навъ созиши ИМА-ву Эрон шудааст. Ѓарб Љумњурии исломии Эронро ба вуруди нерў ба Ироќ ташвиќ мекунад. Эрону Арабистон, бо вуљуди тамоми мухолифатњои мазњабї ва зиддиятњои сиёсї, Амрикову Аврупо ва дар маљмўъ Ѓарб - душманони раќами як Эрон бо ин кишвар алайњи ДИИШ њампаймон шуданд, зеро амнияти худро зери хатар эњсос мекунанд.

САРФАРМОНДЕЊИ ТОЉИКИ ДИИШ ДАР РИЌЌА он чиз боис шуда, Ѓарб роњи муборизаро бо он муљўяд.

Фармондењи тољик дар Сурия Њафтае ќабл, расонањои арабзабон хабар доданд, ки як шањрванди Тољикистон дар шањри Риќќаи Сурия ба њайси фармондењи нерўњои мусаллањи Созмони "Давлати исломї дар Ироќ ва Шом"(ДИИШ) таъйин гардидааст. Сомонаи хабарии "Замонулвасл"-и арабзабон дар ин бора хабар дод. Њафтаи гузашта њамчунин дар манотиќи ќабиланиши Покистон њам созмоне бо номи "Љамоъати ал-Ањрор", шохаи нави Тањрики Толибони Покистон аз мављудияташ дарак дод, ки ба он Њаракати исломии Ўзбекистон њам шомил шудааст. Њамин омилњо буданд, ки коршиносонро аз эњтимоли зудтари халал ёфтани субот дар минтаќа безобита кард. Њатто назарњое њам нашр шуданд, ки соли 2015 оѓози марњилаи наве дар Осиёи Марказї хоњад буд. "Замонулвасл" дар такя ба низоъшиносони Ховари Миёна навиштааст: "ДИИШ ин шањрванди Тољикистонро пас аз ба тасарруфи худ даровардани шањри Риќќаи Сурия ба ин маќом таъйин кардааст, ки чанд паём дошт. Ин созмон нишон доданист, ки он сирф арабї ва ё минтаќаї дар Ховари Миёна нест, ва ё тамоми афзалиятњо ва имтиёзњоро аз рўи ченаки љуѓрофиёї байни аъзоёнаш таќсим намекунад. ДИИШ мехоњад ба пайравону фурсатљўён натанњо дар Шому Ироќ, балки берун аз минтаќаи даргир исбот кунад, ки вазифањо ва курсињои ин "давлат"-и навтаъсис бар асоси лаёќатсолорї ва вафодорї ба он дода мешаванд.

Стратегияи Бин Лодан Абдулборї Атавон, тањлилгари машњури масоили сиёсии кишварњои арабї ва раиси рўзномаи электронии "Раъюлявм"-и чопи Ландан ва яке аз "Ал-Ќоида"-шиносони шинохтаи Ховари Миёна дар посух ба суоли: "Оё ањди "Ал-Ќоида" ба охир расидаасту љои онро созамони (ДИИШ) гирифтааст ё хайр? мегўяд: ДИИШ, вориси аслии Созмони "Ал-Ќоида" аст, лекин дар шакли ибтидоии он. ДИИШ тавонистааст, њамон стротегияеро амалї созад, ки "АлЌоида" онро дар замони рањбарии Усома бин Лодан амалї мекард. Муњимтарин пешрафти ин созмон њамин аст, -гуфтааст ин коршинос. Ба андешаи Атавон, айни замон ин созмон ба кулли мустаќил шуда талош дорад, ки њамин чењраи пешрафтаи худро ба намоиш гузорад. Ин созмон тавонист, ки њамаро бо ду шеваи кори аслї ѓофилгир кунад: Худкфоии молї ва худкифоии тамъмини аслиња ва бар илова сеюм ин, ки ДИИШ соњиби сарзамини муайяне шудааст. Яъне, ин созмон аз чор се (4/3) њиссаи Сурия ва аз чоряк њиссаи Ироќро зери тасарруфи худ даровадааст. Ин њама бо он оварда расонидааст, ки ДИИШ ба ягон њукумат (Дар Афѓонистон ба Усома бин Лодан аз сўи мухолифин ва ё Толибон мањдудиятњо љорї мешуд), итоат намекунад. Инчунин ин созмон таљрубаиолии љангиеро дар давоми дуву ним - се соли љангњои Сурия ва ё њудуди 6 соли љанги Амрико дар Ироќ аз худ кардааст. Аз нигоњи тактикањои љангї њам хеле пешрафта шудааст. ДИИШ давлати худро дар сарзаминњои бегона, мисли Ал-Ќоида дар Афѓонистон ташкил накард, балки айни замон давлати худро дар ќалби Ховари Миёна таъсис додааст. Масоњати минтаќаи зери нуфўзи ДИИШ дар њоли њозир аз масоњати Бртинаяи Кабир бузургтар аст, ва наздик ба шаш миллион нафар ањолї онљо зиндагї мекунанд. Ин созмон бо њамин им-

тиёзњояш нисбат ба дигар чењрањои созмонњои силоњбадасти минтаќа фарќ мекунад".

ДИИШ бар зидди ИМА таъсис дода шуд Фодї Фозил, устоди риштаи Ќонуни байналмилалї ва декани Донишкадаи умури идории Амрико њам дар бораи он, ки чаро кишварњои ѓарбї бар алайњи ДИИШ бо њам муттањид шуданд, мегўяд, ки онњо аслан дар бораи он чї дар Шому Ироќ мегузарад ва ё тавассути ДИИШ анљом дода мешавад, њеч парвое надоранд, ѓарбињо бахусус Бритонияи Кабир, Фаронса ва Олмон аз он метарсанд, ки агар ин созмон имрўз дар минтаќаи Ховари Миён ќудратманд шавад, фардо "љињодињо"-и мањаллии худи њамин кишварњои ѓарбї, ки айни замон дар муборазањои мусаллањона њамроњи ДИИШ мељанганд, ба ватанњои худашон баргашта, он чї дар он љо омўхтанд, омада дар ватанњои худашон амалї месозанд. Ногуфта намонад, ки хосатан "љињодињо"и Тољикистон њам дар сафи ин созмон ангуштшумор нестанду њамтоёни ќирѓизу ќазоќ, туркман ва ўзбек њам хеле зиёд доранд. Таъйин гардидани як шањрванди Тољикистон ба њайси Сарфармондењи нерўњои мусаллањи шањри Риќањ њам ба хотири як навъ муттањид нигоњдоштани "љињодињо"-и минтаќаи Осиёи Марказї дониста мешавад. Салоњ Ќодирї, пажўњишгари фикри исломї ва ќазияњои олами арабї ва исломї низ дар робита ба густариши созмони Ал-Ќоида мегўяд, ки хезишгоњи аслии ин созмон Афѓонистон аст. Он њам замоне, ки Амрико барои шикаст додани Шўравї дар Афѓонистон мардуми минтаќаро тањрик дода, касоне, ки дар он муборизањои мусаллањона ширкат мекарданд, ИМА онњоро сармоягузорї мекард. Он замон Ал-Ќоида дар Афѓонистон пайдо шуд. ДИИШ, шохаи минтаќавии созмони Ал-Ќоида асту соли 2006 замоне дар минтаќаи Рофидини Ироќ аз таъсиси худ хабар дод. Он ваќт Амрико ва муттањидонаш болои Ироќ њамла мекарданд. Ба гуфтаи Ќодирї, яке аз сабабњои асосии ба њам муттањид шудани Амрикову Аврупо ва кишварњои минтаќа бар алайњи ДИИШ њам дар он аст, ки вуљуди ДИИШ манофеъи ѓарбињоро дар минтаќа аз љумла, дар Ироќу Сурия зери хатар ќарор додааст. Ширкатњои ѓарбї пас аз суќути режими Саддом Њусайн дар Ироќ бо маќомоти таъйин кардаи ИМА дар Ироќ аз љумла Њукуматї Нурї ал-Моликї, ки ахиран аз ќудрат барканор шуд, ба муддати 30 сол

шартномаи њамкорї баста, тамоми нафти ин кишварро бо пули ночиз ѓорат мекунанд. Бар илова, Њукумати Нурї ал-Моликї бар асоси афзалиятњои мазњабї таъсис ёфта, дар хеле аз мавридњо хостањои суннимазњабонро саркўб мекарданд. ДИИШ њам аз ин фурсат истифода карда, омада дар манотиќи суннинишини минтаќаи Шому Ироќ давлати худро таъсис дод. Ба иттилои расонањои хабарї дар њоли њозир "љињодї"-њои беш аз 80 давлати дунё дар сафњои Созмони "Давлати исломї дар Ироќ ва Шом" ба муќоби нерўњои давлатии Ироќ ва Сурия мељанганд. Коршиносон дар њоли њозир нерўњои ДИИШ-ро њудуди 100 њазор сарбоз ва ё љангљў арзёбї мекунанд, ки 70% дар сади онњо дар Шом-Сурия ва 30%-и ахир њам дар Ироќ њузур дошта, бар илова ин теъдод дар њоли афзоиш аст. Инчунин ДИИШ-ро айни замон гурўњи "Толибон"-и Афѓонистон, созмони силоњбадасти "Букуњаром" дар Ниљерия ва созмони "Чанг задан ба Ќуръону Суннат"(Алиътисому билкитоби вас-суннат)-и Судон эътироф карда, њамраъйї ва њамкории худро бо Давлати исломї дар Ироќ ва Шом" эълон кардаанд.

