Изи русї дар парвандаи сиёсатмадор Зайд Саидов
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
1
САЊИФАИ 11 №29 (357). Чоршанбе, 9-уми октябри соли 2013
ДАР ДЕГИ СИЁСАТ
"Ќитиќ"-и доктор Њакимов САЊИФАИ 7
ЊАВОИ ДАЊАН
"Ринги паррон"-и Љањон Ќурбонов САЊИФАИ 4
Алайњи Зойиров парвандаи љиної боз мекунанд?
Њушдор ба Зойиров ХАЛЌ ГЎСФАНД НЕСТ
Эътироз дар Хуљанд Кї љойи бозии кўдаконро вайрон мекунад? САЊИФАИ 9
КОМИЛАН ЉИДДЇ
Хоби Мирзодиккак САЊИФАИ 16
Таслим кардани фурудгоњи њарбии "Айнї"
САЊИФАИ 5
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
АЗ МИЁН ПОЁН - 2013
Агентии миллии иттилоотии Тољикистон "Ховар", аз номи се муаллими Донишгоњи миллии Тољикистон ба Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон тањдид кардаанд, ки изњороти ахираш дар бораи Эмомалї Рањмон метавонад боиси оѓоз шудани парвандаи љиноятї нисбати ў шавад. Пушти ин коса чї нимкосае буда метавонад? Дар ин маќола, ки бо имзои се тан аз устодони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон - Иззатулло Мањмудов, Убайдулло Азизов ва М. Раљабов нашр шуд, сомонаи АМИТ "Ховар" ба Рањматилло Зойиров, раиси Њизби сотсиал-демократи Тољикистон, тањдид кардааст, ки барои тањќири президент нисбаташ парвандаи љиноятї оѓоз мешавад. Муаллифони ин матлаб бо мурољиат ба Рањматилло Зойиров навиштаанд: - Мабодо ки рўйирост, бе ваљњу асосњои ќонунї эълом доштани ибораи "инкор ва шикасти Сарќонун" аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон бароятон масъулиятеро ба миён наоварад. Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон барои тањќири оммавии Президент, њамчун шахси мансабдори олии сиёсии кишвар, љавобгарии љиноятиро пешбинї кардааст. Барњаќ ќайд намудаед, ки мувофиќи ќисми дуюми моддаи 42-и Конститутсия (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон надонистани ќонун љавобгариро истисно намекунад. Рањматилло Зоиров, раиси Њизби сотсиал-демократ ва роњбари Консорсиуми юридикии Тољикистон, њафтаи гузашта, 4уми октябр бо пахши як изњорот пешнињоди шудани номзадии Эмомалї Рањмон, президентии кунуниро дар интихоботи соли љорї "инкор кардан ва шикасти Сарќонун"и Тољикистон номида буд. Рањматилло Зойиров дар изњороташ, аз љумла таъкид карда буд, ки Эмомалї Рањмон дигар њаќќи номзад шудан ба маќоми президентиро надорад: - Хабар расид, ки худи Эмомалї Рањмон дар ин Анљуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ў дар ѓайбаш сурат гирифтааст, яъне њоло ин амали ѓайриконститутсионї на аз љониби Эмомалї Рањмон, балки аз тарафи Њизби халќї-демократии Тољикистон содир шуд. Бояд ќайд намоям, ки тибќи ќисми дуюми моддаи 42и Ќонуни асосии Тољикистон надонистани ќонун љавобгарии њуќуќиро истисно намекунад. Ќаблан номзадии Эмомалї Рањмон аз тарафи вакилони Иттифоќи љавонон ва инчунин, Федератсияњои мустаќили Иттифоќњои касабаи Тољикистон пешнињод шуда буд. Аз рўи иттилоъ, то имрўз Эмомалї Рањмон ба ин пешнињодњо њам ризоияти худро надодааст. Зойиров дар изњороти худ аз Эмомалї Рањмон хоњиш ва талаб намуда буд, ки тибќи моддаи 64-и Конститутсияи Тољикистон, яъне њамчун кафили Конститутсия ва он арзишњое, ки дар ин модда зикр ёфтаанд, ба амали зиддиконститутсионї ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роњ надињад! Устодони факултети њуќуќшиносии ДМТ иддаои Рањматилло Зойирово дар бораи ѓайриќонунї будани номзадии президенти феълї Эмомалї Рањмон ба мансаби президентиро беасос дониста, пешбарии номзадии Рањмонро ќонунї арзёбї карданд. Дар ин маќола, аз љумла, гуфта мешавад: "Рањматилло Зойиров солњои дароз дар пайи љустуљўйи "кадом њаќиќате" азият мекашад". Муаллифони маќола савол мегузоранд, ки чаро Зойиров барои як масъалае, ки он пурра дар ќонунгузории Тољикистон њал шудааст, худашро ранљ медињад? - Њикмате њаст, ки "барои шахси доно як ишора кофист". Рањматилло Зоиров, ки
ЊУШДОР Алайњи Зойиров парвандаи љиної боз мекунанд?
«
Зойиров дар изњороти худ аз Эмомалї Рањмон хоњиш ва талаб намуда буд, ки тибќи моддаи 64-и Конститутсияи Тољикистон, яъне њамчун кафили Конститутсия ва он арзишњое, ки дар ин модда зикр ёфтаанд, ба амали зиддиконститутсионї ва ба шикаст ва инкори Конститутсия роњ надињад!
яке аз "чењрањои шинохтаи илми њуќуќ" ва "шахсияти маъруфи сиёсї" шинохта шудааст ва табиист, ки ба умќу мазмуни бисёр масъалањои мураккаби њуќуќї ба осонї сарфањм меравад, чаро ки наметавонад бо муќаррароти интиќолии Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба созиш биояд. Њол он ки дар банди сеюми муќаррароти интиќолии Конститутсия (Сарќонун)-и Љумњурии Тољикистон омадааст, ки "интихоботи пай дар пайи Президент барои ду мўњлат, ки дар ќисми чоруми моддаи 65 пешбинї шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оѓоз меёбад". - Дар моддаи 65 омадааст, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мўњлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, оварда шудааст дар маќолаи устодони ДМТ. Ба гуфтаи муаллифон, шахсе, ки соли 1999 ба мансаби Президенти Љумњурии То-
«
љикистон интихоб шудааст, пас аз анљоми мўњлати ваколаташ (баъд аз гузаштани мўњлати 7 - сола) метавонад номзадиашро барои интихоб шудан ба мансаби Президент барои ду мўњлати минбаъда пешнињод намояд. Чї тавре ки дар матлаб гуфта мешавад: "Ба назари мо, ин ќисмат аз ин беш дигар мазмуне надорад. Ё, шояд, мо то андозае ќудрати эътимодноку боварибахши шарњ додани мазмуну моњияти ин муќаррароти конститутсиониро надошта бошем. Устодони ДМТ дар идомаи маќолаи худ навиштаанд: "Номзадии Эмомалї Рањмон ба маќоми президентї бо назардошти риояи тамоми муќаррароти Ќонуни асосии кишвар роњандозї шуда, ба њељ ваљњ ин амал наметавонад, ки "инкор ва шикасти Сарќонун" бошад". - Номзадии Эмомалї Рањмон бо назардошти риояи тамоми шартњои пешбинина-
мудаи ќонунгузории амалкунанда барои интихоб шудан ба маќоми Президенти Љумњурии Тољикистон пешнињод шудааст - навишта шудааст дар матлаб. Ба аќидаи Иззатулло Мањмудов, Убайдулло Азизов ва М. Раљабов, Зойиров асли воќеаро кайњост, ки хуб дарк мекунад, вале намехоњад онро эътироф намояд. - Барои эътирофи он ба Шумо љавонмардиро орзумандем, - менависанд муаллифони маќола. Муаллифони маќола дар охири матлаби худ аз Рањматилло Зойиров суол мекунанд, ки агар хоњони мансаби президентї аст, пас, чаро номзадии худро пешинњод накард ва худи муаллифон боз ба суоли худ посух дода, мегўянд, дар асл Зойиров кори хуб кард, ки номзадиашро пешнињод накард, зеро медонист, ки њатто 5 фоиз имзо љамъ карда наметавонад. 4-уми октябр беш аз њазор вакили Анљумани 11- уми Њизби халќї - демократии Тољикистон дар Филармонияи давлатї, номзадии Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистонро, ба мансаби президентї пешбарї карданд. Ќаблан номзадии Эмомали Рањмон аз љониби Иттифоки љавонон ва Иттифоќи касаба низ пешбари шуда буд. Фаромарзи ФОЗИЛ
ШАРМАНДАГИИ МИЛЛЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
3
ФОЉИА ДАР "ВАРЗОБ" Чаро тољикон бењтар аз худ роњбареро интихоб карда наметавонанд Рўзи шанбе, 5-уми октябр шоњиди воќеае шудам, ки назари маро дар бораи мардуми мо, дар бораи мусалмонии ин халќ куллан таѓйир дод. Баъди ин воќеа, ба хулосае омадам, ки ба ин мардум дигар хасеро амонат гузоштан аблањист, куљо расад ба интихоби президент роњбари ояндаи давлат! Ин мардум, ба назарам, дигар наметавонад аз худ бењтареро интихоб кунад... Субњи барваќт ба бозор рафта, тахмин соати 11:30, 11:45 даќиќа ба хона, воќеъ дар дењаи Сомони љамоати дењоти Чимтеппа, маъруф ба Совхози Варзоб баргаштам. Дар назди дари масљид, таќрибан 15 - 20 ќадам дуртар аз даромадгоњи масљиди љомеъи мо, ки ба бозори "Сомон" њамдевор аст, марде афтода буд, ки либоси чирк дошт. Намељунбид. Чашми одаткарда хулоса кард, ки маст аст ва аслан ба ў эътибор надодам. Дар ёдам њам намонда буд, ки мастеро дар назди дари масљид дида бошам. Бегоњ барои харидани гўшт боз ба бозор рафтам. Соат, тахмин, 16:30 буд. Он мард њамон љое, ки сањар дида будамаш, хоб буд. Наздаш ду -се зан њам буданд. Ваќте наздик шуда њол пурсидам, маълум шуд, ки ин мардро сањарї мошин зада будааст. Мард ба зўр дањон мељунбонд. Гуфт, ки аз ноњияи Ёвон аст ва ба ин љоњо њар рўз барои мардикорї меояд, то ду танга кор кунад. Гуфт, ки маст нест, балки аз зўри дард бењуш будааст. Хоњиш кард, ки аз љой бардорам ва ба по рост монам. Кафи пойи чапаш кафида ва хуншор буд. Шимашро боло бардошта дидам, ки зонуи росташ варамида, кабуд шудааст. Шояд пояш шикаста буд. Телефонро фаромўш кардаам. Ба дари хонаи рў ба рў, ки сокинонашро мешиносам, сар халондам, то аз телефонашон ба "03" занг занам. Соњибхона гуфт, ки телефонаш пул надорад. Дари дукони њамсоя, ки њар рўз аз субњ то шом ба фурўши мањсулоти кишоварзї машѓул аст, боз буд, аммо Пўлодбой, фурўшанда ба намоз рафтааст, гуфтанд. Ба масљид рафтам. Масљид пур аз одам. Чанде мўсафедонро шинохтам, ки сокинони куњнаи совхози овозадори Варзобанд. Акаи Нурро дидам, ки ин љо ўро њама мешиносанд. Вай дар масљид чї масъулияте дорад, ки њамеша ин љост ва рўзњои љумъа ба рўбучину обзании сањни њавлии масљид машѓул аст. Онњо дар айвони баланди масљид каљпањлў зада, суњбат доштанд. Гуфтам: - Акаи Нур, дар пеши дари масљид, як кас...", ки суханамро бурида, гўё чизе нашудааст, гуфт, ки ин мард аз сањар боз хоб аст. Њамаашро медонад ва ба милиса мурољиат кардааст... аммо касе кўмак кардан нахостааст. Акаи Нур њаминр гуфту, шикам хорида ба идомаи ќиссаи мўсафедон таваљљуњ кард... Дубора исрор кардам, ки агар баимоне ин мардро ба духтур мебурд, хуб мебуд: "Шояд мурољиат кунед... Касе мошин дошта бошад, ин мардро..." Боз њам суханамро бурида гуфт, ки "хоњї, худат гўй!". Ман, ки фикр мекардам, ваќте ин хабарро ба масљид расондам, дарњол тариќи микрофон эълон хоњанд кард ва муъмину мусалмоне, баимоне, љавонмарде, дар ин масљид ёфт
о хт та ї»-р . й .. л по и ъљи дам н а а и ок ии т мез с ѓ р р га «Ё т ље А , - дї да у шу х ме пули бо
хоњад шуд, ки маљруњро ба беморхона мебарад. Аммо... Гўё аз сарам як сатил оби сард рехта буданд, аз масљид берун шудам. Он мард дар љояш мехобид. Акнун ўро таќрибан 10 нафар ињота мекарданд. Аслан занњо ва ду се љавоне, ки дар масљид ќиссаи садамаи ин мардро аз ман шуниданд, маљруњро њалќа кардаанд. Тасаввур кардам, ки нафаскашии ин мард миёни издињом боз њам мушкилтар шудааст. Тасмим гирифтам ба бозор меравам ва аз таксофон ба "03" занг мезанам... Гўё сатили дуюми оби хунукро ба сарам рехтанд, ваќте аз он тарафи гўшї гуфтанд, ки имконияти сафаркардани мошини ёрии таъљилиро надоранд ва гўширо тараќќас гузоштанд. Худоё, ин љо куљост? Дар кадом аср зиндагї дорем? Ин чї мардум аст? Ва ин чї мусалмонист? Ин мардум даъвии мусалмонї дорад, аммо ваќте як мусалмон аз сањар то шом назди масљид афтода, шояд фавтида бошад, касе хонаи Худо берун нашуд, то њадди аќал пурсад, ки чї њол дорї, кистї? Наход ин Ватани мо бошад? Наход, ин њамватани мо бошад? Бо њамин андеша ба пушти бинои Гастронми шањраки Гипрозем ба Шуъбачаи милиса рафтам. Соат аллакай ба 17 наздик шуда буд. Дар шуъбачаи милиса касе наёфтам. Пиразане бо духтараки нобоолиѓе назди дари ин милисахона менишастанд. Аз онњо пурсидам. Гуфтанд, милиса - Эмомро интизоранд, ки аз Муъминобод будааст ва шояд пас аз чанд лањза њозир шавад. Дар интизори Эмом меандешидам, ки агар ин њодиса дар љойи дигар, дар мамлакати дигар бо мардуми дигар рух дињад, чї кор мекарданд. Њатман ба милиса мурољиат мекарданд, милиса ёрии таъљилиро даъват мекард, маљруњ ба беморхона
интиќол меёфт. Фавран. Маъзарат мехоњам, вале агар ин мард аз Тољикистон намешуд, мисли саги бесоњибе, аз сањар то шом бо дасту пойњои шикаста дар канори роњи мошингард бењушу беёд намехобид. Кофиртарин ќавм њамватанаш, ё њатто ѓариберо дар чунин њол намегузошт. Шояд гумон карданд, ки маст аст? Њатто агар маст буд, њатман касоне, ронандањое њам бояд раќамњои он мошинро дида бошанд, ки ин мардро маљруњ карда ва номардона аз љойи њодиса фирор кард. Ин ронанда, на танњо љинояткор, балки номардтарини онњост. Њамчунин љинояткор ва номардтарину пасттарин кас аст, оне ин њодисаро диду ба милиса хабар надод, ба "03" занг назад. Ин аст пастї, ин аст номардї. Мусалмонї ин нест! Њамзамон меандешидам, ки шояд ба ин њама сабабе њаст? Албатта! Шоњидони њодиса, чаро аз милиса њазар мекунанд? Чаро худро аз чунин њодисањо дур мекунанд? Масалан, агар ронандаи дигаре, ки шоњиди њодиса буд, ки агар маљруњро ба беморхона барад, њатман милиса хабар мекунанд ва ў метарсад, ки худи ўро ба ин љиноят айбдор мекунанд. Мардум аллакай дар асоси таљрибаи солњои ахир бо милиса хуб шинос аст ва медонад, ки бењтар аст, ки хомўш ба кори худ машѓул бошад. Ягон ахлоќ, ягон дин, ягон мазњаб ин мардумро водор намекунад, ки ба милиса хабар дињад. Вале дар масљид метавонистанд дастаљамъона ин марди нодорро, ки гирифтори њодиса ноохуш шудааст, ба беморхна баранд. Чаро чунин накарданд? Шояд онњо низ хулоса карданд, ки ин мард маст аст? Шояд гумон карданд, ки даст расондан, наздик шудан ба бадмаст, боиси маъсияти ин "покон" мешавад? Ва касе ба марди маљруњ наздик нашуд? Бо њамин андешањо дар интизори милиса будам. Чун интизорї натиља надод, ба бозори
"Дењќон" рафтам. Фуражкаи милисаи ќадбаландро, ки дандон кофта, рост ба сўйи ман меомад, фарќ накарда намешуд. Наздаш рафта пурсидам: -Шумо нозири минтаќа њастед? Гуфт: - Чї гапай? - бо ишора дурустии гумони маро тасдиќ кард. Вале ваќте аз ќазия огањї ёфт, бо хунсардї ва бепарво гуфт: -Ман фањмидъм, - ва ба ман маслињат њам дод, ки: "Додар, ай пайи корът бра!". Ваќте гуфтам, ки ман ба "03" занг задам, онњо наомаданд, шояд гапи милиса ба онњо гузарад..., дандонкобакро аз дањон берун овард, ба чашмам чунон нигоњ кард, ки гўё аз сайёраи дигар омада бошам ва бори дигар маслињаташро такрор кард.... Милиса ба дарвозаи Бозори "Дењќон" даромаду байни издињоми харидорон ѓайб зад... Ана барои чї, касе ба милиса мурољиат намекунад дар чунин њолатњо! Шоњиди ин њодиса аз ман оќилтаранд, хулоса кардам ман, ки чанд лањза рў ба рўйи дари бозор шах шуда будам. Дар худ андешидам, ки шояд агар ў мефањмид, ки дар газета менависам, муносибаташ дигар мешуд? Гуфтам, аз пасаш равам ва гўям, ки ман журналистам... Аммо њисси нафрат ба чунину чунонњо, дар ман боло гирифт. Маро аз ин кор боздошт. Инњо ба ин сазовор нестанд. Бори дигар ба "03" занг задам. Ин даъфа гуфтам, ки ба милиса хабар додам, шояд онњо низ ёрии таъљилї даъват кунанд ва худ бори дигар ба шуъбача сар халондам, ки шояд навбатдор омадааст ва њадди аќал ба "03" занг занад. Дар милисахона касе набуд. Љавони њузарбу лўндае дар либоси мулкї, ки дар рў ба рўи милисахона ба мошини сабукрави такя зада буд, ваќте дид, ки ба милисахона медароям, ба ман синча карда гуфт: "Чї гап аст!". Гуфтам, ки милиса мекобам. Хира шуд. Њодисаро наќл кардам. Шояд милиса буд, ки гуфт совхози Варзоб дар њудуди ноњияи Рўдакї аст, аммо ин љо Душанбе.... Ин њам њатто боре ба гўшаи хаёл наовард, ки шояд ин маљруњ хешаш бошад. Чунин њодиса метавонад бо њарки рух дињад, аммо инњо боре ба ин фикр фурў нарафтанд, ки шояд он мард падар, додар, ё бародари онњост. Ваќте аз Бозори "Дењќон" гўшт харида берун шудам, дидам, ки мошини ёрии таъљилї ба зўр ба зўр аз миёни таксињое, ки ягон ќоидаи роњро риоя намекунанд, ба совхози Варзоб меравад... Омад билоохир. Шукри Худо! Марди маљруњро ба мошин бор кардем. Њамшираи шафќат зуд фишори хуни он мардро санљид. Дар набудани ман савобљўе, мусалмоне, инсоне неке тавонистааст натанњо ба ёрии таъљилї, ба хешу табори он мард занг занад. Зане, ки гуфт њевараш аст, бо он мард, ки аз дард фаќат "янгаљон, янгаљон" гўён садо мебаровард, ба мошин савор шуд... Касе чор сомонї пуле, ки аз киссаи мардикори маљруњ пайдо кардаанд, ба њевараш дароз кард... PS: Аз њамон рўз меандешам, ки барои ин мардум шояд навиштани њамин ќисса низ нашояд. Њоло баъди як моњ интихоботи президентї дар Тољикистон аст ва гўё њамин мардум роњбареро барои 7 соли дигар интихоб хоњад кард. Бисёрињо мегўянд, интихобот ѓайридемократї мегузарад. Аммо агар демократї њам гузарад, оё ба ин мардум њуќуќу ихтиёри интихоб карданро дода мешавад магар? Ба назарам, не! Ин мардум нафареро, ки бењтар аз худаш бошад, интихоб карда наметавонад.
