Нигох №27 (460). Чоршанбе, 30-юми сентябри соли 2015

Page 1

Латифи ПИДРОМ:

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

1

"Амрико дар Афѓонистон ба Русия зарба мезанад" №27 (460). Чоршанбе, 30-юми сентябри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

СУЌУТИ ЌУНДУЗ

ЉАЊОН

Бе созиш, вале созанда

Толибон тољик "шикор мекунанд"? САЊИФАИ 16

АРЗУ АДЛ

Ман кай издивољ кунам? САЊИФАИ 10

РУХДОД

"Бомба" - и яхин САЊИФАИ 10

ДИН

Яњува худои ѓайримусулмони тољик? САЊИФАИ 15

ФОЉИАИ МАККА

Дар марги ќариб 717 њољї то куљо оилаи подшоњи Саудї сањм дорад?

САЊИФАИ 5


2

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

СУЌУТИ ЌУНДУЗ Толибон тољик "шикор мекунанд" ё Амрико ба ќасди Русия омад? Суќути Ќундуз ба дасти Толибон ва њамдастони хориљии онњоро як идда тањлилгарони тољики Афѓонистон як "љанги ќавмї" ва идомаи раванди "афѓонсозї" меноманд, дар њоле, ки ба бовари дигарон, ин шуруъи љабњаи нав алайњи Русия дар Осиёи Марказї аст. Шоми 28 сентябр манобеъи "Нигоњ" дар Кундуз хабар доданд, ки Толибон пас аз ишѓоли шањр "танњо тољик шикор мекунанд". Ба ќавли онњо, љангиёни толиб ба манозили тољикон ва дигар ѓайрипаштунњо њамла карда, онњоро оташ мезананд ва бузургони ќавмии онњоро ба шањодат мерасонанд. Яке аз кушташудагон Арбоб Фатењуллоњ ном дошт, ки аз афроди муътабари тољики Ќундуз буда, бо иттифоќи писараш дар манзилаш боздошт ва вањшиёна кушта шуд. Ба гуфтаи онњо, мавориди куштори занону кўдакон низ љо дошта, таљовузи духтарон низ вуљуд дорад, аз љумла аз таљовузи як духтари нав номзадшудаи тољик аз сўи як паштуни 60 - сола ва рабуда шудани ду духтари њазора низ манобеъи ѓайрирасмї иттилоъ доданд. Ба иттилои онњо, дар бозорњо танњо дўконњои савдогарони ѓайритољик, пеш аз њама тољикро ѓорат мекунанд. Манобеъи Толибон ва созмонњои хориљии њамкори онњо ин хабарњоро рад мекунанд. Аз љумла паёми Мулло Ахтар Муњаммад Мансур, рањбари Толибонро нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, "њар муљоњиде, ки даст ба моли мусалмонон мезанад, бояд муљозот шавад". Дар як паём омадааст, ки "њатто як сўзани мардуми Ќундуз гирифта нашудааст". Дар асл, ба ќавли њамсуњбатони мо, гуруњњои мусаллање, ки бо забони пашту суњбат мекарданд, дар шањр даст ба бедодгарї зада, даст ба љону номуси мардум задаанд. Барои собит кардани "ќавмї" будани ишѓоли Ќундуз њамсуњбатони мо аксњоеро дар ихтиёри "Нигоњ" гузоштанд, ки бино ба онњо, Толибон ва љангиёни хориљї аксњои бузурги фармондењони љињодї - Ањмадшоњи Масъуд, Бурњонуддин Раббонї, Мавлоно Саидхел, Муњаммаддовуди Довуд ва дигаронро дар кўчањои шањр ба тариќи вањшоният тахриб карда, ба аксњои рањбарони паш-

тун, аз ќабили Амонуллоњхон, Мирвайс, Ањмадшоњи Абдолї ва дигарон даст нарасондаанд. Дар аксе њам дида мешавад, ки љангии Толибон њатто ба акси Доктор Наљибуллоњ, президенти собиќ ва рањбари њизби халќї - демократї ё коммунистии Афѓонистон саломи низомї медињад. Ин њам дар њолест, ки Доктор Наљибуллоњ соли 1996 дар чорроњаи Ориёнои Кобул њамроњ бо бародараш аз тарафи Толибон ба дор кашида шуда буд. Аммо аз нигоњи тољикони Ќундуз, ин далели бармалои паштунњо барои "афѓонсозї" - и ѓайрипаштунњои Афѓонистон аст. Ќундуз ё Куњандиж аз ќадим шањри тољикон ба њисоб меравад. Њудуди 60 дарсади шањрро тољикон ташкил медињанд. Ба љуз онњо дар ин шањр ўзбакњо, паштунњо ва туркманњо низ сукунат доранд. Паштунњо ба Ќундуз дар замони њукмронии Нодиршоњ зимни як барномаи нонавиштаи "паштункунонї" аз љануб интиќол дода шуда буданд.

"Афѓонсозї" Тањлилгарони тољики Афѓонистон таърихи "афѓонсозї" - ро як барномаи њамеша ноком, аммо мудаввоме арзёбї мекунанд, ки дар замони ба ќудрат расидани Ѓозї Амонуллоњхон шуруъ шуда, њадаф аз он пурра паштун кардани ѓайрипаштунњои ин кишвар будааст. Ба ќавли онњо: Амонуллохон тањти таъсири љавонафѓонон ќарор дошт, ки даст ба ислоњоти сохторї зада, мехост њукумати марказиро таќвият дињад. Мањз ў соли 1919 истиќлоли Афѓонистонро эълон кард. Аммо ќабл аз њама сиёсатњои "афѓонсозї" ва исломситезонаи ў норизоиятии мардумро ба бор овард ва соли 1929 шўриши тањти рањбарии Њабибуллоњи Калаконии тољик ўро аз тахт мањрум кард. Калаконї аввалин тољик буд, ки як сол дар Афѓонистон њукумат кард ва Нодиршоњи паштун соли 1929 ў ва ду бародарашро ба ќатл расонд. Мањз дар замони Нодиршоњ забони пашту дар баробари забони форсї забони давлатї эълон шуд. Соли 1965 мафњуми "забони дарї" дар Афѓонистон роиљ шуд, ки ба љои мафњуми "за-

бони форсї" то ба имрўз истифода мешавад. Нодиршоњ њамчунин паштунњоро аз вилоятњои љанубї ба шимолу марказ кўч дод. Мардуми бумї онњоро паштунњои "ноќил" меноманд. Нодиршоњ ба онњо бењтарин заминњоро аз ѓайрипаштунњо гирифта дод. Ахирињо дар саросари Афѓонистон маскун шудаанд, ба истиснои чанд вилоят, аз ќабили Панљшер ва Бомиён, ки яке њам кўњистонї ва дигарї, шўразор аст. Иттињоди Шўравї пас аз ворид шудан ба Афѓонистон низ умдатан ба паштунњо такя мекард. Бино ба наќли бархе аз низомиёни даврони Шўравї, ки дар љангњо алайњи мухолифини режими коммунистї мељангиданд, режими Кобул њангоми бомбаборон асосан дењоти тољикнишинро њадаф ќарор медоданд. Як афсари тољики Шўравї ваќте аз ин ба Ситоди марказии Артиши Сурх дар Афѓонистон шикоят мекунад, зуд аз хидмат ронда ва дар беморхонаи руњї љой карда мешавад. Њукумати Бурњонуддин Раббонї, ки яке аз танзимњои љињодиро рањбарї мекард ва дар муќобили Шўравї љангида буд, низ аз љониби паштунњо ќабул нашуд. Њатто як гуруњ сарони ќавмии паштунњои Афѓонистон ба назди Раббонї омада, аз ў хоњиш карда буданд, ки њукуматро ба паштунњо таслим кунад. Дар китобе тањти унвони "Саќавии

дуввум" Ањмадшоњи Масъуд, Ќањрамони миллии Афѓонистон, ки дар шикасти Толибон наќши њалкунанда дошт, "Бачаи Саќќои дуюм" ё Њабибуллоњ Калаконии баъдї унвон мешавад, ки мехоњад њукуматро дар Афѓонистон аз дасти паштунњо гирад. Паштунњо дар масъалаи ќудрат воќеан њассосанд ва ин њаќро ба ѓайрипаштунњо ќоил нестанд, ки ба рањбарии Афѓонистон оянд, њарчанд ѓайрипаштун (тољик, ўзбак, њазора, туркман ва ѓайра) - њо њудуди 60 дарсади нуфузи ин кишварро ташкил медињанд ва аз ин хотир, Афѓонистонро кишвари аќаллиятњо меноманд. Бо вуљуди ин њама, амалан фарњанги ќавии форсиро њељ як аз њукуматњои Афѓонистон шикаста натавонист. Шањрњо асосан тољикнишин буданд ва як теъдоди бузурги паштунњое ба воя расиданд, ки дар асл забони модарии худро намедонанд, аз љумла собиќ вазири корњои хориљии Афѓонистон Залмай Расул. Њатто Зоњиршоњ - "Бобои Миллат" паёмашро пас аз ба ќудрат расидани њукумати Њомид Карзай ба забони форсї ироа кард. Дар Афѓонистон забони форсї амалан забони фарњанг, санъат ва сиёсату тиљорат аст. Њар кас ба форсї шеър ё тарона нагўяд, шунидаву хонда намешавад. Шањрњои аз нигоњи амниятї

НАМОИШНОМА "Мулло Муњиддин" ва "Эшони Нурї" ќањрамонњои як намоишномаи њаљвии Театри драмавї-академии ба номи Абулќосим Лоњутї шудаанд. Њангоми намоиш тамошобинон аз толор бармало садо медоданд, ки њунармандон номњоро воќеї баён кунанд, масалан, Муњиддин Кабирї ё Сайид Абдуллоњи Нурї. Ин намоишнома тањти унвони "Чодари найранг" шоми 22-юми сентябр дар маросими ифтитоњии 86-умин мавсими театрї дар Театри драмавї-академии ба номи Абулќосим Лоњутї ба сањна гузошта ва бори аввал ба тамошобинон пешнињод шуд. Спектакли "Чодари найранг" аз љониби Ходими хизматнишондодаи санъати Тољикистон Тўрахон Ањмадхонов ба сањна гузошта шудааст. Он дар бораи як муллои

Спекатакли "Мулло Муњиддин" ва "Эшони Нурї" дар театри Лоњутї риёкор аст, ки як зиндагии пур аз макру фиреб дорад. Мулло назди мардум бо таќвову Худотарс менамояд, аммо дар хилват баръакс мебошад. Њатто ба њамсари худаш бовар надорад. Њамсараш ќасди хонадоршавї бо як љавонро мекунад. Мулло њеч гоњ бидуни гирифтани инъом никоњ намекунад. Дар як маросими никоњ дар хонаи њамсоя аз рашки зиёд ба њамсараш гумон мекунад, ки њамсарашро бо дигар нафар никоњ карда истодааст, аз ин хотир, бо њар бањона аз никоњ кардан даст кашиданї шуда, мегўяд, "Мулло Муњиддин" ё

"Эшони Нурї"-ро биоред, ки никоњ кунад. Ин номњо чандин бор садо доданд, аммо "Мулло Муњиддин" ё "Эшони Нурї" пайдо нашуданд. Билохира мулло бо гирифтани маблаѓ никоњро анљом дод. Љавонони тамошобин бо шунидани номњои "Мулло Муњиддин" ва "Эшони Нурї" аз толор луќма мепартофтанд, ки "Мулло Кабирї гўед, шиностар аст". Ё њангоми "Эшони Нурї" гуфтан "Сайид Абдулло Нурї гўед" гуён садо баланд мекарданд. Исми рањбари собиќ ва феълии Њизби

нањзати исломии Тољикистон дар њоле ба сањнањои театри кишвар роњ меёбад, ки чанде ќабл маќомоти ќудратии Тољикистон 13 узви Раёсати олии ин њизбро бо иттињоми њамдастї ба исёни генерал Абдуњалим Назарзода боздошт карданд. Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, дар вокуниш ба ин боздоштњо гуфт, њукумати Тољикистон чун илољи бастани њизбро наёфт, онро ба исёни генерали њукуматї пайванд дод ва ба њадафи худ, ки зимни протоколи маъруфи 3220 тарњрезї карда буд, даст ёфт. Раиси ЊНИТ эълом дошт, ки муваќќатан фаъолияти њизбро дар дохилу хориљ ќатъ мекунад. Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, муовинаш Сайид Иброњими Назар ва Муњаммадљони Нурї, писари Сайид Абдуллоњи Нурї ба хориљ аз Тољикистон фирор кардаанд.


ГЕОПОЛИТИКА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

3

Муњибуллоњ Ќурбон Одатан дар посгоњи Айнї пештар њар ронанда мошинро дошта, ба њуљраи БДА медаромад ва "сабти ном" карда, бармегашт. Њама медонист, ки "сабти ном" бо додани "њаќќи роњ" меанљомид, вале барои чї бошад, он посгоњро бардоштаанд.

Бачахарї аз... таваллудхона ором - Кобул, Мазори Шариф, Њирот ва дигарон, асосан бо форсї такаллум мекунанд ва онњоеро, ки форсиро балад нестанд, писанд надоранд, чї сиёсатмадор бошад, чї тољир. Ин вазъ паштунњоро воќеан њамеша нигарон медорад. Њизби "Афѓонмиллат", ки миллатгароёни паштунро муттањид мекунад, Афѓонистонро кишвари форсзабон намењисобад. Барномаи "афѓонсозї" бахусус дар замони Њомид Карзай љон гирифт. Бо фармони ў, миллияти тамоми сокинони Афѓонистон дар шиносномаашон бояд "афѓон" навишта шавад. Ин њол эътирози як идда ѓайрипаштунњоро ба вуљуд овард ва онњо аз гирифтани шиноснома даст кашиданд, зеро ба ќавли худашон, "нахостанд њуввияти як миллати дигарро ба љои њуввияти худ пазиранд". Ќонуни нонавиштае дар замони Карзай вуљуд дошт ва њоло њам дорад, ки њар вазир ё соњибмансаб њатман бояд забони паштуро донад. Њатто Абдуллоњ Абдуллоњ, ки замони вазири хориљї буданаш аслан ба пашту суњбат намекард, њангоми интихоботи президентї маљбур шуд пашту суњбат кунад (њарчанд дар ин ишколе нест, чун худ паштун аст). Карими Хуррам, вазири фарњанги њукумати Карзай, хостори њазфи вожањои форсї, аз љумла "донишкада" - ву "додгоњ", аз луѓати форсзабонони Афѓонистон шуд. Ин вазъ дар Афѓонистон бањси зиёдеро ба бор овард, ки то ба њол идома дорад. Зимнан, њамсуњбатони мо аз Ќундуз волии он Умари Софиро, ки низ паштун аст, "њамкор ва њидояткунанда" - и Толибон мењисобанд. Ба ќавли онњо, ў ба паштунњои Ќундуз ваъда додааст, ки "онњоро соњиби ќудрату ватанашон мекунад". Бино ба иттилои телевизиони "Нурин" - и Афѓонистон, Умари Софї дар рўзњои њамлаи Толибон ба Ќундуз дар Тољикистон ќарор дошт. Як

вакили Шўрои вилоятии Ќундуз низ ба расонањо гуфтааст, волї пас аз њамлаи Толибон аз Ќундуз ба Тољикистон фирор кард. Њоло ѓайрипаштунњои Афѓонистон бар инанд, ки њукумати вањдати миллии Ашраф Ѓанї ва Абдуллоњ Абдуллоњ низ мехоњад барномаи "афѓонсозї" - ро идома дињад. Онњо бар инанд, ки президент Ѓанї аз Толибон пуштибонї мекунад ва тавассути онњо мехоњад, ки дар саросари кишвар шахсиятњои ѓайрипаштунро аз миён бурда, ќудратро дар дасти паштунњо мутамарказ кунад ва њамаро "афѓон" созад ("афѓон" муродифи калимаи "паштун" аст). Тољикон њам ба он хотир мавриди таваљљуњи хос њастанд, ки намехоњанд ќудрати сиёсї, њамзамон низомиву иќтисодї дар ихтиёри паштунњо бошад ва њаќќи худро талаб мекунанд. Балки ќудратхоњї, миллатгарої ва пасмондагии паштунњоро дида, гоњо ин пешнињодро низ мекунанд, ки Афѓонистон як кишвари федеролї шавад, ба ин маънї, ки њар ќавм бо роњи худ бошад, таќсим шавад. Аз ин хотир, ваќте аз "шикори тољикон" дар Кундуз аз сўи Толибон сухан рафт, пеш аз њама бонги хатар мањз аз "афѓонсозї" баланд шуд, на авомили дигар.

Њадаф - Русия! Аммо бархе дигар аз тањлилгарони афѓон, аз љумла Раззоќи Моъмун, ки тољик аст ва дар Њиндустон зиндагї мекунад, суќути Ќундуз дар шимоли Афѓонистонро шуруъи љанги бармало миёни Амрико ва Русия дар Осиёи Марказї меномад. Ба ќавли ў, пас аз он, ки Русия дар шањрњои Сурия аланї ба кўмаки њукумати Башшор Асад пардохт ва неруњои низомии худро њам вориди даргирї бо мухолифини њукумати Сурия кард, Амрико ва муттањидонаш дар ѓафлат монданд. Вай афзуд, акнун ахирињо ба Русия зўри

худро дар Афѓонистон нишон медињанд, ки агар дар Ховари Миёна Маскав пешдастї кард, дар шимоли Афѓонистон - марзњои нуфузи Русия ин корро карда наметавонад. Воќеан, Ќундуз яке аз шањрњои муњим ва аз нигоњи амниятї стратегии Афѓонистон ба шумор меомаду меояд. Дар гузашта забти Кундуз калиди забти Шимоли Афѓонистон мањсуб мешуд. Толибон то соли 2001 дар Ќундуз бузургтарин нерўи худро, ки аз 30 њазор љангии Толибон, Ал - ќоида ва Њаракати исломии Ўзбакистон иборат буд ва аз сўи генералњои покистонї роњбарї мешуд, нигоњ медоштанд. Њатто Усома ибни Лодан, рањбари Ал - ќоида ният дошт, ки дар Ќундуз яке аз пойгоњњои бузургтарини худро ташкил кунад, аммо ба мухолифати Ањмадшоњи Масъуд дучор омад. Ин мухолифат онњоро ба душмани њамдигар табдил дод. Кундуз соли 2001 охирин такягоњи Толибон ба њисоб мерафт, ки баробари суќути он Шимолро њам аз даст дод. Инак, даќиќан пас аз 14 сол Толибон дигарбора Кундузро ишѓол мекунанд. Албатта, ин ба он маъно нахоњад буд, ки Ќундуз аз ин ба баъд дар ихтиёри онњо ќарор хоњад дошт. Неруњои њукумати Афѓонистон њанўз ин тавонмандиро доранд, ки онњоро аз шањр ва дигар навоњии Кундуз берун кунанд. Аммо мањз ин њодиса нишон медињад, ки: 1) дар Афѓонистон аввалин вилоят пас аз 14 сол ба дасти Толибон суќут кард ва ин на вилояти љанубї, балки шимолї аст, љое, ки паштунњо - ядрои асосии Толибон, ба монанди Ќандањору Нангарњор аксарият нестанд; 2) љанг дар Афѓонистон ба марњалаи нав гузашт ва ин гардиш дар њолест, ки Русия амалан вориди буњрони Ховари Миёна шуд. Љои шакк нест, ки менељерони љанги Афѓонистон ба Толибон ва љангиёни хориљии њамкори онњо (Иттињоди љињоди исломї, Њаракати Туркистони Шарќї, Љамоати Ансоруллоњ ва Љундуллоњ (шохаи Њаракати исломии Ўзбакистон), ки аксарият зодагони Осиёи Марказиянд, аллакай таваљљуњи бештар карданд. Ахирињо њам, ба истилоњ, "шерак" шуданд; 3) ИДМ, Созмони њамкорињои Шонгњой, Осиёи Марказї, пеш аз њама Тољикистон, бо Толибон њамсоя шуданд. Ва ин эњтимол баъид нест, ки дар њоли ташдид ёфтани буњрон Русия ба Афѓонистон низ кўмак кунад, ба он нерўњое, ки бо Толибон хоњанд љангид ва ин нерў танњо гуруњњои боќимонда аз Иттињоди Шимоли Ањмадшоњи Масъуд буда метавонад. Фаромарзи ФОЗИЛ

Дар назди даромадгоњи таваллудхонаи шањр лавње часпонидаанд: дар таваллудхона хидматрасонї ройгон аст... Бибї дар назди дари таваллудхонаи шањр аз дасти келин набераи навзодашро ба даст гирифта, бо оњанги нимшўхї ва нимљиддї гуфт: "Биё, ширинаки бибї. Набераи аз њама азизу аз њама гарони худам. Медонї, бачам, мо туро аз таваллудхона харидем? Аљиб-а, фарзанди худатро аз таваллудхона мехарї..."- бибї ба ман, ки он љо будам, нигарист. Ман аз њарфи бибї - "...мо туро аз таваллудхона харидем" андак шигифтзада будам. Гумон кардам, навзодеро барои фарзанди бенаслаш гирифтааст, аммо зуд аз ин хаёли хом баргаштам, зеро бибї воќеан тифлро бо мењрубонии хоси модаркалонї навозиш дошт. Бо вуљуди ин пурсидам, ки чї тавр набераашро харидаанд. Шояд муболиѓа дорад? "Охир, навиштаанд, ки дар таваллудхона хидматрасонї ройгон аст! -" ба лавњи назди дар ишора намуд бибї. - Вале пул надошта бошї, барои навзодро гирифтан шарм медорї... Мо тахмин панљсад сомонї аллакай сарф кардем. Дар њаќиќат, набераамро бо ин пул гўё, харидам... Њоло боз ба чанд нафар пул додан даркор будааст". "Яъне, он чї дар лавња навиштаанд, ки ройгон ин афсона аст?" - боз мепурсам аз ў. Бибї табассум зад ва гуфт: "Духтуре, ки набераамро таваллуд кунонид, алоњида мегирад, њар яки хоњари шафќат, ки дар ин кор мадад расонид, бист, сї ва чилу панљоњ мегирад. Њатто фаррош њам "нарх"-и худашро доштааст: дањ сомонї. Хайр, мо каму беш дорем. Вале он нафароне, ки надоранд, чї кор мекунанд?" Њамин замон келини бибї, соњиби тифл ба хушдоман гуфт: "Хола, ба духтур аз панљоњ сомонї як дирам њам зиёд надињед. Ба "медсестрањо" (пизишкёр) умуман пул њайф аст; чунки ба тифли навзодам дуруст нигоњ накарданд... Онњо асосан, гирди сўмдорон парвона мешаванд..." Муддате истодам ва шоњиди чанд суњбат шудам, ки аксарашон дар бораи пардохту нархи духтуру пизишкёру фаррош буд. "Хоњар, магар пул надињед, намешавад?" - пурсидам аз бибї. "Мешавад, аммо аз таънаи наздикону дурон чї тавр паноњ мебарам? Ба забон осон аст..."- гуфт бибї. Њама медонад, ки касе соњиби фарзанд гардад, њатман кам ё зиёд аз хурсандї ва ё хушбахтї ба онњое, ки дар таваллуди тифлашон мадад расонидаанд, њатман пул медињад, аммо як кас дорад, дигар кас надорад. Ва фазое ба вуљуд овардаанд, ки мабодо кам пул дињї ва надињї, дар назди дигарон ба мислї як русияњ ќабулат мекунанд ва њамчун як доѓ ба пешониат то дер мепояд ва њар замон гўшзад њам мекунанд, ки ту магар фалонї набудї, ки набераатро аз таваллудхона бепул баровардї... Ба љойи лавњи "Хидматрасонї ройгон аст"ро часпонидан бењтар аст, як нархномаи муътадилеро ба девор овезанд ва ё њамчун ёддошт ба волидони навзод дињанд ва дар он рўирост нархи хидматрасониро нависанд. Он гоњ на намоиши пулдињї ва на озору шарми кампулї њангоми зойиш ва баровардани тифл рух медињад. Мо њам медонем, ки духтур аз њама тўлонї тањсил мекунад, лекин мувофиќ ба тањсилаш моњона намегирад ва маљбур мешавад, ба љайби корафтодањо нигарад.