Торихчаи ДИИШ Созмони Давалати исломї дар Ироќ ва Шом (ДИИШ), шохаи људогонаи Созмони "АлЌоида" дар Ироќ аст. Ин созмон дар оѓози њамлањои низомии ИМА ва муттањидонаш ба Ироќ дар соли 2003 дар Ироќ њузурашро эълом кард. Пас аз муддате тавассути Абўмусъаб аз-Зарќовї, рањбари минтаќавии гуруњи ал-Ќоида дар Ироќ шохаи нави он таъсис дода шуд. АзЗарќовї соли 2006 тавассути неруњои ИМА дар ин кишвар кушта шуд. Абўбакр ал-Баѓдодї, халифаи худхондаи ДИИШ њам шогирди Абўмусъаб аз-Зарќовї буд. Абумуњаммад ал-Аднонї, сухангўи расмии ДИИШ 1-уми рамазон (30-уми июн)-и соли 2014 аз таъсиси созмони Далвати исломї дар Ироќ ва Шом бо рањбарии Абубакр ал-Баѓдодї, ки номи аслии он Абдуллоњ Иброњим аст, хабар дод. ДИИШ дар ѓарбри Ироќ ва шарќи Сурия арзи њастї кард. Бино ба иттилои расонањои хабарї, Абубакр ал-Баѓдодї соли 1971 дар шањри Сомиро Ироќ ба дунё омада, аслу насаби худро аз авлоди халифањои исломї медонад. Вай тањсилоти диниашро дар Донишгоњи исломии Баѓдод аз худ кардааст.

Амруллоњи НИЗОМ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

ВОКУНИШ

ФАЪОЛИЯТИ СОЊИБКОРЇ ДАР ДАРОМАДГОЊИ БОЗОР МАНЪ АСТ (Вокуниш ба матлаби "Љойи равѓанї", "Нигоњ" № 11 (393) аз 4 - уми июни соли 2014)

- Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара мутобиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009, №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма", маќолаи "Љойи равѓанї"-ро, ки дар нашрияи "Нигоњ" №11 (393) аз 4 -уми июни соли 2014 чоп шудааст, мавриди омўзишу баррасї ќарор дод. Мавриди зикр аст, ки мурољиати мазкур якчанд маротиба бо иштироки сохторњои марбута ва занон дар сатњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара мавриди баррасї ќарор дода шуда буд. Дар ин љаласањо ба ин гуруњи занњо якчанд минтаќањои мувофиќ барои пешбурди фаъолият (аниќтараш 4 минтаќа) пешнињод карда шуданд. Аммо онњо њамаи ин таклифњоро бо пеш овардани бањонањои гуногун рад карданд. Бояд тазаккур дод, ки мувофиќи маълумоти нозироти андози шањри Исфара аз 22 нафар "соњибкорзаноне", ки дар ин минтаќа фаъолияти соњибкории худро пеш мебаранд, њамагї 3 нафар расман аз ќайди давлатї гузаштаву соњиби патент мебошанд. Боќї њама ба фаъолияти соњибкорї ѓайриќонунї машѓуланд. Баъдан дар маќола омадааст, ки гўиё маќомоти иљроия нуќтањои савдои ин гуруњи савдоро "кашида гирифта" истода бошад. Ин гуруњи занњо дар

- Љињати иљроиши Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма", маќолаи "Як бому ду њаво" - "Ё чаро дар Ќубодиён маќомоти давлатї љилави љинояткоронро кашида наметавонанд?", ки дар нашрияи "Нигоњ" тањти №15 (397) аз 2-юми июли соли 2014 ба табъ расидааст, мавриди санљиш ќарор дода шуд. Муайян карда шуд, ки шањрванд Ќаршиев Т.Њ. бо љавобгарии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ќубодиён ва Ашўрова Б.С. дар бораи бекор кардани ќарори раиси ноњияи Ќубодиён аз 12-уми апрели соли 2012 тањти №366, беэътибор донистани санади хољагии ба номи Алишер Навоии ноњияи Ќубодиён аз 16-уми январи соли 1993 ба Суди ноњияи Ќубодиёни вилояти Хатлон мурољиат кардааст, ки бо њалнома аз 30-юми январи соли 2013 даъвои ў рад карда шудааст. Парвандаи мазкур ба тариќи марњилаи кассатсионї тањти бар-

минтаќаи мазкур худсарона бо истифода аз конструксияњои оњании худсохт "фурўшгоњ" гузошта, ба фаъолияти соњибкорї машѓул буданд. Бо саршавии корњои сохтмонї дар гузаргоњњои зеризаминї, фурўшандагон ба дигар минтаќањо кўчонида шуданд, на пеш карда шудаанд. Бояд гуфт, ки онњо њељ гоњ дар ин минтаќа "љой" надоштанд. "Љой" бо пешнињоди хулосаи сохторњои дахлдор ва бо ќарори раиси шањр људо карда мешавад, на он ки њар кас метавонад мувофиќи хоњиш дар минтаќаи писандидааш љойгир шаваду онро соњибї кунад. Бо маќсади њалли нињоии масъалаи мазкур, бори дигар бо иштироки тарафњо ва сохторњои дахлдор, 6-уми июни соли 2014 боз як маљлиси машаваратии назди муовини раиси шањр ташкил ва гузаронида шуд. Дар натиља дар маљлиси мазкур ќарор ќабул карда шуд, ки аз њисоби маќомоту сохторњои дахлдор, ба истиснои тарафњои манфиатдор гуруњи кории мустаќил таъсис дода шавад. Њамзамон гуруњи корї вазифадор карда шуд, ки њолати кунунии даромадгоњи бозорро мавриди санљиш ва тањлили амиќ ќарор дода, оид ба истифодаи минбаъдаи мавзеи мазкур, бо назардошти тамоми талаботи шањрсозї ва ќоидањои амалкунандаи соњавї ба унвони маќомоти иљроияи њокимияти шањр хулоса пешнињод намоянд. Сохторњо чунин хулоса пешнињод намуданд, ки барои таъмини њаракати бемамониати мошини сўхторнишонї, тозагиву ободонии мавзеъ ва иљрои талаботи савдо дар мавзеи мазкур ягон намуди фаъолият ба роњ монда нашавад. Бинобар њамин, дар даромадгоњи бозор дар ояндаи наздик роњандозии њама гуна фаъолияти соњибкорї боз дошта хоњад шуд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара њамеша кўшиш мекунад, ки баррасии мурољиати шањрвандон дар доираи ќонунњои амалкунанда ва одилона ба иљро расонида шавад. Дар ин замина, бо назардошти хулосаи гуруњи корї, маќомоти иљроия кўшиш мекунад, ки гуруњи занњоро дар ояндаи наздик бо дигар љойњои мувофиќ ба талаботи савдо таъмин намояд. Бо эњтиром, Муртазо ОЛИМОВ, муовини раиси шањри Исфара

- Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки бо маќсади баррасии мутобиќати рўйхати хатмкунандагони тањсилоти умумии асосї ва миёнаи умумї дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №3-и шањри Исфара санљиш гузаронида шуд. Дар натиљаи санљиш муайян карда шуд, ки аз тарафи директори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №3-и шањри Исфара Назирова Наима Бобосолиевна бори дуюм дидаву дониста бар хилофи талаботи санадњои меъёрии амалкунанда пешнињод гардидани рўйхати хатмкардагони муассисаи таълимии мазкур барои гирифтани аттестати хатми тањсилоти умумии асосї ва миёнаи умумї ќонунвайронкунї содир гардидааст. Парвандаи љиноятии Нази-

