Нигох №25 (458). Чоршанбе, 16-уми сентябри соли 2015

Page 1

"Дур нарав, наздик њам наё!"

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

1

Аз Русия чї мехоњем? Русия аз мо чї мехоњад? №25 (458). Чоршанбе, 16-уми сентябри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Ман њанўз марди орзуњоямро пайдо накардаам

САЊИФАИ 16

СУЊБАТ

Лукашенкои хаста САЊИФАИ 10

ТАСМИМИ ГЕНЕРАЛ

МУСОЊИБА

Абдунабї САТТОРЗОДА:

"Ба умед дигарон нашавем"

Чаро Њољї Њалим фирор кард? Таќдим аз Qnet:

САЊИФАИ 5

Афзалият ва камбудњои Тиљорати шабакавї (ТШ)


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

2

ТАСМИМИ ГЕНЕРАЛ Чаро Њољї Њалим фирор кард? 11 рўз аз фирори Абдуњалим Назаров, маъруф ба Њољї Њалим, собиќ муовини вазири дифоъи Тољикистон мегузарад, аммо љомиа пушти суоли "чаро чунин шуд?" мегардад. Дар расонањои дохиливу хориљї чандин фарзияву њадсу гумон пеш оварда шуданд, аммо ба назар мерасад, њанўз ин посухњо ќаноатбахш нестанд. "Нигоњ" тасмим гирифт аз суњбат бо коршиносон фишурдаи бархе фарзия ва њадсу гумонњоро берун оварад: Аввал. Фарзияи расмї ин аст, ки Њољї Њалим ба "мундири генералї" ва "ќасами њарбї" хиёнат карда, хост табаддулоти њарбї ба амал орад. Расонаи расмии Тољикистон -"Ховар" ба Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломї њамчун ба тарроњи ин табаддулот ишора кард. Дуюм. Њољї Њалим дар гузашта фармондењи ИНОТ буд ва бо дастури Сайид Абдуллоњи Нурї соли 1997 рањбарии муњимтарин неруи муњофизи Комиссияи оштии миллї - баталёни 25 - ро ба зимма гирифт. Азбаски "кадри Нурї" буд, њоло "кадри ЊНИТ" низ муаррифї мешавад. Фирори ў замоне иттифоќ меафтад, ки њукумати Тољикистон дар садади ќатъи фаъолияти ЊНИТ аст ва ў њамчун "фармондењи ЊНИТ" бояд мањор карда шавад. Њољї Њалим, тавре аз суњбатњояш дар расонањо маълум мешавад, њељ гоњ алайњи ЊНИТ иќдоме накардааст. Њарчанд се сол ба ин сў барномаи "антинањзат" идома дорад, њамчун генерали њукуматї ва "кадри нањзат" боре њам алайњи ЊНИТ њарфе нагуфтааст. Бино ба бархе гузоришњо, ў робитаашро бо Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ њељ гоњ накандааст ва њарду дар њамсоягї зиндагї мекарданд. Сеюм. Ин давоми мантиќии аз миён бурдани фармондењони собиќ (ИНОТ ва Фронти халќї) аст, ки њанўз аз замони љанги шањрвандї идома дорад ва њузурашон дар сањнаи сиёсї њељ гоњ ба нафъи њукумат нахоњад буд. Бахусус, њукумати љадиде, ки дар Тољикистон то соли 2020 шакл хоњад гирифт, бояд аз њузури муњрањои гузашта, бахусус боќи-

монда аз љанги дохилї тоза карда шавад. Ин ба он маъност, ки то соли 2020 баќия боќимондањои љанги дохилї аз сањна дур карда мешаванд. Ва Њољї Њалим бо дарки вазъ рў ба фирор овард. Њамлањои террористиро њам ба он хотир анљом дод, ки таваљљуњи мардумро ба худ љалб кунад ва ба њукумат фањмонад, ки як муњраи оддї нест. Чорум. Дар як баёнияе, ки аз номи Њољї Њалим дар шабакањои интернетї пахш шуд, фарзияи дигар гуфта мешавад. Бино ба он, гўё ўро њушдор додаанд, ки ў боздошт хоњад шуд ва њамчунин тасмим дар нињодњои ќудратї барои дастгир карданаш вуљуд дошт. Панљум. Ин фарзия низ зикр мешавад, ки ин бозии миёни худи маќомоти ќудратии Тољикистон аст. Дурусттараш, миёни генералњои њукуматї. Ин фарзия бо он асоснок карда мешавад, ки вазорати дифоъ асосан аз "кадрњои русї" иборат аст. Ќаблан гуфта мешуд, ки њамаи 500 афсари вазорати дифоъ хатмкарда ё парвардаи донишгоњњои Русияанд. Шашум. Фарзияе, ки њадсу гумон аст ва сињат доштанаш шояд ба чанд нафар он њам дар сатњњои болотарин маълум аст. Бино ба он, ин кори дасти хадамоти љосусии Русия метавонад бошад, зеро Абдуњалим Назарзода солњои 2003 - 2005 Академияи низомии Фрунзе дар шањри Маскавро хатм карда, то охирин лањза дар вазорати дифоъ бо шарофат ва њимояти "кадрњои русї" барљо буд. Изњороти ОДКБ ё СПАД, ки њамлањои Вањдату Душанберо амали роњзанон номид ва њам занги телефонии Владимир Путин ба Эмомалї Рањмон ин шубњаро ба вуљуд оварданд, ки чаро онњо њамчунин вокуниш нишон доданд, зеро дар буњронњои ќаблї, бахусус, моњи июли соли 2012 дар Бадахшон ин њолат вуљуд надошт. Њарчанд дар муќобили ин даъво мешавад афзудани њассосияти Русия дар баробари ноамнињо дар собиќ Шўравї, бахусус пас аз Украина

ва њам оќибати камамалияш дар буњрони Сурияро бояд ба назар гирифт. Вокуниш ва пуштибонии сареъ аз он хотир буд, ки раќибонашро њушёр кунад. Аммо бо назардошти воќеиятњои имрўз Русия аз ин вазъ метавонад суди худро бардорад ва тариќи ин амалиёти истихборотї мехоњад њукумати Тољикистонро ба он водор созад, ки нињоят ворид шуданаш ба Иттињоди иќтисодии Осиёро эълон кунад. Эмомалї Рањмон аз њамтои русаш барои кўмак дар њодисањои ибтидои сентябр ташаккур гуфт, аммо њанўз ин хабар даќиќ нашудааст, ки ба амалиёти неруњои њукуматии Тољикистон сарбозону афсарон ва "бесарнишин" њои пойгоњи 201 љалб шудаанд, ё хайр. Дар њоли сињат доштани ин хабар, тўл кашидани ин амалиётро коршиносон баъид намедонанд, чун Тољикистон барои ворид шудан ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё њанўз ишорае њам накардааст. Дар мавриди худ, ин вазъ риски дигареро ба вуљуд меорад. Чин ба хотири Тољикистон муносибаташро бо Русия бад намекунад, аммо Амрико сахт хафа хоњад шуд ва ин ба он маъност, ки Вашингтон метавонад љангиёни исломиро аз Афѓонистон ба Тољикистон савќ дињад. Айнан вазъияте ба вуљуд меояд, ки дар Украина эљод шуд. Њукумати Янукович њам пас аз он ба мушкил мувољењ шуд, ки миёни Иттињоди Аврупову Русия ахириро интихоб кард. Русия дар њоли њозир, ба истилоњ, "ва-банк" рафтааст. Он ба љанги Сурия ворид шуд ва дар њоли ба "Сталингради нав" (суханони В. В. Путин) табдил додани Димишќ аст. Русия расман барои њимояти режими Башшор Асад пойгоњи наверо дар ин кишвар эљод мекунад. Аз ин хотир, мехоњад аз Тољикистон хотирљамъ шавад. Ин ба он маъност, ки Тољикистон ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё ворид шавад, њукумате ин љо бошад, ки аз рўи ќоидањои Маскав дар муборизањои бузургаш кор кунад. Њафтум. Ин њам як тахмини дигар аст. Пуштибонињои созмонњои байнулмилал,

аз љумла амрикої аз ЊНИТ, ин андешаро ба вуљуд овардаанд, ки ин њизб метавонад дар оянда тањти таъсири ин ќудрати љањонї равад. Њамчунин эљоди ноамнї дар Тољикистон ва ба вуљуд овардани як "нуќтаи доѓ" барои Русия, ба истилоњи русњо, дар марзњои љанубии Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ аз њадафњои Вашингтон бояд бошад ва барои ин аз истифодаи њар як нерў рў намегардонад. Ин вазъ суръати кўшишњои Русия дар Сурия ва Украинаро кам карда, дар оянда муљиби заъфаш мешавад. Њаштум. Абдуњалим Назарзодаро салафињои Тољикистон шиа ва хизматгори Эрон мењисобанд. Ў дар рўйхати "шиањои Тољикистон", ки аз љониби салафињо дар интернет оварда шудааст, зикр мешавад. Азбаски Эрон њамкори Тољикистон ва бо Русия дар Сурия омодаи як љанг бо Амрико аст, аз муносибати нарми Тољикистон бо Саудї ва Амрико хавф мекунад. Ва ба ин васила мехоњад аз њузури худ огоњ кунад, ки њаст ва корњое аз дасташ меояд. Нуњум. Фарзияи ба ДОИШ пайвастани Њољї Њалим ва кори дасти Амрико будани фирори ў хеле заиф ба назар мерасад, њарчанд пас аз фирори Гулмурод Њалимов њар иттифоќе метавонад ба миён ояд. Хулоса, дар њоли њозир, ваќте ягон фарзияи беѓаразона ва воќеї вуљуд надорад, њама гуна њадсу гумонњо дар љомиа сайр доранд. Ин таќозои фазоест, ки иттилоъ кофї нест. Аммо посух ба чанд суол асли воќеиятро нишон хоњад дод ва коршиносон низ инро хеле муњим мењисобанд, то барои пайдо кардани сабабњои фирори Њољї Њалим роњ боз шавад: 1) Кї Њољї Њалимро огоњ кард? Аз хориљ ё дохили Тољикистон? 2) Ва оё њамчунин дастури боздошти ў вуљуд дошт ё не? Посухи суоли аввалро худи Њољї Њалим медонад. Суоли дуввум агар посух дошта бошад, аллакай маълум аст. Фаромарзи ФОЗИЛ

САДОИ МАРДУМ

30%: "ЊОДИСАЊОИ 4-УМИ СЕНТЯБР ТОЗА КАРДАНИ АФРОДИ "БЕГОНА" АЗ САФИ ЊУКУМАТ БУД"

30%

30%

Натиљаи як пурсиши виртуалї маълум кард, ки беш аз 30 дарсади иштирокчиён њодисањои 4-уми сентябри соли љориро "тоза кардани афроди "бегона" аз сафи њукумат" медонанд.

5%

8%

6%

Дар љавоб мушкилї мекашам

10%

14% Сабабњояш дигар аст

12%

Эътироз ба маќомот

15%

20%

Талоше барои табадуллоти њарбї

20%

Аксуламали љонибдорони ЊНИТ ба муносибати Њукумат

25%

10%

0% 1

2

3

4

5

6

7

Дар назарпурсии ахире, ки тањти унвони "њодисањои 4-уми сентябрро чї гуна бањо медињед?" баргузор шуд, маълум шуд, њамагї 8 дарсади респондентон онро "талоше барои табадуллоти њарбї" донистаанд. Аммо 12 фоизи дигар бар он назаранд, ки њодисањои мазкур "амали террористии як гурўњи муташшакили љинояткор" мебошад. Ба њамин минвол, 30 дарсади раъйдињандагон дар ин пурсиш варианти "тоза кардани афроди "бегона" аз сафи Њукумат"-ро интихоб карда, 20 фоизи дигар гуфтаанд, ки он "эътироз ба маќомот" аст.

Дар ин назарсанљї њамагї 6 дарсади ширкаткунандагон ќайд кардаанд, ки њодисањои мазкур "аксуламали љонибдорони ЊНИТ ба муносибати Њукумат" аст, вале 14 фоизи дигари пурсидашудагон таъкид кардаанд, "сабабњояш дигар аст" ва 10 фисади ахир њам гуфтаанд, "дар љавоб мушкилї мекашам". Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" аз 10 то 15 - уми сентябр дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 790 нафар ширкат кардааст.


СИЁСАТ Владимир Путин, президенти Русия, ки дар назарпурсињои бархе расонањои маъруф, назири Forbes ва Time (Британия) "таъсиргузортарин инсони сайёра" унвон шуд, љињати ширкат дар њамоши рањбарони Созмони Паймони амнияти дастаљамъї ё ОДКБ ба Душанбе омад. Аз "таъсиргузортарин инсони сайёра" љомиаи Тољикистон интизорињо дорад. Ў низ бо ин њама ќудрату тавоної аз мо интизорињо мекашад. Мутаассифона, аз соли 1999 замони ба ќудрат расидани Путин интизорињои њељ як аз љавониб бароварда нашуданд, то ба буњрони рЎзњои мо, ки баробар њам ба сари мову њам Ў омадааст, бирасем. Аз иттилоияи дафтари президенти Тољикистон бармеояд, ки замони буњрон роњбарони ду шарики стратегиро ба воќеиятњо наздиктар ва самимитар кардааст. Эмомалї Рањмон аз "коњиш ёфтани содироти мањсулоти кишоварзии Тољикистон ба Русия" ва ихрољ шудани 300 њазор муњољири мењнатии тољик "бо сабаби содир намудани њуќуќвайронкунињои маъмурии камањамият" аз он кишвар изњори нигаронї кард. Дар иттилоияи дафтари матбуоти президенти Русия ин мавзуњо зикр намешаванд. Он љо дар бораи мавќеи пешбари Русия дар њамкорињои тиљориву иќтисодии Тољикистон бо љањони хориљ суњбат мешавад. Мањз ин, ки Русия дар тиљорати хориљии Тољикистон 26,2 дарсад сањм дорад, дар ќиёс бо соли 2014 гардиши мол миёни ду кишвар 22 дарсад афзудааст ва њам ин нуктаро намепЎшад, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ин рушд ба сЎи коњиш майл мекунад. Владимир Путин ин нуктаро низ таъкид мекунад, ки бо сармоягузории 1,6 миллиард доллар (дар иттилоияи маркази матбуотии Президенти Тољикистон ин раќам 1,2 миллиард доллар омадааст), њудуди 30 дарсади њамаи сармоягузорињои хориљии Тољикистон њам аз Русия аст ва њам 130 корхона дар Тољикистон бо сармояи Русия мечарханд. Суњбати расмии Эмомалї Рањмон ва Владимир Путин дар њузури хабарнигорон расо 14 даќиќа давом кард. Љои бањс нест, ки онњо аз ин бештар суњбат доштанд ва хостањои худро ба њар навъ пеш гузоштанд, ки њоло аз нигоњи коршиносони "Нигоњ" ба онњо мурур мекунем.

ЧЇ МЕХОЊЕМ? Хоњишњои мо ва Русия хеле содда ва дар шароити кунунї... амалинашавандаанд. Аввалин ва шояд охирин хостаи љомиаи Тољикистон сањлсозии њузури њудуди 2 миллион муњољири мењнатї дар Русия аст. Вазъи онњо, бахусус, баробари ба ќудрат расидани Вадимир Путин бад шуд ва то ба њол чунин аст. Албатта, сухан пеш аз њама дар бораи фароњам сохтани заминањои њуќуќии будубоши онњо дар ин кишвар меравад, ки дар ќиёс бо муњољирини кишварњои дигар такмил нашудааст. Масалан, то вуруд ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё муњољирини ќирѓиз њаќ доштанд 90 рЎз бидуни сабти ном дар Русия њузур дошта бошанд. То соли 2013, ки ду созишнома дар масъалаи муњољират миёни кишварњо ба имзо расид, шањрвандони Тољикистон танњо се рЎз чунин њаќро доштанд. Пас аз имзои ин ду созишнома, ки яке аз шартњои имзо кардани созишномаи 40 - солаи иљораи пойгоњи 201 дар Тољикистон буд, ин муњлат ба ду њафта тамдид шуд. Аммо пас аз ин Русия њаќќи иљозаи кору дигар харољоти будубоши муњољиринро баланд бардошт ва вазъи муњољиринро бадтар кард. Њоло ягона суоле, ки муњо-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

3

"ДУР НАРАВ, НАЗДИК ЊАМ НАЁ!" Аз Русия чї мехоњем? Русия аз мо чї мехоњад? љирин аз хабарнигорон мепурсанд, ин аст: "Тољикистон кай ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё дохил мешавад?" Ин њам ба он хотир аст, ки онњо вазъи бењтару соддатари муњољирини ќирѓиз дар Русияро пас аз ворид шудани кишварашон ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё мебинанд. Ин хоњиши мардуми ом аст, ки њамчунин мехоњад Тољикистон њамеша тањти султаи Русия бошад ва то љое барои ин заъфи њукумат тайи ќариб 25 соли истиќлол мусоидат кардааст. Мардум танњо мехоњад як зиндагии соддаву ором ва пеш аз њама дар Русия дошта бошад, ки як орзуи табиии њар инсон аст. Аммо дар толорњои расмии Душанбе кайњо аз пуштибонии Русия дилсард шуда, доирањое њам дигар русгаро нестанд. Онњо аз Кремл чї мехоњанд? Пеш аз њама инро, ки Русия њамеша пуштибони онњо бошад, чун медонанд, ки аз нигоњи ќудратї, Чин бо сармояњояшу Амрико бо демократияву бонкњояш барои нигањдории маболиѓи њангуфт аз уњдаи ин кор намебароянд. Дар баробари ин, онњо мехоњанд, ки Русия дар сиёсату тиљорат имкон дињад, балки танњо бо онњо кор кунад ва ба ин, ки бо кишварњои дигар муомила мекунанд, монеа эљод накунад. Масалан, Русия "Талко" - ро мехоњад аз худ намояд (тавассути РусАл), ё неругоњи Роѓун ба он тааллуќ дошта бошад (аз ин хотир, њарду моликияти истисноии миллї эълон шуданд). Њол он,

ки "Талко" ягона ва муњимтарин корхонаи саноатии Тољикистон аст ва Роѓун умедвориаш барои тањкими истиќлолияти сиёсї. Сеюм, Русия "сиёсати дарњои боз" ро эњтиром кунад. Бигзорад, ки Тољикистон бо кишварњои дигари љањон низ ќаробати хуб дошта бошад, яъне танњо рЎ ба Русия набошад ва бо љузъи љомиаи љањонї бошад.

