Нигох №29 (462). Чоршанбе, 14-уми октябри соли 2015

Page 1

"ЉАНГИ НАФТ"

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

1

Дар љануби Тољикистон ширкатњои нафтї таќвият меёбанд №29 (462). Чоршанбе, 14-уми октябри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Мино: «Ман се - чор рўз

аз Душанбе дур шавам, дилам танг мешавад» САЊИФАИ 16

ИЌТИСОД

Тарњи бемавриди вазорати молия? САЊИФАИ 5

ТАБЛИЃ

QNET дар сатњи баланд њунарнамої мекунад САЊИФАИ 13

ТАЛОШ БАРОИ ЊНИТ Чаро исломи сиёсї ба Тољикистон дигар барнамегардад?


СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

2

Талош барои ЊНИТ Чаро исломи сиёсї ба Тољикистон дигар барнамегардад? Њизби нањзати исломї, њизбе, ки террористї ва экстремистї эълон шуд, пас аз таваќќуфи ќариб якмоња аз худ дарак дод. Муњиддин Кабирї, рањбари њизб, замоне, ки дар Душанбе 13 узви Шўрои сиёсии ЊНИ-ро боздошт карданд, эълом дошта буд, ки муваќќатан фаъолияти њизбашро ќатъ мекунад. 12 октябр Шўрои сиёсии ЊНИ зимни як баёния эълон дошт, ки фаъолияташаро шуруъ кард. Дар куљо? Дар кишварњои мизбоне, ки аъзо ва љонибдоронаш зиндагї мекунанд. Аз ин баёния бармеояд, ки ЊНИ аз ин ба баъд дар Тољикистон низ фаъолият карданист ва умуман як барномаеро рўи даст гирифтанист, ки бозгашти дигарбораи онро таъмин кунад. Аммо ЊНИ дар Тољикистон ба монанди Ал - ќоидаву Љамоаи Ансоруллоњ ва Њизби тањрир террористї ва экстремистї эълон шуд. Ин ба он маъност, ки љонибдорони њизб камтарин њаракат њам кунанд, ё террорист, ё экстремист эълон мешаванд ва сахт муљозот хоњанд шуд. Аз сўи дигар, сухан дар бораи исломи сиёсї дар Тољикистон меравад, ки дар шахси ЊНИ пурра саркўб шуд. Суоле њам матрањ мешавад, ки чаро исломи сиёсї имкони бозгашт ба Тољикистонро аз даст дод? Оё ЊНИ метавонад ба сањна баргардад?

Дар намози љумъаи рўзи 2 октябр гурўње аз имомхатибони шањри Душанбе њангоми амри маъруф пешнињод карданд, ки ба Сарќонуни Тољикистон таѓйирот ворид ва фаъолияти њамагуна њизбу њаракатњои сиёсии динї дар кишвар манъ карда шаванд. Ин пешнињод њам дар пайи ќироати њукми Суди олии Тољикистон аз 29-уми сентябр дар бораи террористї ва экстремистї эълон кардани Њизби нањзати исломии Тољикистон садо дод. Суди Олї њамчунин фаъолияти њафтаномаи "Наљот" ва сомонаи ин њизбро низ ќатъ карда, ворид, пањн намудани аудио ва видеосабтњо, рўзномаю адабиёт ва вараќањои марбут ба ин њизбро љиноят эълон кард. Дар њамин њол, бино ба моддаи 28 и Сарќонуни Тољикистон, ЊНИТ агарчи бо ќарори Суди Олї манъ шуд, заминаи ташкили як њизби динї вуљуд дорад. Дар ин модда омадааст: "Шањрванд њаќ дорад дар ташкили њизбњои сиёсї, аз љумла њизбњои характери демократї, динї ва атеистї дошта, иттифоќњои касаба ва дигар иттињодияњои љамъиятї иштирок намояд, ихтиёран ба онњо дохил ва аз онњо хориљ гардад". Ин њол ду интихобро пеши њукумат мегузорад: 1) ташкили як њизби "кисагї" - и динии исломї; 2) гузаронидани раъйпурсии умумимардумї барои ворид кардани таѓйиру иловањо ба Сарќонун. Њукумати Тољикистон роњи дуввумро шояд интихоб кунад. Бино ба иттилои ѓайрирасмї, то соли 2017 дар киш-

"Моддаи 28" Заминаи ќонунии фаъолияти як њизби сиёсии динмењвар дар Тољикистон њанўз лаѓв нашудааст, аммо бархе тањаввулот нишон медињанд, ки ин заминањо њам аз миён бурда хоњанд шуд.

«

Њизби "кисагї" - и исломї аслан дар барномаи њукумат вуљуд надорад, магар ин ки ягон воќеиятњои дигар пеш оянд. Аммо њукумати кунунї аслан дар эњёи исломи сиёсї, ки на фаќат барои Тољикистон, балки баќия ќаламрави ИДМ ва Созмони њамкорињои Шонгњой дардисар ба њисоб меравад, манфиатдор нест.

«

вар як раъйпурсии умумимардумї ба хотири ворид кардани таѓйиру иловањо ба Сарќонуни Тољикистон баргузор шуда, яке аз онњо мањз њазфи вожаи "динї" аз моддаи 28 мебошад. Њизби "кисагї" - и исломї аслан дар барномаи њукумат вуљуд надорад, магар ин ки ягон воќеиятњои дигар пеш оянд. Аммо њукумати кунунї аслан дар эњёи исломи сиёсї, ки на фаќат барои Тољикистон, балки баќия ќаламрави ИДМ ва Созмони њамкорињои Шонгњой дардисар ба њисоб меравад, манфиатдор нест. Ба ќавли коршиноси рус Андрей Серенко, дар ин пањно ба "сохторе назири ЊНИТ умуман зарурат нест". Њукумати Тољикистон, ки аз соли 1992 ба ин сў тањти пуштибонии Русия ва Чин алайњи исломи сиёсї мељангид, нав аз ин мушкил халос хўрд ва табиист, ки ба бозгашти исломи сиёсї њадди аќал дар симои ЊНИТ манфиатдор нахоњад буд. Аз ин хотир, баробари тариќи ворид кардани таѓйиру иловањо ба Сарќонун аз миён бурдани заминањои њуќуќии фаъолияти як њизби сиёсии динї њузури исломи сиёсї дар Тољикистон батамом аз миён меравад. Њадди аќал, бар пояи воќеиятњои имрўзе, ки дар кишвар њастанд, метавонем чунин хулоса кунем. Њарчанд рањбарони ЊНИ бо такя ба таљрибаи сулњи тољикон дар соли 1997 ба ин боваранд, ки рўзе хоњанд баргашт, факти таърихї наметавонад, аввал, такрор шавад, дуюм, ба воќеиятњои имрўз рост гирад, зеро худ сулњ то љое "ром кардан" - и исломи сиёсии Тољикистон буд. Акнун, ки на ба содагї ва бо рискњои зиёд ин барнома анљом шуд, аз ин ба баъд њама гуна зуњуроти исломи сиёсї дар Тољикистон "рўфта ё шуста" мешаванд. "Тарњи эронї - туркї" Дар њамин њол, ќудратњое, ки дар Тољикистон таљрибаи истифодаи исломи сиёсї ба хотири густариши нуфузро доранд, аз ЊНИТ ба содагї даст бар-

доштанї нестанд. Мешавад гуфт, ки тамоми ќудратњо мехоњанд онро тањти назорат гиранд. Дар ибтидои истиќлолият замоне, ки заминањои љанги шањрвандї ба вуљуд меомад ва исломињои Тољикистон њукумати ваќтро ба чолишњои љиддї кашида буданд, аксарият Эрон, Арабистони Саудї, Покистон ва дигар кишварњои исломиро сармоягузори "тарњи нањзати исломї" медонистанд. Аммо аз ин, ки Амрико барои ба ќудрат расидани ЊНИ монеа эљод кард ва онро як тарњи эронї њисобид, хулоса мешавад, танњо Эрон ба исломињои Тољикстон сармоягузорї мекард. Эрон дар раванди сулњ ва тасмимњои ИНОТ - нињоди амалан тањти назорати ЊНИТ ва рањбараш Сайид Абдуллоњи Нурї наќши бориз дошт. Њамзамон дипломатњои эронї дар баробари сум ба наъл њам мех мезаданд. Робитаи Тењрон бо њукумати нави Эмомалї Рањмон низ хуб ба роњ монда шуд. Бо ин вуљуд, то се соли пеш - замони барномарезии тарњи "антинањзат", шояд дертар аз ин, Эрон муњимтарин пуштибони ЊНИТ ба њисоб мерафт. Аммо вокунишњои нањзатињо дар баробари Эрон тариќи шабакањои иљтимої ва њам рондани љонибдорони онњо аз он кишвар, ки бидуни шак, бо таќозои њукумати Тољикистон сурат гирифт, инро бармало сохт, ки Тењрон дигар аз ЊНИ даст бардоштааст ва худро дар чашми њукумати Тољикистон бад карданї нест. Шояд аз ин хотир буд, ки Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, домани "Ихвон ул - муслимин" - ро гирифт ва аз њукумати Тољикистон хост онро аз рўйхати созмонњои террористї њазф кунад. Расонањои нањзатї он гуна президент Муњаммад Мурсиро таблиѓ мекарданд, ки мегуфтї, рањбарашон аст. Њоло низ дар Туркия маскан гирифтани ЊНИТ бесабаб нест. Дар ин кишвар амалан ихвонињо дар сари ќудратанд. Агар манобеъи њукуматї иттилои сањењ дошта бошанд, аз тарафи ихвонињо дар Мисру Туркия хона туњфа гирифтани рањ-

САДОИ МАРДУМ

60%

54% 50%

6%

18%

18%

1 (хеле бад)

3%

4 (хуб)

10%

5 (аъло)

20%

3 (ќаноатбахш)

30%

2 (ѓайриќаноатбахш)

40%

0% 1

2

3

4

5

72%: "БАЊОИ СОЊИБКОРИИ ХУСУСЇ ДАР ТОЉИКИСТОН ЃАЙРИЌАНОАТБАХШ АСТ" Натиљаи як назарпурсии виртуалї маълум кард, ки беш аз 70% - и пурсидашудагон ба бахши соњибкории хусусї дар Тољикистон бањои ѓайриќаноатбахш медињанд. Ин назарпурсї бахшида ба "Рўзи соњибкор" зери унвони "бањои Шумо ба бахши соњибкории хусусї дар Тољикистон чанд аст?" баргузор шуд. Он маълум кард, ки њамагї 3 дарсади респондентон ба ин бахш бањои "5 (аъло)" дода, 6 фисади дигар њам гуфтаанд, ки бањои он "4 (хуб)" аст. Аммо аз сўи дигар 18 дарсади раъйдињандагон ба бахши соњибкории хусусї бањои "3 (ќаноатбахш)" - ро сазовор дониста, 18 фоизи

дигар изњор доштаанд, ки бањои он "2 (ѓайри ќаноатбахш)" мебошад. Њамзамон 54 фоизи иштирокчиёни ин назарпурсї таъкид кардаанд, ки бањои бахши соњибкории хусусї дар Тољикистон "1 (хеле бад)" аст. Ин назарпурсї аз 8-ум то 13-уми октябр бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 433 нафар иштирок кардааст. 14-уми октябри соли 2015 дар Тољикистон барои нахустин бор солгарди "Рўзи соњибкор" - ро ќайд карданд.


РИСОЛАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

3

Муњибуллоњ Ќурбон "Худи духтур њам доруст" - гуфта буд Фрэнсис Бомонт, драматурги англис аз асри шонздањ.

Табиби ѓайримуќаррарї

барони ЊНИТ ин њадсу гумонро таќвият медињад. Ин њама тањаввулот дар сиёсатњои хориљии ЊНИТ њукумати Тољикистонро машкук кард. Эрон низ аз ЊНИТ дурї љуст, ба истилоњ, "кидат" кард. Аммо ин њељ гоњ ба он маънї нахоњад буд, ки Тењрони охундї, эљодгари тарњњои маъруфе, назири Њизбуллоњ, аз ЊНИТ батамом даст мекашад. Њоло бисёрињоро ин суол машѓул медорад, ки бархе рањбарони наздик ба Тењрони ЊНИТ чї тур тавонистаанд Тољикистонро тарк кунанд, дар њоле ки онњо амалан тањти муроќибати шадиди маќомоти амниятї ќарор доштанд?