ВАЗОРАТИ МАОРИФ: ДИРЕКТОРИ МАКТАБ АЗ ВАЗИФААШ ОЗОД КАРДА ШУД! (Вокуниш ба матлаби "Пуштибони Назирова кист?", "Нигоњ" № 18 (400) аз 23 - юми июли соли 2014) рова Наима бори аввал 27 майи соли 2014 дар асоси таъиноти маљлиси судї, суди шањри Исфара бо сабаби пушаймонї аз кирдораш дар истењсолоти суд ќатъ гардида буд. Аммо ин амал такроран боз аз тарафи Назирова Наима Бобосолиевна содир гардид. Бояд ќайд намуд, ки мувофиќи дархости ба Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон воридгардида, ба 41 нафар хатмкардаи тањсилоти умумии асосї ва 10 нафар хатмкардаи тањсилоти миёнаи умумї бояд аттестати хатм дода мешуд. Дар рафти санљиши њуљљатњои муассисаи таълимї маълум гашт, ки дар дархости директор Н.Назирова пешнињоди се (3) нафар - М. Юлдошев, хонандаи синфи 11, Шаропов Муродљон ва Ќазоќов Ањлиддин - хонандагони синфи 9 талаботи санадњои меъёрии њуќуќї риоя карда нашудааст. Чунончи, баррасии њуљљатњо нишон дод, ки М. Юлдошев аз 01.01.2014 ба Федератсияи Русия сафар карда, то 20. 05. 2014 дар онљо зиндагї ва гўё тањсил кардааст. Санади пешнињоднамудаи ў нусхаи асл набуда, бе имзо мебошад. Дар маълумотномаи пешнињодгардида гуфта шудааст, ки М. Юлдошев аз 01.01. то 20.05.2014 дар Русия тањсил кардааст, лекин дар дафтари (журнали) синфии муассисаи таълимї ў аз моњи апрели 2014 номнавис шуда, ба фаъолияташ бањогузорї шудааст. Хонандаи синфи 9 Шаропов Муродљон аз соли тањсили

СУДИ ОЛЇ: ЊАЛНОМА БЕКОР КАРДА ШУД! (Вокуниш ба матлаби "Як бому ду њаво", "Нигоњ" № 15 (397) расї ќарор дода нашудааст. Ќаршиев Т.Њ. бо њалномаи судї норозї шуда, дар маќолаи зикргардида масъалаи бекор кардани онро ба миён гузоштааст. Дар асоси шикояти назоратии Ќаршиев Т.Њ. дар Суди Олї парвандаи гражданї марбут ба бањси мазкур омўхта шуда бо таъиноти муовини якуми раиси Суи Олї аз 16-уми апрели соли 2014 парванда љињати моњиятан баррасї намудан ба суди марњилаи назоратї ирсол карда шудааст. Бо ќарори коллегияи судї оид ба парвандањои граждании Суди Олии Љумњурии Тољикистон аз 14-уми майи соли 2014 бинобар

11

ба таври љиддї вайрон кардани меъёрњои њуќуќи моддї ва мурофиавї њалномаи дар боло зикргардида бекор карда шуда, парвандаи мазкур барои аз нав баррасї намудан ба тариќи марњилаи якум ба суди ноњияи Ќубодиён баргардонида шудааст. Бинобар ин, Ќаршиев Т.Њ. имконият дорад њамаи далелу ваљњояшро барои дар якљоягї баррасї намудан, бо парвандаи мазкур ба суди ноњияи Ќубодиён пешнињод намояд. Мањмудљон АШЎРОВ, муовини якуми раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон

2012-2013 то моњи апрели соли тањсили 2013-2014 дар Русия тањсил карда, маълумотномаи пешнињодкардаи ў низ нусхаи асл набуда, беимзо мебошад. Маълумотномаи пешнињодкардаи Ќазоќов Ањлиддин- хонандаи синфи 9, ки аз моњи январ то моњи майи соли 2014 гўё дар Федератсияи Русия тањсил кардааст, низ нусхаи асл набуда, њатто муњр надорад. Њангоми баррасии њолати дафтарњои (журналњои) синфї мушоњида гашт, ки дар бањогузории љорї ба фаъолияти хонандагони мазкур ва бањогузории љамъбастї ва солона меъёри бањогузорї ва талаботи санадњои меъёрии соња риоя нагардида, даѓалона вайрон карда шудаанд. Оид ба њолати таќаллубкорї дар пешнињоди замимањо љињати дастрас намудани намунаи њуљљати давлатии хатм барои синфњои 9 ва 11 аз љониби директори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №3 шањри Исфара њаминро бояд ќайд намуд, ки сардори Раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї масъалаи мазкурро дар љояш мавриди санљиш ќарор дода, дар асоси пешнињоди ў ва ќарори Шўрои шуъбаи маорифи шањри Исфара аз 04.07.2014 директори муассисаи номбурда аз вазифаи ишѓолнамудааш озод карда шуд. Њокимхон ВАЛИЕВ, сардори Раёсати кадрњо ва корњои махсуси Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

САФАРДИДА

ЧОР ЗАН МЕХОЊЕД? МАРЊАМАТ, БА МАЛАЙЗИЯ Дар ин кишвар ба ѓайр аз полиси муќаррарї, ки тартиботи љамъиятиро назорат мекунад, боз полиси ахлоќ, бењтараш полиси ахлоќи исломї, фаъолият дорад. Љињати фарќкунандаи полиси ахлоќи исломї аз полиси муќаррарї дар он аст, ки онњо либоси мулкї мепўшанд ва полис будани худро зоњир намесозанд

Малайзия, њиљоб ва мо Дар хиёбонњои сабзу гулзори шањри Куала Лумпур, пойтахти Малайзия ќадам мезанам. Кўчаву хиёбонњо озода, на танњо партов ба чашм намерасад, балки партовгоњ њам наменамояд. Он бўйи "хос"е ки дар аксари шањрњои Њиндустон аз Дењлї то Калкаттаву Мумбай (пешина Бомбай) ва баъзе мамолики дигар њис мешавад, дар ин шањр тамоман нест. Шояд барои он ки дар ноњияи марказии шањр 250 гектар љангалро вайрон накардаанд, то ки њамчун тозакунандаи њавои шањр хидмат кунад. Дар омади гап бояд гуфт, ки њангоми бунёди шањр мавзењои пасту баланд њамвор накардаанд, яъне, ба ќолаби замин ё ландшафт кордор нашудаанд, бинобарин манзарањои шањр табиї менамояд. Мардум чењракушод, асабият мушоњида намешавад. Баъд одамони шањр хеле боадаб, хайрхоњи љањонгардону мењмонон. Чизеро пурсед, њатман бо чењраи кушод ба шумо мефањмонанд ва борњо ба маконе рафтанї мешудаму аз нафаре мепурсидам, наздик бошад, то он љой њамроњам мерафт ва дар хиљолат мемондам, вале мизбон таъкид мекард, ки мабодо рањгум назанам. Чизи аз њама тез ба чашм мерасидагї ин њиљобпўшии занону духтарони малай мебошад. Аз рўи мушоњида то 99% -и малайњо њиљобпўшанд, аммо дар бари онњо бо доманаи хеле кўтоњи аз зону як ваљаб боло духтари чинї меравад. Бисёр дугонањоеро дидам, ки яке малайи сатрпўш ва дигаре доманакўтоњи чинї буд, аммо дуяшон мисли ду хоњар бо њам бе табассум ва мењрубонї суњбат доштанд. Касе ба касе на ишора мекунад, ки њиљоб дорад ва касе бењиљобро накуњиш намекунад.

Пешрафтатарин давлати мусалмонї Њарчанд Малайзия бо маљмуи мањсулоти дохилии (ММД) зиёда аз 300 миллирд доллара ва 30 миллион ањолї дар ќатори 29 давлати тараќќикардаи љањон аст, то канори шањр њам рафтам, аммо на лўлањои баланди дудї дидам ва на корхонањои азим, балки ба љой лўлањои баланд анбуњи биноњои осмонбўси то 95ќабата ќомат афрохтаанд. Дар байни давлатњое, ки аксари нуфусаш мусалмонанд, Малайзия пешрафтатарин мебошад. Масалан, дар давоми панљоњ сол, аз соли 1957 то 2007 суръати афзоиши саноат ба њисоби миёна њар сол 6.5% буда, давлати саноатї мебошад ва 70% ањолї дар шањрњо зиндагї мекунанд. Аз љињати шумораи сайёњони хориљї дар љањон дар маќоми 9-ум мебошад. Махсусан, туризми тиббї ё муолиљавї аз дигар кишварњо ба Малайзия машњур аст ва дар ин соња Малайзия дар ќатори бењтарин давлатњо мебошад, зеро солона зиёда аз 200 њазор хориљиён барои муолиља ва ё машварати тиббї ба ин давлат меоянд.