ЧЇ МЕХОЊАД? Аввалин хоњиши Русия ин аст, ки Тољикистон ба Иттињоди иќтисодии Авруосиё дохил шавад, чун дар њоли иљро шудани ин баќия хоњишњои Русия, аз љумла даст ёфтан ба "Талко" - ву "Роѓун" ва дигар тарњњои Тољикистон осон хоњад шуд. Бино ба ќавонини ин иттињод, Тољикистон бояд сиёсатњои иќтисодиашро бо баќия аъзо њамоњанг кунад. Дуввум, Русия (дар шахси Газпромнефт) мехоњад умуман бозори маводи нафтии Тољикистонро тањти назорат гирад, тавре дар Ќирѓизистон аст. Дар ин њол, баќия ќариб 70 ширкати дигар бояд аз бозї бароянд. Бархе аз ин ширкатњо ба доирањои болої дар њукумати Тољикистон тааллуќ доранд, мегЎянд. Сеюм, Тољикистон бояд аз мавќеи Русия дар масоили байнулмилал пуштибонї кунад, масалан, истиќлолияти Абхозистону Осетияи Љанубиро эътироф намояд (ваќте Путин дар бораи

"уњдадорињои муттањидї" гуфт, шояд ин гуна маворидро дар назар дошт) ва дар умум, думрави Русия бошад. Содда карда гЎем, "дарњои боз" дар Маскав ќарор дошта бошанд. Мањз ќаробатљЎињои Душанбе бо Чин ва таваљљуњаш ба тарњи "Роњи абрешим" - варианти чинии Иттињоди иќтисодии Авруосиё њоло мЎљиби нигаронии Маскав аст. Маскав ба ин хотир, ки Тољикистон аз лињози иќтисодї ва низомї ба Русия сахт вобаста аст, далелњои ќатъї барои хоњишњои худ дорад. Тољикистон ба хотири њифзи истиќлолият ва ањамияташ дар низоми амниятии Русия он вазъеро дорад, ки имрЎз дорад. Њељ яке аз њамдигар дур рафта, наметавонанд, ба истилоњ, "дур нарав, ки гург мехЎрад, наздик наё, ки аз рЎят безорам". Аз ин хотир, хоњишњои њарду љониб амалинашавандаанд. Њар яке ба он шарт амалї мешавад, ки бар зарари дигарї анљом меёбад. Шояд ин вазъи кунунист ва воќеиятњое дар пешанд, ки њамаро таѓйир хоњанд дод. Муњим ин аст, ки њам дар Ќасри миллат ва њам Кремл бояд як нуктаро дарк кунанд: барои Русия Тољикистон ва барои Тољикистон Русия дар амри нигоњ доштани тамомияти арзї ва рањої аз буњрони пешбининашавандаи имрЎзи на фаќат иќтисодї, балки сиёсии минтаќаву љањон хеле муњиманд. Умари ТОЊИР


4

ГУЗОРИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

ТАРБУРЇ – САРБУРЇ Гузориши тасвирї аз дарахтбуриву партовгоњњои мањаллаи 102-и ноњияи Синои шањри Душанбе. Кооперативи моликони манзил ба чї кор ояд?

ОЗМУН Филми "Муаллим" дар љашнвораи байналмилалии "Минбари тиллої", ки дар шањри Ќазони Русия баргузор шуд, соњиби љоизаи "Бењтарин филмнома" гардид. Носир Саидов, тањиягари филми "Муаллим" мегўяд, ки филмаш дар ќатори 700 филм ба љашнвораи "Минбари тиллої" иштирок карда, ба фењрасти 50 филми нињої роњ ёфт. Ва дар ќатори 50 филм аз 25 кишвари дунё маќоми чорумро ишѓол кард. Дар љашнвораи "Минбари тиллої" аз Тољикистон њамчунин филми "Гунљишки сафед" дар ќатори филмњои кўтоњ баромад кард. Ин филм аз љониби кор-

Љоизаи нави филми "Муаллим" дар љашнвораи байналмилалии Ќазон гардон Диловар Султонов тањия шуда, соњиби љоизаи махсуси доварон шудааст. Ќаблан филми "Муаллим" дар Кинофестивали байналмилалии шањри Инсбруки Австрия барандаи љоизаи бењтарин филм гардида буд. Филми "Муаллим" дар бораи сарнавишти омўзгор ва насли солњои навадуми асри гузашта ќисса мекунад. Филми "Муаллим" соли 2014 бо љалби њунарман-

дон аз хориљи кишвар ба сањна омада буд. Дар филм њунарманди маъруфи эронї Мањнози Афшор наќши асосиро бозидааст. Ичунин дар филм тамошобини тољик баъди зиёда аз 20 сол шоњиди ба сањна баргаштани њунарманди маъруфи кишвар Марат Орипов шуд. Филми мазкур ќаблан дар кинофестивалњое дар Эрону Озарбойљон ва Австрия бо љоизањои мухталиф ќадрдонї шуда буд.


ИЌТИСОД

Бонки миллии Тољикистон бо нашри як хабар тасдиќ кард, ки дар кишвар се ќурби асъори миллї - сомонї нисбат ба доллар мављуд аст. 7-уми сентябр сомонаи расмии БМТ бо нашри як хабар дар бораи ду ќурби сомонї дар бозор њарф зад. Дар иттилоияи Бонк омадааст, "дар давоми њафтаи гузашта ќурби миёнаи доллари ИМА дар нуќтањои мубодилаи асъори љумњурї, дар њудуди то 6, 5600 - 6,5800 сомонї муќаррар шуда буд, ќурби бозории он бошад, муътадил боќї монда, ба њисоби миёна 6, 7980 -6,8078 сомонї ба 1 доллари ИМА -ро ташкил намуд. Рўзи шанбе, 5 сентябри соли љорї ќурби сомонї дар бозор каме коњиш ёфта, ќурби миёнаи хариду фурўши доллар ИМА 6,8333-6,8467 сомонї ба 1 доллар ИМА баробар шуд". Њамчунин, ќурби сеюм ќурби расмии БМТ аст, ки тибќи он 1 доллари ИМА баробар ба 6. 354 сомонї мебошад. Инчунин, корафтодањо мегўянд, ки ба љуз ин ќурби аслї вуљуд дорад, бештар ваќт агар доллар хариданї шавед, ба он рўбарў мешавед, аз љумла 1 долларро њатто бо 6,9 харидорї мекунед. Ваќте моњи май номзадии раиси нави Бонки миллї Љамшед Нурмуњаммадзода дар парламент тасдиќ мешуд, коршиносон мегуфтанд, ки яке аз вази-

Себ аз бед

Чаро аз дасти тими зиддибуњронї коре намеояд? фањои аслии њайати нави рањбарикунанда аз он иборат аст, ки ќурбњоро ба њам наздик кунанд. Аз љумла Шариф Рањимзода, раиси Кумитаи иќтисод ва молияи парламент, ки аз соли 2008 то 2012 Раиси Бонки миллї ва солњои 20122015 вазири рушди иќтисод буд, пешнињод кард, ки "аввалин коре, ки Бонки Миллї бояд анљом бидињад, чањор ќурбро ба њам пайваст кунад. Чун њоло агар мо бубинем дар асл 4 ќурб вуљуд дорад. Ќурби расмї, ќурбе, ки дар овезањои нуќтањои мубодилаи асъор нишон дода шудааст, ќурбе, ки аз пушти парда вуљуд дорад ва ќурби самаранок, яъне ќурби воќеие, ки вобаста ба вазъи иќтисодиву

сиёсати пуливу ќарзии кишварњои њамкори тиљоратии мо њисоб карда мешавад". Ў дар суњбат бо расонањо зарур шуморид, ки "њамаи ин ќурбњо таќрибан як хел бошанд ва ин аз сиёсати Бонки Миллї ва сохторњои иќтисодии њукумат вобастагї дорад. Ваќте ман соли 2008 рањбари Бонки Миллї будам, ќурби расмии бонк аз кўча боло буд ва он ваќт харидории асъори хориљї аз бонк бар зарар буд. Њоло бошад вазъ баръакс шудааст. Ваќте мо ќурбњоро ягона мекунем ва хариду фурўши асъорро озод мегузорем, он ваќт фарќ надорад, ки корманди ин нуќта асъорро ба кї мефурўшад,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

муњим он, ки вай харидуфурўшашро анљом медињад. Бењтар аст, ки њамин сиёсат ба роњ монда шавад". Бо гузашти чанд моњ аз таъини рањбарияти нав дар Бонки миллї командаи зиддибуњронї на ин, ки садди коњиши сомонї шуд, балки дар ин муддат коњиши ќурби сомонї хусусияти давомнокиро касб кард. Ин далели бебањс аст, аммо коршиносон инро њам таъкид мекунанд, нигоњ доштани ќурби пули миллї дар баробари асъори хориљї, пеш аз њама доллар дар тавони ин тим њељ гоњ буда наметавонад, зеро ин воќеияти на фаќат бонкї, балки дар кулл иќтисод аст. Оддитарин далели онњо ин аст, ки кишваре, ки истењсолот надорад, барои нигоњ доштани ќурби доллар муваффаќ нахоњад буд. Аммо ин вазъ боз ин нуктаро рўшан мекунад, ки иќтисоди Тољикистон ва дар баробари он ќурби пули миллї низ ќариб пурра аз интиќоли маболиѓи муњољирини мењнатї вобаста аст. Дар нимсолаи соли равон, бино ба иттилои расмї, 58 дарсад маболиѓи муњољирин ба Тољикистон коњиш ёфтааст. Ва ин дар њолест, ки салдои хориљї як ба панљ аст, яъне аз панљ чор њиссаи гардиши тиљорати хориљиро воридот ташкил медињад. Илова бар ин, ќимати маводи стратегии Тољикистон - пахта ва алюминий дар бозори љањонї коњиш ёфта, дењќонон ва корхонаи алюминбарории "Талко" истењсолоти худро коњиш додаанд. Коњиши ќимати пахта ва алюминий чанд сол ба ин сў идома дорад, аммо њељ гоњ ба вазъи иќтисодии Тољикистон таъсири назаррас надошт. Аммо коњиши маболиѓи муњољирин нишон дод, ки Тољикистон аз нуќтаи назари иќтисодї аз Русия хеле вобаста аст. Беш аз 40 дарсади даромадњои кишварро мањз маболиѓи муњољирини мењнатї ташкил медињанд. Дар дохили кишвар њоло њељ истењсолотеро наметавон дид, ки тавонад лоаќал нафаси яклањзаинае ба иќтисоди буњронї дињад. Аз ин хотир, таваќќуъ аз, ба истилоњ, тими зиддибуњронї, ки дар ихтиёр фишанге барои таъсир ба вазъ надорад, аз дарахти бед таваќуъ кардани себ аст. Умари ТОЊИР

1,5 ВА 7,0 ДАРСАД

БУЊРОНИ МУЊОЉИРОН

Меъёри захирањои њатмї барои ташкилотњои ќарзии Тољикистон паст шуд

Маљористон дар сарњади Сербистон вазъияти изтирорї эълом кард

Меъёри захирањои њатмии ташкилотњои ќарзї, ки дар Бонки миллї нигоњ дошта мешаванд паст карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, меъёри захирањои њатмии ташкилотњои ќарзї бо пули миллї 0,5 банди фоизї ва бо асъори хориљї 1,0 банди фоизї паст карда, мутаносибан дар сатњи 1,5 фоиз ва 7,0 фоизи солона муќаррар шуд. Ба гуфтаи манбаъ, ин иќдом ба хотири дастгирии соњањои воќеии иќтисодиёт гирифта шуда, тамоми њисоббаробаркунињо дар низоми бонкї вобаста ба захирањои њатмї аз таърихи 1-уми октябри соли 2015 амалї карда машаванд. Дар ќарори Раёсати Бонки миллии Тољикистон омадааст, ки меъёри захирањои њатмї танњо ба ташкилотњои ќарзие паст карда мешавад, ки меъёрњои маќбули муайяннамудаи ин нињодро риоя менамоянд.

15-уми сентябр Маљористон барои љилавгирї аз вуруди сели муњољирон ба ин кишвар дар минтаќаи наздисарњадї бо Сербистон вазъияти изтирорї эълом кардааст. Яке аз сухангўёни давлати Маљористон гуфтааст, ки эъломи вазъияти изтирорї ба полис имтиёзњои вижае ва барои маќомот имконе фароњам меорад, ки барои кумак ба полис нерўи кумакї бифиристанд. Полиси Маљористон аз боздошти 16 паноњљўе, ки худро аз Сурия ва Афѓонистон муаррифї карданд, хабар додааст. Ба гуфтаи маќомот, онњо ќасд доштанд ба сурати ѓайриќонунї аз монеањои марзї убур кунанд. Њукумати Маљористон мегўяд, ки муќаррароти љадид айни њол имкони баррасии дархости паноњљўёни воќеиро фароњам мекунад. Бо ин вуљуд, њукумати ин кишвар мегўяд, ки паноњљўёнеро, ки аз Сербистон ба Маљористон бираванд бармегардонад, чун онњо метаво-

Мувофиќи санади мазкур маблаѓњои аз њисоби паст гардидани меъёри захирањои њатмї бадастомада аз љониби ташкилотњои ќарзие, ки аз Бонки миллии Тољикистон барои пардохтпазириашон ќарзњои кутоњмуддат гирифтаанд, бояд барои пардохти ќарзњояшон истифода баранд. Дар баробари ин, ташкилотњои ќарзї уњдадор карда шудаанд, ки маблаѓњои аз њисоби паст шудани захирањои њатмї бадастомадаро њамчун ќарз ба соњањои воќеии иќтисодиёти кишвар пешнињод намоянд.

5

нанд дар Сербистон таќозои паноњандагї кунанд. Аз сўи дигар вазири корњои дохилии Олмон гуфтааст, ки Иттињодияи Аврупо бояд ироаи кумак ба кишварњои узви худро, ки аз пазируфтани сањми худ аз паноњљўён рў мегардонанд, ќатъ кунад, то аз ин тариќ ба онњо фишор биорад. "Кишварњое, ки ба сањмиябандии паноњљўён мухолифат мекунанд, аз дарёфткунандагони кумакњои минтаќаи Иттињодияи Аврупо њастанд", гуфтааст Вазири корњои дохилии Олмон.


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

Рўзњои охир сари осоишгоњи бињиштосои "Зумрад" гапу калочањои зиёд садо медињад. Ваќте эълонњои ба фурўш гузоштани осоишгоњи "Зумрад"ро хондам, ба ёдам навиштаи донишманди беназир ва шамъи рахшандаву руњафзои миллат Муњаммадљон Шакурии Бухорї рољеъ ба ин тафрењгоњ расид. Маќола 5 апрели соли 1997 дар "Зумрад" навишта шуда, ба дасти ман расида буд. Он рўз ман аз Исфара ба Душанбе бармегаштам. Устод навиштаашонро ба дасти ман дода, фармуданд, ки онро ба рўзномаи "Адабиёт ва санъат" супорам. Азбаски расо баъди як рўзи бозгашт аз "Зумрад" маро сафар ба пойтахти Озарбойљон шањри Боку буд, натавонистам њамон рўз маќоларо ба нашрия расонам. Сафари ман дар он љо ба ду моњ тўл кашид ва дареѓо, ки маќолаи устод байни коѓазу дафтарњои ман "гум" шуда буд. Хушбахтона, ба наздикї (баъди 18 сол) аз байни коѓазњоям ёфт шуд. Инак, ба хотири шодбоши арвоњи устод Шакурї ва Мирзо Олимзода ин маќоларо пешкаши хонандагон мегардонем. Валии Самад, шањри Сомонгирд, 31 августи с. 2015 Месазад, ки бигўем: Исфара љаннати рўи замин асту "Зумрад" - як боѓи бињишт, боѓи Ирам! Њама чиз ин љо зебо ва руњафзост. Табиат он ќадар саховат дорад, ки њар сў нигарем, манзарае зеботар ва манзарањои дигар ба дид меояд. Мардумонаш чунонанд, ки гўё, њар яке бењтар аз дигаре, њама зебову зебоипараст, баодоб, хушсухан ва дидадаро! Дидадаро шав, ба дида љо шав. Чанд муддат, ки банда дар "Зумрад" будам, мардуми ин сарзамин аз дилу дидаи ман љо гирифтанд. Дар бораи Исфара ва њусни зоњириву ботинии мардуми он бисёр нависандагону рўзноманигорон, аз љумла, баъзе нависандагони забардаст зиёд навиштаанд. Камина наметавонам ба онњо баробарї љўям ва танњо ба ду масъала диќќати ахли љомеаро љалб кардан мехоњам. Зебої ва зебоипарастињои фарзандони Исфара натиљањое додааст, ки ањамияти куллї дорад ва бояд барои пешбурди миллат, барои аз буњрони њамагонї баровардани тољикон, ба шоњроњи тараќќии маорифу маданият, илму санъат баровардани онњо њамаљониба ба кор гирифта шавад. Чунончи, азбаски дастаи Шашмаќом дар Душанбе суст шуд, зарур аст, ки Хуљанд, Истаравшан, Исфара дастањои мукаммали Шашмаќом дошта бошанд. Устодони бузурги Шашмаќом Бобоќул Файзуллоев, Шоњназар Соњибов ва Фазлиддин Шањобов дар Шашмаќом навпардозї карда, мактаби Душанберо ба вуљуд оварда буданд. Дар Шашмаќом мактаби Душанбе муњимтарин хусусиятњои мактаби Бухоро нигоњдорї шуда, дар айни замон дастоварди равияњои гуногун, чунончи, равияи Самарќанд, Хуљанд, Фарѓона, Исфара ва ѓайра истифода гардидааст. Шашмаќоми мактаби Душанбе рўйдоди бузурге дар таърихи мусиќии тољикон аст, ки аз анъанањои олии Бухоро ва муњимтарин дас-

«

БАРДОШТ

ВАЊДАТИ РУЊУ ТАН Консепсиюни миллии тандурустї чаро аз осоишгоњи "Зумрад" бояд гирифта шавад?

