Нигох №28 (410). Чоршанбе, 1-уми октябри соли 2014

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

Хат ѓалат, маънї ѓалат…

1

Муњаќќиќи мустаќил Ќиёмиддин Сатторї дар китоби "Фарњанги имлои забони тољикї" садњо хатої ёфтааст... САЊИФАЊОИ 8-9 №28 (410). Чоршанбе, 1-уми октябри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

БО ШОИР

Ба Худо туро расонад ѓазали ману ѓами ман САЊИФАИ 12

ГУЗОРИШ

Шармандагии забон дар пойтахти тољикон САЊИФАИ 4

ДУРЎЃИ НОБАХШИДАНИИ ШОИР ГУЛНАЗАР КЕЛДЇ

Холањмад Маљидов бо далел мегўяд, ки аъзои Кумитаи љоизаи давлатии Рўдакї алифбои мусиќиро намедонанду дирижерро аз хормейстер фарќ намекунанд...

САРГУЗАШТИ ЯК БОЙ

"Aлибаба"-и чинї САЊИФАИ 11

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Сиёсати "Шкурона" САЊИФАИ 16

САРНАВИШТИ ТАЛХИ ЗАБОН Агар террори номњои љуѓрофии тољикї њамин тавр идома кунад, Тољикистон аз таърихаш мањрум мешавад!


2

БОНГИ ХАТАР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

5-уми октябр - Рўзи забони давлатї

АЗ АРШ БА ФАРШ Агар террори номњои љуѓрофии тољикї њамин тавр идома кунад, Тољикистон аз таърихаш мањрум мешавад! Њукумати 22 - солаи Эмомалї Рањмон забони тољикиро аз арш ба фарш фаровард ва дигарбора аз фарш ба арш бардошт. Ончунон бардошт, ки боз ба фарш зад. Аввалин "хизмат" - и ин њукумат аз Ќонуни забони тољикї (форсї), ки 22 июли соли 1989 дар Иљлосияи Шўрои Олии Тољикистон пас аз љонфидоињои нерўњои миллатдўст ва дастбагиребонии тўлонї бо дастгоњи ќавии коммунистии парастандаи забони русї ба тасвиб расида буд, њазф кардани калимаи "форсї" бо ќавсайнаш (бо пешнињоди Шуњрат Султонов, њоло сафири Тољикистон дар Украина) буд. 3 октябри соли 2009 ваќте Маљлиси намояндагон "Ќонуни забони давлатї" ро ќабул мекард, Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон пешнињод кард, ки "форсї" баргардонда шавад, аммо инро њамтоёнаш дар парлумон ќабул накарданд. Бино ба бархе ривоятњо, соли 1993 дастнишондањои Ўзбакистон, ки бо талошњои онњо нерўњои демократу исломї аз майдони сиёсат хориљ ронда шуданд, пешнињод карданд, ки ба забони ўзбакї њам маќоми давлатї дода шавад. Бино ба ин ривоёт, Ёќуб Салимов, мањбуси имрўз ва он замон вазири корњои дохилї бо дашномњои болохонадор пешнињоди пуштибонони ин манофеъи хориљиро аз барномаи љаласаи њукумат њазф кард. Аммо забони русї, бо он вуљуд ки теъдоди соњибони он - русњо ќариб ба сифр баробар шудааст, маќомашро њифз кард ва то имрўз дар Ќонуни асосии Тољикистон љойгоњашро нигоњ медорад. (Моддаи 2. Забони давлатии Тољикистон забони тољикї аст. Забони русї њамчун забони муоширати байни миллатњо амал мекунад. Њамаи миллатњо ва халќиятњое, ки дар њудуди љумњурї зиндагї мекунанд, њаќ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд). Сарќонуни Тољикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалќї ќабул карда шуд, аммо зимни таѓйиру илова хўрдан ду бор - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 - боз бо тариќи раъйпурсии умумихалќї дар мавриди забони русї таљдиди назар накард. 5 октябри соли 2009 президент Эмомалї Рањмон "Ќонуни забони давлатї" - ро имзо кард ва ба роњи дигар маќому манзалати забони тољикиро боло бурд. Амалан забони русї, ки тибќи Сарќонун, "забони муоширати байни миллатњо" аст, мавќеашро аз даст дод. Акнун њамаи сокинони Тољикистон новобаста аз мансубияти забонї бояд ба забони давлатї суњбат кунанд ва коргузориро бо забони давлатї, на тољикї, ба роњ монанд. Шодї Шабдолов, раиси Њизби коммунисти Тољикистон, њамон 3 ноябр дар љаласаи парлумон гуфт, ки ќонун бо Сарќонун мухолифат мекунад. Бањси "форсї" то ба имрўз идома дорад. Идеологњои њукумати Эмомалї Рањмон, аз љумла аз собиќањояш - профессор Иброњим Усмонов, забони тољикиро "як забони дигар" мењисобанд, на форсї. Аз ин зумра, онњое, ки мебинанд "намешавад", "тољикї - форсї" мегўянд. Аммо теъдоди бузурги рўшанфикрон, аз нуќтаи назари забонї, "порсигароён", назири Сафар Абдуллоњ, Дориюши Раљабиён ва ѓайрањо, "тољикї" номи сунъии забонест, ки бо он тољикони Афѓонистону Ўзбакистон ва Тољикистон суњбат мекунанд, дар асл, ин њамон забони форсї аст.

Мантиќан, ваќте як эрониро тољик ва эронї тољикро мефањмад, кас хоњ - нохоњ аз худ суол мекунад, ки чаро чунин аст? Чаро онњо њамдигарро бидуни мушкил мефањманд, аммо забони яке, "тољикї" ва дигарї, "форсї" аст. Ё ин ду номи як забонанд? Ин мантиќ дар фањмишњои идеологњои њукумати Эмомалї Рањмон сиёсї шудааст. Онњо њанўз (22 сол боз) аз ин тарс доранд, ки эътирофи форсї будани забони тољикї ба пояњои њукумати Тољикистон табар мезанад ва ин њол хашми Русияву њатто Чину Амрикоро ба вуљуд меорад, чун амалан ин эътирофи људонашаванда будани Тољикистон аз Эрону Афѓонистон ва дар дурнамо дар ин замина ба вуљуд омадани як иттињоди сиёсї ва даъвои ќудрати љањонии форсњо хоњад буд. Аз нуќтаи назари дигар, эътироф шудани форсї будани забони тољикї бањс сари миллатро ба вуљуд меорад. Порсигароён инро њам мегўянд, ки мо - форсем, на тољик. Онњо ифрот мекунанд, зеро љои дигар исбот кардан нест, ки "тољик" дар баробари "форс" дар сарчашмањои таърихї зикр мешавад. Тољик будан њамон эронї будани мо аст. Њам форс ва њам тољик - эрониянд. Ба монанди ду бародар, ки яке Бањрому дигаре, Шањром аст. Эњтиёт эњтиёт аст, тарс - тарс. Аз даст рафтани фурсат барои худшиносии тољикон ва тољикитар шудани давлатдории тољикон гапи дигар аст. Бояд интихоб кард, ки забони мо чї ном дорад. Агар тољикї аст, чаро чунин шуда? Оё русњо барои он "тољикї" - ро эљод накарданд, ки моро аз сарчашмањои таърихиву асолат ва бародарони њамхуну њамзабони хеш дар минтаќа дур афканданд, мисли тофтањои људо аз њам афтода? "Идеологњо" - и мо ваќте далели кофї барои радди ин њаќиќат, ки эрониву тољик - бародаранд, надоранд, мегўянд, бо ин "исломињои ифротї", манзур, тољикони Афѓонистон ва форсњои Эрон, обод намешавем. Чаро 100 сол боз обод нашудем, тавре Эрон шуд? Дигар: магар бародари "бад" бародар нест? Ин бањсро ба дарозо намекашем, танњо як нуктаро зикр мекунем: то ба ин бањс бањои мантиќии њуќуќиву сиёсї дода нашавад, иљрои Ќонуни забони давлатї имкон надорад. Яъне ба ин, ки чаро як забон бояд ду ном дошта бошад, бояд посух гуфт. Посухи дурусту мантиќї, ки њам "идеолог" - њои рустарсу форсизудо ва њам порсигароёни тундравро ќаноат дињад. Нињоят, мо наметавонем як бањсро ба ин дарозо ва дањсолањои дигар кашонем. Дар сатњи умумифорсї барномае миёни се кишвари форсзабон барои наздик кардани истилоњоти тамоми соњањо рўи даст гирифта шуда буд (даќиќан чї тур буд, пайдо карда натавонистем - муаллиф). Аммо ин барнома то куљо пеш меравад, маълум нест. Агар мо хоњем, ки забони мо љањонитар шавад, ин барномаро бояд љиддитар гирем. Пеш аз њама

«

тољикї кардани истилоњоти њуќуќї, сиёсї, коргузорї ва ѓайрањо. Ин љо танњо монанд кардани истилоњот нест, балки кашидани тафаккур њадди аќал ба сатњи Эрон аст, зеро забони форсии Эрон ба воќеиятњои љањони имрўза наздиктар аз забони мост. Эрон ва эронї њоло барои мо намунаи барљастаи тараќќиёт, тавлиди андеша, ватандўстї ва забондонї њастанд. Дар муќобилат бо љањони ќудратхоњ ба по ростанд, тарс надоранд. Сарнавишти моро табъи ќудратњо муайян мекунад. Мо њамеша асири тарсем, зеро аз њамдигар хавф дорем. Эронї ба эронї эътимод дорад. Мо забони худро масхара гирифтаем. Ба чї далел? Мисоли оддї: чаро як профессор, ё њатто нафари оддии тољик, ки русиро хуб медонад, ба ин забон хато суњбат намекунад? Аммо агар ўро зарур ояд, ки ба тољикї фикрашро баён кунад, њазорњо иштибоњу лакнат дорад ва аз њама муњим, фикрашро дуруст баён карда наметавонад. Ин њол шунавандаро аз дастрасї ба иттилои дурусттар мањрум мекунад. Андешаи мо барои љањон ѓалат тарљума мешавад, агар њамон њам бошад. Гул Шералї, собиќ вазири энергетика ва саноат, нишасти матбуотї дошт. Рўзноманигори ИтарТАСС Галина Гриднева аз ў ба забони русї суол кард. Вазир дарњол ба накуњиши ў пардохт, њамин ќадар сол дар Тољикистон зиндагї мекунад, аммо забони давлатиро намедонад. Дар њоле, ки худ бо забони тољикї бадтар аз русї суњбат мекард. Њоло мебинем, ки сатњи забондонии вазирони мо бењтар шудааст, њарчанд гоњ - гоњ забонашон бўи лањљаи мањалашон мекунад. Ин ба он маъност, ки забони давлатї њам оњиста - оњиста бењ мешавад ва ба он муносибати љиддї мекунанд. Мутаассифона, рўз ба рўз тањти таъсири телевизиону радиоњои њукуматї, ки ба забони муаллимон табдил шудааст, як забони хушк ба насли нав низ сироят мекунад. Захираи луѓавии як вазир, муаллими, њатто забону адабиёт, ба 1 - 2 њазор калима мањдуд мешавад. Манзур, калимањое, ки дар суњбати онњо истифода мешаванд. Дар асл шояд онњо калимањои бештарро фањманд. Мисоли дигари ба фарш задани забони тољикї сирояти лањљањои љанубу шимолу ѓарбу шарќиамон ба расонањо аст. Чун мебинанд, ки забони адабї таъсир надорад, лањљаро ба майдон мекашанд - "чун надиданд њаќиќат рањи афсона заданд". Лањља умуман ба расонањо набояд роњ дода шавад! Агар миллату давлатдории миллї сохтаниед, лањљањо бояд аз байн раванд! Ваќте роњ ба моњвора ёфтаеду аммо забон забони мањаллатон аст, ба кї даркор ин њама харљ аз кисаи мардум? Рўзи шанбеи гузашта, соати 9.20 - и бегоњ, дар барномаи "Симо" - и Шабакаи аввал, шабакаи телевизионии њукума-

Љарима њам набошад, бояд њушдор ё маслињат дињад, ки чї тавр бояд забонашонро такмил дињанд. Аммо чунин нест ва вазъ ин аст: мо соњиби як забон бо луѓати мањдуде шудем, ки онро шарм накарда, "давлатї" ва "тољикї" меномем. Бадбахтї дар он аст, ки агар њамин тавр суханронї накунем, гузориш тањия нанамоем, забонамонро "эронча" - ву "афѓонча" унвон мекунанд.

«

ти Тољикистон суњбат бо овозхон Њабибулло Беков пахш шуд. Шарње надорам. Худ бинед, ќазоват намоед ва пањнои ин дањшатро тасаввур кунед. Агар ширинкорњо ба забони давлатї хандонида натавонанд, бигзор, барномањояшонро дар хонаашон нишон дињанд! Кумитаи забону истилоњот, тавре ба назар мерасад, ба як нињоди монанд ба Кумитаи андоз табдил меёбад. Навакак ин Кумита ба прокуратура шикоят бурд, ки ширкати "Билайн" - ро барои наќзи Ќонуни забони давлатї љазо дињад. Ширкат дар рекламааш ба љои "Њама љо" - "Любой љо" - ро истифода кардааст. Аммо ин Кумита дар умум ба наќзи саросарї ва бешармонаи Ќонуни забони давлатї чашм мепўшад. Аз љумла, бояд аз салоњиятњои ин Кумита бошад, ки суханронињои президент ва дигар аъзои њукумат, забони нашрияњо ва телевизиону радиоро назорат кунад. Љарима њам набошад, бояд њушдор ё маслињат дињад, ки чї тавр бояд забонашонро такмил дињанд. Аммо чунин нест ва вазъ ин аст: мо соњиби як забон бо луѓати мањдуде шудем, ки онро шарм накарда, "давлатї" ва "тољикї" меномем. Бадбахтї дар он аст, ки агар њамин тавр суханронї накунем, гузориш тањия нанамоем, забонамонро "эронча" - ву "афѓонча" унвон мекунанд. Бале, гўишњои эрониву афѓонї зуд фарќ мекунанд ва инро љомиа дуруст дарк менамояд, њарфи моро беќурб месозад. Гўиш бояд тољикї бошад. Аммо он чї дида мешавад, ин аст, ки дар њамон Кумитаи забон њам тољикидоне нест (як занг зада, бо ягон корманди он суњбат кунед). Масалан, мисли Ќодири Рустам, нависандаамон, ки аз нигоњи мо, хеле тољикї менависад, ё њарф мезанад, нафаре нест. Ин кас калимаву иборањои форсиро тољикона истифода мекунад. Ин гўиши тољикиро як эрониву афѓонистонї њам ба дурустї мефањмад. Аз њама муњим, мефањмад, ки ин гўиш тољикї аст ва тољикон кадом як русу ўзбакшуда, ё забонашон "рузбакї" нест. Ќонуни забони давлатї ќабул шуда, аммо ин санад заминањои молии љорї кардани онро умуман маълум накардааст. Аз љумла, ин пешнињод аз сўи марњум Академик Муњаммадљон Шакурї, ки бояд забони реклама дар Тољикистон бояд пурра тољикї бошад, ќабул нашуд. Моњи октябри соли 2009 "мафияи реклама" аз ин пешнињод ба зудї љилавгирї кард. Дар љаласаи баррасии лоињаи Ќонуни забони давлатї боз њам раиси Њизби Коммунист - Шодї Шабдолов мухолиф баромада, гуфт, ки аз ин кор "дигарон" (Русия, дигар кї њам мешуд?) меранљанд. Дар бозори рекламаи Тољикистон наздики 18 миллион доллар давр мехўрад. Дањњо ширкат коргузории худро њанўз бар пояи забони русї пеш мебаранд, яъне Ќонуни забони давлатї барои онњо ањамият надорад, чун корашонро мушкил мекунад. Аммо нањваи иљрои он бояд чї гуна бошад? Аз нигоњи мо, њар ширкат бояд муваззаф шавад, ки як љои кор барои мутахассиси забони тољикї, оне, ки факултаи забону адабиёти тољикро хатм кардааст, тахсис дињад. Дар натиља њазорњо филологи тољик, ки гоњо онњоро камэътибортарини мутахассисон ном мебаранд, бо кор таъмин мешаванд ва ин њол њам худи онњоро такмил медињад, њам ширкатњоро тољикитар мекунад.


ИЉТИМОЪ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

Мебахшеду духтурљон, мо масъулон ду забон дорем: тољикию форсї. Кадомаш ба шумо маъќул?

Далели дигари дигарбора ба фарш уфтони забони тољикї маъракаи густардаи "тољикї" ё "миллї" кардани номњои љуѓрофї аст. Ин маърака, бидуни бањс, як гуна террор кардани номњои љуѓрофии асили тољикї буд ва бозгашту ислоњи "љиноятњои љуѓрофию забонї" як амри бебањс бояд бошад. Бадии кор дар ин аст, ки ќарори таѓйири номњои љуѓрофї дар сатњи њукуматњои мањаллї бар пояи мурољиати маљлисњои мањаллї гирифта мешавад. Ва ин њокимони мањал њоло Тољикистонро ба як љуѓрофиёи якрангу дилбазан табдил доданд. Номњои монанд, якнавохт, бемаънї. Аввал, истифодаи барѓалати номи бузургон дар номњои љуѓрофї. Исмоили Сомонї, Рўдакї, Румї, Љомї, Њамадонї, Ѓафуров ва дигарон. Исмоили Сомонї - исми одам аст, на ноњия, кўча, шањрак, дења ё хољагии дењќонї! Рўдакиву Румї ва Љомї њам шоиранд, одам, на номи љуѓрофї. Дигар ин, ки онњо ба як миллат тааллуќ доранд, на як ноњия, шањрак ё кўчаву хољагї. Номњои бузургро оварда, ин ќадар хурду залил ва камањамият кардан ба кї зарур аст? Бале, агар он шањр ё хољагиро як нафар, аз љумла ин бузургон асос мегузоштанд ва бунёд мекарданд, гузоштани номашон њељ ишколе надошт, масалан, ба ин зайл: Љалолобод (Љалолиддини Румї). Аммо истифодаи номи онњо ба ин навња, љуз иќдоми бехирадона ва камандешї дигар чизе буда наметавонад. Охир, онњо раиси шањр, колхоз ё сокини муътабари он кўча набуданд. Агар мо хоњем бузургони худро ќадр кунем, бењтараш осори онњоро дар зиндагии худ истифода кунем. Андешаи онњоро истифода кунем, зеро он чї онњо доранд, мањз андешаашон аст, он чї онњоро њамчун як тољик муаррифї кард, андешаи онњо буд, номи онњоро њам андешаашон ном кард. Њоло мо аз ном мехоњем, андеша ва ифтихор созем. Аммо, бубинед, раисњои мо бо ин номњо чї мекунанд? Ваќте ба вазири корњои дохилї њисоботи љиноятњоро мебиёранд, рўи миз чї хоњад дошт? Масалан, њисоботи говдуздї. Румї - 8, Њамадонї - 5, Ѓафуров - 10 (раќамњо тахминианд). Њисоботи љиноятњои дигар, ки ба номи ин бузургон сабт мешавад, шояд барои зикр зарурат надорад. Ё чї тур мефањмед, ваќте Румиву Њамадонї ва Љомиву Ѓафуров

«

Мо забони худро масхара гирифтаем. Ба чї далел? Мисоли оддї: чаро як профессор, ё њатто нафари оддии тољик, ки русиро хуб медонад, ба ин забон хато суњбат намекунад? Аммо агар ўро зарур ояд, ки ба тољикї фикрашро баён кунад, њазорњо иштибоњу лакнат дорад ва аз њама муњим, фикрашро дуруст баён карда наметавонад.