КУАЛА-ЛУМПУР, ПОЙТАХТИ МАЛАЙЗИЯ Ин исботи он аст, ки дараљаи донишу таљрибаи табибони Малайзия хеле баланд ва дар айни замон дар муќоиса ба бемористонњои дигар давлатњо арзонтар њам мебошад.

22 соли Махатхир Муњаммад Њама ин комёбињои иќтисодиву иљтимоиро бо номи Махатхир Муњаммад, сарвазире, ки дар тўли 22 сол аз халќњои малай, чинї, њинду ва ѓайра миллат сохт, баста медонанд. Аммо ин мањбуби миллат дар айни ављи обрў ба истеъфо рафт. Пурсидам, ки агар љаноби Муњаммад боз номзадиашро дар интихоботи оянда мегузошт, мегузашт. Посухам медињанд, ки бечунучаро пирўз мешуд. Дар айни ављи обрў аз курсии сарварї давлат даст кашидан њунар ва љасорати на њар роњбар аст. Пеш аз њама ин гувоњи он ки ў аз касе муттањам набудааст, ришвахўрї њам накардааст. Муњаббати мансаб махсусан роњбарони кишварњои пасошўравиро ром кардааст ва баъзеашон њарос доранд, ки агар ман аз мансаб равам, њолам чї мешавад. Махатхир Муњаммад на танњо давлаташро ба дараљаи баланди иќтисодиёт ва иљтимоиёт расонидааст, балки барои пешрафти Ислом дар кишвараш низ хидматњои бузург намудааст. Њарчанд сохти давлатдорї монархияи конститутсионї мебошаду Султон, роњбари расмии давлат, дар асл давлатро роњбари њукумат Сарвазир идора мекунад. Сарвазирро њизбе, ки дар интихоботи умумимиллї ѓолиб мегардад, пешнињод мекунад.

Њамзисти ду ќонунгузорї Як чизи бисёр ѓайричашмдошт барои ман дар Малайзия он аст, ки њарчанд та-

нњо зиёда аз 61% мардумаш мусалмон аст, Ислом дини давлатї ба њисоб меравад ва ин дар моддаи моддаи 3, банди 1и Конститутсияи Малайзия омадааст. Вале ин маънои онро надорад, ки озодии дигар адён мањдуд ё манъ шудааст. Масалан, дар моддаи 11, банди 1 чунин навишта шудааст: "Њар кас њуќуќ дорад дини худро пайравї кунад, расму оини онро иљро кунад ва дини худро тарѓиб кунад." Бо вуљуди ин дар назар мерасад, ки ба њимояи дини Ислом таваљљуњ бештар аст. Дар моддаи 11, банди 4 омадааст, ки дар байни мусалмонњо тарѓиби дигар динњо зери назорати ќонунгузории федералї буда, метавонад фаъолияти чунин тарѓиботро мањдуд созад. Таълими динї барои бачањо як фаъолияти муќаррарї аст ва моддаи 12, банди 2 таълими диниро миёни бачањо ќонунан гардонидааст ва ќонуни федералї мадади махсуси молиявиро ба таъсис ва нигањдории таълимгоњњои исломї ё таълими дини Ислом дар кадом њаљме, ки зарур бошад, дар назар дорад. Дар Малайзия ду намуди ќонунгузорї - шањрвандї (додгоњ) ва динї (суди шариатї) амал мекунад. Фатво ё њукми Суди шариатиро суди шањрвандї таѓйир дода наметавонад. Чизи љолиби дигар он аст, ки малайњо, ањолии асосии Малайзия, ки номи давлат њам аз номи њамин халќ гирифта шудааст, наздик ба 62% ањолиро ташкил медињанд, тахмин то 19% чинињо ва андак бештар аз 13% њиндутаборон ва боќї дигар халќиятњои камшумор мебошанд. Агар ќонунњои шањравандї барои њама бошад, меъёрњои шариат танњо ба мусалмонњо дахл дорад. Масалан, се шањрванди ин давлат: њинду, чинї ва малай дар тарабхона шароб нўшанд, танњо малай андак зиёдтар аз 1000 доллар љарима

мешавад, аммо ба дуи дигар ќонунњои исломї коре надорад. Айнан ќимор њам чунин аст. Ба истиснои мусалмон ба дигар миллатњо барои ќиморбозї љарима ва ё мањрумиятњои дигар нест. Агар мусалмонњо меъёрњои исломиро риоя накунанд, на танњо љарима мешаванд, балки агар љиноятњояшон вазнин бошад, њатто онњоро дарра њам мезананд. Суди шариатї модел Картика Сари Деви Шукарноро барои нўшидани як кружка оби љав дар базмхонаи шабона ба шаш дарра ва 5000 рингит (пули малайї) баробар ба 1412 доллар њукм шуда буд. Аз сабаби он ки ў аз карда пушаймон буда, инро расман эълон кардааст, љаримаро ситонданд ва барои пушаймониаш аз дарра озод шуд.

Њифзи њуќуќи мусалмонњо Чанде пеш як занеро ба додгоњи шариатї барои он кашиданд, ки бо сагаш сурат гирифтааст. Дар шариат парвариш ва нигањдории саг дар фазои манзили биноњои чандќабата ё њавлї манъ аст. Њатто агар масењие дар кўча бо саг равон бошаду аз рўбарў мусалмон ояд, мусалмон њатман ба дигар тарафи кўча мегузарад. Чунин ба назар мерасад, ки мусалмонњо ва дар шахси онњо малайњои мусалмон зиёдтар њуќуќ доранд, Масалан, роњбари давлат танњо аз малай, яъне мусалмон интихоб карда мешавад . Албатта, чунин ќонун барои њимояи миллати малай љорї шудааст. Чинињову њиндуњо мардуми омад мебошанд ва бо номи ин ду халќ ду давлати бузург низ њаст, бинобарин барои њимояи њуввияти миллї дар шахси малайњо ќонунњояшон чунин назокатњо доранд. Мусалмонони Малайзия мисли мову


ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

13

МАСЉИДИ БАНДАРИЯ, КИ БОЛОИ ОБ БУНЁД ШУДААСТ. КОТА КАНИБАЛУ, МАЛАЙЗИЯ шумо пайрави мазњаби њанафия, яъне суннї мебошанд. Дар ин мамлакат ягон гуруњи иртиљої ба ќайд гирифта нашудааст, зеро давлат дар мубориза бар зидди иртиљоиён шадидан мубориза мебарад. Аз тарафи дигар ќариб ки њама меъёрњои шариат љорист ва чунин гуруњњо барои чї дар ин сарзамин мубориза баранд, ваќте дар Конститусияи Малайзия навишта шудааст, ки танќиди дини Ислом манъ аст ва шахсоне, ки зидди Ислом њарфе мегўянд, њатман аз рўи ќонун љазо дода мешавад ва гоње чунин љарима тариќи молиявї сурат мегирад. Њамчунин дар Конститутсия навишта шудааст, ки њар малай баробари таваллуд шудан мусалмон аст, яъне, мусалмон ба дунё меояд ва ў њаќ надорад динашро иваз кунад. Мансубияти динї дар корти муаррифии шањрвандї ва ё шиноснома њатман навишта мешавад.

Масљид дар бонку вазорат Рўзи љумъа пурсида - пурсида ба масљиди љомеъ рафтам. Њар замоне ки макони ибодатгоњи љомеъро мепурсидам, ба ман Бонки исломиро таъин мекарданд. Аввал гумон кардам, дар англисии ман иштибоњ аст, ки ман ба онњо суолро равшан баён карда натавонистам, вале њарф ба њарф њам пурсидам, ки ибодатгоњи љомеъ дар куљост, боз ба бинои Бонки исломї ишора мекарданд. Яке аз масољиди бузурги љомеъ дар ... зербинои њамин Бонки исломї љойгир будааст, ки дар он чанд њазор одам намоз мехондааст ва аз сабаби он ки аз њама гўшаву канори ин зербино имомро дар ваќти мавиза дида наметавонанд, пардањои бузурги телевизор гузоштаанд. Дар Малайзия пеш аз он ки лоињаи бино тасдиќ шавад, њатман мепурсидаанд, ки оё дар он барои ибодат њуљра ва ё љой људо шудааст ё на. Агар на, лоиња тасдиќ намешудааст. Бинобарин дар њар корхона ва ё муассисае, ки мусалмонон тањсил доранд ва ё кор мекунанд, њатман хонаи ибодат њаст. Махсусан, дар идорањои давлатї ин чиз сахт зери назорат аст. Маро насиб будааст, дар масљиди Вазорати корњои хориљї намоз хонам. Дар ин љой барои ибодат њама шароит муњайё шудааст: тањоратхона, адабиёти динї ва ѓайра. Афзалияти ин намозхонањо дар он аст, ки ходимони вазорат дар ваќти корї ба дигар минтаќањо барои адои ќарзи худ намераванд ва ваќти корї бењуда масраф намегардад. Чизи дигаре, ки ман мушоњида накардам, ин изњори ошкорои дўстдории љавонони мусалмон, ба монанди оѓуш гирифтан, даст ба китфи якдигар гузошта роњ рафтан ва ё дар гўшањои боѓ хилват љустани онњо. Сабабаш дар он будааст, ки дар ин кишвар ба ѓайр аз полиси муќаррарї, ки тартиботи љамъиятиро назорат мекунад, боз полиси ахлоќ, бењтараш по-