Муњаммадљони Шакурї, академик, узви пайвастаи фарњангистони улуми Љумњурии Тољикистон ва Фарњангистони забону адаби форсии Љумњурии Исломии Эрон, 5 апрели 1997

товардњои дигар минтаќањои Мовароуннањр фароњам омадааст. Ќадри ин неъмат бояд бидонем ва афзун кунем. Дил мехоњад, ки Исфара дастаи пурзўре аз љавонони боистеъдод дошта бошад, ки на бо хондани порчањои алоњида ва осон, балки бо омўзиши мунтазам машѓул шаванд. Онњо бояд аз маќоми якум сар карда, њама маќомњо, њама бахшњову шуъбањоро аз як сар биомўзанд. Зарур аст, ки онњо њама сирру асрори Шашмаќом, ба вежа мактаби Душанберо бодиќќат омўзанд, ба он аз хусусиятњои маќомњои мањаллї чизњои муњимме илова намоянд, ба анъанањои он ѓановат бахшанд. Лозим аст, ки љавонон сабти овози шашмаќомхонњои Душанбе, њамахонии онњо, яккахонии Бобоќул Файзуллоев, Барно Исњоќова, Ањмад Бобоќулов, Боймуњаммад Ниёзов ва дигаронро пайваста гўш кунанд, нозукињои овозхонињои онњоро ёд гиранд, ба санъати баланди онњо даст ёбанд ва рафта рафта ба ин санъат аз худ илова кунанд. Он гоњ шояд сабки хоси Исфара ба маротиб такомул ёбад ва сабке на ба сабки фолклор, балки ба дараљаи баланди классикї бошад. Барои ба вуљуд овардани чунин сабке замина мављуд ва имконият фаровон аст. Зарур аст, ки ин сабк њатман сабки тољикї бошад, ба анъанањои мактаби Душанбе такя намояд. Аз таќлиди дигаре дурї бояд љуст.

Дар "Зумрад" ба њар ќадам бо зебої рўбарў меоем. Њам табиат зебо ва њам руњафзост, њам навъњои гуногуни санъати нафис, шеъри воло ва њар сухани нарм ва дилнавози пизишкон ва дигар кормандон њар лањза ба дил њаловат мебахшад. Осорхонаи тибби тољикон дар Зумрад мањсули дониши фаровони бунёдкорона, мањсули табъи баланди онњост.

«

Тољикистон дар инкишофи Шашмаќом аз санъаткорони хуштабъи Хуљанд, Исфара, Истаравшан ва ѓайра умедворињо дорад. Боз як масъала њаст, ки ба назарам хеле муњим менамояд. Зебоипарварони Исфара дар шифогоњи "Зумрад" муъљизае эљод кардаанд. Ин муъљиза иборат аз он аст, ки зебої ва зебоишинохтї, нафосату назокатро асоси табобат ќарор додаанд, дар табобат ба унвони омили асосї ба кор даровардаанд. Дар "Зумрад" ба њар ќадам бо зебої рўбарў меоем. Њам табиат зебо ва њам руњафзост, њам навъњои гуногуни санъати нафис, шеъри воло ва њар сухани нарм ва дилнавози пизишкон ва дигар кормандон њар лањза ба дил њаловат мебахшад. Осорхонаи тибби тољикон дар Зумрад мањсули дониши фаровони бунёдкорона, мањсули табъи баланди онњост. Ин осорхона ба тамошобинон на танњо дониш медињад, на танњо бо ашёи нодир, бо матнњои даќии зери ашё, бо бунёди илмии њар чизе ва њар навиштае чашмандози таърихии моро фарохї мебахшад, на танњо зебост ва наќши эстетикие дар дили мо мегузорад, балки омили муњимме барои устувор шудани пояњои фалсафии табиат дар маљмаъи Зумрад аст. Бунёди фалсафии шифокорї дар Зумрад ягонагии омилњои љисмониву руњонї ва моддиву маънавист. Зумрад на танњо бо масолењи гуногуни табобат - бе муми куњї, обдармонї, барќдармонї ва ѓайра мардумро муолиља мекунанд, балки њусни табиати Исфара ва Зумрад, зебоии њунари меъморї ва наќќошиву кандакорињои чойхонаи "Сино", консерту шеъри њикматомез, ки дар ин љо њар сари ќадам дучор мешавед, забони рафтори одамї ва муомилаи хуши пизишкону дигар кор-

мандон - њар кадоми ин зебоињо ва њамаи онњо ба якљоягї чун омили муњими дармонкорї истифода мешавад. Осорхонаи тибби тољикон, бинои зебо ва ороиши хуштабъонаи он яке аз њамон омилњост, ки таърих ва бонишњои таърихї, ёдии фарњангї ва шуури миллиро фаъол карда ва бо омилњои зебоишинохтї пайваста, ба як љузъи табобати тану руњ табдил медињад. Табобат дар Зумрад як раванди комил ва гуногунпањлуст, ки омилњои моддиву љисмонї ва омилњои руњониву маънавиро ба њам пайвастааст, ки њамаро якљоя як омили пуртаъсир ба кор гирифтааст. Принсипи ягонагии омилњои љисмониву руњонї ва моддиву маънавї дар табобат, агар хато накунам, дар кишвари мо нахустин бор бо кўшиши бинокорони Зумрад, бо љасорати ќањрамононаи онњо њамаљониба амалї шуд. Ба онњо офарин мегўем ва таъкид мекунем, ки ин принсипи илмї дар садаи бисту як бояд бунёди низоми тандурустиро дар Тољикистон ташкил бидињад. Анвоъи зебої каму беш дар њар љо њаст, ба њар гўшаи диёри мо ба ранги хосе ба љилва меояд ва омилњои маънавиро низ дар њар љо метавон омода сохт. Пас муолиљаи зебоибунёд ва маънавиасосро дар њар минтаќаи Тољикистон метавон ба кор баст. Бо ин маќсад бояд таљрибаи зумрадиёниро омўхта ва такмилу густариш дода, принсипи илмии онњоро дастури асосї ќарор бидињем. Мовароуннањр яке аз минтаќањои бостонии маънавияти олист, ки камина аз ин хусус дар китоби "Хуросон аст ин љо" муфассалан сухан рондаам. Омилњои маънавї дар тибби ин сарзамин аз ќадим фаровон корбаст омадаанд. Аз ин рў, дар Тољикистони кунунї барои ин ки консепсиюни миллии тандурустї такя бар њамбастагии куллии омилњои љисмониву руњонї ва моддиву маънавї дошта бошад, замина њаст. Таљрибаи мутахассисони Исфара ва Зумрад барои тартиб додани ин консепсиюн ба кор хоњад омад.


МУСОЊИБА 11-ум сентябр Агибай Смагулов, сафири Ќазоќистон дар Тољикистон дар конфронсе тањти унвони "Хусусиятњои асосии сиёсати хориљии Тољикистон дар даврони истиќлолият", ки дар шањри Душанбе баргузор шуд, гуфт, "Тољикистон дар муносибат бо созмонњои минтаќавї, бахусус дар миёни камарбанди иќтисодии "Роњи абрешим"-и Чин ва Иттињоди иќтисодии АвруОсиё тавозунро риоят накарда, матбуоти тољик, аз љумла нашрияи расмии "Народная газета" тарњи чинии "Роњи абрешим"-ро бештар тарѓиб мекунад". Ин мавзеъгирї ба масъулини вазорати корњои хориљї ва коршиносони тољик, аз љумла профессор Абдунабї Сатторзода, собиќ муовини вазири корњои хориљии Тољикистон писанд нашуд. Аз ў нахуст хостем, ки сабаби эътирозашро шарњ дињад: - Мутассифона, њанўз њам таъсири омили хориљї дар сиёсати хориљии мо вуљуд дорад. Мо кишваре нестем, ки аз ин омил сарфи назар кунем. Гап дар ин нест. Гап дар он аст, ки вай аз сиёсати хориљии мо эрод гирифт, ки гўё дар ин маврид њукумати мо тавозунро риоя намекунад. Ман гуфтам: "На, ин масъала ин хел нест, баръакс матбуоти Тољикистон мавзўъњои вобаста ба Иттињоди АвруОсиёро бештар бозтоб мекунанд. Бар илова, иљозат дињед, ки мо худамон дар бораи ин тарњњои русї ва чинї суњбат кунем, интихоб намоем, ки кадоме аз онњо бароямон бењтар аст ва нисбат ба кадоме аз онњо таваљљуњ зоњир намоем ва ба онњо раѓбат дошта бошем". - Шумо дар нишаст гуфтед, ки аз замони ироаи пешнињоду мулоњизањо то амал фосилаи зиёд ба миён меояд. Ба-

«

Абдунабї САТТОРЗОДА:

7

Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаї, Боз мегўї, ки њушёр бош, доман тар накунд. Њадди эътидолро риоя кардан бисёр душвор аст. Аммо ин корро бояд кард. Ба хотири чї? Ба хотири њифзи манфиатњои миллї, ба хотири њифзи истиќлоли сиёсиамон, њифзи истиќлоли иќтисодї ва низомиамон, тамомияти хоки сарзаминамон, мардум ва марзњоямонро бояд худамон њифз кунем. Амниятамонро бояд худамон таъмин кунем, ба умед дигарон нашавем, фирефтаи "далелњо"-и дуруѓи кишварњои дигар ва фирефтаи њангомањои матбуот ва телевизиону радиоњои кишварњои хориљї нашавем. Ба куљо рафтан, бо кї нишастан ва чї гуфтанамонро худамон муаян мекунем. Худамон муаян мекунем, ки узв будан дар ин ё он созмони минтаќаї ё байналмилалї ба манфиати мо њаст ё на? 2) Мо бояд дар сиёсати хориљиамон фаромўш накунем, муносибат ва њам-

"Ба умед дигарон нашавем" рои кам набудани ин фосилањо дар сиёсати хориљии Тољикистон чї намерасад? - Мутаассифона, байни татбиќи натиљањои конфренсияњо, мизњои гирд, нишастњои илмию амалї, њамчунон пешнињодњое, ки нињодњои масъул дар заминаи сиёсати хориљї мекунанд, ё Маркази тадќиќоти стратегї ва коршиносоне, ки бо зањмати зиёд нуктањои бисёр љолиб, мулоњиза ва пешнињодоти худро дар шакли маќолаву маърўза ироа мекунанд, як фосилае зиёде њаст. Баъзан мешавад, ки ин гуфтањо сари миз ё дар он рўи коѓаз боќї мемонанд. Ман гуфтанї будам, ки бояд дар чунин нишастњо намояндањои Вазорати корњои хориљї иштирок намуда, он нуктањоро барои худ сабт кунанд ва чун сиёсати хориљии моро президент муайян меку-

Меёъри асосии муайян кардани ин њадду њудуд њифзи манфиатњои миллиамон, њифзи истиќлолияти сиёсї, иќтисодї, фарњангї ва тамомияти арзиямон аст. Агар аз риояи ин њадду њудуд сарфи назар кардем, пойбанди дигарон мешавем. Нашавад, Худо накарда истиќлолиятамонро зери хатар гузорем.

«

нанд, бинобар он, нуктањои љолиб ва пешнињоду мулоњизањро бо ў њамоњанг ва тасдиќ намоянд, то дар амал татбиќ шаванд. - Шумо шахсан чї пешнињод доред? - Бале, бо умед, ки миёни ин гуфта ва навиштањо дар заминаи сиёсати хориљї фосилањо кўтоњтар бошанд, ё аслан набошанд, ду нуктаро ишора мекунам: 1) Кам кардани таъсири омили хориљї дар муайян намудани самтњои асосии робита ва њамкорињо бо љомеаи љањонї ва созмонњои байналмилалї ва минтаќаї. Чаро ман аз кам кардани таъсири омилњои хориљї на аз рафъи чунин омилњо, барои он, ки кишвари мо аз љумлаи кишварњоест, ки ба сабабњои айнї - объективї, табиї манфиатњои стратегии худро бо дарназадошти манфиатњои мамлакатњои калидии минтаќа, созмонњо ва љањон амалї мегардонад, мисли кишварњои Русия, Чин, Амрико, Иттињоди Аврупо ва љањон амалї мекунад ва бояд чунин бошад, ѓайричамшдошт њам нест, вале бояд эътироф кунем, дар кор бояд риояти њадди эътидол, тавозун ё чї тавре ки мегўянд:

«БАЗМИ ШОЊОН»

САЙРУГАШТИ ШОМГОЊИИ ПРЕЗИДЕНТЊО ДАР ГУЛГАШТЊОИ "КОХИ СОМОН"

Шоми 14-уми сентябр дар боѓи "Кохи Сомон" рањбарони Тољикистон, Арманистон, Русия, Ќазоќистон ва Ќирѓизистон сайри шомгоњї кардаанд. Дар аксњое, ки дафтари матбуоти Президент Тољикистон нашр кардааст, дида мешавад, ки Эмомалї Рањмон бо 5 узви дигари сарони давлатњои узви СПАД дар боѓи "Кохи Сомон" сайругашт доранд. Гаштугузори президентони узви СПААД баъд аз вуруди Владимир Путин, президенти Русия ба Душанбе сурат гирифтааст.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

корї бо кишварњо ва созмонњои байналамилалї њадду њудуд дорад. Мо он њадду њудудро бояд фаромўш накунем. Бояд риоят кунем. Меёъри асосии муайян кардани ин њадду њудуд њифзи манфиатњои миллиамон, њифзи истиќлолияти сиёсї, иќтисодї, фарњангї ва тамомияти арзиямон аст. Агар аз риояи ин њадду њудуд сарфи назар кардем, пойбанди дигарон мешавем. Нашавад, Худо накарда истиќлолиятамонро зери хатар гузорем. Воќеан гузаштагони мо дуруст гуфтаанд: Андоза нигањ дор, ки андоза накўст, Њам лоиќи душман асту њам лоиќи дўст. - Кам кардани таъсири омили хориљї то куљо имконпазир буда метавонад? - Ваќте мо њар чї ќадар бештар тавоної пайдо кунем, иќтисодамон хубтару сатњи зиндагиамон бењтар ва љомеаамон рушд мекунад, њамон ќадар ба худамон такя мекунем, он гоњ мо метовонем таъсири омили хориљиро дар сиёсат камтар кунем. Суњбати Амруллоњи НИЗОМ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

ВОЛОИЯТИ ЌОНУН

Ба истиќболи якумин Анљумани Иттифоќи адвокатњои Тољикистон

Барои љилавгирї аз људоиандозињо адвокатњо бояд чиро донанд? Инак, наздики 6 моњ мешавад, ки дар љумњурї Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатї", ки онро Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 18 марти соли 2015, тањти № 1182 имзо намуд ва дар матуботи расмии даврї аз 26 - 27 марти соли 2015 нашр шуд, мавриди амал ќарор дорад. Ќонуни номбурда асосњои њуќуќии фаъолияти адвокатї, њуќуќу уњдадорињои адвокатњо ва ташкили адвокатураро муќаррар намуда, имрўзњо муќарароти гуногуни ќонун дар амал татбиќ шуда истодааст ва бояд аз рўи наќша 17-18 сентябри соли 2015 Якумин анљумани Иттифоки Адвокатњои Љумњурии Тољикистон доир гардад. Дар ин шабу рўз чї тавре пештар институти адвокатураи тољикро адвокатњо Наим Амирбеков ва Зафар Мањмудов ба оќиб кашиданї буданд, њамон омилњо пайдо шудаанд. Адвокатњо бояд ба тариќи ќатъї барои њамагуна људоиандозињое, ки номбурдагон ташкил медињанд, љавоби сазовор гардонанд. Аз ин рў, омўзиши ќонун ва сохтори он ањамияти калон дорад. Ќонун аз 7 боб ва 52 модда иборат буда, бобњои он ба тариќи зайл љойгир карда шудаанд: Боби 1. Муќаррароти умумї Боби 2. Асосњои фаъолияти адвокатї Боби 3. Маќоми адвокат Боби 4. Ташкили фаъолияти адвокатї Боби 5. Маќомоти идоракунии адвокатњо Боби 6. Муќаррароти давраи гузариш Боби 7. Муќаррароти хотимавї Адвокатура - иттињоди касбї аст, ки дар он адвокатњо бо маќсади расонидани ёрии њуќуќї муттањид шудаанд. Иттифоќи адвокатњои Љумњурии Тољикистон бошад ташкилоти ягонаи мустаќили касбии ѓайридавлатї ва ѓайритиљоратї мебошад, ки ба аъзогии њатмии адвокатњои Љумњурии Тољикистон асос ёфтааст. Воњидњои сохтории Иттифоќи адвокатњо дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе ва шањру ноњияњои тобеи љумњурї ин маќомоти минтаќавии Иттифоќи адвокатњо мебошанд, ки дар охири моњи июли соли 2015 якумин маљлисњои таъсисии онњо доир гардид. Сарчашмањои фаъолияти адвокатї пеш аз њама Конститутсия (Сарќонун) и Љумњурии Тољикистон, ќонуни тањлил менамуда ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, мебошад. Аз рўи ќонуни нав, яъне талаботи ќисми 1 - и моддаи 3, "адвокат њатман бояд узви Иттифоќи адвокатњо бошад".