4

МУСОЊИБА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

- Оќои Пидром, нахуст аз таѓйири вазъ дар Кундуз, аввалин вилояте пурсам, ки пас аз 14 сол дар Афѓонистон ба дасти Толибон суќут кард. Чаро мањз Кундуз? - Таќрибан дар як соли охир ва ба таври хос дар шаш моњи охир љанг аз љануби Афѓонистон, аз Вазиристони шимолї ба шимоли Афѓонистон, шимолу шарќи кишвар интиќол дода шуд. Њам истиќоматњои Кундуз, Тахору Бадахшон, истиќоматњои Мазор, Сарипул, Маймана дар ин масиранд... Давлати Покистон дари мадорис баста кард. Барои ин, ки эъмоли фишор оварад, љангљўён ба Афѓонистон оянд. Аз Афѓонистон инњоро интиќол доданд ба шимоли кишвар. Чандин бор дар парлумони Афѓонистон ин бањс - интиќоли љанг ба Тахору Бадахшонро матрањ кардем. Аммо чаро ин корро карданд? Як пружаи калони љањонї дар минтаќа дар њоли љараён аст. Амрикоињо, кишварњои ѓарбї бо таваљљўњ ба даргирињое, ки бо Русия дар Укроин доранд, феълан дар Сурия рў ба рў шуданд, њамин тартиб дар масоили Эрону Яман ва дигар кишварњо, пружа ин аст, ки љанг ба Осиёи Марказї кашида шавад. Ин љузъи барнома аст. Ин танњо минтаќае њаст, ки метавонанд Русияро замингир кунанд. Ќудратњои њарбї чунин фикр мекунанд, ки он шикастњое, ки дар Украина хурданд, дар ин љо бояд љуброн кунанд. Зеро минтаќаи Осиёи Марказї њавзаи геополитикии Русия аст. Дар шимоли Афѓонистон бештар Кундузу Тахор ва Бадахшонро интихоб кардаанд. Бештар нерўњо дар Бадахшон мутамарказ шудаанд. Кундуз шуруъи ин барнома аст, ки љангљўёни ДОИШ, Толибон ва нерўњои дигар, ки ба њар њол ќудратњои ѓарбї ба таври мустаќим ва ѓайримустаќим дар пушти сарашон њастанд, љангро дар Осиёи Марказї оѓоз кунанд. Барои њамин Кундуз суќут дода шуд. Кундуз дар марзи Ќумсангиру Панљ аст. - Толибон ќариб 14 сол аст, ки дар навоњии атрофи ин шањр буданду мељангиданд. Чаро мањз њамин рўзњо шањрро ишѓол карданд? Оё паёме дорад? - Њамин ки нерўњои низомии Русия вориди Сурия шуданд, пешбинии ман њамин буд, ки љанг дар Кундуз ва шимоли Афѓонистон ташдид мешавад. Ин њамла навъе посух ба вуруди нерўњои Русия ба Сурия аст. Яъне амрикоињо ба русњо гуфтанд, ки мо метавонем дар љои дигар ба шумо мушкил эљод бикунем. Дар њамин рўзњое, ки нерўњои Русия ба Сурия ворид шуданд, љанг дар шимоли Афѓонистон шиддат гирифт. - Воќеан, чунин суолро аз ќабл омада карда будам. Пас метавон суќути Кундузро љавоб ба вуруди Русия ба Сурия унвон кард? - Бидуни тардид. Яке аз далоили бисёр бузург аст. Як навъ дандон нишон додан ба Федеротиви Русия аст. - Бархе бар инанд, ки ин оѓози љанги Русияву Амрико дар Осиёи Марказї аст, Маскав метавонад ба Афѓонистон ворид шавад, тавре дар Сурия кард? - Дар асоси ќавонини байналмилал агар кишварњо дар 30-40 километри марзњо эњсоси хатар бикунанд, метавонанд аз амнияташон дифоъ кунанд. Дар ин њавза, ки Русия шомили паймони Шонгњой (Созмони њамкорињои Шанхай) њам њаст, ин паймон танњо паймони иќтисодї нест, паймони низомї њам њаст дар айни њол, инњо метавонанд аз манфиати худашон дар ин марзњо њимоят кунанд. Русия бо тафоњум бо Тољикистон ва дигар њампаймонњояш тадобири амниятї алайњи љангљўён метавонад биандешад. Табиатон ин корро русњо карда метавонанд. Тавонашро доранд. Ду роњ вуљуд дорад. Якум, инњо ба Афѓонистон нерўи низомї ворид мекунанд. Табиатан ин корро русњо нахоњанд кард. Зеро мувофиќати Афѓонистон зарур аст. Дар Сурия барои он ворид шуданд, ки Башшор Асад, рањбари ќонунии Сурия мувофиќ шуд, ки русњо метавонанд кўмак кунанд. Мусалламан, давлати Афѓонистон, давлати оќои Ѓанї, ки як давлати вобаста ба ИМА аст ва тањти њимояти онњо ќарор дорад, чунин љуръат нахоњад кард. Барои он, ки худи онњо бахше аз пружаи амрикої њастанд. Ё њалаќоте дар Афѓонистон ба он чизе, ки феълан дар Кундуз иттифоќ афтодааст, сањим њастанд. Бинобар ин, ин корро нахоњанд кард. Аммо Русия ва кишварњои минтаќа њаќ доранд, ки аз амнияти марзњояшон дифоъ кунанд. - Агар Русия ворид намешавад, Маскав дар Афѓонистон ба кињо метавонад такя кунад?

Латифи ПИДРОМ:

ном ба ном бигўед, ки дар Арк аз ин тарњ пуштибонї мекунанд? - Шоъеоте дар дохил њаст, ки мушовири амнияти миллї оќои Њаниф Атмар аз ин љараён иттилоъ дорад. Борњо ба онњо гуфта шуд, худи эшон дар парлумони Афѓонистон гуфтанд, ки њадаф Тољикистон аст ва инњо алоќаманди Тољикистон њастанд. Бархе нерўњо дар вазорати корњои дохилї, худи оќои сарпарасти вазорати дохила Маъсум Стонакзай муттањам ба ин аст, ки аз Толибону ДОИШ њимоят мекунанд. Хеле одамњо ва шахсиятњои дигар. Вазири сарњадот, ки дар Баѓлон тањти як протукул имзо кард ва Данди Ѓурї ва зулмро ба Толибон бахшид, њама дар ин љараёнњо мустаќим ва ѓайримустаќим сањим њастанд. - Абдуллоњ Абдуллоњ њам ба ин тим дохил мешавад? - Абдуллоњ Абдуллоњ дар љараёни ин ќазияњо ќарор дорад. Мунтањо, дар мавќеияте нест, ки битавонад тасмим бигирад. Бихоњем ё не, Абдуллоњ Абдулоњ як муњраест, ки ба воситаи амрикоињо таъин шудааст. На Абдуллоњ Абдуллоњ ва на Ашраф Ѓанї, аз маќомоти давлатии Афѓонистон наметавонанд бидуни иљозаи амрикоињо амал кунанд. Њатто агар баъзењояшон розї њам набошанд. - Мегўянд, Шумо бо Абдурашиди Дўстум рафиќ њастед. Ба самимияти ў дар љанг алайњи Толибон ва њамкориаш бо Устод Атомуњаммади Нур бовар доред?

"АМРИКО ДАР АФЃОНИСТОН БА РУСИЯ ЗАРБА МЕЗАНАД" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо Латифи Пидром, намояндаи мардумии Афѓонистон ва раиси Кунгураи миллии Афѓонистон - Албатта, Русия наметавонад ворид шавад. Аммо аз нерўњое, ки дар шимол барои истиќлол ва љилавгирї аз вуруди ДОИШ мељанганд, ё дар дигар манотиќи Афѓонистон мељанганду ниёз ба кўмак доранд, Русия ва кишварњои минтаќа метавонанд њимоят кунанд. Роњњои зиёде њаст, ки аз вуруди љанг ба ќаламрави Осиёи Марказї пешгирї кунанд. - Созмонњои террористие, ки аз зодагони Осиёи Марказї иборатанд, дар ин љангњо чї наќш ва чї наќша доранд? Ё аз рўи наќшаи кї амал мекунанд? - ДОИШ як пружаи байналмилалї аст, таќрибан метавон гуфт, ки љањонист. Дар сафи он одамони фундаменталист аз кишварњои гуногун сањим њастанд. Дар Ироќ, Афѓонистон, Сурия, Либї, Яман мељанганд ва дар кишварњои мухталиф машѓули фаъолиятанд. Нерўњое, ки аз Њизби тањрир ва дигар созмонњоянд, ки аз зодагони Тољикистону кишварњои минтаќа иборатанд, дар Бадахшон, вулусволии Љурм љобаљо шудаанд, муштаракан ин пружаро пеш мебаранд. Ба ин маънї, ки дар заминаи корњои техникї, низомї, коршиносї бо њам њамоњанг буда, њамкорї мекунанд. Худо накунаду кишварњои Осиёи Марказї диќќат накунанд ва љанг дар минтаќа шуруъ шавад, дар сурате, ки кучактарин рахна дар кишварњои Осиёи Марказї кунанд, нерўњои фундаменталисте, ки аз ин манотиќ рафтаанд, дар ин љанг шарик хоњанд буд. Ба фарзи мисол, агар Кундуз, Бадахшонро нерўњои ДОИШ, Толибон бигиранд, агар канорањои руди Ому аз контроли мо берун ояд, табиист, ки љанг ба Осиёи Марказї мекучад. Феълан, бештарини љангњо дар марзи Тољикистон дар амал аст. Агар дар ин манотиќ мустаќар шаванд, табиатан амнияти ин кишварњо дар хатар мемонад. Ин пружањои умумиро дар як эътилофи калон Арабистони Саудї, Покистон, бархе кишварњои Аморот, Инглис, ИМА муштаракан доранд пеш мебаранд. Владимир Путин,

президенти Русия ва рањбари Аргентина дар суханронињояшон дар СММ дар ин бора сареъан сухан карданд. Зиёд гуфтаанд, ки ДОИШ зодаи иќдомоти нобихирадонаест, ки ѓарбињо анљом додаанд, дар Ироќ, Сурия ва њарљои дигар. Заминаро фароњам карданд, ки ин кишварњо фурў бипошанд ва мављи азими инсонї, ки дар ин кишварњо аз сохторњои давлат берун монданд, мавриди истифодаи нерўњои ѓарбї ќарор бигирад. Амрикоињо гуфтанд, ки 1500 нафар аз љангиёни љабњаи, ба истилоњ "озодибахш"-ро дар Амрико омўзиш додем. Инњо ба Сурия рафта, ба гурўњи "ан-Нусра" пайвастанд. Чї тавр мумкин аст? 1500 нафарро омўзиш медињї, мепайвандад ба ДОИШ? Масъулияти ИМА чї аст? Маънияш ин аст, ки дар ин љангњо сањм дорї. Амрикоињо њадди аќал барномаашон ин аст, ки љанг дар Осиёи Марказї ташдид бишавад. Инњо љангњои шимоли Афѓонистонро мустаќиман мудирият мекунанд. - Мегўянд, ки Толибон аз Арки Кобул идора мешаванд, ин дуруст аст? - Њалаќоте аз давлат, дар Арки Кобул, дар вазоратњои амният, дифоъи кишвар, бидуни шак, аз Толибон њимоят мекунанд. Ва кумаки таслињотї, молї мекунанд. Борњо дар парлумони Афѓонистон дар ин бора сареъ суњбат кардем. Агар онњо кўмак накунанд, чї тавр мумкин аст, ки ин нерўњои азими низомї аз Покистон њаракат мекунанд, як фосилаи бисёр тулониро тай карда, меоянд ба Бадахшон? Ин љо мерасанд ва нерўњои амниятии Афѓонистон хабар намешаванд. Агар онњо хабар надоштанд, мо борњо дар маљлиси парлумон гуфтем, ба њар яки ин маќомњо вазорати дифоъ, дохилї, амнияти миллї мурољиат кардем, ки вазъият ин гуна аст. Аммо кўчактарин иќдомро инњо накарданд. Маъниаш чї буд? Дар Вазиристон як њодиса мешавад, бесарнишинњои амрикої дар он љо амал мекунанд. Чаро дар Кундуз амал намекунанд? Маълум аст, ки пружаи ѓарбї аст. - Ошкортар, даќиќан метавонед онњоеро

- Љенерол Дўстум масъули як ќавми калон дар Афѓонистон ва љенероли собиќадори артиш аст. Муносиботи мо бо љенерол Дўстум, устод Ато, оќои Халил Халилї, бо њар каси дигар аз ин нерўњо бар ин поя будааст, ки мо эљоде аз аќвоми Афѓонистон мебошем, ки њамеша тањти ситаму зулм будаанд. Як иттињод бисозем, ки нерўњои шовинистї аз љануб ба шимол њамла накунанд. Ин бар пояи як барномаи стратегї ва сиёсї мебошад, њеч рафоќати шахсї вуљуд надорад. Як ниёз вуљуд дорад. Бубинед, замоне, ки Толибон њамла карданд, як љабњаи муттањид сохта шуд. Дар ин љабњаи муттањид љенерол Дўстум, оќои Муњаќќиќ, оќои Халилї буд ва нерўњои дигар, оќои Анварї, Исмоилхон буданд. Бањс ва тамоси ман бо ин рањбарони ќавмї дар шимоли Афѓонистон барои ин аст, ки ин аќвом дар баробари тањољуми гурўњњои ќудратталаби паштун, ки мехоњанд Афѓонистонро яктарафа идора бикунанд, Афѓонистон ва шимол комилан дар ихтиёрашон бошад, муттањид бошанд. Одилона аз шимолу шарќи Афѓонистон ва тамоми кишвар дифоъ бикунанд. Ин гуфтугўњои ман дар пояи як диди стратегї ва сиёсї аст. - Ба самимияти Дўстум бо устод Ато чї? - Онњо ихтилофи љиддї доранд. Даргирињои устод Ато ва љенерод Дўстум бар сари рањбарии шимол, рањбарии Мазори Шариф тулонї буд. Аммо гумон намекунам, ки ба ин соддагї њам, бо њам рост шаванд. Фикр мекунам, ин ду нафар њанўз мушкилоти зиёде бо њам доранд. - Фикр намекунед, ки замони зуњур ё интихоби як Ањмадшоњ Масъуди дигар фаро расидааст? - Масъудро касе интихоб накарда буд... - Зуњураш... - Бањси зуњураш дуруст аст ва вобаста ба ин аст, ки дар чењрањои набард чи чењрањои миллї метавонанд вориди майдон шаванд, воќеан истодагї кунанд. Дар шароите, ки мо дар Афѓонистон њастем, ин чењ-


МИНТАЌА рањо бар асари интихоб људо намешаванд. Бояд дар майдонњои разм ба вуљуд оянд. Масъуд дар љараёни муборизоти озодихоњонаи худаш ба вуљуд омад. Варна рањбари асосии Љамъияти исломї устод Раббонї буд. Масъуд як фармондењи кўчак буд, ки бар асари дароияти худаш, фидокорињое, ки кард, табдил шуд ба Ќањрамони миллї. Њанўз чењрае њамчун Масъуд намебинам. Вале бовар ва умед дорам, ки мардуми Афѓонистон барои дифоъ аз њаќу њуќуќашон фарзандњое берун бидињанд, насли дигари мубориза бишаванд. - Љаноби Пидром, тољикони Афѓонистон дигарбора ба як бозие ворид мешаванд, ки ба хоњиши онњо вобаста нест. Фикр намекунед, ки таљзияи Афѓонистон фаро мерасад? Ба ин маънї, ки бигзор љануб, ё паштунњо бо роњи худ раванду баќия бо роњи худ? - Тољикон дар интихоботи охирин бо далоили зиёде аз ќудрат хориљ шуданд. Феълан, тољикон дар њеч бахше дар давлат болои ќудрат нестанд. Дар сохтори раёсати љумњурї нестанд, дар вазоратњои калидии амният, дифоъ, дохила нестанд. Дар вазоратњои иќтисодї мисли молия, тиљорат нестанд. Дарвоќеъ, тољикон дар сохтори сиёсии Афѓонистон ба як нерўи манфаъил табдил шуданд. Њамаи рукнњои асосии давлат дар дасти паштунњост. Ашраф Ѓанї паштун, Абдуллоњ Абдуллоњ паштун њаст, аз Ќандањор аст, дар корти интихоботиаш њам навиштааст: Абдуллоњ Абдуллоњ, фарзанди фалонї аз Ќандањор, ќавм - паштун. Ин одам ба дурўѓ худашро дар дохили тољикон зада, ки аз номи тољикон истифода кунад. Барои њамин њам мо дар интихобот бохтем, агар ќарор буд, мо - тољикон дар интихобот сањми худашонро бигиранд, раъйе, ки доданд истифода кунанд, намебоист, ин сохт ин давлат ќабул мешуд. Интихобот мунњал шуда, баъди 5-6 моњ интихоботи одилона баргузор мешуд. Аммо дидем, ки Абдуллоњ аќиб нишаст, бо Ашраф Ѓанї канор омаданд. Он касе, ки бохт, тољикон буданд, касе, ки моро фиреб дод Абдуллоњ Абдуллоњ буд. - Агар вазъ чунин аст, ки тавре Шумо мегўед, фикр намекунед, ки ин раванд Афѓонистонро ба хатари таљзия рў ба рў мекунад? - Агар беадолатї идома бикунад. Агар бихоњанд, ки ба њамин гуна дар Афѓонистон сиёсати худашонро пеш бибаранд, инњисорталабии ќавмї бикунанд, паштунњо хиёл бикунанд, ки баќияи аќвом навкари онњо њастанд, инњо њаќ надоранд, ки дар сохтори давлат њузур дошта бошанд, мусалламан Афѓонистон ба хатари таљзия рў ба рў хоњад буд. Барои он, ки аќвоми дигар њам тањаммул намекунанд. Дигар замони Абдурањмонхон нест. Мардум огоњ њастанд, беадолатиро њеч ќавме тањаммул надорад. - Мегўянд, дар минтаќа бозии нав дар њоли шакл гирифтан аст. Дар ин бозї шахсан ширкат хоњед дошт? Агар ња, ба њайси кї? - Ба унвони як шањрванд дар таомулоти сиёсии Афѓонистон ворид њастам. Рањбари як њизби сиёсиам, Шўрои саросарии тољикони Афѓонистонро сохтам, бидуни тардид, яке аз тарафњои њар бањсе дар Афѓонистон хоњем буд. Бањс барои он, ки њаќќи худамонро дифоъ кунем. Мусалламан, аз њаќќи мардуми Афѓонистон, бахусус, тољикон, њар ќавме, ки њаќаш талаф мешавад, касе бихоњад зулм бикунад, аз њуќуќњои мазлумин дифоъ мекунем. Иљозат нахоњем дод, ки тољикон музмаил бишаванд. - Сафари Шумо ба Душанбе ба кадом хотир аст? - Маъмулан, ваќте мо мехоњем ба Бадахшон биравем, бо визои муваќќат аз Душанбе ба Дарвоз меравем. Дарвозї њастам. Аз самти Тољикистон кўтоњтарин роњ барои ман аст. Далели сафарам ин буд, ки аз ин роњ биравам, вазъияти Бадахшонро зудтар бубинам. Аз љониби Афѓонистон хатарнок аст. Аз сўи Кундуз рафтан хатарнок аст, зеро дар контроли Толибон аст. Дар айни њол солгарди фармондењ Ањмадшоњ Масъуд буд, ки дар Душанбе баргузор кардем. Бо мутолиаи вазъи Бадахшон, ки барои таъмини амният чи кор битавонем бикунем, умедворам баргардем ба Кобул корамонро шуруъ бикунем. Мусоњибаи Абдуазими АБДУВАЊЊОБ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