наќшаи пахтаро иљро накарда бошанд? Дар Эрону Афѓонистон, ки Њофизу Љомї таваллуд шудаанд, ягон шањр ба номашон њаст? Шояд мактабе бошад ва он њам мактабе, ки бо зиндагии онњо рабте дошт. Аммо нест. Ё онњо камтар аз мо Њофизу Љомиро мехонанд ва мефањманд? Таѓйири бархе номњое, ки пас аз истиќлолият сурат гирифта буд, бамаротиб миллитар ва тољикитар аз ин таѓйирњои ахир буданд. Масалан, Илич ба Ѓозималик ва Куйбишев ба Хољамастон табдили ном карда буданд. Кофарнињон дањњо маротиба бењтар аз Вањдат аст. "Вањдат" як мафњуми диниву сиёсї аст, на номи љуѓрофї. Спитамен номи ќањрамони миллї аст, на ноњияи умдатан ўзбакнишин. Њамон Нов њам тољикї ва асл буд. Дањшат аст. Мегўї, ин террор тарњи душман аст, ки бо дасти њукумати мо амалї мешавад. Вагарна барои фањмидани ин њаќиќат, ки номи инсон дигар асту номи љуѓрофї дигар, чї андоза бояд аќл дошт? Чаро ин террор набошад, террори номњои тољикї? Ѓозималик, Хољамастон, Чубек, Кофарнињон ва дањњо номи дигар, номњои љуѓрофии сирф тољикианд! Онњо сармояи ин миллат њастанд! Дар ягон љои дунё чунин номњо нестанд. Тавре, як Маскаву Тењрону Ќоњираву Ню - Йорку Дењлї аст, Душанбеву Бухорову Балху Хуљанд њам якто њастанд, моли мо - тољикон. Кўлоб, Хоруѓ, Хатлон, Фалѓар, Ашт, Рашт ва ѓайра. Чї зебо ва нотакроранд номњои тољикї! Њама дар зимн ифтихор доранд, чун асл њастанд, на љаъл. Номњое, ки нав гузошта шуданд, љаълї, яъне "фалшивий" њастанд. Ин номњоро таърих гузоштааст, на шумо, раисони чаласавод! Шумо таърихсоз нестед ва њељ гоњ нахоњед буд. Ин "љаълкорї" то ба њаддест, ки номњое назири "Гулистон", "Сомонї", "Мењробод",

«

"Истиќлол", "Сомон", "Мењнатобод"... дар њама кунљу канори Тољикистон дучор меоянд. Њатто ширкатњо њам ба дараљаи ифрот аз номњои Исмоили Сомонї сўистифода мекунанд. Тасаввур кунед, як мењмони хориљї ояд, чї кишвареро хоњад дид. Кишваре, ки номњои љуѓрофиашро метавон дар як лањза азёд кард. Номњои якранг ва орї аз маънї! Ва ин миллат дигар ном надорад! Равед бубинед, ки кадом "Гулистон" гулистон аст? "Истиќлол" њам мафњуми сиёсї аст, ба як хољагии беном ва ќафомонда, ки аз андозу њама чї ќарздор аст, чї рабт дорад? Ё мантиќї аст, ки чун Тољикистон ба истиќлол расид, хољагињо ба њамин њоли абгор расиданд? Табошар куљову Истиќлол куљо? Як номи бемислу монанди тољикиро ба як мафњуми сиёсї иваз кардан чї њољат аст? Њоло онњое њам кам нестанд, ки мегўянд, номњои ѓайритољикиро "миллї" кардаанд. Бале, Ќаротегинро Рашт карда буданд, Кофарнињонро Янгибозор. Рашт љояшро гирифт, аммо Кофарнињон на, миллї нашуд, сиёсї ва бемаънї шуд. Чубекро Московский карданд, аммо шумо онро Њамадонї кардед. Ин њам барќарор кардани адолати таърихї, миллї кардан нест, сохтакорї аст (далелашро дар боло гуфтем). Фарќ байни шумову "онњо" нест. Агар шумо миллї карданї мебудед, љанобон "таърихсозњои бењунар", бо мардуми мањалњо машварат мекардед, номњои авлодиро на, таърихиро пайдо мекардед, зеро ин сарзамин аз ќадим ориёї буд ва номњои ориёиаш њоло то Русияву Чин боќї мондаанд. Кишварњои њамсоя, Бухорову Ишќободу Тарозро як тараф мемонем. Хулоса: агар террори номњои тољикї њамин тавр идома кунад, Тољикистон аз таърихаш мањрум мешавад! Музофотњо як тараф истанд. Пойтахт маркази Тољикистон, љое, ки њазорон доно-

3

ву мањмаддоно дорадро бинед. Дар Душанбе гузоштани исми "Пойтахт" ба њадди ифрот расидааст. Мењмонсарои "Душанбе"-ро "Пойтахт" карданд. Баъд маљмааи маскунии буриши хиёбонњои Рўдакиву Бухоро, маркази тиљорї дар канори варзишгоњи "Спартак", бинои идорї дар канори хиёбони Исмоили Сомонї - "Пойтахт", ё "Пойтахт80" ном гирифтанд. Дар остонаи љашни истиќлол Эмомалї Рањмон навори "Маркази савдои "Пойтахт - 90" - ро бурид. Маљмаъаи варзишии навбунёд дар канори роњи Лучобро њам "Пойтахт - 90" ном карданианд. "Пойтахт" - њои 91, 92, 95, 97, 99 ва 100 дар пешанд? Савол: миллати тољик номе ба љуз "Пойтахт" надорад? Ё саводи забонии масъулини шањрдории Душанбе њамин ќадар аст? Тањриф ва хории забони тољикї, ки аз мардум дур мешавад, дар номгузории идораву муассисањои кишвар низ густариш ёфтааст. Бубинед: "Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе" (ва њама шањру навоњии дигар), Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, ШММЗЉМ РМЗЉМ ВКД Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд... Ин њама ќабл аз њама беэњтиромии забони давлатї аст. Забони давлатї танњо бо калимањои тољикї баён кардани фикр нест. Дуруст истифода кардани калимањо ва риояи сарфу нањв низ њаст. Забони давлатї - забони калка нест. "Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе" яъне љї? "Маќомоти иљроияи мањаллии" - њадаф чї аст аз ин њама? "Њокимияти давлатї" - оё њокимияти ѓайридавлатї њам мешавад? Њамаро "њокимияти шањри Душанбе" гўед, чї мешавад? Маълум аст, ки њокимият маќомот аст, иљро мекунад, дар як мањал ва мансуб ба шањри Душанбе. Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон. Кумитаи андози назди парлумон ё суд њам мешавад? Тарзи дуруст: Кумитаи андози њукумати Љумњурии Тољикистон. Аз ин бењтар, Кумитаи андози Тољикистон. Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон. Инро як музахрафоти хурд гуфтан мумкин аст. "Оид ба" - њамон "по" - и русї бошад, ки калка шудааст? "Корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии" - њамон раќсу суру тўяш мондааст! Кумитаи дину оини Њукумати Љумњурии Тољикистон будагист, охир? Дар њамон оин љашн њам њаст, анъанаву маросиму миллат њам. Љашн гуфта, љашни Истиќлолиятро танзим намекунанд, албатта. Дигар њарчї њаст - зодрўз, тўй, мотам ва ѓайра њама расму оинанд. Бузургтарин музахрафот: ШММЗЉМ РМЗЉМ ВКД ЉТ - Шўбаи минтаќавии мубориза зидди љиноятњои муташшакили Раёсати мубориза зидди љиноятњои муташакили Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон. Бо 16 калима њамагї як шўъбаи раёсати вилоятии вазорати корњои дохилї баён мешавад. Намешавад њаминро, масалан, шуъбаи 5 - и раёсати 6 ном кард, ки халќї ва фањмо бошад? Хулоса, агар ихтиёр дар дасти мо бошад, онњоеро, ки ин љиноятњоро алайњи забон мекунанд ва онро ба як музахраф табдил медињанд, ба љавобгарии маъмурї мекашидем. Гап зиёд, амал кам. Забони миллат - хор!

Далери ХАЙРУЛЛОЊ

САДОИ МАРДУМ

4%

2%

Дар ин бора фикр накардаам

1%

Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки њудуди 84%-и раъйдињандагон бар ин назаранд, ки даромади асосии раисони шањру ноњия аз роњњои ѓайриќонунї ба даст меояд.

Намедонам

26%

Аз њисоби фарзандони муњољир

2%

Аз фурўши мансабу тендерњо

4%

Аз фурўши замину чарогоњњо ва амволи давлатї

Аз маош

58%

Аз њисоби хешовандони сарватманд

84%-И МАРДУМ РАИСОНИ ШАЊРУ НОЊИЯЊО, НАМОЯНДАЊОИ ПРЕЗИДЕНТРО ПОРАХЎР МЕДОНАНД

2%

Дар ин назарпурсї, ки зери унвони "Дар тасаввури шумо даромади раиси ноњия, ё шањратон асосан аз кадом њисоб аст?" маълум кард, ки 58 дарсади иштирокчиён ба варианти "Аз фурўши замину чарогоњњо ва амволи давлатї" раъй доданд. Инчунин 26 %-и дигари респондентон њам ба гузинаи "Аз фурўши мансабу тендерњо" овоз додаанд. Аз байни иштирокчиёни ин назарпурсї 4 дарсадашон бар ин боваранд, ки даромади асосии раисони шањру ноњияашон аз њисоби "маош" асту 2%-и дигар њам гуфтаанд, ки даромади асосии онњо "Аз маош ва ќитъаи замини наздињавлигї" мебошанд.

Чањор дарсади иштирокчиёни ин назарсанљї њам гуфтаанд, ки даромади раисон "Аз њисоби фарзандони муњољир" аст ва њамагї як дарсади ширкаткунандагон муътаќиданд, ки даромади асосии раисон "Аз њисоби хешовандони сарватманд" мебошад. Ду дарсади дигар њам гуфтаанд, ки "намедонам" ва ду дарсади охир низ таъкид доштаанд, ки "Дар ин бора фикр накардаам". Ин назарпурсї аз 24-ум то 30-юми сентябри соли 2014 бо супориши нашрияи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии Тољнюс гузаронида шуда, дар он 1135 нафар иштирок кардааст.

Мењрбону ОРИФЇ


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

ГУЗОРИШ

МАЌОМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТЇ Маќому манзалати, даќиќтараш хории яке аз рукнњои асосии миллї ва бепарвоии масъулину љомеаи шањрвандии кишвар дар гузориши тасвирї. Бе шарњ


НАВИД Посух ба "Гулназар: "Шумо фаќат танќидро медонед" ("Нигоњ", № 23 (405), ). Шунидани сухани дур аз њаќиќат ва нољо барои ман аз њар кас осон буду бахшиданї. Вале ин бор сухан аз забони Гулназар, муаллифи матни Суруди миллии Тољикистон, Шоири халќии Тољикистон, барандаи Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї, муовини раиси Кумитаи Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абуабдулло Рўдакї садо дод, ки боиси тасссуф аст. Суњбати ўро бо Њарамгули Ќодир дар њафтавори "Нигоњ" (№ 23 (405) аз 27-уми августи соли 2014) хондаму андак эътимоде, ки нисбаташ доштам, баргашт. . Зарур мешуморам, ба Гулназар, ки ин даъфа на бар гул назар кардаву на аз он гуфтааст, посух бигўям, посухе умедворам сазовор. Дар суњбатам бо номи "Бозињои пасипардаи Љоизаи Рўдакї" ("Нигоњ", № 5 (387), 23 апрели соли 2014) гуфта будам: "Ман њаќиќатро мегуфтам ва мегўям ва аз ин њељ гоњ наметарсам. Ин, албатта, бояд ба хотири рафъи камбудию норасоињо ва пешрафту рушди њунар бигарданд, на ранљишу андўхтани кина дар дилњо. Љойи таассуф мебошад, ки дар мо њама чизро мепазиранду тањаммул мекунанд, ба љуз њаќиќату сухани рост, агар њам аз рўйи дилсўзї гуфта шавад".

Холањмад МАЉИДОВ, узви Кумитаи Љоизаи давлатии ЉТ ба номи Рўдакї, Њунарпешаи халќии Тољикистон, сархормейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

5

намешуд ва мо танњо асарњои ангуштшумори барои хор такмилдодаро номбар карда метавонему халос. Оќибат хормейстери шинохта Холањмад Маљидов, ки проблемаву эњтиёљоти хорро хуб медонад, ба ин кор рў овард ва асарњои такмилдодаашро натанњо тўли солњои 2011-2013 дар иљрои хори академї омода намуд, балки дар шакли китоби алоњида ("Майли гулзор", нашриёти "Истеъдод", 2012) аз чоп баровард, ки љињати истифодаи онњо аз љониби мутахассисону алоќамандон муфиду муњим аст. Бояд гуфт, ки ба асарњои китоб мутахассисони варзидаи мусиќии касбї- оњангсози номдор Шарофиддин Сайфиддинов, доктори илми санъатшиносї Аслиддин Низомов, овозхони маъруф хунарманди халќии Тољикистон ва Миралї Достиев бањои баланд додаанд… Мутаассифона, бахши мусиќии Кумитаи љоиза ба ин падидаи тозаи мусиќии касбї ањамияти зарурї надод. Њатто лозим дониста нашуд, ки сурудњои мазкур тавассути консерти зиндаи хор шунида шаванд. Њол он ки мутаассифона, аксари аъзои бахш мутахассисони соњањои дигаранд ва моњияти масъалаву зарурати асарњои пешбаришударо танњо бо тамошои консерт дарк карда метавонанд. Аз ин рў, њайати мушовараи вазорат эњтиромона хоњиш менамояд, ки аъзои Кумитаи љоиза барномаи консертии асарњои барои хори академї такмилдодаи Х. Маљидовро

ДУРЎЃИ НОБАХШИДАНЇ Чї љойи гила, ваќте муаллифи Суруди миллии Тољикистон дирижерро аз хормейстер фарќ намекунад? Масъулият Аљаб ин аст, ки шоире чун Гулназар аз сухани рост меранљаду намеандешад, ки сухани дуру аз њаќиќат натанњо боиси ранљиши касе мегардад, он дигаронро ба гумроњї низ мебарад. Аз њаќиќат дур месозад. Умедворам, ки маќсади ў ин нест. Дар оѓози суњбат ў бо рўзноманигор гуфтааст, ки "Љамъбасти озмун танњо дар салоњияти Гулназар Келдї набуд. Ман ва котиби Кумита Рањмат Назрї, тибќи Оиннома, дар маљлисњои бахшњо иштирок карда метавонем, аммо њаќќи овоздињї надорем. Марњила ба марњила асарњо баррасї ва арзандањо баргузида шудаанд". Ман пештар њам дар ба саволи хабарнигори "Нигоњ" посух дода будам, ки: "Муносибат дар Кумитаи Љоизаи давлатии ба номи Рўдакї, на дилсўзона ва на аз рўи касбият буд. Як гурўњ шоирон Гулназар Келдї, Рањмат Назрї, Камол Насрулло ва овозхон Саидќул Билолов, ки њам дар раёсати кумита шомиланд, ба осонї метавонанд он замон ибрози аќидаву раъйи нодуруст намоянд, ба зањматњои эљодию дастовардњои муаллифон ањамият надињанд ва ба ному кори онњо хати батлон бикашанд. Ин амалњо бештар аз рўи ѓаразњои шахсї нисбат ба муаллифони довталаб сурат мегиранд". Муовини раиси Кумита Гулназар агар салоњияташро хуб мешинохт, бори масъулиятро њаргиз бад-ин осонї аз дўш намеандохт. Сухан аз бозињои пасипардагї нест охир. Маљбур мешавам, ки аз суњбати пешин ("Нигоњ", 23 апрели соли 2014) иќтибос намоям: "Ба андешаи ман, ба баъзе аз бахшњои кумита чунин афрод (арзанда) ворид нашудаанд, махсусан дар бахши мусиќї ва њунарнамої. Аз њафт нафари ин бахш ду нафари он мусиќиро хуб медонанд. Яке аз ин нафарон Саидќул Билолов, ки њам раиси бахш аст, мањсуб меёбад. Аз рўи ихтисос рубобнавоз мебошад… Лекин дар соњаи мусиќии касбии љањонї мутахассис намебошад ва ба дастовардњои навтарини он ошно нест, бинобар ин асари асили санъатро шинохта ва бањогузорї карда наметавонад. Фикр мекунам, ки ба ин хотир маро ба бахши мазкур шомил намуданд, аммо дар байни ин њафт панљ нафар мутахассиси ин соња

нестанд ва ин ду тамоми саъю кўшишашон низ барои фањмондану шиносонидани асари барљастаи мусиќист, вале оќибат ѓалберро аз об холї баровардан мебошад. Шоир мусиќии асилу касбии љањониро намедонад, намешиносад". Њаќиќати ин гуфтањои маро суханони Гулназар бори дигар тасдиќ мекунанд. Рўзноманигор аз ў мепурсад: "Аммо аз рўзњои аввали баррасии асарњо сару садоњое шуд, ки як гурўњи махсус њакамонро ташкил медињанд ва онњо аз фањмиши мусиќиву арзиши асил дур њастанд?". Гулназар ба саволи рўзноманигор посух намегўяд. Ў мехоњад аз саволи журналист бигурезад: "Медонам, кї ва чиро дар назар доред. Азбаски асарњои пешнињодкардаи мавсуф дар даврањои аввали баррасї нагузашт, барои њамин норизої кард. Дигар кї чї эроде дошт? Асари Маљидов, ки худ дирижёр аст, на оњангсоз ё овозхон, моли эљодкардаи оњангсозони дигар буд. Аз он љумла, яке аз оњангњои симфонияш аз Фаттоњ Одина ва Дамир Дўстмуњаммадов буд. Дар танњої асари худашро пешнињод накард ва гузашта аз ин, мо мол ё асареро бояд интихоб кунем, ки воќеан кори эљодї бошад". Норизову эродњо бисёр буданд, Гулназар аз он њатто якеро ёдовар намешавад, њатто, аз онњое, ки дар рўзномањо нашр шуданд. Сабаби норизої на он аст, ки Гулназар мегўяд, чун њаќиќатро ман дар "Азия Плюс" навиштам ва ба хабарнигори "Нигоњ" гуфта будам ва ў онњоро хуб медонад. Њаќиќат ин аст, ки ба љоизаи мазкур Барномаи консертии "Сози сарафрозї"-и Њунарпешаи халќии Тољикистон Рустам Дуллоев (пешнињоди Иттифоќи арбобони санъати Тољикистон), Асари мусиќавии "Чарх"-и Њунарпешаи халќии Тољикистон Адњам Холиќов (пешнињоди Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон), силсилаи асарњои хорї- оркестрии "Навои истиќлол"-и композитор Ќудратулло Њикматов (пешнињоди Иттифоќи композиторони Тољикистон), намоишномаи бачагонаи "Афсонаи беша"и Амирбек Мўсоев (пешнињоди Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон) низ пешнињод гардида буданд ва њељ якеро Кумита бар асари бесалоњиятї, яъне нафањ-

«

мидани мусиќии касбии љањонї ва надоштани мутахассисон барои љоиза напазируфт. Ростї, ба назарам, ин бисёр айб аст, аммо чї љойи гила, ваќте муовини раиси Кумита ва шоире чун Гулназар, дар дирижёрро аз хормейстер фарќ карда наметавонад. Намешавад дигар алифбои мусиќиро бар ў биёмўзонем...