Фаридун РАЊНАВАРД
4
ЊАВОИ ДАЊАН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
Љањон Ќурбонов, муштзани маъруфи тољик, ки ба мусобиќаи байналмиллалї дар Ќазоќистон даъват шудааст, аз сабаби људо нашудани маблаѓ њоло њам (4 октябри соли 2013) дар шањри Хуљанд аст. 5 октябр ў аз њисоби худ ба ин мусобаи байналхалќї хоњад рафт. Ба ин мусобиќа беш аз 113 давлати љањон даъват шудаанд. Ў бояд моњи гузашта сафар карда омодагї медид, вале то њанўз касе аз масъулин парво надоранд, ки ў чї мушкил дорад.
раббї таин шуда, то 2 - 3 њазор сомонї маош мегиранд, ки шояд кам касе ўро шиносад. Њамсари як сарояндаи машњури вилоят њам директори мактаби варзишї таин шудааст, вале…
100 њазор сомонї барои як мардикор Љањон Курбонов дар толори мактаби варзишии раќами дуввуми шањри Хуљанд машќ мекунад. Аз дидани шароите, ки барои ў муњайё кардаанд, мурѓони њаво ба гиря меоянд ва дили санг об мешавад. Ин мактаби варзишї се толор дошта, оддитарин шароит барои тамринро надорад. Солњои ќабл аз болои толор об мерехт ва ў дар ин шароит машќ мекард. Чун "сир" фош шуду "гап то боло" рафт, барои таъмири мактаби мазкур њукумати вилоят соли 2011 беш аз 100 њазор сомонї маблаѓ људо карда, роњбари мактаби варзишї
"РИНГИ ПАРРОН" - И ЉАЊОН ЌУРБОНОВ
Чаро як вилоят њатто як варзишгарро ќадр намекунад? Хуљанд 30-45 њазор сомонї танњо барои мушаккапарронї сарф мекунанд, наход он мушакњои ба њаво рафта, аз ин ринги барои Точикистон зарур муњимтар бошад? Наход аз буљаи наздик миллирадсомонаи вилоят 8-10 њазор сомонї маблаѓ ёфт нашавад, ки як ринг харанду дар мусобиќањои дигар онро истифода баранд? Рўзе, ки муовини аввали раиси вилоят ба тамрингоњи Љањон омад, масъулини кумитаи чавонон ва варзиши вилоят дари як толорро, ки дохилаш бомжхонаро мемонад, ба хотири гап нашунидан мех зада, пинњон намуданд ва ин аз назари Чумъабой Сангинови зирак њам берун монд.
Як бому ду њаво Љањон Ќурбонов мегўяд, њанўз шаш моњ ќабл аз ин гуфтанд, ки маблаѓ аз тарафи њукумати вилоят људо шудааст, вале то њол маблаѓро нагирифтааст ва Фариддун Њодибоев, сардори раёсати љавонон варзиш ва сайёњии вилоят гуфтааст, ки њоло маблаѓ нест, аз њисоби худат рафта, биё, сипас љуброн мекунанд. Љањон дар њељ куљо кор намекунад. Моњона 400 сомонї идрорпулии раиси вилоятро мегирад ва он њам дар 5 ва ё 6 моњ як маротиба. Бо вуљуди он ки Љањон Ќурбонов шарафи кишварро њимоя кардаву миллати тољикро борњо дар арсаи байналхалќї муаррифї кардаст, то њол барояш як шароити оддї фароњам накардаанд. Фаќат ваъда мешунавад. Шањрдори Хуљанд бо вуљуди таъкиди чандинмаротибагии Ќоњир Расулзода барои Љањон Ќурбонов коре накардааст. Ин варзишгар, ки ин ќадар таљрибаи хуб дорад, аќќалан мураббї дар ягон мактаби варзишии шањр таъин нашудааст, то бачањоро ба мусобиќањои байналмиллалї омода намояду њам худаш тамрин кунад ва зиндагиашро аз ин њисоб пеш барад. Дар аксар мактабњои варзишии шањр нафарони тасодуфие му-
Раиси дастнорас
њам аз вазифа озод шуд. Роњбари нав дар аввал ваъда дод, ки бењтарин шароити тамринро муњайё мекунад. Бо раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии вилоят гўё "забон" ёфту маблаѓњоро "обу лой" карда, ин толорњоро чунон таъмир намуданд, ки аллакай деворњои он ба фурўравї сар карданд. Таъмири он бо чунин ањвол ва он њам дар њаљми беш аз 100 њазор сомонї касро зери гумону шубња мебарад. Дигар толоре, ки он љо Љањон Ќурбонов бо њамроњии љавонон тамрин мекунад, аќќалан тахтапўш нашудааст. Тахтаи фарсудаи онро канда, толори якумро таъмир карданд. Ин љо дар бораи љои либосивазкунї ва оббозиљо сухан гуфтан натавон. Он бошишгоњњои сањроњии дењќонони Ашт ва ё Зафарободро ба хотир меорад. - Таги он љо семент аст, зимистон машќ карда намешавад, чун њаво сард аст. Ваќте
маблаѓ људо шуд, хурсанд шудем, ки он таъмир ва шароит мухайё мешавад, вале тири мо хок хўрд. Бовар мекунед, барои таъмири ин толор њамагї як мардикор кор кард. Намедонам чанд моњ. Агар нисфи маблаѓро сарф мекарданд, толор тамоман дигар хел мешуд, мегўяд Љањон Ќурбонов
Як "ринг" барои як вилоят!!! Муовини аввали раиси вилоят Љумъабой Сангонов ду сол пеш ба ин толор боздид омада, њайрон мондааст ва њатто бовар накарда, аз Љањон Ќурбонов пурсидааст, ки "ту воќеан дар њамин љо машќ мекунї?". - Баъд ба директори мактаб нигоњ карда гуфтанд, ки ту худат дар чунин шароит тамрин мекунї!? Директор дасту по гум карда, хомўш монду чизе нагуфт. Айби ман, ки баробари сарпарасти соња таин шуданам, омода натавонистам. Баъдан бо хоњиши ман он кас супориш доданд, ки як "ринг" биёранд. Пас аз ин ин "ринг"-ро оварданд. Аммо ин "ринг" њам ќариб, ки дар толори мо намеистад, шабњову нимишаб омада мегиранду "ин љову он љо даркор" гуфта мераванд, як рўз њасту дањ рўз нест. Наход дар як вилояти калон як "ринг" бошад? Наход вилоят ќудрати харидани як рингро надошта бошанд!? Љањон њоло дар болои семент ва ё асфалти ин толор машќ мекунад ва тасаввур кунед, ки ваќте болои ринги мулоими истењсоли Амрико ва ё Љопон дар мусобиќањои байналхалќї мебарояд, њолаш чи гуна мешавад. Барои як чорабинии фарњангї дар шањри
Шояд раиси вилоят аз ин "мазњака"-и зердастонаш низ бехабар бошад. Љањон Ќурбонов меафзояд маро назди утоќи раиси вилоят аќќалан наздик шудан намемонанд: - Борњо ба ёрдамчињои раиси вилоят мурољиат кардам, ки назди он кас дароям, аммо онњо имрўзу пагоњ гуфта, бањона мељўянду умуман имконияти бо Ќоњир Расулзода вохўрданро намедињанд. Бовар дорам, ки раиси вилоят агар аз ин "мазњака" бохабар шаванд, ду-се масъули соња њатман аз кор ронда мешаванд, зеро раиси вилоят борњо маро чї аз љињати моддї ва чї аз љињати маънавї дастгирї карда буданд.
15 сомонї барои ѓолибият Чанде ќабл дар шањри Хуљанд мусобиќаи байналмиллалї оид ба бокс ба хотири гиромидошти руњи Ќањрамони Иттињоди Шўравї, Исмоил Њамзаалиев баргузор гашт ва шарафи Тољикистонро дар баробари чанд тан Љањон Ќурбонов низ дар вазни худ боло бардошт. Ва масъулин барои тайёрї ва шабу рўзи мусобиќа ба Љањон дар як шабонарўз њамагї 15 сомонї (!!!) маблаѓ доданд. Ин дар њолест, ки як аробакаши бозори "Панљшанбе" дар як рўз барои нањорї ва хўроки нисфирузиву шом бист сомонї сарф мекунад! Љањон Ќурбонов баъди бозгашт аз мусобиќа дар кишвари Ќазоќистон шояд тасмими нињоии дар бораи шуѓл варзидан бо боксро гирад. Зеро дигар аз ин дурўягињои шањрдорони Хуљанду сардори раёсати љавонон варзиш ва сайёњии вилоят ва дигар масъулини соња монда шудааст. Аллакай додараш Љасур Ќурбонов мањз бо ин иллат тарки ин соња кардааст…
Шарафи ЌИЁМПУР
PS. Ин ягона варзишгар дар Суѓд нест, ки чунин њол дошта бошад. Дар шуморањои оянда дар бораи дигар "мазњака"-њои масъулини Суѓд нисбат ба варзишгарон мавод нашр хоњем кард.
ТАСЛИМ - 2013
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
5
Баъд аз сафари Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия, ба Тољикистон, расонањои русї таќдири Фурудгоњи њарбии "Айни"ро њалшуда арзёбї мекунанд. Харљи беш аз 80 млн.долларии Њиндустонро кї барќарор мекунад, њанўз маълум нест, њамчунон, ки њукумати феълї боз чиро ба Кремлин таслим хоњад кард. Нашрияи "Независимая газета" бо истинод ба манобеи худ навиштааст, Созишнома дар бораи иљораи Фурудгоњи Айнї то соли 2014, даќиќтараш, то оѓози хурўљи неруњои эътилофи ѓарбї аз Афѓонистон ба имзо хоњад расид. Дар ивази ин созишнома Русия ба неруњои њарбии Тољикистон кўмаки њарбиву техникии дарозмуддат хоњад кард. Аз љумла, барои ташкил намудани неруи комили њарбї-њавоии Тољикистон кўмак ваъда шудааст. Дар назар аст, ки бо кўмаки Русия дар сафи неруњои њавоии Тољикистон ду эскадрон иборат аз чархболњои њарбии Ми-8 ва чархболњои њамлакунандаи Ми-24 сохта шаванд. Омода намудани мутахассисон барои неруњои њавоии њарбии Тољикистон дар Русия аллакай оѓоз гардидааст. Дар њамин њол, њукумати Тољикистон барои мардуми худ ягон иттилоъ намедињад ва њама чиро пинњон медорад. Дар њоле, ки барои русњо дар ин доду гирифт, њеч асроре дигаре боќї намондааст. Чунин ба назар мерасад, ки бо истифода аз фурсати муносиб, дар арафаи интихобот Русия муваффаќ шуд, ки хостањои чандинсолаашро дар як они воњид ба даст орад. Коршиносони рус сафари Наришкинро њамчун дастгирии Русия аз президенти феълї дар интихоботи ноябрь маънидод намудаанд. Тавре ин нашрия навиштааст, ки пас аз тасвиби Созишномаи пойгоњи њарбии 201, имзои ќарордод оид ба иљораи Фурудгоњи њарбии Айнї, ки Маскав онро љузъе аз пойгоњи њарбиаш медонад, оѓоз хоњад ёфт. Њайати Наришкинро, ба навиштаи расонањои русї, коршиносони њарбї-дипломатї низ њамроњї мекарданд, ки гуфтугў оид ба ин масъаларо аз сар хоњанд гирифт. Ба таъкиди "Независимая газета", муњтавои лоињаи Созишнома оид ба истифодаи фурудгоњи Айнї њанўз дар ибтидои сол омода гардида буд, аммо Эмомалї Рањмон ризоияташро надода буд. Њамроњон Зарифї, вазири корњои хориљии Тољикистон, ба расонањо гуфта буд, ки баррасии масъалаи фурудгоњи Айнї бо Русия баъди дар амал татбиќ гардидани созишномањои мављуда миёни Тољикистону Русия аз сар гирифта мешавад. Вазири корњои хориљии Тољикистон ин суханро дар замоне мегуфт, ки Созишнома оид ба тамдиди њузури пойгоњи низомии Русия дар Тољикистон аз љониби
ТАСЛИМ КАРДАНИ ФУРУДГОЊИ ЊАРБИИ "АЙНЇ"
«
Дар ивази ин созишнома Русия ба неруњои њарбии Тољикистон кўмаки њарбиву техникии дарозмуддат хоњад кард. Аз љумла, барои ташкил намудани неруи комили њарбї-њавоии Тољикистон кўмак ваъда шудааст. Дар назар аст, ки бо кўмаки Русия дар сафи неруњои њавоии Тољикистон ду эскадрон иборат аз чархболњои њарбии Ми-8 ва чархболњои њамлакунандаи Ми-24 сохта шаванд.
«
парламент ба тасвиб нарасида буд. Инчунин, ваъдаи Русия дар бораи лаѓви бољи гумрукї барои 1 млн. тонна мањсулоти нафтї дар соли 2013 муаллаќ монда буду масъалаи муњољирон њамоно буѓранљ мегардид. Инак, имрўз бо гузашти чанд рўз аз тасвиби Созишнома барои тамиди њузури њарбиёни Русия дар Тољикистон, русњо аз ин сухани вазири хориљии Тољикистон ёд мекунанд. Аммо њамоно масъалаи лаѓви бољи гумрукї дар бастањои нокушодаи њуљљатњо дар рўи мизњои љонибњо хобидааст. "Ноноварони хона"-артиши миллионнафараи муњољирони кории тољик њанўз њам талабгори рўзи бењї чашминтизор боќї мондаанд.
Русњо барои дастёб гардидан ба њадафњои худ бо истифода аз фишангњояш ба воситаи расонањову нињодњои њукуматї рўи Тољикистон фишор меовард. Аз ќабл пешгўишаванда буд, ки Тољикистон то куљо ба ин фишорњо тоб оварда метавонад. Расидан ба маъракаи интихоботии президентї барои рањбарияти феълии Тољикистон нуќтаи нињоии сабр маънидод мегардид. Нашрияи "Независимая газета" менависад, ки дар мулоќоти Саммити СПАД дар охири моњи сентябр рањбарияти Тољикистон ваъдаи пуштибонї гардидан аз Путинро гирифта буд. Пас аз чанд рўзи он барои ба тасвиб расондани Созиш-
номаи пойгоњи 201 дар парламент иљозат дод. Акнун русњо ба аќидаанд, ки танњо бо истифода аз неруњои хушкигард имкони рафъи тањдидњо вуљуд надорад, аз ин рў, ниёз ба Фурудгоњи Айниро асоснок хоњанд кард. Ин њам дар њоле, ки њукумати Тољикистон ба Њиндустон иљозат дод, ки бо харљи беш аз 80 млн. доллари ИМИ фурудгоњро азнавсозї кунанд. Ва акнун маълум нест, ки кї ва дар чи шакл харољоти њиндуњоро барќарор мекунад. Зоњиран Фурудгоњи Айнї охирон талаби русњо нахоњад буд. Њеч љойи шубња нест, ки баъди ба ихтиёри русњо вогузор гардидани ин фурудгоњ, мо шоњиди талабњои навбатии русњо, аз љумла, баргаштани низомиёни рус ба сарњад бо шеваи хеле нозук хоњем гардид. Шояд, он рўз њам дур нест, ки русњо фишорњояшонро барои ба даст овардани захирањои ураниуму нафту газ оѓоз намуда, даъвои аз худ намудани КВД "Роњи оњани Тољикистон", КВД "ТАЛКО" ва дигар корхонањои стратегиро низ паињам пеш гузоранд. Ба назар мерасад, ки њукумати феълї дигар ба русњо тавони "не" гуфтанро надорад.
