“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
Эмомалї РАЊМОН:
1
Таъмини сулњу оромї муњимтарин дастоварди бунёдии давлат аст №24 (457). Чоршанбе, 8-Уми сентябри соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
"КАБКШИКОР" - 2015?
ЁДБУД
Шањодати истисноии Масъуд
Ќазияи "њамлаи Њољї Њалим" пур аз асрор буда, баёнгўи буњрони љиддитарини идораи давлатї дар Тољикистон аст
САЊИФАИ 5
СУЊБАТ
Ѓайбулло Боњирї:
"Пешрафти Конибодом танњо аз саноат вобаста аст"
САЊИФАИ 3
ЉАЊОН
Аксе, ки оламро такон дод...
САЊИФАИ 13
Таќдим аз Qnet:
Таърихи тиљорати шабакавї
2
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
Фарзияи расмї Субњи 4 - уми сентябр дар пайи њамлаи гуруњи мусаллањ ба Шуъбаи корњои дохилии шањри Вањдат ва як даргирї дар гардиши Фурудгоњи Душанбе 9 корманди милиса кушта ва 6 тани дигар захмї шуданд. Маќомот ин ду њамларо кори дасти Абдуњалим Назарзода, маъруф ба Њољї Њалим, собиќ муовини вазири дифоъи Тољикистон унвон карданд. Њољї Њалим ба Ромит фирор намуд. То лањзањои омодашавии ин матлаб, тибќи иттилои расмї, њудуди 70 љонибдори ў куштаву захмї ва боздошт шудаанд. Прокуратураи генералии Тољикистон алайњи ў аз рўи моддањои 305 (хиёнат ба давлат), 307 (2) (ташкили иттињоди экстремистї), 309 (тахрибкорї) ва 179 (терроризм) - и Кодекси љиноии Тољикистон парванда боз кард. Амалиёти неруњои њукуматї барои боздошти гуруњи Њољї Њалим дар Ромит идома дорад. Дар поён муњтавои андешаи коршиносонеро меорем, ки дар суњбат бо "Нигоњ" ба масъала фаротар ва жарфтар менигаранд.
"КАБКШИКОР"-2015? Ќазияи "њамлаи Њољї Њалим" пур аз асрор буда, баёнгўи буњрони љиддитарини идораи давлатї дар ањди Эмомалї Рањмон аст
Нишонањои табадуллот Ягон далели ин, ки њамлањо тарњрезї ва омода шуда буданд, вуљуд надорад. Далоили баръакс зиёданд: оила ва наздикони собиќ муовини вазир ба љое интиќол наёфта, дар хонањои худанд, бародари хуниаш Назарзода Мирзоњаёт ба ў напайваст ва шахсан ба ВКД рафту ѓ.њ. Аз ин хотир, ин иќдоми Назарзода: а) вокуниш ба кадом як њаракатњои маќомот; б) натиљаи амалиёти махсус ва бозињои сиёсист, ки Назарзодаи мољарољў, пулдўст ва бархўрдор аз имтиёзи наздикї бо президент дар онњо иштирок мекард. Табаддулот низ гуфтан мушкил аст, зеро њама гап аз дастгоњи марказии вазорати дифоъ, њамагї 250 - 300 метр дур аз Ќасри президент ва 400 метр дур аз хонаи сарвари давлат оѓоз шуд. Гаравгон гирифтанї њам набуд, зеро дар радиуси 900 метр афроди зиёди мансабдор ва барои маќомот азиз зиндагї мекунанд.
Изљўї
Идомаи мантиќї
...Аз ин хотир, сабаби ин тасмим барои мо маълум нест. Он чи дар изњороти расмии ВКД гуфта мешавад, ки Назарзода ва њамдастонаш аз љумлаи афсарони вазорати дифоъ узви ЊНИТ буданд, воќеї наменамояд. Њарчанд ин гуна изњоротњо мањсули расмиву ѓайрирасмии Шўрои амнияти назди президент ба шумор меоянд ва амалан сиёсати давлатии чор соли ахирро бозгўї мекунанд: муттањам кардани ЊНИТ ва њар нафари маъруфи бегона ба клани њукмрон, гуруњњои таъсиргузор, созмонњо, ВАО, њатто фаъолони љомиаи шањрвандї ва ба ин васила заминасозї барои раъйпурсии соли 2017 ва интиќоли муназзами ќудрат аз Эмомалї Рањмон ба писараш. Ин аст, ки амалиёти махсуси боздошти размандагон ва њар як амали дигар, ки метавонад исломи сиёсиро муттањам кунад, мўд шудааст. Назарзода аз исломи сиёсї дур аст, њељ гоњ исломї набуд, аз ин хотир, ин љо њељ изи исломї њам буда наметавонад. Агар њамсоягии ў бо рањбари ЊНИТ Муњиддин Кабирї ба назар гирифта нашавад. Аз сўи дигар, ќонун таъини њизбиёнро ба мансабњои низомї манъ мекунад ва президент, ки Назарзодаро таъин кардааст, инро надониста наметавонист.
Зимнан, ин гуна амалиёти вижа чанд сол пеш дар Рашт баргузор шуд, алайњи њамон Шоњ ва фармондењи дигари ИНОТ - Мирзохўља Ањмадов. Соли 2008 низ онњоро ба љинояткорї ва ташкили гуруњи љиної муттањам мекарданд. Дар натиљаи амалиёти вижа алайњи Ањмадов фармондењи ОМОН Олег Захарченко кушта шуд. Ањмадов рў ба куњ овард ва музокиракунандаи президент, додарарўси ў Њасан Асадуллозода њама корро бо Мирзохўља Ањмадов дар мулоќоти рў ба рў њал кард. Њангоми амалиёти махсуси дуюм вазири дифоъи ваќт Шералї Хайруллоев шахсан фармон дод, ки манзили Ањмадовро аз чархболњо тирборон кунанд. Ў ба кўњ фирор кард ва Шоњ Искандаровро ба назди президент оварданд. Кор бо мањви Алии Бедакї ва Мулло Абдулло ба поён расид. Ањмадов аз хизмат канор рафт, Искандаров боз мансаби баландтар гирифт. Њоло ў наќши "балогардон" - ро гоњ дар Регар, гоњ дар Исфара, эњтимол дорад, њоло дар Ромит иљро мекунад, тавре дар "кабкшикор" - њои ќаблї мекард. Шояд Назарзода, ки дар зиндагї метавонист аз њар вазъи њассос нафъ бардорад, моли муомилаи кадом як бозињои хадамоти истихборотии дохиливу хориљї шудааст. Эњтимол дорад, ў намехост объекти бозињои навбатии сиёсї бошад ё аз кадом як амалиёти зидди худ огоњ шуда, ба ќароре омад, ки иќдом кунад. Ба гумони ѓолиб, ў њоло мунтазири музокироти мустаќим бо намояндагони Эмомалї Рањмон аст ва вазифаи маќомоти ќудратї роњ надодан ба ин аст. Аммо агар ў фикри љангиданро дорад, он гоњ масъалаи аз байн бурдани ў гапи чанд рўз ё њафта аст.
Назарзода кист? Њарчанд Њољї Њалим фармондењи ИНОТ мањсуб мешуд, дар амалиёти љангї ќариб, ки ширкат накардааст. Љангиёни ИНОТ ўро њамчун инсоне, ки дар канори онњо хун рехтааст, намешинохтанд, балки нафаре медонистанд, ки "дар Маскав "Сникерс" хўрда, мегашт. Ў шахсан ин нуктаро ба "Нигоњ" баён доштааст. Ў зиндагидўст ва ба истилоњ, конформист, инсоне буд, ки бо касе мушкил доштан намехост, ба њар муомила ба хотири рифоњи худ омода буд. Он ќадар шариатро риоя мекард, ки њар як инсони оддї мекунад. Ў соњибкор буд ва њамчун нафари доро бо њукумат мушкиле доштан намехост. Гузашта аз ин, аз афроди ќобили ќабули президент буд, масалан, ба монанди фармондењи дигари ЊНИТ - Шоњ Искандаров.
Буњрони идорї ё буњрони нухбагон? ...Бо сафари рўзи якшанбе ба Вањдат президент Рањмон мехост эътимоди худро ба он, ки вазъ тањти назораташ аст, ба намоиш гузорад. Аммо дар асл вазъи Тољикистон хеле њассос аст.
Дар кишвари худкома субот бар мавќеи њамсони элитањои сиёсї, иќтисодї ва динї, њамчунин шахсиятњои муассири блоки ќудратї сари масъалаи ќонунмандии њукумат ва њифзи субот устувор аст. Онњо пеши халќи ќашшоќ сарватманд шуда, бо таќсими сарватњои миллї аз суботи нисбї суд мебардоранд. Њама чї таќсим шудааст: замин, захирањо, бонкњо, неругоњњо, корхонањо, њар чї арзиш дорад. Роњњоеро, ки ба пойтахт мебаранд, миёни худ таќсим намуда, онњоро пулакї карданд. Њоло кор ба бозорњои хурду марокизи тиљорї расидааст. Тафриќаи элитањо бармало шудааст.
Вањдати шикаста Дар Тољикистон тайи ду соли охир њама кор барои ин, ки иттињоди муваќќатии элитањои сиёсї, иќтисодї, динї ва низомї халалдор шавад, анљом шуд. Њоло метавон ба љуръат хулоса кард, ки то тирамоњи соли 2015 аксарияти кулли арбобони дин, ба шумули эшонњои маъруф, руњияи зиддињукуматї доранд. Ањзоби сиёсї ва љомиаи шањрвандї амалан нобуд карда шуданд. Расонањо расонањои як соли пеш нестанд. Фаъолии аз њад зиёди наздикони президент дар соњаи иќтисодї ва сиёсати хашини андозу гумрукї норозигии бизнес - элитањоро ба вуљуд овардааст. Тайи якуним соли ахир њудуди 400 соњибкори бузурги ноњияи Њисор тиљорати худро ба шимоли кишвар - шањри Хуљанд, шањрњои Русия ва Дубай кўч додаанд.
Вахимии вазъи иљтимої ...Аз шуруъи сол дар кишвар асабонияте дар пайи коњиши дукаратинаи интиќоли маболиѓи муњољирини мењнатї ба вуљуд омадааст. Салдои тавозуни тиљоратї аз њама бадтарин дар олам аст - як ба панљ. Содирот 40% афтид. 60-70% - и њамаи ќарзњои бонкї дастгирии содирот аст. Ќарзњоро бонкњо ва бонкњои хурди ќарзї ба 3642% - и солона медињанд. Истењсоли саноатї 30% кам шуд. Њамаи омор ба табъи талаботи созмонњои байнулмилалї мувофиќ кашида мешавад. Дар кишвар 4 курси арзи миллї амал
мекунад. Нархи хизматрасонињои давлатї афзоиш меёбад. Блоки иќтисодии њукумат ќудрати пешнињоди дармони дардњои иќтисодро надорад. Сиёсати хешутабории кадрї ва беэътимодии њукумат ба зодагони мањалњои дигар имкони љалби захирањои дигарро аз миён мебаранд. "Фирори маѓзњо" аз андозаи худ берун по гузоштааст. Бекории саросарї њукмрон аст, аммо 5 њазор вазифа дар бахши давлатї њанўз њам озоданд. Дар кишваре, ки 43% - и ањолї љавононанд, бекории саросарї ва фасоди идорї њукм меронад. Лифтњои иљтимої кор намекунанд. Асбоби асосии идеологї милиса аст, ки Тољикистонро хеле ором ва бехабар ба сўи як кишвари пулисї, он љо, ки њар як наздики президент 10 - 12 генерал дорад, савќ медињад. Онњо ба соњибкорони хашин чї пешнињод карда метавонанд? Маълум аст, ки ќудратињо "худиянд". Ин аст, ки Бобаки Занљонї шањрвандии Тољикистонро ба даст овард ва ба рањбарияти Бонки Миллї наздик шуд. Худипарастї, ё фаворитизм хеле хатарнок шудааст, бахусус барои шахси худи президент. Дастгоњи заъиф ва наздиконе, ки пуштибонии ќавии ќудратї доранд, хатари аслї ба њукумати Эмомалї Рањмон аст, на Назарзодаи исёнгар.
Дар интизори иродаи сиёсї ...Ин нигаронї вуљуд дорад, ки президент Рахмон бо њифзи ќудрати шахсї ва ба њар ќимат интиќоли муназзами ќудрат ба писараш банд шуда, имкони бунёди як кишвари худкифоро аз даст медињад, њарчанд ин имкон њанўз вуљуд дорад. Ў њанўз њам дар миёни мардум мањбубият дорад (агар ин омил ањамият дорад) ва карт бланш, ё салоњиятњои беандозае дар ихтиёраш аст, ки њама гуна ислоњотро ба роњ андозад. Оё ба ин иродаи сиёсии ў кофист, ё хайр, ду соли наздик нишон медињад.
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
ФОЉИА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
3
Чї хуш бо Раис њамфикр будан!
Сайёд РАЊИМОВ: "МАРО "СНАЙПЕР" ЗАД" Сайёд Рањимови 23-сола, ягона сарбозест, ки дар њодисаи субњи 4-ум августи соли љорї дар гардиши Фурудгоњи Душанбе ширкат кард, захмї шуд ва зинда монд. Ў се моњ боз коромўз - тирандози Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корњои дохилии Тољикистон (ОМОН) аст. Њоло дар Бемористони Ќарияи Боло бистарист ва љароњаташро табобат мекунад. "Нигоњ" нахуст аз ў вазъи саломатиашро пурсид: - Шукри Худо, хубам... - Он субњ чї њодиса шуд? - Ваќте занги хатар зада шуд, субњи барваќт, таќрибан соати 4 буд. Ин занги хатари њолати љангї буд. Мо маълумоти пурра надоштем, ки куљо меравем, бо кї рў ба рў мешавем. Гуфтанд, ба шањри Вањдат меравед. Фикр кардем, ягон тазоњуроти мардумї аст, халќ ба по хестааст, рафта вазъро ором намуда, бармегардем. Шахсан ман њеч бовар надоштам ба љое меравем, ки аллакай дигарон дар камин нишастаанд. Агар мо мењафмидем, ки ба љанг меравем, мо дигар хел тайёрї медидем. Барои љанг ва њамла сад фоиз тайёрї дида, "бронежилет"-њои худро мепўшидем. Норинљак мегирифтем, чунки танњо бо як автомат љанг карда намешавад. Аммо мо намедонистем, ки ин хел гуруњи зиддињукуматї будаасту ин ќадар наќшањо доштааст. - Яъне даќиќ намедонистед, ки ин хел њамла сурат мегирад? - Не! Мо омодагї доштем, ки њамла сурат мегирад, вале ба ин хел њамлаи шиддатнок на. Моро гуфтанд, ки њамон љо ду одами ришдори автоматдор дар кўчањо мегарданд, ваќте мо рафтем, ду нафар не, балки як гурўњ њар љо - њар љо дар алоњидагї сангар гирифта, мунтазири мо буданд. Вањдат не, гардиши Фурудгоњ буд. Ваќте мо расидем, сардори штабамон Дмитрий Бўриев аз мошин фаромада, ќањрамонона пеш рафт. Ман њам ўро дида, аз ќафояш рафтам, ки ўро парронданд. Сардор дар њамон љо љон дод. Аз дохили даромадгоњи хонаи баландошёна ПК (пулемёти Калашников) мезаду аз љои дигар "снайпер
Суњбати ихтисосї бо Сайёд Рањимов, ягона сарбозе, ки аз даргирии гардиши Фурудгоњи Душанбе зинда мондааст (нишонзан)". Маро њам бо автомат не, балки аз он тараф "снайпер" зад. Аз тарафи пеш маро заданд, тир аз он тарафи баданам баромада рафт. Лекин фикр мекардам, маро аз пушт задаанд. Хун рафт, њама либосњоям пури хун шуд. - Пас чї кор кардед? - Баъди захмї шудан, дигар тир парронда наметавонистам. Ман нафаре будам, ки ягон маротиба љангро надида будам. Як њамрањи дигарам низ захмї шуд. Худро пеш кашидам. Силоњи худамро дар таги сари ў мондам. Дигар дилам нашуд, ки силоњро аз таги сараш бигирам. Дидам, ки як автомати дигаре дар замин хобидааст, онро гирифта њамла кардам. Ду нафар буданд, ваќте якеашро задам, дашномам дод, баъд дар рўяш тир холї кардам. Вай њамон љо ѓалтида мурд. - Касоне, ки ба шумо њамла мекарданд, тољик буданд ва бо забони тољикї суњбат мекарданд? - Бале, тољик буданд. Бо забони тољикї дашном медоданд. Вале дар дастњояшон дастгоњи хурди мухобира (ратсия) доштанд, тариќи он бо забони русї суњбат мекарданд, рамзњояшон бо забони русї буд. - Касоне, ки ба шумо њамла карданд, баъди захмї ва ба замин афтодани њамроњони шумо куљо шуданд? - Ростї, он замон умеди зинда мондан њам хеле кам буд, чун таќрибан 10 даќиќа аз болои сарам мисли борон тир мегузашт. Чењраи касеро, ки ба сардор њамла кард, ба хотир дорам, ман дар пояш паррондам. Ба фикрам, ин одам нафари љангдида буд, чун ваќте захмї шуд, худашро љар карда-љар карда яктарафа кард, ки боз тир нахўрад. Дидам, ки аз сўи дигар боз ду кас меояд, ба тарафашон тир холї карда, як нафари онњоро аз по афтондам, вале дигариаш гурехт. - Ваќте шумо ба љои њодиса расидед, аввалин гурўњ будед ё пеш аз шумо њам ягон гурўњи дигар он љо буд? - Аввалин гуруње будем, ки дар
ин воќеањо ќурбонї додем. Мо чор нафар аз мошин фуромада, њамла карда будем. Ваќти фуромадан њангоме, ки дари мошин боз буд, дар њамон лањза як њамрањи моро дар дохили зирењпўш зада куштанд. Баъди он ба самти мошини зирењпўши мо, бахусус атрофи "баки бензин" хеле тирборон карданд, то бачањо аз мошин фаромада натавонанд, чун дар болои ин зирењпўш ПКВТ буд. Ман дар девор такя зада, нишаста будам, зирењпўш њам баъди 5 ё 10 даќиќа љои њодисаро тарк кард. Њар касе дар баданаш хун дорад, тарс њам дар вуљудаш дорад. Таќрибан 5 даќиќа пас тирборон тамом шуд. Дидем, ки дар як "Страекс" як гурўњи милисањои дигар омада расиданд. - Баъди он чї кор кардед? - Ман набзи њамроњонам сардори штаб Дмитри Бўриев ва Раљабалї Ориповро санљидам. Аллакай фавтида буданд, вале Алишер Љобиров зинда буд. Ман ўро бардошта, њамроњи силлоњњои худ дар як мошин нишаста, ба беморхонаи Ќарияи боло омадем. - Дар бемористон барои ќабули шумо омодагї доштанд? - Не, ваќте мо ин љо расидем, њоли моро табибон дида, дар њолати ногувор афтоданд. Ман худамро муаррифї кардам, њамрањамро гирифта, ба бахши љарроњї бурданд. Ман њам то дами дар бо онњо рафтам. Лекин азбаски хун аз бадани ман њам зиёд рафта буд, бењуш шудам. Табибон маро њам гирифта, бистарї карданд. Ваќте ба худ омадам, нахуст пурсидам, ки њоли рафиќам чї хел аст, дар аввал гуфтанд, ки хуб. Вале њоло, ки ба њуш омадаам, гуфтанд, ў њам вафот кардааст... - Аз вазорат ё њамкорон касе омода хабар мегирад? - Бале, хабар гирифта мераванд. Вазорат пули муолиљаи маро ба уњда гирифтааст. Суњбати Амруллоњи НИЗОМ
Бо таќозои кор ба шањру ноњияњо сафар дорам. Ва њангоми вохўрињо "Шумо аз куљо?" гуфта агар пурсанд, посух медињам: "Аз Душанбе" ва дар идома "Аз куљои Душанбе?" барин суол садо медињанд. Одатан ман мегўям, ки аз шањраки 83-юм. Борњо шудааст, ки мепурсанд: "Шањракатон ном надорад?" Ростї, намедонам, чї посух дињам. Шањраки мо тахмин сї сол пештар бунёд ёфта буду ман дар он соли 29-ум зиндагї дорам. Аввал микрорайон буд, акнун бо расидани истиќлолият ба шањрак бадал шуда, њоло як ном дорад: шањраки 83-юм. Чаро то имрўз шањраки мо зери раќами "83" ном гирифта мешавад? Замоне, ки меъморон тарњи шањри Душанберо месохтанд, табиист, ки барои осон шудани корашон ва аз якдигар фарќ кардани минтаќањои шањр ба онњо номњои шартии корї гузоштаанд. Ва ба фикри банда, ба њамин минвол тамоми шањри Душанбе пур аз микрорайонњои раќамї шуд. Шањрак ё микрорайони 12, 33, 34, 83, 84, 91, 101, 102, 103, 104... Њама ин шањракњо дар Душанбеанд. Наход фарњанги мо то њамин дараља паст рафтааст, ки ба мањаллањои худ номи зебое ёфта натавонем? Аз назари ман метавонем номњои хуб гузорем, агар зарур ояду хоњише пайдо гардад. Масалан, намунаи бењтарини номгузорї дар пойтахт њаст: Ховарон, Зарафшон, Испечак... Аммо чаро мањаллањои мо аз чунин номњои шинам мањрум шудаанд? Ёдам ба дењаам Чоркуњ меравад. Дар он як ноке њаст бо номи "Дилафрўз". Яъне, рушанкунандаи ќалб. То имрўз ман надидам дигар мевае, ки ба монанди Дилафрўз хушмазза бошад. Ман то њанўз аз нафар ё нафароне, ки чунин номи хушоянду хотирнишин ва баёнкунандаи табиати он нокро ёфта гузоштаанд, сипосгузорам... Бо кори дигаре банд шуда, ин маќоларо ба итмом нарасонида будам. Ва чанде пеш зери унвони "Интиќоди Убайдуллоев аз "Чаѓатай" ном матлаб дар матбуот ба табъ расид ва аз мутолиаи он хурсанд шудам, зеро он масъалае, ки ман машѓулам, Њукумати шањри Душанбе низ айнан дар ин бора меандешидааст. Воќеан, номњои ѓайр дар Душанбе ва атрофи он нињоят зиёданд. Ба "Чаѓатай", "Чавалай" ва монанди ин калимањои бегона гўшамон чунон одат кардааст, ки њеч дар фикри дигар кардани онњо нестем. Ибораи "Водонасосная", ки ишора ба мањаллаи шимолии пойтахт мекунад, низ бегона аст ва он њам бояд дигар шавад! Аз њама аљоибу ѓароибаш дар ќисми ѓарбии пойтахт, минтаќаи наздик ба "Гипрозем" (худи ин ибораи русї низ кайњо мебоист дигар карда мешуд ва ё иавз шуда бошад њам, дар забони мардум нишастааст) масљиди љомеъ њаст ва он ном надорад. Пеш аз иморати масљид нисбатан бинои нави ибодатгоњи масењиён ба назар мерасад. Чун манораи он баланд аст, масљид паси он наменамояд ва аз ин сабаб гоње онро њамчун "Масљиди серков" њам мегўянд. На танњо саљдагоњ, балки имом - хатиби онро низ баста ба серков ном мебурдаанд ва тахмин ду сол пештар дар суњбат бо имом - хатиби њамин масљиди љомеъ иќрор кард, ки гоње одамон маро "имом-хатиби масљиди серков" мегўянд. Ба ин чї њарфе меафзоед? Бинобарин ваќте хабари он ки роњбарияти шањри Душанбе барои иваз кардани номњои ѓайр ва ношинаму даѓал камар бастааст, шод гаштам. Чї хуш аст, агар фикр ё пешнињоди ту бо наќшаву маќсадњои шањрдорї ва роњбари он њамоњанг бошад! Зеро њамфикрї барои њарчи зудтар њал гардидани масъала мадад мерасонад. Ва муддати кўтоње мегузараду чи тавре "Чиѓатай" ба "Шодоб" табдил гардид, шањраки 83 ва дигарњо ба худ номњои зебо, шинам ва хоси тољикї мегиранд. Сафои СОДИЌ
