Нигох №25 (407). Сешанбе, 9-уми сентябри соли 2014

Page 1

Гуфтугў дар бораи њуввияти эронї ва тољикї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

1

САЊИФАЊОИ 8-9 №25 (407). Сешанбе, 9-уми сентябри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

БО ШОИР

Кай шавад барге ба боѓе хаста аз алњамдхонї САЊИФАИ 12

ГЕОПОЛИТИКА

Осиёи Марказї миёни се ќудрати љањонї САЊИФАИ 10

ЭЊЁИ ТОЉИК Эмомалї Рањмон, Абдуллоњ Абдуллоњ ва Ато Муњаммади Нур ё тољиконро миллати калидии минтаќа мекунанд, ё аз сањна дур мешаванд... НИГОЊЕ БА ТЕАТР

"Хандадорай?!" САЊИФАИ 13

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"Дар ин хона кї калон?" САЊИФАИ 16

САРМОЯГУЗОРИ РОЃУН Чаро худи Тољикистон Роѓунро сармоягузорї накунад?


2

СИЁСАТИ ХОРИЉЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

Эњёи тољик Эмомалї Рањмон, Абдуллоњ Абдуллоњ ва Ато Муњаммади Нур ё тољиконро миллати калидии минтаќа мекунанд, ё аз сањна дур мешаванд...

Он чї дар Афѓонистон мегузарад, набояд дар Душанбе нодида гирифта нашавад. Дар ин њамсоякишвар, ки бино ба маълумоти мухталиф, аз 30 то 40 дарсад тољикон зиндагї мекунанд, бедории тољикї ё эњёи тољикї мушоњида мешавад. Ин шояд ба як раванде табдил ёбад, ки берун аз Афѓонистон њам нуфуз кунад ва то Самарќанду Бухоро ва Фарѓонаву Андиљон расад. Агар се шахсияти матрањ аз ин вазъ дуруст истифода накунанд, љойгоњи тољикон дар минтаќа аз даст хоњад рафт...

Оѓози эътироз Даври дуввуми интихоботи президентї дар Афѓонистон њанўз 14-уми июни соли љорї ба анљом расида буд. Дар ин сабќат ду нафар Абдуллоњи Абдуллоњ ва Ашраф Ѓанї Ањмадзай ширкат карданд. Интизор мерафт, натиљањои интихобот охири њамон моњ маълум ва яке аз онњо президенти Афѓонистон эълон шавад. Аксарият дар дохилу хориљ бар ин буданд, ки Доктор Абдуллоњ баранда мешавад, зеро њанўз дар даври аввал 41,89 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд. Дар даври дуввум, ба ў номзадњои ќаблї - Залмай Расул, Устод Сайёф ва Гулоќо Шерзай, ки мутаносибан 9,83, 5,07 ва 2,20, љамъ беш аз 15 дарсади раъйњоро ба даст оварда буданд, пайвастанд. Ба Ашраф Ѓанї Ањмадзай, ки 37,60 дарсади раъйњоро ба даст оварда буд, номзадњои дигар - Ќутбуддин Њилол (2,67%), Довуд Султанзуй (0,48%) ва Њидоят Амин Арсало (0,27%) њамроњ шуданд. Таносуби ду тим наздики 58 ба 42 дарсад буд, аммо пас аз даври дуввум, Комиссияи интихоботи Афѓонистон Ашраф Ѓанї Ањмадзайро бо гирифтани 56,44% ройњо ѓолиб ва Абдуллоњ Абдуллоњро бо 43,56% маѓлуб эълон кард. Ин њол эътирози шадиди љонибдорони Абдуллоњ Абдуллоњ дар тими "Ислоњот ва њамгирої" - тарњи тољикиро ба бор овард. Онњо эълом доштанд, ки рањбари бо роњи таќаллуб ба ќудрат меомадаро ќабул надоранд, ба болои ин, тањдид карданд, ки њукуматро дар вилоятњо ба даст гирифта, њукумати худро эълон мекунанд. ИМА барои њалли буњрон ба Кобул Љон Керриро фиристод, то љонибњоро созиш дињад. Тавофуќ ин шуд, ки як њукумати вањда-

«

ти миллї ба миён ояд. Бар асоси он, ѓолиб президент мешавад ва барои маѓлуб курсии раиси иљроия, чизе монанд ба сарвазирро эљод мекунанд. Њарду бояд як њукумати вањдати миллиро ба вуљуд меоварданд. Инро "Тањаввул ва тадовум" - тими паштунии Ашраф Ѓанї Ањмадзай напазируфт.

"Эњёи тољик" Аммо дар ин байн тањрикоте дар Афѓонистон мушоњида мешаванд, ки агар норизоиятї аз ин вазъро ба намоиш гузорад, аз сўи дигар, хориљ аз вазъ ва реша дар таърихи дуртар дорад. Чанде пештар дар шимоли Афѓонистон волии номдори Балх Ато Муњаммади Нур эълон кардааст, ки дар њоли бо таќаллуб ба сари ќудрат расидани президенти Афѓонистон њукуматро дар вилоят ба даст мегирад ва аз Кобул итоат намекунад. Дар Шимолї - ќисмати шимолии Кобул вилоятњои тољикнишини Панљшер ва Парвон гуруњњои низомие шакл мегиранд, ки тањрики худро "Растохези Њабибуллоњи Калаконї" ном кардаанд. Муборизаашонро "Љанги халќ" унвон нињодаанд ва бино ба овозањо, онро Генерал Бобољон, њоло сарвари пулиси Бадахшони Афѓонистон роњбарї мекунад. Њабибуллоњи Калаконї, зодаи Парвон ва аввалин тољикест, ки дар Афѓонистон ба ќудрат расидааст. Ў соли 1929 Амонуллоњхонро аз ќудрат дур карда, њукуматро дар Кобул ба даст гирифт (њамон соли Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикстон њам ташкил шуд). Аммо пас аз як сол Нодиршоњ ба кўмаки хориљї, минљумла Иосиф Сталин ба Кобул омад, ќудратро соњиб шуд ва Њабибуллоњи Калакониро ба дор кашид.

Аз ин хотир, ба ќудрат расидани Ашраф Ѓанї Ањмадзай маънои шикасти тољикњоро дорад. Интихобот, бидуни бањс, ѓолибу маѓлуб дорад. Аммо он чї рўшан аст, ин аст, ки Ашраф Ѓанї Ањмадзай бо роњи таќаллуб пирўз меояд. Далели мантиќии тољикон њам ин аст, ки паштунњо 300 сол ба ин сў дар Афѓонистон њукумат мекунанд ва њоло инро ќабул надоранд, ки як ѓайрипаштун сари ќудрат меояд. Суол ин аст, ки пас чї фарќ мемонад миёни њукуматњои шоњиву демократияи имрўзи Афѓонистон?

«

Чаро "Растохези Њабибуллоњи Калаконї"? Тољикони имрўзи Афѓонистон бар инанд, ки Нодиршоњ Њабибуллоњхонро бо роњи фиреб ба дом андохт ва нобуд кард. Ба гумони онњо, њоло њам вазъе ба вуљуд омадааст, ки паштунњо дигарбора мехоњанд тољиконро фирефта, њукуматро ба даст гиранд ва на фаќат. Ба гумони онњо, пас аз ба ќудрат расидани Доктор Ѓанї тамоми рањбарони тољикон аз байн бурда мешаванд ва ба њамин паштунизатсия кардани Афѓонистон, ки дар замони Толибон оѓоз шуда, ба навњаи дигар дар даврони Њомид Карзай идома дошт, ба марњалаи нињоии худ мерасад. Ин раванд, аз љумла куштори нухбагони тољикро дарбар мегирад. 9-уми сентябри соли 2001 роњбари харизматики тољики Афѓонистон ва эътирофшуда аз сўи тољикони Тољикистону Ўзбакистон, Ањмадшоњи Масъуд террор шуд. Соли 2011 якбора тољикони Афѓонистон се фармондењи маъруф ва як рањбарро аз даст доданд. 30-юми июн генералњо Муњаммаддовуди Довуд ва Шоњљањон Нурї, 20-уми сентябр Бурњонуддин Раббонї - рањбари Љамъияти исломї, танзими умдатан тољикї ва амалан рањбари маънавии тољикони Афѓонистон дар пайи њамлањои террористї кушта шуданд. Њамон сол боз як лидери тољикон - Мавлоно Саидхелї низ кушта шуд. Соли равон аввалин маршали тољику Афѓонистон - Фањими Ќасим њам оламро падруд гуфт. Дар бораи куштори нухбагон дар Афѓонистон ду андеша роиљ аст, ки тибќи аввалї, Покистон мехоњад майдонро аз онњо холї кунад, зеро њамагї муќобили сиёсатњои ин кишваранд, яъне сухан дар бораи тољиккушї нест, балки афѓонкушї аст. Масалан, њатто наздикони Њомид Карзай - як бародар ва як амакбачааш низ кушта шуданд. Ё Њољї Абдуќадир, як фармондењи маъруф аз Љалолобод низ террор шуда буд. Ва андешаи дувум, ки бар асоси он Ѓарб паштунњоро аз муттањидони асосии худ дониста, пешвоёни тољикон-шарикони табии Русияву русњоро дар минтаќа њадафмандона нобуд мекунанд.

Набарди паштун ва тољик Аммо њоло вазъ таѓйир хўрда, њисобу китобњо дар сатњи љањонї сари Афѓонистон њам дигар шудаанд. Ва аз ин, ки сари ќудрат дар Кобул кї хоњад омад, сарнавишти миллатњои солњо ба ин сў даргири ин сарзамин рўшан мешавад. Лидерони асосии њазорањо ва ўзбакњо - Халил Халилї ва Абдурашид Дустум худро дар канори Ањмадзай гирифтаанду Узбакистон ошкорову нињон аз Дустам пуштибонї мекунад. Ањмад Зиё Масъуд, бародари Ањмадшоњи Масъуд низ узви ин тим аст, аммо ўро наметавон намояндаи манофеъи тољикони он кишвар хонд. Ба истилоњ, ўро он љо танњо насаби "Масъуд" мавќеият дода, на хостањои як миллат. Бо ин вуљуд, ин як тими паштунбунёд њисоб мешавад. Тољикон бо Доктор Абдуллоњ њастанд. Мавсуф паштун аст, аммо дар миёни тољикон ва дар канори Ањмадшоњи Масъуд бузург шуда, њатто аз сўи њамќавмони худаш тољик шинох-

та мешавад. Бино ба Паштунволї - кодекси ахлоќи миллии паштунњо, паштун метавонад забони паштуро надонад, аммо њатман бояд андеша ва манфиатњои миллати паштунро асл ва њадафи зиндагї донад. Аз сўи дигар, Доктор Абдуллоњро њам тољикон шахсият карданд. Имрўз тамоми чењрањои шинохтаи тољик - Исмоилхон, Салоњуддин Раббонї, Ато Муњаммади Нур, Амруллоњи Солењ, Генерал Бобољон, Басир ва Аюби Солангї ва дигарон дар канори ўянд. Аз чењрањои дигар, паштунњо - Мањмуд Карзай, бародари Њомид Карзай, Абураб Расули Сайёф, чењраи матрањи љињодї, Залмай Расул, Саид Ањмад Гелонї, роњбари дигари њазорањо - Муњаммади Муњаќќиќ ва аз чењрањои ўзбак - Генерал Абдумалик ўро њамроњї мекунанд. Аммо ин тим моњиятан тољикї аст.

Интихоби таърихї Аз ин хотир, ба ќудрат расидани Ашраф Ѓанї Ањмадзай маънои шикасти тољикњоро дорад. Интихобот, бидуни бањс, ѓолибу маѓлуб дорад. Аммо он чї рўшан аст, ин аст, ки Ашраф Ѓанї Ањмадзай бо роњи таќаллуб пирўз меояд. Далели мантиќии тољикон њам ин аст, ки паштунњо 300 сол ба ин сў дар Афѓонистон њукумат мекунанд ва њоло инро ќабул надоранд, ки як ѓайрипаштун сари ќудрат меояд. Суол ин аст, ки пас чї фарќ мемонад миёни њукуматњои шоњиву демократияи имрўзи Афѓонистон? Хашми тољикњо аз ин аст, ки бори сеюм мешавад аз дасти онњо пирўзиро рўйрост медузданд: бори аввал, дар интихоботи президентии соли 2009 Њомид Карзай амалан сабќатро ба Доктор Абдуллоњ бохта буд; бори дуввум, дар даври аввали интихоботи имсол ва бори сеюм, дар даври дуввум. Ваќте Ато Муњаммади Нур суол мегузорад, ки "чаро аз дасти мо бояд пирўзињоямонро бидузданду мо хомўш нишинем?" мантиќї аст. Ин њам хулосаи мантиќї аст, ки интихоботњои солњои ахир дар Афѓонистон як њаќиќатро ошкор мекунанд: тољикњо ва љонибдорони онњо дар Афѓонистон бар хилофи андешањои пешин, ки ин кишвари паштунбунёд аст, ќавї шудаанд. Шояд Устод Ато, ки аз ў "Масъуди Сонї" ном мебаранд, натиљагирии дигар дорад: ваќти он расидааст, ки тољикон аз худ дарак дињанд ва собит кунанд, ки дар Афѓонистон онњо на аќќалият, балки аксарият њастанд ва ќудратњои љањонї бояд бо онњо созиш кунанд. Дар гузашта њам Инглис ва њам Шўравї такя бар паштунњо мекарданд, зеро чунин шуморида мешуд, ки онњо нерўи №1 дар Афѓонистонанд ва бидуни онњо, намешавад роњ ба ин кишвар ёфт. Таќрибан њама њукуматњои Русияи тсезорї ва Шуравї, минљумда бар асоси назарияи авруосиёгарї паштунњоро њамчун ќавми кучї дар муќобили тољикњои шањрнишин ва ориётабор медиданду аз ин омил истифода мебурданд. Њоло интихоботи президентии Афѓонистон собит кард, ки тољикон ба ќувваи њалкунандаи сарнавишти ин кишвар табдил ёфтаанд ва ќудратњо бояд онњоро бишносанд. Ќудратњо њар барномае, ки доранд, бояд бо тољикон мувофиќат кунанд, аз љумла


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

инро, ки аз ин ба баъд дар Афѓонистон кї бояд сари ќудрат бошад. Доктор Абдуллоњ дар мулоќот бо Љон Керри, вазири хориљаи ИМА гуфт, ки њатто аз як раъйи мардуми Афѓонистон нахоњад гузашт. Лањни ў рўз ба рўз ташдид меёбад ва аљаб нест, ки сигналњоеро њам аз хориљу дохил мегирад, то дар мавќеаш устувор бошад, зеро муомила бузургтар аз як курсии президентї аст. Њисоби Устод Ато сари як исёни маданї ва дар њоли зарурат низомї бар ин аст, ки дар њоли ба ќудрат расидани Ашраф Ѓанї Ањмадзай ва кўшиши ба сифр баробар кардани наќши ѓайрипаштунњо дар Афѓонистон мардуми ўзбак аз пайи Абдурашид Дўстум ва ќисмати умдаи њазорањо аз паси Халил Каримї нахоњанд рафт. Дар сафњаи фейсбукии Устод Ато њамарўза гузоришњо дар бораи мулоќотњои ў бо намояндагони ўзбаку туркманњо ва дигар ќавмњои Афѓонистон пахш мешавад. Дар ин сафња њамчунин гузориш шуд, ки волии Балх фиристодаи вижаи Олмон дар Осиёи Марказї ва Осиёи Љанубї ва сафири ин кишвар дар Афѓонистон мулоќот кард. Њамчунин дар сафњаи волии Балх хабаре пахш шуд, ки Устод Ато ба вилояти Сурхондарёи њамсоя бо Балх ба љашни иди истиќлоли Ўзбакистон даъват шуд. Табиист, ки њукумати Ўзбакистон њам бо ў суњбатњои махфї дошт ва ањдофи нињоии ўро ламс кард ва мехоњад фањмад, ки умќи ањдофаш ба куљо мерасад.

Толиб ва Антитолиб Тошканд Устод Аторо то ин дам њамчун њамкори иќтисодї мешинохт, аммо хеле боз мебинад, ки ў ба як раќиби сиёсаш табдил меёбад. Аммо инро њам истисно намедонад, ки дар оянда бо ў њамкор низ шавад. Чї тур? Иттињоди Ањмадзай - Дустўм бармало нишон медињанд, ки паштунњо ва ўзбакњо домани Амрикоро гирифтаанд ва Ѓарб, ба наќши тољикон дар Афѓонистон ќойил нест. Њамоно Вашингтон мехоњад тољиконро дар наќши антитолиб нигоњ дорад, зеро барои онњо Њомид Карзай ва инак, Ашраф Ѓанї Ањмадзай њам толибанд. Толиб ин паштун аст, чї дар сар амомаву риши дароз дорад ва ё галстук задаву шиму кастюм ба бар кардааст. Њар ду як гуна меандешанд ва њамкори ИМА њастанд. Њардуро њам Покистон ва Инглис эљод кардаву љойгоњашонро таъмин мекунанд. Аммо интихоботи президентии соли 2014 дар Афѓонистон нишон дод, ки бо вуљуди аз миён бурдани физикии Ањмадшоњи Масъуд, мактабњои фикриву тољикон зиндаанд. Масъуд рафт, Ато омад, Ато њам, ки равад, як нафари дигар љойгузини ў хоњад шуд. Ѓарб ва Русия акнун дар баробари як нањзати фикрї ва низомии тољикон дар Афѓонистон ќарор доранд. Бино ба гузоришњое, ки аз Афѓонистон мерасанд, дар шимоли ин кишвар неруњои паштунбунёд - Њизби исломии Гулбуддин Њикматёр ва Толибон њам дар шимол њаракатњоеро ба манзури муќовимат бо Ато Муњаммади Нур, њамчун "Масъуди Сонї" роњандозї ме-

кунанд. Тањрикњои онњо, бахусус, дар вилоятњои ўзбаку туркманнишин - Љузљону Форёб мушоњида шудааст. Соли гузашта Толибон њатто ба марзбонњои Туркманистон њуљум карда, се тани онњоро кушта буданд. Дар чунин њол, таќвияти Толибон ва Њизби исломї дар њудудњои наздик ба Ўзбакистону Туркманистон ба манфиати њарду нест. Эњтимолан ин тањрикњо генерал Абдумалик, раќиби сарсахти Абдурашид Дўстумро ба њузури Устод Ато овард. Агар Ўзбакистон аз хатти ба сўи Ѓарб гирифтааш нагардад њам, ўзбакњои Афѓонистон, бадоњатан, Дустўм њам, бояд ба лагери "антитолибњо" ё ѓайрипаштунњо бипайвандад. Њазорањо низ чунин хоњанд кард. Њоло ИМА ба ин мушкил дучор омада, ки чї тур миёни ду лагер тавофуќ эљод кунад. Ин тавоноиро дорад, чун амалан харљи љињоди њурду алайњи Шўравиро пардохтааст, яъне таљрибаи њамкорї бо ононро дорад. Аз дигар тараф, барномањояш дар минтаќа бояд ба марњалаи дигар гузаранд, аз љумла эљоди пойгоњњои низомї ва дар њоли норизо мондани яке аз љонибњо онњоро наметавонад иљро кунад. Ин вазъи Амрикоро шояд љонибњо дар кардаанд. Абдуллоњ Абдуллоњ ва њам Ањмад Ѓанї Ањмадзай ба љаласаи НАТО дар Брюссел паём фиристоданд, ки дар сурати интихоб шуданашон пойгоњњои низомии паймонро дар Афѓонистон иљоза медињанд. Ин паём аз љониби элитаи тољикони Афѓонистон ба ин маъност, ки мо душмани Ѓарб нестем, агар чунин мешуморед, пас Абдуллоњ Абдуллоњ бояд президент шавад, агар нашуд, майдон аз далер аст. Амрико њам хуб дарк мекунад, ки тољикон дар њоли бароварда нашудани манофеашон домани њамкори дигарро мегиранд. Ин њамкор, ќабл аз њама, дар симои Созмони њамкорињои Шонгњой (Шанхай) таљассум ёфтааст. Ин созмон њанўз соли 2001 ба ИМА паём фиристода буд, ки аз вурудаш ба Афѓонистон ва саркўб кардани терроризм љонибдорї мекунад, вале аслан намехоњад, ки АИМА барои њамешагї ин љо бимонад. Бахусус, эљоди пойгоњњои низомии Амрикову НАТО-ро, ки то 11 адад њисоб карда мешаванд, лидерони СЊШ - Чин ва Русия аслан ќабул надоранд. Аљаб нест, ки аз хеле пеш бо тими Доктор Абдуллоњ онњо низ музокира карда, аз ў пуштибонї кунанд ва њоло он чї дар музокирањо сари њукумати вањдати миллї дар Афѓонистон мегузарад, манфиатњои ин ду низ матрањ мешаванд.

Шанси охирин Њоло он чї воќеият аст, ин аст, ки тољикон дар њоли гузаштан ба муќовимат алайњи њукумати паштунњо ва ўзбакњо дар Афѓонистон њастанд. Њамин тавр бањси интихоботи Афѓонистон ба кишварњои дигар, аз љумла, Тољикистон њам давр мехўрад. Ба миссияи таърихии Абдуллоњ Абдуллоњ ва Ато Муњаммади Нур њукумати Тољикистон тањти рањбарии Эмомалї Рањмон низ њамроњ мешавад, њарчанд ахирї хомўшї ихтиёр кардааст. Ин се шахсият ё тољиконро ба тахт мешинонанд, ё барои

«

Иттињоди Ањмадзай - Дустўм бармало нишон медињанд, ки паштунњо ва ўзбакњо домани Амрикоро гирифтаанд ва Ѓарб, ба наќши тољикон дар Афѓонистон ќойил нест. Њамоно Вашингтон мехоњад тољиконро дар наќши антитолиб нигоњ дорад, зеро барои онњо Њомид Карзай ва инак, Ашраф Ѓанї Ањмадзай њам толибанд. Толиб ин паштун аст, чї дар сар амомаву риши дароз дорад ва ё галстук задаву шиму кастюм ба бар кардааст.

дарозмуддат аз тахт мањрум месозанду худ низ аз сањфањои таърихи сиёсї руфта мешаванд. Аз љумла, ин се лидерро лозим аст, ки дар муњлати кутоњ ва бар асоси неруњои низомие, ки дар ду кишвар доранд, як артиши амалан тољикиии иборат аз 60- 70 њазор нафарро дар ду суи Ому ба вуљуд оранд, то кафолати низомии њузури тољикон дар сањна дода шавад. Онњоро дар ин маврид Чин ва Русия низ бояд љонибдорї кунанд, зеро аввалї бад-ин васила муќовиматњои исломиён дар ѓарби кишваррро хотима бахшида, бозорњои нав мекушояду Русияи путинї наќшу љойгоњашро дар минтаќа дар такя бо тољикон-шарикони табии русњо таќвият мебахшад. Агар не, хатари аз миён бардоштани њар се ва ба њамин минвол, бесару сарвари кардани тољикон дар минтаќа дар се-чор соли ахир амалї мешавад ва Русияву Чин аз тањаввулоти Афѓонистон дар канор монда, дар оянда умуман таъсирашонро дар ин кишвари калидї гум кунанд. Дуруст сиёсате, ки ИМА дар њамдастї бо Инглистон, Покистон ва Ўзбакистон чанд сол ба ин сў роњандозї мекунанд. Нигаронї аз омадани Ашраф Ѓанї Ањмадзай дар миёни тољикони Афѓонистон њам ин аст, ки ў дастнишондаи Покистону Инглистон ва ИМА шинохта мешавад ва мантиќан ин се кишвар сари ў дар амри поксозии Афѓонистон аз нухбагони саркашу мустаќил њисоб мекунанд, чун то инњоро аз миён набардоранд, тарњњояшон њам пеш нахоњад рафт. Тарњи онњо њамоно интиќоли љанги Афѓонистон ба он тарафи Ому - Осиёи Миёна аст. Минтаќае, ки ќаламрави нуфузи Русия мањсуб мешавад ва дар њамсоягї бо Чин ќарор дорад. Аз ин хотир, нишасти сарони СЊШ дар Душанбе на фаќат барои њукумати Эмомалї Рањмон ва Русияву Чин, балки барои тољикони Афѓонистон, њамкори билќувва ва воќеии ин созмон низ муњим аст. Хеле муњим аст, ки оё дар ин нишаст русњову чинињо ба амрикоињо дарро нишон медињанд, ё не. Дар нишасти сарони СЊШ бояд мўй аз хамин људо карда шавад. Масалан, Ўзбакистон маълум кунад, ки бо кист - НАТО ё СЊШ, чун мавќеи њарду дар мавриди Афѓонистон мухолиф аст. Кишварњои созмон бояд нињоят мавќеашонро дар масъалаи Укроин муайян кунанд, ки онњо бо Русия њастанд, ё АИМА? Ин њама муносибати СЊШ ба Афѓонистонро муайян мекунад. Табиист, ки Ашраф Ѓанї Ањмадзай дастнишондаи Покистон, Инглистон ва ИМА аст. Абдуллоњ Абдуллоњ паём фиристод, ки ин наќшро ў низ метавонад иљро кунад.

