Нигох №29 (411). Чоршанбе, 8-уми октябри соли 2014

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

Ѓасби бозори "Сомон" Серияи 2. Фиреби милиса

1

САЊИФАИ 6 №29 (411). Чоршанбе, 8-уми октябри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Бо пули зањматњоям мошин харидам САЊИФАИ 16

АНДЕШАИ МИЛЛЇ

Гуфторе, ки бунёдгузору њифозатгари истиќлолият гардад САЊИФАИ 11

ТИЛИСМИ

Чї тавр Тољиддин Пирзода бонкашро ба як низоми азхудкунии моликияти дигарон табдил додааст?

"ТОЉИКСОДИРОТБОНК" СИЁСАТИ КАЛОН

Љанги сеюми Амрикову љанги аввали Обама САЊИФАИ 10

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Сукути мухолифин ва нигаронии њукумат САЊИФАИ 16

ИЗДИВОЉ БО ЗАНИ ЧАТНИШИН: ТЎРАЉОНЗОДА ЗИДДИ АТОЕВ Мањмудљон Тўраљонзода ба Шодибой Атоев, корманди Маркази омўзиши равандњои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмњои Тољикистон, ки фатвои ўро "тањќири занони Тољикистон" номида буд, посух дод.


2

БОНГИ ХАТАР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

"Риши акои Ѓаффор" ва... амнияти Тољикистон Ќудратњои хориљї тарњи "Давлати исломї" ё "ДОИШ" - ро чї тавр шањр ба шањр ва ноњия ба ноњия дар Тољикистон роњандозї мекунанд? Акои Ѓаффорро мо дар як дењаи дурдасти ноњияи Ѓончї вохўрдем. Ришњояш расида, чењрааш хандон ва марди хеле шўх. Ў бо камоли майл ба мо ќиссаи "риштарошон"ашро наќл кард. Њамон ришеро, ки ду њафта пеш то банди синааш буду њоло танњо риши расидаро мемонад. Ду њафта пеш акои Ѓаффор ба дењаи Хољањо - маркази љамоати Исмоили Сомонї (собиќ Калининобод) барои хариди рўзгор меравад. Подабони собиќадор, њоло савори як Opel, ки аз баракати ду писари муњољираш дар таги по дорад, дар Хољањо милисаи ошнояшро бо иттифоќи се ришакии љавон вомехўрад. Милиса аз ў хоњиш мекунад, ки онњоро то сартарошхона бубарад. Акои Ѓаффор аслан сарфањм намеравад, ки чї коре дар љараён аст. Ў мусофиронро пеши сартарошхона мефарорад. Ин замон милиса аз ў хоњиш мекунад, ки каме мунтазир монад. Аммо акои Ѓаффори њамоно сарфањм нарафта, ки чї мегузарад, мегўяд, як дорухона рафта, бармегардад. Њамин тавр, акои Ѓаффор бо пои худ ба сартарошхона омад ва милиса ўро ба дохил њидоят намуд. Акои Ѓаффор дид, ки он се ришакии овардаашро аллакай "ќоќоќоќ" аз "тарош" гузарондаанд ва онњо бо як омини дастаљамъї сартарошхонаро тарк карданд. Он лањза подабони собиќ фањмид, ки гап чї аст. Ваќте милиса гуфт: "Дароед, то ришатонро тарошанд", акои Ѓаффор худро гум карда, якбора пурсид: "Барои чї?" Милиса исрор кард: "Зарур аст. Тинљии кишвар њаминро талаб мекунад" Акои Ѓаффор њам ба худ омад: "Тинљии кишвар ба риши мани камбаѓал чї муносибат дорад?" (идома дорад).

Ѓончї - ноњияи "тинљ" Аз рўи гапи сокинони љамоатњои Исмоили Сомонї ва Овчии ноњияи Ѓончї, њамчунин суњбатњои сарироњие, ки бо мардуми ноњияи Истаравшан њам доштем, маълумамон шуд, ки чанд моњи ахир дар ин ду ноњия (эњтимолан, дар навоњии дигари вилояти Суѓд низ ин раванд мушоњида шуда бошад. Дар Душанбеву дигар навоњии љануби Тољикистон гапи риш бармањал сар шуда буд) маъракаи густардаи, ба истилоњи мардум, "тароши ришдорон" ("тарош" - маъракаи тарошидани пашми гўсфандон ва дигар чорво аст) идома дорад. Ин њол мардуми кўњистони Ѓончї, дењањои Басманда, Овчї, Угук, Каљровут, Сурхоб, Ќалъаи Дўст, Ќалъаи Мирзобой, Росровут, Метк ва ѓайраро сари ин суол ќарор додааст: ин чї гап бошад? Ва ин шигифтзадагии худро раиси яке аз хољагињо чунин баён кард: "То ба њол дар ин ноњия касе ба иттињоми узвият дар ягон созмони террористї ё ифротї муттањам ва зиндонї нашудааст. Агар мешуд, хабар медоштем ва чун нест, мехоњем бидонем, ки барои чї мардуми мо бояд ришњои худро тарошанд?"

Нигаронии ин шахси ботаљриба бидуни поя нест, зеро воќеан Ѓончї дар "сводка" - и љинояту љинояткорони террористї то ба њол зикр нашудааст. Ин нафар боз шарњ дод: "Мардуми дењоти Исмоили Сомонї, Овчї ва Ростровут 70 соли замони Шўравї њам чунин буданд, њоло њам чунинанд, яъне мутадаййин ва мазњабдўст буданду њастанд. Касе ба касе аќидаеро тањмил намекунад, ба ин ваќт њам надорад, зеро аз азал кишоварз, яъне њамеша серкор њастем. Фарзандонамон њам ба муњољират ё аз диёр берун рафта, ба созмоне нагароидаанд. Ришдорњои мо мисли табарришњои Хуљанду Душанбе ва Истаравшан олуфтаву "крутой" нестанд. Як тоќии тољикиву љелак ё љомаи оддї доранд ва ришдорро мо як нафари батоату ибодат медонем. Ришњои мо сиёсї нестанд, иљтимоиянд..." Албатта, ин шахси рўзгордида суолњои дуруст мегузорад, аммо ба умќи масъала нигоњ намекунад. Дуруст нест, гуфтани он, ки мардуми Ѓончиро мањз устувориашон дар мазњаби Имоми Аъзам намегузорад, то пайи мазњабу љараёнњои нав ва созмонњои террориству ифротї бираванд. Воќеият як аст: Ѓончї, бахусус куњистонаш, ки 90 дарсад тољикнишин аст ва дар як кунљи Тољикистон ќарор дорад, ба фарќ аз навоњии њамсояаш - Истаравшан ва Спитамен њанўз дар барномаи "террорист ё доишсозї" - и ќудратњои бозигар дар минтаќа ањамият пайдо накардааст! Њамин тавр, навоњии Ашт, Шањристон, Айнї ва Мастчоњи куњї низ дар ин барнома ањамият надоранд.

Навоњии "муњим" - и Суѓд Аз ахбори расонањо, ки тайи чор - панљ соли ахир ба боздошту зиндонї кардани аъзои созмонњои террористиву тундрав, назири Њаракати исломии Ўзбакистон, "Љамоати Ан-

«

Истаравшан дар замони Шўравї аз навоњии "исломгаро" набуд. Замоне ба забонњо уфтод, ки 3 сентябри соли 2010 зодаи Истаравшан Акмал Каримов њамлаи интињорї кард ва бинои шўъбаи мубориза бо љиноятњои муташаккили Раёсати ВКД дар Суѓдро инфиљор дод. Ин таркишро "Љамоати Ансоруллоњ" ба зимма гирифт. Дар робита ба ин инфиљор 52 сокини Истаравшан, ба шумули як нафар аз ноњияи Рўдакї ба суд кашида шуданд.

«

соруллоњ", салафия ва "Њизби тањрир", маълум мешавад, ки муњаррикони хориљии онњо асосан такя ба чор навоњї мекунанд - Исфара, Истаравшан, Хуљанд, Бобољон Ѓафуров. Созмонњои террористї ва тундрав ба вилоят аз Фарѓона "сироят" карданд, ваќтњои ахир аз Душанбе ва Русия. Дар Исфара аз замони Шўравї аќидаи исломї ќавї буд. Замони љанги шањрвандї Исфара дар ќаламрави "исломгароњо" (манзур, Рашту Кофарнињон) ќарор надошт, аммо дар сафњои ИНОТ ва ЊНИТ намояндагони ин ноњия ба чашм мехўрданд. Мањз њамон солњо дар сафњои Њаракати исломии Ўзбакистон низ исфарагињо пайдо шуданд. Далел: њамсарњадї бо Фарѓонаи Ўзбакистон - зодгоњи Њизби тањрири Осиёи Марказї, Њаракати исломии Ўзбакистон ва на фаќат. Миссионерњои ЊИЎ соли 1994 ду "Икарус" љавонони Исфараро "барои кор ба Русия" тариќи Ќирѓизистон ва Тавилдара ба Афѓонистон ва аз он љо ба Вазиристони Покистон интиќол доданд (ду нафари онњо соли 2007 аз Гуантанамо оварда шуданд). Њатто расонањо соли 2006 хабар доданд, ки дар зиндони Пули Хумрии Кобул як исфарагї бо номи Абдулѓанї дар ќатори се тољики дигар аз Тавилдара, Панљ ва Душанбе ба сар мебарад. Њоло танњо аз як Чорќишлоќи Исфара дар сафњои "Давлати исломї" дар Ироќу Сурия 20 нафар мељанганд. Истаравшан дар замони Шўравї аз навоњии "исломгаро" набуд. Замоне ба забонњо уфтод, ки 3 сентябри соли 2010 зодаи Истаравшан Акмал Каримов њамлаи интињорї кард ва бинои шўъбаи мубориза бо љиноятњои муташаккили Раёсати ВКД дар Суѓдро инфиљор дод. Ин таркишро "Љамоати Ансоруллоњ" ба зимма гирифт. Дар робита ба ин инфиљор 52 сокини Истаравшан, ба шумули як нафар аз ноњияи Рўдакї ба суд кашида шуданд. Соли 2010 ду истаравшанї барои узвият дар Њизби тањрир муттањам шуда буданд. Чанде ќабл аз кушта шудани як истаравшанї дар Сурия хабар пахш шуд. Ба ќавли мардуми Истаравшан, аъзои "Љамоати Ансоруллоњ" ва Њизби тањрир асосан ўзбактаборонанд. Салафињо тољиконанд, ки асосан аз истаравшанињои Душанбе ва Русия "илњом" мегиранд. Хуљанд, бо он вуљуд, ки шањри таърихист, замони Шўравї дар рушди "пролеткулт" пешсафтарин дар Тољикистон буд. Пас аз истиќлол ин шањр асосан љавлонгоњи "Њизби тањрир" буд. Аввалин "тањририњо" бо таъсири њамњизбонашон дар водии Фарѓона дар ин шањр пайдо шуданд ва аввалин мурофиањои онњо дар суди Хуљанд баргузор шуд. Бобољон Ѓафуров ноњияест, ки ўзбакњо зиёд ба сар мебаранад (њамчунин Љаббор Расулов). Амирони "Њизби тањрир" асосан аз ин ноњия ва аз љумлаи ўзбакњо буданду њастанд. Умуман дар сафњои "Њизби тањрир" тољикон таќрибан аз 10 ду нафар ба назар мерасанд.

"Хонаи нав" Мастчоњ, ё Мастчоњи Нав низ дар замони Шўравї як ноњияи мутадаййин ба њисоб мерафт, бахусус аз њисоби эшонњои маъруфаш. Мастчоњињо дар замони љанги шањрвандї дар сафи ИНОТ ва сипас ЊНИТ низ ба чашм мехўранд. Чанд соли ахир расонањо аз як - ду боздошти аъзои Њаракати исломии Ўзбакистон ва Њизби тањрир дар ин ноњия хабар доданд, аммо њоло ба ќавли мардуми мањал, салафињо дар ноњия нуфуз кардаанд. Њамин тавр, Спитамен, собиќ Нов, њам бо ду мавриди ширкати сокинонаш дар љанги Сурия ва боздошти яке дар Ўши Ќирѓизистон, ки "барои кўмак ба мусалмонони Фаластин" мерафт, дар харитаи навоњии "муњим" пайдо шуд. Хабарњои ахир аз он далолат мекунанд, ки дар Панљакент низ салафия нуфуз мекунад ва сокинони ин ноњияи "шоирхези Рўдакї" њам дар сафњои "Давлати исломї" дар Сурияву Ироќ мељанганд. Ба њамин минвол, "хонањои нав" барои созмонњои террористиву тундрав дар навоњии дигари вилояти Суѓд низ эљод мешаванд.

Љануби "муњим" Агар дар замони љанги шањрвандї навоњии Рашт ва Кофарнињон мањалли асосии хезиши исломињои ИНОТ - Иттињоди неруњои мухолифини тољик, тарафи дуввуми Сулњи тољикон дар соли 1997 ба њисоб мерафт, њоло манзара таѓйир хўрдааст. Пас аз саркўб шудани гуруњњои Мулло Абдулло ва Алии Бедакї танњо номе, ки аз ин ќаламрав боќї монда, Мулло Амриддин, сарвари "Љамоати Ансоруллоњ" аст. Рашту Кофарнињон гўё аз харитаи бозињои ќудратњои хориљї хат зада шудаанд ва рисолаташонро дар ин барнома анљом додаанд. Аз ин хотир, ин аљобате надорад, ки њоло "чашми умед" - и ќудратњои хориљї ба Хатлон аст. Чаро? Дар замони љанги шањрвандї дар Хатлон Фронти халќї - нерўи асосии муќобили исломгароњо ба вуљуд омад ва њукумати имрўзи Тољикистонро сари кор овард. Њоло, аљаб нест, ќудратњо ба хулосае расиданд, ки зарбаро аз худи такягоњ задан бењтар аст, на берун. Ин аст, ки сокинони Кўлоб ва Ќубодиёну Ќумсангир дар сафњои "Давлати исломї", Њаракати исломии Ўзбакистон ва њатто Толибон мељанганд. Хабарњо аз нуфузи салафињо - гардонандагони "Давлати исломї" дар Кўлобу Фархор гувоњї медињанд, дар њоле ки навоњии куњистонї, назири Шўрободу Даштиљум дар ин маврид дар њисоботњои расмї ќариб ки ба назар намерасанд.

"Љаноби Хориљї" Як нигоњи сатњї ба љуѓрофиёи фаъолиятњои аъзои созмонњои террористиву тундрав дар Тољикистон кофист, ки ба чунин хулоса биёем: ќудратњои љањонї Тољикистонро ноњия ба ноњия ва шањр ба шањр, њатто мил-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014 - Чи ќадар бачањои наѓзу бемаѓз! Раведу ватанатонро озод кунед... Љамоати Ансоруллоњ

Салафї Њаракати исломии Ўзбакистон СИЛОЊ БАРОИ МУБОРИЗОНИ РОЊИ МАН Ф ИАТЊОИ ЌУДРАТЊОИ ХОРИЉЇ

ко ва Арабистони Саудї буду њаст. Ба Тољикистон низ амалан пас аз љанги Чеченистон ворид шуд (ЊНИТ - ро низ вањњобї, њамон салафињо мехонданд, аммо ин ё туњмат буд, ё њизб роњи њаќиќатро ёфт) ва салафињо солњои 2005 ба 2010 дар Тољикистон бо пуштибонии бархе доирањои њукуматї "даврони тиллої" доштанд ва њоло њам ќариб ки доранд (ришњои салафї дар ќиёс бо риши акои Ѓаффор дар Тољикистон дахлнопазир њастанд!). "Љамоати Ансоруллоњ" соли 2010 бо њамон теракти моњи сентябр дар Хуљанд худро муаррифї кард. Шарики Ал - ќоидаву Толибон ва Њаракати исломии Ўзбакистон муаррифї мешавад. Мулло Абдулло фармондењаш дар њудуди Тољикистон ба њисоб мерафт (иттилои расмї). Дар Покистон аз сўи такфирии собиќ - Мулло Амриддини Нурободї эљод шуд. Тањлилњо бар ин нукта ишорат њам мекунанд, ки аз сўи Русия тариќи шањрвандони мусалмонаш, аз љумлаи чеченњо ва тоторњо, танзим мешавад.

лат ба миллат, мехоњанд террористу тундрав кунанд. Њар яке тибќи барномаи хоси худ пеш меравад. Чаро дар ин барномањо навоњиву шањрњои муњим ба вуљуд омадаанд? Душанбе амалан маркази фаъолияти ин созмонњои террористиву тундрав баргузида шудааст. Аз њама тараф, чї аз љанубу чї аз шимол "њама ба сўи Душанбе мераванд". Аммо мањз дар Хуљанд, Исфара, Кўлоб ва Ќурѓонтеппа тамаркуз кардани онњо ба хотири он аст, ки ин "вабо" - ро саросарї кунанд, зеро дар ин шањру навоњї мардуми бештар ба сар мебаранд ва сармоя гузоштан рўи ин тарњ суди бештар аз онро дорад, ки дар Ѓончї, Айнї, ё Шўрободу Даштиљум сармоягузорї шавад (ин навоњї њам зарур шаванд, сармоягузорї мешаванд). Инро њам бояд гуфт: агар дар Њизби тањриру Њаракати исломии Ўзбакистон асосан ўзбакњои Тољикистон љалб шудаанд, аъзои Љамоаи Ансоруллоњ ва салафия бештар тољиканд. Мантиќан, агар ба ин барномањо њам ўзбакњо ва њам тољикони Тољикистон самимият медоштанд, вазъ њоло дигар буд. Аммо Љаноби Хориљї дар њоли њозир њамон ќадар маблаѓ мегузорад, ки зарур мењисобад ва метавонад.

"Зодагони хадамоти љосусї" Кї бо кї бозї мекунад? Њизби тањрирро шабакањои љосусии Амрикову Бритониё дар њамдастї бо Исроил ба зудї пас аз касби истиќлол кардани Ўзбакистон дар водии Фарѓона роњандозї карда буданд. Њаракати исломии Ўзбакистон бо бархе таѓйирот дар сиёсатњо аз ин барнома хориљ шуд, ё як барнома андар барнома ба вуљуд омад. Њизби тањрир бо пинњонкориаш дар Ўзбакистону Тољикистон монд. ЊИЎ ба Афѓонистон ва аз он љо ба Покистон фирор кард. Салафия охири солњои 90 дар Русия, бахусус Чеченистон (вањњобињои Ичкерия), ба вуљуд омад. Зодаи хадамоти љосусии Амри-

Њамаи онњое, ки дар Сурия, Ироќ, Покистон, Афѓонистон ва Тољикистон боздошт шуда, мавриди бозпурсии маќомот ќарор гирифтаанд, гуфтаанд, ки тариќи Русия ба хатњои "љанги муќаддас" дар Сурияву Ироќ ва Покистону Афѓонистон пайвастаанд. Масири аввал: Маскав - Туркия - Ироќу Сурия; масири дуввум - Маскав - Машњад - Зоњидон - Покистон - Афѓонистон. Ин масирњо солњо ба ин сў фаъол њастанд. Суол: сафарбарии њазорњо "љангї" тариќи Русияро Хадамоти федералии амният (ФСБ) - и Русия намедонад? Агар, посухи манфист, пас бояд хеле бихандем. Аммо ин далели он аст, ки танњо Русия дар собиќ Шўравї низоми "рекрут кардан" - ро эљод карда, онро тањти назорат дорад.

Низоъ миёни тољикон

«

Кї бо кї бозї мекунад? Њизби тањрирро шабакањои љосусии Амрикову Бритониё дар њамдастї бо Исроил ба зудї пас аз касби истиќлол кардани Ўзбакистон дар водии Фарѓона роњандозї карда буданд. Њаракати исломии Ўзбакистон бо бархе таѓйирот дар сиёсатњо аз ин барнома хориљ шуд, ё як барнома андар барнома ба вуљуд омад. Њизби тањрир бо пинњонкориаш дар Ўзбакистону Тољикистон монд. ЊИЎ ба Афѓонистон ва аз он љо ба Покистон фирор кард.

