“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
1
ИДИ ЌУРБОН МУБОРАК! №26 (459). Чоршанбе, 23-юми сентябри соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
Зан њунари кадбонугї надошта бошад, ин шармандагист!
САЊИФАИ 16
КОРРУПСИЯ
"ВУЊУШИ ИСЛОМЇ"
Њавлии якмиллионаи раис САЊИФАИ 7
ЧЕЊРА
"Ягона оппозитсионери олам"
Гуруњњои террористиро чаро ба Тољикистон мефиристанд? САЊИФАИ 5
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
2
Њаракати исломии Ўзбакистон (ЊИЎ) - Љундуллоњ њамроњ шудааст. Аммо бино ба иттилои расмии маќомоти амниятии Тољикистон, ки моњи июли соли гузашта дар ихтиёри расонањо гузошта шуд, дар Бадахшон ва Ќундузу Тахори Афѓонистон созмонњои беноме, назири "Љангиёни Муњаммад" ва "Љундулхалифа", низ фаъолият доранд. Толибон ин "интернатсионал" - ро рањбарї, сармоягузорї ва амалиётњояшро танзим мекунад. Рањбаронаш борњо эълом доштанд, ки бо кишварњои њамсояи Афѓонистон дар Осиёи Марказї мехоњанд муносибати дўстона дошта бошанд. Аммо агар чунин аст, пас ин "интернатсионал" ро ба кадом хотир парвариш мекунанд? Мегўянд, ки онњоро барои расидан ба маќсад - гирифтани ќудрат дар Кобул истифода мекунад. Аммо баъд? Оё Толибон њамсангаронашро дар нимароњ рањо ва ё онњоро маљбур ба тарки Афѓонистон хоњад кард? Посухи ин суол комилан манфї аст, зеро сарнавишти ин гуруњњо аз Толибон вобаста нест. Ин гуруњњои террористї, ки аслан аз зодагони Осиёи Марказї иборатанд, инро пўшида намедоранд, ки њадафи онњо ин љониби дарёи Ому аст. Балки мехоњанд дар њамдастї бо дигар созмонњои террористї, пеш аз њама, Ал - ќоида ва Толибон, "љињод" - и худро барои "озод кардани мусалмонони Мовароуннањр, Чин ва Русия" идома дињанд. Афѓонистон "тахтаи хез" - и гуруњњои террористї ба Осиёи Марказї аст. Набояд фирефта шуд, ки гуруњњои террористї аввал дар Афѓонистон њукумат таъсис медињанд ва сипас роњи Осиёи Марказиро пеш хоњанд гирифт. Ин гуна буда њам наметавонад. Тарроњони љанги Афѓонистон дар ин кишвар њукумати худро таъсис додаанд. Њукуматеро, ки аз хати кашидаи онњо берун пой наменињад ва њамзамон коре барои амнияту осоиши иќтисодии мардум карда наметавонад. Ин њукумат дар мушкилоти худ рањгум задааст. Њатто вазири
Хабари гаштугузори љангиёни гуруњњои террористї дар соњилњои Амударё ва суќути 65 дења ба дасти онњо дар вулусволии Роѓистони вилояти Бадахшони Афѓонистон хатарашонро аз як њарфи шуниданї ба диданї табдил медињад. Љангиёни гуруњњои террористї рўзи 19 сентябр хабар доданд, ки дар минтаќаи бузурге аз соњилњои Амударё дар вулусволии Имом Соњиби вилояти Ќундузи Афѓонистон мусаллат шуда, ба Тољикистон барои омўзиши марз гузаштаанд. Роѓистон минтаќаи дуввум дар марзи Тољикистону Афѓонистон аст, ки ба ихтиёри ин гуруњњо мегузарад. Гуруњњое, ки худ барномаи мушаххаси амал надоранд, аммо аз рўйи наќшае кор мекунанд, ки барои онњо кашида шудааст ва бояд амнияту субот на фаќат дар Тољикистон, балки Осиёи Марказї ва Иттињоди кишварњои муштаракулфанофеву пањнои Созмони њамкорињои Шанхайро барњам занад. Наќшае, ки дањсолањо ба ин сў дар идорањои истихборотии Амрикову Ѓарб такмил шуда, муназзам иљро мешавад. Дар баробари ин, роњандозии сенарияи Сурияву Ироќ дар Осиёи Марказї рў ба иљроиш аст. Оё љомиаи Осиёи Марказї, пеш аз њама Тољикистон, ки дар тањлилњои расонањои ѓарбиву минтаќа як "тахтаи хез" барои гуруњњои террористї муаррифї мешаванд, аз ин хабар доранд, ки пушти симхорњои марзњои онњо чї неруњое нафас мекашанд ва чї ояндаеро барои онњо пешбинї мекунанд?
"Интернатсионал" Маќомоти Афѓонистон маъмулан пешрафти гуруњњои террористї дар шимоли ин кишварро ба Толибон - мухолифини мусаллањи худ рабт дода, хатари он њукумати марказї ва љањонро бузург мекунанд. Дар асл Толибон "нўги пирях" - и ин "интернатсионали террористї" - анд. Дар Бадахшони Афѓонистон 4 созмон Толибон, Њаракати Туркистони Шарќї, Ансоруллоњ ва Иттињоди љињоди исломї фаъолият доранд. Дар Ќундуз ба онњо як шохаи
дифоъ надорад, то амалиётњояшро алайњи мухолифинаш танзим кунад. Беш аз 400 њазор нерўи њукуматї (артиши миллї - 178, пулис - беш аз 150, неруњои арбакї ё худмуњофизатии мањаллии њамкори њукумат 30 њазор, марзбонї - 40 њазор - иттилои расмї то соли 2015) наметавонанд бо 20 то 30 њазор љангии созмонњои террористї муќовимати зарурї нишон дињанд. Њукумат на фаќат дар мубориза ољиз аст, балки бархе мансабдорон ва генералњои баландрутбааш, ки љосусони Амрико ва Покистонанд, бо љангиёни толиб њамкорї ва онњоро њидоят мекунанд. Ин мањз он њукуматест, ки тарроњон мехостанд - дастнигар ва корношоям. Њукумате, ки набояд барои амалї кардани тарњи аслии Амрикову Ѓарб - юриш ба Осиёи Марказї халал расонад, балки бояд мусоидат кунад, ки тарњ иљро шавад ва тавре мебинем, карда истодааст. Тарроњони љанги минтаќа зарурати ба ќудрат расидани Толибонро намебинанд. Фурсатеро њам, ки њоло доранд, аз даст нахоњанд дод. Далели барљаста мунтазам дар марзњои Тољикистон љамъ омадани теъдоди бузургтари љангиёни созмонњои террористї аст. Агар њадафашон њукумат дар Кобул аст, дар марзњои касногузари Тољикистону Афѓонистон чї кор мекунанд? Созмонњои террористии Осиёи Марказї мањз њамон нерўянд, ки барои иљрои тарњи юриш ба Осиёи Марказї хизмат мекунанд. Њарчанд ин гуруњњо ба ин боваранд, ки "дар роњи Аллоњ", "барпо кардани хилофати исломї", "баргардонидани иззату эътибори мусалмонон" ва "шикасти њукуматњои куфр" мубориза мекунанд, огоњона ё ноогоњона њамоно дар хизмати, ба истилоњи худашон, "њукуматњои куфр" ќарор доранд. Шояд љангиёни оддї инро намедонанд, ки силоњу сарулибоси худу ањли оилаашон мањз аз пули рибои кадом бонк ё ширкати судхўре дар Амрикову Инглис ва Исроил фароњам шудааст. Ва онњо на "хилофат", балки њукуматеро бояд созанд, ки дар хизмати пуштибонони "кофир" хоњад буд.
"Харитаи нав" Амрико чї мехоњад? Вазъи Ховари Миёна ин гумонро, ки тарроњон ва сармоягузорони "бозии бузург" - Амрико ва Ѓарб мехоњанд харитаи љањонро ба табъу манфиати худ таѓйир дињанд, собит кард. Низомњоеро ба табъи худ месозанд, ки рањбарии дунё ва аз њама муњим, истифодаи сарватњои миллии олами ислом, Њинд, Русия ва Чинро барояшон содда кунанд. Аммо мардуми Осиёи Марказї ин интизорро надошта бошанд, ки "љањони мутамаддин" ё "демократї" барои онњо њукуматњои воќеан мутамаддин ва демократиро эљод хоњад кард. Осиёи Марказиро Амрико ва шариконаш танњо як "њавлии бесоњиб барои убур" (проходной двор) ба сўи Русияву Чин мебинад. Онњо хуб иттилоъ доранд, ки исломишавии пас аз суќути Шўравї, заъфњои иќтисодї, бекорї ва фасоди идорї кори худро бо минтаќа кардаанд ва ба мисли Афѓонистон мардум рўз ба рўз сиёсатзадаву ќудратхоњ мешаванд. Тайи 25 соли истиќлолияти кишварњо фарњанги сиёсии мардум боло нарафт, онњо барои тањаввулоти сулњомез омода нестанд. Камтарин тавтиа ё љанљол дар минтаќа метавонад ба як низоъи бузург табдил ёбад (мисоли барљаста љанги дохилии Тољикистон аст). Дар ин пањно мардум на фаќат ба арзишњои демократї бовар надоранд, балки онњо дар назарашон манфур шудааст. Њукуматњо низ ба хотири амният дар ислоњоти демократї ноком шуданд. Хулоса, Амрико ва пайравонаш медонанд, ки љомиањои Осиёи Марказї низ ба монанди Афѓонистон њељ гоњ ба табъи онњо рост намешаванд. Онњо Осиёи Марказиро як Афѓонистони дигар карда, ноамнињоро ба марзњои Русия, Чин ва Эрон расонданианд. Исломдўстии мардумро истифода карда, дар њудудњои Осиёи Марказї ба љои мактабњо тамрингоњњои террористї сохта, "шогирд" ё "талаба" - њояшонро дар љангњои алайњи њукуматњои Русия, Эрон ва Чин истифода карданианд. Яъне мо барои онњо
САДОИ МАРДУМ
41%
10% 5%
10%
3%
2%
3%
ЊНИТ чист?
15%
Намедонам
20%
Натиљаи як назарпурсии виртуалї дар Тољикистон маълум кард, ки 80% - и раъйдињандагон аз њасби аъзои Шўрои сиёсии Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ) аз љониби маќомоти ќудратї истиќбол накарданд.
Барои ман фарќ надорад
25%
80%: "ЊАБСИ РАЊБАРОНИ ЊНИТ КОРИ ХУБ НЕСТ"
39% Сулњу субот халал меёбад
30%
На, кори нодуруст шуд
35%
Албатта, кори дуруст шуд
40%
Хатари терроризм кам мешавад
45%
2%
0% 1
2
3
4
5
6
7
Назарпурсии ахир зери унвони "Њабси аъзои Шўрои сиёсии ЊНИТ-ро чї гуна пазируфтед?" маълум кард, ки 41 фисади раъйдињандагон ба варианти "На, кори нодуруст шуд" овоз дода, 39 фоизи дигар њам гуфтаанд, "Сулњу субот халал меёбад". Аз љамъи респондентони ин назарпурсї њамагї 10 фоиз гузинаи "албатта, кори дуруст шуд"-ро интихоб карда, 3 дарсади дигар њам ба варианти "хатари терроризм кам мешавад" овоз
додаанд. 2 фоизи иштирокчиён дар бораи њабси аъзои Шўрои сиёсии ЊНИТ гуфтаанд, "барои ман фарќ надорад", 3 фисади раъйдињандагон њам изњор доштаанд, ки "намедонам" ва аммо 2 дарсади ахирї гуфтаанд, ки "ЊНИТ чист?" Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 17-уми сентябри соли 2015 то 22-юми моњи љорї дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуд. Дар он 462 нафар иштирок кардааст.
ТЕРРОРИЗМ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
"ВУЊУШИ ИСЛОМЇ"
Муњибуллоњ Ќурбон Одатан дар посгоњи Айнї пештар њар ронанда мошинро дошта, ба њуљраи БДА медаромад ва "сабти ном" карда, бармегашт. Њама медонист, ки "сабти ном" бо додани "њаќќи роњ" меанљомид, вале барои чї бошад, он посгоњро бардоштаанд.
"Ќойидаи роњ"
Гуруњњои террористиро чаро ба Тољикистон мефиристанд? на инсон, балки як љангї ва худкушем. Њоло дар њудудњои Сурияву Ироќ назири "Давлати исломї" њукуматњои худхондае эљод мешаванд, ки эњтимолан дар ояндаи наздик ба расмият шинохта хоњанд шуд. Харитаи нимљазираи Араб ва Миср низ таѓйир хоњад хўрд. Аз миён рафтани Арабистони Саудї ва дигар кишварњои Халиљ ва ба љои онњо ба вуљуд омадани давлатњои нав аз эњтимол дур нест. Њатто Макка амн нест. Такфирињои "Давлати исломї" дар сарзамини ишѓолкардаашон нишонеро аз таърихи ислом намемонанд, масалан, онњо њатто маќбарањои наздикони Паёмбари ислом (с) - ро тарконданд. Хавфи уламои бузурги исломї аз он аст, ки такфирињо Каъба - ќиблаи мусалмононро низ аз байн хоњанд бурд. Ин њадафи сионизми љањонї, пуштибони аслии сиёсатњои хориљии Амрикову Ѓарб ва Исроил аст, ки батадриљ бо дасти "Давлати исломї" ва шариконаш олами исломро мекушад. Айни њамин тарњро ќудратњо дар пањнои Њинд то Русияву Чин доранд. Ин љабњаро дар њоли њозир "Ал - ќоида" рањбарї мекунад, ки Толибон ва гуруњњои террористии марбут ба Осиёи Марказиву Русияву Чин ба он итоат доранд. Ин ба он маъност, ки мављудияти кишварњои собит ва мустаќил дар минтаќаро ќудратњои љањонї тањти суол бурда, дар пайи таѓйири харитаи он низ њастанд. Дар ин харита Русияи имрўз бояд ба чандин давлат таќсим шавад. Яке аз онњо Аморати исломии Ќафќоз аст, ки аз њоло "њукумати соягї" - и худро дар Сурияву Ироќ таъсис дода, гоњ гоњ аз худ дар Русия дарак медињад. Ноњияи худмухтори Шинљону Уйѓур дар ин харита дар њайати Чин нест. Он бо ќисмати шимолии Ќирѓизистону Ќазоќистон ва Татаристону Бошќирдистони Русия дар як давлат дида мешавад. Тољикистону Ўзбакистон ва Шимоли Афѓонистон, Љануби Афѓонистон ва шимоли Покистон дар кишвари Паштунистон ва ќисмати мусалмоннишини Њинду Љаммуву Кашмир ва Лоњуру Панљоб дар як кишвари дигар тасаввур мешаванд.
"Дугоник" Љанги таќсимоти нави љањон аз таљовузи Шўравї ба хоки Афѓонистон сар шуд. Он замон, ки ба таъкиди стратегњои имрўзи Маскав, агар Шўравї ин корро намекард, Амрико њатман ба Афѓонистон ворид мешуд. Пас аз хуруљи Шўравї соли 1988 ташкил шудани "Ал - ќоида" аз љониби истихбороти Амрикову Англия њам тасодуфї набуд. Онњо умедвор буданд, ки танзимњои љињодии Афѓонистон пас аз шикасти режими коммунистии Кобул роњи Осиёи Марказиро пеш меги-
ранд. Маскави Горбачев бар ивази даст кашидан аз њимояти њукумати дастпарвардаи коммунистї дар Кобул ва як муоњадаи муваќќатї бо Покистон муваффаќ шуд, ки аз юриши муљоњидини афѓон ба Осиёи Марказї љилавгирї кунад. Аммо ин њолат низ дер давом накард. Соли 1996 дар Афѓонистон Толибон ба ќудрат расиданд ва раванди сарљамъ кардани гуруњњои террористї аз саросари љањон дар Афѓонистонро шуруъ карданд. Њамин гуна, "Ал ќоида" аз кишварњои араб ва Африќо, љангиёни чечен аз Русия, Њаракати исломии Ўзбакистон аз Осиёи Марказї ва Њаракати Туркистони Шарќии уйѓурњои Чин ба он пайвастанд (Иттињоди неруњои мухолифини тољик (ИНОТ), ки асосан аз исломгароён иборат буд ва то соли 1997 низ дар Афѓонистон буд, дар пайи музокирот бо њукумати Тољикистон ба ватан баргашт). Ваќте ин њаракати љањонии террористї тањти рањбарии "Ал - ќоида" шакл гирифт, Амрико ва Ѓарб бо бањонаи саркўб кардани он соли 2001 ба Афѓонистон ворид шуданд ва ба њадафе, ки аз соли 1979 дар сар доштанд, расиданд. Пас аз вуруди Амрико созмонњои террористї тањти рањбарии "Ал - ќоида" ба Покистон фирор намуда, дар вилояти Хайбар Пахтунхва ё минтаќаи ќабилањои паштун тањти њимояти хадамоти истихборотии Покистон - ISI "бињишт" - и муваќќатии худро пайдо карданд. Ба онњо созмонњои дигар, аз ќабили Тањрики Толибони Покистон ва Лашкари Тайиба низ њамроњ шуданд. Љамоати Ансоруллоњ, ки аз љангиёни тољики боќимонда аз ИНОТ дар Покистон ташкил шуд, низ соли 2010 бори аввал аз худ дарак дод. Њамин тавр, тарроњони љанг дар минтаќа дигарбора муваффаќ шуданд, ки тањти рањбарии "Ал - ќоида" дар як минтаќа тамоми созмону њаракатњои террористии пањнои Њинд то Русияву Чин - Толибони Афѓонистон, Тањрики Толибони Покистон, Њаракати исломии Ўзбакистон, Њаракати исломии Туркистони Шарќї, Иттињоди љамъияти исломї (шањрвандони Осиёи Марказї), Љамоати Ансоруллоњи Тољикистон, Лашкари Тайиба (Љамму ва Кашмир, Њиндустон), љангиёни чечен, њатто аврупоиро муттањид кунанд. Ваќте ин гуруњњо "пухта" расиданд, барои интиќоли онњо ба мањалњои зарурї, моњи июни соли 2014 артиши Покистон амалиёти густардаеро алайњи онњо дар Хайбар Пахтунхва оѓоз кард. Дар натиља гуруњњо ба љануб ва аз он љо ба шимоли Афѓонистон фирор карданд, ки њоло онњоро мо дар марзњои Тољикистон мебинем. Аммо дар ин миён тањаввули дигаре њамзамон рух дод, ки љањонро дар њайрат афканд. Амрико 20 марти соли 2003 ба Ироќ таљовуз ва 15 декабри
3
соли 2011 онро "бо сари баланд" тарк кард. Аммо мањз баъди ин дар пайи иттињоди 11 созмони террористии зидди њукумати Ироќ соли 2006 Давлати исломии Ироќу Шом, имрўза ДОИШ ё "Давлати исломї" мањз бо сарварии "Ал - ќоида" - и Ироќ созмон ёфт. 11 марти соли 2011 дар Сурия љанги шањрвандї оѓоз шуд. Дере нагузашта, 23 январи соли 2012 "Ал - ќоида"-и Сурия ба Љабњаи Нусра табдили ном кард ва њоло љабњаи созмонњои террористии љањонии фаъол дар Сурияро роњбарї мекунад. ДОИШ моњи июни соли 2014 њудудњои тањти нуфузашро "хилофат" ва роњбараш - Абубакри Баѓдодиро "халифа" эълон кард, тавре Толибон њанўз Кобулро тасхир накарда, соли 1996 Мулло Умарро "амирулмуъминин" муаррифї карда буд. Хулоса, айни њамон сенарияе, ки дар Афѓонистон роњандозї шуд: тамоми созмонњои террористї пас аз як љанги бидуни пирўзї ба вуљуд омада, сипас, ба ноамн кардани кишварњои атроф шуруъ карданд ва тарроњонро ба њадафи аслиашон - аз миён бурдани њукуматњои собит, эљоди бесарусомонї, куштори вањшиёнаи мусулмон аз дасти мусулмон расонданд. "Ал - ќоида", ДОИШ ва гуруњњои ба онњо вобаста њарчанд бо шиорњои зиддиамрикої мубориза мекунанд, амалан шарики иљрои ин тарњ њастанд, ки дар Афѓонистон ё Ироќу Сурия як њукумати ќавї сари кор наояд, аммо тамоми заминањо барои фаъолияти гуруњњои террористї фароњам шавад. Бахусус, пас аз он, ки Амрико ва НАТО ба берун кашидани неруњояшон аз Афѓонистону Ироќ сар карданд, фаъолияти ин гуруњњо љон гирифт, аммо њукуматњои дастнигаре дар Кобулу Баѓдод эљод шуданд, ки наметавонанд садди роњи амалї шудани тарњњои истихбороти хориљї шаванд. Аз ин хотир, "Ал - ќоида" ва ДОИШ "дугоник" - е мутаваллид аз як падару як модар њастанд, ки моњиятан аз њам фарќ надоранд.