3

«

Агар ќабул накарданд, ба таври худкор, тољикон дар Шимоливу Шимоли Афѓонистон ба њаракат медароянд ва љињоди нав алайњи ѓосибон ва таќаллубкорон шурўъ мешавад. Чину Русия чї кор хоњанд кард? Аз ин нањзат истифода мекунанд ба хотири манофеъи стратегї, аз бањри Афѓонистон мегузаранд ё даст ба кор хоњанд шуд? Агар тарсанд, пас бояд мунтазир бимонанд, ки чї тур Укроин дар Шинљону Тибет ва Ќафќозу Осиёи Миёна такрор мешавад. Бахусус, русњо бояд фаромўш кунанд, ки паштунњо дигар њамкори онњо дар Афѓонистон нахоњанд буд. Аз ин њам бояд хулоса кунанд, ки касе бо паштунњо дар Афѓонистон ба њадаф нарасидааст, аз љумла ИМА низ нахоњад расид. Тањти таъсири Ѓарб рафтани тољикони Афѓонистон њам бар зиёни Тољикистон тамом намешавад, тавре Аврупои Шарќї ва Гурљистон, зиён надиданд. Аммо Русия аз ин њама сахт зиён мебинад. Русия бояд чї кор кунад? Ба ин њама "кўдакбозї", ки бо Тољикистон мекунад, бояд хотима бахшад. Дар интиќоли маводи нафтї, сохтмони неругоњњо бояд аз равзанаи манофеъи чанд олигархи њарисаш нигоњ накунад. Барои муњољирини тољик бояд љойгоњи ќонунї ва муътабар дар Русияро эљод намояд. Мо намегўем, ки ба онњо имтиёз дињад, фаќат њузурашонро дар доираи ќонун ба нафъи худу ба нафъи онњо содда кунад. Дар акси њол, аз заъфаш дар Осиёи Марказї атрофи вилояти Маскавро бояд симхор гирад. Њоло Укроин аз дасташ рафтааст, аљаб нест, фардо Чеченистону Доѓистон њам хоњанд рафт. Таљрибаи ДОИШ ва забти Ироќу Сурия нишон медињад, ки ањромњои нави сиёсати ИМА дар љањон на фаќат ношинос, балки аќлногиранд. Раќси "лезгинка", ки бо карру фар ва ѓурур иљро мешавад, Русияро наљот нахоњад дод. Ин њама воќеиятњоеанд, ки касе, шояд президент Эмомалї Рањмон ба Владимир Путин гўяд. Аммо то рўшан шудани вазъ ин кўшишро ба харљ дињад, ки воќеиятњоро ба Си Љинг Пинг њам расонад, агар не, Тољикистон боз њам объекти сиёсати минтаќавию байналхалќї монда, дигар субъекти ин муносибатњо намегардад, тољикон-миллати тригери маданї дар дарозмуддат шонси ба миллати калидии минтаќа табдил ёфтанро аз даст медињанд ва русњову чинињо батамом аз минтаќа ронда хоњанд шуд. Бозии Бузург нав сар мешавад. Далери ХАЙРУЛЛОЊ Ќиёми НУР


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

МУСОЊИБА

"Дом" барои Президент Сукут дар љавоб ба фарзияњои аблањона, ва њатто сиёсї, ки гўё Маскав нархи бензинро бардошта, дар Тољикистон инќилоб омода мекунад, чї маънї дошта метавонад? Нархи бензин дар Тољикистон зуд зуд, ба њисоби миёна дар ду-се моњи ахир то 35 дарсад боло рафт. Ширкати "Газпромнефт Тољикистон" - духтари ширкати Путин, таќрибан њар фарзияи гоњо њатто аблањонаро, дар бораи сабабњои болобарии нархи сўзишворияш, бо сукут истиќбол мекунад. Расонањои русгаро дар кишвар, бепарво, аз номи ширкатњои русии таъминкунандаи маводи нафтї, менависанд, ки болоравии нархи сўзишворї дар Тољикистон, ба боло рафтани нарх дар Русия ва њатто ба садама 5 моњ пеш рухдода дар Корхонаи Ачинск рабт дорад. Ба далели ин камчинии бензинро њамчунин дар Ќирѓизистону Ќазоќистон мисол меоранд. Пештар Хадамоти зиддининњисории Тољикистон гуфта буд, ки корхонањои коркарди нафти Русия фурўши бебољи сўзишвориро ба ширкатњои Тољикистон ќатъ карда, гўё њамин сабаби боло рафтани нархи бензин шудааст. Аммо тањќиќи андак нишон медињад, ки дар асл бозии ширкатњои алоњида, бо махсусияти гумрукї бозори сўзишвории нафтии Тољикистонро дубора дар ихтиёри ширкатњои русї гузоштааст. Аммо чаро дар нињодњои њукуматї дар ин бора хомўшї ихтиёр кардаанд, аљибтар аст?

Инњисори бозори сўзишворї Дар Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон, ки аллакай аз тобеъияти комили бозори сўзишворї ба ширкатњои русї нигаронї карда, њатто ширкати "Газпромнефт-Тољикистон"-ро гўё зери назорат њам гирифта буд, -мегўянд, тибќи созишномаи байнињукуматї бо Русия, дар тавозуни индикативї, интиќоли то 1 млн. тонна сўзишворї бидуни бољи гумрукї дар назар дошта шудааст. Ба Тољикистон дар шаш моњи аввали соли љорї, њамагї 344 њазор тонна - њамагї 34 фоизи он ворид шудааст. Аммо

«

корхонањои коркарди нафти Русия, аллакай интиќоли бебољи сўзишвориро ба Тољикистон ќатъ кардаанд. Файзалї Зарипов, муттахассиси Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон гуфт: Ширкатњое њастанд, ки бо дархости онњо корхонањои коркарди нафти Русия аллакай 1 млн. тонна сўзишвориро ба Тољикистон декларатсия кардаанд. Яъне фаќат њамин ширкатњо метавонанд ин сўзишвориро, ки аллакай фармоиш шудааст, ворид кунанд. Дигар ширкатњои наметавонанд аз корхонањои Русия сўзишвории бебољ дастрас кунанд,-мегўяд Файзалї Зарипов. Ширкатњои воридкунандаи сўзишворї, имкон доранд, бо пардохти беш аз 300 доллари ИМА бољи гумрукї барои њар тонна сўзишворї аз корхонаи коркарди нафти Русия харидорї кунанд. Ин нархи сўзишвориро ба маротиб боло хоњад бурд.

Назари коршинос Коршинос Рустам Самиев мегўяд: "Айб дар созишномаи байнињукуматии Русия ва Тољикистон, дар бораи интиќоли бебољи сўзишворї аз ин кишвар аст, ки љониби Тољикистон дар он содалавњона фиреб хўрдааст. Маълум мешавад, ки тибќи ин созишнома, ворид шудани маводи сўхти русї ба бозори Тољикистон тамоман шарт нест. Яъне, созишнома имкон медињад, ки миќдори барои Тољикистон зарурии маводи сўхт, ки Русия тибќи созишнома бо њукумат муваззаф аст бе бољи содиротї бифурўшад, дар ин кишвар декларатсия шуда, ширкатњои монополист, дар фурўши он, то ба вуљуд овардани дефитсит ва боло рафтани нарх саросема нашаванд. Ба њамин минвол, бозори сўзишвории кишвар, ки аз он тамоми иќтисоди миллии мо бастагї дорад, пурра ба чанги гуруње афтодааст, ки дар рушди иќтисоди кишвар манфиат њис намекунанд, барои онњо манфиатњои молии худашон болотар меистад."

Сукути њукуматї Дар бораи сабабњои болоравии нархи бензин дар кишвар, масъулини њукуматї, бо вуљуди љиддияти масъала - ќима-

Барои таъмини талаботи дохилї ширкатњои Русия, њаљми содироти сїзишвориро ба кишварњои Осиёи Марказї коњиш доданд, ва ширкатњои воридкунанда њангоми тањвили мањсулоти нафтї, аз љумла сўзишвории дизелї аз корхонањои коркарди нафти Федератсияи Русия дучори мушкилї гардиданд.

«

тии маводи ѓизої ва бекор мондани заминњои кишти такрорї, бехалаи ВАО лаб во намекунанд. Дар Раёсати танзим ва рушди савдои хориљии Вазорати Рушди иќтисод ва савдои Тољикистон мегўяд, ќатъи воридоти бензини русї ба чор омил рабт дорад. "Аз сабаби сар задани садама дар Корхонаи коркарди нафти Ачински минтаќаи Красноярски Русия норасоии он ба назар расида, нархи яклухти маводи сїзишворї дар бозорњои фурїши нафти ин кишвар афзоиш ёфт. "Барои таъмини талаботи дохилї ширкатњои Русия, њаљми содироти сїзишвориро ба кишварњои Осиёи Марказї коњиш доданд, ва ширкатњои воридкунанда њангоми тањвили мањсулоти нафтї, аз љумла сўзишвории дизелї аз корхонањои коркарди нафти Федератсияи Русия дучори мушкилї гардиданд. Инчунин яке аз сабабњои дигари афзоиши нархи сїзишворї ин болоравии ќурби доллари ИМА ва поин рафтани ќурби рубли русї мебошад", -мегўяд Бањром Муродов, сардори ин раёсат. Болоравии нархи сўзишворї дар Тољикистон боиси болоравии нархи тамоми анвои ѓизо ва бекор мондани заминњои кишт гаштааст. Ин масъала, бино ба маълумоти манобеи огоњ, моњи август дар яке аз љаласањои ѓайринавбатї дар Душанбе бо роњбарии Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода баррасї шуда будааст. Аммо натиљаи ин љаласањо ба ВАО - мардум пўшида мемонанд.

Бозии нав зидди иќтисоди милї Коршиносон мегўянд, ширкатњои русї дар бозори мањсулоти нафтии Тољикистон бозии наверо роњандозї кардаанд, ки бар зидди иќтисоди миллї равона шуда, сабаби болоравии нарху наво мегардад, аммо њукумат дар баробари онњо чораи муассир андешида наметавонад. Фарзияи дигари аблањона, интиќоли ѓайриќонунии маводи сўхт ба Афѓонистон аст. -Тибќи шартнома Тољикистон њаќќи интиќоли маводи сўзишвории бо шартњои имтиёзнок воридкардаашро аз Русия ба кишварњои сеюм надорад. Овоза пањн мекунанд, ки беш аз 60 дар сади сўзишворї, ки бино ба маълумоти хадамоти гумрук ба кишвар ворид нашудааст,

ѓайриќонунї гўё ба Афѓонистон интиќол ёфта бошад. Беш аз 90 дар сади сўзишворї ба Тољикистон аз Русия оварда мешавад. Беш аз 90 дарсади он монополияи ширкатњои Русия аст. Шорењон ин болобарии нархи бензинро - фишор барои вуруди Тољикистон ба "Союз"-и нави путинї - Иттињоди гумрукї номида буданд , ки ба гуфтаи њамин коршиносон, дар њоли њозир барои Душанбе њаммаънои "марг"-и иќтисодї аст. Њоло монополистони бозори маводи сўхти кишвар, аз Эмомалї Рањмон дархост кардаанд, ки ба гуфтушуниди наве бо њукумати Русия, барои пешгирї аз буњрони шадиди сўзишворї ва мутаносибан ќиматии озуќаворї омода шавад. Ўро як навъ њушдор њам медињанд, ки нархи сўзишворї дар кишвар рўзњои наздик аз 7 сомонї њам боло меравад. Ин ширкатњо, ки њукумату президент њам, аз афти кор аллакай ба домашон афтодааст, мехоњанд андозбандиии онњоро кам кунад.

Саволи боб Андозбандии давлат аз воридоти маводи сўхт дар њаќиќат хеле баланд аст. Дар њаќиќат бояд андозњо поин бурда шаванд, аммо оё бо поин бурдани пардохтњои њатмї, натиљаи дилхоњ ба даст хоњад омад, ё не? Феълан аз Русия, бино ба ќавли ширкатњои таъминкунандаи сўзишворї, бе бољи гумрукї як тонна сўзишворї то сарњади Тољикистон бо нархи 960 доллари ИМА мерасад ва бо назардошти пардохт ва андозњои дохилї нархи он ба њазор доллари ИМА барои як тон баробар мешавад. Дар Тољикистон барои њар тонна 1% харољоти гумрукї, 50 евро, муодили 70 доллари ИМА андозї аксиз ва 18 фоиз андоз аз арзиши иловашуда ситонида мешавад. Дар умум, барои мисол як тонна бензин ба Тољикистон бо нархи 1240 доллари ИМА, ворид мешавад. Агар як тон бензин ба 1340 литр баробар бошад, нархи як литр бензин 4,6-4,7 дирам бояд бошад. Аммо ширкатњои фурўши сўзишворї дар Тољикистон феълан бензини навъњои АИ-92-ро бо нархи 6,0-6,2 сомонї, АИ-95ро бо нархи 6,8-7,0 сомонї ба фурўш гузоштаанд. Фаромарзи ФОЗИЛ


НАВИД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

5

Бонки Љањонї хулосаи нињоии тањќиќи НБО "Роѓун"ро нашр кард. Бунёди ин тарњ аз љониби Бонки љањонї дастгирї ёфта, онро барои ояндаи Тољикистон муњимм арзёбї мекунад. Ва таъкид њам мешавад, ки НБО "Роѓун" комилан бехатар низ мебошад. Аммо Бонки љањонї хулоса кардааст, ки аз нигоњи молї имкони бунёди "Роѓун" аз тавони молии Тољикистон берун мебошад. Бархе аз коршиносон ин иддаои Бонки љањониро иштибоњ номиданд. Онњое њам њастанд, ки ба сармоягузории "Роѓун"-ро дар Русияву Покистон ва њатто Њиндустон умед доранд.

САРМОЯГУЗОРИ РОЃУН Чаро худи Тољикистон Роѓунро сармоягузорї накунад? Парламент Мусаябшо Назриев, вакил ва узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маљлиси Намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барои љалб кардани сармоягузор ба тарњи НОБ "Роѓун" Русияро кишвари муносиб медонад. Ин вакили парламент мегўяд, барои Тољикистон бењтарин шарик дар бунёди ин тарњ Русия буда метавонад. Ба аќидаи : "Русия нисбат ба ИМА барои сармоягузорї кардан ба тарњи Роѓун бењтар аст. Русия он кишвари собиќе нест, ки тарњњояшро дар Тољикистон кашол дињад. Ин корњої кашолкорї ваќту замонашон гузаштааст". - Инчунин, барои сармоягузорї кардан ба ин тарњи миллї мо метавонем, кишварњои дигареро ба мисли Покистону Њиндустон љалб кунем. Покистон то њол чанд маротиба изњори омодгї ба ин тарњро кардааст, вале он мехоњад, ки пули наќд не, балки аз роњњои тањияи ќисме аз мањсулоти сохтмонии дар ин тарњ масрафшаванда, сармоягузорї кунад, - мегуяд вакил. Дар посух ба ин, ки оё метавон ин тарњи миллиро аз тариќи маблаѓгузории мардум, ба мисли фурўши сањмияњои он, ки як бор таљрубаи онро доштем, бизосем, Назриев гуфт: - На, дар њоли њозир шароит ва имкониятњои мардуми кишварамон ба ин сатњ нарасидааст. Роѓунро бояд аз тариќи мабалѓгузории буљавї ва љалби сармояњои дохилию хориљї бунёд кунем. Вай дар посух ба ин, ки љалби тољирони бурунмарзии муваффаќи тољикро ба ин тарњро чї гуна шарњ медињед, гуфт: "Ин фикри

хуб аст, вале барои љалб кардани онњо кор кардан даркор аст. Мо дар њоли њозир дар якљоягї бо ширкати "Барќи тољик" ва Вазорати энергетика ва захирањои оби љумњурї дар ин бора кор карда истодаем, вале ин оѓоз кор аст. Бояд бештари рўи ин тарњи миллї ва љалби сармояњо барои он кор кунем".

Иштибоњи Бонки љањонї Саймиддин Дўстов, раиси Созмони љамъиятии "ИНДЕМ" бардошти Бонки Љањонї дар бораи он, ки Тољикистон дар алоњидагї худ наметавонад НОБ-и "Роѓун"-ро бисозад, нокомил дониста, мегўяд ин бардошт аз манфиатњои корпоративии ин сохтор далолат мекунад. Ин коршинос мегўяд, бо далоили иќтисодї ва сиёсї мешавад ин бардоштро рад кард: "Далели иќтисодї. Барои сохтмони Роѓун њамасола аз 200 то 400 миллион доллари ИМА маблаѓ зарур аст. Бо назардошти он ки тибќи бањогузории коршиносон, минљумла, Сандуќи байнулмиллаии пул, Маљмўи мањсулоти дохилї (ММД)-и Тољикистон дар се соли оянда њам, аз 5 то 7 % афзоиш меёбаду даромади будљаи кишвар дар се соли оянда, аз 15 то 25% афзун мешавад, сармоягузории давлатии "Роѓун" мушкиле нест. Яъне, метавон гуфт, ки дар доираи як стратегияи миёнамуњлати 6-8-сола Тољикистон метавонад худаш Роѓунро бисозад. Вале ин маънии онро надорад, ки ба ин тарњи миллї сармоягузорони дигар љалб карда нашаванд. Сармоягузорон бояд бошанд, аммо на аз кишварњои ИДМ ва на аз созмонњои молии байналмиллалї. Чаро?

Таљрибаи сохтмони НБО "Сангтуда-1"бо Русия ва таъсири манфии њамин тарњ ба муносибатњои давлатї нишон дод, ки бо њамин сатњи менељменти давлатї ва низоми идораи шармандаи "Барќи тољик", ки мо дорем, љалби њамчунин сармоягузор амалан боло бурдани рискњои сиёсиву иќтисодї барои њукумати Эмомалї Рањмон аст ва зидди стратегияи миллии истиќлолияти энергетикии Тољикистон. Њамчунин, љалби маблаѓњои созмонњои молии љањонї ба ин тарњ иштибоњи сиёсї мебуд, зеро онњо гирифтори бюрократия буда, вобаста ба конъюктураи љањониву минтаќавї метавонанд њар замон мавзеъашонро таѓйир дода, шартњои нав ба наве пеш гузоранд. Љалби маблаѓњои онњо барои САSA-1000 ва хати нави интиќоли энергияи барќї ба Афѓонистон салоњтар аст. Роњњали масъала аз нигоњи мо, љалби сармоя аз кишвару сохторњои молии осиёї бо истифода ба истилоњ аз "ресурсный метод" аст. Бо пешнињоди як ё ду кони бузурги маъданњои табиї мо метавонем ба ин тарњ 1 1.2 млрд. доллар љалб кунем. Чинињо ва кореягињо борњо изњор доштаанд, ки ин масъаларо баррасї кунанд, имконоти молии "Эксимбанк"и Чину Корея њам рўзафзун ба назар мерасанду таљрибаи кор бо онњоро мо дорем. Аммо мушкил ин аст, ки тими иќтисодии њозираи њукумат ба ин кор ќодир нест: њич кадоме аз онњо таљрибаи љалби сармоя ба иќтисоди воќеъиро надошта, аз таљрибаи тиљорати байнулмиллалї дуранду таќрибан њамаашон манфиати шахсияшонро аз манфиатњои милливу давлатї болотар медо-

нанд. Аммо одамони нав ин корро зери роњбарии худи Президент амалї карда метавонад. То љаласаи навбатии њукумат њам чор моњи дигар мондааст. Далели сиёсї. Дар як соли ахир агар њама шиорпартої ва ваъдањои Эмомалї Рањмонро љињати сохтмони ин тарњи бузург ба инобат нагирем њам, як амали роњбари давлат баёнгари он аст, ки ў мехоњад НОБ-и "Роѓун"-ро њамчун муњимтарин тарњи давлатии даврони роњбарии худ њифз ва амалї кунад. Гап сари он меравад, ки чанд моњ пештар бо дастури президент ЉС "РоѓунГЭСстрой", ки мутаалиќ ба гуруњи моливу саноатии Њасан Асадуллозода буда, дар заминаи хусусигардонии моликияти "РагунГЭСстрой"-и замони шуравї ба вуљуд омада буд, дубора давлатї гашт. Њамин тариќ, сохторе, ки то 60-80%-и фармоишњои сохтмониро аз НБО-и "Роѓун" мегирифт, яъне бо пудратчиёнаш дар азхудкунии 300-400 млн. сомонї маблаѓњои будљавї даст дошт, ба ихтиёри дирексияи сохтмонии НБО-и "Роѓун" дода шуд. Ин амали санљидашуда аст. Њарчанд, маълум нест, ки барои ин додугирифт маблаѓњои будљавї масраф гаштаанд ё на, аммо ин амал аз иродаи ќавї ва азми президент Эмомалї Рањмон љињати сохтмони "Роѓун" далолат мекунад. Ба ин ду гуруњи далелњо такя карда, банда бар онам, ки бардошти БЉ аз манфиатњои корпоративии гуруњи калони бюрократњои ин созмон бар омада, як навъ нодидагирии имконоту тавоноињои миллии мо аст".

Умари ТОЊИР

САДОИ МАРДУМ

50% ЌИМАТ ШУДАНИ БЕНЗИНРО АЗ БЕЊУНАРИИ ЊУКУМАТ МЕДОНАНД

12%

Намедонам. Дар ин бора фикр накардаам

Фишори навбатии Маскав аст

12%

Бењунарии њукумату нафси бади фурўшандањо аст

5%

Кори дасти "ГазпромнефтТољикистон" аст

13%

Маслињати пинњонии чаканафурўшон аст

1%

Маскав аз Душанбе талаби нав дорад

Истењсолаш гарон шуд

52%

Натиљаи як назарупсї маълум кард, ки беш аз 50 дар сади райдињандагон сабаби болоравии нархи бензинро дар бењунарии њукумату нафси бади фурўшандањо медонанд.

5%

Дар назарсанљии ахири "Нигоњ", ки тањти унвони "Болоравии нархи бензинро сабаб чист?" дар сомонаи Ожонси иттилоотии TojNews.org љараён дошт, 52%-и пурсидашудагон ба варианти "Бењунарии њукумату нафси бади фурўшандањо" нохун задаанд. 13 дар сади респондентон гуфтаанд, болобарии нархи сўзишворї ќазияи сиёсї аст ва "Маскав аз Душанбе талаби нав дорад". Ин дар њолест, ки 12 фисади дигар гуфтаанд, сабаби болобарии нархи бензин далели "Фишори навбатии Маскав аст". 12 дарсади дигар њам баринанд, ки дар болобарии нархи сўзишворї "Газпромнефт-Тољикистон даст дорад".