«

"Аз Маскав ба..." Њизби тањрир, маќарраш дар Лондон ва Њаракати исломии Ўзбакистон, маќарраш дар Вазиристони Покистон пушти ин ањдофанд: а) ташкили хилофати исломї дар Ўзбакистон ва Тољикистон; б) дар дарозмуддат ворид шудан ба хилофати умумиисломї (ки њоло дар Ироќу Сурия аз сўи "Давлати исломї" поягузорї шудааст ва рањбари ЊИЎ - Усмони Ѓозї (ба гумони аѓлаб, тољик) аз он њимоят кард). Амрико ва Саудї дар оѓоз ин таваќќуъро аз салафињо доштанд, ки тухми бадбинї ба Эронро дар Тољикистон бикоранд. Њоло ояндаи онњо бо "Давлати исломї", бахусус, аввалин гуруњи "форсї" (њамаи созмонњои террористии олами ислом номи арабї доранд) "Хуросон" рабт дода мешавад, ки бояд барои ба ин "хилофати амрикої - саудї" ворид шудани кишварњои Осиёи Марказї ва руфта

3

шудани онњо аз харитаи сиёсии љањон мусоидат кунанд. "Љамоати Ансоруллоњ" љое рўшан зикр накардааст, ки хостори як хилофат бошад, аммо дар маъракањое, ки истифода мешавад, бахусус, амалиёти Рашт дар солњои 2010 - 2011, ки ба гумони ѓолиб, дар хизмати тарњњои Русия буданашро собит мекунад. Албатта, Русия намехоњад, ки онњоро ба ќудрат расонад, аммо онњоро њамчун ањроми фишор алайњи Тољикистону Ўзбакистон истифода мекунад (њоло ин овозањо низ вуљуд доранд, ки Мулло Амриддин дар Афѓонистон аст ва мањалли тањти назораташро "Аморати Бухоро" ном бурдааст). Њамин тавр, њар як созмони террористї ё тундрав дар хизмати хољагони хориљии худ ќарор доранд. Ва чанд нуктаи дигарро низ барои андеша лозим медонем, ки биёрем.

Дар Тољикистон ин неруњо пушти кадом барномаи хўљаинњои худ њастанд? Њоло ду барномаро метавон дид: 1) Аз кўшишњои сафири Британия дар Тољикистон Робин Орд Смит зимни сафарњояш ба Бадахшон, ки чанде ќабл расонаї шуда буд, ин нукта рўшан мешавад: Амрико ва Бритониё мехоњанд дар Тољикистон љанги шиаву сунниро, тавре дар Сурияву Ироќ њаст, роњандозї кунанд ва ба ин роњ миёни тољикону Тољикистонро бишкананд. Аз њаводиси Бадахшон дар тобистони соли 2012 эњтимолан онњо хулоса кардаанд, ки муќовимати бархе гуруњњо дар Бадахшонро метавон ба як љанги мазњабї табдил дод. Онњо мехостанд шиорњои ин муќовиматро, ки иљтимої ва сиёсї буданд, мазњабї кунанд, ки муваффаќ нашуданд. Хатои онњо ин буд, ки љомиаи Тољикистон агарчи аз лињози миллї ташаккул наёфтааст (яъне ин љо њама тољиканд, на сунниву шиа), њанўз мазњабї њам нашудааст. Дар Бадахшон ин нукта рўшан шуд, ки бадахшонињо бар тољик будани худ бештар такя мекунанд. 2) Акнун, ки тарњи аввали Амрикову Бритониё муввафаќият пайдо накард (ин маънои онро надорад, ки онњо аз бањри ин тарњ гузаштаанд), пушти "доишсозї" - и Тољикистон њастанд. Мувофиќи ин тарњ дар саросари Тољикистон бояд ноамнї ба вуљуд ояд, "доишї" - њо ба тохтутоз ва сарбурии мардуми кишвар сар кунанд ва њукумати мутамарказ аз байн равад. Ин вазъ роњи онњоро ба сўи Ўзбакистону Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва дар дарозмуддат - Русия боз мекунад. Роњи дуввуми онњо ба Шинљону Уйѓур низ боз мешавад...

Нињоят... ... акои Ѓаффор посухро интизор нашуда, калиди мошинро аз киса баровард ва ба милиса дароз карда, гуфт: "Додар, ин аз ту, мошин њам аз ту, ман ин ришро 6 - 7 сол аст, ки дорам, намегирам..." Аммо милиса исрор кард: "Ако, вазъ хуб нест. Илтимос, гиред. Роњи дигар њам надоред. Ба хубї набошад, ба зўрї мегирем, зеро дар миён тинљиву амнияти Тољикистон аст". Акои Ѓаффор њам "агар тинљиву амнияти Тољикистон ба риши мани подабон вобаста бошад, гир!" ва ба сартарош хитоб кард: "Ќоќтарош кун!" Ў, њатто њамон милиса (сартарош он тараф истад, ки ришњоро бепул метарошид) аз куљо донанд, ки дар љањон чї мегузарад. Ва њамин риши акои Ѓаффор гўё њамаи масъалањоро њал мекунад! Далери ХАЙРУЛЛОЊ

НАЗАРПУРСЇ: БЕШ АЗ 60% БА МИТИНГИ МУХОЛИФИН БОВАР ДОРАНД Натиљаи як пурсиш маълум кард, ки беш аз 60%-и ширкаткунандагон ба баргузори митинги зиддињукуматї дар Тољикистон бовар доранд.

1%

Фикр накардаам

13%

Кунанд, кардан гиранд. Ба ман чї?

13%

На, зеро тарси љанги дохилї њанўз њаст

20%

Чаро набошад? Мардум њаќќи эътироз дорад

49%

Не, ин як тавтиа (провокатсия)-и кишварњои хориљї аст

Бале, зеро мардуми норозї зиёд аст

САДОИ МАРДУМ

3%

Ин назарпурсї, ки зери унвони "Ба баргузор шудани як њамоиши густардаи зиддињукуматї дар душанбе бовар доред?", гузаронида шуд, маълум кард, ки 49 фоизи респондентон ба варианти "Бале, зеро мардуми норозї зиёд аст", овоз додаанд. 20 дар сади дигари раъйдињангон њам дар ин бора гуфтаанд, ки "Не, ин як тавтиа (провокатсия)и кишварњои хориљї аст". Инчунин 13 дар сади дигар њам варианти "На, зеро тарси љанги дохилї њанўз њаст"-ро интихоб кардаанд. Аммо бар хилофи гуруњи зикршуда, 13 дар

сади дигари респондентон ба гузинаи "Чаро набошад? Мардум њаќќи эътироз дорад", раъй додаанд. 1 дар сади иштирокчиён њам гуфтааанд, ки "Кунанд, кардан гиранд. Ба ман чї?" ва њамагї 3%и охир дар ин бораи ин њамоиши эътирозї таъкид кардаанд, ки "Фикр накардаам". Ин назарпурсї аз 1-7-уми октябри соли 2014 бо супориши нашрияи "Нигоњ" дар сомонаи ОИ Тољнюс гузаронида шуда, дар 1 њазору 113 нафар ширкат кардааст. Мењрбону ОРИФЇ


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

СУЊБАТ

Њар дафъа баъди эълон шудани номи барандагони Љойизаи ба номи Абуабдулло Рўдакї, бањси ноадолатии њакамони Кумитаи ин љойиза расонаї мешавад. Номзадњое, ки комиссия асарњои пешнињодшудаи онњоро сазовори ин љойизаи давлатї нањисобид, аз шиносбозї, мањалбозї лаб во мекунанд, мегўянд, љойиза ба баъзе ашхос танњо ба хотири нишони садоќаташ ба њукумат дода шуд, на барои эљоди асаре сазовор. Яке аз барандагони љоизаи мазкур дар соли љорї Рустам Муќимов, професори Донишгоњи техникии Тољикистон, сарходими илмии Инситути таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши Академияи илмњои Тољикистон аст. Вай дар як суњбат бо "Нигоњ" аз таърихи 15-солаи довталаби љойизаи Рўдакї буданаш наќл кард. -Ин ба як анъана табдил шуда, ки њамеша баъди эълони љойизадорони Рўдакї, боиси норозигї ва бањсњо дар бораи ноадолатї мешавад. Мехостем назари Шуморо рољеъ ба ин масъала донем... - Ман чї назар дорам, илму бањс њамеша њаст. Ман 15 сол ќабл довталаби љоизаи Рўдакї шуда будам, аммо аз марњали аввала афтидам. Ман дар бораи ин бањсњо аслан чизе гуфтанї нестам. Асарњои пешнињодкар-

кистони имрўза ва "Љейпур" дар Тукманистон, ки туркманњо таърихи миллии худро аз њамон давра медонанд. Мо аз замони ќаблазислом дорои маданият будем ва маданияти хеле рушдкарда. Ин, ки мегўянд, ки Ислом ба мо заминаи рушд ва маданият овард, иштибоњ аст. Дар таърихи давлатдории тољикон, бахусус санъати меъморї бо омадани дини Ислом гунбаз, тоќу равоќ ва масљид тараќќї кард. Дар таърихи санъати меъморї ва ёдгорињо, Осиёи Марказї то омадани ара-

15 СОЛ ДАР ИНТИЗОРИ "РЎДАКЇ" даи маро сазовор надонистанд ва баргардониданд. Аммо як чизро бояд гуфт, ки аксаран шоирону нависандагон он љо њакамї мекунанд ва онњо мутахассиси соњаи меъморї нестанд. Таърихи меъмориро намедонанд. Ва аз ин нигоњ, баргардондани ин асарњо ноодилона буд. Ман баъди 15 сол асарњоро мукаммал карда пешнињод кардам, гузашт. Њамин ќадар медонам. Имсол асари дуљилдаи "Энсиклопедияи ёддошти фарњанги ориёињо дар Осиёи Марказї. Тољикистон" ("Энсиклопедия памятников арийской культуры Центральной Азии. Таджикистан" русї) дар бахши меъморї пешнињод кардам. Ин асар бо њаммуаллифон тањия шудааст. Асар таърихи меъморї, фарњанг ва маданияти кишварњои Осиёи Марказиро аз асрњои биринљї то асри миёна то асри бистро дар бар мегирад. Њамаи меъморї ва наќшу нигори ќарнњо дар он бо аксу далелњо нишон дода шудааст. - Чаро ба он имрўз бањо доданд? - Бо анљом додани тањќиќотњои бостоншиносї дар бахши меъморї на танњо, санъати миллии мо эњёи дубора гирифт, балки ба кадом асру сулола тааалуќ доштани меъморињо ва таърих мушахас шудааст. Мо кўшиш кардем, ки маданияти меъмории миллати худ ва миллатњои Осиёи Марказиро аз зери хок эњё кунем. Дар ин асар њар як санъати меъмории таърихи ќадима гирдоварї шудааст. Чанд сол ќабл ба озмуни Абўали ибни Сино њам довтлабї кардем, аммо он љо њам пирўз нашудем. Хидмати илмї ва тадќиќотие, ки ману шогирдон анљом додем, маданияти кишварњои Осиёи Марказиро дар гузашта дар бар мегирад. Дар кишварњои Осиёи Марказї то ба имрўз чунин тањќиќоти илмиву бостоншиносї анљом нашудааст. Ин аст моњият ва бартарии ин асар. -Ба маданияти мо Ислом таъсири зиёд доштааст. Ба санъати меъмории миллии мо дини Ислом чї таъсир дошт? -Мо ќабл аз ислом њам санъати миллї доштем. Аксу иншоот то њол мављуданд, њарчанд ки зери хоку борон газанд ёфта бошанд њам, онњо њастанд. Дар Осиёи Миёна чор маданият буд, маданияти Њисор дар ќисмати Хуросон, "Калташинор" дар минтаќаи Ўзбе-

бњо ин намуди меъморињо мављуд нестанд. Унсурњои исломї аз њамин аср бо таври фаврї тараќќї кардааст. Хушбахтона, то ин замон санъати миллии мо боќї монд. Наќшу нигори чакан, тоќии гулдўзї њеч рабте ба санъати ислом надоранд. Ё бигирем, сар либоси ќисмати Бадахшон ва Кўлоби тољикистонро, инњоро дар кадом таърихи миллатњои арабу Ислом ё минтаќа метавон ёфт, ё дид? Кишварњои исломї фарњанге бо чунин сару либос ва наќќошї надоранд, ин тамаддуни сирф миллии мо аст, ки умри њазорсола дорад. Гунбаз ва тоќу равоќ дар Эрону Арабистон њам дида мешавад. Њар љойе, ки мусалмонњо њастанд, унусурњои меъмории њаминњоянд. Тохтутозњои таърихї ва љангњои хонумонсўз маданияти миллати моро сўхт. Бинед њар куљое, ки санъат ва таърих мондагор аст, он миллатњо ба хотири оташ назадани таърихашон назди ѓосибон таслим шуданд. Аммо мардум њељ гоњ ба касе ба њамвори тан надодааст ва љангњои бардавом санъату меъмориро хароб кард. Њоло дањњо шањру ќалъањо зери теппањо нуњуфтаанд ва дар онњо таърихи миллат побарљост ва барои ин бояд бахши бостоншиносиро фаъол кард ва саромоягузориро таќвият дод. Дар китоби "История и теория таджикского зодчество", давра ба давра то имрўз таърихи меъморї оварда шудааст. Меъмори давраи Сомониён, Темуриён ва баъди он, марњалае, ки Ислом сабз шуд ва мардуми ин љо њамчун дин ќабул карданд, замони инкишофёбии меъмори тољикон аст. Омехта шудани санъати меъмории дини Ислом ва меъмории динњои пеш аз ислом дар Осиёи Марказї мењвари тараќиёти шањрсозї ва маданиятро ташкил дод. Ин њама боигарии санъати меъморї ва бунёди заминањои маданияти шањрсовиу меъморї дар гузаштањои дур аст. Ба наздиќз вањњої китоби нав, бењтараш асари калонњаљмаш бо номи "Истифодаи унсурњои миллии тољикон дар сохтмони муосир" дар њаљми 400 сањфа бо аксу тасвир аз чоп мебарояд. Дар он оид ба сохтмони биноњои замони муосир, ки аз меъмории миллї истифода шудаанд ва аз бозёфтњои меъмории миллии ў ва шогирдонаш нусхабардорї гардидаанд, маълумотњо дода шудаанд. Ин асар асосан ѓояи муарри-

фи меъмории миллї мо убда, натиљаи корњои илмї дар мавзўи масъалањои амалї ва таърихию назариявии меъмории Тољикистон, азнавсозї ва азнавбарќароркунии осори санъати меъмории ниёгон дарљ ёфтааст. Ягон далел бе санад, яъне нишондоди аср, шакл ва соли бозёфт тасдиќ намегардад. Мо ин њамаро ба талабот љавобгў кардем. Луѓати истилоњоти санъати меъмориро бо се забон тањия кардем, ки рўзњои наздик аз нашр мебарояд. - Оё имрўз дар тарњњои бузург кашфиёти Шумо, ё аз меъмории миллии ќадимї истифода мекунанд? - Албатта, мо давъо надорем, ки расоммон аз аксњои мо мегиранд ва манбаро ишора намекунанд. Вале њамаи ин навоварињое, ки дар санъати меъмории мо ворид шуда истодааст, ман ба шумо аснод пешнињод мекунам, ки аз њамон бозёфтњои меъмории мо ва шогирдон аст, ки давоми 30 сол љустуљў дорем. Яке аз шогирдони мо тарњи "Кохи Наврўз"-ро дар Душанбе пешнињод кард, бо он њама бузургии тарњу тасвир, ки ќаблан Чойхонаи бузургтарини миллї пешнињод шуда буд, њоло номаш иваз шуд ва шоњид будед, ки љаласаи СЊШ онљо доир шуд. Дар ин бино санъати меъмории миллї ва алабатта бо он гунбази меъмории исломї истифода шудааст. То Ислом расидан ба Хоразму Моваронањр тољикон дар меъмории худ утоќ ва гунбаз надоштанд. Давраи эњёи Ислом равоќу гунбазу намудњои дигари меъморї дар миллати мо ворид шуд. Дар мо равоќ ва сутун барои парастиши оташ ва об буд. Солњои охир хушбахтона ба санъати меъмории миллї авлавият медињанд, аммо кам. Рўзњои наздик чунин озмуне дар шањри Душанбе доир шуд, ки аксарияти лоињаи меъмории миллї буд ва мо њам аъзои њакамон њастем. Раиси шањри Душанбе иќдоми хубе гирифтаанд, ки бояд аз ин ба баъд лоињањои сохтмонї бо назардошти санъати меъмории миллї бошад. - Метавон аз ягон иншооти имрўз мисол овард, ки аз руйи санъати меъмории миллї бино ёфтааст? - Мустаќим дар тањияи иншоот ширкат накардаам, аммо донишљўёне, ки роњбари

кори дипломиашон будам, муаллифи чандин иншооте њастанд, ки бо дизайни миллї сохта шудаанд. Сомеъљон Азимов, расом ва меъмор муаллифи тарњи бинои "Кохи Наврўз" кори дипломии худро тањти роњбарии ман њимоя карда буд. Дар ин бино, ки нусхаи шањомати меъмории таърихист, дар он санъати аврупої ва исломї њам истифода шудааст. Њарчанд, ки њоло фарњанг ва санъати милли моро бидуни Ислом тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз њамон тасвирњои пешнињодкардаи мо ин љо исфтиода шудааст. Њар як бозёфти меъморї дар шакли пурра ва орфографика бо тасвир пешнињоди рассомон ва меъморон мегардонад. Тарњи Чойхонаи Вањдати ноњияи Њисор, бозори Султони Кабир њам мањсули эљоди шогирдони мо аст. Дар лоињаи "Ќасри Президент" њам аз меъморињои тадќиќотии мо истифода шудааст. Бори нахуст ваќте барои гирфитани Љоизаи мазкур аз дасти Сарвари давлат ба ин ќаср рафтем, бо дидани он сутунњову наќшу нигор ва меъморї, њамон бозёфтњо пеши назарам омад. Гуиё дар њамон асрњо ворид шудам. Унсурњои чўбкорї ё сутунњои он аз меъмориии миллист. - Шањрњо нишони маданияти миллатњо аст, то куљо Душанбе маданияти миллиро нигоњ доштааст. Биноњои замони шўравиро вайрон мекунанд, биноњои нав месозанд. Бисёрињо мегўянд, ки бењтар аст, ки таърихи пойтахт дар замони шўравї ёдгор нигоњ дошта шавад ва шањрњоро аз њисоби масоњат васеъ кунанд. Шумо чї назар доред? - Ман њам ба ин фикр розиям, ки биноњои шўрави камтар аз байн бурда шаванд. Бигузор барои таърих ва сайёњї боќї монанд. Пойтахтро аз њисоби заминњое, ки дар он љо хонањои заминї сохта шудаанд, калон карда шавад. Маданият шаклгирии онро мегўянд. Њар як давру замон таърихи худро дорад. Имрўз мо афсўс мехўрем, ки чаро Душанбеи Сталинободиро њифз накардем, њарчанд ки кўчак њам буд. Маданияти имрўз њамаро њифз мекунад. Ин њама шиносномаи миллатњо аст. Суњбати Мењрбону ОРИФЇ


ПОСУХ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

5

Эшони Мањмудљон Тўраљонзода ба Шодибой Атоев, корманди Маркази омўзиши равандњои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмњои Тољикистон, ки фатвои ўро "тањќири занони Тољикистон" номида буд, посух дод. Эшони Мањмудљон издивољ кардан бо духтароне, ки дар шабакањои иљтимоъї бо мардону писарони бегона алоќањои номашруъ доранд, то он ваќте, ки аз амалаш пушаймон нашаваду тавба накунад, љоиз нест гуфта буд. Шодибой Атоев дар шабакаи иљтимоии Фейсбук ин фатворо тањќиромез номида, шарњ дод: "Яъне занон ва љавондухтарони чатнишини Тољикистон њамаашон кофир њастанд ва њаќ надоранд бо арзишњои асри худ зиндагї намоянд? Ана ин аст исломи муътадил дар Тољикистон дар асри 21. Ана ин аст фатвои воизи тањаммулгарои Тољикистон ва даъво њам дорад, ки ислом зиндагиро дўст медорад, вале рўирост занони Тољикистонро тањќир менамояд. Ин њуљуми навбатии Ислом ба озодии занон дар Тољикистон аст. Ин фатвои асримиёнагии ин рўњонї бисёр нафратомез буда, тањќиркунанда ва зидду наќизест нисбат ба намояндагони љинси латиф дар Тољикистон. Албатта диндор Мањмудљон ин љо ишорааш ба њамаи чатнишинон аст новобаста аз он , ки аз Тољикистон истода мегўяд.