Мактуб аз вазорат Агар Гулназар бар китоби "Майли гулзор" (такмили сурудњо барои хори а'CAPELLA), асари пешнињодшуда ба љойиза, назар мекард, дурусттараш онро мефањмид, њаргиз ба нодонї сухан намегуфт. Дар худи њамин китоб се оњанги ман, яъне Холањмад Маљидов низ љой дорад. Маълум аст, ки ў мисли аксари шоирони мо мусиќии Академиро њељ намефањмад ва хотираашро њам гум карда, вагарна дар рўйи муќоваи китоб навишта шудааст: "Такмили сурудњо барои хори а'CAPELLA". Бояд ёдовар шавам, ки баъди пешнињоди Барномаи консертї дар шакли диск ба Кумитаи љоиза Рањмат Назрї, котиби масъули он, ба ман гуфт, ки шакли китобии онро низ пешнињод созам. Пешнињодро хуш пазируфтам ва китобро дастрасашон гардонидам. Агарчи дар тааљљуб мондам, ки њайати њакамону масъулони Кумита нота (адвор)-ро чї гуна фањмида метавонанд. Љойи таассуф аст, ки онро њељ кадоме њатто вараќ назадааст. Дар Вазорати фарњанг фањмиданд, ки њакамон ба дарки барномаи консертї дар шакли китоб сарфањм нарафтаанд. Ва бо дарку эњсоси нофањмии баъзе масъулони Кумита њам, он замон њайати мушовараи Вазорати фарњанги љумњурї ба Кумита нома ирсол кард. Дар он аз љумла омада буд: "Такмили асарњои халќї ва мелодистону овозхонон барои хори Академї дар таърихи мусиќии касбии љањонї як њодисаи маъмул аст. Њадафњои ин амали бисёр заруру зањматталаб ба мардум наздик кардани мусиќии касбї ва ба ин восита зинда нигоњ доштани асарњои мазкур мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин самт кишварњои мутамаддин дастовардњои бузурге доранд… Мутаассифона, дар Тољикистон то њол ба ин масъала ањамияти љиддї дода

зинда тамошо ва гўш кунанд ва дар соњаи барои санъати касбиамон бисёр заруру муњим хулосаи объективона бароранд".

Кина Аммо ба ин мактуб њам аъзои Кумита беэътиної намуда, хоњиш иљро нагардид. Гулназар Келдї гуфтааст: "Аз он љумла, яке аз оњангњои симфонияш аз Фаттоњ Одина ва Дамир Дўстмуњаммадов буд". Фањмидану бахшидан мумкин аст, ки ў дар бораи, симфония, асарњои симфонї оњангњои симфонї њељ маълумоте, њатто одитаринро надорад. Аммо ба дурўѓу кинатўзї низ бояд чашм бипўшам? Не! Фаттоњ Одина ва Дамир Дўстмуњаммадов дар якљоягї асари симфоние эљод накардаанд, то онро яке бояд гуфту ба ман нисбаташ дод. Чї гуна оњангњои асарњои симфонии ман мешудааст? Куљост мантиќ? Дар китоби ба љоиза пешнињодшуда њељ оњанге оњанги симфонї ва низ оњанги асарњои синфони Фаттоњ Одина ва Дамир Дўстмуњаммадов нест. Ёвагўї њам андоза доштагист. a,CAPELLA аз симфония фарќ дорад охир! Фарќе аз замин то осмон. Ба њам наздик њам нестанд. Симфония асари калонњаљми мусиќї аст, ки онро композитор эљод мекунаду навозандагон бо созњои мусиќии оркестри симфонї иљро менамоянд. Он њељ иртибот ба китоби ман, барномаи консертии пешнињодшудаи хори театр надорад. Ба љойи Гулназар шарм доштам, ваќте ў a,CAPELLA-ро аз симфония фарќ карда наметавонад, балки дар бораи њар ду њељ маълумоту тасаввуроте надорад. Мушт намунаи хирвор аст. Худ хулоса бароред, ки таќдири асарњои мусиќии пешнињодшуда ба љоиза дар Кумита бо чунин шахсони дур аз мусиќии касбї ва фањмиш бо чї рў ба рў мегардад. Маќсади ман аз навиштани маќола ва доир кардани суњбат рафъи њамин гуна камбудињо буд, агарчи Гулназар мехоњад ин њаќиќатро бипўшонад. Гулназар боз бори дигар собит сохт, ки на ба асарњои Фаттоњ Одина ва на бо осори Дамир Дўстмуњаммадов њеч ошної надорад.

(Давом дорад)


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

СУЃД

Мушоњидањо собит мекунанд, ки амру дастурњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва роњбари аввали вилояти Суѓд, барои баъзе раисони ноњияњо танњо бо ваъдабозї анљом мешавад. Ин ваъдабозињои раисон, ки аз сол ба сол мегузаранд, дигар мардумро хушбин намекунанд, балки нисбат ба њукумат ва сохторњояш эътимодашонро коста мегардонанд. Эълом доштани 2014 "Соли роњњои обод" яке аз се самтњои афзалиятноки пешрафти иќтисодиёту иљтимоиёти вилояти Суѓд муаррифї шуд, ки он тибќи дастуру супоришњои Президенти кишвар аз љониби Абдурањмон Ќодирї роњбари аввали вилоят роњандозї гардид. Аммо ин барномаи давлатї дар ноњияи Ѓончї ба таври бояду шояд иљро нашуд ва таъмири роњњои ваъдагї валангор боќї мондаанд. Бо кўмаки Вазорати наќлиёт ва буљљети вилоят 2 км роњи мошингарди Ѓончї-Каленинобод мумфарш карда шуд. Дар расми оѓози муфаршкунии он Абдурањмон Ќодирї ширкат намуд ва ин замон дар њузури роњбари аввали вилоят, Исмоилзода Зуфар, раиси ноњияи Ѓончї бо эътимоди том ваъда дод, ки дар партави чунин иќдоми созандагии роњбари вилоят, мо ваъда медињем, ки 2 киломатери дигари ин масирро аз њисоби њукумати ноњия ва љалби соњибкорон мумфарш мекунем. Аммо ин ваъдаи Исмоилзода Зуфар, натанњо амалї нашуд, балки иљрои ин барномаи давлатиро дар ноњия миёни боду њаво боќї гузошт. -Њоло њудуди 4 км роњи беморхонаи марказии Каленинобод њамоно мисли пештара ноњамвору валангор ва хокї боќї мондааст. Њеч не, агар ин ваъдаи раиси ноњия 50% иљро мешуд, ба манфияти мардум мебуд, -мегўянд сокинони ноњия. Бар пояи маълумоти расмї, роњњои њудуди ноњия Ѓончї 725,4 км-ро ташкил медињанд, ки 619 км аз масофаи умумии роњњо таъмирталаб дониста мешаванд. Тибќи барномаи "Соли роњњои обод" дар соли 2014 дар ноњия бояд дар 182 км роњњо таъмир гузоронида мешуд. Аз љумла, дар 82 км таъмири љорї сурат мегирифт. Барои иљрои ин корњо бояд аз буљљети мањаллии ноњия 100 њазор сомонї, аз соњибкорон 562 њазор сомонї ва тавассути њашар 100 њазор сомонї љамъ 948 њазор сомонї људо ва бо ин миќдор пул роњњо таъмир мешуданд. Аммо таври маълум, буљљети ноњия њамагї 20 њазор сомонї, барои таъмири роњњо људо кардааст ва сокинони љамоатњо 17 њазор сомонї љамъоварї намудаанд, ки дар натиља ќисмати зиёди роњњои дар барнома пешбинишуда нообод боќї мондаанд. Роњи наќлиётгарди Ѓончї-Каленинобод, ки њамагї 30 км дарозї дорад, ягона роње ба њисоб меравад, ки маркази ноњияро бо умдатарин дењоти калонтарини картошкапарвари ноњия мепайвандад. Солњо боз бетаъмир мондани ин роњ картошкапарваронро дилмонда кардааст.

Аз ваъдаи навбатии раис, то мушкили картошкапарварон дар Ѓончї Ѓончї яке аз ноњияњои картошкапарвар дар кишвар номвар аст. Аз лињози истењсоли "нони дуввум" ин ноњя миёни дигар навоњї пешгом аст. Мутобиќи "Барномаи рушди соњаи картошкапарварї"-и њукумати љумњурї, барои солњои 2012-2016 ноњияи Ѓончї истењсоли картошкаро миёни хољагињои кишоварзї ва инфиродї бояд ба 123 њазор тонна баробар намояд. Аммо тавре њоло аз суръати ѓунучини њосили он дар ноњия ба назар мерасад, иљроиши ин наќша дур аз воќеият аст. Ин дар њолест, ки раис Исмоилзода Зуфар дар бораи барзиёд иљро шудани њосили картошка, њадс мезанаду ваъда медињад. Зеро аксари картошкапарварон дар дењоти Ѓончї изњор медоранд, ки њосили имсола мис-

«

ЃОНЧЇ-ЊУКУМАТИ АЗ МАРДУМ ЉУДО ё чаро Исмоилзода нисбати дастуру супоришњои Президент танњо ваъдахилофї мекунад? ли солњои пеш набуда, балки он ба маротиб коњиш ёфтааст. Зимнан, ба гуфтаи чанд тан аз њамсўњбатони мо аз дењоти Басманда ва Овчї, ки пешгомтарин дењоти картошкапарваранд, њосилнокї аз 450 килограмми солњои ќаблї ба 300 ва њатто 250 кг коњиш ёфтааст. Дењќонон сабаби коњиши мањсулнокии зироати картошкаро ба таѓйирёбии иќлим рабт медињанд, Мегўянд, камбуди борон ба нашъунамои он таъсири манфї расондааст. Бар замми ин, ба гуфтаи иддае аз дењќонони Басманда имсол мушкили сариваќт расонидани об низ пеш омадааст. Сабаби сариваќт нарасонидани обро ба мањзи амалњои худсаронаи масъулини идораи об дар љамоат маънидод мекунанд. Аз сўи дигар амалкарди мањз як гурўњ пешвоёни дења, ки худсарона обро ба замини чарогоњњои худ бурдаанд, боиси норасоии об ба зироат шудааст, мегўянд дењќонон. Дар ин миён аз Азимов Њошим ва Мирсоќов Бомирсоќ, ходимони давлатї ном мебаранд, ки барои замини чарогоњи худу аъзои хонаводаашон, обро аз њисоби умум мебурданд. Ин њол ба сариваќт нарасидани об ба картошказори мардум боис шудааст. Аммо раиси дења ва ноњия аз ин њама, ки баътар ба мољарои об дар дења боис шуд, хуб огањї доранд. Дар бораи хусусигардонињое, ки дар Басманда танњо барои иштироки афроди сарватманд шароит фароњам оварда, њам чандин бинову замини он беогоњї дар ин авохир фурўхта шудааанд, мардум нигаронї мекунанд. Њатто тибќи монобеъи муътамад, чоњи амудии мактаби тањсилоти њамагонии № 7-и дења, ки метавонист ниёзи картошкапарваронро ба об бо навтаб ќонеъ мекард, ба соњибкоре аз њамсояќишлоќ, фурўхта шудааст.

Аз тараќикунии иншоот то љанљоли гурўњї. Худкушии масъули заминсозї ва фирори як мансабдор дар Ѓончї Дар поёнии соли 2013 пас аз интихоботи президентї, ки њанўз аъзои њукуматї нав муаррифї нашуда буд, шикояти як гурўњ мардуми ањолии Даштикони ноњия ба маќомоти

Сабаби сариваќт нарасонидани обро ба мањзи амалњои худсаронаи масъулини идораи об дар љамоат маънидод мекунанд. Аз сўи дигар амалкарди мањз як гурўњ пешвоёни дења, ки худсарона обро ба замини чарогоњњои худ бурдаанд, боиси норасоии об ба зироат шудааст, мегўянд дењќонон.

«

коррупсия ва аз љумла ба нашрияи "Нигоњ" ворид шуд, ки коммисияи хусусигардонии объектњои давлатии Корхонаи воњиди давлатї оид ба фурўши амволи давлатї дар ноњия бар асоси њуљљат чор иншооти нотамоми аз ќабили маркази савдо, бинои маъмурї ва истењсолї, пойгоњи гармидињї ва як бинои истењсолии дигари воќеъ дар дењаро, ки дар мувозинати собиќ Вазорати мелиоратсия ва захирањои оби Тољикистон ќарор доштанд њамагї ба маблаѓи 100 њазор сомонї ба як соњибкори шањри Истаравшан фурўхтааст. Аммо амалан њудуди бист иншоотро аз худ кардааст. Ин мавзўъро "Нигоњ" пайгирї карда буд. 31-уми июл Музаффар Ањмадов раиси Агентї мубориза бо коррупсия дар вилояти Суѓд дар нишасти матбуотї гуфт, ки "пас аз бо суол мурољиат кардани "Нигоњ" кормандони Раёсати агентї ба мањалли иншоотњо рафта, санљиш гузаронданд. Дар натиља маълум гардид, ки арзиши аслии иншоотњо, на 100 њазор сомонї, балки 3 милиону 266 њазору 131 сомонро ташкил медињад. Аз ин лињоз, маводи љамъоваришуда ба суди иќтисодии вилояти Суѓд ирсол карда шуда, аризаи даъвогї ќонеъ карда шуд". Дар шумораи №36 аз 27-уми ноябри соли 2013 дар њафтаномаи "Нигоњ" тањти унвони "Тарака"-и ќабл аз таѓйироти сохторї дар Ѓончї" нашр гардида буд. Баъд аз нашри ин маќола Раёсати Агентии мубориза бо фасод дар вилояти Суѓд дар ноњияи Ѓончї пинњон намудани беш аз 3 миллион сомониро дар фурўши амволи давлатї ошкор намуд. Маълум, ки њукумати ноњия ба ин масъала бепарвої зоњир кардааст ва ё даќиќ медонист, ки 100 њазор нарх задани чанд иншооти муњташами њудуди ноњия аз рўї инсоф нест. Аммо бо ин вуљуд ин бепарвої ва ё шояд паймонї хукумати ноњия ошкор шуд. Дар оѓози соли равон миёни мардуми ду дења: Хўљањо ва Ќалъаи Дўст дар ноњия љанљоли гурўњї рух дод. Љанљол аз як туйи арўси сар шуда ва мављи он то ба бозори Каленинбод печид. Ин љанљол ба њадде буд, ки дар ин дањсолањо аслан ноњия ин рўйдодро аз сар нагузаронида буд. Њарчанд Исмоилзода Зуфар ин љанљолро байни ду ва ё се чор нафар шарњ медод, аммо наворњое, дар он сангзании мардуми ду дења баъало инъикос гардид. Њанўз хабари ин љанљоли гурўњї дар миёни ду дења хомўш нашуда, дар ниммањои моњи январи соли љорї додситони кулли Тољикистон аз худкушии раиси Корхонаи давлатии

фаръии (КДФ) "Замини Ѓончї"-и ноњия Эгамбердї Худойбердиев хабар дод. Дар гузориши Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар гуфта мешуд, ки ин масъули идораи "Замини Ѓончї" дар моњи октябри соли 2013 дар њоле даст ба худкушї задааст, ки мавридњои фурўши ѓайриќонунии замин дар ноњия ошкор карда шудааст. Дар ин гузориш додситонии кул њамчунин гуфта буд, ки Абдумуталиб Ахмедов - муовини аввали раиси ноњияи Ѓончї, ки њамзамон раиси Кумиссиюни ќонунигардонии молу мулк будааст, ѓайриќонунї ба 167 нафар заминњои наздињавлигї таќсим намуда, ба раиси КДФ "Замини Ѓончї" Эгамбердї Худойбердиев дастур медињад, ки барои људо намудани замин аз сокинони ноњия пул љамъ кунад. "Аммо ваќте, ки ќарорњои таќсими ин ќитъањои замин аз љониби суд бекор шуд, Абдумуталиб Ахмедов пулњои љамъшударо барнамегардонад ва дар нињоят раиси КДФ "Замини Ѓончї" Эгамбердї Худойбердиев аз ин вазъ ба танг омада, даст ба худкушї мезанад". Ба думболи ин њодиса додситонии ноњия дар чорчўби ин парванда ќасди боздошти муовини аввали раиси ноњия Абдумуталиб Ахмедовро дошт, аммо он замон раиси ноњияи Ѓончї Исмоилзода Зуфар ба њабси он замон муовинаш розї намешавад. Зимнан, Ахмедов Абдумуталлиб, муовини пештараи раиси ноњияи Ѓончї дар пайгарди ќонунї ќарор дорад. Онњое, ки медонанд, таъкид мекунанд, ки таќсими замин, умдатан бо ќарори раисони шањру ноњияњо сурат мегирад ва ин љо њам бояд худи онњо муваззаф бошанд, ки чунин ќарорњоеро содир кардаанд. Ва фирори муовини пештараи раиси ноњияи Ѓончї њам шояд ба он хотир бошад, ки интригањои бештар дар мавриди фурўши замин аз сўи масъулони аз ў њам баландмаќом љой дораду ошкор нашавад. Дар нимсолаи аввали соли љорї Ќурбонзода Шариф, прокурори вилояти Суѓд таъкид кард, ки ба 7 ќарори ѓайриќонунии раиси ноњияи Ѓончї дар мавриди људо намудани ќитъаи замин эътирози прокурорї оварда шуда ва онњо бекор карда шудаанд. Шояд Исмоилзода Зуфар, ки намояндаи Президент дар мањал мањсуб мешавад, ин бор њам мисли ваъдаи таъмири роњ гўяд, ки дигар ќарори ѓайриќонунї содир намекунем?!

