“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Алим ШЕРЗАМОНОВ:
1
"ПАС АЗ 6-УМИ НОЯБР ЗИНДАГЇ БА АНЉОМ НАМЕРАСАД" САЊИФАИ 7 №27 (355). Чоршанбе, 25-уми сентябри соли 2013
БО ШОИР
Дар дилам ѓунљидамат САЊИФАИ 12
НИГАРОНИИ ФАРЊАНГЇ
Русгарої дар Телевизионњои Тољикистон САЊИФАИ 8
ФАРЊАНГ ВА ТАМАДДУН
Офарин Хитой!!! Чаро санъати чинї оњиста - оњиста љои санъати форсиро мегирад? САЊИФАИ 13
КОМИЛАН ЉИДДЇ
Медал, сари бурида ва нањори «телех»-њо САЊИФАИ 16
Дадаљон, "Бањористон"-ро намонед! Шабакањои давлатии телевизиони Тољикистон маъракаи интихоботи Президенти Тољикистонро ончунон шарманда кардан доранд, ки гўё баъди интихобот ё дар Тољикистон зиндагї карданї нестанд, ё масъулонашон њаргиз падару модар набудаанд...
"ШАБИ ЌАДР" - И ШАБДОЛОВ САЊИФАИ 4
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Тайи чанд рўз шабакањои давлатии телевизиони Тољикистон намоишеро ба мардуми кишвар ба тарзе пешкаш карданд, ки ростї намедонем, оё дар ин бора чизе гуфтан, чизе навиштан дуруст аст, ё не. Гап дар бораи барномаи… (аз нигоњи касбї, ин чизро њатто барнома номида намешавад) …дар бораи филме бо номи "Пойбанди нафрат" аст, ки тариќї њамаи телевизионњои давлатї намоиш дода шуд. Оё меарзад, ки ин коњ боду дарди љонкоњи дили падару модар бедор шавад? Не! Вале дар бораи он ки ин њодиса ба чї тарзе ба маърази тамошо гузошта шуд, хомўш будан мумкин нест. Ин филм њодисаи таљовуз ва куштори навраси њаштсоларо аз љониби донишљўи факултаи забонњои Осиё ва Аврупои Донишгоњи миллии Тољикистон, сокини Тољикобод наќл мекард, ки гўё узви ЊНИТ ва таълимдидаи мадрасањои исломии Тољикобод буда, худ чандин бор аз љониби устодонаш мавриди таљовуз ќарор гирифтааст. Њизби нањзати исломии Тољикистон ин иддаоро, ки ќањрамони ин филм узви ин њизб аст, рад карда, гуфт, ки маќомот ин филми бофтаву сохтаро барои сиёњ кардани ЊНИТ пеш аз интихоботи президентї пахш кардаанд.
Сиёсат ё сиёсатбозони палид? Муњтавои онро намерасем, чун бе ин њам он аллакай вирди забонњост ва дар њар доира ба таври хос мавриди бардошту баррасї ќарор дорад. Дар бораи кадом ишколи ин филм, бояд њарф зад? Аз чї бояд оѓоз кард? Ин филм, ки барои ба самъи тамоми љомеаи Тољикистон расониданаш, тамоми чорањои мављуда истифода бурда шуданд, њадафи нињоне надошт. Њадаф, маънї, сабаби мањз дар ин рўзњо пахш шудани он маълум аст. Дигар имрўз касеро дар ягон мавзуъ, дар ягон масъала гўл задан имкон надорад. Онњое, ки заррае ќобилияти андеша кардан доранд, мефањманд, ки ѓараз аз ин филм чист? Мо рўзноманигорон инро аз нигоњи њирфаият тањќиќи рўзноманигорї меномем, аммо тањќиќе, ки њатто дар дили як кўдак шакро ба вуљуд меорад, куљо тањќиќ номида шавад, балки онро "тањќири журналистї" шояд номидан дуруст аст? Тўли ин њама солњо дар ягон расонаи њукумати Тољикистон - аз "Љумњурият" то "Шабакаи аввал" тањќиќи њирфаии ягон њодисаи љиноиро надидаам! Аммо кист, ки дар пасманзари ин "њодисаи мудњиш" ва филми "Пойбанди нафрат" (номи филм њирфаї нест) сиёсатро надид? Барои инро нафањмидану эњсос накардан, бояд кї буд? Хуб, фањмост, ки интихоботи президентї дар пеш аст. Фањмост, ки барои пахшу мањв кардани раќиб дар сиёсат тамоми чорањоро раво медонанд ("удар ниже пояса" - услуби имрўзи муборизањои сиёсии Тољикистон аст, дигар чї њам мешавад гуфт?). Сиёсатро барои њамин њарому палид мегўянд, - ин њам фањмост ва аз сиёсат таќозои одобу талаби ахлоќ дар мавриди суистифода аз таќдири як тифли ноболиѓи марњум ва ашки модари ў, аз мантиќ дур аст. Аммо... Њама медонанд, ки раќобати ањзоби сиёсї боз њам шиддат хоњад гирифт ва инњо барои бадному сиёњ кардани њамдигарї "барномањо"-и дигаре ба маротиб "љолибтар" эљод хоњанд кард. "Журналистон"-и шабакањои давлатии телевизионї (њамчунин дигар ВАО-и давлатї) моњи аввал нест, ки ба "ошкор кардани аъзои ќалбакии ЊНИТ" "силсилабарномањои љолиб" омода кардан доранд. Аз мушоњидањо бармеояд, ки миёни љомеа, њамчунин дар шабакањои иљтимоии интернет, ки майдони бањс фарох-
ИНТИХОБОТ - 2013
Дадаљон, "Бањористон"-ро намонед! тару озодтар аст, дигар чунин "барномањо" њадафрас нестанд. Аксарият, бахусус онњое, ки дар ташаккули афкори љамъиятї сањм доранд, медонанд ва талќин њам мекунанд, ки мулло, соњибкор, таксист, донишљўи ДМТ, узви ЊНИТ ё узви ЊХДТ, ё узви дигар ањзоби сиёсї наметавонад љинояткор ё фариштаи бегуноњ бошанд, танњо ба ин хотир, ки пайрави ин њизб, касб, дин, ё рисолат аст. Мутаассифона, доштани билети њизбї, ё донишљўї барои фаришта будан, ё одам куштану таљовуз кардани тифли бељон халал намерасонад.
«
ворбардори ин сањнањои фањш, ба онњое, ки ин чизро оммавї карданд. Аз ин муњокимаронињо пай бурдан мумкин аст, ки бо ин чиз тамоми муллоњоро сиёњ кардан таќрибан мумкин нест дигар. Масалан, дар ин маврид, тасодуфан шоњиди суњбате шудам, ки рафтори муллоро ба сабаби аз љинси мард буданаш, аксарият "сафед" мекарданд ва ба занњое, ки назди муллову фолбин мераванд, нафрин мехонданд. Вале ин њам маънои онро надорад, ки мардуми Тољикистон минбаъд тамоми занњои тољикро ба фањшу зино муттањам кунанд. Ин маъно на-
Бо арзи њамдардї ва ќисмати андуњи дили нимаи ин модари тољик, ки тифли ноболиѓашро аз даст додааст, бояд иќрор шуд, ки њич тасаллияте, њич сухане, њич касе, њич телевизиону барномааш ќодир нест хисороти ин дили афтодаро талофї бикунад...
Ошкор шудани љиноятњои узви ин ё он њизб маънои инро надорад, ки аъзои њизбњои дигари сиёсї, њама фариштаанду боре дуздї накардаанд, њаќќи мардум нахўрдаанд, моли мардум набурдаанд, зану духтари мардумро таљовуз накардаанд. Тавре, ки масалан, бо ошкор шудани порахории сад корманди Бозрасии давлати автомбилї, наметавон њамаи милисањоро порахор номид, ошкор шудани дањ, бист, сад љинояти диндорон маъно надорад, ки њамаи муллоњо таљовузкоранд.
Ислом, фарњанг ва мубориза бо мулло Бисёранд њодисањое, ки муллоњо бо љиноятњои фањш ба даст афтодаанд ва расонаї шудани онњо боиси коњиши эътимоди мардум ба ислом, ё диндорон нашудааст. Агар ин натиљаи баракс надода бошад. Барои мисол, бањси форумњои интернетї дар зери наворњои ахири видеої, бо номи "Муллои љодугар" далели инанд, ки аксарият хуб медонанд, дарк мекунанд, ки бо мулло будан, ё ном баровардан, инсон наметавонад, бар сари нафси њайвонияш амир гардад. Ва њоло дар шабакањои иљтимої мардуми мусалмон, ки кирдори ин руњониро муњокима доранд, на ба дини ислом, на ба диндорон нафрин мехонанд, ки ба на-
«
дорад, ки мардуми тољик зан ва модари худро фоњишаву сабукфикр њисобад. Чунин нашудааст. Аммо доираи пањншавии ин навор, дар Тољикистон мањдуд нашуд. Хеле дардовар аст, ки ягон миллати давру бар - аз Афѓонистон то Русия - ягон маротиба ягон шањрванди худ ва пеш аз њама худро ба ин расвої хандахариши миллатњои дигар накарда буд. Ўзбакистон њам бо "муллоњо" мубориза мебарад, аммо боре нашудааст, ки сабти "секси" ягон муллояш дар Ютуб гузошта шуда бошад. Мутаассифона, имрўз "муллои" тољикро тамоми љањон мебинад, ки ба чї кор машѓул аст. Дастандаркорон шояд фикр кунанд, ки ЊНИТ - у муллоњоро шарманда мекунанд, аммо аз куљо медонанд, ки тољику Тољикистонро шарманда доранд. Мутаассифона... Дар кишварњои дигар дар бораи зани тољик, дар бораи модари тољик ин наворњо чї тасаввуротро ба бор оварданд? Ба гумон аст, ки муаллифони ин навор, хоса њамин шабурўз дар ин андеша бошанд, вале дар бораи зани тољик, дар бораи модари тољик тањќирњои зиёд аз љониби бегонагон дар шабакањои иљтимоии интернетро раво диданд. Магар модари тољик ба ќањрамони ин филм чї рабте, чї умумияте дорад? Мо мехоњем, ки Модари тољикро бо њамин наворњо шиносанд? Модар дар фарњанги мо чї касест? Чї љойгоње дорад? Оё мо инро фаромўш накардаем? Дар њамин њол, њамин наворњои охир барои онњое, ки ба љомеаи мусалмонї ва
ШАРМАНДАГИИ МИЛЛЇ ба ислом хушбин нестанд, сахт маъќул ва дастак њам шуд. Ва ин бояд, ба назарам, боиси як андоза худро тањќиршуда њис кардани мардуми мусалмони Тољикистон низ мешуд, ки кам эњсос мешавад. Аз ин љињат, исбот шуд, ки дар сиёсат бо номи ислом баромад кардани гуруње, ё њизбе дар кишваре мисли Тољикистон, на ба манфиати давлат асту на ба манфиати мардумаш. Ногуфта аз манфиатњои худи ин гуруњ. Дуруст аст, ки калимаи ислом дар номи њизби сиёсї, бояд вуљуд надошта бошад. Билахира, агар њадаф бунёди љомеаи мусалмонї бошад, бе ин њам ба он расидан имкон дорад ва њич зарурати мављудияти ин калима дар номи њизб нест. Чаро? Тавре дар боло гуфтем, дар раќобати сиёсї њамаи усулњо ќабуланд. Аммо агар чунин давом кунад ва мо ба зидди њамдигар арзишњои миллию фарњангии мардуми худро силоњ ќарор дињем, чї хоњад шуд? Ин барои мо чї натиља хоњад дошт? Тасаввур кунед, ки агар баъди ин дар интернет, ё дар љойи дигаре фоњишаеро бештар аз ду маротиба бо куртаи чакан намоиш дињанд. Он ваќт мо кї хоњем буд? Оё ќањрамони олимппии тољик Мавзуна Чориева баъд аз ин чаканро ба бар кардан мехост? Оё мо ба ў ин иљозаро медодем? Њаргиз не!
Сиёсат, касбият ва этика Ваќте чунин шармсорї тариќи шабакањои давлатї ба тамоми љањон намоиш дода мешавад, хомўш будан њич мумкин нест. Аз кай инљониб шабакањои телевизиони давлатї ба ин њад ѓамимардумхўр шудаанд? Ман наметавонам ба ёд биёрам, ки кай "Шабакаи аввал", "ТВ Сафина" ё "Љањоннамо" дар бораи куштори мудњиш дар Хуљанд, ки боиси марги як оила шуд, њарф зада бошанд? 2-юми июни соли љорї дар ноњияи Бобољон Ѓаффурови вилояти Суѓд як оила - зану шавњари 40-41-сола ва се тифли ноболиѓи онњо аз љониби гурўњи мусаллањи номаълум ба ќатл расонида шуданд. Бино ба иттилои расмї, тахминан, соати 4:00-и шаб, гурўњи номаълум ба хонаи ин оила даромада, зану шавњар ва се кўдаки ноболиѓро паррондда куштанд ва сипас, хонаро оташ заданд. Падару модар ва се тифли онњо, хонандањои синњои 7-8-и мактаби миёнаро парронда, писарчаи хурдии ин оила, ки њамагї шаш сол дошт дар њаммом мањкам карда, оташ заданд. Кўдаки шашсола аз дуди оташ зањролуд шуда, дар њаммом ба њалокат расид. Чаро ин њодисаро "Шабакаи аввал" такрор ба такрор нишон намедињад? Чаро ин њодисаро мањкум намекунад? Таљовуз шудани духтари 11-солаи тољик аз љониби шањрванди Чин дар Душанбе, ки модараш фурўхта фирор кардааст, чаро диќќати ТВ "Љањоннамо"-ро љалб намекунад? Шояд ба он хотир, ки ин шањрванди Чин, ё модараш узви ЊНИТ нестанд? Бо тарѓиби чандинрўзаи воњиманок, бо љалби реклама - маблаѓи зиёд барои на-
моиши "Пойбанди нафрат" оё аз нигоњи одоб, аз нигоњи ахлоќи инсонї ва касбї аст? Масалан, Модари ин тифли ноболиѓ, ки писари њаштсолаашро аз даст додааст, аз тамошои ин рекламањои воњиманок, чандин рўз пеш аз намоиш додани он чї эњсосоте дошт? Оё дидани захмњои бадани писари марњумаш, ба тамоми љањон намоиш додани љасади оѓуштабахуни љигаргўшааш ба Модар писанд буд? Ваќте падараш овози сохтаи марѓуладори наттоќи телевизионро шунида, акси чокчоки љигарбанди марњумашро, ки понздањ кор хўрдааст, медид, чї мегуфт? Касе њаст, ки дарди ин падари љигарсўхтаро эњсос карда тавонад? Оё дар Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон касе, ки њадди аќалл аз одобу ахлоќї касбї огоњ аст, мондааст, ё Асадулло Рањмонов тавонист кафши инчунинњоро то ба охирин нафар пеш гузошта, аз пасашон љорўб занад? Оё њаст дар ин даргоњ нафаре, ки бидонад, намоиш додани сањнањое, ки ба журналистика ба "кадрњои одамхўр" маъруф аст, мумкин нест? Дарвоќеъ аз командаи ѓайрикасбии телевизионњо натанњо Созмони "Хома", балки худи Асадулло Рањмонов низ дар нишасти матбуотї иќрор шуда буд. Ва аз шабакањои давлатии телевизион, ки зикрашон дар боло рафт њољати гилаву таќозои касбият нест.
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
корро касе намекард, њатто кўчагитарин телевизион ва "зардтарин" маљаллаву рўзнома. Дар Тољикистон, љазои љиної барои пањн кардани матолиби дорои хусусияти ањвонї, порнографї њаст. Њарчанд барои пањн кардани наворњое, ки дар журналистика "каннибал", ё "одамхўр" номида мешаванд, моддаи алоњидае дар Кодекси љиної нест, аммо садамаи руњї гирифтани кўдак дар Тољикистон метавонад боиси ба суд кашидани пањнкунандаи ин матлаб гардад. Дар мо, ки аслан расм нашудааст ва солњои охир ба судњо эътимод намондааст, падару модарон ба ин чизњо ба гумон аст, ки ањамият дињанд, аммо садамаи руњї гирифтани тамошобин, натанњо кўдакону наврасон, балки нафарни синну соли гуногун кифоя аст, ки пањнкунанда ва намоишгари ин филм ба љавобгарї кашида шавад. Касе ёду умеде надорад, ки созмоне барои њифзи кўдакон дар чунин масъалањо дахолат кунад. Таври маълум, 90 дар сади беморињо, аксаран натиљаи тарс - садамаи равонии инсонанд. Дар кишварњои дигар, навор, ё сањнањои кино ва барномањои телевизионї, барои синну соли гуногунро филтр мекунанд. Барои мисол маълум шудааст, ки ба равони тамошобини то 12-сола, кадом
Дар арафаи сафари президенти Тољикистон ба Чин матбуоти Русия истинодан ба манбаъњои номўътамад мољарои ѓасби заминњои Тољикистон аз љониби Пекинро дар миён гузошт ва ин њатто то ба имрўз идома дорад. Њарчанд иттилоъ расман т
Кўдакон чаро? Хуб, гуфтем, ки њадафњо сиёсї њастанд, дар доираи як барнома аст, алайњи ину он аст. Аммо Дар Шабакаи телевизиони кўдакону наврасон "Бањористон" намоиш додани ин дањшат камоли беэњтиромї натанњо ба касб буд. Ба чї рў ва њаќќе ин сиёсати палидро ба кўдакон намоиш доданд? Шабакаи "Бањристон" воќеан ягона телевизиони давлатї аст, ки бо вуљуди барномањои кўдаконааш, шабакаи дўстдоштании хурду бузург аст. Ва намоише мнанди филми "Пойбанди нафрат" боиси садамаи рўњї бардоштани кўдакон ва њатто калонсолон мегардад. Пайи корд, осори шиканља, кадрњои пур аз хуну корди одамкушї, њатто ба рўњияи одами калонсол таъсири бад дорад. Худи њамин ки шабакаи "Бањористон"бари кўдакону наврасон аст, ба он маънист, ки дар ин љо намоиш додани њар чї пеш омад мумкин нест. Шахсан бовар надорам, ки аудиторияи "Бањористон" барои њал кардани сабабу омилњои як љиноят, бигзор алайњи кўдак њам бошад, омода аст, балки то чанд муддати дигар њам омода нахоњад шуд. Ин як аудиторияи маъсум аст ва бовар дорам, ки аз фарзандони афроди оддї шурўъ карда, то фарзандони фалону фалонињо аслан нафањмиданд, ки гап дар бораи чї рафт. Агар як давлати дуруст бошад, ин
3
«
сањнањо садамавї буда метавонанду, барои њифзи сињатии руњии тамошобини 16сола чиро намоиш додан хатар дораду барои то 18-солањо аз намоиши чї бењтар аст даст кашид. Ва ин меъёр мањз навору аксњои дорои хусисияти зўрварї, шиканља, сањнањои хунин, тарзи истифодаи олоти бурандаву тез, филмњои дањшатафкан, порнография ва ѓайра пешбинї шудааст. Дар мо на шабакаи "Бањористон" ва на ягон шабакаи телевизиони давлатии дигар зарур намедонад, ки ин меъёрро ба инобат гиранд. Кадрњои ин филм метавонад ба доираи муайяни љомеа, натанњо кўдакону наврасон, балки нафарони синну соли гунгун, онњое, ки аз нигоњи равонї ба дидани чунин сањнањо тобовар нестанд, аъсобашон суст аст, натиљаи манфии равонї дошта бошад. Дар телевизионњои ањди Асадулло Рањмонов ба гўшае хаёли касе намеояд, ки пеш аз намоиш додани инчунин сањнањо тамошобинро аз ин чиз бояд огоњ кард. Ба ибораи дигар, барномаи мазкур бори дигар исбот кард, ки шабакањои телевизиони Асадулло Ќиматович, ба тамошобин натанњо эњтироми камтарин ќоил нестанд, балки онњоро њатто инсон - соњиби њуќуќ ва шаъну шараф њисоб намекунанд. "Нигоњ"
4
АЊЗОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Анљумани 30-юм, ё тавре худи коммунистњо навиштаанд, ХХХ-ўми Њизби коммунистии Тољикистон љамъомади мўйсафедони галстукдорро мемонд. Ва њамаро як њадаф муттањид мекард: наљоти љомеа аз вартаи нобудшавї! Он рўз - 23 сентябр - дар ќароргоњи ЊКТ дар Душанбе коммунистон барои пешнињоди номзади номзадашон ба маснади президентї љамъ омада буданд. Шиору овезањои даромадгоњи бинои ЊКТ, ки як ќисматаш мутааллиќ ба Суди олии иќтисодї мебошад, хотираи Шўравиро то љое зинда мекард. Дар даромадгоњи бино ва назди дари толор нафарони синнашон ба љое расида, либосњои расмї ба бар, дар сари сина медалњои сурх, дар лаб табассум, дар даст нашрияи "Коммунисти Тољикистон" бо як папкаи сурх вориди толор мешуданд. Ба хубї эњсос мешуд, ки ин нафарон бо садоќат, мењр ва боварии хоса ба Партия ба Анљуман омадаанд. Як гурўњ хабарнигорон, ки барои инъикоси Анљуман омада буданд, дар ќисмати охири толор љой гирифтанд, то агар зудтар берун шаванд, ба касе халал нарасонанд. Як гурўњ донишљўёнро аз паси хабарнигорон љой доданд. Нафароне аз њизб бо ишора ба љавонон мегуфтанд, ки инњо ояндаи њизби моянд. Коммунистњои софдил интригаи асосии анљуманашонро пинњон дошта натавонистанд. Аз оѓоз маълум буд, ки номзади ЊКТ кист...