БАЊСИ ОБУ ЊАВО ДАР НЮ-ЙОРК Ба назар мерасад масъалаи таѓйири иќлим ва мушкилоти об кишварњои Осиёи Марказиро беш аз њар ваќти дигар нигарон мекунад. Дар муколамаи Ню-Йорк, ки як њамоиши байналмилалї дар мавзуъи "Ба хотири њифзи сайёраи мо дар љодаи мубориза бо таѓйирёбии иќлим" ном дошт, намояндагони кишварњои Осиёи Марказї як бори дигар таваљљуњи љомеаи љањониро ба мушкилоти обу иќлим дар олам ва минтаќа љалб карданд. Њамоиш минбаре буд, ки сарварон ва фиристодагони љамоњири минтаќа дидгоњњо ва назароти худро доир ба њалли фарогири мушкилоти бархоста аз таѓйирёбии иќлим матрањ карданд. Ба назар мерасад имрўз дар ин гўша аз сайёра масъалае бузургтар аз мушкилоти обу ободї набуда ва њар нафаре, ки суханронї мекард, бидуни тардид аз ин мушкил ёд мекард. Ўзбакистон як бори дигар таъкид намуд, ки мухолифи бунёди неругоњњои бузург дар кишварњои њамсоя мебошад. Аслан ин як дарди хеле куњан буд, ки бо њамон дидгоњи ќадима аз љониби вазири умури хориљии ин кишвар Абдулазиз Комилов матрањ гардид. Аз замони касби истиќлолияти Тољикистон, ки Эмомалї Рањмон тасмим гирифт Роѓунро бо баландтарин сарбандаш бунёд созад, на як бору ду бор аст, ки Тошканд расман мухолифати худро изњор медорад. Њатто бо талаби ин кишвар борњо комиссияњои байналмилалї тарњи бунёди Роѓунро асосноку боварибахш ва бехатар њам эълон карданд, вале мавзеъгирии Тошканд таѓйир наёфт. Дар њамоиши Ню-Йорк њам сарвари идораи дипломатии ин кишвар Абдулазиз Комилов эълон кард, ки кишвараш зидди бунёди неругоњњои азим

«

дар њавзаи дарёњои Амударё ва Сирдарё мебошад. Комилов хушкшавии бањри Арал ва пайдо шудани биёбони 5,5 миллион гектариро дар давоми њамагї чанд дањсола зикр карда, гуфтааст, ки бунёди садњои бузург дар саргањи ин дарёњо мушкилоти экологии бањри Аралро шиддат мебахшад: "Мо наметавонем роњ дињем, ки дар натиљаи бунёди сарбанду нерўгоњњои бузург маљрои муќаррарии об халалдор шавад ва њаёти миллионњо нафарро дар кишварњои поёноб мушкилтар гардонад". Президенти Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев даъват кард, ки дар атрофи ѓояи АвруОсиёи бузург муттањид шаванд ва њамзамон аз љомеаи љањонї хост ба кишварњои Осиёи Марказї дар њалли масоили љиддии экологї, аз љумла мушкилоти Арал кўмак расонад. "Арали дар њоли фано на танњо ба минтаќаи мо, балки ба кулли љањон хатарофарин шудааст. Бар асари хушк шудани бањр њар сол 75 миллион тонна гарду чанд ва намаки зањрогин ба њаво мехезад, ки онро дар Аврупо ва Антрактида низ мушоњида кардаанд", - гуфт Назарбоев. Сарвари давлати Ќозиќистон эълон кард, ки бо кумаки Бонки љањонї ин кишвар муваффаќ шудааст, ки ќисмати Шимолии Аралро дубора барќарор созад. Назарбоев гуфт, ки Ќазоќистон њоло сайъ бар он дорад, ки то соли 2050 дар радифи 30 кишвари санъатии олам љой гирад. Вай ба муњим будани эњёи иќтисоди Роњи бузурги абрешим таъкид кард ва гуфт, ки ин барои хеле аз кишварњои олам фоида меорад, чун роњњои интиќолї аз минтаќаи Осиё ва уќёнуси Ором-

Туркманистон љонибдори имзои Созишномаи байналмилалї дар масъалањои иќлим шуд ва президенти ин кишвар Гурбонгулї Бердимуњаммадов изњор дошт, ки кишвараш ба пешбурди муваффаќиятомези ин ѓоя мусоидат хоњад кард. Вай даъват намуд, ки њамкорињои байналмилалии экологї тањким дода шаванд ва њамзамон дар бораи ташкили Маркази минтаќавии таѓйири иќлим дар Осиёи Марказї ёдовар шуд.

«

5

ро ба Аврупо кутоњ мекунад. Туркманистон љонибдори имзои Созишномаи байналмилалї дар масъалањои иќлим шуд ва президенти ин кишвар Гурбонгулї Бердимуњаммадов изњор дошт, ки кишвараш ба пешбурди муваффаќиятомези ин ѓоя мусоидат хоњад кард. Вай даъват намуд, ки њамкорињои байналмилалии экологї тањким дода шаванд ва њамзамон дар бораи ташкили Маркази минтаќавии таѓйири иќлим дар Осиёи Марказї ёдовар шуд. Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон зимни суханрониаш гуфт, ки њарорати њаво дар Тољикистон гарм шуда, рўзњои сербориш зиёд шудаанд. Сарвари давлати Тољикистон дар бораи таѓйири иќлим ва оќибатњои он дар кишвар ва минтаќа бо далоили муътамади илмї суњбат кард ва гуфт, ки "таъсири манфии таѓйироти иќлим ба њаљм ва сифати захирањои оби тозаи нўшокї рўз ба рўз возењтар мегардад. Тайи дањсолаи охир дар Тољикистон ба таври назаррас кам шудани масоњати пиряхњое, ки барои тамоми Осиёи Марказї ањаммияти њаётї доранд, ба ќайд гирифта шудааст. Аз рўи маълумоти мављуда, ба иллати таѓйироти иќлим дар њудуди кишвари мо то як њазор пирях нобуд шудааст. Осиёи Марказї аз љумлаи минтаќањое мебошад, ки дар пањнои он таѓйироти иќлим аллакай ба пайомадњои муайяни манфї сабаб шудааст". Эмомалї Рањмон њамчунин таваљљуњи ширкаткунандагони њамоишро ба экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкўњи Помир љалб кард, ки њамакнун оѓоз шудааст ва гуфт: "Тибќи арзёбии пешакии олимон, тадќиќи намунањои љинси пиряхњои бузурги Тољикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии њолати глобалии пиряхњо ва таѓйири иќлим ањаммияти хоса хоњад дошт". Президенти Тољикистон иброз дошт, ки тадбирњои самаранок оид ба сабуксозии пайомадњои таѓйири иќлим муттањид намудани талошњои моро дар сатњњои минтаќавї ва байналмилалї таќозо доранд. Бинобар ин бо истифода аз ин минбари баланд Эмомалї Рањмон пешнињод кард, ки дар Осиёи Марказї зарурати тањияву татбиќи стратегияи минтаќавии маљмўї оид ба мутобиќсозї ба таѓйири иќлим кайњо ба миён омадааст. "Стратегияи зикршуда, - гуфт ў, бояд тадбирњои мутобиќсозиеро фаро гирад, ки дар дурнамои миёна ва дарозмуњлат ба таъмини амнияти минтаќа дар арсаи об мусоидат намоянд ". Бобољони ШАФЕЪ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

Агар ба амрикої гўед, ки дар кишвари мо баъзењо барои гирифтани вараќаи корношоямї ба духтур пул медињанд, умуман, бовар намекунанд. Чаро? Давлати мо нав бо роњи бозаргонї ва ё сармоядорї ворид шудааст ва дар пеш бисёр таљрибањое, ки гоње манфиатбахшу гоње баръакси онанд, моро интизоранд. Аммо аксари кишварњои љањон, ки бо роњи сармоядорї садњо сол ин сў равонанд, таљрибањое љамъ овардаанд, ки ба ќавле, онњоро танњо "рўбардор" кардан кифоя ва барои пешрафти кор муфид аст, яъне, њољат ба он нест, ки мо худ пас аз таљрибањои суду зиёни тўлонї ба сари онњо оем. Чун дар Сафорати ИМА бисёр солњо фаъолият доштам, шоњиди бисёр таљрибањои муфиди амрикоињо будам. Аз љумла, ташкили пардохти зањмат ва вараќаи корношоямї, бо ибораи халќї, касалипулї дар Вазорати корњои хориљии Амрико аз назари ман бењтарини бењтаринњост! Онњо њамин тавр корро ташкил кардаанд, ки барои фасод њуљра намондааст. Яъне, ягон хел имконияти барои вараќаи корношоямиро пул дода, гирифтан намемонад ва аз њама љињати мусбаташ дар он аст, ки худи корманд ба ришвадињї манфиатдор нест. Шояд Агентии хидмати давлатї аз ин таљриба истифода барад... Ваќте дар сафорат кор мекардам, модарам, ки дар дењаи Чоркуњи шањри Исфара мезистанд, бемор шуданд ва табиист, ки ман ба дидори модар рафтам ва муддати тўлонї њамроњашон мондам. Баъди тахмин бист рўзи назди модар буданам аз сафорат занг шуд ва аз ман пурсиданд, ки кай ба кор бармегардам. Љавоб додам, ки рухсатиам њанўз тамом нашуда ва модари маризро партофта, ба Душанбе барнамегардам. Сабаби занг дар он буд, ки одатан дар сафорат кормандон, махсусан, амрикоињо рухсатиро ба ду таќсим карда, ду бор дуњафтаина истироњат мекарданд. Ва дархост буд, ки ман њам баъди се њафта баргардам. Амрикоињо рухсатиро аз рўи соат њисоб мекунанд ва то 240 соат, яъне, то сї рўзи корї рухсатї намесўзад. Маќсад аз мањдуд кардани соатњои рухсатї шояд дар он бошад, ки инсон тамоман ба кор дода нашавад ва дам гирифтанро низ фаромўш насозад. Ваќте ба Исфара рафтам, дар њисобам њамон 240 соати корї ё шаш њафтаи таќвимї истироњатро доштам, ки он бо шанбеву якшанбе аз 40 рўз мегузашт, аммо ба њар њол барои эњтиёт ба беморхонаи ноњиявии Исфара рафтам ва гуфтам, маризам. Муоина карданду гуфтанд, ки сињатї. Маљбур шудам, назди сардухтур даромада, вазъиятро фањмонам. Аввал пурсид, ки аз куљоям. Гуфтам, боз суолзании тољикї сар шуд: аз куљої? Гуфтам, аз Душанбеам, вале фарќаш чист, ки аз куљояам, махсусан, барои табибон! Бо табассум гуфт, ки ба душанбегињо вараќаи корношоямї намедињем. Бардоште буд, ки њазл мекунад. Баъд љиддї гуфт, ки Вазорати тандурустї чунин ќарорро баровардааст, ки ба шањрвандони Душанбе дар беморхонаи Исфара вараќаи корношоямї дода нашавад, зеро Исфара осоишгоњи "Зумрад", мардуми нарму боадаб дораду обу њавову манзарањои дилписанд, бинобарин, аз пойтахт бисёр вазиру вузаро, саѓиру кабир барои дамгирї меоянд ва ин љо маъќулашон мешавад ва баъзеа-

ЗИДДИФАСОД

"САНГЉОН" Чаро амрикоињо камтар бемор мешаванд?

шон мехоњанд боз ду - се њафтаи дигар монанд, аз ин хотир, назди мо меоянд, ки барои дањ - понздањ рўз вараќаи корношоямї дињем ва ин гуна вараќањо аз Исфара ба Душанбе аз њад зиёд рафтааст... Гуфтам, ки ман намояндаи њукумат нестам, балки дар Сафорати ИМА кор мекунам ва ин фармони вазир ба ман дахл надорад. Ў розї шуд ва манро дар беморхона барои пойдард љой карданд, вале дар асл њамроњи модарам будам, аммо пешакї мегўям, ки аз он вараќаи корношоямї истифода накардам, зеро њољат ба он намонда буд… Аз ин воќеа понздањ сол зиёдтар гузашт ва шояд имрўз тартиби додани вараќаи корношоямї барои Исфара лаѓв шуда бошад. Шўъбаи шуѓл ё ба тарзи амрикоињо гўем, захираи иљтимоии сафорат (шўъбаи кадрњо) дар њар ду њафта ба њар корманд хаттї дар бораи шумораи соати рухсатии мењнатї, алоњида соати рухсатї барои беморї ва алоњида барои соати иловагии баъди кор ё рўзњои истироњат коркардааш хабар медињад. Махсусан, соати рухсатии беморї аз њар љињат боаќлона тартиб дода шуда, пеш аз њама, роњи фасодро бастааст. Ба њар коргар дар ду њафтаи корї чор соат рухсатї барои беморї медињанд. Њамин тавр, дар як сол 104 соат ё 12 рўз љамъ мешавад. Агар сармо хўрдед ё худро нохуб эњсос кардед, метавонед то панљ рўз бе вараќаи корношоямї ва бе тасдиќи духтур, чи хеле пештар мегуфтем, бе гирифтани бюллетени беморї, ба кор наравед. Дар аввал менамояд, ки шумо бемор нашавед њам, метавонед, ман касал, гуфта,

корхонаро фиреб дињед (чунки онњо намесанљанд), аммо ин љо воќеан њам як "аммо" -и аљиб нињон аст. Њар як коргар дар давоми сол танњо 12 рўзи рухсатии барои беморї љамъовардаашро, ки пурра пардохт мешавад, истифода карда метавонад! Агар шумо бемор нестеду худро ба маризї зада, дар давоми сол се бор чоррўзї чунин "дам" гирифтеду он 12 рўзи рухсатии беморї истифода ва пурра пардохт шуд, мабодо баъди он дар давоми сол нотоб шавед, танњо аз њисоби худатон муолиља мекунед ва сафорат барои муолиљаи беморї рухсат медињад, аммо ба ин рўзњои бемории аз 12 рўз зиёд пул намедињад. Ва чун медонед, ки як рўзи коратон, масалан, сад сомонї аст, дигар худатон ба ин тарз "дам" намегиред ва њатто андак табъ дошта бошед њам, гоње ба кор мебароед, зеро дигар медонед, ки агар ман касал гуфта, дам гирифта будед, шумо сардоратонро фиреб накардаед, балки худро "љазо" додаед. Сирри "сангљонї" - и амрикоињо њам дар њамин аст. Боз як љињати хуби ин рухсатии беморї дар он аст, он гум намешавад ё намесўзад. Агар дар давоми сол бемор нашавед, "дам" нагиред, њамон соату рўзњо ба соли дигар пурра мегузарад, яъне, дар охири соли дувуми кор шумо аллакай 208 соат рухсатии барои беморї доред, ки мабодо касал шавед, он 208 соат пурра пардохт карда мешавад. Боре кормандамон, ки ќариб се моњ касал шуду зиёда аз шашсад соат рухсатии беморї дошта будааст, бемалол аз он се моњ истифода кард. Масалан, дар ёдам монда, ки аввали соли 2010 ман 370 соат рухсатї

барои беморї доштам ва, хушбахтона, он корбаст нашуд. Афзалияти ин тарзи рухсатии беморї пеш аз њама дар он аст, ки худи коргар шавќманд аст, мариз нагардад ва аз пайи саломатии худ бошад. Ва аз њама бартарии бузург, ки хеле ва хеле муњим ва асосї аст, ин худ аз худ гум шудани замина барои фасод ё ришва мегардад! Бале, ваќте коргар медонад, ки дар як сол метавонад бе вараќаи корношоямї 12 рўз аз кор худро фориѓ гирад, додани ришва барои гирифтани вараќаи корношоямї њеч зарурате намемонад, чунки шумо аз духтур пул дода, вараќаи корношоямї мегиред, вале агар аз он муќаррароти 12-рўза зиёд бошад, танњо рухсатии бепул медињанд. Аммо мувофиќи ќонунгузории Тољикистон, коргар њаќ дорад њар сол то 800 соат бо тасдиќи духтур вараќаи корношоямї гирад, яъне, сад рўзи корї, ки ин воќеан њам аз се яки рўзњои кории солона аст! Аз як тараф ин ќонун хеле инсондўстона аст, вале андак тафаккур кунем, агар мо сеяки рўзи кори солонаро ба рухсатии беморї дињем, воќеан њам бисёр коргарону роњбарон соле чандмоњї метавонанд аз ин ќонуни инсондўстона суистифода кунанд, яъне, ба "Зумрад" раванд, ба духтурон ришва дињанд ва "бемор" шаванд. Маълум мешавад, ки худи низомнома заминаи ришвадињиро фароњам овардааст. Он гоњ чунин фармонњои ба монанди манъи додани вараќаи корношоямї дар Исфара барои кормандони душанбегї содир мешавад… Боз як љињати хеле хубро дар сафорат барои њисобу китоби рўзњои корї мушоњида кардам. Як солро ба 26 давраи пардохт таќсим кардаанд, яъне, ба як моњ ду давраи пардохт замми ду ё се рўз ва њар давраи пардохт иборат аз ду њафта, ё дањ рўзи корї рост меояд. Корманд на аз рўи моњ, балки аз рўи як давраи пардохт, ки аз дањ рўзи корї дар ду њафта иборат аст, маош мегирад. Њамин тавр, ду давра 20 рўзи корї ва њашт рўзи истироњат ва љамъулљамъ 28 рўз дар моњи сентябр мешавад ва давраи оянда аз 29 - уми њамин моњ сар мешавад. Дар охири њар нимсола як давраи пардохт зам мешавад. Чун њисобу китоби амрикоињо аз рўи давраи пардохт асту њамеша як давраи он ба дањ рўз рост меояд, онро бо осонї аз тариќи барномањои махсуси компутерї њисоб мекунанд. Шумораи соатњои рухсатї низ аз ин сабаб осон аст. Масалан, ба њар давраи пардохт 8 соат рухсатї рост ояд, дар 26 давраи пардохт дар як сол 148 соат рухсатии музднок медињанд. Агар ин тарзи њисоби амрикоиро бо тарзи мо муќоиса кунем, мебинем, ки афзалият пурра дар тарзи амрикоист, зеро дар мо аз рўи моњ њисоб мекунанд, њол он ки як моњ 30, дигараш 31 ё 28 - рўза аст. Аз ин сабаб онро ба барномањои компутерї даровардан низ мушкилињо эљод мекунад. Чун имрўз асри компутер аст, истифода аз тарзи њисобу китоби њам вараќаи корношоямї ва њам соатњои рухсативу корї зањмати муњосибону назорату тафтиш роњбаронро чанд баробар кам ва осон мегардонад.

Муњибуллоњ ЌУРБОН

ИДОМА Вазорати корњои дохилии Тољикистон баъд аз пахши изњороташ дар бораи омилњои боздошти адвокат Бузургмењр Ёров аз шикояти як нафар алайњи ў хабар дод. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, Бењрўз Њољиев алайњи адвокат Ёров ба маќомот шикоят кардааст, ки, адвокат соли 2009 ба маблаѓи 7 њазор доллар ба ў зарари калони моддї расонидаст. Тибќи иттилои расмї, "Бузургмењр Ёров аз рўи маслињати пешакї бо Бадриддин Тоиров, бо маќсади ба даст овардани маблаѓи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шањрванд Бењрўз Њољиев даромада, аз њолати ољизї ва вазъияти шадиди ноилољии охирин суистифода бурда, аз ў маблаѓи пулї ба миќдори 7000 (њафт њазор) доллари амрикої гирифта ваъда

Шикоят аввалин алайњи адвокат Бузургмењр Ёров баъди даъвати ВКД додаанд, ки дар Суди ноњияи Синои шањри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди људо кардани молу мулк ба фоидаи Њољиев Б. њал мекунанд." Дар ВКД мегўянд, "Бузургмењр Ёров ва Бадриддин Тоиров маблаѓњои ба даст овардаро ба манфиати шахсии худ истифода бурда, бо ин њаракатњои худ ба Бењрўз зарари махсусан калони моддї ба маблаѓи 7 њазор доллари амрикої расо-

нидаанд." Аз рўи далели мазкур нисбати гумонбаршудањо Ёров Бузургмењр Равшанович ва Тоиров Бадриддин парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишоти пешакї идома дорад. Бузургмењр Ёров, рањбари Коллегияи адвокатњои "Сипар", баъз аз зўњри 28-уми сентябр барои бозпурсї ба Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккилонаи даъват шуда буд. Субњи 29-уми сентябр

ВКД аз оѓози парвандаи љиноятї алайњи ў хабар дод. Бино ба иттилои ВКД, нисбат ба Бузургмењр Ёров, рањбари Коллегияи адвокатњои "Сипар" бо дастрасии моддањои 140, ќ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи љиноятї ва ва моддањои 247 (ќаллобї) ва 340 (сохтакорї) Кодекси љиноятї парвандаи љиноятї боз кардаанд. Тибќи нишондоди моддањои мазкур, нафароне, ки ба ќаллобиву сохтакорї муттањам мешаванд, аз 2-3 солии зиндон љазо пешнињод шудааст. ВКД аз дигар шањрвандон хоњиш кардааст, ки "агар бо кирдорњои љинояткоронаи худ Ёров Б.Р. бо чунин роњ маблаѓ ситонида бошад ё зарар расонида бошад, метавонанд мурољиат кунанд".