5 дар сад (34 нафар) аз ширкаткунандагон бар ин боваранд, ки сабаби болоравии бензин "Маслињати пинњонии чаканафурўшон аст". Њамагї 1% (8 нафар)-и раъйдињандагон бар ин боваранд, ки "Истењсоли сўзишворї гарон шуд"-ааст. 5 дар сади дигари иштирокдорони назарсанљии мазкур, гуфтаанд, ки сабаби инро намедонанд ва њатто дар ин бора фикр накардаанд". Ин назарпурсї аз 3 то 8-уми сентябри соли љорї бо супориши нашрияи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "Тољнюс" www.tojnews.org баргузор шуд. Дар он 623 нафар ширкат кардаанд.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

Мардуми ноњияи Њамадонї ободињои аввалинро ба раиси нави ноњия нисбат медињанду, "туф-туф" мекунанд, ки ба ў чашм нарасад? Аксњое, ки дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї гирифтам, дида, шояд онњое, ки дер боз ба ин љо наомадаанд, ин љоро нашиносанд. Њамадонї, метавон гуфт, ки баъди истиќлолияти давлатии кишвар, - дар 23 соли ахир аввалин бор рўйи ободиву ободониро дид. Роњњои ноњия билоохира мумфарш шудаанд, ки пештар дар пасманзари онњо ягон кори дигари њукумат дар ин љо ба назар намоён намешуд. Њафтаи гузашта таъмири 6 км роњњои кўчаи Исмоили Сомонї ва Бобољон Ѓафурови шањраки Маскав ба охир расид. Дар ин кўчањо, солњо боз таъмирро надида буданд, натанњо мошин ба зўр мерафт, балки пойи пиёда афтидан мумкин буд. Чуќричаю кўлмакчањои ин кўчањоро роњ номидан номумкин буд. Акнун руйи онњо метавон лижаронї кард, мегўяд ронандаи мо Зафар ном љавони тахмин 35-сола. Зафар бо ханда мегўяд: "хайрият нафаре виљдон доштааст. Роњњо то маркази ноњия таъмир шуданд. Раиси шахсан дар тоза кардани роњњо иштирок дошт. Агар баъди барфу борон хароб нашаванд, ин љо лижаронї кардан мумкин аст. Бино ба иттилои њукумати ноњияи, дар умум аз бањори соли љорї, ин љо зиёда аз 6,2 км роњи шањрак аз њисоби маблаѓи њукумат мањалї таъмир шуда, бо чароѓњои равшандињї муљањњаз шудаанд. Дар маркази ноњия гуфтањои Зафар тасдиќ шуданд. Бо дастгоњи аккосї ба бунгоњи тибии ноњия, ки дар марказ воќеъ аст, ворид шудем. Роњњои байни корпусњои беморхонаи марказї таъмир ва асфалтпуш шудаанд, назди биноњои маъмурї њам тоза шудаанд, аммо норасоии об эњсос мешавад. Дарахтон ва гулњои назди биноњо хушку пажмурда метобанд. Дар ин љо дар ин ваќт бояд њама љо гулпўш бошад. Боѓи фарњангии Њамадонї њам ободу зебост. Роњњои хиёбони марказиро нашинохтем. Роњњои хароби назди бозори марказї њам таъмир шудааст. Чї метавон гуфт: Мешудааст - ку! Шарт аст, ки њатман Президент ояду, дастур бидињад? Cоли 2010 Эмомалї Рањмон ба ин ноњия сафари корї дошт ва баъди ошної бо њаёти иљтимої ва роњњои таъмирталаби шањраки Маскав супориш дод, ки барои таъмири роњњои марказї 6 миллион сомонї аз тарафи Дирексияи сохтмони дастгоњи иљроияи Президент људо карда шавад. Давоми 21 cоли истиќлолияти кишвар, нахустин бор Боѓи фарњангии ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї азнавсозї шуд. Биноњои нави хушсохти замонавии таваллудхона, филиали бонк ва чандин марказњои савдо ва дўзандагї ба фаъолият оѓоз карданд. Роњбарияти ноњия роњњои пайванд ба љамоату дењотро дар њамкорї бо соњибкорони мањалї таъмир карданд. Аз маркази ноњия то љамоати дењоти Панљруд роњњо таъмир гардиданд. Нусратулло Саилимзода , вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї гуфта

Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон бо паёми телевизионї мардуми кишварро ба муносибати 23-солагии Рўзи истиќлолияти давлатии Тољикистон табрик намуд. Паёми телевизионии Рањмон, шоми гузашта ба воситаи расонањои њукуматї пахш гардид. Эмомалї Рањмон "хурду бузурги Тољикистон" ва "кулли њамватанони бурунмарзї"ро ба ин сана табрик намуда, "ба њар фарди соњибватан хонаи обод, саломативу сарбаландї ва кушоиши кор" орзу кардааст. Ба гуфтаи Президент, соли равон љашни истиќлолро дар остонаи таљлил аз 20 - солагии ќабули Конститутсия, 20 - солагии Суруди миллї ва 600 - солагии Мавлоно Абдурањмони Љомї истиќбол мегирем. Президент таъкид ба он кардааст, ки: "Њарчанд ки истиќлоли мо љавон аст, вале решањои он ба умќи таърихи пурифтихори халќамон мерасанд ва аз муборизањои фидокоронаи њазорон нафар фарзандони далеру ќањрамони миллатамон, ки дар роњи

МУЗОФОТ

МЕШУДААСТ-КУ! буд, ки роњњои њудуди беморхонаи марказии ноњияи Њамадониро аз њиосби маблаѓњои њамин вазорат таъмир кардааст. Хулоса ноњия симои худашро дигар кардааст. Ќодир Валиев дар вохўрї бо мо гуфт, ки тасмим дорад, роњњои пайванд ба љамоату дењоти ноњияро низ дар њамкорї бо соњибкорони мањалї таъмир кунанд. Сокинон мегўянд, Ќодир Валиев, раиси нави ноњияи мазкур, њатто хона ба хона гашта, заминњои наздињавлигии бекорхобидаи онњоро дида, тамоман ноумед шуда будааст. Рамазон Сафаров, сокини ноњия мегўяд, бањори соли љорї раиси ноњия ба хонањои мо омада, аз наздик шинос шуда буд. - Замини наздињавлигиро дид, ки чї коштем? Ба хонаи њамсоя њам даромад. Њамсояи мо, ки дар хона хоб будааст, њамсараш моро бо роњбарияти ноњия дар хона пешвоз гирифт. Њавлии соњибхона бо замини паси хонааш кишт нашуда буд. Дар љойи мо корњои заминро ба уњдаи занону кўдакон мондаанд, мардон Русия мераванд. Омада 2-3 моњ меистанд, корашон асосан хобу тамошои телевизорњои моњвораист. Раиси ноњия мардони љамоати моро танбењ дод, ки чаро аз замин истифода намекунанд. Заминњои Шуморо њам њукумат омада нарм карда, кишт кунад. Тамоман ноумед шуда буд. Аммо њоло дар ноњияи мо њам, чашм нарасад, мардум андаке ободиро диданд. Худо ба њар кас инсоф ва тавфиќ бидињад, - мегўяд Рамазон Сафаров.

ДАР БОЃИ ФАРЊАНГИИ ЊАМАДОНЇ

Мењрбону ОРИФЇ

БИНОИ НАВИ БЕМОРХОНА

ТАБРИК ВА ОРЗУЊОИ ПРЕЗИДЕНТ БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ИСТИЌЛОЛИЯТ озодиву истиќлоли сарзамини аљдодиамон љон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд". Эмомалї Рањмон мегўяд, ки дар 23-соли Истиќлолият ба хеле дастовардњо ноил гардидаем. Ба гуфтаи Президент: "Аз файзу баракат ва нерўи истиќлолият аст, ки мо барои расидан ба истиќлолияти энергетикї, аз бунбасти коммуникатсионї рањо намудани мамлакат ва њифзи амнияти озуќаворї дар муддати начандон тўлонї ба хеле дастовардњо ноил гаштаем ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтњои стратегї рўз аз рўз вусъат бахшида истодаем". Њамчунин, ў даъват ба амал овард, ки "барои эмин мондан аз таъсири омилњои манфии раванди фарогири љањонишавї фарњангиён ва умуман ањли љомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зењни

љавонон инкишоф дињанд, арзишњои миллиро аз тањдидњои хатарбори асри навин њифз намоянд ва вањдати миллиро тањким бахшанд". Ба андешаи Эмомалї Рањмон: "Дар шароити басо мураккабу печидаи љањони муосир њифзи истиќлолияти давлатї ва дастовардњои он вазифаи љонї, масъулияти виљдонї ва ќарзи имонии њар як фарди бонангу номуси миллат мебошад". Ў ба таъкид иброз кард, ки "истиќлолияти фарњангї барои мо баробари истиќлолияти сиёсї азиз аст". Аз ин сабаб, зарур медонад, ки "ар раванди љањонишавї мо бояд забону фарњанги худро њамчун неъмати бебањо ва мероси гузаштагонамон эњтиёт кунем". Эмомалї Рањмон мисли њамеша дар ин

суханрониаш низ аз муњиммияти вањдати миллї ёд карда, гуфт: "Истиќлолияти давлатї ва вањдати миллї ду боли тавоное мебошанд, ки Тољикистонро ба парвозњои баланд њидоят менамоянд. Пойдории вањдати миллї ва сулњу субот дар саросари кишвар ва тараќќиёти њамаи соњањои иќтисоди миллї дар натиљаи хизмати бузургу ќањрамононаи халќи хирадманд, сулњдўст ва бунёдкори тољик ба воќеият табдил ёфт". Дар интињо ифтихор "аз халќи сарбаланд ва бунёдкори Тољикистон" кардааст: "Ман бо халќи сарбаланд ва бунёдкори Тољикистон, бо њиммати баланду эњсоси гарми ватанпарастиаш ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии њамин мардуми шарифу сарбаланд дар солњои наздиктарин њама гуна душворињои рўзгорамонро бартараф мекунем, наќшањои бузург ва ниятњои таќдирсози оѓозкардаамонро амалї мегардонем ва барои њар сокини мамлакат зиндагии аз имрўза бењтару сазоворро фароњам меорем".


ПАЖУЊИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

7

(Давомаш, аввалаш дар шумораи гузашта) Ин њолатро роњбари нави Тољикистон 12уми декабри соли 1992 дар аввалин Мурољиатномааш ба халќи кишвар чунин ифода намудааст. "Халќи мо имрўз душвортарин ва фољианоктарин даврањои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Њаќиќат талх аст, вале мо бояд иќрор шавем, ки ќуввањои муайян сабабгори фољиаи миллат гардиданд. Дар натиља будан ва ё набудани љумњурии соњибистиќлоли мо зери хатар монд. Ранљбарону дењќонон ва равшанфикрони миллат, ки дар фазои дўстиву рафоќат бо њам мезистанд, гирифтори фишору таъќиб шуда, нињоят иљборан ба даст яроќ гирифтанд. Натиљаи љанги бародаркушї ба њама маълум аст. Дањњо њазор одами бегуноњ шањиду маљрўњ шуд. Имрўз халќи тољик дар Ватани худ номи гурезаро касб карда, садњо њазор одам бехонаву дар ва сарсону саргардон шудааст. Таърих ёд надорад, ки халќи тољик хонаашро бо дасти худ оташ зада, дењу дењкада ва шањристонњоро ба харобазор табдил дода бошад. Фољиаи падарон, модарон ва хоњарону бародарони мо фољиаи миллат аст. Њамон миллате, ки њазорсолањо инљониб бо тамаддуни оламшумул ва фарзандони нобиѓаи худ машњури љањон гардида буд. Имрўз

НИГОЊЕ БА РОЊИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ТОЉИКИСТОН њар яки мо ба худ савол медињем: Чаро ва аз бањри чї ин фољиа ба сари халќ омад? Љавоби савол ба њама маълум аст. Мубориза бањри мансабу њокимият. Ин мубориза бо кадом роњ пеш бурда шуд, ба халќ маълум аст". (љ. 1, с. 4) Умќи дур рафтан аз истиќлолият, умќи дастнигарї, умќи њамдигарбадбинї ба њадде буд, ки дар чор солу панљ сол ислоњи он душвор буд. Оромї набуд, љангу куштор буд, нону кор набуд, тарс буд. Оњиста ислоњ мекард, аммо халќ аз њукумат норозї буд. Одамон аз гуруснагї худкушї мекарданд ва мемурданд. Фољиаи халќи тољикро дар чанд соли аввали баъди истиќлолият Лоиќ чунин азодорї кардааст: … Њељ ќавме ба чунин нокасию нохалафї, Хуни њамхуни худашро намакидаст, ки мо. Миллате дар њама айём бад-ин бешарафї Синаи модари худро набуридаст, ки мо. Њељ фарде зи сари кин ба љигаргоњи падар, Дашнаи ташнаи хунро нахалидаст, ки мо. Дар замоне, ки кишварњои њамсояи дуру наздик, дар собиќ њамтаќдир бо истифода аз истиќлолият ба инкишофи кишвар ва иќтисоду фарњанги он даст заданд ва намунаи барљастатарини он Туркманистон мебошад, њукумати нави мо маљбур буд ба миллатсозї пардозад. Зеро меросе, ки ба њукумати моњи ноябри соли 1992 таъсисёфта расид, танњо вайрониву душманї буд. Њељ зарурате ба таъна задани роњбарони пешин нест, њељ эњтиёље ба тамѓазании муллоњову демократњову дигару дигарњо нест. Фаќат гуфтану шинохтани он кифоя аст, ки чї ба мерос омад. Охири соли 1992 истењсолот набуд, аз Душанбе њафтае 2 ё 3 њавопаймо ба беруни Тољикистон ва 2 ё 3 парвоз ба манотиќи дохилї монду бас. Поезд њам њафтавор одам мекашонд. Ними халќ дар мамлакат набуд, чанд сафорате, ки дар Тољикистон кор мекард, дарњои худро бастанд. Њамин "мерос"-ро ислоњ кардан вазифаи роњбари љавон буд. Ва албатта, вай бояд ба сулњсозї дахл мекард. Њоло ваќтњои охир дар ВАО ва дар навиштањои китобњои хотира ќањрамонњое пайдо шуда истодаанд, ки дар он ваќт ному нишон надоштанд. Љавонњои имрўзаро чунин ќањрамонњо ба шарњи дурўѓу фиребини таърихи ин давраи истиќлолият мебаранд ва ба ин васила барои шарњи дурўѓини таърихи он замон замина месозанд. Воќеан он љавоне, ки 22-сола шудааст, ё ки маълумоти олї гирифтааст, њамсоли њукумати нав аст, аз куљо донад, ки њаќиќат чист? Барои ин дар мактаби миёна ва олї фанни хоси таърихи сиёсии Тољикистони соњибистиќлолро љорї кардан ва нашри онро ба зиммаи комиссияи хоси давлатї гузоштан лозим аст, то номњо, воќеањо ва бањодињињо айнї ва таърихї бошанд. Истиќлолияти мо ќањрамон надорад. Яъне, касоне нестанд, ки солњои 1989-1991 мубори-

за ва талаби истиќлолият, шиори истиќлолиятро пеш оварда бошанд. Ин гуна "номдор" дар њељ кадом давлати имрўзаи пасошўравї нест. Зеро истиќлолиятро на аз инќилобњои мустаќилиятхоњї, балки аз фарсуда ва холї шудани системаи шўравї, ба аќидаи иддае, аз нотавонї ё хиёнати роњбари шўравї, ба аќидаи дигар ба вазифаталошиву мансабхоњии байни ду шахси воломаќоми њизби коммунист, ба диди дигаре ба сабаби худхоњии се роњбари давлатњои ба истилоњ бунёдгузори СССР ба миён омаданд. Аммо меваи истиќлол ширин баромад. Лек барои чунин меваи ширин ќариб дар њамаи кишварњо кам ё зиёд, дер ё зуд љанг шуд ва он љанги дастрасї ба мероси бои маънавї ва моддї буд. Дар Тољикистон ин талоши љангњо пеш аз истиќлол оѓоз шуда буд ва акнун пас аз 14 моњи истиќлолият роњбарияти Тољикистон сулњ сохтанаш даркор буд ва ин раванд фарзандонеро мехост, ки њамроњ ба Президент њамчун ёвари ў хизмат мекарда бошанд. Њамсангарони њамдил њам дар давлатдорї, њам дар рушди иќтисоду иљтимо, хам дар осудагиву сулњсозї ќадам бо ќадами вай буданд. Гумон мекунам таърих номњои академик Т.Назаров, М.Убайдуллоев, А.Достиев, С.Зуњуров ва дигаронро дар ин бобат дар хотираи худ мањфуз медорад. Ёди онњо ва дигароне, ки дар раванди сулњсозии замони истиќлол иштирок карданд, боз як бор зикр мекунад: дастрасї ба истиќлолият як иќдоми сиёсї буд, аммо тањким ва амалї кардани он мењнати бузурге мехост ва барои ин кадрњо лозим буданд. Албатта тамоми тољикистонињо дар раванди сулњ шариканд, ба ин ё он њад. Албатта низомињо, ќудратињо, аскарњо барои њимояи истиќлолият ва сулњ љонбозињо карданд. Аммо мо ваќте перомуни сулњсозии сардори давлат ва муколамаи ў бо мухолифин сухан мегўем, он 27 нафари њукуматиро, ки њамроњи Президент дар музокирот ва дар КОМ ёрї расонданд ва 22 нафар намояндагони мухолифинро низ дар назар дорем. 14 нафари онњо аз миён рафтанд. Инњо нерўе буданд, ки барои осоиши љомеа содиќона мењнат карданд. Инњо аз зумраи ашхосе буданд, ки дар талхтарин солњои истиќлолият барои воќеї шудани он кўшидаанд. Моњияти он замонро Эмомалї Рањмон тавре ифода кардааст, ки дар он зарурати худфидоии њар фарди ватандўст ифода меёбад: "Вале дар сарнавишти миллати љафокашидаву куњанбунёди мо ин дањ сол як озмоиши љиддии таърих дар дуроњаи њастию нестї, як марњилаи њассоси аз вартаи нобудї рањидану аз нав эњё гардидан мебошад. Аз ин рў, ин дањсола воќеан арзиши садсолањоро дорад". (љ. 3, с. 665) Яке аз аввалин муваффаќиятњои њукумати Э.Ш. Рањмонов ба маром овардани систе-

маи давлатдорї буд. Дар ин бобат ќабул шудани Конститутсияи нави Тољикистон дар моњи ноябри соли 1994 ањамияти фавќулодда ва муњим дорад. Вай ба иќрори мутахассисон аз бењтарин Сарќонунњои дунё буда, системаи љомеаи шањрванди сохтор демократии давлатро таъмин менамояд. Вай Тољикистонро аз сарзаниш ва таънаи раќибони сиёсї ва бадбинони хориљї наљот додааст. Воќеан, Тољикистон њанўз соли 1991 дар мавриди ќабули Сарќонуни нав тасмим гирифт. Гурўњи корї бо роњбарии Прокурори Генералї Н.Њувайдуллоев моњи апрели соли 1992 Лоињаи онро пешнињод кард. Аммо баъди ислоњоти давлатии моњи майи соли 1992 Шўрои Олї барои такмили он гурўњи нави корї сохт. Кори он низ нотамом монд. Моњи декабри соли 1993 Шўрои Олї бо роњбарии Э.Ш. Рањмонов комиссияе барои тайёр кардани Конститутсияи нав таъсис дод, ки ба гурўњи кориаш А.С. Достиев роњбарї мекард. Моњи апрели соли 1994 Лоињаи ин Конститутсия чоп шуд, Њукумати Тољикистон њатто ба мухолифин пешнињод намуд, ки дар баррасии он иштирок намоянд. Онњо нахостанд. Ва борњо шудаст, ки мухолифини њукумат аз як љабња, њамсояњои бадрашк аз љабњаи дигар ба истиќлолияти Тољикистон тањдид доштанд. Дар солњои 1995-1996, 1997-1998 вазъи Тољикистон дар њолатњое ба љое мерасид, ки давлат аз давлат шуданаш, роњбар аз роњбар шуданаш, истиќлол аз истиќлол буданаш њазор пушаймон мешуд. Масалан, моњи феврали соли 1996 дар иљлосия душманони нав, њамсангарони пешина талабу таќозоњое доштанд дар сарњади ѓарбї артиши бегона тањдид мекард. Ба истилоњ Тољикистон "дар миёни чор дарё тахтабанд" шуда буд. Кам набуданд чунин воќеањо. Њатто дар рўзе, ки бояд Созишномаи умумии сулњ ба имзо мерасид, 4 соат пеш аз он мушкиле пеш оварда шуд, ки гўё дар сари Президент санги осиёб мегардонданд. Ва ё дар солњое, ки КОМ амал мекард - моњи январи соли 1998, майи 1998, июли соли 1999 "тирњое" андохта мешуданд, ки натанњо сулњро, балки истиќлолиятро зери хатар меоварданд. Танњо бањори соли 2000 ин њама мољароњо хатм шуданд. Дар дохил мухолифини мусаллањ чун нерўи сиёсї боќї намонд, дар хориљ њар ќадар њам, ки тавтагарињову тањдидњо идома кунанд њам, дигар ба якпорчагию истиќлолияти кишвар таъсири амал надоранд, љанг њамчун зуњуроти сиёсии дохили кишвар аз миён рафт, ёфтани рўзї хело осон шуд. Акнун заминаи воќеии он ба амал омад, ки роњњои пешрафти љомеаи Тољикистон њам аз нигоњи иќтисодї (сохтмони роњњо, бунёди банду барќи Роѓун, ки даромади њарсолааш дар њудуди 800 млн. доллар аст), њам аз нигоњи иљтимої (инкишофи мактабу маорифи асрї, њифзи саломатии омма), њам аз нигоњи сиёсї (тањкими давлати демокартї) фароњам меояд. Ва њамаи ин аз Конститутсияи Тољикистон,

ки аз љумла ба сохти дунявї устувор аст, манша мегирад. Барои дарки ин асли Конститутсионї маќоларо бо иќтибоси нисбатан калонтаре аз маќолаи "Тољикистон дар остонаи асри XXI" анљом медињем, ки дар он Эмомалї Рањмон моњияти давлати имрўзаи моро хеле равшан бозгўї кардааст. "Бори дигар таъкид мекунам, ки мафњуми дунявї њаргиз маънои зидди дин буданро надорад. Балки танњо давлати дунявї ва демократї метавонад, ки њамзистии осоиштаи дину мазњабњо, идеологияњои гуногун ва дар маљмўъ риояи меъёрњои озодии виљдонро таъмин намояд. Њамзамон бо ин хотиррасон месозам, ки мардуми мо зуњуроти радикализми диниро пазируфта наметавонад. Зеро раъйи халќи мо оид ба ин масъала дар Конститутсия ба тарзи зайл маќоми ќонунї пайдо кардааст: Њељ як мафкура, аз љумла мафкураи динї ба њайси мафкураи давлатї эътироф намешавад. Яъне, мо огоњона аз як шакли радикализм - атеизми давлатї сарфи назар карда, ба зуњуроти дигари радикализм - низоми сиёсии динї роњ доданї нестем, зеро раъйи халќи Тољикистон дар моддаи садуми Конститутсия доир ба таѓйирнопазир будани шакли идораи љумњурї аниќу равшан зикр шудааст. Ва кадом њизбу созмоне, ки барои таѓйир додани сохти давлатдорї ва моњияти он мекўшад, ин амал њамчун хиёнат ба Конститутсия ва миллату давлат мањкум ва саркуб карда мешавад. Дар айни замон бояд зикр кард, ки дар љомеаи мо озодии виљдон комилан таъмин ва тањќири эътиќоди динии шањрвандон мањкум мегардад. … Барои мо гуногунандешие зарур аст, ки ба пойдор гардидани вањдати миллї мусоидат намояд. Имрўз идеологияи аз њама муњим барои љомеаи мо ѓояи ватандўстї ва вањдати миллї мебошад. Боварии комил дорам, ки агар тамоми њизбњои сиёсї, созмону њаракатњои мардумї барои таъмин ва тањкими сулњу салоњ дар љомеа камар баста, зиёиёну равшанфикрон ва умуман тамоми сокинони кишварро муттањид намоянд, бе шакку шубња дар кўтоњтарин муддат љумњуриамон ба шоњроњи вањдат ва тараќќиёт мебарояд". (љ. 3, с. 232-233). Ин суханњо ќариб 13 сол муќаддам гуфта шудаанд. Роњи таъйиншудаи истиќлолияти Тољикистон дар ин давра нишон медињанд, ки кишвари мо ба чї натиљањои дилхоњ ноил гардид, дар сиёсату иќтисод, њаёти иљтимоиву маънавї чи дигаргунињо ва пешрафтњо ба амал омаданд. Ин аст роњ ва натиљањои истиќлолияти Тољикистон, ки имрўз 23-солагиашро истиќбол мегирем. Иброњим УСМОНОВ, доктори илми таърих