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
ТОЉИКОНА 9 сентябр аз марги Ањмадшоњи Масъуд 14 сол мегузарад шањодаташ њолате аз ў буруз намуда, ки њайратангез аст ва баёнест аз маънавияти бузурги ин муљоњиди кабири олами ислом. Мегўянд, чанде пештар аз шањодаташ шабњангом аз хоб бархост ва пайваста мегирист. Хонаводааш дар њайрат ва ташвиш буданд. Чизе нагуфтанд ва њам баъд аз муддате ором мешуд. Яке аз рўзњо писараш Ањмадро бо худ ба гардиш мебарад ва дар канори теппае, ки муќобили манзилаш ќарор дорад, меистад ва ба Ањмад мегўяд: - Бубинам, бачем, дар як нафас
Медонем, ки Масъуд аз худ сарват ва андўхтае ба љо нагузоштааст. Баъд аз бист сол дар ин охирњо хост ду-се утоќе барои хеш бисозад. Мардум мегўянд: Омир соњиб, њоло ваќти хона сохтан нест ва боз ба ин монанд њарфњои дигар. Масъуд ин њарфњоро мешунавад ва хитоб ба онњо мегўяд: - Иљоза дињед ман њам сарпаноње барои худ дошта бошам ва боз ман инро барои худ намесозам. Њамчунон ки дар ин бист соли гузашта дар фикри он набудам. Ин утоќњоро барои он месозам, то бад-
РИСОЛАТИ ИЉТИМОИИ ШОЊ МАСЪУД Расолати иљтимоии худро сангинтарин вољибае медонист, ки ба дўш мекашад. Рўзе дар як маљлиси хусусї, ки нигоранда низ њузур дошт, њикоят мекард: Ваќте Маликхон (ноиби генерал Дустум, ки соли 1997 муддате бо толибон паймон баст ва муљиби шикасти Дустум дар Мазори Шариф гардид ва баъдан бори дигар бо Толибон паймон шикаст ва муљиби озодии Мазори Шариф аз дасти Толибон гардид) ба Панљшер
ШАЊОДАТИ ИСТИСНОИИ МАСЪУД Сухан аз Ањмадшоњи Масъуд аст. Аз сартољи абармардони торих, ки шукўњи фарри ориёї дар нињояти бовармандї ва имон. Ва чї осон аст сухан гуфтан аз Масъуд ва чї душвор баёни Масъуд дар сухан. Осон аз он ки: офтоб омад далели офтоб. Хуршеди Осиё аз марзи Хуросон ќомат афрошт ва љањонро аз файзи ќудсии љињод ва муборизоташ моломол кард. Ва душвор аз он ки: чи гуна мешавад шукўњ ва азаматеро дар густараи вожањо тањлил кард. Ањмадшоњи Масъуд шахсияти дорои андешаи амиќ, баёнгари фарњанги волои аљдодї ва таљассумгари ормонњои торихии як миллат, ки бо садоќати тамом ва тамомияти неру, озодиро, имонро ва вижагињои як миллатро бо зистори пурнаљобат ва шањодати пурсалобати хеш дар гўши торих ва пањнои замон фарёд кард. Фирдавсии бузург дар "Шоњномаи" безаволаш Рустамро меофарад, ки ифшогари ормонњои миллаташ аст. Фирдавсї барои баёни шањомати Рустам њафтхонро эљод мекунад. Њафт сањнаи тахайюлї ва њавлнок ва њафт рўйдоди аљиб, ки мањсули тахайюли инсони он рўзгор аст. Рустам аз он њафтхон мегузарад ва бењамтоияш собит мегардад. Ва аммо Ањмадшоњи Масъуд на дар олами хаёл, балки дар воќеияти зиндагї њафтхон ва њатто њаштхонњоеро таљриба кард, ки дар тахайюл намеѓунљад. Њафтхони аввал: Тасаввур кунед, ваќте ки Шўравии собиќ дар Афѓонистон вуљуд дорад, чањордањ њамла болои Панљшер амалї мешавад, ки аз љумла њашт њамлаи бузург болои Ањмад Шоњи Масъуд аст. Дар яке аз ин амалиётњо фирќаи 40уми Русия, бахше аз неруњои мусаллањи Афѓонистон, ќушунњои вазорати корњои дохила, вазорати амният, малишањои мањаллї, як њазор танк, 350 њавопаймои љангї иштирок доранд. Чархболњо десант мепартоянд. Њавопаймоњои бомбандози МИГ тамоми пањнои Панљшерро пўшонда ва як дараро ба умќи сад километр ба таври давомдор бомбаборон мекунанд. Аз силоњњои вазнин кор гирифта мешавад. Тасаввур намоед, ки чї мањшаре барпост? Ба тавсиф намеояд ва дар тасаввури инсонњо намеѓунљад. Ин њамалот амалї мегардад ва Масъуд аз миёни њама пирўз бадар меояд. Њафтхони дуввум: Соли 1996-ро ба ёд меорем. Сар то сари кишвар ба дасти Толибон суќут намудааст. Аксари фармондењон дар дуртарин нуќот силоњњои хешро љамъоварї мекунанд, то ба намояндаи Толибон таслим кунанд. Фаќат Шимолї (дар Афѓонистон вилоятњои Парвон ва Ко-
писоро, ки дараи Панљшер низ дар њамин њудуд љойгир шудааст, дар якљоягї Шимолї мегўянд) ва Панљшер мондаву моварои Бадахшон. Дар чунин вазъияте Масъуд садо мезанад - муќовимат мекунам ва њатто як нафар, ки бимонам таслим намешавам. Аз њафт љабња амалиёт оѓоз мешавад: аз Соланг, Ѓурбанд, Сараки кўњна, Сараки нав, Кўњи Софї, Ниљроб ва Ховок. Ба ёд дошта бошем, ваќте Толибон аз тариќи Андароб ба Ховок расиданд, наздиктарин дўстони ў њам ба бањонањое тарки минтаќа намуда буданд. Толибон бо 2500 василаи наќлия ба Андароб расиданд, ки мехостанд бо фатњи Панљшер ба Кобул бираванд. Дар баробари ин њамалот Њиндукуш истод ва иродае ба устувории Њиндукуш, ки Ањмадшоњи Масъуд ба дўш мекашид, ин њафтхон бо он шароит ва авзоъ њолатеро ба намоиш мегузорад, ки ба тасаввур намеѓунљад. Зањраи аксар мардонро об мекард ин фаќат Ањмадшоњи Масъуд буд, ки тањаммул мекард ва пирўз аз он берун омад. Ва акнун мегўем: Худованди таъоло баъд аз садри ислом сардори дигаре чун Масъуд барои сипоњи хеш наёфаридааст. Тасодуфї нест, ки ўро сипањсолори љињод, сардори ислом, сардори фотењ, фармондењи бузург, ќањрамони миллї, фотењи љанги сард, шери Панљшер, истратежисти бузург ва нобиѓаи низомї ном гузоштаанд… Ёд дорам, дар яке аз рўзњои сарди зимистон баъди табаддулоти 11 љаддї фаќат ду рўз шуда буд, ки майдони њавоиро ба даст оварда буд, ба дидораш рафтем. Дар баландии яке аз теппањои наздики майдон ду утоќи кўчак, ки нимаи он дар теппа фурў рафта буд, вуљуд дошт. Ањмадшоњи Масъуд дар он љо буд. Моро дар яке аз утоќњо рањнамої карданд. Рўзњои сарди моњи љаддї ва барф њама љоро пўшонида буд. Дар утоќ бухорї (печка) вуљуд дошт, вале сард буд. Баъд моро ба наздаш хост, ки он љо њам як бухории сард ва бидуни оташ вуљуд дошт. Баъд аз сўњбат ва њалли мушкил аз он љо хориљ шудем. Яке аз њамрањон, ки љанг њам хўрда буд, мегуфт: Ќурбонат шавам, омир соњиб. Њазорон нафар аз хайроти сарат зиндагии шоњона доранд ва худат дар утоќи сард ба сар мебарї ва як љойи гарм ва ором надорї. Ањмад Шоњи Масъуд, њамчуноне гуфтем, вижагињои хоси рўњї дошт ва ба хусус дар рўзњои ќабл аз
то сари њамї теппа давида метавонї ё на? Ањмад мегўяд: - Ваќте ба як нафас то болои теппа рафтам дубора садоям кард ва гуфт: - Бачем њар ваќт шањид шудам болои њамин теппа маро дафн кун ва њар ваќт маро ёд кадї, ба як нафас назди ман, биё. Яке аз рўзњо ба Ањмад - писараш мегўяд: Писарам агар шањид шудам гиря накунї. Гиря ваќте бикун, ки дар бистар мурда бошам. *** Чанд рўз ќабл аз шањодат бо Карим Халилї (раиси њизби Вањдат) сўњбат мекунад ва њеч касро дар утоќ намегузорад. Баъд аз шањодаташ муншии Карим Халилї, ки паёми Халилиро оварда буд, мегуфт: - Омир соњиб, њамон рўз бо устод Халилї сўњбат кард ва гуфт: Дар зиндагї њар эњтимол вуљуд дорад. Мо ва шумо муддате дар њаводиси рўзгор ва зиндагї дар канори њам будем. Агар хато ва иштибоњ сар зада бошад, орзуманди авфи таќсирот њастам. *** Рўзе аз писараш Ањмад мехоњад њамроњаш ба оббозї биравад ва мегўяд: Ин охирин оббозии ману туст. Хонавода ва фарзандонаш аксуламал нишон медињанд ва мегўянд: Худо нахоста бошад, чаро ин гуна њарфњоро мезанед ва њамеша аз набуд ва људої сухан мегўед? Барои дилљўии хонавода суханашро тављењ мекунад ва мегўяд: - Њадаф расидани хазон ва зимистон аст. Баъд аз ин об сард мешавад ва дигар оббозї мумкин нест. Њамон рўз бо Ањмад ба оббозї меравад ва чандин соъат дар канори дарё бо ў мемонад. ***
ин васила пайванди фарзандонамро бо зодгоњам устувор нигањ дорам ва ба хотири хонаву сарпаноњашон бо Панљшер ва Афѓонистон пайвандашон мустањкам бошад.
ТАЌВОИ МАСЪУД Ањмадшоњи Масъуд сї сол дар роњи дини Худо андеша ва муборизаи љиддї кард ва ба њаќќи сипањсолори ислом лаќаб ёфт. Ваќте сўњбат мекард, њамеша ширинии каломашро номи Офаридгор ширинтар мекард. Аз ў ба такрор мешунидем: оянда ба дасти Парвардигор аст; боќии корњо ба дасти Парвардигор аст; лутфи Парвардигор аст… Њама медонанд, ки дар 23 соли давари љињод ва мубориза њатто як намозаш тарк нашудааст. Муњаммадгул - касе, ки њамеша бо ў буд, мегўяд: "Дар тўли бист сол ўро як соат бидуни тањорат надидаам". Масъуд 23 сол љињод намуд ва ин баробари муддате, ки Паёмбар (с) ба расолати хеш пардохт. Паёмбари ислом (с) ваќте аз дунё рењлат кард умури ислом сар ба роњ шуда буд ва мусалмонон рў ба пешрафт буданд, вале њанўз фаровон корњо монда буд… Ањмадшоњи Масъуд бандаи содиќи Худо ва уммати ростини Паёмбар (с) дуруст гом ба љойи гоми пешвояш гузошт. Авзои нобасомони кишварро сомон дод. Љабањоти љињодро алайњи лашкари муздури куфр муназзам кард ва сипоњи худро омодаи њамла ба ќалби душман намуд. Дар чунин њолате падруди њаёт гуфт ва паёмбаргуна дунболаи корро ба ёрон ва асњоби хеш гузошт.
омад, дар Соланг бо иштироки њама роњбарон маљлиси бузурге доир шуда буд. Ва он замоне буд, ки толиб баъд аз бедоди фаровон аз Шимолї ронда шуда буданд. Яке аз уламо бо исми Мулло Абдулрафеъ дар бораи зулм ва ситами Толибон дар Шимолї сўњбати гарме намуд ва њама гиристанд ва хитоб ба ман гуфт: - Ин мардуми мазлум, ки ба умед ва таваккули Худованд ба љињод ва муќовимат бархостаанд, љуз ту касе надоранд. Ин мардумро танњо нагузор. Баъд (Масъуд) изофа намуд: "Эњсос кардам Њидукушро ба дўшам гузоштаанд ва дар тўли бист соли љињод ва мубориза њеч гоњ чунин фишору сангинии бори масъулиятро эњсос накарда будам". Њар инсон дар зиндагї тавоноии бахусусе дорад ва ба сурати оддї рўзона 8 соат корро пешбинї кардаанд. Аммо Ањмадшоњи Масъуд рўзона 18 то 20 соат ва њатто бештар аз он кор мекард. Дар тўли давраи љињод ва муќовимат оддитарин ваќти истироњаташ се соат буд. Ў зарфияти истисної дошт ва чунин шеваи корро љузъи барнома ва одати хеш гардонида буд. ...Ањмад Шоњи Масъуд ифтихори Ховар ва миллатњои мусалмон ва љањони озодихоњ то љањон њаст дар шумори абармардони таърих ёд мегардад. масъуд нишон дод: ќањрамонон чї гуна зиндагї мекунанд ва чї гуна мемиранд… Ёдаш ба хайр! Навиштаи Шамсулњаќи ОРИЁНФАР, Раиси садо ва симои Афѓонистон дар замони Бурњониддин Раббонї Баргардони Б. Шафеъ, аз маљаллаи "Субњи уммед" - и Кобул
ИЌТИСОД Пас аз таќсимоти марзии Осиёи Миёна дар соли 1924 мардуми Конибодом ќатори Михаил Калинин, раиси Кумитаи иљроияи Иттињоди Шўравиро, ки ќарор набуд истад, нигоњ дошта, аз ў таќозо карданд, ки онњоро ба Љумњурии сотсиалистии Тољикистон њамроњ кунанд. Он замон муваффаќ нашуданд, аммо соли 1929 нињоят ба Тољикистон пайвастанд. Њоло Конибодом чї њол дорад? Дар арафаи рўзи истиќлолият хабарнигори "Нигоњ" бо Ѓайбулло Боњирї, раиси шањри Конибодом суњбат ороста, аз ў нахуст дар бораи бурду бохти замони истиќлол пурсид: - Њамагї 10 моњ аст, ки рањбарии ноњияи Конибодомро ба зимма дорам, аммо хуб огоњам, ки дар ин муддат ба монанди дигар шањру навоњии Тољикистон бурду бохтњои худро дошт. Агар дар гузашта Конибодом як ноњияи саноатї буд, њоло бештар ба кишоварзї такя мезанад ва дар ин самт дастоварди зиёд дорад. Агар 20 њазор гектар замин дошта бошем, 10 њазори он боѓу токзор ва баќия 10 њазори дигар заминњои зироат њастанд. Дар ин давра дар ноњияи мо њам дањњо иншооти љадид, аз ќабили роњу мактабу дигар биноњои истиќоматї сохта шуданд. Аслан зарфиятњои ноњия хеле хубанд. 6 истгоњи роњи оњан дорад, пахтаи ноњия аз лињози сифату кайфият аз тарафи мутахассисони љањон бањои баланд гирифтаву заминњояш серњосиланд. Масалан, имсол мо наќшаи пилларо буд кардем. Аз љумлаи камбудињои мо аз кор мондани корхонањои саноатї аст. Як корхонаи нассољї буд, ки 2 њазор коргар дошт, ё фабрикаи ресандагї фаъолият мекард, ки дар он 2 њазор нафари дигар машѓули кор буданд. - Чаро аз кор монданд? - Таљњизоту дастгоњњои корхонањо ба шароити кунунї мувофиќ набуданд. Молеро истењсол карда наметавонистанд, ки дар бозори љањонї раќобат карда тавонанд. Арзиши молашон баланд буд ва раќобат карда натавонистанд. - Ин имкон вуљуд надорад, ки таљњизоту дастгоњњои онњо нав карда шавад? - Бале, агар технологияи нав љорї шавад, корхонањо муваффаќ мешаванд. Аммо мушкил ин љост, ки масалан, корхонаи ресандагї шахсї шудааст. Молики он дар ноњияи Масчоњ низ њамчунин корхона дорад ва ба мушкили молї дучор омадааст. Ин интизорро надорам, ки ў то соли оянда њам ба таљдиди корхонаи ресандагии Конибодом шуруъ кунад. Аммо ў ваъдаро дод, ки пас аз бартараф шудани мушкилоти молї корро шуруъ хоњад кард. Љолиб ин аст, ки дар Конибодом худи корхона њаст, мутахассисин њастанд ва ин њама харљ намехоњад. Мардуми Конибодом аслан саноаткоранд, фаќат сармоягузорї зарур аст. - Оё худи њукумати Тољикистон барои рушди ноњия чї кор хоњад кард? - Ба наздикї мо њисоботи худро дар бораи ноњия дар љаласаи њукуматї ироа мекунем. Он љо се пешнињод дорем: 1) Лоињаи насосњои обкашї аз канали Фарѓона. Моњњои аввали кишту кор мо мушкили оби полезї дорем. Дар ин муддат бояд аз канали Фарѓона об гирем, аммо ин кафолатро надорем, ки он муназзам меояд ё не. Аммо пас аз 15 июн оби дарёи Исфара меояд ва мушкили мо бартараф
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
5
Оби нўшокї њам чунин њол дорад. Шањр ќадимист, чї таърихї ва чї аз нуќтаи назари зерсохторњои таъмини об, ки 50 - 60 сол пеш сохта шудаанд. Њама таљњизоту ќубурњо куњна шудаанд. Ваќти таъмири онњо омадааст. Њоло як лоиња дорем бо Бонки Аврупо ба маблаѓи 4,5 миллион доллар. Чун шањр дар баландист, бино ба ин лоиња, аз чуќурии ќариб 100 метр тариќи насосњо дар 4 зина обро ба шањр кашида хоњем гирифт. Барои мунтазам кор кардани насосњо барќи доимї њам зарур аст, ки пайи њалли он низ њастем. Умедворем, пас аз анљоми лоиња шањр бо оби доимї пурра таъмин хоњад шуд. - Буљаи Конибодом чї тур аст? Чї тавр шакл мегирад? - 95 дарсади буљаи барои маоши кормандони муассисањои давлатї сарф мешавад. Ин имконоти ободкорињоро аз мо мегирад. 5 дарсади дигар барои харољоти љорї, аз ќабили сўзишвориву туњфањои љашнї, чароѓњои кўчаву дигар харљњои хурду реза хурду сарф мешавад. Масалан,
Ѓайбулло БОЊИРЇ: "ПЕШРАФТИ КОНИБОДОМ ТАНЊО АЗ САНОАТ ВОБАСТА АСТ" мешавад. Аз ин хотир, мо ба њукумат пешнињод мекунем, ки барои дарёфт кардани насосњо кўмак кунад; 2) Таљдиди варзишгоњи ноњия; 3) Таъмири насосњои обкашии Мањрам, ки солњои 70 - уми асри гузашта гузошта шудаанд, аммо хеле муњим њастанд, зеро беш аз 4 њазор гектар заминро обёрї мекунанд. Аммо дар њоли муваффаќ нашудани молики корхонаи ресандагї дар ду самти дигар кор мекунем. Яке љалби сармоягузории чинї ва дигарї, љалби як соњибкори рус, ки дар њоли њозир дар ноњия ба пахтатозакунї сармоягузорї мекунад. Ин тољир ширкати "Текстрейд" - ро мечархонад ва худ низ ба корхонаи ресандагї таваљљўњ дорад, зеро барои ў дар шакли ришта ва дар оянда мол берун овардани пахта суди бештар дорад. Дар замон Шўравї чунин буд. Азбаски пахтаи Конибодому Ашт сифати баланд дорад, дар шакли мол берун бурдани онњо фоидаи бештар меорад. - Оё соњибкорони мањаллї ё тољик низ барои сармоягузорї дар ноњия таваљљуњ мекунанд? - Њастанд, аммо хеле кам. Сармоягузори ватание ба он сатњ надорем, ки тавонад дар ноњия сармоягузории бузург кунад. Аммо њастанд соњибкороне, ки дар њамдастї бо чинињо Корхонаи коркарди нафтро ба номи "Нафтрасон" месозанд. Ин корхона бояд то ду моњи дигар ба кор дарояд. Ба ин корхона мешавад аз Эрон ё Русия нафти хом овард. Зарфияташ 100 њазор тон нафт дар як сол аст. Ё як корхонаи коркарди мева дорем, ки ба як соњибкори мањаллї тааллуќ дорад ва молашро ба Украинаву Русия содир мекунад. Як минизавод дораду халос, аммо натиљаи кораш хуб аст. - Гуфтед, ки кишоварзї рушд кардааст. Бештар дар кадом самт? - Боѓдорї, бахусус, зардолупарварї. Соли гузашта беш аз 25 њазор тон зардолуи хушк ба хориљ содир шуд. Њар ќадар, ки зиёд содирот шавад, буљаи ноњия њам њамон ќадар бештар даромад мегирад.