"Кї киро?" Замоне Баѓдодї худро "халифа" эълон кард, ин нукта рўшан шуд, ки тарроњони љанг дар олами ислом њамон сиёсати "тафриќа андозу њукумат кун" - ро боз пеш гирифтаанд, зеро "Ал ќоида" - и онњо Мулло Умар, рањбари Толибонро "халифа" медонист. Њоло "хилофат" - и онњо ду "халифа" - и худхонда, афроди машкуке назири Баѓдодї ва вориси Мулло Умар - Мулло Ахтар њастанд. Ин ду масхара барои "хилофат"- е дар олами ислом мељанганд, ки вуљуд надорад.
4
Ба ѓайр аз ќойидаи роње, ки нозирон риояи онро аз ронандагон талаб мекунанд, боз "ќойидаи роњ" - и дигаре њаст, ки аз худамро шинохтаам амал мекунад, вале бар зидди он ба истиснои Саидамир Зуњуров, вазири корњои дохилии Тољикистон, собиќ вазири корњои дохилї солњои навадум, дигар роњбаре муборизаи оштинопаир набурдааст. Чаро? Муддате пештар тавассути кироякаш аз Хуљанд ба Душанбе баргаштам. То аз аѓбаи Анзоб гузашта, ба Майхўра расидан дар ягон љой мошини моро нозирони БДА надоштанд. Одатан дар посгоњи Айнї пештар њар ронанда мошинро дошта, ба њуљраи БДА медаромад ва "сабти ном" карда, бармегашт. Њама медонист, ки "сабти ном" бо додани "њаќќи роњ" меанљомид, вале барои чї бошад, он посгоњро бардоштаанд. Чун аз аѓба нишеб шудему ба Майхўра расидем, мошини моро нозирони роњ доштанд. Ронандаи мо, ки чобуку пуртаљриба ва дар айни замон боэњтиёт буд, ягон ќойидаи роњро вайрон накард. Як сабаби вайрон накардани ќойидаи роњ дар он буд, ки ронандањои кироякаш њангоми аз Хуљанд ба Душанбе ва баръакс њаракат кардан ба якдигар мадад мерасонанд. Оне пештар ба њаракат даромадааст, пасояндаро аз нозироне, ки дар роњ меистанд, ба пасоянда хабар медод. Ба замми ин боз ронандањое, ки аз љониби Душанбе меомаданд, бо даргиронии чароѓи мошин "чашмак" зада, мошинњои аз тарафи Хуљанд омадаистодаро аз нозирони дар наздикињо буда огањї медоданд. Њамин тавр, дар Майхўра моро доштанд ва ронанда аз љайбаш як сесомониро гирифта, бе њуљљатњо баромада, назди нозирон рафт. Ва зуд баргашт. Пурсидам, ки чаро њуљљатњояшро набурд. Ў ба ман тарзе нигарист, ки аз дигар сайёра афтодааму "ќойида роњ"-ро намедонам. "Инњо танњо як "њуљљат" мепурсанд." - гуфт ронанда. - Агар ман дар њамин роњ кор кардан хоњам, баъзе "ќойидањои роњ"-ро риоя бояд кунам ва њамон "њуљљат"-ро дињам." Њољат дигар ба пурсидан набуд. Боз поёнтар дар наздикии дењаи Њушёрї доштанд ва боз кироякаш зери лаб чизе гуфту бо худ пул гирифта, назди нозирон рафт. Ин бор њам зуд баргашт. Боз ба роњ баромадем. Телефони кироякаш занг зад. Ба ў хабар доданд, ки поёнтар, дар минтаќаи назди маркази ноњия, шањраки Варзоб нозирон истодаанд. Дафъаи савум њам ронандаи мо бо се сомонї халос шуд. Дар посгоњи Чорбоѓ кироякаш бо нозирон ба бањс даромад. Ў мегуфт, пули майда надорад. Ва агар садсомониро майда кунанд, "њаќќашонро" гиранд. Онњо майда надоштаанд ва ду - се сухани обдораш гуфтанду љавобаш доданд ва таъкидаш карданд, ки њангоми бозгашт "ќарз"ашро бояд дињад! Дар нимаи дувуми солњои навадум Саидамир Зуњуров вазири корњои дохилї буд. Ў тартиби сахт љорї кард ва нозирон барои гирифтани ришва аз ронандањо метарсиданд, аммо имрўз баръакси њолро мебинем, ки ришваситонї ошкоро шудааст. Ман нињоят дар њайратам, ки Вазорати корњои дохилї боз дар худ шуъбаи махсуси амният дорад, ки фаъолияти кормандонро зери назорат мегирад, аммо ин гуна нозиронро, ки ошкоро "ќойидаи роњ"- и худро љорї кардаанду аз субњ то нимашабї танњо пул љамъ мекунанд, кордор намешаванд ва ё онњоро боздошт кунанд њам, аз он огањї намеёбем. Њол он ки доштани чунин нозирон кори осон аст. Барои чї ин корро намекунанд? Баъзе ронандањо мегўянд, ки он нозирон танњо барои худ љамъ намекунанд. Пас барои кї?
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
2 Онњо дар Афѓонистону Сурия њам бо њукуматњо мељанганд, њам бо худ. "Шўрои Хуросон", филиали ДОИШ дар Афѓонистону Покистон бо Толибону "Ал-ќоида", ДОИШ дар Сурияву Ироќ бо Љабњаи Нусра. Ќудратњо онњоро на фаќат намегузоранд, ки ба њам оянд, балки њамеша дар љанг бо њам бошанд. Дар Ховари Миёна ДОИШ њарфи аввалро мезанад ва дар ќиёс бо "Ал - ќоида" нуфузу њудуд ва сармояи бештар дорад (ДОИШ њамарўза аз ќочоќи нафти Ироќу Сурия то 3 миллион доллар даромад мегирад). Ин сарват, ки ба мардуми Ироќу Сурия тааллуќ дорад, барои ташкили гуруњњои нав на фаќат дар Ироќу Сурия, балки Мисру Либия, Яман ва Покистону Афѓонистон истифода мешавад. ДОИШ муваффаќ шудааст, ки тариќи мубаллиѓонаш аз ќариб 70 кишвари дунё, аз љумла собиќ Шўравї сарбоз истихдом кунад. Манобеъи сармоягузории "Ал - ќоида" ва гуруњњои шарикашро њамоно "хайроти шайхони араб" мегўянд, аммо амалан аз сўи истихбороти Амрикову Инглис ва Покистон тањия мешаванд. Њамон амалиёти фурўши нафт низ бидуни ширкати истихбороти Амрико ва Туркия имкон надорад.
ТЕРРОРИЗМ
"ВУЊУШИ ИСЛОМЇ" Гуруњњои террористиро чаро ба Тољикистон мефиристанд?
Террористони Осиёи Марказї То вуруди Амрико ба Афѓонистон танњо њаракате, ки љангиёни террористи Осиёи Марказиро муттањид мекард, Њаракати исломии Ўзбакистон буд. Њоло њам дар Ховари Миёна ва њам Покистону Афѓонистон чандин гуруњи зодагони ин минтаќа эљод шудааст. Аммо умдатаринашон ЊИЎ ва Иттињоди љињоди исломї (ИЉИ) мебошанд. Ин ду гуруњи љангиёни Осиёи Марказї дар гузашта бо "Ал - ќоида" байъат карда буданд. Њоло дар муборизаи Давлати исломї ва "Ал - ќоида" барои сарварии љињоди глобалї дар ду сангар ќарор гирифтаанд. Њаракати исломии Ўзбакистон. Замоне, ки аз Тољикистон ба Афѓонистон фирор кард, њудуди 500 љангї дошт, њоло њазорњо нафарро муттањид мекунад. Аз соли 2001 то 2010 се рањбараш - Љумъаи Намангонї, Тоњир Юлдош ва Усмон Одилро тайёрањои амрикої куштанд. Аввал бо Толибон ва "Ал - ќоида" њамкор буд, аммо 6 августи соли 2015 роњбараш Усмон Ѓозї ва теъдоди бузурги љангиёнаш бо Баѓдодї байъат карданд. Њарчанд ЊИЎ ба барномаи ДОИШ ворид шуд, аммо њанўз дар бораи ширкаташ дар љанги миёни Толибон ва Давлати исломї маълумот нест. ЊИЎ асосан дар љануби Афѓонистон алайњи њукумати ин кишвар ва њамкорони хориљиаш мељангад. Иттињоди љињоди исломї. 20 августи соли 2015 ИЉИ хабар дод, ки љангиёнаш дар вилояти Ќундузи Шимоли Афѓонистон ба амири нави Толибон байъат карданд. ИЉИ дар Покистон аз ЊИЎ људо шуда, ќисмати умдаи љангиёнаш ўзбакњои Осиёи Марказиянд. Мусалмонони Олмон ва Туркия низ дар њайати ин созмон њастанд. Бархе аз љангиёнро "Толибони олмонї" меноманд. Дар як наворе, ки аз соли 2009 дар шабакањои интернет нашр шудааст, дар бораи "Дењаи Толибони олмонї" дар Вазиристон ќисса мешавад. То амалиёти Артиши Поки-
стон дар Вазиристони Шимолї, ки моњи июни соли 2014 шуруъ шуд, ИЉИ дар шањри Мир Алї ќарор дошт. ИМА моњи майи соли 2005 ИЉИ - ро ба рўйхати сомонњои љањонии террористї дохил кардааст. Љангиёни боздоштшудаи он шањодат додаанд, ки рањбари ИЉИ касе бо лаќаби Њорун Муњаммад бо Усома ибни Лодан ва Мулло Умар робитаи танготанг дошт. ИЉИ дар Ќундуз, Бадахшон, Пактико, Пактиё ва Нангарњор, њамчунин дар љанг бо Артиши Покистон дар Вазиристони Шимолї дар канори Толибон ва "Ал - ќоида" мељангад. Љангиёни ЊИЎ дар канори ДОИШ ва ИЉИ аз тарафи Љабњаи Нусра дар Ироќу Сурия њам мељанганд. Аммо дар Сурия боз ду гуруњи ўзбакї тањти фармондењии Љабњаи Нусра мељанганд - Љамоати Имом Бухорї ва Катибат ал Тавњид вал Љамоат. Моњи ноябри соли 2014 Љамоати Имом Бухорї видеоеро ба нашр расонд. Онњо дар ин навор ба Мулло Умар байъат карданд, ки он замон зинда њисобида мешуд. Љундуллоњ. Дар минтаќа се Љундуллоњ амал мекунад: яке дар Покистон, дигарї, Эрон ва сеюмї, Афѓонистон. Љундуллоње, ки дар Афѓонистон фаъолият дорад, шохаи ЊИЎ аст. Он дар Покистон ташкил шуда, пас аз шуруъи амалиёти артиши он кишвар дар Вазиристони Шимолї ба Афѓонистон фирор кард. Њоло дар вилоятњои Ќундуз ва Бадахшони Афѓонистон мељангад. Як фар-
мондењаш ба номи Ќорї Ѓулом Њазрат, мулаќќаб ба Абу Њазифа, 2 августи соли 2015 дар вулусволии Чањордараи Ќундуз кушта шуд. Љундуллоњ то ба њол мавќеашро дар муборизаи "Ал - ќоида" ва ДОИШ муайян накардааст. Њаракати исломии Туркистони Шарќї. Аз уйѓурњои ноњияи худмухтори Шинљону Уйѓури Чин иборат аст. Њадафаш озод кардани Шинљону Уйѓури мусулмонї аз Чин аст. Њоло дар Афѓонистон, Покистон ва Ироќу Сурия дар канори Ал - ќоида мељангад. Њамчунин расонањо аз як уйѓури 83 - сола хабар доданд, ки дар сафи неруњои ДОИШ мељангад. Дар шимоли Афѓонистон дар Ќундузу Бадахшон фаъолият дорад. Љамоати Ансоруллоњ. Гуруњи дигаре, ки дар шимоли Афѓонистон ва дар канори Ал ќоидаву Толибон, ИЉИ, ЊИТШ ва Љундуллоњ мељангад. Умдатан аз љангиёни зодаи Тољикистон ва тољикон иборат аст. Роњбараш Мулло Амриддин аст, ки то соли 1997 узви Шўрои сиёсии ЊНИТ буд ва бо нишони эътироз аз сулњи тољикон ба Покистон рафта, ба љараёни такфирї пайваст. Теъдоди ин гуруњњо даќиќ маълум нест, аммо истихбороти Афѓонистон боре шумори онњоро то 10 њазор нафар тахмин зада буд. Худ ин манзара баёнгари он аст, ки чї гуна ќудратњо созмонњои иборат аз "вуњуши исломї" - ро барои ноамн кардани Осиёи Марказї омода кардаанду мекунанд.
Ба љои хулоса Мо дар замонаи вазнин зиндагї мекунем. Дар атрофи мо "бозињои бузург" - е љараён доранд, ки эњтимол минтаќаи моро ба коми бадбахтињо кашад. Танњо тасаввур кардани сањнањои куштори Сурияву Ироќ, мисли мо кишварњои исломї кофист, то тасаввур кунем, ки барои ќудратњо хуни мо - мусалмонон ба дираме њам намеарзад. Љангиёни исломї ба "вуњуши исломї" табдил ёфтаанд, ки ба хотири пули хориљињо аз рехтани хуни бародарони мусалмони худ намегарданд. Тарроњони љанги љањонї њоло Русияро њадаф ќарор додаанд. Русия њам омода аст бо онњо биљангад. Тавре, ки соли 1979 ба Афѓонистон ворид шуд, имрўз дар Сурия ба љанг сар кард. Хулосаи мо ин аст, ки Амрико ва муттањидонаш тавонистанд дар Сурия ва Украина Русияро ба љанг дароранд. Тањлилгарони хеле ќавии љањону минтаќа њадс мезананд, ки Амрико њамчунин як нуќтаи доѓро дар Осиёи Марказї њам эљод карданист ва ин нуќтаи заъф Тољикистон аст. Эњтимол дорад, мањз ин барномањо пушти баста шудани ЊНИТ ва ќазияи генерал Абдуњалим Назарзода меистанд. Манобеъи наздик ба њукумат бар инанд, ки агар нањзатињо ва фармондењони собиќи ИНОТ - ро аз Тољикистон тоза накунанд, дар бархўрди Амрико ва Русия онњо аз дарун сар боло мекунанд ва ин даќиќан Тољикистонро ба Сурияву Ироќ табдил хоњад дод ва њукумат ба ин риск набояд равад. Вазъи бади иќтисоди Русия "болои сўхта - намакоб" - и дигар аст. Тањримњои иќтисодї алайњи Русия алайњи мо низ њаст, чун бештар аз 1 миллион муњољири мењнатии мо дар он кишвар кор ва оилањои худ дар Тољикистонро таъмин мекунанд. Шояд аз ин хотир, њукуматњои мо (Осиёи Марказї), бахусус Тољикистон, амнияту суботро бар рушди љомиаи демократї тарљењ додаанд, чун аз ќабл медонистанд, ки чунин барномањо вуљуд доранд. Неруњои ќудратии минтаќа њадди аксар амнияти мардуми хешро таъмин мекунанд. Љањон дигар шудааст. Љои бањс њам нест, ки њељ гуна сарват ё ќудрат ба ќатраи ашки кўдаки дарбадару бепадару модар намеарзад. Њељ рўшанфикр ва ватандўст Тољикистонро Сурияву Ироќ, Мисру Афѓонистон ва Лубнон дидан намехоњад. Аз ин хотир, љомиаи Тољикистон танњо як роњ дорад: дар канори њукумати худ бошад, чї гунае, ки набошад. Шояд барномањои бузург намебуданд, њоло на амният, балки рушди демократї арзиши воло њисоб мехўрд. Аммо чї кунем, ки он чиро дорем, ки њаст. "Банда баумед, шайтон - ноумед" гуфтаанд. Мо њам умедворї мекашем, ки ин буњронњо пушти сар мешаванд ва мо барои бунёди як љомиаи озоду демократї боз фурсат хоњем дошт. Фаромарзи ФОЗИЛ
ТИЉОРАТ Душанбеву Тењорон бо имзои як тафоњумнома ба содироти мошинњои "Эронхудрав" ба Тољикистон оѓоз мекунанд. Ба гузориши Хабаргузории кори Эрон ИЛНА, Саиди Тафаззалї, муовини содирот ва умури байналмилали ширкати "Эронхудрав" гуфтааст, ки дар ростои тавсеи бозори содироти "Эронхудрав" дар Тољикистон дар марњилаи нахуст 500 адад худрав ба бозори Тољикистон содир мешавад. Ба гуфтаи Саиди Тафаззалї, дар сурати муваффаќона ба фурўш рафтани худравњои мазкур ширкати эронї ќасд дорад, ки дар Тољикистон банду басти
Эрон ба бозори Тољикистон автомобилњои "Эронхудрав" ворид мекунад мошини мазкурро ба роњ монад. Ќисмњои онро аз Эрон содир карда, дар Тољикистон насб кунад. Инчунин, ба кишварњои њамсоя содир шавад. Аз сўи дигар Неъматулло Имомзода, сафири Тољикистон дар Эрон дар дидор аз ин ширкати бузурги эронї гуфтааст: "Њамкорињои "Эронхудрав" бо Тољикистон аз солњо ќабл шакл гирифта буд, аммо бо пешомади бархе мушкилот мутаваќќиф шуд."
Сафири Тољикистон аз автомашинањои "Эронхудрав" тавсиф карда гуфтааст: "Бо вуљуд мушкилот ва тањримњои молї ва иќтисодї ин ширкат на танњо фаъолияти худро ќатъ накард, балки пешрафт њам кард, ба тавре, ки беш аз 90% ќатаъот ва маљмуањои мавриди ниёзи тавлиди ин ширкат, дар дохил тавлид мешавад, ки дастоварде бузурге барои мардуми Эрон аст." Имомзода дар поёни суњбаташ гуф-
тааст, ки "мањсулоти Эронхудрав дар шароити обу њавои гуногун ва дар чањор фасли сол њазор километр роњро бидуни мушкил њаракат мекунанд ва умедворем њар чї зудтар дар хиёбонњо ва љодањои Тољикистон ба њаракат дароянд."
ИЌТИСОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
5
"Ягона оппозитсионери олам" Ба љои табрик дар рўзи мавлуди коргардон Барзу Абдураззоќов
Барзу Абдураззоќов, коргардон, аз фаъолтарин чењрањои љомеаи шањрвандии Тољикистон. Нафаре, ки бидуни тардид метавон намоди рўшанфикрї, таљассумгари набзи љомеа номид. Болотар аз ин, њама касоне, ки бо Барзу камтарин шиносоиро доранд, ба ў як сифатро ќоиланд: инсони комил. Ба ибораи дигар, ў њаммонанди дарёст. Њамаро дар худ меѓунљонаду ѓурури хос дорад. Аммо ўро ягон чањорчубаву тангно дар доираи худ наѓунљондааст. Агар ором аст, пас оромии ў мисли оромии дарё беасрор нест. Дар бораи ў гуфтану навиштан њам осон нест. Ба тавоної, њунармандї, назокат, љасорату дониш ва малакаи коргардонии ўро, њатто нотавонбинњояш ќабул доранд. Њама ўро эътироф доранд. Барои ба ин сатњу мартаба расидан, Барзу бо талош ба воя расидааст. Њеч гоњ аз талоши сохтани худ хаста нагардидааст. Шояд аз башумор шахсиятњои Тољикистон аст, ки китоб ба таври њамеша муниси ўст. Барзу Абдураззоќов 19-уми сентябри соли 1959 дар оилаи њунармандони асил Њабибулло Абдураззоќов ва Фотима Ѓуломова ба дунё омадааст. Аз ин сабаб, ќадам ба дунёи театр нињодани ў тасодуфї нест. Шањодатномаи мактаби миёнаро соли 1976 гирифтааст. Худи њамон сол ба Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1980 онро хатм мекунад. Дар давоми солњои 1980 то 1987 дар факултаи режиссёрии Донишкадаи давлатии њунарњои театрии Русия маъруф ба ГИТИС тањсил кардааст. Фаъолияти кориашро дар Тољикистон аз театри давлатии шањри Хуљанд оѓоз карда, минбаъ дар Театрњои љавонони ба номи Мањмудљон Воњидов, Театри драмавии русї ба номи Маяковский, Театри драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї дар шањри Душанбе идома медињад. Аммо дар чанд соли охир дар Тољикистон гўё сањнањои театр барои асарњояш тангї мекард. Даќиќтараш, мушкилињои фаровон дар баробари намоишњои ў меофариданд. Дар муддати фаъолияташ беш аз 50 асар ва намоишњои театриро ба сањна гузошта-
аст. Ин асарњои ў дар театрњои Тољикистон, Ўзбакистон, Ќирѓизистон, Ќозоќистон, Русия, Эрон, давлатњои аврупої ва ѓайра ба намоиш гузошта шудаанд. Чи дар сањнаи театр дар Порис ё дар Хуљанд дар баробари њунари ў холисона каф кўбидаанд. Як муддат дар шањри Хуљанд фаъолият мекард. Он замон њама аз театр дар Хуљанд мегуфтанд, дар сањифањои матбуот њарф аз Барзу буд. Ба Душанбе омад. Соли 2009 намоишномаи "Девонагї. Соли 93"-ро аз рўи асари "Таъќиб ва ќатли Жан Пол Марат" аз дромновиси олмонї Питер Улрих Вайс ва "Соли 93" аз Виктор Гюго, шоир ва дромнависи фаронсавї омода кард. Намоиш њаводиси инќилоби Фаронса дар ќарни 18-ро бозтоб мекард. Намоиш дар арафаи љашни Наврўз дар театри Маяковский муаррифї гардид. Дар назар буд, ки баъди се рўз ба сањна гузошта мешавад. Аммо ба сензураи Вазорати фарњанги Тољикистон рў ба рў гардид ва намоишњои баъдї мамнуъ шуд. Њамин тавр, бо таѓйири номи намоишнома ба "Девонагї. Соли 1793" ва дигаргунињое дар сањна иљозат доданд. "Девонагї. Соли 93" ягона намоиши Барзу Абдураззоќов нест, ки гузоштани он дар сањнаи театри тољик манъ гардидааст. "Муњољир" намоиши дигаре, ки Барзу Абдураззоќов аз рўи асари Славомир Мрожек, нависанда, драматург, эссеист ва рассоми лањистонї омода карда буд, дар сањнањои театри тољик роњ наёфт. Намоишнома дар толорњои хурде пешкаши теъдоди хеле ками тамошобинони тољик гардид. Худи Барзу Абдураззоќов дар як суњбат аз он намоиш чунин ёд кард:: "Ин намоишро дар иљрои ду њунарманди бењамтои тољик Нозим Меликов ва Ќурбони Собир ба сањна мондам. Аммо баъди 3 - 4 маротибаи ба сањна гузоштан, намоиши минбаъдаи онро манъ карданд. Шумораи тамошбинон низ зиёд набуд. Хеле дардовар аст, ки пас аз сарфи ин ќадар нерўву зањмат, спектакли омодашуда, ба тамошобин пешнињод нашавад. Мо шабона барои омода намудани ин сањна кор мекардем, чунки рўзона њар яки мо дар театр машѓули корњои дигар будем. Ваќ-
те мањсули зањматњои сангини худро ба тамошобин пешнињод карданї будем, туњмати палиде муњраи моро шикаст, ки гўё мо аз сањнаи театр тољикро тањќир кардаем. Намоишнома ба њамин тариќ ба куллї мамнуъ эълон шуд". Аммо мамнуъ эълонкарданњо танњо барои Тољикистон буд. Намоиши мазкур моњи августи соли 2013 дар тањияи ў дар Театри академии ба номи Токтоболот Абдумомунови шањри Бишкек ба сањна гузошта шуд. Њоло, ба гуфте, як по дар хориљ асту як по дар Тољикистон. Дар сањнањои театри Ќазоќистону Ќирѓизистон намоишнома мегузорад... Барои њаводорони театри тољик намоишномањои "Найрангњои Абдуи Хуљандї", "Шабпарак хоб дид", "Чор дарвеш", "Антигона", "Оттелло", "Њайвонхонаи шишагї" дар тањияи Барзу Абдураззоќов аз пурномтарин намоишномањои театрї боќї мондааст. Намоишномаи "Хизматгори ду хоља"-и ў дар театри Лоњутї аз сердбинандатаринњо шуда, "Нидо" ва "Роњи дури дур то Макка"-аш барандаи чандин љоизањои минтаќавию байналмилалї ва унвони "Бењтарин намоишномаи ИДМ" - ро ба худ гирифтааст. Барзу дар соли 2013 бо даъвати Ќирѓизистон ба ин кишвар рафт ва чандин намоишњо дар сањнањои театри ин кишвар гузошт. Њатто соли 2013 дар ин кишвар "Коргардони сол" эътироф шуд. Дар интихоботи президентии Тољикистон дар соли 2013 бо мавќеъгирињояш аз номзадии Ойнињол Бобоназарова, номзад ба маќоми президентї аз љониби мухолифин љонибдорї кард. Ин вазъ ўро њамчун чењраи мухолиф бозтоб кард. Аз хабарсозтарин чењрањои сол буд. Дар соли 2014 низ якчанд бор бо њимоя аз Зайд Саидов, соњибкор ва сиёсатмадори зиндонии тољик садо баланд кард. Мухолиф буданашро дар як суњбат чунин шарњ дод: "Оппозитсия ин маънои позитсия, мавќеи дигар доштан аст. Аз ин нуќтаи назар, ман инсони мавќеъњои тамоман дигар њастам, на мисли онњое, ки моро идора мекунанд. Ман душман нестам, аммо дунёро ба ранги дигар мебинам, тасаввуроти ман дар
бораи љањон дигар аст, рангорангии рангњои сиёсии ман тирукамонранг њастанд, олами ман гуногуновоз аст, бисёровоза - полифонї аст. Ман Исоро, Буддову Пайѓамбари акрам Муњаммадро дўст медорам, чун медонам, ки онњоро Худои ман офаридааст. Ман олами сиёњу сафеди афроди беистеъдодро дўст намедорам. Ман ба камрангї тобеъ шуда наметавонам. Ман зебоиро ќади љон мепарастам. Мусиќї ва кўдаконро дўст медорам. Ўзбакњо, ќирѓизњо, яњудињо, бирмагињоро дўст медорам ва онњоеро, ки мехоњанд љањонро барои ман таќсим кунанд, чашми дидан надорам. Агар ин оппозитсия будан аст, пас, бешак, ман аввалин оппозитсионери љањон њастам". Соли 2010 силсиламусоњибањои ў бо чењрањои матрањи Тољикистон дар рўзномаи "ИмрўзNews" аз пурхонандарин матлабњои ин нашрия буд. Барзу нишон дод, ки дар рўзноманигорї низ чирадаст аст. Соли 2001 Њунарманди шоистаи Љумњурии Тољикистон гардидааст. Соли 2011 дар шањри Душанбе дар Озмуне тањти унвони "Хушсалиќатарин сокини шањри Душанбе", ки бо номи "ТОП-50" маъруф буд, аз хушсалиќатарини сокинони Душанбе шинохта шуд. Соли 2012 њафтаномаи "Нигоњ" рейтинги "Чењрањои мардумии соли 2012"-ро баргузор намуда, Барзу Абдурраззовро "Њунарманди сол" эълон кард. Соли 2013 низ бо ќарори њакамони 5-умин фестивали театрї дар Ќирѓизистон, ки ба муносибати 70-солагии њунарманди хизматнишондодаи ќирѓиз Т. Турсунбоева дар шањри Норин баргузор гардид, дар ин кишвар "Коргардони сол" эътироф шуд. Соли 2014 аз љониби Вазорати фарњанг ва Анљумани фаъолони театр дар Ќирѓизистон барои бењтарин њунари коргардонї дар 5 соли охир соњиби љоиза гардид. Дар бораи фарзандонаш мегўяд: "Се фарзанд дорам: Бењрўз, Каюмарс, Ханно. Ва се фарзанде, ки аз худ мешуморам: Фирўза, Сафина, Исроил!"
Азамати ВАЊЊОБ
БОНКДОРЇ Президент Эмомалї Рањмон дар шањри Турсунзода дар ифтитоњи филиали "Спитаментбонк", ки тибќи иттилои ѓайрирасмї Љамолиддин Нурализодаро аз манфиатбардорони он медонанд, ширкат кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, субњи 18-уми сентябр Президент Эмомалї Рањмон дар кўчаи Исмоили Сомонии шањр бо буридани лентаи рамзї ба фаъолияти филиали Љамъияти Сањњомии Пушидаи "Спитаменбонк" оѓоз бахшидааст. Бинои мазкур дар давоми беш аз 2 сол бо маблаѓи 5 миллион сомонї бунёд ёфтааст. Он аз ду ошёна ва 8 утоќи корї иборат мебошад. Ба иттилои сомонаи расмии Президент, то имрўз кормандони филиали Спитаменбонк дар бинои иљоравї фаъолият мекарданд ва бо кўшодашавии ин филиали бонк шумораи умумии кормандон ба 29 нафар расонда шуд. Тибќи маълумоти расмї, филиали Љамъи-
Оѓози фаъолияти филилали "Спитаменбонк" дар шањри Турсунзонда яти Сањњомии Пушидаи "Спитаменбонк" ба 458 мизољ, аз љумла ба 276 соњибкори хурду миёна, 48 хољагии дењќонї ва 134 нафар ќарз додааст. Аз шумораи умумии муштариёни филиали бонк 174 нафарашро занони соњибкор ташкил медињанд. "Спитаменбонк" дар асоси ташкилоти ќарзии "Спитамен Капитал" дар оѓози соли 2014 ба фаъолият шурўъ кард. Тибќи маълумоти ѓайрирасмї Љамолиддин Нурализода, муовини якуми раиси Бонки миллї ва домоди Президент Эмомалї Рањмонро аз манфиатбардорони он медонанд. Њамон замон коршиносон якбора ба бонк
табдил ёфтани ин ташкилоти ќарзиро бидуни пўштибонии ќавї шубњаангез медонистанд. Бонки миллии Тољикистон сармояи аслии ширкати "Спитамен Капитал"-ро њамагї 50 млн. 114 њазору 300 сомонї эълон карда буд. Ин дар њолест, ки барои таъсиси бонк дар Тољикистон сармояи аслии ташкилот набояд камтар аз 50 милион сомонї бошад. "Спитамен Капитал" тобистони соли 2013 тибќи натиљагирии Business Initiative Directions, бењтарин ширкат дар соњаи ќарзї дониста шуда, њамчунин 12-уми декабри 2013 дар ќатори беш аз 40 ширкат ѓолиби озмуни "Бренди сол" - "Ќуллаи шўњрат" эълон шуд.
Дер не, њамагї баъди чанд рўз Абдуљаббор Ширинов, раиси њамон ваќтаи Бонки миллї гуфт, ки дар бораи муассисони "Спитаменбонк" маълумот надорад: "Мо идораи назорати бонкї дорем, ки онњо бонки таъсисмешударо тафтиш мекунанд. Ман дар бораи кї будани муассиси ин бонк иттилоъ надорам". Маврид ба зикр аст, ки номи Љамолиддин Нурализода пештар њамчун молики ширкати IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз), ки баъди таъмир, роњи "Душанбе-Чанак"-ро пулакї кардаанд, расонаї шуда буд. Њарчанд Љамолиддин Нурализода ба расонањо иттилоъ дар бораи соњибмулки ширкати IRS буданашро рад кард, бисёрињо ба воќеияти ин раддия то њол бовар накардаанд. Бо гузашти чандин сол аз ќарори њукумати Тољикистон дар бораи пулакї шудани роњи Душанбе-Чанак њамоно номи IRS-у домод њоло њам вирди забонњост. Мардум ба дард ва истењзо аз "домодпулї"дар шоњроњи Шимол сухан мекунанд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
Гистероскопия имрўз дар таљрибаи клиникии гинекологї мавриди истифодаи васеъ ќарор гирифтааст. Дар бахши амрози занонаи Бемористони Ибни Сино низ аз ин усули муосир ба нањваи ањсан истифода мекунанд. Гистероскопия муолиљаи ташхисї - табобатї буда, имкон медињад роњи гарданаи бачадон, дохили бачадон ва нойњои дањанаи бачадонро ба василаи асбоби даќиќи оптикї - гистероскоп муоина кунанд. Гистераскоп тариќии мањбал дар оѓоз ба роњњои гарданаи бачадон ва баъдан ба дохили бачадон ворид карда мешавад ва њолатњои узв дар экрани монитор баръало намоён мегарданд. Тањќиќоти гистероскопї дар гинекологияи имрўза, усули аз њама муосир ва аз нигоњи технологї даќиќ ба шумор меравад. Ба андешаи мутахассси бахши амрози занонаи Бемористони Ибни Сино, доктор Ситора Ќодирова, гистероскопия ба табиб имкон медињад ба таъбире "бо чашмони худ" ба гарданаи бачадон ва дохили он назар намояд. Ин усул имкон медињад беморњои гуногуни дохили бачадон ва роњњои сервикалї, монанди полипњои эндометрї ва пардаи луобии роњњои сервикалї, гирењњои зерлуобии миомаи бачадон, гиперплазияи эндометрї, эндометриоз ва варамњои вахими бачадонро ошкор намоянд. Бо истифода аз гистероскопия ин беморињо дар давраи аввалияаашон ташхис гардида, табибон имкон пайдо мекунанд роњњои дуруст ва бо самари табобатро ба роњ монанд. Инчунин бо ёрии гистероскопия табибон тамоми табобати љаророњиро дар дохили роњњои цервикалї ва бачадон дар назорати комил ќарор медињанд. Ба гуфтаи доктор Ситора Ќодирова, нишондод барои гузаронидани љарроњии гистероскопиро танњо табиби муолиљакунанда бо дарназардошти шикоят, анамнез ва маълумотњои ташхиси инструменталї муайян мекунад. Асоситарин нишондодњо барои анљоми љарроњии гистероскопї аз инњо иборатанд: халалдор гаштани сикли њайзбинї дар занон; омадани хун дар ваќти менопауза; бемории миомаи бачадон, аденомиоз, патало-
ТАБЛИЃ
Гистероскопия
гияи эндометрї ва пайвастшавињо ва деворањои дохилибачадонї. Инчунин аз гистероскопия њангоми табобати шакли субмукозии миомаи бачадон, полипэндометрия, безурётї, тайёрї барои барномаи бордоркунии экстрокорпоралї ва табобати бачапартої истифода мекунанд. Гистероскопия бештар дар статсионар ё бо роњи амбулаторї (дар њолати мављуд будани статсионари якрўза) анљом дода мешавад. Ба гуфтаи доктор Ситора Ќодирова, пеш аз бистарї намудан барои анљоми гистероскопия, бемор аз тайёрии амбулаторї мегузарад. Тайёрии амбулаторї барои анљоми гистероскопия аз як ќатор тањќиќотњои зарурї, монанди ташхиси умумии хун, намуна (мазок) барои муайян намудани дараљаи тозагии мањбал, ташхиси хун барои муайян намудани бемории СПИД ва гепатит, рентгенографияи ќафаси сина, ЭКГ
ва машварати духтури умумї иборат аст. Инчунин доктор Ќодирова таъкид намуданд, ки фењрасти пурраи тањќиќотњои зарурї аз љониби муассисаи тиббии дахлдор муайян мегарданд. Мутахассисон дар синну соли репродуктивї (18 то 45 солагї) мўњлати бењтарини гузаронидани љарроњии гистероскопиро рўзи 5 ум - 7 уми сикли њайзбинї мешуморанд. Аммо њангоми менопауза ва љой доштани њолатњои фаврї интихоби рўз барои маризон ањамияти љиддї надорад. Мариз дар курсии гинекологї љой мешавад ва ба ў наркози умумии дохилирагї мегузаронанд. Ба гуфтаи доктор Ситора Ќодирова, наркози умумї имкон медињад мариз њељ њиссёти дардоваррро таљриба накунад. Тамоми њаракот танњо баъди ба хоб рафтани мариз анљом дода мешаванд. Баъд аз иљозаи анестезиолог роњи цервикалиро ба оњистагї васеъ карда, гистероскопро ба дохили бачадон ворид мекунанд. Сипас, тариќи гистероскоп ба дохили бачадон моеъи махсус (физиологї) ворид мегардад ва бачадонро васеъ мегардонад, ки барои муоинаи комил амри зарурї мебошад. Баъд аз васеъ шудани бачадон мутахассисон бо навбат аввал деворањои дохили бачадон, баъд ќисмати нойњои дањанаи бачадон ва роњи цервикалиро аз назар мегузаронанд. Дар асоси ин азназаргузаронї ташхис гузошта мешавад ва дар њолати зарурї амалњои љарроњии гирифтани биопсия, нест кардани гирењи миоматозї ё полип, људо намудани пайвастшавињои дохилибачадонї ва ѓайра анљом дода мешаванд. Баъди ин моеъи дар бачадон буда берун кардашуда, бо
њамин амалиёт ба охир мерасад. Њамаи амалиёт таќрибан 20 даќиќа тўл мекашад. Доктор Ситора Ќодирова таъкид намуданд, ки дар Бемористони Ибни Сино чандин маротиба љарроњии гистероскопї бо муваффаќият анљом дода шуд. Барои мисол, афзуд доктор Ќодирова, ба василаи гистероскоп мутахассисони бахши амрози занонаи бемористон гирењњои миоматозии шакли субмукозї, полипэктомия, берун овардани спирали дохилибачадонї ва дигар иллатњои бачадонро бо муввафаќият љарроњї намуданд. Ба гуфтаи доктор Ситора Ќодирова, ба мутахассисони бахш муяссар гардид спирали дохилибачадонии занеро, ки 8 сол азяташ медод, берун оваранд. Инчунин дар бахши амрози занона ба воситаи гистероскоп тайёрї барои бордоркунии экстрокорпоралї (ЭКО) анљом дода мешавад. Љарроњии гистероскопї ќариб безарар буда, танњо дар њолати беморињои шадиди илтињобии коси хурд, натиљаи ѓайриќаноатбахши намуна (мазок), њомиладории прогрессивии матлуб ва беморињои умумии сироятї гузарронидани он мамнўъ гардидааст. Бахши амрози занонаи Бемористони Ибни Сино бо таљњизоти замонавї муљањњаз гардида, дар он мутахассисони дараљаи олї фаъолият мекунанд. Таљњизоти ташхисию табобатии замонавї, интихоби фаровони озмоишот, ТУС ва дараљаи баланди тахасуссии кормандон ба Шумо кафолати табобати ољил ва бомуваффаќиятро медињанд. Бахши амрози занонаи бемористон имконияти муоина ва табобати њама гуна беморињои амрози занонаро дорад. Дар бемористон инчунин барои модарони оянда барномаи махсусе дар мувофиќа бо хохишу дархостњои Шумо ва бо дарназардошти натиљањои тадќиќот тањия мегардад. Барнома барои муњайё намудани шароити муносиб ва мувофиќу арзанда барои Шумо ва тифли Шумо пешбинї гардидааст ва дар ин замина њамаи хусусияти организми Шумо ба назари эътибор гирифта мешавад. Барномаи мукаммали назорат ва муоинаи занони њомила, њамчунин машварати дигар мутахассисон: духтури умумї, духтури чашм ва кардиологро дарбар мегирад. Ба хотири дастрасии ќишрњои бештари ањолї ба хизматрасонињои тибби муосир, Бемористони Ибни Сино бо ташкилоти суѓуртавии "Суѓурта миллї" риштаи њамкории зичро ба роњ мондааст. Шумо метавонед бо истифода аз барномањои ин ташкилот харољоти худро бамаротиб кам гардонед.