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

СУЊБАТИ ДОЃ

ГУФТУГЎ ДАР БОРАИ ЊУВВИЯТИ ЭРОНЇ ВА ТОЉИКЇ Сафар Абдулло: Гузаштан ба хатти форсї кори сода аст, Президент метавонад бо як дастур ин корро кунад Сафари Абдуллоњ, аз фарњангиёни шинохташудаи тољик аст, ки солњост дар хориљ аз Тољикистон зиндагї мекунад, вале чунонки худаш мегўяд, дил ва ёдаш њамеша бо забону фарњанг ва сарзаминаш аст. Вай дар донишгоњи Абулайхони шањри Олмотї дар Ќазоќистон ба тадриси забону адабиёти форсї ба донишљўён машѓул аст ва пажўњишњое дар бораи фарњангу тамаддуни эронї анљом додааст. Дар сафари ахири оќои Абдуллоњ ба Тољикистон, фурсате фароњам шуд, ки њамкорамон Исфандиёри Одина бо ишон ба гуфтугў биншинад: ... Устод, аслан дар Ќазоќистон оё мардум ба забони форсї ва фарњанги эронї таваљљуњ доранд? Чун аз ќадим мардуми ќазоќ бо форсизабонон робитањои хоссе доштаанд? - Бале, масъала ин аст, ки бояд ба мардум тавзењ дод. Мардуми одї, ки намедонанд, вале ќаламрави кунунии Ќазоќистон, бахше аз ин ќаламрав, љузъи Эрони Бостон буда. Масалан, дар адабиёти мо бо шањрњое бо номи Исфиљоб ва Тароз бисёр рўбарў мешавед. Шањри Тароз њамон шањрест, ки Рўдакии Самарќандї мегўяд: Рўй ба мењроб нињодан чи суд? Дил ба Бухорову бутони Тароз, Эзади мо васвасаи ошиќї, Аз ту пазирад, напазирад намоз... Ё шањри Тароз дар "Шоњнома" ва дар китобњои дигар борњо омадааст. Исфиљоб њам аз он шањрњои Сомониён буд. Тароз њам шањри Сомониён буд, ки Исмоъили Сомонї дар он љо зартуштиёнро зўран мусалмон карда буд. Ва дар баъзе аз китобњои торих омада, ки мардумони шањри Тароз мусалмонанд ва забонашон форсї, ваќте аз Тароз хориљ мешавед, ба хиргоњњои харлуќњо рўбарў мешавед. Хуб, ин шањрњоест, ки замоне фарњанг ва тамаддуни эронї дар онњо бисёр наќши муассир доштааст. Наќши забони форсї ва фарњанги эрониро дар њар куљое аз манотиќи Осиёи Марказї ва Ќафќоз метавонед шумо эњсос кунед ва њар касе ки ба торих бисёр алоќамандї дорад, ин чизро хуб медонад. Гузашта аз ин, ваќте агар дар бораи худи мардуми ќазоќ бигўем, ин мардумест, ки бо мо аз дерзамон иртиботи торихї доштанд. Дар забони ќазоќї њудуди 3068 вожаи муштарак аст, ки аз забони мо ба забони ќазоќї иќтибос шудааст, бавижа аз форсии Варорўд, чун иртибот мустаќим буда ва алъон њам њаст. Шумо дар хиёбонњои Ќазоќистон бисёр ба осонї бо вожањои дорухона, ошхона, кўча, шањар, ободонї (дар шакли аудонї!) ва ё бисёр номњои ќазоќие рўбарў мешавед, ки муштарак аст. Љолиб ин аст, ки номи Исфандиёр дар шакли Аспандиёр дар миёни ќазоќњо хеле фаровон аст, номи Рустам њам фаровон аст. Яъне на танњо номњои одии эронї, балки номњоест, ки мо ба онњо ифтихори миллї дорем ва ин номњо номњои њамосии мост, номњое, ки дар "Шоњнома" омадааст, мисли номи Бежан. Њатто номњое, ки дар таркибаш вожаи "гул" њаст, хеле фаровон аст, 125 номи занонаи ќазоќиро ман гирдоварї кардам, ки дар таркибаш вожаи "гул" омадааст, аз ќабили Гулбадан, Гулноз, Гулнор, Гулдона, Гулбањром, ва ѓайра... Хулоса, мо хеле чизњое дорем дар он љо, ки бояд мутолеъа шавад ва бояд кишварњои форсизабон таваљљуњи бештаре дошта бошанд. Чанд сол пеш бо дуктур Саид Муњаммадбоќири Камолиддинї, устодёри Донишгоњи "Паёми нур" аз шањри Язд, мо як фењристи нусхањои хатти форсии мањфуз дар китобхонаи миллиро ба забони русї интишор додем, ки он љо нусхањои бисёр нодире буд. Аз љумла, ду нусхаи осори Абдурањмони Љомї, ки дар њеч љое аз гўшаи дунё набуд, ќадимитарин нусхањо буд, яке "Туњфат-ул-ањрор", ки 23 сол ќабл аз марги Абдурањмони Љомї дар шањри Балх китобат шуда, дасти рўзгор чи гуна онро ба Ќазоќистон бурда, ба Олмотї, ки мо онро боз пайдо кунем, ин худаш бисёр љолиб аст, мо ин китобро њам мунташир кардем. - Аммо имрўз чи тур? Имрўз њам табодулоти фарњангї дар он сатње њаст, ки пеш буд? - Бидуни тардид, имрўз њам масалан роби-

таи фарњангии Эрон бо Ќазоќистон ва кишварњои дигари Осиёи Марказї бояд рушди бештаре дошта бошад. Чун њамаи кишварњое, ки мехоњанд пешрафт кунанд, бояд бо њамсоягони худ иртиботи хубе дошта бошанд ва ин иртибот ба суди њамагон аст. Ман мутмаин њастам, ки чун кишварњои Осиёи Марказї роњи мустаќиме ба обњои озод надоранд, хуб аст, ки бо Эрон иртиботи ќавие дошта бошанд ва аз тариќи Эрон расидан ба бозорњои љањонї, аз љумла ба бозорњои Урупо, роњаттар аст. Ва ин корњоро мекунанд ва ман умедворам, ки рўз аз рўз иртиботи Эрону эрониён, аз љумла тољикон, бо њамаи кишварњои њамсоя, ки дар онњо аќвоми туркизабон ба сар мебаранд, густариш ёбад ва мустањкамтар шавад. Албатта, баъзе аз аќвоми туркизабон туркшуда њастанд, на ин ки турк бошанд. Мисли баъзе аз кишварњое, ки арабшудаанд, яъне муъарраб. Масалан, мо наметавонем бигўем, ки уйѓурњо ё узбакњо нажодан аќвоми комилан туркї њастанд, чун ман эњсос мекунам, ки њудуди 70 дарсад аз узбакњо тољикњои узбакшуда њастанд, ки дар сад соли охир турк шудаанд. Раванди туркшавии тољикњо аз ќарни 16-и милодї шурўъ шуд. Дар ин бора хеле аз бузургон нивиштаанд, аз љумла Њерман Вомберї ва дигару дигарњо, вале ин раванд идома дорад. Ё масалан уйѓурњо, ки хеле зиёд хуни суѓдї доранд ва шањрњои Хутану Кошѓар аз шањрњои эронї буданд. Ё озарињо як кишвари маснўъї дар Ќафќоз сохтанд бо номи Озарбойљон, ки ин яќинан Озарбойљон нест, чун марзи Озарбойљон то рўди Арас аст, ки устод Иноятуллоњи Ризо бисёр хуб дар китоби "Аррон ва Озарбойљон" дар ин бора нивишта ва собит кардааст ва њеч шакке дар он нест. Инњо Аррон ва Шервон буданд, ки имрўз бо ањдофи сиёсї Озарбойљон мегўянд. Хуб, инњо њама эронї буданд, фаќат забонашонро аз даст доданд. - Воќеъан вожаи "тољик" ба маънои номи миллат ё воњиде сиёсї дар замони Шўравї матрањ шуд. Ќабл аз он ин вожа чи маъно ва мафњуме дошт? - На, на, вожаи "тољик" дар замони шўравї пайдо нашуда, хеле дерина аст. На, ба маънои як воњиди сиёсї албатта. На, воњиди сиёсї намегўям, аммо ба маънои ќавм эронињо дар ќиёси аъроб худро аљамї гуфтанд, ё арабњо онњоро аљамї гуфтанд, ки маънояш гунг аст, яъне забони арабї балад несту намедонад. Ва дар ќиёси турк тољик гуфтанд. Дар манобеъи торихї агар сухан аз тољик равад, дар баробараш турк њам меояд. Масалан, Саъдии Шерозї худашро чанд бор тољик гуфта, њол он ки ў дар љануби Эрони имрўзї зистааст. Масалан мегўяд: Шояд, ки ба подшањ бигўянд, Турки ту бирехт хуни тољик. Дар як тарљеъбанд њам мегўяд, ки: Рўи тољиконаат бинмой, то доѓи њабаш, Осмон бар чењраи туркони яѓмої кашад. Ё, масалан, Мавлоно Љалолиддини Румї чанд бор аз вожаи "тољик" истифода карда ва дар љое њам мегўяд: Як њамлаю як њамла, омад шабу торикї, Чустї куну туркї кун, на нармиву тољикї. Нармию тољикї дар ин љо ба маънои рўшанфикрї дар муќобили туркигарист. Фикр мекунед, чиро номи "тољик" дар Эрон ё Афѓонистон он гуна ки дар Тољикистон ё Варорўд ривољ ёфту номи давлат шуд, нашуд? Ба хотири он ки тољикњо дар ињотаи туркон буданд. Мутаваљљењ њастед? Чун ин тољикњо дар ињотаи туркон буданд. Њамаи эрониёнро дар ибтидо тољик мегуфтанд, чун калимаи "точї" ва ё "таочї" дар забони чинї ба маънои эронї аст. Туркњо њам аз онњо гирифтанд. Чун мо дар канори туркон ва дар ињотаи туркон зиндагї мекунем ва Тољикистон љазирае эронист, ки дар миёни туркон аст, ин номро ба мо итлоќ карданд ва ё ба мо нисбат дода шуд. Аз ин лињоз, номи тољик ба инњо ба сурати утумотик вогузор шуд, ба вижа баъд аз кишваркушоињои Инглис ва Русия, ки аз ќарни 16-и милодї баробар шурўъ карданд. Ин ду абарќудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагї ба љое расид, ки масалан хоњар дар Афѓонистон зин-

дагї мекард, бародар дар Тољикистон, номи забони бародарро "тољикї", номи забони хоњарро "дарї" гуфтанд. - Фикр мекунед, чаро ин номњоро иваз карданд? Хуб, намешуд, ки форсї бигўянд? - Ин ањдофи сиёсї аст. Пайдост, ки тафриќа бояд меандохтанд ва њукумат мекарданд. Кори бисёр сода аст. Љуз форсї мо забоне надорем. Ва дар тўли њазор сол њам ќавми тољик буда, аммо њеч љое ки сухан аз забон меравад, забоне ба номи "тољикї" вуљуд надорад. Таъбирест, ки Истолин ва ёронаш ба миллати мо бор карданд. Ва аз сўйи дигар, медонед, ки дар замони Истолин њеч касе љуръати рад кардан надошт. Њар касе рад кард, сараш аз танаш људо шуд. - Чаро нахостанд номи форсї боќї бимонад? Ба хотири ин ки Эрон њаст, Эрони бузург њаст. Ба хотири ин ки тољикони Афѓонистон њам он замон забонашонро "форсї" мегуфтанд ва ё форсии кобулї њам мегуфтанд. Шумо медонед, аввал "тољикї" халќ карданд, баъд дар Ќонуни асосии Афѓонистон, ки соли 1966 дар замони Зоиршоњ пазируфта шуд, забони форсии форсизабонон ё тољикони Афѓонистонро "дарї" гуфтанд. Ин масхарагие беш нест! Хуб, пайдост, ки як забон аст ва пайдост, ки ин кор бисёр-бисёр огоњона тарроњї шуда буд, ки моро пора-пора кунанд ва њукумат кунанд. Дар бораи вожаи эронї ё њувияти эронї. Чиро ин вожа дар ѓарби Эрон, дар Эрони кунунї, љо уфтоду мардум худашонро эронї гуфтанд, аммо мо њам, ки мегўем эронї њастем, мардуми ин љо њаргиз њувияти эронии худро барљаста накарданд? Яке аз нивисандагони бузурги рус гуфта буд, ки агар як нафарро сї рўз пайваста девона гўї, рўзи сиву якум худаш девона мешавад. Ваќте њафтод сол ба сари мо заданду заданду гуфтанд шумо эронї нестед, эронї нестед, эронї нестед, алъон хеле душвор шуда, ки бигўем мо эронї њастем. Аммо ман ваќте Эрон мегўям, Эрони худаму Эрони Фирдавсиро дар назар дорам. Ва танњо мањдудаи Љумњурии Исломї нест, Љумњурии Исломї танњо бахше аз Эрон буд. Эрон хеле бузургтар аз он буд, ки мо имрўз бигўем Љумњурии Исломии Эрон. Масалан, замоне буд, ки љањон ба ду таќсим шуда буд ва мегуфтанд Эрону Анерон, яъне Эрон ва ѓайри Эрон. Эрон хеле бузург буд ва мутаассифона, мо будем ва гузаштагони мо буданд, ки натавонистанд ин кишвари бузургро, чунонки мебояд, њифз кунанд. Шояд њамаи имперотурињо сарнивишташон чунин бошад. Вале мо њамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки забони мо порсист ва мо эронї њастем. Касоне њастанд, ки ин љо дину мазњабро дар миён мегузоранду масхарабозињое мекунанд, ки на ба суди мост ва на ба суди Љумњурии Исломии Эрон, ба хотири ин ки барои мо муњим эроният ва забони форсист. Чун аз Эрон сухан гуфтем, ба ночор бояд аз Турон њам сухан гўем. Ин исми кишварест, ки дар муќобили Эрон дар "Шоњнома" њам омадааст. Аљиб ин ки баъзењо мегўянд ин бари рўди Омў Туронзамин аст. Шумо чи фикр мекунед? На, њамчунин чизе нест. Ман маќолае дорам "Эрон ва Турон ба ривояти Шоњнома", ки ба чанд забон, аз љумла дар Сан-Питерзбург ва Тењрон мунташир шудааст. Ман дар ин маќола бо иттико ба матни "Шоњнома" ба ин натиља расидам ва дўстони дигар њам ба ин натиља расидаанд, ки ваќте сухан аз Турон мегўем, њаргиз турконро дар назар надорем. Турон сарзамини эрониёни кўчнишин буд, сарзамини сакоињо, њамон сакоињое, ки дар Урупои Шарќї буданд. Бибинед, алъон даъво њаст, ки аз панљ ё чањор музейи Крим теъдоде бозёфтњои сакоиро ба Урупо бурдаанд, њоло намедонанд, ки ба Укройн баргардонанд ё ба Крим. Воќеъан, ин сакоињо сањми бисёр бузурге дар торихи љањон доштанд. Бозёфтњое, ки дар Урупо ва дар истепњои љанубии Русия ва дар бахше аз манотиќи Ќазоќистон пайдо шуда, гувоњи он аст, ки намешавад ба роњатї гуфт, ки сакоињо танњо як ќавми кучї ва ѓоратгар буданду бас. Хеле ќавми ѓаюре буданд ва бозмондањои онон њамин осињо ё усетиёињо њас-

танд, ки имрўз ба ду лањља њарф мезананд, лањљањои дигорї ва иронї. Усетиёи Љанубї дар Гурљистон ва Усетиёи Шимолї дар Ќафќози Русия аст. - Чаро номи забонашонро "иронї" мегўянд? - Иронї аз номи Эрон бармеояд. Яке аз маъноњои калимаи "Эрон" озода будан ва дорои шарму дониш будан аст. Масалан, ваќте Фирдавсї Эронро бо Араб муќобил мегузорад, мегўяд: Аз ин морхор ањриманчењрагон, Зи доноиву шарм бебањрагон. Яъне ончи эронї дорад, араб надорад: На тахту на ганљу на бахту нажод, Њама дод хоњанд гетї ба бод. Вожаи "Эрон" ба сурати "ир" дар номи Ирлонд њам боќї монда ва решаи њиндуурупої дорад. Бале, албатта. Аммо манзури ман ин аст, ки Шумо гуфтед усетиёињо бозмондаи мардумони туронї њастанд, яъне сакоињо, ки гуфтед туронї њастанд. Аммо чаро номи забонашон "иронї" аст? Ба хотири он ки агар Шумо "Авасто"-ро хонда бошед, ваќте ба эрониён дуъо мефиристанд, ба турониён њам мефиристанд, чун инњо њама бозмондањои Фаридун буданд. Тибќи "Шоњнома", Фаридун сарзамини Эронро ба писаронаш таќсим мекунад ва фарзанди дувумаш, ки Тур буд ва Тур бисёр ѓаюр буд, ба ў бахше аз заминњоро дар марзи Чин медињад. Ва баъд ду бародар меоянду бародари кўчакро, ки Эраљ буд, мекушанд. Ва бо кумаки Фаридун Манучењр, ки писари Эраљ буд, аз амўњояш кини падарашро меситонад ва як љанги бародаркушї шурўъ мешавад, ки дар "Шоњнома" хуб бозтоб ёфтааст. Ин ки усетињо як бахш аз забонашонро "иронї" мегўянд, амре табиъист, чун эрониву туронї яке њастанд: "Зи Эрону Турон људої набуд", то замоне ки ин бародаркушї шурўъ шуд. Аз ин лињоз, ин амре табиъист ва шарт нест, ки њатман туронї гўянд. Зимнан, дар "Шоњнома" њам аз сакоињо ном бурда шудааст, ба гунаи "сагзї" ва Сиистон ё Сакистон њам зоњиран ба ќавми сакої рабт дорад. Аммо инњо дар дохили Эрон буданд, чун Рустами Дастон, ки сакої буд. Инњо дар ќалби Эрон буданд ва аз Эрон њамеша дифоъ мекарданд дар муќобили Турон. Яъне, мешавад гуфт, ки сакоињо ду ќисмат буданд, ки бахше эронї буданду бахше њам туронї? Бубинед, дар мавриди сиистонињо баъзењо чунин мепиндоранд, ки ин њамон Сакистон аст. Ин нуктаест, ки миёни уламо дар бораи он назари воњид вуљуд надорад. Баъзењо чунин мепиндоранд, баъзењо мегўянд, на, ин чизи дигар аст. Њатто њастанд касоне, ки мегўянд Рустам аз шарќи Эрон буд. Хеле аз муњаќќиќони бузург чунин назар доранд. Баъдан, Сиистон алъон танњо дар Эрон нест, бахше дар Эрону бахше дар Афѓонистон ва бахше дар Покистон аст. Нимрўз, Кобулу Зобулу инњо дар "Шоњнома" омадааст, инњо мењани пањлавонони зобулї буданд, ки Рустам њам аз онњост. Вале хуб, ин масъалаест, ки бањси тўлонї мехоњад. Муњим ин аст, ки мо бидонем, ки туронї њаргиз турк набуд. Туронињо њамон эронињое буданд, эронињои биёбонгард, ки муќобили шањрнишинон мељангиданд. Ва дар њамин љангњо Куруши Бузург ба дасти хонуме, ки сарвари турониён буд, кушта шуд. - Пас марзи байни Эрону Турон куљо буд? Оё ин фарзия дуруст аст, ки рўди Ому марзи байни ин ду сарзамин буд? - Баъзењо мегўянд, ки рўди Ому буд, вале рўди Ому аз куљо убур мекард? Рўди Ому як замон то дарёи Хазар мерасид, алъон намерасад. Он замон, мегўянд, ки аз Дањистон убур мекард. Дањистон дар Эрон, дар соњили дарёи Хазар аст. Аз онљо, аз Омуя убур мекард. Вале тибќи "Шоњнома" тамомии шањрњои Осиёи Миёна дили Эрон буд. Дар достони Сиёвуш, ваќте ки Сиёвуш асирони зиёдеро аз турониён мегирад, Пирони Виса, вазири Афросиёб, меояд ва бо ишон суњбат мекунад, ки шумо коре бикунед, ки ин асиронро рањо кунї. Чун Сиёвуш, тибќи ойини эронї, дар ањди худ њамеша вафодор буд, њарчанд падараш дастур дод, ки асиронро бику-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

САФАР АБДУЛЛО, ФАРЊАНГИИ ШИНОХТАИ ТОЉИК шад, ќабул накард ва маљбур шуд, ки худаш ба Турон фирор кунад. Вале шарташ ин буд, ки шањрњои эрониро рањо кунед. Дар онљо ошкоро омада, ки шањрњои Чоч, Сипељобу Бухорову Самарќандро рањо карданд. Баъд мегўяд: Бухорову Суѓду Самарќанду Чоч, Сипељобу он кишвари тахту ољ, Тињї карду рафт бо сипањ сўи Канг, Бањона наљусту фиребу даранг. Яъне дигар маљбур буд шањрњои эрониро рањо кунад. Ин гувоњи он аст, ки инњо њама шањрњои эронї буданд. Ва имрўз њам баъзе аз бародарони мо бисёр ошиќона талош мекунанд собит кунанд, ки Осиёи Миёна Турон будааст. Ман комилан бо ин аќида мухолифам, чун ин аќида торихан нодуруст аст. Аммо Турон поёноби дарёчаи Орол ва баъд аз Хоразм, дар савоњили дарёи Хазар ё дарёи Мозандарон ва истепњои љанубии Русия ва Дуну Днепру онљоњо буд, ки аќвоми кучии эронї дар он љо кучнишинї ва роњзанї мекарданд. Дар китоби "Шањристонињои Эроншањр" омадааст, ки нахустин шањре, ки эрониён бунёд карданд, Самарканд буд. Эрониён дар наздикии Самарканд шањрњои Чоч, Бухоро ва Исфиљобро сохтанд. Шањрњои Хутан ва Кошѓар низ аз офаридањои эрониён аст. Ин нуктањои бисёр муњим аст, ки бояд њамеша дар ёд дошта бошем. Вагарна андешањо андешањои дурусти илмї наметавонад бошад. Баъзе гурўњњо њастанд, ки мегўянд инљо Хуросони Бузург аст. Оё Хуросони Бузург бо Эрон дар таноќуз аст ё љузъе аз он? Албатта, вожаи "Хуросон" як вожаи эронист, ки ягон шакке дар он нест ва бо вожањои хуршеду хваразму њамаи инњо њамреша аст. Хуросони бузург љуѓрофиёи мушаххасе надошт. Ќаблан чањор шањрро Хуросон мегуфтанд, баъдан хеле фаротар рафт. Њатто кор ба љое расид, ки Осиёи Миёна њам љузъи Хуросони Бузург буд ва Рўдакии Самарќандї мегўяд "Буд он замона, ки ў шоъири Хуросон буд." Аз ин лињоз, ин њам аз мавзўъотест, ки бояд сари он андеша бикунанд ва воќеъиятњоро бигўянд, ки Хуросон як мањдудаи мушаххаси љуѓрофиёї набуд. Яъне метавонистанд имрўз як бахшеро гўянд ва фардо бахши дигареро. Аммо номи Эрон ба унвони як воњиди љуѓрофиёию сиёсї њамеша матрањ буда, дуруст аст? Њамеша буда. Номи мубораки Эрон танњо дар "Шоњнома"-и Фирдавсї беш аз њафтсад бор такрор шудааст. Беш аз њафтсад бор! Оё имперотурињои Сосонию Њамхоманишї дарвоќеъ номи кишварашонро Эрон мегуфтанд ё чизе дигар? Чун дар манобеъи ѓарбї аз давлати Њахоманишї бештар ба унвони "Persia" ном мебаранд, агарчи номи "Эрон" ќадимитар ба назар мерасад? Бале, дар замони Њахоманишиён "Порс" њам мегуфтанд, вале номи "Эрон" реша дар во-

жаи "ориё" ва "ориёї" дорад ва хеле дерина аст. Масалан, шоњ Дориюши Бузург мегўяд: "Adam aarayavaush xsh yathia vazrka xsh yathia xsh yathiay n m xsh yathia p rsaiy xsh yathia dahy n m visht spahy puthra arsh mahy nap hax manishiya" (Ман, Дориюш, шоњи бузург, шоњи шоњон, шоњи Порса, шоњи кишварњо, пури Виштосп, наваи Аршом,Њахоманишї). Албатта замоне юнонињо Першиё гуфтанд, чун порсњо њукумат мекарданд. Дар матнњои њахоманишї албатта калимаи "Порс" њам њаст. Яке аз ду ќавм, ки иттињод сохтанд, дар баробари модњо порсњо буданд ва порсњо пирўз буданд. Сосонињо њам аслашон аз Порс буд. Ва љолиб ин аст, ки њамин њахоманишињо, тибќи хеле аз пижўњишњое, ки ахиран сурат гирифта, аслан аз Хуросону Варорўд ба онљо рафта буданд. Эрон дар тўли торих сарзамини воњиде буд ва масалан Камоли Хуљандї метавонист бароњатї дар Хуљанд зода шаваду дар Табрез бимирад. Ва ё Оли Хуљанд дар Исфањон ба сар барад ва ё нишопурињо дар Самарќанд њукумат кунанд ва ѓайра. Ин як замон кишвари воњиде буда ва моро пора-пора карданд ва мо бояд талош кунем, ки забонамон ва фарњангамон яксон бимонад. Оё њамин номи Эрон ба давлатњои пас аз њамлаи араб, яъне дар даврони исломї, њам итлоќ мешуд? Оё онњо худашонро Эрон мегуфтанд ё чизе дигар? Онњое ки аз ториху фарњанг огањї доштанд, дењгонон ё дењќонон, медонистанд, ки Эрон чист. Масалан, яке аз фарзандони дењгонон, ки ворисони аслии Эрони Бостон буданд, њамин Фирдавсии Тусї аст. Инњо бахубї медонистанд, ки Эрон чист. Оё аз лињози сиёсї, яъне њувияти сиёсии худро, ба унвони эронї мешинохтанд? Масалан, мо дар китобњои торих мехонем, ки "давлати Сомониён", аммо ин давлати Сомониён оё расман номи худашро Эрон мегуфт ё чизе дигар? Ба ќавли Рўдакии Самарќандї, шоњони сомонї шоњони Эрон буданд, пас Эрон буд! Ѓазнавињо њам ифтихор мекарданд, ки эронї њастанд ва барои худ шаљараи дурўѓ њам мебофтанд, ки худро ба Эрон бичасбонанд. Бо он ки Ѓазнавињо аз ѓуломони турк буданд ва падари Мањмуд Сабуктегинро Исмоъили Сомонї аз бозори ѓуломфурўшї харида буд, вале чун барояш хидмат карда буд, ўро волии Хуросон кард. Дар натиља, ваќте ки Ќарахониён ба Бухоро њуљум карданд, Ѓазнавињо омаданду ќудратро ба дасти худ гирифтанд ва њукумат карданд. Онњо подшоњони Эрон буданд. Мо наметавонем онњоро подшоњони турк бигўем. Бале, нажодан турканд, вале Влодимир Мунумох њам нажодан юнонї аст, агарчи подшоњи рус буд. Ё масалан Екотерини дувум, ки сад дарсад олмонї буд, аммо подшоњи рус буд.