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
АБДУЛЛО АБДУЛЛО
Яке аз сиёсатмадорони пурнуфуз дар Афѓонистон, собиќ вазири корњои хориљии ин кишвар дар солњои 2001-2006, номзад ба маќоми президентї дар интихоботи соли 2009 ва интихоботи президентии соли оянда (2014) дар Афѓонистон мебошад.
Абдулло Абдулло аз њамсафони наздик ба Ањмадшоњи Масъуд, Ќањрамони миллии Афѓонистон буд. Дар даврони набард бо Толибон вазифаи сухангўи љабњаи Ањмадшоњ Масъудро ба зимма дошт, њамчун пули иртибототи љонибдорони Масъуд бо љањон шинохта мешуд. Њоло аз мухолифони сарсахти њукумати Њомид Карзай, президенти Афѓонистон, мебошад, барои барканор кардани ў ба роњи осоишта мубориза мебарад. Ин аст, ки дар интихоботи соли 2009 ширкат карда, раќобати ѓайриинтизор дар корзори интихоботї нишон дод. Бо гирифтани 30,5%-и раъйи интихобкунандагон ба даври дуюми интихобот расид. 1-уми ноябри соли 2009, 7 рўз ќабл аз интихобот, бо нишони эътироз аз ширкат дар даври дуюми интихобот худдорї кард ва раќибаш Њомид Карзайро дар таќаллубкорї дар раванди интихобот муттањам намуд. Соли 2010 эътилофи демократиеро иборат аз мухолифини њукумат барои таѓйир ва
умед ташкил намуд, соли 2011 ба Эътилофи миллї таѓйири ном кард. Дар сафи он њизбњо ва шахсиятњои бонуфўзи олами сиёсии Афѓонистон шомил мебошанд. Ў 5-уми сентябри соли 1960 дар Кобул зода шудааст. Падараш аз паштутаборони Ќандањор ва модараш тољик мебошанд, дар расонањо бештар тољик муаррифї мегардад. Тањсилоти ибтидоиро дар соли 1976, дар зодгоњаш ба поён расонида, барои маълумоти олї ба факултаи тиббии донишгоњи Кобул дохил мешавад. Соли 1983 донишгоњро ба итмом мерасонад. Як сол дар бемористони "Нур" ба њайси пизишки чашм фаъолият мекунад. Аз сентябри соли 1985 фаъолияти табибиашро минбаъд дар майдони љанг алайњи низомиёни Шўравї идома медињад. Ба унвони сарпарасти бењдошти љабњаи Панљшер ва баъдан, ба њайси мушовири Ањмадшоњ Масъуд, то озод намудани Кобул, хидмат намудааст. Дар соли 1992 то соли 1994 - cолњое, ки Ањмадшоњ Масъуд вазири дифоъ буд, вазифаи су-
хангўи вазорати дифои миллии Афѓонистонро ба ўњда доштааст. Соли 1997 муовини вазири корњои хориљї таъин гардида, соли 1999 сарпарастии вазорат ба зиммаи ў гузошта мешавад. Баъд аз шикасти Толибон дар соли 2001 дар идораи муваќќат ва баъдан, дар давраи давлати интиќолии Афѓонистон масъулияти рањбарияти вазоратро ба ўњда дошт. То соли 2006 дар вазифаи вазири корњои хориљии Афѓонистон фаъолият намудааст. Аз соли 2006 рањбарии Бунёди Ањмадшоњи Масъудро, ки ба корњои хайриявї машѓул аст, рањбарї мекунад. Барои ширкат дар корзори интихоботи президентии соли 2014 Иттињоди интихоботие дар Афѓонистон ташкил намудаанд, ки узви раёсати он буда, номзад ба маќоми президентї пешнињод шудааст. Донандаи забонњои дарї, пашту, англисї буда, бо забонњои арабї ва фаронсавї низ њарф мезанад. Оиладор, соњиби се духтар ва як писар мебошад. Фаромарзи ФОЗИЛ Ба шеър раѓбат дошта, аспдавонї, бозии баскетбол аз шуѓлњои дўcтдоштааш мебошад.
6
БАЙНИ ЗАМИНУ ОСМОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
13-УМИ ОКТЯБР - РЎЗИ УМУМИЉАЊОНИИ КЎМАКИ ПАЛЛИАТИВЇ якљоя хобида ва табобатнашаванда. Мањз дар њамин њолат њамширањои шафќат ба лутфу мењрубонї таскинбахши ќалби сўзони бемор мешаванд. Саида Ѓайратова, корманди ДДТТ, мегўяд то имрўз дар барномаи таълимии Донишгоњи тиббї ёрии полиативї таълим дода намешуд. Мо инро ба барномаи соли оянда ворид кардем ва дар назар аст, ки аз соли оянда донишљўёни курси чорум ва панљум инро таълим гиранд. мо дар донишгоњ ва колељи тибби дарси назариявиро мегузарем ва онњо дар Шифохонаи парастории њамширањои шавкат, ки дар миќёси Осиёи Миёна якто њаст рафта онњо дарси амалї мегузаранд. Њамасола то 500 нафар њамширањои шафќат танњо аз ин муассисаи таълимї чун мутахасисис Колељи тиббиро хатм мекунанд. Њоло дар курси 3 ва 4 ихтисоси њамшираи шафќати кўмаки паллиативї таълим дода мешавад.
Њамасола дар рўи олам 55 миллион одам њалок мешавад. Аз ин дањњо миллион дар њолати азият кашидан љони худро аз даст медињанд. Танњо аз бемории саратон 6,2 миллион нафар њалок мешавад ва 7 млн. дигар аз бемории ќалб. Инчунин беморињои сил, руњї, ќанд, СПИД, осеб ёфтани устухон ва амсоли ин беморро дар панљаи азияту дард мефишораду ба дами марг меорад. Табибон аз шифо ёфтани чунин беморон ољизї мекашанд. Дар он сурат бемор бо дарди худ танњо мемонад.
Кўмаки паллиативї чист? Кўмаки паллиативї мањз он беморонеро фаро мегирад, ки мубталои бемории табобатнашаванда гардида, дар остонаи марг ќарор доранд. Ин беморї синну сол надорад, зеро кўдаки нав таваллудёфта њам гирифтори бемории ирсии табобатнопазир мешаваду пиронсол њам. Кўмаки паллиативї - аз калимаи лотинии паллиум - рўйпуш, љома ва паллиатус - сабукии муваќатии беморї, аммо табобатнашаванда гирифта шудааст. Ташкилоти љањонии тандурустї соли 1982 кўмаки паллиативиро њамчун шохаи алоњидаи тиб эътироф намуд. Аз нигоњи иљтимої, кўмаки паллиативї мусоидат ба тарзи њаёти фаълонаи умри боќимондаи бемор, дастгирии пайвандон дар њолати нигоњубини бемор ва дар маросими мотам аст. Кўмаки паллиативї ин ягона равзанаи умед аст, ки бо навмедї, дард ва тарс талош мекунад. Ба сатњи олї ба роњ мондани кўмаки паллиативї дар љомеа имкон медињад, ки бемор аз дарди љонкоњ фарёд накашад, балки дар њолати ором шарафи инсониро нигоњ дошта тавонад. Сесилия Сандерс, асосгузори њаракати хоспис (њимоят) гуфтааст, ки беморро аз ранљу дард озод намуда, ба ў имкон дињем, ки бо њолати худ муросо кунад ва ба маънии зиндагии худ ва марг сарфањм равад. Аљиб аст, ки ба фасли хазонрези сол тирамоњ рўзи шанбеи дуюми октябр дар саросари дунё Рўзи кўмаки паллиативї таљлил мегардад. Аммо, бадбахтона, дар Тољикистон танњо 20 кат дорем, ки он дар ду беморхонаи кишвар омода карда шудааст ва он њам тариќи лоињаи Ташкилоти байналмилалии Институти "Љамъияти Кушода" - Бунёди Мадад дар Тољикистон аст. Гулсара Самадова, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломї мегўяд, айни њол дар Тољикистон духтури ёрии полиативї, њамшираи кўмаки полиативї нест: - Мо ба њамширањое, ки ба дењот ба кор фиристонида мешаванд, меомўзонем, ки чї гуна ба беморон кўмаки полиативї расонанд.
Сухани нек ба бемор
ОШЁНИ ШАФЌАТ Барои 75 њазор бемори касалиашон муолиљанашаванда ва муњтољи кўмак дар Тољикистон њамагї 20 кат њаст!!! Аммо махсус духтур оид ба ёрии полиативї дар Тољикистон нест.
Ошёни шафќат Дар шањри Душанбе ягона дар љумњурї Шифохонаи парастории њамшираи шавќат дар зери назорати Раёсати тандурустї кор мекунад. Он хоса барои беморони танњо ва маъюбу бенаво дар мањаллаи 63-уми пойтахт ташкил шудааст. Ниёлбї Њасанова, сарвари шифохонаи парастории њамшираи шафќати Душанбе иброз дошт, ки аз соли 2011 барои расонидани кўмаки паллиативї 12 кат гузошта шудааст: - Мо рўйхати беморонро дорем, ки беморанд ва дар хонањояшон хоб њастанд ва мо њар рўз аз њоли онњо хабар мегирем. Танњо дар ноњияи Фирдавсии пойтахт 169 нафар ба чунин беморї мубтало њастанд. Агар дар соли 2012 беморон 160 нафар бошанд, њоло 9 нафар зиёд шудааст.
Кўмак ба як ноњия? Шифохонаи мазкур, ки дар ноњияи Фирдавсї љойгир аст, аз тарафи њукумати шањри Душанбе, њукумати мањаллии ноњияи Фирдавсї ва бюљети кишвар фаъолият мекунад. Аммо барои кўмаки полиативї аз та-
рафи "Фонди Сорос" тибќи лоиња маблаѓгузорї карда мешавад. Ниёлбї Њасанова мегўяд, мо тариќи лоиња кор мекунем, танњо беморони ноњияи Фирдавсї дар рўйхати мо њастанд, лекин беморон метавонанд барои гирифтани ёрї ба марказ оянд ва дар инљо табобат гиранд. Бубинед, танњо дар худи шањри Душанбе дар як ноњия 169 нафар бемор ба ќайд гирифта шудааст. 3 ноњияи Душанбе дигар дар ќайд нестанд. Ва дар дигар ноњия ва шањрњои Тољикистон то имрўз ќайд нашудааст, ки чанд нафар ниёз ба кўмаки полиативї доранд?! Дар шашмоњаи соли равон аз тарафи беморони шифохонаи мазкур 268 кўмаки полиативї расонидааст. Дар нўњ моњ 169 нафарро бошад њамширањори ин беморхона 592 маротиба хабар гирифтаанд. То соли љорї барои ин шифохона иљозатнома надода буданд, акнун имрўз ба онњо литсензия дода шуд, ки онњо њам аздоруњои сахттаъсир истифода баранд ва онро дар шифохонаи худ нигоњдорї кунанд. Имрўз корафтодаро зарур намешавад, ки дорухатро гирифта ба дорухонањо барои кофтани дору равад.
Нони сахти њамширагї Мегўянд, ки беморї не, нигоњубини бемор касро хаста мекунад. Хоса бемори
Имрўз ягона воситаи "дилхушї" барои нафароне, ки ба чунин беморї дучор шудаанд, танњо сухани нек аст, чунки онњо наметавонанд, ки худ ба берун бароянд ва бубинанд, ки дар муњиташон чї гап аст, ба њамин хотир, онњоро бо суханњои хуб метавон ором ва шод гардонд. Солї Боќиев, роњбари шўъбаи кимиёдармонї ва ёрии полиативии Маркази илмии саратоншиносї мегўяд , ки дар маркази мо 8 кат барои ёрии полиативї људо карда шудааст: - Дар мо њозир 8 бемор бо бемории саратони дараљаи чорум ки дараљаи вазнинтарин мебошанд хобанд. Айни њол мо танњо ба 8 бемор кўмаки полиативї расонида истодаем. Бо кўмаки фонди Сорос чандин таљњизотњоеро ки махсус барои кўмаки полиативї лозим аст, ба оварданд. Маркази ёрии полиативї ќариб 1 сол мешавад, ки фаъолият карда истодааст. Дар ин 1 сол ба зиёда аз 100 нафар ёрии полиативї расонида шуд. Марказ танњо барои беморони шањри Душанбе пешбинї шудааст. Аз соли 2014 ноњияњои тобеи марказро њам фаро мегирад. Сар аз соли нав дар дигар вилоятњо низ чунин марказњо ташкил мешаванд.
Норасої Тибќи меъёр барои 1500 нафар ањолї бояд 2 њамшираи шафќат фаъолият кунад. Аммо дар асл ба иллати нарасидани кадрњо танњо 1 нафар хизмат мерасонад. Њарчанд дар мањфилњои омўзишї вобаста ба кўмаки паллиативї њамширањо такмили ихтисос мегузаронанд, њанўз ин соња дар марњилаи ташаккул ќарор дорад. Бештар њамширањои таљрибадор љалб карда мешаванд, чунки љавонони муосир омодаи кўмаки паллиативї нестанд. Аз беморони мављуда 67 дар сади онњо ниёз ба кўмаки паллиативї доранд. Њоло дар Тољикистон анќариб 82000 нафар ниёз ба кўмаки паллиативї доранд. Ин дар њолест, ки пиронсолони дењот ба муассисањои тандурустї мурољиат намекунанд ва нигоњубини онњо ба дўши ањли оила аст. Пас ѓайрирасмї шумораи беморони ниёз ба кўмаки паллиативї басо зиёд аст. Октябри соли 2011 дар Тољикистон Барномаи миллии кўмаки паллиативї бо љалби коршиносони байналхалќї омода шудааст ва њоло вазорати тандурустї онро бо дигар сохторњо њамоњанг намуда, барои баррасї ба њукумат ва парлумон пешнињод мекунад. Феълан дар Тољикистон бештар аз 11000 бемори саратон дар ќайд меистанд. Аз онњо 56 дарсадро занон ташкил медињанд. Аз 45 то 54 сола гирифтори саратон аст. Зиёд шудани теъдоди беморони саратон чашмгир аст. Дар заминаи ќашшоќї беморињои сил, саратон, ќанд, СПИД, амрози дарунї, руњу асаб, осеби устухон торафт зиёд шуда сафи ниёзмандони кўмаки паллиативиро афзоиш медињад. Пас рушди ин соња дар пеш аст. Ба њар њол, дунё ба умед! Бигзор Њукумати Љумњурї барои ба онњо расонидани дасти ёрї ду ё се маркази дигар кушояд, то мардум танњоии худро эњсос накунад.
Эраљи АМОН
ЗАМОНА
7
Тафсири ќонун аз љониби Кабирї
7-уми октябр санаи нињоии љамъоварии имзо ба тарафдории номзадњо ба маќоми президентї муќаррар гардида буд. Дар асоси дархости Њизби коммунист ва Њизби демократи Тољикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон бо як ќарори худ муњлати љамъоварии имзоро ба тарафдории номзад ба маќоми президентї 3 рўз тамдид кард. Ин ќарори КМИР масъулини Иттињоди нерўњои ислоњотхоњи Тољикистонро дар дуроња ќарор дод: љамъоварии имзоро идома бидињанд, ё на. Зеро масъалаи ќонунї будани ќарори КМИР-ро бархењо ба зери суол бурда, амали ѓайриќонунї будани онро исбот низ мекарданд. Мањз ин мавзўъ дар мењвари љаласаи навбатии ИНИТ ќарор гирифт.
Оѓоз барои интињо Сўњбатњои Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ ва Ойнињол Бобоназарова, номзад ба маќоми президентї дар оѓози љаласа чунин садо медод, ки гўё онњо ба интињои корзори интихоботї расидаанд. Аз дастандаркорони Ситоди интихоботї барои љамъоварии имзо арзи сипос менамуданд. Бахусус, аз чунин таъкиди Муњиддин Кабирї, ки гуфт: "иттињод аз имтињони аввалин гузашт ва мо ба марњилањои навбатї ворид хоњем шуд" њар гуна хулоса кардан мумкин буд. Муњиддин Кабирї эълон дошт, ки то имрўз 175 њазору 800 имзо ба тарафдории номзад љамъоварї шудааст. Ба гуфтаи ў, агар КМИР муњлатро тамдид намекард, бо њамин иктифо намуда, сабабњои љамъ оварда натавонистани имзои заруриро шарњ медодем. Бо истиќбол аз ќарори КМИР зикр кард, ки њоло, ки 3 рўз тамдид намуданд, нерўро љамъ намуда вориди корзор шавем. Бо мурољиат ба аъзои ИНИТ гуфт, агар шумо мувоффиќ њастед, имзо љамъкуниро идома хоњем дод, вале агар гўед, ки дар њаминљо таваќќуф кунем, зарурати имзољамъкунї нест, пас ин тасмими ИНИТ хоњад буд. Дар интињо ёд кард, ки дар КМИР низ њуќуќшиносон нишастаанд, фикр намекунам, ки онњо хато карда бошанд. Баррасии масъаларо ба ихтиёри њуќуќшиносони ИНИТ вогузошт.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
ЯГОНА ДОКТОРИ ИЛМЊОИ ЊУЌУЌШИНОСЇ ВА ПРОФЕССОРИ БЕКОРИ ТОЉИК
"ЌИТИЌ"-И ШОКИРЉОН Дар љаласаи навбатии ИНИТ бештар талош мегардид, ки Шокирљон Њакимовро мутаќоид намоянд, ки ќарори КМИР дуруст асту бояд маъракаи имзољамъкуниро идома дод. Њакимов мегуфт, ба њеч ваљњ бо роњи ѓайриќонунї ќабул надорад, ки интихоботро идома дињанд.
