Гавњар ШАРОФЗОДА:
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
1
Барои љалби љавонон ба китобхонї содданависиро талќин кардем №28 (461). Чоршанбе, 7-уми октябри соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
АСРОРИ ТАЪРИХ
САЊИФАИ 16
КОРРУПСИЯ
Муаммоњои марги Есенин САЊИФАИ 6
ГАРДИШ
Бозгашти полковник САЊИФАИ 7
БУЊРОН
Розњои нињони Путин
САЊИФАИ 10
ОЊ, СЮЗАН... Сафири Амрико Тољикистонро пазмон хоњад шуд?
СИЁСАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
2
"Хизмати сесолаи ман минњайси сафири Иёлоти Муттањидаи Амрико дар Тољикистон ба охир мерасад. Мехоњам ба њамаи онњое, ки ба ман эњсоси хушї доданд ва ба таќвияти муносибатњои мо бо њукумату мардуми Тољикистон кўмак карданд, ташаккур гўям. Њамаро, бахусус кормандони сахткори сафорати Амрико дар Душанберо пазмон хоњам шуд. Њељ гоњ се соли бењтарини кор дар Тољикистонро фаромўш нахоњам кард". Ин охирин нигоштаи Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тољикистон дар сафњаи фейсбукиаш аст. Хонуми сафир њамчун як масъули амрикої тайи се соли ахир дар Тољикистон фаъолиятњояшро њадди аксар шаффоф ба роњ монда, њамин гуна дар сањифањои иљтимоиаш то атласпўшињояшро ба намоиш мегузошт. Њамеша барои рўзноманигорон дастрас буд. Аммо ваќте ба њаводиси чанд соли ахир дар Тољикистон мурур мекунем, мебинем, ки дар ќиёс бо даврони сафирони пешин воќеан се соли хонум Эллиот "бењтарин" буданд. Дар як нигоњи сатњї дида мешавад, ки Амрико он наќшеро, ки дар гузашта дар сиёсатњои Тољикистон дошт, бахусус рушди демократия, озодии баён ва њуќуќи башар, дигар надорад ё чандон майл, шояд имкони доштан надорад. Бале, кори дасти хонум сафир нест ва ў дар изњороташ аз ину он падида изњори нигаронї мекард, аммо дар даврони ў ин њама - демократия, озодии баёну виљдон ва њуќуќи башар - ба идомаи на як раванд, балки вожањои шиорї табдил ёфтанд. Тайи ин се сол сармоягузорињои амрикої барои љомиаи шањрвандї коњиш ёфта, бештар ба соњаи амният - мубориза бо терроризм ва ќочоќи маводи мухаддир равона шуд.
Хайр, озодї! Хонум Эллиот моњи октябри соли 2012 эътимодномаи сафириашро ба президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон супурд. Ин мањз он замоне буд, ки дар толорњои њукумати Тољикистон "протоколи 3220" омода мешуд ва њукумат ба як барномаи, ба таъбири худаш, зидди ифротгарої омода мешуд. Њоло, ки хонум сафир меравад, Њизби нањзати исломї - як њизби расмии Тољикистон, аз нерўњое, ки мавриди таваљљўњи Амрико буд, ба як созмони террористиву экстремистї табдил ёфт ва 23 рањбараш зиндонї шуданд. Дар кишвар маъракаи зидди њиљобу риш ва руњониён, онњое, ки аз нигоњи арзишњои амрикої нишонаи озодии виљдон ва дигарандешї арзёбї мешаванд, роњандозї шуд. Дањњо нафар аз наќзи њуќуќњои худ шикоят карданд, аммо сафорати Амрико дар баробари ин танњо дар бораи риояи њуќуќњои инсон ва дигарандешї, њамчун рукни як љомиаи демократї он њам дар изњорот ва гузоришњои вазорати хориљиаш забон мекушод. Соли 2005 замоне, ки Кондолиза Райс, вазири корњои хориљии Амрико ба Тољикистон омад, ба пешвози ў рўзноманигори марњум Љумъабой Толибовро озод карданд. Соли 2013 рўзноманигори аштї Мањмадюсуф Исмоилов ба иттињоми ночиз ва аз нигоњи вакили дифоъу коршиносон, бепоя 11 сол равонаи зиндон шуд. Сафорати Амрико дар ин ќазия, ба назар мерасад, ба он чї, ки њукумат гуфт, бовар кард ва ба сарнавишти ягона рўзноманигори зиндонии тољик таваљљўњ зоњир нанамуд. Аз гузоришњои молиявии солњои
ахири сафорати Амрико дар Тољикистон ва умуман нињодњои сармоядињандаи ин кишвар бармеояд, ки таваљљўњи онњо ба созмонњои љамъиятї ё ѓайрињукуматї низ коњиш ёфтааст. Њарчанд аз сањафоти шабакањои иљтимої, он њам сафњањои шахсии бархе фаъолони љомиаи шањрвандї дида мешавад, сафарњои онњо ба он тарафи Уќёнуси Атлас афзудаанд. Аммо фаъолиятњои онњо дар Тољикистон њатто дар соњањои иљтимої, чї расад ба матбуоту озодии сухан, хеле камранг шуд. Азбаски дар таърифи кишварњое, назири Русия, Ўзбакистон ва Белорус, љомиаи шањрвандї як рукни муњими "сутуни панљум" ва иљрогари тарњњои "инќилобњои ранга" бо рањбарии Амрико њисобида мешавад, дар Тољикистоне, ки раванди рушди љомиаи шањрвандї идора мешуд, низ њамон фањмишњо ба вуљуд омаданд. Шояд аз ин хотир аст, ки Амрико дигар њатто ба Ќонуни нави ташкилотњои љамъиятї таваљљўњ накард, то худ мавриди таваљљўњ ќарор нагирад. Он ќонуне, ки аз ин ба баъд њаќќи назорати вуруди маблаѓгузорињои хориљї ба созмонњои дохиливу байнулмилалї ба Тољикистонро фароњам месозад. Шояд дар сафорати Амрико аз шакку гумонњои њукумати Тољикистон тасаввури рўшантаре доранд, ки ба ин тањаввул чашм пўшиданд. Ахиран боздошти Бузургмењр Ёров, адвокати маъруфи тољик, ки намояндаи ягона ќишри тавозунсози љомиа дар адолати судї буд ва Амрико яке аз ањдофашро солњо ба ислоњоти низоми судї рабт медод, низ пинаки Вашингтонро напарронд. Хулоса, Амрико дар замони хонум Эллиот ё пештар аз он дарк кард, ки дар Тољикистон бењтар аз њукумати он њамкоре нахоњад дошт ва коре
накард, ки ба даъвои кўмак ба мардуми Тољикистон мувофиќат кунад, агар намунањои хурду резаро ба назар нагирем.
Амният ба љои демократия "Нигоњ" моњи апрели соли равон дар матлабе харољоти сафорати Амрико дар Душанберо бар асоси иттилои Раёсати назорати кул, ё OIG (Office of Inspector General), як нињоди нозири њукумати ИМА ба баррасї гирифта буд. Ин аудит ё бозрасї аз 29 октябр ба 15 ноябри соли 2014 анљом шуда, натиљањои он моњи марти соли равон ба нашр расид. Аз он бармало хулоса мешавад, ки Амрико дар Тољикистон аллакай аз шуруъи замони сафирии хонум Эллиот ё шояд барваќттар озодињои демократї ва рушди љомиаи шањрвандиро ба зинаи дуввум партофта, бештар таваљљўњ ба масоили амниятї мекунад. Порае аз он матлаб: "Сафорати ИМА дар Душанбе аз 6 нињоди алоњидаи амрикої дар Тољикистон иборат аст, ки њар яке буљаи худро доранд: 1) департаменти давлатї ё вазорати корњои хориљї (13 миллиону 778 њазору 305); департамент ё вазоратњои 2) дифоъ (44 миллиону 691 њазору 445); 3) адлия (40 њазор) ва 4) корњои дохилї (810 њазор доллар); тандурустї ва рушди инсонї (273 њазору 144 доллар) ва 6) USAID - Агентии рушди байнулмилалии Иёлоти Муттањида (24 миллиону 325 њазор). Љамъи харољоти сафорати Амрико 83 миллиону 918 њазору 016 доллар њисоб шудааст ва тавре дида мешавад, беш аз нисфи он аз њисоби вазорати дифоъи Амрико пардохт мешавад". Хонум Эллиот дар посухи суол дар
25% 20% 15% 10% 5%
Дар ин бора фикр накардам
30%
46%: "НОХОНДАЊО БОИСИ САДАМАЊОИ НАЌЛИЁТЇ ДАР РОЊЊО МЕШАВАНД"
Надонистани ќоидањои њаракати роњ
35%
Беэњтиётии ронандагон
40%
Нохонда њуљљати ронандагї гирифтан
45%
Афзоиши назорат аз болои ронандагон
50%
Дар њолати сархушї рондани худрав
Беэътиної нисбат ба ќоидањои њаракат
САДОИ МАРДУМ
1%
0% 1
2
3
4
5
6
7
Бар асоси натиљаи як пурсиши виртуалї, наздик ба 50 дарсади садамањои наќлиётї дар роњњои Тољикистон ба сабаби нохонда њуљљати ронандагї гирифтан рух медињанд. Назарпурсии ахир зери унвони "Чї бештар боис ба садамањои наќлиётї дар роњњои Тољикистон мешавад?" маълум кард, ки 15 фисади раъйдињандагон ба варианти "беэњтиётии ронандагон" овоз дода, 17 фоизи респондентон мегўянд, "беэътиної нисбат ба ќоидањои њаракат" боис ба садамањои наќлиётї мешавад. Инчунин 4 дарсади ширкаткунандагони ин назарпурсї ќайд кардаанд, ки ин њодисањо "дар њолати сархушї рондани худрав" ба амал меоянд, вале 4 дарса-
ди дигар муътаќиданд, ки "афзоиши назорат аз болои ронандагон" боиси садамањои наќлиётї мегардад. Аз сўи дигар 46 фоизи иштирокчиёни ин назарпурсї таъкид кардаанд, ки "нохонда њуљљати ронандагї гирифтан" боиси садамањои наќлиётї дар роњњои Тољикистон мешавад. 13 дарсади онњо низ ба варианти "надонистани ќоидањои њаракати роњ" раъй дода, 1 фоизи ахир њам изњор доштаанд, ки "дар ин бора фикр накардаам". Ин назарпурсї аз 28-уми сентябр то 6-уми октябри соли 2015 бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" дар Ољонсии иттилоотии "Tojnews"гузаронида шуда, дар он 331 нафар иштирок кардааст.
РИСОЛАТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
ОЊ, СЮЗАН... Сафири Амрико Тољикистонро пазмон хоњад шуд? ин маврид ба "Нигоњ" гуфта буд, ки амнияти Тољикистон амнияти ИМА аст. Зимни суњбати ахираш бо Радиои "Озодї", дар гузашта ќавитарин пойгоњи хабарї ба забони тољикї, низ њамкорињои кишвараш бо Тољикистон дар заминањои амниятиро муњим шумурдааст. Ў хатарњои амниятиеро, ки аз Афѓонистон ба Тољикистон тањдид мекунанд, љиддї шуморида гуфтааст: "Ин хатарњо ба Тољикистон њам метавонанд таъсир кунанд, аз ин хотир, мо бар густариши равобити Тољикистону ИМА њастем". Хонум сафир бо ин гуфтањояш ин воќеиятро таъйид мекунад, ки масири пешгирифтаи њукумати Тољикистонро дуруст мешуморад, дар ин амр кўмак хоњад кард ва ба њар чї дар Тољикистон мегузарад, "гап надорад". Ба њамин минвол, хурдтарин ишораеро њам намекунад, ки гоњњо иштибоњњое сурат мегиранд, ки худ ноамнињоро ба вуљуд меоранд. Ва инро намешавад танњо ба таблиѓоти расонањои Русияву Эрон дар бораи пуштибонї шудани љараёнњои террористї, аз љумла "Давлати исломї" аз сўи Амрико рабт дод. Истихдоми љавонони то-
љик ба сафи созмонњои террористї дар Сурияву Ироќ, бахусус мисоли барљастатарин пайвастани парвардаи "Блек Вотерс" - и Амрико, полковник, собиќ фармондењи ОМОН - и вазорати корњои дохилии Тољикистон Гулмурод Њалимов хоњу нохоњ симои Амрикоро дар Тољикистон, шояд њукуматаш њам шабњаангез мекард. Умуман, замони сафорати хонум Эллиот имкон намедод, ки пуштибониашро аз равандњои демократї далерона нишон дињад, зеро хоњ - нохоњ ба њарфњои ў шубња мекарданд. 19 августи соли 2014 муаллифи як рўзномаи њукуматї ЊНИТ ва ИМА - ро ба омода кардани як инќилоби исломї муттањам кард. Сўистифодањое, ки аз ин вазъ дар Тољикистон шуд, он авоќиберо доранд, ки имрўз бармало дида мешавад.
Ба љои хайрбод Сиёсати хориљии Амрикоро хонум Эллиот ва сафирони дигар намесозанд, балки инњо танњо роњандоз ё иљрогар њастанд. Камбудињоро намешавад пурра ба эшон рабт дод, њарчанд метавонанд корњое-
ро анљом дињанд. Аммо чирадастии њамешагии Амрико аз он иборат аст, ки њар вазъе, ки дар њар кишвари дигар ба вуљуд наояд, ба кадом рў гардонда нашавад, ба нафъи Кохи сафед тамом мешавад. Кишвар пеш рафт, ё ќафо, амн њам шуд ё ноамн, демократї шуд, ё авторитарї, њарчи шуду нашуд, ба нафъи Амрикост хатм хоњад шуд, зеро сухан дар бораи як сиёсати хориљии систематик меравад, ки њама гуна рушду буњронро метавонад ба нафъи худ истифода кунад. Аз ин хотир, хонум Эллиот дуруст мефармояд, он чї ва он касоне, ки тайи се сол дар Тољикистон ба ў эњсоси хушї доданд, ба таќвияти муносибатњои Амрико бо њукумату мардуми Тољикистон кўмак кардаанд. Ва табиист, ки ин се соли бењтарини кор дар Тољикистонро хонум фаромўш нахоњад кард. Мо њам сафири атласпўши амрикоиро фаромўш намекунем, пазмонаш хоњем шуд ва хоњам гуфт: Оњ, Сюзан, Сюзан... Фаромарзи ФОЗИЛ
P.S. Барак Обама, президенти Амрико Элизабет Миллард, дар гузашта муовини сафири Амрико дар Ќазоќистонро њамчун номзад ба маќоми сафирии ИМА дар Тољикистон пешнињод кард. Хонум Сюзан Эллиот, бино ба иттилои худаш, акнун дар "EUCOM" ё фармондењии марказии Амрико дар Аврупо, маќарраш дар шањри Штутгарти Олмон ба њайси муовини фармондењ - мушовир дар масоили мулкию сиёсї фаъолияташро идома хоњад дод. "Нигоњ" ба ў барори кор мехоњад.
СИЁСАТ
Сафари кории Эмомалї Рањмон ба шањри Сочї Президент Эмомалї Рањмон барои анљоми як сафари корї ба шањри Сочии Федератсияи Россия сафар кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар фурўдгоњи байналмилалии пойтахт Эмомалї Рањмонро Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Тољикистон, Бахтиёр Худоёрзода, роњбари Дастгоњи иљроияи Президент ва дигар шахсони расмї гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Эмомалї Рањмонро Ёрдамчии Президент оид ба масъалањои робитањои хориљї Эркинхон Рањматуллозода ва дигар шахсони расмї њамроњї мекунанд.
3
Муњибуллоњ Ќурбон Бе муболиѓа гузаронидани љашни арўсии пеш аз ќабули ќонуни мазкур арзонтар буд, назар ба љашне, ки имрўз гузаронида мешавад. Танњо тавассути манъ кардани чунин дастархонњои лабрези гаронбањо метавонад пеши ин пойгаи бемаънои гузарон-гузаронакро гирад.
Пистаи 120-сомонї Чун дар ин мавзуъ бо дўсти дигаре суњбат кардам, гуфт, ки мо рўзи Иди ќурбон ба бачањои ба идгардак омада саќич додем ва чун саќич тамом шуд, дарро бастем, чунки ба оростани дастархони идона воќеан њам пул надоштем... Њамсояам як фарди миёнањоли дасткушод аст. Дирўз маро назди биноямон дошт ва як муколамаи кўтоње доштем. Дар назарам суханњояш аз дарди рўз буд, бинобарин, суњбати ўро бо андак тањрир таќдиматон мекунам. "Дар арафаи Иди ќурбон ба бозор рафтам. Љойи сўзанзанї набуд. Чун њарваќта тољик њама корро, аз љумла, хариди идонаро, ба рўзи охир мегузаронад ва худаш намедонад, ки як сабаби гароншавии бозор худи ўст, яъне, бо ба вуљуд овардани њолати як фурўшандаву сад харидор ба осиёби савдогар об мерезад. Дидам, ки дар каноре зане ба синни нафаќа расида бо бачааш меистод ва барои харид љуръат надошт. Пуле, ки дар дасташ буд, ба хариди идона, ба хаёлам, намерасид. Нињоят ў бо писар маслињат карда, ба харид пардохтанд. Дусадграммї писта, маѓз ва бодом хариданд. Хостам, мададашон кунам, аммо андешидам, ки оё онњо аз ин кори ман намеранида бошанд. Ваќте 1 кило писта 120 сомонї арзиш дошта бошад, он гоњ на танњо бознишаста, балки намояндањои бисёр табаќањои љомеа наметавонанд аз ин гуна писта килову ду кило бихаранд. Албатта, ин нарх њатто аз арзиши чунин мевањои хушк дар баъзе кишварњои пешрафта њам баландтар аст, вале чї илољ, танзими нарх на њама ваќт дар дасти Њукумат њаст. Аммо дигар роње њаст, ки Њукумат метавонад ба ин арзиши баланд таъсир расонад? Масалан, тавассути даровардани илова ба Ќонун дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон, ки аз ќабули он панљ сол гузаштааст ва дар ин байн масъалањое ба миён омаданд, ки барои њалли онњо воќеан, чорањои ќонунї заруранд. Зеро панљ сол пештар нархњо то ба ин дараља осмонї нашуда буданд. Бе муболиѓа гузаронидани љашни арўсии пеш аз ќабули ќонуни мазкур арзонтар буд, назар ба љашне, ки имрўз гузаронида мешавад. Танњо тавассути манъ кардани чунин дастархонњои лабрези гаронбањо метавонад пеши ин пойгаи бемаънои гузарон-гузаронакро гирад. Ман муддате дар Туркия будам, аз љумла, дар рўзњои Иди ќурбону Иди Рамазон њам. Аз рафтори туркњо маълум буд, ки онњо чунин суфраи идонаи гаронбањо намекушоянд. Баъдан дар ин рўзњои саид туркњо бештар ба садаќаву дигар корњои хайр машѓул мешаванд. Њол он ки онњо назар ба мо сарватмандтаранд ва имконияти пур кардани дастархони љашниро зиёдтар доранд. Пас чаро онњо ва дигар миллатњои мусалмон ба ин гуна намоиши њиммати якрўза, балки намоиши сарват тавассути дастархон машѓул нестанду мо дар ин кор њам аз њама "пешќадамем? Агар панљ сол пештар ин гуна суфра бо саду дусад кушода мешуд, имрўз камаш ду баробар гаронтар шудааст. Хуб, оне, ки дорад, мекунад, вале њамон оилае, ки њамон пулро надорад, чї кор кунад? Маљбур аст, бо ќарзу ќавола њамин суфраи идонаро кушояд, зеро рўзи ид аз пагоњї омадани наздикону њамсояњо, дурусттараш, идгардак, сар мешавад. Ба ин гуфтањои њамсояам њаминро илова мекунам, ки дар њаќиќат, дар аксари хонањо ба истиќболи ид дастархони пурнозу неъмат мекушояд. Ман њам бо амри тасодуф ва хоњиши дўсте ба "идгардак" ба манзили нафаре дар бинои њамсоя даромадем ва дастархони он нафар аз мизи идонаи оилаи миёнањолон кам фарќ мекард. Дар ду љойи дастархон лаълињои пур аз маѓзу чаѓз буд. Аммо аз суфра ба деворњо ва саќфи хона чашмам афтиду дар њайрат задам. Љо - љо зардеворї дар деворњо канда шуда, доѓи оби аз хонаи боло кайњо рехта њанўз дар саќф менамуд. Чун аз он квартира баромадем, аз дўстам фањмидам, ки ин зани муштипар ба ѓайр нафаќа ва савдои чаканаи назди бино дигар даромаде надошта, чанд сол аст, ки наметавонад, хонаашро таъмир кунад, вале зиёфате оростааст шоњона. Чун дар ин мавзуъ бо дўсти дигаре суњбат кардам, гуфт, ки мо рўзи Иди Ќурбон ба бачањои ба идгардак омада саќич додем ва чун идї тамом шуд, дарро бастем, чунки ба оростани дастархони идона воќеан њам пул надоштем... Кош, рўзе мерасид, ки дастархонамон воќеияти моро ифода мекард.