Шарафи ЌИЁМПУР


АНДЕША (Идома аз шуморањои гузашта) 13. Маблаѓрасонї (финансирование). Банда чанд муддат ба ин тараф дар баъзе китобу маќолањо (финансирование) - ро маблаѓрасонии фаъолият, лоиња, иншоот, наќша оѓоз шуд, дар љараён аст, анљом гирифт, ё маблаѓарасонии сармоягузорињо ба сармоя асосї менависаму мегўям. Чаро? Пажуњиши беш аз 30-солаам собит сохт, ки 90 дарсади ањди иќтисодї дар љањон бо истифода аз вожаи (финансирование) анљом мегирад ва ин ибора маънои калону калонтармешударо дорад. Аммо дар кишварњои форсизабон, мутаассифона, маќоми њамин ибораро дуруст дарк накардаанд. Беш аз 90 сол ба ин тараф дар Тољикистон ибораи русии "финансирование" дар миёни навиштану гуфтан аст, вале муродифи дурусти форсии тољикии он набуд. Дар њар давра њар њел мегуфтанд: " маблаѓ додан", "маблаѓдињї", вале бештар

15. Ном ва навиштаљотњои вазоратхонањо дуруст гардад. Масалан, соли 2013 як умури давлатии назоратбар дар чорчўбаи ќонуни махсус ба фаъолият оѓоз кард, ки "Палатаи Њисоби Љумњурии Тољикистон" ном нињоданд. Хонандаи аз коргузорихо дар корхонаву вазоратхонањо ва грамматика иттилоъ надошта аз номи ин умури нав мабодо бифањмад, ки "Палатаи Њисоби ЉТ" ягона вазоратхона мебошад, ки тамоми њисобдории давлат дар марказ ва минтакањоро дар ихтиёр дорад. Дар амал ин тавр нест ва њар корхона, ташкилот ва вазорат хисобдории худро анљом медињанд. Номи "Палатаи Њисоби ЉТ" маънои фаъолияти онро ѓалат ифода мекунад ва њайратзада мегардї аз бепарвогии вакилони Маљлиси намояндагон, аъзоёни хукумати марказї ва масъулон дар ќиболи забони давлатї, ки ќонун ва чанд ќарору дастур ба тавсиб расониданду лањзае наандешиданд, ки њамин номи умури давлатї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

ибораи "иртибот" дар ивази "алоќа" мавриди истифода ќарор гирад. Фикр дорам, ки алоќа байни ду љинс мешавад. Бояд гуфта шавад "Иртиботи мобилї, электронї" ва дар номи идора низ ибораи алоќа набояд бошад.

НАМЕЊОЊАМ РОБОТИ НАСБГАРДИДА БОШАМ 19. Номи њуљчати дар њисоббаробаркунињои тиљоратї (счет-фактура) - и њазорњазор адад бакоргирифтаро њатто дар њафтаномаи, масалан, "Бољу хирољ" №30(919), 2014 "Њисобнома -фактур" менависанд (нигаред: семинар машварат "Оид ба тартиби истифодаи Њисобнома-фактурањои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизњо"), ки як сањви мантиќї чанд миллион коршиносонро гул мезанад. Як нафари тарљимон аз саросемагї сањв кардааст, миллионњо намеандешанд аз мушкилие, ки пеши худ ва як коршиноси њамзабон, масалан, аз Афѓ-

7

намоям, ки агар адади докторњои илмњои иќтисодї ва иќтисоддонони маълумоти олидорро ба њар њазор нафар ањолї таќсим намоем, Тољикистон дар яке аз панљ зинаи аввали љањон ќарор мегирад. Аммо иќтисодиёти кишвар ќудрати нашикастан ва худгардониву зояндаи шуѓли андешашударо надорад. Эрик Зелтсман, корманди сафоратхонаи ИМА аввали июли соли 2014 навишта буд, "дар асл њанўз њам умури идории шўравї дар Тољикистон побарљост". Чанд сол ба ин тараф мегўям, ки НДС набояд арзиши иловашуда, балки "арзиши замшуда" гуфта шавад ва чанд иќтисоддони унвондор дар љавоб мегўянд, "фарќ надорад!". Вале базори курмак ва шолї як хосият дорад гўем, аксариятро ханда ба лаб меояд. Аз њама хусусан аз љавонон гила надорам, ки асари "Капитал" - и Карл Марксро надидианд. Вале бисёре аз унвондорон барваќт, солњои донишљўияшон шунида бу-

Гуфторе, ки бунёдгузору њифозатгари истиќлолият гардад "маблаѓгузорї" ба кор гирифта мешавад. Дар кишварњои њамзабон низ ибораи "финансирование" баргардони илмии худро пайдо накардааст, масалан. дар Ирон "таъмини эътиборот", "мусоидати молї кардан" менависанд, ки маќсад аниќ нест ва бо истифода аз ин иборањо наметавон гуфтори рехтаро баровард, ки матлабро кутоњ баён намояд. Масалан, вазири нерўњои Ирон 15/ 08/2014 ба BBC/persian гуфтааст, ки "вазоратхона 850 тарњ дар даст дорад ва барои тамом кардани ин тарњњо ба $150 миллиард доллар эътибор ниёз дорад". Ва агар дар ивази эътибор "маблаѓрасонї" љой мегирифт, бењтарин сухани рўз аз забони Њамид Читчиён мебуд. Метавон љумлае аз матбуоти Тољикистон овард. Дар рўзномаи "Садои Мардум, №89-92 аз 06/08/2014" омадааст "ташкилотњои ќарзии исломие, ки ба фаъолияти маблаѓгузории хурди исломї машѓул мебошанд". Вале ин ташкилот бо технология, обу ободонї, сохтмони иншоот ва техника сарукор надорад, ба љузъ ќарзгузорї, ки аз он бањрапулии яксар намегирад. Хуб мебуд чунин гуфта шавад, ки "Муассисаи исломии ќарзие, ки ба маблаѓрасонии хурд машѓул мебошад".

ПАЛАТАИ ЊИСОБРАСИИ ЉТ Дар гуфтору коргузорї аз иборањои ѓайриилмї ва бегона бояд парњез кард. Масалан, Њисобдории дусабтї (двойная бухгалтерия) - номи илм мебошад, ки аз он усул ва фаъолияти касбии хизматчиён, ки дар њама корхонаву муассиса ва вазоратхонањо њастанд, маъно мегирад. Нафањмидани маънои ин ду ибораи русї боис шудааст, ки тўдаи кормандон ибораи арабии "Муњосибот" - ро дар гуфтор ва афкор љой доданд. Ва дар корхонаву идорањо метавон пушти дари њуљраи кории хамин гуруњи хизматчиён ибораи "Муњосибот"-ро дид, ки аз истифодаи ибораи бегонаву нољо дар њайрат мемонї. 14. "Њисобдории дусабтї" - ро чун аснод ё усули илмї метавон ба кор гирифт ва касби хизматчиёни ба амал меовардаи ин усулро њисобдорї, њисобдор, сарњисобдор бояд гуфт. Зарурат барои истифодаи "тавозун" нест, чунки ибораи рехтаи тарознома (баланс) - ро метавон мавриди истифода ќарор дод. Ибора мантиќ дорад, "тароз" шакли кутоњкардаи тарозу бошад, ибораи "нома" дар вараќаи тартибгирифта сабт бо даст, ё чопи компютерии раќам аст, ки нома аз баробарии амалиётњои моддиву молиявии корхона, бонк ва вазорат фањмида мешавад.

МАКТАБ И ШУКРО НА ВА ИТО АТКОРЇ

чї тавр хонда ва фањмида мешавад. Дар асл кормандони Палата вољибанд ба њисоботномањои молиявии анљомгирифта расидагї намоянд ва сањви содиргашта, ё фиребу ришвахуриро муайян созад, ки як шохчаи демократик дар дарахти давлатдорї буда бошад. Њамин тавр, кори кормандон - ин усули њисобрасии њисоботномањои интихобї мебошад ва аз ин љо номи умури давлатї бояд, ки "Палатаи њисобрасии ЉТ" бошад. 16. Дар њама ќонуну ќарори ду шохаи хукуматдорї ибораи "андоз" - ро бакор гирифтаанд. Дар Тољикистон дар ивази ибораи "андоз" ибораи рехтаи "молиёт" бояд мавриди истифода ќарор гирад, ки ин калима фаќат як маъно дорад: ба бўчет пардохтани як ќисми даромад. Молиёт маънои онро дорад, ки дењќон, коргар, корпоратсия, бонк як ќисми арзиши даромади худро дар чорчўбаи ќонунњои амалкунандаи кишвар бо сомонї ё асъори хориљї ба буљети давлат пардохт мекунад. Калимаи андоз чанд маъно дорад ва мавриде, ки шакли сифат (глаголь) - ро мегирад, омили хандахезї мешавад. 17. Пешнињод дорам, ки дар оянда мавриди азнавдидани сохтори маќомоти иљроия, вазоратхона "Кумитаи молиёти Њукумати Тољикистон" номгузорї гардад ва ба истифодаи пайвандаки "назди" зарурат нест. Хушбахтона, кормандони ин маќомат дар ивази номи пешини нашрия, номи "Бољу хирољ"- ро оварданд, ки хеле гуворо аст. 18. Хуб мебуд, ки дар кори хизматрасонии факсу почтаи электронї ва мобилї

Ман ў оњиста-о ро њиста од мекунон ам, ки м ат аро ба сари дас тархон роњ диња д...

онистон чи тавр фањмонем, ки ин як њуљљат њам "фактур" ва њам "њисобнома" мебошад. Хонандаи зирак маъно ва љойи "нома" гуфтанро медонад. Ибораи русии "Счет" - ро бо форсии тољикї (1) суратњисоб, (2) шумориши маблаѓи ситонидамешуда бояд фањмид. Гуфта шавад, ки ин њуљљат ба танњої "њисобнома" нест. Аввал, бо сабаби дар давоми "Њисобнома" љой доштани ибораи "фактур", ки далели шумориши маблаѓи талабмекардаи молфурўш мебошад. Дуввум, агар њуљљати молиявии "Супориш - пардохт" набошад "Њисобнома - фактур" њељ кадом далели ќонуниро надорад. Њуљљати номбурдаро бояд "Шуморишфактур" бигўем ва навъе аз олотдасти молиявии идора кардан аст. Зимнан, номи маводи дар сањифањои 8 - 9 - и њафтаномаи "Бољу хирољ" №30(919) чопшуда метавонист "…тартиби истифодаи Шумориш- фактури молиёт аз арзиши замшуда ва бољи воридотї" буда бошад, ки њама сањви илмї ва роњбарї бардошта мешуд. 20. Ибораи "акциз" - ро банда бољи воридотї мегўям ва дуруст аст, ки дар коргузорї ибораи "пошлина" - ро бољи гумрукї мегўянду менависанд. Бољи воридотї (акциз) на аз њама молу мавод ситонида мешавад ва усули муайян кардани он аз бољи гумрукї, ки меъёри ягона барои њама молу маводи ба кишвар меомадаро дорад, фарќ мекунад. 21. Пеш аз он, ки дар фањмиш, гуфтану навиштан муњим будани истифодаи "арзиши замшуда" ро овардаам, мехохам зикр

даанд, ки дар њамон китоб умдатарин нишондињандаи иќтисоди љањон ва њар кишвар "арзиши иловашуда - фоида" (прибавочная стоимость - прибыль) возењ тањлил гаштааст ва дар 150 соли охир касе дар ин масъала андешаи навтарин нагуфт. 22. Русзабонон андеша кардаанд ва медонанд, ки "арзиши иловашуда" ин њамон фоидае аст, ки максади кору фаъолият мебошад. Молиётсупоранда ќариб њар рузи корї, пештар аз муайяну пардохт кардани молиёт аз фоида, озодиву аќли фаъолияти худро ба амал мебарорад: яке, масалан, 10 дарсад, дигаре 20 дарсад ё 25 дарсад аз харољотро, чун арзиши иловашуда пешбинї карда, хисоботи молиявиро дар њар давра омода месозад, ки 13 дарсад аз фоидаро ба буљет пардохтааст. Олимони рус НДС -ро "Налог на добавленную стоимость" номидаанд. Аммо дар Тољикистон ќариб 30 сол мешавад, ки олимон, ќонундонон ва кормандони блоки иќтисодї байни иборањои русии "прибавочная" ва "добавочная стоимость" фарќ намебинанд, ки њайратзада мешавї. Олотдасти арзиши замшуда (НДС) маќоми вољибиятро дорад. Дар бакоргирии арзиши замшуда (НДС) молиётсупоранда њеч кадом озодии амал дар кори каму зиёд кардани меъёри маблаѓро надорад, ба љузъ њисоб ва пардохт кардани он ва НДС, чун олотдаст, дар муддати муайян рушди кишварро ба кўчаи сарбаста меоварад. (Давом дорад) Холмањмад АЗИМОВ


8

РАНДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

"Фарњанги имлои забони тољикї", ки беш аз 65 њазор калима ва истилоњотро фаро гирифтааст, тибќи "Ќоидањои имлои забони тољикї", ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 тасдиќ шудааст, тањия гардидааст. Фарњанги имло таѓйироти ба Ќоидањои имлои соли 2011 воридгардидаро дар бар мегирад. Фарњанги мазкур, чи тавре дар пешгуфтори он ишора ёфтааст, асосан тибќи меъёрњои таърихї тањия ва тартиб дода шуда, иќдоми наљиб ва шоиста мебошад. Китоби "Фарњанги забони тољикї" аз фонди захиравии Президенти муњтарами Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар њаљми 20 љузъи чопї нашр гардидааст. Бояд гуфт, ки дар бораи "Фарњанги имлои забони тољикї" дар матбуот чанд таќриз ба нашр расид. Яке аз чунин таќризњои муњим ва пурарзиш ба ќалами профессор Абдуљамол Њасанов тааллуќ дорад, ки дар њафтаномаи "Адабиёт ва санъат" (6.02. 2014, №6 (1717), сањ. 11) тањти унвони "Ду магўву ду мадону ду махон" дарљ гардид, ки муаллиф бисёр њусну ќубњи китоби мазкурро бо далелу бурњонњои ќавї ва муътамад нишон додааст. Мо низ ба фикру андешањои донишманди муњтарам пурра розї њастем ва онњоро дурусту сањењ мешуморем. Маълуми њамагон аст, ки мураттаб сохтани фарњангњо, махсусан фарњанги имло, кори сањл набуда, кори хеле масъулиятнок ба шумор меравад, зеро вожаномаи мазкур дастури ягона ва амалиест, ки тибќи он забони давлатии Љумњурии Тољикистон-забони адабии тољикї ифода меёбад ва барои корбурди њамагонї пешнињод карда мешавад. Аз ин рў, Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои тањияи фарњанги имло бояд бењтарин донишмандони забоншиноси кишварамонро љалб мекард. Мураттибону њайати тањририя ва муњаррири масъулро мебоист, ки њар як калимаву ибораро аз њаллољии фикру андеша мегузарониданд ва сипас тарзи дурусту сањењи онро дар "Фарњанги имлои забони тољикї" љой медоданд. Мутаассифона, ин кори сангину пурмасъулият дар тањия ва мураттаб сохтани вожаномаи мазкур комилан риоя нагардидааст. Нахустин сањву ѓалате, ки ба назар расид, номувофиќатии ќоидањои имло бо маводи фарњанги имло мебошад, яъне дар ќоида як тарзи навишти калима пешнињод мешавад, аммо дар фарњанг тарзи дигари он дарљ гардидааст. Масалан, дар банди 3-и "Ќоидањои имлои забони тољикї" гуфта мешавад, ки њамсадои "н" пеш аз "б" ба сурати "м" талаффуз шуда, аммо тибќи меъёр "н" навишта мешавад: анбор, анбўр, занбар, пунба, сунбул, танбал, танбўр, шанбе ва ѓайра, аммо дар фарњанги имло баъзе калимањои мазкур, ба мисли занбар//замбар (сањ. 99), танбал, танбалї, танбалона//тамбал, тамбалї, тамбалона оварда шудаааст. Калимаи "санбўса" ва калимањои дар таркибашон ин вожаро дошта дар шакли самбўса, самбўсапаз, самбўсапазї, самбўсафурўш, самбўсафурўшї (сањ. 211) оварда шудаанд, ки ѓалат аст. Дар ќоидањои имло калимаи "таъйин" бе навиштани "й" таъкид гардидааст, вале дар вожанома дар шакли "таъйин" (сањ. 242) дода шудааст. Дар эзоњи банди 3-уми "Имлои њамсадоњо"-и ќоидањои имло чунин гуфта шудааст: "Калимањое, ки таърихан дар таркиби худ њамсадои "й" доранд, аз ин ќоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёњ), љой (љойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибњои навъи найистон, оройиш, осойиш, чораљўйї, рўйи хотир, ба рўйи, ба сўйи, ба љойи ва ѓайра", вале дар фарњанги имло вожањои оройиш, осойиш дар шакли ороиш, осоиш ва ѓайра дарљ гардидааст, яъне навишти ин калимањо дар фарњанги имло ба меъёри ќоидањои имло мувофиќат намекунад. Дар банди "в"-и банди 6-уми ќоидањои имло вожаи "бўрё" дар шакли "бурё", аммо дар фарњанги имло ба гунаи "бўрё" дар таркиби калимањои бўрёбоф, бўрёбофї, бўрёкубон, бўрёпеч, бўрёпулї, бўрёпўш (сањ. 60) омадааст. Пас, хонанда ба кадомаш бовар кунад? Дар банди 13-уми ќоидањои имло омадааст: "Имлои њамсадоњои ташдиддор дар калимањои тољикї дар асоси усули таърихї сурат мегирад: арра, барра, парра, пашша, бурро ва ѓайра". Дар пешгуфтори "Фарњанги имлои забони тољикї", ки ба ќалами доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов дар ин бора чунин таъкид гардидааст: "Дар Фарњанг ташдиди бархе аз њамсадоњо

дар вожањои форсї-тољикї, ки бо таъсири забонњои туркии минтаќа сурат гирифтааст, ислоњ карда шуд. Ба таври мисол, сода бар ивази содда, паша ба ивази пашша (дар савтиёти туркї) ва мукї бар ивази муккї… ва ѓайра… Дар "Фарњанги имлои забони тољикї" иштибоњоти ба ин монанд то љое (дар пешгуфтор ба тарзи "љойе" навишта шудааст, ки ѓалат аст - Ќ.С.) ислоњ карда шуд, ки чунин бархурди (тибќи ќоидаи имло бояд "бархўрд" навишта мешуд- Ќ.С.) илмї ва таърихї ба манфиати њифзи асолати забони миллї мебошад". Дар њаќиќат, дар "Фарњанги имлои забони тољикї" калимањои паша, пашакушак, пашахона, пашахўрда, кўрпаша, парипаша (сањ. 126, 188, 190) бе ташдид оварда шудаанд, ки хилофи нишондоди "Ќоидањои имлои забони тољикї" мебошад. Мо њам љонибдори чунин бархўрди илмї ва таърихї барои њифзи асолати забони тољикї мебошем, вале масъулони ин соња њангоми мураттаб сохтани "Ќоидањои имлои забони тољикї" бояд унсури луѓавии номбурдаро дар таркиби тамоми калимањо дар шакли "паша" сабт мекарданд. Илова бар ин, калимањои паша, пашакушак, пашахона, пашахўрда дар сањифаи 190-уми фарњанги имло пас аз калимаи "пашту" дарљ карда шудаанд, вале аз рўйи тартиби алифбои забони тољикї мебоист онњо хеле пештар, баъди калимаи "паш" љой дода мешуданд. Чунин номувофиќатї дар фарњанги имло бисёр ба чашм мерасад ва дар оянда ѓалатњои содиршударо њатман ислоњ мебояд кард. Дар бахши 6-уми банди 27-и ќоидањои имло гуфта мешавад, ки шумораи касрї аз шумораи аслї људо навишта мешавад ва ба таври мисол таркиби "яку ним" ишора гардидааст, вале дар фарњанги имло он дар шакли "якуним" (сањ. 318) дарљ гардидааст. Инчунин, дар бахши "в"-и банди 40-уми ќоидањои имло гуфта мешавад, ки таркибњои пешояндии ќолаби зерин: дар ба дар, рў ба рў, тан ба тан, пай дар пай ва ѓайра аз њамдигар људо навишта мешаванд, вале дар фарњанги имло

«

Мураттибону њайати тањририя ва муњаррири масъулро мебоист, ки њар як калимаву ибораро аз њаллољии фикру андеша мегузарониданд ва сипас тарзи дурусту сањењи онро дар "Фарњанги имлои забони тољикї" љой медоданд. Мутаассифона, ин кори сангину пурмасъулият дар тањия ва мураттаб сохтани вожаномаи мазкур комилан риоя нагардидааст.