- Истењсолот, пеш аз њама саноат. Аз амволи саноатї 8 намуди андоз дода мешавад. Аммо буљети моро каме ноустувортар њам гўем, хато намекунем. 60 дарсади буљети мо аз њисоби соњибкорони хурду миёна шакл мегирад. Омори пардохти андоз таѓйир хўрда меистад. Чї тавр? Масалан, 10 нонвойхона дорем.
«
Мутаассифона, имсол моњи март зардолуро хунук зад ва њосил њам хуб нест. Агар мева дар ноњия коркард шавад, боз бењтар хоњад шуд. Бо ин њама, соњаи муфид барои ѓанї гардондани буља њамоно пахтакорї аст. Њоло соњае аз ин бењтар ба вуљуд наомадааст. Имсол њосили пахта хуб шудааст. - Чї ќадар бояд пахта љамъ оред? - Соли гузашта аз 6 њазор гектар 12 њазор тон пахта љамъ оварда будем. Имсол аз 5 њазор бояд њамин ќадар пахта гирем. Наќша чунин аст. Дар замони Шўравї ноњия то 25 њазор тон пахта медод. - Яъне заминњои пахта кам шудаанд? - Бале, боѓ зиёд шудааст. Аммо мо тасмим гирифтем, ки афзоиши боѓњо аз њисоби заминњои обиро манъ кунем. Дуюм, боѓњои куњнаро бояд таљдид кард. Сеюм, боѓкушої фаќат дар заминњои бекорхобида иљоза дода мешавад ва он њам бо як шарт, ки аз обёрии ќатраї кор гиранд, зеро мо имкони таъмини онњо бо оби канали Фарѓонаро надорем. - Воќеан, мо дар Конибодом дидем, ки як шањри дар ќиёс бо солњои пешин хеле обод шудааст, ба Душанбеву Хуљанд монанд мешавад, аммо об кам аст, њатто љурракњои оби нўшокии шањр об надоранд... - Дуруст мегўед. Дар њаќиќат, таъмини мардум бо оби нўшокї ва полизї мушкили љиддї аст. Имсол аз сойи Исфара аз 15 июн оби фаровон омад. Аммо ин вазъ мушкили дигар ба вуљуд овард. Миллионњо тон рег меояд. Реги босифат ва барои сохтмон мувофиќ. Як касе бошад, ки онро гираду истифода кунад. Чун сохтмон нест, рег њамту хобидааст. Рег љўйборњоро пур мекунад ва онњоро бояд тоза кард. Дар њамон мањалли насоси Мањрам њар рўз ду экскватори калон кор мекунад. Як лањза намеистанд. Агар истанд, ба зудї рег њамаро пур мекунад. Ваќте рег љўйборњоро пур кард, имкони истифодаи об аз даст меравад. Мо њатто оби зиёдатиро ба Ўзбакистон мепартоем. Хулоса, ба мо экскваторњои нав заруранд. Њоло бо экскваторњои замони Шўравї кор мекунем, ки сўзишвории зиёд хўранд њам, корашон сифат надорад. Ба мо экскваторњое заруранд, ки дасташон 17 метр аст. 360 километр зањбурњои пуршуда дорем. Ин ба њосилнокии пахта њам таъсир мерасонад. Агар зањбурњо тоза шаванд, њосил аз 25 сентнери имрўз ба 40 сентнер меафзояд.
дар буљет солона 300 њазор сомонї барои собиќадорони Љанги Бузурги Ватаниву љанговарони интернатсионалист ва ширкаткунандагони фољиаи Чернобил пешбинї шудааст. - Ба Шумо њамчун намояндааш президент чї дастур додааст? Чї кор бояд кунед? - Супориши Љаноби Олї, вазифаи ман ин аст, ки манбаъи даромади буљаро бояд афзоиш дињам. Агар мо наќшаро 120 фоиз зиёд кунем, ин ба он маъност, ки 10 миллион сомонї барои ободии шањр, масалан, сохтмони мактабњо, ё ягон бењбудии дигар, маблаѓ пайдо мешавад. Барои ин бояд кор кард. - Аз кадом роњ Шумо манбањои иловагї пайдо карданиед? - Истењсолот, пеш аз њама саноат. Аз амволи саноатї 8 намуди андоз дода мешавад. Аммо буљети моро каме ноустувортар њам гўем, хато намекунем. 60 дарсади буљети мо аз њисоби соњибкорони хурду миёна шакл мегирад. Омори пардохти андоз таѓйир хўрда меистад. Чї тавр? Масалан, 10 нонвойхона дорем. Њар яке дар моњ, масалан, 100 сомонї андоз медињад. Аммо як ё ду нонвойхона як моњ кор карданду як моњ не. Вале дар наќша ба назар гирифта шудааст, ки андози онњо пардохт мешавад. Агар саноат пурра кор кунад, ноустувории буљаи ноњия аз миён меравад. Ё мо захираи бузурги гранитро дорем. Ба њисоби олимон, 5 миллион кубометр аст. Истењсоли он комилан содда аст. Гранити Конибодомро аз даруни куњ не, аз болои замин гирифтан даркору халос. Гир майда кун, санги ороиш карда фурўш. Мутаассифона, чунин як соњибкор надорем. Аммо пешрафтњо дорем. Масалан, як корхонаи таъмири ќаторњои роњи оњан њаст дар Мањрам. Роњи оњани Тољикистон ваъда дод, ки барои ба кор даровардани як сехи он 500 њазор сомонї кўмак мекунад. Ё як корхонаи дўзандагии "Гулдаст" таъсис додем, ки 80 нафар кор карда истодааст. Либосњоро дар сатњи Туркия медўзад. Муштариёнаш хеле зиёданд. Њаракат кунї, баракат мешавад. Хулоса, ман бар ин боварам, ки пешрафти Конибодом дар пешрафти саноат аст. Он њам саноате, ки бо пахта бастагї дорад. Агар мо њосили пахтаро ба 18 њазор тон расонем, ноњия худкифо мешавад. Онро агар коркард кунем, худ тасаввур кунед, ки чї гуна пешрафт хоњад шуд. Суњбати Фаромарзи Фозил
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
Эмомалї РАЊМОН: ТАЪМИНИ СУЛЊУ ОРОМЇ МУЊИМТАРИН ДАСТОВАРДИ БУНЁДИИ ДАВЛАТ АСТ Президент Эмомалї Рањмон дар паёмаш ба муносиабти 24-умин солгарди Истиќлоли Тољикистон муњимтарин дастоварди бунёдии давлат дар ин муддатро таъмини сулњу оромї номид. Ў дар паёми табрикиаш гуфт, ки "мо дар зарфи беш аз ду дањсолаи гузашта ба як силсила дастовардњои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соњибистиќлоламон ба онњо вобастагии мустаќим дорад. Муњимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулњу оромї, аз хатари нобудї наљот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагї рањо бахшидани миллатамон мебошад". Ба таъкид гуфт, ки "агар дар он тўфоне, ки бадхоњони миллати тољик дар сари роњи кишвари тозаистиќлоли мо эљод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслњои оянда моро њаргиз намебахшиданд". Президент бори дигар аз "шиддатёбии бархўрди манфиатњои геополитикии ќудратњои љањонї" сухан карда, гуфт, ки "тамоюли дубора ба ќутбњои сиёсиву низомї људо намудани олам, пањншавии тафаккури харобиовари ифротгарої, ќувватгирии фаъолияти њаракатњои экстремистиву террористї ва монанди инњо суботу амнияти давлатњои љањонро, дар маљмўъ, ба тањдиди љиддї рўбарў намудааст". Ифротгарої ва дигар тањдиду хатарњои муосир, ба гуфтаи Эмомалї Рањмон, пеш аз њама, ба њамин арзишњои усулї ва њаётї тањдид менамоянд. "Яъне онњо, аввалтар аз њама, ба истиќлолияти давлатї, ба мављудияти худи давлати мустаќил, ба сохтори давлатии демокративу њуќуќбунёд ва дунявї, ба суботу амният ва њаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи њар як фард ва ба арзишњои неки миллии мардуми тамаддунсози мо тањдид мекунанд", - иброз дошт ў. Њамчунин, Президент аз мушкилињо сухан карда, гуфт, ки "мо њанўз дар зиндагии љомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи ќавї дорем, ки њамаи мушкилоти мављударо бо дастгирии мардуми зањматкашу тањаммулгароямон, бо зањмати ањлонаву софдилона бартараф месозем ва наќшаву ниятњои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аљдодї ва пешрафти давлати соњибистиќлоламон амалї мегардонем".
ДАРД Муњтарам Љаноби Олї, 9 сол мешавад, ки барои баргардондани манзили истиќоматиамон талош дорем. Аммо манзиламонро аз дасти онњое, ки бо тањдиду фишор аз мо рабуда, бо мусоидати кормандони ноњиявї "ќонунї" карданд, баргардонда наметавонем. Мурољиату шикоятњоямон ба тамоми нињодњои марбута, ба њукумати мањаллии ноњия, маќомоти прокуратура ва суд њеч натиљае надод. Ба њар куљое мурољиат накунем, мактуби мо боз ба дасти масъулини ноњиявї мерасад, ба дасти онњое, ки њеч гоњ шикоятњои моро мунсифона баррасї накардаанд. Борњо ба Дастгоњи иљроияи Президент низ навиштем, аммо њеч суде накард. Билохира, тасмим гирифтем, ки ба воситаи матбуот ба Шумо мурољиат кунем. Бовар дорем, ки мурољиатњои мо то ин ваќт ба дасти Шумо нарасид, њатто агар ба як навиштаамон Шумо огоњ мешудед, бовар дорем, ки мушкилоти мо роњи њалли худро меёфт. Мо дар манзили 129, дењаи Њосилобод, љамоати шањраки Кирови ноњияи Вахш то соли 2006 зиндагї мекардем. Манзил аз љониби хусурам, рањбари оила Норќул Намозов ба таври ќонунї њуљљат ва хусусї карда шуда буд. Давлатї буд. Дар асоси фармони собиќ рањбари совхози ба номи С. Турдиев аз 18уми майи соли 1998 №28, протоколи Иттифоќи касаба №36 аз 18-уми майи 1998, ќарори љамоати шањраки Кирови ноњияи Вахш аз 22-юми январи соли 1999 манзили мазкур бо ордери №3 барои истифода ба оилаи Намозов дода шудааст. Соли 2002 Норќул Намозов, хусурам барои хусусигардонии манзил ба рањбари хољагї мурољиат мекунад. Комиссияи хусусигардонї њамон ваќт арзиши ин хонаро 230 сомонї муайян мекунад. Намозов маблаѓро пардохт карда, манзилро бо санади комиссия аз 29-уми августии соли 2002 тањти №59 хусусї мекунад. Инчунин, дар дасти мо њуљљатњои тасдиќкунандаи он, ки манзил ба оилаи Намозов марбут аст, мављуд мебошад: 1.Шањодатномаи баќайдгирї №386 аз 12.03.2004; 2. Шиносномаи техникї барои хусусї будани њавлидорї №386 М2 барўйхатгирии №2599; 3. Сертификати хусусии истифодаи замин дараљаи №0059250 тањти №1459 ва ќарори Њукумати ноњияи Вахш аз 16.11.1995 тањти №208 ва дигар њуљљатњои тасдиќкунанда... Ба ин хонадон ман соли 1999 аз ноњияи Шањритус келин шуда омадам. Њамроњи шавњарам - Бахтиёр Намозов 7 сол дар ин манзил бо хусурам ва оилаи онњо ба сар мебурдем. Ба љуз мо дар ин манзил 19 нафар ањли оила будем. Шавњарам бо бародараш мисли дигар мардон барои кор ба Русия рафта меояд. Соњиби се фарзанд шудам, ки њамаи фарзандонам дар њамин манзил таваллуд шуда, шањодатнома гирифтаанд. Як фарзандам маъюб буда, инак, 9 сол мешавад, ки бо "шарофат"-и маќомоти ноњия дарбадар мебошем. Сарфи назар аз он, ки ин манзил ќонунан дар истифодаи мо ќарор дорад, соли 2006 бо тањдиду зўрї моро аз хона берун карданд. Асли ќазия чунин аст, ки соли 2006 шавњарам бо бародарњояш дар Русия ќарор доштанд. Мо бо сарварии Норќул Намозов ба сар мебурдем. Дар њамин сол як корманди собиќи прокурори ноњияи Вахш, ки ному насабаш барои мо ва маќомот маълум аст, бо Тоир Бобокалонов, њамсояамон ва ду нафари дигар ба хонаи мо омад. Тоир Бобокалонов ќаблан дар мањбас буд. Аз мо талаб кард, ки бояд манзилро холї кунем, зеро он ба таври нодуруст аз савхоз ба мо дода шудааст. Ба сари мо њар тањдиде, ки карда метавонистанд, рехтанд. Тањдид ба он карданд, ки дар сурати холї накардани хона ба номуси ман ва хоњари шавњарам таљовуз мекунанд. Моро бо миллатамон
тањќир низ мекарданд. Хонаро бояд барои Тоир Бобокалонов холї мекардем. Аммо мо аз хона берун нашудем. Падарарўсамро ба прокуратура даъват карданд. Барои холї кардани хона аз ў баёнот низ мегиранд. Корманди собиќи прокуратура моро огоњ њам кард, ки ин навбат хонаро холї кунем, вагарна бароямон мушкил мешавад, гуфта тањдид кард. Бегоњии њамон рўз Тоир Бобокалонов ба хона омад, тањдид ба номусу љони мо ва кўдаконамон кард. Справкаи прокуратураро барои холї кардани хона ба мо пешнињод кард. Падарарўсам, ки он замон 71сола буд, тавони сарбасар шудан бо инњоро
"9 СОЛ БОЗ ДАРБАДАРЕМ..." Мактуби кушод ба Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Љаноби Олї Эмомалї Рањмон
надошт. Хуллас, аз хона ба умеди он, ки боз бармегардем, берун шудем. Аммо, инак, 9 сол гузашту мо дарбадарем. Дар ин миён баъде, ки мо аз хона берун шудем, дар асоси аризаи Холбї Бобоќулова, њамсари Тоир Бобоќулов, раиси љамоати шањраки Кирови ноњияи Вахш бо ќарори худ аз 23. 04. 2007 тањти №72 замин ва хонаро ба Х. Бобоќулова вобаста кард, фармони хољагии С. Турдиев аз 29. 08. 2002 тањти №59-ро беэътибор дониста, моро аз њама њуќуќњои соњибманзилиамон мањрум кард. 8уми июни соли 2007 Раиси ноњияи Вахш ба номи Х. Бобоќулов тањти №355 ордер навишта дод. Ин њам дар њолест, ки барои истифодаи манзили мазкур ордери моро ягон маќомот бекор накарда буд. Инчунин, замини наздињавлигиро ба надозаи 0.10 га Кумитаи замин ба Тоир Бобоќулов сертификати истифодаи замин, гўё барои хона карда дод. Аммо дар асл онро њамчун замини ёрирасон људо кардааст. Дар моњи апрели соли 2007 љамоати шањраки Киров ќарор ќабул карда, њуќуќњои оилаи моро нисбат ба манзил поймол ва фармони хусусигардонї, шиносномаи техникии хонаро аз эътибор соќит донист. Муњтарам Љаноби Олї, талошњои судии
ОЗМУН
Мунира Содиќова бењтарин "Ронандаи намунавї" Сокини шањри Душанбе Мунира Содиќова "Ронандаи намунавї" дар пойтахти Тољикистон мебошад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Мунира Содиќова дар озмуни "Ронандаи намунавї" бо гирифтани 56 хол дар сафи аввали дањгонаи бењтарин ронандањои шањр љой гирифтааст. Ин озмун 7-уми сентябр дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов баргузор шудааст. Дар озмун беш аз 200 нафар ронанда барои ширкат дархост кардаанд, ки танњо 40 нафар ба даври нињої роњ ёфтааст. Оз-
мун дар се давр, мусобиќаи донандагони ќоидаи њаракат дар роњ, рондани воситаи наќлиёт дар Автодром ва расонидани ёрии аввалияи тиббї ба љароњатгирифтагони њодисањои роњу наќлиётї баргузор гардида, мутобиќи талаботи њар давр ба иштирокчиён бањо додаанд. 10 нафар пешсафонро ба унвони ѓолиби озмун эълон карда, ба онњо сертификат ва 1000 сомонї тўњфа кардаанд. Дар сафи пеши рўйхати ѓолибон соњиби љойи аввал бо 56 хол Мунира Содиќова, соњиби љойи дуюм бо 52 хол Фатњиддин Фозилов, соњиби љойи сеюм бо 50 хол Зикриё Олимов гарди-
мо низ бенатиља анљомид. Гарчи тамоми њуљљатњо дар дастамон буд, ордери хонаи моро маќомоте бекор накардааст, вале њар навбат чи дар марњилаи аввал ва марњилањои баъдї суд ба нафъи онњое, ки хонаи моро гирифтаанд, ќарор ќабул мекард. Аз суди ноњияи Вахш ба Сарбанд, аз Сарбанд ба суди вилояти Хатлон њамеша саргардонем. Њоло ният дорем, ки ба Суди Олї мурољиат кунем. Бар замми он, ки мо дар хонањои хешу табор зиндагї мекардем, фарзанди маъюбам ба гарданам кашол ба њар сў мерафтам, ба доми чанд порахўр афтидем, ки маблаѓи бо араќи љабин љамъ кардаи шавњарам ва баро-
данд. Љойњои дигарро Муњаммад Холмуродов бо 45 хол, Зайдулло Нарзиќулов бо 43 хол, Ѓайрат Алматов бо 40 хол, Исохон Њасанов 39 хол, Мењрољ Раљабов 37 хол, Далер Мирзоев 37 хол ва Илњом Мирзоев бо 35 хол (њама сокинони ш.Душанбе) ишѓол намуданд. Дар ВКД мегўянд, њамчунин дар ин рўз ба ѓолибони озмуни "Пиёдагарди намунавї" низ, ки ќаблан зимни чорабинињои маќсадноки дар кўчаву хиёбонњои пойтахт гузаронидашуда, муайян гардида буданд, сертификат бо маблаѓи 500 сомонї ва тўњфањои хотиравї ќадрдонї карда шуданд.