4
ЗАБОНИ ДАВЛАТЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
Гавњар ШАРОФЗОДА:
БАРОИ ЉАЛБИ ЉАВОНОН БА КИТОБХОНЇ СОДДАНАВИСИРО ТАЛЌИН КАРДЕМ Мусоњибаи хабарнигори TojNews бо Гавњар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди њукумати Љумњурии Тољикистон, ба муносибати Рўзи забони давлатї - Бону Гавњар Шарофзода забони давлатии мо дар чи ќарор дорад? - Наметавонам бигўям, ки забони мо њоли баде дорад. Ба њар њол, барои тозагиву покии он хеле талошњо сурат гирифтаанд. Аз замони таъсиси Кумитаи забон ва истилоњот корњои зиёде дар заминаи поксозии забон, ворид кардани забони давлатї чун забони коргузорї дар вазорату идорањо, ташвиќи поксозии калимањои бегона аз овезањо ба кўчаву хиёбонњо, то талоши охир дар мавриди таљдиди назар дар номгузории мањалњо, ки дар мавридњое иќдомоти суратгирифта бар зарари номњои таърихї шудааст. Инњо як номгўи хеле нопурраест, ки мо аз корњои сомнёфта дар самти поксозии забон ва татбиќи ќонуни забон анљом додаем ва анљом хоњем дод.
Вале гумон мекунам њоло хеле аз корњое дар пешанд, ки бояд талош кунем, камбудињое њастанд, ки бояд барои рафъашон кўшиш намоем. - Ваќтњои охир Кумита зиёд талош мекунад, ки овезањо дар кўчањои шањр бо забони давлатї бошанд. Гуфта метавонед, ки калимањои аљнабї дар эълону реклому овезањо камтар шудаанд? - Тибќи меъёрњои њуќуќии Њукумати Тољикистон рисолати Кумитаи замон ин назорати татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи забони давлатї" дар тамоми ќишри љомеа аст. Аз ин хотир талошњое, ки Кумитаи забон дошт, нисбат ба лавњаю овезањо, олудашавии забон, забони китобњои дарсї, рўзномањои давлатию ѓайридавлатї инњо њама талошњое буданд,
ки то љойе самара доштанд. Њолатњое, ки масъала ба остонаи додгоњ њам мерасид, вале њадаф он буд, ки мо "Ќонуни забони давлатї"-ро татбиќ намоем. Зеро дар бисёр њолатњо њам забони ВАО, лавњаю овезањо ва баъзан забони китобњои дарсї ба талаботи меъёри забони тољикї љавобгў набуда, аз хатогињои имлої дур нестанд. Гурўњи кории Кумитаи забон ва њайати мушовара кўшиш ба харљ дода истодаанд, ки маќомоти марказию мањаллї аз пайи ислоњи ин камбудињо бошанд. Мутассифона, њолатњое ба назар мерасад, ки лавњаю овезањое, ки дар њудуди шањр ва берун аз шањр дар мањалњо мебинем, бо як хунукназарї ва беэњтиромї ва беэътиної нисбат ба меъёри забони тољикї ва хатоњои имлоиву услубї љо дода шудаанд.
Мо ба маќомоте, ки барои овехтани ин лавњаю овезањо иљозат медињанд, мурољиат кардем ва дар аввал онњоро муаззаф кардем, ки бидуни тањлили забонї ба овехтани њар гуна реклом роњ надињанд. Ва баъдан талош крадам соњибони ин гуна овезањои ѓалатро љарима бандем, то барои онњо ва дигарон дарс шавад ва забони давлатиро эњтиром кунанд. Танњо дар нимсолаи аввали соли љорї Кумита моќомоти зидахлеро, ки овезањои ѓалат доштанд, ба маблаѓи бештар аз 82 њазору 200 сомонї љарима баст. Њоло мебинем, ки дигарон љиддан аз пайи ислоњи камбудї њастанд ва мо пешрафтњое дар ин замина эњсос мекунем. - Барои таблиѓи забони ва адабиёт наќши телевизион ва радио хеле муњим аст. Аммо аз забони ровиёни радио ва телевизион бисёр эрод гирифта мешавад. Кумита дар ин иртибот чї коре анљом додааст? - Бале дар ин самт низ Кумитаи забони корњоеро ба анљом расонидааст. Гурўњи кории Кумитаи забон њар семоња забони барномањои телевизионї ва радиоиро дар љаласаи назди раиси Кумита ва њайати мушовара барои тањлил ва омўзиш пешнињод мекунад ва ё хулосае, ки њар се моњ барномањои телевизионї ва радиої аз љониби кормандони љаласа њалли худро меёбад ва ба маќомотњои дахлдор аз љумла масъулини радио ва телевизиони кишвар пешинњод мегардад. - Иќдомњои Кумитаи забон аз љониби Њукумати кишвар чигуна дастгирї карда мешавад? - Аслан сиёсати Њукумати Тољикистон ва дастуру супоришњои Президенти кишвар дар љодаи пок ва беолоиш нигоњ доштани забони модарии мову шумо мављуд аст, ки Кумита аз он кор мегирад. Њар чорабинї, тањќиќот ва тањлилњое, ки дар маќомоти марказию мањаллї ва марказњои савдо гузаронида мешавад, натиљаи он бевосита ба Њукумати Тољикистон пешнињод мегардад. - Яке аз сабабњои хеле поин рафтани забони тољикиро мутахассисон бештар дар он мебинанд, ки ваќтњои ахир талќини содданависї зиёд шудааст ва ин кор ба поин рафтани сатњи забон мусоидат кардааст. Ба назари шумо њамчун мутахассис оё имрўз ваќти он нарасидааст, ки мо аз ин таблиѓ даст бардорем, то забони мо то ба сатњи поён ва кўчагї содда нашавад? - Аслан талќин барои содданависї набуд, талќин барои фањмидани забон буд. Зеро мутассифона, баъзе аз љавонон ва мардум аз китобхонї даст кашиданд ва рў ба китоб надоранд. Аз ин хотир даъват ба он буд, ки андаке содда бинависем, ба хотири он ки барои мардум фањмо бошад ва мардум дарк карда тавонанд ки нависанда чї мехоњад. Забон муаррифкунандаи њар миллат аст ва тавоноию фарњанги њар миллатро муаррифї мекунад.
ФАРЊАНГ Дар Пажуњишгоњи фарњанг ва иттилооти Вазорати фарњанги Тољикистон дар як мизи мудаввар бо ширкати олимони саршиноси соњаи мусиќї љойгоњи фалак дар мусиќии тољикро бањс карданд. Шариф Комилзода, Директори пажуњишгоњи мазкур фалакро маъруфтарин мусиќии миллї шумурд ва гуфт дар остонаи баргузории "Рўзи фалак" доир шудани ин бањс ба хотири бори дигар арзёбї кардани арзишњои фарњангии ин мусиќии асил аст. Нозади илми таърих Абубакр Зубайдов, ки дар мавзуъи "Фалак мусиќии њирфаї ва мардумии тољик" суханронї мекард, гуфт, ки таърихи он ба умќи торих мерасад. "Фалак суруд ва навои мар-
Бањси Фалак дар Пажуњишгоњи фарњанг думи тољик аст ва он бештар дар навоњии куњистони кишвар маъмул буд. Чун тўли асрњо марди куњистонї аз дасти тињї ва нодорї, гирудори нобасомонињои рўзгор ба танг омада, рў ба куњсор меовард, аз маѓзи љон фарёд мезад, ба ин васила дарду ѓам ва розу ниёзи худро ифшо менамуд. Ба андешаи ин пажуњишгар Фалак њанўз аз замони Хусрави Парвизи Сосонї (950-628) равнаќ ёфта будааст. Вай аз сарояндагони ин давра, Борбади Марвазї, Бомшод, Саркаш, Ромтин, Озодвари Чангї, Гесўи Навогар ёд кард, ки ин мусиќиро ба ављ расонда, ба як созу
навои касбї табдил додаанд. Шањноза Мирзоева, номзади илмњои санъатшиносї дар мавриди љойгоњи Фалак дар асарњои Фаттоњ Одинаев суњбат кард ва гуфт, ки операи "Парасту"-и Одинаев яке аз арзишмандтарин асарњост, ки на танњо аз бахши фалак барои оркестр, балки аз арияи калони Фалак иборат мебошад. Назокат Ќличева, ходими калони Пажуњишгоњи фарњанг ва иттилоот мавзуъи "Фалак дар раќси занонаи халќи тољик" изњори назар кард ва гуфт, ки њунармандони маъруфи мардумї Одина Њошим,
Мирзоватан Миров, Гулрафтор Шањобова, Файзалї Њасанов, Гулчењра Содиќова, Файзалї Њасанов Фалакро бо омезиш бо раќсњо иљро мекарданд ва дар навои Фалак раќќосањои машњур Садбарг Ќосимова, Мунаввара Аминова, Зуњро Назарова. Арафамоњ Давлатова бо пироњани миллии чакан хеле хуб мераќсиданд. Дар ин мизи мудаввар њамчунин профессор Љўрахон Обидпур, номзади илми торих Муњаммадулло Табаров, номзади илми санъатшиносї Кароматулло Рањимов ширкат ва суханронї карданд.
ИЌТИСОДИ СИЁСЇ Шўрои нозирони ЉСП "Фононбонк" Самихон Ќурбонов, рањбари бонкро аз вазифа барканор кард ва бо ќарори Раёсати Бонки миллии Тољикистон дар "Фононбонк" маъмурияти муваќќатї таъйин шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бонки миллии Тољикистон, Раёсати Бонк "мутобиќи моддањои 49 ва 50 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Бонки миллии Тољикистон" ва бо маќсади бењтар кардани вазъи молиявии ЉСП "Фононбонк" ва њимояи манфиатњои пасандоздорон ва ќарздењони он бо ќарори навбатии худ аз 2 октябри соли равон дар бонки зикршуда маъмурияти муваќќатї ба муњлати се моњ таъин намуд". Бино ба ин манбаъ, "њайати маъмурияти муваќќатї аз њисоби кормандони ботаљрибаи идорањои марбутаи Бонки миллии Тољикистон ташкил карда шудааст" ва ба ин њайат дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси ќонунгузории љумњурї ба роњ монда, барои бењтар кардани вазъи молиявии ЉСП "Фононбонк" чорањои зарурї андешад. Тавре аз ин иттилоъ бармеояд, њадафи сабаби рўи кор овардани "маъмурияти муваќќатї" а) бењтар кардани вазъи молиявии "Фононбонк" б) њимояи манфиатњои пасандоздорон ва ќарздењони он будааст. Аммо ин, ки "њайати маъмурияти муваќќатї аз њисоби кормандони ботаљрибаи идорањои марбутаи Бонки миллии Тољикистон" ташкил шуда, дастур гирифтааст, "фаъолияти худро дар асоси ќонунгузории љумњурї" ба роњ монад, паём аз пеш омадани як ќазияи дигари иќтисодї - сиёсї медињад. Зеро бино ба ќавли манобеъи огоњ, "Фононбонк" тайи як соли ахир мушкили вижае надошт. Бино ба бархе иттилооти таъйидношуда, дар ташкили ин бонк сањми Шариф Рањимзода, собиќ раиси Бонки миллї ва вазири рушди иќтисоду тиљорати Тољикистон низ њаст.
БУД Ё НАБУД... Аммо ин, ки мегўянд, Самихон Ќурбонов, амаки Саидумар Њусайнї, муовини якуми раиси ЊНИТ мебошад, дуруст ин эњтимолро ба вуљуд меорад, ки сарнавишти "Фононбонк" обуранги дигаре хоњад гирифт. Љои шубња ба ин, ки барканории Самихон Ќурбонов ба боздошти љиянаш Сайидумар Њусайнї рабт дорад, кам мемонад. Замоне, ки расонањо ин иттилоъро пахш карданд, Бонки миллї љанбаи шахсї ва сиёсї доштани ќазияро ба куллї рад кард. Абдуѓаффор Ќурбонов, сухангўи Бонки миллии Тољикистон ба хабаргузории TojNews гуфт, ки Бонки миллї њамчунин ваколатро надорад: - Бонки миллї њаќ надорад рањбари бонки тиљоративу хусусиро барканор кунад. Фиристодани маъмурияти муваќќатї таљрибаи нав нест. Ваќте бонк ба мушкилоти гирифтор мешавад, барои бењтар кардани вазъ ба бонк маъмурияти муваќќат равон мекунем. Абдуѓаффор Ќурбонов гуфт, Самихон
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
5
АЗ ПАСИ ЉИЯН? Амаки Саидумар Њусайнї, муовини раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон аз рањбарии "Фононбонк" барканор шуд Ќурбоновро Бонки миллї барканор накардааст ва афзуд, "мо њатто талаб њам накардаем. Мо инхел ваколат надорем. Мо метавонем танњо розигї дињем. Раис метавонад дар маќомаш истад, фаќат маъмурияти муваќќатро мо равон мекунем. Ваќте Шўро пешнињод мекунад фаќат мо њуќуќ дорем розигї дињем". Дар "Фононбонк" низ тасдиќ карданд, ки ба љои Самихон Њисейнович Ќурбонов маъмурияти бонкро ба зимаи се намоянда аз Бонки миллї гузоштаанд. Њарчанд расман таъйид намекунанд, ки барканории Самихон Ќурбонов ба боздошти Сайидумар Њусайнї рабт надорад, аммо мавориди гуногун дар гузаштаву имрўз нишон медињад, ки хеле аз афрод ба далели хешованди ин ё он нафар будан ба сарнавишти нонавишта шудаанд.
РАИСИ СОБИЌ? Самихон Ќурбонов шахси расонаї набуд, аммо ду мавриди дар расонањо роњ ёфтани ў тайи ду соли ахир мушоњида мешавад. Дар матлаби аввал ў мавриди танќид ќарор ёфта, дар мавриди дуввум аз ў ситоиш мешавад. 6 декабри соли 2014 сомонаи "Фараж" тањти унвони "фоНОН" дар бораи Моњшариф Муродова, як зани тољик сухан меравад. Мавсуф барои напардохтани ќарзи "Фононбонк" аз љониби прокуратура ба иттињоми ќаллобї муттањам мешавад. "Муфаттишон ба ў њуљљатеро пешнињод менамоянд, ки дар он бо мўњру имзо Самихон Ќурбонов, - раиси ЉСП "Фононбонк"ба маќомоти прокуратура маълумотнома додаст. Тибќи он, гўё Моњшариф Муродова соли 2010 ба бонк ягон сомонї маблаѓи ќарзи кредитори-
ашро пардохт накардааст. Ќурбонов навиштааст, ки занро 10 моњ боз надидаем" - менависад "Фараж". Моњшариф Муродова њамаи њуљљатњои тасдиќкунандаро дар бораи пардохти ќарзаш пешнињод карда, аз зиндон рањо мешавад. Сухан дар бораи 3,5 њазор доллар ќарз меравад. Мавсуф ба "Фараж" гуфтааст, раиси ЉСП "Фононбонк" Самихон Ќурбоновро "як нафари хеле мулоимхислат, мењрубон, ва "њољии секарата" ёд мекунанд. Ва дасти саховаташ њам гўё дароз будааст. Ба гуфтаи нафароне, ки ўро хуб мешиносанд, "мўрчаро гўё озор намедодааст ва ба њар нафаре, ки кўмак лозим бошад, дасти ёрї дароз мекардааст". Бино ба матлаби дуюм, ки њафтаномаи "Нигоњ" 28 апрели соли равон чоп кардааст, Самихон Ќурбонов, мубтакири тарљумаи "Сањењи Бухорї" дар Тољикистон аст. Марњум донишманди ислом Муњаммадљон Умаров дар суњбат ба "Нигоњ" гуфт, ки "як рўз Файзуллоњ 30 сањифа аз "Сањењи Бухорї" оварда гуфт, ки як одам илтимос кард, ки њаминро та-
рљума карда дињед. Тарљума карда додем. Баъди чанд ваќт омада гуфт, ки акнун пурра тарљума мекунем. Чунин будааст, ки Самихон Ќурбонов, рањбари "Фононбонк" 30 сањифаи як матнро ба чандин нафар, ки ба тарљума машѓуланд, таќсим карда додааст. Љамъ карда гирифта, аз моро интихоб кардааст. Барои худаш озмуни бидуни эълон гузаронидааст. Њамон нафар ин корро маблаѓгузорї кард". Дар њамин њол, ба эњтимоли зиёд дар баробари Самихон Ќурбонов сарнавишти худи "Фононбонк" низ номаълум боќї мемонад, зеро таѓйир додани рањбарияти он дар симои "маъмурияти муваќќатї", ки се моњ бояд фаъолият кунад, корубори дохили бонк низ њолу њавои дигар хоњад гирифт. Ин гумон низ шояд ба яќин расад, ки ба куллї гардонандагии бонк ба ихтиёри гуруњи муќтадиртаре хоњад гузашт. Аммо кї ва чї тавр ин ќазияро рушд медињад, пас аз се моњ маълум хоњад шуд. Умари ТОЊИР
МАЪЛУМОТ: "Фононбонк", бино ба иттилои бонк, шуруъи солњои 90 - уми асри гузашта дар заминаи филиали бонки тиљоратии умумиттифоќии "Фонон" ташкил шуда, пас аз фурўпошии Шўравї то соли 2000 њамчун бонки мустаќили тиљоратї фаъолият дошт. Ба далели камбуди маблаѓ ва мутобиќ намудан ба меъёрњои љорї бонки тиљоратии "Фонон" ба љамъияти ќарздињии масъулияташ мањдуд бо сармояи оинномавии 100 њазор доллар табдил дода шуд. ЉСШ "Фононбонк" апрели соли 2007 дар заминаи "Љамъияти ќарздињии Фонон" ташкил шуд ва сармояи оинномавиаш 5 миллион долларро ташкил медод. Аксарияти сањњомони "Фононбонк" афроди алоњида мебошанд, ки 99% - и сањмияњоро дар даст доранд. Аз 49 сањмдори бонк, 1 нафар шахси њуќуќї буда, 6 нафари дигар шањрвандони Италия, Шветсария, Олмон, Русия мебошанд. 5 сањмдор бештар аз 5 дарсади сањмияњоро дар ихтиёр доранд, ки яке хориљист. Маъмурияти "Фононбонк" аз ошкор кардани ин афрод худдорї карданд, ба ин далел, ки ин маълумот сирри тиљоратист. ЉСП "Фононбонк" дар заминаи филиали собиќ Бонки умумииттифоќии "Фонон" дар шањри Душанбе дар оѓози солњои 90-ум ташкил шудааст.