БО НИШОНИ «ДЕПУТАТИ ХАЛЌИИ РСС ТОЉИКИСТОН»
Рањбари коммунистњои Тољикистон мегўяд, мо мехоњем, ки бо роњи тањаввулоти сотсиалистї давлатро обод кунем, раванди имрўза раванди тањаввулоти сотсиалистї нест. Дар идома ў мегўяд, аз ноилољї ба раванди имрўза ризо шудем, яъне баќои давлат таќозо кардааст, ки ин равандро интихоб кунанд. Ба андешаи "пири коммунистњо", барои таѓйир додани раванди имрўзаи љомеа замина вуљуд дорад. Бо истифода аз онњое, ки дар замони Шўравї тарбия ёфта, мафкураи коммунистї доранд, таљрибаи кор дар замони сотсиалистї доранд, равандро иваз кардан имкон дорад. Бо танќид аз модели имрўзаи давлатдорї гуфт, "ин модел баргирифта аз Ѓарб буда, як гурўњ миллионеру миллиардер гурўњи дигар фаќиру тињидастанд. Њадафњои иљтимоиву сиёсиамонро рупўш намекунем, ки митинг мекунем, субот мехоњем". Таъкид ба он кард, ки "бояд ба мардум расонем: њадафи мо аз њадафи тамоми њизбњои сиёсии дигар фарќ мекунад. Дар мо афзалият ба моликияти давлатї љамъиятї дода мешавад, чандин фарќиятњои дигар. Аз дигар ањзоб бошад, таќсими моликият аз як гурўњ гирифта, байни худ таќсим намудан аст. Дарвозаро барои ѓорати давлат боз намудаанд".
"ШАБИ ЌАДР" - И ШАБДОЛОВ
Оѓози Анљуман Анљуманро Шодї Шабдолов оѓоз кард. Аз 86 вакили даъватшуда 73 нафар ширкат доштанд. Дигар расмиёти оѓози баргузории анљуман њам гузашт. Аљиб ба назар мерасид, њангоми овоздињї вакилон вараќањои кабудро баланд мекарданд. Аммо ин дер давом накард, танњо барои оѓози љаласа ранги кабудро интихоб намуда буданд (аљиб чаро сабз не? Ранги "светофор"? Баъд вакилон билетњои кабудро як сў гузошта, билетњои сурхро гирифтанд. Ин таљриба дар анљуманњои ќаблї ба назар намерасид. Гимни Тољикистон садо дод. Анљуман расман оѓоз гардид. Дар рўзномаи Анљуман се масъала ќарор дошт: 1) Пешбарии номзад ба маќоми президентї; 2) барномаи ќаблазинтихоботии њизб; 3) Изњорот оид ба вазъияти Сурия. Шодї Шабдолов њудуди 20 нафарро ба президиум даъват кард. Дар ин миён намояндаи КМИР ва вазорати адлия низ буданд. Ин даъваткунї то нимаи Анљуман њам идома ёфту чашми Шодї Шабдолов ба Кароматулло Олимов афтиду бо маъзарат ўро низ ба минбар даъват кард. Пеш аз ў Муњиддин Зоирович, ки
ВАКИЛОНИ АНЉУМАН ХЕЛЕ САМИМЇ МЕНАМУДАНД аз ў њамчун собиќ вазиру котиби райком ном бурда шуд, ба минбар даъват гардида буд. Шодї Шабдолов барои он, ки исми инњо дар ќатори ањли президиум зикр нашуд, узр гуфт.
Мадњия дар васфи Ленуну Шабдолов Ташаббуси нодир. Як гурўњ духтарони наврас барои табрики анљуман даъват шуда будаанд. Дар васфи партия, Ленин, халќи кабири рус ва доњии коммунистони тољик - Шодї Шабдолов шеърњо ќироат карданд. Шеъри аввалине, ки ќироат гардид, ба мањкум намудани боварњои мардумї дар бораи шаби ќадр буд: ...Метавон дид онро маќсад иљро шавад, Њар чиро даст гирї љобаљо тило шавад.
Лек ин мўъљиз барои камбаѓал ноёб буд, Ќиссаи модаркалон буду хаёлу хоб буд. Њастии мо партия бо њастиат пайванд шуд, Зери байроќи ту рафтан, зистан, савганд шуд. Шеъри дуюм дар васфи партия садо дод, ки мисрањои охирини он бо кафкўбї истиќбол гардид: Ба Ленину ба партия бигўем, ањсан офарин, Ба партия ба халќи рус, зи мо саломи оташин. - Шеър ба роњбари партия Шодї Шабдолов, аз Сардор Рањдор, "Марди хирад" - садо баланд кард, духтари сеюм: Эй марди донои замин, Њам дар улум њам дар замон, Аз хидмати шоёнатон… Духтар хомўш гардиду ќарсаки толор гум кардани шеърро пинњон намуд. Шодї Шабдолов илова кард: "Дар дилатон бошад, шуд". Пас аз ин шеърњо бо забони русї дар васфи коммунисту Ленин садо доданд. Шеъри Сардори Рањдор дар бораи Шодї Шабдолов на дар ќатори умумї балкї дар минбар садо дод. Ваќте суруди "Широка страна моя родная" садо дод, Шодї Шабдолов низ њамовозї мекарду ањли толор низ њамроњ мешуданд.
Шабдолов равандро таѓйир медињад
ЛЕНИНЧИЁНИ ЉАВОНИ ТОЉИК
Шодї Шабдолов дар суханрониаш дар назди вакилон аз интихобот оѓоз намуда, гуфт, ки интихобот масъалаи сода нест, зеро дар он рањбарияти давлатро интихоб мекунем, на як вазири ќаториро.
ЛЕНИН БАРОДАР РАЊНАМО, ЛЕНИН БАРОДАР КАМНАМО?
Номзади љавони ЊКТ Ба таъкиди Шабдолов, бо назардошти он, ки коммунистњоро танќид мекунанд, бо мафкураи кўњна кор мекунанд, барои маќоми президентї љавононро пешнињод мекунанд. Ќабл аз пешнињоди номзад дар сифати ў чунин њарфњоро гуфт: "Љавоне, ки таљрибаи сиёсї дорад, босавод ва дар миёни љомеа шинохта њастанд, аз комсомол то парламент тарбия ёфтаанд, тањлил кардем, ки номзади бењтарин дар ин марњала Исмоил Талбаков аст". Њамин тавр, номзадии Исмоил Иброњимович Талбаков бидуни муњокимаи вакилон ва алтернатива ба овоз монда шуд. Якдилона дастгирї намуданд.
Суханронии номзад Исмоил Талбаков суханрониашро бо он оѓоз намуд, ки башарият ба сотсиализм ниёз дорад ва идеяњои коммунистї амалї мешавад. Шодї Шабдоловро "пири маънавї" номида, барои пешнињоди номзадї ба ин вазифа изњори сипос намуд. Њамчун коммунисти содиќ дар назди вакилон ваъда дод, ки талош мекунад, ки ба боварии онњо осеб нарасонад. Тавре худаш гуфт: "Дар њамбастагї бо шумо, њизби коммунисти љонољонамонро, ки манфиатњои мардуми зањматкашро њимоя мекунад, то оне, ки имкон дорам, муаррифї хоњам кард". Пас аз ў, як - як вакилони њизб суханронї намуда, дар симои Исмоил Талбаков, президенти ояндаи Тољикистонро васф мекарданд! "Шаби ќадр" ба ёдам омад. Њар чиро дорї, тилло мешавад. Аз нигоњи коммунистњо, Исмоил Талбаков њам бояд президент шавад...
Абдуазими АБДУВАЊЊОБ
АЊЗОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
5
ФОЉИАИ "ПАДАРБУЗУРГ" Бастани "Ихвон ул-муслимин " раванди баста шудани ЊНИТ-ро метезонад? Додгоњи Миср "Ихвон улмуслимин " - "падарбузург" - и њаракатњои исломї дар љањонро манъ кард ва амри мусодираи амволашро низ дод. Њарфи бастани Њизби нањзати исломии Тољикистон низ дар Тољикистон ду соли ахир матрањ аст. Дар асл чї мегузарад? Амри додгоњи Миср дар њоле ба вуќўъ мепайвандад, ки мухолифатњои хушунатангез дар Миср миёни њукумати муваќатии низомиён ва тарафдорони Муњаммад Мурсї, президенти барканоршудаи Миср, дар њоли шиддат ёфтан аст. Мурсї намояндаи "Ихвон ул-муслимин " аст, ки бо роњи демократї - интихобот ба ќудрат расид ва тайи як сол натавонист зимоми давлатдориро пурра ба даст гирад, дурусттараш, кишварњои сарватманди Халиљ ва Амрико баќои ќудрати онро нахоста, миллиардњо долларро сарф карданд, ки дигарбора ќудратро аз дасташ гиранд. Оё "Ихвон ул-муслимин " аз сањна канор меравад?
"Мурѓи Самандар" Баста шудани фаъолиятњои "Ихвон ул-муслимин " дар Миср манзараеро пеши назар меорад, ки аз ин ба баъд ин њизб тањти фишорњои њукумат ќарор мегирад ва дигарбора ба ќудрат расиданаш баъид аст. Аммо таърихи ин њара-
кати исломии љањонї нишон медињад, ки зиёд сўхта, боз эњё шудааст, мисли Мурѓи Самандар. Ба иттилои Википедия, Ихвон ул-муслимин соли 1928 аз сўи Њасани Банно дар шањри Исмоилияи Миср ташкил шуда, соли 1933 ба Ќоњира кўчидааст. Соли 1950 рањбарии он ба зиммаи Сайид Ќутб мегузарад, ки соли 1966 ба ќатл расонида шуд. Дар Сурия, Фаластин (Њамос) ва Ироќ созмонњои худро дорад. То охири Љанги дуввуми љањон 500 њазор аъзо дошт. "Ихвон ул-муслимин" пас аз он расман манъ ва тањти таъќиби шадиди њукумати Миср ќарор гирифт, ки соли 1954 ба Камол Абдулносир, президенти Миср сўиќасд анљом дод. Аммо муборизањояшро ќатъ накард. Бино ба иттилои расонањо, тайи 60 соли фаъолият њудуди 50 њазор узви ин њаракат куштаву зиндонї шудаанд. Ихвонињо ѓайрирасмї, тариќи ањзоби дигар ва ё худпешбарї соли 1984 - њашт, 1987 - 37, 2005 - 88 (20 %) соли 2010 - 40 % - и раъйи мардуми Мисрро дар интихоботи парлумонї ба даст оварда пирўз омаданд. Моњи июни соли 2012 намояндаи "Ихвон ул-муслимин" Муњаммад Мурсї президенти Миср интихоб шуд. Ин нуктаи ављи баландпарвозињои ихвонињои Миср буд, ки њоло ба назар мерасад, ѓайричашмдошти ќудратњои љањонї ќудратро ба даст овард ва як сол баъд аз даст дод: 3 июли соли 2013 Мурсиро низомиёни Миср аз ќудрат афканданд. Рањбари "Ихвон ул-муслимин" Муњаммад Бадеъро њам 20 августи соли љорї зиндонї карданд. Ва њоло худи "Ихвон ул-муслимин"- ро тариќи додгоњ манъ карданд.
Рафтан барои омадан? Як идда коршиносони "Нигоњ" мегўянд, манъи фаъолияти "Ихвон ул-муслимин" дар шароити кунунї барои Миср зарур аст. Аз нигоњи Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тањќиќоти стратегии назди президенти Тољикистон, сабаби баста шудани ин њаракат ба нерўи тахрибкор табдил ёфтани он дар Миср аст. Мавсуф мегўяд, дуруст аст, ки "Ихвон улмуслимин " бо роњи демократї ба ќудрат расид, аммо њукумат њоло таѓйир хўрдааст ва онро омили ноамниву субот донистааст. Аммо Муњаммадалии Њайит, муовини раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон мегўяд, манъи ин њаракати мардумии Миср собит мекунад, ки ќудратњои љањонї намехоњанд як нерўи мардумї тариќи интихобот ва роњњои демократї ба ќудрат расад: - Таърихи "Ихвон ул-муслимин" нишон медињад, ки чї тавр ин нерў бо мањрумиятњо боз ба сањна баргашт ва ин маънои онро дорад, ки он боз хоњад гашт. Чун метавон номи онро аз рўйхат хат зад, аммо аќидаи онро наметавон аз дили мардум зудуд. Њамин сарнавиштро Њизби нањзати исломї низ дошт.
ЊНИТ - ро њам мебанданд? "Ихвон ул-муслимин " - ро "падарбузург" и њаракатњои исломї дар љањон унвон мекунанд, ки расман аз сўи Додгоњи Олии Тољикистон созмони террористї унвон шудааст. Њизби нањзати исломии Тољикистон ягона њизби расмии исломгаро аст, ки аз хайрхоњони "Ихвон ул-муслимин " дар Осиёи Марказї ба шумор меояд. Пас аз ба ќудрат расидани ихво-
нињо дар Миср Муњиддин Кабирї, рањбари ЊНИТ аз њукумати Тољикистон даъват карда буд, ки "Ихвон ул-муслимин " - ро аз рўйхати созмонњои террористї берун кунад. Аммо њукумати Тољикистон ин пешнињодро њатто баррасї накард. Сайфулло Сафаров мегўяд, њоло дар остонаи интихоботи президентї дар Тољикистон имкон дорад, ки худи ЊНИ омили ноамнињо шавад ва дар њоли пайдо шудани хатар ба амнияту суботи кишвар аз сўи ин њизб масъалаи бастани он њам шояд пеш ояд. Ба даъвои ЊНИТ, њукумати Тољикистон ду сол ба ин сў алайњи ЊНИТ ва аъзояш як маъракаи густардаи таблиѓотиву фишоровариро ба роњ андохтааст, ки ахиран рањбари њизб Муњиддин Кабириро водор кард ба Додгоњи конститутсионї мурољиат намояд. Мањмадалии Њайит, муовини раиси ЊНИ мегўяд, њизбаш як тарафи сулњи тољикон аст, шањид додааст, расмї фаъолият дорад ва даст ба њељ хушунате назадааст, ки сабаби бастанаш шаванд. Вай гуфт, бо бастани ЊНИ аќидаи онро намешавад баст, аз ин хотир, хуб мебуд, њукумат дар доираи ќонунњо фаъолиятњои онро баррасї мекард. Зимнан, њарфи бастани ЊНИТ низ як соли ахир гоњ - гоњ расонаї мешавад, аммо маќомот љое ошкор нагуфтаанд, ки њизбро хоњанд баст. Коршиносон бар инанд, ки ЊНИТ низ дар хориљ пуштибон дорад ва онњо низ бо њукумати Тољикистон муносиботи њасана доранд, аз ин хотир, фишорњо танњо ба хотири паст кардани оташи баландпарвозињои њизб аст.
Фаромарзи ФОЗИЛ
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ Мењмоншо Шарифзода - муаррих, љомеашинос, донандаи хуби равандњои динї ва миллатсозї, докторанти Донишгоњи Берген, шуъбаи антропологияи иљтимої, Норвегия. Мењмоншо Шарифзода намунаи шахсиятњоест, ки њамаше дар паи мутолиаву кандукови илмї мебошанд. Сарфи назар аз њама гуна шароиту вазъи љомеа пайваста дар паи омўзиш будааст. Як шахсиятест, ки суханаш вазн дораду китфонаш бори тамкинро мебардоранд. Хоксориву самимияташ ба хубї эњсосшаванда аст. Ѓурури хоси тољикона дорад, яъне тољики боѓурур аст. Навиштаву гуфтањояш исботи он аст, ки арзиши болотарин барояш њадафу манфиатњо ва ормону номуси милливу динї мебошад. Њамчун коршинос ва љомеъашиноси хушсалиќа ба дарки воќеъияти замон ќаблтар аз дигарон мерасад. Бо якруву њаќагўияш дар миёни атрофиёнаш шинохта аст. Ба гуфтаи њамвора ба варзиш машѓул буда, њар рўз 7 км пиёдагардї мекунад. Ин аст, ки агар синаш аз 50 њам гузашта бошад, вале хеле љавону бедордил метобад. Зиндагиномаи ў, тањсилу фаъолияташ барои як љавони муосир, ки дар такмили рушди шахсияташ бетараф нест, намунаи хуб буда метавонад. 29-уми августи соли 1962 дар дењаи Гластуни љамоати Рохарви ноњияи Ванљ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №4-и маркази ноњияро соли 1979 бо бањои аъло ба итмом расонидааст. Тањсилоти олиро солњои 1980 - 1985
МЕЊМОНШО ШАРИФЗОДА дар факултети таърихи Донишгоњи Давлатии Тољикстон ба номи Ленин (њоло ДМТ) гузарондааст. Пас аз хатми Донишгоњ ба њайси коркуни илмї дар шўъбаи Илмии Донишгоњи Давлатии Тољикистон фаъолиятро оѓоз менамоянд. Соли 1989 аспиранти шўъбаи фалсафаи ДДТ мегардад, тањти роњбарии донишманди шинохтаи тољик Акбар Турсон диссертатсияи илмиро дар мавзўи "Назарияи Одамият дар тассавуф" ба итмом аммо њодисањои маълуми ибтидои солњои 90 дар Тољикистон имкон намедињад, ки кори илмиро њимоя намояд. Баъдан, диссертатсияро дар њамин мавзўъ соли 2001 дар донишгоњи Лондон бо муваффаќият, бо бањои аъло, њимоя кардааст. Тањсил дар Британия ба Мењмоншо Шарифзода имкон медињад, ки бењтар ва бештар бо љомеаи ѓарбї, ба хусус ба методологияњо ва назарияњои навини мактабњои фикрии ѓарб шинос шавад. Соли аввали тањсили 2000 - 2001 дар донишгоњи Лондон, ки њам ба номи Мактаби Омўзиши Осиё ва Африќо (School of Oriental and African Studies (SOAS)) машњур аст,
шўъбаи аспирантураро хатм карда, аз шиносої бо курсњои "Тањќиќоти муќоисавї дар омўзиши маданиятњо, Омўзиши Љомеаи Аврупої" маълумаш гашт, ки ѓарбиён дар масъалаи тањќиќ ва шинохт то куљо пеш рафтаанд. Дар ин муддат дар як ваќт Донишгоњи Тањќиќоти Исмоилиро дар солњои 2000 -2002 ба итмом расонида, соли 2003 дар донишгоњи Лондон программаи магистриро якљоя бо њимояи диссертатсия дар мавзўи "Назарияи худї дар фалсафаи Ислом" бо муваффаќият хатм намудааст. Њоло докторанти соли дуюми донишгоњи Бергени Норвегия, шуъбаи антропологияи иљтимої мебошад. Дар ин муддат барои такмили ихтисос ва ширкат дар конфронсу семинарњои байналмилалї ба давлатњои гунонуни дунё сафар кардааст. Аз љумла курсњои омўзишии "Таълими Ислом дар Авупо ва Осиёр"-ро дар шањрњои Ќазони Русия ва Бишкеки Ќирѓизистон гузаштааст. Инчунин такмили ихтисосро дар мактаби нави Донишгоњи Њарварди ИМА ва Донишгоњи Гурљистон гузарондааст. Иштирокчии якчанд семирану конф-
ронсњои байналмилалї будааст, ки аслан дар бораи назарияи худї, дин ва дунявият сўњбатњо кардааст. Аз љумла дар конфронсу семинарњои сатњи байналмилалї Туркия, Португалия, Њиндустон ва ѓайра будааст. Навиштањояш дар маљалањои илмии кишварњои гуногун ба нашр расидаанд. Хонандаи матбуоти тољик низ аз навиштањои ў ба хубї ошно мебошанд. Мењмоншо Шарифзода донандаи хуби забонњои англисї ва русї буда, бо забони арабї низ гуфтугў карда метавонад. Мењмоншо Шарифзода оиладор ва соњиби ду фарзанд мебошад. «НИГОЊ»
6
ДАРДЊОИ ХАЛЌ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Сафарњои тирамоњии президент чун анъана имсол њам аз Суѓд шурўъ шуд. Ва чун њамеша рўзномаи сафар аз ширкат дар ифтитоњи ягон иншоот ва вохўрї бо мардум иборат буд. Кори президент аст, ки ба куљо сафар мекунад, вале аљиб аст, ки чаро ваќте ў ба дохил ё хориљ сафар мекунад, њатман бояд вазирони "муњтарам"-и мо ўро њамроњї кунанд? Вазоратњо дигар коре надоранд? Ин дафъа њам президентро чун њамешагї кўдакон ва наврасон бо раќсу суруд ва мадњу санохонї пешвоз гирифтанд. Аммо чаро президент ягон сухани нав нагуфт, аљиб аст. Охир, њарчи набошад, ин як вохўрии пешазинтихоботии ў буд?