даронашро аз худ карданд. Фикр мекунам, ки ин ќазияро наќл кунам, ба нафъи кори мо мешавад. Ибтидо адвокате (ному насаби ин нафарро дар њолати зарурї гуфта метавонам) дар соли 2010 гуфт, ки ман омодаам, ки дар суд манфиатњои шумоёнро њимоят кунам. Барои он, ки ба гуфтаи худаш "бо суд гапзанон" кунад ва њуљљатњоро ба суд пешнињод кардан аз мо 1500 доллари ИМА талаб кард. Ин ќадар маблаѓро ќарз гирифта, дар назди коргоњаш дар наздикињои суди ноњия бе ягон шартнома ба ў додем. Њар ваќте ба наздаш мерафтем, бо бањонањое аз мо мегурехт. Бар замми ин боз 200 доллар аз мо гирифт. Баъди чанде ваќте парвандаи мо ба суди шањри Сарбанд равона шуд, ў гуфт, ки аз дасташ коре намеояд. Худашро аз наздикони вазири адлия номида гуфт, ки ба куљое метавонед мурољиат кунед, аз дастатон коре намеояд. Бо њамин маблаѓи мо сўхт. Дар суди шањри Сарбанд низ чунин амали коррупсионї моро интизор буд. Аз он, ки хонаамонро баргардондан мехостему њеч кас њам надоштем, ба гуфтањои њар кас бовар мекардем. Ин навбат дар суди Сарбанд як судя гуфт, ки агар 2000 њазор доллар орї, коратро ба зудї њал мекунам. Як ваќт даъват карда, аз ман 300 доллар гирифт, бори дигар 500 доллар гирифту ваъда дод, ки корамонро њал мекунад. Баъди содир шудани њалнома 1200 доллар бояд ба ў медодем. Аммо њалнома ба нафъи мо нашуд. Аз судя талаби маблаѓамонро кардем, гуфт, ки бояд шумо барои мусбат њал шудани коратон 1200 доллари дигар меовардед, наовардеду дурўѓ гуфтед... Ин бор њам фиреб хўрдем. Дар суди шањри Сарбанд парвандаи моро Зебо Сафарова медид. Њоло бо фарзанди 15-солаи маљрўњам дар ба дарам. Медонам, ки як камбудї дорем, бекасем, дар њеч љо хеши мансабдоре надорем. Муњтарам Љаноби Олї, охирин мутакоямон ва умеди ќавиамон Шумоед. Бори дигар такрор њам шавад, мегўям, ки ман ўзбекам, аз ин сабаб њарфамро гўш намекунанд. Вале асло умедамро аз Шумо Љаноби Олї накандаам ва бовар дорам, ки ин навишта ба дасти Шумо мерасаду сарпонањамонро ба мо бармегардонанд. Гулчиной НАМОЗОВА, сокини ноњияи Вахш
РАВЗАНА Баъди мутолиаи вокуниши Њайдар Одинаев ба хулосаи амиќ омадам, ки рањбарияти Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї дар бораи низом ва техникаи ќонунгузорї, инчунин тафовути санади меъёрию њуќуќї ва санадњои њуќуќї умуман тасаввурот надоранд ва зимни тањлилу тафсири онњо бесалоњиятї менамоянд. Мавриди зикр аст, ки Низомномаи кафедраи муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон, бо дар назардошти
академик М.С. Осимї ќувва ва эътибори баландтари њуќуќї дорад. Њамзамон мавриди зикр аст, ки ман њамчун довталаб бо маќсади ишѓоли вазифаи холии мудири кафедраи "Фанњои љомеашиносї"-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимї дар асоси шартњои эълон дар рўзномаи "Љумњурият" № 78 (22640) аз 16.04.2015 њуљљатњоямро пешнињод намудам. Аммо боиси таассуф аст, ки дар натиљаи сатњи пасти дониши њуќуќї ва тафсири нодуруст рањбарияти донишгоњ, аъзо-
накардани њуљљатњои пешнињод намудаам барои ишѓоли вазифаи дотсентї аз ворид кардани номзадии ман њамчун довталаб ба бюллетени овоздињии пинњонии Шўрои олимон худдорї намуд. Се далели ишора шуда асоси воќеї надоштанд, зеро ки бо баробари пешнињод намудани рўйхати корњои илмї, монография, китобњои дарсї, воситањои таълимї, корњои методї ва маќолањои дар маљаллањою конференсияњои илмї - назариявї нашр гардидаро ба котиби Шўрои олимон дотсент Сафаров Ф. дода будам, ки ягон зарурат барои тасдиќи онњо дар маќомоти нотариалї набуд. Собиќаи илмї омўзгориам бошад 14 сол аст ва њамчун доктори илми њуќуќшиносї њуљљатњоямро барои ишѓоли вазифаи холии мудири кафедраи "Фанњои љомеашиносї" супорида будам, на барои ишѓоли вазифаи холии дотсенти ин кафедра. Љињати њалли масъала бо аризаи шикоятї ба Нуриддин Саидзода - Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон 11.07.2015 мурочиат кардам. Нияту њадаф ва ормони ман, ки идомаи фаъолияти илмї - педагогї буд бо дар назардошти наздик шудани оѓози соли тањсили 2015-2016 бо маќсади гирифтани посух бо риояи тартиби муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи мурољиати шањрвандон" во-
"Дарро занам, девор кафид" (Вокуниши Шокир Њакимов, доктори илмњои њуќуќшиносї ба вокуниши Њайдар Одинаев ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик Муњаммад Осимї "РАЪЙДИЊЇ БУД…" ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 03 ноябри соли 2008 №21/19 "Оид ба ворид намудани таѓйироту иловањо ба ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 13 апрели соли 2006 №8/4 доир ба "Низомномаи кафедраи муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон", дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст. Бинобар ин табиати њуќуќии ин санад дорои хусусиятњои меъёрию њуќуќї ва императивї буда, новобаста аз шакли моликият, шаклњои ташкилию њуќуќї ва тобеияти маъмурї дар њамаи муассисањои тањсилоти олии касбї бояд иљро, риоя, тадбиќ ва амалї шаванд. Бидуни шак, њамаи донишгоњњо аз љумла, Донишгоњи техникии Тољикистон метавонад дар асоси ќонунгузории танзимкунандаи соњаи маориф Оиннома ва дигар санадњои њуќуќиро бо дар назардошти вижагињои муассисаи тањсилоти олии касбї тањия, ќабул ва тасдиќ кунанд. Аммо дар натиљаи мавриди амал ќарор додани онњо набояд мухолифатњои њуќуќї ба вуљуд оянд. Дар њолати ба вуљудоии мухолифатњои њуќуќї бо дар назардошти эътибори бештар доштани санадњои меъёрию њуќуќї ва таъмину кафолати авлавияту афзалияти онњо санадњои марбутаи донишгоњњо ба он бояд мувофиќат карда шаванд. Бинобар ин, дар робита ба масъалаи мавриди бањси ману шахсони ваколатдори Донишгоњи техникии Тољикистон бояд таъкид намоям, ки меъёрњои муќаррарнамудаи "Низомномаи кафедраи муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон" аз Низомномаи озмуни ишѓоли вазифањои њайати профессорону омўзгорони кафедрањои Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи
ёни комиссияи экспертї ва Шўрои олимон мувофиќати њуљљатњои пешнињод намудаи маро ба дигар Низомнома, ки тартиби ишѓоли вазифањои холии профессор, дотсент, муаллими калон ва ассистентро танзим менамояд баррасї намуда, ќарор ќабул карданд, ки номзадии ман њамчун довталаб ба бюллетени овоздињии пинњонии Шўрои олимони донишгоњ ворид карда нашавад. Зимни баррасии њуљљатњои пешнињодшуда дар маљлиси кафедра 19 нафар иштирок доштанд. Номзадии се нафар ба овоздињии пинњонї гузошта шуд, ки дар натиљаи он ба ман - доктори илмхои хуќуќшиносї 7 нафар, ба Авѓонова Зарина - номзади илмњои фалсафа, устоди њамин донишгоњ низ 7 нафар ва ба Шаропов Эраљ - номзади илмњои таърих 5 нафар раъй доданд. Натиљаи раъйдињї боиси нигаронии рахбарияти донишгох шуд. Ба Шўрои факултет маро 10 даќиќа пеш аз баргузории он тариќи телефон даъват карданд. Аз маросими љаноза дар н. Њисор ба Шўрои факултет њозир шудам. Муњит ва шароити баргузории маљлиси кафедра ва Шўрои факултет, инчунин муносибати декани факултет Набиев Сирољиддин - номзади илмњои техникї ва ректори донишгоњ достони алоњида аст ва аз тафсилоти он худдорї мекунам. Талаботњои оддии шакли раъйдињии пинњонї дар кафедра ва Шўрои факултет умуман риоя нагардиданд. Рањбарияти донишгоњ эњсос кард, ки иштирок ва имконияти суханронии ман дар Шўрои олимони Донишгоњ эњтимолияти раъй додани аъзоёни Шўро мегардад, бо бањонаи он ки рўйхати корњои илмї дар маќомоти нотариалї тасдиќ нашудааст, собиќаи фаъолияти илмї - омўзгорї 3 солу 10 моњ ва мувофиќат
баста ба анљоми мўњлати муайяншуда бори дуюм ба назди Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон даромадам. Агар 27.07.2015 Раёсати Донишгоњ ба вазорат мактуби љавобї тањти К14/115 медод, њољати занг задани Вазири маориф ва илм Нуриддин Саидзода ба Ректори Донишгоњ Одинаев Њайдар дар њузури ман, муовинони Вазир ва кормандони вазорат набуд. Мањз риоя нашудани тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон маро водор намуд, ки 04.08.2015 бо ариза ба муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Марњабо Љабборї мурољиат намуда, зимни вохўрии бевосита ба ў омилу сабабњои имконияти надоштани идомаи фаъолияти илмию омўзгориро дар муассисањои тањсилоти олї ва Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон изњор намуда, аз ў хоњиш кардам, ки љињати њалли масъала дар робита ба амалї намудани њуќуќи конститутсионии худ ба мењнат мусоидат намояд. Ба таваљљўњи Шумо мерасонам, ки мактуби муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Марњабо Љабборї аз 20.08.2015 № 30/ 6285-26-ро гирифтам, ки тибќи он нусхаи аризаи шикоятии ман ба ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Рањмонзода А.А. барои шинос кардан ирсол шудааст. Инчунин ба Вазири маориф ва илм ва Президенти Академияи илмњо супориш дода шудааст, ки масъалаи дар аризаи шикоятї инъикос гардидаро тибќи тартиби муќарраргардида њамаљониба мавриди баррасї ќарор дода, аз натиљааш ба муаллиф ва Њукумати Љумњурии Тољикистон иттилоъ дињанд. Шокир Њакимов, доктори илмњои њуќуќшиносї
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
7
Далерљон СОДИЌЗОДА:
"НАФАЌААМРО ПУРРА НАМЕДОДАНД" Содиќзода Далерљони Ќурбоналї аз ноњияи Ёвон 23 сол дорад. Маъюби гурўњи якум, нобино буда, рўзашро дар пушти дарњову хидмат дар бозорњо пушти сар мекунад, то маблаѓе ба даст орад. Як субњ ба идораи Ољонси иттилооти TojNews омад, мехост дарди дил кунад ва њарфашро бо мардум ба миён гузорад. Зеро то ин ваќт ба маќомоту идорањои давлатї навиштаасту мурољиат кардааст, аммо касе гўш намекунад. Ба гуфтаи худаш: - Дастгирї накардани маќомоти њокимияти мањаллї дар ноњияњо мо маъюбонро маљбур мекунад, ки ба њар даре мурољиат кунем. Ба њамин хотир омадам, ки аз тариќи расонањо њарфи диламро бигўям. Гарчи бовар надорам, ки њарфи ман ба гўши маќомот мерасад. Аммо њеч не, худро сабук эњсос карда, њарфамро бо мардум ба миён мегузорам. Шояд ба ин роњ арзам ба Президент мерасад!? - Аз Президент чї мехоњед? - Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон дар аксар суханронї ва љаласањои њукуматї ба масъулин супориш медињад, ки мо маъюбонро дастгирї кунанд. Вале масъулин дастуру супоришњои Љаноби Олиро дар ин маврид нодида мегиранд. Ба њамин хотир, шањрвандони зиёде мисли ман рўзњои сахту мушкилоти фаровонеро паси сар мекунанд. - Мушкилатон чї аст? - Панљ сол шуд, ки мактабро хатм карда, љои муайяни зист надорам. Дар ин муддат борњо ба њокимияти мањаллї дар ноњияи Ёвон, Агентии шуѓли ањолї ва Дастгоњи иљроияи Президент бо ариза мурољиат кардаам, то бароям ягон сарпаноње тањия кунанд. Вале њамеша љавоби рад гирифтаам. Тайи се соли ахир ќисман дар Хонаи пиронсолони ноњия Ёвон бароям љо дода буданд, вале њоло дигар ман наметавонам, ки дар он љо ба сар барам... Њатто ваќтњое њам буд, ки шабро дар истгоњњои пойтахт рўз мекардам... - Хонаи пиронсолон љои муносиб нест ё муносибати масъулин бо Шумо фарќ мекунад? - Гуфтанї нестам, ки Хонаи пиронсолон љои хуб нест, балки ман љое мехоњам, ки бо оилаам як љо зиндагї кунем. Оиладорам, вале ќариб ду сол мешавад, ки ба сабаби тангдастї ва надоштани љои муайяни истиќоматї њамсару фарзандамро надидаам. Бар илова, ваќте мо дар Хонаи пиронсолон будем, аз 130-сомонї пули нафаќаамон њамагї 13 сомонии нафаќаамонро бароямон медоданд. Дар ин шароит ман бо 13 сомонї чї кор карда метавонам!? - Кї љуръат дорад, ки 117-сомонї пули нафаќаи маъюбро гирад? - Таќрибан 3 сол дар Хонаи пиронсолон будам, њамагї 3 ё 4 маротиба нафаќаамро пурра гирифтаам, дигар тамоми ин муддат рањбарият ба мо мегуфтанд, ки маблаѓи нафаќаатонро ба њисоби Хонаи пиронсолон гузаронед, ин маблаѓњо дар маводњои хўрока, шустушўї ва дигар ниёзњои иљтимої харљ карда шавад. - То ин ваќт дар куљо будед, манзур ќабл аз зиндагї дар хонаи пиронсолон дар куљо ба сар мебурдед? - Модарзод нобино таваллуд шудаам. То ваќте модарам дар њаёт буд, дар хона дар оѓўши оилаамон дар ноњияи Ёвон зиндагї мекардем. Мактаби миёнаро дар мактаб-интернати нобиноён ва сустбиноњои ноњия Њисор то синфи 9 хондам. Баъд аз он барои идомаи тањ-
сил ба Коллељи санъат ба номи Ањмад Бобоќулови шањри Душанбе дохил шуда, як сол онљо тањсил кардам. Як соли донишљўї дар ин колељ бароям хеле сахт гузашт, чун љои хоб надоштам, колељ хобгоњ дошт, вале ман пули рафту омад надоштам. Ба њамин хотир баъзан дар истгоњњо хоб мекардам... Тањсилотам дар коллељ нотамом боќї монд, мехоњам бихонам ва соњиби маълумот шавам. Аммо афсус, шароите, ки ман дорам идомаи тањсил бароям хеле мушкил аст. Баъди марги модарам бо моиндарам соз нагирифтем, маро аз хона берун карданд... Шукр, ки тамоми асбобњои тории мусиќиро навохта метавонам. Инчунин навозандагї њам мекунам. - Издивољи шумо чї гуна сурат гирифт, арўсро худатон интихоб кардед ё наздикону пайвандон? - Њамсарамро худам интихоб кардам. Ваќте дар шањри Вањдат дар як корхона кор мекардам, муаллимае доштем, мисли мо маъюби гурўњи якум буд. Рўзе хонааш рафтам, ки як бону мењмони муаллима буданд. Мо нобиноњо њарчанд, ки ќувваи босира надорем, вале бо чашми дил мебинем. Ўро писандидам. Ба падарам гуфтам, ки ба хонаашон хостгорї раванд ва дигар њама маросими тўйи мо тибќи расму оин ва фарњанги миллии худамон анљом шуд. Вале чун моиндарам бо мо соз нагирифт, се моњ баъди тўй дар замистони соли 2013 аз хонаи падарї бернумон кард... Як сол бо оилаам дар Хонаи пиронсолони ноњияи Ёвон зиндагї кардем. Дар ин муддат зиёда аз се маротиба ба маќомоти њокимияти мањаллї дар ноњия ва дигар маќомот барои таъмини хонаи истиќоматї мурољиат кардем, вале њамаи онњо бенатиља анљом шуд. Шукри Худо як духтарча дорем. Фарзандам сињату саломат аст, мисли ману модараш нобино нест. - Бори охир кай фарзандатонро дидаед? - Духтарчаам дусола мешавад, вале то њол ўро надидам. Аз баски љои муайяни истиќоматї надорем, оилаам дар хонаи падарашон асту ман дар бозорњои шањри Душанбе, бештар дар бозори Корвон гоњ љўроб ва гоњо донаи офтобпараст мефурўшам. Кор карда, ба ќадри тавон барои њамсараму духтарчаам маблаѓ равон мекунам. - Бовар доред, ки ин нафаќапулии фиристодаатон ба дасти њамсар ва фарзандатон мерасад? - Бале, пурра ба онњо мерасад. Тамоми ин корњоро беминнати касе аз тариќи бонкњо анљом медињам. Танњо хоњиш дораму дуо мекунам, ки тањсилоти худро дар канори оилаам идома бидињам. Зеро дар танњої либосшўї ва хўрокпазї бароям душвор аст. Аз шањрдори Душанбе муњтарам Мањмадсаид Убайдуллоев мехоњам, ки дар ягон гўшаи пойтахт бароям як хонаи истиќоматї фароњам кунад, то аз ин тариќ њам тањсилоти худро идома дињаму њам рўзгорам худам пеш барам. Сўњбати Амруллоњи НИЗОМ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
2 СОЛ ПЕШ
АЗ ИДОРА: Ин мусоњибаро ба он хотир бознашр мекунем, ки ягона мусоњибаи муфассали њоло "ќањрамон" - и расонањои дунё генерал - майор, то 4 сентябри соли равон муовини вазири дифоъи Тољикистон ва дар гузашта фармондењи ИНОТ - Абдуњалим Назарзода, дар миёни мардум маъруф ба Њољї Њалим, ба шумор меояд. Дар он љанбањои мухталифи фаъолиятњои собиќ генерал - майор, њоло мухолифи њукумати Тољикистон, хулоса, як шахсияти зиддунаќизи даврони мо аз забони эшон рўшан мешавад. Итминон дорем, ки барои шинохти воќеии ў ин матлаб кўмак хоњад кард. Хабарнигори мо замоне бо Њољї Њалим ба суњбат нишаста буд, ки собиќ њамразми ў дар ИНОТ - Муњаммадрўзї Искандаров ўро барои мусоидат карданаш дар боздошти худ муттањам кард. Ва Додољон Атоуллоев, рањбари Љунбиши "Ватандор" ўро муттањам кард, ки барои несту нобуд кардани рањбарони мухолифини њукумати Тољикистон аз касоне 1 миллион доллар гирифтааст...
- Барои чї наздатон омаданамонро, албатта, пай бурдед? - Ростї, пай бурдам. Вале ман боре њам бо рўзноманигорон сўњбат накардаам. Зарурат њам набуд, чун низомиям, њамин гуна хоњиш њам надорам. Сабаби асосии ба сўњбат дар ин бора розї шудангам ин аст, ки рўзе писари донишљўям нашрияи "Нигоњ" - ро ба ман оварда, гуфт, ин љо дар бораи Шумо навиштаанд. Дидам, парешон аст, эњсосї менамуд. Мусоњибаи Мањмадрузї Искандаров буд, ки дар бораи ман њарфи хато задааст ва гўё ман барои боздошти ў дар Маскав мусоидат кардаам. Ба њамин њам мехостам посух нагўям, тавре мегўянд, "љавоби ањмаќ - сукут" ё "саг мељакад, корвон меравад", аммо мардум инро њам мегўянд, ки "сукут аломати ризост" ва хомўш нишастани ман, ваќте дар њаќќи ман тўњмат мешавад, кори хуб нест. Њољї Њалим кї аст, чї аст, мардум медонад, собиќ фармондењон, муљоњидон медонанд. Ман дар миёни мардум чї обрў дорам, худам медонаму халќи Худо. Аммо ин сўњбате, ки бародари мо кард, барои ман зарбаи сахте буд. Ин зарба на фаќат ба ман, балки ба фарзандони ман буд. Шояд ягон рафиќашон ба онњо бигўяд, ки "дидї, падари ту кї будааст". Аз ин хотир, њоло омодаам ба саволњои шумо посух гўям. - Воќеан, дар мусоњибаи Мањмадрузї Искандаров, ки њафтаномаи "Нигоњ" чанде пеш (№38 (314), 12-уми декабри соли 2012) нашр кард, ишора мешавад, ки гўё дар боздошти ў дар Маскав ва истирдоди ў ба Тољикистон наќши Шумо њаст, яъне содда карда гўем, Шумо ўро даъват кардеду сипас милисањои рус ўро боздошт карданд. Асли воќеа чї буд? - Дар мавриди боздошти Мањмадрузї дар Маскав. Ин ќиссаи хеле дароз аст. Кўтоњ гўям, дар боздошти вай гуноњи ман нест. Сад дар сад. Худо кунад, ки Мањмадрўзї сињату саломат барояд, бародарона нишаста, бо шоњидон сўњбат мекунем. Мо бо њам ањди бародарї кардаем, танњо ману ў не, боз чанд нафари дигар њам њастанд, ки шањодат медињанд. Ман аз ў хоњам пурсид, ки њар чї гуфтааст, исбот кунад. Њоло чанд лањзаи ин њодиса - боздошти Искандаров дар Маскавро бароятон рўшан мекунам. Мањмадрузї дар мусоњиба гуфтааст, ки ман ўро занг задам, то ба пеши ман ояд. Аммо Худо шоњид аст, ки Мањмадрузї худаш пеши ман омад. Ман ўро даъват накардаам, балки худи ў пеши ман омад. Инро нависед ва агар Мањмадрузї онро мехонад, як бор ба хотир орад, ки он рўз
«
назди хонаи ман дар ќарибии метрои Шоссе Энтузиастов омада, занг зад ва баъд ман хеста, пеши Мањмадрузї рафтам. Ин як. Дуюм. Ман бо ў бори аввал буд, яъне ваќте ўро боздошт карда, мањкам карданд ва баъд аз он љавоб доданд. Пас аз ин маротибаи дуюм ўро боздошт карданд, ки ман он љо набудам, дар Душанбе будам. Ўро чї гуна боздошт карданд, чї тавр ба Душанбе оварданд, ман дар Маскав набудам. - Дар Маскав он шабу рўз шумо чї кор мекардед? - Ман аз соли 2003 то 2005 дар Академияи њарбии Фрунзеи Маскав мехондам, шунаванда будам. - Аз рўи мусоњибаи Искандаров соли 2003 њам Шумо ўро ба хонаатон даъват кардеду кормандони милиса омада, муњофизони ўро бурданд ва ваќте худаш ба милиса меравад, худашро њам мавриди пурсуљў ќарор медињанд. Ин ќисса чї хел шуда буд? - Мо аз рўи бародарие, ки доштем, гоњ гоњ љамъ шуда, ё хўроки зуњр мехўрдем, ё шом. Занг мезадем ба якдигар, масалан, Шоњ, ё Салам, ё Мањмадрузї, биёед, дар хона хўрок тайёр якљо тановул кунем. Рўз буд, шаб буд, фарќ надошт. Њамон рўзе, ки ин кор шуд, 3 январ буд. Ман аз кор ба хона омада будам. 1 январ рўзи таваллуд доштам. Онро љашн гирифтем ва се рўз пас хона омадам, ки дастурхон тайёр. Ба Шоњ занг задам, ки куљое набошї, тавонї биё, шинем. Шоњ гуфт, ки дар корхонаи Мањмадрўзї њастанд ва њанўз хўроки чошт нахўрдаанд. Њамакаса омаданд. - Яъне танњо Искандаров набуд? - Ман умуман бо Искандаров гап њам назадам ва даъват њам накардаам. Ман бо Шоњ гап задам. Мањмадрўзї њамроњи Шоњ омад. Онњо омаданд. Хонаам дар ошиёнаи панљум буд. Нишаста будем, ки як бача омада, гуфт, ки як мошин омаду милисањо баромаданд ва бачањои Мањмадрўзиро бурданд. - Он љо ба ѓайр аз муњофизони Искандаров, муњофизони Шоњ њам буданд? - Он рўз кињо буданд, куљо буданд, чї кор карданд, дар хотирам нест. Аммо ваќти омадани мо дар поён бачањо якљо буданд. Пўшида нест, ки то солњои 2003 дар гирди хонаи Саламу Мањмадрўзиву Шоњ дар њар куљое бошад, дар хонаи ман њам дањ - понздањ њозирбош њамаваќт буданд. Аммо аз соли 2003 теъдоди онњо кам шуда буд. Нафарони ман гоњ буданд, гоњ набуданд. Мисли пешина набуд, ки нафари бисёр њамроњамон бошанд. Њамроњи Мањмадрўзї, хато
- Ман умуман бо Искандаров гап њам назадам ва даъват њам накардаам. Ман бо Шоњ гап задам. Мањмадрўзї њамроњи Шоњ омад. Онњо омаданд. Хонаам дар ошиёнаи панљум буд. Нишаста будем, ки як бача омада, гуфт, ки як мошин омаду милисањо баромаданд ва бачањои Мањмадрўзиро бурданд.