ДАСТУР
Супоришњои навбатии Президент барои пешгирї аз гароиш ба равандњои ифротї Имрўз, 6-уми октябр Президент Эмомалї Рањмон бо аъзои Њукумати љумњурї, Роњбари дастгоњи иљроияи Президент, роњбарони сохторњои ќудратию маќомоти њифзи њуќуќу тартибот машварати корї анљом дод. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалї Рањмон дар ин машварати корї масоили мубрами рўз, аз љумла таќвияти корњои тарѓиботї бар зидди терроризму ифротгароиро тањлилу баррасї намуда, дар назди масъулин вазифањои мушаххас гузоштааст. Ба роњбарони сохторњои ќудартию маќомоти
њифзи њуќуќу тартибот дастур дода шуд, ки дар њамкорї бо фаъолони љомеа корњои тарѓиботию ташвиќотиро барои пешгирї аз гароидани љавонони ноогоњ ба њизбу њаракатњои ифротию террористї ва барои даъвати онњо ба њифзи оромию субот ва кору зиндагии осоиштаи мардум ва њамчунин ба арљгузорї ба дастовардњои истиќлоли давлатї ва арзишњои волои миллию фарњангї пурзўр намоянд. Инчунин, дар анљоми машварати корї Эмомалї Рањмон ба рафти бартарафсозии оќибатњои гармо ва селу обхезї дар вилояти Бадахшон ва дигар минтаќањои кишвар мароќ зоњир намуда, ба њамаи вазо-
рату идорањо, сохторњои давлатию љамъиятї, соњибкорї ва шахсони алоњида, ки дар кори барќарорсозии фаврии хонањои мардуми бесарпаноњмонда ва дигар иншооти харобгардида сањми намоён гузоштанд, арзи сипос кард.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
Аз зодрўзи пурхонандатарин адиби рус Сергей Есенин 120 сол гузашт ва аз марги мармузаш њудудан 90 сол сипарї шуд. Вале то кунун посухи ин суол норушан мондааст, ки оё дар њаќиќат Есенин худкушї карда буд ва ё низоми коммунистї ўро њам ќатори њазорњо рўшанфикроне, ки коммунизмро ќабул надоштанд, ба њалокат расонд. Ва њар сол дар арафаи зодрўз ё солгарди фавташ нашрияњои чопи Русия ва хориљ аз он маќолоте интишор медињанд ва оњанги њамаи онњо далолат ба он мекунад, ки касе ба худкушии шоири маъруф бовар надорад ва фарзияи ќатл ё њалокат бар асари шиканља бештар аз пештар садо медињад. Ахиран њафтаномаи "Аргументы и факты" низ ба ин мавзуъ рў овард ва тањлилеро ба дасти чоп дод, ки марги Есенинро як марги мармузи асри гузашта меномад. Мухтасари ин маќола ба ќарори зайл аст: "Тибќи маълумоти расмї, њаёти Есенин дар 30-солагї ба таври фољеаомез канда шуд. Вале он канда нашудааст, балки онро ќатъ кардаанд", - бовар дорад шоир Николай Браун, писари шоир Николай Леополдович Браун, ки 28-уми декабри соли 1925 њамроњи дигар нависандагони он замон љасади Есенинро аз мењмонхонаи "Англетер" берун овардааст. "Падарам протоколеро, ки гуфта мешуд, Есенин худкушї кардааст, имзо намонд. Вай бовар намекард, ки шоире чун Есенин ќодир ба худкушї бошад ва Борис Лаврёнов, ки он замон ў низ дар мењмонхонаи Англетер мезист ва фардои он рўз дар "Красная газета" дар бораи марги шоир маќола чоп карда буд, низ ба ин бовар намекард. Падарам мегуфт, ки љасади шоир ду захми жарф дошт: борикии устухони биниаш аз дастаи туфангча зарб хўрда буд ва захми дигар дар зери ќошаш дида мешуд. Дар гарданаш изи банде дида намешуд, ки гуфта шавад худро овехтааст. "Ваќте лозим шуд Есенинро берун орем, ман ўро аз зери кашаш бардоштам, сараш ба ќафо хам хўрд. Сутунмуњрањояш шикаста буданд", - наќл мекард падарам. Ба саволи ман оё Есенинро напарронда буданд, кутоњ љавоб дод: "Ўро азият карда буданд". Падарам бовар дошт, ки Есенини мурдаро баъди пурсиш ба мењмонхона оварда буданд. Николай Браун мегўяд, ман њамчунин бо Павел Лукнитсикий, яке аз созмондењандагони хоксупории Есенин пурсидам, ки дар бораи марги ў чї медонад? Гуфт "шоир њангоми пурсиш аз шиканља мурда буд. Чашми чапаш набуд". Пурсидам: чї хел набуд? Посух дод: афтода буд". Шоир бо њамон шевае кушта шуда буд, ки дўстонашро ба њалокат расонда буданд. Аз љумла, Ганин, Клюев, Кличков, Василев, Наседкин, Приблудний ва дигарон, ки сари созиш бо режими нави коммунистї надоштанд. Њукумати бехудоён ва интернатсионалистон њадаф доштанд, ки аз русњои "собиќ" рамаи гапгир созанд ва чун инсон мутеъ намешуд, ўро мекуштанд. Ин њадафи њизбро дар Ленинград Григорий Зиновев ва дар Маскав Лев Тротсикй дар амал татбиќ менамуданд. Замоне, ки Есенинро куштанд, аллакай алайњи ў 13 парвандаи љиноятї боз шуда буд. Шоир ягона инсоне аз доираи шахсони маъруф буд, ки бидуни њарос дар Майдони Сурх метавонист
«
ТАБЛИЃ лонам њафт сол аз Есенин бузургтар буд ва 97 сол умр дид. Ў дар бораи њамин се маротиба хонда шудани љанозаи Есенин мегуфт. Ўро њамагї моње пештар аз њалокаташ дида будааст. Шоир аз чекистон дар бемористон паноњ бурда буд. Есенинро духтури машњур Сергей Александрович хеле дўст медошт. Аммо душманонаш овоза карданд, ки гўё руњан вай бемор шуда буд ва пайваста шароб менўшид, вале худи ў мегуфт, "охир ман њеч ваќт маст наменависам" ва инро И. Шнейдер низ дар хотироташ овардааст". Есенинро чї гуна метавон майзада гуфт, ки зарфи 5 соли охир наздик ба 100 шеър, 5 достон эљод кардаву зарфи як соли охири њаёташ 4 маљмуъаи худро интишор додааст. Ва њатто ба Ленинград, ки фољеа он љо рух дод, вай барои омода намудани куллиёти ашъораш рафта буд. Дар моњи сарди декабр њазорњо тан барои хайрбод бо шоири дўстдоштаи
МУАММОЊОИ МАРГИ ЕСЕНИН худ омаданд. Аз соати панљи бегоњ то субњи рўзи дигар навбат кам нашуд. "Ќатли шоир баъди маргаш њам идома дошт. Аз ќабри ў дар ќабристони Ваганск тобути вай ѓайб зад. Инро хоњараш Шура пай бурд. Замоне, ки хостанд дар канори вай модараш Татяна Фёдровнаро гўронанд, диданд, ки тобути Сергей Есенин дар љояш нест. Охири солњои 80 шоњиди солманде бо номи Снегирёв пайдо шуд, ки он замон ронандаи ОГПУ будааст. Вай мегўяд, ширкаткунандаи ќабркушої ва бардоштани тобут буд. Аммо онро баъдан куљо бурданд, дигар касе намедонад",- мегўяд Николай Браун.
садо занад: "Коммунистонро бизан, Русияро наљот дењ". Замоне, ки Есенин аз фољеаи Тамбов огоњ шуд ва донист, ки барои пахш кардани шўриш коммунистон аз силоњи химиявї истифода кардаанд, хашмаш боло гирифт. Он замон дар Тамбов 70 њазор дењќон бо сарварии атаман Антонов шўриш карда буданд. Есенин дар достони "Мамлакати нобакорон" Тротскийро чун комиссари яњудї ба тасвир кашид. Ва ба яке аз дўстонаш навишт: "Нољост барои ман, чун писари ќонунии империяи Русия дар кишвари худ писарандар бошам". Баъди марги Есенин рўзномањои Шўравї навиштанд: "Бо есенинчигї, ки хеле бўйи бад дорад, бояд хотима бахшид". Болшевикон шояд њамон маљмуъаи шеърии ўро, ки соли 1915 чоп шуда ва ба малика Александра Фёдровна, ки шахсан бо ў шинос буд, бахшид,
"Падарам протоколеро, ки гуфта мешуд, Есенин худкушї кардааст, имзо намонд. Вай бовар намекард, ки шоире чун Есенин ќодир ба худкушї бошад ва Борис Лаврёнов, ки он замон ў низ дар мењмонхонаи Англетер мезист ва фардои он рўз дар "Красная газета" дар бораи марги шоир маќола чоп карда буд, низ ба ин бовар намекард.
«
дар назар доранд. Есенин ќасаме, ки барои садоќат ба шоњ Николай ёд карда буд, нашикаст ва айёми инќилоби февралї вай дар сафи артиши шоњ хизмат мекард. Он замон бисёре аз сарбозон ањд шикастанд, вале Есенин ба њамон ќасам содиќ монд. Каме пештар аз маргаш навишта буд: "Намефањмам, ки ба кадом инќилоб дахл доштам: ба февралї ё октябрї. Танњо як чизро мебинам: на ба февралї ва на ба октябрї". Ваќте болшевикон мехостанд аз шеърњояш калимаи Худоро пок кунанд, вай њатто бо њуруфчинони чопхона дастбагиребон мешуд ва матни аслии шеърњояро дубора барќарор мекард. Вай аз он ки болшевикон дар рустои ў Константинов зангўлаи калисоро хароб карданд, дард кашид, зеро њеч замоне бўйи дењот ва калисое, ки њамеша он љо мерафт ва ќатори дањњо нафар сурудњои динї мехонд, фаромўш намекард. Вай бо кашиш Иоан, ки аз аввалинњо шуда истеъдоди шоирии ўро кашф карда буд, дўстї дошт. Мањз њамин кашиш буд, ки Есенинро ба номи Сергей тамъид кард. Набераи хоњари шоир Ирина Михайловна Мамонова гуфтааст, ки "Есенинро дар се макон: Маскав, дењааш Константинов ва њамсоядењаи Федякин љаноза хонданд ва агар ў кушта намешуд, љаноза хонда намешуд. Модарка-
Тањияи Бобољони ШАФЕЪ P. S. Парванда дар бораи њалокати шоири бузурги рус бо гузашти дањсолањо њамоно махфист ва касеро ба он дастарасї нест. Ва ин шеър намунае аз ашъори шоири тавоно дар тарљумаи Бозор Собир: Ёди дења Кулбаи дењотиву {кўњи}* хамўш, Бўи ѓализи шамъдони сиёњ, Бистари хоби кўдакињоям, То кунун мерасанд бар ёдам, Бо њамин ёди кўдакї шодам. Шоми яхбандии зимистон аст Мекунад нўла бод дар паси дар, Момаам бо њавои нолиши бод, Мани нўњсоларо гирифта ба бар, Канда-канда, Димоѓию дилгир, Гўиё хамёза мекашад кампир, Мевазад бод, Бод мепечад. …Ёд кардам ба ѓусса дењкадаро, Шеърњои дигар навиштам ман, Шеърњое, ки бўи анбар не, Бўи занњои бўсапарвар не, Бўи кањ, бўи хок мекарданд, Бўи мехак, Ва бўи дуди таппак… * Дар асл - дашт
ФАСОД Бахтиёр Лангариев, аз фармондењони пешини Фронти халќї баъди 7 соли бедаракї дигарбора ба Тољикистон баргаштааст. Як манбаъ дар вазорати корњои дохилї бо шарти ифшо нашудани номаш ба хабаргузории TojNews гуфт, Бахтиёр Лангариев чандест, ки ба Тољикистон баргашта, њоло интизори "таъинот" мебошад. Ин манбаъ аз тафсилоти бештари ин хабар худдорї кард. Пайвандони оилаи маъруфи Лангариевњо дар шањри Кўлоб ба Тољикистон баргаштани Бахтиёрро рад накарданд, аммо аз суњбат дар ин бора худдорї намуданд.
Кист? Бахтиёр Лангариев зодаи шањри Кўлоб ва яке аз намояндагони хонадони маъруфи Лангариевњо дар Кўлоб, бахусус пас аз њамлаи террористии моњи феврали соли 2000 ба шањрдори Душанбе Мањмадсаид Убайдуллоев маъруфият пайдо кард. Шањрдори Душанбе он замон фармони ќатъї дод, ки шањр аз низомипўшони њам Фронти Халќї ва њам ИНОТ тоза карда шавад. Иљроиши ин фармон ба зиммаи Бахтиёр Лангариев, он замон фармондењи Дастаи вижаи вокуниши сареъ (СОБР) - и вазорати корњои дохилии Тољикистон гузошта шуд. Тайи як њафта Душанбе аз низомипўшоне, ки ѓайриќонунї дар шањр, њатто бо мошинњои сиёњшиша гаштугузор мекарданд, тоза карда шуд. Аммо даргирии СОБР бо баталёни 25, тањти фармондењии Абдуњалим Назарзода, ё Њољї Њалим, ки моњи сентябри соли равон, дар дараи Ромит кушта шуд, бо як мувофиќа анљом ёфт. Бахтиёр Лангариев то соли 2007 сарвари Раёсати мубориза бо љиноятњои созмонёфтаи Раёсати корњои дохилии шањри Душанбе буд. 27-уми майи соли 2008 нерўњои маќомоти давлатї манзили бародари Бахтиёр - Сўњроб Лангариевро дар шањри Кўлоб муњосира карданд. Маќомот Сўњроб Лангариеви 29-соларо ба ќочоќи маводи мухаддир, нигоњдории ѓайриќонунии силоњ муттањам мекарданд. Инчунин, он замон гуфта мешуд, ки ў аз соли 2002 бо иттињоми "роњзанї" дар љустуљў ќарор дошт. Дар пайи даргирї миёни маќомот ва Сўњроб Лангариев, ки 15 соат идома ёфт, 4 тан кушта, 9 нафари дигар захмї шуданд. Сўњроб Лангариев, додарарўсаш Нурмањмад Сафарови 22-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
7
ЛАНГАРЇ ЛАНГАРИЕВ, БАРОДАРИ БУЗУРГИ БАХТИЁР, АЗ ШАХСИЯТЊОИ МАЪРУФИ ФРОНТИ ХАЛЌЇ БУД
БОЗГАШТИ ПОЛКОВНИК Бахтиёр Лангариевро чї интизор аст? сола (писари Сангак Сафаров, асосгузори Фронти Халќї) ва Аъзам Лангариеви 24-сола (писари Лангарї Лангариев) дар пайи ин амалиёт боздошт шуданд. Моњи апрели соли 2009 Суди Олї Сўњроб Лангариев ва писари Сангак Сафаровро ба њабси якумра, Аъзам Лангариевро барои 21 сол равонаи зиндон кард. Аз он замон инљониб полковник Бахтиёр Лангариев бадарак шуд. Бобои Салмон (Салмон Лангариев) падари ин хонадон ба расонањо гуфта буд, ки писаронаш Бахтиёр ва Файзалї дар ин ќазияњо ширкат надоштанд, њатто наздикї њам накарданд. Расонањои кишвар бо такя ба манобеъашон хабар дода буданд, ки Бахтиёр Лангариев ба љурме муттањам намешавад, дар пайгард низ ќарор надорад, аммо ба ќавли падараш, бо Мањмадназар Солиев, вазири корњои дохилии Тољикистон мушкил дошт (худи Солиев соли 2009, бино ба иттилои расмї, худкушї кард). Худи Бобои Салмон низ дар суњбатњояш борњо гуфта буд, ки онњо њеч мухолифате бо њукумат надоранд, аммо мухолифати вазири собиќи корњои дохилї Мањмадназар Солиев њодисаи моњи майи 2008-ро ба сари ин хонадон овард. Бобои Салмон охирњои
моњи марти 2010 дар синни 84-солагї аз дунё даргузашт. Бино ба хабарњо, Бахтиёр Лангариев ба Маскав фирор карда буд. Хабарњое низ дар миён буд, ки Бахтиёр Лангариев бо созмони мамнуъшудаи "Гурўњи 24" пайвастааст. Аммо Умаралї Ќувватов, рањбари собиќи "Гурўњи 24" дар мусоњибањояш ин хабарро рад карда буд. Вале гуфта буд, ки бо ў дидор доштааст.
Лангариевњо Полковник Бахтиёр Лангариев, яке аз чор писари Бобои Салмон аст. Лангариевњо аз хонадонњои маъруфи минтаќаи Кўлобанд, ки дар замонњои љанги шањрвандї аз аввалинњо шуда, дар ташкили Фронти Халќї ширкат карда, бо мухолифини демокративу исломї ба мубориза даромаданд ва барои ба ќудрат омадани њукумати Эмомалї Рањмон мусоидат намуданд. Лангарї Лангариев, бародари бузурги Бахтиёр, аз шахсиятњои маъруфи Фронти Халќї буд, ки шаби 23 ба 24 октябри соли 1992 дар Норак сахт захмї шуда, дар яке аз беморхонањои шањри Хуљанд вафот кард. Пас аз марг ў бо ордени Спитамен мукофотонида шуд. Файзалї Лангариев, узви дигари хо-
надони Лангариевњо, аз соли 1988 дар Раёсати ислоњотї - мењнатии вазорати корњои дохилии Тољикистон карда, замони љанги дохилї низ ба Фронти Халќї пайваст. Як муддат сарвари Раёсати омодагии љангии вазорати дифоъи Тољикистон буд. Моњи феврали соли равон генерал-майор Файзалї Лангариев, раиси Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиа таъин шуд. Моњи апрели њамин сол Љамила Лангариева, намояндаи дигари ин хонадон муовини Раиси шањри Душанбе таъин шуд. Љамила Лангариева то ин замон дар вазифањои муовини раиси ноњияи Фирдавсї ва пештар дар вазифаи ноиби ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон кор мекард. Бино ба иттилои ѓайрирасмї, бозгашти Бахтиёр Лангариев ба Душанбе дар пайи як музокироти мудаввом сурат гирифта, ба ў итминон дода шудааст, ки "ба пояш хоре нахоњад халид". Зимнан, азбаски то ин замон њељ як аз нињодњои ќудратї ва тафтишотии Тољикистон алайњи ў парвандае боз накардааст, ба он маъност, ки роњи ў ба вазифаи давлатї баста нашудааст. Дар куљо ва ба чї симмат таъин хоњад шуд, ваќт нишон хоњад дод. Умари ТОЊИР
ОЗМУН Њукумати Тољикистон барои рушди туризм ва љалби бештари сайёњон ба кишвар як Шўрои махсус таъсис додааст. Шўрои байниидоравї оид ба њамоњангсозии фаъолият дар соњаи туризм зери роњбарии Марњабо Љабборї, муовини сарвазири кишвар фаъолият карда, ба њайси маќоми олии доимоамалкунандаи машваратї-њамоњангсоз дар соњаи рушди туризм ба њисоб меравад. Бино ба иттилои Наврўз Ќурбонов, сухангўи Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї, минбаъд њамаи ассотсиатасия ва шўроњои љумњуриявї ва минтаќавии туристї дар атрофи ин Шўрои нав муттањид карда мешаванд. Њадафи дигар аз таъсиси ин Шўрои
Талоши навбатии Њукумати Тољикистон барои љалби сайёњон байниидоравї дар таъмини њамкории судманд байни маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва ташкилотњое арзёбї карда мешавад, ки ба пешнињоди мол ва хизматрасонии туристї дар кишвар машѓул мебошанд. Ќаблан низ Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї хостори таъсиси чунин Шўро шуда буд. Аммо масъулини ин нињод мегўянд, бо назардошти зиёд будани шўроњои
мухталифи њукуматї, таъсиси шўрои байниидоравї оид ба њамоњангсозии фаъолият дар соњаи туризм аз љониби вазорату идорањои дахлдор дастгирї наёфта буд. Масъулини Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї ба ин боваранд, ки таъсиси Шўрои Шўрои байниидоравї оид ба њамоњангсозии фаъолият дар соњаи туризм ба рушди сайёњї дар кишвар мусоидат мекунад.