- Пешбарї намудани номзадњо ба мансаби президент дар муддати 50 рўз гузаронида шуда, на дертар аз 30 рўз то интихобот ба охир мерасад. Яъне њамин рўз (7-уми октябр). Имрўз пешбарии номзадњо ба охир мерасад. Ќарор дар бораи пешбарї намудани номзад ба мансаби президенти Љумњурии Тољикистон дар муддати на дертар аз 3 рўз баъди ќабули он фиристода мешавад. Агар имрўз охирон рўз буд, њар њизби сиёсї њамин рўз Анљуман гузаронда, номзад пешбарї мекард, се рўзи дигар њаќ дошт, ки то 9-ум ва 10-ум њаќ дошт, ки ќарорашро дар бораи пешбарии номзад ба КМИР бурда супорад. Њоло гап дар бораи имзо намеравад. Њатто барои фиристондани ќарор барои пешбарии номзад фурсат доштем. Дар бораи ќарори ќабулкардашуда ба номзад ба муњлати на дертар аз ду рўз хабар дода мешавад. Яъне КМИР вазифадор буд, ки то 12ум ќарори худро дар бораи номзад ба субъекти пешбарикардашуда гардонад. Мутаассифона, дар ќонун дар бораи муњлати имзољамъкунї чизе гуфта нашудааст, - чунин тафсир намуд Муњиддин Кабирї. Љалолиддин Мањмудов, узви КМИР ќарори тамдиди бањсиро чунин шарњ дод, ки КМИР 5-рўз ваќт дошт, ки њуљљатњои номзадњоро баррасї намуда, ба ќайд гирад. Аз ин њисоб 3 рўзашро барои љамъоварии имзољамъкунї људо намуд, гуфтанд, ки 2 рўз ба мо кифоя аст, ки њуљљатњоро баррасї намоем. Дар таќвияти тафсири Кабирї фаъолони ЊНИТ мегуфтанд, ки дар ќонун гуфта шудааст, ки муњлат ва тартиби љамъоварии имзоњоро КМИР муайян мекунад. Онњо аз рўи салоњияти ќонуниашон ин корро кардаанд. Њољї Акбар Тураљонзода, узви ИНИТ низ иброз дошт, ки љамъоварии имзои шањрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда мувоффиќи тартиб ва муњлате, ки КМИР муќаррар кардааст, сурат мегирад. Ќонун дар бораи кай имзо љамъ шудан ба охир мерасад, таърих муайян накардааст. Инро ба салоњияти КМИР додааст. Аммо њамаи ин Шокирљон Њакимовро ќонеъ
Бойкоти муовину раис Шокирљон Њакимов, муовини раиси ЊСДТ бо лањни ба худ хос баррасиро оѓоз кард. Аввалин таъкидаш њам чунин буд: "Ман Њакимов Шокирљон, доктори илмњои њуќуќшиносї ва инро махсус таъкид мекунам. Аз тамоми аъзоёни КМИР аз сиёсат, дарку фањмишу назария ва амлияи ќонун ва њуќуќ хеле воќеан доно њастам ва барои ин суханам масъулият дорам". Бо истинод ба Ќонуни конститутсионї дар бораи интихоботи президенти Љумњурии Тољикистон ќарори КМИР-ро ѓайриќонунї маънидод намуд. Далел њам овард, ки дар Ќонун навишта шудааст, ки 30 рўз пеш аз интихобот љараёни пешнињоди номзадњо ба анљом мерасад. 5 рўз барои моњиятан баррасї намудани тамоми њуљљатњо, аз љумла ќарори анљуман ва имзоњо људо мешавад. Дар 24 рўзи боќимонда, маъракањои таблиѓотї гузаронда мешавад. Ба гуфтаи ў, КМИР ягон њаќ надошт, ки ин масъаларо муњокима кунад. Новобаста аз он, ки ЊКТ, ЊДТ, ё маъмурияти раёсати љумњур ё дигар шахсу шахсият мурољиат карда бошад. Меъёри ќонун дар давлати њуќуќбунёд аз њама боло аст. Танњо дар он њолат тамдид намудан мумкин аст, ки парламент љамъ омада, муњлати баргузории интихоботро тамдид намояд. Ба ин хотир эълон дошт, ки љонибдорї бойкот намудани интихобот њаст. Чунин мавќеъи Шокирљон Њакимов маълум буд, ки барои бештари ањли толор хуш наомад. Њатто љиддї ќабул намегардид, бо табассум пешвоз мегирифтанд. Аз Рањматилло Зойиров, раиси ЊСДТ хоста шуд, ки масъаларо шарњ дињад. Мавќеъгирии Рањматилло Зойиров ба фарќ аз Њакимов бидуни эњсос љонибдориашро аз бойкот эълон намудани интихобот эълон дошт: "Дар љаласаи Шўрои сиёсии ЊСДТ ба он хулоса омадем, ки мо дар интихобот ду роњ дорем: якум, агар имзо љамъ кунем, то охири рўзи 7-ум, бояд дар интихобот фаъолона ширкат кунем; агар имзо љамъ карда натавонем, њоло маълум нест, ки ба ќайд мегиранд, ё не, на танњо масъалаи бойкот, балки бойкоти фаъолона, муташаккилро ба миён орем". Пўшида на-
ЌОНУНМАНДИИ ПРОФЕССОРИ БЕКОР БА МУХОЛИФИНИ ЊУКУМАТ ЊАМ ПИСАНД НАОМАД буд, ки барои бархе аз ањли толор чи гуна будани "бойкоти фаъолу муташаккил" суолњоро меофарид.
Масъаларо ќонун њал мекунад Чунин мавќеъи муовину раис толорро "гарм" намуд. Аксар талош мекарданд, ки Њокимов ва Зойировро мутаќоид кунанд, ки тамдиди муњлати имзољамъкунї хилофи ќонун нест. Суолњову нидоњои норизоятї сўи Шокирљон Њакимов равон мешуд. Ў њам паст наомада, хост, ки нотарсида ќонунро оранд, ў исбот хоњад кард. Дар ин миён аз Рањматилло Зойиров хоста шуд, ки мавќеъашро аз нигоњи сирф њуќуќї возењтар намояд. Зойиров ин навбат асосеро овард, ки масъаларо барои љонибдори ќарори КМИР муѓлаќтар намуд. Ў гуфт: "Мавќеъи Шокирљон аз нигоњи ќонунї дуруст аст. Лекин масъала дар он мебошад, ки њаргуна мањдудият нисбат ба фаъолияти КМИР пешбинї карда нашудааст, њамчун истис-
ної. Ваќте ки ЊДТ, ё ЊКТ мурољиат кардаанд, агар КМИР вобаста ба шарту шароит љамъоварии имзоњоро тамдид карданї бошад, њуќуќ дорад, танњо нисбат ба ЊКТ ва ЊДТ тамдид кунад, на нисбат ба дигарон". Ба дасти Шокирљон ќонун мерасад, ў банде аз моддаи 24-и онро ќироат кард: "Пешбарї намудани номзадњо ба мансаби президент дар муддати 50 рўз пеш аз интихобот гузаронда шуда, на дертар аз 30 рўз то интихобот ба охир мерасад". - Дар идома банде аз моддаи 25-ро ќиоат намуд: "Ба ќайдгирии номзадњо ба мансаби президентї пешбаришуда ва шахсони боэътимоди онњо аз тарафи КМИР дар давоми 3 рўз аз лањзаи расидани њуљљатњои зарурї, вале на дертар аз 25 рўз то интихобот сурат мегирад". Мањмудљон Ќосимов, њуќуќшиноси дигари ИНИТ ва Ойнињол Бобоназарова, номзад ба маќоми президентї низ дар ќарори КМИР ягон мушкилро намебинанд. Бандњои зикршудаи ќонун гаштаву баргашта мавриди баррасї ќарор мегирифту Шокирљон Њакимов дар мавќеъаш устувор боќї мемонд.
намекад. Њама талош ба он равона мегардид, ќи њамагї барои идомаи љамъоварии имзо ризо шаванд. Билохира, Рањматилло Зойиров садои ризоятиашро баланд кард: "Азбаски КМИР иљозат додааст, дар њамон чањорчўба амал кардан мумкин аст, то кадом дараља ин ќарор дуруст аст, ин масъалаи дигар аст". Талошњои ризо намудани мухолифони ќарори КМИР чунин шарњ дода шуд, ки бояд мавќеъу ќарорњо дар асоси консенсус, ё њусни тафоњум гирифта шавад. Њамоно Шокирљон Њакимов, ки пойфишорї намуда, дар мавќеъаш мемонд, илова кард, ки "феълам тез ба ќитиќам нарасед". Вале фазои љаласа чунин менамуд, ки Њакимов ба "ќитиќ" -и бештарињо расидааст, ў суханашро дар маврид чунин љамъбаст кард: "Ба куљое, ки баред, њаќ њастам, вассалому алайкум ва рањматуллоњ!" Дар натиља овоз монданд, ки тибќи ќарори КМИР имзољамъкуниро идома дињанд, ё на, боз танњо Шокирљон Њакимов бо овози зидаш дар љаласа намунаи демократияро нишон дод!
Азамати ВАЊЊОБ
8
На аз куштан, на аз бастан надорам њељ парвое, Аз он рўзе, ки ин љо по нињодам тарки сар кардам. Ин сатрњоро барои касоне менависам, ки дар асл тољиканд, миллату ватани худро дўст медоранд. Барои онњое менависам, ки эътиќоду ифтихори миллиашон аз эътиќоди динниашон дар пеш мебошад. Барои онњое ин сатрњоро менависам, ки аз таъриху тамаддуни миллати худ бохабаранд. Дар он замон ин сатрњоро менависам, ки дар Тољикистон, эълон кардани озодии эътиќоди диннї, бародарони исломии моро ба ташвиш овардааст. Чанд тан аз он бародарони исломї, ки худро тољик медонанд, аз тариќи воситањои ахбори омма норизогии худро иброз доштанд. Гўё ин "њомиёни" миллату дин дар ташвиш афтодаанд, ки тољики мусалмон насронї, ё бутпараст мешавад. Касе андеша мекарда бошад, ки ин "њомиёни" дин намояндагони њамонњое мебошанд, ки дар муддати 1400 сол чи азобу ранљњое бар сари миллати хор наовардаанд ва имрўз њам идеологияи аљнабиёни арабро бар сари тољикон ташвиќу тарѓиб карда истодаанд, ба монанди бунёди давлати хаёлии хилофати араб. Аз таърих маълум аст, ки мо мардуми ориёитабор, ки њамхуни Сиёвушу авлоди Куруши Кабир мебошем, дар асл форс мебошем, на тољики сохташуда аз тарафи аљнабиён. Таърихномањое, ки фарзандони фарзонаи миллати мо дар гузаштањо офарида буданд, аз тарафи "хомиёни дини" асрњои гузашта ба оташ дода шуда буданд. Вой бар њоли миллате, ки аз гузаштаи бобоёнаш бехабар, таърихи миллаташро дар ќиссањои Юсуфу Зулайхо, Иброњиму Лути яњудї, Искандари Зулќарнайн ва Бањоваддини Бало-
i
Матлаби ин гўша андешањои шахсї буда, метавонад бо мавќеъи «Нигоњ» муѓойират намояд.
«
АДОЛАТИ ТАЪРИХЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
ТАЛАБИ ХУНБАЊО Чаро меросдори арабњои таљовузгар - Арабистони Саудї бояд ба Тољикистон љуброн пардозад?
Ба симову сурати ин муфтхорњо бингаред, аз рухсорањояшон равѓан мечакад, њамаашон бо сад њилаву найранг, њуши мардумро бо диндорї бурда, худашон аз њисоби дуздии моли мардум, тољирии фиребкорона, хонаву ќасрњо бино мекунанд.
гардони араб ва Њазрати Билоли њабаш љустуљў мекунад. Файласуфи машњур Имануэл Кант бисёр њакимона гуфтааст: "касоне, ки дар каллаашон сад уштур китобро ѓунљондааст, лекин аз ќобилияти муњокимаронї мањруманд, ба як пули пўч намеарзанд." Ман ба тамоми самимият гуфта метавонам он нафароне, ки аз дањонашон кафк парронда таърифу ташвиќи исломро касби худ кардаанд, сад дар сад аз миллати тољик нестанд ва ё тољиканду зархариди аљнабиён, яъне миллатфурўшанд. Ин эшону эшонзодањо, ин муллову муллозодањо, махсуму махсумзодањо кирми даруни чўбро монанд, ки маѓзу устухони миллату давлатро хўрда, онро ба нестї мерасонанд. Ин "сайид", "эшон", "тура", "охунд", ки онњоро тахаллусњои њуввиятсоз донистаанд, ба мо хурдтарин иртиботе надоранд, ин унвонњои ањли сањроянд, њатто илму олимиатон бўйи бодия ва шутуру пешоби гўспанд мекунад. Инњоро ба љуз душманони дохилии миллат номи дигаре додан дуруст нест. Ба симову сурати ин муфтхорњо бингаред, аз рухсорањояшон равѓан мечакад, њамаашон бо сад њилаву найранг, њуши мардумро бо диндорї бурда, худашон аз њисоби дуздии моли мардум, тољирии фиребкорона, хонаву ќасрњо бино мекунанд. Њазорон њайфу дареѓи он фарзандони донишманди озодандеши миллат, ки аз дасти ин муфтхорњо кўњ ба кўњу бодия ба бодия бехонумон, сарсону саргардон дар фирор буданду ќисми дигарашон сангсор шуданд. Носири Хусрав ба мулки хеш њељ рўзи хуш надид, Чун гадои бенаво дар ѓори Юмгон мегирист. Ай, фарзанди асили миллат! Замоне, ки падару бобои ту соњибдавлат буд, худшиносу яздонпарст, ибодаташ бо каломи пурмаънии "Пиндори нек, Гуфтори нек, Кирдори нек" оѓоз меёфт, он аљнабиёне, ки тарафдорони имрўзаашон худро њамчун "њомиёни миллат" ба намоиш мегузоранд, хўрокашон шири шутуру сусмор буду фарќ байни модару хоњари худ намегузоштанд. Зи шири шутур хўрдану сусмор, Арабро ба љое расидаст кор. Кунад тахти каёнро орзў, Туфу бар ту чархи гардун туфу!