Дилам аз ТВ монд Дар бораи ТВ-њои њукуматии Тољикистон дар сомонањо мехондам, вале имкони тамошои онњоро надоштам ва ба он навиштањо боварам намеомад, чун дар хориљи кишвар будам. Дар љараёни сафари президент ба Суѓд дар ватан будам ва ба хулосае омадам, ки барои Тољикистон њадди аќал 2 шабакаи телевизионии хусусї лозим аст, ё телевизионњои давлатиро бояд таѓйир дод ва агар боз њам нашуд, баст! Онњо одамро маљбур месозанд, ки телевизионро хомўш кунад. Сафари президент дар Хуљандро такрор ба такрор нишон доданд. Аммо тавре дар љањони мутамаддин роиљ аст, телевизион бояд хабари навтарин гўяд, зеро барои шањрвандон ањамияти љамъиятї дорад. Аммо сафари президентро тавре нишон доданд, ки аз нигоњи њирфаї ањамият буд. Ё чизи оддиро бубинед, ки президент боре гуфта буд, ки аксњояшро аз кўчаву паскўчањо барчинанд, вале баръакс аксњои ўро дар Хуљанд зиёд кард. Кормандони телевизион аќаллан наметавонистанд, ки њамонро намоиш дињанд, ки мансабдорони суѓдї ўро гўш намекунанд. Телевизионро хомўш кардам, чунки як чизро болои њам тамошо кардан ва як суханро гаштаву баргашта шунидан дар назарам шум мешавад...
Чаро мањз президент?! Ифтитоњи кўдакистони президентї дар Хуљанд як фоли нек буд. Вале нагуфтанд, ки чаро
МЕЊР ДАР ЧАШМ Сафарњои тирамоњии президент ба дохил шурўъ шуданд президентї ва чаро мањз кўдакистонро бояд президент кушояд? Агар президентї бошад, ањамияташ дигар мешавад, вале кўдакистонњои дигар чї? Онњо аз чї каманд? Ин кўдакистони президентї њам аз њисоби буља асту дигарњо њам, пас яке фарзанди угай аст? Дар кишваре, ки 2 млн. шањрвандаш дар муњољрат аст ва маошу нафаќааш сабади истеъмолиро пур карда наметавонад, президент бояд бо корњое машѓул бошад, ки ањамияти умумимиллї доранд, на бо кушодани як кўдакистон, мактаб ё беморхона! Агар он бино ё тарњ дар сатњи байналмиллалї бошад, масалан, намояндагии НАТО ё шурўъи сохтмони роњи оњани Тољикистон - Афѓонистон - Туркма-
Илњом ЊАСАНОВ:
нистон, албатта, бояд президент ширкат кунад. Худо накунад дар њамон рўзњо коратон ба он вазорат уфтад ва ба шумо, албатта, мегўянд, ки вазир дар сафар бо президент аст, лутфан пас аз ду рўз оед! Чаро кўдакистонро вазири маориф, ё клиникаро вазири тандурустї намекушоянд? Ман фикр намекунам, ки як лентаи рамзиро онњо бурида наметавонанд. Њатто борњо дидаед, ки лентаро кўдакон низ буридаанд. Агар ягон сирри махфї бошаду мо надонем ва Шумо медонед, пас онњое, ки барои президент барномаву имиљ мекунанд, хоњиш мекунам, барои мо нофањмњо фањмонед, то мо низ огоњ шавем. Агар барои кушодани он иншоот вазир равад, мардум њам аз роњбандии зиёд
Мусоњиба бо муњољире, ки 24 рўз дар "конслагер" - и Хадамоти муњољирати Русия буд
"ДУРЎЃ ГУФТА, АЗ ЊУКМ ОЗОД ШУДАМ" Илњом Њасанов, сокини вилояти Суѓд мегўяд, бо айби шўъбаи шиносномадињии Тољикистон 24 рўз дар Русия мањбасї шуда, ба мўњлати 5 сол аз њуќуќи вуруд ба Русия мањрум шуд. Дар сўњбат ба "Нигоњ" нахуст шарњ дод, ки барои чї 24 рўз њабс шуд? - Ман дар шањри Красноярски Русия дар сохтмон кор мекардам. Рўзе пас аз бозорї дар истгоњ мунтазири наќлиёт будам, ки милисањо маро боздошт карда, ба шуъбаи корњои дохилаи шањри Красноярск бурданд. Ваќте маро боздошт карданд, дар барам ягон њуљљат набуд. Чун баъди кор ба бозор омада будам ва њуљљатњоям дар хона буд. Дар шуъбаи корњои дохила номи маро дар компютер диданд, ки муњлати паспорти хориљиам ба итмом расидаасту бояд барои ин кор љазо гирам. Барои њамин маро 24 рўз аз озодї мањрум карданд. - Магар шумо бо шиносномаи мўњлаташ ба итмом расида ба Русия сафар карда будед? - Аниќтараш дар шуъбаи шиносномадињии вилояти Суѓд маро фиреб доданд. Мўњлати шиносномаи хориљии ман моњи апрел ба охир мерасид. Пеш аз сафар хостам онро иваз намоям. Аммо дар шуъбаи шиносномадињии Суѓд ба ман гуфтанд, ки бланка нест. Аз ин сабаб, шиносномаи хориљии маро, ки њамагї як моњи дигар мўњлат дошт, як муњре заданду ба 3 сол "дароз карданд". Гуфтанд, ки барои хориља рафтан бо ин муњр иљозат аст ва дар Русия низ ба ягон мушкилї дучор нахоњам шуд. Шиносномаи ман як моњи дигар мўњлат дошт. Бе ягон мушкилї аз Тољикистон баромадаму ба Русия ворид шудам. Баробари рафтан ба Русия худро ба мўњлати 3 моњ дар ќайд гузоштам. Баъди
ин сар шуд мушкилї. Хостам, ки патент гирам, аммо бо сабабе, ки мўњлати шиносномаи ман ба охир расида буд, ба ман патент надоданд. Дар Русия ба ман гуфтанд, бо шиносномае, ки мўњлаташ дароз карда шудааст, ќонунгузории Русия додани патент ва иљозатномаи корро иљоза намедињад. - Баъди боздошт бо сари шумо чї омад? - Дар њолати боздошт шудан агар шиносномаи ман камбудї намедошт, маро бе ягон њарф озод мекарданд. Ваќте патент нагирифтам, фањмидам, ки бо шиносномаи мўњлаташ дарозшуда патент намедињанд. Аммо намедонистам, ки бо чунин шиноснома кас аз озодї њам мањрум мешудааст. Баъди боздошт фањмидам, ки бо ин шиноснома намешавад озод шуд. Хайрият, ки дар ваќти боздошт шиноснома дар дастам набуд, набошад маро тибќи ќонунгузории Русия 3 моњ аз озодї мањрум мекарданд. Агар дар шуъбаи шиносномадињї дар Тољикистон маро огоњ мекарданд, ки бо чунин шиноснома парвоз накунам, ман њељ гоњ ба Русия намерафтам. Чун боздошт шудам, роњи дигарро пеш гирифтам. Маљбур шудам, дуруѓ гўям, ки шиносномаамро гум кардаам. Дигар илољ набуд. Ё се моњи мањбасро интихоб мекардам, ё дуруѓ
«
мегуфтам. Як шаб маро бо як гурўњ аз муњољирони дигар дар шуъбаи милисаи шањри Красноярск нигоњ дошта, пагоњ бурда, суд карданд. Ба мо ваќт доданд, ки дар давоми дањ рўз адвокат ёбем, то моро њимоя кунад. Аммо мо чунин имконро надоштем. Бо ќарори суд моро дањ рўз аз озодї мањрум ва ба мўњлати 5 сол депортатсия карданд. Яъне баъди дањ рўз њамаи мо бояд ба кишварњоямон интиќол мешудем. Аммо 15 рўз дар њабс нигоњ доштанд. - Шароит дар њабс чї гуна буд? - Хеле вазнин буд. Љойи хоб намерасид. Бисёр муњољиронро бо њар гуноњ ба ин љо оварда буданд ва љой рўз то рўз тангтар мешуд. Дар катњое, ки барои ду нафар буданд, мо сенафарї бо як азоб хоб мекардем. Вазъи хўрок каме бењтар буд. Дар як рўз се бор хўрок медоданд. - Чї медоданд? - Каша, перловка, котлет, моњї. Чї хўроке, ки барои мањбусон муќаррар шуда буд, барои мо њам аз њамонњо медоданд. - Муносибати маъмурон бо шумо чї гуна буд? - Мо дар камера мисли мањбус будем. Агарчи њама ѓайрирус будем, бо маъмурон ягон
- Дар њолати боздошт шудан агар шиносномаи ман камбудї намедошт, маро бе ягон њарф озод мекарданд. Ваќте патент нагирифтам, фањмидам, ки бо шиносномаи мўњлаташ дарозшуда патент намедињанд. Аммо намедонистам, ки бо чунин шиноснома кас аз озодї њам мањрум мешудааст. Баъди боздошт фањмидам, ки бо ин шиноснома намешавад озод шуд.
«
саргардон намешавад, пас, биёед, аз њамин кори оддї шурўъ кунем ва њар кас кори худашро кунад.
Мењр дар чашм?! Идеологу имиљсозони хукуматї ин корњоро гўё барои боло бурдани обрўи президенти кишвар мекунанд. Шояд ин тарзи бархўрд то панљ дањ соли пеш воќеї буд. Зеро он замон мардум дар музофот бо рањбари худ аз наздик ошної надошт. Ўро аз наздик надида буданд. Тавре мегўянд, "мењр дар чашм". Хуб, имсол мегўем, ки вохўрихои президент бо мардум дар остонаи интихоботи президентї бо мардум аст. Бошад. Аммо нуран ало нур хоњад шуд, агар ин сафарњоро дар сатње омода кунанд, ки воќеан, ин мулоќотњо бо мардум бошад. Мардум дарвоќеъ гапњои гуфтание ба президент дорад, зеро аз маќомоти мањал на њама рўзи хуш доранд, аммо ё ба хотири телевизион, ё барои фиребњои дигар ин мулоќотњоро дигаргуна тарњрезї мекунанд. Аммо њоло мардум каме њам бошад, дунёро диду таѓйир хўрд. Ба умеди худнамоии раисони шањру навоњї роњбари давлатро фирефтан ва ба чашми мардум хок пошидан нашояд. Анвар РЎЗИЕВ мушкил надоштем. Дар дањ рўз як маротиба ариза навишта, бо мушкилї ба наздиконамон занг задем. Дар кул муносибати онњо бад набуд. Моро назорат мекарданд, ки муноќиша накунем, агар ягон нафари мо бемор мешуд, духтур меоварданд. - 24 рўзе, ки шумо дар Русия зиндонї будед, ягон намояндаи расмии Тољикистон, масалан, аз намояндагињои Хадамоти муњољират ё сафорат касе аз ањволи шумо пурсид? - (Механдад) Дигар шањрњои Русияро намедонам, аммо дар шањри Красноярск ин хел гап нест. Касе аз ањволи мо напурсид ва ба ќазияи мо дахолат накард. - Чї тавр озод шудед? - Баъди дањ рўзи њукми суд бояд аз њисоби худам чипта харида, ба ватан бармегаштам, чун пештар чанд нафар аз дўстони мо чунин карда буданд. Аммо ин кор ба ман муясар нашуд. Зеро дар он љо ба ман гуфтанд, ки танњо дар сурати дахолати расмї ман метавонам ба ватанам баргардам. Дар ѓайри њолат бояд ман аз њисоби Русия ва дар ваќти хостаи онњо ба ватан фиристода шавам. Аз сабабе, ки ман шиносномаи хориљї доштам ва фикр карда будам, ки шиносномаи тољикї дар Русия лозим нест, барои гум накардани он дар Русия онро дар Тољикистон монда будам. Баъди дањ рўз чун маро озод накарданд, маљбур шудам, ба волидайнам занг занам, то шиносномаи тољикии маро фиристонанд. Баъди 10 рўзи њабс шиносномаи маро аз Тољикистон фиристоданд, ки ман онро баъди 5 рўз дастрас кардам. Аз рўи ќонуни Русия, бояд баъди 1 рўз маро ё ба Тољикистон мефиристониданд, ё иљозат медоданд, то чипта харида худам баргардам. Аз 15 рўз зиёд нигоњ доштани мо мумкин набуд. 10 рўз бо ќарори суд, 5 рўзи дигар парвандањоро тафтиш мекунанд. Дар ин љо боз бесоњибии худамро њис кардам. Агар ягон маќоми расмї аз Тољикистон ба ин кор дахолат мекард, боварї дорам, 24 рўз мањбус намешудам. Маро бо њар бањона аз зиндон озод намекарданд. Чанд бор ариза навиштам, ки иљозат бидињанд аз њисоби худам билет гирифта, ба ватан баргардам, аммо онњо иљозат намедоданд. Нињоят баъди 24 рўз маро аз њисоби худашон бо хатсайри Красноярск - Душанбе ба Тољикистон фиристоданд. Суњбати Мулло РАЉАБ
МАОРИФ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
7
21
-уми сентябр Алим Шерзамонов, раиси созмони ЊСДТ дар Бадахшон, ки пас аз њиљрати беш аз яксола ба Тољикистон баргашт, ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон даъват шуд. Раиси сотсиал - демократњои Тољикистон дар Маскав чанд изњороти шадидуллањн дошт, аз љумла амалиёти неруњои амниятии Тољикистон дар Бадахшонро тариќи телевизиони К+ "генотсид" унвон кард ва њам нашрияи "Независимая газета" - и Русия аз ќавли ў оварда буд, ки њадаф аз интиќоли нерў ва таљњизоти низомии артиши Тољикистон ба Бадахшон љилавгирї аз эътирозњои эњтимолии мардум ба вогузории бахши дигаре аз ќаламрави ноњияи Мурѓоб ба Чин аст, ки гўё дар ивази ќарзњои Тољикистон ба Чин дода мешавад. Бегоњи рўзи 16 сентябр воќеан Алим Шерзамонов баробари фуруд омадан аз хатсайри Маскав - Душанбе дар фурудгоњ таќрибан якуним соат нигоњ дошта шуд. Пас аз хуруљ аз фурудгоњ мавсуф ба хабарнигорон гуфт, ки ўро аз рўи як "рўйхати сиёњ" - и эњтимолї нигоњ доштанд. Аммо ўро дар фурудгоњ бозпурсї накарданд. Ин бозпурсї рўзи 21 сентябр иттифоќ афтод. Нахуст мо аз Алим Шерзамонов пурсидем, ки чї ќадар дар бозпурсї ќарор дошт: - Моро аз соати 10. 40 - и субњ то 21. 40 и шаб нигоњ доштанд. - Мо? Яъне Шумо танњо набудед? - Маро язнаам њамроњї мекард. - Аз Шумо чї пурсиданд? - Суњбат асосан сари суњбатњои ман дар К+ буд. Аз нигоњи онњо, ин суњбатњои ман ќонунвайронкунї будааст. Аз њамин хотир, маро огоњї дода, гуфтанд, ки агар њамин гуна ќонунвайронкуниро такрор кунам, парвандаи љиної боз мекунанд. - Шумо бо онњо дар бораи "рўйхати сиёњ" њарф задед? Оё он вуљуд дорад? - Ин рўйхат њаст ва бо он касе, ки дар он њаст, њатман бояд суњбат шавад. Агар далели боризтаре доранд, шояд алайњи ў парвандаи љиної њам боз кунанд. Ман дарёфтам, ки воќеан маро љустуљў мекардаанд ва ин суњбат бояд доир мешуд. Ман гуфтам, ки пас аз ин суњбат умед дорам дар Тољикистон озодона њаракату кору фаъолият карда метавонам. Онњо дар љавоб гуфтанд, ки ин аз суњбати имрўзаи мову Шумо вобаста аст. Агар ба як маслињат оем, дигар озодона гаштугузор мекунед. - Чї маслињат будааст? - Баъзе талабот буданд. Ман онњоро ќабул накардам. Дар маљмўъ онњо гуфтанд, ки суњбат дар доираи њусни тафоњум гузашт ва дар маљмўъ ин суњбатро ќобили ќабул њисобиданд. Гуфтанд, ки акнун Шумо озодед, лекин огоњ карда мешавед, ки... намедонам бори дигар чї кор кунам, ки ба љавобгарии љиної кашида нашавам. - Метавонед фаъолиятњои сиёсии худро идома дињед? - Албатта, давом медињам. Дар ин мавзуъ њам суњбатњо ва хоњишњо буд, аммо ман онњоро рад кардам. Аз љумла як шарт ин буд, ки ман набояд ин суњбатро бо матбуот ба миён гузорам, чун ба фоидаи худи ман аст
Алим ШЕРЗАМОНОВ: "ПАС АЗ 6 НОЯБР ЗИНДАГЇ БА АНЉОМ НАМЕРАСАД" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо раиси созмони Њизби сотсиал - демократи Тољикистон дар Бадахшон
«
Гарчанде аз мо хоњиш карда буданд, ки биёед, равем як суњбат кунем, дар амал хонаи моро ињота карда ва шаби дароз нахобида буданд. Ва чун аз се тараф ба назди мо омаданду илтимос карданд, ки ба мошин савор шавед, аз бархўрдашон маълум буд, ки илтимоси онњоро рад кардан ѓайриимкон буд. Дуюм, барои занг задан иљоза надоданд ва њамроњи маро низ ба идора дароварданд ва ўро њам љавоб надоданд, то хабар ба берун набарояд.