ИЗДИВОЉ БО ЗАНИ ЧАТНИШИН: ТЎРАЉОНЗОДА ЗИДДЇ АТОЕВ Ба њамагон маълум аст, ки аксарияти љавондухтарону занони тањсилдида чатнишинанд ва дар кори фаъолияти худ аз чат ба таври васеъ истифода мебаранд". Корманди Академияи илмњо суол гузошт, ки чаро рўзноманигорон ва масъулини Кумитаи кор бо занон ба ин фатво вокуниш нишон надодаанд? Чунки аксарашон "чатнишин" мебошанд. Барои зудуда шудани авомили бањс дар ин масъала, "Нигоњ" посухи руњонии шинохтаро ба Шодибой Атоев ба хонанда пешкаш мекунад:

КИБР ЗИШТ АСТ, АЗ ФАЌИРОН ЗИШТТАР… Каљсириштон њама бо наќши каљї хоњанд рафт, Ин каљи рост ба афсуни Масињо нашавад. (Љунунї) Ростї, аз туњмати бар сарам омада танњо пас аз гузаштани як њафта огањї ёфтам. Њангоме, ки посухи суоли бародари исломї - Имронро мегуфтам гумон надоштам, ки он љавоби кутоњ боиси ин ќадр иѓвогарї, шурангезї ва фитнаангезї алайњи банда мешавад. Дар њаќиќат, ќиёмат ва њангомае, ки Шодибой Атоев бо хашму ѓазабї наздик ба таркидан, аз ин ќазия барпо кардаанд ва ё мехоњанд барпо бикунанд, асоси воќеъї надорад. Шумо - бинандагон ва хонандагони бовиљдон, бори дигар ба суолу љавоби нашршуда мунсифона назар андозед ва бубинед, ки дар кадом љумла ва сатри он ибораи "њама духтарњои чатнишин" ва ё вожаи "кофир" зикр шудааст? Вале маал-асаф Шодибой бо айнаки сиёњ ва диди муѓризона ва бо фањми инњирофї ва каљи хеш аз чанд љумлаи мухтасар, ин њама туњмату буњтон ва њарзаву сафсатаро истинбот ва истихрољ кардаанд. Эшон бо "иљтињоди олимона" ва бо пайравї аз мазњаби такфирињо аз ибораи "љоиз нест..." маънои "занон ва духтарони чатнишини Тољикистон њамаашон кофир њастанд"-ро истинбот ва бардошт намудаанд. "Ањсан" ва "офарин" бар иљтињод ва истинботи такфирии эшон! Ин бардошти ѓалат далолат бар фарсахњо дур будани эшон аз маърифати истилоњоти шаръї мекунад. Барои исботи ѓалатфањмии эшон чанд мисоли соддаеро чун намуна аз китобњои фиќњї ва забони рўзмарраи мардуми тољик таќдими шумо, азизон менамоям: 1. Никоњи манкуњаи ѓайр - яъне: зане, ки дар никњои марди дигар аст,љоиз нест. 2. Никоњи зане, ки дар иддаи талоќ ва ё иддаи вафоти шавњар аст, љоиз нест. 3. Никоњи ду хоњари насабї ва ё разоъї дар як ваќт барои марди мусалмон љоиз нест. 4. Никоњи зани зинокор, ки њанўз аз зинокорї тавба накардааст, дар мазњаби Имом Ањмад љоиз нест.

Њамон гуна, ки мебинед дар њама мисолњои мазкура вожаи "љоиз нест" зикр шудааст. Њамон вожае, ки дар љавоби мухтасари мо омада ва боиси ин њама сару садо аз љониби Шодибой Атоев гаштааст. Агар дар мисолњои мазкур тибќи "иљтињод ва фатвои" Шодибой ќазоват ва њукм кунем, бояд ин њама занњои бечораи мусалмонро кофир бигуем. Зеро фуќањои Ислом никоњи онњоро "љоиз нест" гуфтаанд. Вале хушбахтона, касе ба љуз Шодибой чунин "фатвое" содир накардааст. Балки дар "Мавсуъаи фиќњї"-и Муњаммад Раввоси Ќалъаљї, ки он як энсиклопедияи фиќњї аст, вожаи "љоиз нест" ба маънои "њаром ва мамнуъ аст" шарњу тафсир шудааст. Пас, тањлил ва тафсири вожаи "љоиз нест" дар мисолњои чањоргона чунин аст: Никоњи зани аввал ва дуввум ба хотири он мамнуъ аст, ки эшон феълан ва ё њукман дар никоњи марди дигар аст. Ва никоњи зани саввум аз он љињат мамнуъ аст, ки љамъ кардани ду хоњар дар як никоњ бо насси Ќуръон мамнуъ аст. Ва никоњи зани зония (фоњиша) ба сабаби зинокорї ва фисќу фоњишагиаш мамнуъ аст. Љаноби Шодибой, ин аст мафњуми "љоиз нест" дар фиќњи исломї, ки боиси нафрат ва ранљиши хотири нозуки шумо гаштааст. Дигар ин, ки аз муњтавои суоли матрањшуда дар сайт ба хубї фањмида мешавад, ки манзури суолкунанда ва љавобдињанда њамаи занон ва духтарони чатнишин набуда, балки танњо занон ва духтароне њастанд, ки бо сўистифода аз шабакањои интернетї ба рухбозї, њарзагуї, ишќварзї ва дўстписар (любовник)ёбї машѓуланд. Ва аз ин тариќ хиёнат ба номуси оила - падар, шавњар ва фарзандони худ мекунанд. Албатта, духтаре, ки њануз дар айёми номзадї ќарор дорад, вале бо рафтори зишти худ хиёнат ба номуси номзади хеш мекунад, кадом љавони баномус мехоњад ўро рафиќи њаётї ва модари фарзандони ояндаи худ интихоб намояд? Хусусан, дар ин рўзгори мо, ки аксари љавонмардњо ба хотири таъмини нафаќаи ањли оила, аз њамсарони худ моњњо ва њатто гоње солњо дур ва људо њастанд. Љаноби Шодибой! Агар интихоби чунин духтари хиёнатпешае барои шумо иттифоќ уфтад, аз худ чї вокунише нишон медињед? Оё розї њастед бо духтаре, ки аз ноњияи ў эњсоси амният надоред, оила барпо кунед? Дар њоле, ки барои марди боѓайрати мусалмон ва баору нангу номуси шарќї - на ѓарбзадањои дунявї - модар, њамсар, духтар ѓунчањои номусу шараф ва обурўйи ў ва хонадони ў њастанд. Саъдии Шерозї дар масъалаи мавриди бањси мо мазмунан фатвои сомонаи моро зикр кардаанд: Чу бинї, ки зан пойбарљой нест, Субот аз хирадмандию рой нест.

Гурез аз кафаш дар дањони нањанг, Ки мурдан бењ аз зиндагонї ба нанг. (Бўстон, боб 7, сањ,363) Мутмаинам, ки шумо љаноби Шодибой, фатвои Саъдии Шерозиро низ чун фатвои мо анекдот, гиряовар, огандаву гандида, нафратангез, тањќиркунанда ва даќёнусї хонда ва худи ўро зиндагибезор, сафсатапардоз, занбадбин ва мубаллиѓи "фарњанги биёбонї" њукм мекунед. Шодибой Атоев! Шумо маро ба тањќир кардани хоњарон ва духтарони чатнишин муттањам кардед, аммо бехабар аз ин, ки худи шумо бо дини Исломро "фарњанги биёбонї" гуфтан, 1,5 млрд мусулмони дунёро ва минљумла 99% мардуми шарифи Тољикистонро тавњин ва тањќир кардаед. Оре, шумо бо ѓурури шовинистии худ на танњо насли имрўзи мусалмонро, балки њама ниёгони худро - аз падарону модарон, бузургону шоирону олимон, ки дар тўли таърихи зиёда аз 1300 сол бо дини Ислом аз гањвора то гур зиндагї кардаанду рафтаанд, тањќир ва тамасхур кардаед. Магар шумо намедонед? Њамин "фарњанги биёбонї" буд, ки бар гунбази таърихи миллати мо ситорањои дурахшон ва љовидоне бахшид, ки имрўз мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тољиканд. Магар имоми Аъзаму Бухорї, Синову Берунї, Фирдавсию Саъдї, Њофизу Мавлавї, Бедилу Љомї, ки њар сол љашни бузургдошти як-яки эшонро таљлил мекунем, шогирдон ва пайравони њамин "фарњанги биёбонї" нестанд? Бузургон гуфтаанд: се чиз монанди офтоб миллат, ватан ва марзу бум намешиносад. Яке - дин, дуввум илм, саввум фалсафа. Он чуноне, ки хуршед аврупоию амрикої намешавад дин низ арабию форсї намешавад. Агар тибќи назари шумо динњо моли миллатњо мебуд, њаргиз аврупоињо ва амрикоињо ва русњо дини Исои Масињро, ки аз нажоди Яњуд ва сарзамини Фаластин аст, намепазируфтанд. Инчунин шумо, Шодибой, бо "фарњанги биёбонї" гуфтанатон ба кулли мардуми араб, ба вижа ба мардуми Арабистони Саудї, ки ворисони сарзамини"фарњанги биёбонї" њастанд ва бо Тољикистони мо равобити њасана доранд, тавњину тањќир кардаед. Имрўз як бор аз рўи инсоф ва виљдон ба сарвату сармоя, тараќќиёту пешрафт ва сатњи зиндагии ин биёбоннишинњои шири шутурхўру сусморхўр назар биандозед ва баъд аз муќоиса бубинед тафовути роњ аз куљост то ба куљо? Кибр зишт аст аз фаќирон зишттар, Рўзї сарду, хона сарду љома тар. (Мавлоно) Оре, ватандустї ва миллатпарастї аз љумла хислатњои хуби инсонї аст, вале он набояд аз њисоби тавњину тањќир ба милла-

тњои дигар бошад. Шумо навиштаед: "Дар фарњанги биёбоние, ки Эшони Мањмудљон таблиѓаш мекунад, мубориза асосан ба зани тањсилдида аст". Субњоналлоњ! Ин њарфи шумо хабар аз ѓафлат ва ё таѓофули шумо аз "фарњанги биёбонї" медињад. Яъне, шумо аз таърих ва маорифи Ислом ё бехабаред, ва ё худро ба бехабарї меандозед. Ба њар њол, банда ин таъни шуморо ба хотири кутоњ кардани риштаи сухан, танњо бо як њадиси сањињ ва кутоњ посух медињам: Паёмбари мањбуби Ислом, дуруду рањмати Худо бар ў, ки шумо исми муборакашро бидуни њељ ишорае аз эњтиром Муњаммад ибни Абдуллоњи Ќурайши ќайд кардаед, мефармояд: "Талабул-илми фаризатун ало кулли муслимин ва муслиматин" (Ибни Моља, Байњаќї, Табаронї ва ѓайра). "Донишљўї бар њар мард ва зани мусалмон фариза аст". Яъне, Расули Акрам (с), ки бо таъбири тавњиномези шумо поягузори фарњанги биёбонист, на танњо алайњи тањсил кардани занњо мубориза набурдаанд, балки онро барои духтарон ва занони мусалмон мисли намозу рўза як фаризаи динї ва ибодати вољиба њукм кардаанд. Фаќињ ва донишманди муътабари љањони ислом Юсуф Ќарзовї дар китоби "Ал-илму вар-Расул" њадиси ќарибуз-зикрро шарњу тафсир намуда менависад: "Мурод аз илме, ки Паёмбари Худо (с) тањсил ва омўзиши онро бар зану марди мусулмон фарз гуфтаанд, њам илми заруриёти дин ва њам илми заруриёти дунё аст. Ва дар илми заруриёти дунё њама барномањои дарсие, ки дар мактабњои ибтидої таълим ва тадрис мешавад, дохил аст. Омўзиши дарсњои ибтидої барои њар писар ва духтари мусалмон фарзи айн буда ва омўзиши зиёда аз он фарзи кифоя аст" (поёни иќтибос). Ногуфта намонад, ин шиорњои зебои зайл, ки дар ташвиќи донишљўї хонда ва навишта мешавад, њама аз ганљинаи фарњанги биёбонист: "Аз гањвора то гур дониш биомўз"! "Дунболи дониш равед! Агарчи дар Чин аст". "Дониш моли гумшудаи мусулмон аст. Њар љо, ки ёбад сазовор аст, ки онро ба даст орад". Дар охир иди саъиди Ќурбонро ба њама мусулмонони љањон ба вижа ба мардуми азизи Тољикистон табрик ва тањният арз мекунам. Душман ба ќасди Њофиз агар дам занад чї бок? Миннат Худойро, ки наям шармсори дўст. (Њофиз) Чу розї шуд аз банда Яздони пок, Гар инњо нагарданд розї, чї бок? (Саъдї)


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

Дар ќазияи Бозори љањонии Тољикистону Хитой "Сомон"-и Чкалови вилояти Суѓд таќаллубкории навбатї фош гардид. Ин дафъа, сухан аз фиреби милисањо меравад. Ба иттилои хабарнигори Тољнюс, ки ин ќазияро дар Суѓд пайгирї дорад, асноди навбатї ба даст омадаанд, ки тибќи онњо Ута Даминов намояндаи ЉДММ "Парвизи Некрўз" аз номи шањрванди Љумњурии мардумии Чин Абудукелиму Шадике ба Шуъбаи Хадамоти давлатии "Муњофиза"-и ШВКД дар шањри Чкалов мактуб карда, хостори ќатъ кардани шартномаи њамкорї бо нињод гардидааст ва дар зери мактуб имзои шањрванди Чинро гузоштааст. Абудукелиму Шадике, ки алњол макони будубошаш маълум нест, дар як суњбати телефонї ба Тољнюс гуфт, ки ин мактуб сохта буда, милисањо инро медонанд. Рўзи 27-уми июни соли љорї мањз милисањо ба ман имкон надоданд, ки ба дафтари кориям дар Бозори "Сомонї" дароям. Тавре аз ин аснод бармеояд, Ута Даминов ин номаро њанўз 1-уми июли соли 2014 унвонии Сардори ШХДМ ШВКД ЉТ дар шањри Чкалов майори милиса Мирзоев С. равон карда, дар он нигоштааст, ки гўё вазъи молиявии ЉДММ "Кучлан" (мутталиќ ба шањрванди Чин Абудукелиму Шадике) ташвишовар аст ва ба ин хотир маљбур аст њамкорї бо ин нињодро ќатъ созад. Дар ин нома аз муњри № 2 и ЉДММ "Кучлан" ва исми роњбари аслии бозор С. Абдукарим истифода шудааст. Ба гуфтаи Шадике "муњри № 2-и ширкат, ки барои амалиёти гайримуњосиботї ва маъмурї пешбинї шудааст ва он охири моњи июн зимни ѓасби дафтари корї ва шикастани сейф ба дасти ѓосибони бозор ё рейдерњо гузаштаааст". Дар њамин њол, Ута Даминов дар њуљљати дигаре худро намояндаи ЉДММ "Парвизи Некрўз" номида, барои њифозати њудуди бозор бо масъули ШХД "Муњофиза" -и ШВКД дар шањри Чкалов шартнома бастааст. -Њарду амали Даминов Ута: сохтакории мактуб унвонии маќомоти муњофизаи Чкалов ва худро намояндаи ЉДММ "Кучлан" номидану шартномаи њамкориро бекор кардан ва њам намояндагї аз ширкати гўё нав-ЉДММ "Парвизи Некруз" шартнома бастан кирдори љиноятї буда, далели ѓасби бозори муштараки Тољикистону Хитой "Сомонї" аз сўи ў ва

«

РАНДА

ЃАСБИ БОЗОРИ "СОМОН" СЕРИЯИ 2. ФИРЕБИ МИЛИСА њаммаслаконаш мебошад,-мегўяд Бузургмењр Ёров, вакили мудофеъи ЉДММ "Кучлан"-маъмури идораи бозори муштараки Тољикистону Хитой "Сомонї". Бинобар гуфтаи Ёров, "гурўње, ки бозорро ѓасб намудаанд, кўшиш доранд, шартномањои ќаблан басташудаи ЉДММ "Кучлан"-ро бо маќомот худсарона бекор намуда, шартномањои навро аз номи ширкати ќалбакии худ дуруст намоянд. Мутаасифона, баъзе маќомот аз камсаводї ё ба хотири чизи дигаре ба ин љиноят шарик мешаванд". Ба гуфтаи соњибмулки бозор Шадике, "шеваи баќайдгирии ЉДММ "Парвизи Некрўз" низ шубњаомез менамоянд, зеро тавре аз њуљљатњои дастрасшуда

Абудукелиму Шадике, ки алњол макони будубошаш маълум нест, дар як суњбати телефонї ба Тољнюс гуфт, ки ин мактуб сохта буда, милисањо инро медонанд. Рўзи 27-уми июни соли љорї мањз милисањо ба ман имкон надоданд, ки ба дафтари кориям дар Бозори "Сомонї" дароям.

бармеояд, ЉДММ "Парвизи Некрўз" тибќи Оинномаи љамъият њуќуќи ташкили бозорро надорад, иљозаи ташкили бозорро аз њукумати шањри Чкалов нагирифтааст, рањбарияти ЉДММ "Парвизи Некрўз" аз таќрибан 900 соњибкори бозор барои моњи август маблаѓи иљораи баробар ба 70-80 њазор доллари ИМАро гирифта, дар ин бора ба маќомоти андоз њисоботи зарурї пешнињод накардааст. Мо дар ин бора ба Кумитаи андози Тољикистон нома навишта, хостори ќатъ кардани фаъолияти ѓайриќонунии ЉДММ «Парвизи Некрўз» шудему њоло интизори љавоби онњо мебошем. Агар маќомоти Тољикистон ин ќазияро ќонунї њал накунанд, ман њамчун сармоягузор ба судњои Хитой мурољиат карда,хостори њабси Эргаш Даминов ва писараш Даминов Далержан мешавем, зеро сад

дар сад медонем, ки пушти ин љиноёт онњо меистанд". Зимнан муассиси ЉДММ "Кучлан" ва Бозори љањонии Тољикистону Хитой" Сомон"Абудукелиму Шадике ва директори ширкат Абдуљамол Тољибоев аз ин амалкарди Ута Даминов ва ЉДММ "Парвизи Некрўз" ба Прокуратураи вилояти Суѓд низ шикоят бурдаанд. Ёдовар мешавем, ки бинобар мурољиати соњибкорї чинї ба Президенти Тољикистон, ки дар нашрияи "Нигоњ" рўи чоп омада буд, ширкат ва бизнеси ў дар вилояти Сугд аз сўи коршарики собиќаш Эргаш Даминов (бародари Ута Даминов), ки 40 %-и њиссаашро дар Бозори "Сомонї" соли 2013 бар ивази 1 млн. 200 њазор доллари ИМА фурўхта буд, ѓасб шуда, худи ўро ѓайриќонунї аз кишвар берун сохтаанд.

"НИГОЊ":

«

Њайати эљодии нашрия ин ќазияро пайваста пайгирї карда, дар шуморањои баъдї наќш ва мавзеъгирињои нињодњои асосиии вилояти Суѓд ва маќомоти марказиро дар ин ѓасби рейдерї рўи чоп хоњад овард. Дар шумораи оянда мутолиа кунед: Ѓасби рейдерии бозори "Сомон". Серия 3.Наќши прокурори Суѓд.