"Лањзаи амрикої" Ба истилоњ, "љонканињо" ва садобаландкунињои сафорати Амрико дар Тољикистон, маќомоти Иттињоди Аврупо, СММ, чандин созмонњои њифзи њуќуќи инсон, аз љумла Фридом Њаус ва Амнести Интернешнл, ба њимоят аз њуќуќњои аъзои ЊНИТ ва њам саркўб кардани дигарандешї дар Тољикистон нишон медињад, ки ЊНИТ - и њоло сарсону овораро амрикоињо мехоњанд тањти назорати худ дошта бошанд. Аз таърихи кишварњои исломї маълум аст, ки Англияву Амрико аз гуруњу созмон ва танзимњои исломї љонибдорї мекарданд, чун онњоро шарти муњими пиёда кардани сиёсатњои худ дар олами ислом медонанд. Ин даъвоњо њам, ки "Давлати исломї", "Ал ќоида", "Толибон" - у дањњо созмону њаракатњои тундрави исломї мањсули эљод хадамоти љосусии Англияву Амрикоянд, бењуда нест. Инро "лањзаи амрикої" мегўянд. Амрико - сархайли олами Ѓарб ЊНИТ - ро як "туъмаи муфт" - и таќдир мењисобад ва мехоњад онро

тањти назорати худ дошта бошад. Аммо ЊНИТ оё ба оѓўши Амрико хоњад рафт? Дар акси њол чї тур барномањои худро дар хориљ аз Тољикистон дар чандин давлат сармоягузорї хоњад кард? Он љоњо Душанбе, ки нест, то бо як дег ош нисфи мардумро як зиёфат дињиву "шиштанду гуфтанду хўрданду рафтанд" кунї? Дигар ин, ки таањњуд бо Амрико њамоно таањњуд бо ДОИШ - у Ал - ќоида ва дигар созмонњои террористї аст, оё ЊНИТ чї натиљагирї мекунад? Аз баёнияи ахири ЊНИ маълум мешавад, ки њамоно эњтиёткорї мекунад, зеро амалан дар Тољикистон њазорњо узву љонибдори ќаблиашро ба гарав мондааст. Аммо фирор ва њузураш дар хориља њамоно дари музокиротро бо њама гуна ќудратњо ба рўяш боз медорад, зеро хуб медонад, ки ќудратњо барои фишор ба њукумати Тољикистон аз ин гуна авомил њадди аксар истифода мекунанд.

"Наъли русї" Ба андешаи коршиноси масоили Осиёи Марказї, корманди Маркази омўзиши Афѓонистони шањри Маскав Андрей Серенко рўфтани пайи пойи ЊНИТ кори дасти Маскав аст. Аз нигоњи ў, ин њам ба он хотир, ки дар тарњи њамгироии Иттињоди Авруосиёии Русияву Ќазоќистон зарурате ба њамчунин як танзими исломї дида намешавад. Дигар ин, ки кишварњои њамсояи Тољикистон дар Иттињод њама мушкилињои худро бо исломи сиёсї доранд ва эњтимоли дар сари ин руњияњо ќарор гирифтани ЊНИТ вуљуд дорад. Ин њам дар њолест, ки Кремл таљрибаи њамкорї бо гуруњњои исломї,

аз љумла дар Чеченистонро санљидааст. Ва бархе бар инанд, ки баръакс ЊНИТ дар гузашта метавонист барои ворид шудани Тољикистон ба "иттињоди путинї" ањроми фишор бошад. Њоло, ки нест, Маскав низ ањроми дохилии фишорро аз даст додааст. Њатто иддае баъид намедонанд, ки ќазияи Абдуњалим Назарзода бевосита ба тарњи "украинонидан" - и Тољикистон рабт дорад. Маќомоти Русия дар баробари ќазияи ЊНИТ дар Тољикистон изњори назар накардаанд. Аммо идорањои тањлиливу низомии тањти назорати Кремл ЊНИТ - ро як созмони террористиву экстремистї њисоб намекунанд, балки онро намояндаи исломи муътадил унвон карда, паёмадњои ќатъи фаъолияташ дар Тољикистонро хуб пешбинї наменамоянд. Ин њам бозгўї аз он мекунад, ки Маскав мехоњад ЊНИТ - ро низ тањти назорати худ гирад, ё чунин хоњишро дорад. Аммо таљрибањои гузашта нишон медињад, ки Кремл метавонад дар як муомилаи ночиз авомил ё неруњои тањти назораташро ќурбонї дињад. Њамин тавр, бозгашти ЊНИТ бо назардошти воќеиятњои дохиливу хориљии Тољикистон њељ имкон надорад, чун њукумат дар масъалаи њузури исломи сиёсї ќарори худро ќабул кард. ЊНИТ ба монанди солњои 1990 ё 1997 наметавонад ба Тољикистон баргардад. Аммо боз њам як - ду соли оянда нишон медињад, ки чї хоњад шуд. Дар њоли њозир баста шудани ЊНИТ ва рафтани тамоми фурсатњои тайи 18, шояд 25 соли ахир аз дасти он далели раднашавандаи таърихист. Умари ТОЊИР

СИЁСАТИ КАДРЇ

Шањрдори пойтахт барои дастгоњаш њуќуќшинос мељўяд Раиси шањри Душанбе барои ишѓоли вазифаи мудири шуъбаи маъмурию њуќуќии дастгоњаш озмун эълон кардааст. Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе дар сањифаи фейсбукиаш навиштааст, ки барои ишѓоли ин вазифа ба довталобоне имтиёз дода мешавад, ки донишгоњеро бо ихтисоси њуќуќшинос хатм карда, таљриба корї дар ин соњаро дошта бошад.

Инчунин шањрдори пойтахт шарт гузоштааст, ки "довталаб бояд њатман маълумоти олии касбии тањсили рўзона дошта бошад." Хоњишмандон метавонанд њуљљатњои худро то 15-уми ноябри соли љорї ба шуъбаи кадрњои дастгоњи раиси шањри Душанбе пешнињод кунанд ва барои дарёфти маълумоти бештар бо шумораи телефони 221-35-68 тамос бигиранд.

Дар долони табаќаи савуми бинои 11-и Беморхонаи љумњуриявии клиникии Ќарияи Боло бо духтури ѓайримуќаррарие, ки дар борааш њарфи зиёде шунида будам, муколама доштем. Ў камгап буд ва чун аз худаш чизе мегуфт, сурх мешуд. Ва чун донист, ки рўзноманигорам, аввалин шарташ њамин буд, ки агар дар борааш нанависам, бо ман суњбат мекунад, вагарна на. Њарчанд бовараш мекунондам, ки ин навишта на барои ў, балки барои дигар духтурон зарур аст, ба ќавле, ду пойро ба як пойафзор андохта, не мегуфт. Чаро ин духтур ѓайримуќаррарї аст? Пеш аз њама барои он ки аз беморон ва ё волидони онњо (чун шуъба бачагона аст, одатан, волидонаш њамроњашонанд) чизе ё пул намепурсад, балки њафтае як ё ду бор ба онњо аз хона хўрок ва ё аз пўхтупазњои ширини худаш меорад... Агар донад, ки дар њуљраи беморї мизоље аз ноњияи дур омадаасту камбизоат аст, аз хона либосњои хурдшудаи фарзандон ва ё азони худашро меорад ва аввал мепурсад ва агар наранљанду розї шавад, он либосњоро барояш медињад. Борњо њам шуда, ки ин табиб ба маризони рањдур рањкиро њам додааст. Бале, барои ман ин рафтори духтур ва муносибаташ ба беморон воќеан њам ѓайричашмдошт ва ѓайримуќаррарї менамояд. Чаро? Барои он ки имрўз номи табиб ба нафси бад, беинсофї ва ришваситониву камсаводї баромадааст. Ва дар партави ин кирдорњои манфї шунидани он, ки духтуре њаст, аз касалњо пул намеситонад, балки ба онњо МЕДИЊАД, дар назари ман ва на танњо ман ѓайримуќарраррї менамояд. Гумон кардам, шояд маъоши хуб дошт. Гуфт, бо якчанд навбатдорї дар атрофи 500 сомонї мегирифтааст. Воќеан, мудири шуъбаи ин бемористон мегўяд, ки бо 20 соли собиќаи корї як воњиди кориаш (ставка) њамагї 240 сомонї аст. Шояд њамсари ин табиби ѓайримуќаррарї моњонаи хуб дорад ва ё тољир аст ва ин духтур ба пули маризон ниёз надорад, аммо сарватмандї њаргиз мањаки њиммати баланд ё паст ва одамигарї набуд. Шояд ин кори табиби ѓайримуќаррарї аз тарбия ва тинати ў бармеояд? Намедонам, вале муњимаш он аст, ки ў намунаи камтарини табибон аст, ки бо нони њалол зиндагї мекунанд. "Худи духтур њам доруст" - гуфта буд Фрэнсис Бомонт, драматурги англис аз асри шонздањ. Албатта, дар асри шонздањ ва дар Аврупо пизишкон аз маризон пул намегирифтанд, бинобарин, ба гуфтаи Бомонт илова мекунем, ки табибон худ доруанд, агар ба кисаи мизољашон нанигаранд.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

Олимони тољик мегўянд, ки истифодаи зиёди њавосокунакњо ё таљњизоти сардкунанда (кондитсионер) аз омилњои аслии хатарзо ба ќабати сипарии курраи Замин - ќабати озон мебошанд. Ин нукта 7-уми октябр зимни нишасте дар шањри Душанбе тањти унвони "Инъикоси мавзўи њифзи ќабати озон дар васоити ахбори омма" зикр шуд. Ба гуфтаи олимон дар Тољикистон ба мисли дигар кишварњои ќудратманд ба само киштињои кайњонї ва дигар таљњизот равон намекунанд, ки хатар ба ќабати озон дошта бошад. Аммо истифодаи таљњизоте, ки аз онњо гидрофторхлоркарбонњо (ГХФК) хориљ мешаванд, боис ба тунук шудани ќабати озон мегарданд. Олимони тољик аз он нигаронї доранд, ки њоло дар Тољикистон аз кондитсионерњо, таљњизоти сардкунанда), реагентњои бавуљудоварандаи кафк, солвентњо, сўхторнишонњо ва аэрозолњо зиёд истифода мешавад, ки таъсири манфии он баъди 20-30 сол ба ќабати озон ба мушоњида мерасад. Мутахассис Хуршед Њусайнов дар ин нишаст гуфт, ки фреонњо, яъне гидрофторхлоркарбонњо аз таљњизоти сардкунанда хориљ мешаванд, аз он ки вазнин мебошад, бухоршавии он ба њаво муддати дарозро дар бар мегирад. "Давомнокии ќабати азон њамагї 0,4 сония мебошад. Фреон вазнин аст ва муддати дароз тавассути шамол ба њаво бухор мешавад. Ќабати азон дар стратосфера дар баландии 50 километр љойгир шуда, пурра шуъоњои ултрабунафши кутоњмављро, ки барои тамоми мављудоти зинда њалокатовар мебошад, ба худ кашида мегирад ва мувозинати экологии обтаќсимкунакњо, заминњои кишоварзї ва нигоњдории гуногунии биологиро таъмин менамояд",- мегўяд ў. Чандест, ки њамасола олимони љањон дар бораи заиф гардидани ќабати озон бонги хатар мезананд. Фиристондани мушакњои кайњонї аз омилњои аслии хатарзо ном бурда мешавад, ки ќабати озонро месўзонад. Инчунин, дар шарњи зарари фреон олимон мегўянд, фреонњо дар њарорати хона ба љўш омада, босуръат њаљми онњо меафзояд. "Ваќте фреонњо ба ќабати болоии атмосфера мерасанд, аз онњо зери таъсири шуъоњои ултрабунафш атоми хлор људо мешавад, ки яке аз паси дигар молекулањои озонро ба оксиген табдил медињанд", - мегўянд олимон. Њамин тавр осебпазир шудани ќабати озон шиддати биёбоншавї ва ба нест гардидани наботот оварда мерасонад.

МУЊИТИ ЗИСТ

ФРЕОНИ МАШКУК Олимони тољик мегўянд, истифодаи кондитсионер ба њаёти башар ва сипари курраи Замин зарар меорад

Ба њаёти инсон низ бетаъсир набуда, боис ба хуруљи беморињои саратон, диќќи нафас, беморињои чашм, таѓйир ёфтани сохт ва пигментатсияи пўст мегардад. Њоло дар Тољикистон аз кондитсионерњо зиёд истифода мешавад, ки дар бозорњо нархи он аз 1000 сомонї оѓоз

шуда, то 5 њазор сомонї ва бештар аз он мерасад. Дар ин њамоиш зикр шуд, ки дар Тољикистон заифии ќабати озон дар минтаќаи баландкўњ, аз љумла дар Мурѓоб ба мушоњида мерасад. Дар њамин њол, бархе бар инанд, ки ин тадќиќоти олимони тољик то љое шуб-

њаовар аст ва хатареро, ки онњо мегўянд, мешавад љилавгирї кард. Ба ќавли онњо, дар кондитсионерњои нав фреон истифода намешавад ва њамагї сертификати экологї доранд. Онњо мегўянд, барои он, ки кондитсионерњои фреондор бартараф шаванд, бояд ба таљњизоти нав шинос шуд. Тољикистон барои њифзи ќабати озон ба чандин созишњои байналмилалї њамроњ мебошад. Ба гуфтаи Шамс Назаров, муовини раиси Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Тољикистон, барои иљрои ўњдадорињояш тадбирњои мушаххас меандешад. Аз љумла соли 1999 бо фармони Президент Барномаи миллї барои њифзи ќабати озон тањия ва аз љониби Шўрои Фонди љањонии экологї ќабул шудааст. Тољикистон аз моњи ноябри соли 1995 ба Конвенсияи Вена дар бораи њифзи ќабати озон ва аз соли 1997 ба Протоколи Монреал оид ба моддањои вайронкунандаи ќабати озон њамроњ шудааст. Мењрбону ОРИФЇ

Ислом КАРИМОВ:

"НАЗОРАТИ ОБ ОСИЁИ МАРКАЗИРО ВОРИДИ ЉАНГ МЕКУНАД"

Президенти Ўзбакистон Ислом Каримов тањдид кард, ки агар Ќирѓизистон бо ёрии Русия ба сохтмони неругоњи обию барќии азим идома дињад, дар Осиёи Марказї метавонад љанг оѓоз шавад. Ислом Каримов аз он нигаронї дорад, ки бар асари бунёди неругоњњо кишварњои поёноб беоб монда, бањри Арал

бештар аз пештар хушк мешавад. Суханони Ислом Каримовро дафтари матбуоташ дар сомонаи расмии президенти ин кишвар нашр кардааст. Гуфта мешавад, ки тарњњои энержї бояд бо њамоњангї бо кишварњои Ќирѓирзистон, Туркманистон, Ўзбакистон ва Тољикистон, ки дарёњо аз ин ќаламрав убур мекунанд, амалї гарданд.