«
Эй њаммиллат! Лањзае андеша кун. Ба дурињои таърих бо чашми хирад назар афкан, ки чи гуна ин аждањопарастони биёбонї ба сари ниёгони ману ту чї дањшатњое наовардаанд ва он дине, ки имрўзњо онро њамчун воситаи худшиносиву худошиносї наљотдињандаи миллат мепиндоранд, бо чї ќадар ќатлу азобу шиканљањои вањшиёна ба сари бобову мома, холаву аммаи ману ту бор карда буданд. Ин ќавми сусморхўр на худоро мешинохту на аз кўчаи одамият гузашта буд. Пеш аз он ки ба сарзамини бињиштосои Порс њуљум орад, ин лашкари хунхор дар љанг бо њабашњо ва мисриву яманињо, ѓаниматњои бешумор гирд оварда, таљрибаи ѓоратгариро андўхта буданд. Пас аз чандин соли задухўрдњои ќабилавї, њама ќабилањои шири шутуру сусморхор муттањид шуда, дар зери парчами ислом як давлати мутамарказ ташкил намуданд. Ба заминњои Њабашистон њамла бурда, сарвати онњоро љамъоварї намуданд.Онњо дар пайи соњиб шудан ба мулкњои серобу њосилхез, чарогоњњои мусоид, даст бар куштори гўшношунидании пиру љавон, тифли гањвора ва ѓоратгарии амволи порсиён зада, аз асирони њабашї сафи лашкариёни хуношоми худро афзуданд. Баъд ба мамлакатњои Испания ва Португалия њамла оварда, сарватњои онњоро низ ѓорат карданд. Пас аз пурќувват кардани лашкари худ аз њисоби њабашњои девсурат ба сарзамини Форс њуљум намуданд. Форситаборон бори аввал ба чунин махлуќњои дањшатнок вохўрда буданд. Шири уштуру сусморхорон ду бор дар Хатлон шикаст хўрданд, вале бори севвум, баъд аз талафоти хунини гўшношунид, араб ба хоки Хатлон ворид шуд ва ба ќатли ом даст зад - кушт, сўхт, занону духтаронро таљовуз кард, шањрњоро валангору ба хок яксон кард. Локин мову шумо ба падарони онњо дуруду паём мефиристем. Монанди он ки мегўянд худозада бошу арвоњзада не, мо алакай арвоњзада шудаем. Ба кушандагони бобоёни худ дуруд мефиристему ба арвоњи шањидони худ лаънат. Эй фарзанди Курўшу Рўдакї ва Фирдавсиву Сино! Аз хоби ѓафлат бедор шав! Эњтиёт бош, ки ин "њомиёни" ислом боз туро ба худкушиву бегонпарастї мекашанд. Њамон хел, ки сарзамини бобоиатро тикаву пора карданд, алифбову фарњанги аждодиатро ба
нестї оварданд, рангу рўйи ориёиатро дигар карданд, номатро бо номњои арабиву муѓулї иваз карданд. Ба хотири як ќавми биёбонгарди бефарњанг фарзандони худро Арабгулу Арабшоњ ном мегузоранд. Оё шумо дидаед, ки дар Маккаву Мадина, Мисру Лубнону Љидда фарзандашонро Тољикуллоњ, Тољикнисо ва ё Форсуддин номида бошад? Магар ягон тољик метавонад дар Арабистон њизби љунбиши Авасто ташкил кунад? Мо тољикон бошем дини арабњо камї мекард, ки акнун њизби нањзати ислом сохтаем. Ин њизб чи мехоњад ба њама маълум аст. Кўдак њам медонад, ки мисли Мисру Покистон ва Сурия мехоњанд, ки дар кўчањои Тољикистон низ хун љорї бошад ва таќдири одамон дар дасти ин "њомиён"и авомфиреб бошад. Мисли давраи њамлаи араб дар хонаи њар яки мо арабпарасте то рўзи аз сарамон берун баровардани ѓурури миллї, дар даст силоњ, назорат кунад. Њамон тавре ки дар хонаи њар тољик, як њабаше аз Њабашистон (Эфиопия) ва ё њабаше аз Тунис дар даст табарзин зиндагии хонаводаи тољикро назорат мебурд ва занњои он хонадонро аз худ медонист. Ана аз омехтагї бо њамон њабашњои девсурат фарзандон таваллуд шуда, онњоро тољик номиданд. Асли мо дар насли мо вайрон шудаст, Аспи мо дар куррагї лангон шудаст. Њамин аст яке аз сабабњои асосии њаммарому њамаќида набудани тољикон ва бой додани асолати миллии худ. Њамин аст, ки то њанўз тољикон наметавонанд дарк кунанд,
«
шиносномаам ба ивази тољик, миллатамро "порс" бинависам, аммо муваффаќ нашудам. Моро њатто донишмандонамон намефањманд, ки сиёсатмадорони бегона ќавми моро барои он "тољик" ном нињоданд, ки номи форсро аз байн бардоранд, моро аз гузаштаамон дур тела дињанд. Њамин тавр номусу ѓурури миллиамонро аз байн бурданд. Дар хоки мамлакати мо њазорон гўри араби дар љанги зидди бобоњои мо кушта шударо "шањид" мехонем, локин дар ягон љой надидем, ки гўри тољики бар зидди араби таљовузгар бархестаро "шањид" номида бошанд. (Рўњи покашон шод бод!) Эй, бародари њаммиллат! Аз эњтимол дур нест, ки бо суханони тезу тунди ман маро сарзаниш намої ва бояд бигўям, ки сарзаниш карданат низ дар он аст, ки дар пайкарат хуни бегона дар љараён аст. Аммо эй, бародару хоњари њамќавм, ман ба њар яки онњое ки номус аз даст надодааст мурољиат карда, бо як иродаи ќавї чунин изњор менамоям: Арабистони Саъудї, њамчун меросхўри лашкари Саъди Ваќќос,Ибни Ќутайба, Њорун - ур - рашид ва дигар хунхорони он замон, ки бо бањонаи пањн кардани ислом миллион форсиёну тољиконро аз дами теѓ гузаронданд, ХУНБАЊОИ ЊАЗОРОН ЊАЗОР ТИФЛЊО, ЗАНОН ВА ЉАВОНМАРДОНУ ПИРСОЛОНРО, ТАЛАБ МЕНАМОЯМ. Яъне Арабистони Саъудї, ки аз њисоби зоирони сода њар сол миллиардњо доллар љамъ мекунад, хунбањои шањидони форсу тољикро бидињад, то ин ки мо барои ятимону бевамондагони ин кишвар шароити дурусти зиндагиро муњаё намоем, нерўгоњњои обии барќї бисозем. Аз редаксияи азиз хоњиш дорам, ки суханони маро бе тањрир ба чоп расонад ва ин
Мо тољикон бошем дини арабњо камї мекард, ки акнун њизби нањзати ислом сохтаем. Ин њизб чи мехоњад ба њама маълум аст. Кўдак њам медонад, ки мисли Мисру Покистон ва Сурия мехоњанд, ки дар кўчањои Тољикистон низ хун љорї бошад ва таќдири одамон дар дасти ин "њомиён"- и авомфиреб бошад.
ки маќсади асосиии разилони ба ватани мо њамла оварда, аз байн бурдани тамаддуни ориёї ва хусусан миллати форс буд. Ва бояд гуфт онњо ба маќсади нопоки худ расиданд. Гар дини аъроб торикї бар Шарќ намедод, Тољик чунин мондаву торик намебуд. Нависандаи ин сатрњо чанд бор кўшиш кардам, ки аз номи хонаводагиам калимаи арабии "Муњаммадсиддиќ" - ро бардорам, дар
«
нидои љиддї ба гўши љањониён ва сафорати Арабистон расонда шавад. Дар поён ба њамае онњое, ки дар сар њавои ориёї ва форсї дорад, тавфиќ ва дасти боло орзу мекунам! Гар ту дорї хуни миллат ин сухан дар гўш дор, Назди ањли бехирад ин нуктаро ошкор нест.
Сиддиќи ПОРС
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
9
Як гурўњ сокинони биноњои 7 ва 8 - и мањаллаи 18 - уми шањри Хуљанд бо нишони эътироз аз кофтани чоњ барои зербино дар канори ин ду бинои истиќоматї љамъ омаданд. Онњо мегўянд, субњи њафтуми октябр, бидуни њамоњангї бо онњо, гурўње аз сохтмончињо техникањои худро љамъ оварда, ба кофтани замини назди бинои истиќоматии онњо шурўъ намудаанд. Талаби эътирозгарон ин буд, ки њукумат ва масъулини Хуљанд бояд хоњиши онњоро љињати тахриб нагардидани бозиљойи кўдакон ба назар гиранд ва ба амалњои ѓайриќонунии онњое, ки сохтмон доранд, хотима дињанд. Њукумати шањри Хуљанд дар љое иљозаи сохтмони биноро додаанд, ки аз нигоњи меъморї ва зилзилашиносї дуруст нест ва дар сурати бунёд шудани он, омадурафти мошинњои хадамотњои оташнишонї ва њам ёрии таъљилї ба мушкилињо дучор меоянд. Бањрї, яке аз кам ё беш 25 нафаре, ки эътироз карданд, мегўяд, кумитаи заминсозї ва идораи сохтмон дар њукумати шањри Хуљанд дар њоле ба сохтмони як биное дар канори биноњои 7 ва 8 уми мањаллаи 18 уми Хуљанд иљоза додаанд, ки хулосаи
ЭЪТИРОЗ ДАР ХУЉАНД Кї љойи бозии кўдаконро вайрон мекунад? онњоро напурсидаанд ва шароити бозиљой ва масофаи ду бинои воќеъбударо ба назар нагирифтаанд: - Чаро роњбарони шањр пеш аз иљоза доданашон хоњиши мардумро ба инобат намегиранд. Кўдакони мо дар куљо бозї кунанд? Чаро дар дигар љойњо замин аст сохтмон намекунанду дар миёни ин ду бино?
Пуштибон кист? "Нигоњ" талош кард, то ин масъаларо бо маќомот ба миён гузорад. Муовини раиси шањри Хуљанд оид ба сохтмон Дадољон Абдуллоев гуфт, ин масъала ба салоњияти онњо набуда, ба шўъбаи меъморї ва шањрсозии њукумати шањр рабт дорад. Дар шўъбаи меъморї ва шањрсозии њукумати Хуљанд ба "Нигоњ" гуфтанд, ки дар миёни биноњои 7 ва 8 и мањаллаи Хуљанд сохтмони бинои 9 ошёнадор дар назар аст ва онро соњибкорон месозанд. Фахриддин Умаров, як масъули ин нињод гуфт, сохтмони бино тибќи наќшаи кулли шањр ба назар гирифта шудааст: - Аз љониби соњибкор њама њуљљатњо мувофиќа карда шудааст. Сохтмони он ба наќша дароварда шудааст ва бояд сохта шавад.
Аммо "аз љониби кадом соњибкор сохтмони бинои истиќоматии 9 ошёнадор ба наќша гирифтаа шудааст" - ро ў нагуфт. Гўё як сирри давлат бошад. Сокинон мегўянд, замини ин ду бино ба нафарони дигар ѓайриќонунї фурўхта шудааст ва соњибкорон ба доирањои њукумати Хуљанд ва Суѓд наздик њастанд, вагарна њељ соњибкори бепуштибон ва дур аз маќомот аслан ба сохтмони чунин биноњои истиќоматї ва он њам аз њисоби замини бозиљои атфол ќудрат надорад. Онњо мегўянд, як далели бунёд шудани сохтмон њам инаст, ки дар миёни ин ду бино хатти ташноб ва дигар хидматрасонињо мегузарад ва барои онњое њам, ки нияти сохтмон карданиянд, бидуни мушкил ва харљњои зиёд аз чунин хизматрасонињо истифода намоянд. Вагарна дар дигар љойњо заминњои васеъ ва сањро вуљуд дорад, ки барои сохтмон ва обод намудан мувофиќ аст.
Раванди зидди кўдакон? Ќаблан сокинони мањаллањои 13 ва 32 и шањри Хуљанд аз ѓайриќонунї бунёд шудани сохтмон дар ивази бозиљойи кўдакон
«
Њукумати шањри Хуљанд дар љое иљозаи сохтмони биноро додаанд, ки аз нигоњи меъморї ва зилзилашиносї дуруст нест ва дар сурати бунёд шудани он, омадурафти мошинњои хадамотњои оташнишонї ва њам ёрии таъљилї ба мушкилињо дучор меоянд.
эътироз карда буданд. Баъди эътироз ва мурољиати пайдарпаи сокинон ба унвонии Раљаббой Каримов, шањрдори Хуљанд ва Ќоњир Расулзода, раиси вилояти Суѓд ин масъала барои 3 моњи баъд мутаваќиф гузошта шудааст. Маќомот ва раиси Хуљанд ба мањалли њодиса расида, сохтмончињоро мутаваќкиф намуд, ки дар пеш маъракаи интихобот аст ва сокинон мегўянд, пас аз он эњтимол сохтмончињо ба кори худ оѓоз намуда, варзишгоњро вайрон ва дар замини он сохтмон бунёд карда, онро барои нафарони сарватманд фурўшанд. Сокинон мегўянд, соњибкорони наздик ба њукумат медонанд, ки манзилњои дар миёни биноњо ва ба љои варзишгоњу бозиљойи кўдакон сохташуда хариддори зиёд пайдо мекунанд, ба ин хотир зуд ба идорањои њукумати коррашонро мувофиќа мекунанд, зуд иљоза мегиранд ва ба кори худ сар мекунанд. Аз варзишгоње, ки дар мањаллаи 32 - и Хуљанд њаст, сокинони биноњои 5, 10, 12, 13 ва боз чанди дигар истифода мекунанд. Аммо эътирози ахири сокинони биноњои
«
7 ва 8 - и Хуљанд ба дараљаест, ки бархе аз онњо худро зери мошини хандаќкани Volvo партофтанд, то сохтмончињо ба кори кофтукоби пойдевори сохтмон хотима гузоранд. Аз ин њолат сохтмончињо низ ноилољ монда, кори худро ќатъ карданд. Яке аз сохтмончињо изњор кард, ки ба мо танњо супориш доданд, то ин љойро кобем ва барои гирифтани пойдевории сохтмон омода намоем. Аммо ба ин суоли мо, ки "кадом фармоишгар ба Шумо чунин фарон додааст?", ин нафар посух надод. Мањаллаи 18 - и Хуљанд аз мањаллањои наздик ба маркази шањри Хуљанд унвон мешавад ва арзиши хонањои истиќоматї дар ин љо гаронтар аз дигар мањаллањои шањр аст. Эътирозгарон мегўянд, агар њукуматњои Хуљанд ва Суѓд ва маќомоти дигари њифзи њуќуќи инсон ба доди онњо нарасанд, онњо ин ќазияро то дастгоњ ва худи президент ба Душанбе кашида, њукумати кишварро аз чунин њолат огоњ хоњанд намуд. Анўшервони ЁДГОР "Нигоњ"
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
МАНФИАТИ МИЛЛЇ
Амрико дар чандин кишвари олам бо роњандозии амалиётњои низомии муваффаќу номуваффаќ ва бањонањои мубориза бо терроризм аз худ як пайкараи дањшатро метавонад ба мерос гузорад. Ду амалиёти ахир дар Сомалї ва Либия ин андешаро таќвият мебахшад.
Њикоя њам хаёлї нест Анатолий Вассерман, як маќоланависи рус дар мавриди Амрико ва тарс аз Амрико навиштае дорад, ки бо мисоле аз њикояи фантастики Клиффорд Доналд Љон-Лъюсович "Шаби хуш, љаноби Љеймс" оѓоз мешавад. Њикоя дар бораи љонваре бо номи бофтаву сохтаи пуудли наќл мекунад, ки хеле боаќл аст ва асосан дар бораи амнияти худ меандешад. Вале бадбахтї дар он аст, ки танњо як роњи таъмини амнияти худро медонад ва он њам бошад нобудсозии њамаи он чизест, ки ба ў тањдид мекунад. Ва дар натиља худи њамин љонвар барои атрофиён ба як хатари мудњиш табдил меёбад ва њайвонот ба ин натиља мерасанд, ки бо њар роњу василаи имконпазир ўро аз байн баранд, вагарна амнияти њамагон дар хатар аст. Ва боз ин дар њолест, ки вай ќасд надорад њамаро яксара аз байн барад, балки танњо љурм он аст, ки вай аз њаёти худ басо тарс дорад ва он коре анљом медињад аз њамин тарс аст. Муаллифи маќола њамин сужаи њикояи адиби ёдшударо дар мавриди Амрико мувофиќ медонад ва менависад, ки њар ќадар ин кишварро тањлил кардам, танњо шабоњати пуудлиро дар он дидам. Ва бар ин назар аст, ки Шўрои амнияти СММ сохтаи њамин Амрикост, ки бо истифода аз механизмњои он бояд намегузошт кишваре иддиои ќудрат кунад. Рўйдодњои ахир як бори дигар њамин њаќиќатро тайид мекунанд, яъне шеваи зўрї я љузъи сиёсати ин кишвар аст ва дигар хел буда њам наметавонад. Дар оламе, ки тадриљан ќудратњои нав аз худ дарак медињанд, зизтан бо навои пешин барои Амрико мушки ласт. Рўйдодњои Сурия нишон доданд, ки акнун аз ин ба баъд гўши шунавову чашми бино њам бояд дошт, ки Маскаву Пекинро бинаду бишнавад. Ва агар нек тањлил шавад, пас метавон бо сарвари давлати яњудї мувофиќ буд, ки гуфтушуниди Маскаву Вашингтон дар мавриди Сурияро шикасти Амрико ва Обама медонад. Ин њолат боз замоне пеш омад, ки Обама њама дору дастгоњи њарбиашро ба њолати омодабош дароварда буд, ки ба Сурия њамла мекунад ва њатто коршиносони амниятї соату даќиќањои бошуморро пешгўї мекарданд ва то љое метарсиданд, изњори назар кунанд, чун суръати њамла аз суръати пахши изњори назари онњо метавонад пештар сурат гирад. Аммо дар њамин њол Маскав тавонист њам хашми Вашингтонро фурў нишонад ва њам муваффаќ ба лаѓви тасмими њамла кунад, ки дар ин бора "Нигоњ" муфассал навишта буд ва њољати такрори чигунагии он иќдомот нест. Аммо дар сиёсат сухани даќиќ вуљуд надорад. Кї медонист, ки домани Сурия рањо мешавад, вале бо роњандозии ду амалиёти низомї Амрико бори дигар аз худ дарак медињад. Дар Либия ва Сомалї низомиёни амрикої афродеро мељўянд, ки ба терроризм муттањам мешаванд ва дар Либия яке аз сарварони эњтимолии "Ал-ќоида" боздошт мешавад, ик ба бамбгузорињои марговари Кения муттањам дониста мешавад. Вале дар Сомалї изи "Алќоида пайдо намешавад. Љон Керрї, Котиби давлатии ИМА рўзе баъд эълон кард, ки роњандозии ин амалиёт нишондињандаи ќудрати Амрикост ва њушдорест ба террористон. Вашингтон њатто ба дархости шарњи ќазия, ки њукумати Либия карда буд, посух надод. Муњим он буд, ки як муттањам ба терроризм боздошт гардид ва ба љањониён гўшзад кард, ки њамла ба Сурия мутаваќќиф шуд, вале дар њар гўшаи дигар ин кишвар метаовнад даст ба амалиёти низомї занад. Албатта, на дар Русия ё Чин, балки дар њар давлати арабиву африќої.