«
накунам, се нафар буд. Њамон рўз ваќте фањмидем, ки нафарони Мањмадрўзиро бурданд, худи ў занг зада фањмид, ки онњоро управленияи шањрї бурданд. - Баъд рўшан шуд, ки барои чї онњоро бурда будаанд? - Мањмадрўзї бо сардори раёсати шањрї сўњбат кард. Вай аз он љо гуфт, ки бояд худат њам биёї. Як - ду нафарро равон кард ва Мањмадрўзиро бурданд. - Сарвари раёсати шањрї он замон кї буд? - Изатулло Шарипов. Кормандонаш омаданд ва ба Мањмадрўзї гуфтанд, ки бояд њамроњи мо равед ва аз шумо як - ду чизро мепурсанд. Мањмадрўзї хест ва мо њам гуфтем, ки бо ў меравем. Ману Шоњ њам равон шудем. Онњо пешопеш ва мо аз ќафо рафтем. Ваќте раёсат омадем, дигар Мањмадрўзиро надидем. Дар раёсат бо мо Салламшоњ Муњаббатов пайваст ва пас аз машварат ўву Шоњ пеши худорањматии Њумдин Шарипов, вазири онваќтаи корњои дохилї даромаданд ва бо кўмаки ў соати сеи шаб Мањмадрўзиро љавоб доданд. Онњо њамагї хеста, ба хонаи ман омаданд. - Сабаби ба милиса бурдани нафарони Искандаров чї буд? - Ваќте пурсидем, Мањмадрўзї гуфт, ки сабаб ѓайриќонунї нигоњ доштани силоњ ва бо худ гардонидани он будааст. Силоњњое, ки нафарони Мањмадрўзї бо худ мегардонанд, ѓайриќонунї будаанд. Воќеан ваќте ў сардори Кумитаи њолатњои фавќулодда, генерал - майор буд, бо имзои худ ба нафаронаш иљозат додааст, ки бо худ силоњ гардонанд. Дар раёсат гуфтаанд, ки он ваќт ту вазир будї, њоло не. Аз ин хотир, доштани силоњ ѓайриќонунї аст. Нафаронаш навиштаанд, ки силоњ ва иљозатномаро Мањмадрўзї додааст ва ўро њам гунањкор карда, нигоњ доштаанд. - Љаноби Назаров, чанд рўз пеш љунбиши "Ватандор" бо сарварии Додољони Атоулло як изњорот пахш кард. Дар он гуфта мешавад, ки њукумати Тољикистон бар зидди шахсиятњои маъруфи мухолифи њукумат як амалиёти вижаеро пиёда мекунад ва бар асоси ин амалиёт гўё Шумо аз њукумат 1 миллион доллар мегиреду онњоро, ба шумули Додољон Атоулооев, аз байн мебардоред? Ин дуруст аст? - Ростї, ваќте ин хабарро шунидам, парво накардам. Бисёрињо занг зада мехостанд, ки назарамро фањманд. Ман чизе нагуфтам, зеро як тўњматро тафсир кардан њам кори оќилонаву мардона нест. Воќеятро гўем, ман намедонам, чї гўям ба саволи Шумо, зеро аслан аз њамин гуна гапњо дарак надорам ва шояд аз Додољон пурсидан даркор аст, ки ин гапро аз куљо гирифтаасту дар ВАО, дар интернету Фейсбук навиштааст. Аслан ин дуруѓи мањз аст. Ман намефањмам, ки чаро Додољон номи маро овардааст, чї њадаф дорад. Њамчун одами низомї ман њам пурсиданї њастам, ки ба ин дурўѓгўї як рўзноманигор чї зарурат дош-
МАЪЛУМОТ: Абдуњалим НАЗАРЗОДА Соли 1964 дар кўчаи Ќаротегини шањри Душанбе дар оилаи ронанда таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби №63 - и Душанбе аст. Соли 1992 пас аз оѓози љанги шањрвандї ба сафи ИНОТ ворид шуд. Дар дараи Ромит фармондењи як гурўњи муљоњидин буд, аммо ба сабаби маризии дил барои муолиља ба Ќазоќистон рафт. Пас аз имзои Созишномаи сулњ дар соли 1997 бо пешнињоди Саид Абдуллоњи Нурї, рањбари ИНОТ фармондењи баталёни 25 - и вазорати дифоъ таъйин шуд ва рутбаи полковникї гирифт. Соли 2005 Академияи низомии Фрунзе дар Маскав ва соли 2009 факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистонро хатм кард. Соли 2006 - муовини фармондењи ќуввањои хушкигард, соли 2007 сардори Раёсати хадамоти ќушун ва бехатарии вазорати дифоъ ва моњи январи соли 2014 муовини вазири дифои Тољикистон таъйин шуд. Оиладор, соњиби 5 фарзанд. та бошад? - Додољон Атоуллоев мегўяд, ки барои ин изњороташ манбаъи мувасаќ дорад. Агар рў ба рў бо ў нишинед, исбот карда метавонед, ки изњороти ў воќеият надорад? - Сад дар сад. Аслан њамчун љавонмард аз пас гап заданро ќабул надорам. Мехоњам бо Додољон рў ба рў сўњбат кунам. Хоњад дар Амрико, хоњад дар Германия, њар куљое хоњад, ман омодаам, ки худам равам ва бо ў бањс кунам. Ман аз чизе тарс надорам ва дилам аз худам пур аст. Ман дар паси худ ягон ѓаждиро намебинам ва худамро гунањкор намењисобам. - Ба назари Шумо, чаро "Ватандор" ягон каси дигарро неву мањз номи Шуморо овардааст? - Њамин саволро ман њам мехоњам аз Додољон пурсам, ки чї далел дорад ва чаро мањз ба ман часпидааст. Ман њолати ўро дар назар гирифта, њељ чиз намегўям, ба хотири он, ки ўро дар Маскав корд зада буданду ў аз чизе метарсад. Як хабаре шунидаасту дурўѓу рост будани онро тањлил накарда, аз тарси љон изњорот додааст, инро њам мефањмам. Аммо аз худи ў бояд бипурсем, ки ваќте гап мезанад, нисбати чанд нафар тўњмат мекунад, бояд ба њарфи худ љавоб гўяд. Чаро дар бораи чандин нафар мегўяду фаќат номи худро меорад? Дигарон кињо њастанд? Маълум аст, ки ў аз чизе тарсидаасту њоло намедонад чї мегўяд. Марњамат, њар љое гўяд, меравам ва бањс мекунам. Як чизи дигарро махсус таъкид мекунам. Ваќте навиштањои Додољонро дар Фейсбук дидам, гиребон гирифтам. Пеш мегуфтанд, ки мо - фармондењњо одамони бадгуфтору баддањон њастем, аммо њељ тасаввур намекардам, ки як рўзноманигор ин ќадар беадаб мешудааст. Ростї, њарфњоеро, ки ў дар њаќќи ман навиштааст ва маро њар чї гуфтааст, ман аз гуфтан шарм мекунам. - Шумо Додољонро мешиносед?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
МУСОЊИБА
Њољї ЊАЛИМ:
9
Ягона суњбати ихтисосии Абдуњалим Назарзода, маъруф ба Њољї Њалим, собиќ муовини вазири дифоъи Тољикистон ва њоло генерали фирорї, ки ду соли пеш дар њафтаномаи "Нигоњ" (№43 (319), 16. 01. 2013) нашр шудааст
"КОРИ МО ХОСТИ ХУДО БУД..." - Ўро аз соли 1992 мешиносам. Наздиктар мешинохтагиам њамон сол буд, ки њамроњ њаљ рафтем. Охирин маротиба 6 сол пеш дида будам. - Байни ду сўњбате, ки шуд, яке, сўњбати Искандаров ва дигарї, изњороти Атоуллоев. Шумо миёни онњо ягон робитае мебинед? Бинед, якбора ду маротиба дар бораи шумо тайи як моњ сўњбат мешавад. Шояд ягон гап њаст? - Агар воќеияташро гўям, ман њатто дар ин бора фикр њам накардаам. Аслан намедонам, ки ин ду ба њамдигар чї рабте дошта метавонанд. Агар ин ду ба њам иртибот њам дошта бошанд, ман њатто намедонам, ки чї њадаф доранд, чї маќсад доранд. Ва ин њар ду изњорот агар робита њам дошта бошанд, пас ин љо як гурўње њаст, ки амалеро тарњрезї карданї аст. Инро бояд аз Додољон пурсему аз Мањмадрўзї... Дар ин бора ягон чиз ба сарам намеояд, дар ин бора чизе гуфта њам наметавонам. Баъзе гапњо пайдо мешаванд. Як њодисаи чанд соли пеш њам ба ёдам омад. Чанд сол пеш як гуфтаи Додољонро дар Маскав ба ман расонданд. Гўё вай гуфтааст, ки ба Њољї Њалим пули калон додаанд, барои он ки бачањое, ки собиќ муљоњид буданд, намонад, то ки зидди њукумат якљоя шаванд. Як маротиба миёни бачањо ин хел њарф зада буд. Як гуруњ аз Маскав назди ман омаданд, ки њамин хел аст. Ман фаќат хандидам. Њамон ваќт њам аз чанд милион гап зада буд. Додољон чї хел "каттазан" -е њаст, ки фаќат аз милион боло гап мезанад. Аз худаш бояд пурсид. - Чун дар бораи собиќ муљоњидон суњбат рафт, дар љомеа њам савол медињанд, дар бораи шахсияти шумо ва шахсияти Шоњ Искандаров. Чї тур шуд, ки масалан, собиќ фармондењони муљоњидин - Мирзо Зиёев, Рањмон Гитлеру Мулло Абдуллою дигарон, ки дар замони љанги шањрвандї аз шумо машњуртар буданд, куштаву зиндонї шуданду аммо шумо бо њукумат њамкорї карда, худро нигоњ дошта тавонистед? Њатто ба мартабаи генерал-майор расидед. Чї хизматњое ба њукумат кардед, ё чї? - Соли 1997-ро агар ба ёд биёрем. Бо пешнињоди худорањматї устод Саид Абдуллоњи Нурї, командири баталйони 25 шудам. Ва рутбаи полковникї њам, ки аз тарафи вазири мудофиа ба ман доданд, бо пешнињоди Устод шудааст. Ваќте Устод ба мо амр кард, ки мо сулњ кардаем, њамин сулњ моро водор кард, ки силоњро супорем. Ваќте гуфтанд, сулњ шуд, силоњро супоред, мо силоњамонро супоридем. Ваќте ман дар шањри Душанбе бо 5 - 6 мошини сиёњшиша мегаштам, ќонун бароварданд, ки бо мошини сиёњшиша гаштан мумкин нест, ѓайриќонунї аст. Ман яке аз аввалинњо шуда, шишањои мошинамро пок кардам. Телевизион омад, баталйони 25, дар шоњидии њамонњо ман плёнкањои сиёњро аз мошинњоям кандам. Гуфтам, агар ин ѓайриќонунї аст, ман аз њамин рўз ба ин ќонун итоат мекунам. Њамон ваќт аз ман пурсида буданд, ки њамчун ќумондон чї орзу доред ва ман гуфта будам, ки орзуи ягонаи ман ин аст, ки дар шањри Душанбе бе њозирбошу бе силоњ гашта тавонам, бо бачаи худам, бо набераи худам озодона бесилоњу бењозирбош гардам. Ваќте созишномаи сулњ имзо шуд, ваќте гуфтанд, ки сулњ шуду мо бояд силоњњоямонро супорем, ман њамаи он силоњњое,
ки аз њар куљо љамъ карда будам, дар баталйони 25, зиёда аз 500 силоњи оташфишону гуногун, њамаи онро супурдам. Аз соли 1997 дар рафторе, ки ман аз давраи омаданам ба Душанбе кардам, аз рўи ќонун нуктае наёфтанд, ки хилофи ќонун бошад. Натавонистанд, гўянд, ки фалон рафтори ту ѓайриќонунї аст, ту бояд барои ин рафтори кардаат, назди ќонун љавоб дињї. Њар кас барои рафтори худаш, барои амали кардааш бояд худаш љавоб дињад. Вай Мирзо Зиё аст, мулло Абдулло аст, ё Рањмон Сангинов. Њар кадоми онњо барои корњои кардаи худашон љавоб доданд. Имрўз агар маро бо Рањмон, бо Мансур, ё мулло Абдулло, муќоиса кардан мехоњанд, бояд аз мардуми њамон минтаќањо пурсанд, ки онњо кї буданду Њољї Њалим кї аст. Ин гапе, ки шумо мегўед, љомеа намепурсад, мардуми оддї намегўяд. Ман миёни мардум бисёр мегардам ва инро хуб медонам. Пўшида нест, ки ман бо њамаи ќумондонњо, чї Мулло Абдулло ва чї Ќорї Восит ва дигарон, ба истилоњ, баланд гап мезадам. Бо Мулло Абдулло дар дараи Њакимї, дар љое, ки тамоми муљоњидонаш њамроњаш буд, гапамон гурехт. Гуфтам, ки кораш нодуруст аст. Бо Алии Бедакї, дар хонаи Мирзохўља, агар бовар накунед, рафта аз Мирзохуља пурсед, њоло зинда аст, ки ман бо Алии Бедакї чї хел њарф зада будам. Пеш аз њамон њодисањо. Аз њамаи бачањое, ки имрўз зинда њастанд, рафта пурсед, ки ман бо Мирзо Зиё чї хел гап мезадам. Барои ман фарќ надошту надорад, ки кадоме ќумондон аст, ё каси дигар. Кадоме аз онњо, ки баъди созишномаи сулњ кори ѓайриќонунї кард, ман рафта, сўњбат кардаам. Имрўз судя нестам, ки онњоро њукм кунам, ки фалонї ин корро кард, бењмадонї он корро кард. Агар воќеиятро гирем, њастанд бачањое, ки бегуноњ њабс шудаанд, аммо онњо аксарият нестанд. Бисёрии онњо бегуноњ њабс нашудаанд. Масалан, Мансур Муаккалов, дар њар куљое мешиштем, мегуфт, ки ман минтаќа дорам, аз Водонасос то Ромит минтаќаи мо аст. Як рўз моро ба њукумат даъват карда гуфтанд, ки дар Роњатї як оиларо пурра аз кўдаки гањвора то калони хона ќатл кардаанд. Комиссия ташкил карданд. Рафтем автоколоннаи 29, наздики шањри Вањдат. Намояндаи прокуратура, ВКД, Њабиб Сангинов аз комиссияи Оштии миллї, њамаи ќумондонњо љамъ шуданд. Салам, Мањмадрузї, Њакими Фотењ ва дигар фармондењони мухолифин њамон љо љамъ шудем. Ин гапњоро аз њамонњо метавонед пурсед, онњо зиндаанд. Њамон љо гуфтанд, ки "овози Њољї Њалим њабс мешавад", яъне ба ман иљозати гап надоданд, зеро мегуфтанд, ки ман бо Мансуру Рањмон мухолифат доштам. Гуфтанд, иштирок кун, аммо гап назан. Гуфтам, хуб. Раис худорањматї Њабиб Сангинов буд. Машварат карданд, ки ќумондон Ќосимљон гап занад. Њама љамъ шуданду Ќосимљон, ки мулло буд, ба сухан шурўъ кард, аммо ягон гапи руйрост ба Мансур нагуфт. Амри маъруф мекард ва ин тоќати маро тоќ кард. Аз љоям хестам ва гуфтам, ки ваќте Мансур мегўяд, ин минтаќаи ўст, бояд љавобашро дињад. Ва агар сањар то соати 8 - и субњ ќотилонро ба давлат насупорад, бигзор, сангар гирад. Ман бо ў љанг мекунам. Ин суханони маро Мулло Умар ва Љунайдуллоњ да-
«
Аслан ин дуруѓи мањз аст. Ман намефањмам, ки чаро Додољон номи маро овардааст, чї њадаф дорад. Њамчун одами низомї ман њам пурсиданї њастам, ки ба ин дурўѓгўї як рўзноманигор чї зарурат дошта бошад?
стгирї карданд. Мансур пагоњи рўзи дигар соати 8. 30 ќотилонро ба ихтиёри давлат супорид. Ман чї гуфтаниам? Њар фармондење, ки бад кард, ба мардум зулм расонд, љазояшро дид. Ман, Худоро шукр, коре зидди давлату шариат накардам. Ин сирри дар сари кор мондани ман аст. - Шумо, тавре гуфтем, он ќадар фармондењи машњур набудед. Чаро мањз Шуморо фармондењи баталёни 25, ки аз мухолифини њукумат иборат буд, интихоб карданд? - Ин интихоби ман набуд. Он замон ман бо бародаронам дар Ќазоќистон тиљорат мекардем. Як рўз худорањматї Устод Саид Абдуллоњи Нурї занг зада, аз ман хоњиш карданд, ки ба Тењрон оям. Рафтам. Маро Устод Тўраљонзода ва як нафари дигар бо номи Муњаммадї, ки баъдтар муовини ман дар баталёни 25 буд, ба назди Устод бурданд. Гуфтанд, ки нафарони хоњишманд барои командирии баталйони 25 зиёданд, аммо ман ба хулосае омадам, ки худат бояд командир шавї. Ба хотири он, ки бачаи шањр њастї. Ин бачањои дигар, ки дар кўњњо гаштаанд, шароити шањрро намедонанд, шояд дар рафти сулњ ягон халал ворид кунанд. Шоњидони ин сањна њама њастанд, метавонед пурсед. Хуб, Њољї Акбар Тўраљонзода тарафи ман нигоњ карданд, ман сар љунбондам, ки розї нестам. Ќозї - домулло тарафи Устод гуфт, ки: "Њољї намехоњадку..." Аввал Устод як ќадар суст шуданд, вале баъд гуфтанд: "Њољї, мо аз ту напурсидем, ки ту командири баталйон мешавї, ё намешавї. Ин масъулият аст дар дўши ту. Ќабул мекунї, барои миллат, бояд хизмат кунї". Ман њам розї нашудам. Гуфтам, аз падарам бояд пурсам. Падари ман бисёр азоб кашида буд. Солњои аввали љанги дохилї ўро бурда, латукўб намуда, сару дастонашро шикаста буданд. Шаш моњ гашта наметавонист. Ба њамин хотир, бањона кардам, ки аз падар пурсам ва падарам "не" гўяду, ман њам гўям, ки падарам дуо надод ва ин масъулиятро ба дўш нагирам. Падарам дар Љамбули Ќазоќистон буд. Ман њам Љанбул рафтам. Ваќте назди падар омадам ва гапро гуфтам, бо ашки чашм дар рухсорањо мижа назада, гуфт, ки: "Ту ба дўш нагирї, кї ба дўш мегирад? Кї ѓами мардумро, ѓами сулњро бояд имрўз хўрад? Њамон лањза дуо дода, гуфт: "Рав аз паси кор шав!" Ваќте омадам, ин љо аллакай масъалањо њал ва њуљљатњо тахт шуда буданд. Бачањои баталйони 25 њам омада буданд. Њамон ваќт бисёрињо бо истењзо мегуфтанд, ки "як сникерсхўри Маскавро ба мо командир мондаанд". Лекин бо гузаштани ваќт, њамаашон аз гапњои гуфтаашон пушаймон шуданд. Ваќте шинохтанд, фањмиданд, ки хато мекардаанд. Хеле сахтгир будам. Њар касе ќонуншиканї ё мардумозорї мекард, сахт љазо медодам. 150 нафарро рондам. Алњамдулиллоњ, нияти мо холис буд, ё кори мо хости Худо буд, ки ба ин рўз омадем. Рутбаи генералиро њам зуд нагирифта-
«
ам. Рутбаро нафарони алоњида мегиранд, ки худро аз ин ё он љињат дар лањзањои њассос нишон додаанд. Масалан, Мањмадрўзї омад, раиси Кумитаи њолатњои фавќулодда шуд, генерал-майориро гирифт. Ё Мирзо Зиёев, вазир шуд, ба ў рутбаи генералї доданд. Соли 1997 ба ман њам рутбаи полковникї дода буданд. Пас аз хатми Академияи низомии Фрунзе дар Маскав ва 6 соли кор дар вазорати дифоъ рутбаи генералиро соњиб шудам. Лекин њастанд одамоне, ки ду се сол кор карда, генерал шудаанд. - Фикр намекунед, ки рўзе мерасаду сарнавишти шумо њам ба мисли фармондењони собиќ давр мехўрад? Ин нигарониро њам доред? - Агар бародароне бошанд, ки тўњматат кунанд, дўстоне бошанд, ки туро фурўшанд, њар кор имкон дорад. Ин зиндагї аст, њарчї мешавад. Аммо мутмаинан як чї мегўям, ки агар бо тўњмат маро нагиранд, бо рост маро муттањам карда наметавонанд. Шукри Худо, ман ќонунњои Худову давлатро риоя мекунам, дилам ба покии худам пур аст. Аз Худо метарсам ва љинояте дар њаќќи инсонњо накардаам. Њар чї кардам, ба нафъи давлату мардумам буд. "Бар сари фарзанди одам њар чї ояд, бигзарад". Омодаам њар чї, ки таќдир ба ман насиб мебинад, тањаммул кунам, зеро аз таќдир љои гурез нест. - Бо роњбарони собиќи ИНОТ ва фармондењоне, ки њастанд, чї гуна муносибат доред? Бо онњо равуо мекунед? - Гуфта наметавонам, ки бо касе муносибати бад дорам, баръакс, муносибатам бо њама хуб аст. Њам бо фармондењони собиќ ва њам њукуматї, ки дар доираи масъулияти худ муштарак бо онњо барои оромиву суботи кишварамон кору фаъолият мекунем. Бо ягон нафар ва њатто ба ягон инсони оддї њам душманї надорам. Аммо инсон њамин тавр аст, ки ба касе эњтироми бештар ќоил аст, ба касе камтар. Аз ин, ки ба касе эњтироми камтар дорам, ў сазовори ин аст. Акнун дар дили ман аст, ки ман ба кињо бештар ва ба кињо кам эњтиром дорам. Инро гуфта наметавонам. - Мегўянд, ки шумо сарватманд њастед. Оё ин дуруст аст? - Ман пеш аз ин њодисањо бо тиљорат машѓул будам. Солњои шўравї мошини шахсї доштам. Дери дер дар як сол мошинамро иваз мекардам. Алњамдулиллоњ, соњиби гап будем, пулу шароит њам доштем. Њозир њам, агар ман чизе дошта бошам, аз як чиз дилам пур аст, ки њаќќи ягон касро нахўрдаам, мол ё мошини ягон касро нагирифтам, ягон одамро "ту" нагуфтаам. Як одамро аз Тољикистон ёфта биёред, ки гўяд, Њољї Њалим аз командирї истифода бурд, маро як шапалоќ зад, ё дашном дод. Ман аз Худо метарсам, дигар аз касе наметарсам. Ман аз њисоби командирї соњиби ягон чиз нашудаам. Ба шумо гуфтам, то он ваќте, ки маро оварда, командир монданд, њамроњи бародарам аз Ќазоќистон ба Тољикистон бо ќаторањо орд мефиристодем. Соњиби маблаѓ будем.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
ЉАЊОН
НАВБАТИ МОЛДОВА Тазоњурот дар Кишинёв то куљо муваффаќ хоњад буд?