Сарвари давлати Ўзбакистон мегўяд, мушкилоти обу энержї ба њадде љиддист, ки дар оянда метавонад на танњо сабабгори зиддиятњои бештар гардад, балки ба љангњо миёни кишварњо оварда расонад. Дар матлаб гуфта мешавад, ки Ислом Каримов борњо аз СММ хоста буд ба вазъ дахолат кунад ва "ќабл аз он ки бо ин ё он давлатњои бузург муоњадаи бунёди неругоњ имзо мешавад, бояд як ташхиси фарогири байналмилалиро роњандозї намояд". Ба гуфтаи коршиносон, ишора Ислом Каримов дар ин маврид ба Ќирѓизистон аст, ки бо кўмаки Русия мехоњад неругоњи Ќамбар-отаро бунёд кунад. Ва мурод аз ба кор рафтани истилоњи "давлатњои ќудратманд" ин Русия аст. Аз миёни њамаи кишварњои Осиёи Марказї Ўзбакистон ягона кишварест, ки ошкоро зидди бунёди неругоњи Ќамбар-

ота дар Ќирѓизистон ва Роѓун дар Тољикистон садо баланд мекунад. Ин кишвар бањона пеш меоард, ки давлатњои болооб баъди сохта шудани неругоњњо оби дарёњро чун фишор болои кишварњои поёноб барои њалли ин ё он масъалаи муњим истифода хоњанд кард. Ўзбакистон ин гуна таблиѓотеро роњандозї кардааст, ки бунёди обанборњои бузург барои неругоњњои азим муљиби камбуди об ва коњиши њосили меваву сабзавот мегардад. Русия ва Ќирѓизистон њанўз соли 2009 муоњадаеро дар мавриди бунёди неругоњи Ќамбар-ота ва Нарини боло имзо крада буданд. Вале ба сабабњои гуногун сохмтони он шуруъ нашуд. Соли 2012 њукумати Ќирѓизистон ќарор кард, ки неругоњи Ќамбар-ота сохта шавад. Ќарор аст он бо сарфи маблаѓи камтар аз 2 миллиард доллар бунёд шавад. TojNews


ИЌТИСОДИ СИЁСЇ Ду ширкати бритонёї ва чинї аз ширкати кандагии Tethys Petroleum Limited талаб кардаанд, ки аз муоњидаи истихрољу иктишофи нафту газ дар њавзаи "Бохтар" дар љануби Тољикистон хориљ шавад. Ин ширкат, ки се сол пеш аз мављудияти захирањои бузурги нафту газ дар љануби Тољикистон хабар дода буд, эълон кардааст, ки дар садади берун шудан аз тарњи иктишофу истихрољи нефту газ дар њавзаи "Бохтар" мебошад. Дар баёнияи расмии ширкат, ки дар сомонаи он нашр шудааст, сабаби чунин тасмимро чунин шарњ додаанд: "моњи сентябри соли равон уњдадорињои молиявии худро дар коркарди чашмаи нафтии Бохтар иљро накард. Ин аст, ки ду муддаии дигар дар шартнома - ширкати миллии Чин (CNPC) ва ширкати "Total Exploration and Production" талаб карданд, ки ширкати канадиёї аз муоњада хориљ шавад". Дар асноди расонаишуда омадааст, ки Tethys то 9-уми ноябри соли равон њаќи сентябрии лоињаро ба маблаѓи 1,28 миллион доллар ва дар моњи октябр наздик ба 780 њазор долларро пардохт накард. Ин ду ширкат талаб доранд, ки канадоињо аз лоиња бурун шаванд ва ва њама њиссаи худро дар тарњи "Бохтар" ба ин ширкатњо вогузор кунанд. Дар хабари сомонаи Tethys омадааст, ки бо вуљуди нокомї дар сармоягузории ду моњи охир ин ширкат талош хоњад кард бо истифода аз њама роњњои мумкин ва ќарорњои оќилона аз манфитањои худ њимоя кунад ва аз тарњ хориљ нашавад. Вале дар иттилоия гуфта намешавад, ки он роњњо кадом роњњоянд. Љузъиёти дигари ин нокомї њам рушан аст. Моњи сентябри соли равон Tethys бо ширкати британиёии Nostrum Oil & Gas Plc муоњадаеро ба тасвиб расонд, ки тибќи он мебоист то 6-уми октябр Nostrum њама пешнињодоти лозимро дар мавриди аз худ кардани сармояи сањњомии Tethys-ро пешнињод мекард.

"ЉАНГИ НАФТ" Дар љануби Тољикистон ширкатњои нафтї таќвият меёбанд Аммо бо гузашти муњлати шартномавї ин муоњада иљро нашуд ва ширкат ба умеди пуштибонї аз Nostrum бесармояи лозим монд. Масъулин мегўянд, роњњои алтернативии рањої аз вазъи мушкилро мељўянд, вале њоло мушаххасан наметавонанд чизеро ироа кунанд, ки мувофиќ ба шароит бошад. Ин ширкат аз соли 2008 дар Тољикистон фаъолият мекунад. Соли 2012 эълон шуда буд, ки Tethys чашмаи бузурги нафту газро дар ноњияи Бохтар

кашф кардааст, ки баробар аб 27,5 миллиард бушка нефт аст. Моњи июли соли 2013 миёни се ширкати истихрољи нафту газ: Tethys, Total ва CNPC шартномаеро дар мавриди коркарди муштараки майдони наздик ба 35 њазор метри мураббаъ ба имзо расониданд ва тибќи он, онњо ба њадди баробар соњиби сањмияњо мешуданд. Њар яке 33, 33 дарсад дар ин тарњ њисса дошт ва њоло њаќќи Tethys - и канадиёї миёни Total ва CNPC таќсим бояд шавад.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

5

Њавзаи нафту гази "Бохтар" иборат аз 35 њазор километри мураббаъ мебошад, ки дар ќисмати љанубии Тољикистон ва шимолии Афѓонистон дар ѓарби кўњњои Помир љой гирифтааст. Аз њавзањои ояндадори нафту газ дониста мешавад. Чашми ширкатњои нафтии љањонї дар чанд соли охир ба ин њавза дўхта шуда, њатто Чин дар пайи он шуд, ки дар ноњияи Данѓара корхонаи бузурги полоиши нафт бунёд мекунад. Иќтидори солонаи он тасфия кардани 1 миллиону 200 њазор тонна нафт мебошад. Дар баробари ширкатњои чиниву бритониёї ва канадагї ширкати бузурги русии "Газпром" низ солњост дар Тољикистон машѓули иктишофу тањќиќ мебошад, аммо то њол аз истихрољ њарфе нест. Азамати ВАЊЊОБ

ЉОЙИ СЕЮМ Тољикистон дар сегонаи кишварњое, ки сатњи баландтарини андозро доранд Тољикистон дар ќатори кишварњое шомил мешавад, ки дар љањон сатњи баландтарини андозро дорад. Њамоиши байналмилалии иќтисодї шохиси кишварњоеро, ки андоз дар онњо хеле баланд аст ва муљиби кундии рушди иќтисодї шудааст, интишор кард. Ин њамоиш нишондодњои зиёдеро ба баррасї мегирад, аз љумла аз сабукии роњандозии тиљорат то эњтимолияти он ки мансабдор ришва меситонад. Яке аз параметрњо бузургии њаљми андоз аст, ки њар ќадар он боло бошанд, раќобатпазирї дар он поин меравад. Шохиси кишварњои сатњи андозашон болову поин тибќи муќаррароти Бонки љањонї оид ба иќтисод тартиб дода мешавад. Тибќи арзёбии охир дар олам 19 кишвар чун мамлакатњое ном бурда мешаванд, ки баландтарин сатњи андоз доранд. 19. Испания: 58,2%. Ин кишвар дар рўйхати љањонї дар љойи 19 ќарор дорад, вале дар миёни мамолики Аврупо дар баландии сатњи андоз дар љойи сеюм аст. 18. Њинд: 61,7%. Вазири молияи ин кишвар Арун Љейтли бар ин талош аст, ки сатњи андози корпоративиро (иттињодиявиро) ба њадди 5 дар сад коњиш дињад ва кишварро зарфи чор соли оянда ба андози 25 дарсада расонад. 17. Тунис: 62,4%. Њарчанд дар љануб мамолике њастанд, ки сатњи андоз дар

онњо хеле болост, вале дар минтаќаи Африќои Шимолї Тунис дар љойи дуюм аст. 16. Бенин: 63,3%. Андоз аз даромади корпоративї дар кишвар тибќи маълумоти Бонки љањонї њамагї 15 дарсадро ташкил медињад, вале љамъи умумии андозњо болотар аз сарборињои андоз дар тиљорат аст. 15. Гамбия: 63,3%. Гамбия аз захирањои табииї мањрум аст ва яке аз кишварњои фаќиртарини олам ба шумор меравад. Дар ин мамлакат андоз аз муомилт гирифта мешавад, на аз фоида. 14. Чад: 63,5%. Ба мисли Гамбия Чад низ як кишвари фаќири кишоварзист. Андоз дар ин кишвар 1,5 дарсади муомилот ва 40 дарсад аз фоида гирифта мешавад. 13. Чин: 64,6%. Чун бисёре аз дигар кишварњои олам Чин низ андозро аз муомилоти корхонањо меситонад, на аз фоида ва ё даромади онњо. 12. Италия: 65,4%. Ин кишвар низ дар радифи мамоликест, ки андозбандии баландтарин доранд, вале боз њам дар Аврупо дар љойи аввал нест. 11. Венесуэла: 65,5%. Њукумати Венесуэла аз сиёсати андози баланд пуштибонї мекунад ва дар замони њукмронии Уго Чавес андоз аз ширкатњои нафтии хориљї ба њадди баландтарин расида буд. 10. Никарагуа: 65,8%. Соли 2012 Хазинаи байналмилалии асъор ба њукума-

ти ин кишвар пешнињод карда буд, ки андозбандии корпоративиро соддатар кунад. 9. Фаронса: 66,6%. Фаронса дар байни кишварњои Аврупо дар андозбандї маќоми аввал дорад, вале ахиран њукумат ваъда додааст, ки бо роњандозии як ислоњоти фарогир андозбандињои корпоративиро коњиш хоњад дод. 8. Гвинея: 68,3%. Бахши аъзами андози корпоративї дар Гвинея тибќи меъёри ягона аз муомилоти мол аз соли гузашта ситонида мешавад. 7. Бразилия: 69%. Соли гузашта бузургтарин иќтисод дар Амрикои Лотин дар чорчўби ислоњоти андоз буд, ки молиёти бистфоизаи маошро лаѓв кард. 6. Мавритания: 71,3%. Соли 2013 ин кишвари кишоварзї барои њамаи ширкатњои хориљии муќими Мавритания андози 15 дарсадаро љорї кард. 5. Алљазоир: 72,7%. Дар Алљазоир њадди баландтарини андоз миёни њамаи кишварњои Африќоист.