«

ин нишондод риоя нашуда, таркибњои мазкур дар шакли "дарбадар", "пайдарпай" (сањ. 82, 185) оварда шудаанд. Дар бахши "в"-и банди 13-и ќоидањои имло чунин зикр шудааст: "Њамсадоњои анљоми калимањои иќтибосии арабии навъи дур, кул, зид, ќад, сир, хат, фан, њад ва ѓайра, ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандї ташдиди онњо дубора барќарор мегардад (дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, ќадди расо, сирри њарбї, фанни забон, њадди аќал, истилоњи фаннї, кори хаттї, хатту савод, љидду љањд ва ѓ.", аммо дар фарњанги имло дар таркиби калимањои ростхата, ростхатї (сањ. 205), сарњадї (сањ. 216) ва њоказо ин ќоидаи имло риоя нашудааст. Аз њама бештар дар фарњанг ѓалатњо дар тарзи навишти калимањо бо садоноки "у"-и дароз ба назар мерасанд. Масалан, дар эзоњи бахши 2-уми ќоидањои имло гуфта мешавад, ки дар анљоми калимањои решагии зерин бо риояи меъёри таърихї бо "у" навишта мешавад: бону, зону, неку, пањлу, олу, олу, орзу, дору, аду ва ѓайра. Ба ин гуна вожањо гесу, неру, абру низ тааллуќ доранд, ки дар ќоидањои имлои пешина бо "ў" ("у"-и дароз") навишта мешуданд. Дар фарњанги имло калимањои абру, абруборик, абрукамон, абрукушода ва ѓайра бо таќозои ќоидањои нави имло омада бошанд, аммо вожањои камонабрў, пайвастаабрў, сиёњабрў ва ѓайра чун пештара бо "у"-и дароз сабт шудаанд. Ќайд кардан лозим аст, ки калимаи "обрў" ва "абрў" аз таркибњои маљозии "оби рў" ва "абри рў" ба вуљуд омадааст ва аљиб аст, ки дар ќоидањои нави имло навишти "обрў" бо "у"-и дароз, вале "абрў" бо "у"-и муќаррарї зикр шудааст. Ба андешаи инљониб тибќи меъёри илмию таърихї калимаи "абрў" мебоист дар шакли пешина навишта мешуд, зеро вожаи "рў" ё "рўй" дар ќоидањои нави имло бо "ў" (у-и дароз) сабт шудааст, вале дастандаркорони ќоидањои нави имло инро ба назари эътибор нагирифтаанд. Ё ин ки калимаи "ѓўлинг" бо "у"-и дароз дарљ ёфтааст, вале вожањои "ѓулингоб" ва "ѓулингчинї" бо "у"-и муќаррарї оварда шудаанд. Чунончи дар боло ќайд кардем, калимаи "пањлў" дар ќоидањои имло дар шакли "пањлу" ќайд гардидааст, вале дар фарњанги имло ин ќоида риоя намешавад. Аз љумла калимаи мазкур дар шакли "пањлу" (сањ.179) оварда мешавад, вале дар таркиби вожаи "каљпањлў" (сањ. 119) ин калима чун пештара бо "у"-и дароз ќайд карда шудааст. Дар эзоњи банди 5-уми "Ќоидањои имлои забони тољикї" чунин гуфта шудааст: " Њарфи "ў" дар оѓози калима дар иќтибосњои туркї навишта мешавад: ўгай, ўрда, ўѓур, ўмоч ва ѓайра". Дар "Фарњанги имлои забони тољикї" калимањои мазкур дар шаклњои уѓур, урда, умоч (сањ. 249) бо "у"-и дароз (сањ. 252) навишта шудаанд. Ба андешаи инљониб бояд навишти вожањои номбурда бо ќоидањои имло мутобиќат мекард. Аз ин рў, калимањои мазкур, ки бо "у"-и муќаррарї навишта шудаанд, аз фарњанг берун карда шаванд. Дар робита бо калимањои иќтибосии туркї гуфтан лозим аст, ки дар фарњанги имло калимањои "узбак", "узбакї" бо "у"-и муќаррарї ва "ўзбек",

"ўзбекї" бо "у"-и дароз навишта шудаанд. Њол он ки њар ду калима аз як реша гирифта шуда, дар забони адабии классикии форсии дарї (тољикї) он дар шакли "ўзбак" ва дар ањди шўравї дар шакли "ўзбек" кор фармуда мешуд. Имрўз њам дар лањљањои тољикии Мовароуннањр ва забони адабии дарии Афѓонистон ва форсии Эрон талаффузи "ўзбак" ва "ўзбакї" роиљ аст. Хуб мешуд, ки њар ду гунаи калимањо бо як навъи овози "у" сабт шавад, ки боиси њарљумарљ дар забони адабии тољикї нагардад. Дар "Ќоидањои имлои забони тољикї" вожаи "мўъмин" дар таркиби номи Саидмўъмин бо "ў"-и дароз оварда шудааст, вале дар китоби "Фарњанги имлои забони тољикї" калимаи мазкур дар шакли "муъмин" дарљ ёфтааст. Ин њолат дар мавриди дигар калимањо, аз љумла "муътадил" (сањ. 151) ва "мўътадил" ("номўътадил", сањ. 173) ба назар расид. Навишти калимаи "рўъё" дар фарњанги имло бо "у"-и дароз пешнињод шудааст, њол он ки он љузъи аввали он "рўъ" њамшакл ва њамвазни љузъи "муъ"-и калимаи "муътадил" мебошад, вале яке бо "у"-и муќаррарї ва дигаре бо "у"-и дароз навишта мешавад. Дар банди 10-уми ќоидањои имло калима ба тарзи "анбўр" нишон дода шудааст, вале дар фарњанги имло вожаи мазкур дар шакли "анбур" зикр ёфтааст. Дар фарњанги имло дар бисёр калимањои њамвазну њамшакл гуногуннависї ба чашм мерасад, аз љумла "андуњ" бо "у"-и муќаррарї ва "анбўњ" бо "у"-и дароз. Дар фарњанги имло дар як маврид калимаи "андуњ" бо "у"-и муќаррарї ва дар мавриди дигар бо "у"-и дароз дар шакли "андўњ" (дар таркиби вожаи "пурандўњ" (сањ. 195) пешнињод гардидааст. Дар навишти калимаи "кўњ" низ њарљумарљ ва сардаргумї дида мешавад. Дар ќоидањои имло вожаи мазкур дар шакли "кўњ" навишта шудааст. Ин калима дар чанд маврид дар фарњанги имло тибќи ќоидањои имло ба гунаи "кўњ" дарљ ёфтааст, аз љумла дар таркиби калимањои кўња, кўњбаро, кўњбарої, кўњбон, кўњбонї, кўњбуд, кўњвор, кўњгард, кўњгардї, кўњї, кўњкан, кўњкор, кўњкорї, кўњнишин, кўњистонї ва ѓайра, аммо дар таркиби "куњнавард", "куњнавардї" (сањ. 125) бе "у"-и дароз пешнињод шудааст. Калимањои мазкур ба гунаи сањењи "кўњнавард" ва "кўњнавардї" пас аз калимаи "кўњдон" (сањ. 126) бояд љой дода шавад. Тибќи меъёри таърихї вожањои "мўњр" ва "мўњра" дар ќоидањои нави имло дар шакли "муњр" ва "муњра" оварда шудаанд, ки дурусту сањењ мебошанд, зеро дар навишти форсии онњо њарфи вов мављуд нест ва калимањои мазкур бо замма навишта мешаванд. Ин вожањо дар танњої ва дар таркиби калимањои муњрабоз, муњрабозї, муњрагар, муњразан, муњрадор, муњраќалам, муњрдор, муњрдорї ва ѓайра тибќи ќоидањои нави имло оварда шудаанд, вале дар фарњанги имло ин калимањо дар таркиби "гилмўњра" (сањ. 69) ва "резамўњра" (сањ. 2003) бо "у"-и дароз сабт ёфтаанд, ки ѓалат аст. Чунин ѓалат дар навишти калимањои "ѓўла" (сањ. 79), "ѓула" (дар таркиби "дудѓула", сањ. 92), "дукон" (сањ. 92) ва дўкон (дар таркиби "пешдўкон" ва "подўконї") ва ѓайра ба чашм мерасад. Дар "Фарњанги имлои забони тољикї" калимањои


БА ХОТИРИ ИСЛОЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

9

ХАТ ЃАЛАТ, МАЪНЇ ЃАЛАТ, ИМЛО ЃАЛАТ, ИНШО ЃАЛАТ… (АНДЕШАЕ ЧАНД ПИРОМУНИ "ФАРЊАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОЉИКЇ", Душанбе: "Шарќи Озод", 2013, 320 сањ.) мавзўъ, вуќўъ, вулўъ, мазрўъ, маснўъ, мамдўњ, матрўњ, рукўъ, вузўњ, маќтўъ, машрўњ, танаввўъ, тулўъ, сутўъ ва ѓайра бо "у"-и дароз навишта шудаанд, вале вожањои мамнуъ, таваќќуъ, муљаз, сабуњ, табарруъ, маъруза, таваќќуъ бо "у"-и муќаррарї омадаанд, вале калимањои "бетаваќќўъ" (сањ. 49), "маърўзакунанда" бо "у"-и дароз дарљ ёфтаанд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар "Фарњанги имлои забони тољикї" дар радифи гунаи аслиии бисёр калимањо гунаи тањрифшуда ва ѓалати оми онњо оварда шудаанд, ки ќобили ќабул нест. Масалан, калимањои афв//авф; китф// кифт; сурфа//сулфа; пойафзор//пойафзол; шашафзор//шашафзол: сарафзор//сарфазол; бодинљон//боимљон, бодимљон; бањодур//боњтур; дастархон//дастурхон// дасторхон; девор//девол; ќуфл//ќулф, неру//ниру; ожанг//ољинг; жўлидан//љўлидан, ризоят//ризоият, чаѓбут//љабѓут//љаѓбут, чанбар//чамбар; чанбарак//чамбарак; чанбардон//чамбардон; чанбарпеч//чамбарпеч; чанбаршох//чамбаршох; масњї//мањсї; масњидўзї//мањсидўзї; масњифурўшї// мањсифурўшї; чуѓрот//чурѓот; девор//девол; севум//савум ва ѓайра дода шудааст. Мутаассифона, овардани гунањои тањрифшуда ва хатои оми калимањо барои густариши чунин ѓалатњои забони адабии тољикї мусоидат мекунад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки дар фарњанги имло танњо гунањои аслї ва сањењи калимањоро оварда, гунањои ѓалату нодурусти онњо берун карда шаванд. Яке аз камбудињои "Фарњанги имлои забони тољикї" овардани миќдори зиёди калимањои иќтибосии туркї, ки дар даврони шўравї вориди фонди луѓавии забони адабии тољикї гардида мебошад. Ин калимањо тайи даврони истиќлолияти Љумњурии Тољикистон дар забони адабии тољикї кор фармуда намешаванд, вале чунин вожањо дар фарњанги имло фаровон ва нољо оварда шудаанд. Масалан, калимањои уттї, чимилиќ, чаќалоќ, ямоќ, чумоќ, чул, чулоќ, чумчуќ, чўрї, биќин, ўгай, ўлља, елим, юндї, юндикоса, юрма, ертиш, ем, емхўрак, ёмхўрї, юрмадўзї, етак, балиќ, ќўруќ, ќуроќ, ќуймоќ, ќумалоќ, ќултуќ, ќуљоќ, ќўтур, севанчї ва ѓайра набояд дар фарњанги имло дарљ мегардиданд, њол он ки бисёр вожањои сирф ва ноби форсии тољикї аз вожаномаи мазкур берун мондаанд. Масалан, калимаи "сунњор" вожаи сифр тољикист, ки дар лањљањои тољикии Ќаротегину Дарвоз ва шимоли Афѓонистон фаровон ба кор бурда мешавад ва бо калимаи "сноха"-и русї њамреша аст. Дар забони адабии тољикї ба љойи ин калима "келин", "зани писар", "арўс" кор фармуда мешавад. Дар фарњанги "Бурњони ќотеъ" ќайд карда шудааст: "Сунњор - бар вазни гулзор, зани писар бошад, ки ба туркї келин хонанд". Дар лањљаи тољикони Ќаротегин зарбулмасали "Духтарам ба ту мегўям, келинам шунав" чунин зебову шоирона ифода ёфтааст: "Дар гуфтам, девор гўш дор, духтар гуфтам, сунњор гўш дор". Ё ин ки дар лањљаи ноњияи Файзобод духтари ўгай дар шакли "духтандар" (шакли сањењи он "духтарандар") ва "писандар" (шакли сањењи он "писарандар" ба мисли "моиндар" ва "пияндар" (шакли сањењи онњо "модарандар" ва "пада-

рандар") мањфуз мондааст. Боиси хурсандист, ки калимањои мазкур дар шаклњои аслї ва сењењи худ: падарандар, модарандар, писарандар, духтарандар дар вожанома љойгир карда шудаанд. Бинобар ин, дарљи чунин калимањои ноби ба гуфти устод Садриддин Айнї "классикона" дар фарњанги имло барои пурѓановат гардидани забони адабии тољикї мусоидат мекунад. Чунин калимањои зебо чун дурдонањои зебо дар тамоми лањљаву гўйишњои забони тољикї мањфузанд ва онњоро дарёфта, ба мардум пешкаш намудан лозим аст. Ин кори хайру муњимро пеш аз њама тавассути "Фарњанги имлои забони тољикї" амалї намудан мумкин аст. Бояд гуфт, ки дар фарњанги имло як ќатор калимањо, масалан, авќот, авќотворї, авќотпазї, авќотхўрї (сањ.22-23) ѓалат оварда шудаанд. Вожаи "авќот" шакли тањрифшудаи "аќвот" аст, љамъи ќут, яъне хўрокњо. Дар натиљаи метатеза "аќвот" ба "авќот" табдил ёфтааст ва дар лањљањои љанубии забони тољикї роиљ аст. Вожаи "авќот" љамъи "ваќт" мебошад ва маълум аст, ки ваќтро хўрда намешавад. Аз ин рў бояд ин калима дар дигар вожањои аз ин унсури луѓавї таркибёфта дар фарњанги имло дар шакли аслиашон ќайд карда шаванд. Дар фарњанги имло калимаи "ахборот" (сањ. 32) оварда шудааст, ки ѓалати мањз аст. Худи вожаи "ахбор" љамъи "хабар" ва "ахборот" љамъулљамъи он аст, ки дар давраи шўравї ба хатои ом табдил ёфта буд ва дар њамин шакл фаровон истифода мегардид, бинобар ин, вожаи мазкурро набояд дар фарњанги муътабари имлои забони тољикї љой дод. Дар фарњанги имло калимањои "бархурдор" ва "бархурдорї" дар шакли "бархўрдор" ва "бархўрдорї" (сањ. 41) дарљ гардидаанд, ки ѓалат аст ва бояд ин вожањо бо "у"-и муќарррарї навишта шаванд. Инчунин, дар вожанома калимањои "гўштин", "гўштингирї" (сањ. 74) сабт гардидааст, ки ѓалати мањз мебошад. Номи ин навъи варзиш дар лањљањои тољикии Мовароуннањр ва дарии Афѓонистон дар шакли аслии "гуштї" ва дар забони форсии Эрон ба гунаи "куштї" роиљ аст. Дар забони классикии форсии дарї дар шакли "гуштї" фаровон истифода мегардид ва дар навишти алифбои ниёгон вови маъруф надорад. Абулќосим Фирдавсї дар "Шоњнома" фармудааст: Касе, к-ў гуштї набард оварад, Сари мењтаре зери гард оварад. Аз ин рў вожаи мазкур ва калимањои бо ин унсури луѓавї таркибёфта, амсоли "гуштигир", "гуштигирї" ва ѓайра бояд оварда шавад, зеро вожаи "гўштин" дар "Фарњанги забони тољикї" ба маънои аз гўшт сохташуда, аз гўшт иборатбуда шарњ дода шудааст. Барои тасдиќ аз Мавлоно Румї чунин мисол оварда шудааст: Љисмро чашме набуд аввал яќин, Дар рањим буд љанини гўштин. Дар радифи калимањои номбурда вожањои "зарпечак" (сањ. 100) (шакли дурусташ "зањрпечак"); "кабудикорї, кабудифурўш, кабудифурўшї" (сањ. 114) (шакли дурусти онњо "сабзаљоткорї, сабзаљотфурўш, сабзаљотфурўшї"); "ќомўс" (сањ. 131) (шакли сањењи

«

Яке аз камбудињои "Фарњанги имлои забони тољикї" овардани миќдори зиёди калимањои иќтибосии туркї, ки дар даврони шўравї вориди фонди луѓавии забони адабии тољикї гардида мебошад. Ин калимањо тайи даврони истиќлолияти Љумњурии Тољикистон дар забони адабии тољикї кор фармуда намешаванд, вале чунин вожањо дар фарњанги имло фаровон ва нољо оварда шудаанд.