АКСЕ, КИ ОЛАМРО ТАКОН ДОД... Њафтаи дуюм аст, ки дар шабакањои иљтимої акси такондињандаи тифлаке гардон аст, ки рў ба замин дар лаби бањри пуртуѓён мехобад. Дар аввалин назар њар бинанда пай мебарад, ки ин љасади бељони тифлаки маъсумро мављи бањр ба соњил партов кардааст. Дар акси дигар шахсе аз неруњои амниятї ўро сари даст мебардорад ва аз соњил дур мекунад. Ин акс дар баробари пайдо шуданаш дар шабакањои иљтимої оламро дањшатзада кард, неруњои солимро бори дигар сари андеша овард, зеро мудњиштарин сањнаи љанг дар Сурияву Ироќ буд. Дањшатноктарин њолате буд, ки инсон тасаввур кунад: ДОИШ ва доишиёну дањњо созмонњои дигари террористї, ки бо пуштибонии ќудратњои љањонї минтаќаро ба хоку хун мекашанд, то кадом њад ормонњои башариро зери по мекунанд. Ва акси пуршўр намунае аз он дањшат аст. Њамарўза ба ин синну сол шояд дањњову садњо ќурбон мешаванд, ки сурати онњоро касе дар шабакањо намегузорад, чун аккосї намешаванд, онњо дур аз љамъият, дар миёни обњои пуртуѓён, соњилњои нопайдоканор, зери регњои соњил мемонанд ва ё мављи саркаш ин љасадњоро аз сўйе ба сўйи дигар мекашад. Расми Айлан чун намунаи фољеаи имрўзи башар љомеаи љањониро ба шўр овард. Садњову њазорњо суханњои тавњиномез ба унвони сиёсатмадорону сарварони кишварњо сарозер шуд, ки наметавонанд ба мушкили мардуми муњољир расидагї кунанд. Њатто дар Тољикистоне, ки њазорњо фарсах дур аз Туркияву Сурия ва Аврупо ќарор дорад, садњо мисраъ марсияњо суруда шуданд ва имрўз њам шабакањои иљтимої моломол аз шеъри пурсўзи шоири тољик, коменти гиряолуди корбари шабака аст. Падари писарбача шањрванди Сурия Абдуллоњ Курдиро сарбозони наљоти Туркия нимазинда пайдо карданд ва ба бемористони шањри туркии Бодрум интиќол доданд. Вай фурсате, ки ба худ омад, он чи рух дода буд, ќисса кард: "Мо 12 нафар савори ќоиќи хурде будем ва мавље вахим ќоиќи моро сарозер намуд. Соате њама талош намудем, то дар ќоиќи чапашуда овезон бимонем ва ман кўшиш мекардам то аз њамсар ва ду писарам дур нашавам. Ба сабаби мављи бузургтари дигар писарам зарб хўрд ва фавтид ва ман ночор ўро рањо карда, ба назди писари дуюмам рафтам, то ўро кумак намоям. Сипас, ин фарзандам низ њалок шуд ва ман дидам, ки аз дањонаш кафк баромад. Ўро низ рањо намуда, ба назди њамсарам рафтам ва ўро мурда дарёфтам. Се соати дигар дар бањр мондам то ин ки сарбозони туркї маро наљот доданд..." Вале њоло Абдуллоњи Курдї дар талоши он аст, ки љасади љигарбандонашро пайдо мекунад ва онњоро бо дастони худ ба хок месупорад. Зарфи ин чанд моњи охир хонаводаи Абдуллоњро пайваста нобарорињо таъќиб мекард. Онњо муќими пойтахти Сурия шањри Димишќ буданд. Ваќте вазъ дар Димишќ ба вахомат гароид, ба Њалаб (Алепо) паноњ бурданд. Љангиён Њалабро њам ба хок яксон карданд ва Абдуллоњ хонаводаашро ба Кубонї интиќол дод. То даме, ки ДОИШ ба ин шањр
ворид шуд, ў њам ором буд, вале баъд ногузир шуд, фирор кунад, чун дањшати доишиёнро бо чашмони худ дид. Онњо тасмим гирифтанд ба Аврупо раванд, аммо аввал талош карданд озими Канада шаванд, чун хоњараш муќими Канада ва шањрванди он мањсуб мешуд. Вале ба дархосташ посухи рад гирифт. Ќазияро дар Канада журналисти тољики муќими ин кишвар Равшан Темуриён пайгирї кардааст. Вай дар сањифаи худ дар Фейсбук навишт: "Тима Курдї, холаи тифлони фавтида шањрванди Канада аст. Вай мехост вуруди онњо ба Канадаро маблаѓгузорї кунад, вале бо кадом сабабе вазорати муњољирати кишвар ба дархости онњо посухи рад дод. Њоло талаби истеъфои вазир Криса Александра дар миён гузошта шудааст, зеро дархости паноњандагиро узви парламони Канада Фин Донеллї шахсан ба вазир супурдааст". Вале муњољирати хонаводаи Курдї ба Аврупо фољеаомез ба поён расид... Абдуллоњ Курдї њамоно ба худ наёмада ва дар сўги љигарбандонаш нишастааст. Як рўзноманигор аз шањри Кубонї талош кардааст, ки бо ў њамсуњбат шавад, вале муяссараш нагаштааст. Вай менависад: "Абдуллоњ Курдї пайваста гиря мекард..." Њалокати ин писарбача ширкаткунандагони бањсњои тўлонии муњољиратро ба њам овард. Љомеаи Аврупо, ки бе ин њам мављи азими муњољиронро паноњ медод, як бори дигар аз сарнавишти тифлаки суриёї такон хўрд. Мухолифони муњољирати шарќиёни љангзада коњиш ёфтанд, рањму шафќат ба муњољират бештар шуд. Сарони кишварњои Аврупо тасмим гирифтанд дар барномањои пазириши муњољирон таљдиди назар кунанд. Олмон омодаи он шуд, ки то поёни сол 800 њазор нафар паноњандагонро ќабул кунад, ба ин њадаф урдугоњњои нав барои муњољирин бунёд мекунад, илова ба буљаи ќаблї, 6 миллиард еврои дигар људо кард, теъдоди пулиси худро барои назорати муњољирин 3 њазор нафари дигар афзоиш дод. Зарфи чанд рўзи охир дар як ќатор бозињои футболи Олмон баннерњое пайдо шуданд, ки дар онњо ин навиштаљот дида мешуд: "Хуш омадед, паноњандагон". Исландия, ки худ як кишвари кўчак аст, эълон кард, ки 12 њазор паноњандаро ќабул хоњад кард. Дар Британияи Кабир арзномаи пазириши муњољирон дар як фурсати кутоњ ба љамъоварии 100 њазор имзо муваффаќ шуд ва ин ба он маъност, ки тибќи ќонунњои роиљ дар ин кишвар парламон ногузир аст ин дархостро ба баррасї гузорад. Созмони љањонии муњољират ахиран эълон кард, ки аз аввали соли љорї бештар аз 2500 паноњанда дар љараёни сафар ба Аврупо ба њалокат расидааст. Соле ќабл бошад ин созмон аз марги 3279 паноњанда хабар дода буд. СММ њамчунин эълон кард, ки аз аввали соли равон наздик ба 300 њазор паноњандагон аз марзи кишварњои Иттињодияи Аврупо убур кардаанд. Танњо дар моњи август 107,5 муњољири ѓайриќонунї вориди Аврупо шудааст.
Бобољони ШАФЕЪ
Нуќтаи ноамни дигар дар ќаламрави собиќ Иттињоди Шўравї. Аз рўзи якшанбе тазоњуроти густардаи неруњои демократї дар Кишинёв - пойтахти Молдова оѓоз шудааст. Ширкаткунандагон талаб доранд, ки президент, њукумат, додситони кулл, роњбарияти Бонки миллї, Комиссияи марказии интихоботї, сарварони ширкатњои телевизионї ба истеъфо раванд. Њамзамон гунањгорони беасар гум шудани як миллиард доллар аз бонкњои мамлакат ба љавобгарї кашида шаванд. Пойтахти Молдоваро як њолати ѓайримуќаррарї њоким шуд. Дар майдони марказии шањр бештар аз 100 њазор нафар гирди њам омаданд, аммо аз минбар эълон шуд, ки дањњо њазор нафари дигар дар роњњо дармондаанд, чун пулис садди роњи вуруди онњо ба пойтахт шудааст. Созмони љамъиятии "Шараф ва њаќиќат" эълон кард, ки ташаббускори ин гирдињамоист, њамзамон бо ин њама ањзоби мухолифи давлат ва созмони љамъиятї ба он пайвастанд. Ба назар мерасад, тањаввулоти бунёдие Молдоваро интизор аст. Аммо президент Николай Тимофти эълон кард, ки дар ин њолат ба истеъфо нахоњад рафт. Котиби маъмурияти сардори давлати Молдова Ион Пэдурару гуфт, ки рафтани Тимофти муљиби харљу марљи бештар дар кишвар мешавад. Ин боз дар њолест, ки талаби истеъфои ў тўли як шабонарўз рў задааст ва метавонад талаби шитобкорона њам бошад. Журналист Василий Нэстате гуфтааст, ки "пештар мо зидди режими олигархњои Молдова ба танњої мубориза мебурдем. Имрўз ба мо собиќадорони љанги Афѓонистон ва Приднестрове, донишљўён, бознишастагон, омўзгорон, соњибкорон ва умуман намояндагони њамаи ќишрњои ањолии мамлакат пайвастанд". Субњи рўзи душанбе тазоњуркунандагон ба ќасди эътисоби идомадор дар майдони марказї 90 хайма задаанд. То бегоњии рўзи душанбе ба талаби онњо посухе аз њукумат нарасид. Њамзамон бо ин президенти Молдова ба назди тазоњуркунандагон набаромад ва суњбат накард. Бегоњї ќарор шуд, ки шабро дар майдон сипарї кунанд. Профессори донишгоњи тибии Молдова Ион Мунтян дар суњбат бо DW гуфтааст, ки ба он хотир вориди майдон шуд, ки мехоњад таѓйиротеро њисс кунад. "Халќ сазовори ин гуна зиндагонї нест, сазовори он нест, ки нафаќаи вай ба ин њад паст бошад, маошаш поинтар аз сатњи зиндагї бошад, фаќр рушд кунад" - гуфтааст ў. Вай њатто хушнудї њам кардааст, ки дар майдон шогирдонашро мебинад, онњоро касе маљбур ва водор ба пайвастан ба сафи тазоњуркунандагон накардааст, балки онњо бо дарки масъулият дар назди ояндагон вориди ин майдон шудаанд. Шоираи машњури ин кишвар Рената Вережану, ки аз маъруфтарин чењрањои истиќлолхоњи кишвар дар солњои 90 ба шумор мерафт, гуфтааст: "Он замон њатто дар
хоб њам дидан имкон надошт, ки демократияи молдовї ба ин њол меуфтад. Њатто тасаввурношуданї буд, ки баъди чоряк аср њукумат ба дасти сармоядороне меуфтад, ки онњо дузд нестанд, вале чун роњбари кишвар пули одамонро медузданд. Мо бахти роњбар надорем, роњбаронамон хонаи моро месўзанд". Касоне, ки рўйдодњои Кишнёвро мушоњида мекунанд, бар ин назаранд, ки тазоњуроти пойтахти Молдова аз "Майдон"-и Киев фарќ мекунад, њарчанд шиорњо яканд. Ташкилкунандагони майдони Кишинёв барномаи собиту ќатъї надоранд ва онњо њоло намедонанд, ки дар сурати барканор шудани президент ва њукумат чї хоњанд кард. Аммо барномаи "Майдон" дар Укроина мушаххас буд, пешвои эътимодї дошт, муташаккилона амал мекарданд. Андрей Бурачев, сиёсатшиноси рус, ки Молдоваро меомўзад, гуфтааст, ки ба назар мерасад як гуруњи олигархњо мехоњанд гуруњи дигарро иваз кунанд. Аз нигоњи ў паси созмони DA шахсони мушаххас ќарор доранд ва онњо метавонанд бародарон Сопа бошанд, ки дар гузашта сармоядорони маъруфи Молдова буданд, вале баъдан аз сањнаи тиљорату сиёсати ин кишвар дур андохта шуданд. Аммо набояд ба ин бовар буд, ки мањз њамин бародарон 100 њазорро ба майдон кашидаанд, балки зиндагии худи Молдова ба он њад мушкил аст, ки мардум ба љуз эътироз роњи дигар надоранд. Ба андешаи ин тањлилгар, Молдова хеле кишвари фаќир аст ва дар фаќр метавонад танњо бо Эритрея ќобили ќиёс бошад. Нархи энержї болотар аз нархномањои аврупоист, маоши њаддиаќал дар сатњи хеле паст аст. Гузашта аз ин, гаронї дар бозорњо ва аз даст рафтани ќобилияти харидорї аз љумлаи омилњое њастанд, ки мардумро ба эътироз тела медињанд. Ва ифшои дуздии як миллиард доллар аз буљаи кишвар ба оташи ѓазаби мардум руѓан рехтааст. Фирўзи МУЊАММАД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
(Идома аз шуморањои гузашта) Ваќте ки инсон бори нахуст бо тиљорати шабакавї шинос мешавад, ба худ ќарор медињад, ки то ба кадом дараља ба ин бизнес ворид шуданист. Аз њама роњи кўтоњи иштирок дар ин фаъолият харид кардани мањсулот ва чашидани маззаи он аз ин ширкат аст. Агар мањсулот маъќул гардаду нархаш дастрас ва сифаташ баланд бошад, он гоњ чаро худи ман онро ба дигарон сифат накунам ва дар пањн намудани он иштирок нанамоям? Аз фурўш ва тахфиф (партофт) - и нарх њангоми хариди коло камтар даромад гирифта, метавонед дар њамин зина њамчун пањнкунанда бимонед. Лекин дар сурати пайдо шудани хоњиш ба тиљорати шабакавї љиддї машѓул гардида, дигаронро ба ин кор љалб ва фаъолияти онњоро маблаѓгузорї карда, шабакаи таќсимкунии муваффаќи худро таъсис додан мумкин аст. Агар љиддї ба ин кор машѓул шавед, даромад низ чашмрас хоњад буд. Маънои калимаи англисии distribute- таќсим кардан аст ва дистрибютор - касе аст, ки пањн мекунад, яъне, таќсимкунанда ва ё пањнкунанда аст. Вобаста ба шарту шароити иљрои маркетинг ва наќшаи ширкат дистрибютерњо метавонанд дар зинањои гуногун ќарор гиранд ва соњиби подошњои гуногун шаванд. Тољирон ба касбу кор хеле љиддї муносибат доранд ва медонанд, ки пешрафт ва комёбї асосан аз худи онњо вобаста аст. Онњо мефањманд, ки тиљорати шабакавї дар се поя: фурўш, љалбкунї ва омўзиши њамкорон ба ин дуи аввал такя мезанад, бинобарин, онњо њарсеи самтро баробар инкишоф медињанд. Фурўшандањо тоифаи бузурги дистрибютерњо мебошанд, ки мафтуни тавлидоти ширкат њастанд. Онњо бо ѓайрати хос фурўши мањсулотро ба муштариён ташкил намуда, аз он барои худ даромади на он ќадар бисёр мегиранд. Њавасмандњо низ аз гуруњи нисбатан бисёри дистрибютерњо мебошанд, вале ба онњо назар ба даромад бештар фазо ё муњите, ки дар љаласањои ширкат ба миён меояд, писанд аст. Онњо аз муколама бо якдигар, омўзиши бепул ва иштирок дар сафарњои ташкилдодаи ширкат зиёдтар хушнуду ќаноатманд мешаванду барои фурўши мањсулот њаракат кам мекунанд ва ба љалби муштариёни дигар он ќадар зањмат намекашанд. MLM - Multi-Level Marketing, яъне, ба тољикї маркетинги бисёрсатња буда, ин истилоњ солњои 70-уми асри гузашта пайдо шудааст. Бо ин истилоњ сохтор ва ё шабакаи махсуси пањнкунии тавлидот ва хидматрасонї, ки барои иљрои кори иљрошуда тарзи махсуси пардохти пулиро дар назар доштанд, мансуб мебошанд. Солњои 80-ум ин шабака номи нав Network Marketing, яъне, Тиљорати шабакавиро гирифт. Њарчанд ном дигар шуда бошад њам, мазмун таѓйир наёфтааст. Чунки ин шабака аллакай дар иќтисодиёти љањонї маќоми худро мустањкам карда буд, ки гардиши он ба миллиардњо доллар мерасиду дар он миллионњо нафар иштирок доштанд. Масалан, дар Русия Тиљорати шабакавї охири солњои 80-ум пайдо шуда, дар њама минтаќањои он реша давондааст. Дар ибтидои асри 21 аллакай дар Русия зиёда аз сад ширкатњои шабакавї пайдо шуда, зиёда аз 3 миллион одамро фаро гирифта буданд.
11
Таќдим аз Qnet:
Таърихи тиљорати шабакавї Дар Тиљорати шабакавї пули бисёр аз куљо ва он барои њама барои бизнес кифоя аст? Пеш аз њама Тиљорати шабакавиро њамчун сохтори фурўши тавлидот ва пањн намудани намудњои гуногуни хидматрасонї муайян бояд намуд. Ин маънои онро дорад, ки мањсулотро тавлид ва намудњои хидматрасониро ташкил бояд кард ва барои ин кор маблаѓгузории бузург даркор аст. Тарзи фурўши классикї ё маъмулї ин гуна аст, ки дар рўи тахтаи маѓоза мо колоро мебинем, ки дар он нархнома часпонида шудааст. Дар он арзиш ё нархи мол ба ѓайр аз масрафи истењсолї боз масрафи тадќиќоти маркетингї, реклама, наќлиёт, љойкунї дар анбор ва дигар масрафњо, ки барои нигоњ доштани фурўшгоњ ва пардохти кормандони он сарф мешавад, зам мегардад. Њамчунин ин нарх фоидаи њама зинањои истењсоливу роњбариро низ фаро мегирад ва дар нињоят аз арзиши аслии мол баландтар мешавад. Баръакси бисёр намудњои фаъолият, ки дигарон барои шумо муайян мекунанд, моњонаатон чї ќадар бошад, дар Тиљорати шабакавї одамон бизнеси худро ба пеш мебаранд. Ва танњо худашон муайян мекунанд, ки даромадашон чї ќадар аст. Шумо метавонед якчанд сомонии дигар кор кунед. Лекин агар шумо орзу доред, ки фалон ќадар пул дошта бошед, то ки орзуи худро љомаи амал пўшонед, шумо бояд ташкилоти тиљорати шабакавии худро таъсис дињед. Аммо барои дар амал татбиќ намудани ин маќсад ба шумо зарур аст, ки косиб шавед, яъне, касби худро ба дараљаи олї бояд донед.
Дар Тиљорати шабакавї корњо андак дигархелтар аст. Ширкатшои тиљоратие њастанд, ки худашон тавлид мекунанд ва брокерњое њастанд, ки танњо ба фурўш машѓуланд. Дар њарду сурат ширкати истењсолкунанда барои реклама ва маркетинг пул сарф намекунад, зеро ин масъулият ва ё вазифаро ба худ дистрибютерњо мегиранд. Ва ин масрафњо кам нестанд ва њангоми фурўш гоње то ба 40% арзиши аслии мол мерасанд. Њамчунин дар силсилаи аз истењсолкунанда то харидор боз якчанд намуд харољот кам мешавад. Масалан, худи фурўшгоњ, фурўшанда ва дигар шахсони марбут ба савдо дар Тиљорати шабакавї нестанд. Њамин тавр, он пули бузурге, ки сарфа мешавад, асосан, ба сохторњои шабакавї њамчун подоши коммиссионї пардохт мешаванд. Он пули комиссионї, ки аз фурўши тавлидот ба даст меояд, миёни иштирокчиёни ин муомила таќсим карда мешавад. Вале он на ба њама аъзои сохторњои дисртибютерї мерасад, балки танњо миёни онњое, ки ба якдигар бо тарзи муомилоти спонсорї иртибот доранд, таќсим мешавад. Яъне, даромаде, ки аз ин муомилот ба даст меояд, ба ѓайр аз фурўшанда спонсори бевосита ва спонсори ин спонсор ва њамин тавр то болои сохтор подош мегиранд. Агар фурўш кам шавад, подош низ ночиз мегардад, зеро танњо пули воќеї аз фурўш ба даст омада ва танњо миёни ашхоси мушаххас таќсим мешавад. Шартњои пардохт аз рўи тарзи математикї њисобу китоб мешавад ва барномањои компутерї ворид карда шудааст.