лиси ахлоќи исломї, фаъолият дорад. Љињати фарќкунандаи полиси ахлоќи исломї аз полиси муќаррарї дар он аст, ки онњо либоси мулкї мепўшанд ва полис будани худро зоњир намесозанд. Он асосан, амал ё рафторњои зиддишариатї, ба монанди зино, шаробнўшї, ќимор, истеъмоли маводи мухаддир ва монанди инњоро ба ќайд мегиранд ва чи тавре гуфтем, дар сурати вайрон кардани меъёрњои шариат муљримонро ба додгоњ, дурусттараш ба Суди шариатї мекашанд. Чор зан гирифтан иљозат аст Марди малай аз љињати молиявї хуб таъмин бошад, њамсараш ба тарбия ва таълими фарзандон машѓул мешавад, лекин ин маънои онро надорад, ки барои кор кардани занњо мањдудиятњо љорї кардаанд. Дар он муассисањое, ки будам, зиёдтар занону духтарон шуѓл меварзиданд. Ин љо њама забони англисиро медонанд ва мисли давлати собиќ Шўравї, ки донистани русї як амри зарурат буд, дар Малайзия њам англисї забони муоширати ањолии гуногунзабон њисоб меёбад. Сабаби аввалаш дар он аст, ик ин мамлакат ним аср пештар мустамликаи Инглистон буд. Ваќте аз панљ як њиссаи ањолї чинї ва аз њашт як њиссаи он њинду аст, ин миллатњо бо њам танњо бо англисї суњбат мекунанд ва дар он мањалњое, ки миллатњо омехтаанд, мактаб низ ба забони англисї аст. Дар Малайзия гирифтани зани дувум, савум ва чорумро барои як мард ќонунњои шањрвандї манъ намесозад, яъне, он чї манъ нест, рухсат аст. Бо чанд нафар дар ин бора суњбат доштам. Баъзеашон гуфтанд, зани дувум ва њатто яке, ки соњиби

якчанд бензинхона ё маркази таъмини сўзишворї будааст, гуфт, се зан дорад. Вале барои гирифтани зани дувум ризоияти хаттии њамсари аввал зарур аст. Агар мард боз ба зани савуму чорум издивољ кунад, боз рухсати хаттии зављаи аввалаш зарур аст ва бе он мард наметавонад зани дигар бигирад. Дар иёлати Тренгану расман ё ќонунан ба мардон то чор зан гирифтан рухсат шудааст. Лекин афзалият ба он мардоне дода мешавад, агар онњо ба зани фарзандори камбизоат оила барпо кунанд. Њатто ба онњо мададпулї њам медињанд, агар аз чор зан дутоаш бева ва ё модарони танњои фарзанддор бошанд. Лекин на њама мард ду, се ё чор зан гирифта метавонад, зеро барои ин корро кардан, аз љињати молиявї хеле баќувват будан зарур аст. Малайзия дар масъалаи рушди бонкдории исломї низ дар ќатори давлатњои пешрафтатарин аст. Яке аз сабабњои тараќќиёти Малайзия њам дар њамон аст, ки ин кишвар аз бисёр давлатњои дигари исломї аз рўи меъёрњои шаръї ќарз гирифта, иќтисодиёти худро пеш бурд. Фарќ дар он буд, ки онњо ин ќарзњоро на ба љайби худ, балки барои бунёди корхонањои бузурги саноати электронї ва дигар користонњо бардошта буданд. Дар натиља аз ин музорибаву мушорикаи бонкдории исломї њам ќарздињандањо ва њам ќарзгирандањо бањра бардоштанд. Махсусан, дар солњои инќирози иќтисодии давлатњои пешрафта дар дањаи охири асри гузашта ва ибтидои асри навин ба бонкдории исломї таъсири ночизи манфї расонид, бинобарин баъди кризис шумораи бонкњои исломї якбора афзуд ва њоло чу-

нин бонкњо на танњо дар давлатњоои исломї, балки дар Аврупову Амрико низ таъсис ёфта, бо комёбињо фаъолият доранд. Аз ин сабаб Малайзияро метавон ватани бонкдории исломї номид. Хушоянд аст, ки Тољикистон низ гомњои нахустинро дар бондории исломї мегузорад ва дар ин кор аз таљрибаи бойи бонкдорони Малайзия истифода мебарад. Натиљаи чунин сиёсат буд, ки Малайзия ин аз бузургтарин содиркунандаи ќисмњои компутерї буда, дар љањон яке аз пешќадамони истењсоли ќисмњои машњури Dell ва Intel ба њисоб меравад ва дар истењсоли кондисионер дар љањон маќоми аввалро дорад. Саноати автомобилсозї низ пеш рафтааст. Сиёсати дигари љолиби Малайзия дар он аст, ки ба истиснои чанд давлат дигар барои њама миллатњои љањон дараш боз асту раводид њам зарур нест, аз љумла, барои тољикон. Танњо дар фурудгоњ ба шиносномаатон муњр мезананд ва бо чењраи хуш ба англисї "Хуш омадед, ба Малайзия!" мегўянд. Њатто барои раводид пул њам намегиранд. Ин гуна муносибатро ман њангоми вуруд ба Туркия мушоњида карда будам: раводид нест, барои вуруд пул намегиранд. Њол он ки дањ сол пештар барои вуруд дар фурудгоњњои байналмилалии Туркия дањ доллар меситонданд. Хулоса, Ислом дар Малайзия барои пешрафти иќтисодиёташ халал нарасонида ва имрўз њам намерасонад, баръакс дар пешрафти давлат, махсусан, дар њифзи ахлоќи њамида сањм мегузорад.

Муњибуллоњ ЌУРБОН

НАМУДИ ЗОЊИРИИ ЗАНЊОИ МАЛАЙЗИЯ КАСЕРО НОРОЊАТ НАМЕКУНАД


14

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

Мирзо Шукурзода

Олим, пажуњишгар, муаррих, нависанда, шоир ва журналисти маъруфи тољик, муаллифи бештар аз бист китоби пажуњишї аз таърихи миллат, дањњо маќолањои публистистї, маљмуаъи шеърњо ва ёддоштњои дилнишин. Якуми сентябри соли 1949 дар дењаи Худгифи Сояи куњистони Мастчоњ, дар хонаводаи марди шариф, дењќони оддї, вале камолёфта дар суњбати асњоби фазл ва донишманди худомўзу шахси соњибмаърифат Муњаммадшукур ибни Муллониёз дида ба олами њастї кушодааст. Соли 1973 баъди хатми факултаи филолигияи тољики Донишгоњи давлатии Тољикистон фаъолияти мењнатиашро аз рўзномаи "Тољикистони советї" (њоло "Љумњурият") оѓоз намудаву солњои баъдї дар нашрияњои гуногун, нашриёти "Адиб" ва идораи радиову телевизион кор кардааст. Солњои 1981-1983 ва 1985-1987 дар Афѓонистон тарљумонї кардаву баъди бозгашт ба кори рўзноманигории худ идома додааст.