«
ва њатто дар ваќти имзо кардани забонхат ин љумларо хостанд, ки нависам, аммо ман даст кашидам. Гуфтам, ки ин ваъдаро ба шумо намедињам. - Аммо чаро барои њамин ќадар гап 11 соати расо Шумо нигањдорї шудед? - Дар маљмуъ суњбати мо ду соат тўл кашид. 11 соат ба гумони ман аз он хотир буд, ки шеваи дастгир кардан, гарчанде онњо инро "дастгир кардан" намегўянд, њамон гуна буд. Гарчанде аз мо хоњиш карда буданд, ки биёед, равем як суњбат кунем, дар амал хонаи моро ињота карда ва шаби дароз нахобида буданд. Ва чун аз се тараф ба назди мо омаданду илтимос карданд, ки ба мошин савор шавед, аз бархўрдашон маълум буд, ки илтимоси онњоро рад кардан ѓайриимкон буд. Дуюм, барои занг задан иљоза надоданд ва њамроњи маро низ ба идора дароварданд ва ўро њам љавоб надоданд, то хабар ба берун набарояд. - Ин њодиса дар куљо иттифоќ афтод? - Дар мањаллаи 101 - и Душанбе. Кормандон аз Кумитаи давлатии амнияти миллї буданд ва моро ба раёсати худ дар ноњияи Исмоили Сомонї бурданд. Ман ба онњо гуфтам, ки маќсади 11 соат нигоњ доштани ман фишори равонї овардан ба наздикони ман аст, то онњо њам ба шумо пайваста, як манбаъи дигари фишор ба ман шаванд. Мутаассифона, чунин њам шуд. Хешовандонам ва
оилаам фишор меоранд, чун тарсида буданд ва аз сарнавишти ман нигарон њастанд. Чун 11 соат иттилое дар бораи мо надоштанд. Аммо муносибати кормандони амният хеле мулоим буд ва аз "боло" ба онњо чанд маротиба занг заданд, ки бо мо бо эњтиром муносибат кунанд. - Њоло аъзои Њизби нањзатро дар мањаллњо маљбур доранд, ки тарки њизб кунанд. Аз Шумо њам чунин талаб карданд? - Не, ин талабро надоштанд. Аммо саволњо дар атрофи њизб буд. Пурсиданд, ки аз ин ба баъд чї кор хоњед кард. Гуфтам, ки њамон хеле, ки буд, њамон гуна фаъолият мекунам, дар доираи ќонун кору танќид мекунам ва фаъолияти сиёсиамро пеш мебарам. Маслињатњои бародарона медоданд, ки ин корњо чї даркор, ба љои њамон суханњо як маќолаи хуб нависед ва њама ба њамдигарфањмї биёему даст ба даст дода, кишварамонро рушд дињем. Ин як пешнињод буд. - Шумо чї гуфтед? - Ман гуфтам, ки аз ибтидои фаъолият мо ба пешравї ва ободии Тољикистон меандешем. Фаќат ин, ки дидгоњи шумо дигар асту дидгоњи мо дигар, аммо як њадаф дорем. Аз ин хотир, бењтар аст дар доираи ќонун њамаамон баробар фаъолият кунем. - Дар умум бардоштатон аз ин суњбат чї аст?
- Пас аз бозгашт интизор будам, ки њамин суњбат мешавад ва ман аз он љои гурез надорам. Фаќат як бори бад шуд, ки 11 соат касе аз њоламон хабар надошт. - Хоруѓ меравед? - Албатта, агар имрўз билети њавопайморо харем, фардо парвоз мекунем. - Њолати руњониатон чї тур аст? - Як њамин рўз худам танњо ба шањр баромада, гаштугузор кардам. То рўзи суњбат дар шањр танњо намегаштам, њамеша касе бо ман буд. Хавф доштам. Зеро њис мекардам, ки тањти муроќибат ќарор дорам. Њоло не. Имрўз ягон нафари шубњанокро дар атрофи худ мушоњида накардам. - Бо раиси ЊСДТ Рањматулло Зоиров вохўрдед? - Бале, бо он кас ду маротиба мулоќот доштам. Бо Муњиддин Кабирї ва рањбарияти дигари ЊНИТ ва Ойнињол Бобоназарова њам вохўрдам. - Шумо аз аввалин нафароне будед, ки ба тасмими Иттињоди неруњои ислоњотхоњ дар мавриди пешнињоди номзадии Ойнињол Бобоназарова сахт эътироз кардед. Бо онњо чї суњбатњо доштед? - Ман ба онњо сабабњои норозигиамро гуфтам. Аммо њоло, ки раиси њизби мо ва дигар њамњизбон эълон карданд, ки аз номзадии Ойнињол Бобоназарова љонибдорї мекунем, ман њам бо онњоям. Коре, ки шуд, шуд. Акнун дар доираи ИНИТ ва бо номзади ягона ба 6 ноябр омодагї мебинем. - Аз њоло аксарият бар ин назаранд, ки номзади њизби њоким пирўз меояд. Шумо аз интихобот чї интизорї доред? - Пас аз 6 ноябр зиндагї ба анљом намерасад. Ин интихобот бояд як љомиаи шањрвандии муттањид ва навро ба вуљуд орад.
8
НИГАРОНЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Шаби 18-уми сентябр бо амри тасодуф барномаи «Ахбор»-и Шабакаи аввали Телевизиони Тољикистонро тамошо кардам. Дар он гузориш мусоњибаи Раиси мудирияти Љамъияти сањњомии кушодаи «Газпром»-и Русия - Алексей Миллер пас аз вохўрї бо Президент мерафт. Љаноби Миллер табиист, ки бо забони русї сўњбат мекард ва он пораи суханронї тахмин панљ даќиќа идома ёфт. Умедвор будам, ба забони давлатї тарљума мешавад. Мусоњиба анљом ёфт, вале тарљума нашуд ва ба ќавли шоири марњум Сарвар Амирљон, мусоњиба пурра ба забони дувуми модарї ва ба њарфе аз мењмони олиќадр ба забони тољикї баргардонї нашуд. Гумон кардам, ин на камбуд, балки як тасодуфе буд, ки мусоњиба тарљума нашуд. Пас аз ин мусоњиба боз мусоњибаи дигар ба њузури тамошобинони оинаи нилгун пешнињод гардид. Ин бор сўњбати Сафири фавќулодда ва мухтори Туркманистон дар Тољикистон Чинор Рустамова таќдим мешуд. Маълум гардид, ки хонум фаъолияти дипломатиашро дар љумњурии мо ба анљом расонида, мулоќоти охиринашро бо президенти мо гузаронидааст. Дипломати туркман низ табиист, ки бо забони русї њарф мезад ва ин муколама тахмин 8 10 даќиќа идома ёфт ва боз гумон кардам, аќаллан мазмуни гуфтањои хонум Рустамова ба бинандагон таќдим мегардад, вале сад афсўс, њамин тавр бе тарљума сўњбат анљом ёфт. Дар як барномаи марказии Ахбор-и Шабакаи аввал, ки шояд ним соат бошад, 13 - 15 даќиќаи он ба забони ѓайридавлатї бе тарљума садо дод. Ва ин бори аввал нест, ки суњбатњои бисёр мењмононе, ки ба русї њарф мезананд, тарљума намешавад. Сабаби чунин беэътиної ба забони давлатиро ман намефањмам. Аввалан, ин давлат номаш Тољикистон аст ва номи расмии кумита њам дар таркибаш номи Тољикистонро дорад, яъне аз пушти калимаи тољик мансаб мегирем, нон мехўрем, вале ба худи забон бењурматї мекунем. Баъд, намедонам, ки чаро як њирфаият ё одоби оддии рўзноманигорї њаст, ки агар барнома ба тољикї бошад, бояд ба забони тољикї гузарад, риоя намешавад. Сониян, ин бењурматї ба кулли бинандањои тољик аст, зеро ин Шабакаи якуму дувуму савум њама аз пули андози мардум фаъолият дорад ва мо, њамчун андозсупоранда њам њаќ дорем, бипурсем, ки магар мо барои шунидани забони ѓайридавлатї ба шумо моњона медињем. Савум, шутургурба он аст, ки Шабакаи аввал аз њама зиёд дар бораи Ватану ватанпарастї, забону забонпарастї барномањо пиёда мекунад, ки ин њам як амри муќаррарї ва бамаврид аст ва мо аз ин иќдом ва барномањои Шабакаи аввал ќаноатмандем, лекин боз њамин Шабакаи аввал ба забони давлатї ва ба мардуми тољик, ки рўбарўи телевизор менишинанд, бењурматї зоњир мекунад. Боиси афсўс аст, ваќте Шабакаи аввал тавассути барномаи марказии "Ахбор" мусоњибаи љаноби Миллеру хонум Рустамова ба забони русї медод, дар шабакаи дигари зертобеи Кумитаи телевизион "Бањористон" низ филм ба забони русї мерафт ва дар "Љањоннамо" њам барномае ба забони русї пахш мешуд ва танњо аз "Сафина" садои тољикї тавассути барномаи, агар хато накунам, "Хонадон" садо медод. Боз як мисол. Рўзи 21 сентябр Шабакаи 1-ум филмро ба забони русї пахш намуд ва бо номи "22 соли истиќлолияти давлатии Тољикистон" эълони тарѓиботї, ки њар соат такрор мешавад, рафт ва пас аз он соати 15: 58 барно-
Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии Президенти ЉТ, чї мегуфта бошад?
РУСГАРОЇ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНЊОИ ТОЉИКИСТОН маи футболи Аврупо сар шуд. Ва табиист, ки он њам ба забони русї буд. Њамон шаб боз аз ин Шабакаи 1-ум боз як филми њунарї ва боз ба забони русї садо дод. Ман дар бораи сифати барномањо њарфе намегўям, зеро агар дар бораи мазмуну муњтавои телевизион эрод мегирам гўем, он хеле зиёд аст. Танњо яктоашро барои мисол мегирам. Дар барномаи "Ахбор" набояд гузоришњои тўлонии то 10-даќиќаина гузошта шаванд. Аввал дар барномаи "Ахбор" сўњбати кўтоње ё хабаре дар бораи мулоќоти љаноби Алексей Миллер ва хонум Чанор Рустамова бо Президент медоданду як барнома ё сўњбатњои алоњида бо онњо ташкил мекарданд, бењтар буд, зеро њардуяшон њам дар мавзўъњои барои миллати мо хеле муњим : дар оянда таъмини ањолї бо газ ва кушодани роњи оњани "Тољикистон - Афѓонистон Туркманистон" ва бидуни Ўзбекистон
«
Дар баъзе мавридњо мо ба Русия таќлид мекунем. Бинобар ин хуб мешуд, дар татбиќи сиёсати њимояи забони давлатї ба телевизионњои давлатии Русия таќлид мекардем, чунки саддарсади барномањои онњо танњо ба як забон, яъне забони расмиашон, яъне, русї тањия ва пахш мешавад! Њарчанд дар ин кишвар баъзе халќу миллатњо њатто якчанд дарсадро ташкил мекунанд. Аз љумла, миллионњо тотору бошќирду чечен дар барномањои телевизионњои марказии Русия ним даќиќа не, як сония њам ба забонњои худашон намешунаванд.
«
кашидани лўлаи газ аз Туркманистон ба Чин тавассути Тољикистон суханњои љолиб гуфтанд. Гумон кардам, ин охирин лањзањои тарѓиби забони русї тавассути шабакањои давлатї буд, ки ба ќавли худашон, дар замони 22 -юмин соли истиќлолият садо медод. Аммо њайратандозї ё "сюрприз" шабакањои давлатї ба охир нарасида будааст.
Рўзи 21 сентябри 2013, соати 14: 50 хостам ягон барномаи телевизиони Тољикистонро тамошо кунам. Соати 14: 50 дар Шабакаи 1-ум филми њунарї ба забони русї "Ќассос" пахш мешуд. Соати 14: 50 дар шабакаи "Сафина" филми њунарї ба забони русї садо медод. Соати 14: 50 дар шабакаи "Љањоннамо" шарњи бозии футболи ду тими аврупої ба забони русї мерафт. Соати 14: 50 дар шабакаи "Бањористон" филми кореягї ё чиниро низ ба забони русї дар намоиш гузошта буд. Њатто аз се як эълони бозаргонї, яъне, реклама њам ба забони русї ба тамошобин пешнињод мешуд. Як эълон ба тарабхонаи "Вечерный Киев" даъват дошту дигаре ба маркази таълими забонњои хориљї, воќеъ дар бинои корхонаи "Гулистон". Яъне, дар њамин соат њатто як шабака њам ба забони тољикї барнома надошт. Њатто шубња ба ќалбам рахна зад, ки ман шабакањои Русияро тамошо доштам. Ва агар шахсе аз беруни кишвар дар њамин соат ба барномањои телевизиони Тољикистон назар мекард, ба хулоса меомад, ки ин шабакањо аз Тољикистон нест. Ба Шумо, мўњтарам Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии Президенти ЉТ, мурољиат мекунам, зеро аз назари ман, Шумо яке аз ѓамхорони фарњанги миллат ва бомаърифату бомасъулият њастед, вагарна ба раису љонишини худи Кумитаи радио ва телевизион њарф мезадам. Бинобар ин ба як саволи оддї посух бигўед: магар ин сиёсати давлати мустаќил дар татбиќу тавсеаи забони давлатї аст, ваќте дар як замон якбора чор шабакаи давлатї забони бегона тарѓиб мекунад? Зеро њар коре мешавад, њадафе дорад ва ваќте барномае аз телевизионњои Тољикистон ба забони русї меравад, бояд њадафе дошта бошад ва табиист, ки суоли навбатї пайдо мешавад: чунин русгарої дар телевизионњои давлатї аз рўи кадом маќсад аст? Агар аз рўи шумораи ањолии русзабон гирем, онњо камтар аз 0.5% - ро ташкил медињанд ва ба маълумоти худи Љамъияти русзабонњо андак зиёдтар аз 30 њазоранд. Барои ёддошт мегўем, ки ањолии кишвар зиёда аз 8
миллион буда, 1% ањолї ин 80 њазор аст. Бовар дорам, аксари ин мардуми русзабон нафаќахўранд ва ба умеди он ки дар "Ахбор"-и Шабакаи 1-ум ба забони русї њам љаноби Миллер сўњбат дорад, гуфта, ин барномаро тамошо намекунанд. Агар аз рўи дигар меъёр, ки аксари мардум русиро мефањманд, ин њам хатост, зеро шояд аз 30 - сола боло русиро бифањманд ва аз ин син поёнтар на он ќадар хуб балад њастанд ва дар дењот, ки тахмин 70% мардум зиндагї доранду мухлисони шабакањои Тољикистон зиёдтаранд, русдонњо боз камтаранд. Бинобарин бењтар аст дарсњои ба забони русї, махсусан, барои муњољирон дар телевизион ташкил карда шаванд. Агар чунин дарсњо бошанд, узр мепурсам, зеро ман барномањои шабакањои ватаниро мунтазам тамошо надорам. Агар барои таќвим ва тавсеаи дўстї бо Федератсияи Русия бошад, ин роњи њал нест. Хулоса, барои ман маќсади шабакањои давлатї дар ин амалашон маълум нест. Дар баъзе мавридњо мо ба Русия таќлид мекунем. Бинобар ин хуб мешуд, дар татбиќи сиёсати њимояи забони давлатї ба телевизионњои давлатии Русия таќлид мекардем, чунки саддарсади барномањои онњо танњо ба як забон, яъне забони расмиашон, яъне, русї тањия ва пахш мешавад! Њарчанд дар ин кишвар баъзе халќу миллатњо њатто якчанд дарсадро ташкил мекунанд. Аз љумла, миллионњо тотору бошќирду чечен дар барномањои телевизионњои марказии Русия ним даќиќа не, як сония њам ба забонњои худашон намешунаванд. Забон ин яке аз рукнњои асосии нишони миллат ва давлатдорист ва дар вазъияте, ки забони тољикї имрўз ќарор дорад, мо бояд бикўшем, то њадди имкон аксари барномањоямонро ба забони давлатї пахш кунем. Имрўз барои маўзи тољик садњо барномањои мањворавї ва заминї аз дуру бар талош доранд. Дар бисёр ноњияњои сарњадї мардуми зиёд барномањои телевизионии љумњурии њамсояро тамошо доранд ва дар њайрат назанед, ваќте бачаи шањритусї, мастчоњї ё зафарободї президенти љумњурии њамсояро сарвари Тољикистон њисобад.
ТО БА КАЙ?
Бо замми њамин ќадар фишору мањдудкунии забонамон боз мо ба тарѓиби забони русї машѓул њастем. Бисёр хуб аст, ки чор шабака мањворавї шудааст ва ин шабакањо барои тахмин ду миллион тољик, ки имрўз аз пайи ёфтани тикае барои ањли оила берун аз кишвар ќарор доранд, њамчун "бўйи Ватан", барои онњое, ки дар Русия ташнаи њарфу навои тољикї, муштоќи аќаллан як намои дењаи тољикї њастанду рўбарўи телевизор менишинанд, хизмат кунад, аммо шабакањои ватанї ба онњо ба забони русї филми њунарии истењсоли Русия таќдим мекунанду футболи аврупої. Вале аз назари мо, танњо хунукназарї ба забони давлатї ва бењурматї ба бинандагони телевизион сабаб шудаанд, ки ин гуна барномањои "ширу шакар"-и талх пахш мешаванд. Ман сиёсати телевизионии худамонро ба дигар љумњурињо муќоиса намекунам ва танњо ба телевизионњои мањворавии љумњурии Туркманистон, ки наздикї дорем, ќиёс мезанам. Панљ барномаи туркманњо дар фазост ва яке аз бо номи "Туркманистон" асосан ба забони англисї ва ањёнан барномаи "1-ум"-и Русияро нишон медињад, аммо он чор барномаи боќї танњо ба забони туркманист! Ман ягон бор дар он барномањо футболи аврупоиро надидам! Филмњои њунарї ва њатто филмњои тасвириро њам ба забони худашон та-
рљума карда, пахш мекунанд, зеро ЗАБОНАШОНРО эњтиром мегузоранд, ТАМОШОБИНАШОНРО њурмат доранд, МИЛЛАТАШОН ва МЕЊАНАШОНРО мепарастанд, аммо телевизионњои мо барои ѓаризаи молиявї њатто як эълони бозаргониро њам ба тољикї ва ба забони русї медињанд. Њатто шабакаи "Бањористон", ки дар пешнињоди мавод ва сохтани баъзе барномањо дар байни бачањо мањбубият ва маъруфият касб кардааст, натавонист дар тарѓиби забони давлатї наќши умда бибозад, зеро аксари, такрор мекунам, аксари њам филмњои њунарї ва њам аксари филмњои тасвирї, ки пешнињод мешаванд, ба забони русист. Њол он ки њамаамон хеле хуб медонем, забондонї дар айёми кўдакї шакл мегирад ва мо аз имкониятњои "Бањористон" истифода набарем, гуноњ аст. Эњсос мекунам, посух медињанд, ки дар замони шўравї танњо як телевизион доштем ва имрўз чорто шабакаи љумњуриявї дорем. Бале, мо њам медонем, ки тањияи як соат не, як даќиќаи барномаи аслии телевизионї хеле зањмату молиёт таќозо мекунад, чї монад дањњо соати чор шабака. Вале чун ба ин шабакањо чашм медўзед, мебинед, ки аз пагоњ то бегоњ асосан бо филмњои њунариву мустанад ва гоње бо барномањои варзишї, махсусан, муштзаниву футболи кишварњои Аврупо ба забони русї пур мешаванд.
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Бисёр хуб аст, ки чор шабака мањворавї шудааст ва ин шабакањо барои тахмин ду миллион тољик, ки имрўз аз пайи ёфтани тикае барои ањли оила берун аз кишвар ќарор доранд, њамчун "бўйи Ватан", барои онњое, ки дар Русия ташнаи њарфу навои тољикї, муштоќи аќаллан як намои дењаи тољикї њастанду рўбарўи телевизор менишинанд, хизмат кунад, аммо шабакањои ватанї ба онњо ба забони русї филми њунарии истењсоли Русия таќдим мекунанду футболи аврупої.