®
Дар ин њолат ќисми асосии пули комиссиониро фурўшанда соњиб мешавад. Спонсорњо бошанд, танњо ќисми ночизи судро аз њисоби умумии муомилот мегиранд. Нозукии кор дар он аст, ки агар дистрибютер дар як моњ ду ё се муомилот гузаронад, спонсор бошад, дар сохтораш, ки садњо ва њазорњо дистрибютер њастанд, њатто суди ночиз гирад њам, аз њар як муомила барояш пули калон мешавад. Барои он ки чунин тасаввурот пайдо нашавад, ки спонсорњо муфтхўранд ва кори онњо танњо аз ба кор љалб кардани чанд нафар иборат аст, њамон ибораи "Панири бепул танњо дар мушќапак њаст"-ро фаромўш набояд кард. Дар ибтидои ташкили кор сохтор худ аз худ њеч гоњ бузург намешавад. Барои он ки одамон молро фурўшанд, барои он аввал онњоро омўзондан даркор аст. Ва ин кор бошад, зањматест пайваста ва гарон. Дар њолати ноомади кор, ки дар оѓоз бештар рўй медињад, бояд онњоро дастгирї бояд кард. Ба нафарони навомада на танњо фурўхтани мањсулот, балки ба ташкили шабакаи хурди худашон мадад расонид. Ва нињоят ба онњо омўзондан даркор аст, то ки онњо дигаронро ёд дињанд, аммо ин зањмати осон нест. Пеш аз он ки ба ин бизнес ворид шавед, бояд дар ёд дошт, ки дар Тиљорати шабакавї пул кор кардан осон нест ва онро танњо бо зањмату истеъдод ба даст меоранд. Дар Тиљорати шабакавї манфиати роњбарон ва кормандони ќатории ширкат ба њам муттањид шудаанд. Дар ин љо њар як сардор орзу мекунад, ки зертобеаш зудтар љойи ўро гирад, зеро ин ягона роњест, ки ў метавонад ба зинаи болотар барояд ва зиёдтар пул кор кунад. (Давом дорад)
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
БО ШОИР
Ниёишизамин Замини бекаронам, лек андар дидаи камбини ту танњо кафи хокам, Аё инсон, Ман аз анфоси мењрат шодаму аз сардии мењри ту ѓамнокам. Туї рўида аз пањлуи ман, инсони олам, њамчу фарзандам, Туї аз ибтидо то интињо дар домани ман њамчу пайвандам. Аё парвардаи дастону домонам, Аё пайванд бо банди муњаббат бар тану љонам. Ту рўйи синаам по мон, Ќадам дар рўйи дастони мани модар ту барљо мон. Зи ангуштони дастонам ба зўри панљаи дастони худ имдод мегирї, Ту бо ман зиндагиро ёд мегирї. Гање афтию бардорам, Ту дар хобию бедорам, Туро домони ман мањд асту ман чун модари мењрофару шабзиндадорам, Ба уммеде, ки ай инсон, дар ин олам ба домонам туро дорам. Агар дар доманам хуни ту резонанд, ай фарзанд, Вуљудамро бипечад дарди сахте банд андар банд. Ки хуни пайкари ман рехт дар домони ман, фарёд, Аз ин захми тани пайванди манн, эй вою садњо дод. Нињоди хокиам аз ќатраи ин хуни пайвандам Зи сар то пой месўзад, Суруру шодиро аз синаи ман пок мешўяд, Гули њасрат маро аз синањои чок-чоки хунчакон њар субњ мерўяд. Ту ай инсони тинатпок, Макун аз хуни мо ин хоки пурхунро дигар ѓамнок, Нарезон хуни инсон - хуни фарзанди замин дар хок. Гурез аз фитнаи бар мо зи гоњи ѓорњо монда, Марезон хуни инсони зи љаннат рондаю монда!
ШЕЪРАМ МАРО БОШАД ВАТАН Њарф-њарфи шеъри ман як пораи лаълест, аз кон кандаам Гањ бо ашки ќалам, гањ бо сиришки хандаам. Ман варо дарёфтам чун лаъл аз кони љигар, Њарф- харфи шеъри ман чун пораи андоми хунини чигар дорад шарар. Аз танўри фикр кандам њамчу нони пухтаю ширини модар Ман ба дастони сањар. Њарф-њарфи шеъри ман рўида аз хуни давоти пайкарам, Аз гулўи килки шабгардам бирезад субњ рўйи дафтарам. Њарф-њарфи шеъри ман хиштест аз девори дил, Њар шабе хоки дилу хуни љигар созам барои гуфтани як шеър гил. Шеъри ман, бо ин дарозумрии ту поянда хоњам монд, Бо ту ман дар олами ояндањо фархунда хоњам монд. Шеъри шоирро макуш, эй бо ману эй баъди ман, Шеъри ман фардо маро бошад ватан.
ЧАШМ БАР ДУНЁИ КАВКАБ ДОШТЇ Эй падар, Дар он сањар, ки буд дар чашмам зи шоми тирагун зулмонитар, Субњи рўзи нав набуд, оѓози ѓам буд, Хаста мижгонам зи нам буд. Он сањар Афсўс, мондам бе падар. Панд мегуфтї маро, Посухам медодї бар њар як "чаро?" Лањзањои вопасинат Чашм бар чархи баринат Сўи гардуни кабуд Аз чї буд?! Чашм бар дунёи кавкаб доштї, Панд бар лаб доштї. Аз вараќњои нигоњи хираи ту сўйи боло Хондаам њарфи нигоњи вопасинат њамчунон оёти воло. Бори охир панди доим гуфтаат бар гўш ояд: "Одамиро дар замин пастї нашояд!"
ЯК ЛАЊЗАЮ ЃАМХЕЗ АСТ Хазон њама дард аст, Чунонки зардруху лоѓару самаррез аст.
Лаълљубаи МИРЗОЊАСАН:
"ЊАРФ-ЊАРФИ ШЕЪРИ МАН..." Њаёти мо дард аст, Чунон даванд ба дашт аст, гўйї Шабдез аст. Вуљуди мо дард аст, Дар он гузашти сол шабу рўзњо хазонрез аст. Шубоби мо дард аст, Ки теѓи тези ниёми ѓурур хунрез аст. Садои най дард аст, Агарчи хандаи най хонияш, ѓамомез аст. Садои даф дард аст, Ки нолањо зи чанбараи тан ба зарб овез аст. Љањон њама дард аст, Барои чуѓд нишемангањи дилангез аст. Њама, њама дард аст, Валек шукр, ки як лањза асту ѓамхез аст.
СЕБИ ДАСТАТ ЉОНБАХШЇ ДОШТ Лањзаи анљоми рўз, Гањ-гањ дар соњили шоми дилафрўз. Гоњи аз кор омадан, Гоњи аз кор омадан, аз корњо бас хаста гаштан Дуртар аз хонааам модар ба роњ истода буд, Дастњо дар рў ба рўям бо њазорон орзу бикшода буд. Дар кафи ў себи сурхи боѓи мо буд, Боѓи мо њар сол дар нашъунамо буд. Себи дастат љонбахшї дошт бар андому пайкар, Пухта буд он бори дигар дар кафи гарми ту, модар.
ПУЛЊО ЛОЛУ ХАМЎШАНД Пулњо лолу хамўшанд, Гарчи зери пул дарёњо равону дар хурўшанд, Пулњои рўйи дарё аз лаби шаб то дари субњ, аз дари субњ то лаби шаб бор бар дўшанд. Пулњо орзукашонї мекунанд, Бо њамин орзу њамеша зиндагонї мекунанд. Мебаранд мењру муњаббатро зи як соњил ба сўйи соњиле, Бори ишќе мебаранд аз як диле бар як диле, Ё паёме мебаранд аз дил ба як соњибдиле. Пулњо, он сўй моро интизоре ошност, Ё ки як ноошност, Ин паёми мардумамро бар ба сўйи мардумони сўйи дигар, Њамчу инъоме, ки ќимматтар бувад аз моли Ќоруну зи чандин њуљра зар. Боз овар сўйи мо з-он љо саломи шўълавар Аз бародар. Пулњо орзукашонї мекунанд, Бо њамин орзу њамеша зиндагонї мекунанд.
ПАРВОНА Шамъ месўзаду шаб механдад, Равшанї то ба сањар равзани шаб мебандад. Ояд аз пайрањаи ишќ шабе парвона, Мешавад машъали шамъ ошиќи шабро хона. Мезанад бол ба девору дари хонаи шамъ парвона, Мезияд лањзае дар хонаи бехонаи шаб шоњона. Дар сари шонаи шамъ сар бигузорад бењуш, Пари парвона бисўзад ва бимирад хомўш. Шамъ то хандаи субњ месўзад, Субњ хайём лаби шамъи шаби зулмонї Бесадо, пинњонї Боз то шоми дигар медўзад. Пойи шамъ субњгањ дармегирад, Субњ механдаду шамъ мемирад. Оќибат бистари васлат ба аљал бистар шуд, Ишќ хокистар шуд. Оњ, парвона надонад, ки пас аз падрудаш Баъди нобудии њасту будаш Бомдодон њаваси шаб ба лаби соиќа дармегирад, Шамъ њам мемирад!
ОБ Пок обам, Ман хурўшанда зи чайби хокам. Гањ дар зонуи худ сар монам, Гањ дар боли ѓазаб тўфонам. Ман чу оинаи хуршеду мањам, Ман зудояндаи зулмоти ѓубори нигањам. Хок дар чашми мани пок кунанд, Пок аз ман бизудоянду њама хок кунанд. Медињанд озорам, Мекушанд осорам. Ман њама зиштии дасти инсон Аз гулў афшонам, Ман њама зиштї фурў биншонам. То ки дунёи ману мову шумо пок шавад, Шод то њар дили ѓамнок шавад. Ман зудояндаи оинаи чашмони сањарбини туям, Ман намоёнгари ин олами рангини туям. Арљ бигзор ба хоку ба њаво, оташу об, То ки гардад њама љо соњили дарёи њавасњо шодоб. Пок кун хонаи ман, хонаи ту пок шавад, Пок кун об, ки шод аз ту ватан-модари ту- хок шавад.
"ЗАНГ ХОЊАМ ЗАД" Ман, ки муштоќи ту будам, Ман, ки дар њамсояќишлоќи ту будам, Бо телефон чун задам занг, Омад аз он сўй оњанг. Гуфтї: "Њозир занг хоњам зад". Гуфтам: Акнун оламамро ранг хоњам зад. Ман ба зулфони дурушти деви дурї чанг хоњам зад. Лањзањо чун корвони мўрчањо аз пушти њам бигзашт, бигзашт, Интизорї дар дили манг санг гашт. Интизорињокашам то гоњи "Њозир занг хоњам зад", Гўшњоро бар фарози шонаи оњанг хоњам зад, Олами торики њаљри хештанро санг хоњам зад. Лањзањою лањзањо рўз офариданд, Дар нињоди хастаам сўз офариданд. Мекашад то субњ ин уммед "њозир занг хоњам зад" - нидои ту, Интизорам бори дигар бар садои ту.
ШАМЪИ ХУДСЎЗИ ШАБАМ Шамъи худсўзи шабам, То дари субњгањ дар тобу табам. Сўхтан хешу вале сохтани умри дигар Њадафи умри ман аст аз дари шаб то ба сањар. Ман зи сар то ба ќадам оташу дуд, Дар нигоњи нафаре хандааму дар дигаре дардолуд. Ман зи по то ба забон месўзам, Дар дили хона љањонафрўзам. Оташин хандаи ман бегунањ аст, Бал чароѓи рањи тори нигањ аст. Бишканам вањми шаби танњойї, Дар дили вањми шабон сабз кунам раъної. Шаби танњоии танњонафаронро нафасам, Ман ѓаму дањшати шабњои гаронро ќафасам. Дар дили зулмати шаб рўшанї аст тасвирам, Эй туро бурда ба даргоњи сањар. Мемирам. Сўхта-сўхта, хокистарам ашъори ман аст, Шеъри шаб омадаи шоири шаб кори ман аст.
НИГОЊИ ХОРИЉЇ (Аввалаш дар шуморањои гузашта) Дишаб шаби сарде буд. Утоќам шуфож надошт ва кондоктар њам зиёд гарм намекард. Субњ соати њаштуним аз хоб бедор шудам. Субњона хўрдам. Берун, ки омадам, дидам як пирмард асо ба даст љилўи дар истодааст. Ќиёфаи љолибе дошт. Ду љавон њам он љо буданд. Гуфтам, мешавад аз ин оќо акс бигирам? Онњо рафтанд пешаш, ў њам ќабул кард. Баѓали њам, ки истода будем, дидам нобиност. Гуфтам, чандсолаї? Гуфт, 53. Дидам њамсиннусолем, вале ў хеле пиртар аз ман ба назар мерасид. Одами љолибе буд, ќадре бо њам гап задем, чи ќадар хушрў ва мењрубон буд. Агар чашми бино надошт, вале дили бино ва мењрубоне дошт. Бояд имрўз љое барои худ пайдо мекардам, чун мўњлати њутал то фардо субњ буд. Барои њамин аз чанд нафар суол кардам, гуфтанд, дар хиёбони Рўдакї ва њаволии чойхонаи Роњат хона ё утоќи иљора гир меояд. Як ду нафар њам гуфтанд, ки баъзе ваќтњо рўи тоблуњо ё баъзе аз деворњо навиштаанд ва дар рўзнномањо њам менависанд. Туйи масир ба самти боло расидам ба як сохтмони баланд, ки дар самти ростам буд; баъдњо фањмидам ин сохтмонро дуќула (дугоник) мегўянд, яке аз баландтарин сохтмони навсози Душанбе. Самти чапи сохтмон пирзане канори пиёдарав дошт чандин маљаллаву рўзнома мефурўхт. Аз ду љавон, ки он љо истода буданд, пурсидам, туи кадом рўзнома иљораи хона навишта аст? Онњо њам як ду рўзнома доданд, гуфтанд, туи инњо њаст. Дидам ба забони тољикї, аммо ба хати сирилик ё ба ќавли худашон, крилик аст. Њамон хате, ки русњо истифода мекунанд, чизе аз он нафањмидам. Билохира, яке аз онњо харидам, гуфтам, баъдан пайгирї мекунам. Роњро идома додам, то расидам ба њамон чойхонаи Роњат. Ќабл аз рафтан ба он љо як кофитармонанде буд, ки бисквит ва њотдог мефурўхт. Аз онњо суол кардам, ки чойхонаи Роњат куљост? Гуфтанд, њамин рўбарў чойхонаи Роњат аст. Пурсидам, ин љоњо хона ё утоќи иљора ёфт мешавад? Яке аз он ду љавон пурсид, шањрванди Эрон њастї? Гуфтам, бале. Гуфт, имкон дорад хона пайдо бишавад. Гуфтам, ман як рўзнома харидам, вале намефањмам, чун хати он бароям ошно нест. Он ду нафар рўзномаро аз ман гирифтанд ва шурўъ карданд ба занг задан. Бечорањо як соат барои ман пурсуљў
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
13
Сарзамини марњамат ва рањмат Ќисмати дувум (26.12. 2014.)
карданд. Ман худам шарманда шудам, чанд бор гуфтам, бибахшед, агар пайдо намешад, музоњиматон намешам. Гуфтанд, майлаш. Нафањмидам, яъне чи? Ба назари худам, яъне масалае нест. Дидам чой ва нискофии омода доранд; як ливон чойи суфориш додам, хўрдам ва сигоре кашидам. Пулашро њам бетаъоруф гирифтанд, чун бо њамон њотдог рўзгор мекарданд. Номи онњоро пурсидам, яке аз онњо, ки бузургтар ба назар мерасид, исмаш Њаким буд ва дигари оќои Далер. Исми љолибе дошт, барои аввалин бор буд, ки чунин номе мешунидам; одами резнаќш ва мењрубоне буд. Њудуди биступанљ бисту шаш сол доштанд, бо њам кор мекарданд. Аз навъи рафтор ва мавќеияти рафтори эшон фањмидам Далер коргари маѓоза асту Њаким соњибкор аст. Њаким ба ман гуфт, ага мехоњї чойхона бибинї, бирав мо њам бештар пурсуљў мекунем. Дидам бад њам намегўяд, рафтам чанд акс аз чойхонаи Роњат гирифтам. Чойхонаи Роњат аз чойхонањои ќадимии шањри Душанбеи Тољикистон аст, ки дар хиёбони Рўдакї воќеъ шудааст. Ин чойхона, ки дар як табаќаву ним дуруст шуда, беш аз 70 сол ќадимат дорад. Корњои кандакории рўи чўб ба њамроњи наќшунигори рангї дар саќфњои чўбї љилваи хосе ба ин чойхона додааст. Гунљоиши беш аз дувист нафар одам дорад. Шабњо гурўњи кўчаки мусиќии мањаллї, ки маъмулан дар ин фасл аз як оргзан ва дойразан истифода мекард, мањфили гарме барои гузаронидани авќоти фароѓати наслњои миёна мебошад. Албатта, љавонњо ва хонаводањо зиёд барои хўрдани шому нањор ва низ машрубот, бахусус чой ба ин љо меоянд. Ќимати маводи ѓизої ва нўшиданињо муносиб аст ва фазои суннатї дорад. Бештари хидматгорони он зан њастанд; чи дар ошпазхонаи он љо, чи дар сервис ва бурдану овардани ѓизо, ки аксаран бо либосињои суннатї ва кулоњи занони тољик аст. Аз субњ то авохири шаб
Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур ин чойхона боз аст. Мардум аз њар ќишру гурўњу табаќа дар ин чойхона буданд. Албатта, дар ин фасли сард туристњо андак буданд, аммо мегуфтанд, дар фусули дигар, бахусус тобистон, гардишгарони бештаре ба ин љо мераванд. Дар ин чойхона аксар ѓизоњои суннатии мардуми Тољикистон мављуд аст. Ваќте ки дохили чойхона шудам, афроди зиёде набуданд. Хилват буд ва фаќат даври як ду миз ду се нафар доштанд нањор ё субњона мехўрданд. Ду нафар зан омаданд љилў, гуфтанд чи мехоњї ва истилоњи њамешагии дар мавриди вуруди одамњоро ба кор бурданд гуфтанд, марњамат. Гуфтам, мамнун, ман эронї њастам ва турист њастам, омадам аз чойхона ва наќшњои зебои ин љо акс гирам, ишколе надорад? Гуфтанд, майлаш, яъне масъалае нест. Чандто акс гирифтам ва сари сўњбат бо занњо боз шуд. Гуфтам аз шумо, ки либоси миллї пўшидаед, акс бигирам? Якешон гуфт, бигир, дуто гуфтанд, на. Баъд љочгир шуданд ва омаданд бо ман њамагї акс гирифтанд. Гуфтанд њоло чизе бихур. Гуфтам, алъон зуд аст, барои нањор бармегардам. Аз он љо ва атроф чанд акс гирифтам ва баргаштам назди Њаким. Онњо гуфтанд хона њаст, вале иљораи моњонаи он болои 700-800 доллар аст. Гуфтам, на. Гуфтанд сабр кун, як дўсте дорем ун хеле бештар аз мо медонад кї хона дорад ва куљоњо пайдо мешавад. Ун рўзњои љумъа меравад масљид ва баъд аз намоз миёд ин љо. То омадани дўсташон каме бо њам њарф задем ва онњо аз Эрону вазъияти Эрон пурсиданд. Ман њам тавзењоте барояшон додам. Ба Њаким гуфтам, масљид куљост? Гуфт, њамин наздикї, ду кўча болотар. Гуфтам ман меравам он љо ва бармегардам. Нарасида ба масљид дидам одамњои зиёде ба он самт мераванд. Ман њам дунболи онњо рафтам. Аксаран шику мураттаб ва хеле покиза доштанд мерафтанд масљид. Дохили кўчае
шудем, ки масљид дар интињои он ќарор дошт. Неруњои интизомї њам он љо буданд ва муроќиби амнияти мардум буданд; коре ки бо ин њама теруристї , ки дар љањон аст, анљом медоданд. Чун ин масљид яке аз масољиди бузурги шањри Душанбе ва кишвари Тољикистон аст, ба номи масљиди марказї. Он ќадар афрод мураттаб буданд, ки фикр мекардї мехоњанд бираванд арўсї. Мисли Эрон ё баъзе кишварњо набуд, ки иддаи хосе ва бо шаклу ќиёфаи хосе мераванд. Хатто байни онњо одамњои кравотї (галстукдор) ва куту (кастум) шалворї низ буд, пиру љавон ва миёнсол буданд. Тољикњо суннимазњаб ва аз шохаи њанафї њастанд. Наќши мазњаб дар Тољикистон наќши њокимиятї нест, балки эътиќоду марому маслаки мусалмонон мањсуб мешавад ва ба дур аз бозињои сиёсї ва рафторњои фирќагароёна аст. Онњо мазњабро оине сулњталаб ва оромишдињанда ва амре шахсї медонанд, барои њамин, бидуни таблиѓ ба масољид мераванд ва фаризаи намоз ба љо меоранд. Наздикињои дари масљид марде чанд галони бузург асал ва шањди гул оварда буд. Аз килое 150 сомонї то 300 - 400 сомонї мефурўхт. Онтарафтар як бисоти кафшфурўшї буд. Он љо чанд даќиќа истодам ва дубора баргаштам назди Њаким. Гуфтам ман гурусна њастам, меравам чойхона чизе бихурам. Шумо њам биёед. Гуфтанд, рањмат акаи Фарњод; яъне муташаккирем бародар Фарњод. Дубора баргаштам чойхона, гуфтам, як ѓизои суннатии худатона биёред. Хеле хушњол шуданд, гуфтанд шўрбо хуб аст. Гуфтам бошад. Ваќте оварданд, дидам туйи як коса чизе шабењи обгўшти худамон; беранг ва хеле обакї аст. Чойи кабуд њам оварданд, ки љамъан шуд 30 сомонї, яъне њудуди 23 дирњам. Куллан хушмаза буду доѓ, ки туйи ун њавои сард мечаспид. (Давом дорад)
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ
СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД?
ОЁ АЗ СИННИ 17 - СОЛАГЇ ЊУЉЉАТИ РОНАНДАГЇ ГИРИФТА МЕТАВОНАМ? - Ман 17 сола мебошам. Ба рондани мошин шавќу раѓбати беандоза дорам. Оё ман метавонам, ки дар ин синну сол хонда соњиби њуљљати ронандагї шавам? Одил КАБИРОВ, сокини шањри Ќўрѓонтеппа - Тибќи банди 15 - и Низомномаи тартиби иљозатдињї барои идораи воситањои наќлиёт ва ба шањрвандон, додани асноди ронандагї, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 - уми августи соли 1998 тањти №306 тасдиќ шудааст ва таѓйиру иловањои ба он воридгардида "Ба идоракунии воистањои наќлиёти категорияи "А"; шахсоне, ки ба синни 16, категорияњои "В", "С", инчунин мотоаробањо - ба синни 18 ва категорияњои дигар - ба синни 21 расидаанд, роњ дода мешаванд". Ба саволи Шумо аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ посух доданд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
Барои он ки футболи мо томошобоб шавад, бояд ба гуруи тренерњо иљозат дода шавад, ки милтиќро бо намак истифода баранд. *** Пештар духтарон барои он сурх мешуданд, ки шарм медоштанд, њоло бошад барои он шарм медоранд, ки сурх шудаанд. *** Дар маѓозаи кўча сўхтор ба амал омад. Њељ кас пеш нарафт. Њама интизори он буданд, ки кай дафтари ќарзњо месўзад... *** Марљона хост, ки ба шавњар барояд, аммо чун њарваќта ба истгоњи "Дўстї" баромад. *** Як рўзи идро бо се рўзи истироњат ќайд кардем. *** Агар зављаатон гуфт, ки сараш дард мекунад, пас интизори харидани рўймоли навбаромад бошед. *** Њар ќадар ваќти гирифтани музди мењнатат наздик шуд, њамсарат њамон ќадар зиёдтар ба ту мењрубонї мекунад.