4. Колумбия: 75,4%. Дар ин кишвар андоз аз сарват вуљуд дорад. Дар олам Колумбия дар баландии сатњи андоз дар маќоми чањорум ва дар Амрикои Лотин дар љойи сеюм мебошад. 3. Тољикистон: 80,9%. Дар ин кишвар андози дуфоиза аз муомилот роњандозї шудааст ва ширкатњоро лозим меояд фоидаи чашмгиреро аз даромадњои худ ба фоидаи давлат пардозанд. 2. Боливия: 83,7%. Андози Боливия 3 фоиз аз амалиёт аст ва 60 дарсад фоидаи њамаи ширкатњоро "фурў мебарад". Вале бо вуљуди њамаи ин Боливия дар миёни кишварњои дигари Амрикои Лотин дар баландии сатњи андоз дар маќоми аввал нест. 1. Аргентина: 137,3%. Тибќи арзёбињо миќдори умумии андоз дар Аргентина болотар аз 100 дарсад аст. Танњо андоз аз муомилот таќрибан 90 дарсадро фурў мебарад, вале ин љо боз андоз аз маош ва амалиётњои молиявї низ вљуд дорад. Аз сомонаи insider.pro/ru/


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

Аз љумлаи адибони тозагўи тољик аст, ки аввали солњои 80-и асри гузашта бо нахустин нигоштањо вориди майдони адабиёт шуданд. Аз зумраи ононест, ки дидгоњи тоза доранд, шахсест, ки њам ќиссаву њикоя менависад, њам повесту румон, њам пажуњиши илмї мекунад ва њам саргарми тарљумаи асарњои классикони адабиёти љањонист. Ва дар њамаи ин муваффаќ аст. Ќодири Рустам (Абдуќодир Рустам) зодаи дењаи Панљрўд, зодгоњи Одамуш-шуаро Абуабдулоњи Рўдакист. 13уми октябри соли 1958 дар хонаводаи муаллими забон ва адабиёт дида ба олам кушодааст. Мактаби миёнаро дар Панљрўд хатм кардааст ва баъдан барои идомаи тањсил вориди пойтахти кишвар шањри Душанбе шудааст. Мегўяд шавќи омўзиши адабиёт ўро ба остонаи Донишгоњи давлатии Тољикистон овард. Фаъолияти мењнатиаш аз соли 1981 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тољики Донишгоњ дар нашриёти "Ирфон" шуруъ шуд. Аввал мусањњењ буд, баъд муњаррири хурд ва баъдан муњаррир. Аз љумлаи аввалин кормандони њафтаномаи озоди "Чароѓи рўз" буд, ки чун падидаи ошкорбаёнї дар остонаи худшиносии миллї дар фазои иттилоотии кишвар пар кушод ва дар кутоњтарин фурсат ба як нашрияи хеле хонданиву љолиб табдил ёфт. Аввалин китобаш бо номи "Бурси дуреша" соли 1986 дар нашриёти "Ирфон" чоп шуд, ки маљмуъаи насри бадеии адиби љавон ба шумор мерафт. Љанги дохилї ўро низ ба гирдоби муњољирати иљборї њаво дод ва муддати чандин сол дар Ќазоќистон зист ва эљод кард. Соли 2003 дар Олмотї китоби ў бо номи "Рўдакї, фаромўшї, Чингизхон ва хар" чоп шуд. Доктор Сафар Абдуллоњ, ки солиёни зиёд бо Ќодири Рустам ошної дорад ва муддате дар Ќазоќистон низ канори њам буданд, ўро чун нависандаи фозил ва пажуњандаи доно медонад. "Сухан гуфтан аз Ќодири Рустам барои ман бисёр гуворост, зеро ўро чун бародар дўст медорам ва њамчун як нависандаи фозил ва пижуњандаи доно эњтиром мегузорам. Ќодири Рустам ба хубї дарёфта аст,ки аввалин абзор барои нависандагї чашми боз аст, ки нигоњ кунад ва бинад, ки дар атроф чї мегузарад. Кишвари азизи мо ва даврони мо, пур аз масоил аст ва агар чашм барои дидан боз бошад, нахустин гом бардошта шуда аст! Дувумин абзори муњим пайванд бо фарњанги миллии мост, фарњанге, ки таърихи чандњазорсола дорад ва моя гирифтан аз он чї ки дигарон гуфта ва навиштаанд. Ва агар чашм боз ва ошнойї бо осори гузаштагон бошад, асбоби кор муњайё хоњад шуд. Вале њамаи ин халлоќияти адабї, њуш ва нубуѓи зотї ва кўшишу талош мехоњад. Хушбахтона, Ќодири Рустам

СОЛРЎЗ

ЌОДИРИ РУСТАМ аз њамаи ин сифот бархурдор аст. Ў барои анљоми њар коре омодагии љиддї мебинад ва ин омодагї ва истеъдод аст, ки хамирмояи халлоќият ба кор афтад ва кушост, зеро медонад, ки њама гуна дастоварди фаръ(људошуда)аз кушиш аст". Солњои зиндагонї дар Олмотї, ки дар дафтари хабаргузории эронии ИРНА фаъолият мекард, дар канори кори хабарнигорї ба пажуњиш машѓул шуд. Тањия ва шарњи китоби донишманди каблазинкилобии рус А.Шишов "Таджики" (Олмотї, 2005), тањия ва шарњи "Девон"-и Рўдаки" (Олмотї, 2007, Тењрон, 2008, 2012, нашри тоза бо такмилу ихтисорот-Душанбе соли 2015) низ самараи кори эљодии ў дар ин солњост. Доктор Сафар Абдуллоњ бар ин назар аст, ки наќди адабии тољик Ќодири Рустамро њоло њам нашнохтааст. "Ќодири Рустам барои ман нумоди тољики наљиб ва асил аст бо нигоњи жарф ва кунљков ва тезбин ва бо диќќати шигарф бар њама чиз менигарад ва ба хотираш месупорад ва он гоњ ки менависад, бисёр даќиќ ва дилнишин менависад. Ба забони ширини мо, порсї, мусаллат аст

ва њар китобе, ки то кунун чоп кардааст, аз ин сифоте, ки гуфтам, бархўрдор мебошад. Достонњои кутоњ, ќиссањо ва румони ў "Пойњо ва Рўйњо" бо вежагињои хоси худ, аз навиштањои дигарон тафовут дорад, ки ба назари ман њанўз наќди адабии мо ўро нашнохта аст",-мегўяд ў. Баъди "Рўдакї, фаромўшї, Чингизхон ва хар" муддати њафт соли дигар њаводорони осораш аз ў чизи тозае нахонданд. Худи ў мегўяд як муддати тўлонї њатто аз мутолиа даст кашида буд, чї монад, ки асар нависад. Вай ба рўйдодњои кишвар ишора мекунад ва мегўяд он замон ба ин натиља расид, ки адабиёт ба мардум чизе намедињад. "Ба он бовар будам, ки агар адабиёт ба мардум чизе медод, мо ба ин њол гирифтор намешудем". Ва муддати шояд 8 сол худро канор кашид, њатто ба иќрори худаш на мехонду на менавишт. Вале баъдан дубора рў ба адабиёт овард. Ва ин ин таѓйири андеша боис гардид, ки соли 2010 дар нашриёти "Шуљоиён" китоби "Чойхонаи "Роњат". Ќисса ва њикоёт барои хониши пеш аз хоб" аз чоп баромад.

Соли гузашта ба дарёфти "Љоизаи сол"-и Ройзании фарњангии Эрон дар Тољикистон мушарраф шуд. Ин љоизаест, ки Ройзании фарњангии Љумњурии Исломии Эрон дар Тољикистон таъсис додааст ва њамасола як нафар аз муњаќќиќон ва адибони тољик дода мешавад. Дар аввалин соли таъсиси љоиза барои тадвин ва тасњењи "Девон"-и Рўдакї он насиби Ќодири Рустам шуд. Дар бораи Ќодири Рустам метавон хеле зиёд навишт, метавон пањлуњои дигари эљодиёташро мурур кард, метавон аз тарљумањои вай њарф зад, ки дар ин љода низ мумтоз аст ва баргардони чандин њикоя ва ќиссањои А.П.Чехов, Акутагава, Лу Син ва Луис Хорхе Борхес мањсули зањамоти ўянд, ки хонандаи тољик бо забони модариаш мутолиа кардааст. Вале ќолаби як маќолаи кўчак ин имконро намедињад. Умед ба рўзе мекунем, ки ўро бештар ба дигарон шиносонем ва худ низ зиёдтар дар бораи ў донем. Ќодири Рустам оиладор ва соњиби як писар бо номи Барзуст. Бобољони ШАФЕЪ

ФАСОД Ду корманди Агентии зидди маводи мухаддир ва як корманди ВКД дар вилояти Хатлон барои ришваситонї боздошт шудаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентї, амалиёти боздошт тибќи маълумоти шањрванд "А" сурат гирифтааст. Ба гуфтаи маќомот, 28-уми сентябри соли 2015 нозири шўъбаи оперативї-љустуљўии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Њатлон Ќодиров Илњом Ќурбонович аз сокини ноњияи Абдурањмони Љомї "А", чун ширкаткунандаи муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъаовар 2 њазор сомонї пора талаб кар-

Боздошти афсарони ВКД ва Агентии маводи мухаддир бо иттињоми ришваситонї дааст. Худи њамон рўз барои ситонидани ин миќдор пул њамкораш, нозири шўъбаи оперативї-љустуљуии Раёсати ёдшудаи Агентї Љамшед Ашўровро, ки бо "А" пайванди хешутаборї доштааст, ба назди ў фиристодааст. Кормандони Агентии мубориза бо фасод Ашўровро њангоми гирифтани 1000 сомонї ришва дар љойи њодиса дастгир кардаанд. Номбурда маблаѓи

ваъдагиро дар дохили автомашинаи шахсиаш нигоњ медошт ва кормандони фаврї онро чун далели шайъї мусодира карданд. Нисбати ин њодиса тибќи моддаи 247, ќисми2, банди "г" КЉ Тољикистон парвандаи љиноятї оѓоз шудааст ва тафтишот идома дорад. Дар њамин њол нињоди зертобеъи Рустами Эмомлї аз боздошти як маъмури Раёсати мубориза бар зидди

гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддири Вазорати корњои дохилии Тољикистон бо исми Бањодур Маљидов низ хабар дод. Мавсуф бо истифода аз вазифаи хизматї барои аз љавобгарї озод кардани як шањрванди муттањам ба љинояти мухаддиротї дар вилояти Хатлон аз ў 1500 доллари ИМА талаб кардааст. Манбаъ мегўяд, Маљидов аввал 300 долларро гирифтааст ва кормандони Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия њангоми аз љониби миёнарави ин муомилот Тиллоев Љўрабек ситондани 1200 доллари боќимонда ўро боздошт кардаанд.


АМНИЯТ Маљлиси намояндагон ба баррасии таѓйиру иловањо ба "Ќонун дар бораи нафаќаи њарбиён" - ро шурўъ кард, ки аз нигоњи низомиён, хеле бањсбарангез аст ва боз камтарин имтиёзњоро аз онњо мегирад. Муњаммадато Султонов, сухангўи Маљлиси намояндагон гуфт, 12-уми октябр дар Шўрои Маљлиси намоядагон тарњи ќонуни мазкурро баррасї карда, барои такмил ба Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба тартиботи њуќуќї, мудофиа ва амният ирсол доштаанд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї", ки аз љониби вазорати молия тањия шудааст, њанўз дар охирњои моњи август ба парлумон ирсол шуда буд. Тибќи лоињаи нави Ќонун "Дар бораи нафаќаи хизматчиёни њарбї", ки аз љониби Вазорати молия омода шудааст, хизматчиёни маќомоти ќудратї танњо баъди расидан ба синни нињоии хизмат њуќуќи гирифтани нафаќаро пайдо мекунанд. Дар асоси ќонунгузории љории Тољикистон кормандони маќомот вобаста ба рутбањои хидматиашон баъди 20 соли фаъолият ба нафаќа мебароянд. Ќаблан, дар вазорати молия ба TojNews гуфта буданд, ки кормандони маќомот дар ваќти муќарраршуда ба нафаќа мебароянд, аммо танњо баъди 58-солагї њуќуќи гирифтани нафаќапулиро доранд. Ба гуфтаи як масъули вазорат "агар ин таѓйирот ќабул шавад, хизматчиёни њарбии то рутбаи подполковник дар синни 48-солагї, полковник 53 сола, генерал-майор ва генерал - лейтенант 58 - сола ва генерал полковник дар синни 63 - солагї ба нафаќа мебароянд. Тибќи пешнињоди мо, ин нафарон баъди њамин синну сол њуќуќи нафаќа гирифтан пайдо мекунанд". Тарњи мазкур барои мувофиќа ба вазорату идорањои дахлдор ирсол шуда буд. Аммо бино ба иттилои манобеъи хабаргузории TojNews, бештари идорањои ќудратї онро ќабул накарда, хулосаи манфї дода буданд. Ќудратињо аз он нигаронанд, ки нафаќаи кормандони маќомоти ќудратї ба нафаќаи шањрвандї баробар мешавад. Ба ќавли онњо, "хизмати њарбї душвор буда, ѓайримеъёрї аст, баъзан он шабонарўзї анљом дода мешавад. Барои њамин њамаи хизматчиёни њарбї ќобилияти хизмат дар синни 48-солагиро надоранд, ќобилияти кории худро аллакай дар ин синну сол гум мекунанд". Бино ба ќонунгузории Тољикистон, аз љумлаи шањрвандони мулкї занон дар синни 58 ва мардон дар синни 63 ба нафаќа мебароянд. Дар замони Шўравї занон аз 55 ва мардон аз 60 - солагї ба нафаќа мебаромаданд. Ин ќонун дар Тољикистон то соли 2005 амал мекард. Вазорати молия дар шарњи тарњи таѓйиру иловањо гуфт, "он тартибе, ки ќаблан кормандони соњаи њарбї баъди 20 - 25 соли хизмат нафаќа мегирифтанд, меистад, аммо пешнињоди мо як критерияи дигар мешавад. Баъзан њолатњое њаст, ки нафарони љавон дар синни 38 - 40 солагї аллакай нафаќагир мешаванд. Аз њисобе, ки баъзан як соли хизматашон 2 сол њисоб карда мешавад. Барои њамин мо пешни-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

7

ТАРЊИ БЕМАВРИДИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ?

Коршиносон бар инанд, ки ворид кардани таѓйиру иловањо ба Ќонуни нафаќаи њарбиён дар њамин шабу рўз умуман мантиќ надорад њод кардем, ки барои нафаќаи кормандони соњаи њарбї як тартиби муайян бошад".