ЌОНУНИ АДВОКАТУРА

Ў намудњои зерини ёрии њуќуќиро расонида метавонад: - оид ба масъалањои њуќуќї ба таври шифоњї ё хаттї маслињат ва маълумот медињад; - ариза, шикоят, дархост ва дигар њуљљатњои дорои хусусияти њуќуќиро тартиб медињад; - манфиатњои шахсони воќеї ва њуќуќиро дар мурофиаи судии конститутсионї намояндагї мекунад; - ба сифати намояндаи шахсони воќеї ва њуќуќї дар мурофиањои судии гражданї, оилавї, иќтисодї ва њакамї иштирок менамояд; - ба сифати намоянда ва ё њимоятгари шахсони воќеї ва њуќуќї дар мурофиаи судии љиноятї ва дар пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї иштирок менамояд; - ба сифати намояндаи шахсони воќеї ва њуќуќї дар дигар маќомот барои њалли бањсњо иштирок мекунад; - ба сифати намояндаи шахсони њуќуќї дар муњокимаи парвандањо дар арбитражи байналмилалии тиљоратї иштирок мекунад; - манфиатњои шахсони воќеї ва њуќуќиро дар маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, иттињодияњои љамъиятї ва дигар ташкилотњо намояндагї мекунад; - манфиатњои шахсони воќеї ва њуќуќиро дар маќомоти давлатї, судњо ва маќомоти њифзи њуќуќи давлатњои хориљї, судњои байналмилалї, маќомоти ѓайридавлатии давлатњои хориљї, агар бо ќонунгузории давлатњои хориљї, њуљљатњои оинномавии судњои байналмилалї ва ташкилотњои байналмилалї ва ё санадњои њуќуќии байналмилалие,

«

Адвокат њуќуќ надорад, ки гуноњи њимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар њимояшаванда онро рад кунад. Иќрор шудани њимояшаванда ба гуноњи худ адвокатро аз њуќуќи мубоњиса намудани чунин фикр ва хоњиши сафед намудани ў бинобар исбот нашудани гуноњаш мањрум намекунад. Адвокат њуќуќ надорад ба таври оммавї дар бораи исботшуда эълон намудани гуноњи њимояшавандааш изњорот дињад, агар зерњимояаш онро рад намояд.

«

ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, тартиби дигар муќаррар карда нашуда бошад, намояндагї мекунад; - ба сифати намояндаи шахсони воќеї ва њуќуќї дар истењсолоти иљро иштирок менамояд; - дигар намуди ёрии њуќуќиро, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ карда нашудааст, мерасонад. Дар њар як кори нек бояд ки асосњои роњбарикунанда, принсипњо мавчуд бошанд, аз ин рў, ќонунгузорї асоси бунёди фаъолияти адвокатиро ба принсипхои зерин алоќаманд намудааст: - ќонуният; - мустаќил будани адвокатњо ва фаъолияти адвокатї; - таъмини сифати ёрии њуќуќї; - баробарњуќуќии адвокатњо; - дахолат накардан ба фаъолияти адвокатї; - њатмї будани узвияти адвокат дар Иттифоќи адвокатњо; - аз љониби адвокат эњтиром ва њифз намудани њуќуќу озодињо ва манфиатњои ваколатдињанда. Барои адвокати хуб шудан пеш аз њама њуќуќњои онро донистан лозим аст, ки аз рўи меъёри моддаи 9-и ќонун чунин аст: "Њангоми амалї намудани фаъолияти касбї адвокат њуќуќ дорад: - маълумоти заруриро барои расонидани ёрии њуќуќї љамъоварї намояд, аз љумла маълумотномањо, тавсифномањо ва дигар њуљљатњоро аз маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, иттињодияњои љамъиятї, инчунин аз дигар шахсони њуќуќї, новобаста ба шакли ташкилию њуќуќї ва моликияташон, дархост карда гирад ва маќомот ва ташкилотњои зикргардида бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон вазифадоранд ба адвокат њуљљатњои дархосткардаи ў ё нусхаи тасдиќгардидаи онњоро ба истиснои њуљљатњое, ки маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар гирифтаанд, дињанд; - далел ва маълумоти барои расонидани ёрии њуќуќї заруриро љамъ оварад ва пешнињод намояд; - бо шахси тањти њимояташбуда бо пешнињоди ордер ва шањодатномаи адвокат бе мамониат як ба як (аз љумла аз лањзаи дастгир шудан, нигоњ доштан дар изоляторњои (тавќифгоњњои) тафтишотї ё изоляторњои (тавќифгоњњои) нигоњдории муваќќатї ва муассисањои ислоњї) бе мањдуд кардани шумора ва давомнокии муњлат суњбат кунад; - маълумоти дар парванда мављудбударо, ки аз рўи он адвокат ёрии њуќуќї мерасонад, бо риоя намудани сирри давлатї ва сирри дигари бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њифзшаванда нусхабардорї намояд; - њангоми иштирок намудан дар маљ-

лиси пўшидаи судї бо матни пурраи санадњои судии ќабулнамудаи суд шинос шавад; - барои њимоя њама гуна восита ва тарзњои ќонуниро истифода барад." Ягон гуна амалигардонии њуќуќ бе доштани уњдадорињои мухталиф амалї намешавад, аз ин рў, тамоми адвокатњо бояд дарк намоянд, ки "Њангоми амалї намудани фаъолияти касбї адвокат уњдадор аст: - содиќона, софдилона ва оќилона њуќуќ ва манфиатњои ќонунии ваколатдињандаро мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њимоя намояд; - талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро оид ба иштироки њатмии адвокат ба сифати њимоятгар дар мурофиаи судии љиноятї дар асоси ќарори тањќиќбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд иљро намояд, инчунин ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ёрии њуќуќии ройгон расонад; - савияи дониши худро баланд бардорад ва мањорати касбии худро такмил дињад; - талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Кодекси одоби касбии адвокатњоро риоя намояд, ќарорњои Иттифоќи адвокатњо ва маќомоти минтаќавии онро, ки дар доираи ваколатњояшон ќабул карда шудаанд, иљро намояд; - аз њисоби њаќќи хизмати њармоњааш барои эњтиёљоти Иттифоќи адвокатњо мувофиќи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Анљумани адвокатњо маблаѓ супорад, инчунин барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиќи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатї маблаѓ људо намояд; - дар муњокимаи сариваќтии парвандањо ба кашолкории сунъї роњ надињад; - сирри давлатї ва сирри дигари бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њифзшавандаро, ки њангоми расонидани ёрии њуќуќї ба ў маълум гаштаанд, ифшо насозад. 2. Њангоми амалї намудани фаъолияти касбї адвокат њуќуќ надорад супориш оид ба расонидани ёрии њуќуќиро ќабул намояд, агар он: - баръало хусусияти ѓайриќонунї дошта бошад; - чунин ёриро ба шахсоне расонад ё ќаблан расонида бошад, ки манфиати онњо ба манфиати шахсе, ки дар хусуси пешбурди парвандааш мурољиат кардааст, зид бошад; - ба предмети созишнома бо ваколатдињанда манфиати мустаќилона дошта бошад, ки аз манфиатњои ваколатдињанда фарќ кунад; - ќаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, тањќиќбаранда, котиби маљлиси суд, шоњид, корши-


МУСОЊИБА

нос (эксперт), мутахассис, тарљумон ё шахси холис иштирок карда бошад; - бо судя, прокурор, муфаттиш, тањќиќбаранда, котиби маљлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии њамин парванда иштирок мекунанд, муносибатњои хешовандї дошта бошад. 3. Адвокат њуќуќ надорад, ки аз уњдадории худ дар бобати њимоя даст кашад, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон. 4. Адвокат њуќуќ надорад маълумоти ба ў додаи ваколатдињандаро, ки бо расонидани ёрии њуќуќї алоќаманд аст, бе розигии ин шахс ифшо намояд. 5. Адвокат њуќуќ надорад, ки гуноњи њимояшавандаи худро исботшуда эътироф намояд, агар њимояшаванда онро рад кунад. Иќрор шудани њимояшаванда ба гуноњи худ адвокатро аз њуќуќи мубоњиса намудани чунин фикр ва хоњиши сафед намудани ў бинобар исбот нашудани гуноњаш мањрум намекунад. Адвокат њуќуќ надорад ба таври оммавї дар бораи исботшуда эълон намудани гуноњи њимояшавандааш изњорот дињад, агар зерњимояаш онро рад намояд. 6. Адвокат дар њама њолат бояд манфиатњои ќонунии ваколатдињандаро њимоя намояд ва њуќуќ надорад мавќеи њуќуќии ба манфиатњои ў мухолифро ишѓол намояд. Дар њолати худтуњматкунии ваколатдињанда дар мурофиаи судии љиноятї адвокат бояд мавќеи мухолифро ишѓол намояд. 7. Барои иљро накардан ва ё ба таври дахлдор иљро накардани уњдадорињои касбии худ адвокат тибќи тартиби пешбининамудаи Ќонуни мазкур ба љавобгарї кашида мешавад." То тањия ва ќабул намудани ќонун институти адвокатї тамоми љомеъаи љањонї кўшиш барои он дода буд, ки мустаќилияти адвокатї бо нигоњ доштани комиссияи тахассусї дар њайати сохтори он нигоњ дошта шавад. Аз он љумла, дар баромадњои оммавии худ собиќ раиси коллегияи адвокатњои ЧТ Наим Амирбеков низ ин нуктаро дастгирї менамуд. Аммо, инак, аз рўи моддаи 12 - и ќонун "Шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки тањсилоти олии њуќуќшиносї дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиќаи корї аз рўи ихтисоси њуќуќшиносї дорад ё коромўзиро дар ташкилоти адвокатї дар муњлати муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур гузаштааст, метавонад соњиби маќоми адвокат гардад. 2. Шахс њуќуќи соњиб шудан ба маќоми адвокат ва машѓул шудан ба фаъолияти адвокатиро надорад, агар: - мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ќобилияти амалаш мањдуд карда шуда ё ў ѓайриќобили амал эътироф карда шуда бошад;

«

Аз он љумла, дар баромадњои оммавии худ собиќ раиси коллегияи адвокатњои ЧТ Наим Амирбеков низ ин нуктаро дастгирї менамуд. Аммо, инак, аз рўи моддаи 12 - и ќонун "Шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки тањсилоти олии њуќуќшиносї дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиќаи корї аз рўи ихтисоси њуќуќшиносї дорад ё коромўзиро дар ташкилоти адвокатї дар муњлати муќаррарнамудаи Ќонуни мазкур гузаштааст, метавонад соњиби маќоми адвокат гардад.

«

- барои содир кардани љинояти ќасдона доѓи судї дошта бошад. 3. Ќарор дар бораи додани маќоми адвокатро Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон (минбаъд - Комиссияи тахассусї) баъди аз љониби шахси довталаб супоридани имтињони тахассусї барои соњиб шудан ба маќоми адвокат ќабул менамояд." Ин нуктаи ќонун бисёр норозигии адвокатњоро пеш овард, аммо дар рўзномаи "Тољикистон" Наим Амирбеков дурўягии худро нишон дода, бар хилофи суханони пештараи гуфтаи худ, аќидаи худро дигаргун намуда, ин амалро амали шоистаи тањсин номид, ки боиси бори дигар хиёнат намудан ба институти адвокатура ва фаъолияти дастљамъонаи онро нишон дод. Њар як кор аввалу охир дорад, аз ин рў, дар моддаи 22-и Ќонун ќонунгузор њолатњои ќатъ шудани фаъолияти адвокатиро ба танзим даровардааст: 1. Маќоми адвокат аз љониби Комиссияи тахассусї бо пешнињоди Иттифоќи адвокатњо дар асосњои зерин ќатъ карда мешавад: - бо аризаи хаттии адвокат оид ба ќатъ намудани маќоми адвокат; - эътибори ќонунї пайдо кардани ќарори суд оид ба ѓайри ќобили амал ё дорои ќобилияти амалаш мањдуд эътироф гардидани адвокат; - фавти адвокат ё эътибори ќонунї пайдо кардани ќарори суд оид ба фавтида эълон кардани адвокат; - эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд оид ба гунањгор донистани адвокат дар содир кардани љинояти ќасдона;

- дар муњлати зиёда аз панљ сол нагузаштани курсњои бозомўзї ва такмили ихтисос; - ошкор гардидани њолатњое, ки дар ќисми 2 моддаи 12 ва ќисми 3 моддаи 21 Ќонуни мазкур пешбинї шудаанд. 2. Маќоми адвокат метавонад бо ќарори Комиссияи тахассусї дар асоси пешнињоди Иттифоќи адвокатњо ва хулосаи маќомоти минтаќавии Иттифоќи адвокатњо дар њолатњои зерин ќатъ карда шавад: - аз љониби адвокат дар назди ваколатдињанда иљро накардани уњдадорињо ё ба таври дахлдор иљро накардани онњо; - аз љониби адвокат вайрон кардани меъёрњои Кодекси одоби касбии адвокатњо; - аз љониби адвокат иљро накардан ё ба таври дахлдор иљро накардани уњдадорињои касбии худ ва ќарорњои дар доираи ваколаташон ќабулнамудаи маќомоти Иттифоќи адвокатњо; - ѓайриимкон будани иљрои фаъолияти касбии адвокат дар муњлати зиёда аз чор моњ; - муайян кардани нодурустии маълумоте, ки ба Комиссияи тахассусї мутобиќи талаботи ќисми 2 моддаи 14 Ќонуни мазкур пешнињод шудааст. 3. Маќоми адвокат аз лањзаи ќабули ќарори Комиссияи тахассусї ќатъгардида њисоб меёбад. Шахсе, ки маќоми адвокатиаш ќатъ карда шудааст, њуќуќ надорад фаъолияти адвокатиро амалї намояд, инчунин дар маќомоти Иттифоќи адвокатњо вазифањои интихобиро ишѓол намояд. Дар давлати њуќуќбунёд ва дунявї пеш аз њама кафолати мустаќилияти адвокатї муњим мебошад, зеро бе кафолати ќонун ягон адвокат имкон надорад, ки озодона њуќуќу уњдадорињои мављудаашро амалї намояд, аз ин рў, кафолатњои мустаќилияти фаъолияти адвокати инњо мебошанд: 1. Дахолат ё бо кадом тарзу воситае бошад, мамониат кардан ба фаъолияти адвокатие, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад, манъ аст. 2. Адвокат барои изњор намудани аќидаи худ њангоми иљрои фаъолияти адвокатї набояд ба ягон намуди љавобгарї кашида шавад (аз љумла баъд аз боздоштан ва ё ќатъ намудани маќоми адвокатии ў), ба истиснои изњор намудани аќидањое, ки дар он аломатњои љиноят љой доранд. Мутобиќи Ќонуни мазкур талаботи зикршуда ба уњдадории адвокат дар назди ваколатдињанда дахл надоранд. 3. Аз адвокат, кормандони ташкилоти адвокатї ва Иттифоќи адвокатњо талаб кардани маълумот вобаста ба расонидани ёрии њуќуќї оид ба парвандањои мушаххас манъ аст. 4. Адвокат, аъзои оила ва молу мулки ў тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тањти њимояи давлат ќарор доранд. Дар њолати тањдид ба њаёт, саломатї ва молу мулки онњо маќомоти таъминкунандаи њимояи давлатї вазифадоранд љињати таъмини бехатарии адвокат, аъзои оила ва молу мулки ў тадбирњои зарурї андешанд. 5. Адвокат, ёрдамчии адвокат ё коромўз-адвокатро вобаста ба њолатњое, ки ба онњо дар натиљаи расонидани ёрии њуќуќї маълум гаштаанд, ба сифати шоњид даъват кардан ва пурсидан манъ аст". Аз ин рў, вобаста ба ин кафолатњо бори дигар ба маќомоти судї ва прокурорї зарур аст, ки парвандањои адвокатњо Шуњрат Ќудратов ва Фахридин Зокирову дигаронро, ки мањз аз рўи фаъолияти адвокатї таъќиб шудаанд, бознигарї намоянд. Зеро мардуми тољик пурра эњсос намудаанд, ки мањз барои њимояи њуќуќи дигар њимояшавандагон онњо таъќиб шудаанд ва дар ин амал ангезањои сиёсї дида мешавад. Адвокатњо агар пештар барои таш-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

9

кил кардани коллегияи адвокатњо на камтар аз 40 нафар мебуданд, пас холо шаклњои ташкилии фаъолияти адвокатї аз рўи Ќонун мисли кабинети адвокатї, маслињатхонаи њуќуќї, коллегияи адвокатї ва бюрои адвокатї мебошад. Ташкилотњои адвокатњо дорои суратњисоб ва дигар њисобњо дар бонкњо, бланкњо, муњр ва тамѓа бо номи худ мебошанд. Адвокате, ки фаъолияти адвокатиро ба таври инфиродї амалї кардан мехоњад, кабинети адвокатї таъсис медињад. Кабинети адвокатї шахси њуќуќї намебошад. Ду ва зиёда адвокат њуќуќи таъсис додани маслињатхонаи њуќуќиро доранд. Маслињатхонаи њуќуќї шахси њуќуќии ѓайритиљоратї буда, аз лањзаи баќайдгирии давлатї таъсисёфта њисобида мешавад. Панљ ва зиёда адвокат њуќуќ доранд коллегияи адвокатњоро таъсис дињанд. Коллегияи адвокатњо шахси њуќуќии ѓайритиљоратї мебошад, ки ба аъзогї асос ёфтааст ва дар асоси оинномаи тасдиќнамудаи муассисони он (минбаъд - оиннома) ва шартномаи таъсисии аз љониби онњо басташуда амал мекунад. Коллегияи адвокатњо њуќуќи кушодани филиал ва намояндагиро надорад. Агар дар њудуди шањр ё ноњия кабинети адвокатї, маслињатхонаи њуќуќї ё коллегияи адвокатњо мављуд набошанд, Иттифоќи адвокатњо бо пешнињоди маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ё бо ташаббуси худ метавонад бюрои адвокатиро таъсис дињад. Бюрои адвокатї шахси њуќуќии ѓайритиљоратї буда, аз лањзаи баќайдгирии давлатї таъсисёфта њисобида мешавад. Аз рўи талаботи моддаи 32-и ќонун: 1. Узви Иттифоќи адвокатњои Љумњурии Тољикистон ба шахсони зерин ёрии њуќуќии ройгон мерасонад: - ба даъвогарон дар судњои марњилаи якум њангоми баррасии парвандањо оид ба ситонидани алимент ва барќарор кардан ба кор; - ба иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї ва шахсони ба онњо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоњи барќи атомии "Чернобил" зарар дидаанд, маъюбон ва шахсоне, ки саробони худро дар давраи муќовимати сиёсї ва њарбї дар Љумњурии Тољикистон аз даст додаанд ва гурезањо; - ба шањрвандон аз рўи шикоят оид ба роњ додани ѓалат дар рўйхати интихобкунандагон; - ба вакилони маќомоти намояндагии њокимияти давлатї њангоми додани маслињат оид ба масъалањои ќонунгузорї, ки бо иљрои ваколатњои вакилии онњо алоќаманданд; - ба ноболиѓон, агар васї ё парастор надошта бошанд; - ба даъватшавандањо ба хизмати њарбї ва хизматчиёни њарбии муњлатнок; - ба шањрвандони камбизоате, ки даромади умумиашон барои њар як узви оила дар як моњ камтар аз як нишондињанда барои њисобњо мебошад; - дар њолатњои дигаре, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст. Бори дигар тамоми адвокатњои тољикро ба шарафи ќабули ќонуни нав ва омодагї ба гузаронидани анљумани якуми адвокатњо табрику муборакбод намуда, дар корхои ояндаи онњо муваффаќиятњои беназирро таманно дорам. Бузургмењр ЁРОВ, сардори Раёсати мубодилаи иттилоот ва ташвиќу тарѓиби њуќуќии Анљумани Иттифоќи адвокатњои Тољикистон