«
Аз рўи мушоњида ман ба хулоса омадам, ки сабаби асосии пахши барномањо ба забони русї пайи њам ташкил шудани ду шабакаи охир: "Љањоннамо" ва "Бањористон" аст. Яъне, дар он њолат ки њанўз на рўзноманигорони босаводу таљрибадор доштему на маблаѓгузории кофї, якбора ду шабака таъсис ёфт ва таъмини ин шабакањо бо барномањои касбиву хушнамо ва пурмазмун корест гарон. Масалан, бо он њайате, ки имрўз "Бањористон" дорад, имкон надорад фарз кардем рўзона 15 соат барнома
9
тањия кунанд. Ва "Сафина" њам чун шабакаи асосан фарњангиву фароѓатист, наметавонад, 24 соатро бо барномањо ба забони тољикї пур кунанд, зеро онњо њам чунин имконияти моливу њайатї, яъне, кадрї надоранд. Чї бояд кард? Аввалин кор бояд он бошад, ки бо нигањ доштани њамон њайати мављуда шабакаи "Сафина" якчанд соати худро рўзона дар ихтиёри шабакаи бачагона ва наврасон "Бањористон" гузорад, зеро шарт нест, ки ин шабака аз субњи содиќ то ними шаб барномањоро ба фазо фиристад. Дар ин њолат барномањои "Сафина" ва "Бањористон" ба забони тољикї меафзояд ва шояд "Бањористон" ба бачањо зиёдтар филмњои тасвириро ба тољикї баргардонида, пешнињод намояд. Зеро имрўз "Бањористон", ки аллакай соњиби маъруфият миёни бачањо ва наврасон гардидааст, метавонад дар тарѓиби забони давлатї сањм гузорад. Роњи дигари кам кардани таъсири забони русї дар шабакањои ватанї ин ба намоиш гузоштани филмњои њунарї ва тасвирии эронї ва афѓонї аст. Ман намегўям, ки њама филмњои эронї намоиш дода шаванд. Бигузор, комиссиёне таъсис дињанд ва онњо танњо филмњои ѓайримазњабї, аз љумла, филмњое, ки дар тарбияи насли наврас сањм мегузоранд, интихоб кунанд. Бояд гуфт, ки филмњои њам њунариву њам тасвирии ѓайримазњабии Љумњурии Исломии Эрон аз љињати касбият хеле баланд буда, њар сол дар бузургтарину баобрўтарин озмунњову љашнворањои байналмилалї соњиби шоњљоизањо мегарданд. Боз љињати дигари ин филмњои эронї дар он аст, ки дар онњо сањнањои фањш ва лафзи пурњаќорат умуман вуљуд надорад ва ин њам як роњи дигари тарбия аст, аммо филмњои аврупоиву амрикої, аз љумла, русї, бо лањни дурушт, фањш, куштору њарбњои барои наврасону кў дакон тамоман ѓайриќобил сохта мешаванд. Њатто афкоре њаст, ки чунин филмњои њунарии ѓарбиён, ки саропо паррон - паррону фањш аст, махсус барои осиёињову африќоињо тањия мешаванд. Њар боре дар бораи филмњои "ширу шакар"-и талхи телевизионњои давлатиро тамошо мекунам, як дастури мўњтарам Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси Маљлиси Миллї ва шањрдории Душанбе ёдам меояд: тамоми рекламањое, ки дар шањри Душанбе часпонида мешаванд, бояд ба забони давлатї навишта шаванд. Ва имрўз аксари эълонњои бозаргонї дар пойтахт ба забони давлатист ва аз хондани онњо хурсанд мешавам ва зери лаб ба худ мегўям: Тољикистон аст ин љо! Аъзам РОЗИЌОВ
Натиљаи пурсиш муайян кард, ки аксари пурсидашудагон - 21 дарсад (161 нафар) имсол захира барои сардии зимистонро омода накардаанду дар љустуљўи таппаки арзон њастанд. Чунки дар Тољикистон ќиммати ангишт гарон аст ва на њама тавони харидани онро доранд, аз ин рў аз таппак истифода мебаранд.
12% Т о зим истон в аќ т њ ас т
8%
Б а ум ед и " Б ар ќ и то љи к" њ асте м
5%
ОМОДАГИАТОН БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ ДАР КАДОМ САТЊ АСТ?
21%
О м одаем
5%
Д ар к уљ о т ап аки арзон м е ф урўш ан д ?
22%
П ойаф зол и гарм н ад оре м
13%
С ўрох ињ ои дару ти резањ оро м ањ к ам к ард ем
15%
О м од а нестем
П улам ба њ езум у анги ш т нам ерасад
САДОИ МАРДУМ
Иштирокчиёни ин пурсиши виртуалї, ки зери унвони "Омодагиатон ба зимистонгузаронї дар кадом сатњ аст?" гузаронида шуд, маълум кард, ки њамагї 21дарсад (154 нафар) гузинаи "Ба умеди "Барќи тољик" њастем"-ро интихоб кардаанд. Аммо 15 дарсад (113 нафар)-и дигар "Пулам ба њезуму ангишт намерасад"-ро пахш намудаанд. Дар њамин њол, 13 дарсад (97 нафар) аз иштирокдорони ин пурсиш варианти "Омода нестам"-ро клик намудаанд. 12 фоиз (92 нафар) њоло беташвишанд ва онњо идао доранд, ки барои захира намудан њоло ваќт њаст ва варианти "То зимистон ваќт њаст"-ро клик намудаанд. Инчунин гуфта мешавад, ки тибќи назар-
санљї, 8 дарсад (57 нафар) барои гузронидани фасли зимистон аллакай омода њастанд. 5 фисад (39 нафар) аз ширкаткунандагон на ба умеди "Барќи тољик" њастанд ва на таппаку њезум љамъ мекунанд, чунки онњо аллакай хонаро барои зимистон омода кардаанд ва ба њамин хотир, варианти "Сўрохињои дару тирезањоро мањкам кардем" - ро интихоб кардаанд. 5 дарсад (34 нафар) бошад гузинаи "Пойафзоли гарм надорем"-ро пахш намудаанд. Ин назарсанљии виртуалї бо фармоиши њафтаномаи "Нигоњ" тўли як њафта дар сомонаи Ољонси иттилоотии TojNews гузаронида шуд, ки дар он 747 нафар иштирок кардааст.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
Ахиран Созмони паймони амнияти дастаљамъї (СПАД) тасмим гирифт барои тањкими њифозати марзи Тољикистону Афѓонистон даст ба кўмак занад. Ва ишора њам кард: њама гуна сенариёи рушди њаводис баъди хуруљи нерўњои хориљї аз Афѓонистон ба назар гирифта шуданд. Аммо мушаххас гуфта нашуд, ки мањз кадом сенариёи эњтимолї. Яќинан эњтимолияти њамлаи Толибон ё гурўњњои дигар ба кишварњои Осиёи Марказї дар назар аст. Тањдиде, ки њамагон ба он таъкид мекунанд ва ин бори аввал нест, ки аз сўе Маскаву шариконаш ва аз љониби дигар Вашингтону муттањидонаш ин хавфро омили бесуботградонандаи вазъ дар миинтаќа арзёбї мекунанд. Аммо ба назар мерасад ду љониб њам мехоњанд аз тарс додани љамоњири њамсояи Афѓонистон бурди сиёсиву низомї кунанд. Яъне, ИМА аз минтаќае, ки дохил шудааст, хориљ шуданї нест. Рафтан аз Афѓонистон маънои рафтан аз њавзаи кишварњои Осиёи Марказиро надорад. Ва аз љониби дигар Маскав аз он ки дањ сол ё бист сол пеш иштибоњан аз миинтаќа хориљ шуд, њоло дар садади бозгашт аст. Русия аз вуљуди Амрико тањдид ба ояндаи худро мебинад ва акнун ќасд дорад бо њар роњу восита он иштибоњро ислоњ намояд. Вале оё ин амалан имконпазир аст? Посух хеле сарењ ва рушан аст: оре! Барои исботи ин ёдоварии муоњадањои низомии Русия бо Ќирѓизистон ва Тољикистон кифоя аст. Бахусус, дар Тољикистон як двизияи муљањњази ин кишвар дањсолањост њузур дорад ва акнун баъди тасвиби муоњада дар парламон Маскав пайи тањкими он мешавад. Ва ин гуна созиш бо Ќирѓизистон низ њосил шудааст. Аммо Узбакистон њамоно дар нимароњи тасмими нињої ќарор дорад. Ин кишвар аз он бим мекунад, ки ИМА ва дигар мамолики Аврупо дар сурати пойгоњи низомї ёфтан дар ин кишвар метавонанд дар ташаннуљи авзоъ мусоидат кунанд. Аз гузаштаи 8 соли пеш, ки Вашингтон ва муттањидони аврупоияш аз иќдоми шўришчиён дифоъ кардаву њукумати Каримовро дар њолати ногувор гузошта буданд, Тошканд таљриба гирифтааст ва њоло бо вуљуди он ки метавонад аз љо додани Амрико дар мамлакат суди калон бардорад, ба ин роњ намедињад, чун намехоњад он гузаштаи талх такрор шавад. Туркманистон бошад њузури њар нерўи бегона дар кишварро тањдид ба амнияти миллии худ медонад ва то ин замон њар гуна гуфтушуниди бегонагон дар мавриди тањкими нерўњои мусаллањи худ ва ба ивази он љо додани низомиёни хориљї ноком мондааст. Ин сиёсати Туркманбошї буд ва Бердимуњаммадов онро идома медињад. Аз ин миён танњо Ќазоќистон аст, ки метавонад то њадде ба њузури нерўњои бегона мувофиќат намояд. Ин пеш аз њама ба хотири таќвияти ќуввањои бањрии он зарур аст, чун Ќазоќистон нисбат ба њамаи мамлакатњои дорои обњои бањрї мушкили таќвияти нерўњои мусаллањи обї дорад.
«
МАНФИАТИ МИЛЛЇ Аз сўи дигар Вашингтон хуб медонад, ки бидуни ба даст овардани ризояти кишварњои њаммарз бо Афѓонистон њама талошњояш баробар ба сифр мешаванд. Вале Кохи Cафед боз инро њам медонад, ки ммлакатњои њавзаи Осиёи Марказї аз тарси тањдидњои амниятии хезанда аз Афѓонистон шадидан ба пуштибонии ќудратњо ниёз доранд. Ва чуноне Игор Нахимов, як тањлилгари пажуњишгоњи давлатии стратегии Украина изњор медорад, дар рўи кор омадани ин гуна тафаккур ягон имову ишораи тањдидкунанда зарурат надорад, ин љо ќонуни мувозинати манфиатњо ва нерў наќши њалкунанда мебозад. Нуктаи дигари таъсиррасон ба вазъи мав-
Гузашти бештар аз як дањсолаи њузури низомии Амрико дар Афѓонистон дарсњои омўзандае ба сиёсатмадорони минтаќа дод. Яке аз ин дарсњо он буд, ки кишварњои тозаистиќлолро њушдор дод: сиёсатшиносу сиёсатмадор шаванд ва њамеша дар фикри љуброни як тонке бошанд, ки аз ин ё он љониб мегиранд. Зеро на Русия ва на Амрико њозир нестанд бидуни љуброни хисорати дидаашон аз таќдими як тонк даст аз тамаъ бишўянд. Олжас Акимов, як сиёсатшиноси ќазоќ истифода аз фурсати муносиб љињати тањкими иќтидори низомиро, ки аксари роњбарони кишварњои пасошўравии Осиёи Марказї дар сар доранд, иштибоњи мањз мехонад. Зеро, ба навиштаи ин сиёсатшинос њич кўмаке муфт нест ва рўзе бояд онро љуброн намоянд.
Талошњои СПАД оё талоши Маскав нест? Баргардем сари ин масъала, ки чаро мањз имрўз ниёз ба таќвияти марзи Тољикистон бо Афѓонистон ба миён омад. Гап сари он ки дар мавриди бозгашти марзбонони рус ба Тољикистон аз хеле замонњо сару садоњо баланд мешаванд. Ва бештар аз дигарон генералњои рус дар сўхбатњову маќолањояшон дар матуот сари ин андешаронї мекунанд. Њарчанд љониби Тољикистон борњо гуфтааст, ки бозгашти марзбонони рус матрањ нест ва набояд њарф ба ин гуна бошад, вале боз њам гене-
ОРЗУИ РУСЇ
Оё дар паси пардаи кўмак ба тањкими марзи Тољикистону Афѓонистон орзуи генералњои рус дар мавриди бозгашт ба марзи Тољикистон нуњуфтааст?
Бо як "иштибоњ", ки онро соли 2005 содир карданду рафтанд, акнун ба њар бањона ба ин љо баргаштанианд. Хати Дюран њам мањсули "эљод"и њамин генералњо ва низомиёни инглис буд, њоло њам њамон иддао дар сари русу инглис боќист. Новобаста аз он ки феълан онњо бо як кишвари мустаќил, яъне Тољикистон сару кор доранд.
Тиљорат дар сиёсат
ин назаранд, ки ин кишвар аз он ки ИМА вориди Афѓонистон шудааст, фоида дидааст. Муњимтарин нукта ба андешаи ин сиёсатшиносон коњиш ёфтани хавфи терроризм дар минтаќа мебошад. Ва агар дуруст таваљљўњ намоед, мебинед, ки зарфи чанд соли охир на дар Русия ва на дар ИМА амали бузурги террористие назири Беслану рўйдоди хунин Ню-Йорк ба ќайд гирифта нашудааст. Аз назари онњо сабаб њамон аст, ки таъкид кард. Яъне, бо ќувваи Амрико олам аз як тањдиди марговари террористї наљот ёфт. Коршиноси узбак, номзади илмњои сиёсатшиносї Хайрулло Умаров мушкили Афѓонистонро дар он мебинад, ки тавозуни байни мил-
«
људа он аст, ки ба назар мерасад дар минтаќа ва љањон равишњои дигари њалли бўњронњои минтаќаї ба вуљуд меоянд, созмонњо ва паймонњои нав вориди амал мешаванд ва мехоњанд бо њар роњу восита бегонагонро аз минтаќа берун созанд. Ва яке аз ин паймонњо СААД аст, ки эњсос мешавад ваќтњои охир мекўшад дар тањкими амнияти минтаќавї наќши дигар бозад.
Суду зиёни Русия аз њузури Амрико Коршиносони масоили амниятии минтаќа сари њузури низомии Амрико дар Афѓонистону суду зиёнаш ба кишварњои њавза зиёд бањс мекунанд. Ва аксари касоне, ки аз суди Русия чун ќудрати минтаќавї њарф мезананд, бар
латњо вайрон шудааст ва аз ин иддае аз кишварњо истифода мебаранд. Аз сўи дигар омили динї њам хеле пуртаъсир аст ва дар ихтилофандозї њамеша ќартаи шиаву суннї истифода мешавад. Доктори илми кишоварзї Айбек Кимсанбоев дар барномаи рушди кишварзии ИМА дар Афѓонистон нусхабардории барномаи МАГАТЭ-ро дидааст ва мегўяд дар он ба љои энержии атомї сухан дар бораи ќатъи кишти кўкнор ва каннабис меравад. Гап сари он ки афѓонњо шояд њаргиз розї нашаванд, ки ба љои зироати сердаромади кўкнор ягон замон пахта ё гандум кишт кунанд. Аммо ин коршинос бар ин назар аст, ки Амрико бо воситаи Афѓонистон Осиёи Марказиро бештар ѓасб кардааст ва мекунад. Аз ин рў онњо ба њељ ваљњ аз ин кишвар берун намераванд. "Дар Афѓонистон туркњо, муттањидони аслии амрикоињо ва "танзимгарони њузури ин кишвар дар Осиёи Марказї" боќї мемонад, ки Эронро аслан дўст намедоранд". Ба ибораи Збигнев Бзежинский бархўрди тамаддунњо сурат намегирад, барои ИМА зарурате пеш намеояд, ки халќи худро бо лаљом нигоњ дорад. Аз сўи дигар ѓасби фарогири сарзаминњо низ ба ин чанд соли оянда сурат намегирад. Афѓонњо аз он гуна халќњое нестанд, ки раванд ва дар сарзаминњои бегона барои замин љанганд. Вале метавонанд пул кор кунанд. Њатто барои мухаддирот. Ва агар чунин аст, пас сарчашмаи тарс аз куљост?
ралњои рус сари он таъкид мекунанд. Њоло, ки СПАД тасмими тањкими марзи Тољикистон ва Афѓонистонро гирифтааст, хоставу нохоста њамин андеша сари кас меояд, ки магар ин марњилаи аввали амалишавии њамон орзуи бозгашт нест? Коршиноси тољик Хилватшоњи Мањмуд бар ин назар аст, ки њарчанд ин дар њаќиќат метавонад як чунин талош бошад, вале баъид аст, ки амалї гардад, чун ќавонанйни баналмилалї мухолифи он аст. "Баргаштан ба марзи Тољикистон аз авлавиятњои сиёсати Русияи подшоњї, Кремли феълї буда, њаст ва боќї мемонад. Зери мафњуми "марзњои љанубї" генералитети рус сарњадоти Русия бо кишварњои љанубиашонро дар назар надоштанд. Онњо њамеша ва асосан тўли 170 соли ахир марзњои љанубии моро "аз они худ медонистанд. Бо як "иштибоњ", ки онро соли 2005 содир карданду рафтанд, акнун ба њар бањона ба ин љо баргаштанианд. Хати Дюран њам мањсули "эљод"-и њамин генералњо ва низомиёни инглис буд, њоло њам њамон иддао дар сари русу инглис боќист. Новобаста аз он ки феълан онњо бо як кишвари мустаќил, яъне Тољикистон сару кор доранд. Аммо ба назари ман, боваркарданї нест, ки русњо битавонанд назорат ва њимояи марзи Тољикистонро аз мо бигиранд, зеро ќонунњои байналмилалї инро иљоза намедињанд",-мегўяд ў.