Маълумоти бештарро метавонед дар сомонањои мо - www.ibnisino.tj ва sugurta.tj ё бо телефонњои (44) 640 - 01 - 02, (44) 640 - 01 - 03 дарёфт намоед.
ФАСОД Якчанд сол пештар ба ноњия дар соњаи ќонунгузорї раиси нав омад. Ќонуни нонавиштае њаст, ки сарварони нињодњои ќонунгузорї ва ќудратї аз дигар љой таъин мешаванд. Сабабаш њам маълум аст: мабодо ба љинояти хешу табору њамсояву наздиконаш чашм напўшад. Ин тарзи коргузорї хуб аст. Раис дар ноњия шаш - њафт сол фаъолият намуд ва чанд моњ пештар муњлати мансабдориаш бо сабаби ба синни нафаќа расидан ба итмом расид ва мебоист ба пойтахт, ки љойи истиќомати доимиаш аст, мекўчид, вале ин тавр нашуда, ў бо ањли оилааш дар шањр монд. Баъзењо мегуфтанд, дар давоми кораш бисёр боэњтиёт буд ва раиси шањр чї мегуфт, њамонро иљро мекард ва ба ивазаш дар мањаллаи аз њама бонуфузу пулдорон заминаш додаанд. Ва... оњиста - оњиста ба бунёди ќаср оѓоз кардааст. Њамин тавр, раис ба Душанбе барнагашт, њарчанд дар пойтахт њам манзили чор кас медидагї дорад. Шояд як сабабаш дар он аст, ки синни раис њам ба љое расидааст ва дигар барояш аз як љо ба дигар љо кўч бастан он ќадар осон њам нест. Баъзењо мегўянд, обу њавои муътадили ноњия ва мардуми мењмоннавози он писандаш омадаанд ва аз ин сабаб, маркази ин ноњияро љойи истиќомат интихоб кардааст. Вале гуруњи дигар мегўяд, ки њамон њавлие, ки тадриљан месохт, буд шудааст ва њоло онро мардуми тањљої "њавлии якмиллионаи раис" номидаанд. Ва аз сабаби он ки њамин њавлиро фурўхта натавонистааст, дар ноњия бо ањли оилааш мондааст. Намедонам, он њавлї як миллион сомонї арзиш дошта бошад ва ё як миллион доллар. Ба њар њол бо сомонї њам бошад ва ё бо доллар, бо пули њалол раис хонаи "якмиллиона" сохта наметавонист. Дар тўли сї соли кор њар моњ ба њисоби миёна 2000 сомонї (њол он ки солњои 1993 2000 моњона аз сад сомонии њозира њам камтар буд) љамъулљамъ 720 њазор сомонї ва ба ин маоши сисолаи њамсараш (агар муаллима ба њисоби миёна 500 сомонї моњона дошта бошад) 180 њазор сомониро илова кунем, њамагї 900 њазор сомонї мешудааст. Ин дар њоле ки зану шавњар сї сол пайи њам рўза гирифта, чизе нахарида, либосе напўшида ва ба љойе ба истироњат нарафта, љашне дар тўли умр барпо накарда, зиста бошанд, ин миќдор пул ѓун мешавад! Пас бо пули њалол дар ноњияи бегона раис ќаср сохта наметавонист. Як роњи дигар њам барои сарватмандї њаст. Масалан, бисёр мансабдорон бо номи хешу табор бизнес, ба монанди хонасозї ва ё тиљорат ѓайриќонунї машѓул шуда, пули њалол љамъ оварда, њавлињои "якмиллиона"-ро месозанд. Маро дигар чиз ба ташвиш овардааст: чаро намояндаи соњаи ќонун ва ё ќудрат ба ноњияе ба кор равад, аксар аз он ноњия зуд соњиби соњиби замин ё квартира мешавад! Чаро? Ду њафта пештар бо як муаллим аз њамин ноњия суњбат доштам ва ў низ айнан аз ин ќасри раиси ќонунгузорї шикоят карда, гуфт, ваќте мардуми мо ба як порча замин муњтољанд ва барои гирифтани он солњо дари њукуматдоронро охурча мекунанд,
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
7
ЊАВЛИИ ЯКМИЛЛИОНАИ РАИС Чї тавр як даричаи фасодро бояд баст?
як нафари дигар аз соњаи ќудратї дар ноњияи мо кор кард ва ба ў замин доданд. Пеш аз ба Душанбе баргаштан он тика заминро наздик ба 20 њазор доллар фурўхта рафт. Дигараш ояду нопок бошад, ў њам соњиби замин мешавад... Бале, ин чиз пўшида нест, ки бисёр намояндањои ќонуну ќудрат њангоми адои хидмати давлатї дар ноњия соњиби замин, квартира ва ё њавлї мешаванд ва замони рафтан номаълум ба пул мезананд, њарчанд аз рўи адолат гўем, байнашон инсонњои Худотарсу ќонунро эњтиром мегузоштагињо кам нестанд ва онњо бо ду дасти холї омада, бо ду дасти холї бармегарданд. Чаро намояндањои ќонунгузорї ва нињодњои ќудратї дар шањру ноњияњо бо осонї
соњиби ќитъањои замин мешаванд? Барои он ки бисёр роњбарони шањру ноњияњо худ низ дар назди ќонунгузорону ќудратињо забонкўтоњие доранд. Ва ин љо зарбулмасали чинї ёд меояд: даст дастро мешиносад. Њамин тавр раис дар ноњия монд! Ва дар ќасраш намоишкорона зиндагї дорад. Оё раис ягон бор фикр мекарда бошад, ки мардуми оддии ин шањр дар борааш чї андеша доранд? На, агар дар ин бора меандешид, дар дигар ноњия чунин бешармона ќасри якмиллиона намесохт. Ў на шарм медорад ва на аз маќомоти тафтишот њарос надорад, зеро то њол кам шунидаем ва ё хондаем, ки ба мисли мо даромаду баромади сисолаи раисро ба њисоби абљад зананд ва пурсанд, ки раис,
ин сарчашмаи пул барои сохтани бинои "якмиллиона" аз куљост. Агар чунин мебуду маќомоти тафтишот соњиби ќасри ќоматафрохтаро даъват ва такковї мекарданд, ба рўи об баровардани чунин ришвахўрон, ки дар як муддати кўтоњ дар ноњияњо ќасрњо бунёд мекунанд, ба мисли ду карат ду осон аст. Кї медонад, ин њавлї шояд ба номи њамсараш ва ё љиянаш бошад? Худаш медонаду онњое, ки ба ў замин додаанд ва ё фурўхтаанд. Дар замони Шўравї одатан намояндањои ќудратї ба ноњия ба кор мерафтанд, дар он вазораташон мењмонхонае дошт ва дар он зиндагї мекарданд. Ин анъана ё таљрибаи хуб имрўз њам дар баъзе нињодњои ќудратї мондааст. Яъне, ваќте муњлати хидмат дар ноњия анљом меёбад, ба манзиле, ки ў дар он мезист, њамоне мекўчад, ки ба љойаш ба кор таъин шудааст. Вазоратњои ќудратї, прокуратура, амният ва мудофиа манфиату амнияти њукумат ва мову шуморо таъмин месозанд. Пас чаро давлат барои њимоятгаронаш дар њамаи шањру ноњияњо манзил људо намекунад? Шояд ин "бехонагї" онњоро маљбур мекунад, ки барои як ќасри "якмиллиона" кор кунанд. Бинобарин, хуб мебуд, ин таљриба имрўз њам идома меёфт ва судяе, ки масалан, дар шањри дигар таъин шуд, дар њавлича ва ё квартирае, ки идорааш барои иљора мегирад, зиндагї кунад. Ин роњи хубе мебуд барои бастани фасодкорї дар ин соња. Ва боз хуб мебуд, як ёддошти ахлоќие барои њамаи кормандони соњаи њуќуќ ва нињодњои ќудратї содир мешуд, ки агар дар Душанбе манзил ва ё њавлї дошта бошанд, наметавонанд дар ноњияе, ки ба муддати чанд сол кор мекунанд, соњиби замин ва ё манзил аз њисоби њукумати мањаллї дошта бошанд... Ин сатрњоро менависаму пеши назарам раис меояд, ки гўё, гуфтан мехоњад, бењуда њарф мезанї... Шояд ў њаќ њам бошад, зеро то имрўз мо нашунидаем, ки њавлии фалон додгустар, додситон ё дигар намояндаи ќонуну ќудрат мусодира шуда бошад. Сафои СОДИЌ
ЉУСТУЉЎ
Сафари Ќоњир Расулзода барои љалби сармоя аз Ќатар Сарвазири Тољикистон Ќоњир Расулзода дар гуфтугўву мулоќотњояш бо намояндагони расмии Ќатар аслан рўи љалби сармоя ба Тољикистон таваљљўњ кардааст. Бино ба навиштаи расонањои Ќатар, дар ин сафар Ќоњир Расулзодаро Низомиддин Зоњидї, муовини вазири корњои хориљї, Ќодири Ќосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва амволи давлатї њамроњї мекарданд. Дар давоми сафар, ки рўзи якшанбе оѓоз шуд, Ќоњир Расулзода бо амири давлати Ќатар шайх Тамим бин Њамад Оли Сонї мулоќот доштааст. Дар ин мулоќот бештар роњњои рушди
њамкорињои дуљонибаро баррасї кардаанд. Инчунин, Ќоњир Расулзода бо Абдуллоњ бин Носир бин Халифа Оли Сонї, Раиси Маљлиси вазирон ва вазири дохилии ин кишвар низ мулоќот карда, дар бораи имкониятњои Тољикистон барои љалби сармояи Ќатар суњбат кардааст. Ба навиштаи расонањои ин кишвар, бештар дар доирањои њамкорињои дуљониба дар масъалаи рушди њамкорињои тиљориву иќтисодї њарф задаанд. Дар ин сафар Ќоњир Расулзода бо соњибкорон, сармоягузорон ва рањбарони ширкатњои бузурги ин кишвар дидор карда, гуфтааст, ки сармоягузории
Ќатар барои рушди иќтисоди Тољикистон муфид хоњад буд. Аз љумла Ќоњир Расулзода аз бунёди иншооти "Диёри Душанбе", ки аз љониби ширкати "Qatari Diar" бунёд мешавад ва аз сохтмони бузургтарин масљид дар Осиёи Марказї дар Душанбе бо сармоягузории Ќатар ёд карда, гуфтааст, ки ин
ду иншоот далел аз њамкории судманди љонибњо мебошад. Њамчунин, Ќоњир Расулзода таъкид ба он кардааст, ки Тољикистон дорои зарфиятњои бузурги энергетикї, сайёњї, кишоварзї ва захирањои табиї мебошад. Сармоя гузоштан ба ин самтњо беманфиат нахоњад буд.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
Њафтаномаи "Нигоњ" (№4, (437) 22 -уми апрели соли 2015 мурољиати сарвари хољагии "Сангин Сафар" - и ноњияи Масчоњ Абдуќаюм Сафаровро тањти унвони "Беадолатї дар Мастчоњ" ба унвони Юсуф Рањмонов, Прокурори генералї, Рустами Эмомалї, директори Агентии давлатии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия, Ятимзода Акбар Табарї, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон ва Њабибулло Воњидов, прокурори вилояти Суѓд ба нашр расонда буд. Абдуќаюм Сафаров хоњиш карда буд, ки барои пайдо кардани сањми 3 сањмдори хољагиаш кўмак расонанд, зеро нињодњои масъули ноњияи Масчоњ ва вилояти Суѓд пас аз баррасињои ќариб яксола дар ин амр ба мушкили ў расидагї карда натавонистанд. Сухан дар бораи таќсими замини хољагии "Сафар Сангин" - и ноњияи Масчоњ мерафт, ки соли 1999 дар њудуди собиќ колхози ба номи Ленин дар њайати 79 сањмдор ташкил шуд. Масоњати умумии замини хољагї 90,56 гектар (га), аз ин 81,83 га замин корами обї буд. Зимни таќсимот замини корами обї ба 73 сањмдор 0,85 га ва ба 6 сањмдори дигар 0,40 га људо шуд. Њамин тавр, ба 79 сањмдор дар маљмўъ 64, 45 га замини обї аз 81, 82 га масоњати умумии заминњои хољагї рост омад (фонди захиравї - 14, 41 га). 2,7 га замин аз таќсимот берун монд. Пас аз ин, тибќи дастури президенти Тољикистон, он замон таљдиди хољагињои калонњаљм дар кишвар шурўъ шуд. Соли 2002 хољагии "Сафар Сангин" ба ду таќсим шуд - "Сафар Сангин" ва "Сангин Сафар". Он замоне буд, ки харитаи замини хољагињо дар кишвар иваз мешуд ва харитаи заминсозии соли 1981 - и замони Шўравиро ба замони истиќлолият мутобиќ мекарданд. Ин ваќт таљдиди заминњои Ассотсиатсияи ба номи Рўдакии ноњияи Масчоњ, ки "Сафар Сангин" ба он дохил мешуд, низ љараён дошт. Ин ба он маъност, ки њанўз харитаи нав ба вуљуд наомада, хољагињои дењќонии "Сангин Сафар" бо 26 ва "Сафар Сангин" бо 53 сањмдор аз рўи харитаи соли 1981 таќсим шуданд. Аз рўи ин таќсимот ба 26 сањмдори хољагии "Сангин Сафар" 24,52 гектар, аз љумла 22,10 гектар замини корами обї људо шуд. Тайи солњои 2002 то 2012 16 сањмдори "Сангин Сафар" хољагињои худро таъсис дода, мустаќил шуданд. Мањз он замон ошкор шуд, ки замини корами хољагї 2,56 га кам буда, ин замин дар њудуди хољагии "Сафар Сангин" боќї мондааст ва ба се сањмдор замин намерасад. Яъне замини корами обии хољагї на 24,52, балки 21,96 га будааст. Ин камбуд њам сирф аз њисоби замини корами обї аст, ки бояд 22,10 га бошад, аммо њоло 19,54 га аст. Танњо талаби Абдуќаюм Сафаров ин буд, ки заминњои корами обии собиќ хољагии "Сафар Сангин", ё имрўза "Сафар Сангин" ва "Сангин Сафар" бори дигар чен кунанд ва зиёду кам буданашон ошкор шаванд. Њамон сол комиссияи њукуматї камбуди заминро тасдиќ намуд. Раиси ваќти ноњия бо ќарори худ аз 9 апрели соли 2012 хољагии "Сафар Сангин" - ро муваззаф кард, ки 2,56 га - заминро ба хољагии "Сангин Сафар" баргардонад. Аммо Суди иќтисодии вилояти Суѓд (аз 1 ноябри соли 2012) ва сипас, Суди Олии иќтисодии Тољикистон ин ќарори раиси ноњияро беэътибор донистанд. Њамин тавр, мурољиатњои бамаротиби Абдуќаюм Сафаров ба прокуратурањо ва кумитањои замини ноњия ва вилоят натиља надоданд. Њарчанд Кумитаи заминсозии вилояти Суѓд дар љавоб ба аризаи хаттии ў аз 8 апрели соли 2015 иќрор кардааст, ки хољагии дењќонии "Сангин Сафар" норасоии замини корами обї дорад, аммо маќомоти зидахл ба он эътибор надоданд...
Мактуби дуюм ва вокунишњои суолангез Тибќи фармони 622 - и президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон аз 7 феврали соли 2009 дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма ва њам Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва дигар ВАО" масъулин муваззафанд дар муддати се рўз ва њадди нињої - ду њафта вокуниши худро пешнињод кунанд. Њамчунин вокуниш ба матлаби "Беадолатї дар Мастчоњ" аз нињодњое, ки мурољиат шуд, дар муњлати муайянкардаи ќонун ворид нашуд. Абдуќаюм Сафаров дигарбора бо мактуб ба "Нигоњ" мурољиат кард, ки дар шумораи 12 (445) аз 17 июни соли 2015 тањти унвони "Ало, прокуратура!" ба нашр расид. Муаллиф дар он аз бархўрди ѓайривоќеии маќомот ба мушкилаш шикоят карда, сабаби таъхири онњоро пурсон шуд. Аз мурољиати ў
ВОЛОИЯТИ ЌОНУН
БЕАДОЛАТЇ ДАР МАСТЧОЊ - 2
Бањси камбуди замин дар хољагии "Сангин Сафар" зарурати таваљљуњи Рустами Эмомалї, директори Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияро ба миён овардааст
бармеомад, ки маќомоти масъул дар ин миён дар љустуљўи роњи њалланд. Дар посухе, ки ба ў аз В. М. Вањњобов, муовини Прокурори генералии Тољикистон аз 27 майи соли 2015 расидааст, ба пешнињоди прокуратураи Суѓд такя мешавад. Прокуратураи Суѓд пешнињод карда буд, ки сањми 26 сањмдори 9 хољагии "Сангин Сафар" бекор карда, заминњои ѓайрикорами ин хољагї обї њисобида шаванд. Абдуќаюм Сафаров ба хулосае расид, ки њаќќи ќонуниашро на аз њисоби заминњои обии хољагии "Сафар Сангин", балки аз њисоби заминњои ѓайрикорами худи хољагии "Сангин Сафар" мехоњанд барќарор кунанд. Ў мегўяд, дар чунин шеваи њалли мушкили ў "кумитаи заминсозии ноњия ва бештар аз њама прокурори ноњия манфиатдоранд", зеро "онњо хуб медонанд, ки замини корами обии хољагии "Сафар Сангин" зиёдатї асту замини корами обии "Сангин Сафар" кам, аммо намехоњанд инро бо роњи ќонунї бартараф созанд. Чаро намехоњанд? Ман њаминро пурсиданиам!" 1 июл, он њам пас аз ёдраси хаттии њафтанома (27 май), вокуниши прокуратураи Суѓд бо имзои муовини прокурори вилоят Арабшо Солизода ворид шуд, ки дар шумораи №15 (448) - и "Нигоњ" аз 8 июли соли 2015 ба нашр расид. Дар он сабаби камбуди замин дар хољагии "Сангин Сафар" ба нодуруст таќсим шудани замин миёни худи хољагињои људошуда аз "Сангин Сафар" рабт дода мешавад. Бино ба он, хољагии "Сангин Сафар" њамон заминеро, ки аз соли 2002 гирифтааст, яъне 24,52 га- ро дорад, аммо ба далели бемасъулиятии масъулин "дар асоси ќарорњои раиси ноњия аз њисоби сањми заминњои 3 сањмдори хољагии дењќонии "Сангин Сафар" (ба њар яке 0,93 га = 2,79 га) ба хољагињои дењќонии "Суруш" - 0,42 га, "Фарњод" - 1,52 га, "Мењр" - 0,34 га ва "Наљот" - 0,51 га дар маљмуъ 2,79 га ќитъаи замин зиёд вобаста карда шудааст". Ва бино ба ин посух, сабаби ба 3 сањмдор нарасидани замин мањз таќсим шудани замини онњо миёни хољагињои дигар аст. Прокуратура барои њалли масъала 20 апрели соли 2015 ба раиси ноњияи Мастчоњ пешнињод кардааст, ки ќарорњои ташкили хољагињои дењќонии "Фарњод", "Суруш", "Орият", "Наљот", "Мењр", "Муллорањмат", "Ањлиддин", "Садафхоним" ва "Фаридун" - ро бекор карда, заминњои хољагии "Сангин Сафар"-ро,
ки бо ќарори раиси ноњияи Мастчоњ аз 30 ноябри соли 2002 таќсим шудаанд, аз нав таќсим кунад. Раиси ноњияи Масчоњ аз 19 майи соли 2015 (ќариб пас аз як моњи нашри матлаб дар "Нигоњ") 9 ќарори ќаблиро дар бораи ташкили хољагињои дењќонии фавќуззикр бекор кард ва кумитаи замини ноњия вазифадор шуд, ки "барои аз нав дар мањал дуруст људо ва вобаста намудани ќитъањои замин сањмдорони хољагии дењќонии "Сангин Сафар" њуљљатњои заруриро ба муњокимаи комиссияи азнавташкилдињии ташкилоту корхонањои ноњия пешнињод намояд". Пас аз ин вокуниши Акбар Ятимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тољикистон ба мо дастрас ва дар шумораи №21 (454) - и "Нигоњ" аз 19 августи соли 2015 ба нашр расид. Дар ин посух гуфта мешавад, ки 9 хољагии фавќуззикр "аз њисоби заминњои хољагии дењќонии "Сангин Сафар", воќеъ дар њудуди љамоати шањраки Бўстони ноњия ташкил карда шудааст. Њангоми таљдиди хољагињои дењќонии мазкур ба камбудињо роњ дода шудааст, ки он боиси пайдо шудани бањс гардидааст". Аз ин посух низ бармеояд, ки замини хољагињои фавќуззикр аз нав ташкил мешаванд. Њамин тавр, маќомоти масъул посухи суоли асосии Абдулќаюм Сафаровро, ки "2,56 замини корами обии ў куљост?" доданд. Аммо ин нуктаро, ки ин замин, яъне 2,56 га дар њудуди хољагии "Сафар Сангин" њаст ё нест, касе рўшан накард. Њол он, ки асли даъво њамин аст. Вазъ, ба истилоњи мардум, "аз риш канда, ба мўйлаб часпондан" - ро мемонд. Аз њамин сабаб, "Нигоњ" тасмим гирифт хабарнигорашро ба Мастчоњ фиристад, то ќазияро рў ба рў бо масъулин матрањ карда, тањќиќи худро анљом дињад.