- Пас мешавад гуфт, ки фармонравоёни муѓул њам, ки дар Эрон њукумат карданд, подшоњони Эрон буданд? - Сад дарсад подшоњони Эронанд. Наметавонем бигўем, ки онњо подшоњони љойи дигаранд. Масалан, мо хеле аз шуъарои бузурги Эронзаминро медонем, ки нажодан эронї нестанд. Масалан Бедили Дењлавї нажодан муѓул аст, аз авлоди барлос ё арлос аст. Ин дар хунаш буд. Албатта, хуни падарияш буд ё модарияш, ба њар њол ќисман буд, вале хуб шоъири бузурги мост! Чунонки Њилолии Љаѓатої. Ин як амри табиъист. Масалан, ду тан аз њакимони бузурги Юнони Бостон, Толис (Фалес) ва Онокорсис (Анахарсис), њарду искиф ё сакої буданд. Вале онњо барои фарњанги сакої коре накардаанд! Чунки онњо дар матну батни фарњангу тамаддуни юнонї тарбият ёфтанд, осорашонро ба забони юнонї гуфтанд, мо маљбур њастем онњоро юнонї бихонем. - Пас мешавад гуфт, ки эронї будан ба нажод рабте надорад, њарчанд дар бисёре аз китобњо омада, ки эронињо яъне ориёињо, яъне аз нажоди ориёї њастанд? - Сад дар сад, вале ба нажод чиро рабт надорад? Ба нажод рабт дорад, вале аќвоми дигар њам ба ин нажод омехта шуданд. Масъала ин аст. Чигуна рабт надорад? Рабт дорад! - Шояд дар оѓоз рабт дошта, вале баъдан ин робита камранг шуда? - Дар тўли торих аќвоми дигар њам омаданду бо эрониён омезиш ёфтанд ва дар Эрон њатто њукумат карданд. Масалан туркњо. - Ва эронї шуданд? - Ва эронї шуданд! Сад дар сад дуруст. Њатто дар давлати Усмонии Туркия њам, ки яке аз забонњои расмияш забони форсї буд, нажоди эронї дар баробари юнонињо ва бизонсњо наќши бисёр муассире дошт. - Хуб, њоло дар бораи забони форсї суњбат кунем. Чиро аз миёни забонњои эронї забони форсї бештар густариш ёфту бештари адабиёт ба ин забон нивишта шуд? Аввал ин ки порсњо њукумат мекарданду ќавї буданд ва наќши муассире доштанд ва забони порсї забони расмї буд ва забоне буд, ки тамоми тирањои эрониро муттањид кард. Њатто, матнњои Њахоманишї ба чанд забон нивишта мешуд, вале забони аслї забони форсї буд. Баъд аз њукумати юнонињо дар як муддати кўтоњ талоши эњёи дубораи забони форсї сурат гирифт. Дар замони Ашкониён камтар, вале дар замони Сосониён ин забон бисёр-бисёр рушд кард. Њамин забоне, ки "дарї" мегўем, забони дарбори Сосониён буд, ки онро "порсиг" мегуфтанд. Воќеъият њам ин аст, ки баъд аз њамлаи аъроб ва пазириши ислом дар Эронзамин як муддат фољиъаи ин миллат дар он буд, ки ба забони худ наметавонист дам аз ифтихороти миллї бизинад ва ба забони худ чизе биёфаринад. Дар китоби "Ду ќарни сукут" устод Абдулњусайни Зарринкўб дар ин бора бисёр нукоти љолиберо ёдовар шудаанд. Дар "Торихи Бухоро" низ иттилоъи љолибе аз интишори ислом ва надонистани забони арабї ва аз ин сабаб "Ќуръон ба порсї" хондан омадааст. Дар китобњои дигар њам мехонем, ки эрониён муддати кўтоње ѓамгин буданд ва баъд ба забони арабї чунон суруданд, ки ба араби "сусморхуру биёбонгард" фарњанг доданд ва адабиёти катбии арабї адабиётест, ки эрониён сохтанд. Инро њеч кас наметавонад рад кунад. Дањњо тан аз бузургон, масалан Абдуллоњ ибни Муќаффаъ, ки номи форсияш Рўзбењ писари Додбењ буд, хеле аз ториху фарњанги моро ба забони арабї тарљума карда буд ва дигарон аз поягузорони адабиёти клосики араб њастанд. Ва љараёни шуъубия наќши бисёр муассире дошт ва корњои бисёр хуберо анљом доданд ва дар шарќи Эрон, ки дуртар аз халифањои Баѓдод буд, љунбишњои миллї равнаќ ёфт, ки яке аз маъруфтарини онњо љунбиши Абўмуслими Хуросонї буд. Инњо тавонистанд корњое кунанд, ки дар љоњои дигар наметавонистанд кунанд. Ва давлатњое падид омад, амсоли Саффориён, Тоњириён, Сомониён, Оли Бўя ва ѓайра ва боќудраттарини онњо Сомониён буд, ки пойтахташ Бухоро буд. Ин њамон Бухорое буд, ки њатто Маликушшуъаро Рўдакии Самарќандї мегуфт "Имрўз ба њар њоле Баѓдод Бухорост." Ва хеле ќудрат пайдо карданду тавонистанд, ки забони форсии дарї дубора аз ин сўи марзњо, яъне аз Осиёи Миёна ва аз Хуросони Бузург ба манотиќи дигари Эронзамин интишор ёбад. Яъне ин тур нест, ки ин забон реша дар њамин љо дошта бошад? Аз дигар љо омад ба инљо ва дубора рафт, њамин тур? Чиро? Ваќте ки тамоми кишварњову тирањои Осиёи Миёна љузъе аз давлати Сосонї буданд, ин забон ќабл аз он ки аъроб биёянд, дар инљо интишор ёфта буд. Мутаваљљењ њастед? Вале забони љадид, форсии љадид, ки онро нимаъарабї њам метавон гуфт, чун дорои вожањои зиёди арабї аст, аз ин сў дубора ба саросари Эронзамин интишор ёфт. Ин аст, ки Носири Хисрав дар "Сафарнома" мегўяд, ки "Ќатрон ном шоъиреро дидам, ки дар даст девони Мунљик ва Даќиќиро дошт, шеъри неку мегуфт ва забон неку намедонист, ва ба ман мехонду њарчи намедонист, ман ба ў шарњ медодам." Ин бад-он маъност, ки њанўз дар он сазамин форсии дарї чандон ривољ наёфта буд ва мардум њанўз ба забони пањлавї суњбат мекарданд. Фикр мекунед, имрўз вазъи забон чи гуна аст дар ин бахш аз Эронзамин?

9

- Вазъи забони мо, бадбахтона, ба назари ман, бисёр бисёр бад аст ва ман ки дирўз дар хиёбонњои Душанбе мегаштам, чанд љо воќеъан гиря кардам. Масалан, дар чањор донишгоњатон дар девор нивиштааст, ки "маркази русї." Шумо маънои чунин њарферо мефањмед, ки чи аст? Ман намефањмам. Чи маънї дорад "маркази русї"? Мо дар забони форсї чунин љумлае надорем. Њадди аќал "маркази омўзиши забони русї" бигўянд, ё масалан "Маркази фарњангии Русия" бигўянд. Вале чизе ки инњо мегўянд, ман мутаваљљењ намешавам. Масалан, ваќте ман телевизиюнњои Душанберо мебинаму гўш мекунам, ба марази гўш гирифтор мешавам. Ин ќадр гўшхарош аст! Наттоќњо ба њадде бо лањљаи хонаводагияшон суњбат мекунанд ва талаффузашон ѓализ аст, ки дигар нишоне аз забоне, ки буд, нест. Забони Садриддини Айнї, њамон забоне, ки Саъидии Сирљонї дар пешгуфтори "Ёддоштњо"-и Айнї гуфта буд, ки "ёде аз забони Абулфазли Байњаќї мекунад", ку он забон??? Намебинем! Яъне забон бисёр хароб аст ва ман чораро фаќат дар як чиз мебинам, ки ман њудуди сиву анд сол њам дар ин бора мегўяму менивисам, њудуди чињил сол. Ягона роње, ки мо бояд аз ин бадбахтињо рањої ёбем, ин аст, ки аз даст додањои худро дубора эњё кунем. Яке аз даст додањои мо хатти форсист, ки зўран бо дастури Истолин аз мо рабуданд ва бар сари мо хатти русиро тањмил карданд. Ин хат як девори Чин миёни мо ва њамзабононамон аст. - Бархе аз мунтаќидони устод Айнї ўро њам ба доштани наќше дар табдили хат дар Тољикистон муттањам мекунанд. Шумо дар ин бора чи назаре доред? - На, устод Айнї њеч наќше надоштанд ва њеч коре њам наметавонистанд бикунанд. Њеч касе дар муќобили Истолин наметавонист коре бикунад. Хеле касон кушта шуданд ва Худоро шукр, ки устод Айнї зинда монданд. Вале устод Айнї то дами марг бо хатти русї як љумла њам нанивиштанд ва (ин хатро) напазируфтанд. Њамеша бо хатти форсї менивиштанд ва инро њама медонанд. - Аммо дар амри сода кардани забон чи наќше доштанд? Чи фикр мекунед? - Воќеъан забонро дар он давра бояд сода мекарданд. Шумо агар забони авохири ќарни 19 ва авоили ќарни 20-ро хонда бошед, ин забоне буд, ки агар дар як сафња 80 вожа бошад, аз он 79 тояш арабї буд. Хеле бадарднахур буд. Алъон њам дар Тењрон хеле ошиќи арабї њастанд. Мо ду чизро бояд њамеша дар назар бигирем. Њисоби ислом људост, њисоби араб људост. Мо мусалмон њастем, вале араб нестем. Мо эронї њастем ва забонамон форсист. Ё тољик њастему забонамон форсист. Бояд танњо дар љое вожањои арабиро ба кор барем, ки муродифи форсияшро надошта бошем. Масалан, ваќте ки дар Эрон мегўянд, ки "њазинањои аёбу зањоб", ман маѓзам хароб мешавад. Дар сурате ки мо метавонем бароњатї бигўем "рафтуомад", чиро рафтуомад нагўем? Мутаваљљењ њастед, ки чи мехоњам бигўям? Дар Тољикистон њам вазъият њамин аст. Тољикистон громери бисёр харобе дорад, ки дар асоси громери русї нивишта буданд ва алъон бояд комилан таѓйир ёбад. Муњиммтарин чиз дар ин роњ, ки бояд аз он шурўъ кард, эњёи хат аст. Ман њудуди чињил сол аст дар ин бора мегўяму менивисам, вале мутаассифона, ин бархеро аз як гўшашон ворид мешаваду аз гўши дигарашон хориљ мешавад. Вале намедонам кай, дер ё зуд, мутмаин њастам, ки миллати мо бояд худашро бишносад ва ин корро анљом бидињад. Замоне ки хат эњё шуд ва мардум тавонист адабиёти форсиро бештар бихонад ва бо њамзабононаш муъоширати бештар дошта бошад, хоњнохоњ хеле аз мушкилот бартараф хоњад шуд. - Фикр мекунед чи мушкилоте дар ин замина вуљуд дорад? - Монеъа танњо сиёсист ва маърифати сиёсию маърифати фарњангї, чун, мутаассифона, маърифат њар ќадр пойин бошад, дарки ин масъала ба њамон андоза душвор аст. - Бархењо мегўянд, ки барои гузор аз як хат ба хатти дигар маблаѓи зиёде лозим аст? - Ин як њарфи пуч аст. Бибинед, масоиле њаст, ки ба сарнивишти як ќавм ё миллат марбут аст, инљо набояд дар бораи масоили иќтисодї андеша кард. Ваќте як хатти њазору чањорсадсолаи моро аз байн бурданд, њеч кас дар ин бора фикр накард! Як хатти њафтоду андсоларо мо мехоњем ба љояш хатти худамонро барќарор кунем, мегўянд маблаѓ ниёз дорем. О чи маблаѓе? Бояд барномарезии љиддие сурат бигирад ва ин кори як рўзу ду рўз нест, дар њудуди понздањ сол ё бист сол, аз соли аввал шурўъ кунанд ва оњиста-оњиста, нармак-нармак, андак-андак як марњиларо тай кунанду хатро барќарор кунанд. Тамоми њамсоягони мо хатташонро иваз карданд. Узбакњо иваз карданд, озарињо иваз карданд, хуб, мо чиро накунем? - Фикр мекунед оё онњо муваффаќ шуданд дар табдили хатташон? Оё хатти љадид барои онњо њеч фоидае овард? - Ман фикр мекунам, њар кудоме аз онњо њадаф доштанд ва ба ањдофашон расиданд. Масалан, дар Узбакистон ду њадаф доштанд, ки хаттро иваз кунанд: нахуст, бо ин роњ мехостанд бо форсизабонони кишварашон коре ку-

14


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

ГЕОПОЛИТИКА

ОСИЁИ МАРКАЗЇ МИЁНИ СЕ ЌУДРАТИ ЉАЊОНЇ Њатто саргармї дар буњрони Сурия ва Укроин њам натавонист заррае таваљљуњи ќудратњои љањонї ба Осиёи Марказиро коњиш дињад Дар остонаи истиќлолияти давлатии Тољикистон ва замоне, ки Президенти кишвар њисоботи бурду бохтњои дипломатиро њам ба риштаи тањлил мекашад, руљуъ ба гузашта ва имрўзи иртибот бо се ќудрати манфиатталаби љањонї: Чин, Русия ва ИМА он нуктаро рушантар мекунад, ки мамолики Осиёи Марказї бештар аз пештар дар маркази сиёсатњои тавсеъаталабонаи Маскав, Вашингтон ва Пекин ќарор гирифтаанд. Ва метавон мутмаъин буд, ки ин се бозингари ќудратманди олам дар хич замоне Осиёи Марказиро чун минтаќаи муњими стратегї ба гўшаи фаромўшї наспурдаанд. Алексей Малашенко, тањлилагри маъруфи рус замоне навишта буд, ки дар аввали солњои 90-и асри гузашта Осиёи Марказї барои Русия шабењи "вагонњои аз њам гусастаи як ќатор буд, вале њоло Кремл мекўшад ин вагонњоро ба эшелони Русия мањкам часпонад. Вале гумон намеравад ба ин даст ёбад, чун замон дигар шуда ва бозингарони минтаќавиву љањонї њам дар сањна арзи вуљуд кардаанд. Ин тањлилгар менавишт, ки Маскав дар ибдидо рўи њокимони худкомаи Осиёи Марказї њисоб мекард ва гумон бар ин дошт, ки онњо ниёзи бештар ба пуштибонии Кремл доранд, вале њоло мебинад, ки сиёсати ин худкомагон ба гунаи дигар мечархад ва онњо метавонанд дар майдони сиёсат бо њар ќудрати олам бозї кунанд ва аз он суд љўянд. Ин чанд љумла мазмуни навиштањои Малашенко буд ва агар жарфтар ба умќи рўйдодњои охир фуру равем, мебинем, ки њаќиќат на дар худкомагии ин ё он роњбари кишварњои Осиёи Марказист ва на дар он аст, ки онњо дар ин майдони пуртазоди сиёсат метавонад хуб бозї кунанд, балки дар он аст, ки худи олам дигаргуна дар чархиш аст ва ин ќудратњо худ ниёз ба ин худкомагон доранд, то мавќеъи геополитики худро аз даст надињанд. Бурди сарварони Осиёи Марказї дар он аст, ки онњо ин сиёсатњоро хубтар дарк кардаанд, онњо бозї намекунанд, балки медонанд, ки воќеъият дар њифзи манфиатњост. Ќудратњо манфиати худ њифз мекунанд ва заъифон њам мекўшанд аз ин суд бардоранд. Масалан, агар гоњу ногоњ аз наќзи њуќуќи башар дар Тољикистон ИМА садо баланд кунад, вале Чин мекўшад аслан ба рўйдодњои сиёсї бетаваљљуњ бошад, чун медонад, ки дар Тољикистон, Узбакистон, Ќирѓизстон ё њатто дар Ќазоќистон њар неруе сари кор ояд њам манфиатњои Пекинро зери по намесозад.

САХТИИ РУСИЯВУ НАРМИШИ ЧИН Аз миёни ин се ќудрати аслии бозингар дар сањнаи сиёсии Осиёи Марказї танњо Русия боз њам талош кард, ки бо истифода аз шеваи зўрї муносибат кунад, вале дида мешавад, ки ин шева хеле аз маъруфияти онро коставу иддае аз кишварњо, бахусус Узбакистонро аз њавзаи нуфузаш берун кард. Танњо шояд дар Тољикистон муваффаќ буд. Як худи бањси тўлонии пойгоњи низомии ин кишвар, ки муддати бештар аз ду сол идома дошт, танњо дар осто-

наи баргузории интихоботи президентї роњи њалли худро пайдо кард. Њузури низомии Русия ба ивази ваъдањои ночизе, ки баъзе њоло њам пояи њуќуќї надоранд ва эњтимолияти лаѓвашон низ баъид нест, тамдид гардид. Њоло њам Русия дар њамон ќонуни муњољираташ љиддан таљдиди назар накардааст ва зарфи як соли охир њудуди беш аз 200 њазор муњољир депорт шудаву њаќи то се соли оянда ворид шудан ба ќаламрави ин кишварро надоранд. Дар мавриди лаѓви мушкилоти воридсозии маводи сўхт низ њол аз ин хуб нест. Њанўз як сол аз муоњадаи имзошуда сипарї нашуда, нархи бензин боз дар Тољикистон боло рафт ва агар њол њамин тавр идома кунад, болоравии рањкиро барои фаќиртарин кишвари минтаќа аз эњтимол дур нест. Аммо Чин кўшид бо таќвияти њамкорињои иќтисодї, эътои ќарзњои дарозмуддат, кўмакњои молї ва сармоягузорї ба рушди инфраструктураи ин љамоњир манфиатњои худро њифз кунад. Танњо аввали соли равон барои тавсеъаи фурудгоњњои Ќирѓизистон наздик ба 1 миллиард доллар људо кард ва аз он натњо "Манас"-и овозадор,ки муддати 13 сол аз амрикоињо моње то 60 миллион доллар иљорапулї мегирифт, балки фурудгоњи байналмилалии Боткен ва фурудгоњи рустои Тамчї, ки асосан сайёњони хориљї дар он фуруд меоянд, бањра бардоранд, такмилу таъмир шаванд. Барои бунёди манзили баландошёнаи истиќоматии хизматчиёни њарбии Ќирѓизистон ба маблаѓи 16 миллион доллар кўмак намуд. Илова бар ин бино ба иттилои вазорати мудофиаи ин кишвар 100 миллион юани дигар (муодили 16 миллион доллар) барои навсозии техникаи њарбии ин кишвар људо кардааст. Чин тарњњои зиёди бунёдиро дар рушди саноат, роњсозї, энержї ва њарбии Тољикистон сармоягузорї кардааст, ки ин љо маљоли ном бурдан аз њамаи онњо нест. Ва на танњо ба Тољикистону Ќирѓизистон, балки барои Узбакистону Туркманистон низ хеле тарњњои иќтисодии муфидро пешнињод ва амалї сохтааст. Ва на танњо ин.

БОЗОРИ АЗ ДАСТРАФТАИ РУСИЯ Пекин имрўз бо тарњњои вижа бозори гази содиркунандагони Осиёи Марказиро аз худ кард ва ба назар мерасад љойи пойи Русия дар ин бозор хеле танг шуд. Тибќи маълумоти расмї њиссаи Чин дар лоињањои нафту гази Ќазоќистон болотар аз 22-

24 фоиз аст, вале баъди сафари Назарбоев дар бањори соли љорї ба Пекин ба назар мерасад ин њисса хоњад афзуд. Узбакистон бошад аллакай соли оянда ба Чин соле то 10 миллиард кубометр газ интиќол медињад, ки маќомот мегуянд он якуним баробар бештар аз њаљми имрўза аст. То охири имсол сохтмони хати сеюми лулаи гази Узбакистон дар ќитъаи "Осиёи Марказї-Чин", ки бо 2,2 миллиард доллар ќарзи Чин сохта мешавад, ба анљом мерасад ва ин имкон хоњад дод, ки Тошканд солона 55 миллиард кубометр бештар газ содир кунанд. Бино ба маълумоти расмї Узбакистон солона 63-65 миллиард кубометр газ тавлид мекунад, ки 50 миллиарди он барои эњтиёљоти дохилї мемонад ва 13-15 миллиард кубометраш ба хориљ содир мешавад. Аз соли оянда эњтимол меравад Узбакистон њиссаи гази ба Русия мефурўхтаи худро ба Чин бифрўшад. Соли љорї сарварони се кишвари содиркунандаи нафту гази минтаќа: Назарбоев, Бердимуњаммадов ва Каримов сафари Пекин доштанд ва Чин дар муоњадањои имзокардаи худ ба харидории нафту газ аз ин љамоњир бештар таваљљуњ кард. Чунончї, Бердимуњаммадов низ як муоњадаи фурўши 30 миллиард кубометр газ ба Чин дар як солро имзо кард. Ва тибќи тарњи стратегии Чин ин кишвар соли 2016 аз хориљ то 40 миллиард кубометр дар сол газ ворид мекунад ва соли 2021 он то 65 миллиард кубометр дар як солро ташкил хоњад дод. Коршиноси масоили амниятї Георгий Станиславский мегўяд ин талошњо баёнгари онанд, ки Чин худро ба ким-кадом буњрони иќтисодие омода мекунад, то рушди саноати худро таъмин карда тавонад. Аз сўи дигар ин коршинос як ояндаи душвор барои њамкорї бо кишварњои содиркунандаи газ дар Осиёи Марказиро бо "Газпром" мушоњида кардааст ва мегўяд Аврупо ќасд дошт аз тариќи хати интиќоли гази Озарбойљон гази Осиёи Марказиро соњиб шавад, вале њоло мебинад, ки он ба Чин меравад. Русия умед ба "Южний поток" дошт, ки он њам ба тањрими амрикої гирифтор шудааст. Яъне, Чин ба њадде Русияро аз бозори гази Осиёи Марказї хориљ мекунад. Аз сўи дигар иддае аз коршиносон инро љурми "Газром" медонанд, ки ба гузаште розї намешавад ва ин якравї онро аз тарњњои муњим берун меандозад. Далели ин бурун карда шудани Русия аз тарњи хати лулаи интиќоли гази "Туркманистон-Афѓонистон- Покистон-Њинд" мебошад, ки иќтидори он интиќоли солонаи 30 миллиард кубометр газ дар як сол аст. Коршиносон инро бузургтарин тарњи минтаќавї меноманд ва гуфта ме-

шавад, ки Туркманистон аз аввалин кишварњое буд, ки сармоягузории "Газпром"-ро рад кард.

ЊУЗУРИ НИЗОМИИ АМРИКО: АФСОНА Ё ЊАЌИЌАТ Моњи декабри соли 2012 собиќ Котиби давлатии ИМА Њилларї Клинтон дар як нишасти матбуотї дар Дублин гуфта буд, ки Вашингтон ба наќшањои тавсеаи њузури низомии Русия дар Осиёи Марказї халал хоњад расонд. Ва амалан њам чунин шуд. Дар арафаи нишасти сарони идорањои дипломатии кишварњои узви СЊШ дар шањри Душанбе матбуоти Русия хабар ва гузоришоту тањлилњоеро дар мавриди бунёди пойгоњи низомии ИМА дар Узбакистон интишор доданд. Омили хабарї сафари фармондењи Маркази фармондењии неруњои мусаллањи ИМА генерал Ллойд Љей Остин ба Тошканд буд. Њарчанд ин иддио расман рад шуд, вале аз он ки НАТО намояндагии расмии худро мањз дар Тошканд боз кард, гумон меравад чунин тарњњое мавриди баррасї дар Тошканду Вашингтон ќарор гирифтаанд. Њарчанд Вашингтон ваќтњои охир Тошкандро аз муттањидони эњтимолии худ дар минтаќа мебинад, вале гузаштаи начандон дур ва вокунишњои њукумати Каримов ба татбиќи тарњњои байналмилалї, аз љумла "CASA-1000" метавонад Кохи Сафедро ба гумону шубањоти зиёд андозад. Аз ин рў иддае аз коршиносон, аз љумла Дониёр Касназарови ќазоќ бар ин назаранд, ки ин як ќадами тактикист ва њоло иќдоми љиддї сурат нагирифтааст. Вашингтон њамоно саргарми таблиѓ ва татбиќи амалии тарњи хеле машњури "Рохи бузурги абрешиманд" ва бидуни шак њамаи кишварњои Осиёи Марказиро фаро мегирад. Дар пасманзараи роњандозии ин тарњ шояд бунёди пойгоњи низомии амрикої дар яке аз мамолики Осиёи Марказї имконпазир бошад. Агар нек тањлил шавад, дар Тољикистон ва Ќирѓизистон ин амалан номумкин аст, чун ин ду кишвар ва њатто Ќазоќистон ба њамкорињои наздики низомї бо Русия моиланд, то ки бо ИМА ва њар кишвари аврупоии дигар. Дар њоле, ки тибќи назари баъзе аз тањлилгарони масоили амниятї сиёсати ИМА дар Ховари Миёна гирењ мехўрад, шояд афсонаи њузури низомии Амрико дар Осиёи Марказї ва орзу барои иддае аз худкомагони минтаќа амалї гардад.