ЊАЉ - 2015

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

7

Дар њодисае, ки рўзи Иди Ќурбон - 24 сентябри соли љорї дар водии Мино - наздикии шањри Макка зимни адои маросими Њаљ рух дод, њудуди 2 миллион зоирон ва тамоми мардуми мусулмонро хавотиру ѓамгин намуд. Бинобар ахбори расонањои расмии Арабистони Саудї, дар водии Мино, дар роњи бозгашт аз адои як рукни Њаљ, ки бо баргузории сангпартої ба тимсоли иблис сурат мегирад, анбуњи зиёди зоирон дар байни кўчањои 204 ва 223-юми мавзеи хаймањо болои њамдигар фурў рехта, 717 зоир њалок ва 805 нафар маљруњ шудаанд. Ин њодиса дар њоле сурат мегирад, ки њамагї 15 рўз ќабл яъне 9 сентябри соли љорї дар хонаи Ќаъба фурў рехтани крани сохтмонї боиси њалокати 111 ва маљруњ шудани 390 зоир шуд. Дар як мавсими Њаљ ду њодисаи маргбор аз заъфњои кори идории роњандозони Маросими Њаљи имсола дар шањри Макка дарак

ФОЉИАИ МАККА Дар марги ќариб 717 њољї то куљо оилаи подшоњи Саудї сањм дорад?

Сол 1979

1987

медињад. Дар њамин њол, ба гузориши хабаргузории Форс, роњбари Инќилоби Исломии Ирон - Оятулло Хоманаї, ки 136 нафар шањрвандони ин кишвар низ дар њодисаи мазкур њалок шудаанд, маќомоти Арабистонро ба ноуњдабарої дар фољиаи мазкур айбдор карда, гуфт: "Давлати Саудї муваззаф аст масъулияти сангини худро дар ин њодисаи талх пазируфта ва ба лавозими он ба ќоидаи њаќ ва инсоф амал кунад. Мудирияти ѓалат ва иќдомоти ношоист, ки омили ин фољиа буда, набояд аз назар дур бимонад". Кумитаи дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар як баёнияи расмии худ шоми 24 сентябр хабар дод, ки аз 6300 нафар шањрвандони Тољикистон, ки имсол барои адои Њаљ ба Маккаву Мадина сафар намудаанд, дар њодисаи мазкур ягон нафар осеб надидааст.

Фољиаи мазкур дар мавсими Њаљи зоирон бори аввал нест. Дар љадвал калонтарин фољиањое, ки дар чор дањсолаи охир дар шањри Макка ва атрофии он рух дода, љони садњо њољиёнро рабудаанд, дарљ шудааст: Аз љадвал бармеояд, ки њар сари чанд соле дар маросими њаљ як ё ду фољиаи маргборе дар шањри Макка ё води Мино рух медодааст. Суоли матрањ ин аст, ки Арабистоне, ки дар Яман бо бомбаборонкунињояш "тартибу низом" љорї карданист, чаро аз уњдаи таъмини бехатарии њољиён дар мавсими њаљ намебарояд? Чаро њар сари чанд сол чунин як фољиаи маргбор рух медињад? Давлате, ки њар сол аз њисоби бољи њаљ ва истихрољи нафт миллиардњо доллар фоида ба даст меорад, чаро аз уњдаи љорї намудани як тартиби мувваффаќе намебарояд, то такрори чунин фоиљиањои марговар камтар шавад? Яке аз фаъолони мухолифини њукумати шоњигарии Арабистони Саудї иллати ин њодисаро дар фасод номид. "Мо аз рух додани ин њодиса њайрон нестем"- ќайд намуд ў дар мусоњибааш бо рўзномаи бритониёии Guardian,- Њар сол мо интизори фољиањои аз ин њам дањшатноктарем. Шояд ин барои дигар давлатњо мояи њайронї бошад, вале бо

назардошти рушди рўзафзуни фасод дар ин давлат њодисаи мазкур интизорї ба њисоб мерафт". Ба гуфти ў, давлати Арабистон дар ин кор кормандони одии масъулони њаљро аз ќабили духтурону наљотдињандагон гунањгор карда, бо ин роњ гуноњро аз дўши худ гирифтанист. Аммо, як рўзномаи арабизабон бо номи "Ад-диёр" ќазияи мазкурро дигар хел шарњ медињад. Назар ба гуфтаи ин рўзнома, ки навиштањояш дар як сомонаи эронї бознашр шудаанд, сабаби марги ќариб њазор зоирон ин њузури писари Шоњи Арабистони Саудї Муњаммад ибни Салмон (љонишини валиањди саудї) - вазири дифоъи ин кишвар ва њамроњони ў дар Мино ба њисоб меравад. "Аддиёр" ќайд менамояд, ки: "Маќомоти Арабистони Саудї талош мекунанд, хабари убури корвони расмиро, ки ба кушта шудани њудуди 1000 њољї ва масдумияти беш аз 2000 њољии дигар мунљар шуд, махфї кунанд". Ба гуфти "Ад-диёр", "њаќиќат ин аст, ки њангоми издињоми њољињо дар Мино, Муњаммад бен Салмон тасмим гирифт дар ин маросим ширкат кунад, пас бо корвоне шомили 200 нерўи артишї ва 150 нерўи пулис, ки аз њама тараф онро ињота мекарданд, вориди љамъият шуд ва ба маркази Мино расид. Ба хотири бастани роњњо, танњо як роњи асосї барои њољињо боќї монд ва бинобар ин ба суръат издињоми шадиде миёни њољињо њосил шуд". Дар идома "Ад-диёр" меафзояд, ки: "Фољиа аз њамонљо оѓоз шуд ва писари шоњ сафарашро поён дод ва бозгашт, аммо фољиа хеле бузург буд. Њољињо ба њамдигар

1990 1994 1997 1998 2001 2004 2006 2006 2015 2015

Фољиа Амалиёти терористї. Ѓасби масљид. Эътирози њољиёни Иронї бар зиди сиёсати Амрико Дар роњи зеризаминї нафасгир шудани зоирон Зери њамдигар мондани зоирон Сухтор дар хаймањои зоирон Зери њамдигар мондани зоирон Зери њамдигар мондани зоирон Зери њамдигар мондани зоирон Зери њамдигар мондани зоирон Фуру рехтани мењмонхонаи њаштќабата Чаппа шудани крани сохтмонї Болои хам фуру рехтани издињом

Макони фољиа

Теъдоди њалокшудагон

Макка

255

Макка

400

Макка

1426

Мино

270

Мино

340

Мино

180

Мино

35

Мино

244

Мино

360

Макка

73

Макка

111

Мино

717

фишор меоварданд ва нохудогоњ бар замин меафтиданд ва њазорон њољии дигар ононро зери по мекарданд. Шумори куштањо аз 10 ва 20 њољї шурўъ шуд, то ба садњо њољї расид ва акнун раќам ба беш аз 900 кушта расидааст ва садњо њољї њам масдум шудаанд." Ба навиштаи рўзномаи мазкур Шоњи Арабистони Саудї - Салмон фармон додааст, ки руйхати масъулони Њаљ дар Мино тањияву пешнињод карда шавад ва агар љурми 28 масъули макони ин њодиса исбот гардад, зуњри рўзи љумъа гардани онњо зада хоњад шуд. Дар охир, ин рўзнома чунин нигоштааст: "Оё Арабистони Саудї љуръати эъломи њузури корвони расмиро дорад ё ин ки мавзўъро махфї хоњад кард, зеро љонишини валиањд масъули њодиса аст. Албатта, ки њаќиќат эълом нахоњад шуд ва њазорон њољї, ки кушта шуданд, ќурбонии такаббур ва адами баргузории муносиби маросими њаљ хоњанд шуд ва ба љойи масъули воќеї, 28 масъули баргузории маросими њаљ эълом ва гардани онњо зада хоњад шуд." Гарчанде, ки Арабистони расмї навиштањои "Ад-диёр"-ро дурўѓ мењисобад, рўзи 26 сентябр як ќатор шабакањои телевезионї навори лањзаи убури корвони Муњаммад бини Солењро ба марази намоиш гузоштанд. Дар навор бараъло дида мешавад, ки зимни гузаштани корвон роњи њољиён баста мешавад. Навор аз шабакаи You Tube гирифта шудааст. Мутаассифона, баъдтар дастрасї ба ин навор номумкин гардид. Дар баробари ин, шабакаи телевезионии Евронюс аз тазоњуроти мардуми Ирон дар робита ба њодисаи мазкур хабар медињад. Акнун барои Эрон ва дигар мухолифони Арабистони Саудї ваќти он расидааст, ки Риёзро бо шиддат сарзаниш намоянд. Олимљон САФОЛОВ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

(Аввалаш дар шуморањои гузашта) Саллона-саллона то маѓозаи Њаким омадам. Дидам Иќбол њаст, аммо Њаким нест. Пурсид, куљоњо рафтї? Гуфтам, порк ва майдони Сомонї, аммо музе баста буд. Гуфт, кї гуфт бастааст? Музе рўзњои таътил њам боз аст, ага мехоњї ва дўст дорї, бо њам биравем. Дидам то шаб хеле ваќт дорам, бо Иќбол ба самти музе роњ афтодем. Музеи бисёр бузурге дар чанд табаќа дуруст карда буданд, ки бисёр зебо буд. Барои вуруди хориљињо маблаѓи бештаре мегирифтанд ва барои гирифтани акс низ маблаѓе дарёфт мекарданд, љамъан шуд 45 сомонї, њудуди 36 дирњам. Хуб буд аз ин ки иљоза медоданд аз баъзе ќисматњои осори торихї ва динї акс бигирем. Олї буд, чун дар хеле аз кишварњо акс гирифтан мамнўъ аст… Беш аз ду соат њама љои музеро нигоњ кардем. Осори зиёде аз фарњанги Эрон, шоирони эронї ва хатнавиштањо буд. Торих ва сунани муштарак ва алоиќу салоиќи ду миллат - Эрону Тољикистон, ки замоне дар кишваре воњид зиндагї мекарданд, дар осор ба намоиш даромада, дар музе ќобили мушоњида буд. Ваќте ки берун омадем њаво нисбатан торик шуда буд. Омадем маѓозаи Њаким. Ќарор буд ў аљноси суприашро ба як эронї ба номи Бењрўз бидињад, ки чанд сол аст дар Тољикистон кор мекунад. Мисли ин ки оќои Бењрўз наздикињои Садбарг як маѓозаи дукамонанд иљора карда ва ќарор буд аљноси Њакимро зери ќимати харид барояш бихарад. Њаким мехост маѓозаро куллан ба сондвич ва ѓизохўрї табдил кунад. Мегуфт, фаќат бо фурўши њотдог сарф надорад ва харљ дарнамеояд. Рост мегуфт, чун бо иљораи 750 доллар дар моњ ва доштани ду коргар дар маѓоза чизе барояш намемонд. Барои њамин, мехост аљносро рад кунад, ин њам барои Њаким хуб буд њам барои Бењрўз. Оќои Бењрўз њаволии соати дањи шаб пайдо шуд ва баъд аз салому алейку ањволпурсї бо њам нишастем, то аљноси маѓозаро њисоб кунанд. Њама љинсњоро ба љуз чанд ќуттї обљав бардошт. Соат аз дувоздањи шаб гузашт, њар ду як листи муштарак гирифтанд ва ќарор шуд фардо Бењрўз биёяд ва љинсњоро бубарад. Ман њам аз онњо худоњофизї кардам ва ба хона баргаштам. Рўзи пурмашѓалае доштам, аммо хуб буд ва баъзе аз љоњои дидании Тољикистонро дида будам. Ќисмати панљум (29.12.2014.) Ќарор буд имрўз бо оќои Иќбол биравем бозори ќадимии шањри Душанбе ба номи "Зелуни". Ќарорамон наздики бозори Варзоб буд. Љое, ки мегуфт дар он мантаќа дарс хондааст ва солњост дар он мањалла менишинад. Ман њар чи мунтазир шудам, дидам наёмад, барои њамин рафтам маѓозаи Њаким. Наздики зуњр буд, ки омад. Гуфт, мушкили гувоњинома барош пеш омада ва имрўз наметавонад, барои њамин дер карда. Ман њам дидам набояд музоњимаш шавам, барои њамин гуфтам, шумо медонед бозори Пойтахт куљост? Онњо маро роњнамої карданд, гуфтанд, пиёда њам метавонї он љо биравї. Њаракат кардам, аз чанд кўчаву хиёбон гузаштам то расидам ба љое ки як муљтамаъи бузург аз набши хиёбон пайдо буд. Чунин муљтамаъи бузургеро дар Тољикистон то њол надида будам. Ќабл аз вуруди он љо дастфурўшњо бисот карда буданд. Маводи эњтиёљи рўзонаи мардум буд. Мегуфтанд ин љо дар чанд рўз бисёр аљнос арзон мешавад ва фаќат як рўз дар њафта аст. Занону мардон машѓули фурўши анвоъи хорбор чун биринљу лўбиёву анвоъи сабзї ва меваву хўрокињову нон буданд. Аз он љо рад шудам рафтам то аз сардари он љо акс бигирам. Љавоне рўи сандалии чўбї нишаста буд. Аз ў пурсидам, ки ин муљтамаъ чанд сол аст боз шуда ва читур аст? Гуфт, фаќат чор моњ аст, аммо њанўз хуб роњ наяфтода ва косибї дар он равнаќ

НИГОЊИ ХОРИЉЇ

Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур надорад. Гуфтам, метрї чанд иљора аст? Гуфт метрї 10 то 15 доллар дар моњ. Яъне як маѓозаи 60 метрї мешавад 600 доллар дар моњ. Фањмидам худаш њам дар он љо маѓоза дорад. Бо њам рафтем дохили муљтамаъ, табаќаи њамкаф барои хорбор буд. Чизе монанди корфури Дубай дуруст карда буданд, аммо хеле кучактар. Дар як самт барои тарабор ва хушкбор ва дар як самт барои маводи гўштї. Љинси зиёде надошт ва чанд нафар муштарї он љо буданд. Як палаи барќї (эскалатор) ба табаќаи боло рањ дошт. Дар табаќаи боло дар як сатњи мураббаъмонанде давр то давр њудуди 30 маѓоза, дар табаќаи болотар њам ба њамин шакл. Аксар маѓозањо њудуи 60 метри мураббаъ буданд. Маѓозањое, ки боз буданд, даромади чандоне надоштанд. Њамроњам мегуфт, баъзењо чанд моњ омаданд ва чун фурўш кам буд, иљораро тамдид накарданд ва рафтанд. Эшон мегуфт, албатта, дар оянда хуб мешавад. Ба назари ман, нисбат ба бисёре аз муљтамаъњои дигари Душанбе тамизу имрўзитар буд ва мутмаинан дар оянда бењтар хоњад шуд. Чархе дар он задам; аљчноси он љо монанди бисёр дигар љоњо аљноси Туркия ва махлуте аз Чину Туркия буд ва ќиматњо њам аз Дубай гаронтар буд. Ин муљтамаъ бренди хосе њам надошт ва агар буд, барои ман ошно набуд. Аз он љо омдам берун ва дидам то шаб ќадре ваќт дорам. Аз як нафар пурсидам бозори Зилуни аз кадом тараф аст? Гуфт, бо мини ванњо ё ванњо бо ду сомонї мери он љо. Гуфтам, рањмат ва њаракат кардам. Он тарафи хиёбон истодам, аввалин ване, ки омад, савор шудам. Мошини хаттї мамлу аз мусофир буд. Роњи зиёде то он љо набуд, баъд аз як рубъ расидам сари хиёбоне, ки бояд аз он љо ба баъд 200 метр пиёда мерафтам. Сари як сероња бозори Шоњмансур, њамон Зелуни ќарор дорад. Ба гуфти ањолии он минтаќа, ин бозор беш аз 100 сол ќадимат дорад ва марбут ба солњои бисёр дур аст. Бозоре, ки ќисмате аз он боз ва ќисмате сарпўшида аст. Аз муњимтарин марказњои хариди мояи эњтиёљи мардуми Душанбе аст. Аз гўшту мурѓу колбосу сусис, ки масрафи зиёде байни мардуми Тољикистон дорад, то њабубот ва меваву сабзї. Албатта, ќисмате аз он бозори пўшоку либос ва кифу кавш буд, ки чанге ба дил намезад. Дар кулл бозор пур равнаќе дошт ва мардум дар њоли харид буданд. Нисфи афроде, ки дар ин бозор кор мекарданд, зан буданд. Бахусус дар ќисмати мевафурўшї ва сабзифурўшї. Горињо њам буд, ки барои љобаљо кардани хариди мардум буд ва ба он "ароба" мегуфтанд. Монанди горињои бозори моњифурўшњои Дубай, аммо хеле бузургтар ва љодортар. Васати ин бозор љое дохили танўр самбўсаи мањаллии худашонро мепухтанд. Доѓдоѓ мардум мехўрданд. Дохи-

ли самбўса махлуте аз гўшти чархкарда (ќима) ва пиёз буд. Хушмаза буд, ду намуна дошт, ду сомонї ва се сомонї. Албатта, ман дар љои дигаре, ки андак кўчактар буд, ба як сомонї њам дида будам. Мардуми Тољикистон самбўсаи худашонро хеле дўст доранд ва хеле љоњо дар сатњи шањр мефурўшанд. Дар ин бозор чархе задам ва чандто акс гирифтам ва берун омадам. Он љо ва он минтаќа куллан муњити коргарї дошт. Як рестурон њам набши он базар буд, ки ѓизоњои тољикї дошт. Рафтам дохили рестурон ва гуфтам, як ѓизои тољикї биёр. Гуфт, ош биёрам? Гуфтам, ош чийе? Бо тавзењоте ки дод, фањмидам оши биринљи дамкардаи худашон дар дегњои бузург аст, ки зардранг аст ва бо гўшти гўсола ва нахўду њавичи рандашуда ќотї аст. Гуфтам, бошад, биёр имтињон мекунам. Як нон њам гуфтам биоварад, ки бад набуд, њарчанд 4 адади кучак бештар гўшт надошт, аммо бо таваљљўњ ба ќиматаш хуб буд. Сари роњ, ки меомадам, дидам дар пиёдарав занњо гиёњњо ва буттањои хушкшудаи мањаллї мефурўхтанд; якешон бобуна буд, баќия шабоњате ба гиёњњои доруии мо надоштанд. Барои дилдард, барои нафъи шикам, барои каля (гурда), барои фишори хун буданд. Бодоми нозуки талхе њам доштанд, ки то кунун надида будам ва мегуфтанд, хосияти доруї дорад. Каме онтарафтар зане дар як зарфи бузург калапочаи обпазшуда мефурўхт. Калла донае 15-18 сомонї, почањо донае ду сомонї. Мисли ин ки мардум онро мегиранду мебаранд хона ва гарм мекунанду мехуранд. Пўсти каллањоро мисли мо намегиранд, ба эњтимоли зиёд мўхоро аз рўяш месўзонанд, мисли коре, ки авазињо мекунанд. Он љо каме тухмаи офтобгардон ва каме себу норанг харидам ва омадам њамон наздикї, ки як порки кучак буд. Рўи яке аз сандалињои порк нишастам, сигоре дуд кардам ва омадам сари хиёбон, бо мошинњои хаттї рафтам то чойхонаи Роњат. Њаким он љо буд ва оќои Бењрўз омада буд аљносашро бубарад. Соат аз панљ гузашта буд ва њаво дошт торик мешуд. Ман њам баргаштам хона. Ќисмати шашум (30. 12. 2014.) Зиндагии роњат дар Дубай мардумро осоиш талаб мекунад. Мане, ки рўзгоре рўи њар хору санг мехобидам ва хобам мебурд, њоло аз ин, ки рўи тахте бихобам, ки хеле сахт буд ва исфанљ надошт, ќадре бароям душвор буд. Чанд бор ба соњибхона гуфта будам, ў њам ќавл медод, ки њар чи зудтар ин корро мекунад, то ин ки имрўз субњ занг зад, ки аввал тушак (кўрпача) меовараду баъд њам меоянд телевизюнро дуруст мекунанд. Соат ёздањ буд, ки тушак оварданд, аммо исфанље набуд, дуто лањофи якнафараро намедонам аз рўи кадом тахти соњибмурдае бардошта буданд ва гу-