Ду харитаи як харита Пеши хабарнигори мо суоли асосї ин буд, ки маќомот то куљо бањси хољагии "Сангин Сафар" - ро воќеї баррасї мекунанд ва то куљо барои анљоми ин бањси чандсола ирода доранд. Аз суњбат бо Фирдавс Љањонгирї, прокурори ноњияи Мастчоњ, ки мавзуро муфассал шарњ дод, даъвои Абдулќаюм Сафаров сињат надорад, зеро дар хољагии "Сафар Сан-
гин" замини зиёдатї набуд ва њоло њам нест. Вай афзуд, азбаски чунин замин набуд, маќомоти масъул ба љустуљўи замини гумшуда афтоданд, онро пайдо карданд, зеро замин ќудрати зиёд ё камшавї надорад ва бидуни шак, ки њасту пайдо мешавад. Њамчунин нуктаро раиси ноњияи Масчоњ Ѓайрат Азиззода баён дошт, ки як њайати маќомоти зидахл дар пайи њалли ин масъала шуда, ба натиља расидаанд. Аммо чї тавр? Тафсилоти њалли бањсро, ки аз ќабл ба мо дар посухи прокуратураи вилояти Суѓд ва Кумитаи заминсозии Тољикистон маълум буд, яъне бекор кардани сертификати 9 хољагї ва дигарбора чену њисоб кардани замини онњо, аз Умед Зокиров, раиси Кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ шунидем. Ба ќавли ў, зимни ченкунии заминњои хољагии "Сафар Сангин" маълум шуд, ки масоњати онњо бар пояи харитаи соли 1981 сурат гирифта, ба харитаи соли 2002 мувофиќат намекунанд. Вай гуфт, бино ба харитаи соли 1981, хољагии "Сафар Сангин" соли 1999 ва то харитаи соли 2002, 24,52 га масоњати умумї дорад (аз ин, мазрааи обї - 22,10 га, тутзор - 0,47, замини зери об - 0,40 га, замини зери роњ - 0,23, замини љангали муњофизатї 0,21, замини бекорхобида - 1,05 га). Ба ќавли ў, бино ба харитаи соли 2002, акнун хољагї 26, 11 га масоњати умумї дорад (аз ин, мазрааи обї - 23, 20 га, тутзор - 1, 18 га, замини зери об - 0,11 га, замини зери роњ - 0, 14 га, замини љангали муњофизатї - 1, 01 га, замини бекорхобида - 3, 43 га). Вай мегўяд, азбаски замини хољагии "Сангин Сафар" зиёд аст, кумитаи заминсозї ба ин хулоса расид, ки аз рўи сањми 0,93 - гектарї сањми аъзои хољагиро таќсим карда, зиёдатии онро ба њисоби њукумат гузаронад. Аз гуфтаи раиси Кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ бармеояд, ки даъвои Абдуќаюм Сафаров дар бораи кам будани заминаш, на фаќат замини ўро барнамегардонад, балки муљиби аз даст рафтани заминњои худи хољагї мешавад. Ваќте раиси Кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ ба харитаи соли 2002 - и заминњои "Сангин Сафар" такя мекунад, харитаи дигаре, ки бо имзои шахси ў, замони раиси корхонаи давлатии фаръии "Масчоњ - Замин" буданаш расмї шудааст, низ аз соли 2012 вуљуд дорад. Бино ба он, масоњати умумии за-
МУСОЊИБА
минњои хољагии "Сафар Сангин", ки ба гуфтаи Умед Зокиров, аз рўи харитаи соли 1981 тањия шудаанд, 24,52 га аст, на 26,11, ки њоло мегўяд. Чаро соли 2012 заминњои "Сангин Сафар" бо имзои Умед Зокиров чунин њисоб шудаанд, аммо ў имрўз ба харитаи соли 2002 такя мекунад? Мешавад гуфт, ки аз як харитаи соли 2002 њоло ду харита берун омадааст? Умед Зокиров дар посухи ин суол гуфт, зери ин харита имзои ў бошад њам, онро афроди тањти тобеияташ тартиб додаанд ва ў аз воќеият хабар надошт. Вай гуфт, ченкунии такрории ахире, ки сурат гирифт, воќеияти харитаи соли 2002 - ро ошкор кардааст.
Хилофи Ќонуни заминсозї Нурмуњаммад Нуров, нафарест, ки соли 2012 харитаи заминњои хољагии дењќонии "Сангин Сафар" - ро тартиб додааст ва он мутахассисест, ки Умед Зокиров ба ў бовар карда, соли 2012 ин харитаро имзо кардааст. Вай мегўяд, шахсан ин харитаро тартиб дода, омадааст, дурустии њар як нуктаи онро шарњ дињад. Вай мегўяд, маќомоти зидахл, бахусус Кумитаи заминсозї, харитаи хољагии "Сангин Сафар" - ро нодуруст шарњ медињанд, зеро харитаи асл њамин аст ва набояд, ки таѓйироте ба он ворид карда шавад. Вай афзуд, имрўз маќомоти ноњияи Мастчоњ ба хотири он, ки аз Абдулќаюм Сафаров халос шаванд ва таваљљуњ аз "контури 254" мањз ќисмати заминњои обии собиќ хољагии "Сафар Сангин" - ро ба дигар тараф кашанд, бархўрди носолимеро пеш гирифтаанд. Вай мегўяд, замине, ки рўяш бањс сурат гирифтааст, мањз дар "контури 254" љойгир аст, мањз он љо 2,56 га замини зиёдатї ва мутааллиќ ба хољагии "Сангин Сафар" вуљуд дорад. Заминњои ноњияи Масчоњ соли 1956 аз љониби Идораи обёрї ва совхозу сохтмони Осиёи Миёна ё Средазирсовхозстрой харита шудаанд. Бино ба ин харита, ки бо назардошти обёрикунии мувофиќ, њифзи заминњо ва муњити зист аз сўи мутахассисони Иттињоди Шўравї тањия шудааст, заминњои корами обї, тутзору љангалзор, роњу зањбур ва дигар иншооти зарурї аз нуќтаи назари илмї асоснок шуда, њангоми ба харитањои нав, аз љумла соли 1981 гузаштан ин махсусият ба назар гирифта шудааст. Ин вижагиро дар харитаи соли 2002 - и заминњои ноњия низ ба назар гирифтаанд. Аммо Нурмуњаммад Нуров мегўяд, њоло бар хилофи моддаи 4 - "Принсипњои гузаронидани заминсозї" - и Ќонуни заминсозии Тољикистон, ки дар он рўшан омадааст, њангоми гузаронидани заминсозї "таъмини афзалияти њифзи муњити зист нисбат ба зарурияти иќтисодии истифодаи заминњо" муњим аст, маќомот мехоњанд тутзору љангалзор ва заминњои атрофи зањбурњоро замини корами обї гузаронида, хилофи ин ќонун кор мекунанд. Дар навбати худ, Умед Зокиров мегўяд, дар харитаи соли 2002 ва дигарбора таъйидшудаи 2012 заминњои љангалу тутзор ва бекорхобида зиёд нишон дода шудаанд ва тариќи таќаллубкорї заминњои корами обиро нокорам санад кардаанд. Аммо мураттиби харита - Нурмуњаммад Нуров мегўяд, агар заминњои тибќи харита љангалзор ё тутзор нишондодашуда, аз тарафи хољагї вайрон ва корами обї карда шуда
бошанд, вазифаи маќомот ин нест, ки онњоро обї њисоб кунанд, балки тибќи моддаи 4 и Кодекси заминсозии Тољикистон бояд барќарор карда шаванд, зеро дар чунин њол ќоидањои нигањдории оќилонаи замин ва муњити зист халал меёбанд. Умед Зокиров мегўяд, заминњое, ки дар харитаву њуљљатњо љангалзор гузаштаанд, њељ гоњ љангалзор набуданд ва бардуруѓ чунин санад шудаанд. Аз ў мепурсем, ки агар чунин аст, пас ин заминњо, замоне, ки харита мешуданд, барои њифзашон љангалзор бунёд накардаанд? Мавсуф изњори беиттилоотї кард, аммо гуфт, агар љангалзор мебуд, њатман нишоне аз он мебуд, ки њоло аслан нест. Хулоса, маќомоти масъули ноњияи Мастчоњ, пеш аз њама Кумитаи заминсозии он, мутмаинанд, ки сањми 3 сањмдори хољагии "Сангин Сафар" вуљуд дорад, аммо мањз дар њамон њудуде, ки имрўз дорад, на хољагии "Сафар Сангин". Њам прокуратура ва њам раиси ноњия ба иттилое такя мекунанд, ки аз сўи нињоди масъул - Кумитаи заминсозии ноњия пешнињод шудааст. Ва тавре дида мешавад, ин нињод њам мекўшад он "ривоят" еро, ки барояш эљод шудааст, яъне мављуд будани 2,56 га камбуди замини хољагии "Сангин Сафар" ва 3 сањмдораш мањз дар њудудњои ин хољагї, на берун аз онро асоснок мекунанд. Њоло онњо бар ин боваранд, ки бино ба харитаи соли 2002, хољагии "Сангин Сафар" 26, 11 га масоњати умумї дорад, на 24,52 га, ки дар харитаи соли 1981 ва нусхаи таъйидшудаи харитаи соли 2002 дар соли 2012 омадааст. Њисоби оддї њам чунин аст: 0,93Х26=24,18, яъне њар 26 сањмдор 0,93 гектарї љамъ 24, 18 га замин гирифтааст. Дар њамин њол, Абдулќаюм Сафаров, сарвари хољагии "Сангин Сафар", иддаои зиёд будани заминњои хољагиашро рад карда, мегўяд, маќомот заминњои нокорами солњои ахир корамшуда аз њисоби зањбуру љангалро замини корами обї аснод карда, бо њамин мехоњанд гўянд, ки сањми моро пайдо кардаанд ва даъвоњои мо дар ин маврид поя надоранд. Вай афзуд, дар асл ин бањси комилан дигар аст ва маќомот бо ин роњ, бахусус пас аз мурољиатњои ў ба васоити ахбори умум ва таќозои эњтимолии нињодњои болоиашон мехоњанд масъаларо "њаллу фасл" кунанд. Ба ќавли ў, маќомот ба даъвои асосии ў - пайдо кардани сањмаш аз хољагии "Сафар Сангин" - и собиќ аслан эътибор намедињанд. Вай афзуд, сухан дар бораи заминњои корами обї меравад, ки таќсим шуд, аммо ба 3 сањмдори хољагии ў нарасид. Вай суол мегузорад, ки чаро Кумитаи заминсозї ба ченкунии заминњои хољагии "Сафар Сангин" (роњбараш Садриддин Халифаев) дар "контури 254" иќдом намекунад, њол он ки 8 апрели соли 2005 О. Хољаев, раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суѓд, эътироф кардааст, ки њангоми ба харитаи соли 2002 гузаронидани харитаи соли 1981 заминњои обии хољагии "Сангин Сафар" аз 22,10 га ба 19,73 га кам шудааст? Воќеан, яке аз суолњое, ки њам бо раиси ноњия, њам прокурор ва њам раиси Кумитаи заминсозї ба миён гузаштем, мањз ин буд: чаро контури 254 чен карда намешавад, дар њоле ки асли бањс ин аст? Њамагї моњиятан як љавоб доданд, ки дар ин контур замини зиёдатї нест. Ин њам дар њоле, ки Кумитаи заминсозии вилояти Суѓд њанўз моњи апрел ин камбудро ошкор карда буд.