ЗАХМ

Сомонаи Муассисаи мутолиоти Эрону АвроОсиё - iras.ir посухи доктор Бањром Амирањмадиён, донишманди улуми љуѓрофиёи сиёсї, ба суоли "чаро Самарќанду Бухоро аз дасти тољикњо рафт?" - ро нашр кардааст, ки бањсангез аст. Доктор Бањром Амирањмадиён гуфтааст: "Дар замони ташкили Иттињоди љамоњири Шўравї, болшевикњо ба талофии пайвастани тољикњо ба ќиёми босмачињо, шањрњои муњиме, чун Самарќанду Бухороро ба Ўзбакистон илњоќ доданд ва Тољикистон ба кишваре кўњистонї ва мањдуд табдил шуд. Баъдњо Абулќосим Лоњутї, шоиири эронии сокини Тољикистон талоши бисёриеро дар њизби коммунист ба кор баст кард, то назари Сталин (рањбари ваќти СССР Иосиф Сталин)-ро барои бозгардондани шањрњои ёдшуда ба Тољикистон ба даст оварад, аммо бахт бо тољикњо ёр набуд ва пазириши ин лоиња бо шурўи љанги љањонии дувум боис мешавад, ки ба фаромўшї супурда шавад". Доктор Амирањмадиён сабаби аз дасти тољикон рафтани Самарќанду Бухороро пайвастани тољикон ба њаракати босмачигарї номидааст, ки сињат надорад. Чаро? Дар харитаи болшевикии Иттињоди Шўравї барои кишвари мустаќиле ба номи Тољикистон умуман љой набуд. То ба њол сабабњои аз Самарќанду Бухоро мањрум кардани тољиконро касе расман шарњ надодааст ва санадњоеро њам дар ин бора нашр накардааст. На фаќат Устод Лоњутї, балки устодон Айнї ва пасон Бобољон Ѓафуров низ ин масъаларо бо Иосиф Сталин матрањ карда, гўё ризоияти ўро ба даст оварда буданд. Аммо дар асл мавзуъ муњимтар ва мураккабтар аз он аст, ки ба назар менамояд. Ин љо назари сирф шахсии банда баён мешавад, ки чаро Самарќанду Бухороро ба тољикон надоданд. Аввал, ин ду шањр на фаќат шањри тољикї, балки маркази тамаддуни исломї ба њисоб мерафтанд ва дар њоли дар ихтиёри тољикон мондан ба маркази ќавии муќовимат бо идеологияи коммунистии болшевикњо табдил меёфт. Танњо равияи наќшбандия, ки дар Бухоро аз сўи Хоља Бањоуддини Наќшбанд (дар миёни мардум маъруф ба Бањоуддини Балогардон) бунёд гузошта шудааст, то ба имрўз дар миёни мардуми Ўзбакистон, Тољикистон, Афѓонистон, Покистон ва Њиндустон решаи ќавї дорад. Коммунистњо тайи 70 соли њукумат як барномаи вижае доштанд, ки бино ба он,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

7

ДАВЛАТИ РУСБУНЁД Чаро Самарќанду Бухоро аз дасти мо рафтанд? ањамияти исломии Бухоро бояд ба њадди сифр поён бурда мешуд. Мадрасањои Бухоро пурра тањти назорати Кумитаи амнияти давлатии Иттињоди Шўравї (КГБ) ќарор доштанд. Барои бедин кардани мардуми Бухоро, ки 90 дарсад тољик буданд, тадбирњои вижа андешида мешуд. Масалан, муаллифи ин сатрњо шоњид аст, ки дар њамсоягии мазори Хоља Бањоуддин зану шавњари майзада ба сар мебурданд, њол он, ки миллионњо мусалмони љањон орзуи зиёрати ин оромгоњро доштанду доранд. Агар "водка" и русї дар дигар кунљу канори Шўравї 1 рубли Шўравї буд, дар Бухоро ними нарх ба савдо мерафт. Фарњангеро, ки њазорњо сол ба ин сў поягузорї шуда буд, тайи 70 сол заиф карданд, Бухоро ањамияти худро гум кард, шикаст, аммо нарехт. Њоло сиёсатњои КГБ - ро Хадамоти амнияти Ўзбакистон идома медињад. На фаќат дар Бухоро, балки дар Самарќанд низ КГБ сиёсатњои вижаи худро дошт. Аммо самарќандињо ба ин далел, ки њамеша сари ќудрат буданд, то андозае тољикияти худро нигоњ доштанд. Саркўб кардани Самарќанд асосан пас аз истиќлол ёфтани Ўзбакистон ва ба дасти худи тољики самарќандї - Ислом Каримов идома дорад. Ин кас дањњо мактаби тољикиро аз байн бурд. Дуввум, замоне, ки Иттињоди Шўравї барномаи ташкили кишварњои Осиёи Миёнаро рўи даст гирифт, њамаи соњибони гап, афроди муњимтарини минтаќа, аз љумла Файзулло Хољаев ва Абдуќодир Муњиддинов, ду миллионери Бухоро, тољик буданд. Ягон санад вуљуд надорад (ин санадро русњо њанўз махфї медоранд), аммо тахмин меравад, ки дар муомилаи ташкил кардани Тољикистон бо Самарќанду Бухоро гап ин буд: Ўзбакистон кишвари асосї мешавад ва Тољикистон - тобеъ, аммо рањбарї ба дасти тољикон хоњад буд. Воќеан, то ба имрўз тољикон Ўзбакистонро роњбарї мекунанд, бахусус клани Самарќанду Бухо-

ро. Рўи кор омадани Тољикистон ба нафъи русњо набуду нест, зеро ин як кишвари форсие мешуд, ки њамеша чашм ба сўи ду бародари дигараш - Афѓонистон ва Эрон медошт. Аз ин хотир, онро як њамчун давлати русбунёд то ба њол тањти султааш нигоњ медорад. Имрўз таърих собит мекунад, бахусус љанги дохилии Тољикистон, ки русњо ин минтаќаро ба табъ ва манофеъи худ таќсим карда буданд. Аз њодисањои Украина Ќазоќистон хавф дорад, ки аз сўи Русия пора пора мешавад, аз ин хотир, маљбур аст, думрави он бошад. Ўзбакистон њам хавфи аз даст рафтани Самарќанду Бухоро ба Тољикистонро эњсос мекунад. Дар Тољикистон њам Бадахшону "шимолу љануб" - ро русњо ќарта кардаанд, ки њар ваќт хоњанд ба бозї медароранд. Њама кишварњои Осиёи Марказиро Русия бе банд бастааст. Ин як воќеияти талхест, ки бояд дарк кард. Дар миёни зиёиёни тољик ин андеша њам вуљуд дорад, ки аз даст рафтани Бухорову Самарќанд хизмати тољикони пантуркист аст. Ин як андешаи ботил аст. Бухорову Самарќандро русњо аз мо гирифтанд, на пантуркистон. Ахирињо ба гапи болшевикњо кор мекарданд ва аз хати кашидаи онњо берун намеомаданд. Андешаи дигари ботил ва то љое аблањонаи бархе донишмандони мо ин аст, ки гўё русњо пас аз 1000 сол - соли 1929 ба тољикон давлатдории миллиро туњфа карданд. Сабаби соњибдавлат шудани тољикон Амир Њабибуллоњи Калаконї (Бачаи Саќќо) аст, ки соли 1929 дар Афѓонистон ба ќудрат расид. Кремл ба ин натиља расид, ки тољикон дар Афѓонистон худро матрањ карданд, њукумати ќариб 200 - солаи паштунњоро тањти суол ќарор доданд, аз ин хотир, Афѓонистон дар оянда метавонад идомаи Иттињоди Шўравї шавад, чун он љо тољикон сокинони билќувваи як давлати Шўравї ба номи Тољикистон ба сар мебаранд. Иттињо-

ди Шўравї њам аз пайи барномаи Петри Як - "баромадан ба обњои гарм" - и Уќёнуси Њинд мерафт. Таърих соли 1979 собит кард, ки наќшаи 50 соли пеш - соли 1929 кашидаашон дуруст буд. Шўравї ба хоки Афѓонистон таљовуз кард. Сеюм, тољикон дар босмачигарї наќши умда надоштанд. Китоби "Босмачество" (тањияи Сергей Шумов, Александр Андреев, нашриёти "Эксмо", 2005), ки дар Маскав нашр шудааст, њуљљатњои расмии НКВД дар бораи њаракати босмачигариро гирд овардааст. Дар ин китоб ягон тољик сарвари матрањи босмачигарї нест. Танњо аз нафаре ба номи Рањмонќул дар Ашт зикр рафтаву халос, ки њамон њам як фармондењи хурд буд. Кўри Шермат, Мадаминбек, Эргаш, Иброњимбек ва дањњои дигар њамагї ўзбаку лаќай, дар њуљљатњои НКВД зикр мешаванд, аммо ягон тољик на. Ба њамин сабаб, ин далел, ки тољикон бо босмачигарї пайвастанд ва ба ин хотир, аз Бухорову Самарќанд мањрум шуданд, сињат надорад. Русњо Самарќанду Бухороро њамчун марокизи тамаддуни исломї аз байн бурданд, на шањрњои тољикї. Аммо азбаски офарандаи ин тамаддун тољикон буданд, шањрњо њам аз дасти онњо рафтанд. Ба њамин васила, њам Самарќанду Бухороро њамчун маркази тамаддуни 1000 - солаи исломї аз байн бурданд ва њам тољиконро аз олами ислом ва олами форсї људо карданд. Њамин тавр, тасаввур кунед, ки агар ин ду шањрро аз тољикон намегирифтанд, таърих чї гуна мебуд. Пои русњо бармањал аз Осиёи Миёна кашида мешуд ва Худо медонад, ки њоло мо бо кї мебудем: Амрико, Чин ё дар њайати як кишвари ќудратманди форсњо. Аммо љањон он замон њамин тавр таќсим шуд. Њоло њамон тавре, ки њаст, њаст. Магар ин, ки дар таќсимоти нави љањон боз иттифоќи дигар пеш ояд.

Фаромарзи ФОЗИЛ

ТАЛОШИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУЃД БАРОИ БУНЁДИ РОЊИ ВОРУХ-ИСФАРА То якуми ноябри соли равон бояд бунёди роњи мошингарди Ворух-Исфара ба итмом расонда шавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти њукумати вилояти Суѓд, Абдурањмон Ќодирї, раиси вилоят њангоми боздид аз шањри Исфара аз раванди бунёди роњ низ дидан карда, њамин гуна супориш додааст. Ин роњ дар асоси протоколи байнидавлатии љумњурињои Тољикистон ва Ќирѓизистон барои сокинони Ворухи шањри Исфара сохта мешавад. Ин имкон медињад, то соконинони Ворух ба таври доимї

ба маркази Исфара бе ягон мушкилї рафту омад намоянд. Раиси вилоят аз њисоби маблаѓњои буљавии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят беш аз 2 миллион сомонї барои бунёди ин роњ људо кардааст. Дарозии роњи бунёдшаванда 1500 метр ва бараш 8 метрро ташкил дода, он тавассути дењаи Тољикони Љамоати дењоти Ворух мегузарад. Абдурањмон Ќодирї инчунин, њангоми боздид аз шањри Исфара аз раванди сусти бунёди корњои обтаъминкунии мавзеи Моњпарї изњори нигаронї кардааст.

Ў таъкид кардааст, ки масъулин ба анљоми босифати корњо ва мувофиќи наќша ба анљом расонидани он ањмияти аввалиндараља дињанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти њукумат вилоят, дар назар аст хатти оби нушокии Навобод Сомониён - Моњпарї дар арафаи таљлили 20-солагии Сарќонун мавриди бањрабардорї ќарор гирад. Масофаи ин хатти оби нушокї 12 км-ро ташкил медињад, аз буљаи вилоят 3 миллион сомонї људо шудааст ва то кунун беш аз 7 километри он ќубурњои баландфишор хобонида шудааст. Дар сурати

анљом додани ин тарњ зиёда аз 20 њазор нафар ањолї дар ин минтаќаи навбунёд ба оби н?шокии хушсифат таъмин карда мешаванд. Мувофиќи лоиња ба масофаи умумии 12 км аз шањраки Навобод

тавассути мањаллаи Сомониён ба мавзеи Моњпарї бо ќубурњои баландфишори 225 ва 315 мм об бароварда мешавад. Умари ТОЊИР


8

РАНДА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

Љаласаи махфї? Нимаи дуюми рўзи 2-юми октябр дар бинои Судии Олии Тољикистон љаласаи Раёсати Суди Олии Тољикистон тањти раёсати Нусратулло Абдуллозода баргузор шуд. Хабарнигорон ба он роњ наёфтанд. Љаласаи Раёсати Суди Олї пешакї эълон шуда буд ва мебоист дар он 10 парвандаи судї, аз љумла даъвои ЉСК "Тољиксодиротбонк" аз болои оилаи маъруфи овозхонон - Азизовњо (гуруњи "Анис") баррасї мешуд. Тазаккур бояд дод, ки соли 2013 Суди марњилаи аввали ноњияи Исмоили Сомонї ин ќазияро ба манфиати Азизовњо њал карда буд. Њалномаи судии мазкур дар чањор марњилаи кассатсионї ва назоратї аз љониби судњои болої бетаѓйир гузошта шудааст. Замони бургузории љаласаи кушоди судї соати 15.00 ва маконаш бинои Суди олї, воќеъ дар кўчаи Неъмат Ќарабоев, бинои 1 таъйин шуда буд. Ду узви гуруњи тадќиќотии "Нигоњ", ки аз бањори соли љорї дар бораи як силсила ќонунвайронкунї бо ширкати кормандони масъули ЉСК "Тољиксодиротбонк" тадќиќоти журналистї мебурданд, бояд дар љаласа ширкат мекарданд, то ба як тадќиќоти панљмоњаашон нуќтаи таммат гузоранд. Аммо намояндагони Суди Олии Тољикистон ба њар бањона монеъ шуданд, ки хабарнигорон ба бино ворид нагарданд. Ваќте онњо бо исрор ба бино ворид шуданд, аз онњо талаб намуданд, ки дархости хаттї пешнињод кунанд. Дархости хаттї њамон лањза пешнињод гашту масъулин даступохўрда шуданд. Баъди пешнињоди дархост ба унвонии Раиси Суди Олї, бонуи судя, ки ба њич ваљњ намехост худро ба журналистон муаррифї кунад, гуфтааст, ки бояд аз Раис барои ворид шудани хабарнигор ба толори судї иљозат биёрад. Судя бо ин бањона ба назди Раиси Суди Олї рафту барнагашт. Баъди ним соат, ба воситаи телефони посбон ба хабарнигорон расонда шуд, ки барои ширкаташон дар мурофиа иљоза нест, зеро љаласа махфї аст. Ин њам дар њоле, ки сухан аз љаласаи кушоди судї мерафт!

Чаро чунин шуд? Ростї, мо даќиќан намедонем, ки чаро чунин шуд. Њарчанд фарзияи корї дорем. Дар Суди Олии ЉТ њам омода нашуданд, ки ин ќазияро шарњ дињанд. Вале бояд гуфт, ки Раиси Суди Олии Љумњурии Тољикистон Нусратулло Абдуллозода шахсан аз ин ќазияи судї ва тадќиќоти журналистї бохабар буд, зеро 27-уми июли соли љорї идораи нашрияи "Нигоњ" бо пешнињоди дархо-

сти журналистї аз ў хоњони омўзиши њамин парвандаи судї дар бинои суд шуда буд. Аммо чаро нахост парвандае, ки дар чор марњилаи судї аллакай баррасї шудааст, аз назари журналистон нињон монад, суол аст. Шояд љаноби Нусратулло Абдуллозода барои ин сабабе дошта бошад, ки дер ё зуд маълум хоњад шуд, зеро "њич сирре пинњон нахоњад монд". Мо боз њам дар ин хусус ба Суди Олии ЉТ нома навишта, интизори посухи расмї њастем, зеро барои мо муњим аст, ки ин тадќиќоти журналистиро (такрор њам шавад, боз мегўем, панљ моњ (!) боз идома дорад), бо азми ќавї ба сомон расонем.

Аз А то Я Моро чанд сабабу омил тањрик медињад, ки баёни онњоро шарт медонем. Мо ин тадќиќоти журналистиямонро рўшан, аз А то Я, "тадќиќоти пушти шиша" номидаем, яъне тањќиќоти моро хонанда бидуни мушкил ба осонї ва шаффоф дида тавонад:

талаботи Сарќонун аз љониби љомеаи журналистї аст; 3) Маќомот, соњибмансабон, сохторњои тиљоративу соњибкорон тибќи ќонун вазифадароранд, ки ба дархостњои журналистї посух гўянд. Замони онњое, ки ба институтњои љомеаи шањрвандї, хоса расонањо ва љомеаи журналистї беэњтиромї зоњир мекарданд, гузашт; 4) Бизнеси бузурги Тољикистон ба волоияти ќонун ва принсипњои идораи корпоративї, минљумла шаффофияти пешбурди кор бояд эњтиром ќоил бошад; 5) Кўшиши манипулятсияи журналистон ва идорањои расонањои алоњида, минљумла тариќи пешнињоди иттилоъи пўшида, мухолифи меъёрњои ахлоќи журналистї мебошанд. Аз ин хотир, мо тадќиќоти мазкурро ќадам ба ќадам тасвир мекунем, то хонандаи њушманд донад, ки се њам-

љомеаи журналистї дар муњити соњибкорї ва иќтисодии кишвар таѓйир хўрад ва сињату комилтар шавад. Ин ќисса аз хоњиши тањќиќи бозори ќандина - шоколад оѓоз шуд.

Шоколади туркї Моњи апрели соли љорї ба идораи нашрияи "Нигоњ" аз Коллегияи адвокатњои "Сипар" мактуб ворид шуд. Дар мактуб дар асоси Ќонуни ЉТ "Дар бораи мурољиати шањрвандон" ва Ќонуни ЉТ "Дар бораи матбуоти даврї ва ВАО-и дигар" хоњиш карда мешуд, ки "Нигоњ" тадќиќоти журналистї баргузор карда, чанд њолатро муайян кунад. Мурољиати адвокатњо барои баргузории тадќиќоти журналистї ба манфиати мизо-

Ќурбон Рањматов таѓо ва "таѓа"-и Саидбурњон Самадов буда, аз тамоми ин ќазия бохабар аст

Љамшед Холови гумрукчї рафиќ ва коршарики Рустам Ќаюмов буда, ахириро бо Саидбурњон Самадов ба њам меорад

Рустам Ќаюмов ба Туркия фирор кардааст, аммо "Тољиксодиротбонк" ўро њатто намекобад...

1) Тими "Нигоњ" ба он аст, ки ќонун барои њама як аст ва њич касе ё сохторе набояд имтиёз дошта бошад; 2) Дастрасї ба иттилоот талаби Сарќонуни кишвар буда, дархости журналистї василаи асосии амалї кардани

Саидбурњон Самадов ѓайриќонунї котељи $ 600 - њазораи Ќаюмовро аз гарав озод мекунад, то тобеаш Эраљ Холов онро ба нархи $ 200 њазор харад

кори мо чї корњоеро анљом доданд, то њаќиќати як ќазияи пурпечутоб маълум гашта, љомеаи Тољикистон аз мављудияти як мошини азими ќонуншикан - "Тољиксодиротбонк" воќиф гардад. Мо њамчунин умедворем, ки хониши ин силсиламатлаб садњо ва шояд њазорон соњибкору сармоягузори ватаниро зирактар мекунаду боис мешавад, ки ќоидаву формати муносибат бо

љонашон як кори маъмулї аст, аммо адвокат дар ин ќазия намехост, ки ному насаби мизољашро маълум кунад. Мантиќан сухан аз манфиатњои кадом як коршарик ё ќарздор мерафт. Мо парвандаро миёни худ "изи шоколади туркї" номида, ба кор шуруъ кардем. Адвокат таќрибан ба ин суолњо мехост посух ёбад: 1) Оё шањрванд Рустам Ќаюмов ба тањвили мањсулоти шоколадї аз Туркия ба Тољикистон дар соли 2014 ягон муносибат дорад? 2) Ин кор тариќи кадом ширкат амалї мешавад? Коршарикони тољикистонии ў кињоянд? 3) Оё њастанд нафароне, ки Рустам Ќаюмов аз онњо ќарзи калон гирифта, барнагардонидааст?


ТАДЌИЌОТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

9

ТИЛИСМИ "ТОЉИКСОДИРОТБОНК" Чї тавр Тољиддин Пирзода бонкашро ба як низоми азхудкунии моликияти дигарон табдил додааст? Ба љамъоварии маълумот шуруъ кардему "изи шоколади туркї" моро ба оилаи овозхонњои маъруф - Азизовњо расонд.

Бахти Азизови нобоб Мо иттилоъ ёфтем, ки узви хонадони маъруфи Азизовњо (гуруњи "Анис") - Ќамаруззамон Азизов аз рафиќони Рустам Ќаюмов буда, эњтимол коршарики ў низ бошад. Аммо Азизов намехост, ки бо журналистон вохўрад. Баъди ба даст овардани чандин санади судї ва маълумоти дигар Азизов розї шуд, ки бо журналистон вохўрад. Ў дар суњбат гуфт, ки замоне бо Рустам Ќаюмов додугирифти мушкиле доштааст, аммо аз бизнеси нави ќандинаву шоколади ў хабар надорад. Азизов таќрибан баъди як њафта даъвати дуюми моро барои вохурї дар дафтари "Нигоњ" рад карда, тариќи соњибнуфузе хабар дод, ки намехоњад ин масъала расонаї шавад. Ў ваљњи моро, ки ин тадќиќот хоњу нохоњ ба манфиати ў анљом меёбад, љиддї нагирифт. Љамъоварии маълумот идома ёфт. Таќрибан баъди якуним моњ ба Ќамрулзамон Азизов занг зада, вижагињои бизнеси шоколад, интиќоли борњо аз Туркия, наќши Рустам Ќаюмову Баха, мулаќќаб ба "Марчелло" ва Љамшед Холовро дар ин ќазия њикоя кардем. Бегоњи њамон рўз Азизов њамроњи адвокаташ ба дафтари "Нигоњ" њозир шуда, беш аз сад њуљљатро ба ихтиёри мо гузошт ва барои суњбати расонаї ризоият дод. Ба гуфтаи њимоятчияш, "бахти онњо хандид"...

Дархости аввал ба бонк Дар натиљаи тањќиќот "Нигоњ" маълумоти зиёд ба даст овард, ки њамоно нопурра буданд. Моро зарур буд, ки тасдиќи ин маълумотро аз манобеъи расмї ба даст орем. Ин буд, ки 14-уми июли соли 2014 ба филиали "Тољиксодиротбонк" дар ноњияи Ёвони вилояти Хатлон дархости журналистї ирсол карда, нусхаи онро ба раиси бонк Тољиддин Пирзода низ ирсол намудем. Умед доштем, ки ў њамчун роњбари бонк манфиатдор аст, ки њаќиќати як ќарзи бузурги, ба ќавле, дар осмон овезон, маълум шаваду наќши тобеонаш дар як силсила ќонунвайронкунињо фош гардад. Дар ин дархост, ки ба номи Саидбурњон Самадов, роњбари њамин филиали "Тољиксодиротбонк" саволњои зерин пешнињод шуда буд: 1. Оё тасдиќ мекунед, ки филиали бонк моњи марти соли 2012 ба ЉДММ "Луна 2003", роњбараш Рустам Ќаюмов шартномаи кредитї баста, 555 њазору 500 доллари ИМА ќарз додааст? Тибќи кадом аснод филиалњои "Тољиксодиротбонк" њамчунин салоњиятро доро њастанд?