Тољикистон яке аз кишварњои мебошад, ки солњои ахир кўшиш дорад то љалби сайёњон ба кишварро зиёд кунад. Дар Тољикистон њоло 90 ширкати сайёњї фаъолият мекунад, ки 60 ширкат саргарми љалби хориљиён ба Тољикистон буда, 30 ширкати дигар шањрвандони кишварро ба хориљ рањнамої мекунад. Дар шаш моњи аввали соли љорї 147 њазор нафар сайёњони хориљї аз Тољикистон дидан карда буданд, ки ин 98,6 дарсад бештар аз њамин давраи соли гузашта мебошад. Ба иттилои расмї, сайёњон аз 69 кишвари олам ворид шудаанд, ки дар ќиёс ба шашмоњаи аввали соли гузашта 74 њазор нафар зиёд мебошанд.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
(Аввалаш дар шуморањои гузашта) 02.01.2015. Субњ, ки шуд, ба худам гуфтам, њатман имрўз Китобхонаи миллї боз аст. Њаво хуб буд, пас аз субњона роњ афтодам. Соатњои дањуним љилўи майдони Сомонї будам. Мошине, ки маълум буд аз мошинњои ќадимии русї буд, дошт бисоти мизњо ва чизњои шаби соли тањвилро бор мезад, ки бубарад. Аз он љо рад шудам ва рафтам Китобхонаи миллї. Як нигањбоне дами дар доштанд, ки аввал иљоза надоданд ворид шавам. Баъд гуфтам, ман турист њастам ва дўст дорам ин љоро бубинам. Гуфтанд, сабр кунед. Чанд даќиќае гузашт, хонуме омад ва ќарор шуд бо эшон биравам, то китобхонаро ба ман нишон бидињад. Номи ў Мањастї буд. Хонуми бисёр матин ва боњавсалаву хушсимо буд. Маълум буд омўзишњои лозим барои ин кор дидааст. Аз табаќаи поин шурўъ кард, гуфт, ки ин љо ќисмати омўзишу китобхонии кўдакон ва маълулин аст. Он љо дорои фазои бисёр бузурге ба андозаи 200 метри мураббаъ буд. Хонуми миёнсоле ба номи Азиза масъули ин бахш буд, ки моро њамроњї кард ва тавзењ дод, ки кори мо барои ёдгирии маълулин ва кўдакони истисної аст. Исми ин шўъба хидматрасонї ба маълулин мебошад ва аз тамоми имконот барои ёдгирии онњо истифода мекунем, аз китобњои махсуси нобиноён истифода мешавад ва њама хадамоти мо ба сурати ройгон аст ва касе чизе бобати ин омўзишњо пардохт намекунад. Мо онњоро омода мекунем, то худро бозёбанд ва њатто нобиное дорем, ки шоир аст ва ѓазал мегўяд ва дар мањфили адабии Хайрандеш ширкат мекунад. Рўзи савуми дисамбир (декабр), ки рўзи маълулин аст, мо барнома дорем, љавоиз дорем, барномањои шоду фарањбахш мегузаронем. Аз хонум Азиза суол кардам, ки оё кумакњои мардумї ба шумо мешавад? Эшон чунин тавзењ доданд: хеле кам аст, мо зери пўшиши давлат ва нињодњои марбут њастем ва ба иттифоќи њамкорони дигар кор мекунем ва инро бо дилу чон анљом медињем, чун омўзиши онњо ба мо лаззати хосе медињад ва самараи кори худро арљ менињем. Хонум Азиза зимни сўњбатњошон маро бо маљмуъи китобњои мављуд ошно карданд ва ман ба солуне, ки марбут ба омўзиши кўдакон ва нављавонон буд, рафтем. Хонум Фирўза Ањрорї, мутахассиси шўъбаи хидматрасонии (дар тољикї мегўянд хизмат) кўдакон ва наврасон дар Китобхонаи миллї буданд, ки ба иттифоќи чор корманд кор мекарданд. Ба мо гуфтанд, ки њудуди як-яку ним сол аз фаъолияти ин бахш мегузарад ва субњ аз соати 8 то 5 баъд аз зуњр машѓули кор њастем. Ин бахш дорои 14 адад кампутар аст, китобњои омўзишї дар радаи синни кўдакон ва нављавонон мављуд мебошад. Муаллими забони русї ва инлисї њам дорем, ки барои бахши инглисї аз њар фард моње 150 сомонї мегирем. Баъд аз боздид аз ин бахш ба утоќи хонум Мањастї рафтем ва дар табаќи 4, ки толори электруник буд. Дар ин бахш 170 дастгоњи компутар бо мизу сандалињои мураттаб пазирои алоќамандон ва муштарикини китобхона буд. Аз масъулини ин бахш суол кардам, ки мурољиакунандаи шумо дар моњ чи ќадар аст ва онњо тавзењ доданд, ки байни 4 то 6 њазор нафар. Ва муштарикини китобхона бо додани фаќат 10 сомонї дар се сол аз имконоти ин љо ва дигар бахшњо истифода мекунанд. (Воќеан кори бисёр боарзише дар ин китобхонаи бузург ва бо њазинаи бисёр поин анљом медоданд ва бисёр нављавонону љавонон метавонистанд авќоти фароѓати худро бо камтарин њазина ё њадди њеч аз имконоти он истифода кунанд). Бо онњо худоњофизї кардам ва рафтам бахши фењрастнигории китобњо. Ин бахш аз муњимтарин бахшњои китобхона аст. Њама китобњои мављуд дар китобхона, ки њудуди 10 миллион љилд аст, кудгузорї ва фойлбандї шуда ва дар ќафасњои махсуси кудњо шуморагузорї шудааст. Ин бахш дар мањутаи бисёр бузурге бо 9 коргари расмї машѓули хид-
НИГОЊИ ХОРИЉЇ
Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур матрасонист. Пурсидам, дар рўз чанд мурољиа барои дарёфти китоб доред ва бештар чї касоне њастанд? Дар рўз байни 300 то 400 дархост дорем, ки бештари онњо донишљўён ва донишомўзон њастанд, албата, аз афроди одї ва муаллимину асотид њам мурољиакунанда дорем. Пурсидам, шумо аз њар китобе маъмулан чанд нусха доред? Гуфтанд, аз њар китоб, ки мунташир мешавад 4 нусха вориди Китобхонаи Миллї мешавад, албатта, китобњое, ки дар гузашта љамъоварї шудааанд ва моли солњои бисёр дур њастанд, камтар аз ин теъдод мебошад ва хелењо дар њадди як нусха њам дорем. Ваќте ман дар утоќи хонуми Мањастї будам, хонуме низ барои мурољиаи китобе он љо омада буд ва ба назар фарде фарњангї меомад. Ва аз ин ки ман эронї њастам ва омадаам китобхона пурсуљў мекунам, хушњол шуд. Эшон хеле бењтар аз баќияи тољикњо ба забони форсии эронї сўњбат мекард, бо адибону шоирони мо низ ошно буд. Номи ин зан Латофат Барзуя буд. Аз эшон ва масъулини ин бахш, ки бо њавсала ва алоќа ба суолњои ман посух доданд, ташаккур кардам ва роњии (калимаи роњї хеле мавриди истифодаи ањолии Тљоикистон аст, ба љои биравем ин калима истифода мешавад; масалан, намегуянд кай меравед, мегўянд кай роњї мешавед?) бахши дигаре шудем. Хонум Мањастї мегуфт, дар ин табаќа 5 гўша дорем, ки марбут ба кишварњои Эрон, Арабистони Саудї, Куреи Љанубї, Омрико ва Чин аст. Ва њар кадом аз ин гўшањо адабиёт ва китобњои он кишварро ба забони худашон доранд ва мутарљимин низ дар он љо њастанд. Барои он ки бештар мутаваљљењ шавам ба иттифоќ рафтем гўшаи Куре (Корея). Як зани куреї ба иттифоќи тарљумон, ки тољик буд, он љо буданд. Осоре аз саноеи дастї ва фарњанги кишвари Куре, мизу сандалињое ба сабки куреї он љо дида мешуд. Ба изофаи китобњое дар бораи ториху адабиёт ва љуѓрофиёи он кишвар. Масъули ин гўша хонум Сайёра буданд, ки тавзењоти лозим ба мо доданд ва гуфтанд, то кунун њафтсад нафар узви ин гўша њастанд ва аз имконоти кампутарї барои дидани филм ва омўзиш низ бархурдор мебошанд. Аз он љо берун омадем, рафтем гўшаи Арабистон. Ин гўша он рўз таътил буд, ба назарам мавќеи намоз буд ва касе он љо набуд. Баъд аз он рафтем гўшаи Эрон, ки њудуи 30 њазор љилд китоб дошт ва оќои Алии Њаддодї ва хонум Савниё њамсарашон масъули ин гўша буданд. Чандин мизи баланд бо сандалињои зиёде он љо буд, ки афроди алоќаманд барои хондани китоб он љо мераванд. Китобњои беназире ва гоње камёб дар ин китобхона буд ва дар њама заминањо, бахусус адабиёт ва шеър китоби зиёд дошт ва гуфтанд, ки рўзона њудуди сї нафар мурољиакунанда доранд. Гўшаи баъдї гўшаи Омрико буд, ки он
њам монанди гўшањои дигар аз имконот бархурдор буд. Теъдоди љавонон машѓули мутолиа буданд. Фарде, ки масъули он љо буд, хеле сард бархурд кард ва њатто иљозаи акс гирифтан надод; навъе ѓурур ва такаббур дар рафтораш буд, барои њамин дидам арзиши бањс надорад ва берун омадам. Гўшаи дигар, гўшаи адабиёти хориљии 16 кишвар буд, ки дар он љо ѓурфањои кўчаке ба њар кадом аз ин кишварњо ихтисос ёфта буданд; монанди ѓурфаи Фаронса, Инглис, Олмон. Яке аз асотиди забони олмонї, ки тољик буданд, низ он љо њузур доштанд ва тавзењоте дар заминаи китобњо ва адабиёти љамъоваришуда дар он доданд. Гўшаи дигаре, ки рафтем, гўшаи торихи хат буд. Оќои Сайфиддин Бобоюф масъули он љо буданд. Дар ин ќисмат дастнавиштањои торихї аз замони пайдоиши хат ва сайри такомули хат ва хатњои мухталиф он љо нигањдорї мешавад. Ман то кунун чунин як љое надида будам, осори хат ба шакли такомули он нигањдорї шуда бошад. Мутмаинан манбаъи хубе барои муњаќќиќин ва пажўхишгарон мањсуб мешавад. Оќои Бобоюф, ки худ муаллими забон ва адабиёти форсї буданд, моро дар ин ќисмат њамроњї карданд ва иљоза доданд аз нусхањои хати мављуд акс бигирам; аз нусхањои хати мехї то анвоъи хати Авастої ва то имрўз. Гўшаи камназир ва љолибе буд. Аз оќои Бобоюф ташаккур кардем ва берун омадем. Гўшаи охир, гўшаи матбуот буд, ки дар он љо тамоми рўзномањову њафтаномањову матбуоти мунташира дар Тољикистон вуљуд дорад ва афроди алоќаманд ба хондани онњо метавонад дар фазои ором ба мутолиа пардозад. Аз хонум Мављуда, масъули он љо пурсидам чанд нашрия рўзона дар Душанбе мунташир мешавад? Тавзењ доданд 40 рўзнома ба забони тољикї, 20 рўзнома ба забони русї ва 62 маљалла ба сурати моњона. Хеле аз рўзномањо њастанд, ки аз соли 1932 њамчунон мунташир мешаванд. Чанд даќиќа назди онњо будем ва бо хонум Мањастї, ки аз ваќти нањораш њам гузашта буд, омадем поин. Аз ў, ки њама ќисматњоро ба ман нишон дод ва бо њавсала буд, ташаккур кардам ва аз китобхона омадам берун ва дар ин фикр будам, ки ин сохтмон ва Китобхонаи Миллї чи ќадар метавонад дар рушд ва самту сўдињї ба насли оянда муассир воќеъ шавад ва эњдоси ин маљмўаи бузургро бояд ба миллат ва давлати Тољикистон табрик гуфт. Соат наздики яки баъд аз зуњр буд ва куллї ваќт доштам. Шунида будам бозори бузурги шањри Душанбе бозори "Корвон" аст. Гуфтанд, аз Садбарг мошинњои хати шумораи 33 меравад он љо. Аз китобхона то Садбарг пиёда рафтам ва он љо савори мошини хати 33 шудам. Мошин пур аз мусофир буд, аммо он ахирњо як љои холї буд. Нишастам канори панљара, то агар бишавад филм ё акс биги-
рам. Дар маљмўъ филми кўтоње аз масир гирифтам, ки бад набуд. То Корвон њудуди рубъи соат то бист даќиќа роњ аст. Бозори Корвон дар шарќи шањри Душанбест ва дар интињои шањр ќарор дорад. Аз духтархонуме, ки баѓали дастам (пањлўям) нишаста буд, пурсидам, њанўз хеле то Корвон монда? Гуфт, на, алъон мерасем. Мехостам пиёда шавам духтара гуфт, пиёда нашавед. Гуфтам, чаро? Гуфт мисли ин ки бозор таътил аст. Рўзи дувуми Соли нав буд ва имрўз Корвон боз нест. Бидуни он, ки пиёда шавам дар њамин мошин дубора пул додам, то баргардам минтаќаи Садбарг. Байни роњ аз як оќои тољик, ки омад назди ман нишаст, гуфтам Корвон имрўз баста буд, оё њама бозорњо баста аст? Гуфт на, бозори "Саховат" боз аст. Гуфтам, бозори Саховат куљост? Гуфт, васати њамин роње, ки дорем меравем. Гуфтам, меша он љо, ки расидем ба ман бигўї. Гуфт, майлаш. Васати роњ пиёда шудам рафтам он љо. Бозори Саховат мисли бозори рўз буд: сабзиву меваву хорбору аз ин чизњо. Фарќи зиёде бо бозори Зелунї надошт; ќисматњои сарбоз ва ќисматњои сарбаста ва маѓозамонанд буд. Чархе задам ва расидам ба оќое, ки дошт анвоъ ва аќсоми биринљ мефурўхт. Одами хушрўе буд, каме бо њам њарф задем, дўст дошт Эронро бубинад. Каме аз биринљњо њарф задем. Фањмидам бештари биринљњо аз Русия меояд, аммо худи Тољикистон њам биринљ дорад. Байни биринљњо биринљи афѓонї њам буд, албатта иддае мегуфтанд, ин биринљи покистонї ва њиндист, аммо чун аз Афѓонистон меояд, ин љо мегўянд, моли Афѓонистон. Ахираш њам нафањмидем афѓонист ё покистонї. Дар њар сурат танњо биринље, ки худамон дар Эрон ва Дубай мехурем, њамин биринљ буд. Албата, биринљи тойландї њам буд. Ќиматњо байни 8 то 13 сомонї дар њар килў буд, фарќи зиёде бо Дубай надошт, тоза моли Дубай ба назарам хеле бењтар аст. Биринљњои инњо албата як хубї дорад ва он ин ки хеле луъобдор аст ва махсус биринљест, ки ќадимњо мехўрдем, њамонтур хушмаза ва луъобдор аст. Як килў ќаблан аз биринљи худашон гирифта будам. Худи тољикњо каме шуфта, каме напухта мехуранд ва бо ун биринље, ки худамон обкаш дуруст мекунем ва људо-људо њаст, чандоне майл надоранд. Аз оќои Абдуллои биринљфурўш худоњофизї кардам ва чандто акс гирифтам ва дубора савори хати 33 шудам ва омадам Садбарг. Аз он љо саллона-саллона ба самти болои хиёбони Рўдакї њаракат кардам. Пас аз њутали Сирено, ки аз њуталњои тозасоз ва тару тамизи болотар аз Садбарг аст ва иљораи утоќњош шабе 200 то 300 доллар аст, расидам ба љое, ки мисли як кўчаи бунбасти канори хиёбон буд. Дидам тоблуи наќошшишудаи бузурге аз Ленин, рањбари фаќид ва бунёнгузори њизби камунисти шўравї дами дар гузоштаанд. Баѓали маѓоза набишта буд "Њадяи
МУСОЊИБА
миллии молњои пешин" ва рўи сардари маѓозааш досу чакуш-нишони парчами собиќ Иттињоди Шўравї буд. Рафтам дохили маѓоза, одами муваќар ва матине буд, ќимати тоблуро аз ў пурсидам. Гуфт 5 њазор доллар ва баъд баром тавзењ дод, ки ин тоблуи Ленин аст ва чи одаме буда ва чи корњое карда. Хуб тавзењ медод, маълум буд хеле ба Ленин алоќа дошт ё дошта; чун муљассамањои дигаре аз Ленин низ дар маѓозааш буд, аз сиккаи пулие то ашколи дигар. Дар маљмўъ атиќафурўш буд, ќимати баъзе аз чизњое ки мефурўхт маъќул буд, мегуфт, урупоињо ва мусофирони хориљї хеле меоянд ва муљассамањо Ленину тоблуњояшро, ки ќадимист, мехаранд. Аљноси маѓозааш махлуте аз аљноси ќадима ва љадид буд, ки бештари онњо кори даст ва арзишманд буд. Њудуди як соат пешаш нишастам ва каме њарф задем, ун њам мисли ман сигорї буд ва дутої њарф задем ва сигор кашидем, дар охир чанд хонандаи ќадимиву хуб аз Тољикистон ба ман муаррифї кард ва листе баром навишт, то агар хостам СD ё DVD бигирам, онњоро бихарам. Аз алоќамандони мусиќии суннатї буд ва иттилооти хубе дошт. Чандто акс гирифтам ва аз оќои Љаъфар худоњофизї кардам. Аз он љо ќадамзанон аз баландошёна гузаштам ва рафтам он тарафи хиёбон, ки чанд китобфурўшї канори њам буд. Назди яке аз онњо боз атиќафурўшї буд. Теъдод ва њаљми аљносаш аз маѓозаи Љаъфар бештар буд. Аммо хеле бадсалиќа буд ва хурдарез бештар дошт то чизи боарзиш. Аммо љавони бисёр хушрўе буд, иљоза дод аз атиќањо акс бигирам ва њам аз худаш акс бигирам. Соат шуда буд панљи аср, дошт њаво торик мешуд. Фањмидам дар хона чизе надорам, ки шом дуруст кунам. Токсии хати 3 савор шудам ва омадам бозори Варзоб. Гўшти гўсфандї набуд, говї ё бењтар бигўям, гўсолаї харидам; гўшти хубе буд. Он љо гўштро маъмулан ба андозањои як килуву ним ё ду килў тавре таќсим ва овезон мекунанд, ки як ќисмате аз он устухон дорад ва њаминтур њам мефурўшанд, килўе 38 сомонї. Каме мева, сабзиву пиёзу нон гирифтам ва омадам хона то шом дуруст кунам. Љотон холї, њарчанд каме гўшти гов дерпухт аст, аммо хушмаза буд. Ќисмати њаштум (3.01. 2015) Њаво имрўз нимаабрї ва хуб аст. Дирўз, ки нашуд аз бозори Корвон дидан кунам, барои њамин имрўз соатњои ёздању ним аз хона њаракат кардам, бо токсињои хусусии хати 3 рафтам ба масире аз хиёбони Рўдакї. Каме филм гирифтам ва гапу гуфте њам бо ронанда доштам. Рафтам пеши Далер, аз вазъияти таѓйири маѓоза, ки Њаким ќавл дода буд,
хабаре набуд; чанд даќиќа пешаш истодам. Аз он љо рафтам Садбарг ва савори мошини хати 33 шудам, то биравам Корвон. Ин бор мошине савор шудам, ки моли ширкати бинз (бенс) буд. Аз Туёто бузургтар ва љодортар аст, монанди минибус, љое барои нишастан пайдо мекунї, вагарна васатњои масир он ќадар одам савор мекунад, ки ба зањмат одам савору пиёда мешавад. Љилўи ман як пирзан бо духтараш нишаста буд; бачаи ќашанге дар баѓали модарбузург буд, модараш асо зери баѓал нишаста буд. Онњо бозори Саховат пиёда шуданд, ваќте пиёда шуданд, мутаваљљењ шудам модари бача як по надорад ва барои њамин бача тањвили модарбузург буд. Воќеан, ин љур маълулиятњо барои модари бачадор хеле сахт аст, бахусус барои хонаводае, ки тавони молї надошта бошад, то як пои маснўъї барои худаш дуруст кунад, то чи бирасад, ки ходима ё нўкар бигирад, аммо њамин ки ин модар фарзандашро њамроњї мекард, љои басе хушњолї буд. Ваќте пиёда шудам аз як оќое пурсидам кадом бозор Корвон аст? Гуфт, њамааш. Ин тараф умдафурўшї асту он тараф хурдафурўшї. Рафтам самти умдафурўшї. Шунида будам ба ин гуна бозорњо мегуфтанд "бозори контнирї." Як радиф контнир, ки ангор як табаќа аз замин болотар буд, дида мешуд. Фикр кардам њатман дутабаќа аст. Дами дари вурудї чандин љабъаи бузурги чўбї рўи њам гузошта буданд. Онњо монанди чамадон барои дохили хона истифода мешуд (манзур сандуќ аст.) Рўи љаъбањо наќшу нигор шуда буд, кори дасти худи мардуми Тољикистон буд. Ваќте дохили бозор шудам, ду тараф фаршњои эронї ва туркии лўла шуда мефурўхтанду баъд либосњои мањаллї ва порчањои туркиву чинї, ки дорои нигин буданд. Кафи (фарши) бозор дар ин ќисмат бад набуд, њарчи љилўтар рафтам, дидам бозори бедару бегаре њаст, ќоидаи хосе надорад. Њарчанд худашон мегуфтанд, ки 13 лайн дорад, лайни аввалро то охир рафтам. Расидам ба ќисмате ки хушкбор мефурўхтанд, он љо каме аљил харидам ва рафтам љилўтар дидам ин ќисмат аслан саќф надорад ва бештар санглохест. Зуруфи маъдан ва чизњои дарњам барњаме мефурўхтанд. Дар аксар лойнњо ва масирњое ки рафтам бештари онњо пўшокфурўшї буд. Аљносе аз Чин ва Туркия. Ќимати чандон муносибе надошт. Кайфияти баъзе аз онњо хуб буд ва баъзењо муътадил. Бештари пўшокњо замистонї буданд, чун фасли сармо буд. Тўйи кўчапаскўчањое, ки мисли бозор дуруст карда буданд, чархе задам, ин бозор эњтимолан њамон бозори контнирї буда, ки саќфе барош заданд ва шаклу шамоили бењаш доданд ва ќисмат ба ќис-