Бобољони ШАФЕЪ
НИГАРОНЇ Муддатест, ки манотиќи гуногуни Осиё, ба вижа кишварњои мусулмониро мављи нави низоъу даргирињои љиддии сиёсї ва њатто мусаллањона фаро гирифтааст. Нооромињову даргирињои шањрвандї дар намудњои гуногуни хеш - муборизањои беамони нухбањои гуногуни сиёсї барои њокимият, умдатан бањри зери назорати истисноии худ нигоњ доштан ва ё ќарор додани манобеъу захирањои кишварњои хеш (Афѓонистон солњои 1989 - 2001, Ќирѓизистон - 2005), ки на њамеша мусолињатомез љараён мегирад, исён ва шуришњои мардумї бањри аз беху бун дигаргун сохтани низоми ќоими сиёсї ва иљтимої - иќтисодї (Бањрайн ва Миср аз соли 2011 то ба кунун), ки низ ањёнан ба набардњои мусаллањона табдил меёбанд (Тољикистон - 1990 - 1992, Либиё 2011, Сурия аз 2011 то ба њол ), даргирињои сиёсї (Бањрайн) ва сиёсї - низомие, ки решањояш аз адовати сиёсї ва њам тоифаї - мазњабї об мехўрад (љанги шањрвандие, ки моњи апрели соли 1975 дар Лубнон сар заду понздањ сол тўл кашид, нооромиву ситезакорињои тоифаї - мазњабии кунунї дар худи њамин кишвару Бањрайн, даргирињои шадиди имрўза дар Сурия, адами субот ва нооромињои кунунї дар Ироќ), њамлањои мусаллањонаи бегонањо ва муќовимати мусалањонаи бахши хеле назарраси мардуми бумї њамлакунандагонро (Афѓонистон - 1979-1988 ва 2001 то ба њол, Ироќ 2003 - 2011) зиндагии бошандагони кораи Осиёро сангин, муташанниљ ва пурдарду азият сохтанд. Дар пасманзари ин болоравии ташаннуљи сиёсї ва низомї дар минтаќањои гуногуни Осиё, ки таќрибан падидаи доимї гаштааст,
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
11
РАШИД ЃАНЇ АБДУЛЛО
НООРОМИЊО ДАР ОСИЁ Чаро кишварњои ќора аз рўи роњкорињои Ѓарб кор мекунанд? љомеаи байналмилалї чунин вонамуд мекунад, ки гўё њамеша дар талоши дарёфти роњњои расидан ба оташбас ва сипас, роњандозї намудани раванди хотима бахшидан ба низоъњо ва аз вартаи он рањондани кишварњои љангзада мебошад. Њароина, воќеият њамин аст, ки дар ду-се дањсолаи ахир танњо дар ќазияи Лубнону Тољикистон ин кўшишу талошњои љомеаи байналмилї то андозае муваффаќона буданд. Љанги дохилии Лубнон ба зудї симмати љанги ќудратњои замонаро бо истифода аз худи лубнонињо ва мушкилоти дохилии онњо пайдо кард. Ногуфта намонад, ки ин љанг аз худи ибтидо пањлуи ошкорои берунї дошт, чун њамчун набарди масењитаборони Лубнон, бавижа тоифаи мазњабии марунињо, ки тоифаи калонтарину бонуфузтарин дар байни онњо буду њаст, алайњи фаластинињои ба ин кишвар њиљраткарда ва соњибкудратгашта шурўъ шуда буд. То њиљрати фаластинињо дар асари набардњо байни давлатњои арабу Исроил ва мушкилоти эшон бо низоми Њусайн ибни Талол, шоњи Урдун, ки сентябри соли 1970 бо хунрезї анљом ёфт, масењитаборон аксарияти ањолии Лубнонро ташкил мекарданду дар идоракунии давлат дастболо буданд. Дар фосилаи нисбатан кўтоњи замонавї бино ба њиљрати бузургњаљми фаластинињо имкони таѓйир ёфтани таносуби демографї ба фоидаи мусулмонон, аз як тараф, ва дар хоки Лубнон пайдо шудани нерўи мусаллањонаи сершумор ва нисбатан муназзами фаластинињо, ки танњо ба сарварони худ тобеанд, ќонунњои давлати Лубнон ба онњо таъсир надоранд, масењиёни кишварро сахт ба ташвиш овард. Аз он лињоз, ки дар њолати идома ёфтани таѓйири таносуби демографї ва аксарияти ањолии кишварро ташкил кардани мусулмонон, масъалаи дастболо шудани эшон дар идоракунии он ногузир худро матрањ месохт. Ногуфта намонад, ки баробари дар Лубнон мустаќар шудан, дастањои низомии фаластинињо дубора ба идома додани муборизаи чирикии худ, акнун аз хоки ин кишвар, алайњи Исроил шурўъ карданд. Ин амр ташвишу изтироби масењитаборони Лубнонро боз њам бештар месохт. Таъсири њамаи ин омилњо буд, ки 13 апрели соли 1975 алангаи даргирињои љиддии мусаллањона байни дастањои њизби "Ал-катоиб"-
и масењиёни морунї бо сарварии шайх Пйер Чумайл ва дастањои фаластинињо афрўхта шуд. Њар ду тарафи даргир њамоно аз тайиди беруна бархурдор шудаанд. Масењиёнро кишварњои ѓарб ва фаластинињоро раќибони бохтартаборон дастгирї карданд. Таќрибан аз худи ибтидои даргирињо мусалмонони Лубнон фаластинињоро тайид намуданду њодисањо дар ин кишвар симмати мураккаби љанги шањрвандиву мазњабї-тоифаиро касб кард. Љои тааљљуб нест, ки њар кадом аз тарафайни љанги шањрвандї њам њамоно аз тайиди беруна бархурдор шуданд. Њамин буд, ки дере нагузашта доругири Лубнон мулаќаб ба "љанги сафоратњо" шуду дар худи кишвару минтаќа гоњо бо њазлу мутоиба ва гоње бо љиддияти том, мегуфтанд, ки агар "сафоратњо" дар нисбати ќазияи Лубнон ба иттифоќи оро расанд, баъд аз панљ даќиќа, на бештар аз он, садои тупу туфанг дар ин кишвар хомўш мешавад. Њамин тавр њам шуд. 2 августи соли 1990 Ироќ, баъд аз бо нокомї анљом ёфтани кўшишу талошњояш бо роњњои дипломатии њаллу фасл намудани мушкилоти хеш бо давлати Кувайт (мушкилаи рад кардани бахшидани ќарзи Ироќ аз Кувайт ба маблаѓи чанд дањ миллиард доллар, ки дар рафти љанги Ироќ бо Эрон пайдо шуд, мушкилаи љуброни арзиши нафте, ки Ироќ Кувайтро дар дуздидани он аз майдони Румайла тавассути пармакунии чоњњои моил муттањам мекард, ба маблаѓи 10 миллард доллар, ва ѓ.), алайњи он лашкар кашид. Пас аз ду рўзи амалиёти низомї, 4 августи соли 1990 Ироќ Кувайтро пурра зери тасааруфи худ даровард ва чанде нагузашта, онро ба њайси музофоти 19 ба ќаламрави хеш зам кард. Усулан, расидагии Ироќ нисбат ба Кувайт њамеша духура буд. Аз як тараф њамаи низомњои њокими Ироќ соњибихтиёрии Кувайтро расман эътироф мекарданд. Њамзамон њамаи онњо дар ин ё он шакл исрор мекарданд, ки Кувайт љузъи ногусастании ќаламрави Ироќ мебошаду барои исботи даъвоњои худ далел меоварданд, ки то фурўпошии салтанати Туркияи Усмонї ќаламрави имрўзаи аморат ба њайси ќазои мухтор љузъи ќаламрави пошшолики Басраи њамин салтанат буд ва танњо баъд аз фурўпошии империяи туркњои усмонї дар асари шикасти низомї-сиёсї дар љанги якуми
љањонї бритонињо дар раванди таъсис додани давлатњои нави араб, бо дарназардошти манфиатњои худ, Басраву Кувайтро аз њам људо карданд. Басра ва ноњияњои атрофи он ба давлати навбунёди Ироќ њамроњ карда шуду Кувайт аморати алоњидае гашт зери њимояти сиёсиву низомии Бритониё. Вале яке аз тароифи замона ин аст, ки дар охирњои дањаи 30 -и ќарни гузашта, њоло пеш аз кашф шудани захирањои бузурги нафт, давлати Кувайт чандон ѓанї набуду душворињои иќтисодиро аз сар мегузаронд, дар доирањои бонуфузи аморат масъалаи ворид шудан ба њайати Ироќ, ки давлати доро ва содиркунандаи нафт буд, матрањ шуд. Бино ба маќолае дар ин бора, ки чанд сол пеш ба чашми ин љониб афтода буд, њатто як мурољиатномае, албатта, на расмї, балки аз номи ањли љомеа, ба љониби Ироќ равона карда шуд. Раддулфеъли љомеа Ироќи доро хеле аљиб буд - ба мо ин сањроињои бечизу чора чї лозиманд? Аммо баъд аз дарёфти конњои хеле ѓании нафт дар Кувайт дар солњои 1937 - 38 ќазия ранги дигарро гирифт. Ироќ њар сари чанд ваќт даъвогари хоки Кувайт мешуду кувайтињо бо њар роњу васила, умдатан тавассути таваљљўњ ба њамкорињои амниятї бо Ѓарб, талош мекарданд, ки худро аз њамсояи тавоно эмин нигањ доранд. Билохира, нашуд. Њамоно бо оѓози ин мушкила Амрико, бо истинод ба даъвати амири фироркардаи Кувайт ва њукумати Арабистони Саудї, аз паси созмон додани эътилофи банаймилалї ба хотири озод кардани хоки Кувайт шуд. Абарќудратони дигари замона, ба шумули Иттињоди Шўравї ва бархе аз кишварњои араб ин иќдоми Амрикоро тайид карданд. Саркарддагони эътилофи таъсисёбанда барои ба он њамроњ шудани Сурия низ њавасманд буданд. Ба хотири расидан ба ин њадаф онњоро лозим омад, ки бо дидгоњи Сурия дар нисбати хотима бахшидани љанги шањрвандї дар Лубнон (њифзи таносуби пешини тоифаї-мазњабї дар масъалаи султа, во нагузоштани табдилёбии Лубнон ба пойгоњи фаъолиятњои бегонагон зидди Сурия, эътирофи манфиатњо хоси сиёсиву низомии он дар Лубнон) розї шаванд. "Сафоратњо", ки ба иттифоќи оро расиданд, моњи октябри соли 1990 бо шикасти сиёсї-низомии охирини муќовиматкунандагони нуфузи Сурия дар
Лубнон, љанги шањрвандї дар ин кишвар ба поён расиду барои татбиќи феълии шартномаи сулњи Тоиф, ки соле ќабл ба имзо расонда шуда буд, шароити лозимаи сиёсї фароњам омад. Дар навбати худ, давлати Сурия то 20 њазор низомии худро ба њайати неруњои муштараки эътилофи байналмилалї зери сарварии ИМА эъзом кард. Неруњои Сурия дар рондани ироќињо аз давлати Кувайт, ба вижа аз пойтахти он, сањмгузор шуданд. Дар нисбати ќазияи Тољикистон аз оѓози даргирињои мусаллањона ваќти зиёд нагузашта буд, ки абарќудратон ва давлатњои минтаќа дар масъалаи ба њељ ваљњ љавобгў набудани идомаи низоъи тољикон манфиатњои умдаи эшонро ба иттифоќи оро расида буданд. Њамин иттифоќи оро роњро барои расидан ба сулњ кушод. Сараввал бо ибтикору тайиди Русияву Амрико муколамаи ѓайрирасмии намояндагони тарафњои даргири тољик дар чањорчўби конфронси Дартмунд (1993) ба роњ монда шуд. Соле баъд, бо дастгирии љомеаи баналмилалї ва сарпарастии Созмони Милали Муттањид ин муколама ба гуфтугўи расмии тарафњои даргири ќазияи тољик тањвил ёфту дар худи њамон сол (1994) ба имзо расондани созишномаи оташбаси Тењрон ва таъсиси Комиссияи муштараки тарафайнро барои назорат бар риоя намудани он имконпазир гардонд. Баъд аз ду сол, дар асари вохўрињои сарварони тарафайни ќазия дар Хусдењ ба даргирињои низомии тарафайн амалан хотима бахшида шуд. 27 июни соли 1997 дар Маскав тарафайни ќазия ва љомеаи байналмилалї дар чењраи СММ сулњеро, ки феълан ба даст оварда шуда буд, расмият бахшиданд. Дар њамаи низоъњову чолишњои дигар дар ќораи Осиё кадом як натиљаи эљобиро дарёфт кардан амрест муњол. Яке аз сабабњои асосии ин њолро адами имкони расидани абарќудратони замона ва давлатњои бонуфузи минтаќавї ба иттифоќи оро оид ба эљоду бунёди сулњ дар ин кишварњо ё дидаву донииста сар печидани онњо аз ин амр ташкил мекунад. Мисоли равшани њам ину њам он дар Афѓонистону Сурияи имрўза ба хубї ба мушоњада мерасад. Сабаб ё худ сабабњои дигари бунёдиро, аз як тараф, эътимоди аз њад зиёди худи осиётаборон ба ибтикору талошу кўшишињои љомеаи байналмилалї, ки ба гуфтаи оќои Хантингтон, њамагї тавсифи маљозии љомеањои давлатњои ѓарб мебошад ва аз тарафи дигар, адами эътимоди мардуми Осиё, ба дараљаи зиёд, бино ба таъсири уќдаи худро кам донистан, ба ибтикору талошњои худии онњо ташкил мекунанд.
14
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
БО ШОИР
Гулноз (Тоирова Гулноз) 13 феврали соли 1973 дар дењаи Хайрободи ноњияи Мастчоњ пой ба арсаи њастї гузоштааст. Хамткардаи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров бо ихтисоси омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик. Омўзгор мактаби миёнаи №23-и ноњияи Мастчоњ буд ва муддате корманди рўзномаи "Нилуфар". Њоло котиби масъули Шўрои Њаракати љамъиятии вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар вилояти Суѓд ва мушовири илмии маљаллаи "Паёми Суѓд". Китобњои Гулноз бо номи "Ашки ширин", "Аз нигоњ то шеър", "Парвози дунё" ва "Шаб дар паси ман буд" интишор шудаанд. Нишони фахрии љамъияти "Дониш", Љоизаи ба номи Имом Њумайнї (Эрон), Љоизаи давлатии Шањриёр (Эрон) ва Љоизаи давлатии адабии ба номи Камоли Хуљандро сазовор гардидааст. Аз соли 2005 Узви Иттифоќи нависандагон ва аз соли 2010 узви Садорати он мебошад.
ЭЙ УЌОБ Дар дилам ѓунљидамат Бехабар аз он ки як рўзи сафар Мављи боли ту дар оѓози шукўњ Пайкари ишќофаринамро Ба шаш кунљи фаромўшии мењр Пош хоњад дод... Боз танњо чашмњои заррабини ту Фурсате,ки шедвор аз хилвати сарди хиёбон меравї боло, Лахт-лахти љисми манро Аз фарози ќуллањои њирс мебинад. Оќибат Минќори берањми ту мечинад Порањоямро.
ЗАНГЕ БА ТИЛФУНИ КЎЧА Кўчањои шањр обї. Мечакад бўи туро борон. Нилуфар бедор, Чарх мегардад ба рўи њавзи боронї. Ќатрањо парвози кўтањ карда то шаффофи мармарњо. Дар куљої ту? Ба тилфунњои кўча мезанам занг. Љодањо холї Пайдои ту нест. Љуз навои гиряи чархи лаби дарё Садое нест. Оина Гирдоби бањре рўи девор аст. Мекашад њар лањзаамро то тааммулгоњ. Соати худмењвари хона Нињоят гашт бењуш. Дувоздањ тан Дар мизи мудаввар сахт њайронанд. Шамъ њам охир зи худсўзї Пушаймон шуд. Њамсояи рус Чун њамеша боз мељангад Бо пирии модар, Ки намирад. Мекунам парвоз. Осмон њам нест. Ман туро мебинам акнун пушти боварњо. Мебинам Самти рушани марг аст,бесамтии торикї. Лек ин парвоз парвози ќафас буд, Ман хато кардам ,ки озодам. ...Атри рўшанї Он сўи шаб Дар љони зебои сабоњи гармандоме њанўзам номукаммал буд... *** Дил буд иќтидори тану зиндагониям, Бигрифтиву фузуд ѓами нотавониям. Бо бањр печ, шури дили мубтало шунав, Дар бањри ѓам насиб шуда комрониям. Бигзор набзи ќалби туро даст бишмарад, То сармуњосиби ту шавам дар љавониям. Љонест пур зи шеъри тару сўхтан умед, Аз дуди дил маранљ зи мо осмониям. Эй фикрљўи омаву эй пешгўи ишќ, Дидї дар инфиолу гунањ њамзабониям.
ГУЛНОЗ Мехоњам замоне Љовидониро сароям. Бо ту бинам фурсати имрўз гаштанњои фардоро, Иштиѓоли неки дунёро. Лањзае дар гўшаи зебову гарми бениёзї буданатро болам андар хеш. Зиндагї, яъне туро бори нахуст дар канори хеш гирам чун ѓизоли дастомўз. Он ќадар кўчак шудам аз дарди хоњиш, Тифли домони таманно гаштам акнун, тифли хоњиш… Обшори эътиќоди мо ба хушбахтї аз фарози кўњи сарди ѓам сўи марзи холигоњи ранг гиря аст- тањйири чашм... Аз љабини ахтарон афшурдаи андешањои субњ мерезад, Зи чашмам ашки меросии дарё бесадо, бемунтањо.
ЉОНИ АНЗОБ Шуѓли зебои нигоњ он сўи пиндорам Њастии то ибтидоро боз мебинад. Он замон дунёи нокомил њасрати дидори ними хеш мекард. Чашми Одам низ аз дидори чашми нимбозу зулфи Њавво боз шуд. Мавлавию Шамс низ то дамиданњои гулзори њаќоиќ ним буданд. Дар уфуќи лолагуни дашт Маљнуни табоњ, бехабар аз зиндагонї, ними худро љустуљў мекард. Иштиѓоли дидани ними вуљуд аз Моњтоб омўхт. Моњтоб њам нима буд оѓоз. Низ ман дар љустуљўи нимаам, ними умри хеш биспардам. Тољикистони азизи ман барои бозёфти ними худ синаи сангини кўњ бишкофт. Матлабаш он сўи кўњњо буд. Васли уммеду њаќоиќ чун набуд осон, Фурсати азми таќарруб, нохунаш аз теѓ шуд. Балки ту донистаї , эй њамватан, лаъл дар санги сари рањ нест! Орзу ширин, аммо саъй талх аст.
Густурда нур то ба хиёбони дури ѓарб, Эй шарќии сањарнигари љовидониям.
Дасти бедори тавањњум дар рањи уммеди бехуршед њар замон фонусњоро санг мезад.
Бингар,ки барги чашми туро силањо кунам, Дигар барои чист њама мењрубониям?
Равнаќи њангомаи кўњ тира мешуд гоњ - гоњ
САДОИ СОЯЊОИ МАВЉ Зиндагиро Хуфтаам дар сояи худ, Дар бањори бе ту будан. Дар паси расми шигарфи ту, Силсилабандии ёдам метаровад. Боз дасте Дафтари таърихи манро Гаштаву баргашта мекобад. Ман дар оѓўши садои сояњои мављи уќёнус, Бо навои рўњошўби нафасњоят,
овои мардони њунарро. Мо аз ин мушкилписандї тобеи њайрат, ба сўи осмон аз боми дилњомон кабўтарњои испеди дуъоро мегуселондем. Бодњо саќфи тињї аз зиндагониро нахустин бор медиданд. Шарњ дода сангњо бо наќшњои бенишонї олами деринатар аз зиндагониро.
Ин замон дар нуќтаи дури Ватан рўњи беморе зи дарди бенишонии сукут шуд варо аз зиндагии тан. То ба роњи зерикўњї омад он то вуљуди сахрањо. рўи боли бод. Варна ў мерафт аз будан. Бод он сў монд, аммо рўњ љониби љисми худ омад. Марги кўтоње гузашт аз ў. Холигоњи набзро омўхт. Дўстони кўњкан њолати тангии имкони будан, лањзаи тањрики хун андар вуљуди кўњ, фурсати рањљўињо, то дили эрониёни кўњшинос рањ ёфтанд. Мумкиноти ќудрати эшон то ба набзи баргњои бешаи Мозандарон омад. Хоњиши сабзи Шимол дидани рўи Љануби Тољикистон буд. Охарин як сахраро бо панљањои шеър баркандам. Тољико! Бишнав садои пои дунёро дар ин рањ! Ханда кун бори дигар, Хуршед! Васли дилњоро муњайё карданат кофист. Ориё! Њиммати кишваркушоињои ту кишваре дар хилвати безиндагии кўњсорон баркушуд. Тољикистон ними худро ёфт. Рабти миллат дар бањори нурбор аз шеди Вањдат Тољикистонро камоли њусн бод, Ларзиши зебои парчам дар фарози ќасрњо тољиконро дарси будан! *** Дилам омад ба оѓўши азобаш, Муќаддар донам акнун печутобаш. Чароѓи дил зи љони ишќ сўзад, Назар ку бе њузури офтобаш? Гунањкори диламро куштам охир, Ба рўњи Лайлї бахшидам савобаш. Манам атри гиребони сапеде, Рабоям аз ќабо бўи кабобаш. Пас аз барќи нигоњи ташна миљгон, Мубаддал карда бо дарё саробаш. Кушод ў шишаи гирёни масрур, Даромад ханда бар базми њубобаш. Бишўяд сели ашкам хонаашро, Агар бе мо биёяд духти хобаш.
ТАХТАИ СИЁЊ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
13
хучира монанд ба скрипка, аммо оњангаш бо зарб, раќси аспон дар биёбон, раќс бо шамшеру кор… хуллас, њама таърихи санъати беш аз њазорсолаи ин миллатро тасхир кард. Фигураи раќќосањо њам фаромўш нашудааст, њама ќаду баст як хел, борикиву… Маълум, ки чандон сару либоси раќќосањо њам харољот надорад, сабук ва зебо, ба рангу духт гап нест… Аммо дар мо чї? Сурудхонии Ма Ерцзян ба њама писанд омад. Оњанг фонограмма буд, аммо матн зинда ба назар мерасид. Њар як матн дар монитор бо забони русї тарљума мешуд, аммо агар бо забони давлатї мебуд, хуб буд. Аммо то ба њол аъзои њукумати мо ба забони давлатї ва модарии худ тан намедињанд. Толор ба сурудхонии Ма ќарсак мезад. Агар Шабнами Сурайё ё Фарзона мебуд, худро чанд маротиба ин тараф он тарафи сањна мезад. Ё Зулайхову Фирузаву Шабнами Собирї… Аммо хонум Ма бо вуљуди он, ки оњангаш монанд ба оњанги Ламбада буд ва хуни љавонњоро ба раќс дароварда, аммо ину он тараф намепарид ё ба истилоњ, раќс намекард. Хонум Ма бо Шарофат Усмонов якљоя суруди тољикии "Мепарварам"-ро сароиданд, хеле олї. Сарояндаи тољик чор баробари вазни сарояндаи хитої буд. Раќосањо ва сарояндањои хитої њам њама таќрибан як вазн доштанд, шояд вазни 18 њунарманди хитої дар раќси Нишан-Юий раќси классикии дарбории сулолаи Тан ба вазни Асрорї баробар нашавад, аммо дар Хитой мардум шикам калон намекунанд мисли вазиру кабири мо. Шикам
ОФАРИН ХИТОЙ!!! Чаро санъати чинї оњиста - оњиста љои санъати форсиро мегирад?