Ихтилофњо Ба гуфтаи манобеъи TojNews, яке аз мухолифини ин тарњ Шералї Хайруллоев, собиќ вазири дифоъ ва њоло ёрдамчии Президент оид ба масъалањои амнияти миллї буд. Дар гузашта дар замони вазири мудофиа буданаш Шералї Хайруллоев њамеша зидди њама гуна таѓйиру иловањо ба Ќонун "Дар бораи вазъи њуќуќии хизматчиёни њарбї" буд. Ин таѓйиру иловањо њељ гоњ, ба истилоњ, ба хайри ќудратињои тољик тамом нашуда буданд. Хайруллоев аз љумла ба ин тарњи вазорати молия, ки бино ба он, њаљми кўмакпулињоро ба хизматчиёни њарбї то 10 маротиба кам карда буданд, мухолиф баромада буд. Дар њамин њол, Самандар, яке аз хонандагони хабаргузории TojNews менависад: "Агар ин ќонун имзо шавад, дар сохторњои ќудратї ягон кас намемонад ва эњтимолан маќсад њам њамин аст. Ин як пешнињоди душманона мебошад, ки аз тарафи вазорати молия шудааст. Кормандони молия чї парвои хизматчиён дорад? Соати 9 кор меоянд ва соати 4 мераванд. Ду рўз агар дар ягон сохтори ќудратї кор кунанд, баъд ба ќадри хизмати њарбиён мерасанд. Ё раванд дар куњу пушта як

шабро рўз кунанд. 100% бовар дорам, ки як соат тоќат нахоњанд кард. Лоиќ, як назарнависи дигар, мегўяд, тарроњони ин тарњ намедонанд ё донистан намехоњанд, ки теъдоди афроде, ки барои пули ночиз љон дар хатар гузошта, шабу рўз нахуфта, дур аз оила дар сардиву сахтињо хизмати Ватан мекунанд, зуд коњиш меёбад ва ба љои онњо афроди ношоиставу ѓайрињирфаї, њатто љинояткорон бо ниятњои нопок меоянд. "Ин ќабил афрод на фаќат худ, балки сохти конститутсионї, ќонуният ва тартиботи њуќуќиро њимоят карда наметавонанд. Тарроњон хабар надоранд, ки кормандони маќомоти ќудратї ќариб ки њамеша ва шабонарўзї дар коранд ва чї будани иду рўзи истироњатро намедонанд. Онњо хабар надоранд, ки кормандони њифзи њуќуќ њангоми њама чорабинињои давлатї ба низоми шадиди хизмат мегузаранд ва барои ин маблаѓи иловагї намегиранд" - навиштааст Лоиќ. Нафаре, ки худро сарњанг ё полковник муаррифї кардааст, мегўяд, "вазорати молияи кишвар умуман манфиатњои кормандони њифзи њуќуќро њимоя намекунад. Солњои пеш агар корманд њангоми иљрои вазифањои хизматї ба њалокат мерасид, ба оилааш 120 маоши моњона медоданд. Мањз бо пешнињоди вазорати молияи кишвар дар аввал 120 ба 80 маош гузаронида шуда,

ТАСМИМ

Арабистон теъдоди зоиронро се баробар афзоиш медињад Арабистони Саудї мањдудиятњои муваќќатии сафари зоирон дар мавсими Њаљљи фарзиро бардошта, теъдоди зоирони Њаљљи умраро себаробар афзоиш медињад. Бино ба иттилои хабаргузории расмии фаронса "AFP", Бандар бин Муњаммад Њиљор, вазири њаљљи Арабистони Саудї эълом кардааст, ки масъулини кишвараш теъдоди содироти раводид (виза)-и зоирони њаљљи умураро се баробар зиёдтар ба наќша гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, то кунун моњона њудуди 400 њазор зоир барои анљоми Њаљљи умра аз кишварњои

мухталиф вориди Арабистон мешуданд, аммо масъулини ин кишвар тасмим гирифтаанд, ки аз соли оянда теъдоди раводиди зоирон ба 1 миллону 250 њазор адад бирасонанд. Њамзамон маќомоти ин кишвар эълом кардаанд, ки бо иљрои ин тарњ мањдудияти муваќќатии ин кишвар оид ба 20% кам кардани шумораи зоирон дар мавсими њаљљи фарзї, ки аз чанд сол ин љониб љорї шудаанд, бардошта мешаванд. Арабистони Саудї ин иќдомро баъд аз анљоми тарњњои тавсеаи њарами Маккї ва њарами Маданї роњандозї мекунад.

баъдан яку якбора 80-ро ба 8 маош фароварданд. Рањмат ба кормандони њифзи њуќуќ, ки барои 8 - моња маош љони худро дареѓ надошта, њуќуќу манфиатњои љамъияту давлатро њимоя мекунанд. Савол ба миён меояд, ки ягон корманди молия сар карда аз корманди ќаторї то вазир барои 8 - моња маош тайёр њастанд, ки љони худро дареѓ надоранд? Сатњи зиндагии кормандони молияро бинеду муќоиса кунед бо корманди њифзи њуќуќ..." Онњое, ки дар баррасии ин матлаб ширкат карданд, њатто ин нуктаро низ зикр мекунанд, ки дар пешнињоди вазорати молия дасти хадамоти љосусии кишварњои хориљї низ метавонад бошад, чун лаѓви њар гуна имтиёзи низомиён коњиши сармоягузорї ба соњаи амнияти Тољикистон аст. Ба ќавли онњо, имтиёзи ќудратињоро бояд боло бурд, то дар чунин даврони вазнини амниятии љањон ва минтаќа тавонанд аз манофеъи миллии худ њимоят кунанд, дар акси њол, ин танњо заъиф кардани ќуввањои мусаллањи Тољикистон - ягона нерўи њимоякунандаи кишвар, яъне як тарњи бемантиќ аст. Њамсуњбатони мо изњори умедворї мекунанд, ки намояндагони мардумї ин тарњи таѓйиру иловањо ба Ќонуни нафаќаи њарбиёнро аслан ќабул намекунанд. Фаромарзи ФОЗИЛ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

Моњи декабри соли 2013 як боѓбон, кишоварзи оддї, љавони дењотии маъмулї, соњиби чањор фарзанди наврас Исматулло Хайруллоевич Њољиматови 33соларо суди ноњияи Ашт ба муњлати се сол аз озодї мањрум мекунад. Ўро ба содир кардани љиноят дар асоси моддаи 117, ќисми 2 бандњои "а, в, ж" - и Кодекси љиноятии Тољикистон гунањкор медонанд, яъне ба азобу уќубат (моддаи 117), нисбати ду ё зиёда шахсон (банди а), нисбати бараъло ноболиѓ ё шахсе, ки нотавон будани ў барои гунањгор аён аст, ё шахсе, ки аз љињати моддї ё аз љињати дигар вобастаи гунањгор аст, инчунин шахси рабудашуда ё гаравгон гирифташуда (банди в) ва бо сабаби нафрат ё хусумати миллї, нажодї, динї, мањалгарої ё интиќом содир шудааст (банди ж) муттањам кардаанд. Тибќи њукми суд, ў бояд се солро дар коллонияи низомаш пурзўр пушти сар кунад. Ин њама барои он, ки ў бо оилаи дастдарозе дар ин ноњия, ба ќавли мардум, "сарбасар" шуд. Љавон барои ѓайриќонунї тасарруф шудани заминњои хољагї садди роњ мешуд. Ў њабс шуду роњ барои ѓасби замин њамвор. Даќиќтараш, ўро њабс карданд. Барои хонандаи њушманд назаре ба раванди ќазияњо кофист. Худ бармалост, ки иттињомот алайњи Исматулло Њољиматовро гўё аз рўи сенария тарњрезї кардаанд. Суд низ бидуни шаку тардид аз рўи иттињомоти маќомоти тафтишотї њукм содир мекунад... Исматулло Њољиматов бањори соли 2013 ду гектар замини марбут ба Љамъияти маъюбони ноњияи Аштро бо шартнома барои як сол ба иљора мегирад. Тибќи шартнома ўњдадор мешавад, ки ба њолати мелиоративї ва њосилхезии замин ањамият дода, 35% - и њосили рўёндаашро ба Љамъият супорад. Ќитъаи замини мазкур бо ќарори раиси ноњияи Ашт аз моњи июли соли 2006 барои ташкили хољагии ёрирасон аз њисоби заминњои хољагии давлатии Тўйчї Эрйигитов барои истифодаи бемуњлат ба Љамъияти маъюбон дода шудааст. Аз ду гектар замин 1,76 га боѓ, 0,07 га замини корам ва 0,17 га замини зери об мањсуб меёбад. Исматулло Њољиматов, ки таљрибаи боѓдорї дошта, ќаблан боѓбони хољагии Т. Эрйигитов буд, ба кор оѓоз мекунад. Манзили зисташ дар наздикињои замини мазкур воќеъ дар кўчаи ба номи Фазлиддин Муњаммадиев, љамоати шањраки Шайдон буда, дар њамсоягиаш оилаи Пулодљон Абдурањмонов ба сар мебаранд. Мањз бо шикояти ин оила ў ба мањбас кашида шуд. Њољиматовро ба сар задани чањор ќазия муттањам мекунанд, ки чунин тасвир мешавад:

Аввал: Њамааш аз навнињолњо оѓоз шуд Хулосаи ќазияи якум тавре дар њукми суд омадааст, чунин аст: Исматулло Њољиматов ба он муттањам мешавад, ки 4-уми апрели соли 2013 дарахтони навнињоли сафедор ва беди дар назди њавлии оилаи Абдурањмоновњо шинондашударо кандааст. Инчунин, "бо њамсари Пулодљон Абдурањмонов - Нишонова Уѓулой Љўрабоевна мољаро карда, ўро њаќорату дашномњои ќабењ дода, ќасдан бо дасташ ба банди дасти чапи Нишонова як маротиба зада ба дохили љўйбор афтонда, љароњати љисмонї мерасонад". Чунин ба назар мерасад, ки Њољиматов дар кадом намуди варзиши якњарба тамрин карда бошад, бо як задан ба банди дасташ бонуеро даруни љўйбор афкандааст. Дар мурофиа Њољиматов ин иттињомотро рад мекунад. Мегўяд, ќазия баръаски ин њол аст, балки Уѓулой Нишонова

ТАЊЌИЌОТ

"Алфа"-и Ашт Чаро эътирози Прокуратураи генералиро сарфи назар мекунанд? бо њамроњи фарзандаш пояњои панљарањои дар атрофи боѓ бударо канда, нисбат ба Њољиматов дашноми ќабењ додаанд. Дар ин бора ў ба ШКД-и ноњия мурољиат низ кардааст. Њатто Пулодљон Абдурањмонов фарзандони Исматуллоро дар кўча азият кардааст. Ба гуфтаи оилаи Абдурањмоновњо, гўё Исматулло Њољиматов 30-35 бех нињолњои сафедор ва бедро меканад ва ба суханњои Нишонова ањамият њам надода, балки ўро "ту љ..., барои чї њиљоб намепўшї", гуфта тањќир намуда, тела додааст, ки ба даруни љўйбор афтида дасту пояш љароњати љисмонї бардоштааст". Тањќиќоти "Нигоњ" муайян кард, ки дар асл њеч нињоли сафедор ва бедро касе накандааст. Ин нињолњо то њол пойбарљоанд. Нињолњо дар љойе шинонда шудаанд, ки ба манзили Абдурањмоновњо рабте надоранд.

Дуюм: Майдони волейболбозї боис ба мољаро Исматулло Њољиматов "1-уми июни соли 2013 тахминан соати 10-00 бе ягон сабаб ва асосњои кофї пояњои сеткаи майдони волейболбозиро, ки ба фарзандони Абдурањмонов тааллуќ дошта, он дар назди њавлии истиќоматиашон љойгир будааст, бурида, аз ин сабаб, бо Нишонова У. мољаро карда, ќасдан бо аррачаи хољагии бо худ доштааш як маротиба ба панљаи дасти рости ў зада, бо санги аз замин гирифтааш ба китфи чапи Нишонова зада, ба охирон љароњати љисмонї мерасонад", - омадааст дар њукми суд. Њолати дашном додан, бо арра ба дасти Уѓулой Нишонова задан, бо санг ба китфи чапи љабрдида заданро касе надидааст, ба љуз Мењрон, писари хурдсоли Нишонова ва Абдурањмонов. Дар суд Пулодљон Абдурањмонов шоњидї медињад, ки ваќте гўё аз лату кўб шудани њамсараш хабар ёфта, ба хона меояд, "мебинад, ки дасти рости њамса-

раш Уѓулой бо теѓ бурида, њамаљо пур аз хун хобидааст". Боќї њодисаро аз забони њамсараш мефањмад. Уѓулой Нишонова 11 рўз дар бемористон бистарї мешавад. Дар њукм таъкид мешавад, ки "мувофиќи хулосаи коршиносони судї-тиббї №238 аз 07.06.2013 сол љароњати љисмонии Нишонова дар намуди такони майнаи сар аз таъсири љисми сахту кунд, захми буридаи панљаи дасти рост аз таъсири сими тези бурранда њамчун љароњати љисмонии "сабук" ба саломатї расонидашуда мансуб дониста мешавад". Аз ин ќазия ду натиља бармеояд: 1) Уѓулой Нишонова дар суд мегўяд, ки зарбаи санг ба китфаш буд, Њољиматов бо арра ба дасти росташ задааст. Аммо суол ин љост, ки чї тавр пас майнаи сари Нишонова такон хўрдааст, тавре аз хулосаи тиббї бармеояд? 2. Маќомоти марбутаи ноњия њуљљат пешнињод кардаанд, ки дар ин мавзеъ њеч майдони волейболбозие вуљуд надорад. Тўри волейболбозие, ки дар борааш њарф меравад, аз сеткаи пиёз буда, дар миёни роњи кўчаи Ф. Муњаммадиев насб шудааст. Роњро ба сўи боѓ манъ мекунад. Магар ин сетка мањз барои ба миён овардани муноќиша насб шудааст?