мат њам фарќ мекард. Дар он фасли сол муштарии зиёд надоштанд, дуруст аст, ки мегуфтанд, ин ќисмати умдафурўшист. Ба назари ман, бозори Корвон њатто ќобили муќоиса бо бозори Бандараббоси Эрон њам набуд. Ангор ќисмати бозор баъд аз муддате эљод шуда ва ба њамон сабк канори њам ќарор гирифта буданд. Хеле зуд аз ин бозор хаста шудам ва њатто нарафтам он тарафи хиёбон, ки бозори хурдафурўшї аст. Ба назарам, дар оянда масъулони он љо бояд фикре барои як бозори хуби умдафурўшї бикунанд. Кори дигаре туйи бозори Корвон надоштам, барои њамин савор шудам ва баргаштам Садбарг. Аз Садбарг то чойхонаи Роњат пиёда рафтам, дидам Далер њам нест ва маѓоза баста аст. Соат њаволии севуним буд, дидам хаста њастам ва њавсалаи љое надорам, барои њамин баргаштам хона. 4. 1. 2015. Панљара задам канор, фикр кардам хеле зуд аз хоб по шудам, вале дидам соат дањи субњ ва њаво комилан абриву хуб буд. Баланд шудам, дар ин њавои хуб субњонаи хуб воќеан ба одам лаззати хосе медињад. Дуто тухми мурѓи обпаз бо нони мањаллї, љотон холї, хўрдам, зарфњоро шустам, пушти ин як чойи хўрдам ва омодаи њаракат шудам. Соат ёздању рубъ буд, тасмим доштам имрўз аз баландтарин нуќтаи шањр, яъне љое ки хонаи ман буд то поинтарини он, ки минтаќаи самти Садбарг буд, пиёда биравам. Либос пўшидам ва њаракат кардам, њаво бисёр олї буд, њама вуљудам ин њавои хубро эњсос мекард ва одам дилаш мехост, ки ќадамзанон ба њар тараф биравад. Чун масир аз боло ба поини шањр дар хиёбони Рўдакї сарозер аст, роњ рафтан хастаат намекунад. Як мазияти бузург дар роњ рафтану хиёбон гаштану ошно шудан бо љоњое њаст, ки мебинї сад бор бо мошин аз он љо рад шудаї, аммо хуб надидаї ва мутаваљљењи љоњое мешавї, ки барот тозагї дорад. Дар масир, ки мерафтам, чанд сохтмони навсоз дидам, аз љумла сохтмони Руёл Плоз ва баъд маркази тиљорї, ки тоза ифтитоњ шуда буд. Дар сохтмони тозаифтитоњшуда як фурўшгоњи бузурги кифу кафш ва либоси мардонаву занона буд. Аљноси он љо туркї буд, баъзе аз ќиматњо ду баробари Дубай буд. Дањтої корманд дошт, ки бештар зан буданд ва дар он мавќеъ ман он љо муштарї надидам. Намедонам њазина ва иљораи чунин љое бо ин ќиматњои, ба ќавли худашон, "калон" чи тавр дармеояд. Њатман дармеояд, ки иљора кардаанд. Аз сохтмон омадам берун. Дар масир аз канори Донишгоњи агрории Тољикистон рад шудам. Донишгоњи бузурге буд,
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
9
ки дар интињои поини он муљассамаи Абўабдуллоњи Рўдакї ќарор дошт. Аз он љо чандто акс гирифтам, рўбарўи он њавзчањое буд, ки фавворањои он хомўш буд. Авоил, ки омада будам, Тољикистон бароям равшан набуд, чаро аксар њавзчањо холисту фавворањо кор намекунанд, аммо баъдан мутаваљљењ шудам, ки далели он вуљуди сармои замистон аст ва лўлањо дар ин фасл ях мезананд. Барои њамин обро бастаанд то дар фасли бањору тобистон боз кунанд, ки мантиќист. Дар идомаи масир расидам ба чойхонаи Саодат, ки шабењи чойхонаи Роњат буд. Албата, дохилаш нарафтам, хеле хилват ба назар мерасид, гузоштам барои рўзи дигар. Дар масир, ки меомадам, эњсосо мекардам имрўз борон меояд. Аз чойхонаи Роњат гузаштам ва рафтам самте, ки бемористони эронии Ибни Сино буд. Дар он хиёбони фаръї чанд маѓозаи шику як сентри кўчак ба номи маркази савдои Мўсо буд, ки рўи яке аз тоблуњои вурудиаш навишта буд "Мо кушода шудем", яъне ифтитоњ шуд. Калимаи "кушода" дар тољикї ба маънии "боз" аст. Њатто рўи дарњои маѓозањое, ки боз њастанд, метавонед онро ба хати сирилик зиёд бубинед. Масирро идома додам рафтам самти бемористони Сино барои дандонпизишкї. Аз бемористон, ки омадам берун, дидам нам-нам борон меборад, ба самти майдони Сомонї рафтам. Соат яку рубъ шуда буд, дар маљмўъ њудуди ду соат пиёда омада будам. Дидам дар нимтабаќаи як сохтмони наздики порки Рўдакї як рестурони њиндї аст. Ман аксар ѓизоњои њиндиро хўрдаам ва имтињон кардаам. Рафтам боло. Аз Дубай, ки омада будам то имрўз рестурони њиндї надида будам. Дар ин њавои боронї ѓизои њиндї бо он тундиву тезиаш ба одам мечаспад. Туйи он рестурон чандто муштарии куреї доштанд ѓизо мехўрданд. Коркунони рестурон њама тољик буданд, вале њама ѓизоњои њиндї доштанд, ќиматњош нисбатан муносиб буд; байни 25 то 35 сомонї. Ман тарљењ додам њамон бирёнии лањм бихўрам њамроњ бо нон. Иттифоќан бирёниро туйи деги кўчаки њиндї оварданд, хуб часпид. Нањор, ки тамом шуд, ваќте омадам берун, борон шиддаташ бештар шуда буд ва хиёбонњо хис (тар) буд ва каме низ сард шуда буд. Масирро идома додам ва аз майдони Сомониву хиёбонњои мунтањї ба Садбарг гузаштам. Рўзи бисёр хушоянд ва дилпазире буд, хеле кайф мекардам туйи шањре, ки ором асту љанљолу задухўрде намебинї ва касе шитоб надорад. Ногуфта намонад, ман дар њеч бороне то њоло чатре болои сарам нагрифтаам, њатто дар борони шадиди кишвари Тойланд. То интињои Садбарг ва майдони Домпечат рафтам. Он љоњо чархе задам ва як хурда эњтиёљоти хона харидам ва бо мошини хати сайри се баргаштам самти чойхонаи Роњат; он љо пиёда шудам, хабаре аз Далеру Њаким набуд. Рафтам дохили чойхона, дар ин њаво як чатул араќ мечаспид. Як соат он љо сарипої истодам ва бо борман (бармен) ва чанд нафаре, ки он љо буданд, сўњбат кардам ва баъд аз он ба самти хона њаракат кардам. Рўзи бисёр зебо ва хубе гузаронида будам ва аз ин бобат шодобии хосе доштам. Ќисмати нуњум. (5.1.2015.) Имрўз аз аввали субњ намнам борон дорад миёд. Кулоњи пашмиам сарам гузоштам, аммо дўст доштам борон каме ба сару рўям бизанад, баъд дидам хис мешам. Њаво хеле хуб буд, рафтам пеши Далер. Як нискофе хўрдам ва аз он љо рафтам Иттињодияи нависандагони тољик, ки њамон наздикии хиёбони Рўдакї љануби чойхонаи Роњат буд. Пиёда 7 даќика роњ буд. Чанде пеш он љо рафта будам, чун наздики таътилот буд, фаќат раиси он љо оќои Мењмон Бахтиро дида будам. Чун фардо Соли Нави милодї буд, натавонистем бештар бо њам њарф бизанем, барои њамин имрўз дубора мерам он љо. (Идома дорад)
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
Дар Ќирѓистон натиљаи интихоботи парламонии гузашта сари забонњост. Соњибони кишвар, бахусус роњбарони олимаќоми он ва касоне, ки чун нозир дар интихобот ширкат доштанд, аз он ситоиш мекунанд. Интихоботи Ќирѓизистонро шаффофтарин интихобот дар кишварњои минтаќа меноманд ва он ки њатто њизби њоким роњро ба мухолифони аслиаш боз карда, онњоро соњиби 20 дар сади райъи мрадум кардааст, баёнгари он нукта аст, ки дар ин њамсоякишвар меъёрњои демократї то њадди назаррас риоя шудаанд. Натиљаи нињої чунин аст: Њизби сотсиал-демократ бо дарёфти овозњои бештар курсињои зиёдтаррро соњиб шуд ва њоло талош дорад бо эътилоф бо ањзоби дигари пешсаф њукумати муштарак ташкил кунад. Кумиссияи марказии интихобот рўзи 5-уми октябр хабар дод, ки аксари орои мардум шумурда шудааст ва Њизби сотсиал-демократ 27.5 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Аз миёни њизбњои дигар њизби Отаљурт соњиби 20 дар сади овози мардум шудааст. Дар ин интихобот шаш њизби сиёсии ин кишвар њаќи вуруд ба парламон пайдо кардаанд. Акнун њизби њоким дар парламон аз 120 курсї 38 курсиро ба даст овард ва њизби Отаљурт соњиби 28 курсї шуд. Крсињои дигар миёни ањзоби боќимонда таќсим мешавад. Бино ба гузориши Комиссияи интихоботї, 60 дарсади мардуми ќобили райъ дар интихобот ширкат кардаанд. Президент Алмосбек Отамбоев њам ёдрас шуд, ки шумори ширкаткунандагон дар омор њамон аст, ки воќеъият дорад, на мисли замони Аскар Оќоев ин теъдод 110 дарсад нишон дода шуда бошад. Аз интихоботи гузашта беш аз њар каси дигар сарвари ин кишвар изњори хушнудї кард ва ба назар мерасид, ситоиши ў аз ситоиши интихоботии сарони кишварњои њамсояааш фарќ мекард. Вай дар мулоќот бо нозирони байналмилалї гуфт, ки кишвараш дар њоли рушди демократия аст ва аз ин ифтихор мекунад. Аммо иќрор њам шуд,
ЉАЊОН
ИМТИЊОНИ ОТАМБОЕВ Интихоботе, ки дар Ќирѓизистон гузашт, метавонист ва метавонад дар кишварњои дигари минтаќа низ гузарад, агар иродаи сиёсї бошад.
ки њодисањои фурўхта шудани овози нтихобкунандагон љой доштанд. "Инро наметавон бо роњи зўрї аз миён бурд ва ин таљиба ба интихоботњои оянда низ интиќол меёбад. Дар Аврупо њатто тасаввур кардан имконнопазир аст, ки касе тавонад овози касеро бихарад. Дар мо ин боќимондаи замони гузашта аст, замоне, ки дуздон Ќирѓизистонро роњбарї мекарданд", - гуфт ў. Отамбоев њамчунин ба љомеаи љањонї барои људо кардани маблаѓи кофї љињати роњандозии интихоботи демократї изњори ташаккур кард. Вай гуфт, ки ин хеле маблаѓи калоне барои кишвари ў буд. "Ифтихор мекунам, ки мамлакати мо ќадаме ба пеш гузошт. Ин аввалин интихобот дар чунин сатњ дар минтаќа аст. Акнун кишвар аз нигоњи иќтисодї низ рушд хоњад ёфт. Бисёрињо ваќте мегуфтем кишвари мо босубот аст, механдиданд, вале акнун худашон ба ин бовар хоњанд кард. Имрўз як масъули амниятї тааљљуб њам кард, ки дар кишвар оромист, охир мо ба баргузории тазоњуроту митингњо баъди интихобот одат карда будем". Сарвари давлати Ќирѓизистон аз бороварии гули орзуњояш њарф зад ва гуфт шод аст, ки онњо билохира амалї мешаванд. "Акнун дар самти иќтисод њам хеле корњо карда мешаванд, шодам, ки љомеаи шањрвандї ќадамњо ба пеш мегузорад. Ман аз кишвари худ, ки роњи рушди демократиро пеш гирифтааст, иф-
Муњимтарин мавзуъи љањонї, ки дар сархати маъруфтарин расонањои олам ќарор дошту дорад, дахолати Русия дар умури Сурия аст. Зарфи се соли охир ин сарзамини таърихї ва ин марзу буми Ислом шоњиди дахолатњои шармандавори истикбори љањонист. Гоњ Амрико онро бомбборон мекунад, гоњ инглису муттањидони дигари Вашингтон. Аммо Русияе, ки решањои таърихии иртибот бо ин кишвари арабї дорад ва тўли ин се сол бо пуштибонии лафзии Башшор Асад иктифо мекард ва намегузошт ќудратњо масъалаи барканории ўро љиддан матрањ кунанд, ин бор бо бањонаи мубориза бо "терроризм" ва "экстремизм" вориди сањнаи мубориза шуд. Њудуди 40 љангандаи ин кишвар дар Сурия мустаќар шудаву гоњ ба пойгоњњои ДОИШ зарба мезанад ва гоњи дигар ба маќари мухолифони Башшор Асад. Дар натиља садњо биноњои маскунї хароб мешаванд, саддњо тан куштаву захмї мегарданд, њазорњо тан хонаву кошонаи худро гузошта, фирор мекунанд. Аммо ба куљо? Ба њар љойе чашмашон он маконро амнтар аз кулбаи худашон медонад. Бесарнавишт, бидуни андеша ба оянда. Муњим зинда монанд, муњим љонашон ва танашон захмї нашавад. Тањлилгарон мегўянд, бо ин амалаш Русия мехоњад Амрикоро ба чолиш бикашад. Коршиноси "Global Research" (Канада) Пол Робертс дар тањлили фарќияти амал њаракатњои Путинро воќеъї ва Обамаро дар пояи дурўѓу буњтон дидааст ва гуфтааст, ки тадриљан захираи ин дуруѓњо њам коњиш ёфта, ба нестї мерсанд. Вай мегўяд, Путин як ќадами инќилобї пеш гузошт. Он чї Амрико ба сари Ховари Миёна, Африќои Шимолї ва Украина овард ва сабагори он шуд, ки неруњои эктремистї рушд кунанд, Путинро водор кард аз Обама пурсад: "Шумо оё медонед, билохира чї кардед? "Ин пурсиши Путин ба ёди ман
тихор мекунад. Ин ба шукофоии иќтисодї хоњад бурд",- гуфт ў дар охир. Тањлилгарон ва нозирони байналмилалї низ гуфтанд, ки баъди дањ соли талошњо, митингу тазоњурот ва бесуботињо бори аввал Ќирѓизистон ба баргузории интихоботи шаффоф муваффаќ шуд. То ба ин лањазот аз таќаллубњои ошкор дар љараёни интихобот гузоришњо нарасидаанд ва ба назар мерасад њатто фурўхта шудани овозњоро дар ин кишвар як рўйдоди маъмулї мењисобанд ва кам касон њозиранд онро таќаллуб ё наќзи ќонуни интихобот номанд. Тањлилгари ќирѓиз, роњбари маркази тањлилии "ПолисАзия" Элмира Ногойбоева, ки бо пойгоњи хабарии АКИpress суњбат мекард, ба ин бовар нест, ки одамон дар Ќирѓизистон шефтаи ин ё он барномаи номзад ё ањзоб шуда ба онњо овоз дода бошанд. "Одамон дигар ба ислоњот бовар надоранд, онњо суботу амният ва зиндагии тинљу осуда мехоњанд ва хостори онанд, ки нархњо боло нараванд. Њатто ба мушоњидаи аксарият ширкати интихобкунандагон дар ќиёс ба интихоботњои дигар хеле дар сатњи паст буд". Дар тањлили натиљањои интихобот ва дурнамои фаъолияти парламон коршиносон ишора ба вуруди бештари љавонон ба маќоми ќонунбарор ишора мекунад ва бар ин умеданд, ки љавон шудани парла-
мон далели љасорат дар њалли масоили мубрами рўз хоњад буд. Аммо Элмира Ногойбоева ба ин хушбин нест ва мегўяд низом њоло ба он њадде рушди демократї надорад, ки ба љавонон роњ кушояд. "Дар даъвати гузашта њам љавонон хеле зиёд буданд, вале парламон њамон карахтии ќаблии худро нигоњ дошт. Аммо ба њуќуќшиносон ва соњибкорону бозаргонони касбї метавон такя кард. Ин ќабил одамон дар доираи касоне њастанд, ки тафаккуру андеша доранд. Ва агар онњо ба парламон бо њамон сифатњои љўяндагиву тафаккури навсозї ворид шаванд, метавон чизеро интизор буд",мегўяд ў. Аммо Элмира Ногойбоева бурди Ќирѓизистонро дар он мебинад, ки одамон њоло ба президент бовар мекунанд ва сатњи ин боварї њоло коњиш наёфтааст. "Одамон бар ин назаранд, ки президент дилсўзона
рафтор мекунад, намедуздад, вале њамаи атрофиёнаш, њатто вакилонро ба бењавсалагї муттањам мекунад. Ин муњим аст, ки мардум самимона ба президенташон бовар мекунанд, вале чун ин боварї њам коста шавад, боз њамон муќовиматњову тазоњурот оѓоз мешаванд. Ба сурати умум, интихобот дар Ќирѓизистон ба поён расид, дар ин баробар як имтињон барои раиси љумњури ин кишвар Отамбоев низ пушти сар монд. Ва имрўз барњаќ ифтихор мекунад, ки демократияро ба он меъёре, ки љомеа бардошт мекунад, риоя кард ва мухолифонашро дар канораш роњ дод, кишварашро аз тазоњуротњои таассубангез нигоњ дошт ва гўшзад њам кард, ки ин ватан ва ин марзу бум барои њама сокинони Ќирѓизистон арзиши якхела дорад.
Фирўзи МУЊАММАД
РОЗЊОИ НИЊОНИ ПУТИН Бо гузашти њудудан дањ рўз аз њамлаи њавоии неруњои Русия дар Сурия амалкарди Путин мавриди гумону шубањоти зиёдест, ки њеч посухи даќиќ надорад. саволи Љозеф Уэлчаро меорад, ки аз Љозеф Маккарти (сенатори амрикої) пурсида буд: "Оё дар шумо заррае наљобат боќї мондааст?" Ва агар ба њарфи ин тањлилгар гўш фаро дињем, пас метавон аз оѓози як марњилаи нав дар таърихи минтаќа њарф зад, ки сањифаи он бо дастони Путин навишта мешаванд. Сарвари давлати Русия билохира тасмим гирифт ба њар роње бошад ба њукмронии мутлаќи Вашингтон дар олам поён дињад. Ва Путин вуруди Русия ба Сурияро ќонунї медонад, чуноне ИМА мубориза бо терроризмро љомаи ќонунї пўшонидаву кишварњоро ба хоку хун мекашад. Мутахассиси амнияти Русия аз донишгоњи Ню-Йорк Марк Галеотти гуфтааст, ки амали русњо як бори дигар нишон медињад, ки роњбарияти ин кишвар дурандеш нест. Русия неруи ќобили мулоњиза надорад, ки дергоњ ба амалиётњои низомї идома дињад. Аз сўйи дигар, ба масофа дур аст ва чун Амрико дар минтаќа пойгоњњои ќавии њарбї њам надорад. Ин кишвар роњи мустаќими вуруд аз њаво њам надорад ва барои ин ногузир аст аз Эрон ва Ироќ роњ талаб кунад. Ягона масири мустаќиме, ки Русияро метавонад ба минтаќа бупайвандад, ин роњи бањрист, ки аз Ќрим шуруъ мешавад, вале аз он то Сурия 10 рўз масофа аст. Аз сўйи дигар Амрико њамасола барои
амнияти миллии худ 10 баробар бештар аз Русия масраф мекунад. Ин кишвар соњиби 10 њавопаймобари муњташам аст, дар њоле, ки Русия танњо як чунин киштї дар ихтиёр дорад. Гузашта аз ин, сарбозони амрикої муљањњазтар аз русњоянд. Ин тањлилгар мегўяд русњо аслан њадафњои дигар доранд. Русия худро ќудрате медонад, ки неруњои мусаллањи хушкигарди он хеле тавоноянд. Ва дар воќеъият чунин њам њаст. Вай метавонад дар як минтаќаи хеле азими љуѓрофї худро мустаќар кунад, аз ноњияњои Авруосиё то Аврупои шарќї, Осиёи Марказї ва њатто эњтимолан то Ховари Миёна ва манотиќи уќёнуси Ором ва Осиё. Ва ин кишвар аз чунин имкониятњои хуб бархўрдор аст. "Аз он ки ИМА ва Русия њадафњои гуногунро дунбол мекунанд, русњо ќасд надоранд бо амрикоињо ба њадди баробар њамкорї кунанд. Барои онњо нуктаи аслї мамнуъият аст. Аммо амрикоињо аз љињати доштани киштињои низомї бартарият доранд, дар њоле, ки киштињои русї боќимонда аз замони Шўравианд ва љавобгў ба имрўз нестанд. Аммо ин наќш намебозад, чун Русия намехоњад ва ќасд њам надорад ба уќёнуси олам неру фиристад",мегўяд Галеотти. Аммо яњудиён дар амалкарди Путин эњёи
империяи православиву византиро дидаанд, ки ба навиштаи онњо 25 сол пеш дар баробари пош хўрдани Иттињоди Шўравї барњам хўрдааст. Ва ин империя аз њамсоягони Русия то Ховари Миёнаро дар бар мегирад. Њатто метавон ба ин розї њам буд, чун њамлањои њавоии Русия дар Сурияро аз аввалинњо шуда калисои ортодокси Русия пуштибонї кард ва инро љанги муќаддас номид. Ва нињоят арзёбии муаррихи олмонї Карл Шлегел аз Путин: "Вай барномаи мутлаќу мусбате надорад, ки чї гуна кишварашро аз вобастагї ба содироти нефту газ рањо созад. Зарфи дањ соли охир вай њама бозињоро дар тахтаи шоњмони љањонї бохт. Вай одами мањрумшуда аст ва талош мекунад аз вазъ худашро рањо созад. Ин њам барои љомеаи љањонї ва њам барои кишвари худаш хеле хатарнок аст. Барояш руњи душмани беруна лозим аст, то кишвари парешонро ба њам орад ва љомеашинос Лев Гудков инро як "њамоиши манфї" меномад. Ба назардошти мусоњибаи ў дар бораи ѓасби Ќрим Путин ифтихор аз он дорад, ки чї гуна вай тавонист ин њамаро чун як шахси хеле њирфаї анљом дињад. Зарур аст ногуворињои имконпазирро њам аз ў интизор шуд".