ОЁ МЕДОНЕД? Аз 1 дона гандум 5 нињол њосил мешавад. Аз 1 нињол 25 дона гандум њосил мешавад. Њосили як дона гандум 125 дона мебошад. Дар як метр замин 70 нињол гандум љойгир мешавад. 70 х 70 = 4,900 Дар як квадрат замин 4,900 нињол гандум љойгир мешавад. Дар як метр замин 14 дона гандум корида мешавад. 14 х 14 = 196 Дар як квадрат замин 196 дона гандум корида мешавад. 1 нињол гандум 25 дона. Дар як метр замин 70 нињол. Њосили 70 нињол 1,750 дона гандум мебошад. 70 х 70 = 4,900 Дар 1 квадрат замин 4,900 нињол ? 25 донагї = 122,500 дона гандум дар як квадрат замин њосил мешавад. 4,900 х 25 = 122,500 18 дона гандум 1 грамм вазн дорад. 122,500 дона гандум 6 килову 805.5 грамм вазн - ро дар бар мегирад. 122,500?18=6,805.5 Яъне њосили 1 квадрат замин 6 килову 805.5 грамм
БА ЉОЙИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади бењтар намудани сатњи хизматрасонї ба шањрвандон ва андозсупорандагон фаъолияти гуруњи иттилоотии "Call center"- ро такмил дод, ки шањрвандон ва андозсупорандагон метавонанд њамаруза 24 соат бо "Гуруњи иттилоотї" дар тамос шаванд. Аз соати 8:00 то 17:00 - и бегоњ мутахасисони Кумитаи андоз ба суолњои андозсупорандагон посух медињанд ва аз соати 17:00 то 8:00 - и субњ инчунин рўзњои истироњат ва идњо андозсупорандагон метавонанд бо истифода аз автомати худкори "Call center" (нисбат ба масъалањои баќайдгирии андозсупорандагон то шикоят нисбати беамалии кормандони маќомоти андоз) гуногунфањмињои ба миён омадаро њал намоянд. Пайваст шудан бо "Call center" ягон душворї надорад. Бо чидани шумораи 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии "Call center" - и Кумитаи андоз Шумо метавонед арзу шикоят ва дархостњои худро бароварда созед.
мебошад. 1 гектар замин иборат аз 10 њазор квадрат мебошад. Њосили 1 гектар замини гандум 68 тонаву 50 кило ба њисоби миёна ба шумор меравад. 122,500?18=6,805.5?10 000=68,050.55 Тањияи Хуршед НОСИРОВ, сокини шањри Душанбе
ЛАТИФА Писарбача бибиашро то истгоњ гусел карду гуфт: - Бибиљон дар автобуси 25 шинед. Писарбача дар аснои баргаштан аз мактаб дид, ки бибиаш њоло њам дар истгоњ нишастааст. - Ња, бибиљон, чаро њоло њам савор нашудед? Бибияш дар љавоб мегўяд: - Нав 22 автобус гузашт, баъди се тойи дигар мешинаму меравам... *** Кампир ва мўйсафед барои писарашон як духтари зеборо арўс карданд. Баъд аз изидвољ њафтае мегузарад, аммо арўс аз ќисми сањар аз хоб намехезаду ба рўфтани њавлї ва дигар корњои хона машѓул намешавад. Кампир бо мўйсафед маслињат мекунанд, ки чї гуна арўсро ба сањархезиву кор кардан одат кунонанд. Баъди маслињати дурудароз ба хулосае меоянд, ки биё, сањар чорўбро мегирему ман мегўям, ман њавлиро мерўбам, ту бошї љанг карда, мегўї, ки не ман њавлиро мерўбам. Чун овози љанљоли мо ба гўши арўс расид, мехезаду шарм карда, аз дасти мо љорўбро мегирад ва кор тамом. Рўзи дигар субњи барваќт њар ду љорўбро гирифта, яке мегўяд, ки ман мер?бам, дигарї мегўяд, не ман мерўбам. Овози онњо арўсро бедор мекунад. ? берун баромада мепурсад: - Ња, чї гап аст ин љо? Мўйсафед мегўяд: - Ман хостам имрўз њавлиро рўбам, лек кампир мегўяд, љорўбро дењ ман худам мерўбам. Арўс ба оромї мегўяд: - Љанљол накунед. Як сањар шумо рўбед, як сањар кампиратон.
Ва рафта боз хобашро давом медињад. *** Шахси маст дорухона даромада, љониби доруфурўш мегўяд: - Нон дорї? Доруфурўш дар љавоб мегўяд: - Ака, ин љо дорухона аст, на нонвойхона. Маст дар ќањр шуда, як мушт дар чашмаш зада мебарояд. Рўзи дигар боз њамон маст дорухона даромада, нон мепурсад. Доруфурўш ин навбат низ мегўяд ин љо дорухона аст ва таъкид мекунад, ки агар бемор бошї, мана дору медињам, аммо нон нест, ака. Маст боз як мушти дигар дар чашмаш мезанад. Рўзи сеюм боз њамон маст дорухона даромада, нон мепурсад. Доруфурўш аз тарс се дона нон тайёр мекунад, ки мабодо маст имрўз низ ояду ба чашмаш занад. Маст ба дорухона меояд. Баъд аз пурсидани нон доруфурўш ба ў нонњоро медињад. Маст боз як мушти дигар дар чашмаш мезанад. Доруфурўш мегўяд: - Ака, инаш барои чї, охир? Нон гуфтї, нонат додам. - Ман ду рўз омадам, нон пурсидам нон доштиву надодї! *** - Дар оилаи ман њама ба гапи занам амал мекунанд, - мегўяд марде. - Ту чї наметавонї ба ин кор хотима дињї? - мепурсанд аз ў. - Чаро наметавонам? Метавонам. Шумо фикр намекунед, барои чї дар зери чашмам сиёњї пайдо шудааст?
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ТАЊЌИРИ САРДОРИ НОЗИРОТИ АНДОЗРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Президенти муњтарами мо Эмомалї Рањмон доимо дар ѓаму бењбудии кишвар буда чандин бор мешавад, ки ќарзњои хољагињои дењќонии љумњуриро мебахшанд. Эмомалї Рањмон бори охирин ќарзњои андози ягона, чакана ва кирояи то соли 2014 - ро бахшиданд. Ман аз ин дастгирии Президент сарфарозам. Барои ин иќдомашон рањмати Худо бар он кас насиб бод! Аммо ин дар њолест, ки ин лутфу дастгирии Президентро дар Нозироти андози ноњияи Фархор ба дигар тарз амалї карда истодаанд. Дар Нозироти андози ноњияи Фархор се моњ боз сардори нав кор мекунад. Дар ин муддат сардори нави нозироти андоз барои иљрои наќшаи андозљамъкунї Фармони Президентро даѓалона поймол намуда, ќарзњои хољагињои дењќониро, ки Президент бахшида буд (аз соли 2011 то 2014 дар назар аст) аз нав њисоб карда, аз 3 (се) то 20 (бист) њазор сомонї дар гардани хољагињои дењќонї бор карда дили хољагидоронро аз замин хунук карда истодааст. Дар яке аз љамъомадњои кормандони сохторњои ќудратии кишвар Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон ба масъулини баландпояи соња супориш дода буд, ки њатто љинояткоронро даррав ба њабс нагиранд. Президент таќрибан чунин гуфта буд: "Аввал бо онњо корњои фањмондадињї баред. Онњоро аз роњи бад, яъне хато баргардонед. Аз њабскунии онњо ба давлат зарару фоидае нест". Аммо чї мегўед, ки сардори Нозироти андози ноњияи Фархор ин суханњои пандомез ва сариваќтии Президентро нашунидааст ё писанд намекунад, ки њар хољагидор, кооператив ё соњибкореро, ки ба назди ў ба хуљрааш медарояд, аз ў чунин тањдиду тањќирро : "Ман дар љои кори пешинаам чандин касро барои ќарзи андозро пардохт накарданашон њабс кардагї њастам", мешунаванд. Ин љаноб хољагидоронро њамчун љинояткор сифат карда истодааст. Дењќонон дар ин давраи буњрон, аз гаронии сўзишворї ва доруњои минералї бо як азоби алиме корњои дењќониашонро ба сомон расонида истодаанд, бо суханњои тањдидору тањќиромези дар боло ишорашудаи сардори нозироти андоз сару калобашонро гум кардаанд. Аммо ин љаноб њамаи инро дидаву дониста, ба он бечорањо дарди сари дигаре бор кардааст. Ман чунин тарзи роњбарї ва чунин роњбари Нозироти андозро ќабул надорам! Хайриддини ТОЛИБ, сокини ноњияи Фархор
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №24 (457), 09. 09. 2015
ДУОИ МЎЙСАФЕДИ ИСТАРАВШАНЇ Њар сол ваќте, ки мавсими њаљравї оѓоз гардида, дар васоити ахбори умум аз сафарбаркунии зиёраткунандагони хонаи Худо гуфтугузор мешавад, як наќли падарам, ки хушбахтона чанд сол ќабл бо модарам ба гирифтани номи Њољї мушарраф шуда буданд, ба ёдам мерасад. Волидайни камина соли 2009 бинобар сабаби зиёд будани навбат дар ватан хостанд тавассути ќаламрави Россия ба сафари хонаи Худо мушарраф шаванд. Вале, њамон сол модарам аз шањри Новосибирск ба маќсадашон ноил гардида, ба Макка сафар намуданд, лекин падарам бо сабабњои нодурустии баъзе аз њуљљатгузорињо натавонистанд ба Арабистон сафар намоянд. Хушбахтона, як сол баъди ин падарам низ хонаи Худоро зиёрат намуданд. Дар он як сол падарам аз сидќи дил дуо мекард, ки Худованд ўро ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф гардонад. Аммо, меоем ба сари наќли падарам, ки маро мутаассир намудааст. Падарам наќл намуд, њамон соле, ки эшон тавассути шањри Новосибирск хостанд ба зиёрати хонаи Худо сафарбар шаванд, дар фурудгоњи ин шањр як њодисаи аљибе рух додааст. Њодиса чунин аст: Як муйсафеди тахминан 70 - солаи истаравшанї дар ватан чандин сол навбати њаљравиро поида, хостааст сафари Њаљ намояд. Аммо њамон сол зимни сафарбаркунї аз шањри Душанбе бинобар баъзе "хатогї"-њо дар њуљљатгузорињояш ўро аз сафари хонаи Худо бозгардонида, ин корро то соли оянда мавќуф гузоштаанд. Муйсафед ноумед шуда, ба Истаравшан баргаштааст. Соли дигар муйсафед бо њамдењагону хешу аќрабо хайру хуш карда, боз нияти сафари Њаљ намудааст. Мутаассифона, ин дафъа низ чун соле пеш сафари вай то шањри Душанбе давом намудаасту халос. Боз ба ким - кадом як сабаби номаълуме масъулин монеъи сафари вай ба шањри Макка шудаанд. Ин дафъа муйсафед хеле ѓамгин шуда, гириста, бо чашмони аз гиря варамкарда ба хона бозгаштааст. Ин њолатро дида, фарзандону наздикон барои сабукшавии дили муйсафед масъулин ва он афродеро, ки монеъи сафари муйсафед шудаанд, дашному бадгуї кардаанд. Аммо муйсафед мегуфтааст, ки ман аз њељ кас домангир нестам, танњо њайронам, ки чаро Худованд намехоњад, ки ман Њаљ кунам. Чаро Худованд намехоњад, ин кореро, ки ман аз сидќи дил азм кардааму дар ин охири умрам мехоњам онро ба љо оварам, насиби ман гардонад. Худоё, ман чи гуноњ кардам, гуён муй-
сафед мегиристааст. Овозаи гиряву яъси муйсафед ба гўши як фарзанди вай, ки дар шањри Новосибирск кору зиндагї мекардааст, расида, фарзанд хостааст, муйсафедро ин дафъа тавассути ќаламрави Русия ба Њаљ равона созад. Њамин тавр, дар давоми як сол тамоми њуљљатгузорињои сафари Њаљро тайёр намуда, муйсафедро як моњ ќабл аз сафар ба шањри Новосибирск овардаанд. Муйсафед бо дуову ибодатњои шабонарўзї боз нияти Њаљ намудааст. Инак, њама њуљљатгузорињо дуруст баромада, корњои пеш аз сафар анљом дода шуда, чиптаи њавопаймо харида шудааст, фаќат як кори дигар мондаасту халос: пагоњ соати 12:00 ба фурудгоњи шањри Новосибирск њозир шудану ба њавопаймо нишастан. Муйсафед "Худоро шукр"-гуён, аз бегоњ ба тамоми хешу аќрабо занг зада, Худоњофизї мекунад. Сањар фарзанд ба мошини худ каме барваќттар њамроњи муйсафед сўи фурудгоњ њаракат мекунанд. Аммо чї мегуед, ки ин бор низ њодисае сафари муйсафедро халалдор месозад. Ин дафъа њолате рух медињад, ки на муйсафед ва на фарзанди вай гуё интизори он набуданд. Дар роњ ба суи фурудгоњ садамае рух медињад, ки роњњо вобаста ба он тамба (пробка) мегарданд ва муйсафеду фарзанд сари ваќт расида натавониста, њамаги понздањ даќиќа баъди парвози њавопаймо ба фурудгоњ мерасанд. Муйсафед анљомњои сафар дар даст аз мошин то назди кормандоне, ки чиптаро ба ќайд мегиранд, бо чашмони мањзуну бо хотири парешон медавад. Аз байни анбуњи одамон ба зўр гузашта, њамроњи фарзанд саросема чиптаро ба корманди фурудгоњ дароз мекунанд. Корманд мегўяд, ки мутаассифона, шумо дер кардед, њамагї 15 даќиќа пеш њавопаймо ба осмон парид. Ин суханро аз забони корманди фурудгоњ муйсафед шунида, дигар сабру тоќаташро гум менамояд ва косаи лабрезшудаи андуњи дилаш беихтиёр ба рехтан сар мекунад. Муйсафед анљомњояшро ба замин патофта, рў ба рўи кормандони фурудгоњ дар назди анбуњи одамон ба замин нишаста, бо овози баланд ба нолакунї медарояд. Ў даст ба осмон бардошта, бо овози баланд ва оби дидаи шашќатор мегиряд. Талх мегиряд муйсафед, аз дилу љон мегиряд: "Худоё ман чи гуноњ намудаам, ки маро ба Хонаи худат роњ намедињї, Худоё чаро маро лоиќи Њољї шудан намебинї, маро бубахш эй Худо. Охир аз умри ман кам мондаРаиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
аст. Кай маро лоиќи Њаљ кардан мебинї? Маро бубахш, эй Парвардигори оламиён. Њар гуноње кардаам, тавба мекунам. Охир намедонам, ки гуноњам чист". Ин нолањои муйсафед анбуњи одамонро ба атрофи ў љамъ мекунанд. Писар низ дар назди падар мегиряд, дилаш ба падаре, ки чандин сол боз орзуи хонаи Худоро дораду бо њар сабабе наметавонад сафари Њаљ кунад, месўзад. Кормандони фурудгоњ ва одамони гирду атроф сабаби нолањои зори муйсафедро аз писар мепурсанд. Писар чи тавр дар орзуи Њаљ будану чи тавр бо њар гуна сабабњо ду сол боз аз сафар бозмондани муйсафедро ба мардум мефањмонад. Мусофирони фурудгоњ намедонистанд, ки муйсафедро чи тавр тасалло дињанд. Вай њамоно даст бар осмон бардошта, бо овози баланд нола мекард ва аз Худованд пўзиш мепурсид. Оби дидагонаш руяшро шуста, бо торњои риши сафедаш поён мешуданд. Ин њолат бисёрињоро ба риќќат овард. Як зани корманди фурудгоњ, ки чиптањоро мањз ў дида ба парвоз рухсат медодааст, ањволи муйсафедро дида, ашк аз дидагонаш мебарояд. Њама кормандон аз њолати муйсафеди тољик андуњгин мешаванд. Аммо, чанде баъд, њодисае рух додааст, ки њељ кас интизори он набудаанд. Нохост як корманди фурудгоњ давон - давон сўи муйсафед меояд ва ба ў мегуяд, ки бас кун гиряро, ки Худованд дуои туро шунид ва ту акнун сафар мекунї. Муйсафеду фарзанд њайрон мешаванду намедонанд, ки чї њолат рух додааст. Баъд корманд онњоро ба тафсил мефањмонад, ки њавопаймое, ки муйсафед бояд дар он савор мешуд, ба њаво парида, дар осмон чархњояш пўшида нашудаанд. Бинобар ин, њоло ба замин мефарояд ва чархњояшро дуруст намуда, баъд парвоз хоњад намуд. "Худоро шукр" мегўяд муйсафед ва ашки чашмонашро поккунон аз љой мехезад ва њамроњи фарзанд барои аз ќайд гузаштан мераванд. Кормандони фурудгоњ њама аз ин њолат хурсанд шуда, ба муйсафед "наконец - та" ту сафар мекунї, мегуянд. Њамин тавр, њавопаймо барои чархњояшро дуруст намудан ба замин менишинад. Муйсафед ба он савор шуда, њамроњи дигар сафаракињо ба зиёрати хонаи Худо ба Макка меравад. Имрўзњо, ки бархе аз сафарињои хонаи Худо бо сабабњои навбаташон наомадан ва ё дар ќуръапартої барои сафар номашон наафтодан ба хонаи Худо сафар карда наметавонанд, бояд ноумед нашаванд. Ягона чизе, ки онњоро ба маќсад ноил месозад, ин дуо аст. Дуое, ки сидќан пеши Офардгор карда мешавад. Касе, ки сидќан ба коре азм мекунад, њатман ба маќсад ноил мегардад. Чуноне, ки муйсафеди Истаравшанї ба орзуи худ расид.
Олимљон САФОЛОВ
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Гулбањор МАЊКАМОВА, муовини раиси кулли ширкати "Имон Интернешинал" ва вакили тозаинтихоби Маљлиси вилояти Суѓд: - Њељ амбитсияи сиёсї надорам. Њадаф ин аст, ки мехоњам чењраи нави депутатро муаррифї кунам. Самимона мегўям. Мехоњам як сайти депутатии худро боз кунам, дар он як ќабулгоњи интернетї ташкил кунам. Њама дархостњои расидаро омўхта, онњоро ба таври муассир ба њукумат бирасонам. - Ин љо ба Шумо "Имон" не, муаллима, ин љоро Маљлиси вилоят мегўянд! Хуб, канї як бинед - чї... Њикматулло НАСРИДДИНОВ, вазири пешини хољагии обии Тољикистон: - Бале, баъзан дар барои мансабњои фарзандон вазирону сафирон менависанд, вале фарзанди ман замоне ба ин маснад расид, ки ман рўйи ягон маќом набудам. Вай корро аз соњаи гумрук шуруъ кардааст. Як сол кор кардаву гуфт, ин љойи ў нест ва ифлос аст. Баъд рафт вазорати корњои хориљї, 17 сол кор кард… њоло ба њайси сафир дар Австрия фаъолият дорад. - Раис, сирро фош карда мондед - да. Бартер шуда будаасту мо бехабар. Мо гуфтем, ин њизбу њаракатњои Шумо куљо шуданд? Шукурљон ЗУЊУРОВ, раиси Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Мо, намояндагони парлумонњо, ба раванди демократї, ќонунњои љомеаи шањрвандї такя карда, вазифадорем ислоњоти демократиро дар кишварњоямон фаъолона пеш барем, сулњу адолатро таъмин созем, терроризм ва ифротгароии мазњабиро решакан намуда, ќонунњои худро таќвият ва самти идоракунии давлатро бењтар гардонем. - Даќиќан чунин аст, раис! Террорист коммунист нањзатї чї кор мекунад дар парлумон? Норбибї ДЎСТМУРОДОВА, эњсонкор аз ноњияи Ѓончї - Синну солам ба љое расида, ќуввати то Каъба рафтанам кам мондааст. Ба худ андешидам, нашавад, ки ба Њаљ рафта, дар як кунље нишаста, боз гашта биёям. Хостам, аз ин дунё дасти холї наравам ва онро барои њалли мушкили њамдењањо харљ кардам. - Холаљон, њамун њаљ рафта, як кунљба шишта меомадед, хуб мешуд. Ин ќадар рекламаатон карданд, ки гўё Тољикистон ба "дањгона" - иќтисодњои бузурги љањон ворид шуда бошад. Давлатшоњ ГУЛМАЊМАДЗОДА, раиси вилояти Хатлон: - Барои барќарор кардани ин пул (Пули вайроншудаи Ёвон) миллион доллар даркор аст, ки чунин маблаѓ на дар буљети ноњия аст ва на дар буљети вилоят. Инљо як роњњал аст. Лоиња тартиб дода, ба инстутњои молиявии байналмилалї пешнињод кардан лозим аст то кредит барои барќарор кардани пул гирифта шавад. Вале барои баргардонидани ќарз зарур меояд, ки равуо аз болои пул пулакї шавад. - Раис, мо њам ба њамин фикр! Пули 100 - њазораро ба 1 милён сохта, боз онро пулакї карда, якбора миллионњо ба даст овардан даркор. Ин бизнеси нав шудагї. Тараќќиёт - дия. Дигар чї кор њам кунем?
Сюзан ЭЛЛИОТТ, сафири ИМА дар Тољикистон: - Њарчанд дар њоли њозир вазъ дар Душанбе ором аст, аммо аз шањрвандони Амрико хоста мешавад, аз сафар тариќи роњ ба берун аз Душанбе худдорї кунанд. Чун дар атрофи пойтахт амалиёти неруњои давлатї идома дорад. - "Аз чумчуќ тарсї, арзан накор"... Моба њамин хел гапњо њаст, маълимаљон!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09