Сеюм: Чизе, ки барои њабс кардан намерасид Исматулло Њољиматов ба он муттањам мешавад, ки 11-уми июли соли 2013 тахминан соати 15-00 дар наздикии дарвозаи манзили истиќоматиаш, "бинобар љой доштани хусумати динї ва мањалгарої нисбати Нишонова "намоз намехонї, њиљоб намепўшї" гўён њаќорату дашномњои ќабењ дода, бо калтаки чўбини дар дасташ доштааш якчанд маротиба ба сари Нишонова У. зада, ба охирон љароњати љисмонї мерасонад". Уѓулой Нишонова боз љароњати љисмонии сабук бармедорад, ба суд хулосаи коршиноси судї-тибби №289 аз

18.07.2013 - ро пешнињод мекунад, ки "дар намуди осеби пўшидаи косахона ва майнаи сар, такони майнаи сар њамчун љароњати љисмонии "сабук" ба саломатї расонидашуда мансуб дониста мешавад". Ќањрамони марказии силсилаќазияњои мазкур Нишонова дар суд нишондод додааст, ки гўё бидуни ягон сабаб Њољиматов ба ў дарафтода дашном кардааст. Дар идома гўё Нишонова пурсидааст, ки "Ман ба ту чї кор кардам, ин ќадар ту бо ман чаќќа шудї?". Аммо Њољиматов гўё бо њаќорату дашном гуфтааст: "Тамоми аъзои баданат урён мебошад, намоз намехонї, њиљоб намепўшї" ва бо калтак ба сари ў задааст. Вале Њољиматов мегўяд, ў дар ин рўз аз Нишонова сабаби ба ШКД шикоят карданашро пурсидааст. Аммо Нишонова ба касе занг зада мегўяд, ки "ин аблањ боз маро дашном карда истодааст". Њамсари Њољиматов Сарвиноз низ дар мурофиа шоњидї медињад, ки Нишонова бо дидани њамсояашон Пўлодљон Манзарови пирамард ба гиря медарояд. Пулодљон Манзаров дар мурофиа шоњидї додааст, ки шахсан чї тавр лату кўб шудани Уѓулойро надидааст. Танњо шоњиди гиря кардани ў будааст. Уѓулой Нишонова боз дар бемористон бистарї мешавад... Хулоса, тибќи мантиќи сода нафаре, ки њамсари худаш њиљоби исломї ба сар надорад, оё имкон дорад, ки зани њамсояро барои бењиљобї сарзаниш кунад ва њатто кор ба латукўб расад? Дар ин ќазия њамин иттињом намерасид, яъне ба доштани "хусумати динї" муттањам кардан.

Чорум: Боз иттињоми нав, латтукўби ноболиѓон ва гаравгон... Ќазияи чорум бидуни Нишонова сурат мегирад. Ў дар бемористон бистарист. Санаи 15-уми июли соли 2013 тахминан соати 10-и рўз. Ин навбат Њољиматов ба он муттањам мешавад, ки писари ноболиѓи Абдурањмонов ва Нишонова Пурдонбек Абдурањмонов (соли таваллудаш 1999) - ро дар наздикии њавлии истиќоматиаш дошта, ба дохили хонаи хоњараш Њољиматова Зарина дароварда, бо ресмон дастонашро ба дарахти зардолу баста, бо роњи шиканља ё берањмона бо дасту пойњояш ба сару рўй ва дигар аъзои бадани ноболиѓ Абдурањмонов П. П. Зада, латукўб карда, ба ў љароњати љисмонї мерасонад. Идома мисли ќазияњои пешин: "Мувофиќи хулосаи коршиноси судї-тиббї №293 аз 23.07.2013 љароњати љисмонии ноболиѓ Абдурањмонов П. П. дар намуди хуномос ва харошаи гардан, ќафаси сина аз чап њамчун љароњати љисмонии ба саломати "њамбастагї" надошта мансуб дониста мешавад". Ба наќл аз гуфтањои Њољиматов дар мурофиа њодиса чунин аст: "15-уми июл њангоми ба хона омадан мебинад, ки дар


МУСОЊИБА

болои девори хонаи хоњараш Зарина, ки бо ањли оилааш дар Русия ба сар мебаранд, писари хурдии Уѓулой Пурдонбек Абдурањмонов нишастааст. Ў бо дидани Исматулло ду - се бор њуштак мекашад, ки фарзанди калонии Уѓулой - Пурќувват аз хона баромада, дукаса мегурезанд. Исматулло аз пасашон давида, Пурдонбекро меќапад. Њангоми азназаргузаронї мебинад, ки шишаи тирезаи беруни хонаи хоњараш шикаста, анљоми хона дар њолати пањну парешон мебошад. Ба љои њодиса кормандони ШКД-ро даъват мекунад ва барои нагурехтани Пурдонбек ўро ба дарахт мебандад. Ваќте падар ва бародарони Пурдонбек меоянд, бо тавсияи бародараш Асадулло, ки гуфтааст, "Пурдонбекро сар дењ, дуздро кормандони милитсия худашон меёбанд" писари Уѓулойро рањо мекунад. Аммо кормандони милитсия ба љои њодиса омада, чорае намебинанд". Љониби дигар даъво дорад, ки Њољиматов Пурдонбекро аз кўча ќапида, ба дохили њавлї дароварда мебандад ва бар замми ин лату кўб мекунад. Дар мурофиа шоњид Рањимова Гулсара Каримовна њозир мешавад. Ў нишондод медињад, ки "15-уми июл тахминан соати 15:40 дар болои бомаш зардолу тунук карда истода будааст, ки аз тарафи поён овози гиряро шунидааст. Баъд мефањмад, ки садои гиря дар њавлии Зарина Њољиматова баромада истоадаст, ки он љо њељ кас зиндагї намекунад. Як нафар дарвозаро кушодааст, ў дидааст бародарон Исматуллову Асадулло Пурдонбекро дар дарахти зардолу баста, латукўб карда истодаанд. Ўро аз дасти онњо халос карда, ба хонааш мебарад, баъдан аз забони њамсояаш Пулодљон мефањмад, ки Исматулло њамсояаш Уѓулойро латукўб кардааст, ки дар бемористон хоб мебошад". Шоњид дар ин ќазия Гулсара Рањимова барои оилаи Абдурањмоновњо бегона нест. Келини ин хонадон мебошад ва барои ноболиѓон њамсари амакашон аст. Насаби ў дар њуљљатњо Абдурањмонова буда, дар суд бо насаби духтариаш шоњидї додааст. Суд ба мисли ќазияњои пешин гуфтањои Њољиматовро нодида мегирад, танњо шоњидии Абдурањмоновњоро ќабул мекунад.

Нињоят: Суд њукм мекунад Њамин тавр, суд банду басти парванда аз љониби маќомоти тафтишотї бо моддаи 117, ќисми 2, бандњои "а, в, ж" - и Кодекси љиноятии ЉТ нисбат ба И. Њољиматовро дуруст мешуморад. Яъне судя содир шудани азобу уќубати љисмониро бо роњи шиканља ё берањмї ва бо сабаби хусумати динї ё мањалгароиро дуруст донистааст. Дар асоси ин модда љазои мањрум сохтан аз озодї ба муњлати се сол бо адо намудани љазо дар колонияи ислоњии дорои низомаш пурзур таъин карда мешавад.

"Коргардон"-њо ќазияњоро чунон сохтанд, ки парванда бояд бо моддаи 117, ќисми 2 бандњои "а, в, ж" банду баст шавад. Ин аст, ки ўро ба доштани хусумати мањалливу динї, азобу уќубати љисмонии берањмона ва њатто гаравгонгирии ноболиѓ муттањам карданд. Дар дасти тими тањќиќотии "Нигоњ" сабтњое аз суњбати раисикунандаи мурофиа Б. Турсунов мављуд аст. Бино ба он, ў иќрор мешавад, ки Исматулло Њољиматов гуноње надорад... Аммо чаро ў чунин њукм баровард дар идомаи матлаб рўшан мешавад. Идомаи матлаб рўшан мекунад, ки дар паси ин ќазияњо кињо меистанду чї њадаф доштанд...

"Алфа" Оилаи Абдурањмоновњо дар ноњияи Ашт аз оилањои пурнуфуз буда, атрофи ин оила мардум њарфњое низ мегўянд. Онњоро гурўњи "Алфа" њам меноманд ва маслињат медињанд, ки бењтараш бо онњо сарукор нагиред, зеро зўри касе ба онњо нарасидаву нахоњад расид. Муњиддин Мўминљонов аз пайвандони ин оила солњое муовини якуми раиси ноњия буд. Бародари ў Пањлавон Абдурањмонов вазифаи директори мактаби тањсилоти умумии №20-ро ба ўњда дошт, ки дар бораи аъмоли онњо низ њарф хоњем зад. Баъди њабс шудани Исматулло Њољиматов Пулодљон Абдурањмонов дастбакор мешавад. Участкаи наздињавлигии Пулодљон Абдурањмонов назди Љамъияти маъюбон воќеъ мебошад. Ў заминњои атрофи участкаи наздињавлигиашро аз худ мекунад. Њатто дар охири кўчаи ба номи Фазлиддин Муњаммадиев, ки дар интињояш дарвозаи Љамъияти маъюбон аст, дарвоза мешинонанд. Њамон љое, ки гўё майдони волейбол буд. Њоло ин охири кор нест. Пулодљон Абдурањмонов 0,18 га замини Хољагии давлатии зотпарварии Т. Эрйигитовро низ аз худ мекунад. Ќитъаи замини мазкурро ба шањрванд Каюмарс Фахриддинов мефурўшад. Сабтњое аз сўњбати харидори замин Каюмарс Фахриддинов ба ихтиёри маркази тањќиќоти "Нигоњ" гузошта шуд. Фахриддинов ин ќитъаи заминро ба маблаѓи 800 њазор рубли русї харидааст. Ин њам дар њолест, ки ќитъаи замини мазкур марбут ба хољагии давлатии ба номи Эрйигитов буда, онро дар асоси шартнома аз моњи сентябри соли 2010 миёни раиси хољагї Њамралиев Њ. ва аз тарафи дигар боѓбон Олимљон Исмоилов ба дуюмї барои 10 сол ба иљора дода шудааст. Нусхаи шартнома вуљуд дорад. Дар сабти сўњбати Каюмарс Фахриддинов гуфта мешавад, ки барои гирифтани ќитъаи заминњои мазкур ва дигар амалњои характери коррупсионї дошта, ба ў ва Пулодљон Абдурањмонов Машраф Солиев, муовини ваќти прокурори ноњия мусоидат мекардааст. Машраф

Солиев баъдан аз ин вазифа барканор шуд. Ногуфта намонад, ки ў аз наздикони Арабшо Солизода (Сидиќов Араб Солиевич), муовини якуми прокурори вилояти Суѓд (њоло прокурори шањри Хуљанд) буд, дар ин бора низ дар сабти мазкур сухан меравад. Дар ин бора ба маќомоти марбута борњо шикоят кардаанд, гарчи худсарона ишѓол кардани замин аз љониби Пулодљон Абдурањмоновро маќомот тасдиќ кардаанд, аммо то њол чорае надидаанд. Чаро? Суолест њоло бепосух. Ва чандин далели дигар дар бораи ин оилаи "зўр" дар ихтиёри мо вуљуд дорад, ки аз оварданашон худдорї мекунем, зеро аќли касе намегирад, ки њамчунин як кор дар Тољикистон шуда метавонад ва касро ба он машкук мекунад, ки њатман дар паси он каси муќтадире њаст...

Директори мактаб... замин таќсим мекунад Пањлавон Абдурањмонов, директори мактаби тањсилоти миёнаи умумии №20и ноњияи Ашт аз пайвандони ин оила аз пеши худ замини марбут ба мактабро ба як сокини мањаллї Норбой Ашўров додааст. Тибќи гуфтањои сокинон, гўё бар ивазаш 10 њазор доллари ИМА гирифтааст. Норбой Ашўров дар ќитъаи замини мазкур манзили истиќоматї месозад. Тафтишоти маќомот муайян кардааст, ки танњо 36,4м2 ќитъаи заминро додааст. Дар як санаде аз моњи июли соли 2014, ки зери он П. Абдурањмонов, директори мактаб, Р. Њаётов, муовини сардори назорати давлатии оид ба истифода ва њифзи замини ноњия ва Н. Ашўров, соњиби нави замин имзо гузоштаанд, директор ўњдадор мешавад, ки заминро ба њолати аввалааш баргардонад. Иќрор мекунад, ки заминро ѓайримаќсаднок додааст. Сарфи назар тафтишоти маќомот ва аз љумла тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суѓд замини мазкур ба шакли аввалааш баргаронда нашудааст. Чаро? Ин суол низ њоло боз мемонад.