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
ТАБЛИЃ
11
Дар бахши љарроњии пластикии Бемористони Ибни Сино мутахассисони ватанї ва хориљии пуртаљриба амалњои гуногунро дар соњаи зебої ва тармимї анљом медињанд. Барои дар сатњи зарурї амалї намудани ин амалњо бахши мазкур бо навтарин дастгоњу таљњизоти муосир таъмин гардидааст. Солњои охир шумораи мардон ва заноне, ки барои бењтар намудани намуди зоњириашон ба љарроњи пластикї мурољиат менамоянд як дараља зиёд гардидааст. Рўйи љавону пуртароват яке аз нишонањои муваффаќияту комёбї мањсуб меёбад. Аз ин сабаб, кашиши пўсти рўй яке аз љарроњињои пањнгардидаи замони муосир ба њисоб меравад. Мутаасифона, пиршавии бофтањову мушакњои рўй як раванди ногузири дигаргуншавии умумибиологии организми инсон мебошад. Дигаргунињои сину солї зиёдтар аз коњиш ёфтани сохторњои коллагенї дар бофтањо вобастагї доранд. Дар натиља бофтањои пўсти рўй ба поин овезон шуда пажмурда мегардад. Омилњои муњити атроф, одатњои бади зараррасон низ раванди пиршавиро тезонида метавонанд. Њамин гуна, як ќатор маљмўъи сабабњо дар сини 40 солагї дар пешона, гирди чашмон, бини ва лабњо ожангњо пайдо шуда тарњи рўйро таѓйир медињанд.
ТАВСИЯЊО БАРОИ АНЉОМ ДОДАНИ ФЕЙСЛИФТИНГ Одатан, дар сини 40-50 солагї пўсти рўй ва гардан соиш меёбад ва овезон мешавад. Баъзан ваќт аз сабаби хусусиятњои људогонаи шахс ислоњи барваќтии ќиёфа зарур мегардад (пиршавии пеш аз муњлат 30-35 солагї). Љарроњии фейслифтинг имкон медињад, ки ба бофтањои нарми
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО:
"ЗЕБОГИИ ШУМО ДАР ДАСТИ МОСТ!" рўй ва гардан самаранок таъсир расонда пўсти зиёдатиро аз байн барад. Нишондодњо барои гузаронидани љарроњї: - овезон гардидани пўсти рўй ва абрувон; - пайдо гардидани ожангњои назди бинї; - птози пилкњои чашм; - ожангњои чуќури назди чаккаи
рўй ва рухсора; - паст гардидани кунљњои берунаи чашмон; - ожангњои чуќури амудии рухсорњо; - ожангњои чуќури назди лабњо ва бинї; - птози бофтањои нарми рухсорањо; - пайдо шудани ожангњои чуќур дар гардан; - манањи дуќабата.
ЉАРРОЊЇ Њангоми љарроњї, аз њисоби њазф намудан ва кашиш додани пўсти зиёдатї ожангњои чуќури пўсти рўйю гардан пурра аз байн рафта, тарњи рўй низ љавонтар мегардад. Муњлати баъд аз љарроњї: - Ќарор доштан дар бемористон дар муњлати 2 - 3 рўз; - Варами баъд аз љарроњї дар рўзи 2 - 3 зиёд мегардад ва дар охири њафтаи якум аз байн меравад; - Кукњои назди гўшњоро дар
рўзњои 6-7 ва аз ќисмати мўйдори сар дар шабонарўзи 10 мегиранд; - Танњо баъд аз як њафта шустани сар иљозат дода мешавад; - Баъд аз 10-14 рўз шахси љарроњигашта метавонад ба љойи кориаш баргардад; - Дар муддати 1,5 моњ ба корњои вазнин ё варзиш машѓул шудан тавсия дода намешавад; - Натиљаи нињоии љарроњї дар охири моњи дуюм, баъд аз пурра аз байн рафтани варамии рўй ташаккул меёбад.
НАТИЉАЊО Љароњии пластикии рўйу гардан имкон медињад шахсро то 7-8 сол љавонтар вонамуд кунад. Натиљањои нињої аз сину соли бемор, њолати пўст, мављуд будани беморињои илњоќї, одатњои бад, ва тарзи њайёти бемор вобастагї дорад. Љарроњии фейслифтинги такрориро танњо баъд аз 5-10 сол гузаронидан мумкин аст. Дар Бемористони Ибни Сино кўшиш кардаанд ниёзњои њамаи мизољонро ба инобат гиранд. Барои дастрасии бештари мардум ба хизматрасонии муосири тиббї, дар назди бемористон ташкилоти суѓуртавии "Суѓуртаи миллї" амал мекунад. Шумо метавон6ед њамаги бо 150 сомони худ ва наздиконатонро суѓурта намуда, 80% и харољоти худро барои ташхис ва табобат кам кунед. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонањои мо: www.sugurta.tj ва www.ibnisino.tj ё бо телефонњои 44 640 01 02, 44 640 0103 пайдо кунед.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
БО ШОИР
ТАМОМИ ГАВЊАРОНИ ЗЕРИ ДАРЁ..
Њунари шоирї шояд пеш аз њама дар содабаёнї ё ба ќавли дигар дар "сањли мумтанеъ"-сароии шоир бошад. Сода, на ба он маъно, ки шеър аз лутфу саноеъи дилпазири худ комилан холї бошад. Сода ба он маъно, ки шоир тавонад мавзуъро равону дилчасп ва бо калимоти ба хонанда ошно, бо ташбењоти нозуки тасаввуршаванда ба хонандаи худ расонад. Хиромон аз шоирањои хушбаёни муосир аст. Содаву равон шеър мегўяд ва аз каломаш бўйи ашъори шоири шањири рус Сергей Есенин ба машоми љон мевазад. Теъдоде аз ашъори ин шоираи хушбаёнро ба хонанда пешнињод мекунем.
Бихоњам моњии тилло шавам ман, Ба шасти ту бияфтам лек танњо. Бимирам ё бимонам нест боке, Тамоми хоњишат бинмуда иљро. *** Бихоњам моњии тилло шавам ман, Ту њам бояд шавї моњии зебо. Аз ин дунё дигар чизе нахоњам, Туро бо худ барам бар ќаъри дарё. *** Ба шастат гар фитодам, шод њастам, Тамоми хоњиши ту созам иљро. Мабар, аммо, маро аз бањр берун, Ба пеши чашми ноањлони дунё. *** Тамоми гавњарони зери дарё, Ба поят афканам, хуррам бисозам. Миёни љумла ёрони мукаррам, Сарафрозе дар ин олам бисозам. *** Манам, љоно, яке моњии тилло, Ба шасти ту фитодам лек танњо. Бидон, охир, аё арзандаи ман, Туро хушбахт месозам ба дунё.
ЭЙ БАЊРНАВАРДИ МАН.. Нањваи падари Айлони Курдї бар писараш *** Эй тифлаки зебоям, в-эй моњии тиллоям, Киштии њавасњоям, гум гашта ба дарёям. Эй бањрнаварди ман, яхпораи сарди ман, Охир зи чї хомўшї, фарёди масењоям. *** Охир, чї кунам гиря, охир чї кунам гиря? Ку суд маро охир, аз гиряи бењосил? Тўфон бишуд ашкам, њарчанд дар ин дунё, Ман Њобиламу имрўз куштаст маро Ќобил. *** Ман зиндаяму эй Њаќ, бањри чї сириштиям? Аз даст бирафтандї тифлони бињиштиям. Ношукрї магар бигзашт? На! Шукргузорам ман, Ин рўз чї рўзе буд дар лавњ навиштиям! *** Эй моњии тиллоям, мањтобаки шабњоям, Бар коми нањанге ту афтодаї, эй воям. Тифлона ба оѓўшам бигирифтаву мегуфтї, "Бисёр туро ман дўст монанди њаво дорам." *** Не шеру паланге буд, охир на нањанге буд, Ањремани дунёхор он рўз ба љанге буд. Њайвон вале, дорад як шафќате бар тифлон, Хунхортарин њайвон инсони дуранге буд. *** Дигар на њаво дорам, дигар на садо дорам, Хуршед чї бенур аст, ман моњ ту пиндорам. Тифлони бињиштиям, гулњои хазонгашта, Барканда шуморо вой, он душмани ѓаддорам. *** Эй бањрнавадрди ман, сайёњи љањонгардам, Гаштї ту аљаб машњур, ман аз пайи кї гардам? Кайњоннаварди ман, охир ба само рафтї, Бо модару бо хоњар наздики Худо рафтї...
ХИРОМОН НЕЪМАТЗОДА ШАЊРИ ФАРИШТАЊО Худовандо, зи роње омадам ман, Равон чун субњгоњї омадам ман. Муњаммад сарвари олам туро ман, Саногў, њамдхоњї омадам ман. Бибодо, чашми бад дур аз сари ман, Ки аз мењри нигоње омадам ман. Зи ишќи ў љавониям бидодї, Ба лутфи ту паноње омадам ман. Назар кардам ба хешу гашта њайрон, Муњаббатро силоње омадам ман. Вафо бар ањд дорам, сарфарозам, Ки бо ањди илоњї омадам ман. Напурседам кї њастам, аз куљоям, Зї чашми мењру моњї омадам ман. Машав аз даргањи Аллоњ навмед, Ба лутфи ў гувоње омадам ман. Маро ту њарчї додї шукр гўям, На бањри оњу воње омадам ман. Азизи дил чу ганље мењри покат, Ба дил пинњон чу шоње омадам ман. Равона гаштам аз лутфат, Худоё, Кї бањри хайрхоњї омадам ман. Агарчї ранљ аз ёрон кашидам, Чу Юсуф мар зи чоње омадам ман. Насиби васлу њиљронаш њамин аст, Ки бо лутфи илоњї омадам ман.
ХАЙР, ТОЉИКИСТОНИ АЗИЗ! Зи дури дури дури дур, Ба роњи нури нури нур, Ба ќасди љони носабур, Расидаам ба шавќу шўр. *** Ба пешвози офтоб, Гирифта дасти моњтоб, Зи љону дил кунам хитоб, Њаёт бањри мо зарур. *** Ба ављи осмон биё, Ба роњи кањкашон биё, Барои љони љон биё, Дилам кунад зи ту њузур. *** Нигини осмон манам, Ситораи замон манам, Дурахши љовидон манам, Маро зи туст ин ѓурур. *** Бас аст ѓусса њар нафас, Бас аст дигар њамин љарас, Зи роњи худ нагард пас, Бикун дами дигар њузур. *** Худо дињад ба мо амон, Њазор шукри бекарон, Бигў, бигў Худо расон, Ба тори љон бишав ту љўр!
МАРО ИШЌ АСТ ОБУ ГИЛ... На сангам ман, на сангиндил, Маро ишќ аст обу гил,
Наям ман нахли бењосил, Чаро ранљидаї аз ман? *** Чаро њолат парешон аст? Дилам чун абри найсон аст, Маро њарфи ту бар љон аст, Магар ранљидаї аз ман? *** Ту муреро наёзорї, Назар бар гул чаро н-орї? Магар озурдаї хорї? Зи чї ранљидаї аз ман? *** Каломи ошної ту, Ба ќалбу дида љойи ту, Кунам љонро фидои ту, Нагў ранљидаї аз ман. *** Самои пурнигини ман, Гули мењрофарини ман, Ту њастї бењтарини ман, Чаро ранљидаї аз ман?
БА ЁДАТ... Ба ёдат бетабу тобам, Сиришки чашми мањтобам, Туро дигар намељўям, Зи бўи гул туро ёбам. *** Ба мулки ќиссањоям ман, Ва ё дар Амрикоям ман, Ки дар боѓи вафоям ман, Зи бўи гул туро ёбам. *** Насозї гар суроѓи ман, Набинї боѓу роѓи ман, Ба сайри кўчабоѓе ман, Зи бўи гул туро ёбам. *** На аз аѓёр метарсам, На аз озор метарсам, На ман аз хор метарсам, Зи бўи гул туро ёбам. *** Дилам атри бањорон аст, Сиришкам резаборон аст, Рухам садбарги хандон аст, Зи бўи гул туро ёбам!
ЊОЛО,КИ ТУРО ДОРАМ.. Њоло,ки туро дорам, ман давлати бедорам, Њоло,ки туро дорам, ман моили гулзорам. Эй шеъру каломи ман, эй арзи саломи ман, Бишнав ту паёми ман, ман бар ту вафодорам.
Њоло,ки туро дорам, њаргиз машумар хорам. Ман кохи баланди ишќ, пурќуввату пурборам. Ман хоки гуњарборам, ман боѓи пуранворам. Ман сайри чаман дорам, эй дилбару дилдорам, Эй боѓу бињишти ман, бунёду сиришти ман, Эй њосили кишти ман, ман, бар ту сазоворам!!!
БИДОН ОХИР, ЗАН ЊАСТАМ, ЗАН! Маро боѓу чаман гуфтї, Гулу сарву суман гуфтї, Зи њар бобе сухан гуфтї, Вале охир, чаро чун зан, Напурсидї зи ќалби ман? *** Бароям шеъри тар гуфтї, Самою бањру бар гуфтї, Зї њарчї хубтар гуфтї, Вале, охир, ту њамчун зан, Наї огањ зи рози ман. *** Занам, охир, на мардам ман, Нагун аз њарфи сардам ман, Ки марњам бањри дардам ман, Ки оре, ман зан њастам зан, Хабар дорї зи ќалби ман? *** Маро эњсос овардї, Бањори роз овардї, Ба дунё боз овардї, Ки оре, ман зан астам, зан, Бифармо гўш њарфи ман. *** Шитобон ту гузар дорї, Ба худ танњо назар дорї, Магар аз мо њазар дорї, Вале охир, ман астам зан, Шунав, як лањза њарфи ман. *** Ки ман њамроз мехоњам, Зи ту парвоз мехоњам, Ба пешат ноз мехоњам, Ки ќонунест бањри зан, Шунав, љоно, маро як дам. *** Гање банди њавасњоям, Ки духти Мома Њаввоям, Бидењ дар ќалби худ љоям, Бидон, охир, зан астам, зан, Кушо ќулфи дилам як дам. *** Нахоњам аз ту симу зар, Бишин як лањзае дар бар, Шунав њарфи маро аз сар, Ки эљози Худоям, зан, Бишав, огањ зи ќалби ман.
ТАБЛИЃ
(Охир. Идома аз шуморањои гузашта) Афзоиши њамешагии иртибот. Дар таркиби тиљорати шабакавї њамеша одамони нав пайваст мешаванд ва бо дистрибютерњои фаъол робита мекунанд. Њар яки онњо дар навбати худ бо борљомаи худ меоянд, ки дар таркиби он зиёда аз сад "одами даркорї" аз љумлаи табибон, вакилон, бонкирњо, њунарпешањо, олимон ва ѓайра њастанд. - Набудан (ва ё ночиз будан) - и сармояи аввалия. Одатан, барои он ки дистрибютери шабака шавед, аввал њамчун муштарї ба он медароед ва барои худ ва барои фурўш ба дигарон харид мекунед. Одатан, њаљми аввалин сањмияи шумо, яъне, харидатон, ки тахмин ба сад доллар баробар аст, аммо ширкатњое њам њастанд, ки бо кормандони ояндаи худ танњо ба як доллар шартнома мебанданд. Дар кадом њолате, ки бошад, сањми авввалияи шумо дањњо ва садњо бор аз он сармояе, ки барои кушодани бизнеси худ даркор аст, камтар мебошад.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
13
Таќдим аз Qnet: АФЗАЛИЯТ ВА КАМБУДЊОИ ТИЉОРАТИ ШАБАКАВЇ (ТШ)
Набудани риски молиявї. Чун пули љиддие њамчун сармоя намегузоред, барои таваккул ё риск кардан њољат нест. Агар тиљорататон пеш наравад, њатто пулатонро метавонед баргашта гиред. Чунин аст шарт ё тарзи фаъолияти бисёр ширкатњои тиљорати шабакавї.
сибати спонсор ва дистрибютер таъсири манфї мерасонад? Ё муштарї аз истеъмоли ѓизоњои њаррўза чї тавр рўй мегардонад? Шояд дар даврони инќироз истеъмоли чизњои дўстдошта камтар шаванд ва ин зуњурот њам бовар дорем, гузаранда аст. Бисёр одамонро ба Тиљорати шабакавї асосан пул љалб мекунад ва ин воќеият аст. Воќеияти дигар њам њаст, ки ин намуди бизнес гоње соњибашро соњиби пули калон мекунад. Агар шумо аз пайи маќсади њаётиатон шавед, пул худаш меояд. Бисёрињо њастанд, ки моњона то дањ њазор доллар кор мекунанд. Њарчанд маќсади асосии ба ТШ воридшудагон пулкоркунї аст, аз байн муддати кўтоњ нагузашта, онњо соњиби хонаву дар њам мешаванд. Албатта, шумо аввал мехоњед њамон ќадар пул кор кунед, ки ба пањлуњои хуби Тиљорати шабакавї пурратар шинос шавед.
Ояндаи хуб ва тўлонї. Тиљорати шабакавї танњо бо тавлидоти сифатбаланд, ки барои табаќањои васеи мардум заруранд, сарукор дорад ва кризисњои молиявї ба онњо камтар осеб мерасонад. Воќеан, чї тавр кризис ба муно-
Характери эљодї доштани кор дар ТШ. Кайфияти кори корманди шабака монанди китобнависї аст. Худи инсон њар сањифаи онро менависад ва агар китоб љолиб барояд, яъне сохтори ќобили кор сохта шавад, он сохтор ё
китоб ба муаллифаш (спонсораш) њамеша даромад меорад. Сохтори бавуљудомада акнун имконият пайдо мекунад, ки новобаста "муаллифаш" кї буд, худаш афзоиш ёбад, зиёд шавад ва њам ба соњибаш ва њам спонсор даромади доимї орад. Њар як корманди ТШ мекўшад ба шумораи зиёди одамон спонсор шавад ва барои онњо љойњои нави корї кушояд. Баъдан, афзоиши фурўши мол истењсолотро низ њавасманд мегардонад. Саввум, муштариён молњои сифатбаланд ва ѓизоњои муфид мегиранд. Баъд корманд аз натиљаи кораш ќонеъ гардида, аз љињати руњонї низ худро хуб эњсос мекунад. Магар ин хурсандї ва ќаноатбахшї нест, ваќте бо чашми худ мебинї, ки нафари ту таълимдода ва љалбкарда ба инсонњои озод, сињатманд ва сарватманд табдил меёбанд? Боз љињати хуби ТШ он аст, ки шумо имконияти хеле зиёд доред, ки соњиби дўстони бешумор гардед. Дўстоне, ки дар навбати худ ба шумо бо самимият ва изњори миннатдорї љавоб медињанд.
ТШ дар Интернет Дар интернет амалан њама намуди фаъолияти инсонї акси худро пайдо кардааст. Албатта, пеш аз њама сухани мо ба бизнес дахл дорад. Яке аз намудњои кор дар интернет албатта, кори ТШ аст. Дар интернет љойи муќаддаси худ, пайравону мухлисон ва воситањои пешбари худро дорад, Имрўз бисёрињо дарк кардаанд, ки агар бизнес ба интернет худро напайвандад, оќибати кораш муфлисшавї ва шикаст аст. Танњо онњое рўи об мемонанд, ки ба интернет худро часпонанд. Интернет воситаи бењтарини ќавї барои пеш бурани бизнес мебошад. Аз ин сабаб, сањмияњои ширкатњои интенетї дар афзоишанд. Тањлилгарон бар он аќидаанд, ки дар ояндаи наздик бе истифода аз имкониятњои интернет бизнес кардан маъное надорад. ТШ низ аз интернет истифода мебарад. Якчанд сол пештар кам ширкатњое буданд, ки бо истифода аз интернет бизнесашонро пеш мебурданд. Вале имрўз њама чиз дигар шуд. Бисёр нафароне, ки ба ТШ њамроњ мешаванд, аз интернет истифода мебаранд, зеро тиљорати шабакавї барои онњо барои расидан ба истиќлолияти молиявї бе сармоягузории љиддї иконияти воќеї мебошад. Лекин на њамаи онњое ба ТШ пайваст мешаванд, наќши муњими интернетро дарк мекунанд. Метавон гуфт, ТШ ва интернет барои њамдигар сохта шудаанд. Аз ин сабаб мо њоло мебинем, ки модели нави дохилишабакавї - омезиши ТШ ва интернет - тиљорат ба вуљуд меояд. Тавассути ин омезиши тоза таъсирнокии ин бизнесро чандкарата афзун кардан имкон дорад.