2. Шумо то марти соли 2012 Рустам Ќаюмовро шахсан мешинохтед? Бо ў гуфтумони телефонї доштед? 3. Чї зарурат буд, ки шартномаи кредитии № 07/01247 аз 9-уми марти соли 2012 ду таќсим шавад? Мантиќи ин људокунї дар чї буд? 4. Шумо нафареро бо исму насаби Љамшед Холов, ки аксаш ба нома замима (№1) шудааст, мешиносед? Бо ў чї муносибатњо доштаед? 5. Бањори соли 2012 шумо бо Љамшед Холов чанд маротиба дидору суњбатњои телефонї доштед? Метавонед гуфта, ки дар куљо бо ў вомехўрдед? Шумо огоњ будед, ки ў масъули Хадамоти гумруки кишвар аст? 6. Луфтан бигўед, ки оё шумо шуморањои телефоние доред, ки расман ба шумо тааллуќ надоранд, аммо шумо аз онњо истифода мекунед ва ба шиносњоятон пешнињод месозед? 7. Тасдиќ мекунед, ки тобистони соли 2013 дар филиали бонк њуќуќшинос Холов Эраљ, ба њайси корманди тобеъи шумо кор мекард? Бо кадом асос? Тасдиќ менамоед, ки дар акси №2-и ба дархост замимашуда Эраљ Холов аст? 8. Оё шумо ба бонки марказї дар бораи мављудияти мушкили баргардонидани ќарзи ЉДММ "Луна 2003" гузоришњои хаттї ва шифоњї дода будед? Ба кї, чанд маротиба? 9. Шумо ба муовини раиси "Тољиксодиротбонк" Ќурбон Рањматов пайванди хешутаборї доред? Чї хеш мешавед? 10. Оё раиси "Тољиксодиротбонк" Тољиддин Пирзода иттилоъ дошт, ки: а) филиал ба ширкати "Луна-2003" ќарзи махсусан калон медињад? б) номбурда кай ва чй тавр огоњ шуд, ки мушкили пардохти ќарз пеш омадааст? в) оё Пирзода медонист, ки шумо амволи дар гаравбудаи Ќаюмовро бо як мактуб аз гарав озод мекунед, то соњибмулк онро фурўшад? 11. Чї шуморо водор кард, ки амволи даргаравбудаи Рустам Ќаюмов (манзили воќеъ дар кўчаи Ломоносов, 85)-ро бе иљрои уњдадорияш дар назди бонк аз гарав озод намоед? Оё шумо њамчунин ваколат доштед? 12. Мактуби содиротии филиали бонк № 01-115 аз 24-уми июни соли 2013 бо кадоме аз роњбарони "Тољиксодиротбонк" мувофиќа шуда буд? 13. Шумо хариду фурўши манзили воќеъ дар кўчаи Ломоносов, 85-ро, ки аз љониби мутахассисони бонк 600 њазор доллари ИМА нархгузорї шуда буд, миёни зертобеъи шумо Эраљ Холов ва шањрванд Ќаюмова Кибриё (њамсари Рустам Ќаюмов) ба нархи 960 њазор сомонї чи гуна шарњ, дода метавонед? 14. Оё филиали бонк маќсаднок истифода шудани ќарзро зери назорат дошт? Оё

равиши фарогири сарфа ва самарабахш истифода бурдани ќарз зери назорати бонк буд? Бо кадомин аснод инро метавонед исбот намоед? 15. Оё шумо бо Рустам Ќаюмов муносибати моливу пулї доштед? Бо Љамшед Холов чї? Муњтарам Саибурњон Гулович, ба хубї дарк мекунем, ки посух гуфтан ба ин суолњо барои шумо осон нест, хоса бо гузашти ваќт, аммо шуморо мутмаин месозем, ки ин љавобњо барои маълум кардани њаќиќати њол ва таъмини тавозуни назарњо дар силсила-маќолаи тањияшудаи "Нигоњ" хеле муњим аст. Мо љавобњои шуморо то санаи 23-юми июл интизор шуда, дар акси њол матлабро бе назару мавзеъгирии шумо рўи чоп хоњем овард. Њамчунин аз шумо эњтиромона хоњиш мекунем, ки то 23-юми июл ба дафтари нашрияи "Нигоњ", воќеъ дар кўчаи Маъсумї - 3 њозир шуда, забтњои аудиоиро шарњ дињед. Умедворем, ки филиали "Тољиксодиротбонк" ба меъёрњои волоияти ќонун ва шаффофияти бизнес содиќ буда, шумо ба њайси масъули он дар кутоњтарин фурсат ба дархости мо љавоб мегўед".

Љавоби Пирзода Ба ин дархости журналистии "Нигоњ" аз номи филиали ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар ноњияи Ёвон мактуби љавобї омад, ки онро посух номидан номумкин буд. Саидбурњон Самадов, рањбари филиалин ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар Ёвон дар мактуби љавобияш ба "Нигоњ" навишт: "Филиали ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар ноњияи Ёвон дархости Шуморо, ки аз 14 -уми июли соли 2014 тањти №73, оид ба пешнињод намудани њуљљатњо ва гирифтани иттилоот, тариќи почтаи электронї санаи 22 - июли соли 2014 ва ба тариќи почтаи оддї санаи 31 - июли соли 2014 бе замимањои акс, ба филиал ворид шуд, мавриди омўзиш ќарор дода, чунин иттилоъ медињад, ки аксари њуљљатњо ва иттилооти дархостшуда тибќи моддаи 48 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи фаъолияти бонкї" ба сирри бонкї дохил мешаванд. Инчунин хотиррасон мешавем, ки ќазияи мазкур мавриди баррасї дар маќомоти судї ќарор дорад. Бинобар омилњои дар боло зикршуда, пешнињоди њуљљатњо ва иттилооти дархостшуда, ѓайриимкон мебошад". (Чанд њафта нагузашта хеле аз ин маълумоти «сиррї» дар як нашрияи дигар рўи чоп омаданд, ки мавзўи дигар аст.) Номаи филиал дар љаласаи умумии "Нигоњ" баррасї гашту ќарор шуд, ки бояд дубора ба худи "Тољиксодиротбонк" ва Тољиддин Пирзода мурољиат кард, зеро њадс зада шуд, ки "фарњанги кории бонки марказї дигар аст". Аммо ду мурољиат ба "Тољиксо-

диротбонк" собит кард, ки ин мактуб љавоби худи Пирзода буда, пешнињоди њама гуна иттилоъ аз бонк зери назорати ќатъии шахсии ўст. Чун бори аввал нест, ки мо роњбарони аз дархостњои журналистї безорро тадриљан моил ба љавоби расмї мекунем, се бори дигар њам ба роњбари дастгоњи бонк Ќурбонназар Восиев мурољиат кардем. Аммо натиља надод. Доктори илмњои кишоварзї Тољиддин Пирзода намехост ба дархости мо љавоб гўяд. Љамъоварии маълумот аз сарчашмањои расмї ва ѓайрирасмиро идома дода, бо баъзе аз дастбакорони ин ќазия тариќи шабакањои иљтимоии "Одноклассники" ва Фейсбук робита барќарор кардем. Онњо намедонистанд, ки бо аъзои гуруњи тадќиќотї сару кор доранд. Дархостњои навбатї ба маќомот пешнињод мешуданд, омўзиши њуљљатњои гуногун дар ќабати парвандањои мухталиф, минљумла љиної идома дошт.

Дархост ба Прокуратура Гуруњи тањќиќотии "Нигоњ" барои маълумоти расмї ба Прокуратураи шањри Душанбе мурољиат кард, ки тафтишоти ин ќазияро хеле пештар шуруъ карда будааст. Прокуратураи пойтахт ба зудї љавоб дод: «Прокуратураи шањри Душанбе дархости Шуморо оиди бо маводњои санљишй аз рўи аризаи шањрвандон Искандаров А.Ќ.., Искандаров Ќ.Х., Искандарова Ф.Д., Искандаров М.Ќ. ва Азизов Ќ.А. нисбати роњбари ЉДММ "Луна-2003" Ќаюмов Р.Ќ. шинос шудан, мавриди баррасй ќарор дод. Муайян карда шуд, ки 18 декабри соли 2013 дар асоси аризаи шањрвандон Искандаровњо ва Азизов Ќ.А. аз тарафи Шўъбаи тафтишотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе, парвандаи љиноятї нисбати роњбари ЉДММ "Луна-2003" Ќаюмов Р.Ќ. бо аломатњои моддањои 295, ќисми 1 ва 340, ќисми 2, банди "б" - и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон оѓоз гардида, пешбурди тафтиши пешакї идома дорад. Бинобар ин, Шумо бо дархости журналистї метавонед ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе мурољиат намоед. Дархостатон дар доираи талаботи моддаи 177 - и Кодекси мурофиавии љиноятии Чумњурии Тољикистон аз тарафи шахси пешбарандаи таъќиби љиноятї муфаттиш баррасї шуда, аз натиљааш ба Шумо хабар дода мешавад». Чун иттилоъи лозима аз Агентї њам рўи даст омад, наќшаи амалкарди ќањрамонњои асосии ин ќазия тањия шуд, ки онро пешкаши хонандаи гиромї мегардонем: (Давом дорад)


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

Ба назар мерасад барандаи љоизаи сулњи Нобел, президенти ИМА Барак Обама чун анъанаи пешгузаштагонаш аз худ як љанги тўлонии дигарро барои кишвараш ба мерос мегузорад. Дар оѓози амалиётњои ба истилоњ зиддитеррористї дар ќаламрави ду кишвари арабї-Сурия ва Ироќ Обама иќрор мешавад, ки неруи ДИИШ-ро нодида гирифтааст ва иќтидори ќуввањои мусаллањи давлати Ироќ ѓайривоќеъї арзёбї шудаанд. Ин аст, ки љанг бо "Давлати исломї" кори як солу ду сол нест.

ДЕМОКРАТИЯ ВА ЉАНГ Љорљ Фрост Кеннан, дипломатии амрикої, сиёсатшинос ва муаррих, бунёдгузори Пажуњишгоњи Кеннан демократияи имрўзро тавсифи љолибе мекунад, ки донистан бар зарар нест. Вай менависад: "Баъзан ба назари ман чунин мерасад, ки демократия мутаассифона, шабењи он њайвоноти азимљуссаи давраи ќадим бо маѓзи монад ба сўзанаки кўчакест: вай дар ботлоќи ќадима хобидааст ва ба он чї дар атроф мегузарад, аслан таваљљуње надорад. ўро ба ѓазаб овардан басо мушкил аст. Барои он ки дарк кунад манфиатњояш халалдор шуданд, шуморо лозим меояд думи вайро бибуред. Ва чун вай ба дарки ин мерасад, кўркўрона ончунон зарбањо мезанад, ки на танњо душманонашро аз байн мебарад, балки ягона макони зист ва воситаи зиндагонии худро зери хатар мегузорад". Њоле, ки имрўз дар харитаи олам мебинем, болотар аз ин тавсиф аст. Амрико тўли каме бештар аз як дањсола ба сеюмин љанги густарда доман мезанад ва Барак Обама аз њоло мегўяд, ки љанг бо ДИИШ кори як солу ду сол нест. Яъне, сарвари Амрико як љанги тўлонитар аз умри сарварии худро пешбинї мекунад. Ва боз ин дар њолест, ки ДИИШ ва созмонњои дигари шабењи он сохтаву бофтаи њамин кишваранд. Созмонеро, ки замоне ба хотири барандозии як низоми худкома дар минтаќа сармоягузорї карда буд, имрўз домангири худи ў шуда ва шояд миллиардњо доллари дигарро масраф мекунад, то њаддиааќал хуруљи шармандаворашро таъмин созад. Истилоњи "мубориза бо терроризм" мансуб ба аввали ќарни љорист, ки то 11 сентябри соли 2001 олудаи сиёсати бузург набуд. Аммо баъди рўйдоди њамлаи то кунун асроромез ба бинои тиљорати љањонї дар Ню-Йорк истилоњи "муборизаи муштарак бо терроризм" аз шиор ба сиёсати султахоњї табдил ёфт. Барои Амико ва муттањидони ѓарбии он бањонае пеш омад, ки зери пўшиши ин шиор сиёсатњои ишѓолгаронаи худро амалї созанд. Дар ин муддат ба ду љанги тўлонї дар Афѓонистон ва Ироќ доман зада шуд, вале дар ду маврид низ муттањидон ба њадаф на-

МИНТАЌА

ЉАНГИ СЕЮМИ АМРИКОВУ ЉАНГИ АВВАЛИ ОБАМА расиданд ва бо шикасти шармандавор аз яке хориљ шуданд ва аз дуюмї низ дар садади берун шудан мебошанд. Ва њоло љанги саввуми онро дар остонаи интиќоли ќудрат Барак Обама роњандозї мекунад ва он низ бо номи мубориза бо терроризм амалї мешавад. Аммо ин бор якбора ду кишвар мавриди њамла ќарор гирифтаанд: Сурия ва Ироќ. Низоми Башор Асад дар Сурия дар ќиёс ба режимњои Саддом дар Ироќ ва Ќаззофї дар Либия сахтљонтар омад. Тўли ин чор сол муттањидон бо вуљуди кўшишњои фарогир натавонистанд сарнавишти ду кишвари ёдшударо дар ин сарзамин такрор кунанд, на њамалаи њавої муяссарашон гардид ва на заминї. Гузашта аз ин кўмакњои њангуфти таслињотї ва пуштибонии сиёсї њам натавонист мухолифони онро пирўз кунад, зеро Димишќ дорои артиши хеле муназзам ва вафодор ба Асад аст. Аммо имрўз мебинем, ки Амрико бо бањонаи мубориза бо террористони ДИИШ хеле ба роњатї ќаламрави Сурияро бомборон мекунад ва ба назар мерасад акнун як њадафи аслии иттињоди нав бештар аз пештар маълум мешавад.

НИМНИГОЊЕ БА ГУЗАШТАИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМЇ" Тибќи маълумоти википедї "Давлати исломии Ироќу Шом" (ДИИШ) соли 2006 дар ќаламрави Ироќ аз роњи ба њам овардани 11 гуруњи исломиёни бунёдгаро бо кўмаки молии Амрикову муттањидонаш таъсис шудааст, ки он замон аз љониби "Ал-Ќоида" сарварї карда мешуд. Аммо имрўз ќаламрави он аз Ироќ то Сурия густариш ёфта, як давлати ѓайриќонуниро дар њудудњои љуѓрофии бегона эълон кардааст. Муассисонаш иддиои давлати шариатї доранд, аммо њадафи аслии он дар ќаламрави ишѓолї бунёд намудани як давлати муќтадири исломии суннимазњабон аст.

Соли 2013 ин гуруњ бо неруњои зиддидавлатии Сурия пайваст. Зарфи як моњи тобистони соли 2014 ин гуруњ чандин шањри бузурги Ироќ, аз љумла Мосул, Тикритро забт намуд ва то остонаи Баѓдод расид. Охири моњи июн "Хилофати исломї" эълон шуд ва Абубакри Баѓдодї сарвари он таъйин гардид. Давлатро аввал "Давлати исломии Ироќ ва Шом" номиданд, вале баъдан ин ном ба "Давлати исломї" иваз карда шуд. Тибќи наќша "Давлати исломї" њамвора ба тавсеъаи ќаламраваш кўшид ва ќасд дорад то 5 соли оянда дар мамолики мусалмоннишини олам ва њатто Испониё, Сањрои Кабир ва Осиёи Марказиву Ќафќоз ва Њинд густариш ёбад. Мувофиќи харитаи ин њаракати террористї њамаи кишварњои Осиёи Марказї, Афѓонистон, Эрон, Покистон ва Њинд вилояти Хуросон ном хоњад гирифт.

ИТТИЊОДЕ, КИ СОБИЌА НАДОРАД Абдуањмон ар-Рашид, тањлилгари "Asharq Al Awsat" менависад: "Агар бин Лодан НюЙорк ва Вашингтонро њадаф ќарор намедод ва мардуми олам њамлаи тайёрањо ба биноњои осмонхарошро тамошо намекард, эњтимол дошт чархи таърих ба гунаи дигар мечархид. Ва агар ДИИШ журналисти амрикої Љеймс Фоулиро дар пеши чашми оламиён сар намезад, эњтимол дорад ин љанг оѓоз намешуд ва њудудан 50 кишвар шомили ин иттињод намешуданд". Воќеъиятро наметавон сарфи назар кард. Ин бузургтарин иттињоди кишварњо барои мубориза бо ДИИШ аст, ки ѓайри ќобили интизор мебошад. Бори аввал дар таърихи ноамнињои минтаќаи Ховари Миёна иддае аз мамолики араби минтаќа, бахусус Арабистони Саудї мустаќиман вориди љанг шуд ва тайё-

рањояш бо њамоњангии амрикоиён манотиќи тањти назорати "Давлати исломи"-ро бомбборон мекунанд. Ва њатто фаъолтарин халабонњои он писари шоњзода Салмон, вазири мудофиаи ин кишвар аст. Арабистони Саудї дар гузашта худ сармоягузори мухолифони давлат дар Сурия буд ва њоло онњо шомили ДИИШ зидди манфиатњои Риёз мељанганд. Аз сўи дигар маълумоти низ дастрас шудааст, ки соли 2006 Арабистони Саудї ба суннимазњабони Ироќ барои мубориза бо терроризм маблаѓ људо карда буд. Арабистон дар амалкардњои давлати ислдомї тањдид ба амнияти худро дид ва дар аввалин фурсат шомили иттињоди байналмилалї шуд. Аммо то ба имрўз ягон узви иттињоди байналмилалї омода нашудааст ба ќаламрави Сурия њамла барад ва он чї сурат мегирад, танњо аз љониби неруњои амрикоист. Танњо дар њамлаи рўзи 27 сентябри соли равон 4 минтаќаи Сурия - Раќќа, Манбиљ, Ал-Њаммод ва Табќа, ки ќаламрави "Давлати исломїї" ќаламдод мешавад, њадаф ќарор гирифтанд. Нирўњои амрикої њамчунин барои бори нахуст сангарњои "Давлати исломї" дар Манбиљ, воќеъ дар шарќи Њалаб, дувумин шањри бузурги Сурияро њадаф ќарор додаанд. Тањлилгари "Al Hayat" (Британияи Кабир) Љињод ал Њазин бар ин назар аст, ки "арабњо ба Обама бовар мекунанд, вале ба сиёсати амрикої бовар надоранд. Њузури амрикоињоро дар минтаќа Муќтато Ас-Садр њам намехоњад ва аз сўи дигар њукумати Ироќ гўш ба машваратњои Эрон низ мебошад. Дар Амрико низ на њама аз сиёсати Обама пуштибонї мекунанд. Агар генерал Мартин Демпсї љонибдори амалиётњои заминист, низ мебошад ва њатто мегўяд 15 њазор сарбоз ворид карда шавад, фармондењи артиши Амрико дар Ховари Миёна Љеймс Конвей эълон кард, ки сиёсати пешгирифтаи Обама мањкум ба шикаст аст". Тибќи гузоришоти ахир Конгресси ИМА бо љонибдории 273 вакил ва муќобил овоз додани 156 вакил тарњи президентро дар мавриди омўзиш додани бештар аз 5 њазор мухолифони давлати Сурияро пазируфт. Љињод ал Њазин мегўяд наметавон ба комёбии тарњи президент бовар кард, чун сиёсати вай аз љониби мардум пуштибонї намешавад, Конгресс муќовимат мекунад ва миёни генералњои артиш андешаи воњид вуљуд надорад. Аз сўи дигар Обама гуфт, ки ин амалиёт се сол тўл мекашад ва ин ба он маъност, ки президент кори оѓозкардаи худро ба анљом намерасонад ва ќабл аз ваќт аз вазифа канор меравад. "Баъди ду моњи вуруд ба Ироќ президенти ваќт Буши хурдї эълон карда буд: "Вазифа иљро шуд". Вале маълум гардид, ки он аслан иљро нашудааст ва Амрикоро ба бузургтарин ва дурударозтарин љанг дар таърихи худ ворид кардааст", - менависад ў ва ишора мекунад, ки љанг бо "Давлати исломї" низ метавонад чунин бошад.