«

он "ќомус"); "занбурўѓ" (сањ. 99) (шакли дурусташ "занбўруѓ"); "ќирра" (сањ. 131) (шакли сањењи он "ќира"); "лўхтак" (сањ. 137) (шакли дурусти он "лухтак" ё "луфтак" аст, ки то ба њол дар лањљањои љанубии забони тољикї роиљ аст); "нишоста" (сањ.170) (шакли сањењи он "нишоиста", як навъ ѓизо, ки аз оњари гандум омода карда мешавад); "мањсї" (сањ. 145) (шакли сањењи он "масњї", аз калимаи "масњ", касе, ки масњї мепўшад, пояшро дар тањорат намешўяд ва аз болои он масњ мекашад); "ољинг" (сањ. 18) (дурусташ "ожанг"); "парерўз", "парешаб", "паришаб" (сањ. 188) (шакли дурусти онњо "пареррўз", "парершаб"); "пањну" (сањ. 189) (шакли сањењи он "пањн"); "пойафзол" (сањ. 193) (шакли дурусти он "пойафзор"); "ризоият" (сањ. 203) (шакли сањењи он "ризоят"); "рўйнатан", "рўйнатанї" ( сањ. 207) (шакли дурусти онњо "рўйинтан", "рўйинтанї"); "самбўса" (сањ. 211) (шакли сањењи он "санбўса"); "сетогї" (сањ. 220) (шакли дурусти он "сетої"); "сулфа" (сањ. 228) (шакли сањењи он "сурфа"), "танбал" (сањ. 235) (шакли дурусти он "танбал"); "тўрба" (сањ. 248) (шакли сањењ ва аслии он "тубра"; "Утрор" (сањ. 250) (шакли сањењ ва классикии он "Таррор", "Таррорбанд", шањри тољикнишине буд дар ќаламрави имрўзаи Ќазоќистон, ки дар ќарни сездањи милодї лашкариёни хунхори Чингизхон онро истило намуданд ва сокинони онро ќатли ом карданд); "фоиз" (сањ.258) (шакли дурусти он "дарсад"); "њомиладор" (сањ. 282) (шакли сањењи он "њомила"); "њуруфот" (сањ. 283) (шакли дурусти он "њуруф"); "чамбар" (сањ.284) (шакли сањењи он "чанбар"); "чопандоз" (сањ. 288) (шакли сањењи он "чапандоз" аст, "човандоз" низ шакли тањрифшудаи ин калима мебошад); "чуббин" (сањ. 290) (шакли сањењи он "чўбин", "чўбї"); "љабѓут", "љаѓбут" (сањ. 292) (шакли сањењи онњо "чаѓбут"); "љалѓўза" (сањ. 293) (шакли дуруст ва аслии он "чалѓўза"); "љузгир" (сањ.298) (шакли аслии он "љузвгир"); "љўлида" (сањ. 299) (шакли аслии он "жўлида"); "љўља" (сањ. 290) (шакли сањењи он "чўља"); "њербад" (сањ. 280) (шакли дурусти он "њирбад") ва ѓайра

ќайд гардидаанд, ки мебояд ислоњ ва дар шакли аслию сањењ ва тибќи тартиби алифбо дар фарњанги имло љойгир карда шаванд. Профессор Абдуљамол Њасанов дар таќризи худ барњаќ чунин ќайд кардааст: "Дар фарњанг усули ягонаи аносири луѓавї низ риоя нагардидааст. Ин њолат дар тарзи зикри калимањои дуварианта ба мушоњида мерасад. Чунин калимањо гоњ њамчун вожаи алоњидаи луѓавї, гоњи дигар тањти як моддаи луѓавї дода мешаванд. Чунончи, дар як маврид шаклњои идома-идомат (сањ. 125) ба таври алоњида дода мешаванд, аммо чунин тарзи зикри мавод дар калимањои иода(т), иона(т), ирода(т) (сањ.108) ва дањњои дигар риоя намегардад. Ин гуна њолат дар мавриди исмњои зиёд: љогир, љо(й)гир (сањ. 298), љойнамоз (сањ. 296); љонамоз (сањ. 297), пойљома (сањ. 103), пољома (сањ. 195), дастаи калони феълњо:-маккон(и)дан (сањ.140), омўзондан (сањ.181), печондан (сањ.190), очоридан (сањ.184), парвар(и)дан (сањ. 187), равондан (сањ.199), рамондан (сањ.200), ранљонидан (сањ.201), рањон(и)дан (сањ.202), резондан (сањ. 203), рўён(и)дан (сањ. 205) ва дањњо калимаи дигар ба назар мерасад. Аён аст, ки дар ин гуна њолатњо феълњои таъкидшуда низ бояд ба гунаи омўзон(и)дан, печон(и)дан, равон(и)дан, рамон(и)дан, резон(и)дан ва монанди инњо нишон дода мешуданд". (Ниг.: А.Њасанов. Ду магўву ду мадону ду махон, "Адабиёт ва санъат", 6.02. 2014, №6, сањ. 11). Хеле хуб мешуд, ки дар нашри минбаъдаи "Фарњанги имлои забони тољикї" калимањо ба шрифти калони якхела не, балки бо шрифти муќаррарї нигошта мешуданд, то ки хонанда бо њарфи калон ё хурд навиштани вожањоро фањмида тавонад. Агар аз њисоби кам кардани калимањои иќтибосии туркї, русї ва интернатсионалї исмњои хос, номњои одамон ва исмњои љуѓрофии шањру ноњияњо, дењаву мавзеъњо, љойњои таърихию фарњангї дарљ мегардид, арзиши илмию амалї ва фарњангии ин вожанома ба маротиб меафзуд. Хулосаи калом, "Фарњанги имлои забони тољикї" дар радифи арзиши баланди илмию амалї дорои иштибоњот ва камбудињо низ мебошад ва ислоњу такмили он барои риояи дурусти ќоидањои имлои забони тољикї аз тарафи ањли љомеаи кишварамон, хотима додан ба њарљумарљњои навишти калимаву таркибњо, сайќалу рушд ёфтани забони давлатии Љумњурии Тољикистон ва баланд гардидани сатњи байналмилалии забони ширини форсии тољикї њамаљониба мусоидат менамояд. Умедворам, ки андешањои интиќодии камина мавриди баррасї ва арзёбии дастандаркорони Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва мутахассисони варзидаи забоншинос ќарор мегиранду онњо сари фикру мулоњизањои баёнгардида теша ба решаи андеша мезананд ва дар бобати ислоњ ва такмил додани ин вожаномаи муњим кўшиш ба харљ медињанд. Ќиёмиддин САТТОРЇ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

МИНТАЌА

"ХУРОСОН"- ШОХАИ "АЛ-ЌОИДА": ЊАДАФ ВОДИИ ФАРЃОНА? Шўрои амнияти Созмони милали муттањид дар шароите барномаи пешнињодии Барак Абама, раиси љумњури Амрико барои муборизаи љањонї бо терроризмро тасдиќ кард, ки хадамоти љосусии ин кишвар аз зуњури гуруњи нави террористї хабар дод.Ба иттилои расонањои амрикойї гуруњи террористие бо номи "Хуросон" вориди амал шудааст, ки душмани раќами 1 Иёлоти Муттањида мањсуб мешавад. Дар ин бора аз љумла нашрияи The New York Times навиштааст, ки гуруњи "Хуросон" аз шохањои ќавии "Ал ќоида" буда тавассути Муњсин ал Фазлї, ки шањрванди Кувейт аст, рањбарї мешавад. Ин манбаъ навиштааст, ал Фазлї аз Сурия ба Афѓонистон ва сипас ба Эрон омада, таъминии молии амалиёти АлЌоидаро бар уњда дошт. Нашрияи The New York Times тазаккур додааст, ки гуруњи "Хуросон" бештар аз "Давлати исломї" барои Амрико ва кишварњои аврупої хатарнок аст ва ин гуруњ бо истифода аз он ки таваљљуњи љомеаи љањонї ба "Давлати исломї" љалб шудааст, барномањои худро ба пеш мебарад. Нуктае, ки дар ин мавзуъ љалби таваљљуњ мекунад, номи ин гуруњи тозазуњур ва мањалли буду боши рањбари он аст. Њамин масъала ба таври хеле шаффоф њадафи хадамоти махсуси Амрико аз пањн кардани овозањо дар бораи ташкили ин гуруњњоро ба намоиш мегузорад.Ќарори маълум, баъд аз њамалоти террористї ба бурљњои тиљорати љањонї дар 11 сентябри соли 2001, Амрико бо бањонаи аз байн бурдани Усома бин Лодан ба Афѓонистон њамла кард ва тайи беш аз 10 сол садњо њазор нафарро дар ин кишвар куштаву маљруњ, шањру дењоти зиёдеро ба хок як-

«

миён Эрон дар дастури кори вижа ќарор дорад. Аз муддатњо ќабл аст, ки Амрико дар бораи эњтимоли вуќуи нооромињо дар водии Фарѓона сару садо мекунад, акнун ба назар мерасад, ки ин кор ба уњдаи "ДИИШ" ва махсусан гуруњи "Хуросон" вогузор шудааст. Интишори хабарњо дар бораи њузури љавонон аз кишварњои Осиёи Марказї дар сафњои артиши "Давлати исломї" пешзаминаи љазби ин љавонон ба чунин артишњое дар кишварњои худ мебошад ва зоњиран рисолати аслии гуруњи "Хуросон" њамин мавзуъ аст. Агарчї Осиёи Марказї ба мисли Ховари Миёна аз манбаъњои саршори нафту газ бархурдор нест, аммо то њадде ин манбаъњоро дорад ва як минтаќаи стротегї дар арсаи раќобати миёни Русияву Чин ва Ѓарб ба саркардагии Амрико мебошад. Њамин мавзуъ боис шудааст, ки чашмони тамаъљу аз њар сў ба ин минтаќа дўхта шудаанд. Дар чунин шароите ин сохторњои амниятии кишварњои минтаќа њастанд, ки барномањои мантиќї барои муќобила бо ин тањдидњо тањия кунанд. Аммо савол ин љост, ки оё ин сохторњо тавон ва имконоти лозим барои чунин кори азимеро доранд? Дар шароите, ки сохторњои амниятии кишварњои минтаќа даргири мушкилоти байнии њамдигар њастанд, иљрои ин кор бо монеаи љиддї рў ба рў мебошад.Ин вазъият њамон чизе аст, ки фурсатталабони ќудратњои Шарќу Ѓарб мехоњанд.

"Давлати исломї" воситае барои бадном кардани ислом

сон кард.Дар ќолаби њамин барнома дар соли 2003 бо бањонаи нобуд кардани силоњњои химиявии Саддом Њусейн, њамлаи Амрико ба Ироќ сурат гирифт. Ин ишвар низ ба хоку хун кашида шуд, ки аз захмњои он њануз хун мешорад, аммо камтарин нишоне аз силоњи химиявї пайдо нашуд. Дар идомаи ин тањаррукот соли 2011 барои "наљоти мардум аз љиноятњои сарњанг Ќаззофї", Либия мавриди њамлаи берањмонаи Амрико ќарор гирифт. Боз њам куштаю захмињои зиёд ва шањру дењоти хароб "осори" аз худ боќї гузоштаи низомиёни Амрико дар ин кишвар буданд. "Хуросон" пои низомиёни Амрикоро ба Осиёи Миёна низ хоњад кашид? Бисёре аз нињодњо ва шахсиятњои Русия дар ибрози назарњои худ дар

Бо номгузории ин гуруњ чанд њадаф дар назар аст: њар чи бештар љазб кардани љавонони ин минтаќа ба гуруњњои бо ном исломии дар асл террористї, дар тарсу вањшати бештар нигоњ доштани њакимони минтаќа, фароњам кардани замина барои дахолатњои низомии Амрико дар минтаќа, таќвият кардани њизбу њаракатњои мухолиф дар ин кишварњо...

«

мавриди муборизаи Амрико алайњи "Давлати исломї" ба ин нукта ишора доштанд, ки ин љунбиш ва љунбишњое мисли он парвардаи сервисњои вижаи Амрико њастанд, ки барои даст ёфтани ин кишвар ба њадафњои стротегиаш дар нуќоти мухталифи љањон, шакл дода мешаванд. Њамин мавзуъ дар "душмани раќами яки Амрико" эълон шудани гуруњи "Хуросон" низ сидќ пайдо мекунад. Дар њоле ки то ин дам њама гуруњњое, ки Амрико онњоро "гуруњњои исломии ифротї" муаррифї мекард, исмњои арабї доштанд, ин бор гуруње ба истилоњ ташкил шудааст, ки номи форсї дорад. Хуросон, ки аз нигоњи љуѓрофиёї дар гузаштаи на чандон дур минтаќаи азиме аз Эрон то Осиёи Марказї ва Љанубиро дар бар мегирифт, имрўз номи се вилоят дар Эрон аст. Бо номгузории ин гуруњ чанд њадаф дар назар аст: њар чи бештар љазб кардани љавонони ин минтаќа ба гуруњњои бо ном исломии дар асл террористї, дар тарсу вањшати бештар нигоњ доштани њокимони минтаќа, фароњам кардани замина барои дахолатњои низомии Амрико дар минтаќа, таќвият кардани њизбу њаракатњои мухолиф дар ин кишварњо... Дар ин

Раиси љумњури Амрико дар суханронии ахири худ дар нишасти Созмони милали муттањид, хадафи мубориза бо терроризмро барќарори сулњу субот дар љањон унвон кард. Аммо љараёни руйдодњо њикоят аз ин дорад, ки њамин ба истилоњ мубориза, заминаи нооромї ва низоъњои бештарро фароњам кардааст. Расонањои Амрико, ки аѓлаб тавассути муљтамаи низомї саноатї (военно промышленный комплекс) пуштибонии молї мешаванд, огоњона ва њадафмандона ба суннї ва ё шиъа будани ин ё он гуруњ таъкид мекунанд, то эњсосоти мазњабии мусалмононро барои куштани њамдигар бештар тањрик кунанд. Парчамњои сиёњи "диишињо", ќатлиоми мардум, сар буридани ѓайримусалмонон ва дигар иќдомоти хилофи ислом, "шоњкорњое" њастанд, ки аз мактаби хадамоти вижаи Ѓарб сарчашма мегиранд. Дар маљмуъ љунбиши "ДИИШ" барои он ташкил карда шудааст, ки љанги миёни мазњабњоро дар олами ислом роњандозї кунад, то давлатњои ѓарбї бењтар битавонанд ба њадафњои худ дар кишварњои исломї даст ёбанд. Имрўз Амрико њамчун жандарми љањон вориди амал шудааст ва барои он чи ки барќарории суботу оромиш мегўяд, заминаро барои дахолат дар корњои њар кишваре фароњам мекунад. Ахиран дар њуќуќшиносии байналмилал истилоњи "таљовузи башардустона" роиљ шудааст, ки низ аз тарфандњои мустамликадории навин аст. Љои нигаронї аст,ки иддае аз љавонони соддалавњ, њатто аз кишвари мо, фирефтаи таблиѓоти диишињо шуда, ба ин гуруњ пайвастаанд. Аз њама нигаронкунанда он аст, ки "ДИИШ" акси як кудаки ноќис таваллуд шударо мунташир карда, эълон кард, ки ин Даљљол аст ва барои наљот аз ў ба гуруњи мо њамроњ шавед. Дар чунин вазъе оё давлатњои минтаќа тавони дифоъ аз амнияту суботи кишвар ва шањрвандони худро доранд? Хеле ва хеле мехоњам, ки љавоб ба ин пурсиш мусбат бошад.


ТАДЌИЌОТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

11

"eBay ин нањанг дар уќёнус аст, вале Taobao ин тимсоњ дар дарёи Янтси. Агар мо дар уќёнус мубориза барем, албатта, бой медињем, вале дар дарё њарифї кунем, пирўз мешавем." Шиори Ма чунин аст: "Имрўз азоби кор тоќатфарсост, пагоњ аз ин њам сахттар, вале пасфардо роњат аст." Як хислати аљибаш дар он аст, ки агар нафаре аз ў зўртар бошад, барои он шахсро ба кор гирифтан кўшиш мекунад, яъне, шарм намедорад, ки нафаре аз вай донотару кордонтар аст. Ман ду њафта пештар дар бораи ин ширкати чинї бо номи «Alibaba» чизе намедонистам. Шояд шумо њам намедонистед. Аммо яку якбора ин ширкате, ки тавассути интернет мисли ширкати Ebayи амрикої тиљорат мекунад, машњури љањон гардид. Ин ширкат аз љониби як муаллими англисї ва тарљумон бо номи Љек Ма, ки худро гоње Алибобо њам мегўяд, соли 1999 таъсис дода шуда буд. Декабри соли 2013 љаноби Ма аз љониби нашрияи амрикоии Financial Times "Одами сол" интихоб гардид. Хуб, чї будааст он хидматњои бузурги Алибобои чинї, ки ба номи "Одами сол" мушарраф шудааст? Пеш аз њама дар як муддати кўтоњи таърихї, яъне, 15 сол аз як ширкати хурде, ки ў бо 17 нафар њамаќидањояш таъсис дода буд, дар охири соли 2012 њаљми тиљорати интернетии он ба 170 милллиард доллар расида, рўзи 19 сентябри 2014 арзиши тиљоратии «Alibaba» ба 231 миллиард доллар баланд рафт, ки дар љањон дувумин гаронтарин ширкат пас аз Google бо 395 миллиард доллар гардид. Њол он ки як моњ пештар дар ин бора орзу њам намекарданд. Гап дар сари он ки 19 сентябри 2014 ширкати «Alibaba» cањмияњои худро бо нархи 68 долларї дар Бозори коѓазњои ќиматноки Ню - Йорк ба савдо гузошт ва дар як муддати кўтоњ сањмияњои он ба миќдори 25 миллиард фурўхта шуд, ки ин худ дар таърихи савдои коѓазњои ќиматнок аз њама бузургтарин фурўши сањмия буд ва арзиши њар сањмия њам аз 80 доллар гузашт. Њар рўз ба шабакаи ""Alibaba" " сад миллион муштарї ворид мешавад, ки ин њам худ як рекорд аст. Њоло 80% тиљоратии электронии Чин ба ин ширкат мансуб аст. Дар ояндаи наздик њаљми тиљорати электронии Alibaba боз инкишоф меёбад, зеро њоло танњо тахмин 50% чинињо аз тиљорати интернетї истифода мебаранд, вале муддате мегузараду аксари чинињо аз фурўшгоњњои интернетї харид мекунанд ва он гањ њаљми тиљорати "Alibaba" ба њаљми тиљорати якљояи итернетии ИМА, Британия, Олмон, Фаронса ва Љопун баробар мешавад ва эњтимол ширкати Alibaba аввалин нињодест, ки тавассути интернет миќдори 1 триллион доллар харидро ташкил мекунад ва эњтимол дорад тавассути он тиљорати интернетї аз тиљорати бозорї дар соли 2020 гузарад. Яке аз сабабњои зуд ба савдо рафтани сањмияњои ин ширкат њам дар њамин аст, ки ояндаашро харидорон дурахшон мебинанд. Шояд њайрон шавем, ки ин сад миллион одам дар «Alibaba» чї мекобад ва дигархелтар гўем, чаро ин сад миллион ба «Alibaba» эътимод дорад. Посух њам содда аст. Барои он ки њар чї аз Чин харед, арзон мехаред ва аз њама муњимаш пас аз ба шумо расонидани чизи харидаатон пулро мегузаронед. Агар ба сарчашма ё оѓози фаъолияти ин ширкати тиљорати интернетї назар кунем, шебу фароз, бурду бохт дар он њам

«

КОРГОЊИ ШИРКАТИ «АЛИБАБА»

"AЛИБАБА"-И ЧИНЇ

Ќиссаи муаллиме, ки ширкаташро $ 170 млрд. нарх карданд

ЉЕК МА - «ЧЕЊРАИ СОЛ»

будааст, вале муњим он буд, ки роњбар шахси доно, ботањаммул ва дурбин будааст. Вагарна Ма њаргиз Ма намешуд. Хуб љаноби Љек Ма кї буд? Чаро дигар нафар неву њамин Ма чунин комёбињои бузурги тиљоратї насибаш шуд? Аз гузаштаи худ шарм намекунад ва њар замон таъкид дорад, ки аз оилаи камбизоати муаллими мусиќї сар берун кашидааст. Ибораи маъмули англисии "self-made" (худсохта) дар бораи онњоест, ки худашон бе мадади дигаре дар ягон соња муваффаќ мешаванд. Ваќте наврас буд, њар рўз ба мењмонхонае, ки дар он аљнабиён буданд, мерафт ва бо онњо англисї њарф мезад. Тасаввур кунед: нўњ сол њар пагоњї Љек ба мењмонхона мерафт ва ба љањонгардони англисзабон БЕПУЛ тарљума мекард. Нўњ сол! Ва њамин тавр бе дипломи мактаби олї

Њамеша мекўшад дар ширкат як навигарї бошад. Њоло дар "Alibaba" 24 њазор коргар њаст ва дар назараш намуд, ки ин ширкат бузург шудааст. Бинобар ин якбора онро ба 25 шуъба таќсим намуд ва барои фаъолияти њар яки шуъбањо рухсат дод ва худро аз рўйхати сарвари Alibaba хат зад ва танњо дар шўрои директорони он монд.