Бобољони ШАФЕЪ


ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

11

ќабули ин сайёњон омода накардаем. Сайёњи хориљї дар Тољикистон, аз фурудгоњ берун шуда, танњо ба мушкилї рў ба рў мешаванд, сар карда аз забондонии мардум.

Љойи дуюм ё зарурати вазорат

Муносибати хунукназарона ба Карон бепарвої ва чашм пўшидани масъулини њукуматро ба соњаи туризм ба намоиш гузоштааст. Шањр-давлати ќадимаи Карон, ки ба гуфтаи таърихнигорон то 4 њазор сол умр дорад, метавонад Дарвози Тољикистонро ба яке аз љолибтарин мавзеъњои кишвар барои сайёњони хориљї табдил бидињад, аммо касе ба он љиддї машѓул нест. Шояд ваќти он расида, ки идораи давлатии туризм ба сатњи баландтар бардошта шавад

КАРОН ВА БЕПАРВОЇ

Мачу Пикчуи тољик Агар ба њафриётшиносону таърихнигорон бовар кунем, Карон аз нигоњи таърихї ва фарњангї бањо надорад ва метавонад сайёњонро ба худ чун шакар магасро љолб кунад. Он ба масоњат то 100 гектарро дар бар гирифта, тамоми хусусиятњои давлат - шањри куњантарини авастоиро дорост. Карон бо меъмории мармузи шањрсозии ќадимї касро ба њайрат меорад. Онро метавон бо Мачу Пикчу дар Перу монанд кард. Танњо масоњати диж, ки макони зиндагї ва маъмурии шоњи Карон будааст, дар њудуди беш аз 1 гектар бунёд шуда, калонтарин љойи нишасти шоњ дар куњистони Осиёи Марказї унвон мешавад. Юсуфшоњ Ёќубов, бостоншиноси тољик, ки аз кашфи Карони 4-њазорсола хабар дод, мегўяд, ин шањр аз чор бахш иборат мебошад. Ба навиштаи олимони њафриётгар дар бахши шимолу ѓарбї дар гузаштаи дур биноњои он, аз маъбади оташи муќаддас ва баъдан ибодатгоњ, майдонњои варзишї ва манораи бузург ва дањњо ободонињо иборат будааст, ки нишонањои асосии шањр-давлати бостонї будани Карон мањсуб мешаванд. Дар љануби диж, ки бахши дувуми шањр будааст, дар баландии кўњ манораи сезина њаст, њоло аз он ду зинаи поёнї боќї мондаанд. Карон, -мегўянд олимон, -эњтимол шањри авастої будааст, ки мардуми Дарвоз дертар аз мардумони дигари минтаќа эътиќодоти ниёкони худро њифз кардаанд. Дар ин манора дар замонњои ќабл аз ислом дар рўзњои љашн оташи муќаддас афрухта мешудааст. Ба гуфтаи олимони њафриётгар њуљрањои атрофии манора аз маъбад будани бино шањодат медињанд. Бахши сеюми шањрро гўристон ташкил мекард, ки дар тарафи шимол дар мавзеъи Варчи поён ва Варчи тор љой дорад. Ба гуфтаи тањќиќотгарон, кор дар ин ќисмати шањр нишон додааст, ки дар Варчи поён фарвартикњои оилавї будаанд ва дар онњо устухонњои аз гўшт покшуда нигоњ дошта мешудаанд. Дар Варчи тор дахма будааст, ва он аз љониби дењаи Рузваї бо девори бузургу бурљњои тирандозї муњофизат мешуд. Бахши чањоруми шањр дар ќисмати љануб љой дорад. Дар ин ќисмат њуљрањои дуќабатае њафриёт шуданд, ки дар сатњи баландтар бино ёфтаанд. Њуљрањои ќабати дуввум манзили зисти шоњ буданд, ки бо гузашти солњо хароб гардида, аз он танњо андоваи гачї бо наќшу нигори рангини олами наботот ба таври пароканда ва шикаста боќї мондааст. Соли љорї дар њафриёти Карон ду гуруњи олимон аз Русияву Эрон кор карда, ба хулоса

САЙЁЊОНИ ХОРИЉЇ ДАР РОЊ БА ПОМИР омадаанд, ки њанўз 10-12 дарсади шањри ќадима мавриди омўзиш ќарор нагирифтааст.

Ќањќањаи љоду Дар бораи Карон метавон дуру дароз наќли олимону њафриётшиносонро гўш кард. Дар Карон тамаддун то њадде рушдкарда будааст, ки дар сохтмони биноњо хишти пухта истифода шудааст. Порањои хиштњои пухта сокинони Дарвозро, ки гурўњ-гурўњ аз ин мавзеъ дидан мекунанд, ба ваљд меорад, зеро онњо хуб медонанд, ки њатто дар даврони Шуравї низ дар Бадахшон як корхонаи хиштпазї набуд. Хишти пухта, ки алњол ду намуди он кашф шудааст, дар сохтмони маъбади бузурги 25метраи Карон низ истифода шудааст. Дар њоле, ки дар минтаќаи Бадахшон ягон кони ангишт вуљуд надорад, ки барои омода намудани хишти пўхта аз ангишти он истифода баранд. Системаи обёрии Карон айнан ба обёрии Мачу Пикчу, ки зикраш дар боло рафт, шабоњат дорад. Оби дарёи Панљ ба ќасри шоњи Дарвоз ба воситањои системаи ќубурњо аз 300 метр оварда шудааст. Лулањои сафолини ба дастомада шоњиди он мебошад, ки фарњанги њамомдорї ва бунёди корез дар шањр ба таври васеъ истифода мешудааст. Як сирри дигаре, ки то њол илм ба он посух нагуфтааст, дар болои санг - асосан квартс љо гирифтани шањр аст. Юсуфшо Ёќубов мегўяд, посух ба ин савол, ки чаро Карон дар баландии куњ љойгир шуда буд, як посух дошта метавонад, он њам масъалаи амнияти сокинони он. Аммо чаро њам Мачу Пикчу ва њам Карон дар болои квартс бино ёфтаанд? - олимон ба ин савол њанўз посух нагуфтаанд. Квартсро моддаи асроромезтарин ва њатто сењрнок њам меноманд.

Муъмин Ќаноат, мегўяд, мардуми бумї мавќеъи шањри Каронро Ќањќањаи љоду низ ном мебурдаанд. Ба он хотир, ки барои мардум макони мазкур сењрнок ва пурмуаммо ба назар мерасид. . Њафриётшиносон њоло дар майдони Чавгон дар Карон, ки далели раднашавандаи мероси ќадимтарини мардуми мо будани ин навъи варзиш аст, корњои барќароркуниро идома медињанд.

Бепарвої ё бемасъулиятї Дар њоле, ки дар Тољикистон гўё њукумат барои рушди туризм наќшањои зиёд дорад, бепарвої ва баъзан њатто пеши по задани ин наќшањо ба назар мерасад. Барои мисол, кашфи Карон, ки дар ояндаи наздик, дар њолати тарѓибу ташвиќи дуруст, метавонад сайёњонро мисле, ки мураббо магасро ба худ мекашад, љалб кунад, ба зиддиятњо мувољењ шуд. Зидди Карон дар нашрияи ягонаи расмии Њукумати Тољикистон маќолањо навиштанд. Аз ин макон фаќат Президенти академияи илмњои Тољикистон Фарњод Рањимов дидан кард, аммо чизе љуз ин сафари расмї, ба мушоњида намерасад, ки аз дастгирии њукумат дар ин самт далолат кунад. Њол он ки Карон, ба мисоли дигар мавзеъњои љолиби кишвар барои сайёњи хориљї, ба инфраструктураи туризм ниёз дорад. Дар Тољикистон мавзеъњои сайёњї, ки асосан ба ниёзи тафрењии мардуми дохилї истифода мешаванд, хеле зиёданд. Аммо дар њар яке ин мавзеъњо мушкили инфрасохторї барои туризми байналмилалї ба назар мерасад. Сайёњони хориљї оддитарин шароитро ин љо надоранд. Мо њатто мардуми ин минтаќањоро ба

Дар Тољикистон тибќи иттилои расмї, як сайёњи хориљї ба њисоби миёна 500 доллар сарф мекунад, ки ними харљи як сайёњи миёна дар дигар кишварњои љањон аст. Ба кишвари мо соли гузашта ќариб 250 њазор сайёњ омадаанд. Ин раќам метавонист ба маротиб бештар бошад ва њар сайёњ метавонист дар кишвар на камтар аз њазор доллар сарф кунад. Тољикистон бо шароити феълї њам, яке аз љолиб тарин кишварњои љањон барои сайёњї аст ва ба дањгонаи љолибтарин кишварњои сайёњї шомил шуд. Дар рейтинги ахири Бунгоњи машњури байналмилалиии сайёњии Globe Spots ба дањгонаи аввали он Тољикистон дар љойи дуюм, миёни Малта ва Руминия љой гирифт. Ва љолиб он аст, ки ин ду кишвар ба хотири мавзеъњои таърихиашон ба сайёњон пешнињод шудаанд, Тољикистон бошад чун кишваре пешнињод мешавад, ки метавон дар он манзароњои нотакрор ва аљоибро тамошо кард". Пас метавон ин суолро матрањ кард ва ба он посух љуст: сайёњон дар Тољикистон чї мељўянд ва дар он чї чизи љолиберо пайдо ва аз он лаззат мебаранд? "Ин кишвар њанўз њам нишондињандаи як биёбони бисёр воќеъї ва њатто партгоњеро мемонад, ки худ аз худ як мољарољўиро ба ёд меорад. Гузашта аз ин њарчанд ин кишвари бузурге нест ва майдонњои пањноваре надорад, вале якбора бо чанд мамлакат: Чин, Афѓонистон, Узбакистон ва Ќирѓизистон дорои марзи муштарак мебошад. Ва њар кас дар ин љо метавонад чизи мароќангезе барои худ кашф кунад",- гуфта мешавад дар гузориши Globe Spots. Ин бунгоњи машњури байналмилалї гуфтаст: "одамон дар сарзамин чун дар дигар мамолики Осиёи Марказї хеле хайрхоњанд. Танњо кормандони пулис аз он ки хеле фасодзада шудаанд, истисноянд". Муаллифони ин гузориш навиштаанд, ки куњњои барфпўши Тољикистон, обњои мусаффо, бањри кабуд, чарогоњњои сарсабз ва водињои сахраї, ки ба он метавон пои пиёда ва ё савори дучарха, харсавор ва бо мошини љип имкон дорад биравї, хотирмон аст". Globe Spots њамчунин аз роњњои морпечи Помир њикоят кардааст ва савори дучарха рафтану вориди дарањои он шуданро хеле муъљизаосо тасвир кардааст. Њол он ки барои љалби сайёњон ва шароити дурусти сайёњати онњо дар кишвар бояд њама чиз фароњам оварда шавад. Хориљї ваќте аз фурудгоњи байналмилалї дар Душанбе, ё Хуљанд берун шуд, бояд дар даст харитаи рањнамо бигирад, ки дар он дар бораи њама чиз, сар карда аз њољатхонаву њаммом, то ба макони хобу ѓизогирї ва мавзеъњои таърихиву осори фарњангии кишвар маълумот бошад. Дидани як хориљї дар куњистони Варзоб, ё Помир, албатта бояд боиси ифтихори њар як сокини кишвар бошад. Муносибати дурустро бо сайёњон бояд њар сокини минтаќањои мазкур донанд. Бояд ба онњо дар курсњои омўзишї ин масоил фањмонда шавад. Аз Душанбе ба самти шимол берун шуда, сар карда аз дарањои Варзоб то Панљакент њама мавзеъњои љолиб барои њар сайёњї хориљї мањсуб мешаванд. Дар шоњроњи Душанбе-Чанак оё як сайёњи хориљї метавонад бемалол аз дуконе барои худ аќаллан об харидорї кунад? Куљо расад ба бунгоњи тиббии дорои оддитарин шароити санитарї? Фурўшанда бояд чанд калимаву ибораи англисиро хуб донад, то молашро ба сайёњ дуруст пешнињод кунад. Сайёњони хориљї њатто аз нўшидани оби мо мењаросанд. Њол он ки њар чашмаи ин љо оби аълосифат дорад. Дар мо кадом донишгоњ мутахассис "тољикистоншинос" омода мекунад, то ба мардуми хориљї кишварро дуруст муаррифї карда тавонад? Ин њама далели бепарвоии масъулини њукумат нисбати соњаи туризм ва бесоњибии имрўзаи он аст. Аз 5 млн. сомонї маблаѓи солонаи буљет, ки ба Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї људо мешавад, чанд фисади он ба сайёњї сарф мешвад? Њамроњ кардани соњањои варзишу сайёњї ва сиёсати љавонон, ба як Кумита бемасъулиятї ё чашм пўшидан аз самтњои афзалиятноктарин ба иќтисоди кишвар буд. Барои рушди соњаи сайёњї ва дар оянда ба яке аз кишарњои пешрафта дар ин самт табдил додани Тољикистон, бояд Вазорати саёњати Тољикистон таъсис дода шавад.

Абўалї НЕКРЎЗОВ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

БО ШОИР

ФАРЗОНА ФАСЛИ САБЗИ ИФТИТОЊ Ман нотаи офтобро медонам, Савти танавори обро медонам. Дар фасли бањорхезии љўшишњо Пар-пар задани њубобро медонам. Он ќосиди шодиовари хусрави субњ Хуршеди тилорикобро медонам. Њарчанд, ки шўра зад дили фартутам, Ширин тапиши шубобро медонам. Одреси дили туро намедонам ман, Кай он роњи касмаёбро медонам. Бар дўш гирифтаам гуноњи њама халќ, Шодам, ки њамин савобро медонам, Аз гум шудани дури дарун бехабаранд, Ин мардуми гармхобро медонам. Сад барги дили ту хондаам, дигар њељ, Мазмуни њамин китобро медонам. Медонами ман ба љуз намедонам нест, Ту асливу ман њиљобро медонам.

ФУРСАТИ ТАВБА Марњамат кун, дубора дењ иршод Ба мани сактафикри бастасавод. Додиям фурсати гунањ кардан, Фурсати тавба низ хоњї дод?! *** Турна-турна бигзашта солу моњи парвозї, Пушти Ќоф анќо шуд фасли тифлию бозї. То кай, эй дили бодї, бе иљозати таќвим Лола-лола механдї, ѓунча-ѓунча менозї. Чун дар интињои рањ рўи аспи чўбинї, Тундтар чї мепўї, пештар чї метозї. Лат махўр зи дилкўбон, эй дили њалолатвор, Сурхрў шаву бардор рояти сарфарозї! Чун њумои ёдашро аз дилам гузар додам, Нав ба нав таваллуд шуд он саодати мозї. Чун дили нафиси ман коѓази самарќандист, Хоља, лутф кун, бигзор соядасти шерозї. Эй бањори бигзашта,ќонеам зи ту, ќонеъ, Эй љавонии рафта, розиї зи ман, розї?!

КЎДАКЇ Ду нафар мерафтанд бо ќадамњои шитобон Дар кафи нозукашон чанд дирам тобон буд, Дар њамон фасл, ки эњсоси саодат чї ќадар осон буд. Чашмашон чун чароѓони шаби ид муфаррењ, Дилашон-зодгањи шодии сода, Руњашон-руњи аз фариштаи ѓофил зи асли инсон буд. Пайи як кори азим Ду нафар мерафтанд Дўш бар дўшу ќадам бар ќадаму даст ба даст Ба харидории як баста офтобпараст... * * * Ѓуруб омаду хуршед сактаи дил шуд, Зи њамнишинии Исо варо чї њосил шуд. На офтоб бувад, он чї шаш љињат афрўхт, Диле чу себ зи боѓи бињишт нозил шуд. Ба хостан натавонист зулматоине Ба фитна дар рањи маљрои субњ ќоил шуд. Дило, дай омаду чун нахл мехкўбат кард, Ќадам гузоштанат то бањор мушкил шуд. Гање, ки ишќ ба дастони шоирон афтод, Асири панљараи фоилу мафоил шуд Ба пеши чашми њаќиќатнамоят,эй ѓоиб, Дилам ба кулли гуноње, ки дошт, ќоил шуд. Дилам аз он дами рўшан, ки тарки ѓайбат кард, Ба иттињодияи офтоб шомил шуд.

*** Кай шавад барге ба боѓе хаста аз алњамдхонї, Баргу шукри бенињоят, боѓу зикри љовидонї. Барг-барги њар сулулам мекунад њар дам тиловат Ояњои бўстонї, сурањои бостонї. Бар кї бикшої даратро, эй нигористони баста, Эй ба зебої гузашта аз њазор Аржанги Монї. Аз чї, эй мардум, тааљљуб мекунед аз њар хатоям, Пас чї мехоњед аз ман, аз мани ноосмонї. Аз паси ташвиши олам, чун давидам, умр тай шуд, Монда пушти орзуям он фариди ормонї. Моњ муљустем ваќте, баъд аз он моњона љустем, Љадвалї гаштем мо њам бо убури зиндагонї. Он мани аввал чї ошиќ, он мани сонї чї беишќ, Њарфи аввал њарфи дил буд, њарфи баъдиям забонї. Дил бад-ин бардорузанњо гарчи хеле хастаам кард, Зиндагонї, бо ту дорам боз њам ишќи нињонї Эй дил, ин дам бастанатро ёри лоњутї набахшад, Месазад, то боз бошї, месазад, то боз хонї.

ТАЪЗИР Рўзгоре гуфтам, эй дўст, дар гиребони фалон гул љои шабнам пардаи ѓафси ѓубор аст. Дар фалон оина љавњар нест, зангор аст. Дўст гуфт: Афсўс, афсўс, Фикр мекардам, ки ѓайбат Нест дар барномаи атвори ту. Фикр мекардам, ки љуз нашри сабоњат нест дигар кори ту. Фол медидам, ки бо ту мешавад пиндорњои одии ман муњташам, Эй дар анбуњи дайи беруњу ялдои хаёлам ёди худро боз карда нарм чун боли кабўтар, пок чун чашмони нилуфар, чун њарири субњњои исавидам, чун гули Марям. Фикр мекардам, ки инсони азизи ормониям туї, Ќосиди вањйи муњаббат, хаткашони осмониям туї. Фикр мекардам, ки ту оинаи бетарљумонї, Фикр мекардам, ки.., Пас ту њам... чун дигаронї... -Ман... Ман чї гўям. Пеши чашми њаќнамоят бањри рўшан кардани худ њељ бурњоне надорам. Эй ки аз сад парда он сўро мушаххас мекунї, рў ба рўи инчунин оинаи ботиннамо ѓайри сад љурми намоёне надорам. Дўст, таъзирам бикун. Эй пуропур аз фурўѓи эзидї, як бор таъсирам бикун. Дўст, бо анвори полояндаат тирагињои маро ислоњ кун. Дар њамин садсолагї њам Руњи ман аз руњи ту тањрирхоњ аст. Дер шуд, шояд дар ин бефасливу бемавсимї тавба кардан њам гуноњ аст. Дер шуд? На, на, на, њаргиз! Њолиё њам фасли сабзи ифтитоњ аст. *** Азизи дур, ба номат кабўтарона салом, Зи боми нуќравари субњ сад тарона салом.

Чу шањсавораи таќвими тундтоз шудам, Бе дурдасти мунаввар, ки бекарона салом. Ба баргу гул, ба чаман, бар рухи афифи бањор Зи номи шабнами дурдона дона-дона салом. Аз ин диле, ки зи ќайди дирам рањої љуст, Ба офтоб-ба ганљури сад хизона салом. Намебарад суи ту нардбони аслу маљоз, Зи тањтхона ба тоќи нуњошёна салом. Њазор ќофила падруд њам, ки бифристї, Њазор ќофила бар номат, эй ягона, салом. Ба исми аъзами ту, эй муњаббати сармад, Аз ин гузаштаву оянда љовидона салом. *** Гуноњам сахт бисёр аст, мебахшї, намебахшї, Ба дўши нуњ фалак бор аст, мебахшї, намебахшї. Дар ин боме, ки аз тањрики фарвардин нашуд бедор, Њамоно барфи перор аст, мебахшї, намебахшї. Дилам бо он ки бо њар як тапиш Аллоњ мегўяд, Гање анбози куффор аст, мебахшї, намебахшї. Касе баста, ки мехоњад зи ќайди обу гил бар шуд, Дар ин њалќа гирифтор аст, мебахшї, намебахшї. Ту фикри охират бахшо, ки ман дар фикри оѓозам, Вуљудам орзузор аст, мебахшї, намебахшї. Дар ин торе, ки мехоњам мунољоти ту бинвозам, Њанўз оњанги он ёр аст, мебахшї, намебахшї. Ду ќарн аз сар гузашту њарфи ман аз мўд хориљ шуд, Каломам бехаридор аст, мебахшї, намебахшї. Кушо фарњанги сурхи дил, ки дар њар чор љилди ў, Фаќат як вожа такрор аст, мебахшї, намебахшї. Дай омад, рафт њафт иќлим бар хоби зимистонї, Њамин як ѓунча бедор аст, мебахшї, намебахшї. *** Шамими ишќ меояд зи себистони субњоѓўш, Шафаќ дар шохи миної шакарсебест атласпўш. Шаби дўшин нигањ кардам, ки дар гулгашти мањтобї Фалак њам як сабад себи ситора мебарад дар дўш. Ба чашмони ту маъмулист њар чизи муќаддас њам, Дили ман себи одї нест, ин ёќутро мафрўш. Надонистї, ки бе зањмат шудї бо офтоб анбоз, Нафањмидї, ки бе рухсат майи хуршед кардї нўш. Љавонмардї чї мехоњам, зи дунони муханнасруњ, Мусалмонї чї мегўям зи холигоњи кофарљўш. Агар бечора њам бошам, ба дўшам ин рисолат њаст: Ба оњи дардмандон гўш додан, гўш додан, гўш. Хиёнат кард саркўбат, риё аз пушт зад чўбат, Дили ман, мурда њам бошї, бизї, фардо бисоз аз дўш. Љавонї рафт, эй тўфонхурўљи ишќи бепосух, Биё, хомўш шав, хомўш шав. На, на, машав хомўш.