14
ТАЪРИХ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
Рўзи 19 уктубри 1992 мелодї зиндаёд Камол Айнї, фарзанди Садриддин Айнї, барои рафъи он пиндори ѓалат ва лаккае, ки бар номи падари барўмандаш андохта буданд, дар шањри Нйу-Йурки Омрико суханронї кард. Њабиби Бурљиён, устоди эроншиносї, дар он љаласа њозир буд ва суханрониро ба таври комил забту пиёда кард. Матни комили ин суханронї танњо пас аз марги Камол Айнї (15.08.2010) дар фаслномаи вазини "Рањовард" мунташир шуд. Маљаллаи "Забони порсї" бахши аъзами он суханрониро, ки марбут ба таѓйири алифбо ва истори Садриддин Айнї дар мавриди он мешуд, барои нахустин бор ба ду хат чоп кард ва "Нигоњ" ин матлабро бознашр мекунад. *** Дидори ёри ѓоиб донї чи завќ дорад, Абре, ки дар биёбон бар ташнае биборад… Баъди Инќилоби Уктубр яке аз матолибе, ки пеш омад, иваз кардани алифбо буд. Иваз кардани алифбо њадафи комилан равшанро дошт. Вале ин кор, њамон тавр ки ба њама маълум аст, ќабл аз инќилоб ин [кор]ро Мирзо Фатњъалї Охундуф шурўъ карда буд, то Яњёи Зако ва ѓайраву ѓайра. Ва хушбахтона, муваффаќ нашуданд, ки барои Эрон [хатти форсиро] иваз кунанд. Ва баъдан Туркия, ваќте алифбои худашро иваз кард, соли 1922, ин хат омад ба Озарбойљон [-и шўравї] ва чун хеле аз фарзандони Мовароуннањр дар донишгоњњои Озарбойљон [-и шўравї] тањсил мекарданд - Озарбойљон [-и шўравї] нисбатан пешрафта буд - ва инњо ваќте аз онљо баргаштанд, њамон суннати иваз кардани алифбо, ин фикрњо, дар Осиёи Марказї њам пайдо шуд. Албатта, инљо сиёсат хеле амиќ кор мекард. Ошкор аввал намегуфтанд; ашхосро омода мекарданд. Ба њар њол, мубориза ба чунин њолат расонд, ки [дар соли] 1926 љумњурињои туркзабони Шўравии собиќ, Ќазоќистону Узбакистону Туркманистону Тотористону Бошќир, инњо њама алифбои худашонро иваз карданд. Инљо њам як ќисмат мухолиф буданд; онњо кушта шуданд. Баъди се сол [ё] чањор сол - ба унвони душманони халќ. Вале инњо [яъне љумњурињои туркзабон] тамоюли бештаре [ба таѓйири хат] доштанд, чун Туркия таъсири хеле бузурге дошт. Охири ќарни нўздањ ва аввали [ќарни] бист хелењо рафта буданд [ба Туркия] барои тањсил. Ин бенатиља намонд. Вале Тољикистон, ки он ваќт як љумњурї илњоќ буд дар Узбакистон, ба унвони љумњурии мухтор, фаќат соли 1929 маљбур шуд, ки ин алифборо ќабул бикунад. Он солњо мубориза хеле шадид буд ва аввал љаласаи иваз кардани алифбои лотинро дар Самарќанд гирифтанд (он ваќт маркази љумњурии кўчаки тозабунёди Тољикистон Самарќанд буд). Ин самара надод. Баъдан љаласаро бурданд Тошканд - дар мањалле, ки тољикњо хеле кам буданд - ва онљо муваффаќ шуданд. [Аз] тарафдорони иваз кардани алифбо яке буд [ба номи] Сайид Ризои Ализодаи Собит; шахсе аз Ишќобод буд, вале барои тољикон хеле зањмат кашида. Чандин китобњои дарсї бо ќалами эшон навишта шуда ва эшон яке аз онњое, ки маљаллоту рўзномањои форсии тољикро баъд аз инќилоб бунёд карданд, буданд. Хуб, ман ишора мехоњам бикунам, ки аввалин рўзномаи Мовароуннањр ба забони форсї ќабл аз инќилоб дар замони амир [Олимхон] буд, вале фаќат шаш-њафт моњ умр дошт; чун аз тамоми кишварњо ва аз Боѓчасарой нома мефиристоданд, ки чи тавр дар маркази Туркистон имкон пайдо шудааст, ки маљаллаи форсї фаъъолият дорад. Баъд аз чанд моњ инро бастанд ва як маљалла ба забони тотории љаѓатої оварданд - ба хотири ин ки як забони муштарак буда бошад барои њамаи Осиёи Марказї. Вале лањљањои туркии мањаллї он ќадр [бо тоторї] тафовути зиёд дорад, ки ин, албатта, ќобили ќабул нашуд. Бале, як иддае аз тарафдорон иљборї хидмат мекарданд. Абдуррауфи Фитрат, [ки] аз нависандагони ќадими мо ва касест, ки Айнї дар "Намунаи адабиёти тољик" менависад, ки аз эшон навоварї дар забони форсии мо шурўъ шуд (он ваќт забонро "форсї" мегуфтанд) ва дар шеъру наср шахси нињоят муќтадир буд. Вале эшон њам тањсилкардаи он тараф [яъне Туркия] буд ва [ба] мањаллашон Тошканд оварда буданд ва унвони устод дода буданду пруфессуру ин њар-
фњо. Эшон ба унвони аввалин муаллифи алифбои тољикї ба хатти лотин эълом шуда буд. Як вориёнти дигаре, ки омода шуда буд, моли Фреймон буд, аз Ленингрод. Бартарии он алифбо ин буд, ки онљо [ба] дарозу кўтоњии њиљоњо ишора шуда буд - ва Айнї тарафдори ин буд. Ваќте иваз карданду гуфтанд ин бояд бишавад, Айнї гуфт: Агар мо гузашта бошем ба ин алифбо, бояд дарозу кўтоњро њатман њифз бикунем, ки лоаќал ѓалатхонї нашавад. Ва ин хат ду сол фаъъолият дошт. Ин алифборо баъдан иваз карданд. Гуфтанд, ин гарон [=саќил] аст; њар кас, масалан, дар дењкадаи худаш одат карда, њамин тавр хонад. Дар натиља, њоло имрўз њам гўяндаи родю баъзан "бино" (касе, ки мединад) ???? ро аз "бино" (сохтмон) ??? фарќ намекунад. Дар ин замон [Абулќосим] Лоњутї дар ин љаласањо ширкат дошт ва охир ин Лоњутї пешнињод кард, гуфт, ки дар мавриди тољикњо мо њаќ надорем ин масъаларо њал бикунем; чунки бо форсизабонони Эрону Афѓонистону инњо бояд якљоя њаракат бикунем. Вале ин таъсири баръаксро овард ва сиёсатмадорон гуфтанд, ки "Њон! Инљо инњо мехоњанд такя бикунанд ба онњо [=ба эрониён] ва инњо бояд њатман чизашон [=алифбояшон]-ро иваз бикунанд". Яъне њадаф равшан шуд. Айнї дар ин маврид чигуна иттилоъотеро дошт? Эшон дар он љаласот зиёд дар митингњо ширкат намекарданд. Вале он ваќте ки муборизоти иваз [кардани] алифбо шурўъ шуд, ба њамин алифбо [яъне алифбои форсї], њамон ваќте ки сахт мекўбиданд, "Торихи амирони Манѓития"-ро навишт, "Намунаи адабиёти тољик"-ро навишт, аввалин румон [-и Тољикистон] "Одина"-ро навишт, баъд маводде аз торихи инќилоби Бухоро навишт. Ва њамаи ин китобњоро, ваќте менавишту мефиристод ба Бухоро ё Тошканд, мегуфтанд: "Гум шуд! Наметавонем чоп бикунем". Ва эшон, ки њоло мутаваљљењ шуда буд, ки он чи тавр гум шуда, њатман купия мекард барои худаш ва дубора инро мефиристод ба Ќозон ё Иравон, онљо чоп мекарданд… Меоварданд, пахш мекарданд. Вале ваќте "Намунаи адабиёти тољик" чоп шуд ин китоб собит мекунад, ки аз њазор сол ќабл то имрўз ин миллати форсизабон, ки худашро "тољик" мегўяд, яъне "форс" мегўяд, "эронї" мегўяд, вуљуд дорад ва њаќ дорад, ки љумњурї дошта бошад. Ин "Намуна"-ро ба унвони шиносномаи миллат эълом карданд. Ва ин ба он њаракоте, ки аз тарафи дигарон меомад - мегуфтанд, ки аз Туркия то фалон љо як давлати муѓулї ё туркї бошад - бар алайњи онњо буд, чун дар васати як бегонае соњибзамин - ки њоло бегона эълом шуда буд - вуљуд дошт. Ва ин буд, ки хушашон намеомад. Баъди интишор шудани ин китоб, албатта, Лоњутї як пешгуфторе навишта буд барои ин китоб. Ин њам ба хотири ин буд, ки ваќте Лоњутї омад, Лоњутї оташ буд барои Тољикистон ва хеле саъй мекард, ки адабиёти навин љилав биравад. Он ваќт инќилоб маънои бедории миллатро дошт, њифзи суннатњоро дошт, харобкориро дар [назар] надошт… Ваќте Лоњутї омад, эълом шуд, ки Лоњутї њам яке аз он анварпошшоњост (Анварпошшо, вазири љанги Туркия, фирор карда буд, инљо омада буд ва дунболи овардани амиру инњо буд). Ба хотири њамин, Айнї Лоњутиро овард тўи (дар) "Намунаи адабиёти тољик" ва, ба истилоњ, Лоњутї шиносномаи расмии сиёсию фарњангї ва љумњурї гирифт. Лоњутї њам як пешгуфторе навишта буд барои ин китоб. Ва шурўъ карданд ба кўбидани Айнї. Далелаш њамин ин буд, ки Айнї ин китобро аз шеъри Бўи љўи Мўлиён ояд њаме, Ёди ёри мењрубон ояд њаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зї, Шоњ наздат мењмон ояд њаме [шурўъ карда буд]. Ба хотири ин ки мегуфтанд, Айнї бо ин калимаи "шоњ" амирро мехоњад дубора биёрад! Ба хотири ин ў душмани халќ ва алайњи инќилоб аст. Ва кўбиданд. Ва инро бурданд то Маскав бо забони Бухорин, ки яке аз бузургони инќилобї буд, дасти рости он бузургон буд, дар љаласаи њизбї эълон карданд, ки дар Осиёи Марказї њанўз мударрисин ва парваришдидањои мадориси Бухоро њастанд, ки дунболи овардани амир њастанд. Ва ин тавр ки набуд! [Айнї] њамеша бар алайњи он амир мубориза кард ва шумо, ки медонед, ки он љазоњое, ки дида, таќрибан кушанда буд. Дар натиља, дар майдони Самарќанд [нусхањои] ин китобро љамъ карданд, аз тарафи давлат иљозаи расмї шуд ва сўхтанд. Муборизаи амалии Айнї бар алайњи гузаштан ба хат [лотин] - ба бањонаи дигар - бадбахтии сахте бањаш (ба ў) овард. Ва њазорон касоне буданд, ки ин сарнавиштро доштанд. Вале масъалаи иваз [кардани] алифбо дар ин минтаќа торихи дигаре њам дошт. [Дар соли] 1913 яке аз бузургони масъули Осиёи Марказї аз Русия, ки симмати женеролї дошт, навишта буд, ки (ман мазмунашро баён мекунам) падари миллати Русия, Петри Кабир, фармуд, ки роњи Русия ба уќёнус аз тариќи Осиёи Марказї, Эрон, Афѓонистон, Њиндустон [боз мешавад]. Ва њоло навбати Осиёи Марказї њаст. Ва барои ин ки мо инро ба дасти худ гирифта бошем, лозим аст, ки алифбои инњоро иваз бикунем, забони инњоро иваз бикунем, мадорисро иваз бикунем, андешаи инњо мисли мо бошад, тафаккури инњо мисли моли мо бошад. Он ваќт инњо њама ѓуломи њалќабаргўши мо хоњанд буд. Яъне ин барнома аз он вар њам буд. Ва [дар] соли 1919 як маљаллае дар Маскав чоп мешуд. Он ваќт "назорат" мегуфтанд "вазорат"-ро. Назорати милал, яъне вазири милали Иттињоди Шўравї, Истолин буд. Ва аз тарафи ин вазоратхона як маљаллае чоп мешуд, ба номи "Жизнь национальностей", яъне "Зиндагонии миллатњо". Онљо дар шумораи 1996 чунин навишта шуда буд (ман ба забони њамон ваќте ки ин эълон шуда буд, мехонам): "Дар даврае, ки прулеторет [табаќаи коргар]-и њамаи мамлакатњо ва миллатњо ба муќобили (яъне бар алайњи) копитолисми љањонї муборизаи ягона мебаранд, ба мо лозим меояд, ки маданияти халќњои гуногунро байни њам наздик намуда, аз болои љањаннам пуле дуруст кунем, ки онро дар байни мо мухталифї [=ихтилоф]-и забонњо ба амал овардааст". Яъне он ваќт равшан ин маљаллаи њизбии умумииттифоќї навишта буд, ки ин роњ аст. Он ваќте ки арафаи муборизаи гузаштан ба алифбои нав [буд]. Тамоми маљаллоти форсию туркї дар Мовароуннањр менавиштанд, ки (ќабл аз кун-
фронсњо): "Салом бар тарафдорони алифбои лотин!", "Зинда бод алифбои лотин - намои фарњангии инќилоб!" Ва ин њарфњо буд, ки њама [ночор] меомаданд; дигар… ин фишор аст. Тарафдорони ин алифбо се гуна буданд. Як ќисмате, ки мехостанд ба [хатти] лотин бигзаранд. Инњо мегуфтанд, ки мардум зудтар соњиби савод мешаванд. Вале савод чи буд он ваќт? Савод як имзо ва хондани рўзнома буд. Ва онњое, ки мехостанд [хатти] форсїарабиро нигањ доранд, мегуфтанд, ки агар [хатро] иваз бикунем, боз мушкилоти бештаре ба вуљуд меояд. Ва як ќисмат буданд, ки мегуфтанд, ки [хатти форсї] њатман бояд аз байн биравад, чун бо мазњаб омадааст. Вале таѓофул мекарданд, ки њамаи алифбоњои љањон бо мазњаб омадааст. Њеч гуна худаш наомадааст. Ва он ваќт [ки] диданд, ки он њама лингвист (забоншинос)-бозињо натиља намедињад, шиъоре эълом карданд: бадали алифборо инќилоб таќозо мекунад. Ин дигар корро тамом кард. [Гуфтанд:] таќозо мекунад дигар, коре наметавонем бикунем. Њамон тавре ки њамаи инќилобњо таќозо мекунад, ин њам таќозо мекунад. [Дар соли] 1926 љаласаи њизбии Осиёи Марказї ба вуљуд омад. Онљо як оќое ба номи Берман навишта буд, ки инљо муносибатњои табаќотиро нишон медињад. "Муносибати доирањои миллї ба ин масъала (яъне бадали алифбо) чун пештара хайрхоњона нест, њарчанд ки дар бораи зарурияти љорї намудани алифбо изњори аќида мекунанд. Чунин аќида мављуд аст, ки алифбои нав тањќири мазњакаи зочабозї аст. Назари миллатњо чунин буд". Њамон Абдуррауфи Фитрат баъдан навишта буд, ки дар вазъияти њозираи ман илољи дигар набуд… Мунзим њам навишт, ки бо иваз [кардани] алифбо мо људо шудем аз гузашта, вале фоида надошт. Як иддае буданд аз њизбињои љумњурињои Осиёи Марказї, ки дар маљаллоти њизбї баланд мешуданд, мегуфтанд, ки њар кас бар алайњи алифбо бошад, душмани халќ аст ва таќозои инќилоб мубориза бо душмани халќ аст. Ин буд вазъияти онваќтаи мамлакат, ки он ваќт мардуму зиёињо явош-явош тарсу шуданд. Диданд, ки њар кас, ки таъхир (?) мекунад ё хонааш хароб мешавад ё худашро мебаранд ё њабс мекунанд ё китобњояшро месўзонанд. Дигар явош-явош одат карданд ба он ки алифбо иваз шавад. [Дар соли] 1929 алифбои миллии тољикї иваз шуд ба лотин; ба ин љињат [аз ин пас] тамоми форсизабонони Осиёи Марказї њам гузаштанд ба алифбои нав. Бояд бигўям, ки охири 1935 як ќонуни давлатї эълон шуд. Инљо навишта буданд, ки дар љумњурињое, ки алифбои арабї доштанд, алифбои арабї ќадаѓан (мамнўъ) ва хилофи давлат аст; чун хилофи давлат аст, дигар бояд вуљуд надошта бошад. Аз он ваќт
ТАЊРИФ
"ХРУЩЁВРО ЧЇ ТАВР МЕНАВИСЕД?" Садриддин Айнї дар таѓйири алифбои форсї чї наќш дошт? шурўъ шуд љамъоварї ва аз байн рафтани нусахи хаттї ва муборизаи хеле сахт. Ва дар ин маврид, хушбахтона, эроншиносони Шўравї - дар инљо намояндагони миллатњои мухталиф буданд, ки дар Маскав ва Ленингрод буданд, хусусан Ленингрод - онњо мактаби хели суннатии ќавии эроншиносиро доштанд - ки ин маълум аст. Ва инњо рафтанд дунболи љамъ кардану њифз кардану тарљума кардану мутуни интиќодї чоп кардан - ки рафта-рафта он силсила бо љилдњои мушкї (сиёњ) [даромад], ки дар Маскав [табъ мешуд]. Ин натиљаи њамон муборизањо буд. Онљо њамон Бертелс буду Семйунуф буду Бортулд буд ва намедонам чи буд ва Айнї ширкат мекард ва Фреймону инњо буданд, ки хушбахтона, инњо дар он мамлакат буданд, ки як андоза ба њифозати ин осор иќдом мекарданд ва дар пешгуфторњо менавиштанд, ки ин манбаъ хеле арзишдор [аст]-у фалон ва моли тољику моли форсу… Яъне [кор] аз тарафи онњо, ки [анљом] мешуд, мањалњо [яъне љумњурињо] наметавонистанд эроде бигиранд. Рафта-рафта алифбо таъсири хеле бади худашро гузошт ва ќабл аз љанги љањонї, соли чињил [=1940], боз як иќдоми на бењтар аз ин шуд, ки њамаро гузаронд ба алифбои русї, яъне кириллик [=сириллик] ва дар зарфи дањ сол ин миллати азиятдида дубора аз сифр шурўъ кард; чунки онњое, ки лотин медонистанд, саводнок мањсуб мешуданд ва онњое, ки форсї медонистанд, бесавод буданд. Ва масалан, дої (таѓо)-и ман, ки 22 сол дар зиндон буд ва мутарљими Бойрун, чањор љилди Тулстуй ва "Евгенї Унегин" ва [муаллифи] аввалин китобњои форсии тољикї ва китобњои дарсї буд ва аввалин нозири маъорифи Туркистон буд - ўро њам дар чизњояш [=мадорики шиносоиаш] навишта буданд "бесавод", њарчанд забонњои инглисї ва русиро њам хуб медонист. Бале, ва онњое, ки, масалан, ваќте алифбои русї омад, лотин медонистанд, онњо [њам] бесавод буданд дигар. Хоста бошї саводнок бошї, бояд онро [=хатти русиро] ёд бигирї. Ва савод њам ин буд, ки маљалла бихонию имзо кунї. Ин њам кофї набуд. Баъдан дастури расмие буд, ки истилоњотро иваз бикунанд. Соли 1933 Айниро кўбиданд. [Дар] 1937 њамаро мегирифтанд. Дар бораи Айнї њам маќолоти муфассале чоп мешуд; њам дар Самарќанд, њам дар Бухоро, њам дар Тошканд, њам дар Душанбе - ки душмани халќ аст; он ваќт он маќоларо чоп карда, он ваќт фалон карда, [дар] китобњояш ин карда, "љадид" њаст, [дар] мадраса хонда, имом буд (имом ки набуд!), мударрис буда, фалон буд - ба њар њол, душмани халќ аст. Ва хиёбони Регистон, агар Самарќанд рафта бошед, он хиёбон ба номи Айнї буд. Ман ёдам аст, њама љамъ шуданду лавњањоро меканданд. Мегуфтанд: "Нест бод! Душмани халќ аст". Як нафар аз ховаршиносон, аз дўстони падарам, як шаб омад. Соли 37, ки ваќти бадтарин буд. Гуфт, ки "устод Айнї, бачањоро тањвил бидињед ба мадрасаи русї, чунки дастур мешавад њафтаи дигар, ки инњо њамаро берун бикунанд". Ва моњоро бурданд мадрасаи русї. Ва ќочоќї муъаллими арабї доштам ман, форсї доштам ман, нусхаи хаттї мехондам, забони олмонї мехондам, ки аз суннатњо… Ва бибї доштам. Њар шаб меомадем, "Шањнома" мехондем, чи мехондем. [Аммо] рўзњо мерафтем мадраса [-и русї]. Агар вазъияти хонадони мо ин тавр бошад, вазъ-