«

дар донишгоњи мањаллї аз англисї дарс медод ва моњонааш њамагї...12 доллар буд. Чун англисиро хуб медонист, идораи хурди тарљумаро таъсис дод ва соли 1995 ба Амрико рафт ва бори аввал дар бораи интернет шунид. Баъди бозгашт ширкати хурди интернетї ташкил намуд, вале он ба касе даркор нашуд. Аз бањри ин шуѓл баромад ва ба Вазорати тиљорати хориљї ба кор даромад. Аммо соли 1999 тасодуфан бо бунёдгузори Yahoo, худи Љерри Янг вохўрд! Бо як илњоми тоза ва пур аз хаёлот ба шањраш Ханљоу баргашту бо 17 нафар њамаќидањояш ширкати интернетии "Alibaba"ро кушод ва дар нахустин суханрониаш гуфта буд: "Маѓзи сари мо аз маѓзи амрикоињо камї надорад ва мо метавонем бо онњо дар тиљорат њариф бошем." Дар он солњо аллакай ширкати тиљорати интернетии eBay хеле фаъол буд ва барои рушди ширкати хеш дар Чин 150 миллион доллар гузошта буд. Аз назари мантиќ ваќте чунин ширкати бузург дар Чин кор мекард, айнан ба чунин намуди тиљорати интернетї машѓул шудан баробари худкушї буд, аммо на барои љаноби Ма. Ў тарњи нави тиљорати интернетии Taobao-ро шуруъ ва ибораи машњури худро гуфт: "eBay ин нањанг дар уќёнус аст, вале Taobao ин тимсоњ дар дарёи Янтси. Агар мо дар уќёнус мубориза барем, албатта, бой медињем, вале дар дарё њарифї кунем, пирўз хоњем шуд." Якум эълонаш он буд, ки тољирон се сол метавонанд колои худро дар шабакаи тиљорати интернетии Taobao бепул тарѓиб кунанд ва фурўшанд. Ин имконият дод, ки соњибкорону тољирони чинї тадриљан тарѓибу фурўши колои худро аз eBay гирифта, ба Taobao гузарониданд. Њамин тавр, соли 2005 њаљми савдои интернетии ширкатњои амрикої ва чинї баробар шуд. Њарифи амрикої омода буд, ба њарифи чинии худ гузашт кунад, вале Ма боз њамаро дар тааљљуб мононд: ў 40% сањмияи "Alibaba"ро ба њарифи худ Yahoo ба як миллиард доллар фурўхт ва ин пулро барои тарњњои дигар истифода бурд ва соли 2012 ќисми сањмияњояшро аз Yahoo бозпас харид. Охири соли 2012 ширкати амрикої дар Чин маѓлубияти худро эътироф кард, зеро савдои eBay дар Чин аз 10% кам шуд. Имсол Љек Ма 50-cола мешавад. Ў њамеша корњое мекунад, ки ѓайричашмдоштанд. Як хислати аљибаш дар он аст,

ки агар нафаре аз ў зўртар бошад, барои он шахсро ба кор гирифтан кўшиш мекунад, яъне, шарм намедорад, ки нафаре аз вай донотару кордонтар аст. Шеваи дигари муњими корбарии љаноби Ма он аст, ки тиљорат бо сиёсат набояд омезад. Чун сиёсат ба тиљорату соњибкорї омехт, на ин мешаваду на он, балки як омезиши хатарнок мегардад. Њамеша мекўшад дар ширкат як навигарї бошад. Њоло дар "Alibaba" 24 њазор коргар њаст ва дар назараш намуд, ки ин ширкат бузург шудааст. Бинобарин якбора онро ба 25 шуъба таќсим намуд ва барои фаъолияти њар яки шуъбањо рухсат дод ва худро аз рўйхати сарвари Alibaba хат зад ва танњо дар шўрои директорони он монд. Фалсафаи ў иборат аз он аст, ки барои пешрафт бояд њамеша пул гузошт. Соли гузашта Alibaba барои харидани 18% сањмияњои шабакаи иљтимоии чинї Weibo 600 миллион доллар сарф кард ва ин дар мусобиќа бо њарифони нерўмандаш дар Чин мадад мерасонад. Љек Ма марди боѓайрат, дасткушод ва њимматбаланд аст. Њамон 17 нафаре, ки њамроњаш корро сар карда буданд, аз рўи ќонун ба сањмияњои ширкати Alibaba њаќ надоштанд, аммо љаноби Ма ба њар яки онњо сањмия дод. "Дар бораи пул фикр накунед; дар бораи чї тавр пул кор кардан њам фикр накунед. - маслињат медињад Ма. - Ман њамеша ба худ мегўям, ки мо барои аз њаёт лаззат бардоштан кор мекунем ва мо дар ин дунё барои он омадаем, ки зисту зиндагии дигаронро бењтар кунем." Гуфтаи дигари ў тахмин чунин садо медињад: "Дигаронро бо зўру фишор кор нафармоед, зеро тахмин 30% онњо ба шумо эътимод намекунанд, бинобарин маљбурашон накунед, ки онњо барои шумо кор кунанд. Бигузор барои наќшањои умумї садоќат нишон дињанд." "Тољиру соњибкори њаќиќї аз раќобат наметарсанд. Раќобат мисли бозии шоњмот аст. Агар бой додед, бозии навро сар мекунед. Соњибкори њаќиќї душман надорад." Шиори Ма чунин аст: "Имрўз азоби кор тоќатфарсост, пагоњ аз ин њам сахттар, вале пасфардо роњат аст."

Сафои СОДИЌ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

БО ШОИР

20 - умин солгарди шањодати Ќањњори Осї, шоири маъруфи Афѓонистон Ќањњори Осї 12 апрели соли 1956 дар дењаи Малимаи дараи Панљшери Афѓонистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи кишоварзии Донишгоњи Кобул аст. Аз шоирони умедбахше ба њисоб мерафт ва ба сабки муосиру классик шеър мегуфт. Ављи эљодиёти ў ба даврони њукумати Бурњонуддин Рабонї дар Кобул ибтидои солњои 90 ум рост меояд, ки шањри Кобул мањалли иќоматаш тањти ракетаборони мухолифини њукумат ќарор дошт. Осї аз ин вазъ ба сутуњ омада, маљмуаеро ба номи "Аз љазираи хун" ба нашр расонд. Дар он љиддан нигаронии худро аз вазъи ноамни Афѓонистон баён кард. Осї бо иттифоќи њамсараш Митро ва духтараш Мањастї дар ќатори њазорњо сокини Афѓонистон ба хотири њифзи љон соли 1994 рў

ба њиљрат овард. Ў Эронро интихоб кард. Дар як муддати кутоњ дар шањри Машњад чанд маљмуъа ба нашр расонд. Ў маљбур шуд ба Афѓонистон баргардад, зеро иљозаи иќоматашро њукумати Эрон тамдид накард. Осї ба Кобул баргашт ва 29 сентябри соли 1994 дар синни 38 - солагї аз тири рокет, ки ба манзилаш зад, ба шањодат расид. Аз Ќањњори Осї ин маљмўањо ба мерос мондааст: "Лолої барои Малима", "Гули Сурї", "Девони ошиќонаи боѓ", "Танњо, вале њамеша", "Аз љазираи хун", "Аз оташи абристон". Бењтарин таронањои худро Фарњоди Дарё, овозхони маъруфи Афѓонистон аз матнњои Ќањњори Осї интихоб кардааст. Њарду дўстони љонї буданд.

Ќањњори Осї: "Ба Худо туро расонад ѓазали ману ѓами ман"

Фардо мўњоямро бибоф Ва ман дастмоли гарданї мебофам, То дастонам љовидона шавад даври гарданат. Фардо каме дар чашмњоям хира шав, То ќоби куњнаи хотиротамон тоза гардад. Фардо бароям чанд шоха гул биёвар, То бањоре шавад миёни мўњои барфиам Фардо бароям каме мубњам бош, То ман пайдо кунам љавоби суолотамро Дар тањи ќалбат Фардо, яъне њар рўз, Ки ин шеърро мехонї, Нозанинам…

Ќисса

Куљої? Дилтангї имшаб поён надорад, Дашти сиёњї домон надорад. Ё кўч баста девонањояш, Ё ин вилоят нолон надорад. Эй дўст, њар дам ёдам меої, Оё куљої, оё куљої. Як буѓз бар лаб сабзина дорам, Мазмуни дарди дерина дорам, Аз ошної чизе ба хотир Аз ишќ чизе дар сина дорам. Ёро, ба хобам кам менамої, Оё куљої, оё куљої. Оё њузурат арзон киро шуд, Он ганљ оё вайрон киро шуд, Бемори ишќат њоло куљо њаст, Оё садоят дармон киро шуд. Мо низ мурдем аз бедавої, Оё куљої, оё куљої.

Ѓазали ману ѓами ман Ба њавои тоза монад ѓазали ману ѓами ман, Ба Худо туро расонад ѓазали ману ѓами ман. Њамааш саломи ишќ аст, каломи ошної, Њама нур мефишонад ѓазали ману ѓами ман. Зи адои мењрабонї ба муборакї расида, Ки ба нимароњ намонад ѓазали ману ѓами ман. Чу ќаландарони софї, чу барандагони соќї, Ба вафо вафо надонад ѓазали ману ѓами ман. Ба замини шўраи љон ва ба хоктўдаи дил, Гули мењр парваронад ѓазали ману ѓами ман. Ба ќаламрави дилангез ба тањаммул фуруд ой, Ки њумой мепаронад ѓазали ману ѓами ман.

Порсї Гул нест, моњ нест, дили мост порсї, Ѓавѓое, ки тараннуми дарёст порсї. Аз офтоб муъљиза бар дўш мекашад, Рў бар муроду рўй ба фардост порсї. Аз Шом то ба Ќошѓар, аз Синд то Хуљанд Ойинадори олами болост порсї.

Торихро васиќаи сабзи шукуњро, Хуни ману каломи муталлост порсї. Руњи бузургу табли хуросониёни пок, Чатри шараф, каломи Масењост порсї. Тасвирро, маѓозаларову таронаро Љуѓрофиёи маънавии мост порсї. Сарсахт дар њамосаву њамвор дар суруд, Пайдо бувад аз ин, ки чї зебост порсї. Бонги сапеда арсаи бедорбоши мард, Пайѓамбари њунар, сухани рост, порсї. Дунё бигў мабош бузургї, бигў, бирав, Моро фазилатест, ки морост порсї.

Гиря мекардам Агар мешуд, ки дардамро бароят гиря мекардам, Замину осмонро пеши поят гиря мекардам. Љавониро вафоро, ишќро, девонагињоро, Ба номи орзў дар як лиќоят гиря мекардам. Агар мешуд намози ишќро пешат адо кардан, Ду зону менишастам аз љафоят гиря мекардам. Лабонат гар ба таклифе зи номам доѓ меомад, Гули сурхе ба тамњиди садоят гиря мекардам. Агар айбе туро нисбат намешуд дар таваллоям, Бадомўзона бар дурби сароят гиря мекардам.

Биё Биё, эй дил, ки роњи хеш гирем, Рањи шањри дигар дар пеш гирем. Биё, эй дил, ки манзил дарнавардем, Ба зери чанбари дигар бигардем Ба њоли хеш бо даште ба мўям, Зи дарди хеш бо куње бигардем. Намози ѓусса бо сарве гузорем, Садои ѓам ба дарёе супорем. Биё, эй дил, сафар дар кор бандем, Сўи мулки ѓарибї бор бандем.

Фардо Фардо, яъне њар рўз Фардо бароям каме офтобе шав, девона! Борон, ки меборад, Ин садои туст, ки рўи шиша менишинад То танњоиямро гўшзад кунад.

Ќисса поён ёфт, охир ќиссахон бар бод шуд, Ѓам ба дунболи ѓам омад, достон бар бод шуд. Он чи к-аз атру барешам мекашидам, пок сўхт, Он чи к-аз рањ мерасидам, ногањон бар бод шуд. Боѓи вайронї вазиду боѓ дар оташ нишаст, Настаран дар хун фитоду арѓавон бар бод шуд. Наѓмањои нозуки дил гум шуду нохонда монд, Синасўзї аз худои корвон бар бод шуд. Эй, дареѓ, он шавќи дарвешонаи дидори дўст, Эй, дареѓ, он шавкати лутфи нињон бар бод шуд. Ёдбуди ишќро бо ашк тадвин мекунам, Чун тамоми њастиям з-ин бенишон бар бод шуд. Дасти бедоди људойї аз дилу љон баргузашт, Давлати дору надорам њамзамон бар бод шуд.

Њар шаб Њар шаб њавойи кўчаи дилдор мекунам, Дилро тасаллї аз дару девор мекунам. Аз баски бо хаёли вай оѓушта мешавам, Њар зарраро хаёли сапедор мекунам. Он љо барои дафъи гумонии бадкасон Тамсили наќши мардуми њушёр мекунам. Назронаи мурод њама симу зар бувад, Ман нони гарм назри рухи ёр мекунам. Дар моњ дар ситораи шому ѓуруби шањр, Ўро тамоми боѓча дидор мекунам. Аз љинси дил зи сина дуконе кушодаам, Сарто ба пой ишќаму бозор мекунам.


("Нигоњ", № 23 (405), 27 августи соли 2014).

ТАХТАИ СИЁЊ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

13


14

ТАБЛИЃ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

САЁЊАТ ДАР ВМКБ - БО АЛОЌАИ БОЭЪТИМОД АЗ "МЕГАФОН"

®

Сафари матбуотї дар њудуди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, ки аз санаи 13 то 19 сентябр љараён дошт, ба поён расид. Дар давоми тамоми сафари худ хабарнигорон бо ёрии телефонњои фирмавии аз љониби "МегаФон" пешнињодшуда алоќаи босифати овозї ва интернети мобилиро истифода менамуданд. Њадафи асосии сафар омўзиши иќтидори туристии ВМКБ ба шумор мерафт. Бо тай кардани зиёда аз

1 800 километр аз ноњияи Дарвоз то ноњияи Мурѓоб иштирокчиёни сафари матбуотї имкон пайдо карданд, ки аз бисёр маконњои тамошобоби Бадахшони Кўњї, аз љумла, ќалъањо, осорхонањо, чашмањои обњои гарм боздид карда, ба хонањои сокинони мањаллї ва юртањои кўчманчиён ташриф оваранд. Дар љамоати Аличур кормандони "МегаФон" барои намояндагони ВАО-и љумњуриявї дар назди истгоњи базавие, ки дар асоси манбаъњои алтернативии нерўдињанда - генераторњои шамолї ва батареяњои офтобї амал мекунад, экскурсияро доир намуданд. Ба шарофати алоќаи овозї ва интернети мобилї аз "МегаФон" хабарнигорон имкон доштанд, ки

репортажњои дар роњ омодакардаи худро ба нашрияњои худ равона намоянд. "Алоќаи боэътимод - яке аз "дастгоњњои асосии корї"-и хабарнигори замони муосир ба шумор меравад. Дар бисёр минтаќањои душворфатњи Бадахшони Кўњї бошад, алњол танњо алоќаи "МегаФон" амал мекунад. Бинобар ин рушди туризм дар ин макон бе алоќаи боэътимоде, ки ширкати мо тамоми њудуди минтаќаро бо он таъмин менамояд, имконпазир буда наметавонад", - мегўяд Андрей ШИШКОВСКИЙ, директори иљроияи ширкати "МегаФон Тољикистон".


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

? - И НОБОБ ИБОРАИ РОСТГАРО ВА ЧАПГАРО ЧЇ МАЪНЇ ДОРАД? - Дар телевизион ё расонањои электрониву чопии Ѓарб аксар ваќт мегўянд, ё менависанд: Њизби ростгарои Италия ё Њизби чапгарои Британияи Кабир. Ё ин ду ибораро ба рањбарони њизбњои сиёсї, сарвазирон ё сарварони давлат нисбат медињанд, ки фалонї чапгаро дигарї ростгаро мебошад. Њамин ќадар кўшиш мекунам ба дарки њамин ду мафњум бирасам, аммо наметавонам. Ибораи ростгаро ва чапгаро чї маънї дорад? Ростгаро яъне, њизби росткор, сарвазир ё рањбари ростќавл ва чапгаро маънии баръаксро медињад? Ин ду мафњум бештар дар Ѓарб маъмул аст. Оё дар Тољикистон њам њизбњо ё шахсиятњои ростгарову чапгаро дорем? Искандар АЗИЗОВ, сокини шањри Душанбе - Илми сиёсатшиносї њизбњоро вобаста ба муносибати онњо ба њокимият ва њукумат ба чапгарою ростгаро људо кардааст. Одатан чапгароњо авлавиятро ба идеологияи марксистї - ленинї медињанд ва дар идораи давлат ва муносибатњои љамъиятї њамчун воситаи танзимкунанда ба њокимияти давлатї таваљљуњи бештар зоњир менамоянд. Баробарии шаклњои мухталифи моликият ва равияњои гуногуни мафкуравию сиёсї, конститутсионализм ва парламентаризм усули таљзияи њокимияти давлатї, озодињои фарњангию иљтимої ва ѓайрањоро њамчун арзишњои муњим дар давлатдорї инкор менамоянд. Ростгароњо бошанд бар хилофи онњо муносибатњои бозаргониро дар иќтисодиёт, адолати иљтимої, давлати њуќуќбунёд, суди мустаќил, озодии сухан, танќид ва матбуотро љонибдорї намуда, дахолати аз њад зиёди давлатро ба њаёти шахсии шањрвандон, тарзи зиндагии онњо ва механизми назоратии шањрвандонро низ аз болои фаъолияти њокимияти давлатї эътироф мекунанд. Њизбњои сиёсии Тољикистонро дар асоси тањлили маромнома ва дигар санадњои хусусияти барномавидоштаи онњо таќсим кардан мумкин аст. Масалан, Њизби коммунист ва Њизби сотсиалистии Тољикистонро чапгаро, Њизби демократї ва Њизби ислоњоти иќтисодиро ростгаро, Њизби нањзати исломро созмони сиёсии динї ва Њизби сотсиалдемократњоро марказгаро номидан мумкин аст. Њизби аграрї созмони сиёсии соњавї ва касбї аст. Тарз ва усули фаъолияти Њизби халќї - демократии Тољикистон ба мисли фаъолияти Њизби коммунист дар солњои баъди инќилоби октябр ва то оѓози сиёсати бозсозии Горбачёвї мебошад. Албатта, дар робита ба гузориши масъала тафсири муфасалтар додан мумкин аст вале мувофиќи маќсад медонам, ки бо њамин иктифо кунам. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илмњои њуќуќшиносї посух дод.