РИСОЛАТ Тарс Ваќте бори аввал ноиби директори театрамон Зиё Тошев хабар овард, ки сафари њунарї ба ноњияи Њисор бо намоиши "Шабе дур аз ватан" дар пеш аст, шахсан банда ба андеша рафтам: - оё мардум тавони дидани ин намоишро доранд...? Мардуме, ки имрўз бештарашон театрро дар намоишњои сабук ва хандадор ва ё порчањои хурди њаљвии консертию телевизионї медонанд. Ваќте, дар умум, одобу фарњанги театрии бинандаи шањр дар ин сатњ аст, метавон ба бинандањои, ба истилоњ музофотї эътимод кард...? Ваќте театрњои пойтахт мухлиси доимии худро ќариб, ки надоранд, оё метавон дар музофот муваффаќ шуд...? Бахусус бо намоиши "Шабе дур аз Ватан", намоиши манзум. Мардумеро, ки то љое ба суханони оддиву сабуки "фањмои" кўчагї ва њатто гўиши кўчагии ѓайритољикона одат кардааст, метавон ба шунидану дидани намоиши манзуми пур аз андеша, дард ва сухани воло рањнамун сохт? Бар замми ин, намоише, ки аз ашъори шоири муосир Бозор Собир сохта шудааст. Шоире, ки миёни ашъору баёнаш дар зиндагї ихтилофу тазод кам нест. Шоире, ки њастї ва мањбубияташ байни мардум пур аз тазод аст. Бо ин њама бори андеша, магар осон аст миёни мардум як соату дањ - понздањ даќиќа наќш офаридан...?! Осмони пурситораи Њисор Дар Њисор намоиш дар майдони бинои њукумати ноњия, зери осмони пурситора гузашт. Хомўшии мардум ва ташаккури пурњаяљон ва чашмону чењраи пурандешаи баъзе бинандањо баъди намоиш тарсу гумонњои маро каме дур кард, аммо бо вуљуд, фикр мекардам, шояд будани раис ва масъулини њукумати ноњия бетаъсир набуд... Сафари баъдина ва намоиши дуюму сеюм ба шањри Ќурѓонтеппа доштем. Ёдам њаст, зани солхўрдае бо чашмони пурашк њамаи моро оѓўш мекарду мебўсид ва эътироз мекард, ки чаро ин гуна намоишњоро ба мардум кам пешкаш мекунанд. Як мард њам бисёр бо эњсос изњори миннатдорї кард, ва шукр, ки кам набуданд нафароне, ки муњаббат ва њамдардии худро нисбати дарди Муњољир - ќањрамони асар, ва созандагони намоиш дареѓ намедоштанд. Баъдан, дар ноњияњои Бохтар, Панљ ва Ёвон сафари њунарї доштем. Њама дудилагињои мо иштирокчиён ќариб, ки ботил шуданд. Дар умум, фарќ байни бинандаи пойтахт ва музофотї, ќариб дида намешуд. Њамон чашмони пурашки баъзе ва чењрањои пурдарду пурандеша. Бадбахтона, симоњои сардеро њам дидем, ки на гўши шунидан доштанду на чашми дидан ва на дарки маънї...! Баъдан, сафари тулонї ба вилояти Суѓд доштем. (Ман њеч гоњ фаромўш намекунам, чї гуна дар толори театрамон баъди дањ даќиќа намоишро ќатъ карда, донишљўёни яке аз факултањои Донишгоњи миллиро аз толор ронда будем. Чунки тањќир ва беодобие, ки аз љониби баъзеи онњо содир шуд, ба навиштан ќалам мешиканаду ба гуфтан забон дармемонад!). Бори авввал буд, ки ба ин дараља садои гиряро ваќти намоиш дар иштироки донишљўёни ватанї мешунидам. Замони иљро шунидани садои њамдардї ва ё њисси њамдилї, бешубња илњомбахш ва ќуввати дили мост, ваќте дард, дарди имрўзи љомеа, доѓи ќариб њар хонадони миллату њар фарди бо нанги ватанист. Бадбахтии њунар айби мардум нест Фазои фарњангии љомеаи моро имрўз як таасуроти нодуруст ињота намудааст. Сафарњои ба ном њунарї, бештар тиљоратианд. Њар куљое, ки рафтем шикоят аз гурўњњои пулкоркун ва ё намоишњое мекарданд, ки њељ маъною мазмуни тарбиявию њунарї дар онњо нест. Ба ин хотир ќариб дар њамаи ноњияњо, ки сафар кардем, њатман суоли "хандадорай?, ханда дора?..." садо медод. Аксари мардум театрро фаќат дар ханда мебинанд ва њунарпешаро њамчун масхарабоз, чунки таасуроти онњо аз дидаву шунидаашон њамин аст. Ёдам омад, чанд сол пеш, ваќте дар яке аз театрњои пойтахт кор мекардам њангоми сафари њунарї ба яке аз ноњияњои кишвари азиз баъди яке аз намоишњо, њунарманди машњури театрамон бо дард ба мо чанд нафар бо њасрат мегуфт, ки - "Аввал бояд коргардон ва баъд иштирокчиёни ин намоиш ва баъдан бояд театрамонро ба додгоњ кашид...! Мани њунарпеша бо ин таљриба, баъди дидани ин намоиш чизе нафањмидам..., бинандаи бечора аз куљо мефањмад...?! Иљрои ин намоиш дар ин сатњ љиноят аст...!" Њамин њол дар сари насли наврас, фарзандонамон низ њаст. Соли 2008 дар љашнвораи байналмиллалї ќиссагўї дар шањри Шерози Эрон будам. Дар љашнвора аз 12 кишвари љањон ширкат доштанд. Чун љашнвора ќиссагўїафсонагўї буд, бинандаи асосї аслан насли наврас, мактаббачањо буданд. Љашнвора дар толори зебое мегузашт, ки њудуди 500 љой дошт. Муддати як њафта ки љашнвора мерафт, ман надидам, ки толор аз 80 - 100 бинандаи насли навраси мактабхон зиёд дошта бошад ( ба љуз њудуди 100 - 120 нафар иштирокчиёни љашнвора). Онњо њам ду ё се ќисса тамошо ва гўш мекарданд, ки њудуди 30-40 даќиќа буд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

13

"ХАНДАДОРАЙ?!" Чї тавр мо театрро ба дасти миёнаравњои пулкоркун дода, њунару њунармандро ба масхара ва масхарабозї табдил додем... Њатман омўзгорон хоњиш мекарданд, ки муттасадиёни љашнвора каме мунтазир шаванд, то бо гурўњи нави 80 ё 100 нафара иваз кунанд, чаро ки бачањо хаста мешаванд ва ќиссаи баъдинаро дар ёд гирифтанашон мушкил хоњад шуд. Ана ин аст тарбияи фарњангии насли ояндаи миллат...! Хеле дарднок аст, ваќте баъзан дар толори 300-400 нафараи театрњои њатто пойтахтамон то 400-500 нафар талабаро љой мекунанд, ки на дуруст дида метавонанду на шунида. Дар ноњияњо аз рўи шунидам, њатто дар баъзе њолату шароите намоиш медињанд, ки њољат ба шарњ надорад...! Муњим маблаѓ...!!! Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки шароити иќтисодии театрњо имрўз хеле нигароникунанда аст ва баъзан театрњо маљбур ба ин амал даст мезананд. Бо вуљуд ин амалро намехоњам пуштибон бошам. Арзишњои инсонию фарњангї ва маънавият, бояд дар њама њолат дар мадди аввал бошад! Ба андешаи банда, театри имрўза то љое вазифаи худро дар љомеа фаромуш ва ё гум кардааст. Ва яке аз сабабњо аз њамон рўзе ки иљборан овардани бинанда ба театр шуруъ шуд , яъне солњои 80-и асри гузашта аст. Муњаббат ва мењрро намешавад ба зўрї дар ќалби инсон љо кард. Фарњанг њам ниёз ба зўрї ё амали маљбурї надорад. Ин амали хато театри тољикро дар нињоят ба беќурбї ва аз даст додани рисолат ва бинандаи асили худ овард. Њама давру замон театр бинандаи хоси худро дорад ва њамеша ниёз ба пуштибонии њукумату давлат дошт. Дар театрњо њам, аз набудани имконияти молиявї бештар ба намоишњои сафарї аз назари даромад тасмимгирї мешуд, на сатњи њунар ва дарки маънї. Вагарна чаро намоишњои хуб ба сафари њунарї намераванд? Оё ба љуз доираи театрї касе медонад, ки театри давлатии љавонон дар тули 6 - 7 соли охир 22 номгўй диплому љоиза тандисњои љашнворањои байналмиллалии кишварњои хориљиро ба ватан овардааст, ки 17 - тои он аз се намоиш: "Рустам ва Сўњроб", "Як рўзи дарозтар аз аср" ва "Шабе дур аз ватан" аст. Оё мардуми Тољикистон хоњиш ва имконияти дидани ин намоишњоро доранд...? Бо итминон гуфта метавонам, ки то њол ин намоишњоро нисбатан бештар дар хориља мешиносанд ва бештар васфи намоишњоро кардаанду зиёдтар навиштаанд. Гумонатонро метавонет аз сайтњои интернет дур кунед. Дар Осло Соли 2011 дар сафари њунарї дар шањри Ослои Норвеж шоњиди воќеае шудам, ки ду нафар њунарпеша ќиссаеро тамрин мекарданд, ба хотире, ки онњоро бонкирњои Осло дар яке аз љамъомадњояшон даъват карда буданд. Бонкирњои шањри Осло на ин ки ба намоиши театрї, балки ба шунидани ќисса - афсона њам ниёз доштаанд. Чаро аз тарафи љомеаи Тољикистони азиз: њукумату вазоратњо, корхонаву бонкњо, тољирону олимон ва ањли адаб њељ вокунише нест. Чаро кишвари Эрон баъди соњиби "Шоњљоиза" шудани намоиши "Рустам ва Сўњроб"-и коргардон Султон Усмонов дар љашнвораи "Дањаи Фаљр", баъди ним сол бори дуюм ин намоишро даъват карду 17 рўз мо ба мардуми Эрон намоиш пешкаш кардем? Чанд сол аст, ки ин намоиши бењтарин дар театри љавонон рўи сањнаро надидааст. Касе магар

инро медонад...? Агар зањмату талоши Зиё Тошев намебуд, шояд таќдири "Як рўзи дарозтар аз аср" ва "Шаби дур аз ватан" њам њамин мебуд. Оё рўзе мерасида бошад, ки љомеаи мо талаби дидани намоишњои хуби театрї бикунанд?! Ин се намоиши номбаршуда агар хуб намебуданд, соњиби ин ќадар љоизаву бањои баланди мутахасисони хориљї намегаштанд. Њамин гуна муносибат нисбат ба маориф, илму њунар, адабиёт намебуд, шояд айбро фаќат дар худи театр мељустем. Мо ба куљо равонаем...?! Адами равобит ва канда шудани ришта байни љомеаву театр магар њунари театриро, ки модари њунарњо мењисобанд ба нестї намебарад?! Њамин муносибати сарди љомеа ба театри худ аст, ки имрўз муњити театрњоямон бисёр хароб аст. Беинсофї дар њаќќи њунар Ёдам њаст соли 1997 дар љашнвораи театрии "Парасту" намоиши "Даљљол"-и устод Фаррух Ќосим танњо як љоиза барои рассомї гирифта буд. Њол он ки ин намоиш аз тарафи мутахасисони љањонї бењтарин намоиши Ф. Ќосим шумурда шуд ва дар ќатори бењтарин намоишњои театрии љањон љашнворањои чанд кишварро паси сар карда буд. Беинсофии бењудуд аз он ба баъд дар љашнворањо ба ављ расид. Дигар њунари асил муњим набуд...!!! Куљо шуданд он намоишњое, ки соњиби "Шоњљоиза"њои љашнвораи "Парасту" шуданд...? Чаро ба љашнворањои байналмиллалї бештар намоишњое даъват мешуданд, ки дар фестивалњои дохилї арзанда ќадрдонї намешуданд...? Чаро чанд соли охир сатњи бањогузорї ба њунари театрї ба сатњи пасти беинсофона ва бењунарона фаромад...?! Њатто баъзе намоишњое соњиби "Шоњљоиза" ё љои аввал шуданд, ки ќурби намоиши миёнаи ватаниро надоштанд. Намоишњое соњиби љоизањои давлатї шуданд, ки аз сатњи миёна њатто поин буданд. Њамаи ин тасмимњоро њамонњое гирифтанд, ки бузургони фарњанги мењани азизамон њастанд, ки ба њайси довар таќдирсоз буданд ва дар њавои суханони баъзеашон гирди фарњанги миллат, ватандорию њаќиќат ва адолату ободии мењан об мешавем...!!! Њатто (аз гуфти нафаре) баъзе доварон намоишро надида барои гирифтани љоизаи давлатї овоз дода буданд...! "Ќадри зарро, заргар медонад". Намоиши хубро аз бад мутахасис ва мунаќќиди њирфаї људо мекунад, ки бадбахтона дар мо ќариб, ки нестанд. Будани ду мунаќиди њирфаии хориљї фазои љашнвораи "Парасту"-и охирро куллан таѓйир дод. Чаро њар намоише, ки 20 соли охир муваффаќ шуд ё асари драматургони хориљї аст, ё муаллиф худи коргардонњоянд, мисли Ф.Ќосим, С, Усмонов, Б. Абдуразоќов ва Н. Меликов. Драматургони ватанї куљоянд...? Бадбахтона театрњо имрўз имконияти иќтисодї надоранд, ки баъзан намоишњои бењтаринро назди мардуми музофот баранд. Мисли "Рустам ва Сўњроб", "Як рўзи дарозтар аз аср" ва ба њамин монанд. Театрњо имрўз сари ин масъала ниёз ба кўмак доранд. Њама медонем, ки њастии њар миллат ба маънавият ва фарњанги ў вобаста аст. Пас месазад сари вижагињои ин масъала байни театрњо ва њукумат ва ё сарпарастон њамоњангии доимї ва мустањкам

вуљуд дошта бошад. Барои ин аввал бояд онњо худ ин гуна намоишњоро бубинанд, то ба чи харљ кардани маблаѓ ва гузашти ваќти пурќиммати худро донанд ва дарк кунанд, ки театри асил чи асту чи кўмаке ба љомеа меорад. Агар мавзўи намоишњои "Рустам ва Сўњроб", "Як рўзи дарозтар аз ќарн" ва "Шабе дур аз ватан" дарду доѓи умумиинсонї ва ё имрўзи љомеаи мо намебуд, шояд он ќадар алам намекард...! Фаќат сухан ва ќалами А. Фирдавсии бузург, Ч. Айматов ва Б. Собир барои тарбияи маънавии љомеа чи наќш бозиданашон кифоя аст, ки моро водор бикунад сари ин намоишњо бепарво набошем. Театри бесарпарасти тољик Хеле сахт буд, ваќте дар љашнворањои байналмиллалї намоишњои дигар кишварњо аксаран соњиби чандин сарпарастњо буданд, ба љуз театри тољик...! Ба њар кишваре, ки бо ин се намоиши дар боло зикр шуда сафар кардем, забони тарљимаро истифода накардем ва бинанда ва мутахасисони ин кишварњо бо ќатъият ниёз ба тарљима надоштани онњоро таъкид мекарданд.Навишта, наворњои тањлилї, муњаббату самимият ва оби дидаи онњо гувоњи ин гуфтањоянд, ки чун мавод дар дасти мост. Бале, ба гуфтаи онњо, њунар ва истеъдоди воло ниёз ба тарљума надорад. Ва њатман тавсифи чењрањои зебои тољикона ва забони ширини моро мекарданд. Рўзе мешуда бошад, ки вазорат ва њукумати ватани азизам тасмиме бигиранду мо дар маъракањои байналмиллалї ва ё рўзњои фарњангї ин чењраи зебо, њунар ва забони ноби модарии худро, чи дар дохили мењан ва чи берун аз он бо ифтихор ба љањониён муаррифї бикунем? Њунари асили театрї њам мисли мусиќї ва раќсу суруд ниёз ба тарљума надорад. Табодули фарњангї њамин аст, дидану шунидан ва донистани фарњанг, забон, суннат ва њунари якдигар. Чанд ваќт дар театри русии ба номи В.Маяковский кор мекардам. Њар сафари њунарие, ки ба кишварњои хориљ доштем, (ба љуз Русия) њатман ин суолро медоданд: - Чї, шумо тољикон ба забони модариатон намоиш надоред, ки бо забони русї ба мо намоиш меоред...?! Шунидани ин суолњо барои баъзеи мо хеле гарон буд...! Бисёр муњим аст, ки ифтихор аз мењану фарњангу њунар ва забони модарї дар њар фарди ин миллат дар мадди аввал бошад, ба хусус дар онњое, ки сари мансабанд ва таќдири маънавияти љомеа то љое бар тасмим, амал ва ќазовати онњо вобастагї дорад. Ман бо тамоми итминон ва љавобгарї гуфта метавонам, ки ин се намоиш дар сатњи њунари театри љањонї аст ва ифтихори фарњанги миллї ва њунари театрии тољикон хоњад буд. Агар шубња доред, назди ман биёед, ба шумо маводњои видеойї ва чопиро, ки мутахасисони хориљї дар њаќќи ин се намоиш гуфтаанд, пешкаши шумо гардонам. Барои дарки ин масъала ба љуз ифтихору нанги ватандорї, бояд бовар ба худу њунари худ ва забону фарњанги хеш дошт. Бегонапарастї насиби онњоест, ки аз асли хеш бехабаранд ва эътимод ба худу забон, њунар ва фарњанги худу миллати хеш надоранд. Абдумумин ШАРИФЇ, њунарпешаи театри "Љавонон", ба номи Мањмудљон Воњидов.


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

9 нанд, ки дигар натавонанд бо тољикони инљо иртибот дошта бошанд. Ба ин њадаф расиданд. Ду, онњо мехостанд, ки ба Туркия наздик шаванд ва наздик њам мешаванд. Њама чиз њадаф дорад ва њадафњои онњо сиёсї буд. Мо бояд њадафи миллї дошта бошем. Мо бояд хуб бияндешем, ки фардо роњи мо куљост, куљо бояд биравем, ба кї бояд иттико кунем. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз Эрон барои мо касе њаст. Ман фикр намекунам, ки наздиктар аз тољикони Афѓонистон барои мо хеше бошад дар дунё. Хуб, инњо ки чандин маротиба теъдодашон аз мо бештар аст, аз он хат истифода мекунанд, чиро мо бояд њатман хатти русиро њифз кунем? Ин маънои онро надорад, ки забони русиро мо бояд аз ёд бибарем. Банда, ки хеле аз китобњоямро ба забони русї менивисам. Ман хеле дўст дорам, ки миллати мо њам русї ва њам чанд забони дигарро фаро бигирад. Вале забон омўхтан ва хатти миллиро барќарор кардан як чиз нест. Њеч зараре надорад барои забономўзї. Аммо аз бас чун милюнњо нафар аз мардуми мо дар Русия муњољир њастанд, шояд давлат њам ба ин хотир намехоњад, ки мардум мумкин аст явош-явош аз њавзаи фарњангии Русия дур шаванд? Ин зоњири ќазия аст. Чи гуна метавонанд дур бишаванд? Ин милюнњо фарзандони мо, ки дар Русия њастанд, бадбахтона, дар он љо њам русиро ёд нагирифтаанд. Ба љойи ин ки ин њарфњоро андеша кунем, ба онњо забони русиро хуб ёд бидињем, баъдан бифиристем ба кишвари хориљї. Ман љонибдори он њастам, ки забони русиро њам хуб фаро гиранд, чунон ки ќаблан дар замони Шўравї буда. Вале эњёи хатти миллї бо омухтани забони русї њеч иртиботе надорад. Инро танњо одамњое иртибот медињанд, ки мехоњанд бањонае бисозанд. Ман њеч иртиботе намебинам. Яке аз нигаронињои ин љомеъа ин аст, ки гўё аќидањои исломї аз тариќи хатти форсї интишор меёбад. Аммо ин фикри содалавњонаест. Ман хеле аз масењиёнро медонам, ки хатташон форсист, аммо ин аќидањоро пањн намекунанд! Ин андешањо бепоя аст! Ин хатти миллии мост ва забони мо танњо дар чорчўби ин хат метавонад худро хуб эњсос кунад. Албатта, гузор ба хатти форсї дар авохири дањаи 1980 ва авоили дањаи 1990 яке аз ањдофи фарњангиён буд. Ва ваќте, ки Ќонуни забон тасвиб шуд, дар барномањои марбут ба давлати сохтани забон њам ин њадаф матрањ шуда буд, ки мебоист дар тўли дањ сол ба хатти форсї гузарем. Аммо нашуд. Фикр мекунед, чиро нашуд?

ТОЉИКИЯТ

ГУФТУГЎ ДАР БОРАИ ЊУВВИЯТИ ЭРОНЇ ВА ТОЉИКЇ Хуб, љанги бародаркушї, ки дар кишвари мо рух дод ва кишварро тарк кардани теъдоди зиёде аз фарњангиён ва кушта шудани 180-200 нафар аз фарњангиёни номвари кишвар, њамаи инњо асаргузор буд. Ин кори сода набуд. Метавон дарк кард, ки кишвар муддате ба хоку хун кашида шуд ва ин кор замон мехост ва ин буд, ки ба таъхир уфтод. Ман умедворам, ки масъулини кунунии Љумњурии Тољикистон, њадди аќал мушовиронашон, агар мунсиф бошанд, тавзењ медињанд ва мефањмонанд, ки ин кор љуз ба суди миллати мо нест. Фикр мекунам, Шумо низ дар замони љанги дохилї аз Тољикистон берун рафтед? На, ман соли 1979 аз Тољикистон рафта будам, ки он ваќт љанге набуд. Ман дар Донишкадаи адабиёти Маскав устоди донишгоњ будам. Албатта, соли 1992 омадам ва танњо як сол инљо будам. Ба њар њол, мехостед, ки инљо бимонед он замон, на? Ман омада будам ва дар Пажўњишгоњи ховаршиносї кор мекардам. Аммо баъд аз он ки ман яке аз афроди муътамади номзади риёсати љумњурї Давлати Худоназар будам ва мо интихоботро бохтем, як силсила њаводисе рух дод, ки боъис шуд хеле аз фарњангиён раванд. Ман њам дубора баргаштам. Гуфтед "бохтем". Оё дарвоќеъ дар он интихобот бохтед ё фикр мекунед таќаллубе сурат гирифт? Чи назаре доред дар ин маврид? Манзуратон чи аст? Хуб, расман мо бохтем, вале алъон ва он замон њам фикр мекардем, ки набохтем ва бояд даври дувуми интихобот баргузор мешуд. Тафовут миёни Давлати Худоназар ва Рањмон Набиев таќрибан ду дарсад буд. Вале мутаассифона як њафта эълом накарданду баъд эълом карданд, ки оќои Набиев 58 дарсад аз ороро дарёфт кардааст. Хуб, ин боъиси нороњатињо шуд ва баъд њам иттифоќоте рўй дод, ки ман, чун дар умури сиёсї дахолат намекунам, намехоњам дар ин бора тавзењ бидињам. Ман њеч ваќт алоќае ба сиёсат надоштам ва он замон њам дар барномањои "Растохез" ширкат мекардам, чун њадафаш эњёи хатти форсї, эњёи забони форсї ва эњёи њарчи дар замони Шўравї аз даст дода будем, буд. Ва мо њам он ваќт љавону румонтик будем ва фикр мекардем, ки бисёр

корњоро хеле басодагї метавонем анљом бидињем. Њоло чи фикр мекунед? Оё бисёре аз он ањдофе, ки доштед, амалї шуд ё на? На, мутаассифона. Хеле аз ањдофи мо амалї нашуд ва ман умедворам, ки баоњистагї бошад њам, ин ањдофи мо амалї мешавад. Ва Эрон њам бояд эњсос кунад, ки эрониёни дуруфтода аз он марзу бум пушту паноње доранд. Ва ба масоили миллї, ба масоили забони форсї бояд бештар бияндешанд, чун агар забони форсї набошад, на Эрон аст, на мо њастем ва на каси дигаре. Фикр мекунед мешуд он замон љилави љангро гирифт ё на? Ман фикр мекунам, агар касоне мехостанд љилави љангро бигиранд, мегирифтанд. Вале, мутаассифона, њамин Русия, ки њам ба ин тарафу њам ба он тараф силоњ медод, талошашро накард. Узбакистон низ даст дошт. Хеле чизњои дигар. Ман гуфтам, ки намехоњам дар масоили сиёсї дахолат кунам, чун дар соли 1994 дар мусоњибае дар Олмотї гуфтам, ки њеч гоњ намехоњам дар умури сиёсї дахолат кунам ва накардам, чун нафратам њам меояд. Ба хотири ин ки ман мехоњам фаќат дар масоиле дахолат кунам, ки дар он љо њаќиќату адолату садоќату самимият бошад. Аммо дар сиёсат чизњое њаст, ки дур аз ахлоќи банда аст. Аммо фикр намекунед, дар масоили фарњангї ва забон њам сиёсат дахолат дорад? Мутаассифона, агар мо дахолат накунем њам, сиёсат дахолат мекунад. Бавижа дар мавриди гузор ба хатти форсї? Ин кори бисёр сода аст. Масалан, агар рањбари кишвари Тољикистон ин корро бикунад, номашро барои њазорсолањое дар торихи мо љовидона мекунад. Бо як дастур метавонад ин корро кунад. Ќаблан дар матни Ќонуни асосї вожаи "форсї" дар канори "тољикї" дар паронтез вуљуд дошт, вале соли 1994 ин вожа аз матни ќонун њазф шуд. Бале, дар матни Ќонуни асосї, ки бо талоши зиёди рўшанфикрон тањия шуд. Банда низ дар он бањсњо аз тариќи матбўъот бисёр фаъъол будаму ширкат кардам ва барои расмї шудани забонамон имзои бузургтарин нивисандаго-