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

АНДЕША

11

ГУФТОРЕ, КИ БУНЁДГУЗОРУ ЊИФОЗАТГАРИ ИСТИЌЛОЛИЯТ ГАРДАД (Идома аз шуморањои гузашта) 23. Мебинам, ки ќисми бењтарини љавонон, чун иќтисодону коршиносон, ки байни онњо љавонзанњо зиёд њастанд, дар бонкњо, вазоратхона, муассисањои молиявї ва оператори мобилї фаолият мекунанд. Аммо мафкураву амали тудаи калони онњо побанди харидани тилфони мобилии навтарин, мошини сабукрави таѓмаи нав, гирд овардани сармояи асъорї ва ороста кардани хонаву либос мебошад. Хеле камёбанд коршиносоне, ки як масъалаи умдаи касби худро дар чорчўбаи илм кўтоњу нишонрас бо забони точикї, русї ё инглисї баён карда тавонанд. Ё аќќалан бо як љумлаи дурусти тољикї кори, масалан, дар фаолияти бонк анљомдодаи худро гуфта наметавонанд ва ман худро байни онњо як адад роботи насбгардида мебинам. Масалан, дар њафтавори "Азия плюс", аз 03 апрели 2014, дар сахифаи В/12 њисобот бо тољикї аз фаъолияти бонк чоп шуда буд, ки он љо иборањои "даромадњои фоизї, ѓайрифоизї, харољотњои фоизї, ё "воситањои пулї, ќарзњои дебиторї" буданд ва маънои ин њама олотдасти идора кардани молияро касе, бе истифодаи забони русї наметавонад бифањмонад. 24. Дар доираи иќтисоду коргузорї дар Тољикистон дар ивази "бањра" иборањои нољои "фоиз" мавриди навиштану гуфтан мебошад. Хуб ва фањмо мебуд чанд олотдасти зикр гардида " бањрагирї, бањрадињї аз ќарз", "даромади ѓайр", "дороињои пулї" "дороињои дебиторї" гуфта шавад. Чун муродифи ( процент за кредит, процентная ставка, взыскание процента) "бањрапулї", "меъёри бањра", "бањрагирї аз ќарз" мавриди истифода бошанд. Гуфтан љоиз аст, ки дар "Фарханги забони тољикї", дар 2 љилд ва нашри соли 1969 ибораи "фоиз" ба маънои (процент за кредит) наомадааст, вале дар луѓатномањои солњои охир "фоиз" мутлаќо њамон маъноро ифода мекунад, ки ман сањви љиддї медонам. 25. "Воситањои пулї" - иборае мебошад, ки љойи пулро поёнтар нишон медињад, вале ваќте пул њаст, зарурат ба восита нест. Дар муомилот пул маќоми аввалро соњиб аст ва дастрастарин дорої мебошад. Ё овардаанд "карзњои дебиторї", ин фањмиш асос надорад. Умуман мавриди истифодаи навиштољоти тољикї бо хати крилик, бидуни риоя гаштани илм, ибораи ќарзро ба кор мегиранд ва ин љо дар иваз бояд дороињои дебиторї гуфт. Вале роиљ аст, ки "ќарзи кредиторї" бигўем ва ин дигар маънои иќтисодї дорад. 26.Дар коргузории муассисањо "меъёри бозтанвил" меояд, ки тарчумонњо муродифи (учетная ставка, ё ставка рефинансирования) медонад ва мутлаќо(!) хато мебошад. Дар ивази "меъёри бозтанвил" бояд "нархи нињоии ќарзгузорї" гуфта шавад ва маънои (учетная ставка) - и дар љањон маъмулро медињад.

Ѓами дилро дидаву чида гузаред 27. Бо сухан, баёни илм, шеъру мусиќї, бо дар чорчўбаи илм анљом додани тарбияи љавонон, роњбарї, кор, меъмориву сохтмони иншоот, хизматрасонї, истењсоли мошину техникаи парвозу иттилоотрасонї ва молу масолењи бозоргир одамонро шод гардонида, ѓами дилро дидаву чида гузар метавон кард, агар…. Банда моњи июли соли 1999 дар њафтавори"Иттињод" изњор дошта будам, ки

«

- Бачањо, кадом бозињоро медонед?

- GTA, Counter-Strike, Need for Speed...

маќому рушди забони форсии тољикї дар Тољикистон дар шоњроњи давоми 23 сол эњё кардан, ки аз рўзи нашри ќарори Маљлиси олї аз боби баргаштани ЉТ ба хатти форсї бояд заминаи ќонуниро муњайё созад ва сипас комилан дар идора кардани мардум ва кишвар хатти форсї ба кор гирифта шавад. Раќами 23-ро дўст дорам, ки сењри одаму оламро дорад ва ба мо расидааст 23 "Андарзи ниёгон", ки аз радиои давлатї Саидањмад Ќурбонови хушовоз бо њунари волои гуяндагї чанд борхондаанд. То 7 солагї аз рўзи ба дунё омадани кўдакон, 11 сол мактабхонї ва 5 сол дар донишгоњ тањсил кардан, љамъ 23 солро таќозо мекунад, ки баъд аз ин муддат насли нав коргузорињоро комилан бо хатти форсї пеш барад. Хоњишмандон дар синфхонањои кўтоњмуддат ва аз тариќи Интернет хатти форсиро худомузї мекунанду мебинанд, ки Интернет гуё барои хатти форсї офарида шуда бошад. Хоњиш дорам, ки форсиро хатти арабї нагўем. Андеша дорам, ки сењри пайдоиши хатти форсї аз шинохти мављњои майдони Квант пайдо гардидааст ва чанд ќарн пештар аз хатти арабї. Хатти бобої њифозатгари гўиши форсї дар муќобили љабри феодализм, капитализм, империализм, паштунизм буд, вале коммунизм бо фишор овардан ба гардан аз панљаи тољикони Осиё Миёна хаттро дур партофт, ки њамчунон ќаноатмандии пантуркизми болшевекї буд. Дар њоле, ки аз соли 1939 дар мактабњои тољикї хатти форсиро њафтае 1-2 соат меомўзанд, гуфтори тўдаи калони тољикон хубу хубтар нагардид.

Салоњияти забони моро хатти ниёгон дањчанд намуда, дар омўзиши фанњои даќиќ бо забони модарї барои толибилмон имкони бузурге фароњам меорад. Дар замони љањонишавии фазои иттилоотї хатти ниёгон мавќеи бузург дорад. Он њама зебоии забони модарии моро фаќат алифбои бобої метавонад љилва дињад ва баёнгар бошад".

«

Ва дар ављи глобализм фаќат хатти форсї пайвандгари иттилоотї ва фарњангиро њамвор месозад, ки рањгум нагардем. Ду далел меоварам. А) Рўзномањои хуби тољикї кам нестанд. Байни онњо кормандони "Нигоњ" зањмату масрифи калон медињанд, ки дар сомонаи Tojnews маводи њар шумораи њафтанома пурраву ихчам мавриди дидану хондан бошад. Вале доираи хонандагон, ба иллати кирилик будани хатт, кўчак аст. Форсизабонони љањон њатто хабарњои илмии бо хатти кириллик чопшударо намехонанд ва аз онњо гила натавон кард; Б) Бихонед чанд шумораи њафтавори "Миллат"-ро ки он љо "Масъуд бо ривояти њамсараш" ба чоп расидааст. Як љавонзани рустої аз дараи Панљшери Афѓонистон бо забон ва иборањои гўшнавоз самимият, гуфтањо ва фаъолияти "даќиќтарин ва тамизтарин марди дунё"- Ањмадшоњи Масъудро бозгў мекунад, бехабар аз он, ки мањз муњаббати пок ва суханони нафиси њамин љавонзан амалиётњои ќањрамони Афѓонистонро ба маротиб нишонрас аз кору пайкори раќибону душманонаш гардонидааст. Аввал онњо бо хатти форсї рўи коѓаз омадаанд ва бубинед маќоми хати форсиро мавриди ситоиши њусни Масъуд, ки "ў аз тањи дил механдид, ки гўшаи чашмонаш монанди обе, ки мављдор мешуд, чин мехурд". Чаро нагўям, ки ваќти ќироати "Масъуд бо ривояти њамсараш" маро эњсос фаро мегирад, ки филми рангинро аз мављи майдони Квант мебинам, ки драманависаш гуё Зебуннисо бошад.

Алифбои бобої љилвагари зебоии забон Барои баёни ахтарлањзае аз њусни як дилёфта бо гўиши Сиддиќаи дилдода дар Панчшери Афѓонистон, мањз забон ва хатти форсї ќодир аст. Љойи ќиёси ахтарлањзаи тољикона аст, ки Муродзода, муаллим аз Уротеппа (њоло - Истаравшан) алњол соли 1933, зимни вокуниш аз манъ гаштани хатти форсї дар соли

1929 навишта буд, ки "барои тољикон фаъолият бо хатти форсї, кор бо тиллоро мемонад" ва маъно, ки донандаи хатти форсї алњол њунарманду доро аст. Дар Њиндустон дар ин замон њам шахсиятњои зиёд њастанд, ки хатти форсиро на танњо забони сухан, балки тамаддун мепиндоранд. Хатти форсї, - гуфта буд барои радиои ВВС 11/05/2005 як профессори Донишгохи Дењлї, -яке аз эњёгарони садову симои љавонии олам мебошад. На камтар дар 1100 соли охир забон ва хатти форсї, чун маѓзи тамаддуни Ориёно, имкони рушди маѓзи сар њамвор сохтаву руњи соњибзабонро озод медорад. Аз зарурияти баргаштани тољикони Тољикистон ба хатти форсї зумрае аз олимону коршиносон навиштаанду менависанд. Бахусус Фахриддини Холбек, коршиноси масоили сиёсиву фарњангї июли соли 2008 менависад, ки мо тезтар ё дертар маљбурем ба хатти бобої баргардем. Агар мо ин амалро анљом надодем, фарзандони мо ба хатти ниёгон ночор бармегарданд, - пешгўи дорад Ф. Холбек. Рўзноманигор Рауфи Азиз моњи июни соли 2009 дар "Фараж" навишта буд, ки "хушбахтона, забони форсї дар радифи 10 забони бузург шомил аст ва тољике, ки алифбои ниёгонро медонад, тавассути он илм омўхта метавонад. Салоњияти забони моро хатти ниёгон дањчанд намуда, дар омўзиши фанњои даќиќ бо забони модарї барои толибилмон имкони бузурге фароњам меорад. Дар замони љањонишавии фазои иттилоотї хатти ниёгон мавќеи бузург дорад. Он њама зебоии забони модарии моро фаќат алифбои бобої метавонад љилва дињад ва баёнгар бошад". Файзулло Боќизода дар њафтавори "Дишидак" 29 майи 2013 навишта буд, ки "бар мо айб аст, ки бо хатти бегона даъвои Истиќлолият, даъвои забону фарњанги ќадима намоем. Хатти форсї каждум нест, ки моро бигазад - ин хаттест, ки Рўдакиро, Фирдавсиро ….ба мо расондааст! Ин зеботарин намунаи хатт дар миёни хатњои боќимонддаи љањон аст",- мегўяд Файзулло Боќизода. Олим ва коршинос Сафар Абдуло, ки дар Олматї кору зиндагї дорад, дар се соли охир борњо зарурияти илмии баргаштан ба хатти форсиро исбот кардааст. Муњаммад Муродов, мудири бахши шинохти лигвинистии Кумитаи забони Њукумати ЉТ "Забон ва иборањо" барои "Азия плюс" аз 28/01/2013 бо забони русї исбот карда буд, ки "баргаштан ба хатти форсї њатмї, тўли солњои зиёд, ботадриљ зиёд кардани соати омўхтани хатти форсї ва кам кардани соати пешбинишуда барои омўхтани забон бо хатти кирилик. Хатти кирилик пурра ва бе сањв наметавонад шигифтангезии забони моро љараён бахшад, солњои тулонї сипарї шуданду њоло граматикаи мукаммали забони форси тољикї анљом нагирифтааст". Сайфиддин Назарзода, доктори илмињои филологї моњи сентябри 2008 баёни хулосаи илмиро дошт, ки аз соли 1929 дар Тољикистон ќарори " дар фаъолияти тољикон манъ кардани хатти форсї, натавонист маќсадњои илмї ё фарњангии ин миллатро бароварда созад". Академики ЉТ Мухаммадљон Шакурии Бухорої соли 2008 дар асари худ " Фитнаи инќилоб" меоварад, ки " то ќарни Х1Х турк шудани тољикон ва забони ўбакї пазируфтани онњо кам, ягон- ягон воќеъ шудааст. Мањви маънавии тољикон пас аз инќилоботи солњои 1917- 1920 якбора бенињоят густариш ёфта, то Бухоро омад ва тамоми ин кишварро фаро гирифт". Иљозати хонанда бошад, гуфтањои Мухаммадљон Шакуриро идома бахшам, ки њамчунон зўран аз дасти онњо хатти форсї - олотдасти њифзи маънавии тољикон рабуда шуда буд. Холмањмад АЗИМОВ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

БО ШОИР

ОШУФТАРАВОН Доктор Абдулѓафури Орзу 53 сол муќаддам дар шањри бостонии Њиротдар хонадони фарњангї таваллуд шудааст. Унвони докториро дар риштаи ихтисоси адабиёти дарї аз Донишгоњи тарбияти мударриси Тењрон гирифтааст. Дар маќомњои гуногуни давлатї, аз љумла: Раиси идории вилояти Њирот, иљрокунандаи вазифаи сафир дар Сафорати куброи Љумњурии Исломии Афѓонистон дар Тењрон с. 1381-1386 ва Вазир мушовири хориљаи Љумњурии Исломии Афѓонистон с. 1386-1389 ифои вазифа намудааст. Дар баробари корњои давлатї муаллифи беш аз чињил асари илмї, сиёсї ва бадеї мебошад. Шеърњои зиёде низ гуфтааст, ки дар маљмўъањое "Љоритар аз њамеша", "Чашм дар чашми ойина", "Суруди мусалсал" ва "Њамосаи Сотї Барзан" "Лабханди Худо" ба нашр расидаанд. Љаноби Орзу инчунин чандин рисолаи илмию пажуњишї ва кутубе, монанди "Сиёсати хориљии Афѓонистон дар ќарни 21", "Афѓонистон ва љомеаи љањонї", "Чигунагии њуввияти миллии Афѓонистон", "Рўшанфикр кист?" , "Хўшањое аз љањонбинии Бедил", "Диранге дар адабиёти Фаранг (барои донишљўён)", "Шод зї...(дар ќаламрави Рўдакї)", "Агар Фарњод шуд, Ширин бимонод" дар бораи достони "Хусраву Ширин"-и Низомї, "Наќди Халилї", "Шеъру шуњуди орифона", "Муќоисаи инсони комил аз дидгоњи Бедил ва Њофиз", "Дар хонаи офтоб" (дар бораи Бедил) ва ѓайраро мунташир сохтааст. Китоби "Шод зї.."(дар ќаламрави Рудакї) ва маљмуаи шеърии вай - "Лабханди Худо" ба хатти сирилик низ ба нашр расидаанд. Аз соли 2010 сафири Љумњурии Исломии Афѓонистон дар Тољикистон мебошад.Оиладор, дорои се фарзанд; ду писар ва як духтар мебошад.

ЊАМЊАМАИ ИШЌ Шоирам, шоири ошуфтаравон, Соњиби дарду ѓаму ранљи гарон. Куњи сангини рисолат бар дўш, Лаби гўёи маро карда хамўш. Косаи сабри ману санги мањак, Дода бо њамњамаи ишќ тарак. Инќилобе, ки дар он нест ќалам, Наравад пеш ба љуз як-ду ќадам. Инќилобе, ки дар он нест шуур, Охируламр шавад зинда ба гўр. Ќаламу шўру шууру шамшер, Бишканад њалќаи сахти занљир.

СЎГИ САПЕДОР Дар расои Ќањрамони миллии Афѓонистон, шањид Ањмадшоњи Масъуд Чї гуна љангали анбуњро заданд оташ, Чї сон салобати як куњро заданд оташ. Чї гуна дар дили амвољи пурталотуми ишќ, Њамосапарвари настуњро заданд оташ. Чаро? Чї гуна табарпарварони чаќмоќї, Бинои њиммати башкуњро заданд оташ? Чї сон ба сўги сапедор сар дињам фарёд, Ба умќи отифа андуњро заданд оташ. Дирафши ишќ баланд асту осмон гирён, Зи марги Ораши оташнафас камон гирён. Ќасам ба оташи ќаќнуспарвари љангал, Ќасам ба сураи сарсабзи дафтари љангал. Дирафши ишќ баланд аст аз тадовуми роњ, Чунин навишта, чунин, килки бовари љангал. Ба санг-санги ватан дарси истиќомат дод, Ба ављи лолатарин фасл рањбари љангал. Зи барг-барги дарахтон чакад чакомаи хун, Гирифта сели шаќоиќ саросари љангал. Дирафши ишќ баланд асту осмон гирён, Зи марги Ораши оташнафас камон гирён. Агар уќоб пар афшонд, кањкашон боќист, Ва рози равнаќи парвоз њамчунон боќист. Хурўши мављ баланд асту нохудо хомўш, Диле ба вусъати дарёи бекарон боќист. Нишони равшании марзи ишќ, нопайдост, Ба ёди Ораши оташнафас камон боќист, Ба дар(р)а дар(р)аи ин сарзамини оташу хун, Ѓиреви ѓайрати Масъуди ќањрамон боќист.

Дирафши ишќ баланд асту осмон гирён, Зи марги Ораши оташнафас камон гирён.

ОЊАНГИ ЌАНОАТ Таќдим ба шоири шањири Тољикистон Муъмин Ќаноат Тољикистон! Тољикистон! Эй куњанманзумаи сабзи Хуросон. Ёди ёри мењрубонат љовидон бодо, Бўйи љўйи Мўлиёнат љовидон бодо. Љовидон бодо сурудат, Наѓмањои чангу удат, Чашмасоронат хурўшон бод, Куњсоронат зарафшон бод, Эй куњанманзумаи сабзи Хуросон, Тољикистон! Аз Њарї бо ёди ёри мењрубон парвоз кардам, "Бишнав аз най"-ро ба оњанги дигар оѓоз кардам, Дар навоям "Њафт авранг"-и муњаббат, љовидон љорист. Дар хароботи сухан, Овову оњанги Ќаноат, љовидон љорист. Аз Ќаноат Муъмини минои ишќам љовидона, Мављи мастипарвари дарёи ишќам љовидона. Мастии Ому Зарафшон карда Варзоби суханро, То Хуљанди дил Камол оварда одоби суханро, Эй куњан манзумаи сабзи Хуросон, Тољикистон! Ёди ёри мењрубонат љовидон бодо, Бўйи љўйи Мўлиёнат љовидон бодо. 2.3.1391 - 22 майи соли 2012, Тољикистон

ОЗОДАГЇ ФУСУРДА ШУДУ ИНТИХОБ МУРД Дар кўчањои хастаи шаб моњтоб мурд, Оње кашид сўта диле, офтоб мурд. Дарё асири соњилу соњил сароб гашт, Дар хушксоли њодиса руъёи об мурд. Дар тангнои љањли мураккаб, дареѓу дард, Хашми шукуфта, бо риќаи инќилоб мурд. Дар ин њисори сарди таќаллуб, ясовулон! Озодагї фусурда шуду интихоб мурд. Бар осмони тори нигоњам сафири ашк, Хатте кашиду хандазанон чун шињоб мурд. Дар њар карон ѓулѓулаи каргасон ба пост, Яъне, ба ављи ќуллаи гардун уќоб мурд. Рустам супурд љон ба љањонофарин вале, Љурсумаи ситамгарї, Афросиёб мурд.

Ринди дамидахотири хумхонанўш гуфт: Нуру нишоту нашъаву шўрушароб мурд. Дар сафњаи маљозии роёнааш навишт: "Чат" мекунему зиндадилему китоб мурд. Ашке чакиду љомаи Нуњ шуд навои дил, Дар интињои њамњамаи тар, сароб мурд. Дар фасли ошиќонатарин мастии висол, Бедории бањори ту гул карду хоб мурд. Оромиши њузури ту хуршеди зиндагї, Эй љони љовидонаи ман! Изтироб мурд. Имшаб гусаста риштаи сабзи хаёли ман, Ташбењу истиораву њусни хитоб мурд. Шаб тоб сакта карду шабоњанг месуруд: Дар кўчањои хастаи шаб моњтоб мурд.