Ба љои хулоса Аз рўи суханони мутахассисон, Мастчоњ, яке аз навоњиест, ки заминњои њосилхез дорад ва як ноњияи худкифо ба њисоб меравад. Ба гуфтаи раиси ноњия Ѓайрат Азиззода, дар заминњои пахтаи ноњия аз 11 њазор га њудуди 24 њазор тон пахта гирифта мешавад. Бино ба омор, дар 8 моњи соли равон, замоне, ки аксари идорањо ва навоњї аз иљро нашудани наќшаи андозу дигар пардохтњо аз буњрони иќтисодї шикоят доранду буљаи камбуд пайдо мекунад, Масчоњ наќшаи андозашро ќариб 139 дарсад иљро карда, дар миёни 18 шањру ноњияи Суѓд дар љои аввал меистад ва њатто ба буљаи вилоят ва кишвар 5 миллион сомонї зиёдтар маблаѓ ворид кардааст. Ин далели бармалои он аст, ки иќтисоди ноњия хуб пеш меравад ва хубтар аз ин пеш хоњад рафт, агар њамчунин бањсњоеро њам ба монанди бањси мо мусбат њал кунаду танзими даромадњои буљаи ноњияро дуруст ба роњ монад. Ин аз менељмент ё рањбарї сахт вобаста аст. Аммо тањќиќи мо дар мавриди бањси замини хољагии "Сангин Сафар" нишон дод, ки ин менељмент, бахусус дар соњаи кишоварзї, соњаи асосии иќтисоди ноњия, на њамеша муваффаќ аст, бахусус дар мисоли Кумитаи заминсозї. Бањси мо танњо рўшан кардани ин матлаб буд, ки оё 2,56 га замини корами обии хољагии "Сангин Сафар" куљо шудааст ва чаро 3 сањмдор замини аз рўи ќонун муќаррар шудаи худро надоранд? Барои мо далелњое лозим буданд, ки посухи суоли мо бошанд, аммо посухњоеро шунидем, ки суханро аз мантиќу моњият ба давру бари масъала мебарад ва далоиле пеш оварда мешаванд, ки гоњо ба њамдигар мухолифат доранд, масалан: 1) Кумитаи заминсозї пас аз 13 соли харитаи соли 2002 муайян мекунад, ки масоњати умумии заминњои хољагии "Сангин Сафар" на 24,52 га, балки 26, 11 га аст. Хуб. Пас чаро соли 2012, ваќте парвандаи заминсозии хољагї тањия шуд, масоњати умумии заминњои хољагї 24,52 га њисоб шудааст? Харитае, ки дар борааш Кумитаи заминсозї суњбат мекунад, аз соли 2002 аст, ё соли 2012 ё њамин сол? 2) Агар чунин аст, пас муаллифи харитањои соли 2002 ва 2012 кадом љанобони Икс - номаълуманд, ки ин корро кардаанду масъулини имрўзи Кумитаи заминсозиву дар умум ноњияро дар њолати ногувор мондаанд? Не, албатта. Онњо шахсони воќеї ва њоло њам сари кору њол њастанд. Дигар ин, ки тамоми посухњои прокуратурањову кумитањои заминсозии вилояту ноњия аз рўи маълумоти мањз харитаи 24, 52 га тањия шудаанд. Аммо Кумитаи заминсозї њоло баъди ин ќадар бањс дар бораи 26,11 га мегўяд. Пас Кумитаи заминсозї ба хољагињо, прокуратурањои ноњияву вилоят ва Кумитаи заминсозии вилоят ќаблан, яъне то бањси мо, маълумоти нодуруст пешнињод мекард? 3) Моддаи 4 - и Ќонуни заминсозии Тољикистон муњити зист - экологияро бар истифодаи замин, дурусттараш, судбардорї аз замин тарљењ медињад. Пас Кумитаи заминсозии ноњияи Масчоњ чаро аз хољагии "Сангин Сафар" таќозо намекунад, ки љангалњоро барќарор намояд, аммо ба љои он мехоњад ин заминњоро корами обї санад кунад? Ба ќавли дењќонон, њатто зањбурњо аз замони Шўравї то ба имрўз тоза нашуда, ин хатарро ба вуљуд овардаанд, ки заминњои корам низ зањбур шаванд, аммо Кумитаи заминсозї ба ин
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
9
вазъ таваљљуњ намекунад. 4) Даъвои Абдуќаюм Сафаров танњо сари замини корами обї аст, на дигар намуди заминњо. Замини корами обии бањсї дар контури 254 аст. Аммо Кумитаи заминсозї аслан намехоњад онро чен кунад. Чаро? Агар мавзуъ љавоби ќаноатбахш додан ба даъвогар Сафаров мањз чен кардани контури 254 бошад, чаро ин корро намекунанд? Бубинед: соли 2002 79 сањмдор дар маљмўъ 64, 45 га замини обї аз 81, 82 га масоњати умумии заминњои корами обии хољагї гирифтанд (фонди захиравї - 14, 41 га). Инак, 64, 45+14, 41 = 78, 86. Аммо масоњати умумии замини корами обї 81, 82 га буд. Ваќте 78, 86 га - ро ба мардум таќсим карданд, баќия 2,97 га куљо шуд? Маълум, ки њаст ва ба бовари Абдуќаюм Сафаров, дар хољагии "Сафар Сангин" мондааст. 5) Умед Зокиров, раиси Кумитаи заминсозии Мастчоњ, харитаи дар парвандаи заминсозии соли 2012 омадаро, ки аз љониби суд бекор карда шуд, асос намуда, дар асоси ќарори 218 - и раиси ноњияи Масчоњ аз соли 2012 ба хољагињои "Мењрона", "Мењр", "Наљот" ва "Фаридун" бо имзои худ аз солњои 2013 то 2015 (!) шањодатнома дод? Њол он, ки ин ќарори раиси ноњияро, ки 9 апрели соли 2012 содир шудааст, Суди Олии иќтисодии Тољикистон 24 августи њамон сол бекор кардааст? Магар маќоми Кумитаи заминсозї аз Суди Олии иќтисодї болотар аст? 6) 16 апрели соли 2015 як њайат иборат аз прокуратурањои вилоят, кумитањои заминсозии вилояту ноњия барои чен кардани заминњои хољагии "Сафар Сангин" эъзом шуд. Ин њайат бо метр заминњоро чен карда, ошкор намуд, ки замини хољагии "Сафар Сангин" 2, 37 га зиёд аст. Аммо то ба имрўз натиљаи кори ин њайат санад нашудааст. Чаро? Аммо њоло ваќте маќомоти дахлдор мегўянд, ки замини хољагии "Сафар Сангин" зиёдатї нест, пас ин гуфтугузорњо дар бораи ба сањмдорони нав таќсим кардани замини зиёдатии ин хољагї дуруст буда метавонанд? Ин њам дар њоле, ки бањси замин идома дорад ва касе ба љуз аз 79 сањмдор аз соли 1999 наметавонад ба сањми хољагињо њамроњ шавад. 7) Сафаровро ба он муттањам мекунанд, ки ѓайриќонунї заминњои нокорамро корам карда, фоида дида гаштааст, аммо андозу дигар пардохтњои давлатро намедињад. Хуб. Аммо чаро то имрўз ин ќонуншиканињоро касе надид. Метавонем хулоса кунем, ки ба љои њалли бањс маќомот барои љустуљўи "айбњо" - и Сафаров гузаштаанд ва мехоњад ўро "љазо" дињанд? 8) Як даъвои дигари маќомот алайњи Абдуќаюм Сафаров ин аст, ки ў дар Исфара, ноњияи дигар, зиндагї мекунад ва заминњояшро ба иљора дода, фоида мебинад. Аввал, Исфара Амрико ва Сафаров амрикої аст? Албатта, не, агар аз Мурѓоб њам бошад, шањрванди Тољикистон аст ва њаќќи фаъолият дар тамоми гўшаву канори ватанашро дорад. Дуюм, ба иљора додани замин љиноят аст ё кай чунин буд? 9) Раиси ноњия ва прокурор ирода доранд, ки бањсро мунсифона ва аз рўи ќонуну адолат њал кунанд, аммо њамоно ба маълумот ва бинишњои Кумитаи заминсозии ноњияи Мастчоњ такя мекунанд. Оё дуруст мекунанд? Аз нигоњи ќонуну давлатдорї, бале, чун ин нињод мањз масъулияти њалли ин бањсњоро дорад, чун соњааш аст. Аммо ин њам бењуда нахоњад буд, агар онњо барои дурустии ваљњњо ва асноде, ки ин нињод ба онњо медињад, шак њам дошта бошанд. Тавре дида мешавад, маќомоти зидахли ноњияи Масчоњ аслан бар он мекўшанд, ки бањси замини хољагии "Сангин Сафар" - ро бо роњњои худ ва хилофи мантиќу ќонун њал кунанд. Дар чунин њол, зарур аст, нињоди дигаре, ки ба он Абдуќаюм Сафаров мурољиат карда буд, он њам Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия, низ посухи худро ироа кунад, зеро маълум аст, ки дар бањси мудаввом љонибњо торафт бар мавќењои худ пофишорї мекунанд ва намегузоранд, ки бањс мунсифона ва аз рўи адолат њал шавад. Њоло мо мебинем, ки дар нињодњои мавриди бањси мо мушкили камбуди замини хољагии "Сангин Сафар" - и ноњияи Мастчоњ дар сатњи ноњия ва вилоят њалли худро наёфт ва торафт бањсњо аз воќеият дур мешавад. Аз ин хотир, зарур аст, ки Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон, нињоди холис ва нозири фаъолияти корхонаву муассисањои давлатї низ ба ин мавзуъ таваљљуњ кунад, то њаќро ба њаќдор расонад. "НИГОЊ"
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
Таваљљуњи Чин ба Осиёи Марказї бањси наве нест, солњост дар ин бора њарф мезананд, бахусус аз замоне, ки бахше аз заминњои Тољикистон ба вай тааллуќ гирифт, аз замоне, ки бузургтарин сармоягузори иќтисод дар Тољикистон шуд, замоне, ки миллиардњо долларро сарфи рушди иќтисодиву иљтимої дар Ќазоќистону Ќирѓизистону Узбакистон кард, ин фарзияњо рў заданд, ки њадаф зери тасарруф даровардани ин ќаламрави бузург аст. Ахиран як нашрияи амрикої бо номи "Foreign Policy" бо нашри маќолаи тањлилии Љон Њадсон ба ин натиља расидааст, ки њоло Чин љиддан тасмим гирифтааст Осиёи Марказиро зери тасарруфи худ дарорад ва сарсахттарин мухолифи геополитикии он Иёлоти Муттањидаи Амрико ба ин монеъ намешавад ва њатто аз ин шод аст. Ин тањлилгар як сайри кутоњ дар равобити Чин бо њамсоягони дуру наздикаш ва бахусус Покистон дорад ва менависад, ки солњост, ки Пекин талош дорад дар дили Осиё - Афѓонистон љойи по пайдо кунад, вале њамеша талошњояш номуваффаќ анљом мешуданд, чун он замонњо ИМА ба ин мухолифат мекард. Аммо њоло бошад вазъ дигаргун шудааст, имконоти бештари њузури Чин дар ќаламрави имрўзаи тањти нуфузи ИМА афзудааст. Дар ќисмати љанубу ѓарбии Покистон чинињо як бандари бањриро идора мекунанд, ки ба обњои уќёнуси Њинд мебарад, дуртар аз Кашир коргарони Чин барќарорсозии 5 наќберо ба анљом расонданд, ки ба масофаи 800 километр Чин ва Покистонро ба њам васл мекунад. Аз сўйи дигар Чин талош дорад дар рушди инфраструктураи саноативу иќтисодии минтаќа наќши бориз дошта бошад ва ин њам як василаи наздикшавии бештар аст. Дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роњ" Чин ваъда дод, ки барои бунёди хатњои интиќоли барќ, роњњои нав, шохањои роњи оњан ва бандарњое, ки Чинро бо Осиёи Марказї ва Осиёи Љанубї мепайвандад, миллардњо доллар сармоягузорї кунад. Аксари тањлилгарон дар ин лоињањо посухи Пекинро ба лоињаи "рў ба Осиё"-и маъмурияти Обама дидаанд. Вале ба хотири таъмини амният њоло Кохи Сафед аз он ки Чин басо фаъолона дар сањнаи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоии кишварњои Осиёи Марказї ва Љанубї наќш мебозад, чї дар суњбатњои мањрамона ва чї дар суханронињои расмї изњори хушнудї мекунад. "Дар њоле, ки Амрико то анљоми маъмурияти Обама мехоњад неруњояшро аз минтаќа берун кашад, пас агар Чин вазифаи муќовимат бо терроризмро дар минтаќа бар дўш гирад, онњо садди роњаш намешаванд",- менависад Љон Њадсон. Яъне,
ЉАЊОН
ТАЛОШИ ЧИН "Аждањои сурх" Осиёи Марказиро фурў мебарад? иљоза ба тањкими мавќеъ аз љониби Вашингтон пазируфтанист. Ин дар њолест, ки Русия ва Њинд - ду бозингари дигари минтаќаї аз тавсеъаи њузури Чин нигаронанд. Таъсирбахшатарин лоињањои чинї ин ташкили шабакањои тиљоратиест, ки хатсайри Осиёи Марказї ва Љанубиро убур мекунанд. ИМА пештар аз ин талош карда буд бо роњандозии ташаббуси "Роњи абрешими нав" мустаќиман вориди сањнаи дигари мубориза барои касби нуфуз шавад. Вале мушкил он буд, ки чор сол пеш ва њатто имрўз њам ИМА омода набуду нест, ки миллиардњо долларро сарфи ин лоиња кунад. Ин дар њолест, ки моњи апрели соли равон президенти Чин Си Љинпин ваъда дод, ки ифраструктураи Покистонро 46 миллиард доллар сармоягузорї мекунад. Муаллифи маќола менависад, ки албатта, дар ќиёс ба кўмакњои њарсолаи думиллиарддоллараи ИМА ваъдаи 46 миллард доллар зарфи шаш соли оянда, ки Пекин кардааст, роњбарони Покистонро ба он умедвор мекунад, ки вазъи иќтисодиву саноатии кишварашонро хеле бењбуд мебахшанд. Муњим он аст, ки дар доираи ин лоиња Навоз Шариф метавонад буњрони энержии кишварашро то
њадде коњиш дињад ва њатто вобастагї аз нерўи хориљиро аз миён барад. Ва боз аз њисоби њамин 46 миллиард доллар Чин бунёди роњњову кашидани хатњои интииќоли нафту газро њам дар назар дорад. Аммо нуктаи дигарро низ Пекин фаромўш намекунанд. Танњо бо кўмакњои иќтисодиву бунёди роњњову роњњои оњанн наметавон бо терроризм ва экстремизм мубориза бурд. Ин дар њолест, ки ваќтњои охир аз њузури љангиёни уйѓур дар њайати Толибон ва "Давлати исломї" зиёд гуфта мешавад. Чин аз бедории уйѓурњои мусалмон тарс дорад ва пайваста иќдомоти дањшатафканеро алайњи онњо дар зодбумашон анљом медињад. Вале таъсири гуруњњои мусаллањи беруна дар марзњои ин кишвар наметавонад муљиби изтиробу нигаронї набошад. Пекин аз он дар бим аст, ки ба муљарради хуруљи амрикоињо аз Афѓонистон дар поёни соли 2016 вазъ дар ќаламрави вилояти Синзян метавонад муташанниљ шавад. Ин аст, ки талош дорад ташаббускори муколама миёни давлати Кобул бо Толибон бошад. "Соњибмансабони Чин бар ин назаранд, ки њалли сиёсии буњрон дар Афѓонистон роњи
ягонаи љилавгирї аз вуруди паноњандагони уйѓур ба ин минтаќа аст. Мањз тарс аз ноамнињои эњтимолї Пекинро водор кард, ки роњњои њалли дипломатии буњрони Афѓонистонро љўё шавад. Ягон кишвари минтаќа ба њадди Чин љонибдори фаъоли гуфтушуниди њукумати Кобул бо Толибон набуд", - гуфтааст Эндрю Смолл, тањлилгари Хазинаи олмонии Маршалл. Вале дар оѓоз Чин аслан таваљљуње ба масъалаи Афѓонистону Покистон надоштааст. Эндрю Смолл аз замони талошњои дипломатии Ричард Њолбрук ёдовар мешавад, ки борњо хостааст Пекинро ба талошњои дипломатї моил созад, вале њар бор ин кушишњояш бенатиља анљом мешудаанд. Марњум Њолбрук навиштааст, ки "соли 2009 дар аввалин мулоќотам бо чинињо њамкасбонам дар Пекин њато намехостанд калимањои "Афѓонистон" ва "Покистон" дар рўзномаи гуфтушунидњо бошанд". Аммо бо гузашти замон Пекин шояд дарк кард, ки ноамнї дар Афѓонистон, нерў гирифтани Толибон ва густариши фаъолияти ДОИШ метавонад ба амнияти ин кишвар низ бетаъсир намонад. Ин буд, ки соли 2014 Пекин яке аз собиќадорони дипломатии худ Син Юйсиро намояндаи вижаи худ дар умури Афѓонистон таъин кард. Юйси аввалин талоше, ки кард барои сари мизи гуфтушунид овардани Толибон ва сарварони њукумати Кобул буд ва дар ин талош муваффаќ њам шуд. Вай бо намояндаи ваколатдори Толибон дар Муррї, каме дуртар аз Исломобод мулоќот кард ва табиист, ки ин гуна дидор наметавонист бидуни мувофаќа ва мусоидати Покистон амалї шавад. Дэниэл Марки - корманди аршади илмии Шўрои муносибатњои байналмилалии Амрико инро гардиш куллї дар муносибати Пекин бо буњрони минтаќавї номидааст. Танњо Њинд ва Русия аз амалкарди Чин дар минтаќа нигаронанд. Маскав бар ин назар аст, ки барномањои иќтисодии Чин њадафи дар кутоњмуддат ишѓол кардани Осиёи Марказиро ба дунбол доранд. Дењлии нав бошад наздикии Пекин бо Исломободро бар зарари манофеи худ медонад. Судња Рамачандран, тањлилгари машњури њиндї дар Central AsiaCaucasus Analyst навишта буд, ки чинињо аз кўмаки покистонињо ба људоихоњони Кашмир пуштибонї ва дар анљуманњои байналмилалї аз манфиатњои Покистон њимоят мекунанд". Ва бо вуљуди он ки Маскав ва Дењлї иртиботи Чин бо Покистонро як паёми нохуш барои худ медонанд, вале амрикоињоро аз ин њол хуш омадааст, зеро дар паспардаи ин талошњои Пекин Вашингтон коњиши нуфузи Маскав дар Осиёи Марказиро мебинад.
ЉАБЊАИ ДУЮМ Чаро Натанёњу аз тараддудњои Русия дар Сурия нигарон аст?
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоќот бо сарвазири Исроил Бинямин Натанёњу гуфт, ки њукуматдорони Сурия њоло сари ифтитоњи љабњаи дуюм андеша надоранд. Натанёњу ба манфиатњои муштараки ду кишвар дар ин буњрон ишора намуд ва изњори нигаронї кард. Дар љойе дигар аз суњбаташ сарвари давлати яњудї ба он ишора кард, ки Сурия ва Эрон ба гуруњњои тундрав силоњ тањвил медињанд ва ин амнияти Исроилро бештар зери хатар мегузорад. Путин дар посух гуфт, ки Русия дар Ховари Миёна аз хеле замонњо њузур дошт ва њоло њам аз рўйи масъулият амал хоњад кард. "Мо њеч гоњ фаромўш намекунем, ки дар Исроил бисёр сокинони
Шўравии собиќ њам зиндагонї мекунанд ва амали Русия њамеша бомасъулиятона хоњад буд",- гуфт сарвари давлати Русия. Нигаронии Бинямин Натанёњу аз густариши ќудрати ДОИШ на он нигарониест, ки аз "Њамос" ва Њизбуллоњ" дорад. Аз хеле моњњо ба инљониб тањлилграон ба ин натиља расидаанд, ки ДОИШ њеч гоњ ба Исроил њамла намекунад ва Исроил њам хавфе аз он надорад. Зеро ин кишвар созмони террористии "Давлати исломї"-ро ба хотири аз байн бурдани њарифи деринаш Башор Асад истифода мебарад. Дањшатафканињои ДОИШ дар Ховари Миёна пинаки Исроилро аслан вайрон накард ва њатто коршиносон бар ин назар шудаанд, ки давлати яњудї
хеле оромтару беташвиштар аз ќабл аст ва њеч нигароние надорад. Аммо чаро чунин аст? Исроил дар минтаќаи Ховари Миёна ду мушкили аслї дорад, менависад Рамазон Алпаут. Мушкили аввал бо Эрон аст, ки баъди муоњада бо Ѓарб сари барномањои атомии худ аз нармиш дар равобиташ бо Аврупо ва Амрико ово дод. Аз сўйи дигар Тел-Авив њеч гоњ он аќидаашро дигар накардааст, ки барномањои њастаии Эрон њадафи бунёди бомби атомї доранд. Ин буд, ки талошњои маъмурияти Обамаро дар ин маврид мањкум намуд. Ва агар аз ин бештар натавонад муќовимат кунад ва Эрон њам воќеан даст аз сохтани бомби њастаї бардорад, пас Ироил ба душмани дигараш-"Њизбуллоњ"-и Лубнон меандешад, ки аз нерумандии он хавф дорад. Ва боз ин дар њолест, ки пуштупаноњ ва нигањдорандаи он мањз Эрон аст. Хадамоти љосусии
Исроил ахиран иттилоъ дода буд, ки "Њизбуллоњ" њоло дорои бештар аз 100 њазор мушаки дурбурдаш гуногун аст. Вале давлати яњудї талош дорад, ки ба "Њизбуллоњ" он имконро надињад, ки ба дарёфти мушакњои даќиќ даст ёбад. Ва маќомоти њарбии Исроил бим аз он доранд, ки замоне њам шояд расад, ки "Њизбуллоњ" ба ќаламрави давлати яњудї рўзе то 1000-1500 мушак партов кунад ва объектњои муњими ин кишварро аз кор барорад ва муљиби талафоти љонии зиёд шавад. Дар Исроил бар ин назаранд, ки њар ќадар Эрон худро аз фишори тањримњои ѓарбї озод њис мекунад, њамон андоза рўзи љазо барои давлати яњудї наздиктар мешавад. Ин тањлилгар мегўяд, дар њоле, ки "Давлати исломї" бо ѓояи зидди шиа будан тавсеъа меёбад, бояд "Њизбуллоњ" худро бештар аз пештар мусаллањ созад. Ва боз ин дар њолест, ки то њамин ду соли пеш њимоятгари аслии Башор Асад мањз
Бобољони ШАФЕЪ
"Њизбуллоњ" буд ва вуљуди он дар марзњои Исроил ин кишварро аз бесуботии эњтимолї метарсонад. Ин аст, ки Исроил мехоњад бо пуштибонї аз ДОИШ душманони худ Эрон ва "Њизбуллоњ"-и Лубнонро заъиф созад. Аммо дар суњбати Натанёњу ва Путин сухан аз ифтитоњи "љабњаи дуюм" меравад, ки сарвари Русия инро рад мекунад. Худи ѓояи "љабњаи дуюм" нав нест, онро низомиёни яњудї аз чанд моњ ба ин љониб, аниќтараш аз замоне, ки Русия тасмим гирифт дар буњрони Сурия хеле фаъолтар бошад, ба забон меоранд. Исроил мехоњад ДОИШ хеле муќовимати шадид бо низоми Асад дошта бошад, то ин ки "Њизбуллоњ" натавонад давлати яњудиро мушакборон кунад. Аз сўйи дигар худи Исроил њам дар талош аст ва дар баландињои Њоланд як ришта амалиётњоеро созмон дода буд, ки бар асари њамлаи бесарнишинњо як фармондењи аршади "Њизбуллоњ" кушта шуд. Ва нињоят: њамагї чанде пештарак матбуоти олам аз як ифшогарии Эдвард Сноуден хабар дода буд. ДОИШ ин "Ал-Ќоида"-и навест, ки Ѓарб сохтааст ва он аз љониби агенти Моссади Исроил Абубакри Баѓдодї сарварї мешавад. Вале дар асл бошад вай корманди оперативии хадамоти љосусии Исроил Шимон Эллиот аст, на кадом араб.