Аввалин китоби Мирзо Шукурзода "Ситорањои рахшанда" соли 1986 ва ќиссаи мустанадаш бо номи "Теѓи љонбахш" соли 1989 бо сарсухани адиби маъруф Урун Куњзод дар нашриёти "Адиб" чоп шудааст. Китоби "Тољик, тољдор, тољвар", ки ба ин дунбол интишор ёфт, як силсила маќолањои пажуњиширо дар бораи вожаи тољик, аз љумла "Маънои калимаи тољик"-и устод Айнї, "Сарзамини поки ниёконам"-и донишманди маъруфи Эрон Сайид Нафисї, "Тољикон"-и академик Бартолдро гирд оварда буд. Дар оѓози талошњои худшиносии миллї ин китоб наќши муњиме дар мафкураи хонандагонаш боќї гузошт. Эълони истиќлолият ба рўи Тољикистон ва тољикон дарњоро ба сўи Эрон-сарзамини поки ниёконамон боз кард ва аз ин рўйдоди муњим Мирзо Шукурзода њам истифода намуд. Вай соли 1992 ба Эрон рафт ва муњлати дањ соли иќомат дар ин кишвар бино ба иќрори худаш дар Тењрон ва Душанбе чањордањ номгўй китоб интишор додааст. Он замон эрониён ошноии хеле камтаре бо тољикон доштанд ва њатто дар муњити огоњи фарњангии ин кишвар низ афроди саршиносе назири Ањмади Шомлу ва њатто Нодири Нодирпур ва нашрияњое чун маљаллаи њаљвии "Гулоќо" ноогоњона як ѓояи ба ифодаи Мирзо Шукурзода "ман дигарам, ту дигарї"-ро талќин мекунанд ва ин боис мешавад, ки асл ва љавњари шинохти миллї, мазњабї ва фарњангии эронинажодон ношинохта боќї монад. Мирзо Шукурзода баъди ошної бо ин њама иддиоњои тафриќаандоз чун як донишманди борикназар наметавонист сукут варзад ва номаи кушоде ба унвони маљаллаи "Ошно" (чопи Тењрон) ва донишманди шинохтаи эрон Муњаммадризои Ботинї навишт ва онро бо номи "Ман дигарам, ту дигарї" 19 майи соли 1993 дар нашрияи хеле пурнуфуз ва серхо-

нандаи Эрон "Кайњони њавої" чоп кард. Њадаф аз маќола на танќиди афроди ёдшуда, балки баёни он нуктаи муњим буд, ки эронинажодон тўли ин таърихи дароз бар асари сари кор будани режимњои худкомаву бегонапараст ва ѓафлат аз таърихи гузаштаву тамаддуни ѓании худ мардумро дар љањолату нодонї нигоњ доштанд ва ин љурми онњо буд, ки имрўз дар шинохти асли худ њатто чењрањои матрањ ва саршинос ба иштибоњоти ќабењ роњ медињанд. Ин маќола ва ин бардошт аз муњити онрўзаи илмии Тењрон шояд ўро такон дод, ки аз таърихи миллаташ китоб бинвисад ва бо далоили илмї собит кунад, ки тољик кї будаву ба хирмани маърифати форсњо чї дурри гаронмоя рехтааст. Ин буд, ки соли 1994 дар шањри Тењрон аввалин китобаш бо номи "Тољикон дар масири таърих" аз чоп баромад. Соли 1999 ба тасњењу иловањои нав дубора боз њам дар Тењрон чоп шуд ва соли 1999 бори сеюм, вале ин бор дар Пешовари Покистон ба табъ расид. Дар даврањои баъдии фаъолияти худ Мирзо Шукурзода ба тањќиќоташ аз сарнавишти миллат идома дод ва боз њам бо такя ба далелњои таърихї китоберо бо номи "Тољикон, ориёињо ва фалоти Эрон" иншо кард, ки ду маротиба, солњои 1999 ва 2002 дар Тењрон чоп шуд. Соли 2001 бошад дар Тењрон китоби дигараш бо номи "Парниёну њариру абрешим дар Тењрон" аз чоп баромад. Китоби "Тољикон дар ќаламрави Ориёно" солњои 2007 ва 2009 ду маротиба пайи њам дар Душанбе нашр шудаву аз љониби муњаќќиони таърихи миллат ва олимони шинохтае чун профессор Мансур Бобохонов, Валї Самад, Сайфуллоњи Муллољон, Доро Наљот, Асрори Рањмонфар ва дигарон бањои баланд гирифтааст. Як пажуњиши хеле арзишманди Мирзо

Шукурзода, ки солњои охир ба чоп расид, посух ба нигоштањои муѓризонаи Самсури Афѓон бо номњои "Саќовии аввал", "Саќовии дуюм" ва "Саќовии сеюм" буд. Ин муаллифи гумном, ки то ба имрўз киву чикора буданаш аз чашми ањли фазл пўшида мондааст, бо як назари хеле њаќир ба њукмронии тољикон дар Афѓонистон менигарад ва бо ишора ба Њабибуллоњи Калаконї, ки машкобзода буд ва дар таърихи ин кишвар бо номи "Бачаи Саќќо" машњур аст, њамаи сиёсатмадорон ва њатто сарлашкари шуљоъу шахсияти эътирофшуда дар сањнањои набарди љањонї Ањмадшоњи Масъуду пайравонашро саќозодагон хитоб мекунад. Аввалин касе, ки ба ин иддиои муѓризона посухи дандоншикан дод, Мирзо Шукурзода буд. Вай дар ин замина ду китоб навишт, ки яке "Њамосаи родмардони Хуросон" ном дошт ва аввал дар маљаллаи "Садои Шарќ" ва баъдан дар шакли китоби алоњида (2008) чоп шуд ва дуюмї "Родмардони Њиндукуш", ки як рисолаи ноби пажуњишї ва саропо аз далоили илмиву таърихї иборат аст. Ин ду китоб санги мањкаме ба дањони "Самсури Афѓон" барин тафриќаандозони ноогоњ буд. Солњое, ки дар Тењрон мезист, мекўшид насру назми муосири тољикро барои эрониён муаррифї кунад. Аз љумла вай баргузидаи ашъои устоди шодравон Лоиќ Шералиро бо номи "Руњи Рахш", ду маљмуъаи шеърњои шоираи маъруф Гулрухсорро бо номњои "Ашки тўфон" (1994) ва "Гулчини ашъор (2001), њазор рўбоии мардумиро бо номи "Себи Самарќанд" (2008) бо њуруфи форсї чоп кард. Соли 2007 барои маљмуаи "Љонпайванд" љоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айниро дарёфт намуд. Аълочии фарњанг ва Корманди шоистаи Тољикистон аст. Муаллифи беш аз бист китоб, зиёда аз панљсад маќолаи илмї ва публистистї мебошад. Мирзо Шукурзода оиладор ва соњиби 4 фарзанд аст.

Бобољони ШАФЕЪ


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ЉДММ "СОЗИДАНИЕ" АЗ КАДОМ НАВЪИ АНДОЗЊО ЌАРЗДОР АСТ? - Тибќи иттилои Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарзи ЉДММ "Созидание", аз њисоби пинњонкунии андозњо бо назардошти љарима ва фоизњояш 322 миллиону 352 њазору 898 сомониро ташкил медињад. Ин ќарзњо аз кадом намуди андоз њастанд? Њамчунин фарзияи дигаре дар ин бора низ њаст, ки гўё роњбарияти ЉДММ "Созидание" арзиши ин сохтмонњоро аз будаш ба маротиб зиёд нишон додааст, ин фарзия то куљо дуруст аст? Агар њол њамин бошад, оё бањси судии Кумитаи андози назди Њукумати ЉТ ва ЉДММ "Созидание" дар Комиссияи байнињукуматии Русияву Тољикистон мавриди баррасї ќарор намегирад? Оё хавфи ин нест, ки ин бањс њам сиёсї шавад? Самариддин ТОЊИРЇ, сокини шањри Душанбе - Таркиби андозњои њангоми санљиш дар фаъолияти ЉДММ "Созидание" ошкоршуда бо назардошти љарима ва фоизњояшон маблаѓњои зеринро ташкил медињад: - андоз аз даромади шахсони воќеї - 7 млн. 448 њазору 118 сомонї; - андози иљтимої - 9 млн. 29 њазору 428 сомонї; - андоз аз арзиши иловашуда - 9 млн. 427 њазору 269 сомонї; - андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард - 1 млн. 106 њазору 788 сомонї; - андози њадди аќал аз даромадњо - 6 млн. 243 њазору 287 сомонї; - андоз аз фоидаи шахсони њуќуќї - 72 млн. 448 њазору 438 сомонї; - андоз аз даромад (аз њисоби фурўши њисса) - 179 млн. 848 њазору 746 сомонї; - андозњо барои захирањои табиї - 84 њазору 384 сомонї; - андоз аз молу мулки ѓайриманќул - 6 њазору 857 сомонї; - андоз аз арзиши иловашуда, ки њангоми воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад - 36 млн. 709 њазору 583 сомонї. Дар рафти гузаронидани санљиши андози ЉДММ "Созидание" барои маќомоти андоз зарурияти ченкунии назоратии молу мулки ѓайриманќули ширкат ба миён наомада буд, бинобар ин гузаронида нашудааст. Бањсњои андозї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузорї баррасї гардида, дар доираи Комиссияњои байнињукуматї мавриди арзёбї ќарор дода намешаванд. Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