ИН ДИЛИСТОННЕСТ… Ман киям? Шогирдатон, Устоди ман! Гўши дилро бо сарангуштони зебоят навозиш дењ, Ман намедонам, чаро дил ѓарќ дар чашмони зебои шумо гаштаст? Бе сутуни синаам аз ишќатон њар лањза меларзад, Куњканосо суруди васл мехонам. *** Њой мардум! Ошиќи устоди худ гардида шогирде, Ў суруди "Бишнав аз най" - ро кунад таќтеъ, Фоъилотун, фоъилотун, фоъилунро мекунад иншо. Ў намедонад, ки мављи иштиёќи дил, Шарња-шарња мечакад аз чашми фарёдам, Фарњодам. Ишќи Ширинаш чунон бо шираи љонам даромехтаст, К-аз нигоњаш дил найистони љунунхез аст. Аз љунуни бехудї, Таќтеи дилро мекунам такрор: "Сина хоњам шарња-шарња аз фироќ, То бигўям шарњи дарди иштиёќ".* Сина хоњам, фоъилотун, * Ин байт аз Мавлоно Љалолиддини Балхї аст.

КУЊАНТАРОНАИ ТАКРОР Навои нав шудам аз нойи ид мешунавам, Сафои мастии субњи умед мешунавам. Ва аз каронаи маввољи љовидонаи ишќ, Нишоти нашъаи куи сапед мешунавам. Ѓурури ќуфли ѓамангези шаб шикаста нашуд, Пагоњи панљараро аз калид мешунавам. Нуњуфта дар нафаси сардоб гармии нур, Суруди соњили садди садид мешунавам. Куњантаронаи такрорро ба фасли сурур, Дареѓу дард зи насли љадид мешунавам. Ба фоли ќањва чї њољат, сафири озодї, Ба ављи дилхура аз боду бед мешунавам. Бањори бовари парвоз гул накарду фасурд, Фусуни шабзадагони палид мешунавам. Ва Боязиди дил имшаб чунон занад, ё Њу, Ки тарсу воњимаро аз Язид мешунавам. Нигоњи дилшуда имшаб, нишоти хулди барин, Шуњуди бориќаро аз шањид мешунавам. 2. 6. 1391 њ., Тољикистон


("Нигоњ", № 23 (405), 27 августи соли 2014).

БАЊС Посух ба "Гулназар: "Шумо фаќат танќидро медонед" ("Нигоњ", № 23 (405), ).

(Аввалаш дар шумораи гузашта)

"Майли гулзор" Дар сарсухани китоби "Майли гулзор" доктори илми санъатшиносї, профессор Аслиддин Низомї нигоштааст: "…барои хори чањоровоза такмил додани оњанги суруди миллї кори чандон осон нест ва аз њунарманд дониши хеле волои касбї, мањорат ва таљрибаи кофиро талаб мекунад… Муаллиф ин асарњоро дар солњои гуногун љамъоварї намуда, мувофиќи талаботи замон ва љавобгў ба дастовардњои эљодии хорсароён онњоро барои хори а,CAPELLA (яъне сароидан бидуни њамовозии созњои мусиќї) такмил додааст". Шарофиддин Сайфиддинов, оњангсоз, Њунарпешаи халќии Тољикистон, профессор, барандаи Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абуабдулло Рўдакї дар њамин ва дар бораи њамин китоб навиштааст: "...Ба шарофати ин кор сурудњои мазкур дубора зинда гардида, дар барномаи хорсароён мавќеъ меёбанд ва боварї дорам, ки аксарашон вирди забони мардум мешаванд". Миралї Достиев дар таќризаш ба ин китоб навиштааст: "Холањмад Маљидов дар баробари интихобу омўзиш, тамрину ба њаводорон пешкаш кардани осори њамсарої, худ низ пайваста барои хор асарњо менависад ва осори писандидаи мусиќии халќию касбиро такмил медињаду барои хори бисёровозаи њирфаї мувофиќу мутобиќ месозад. Инак, намунањои эљодашро интихобан дар ин китоб, гирд оварда, манзури мутахассисону њаводорони санъати хорсарої кардааст." Ба Гулназар, ки гавњаршинос нест, чї бигўям? Магар бењуда фарёду фарёд аз дасти саррофони гавњарношинос нанамудаанд? Ман иќтибосњои болоро ба он хотир овардам, ки баъзе аз аъзои њакамони Кумита андак њам бошад, ба соња ва ќимати асарњои мусиќї ошної пайдо кунанд ва аз бемасъулиятияшон андешанд.

Айб дар ош аст, ё дар мош? Гулназар Келдї гуфтааст: "Гурўњи махсуси њирфаї асарњои операвиро ташхис кардаанд, на Билолов. Он њама њаёњуй (ифодаи Шоири халќии Тољикистонро бубинед- Х.М.), ки Маљидов бардошт, њељ рабте ба Билолов надошт. Аввал ин, ки Маљидов на оњангсози опера аст, тахассуси вай дирижёр аст ва мусиќии дигаронро ба оркестр медарорад (???). Дувум ин, ки њамон операшиносон гуфтанд, ки асари пешнињодї бояд танњо моли муаллиф бошад. Чї хел оњанги чанд нафарро иљро карда, аз номи худат пешнињод мекунї? Агар бовар накунед, рафта аз њайати њакамон пурсед. Охир, ин љо мусиќишинос њам њаст". Љанобон! Як мусиќишинос доред, яъне Билолов, ки ба мусиќии касбии љањонї иртиботе надорад. Ба Гулназар, муовини раиси Кумитаи љоиза, мафњуми "опера"-ро низ бояд шарњ дод, аммо имкону љой танг ва њам бисёр айб аст. Агар онро ба андозаи як навомўзи ѓайрињирфаї низ медонист, ба чунин ѓалатњо роњ наме-

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

13

ДУРЎЃИ НОБАХШИДАНЇ Дар интихоби Суруди миллї Дамир Дустмуњаммедов наќш дошт, на шеъри Гулназар...

Холањмад МАЉИДОВ, узви Кумитаи Љоизаи давлатии ЉТ ба номи Рўдакї, Њунарпешаи халќии Тољикистон, сархормейстери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї.

дод. Мо чанд оњангсози њирфаї дорем, ки ангуштшуморанд ва аз ин гуфтањо парњез менамоянду огоњ нестанд. Ман дар маќолаву суњбатам нанавиштааму нагуфтаам, ки "он њама њаёњуй ба Билолов рабт дошт". Кош як бори дигар онњоро мехонд ва бесалоњиятиашро мешинохту мефањмид, ки айб дар ош аст, ё дар мош. Дар куљо навиштааму гуфтаам, ки ман оњангсози опера њастам? Тахассусам њам дирижёр нест ва мусиќии дигаронро њам ба оркестр надаровардаам(???). Хуб мебуд, агар Гулназар дар бораи соња андак маълумот меандўхт, баъд суњбат мекард, то худро ба ин бефањмї хандахариши мутахассисон ва донишљўёни соњаи мусиќии касбї намекард. Ё иќрор мешуд, ки аз мусиќии касбї на маълумоту на њаќќи њакамиро ба ин асарњо дорад. Гулназар ба рўзноманигор бо шикоят мегўяд, ки "шумо фаќат танќидро медонед", аммо худ аз оѓоз то анљоми

Ман аз фањми адабиёт дурам, аммо њиљоњоро шумурда метавонам ва вазнро эњсос мекунам. "Республикаи ман" иборат аз шаш њиљо ва "Љумњурии ман" аз панљ њиљо аст. Овозхон бояд бо овоз як њиљо илова бикунад?! Яъне онро маљбуран бикашад?! Шўрои бадеии театр ин сурудро низ ќабул накард. Њатто ба ин кор хандиданд.

«

суњбат танќид мекунад. Суњбатро агарчи ихтисосї навиштаанд, аммо ба забони соњаи мусиќї "худфаъолї" аст, на беш аз он, чунки Гулназар аз фањмиши ихтисосии мусиќї фарсахњо дур мебошад. Ин шоир худро дар њама љо, дар њама суњбат надониста, аммо аз рўи худхоњї ё худ эгоизм муаллифи Суруди миллї муаррифї мекунад. Њол он ки дар тамоми дунё муаллифи Суруди миллї композитор, оњангсози онро медонанду ном мебаранд, албатта, ба љуз дар кишвари мо. Бубинед, дар њама дунё сурудњои миллиро бематн иљро мекунанд. Масалан, дар озмунњо ба њангоми ноил шудан ба дастовардњо ва ё дар маросимњои дигари сиёсї фаќат мусиќии сурудњои миллї садо медињад.

Суруди миллї Хеле андешида ба хулоса омадам, ки хонанда бояд донад, ки кинаандўзињои Гулназар нисбат ба ман аз куљо сар задааст? Ва чаро имрўз ќасд мегирад? Ман ба бисёр масъалањо њамчун мутахассиси соња объективона бањо медодам ва изњори андеша менамудам. Масалан, операи "Пўлод ва Гулрў"-и (аз рўи асари шодравон Рањим Љалил "Одамони љовид") Шаро-

фиддин Сайфиддинов. Либреттои онро Сергей Севертсев соли 1956 навишт. Файзулло Ансорї ин либретторо аз забони русї ба тољикї тарљума кард. Он бењтарин опера аст. То замони истиќлолият он намоиш дода мешуд, аммо ба даврони нав љавобгў набуд. Ба ин хотир, онро аз намоиш додан боздоштем. Лекин Гулназар ба њамин мусиќї либретто навишт. Дар тамоми дунё ба либретто мусиќї менависанд, на баръакс. Аммо чун шоири мо аз ин њаќиќату ќонуният огоњ нест, ба ин кори ношуданї даст зад, ки, албатта, муваффаќ нагардид. Ба мусиќии тайёр хост соњиби опера шавад, њамчунон ки соњиби Суруди миллї гардид ва онро ќабул карданд. Пиндошт, ки њайати эљодии театр чун вакилони мардумї онро хуш мепазиранд. Аммо онњо мутахассисанд ва њаргиз ба ин роњ намедињанд. Махсусан Шамсї Низомов, саррежиссёри театр, пофишорї кард ва бо изњори андешањо онро рад намуд. Гуфт, ки ќабули он љуз аблањї чизи дигаре нест. Охир шоир ин опера, ин мусиќиро ба пуррагї дарк накарда, маќсадњои оњангсозро дарнаёфта чї гуна метавонад либретто нависад? Агар ин масъала бад-ин осоние, ки шоири мо мепиндорад, њалли худро меёфт, дар дунё дигар шоирони машњуртару боистеъдодтар ба он рў меоварданд. Ман он ваќт директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнї будам. Гулназар пиндошт, ки мо онро ќасдан гардонидем. Аз ин рў либреттоашро ба Вазорати фарњанг пешнињод кард. Дар ин љо њам онро мутахассисони касбї напазируфтанд. Пас аз ин њам шояд дар ин бебарорияш маро гунањгор мењисобад. Чанд муддат гузашт. Ба суруди бисёр маъруфи "Республикаи ман"-и Шарофиддин Сайфиддинов (матни шодравон Боќї Рањимзода ва Муњиддин Фарњат) матни нав навишт бо номи "Љумњурии ман". Наќарот низ "Љумњурии ман буд". Охир, он куљову ин куљо?! Ман аз фањми адабиёт дурам, аммо њиљоњоро шумурда метавонам ва вазнро эњсос мекунам. "Республикаи ман" иборат аз шаш њиљо ва "Љумњурии ман" аз панљ њиљо аст. Овозхон бояд бо овоз як њиљо илова бикунад?! Яъне онро маљбуран бикашад?! Шўрои бадеии театр ин сурудро низ ќабул накард. Њатто ба ин кор хандиданд. "Љумњурии ман" њељ ба мусиќї ворид намешавад. Шоир поро дар як мўза андохт, ки онро шўрои бадеї бипазирад, аммо муваффаќ нагардид. Боз рў овард ба Вазорати фарњанг. Он љо низ ѓалбераш холї аз об баромад, ќабулаш накарданд. Боми осонбаро мекобаду мехоњад, аммо дар соњаи мусиќии касбї чунин бом вуљуд надорад. Агар њам як бор бо Суруди миллї ба даст овардааст, он на аз њисоби мутахассисони соња ва театри академии мо буд, балки дар ин кор хизматњои хирсонаи композитор Дамир Дўстмуњаммадов наќши асосї дошт. Ва ин мавзўи бањси дигар аст, ки дар матлаби оянда руљўъ хоњам кард.


14

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

ЌОДИРИ РУСТАМ Аз љумлаи адибони тозагўи тољик аст, ки аввали солњои 80-и асри гузашта бо нахустин нигоштањо вориди майдони адабиёт шуданд. Аз замраи ононест, ки дидгоњи тоза доранд, шахсест, ки њам ќиссаву њикоя менависад, њам повесту румон, њам пажуњиши илмї мекунад ва њам саргарми тарљумаи асарњои классикони адабиёти љањонист. Ва дар њамаи ин муваффаќ аст. Ќодири Рустам (Абдуќодир Рустам) зодаи дењаи Панљрўд, зодгоњи Одам-уш-шуаро Абуабдулоњи Рўдакист. 10-уми октябри соли 1958 дар хонаводаи муаллими забон ва адабиёт дида ба олам кушодааст. Мактаби миёнаро дар Панљрўд хатм кардааст ва баъдан барои идомаи тањсил вориди пойтахти кишвар шањри Душанбе шудааст. Мегўяд шавќи омўзиши адабиёт ўро ба остонаи Донишгоњи давлатии Тољикистон овард. Фаъолияти мењнатиаш аз соли 1981 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тољики Донишгоњ дар нашриёти "Ирфон" шуруъ шуд. Аввал мусањњењ буд, баъд муњаррири хурд ва баъдан муњаррир. Аз љумлаи аввалин кормандони њафтаномаи озоди "Чароѓи рўз" буд, ки чун падидаи ошкорбаёнї дар остонаи худшиносии миллї дар фазои иттилоотии кишвар пайдо шуд ва дар кутоњтарин фурсат ба як нашрияи хеле хонданиву љолиб табдил ёфт. Аввалин китобаш бо номи "Бурси дуреша" соли 1986 дар нашриё-

ти "Ирфон" чоп шуд, ки маљмуъаи насри бадеии адиби љавон ба шумор мерафт. Љанги дохилї ўро низ ба гирдоби муњољирати иљборї њаво дод ва муддати чандин сол дар Ќазоќистон зист ва эљод кард. Соли 2003 дар Олмотї китоби ў бо номи "Рўдакї, фаромўшї, Чингизхон ва хар" чоп шуд. Доктор Сафар Абдуллоњ, ки солиёни зиёд бо Ќодири Рустам ошної дорад ва муддате дар Ќазоќистон низ канори њам буданд, ўро чун нависандаи фозил ва пажуњандаи доно медонад. "Сухан гуфтан аз Ќодири Рустам барои ман бисёр гуворост, зеро ўро чун бародар дўст медорам ва њамчун як нависандаи фозил ва пижуњандаи доно эњтиром мегузорам. Ќодири Рустам ба хубї дарёфта аст,ки аввалин абзор барои нависандагї чашми боз аст, ки нигоњ кунад ва бинад, ки дар атроф чї мегузарад. Кишвари азизи мо ва даврони мо, пур аз масоил аст ва агар чашм барои дидан боз бошад, нахустин гом бардошта шуда аст! Дувумин абзори муњим пайванд бо фарњанги миллии мост, фарњанге, ки таърихи чандњазорсола дорад ва моя гирифтан аз он чї ки дигарон гуфта ва навиштаанд. Ва агар чашм боз ва ошнойї бо осори гузаштагон бошад, асбоби кор муњайё хоњад шуд. Вале њамаи ин халлоќияти адабї, њуш ва нубуѓи зотї ва кўшишу талош мехоњад. Хушбахтона, Ќодири Рустам аз њамаи ин сифот

бархурдор аст. Ў барои анљоми њар коре омодагии љиддї мебинад ва ин омодагї ва истеъдод аст, ки хамирмояи халлоќият ба кор афтад ва кушост, зеро медонад, ки њама гуна дастоварди фаръ(људошуда)аз кушиш аст". Солњои зиндагонї дар Олмотї, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорї ба пажуњиш машѓул шуд. Тањия ва шарњи китоби донишманди каблазинкилобии рус А.Шишов "Таджики" (Олмотї, 2005), тањия ва шарњи "Девон"-и Рўдаки" (Олмотї, 2007, Тењрон, 2008, 2012) низ самараи кори эљодии ў дар ин солњост. Доктор Сафар Абдуллоњ бар ин назар аст, ки наќди адабии тољик Ќодири Рустамро њоло њам нашнохтааст. "Ќодири Рустам барои ман нумоди тољики наљиб ва асил аст бо нигоњи жарф ва кунљков ва тезбин ва бо диќќати шигарф бар њама чиз менигарад ва ба хотираш месупорад ва он гоњ ки менависад, бисёр даќиќ ва дилнишин менависад. Ба забони ширини мо, порсї, мусаллат аст ва њар китобе, ки то кунун чоп кардааст, аз ин сифоте, ки гуфтам, бархўрдор мебошад. Достонњои кутоњ, ќиссањо ва румони ў "Пойњо ва Рўйњо" бо вежагињои хоси худ, аз навиштањои дигарон тафовут дорад, ки ба назари ман њанўз наќди адабии мо ўро нашнохта аст",-мегўяд ў. Баъди "Рўдакї, фаромўшї, Чингизхон ва хар" муддати њафт соли

дигар њаводорони осораш аз ў чизи тозае нахонданд. Худи ў мегўяд як муддати тўлонї њатто аз мутолиа даст кашида буд, чї монад, ки асар нависад. Вай ба рўйдодњои кишвар ишора мекунад ва мегўяд он замон ба ин натиља расид, ки адабиёт ба мардум чизе намедињад. "Ба он бовар будам, ки агар адабиёт ба мардум чизе медод, мо ба ин њол гирифтор намешудем". Ва муддати шояд 8 сол худро канор кашид, њатто ба иќрори худаш на мехонду на менавишт. Вале баъдан дубора рў ба адабиёт овард. Ва ин ин таѓйири андеша боис гардид, ки соли 2010 дар на-

шриёти "Шуљоиён" китоби "Чойхонаи "Роњат". Ќисса ва њикоёт барои хониши пеш аз хоб" аз чоп баромад. Аввали њафтаи гузашта хабари соњиби "Љоизаи сол" шудани Ќодири Рустам расонаї шуд. Љоизаест, ки Ройзании фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон таъсис додааст ва њамасола як нафар аз муњаќќиќон ва адибони тољик дода мешавад. Дар аввалин соли таъсиси љоиза барои тадвин ва тасњењи "Девон"-и Рўдакї он насиби Ќодири Рустам шуд.


НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ ОЁ АЗ КЎЧАЊО "ОБЛАВА" КАРДАН АМАЛИ ХУБ АСТ? - Имрўз, бо оѓози мавсими бањории даъвати љавонон ба хизмати аскарї, боз масъалаи "облава" бар сари забонњо шудааст. Ва њар љо њар љо шикоятњое ба гўш мерасанд. Оё кормандони комиссарати њарбї ва милитсия ба чунин амал њаќ доранд: - Њамин ки соњибихонаи ноогоњ аз чизе, пас аз шунидани садои занг, дарро ба рўи зангзадањо мекушояд, онњо давида кафшро аз по набароварда ва саросемавор бо фарёд ба хона даромада, тамоми кунљу бурљи хона, ташнобу анбор ва њатто зери тахти хобро дар љустуљўи фарзанди онњо мавриди кофтукоб ќарор дода, соњибони хонаро дар њолати шокзада ва фишори хун ќарор дињанд??? Оё аз кўчањо "облава" кардан амали хуб аст? Азизбегим БАХТИБЕКОВА, сокини шањри Хоруѓ - Вобаста ба суоли шањрванд Азизбегим Бахтибекова њаминро ќайд карданї њастам, ки аслан вожа ё номи "Облава" дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" нест. Њамчунин шањрванд ин љо гуфтааст: "Оё кормандони комиссариати њарбї ва милитсия ба чунин амал (облава) њаќ доранд? Аслан ваќте ки комиссияи даъватї ё худ маросими чорабинињои даъватї оѓоз мешавад ва он њамасола дар ду мавсим аз 1 - уми апрел то 31- уми май ва аз 1 - уми октябр то то охири моњи ноябр ташкилу ба роњ монда мешавад. Њар мавсим баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти ЉТ ва мутобиќи Ќонуни ЉТ комиссияи даъватї ташкил карда мешавад. Тибќи он раиси комиссияи даъватї муовини раиси ноњия дониста мешавад. Ба њайати комиссияи даъватї комиссари њарбї, маќомоти њифзи њуќуќ, шуъбаи маориф, тандурустї, фарњанг, раисони шањраку љамоатњо, мањаллањо, бахши љавонон, варзиш ва сайёњї дохил мешаванд. Дар доираи ташкили ана њамин гуна комиссия масъули комиссия вазифадор аст, ки вобаста ба самтњои фаъолияти худ чорабинињои гуногуни сиёсиву фарњангї ва таблиѓотиро ташкилу ба роњ монад. Аз њамин хотир маќомоти масъули комиссияи даъватї захирањои эњтиётиро ба инобат гирифта тавассути раисони љамоатњо, дењшўроњо ва мизњои њарбї ба шањрвандоне, ки ќобили хизмат дониста мешаванд ва ба њайати захирањои эњтиётї медароянд даъватнома мефиристонанд. Баъди ин шањрванди ќобили хизмат њуќуќи таъхир кардани хизмати њарбиро надорад. Барои шањрванд бояд ба комиссияи даъватї њозир шавад. Танњо дар асоси ќарори комиссия њуќуќи ба таъхир гузоштан ё озод будани шањрванд мушаххас карда мешавад. Шањрванде, ки баъди гирифтани даъватнома ба комиссияи даъватї њозир намешавад, санад тартиб дода мешавад. Тавре дар боло ќайд кардем тибќи ќонун масъулини даъват раисони шањру ноњия ва вилоятњо ба шумор мераванд ва санаде, ки тартиб дода мешавад он аз љониби раиси комиссияи даъватї тасдиќ мегардад. Тибќи ин ќонун маќомоти њифзи њуќуќ вазифадор мешаванд, шањрванде, ки ќобили хизмат њаст бояд ба хизмати њарбї фиристода шавад. Мутобиќи моддаи 3 - и Ќонуни ЉТ "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" масъули комиссия вазифадор мегардад, шањрвандоне, ки аз ќисмњои њарбї фирор мекунанд ё уњдадорињои њарбиро иљро намекунанд ё ин ки саркашї аз хизмати њарбї мекунанд, онњоро ба ќисми њарбї ва ё комиссияи даъватї њозир кунанд. Талаботи моддаи 3-и Ќонуни ЉТ "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" инро мушаххас овардааст, ки шањрванд баъди гирифтани даъватнома бояд ба комиссариати њарбї њозир шавад. Як чизи дигарро илова кардан даркор аст, ки ваќте ки шањрванд ќобили хизмат аст, ба синну соли даъватї (аз 18 то 27 сола) расидааст њуќуќи ба таъхир андохтан ё озод будан аз хизмати њарбиро надорад. Ваќте ки шањрванд худ ба комиссияи даъватї њозир намешавад, талаботи Конститутсияи ЉТ , Фармони Президенти ЉТ, талаботи Ќонуни ЉТ "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" - ро вайрон мекунад, яъне аз уњдадории хизмати њарбї саркашї мекунад. Пас мутобиќи ќонунгузории Тољикистон маќомоти њифзи њукуќ вазифадоранд бо ў кор баранд. Ба саволи Шумо подполковник Фаридун МАЊМАДАЛИЕВ, сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон посух дод.