зоштанд канори њам рўи тахти дунафара ва як пату (кампал) кашиданд рўяш. Аз аввал хеле бењтар буд, ризоят додам ва ташаккур кардам ва соњибхона њам бобати дер шудан пўзиш хост. Онњо ки рафтанд, рафтам супрї барои хона чизе бихарам, чун имрўз намешуд биравам берун. Баъд аз нањор, соати севу ним ду нафар омаданд ва гуфтанд, барои таъмири телевизйун омадаанд; ду љавон буданд ба номњои Иззат ва Фаррух. Фањмидам њар ду донишљў њастанд ва падари яке аз онњо дар Китобхонаи Миллї кор мекунад. Онњо аввал рафтанд пушти бом то таклифи сими робитро равшан кунанд. Баъд аз ним соат билохира пайдош карданд ва омаданд поин барои танзим. Њини кор куллї ба њам њарф задем, онњо аз Эрон мепурсиданд ва ман њам аз Тољикистону коруборашон. Билохира чандин конол оварданд, мехостанд чизе бипурсанд, ангор равшан намешуд, фањмидам чи мехоњанд бигўянд, гуфтам, на, ман аз ун конолњо намехом, ба лањни тољикї гуфтанд "майлаш." Дидам коноли тољикї надорад, гуфтанд, ин љо антан (антенна) он боло надорад ва конолњои хориљї мегирад, коноли Дубай, БиБиСии арабиву форсї ва конолњои эронї, ки таблиѓотї њастанд ва мураттаб таблиѓи лоѓарї ва чоќї ва анвоъи ќурсњоро мекунанд. Зимни ин ки 50 тої конолњои таблиѓи мазњабї низ дошт, панљ коноли аслии Эрон надошт ва то дилат бихоњад конолњои фоли вараќ ва бурду бохти итолиёї дошт. Њар чи буд, ризоят додам, њарчанд дўст доштам конолњои телвизйуни Тољикистон дошта бошам, ки нашуд. Корашон, ки тамом шуд, гирифтам каме хобидам. Соати 6 аср аз хоб бедор шудам, рафтам самти чойхонаи Роњат. Далер буд ва Њаким наёмада буд. Он давру бар чархе задам ва соати 8 рафтам Роњат. Дидам мусиќии мањаллї мезанад бо орг ва дойра. Он васат як љавоне мехонд ва љавони дигаре менавохт. Рафтам он наздикињо нишастам, суфориши араќ додам ва кабоби гўсфандї. Чанд нафаре наздики мањали навозандагон мераќсиданд. Чун намешуд дохили он љо сигор бикашам, рафтам мањутаи он љо ки фазои рўбозе дошт. Чанд нафар њамсиннусоли ман ва каме љавону пиртар истода буданд, аз ман пурсиданд, ки куљої њастї? Гуфтам, эронї ва алоќаманд ба забон ва адабиёти Тољикистон. Каме њарф задем, яке аз онњо, ки оќои Рустам ном дошт, хушњол шуд ва ваќте ки омадем дохил, гуфт, биё, сари мизи мо. Ќабул кардам ва рафтам он љо. Фањмидам инњо, ки имшаб даври њам љамъ шудаанд, теъдоде аз асотиди (устодони) донишгоњ ба иттифоќи њамкорон ва чанд тан аз донишљўёнашон њастанд, ки шом мехуранд ва араќ менўшанд ва бо њам мераќсанд, неъмате, ки назди мо эронињо фаромўш шуда ва хаёл накунам љое бошад, ки аз ин хаба-


МУСОЊИБА

рњо бошад, машрубашро њам канор гузорем, боз њам, мутаассифона, дорои чунин мањфили шоду зиндае нестем. Онњо дар тўли моњ ё њафта хеле содаву самимї меоянд чунин љое ва зимни гуфтугў ва хўрдани ѓизо бо њам мераќсанду хуш мегузаронанд, то агар ѓаму нигароние дар тўли њафтаву моњ суроѓашон омад, дар дилашон таланбор нашавад. То зиндагї ва рўњияашон тањти фишор ќарор нагирад. Љамъе бисёр самимї доштанд. Сари миз бо оќои Рустам, ки устоди забонњои жопаниву русиву чинї буд ва асотиди дигаре низ њузур доштанд, сўњбат кардем. Бо машоњири Эрон ошної дошт ва алоќаманд буд, ки биёяд Эрон ва бо кишвари мо аз наздик ошно шавад. Беш аз як соат назди онон будам ва аз пазирої ва мењмоннавозиашон ташаккур кардам ва онњо по шуданд то каме бираќсанд. Њарчанд дўст доштам, ки бо онњо бираќсам, аммо тарљењ додам бо онњо ва ин шаб бояд монданї худоњофизї кунам. Шаби хубе буд. 31. 12. 2014. Дишаб то дерваќт хобам набурд ва нишастам ќисмате аз шеърњоямро, ки бо худ оварда будам ва њашт сол фурсат нашуда буд нигоње ба онњо биандозам, нигоњи муљаддад кардам. Чун ин љо хилвату ором аст ва даѓдаѓаи коре њам надорам ва метавонам роњат ва бо њавсала нигоње ба шеърњои чопнашуда биандозам, то барои интишор омодааш кунам. Барои њамин то дерваќт нишастам. Субњ дер аз хоб бедор шудам ё бењтар буд бигўям, зуњр бедор шудам. Субњона хўрдам ва роњ афтодам. Њаво хуб буд, ваќте расидам маѓозаи Далер соат як буд. Донишомўзони мадраса хона мураххас шуда буданд ва чандто аз онњо омада буданд канори маѓозаи Њаким. Далер дошт барояшон њотдог дуруст мекард. Каме бо онњо, ки дувоздањ-сездањсола буданд, суњбат кардам. Либоси расмии мадорис барои писарњо пироњани сапед бо кравот ва тару тамиз ва шик буд ва ба назарам њамин амр, ки аз кўдакї тамизу шик мепўшанд, одат мешавад то дар бузургсолї ба пўшиши худ ањмият бидињанд. Исми яке аз онњо Яъќуб, исми яке Фарзод буд. Онњо номњои асилу ќадимии эронї баштар аз мо эронињо доранд. Њотдоги бачањо, ки омода шуд, аз ман худоњофизї карданд. Каме бо Далер њарф задем ва чун дидам ваќт дорам рафтам Иттињодияи нависандагони Тољикистон, ки дар хиёбони амуд бар хиёбони Рўдакист. Он љоро ба номи Иттифоќи нависандагони Тољикистон мешиносанд, ки дами дари вурудии он љо ба ду забон - тољикї ва форсї набиштаанд, ки дар асл бояд

гуфт ба ду хат - тољикї ки хати срилик ва баљомонда аз Иттињоди шўравии собиќ аст ва хати форсї навишта буданд. Дами дар аз дарбон пурсидам, раиси ин иттифоќ кист? Гуфт, биравед боло пеши устод Бахтї. Паларо рафтам боло, хеле хилват буд, боло аз фарди дигаре пурсидам утоќи оќои Бахтї куљост? Ў хеле матин ва бо бархўрди бисёр бо матонат маро то он љо рањнамої кард. Дохили утоќ шудам, салому алейк кардам ва гуфтам, ман як эронї њастам ва барои дидан ба Тољикистон омадам ва алоќаманд ба забону адабиёт ва фарњанги мардуми тољик њастам. Марде љоафтода мисли китобњои клоссики Русия мемонист бо хушрўї аз ман истиќбол карданд ва гуфтанд, ман Мењмон Бахтї њастам. Исми ќашанге дошт, мизаш пур аз китобу нашриёту рўзнома буд. Тайи чанд даќиќае ки он љо будам, чандин бор барояш тилфун омад, маълум буд машѓалаи зиёде дорад. Чанд суол аз эшон кардам ва эшон хеле мухтасар тавзењ доданд, ки ин иттињодия аз соли 1934 то кунун фаъолият дорад ва чањорсад нависандаи фаъол дар он узвият доранд, ки дар ќисматњои мухталиф фаъолият мекунанд ва дар бахши вилоёти Суѓду Бадахшон шўъба дорем ва дар шањрњо ва рустоњо низ дар њавзаи шеъру адаб фаъолият дорем ва бо њам дар иртибот њастем. Аз чигунагии корашон пурсидам, гуфтанд, асоси кори мо тарѓиб ва ташвиќи нависандагон ва эљоди фазои муносиб барои чопу нашри осорашон аст. Ва аз фикри бадеъу хуб њимоят мекунем ва осор ќабл аз чоп ин љо муњкима мешаванд ва ин корњо зери назари шўрои марказии Иттифоќи нависандагон, ки бузургони шеъру адаби Тољикистон дар он њастанд, анљом мегирад. Хостам суолоти дигаре пурсам узрхоњї карданд ва гуфтанд, имрўз соати 2 идора таътил мешавад ва чун фардо Соли нав аст, мутаассифона дўстон ин љо нестанд, ки шуморо бо онњо муаррифї кунам. Ман њам аз эшон ташаккур кардам ва гуфтам, дар фурсати дигар, баъд аз таътилот музоњим мешавам. Инсони хушбархўрде буд, чанд акс аз эшон ва ќафасаи китобњо, ки осоре ба забон ва хати форсї дошт, гирифтам ва назарам ба китобе љалб шуд, ки ду љилди он он љо буд. Маљмуаи корномае ки дар Эрони солњои ќабл чоп мешуд ва алъон хабаре аз он нест. Аз Иттифоќи нависандагон, ки берун омадам, каме љилўтар дидам рўи як сохтмон чандтабаќа навишта "Муљтамаи савдои пойтахт 80". Савдо дар забони тољикї яъне тиљорат. Рафтам он љо чандин маѓозаи шику тару тамиз дар табаќаи поинї дошт. Дар асл муљтамаъи

тиљорї набуд, бештар шабењи фурўшгоњњои бузурги пўшок буд. Тасмим доштам имрўз ба яке дигар аз марокизи тиљории он љо ба номи "Саодат" биравам. Аз касе пурсидам бозори Саодат куљост? Гуфт, њамин љо канори хиёбон, савори мошинњои хаттї мешавї ва бо як сомонї меравї он љо. Ман њам њамин корро кардам. Дањ даќиќа то он љо роњ буд. Маркази тиљории Саодат дар ду табаќа ва як зерзаминмонанд аст, ки дар ин ду табаќа, ба ѓайр аз ќисмати вурудї, ихтисос ба пўшок дорад. Бахусус пироњан ва шолвори занонаву мардона ва кифу кафш ва чизњои дигар. Аљносе, ки дар ин ду табаќа ёфт мешавад, бештар аз Туркия ва миќдоре њам аз Чин аст. Нархи онњо бештар аз бозорњои Дубай буд; чи аљноси туркї ва чи аљноси чинї. Ба намуна, як пироњани туркии хуб онљо 150 дирњам буд, дар њоле, ки онро дар Дубай метавон ба 100 дирњам харид (Дирњам воњиди пули Дубай аст.) Дар ин марказ тољирон маъмулан маѓозаро ба сурати моњона иљора мегиранд ва ин амр дар кулли шањри Душанбе содиќ аст. Ва агар тараф нахост, метавонад сари моњ тахлия кунад. Иљора њар моњ сари моњ пардохт мешавад ва нархи иљора дар маркази савдои Саодат њар метри мураббаъ байни 10 то 15 доллар буд. Яъне як маѓозаи 50 метрї моње 500 доллар иљорааш аст. Дар ин бозор њам чун дар аксари бозорњои Душанбе зану мард канори њам кор мекарданд ва маъмулан байни ду то се фурўшанда дохили як маѓоза буд. Каме дар ин ду табаќа чарх задам ва омадам поин. Соат наздик ба чори аср мешуд, дидам дуто рестурон он љо буд. Љое нисбатан шик ва тару тамизе буд, аз он фасфудњои боби љавонони имрўзї бо кормандоне, ки либоси фарм ба тан доштанд ва мизњову сандалињое ба сабки Дубай дар он буд. Ќимати сондвичњо аз 14 то 25 сомонї буд; питзо њам дошт. Ман як питзои мутавассит суфориш кардам, то дурусту омода шуданаш бист даќиќа тўл кашид. Ман њам фурсат пайдо кардам аз њафтаномае, ки аз оќои Мењмон Бахтї гирифта будам, мурур кунам. Њарчанд хати онњо крилик аст, аммо то андозае баъзе аз он калимотро мефањмидам. Чандин шеър аз зане ба номи Раънои Мубориз дошт ва наќди шеъру достон њам дошт, ки хондан ва фањмидани онњо сахт буд. Питзо, ки хўрдам, роњ афтодам. Ќарор буд имшаб барои таљлили сол ба иттифоќи Њаким ва Иќбол равем майдони Сомонї. Мегуфтанд, њама меоянд ин љо раќс ва пойкўбї аст ва фашфашапаронї. Аз чанд рўз пеш доштанд он майдонро барои чунин шабе омода мекарданд. Нурафкан оварда буданд,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

9

чароѓ гузошта буданд ва баландгўњои бузург то шаби љашн, ба ќавли моњо батр кунанд. Барои њамин гуфтем агар бишавад зудтар биравем, то љои хуб пайдо кунем. Соати паљуним расидам ба маѓозаи Њаким. Аммо ў њанўз наёмада буд. Ќадре он даврубар чархидам, соати шашуним Њаким омад. Аз чойхонаи Роњат то майдони Сомонї як рубъи соат роњ аст. Саллона-саллона њаракат кардем, мардум њам аз боло ба самти поин мерафтанд. Маълум буд бештари ин афрод мехоњанд бираванд он љо. Нарасида ба майдон набши порки Рўдакї пулис ва нерўи интизомии зиёде истода буданд; албатта, барои эљоди амният. Каме ки омадем поинтар чанд нафар љилўи моро гирифтанд, ба дўстам гуфтанд, њамрот кист? Ў њам гуфт, эронист. Гуфтанд, поспуртата биёр. Поспурт њамроњам буд, нишон додам. Гуфтанд, љайбњота холї кун. Ман њар чи доштам берун овардам. Чанд бор тафтиши баданї карданд, фандак (зажигалка) ва сигорњома гирифтанд ва баъд иљоза доданд то биравам… Дўстам Њаким мехост тавзењ бидињад, ки чаро пулис чунин коре мекунад. Гуфтам, кори пулис дуруст аст, њар кишваре барои эљоди амнияти худаш бояд дар чунин љоњое, ки мардуми зиёд њастанд, бояд нукоти амниятї риоят шавад, то Худо накарда касе осеб набинад. Ў њам мувофиќи ин амр буд. Ба майдон, ки расидем, дидам давр то даври майдон њалќаи оњанї аст ва он љо нурўњои амниятї иљозаи вуруд ба мањутаи аслї намедињанд. Љамъият дам ба дам зиёд мешуд ва мо то маркази майдон њаддиаќал 60 метр масофа доштем. Оњанг аз баландгўњо пахш мешуд ва баъд як-ду гурўњи раќс омад, аммо ќабл аз он паёми солинавї хонда шуд, ки мутаассифона, на хуб шунида мешуд ва на аз он дур раќсњо дида мешуд. Ба дўстам гуфтам, пас шумо ва баќия кай мераќсед? Гуфт, мо ки намераќсем, онњо он боло мераќсанд, мо тамошо мекунем. Рубъи соате он љо истодам, дидам дам ба дам дорад сард мешавад. Чизи гарме њам нахўрда будем, сигор њам надоштам ва бояд то дувоздањи шаб њаминтур сарипо биистем. Ба дўстам гуфтам, намешад баргардем? Гуфт, майлаш. Бењаш гуфтам, ага ту дўст дорї, бимон, ман бармегардам. Дидам ў њам чандон роѓиб нест он љо бошад. Дубора пиёда баргаштем ва аз он љо ба иттифоќи Иќбол ва яке аз дўстони дигарашон омадем хонаи мо ва љотон холї, Соли Навро дар хона бадар кардем. Ва ѓизо њам аз берун овардем ва солро ба хубиву хушї тањвил ба Буз додем, чун имсол соли Буз аст, умедворам Буз шохамон назанад. Ќисмати њафтум (1. 1. 2015.) Имрўз субњ дертар по шудам. Тасмим доштам дар аввали соли љадид биравам Китобхонаи Миллии Тољикистонро аз наздик бубинам, аммо гуфтанд, имрўз њама љо таътил аст. Пас хонанишинї кардам. Њаким ва Иќбол соатњои дувоздањи зуњр омаданд, ба љои нањор субњона бо њам хўрдем ва куллї аз расму русумашон пурсидам, гуфтам, соли нави мо бо шумо фарќ мекунад, Наврўз соли љадиди мост. Онњо гуфтанд, мо Наврўзро њам љашн мегирем ва як рўз таътил њастем. (Маълум аст, ки дўстони Фарњоди Иброњимпур хабар надоранд мо дар Наврўз як рўз не, расман се рўз ва агар Наврўз ба рўзњои шанбеву якшанбе дуруст ояд, 5-6 рўз истироњат дорем Нигоњ). Ман гуфтам, дар Наврўз дар Эрон идорот 5 рўз, баќия маъмулан 15 рўз таътил њастанд, хеле хушашон омад. То аср онњо манзили ман буданд ва баъд рафтанд. Дидам њаво торик мешавад, рафтам супрї нон бигирам, дидам чун имрўз таътил буда, нони гарм надорад. Ба нони мондаи дирўза ризоят додам ва баргаштам хона. (Идома дорад)


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

ЉАЊОН

БЕ СОЗИШ, ВАЛЕ СОЗАНДА Дидори деринтизори Путин ва Обамаро метавон њамин гуна хулоса кард: созише набуд, вале љонибњо сарењан мавзеъгирии худро эълон карданд ва њатто Путин гуфт, ки ѓайриинтизор суњбат ошкор буд. Дар аввалин фурсат баъди анљоми мулоќот бо президенти Амрико Барак Обама сарвари давлати Русия Владимир Путин ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар суњбат муњимтарин масъалањои бањсбарангез баррасї шуданд, вале њамоно ихтилофи назарњо дар њалли буњрон боќї монданд. "Шарикони амрикоии мо дидгоњњову бинишњои худро дар бораи њалли буњрон дар Украина ва Сурия хеле ошкор дар миён гузоштанд". Президенти Русия њамчунин гуфтааст, ки мардуми Сурия бояд худ сарнавишти худро њал кунанд ва дахолати беруна њамеша бар зарари њалли мушкилоти дохилист. Обама дар навбати худ аз вазъ дар Украина изњори нигаронї кардааст ва гуфтааст, ки то њол бандњои созишномаи Минск амалї нашудаанд. "Ваќте мебинем, ки истиќлолият ва тамомияти арзии кишваре наќз мешавад, мо наметавонем дар гўшае чун тамошогар бимонем. Агар ин оќибате барои Украина надошта бошад, пас он метавонад дар кишвари дигар такрор шавад. Ин аст асоси тањримоте, ки ИМА ва шариконаш зидди Русия роњандозї кардаанд. Ин љо сухан аз он намеравад, ки касе мехоњад ба замони "љанги сард" баргардад",- изњор доштааст Обама. Путин дар суњбат бо Обама иќрор шудааст, ки масъалаи ширкати кишвараш дар мубориза бар зидди ДОИШ дар Сурия дар дасти баррасист ва эњтимол дорад Маскав њам даст ба њамлањои њавої ба мавзеъњои "Давлати исломї" занад. Аммо сарвари давлати Русия гуфтааст, ки ин амалиётњо бояд мутобиќ ба меъёрњои байналмилалї бошанд ва барои ин њатман хоњиши давлати Сурия дар миён бошад.