ПИРЎЗОНИ МАЃЛУБ Амрико фаќат дар хориљ љангидааст
ИМА кишварест, ки хеле зиёд нерўњои њарбии худро ба хориљ аз ќаламрави худ мефиристад. Њарчанд дар љанги дуввуми љањон якљо бо муттањидонаш пирўз буд ва бахусус бо бомандозии атомї дар Љопун ин парчами ѓолибиятро болои даст дошт, вале баъдан дар таљовуз ба хоки мамолики дигар, ки дар алоњидагї љангид, муваффаќ нашуд ва дар аксар маврид танњо нокомї ёраш буд. Тибќи арзёбињои коршиносони амниятї ва сиёсї зарфи 50 соли охир ИМА дар бештар аз 50 амалиётњои басо љиддии низомї ширкат кардааст. Дар иддае аз кишварњо амалиётњои басо калонмиќёсе роњандозї намудааст ва оќибат бо шикасти эътирофшудаву эътирофношуда аз онњо берун омадааст. Мисоли рушантари он љанг бо Ветнам, Ироќ ва Афѓонистон аст. Аз ду кишвари аввалї нерўњояшро хориљ кардааст, дар Ветнам баъди шикасти шармандавор, аммо аз Ироќ баъди имзои муоњадаи њамкориву сулњу боз чизњои дигар, ки њамоно бўи шикастро ба машом меовард. Аммо дар Афѓонистон њоло њам њузур дорад Тањлили чанд љанги дар ќарни гузашта созмондодаи ИМА нишон медињад, ки натиљаи он таљзияи кишварњо шудааст ва њамин сенария дар Афѓонистон низ ба кор андохта шуд, аммо ба назар мерасад ноком монд. Дар авали солњои 1950 зери парчами СММ ИМА дар Корея љангид, ки њосили он ба ду кишвар таќсим шудани як мамлакати воњид шуд. Њамин њолат дар Ветнам пеш омад. Баъди 14 соли љангњои хунин ва талафоти гарон коммунистонро сари ќудрат овард ва худ хориљ градид. Охирин љанги калонмиќёси Амрико дар хориљ аз ин кишвар Афѓонистону Ироќ аст. Њамчуноне ишора рафт, дар Афѓонистон њоло бо-
«
ќист, аз Ироќ хориљ шудааст, вале муаррихон њанўз арзёбии комили ин љангро накардаанд ва баъид аст, ки касе њозир шавад онро манфиатовар барои ИМА ќаламдод кунад. Зеро Вашингтон танњо ба њадафи барканории Садом аз њокимият расид, аммо натавонист амниятро дар он баргардонад. Аз сўи дигар муддати дањ сол силоњи химиявї, ки сабаби аслии оѓози љанг буд, пайдо нашуд. Дар Афѓонистон низ бо вуљуди он ки таърихи хуруљ эълон шудааст, вале њадафи аслї: саркўбии Толибон ва "Ал-ќоида" буд, иљро нагардид. Толибон нерўмандтар аз ќабл шуданд, "Ал-ќоида" доманаи амалиётњои худро густардатар аз ќабл кард ва имрўз љанговартарин ќувва дар Сурия мањз "Ал-ќоида" аст ва амалкардњои он мувофиќ ба хостањои амрикоист.
Масрафоту талафоти бењудуд Аз сўи дигар масрафоти љангњои хориљии Амрико пайваста боло мераванд ва аз замони Рейган то ба ин дам нишоне аз коњиши буљаи низомї ва ё масрафоти љангї дида намешавад. Пас њоло бубинем, ки пешбурди амалиётњои калонмиќёс ва кучак барои худи ИМА чї додаст. Зарфи 14 соли љанг бо Ветнам 58 њазор сарбозони амрикої ба њалокат расиданд. Дар бораи буљаи ин љанг ба њисоби ќурби асъор дар он солњо раќамњои гуногун оварда мешавад ва ба назар мерасад то њол таърих бањои воќеъии ин љангро надодааст. Аммо он чизе, ки яќинан метавон иброз дошт, ин њамон эътироф ба шикасти амрикосит, ки њамагон иттифоќи назар доранд. Соли 1961 СРУ дар амалиёти барканории Фидел Кастро дар Куба ноком шуд, аммо баъди он муњосираи ин кишвар дар оѓоз ва поёни
Бузургтарин љанги Амрико дар охирин дањаи ќарни гузашта дар Балкан сурат гирифт. То њол дањшати он, ки мусалмонон љабри бештар диданд, аз ёду хотири сокинони Сайёра нарафтааст. Натиља он шуд, ки Югославия аз њам пош хўрд, ба љои он кишварњои нав арзи вуљуд карданд. Бар асари љангњои ќавмиву адовати динї њазорњо тан куштаву захмї гардиданд.
«
бўњрони мушакї сурат дода шуд, ки муљиби хисороти бузург ба иќтисоди Куба гашт. Соли 1973 боз њам СРУ амалиётеро барои барканории марксисти Чилї Салвадор Аленде роњандозї кард. Соли 1980 бошад коммандоси амрикої барои рањоии 52 гаравгон дар Тењрон шармандавор шикаст хўрд. Амалиёт ноком монд, гаравгонон танњо соле баъд озод карда шуданд ва он њам бо гуфтушунид. Зарфи дањ сол (солњои 1981-1991) СРУ кўшид дар Никарагуа њукумати сандинистиро суќуд дињад, вале натавонист. Боз њам талафоти гарони љониву молї, вале њадаф ноиљро монд. Солњои 1990-1991 амикоињо муваффаќ шуданд Садом Њусейнро, ки ба Кувейт таљовуз карда буд, водор ба аќибнишинї кунанд. Љанг хеле кўтоњмуддат буд, вале њадаф иљро гардид. Бузургтарин љанги Амрико дар охирин дањаи ќарни гузашта дар Балкан сурат гирифт. То њол дањшати он, ки мусалмонон љабри бештар диданд, аз ёду хотири сокинони Сайёра нарафтааст. Натиља он шуд, ки Югославия аз њам пош хўрд, ба љои он кишварњои нав арзи вуљуд карданд. Бар асари љангњои ќавмиву адовати динї њазорњо тан куштаву захмї гардиданд. 11 сентябри соли 2001 бар асари роњандозии амалиёти террористї дар Ню-Йорк ду бинои осмонхарош ба замин яксон шуд ва бори гуноњ ба сари "Ал-Ќоида" андохта шуд, ки гўё дар Афѓонистон нерўманд шудааст. Ин сабабгори он шуд, ки Буш ба Афѓонистон лашкар кашад ва њатто эътилофи бузургеро њам созмон дод, ки гарчї тадриљан бисёрињо сафи онро тарк карданд, вале кишварњои калидї то њанўз дар корзори ба истилоњ мубориза бо терроризм мебошанд. Аммо Буши хурдї аз худ љанги дигарро њам ба мерос гузошту рафт. Соли 2003 артиши амрикої якљо бо муттањидони ѓарбиаш ба хоки Ироќ њамла кард ва бањона силоњи ќатли оми Саддом буд, ки то ба охир пайдо нашуд.
Ба љои хулоса Њамчуноне дида мешавад, ин рўйхат давомдор аст ва агар њамаи амалиётњои барканории роњбарони ин ё он кишварњои манотиќи гуногунро, ки амрикоиён даст доранд, оварем, дар чанд сањифа шояд наѓунљад. Вале хулоса бо њам сари мўњтавои њамон њикояи ёдшуда дар бораи љанвари ѓаюр, вале тарсон аз амнияти худ мебарад. Имрўз бидуни шак як фазои комилан зиддиамрикої дар сар то сари љањон шакл гирифтааст. Аз он ки Черчил мегуфт, ки мо дўстон надорем, балки манфиатњо дорем, воќеъиятро бояд дид. Ќудратњо дар муносибати байналмилалї аз зовияи манфиатњои худ менигаранд. Агар манфиати Русия дар Сурия намебуд, Путин ба ин њад дар талоши субботу оромї дар он намебуд. Ё худ Вашингтон манфиати худро дар Мисри ноором бештар дид, то ки Мурсї бо суббот, вале бо андешањои исломї њокимият кунад. Ва мањз тарс аз њамин аз даст рафтани манфиатњост, ки кишварњоро аз дўст ба душман ва аз душман ба дўсти муваќќатї табдил медињад.
Фирўзи МУЊАММАД
ФАРЊАНГИ ЌАДР "Нигоњ" 9 июли соли 2013 бо номи "Ку фаросат? Ку њаќиќат? Ку адолат?" матлаберо рољеъ ба ќонуншикании сирф "тољикона" - вайрон кардани њавлии ќонунии як модари тољик Шањло Каниева ва бесарпаноњ мондани чањор фарзанди ў дар сањифаи худ нашр карда буд. Мо ба ростї гумон доштем, ки баъди ин кор маќомоти иљроия, суди шањри Ќурѓонтеппа, њокимияти ноњияи Бохтар, њукуматдорони вилояти Хатлон зуд хатогии худро фањмида, назди Шањло Каниева узр мехоњанду хонаи вайронкардаашонро барќарор карда, калидро ба дасташ месупоранд. Ва товону љуброни 9 соли мубориза барои пойдор намудани адолату њаќиќат (зарари маънавї) - ро раиси вилоят Ѓайбулло Авзалов шахсан ба дасти љабрдида ба пуррагї месупорад. Ва дар назди мардум ботантана ваъда медињад, ки дигар чунин ќонуншиканињо дар вилояти Хатлон њељ гоњ дигар такрор нахоњанд шуд... Ќазияи мазкур дар дигар манотиќи дунё, ки давлати хешро демократї, њуќуќї ва ягона мењисобад, чунин шакл мегирифт, аммо дар мо... Њукумати вилояти Хатлон дар аввал њатто нахост, ки посухи ќонунии ин ќазияро ба идораи њафтанома ирсол намояд. Баъди зангњои пай дар пайи идораи њафтанома ва гузаштани муњлати мурољиат, нињоят раиси ноњияи Бохтар Исмоилов А. посухи "ќонуниеро" навишта равон кардааст, ки мо онро бе тањрир чоп кардем. Ба суоли асосї бошад, раиси вилояти Хатлон Ѓайбулло Авзалов на ин ки дањон во накард, балки рў ба рў шуданро бо журналисти њафтанома, ки чанд дафъа ба идораи воломаќомаш ташриф овард, раво надонист. Ў ба гуфти наздикону ёрдамчиёни вафодораш њамеша "дар замини пахта" ё "дар сафари хидматии давлати Чин" ќарор дошт. Аз баррасии ќазия, инак, ду моњ сипарї гашт. Шахси љабрдида Каниева Ш. мепурсад: " Номаи маро худи Президент хонда бошад? Агар ња, пас чаро њаќиќат пирўз намешавад?" Ва илова мекунад: "Агар њукумат замини наздињавлигии маро, (ки ќонунї амалдорони ноњия худ мўњру санад ва имзо кардаанд!) бо асос мегирифт, ман ягон њарфи зиёдатї гуфта наметавонистам. Ман соњибмулки асосии замин ба њисоб меравам, пас
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
ПРЕЗИДЕНТ НОМАИ МАРО КАЙ МЕХОНАД? чаро ва дар кадом асос бе пурсиши ман раиси љамоати дењоти "Ориён" Холиќов А. ќарори худро, ки бо № 46 аз 25 марти соли 2004 амалї шудааст, 5 декабри соли 2006 бо № 489 бекор мекунад?! Ваќте ки замини маро гирифта, ба њамсоя доданд, чаро ягон маќомот, идорањои судию иљроия фикру дархости соњиби аслии заминро напурсид?.."
«
Ин љо дањњо суол ба миён омада, посухи бетаъхири худро таќозо мекунад. Ба гуфтаи Абдурањмон Шарипов, њуќуќшиноси варзидаи Тољикистон, ки дар Ташкилоти љамъиятии њуќуќи башар фаъолият дорад, дар амали хонавайронсозии бемантиќу беасос беш аз њама њуќуќи кўдакони ноболиѓ поймол гардидаанд. Дар ин љода Тољикистон ќонуни
Ба суоли асосї бошад, раиси вилояти Хатлон Ѓайбулло Авзалов на ин ки дањон во накард, балки рў ба рў шуданро бо журналисти њафтанома, ки чанд дафъа ба идораи воломаќомаш ташриф овард, раво надонист.
«
11
башарї "Конвенсия оид ба њуќуќи кўдак" - ро эътироф карда, ба имзо расонидааст. Бубоист, ки раиси вилояти Хатлон (агар дигар амалдорони ноњияи Бохтарро ба њисоб њам нагирем!) муњтарам Авзалов Ѓ. ба њайси намояндаи президенти Тољикистон дар як вилояти бузург, талаботи онро иљро менамуд... Дар вохўрии президенти Тољикистон Э. Рањмон, дар шањри Вањдат бонуе аз хонавайронкунии маќомоти иљроия шикоят намуд. Њолдонњо мегўянд, ки Рањмон супориш додааст, то хонаи ўро дар як муддати кўтоњ бино карда, калидашро ба ў супоранд. Наход Каниева Шањло њам акнун сафари президентро ба ноњияи Бохтар бесаброна интизор шаваду њаллу фасли хонавайронкунии маќомоти иљроияи ноњияро рў ба рўи сарвари кишвар баён намояд? Рафту сарвари кишвар тамоман ба љамоати дењоти "Ориён" наояд? Фаромўш созад, ё ваќташ нарасад... Он гоњ суоле ба миён меояд: пас дигар њокимону амалдорони вилояти Хатлон барои чї ва барои кї хизмат мекарда бошанд? Муњтарам бонуи ќањрамони тољик, Шањло Каниева! Шумо бешак, ќањрамони миллатед, ки дар ин шароити вазнину душвори имрўза барои фардои дурахшони миллат фарзандони ќањрамон тарбия карда истодаед! Новобаста ба он ки њавлии ќонунии Шуморо душмани аљнабї нею худи ТОЉИК вайрон карда, фарзандонатонро бе сарпаноњ дар зери самои кушод монондааст, устод Лоиќ гуфта: Модари тољики ман, эй модари бисёрфарзанд... Зоданат оё барои оњу афѓон кардан аст? Зоданат оё барои доѓи ќисмат бурдан аст? Зодани одам агар иди љањон нест, Пас Тољикистон чист?! Пас Тољикистон нест!
Рустам РАМАЗОНЇ
P.S. Ба иттилоъи хонандагони њафтанома мерасонем, ки Агентии тадќиќоти журналистии "Нигоњ" оид ба ќазияи хонавайронсозии ин модари тољик аз тарафи маќомоти иљроияву маъмурии ноњияи Бохтар тадќиќоти журналистї мебарад. Пайгирии он то њаллу фасл шудани ќазия идома хоњад ёфт!
ИЗИ РУСЇ ДАР ПАРВАНДАИ ЗАЙД САИДОВ
Дар ќазияи Зайд Саидов, рањбари Гурўњи ташаббускор барои таъсиси Њизби "Тољикистони нав" гардишњои булаљабе ба миён омада истодааст, ки далолат ба он мекунад, ки талош доранд, сарриштаи ин масъаларо дар Кремлин љустуљў кунанд. Ё худ, ба ќазияи Зайд изи русї бахшиданї њастанд. Чунин ба назар мерасад, ки дар рўзњои ахир ќазияи Зайд Саидов баъд аз он, ки парвандаи он ба суд ирсол гардид, боз њам чигилтар мешавад, ё даќиќтараш, онро печидатар намуда истодаанд. Вакилони дифои Зайд Саидов аз он хабар доданд, ки агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия алайњи Зайд Саидов бо моддањои 131 ва 138, ќисми 3-и Кодекси љиної, яъне бо иттињоми мањрум намудан аз озодї ва таљовуз ба номуси ноболиѓ парвандаи нав боз намудааст.
Гарчи дар рўи парвандаи Зайд Саидов мўњри махфї гузошта шудааст, аммо 30-юми сентябр телевизионњои њукуматии Тољикистон аз он гузориш доданд, ки гўё Зайд Саидов русдухтари ноболиѓеро, ки шартан "Г.Е." ном бурда мешавад, дар бўстонсарояш, дар ноњияи Варзоб таљовуз намуда, 5 рўз дар он љо нигоњ доштааст. Ба гузориши телевизионњо, соли таваллуди духтар 1999 будааст. Ин парвандаи дуюми Зайд Саидов аст, ки бо иттињоми таљовуз ба номус боз карда мешавад. Ба иттилои манобеи TojNews, русдухтари ноболиѓ, яъне "Г.Е.", аз наздикони модари духтаре мебошад, ки духтараш ќањрамони парвандаи аввали Зайд аст. Бар замми ин, дигар хабарњое, ки сарриштаи калобаи ин ќазияро ба хориљ, даќиќтараш, ба доирањои наздик ба Кремлин мебарад, аз парвандаи мўњри махфї дошта берун шуданд. Овозањо атрофи он, ки маќомоти тафтишотї њангоми пурсиши даъвогарони украинї наќши дасти Владислав Сурков, ёвари Владимир Путин, президенти Русияро, дар ќазия ошкор карда-
«
анд, ба миён омад. Баъдан, хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба манобеи худ иттилоъ дод, ки "Номи Сурков дар нишондоди як шањрванди Украина, ки рўзи 27-уми сентябри соли љорї дар мурофиаи Зайд Саидов иштирок карда, ба суоли додрасу вакилон посух гуфтааст, берун омадааст. Ин шањрванди Украина гуфтааст, Зайд Саидов бо роњи фиреб аз ў бештар аз як миллион доллар ќарз гирифта, баъдан, 700 њазор доллари онро пас надодааст". Ба навиштаи ин расона, додугирифт гўё дар Русия, дар бўстонсарои Владислав Сурков сурат гирифтааст. Исњоќ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, дар ин бора ба TojNews гуфт: "Ба ман гуфтаанд, ки Агентї барои возењтар намудани ин ќазия ба маќомоти Русия дархост равон намудааст, аммо онњо посух додаанд, ки барои пайдо кардани Владислав Сурков имкон пайдо нашудааст". Ба гуфтаи ў, вакилони дифоъ ба Дастгоњи иљроияи президенти Русия, прокуратураи генералии ин кишвар барои мусоидат дар бозкушоии ин масъала мактуб равон намудаанд.
Ин шањрванди Украина гуфтааст, Зайд Саидов бо роњи фиреб аз ў бештар аз як миллион доллар ќарз гирифта, баъдан, 700 њазор доллари онро пас надодааст". Ба навиштаи ин расона, додугирифт гўё дар Русия, дар бўстонсарои Владислав Сурков сурат гирифтааст.