ЛАТИФА Аз суханњои кўдакон: - Бачам, дар кўча обу лой нест, музаи резиниатро напўш. - Ман меёбам, модарљон. *** Зани рус шавњарашро барои харидани нон ба маѓоза фиристода, мегўяд: - Нони сафед харида биёр. Баъди лањзае шавњараш бармегардад: - Медонї, на сафедашро ёфтам, на сиёњашро. Боз холї наравам гуфта, ду шиша аз сурхаш овардам. *** Модаре бо кўдаки хурдсолаш, ки доно ва бисёр кунљкоб буд, ба автобус даромада, дар курсї пањлуи зани дигаре, ки ў њам бо кўдаки хурдсолаш буд, мешинанд. Ин кўдаки доно ва кунљкоб ба кўдаки рангу рўяш ношуста ва ифлоси он зан нигариста, аз модараш пурсид: - Холаљон, кўдакатро аз куљо гирифтї-ї-ї? Модари кўдак љавоб дод: - Аз бозор харидам, бачам. Кўдак дар љавоб гуфт: - Баъд, холаљон, ягон тозаашро нахаридї?… *** Набера аз бобояш мепурсад: - Бобољон, шумо дар кўдакї дар "Одноклассники" менишастед, ё "В контакте"? Бобо: - Барои контакт бо духтари њамсинфам дар мањбасхона нишастам!

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

БА ЉОИ 09

? - И БОБ МАКТАБИ РОНАНДАГЇ БА САДАМАИ ШОГИРДАШ ЊАМЉАВОБГАР ДОНИСТА ШАВАД! - Субњи 29 - уми сентябри соли равон, соати 4:30 даќиќа ронандаи "Мерседес - Бенс" роњрўб ва модари чор фарзандро дар назди мењмонхонаи "Њаятрељенсї", воќеъ дар хиёбони Исмоили Сомонї бо мошинаш пахш карда, аз љои њодиса фирор мекунад. Љисм ин зан, ки аз ў Зевармо Пирова ном бурда мешавад, аз зарбаи сахти мошин ба кисмњо људо шуда, дар љойи њодиса ба њалокат мерасад. Ду фарзанди ин зан хонандаи мактаб буда, шавњар ва писари бузургаш дар муњољирати мењнатї ќарор доранд. Маќомот номи ронандаи мошини "Мерседес - Бенс" - ро ифшо намекунанд. Модаре боз ќурбони берањмиву љоњилии ронандае шуд. Модари роњрўбу тозакоре... Љояш љаннат шавад! ...Чунин ба назар мерасад, ки дар Душанбе шояд сад сол баъд њам ронандањо орому боодоб ва боаќл намешаванд. Аммо ба њар сурат, ман мехостам, ки: 1. Мактабњои ронандагиро аз як сар бисанљанду тафтиш кунанд. Тахмин мекунам, ки аксарияти онњоро бояд бубанданд; 2. Суръати њаракатро дар Душанбе то 40-50 км/соат поин бубаранд; 3. Дар Тољикистон љазои якумрї мањрум кардан аз њуќуќи ронандагї љорї кунанд; 4. Вуруд бо мошини шахсї ба Душанбе аз навоњии атроф бо тартиби муайян сурат бигирад, яъне њама натавонад, ки мошини худро ба Душанбе биёраду ... инљо такси кор кунад; 5. Супоридани имтињон дар БДА, дубора гирифтани њуљљат, категорияи дигар гирифтан ... ва боз чанд њолати дигар бояд аќалан тариќи онлайн сањифањои интернетї МУСТАЌИМАН пахш шавад; 6. Дар мактабњои ронандагї ѓайр аз умумиятњое, ки њоло њаст, иловатан њамин гуна навори садамањо нишон дода шаванд, то ронандаи оянда бинад, ки оќибати беањамиятї ва бесаводии ў ба чї њолат оварда мерасонад. Бигзор ба ронандањои оянда дарси инсондустї, шафќат, мадади тиббї ва мардонагї њам омўзонанд; 7. Аз њисоби кормандони БДА ва волонтёрњо бигзор мошинњои махсуси бо камерањо муљањњазе доимо дар кўчањои шањр њаракат кунанд ва ќоидавайронкунињоро дар љояш ислоњ кунанд, ба навор бигиранд, љарима кунанд ва њатто тариќи ТВ намоиш бидињанд; 8. Бигзор то 2 сол мактаби ронандагї барои њар садамаи шогирдаш, ки онљо тањсил кардааст (ё гўё тањсил кардааст!) њамљавобгар дониста шавад; 9. Њангоми додани њуљљати ронандагї дар ќатори ташхиси духтур IQ-тест гузаронида шавад ва ба њар касе, ки сатњи фаросаташ пасту поин аст, додани њуљљати ронандагї рад карда шавад!!! Хонандагони гиромї, Шумо чї пешнињод доред? Интизори пешнињоди Шумо њастем! Субњон ЉАЛИЛОВ, директори барномањои радиои "Ватан"

- Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед. Пас, ВКД-и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефони раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-2121; Ќисми навбатдории ВКД: 221-0830, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-15- 42, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 22448-74; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 223-13-30, 22780-00; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-8335; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-2238; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї:233-72-24, 233-7211; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-06-97, 6-30-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-2536; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 225-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-91- 14, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ:221-00-16.

ЧАРО?

ЧАРО АФЃОНЊО НУРИЊОИ МИНЕРАЛЇ ИСТЕЊСОЛ МЕКУНАНДУ МО НЕ? - Пас аз хондани матлаби њафтаномаи "Нигоњ" - "Се бохт аз Фирташ" №23(405), аз 27 -уми августи соли 2014 мехоњам фикру мулоњизањои худамро баён намоям. Русњо мегўянд, ки "Плохому танцору живот мешает" Дар ин матлаб муаллиф яке аз омилњои рушд накардани соњаи саноати кишварамонро ба фароњам набудани муњиту шаффову озоди сармоягузорї, ноамнии минтаќа, бахусус Афѓонистони њамсоя, нобоварии сармоягузорон, сатњи баланди коррупсия дар нињодњои давлатї арзёбї намудааст, ки тамоман зид њастам. Муњити шаффофу озод чї ањамият дорад барои пурра фаъолият кардани корхонаи муштараки "Тољиказот"? Базаи моддї-техникии замонавї, ќонунњои амалкунандаи љумњурї оиди андоз, гумрук, замин, мутахассис, шароити хуби соњавї ва иловагї бошад, боз чї намера-

сад, ки корхона дастнигари як сармоягузор ва ширкати хориљї бошад? Дар бораи нооромии вазъи минтаќа хусусан Љумњурии Афѓонистон њаминро гуфтаниям, ки дар Балх низ њамин хел корхонаи "Экизак" њаст. Чаро ин корхонаи "Экизак" - и афѓонњо то њозир барои кишоварзони афѓон доруњои минералї истењсол менамоянду корхонаи "Тољиказот" солњои дароз аз кор бозмондааст? Чаро афѓонњо дар шароити ноамнї нурињои минералї истењсол карда метавонанд мо дар шароити амну осоиштагї не? Айб дар мош аст ё мош? Дар бораи сатњи баланди коррупсия дар нињодњои давлатї њаминро гуфтанї њастам, ки пеш аз корхонаро хусусї ё муштарак намудан ба соњибмулк ва сармоягузори хориљї шартњои ќатъї гузоштан лозим аст, ки бо иќтидори асосии ин ё он корхона вобаста бо иљрои ќонунњои амалкунандаи андоз, гумрук, мењнат, ис-

тифодаи замин, шартњои экологї бе чуну чаро риоя намоянд. Хулоса, риояи ин талаботњои ќонун боиси пешрафти кор дар истењсолот мегардад. Дар корхонаи муштараки "Тољиказот" мувофиќи наќшаи солњои 1990 - 93 бояд васеъ намудани истењсолот гузаронида мешуд. Пасон њамаи дастгоњу таљњизоти лозима, њатто бунёди бинои истењсолї пурра ба анљом расида буд. Фаќат корњои васлкунии таљњизот монда буду халос. Айни њол биноњоро нозироти ан-

доз њабси амвол намудаасту воситањои истењсолї яъне дастгоњу тањљизот дар зери барфу борон несту нобуд гашта истодаанд. Як ќисми бинои бунёдгаштаро ба воситаи Кумитаи амвол ба фурўш мондаанд. Миш - мишњое њаст, ки мумкин сармоягузор Дмитрий Фирташ таљњизоту дастгоњњои боќимондаро ба Украина барад. Агар вазъ њамин аст, дар ин сурат кї бурд мекунад? Тољикистон ё Украина? Додољон АБДУРАЊМОНОВ, сокини шањри Ќўрѓонтеппа


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (410), 1. 10. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Сиёсати "ШКУРона" Мирзодиккак аз сандуќи очаи Ќобилљонони нањзатї мўзањои хиром, сару либосї низомї ва ордену медалњои аз падари рањматияш ба мерос мондаро бароварда пўшиду ба роњ баромад. Агар Мирзодиккак ба њамсафони њизбияш, ки бо ришу мўйлаб љанг эълон кардаанд, таќлид намекарду мисли падараш мўйлаб медошт, таваљљўњи бештари атрофиёнро аз хона берун шуд. Ў барои назаргир шуданаш ба чашмонаш айнак гузошта, асои ялоќасоии њамсояашро, ки дар муњољирати мењнатї маљрўњ шуда буд, кироя гирифту ба роњ баромад. Шаклу басти Мирзодиккаки лоѓар хўсаро мемонд. Бинанда њангоми рў ба рў омадану дар тани Генерали њукуматї дидани пижама, ордену медалњои љангї, дар пойњояш мўзаи хиром беихтиёр ба умќи таърих фурў мерафт. Мирзодиккак бо ин карру фараш хост бепул вориди осорхонаи Камолиддини Бењзод шавад, вале ўро роњ надоданд. Чиптачин мегуфт њамаи иштирокчиёни ЉБВ мурдаанд, ё бистариянду ќисме аз актёрњои њиллагар бо ин усул мехоњанд аз имтиёзи мурдањо истифода баранд. Мирзодиккак ба чиптачин фањмонданї шуд, ки ў сарбози њукумати љонољон буда, маќсадаш таблиѓи љавонон ба хизмати аскарї аст. Чиптачин, ки дар андешаи бештар љамъ намудани маблаѓ буд, суханњои Мирзодиккак ба ќавле аз як гўшаш медаромаданду аз гўши дигараш берун мешуданд. Падари Ќобилљони нањзатї асабонї шудани мардони майдони Љанги бузурги ватаниро ба хотир оварда, ба сари чиптачин дод заду асояшро чунон баланд бардошт, ки агар асои Мирзодиккак ба сари ўмезад, сараш мисли себ ду кафон мешуд. Ѓалтак, ки бехабар аз дўсташ Мирзодиккак ўро думболагирї менамуд, бо як љасрорат асои Мирзодиккакро дар фазо дошт, то ки нисбати ў милисањо парвандаи љиноятї боз накунанд... Чиптачин мисли хурўси љангї аз љой бархост... Ѓалтак ба байни онњо даромаду ба кисаи чиптачин 50 сомонї пеш карда, ба љойи дўсташ аз чиптачин узр пурсид. Љўрањо баъди салому алейк аз љойи њодиса ѓайб заданд... Љўрањо дар як муддати кўтоњ ба ошхонаи "СССР", ки дар тањхонаи яке аз биноњои назди майдони Водии Вахш љойгир аст, расида худро осуда эњсос карданд. Онњо аз ин ошхона, ки худхизматрасонї аст, як чойнак чойи кабуд, чор дона ќанди "саюзї" ва ду дона нон харида, паси мизи хўрок нишастанд.

Мирзодиккак: - Дидї?! Мо дар ѓамї пешравию осудагии Ватани љонољонамон њастему, инњо ба ќадри мо намерасанд. Шаб аз оѓози саршавии маъракаи даъвати љавонон ба хизмати аскарї огањї ёфта, хостам баъди тамошои осорхонаи миллї як ќатор арќому далелњои зарурї аз корнамоињои падарону бобоёнамон дар гузашта љамъ намояму назди љавонон баромад карда, онњоро ба хизмати Модар - Ватан даъват намоям, то дилгарм шуда, хизмати Ватанро бо сарбаландї анљом дињанд. Онњоро гуфтанї будам, ки шукрона ва боз њам шукрона кунанд, ки Ватан доранд... Ѓалтак: - Љўраљон ба андешаи ман чї хеле, ки њамон чекчин барои ворид шуданат ба осорхона монеъа эљод намуд, дар комиссариятњои њарбї њам туро ба љавонон наздикшавї намемонанд. Ва аммо баъд, ба фикрам, дар ин њукумат фаќат як ту, худат танњо мондаї, ки ба сиёсати "шукрона" садоќат нишон медињї. Дўстам, сода нашав. Њозирњо ин сиёсати "шукрона"-ро дар долонњои њукуматї баъзењо ба масхара мекашидагї шудаанд. Мирзодиккак: -Э, не-е!? Ѓалтак: -Ња, онњое, ки гуфти мардуми мо, сер шудаанд, акнун "шукрона" не, "шкурона", ё сиёсати "шкура" гуфта масхара мекунанд. Агар њоло туро медиданд, аз ханда рўдакаф мешуданд. Ту бошї гаштї, ба аскарбачањо ибрат шавам гуфта. Боз мўзањои падарата пўшидї. Арвоњашро ќариб ношод мекардї, вай бача кайњо ин "шкура"њоро фањмидаасту, ту намефањмї. Мирзодиккак: - Чаро маро намондї, сарашро зада майда-майда кунам. (Ашк дар чашмонаш њалќа зад. Гиря гулўгираш кард.) Ѓалтак: -Содда нашав, (гапро дигар сў бурд) Мана дар Хуталони худамон чанд сол боз дар маъракаи даъвати аскарон ягон журналистро роњ намедињанд. Дар комиссариятњои њарбї облава,

латукўб, салдатфурўшї љараён надошта бошад, чаро хабарнигоронро на ќабул мекунанду на интервю медињанд. Њатто ба нишастњои матбуотї бо онњо доир намешавад. "Мо худамон журналист дорем", гуфта ишора ба барномањои "Сарбози ватан" мекунанд. Садову симо ва нашрияњои њукуматї њам сиёсати "шкура"-ро дарк кардаанд, бисёр ваќт дидаву дониста, мардумро аз њаёти воќеї дур нигоњ медоранд. Чї дар марказ ва чї дар музофотњо сањифаи якуми њафтаномањояшон аз мадњу санои "боло" шурўъ мешаваду сањифањои охирашон бо танќиди нањзатињо. Мирзодиккак баъди суханњои дўсташ бисёр ѓамгин шуда, ќанду нони гармро фаромўш кард. Аз гулўяш чизе намегузашт. Мехост ба Ѓалтак хитоб кунад: "Ту чиро медонї каљтоќї!? Дар њукумат њанўз содиќони сиёсати шукрона зиёданд! Гапро ба нањзатињо набар, мо онњоро медонем! Аммо ким-чї монеъи ў шуд. Фикрњои парешонашро дар хусуси он чї мебинаду он чї мешунавад, бо барномањову телевизионї ва маќолањои нашрияњои њукуматї хондааш муќоиса кардан мехост, тањлил кардан мехост, аммо наметавонист. Вай дар умќи андешањо, фаќат њаминро хулоса кард, ки њоло маѓзи сараш ќудрати ин корро надорад. Вай аз ин њолат чї тур берун рафтанро намедонист ва ногоњ гўё дар сараш фикри тозае пайдо шуд. Вай пай бурд, ки дар чанд соли ахир бори аввал шояд дар бораи худ меандешад. Дар сараш ибораи "жертва политической идеологии", аз ким - кадом китоби хондааш мечархид. Вай ин ибораро дар майнааш худ ба худ тарљума кард: "ќурбонии идеологияи сиёсї", ё "мафкураи сиёсї". Кадомї дурусттар бошад??? Ва њамин ваќт, вай дар бораи маѓзи сараш, ин узви бисёр муњим, узви асосии баданаш андешид... Ѓалтак, пиёлаи чойи сардро њўрт кашиду, аз паси Мирзодиккак, ки аллакай аз ошхона хаёлї берун шуда буд, нимдав кард...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Латифи ПИДРОМ, шоир ва вакили Луи Љиргаи Афѓонистон: - Ашраф Ѓанї ва Абдуллоњ, ки њар ду аз як таборанд, зиракона хостанд ба љањон бигўянд, бидуни тољикњо њам мешавад, ташкили давлат дод. - Чи кунем, ки аз табори лохњо будан насиби мову шумо дар ду сўи Омў будааст... Шариф ЌУРБОНЗОДА, прокурори вилояти Суѓд: - Суоле пеш меояд, модоме , ки ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рўйхати табиб наистодаанд? Раисони кумитањои мањаллањо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онњо бехабаранд? -Як бозори 8,6 гектараро дар таги биниатон ѓасб карданд, надидеду мехоњед раисони мањаллањо, ки њатто маош намегиранд, психиатр ва низоъшинос шаванд? Ўрун КУЊЗОД, нависандаи халќии Тољикистон: - Имрўз замоне шудааст, ки бозори адабиёт њатто аз бозори картошка њам арзонтар аст. Мутаасифона, сиёсати давлат нисбати адабиёт бисёр заиф аст. Муњити адабпарвар вуљуд надорад. - Бозори майдапиёз гўед, домулло! Шумо бехабар мондед, ки ба шарофати дурўѓгўињои як вазиру як муовини сарвазир нархи картошка то 1 доллар буромада, нархи китобњои Бозор Собиру Муъмин Ќаноату Фарзонаи Хуљандиро гузашта буд... Њољимуњаммад УМАРОВ, иќтисодшинос: - Ман бо боварї гуфта метавонам, ки ќариб ними андозњо ба буљети давлат супорида намешаванд. Яке аз сабабњои дигари насупоридани андоз ин аз ќонунгузорї ва ё Кодекси андоз вобаста аст. Яъне, мардум ќонунгузорї ва ё Кодекси андозро намефањманд. Чун он хеле мураккаб тартиб дода шудааст. - Ако, бигзор мураккабтарин дар дунё бошад, вале аз ин зиёд андоз ситониданро талаб накунед, ки мардум мекафад.. Хамрохон ЗАРИФЇ, собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон: - Ман умуман бо тиљорат машѓул набудаму нестам ва бо Занљонї њам тиљорате надораму надоштам. Гуфтам -ку, танњо бо даъвати Оймањмадов ба чойхона рафтам. - Акнун Худо гўед, ки бо Оймањмањдов ба прокуратураи Тењрон даъват нашавед. Бо њамроњатон акаи Амону таѓаи Сафару бобои Зойиру Красавчика набаред, ки корњо расво мешавад. Мирзохўља АЊМАДОВ, фармондењи собиќи ИНОТ: - Синнам ба 60 расид. Дигар бознишастаам ва дар хона менишинам, давлати пирї меронам. Њеч машѓулияте надорам. То замоне тавонистам ва аз дастам њар чизе омад, ба сарбозон таълим додам. Худо амониро дињад. - Омин! Худо њамаи 60-солањову болотар аз ин синро аз шумули њукуматињо њам бознишаста кунаду бе зиндонї гаштану мусодираи молу мулк давлати пирї ронанд. Омин Раббулъоламин! Сайидмукаррам АБДУЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Тољикистон: - Аъзои Шўрои уламо рўзи идро якшанбеи њафтаи оянда эълон карданд. Бояд њамаи мову Шумо пайравї аз Шўрои уламо кунем. Агар хато карда бошанд, онњо гунањкор њастанд. Ба мову Шумо њеч гап нест. Агар савоб карданд, аљру подош мегиранд. - Мусулмонњои хирадманди тољики мо як масали мардумї доранд, ки нав ба ёдњо омад: "аз пушти зоѓ рафтї, нўлат дар г...њ мезанад".

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 5 500 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.