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

Ба назар мерасад буњрон дар Сурия ба марњилаи дигари њассоси худ наздик мешавад. Ахиран ширкати телевизионии Си-ЭнЭн аз изњори нигаронии маќомоти амрикої аз ин вазъ гузориш мекард ва мегуфт, акнун ширкати Русия дар ин буњрон бармало шудааст. Зарфи як њафтаи охир вазири умумри хориљии Амрико Љон Керрї ду маротиба бо њамтои русаш Сергей Лавров телефонї вориди суњбат шуд ва аз ў хост, то дар мавриди амалкардњои ахири Маскав тавзењот дињад. Рўзе ќабл Кохи Сафед эълон кард, ки амали якљониба ва мустаќили Маскав дар Сурия метавонад чун пуштибонї аз Башор Асад талаќќї шавад ва ин боис мегардад, ки Русия бештар аз пештар дар муњосираи байналмилалї ќарор гирад. Рўзи сешанбеи гузашта президенти Русия Владимир Путин бахши азими суханронии худро ба вазъи Сурия ва мубориза бо "Давлати исломї" бахшид. Вай гуфт "дар наќшаи онњо пеш бурдани фаъолиятњо дар Аврупо, Русия, кишварњои Осиёи Марказї ва Осиёи Љанубу Шарќист. Мутаассифона, дар њайати ин гуруњ афроде њам аз мамолики Аврупо, Русия ва бисёре аз љамоњири Шўравии собиќ омўзиш мебинанд". Владимир Путин як роњи муваффаќ шудан ба пирўзї бар "Давлати исломї"-ро дар таќвияти неруњои вафодор ба Башор Асад, курдњо ва мухолифони гапдаро, мамолики дигари минтаќа донист ва гуфт, танњо бо кўшиши якљоя метавон ин мушкилро њал кард. Сарвари давлати Русия њамчунин иброз дошт, ки талошњои Русия дар Сурия аллакай самарањои хуб медињанд ва замоне расида, ки аз тарњи бо зўрї аз миён бурдани президент Башор Асад даст кашанд: "Одамон аз Сурия аз дасти террористон фирор мекунанд ва ин гуруњњо аз берун таъминоти молї ва силоњ шудаанд. Мо медонем, ки онњо чї вањшонияте аз худ нишон медињанд, ёдгорињои таърихи башарро нобуд месозанд". Путин боз гуфт, ки агар Русия Сурияро дастгирї намекард, мављи муњољират меафзуд ва вазъ бадтар аз њоли Либия дар ду соли пеш мешуд. Дар гузашта ва имрўз Маскав њаргиз пинњон њам намедорад, ки аз низоми Башор Асад дифоъ мекунад. Кремл хостори њалли дипломатии ќазия буд ва борњо талош њам кардааст мухолифони Башорро сари мизи музокарот бихонад. Аммо дар ин шабу рўз, ки вазъ вахимтар шудааст ва тавре коршиносон мегўянд, ин буњрон дигар љойе барои дипломатия боќї нагузоштааст ва шабењи он љодугаре шуда, ки арвоњеро љоду кардаву, вале вай аз фармонаш сар мепечад, Маскав мегўяд, дар мубориза бо терроризм Асадро танњо нахоњад гузошт. Бањонаи имрўз барои кўма-

ЉАЊОН

ЉОДУИ СУРИЯ Русия иштибоњи Шўравї дар Афѓонистонро такрор мекунад? ки ошкорои низомї вуљуд дорад: Сурия дар њоли забти комил аз љониби ДОИШ аст, њамон ДОИШе, ки Ѓарб њам зидди он мубориза мебарад. Аммо дар Маскав ќазияро дигаргуна шарњ медињанд: танњо таќвияти низомии Сурия метавонад ДОИШ-ро бишканад ва роњњои дигар камманфиатанд. Амрико то љойе тавонист талош кард, то кумакњои низомии Русия ба Сурия нарасанд. Вай аз њукуматњои Булѓористон ва Юнон талаб кард, ки њарими њавоии худро ба парвози тайёрањои кумакрасони Русия ба Димишќ бубанданд. Аммо Русия ќасд дорад аз тариќи Эрон колои низомї барои Сурия интиќол дињад. Эроне, ки худ њаводори Башор Асад аст. Амрико ба такя ба манобеъи худ дар Сурия эълон кард, ки Русия ахиран ду тонки сангин ва чандин њавопаймои љангии худро дар ихтиёри давлати Сурия ќарор додааст. Русия мехоњад дар њамлаи њавої болои мавозеъи мухолифони давлати Сурия ва созмони ДОИШ мустаќим ширкат кунад. Димишќ њузури низомии Русияро дар ќаламрави худ инкор мекунад, вале пинњон намедо-

рад, ки мушовирони њарбии Маскав дар ин кишвар њузур пайдо кардаанд Юнги Вилт, тањлилгари амрикої дар матлабе тањти унвони "Роњи њалле љузъ дифоъ аз Сурия барои Русия боќї намондааст" мегўяд, Владимир Путин - роњбари Русия имрўз дар вазъияти мушобењи вазъи Шўравї дар поизи соли 1979 ќарор гирифтааст, ба ин маънї, ки шўришиёне, ки Ѓарб аз онњо њимоят мекунад, режимњои њампаймонашро бесубот мекунанд. Дар њоли њозир, бими он меравад, ки хатари ислом метавонад кулли ќаламрави Осиёи Марказиро низ рахна кунад. "Дар даврони Иттињоди Шўравї Юрий Андропов, раиси КГБ ба далели авоќиби сиёсии ѓайриќобили пешбинї ба фиристодани нерўи низомї ба Афѓонистон њушдор дод. Вале роњбарияти низомии ваќт бо далолили дигари худ муваффаќ шуд њарфашро ба курсї биншонад ва рўзи 25-уми декабри соли 1979 нерўи низомї аз марз гузашт ва вориди Афѓонистон шуд. Мавќеъияти стратегии кунунї барои Русия ба гунаи ѓайри ќобили муќоиса ба маротиб бадтар аз мавќеъияте аст,

ки Шўравї дар он замон бо он рў ба рў буд", менависад ў. Аммо њоло Русия тањдидњои исломгарої дар минтаќаро мехоњад ба нафъи сиёсатњои худ истифода кунад. Вале Юнги Вилт мегўяд, хатаре, ки имрўз марзњои Русияро тањид кунад, ба андозаи даврони Шўравї нест. Аз сўйи дигар имрўз террористњо ба маротиб аз он замон муљањњазтар њастанд. "Аз ин гузашта фосилаи маконї дар асри интернет нисбї шудааст ва мункири ин хатар њам наметавон шуд, ки агар ДОИШ дар Сурия пирўз шавад, ба далели тавсеъаталабињояш баъид нест, ки манотиќи дигареро низ тасарруф кунад. Имрўз њам размандагоне аз Осиёи Марказї ва Чинро дар суфуфи худ дорад. Дар њамин авохир њатто як сарњанги собиќи пулиси Тољикистон ба василаи видео мансубияти худро ба ДОИШ эълом кард. Аз ин гузашта ДОИШ як гуруњи муздур аст, ки пас аз мунњадим кардани Сурияи дунявї аз лињози иќтисодї бояд алоќаманд ба дарёфти маъмуриятњои тоза бошад. Аз нуќтаи назари Русия натиља љуз ин нахоњад буд". Вале ин тањлилгар гузаштаро ба ёд меорад, замонеро, ки Иттињоди Шўравї парешон шуд ва муаллифони тарњи нобудии ин ќудрати љањонї яке паси дигар изњори назар карда буданд. Он замон Збигнев Бзежинский - мушовири амниятии президент Љимми Картер эълон кард, ки ин мањз тарњи ў буд, ки бояд бо василае Шўравиро барои љанг дар Афѓонистон тањрик дињанд ва ин барои Маскав мисли Ветнам барои Амрико шуд. Албатта, аз Ветнам ИМА аз њам напошид, вале ботлоќе шуд, ки аз он бо гаронтарин талафот берун омад. "Оё касе метавонад кафолат бидињад, ки Вашингтон дар пайи он нест, ки њамон бозиро як бори дигар такрор кунад? - суол мегузорад муаллифи маќола ва идома медињад: - Равиши хештандоронае, ки Маскав то кунун ба кор бурда, њикоят аз он дорад, ки Маскав наметавонад дар дом бияфтад. Истидлоли Русия ин аст, ки режими Асад барои њифзи њаёти худ хостори он аст, ки барои пирўзї ба ДОИШ, ки Ѓарб низ онро хатар медонад, мубориза кунад. Баќия гуруњњои мусаллањ, ки мавриди њимояти Арабистони Саудї, Ќатар ва Туркия ќарор доранд, мухолифони "миёнарав" њастанд ва он наќшеро бозї мекунанд, ки Арабистон мехоњад. Онњо бо эътилофњои доиман дар таѓйири худ аслан ќобили эътимод нестанд. Коршиносони байналмилалї бар ин назаранд, ки акнун дигар дипломатия дар буњрони Сурия наќши худро комил гум кардааст. Ин ки Амрико дар њоли њозир алоќае ба њалли дипломатии буњрони Сурия надорад, метавонад воќеъан даќиќ бошад".

Бобољони ШАФЕЪ

ЛУКАШЕНКОИ ХАСТА Кї ва чї президенти сершуда аз њокимиятро сари ќудрат нигоњ медорад?

Њарфе, ки ахиран сари забони њазорон интихобкунанда дар Белорусия шуд, мутааллиќ ба Татяна Короткевич аст. 10-уми сентябри соли равон, замоне, ки аввалин шањодатномаи номзадиро дарёфт мекард, шояд аз эњсосот буд ё чизи дигар гуфт: "Лукашенко хаста шуд, вай бояд истироњат кунад. Ин барои њама бењтар мешавад". Короткевич аввалин номзади сабтиномшуда дар интихоботи президентии ин кишвар аст ва шањодатномаи раќами 1 низ ба ў тааллуќ гирифт. Тањлилгари "Белорусские Новости" Александр Класковский дар шарње ба њамин маъно навишт. Яъне, Лукашенко низ борњо гуфтааст, ки аз њокимият сер шудааст, вале ин бор њам аснодашро барои сабти ном пешнињод кард. Дар Бе-

лорусия Лукашенкоро ба танз њам роњбари билоиваз меноманд ва њоло, ки то аввали моњи октябр, санаи таъиншуда барои интихоботи раёсати љумњурї, њамагї ним моњ боќї мондааст, Комиссияи марказии интихобот Лукашенко ва боз се номзади дигарро сабти ном кардааст. Ба навиштаи ин тањлилгар, Лукашенкои аз њокимият сершуда ва ё ба таъбири мухолифонаш хасташуда, боз њам метавонад интихоб шавад. "Зарфи ин бист соли гузашта њукумат тавре ќомат рост кардааст ва кўшидааст, ки мухолифонаш аслан чун бозингари воќеъї дар сањнаи сиёсї вонамуд нашаванд",мегўяд ў. Лукашенко ва љонибдоронаш аз омили украинї хеле моњирона ис-

тифода мекунанд, онњо мардумро аз майдондорињову оќибатњои он дар мисоли Украинаи њамсоя метарсонанд ва бо ин васила холњои сиёсї ба даст меоранд. Ин як сиёсати санљидашуда дар ќаламрави пасошўравист, ки њокимон аз бадбахтињои ќавмеву милате мардуми худро дар њарос нигоњ медоранд. Ва Лукашенко низ дар њамин ќатор аст. Вай борњо ишора кардааст, ки бояд ќудратро дар дасти худ нигоњ дорад, то ин ки сарнавишти кишвари њамсоя барои мамлакати ў такрор нашавад. Тибќи маълумоте, ки ахиран Маркази ахбор ва тањлили президенти Белорусия расонаї кардааст, Лукашенко аз боварии 76,6 дарсади интихобкунандагон бархўрдор аст ва ин манбаъ мегўяд, дар интихобот шояд президенти амалкунанда бештар аз 80 дарсади райъи мардумро ба даст орад. Тањлилгароне, ки Лукашенкоро тўли ин муддат омўхтаанд, мегўянд, дар ин солњо президент њарчи дар бисот дошт, гуфт, њоло чизе намонда, ки чун таблиѓоти интихо-

ботї барои касби оро истифода кунад. Магар ин ки бо рўйдодњои њамсоякишвараш ва бахусус Донбасс тарсонад ва дањшатњои "Давлати исломї"-ро пеши назари сокинон њувайдо созад ва худро ягона наљотбахш аз ин ду мусибат вонамуд созад. Интихобот дар Беллорусия имсол осон нахоњад гузашт, чун он зери назорати пурраи Ѓарб ќарор дорад. Ѓарбе, ки солњост ин кишварро ба хотири наќзи њуќуќи башар, озодињои демократї ва интихоботњои ѓайришаффоф зери тањримњои шадид ќарор додааст. Муддати бештар аз як дањсола аст, ки сарвари ин кишвар, ба истилоње, дар хона мехкўб шудаву њаќи сафар на ба Амрико дорад ва на ба Аврупо. На танњо Лукашенко, балки кулли кобинаи вазирони ў мамнуъвуруд ба кишврањои Иттињодияи Аврупоянд. Дар остонаи баргузории интихоботи президентї Лукашенко ба хотири дарёфти муњаббати Ѓарб 6 тан аз зиндониёни сиёсї, аз љумлаи мухолифони сарсахташро озод

кард. Ин як шарти коњиши тањримњои Белорусия буд, вале то кунун Аврупо ба ин иќдом посухи рушан надодааст ва гумон меравад интизори натиљаи интихоботи раёсати љумњурї хоњанд буд, то бинанд он то куљо шаффофу демократї мегузарад. Ин боз дар њолест, ки дар Минск на њама ба самимияти Лукашенко дар мавриди авфи мухолифони сиёсиаш бовар доранд. Њоло иддае аз тањлилгарон њадс њам мезананд, ки афроди озодшударо метавонанд баъди анљоми интихобот бо иттињомоти дигар дубора ба зиндон андозанд, чун озодии онњо ба нафъи режим нест. Тањлилгари латиш Айварс Озолинш мегўяд, ин аслан шеваи кори сарварони аксар кишварњои пасошўравї, аз љумла Узбакистон, Туркманистон, Ќазоќистон аст, ки њам мехоњанд бо Аврупо наздик бошанд ва њам њукуматњо ва режимњои худкомаро дар ќабзаи худ нигоњ доранд.

Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

11

®

Таќдим аз Qnet: (Идома аз шуморањои гузашта) Агар дар дигар соњањои шуѓл, ки дар он сардору коргар њаст, сардор муайян мекунад, ки ба коргар чї ќадар моњона дињад ва њатто метавонад он маошро каму зиёд намояд, баръакси он дар ТШ њар инсон чї ќадар маош гирифтанро худаш муайян менамояд. Албатта, ТШ барои танбалону коњилон нест ва маоши корманди он аз натиљаи кор баста аст. Њамчунин дар ТШ моњона аз шакли иштирок дар бизнес низ баста мебошад. Агар дистрибютер танњо молњоро миёни авлоду дўстонаш пањн кунад, пас таносубан маош њам камтар мешавад. Лекин агар ў моњонаи баланд хоњад, дар ин њолат ба ТШ мададгор аст. Вале дар ин љо њам пули бисёр якбора ба даст намеояд, балки тадриљан љамъ мешавад. Танњо пас аз ташкили сохтори муваффаќи ТШ ба моњонаи баланд умед бастан мешавад. Тавассути ТШ пули бисёр кор кардан имконият дорад. Масалан, роњбарони миёнаи ТШ дар як моњ аз 2 то 10 њазор доллар даромад доранд. Роњбарони дараљаи болої бошад, дар як моњ аз 10 то 50 њазор доллар кор мекунанд. Хотиррасон мекунем, ки чунин моњонаи баландро на дар ИМА ё Љопун, балки дар кишварњое ба монанди Русия кор кардан мешавад. Дар биззнес яке аз масъалањои муњимтарин ин интихоби ширкати шабакавї мебошад. Зеро ин яке аз омилњои асосї мебошад. Њамеша боэњтиёт ва дурбин бояд буд ва ба аввалин ширкати шабакавї, ки дар интернет мехонед, набояд дода шавед. Пеш аз њама ба он тавлидоте, ки ин шабака пешнињод мекунанд, таваљљуњ кунед. Мабодо мањсулоти онњо пешнињодкарда пастси-

®

Афзалият ва камбудњои Тиљорати шабакавї (ТШ) фат бошанд, чї манфиат аст аз гирифтани онњо? ТШ дар асоси њамкорї сохта мешавад. Ваќте шумо молро мегиреду сифати он паст бошад, бо он чї кор мекунед? Яъне, шумо бо дурўѓ рўбарў шудаед, аммо фурўшанда гўяд, ки сифати молаш паст аст, онро касе намехарад. Аз ин сабаб, худи дистрибютер њатман сифати молро бояд санљад ва баъд аз он чун дилаш пур шуд, ки ин мол хушсифат аст, метавонад онро ба дигарон тавсия кунад ва ё фурўшад. Маслињати дигар он аст, ки њангоми молро бањо додан ба нархаш эътибор дињед. Агар аз њад зиёд ќимат бошад, харидораш кам асту ба савдо намеравад. Умуман, моли ба харидор пешнињодкарда бояд чунин бошад, ки њам ба фурўшанда писанд ояду њам ба харидор. Дар назар чунин менамояд, ки ТШ як имконияти хубест барои пул кор кардан, вале як ќисми мардум моњияти ин корро намефањманд ва дар бораи ТШ фикри манфї доранд. Сабаби асосии ин дар он аст, ки шумораи зиёди собиќ фурўшандањое, ки дар ТШ ба кор сар кардаанд, ба натиљаи дилхоњ ноил нашудаанд. Аз ин љо ширкат, дистрибютер ва ё спонсорро

айбдор мекунанд. Бисёрињо бо собиќ кормандони ТШ њамсуњбат шуда, аз онњо таассуроти манфї мебардоранд. Одатан он кормандони собиќи ТШ ашхоси камљуръат, таваккул намекунанд, аз танќид ва бохти молиявї метарсанд. Боз як сабаби ноомади кори онњо дар ТШ дар он аст, ки онњо мехоњанд якбора ва бисёр фоида ба даст оранд, вале барои ба натиљаи дилхоњ ноил гардидан онњо ба тиљорати шубњанок машѓул мешаванд. АФЗАЛИЯТИ ТИЉОРАТИ ШАБАКАВЇ Пеш аз њама мо бояд ба саволи " ТШ чї афзалият дорад?" посух бидињем. Албатта, афзалияти ТШ он аст, ки назар ба дигар роњњои дастрас ва ќонунии пул кор кардан имконият зиёдтар дорад. Ана, дар њамин сабаб комёбии бузурги вусъатноки ТШ дар тамоми љањонро таъмин мекунад. Бартарии ТШ рушан ва бебањс аст. - Шуѓли якљоя бо тими барои худ ќулай ва умедбахш. Дар сохтори ТШ њар як навомада сохтори ояндаи фаъолияташро худаш тањия месозад. Дар сафи аввали дистрибютерњо танњо онњоеро интихоб мекунад, ки

бо онњо кор кардан мехоњад ва осон аст. Њеч кас ўро барои ба кор ќабул кардани шахсони ноќулай маљбур карда наметавонад. Худи ў метавонад барои сафи пеш шумораи кормандонро муайян созад. - Имконияти дар як ваќт њам дар ТШ ва њам кори дигар машѓул будан. Барои фарди наве, ки корро сар мекунад, њољат ба таваккул кардан нест. Зеро маълум нест, ки ў дар ин кори нав муваффаќ мешавад ё не. Дар марњалаи аввал ба ТШ як - ду соат ваќт људо кунад, кифоя аст, вале чун кор бо суръати баланд пеш меравад, худи инсон ба ќароре меояд, ки кори пешинаашро партояд ва ё нигањ дорад. Худи рафти кор маълум мекунад, ки корманд чї тавр рафтор кунад. Ваќте мебинад, ТШ зиёдтар фоида меорад, албатта, ў кори асосиро ба муддате ќатъ мекунад ва ТШ ба шуѓли асосї табдил меёбад. - Озодї. Дар ТШ инсон барои худ њаљми кор, ваќти кор ва љойи фаъолияти худро муайян мекунад. Худаш иќрор мекунад, ки кай аз хоб хезад; соати 7-и субњ ё 10-и рўз, бо кї, кай, дар куљо ва чанд муддат мулоќот кунад Кай, барои чанд муддат ба куљо равад ва кай ба рухсатї барояд. Њамаи кор аз "иштињо"- и худи инсон бастагї дорад. Агар барои инсон дар як моњ ёфтани 2 - 3 њазор сомонї кифоя бошад, ў метавонад на он ќадар сахт зањмат кашад, лекин агар маќсад гузорад, ки моње ман 20 - 30 њазор сомонї меёбам, дар ин сурат ба њамин маќсад мувофиќ кор кардан даркор аст. - Ояндаи бе мањдудияти молиявї. Њаљми даромад дар ТШ баста ба њаљми фурўш, ки метавонад аз љониби худи дистрибютер пањн карда мешавад ва ё аз аз тарзи сохтор мебошад. Дар ИМА агар сардори ТШ дар як сол 500 њазор доллар кор кунад, ин як чизи муќаррарї аст. Чунин комёбиро дар дигар кишварњо низ соњиб шудаанд. (Давом дорад)


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

БО ШОИР

Олимљон ЌОДИРЇ:

"ИШЌИ ПОК ДАР БАДАНАМ МЕГУНЉАД…" Агар дар зиндагї як дам кунам ёди туро Мењан, Њазорон бењ, ки баъди ман кунанд васфи туро бе ман. Агар њарфе тавонам гуфтан барои васфи ту Мењан, Худоро шукр мекардам, ки њарфе гуфта бошам ман.

Санг мезанад зи кина бар ину они динам, Ман душмане зи кина садњо њазор бинам. Харчанд ки хору зорам дар ин љањони фонї, Андар паноњи Эзид осуда менишинам.

*** Дилбаро, хуш биё, хуш бимон дар дили мо, Бохирад бошу бимон хотира дар мањфили мо. Моли дунё, ки нашуд ёри вафодори касе, Як даме шод кунї бо ќадамат манзили мо.

*** Тавоної бихоњем аз ту, ё Раб, Њама рўзу њама соат, њама шаб. Ба он хотир, ки дар ин умри дурўза, Набошад ѓайри номат, ном бар лаб.

*** Хона обод кунї, хонаи дил вайрон аст, Нимаи нон, ки њалол аст, њузури љон аст. Аз вафо нест касе то ки бигўяд њарфе, Шод бахшо ту дилеро, ки туро дармон аст. *** Он кас дод ризќ, азизам, хамеша дон, Бењтар зи ту донаду бењтар зи дигарон. Ранљ мебарї ва ё ки ба хоб астї рўзу шаб, Наќши туро кашидаву додаст бар ту љон. *** Эй моњи мубораке, ки мењмони манї, Файзу фарању баракати хони манї. Шарти ту чу тасбењу таровињу дуост, Шодам зи ту ман, ки нури имони манї. *** Хушо бар рўзадороне, ки имрўз, Ба сўи Њаќ њама як саф кашиданд. Дареѓи он љамоат, ки ба ѓафлат, Зи гумроњи гунањо мечашиданд. *** Одоби сухан асоси дарду алами мост, Ёде зи диёр аст њамоно ѓами мост. Њайфо, ки надонем сухан гуфтани хеш, Ин бењунари манша зи њар бешу ками мост. *** Олам чу мазору мо њама дар гўрем, Ољизу њарифему њама нозурем. Чун каждуму мору мурча бо њастии хеш, Болем њама, вале хама нољурем. *** Рўзадори хоб бењ аз фитнаю шармандагист, Моњи хайру махфират ёрон моњи бандагист. Меравад ин моњ аз мову ѓанимат њар нафас, Дон, ки тоъат бар Худоят ин асоси зиндагист. ***

*** Гарчи дар Мисрї, нашояд дўстон аз ёд бурд, Чунки дўст дар ќалб љову Миср мењмондори дўст. *** Дар хонаи дил ѓайри ѓаму ѓусаи бисёр, Шодию фарањ љо нашавад аз алами ту. Дурї зи ману дар ѓами ту гиря кунам зор. То кай бихурам дилбари бемењр ѓами ту.

ДУРИ ДУРАМ Бо бадгуњаре њељ мулоќот надорам, Бо бешарафе њељ муњобот надорам. Бо он, ки надорад ба касе њисси баланде, Чун бетарафе њељ мунољот надорам. Бо беватану бекафану бе ѓами дунё, Аз даргањи Њаќ њељ муљозот надорам. Бо бехирадон, беназарон, бехабароне, Дуранд зи Њаќ, њељ музофот надорам. Бо булњавасону магасоне, ки палиданд, Асло назару номаву эљод надорам. Бо майзадагоне, ки дило канда нашояд, Икроми наку ё ки эрод надорам. Аз ёру диёру зану зебогї, ки дуранд, Њайратзада лолам, ки исбот надорам. Оини ману дини маро сарвару мавлост, Ман ќудрати озодию обод надорам.

АЉАБ Аљаб гирдобњо дорад њаётам, Ба соњил орзу дорам расидан. Ба њар сў мезанам почак тагу рў, Ки бори зиндагониро кашидан. Наям навмед, дил хуш, бо Худо аст, Мароми ман ба маќсадњо расидан.

САЉДАГОЊ Гардам агар гарди туям, Сардам агар сарди туям, Оњангу њам дарди туям, Эй саљдагоњи ман Ватан. Парвоз кардам ман агар, Эљоз кардам ман агар, Овозаам дар бањру бар, Ту саљдагоњи ман Ватан. Дунё, ки њамранги ту аст, Зеботарини они ту. Дарё, ки њамранги ту аст, Дарётарини они ту. Шамсу Ќамар њамранги ту, Гўё, ки се ганљинаед. Дар ин љањони бекарон, Танњо шумо деринаед. Эй Мењани овозадор, Њам махзанї, њам нангу ор. Њар он ки бошад душманат, Созад Худояш хору зор.

ГЎЁ Нодида мегирам туро, Эй рўзгори бешу кам. Гоњ бо суруру шавќу шўр, Гоњ бо диле садњо алам. Н-осудаем гўё, ки мо Гўё дигар ин хоки мо. Нопухта андар зиндагї, Сад њайфи ќалби поки мо. Гўё њунармандем агар, Бо хеш дар љангем нигар. Монанди марди зуру пок, Ё марди бенангем магар. Гўё, ки доноем мо, Хушрўю зебоем мо. Майли дигарњо бар дилу Чун бесару поем мо. Гоњо парешон мешавем, Як дам чу эшон мешавем. Дар дил њароси охират, В-он гоњ пушаймон мешавем. Дорї аљаб бозингарї, Мо дигару ту дигарї. Ту чархи гардунию бин, Мо ношуду ту доварї.

АЛАМИ ДИЛ Дареѓи он лаби лаълат, ки умре дар њавас будам, Ту чун саёду ман бозе њамеша дар ќафас будам. Њазорон гила мекардам, њамоно њила мекардї,

Ба домат дигаре уфтоду ман чун хору хас будам. Надидам сузи ишќи туву ороми дилам як дам, Зи н-омадњои кори хеш шикан андар шикаст будам. Гузашт умрам, наменолам зи умри рафтаи бесуд, Биёву бин мани шайдо, ки бањри ту чї кас будам. Њар он чї дар насибам буд, њама он бударо дидам, Барои ин љањон ман њам ба монанди нафас будам.

АЗ ЊАМА ДОНОИ ТУ Њавасњо дар дилу ёрам канори дигаре имшаб, Ту доної Худои ман, киро лоиќтаре дидї? Ба пову сар давиданњои моро дидаї, ё Раб, Гувоњи Њаќ туї бар ман, зи ман ошиќтаре дидї. Њаво парвозкарданњо заминиро намезебад, Наку танњо туї ё Раб, зи ман волотаре дидї. Њама дарњо ба рўям банду ољизам дар ин дунё, Ба умед ин манам ё Раб, њазорон боз даре дидї. Агар љон дар рањи Њаќ ман фидо созам, Худои ман, Њазорон љонфидо бењтар зи ман ту лашкаре дидї. Ба таърифат намеарзам, чу осї дар њаросам ман, Ту њам мову замину сад љањони дигаре дидї.

АЗ ЧЇ ТАРСАМ Аз чї тарсам, аз њаёти талху шўр, В-аз азоби охират ё њавли гўр. Тарс дорам аз Худобаргаштагон, Тарси ман аз Эзиди пок асту зўр. Аз азизу дилрабои бадгуњар, В-аз замоне аз муњаббат дури дур. Аз њавои сарду тўфони шадид, Ё зи гургони дупои ранги бўр. Аз чї доим дар њаросам рўзу шаб, Аз зани нопок бо сад шавќу шўр. Тарсам аз шаб зери моњи нозанин, Аз гумони дўстон чун мору мўр. Ман киям осии дари даргоњи ту, Ту Худои поку Ќодиру Ѓаюр. Доимо ман дар њароси мурданам, Эй Худованди тавонои Сабур.

МЕГУНЉАД Одату махзарату нози ту ёр, Бар дилу дидаи ман мегунљад. Ишќ дар синаи ман чун тумор, Бар сару љону танам мегунљад. Гар набошад ба рањам ѓайр зи хор, Рўњи ман дар кафанам мегунљад. Бе ту дар хонаи дил зори ба зор. Дар танам пирањанам мегунљад. Сухани пок аз ин номусу ор, Ишќ дар анљуманам мегунљад. Њарчї бод аввалу њам охири кор, Ишки пок дар баданам мегунљад.


НИГОЊИ ХОРИЉЇ (Аввалаш дар шуморањои гузашта) Аз чойхона омадам берун. Баѓали маѓозаи Њаким як нафари дигар истода буд, ваќте рафтам Њаким маро муаррифї кард: ин Иќбол аст ва ба ман ишора кард, ки эшон аз дўстони ман њастанд ва хона суроѓ доранд, аммо аввал бояд бипурсанд, ки он хона тахлия шуда ё на ва ќиматаш чанд аст. Баъд аз як соати телефон задан ба ин тарафу он тараф билохира гуфт: акаи Фарњод, як квартира њаст ва мегўяд 650 доллар. Ту то набинї ќабул накун. Хонааш болои хиёбони Рўдакї аст, ишколе надорад? Ман дидам соат ба соат мегузарад ва ман бояд фардо утоќамро дар њутал тахлия кунам. Гуфтам, шумо чаку чонаи худро бизанед ва агар мешавад биравем бибинем. Гуфт хонааш хуб аст ва тоза дуруст шуда ва наздики як боѓ аст ва метавонї њар рўз он љо биравї ва ќадам бизанї ва аз назари амният љои хубест. Он тавр ки онњо гуфтанд, тасаввуре ки дар ман ба вуљуд омад, љое шабењи Нолаљу Ёлаљ ё минтаќаи тозатаъсиси маскунии Дубай ё њаддиаќал Эрон буд. Барои њамин гуфтам мешавад, биравем бубинем. Гуфтанд калид надорем, бояд худи соњиби хона калид биоварад. Њаким гуфт, мехоњї аввал биравем минтаќаи порки Айниро бубин, он љо интизор мешавем то калидро биоваранд. Бо њам таксии 3 сомонї савор шудем, соати севуним буд, таксї як љое истод, ки айни поркњои љангалї буд. Гуфт ин порки Садриддин Айнї, шоир ва нависандаи бузурги тољик аст. Бо њам вориди порк шудем, хилвати хилват буд. Дар масир чанд љавон бо дўстдухтарашон он љо буданд. Иќбол гуфт, инњо гапи наѓз мезананд ва шавќ мекунанд. Гуфтам, бале љавон њастанд ва сари пуршўр доранд. Масирро то охири порк, љое ки њайкали (тољикњо ба муљассама мегўянд њайкал) Айнї буд, рафтем. Аз он љо кўњњои барфгирифтаи Варзоб пайдо буд ва сармо дар ин љо хеле бештар аз маркази шањр буд. Њаким гуфт, ин љо хунук аст, гуфтам куљош хунук аст, мо ки ях задем. Баъд фањмидам тољикњо сардро хунук мегуфтаанд. Ва ваќте яхбандону барфгир шуд, хеле хунук аст мегўянд. Гуфтам оре Њакимљон, хунук аст. Он љо бо њам акс гирифтем, аммо чун фасли сармо ва баргрезони дарахтони кољ буд, хабаре аз шохаи сабз ва фазои сабзи гулу ѓунча набуд. Аммо муњити солим ва тамизе аз назари обу њаво дошт ва канори он рўдхонаи бузурге љараён дошт, ки аз болои кўњњои барфгири Варзоб ба самти шањри Душанбе сарозер мешуд ва оби мардуми шањр аз ин рўдхона таъмин мешуд. Ќадре он љо истодем, чандто акс гирифтем ва ба самти поин роњ афтодем ва рафтем ба љое, ки ќарор буд хонаи мо он љо бошад. Дар сарошеби тепамонанде хонањои се ё чор табаќаи ќадимї дар чанд радиф пушти сари њам ќарор дошт. Аз шаклу шамоили хона маълум буд, ки марбут ба солњои дур аст ва шояд 50 то 60 сол аз ќадимати хонањо мегузашт. Наметавонам онро бо кадом шањри Эрон муќоиса кунам. Шояд хонањои шимоли кишвар, бахусус дар остони Гелон чунин намову фазое дошта бошанд. Соат аз чањору ними аср гузашта буд ва дам ба дам њаво сард мешуд. Ба Њаким гуфтам, ин љо дастшўї куљо пайдо мешад? Гуфт мехоњї даст бишўї? Гуфтам на, дастшўї дорам. Дидам мутаваљљењ намешуд, гуфтам туволет. Фањмид. Гуфтам, шумо ба туволет чи мегўед? Гуфт, њољатхона. Исми баде набуд. Маро бурд ба дохили кўчае, ки интињои он тепамонанд буд; масљиде, ки нисбатан ќадимї буд, аммо мањутаи (сањн) хубе монанди масољиди Эрон надошт. Ќисмати вузўхонааш боз буд ва дастшўе дошт. Як дароми оњанї буд, ки ба васили барќ гарм мешуд. Аз равиши бисёр сода барои гарм кардани об истифода шуда буд. Алњаќ доѓ буд ва дастом туйи он њавои сард љони тозае гирифт. Аз он љо рафтем ќисмате ки масљид буд, њаво дошт торик мешуд ва офтоб дошт ѓуруб мекард. Соат њудуди 5 аср буд. Он љо дар мањутаи масљид бо чанд рўњонї, ки фикр мекардам яке аз онњо, ки пиртар буд, имоми масљид бошад, сўњбат кардем. Гуфтам мехоњам аз масљид ва дохили масљид акс бигирам. Гуфтанд, марњамат, яъне бифармоед. Чанд акс гирифтам ва омадам берун. Њаким гуфт, ин оќо имоми масљид аст. Либосаш бо рўњонињои мо фарќ дошт, љавони сиву чанд солае ба назар мерасид, гуфт исми масљиди мо Тавњид аст. Худамро муаррифї кардам, гуфтам љанубї њастам, аз минтаќаи Авази Лористони Эрон. Бароям љолиб буд, бо љануб ва Лористон то андозае ошно буданд. Яке аз он афрод, ки фикр мекунам баъд аз имом љамоаткорае буд, гуфт мо ин љо барои омўзањои динї ба форсї китоб кам дорем. Ман њам гуфтам, баргаштам Дубай ба касоне ки дар ин замина кумак менамоянд, сўњбат хоњам кард. Љолибтарин ќисматаш ин буд, ки онњо оќои Пурдилро, ки дар байни ањли суннат одами шинохташудае њастанд, комилан мешинохтанд. Аз онњо худоњофизї кардем ва омадем берун. Иќбол дубора ба он соњибхона занг зад, ки чаро калидро намеоварад? Ў њам гуфта буд медињад ба касе, ки то бозори Варзоб, ки наздики порки Айнї аст, биоварад. Бо њам пиёда ба