«
Барои рўшанї андохтан ба ин масъала хабарнигори TojNews бо шумораи телефони кории директори Агентї дар тамос шуд. Масъуле, ки гўшии телефонро бардошт, аз муаррифї худдорї намуд, аммо гуфт, ин сирри тафтишот њаст, њатто, суол кард, ки ин маълумотро аз куљо гирифтед ва гўширо гузошт. Чунин ба назар мерасад, ки маќомоти тафтишотї Сурковро ба парванда барои изи русї бахшидан ба ќазияи Зайд пайваст намудаанд ва бо ин роњ нишон додан мехоњанд, ки аз паси "Тољикистони нав" Русия ќарор дорад. Владислав Сурков дар давлатдории муосири русњо яке аз идеологњои муассире ва тарроњони барномањои сиёсии Борис Елсин, Владимир Путин ва Дмитрий Медведев мебошад. Соли 1999 ба њайси ёвари рањбари Дастгоњи иљроияи президент вориди Кремл гардида, то муовини сарвазири њукумати Русия мерасад. 8-уми май бо "хоњиши худаш", бо фармони президент аз вазифа барканор гардида, 20уми август ёвари Путин таъин мегардад. Шояд, аз вазифа дур гардидани ў маќомоти тафтишотии Тољикистонро ѓофилгир кард. Ин суол боќї мемонад, ки кї Владислав Сурковро ба ин ќазия ворид намуд? Бо эњтимоли бориз, чунин посух ба мантиќ наздиктар аст: а) кори дасти хадамоти махсус; б) иштибоњи сиёсии муфаттишон; в) талоши вакилон барои љалби таваљљўњи Путин. Ба њар њол, посух ба ин суол интригаи рўз аст, гузашти ваќт ба он посух хоњад дод. Азамати ВАЊЊОБ
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
БО ШОИР Дар шигифтам ман аз ин сабри Худои мењрубон Тавба, тавба ин мадоро рахна бар бовар зада Хонае холию њар шаб оламе савдо чунин Мекашад манро аз ин дунё ба он дунё чунин Панљаи амвољи ёду хотироташ мезанад Ќоиќи љисми маро силии соњилњо чунин Дар рикоби нури мањ пар мекашам то бекарон Мебарад манро зи ман афсонаи руъё чунин Меравам, гум мешавам дар бозињои кудакй Мешавад ин хонаи вайронаам зебо чунин Гоњ-гоње тиќ-тиќи соат паёме медињад Осафо, дар ѓафлатй аз олами уќбо чунин Гушаи танњойи дар кўйи ѓарибй дахшат аст Њар шабам руз асту рузам сояи шабњо чунин
Интизорам: -Кош имсол Дар рикоби абрњои нуќрайи Боз ояд модарам Буќчае дар даст шоду бо нишот Биншинад дар гушаи кат. Бачањоям њамчу чуља Даври домонаш ба њам даъво кунаанд, Њар яке гуяд: -Буќча моли ман ***** Истгоњи зиндагй Хилват асту холй, Аммо Чашм бар роњам , Ки шояд дар ќатори турнањо Мерасад аз рањ падар Кулабораш пур зи нони ширмол, Себу зардолуи бозори Хуљанд, Пиставу њам каллаќанд.
АЪЗАМИ ХУЉАСТА Њаргизам бовар намеомад ки рўзе модарам Мегузорад зери ин гунбад маро танњо чунин Дар хилвати харобаи афсонањои бод Дар интињои як шабе аз як њазор шаб Дар як утоќи рушану торики субњидам Наќше ба руи фарш - аз рафтани яке Љисме ба рўи рахт - аз мондани дигар. Хуршед хира мешавад аз пушти панљара Дар љустуљўи рафтаи он роњии шаб аст, Бозии боду паради обии панљара Ойинаи таронаи хомуш дар лаб аст. Як пайкаре ки зиндагй дар у шукуфта аст Аз худ рањо шуда дар хеш хуфта аст, Бар он њазору як шабе як шаб илова шуд Шањрзоди мо вале аз у нагуфта аст…
БА КИ ГЎЯМ ЊАМА ИН ЊАРФИ ДИЛАМ Њарфњо дар дили ман мемиранд Њарфњое,ки дар ин тангии танг Њамчу зиндони асиранд Њама мемиранд. Ба ки гўям њама ин њарфи дилам? Ба ки гўям,ки яке одамаки хурљиндор Ки ду гуш чун антен Њама љо њарфу хињо мечинад Чу ѓаливож* ба њар љо мањбуб Хешро марди расо мебинад. Лек Менабинад,ки яке номард аст Дилсиёњ асту ба рўи зард аст. Ба ки гўям,ки яке њољинамо Рафта бар каъбасаро Дили пур ширку шарар баргаштаст, Тавба,тавба,ки чу хар баргаштаст. Ба ки гўям,ки гањи сугу азо Санги буњтону маломат хурдам Зи яке далќаки ѓайёбу яке хољаи у Чи басе доѓ,ки бар дил бурдам. Ба ки гўям,ки дар ин љамьи ачиб Шуда тасбењ чу як зиннати даст, Тоату зикр њама зоњири кор Шањру бозор пур аз фосиќу маст. Ба ки гўям њама ин њарфи дилам? Ба ки гўям,ки њама пунбабагушанд Ва њама гуйи фахиму оќил Ва ба андешаи худ боњушанд. …Лек….аз њарфи њаќиќат ори Даруни деги риё мечўшанд. Ба ки гўям,ки дилам метаркад В-андар ин колбади гуристон Оби дарёи дилам мехушкад. Ба ки гўям њама ин њарфи дилам? Ба ки гўям,ки надорам модар Сабзаи пуштаи хоки падарам хушкидаст! ѓаливож* паррандаест ки гуиё 6 моњ наррина аст ва 6 моњ мода ***** Эњтироми "ё Алй" дар шонањо лангар зада Фаќр бар чашми адолат гарди хокистар зада Боми таќво чун муќавво зери борони риё Нам кашида, хонаи дил ќуфлњо бар дар зада Доѓи дар пешониву тасбењи дасти муфсидон Њар мусалмонзодаро дар љиргаи кофар зада Мусњафу саљљодаро муздури мансаб кардаанд Дар буруту ришашон шайтонњо сангар зада
***** Як ѓазал дур аз канорат мондаам, кай мерасї Ин зимистон бе бањорат мондаам, кай мерасї? Дар њавои бо ту будан дар худам гум мешавам Рањраве дур аз диёрат мондаам, кай мерасї? Рузњои њафта аз ман хаставу озурдаанд Моњњо бо чашми чорат мондаам, кай мерасї? Бе ту танњої гурезон аз мани девона аст Дар хами танњой ёрат мондаам, кай мерасї? Рафтаї, гуфтам худамро аз ту пас гирам, вале Бе ирода интизорат мондаам, кай мерасї? Гуфта будї як ѓазал гуям барои ишќи ту Мисра - мисра беќарорат мондаам, кай мерасї? Вањми шоир буданам аз ман ќаламро мегирад Вожа - вожа бо шиорат мондаам, кай мерасї? Шоири ишќи ту будан кори ин шогирд нест, Ќофия танг аст, зорат мондаам, кай мерасї? Зулоли ашкњои ту бањона шуд Садои гиряњои мо тарона шуд Ту омадиву кулбаи хароби ман Чу кохи шоњи олами фасона шуд Нишастй дар канори ман ва њосилаш Таронабусањои шоирона шуд Зи атри хандањои софу беѓашат Њар он чй ѓам, фирорй аз миёна шуд Канори њам, ману ту бекарон шудем Муњаббате зи навъи точикона шуд Љони ману љони ту ќарин, эй чашма Мову ту ѓариби ин замин, эй чашма Мо зодаи куњему фирорй аз у Аз модари худ гушанишин,эй чашма Дар њасрати хонаи падар месузем, Ожанги људойи дар љабин,эй чашма Ойинаи андуњи мани чун хоњар Бо њастии ман шуда аљин,эй чашма Умрест, ки саргузашти мо мехонй, Бо нолаю бо савти њазин,эй чашма То гардиши моњу шамс бошад, бошй Дар њалќаи куњ чун нигин,эй чашма
Мепарем чун шањпарак бар сўи ў Буса мегирем зи дасту рўи ў -Њадяам те, -Њадяам те. ***** Абр омад, Корвони турнањо бигзашту рафт, Обњо дар љуйхо чорй шуданд, Сар кашиданд сабзањо аз ќалби хок, Сад дареѓо! Модарам пайдо нашуд, Аз падар њам на нишону на хабар. Ман њамегуям ба худ: "Аз ќатор љо мондаанд, Боз њам парвоз кансел шуд." ***** Њамчунон дар истгњои зиндагй Чашм бар роњам. То ки рўзе мерасад аз рањ ќатори холие Мебарад бо хеш манро.
КАЛОБА Калоба, Риштаи чиркини буѓзу кина дар дастат Ки то кам мешавад Афзуда мегардад, Мекунад пастат. Ту пиндорй, ки як олим, Донишманд, Пажуњишгар, Муњаќќиќ Ва гуё "њочй" њам њастй, Вале њайфо! Зи гудоли Њасодат, Кинатузй, Худфурушй… во нарастй! Калоба Рузу шаб дар дасту дил торик Мепечй ба даври худ: Чаро он як муваффаќ шуд? Чаро он дигарй пулдор? Чаро он хонааш ободу мошин зери по драд Ва бо хешу таборонаш сафо дорад? …мепечй, месузй Ва њарфи хонаро Бар худу бегона мегуйи. На чун инсон, Ки чун девона мегуйи. Калоба, Риштаи ѓайбат Мепечй ки мепечй. Ту гоње "шеър" мегуйи Ки гуё шоире њастй. Вале, њайфо Ки шеъру шоирй бадном шуд аз ту! Њама њарфу њичоят туњмату рашк аст, Чу оби фосиду гандида дар машк аст. Биё, боре тааммул кун Ин "будан", ки уро "зиндагй" гуйи Бароят маъние дорад?
***** Истгоњи зиндагї Њар бањор Дар истгоњи зиндагй
Калоба Дилам бар њоли ту месузад, аммо Ту худ худро чунин бинмудайи Шармандаву расво!
ГУЗОРИШИ ЗИНДА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
13
®
"БО РАНГИ САБЗ ГУЗАР!" ИЌДОМИ "МЕГАФОН" ВА БДА Рўзи 2-юми октябр, ширкати мобилии "МегаФон" дар Тољикистон ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилї иќдоми "Бо ранги сабз гузар!"-ро дар роњњои мошингарди пойтахт роњандозї кардаанд. - Маќсади аслии ин чорабинии тарѓиботї, аз љумла, пешгирї аз садамањо дар роњњои мошингард ва ёдоварии ќоидањои муњимтарини њаракат дар роњ аст, - мегўяд Шањноз
Комилзода, роњбари Хадамоти иртибот бо љомеа дар ширкати "МегаФон". - Дар роњ садамањо зиёд рух медињанд ваќтњои охир. Ширкати мобилии "МегаФон" дар Тољикистон тасмим гирифт, ки бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии кишвар ин иќдомро баргузор кунад. Ин иќдом, бахусус, ба кўдакону наврасон нигаронида шуда буд, то тавонем ба онњо
њаракат дар роњ, гузаштани пиёдагардон ва мошинсаворон ба ранги сабзи чароѓак, бехатарии на танњо худи ин кўдакону наврасон, балки амнияти шањрвандони дигарро таъмин
фањмонем, ки дар роњњо эњтиёткор бошанд. Њаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Мо имрўз бо ин иќдом ба ронандагон ва пиёдагардон иттилоъ медињем, онњоро огоњ мекунем, ки бояд дар чароѓаки сабз гузаранд ва ќоидањои њаракатро дар роњ риоя кунанд. Мо бо истифода аз ранги рамзии ширкатамон, бори дигар њушдор додем, ки набояд фаромўш кард, ки њатто фаќат риояи як ќоидаи одитарини
мекунад, - мегўяд хонум Шањноз. Иќдоми "Бо ранги сабз гузар!" аз субњ шурўъ шуд ва тўли 3 рўз дар љойњои серодамтарини роњњои шањри Душанбе идома дошт.
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
ГУЗОРИШИ ЗИНДА
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ВОКУНИШ НОЗИР-ДУХТУРОНИ БОЗОР БА КУЉО МЕНИГАРАНД? - Дар шумораи №26 (354) аз 18-уми сентябри соли 2013-и "Нигоњ" матлаби сокини шањри Душанбе Аломатхон Абдуллоева тањти сарлавњаи "Дилам аз гўшти ќимашуда њам монд!"-ро хонда, дар њайрат мондам. Наход ќассобњои мо ин ќадар ноинсоф шудаанд, ки "Гўр cўзаду дег љўшад" гўён пўсти молро њам аз ќимакунак гузаронида, пешкаши харидорон намоянд-а?! Барои њар фарди мусулмон инсоф њам чизи хуб аст! Дар ќаторањои ба Русия воридшаванда бо сарварии Онишенко ном сардухтур сифати мањсулотро назорат намуда, баъзе мањсулоти меваљоти Тољикистонро ќатъиян ворид шудан намемонанд. Гўё меваљоти мо олудаи вируси зараровар бошад. Магар нозирони бозорњои Душанбе танбаланд, ки сифати мањсулоти гўштиро нодида мегиранд? Хуб мешуд, ки муњтарама Аломатхон дар матлабашон суроѓаи дўкони ќимафурўшро нишон медоданд ва маќомотњои дахлдор таноби ќимафурўши ноинсофро кашида мемонд! Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини шањри Душанбе
?-И НОБОБ ОЁ РОСТ АСТ, КИ БА РОНАНДА 30 ДАЌИЌА ВАЌТ ДОДА МЕШАВАД? - Оё рост аст, ки дар ваќти фаромўш кардани њуљљатњои ронандагї берун аз наќлиёт аз тарафи нозирони БДА ба ронанда ваќт дода мешавад, то ин ки дигар шахс њуљљатро биёрад, ман шунида будам, ки то 30 даќиќа ваќт дода мешавад?! Њамин маълумот то куљо асос дорад? Равшани ХАЙРИДДИН, сокини шањри Турсунзода - Тибќи талаботи банди 2.1-и Ќоидањои њаракат дар роњ "Уњдадорињои умумии ронандагон" ронандаи воситаи наќлиёти механикї уњдадор аст, ки: Санадњои зеринро бо худ дошта бошад ва бо талаботи кормандони милитсия, њамчунин дружиначињо ва кормандони ѓайриштатии милитсия барои тафтиш пешнињод намояд: - шањодатномаи ронандагї дар бораи њуќуќи идораи воситаи наќлиёт ва талони ќайди ќоидавайронкунї; Бинобар он њангоми идора намудани воситаи наќлиёт бе шањодатномаи ронандагї дар бораи њуќуќи идораи воситаи наќлиёт ва талони ќайди ќоидавайронкунї нисбати ронанда протоколи маъмурї тартиб дода шуда, воситаи наќлиёт то бартараф намудани камбудињо ба љаримагоњ ворид карда мешавад. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон љавоб доданд.
ПАНДУ АНДАРЗИ БУЗУРГОН - Чањор чиз нишони бадбахтист: коњилї, љоњилї, нокасї ва бекасї. - Бо як гул бањор намешавад, аммо пайке хоњад шуд аз бањор... - Одамиро одамият лозим аст, чўби сандал бўй надорад, њезум аст! - Ќимати мард на ба симу зар аст, ќимати мард ба илму њунар аст. - Сукут нишони хирад аст. Аммо љойе, ки сухан гуфтан мебояд, хомушї гуноњ аст... - Бо он ки сухан нашнавад, сухан магў! - То мард сухан нагуфта бошад, Айбу њунараш нуњуфта бошад. - Сад рўз дар бор, як рўз даркор! - Аз нек боѓ, аз бад доѓ! - Ба кордон, кор осон! Шамсиддин РАЊМАТУЛЛОЕВ, сокини дењаи Чилчаи ноњияи Темурмалик
ШЕЪР НИГАЊДОРИ МО ХУДО! Њам ёри мо Худову мададгори мо Худо, Мушкилкушои бандаву Ѓамхори мо Худо. Моро дар ин љањони пурасрор офарид, Идроку аќлу донишу асрори мо Худо. Гоњ аз љафои чархи фалак нолањо кунем, Охир њабибу њамдаму дилдори мо Худо. Гоње зи дарду ранљ давем аз пайи табиб, Дорулшифои ин дили бемори мо Худо. Модар ба роњи мо нигарон аст рўзу шаб, Дорад умед аз он, ки нигањдори мо Худо. Њарчанд гўям аз караму лутфу мењри Хаќ, Њаќќо, ки мењрубону вафодори мо Худо. Рўи замин зи файзи илоњї мунаввар аст, Он нури рўњбахшу шарарбори мо Худо. Шукрона кун њамеша Сафар, то ки зиндаї, Дар њарду дањр Холиќу Љаббори мо Худо. Сафар САРБОЗОВ, сокини шањри Душанбе
ЛАТИФА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
15
АКСИ ГЎЁ
Кўдаке панљсола мешаваду гап намезанад. Як рўз кўдакро назди мулло мебаранд, мулло мегўяд, ки кўдак баъди панљ рўз гап мезанад, вале агар кўдак дар аввал то се ном кадом номеро гирад, њамон одамњо мемиранд. Гуфтањои мулло рост мебароянд. Кўдак рўзи аввал "бибї" мегуяд, бибияш мемирад, рўзи дуюм "бобо" мегўяд, бобояш низ мемирад. Дар нињоят рўзи сеюм падараш бо писар танњо мемонад, кўдак "дада" мегўяд, мард тарсон саросема тањорат карда, омада намоз мехонад. Тавбаву надомат кардан мегирад, ки занаш омада мегўяд: "Э мардак, чї ин ќадар имрўз аз хона намебаромадагї шудї? Хез, давомаша баъд мехонї, мардаки њамсоя мурдай, љаноза рав". *** Духтар: - Пеш аз тўй шуданамон њамеша барои ман таксї киро мекардї, њоло бошад мегўї, ки бо автобус њам рафтан мумкин... - Барои он чунин мекунам, љонакам, ки бо ту фахр дорам. Дар таксї туро фаќат як ронандаи он мебинад, дар автобус бошад, садњо нафар. *** -Љонакам, ту шўрбо пухта метавонї? - Метавонам... - Барои бомазза шудани он чї лозим аст? - Хушдомани хуб ва шавњари гурусна!