ни Шўравии собиќро аз Маскав љамъ овардам ва дар ин љо чоп кардам, ки устодон мегуфтанд наќши муассире дошт. Номи забонро њам мехостем "форсї" зикр шавад ва онро тўи паронтез иљоза доданд. Њатто баъзе аз нивисандагони мо, ки китобашон ба русї тарљума мешуд, менивиштанд, ки "аз форсї (тарљума шудааст)". Хуб, баъд аз шурўъи љанг касоне пайдо шуданд, ки номи форсиро аз паронтез њам берун оварданд. Чи гўям, ки аз он ногуфтанам бењ! Њар касе ки каме андешаю савод дорад, медонад, ки мо агар мехоњем ба унвони як ќавм зинда бимонем, эњёи хатту забон ва њатто эњёи номи забонамон муњим аст. Забоне бо номи "тољикї" вуљуд надошту надорад. Албатта, дар солњои ахир бисёре аз маќомњои давлатї аз номњояшон пасвандњои "-ов"у "-ев"-и русиро бардоштанд. Фикр мекунед, ин иќдом чи ањаммияте дорад? Хуб, мо ки њамеша надоштем, яъне наменивиштем, баъд аз он ки инњо бардоштанд, намедонем чи кор кунем. Хуб аст, ки номњои миллї барќарор шавад. Чи бадї дорад? Ман фикр мекунам, ки номњо ва фомилњои мо бояд миллї бошанд. Дар ин як моњ, ки дар Тољикистон будед, вазъияти фарњангро чигуна дарёфтед? Хеле дили ман мехоњад, ки бењтар бошад. Оё Шумо мехоњед дар оянда ба Тољикистон баргардеду корњое дар ин замина анљом дињед? Яке аз дўстони ман маќолае дар бораи ман нивишт ва дар Ќазоќистон чоп кард, ки агар Сафар Абдуллоњ дар бораи кайњон њам нивисад, сад дарсад дар бораи ватанаш ва дар бораи забони форсї ва фарњанги эронї андеша мекунад. Воќеъият њамин аст. Ман њар коре мекунам, марбут ба фарњангу тамаддуни мост. Ба назари ман, омадану рафтан чандон муњим нест. Аз тарафњое, маро даъват њам карданд, ки баргардам, вале муњим ин аст, ки барои як пажўњишгар бояд шароит вуљуд дошта бошад. Агар шумо натавонед дар ин љо ин корро анљом дињед, хуб аст ки дар љои дигаре анљом дињед. Дар Ќазоќистон, ки алъон ватани дувумам шудааст, ман њеч мушкиле надорам. Дўстони зиёде дорам ва ифтихор њам дорам, кор њам мекунам ва корам њам дар заминаи фарњангу тамаддуни худамон аст. Њам дарс медињам ва њам пажўњиш мекунам. Тасмим надорам, ки баргардам, аммо дар њамоишњои илмї, агар даъват кунанд, ширкат мекунам, чунончи дар њамоишњои эроншиносї дар саросари љањон ширкат мекунам. Суњбати Исфандиёри ОДИНА, Би-Би-Си


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

? - И НОБОБ

ЊАДДИ КАМТАРИНИ АЛИМЕНТ ЧАНД АСТ? - Соли 2013 бо таъиноти суд аз њамсарам људо шудам. Аз зиндагии муштарак як фарзанд дорем. Айни њол духтарчаам дар тарбияти собиќ њамсарам аст. Пас аз 6 моњ суд бе њузури ман дар мурофиа 150 сомонї алимент ба ман муќаррар кард.Бемор њастам. Айни њол дар њељ куљо кор намекунам. Њар моњ 150 сомонї алимент супоридан бароям вазнин аст. Оё илољаш аст, ки алиментпулї аз 150 сомонї ба 100 сомонї поин фароварда шавад? Њангоми норозї будан ба таъиноти суд дар ин маврид ба куљо бояд мурочиат намуд? Њадди камтарин ва зиёдтарини алиментпулї барои як фарзанд дар Точикистон чанд сомонї аст? Раљабмурод РАЊМАТОВ, сокини ноњияи Рўдакї - Моддаи 8-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон шаклњои гуногуни њимояи њуќуќи оилавиро пешбинї намудааст, ки дар байни онњо мутобики моддаи 19-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њимояи судї наќши муњим дорад. Бояд таъкид намуд, ки моддаи 14-и Конвенсияи байналмилалї оид ба њуќуќи шањрвандї ва сиёсї низ масъалаи мазкурро танзим намудааст."Њар кас ... дар ваќти муайян кардани њуќуќ ва уњдадорињои ў дар њар мурофиаи шањрвандї барои баррасии одилона ва ошкоро ба мурољиат ба суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад". Кодекси мурофиавии гражданї ба шањрвандон њангоми њимояи њуќуќи оилавии онњо баъзе имтиёзњо медињад. Масалан озод кардани даъвогарон аз пардохти харољоти судї оид ба даъвоњо дар бораи ситондани алиментњо (моддаи 63):муњлатњои кўтоњ кардашудаи баррасии чунин парвандањо:(моддаи 82):фавран иљро кардани њалномањо дар бораи додани алимент (моддаи 216) ва ѓайрањо. Њадди камтарин ва зиёдтарини алиментпулиро барои як фарзанд кисми 1-и моддаи 81-и Кодекси оилаи ЉТ муќаррар намудааст, ки дар асоси он њангоми мављуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиѓ суд аз волидони онњо њар моњ ба андозаи чоряк музди мењнат ва даромади дигари волидонро барои як фарзанд мерўёнад. Дар робита ба масъалаи баррасишаванда ќисми 1 моддаи 120 Кодекси оилаи ЉТ ба таври мушаххас меъёри њуќуќиеро пешбинї намудааст ки тибќи он таѓйир додани андозаи алименти бо њалномаи суд муќарраргардида ва озод кардани алиментдињанда аз додани алимент имконият дорад. Барои ин бояд алиметдињанда бо аризаи даъвої ба суд мурољиат кунад. Дар чунин њолат суд даъворо моњиятан баррасї намуда, њуќуќ дорад, ки андозаи бо њалномаи суд муќарраркардаи алиментро таѓйир дињад ё алиментдихандаро аз додани алимент озод кунад. Бидуни шак зимни баррасии чунин парвандањо њолатњои таѓйирёфтаи вазъи моддї ва оилавии тарафњоро ва ба хусус њар гуна манфиатњои дигари ќобили таваљљуњи тарафњоро ба инобат бигирад. Танзими масъалањои зикргардида бо назардошти шароити ноустувори иљтимоию иќтисодї ва моддии шањрвандон ањамияти љиддї дорад. Беќурбшавии асъори миллї, муфлисшавии корхонањо, бекорї, барњамхурдани корхонањо, ихтисори кормандон ва ѓайрањо ба шањрвандон таъсири манфии моддї мерасонад. Ихтиёрдории суд зимни баррасї ва њалли масъала бояд асоснок ва ќонунї бошад, дар акси њол манфиатњои тарафњо халалдор мешаванд. Хеле муњим аст, ки суд принсипи афзалияти њимояи њуќуќ ва манфиатњои кўдаконро, ки ќисми 1 моддаи 4-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст риоя кунад. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илмњои њуќуќшиносї посух дод.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! АНДОЗИ ГАРОНРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Мо соли чорум аст, ки ба фаъолияти соњибкорї машѓул њастем. Корхонаи хурди истењсолии обњои ташнашикан дорем, ки њафт намуди обњои ранга ба монанди шафтолу, буратино, себ, афлесун, анор, олуча ва кока-кола истењсол мекунем. Њамаи намуди андозњоро сари ваќт пардохт мекунем. Вале андози аксизї барои мо хеле миёншикан аст. Чунки барои як литр нўшокии истењсолкардаамон - 6 дирам ва барои 1,5 литр - 9 дирам андози аксизї пардохт кардан лозим аст. Њамин тавр як бастаи оби нушокї , ки аз шаш зарфи нўшокии пласматсї иборат аст 54 дирамро ташкил медињад. Бар иловаи ин дигар намуди андоз - андоз аз даромади мо хеле боло меравад. Шояд ин меъёри андозситонї аз аксиз, ки мутаносибан 6 ва 9 дирам барои оби нўшокии 1 ва 1,5 литр муќаррар шудааст барои обњои газноки гароннарх ба монанди "Арсикола", "Виста" ва "Пепси - кола" бошад, ки як донааш дар фурўш 5 сомонї аст. Обњое, ки мо истењсол мекунем як донааш дар фурўши яклўхт 1 сомониву 10 дирам аст, ки 54 дирамаш фаќат барои андози аксизї сарф мешавад.Ба ѓайр аз андози аксизї мо андози соддакардашуда, андози 20% - а ва андоз аз даромад месупорем. Барои истифодаи 1 кВт соат энергияи барќ 36 дирам месупорем. Њамчунин пули иљора њам месупорем. Бисёр корхонањое, ки дар минтаќа ба истењсоли нўшокињои ташнагишикан машѓул њастанд аз сабаби гаронии андози аксизї, нархи энергияи барќ ва дигар харољот аз фаъолият боз мондаанд, ки зарари он ба буљаи ноњия ва албатта буљаи љумњурї зиёд мерасад. Ман аз маќомоти андози кишвар донистан мехостам, ки андози аксизї аз њама намуди обњои киммату арзон як хел ситонида мешавад ё барои мо имтиёз муќаррар карда шудааст, мо намедонем? Умедворам, ки маќомоти андози кишвар ба ќазия равшанї меандозанд! Хайрулло КАРИМОВ, сокини ноњияи Бохтар

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

ТОЊИРИ АБДУЉАББОР, МУАЛЛИФИ ЭЪЛОМИЯИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ТОЉИКИСТОН

ЛАТИФА

ВОКУНИШ НАЗОРАТИ РОНАНДАГОН ПУРЗЎР КАРДА МЕШАВАД! - Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаклиётхадамотрасон" матлаби њафтаномаи "Нигоњ" тањти №13 (395) аз 18 - уми июни соли 2014, бо номи "Назорати наќлиёти мусофиркашонї" - ро, дар љаласаи назоратии муассиса бо иштироки Њакимов Н.Њ. - муовини раиси шањри Душанбе, Ф. Саидов - директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон", Сафиалоев C.F.- раиси Коммисияи доимии Маљлиси вакилони шањри Душанбе оид ба наќлиёт, коммуникатсия ва бењдошти роњњо, Ф. Камолов - сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт дар шањри Душанбе ва роњбарони корхонањои коммуналї ва љамъиятњое, ки ба онњо хатњои сайри мусофирбарї вобаста карда шудааст, мавриди муњокима ќарор дод. Љињати аз меъёр зиёд савор шудани мусофирон дар воситањои наќлиёти тамѓаи "Старекс" борњо бањсњо шудаанд ва мо тариќи ВАО ва телевизиону радио мурољиатњо кардаем, ки мусофирон низ ба ин талабот риоя намоянд. Дар њамаи воситањои наќлиёт навиштаљот оиди миќдори љойи нишаст вуљуд дорад, мутаасифона њам аз тарафи ронандагон ва њам аз тарафи мусофирон ин талабот риоя намешавад. Мо назоратро дар ин самт пурзур менамоем. Ба роњбарони корхонањои коммуналї ва љамъиятњое, ки ба онњо хатњои сайри мусофирбарї вобаста карда шудаанд, супориш дода шуд, ки маводро дар маљлиси кормандону ронандагони корхонаашон муњокима намуда љораандешї намоянд. Фирдавсї САИДОВ, директори Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенаќлиётхадамотрасон"

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? - Хонандагони гиромии нашрияи "Нигоњ" чанд лањзаи воќеии истифодаи вожаи "ХАР" - ро дар лексикон ё жаргони љавонони шањри Душанбе манзуратон менамоям. АЗ СИЛСИЛАИ "ВОЙ БАР ЊОЛАТ ЗАБОН..." Рўзе њангоми сайругашт бо як шогирдам вохўрдам, ки чанд сол муќаддамтар мактабро хатм карда буд. Пас аз адои салому алайк пурсидам: - Хонадор шудї ё не? Чунин посухам дод: - Не устод, лек як арўс ёфтум њайвони харай. Ба ќарибї мегирамуш. - Ин тавр бошад, ба худат хеле мувофиќашро ёфтї,- гуфтам ба ў. Намедонам ў ба маънии сухани ман сарфањм рафт ё не, ба њар навъ бо ман хеле хуб хайрухуш намуд ва таъкид намуд, ки албатта ба тўяш оям. *** Донишљўе назди носфурўш, ки дар болои яке аз таѓорањои носаш дар картони аз чўб такядор бо хатњои каљу килеб -"СУПЕР ГИЗАЛА НОСИ ГАРЕНИ" навишта шуда буд, омада чунин хоњиш намуд: - Ака, я носи девонаум наметї!? - Метум, њама носо девонаяй. Бугї, папровитуш буку... Љавон "папровитуш" карда, баъди каме хуморшиканї гуфт: - Носи хар будай. Ва ба замин туф кард, чун г…и хар. *** Танњо дар мо љавонон ба маѓозаи атриёт даромада мепурсанд: - Ака, ягон духии ЊАЙВОН надорї, ки бўйи ХАР кна? *** Ва танњо дар мо, ваќте ки ба духтар луќма (комплимент) мепартої: "Ту хартарин духтар њастї",- ў ба ту бо табассуми малењ менигарад ва бо ишораи сар муадабона минннатдорї мекунад. Саидбурњон ИКРОМОВ, омўзгор, сокини шањри Душанбе Хонандагони гиромї силсилаи навро интизор бошед!

Бозор. Яке аз занони савдогар: - Мевањои хитої, марњамат, арзон ва болаззат! Њампањлўяш: - Ин хел гап назан, бибиљон, њељ кас намехарад. - Мевањои туро намехаранд, аз манро мехаранд: як кас барои занаш, дигаре барои хушдоманаш… *** Аз Афандї пурсиданд: - Барои чї духтарон мехоњанд, хароб ба шавњар бароянд? - Барои он, ки мехоњанд осонакак ба хонаи хусуру хушдоман ворид шаванд. *** Мањкумшударо пеш аз паррондан, ба девор рост гузошта, мепурсанд: - Хоњиши охиринатро гап зан? - Носата медодї… Носро таги забон партофта, аз муњофиз мепурсад: - Додарљон, имрўз чандшанбе бошад? - Душанбе. - Ё тавба, о.. њафта нав сар шудестай ку…

БА ЉОИ 09 - Маркази иттилоотиву захиравии назди Дафтари Созмони байналмилалии муњољират дар шањри Маскав оид ба кули масъалањои ќонунгузории мењнат ва муњољират, гирифтани ёрии тиббї, иљтимоиву равонї (психологї), њамчунин имконоти маърифатї барои муњољирон ва ањли оилаи онњо машварат медињад. Шумораи телефон барои тамос: 8-800-333-00-16 (Дар ќаламрави Русия занг БЕПУЛ аст. Муњољирони ба шањри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафаркарда имкон доранд барои гирифтани мадади бепули њуќуќї ва мусоидат барои таъмини љои кор ба созмони љамъиятии "Уральский дом" мурољиат намоянд. Шумораи телефон барои тамос: (34377) 7-39-73 ва 7-922-6065550 Њар яки Мо бояд бидонем-пешгирї бењтарин роњи њифзи саломатии худ ва наздикону пайвандонамон аст.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (407), 9. 09. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

"ДАР ИН ХОНА КЇ КАЛОН?" Инак, дар навиштори имрўза навбатро ба яке аз ќањрамонњои достонњои торнигор Мусо ва Муллошо медињем. Ба хонандагоне, ки бо ин ду симо шинос нестанд барояшон каме онњоро тасвир менамоям. Акаи Муллошо як марди ќоматбаланду гандумгин, як каме соддалавњ. Аз 40 боло, бо мўйлаби сиёњи ѓафс, пешониаш васеъ, то пушти гардан (яъне кал))) ва танњо ду тарафи сараш мўй дорад. Мусо љавони миёнаќад, тануманду бо бозуњои машќдида, тахминан 30- сола. Њарду ба таъмири як хонаи сењуљрагї дар маркази шањри Красноярск машѓул буданд. Мусо ба девор гаљлой мемолид, акои Муллошо бошад дар болои нардбони алюминй истода бо регќоѓаз шифтро суфта мекард. Баробари кор кардан аз кор бозистода бо њам суњбат мекарданд. Мавзўи суњбати онњо њодисаи дирўза буд, ки дар барномаи ахбори шабакаи мањаллї намоиш дода шуд. Дирўз дар маркази шањр ќубури оби сўзон кафиду як мусофиркаш тасодуфан зери об монд. Њама шоњидон њарсу мегурехтанд. Ду тољик, ки дар наздикињо буданд давида омада шишањои мусофиркашро шикаста одамонро аз тирезањо берун кашида наљот доданд. Хушбахтона њодиса бе талафоти љонї ба поён расид, танњо бадани ин ду тољик аз оби сўзон сўхта обила карда буд. Дар љои њодиса онњо ба журналистон мусоњибаи кўтоњ дода, баъд мошини ёрии таъљилї онњоро бурд. Хурсандиовараш он буд, ки дар барнома мањз аз тољик будани онњо ёдоварї шуд. Мусову Муллошо дар айни ин суњбат буданд, ки дар кушода шуду соњибхона бо ду љавони тахминан 25- сола даромаданд. Соњибхона бо табассум "Привет" гуфта, даст дароз кард ва бо Мусову Муллошо салом кард. Муллошо, ки ба истиќболи соњибхона аз нардбон поин омада буд ба љавонњо низ "Здрасте" гуфт. Аммо он ду љавон чунон њавобаланд буданд, ки њатто саломи садої накарданд ва нигоњ гурезонда ба инсуву онсўи хона нигоњ мекарданд. Соњибхона хомўшии ба миёномадаро шикаста фањмонд, ки ин љавонњо устои насби њавопол (кондиционер) њастанд. Сипас бо онњо ба њуљраи дигар гузашта сари насби њавопол суњбат мекарданд. Мусову Муллошо кори худро идома медоданд. Пас аз чанде соњибхона бо љавонњо берун омаданд. Љавонњо гуфтанд, ки корашон тахминан як соат давом мекунад ва барои овардани асбобњои корї ба берун, ба назди худравашон рафтанд. Соњибхона пас аз берун шудани љавонњо ба назди Мусо омада се њазор рубл дод ва хоњиш кард, ки пас аз анљоми кор ин пулро ба устоњои њавопол дињад, чунки ў серкор асту омада наметавонад. Соњибхона рафт. Љавонњо бо асбобњои худ баргаштанду ба карру курр даромаданд. Деворро шикоф карда њавополро насб карданд. Акаи Муллошо аз ба њаво рафтани саломаш њанўз њам ѓазабаш поин нарафта буд. Ба Мусо гуфт, ки ин устоњо хеле њавобаланд будаанд ва шояд миллатчї њастанду ба мо тољикон бо назари паст нигоњ мекунанд. Мусо дар љавоб гуфт, "Парво накунед. Тамошо кунед, чї хел адабашонро медињам" Устоњо, њавополро (кондитсионер) насб карда шуданд. Онро ба кор андохтанду пасу пешаш гашта хомўш карданд ва ба кашондани асбобњои худ сар карданд. Мусо њамаи ин муддат онњоро назорат мекард. Ваќте яке аз онњо охирин љомадони асбобњоро мебурд , Мусо ба ў мурољиат карда гуфт: Ребята, за собой убирайтесь, пожалуйста. Вон там мешки, тут веник, свой мусор убирайте.

Дар љавоб он љавон писханд зада "Да, да конечно." , гуфта аз хона баромада рафт. Мусо ба Муллошо нигариста гуфт: - Њозир бинед чї хел баргашта бо забонаш љои кор кардагиашро лесида тоза хоњад кард. Акаи Муллошо кунљковона аз нардбон фаромад ва назди тиреза рафта аз баландии ошёнаи панљум онњоро назора мекард. Мусо низ назди тирезаи дигар рафту ба поён ба онњо нигоњ мекард. Устоњои њавопол њамаи асбобу ускунањои худро ба боѓољи худравашон бор карда шуданд ва ба боло, ба Мусову Муллошо нигариста байни худ чизе гуфта механдиданд. Нињоят ба худравашон нишастанд. Яке аз онњо ќоѓазњоеро ба даст гирифту сипас бо телефони дастиаш ба куљое занг зад. Мусо табассумкунон гуфт: - Акаи Муллошо, медонед, ў њозир ба соњибхона занг зада, музди корро пурсида истодааст. Музди корашон бошад дар кисаи ман. Хэњ. Акаи Муллошо панљањои дасташро ба њам зада гуфт: - Мусољон, акнун то ман кори онњоро кабул накунам ту ба онњо пул намедињї! Њарду кўдаквор ќањ-ќањ зада механдиданд, ки аз поён садое баромад. Ин яке аз он устоњо буд, ки дар даст ќоѓазњо "Кто такой , Муса, спускайся.." Мусо аз ин тарзи суханронї бадтар ба ѓазаб омаду дарњол ѓазабашро фурў нишонд ва бо ханда ишораи боло карда гуфт "Это вы оба сюда поднимитесь." Пас аз даќиќае њарду љавонњои уруси тањчої мисли мушњои дар об тар карда вориди хона шуданд. Яке аз онњо бо садои пасту ларзон ќоѓазњоро ба Мусо дароз карда гуфт, ки ба њарду нусхааш имзо гузорад ва бо онњо њисобї намояд. Мусо ќоѓазњоро гирифта : - Ну, пока я читаю их вашу работу должен принят прораб - гуфта ба акаи Муллошо ишора намуд. Чењраи Муллошо сурх шуда худро љиддитар вонамуд мекард. Вале сурхшавии рўяш гўе мегуфт "Хей! Њозир аз ханда мекафам! )))"… Ба њар њол акаи Муллошо тавонист худро ба даст гирад. Назди њавопол омада "Ха ну ка вуключай!" гуфт. Љавони дигар тугмачаро пахш карда бо забони нарм ба акаи Муллошо вазифаи тугмачањоро як ба як мефањмонд. Акаи Муллошо бо чењраи љиддї ва бо ќавоќ сар хам карда ба хокрўбањо ишорат карда гуфт: - А это чо такой? Кто за вами убират будит? Здес нет уборшица! Њарду устоњои њавопол зуд ба рўфтану ѓундоштани пасмондањои кории худ шуданд. Акаи Муллошо бошад болои сари онњо рост истода гапзаниашро давом медод. - Здес все сразу убирают свой мусур. Никто никаму недолжен. Кагда пришел и начал работат здес был чиста да? Вот так и делай. Я зайбался убрат за каждого. Не абижайтес ребята но нада всегда за сабой убрат. Вас неучили так?… Муллошо мехост боз ду-се даќикаи дигар гапзаниашро идома дињад, вале љавонњо корашонро шуданд ва яке аз онњо баромада рафт. Дигараш дар назди Мусо дар интизори имзо гузоштану њисобї намудани ў меистод. Мусо ба акаи Муллошо нигариста бо урусї пурсид: - Ну что? Приняли работу? Акаи Муллошо даст афшонда - майла, дай им денги. Ин дафъаш ба гузашт. Но следуши раз штраф зделаю! Мусо ба ќоѓазњо имзо гузошту аз љайбаш се њазор рубл бароварда дод. Он љавон мисли шамол як нусхаи ќоѓаз ва пулњоро гирифта давида рафт. Мусову Муллошо то бегоњ ба ёд оварда гуфтанду хандиданд… ))))

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Саидљаъфар ИСМОНОВ, раиси ЊДТ: - Ман фикр мекунам, ки агар раис љуръати гўш кардани арзу шикояти шањрвандонро надошта бошад, хубтараш аз вазифа даст кашаду рафта сафир шаваду шинад. -Мебахшед, шумо кадом раисро дар назар доред? Якум ё сеюмашро? Чун дуюмаш ањён-ањён њам бошад, мардумро ќабул мекунад, онлайн-конфронс месозад, ба корафтодагон занг мезанад... Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раси МТС: - Тољикистон њама ваќт нисбати СЊШ эљодкорона муносибат мекард ва мекунад. Аз ин сабаб, аз ташкилшавиаш, ки дар Душанбе буд, то имрўз њар ваќте Тољикистон раисї кунад, дар ин ташкилот таѓйироте њатман мешавад. -Расо интрига сохтед-де, домулло! Барои мо Эрон узви созмон шавад, бас.

Абдуњалим ЃАФУРОВ, раиси ЊСТ: - Мирњусейн Назриев њуќуќ надорад, ки аз номи њизби мо анљуман ташкил кунад. Ваќте ба СММ мактуб навишт, онњо љавоб доданд, ки агар ба њизб шавќу завќ дошта бошї, метавонї як њизби дигар кушої. Мо борњо гуфтем, камаќлњоро аз њизб рондем. - Њуќуќњои њардуи шумо, албатта маълум, аммо фарќ миёни Назриеву шумо дар њамин, ки љумлаи охири шуморо ў дар аввал мегўяд.

Аниса САБИРЇ, шоир - Ман забони форсиро ба хотири бузург буданаш дўст медорам. Вале гуноњи ман ин буд, ки тољикиро хуб намедонистам, чун њам бо забони русї тањсил кардам ва дар хона низ бо русї суњбат мекунем. Аммо ман њоло талош дорам, ин иштибоњамро ислоњ намоям. -Ин хел бошад, нахуст Собирї шуда, алифбои ниёконро аз худ кунед. Фан СЯНЖУН, сафири Чин дар Тољикистон: - Бо президенти шумо аз сафирон ман бештар њамроњї кардам. - Коммунист коммунистро мефањмад-де, рафиќ Фан. Луќмон БОЙМАТОВ, муаррих: - Чї љои пинњон аст, њамакнун, 99 дарсади ањли зиё ва босаводони мо на танњо, ба мардум, балки бар виљдони хеш хиёнат мекунанд. -Домулло виљдонро накушта, ба мардум хиёнат карда намешавад. Мирзо Анвар ЊАМИДОВ, шоири мухолифи Ўзбакистон: - Мухолифи нерўгоњи Роѓун њокимони Ўзбакистонанд, на халќаш. Раисиљумњури Ўзбакистон Ислом Каримов бояд бифањмад, ки Роѓун хоњнохоњ сохта хоњад шуд. -Забон булбул, Мирзо Анвар! Зуд се-чор шеъри каљала-паљалаатонро равон кунед, дар ду њафта узви Иттифоќи нависандагон карда мемонем.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.