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

13

Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур

сўи бозор роњ афтодем. Сўзи сармо бештар шуда буд ва ман барои аввалин бор баъд аз дањ дувоздањ сол гўшњому поњом ях зада буд. Фаќат пушти сари њам сигор мекашидам ва ваќте расидем бозори Варзоб, бозор баста буд ва теъдоди зиёди мошини хаттї мунтазири мусофир буданд. Мунтазири мусофироне барои дохили шањр ва барои рустои Варзоб, ки дар доманаи кўњњои барфгири он љо буд. Ба Иќбол гуфтам, мешавад биравем дохили рестуроне, ки он љо буд, чой ё чизе бихурем? Гуфт, бале. Ман аз ин ки ду нафар одамро аз субњ то ин мавќеи шаб маътали худам карда будам, эњсоси хубе надоштам; аз субњ то њоло онњо њама љо њамроњам буданд. Коре ки дар дунёи кунунї касе барои як ѓариб анљом намедињад. Ба онњо гуфтам, ман гурусна њастам ва ага шумо њам мувофиќ бошед, ин љо шом бихурем. Чанд маѓозаву рестурон он љо љамъу љўр буд ва дар як ќисмате анвоъи кабоб рўи оташ буд. Онњо зудтар аз ман рафтанд дохили рестурон нишастанд. Ман рафтам љое ки боли мурѓ кабоб мезаданд, кабоби шашлик доштанд, кабоби бара ва кабоби гўсола ва низ кабоби љигар. Аз се намуна аз он кабобњо њар кадом ду сих ба иловаи супу нон суфориш додам ва баргаштам пеши дўстони тозаёфтаам. Хубии ин мардум ин аст, ки ањли таъоруфоти бељову баљои мо эронињо нестанд. Ба онњо гуфтам, инњоро суфориш додам, чизи дигаре њам мехуред? Гуфтанд ага алъон чойи биёран ва солот њам бошад хубе. Зане, ки сервис медод, омад ва онњо чизњои дигаре, ки мехостанд, суфориш доданд. Љои муњаќкаронае буд, аммо ба назарам хуб ва самимї меомад. Берун, туйи мањутаи он араќфурўшї ва машрубфурўшї буд, аксаран сарипої он љо меистоданд ва њар он чи дўст доштанд, мехўрданд. Сигор кашидан дар аксар ѓизохўрињои Тољикистон мамнўъ аст. Барои њамин ман омадам канори дукаи машрубфурўшї сигор кашидам ва баргаштам дохил, ки њаво гарм буд. Ѓизо, ки хўрдем ва гарм шудем, дубора Иќбол занг зад; ангор хабаре аз калид набуд, барои њамин гуфт, шумо ин љо бошед, ман мерам калид меорам. Иќбол рафт ва мондем канори њамон рестурон, ки исмаш Минтаќаи Дидор аст. Рўбарўи чорроњи бозори Варзоб дањ даќиќа бо Њаким истодем. Дидам хеле сард аст. Ман рафтам дохили як наворфурўшї чанд СД суроѓ гирифтам, то каме гарм шавам. Ним соат гузашт, Њаким дид ман сардам аст, гуфт, биё пиёда то порки Айнї, њамон љо, ки ќарор аст хона бигирї, биравем. Бо њам роњ афтодем, воќеан

сард буд. Рафтем наздики мадраса истодем. Рубъи соат баъд Иќбол бо соњиби хона омад. Беруни он хона аслан чанге ба дил намезад, аммо дохили хона хуб буд. Як ошпазхонаи кобинатшудаи љамъу љўр дошт бо чароѓи гози барќї. Фаќат ќисмати барќиаш кор мекард. Як зарфшўи барќї дошт, ки аслан ба кори ман намеомад ва чандто зуруфи пухтупаз, ки хуб ва тамиз буд ба изофаи чандто бушќоб аз њама ранг ва ќошуќу як чоќуи бузург. Кафи хона бо плостикњои рангии чањорхона мисли поркет дуруст шуда буд, як тахт дунафарї барои як одам дошт ва телевизиуну як кондуктур ё њамон кўлари барќї ва шуфози барќї. Њаммомаш њам бад набуд, як обгармкунї љамъуљўр дошт, зуд гарм мешуд ва њамеша ба барќ буд. Дару панљарааш (тирезааш) хуб буд, аммо фазои пушти панљарањо, чун дар табаќаи аввал буд ва пушти як боѓчаи харобае буд, ки касе он љо рафтуомад намекард, њолати матрука дошт, ки аз ин назар зебову љолиб набуд. Албатта бароям фарќе намекард, чун ман рўзњо, ки берун будам ва шаб њам бо ин сармо љое намехостам бинам. Дар кулл хонаи хубе ва љои сокиту ороме буд. Аммо шабњо дар берун одам дучори вањм мешуд; хеле хилват ва камнур буд. Ин гуна фазоро ќаблан бист сол пеш дар Узбакистон дида будам. Бо соњибхона сари ќимати иљора суњбат кардем. Соњибхона билохира 50 доллар аз мо камтар гирифт. Маълум буд одами хубу покиза ва муназзамест, ки хонаашро ин љур мураттаб ва бозсозї карда буд, чун Њаким ва Иќбол гуфтанд хеле аз хонањои иљора ба ин мураттабї ва хубї нестанд. Њамаи пули иљораро пардохт кардам. Калидро аз соњибхона гирифтам. Њакиму Иќбол гуфтанд, ту алъон бираву њўтал тасвияи њисоб кун ва биё ин љо, чаро то фардо сабр кунї? Ман мегуфтам, на, фардо. Билохира онњо маро ќонеъ карданд ва бо њам баргаштем њутал, тасвияи њисоб кардем, кифу банду бистоамро бардоштам ва ба иттифоќи Њакиму Иќбол роњии хонаи порки Айнї шудем. Дўстон кўмак карданд то васоиламро биёрам дохили хона. Баъд бо њам чойї дуруст кардему хўрдем ва онњо худоњофизї карданд. Ман воќеан намедонистам ба чи забоне аз онњо ташаккур кунам. Онњо аз субњ то соати дањуними шаб дар ин сармо пайи ман истоданд, коре, ки хаёл накунам камтар эроние ба ѓарибе бикунад. Аз онњо бенињоят ташаккур кардам. Баъд аз чанд даќиќаи дигар рафтам, ки бихобам. Як соат хобам намебурд, љое љадиду таку танњо ва дур аз маркази шањр каме хаёлотиам карда буд, аммо хастагии рўз ва давандагарї кори худашро кард ва то соати 9 субњ хобидам.

Ќисмати савум (27. 12. 2014.) Имрўз шанбест. Њанўз субњона нахўрдаам, чун дохили манзил њеч чизе надорам. Чандто тафтун (кулчаи мањаллї) ва як тоспуло (зарфи маъдании дардор) хурмо дорам. Яхчол чизе надорад, нон њам надорам. Шаб Њаким ба ман гуфт, пушти хонаат як супрї њаст, нону чизњои дигар дорад. Рафтам он љо, духтари љавоне ба иттифоќи модар ва шояд бародараш он љо кор мекарданд. Нону ширу як адад мурѓи яхии биризолї ва шашто тухми мурѓ ва гуљи фарангии (помидори) эронї ва як килу биринљи худашону дастмоли коѓазї, як ќуттї нахўди фарангї ва риштапалавї ва намак, равѓан ва чой љамъан ба маблаѓи 103 сомонї гирифтам. Боз њам чизњое монанди пиёзу гуљаву себи заминї (картошка) мехостам, ки надоштанд. Панири сафед њам надоштанд. Омадам хона субњонаи муфассале бо тухми мурѓ дуруст кардам ва як тафтун бо чой хўрдам ва нишастам пои кампутар, ки ёдам омад интернет надорам. Хонаро каме мураттаб кардам ва соате хобидам, то соати сеи баъд аз зуњр хона будам. Дўстон дишаб гуфтанд, агар маводи ѓизоии мева, гўшт ва чизњои дигар хостї, метавонї равї бозори Варзоб, албатта, пўшок ва чизњои дигар низ дорад. Соати сеюними баъд аз зуњр пиёда он љо рафтам; рубъи соате роњ буд, каме пиёзу њавиљу (сабзї) турб ва гуља гирифтам. Бозоре дар њаддест, ки мардуми ин минтаќа харидњошонро анљом медињанд. Монанди бисёр бозорњои Эрон дар манотиќи мухталиф. Чизи чашмгир ва дандонгире набуд, васоиле ки эњтиёљ доштам, харидам ва ба Њакиму Иќбол занг задам, ки ман имрўз он тараф намеоям. Агар шумо метавонед, шом биёед пеши ман. Онњо њам ќабул карданд ва шаб бо як шароби мулдвої, ки яке аз бењтарин шароб аст, омаданд. Ман мурѓ бо биринљи худашон, ки донаи рез дорад ва луъобдору дерпаз аст, дуруст кардам; шоми хубе аз об даромад ва бо њам шароб нўшидем ва куллї њарф задему хандидем. Шаби бисёр хубе буд, ба ману онњо хуб гузашт, муљаддадан барои њамроњиашон бо ман аз онњо ташаккур кардам. Шароби мулдовї барои се нафари мо кофї буд, воќеан шароби беназире буд. Ба ин гирої ва хушмазагї шаробе нахўрда будам. Ба онњо хурмои душобї таъоруф кардам, онњо хушашон омад, бахусус Њаким, ки аз хурмо хеле хушаш омада буд. Зимнан тухмаи офтобгардони хубе њам доштем, ки ба гуфтугўи мо намаки бештаре дод. (Идома дорад)


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ

ЛАТИФА

ОЁ САБТИ НОМ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛЇ РОЙГОН АСТ? - Пештар узви Китобхонаи миллии Тољикистон ба номи Абулќосим Фирдавсї будам. Баъдан дар заминаи ин китобхона китобхонаи нав кушода шуд. Мехоњам, ки аз махзани ин китобхонаи навбунёд истифода барам. Аъзо шудан ба китобхона ройгон аст ё пулакї? Њотам РЎЗИЕВ, сокини шањри Душанбе - Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тољикистон дар Наврўзи соли 2012 бо ширкати Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон расман ифтитоњ шуда ба фаъолият шуруъ кард. Бинои китобхона барои нигоњдории 10 миллион нусха китоб пешбинї шуда аст. Имрўз хазинаи умумии Китобхонаи миллии Тољикистонро 6179338 нусха маводи чопию электронї ташкил медињад. Аз ин њисоб: 3089689 нусха - фонди асосии КМТ; 2589649 нусха - китобњои эњдошуда аз ањолї; 500000 нусха китобњои электронї ташкил медињад. Хазинаи китобњо дар 28 махзани нигањдории њуљљатњо љойгир карда шудааст. Китобхона дорои толорњои хониш, мањфузгоњњо барои нигоњдории китоб ва дигар намудњои асноди иттилоотї, њуљрањои маъмурї, маљлисгоњњо ва толорњои баргузории љаласањо, симпозиуму конфронсњо, чопхонаву лабораторияњои тармими китобњо, бахшу шуъбањои корї ва дигар шабакањои хадамотии љавобгўи талаботи меъёрњои љањонї мебошад. Аз љумла, 25 толори хониш бо 1458 љои нишаст барои хонандагон мављуд аст. Барои сабти номи истифодабарандагон ба Китобхонаи миллии Тољикистон пешнињоди шиноснома њатмист. Хонанда пеш аз он ки дар Китобхона сабти ном шавад, акси ў гирифта шуда, дар баробари маълумоти шиноснома сурати ў низ дар корти пластикї љой карда мешавад. Инчунин хонанда бояд 10 сомонї маблаѓи кортро супорад. Баъд аз ин ба хонанда корти пластикии электронї ва коди махфї дода мешавад. Бо ин корт хонанда метавонад аз фењристи ягонаи барномаи ALEPHE ва китобхонаи электронї муддати 3 сол бе мамоният истифода барад. Дар сурати гум шудани корти пластикї лозим аст, ки хонанда фавран ба масъулони Шуъбаи хизматрасонї ва ба муштариёни Китобхонаи миллии Тољикистон мурољиат намояд. Ба саволи Шумо аз Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тољикистон посух доданд.

ВОКУНИШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

- Азизам, њаётам, ман туро дўст медорам, ваъда медињам хушбахт мекунам! - Рост мегўї? - Барои ту љонамро њам медињам. - Љонатро њам медињї? - Гуфтам, барои ту љонамро њам медињам. - Логину паролро чї? - Биё, мон, асал, њамон Интернетро ба муњаббатам омехта накун… *** - Падарљон, рост аст, ки њамаи афсонањо бо ин љумла оѓоз мешаванд "Буд набуд, будгор буд, полез набуд шудгор буд"? - Не, бачам. Њоло њамаи афсонањо бо љумлаи "Агар шумо ба њизби мо овоз дињед…" сар мешаванд. *** Раис ва корманди техникї ба назди котиба омада, просесори комютери ўро гирифта мебаранд. Котиба: - Тинљист, раис? - Ња тинљї, компютери муњосиб вайрон шудааст. - Баъд ман чї… Раис аз кисааш як ќуттї ќартаро гирифта, назди котиба мепартояду мегўяд: - Анна, то овардани просесорат бо ќартањои ќоѓазї бозї кардан гир. *** Донишљў ба кабинети омўзгори имтињонгиранда даромада, аз сумкааш се шишаи араќро мебарорад ва рўи миз гузошта, мегўяд: - Ин се шишаро гиреду ба ман бањои се гузоред. Пpофессоp ба донишљў нигариста: - Ман дутоашро мегирам. ***

? - И НОБОБ

БО ДАРЁФТИ МАБЛАЃ ОБЁРИИ БОЃ ЊАЛ ХОЊАД ГАРДИД

ОЁ ЊОЉИЁНИ ТОЉИКИСТОН АЗ ФАЛОКАТ ЭМИН МОНДАНД?