НАХОД? СУЃУРТА КАРДАН ИХТИЁРИСТ Ё ЊАТМЇ? - Тайи солњои охир дар Тољикистон шумораи ширкатњои суѓуртавї хеле зиёд шудааст. Агентњои ширкатњои суѓуртавї дар ба дари хонањо гашта мехоњанд ба њар чизи мардумро суѓурта кунанд. Бигўед, ки суѓурта кардан дар кишвар ихтиёрї аст ё њатмї? Агар фарз кардем, маблаѓњои љамъоваришуда аз суѓурташавандагон дар њолати ба миён наомадани ягон њодисаи ногањонї ба ин ё он шањрванд пардохт карда нашавад, он ба кадом њисоб гузаронида мешавад? Наход њамаи маблаѓњои љамъоваришуда ба њамёни ширкатњои суѓуртакунанда муфт сарозер шаваду онњо фоидаи бе дарду миён ба даст оваранд? Зиёратшоњ МУРОДОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Мувофиќи моддаи 2-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи фаъолияти суѓуртавї", суѓурта ин муносибатњо оид ба њимояи манфиатњои шахсони воќеї ва њуќуќї њангоми рух додани њодисањои суѓуртавї мебошад. Суѓуртакунї аз њисобњои фондњои пулї, аз пардохтњои (њаќќи аъзогї) ташкилёфтаи суѓуртакунандагон сурат мегирад. Тибќи муќаррароти ќонунгузории амалкунандаи Тољикистон суѓурта дар шаклњои зерин анљом дода мешавад: 1. Ихтиёрї; 2. Њатмї. Суѓуртаи њатмї дар навбати худ ба ду намуд људо мешавад: 1. Њатмии умумї; 2. Њатмии давлатї. Мувофиќи талаботи моддаи 1021-и КГ ЉТ тибќи ќонун уњдадории суѓуртаи зайл пешбинї шуданаш мумкин аст: - њаёт, саломатї ё амволи ашхоси дигари дар ќонун пешбинида дар њолати расонидани зарар ба њаёт, саломатї ё амволи онњо; - таваккали масъулияти худи шањрванд, ки метавонад дар натиљаи расонидани зарар ба њаёт, саломатї ё амволи ашхоси дигар ё вайрон кардани шартнома бо ашхоси дигар фаро расад. Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон инчунин суѓуртаи њатмии њаёт, саломатї ва молумулкии шањрвандонро муайян менамояд. Суѓуртае, ки дар асоси санадњои ќонунгузорї ва меъёрии Љумњурии Тољикистон сурат гирифта, намудњо, шартњо ва тартиби ба амал баровардани онро низ ќонун муайян мекунад, суѓуртаи њатмї мебошад. Суѓуртаи њатмии давлатиро танњо ташкилотњои суѓуртавии давлатї анљом медињанд ва дар сурати напардохтани њаќќи суѓуртаи њатмї он аз таарфи ташкилотњои суѓурта мувофиќи тартиби барои рўёнидани андозњо ва даромадњои ѓайриандозии ба буљет муќарраршуда ситонида мешавад. Дар охир ба таври мухтасар зикр намудан ба маврид, ки ќонунгузор бар замми он, ки суѓуртаи њаёт, саломатї ва ё амволи ин ё он гуруњи ашхосро дар шакли суѓуртаи њатмї ё ихтиёрї муќаррар кардааст, њамчунин талаботеро низ пешбинї намудааст, ки тибќи муќаррароти он манфиатњое номбар шудааст, ки суѓурта намудани онњо манъ аст. Манфиатњое, ки суѓуртаи онњо иљозат дода намешавад инњо мебошад: 1. Суѓуртаи манфиатњои зиддќонунї; 2. Суѓуртаи зарари иштирок дар бозињо, лотерияњо ва шарт (гарав)њо; 3. Суѓуртаи харољоте, ки шахс барои маќсади озод кардани гаравгонон маљбуран љалб шуданаш мумкин аст. Бояд ќайд намуд, ки дар њолатњои дар боло зикршуда шартњои шартномаи суѓурта ќурб надоранд ва дар сурати бастани шартнома низ чунин шартнома беэътибор аст. Ба саволи Шумо аз Коллегияи адвокатњои мустаќили шањри Душанбе посух доданд. ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад. Телефон барои тамос: 93 502 99 95
СИЁЊ НАГУФТАНД, САФЕД ФАЊМИДЕД…? - Агар ањолии Хитой як сањар нони њаќќи нањориашонро ба Тољикистон фиристанд, мушкилоти чандсолаи мо осон мешавад. - Як мард ба gооglе "поиск" сар медињад "занњо чї мехоњанд" gооglе љавоб медињад, мо њам натиљаи њаминро интизорем! - Њукумати вилоят бо маќсади танзим ќарори нав ќабул кард. Тибќи ин ќарор дар як дарзачаи ѓузапоя набояд аз 11 шохча зиёд бошад. Онњое, ки ин талаботи ќонунро иљро намекунанд ба андозаи 200 маоши њадди аќал, ки баробари 2000 доллари ИМА аст, љарима баста мешаванд. - Ман њамин ќадар туро дўст медорам, ки њатто Лайлию Маљнун, Фарњоду Ширин Ромеою Љулиета дар њайратанд, - гуфтааст бачачаи фарбењак ба сўи "ролтон" ! - Депутатњои тољик баъди аз истироњати тобистона баргаштан дар љаласаи нахустини худ синни ба нафаќа рафтанро барои мардон дар 75 - солагї муайян карданианд, зеро бо ин васила ду мушкилот роњи њалли худро меёфтааст: якум, шумораи нафаќагирон аз буља хеле кам мешавад, дуюм, зарурати вазирони кунуниро ба нафаќа гусел кардан намемонад. - Љавонони азиз, шуморо гуруњи сайёхии КОМИСАРИАТИ ЊАРБЇ ба муњлати 2- сол ба саёњати бепул даъват мекунад! Саёњат бепул буда, шањру ноњияњои љумњуриро дар бар мегирад. Шитобед, аксия то охири моњи ноябр давом мекунад! ЭЪТИБОР НАДОРАД Дипломе ки бо силсилаи тт 005016 соли 1999 аз тарафи Муассисаи давлатии таълимии Коллељи кишорварзии ноњияи Мастчоњ ба шањрванд Суфиев Дадожон Муњаммадрузиевич дода шудааст бинобар хато рафтан дар ному насаб аз эътибор соќит дониста шавад.
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (357) 9. 10. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ХОБИ МИРЗОДИККАК Мирзодиккак бузурглавњаеро бо навиштаљоти "Њама барои мењнаткашон" болои сар карда, дар кўчаи марказии шањри Душанбе боифтихор ќадам мезад. Ќисме аз атрофиён ба ў нигариста сар мељунбонданд ва ќисми дигаре аз дилсўзии зиёд ба кисааш пул мехалонданд. Бархе ба он бовар будаанд, ки Мирзодиккак зидди бекорї эътироз оварда, бо ин плакат ба майдон баромадааст, гурўњи дигар мепиндоштанд, ки ин мард аз бекорию камбизоатї аќлашро аз даст додааст. Мана, хонандаи азиз, милисањо њам чунин гумон карда ба роњ баромаданд, вале баъди чанд даќќиќаи пурсу пос онњо якчанд нафар шахсони бекору оворагардро бо Мирзодиккак њамроњ кардаанд, то ки таваљљўњи кормандони васоити ахбои умумро ба ин гурўњи шиорбадаст љалб намоянд. Замоне, ки гурўњ ба назди Шўрои Иттифоќњои касабаи љумњурї расид, хабарнигорони зиёде Мирзодиккакро ињота карданду яке аз онњо суол дод, ки ў чанд маротиб бо њамсару фарзандонаш аз њисоби Иттифоќњои касаба дар истироњатгоњу санаторияњои дараи Варзобу Явроз дам гирифтаанд? Мирзодиккак ба ин суол посухи муносиб наёфт, зеро дар тўли њаёти беш аз 50 солааш танњо вазифаи худро дар пулсупорї дидаву дигарон , минљумла њамсараш Пахтагул Панљсолаевнаи коммунист ва Ќобилљони нањзатї дар истироњатгоњњои дараи Варзобу Явроз дами беѓам задаанд. Буѓз гўлуи Мирзодиккакро сахт фишурд. Ў бо тамоми ќувва дўсташ Ѓалтакро фарёд кард, то ки ўро аз ин вазъияти ногувор наљот бидињад. Аз садои Мирзодиккак Пахтагул Панљсолаевна аз хоб бедор шуду дар як лањза Ќобилљони нањзатї ва келинашон Маша аз њуљраи хобашон бархоста, болои сари Мирзодиккак ќарор гирифтанд. Њарорати бадани Мирзодиккак торафт боло мерафт. Ќобилљони нањзатї барои сарфа шудани пули мурдашў ва гуркоб зуд бо Ѓалтак дар тамос шуд, то ки омада љўраашро соњибї намояд. Ѓалтак њамаи он борњои ба бозор овардаашро ба мошине бор карда ба хонаи дўсташ Мирзодиккак омад. Дар њоле, ки ба гўши Мирзодиккак садои њолпурсии Ѓалтак расид њарорати баданаш аз 42 дараља ба 38,5 фаромад. Ханда дар лабони Пахтагул Панљсолаевнаи коммунист гул кард, вале мулло писари ў зиќ шуд. Ќобилљони нањзатї умед дошт, ки хонаи истиќоматии падарашро ба номаш гузаронида боз кредит мегирад... Баъди ором шудани "вазъияти фавќуллода" Пахтагул Панљсолаевна хони густурдаашро аз он захирањои аз замони Ленин боќимонда ва борњои овардаи Ѓалтак ба чунон орою торо дод, ки хони Алимардонов наздаш њељ буд... Мирзодиккак: - Мана, љўраи љони ман, ки бошед, њамаи њамин нозу неъмати болои дастархон аз файзу баракати њукумати љонољонамон аст. Мо њамаамон аъзои Иттифоќњои касаба. Ањли оилаи мо аз њисоби Иттифоќњои касаба бо истироњатгоњњо нарафтаву табобатпулї нагирифта бошанд њам мењнаткашони кишварамон аз њисобї мо дам гирифтаву саломатиашонро барќарор кардаанд.. Ѓалтак: - Мирзољон њамаи ин нозу неъмат аз файзу баракатї дасти Пахтагул Панљсолаевна, келинатон Маша ва дўстат Ѓалтакбой њастанд. Он файзу баракати ту мегуфтагї њар соњиб доранду он соњибњо њамин ќадар бачу кач, ки ба мою ту аз он файзу баракат танњо дуд мерасад, дуди сияњ! Мо беш аз 20 сол аст, ки "мењнаткаш" надорем. Зањматкаш дорем, њамааш зан. Онњо дар Тољикистон кор мекунанду аз њисоби пулњои фиристодаи муњољирони мењнатї зиндагї мекунанд. Мирзодиккак: - Њаќќи онњо куљо мешавад?! Ѓалтак: - Ќаср мешаванд, маѓозаву бозор ва љип мешаванд. Мирзодиккак: - Медонї, ман дар хобам шиореро бо навиштаљотї "Њама барои мењнаткашон!" аз назди боѓи фарњангї то ба назди бинои Шўрои иттифоќњои касаба бурдаам. Хайрият, ки дар хобам бурдаам, агар дар бедориам мебурдам њама маро девона гумон мекарданд -а!? Ѓалтак: - Мирзољон аз рўи мефањмидагии ман Шўрои Иттифоќи касаба ташкилоти озод асту мувофиќи Оиноммаш бо њукумат дар асоси Шартномаи сетарафа кор мекунад ва намегузорад, ки њуќуќњои мењнаткашон ва дигар табаќањои љомеъа поймол шаванд. Шумо њукуматињо бо Иттифоќњои касаба шартномаи сетарафа нею аќди никоњ, ки бастаед, њам рўи шумо сиёњ асту њам рўи он ду тарафи дигар. Агар њамин хел набошад, дар вазъе, ки 1,5 миллион ањолї дар хориљи кишвар кор мекунад, бо кадои рўй номзадии шахсеро пешнињод мекунед, ки таъмини ањолї бо
љойи кори мувофиќ ва маоши кофї вазифаи аввалиндараљааш мебошад?! Мирзодиккакак: - Шумо ба Иттифоќњои касаба чаќќа нашавед. Мо њамаи пиронсолони њукуматиро дар Иттифоќњои касаба бо кор таъмин кардагї. Онњо ба њукумати мо сахт содиќанд. Масалан, дар яке аз вилоятњоямон бештари пиронсолони Иттифоќњои касаба пеш аз кору баъд аз кор ба чунон мерезанд, ки бархе дар утоќњои корию гурўњи дигаре дар љўйборњо "истироњат" мекунанд. Ѓалтак: - Мегўям, ки њамон љавонњои дар пешбарии номзадњо пешдаст фарзандони пиронсолони динситези Иттифоќњои касаба набошанд? Мирзодиккак: - Љўраљон росташро гуям, ќисмеро падар набошанд њам, лекин биографияю географияњояшон рост омадагї. Мана туро, ки географияат рост наомадааст 10 сол боз ба ёди ягон њукумати намерасї ва расиданат њам ба гумон аст. Мо њукуматињо ба ончунон зўр, ки дар ќаторамон ягон нафар зўрро дидан намехоњем. Агар зўри кунанд мўњрњоро гум мекунему дасти шахсони имзокунандаро то гузаштани ваќти муќарарнамудаи ќонун дар бораи љамъ намудани 210 њазор имзо мешиканем. Ѓалтак: - Зўр Худованд худаш! Хоњад дар хобат њам а монатиашро мегирад. Аз ин лињоз ба ќадри мардум расед бењтар аст. Дунё ба ростию, некї обод аст, дўстам. Мардум аз њамаи мову шумо бењтару хубтар медонад, ки киро сарвар интихоб намояд. Ѓалтак инро гуфту аз љой бархоста, љониби дар рафт. Мирзодиккак низ аз љой бархост, то дўсташро то истгоњи автобус гусел намояд. Пахтагул Панљсолаевнаи коммунист, Ќобилљони нањзатї ва Маша љўрањоро то баромадгоњ гусел карда, сипас сари хони пурнозу неъмат нишастанд. Ѓалтак хуб мефањмид, ки онњо аз њамон тоифаенд, ки њатто аз љанозаи падарашон њам манфиат мељўянд, барои њамин њарчи зудтар аз љой бархост.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Додихудо САЙМИДДИНОВ, раиси Кумитаи забон ва истилоњоти Тољикистон: - Толибилмони мадрасањои динї, ки аз осори гузаштагони форсу тољик, хусусан Бедилу Њофиз ва Саъдї зиёд мутолиа мекунанд, суханронияшон аз суханронии дигар донишљўён фарќ дорад. Њатто аз баъзе мансабдорон бењтар аст. -Э, сири таъин кардани маош ба имом-хатибон њамин будааст, гўед. Шермуњаммади ШОЊИЁН, раиси КМИР: - КМИР нињоди махсус ва алоњида аст. Ба ягон маќомоти алоњидаи давлатї мутеъ нест. - Назди журналистону намояндањои созмонњои хориљї њарчи мегўед, гуфтан гиреду мабодо ба ин гуфтаатон бовар накунед, ки аспњоятон саису соњибашонро дигар мекунанду як умр аз бобои Нуриддин ранљида мегардед.
Толиббек БУХОРИЕВ, муовини раиси ЊАТ: - Тањлилгарон њам фикри пурра надоранд. Тањлилгар њам намедонад, ки Бухориев кист. Вай - тањлилгар маро намешиносад. Як чиз гирифта, дар асоси он тањлил мекунад. Зарурат нест, ки ман њатман дар ягон масъала бояд мухолифат нишон бидињам ва баъд маро коршиносону тањлилгарон бишносанд. - Љаноби номзад ба президентї, хеле аз тањлилгарон медонанд, ки шумо кистеду чи тавр ва барои чї номзад шудед, фаќат забонашон намегардад, ки росташро гўянд.
Абдуњалим ЃАФФОРОВ, роњбари ЊСТ: - Ман бовар дорам, ки интихоботи президентии ќарибулвуќуъ як такони љиддие барои интихоботњои оянда ва њаёти кишвар хоњад буд. Аз њамин назар интихоботи имсола фарќи љиддї дорад. - Барои њаёти кишвар, ки намедонем, аммо бидуни шубња барои кисаи шумо такони љиддї мешавад, зеро њукумат маоши шуморо 700-800 сомонї бардошта, ба ронандаатон њам музди мењнат таъин мекунад.
Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Бо вуљуди њама камбудњоям як одат дорам, ки касони аз худ бењтарро эътироф мекунам, ки якеашон Рањматулло Зойиров мебошад. Бузургии Рањматтуло њам дар њамин аст, ки ўро харидаву фурўхта намешавад. - Мулло Муњиддин, мебахшед, маќоли "Аз пеш шона, аз ќафо фона" -ро тољикони зирак ягон ду њазор сол боз медонанд.
Олим БОБОЕВ, раиси ЊИИТ: - Њадафи мо аз ширкат дар интихобот раиси љумњур шудан нест, балки аз ин роњ дар раванди демукросї сањмгузорї бояд кунем. - Чанд бор ба њамин њукуматдорон гуфтанд, ки монед њамин муйсафедњоро ягон номзади ќалбакии љавонтар ёбед, не, боз њам муйсафед ва боз њам склероз корашро кард. О, љавонтар мешуд, сирро фош намекард, аќќалан.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09