Таърихи башар дар хиёнату макру фиреби сиёсатмадорон ва фармонравоён печидааст. Агар аз ин макрњо сухан хоњем биронем, пас бояд садњо љилд китоб бинвисем, чун њар аср дар њар гўшаву канори олам, дар мамолики мухталиф хиёнатњову макру њиял зиёд дидааст. Баъзан кас гумон намекунад, ки як нафар ё як сулола метавонистааст муљиби нобуди ќавме ё тамаддуни миллате шавад. Аз љумла дар њамлаи ѓоратгаронаи муѓул ќаламрави имрўзаи эрониён ва порсњо басо хиёнатњоеро дидааст, ки ногуфтанї. Ва љолиб он аст, ки саркардагони муѓул њар љо ворид мешуданд, аввалтар аз њама хиёнаткоронро ќатл мекарданд, чун медонистанд, ки касе агар ба милали худ вафо накард, ба ин бегонагон низ вафо нахоњад кард. Порае аз таърихи ниёгон, ки дар зер меояд, њикояти дигар аз ин хиёнат аст. Аммо ин њоло комил тайид нашуда ва агар воќеъият дошта бошад, пас метавон натиља гирифт: як сулолаи маъруф њам тавонист сабабгори нобудии маърифату фарњангу тамаддуни исломї дар як сарзамини соњибтаъриху соњибтамаддун гардад. Замоне, ки аќвоми муѓул ба наздики Эрон расиданд, дар ибтидо њамлае ба Эрон сурат нагирифт. Ва хони муѓул низ бозаргононеро роњии Эрон кард. Ва баъдњо ба бањонаи куштори бозаргонон ба дасти Хорамшоњиён њамла ба Эронро, ки мунљар ба нобудии густардаи

Аммо ба назар мерасад ихтилофи назар дар бораи њузури Башор Асад дар ояндаи давлати Сурия боќї мондааст. Амрико бори дигар ба он таъкид кардааст, ки то замоне Асад сари ќудрат њаст, ин буњрон роњи њал пайдо намекунад. Вале Путин радди њамкорї бо њукумати ќонунии Сурияро иштибоњ номидааст, зеро мањз њамин неру њаст, ки амалан зидди терроризм мубориза мекунад. Вале дар эътироз ба ин Обама гуфтааст, ки "ваќте диктатор мардуми худро ќатли ом мекунад, ин аллакай масъалаи дохилии як давлат нест. Ин шабењи њамон аст, ки гуруњи террористие асиронро берањмона сар мезанад, бегоноњонро мекушад, занонро тањќиру озор медињад. Ин мушкилоти дохилии як кишвар нест, ин тањќири инсоният аст". Оѓози кумаки ошкорои низомии Русия ба Сурия кишварњои њамсояи онро нигарон кард ва аз аввалинњо шуда сарвазири давлати яњудї Бинёмин Натанёњу ва президенти Туркия Раљаб Тайип Эрдуѓон вориди Маскав шуданд, то аз забони сарвари ин кишвар дар бораи њадафњои ин дахолат њарфи аввалро шунаванд. Исроил, ки яќинан бо ДОИШ њамкорї дорад ва хостори барандохтани низоми Асад дар Сурия аст, аз Путин њамоњангї дар ин муборизаро хост. Эрдуѓон низ таќрибан њамин њадафро дунбол мекард, вале вай бештар чун шарикони амрикоияш љонибдори он аст, ки Асад аз ќудрат канор равад. Ба назар мерасад Туркия беш аз њар кишвари дигар аз вазъи Сурия бо Русия нигарон аст, чун дар тахтаи бозињои шоњмоти минтаќа худро дар маѓлубият мебинад. Аз ин рў иддае аз коршиносони ин кишвар њатто дар амалкарди Русия њамоњангии Маскав бо

Вашингтонро дидаанд. Тањлилгари Yeni ?afak навиштааст, ки Русия ва ИМА аз ин ба баъд амалиётњои худро дар Сурия њамоњангї мекунанд ва Вашингтон ин њолатро пайвастани Русия ба иттињоди зиди ДОИШ дар минтаќа арзёбї хоњад кард, на тавсеъаи њузур дар Ховари Миёна". Ва акнун дар Туркия низ мавриди таѓйири сиёсати Эрдуѓон баъди суњбаташ бо Путин дар Маскав њарф зада мешавад. Эрдуѓон дар аввалин суњбаташ бо журналистон баъди дидор бо Путин, ки бештар аз 1 соат идома доштааст, ишора кардааст, ки Анќара њам њоло љонибдори он нест, ки Асад дар ќудрати Сурия набошад. Таѓйири ногањонии сиёсати Русия дар Ховари Миёна миёни коршиносони масоили минтаќавї ва нашрияњо низ муљиби сару садоњои зиёде шуд. Аз љумла, шорењи нашрияи "Радикал" (Туркия) навишт, ки њадафи Русия тањкими њузур дар Ховари Миёна ва бањри Миёназамин аст. Аз сўйи дигар, амалкарди Маскав тањдиде ба манофеъи ИМА ва рад шудан аз буњрони Украина низ мебошад. Ин амал метавонад тавозуни неруњоро ба фоидаи низоми Асад таѓйир дињад. Аз ин рў, Русия њам ба хотири њифзи ќуввањои Башор Асад ва њам њамла ба мавзеъњои мухолифони режим амалиёти низомї роњандозї хоњад кард. Ва њамаи ин иќдомот паёмњои баде барои Туркияанд, чун Анќара сиёсати худро аз аввал то ба ин замон дар пояи он нукта такя додааст, ки Башор Асад аз ќудрат ронда шавад". Путин дар остонаи сафараш ба Вашингтон мавќеъи давлаташ дар масъалаи Сурияро возењу равшан баён дошт. Вай гуфт, ки њадафи аслї љилавгирї аз рушди бунёдгароии исломї аст, ки тањдиде ба ќаламрави

ќафќозии Русия дорад. Дар ин маврид тањлили Тони Брентон-Сафири пешини Британияи Кабир дар Маскав хеле љолиб аст. Номбурда дар нашрияи машњури британиёии "The Independent"менависад: "Русия дидааст, ки Ѓарб аз уњдаи ин мубориза на дар Ироќ баромад ва на дар Либия. Интихоби ягона дар Сурия ин интихоб миёни Асади берањм ва "Давлати исломї"-и хатарноку золим аст. Аз он ки Путин њаргиз гўш ба афкори љомеа наменињад ва ба њуќуќи башар коре надорад, барои ў посухи ин суол хеле оддист. Путин аз низоми фурурафтаи Асад ба хотири садди роњи ДОИШ шудан дар ѓасби Сурия пуштибонї мекунад. Ва дар ин росто бояд Ѓарб љонибдори Русия бошад, чун тањдиди ДОИШ ба кишварњои Аврупо на камтар аз тањдиди он ба Русия аст". Тони Брентон мушкилоти асосии Русияро дар иќтисоди заъифи он мебинад. Дар њоли њозир ин дипломати собиќ дар Русия талошеро барои муборизаи љиддї бо фасоде, ки садди роњи рушди Русия ва сарватманд шудани сокинони он шудааст, намебинад. Њатто масъалаи боло бурдани нафаќаи пиронсолону бознишастагон имконнопазир шуд ва ин њама бар асари тањримњои ѓарбї буд. "Сардардии Путин ин на аз тањримњои ѓарбист, балки аз пешбинии Goldman Sachs аст, ки мегўяд, арзиши њар бушка нафт метавонад то 20 доллар расад. Њоло Путин аз љонибдории аксари сокинони Русия бархўрдор аст, вале дар сурати боз њам поинтар рафтани сатњи зиндагонии мардум ин маъруфият то куљо имконпазир аст?"

КЎРИИ ТАЪРИХ

дааст, дар замони њамлаи хони муѓул ба хоразмшоњиён онњо даргири набард бо њамсоягони худ будаанд ва бидуни тардид алоќае ба боз кардани як љабњаи набарди тоза надоштанд. Илова бар он, хулафои аббосї аз ин њарба, ки ба љони њам андохтани ду гуруњ ва ќавми мухталиф буд, дар замони Бобаку Афшин истифода карда буданд ва натиља гирифта буданд. Ва аз ќудрати воќеъии муѓулњо ва оташе, ки њатто гиребони худи Аббосиёнро низ гирифт ва мунљар ба нобудии худи онњо низ шуд, огоњї надоштаанд. Ин бор зарбулмасали "тафриќа бияндоз ва њукумат кун" ба масали "чоњкан њамеша тањи чоњ аст" таѓйири моњият дода буд. Њатто мумкин аст Хоразмшоњиён наќши мустаќиме дар ќатли бозаргонони муѓул надошта бошанд ва иддае бо дустури халифаи Аббосї бањонаи даргирифтани љангро њаммонанди иттифоќе, ки баъдњо дар замони Љанги љањонии дуввум дар марзи Лањистон рух дод, барои Чингизи муѓул муњайё карда бошанд. Бидуни шак ин курии торих, ки сарнавишти миллатњоро дар масири дигаргунї ќарор додааст, ба њамроњи далоили онњо бояд бештар аз пештар мавриди баррасии пажуњишгарони торих ќарор гирад. Ромин ФАХОРЇ Баргардони Бобољон ШАФЕЪ

Халифаи Аббосї Чингизхонро ба њамла тањрик дод? Эрон ва баъд аз он нобуд кардани тамаддуни исломї шуд, оѓоз карданд. Бидуни тардид агар љангњои салибї ва њамлаи муѓул ба тамаддуни исломї сурат нагирифта буд, имрўз кишварњои мусалмон дар љойгоњи дигаре ќарор доштанд. Аммо масъалаи ќатл ва ѓороти бозаргонони муѓул, ки гуфта мешавад, яке аз онњо метавонад фирор бикунад ва худро ба хони муѓул бирасонад, њамвора мавриди бањси муаррихин будааст. Бертолд Спулер (1911-1990, устоди донишгоњ ва шарќшиноси Олмотї) дар китоби худ "Таърихи муѓул дар Эрон" назарияи љолиберо дар ин маврид матрањ мекунад: "Агар Ансоруддиналлоњ-халифаи аббосї (575-622) тавонист барои охирин бор ба давлати хулафои Паёмбари ислом (с) неру ва тавон бубахшад, аммо љонишинони вай ќодир набуданд њудуди ќаламрави худро бо фармонравоёни њамсоя њифз кунанд". Дар шарќи ќаламрави хилофат Муњаммад ибни Такиши Хоразмшоњ ќудрати бисёр ёфт ва барои дастгоњи хилофат чунон хатаре шуд, ки мебоист пай-

васта аз вай барњазар бошанд ва Хоразмшоњ дар ин њангом дар марзњои шарќии кишвар бо шоњони Ќарохонї ва Ѓур саргарми набард буд. Он замон касе дар Баѓдод намедонист, ки ин љангњо чї муддат давом хоњад ёфт ва низ эњтимол мерафт пас аз поёни ин љангњо Хоразмшоњ бо тамоми нерў ба халифаи Аббосї њамла барад. Дар ин мавќеъ дар соли 614 њиљрии ќамарї ба дарбори халифа гузорише расид, ки дар Осиёи Марказї Тамучин ном шахсе, ки муѓулон вайро ба раёсат баргузидаанд ва ба вай лаќаби Чингиз дода буданд, тавонистааст сарзамин ва ќабоили гуногунро тањти фармондењии худ бо якдигар муттањид кунад ва ба ин тартиб нерўе азим ба вуљуд оварад. Мирхонд - муарихи эронї, ки воќеанигор буд ва дар фосилаи наздик ба ин рўйдод умр ба сар бурдааст, наќл мекунад, ки халифа аз рўйи ночорї ба ин фармонраво рў овард, то хатаре, ки аз љониби њамсоягони хилофат буд, дафъ намояд. Њамон тур, ки ин муаррих ишора кар-

Фирўзи МУЊАММАД


АРЗУ АДЛ

АСЛИ ИШТИБОЊОТ КУЉОСТ? Идимоњ Њакимова бо бародари ман Абдулазиз Љалолов муддати 5 сол дар ноњияи Шањритус зиндагонии муштарак доштанд. Замоне, ки ман дар Русия будам ва вазъи оилавии онњо вахим мешавад, ба хотири гузаштани муддати муайян ва бењ шудани муносибатњо њамсараш Идимоњро ба Душанбе меорад ва ду ё се моњ бо њам зиндагонї мекунанд. Баъдан бармегарданд, вале ба муљарради боз ба миён омадани зиддияти оилавї Идимоњ

11

таъмин намудани Њакимова И. суд ба талаботи моддаи 122 Кодекси оилаи ЉТ ва ќисми 1, моддаи 3 Конвенсияи байналхалќї "Оид ба њуќуќи кўдак" такя кардааст. Талаботи зикршудаи моддаи Конвенсия уњдадории муассисањои давлатї ва хусусиро ба масъалаи таъминоти иљтимої дар бар мегирад. Аммо њамљавобгар Љалолов Абдулазиз шахси воќеъї аст, на муассисаи давлатї ва на хусусї. Ва ба ваколатњои оинномавии вай њал кардани масъалањои иљтимої вогузор карда нашудааст. Суд ба зиммаи А. Љалолов иљрои уњдадориеро бор мекунад, ки вай мантиќану ќонунан уњдадор нест. Вале агар ин таъинот Љалолов А.-ро водор созад, ки аз њисоби манзили истиќоматии худ Њакимова И.-ро бо љойи зист таъмин намояд, ин ќонунї ва мантиќист. Вале чаро Њакимова мањз аз њисоби он манзили истиќоматие бояд бо макони зист таъмин карда шавад, ки Љалолов А. ба он њаќ надорад? Ин љо магар наќзи меъёри ќонун, ки нишонаи аслии давлати њуќуќбунёд ва демократї мебошад, нест? Оиди ѓайриќонунї ба манзили истикоматии шахсии ман ба ќайд гирифтани Њакимова И. ба прокуратураи ноњияи Сино мурољиат намудам. Дар мурољиат ман баён карда будам, ки сабти номи

Ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Шермуњаммади Шоњиён Инак, ду сол аст, ки ман, шањрванди Љумњурии Тољикистон, Љалолов Њукмиддин Файзиддинович дар сари як масъалае, ки аслан набояд боиси кашмакашњои тўлонї мешуд, саргардонам. Аз идорае ба идораи дигар, аз додгоњ ба додгоњи дигар меравам, вале як њаќиќатеро, ки оддитарин хонанда ва шунавандаро метавонам фањмонам, наметавонам додрасњову додгустаронро фањмонам. Њарчанд воќеъиятро бо як шева, бо як оњанг наќл мекунам, чизе ба он аз худ намеафзоям, вале њар бор мурофеаи судї бар зидди даъвои ман ќарор кабул мекунад. Билохира, ночор шудам арзамро дар ин чанд сањифа рўйи коѓаз орам ва ба Президенти муњтарам, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон аз тариќи нашрияњо расонам. Аз соли 2005 дар шањри Маскави Русия кор мекардам, њадаф соњиби хона шудан ва баъд издивољ кардан буд. Њар касе Русия рафтаву аробакашї кардааст, медонад, ки њар танга ба чї зањмате ба каф меояд ва ман ин љо онро тавсифу тасвир намекунам. Муддати 4 сол кор кардам ва баъди бозгашт бо кўмаки Худованд дар кўчаи Маяковский, 1/11 шањри Душанбе њуљраеро харидорї кардам. Бо шукронаи ин неъмате, ки бароям ба осонї њам даст надода буд, дубора озими Русия шудам ва њадафам ин бор пул кор кардану издивољ намудан буд, чун то он замон ва њоло њам издивољ накардаам. Боз њам бо њамон азоби пешин танга болои танга љамъ овардам ва ваќте ба Ватан баргаштам, манзили худро ѓасбшуда аз љониби њамсари дуввуми бародари худам ёфтам. Њакимова Идимоњ Рањмиддинова, ки муддате бо бародари калонии ман Љалолов Абдулазиз мезисту аз ў соњиби се фарзанд шуда буд, ба хонаи ман дар суроѓаи номбурда даромадаву на танњо аз он хориљ намешуд, балки бо роњњои ѓайриќонунї, бо истифода аз воситањои номашруъ онро аз худ карда буд. Инак, муддати 3 сол аст, ки ман чун молики ин хона на ба додрасу додварз ва на ба дигар маќомот як њаќиќати хеле оддиро наметавонам исбот кунам. Ин њаќиќат њамагї ду ё се љумла аст: хона мутааллиќ ба ман аст, бародари ман Абдулазиз на даъвое дорад ва на сањме. Идимоњ Њакимова бо асноди комилан сохта, ки худи маќомоти марбута онро исбот кардаанд, даъво пеш меорад. Бародари ман сарењан эълон доштааст, ки Идимоњ Њакимоваро бо се фарзандаш рўйи роњ партофтанї нест, барои онњо дар њавлии падарї љову макон медињад. Вале мутаассифона, Идимоњ рафтори ѓайриќонуниро ќабул дораду бозгашт ба ноњияи Шањритус, назди шавњари собиќаш, ба хонаеро, ки ќонунї аз ў хоњад буд, ќабул надорад. Ин аст хулосаи њаќиќате, ки бояд фањмонам, вале намефањаманд. Асли нофањмињо дар мурофиањои судї нодида гирифтани ваљњњои асосї дар парванда шудааст ва мањз њамин водор кардааст, ки аз як зинаи судї ба зинаи дуюм шикоят баранд. Ва боз њам масъалаи њалли худро наёбад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

МАН КАЙ ИЗДИВОЉ КУНАМ? ин бор меояд ба Душанбе, вориди хона мешавад, ќулфи дарро иваз мекунад ва дигар касеро ба он роњ намедињад. Дар як муддати кутоњ даст ба таќаллуби аснод мезанад ва бо фароњам кардани њуљљатњои таќаллубї хонаро аз худ мекунад. Ногуфта намонад аз бародарам Абдулазиз барои фарзандонаш нафака, яъне алимент мегирад. Вай даъво дорад, ки аъзои оилаи молик дониста шавад ва ба манзили истиќоматии ў маскун шавад. Даъвои аъзои оилаи молики манзил будани Идимоњ Њакимова аслан асос надорад. Ва суд дуруст муайян кардааст, ки соњибмулки аслии манзили истиќоматї дар шањри Душанбе, кўчаи Маяковский, 1/11, њуљраи 53 Њукмиддин Љалолов мебошад ва ин њолат бо шартномаи хариду фурўш аз 13-уми июни соли 2007 тасдиќ мешавад, аммо њолатњои дигаре, ки мушкилотро ба вуљуд овардаву боиси кашмакашњои судї шудаанд, умуман аз љониби суд муайян ва исбот карда нашудаанд, зеро ба назар мерасад судя пойбанди даъвоњои бидуни асосу њуљљати Њакимова Идимоњ гардида, онњоро чун исбот пазируфтааст. И. Њакимова даъво дорад, ки бо соњибмулк муддати 1 њафта истиќомат кардааст ва баъде, ки номбурда ба Русия ба кор меравад, гўё ба ў ва шавњараш њар моњ пул равон мекард. Аммо ин њолатњоро љавобгарон Абдулазиз ва Њукмиддин Љалоловњо комилан рад кардаанд ва ба љуз даъвои беасоси даъвогар Њакимова дигар далеле барои исбот вуљуд надорад. Баръакс, бо далелњои дар парванда мављудбуда исбот њам шудааст, ки даъвогар И. Њакимова аъзои оилаи соњибмулк набуд ва буда хам наметавонист. Ин дар њолест, ки тибќи моддаи 121 - и Кодекси манзили ЉТ барои аъзои оилаи соњибмулк эътироф намудан як њафта зиндагонї кардан кофї нест, балки бояд даъвогар исбот кунад, ки ба таври доимї зиндагонї дошт, хољагии муштарак дошт ва И. Њакимова якеро аз ин ду њам надорад. И. Њакимова даъво мекунад, ки се фарзандашро дар њамин хона ба дунё овардааст. Ин дар њолест, ки дар парванда нишондоди шоњидон Толибова З.,

Љалолов О., ва баёноти љавобгар ва њамљавобгар дарљ шудааст, ки тибќи он, И. Њакимова дар ин манзил аз соли 2012 зиндагонї дорад. Аз сўйи дигар дар њалномаи суд нишондоди шоњидон Исматова Г.Ж., Љалолова М.И., Авазова Р.К. ва Абдурањмонова С.Э. оварда шудааст, ки даъво доранд Њакимова дар ин манзили истиќоматї аз соли 2009 будубош дорад. Суд дар навбати худ танњо даъвои шоњидони Њакимоваро ба инобат гирифтааст ва баёноти шоњидони дигарро нодида гирифтааст. Худи ваљњњои дар ин манзил ба дунё омадани се фарзанди Њакимова аслан бо њуљљатњо исбот нашудааст. Дар асл дар ин манзили бањсї танњо як фарзанди ў таваллуд шудааст ва фарзандони дигари даъвогар дар ноњияи Шањритус ба дунё омадаву аз маќомоти САЊШ-и ноњияи Шањритус шањодатномаи таваллуд дарфёт кардаанд. Масъалаи бањсии дигар дар ин парванда аќди никоњ миёни Идимоњ Њакимова ва Абдулазиз Љалолов мебошад. Њакимова ба суд Шањодатномаи аќди никоњаш аз 08 октябри соли 2008, тањти №53 бо љавобгар А. Љалолов пешнињод кардааст, ки гўё дар шуъбаи САЊШ ноњияи Шањритус ба расмият дароварда шудааст. Ин Шањодатнома ягон асосу пояи ќонунї надорад ва њатто бо даъвои Љалолов Абдулазиз суди ноњияи Шањритус бо ќарори худ аз 29-уми июли соли 2013 онро беэътибор донистааст, ки нусхаи ќарор ба суд пешнињод шуда буд. Њамзамон бо ин далелњои шайъї иддаои дигари Иддимоњ Њакимоваро дар бораи он ки гўё Њукмиддин Љалолов шахсан худаш ўро дар ќайди манзилаш монда буд, рад шудааст.