- Агентии бењдошти замин ва обёрии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон матлаби сокини ноњияи Ашт, љамоати дењоти Ифтихор Саидов Вањњобљонро тањти номи "Ман ќабул надорам!" (Пули обро месупорему аз об бенасибем!), ки дар њафтаномаи "Нигоњ" аз 1- уми июли соли 2015, тањти №14 (447) нашр гардидааст, баррасї намуда, чунин иттилоъ медињад. Масъалаи мазкур аз љониби мутахассисони соња якљоя бо намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ашт дар мањал мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Омўзиш нишон дод, ки шањрванд аз њисоби заминњои кооперативи истењсолии "Иттифоќ" - и ноњияи Ашт дар масоњати 2 гектар боѓ бунёд намудааст. Заминњои мавзеи номбурда тавассути канали шимоли Фарѓона бо об таъмин карда мешавад, ки дар њаќиќат чї тавре дар маќола дарљ гардидааст, обёрии ин мавзеъ дар даврони Иттифоќи Шўравї низ бо сабаби аз љониби Љумњурии Ўзбекистон љорї нагардидани миќдори зарурии об дар ин самт мушкилї љой дошт. Зимни бунёди боѓ обрасонї аз њисоби оби зањбурњо ба роњ монда шудааст. Новобаста ба ин соли љорї бо маќсади бењтар бо об таъмин намудани заминњои кишоварзии ин мавзеъ як адад дастгоњи обкашии тамѓаи 24 НДС (Д-6300-80) дар пойгоњи обкашии "Чумчуќљар" васл карда шуд, ки дар мавсим 3 адад дастгоњњои обкашї фаъолият намуда, таъминоти об дар минтаќа бењтар карда шуд. Имконияти обрасонї тариќи пойгоњи обкашии "Чумчуќљар" мављуд бошад, њам бинобар дар масоњати 6 км дур љойгир будани боѓ бо сабаби зиёд гардидани истифодабарандагони об дуруст таќсим нагардидани об байни хољагињои дењќонї ва талафоти об дар шабакаи обёрї имконияти обрасонии АИО мушкил гардидааст. Њамзамон аз љониби мутахассисони соња корњои тадќиќотии таъмиру барќарорсозии канали Шимоли Фарѓона гузаронида шуда истодааст, ки дар њолати дарёфт гардидани сарчашмаи маблаѓгузорї корњои зикркардида амалї хоњад гашт. Холмурод РАЊМОН, директори Агентии бењдошти замин ва обёрии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон

- Рўзи љумъаи гузашта (12 - уми сентябри соли 2015) дар шањри Макка њангоми иљрои маносики њаљ крани борбардор болои сари зоирон сарозер шуд. Зоирони кишвари мо низ дар онљо ќарор доранд. Оё њољиёни Тољикистон аз ин фалокат эмин монданд? Сурайё ШОЕВА, сокини Њисор - Ситоди љумњуриявии "Њаљ-2015" хабар медињад, ки хушбахтона, дар натиљаи фалокати ахире, ки дар Маккаи мукаррама ба вуќуъ пайваст, ягон нафар аз њољиёни Љумњурии Тољикистон осеб надидаанд ва онњо мунтазам маносики њаљро адо намуда истодаанд. Њоло њамаи зоирони Тољикистон, ки аз самтњои Душанбе ва Хуљанд ба самти Мадинаи мунаввара парвоз анљом дода буданд, њамагї дар Маккаи мукаррама ќарор доранд ва парвозњои боќимонда низ аз самти Душанбе ба самти Љиддаи Арабистони Саудї роњандозї мешаванд. Дар назар аст, ки дар маносики њаљи фарзии имсола беш аз 6 њазор шањрванди Љумњурии Тољикистон ширкат варзанд. Ба саволи Шумо Азизулло МИРЗОЗОДА, сардори ситоди "Њаљ - 2015" -муовини раиси Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

БА ЉОЙИ 09 - Бо маќсади тањлили њамаљониба ва њалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасонињои гуногуни бонкї ба миён меояд, дар Бонки миллии Тољикистон хадамоти телефони боварии зер +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд. Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуќсонњое, ки њангоми истифода аз хизматрасонињои бонкї рў ба рў шудаанд, бо шумораи номбурда ба Бонки миллии Тољикистон хабар дињанд. Телефони боварї рўзњои корї аз соати 8-00 то 17-00 фаъолият мекунад.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! АМАЛЊОИ ШУБЊАОВАРРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Ман як чизро њељ сарфањм намеравам: њамин вожањои "хиёнаткор" ва "балвогар"-ро мегўям, ки дар расонањо ва шабакањои телевизионии њукуматї шабонарўзї дар бораи хиёнати Абдуњалим Назарзода маъруф ба Њољї Њалим нисбат ба Ватан мегўянду намоиш медињанд. Маќомот оё хиёнати ўро дайн кардаанд? Њамон замин, аспу хонаю мошин ва дову дастгоњро магар дигар вазирону вакилон ва мансабдорони сатњи поёнии мо надоранд? Агар фарз кардем, ки як муовини вазир ин ќадар дорої дошта бошад, маќомот онро надонад, ин хеле тааљубовар аст. Лоаќал як касро аз тими мансабдорон номбар кунед, љанобони журналистон, ки ин молу манонро надорад? То ин дам куљо буданд милисаю контразведкаи њарбиён ва маќомот, ки аз молу амволи ѓайриќонунии тасаруфкардаи Абдуњалим Назарзода пешгирї накарданд? Дар пасманзари њамин хабар гуфтаниям, ки шояд дороии дигар вазирону муовинони вазир ба њаљми куњњои яхбастаи Айсберг баробар шуда бошад? Аз онњоро низ дар ин давра, ки бо њукумат мушкил надоранд, санљед, фардо кї медонад кадоме аз онњо бо њукумат содиќ мемонад, кадомаш не!? Ба фикри ман, Њољї Њалим саркаш ва исёнгар аст. Албатта, амали содиркардаи Назарзода мањкум ба сарзаниш аст. Аммо хуб мешуд, ки маќомоти мо пеш аз мансабдореро ба гуноње айбдор кардан молу амволашро дар даврае, ки ў бо њукумат мушкил надорад, санљаду муайян намояд, то фардо бо ѓайриќонунї хондани ин ё он корхона суханаш дар назари мардум шубњаовар натобад! Шариф ЛУТФИШОЊ, сокини ноњияи Фархор

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? - Барои чї табибон ба компютеркунонии соња чандон алоќаманд нестанд? - Зеро дар он њолат навиштањои онњо дар дорухат барои њама фањмо мешавад. *** Гапи дўстдоштаи роњбарон: "ОДАМОНИ ИВАЗНАШАВАНДА НЕСТАНД!", аммо њамин ки навбати рухсатї баромаданат шуд, тамом - ту ягона нафаре хастї, ки бе ту кори корхона пеш намеравад! *** Фарќ байни швейсарии сарватманд ва швейсарии камбаѓал дар чї аст? - Швейсарии камбаѓал "Мерседес" - ашро худаш мешўяд. *** - Ба омори расмї музди миёнаи мењнат дар Тољикистон 555 сомонї аст. - Ин миёнаашро чї гуна муайян мекунанд? - Хело оддї, роњбар гўшт мехўрад, ман пиёз, яъне, мо дар якљоягї манту мехўрем. *** -Духтурљон, њамин гап рост аст, ки саломатиро ба ягон маблаѓ харида намешавад? - Ин сафсатаро ба ту кї гуфт? *** Корманди БДА дар як моњ 140 сомонї маош мегирад, дар як рўз 200 сомонї! Рустам НУРМАТОВ, сокини шањри Хуљанд


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №25 (458), 16. 09. 2015

ОДОБИ ИДИ ЌУРБОН Бо номи Аллоњи бахшандаи мењрубон ва бо дуруду салом ба Паёмбари мањбуби уммати ислом! Бародарон ва хоњарони азиз! Инак мову шумо дар аввали моњи Зул њиљља ќарор дорем. Моње, ки Худо дар китоби Худ бо дањ рўзи аввали он ќасам ёд карда аст. Аллоњ бар чизе ќасам ёд намекунад, магар њамон чиз ќадр дошта бошад. Моње, ки дар дањ рўзи аавали он амали солињ анљом дода шавад, савобаш дар назди Худо мањбубтар аз дигар рузњост. Расули Худо алайњиссалом гуфтаанд: Њељ амале савобаш бо савоби амале, ки дар дањ рўзи аввали Зулињиљља анљом дода мешавад, баробар нест. Асњоб пуриданд: Њатто љињод? Њазрат дар љавоб гуфтанд: Њатто љињод, магар он шахсе, ки бо мол ва љонаш дар роњи Худо љињод барояд. (Ривояти Бухорї). Инак мову шумо дар моње ќарор дорем, ки руза гирифтани рўзи 9-уми он сабаби омурзида шудани 2 сола гуноњони саѓира мешавад. Расули Худо алайњиссалом гуфтаанд: Умед дорам ба сабаби рўза доштани рузи Арафа, Худо гуноњони як сола пеш ва як сола баъди онро бубахшад. (Ривояти Муслим). Дар моње ќарор дорем, ки дар рўзи 9-уми он ояи комил шудани дини Ислом бар Паёмбари охири замон нозил шуда аст, Аллоњ мефармояд: "Имрўз динатонро барои шумо комил ва неъматамро барои шумо тамом кардам ва Исломро бароятон ба унвони дин писандидам". (сураи Моида ояи 3). Инак, Азизон! Дар моње ќарор дорем, ки Аллоњ 10-уми он моњро, рўзи ид ва хурсандї барои мову шумо ихтиёр карда аст. Дар ин рўз мову шумо амр шудем то намози ид бихонем ва ќурбонї кунем. Аллоњ гуфта аст: "Пас танњо барои Парвардигори худ намоз бихон ва ќурбонї бикун" . (сураи Кавсар ояи 2). Расули Худо алайњиссалом гуфтаанд: Имруз иди мо мусалмонњо аст. (Ривояти Бухорї). Азизон! Ба фарорасии иди саиди Азњо њамаи Шумо бародарон ва хоњаронро табрик ва тањният гуфта, хоњони онам, ки Худо барои мову шумо тавфиќи адои амалњои солењро насиб гардонад ва он чи дар ин рўзњои муборак анљом медињем, ќабули даргоњаш намояд ва њамеша ва дар њар љову макон бо ёду зикри Худо бошем. Бародарону хоњарон дар остонаи фарорасии иди Саиди Азњо ќарор дорем, мехостам њамагонро ба якчанд одобу ањкоми ин рўзи саид ошно кунам:

АЊКОМ ВА ОДОБИ ИДИ АЗЊО 1) Гуфтани такбироти рўзњои ташриќ. Аллоњ мефармояд: "Ва Худоро (ба зикри такбир) дар рўзи муайян ёд

кунед". (сураи Баќара ояи 203.) Расули Худо алайњиссалом гуфтаанд: "Зиннат дињед иди Фитр ва Азњоро богуфтани тањлилу такбиру тањмид..." (Ривояти Абу Наъим дар Њуля). Суннат аст такбирро аз аввали моњ дар масљидњо, роњњо, бозорњо, хонањо, ва баъди намозњо барои ошкор ва эълон кардани бузургии Худованд, ва изњор доштани ибодаташ ва баљо овардани шукраш бо овози баланд такрор кунем. Олимон ин навъ такбирро такбири мутлаќ меноманд. Њукми такбири мутлаќ суннат аст. Такбир гуфтан пас аз намозњои фарз вољиб аст. Ин такбири вољиб аз фаљри рўзи арафа шуруъ мегардад. (9 зилњиљља мувофик ба 03/10/2014) то намози асри рузи (13 зилњиљља) давом меёбад. Ин навъ такбирро такбири муќаяда меномад ва њукмаш вољиб аст. Тариќи такбир гуфтан: Аллоњу Акбар Аллоњу Акбар, лоилоња иллаллоњу валлоњу Абкар, Аллоњу Акбару ва лиллоњилњамд. 2) Ѓусл намудан, либоси зебову тоза пушидан ва хушбуї кардан. Дар ин рўзи муборак бењтарин либоси худро бипушанд, хушбуї кунанд, то бо либоси хубу зебо ва буї хушу гуворо рў ба намозгоњи ид биёваранд. Саъид ибни Мусайиб ва Ъурба ибни Зубайр гуфтаанд: дар иди Фитр ва Ќурбон, ѓусл кардан суннат аст. 3) Пеш аз намози ид чизе нахурдан. Расули Худо алайњиссалом то аз намози ид барнамегашт чизе намехўрд, ваќте бармегашт аз таоми бо гўшти ќурбонї пухта мехўрд. Ривоят аст, ки он Хазрат ба намози иди Фитр намебаромад то ин, ки чизе бихўрад ва дар иди Азњо чизе намехўрд магар пас аз намоз ва Ќурбони кардан. (Рияоти Тирмизи). 4) Такбир гуён ба самти масљид пиёда ё савора равон шудан. 5) Хондани намози ид. Намози ид вољиб аст. Ба хар касе, ки намози љумъа вољиб аст, намози ид њам вољиб мебошад. Ва њамон шартњое, ки барои намози љумъа лозиманд барои намози ид низ лозим њастанд. Албатта, хутба дар идайн фарз нест ва пеш аз намоз хонда намешавад, хондани он баъд аз намоз суннат аст. 6) Табрик гуфтани дўстон Дар ин рўзи мубораку муќаддас ёрону дустон ва хешу табору аќриборо табрику тањният гуфта мешавад. Зеро ин амал аз асњоби расули Худо собит монда аст ки њамдигарро табрику тањният мегуфтанд. 7) Аз намози ид ба дигар роњ баргаштан Мустањаб аст ки ваќти ба намозгоњ рафтан бо роње рафта шавад ва дар бозгашт бо роњи дигар баргардад, зеро расули Худо ингуна амал Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

кардаанд. Љобир писари Абдуллоњ разияллоњу ъанњу гуфтаанд: Расули Худо алайњиссалом дар рузи ид роњашро аз баргашт таѓйир медоданд. (Ривояти Бухори) 8) Ќурбонї кардан Ќурбонї кардан аз баъди адои намози ид шуруъ мешавад чигунае, ки аз Расули Худо алайњиссалом ривоят аст, ки фармуданд: "Касе, ки пеш аз намоз ќурбонї карда аст пас аз нав бар ивази он ќурбонї кунад, ва касе ки накарда аст пас ќурбони кунад" (Бухорї ва Муслим). Ќурбонї кардани гусфанд ва бузи яксола барои як шахс карда мешавад. Гови 2 сола ва уштури 5 соларо мешавад аз номи 7 шахс ќурбонї кард. Яне 7 нафар метавонанд дар як гов ва ушрут шарик шаванд. Ваќти ќурбонї рўзи ид ва се рузи ташриќ мебошад, рузи ид аз баъди намози ид шуруъ шуда, рузи сеюми ташриќ бо фарорасии намози шом ба охир мерасад, расули Худо алайњиссалом мефармояд: "Њамаи рўзњои ташриќ ваќти ќурбонї аст" Пас рузњои ќурбонї чањор рўз мебошад, рузи ид ва се рузи ташриќ. Рўзњои ташриќ се рўзи Мино њам гуфта мешавад, ин рузњо рузњои 11,12,13уми моњи зилњиљља мебошад, ки њољиён ин се рўзро дар Мино мегузаронанд. Хулас, ин фишурдае аз ањком ва одоб ва фазилати иди Ќурбон ва зилњиљља буд. Дар фарљоми сухан мехостам якояки шумо азизонро ба фарорасии ин иди саид тањният гўям ва аз даргоњи поки Худованд ба њамаи шумо тавфиќи бандагии Худо ва умри дарозу саодати дунё ва охиратро талаб дорам. Худовандро дар ин аёми пурфайз дуо мекунам уммати азияткашидаи исломро аз њолати вањшату парешонї зуд берун оварда зафар, њайбат, њайманат ва иззати аз дастрафтаи ин умматро дубора бозгардонад. Он рўз дер нест, ки ин уммат аз хоби ѓафлат бедор шавад. Он рўз дер нест, ки ислом бар фарози осмони ин љањон парчамафшон гардад. Чун ин ваъдаи Худост. Бинобар њамин аз якояки шумо азизон дар ин аёми ќабули дуову ибодат хоњонам, ки дуои худро аз бародарони мусалмони худ дар кишварњои исломии ѓарќи хун дареѓ надоред. Худованд он таљаммўи боњашамате, ки имрўзњо мусалмонон дар Макка мешаванд на таљаммўи аљсод, балки таљаммуи ќалбњо бигардонад. Бигзор дилњои он миллионњо мусалмоне, ки дар як макони кучак љамъ мешаванд ба љамъомаду вањдати дилњо мубаддал гардад. Омин. Бори дигар њамагонро табрику тањният мегуям. Вассалому алайкум ва рањматуллоњ. Бознашр аз сомонаи хонаводагии Тўраљонзодањо

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Марњабо ЉАББОРЇ, муовини Сарвазири Тољикистон: - Ноширон набояд бо бањонаи сода кардани забон онро ба њадди як забони кўчагї расонанд. Забони мо забони шеър буд ва бояд ба њадди њамин забони шеър бимонад. Поси забони модарї ин тоза нигоњ доштани он аз њар гуна олудагињост. - Дар дањонатон ќанд, муаллимаљон! Њамин гапро ба њамон атрофиёнатон њам як бор мегуфтед, ки лањљаи ќишлоќашонро забони адабї напиндоранд. Кам - кам шеър хонда, олами маънавиашонро бой кунанду... Нуралишоњ НАЗАРОВ, собиќ муовини аввали раиси Неруњои марзбонии Тољикистон: - Ман таљрибаи гузаронидани амалиёт дар Ромитро дорам ва медонам, ки ёфтани як гуруњи хурд дар ин дара кори душвор аст. Аммо неруњои њукуматї њамаи роњњои бурунрафт аз ин дараро назорат мекунанд ва Назарзода њељ кор карда наметавонад ва ман боварї дорам, ки албатта, ўро дастгир мекунанд. - Рафиќ, генерал! Њозир Ромит дигар шудагї! Бинед, на пай њасту на Њайдар! Генаралњоям дигар шудагї! Мушќаппак монданро метавонистагистанд?

Бозоргул САИДОВА, муовини раиси ноњияи Носири Хусрав: - Кадоме пул дорад як либоси 300 сомона мехарад ва касе пул надорад, арзон мепўшад. Хонандагони камбаѓал инро дида хиљолат мекашанд. Маќсади мо ин аст, ки супориши раиси ноњия ва масъулини дигарро бояд риоя кунанд. - Њамин супориши раиси ноњия ва масъулини дигарро иљро карда гардед шуд, муаллима! Масъулини дигар боз вазири маорифу сарвари шуъбаи маорифи вилояту ноњия набошанд - а?

Агибай СМАГУЛОВ, сафири Ќазоќистон дар Тољикистон: - Матбуоти Тољикистон масъалаи эњёи камарбанди иќтисоди "Роњи абрешим" ро нисбат ба Иттињодияи Авруосиё бештар бозтоб мекунанд, дар њоле ки њар ду тарњ ба нафъи кишварњои минтаќа ва аз љумла Тољикистон мебошанд. - Амакї, мегум, бай мора фарќуш нест, ки Роњи абрешимай роњи оњанай самалётай... Рафтан мегирем. Такка бошаду шир дињад! Чин ба Шумо миллиард, ба мо миллион медињад. Фарќаш чї? Бо мо ганда?

Тањмина НИЁЗОВА, сароянда: - Ман њанўз марди орзуњоямро пайдо накардаам, вале боварї дорам, ки вай њаст, шояд њоло сарсону саргардон дар ким - куљоњо маро кофта гашта бошад… - Тањминахон, њамон скелети карикатураи "дар интизори шоњзодаи афсонањо" - ро ба хотир овардед! Раваду набиёд, рањгум занад, гум шавад, Сурия равад, ё Русия? Бинед, сур, рус, фарќаш намондас...

Саидљаъфар ИСМОНОВ, раиси ЊДТ: - Демократия маънои онро надорад, ки дигар њар касе хост, дар "поворот" - е як њизб таъсис дињад. Њизби коммунисти Тољикистон як њизби куњнаи боќимонда аз даврони шўравї аст ва албатта, дар ин њизб мо мебинем, ки шахсони солхўрда вуљуд доранд… - Ака, лекин љони гапро гуфтед. Чї мегўед, ки њамин тур шудааст, ки њаст ва њамин мешудааст, ки шудаст. Яке дар "поворот" њизб ташкил мекунад, яке, аз "поворот" њизбро меќапад. Њар касу њунараш - да...

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.