Фирўзи МУЊАММАД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
11
®
Таќдим аз Qnet: (Идома аз шуморањои гузашта) Суръати баланди карйерасозї ва афзоиши баланди маош Барои он ки инсон дар як ширкати муќаррарї карйера созад, одатан, барои ў камаш панљ сол барои тањсил дар мактаби олї, чанд соли дигар зањмати пайдарпай дар ширкат зарур аст. Барои соњиби карйера шудан боз чанд омилњои дигари мањдудкунанда њаст. Масалан, шумораи ками роњбарон дар ширкат низ сабаб шуда метавонад, ки шумо дар идора насабзед. Аммо дар тиљорати шабакавї (ТШ) барои ба карйераи муваффаќ соњиб шудан гоње њатто як сол кифоя аст. Ва ин муњлат баъзан барои соњиби даромади 10 - 15 њазор сомонї дар як моњ шудан кифоя мекунад. Ќуллаи карйера одатан пас аз 3- 4 сол муњайё мегардад ва даромади якмоња то ба дањњо њазор сомонї мерасад. Дар ќулла барои њама хоњишмандон љой мерасад. Ширкатњое њам њастанд, ки шумораи менељерони дараљаи олиашон ба садњо нафар мерасад. Масалан, дар ТШ яке аз машњуртаринњо амрикої Глен Тернер мебошад, ки бо маблаѓи 5000 доллар сар карда, дар давоми панљ сол сарваташро то ба 300 миллион доллар расонд. Албатта, на њамаро чунин насиб њаст. Аз рўи омори ТШ тахмин 10% - и одамон ба комёбии бузург ноил мешаванд. Агар дурусттар фикр кунем, ин њам раќами кам нест. Махсусан, агар мо он далелро ба инобат гирем, ки дар бизнеси анъанавї одатан, танњо 5% ширкатњои хурд ва миёна ба комёбї соњиб мешаванд. Бисёр кормандони ТШ бо таљрибаи 3 - 5-солаи кор дар ин соња аз фаъолият ва даромади якуним - дуњазораи муътадили бардавоми худ
®
Афзалият ва камбудњои Тиљорати шабакавї (ТШ) дар давоми як моњ ќаноатманданд. Суръати баландшавии маош дар ТШ низ таассуротбахш аст. Дар сурати боаќлона тартиб доддани сохтор ва аз рўи наќша тарњрезї кардани таълим даромади корманди ТШ њар сол то ду карат зиёд мешавад! "Ќонуни Комёбї"-е ки асосгузораш Президенти Иттињодияи љањонии тиљорати шабакавї Дорис Вуд мебошад, "Як љамъи як" ном дорад. Ин маънои онро дорад, ки агар дистрибютер ба шабакаи худ дар як моњ танњо як нафарро љалб кунад ва њамаи пайравонаш мисли ў рафтор кунанд, пас дар як сол ин шабака дорои 4096 нафар мешавад. Албатта, дар асл ин тавр намешавад, лекин дар бораи ин раќамњо андешидан меарзад. Дар ТШ такрор ба такрори як суолро дўст медоранд: кадомї бењтар аст - якбора 100 њазор доллар бењтар аст ва ё як сенте, ки њар рўз ду баробар меафзояд? Албатта, сент бењтар аст, љавоб медињад њар як кас, ки бо асосњои риёзиёт шинос мебошад. Зеро дар як сол он ба якчанд миллион доллар мерасад. Новобаста будани карйерасозї аз
муносибати шахсї бо сардорон, њомиён ва роњбарони ширкат. Дар Тиљорати шабакавї комёбї дар карйерасозї 100% аз худи дистрибютер вобаста аст. Зеро аз як зина ба зинаи дигари роњбарї баромаданро танњо ва танњо компутер муайян мекунад. Компутер онро дар асоси њаљми тиљорат ва ё фурўши мањсулот муайян месозад. Дар Тиљорати шабакавї воситабозї нест ва он чї тавре баён кардем, аз муносибати бад бо роњбар дар зинаи поён намемонед. Муносибати намунавї миёни кормандон дар њама сатњ. Њамдигарнофањмї байни зањмату сармоя, ки дар бораи он ќабл њам гуфта будем, барњам дода шуда, он таъмин карда мешавад.
даврї, маводњои видео ва аудиої низ ворид мешавад. Яъне барои такмили худ њар рўз як соат ваќт људо кунед, кифоя аст. Карйерасозии муваффаќ аз љинс, синну сол, соњиби маълумот ва фаъолияти пешини шумо вобаста нест. Дар Тиљорати шабакавї чунин таљрибањо њам буд, ки занњои хонашин дар синни 60-сола ва аз он њам болотар сар карда, соњиби натиљањои назаррас гардиданд. Дар айни замон баръакси онро њам мо мушоњида мекунем. Бизнесменњои љавон, олимон ва њатто психологњо њастанд, ки ба ягон комёбї муваффаќ нашудаанд. Дар ТШ ба комёбї ноил шудан фалсафаи дигар дорад. Ва он аз бизнеси муќаррарї фарќ дорад. Ва ин худ як мавзуи суњбат аст.
Имконияти зуд дастрас гардидани омўзиши касби нав. Одатан дар ТШ дар як - ду сол косиб мешаванд. Барои ин чи тавре ки дар макотиби олї дањњо фанњову садњо китобро мутолиа намудан шарт нест. Тамоми њаљми адабиёти зарурї на аз сї китоб иборат аст. Ба ин њама матбуоти
Имконияти рушд ё сабзиш барои њар кас вуљуд дорад. Рушд яке аз шартњои асосии комёбї аст ва дистрибютере, ки роњбариро орзу дорад, бояд як шахсияти аљоиб бояд бошад. Барои ба ин њадаф расидан пеш аз њама зиёдтар мутолиа бояд кард ва дониши худро дар њама соњањо бояд амиќтар гардонид. Спонсорњои дурандеш њатман аз пайи рушди дистрибютерњои худ мебошанд ва ТШ барои пешрафти ходимони худ маблаѓро дареѓ намедоранд. Бисёр ширкатњои шабакавї барои омўзиши роњбарони дараљаи миёна ва боло онњоро барои иштирок дар машваратњо кишварњои пешрафтаи хориљиро интихоб мекунанд. Њамеша ин гуна машваратњо бо барномањои фарњангї омезиш дода мешавад, то ки ба машварат фиристодањо на танњо чизе биомўзанд, балки њам истироњат кунанд. Ин гуна масрафњо бо осонї бо баланд рафтани њаљми фурўш баргардонида мешаванд. Ва ин гуна машваратњо барои навомадњо бошад, як воситаи хуби дар карйерасозї ќадаме ба пеш гузоштан аст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
БО ШОИР
Сурайё:
БА ОН ЧАШМОН МАРО КУШТАН ТАВОНИСТЇ, ЊАЛОЛАТ БОД! Агар бе ман басар бурдан тавонистї, њалолат бод, Ба роњат зиндагї кардан тавонистї, њалолат бод. Ман аз ин оташи њаљрат чу гул дар хеш пажмурдам, Ту гулњои чаман чидан тавонистї, њалолат бод. Марав аз ман, ки хоњам мурд, гуфтанњо дуруѓ,охир, Њаќиќатро нигар, бе ман тавонистї, њалолат бод. Њамедонам ки ман дунёятам гуфтам ба хушњолї Хато донистаї гуфтан тавонистї, њалолат бод. Замину осмони ман ду чашми пурљилоят буд, Ба он чашмон маро куштан тавонистї, њалолат бод. *** Fусса мегўяд, ба дил танг омадам, оњам бикун, Шукр мегўяд, ки њошо, рўй бар мо њам бикун! Ман намедонам, чї гўям ќиссањои ин дуро, Дар миёни њар ду мондам љонибе роњам бикун. Шукргўён гар кашам оње маро маъзур дор, Ё биёву аз паёми шодї огоњам бикун. Юсуфи гумгаштаро пайдо њамесозї агар, Ман Зулайхоям, канораш зинда дар чоњам бикун. Наxли рўят мењмони Кањкашон баски набуд, Мизбони хотирам шав, њолаи моњам бикун. *** Афсўси бепоён маро, аз ман наї, аз ту наям, Ин бозии ќисмат чаро? Аз ман наї, аз ту наям. Аз њалќаи гирдоби ѓам дасти мадад бар ман бидењ, Марге расон андешаро, аз ман наї, аз ту наям. Аз соњили уммеди ман, мавњи хаёли ту гузашт, Бингар ки тўфон бебаќо, аз ман наї, аз ту наям. Ман ки шиновар нестам, дарёи ишќатро нигар, Fарќам ба гирдоби фано аз ман наї, аз ту наям, Дар бандари бозомадан як дил ба роњат интизор, Киштии васли ту куљо, аз ман наї, аз ту наям. Хоњам ки бошї пеши ман, аммо нахоњам инчунин, Моро њаме бахшад Худо, аз ман наї, аз ту наям. *** Борони дидањоро танњо сукут шоњид, Бар рух давидањоро танњо сукут шоњид. Гурги гурусна буда дарде, ки њамла мекард, Xони рамидањоро танњо сукут шоњид. Осон шуда шикастан ойинаи дили мо, Бишканначидањоро танњо сукут шоњид. Шуд ќиссаи ѓами мо афсона бар ду олам,
Афсун набудањоро танњо сукут шоњид. Пушти хати xудої танњо ки монда будам, Оњи кашидањоро танњо сукут шоњид. Бонуи хоб н - омад бар пойбўси мижгон, Чашми кушудањоро танњо сукут шоњид. Маъзур з-ин шикоят аз бешу аз ками хеш, Њар чи шунидањоро танњо сукут шоњид. *** Чун ёди шумо дар сари мо гашт хиромон, Бечора дилам волаву шайдову парешон. Дар банд маро кардиву аммо ту надонї? Худ бин, ки гирифторї ба ин чоњи занахдон. Аз нозу итобам агарат њеч асар нест, Бар бод дињад аќли туро селаи зулфон. Гармак бинамудат ба назар кулчаи рўям? Чун нон бинамояд ба гадо он мањи тобон. Дар боѓи ду рухсори шумо лола дамидаст, Хандон зи чї бошад бари ин рўйи гулафшон? Чашмони шумо соќии пуртаљриба дорад, Як љуръа нанўшида шудам масту ѓазалхон. Ман масти таманнои нигоњаш шудаам, бин, Коняк ба кињо мебарад он соѓари чашмон? Эй дилбари шўридаи мо рањм бифармо, Озод кун аз доми расанљодуи мижгон. *** Бар садои ќалби зорам њамнаво пайдо нашуд, Бахти хоболудаамро њеч чашмаш во нашуд. Њарчї аз андўњ буд ќисмат ба ман бинвишту лек, Ин хати пешониамро бахти комил љо нашуд. Бин фалак бар мо ѓамаш арзон њаме дорад мудом, Косаи давраш, вале як лањзае аз мо нашуд. Васли рўяшро ба нархи љон харидорї кунам, Пеши чашмаш љони моро ќимматаш боло нашуд. Рўи моњам Ќайсро девона месозад, вале Нек бингар Маљнун имрўз ошиќи шайдо нашуд. Гар ѓами дунё ѓазалхон карда дилро, лек боз Дар гулистони муњаббат булбули гўё нашуд. Бо њама дарде, ки дорам, мўњри хомўшї ба лаб Гуфта будам, ман шикоят бас кунам, аммо нашуд! *** Зи љодуњои чашмонат хабар дорам, ба ин андоза аммо не,
Гирифтори расанљодуи мижгонам, вале дардо, ки аз мо не. Паёпай мекушї моро ба дарду доѓи танњої, вале бозам, Аљал аз мо гурезон аст, умеди будани ту пой бар љо не. Ситезам бо њама дунё, надорам чашми мастатро њамин мушкил, Магар девонагињоям гирифтан касди Исоро зи Мўсо не? Шунидї лола дарди худ даруни сина пинњон карду хандон шуд, Ту њиммат кун, зи лабханди лабони мо биљў пинњон, ки пайдо не. Нигар марзи људоињо гарам девори Чин гашта, ба ќасдаш ман Туро гўям, агар кардам фаромўшат, бидон номам Сурайё не! *** Гашта дилтангї ба ёди чашмњоят мубтало, Интизорї сахт пазмон шуд нигоњатро, биё! Мо ѓариби шањри ѓамњоему андар бекасї Давлати дидори ту дорем танњо илтиљо. Ин ќадар дурї намудан дар ќарори мо набуд, Ин чунин коре магар бошад барои ту раво? Мешавад оё бидуни хандањояш шод буд? Ѓарќи андўњ ин сукути хона мепурсад зи мо. Аќлу ёди мо бубин лабрези ту, бар ман бигў, Ту чї сон осон худатро бар дили мо карда љо? *** Буѓз дорам дар гулў, к-осон намеояд бурун, Гиря туѓён карда ояд, њиќ-њиќам печад дарун. Борњо гуфтанд,- бошад давлате дидори ёр, Бањри савлат рехт бояд дидаро дарёи хун?
Як суоли дигаре садсолахо матрањ шуда, Аз чї ин давлат ба ёрон зуд мегардад забун? Њамчу Лайло сўхтам дар њасрати Маљнуни худ, Дар биёбони ѓамаш девонагї дорам кунун. Эй фалак, андеша дорї? Шонањои як зане, То чї њад бояд кашад бори ѓами гардуни дун? *** Саропо хастиям ќурбони ту буд, Тамоми зиндагї паймони ту буд. Надонистї њама бахту саодат, Нуњуфта дар лаби хандони ту буд. *** Маро ишќќат ба сина роњбар буд, Чаро ќалбат зи ќалбам бехабар буд? Муњаббатро макуш гуфтам, валекин Бароят илтиљоям беасар буд. *** Ба љинси оњани ќалбат бигўям, Дигар њаргиз суроѓатро наљўям, Намебахшам, намебахшам ки ногањ, Дари иќболро бастї ба рўям. *** Тамоми зиндагї як ранг бинам, Фалакро дар назарњо танг бинам. Намехоњам кунам бовар, ки сeям, Ба дасти мењрубонат санг бинам. *** Гирдбоди дард Нашканад як шохаи имони ман Сабзи сабзи сабз интизори ту мемонам! *** Парастухо зи боми хонахои мо гурезон шукр мегуянд, ки одам не, парастуянд...
НИГОЊИ ХОРИЉЇ (Аввалаш дар шуморањои гузашта) Ќисмати чањорум (28.12.2014.) Имрўз якшанбе, дар Тољикистон таътили расмї аст. Мисли урупоињо, ки якшанбе таътил њастанд. Аз замони Иттињоди Шўравї ин рўз баљои љумъа тамоми давоири давлатї ва њукуматї таътил аст. Аммо бозор таътил нест. Ман соати 8, ки њанўз офтоб назада буд, аз хоб бедор шудам. Душ гирифтам ва чойи дуруст кардам, каме мураббо ва шир хўрдам ва ошѓолњоро бардоштам, то дар роњ андозам туйи ошѓолдонї. Сатили забола он наздикињо наёфтам, дидам љое чанд киса ошѓолї канори дарахтест, ман њам он љо гузоштам. Аз хона то бозори Варзоб пиёда рафтам. Њаво хубу олї буд. Сард буд, аммо ба одам мечаспид. Аз бозори Варзоб то чойхонаи Роњат, он љо, ки маѓозаи Њаким буд, бо таксии хаттї рафтам. Далер он љо њотдог дуруст мекард. Ман он љо чойи хўрдам, Њаким бо писари бародараш, ки клоси аввал буд ва имрўз таътил буд, омад. Писари мураттабу боназокате буд. Аз он љо пиёда рафтем порки байраќ (боѓи Парчами миллї), ки наздики майдони Сомонї ва музеи миллии Тољикистон аст. Каме чарх задем ва Муњаммад њам каме дар порк бозї кард. Аз он љо рафтем наздики муљассамаи Рўдакї, ки дар васати майдони Рўдакист. Чандто акс гирифтем, Њаким гуфт, наздики зуњр аст ва бояд писари бародарашро бибарад хона. Аз онњо худоњофизї кардам. Аз дохили порки Рўдакї омадам самти майдони Сомонї. Аккосњои зиёде дар тўли рўз он љо њастанд, то аз одам бо њайкали Сомонї ва майдони он љо акс бигиранд. Бо вуљуди он ки худам дурбин
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
13
САРЗАМИНИ МАРЊАМАТ ВА РАЊМАТ Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур доштам, ќабул кардам яке аз аккосњо аз ман акс бигирад. Гуфт, шумо ин љо бошед, ман 5 даќиќаи дигар акси шуморо омода мекунам ва меоварам. Гуфтам, бошад. Дар њамин њин ду нафар аз одамњои муњофизи майдон, ки он боло буданд, гуфтанд, мехоњї аз мањутаи боло акс бигирї? Ман њам бо ризоят ќабул кардам. Ун оќо маро ба ќисмати боло, баѓали шери сангї ва ќисматњои дигар бурд ва бо дурбини худам аз ман чандин акс гирифт. Куллї хушњол будам ва гуфтам, бибин, чи ќадар ба фикри турист ва гардишгарї њастанд, чун барои афрод рафтан ба ун боло ва акс гирифтан мамнўъ буд. Доштам поин меомадам яке аз онњо маро кашид канор гуфт, 10 сомонї бидењ. Гуфтам барои ч?? Гуфт, омад? боло, акс гирифтї. Дидам ба чандто акс аз ун боло меарзад, чанд ќадам омадам поинтар, яке дигар аз онњо омад гуфт, ба ин њам бидењ. Охир маљбур шудам 20 сомонї ба он ду бидињам. Ба худам гуфтам, пас чандон дилсўзи мани турист набудаанд… Худашон мегуфтанд, њуќуќашон (моњонаашон) кам аст ва харљ зиёд аст. Маъмулан њуќуќи ин афрод дар моњ хаёл накунам бештар аз 700-800 сомонї бошад, яъне чизе њуду-
ди 600 дирњам дар моњ. Аз он љо омадам поин мунтазири аккос шудам, њар ч? сабр кардам аккос наёмад, рубъи соат гузашта буд ва пайдош набуд. Аз аккосњои он даврубар пурсидам, ин аккос, ки акси маро гирифт, куљост? Гуфтанд, исмаш ч? буд? Гуфтам, намедонам. Гуфтанд, нумра надод бењат (бароят.), гуфтам, на. Гуфтанд, ду сето атиле (истудийу) пушти Сомонї њаст, бирав он љо, шояд он љо бошад. Он љо њам рафтам, надидамаш, дасти холї баргаштам. Рафтам, суроѓи пулис, њамон маъмуре, ки аз ман акс гирифта буд, гуфтам, он марде, ки аввал аз ман акс гирифт, исмаш чї буд? Гуфт, Тољиддин. Ба аккосњо гуфтам, шумо Тољиддинро надидед? Гуфтанд, на. То ин ки дидам худаш аз тарафи синамо ба сўи ман меояд. Гуфтам, акс ку? Гуфт, яке аз дўстон аз Шањристон омада, хеле ваќт ўро надида будам, канори синамо бо ў будам. Гуфтам, акаи Тољиддин, аксам ку? Дидам аслан ёдаш рафта чоп кунад. Маъзаратхоњї кард ва бо њам рафтем атиле, то акс омода шуд, дањ даќиќа тўл кашид. Њисобї гурусна шуда будам, дидам рўи тоблуи канори синамо набишта рестурони эронии Љомї. Рафтам дохил,
дидам ин ќисмат ибтидои вурудии синамост, аз мутасаддї пурсидам рестурони эронї куљост? Гуфт, бояд биравї ошёнаи болотар, чандин пала рафтам то расидам ба рестурон. Хилват буд, аммо анвоъи ѓизоњои эронї дошт, ќиматњош њам муносиб буд, аз 25 то 35 сомонї. Ѓизое суфориш додам, дидам садои мусиќии зинда ба гўш мерасад. Аз оќои мудири рестурон пурсидам, ин садо аз куљост? Гуфт, дар солуни синамо иљрои барномаи мусиќии Тољикистон аст. Гуфтам, меша ман бирам. Гуфт, чанд даќиќаи дигар тамом меша. Нишастам ва ѓизома хўрдам ва омадам поин. Ваќте расидам поин, афрод аз солуни синамо хориљ мешуданд. Пурсидам, ин барнома кай дубора иљро меша. Гуфтанд, маълум нест. (Идома дорад)
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
ЧЕЊРА
НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ
ЛАТИФА
ОЁ НОЗИРИ БДА ЊУЌУЌ ДОРАД, КИ ДАР НАЗДИ КАМЕРА ИСТАД? - Њангоми вайрон намудани ќоидаи њаракати роњ аз љониби ронанда оё ўро дар як ваќт њам тариќи камераи "Шањри бехатар" ва њам тариќи протокол пур кардани нозири БДА гунањгор кардан мумкин аст? Дар назди камераи "Шањри бехатар" вазифаи хидматиашро иљро намудани нозири БДА то куљо дуруст аст? Оё нозири БДА њуќуќ дорад, ки дар назди камера истад? Искандар РАСУЛОВ, сокини ноњияи Фирдавсї - Дар асоси ќисми 2 моддаи 51- и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон агар шахс якчанд њуќуќвайронкунии маъмурї содир карда бошад ва парвандањоро нисбати ў дар як ваќт як маќомоти ваколатдори давлатї ё шахси мансабдори ваколатдор баррасї намояд, љазои нињоии нисбат ба ин шахс татбиќшаванда дар доираи танњо як модда муайян карда мешавад, ки љазои нисбатан вазнини маъмуриро пешбинї менамояд. Дар мавриди итоат накардан ба чароѓаки роњнамо, ки њолати њуќуќвайронкунї ба воситаи камерањои назоратї сабт мегардад, аз тарафи корманди БДА нисбати ронанда протоколи маъмурї тартиб дода намешавад. Ба саволи Шумо аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ посух доданд.