НОФАЊМИЊО АЗ КУЉОЯНД? Ин суол моро водор мекунад, як бори дигар ваљњњои парвандаро мурур кунем ва ба хулосае оем, ки меъёри њуќуќи моддї нодуруст татбиќ шудааст ва ин њама сардаргумињо дар парванда мањз аз њамин сар задааст. Дар масъалаи бо манзили истиќоматї

Њакимова дар манзили истиќоматии ман бидуни розигии хаттї ва ширкати ман сурат гирифтааст. Аммо кормандони прокуратура танњо ба омўзиши њалномаи суди ноњияи Сино аз 17-уми июли соли 2013 ќаноат намуда, љавоби беасоси худро ба ман ирсол намуданд. Даъвогар иддио мекунад, ки волидонаш дигар манзили истиќоматї надоранд, ки ў тавонад бо фарзандонаш дар он зиндагонї кунад. Вале ин даъвои ў ягон асоси воќеъиву ќонунї надорад. Падараш Њакимов Рањмиддин соњиби 3 манзили истиќоматї ва 1 ќитъаи замин иборат аз 30 сотих мебошад. Манзили зисту ў дар ноњияи Шањритус иборат аз 8 њуљраи истиќоматї аст ва дар он њамагї 4 нафар зиндагонї мекунанд. Шикояти кассатсионии ин љониб ба суди шањри Душанбе низ ба эътибор гирифта нашуд ва суди шањрї ќарори суди ноњияи Синоро аз 23 октябри соли 2013 бетаѓйир монд. Суди Олии ЉТ бошад дар санљиши шикояти назоратї ба ваљњњои овардашуда аслан таваљљуњ накардаву ба он бањои њуќуќї надодааст. Дар хотима мехоњам бигўям, ки њуќуќи моликият њуќуќи Конститусионии њар як шахс аст ва њифзи онро Сарќонун кафолат додааст ва кафили амалї ва иљро гардидани меъёрњои Сарќонун Президенти кишвар, Љаноби Олї Эмомалї Рањмон мебошанд. Њеч касе њаќи соњиб шудан ба манзили каси дигарро надорад, вале чуноне аз њалномањои бесос пайдост, маќомоти судї бо амалњои ѓайриќонунии Њакимова И. бањои њуќуќї надода, ба манзиле, ки аслан иртиботе ба ў надорад, ўро маскун кардаанд. Оё ба доди ман касе мерасида бошад, оё адолати судї барќарор мешуда бошад, оё њуќуќњои поймолгаштаи маро касе њимоя мекарда бошад? Ва нињоят, ман метавониста бошам мисли садњову њазорњо њамсолонам издивољ кардаву ба хонае, ки бо араќи љабин харидаам, арўс овардаву соњиби фарзанд мешуда бошам? Ё ман ба ин њаќ надорам? Бо эњтиром, Њукмиддин ЉАЛОЛОВ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

МАКТАБИ АЙНЇ Њамватан! Кї љароњатњои Айниро шифо бахшид?! Баъди ў кї пора-пора хотироти ў навишт?! Кї фароњам мактаби ин пири риндон кард?! Бандњоро аз вуљуди садњазоронсолаи тољик рањо бахшид?! Мактаби Айнї! "Мактаби Айнї" чу як беморхона Аќлу дилњои њазорон орзуманди бузургиро Ќатра-ќатра софии оби баќо бахшид! Бар бузургии асилозодагон ў ибтидо бахшид! Њамватан, боре бигў! Кї ба дарди пои ин миллат даво бахшид?! Пои миллат?! Оњ, оњ! Бе тафаккур, бе адолат, бе адаб, бе илм Халќ бе пой асту миллат нест! Дар дили ин иддаи бодї муњаббат нест! Рахт неву бахт неву тахт не, Бар ватан сидќу садоќат нест! Дар чунин вазъи мураккаб хосае гуфто: "Дар ин дунё, ки мардонаш асо аз кўр медузданд, Ман аз хушбоварї ин љо муњаббат љустуљў дорам!" …Як ба як аз шањрњои пири ин дунё Аз Хуљанду Панљаканду Истаравшан, Ё зи Канду Исфароин - боргоњи нозпиро, Пас зи хуррамшањрњои берун аз сарњад фитода Аз Самарќанду Бухорои шарифи монда мерос аз ниё, Аз Њисори шодмону даштњои Вахшу Кўлоб, Аз Бадахшони кулоњаш аз сањоб… Нављавонон пойтахти тољиконро Мактаби нављодаи ин миллати озода карданд, Маъбади ишќу садоќат, бахти њар дилдода карданд. Сармударрис буд Айнї, Бар тафаккурњои нављўи замони мошину барќ Сармуњандис буд Айнї… Ин замон њам, эй ватандорони навандеш! Мактаби Айнии сонї Во кунад дарњои афкори мунавварро! Мактаби сонии Айнї Парварад насли навэљоди музаффарро! Боядо њамчун ато аз нури яздонї Дар бари мо парчами озодагии Тољикистонро, Парчами покии виљдонро, Парчами фардои зебои дурахшонро, Айние дигар ба каф гирад, Њамзабононро ба саф гирад… Хешро бишносад аз бегонагон Баъд аз ин миллат намемирад! Баъд аз ин миллат намемирад! *** Шодам, ки дар канори ту хоб аст ёди ман, Рўњи маро ба пайкари худ васл мекунї… Бандї маро баљодуи печидани нафас, Субњ аз њавои накњати худ фасл мекунї. Њар шаб маро зи љогањам дуздад хаёли ту, Оњиста бо њавои дил печам ба боли ту, Мањви њилоли абруят то осмон парам, Афтам ба доми дасти сафеди муњоли ту… Натвонам аз рутубати мўят рањо шавам, Чун бўи хуш ба панљаат печида мондаам. Сурхии таб бимолї ба лабњои гарми хеш, Дар тобу таб кунун лабат лесида мондаам. Дурии мо ќарибу яќин аст ончунон, Амвољи эњтироси ту ларзад баљогањам. Бедор ё ки хоб туї, болиш хабар дињад, Ту дар кадом њолатї, њар лањза огањам…. FАЗАЛЊО Офтоб мебўсад чењраи муљаллоро, Нур мекунад шодоб нозиши таманноро. Сабр дар дили банда ѓўра-ѓўра мемирад, Оби дида хушконад меваи тасаллоро… Он ќадар фидо кардам љони худ ба пеши пош, Бар дилаш задам охир инчунин тамошоро. Дар Хуљанди бепарво аз сухан, ки гавњар њаст, Худгарї макун, эй лаъл, вогузор дарёро! Неъмати Самарќандї бигзарад ба пои ланг Аз њудуди Исломаш, тарк карда маъворо… Аз њаёти њар шоир боядо сабаќ гиранд Ношудони њаддида сарсупурда мавлоро. Дар Димишќу дар Баѓдод оламе ба дод омад, Кушта додару довар доњиёни дунёро… Шањрњои пири мо бесухан куњан њастанд, Дар зиёраташ мирам бузруки Бухороро! ***

БО ШОИР Чу дид дил ба сияњчашми ту хумори баланд, Кашид то баќадат хешро ба дори баланд. Шароби дидаи мастат фиканд аз поям, Кафид ѓулбаи рагњои дил фишори баланд, Расид чун ба гулистони доманат нигањам, Фитод бар кафи гулбарг дар бањори баланд. Сипас чу булбулаке шоха-шоха печида, Бимонд оќибати кор сар ба нори баланд! Чу дид акси муњаббат ба чашми лозурит, Бисўхт олами худро дар он шарори баланд!

Шаби дилгарон зи шўхе ба алам суол кардам, Ки чаро чу сурати ту шабањи асар надорам?! Ба суол ханда кард ў, ки чаро шабањмисол аст?! Ба табассуме бигуфтам, ки туро ба бар надорам! Ту бигў, азизи ширин, ки чаро њаёт талх аст, Ба гулўлакоѓази гул асалу шакар надорам! * * * Ману ту рў ба рў гаштем бе амри тасодуфњо, Худо њар чї бихоњад кард бо мо бе таоруфњо.

Кашид тоќати худро ба зери абруи каљ, Ба ростї, ба уруљ омад аз мадори баланд. Китоби ќисмати дилро навиштаам сад бор, Фигор шуд баќалам љони дилфигори баланд. Расид муждаи обе зи пилта-пилтаи мўт, Худо ба шукри лабат рехт обшори баланд. Дило, ба бори пасин ишќро тараннум кун! Бихон ба охири корат навои тори баланд! …Њазор сол гар ин мушт сина мекўбид, Бихуфт рўзи дигар рў ба ин мазори баланд.

Ањмадљони РАЊМАТЗОД:

РАСИД МУЖДАИ ОБЕ ЗИ ПИЛТА-ПИЛТАИ МЎТ *** Тавофи доманат кардам, расидам бар љамоли ишќ, Ба лаб Замзам бидидам, љон чакидам аз зулоли ишќ.

Муњаббат амр карду васф кардам њусни зебоят, Fазалњои диламро бо ту гуфтам бе такаллуфњо.

Таманнои висоли ту маро саргаштаолам кард, Љањонро ёфтам, мањрум мондам аз висоли ишќ.

Љадал кардам, ки дарёбам баќалбат љойгоњи хеш, Ба ин сон худфидої пеш бигзаштам зи маъруфњо.

На њар кас ишќро нозад, наёбад таскин аз дардаш, Зиёда ошиќон боланд аз дарди муњоли ишќ.

Талоши мову ман бинї, гиребонгаз кунад њайрат, Дилат монад зи одамворањову номи нопоки басе юфњо.

Расидам то ба гарди худ ба боли рўњи худ печон, Дари њафт осмон дидам, паридам чун ба боли ишќ.

Љањон дилсард месозад, ту худро пок сўзїњам, Намеёбї муроде, зудбовар, аз куфу суфњо!

Шикасти болу пар донад ба армонњо расиданро, Уруљи ављпайморо бубинї дар камоли ишќ!

Нишинї пас ба кунље дур аз бечоранолоне, Фурўѓи "оњ"-и дил гардад бадал бо дудаи уфњо!

Иморат кардаам њоло бањафтум ошёни чарх, Вале њар кї зи поён дид, мебинад заволи ишќ! *** Балоро аз сари боло бигардон, мекунам зорї! Макун поён сари маѓрури фардон, мекунам зорї!

Ба њар њол, эй муњаббатпарвари дерошнои ман, Бароят то абад гўям мадења бе такаллуфњо! * * * Парчами љавонмардї бо тавони худ бардор, То шавад фурўзонтар роњи олами афкор.

Њама хории инсонро бубинад посдорат њам, Бидор аршат ба фаршам чун нигањбон, мекунам зорї!

Дар замони беањдїќадри хешро бишнос, Бехабар зи худ монї, дўш мешавад такрор.

Замин ларзону эњсосї, фитод аз пой кўње дўш, Сарезатро ба домонам марезон, мекунам зорї!

Асли гап дар инсонист, во гузор Ќуръонро, Њар касе бањаљми дил мебарад аз ин осор…

Бародар аз бародар меситонад љони муслимро, Ба Мисрат фош гардон сирри ихвон, мекунам зорї!

Њар нафас фиребо њаст, эй бањаљ сафаркарда, Тавба кардани номард чун намози бадкирдор!

Табодулњои дунёро якояк аз яњудон пурс, Ки дар бозии мазњабњо чї пинњон, мекунам зорї?!

Садљањон њамегардад гирди як Худовандаш, Санги Каъба бо кайњон њамчу курраи сайёр.

Њама шарёни ман симин бишуд, то ќалби Роѓун рафт, Шаборўзам шавад то барќљавлон, мекунам зорї!

Ман дар истгоњи хеш дар тавофи ќудсиям, Баски чарх мегардам гирди нуќтаи паргор…

Бимон, то бораи Кобул шавад як вориси Сомон, Бадахшонро бикун як поравиљдон, мекунам зорї!

З-ин сабаб, аё њољї, худситоиро кам кун, Чун тавофи дил дорам бо Худо њазорон бор!

Љањон имрўз бишносад, ки шодоб аст марзи мо, Макун кам оби кўњи Тољикистон, мекунам зорї!

*** Гулистони асалмастам, туро ман хоб мебинам! Љавонии ѓазалмастам, туро ман хоб мебинам!

*** Чїбањори рафтае буд, ки аз он самар надорам, Ба нињоли орзуям яке барги тар надорам.

Муњаббат бо дили гарму њама шавќу шарат омад, Ба ту як умр дил бастам, туро ман хоб мебинам!

Ба канораи хиёбон хараке нишастгоњ аст, Ба рањи Масењ нарафтам магарам, ки хар надорам.

Дар ин умри њазинрафта, ки ѓам бисёру шодї кам, Fамину шодипайвастам, туро ман хоб мебинам!

Ба гули шабам гиристам, ки нами сањар дурахшад, Њама домани тар астам, ки яке шарар надорам.

Аз он ишќуаз он љонон фаќат дарди гарон монда, Љавонии тињидастам, туро ман хоб мебинам!

Хабари љањонкушої зи Њавову Одам омад, Аљабо, чи сон расулам, ки аз ин хабар надорам?!

Бањори рафта рангин буд, хазони монда њам заррин, Чунон дунёи оњњастам, туро ман хоб мебинам!

Њама ахтарон бањайрат ба замини мо назардўз, Ба фалак чї кор дорам, ба Худо, назар надорам!

Наметонам, гурезам баски аз ёди љавонињо, Аё занљири побастам, туро ман хоб мебинам!

Ба табаќ табар гузоранд, ки ризќи мо тамом аст, Ба Худо њазор шукрам, ки чунин табар надорам.

Њар он чї дидаму чидам зи боѓињусну зебої, Парастиш карда, ворастам, туро ман хоб мебинам!


ТАБЛИЃ

Шарикон, мизољон ва дўстон! Ширкати Qnet ба олами ислом маљмуи нави соатњои дастии Bernhard H. Mayer®-ро пешкаш кард. Ороиши соатњои дастї руњи исломї дорад. Соатњои сифати аврупої, ки дар онњо номи Аллоњ њаккокї шудааст, њангомаи њаќиќиро дар Ховари Наздик ба вуљуд оварданд. Дизайни нав ин моли дунявиро дар кишваре, ки пур аз нањйи динї аст, ба тавсиявї табдил дод. Боварии мардуми ин љо, ки ба даст омад, бешак, тавсияи муътамаде хоњад буд, барои мусалмонони тамоми дунё. Дар бораи ин њодиса нашрияи арабии "Аз-зовяат" чунин менависад: "Ширкати Qnet њамеша ба арзишњо ва урфу одати минтаќа бо эњтироми хоса муносибат мекунад. Тиљорат мекунад ва муносибатњои шарикиро таќвият мебахшад. Яке аз принсипњои асосии ширкат дар њамин аст ва он дар њамаи минтаќањо риоя мешавад. Зиёда аз он, роњбарияти ширкати Qnet бовар дорад, ки моли ширкат бояд ба мардуми мањаллї дар зиндагї аз рўи арзишњову суннатњо кўмак кунад. Дар кишварњои Ховари Наздик ва Африќои Шимолї, ки ислом тамоми пањлуњои њаёти мардумонро фаро ги-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

13

Соатњои дастї бо "номњои Аллоњ" рифтааст, рамзи нишонњое, ки дар онњо номи Худо, амру нањйи Ў (љ) ва марбут ба суннати Паёмбар (с) дарљ аст, ањамияти махсус доранд. Зикри номи Парвардигор дар њаёти арабњо мавќеи хос дорад. Танњо гирифтани номи Аллоњ ва сифоти Ў кори хайр ва ибодат мањсуб мешавад дар ин љо. Сокинони Шарќ аз ќадимулайём дар чизњое, ки барояшон ќиммату ањамияти хос доранд, номи Аллоњ ва оятњои Каломуллоњро сабт мекунанд. Ва, албатта, соатњои дастї бо номи Аллоњ барои онњо на танњо як чизи ќимат, балки арзишмандтару манфиатовар хоњад буд. Дар соатњое, ки њар кадом дастї сохта шудаанд, тамоми 99 номи Аллоњ дарљ шудаанд. Навиштаљот дар соатњо аз љониби њаккокону рассомони бењтарине, ки ба њаккокии арабї машѓуланд, иљро шуда, соатро

бо се њалќаи зебо оро додаанд. Дар њамоњангї бо се аќрабак ба он њусни ѓайриоддї зам мекунанд. Соатњо дар ду шакл пешнињод мешаванд, бо асоси нуќрагин ва дастаи оњанин, ки занг намезанад ва асоси сиёњ ва дастаи резинї. Рўйшиша аз ёќут ва механизми швейтсариягии квартсии Ronda аз афзалиятњои он мањсуб мешаванд. Шуруъи фурўши соатњои махсусро Холид Диаб, директори генералии ширкати Qnet дар минтаќаи Ховари Наздик ва Африќои Шимолї эълон кард. Вай таъкид кард, ки: "Маљмуаи соатњои нави дастисохт анъанањо ва эътиќоди моро ба фарњангу арзишњои минтаќа бо талаботи махсус ба тасвирњо идома хоњад дод. Мо таќозои зиёдро аз љониби муъминон, онњое, ки ба њар чизе, ки Худо офаридааст, эњти-

ром доранд, интизор будем". Маљмуаи мазкурро ба фурўш гузошта, мо мехостем миннатдории хоси худро ба мизољон ва шариконамон дар Ховари Наздик ва Африќои Шимолї баён дорем. Имрўз ин Ховари Наздик ва Африќои Шимолї минтаќањое мањсуб мешаванд, ки фурўши моли Qnet дар њоли рушди бештар аст. Ширкат ба ин манотиќ ањамияти хос медињад ва ситоди он дар Дубай (АМА) ба пањнкунандагони худ беш аз 2 милион соатњои маљмуаи нави "Номњои Аллоњ" ро пешнињод мекунад. Агар Шумо низ ба соатњои ширкати Qnet таваљљуњ доред, метавонед онњоро тариќи намояндагии ширкат дар Тољикистон ба даст оред.

ЃАЛАТ НАНАВИСЕМ Калимаи арабии кароњат ва кароњият аз решае иборат аз се њамсадост (к;р;њ) ва пасванди "-ат" ё "-ият". Аз ин реша калимањои зиёде сохта шудааст, ки аз љумла калимањои дар забони тољикї роиљи "икроњ, макрўњ, карењ…" аз њамин ќабил мебошанд, ки њамагї ба маънои "нописанд" ва мавриди ниёз ба парњез далолат мекунанд. Бисёр воќеъ мешавад ки ин калимаро ба сурати "ќарењ" ва "ќароњат"-у "ќароњият" менависанд. Албатта масъала рушан аст: нигоранда решаи калимаро намедонад. Ба ѓайр аз ин вуљуди калимаи дигари наздик ба њамин маъно ангезае барои такрори ин ѓалат шудааст. Ин калимаи "ќабоњат" мебошад, ки решаи он дигар аст: "ќубњ ё ќабања" ва бо кароњат фарќ дорад. Аммо табдили њарфи "к" ба "ќ" маншаи бисёре аз ѓалатњои дигари мост, ки решаи аслии ин ѓалат дар љойи дигар аст: Солњои зиёд мо одат кардем, ки аз забо-

ЌАРОЊАТ, ЌАРОЊИЯТ - КАРОЊАТ, КАРОЊИЯТ ни русї ваќти баргардон ба љои њарфи "к" њарфи "ќ" ба кор бибарем, зеро дар забони русї њама "ќ"-њо "к" талаффуз мешуданд. Аз рўйи ин одат мо хеле аз калимањоеро низ, ки дар асл дар онњо њамон њарфи "к" асосї аст ва ниёзе ба баргардондани он ба "ќ" нест , ба "ќ" бармегардондем, ки дар ин хусус муфассал бояд тавзењ дод ва ин њол дар мавриди њарфњои ч-љ; х-њ; г-ѓ низ мушоњида шудааст. ЌУВАЙТ - КУВАЙТ Кувайт - номи кишвари барои њамаи мо маълуми арабї, њамсояи Ироќ мебошад. Мо аз даврони Шўравї номи ин кишварро аз матнњои русї гирифта (ба хусус дар солњои њуљуми Ироќ ба ин кишвар) онро тољикї (ё худ ба асли арабї)

мекардем, яъне "Ќувайт". Албатта заминаи зењнии ин ѓалат агар аз сўе њамон тасаввури њатман "ќ" будани њуруфи "к" дар матни русї бошад, аз сўи дигар калимаи "ќувват" мебошад, ки дар зењн ин бо ин калима ошно менамояд. Аммо решаи калима ва исми хоси "Кувайт" (ё "Кувейт") калимаи бисёр ќадими њиндуэронии "кут" ё "куд" ба маънои истењком, ќалъа, диж мебошад ва дар номи баъзе мавзеъњо вуљуд дорад, аз љумла "Сиёлкут" ва ба калимаи кўњ бемуносибат нест, чун далолат бар баландї ва истењком мекунад ва дар забони ќадим ва гуфтори мардуми баъзе мањалњо кут, кудро ба маънои анбошта ва туда, ѓарам њам ба кор мебаранд, чун кути гандум, кути санг ва дар фарњангњо њам ба ин маъно омадааст.

Њамчунин дар калимаи "кутвол" ба маънои дижбон ва сардори ќалъа (комендант) ба сурати аввалї боќї мондааст. Дар ин маврид (Кувайт) "кут" ба ќоидаи арабии тасѓир (хурд кардан) дучор шудааст, ки дар мобайни калима ба сурати "ай" меояд ва наќши пасвандњои хурдию навозиши "-ак"; "-ча"-и тољикиро дорад. Масалан, Убайд ба њамин тариќ аз Абд сохта шудааст, ки ба маънои Абди хурдї аст ё ба навозиш чунон гуфта мешавад. Хулоса, "Ќувайт" ѓалат буда, шакли сањењи он "Кувайт" (ё Кувейт) мебошад ва маънои кути хурд, яъне "ќалъаи хурд"ро дорад (мисли Дизак, ки Љиззах шудааст) ва решаи ин исм тољикї аст. Ќобили зикр аст, ки њамчунин аксаран "Карочї"-и Покистон ва "Кошѓар" ро ба њамин пиндор иштибоњан "Ќарочї" ва "Ќошѓар" менависанд. Рустами ВАЊЊОБ


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

ЧЕЊРА


НИГОЊИ МАРДУМЇ ХАРИ МАРО НАХАНДОНЕД!