Хона барои муовини якуми Раис Муњиддин Мўминљонов, аз пайвандони ин оила таи се-чор соли охир дар ноњияи Ашт дар вазифаи муовини якуми раиси ноњия кор кардааст. Ў сокини њамин ноњия буд, манзили истиќоматї низ дорад. Манзили истиќоматиаш њудуди 6 км дуртар аз маркази ноњия мебошад. Аммо бо муовини якуми раис шуданаш дар пайи пайдо кардани манзили зисти нав

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

9

мешавад. Бинои идораи хољагии дењќонии "Роњи нав" ба чашми ў мехўрад. Бинои мазкур аз як ќабат иборат буда, чањор њуљра дорад. Биноро хољагии дењќонии "Роњи нав" аз њисоби маблаѓњои хољагї бунёд карда, њамчун идораи хољагї истифода мешуд. Раёсати хољагии мазкур ќасд дошт, ки биноро ба Маркази дењќонон табдил дињад ва барои ба роњ мондани таљдиди хољагињо, кори идоракунии хољагињои дењќонї барои онњое, ки нав хољагии дењќонии инфиродї ташкил кардаанд, корњои фањмондадињї гузаронад... Кумитаи амвол соли 2012 аз хољагї талаб мекунад, ки рўйхати амволи хољагиро пешнињод кунанд. Дар ќатори номгўи амвол, ки пешнињод шуд, номи бино низ буд. Дар ќарори Раёсати Агентї, ки доир ба ин масъала тафтишот бурдааст, гуфта мешавад, ки раиси ноњия бо ќарори худ аз 23-юми январи соли 2013 бинои маъмурии хољагиро ба тавозуни шуъбаи ободонии КФД "Хољагии манзили коммуналї" мегузаронад. Њамзамон бо розигии раиси ноњия ба Муминљонов барои истифодаи ин бино ордер медињанд. Зимнан, то њол бинои мазкур дар тавозуни хољагии "Роњи нав" ќарор дорад. Миёни хољагии мазкур ва КФД "Хољагии манзили коммуналї" санади ќабул ва супоридан тартиб дода нашудааст. Ва чунин санадњо мављуд нест. Инчунин, М.Муминљонов барои истифодаи манзил ягон шартнома бо љонибе надорад, ки онро бозсозї кунад... Њамин тавр, бинои маъмурии хољагии дењќонии "Роњи нав" гирифта мешавад, Мўминљонов соњиби хона мегардад. Ў биноро ѓайриќонунї азнавсозї карда, болопўшашро нав мекунад. Бино ба худ шакли дигар мегирад. Њукумати ноњия бидуни ягон њуљљатгузорї дар бораи аз тавозуни хољагї баровардан, биноро ба истифодаи собиќ муовини якум медињад. Аз он замон то њол Мўминљонов, гарчи аз вазифаи муовини якум рафтааст, дар ин манзил истиќомат дорад. Аммо хољагии "Роњи нав", ки молики биност, бидуни идораи маъмурї монда, иљоранишин аст! Дар бораи ин се њодисаи охир, маќомоти тафтишотии вилояти Суѓд огоњанд, аз љумла Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, прокуратураи вилоят. Аз љониби Агентї тафтишот бурда мешавад. Аммо њамоно вазъ бетаѓйир мондааст. Бар замми ин, моњи апрели соли равон дар асоси аризаи Хайрулло Њољиматов, падари Исматулло Њољиматов дар бораи ќазияњои зикршуда ба Прокуратураи генералии Тољикистон ин нињод ваљњњои зикршударо тасдиќ мекунад. Бар илова ќарорњои ќабулшударо бекор мекунад. Маводњо дар бораи ин њолатњоро барои санљиши иловагї ба прокуратураи вилояти Суѓд равон мекунад. Инчунин, парвандаи љиноятї нисбат ба И. Њољиматов барои омўзиши даќиќ аз суди ноњияи Ашт талаб карда гирифта шудааст. Њатто пештар аз ин, Прокуратураи генералии Тољикистон нисбат ба њукми суд дар бораи Исматулло Њољиматов эътироз низ овардааст. Вале то њол дар ин бора ќарори дахлдор ќабул нашудааст. Прокуратураи вилояти Суѓд хомўш аст, сарфи назар аз мавќеъи рўшани Прокуратураи генералї. Аммо ин њама яќини он нест, ки дар прокуратура ва суди ноњияи Ашт метавонанд, ба таќдири инсон бозї кунанд? Дар баробари он, дастарозињои гурўњеро нодида гиранд!? Шояд њоло "дасти тавоно"е барои мунсифона баррасї кардани ин ќазияњо садди роњ шавад. Аммо ин нанг барои њамеша дар сањифаи таърихи маќомоти ноњияи Ашт сабт хоњад шуд... Умари ТОЊИР

P.S.: Дар раванди тањќиќот ба дасти гурўњи тањќиќотии "Нигоњ" њуљљату санадњо, сабти овозњое дастрас шуд. Аз љумла дар бораи то куљо бистарї шудани писари Пулодљон Абдурањмонов, муносибати муовини пешини прокурор ба ин ќазияњо, наздикии бархе табибон бо ин оила ва амсоли ин, ки дар њолати зарурї ба ин мавзуъ бармегардем.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

ЉАЊОН

ШОЕЪОТИ МАРГИ ГУЛБИДДИНИ ЊИКМАТЁР Як њафта ба инљониб аз Покистону Афѓонистон хабари марги Гулбиддини Њикматёр мерасад. Хабаре, ки наметавон бидуни таваљљуњ аз он чашм пўшид, чун Њикматёр на аз љумлаи он шахсиятњост, ки дар борааш њарфи мегуфтанї набошад. Дар тўли умраш ин марди сар то по муаммо гоњ чун муљоњиди оштинопазир аз худ дарак додааст ва гоњи дигар чун касе, ки љињоду пайкори муќаддасро ба хоку хун кашидаву пойтахти ободи Афѓонистонро ба вайрона табдил додааст. Вай 26-уми июни соли 1947 ва тибќи маълумоти дигар, соли 1944 ё 1948 дар рустои Вартапури Имом Соњиби вилояти Кундуз ба дунё омадааст. Аз ќабилаи паштуњои харутї буда, ба ќабилаи гулзоињо мепайвандад. Мегўянд, соли 1980 вай намоишкорона аз мулоќот бо президенти ИМА Роналд Рейган даст кашид, њарчанд танзими љињодии ў аз љониби Амрико аз тариќи хадамоти љосусии Покистон сармоягузорї мешуд. Баъди суќути њукумати Наљибулло вай бо Ањмадшоњи Масъуд муќовимат кард ва ин набард ягона шањри ободи Афѓонистон Кобулро ба харобазор табдил дод. Дар бораи ин лањзањои хунбор шањид Ањмадшоњи Масъуд зиёд ёд кардааст ва маъруфтарин маводи интишоршуда, ки њикоятгари иллатњои вайронии Кобул аст, сабти суњбати ду фармондењ Ањмадшоњи Масъуд ва Гулбиддини Њикматёр мебошад. Баъдан њар ќадар талош кард, ки иддиои љангљўии худро рад кунад, вале ин сабти садо чун далелу бурњо-

ни раднопазир садди роњаш мешуд. Робитаи ду фармондењи маъруф аз замони аввалин талошњояшон барои љойи по дар набард бо коммунистон сарчашма гирифтааст ва њатто Њикматёр борњо талош њам кардааст Масъудро дар Покистон ба дасти неруњои амниятии ин кишвар супорад. Аз он ки Ањмадшоњи Масъуд тољик буд, дар Покистон зистан барояш мушкилот ба бор овард ва ногузир шуд дар он солњои мудњиши љанг бо Шўравиён ба ватан баргардад ва тўли дањ соли љињод ќадам аз Панљшер берун нагзорад ва ба яке аз шадидтарин ва љанговартарин неруи зидди Шўравї табдил ёбад. Аммо дар дохили Афѓонистон њам хеле зиёд иттифоќ уфтода, ки Њизби исломї алайњи неруњои Масъуд сангар гирифтааст, вале њамеша бо шикаст аз ин набард берун шудааст. Баъди чанд сол Масъуд ва Њикматёр сулњ карданд ва ў Сарвазири давлати Бурњониддин Раббонї таъин гардид. Аммо муњлати ин њокимият хеле кутоњ буд, бо истифода аз заъфи муљоњидин ва даргирињо миёни танзимњои љињодии собиќ Толибон нерў гирифтанд ва Кобул суќут кард. Ин њам ба айёми президентии Раббонї ва њам сарвазирии Њикматёр поён дод, чун онњо дигар имкони ба Кобул бозгаштанро аз даст дода буданд. Соли 2001 амрикоињо давлати Толибонро шикаст доданд, вале њукумати пешинро њам ба ќудрати сиёсї роњ надоданд. Њукумати гузор бо сарварии Карзай ташкил шуд. Њикматёр рў ба Эрон овард ва як муддати тўлонї он љо монд.

Ба назар мерасад буњрони Сурия наќши љањонии сарвари Русия Владимир Птуинро њам дигар кардааст. Бо он ки дар њифзи салтанати Башор Асад камар баставу бо гуруње аз шиъиёни олам зидди шўришчиёни суннимазњаб эълони љанг кардааст, дар Ѓарб ўро гоњу ногоњ сарвари шиъиёни олам номидаанд. Як пойгоњи интернетї акси љолиберо интишор дод, ки сарвари давлати Русия бо саллаи сиёњ тасвир шуда ва зераш навишта: Оятуллоњ Сайид Владимир Путин. Аслан шояд ин карикатурае беш нест, ки барои ханда гузоштаанд, вале агар нек тањлил шавад, љойи ханда њам надорад. Осмону замини Сурия ба як майдони санљиши нерў барои шиъиёну сунниён ва њомиёни дохиливу хориљии онњо табдил шудааст. Нашрияи фаронсавии "Le Point" менависад, ки дар айни замон бозии хатарноке, ки атрофи Сурия меравад, ба њисоби 1:0 ба фоидаи Русия анљом шудааст ва он аллакай метавонад Русия ва ИМА-ро ба зиддияти шадид оварад. Охири моњи сентябр Путин ба њамла гузашт ва тайёрањои ин кишвар ба таври ногањонї бо истифода аз њарими њавоии Эрон ва Ироќ вориди Латаки шуданд ва ба артиши Сурия лавозимоти зарурии љангиро фароњам оварданд. Ин нашрия менависад, ки њадаф ва вазифаи Путин наљоти Башор Асад аст, то ќудрати худро ба намоиш гузорад. Амрикоињо аллакай эълон карданд, ки 90 дарсади њамлањои тайёрањои Русия зидди мухолифони Башор Асад буд, то ки зидди ДОИШ бошад. Ин буд, ки 7-уми октябр неруњои давлатии Асад пешрафт карданд ва чанд мавзеъро аз дасти мухолифон бозпас гирифтанд. Як рўз

Баъдан ба Покистон баргашт ва эълон намуд, ки Њизби исломї дар мухолифат бо њукумати Њомид Карзай зидди неруњои бегонаву аљнабї сангар хоњад гирифт. Соли 2003 ИМА ва СММ ўро чун Мулло Умар ва Усома бен Лодан террорист эълон карданд ва дар рўйхати сиёњ ќарор дода шуда, дар љустуљўи байналмилалї эълон гардид. Пойгоњи хусусии интернетии "Гузоришномаи Афѓонистон", ки аз љониби рўзноманигори маъруфи ин кишвар Раззоќи Моъун роњандозї мешавад, дар матлабе аз даргузашти эњтимолии Њикматёр ёд кардааст ва бо истинод ба суњбати коршиноси низомии Афѓонистон Ањмад Сайидї бо хабаргузории Форс навиштааст, ки эњтимоли он вуљуд дорад, ки Њикматёр дори фониро тарк гуфта бошад. "Њикматёр дар чанд рўзи ќабл дучори бемории шадиде шуда, ба сабаби ташдиди беморї рўзи панљшанбе ба кома рафт. Њикматёр дар шањри Пешовар зиндагонї мекард ва ду рўз пештар ба иллати хуруљи беморї ва вахомати саломатї ўро ба шањри Карочї интиќол доданд ва тањти дармони табибони покистонї ќарор доданд". Сайидї мегўяд, дар айни замон имкони он вуљуд надорад, ки хабари марги Њикматёр тасдиќ шавад, аммо бидуни шак, вай дар вазъи номуносиби саломатї ќарор гирифтааст. Ин коршиноси афѓонистонї бо баёни ин, ки марг ва бемории Њикматёр дар њоли сиёсї шудан аст, гуфт: "Њикматёр дар фењристи сиёњ ќарор гирифта буд ва агар марги вай дар хоки Покистон эълом шавад, бузургтарин