Шоми 23 сентябр дар Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнї рўзњои фарњангии Љумњурии Халќии Хитой доир гардид. Тамошобинони тољик нахостанд, ки то дергоњ толорро тарк кунанд, аммо Мирзошоњрух Асрорї, вазири фарњанги кишвар рўи сањна баромада, онро љамъбаст кард. Барномаи мазкур ягон даќиќа бидуни пешу ќафо шудан оѓоз шуд. Баръакси барномањои рузњои фарњангии кишварњои дигар инљо мардум зиёд буд. Аз сањни њавлии Опера мушоњида кардам ва боварам намеомад, ки ин мардум барои тамошои барномањои њунарии хитоињо омадаанд ё фантани бо мусиќї раќќос дастоварди 21 - солагии пойтхат, ки ба наздикї Эмомалї Рањмон онро кушода буд. Њамон фантан ё фавворае, ки сари 13 миллион сомониро хўрда - хўрда обод шудааст. Аммо на. Ин мардум аз мо њушёртар будаанд, ки аллакай толорро пур карданд. Љойи нишастгоњи моро њам љавонон гирифтанд ва одоби тољи-
кона нагузошт, ки онњоро аз љоямон хезонем. Мо њам тољикї карда, дар љойи дигар нишастем, аммо баъди чанд даќиќа сe мењмони хитої омада, моро аз љойамон хезонданд, зеро аз руйи даъватномаашон љой аз онњо буд. Хуллас, ба толор Мењмон Бахтї, раиси Иттифоќи нависандагон, Абдулњаммид Самад, адиб, Мирзошоњрух Асрорї, вазири фарњанг, хеле аз шахсиятњои фарњангї ва сатњи давлатї низ ворид шуданд. Толор то ошёнаи дуввум њама пур аст. Љавонњо хатто дар роњрав нишастаанд, хомўшї. Он шўру шавќуне, ки љавонон доштанд, шунида намешавад. Ду наттоќи яке тољик, дигаре хитої барномањоро муаррифї мекунанд. Раќси балет ва бо усулњои аќрабатикї, ки аз тарафи чор љавон - ду духтари наврас ва ду писар иљро шуд. То ба њол ин сањна аз пеши чашми ман нарафтааст. Раќси балет, яъне санъати битии сиркї аст, бо як пой болои сар
истодани духтар ва чарх задан њунари сода нест. Ё бо як пой руйи як шона истодан ва чархидан. Офарин Хитой!!! Ваќте ин усулњои аќрабатикиро тамошо мекардем ва дар њар як њаракати ин њунармандон тамошобинон "браво" гуфта, њаяљони худро нишон медоданд, пеши руйи ман сирки кишвар ва ќањрам ба хитоињо меомад. Он лахза мехостам рўи Мирзошоњрух Асрориро бинам, ки аз тамошои ин сањна сурх аст, мегиряд ба њоли сирку фарњанги таназзулшудаи миллат ё њамту механдад... Раќсњои миллии ин гурўњ аз мардуми Тибету Манголу аврупову катибагї њар яке сабку услуб, рангу сањнаи худро дорад. Тамошобинон чунон ба тамошои њунари асили мардуми Чин дода шуданд, ки њатто дар толор ягон садо шунида намешуд. Њатто њуштак "мурда" буд. Эњсос кардам, ки дар толорњои театрњои Аврупо њастам. Сањнаи театрро њам худи хитоињо оро додаанд ва ба истилоњ, барќњо ё дастгоњњои равшанидињандаро њам овардаанд. Њангоми иљрои раќси "Олињаи њазордастаи хайрхоњ - Гуанинь", ки ба гуфти барранда, дар асоси њарфиёти деворањои ѓори Могао Дунхуанини сулолаи Юан офарида шудааст, сањна рангњои љолибе дошт. Куртањои раќќосањо ранги дигар мегирифтанд, њоло дар бораи усусли иљрои раќс чизе гуфта наметавонам, зеро фарњангшинос нестам, ки љаззобияти мор барин тоб хўрдану дигар њунари раќќосањоро шарњ дињам. Мо як раќс дорем: куртаи чакан ва раќси Шашмаќом, дигар раќсе тўли 21 сол ва шуравї кашф накардем, он чизе ки пеш аз ислом миллат дошт, онро муштарак медонем ва шиками худро каме об кардану њунари зинда кардан надорем. Њатто њамин будагиашро њам оро дода наметавонем. Намедонам, баъди нахустин маротиб тамошо кардани сањна ва хитоињо дар зењнам чанд суол пайдо шуд, ки чаро мо ин тавр карда наметавонем? Вазири фарњанг, ки њар моњ дар сафарњои хидматї аст ва њунари фарњангии хитоињоро солњо боз ошност, то ба њол ба хулосае наомадааст, ки дар сањнаву њунар аз онњо дида, њунарњои миллии моро рўи сањна оранд? Магар вазирї ва каруфару "Љип", маоши калон ва харољотњои давлатї аз буљаи мардум барои чї аст, њољатхонаро пур кардан ва табибонро бо саломатї хуш гардонидан? Дар ин барномаи фарњангї њунари барбати бостонии Чинї, ки дорои таърихи њазорсола аст, хониш ё суруди гулўи хоомея, навои
об карда, њунар меофаранд. Истеъдодњоро аз сањна бегона карда намеронанд ва њамаро инкубатор намекунанд. Оё гурўњи раќсии "Лола", "Зебо", "Гулрез" њамаро ин њунармандони хитої бо як нўл заданд. Шояд онњо заррае аз њунари худро ба мо таќдим карданд, аммо савоби тамошобини тољикро ки њунари асилро гум карда буд, гирифтанд. Баръакси толорњои давоми барнома ягон нафар толорро тарк накард, њатто ваќте чорабинї љамъбаст шуд ва боз њам Асрорї пањлуи њунармандон рафт ва акс гирифт, тамошобинон толорро тарк намекарданд… Агар то сањар ин барнома давом мекард, онњо тамошо мекарданд. Хайрият, ройгон буд ва тамошобинон тавонистанд, ки њунари асил ва дунёи њунарро бинанд. Вагарна бо таблиѓу ташвиќи вазорати фарњанг ва телевизионњои давлатї, тамошобинони мо шояд фикр доштанд, ки њунар раќси куртаи чакан, Шашмаќому нофтофтану худро Майкл Љексон ва аз клипњои Ѓарб истифода кардан оњангу сурудњои афѓониву эрониро дуздидан аст. Сирку опера њамин бузбозињо дар сирки давлатии Тољикистон ва сурудухонии операвї… Аз њама муњим руњи Малика Собирова ин шом шод шуд ва буйи умеди опера ва њунарро њиc кард… Вазорати фарњанг чї? Магар мефањмад, ки агар кор ба њамин минвол идома кунад, љои санъати миллии моро њам санъати Чин хоњад гирифт?
Мењрафзуни АБДУЛЛО
14
ТАЊЛИЛ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
НООРОМИЊО ДАР ОСИЁ Чаро кишварњои ќора аз рўи роњкорињои Ѓарб кор мекунанд? 13 Нокомии љомеаи байналмилалї дар файсала намудани чолишњои дохилї ва байнињамдигарии кишварњои Осиё, эљоди сулњу таъмини пойдории он, балки тавре ба назар мерасад, адами раѓбати он ба талошу кўшишњои љиддиву мунсифона дар ин росто, масъалаи роњандозї намудани талошу кушишњои худи осиётаборонро бањри хотима бахшидан ба низоъњову адами субот, барќарор намудани сулњ ва оддитарин тартибу низом дар кишвару минтаќањои хеш мавзуи доѓи рўз мегардонад. Барои феълан роњандозї намудани чунин як кор, ќабл аз њама, мављуд будани омили иродаи сиёсии мардумон ва бештар аз он, нухбагони кишварњои Осиё лозим аст. Вале ин омил танњо њамон ваќт метавонад кадом як натиљаи ќазоиро боис гардад, ки агар љавоби дурусту муносиб ба суолњои умда - чї тавр ва дар кадом асоси аќидатї ин корро бояд анљом дод, пайдо карда шавад. Љавоби ин суолњо гўё сода ва возењ аст - дар асоси аќидаву ѓояи назарияи мављуда ва нисбатан инкишофёфтаи эљоду мусоидати бунёди сулњ, ки созмонњои байналмилалии аз љониби љањониён муътабар донисташаванда дастурамали фаъолияти худ дар ин росто медонанд. Бо ин њама, таљриба аз он гўё аст, ки ин аќидаву назарияњое, ки васеъ дар Осиё истифода бурда мешаванд, ба мусоњиба молест, ки берун аз хоки ќора сохта шудаасту бегонагон онро барои расидан ба њадафњои хеш дар ин ё он кишвари он роњандозї мекунанд. Табиист, ки чунин як назария наметавонад љавобгўи манофеи умдаи кишвару мардумони Осиё, ба вижа кишварњову љомеањои мусал-
мони он бошад. Ѓояву аќида ва назарияњои бунёди сулњ ва, њамчунин, татбиќи амалии онњо њамагї падидаи сирф сиёсиянд, на кадом чизи дигар. Ва на танњо аз он лињоз, ки бо мушкилањои сиёсї, аз ќабили даргирињои сиёсї-низомї, сару кор доранд. Мардумони Осиё њаќи комил доранд то аз худ бипурсанд - оё назарияњои бунёди сулњ, ки дар љойњои фарсахњо дур аз олами эшон ихтироъву сохта шудаанд, феълан дастгоњест барои мусоидат намудан дар барќароркунии сулњ дар кишварњои гирифтори нооромиву даргиририњои Осиё ва ё барои расидан ба кадом як њадафњои дигар? Воќеият, таљрибаи воќеї ба таври хеле возењ аз он гўё мебошанд, ки умдатан њадафи асосии кўшишњои татбиќи амалии чунин назарияњо ба љуз тахмил намудани арзишњои ѓайриосиёї, агар чунин таъбир љоиз бошад, аз љониби неруњои ѓайриосиёї ба мардуми бумии Осиё, ба вижа ба мусулмонтаборони кора, ба хотири
«
куллану комилан дигаргун сохтани тамоми њаёти мардуми осиётабор, љойгузин намудани тарзи зиндагї, арзишњо ва аќидаву имони онњо бо арзишњои мардумони бегонатабор, чизи дигаре нест. Иштибоњи чандон зиёд намешавад, ин кўшишњо њамчун зуњуршавии падида бархурд, балки набарди феълии фарњангу тамаддунњо дониста шаванд… Гарчанде кўшишњои таѓйир додани тартиби табии умур дар кишварњои Осиё тавассути аз љониби бегонагон пиёда намудани амалиёти бунёди сулњ мабнї ба аќидаву назарияњои бегонагон дар нињояти амр мањкум ба нокомист, ин кўшишњо на танњо азобу азияти зиёдро ба сари осиётаборон меоваранд, балки ба љои файсала намудани низоъњову даргирињо, онњоро боз њам печидатар ва пуршиддаттар мегардонанд. Вазъ дар Афѓонистон, Ироќу Сурия далели возењу аёни нољўр будани роњкорињои тайёр ва дар куљое хориљ аз Осиё сохтаву бофташуда бо воќеияти мављудаи Осиё мебошад. Њамин аст, ки имрўз кишвару миллатњои Осиё барои аз вартаи низоъњову даргирињои худ рањо ёфтан ба ѓояву аќида ва назарияњои ба куллї дигари бунёди сулњ эњтиёљ доранд. Ба аќидаву назарияњое, ки бояд бо дарназдошти воќеияти мураккаб ва печидаи њаёти љомеањои осиётаборон, ба вижа љомеаи мардумони му-
Воќеияти олами имрўза, аз љумла воќеияти Осиё, чунини аст, ки танњо кишвар ё кишварњое метавонанд ба ин гуна кор симмати амалї бахшанд, ки дар баробари имконоти молиявї ва тавоноии њамоњангсозї аз обрўву эътибор ва бовариву итминони дигарон ва аз дараљаи казои истиќлол аз абарќудратони замона бархурдоранду худ абарќудрати сиёсї набошанд. Чунин ба назар мерсад, ки Ќазоќистон, Эрон ва Япония дар њамин аёми мо беш аз давлатњои дигари Осиёи шартњои ёдоваршударо љавобгў мебошанд.
«
салмони Осиё эљод карда шаванд. Њељ касе бењтару хубтар аз худи осиётаборон аз ўњдаи иљрои чунин як кори на чандон сањл баромада наметавонад. Њароина, маърўзањои коршиносони осиётабор, ки дар мизњои гирду семинару конфронсњои байналмилалї, навиштањои эшон арзи хуби тавоної, эљодкорї ва билќувваи онњо дар ин љода мебошад. Якин аст, ки ба вуљуд овардани самти худии назария ё назарияњои эљоду бунёди сулњ аз љониби коршиносону сиёсатмадорони Осиё ба ѓайр аз омодагии сиёсї ва таваффури иродаи сиёсї ва билќувваи зењнї маблаѓгузорињои ќазої, ташкилу њамоњангсозии хуби корро дар ин росто таќозо мекунад. Шояд бањри муваффаќ шудан ба натиљањои ќаноатмандкунанда таъсис додани як ё якчанд маркази вижаи байралмилалї, ки аз уњдаи иљро намудани чунин як кор ё, њадди аќал, роњадозии он мебаромада бошанд, мувофиќи маќсад мебуд. Воќеияти олами имрўза, аз љумла воќеияти Осиё, чунини аст, ки танњо кишвар ё кишварњое метавонанд ба ин гуна кор симмати амалї бахшанд, ки дар баробари имконоти молиявї ва тавоноии њамоњангсозї аз обрўву эътибор ва бовариву итминони дигарон ва аз дараљаи казои истиќлол аз абарќудратони замона бархурдоранду худ абарќудрати сиёсї набошанд. Чунин ба назар мерсад, ки Ќазоќистон, Эрон ва Япония дар њамин аёми мо беш аз давлатњои дигари Осиёи шартњои ёдоваршударо љавобгў мебошанд. Нахуст, њар кадоми ин давлатњо аз имконоти молиявї, ташкилї ва инсонї, барои ба роњ мондан, њамоњангсозї намудан ва њатто сарварї кардани раванди эљоди назарияњои дарёфту бунёди сулњ, ки хоси Осиё бошанд, комилан бархурдоранд. Пасон, яке аз бахшњои мењварї дар фаъолияти ин давлатњо дар арсаи байналмилалї мањз кўшишу талошњо барои ба њам овардани кишварњои Осиё ба хотири дастаљамъона таъмин намудани манофеи мардумони ќора, ки муњимтарини онњо таъмину сулњу субот ва оромиву амният мебошад, ташкил мекунад. Нињоят, сарфи назар аз пешравињои назаррас таќрибан дар њамаи бахшњои зиндагї - иќтисод, иљтимоиёт, сиёсат, на Ќазоќистон, на Эрон ва на Японияро дар кораи Осиё абарќудрати сиёсие, ки тасарруфоташ барои дигарон хатарбор бошад, намедонанд.
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... НАХОД? ОЁ МИСЛИ КЎДАКОН РОСТГЎ ШУДА МЕТАВОНЕМ? - Мо, одамон њар ќадар, ки калонсол мешавем, њамон ќадар ташвиш ва ѓаму ѓуссаамон зиёд мешавад. Ва афсўс, ки дигар ба беѓамињои кўдакона баргашта наметавонем. Бубинед, ки кўдакон, ваќте хобашон меояд, љои хоб намељўянд ва њар куљое, ки рост омад, ба хоби роњат мераванд. Аз њама муњимтар он аст, ки кўдакон аз касе ва ё чизе нањаросида, њаќиќатро мегўянд, чї хеле ки дар яке аз афсонањои Андерсон зикр ёфтааст: назди подшоње 4 дўзандаи моњир меоянд ва ба шоњ пешнињод мекунанд, ки агар ў иљозат дињад, онњо метавонанд барои шоњ либоси муъљизаноке тањия кунанд, ки онро танњо покон дида метавонанд. Шоњ розї мешавад ва ба ихтиёри онњо њамаи чизњои лозимаро мегузорад ва онњо барои тањия намудани либоси муъљизанок оѓоз мекунанд. Шоњ њар рўз яке аз вазирони дарборро бо навбат назди онњо мефиристад ва њар яке аз вазирон меоянд ва кори дўзандагонро мушоњида мекунанд, аммо чизеро намебинанд ба љузъ инки дўзандагон аз худ њаракатњое нишон медоданд, ки гўё либосе дўхта истода бошанд. Њар яке аз вазирон аз ќисмати худ метарсад, ки мабодо ўро ба нопокї мањкум насозанд, зеро ки њамагї пешакї медонистанд, ки ин либосро танњо покон дида метавонанд ва нопокон дида наметавонанд. Бинобар ин њар як вазир назди шоњ меомад ва либосро ончунон таърифу тавсиф мекард, ки шоњ барои пўшидани либоси муъљизанок зиёдтар шавќманд мешуд. Хулоса, рўзе хабар медињанд, ки либос пурра омода шудааст ва шоњ метавонад рўзи ид бо либоси муъљизанок назди мардум барояд. Рўзи ид њам фаро мерасад. Шоњро оро медињанд бо либоси нав, яъне урён, њама вазирон барои шоњ сано мехонанд ва таъриф мекунанд, ки шоњро њељ гоњ чунин надида буданд ва дар навбати худ шоњ низ аз ифшои њаќиќат метарсад, ки мабодо ўро ба нопокї мањкум намуда, аз тахти шоњї сарнагун насозанд. Мардум низ ба ид њозир шуда буданд ва интизор буданд, ки шоњ бо либоси муъљизанок мебарояд назди мардум ва мардум низ огоњ карда шуда буданд, ки ин либосро танњо покон дида метавонанд. Хулоса, шоњ бо либоси нави њарир (урён) назди мардум мебарояд. Мардум ва њама ањли дарбор урёнии шоњро медиданд ва аз њамдигар метарсиданду њаќиќатро гуфта наметавонистанд. Бинобар ин ба шоњ сано мехонданд ва таърифу тавсиф менамуданд. Дар ин њангом кўдаке бо лањни ба худ хос нидо медињад, ки шоњ урён аст. Андерсон дар охири њикоя хитоб мекунад, ки "куљост он ќавме, ки монанди ин кўдак дили бебок дошта бошад ва аз шармандашавї нањаросида, њаќиќатро ошкор созад, магар он ќавм мо буда наметавонем? Луќмон ЉЎРАЕВ, сокини шањри Душанбе
?-И НОБОБ ОЁ ПОЛИСИ ЃАЙРИШТАТЇ ЊУЌУЌИ МАНЪ КАРДАНИ МОШИНРО ДОРАД? - Њангоми гирифтани ѓайриќонунии аломатњои ќайди давлатии воситањои наќлиёт аз тарафи нозирони БДА ронандагон ба куљо ё ба кї бояд мурољиат кунанд? Ѓайр аз нозирони БДА оё кормандони дигари милитсия њуќуќи манъ кардани воситањои наќлиёт ва талаб намудани њуљљатњои ронандагиро доранд? Сафарбеки ИСЛОМ, сокини ноњияи Рўдакї - Тибќи талаботи банди 2.1-и Ќоидањои њаракат дар роњ "Уњдадорињои умумии ронандагон" ронандаи воситаи наќлиёти механикї уњдадор аст, ки бо талаботи кормандони милитсия, њамчунин дружиначињо ва кормандони ѓайриштатии милитсия шањодатномаи ронандагї дар бораи њуќуќи идораи воситаи наќлиёт ва талони ќайди ќоидавайронкуниро барои тафтиш пешнињод намояд. Бинобар он шањрвандон вазифадоранд, ки шањодатномаи ронандагиро ба корманди милитсия барои санљиш ё ин ки тартиб додани протоколи маъмурї пешнињод намоянд. Тибќи талаботи моддаи 765-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон бозрас дар њолатњои зерин, то бартараф намудани камбудињо, истифодабарии минбаъдаи воситаи наќлиётро бо роњи кушода гирифтани аломатњои ќайди давлатї манъ менамояд: - дар сурати љой доштани носозињо ва шартњое, ки фењристи онњо дар Ќоидањои њаракати роњ муќаррар карда шудааст; - аз нав таљњизонидани воситаи наќлиёт бе иљозати дахлдор; - нагузаштан аз муоинаи њатмии давлатии техникї; - надоштани санади суѓуртаи масъулияти шањрвандии соњиби наќлиёт. Дар дигар њолатњо гирифтани аломатњои ќайди давлатии воситањои наќлиёт ѓайриќонунї мебошад. Оиди рафторњои ѓайриќонунии корманд ё нозири БДА Шумо метавонед ба шумораи телефонии боварии БДА: 221- 00 - 46 ва 235 - 45 - 45 мурољиат намоед. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд. ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад. Телефон барои тамос: 93 502 99 95
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
15
АКСИ ГЎЁ
ЛАТИФА Як рўз ду марди дењотї мардњои дењаро фарёд карда, онњоро дар як саф ќатор мекунанд баъд ба онњо мегўянд: - Касе, ки аз занаш метарсад як ќадам ба пеш гузорад! Њама як ќадам ба пеш мемонаду танњо як нафар не. Баъд ба назди он мард омада мепурсанд, ки ту аз занат наметарсї? Мард дар љавоб мегўяд: - Ман бе иљозати занам ним ќадам њам намемонам!!! *** - Чаро хурўс ин ќадар зиёд љеѓ мезанад? - Аз хурсандии зиёд дўстам, зеро дањ зан дораду ягон хушдоман не! *** Писар аз падараш мепурсад: - Додољон, мор чї хел гап мезанад? Падар ба хушдоманаш нигоњ карда: - Хайр, чаро хомўшед? Набераатон кунљковї дорад!