ЧАРО? ЧАРО ДУШАНБЕРО ТОЗА НИГОЊ НАМЕДОРЕМ? - Бо вусъат ёфтани корњои сохтмонї дар дили Тољикистон - шањри зебову сарсабзи Душанбе њар сол бинову иморат, гулгашту боѓњои гуногуни хуштарњи замонавї ба истифода дода мешаванд. Аз ин лињоз шањри Душанбе сол ба сол симояшро таѓйир дода, аз пештара њам дида зебову дилоротар мешавад. Албатта, њамаи ин бе харљи маблаѓ ва зањмати сангини сохтмончиён ба даст намеояд. Албатта инро њам гуфтан лозим аст, ки њамаи ин талошу зањмат барои осоишу фарањи сокинону мењмонони он аст. Аммо мутаасифона, дар ќиболи ин њама талошу зањматњо бархе сокинони шањр ањамият надода, наќши манфии худро мегузоранд. Сухан сари партов ва тоза нигоњ надоштани шањри Душанбе аз љониби бархе шањрнишинони ќадрношиносу зањматнописанд аст. Бо вуљуди он ки њар сари ќадам дар кўчаву паскўча, ќуттии махсуси партов то партовгоњ аст хурду калон баъди нўшидани оби нўшокї зарфи холии онро на дохили ќуттии партов, балки њар куљое, ки хостанд ё рост омад даруни љўйбору рўи замин бепарвоёна мепартоянд. Зањмату тамизкории њамарўзаи занњои роњрўбро, ки аксарашон њамсоли модару хоњаронашон аст арљ нагузошта, зери по мекунанд. Гўиё ба ин ќабил сокинони шањр тозагї, обрўву эътибори шањри Душанбе ањамият надошта, Душанбе барои онњо на як шањри худї, балки њамчун як шањри бегона аст. Онњо њамвора, зарфи холї, пасмондаи хўрок, пучоќи тарбузу харбуза ва партовњои дигарро шабонаву рўзона аз дањлезу роњравњои хонаву корхонањояшон ба берун, аниќтараш ба кўча мепартоянд. Мутаассифона, дар ин мусобиќаи дурушт аксари занону мардон ва кўдакони шањр пешсафанд. Њељ касро парвои тозагии шањр нест. Намедонї, ки ин ќабил одамон аз кадом сайёра ба замин фурўд омадаанд, ки њељ рафтору кирдорашон ба одамї монанд нест. Мегўї, ки дар оѓили гов калон шуда бошанд. Њамаи мо - сокинони шањр соњиби Душанбе њастем ва њар як амали мусбату манфии мо метавонад Душанберо аз ин њам дида зеботар ё њусни онро костатар гардонад. Ободиву сарсабзии Душанбе аз дўст доштани он маншаъ мегирад. Тозагии шањр эй азизон аз масъулиятшиносии њар яки мо аз шањрдор сар карда то сокини ќаторї сарчашма мегирад. Пас, биёед њамшањриёни азиз, шањрамонро пур аз партов накарда, онро тозаву озода нигоњ дорем! Санавбар ОБИДОВА, сокини шањри Душанбе

ЛАТИФА Аз Афандї пурсиданд: - Барои чї дар мошинњои сабукрав тасмаи бехатарї бошад? Љавоб дод: - Барои кормандони БДА! - Кормандони БДА ин тасмаро чї кор мекунанд? - Як мебинанд, агар маъќул нашудї тасмаро набастаї гуфта, протокол мекунанд. - О… ман фикр мекардам барои бехатарияй… *** Љавоне арўс интихоб кард. Модараш гуфт: - Бачам, замона дигар шудагї, пеш аз хонадоршавї аз духтур гузаред, хуб мешавад. - Алакай, аз духтур гузаштем, очаљон! - Чи, хунњоятон мувофиќ омад! - Бале модарљон, духтур гуфт, ки то тўй писардор мешавем… *** Имтињон дар Донишгоњ; довталаб аз эљодиёти Рўдакї бояд љавоб дињад. Таѓояш дар њайати комиссия дар ташвиш: - А, бача чи хел њамаро фаромўш кардї? Њељ боварам намеояд, ки надонї, ки Рўдакї кист? - Ба сурати дар девор овезони Одамушшуаро, ки зераш "Сардафтари адабиёти классикии тољик" навишта шудааст ишора карда, - як ба ёдат биёр, кї будааст Рўдакї, -мегўяд ба љиянаш? Довталаб: - бо овози паст "Саа-ар-даф-т-а-аари...". Таѓояш боз ба зери сурат даст бурда, - хуб, медонї -ку. Кай таваллуд шудааст, кай вафот кардааст? Чї, намебинї? - Дидам, он љо шумораи телефони мобилияш навишта шудааст.

БА ЉОИ 09 - Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед. Пас, ВКД-и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефонии раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-21-21; Ќисми навбатдории ВКД: 221-08-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-15- 42, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 224-48-74; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 223-13-30, 227-80-00; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-83-35; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-22-38; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї:233-72-24, 233-72-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-06-997, 6-30-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-25-36; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 2-25-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-91- 14, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ:221-00-16.

ВОКУНИШ ДОНИШЉЎЁНИ АЗ САНЉИШ ГУЗАШТА БА ТИРПАРОНЇ РОЊ ДОДА МЕШАВАНД Посухи Шералї Мирзо, Вазири мудофиаи Тољикистон ба матлаби нашрияи "Нигоњ" №17 (399) аз 16-уми июли соли 2014 тањти сарлавњаи "Чаро афсарони захиравї аз тирпаронї мањрум шуданд?". - Њамасола Кафедрањои њарбии донишгоњу донишкадањои олии кишварро беш аз 7 њазор донишљў, аз рўи ихтисосњои гуногун хатм менамоянд ва онњо ќабл аз хатм ба таври назариявї, доир ба омўзиши фанњои мухталифи њарбї, аз љумла сафорої, ќадамзанї, истифодаи яроќу аслињаи оташфишон, усулњои партофтани норинљаки дастї ва аз рўи дигар мавзўњои ба барномаи таълимї пешбинишуда, санљиш месупоранд. Дар сурате, ки хатмкунандагони Кафедрањои њарбї дар ин санљишњо муваффаќ мегарданд, онњо иљозати ширкат намудан дар љамъомади сањроиро доро мегарданд. Нафароне, ки аз санљиши назариявї намегузаранд, ба машѓулиятњои тирпаронї роњ дода намешаванд. Дар ин замина чунин донишљўёни кафедрањои њарбї дар комиссариатњои њарбї ба ќайд гирифта шуда, ба љамъомадњои омодагии сафарбарї љалб мегарданд. Ташкил ва ба роњ мондани чунин усули санљишњо имкон медињад, ки аз байни хатмкунандагони кафедрањои њарбї, љавонони лаёќатманд људо гардида, ба њайси афсарони эњтиётї дар ќайди комиссариатњои њарбї гузошта шаванд. Шералї МИРЗО, вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон

?-И НОБОБ АРЗИШИ САФАРИ ЊАЉИ ФАРЗЇ ЧАНД СОМОНЇ АСТ? - Арзиши сафар барои адои њаљи фарзїбо тамоми харољоташ барои як шањрванд чанд сомонї муќаррар карда шудааст? Сафарбарии хољиёни тољик тариќи кадом ширкатњои њавопаймоии Тољикистон сурат мегирад? Имсол чанд нафар шањрванди Тољикистон ба њаљи фарзїсафарбар мешавад? Аслан татриби њамин сафарбарнамої чї гуна аст? Нозим МЕЛИКМУРОДОВ, сокини шањри Турсунзода - Имсол дар Тољикистон нархи њаљ вобаста ба афзоиши ќурби доллар барои як зойир 18 њазору 164 сомониву 92 дирам муќаррар карда шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки пардохти 18 164 сомониву 92 дирам дар худ масрафоти чиптаи њавопаймо, раводид (бољи шоњона), иљораи мењмонхонањо дар шањрњои Макка ва Мадина, хидмати роњбаладон, бима, ёрии аввалияи тиббї, љузвдон, сару либос, хўроки се ваќта дар шабонарўз ва эмгузаронї зидди беморињои сирояткунандаро фаро мегирад. Дар мавсими њаљи умраи имсола њудуди 6300 зойир бо 130 роњбалад, ки зойиринро роњнамої мекунанд, озими Арабистони Саъудї хоњанд шуд. Ба 45 - 50 зойир як роњбалад рост меояд. Аз Тољикистон њољиён ѓолибан тариќи ширкати њавопаймоњои ватании "Тољик-Эйр" ва "Сомон-Эйр"озими њаљ мешаванд. Ба саволи Шумо Афшин МУЌИМ, сухангўи Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (406), 3. 09. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