ТОЉИКИ МАН ДИГАР ТОЉИКИ ХУДРО МАКУШ!!! - Заррабини њаёти руёрўї мегўяд, ба ќадри њамдигар бирасед, намеарзад ин њама ошуфтабозор, нашояд, ки ба ќатраи хуни ту, њамќавмам љањонро набахшоям. Фидои ќадамњои ту, тољики ман. Бидон, умќи масъала дигар љост. Њадаф дигар љост. Душман дигар љост. Аз куљои Тољикистон будан муњим нест, аз манї, аз кундаи раги обои манї. Намесазад, ки хазони сиёњи бемењргон вазад дар њавливу њудуди ту. Касе аз по дарафтонад бунёди ту, ногузир аст, бо ман биразмад. Илтиљо мекунам, тољикам, дар саромади њар амал, ба охир андеша кун. Бобоям таъкид мекард, ки омили инсон будан аз њама бартар ва афзалтар аст. Чї гуна ба ботини худ хиёнат кунам. Дар кўњистон маъвову марги ману туст. Помирие, ки дар Суѓд набудааст, ќути лоямутро бо њам надидааст, кўлобие, ки ширчойи бадахшии руњбахшро нахўрдааст, суѓдие, ки аз анљири Дарвоз бањра набурдааст ва раштие, ки дар пањлуи њисорие њамнаво набудааст, миллатро дарк карда наметавонад. Миллати ман поянда бош! Рустам СОРБОН, сокини шањри Душанбе
15
АКСИ ГЎЁ
Марде бедор шуда дид, ки шахсе дар байни хона истодааст, пурсид: - Ту ин љо чї кор мекунї? - Њофизї мекунам. - Овозат намебарояд - ку?пурсид мард. - Овозро пагоњї мешунавед, - гуфт он шахс. Мард курпаро ба сараш кашида, бањузур хоб кард. Зани мард сањарї бедор шуда, дид, ки њама чизро рубучин карда, гирифта рафтаанд, доду фарёд сар кард. Мард чї њодиса рўй доданашро фањмида гуфт: - Аљаб марди ростгўе будааст, гуфта буд - а: "Овозро пагоњї мешунавед"... *** - Корманди БДА дар роњ дина маро гаранг кард. Барои чї, мегўяд, рулаш аз тарафи чап нест? - Рост мегўяд, охир! - Рост? Охир ман мототсикл дорам, мошин не! *** Мураббии љавони боѓчаи бачагон дар автобус ба марди рў ба рў нишаста, табассум мекунад. Мард аз ин табассум ба њайрат омада, саволомез абрувонашро мебардорад: - Оњ, ба назарам чунин намуд, ки шумо падари яке аз бачањои ман њастед...
ДАЪВАТ АЗ ЊАМВАТАНОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
ОЁ МЕДОНЕД? ...1 ќатра нефт метавонад 25 литр обро зањрнок кунад. ...аз пахта ќариб 300 намуди мањсулот тайёр мекунанд ва ба њамин хотир, пахта ба гуруњи растанињои универсалї дохил аст. ...аз њама метали љилодињанда нуќра мебошад, чунки дар соњаи саноат аз хокистараш оина месозанд. ...як литр сирко дар зимистон вазнинтар аз тобистон аст. ...инсон дар як шабонарўз 1000 маротиба мижа мезанад. ...дар ваќти хандидан 17 мушаки инсон ба кор медарояд. ...кўдакон ба њисоби миёна дар як рўз то 400 маротиба механданд. ...дили инсон дар як шабонарўз таќрибан 12 литр хунро аз худ мегузаронад. ...жарфии чоњи Замзам 30 метр мебошад. ...нури офтоб то умќи 400 метр ба оби дарё ё бањр мерасад. ...оби гарм назар ба оби хунук вазнинтар аст. ...давлати Љопон аз 3900 љазира иборат аст. ...дарёи калонтарини љањон ин Амазонка мебошад. ...одам 5 соли умарашро фаќат барои хўрокхўрї сарф мекунад. Тањияи Саломиддин АЮБОВ, сокини ноњияи Рўдакї
БА ЉОИ 09 Аз моњи ноябри соли 2007 оѓоз намуда, бо ибтикори маъмурияти Маркази миллии патенту иттилоот ва идораи патенти Авруосиё, Китобхонаи давлатии патентию техникї ба шабакаи умумиљањонии низоми патентию иттилоотии Авруосиё (ЕАПАТИС) www.eapatis.com пайваст карда шуд. Хазинаи патентии шабакаи мазкур зиёда аз 35 миллион њуљљатњои патентиву иттилоотиро дар бар мегирад. Ѓайр аз ин дар маъхаз зиёда аз 30 њазор маќолањои илмї 10 маъхаз доир ба фанњои тиб (тариќи ройгон) барои истифода намудан пешнињод гардидааст. Олимону мутахассисон, ихтироъкорон ва навоварони мо барои љустуљўи маводу иттилооти зарурї њамасола ба хориљи кишвар сафар менамоянд, аммо акнун онњо метавонанд аз ин маъхази бебањои китобхонаи мо бемамоният истифода баранд. Бо мадади мутахассисони китобхона ва ё истифодабаранадгаон худ метавонанд аз навигарињои ихтироъњои љањон аз наздик шинос шаванд ва ё шабењияти ихтироъи худро аз ин шабака дарёб намоянд. Иттилооти хазинаи шабакаи мазкур аз соли 1924 то ба имрўзро ташкил медињад. Ба маълумоти истифодабарандагони Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) ММПИ расонида мешавад, ки барои истифода намудан аз ин маъхази бебањо ба сардори шуъбаи иттилоот ва њуљљатњои патентии КДПТ Назира Содиќова мурољиат намоед. Телефонњо барои тамос: 227 65 17 ва 221 61 84. Почтаи электронї: Librarypatenttj@mail.ru
РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ! ДАСТАТОН ДАРДРО НАБИНАД, КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНЇ! Дар љойи кор будам, ки раиси бинои истиќоматиамон занг зад: - Зуд биё, ки аз дару тирезаи хонаат дуди ѓализ баромада истодааст. Ба фикрам, чизе дар дохил месўзад. Зуд ба хадамоти оташнишонї занг задаму суроѓаро додам ва худ њам ба такси нишаста, ба хона омадам. Аз љойи кор то хона 15 даќиќа ваќт сарф шуд. Дар назди хона аллакай мошини сўхторхомўшкунї меистоду маълум буд, нардбони мошин дар балкони хонаи ман, ки дар ошёнаи 4-ум ќарор дошт, рост карда шуда буд. Ман зуд тариќи даромадгоњ ба хона наздик шудаму дарро бо калид кушодам. То омадани ман як гуруњ дарро канданї шудаанд, вале хушбахтона, ин корро накардаанд. Аз дарун дуди сиёњ мебаромад. Ин аст, ки муваќќатан онњо даромадани маро ба хона манъ карда, хоњиш карданд, ки интизор шавам. Ман њам аз ноилољї интизор шудам. Баъди чанд даќиќаи камтар шудани дуд ман њам ба хона даромадам, ки сўхторхомўшкунакњо аллакай манбаи оташро куллан барњам дода, хонаро аз сўхтор наљот додаанд. Аз сўњбат бо сардори Раёсати ќисми 5 - уми мустаќили њарбикунонидашудаи сўхторхомўшкунии ноњияи Синои шањри Душанбе майёр Музаффар Гафаров маълум шуд, ки онњо баъди ќабули занг дар муддати 6 даќиќа ба љойи њодиса њозир шуда, дар мўњлати 2 даќиќа нардбонро рост карда ва дар се даќиќаи дигар њама манбаи хатарро бартараф карда, имкон надодаанд, ки сўхтор бештар шуда, аз ошхона ба хона гузарад. Рољеъ ба кори гурўњњои оташнишонии пойтахт банда њамеша гузоришњои гуногунро мехондам ва баъзеи онњо танќидї њам буданд. Вале, инак, аз њодисаи бавуќуъомада ба хулосае омадам, ки фаъолияти эшон воќеан боиси тањсин аст. Дар давоми 15 даќиќае, ки ман ба хона расидам, аллакай онњо њама вазифаи худро иљро намуда, мунтазири соњибхона буданд. Баррасии мавзўъ нишон дод, ки љияни донишљўям барои худ хўрок пухтаву куштани плитаи барќиро фаромўш кардааст ва ин амали ў на танњо боиси пухтани хўрок, балки боиси "пухтани худи дег" низ гардидааст. Ин аст натиљаи беэњтиётї. Ба Раёсат ва кормандони ќисми 5 - уми мустаќили њарбикунонидашудаи сўхторхомўшкунии ноњияи Синои шањри Душанбе миннатдории бепоёни худро арз медорам! Холиќназар ЉУМЪАЕВ, сокини шањри Душанбе
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №26 (459), 23. 09. 2015
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
ЊОЉЇ МУЊАММАДРАЊИМ БО НАБЕРААШ МЎСО
МЎСО
Кўдаки панљсолае, ки генерали ўзбакро "шикаст" дод Соли 2013 Мўсо нав ба синни панљ ќадам нињода буд, њанўз дуруст њарф њам намезад, вале њамчун шоњмот ва шашкабоз дар мусобиќањои байни бачањо иштирок мекард ва гоње пирўз мешуд. Тобистони соли 2013 Мўсои панљсола дар чемпионати Тољикистон оид ба шоњмоту шашка, ки дар ноњияи Њамадонї гузашт, иштирок намуд ва аз рўи шашка миёни то 8солањо ѓолиби мусобиќа гардид. То њамон мусобиќа дар ягон намуди варзиш дар Тољикистон чемпиони љумњурї панљсола набуд. Ва ин њам як навъ рекорд аст. Соли гузашта моњи июн дар Тошканд, пойтахти Ўзбакистон, чемпионати Осиё оид ба шоњмот баргузор шуд ва аз Тољикистон то синни 8-солањо Мўсои шашсола бояд иштирок мекард, вале на Кумитаи љавонон ва варзиш ва на дигар созмоне, ба монанди Федератсияи шоњмоти Тољикистон аз уњдаи ташкил кардани сафари ин шоњмотбози боистеъдод набаромаданд. Бале, ў ба мактаб намерафт, вале ба мусобиќаи бузург дар шањри Тошканд бояд мерафт. Аслан касе њам парво надошт, ки дар ин мусобиќа Тољикистонро кї намояндагї мекунад ва ё намекунад. Падараш Санљар Рањимов имконияти рафтан надошт, зеро кашидани бори оила ба зиммаи ў буд. Мухлис ва њомии асосии Мўсо бобояш Њољї Муњаммадрањим аст ва ў омода буд ба љумњурии њамсоя набераашро бубарад, аммо ќалбаш љиддан бемор буд ва њатто барояш бист - сї ќадам гузоштан мушкил буд. Њаминро бояд илова кард, ки баъди якчанд моњ Њољї тамоман аз њол рафт ва танњо љар-
роњие, ки дар шањри Дењлии Њиндустон карданд, ўро аз марг наљот дод. Ва он миќдор пул, ки барои рафту омад ва иштирок дар мусобиќа супорида мешуд, ќариб понздањ њазор сомонї мешуд. Оила ќарор кард, ки бобо наберааш Мўсоро ба Тошканд мебарад ва барои худи Њољї Муњаммадрањим њамсараш њамроњ меравад. Њамин тавр онњо ба Тошканд рафтанд. Пеш аз мусобиќа раиси Федератсияи шоњмоти Ўзбакистон, ки як генерали мустафъї буд, ба ќаду басти кўчаки Мўсо нигариста, бовар накард, ки вай шоњмот мебозад ва ќариб буд, ки ба мусобиќа роњ надињанд. Бобои Мўсо ба генерал мурољиат кард, ки аввал бо наберааш бозї кунад ва агар барад, он гоњ Мўсо дар мусобиќа иштирок намекунад. Генерал розї шуд ва сари тахтаи шоњмот нишастанд. Мўсо раиси Федератсияи шоњмоти Ўзбекистонро бурид ва танњо пас аз он ба мусобиќа рањ ёфт. Дар он љо кори Мўсои шашсола омад кард ва дар байни шоњмотбозњои то 8-сола љойи чорумро гирифт. Аммо бобо умед дошт, ки Мўсо ѓолиб меояд ва имрўз њам бовар дорад, ки агар Мўсоро мураббии хубу ѓамхор ва њомиёни дилсўзи ин намуди варзиш бошанд, њатман дар мусобиќањои байналмиллалї пирўз мешавад. Мураббии Мўсо Рањимов, устоди байналмиллалии шоњмот Суњроб Њамдамов мегўяд, Мўсо хеле боистеъдод аст ва дар оянда то ба дараљаи гроссмейстер (дараљаи баландтарин дар шоњмот) мерасад, ба шарте, ки тамрин кунад ва Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
аз љониби њомиёну Кумитаи љавонон ва варзиш дастгирї ёбад. Њама мураббиёни шоњмот бисёр афсўс мехўранд, ки дањ соли охир шоњмотбозони тољик барои машќ аќаллан љойи муайяне надоранд. Дирўз боз назди Мўсо рафтам. Ў хурсанд буд, зеро дар мусобиќаи шоњмот дар пойтахт боз дар байни љавонон пирўзї ба даст овард ва дар байни њамсолонаш боз чемпиони Душанбе шуд. Њоло Мўсо, ки нав акнун ба синфи якум рафтааст, соњиби зиёда аз дањ медал гардидааст. Аммо метарсам, ки пас аз чанд сол агар шоњмотбози номдор шавад, аз паси Амонатов, Њусейнхўљаев ва Каримов ба Русия ё љумњурии дигар меравад ва ё аз бањри шоњмотбозї мегузарад, зеро дар Тољикистон ин намуди варзиш пуштибоне надорад. Тољикистон миёни кишварњои ИДМ ягона давлатест, ки на хонаи шоњмот дораду на ќасри шоњмот дорад. Ягона маркази шоњмоту шашка, ки дар собиќ Боѓи истироњати ба номи Ленин дар Душанбе буд, чаппа карда шуд ва чун ба љойи он Боѓи Рўдакї бунёд ёфт, маркази шоњмот њам аз хотирњо рафт. Имрўз шоњмотбозони тољик љойе надоранд, ки аќаллан машќ кунанду мусобиќа гузаронанд. Чун шоњмотбозони тољик барои иштирок дар мусобиќањо ба хориљи кишвар, аз љумла, ба љумњурињои њамсоя мераванд, ќасрњои шоњмот ва шароити барои машќи онњо фароњамовардаро дида, танњо афсўс мехўранд... Њоло бењтарин бозигарони мо дар ин намуд гроссмейстери байналмилалї Фаррух Амонатов, ки чемпиони Маскав (соли 2004) буд ва устоди дараљаи байналмилалї Муњаммадхўља Њусейнхўљаев ва њатто шоњмотбози љавони умедбахш Алишер Каримов, ки ба наздикї гроссмейстер ва чемпиони Ўзбакистонро шикаст дод, ба Русия рафтанд. Ба бахти шоњмотбозон њоло муовини аввали Сарвазир Давлаталї Саидов раиси Федератсияи шоњмоти Тољикистон аст. Шояд ў барои варзишгарон маконе пайдо мекунад?
Темур ЗУЛФИЌОРОВ, нависанда: - Ман њозир дар пояи аз њама камбаѓалтарин тољик мезињам. Ман њељ даромад надорам. Нафаќаи москвагии ман 250 доллар. Ман инљо ба президент навиштам. Ба ман гуфтанд, ки ба ман моњона 3000 сомонї стипендия људо кардааст. - Устод, сирри бањимматии Эмомалї Рањмон аз Владимир Путинро фош кардед - ку. Њамин хел њам њаст. Путин Шуморо њам кадом як муњољир гуфта, њамин ќадар навиштагист - дия... Зиёвиддини НУРЗОД, журналист - cароянда: - Журналистикаро њокимияти чањорум мегўянд, вале зањмати рўзноманигорон ба таври бояду шояд ќадрдонї намешавад. Маоши журналистони мо нисбати њампешањои хориљиашон хеле паст аст. Сарчашмаи дигари даромад низ надоранд. Ба онњое, ки бо ин њама аз пешаи худ рўй натофтаанд, ањсант бояд хонд! - Мо - рўзноманигорон аз љониби худ ба Шумо ањсант мегўем, ки рўзноманигориро тарк карда, ба њофизї гузаштед ва фањмидед, ки маоши рўзноманигорон аз њампешагони хориљиашон кам аст! Медонистем мо њам њофиз мешудем. Дер шуд - дия! Николай БОРДЮЖА, дабири кулли СПАД: - Беш аз 57 њазор сомонаеро, ки тариќи онњо афрод ба љангњои Сурияву Ироќ тањрик мешуданд, ифшо кардаанд. Њамаи ин сомонањо шањрвандони Осиёи Марказиро ба љонибдорї аз ДИИШ љалб мекарданд... Фаъолияти зиёда аз 50 њазор аз ин гуна сомонањо ќатъ шуд ва 7 њазори дигарро маќомот мавриди омўзишу тањлилу тањќиќ ќарор додаанд. - Ака, намедонем чї хел фош мекунанду мекунед, ки Русия барои Сурия як "проходной двор" шудааст. 50 њазор сомона яктаї Сурия фиристода бошад, 50 њазор кас мешавад! Тарсондед - ку! Њамон дар Русия њич муњољир мондааст ё не? Сарвиноз ЮСУФЇ, сароянда: - Зан њунари кадбонугї надошта бошад, ин шармандагист! Занро дар тамоми олам њамчун кадбонуи моњир мешиносанд. Занњое, ки аз уњдаи рўзгордорї намебароянду корашон фаќат хўрдану хоб кардан аст, эрка не, ландањуранд. - Сарвинозхон, њамин зан кадбонуи хуб њам бошаду њофизї карда, пул њам хона биёрад, э кайфи мард - да! Линг болои линг, хооовв... Мегхнад ДЕСАИ, лорди Британияи кабир: - Тољикистон, Туркманистон, Муѓулистон ва дигар кишварњои минтаќа ањолии кам доранд. Муњољирон аз Сурия ва дигар кишварњои Шарќи Наздик дар Осиёи Марказї хуш пазируфта хоњанд шуд, зеро аз нигоњи фарњангї наздиканд ва пайрави як дин мебошанд. - Гап нест, братан! Муњољир гуфта, ДОИШ - ро фиристодан гиред. Как раз, нањзатињо тамом шуданд, доишќапї карда мегардем. Як бинед, дар миёни њамонњо тољикњо њам нестанд - мї?
Саймукаррам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон: - Дар хиёнати гуруњи "Њољї Њалим" хољагони хориљияшон даст доранд, ки агар ин амалашонро анљом намедоданд, барояшон марг мебуд. Њоло, ки анљом доданд, барояшон марг аст. Ду понздањ як сї. - Домулло, барои Шумо се понздањ чор сї њам шудан мегирад. Бепарво бошед!
Муњибуллоњ ЌУРБОН
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09