ТАНЊО ДАР МО … ...аввал мегиранду баъд мегўянд, ки мумкин гирем… ...аввал медароянду баъд "мумкин дароям?" мегўянд… ...зораву тавалло карда, чизе мепурсанду барои баргардонданаш худи Шуморо маљбур мекунанд, ки зора карда аз пасашон давед. ...ягон кори нохуберо анљом дода, баъд аз пушаймонї "таќдир чунин будааст"… ё "кори шайтон мегўянд" ...минтаќа наќши муњим мебозад… ...бо бањонаи гарон шудани бензин, роњкирои троллейбусро боло мебаранд… Сайфулло САЛИМОВ, сокини шањри Душанбе
ШЕЪР ЊАСРАТ Ободињо бикардаму озодињо нашуд, Озодиро биљустаму ободињо нашуд. Дастони хори ѓам зи гулу ќабза мекунад, Дилтангињо насиб шуда дилшодињо нашуд. Фарёду дод аз он, ки ба доди диле расам, Ёри зи ман ба ёрии дилдодањо нашуд. Мурѓи хаёлу ишќу њавас паршикаста шуд, Барбод рафт наќшаву бунёдињо нашуд. Гоњо зи њарфи душмани худ шод мешавам, Гоњо зи кори дўст маро шодињо нашуд. Некї ба њар ки кардаву танбењ дидаам, Некї ба ман зи тинати бадзодањо нашуд. Шогирди давраму нарасам бар каромате, Аз ман чунон, ки њурмати устодињо нашуд. Басир АБДУЛЛОЕВ
?-И НОБОБ ДАР СУРАТИ ГУМ КАРДАНИ ИЉОЗАТНОМА ЧЇ КОР БОЯД КАРД? - Зимни фаъолияти соњибкорї аз љониби маќомоти иљозатномадињанда барои додани иљозатнома чї ќадар маблаѓ ситонида мешавад? Оё иљозатномадор уњдадор аст иљозатномаро тибќи дархости маќомоти иљозатномадињанда ва андоз пешнињод кунад? Дар сурати гум кардани иљозатнома чї кор бояд кард? Оё маќомоти иљозатномадињанда дар доири салоњияти худ њуќуќ дорад фаъолияти иљозатномадорро санљад? Дилшод НУРМАТОВ, сокини шањри Хуљанд - Иљозатнома (литсензия) - ин њуљљати маъмурии махсусест, ки барои амалї намудани фаъолияти мушаххас бо риояи њатмии шарту талаботи иљозатномадињї аз љониби маќомоти иљозатномадињанда ба шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї дода шудааст. Тибќи дархости маќомоти иљозатномадињанда ва андоз иљозатномадор уњдадор аст иљозатномаро пешнињод кунад. Агар иљозатномадор барои додани дубликат, аз нав ба расмиятдарорї ё дароз намудани муњлати амали иљозатнома ариза дода бошад, пешнињод кардани нусхаи иљозатномаи пешина мумкин аст. Дар сурати гум кардани иљозатнома, иљозатномадор барои гирифтани дубликати иљозатнома њуќуќ пайдо мекунад. Барои додани иљозатнома барои намудњои фаъолияте, ки дар моддаи 17-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият" нишон дода шудаанд, ба андозаи дањ нишондињанда барои њисобњо хирољ ситонида мешавад. Маќомоти иљозатномадињанда дар доираи салоњияти худ њуќуќ дорад фаъолияти иљозатномадорро љињати мутобиќати он ба шарту талаботи иљозатномадињї санљад. Санљишњо тибќи талаботи Ќонуни ЉТ "Дар бораи санљиши фаъолияти субъектњои хољагидор" гузаронида мешавад. Намуди фаъолияти иљозатномадодашаванда танњо аз љониби шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродие, ки иљозатнома гирифтааст, метавонад амалї гардонида шавад. Амали иљозатнома дар тамоми ќаламрави Тољикистон пањн мегардад. Ба саволи Шумо аз Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Тољикистон љавоб доданд.
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
ПУЛБА МУРАМ… - Имрўз дар Тољикистон низ мисли дигар мамолики љањон "ситорањо" ба муд даромадаанд. Агар яке њатто як суруди пучу њавасакї њам суруда бошад, аллакай пас аз чанде ба хурўси даканг табдил меёбаду худро њамчун ситораи худруйи "шеъри худам, оњанги худам, худам месароям" фонограмма мехонад, муарифї менамояд. Ин гуна ситорањои худрў ба чанд гуруњ таќсим мешаванд: 1. "Ситорањо"-и тўй, ки факат дар тўй сароида метавонанд. Мардум дар њаќќи чунин ситорањо мегўянд:"тўйя девона мекунанд," 2. "Ситорањо"-и ошно. Яъне он сарояндагоне, ки дар байни 50-60 сурудњои сароидаашон фаќат як суруди хуб доранду халос. 3. "Ситорањо"-и оши худої. Сарояндагоне, ки ба мисли донишчўёни "дипломи олї, каллаи холї", амал карда, бо пули калон оњангу суруди марѓубро харидорї менамоянд. 4. "Ситорањо"-и маљбурї. Он сарояндањое, ки худ њатто намедонанд чаро мањз онњо дар консертњои расмї баромад мекунанду њар сол соњиби унвону љоизае мегарданд. Дунёи санъат аввал дораду анљом не. Вале суруди хуб њамеша дар дили наслњо боќї хоњад монд. Масалан, сурудањои Сурайё Ќосимова, Муродбек Насриддинов, Давлатманд Холов, Нуќра Рањматова, Лола Азизова, Хосият Ортиќова њеч гоњ куњна намешаванд. Њол он ки дар давоми 20-30 сол онњо зиёда аз 3 - 4 албом сабт кардаанду халос. Вале имрўз сарояндањои љавони мо њар моњ як албоми сурудњояшонро сабт карда, аз пайи дигараш мегарданд. Андеша намекунанд, ки аз 100 суруди хасакї 5 суруди бомаънї хубтар аст. Ба њар њол имрўз фазои санъати љумњурї хеле рангоранг гашта, сарояндањои умедбахш бо сабку услуби хоси хеш муштариёни худро пайдо намудаанд. Имрўз байни сарояндањо шиори "пулба мурам" муд шудааст. Хуллас, санъат доманадор асту ислоњи зиёде мехоњад. Вой бар он рўзе, ки "ситорањои сари танўр" сўхта хокистар гарданду олами санъат бебаќо монад... Шањло НАЉМИДДИНОВА, сокини шањри Душанбе
?-И БОБ ЧАРО ИНСОН НАЗДИ ИНСОН САЉДА МЕКУНАД? - Ягон мокиёне назди хурўс, ягон харгўше назди рўбоњ, ягон рўбоње назди шер, ягон шаѓоле назди паланг, ягон... надидааму нашунидаам, ки саљда кунад. Пас чаро ИНСОН назди ИНСОН саљда мекунад!? Чаро мардум ин ќадар косалесу лагандбардорї мекунанду боз бо ин меболанд? Рањимбек МУРОДБЕКОВ, сокини шањри Хуљанд
БА ЉОИ 09 - Агар Шумо мол харидед, он пастсифат баромад ва моли пастсифатро фурўшанда бозпас намегирад ва пули Шуморо барнамегардонад, пас ба Иттињоди истеъмолгарони Тољикистон ба шумораи телефонии зерин мурољиат кунед: Шањри Душанбе: 224 14 11 Тел-факс: 224 14 04; Шањри Хуљанд: тел-факс: 5 55 52; Шањри Ќурѓонтеппа: телфакс: 2 94 62 Иттињоди истеъмолгарони Тољикистон њуќуќњои Шуморо њимоя карда, пулатонро бармегардонад!!!
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (355) 25. 09. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
МЕДАЛ, САРИ БУРИДА ВА НАЊОРИ «ТЕЛЕХ»-ЊО Мирзодиккак хост ба Донишгоњи омўзгории ба номи Сариддин Айнї даромада дар чойхонае, ки солњои донишљўияш чой менўшид дами беѓам бизанад, вале барои галстуку портфел надоштанаш ўро ба дарвозаи Донишгоњ ворид шудан нагузоштанд. Ногоњ ба гўшаш садои Ѓалтак расид, ки ду милисаи њузарб ўро кашолакунон љониби милисахона мебурданд. Мирзодиккак њамаро фаромўш карда, ба кўмаки љўрааш Ѓалтак шитофт. Ў дар пурсу пос ба њайси адвокат иштирок карда дар байни 4 соат исботи онро намуд, ки Ѓалтак зиёи дењотї аст ва њуќуќи ба ќадри донаи арзан ва аз он дарозтар риш гузоштанро дорад. Љўрањо баъди аз милисахона баромадан, барои халосї аз милиса бе ягон дудилагї ба чойхонаи "Роњат" рафтанд. Новобаста аз он, ки нарху навои чойхонаи "Роњат" ба дороии онњо мувофиќ набуд, вале онњо ба хотири шаффоф, одилона ва оќилона гузаштани интихоботи президентї омода буданд, ки миёнбандњояшонро фурўхта атрофи ин масъалаи барои миллату давлат муњим бањс намоянд. Љўрањо аз пешхизмати чойхонаи номдорї "Роњат" овардани ду чойнак чойи кабуд, чор дона ќанди сафед, ду кулчаи доѓ ва як коса љурѓотро дархост намуданду дар мавзўи љавонон ва љањонбинии имрўзаи онњо сўњбат оростанд.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Владимир ПУТИН, президенти Русия: - Њастанд кишварњои бузург ва хурд, сарватманд ва камбизоат, дорои анъанањои ќадими демократї ва нав ба демократия рў оварда. Ва онњо албатта сиёсатњои гуногунро пиёда месозанд. Мо гуногун њастем, аммо ваќте ки мо ба Худо ниёиш мекунем, набояд фаромўш кунем, ки Худо моро баробар офаридааст. - Ана, ќандаша хўрад, раиси Њизби нањзати исломии Русия! Ду кори дигар: гўшту кулчањои болои дастархонро ба чаппотию локї печонидан ва бо мавъизахонї тарсонидани мардумро ёд гирад, корњояш сад мешавад.
Шокирљон ЊАКИМОВ, муовини раиси ЊСДТ: - Воќеан дар Тољикистон низ њизбњои киссагї вуљуд доранд ва ингуна њизбњо он созмонњои сиёсї мебошанд, ки доимо бо њукумат ва ЊХДТ мувофиќ њастанд ва дар бораи мушкилот ва масъалањои мубрам љуръати гуфтан надоранд. -Аљаб кисаи бузург будааст - де!
Мирзодиккак: - Љавонњои мо дар симои њукумати љонољонамон њомии аслии њуќуќњояшонро пайдо карданд. Маро барои галстуку партфел надоштанам нагузоштанд, ки вориди Донишгоњ шаваму туро бошад барои риш доштанат "толиб" гуфта, ба милисахона бурданд. Ана инро давлату давлатдорї мегуянд. Ѓалтак: - Хайрият, Марксу Энгелсу Ленин дар ањди коммунистњои Тољикистони соњибистиќлол зиндагї надоштаанд, в-агарна, кусагиро ба гардан мегирифтанду андешањояшонро ба гўр мебурданд, дигар на коммунист рўи кор меомаду на дупагонањои ба ном демократ. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, мардум мегўянд, ки "дар сари чилики зўр осиёб гардон шудааст". Мо, ки зўр њастем Тољикистонро мисли фиртак чарх занонида истодаем. Ана њамин љавонњо њам дар ќатори Тољикистон дар атрофи ангуштони мо раќси гирдак доранд. Ин насли ояндасоз - ояндаро чї имрўзашро њам дида наметавонад. Аз ин лињоз он чи мо гўем "лабай" гўён анљом медињад. Њомиёнашонро ќабл аз интихобот як планшетї дода, миннатдор кардем ва нишон додем, ки дар оянда зери наѓмаи кї мераќсанд. Ѓалтак: - Ба њомиёнашон планшету ба боќимондањояш аробаю замбар додан гиред. Аввалињо "Зинда бод!" хоњанд гуфту дуюмињо оби дида дар бари рў дар фироќи падару модар, ёру дўстон дур аз Ватан сўзанду созанду миранд... Мирзодиккак: - Офарин ба њукумати љонољони мо! Љавонони мо дар тўли 22 соли истиќлолият соњиби медалњои зиёди тиллої, нуќрагї, биринљї гаштанд. Агар медалњои дар замони соњибистиќлолї гирифтаи љавонони моро њисобу китоб карда бароем аз дороии хазинаи Амир Олимхон бештар асту камтар нест. Ѓалтак: - Мирзољон, Шумо медалњоро намоиш дода, худро дар сар то сари кишвар "реклама" мекунед. Аммо чаро намеандешед, ки арзиши њамаи медалњои љамъкардаву ќоѓазњои гирифтаатон баробар ба як мўи сари буридаи Саллоњидин ќубодиёнї нест ва буда њам наметавонад?! Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, њозир ваќти ин гапњо нест. Он чї сари љавонони моро дар Русия буридаву дар интернет ба намоиш гузоштаанд, инро ќисме аз љавонон намедонанд. Онњое, ки дониши сиёсї доранд ва нархи хонањоро дар Ватан дида паси сар мехоранд, маъќули мо нестанд. Мо танњо такя ба он љавононеро дорем, ки мо "њой" гўем онњо "лабай" мегўянд. Ѓалтак: - Чи кунем, ки Пахтагул Панљсолаевнаи - коммунист ва Ќобилљони нањзатї њам аз шумо монданї надоранд. Шумо барои курсї шуда, ќабл аз интихобот аз киссањоятон њам њизб мебароред.
Мирзодиккак: - Парво накун, барои њизбї пулу сарват фарќ надорад. Мо барои расидан ба маќсад аз њамаи воситањо истифода мекунем. Як бор телевизтиона бин, даб далаи эшону муллоро зада баровардем. Худо хоњад њизби "Имомхатибони демократи Тољикистон"- ро таъсис медињем. Ѓалтак: - Чаро не?! 30 њазор муаллими бечораро аъзои ЊСТ, 10-15 њазор мудиру мутахассисони бахши иќтисоди њукуматњои мањалиро аъзои ЊИИТ, 20-25 њазор корманди комплекси агросаноатии мамлакатро аъзои ЊАТ карда тавонистеду илољи њамин 3-4 њазор муллову имом-хатибро намеравед-мї?! Мирзодиккак: - Муллоњоро њам мекунем, њамаро карда, чаро инњоро накунем? Мекунем! Ѓалтак: - Калла не, гунбази аќлу хирад! Шумо ягон камбудї надоред, падарлаънат мо мардумем, ки дар ањди шумо таваллуд шуда, зинда мондаем! Мирзодиккак: - Гузарондї, дўстам. Ман њам тарафњои манфии фаъолиятамонро медонам, лекин, дар тўли ин 20 сол ба мисли њамсафонам ба даст бардоштан, ќарсак задан ва маддоњї одат кардаам. Агар дар интихобот њизби мо ѓолиб ояд, як аруси колхозободї мегираму њаррўз барояш сано мехонам. Ин корро накунам кай директори мактаб мешавам -а?! Чї ман аз Тохташоњи Пахташоњ ягон камї дорам - мї!? Ѓалтак: - "Аёс, чоруќот дар тори кос!" Њоло то интихоботи президентї ваќт аст. Худо нахоњад як гап ва ё як њодиса метавонад куллан вазъиятро таѓйир бидињад. Аз ин лињоз, пеш аз пода чанг наандозу "директори мактаб мешавам" гуфта, бо пули ќарз шиму костюм нахар. Мирзодиккак: - Дўстам, интихобот масъалаи њалшуда аст. Ягон интихобот-пинтихобот намешавад. Раис њарчи гуфт, њамон мешавад. Раиси мо то њол ягон бор ба худаш аз 70 % овоз кам нанавиштааст, ки боз ин дафъа нависад. Бењтараш пул љамъ мекунаму ягон вазифа мехарам. Ѓалтак: - Ин хел бошад, биё ман њисобї кунаму ту пулатро харљ накун. Зудтар бурда, ба нафаре, ки ба ту вазифа мефурўшад, дењ, то вай њам тезтар пул љамъ кунаду вазифаи нав харад. Баъди њисобу китоб ва пардохти маблаѓ Мирзодиккак ва Ѓалтак аз чойхонаи "Роњат" баромаданд. Љавонони зиёде дар кўчањои шањр рафту ой доштанд. Теъдоди љавонон дар чойхонаи "Роњат" ангуштшумор буд. Асосан, паси мизњои чойхонаи миллї онњое менишастанд, ки лунљњои ѓафс, ишкамњои бузург ва чашмони берањм доштаанд. Онњоро пешхизматњо "телех" мегуфтаанду онњо аз њисоби соњиби "Роњат" бепул ѓизо мехўрдаанд. Инро фањмида, Ѓалтаки ватандўст хеле ѓамгин шуд, зеро андешаи "њукумате, ки "телех"-њояшро бегонањо ѓизо медињад, чї њукуматест?!" сахт безобита кард.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Њафтод дарсади интихобкунанда занон њастанд. Агар тавонанд, ки аз ин шанс истифода баранд, чаро зан наметавонад рањбар бошад? Аз њама љомеаи консервативї љомеаи Покистону Бангладеш њаст, вале чуноне, ки мебинем роњбаронашон занон буданд ва њастанд. Чаро мо аз ин таљрибаи љањонї истифода набарем? -Аз таљрибаи љањонї истифода бурдан кори хеле хуб аст, албатта. Аммо бигўед, чаро шумову њукумати феълї фаќат аз намунањоеаш истифода мебаред, ки кисаи худатонро пур мекунад?
Маликшо НЕЪМАТОВ, раиси Кумитаи љавонон ва варзиш: - Якдилона ќабул шудани пешнињоди Мавзуна Чориева (оиди номзадии Эмомалї Рањмон) далели он аст, ки мо ба ќадри љавонмардї мерасем. Ба ќадри неъмат мерасем. -О, бо ин њама неъматњои ба ихтиёри Мавзуна ва роњбаронаш вогузошта, вай ба ќадри малику шоњ нарасад, кї мерасад?!
Зарафо РАЊМОНЇ, узви ЊНИТ: - Оппозитсия ин нест, ки дар мухолифат ќарор дошта бошад ва њатман як бархурди љиддие бо њукумат дошта бошад. Кори оппозитсия ин аст, ки роњи њалли он камбудиву мушкилињоро пайдо кунад. -Ња, рост, оппозитсия љойгањпартои њукумат бошад, дарди сараш камтар мешавад. Хоса ваќте, ки ба љуз аз чойдамкунї тавони аќлии њалли ягон мушкилоти мардуму кишварро надошта бошад.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09