МУЛЛОМАНИЯИ ТВТ Ба ло-ла-зо-ре… Со-ќї май би-ё-ё-ё-ре... Садои занги телефони Мирзодиккак, ки дар "Старекс"-и хатсайри №2, як худаш дар љойи 0,5 нафар нишаста, ба кор мерафт, баланд шуд. Касе аз ќатори пеш уфф кашид. Шояд овози "Нобовар Чаноров" нафорид ба ў. Бало ба пасаш. Мирзодиккак ѓами дигар дошт; вай њеч наметавонист дасташро ба телефони дар киссаашбуда наздик барад, зеро занаки љуворифурўш пойњояшро болои халтаи нимдумбул монда, ќариб дар болои зонуи вай шишта буд. Љин занад, ин занак то роддоми 2 меравад. Дар њамин сањарии барваќт кї хоби бад дида бошад, ки телефон мекунад-а? Телефон хап намекард: "Ба ло-ла-зоре...". Ѓалтак такрор ба такрор занг мезад... Мирзодиккак: -Ало! Ња, Ѓалтакбой, тинљї буд, аз сањар занг мезанї... Ѓалтак: - Чї телефонро намебардорї? Мирзодиккак:- Студентњо ранги мўру малах Душанберо забт карданд, њар рўз ба љойи се кас чор кас мешиштем, имрўз шофири рањмдил, шаш кас гирифт, ки аз дарс дер намонанд студентњо... Ѓалтак:- Ње, бародар гўш кун, ту дар шањр бошї, боз бењтар. Пурс дискфурўшои Гипразему Саховата, як видео буромадаст, муллоњора нишон додаст... Њамонро срочно ёфта, ба дасти Ќобилљони нањзатї роњї кун ќишлоќ, ки як њафта шуд дар телевизион нишон доданшона, янгат безор кардаст. Бегањ дар масљиди ќишлоќ њам як гап шид, баъд мегум. Гапи телефонї нест. Мирзодиккак: -Аввал гап зан, чї гап шудаст, тинљї њаст? Ѓалтак: Пахтагул Панљсолаевна дидаст, ман надидам. Мардако чандташ дина баъди намоз гуфтанд, ки баъди њамон барнома заношон ранги девона шуда, шаб ба хона рањашон намедињанд. Зани монтёр гуфтаст, ки "ранги мулло бигир, ранги мулло бигир" Ин бечора нафањмидаст, шаб яке масљид омад. Пахтагул Панљсолаевна њам дидаст, шаб дар масљид будем як љоя... Мирзодиккак: -Фањмидам, ту њамун видеоњои мулоњора мегўї, мулои регарї, мулои панљакентї дар синаи духтарон чизе навиштаст? Ѓалтак: Намедонам, лекин рости гап, аз дина хоб нест. Шунидан кай бувад монанди дидан, мегўянд-ку. Дўстам, як хизмат кун ёб...

Мирзодиккак: -Э, рости гап, ман њам шунидам, лекин надидам, чї хел мепурсам, айб аст охир. Ѓалтак: -Ин њукуматињои таърифият дар телевизион нишон медињанду шарм намедоранд, ту аз пурсиданаш шарм медорї?! Љўра, тамоми ќишлоќа касал кардї. Ман "по профессии" зоотехник. Ин телевизионњои њукуматї занакњои моро ба "мулломания" гирифтор кардаст. Симптомњояш дар ќишлоќљойњо аллакай мушоњида шуданд. Мирзодиккак: - Њукумат ин љо чї дахл дорад? Наход мулло ба њамин кор даст занаду, ту њукумата айбдор кунї!... Ѓалтак: - Э, бародар, аввал ин ки њамаи муллоњоро айбдор карда намешавад. Дуюм ин ки ду милион мардака гусел кардед ба мардикорї, о, аќалан муллоњора реклама накунед. Пештар дар ќишлоќ љавондухтарон Шоњруххонро орзу мекарданд, њоло бошад, мулло ба "секс - символ" табдил ёфтааст. Мо чї кор кунем? Занака баста нашавад, кори пахтаву гандумро кї мекунад? Њарчї набошад, њамин бегоњї ман масъалаи муллоро дар масљид мемонам, бигзор рафта, бо мо гандум даравад, ё умуман ба мардикорї равад... Ин чї хел мешудаст. Мирзодиккак: - Ман чї кор кунам. Ѓалтак: Ту босаводтарї, ягон одами калладора дар Душанбе ёфта, ба Вазорати тандурустии Тољикистон пешнињод кунетон, ки бояд Стратегияи муборизаи оммавї ва беамон бо мулломанияи занњои дењотї ќабул кунад. Бисёр бањонаи хуб барои гранти калон гирифтан...

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Комил МИРЗОАЛИЕВ, раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон": - Оид ба бехатарии њаракати поездњо корњои фањмондадињї ба роњ монда шуда бошанд њам, дар давоми панљ моњ чор њодисаи пахши одам ба ќайд гирифта шудааст, ки марговар буданд. Њамаи ин њодисањо бо айби љабрдидањо рух додаанд. - Се кушта дар садамаи писари Њукумов, панљ куштаву маљруњ дар садамаи писари Исмат Абдуллоев, акнун чор кушта аз њаракати поездњо дар давраи роњбарии Мирзоалиев. Анъанаи вањшатноки роњбарияти КВД "РОТ" дар баробари Ќањрамони миллии Узбакистон шудани раиси "Узбекистон темир йуллари".

Фарњод РАЊИМОВ, президенти Академияи илмњои ЉТ: - Мо мањсулоти хўрокворї ва кишоварзиеро, ки ба љумњурї ворид мешаванд, пурра омўхта истодаем, таъсирнокии онњоро ба организми инсон омўхта, бањри пешгирии њар гуна ноомадињо тадбирњо мељўем. - Санэпидемстансия шудем, гўед, рафиќ президент.

Нурсултон НАЗАРБОЕВ, президенти Ќазоќистон: - Агар ќоидањои ќаблан муќарраршуда иљро нашаванд, Ќазоќистон њаќ дорад узвияташро дар иттињоди АвруОсиё ќатъ кунад. Остона ба њеч ваљњ дар паймоне боќї намемонад, ки тањдид ба истиќлолияти Ќазоќистон мекунад. - "Худкардаро даво нест, вовайлои пинњонї".

Азим ИБРОЊИМ, муовини сарвазири Тољикистон: - Агар дар ним соли аввали соли 2014 содироти Тољикистон ба Ќирѓизистон аз 4,5 миллион доллар то 2,3 миллион доллар, яъне таќрибан 2 баробар коњиш ёфта бошад, дар њамин давра содироти Ќирѓизистон ба Тољикистон аз 9,9 баробар кам шудааст. Акнун худатон ќазоват кунед, ки кадом кишвар бештар осеб дидааст! - Бо "думи сагашон каљ" гуфтани шумо мурод њсил намешавад! Ќирѓизњо њаљми содироташонро дар чор шаби интиќоли бензин барќарор мекунанду "осеб" намебинанд, чун садњо гектар хоки Тољикистонро аз худ карданд.

Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Барои санљиши ирода ва омодагии маќомот барои баргузории интихоботи бењтар њам њизби мо ва њам коммунистон лоињаи таѓйироту иловањоро ба ќонуни интихобот пешнињод кардем. Чанд пешнињоди љузъии мо пазируфта шуд, аз коммунистон комилан рад гашт. -Баъд чи хулоса кардед? Иродаашон њамоно баќувват будааст ё баъди тамошои "порнои муллоњо" њушу гўшашон фаќат ба секс будааст?

Игор СЕРЕБРЯКОВ, вакили мудофеи бинои "Созидание" ва "Њаят Рељенси": - Натиљаи чунин муносибати Кумитаи андоз аст, ки имрўз муњољирон маљбуранд, бо шиносномањои хориљї ба Русия бираванд.Њукми суд њатман таъсири худро ба равобити ду кишвар мерасонад. -Игорёки љу, ин афсунањота бай бвиву бвои хдта бгў! Аввалиш, ки барои млисањои хунмаки путиншоњи љунака бошпорту пропискаи тољик њич ањамияте надора. Дуюмиш, ки бай уное, ки штрафту каран пофигшунай, ки муњољир ба бошпурт бай Масквара мерава ё бе бошпурт! Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.