БА ЉОИ 09 - Маркази иттилоотиву захиравии назди Дафтари Созмони байналмилалии муњољират дар шањри Маскав оид ба кули масъалањои ќонунгузории мењнат ва муњољират, гирифтани ёрии тиббї, иљтимоиву равонї (психологї), њамчунин имконоти маърифатї барои муњољирон ва ањли оилаи онњо машварат медињад. Шумораи телефон барои тамос: 8-800-333-00-16 (дар ќаламрави Русия занг БЕПУЛ аст). Муњољирони ба шањри Екатеринбурги вилояти Свердловск сафаркарда имкон доранд барои гирифтани мадади бепули њуќуќї ва мусоидат барои таъмини љои кор ба созмони љамъиятии "Уральский дом" мурољиат намоянд. Шумораи телефон барои тамос: (34377) 7-39-73 ва 7-922-6065550 Њар яки мо бояд бидонем: пешгирї - бењтарин роњи њифзи саломатии худ ва наздикону пайвандонамон аст.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

ЛАТИФА Зан дар хитоб ба шавњараш: - Њамсояро дидї чи ќадар занашро дўст медоштааст, 1 њафта пеш занаш мурд имрўз масљиде ба номаш сохт то савобаш ба ў бирасад. Мард љавоб дод: Ман муддати тулонист, ки замин (барои масљид сохтан) харидаам, аммо таъхир аз љониби туст… *** Падар - БДА писари БДА ашро аз хоб хезонида: - Хез, писарљон, ваќти кор шуд. - Соат чанд бошад? - Ними њафт. - Њоло хело барваќт аст ку! - Не-е, бачам, барваќт не, мошинњо ним соат зиёд аст, ки бе пул гузашта истодаанд! *** Як мард аз оши нањор баромада мебинад, ки кафшњояш нест. Њайрон шуда аз худ мепурсад: - Аљиб. Ман кай хона рафтам, ки худам эњсос накардам? *** Нозири БДА як мошинро барои сурх гузаштани чароѓак манъ мекунад. Инро дидї? - мегўяд нозир тарафи ронанда ва БДА - и дар либосаш навишташударо нишон медињад. Медонї чї маъно дорад? Бте Доляи Аката. 40 сомонї барор! Ронанда: - Э командир вазвини бад ќапидиш. Камтараш кун, гумш ку, а бача?! Нозири БДА: - Намехоњї? Њозир протокол менависам, баъд 100 сомонї месупорї! Ронанда: - Не - не командир, ман розї. Марњамат 40 сомонї. Нозири БДА: - Аллакай дер шуд. Њоло бошад БДА - ро аз чап АДБ бихон. Медонї чї мешавад? Акнун Двойной Барор!

НАХОД? ГАВЊАР ЊАМА ДАР ТОЉИКИСТОН АСТ! - Дар Русия њар ваќте ки вориди супермаркет мешавам ин ду манзара Тољикистонро дар назарам боз њам азизтар мегардонад: 1.) Сабадњои пур аз сабзавот ва мевањои табиї. 2.) Рафњои пур аз ќанду ќурси маснуъї. А.) Мебинам, таќрибан кулли муштариён сабзиву, шалѓам,картошкаву анвоъи мевањо харидорї мекунанд ва ќисми сабзавотфурўширо доимо пур карда меистанд. Б.) Аммо рафњои ќанду ќурсњои маснуъї таќрибан дастнохўрда боќї мемонанд ва агар харидоре њам њаст, хеле кам. Пас, маълум мешавад, ки инсонњо зиёдтар ба он чизе эњтиёљ доранд, ки табиї бошад чизњои маснуъї наметавонанд эњтиёљи моро ќонеъ гардонанд ва як навъ худфиребї низ њастанд. Тољикистон кишварест, ки њар он чи табиист бо мо медињад ва шиками моро сер медорад. Бовар кунед, агар заминњо ба навъи бояду шояд истифода шаванд, Русия барои гадої ба Тољикистон меояд. Гавњар њама дар Тољикистон аст! Имоммуњаммад ЃОИБОВ, муќими Русия

? - И НОБОБ БАРОИ ИВАЗИ ТАЛОН БА КУЉО МУРОЉИАТ КУНЕМ? - Њангоми пур шудани талони ќайди ќоидавайронкунии воситаи наќлиёт ба куљо бояд мурољиат кунем? Ба Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ ё шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии мањалли зист? Талони ќайди ќоидавайронкунии нав чанд сомонї арзиш дорад? Муњиддин САЙФУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Тибќи ќонунњои амалкунанда њангоми хонапур шудани сатрњои талони ќаайди ќоидавайронкунї он аз тарафи шуъба ва шуъбачањои БДА, РВКД, ШВКД дар шањру ноњияњо дар љойи зисти шањрванд иваз карда мешавад. Талон дар њама њолат баъди пешнињод кардани ариза, шањодатномаи ронандагї оид ба фаъолияти ронандагии дараљаи воситањои наќлиёт мувофиќ будани шањрванд ва вараќаи имтињонотї дода мешавад. Арзиши талони ќайди ќоидавайронкунии нав 9 (нуњ) сомонї мебошад. Ба саволи Шумо аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ЉТ посух доданд.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

АНДАРЗИ МОНДАГОРИ ЛУЌМОНИ ЊАКИМ - Намозро њамон гуна, ки шоиста аст ба љо ор. - Насињату андарзи дигаронро њељ гоњ фаромўш накун. - Дар муќобили пешомадњо шакибо бош! - Аз мардум рўй нагардон ва бо онњо беэътино набош! - Бо мардум бо ѓуруру такаббур рафтор накун! - Дар маљолис ангушт дар бинї наяндоз! - Розу асроратро назди худ нигоњ дор! - Дўстро дар њангоми сахтї озмоиш кун! - Бо бадон ва љоњилон њамнишин нашав! - Бо донишмандон њамроњ бош! - Дар касб ва кори нек љиддї бош! - Бар кўтањфикрону заифон эътимод накун! - Бо оќилони имондор њамеша машварат кун! - Сухани санљидаро баён кун! - Дўсту ёронро эњтиром кун! - Бо дўсту душман хўшахлоќ бош! - Харљатро камтар аз даромадат дошта бош! - Љавонмардї ва гузаштро пеша кун! - То метавонї бо мењмон мењрубон бош! - Дар њангоми сухан гуфтан матин ва ором бош! Умар ШЕРОВ, хонандаи мактаби миёнаи №17- и шањри Душанбе


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (411), 8. 10. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

СУКУТИ МУХОЛИФИН ВА НИГАРОНИИ ЊУКУМАТ Мирзодиккак зери њавою њаваси интихобот ќадам мезад. Ў хост аз омодагии њизбњои сиёсї дар шањру ноњияњои љумњурї огањии муфассал дошта бошад. Ў ба биноњои баландошёна ва таъмиршудаи ЊХДТ нигариста, бо онњо ифтихор мекарду ба њукумати љонољон барои фароњам овардани шароити баробар ба њамаи њизбњои сиёсї ањсан мехонд. Мутаассифона, вай бахши вилоятии ЊНИТ-ро дар ошёнаи дуюми бинои дуошёнаи фарсудае пайдо кард, пушти дари ќароргоњи њизб чизе нанавишта буданд. Вай занги дари њамсояро пахш кард ва аз нањзатињо пурсон шуд. Бонуе дарро нимроѓ карда гуфт, ки: "Додар, ба умеди нањзатињо нашуда, аз ин љо ѓайб занед. Сари мо аз њамсоягї бо ин њизб дар бало мондааст. Ду кас дари нањзатињоро занад мо бояд ба суд шикоят нависем. Онњо хонагї шудаанд. То интихобот чилла мешинанд, ё роњу усули дигари корбариро пеша кардаанд. Инро Худо худаш надонад, мо намедонем". Мирзодиккак дар ин шањри аз пойтахт дур баъди љустуљўи зиёд, назди тирезаи бинои чорошёна акси Ленинро дид, ки бо чашмони пур аз ѓаму ѓусса ба гадоёни дар шафати роњи пиёдагард нишаста менигарист... Ба назари Мирзодиккак чунин мерасид, ки аз дидањои Ленин ашк мерезад. Ў хост зуд вориди бино гашта ба назди В. И. Ленин раваду ба Доњї ва номи њаммаслаконаш, аз љумла салому паёми коммунисти матинирода, њамсараш Пахтагул Панљсолаеваро начакондаю нарезонда бирасонад. Њангоми воридшавї дар долони хобгоњ ду донишљўи галстукдор Мирзодиккакро доштанду вахтиёр муштњояшро гирењ карда љониби "гуноњкор" омад. Генерали њукуматї бо сад зораю тавалло бегуноњияшро исбот кард, вагарна вохурияш бо Ѓалтак дар сардхона ё дар беморхона иттифоќ меафтод. Мирзодиккак аз пушти бино бо роњи эњтиётї тарсидаву ларзида вориди њуљраи В. И. Ленин гардид. Њолу ањволи коммунистњо дар хобгоњи донишљўён аз гадоёни сари роњ бадтар будааст... Мирзодиккак њама љоро чарх зад. Тањхонањои шањрро љустуљў намуд, вале аз намояндагии 5 њизби дигари сиёсї на номашон пайдо буду на нишонашон. Ў ба идораи адлия омад ва нишонии њизбњои сиёсии амалкунандаро дар шањр пурсон шуд. Масъулин барои дарёфти посух ба ин суол ишора ба Вазорати адлияи ЉумњурииТољикитстон намуданд. Мирзодиккак сар хорида ба Душанбе баргашт. Њангоме ки Мирзодиккак аз майдони Исмоили Сомонї мегузашт дид, ки Ѓалтак назди муљассамаи Исмоили Сомонї рост истодааст. Маълум набуд, ки ў ба Исмоили Сомонї ваъдаи садоќат ба Ватан медињад ё аз руњи Исмоили Сомонї наљоти миллат аз фаќру дастнирариро талаб дорад. Љўрањо зери муљљасамаи Исмоил њамдигарро сахт ба оѓўш гирифтанд. Дар майдон на бештар аз 6070 нафар буданд, ки аз онњо њудуди 30 нафар милиса ва дигарон нафарони мулкї буданд, ки зоњиран ба кори худ мешитофтанд. Онњо дар боѓи фарњанги истироњатии ба номи Айнї болои харакњои чўбини дар Сан - Петербург сохташуда, пуштнокї такя зада, сўњбаташонро дар мавзўи омодагї ба интихоботи парлумонии соли 2015-ум шурўъ карданд.

Мирзодиккак: - Офарин ба ЊХДТ, дар майдони сиёсати кишварамон љавонтарин бошад њам, дигар њизбњои сиёсиро дар кордонї ба ќавле ба як нўл задааст. Мана, ЊНИТ аз таърихи 40-солаю равияи динї доштанашон ифтихор мекунанду ЊДТ аз аввалинњо дар Љумњурии Тољикистон буданаш. Дидам, ќабл аз интихоботи парлумонї ЊНИТ дар мањаллњо њуљрагї гашта. Дар масъулону аъзоёни ЊДТ на нанг мондаасту на номус... Аъзои њизби коммунист дар шањри Ќурумтеппа дар хобгоњи донишљўён љой гирифтаанд, то мурдаашон бесоњиб намонад. Ѓалтак: - Мебахшед, агар дастгирии њамон њукумати љонољону маблаѓњои бедардимиёни мардум набошад, аз он масъулону аъзои аз ночорию маљбурї ба ЊХДТ шомилшуда, касе боќї намемонад. Мана, дигар њизбњои сиёсиро аз дафтарњои корияшон бо саду як бањона меронанду дар њамаи идораю муассисањои давлат ва бархе аз корхонаю муассисањои сањњомињою хусусї ячейкањои ибтидои ЊХДТ кор карда истодааст. Канї њамон баробарию бародарие, ки њукумати љонољонатон барои фаъолият намудани њизбњои сиёсї фароњам овардааст ? Мирзоджиккак: - "Мо метавонем!" Дар асри 19 ЊХДТ дар Русия мавќеашро пайдо накард. Мо ќудрати ЊХДТ- ро дар асри 21 дар Тољикистон нишон додем. Њамаро дењќонї кардем. Плехановњои мо, Плеханови ту мегуфтагї нестанд. Мо курсињоро кафшер кардагї. Мардум инро хуб медонад... Барои њамин... Ѓалтак: - Бале, њамаро ба дењќонон супоридед, вале аз дастатон на ривољу равнаќи саноати сабук меояду на вазнин. Дењќони бечора мурѓи посўхта барин барои дарёфти ризќу рўзї гоњ дар

Ватан мекалованду гоњ дар Русия. Њељ нест, ки онњо дар ватан муќимї шавад. Шумоён як дасти таъмаро љониби Русия дароз кардаеду дасти дигаратонро љониби Чин, то ки мардум ба бењунариятон не, балки ба мардумсолории шумо ќоил шаванд. Мирзодиккак: - Аз њамон њамватаноне, ки бойгарии Ватанро дуздида аз дур њукумати љонољонамонро аз роњпаймоию норозигии мардум метарсонанд, њамин чинињою урусњо дањњо маротиба бењтаранд. Ѓалтак: - Бале, шумоњо ба худињо бовар надоред. Маълум, ки аз њама дида, бароятон курсї заруртар аст. Мирзодиккак: - Љўраљон дар зиндагї ба худаму худат курсї нарасидааст, агар дар њамон роњаткурсињои вазоратхонањо менишастем, барои љои мулоимро аз даст надоданамон чї гапњои дурўѓеро намебофтему намегуфтем - а!? Ѓалтак: - Не, њама ба тарбияи хуби кадрњо вобаста аст. Агар тарбиягирифтаву раъиятпарвар бошад, њељ гоњ манфиати шахсияшро аз манфиати умум боло намегузоранд. Афсус, ки таблиѓоти якљолнибаи њукумати љонољонамон њамаи бурди љамеаро ба гурўње аз мансабдорон рабт медињаду ноомадии корашро аз мухолифинаш медонад... Бо ишораи Мирзодиккак љўрањо аз боѓи фарњангї истироњатї баромаданд. Мирзодиккак то расидан ба истгоњи наќлиётї дар андешаи он буд, ки чаро дар музофотњо бештари њизбњои сиёсии номнависшуда ба таври бояду шояд фаъолият намекунад. Замоне, ки љўрањо аз њам људо шуданд офтоб рў ба фурўравиро дошт. Зебогии шафаќи офтоб њамаро тиллої намо медод. Хаминаш даќиќ буд, ки баъди фурўравии офтоб тирагии шаб њамаро фаро мегирад.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Эмомалї РАЊМОН, Президенти Љумњурии Тољикистон: - Худтаърифкунии бисёр кардем, баъд ба хатої роњ медињем. Фаъолияти њукумати марказї њам бе камбуд нест. Ман ба ин љо омадам, як соат ду соат. Чї дида метавонам? - Бисёр не, Љаноби Олї, аз њад гузарондем/д! Телевизионњо Брежневро дар 18 сол ин ќадар таъриф накарда буданд, ки дар нуњмоњаи соли љорї шумову сиёсатњои хирадмандонаатонро. Фаъолияти њукумати марказиро-ку умуман нагўед: иќтисоди уфтодаву авлодбозии як соли ахир мењнати 20-соларо ќариб барњам додаасте... Амирќул АЗИМОВ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Шумо худатон таърихи Тољикистон ва артишу хадамоти махсуси кишварро медонед. Чї вазнинињое ба сари мардум наомада буд. Њамаи онро паси сар карданд. Бо боварї гуфта метавонам, кадом ќуввае, ки агар бо нияти бад ба сўи Тољикистон рањсипор бошад, дар марз несту нобуд мешавад. -Мо тарс аз он суи марзњо надорем, мо аз худињои уруспарасту кремлтарс зиёдтар њарос дорем... Бег САБУРЇ, раиси Хадамоти алоќаи назди ЊЉТ: - Корбарон аз њад зиёд сиёсатзада шудаанд ва ба љои таблиѓи сулњу оромї дар љомеа низоъ бармеангезанд ва њамчунин даъватњову гуфтањои ифротиро нашр мекунанд. - О, каллаварамњои бесаводе! Сиёсатро чї мекунанд инњо? Равед пиёз коред, редиска кишт кунед, сохтмончї шавед. Э, њич нашавад, ќудои ягон одами пулдор шавед буд! Њў, мардум, аз њамин сиёсат кї обрў гирифтааст, ки шумоњон гиретон? Рамазон РАЊИМЗОДА, вазири корњои дохилии Тољикистон: - Тибќи иттилои мо дар наздикињои сарњад бо Тољикистон дар ќаламрави Афѓонистон гуруњњои террористї ва диверсионї љамъ омадаанд, ки метавонанд аз фурсат истифода карда, ба гуруњи гурезањо ворид гарданду ба ќаламрави СПАД роњ ёбанд. - Тибќи иттилои мо гуруњи диверсионї-бозорситонї дар Бозори "Сомон"-и Чкаловск љамъ омада, аз фурсат истифода карда, ба сейфу иљорапулї роњ ёфта истодаанд. Сайидумар ЊУСАЙНЇ, вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Гадоиро андозбандї кардан ба њељ ќонун мувофиќ намеояд. Ба хотири он ки гадої, аввалан, касбу кор нест, дуюм ин ки, агар ин расмият пайдо кунад, дигар маълум мешавад, ки мо дар мамлакатомон гўё кори нав эљод кардаем. - Аз тамоми бору коло ва хасу чўби ба Тољикистон ворид шуда, андозу бољ гирифта мешудаасту аз гадоњо не-мї?! Гирифтан гиред, унњоям гусф.., эъ, мабахшед, моли худатонанд. Мењрнигори РУСТАМ, сароянда: - Наход зўри Мењрнигори Рустам ба як мошин "Лексус" нарасад?! Худам бо пули зањматњоям мошин харидам. - Чаро намерасидааст?! Албатта, мерасад. Агар нарасад, шумои ќобил кашида-кашида мерасонед. Эшони Њикматуллоњи ТОЉИКОБОДЇ, руњонї: - Пешвои мазњаби мо Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насињаткунон мегўяд, "подшоњро эњтиром намо ва манзалаташро гиромї дор". - Ин хел бошад, шумо бо шогирдонатон ба Инглистон равед: онљо шоњигарї њам њасту шоњ њам, аниќтараш малика њаст. Аз пойи як бўрдангала дасти нозуки маликаро бўсидан бењтар будагист.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.