ЯЊУВА ХУДОИ ЃАЙРИМУСУЛМОНОНИ ТОЉИК? "...Яњува шумо ва хизмати содиќонаатонро хеле ќадр мекунад. Хоњару бародарони азиз, Падари осмониамон њељ гоњ шуморо намепартояд (Заб. 70:9). Яњува шуморо дўст медорад ва шумо барои Ў бенињоят азизед. Ба наздикї замоне фаро мерасад, ки гузаштани ваќт дигар ба синну соли мо таъсир намекунад. Он ваќт мо дигар бо рўзњои сахти пиронсолї рў ба рў намешавем. Мо бардаму баќувват ва бо саломатии комил ба Парвардигори худ - Яњува абадан хизмат хоњем кард! Имрўз низ дар ташкилоти Яњува аниматорон, рассомон, навозандагон, суратгирон, тарљумонон ва нависандагони зиёде мењнат мекунанд. Лекин ба мо маълум нест, ки ин ё он корро кадоме аз онњо кардааст. Њамчунин дар бораи корњои зиёде ки дар беш аз 110 000 љамъомади рўи замин иљро мешаванд, чунин гуфтан мумкин аст. Ваќте ки воизон њисоботашонро дар охири моњ месупоранд, оё касе онњоро мебинад? Ва ваќте котиби љамъомад њисоботи кори мавъизаро пур мекунад, кї кори ўро мебинад? Ваќте бародар ё хоњаре ягон љои Толори Салтанатро таъмир мекунад, оё касе кори ўро мебинад? Басалъил ва Оњолиоб дар охири умри худ мукофоту љоизањои зиёд надоштанд, ки ба дигарон нишон дода фахр кунанд. Лекин онњо чизи бењтаре доштанд - розигии Яњува. Мо боварї дошта метавонем, ки Яњува мењнати онњоро медид. Пас, биёед ба намунаи ин ходимони фурўтану боѓайрат пайравї кунем..." "Аз китоби таблиѓотии шоњидони Яњува" Шарњ: Хонандагони гиромии нашрияи "Нигоњ" иќтибоси боло намунаест аз даъвати созмони динии "Шоњидони Яњува" ба пайравонаш дар Тољикистон, ки љомеааш 99 дарсад мусулмонї аст. Гарчанде ки созмонии динии "Шоњидони Яњува" чанд сол муќаддам бо ќарори суд барои хилофи оиннома фаъолият карданаш дар Тољикистон расман баста шудааст, аммо ин дар њолест, ки дастандаркорони он дар Тољикистон ба фаъолияти пинњонї гузашта, китобу маводњои таблиѓотии худро нињону ошкор ба бархе мардуми соддаву зудбовари мо ройгон таќдиму таќсим мекунанд. Ахиран ба ин њам ќонеъ нашуда, дар шабакаи љањонии Интернет сомонаеро комилан бо забони тољикї бо нишони зайл: http://www.jw.org/tg/ барои ба дом афтондани сайдњои навашон аз њисоби тољикони мусулмон роњандозї кардаанд, ки роњат таблиѓот бурда мардумро гумроњ доранд. Ба таблиѓоти ин дини навпайдо онњо аксари занону мардони солхўрдаи тољику русро сафарбар кардаанд. Сомонаи "Шоњидони Яњува" бо ёрии њамин пирони рўзгордидаи даврони мо тавассути таќдими китобу брошюра таблиѓот мешавад. Ин аст намунаи фидокории тољикони бедингаштаи мо ба љараёни "Шоњидони Яњува" барои як коса хўроки пешин ва каме ёрии пулї. Њамватанони азиз, оё њамаи мо наметавонем, ки ба њамин њамкешони худамон дасти мадад дароз карда, онњоро аз ин роњи хатоашон боз дорем то дигар њамкешонамонро ба ин вируси "ШИКАМ" зањролуд накунанд? Гарчанде таблиѓоташон сафсата буда, зебандаи гўшаи "Хари маро нахандонед!" - и "Нигоњ" аст, аммо аз ростї шеваи таблиѓоташон ба забони тољикї фасењу равон ва оммафањм аст. Аммо ин љои андеша дорад, ки кї садди роњи мубалиѓони "Шоњидони Яњува дар Тољикистон мешавад? Њамин ќадар сомонањо дар Тољикистон расмиву ѓайрирасмї баста мешавад, оё ягон говљигаре нест, ки дар пайи њамон сомонањо сомонаи болоро низ барои сокинони Тољикистон масдуд гардонад ва ањолї ањлона ба њар тариќе китобњои таблиѓотии "Шоњидони Яњува" - ро барчида нест гардонанд то сафи гумроњон камтар гардад? Њамкешон њамин тавр аст ё не? Ё "Шоњидони Яњува" ба фарњанги миллии мо бегона нестанд? Аслиддин ЗАРИФЇ, сокини шањри Душанбе

БА ЉОИ 09 МАРЊАБО БА КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ КЎДАКОНА БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР! - Китобхонаи кўдакона дар ду толори ошёнаи сеюми китобхонаи марказии шањри Душанбе бо фармони вазири фарњанги ваќти Љумњурии Тољикистон 23- уми январи соли 1974 таъсис дода шуда буд, баъдан 27 уми сентябри соли 1974 лентаи рамзии кушодашавии китобхонаро шоири мањбуби бачагон Мирсаид Миршакар бурид ва хонандагонро ба китобхона даъват намуд. Солњои аввал хазинаи китобхона аз њисоби давлат ва шоиру нависандагони Тољикистон пурра мешуд. Масалан аввалин бор шоири мањбуби бачагон шодравон Мирсаид Миршакар ба китобхона 289 нусха китоб туњфа намуда буд. Китобхона дорои 3- шуъба мебошад. 1. Шуъбаи такмил ва баррасии адабиёт. 2. Шуъбаи хадамот. 3. Шуъбаи илмию-методї ва маълумотдињию - библиографї. Њоло бошад захираи китобии китобхонаро 999811 нусха китоб фаро гирифтааст, дар китобхона 27 нафар корманд соле ба 4500 хонанда хидмат мерасонанд. Тамоми захираи китоби китобхона дар маљмуи фењристу парвандањо (картотека) сабт шудааст. Китобхонаи давлатии кўдакона ба номи Мирсаид Миршакар бо тарбияи кўдакону наврасон машѓул аст. Дар ин муддати тулонї бисёр корњои тарѓиботию таблиѓотї гузаронида, њазорон хонандаро бо хидмати судманд ноил гардондааст. Аксарияти чорабинињои гузаронида шуда ба адабиёти бачагона марбутанд. Волидоне, ки нисбати тарбияи фарзанд ва фарох шудани дониши кўдаконашон бетараф нестанд марњамат кўдаконашонро оварда аз хизматрасонињои китобхонаи мо ройгон истифода баранд. Нишонии мо: шањри Душанбе, хиёбони Рўдакї, 36 (Бинои собиќ Китобхонаи миллии Тољикистон ба номи Абулќосим Фирдавсї) Телефон барои тамос : 227-22-57, 918-65-43-37 Сомонаи китобхона: www.kdbj-mirshakar.tj Роёнпайк: info@kdbj-mirshakar.tj

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

Афандї њамроњи рафиќаш тариќи автобус ба сафар баромада буд. Дар нимароњ автобус истод ва роњзанњои зиёде вориди автобус шуданд. Роњзанњо ѓорат карданро шуруъ карданд, пул ва дороињои ќимматбањои мусофиронро кашида мегирифтанд. Афандї аз љайбаш 20 сомонї бароварда ба дўсташ дод. Дўсташ аз ў пурсид: - Чаро пулро ба ман додї? Афандї: - Ёд дорї ваќте ки пул надоштам аз ту 20 сомонї ќарз гирифта будам? Дўсти Афандї: - Бале, дар ёдам њаст. Афандї: - Ана, њамон ќарзамро пардохт кардам. *** Саволу љавоби устоду шогирд. Устод: - Дар оянда ба чї кор кардан ният дорї? Шогирд: - Зан гирифтан. Устод: - Эй бесавод, манзурам чї шудан мехоњї? Шогирд: - Домод. Устод: - Аз ту барин писар падару модар чиро бояд мунтазир бошанд? Шогирд: - Набера. *** - Шумо чї кор мекунед, агар миллион доллар ёбед? - Њељ кор - Барои чї? - Чї кор кунам боз!? *** Чўпоне назди духтур омада хоњиш мекунад, ки ба ў маълумотномае дињад, ки СПИД буданашро тасдиќ кунад. Духтур: - Вараќањои ташхиси тиббиятон куљост? - Чї хелї ташхиса, духтурљон? Барои ман танњо њамин гуна маълумотнома зарур шудааст. - Чї мекунед? - Якум, ман аввалин касалии СПИД дар дењаамон мешавам. Дуюм, ваќте ман ба куњ ба чупонї меравам, њељ кас аз тарс ба назди зани ман намеояд. Сеюм, бисёр мехоњам бо нишон додани ин маълумотнома ба чењраи онњое, ки дар набудани ман пеши занам омадаанд, нигоњ кунам!

? - И БОБ ОЁ МЕЪЁРИ ФИШОР БАРОИ СИНЊОИ ГУНОГУН ФАРЌ МЕКУНАД? - Оё меъёри фишор барои синњои гуногун фарќ мекунад? Нишонањои фишорбаландї аз чї сар мезанад? Назаралї ЊАЛИМОВ, сокини ноњияи Варзоб Бале меъёри фишор барои синњои гуногун фарќ мекунад: Син/Фишор 16 - 20 сола 100/70 - 120/80 20 - 40 сола 120/70 - 130/80 40 - 60 сола то 135/85 60 + то 140/90 Чанд нишонањои фишорбаландї инњоянд: - садо дар гушњо; - сардард; - сарчархиш; - сурхии рўй; - дилбењузурї; - ларз; - варами дастон ва ангуштон; - эњсоси зарабон дар сар; Аворизи он метавонанд инњо бошанд: - сактаи маѓзї; - сактаи дил; - норасоии дил; - норасоии кори гурдањо; - аз кор баровардани шабакаи чашм; Табобати он вобаста аз ташхис амалї мешавад. Нагузоред, то табобати пайвандон ва наздиконатон дер шавад! Сари ваќт ба духтур мурољиат кардан лозим аст. Ба саволи Шумо аз Бемористони Ибни Сино посух доданд.

? - И НОБОБ ОЁ ЊОЉИЁНИ ТОЉИК АЗ ФАЛОКАТИ АХИР ЊАМ ЭМИН МОНДАНД? - Ду њафта ќабл бар асари сарозер шудани крани борбардор дар Макка зиёда аз 100 зоир њалок ва садњо нафари дигар маљруњ шуданд. Њодисаи ахире, ки дар рўзи Иди Ќурбон дар водии Мино њангоми сангзанї ба макони шайтон дар талотум рух дод аз ќаблї фољеабортар буда, зиёда аз 1000 зоир љони худро аз даст дод. Фољеаи ахирро аз телевизион зиёд пайгирї кардам, аммо мутаасифона, дар бораи њувияти шањрвандии онњо маълумот надоданд.Аз Шумо пурсиданї њастам, ки дар байни зоирони њалокгашта оё шањрвандони Тољикистон низ њастанд? Оё њољиёни тољик аз фалокати ахир њам эмин монданд? Фахриддин РАЉАБОВ, сокини ноњияи Њисор - Дар мавсими њаљи имсола, ки ду маротиба њодисаи фавќуллода ба вуќуъ пайвасту сабаби марги зоирони зиёд аз мамолики гуногун гардид, хушбахтона аз њољиёни Тољикистон касе осеб надидааст. Аммо, мутаасифона, ду нафар аз модарони тољик - сокини 66 солаи шањри Турсунзода Тољиева Гулсара ва сокини 51- солаи ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе Норова Сољида, ки барои зиёрати хонаи Худо ба сарзамини муќаддас сафар намуда буданд, аз сабаби бемории ќалб, ки ќаблан бар асари он ранљ мебурданд, дар рўзњои ахири адои маносики њаљ аз олам даргузаштанд. Роњбарияти Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии Тољикистон ва ситоди "Њаљ-2015" ба наздикону пайвандони фавтидагон изњори тасаллият ва њамдардии амиќи худро баён медорад. То санаи 24 - сентябр њамаи њољиёни тољик маносики њаљро ба охир расониданд ва дар назар аст, аввалин парвози эшон ба Ватан 28 ва 29 - уми сентябр оѓоз гардида, то 14 - уми октябр идома ёбад. Њољиёне, ки аз самтњои Душанбе ва Хуљанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анљом дода буданд, дар навбати аввал аз тариќи фурудгоњи Љидда ба Ватан фиристода мешаванд. Аммо зоироне, ки ба самти Љидда парвоз анљом дода буданд, аз 8 то 10 рўзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан ба Ватан бармегарданд. Ба саволи Шумо аз Кумитаи оид ба дин танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.

БА ИЉОРА МЕДИЊАМ - Њавлии дорои 1 њуљраро, ки ошхона, ташноб ва термекс дорад ба иљора медињам. Манзили иљора об ва энергияи барќи доимї дорад. Нишонї: мањаллаи Фурўдгоњи куњна. Телефон барои тамос: 919 32 14 90.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №27 (460), 30. 09. 2015

Соат 04:00 даќиќа. Њанўз субњ надамидааст, аммо бошандагони оилаи Эргашовњоро дар маркази ноњияи Бобољон Ѓафуров садои сахте аз хоб бедор кард. Чизе аз осмон омада, болопўши таваќќуфгоњ (гараж) - и наќлиёташонро хароб карда буд. Онњо хоболуд љисми аз осмон афтодаро бардошта медиданд. Он яхи бузург буд. Дар њоле, ки осмон пур аз ситора буд, афтидани ях њамаи ањли оиларо дар њоли шок ќарор дод. Њодисае, ки субњи 29-уми сентябр дар кўчаи Исмоили Сомонии ноњияи Бобољон Ѓафуров рух дод, барои Тољикистони соњибистиќлол

"БОМБА" - И ЯХИН Дар ноњияи Бобољон Ѓафуров чї рух дод?

њодисаи нодир аст. Њатто ситорашиносони тољик чунин њолатро ёд надоранд. Асли воќеа он аст, ки дар маркази ноњияи Бобољон Ѓафуров яхпорае аз осмон афтида, боиси хароб шудани болопўши таваќќуфгоњи мошини хонадони Эргашевњо шуд. Дилшод Љўраев, раиси шањраки Ѓафуров дар шарњи ин њодиса ба "Нигоњ" гуфт, ки воќеан соати 4-и субњи 29-уми сентябр рух дода, яхпорае дар вазни зиёда аз 50 кг аз осмон ба њавлии Бароат Эргашева, сокини кўчаи Исмоили Сомонї афтид. Дар натиља болопўши таваќќуфгоњи мошин хароб шуда, ба худрави соњибхона низ зарари љиддї расонд. Баъд аз ин њодиса маќомоти корњои дохилї ва намояндагони маќомоти иљроия ба љои њодиса расида, мардумро аз онљо дур карданд. Маќомот барои санљиш яхпораро бо худ бурданд. Тамосњои мо дар аввал бо бошандагони манзили Эргашовњо бенатиља буд. Аммо баъдан ба мо имкон даст дод, то бо Дониёр Эргашев, яке аз истиќоматкунандаи хонае, ки якпора болои он афтодааст, сўњбат кунем. Дониёр њамчун шоњиди воќеа мегўяд, садои шикастани болопўши мошинхона онњоро тахминан соатњои 4:00 - 4:15 аз хоб бедор кард. Онњо ба сўи "гараж" давиданд ва диданд, ки чизе аз боло афтода, "шифер"-и онро хароб намудааст. Њодисаи афтодани яхпора аз осмон барои баъзе аз ситорашиносони тољик навигарї аст.

Як ситорашиноси тољик, ки нахост аз ў ном барем, дар шањри ин њодиса гуфт, дар таљрибаи ќариб 20-солааш ба чунин њолат рубарў нашудааст. Ба гуфтаи ин олими тољик ќаблан њодисањои афтидани љисмњои метиарид аз осмон ба замин дар дигар давлатњо вуљуд дошт, аммо ў њодисаи ба замин афтидани яхпораро бори аввал мешунавад: - Њангоми дохил шудани баъзе аз љисмњои осмонї ба атмосфреаи замин дар зери таъсири фишор љисм соиш мехўрад. Соиш, ки ба амал омад, њарорат баланд мешавад ва дар ин њолат бухоршавї рух медињад. Агар љисмњои афтида мушкилгудоз бошанд ва дар њарорат баланд гудохта нашавад то ба замин омада афтиданаш мумкин. Аммо яхпорањо њангоми ворид шудан ба атмосфераи замин одатан бухор мешаванд, аммо ман намедонам, ки ин яхпора чї хел то замин омада расидааст. Танњо баъди омўзиши пурраи ин њодиса метавонам чизи даќиќ бигўям, таъкид кард ин олими тољик. Зимнан, чунин њодисањо дар минтаќањои гуногуни олам кам иттифоќ наафтодааст. Чунин яхпорањо аз метеоридњои яхин људо шуда, ба замин мерасанд. Эњтимол дорад, ки аз тайёрае низ афтида бошад. Аз љумла дар ављи тобистон, 15-уми июли соли 2010 дар Плимути Британияи Кабир марде баъди зарбаи яхпора ба шишаи мошинаш, бо муъљизае зинда монд. Ин марди 71-солаи британиёї аз он

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

Лутфулло ДАВЛАТОВ, директори театри академї-драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї: - Занњоеро медонам, ки ман коргараму аз шавњарам зиёд маош мегирам гуён, падари фарзандонашонро ба як пули пучак намегиранд. Зане, ки дар оила худро аз мард боло мегирад, оќибат танњо мемонад ё бадбахт мешавад. Мард њељ гоњ занеро, ки шаъну шарафи мардии ўро паст мезанад ва эњтиромашро ба љо намеорад, дўст дошта наметавонад. - Маълим, як спектакл карда, "мулло Муњиддин" - ро оварда, наояд, "Мулло Нурї" - ро даъват намуда, ин хел занњоро... спектакл кардан даркор. Ва ин хел мардњои бепулро Русия фиристодан даркор. Баъд мебинед, ки эњњ... якдигарро дўст медоранд - е! Медоранд! Сиљоуиддин САЛОМЗОДА, раиси шањри Турсунзода: - Агар сохтмони биноњои баландошёнаро гирем, соњибкорон ягон мањдудият надоранд, ваќти сохтмон карданашон дар наздашон ягон шарт гузошта намешавад. Масалан, баъзе шањру ноњияњо њаст, ки миќдори муайни фоизи муайян ё ин ки майдони муайянро ба њукумат бояд супорад. Дар мо ин гап нест. - Раис, њамон баъзе шањру ноњия мї, ё баъзе касон? Њамин гапро ба њамтоњоятон дар Душанбеву Хуљанду... дигарњояш як хотиррасон мекунед? Барзу АБДУРАЗЗОЌЌОВ, коргардон: - Намоиши "Муњољир" - ро дар иљрои ду њунарманди бењамтои тољик Нозим Меликов ва Ќурбони Собир ба сањна мондам. Аммо баъди 3 - 4 маротибаи ба сањна гузоштан, намоиши минбаъдаи онро манъ карданд. Шумораи тамошобинон низ зиёд набуд. - Акаи Барзу, барои он, ки "Муњољир" - и Шуморо манъ накунанд, аввал ба студияи "Нури нањзат" ё Театри Лоњутї якта намоишчаи боб дар бораи муллоњо кунед, дигар ягон спектаклатонро манъ намекунанд. Чаро? Њељ кас намеравад! Амирбеки ТЕМУР, раиси ноњияи Ёвон: - Якум, инро аз мардум пурсед. Дуюм, новобаста дар рўзи ќабул мардум назди ман меоянд. Баъзењоро дар кўча њам бинам, аз кору мушкилоташон пурсон мешавам. Аз ин бармеояд, мардум ягон умед доранд, ки дарди дилашонро ба раиси ноњия баён медоранд.

шод буд, ки зинда монд. Гарчи зарбаи яхпораи баробар ба андозаи тўп метавонист ба саломатиаш беасар набошад. Олимон эњтимол мекарданд, ях бо кадом сабабе аз њисоби абрњо тавлид мешавад. Вале баъди пажуњишњои озмоишї ин андеша исботи худро наёфт. Аммо њавошиносон бар ин назаранд, ки яхпорањое, ки ба замин сарозер мешаванд, шињобњои яхианд, ки онњоро мегакриометеорањо меноманд. Дањњо тонна об ва чанги кайњонї, ки дар њавост, ба таври њамешагї сайёраи моро "бомбаборон" мекунанд. Андозаи онњо аз оѓоз бузург аст ва ба њадди як бустонсарои берунишањрист. Албатта, дар муддати фуруд омадан аз гармии њаво онњо об мешаванд ва порањои вопасинашон ба замин мезананд. Аз сўйи дигар, афтиши "бомбњо"-и яхиро олимон ваќтњои охир дар сар то сари кишврањои олам ба ќайд мегиранд, њатто дар Африќои Љанубї ва Кампучия, ки њарорати њаво болотар аз 28 дараља аст.

Мулло РАЉАБ Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

- Аз мардум ку мепурсем, аз худатон пурсем, ки Шумо дар ваќти корї дар ќади кўча чї кор мекунед? Ё мардум фикр мекунад, ки Шумо дар кўча фаќат ќабул мекунеду љои коратон намераванд?

Даниеэл РОЗЕНБЛУМ, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказї: - Мо медонем, Тољикистон ба робитаи хубу солим бо тамоми њамсояњои худ ниёз дорад ва аз ин пуштибонї мекунем. Назари мо ин аст, ки равобити Тољикистон бо Чин, Русия, Эрон ва њар кишвари дигар набояд бар ивази муносибаташ бо Амрико бошад. - Бояду набояд, ки љаноб, Шумо аз касе намепурседу касе њам аз Шумо намепурсад. О ин њама љоро якбора даргиронда рафтед - ку?

Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, сиёсатшинос: - Љойи ЊНИТ холї мемонад. Дар ислом њизб нест. Шояд гуруње пайдо шавад бо ин ѓоя ва мумкин андешаронї кардан хоњанд, вале ин чиз њам имконнопазир аст. Зеро ба мавќеи њукумати кишвар ислом ба њизб ниёз надорад. Пас дигар ягон њизб имкони фаъолият пайдо карданро надорад. - Ислом ба њизб, њизб ба ислом ниёз надоранд. Набудед, ки дар ваќташ њамин гапњоро мегуфтеду имрўз њукумат њизбу исломро "перепутат" карда намепартофт?

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.