ияти дигарон хеле бад[тар] буд. Дар Самарќанд як дўконе буд. "Дўкони Абдуллоњљон-оќо" мегуфтанд. Аз дўстони падарам буд. Аз он равшанфикрњо, аз он донишмандоне, ки мегуфтанд њазорон њазор байтњо [аз бар аст]. Љомиро бо дої (таѓо)-и ман аз ёд медонистанд. Мушоъира мекарданд. Аз аввал то охир. Мегуфтанд, ки фалон! Ин байт давоми чист? Ман медидам инњоро. (Њоло мо инњоро надорем, чун мактабро надорем.) Вале ин оќо як дўконе дошт. Дар тўли њафта китобњои форсию арабию њарчи дар бозор буд, инњоро меоварданд инљо. Он ваќт Айнї меомад ва онњо меомаданд. Хеле бомаза буд. Бо ин пўшокњои хеле зебо меомаданд, менишастанду суњбат мекарданд, мушоъира мекарданд. Баъд нусхањоро нигоњ мекарданд. Айнї мегуфт: Инаш барои Тољикистон - чун Тољикистон лозим дорад; инаш барои Тошканд, ин барои Самарќанд. Таќсимбандї мекарданд. Ин шахс гуноње надошт ба љуз ин ки як муњит - клуб буд дигар - як муњите, ки њама љамъ мешуданду он [нусхањое,] ки боќї монда [буд,] онњоро њифз мекарданд, ки лоаќал ба китобхонањо фурўхта шавад. Ва сию њафтум сол ин оќоро њам гирифта буданд. Бурданд. Гуноњаш њам ин буд, ки тарѓибкунандаи хатти форсї [аст], ки "бисмиллоњ" дорад ва оне, ки љамъ бикунад ва њатман чун ин корњои хилофи он ќонуни давлатро мекунад, њатман ин љосуси як кишварест. Вале ин бечора аз Самарќанд њеч ваќт берун њам нарафта буд. Кўбиданду кўбиданду гуфтанд: "Љосуси кї њастї? Инглис?" "На!" "Олмон?" "На!" Гуфтанд: "Њатман љосуси Эрон њастї, чун њамзабон њастед". Баъд гуфтанд: "Кињоро ту аз онљо медонї? Кињо устодони ту њастанд, ки дастур медињанд?" -"Устодони ман? Саъдї дигар, Њофизу Соибу инњо њастанд". Ва се нафар он ваќт "труйко" ки мегуфтанд, сенафарї менишастанду расидагї мекарданд ва парванда дуруст мекарданду дигар истинтоќ мекарданд. Бале, [дар] он [суратљаласа] навишта буд, ки њамин тавр ки худаш иќрор шуда, ў љосуси давлати шоњаншоњии Эрон буда ва онњое, ки дастур медоданд, Соибуф, Њофизуф ва Саъдиеф будаанд. Њоло мо инро аз куљо медонем, баъдан мегўям. Ин ваќт Айниро њам мекўбиданд. Айнї нома навишт ба Лоњутї. Ин номаро њам чоп кардем; се нома [дар] 10-12 сафња аст. Тамоми вазъиятро навиштаву гуфта, ки "маро мегўянд мударрис будаам - вале [мегўянд] тарафдори амир будаам - вале ман бар алайњи амир љангидаам ва ин њама сурате, ки акси тахтапушти [тозиёнахурдаи] манро доред, ин нишонаи њамон њаст. Ва мегўянд, ки понтуркист будаам. Ва ман набудам, чун бар алайњи онњо дар њифозаи тољикњо [мубориза] кардам". Лоњутї хеле љасур буд. Дар Маскав буд. Лоњутиро нагирифтанд. Агар инљо [яъне дар Самарќанд] буд, ўро њам мегирифтанд. Лоњутї ин номаро бурд пеши нависандагони Русия, ки чанд нафар аз онњо хеле алоќа [=робита]-и хубе доштанд бо Айнї. Ва онљо шарќшиносе буд бо номи Дёкуф (Алексей Михайлович Дьяков), ки ховаршинос буд ва ба китобњои Айнї пешгуфтору таќриз менавишт. Дастаљамъї як ёддоште доданд ба нависандагон ва онњо рафтанд [ба назди] маќомот ва иљоза гирифтанд, ки Айниро њифз бикунанд. Ва Фодееф (Александр Фадеев), шахси аввали нависандагони Русия, муъовинашро фиристод Самарќанд. Мо
хона будем. Шабона омад, ки бобо тамоми тирезањоро бо коѓаз часпонда буд. Се моњ аслан берун наёмад[-а буд]. Омода буд ва њамаи асбобњоро љамъ карда буд, ки биравад. Омад, гуфт, ки "устод Айнї! Дастур шуда, ки Шумо бояд њафтае барои истироњат биравед - онљо, бошгоњи нависандагон". Гуфт: Чи тавр? Истироњат. -На, истироњат! Эшонро бо ќатор бурданд. Њафтаи дигар мо дар боѓ будем. Ва њамон дої (таѓо)-и ман аз Уфо омада буд. Барои се рўз иљоза дода буданд, чун баъд аз 8-10 соли зиндонї иљоза дода буданд, ки пеши модараш биёяду фомил (хонавода)-ашро се рўз бибинад. Бечора омада буд. Бо китобњои бобо [саргарм] буд. Мутолеъа мекард. Як мошини сиёњ омаду он раиси мањаллаи мо, ки њамаи корњои моро мекард, харидро мекард, омад, гуфт, ки: "…Кўчакаш ин њаст, бузургашро њам пайдо мекунам". Ўро гирифтанд, рафтанд. Баъди ду-се моњ бобо баргашт, ба Самарќанд омад, ки он ваќт сарони љумњурињо иваз шуданд. Шиддати кушокушу гирогирї аз байн рафт ва Узбакистон сардораш оќои Усмон Юсуф буд, ки яке аз шогирдони Айнї буд ва худаш њам тољик буд. Ў тамос гирифт бо Маскав ва Стофский (?)-ро дубора оварданд. Айниро бурданд онљо ва онљо як баррасї карданд. Боз се нафар буданд… Намояндаи Маскав, Тошканд ва… Навиштанд, ки душмани халќ нест. Айнї омад. Хуб, маълум, ки мо душмани халќ нестем. Ин буд, агар нарафта буд њам, мебурдандаш. Аз ин сиёсатњо мо хеле зиёд доштем. Бале,… баъди 12 сол аз он хонадони Абдуллоњљон-оќо 11 нафар зиндонї шуда буданд ва ду писари ў, ки яке аз мутарљимони Шекспир буд, дигарї дромнавис буд, яъне бачањое, ки барои љумњурии худашон кор мекарданд, Маскав мерафтанд, Берлин мерафтанд - ва писари кўчаки ў кушта шуда буд онљо. Худи Абдуллоњљон њам тирборон шуда буд. Вале Ѓанї Абдуллоњ, ки писари бузурги ў буд, омад Самарќанд, бо њамон пўшокњо[-и ќадимї]. Аввал бобо салмониро, ки мо "сартарош" мегўем, оварданд. Пўшокњояшро иваз карданд. Баъд гуфт: "Устод, чи кор кунам? Пои ман ланг аст, чун зери дарахт монда. Ман њаќ надорам - чун душмани халќ њастам - дарс бидињам. Њаќ надорам маќола бинависам. Наметавонам дастамро дароз бикунам. Ман аз фалон хонаводаам". Бобо гуфт, ки "ба ду љумњурї нома бинависед; яке ба Тољикистон, дигарї ба Узбакистон". Дар Тољикистон оќои [Бобољон] Ѓафуруф он ваќт буд, ки раиси… њизбї буд. Кумунист буд, вале дар рушди фарњанг хеле зањмат кашида буд. Ва [Ѓанї Абдуллоњ] ба онњо навишта буд, ки ман эълон шудаам, ки "душмани халќ" ва "душмани халќзода" њастам, вале тарбиятгари ман устод Айнї аст, ки аз эшон бояд суол бикунед. Ин ду номаро фиристод ва Айнї њам нома навишт. Ва ба хотири ин ки ду сарвари љумњурї талаб карда буданд, [парвандаро] дар Самарќанд баррасї карданд. Айниро гуфтанд, ки… "бинвис, ман намешиносам; дар љавонї ў шогирди ман буд, [аммо] њолонамешиносам". Гуфт: "Наметавонам ин корро бикунам. Бояд ки парвандаро бибинам". Ва онњо њам дигар чорае надоштанд. Чунки бояд љавобе бинависанд ба ду сарвар. Он ваќт маљбур шуданд, ки парвандаро биоваранд. Ваќте рафт, парвандаро овард, ў мутолеъа кард, ки навишта буданд, ки Соибуфу фалону фалону ин њарфњову бемаззагињо. Ду нома, номаи ќашанге
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
15
ба номи ду сарвар навишт. Ва дар њарфи як моњ-ду моњ ин оќо тамоми… ро гирифт, унвонњояшро гирифт ва рафт Тољикистон ва яке аз онњое буд, ки дроми тољикро дар сатњи хеле боло бардошт ва хушбахтона, саранљоми рўзгори ў бад набуд. Дар оршив (бойгонї)-и Айнї маводди зиёде њаст аз натиљаи ин иваз кардани алифбоњо. Масалан, эшон њамеша тамоми номањои худашро ва маќолањояшро ба хатти форсї менавишт ва фаќат ба хатти лотин як имзо дошт. Ба љуз имзо чизи дигар надошт. Имзо лотин буд, ба хотири ин ки аснодро имзо кунад. Ва ба хатти русї њам як имзо дошт; ба хотири ин ки раиси Окодемии Тољикистон интихоб шуд, маљбур аст, ки номањоро имзо кунад. Ва як имзое ба форсї дошт. Ман он ваќт тањсил мекардам дар Ленингрод, Авесто мехондам пеши Фреймон. Нома навиштам ба эшон ба хатти кириллик - одат карда будам… Ва эшон навишта буд, ки "Писарам, хушбахтона, номаи худатро ба форсї навиштї, ба хатти арабї навиштї. Хеле хурсанд шудам, ки мактуби 16 уктубр навиштаатро бо њарфи арабї навиштаї ва њам хеле хуб навиштаї. Арабии ту аз арабии Лутфия (яъне хоњари ман) хонотару бењтар аст ва ин муваффаќияти калом аст. Арабї навиштани ту боз аз њамин љињат маро хурсанд кард, ки 28 уктубр Лутфия бо њаммактабњои худаш барои пахтачинї рафта буд. (Он ваќт иљборї буд ин корњо.) Агар хат бо хатти арабї намебуд, то омадани ў нохонда мемонд". Бибинед, вазъияти Айнї ин тавр буд, вале то охир тамоми осорашро бо хатти арабї навишт. Ва дар оршиви Айнї чунон чизњо њаст, ки эшон маќола менависад, мефиристанд ба нависандагону шогирдон, ки ба хатти лотин ё ба кириллик чоп бикунед ва дастнависи маро баргардонед. Ва чанд маќола њаст, ки онљо истилоњот иваз шуда. Масалан, Айнї навишта "сиёсат", онњо гуфтаанд "политика", Айнї навишта "љумњурї", онњо навиштаанд "республика". Инљўрї фаровон буд. Агар маљаллот ва чизњои он замонро нигоњ бикунед, мушоњида хоњед кард, ки ба тарзи иљбории дастур аз боло истилоњоти кулли Шўравї аз тарафи Русия пахш мешуд, ба хотири он ки мехостанд забонњо ихтилоф надошта бошанд. Чизе, ки дар охир мехоњам бигўям, нињояти беъадолатї њаст. Соли 1945 [Сотим] Улуѓзода, нависандаи маъруфи мо, ки њоло њаштоду чанд сол дорад, дар хотироти худ, ки ахиран навишта (он ваќт ки наметавонист), мегўяд, он ваќт моро, њамаро љамъ карданд. Дабири њизб омад. Мо фањмидем, ки як масъалаи хеле љиддї њаст. Баъд гуфтанд, ки мо бояд алифбои русиро, ки ќабул карда будем, такмил бикунем. Як њарфи "ш" ва як њарфи "щ" дошта бошем. Њама сокит буданд, чун метарсиданд, ки масъалаи соли 37 [такрор шавад]. Улуѓзода мегўяд, ки Айнї як номае навишта буд, ки имкон надорад мо ќабул бикунем. Ва Айнї ширкат надошт дар ин [маљлис], чун дар Самарќанд буд. Айнї њеч ваќт љои худашро иваз накард. Мегуфт, ки ман намехоњам, ки [тањти] таъсири сарони он вар бошам ва [тањти] таъсири сарони ин вар бошам, мехоњам озод бошам. Улуѓзода менависад, ки Улуѓзода баланд шуду гуфт, ки "Охир, ин савтиёт хос нест барои забони мо". Онњо гуфтанд, ки "Ин чи њарфњоест? Мо бовар дорем, ки Шумо хилоф [=мухолиф] нестед. Дигар ќабул аст." [Улуѓзода идома медињад:] Баъдан он дабири њизб омад пеши ман. "Њушатон дар љояш? [=Њавосатон куљост?]", гуфт дабир. "[Магар] ман чи гуфтам?", мегўяд Улуѓзода. "Рафиќ Хрущёвро чи тавр менависед?" Яъне чун Хрушчеф сари кор омада буд, мехостанд, ки ба њамон тарзе ки онњо [яъне русњо] менависанд, [дигарон низ] исми Хрушчефро бинависанд. Ба хотири ин, алифбои як миллате, ки [аслан њам] моли худаш набуду… боз илова шуд, ки савтиёти бегона њам оварда шавад. Ман фикр мекунам, ки ин чанд мисол намунаест барои ин ки шумо тасаввуроти нисбатан комиле дошта бошед. Ман асноди хеле зиёде дорам. Ва њарфњои њузновари таъсиркунанда аз он торих хеле зиёд њаст, вале намехоњам, ки ваќти шуморо бештар гирифта бошам. Мамнун. Аз ин пургўї узр мехоњам. Чи сон нагиряму оташ ба хушку тар назанам, Ки дар ќаламрави Зардушт наќши Чингиз аст.
Камол АЙНЇ
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №28 (461), 7. 10. 2015
ШЕЪРИ МАРДУМЇ
"Њофиз манаму бародарам мехонад" Роят чу ќимор бурдану бохтан аст, Дар кўра нињодан асту бигдохтан аст. Ин пири хирад чу кўдаки лухтакбоз, Бозичаи худ шикаста навсохтан аст. Дар шањри Душанбе хабари тоза шудаст, Симои ту дар газета овоза шудаст. Зебандаи кўю дару дарвоза шудаст, Дар парчами мо фурўѓи шероза шудаст.
Шарифи Ниёз. (85 сола) "Њофиз манаму бародарам мехонад", Шофир манаму бародарам меронад, Рањбар манаму бародарам медонад, Имзои маро бародарам мемонад. Сафсатаи сарварон шуд оёту њадис, Бо котиба гуфто, ки: ба зарњал бинавис. Овоза намо, ки Љабраилаш овард, Аз назди Худои Мењрубонаш ба раис. Аз дасти шароб радди мардум шудаї, Аллома будї, зи давра берун шудаї. Саргаштаю ошуфтаю маљнун шудаї, Хуллоса, бидон чи будаї? Чун шудаї? Масте, ки фитад зи мастиаш бехабар аст, Аз нашъаю майпарастиаш бехабар аст, Бишкаста шараф, зи пастиаш бехабар аст, Аз буданашу зи њастиаш бехабар аст. Ќавме ба амал давлати пурзўронанд, Ќавми дигаре давлати пулзўронанд, Ќавми дигаре хароб, муздуронанд, Ќавми дигаре кашола, саршўронанд. Бозори суханварон бишкаста будаст, Пайѓамбари шоирон бигзашта будаст. Фарёди њазини кўдаки навзода, Бидруди равандаи намегашта будаст. Пире чу худаш пайкаре обод кунад, Рўзи дигаре шикаста барбод кунад. Гўё, ки пушаймон шуда аз кардаи худ, Фардо нигарї дубора бунёд кунад.
Роње, ки равонем, рањи борик бошад, Ваќте ки равонем шаби торик бошад. Њамсояи мо агар ба тайёра равад, Тайёраи мо маркаби тољик бошад. То кай ту ѓарибу бесару сомонї? То кай ба љањон њамеша саргардонї? То кай ту ба дарди дигарон дармонї? То кай чу ѓулом барандаи фармонї? Як бадгуњаре нест, ки маддоњи ту нест, Як бебасаре нест, ба даргоњи ту нест. Як номваре нест, ки дар чоњи ту нест, Як хунљигаре нест, ки бадхоњи ту нест. Гўед ба бонувон назоянд дигар, Коргањ набувад, ки то дароянд дигар. Ноомадагон чу ќарзи худро донанд, Аз мулки адам ба њастї н-оянд дигар. Онон, ки ба некию бадї бетарафанд, Махлуќи Худоянд, вале бешарафанд. Гарчи халафанд, ба зоти худ нохалафанд, Онњо хасу хошок, гиёњу алафанд. Ин сарвату моли ту шумурдан нашавад, Чун беморї аз он хўрдан нашавад. Фармон Худо чун бибарад Азроил, Як пайса аз он ба гўр бурдан нашавад. Бобои азал кулбаи нав сохта буд, Фориѓ нашуда сохта пардохта буд. Момои азал, ки риштаву тофта буд, Дањ рўзи дигар танидаву бофта буд.
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Шокирљон ЊАКИМОВ, њуќуќшинос ва муовини раиси ЊСДТ: - Дар давлатњое, ки иќтидори иќтисодии муваффаќ доранд ва низомии сиёсии мукаммалу њисоботдињанда ба назар мерасад, љомеаи шањрвандї эњсоc мешавад. Ин аз баланд будани фаросати сиёсї, муташакилии љомеаи шањрвандї ва аз њама муњим будани иродаи сиёсї ва заминањои њуќуќии мусоид барои густариши љомеаи шањрвандї ва фаъол будани онњо низ гувоњї медињад. - Њељ нафањмидед, ки нафањмидед - дия, ако. Њама фањмиданду Шумо - доктори илм шуда нафањмидед дия! О, ин гапро Шумо ба кї гуфта истодаед? Як чор тарафатонро бинед! Харобот, фатарот... Гавњар ШАРОФЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоњот: - Наметавонам бигўям, ки забони мо њоли баде дорад. Ба њар њол, барои тозагиву покии он хеле талошњо сурат гирифтаанд. - Муаллимаи азиз, он ќадар талош кардеду кардем барои ободии забон, ки дигар њоло њар ќишлоќ забони давлатии тољикии худро дорад. Њатто калонњо фикр мекунанд, ки лањљаи ќишлоќашон њамон забони адабист... Латифи ПИДРОМ, намояндаи мардумии Афѓонистон ва раиси Кунгураи миллии Афѓонистон: - Як пружаи калони љањонї дар минтаќа дар њоли љараён аст. Амрикоињо, кишварњои ѓарбї бо таваљљўњ ба даргирињое, ки бо Русия дар Укроин доранд, феълан дар Сурия рў ба рў шуданд, њамин тартиб дар масоили Эрону Яман ва дигар кишварњо, пружа ин аст, ки љанг ба Осиёи Марказї кашида шавад. - Медонем, бародар, наѓз медонем, ки Русия њаст... Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилии Тољикистон: - Кормандони оперативї бояд дорои чунин сифатњо бошанд: инсондустї, адолатпарварї, вазифашиносї, ору номус (шараф), виљдон, интизомнокї, масъулиятшиносї, њисси ифтихор аз касб, сатњи баланди зењну хирад, хотираи хуби босиравї, хотираи хуби сомеавї (яъне, шунавої), мушоњидакорї, тезфањмї, наќшофарї, таљассумшавї, зирракї, њушёрї, далерї, чусту чолокї, шуљоатмандї, сипоњї, пуртоќатї, ќобилияти бартараф намудани таъсири шароити боду њаво, гуруснагї ва бехобї... - Акаи вазир, њамин хислатњоро мо дорем. Бо аз њаминњо њам намонем милиса шуда? Худойбердї ХОЛИЌНАЗАРОВ, раиси Маркази тањќиќоти стратегии назди президенти Тољикистон: - Агар онњо (созмонњои террористї Н.) маблаѓгузорї шаванд, ба як артиши бузургу нерўманд табдил меёбанд ва мубориза бо онњо кори сањл нахоњад буд...
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
- Ассалому алайкум, наѓз - мї Шумо, тинљ - мї? Пушти даратон омадаанду еав омода мешавед. Э, стратег њастед - дия... Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, пирўзи "Маликаи сол - 2015" - и Хуљанд: - Харољоти иштирок дар ин озмунро Донишгоњ бар уњда гирифт. Вале то баргузор шудани озмун байни мо дар ин бора шартнома набуд... Баъд ба раёсати љавонони Донишгоњ ба маблаѓи 1895 сомонї прайс-лист пешнињод кардам. Аммо ин маблаѓро то њозир гирифта наметавонам. - Хайр, равед њељ не як дуо медодагистанд. "Маликаи сол" шудан магар осон аст ба 2 њазор сомонї?
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09