зарба ба низоми Исломобод ворид хоњад шуд. Ба њамин далел покистонињо ногузир шудаанд Њикматёрро имрўз ё фардо дохили хоки Афѓонистон кунанд ва пас аз он хабари марги вайро аз тариќи манобеъи наздик ба Њикматёр эълом кунанд". Ин дар њолест, ки гузоришњое дар шабакањои иљтимої мунташир шуда, ки гўё рањбари Њизби исломии Афѓонистон ба марги табиъї фавт кардааст. Љовид Куњистонї, як коршиноси дигари Афѓонистон њам гуфтааст, ки аз чанд ваќт ба инљониб Гулбиддини Њикматёр бемор аст ва тањти назорати созмони љосусии Покистон ISI ќарор дорад. "Њатто хонаводаи Њикматёр њам њаќи дидор бо вайро надоштанд ва ба ин сурат метавон гуфт, ки марги Њикматёр њам шабењи марги Мулло

ОЯТУЛЛОЊ САЙИД ПУТИН? пас бошад киштињои Русия аз бањри Хазар ба мавзеъи мухолифон оташ кушоданд. Аз сўи дигар ба ќуввањои њукумат "Њизбуллоњ"и Лубнон ва неруњои воридшуда аз Эрон кумак мекунанд. Муаллифи маќола Мирей Дютей менависад, ки зарбањои Русия хеле самаровартар назар ба зарбањои њавоии Амрико ва муттањидони ѓарбиаш буданд. Онњо зарфи ин як соли охир 2500 њамлаи њавої созмон додаанд, вале натавонистаанд ДОИШ-ро маљбур ба аќибнишинї кунанд. Ѓарб танњо ба мавзеъњои њарбии ДОИШ зарба мезанад, вале гумон меравад вай он љо одамони худро надорад, то њадафро даќиќ нишон дињанд. Дар натиља зарбањои онњо аксар маврид ба њадаф намерасанд. Аз сўйи дигар, тайёрањои амрикої хеле аз баландињои баланд бомб меафкананд, русњо бошанд поин меоянд ва зарбаи љангандањои русї њам њадафноканд ва њам харобиоваранд. Ба навиштаи муаллифи ин маќола Путин њадафи дигар њам дорад. Мехоњад аз фазои Сурия њавопаймоњои иттињоди Ѓарб, Туркия ва Исроилро танг кунад ва њатто он-

њоро берун ронад ва дигар нагузорад, ки вориди њарими њавоии Сурия шаванд. 7 - уми октябр Пентагон эълон кард, ки тайёрањои амрикоиро ба хотири барнахўрдан бо тайёрањои русї ба дигар самт рањнамун кардаанд. Фармондењи неруњои НАТО дар Аврупо генерал Филип Бридлав низ гуфт, ки Маскав баъди ишѓоли Ќрим дар Бањри Сиёњ як "њубобе"- ро эљод кард. Акнун иттињоде, ки Амрико мураттаб аз кишварњои Аврупо ва араб роњбарї мекард, берун аз бозї мондаанд. "Le Point" аз њадафи сеюми Путин ёд мекунад ва мегўяд Русия бо ин амал мехоњад ба туркњо нишон дињад, ки орзуи онњо барои эљоди минтаќаи буферї барои паноњандагон дар марзи Сурия ва назорати курдњо бо ин васила, амалинашаванда аст. Тайёрањои русї ду маротиба аллакай њарими њавои Туркияро наќз карданд ва ин боис гардид, ки НАТО саросемавор аз пуштибониаш аз Туркия садо баланд кард, чун ин кишвар узви ин паймон аст. Маскав чун Амрико њадафи аслии худро пинњон медорад ва бањона њамоно барои њамаи ќудратњо якест: мубориза бо терро-

Умар хоњад буд". Куњистонї ба ишора ба паёмади марги Мулло Умар гуфт: "Дар сурате, ки марги Њикматёр тасдиќ шавад, ин бузургтарин зарба ба пайкари њампаймонони Покистон хоњад буд. Аммо дар сурате, ки марги Њикматёр аз љониби ISI-и Покситон махфї нигањ дошта шавад, пас барномаи бузурге дар пушти он ќарор дорад". То ин соат хабари марги Њикматёр расман на тайид шуд ва на рад. Он ки њизби исломї дар канори гуруњњои Толибон, ДОИШ ва Њаќќонї яке аз мухолифони давлати Кобул ба шумор меравад ва тўли ин 14 соли охир даргирињои шадидеро дар макону замони мухталиф доир кардааст, як њаќиќати бебањс аст.

Бобољони ШАФЕЪ

ризм. Ва Кремл низ њоло ин ќартаро хуб мебозад. Мухолифони давлати Сурия бо ба даст овардани шањри Љиср -аш-Шуѓур дар моњи апрели соли равон роњро барои њамла ба Димишќ боз карданд ва шояд тарњи нави мубориза бо низоми Асад аз љониби муттањидони ѓарбии шўришчиён кашида мешуд, ки мебоист ин шањр дар суќути режим наќши муњим мебозид. Ва Путин наметавонист аз ин беш фурсатро аз даст дињад. Владимир Путин билохира як иттињодеро аз минтаќа, аз миёни кишварњо ва гуруњњои шиъамазњаб гирд овард. Тобистон вай сарвари Ситоди кулли Сипоњи посдорони инќилоби исломии Эронро ба Маскав даъват кард. Њамзамон бо ин бо Обама низ машварат кард, аммо Кохи Сафед аз тарњи Путин њимоят нанамуд, Арабистон ва дигар кишварњои арабї намехоњанд аз муттањидони Эрон ва наљотбахши Асад бошанд. "Ин буд, ки Путин ба шиањои минтаќа такя кард, бо Эрон, "Њизбуллоњ"-и Лубнон ва Ироќ канор омад, ки сарвазираш ањли ташайюъ аст. Маскав дар Баѓдод маркази њамоњангсозї созмон дод, ба Димишќ аз ин тариќ силоњу муњимоти љангї мекашонад ва тайёрањои худро зидди шўришчиён равона месозад. Ѓарб бо сарварии Амрико аз кишварњои суннимазњаб пуштибонї мекунад. Ин њама бо терроризм мубориза мебаранд. Аммо яке дар талоши њифзи ќудрати Асад ва дуюмї дар фикри он аст, ки ўро барандозад. Дар ин миён танњо љанги мазњабии ошкоро намерасад..." - менависад дар хотима Мирей Дютей. Тањияи Фирўзи МУЊАММАД


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

ТАБЛИЃ Дар Бемористони Ибни Сино тамоми беморињои марбут ба љарроњии маѓзу асаб, дар бењтарин шароит ва бо љалби мутахассисони варзидаи хориљї, бо сифати баланду натиљаи ќаноатбахш дармон ва љарроњї карда мешавад. Яке аз беморињои соњаи мазкур менингиома мебошад, ки мутахассисони Бемористони Ибни Сино дар ташхису табобати он таљрибаи бой дошта, дар мавриди зарурї барои гирифтани машварат аз маслињати мутахассисони бурунмарзї истифода мебаранд. Менингиома - дар аксари ваќт ин омоси безарар, ки аз њучайрањои дурушти ќишри маѓзи сар сарчашма мегиранд, мебошад. Миёни њамаи намудњои омосњои безарар, менингиома шакли аз њама пањнгардида ба њисоб рафта, зиёда аз 25% тамоми омосњои авалияи маѓзи сарро мањз њамин беморї ташкил медињад. Ин омосњо дар тамоми ќисматњои маѓзи сар ва њароммаѓз љойгир шуда метавонад. Дар баробари ин, дар баъзе мавридњо, менингиома метавонад шакли зарароварро гирад. Ќисми зиёди беморон дорои як манбаи рушди менингиома мебошанд, аммо њодисањое вомехўранд, ки омосњо дар якчанд ќисмати маѓзи сар ва ё њароммаѓз љой дошта метавонанд. Менингиома аз њама намудњои пањнгаштаи омоси Системаи марказии асаб, миёни шахсони аз 35 сола боло, ба њисоб меравад. Зиёдтар ин беморї миёни шахсони аз 40 то 70 ба назар мерасад. Аз рўи таќсимбандї менингиома ба се дараља људо мешавад: 1 дараља - безарар 2 дараља - ѓайримуќаррарї 3 дараља - зараровар НИШОНАЊОИ МЕНИНГИОМА Одатан зуњуроти менингиома аз омилњои андоза ва љойгиршавии он вобастагї дорад. Сараввал омоси мазкур аз худ ягон дараке намеди-

11

МЕНИНГИОМА

то чї дараља хавфнок аст? си беморї, ки маълумоти пурра ва даќиќро медињад - биопсия мебошад, ки он баъд аз дур кардани омос исифода бурда мешавад. Чунин ташхис барои интихоби шакли дурусти табобати ояндаи беморї гузаронида мешавад. ТАБОБАТИ МЕНИНГИОМА Табобати менингиома асосан бо роњи љарроњї ба роњ монда мешавад. Дигар усулњо ѓайрисамаранок дониста шудаанд. Дар аввали беморї он бо роњи консервативї табобат карда мешавад. Ин амал аслан бо маќсади кам намудани варамии бофтањои маѓзи сар дар љойи омос ва аз миён бурдани илтињоб гузаронида мешавад. Барои чунин шакли табобат доруњои кортикостероидї истифода мешаванд.

њад, аммо баъд аз калон шудан, њангоми фишор овардан ба ќисматњои мухталифи маѓзи сар ва ё њароммаѓз, нишонањои хос зуњур мекунанд: - бад шудани бино? ё дубин? дар чашм; - вайрон гардидани шунаво?; - дарди сар, ки бо афзоиши омос шадидтар мегарданд;

- парешонњолї; - кашиши рагњо; - бењолии мушакњо дар пойњо ва дастон; - дилбењузурї ва ќайкунї; - хурўљи бемории саръ. ТАШХИСИ МЕНИНГИОМА Ташхиси менингиома бидуни усулњои махсус басо мушкил аст, зеро пайдоиши омос дар даврањои аввал номаълум буда, инчунин нишонањои онњо ба нишонањои омосњои дигар шакл шабоњат доранд. Сараввал пизишк ташхиси неврологї мегузаронад - рефлексњои бемор санљида мешаванд, њасосияти пўст ба инобат гирифта мешавад, дигар ташхисњое, ки ба муайян намудани функсияњои кори узвњои шунавої, биної, вистибулярї, равона шудаанд, гузаронида мешавад. Миёни усулњои махсуси ташхиси менингиома рентгенография ва томографияи компутериро номбар кардан мумкин аст. Њангоми ин ташхисњо шакл, андоза ва муњим аз њама љойгиршавии он муайян карда мешавад. Аз њама усули самараноки ташхи-

ТАБОБАТИ МЕНИНГИОМА БО РОЊИ ЉАРРОЊЇ Чи гуна ќайд намудем, менингиома одатан омоси безарар буда, сарњадњои возењ дорад ва дар аксар маврид он метавонад пурра бо роњи љарроњї дур карда шавад. Дар њолати љойгиршавии рўякї, амалиёти љарроњї натиљањои хуб дода, имконоти табобатшавии пурраи беморро фароњам меорад. Ќобили зикр аст, ки интихоботи амали љарроњї аз дастрас будани худи омос вобастагї дорад. ОРИЗАЊО Менингиома ва табобати он метавонад ба оризањои зерин оварда расонад: - мушкилот њангоми диќќат додан - аз даст додани њофиза - ихтилоли шахсият - хурўљи бемории саръ Ќобили зикр аст, ки тавассути ширкати "Суѓуртаи миллї", ки дар назди бемористон фаъолият менамояд, табобат дар бемористони замонавї барои њама ќишрњои љомеа дастрас мегардад. Маълумоти пурраро Шумо метавонед бо телефонњои (+992 44) 640 - 01 - 02 (+992 44) 640 - 01 - 03 ё аз сомонањои: www.ibnisino.tj ва www.sugurta.tj дарёфт намоед.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

БО ШОИР

ДАР СИТОИШИ ХУДО Ситоиш мар Худои мењрубонро,* Нигањдори замину осмонро. Забон андар сифоташ безабон аст, Хирад аз дарки зоташ нотавон аст. Сано ўро ки оламро ба по кард, Туро аз пайравони Мустафо кард. Санову њамд љуз ўро нашояд, Парастиш љуз сазои ў наояд. Кунад тадбири кори халќу кишвар, Дињад фармону њукму нањйи мункар. Њама љо њукми нофиз мар Худорост, Бар ављи осмон, ё ќаъри дарёст. Бичархонад ба навбат рўзу шабро, Зудояд ѓусса, афзояд тарабро. Зи фазли хеш бахшад рўњ танро, Закову аќлу њуш, илму суханро. Агар хоњад, дињад иззат якеро, Ба хорї мекашад, хоњад, касеро. Ба ободї барад, ё бар табоњї, Бувад аз њикмату илми илоњї. Гање мулке кунад бар хок яксон, Дигар мулке кунад ойинабандон. Барад гул, хор орад бар гулистон, Ба барги гул биорояд биёбон. Бувад њукмаш раво андар њама љо, Чи дар хоку њавову оби дарё. Зи ќаъри хок то торуми афлок, Зи инсу љинну аз нопоку аз пок. Зи моеъву бухору љисми бељон, Набошад њељ шайъ берун зи фармон. Гунањ омурзаду ѓам дур созад, Дили бишкастагон масрур созад. Тавонгар мекунад бечорагонро, Нишони рањ дињад оворагонро. Њидоят мекунад гумроњу сарсон, Барад андўњу дарди синарешон… Дињад бар гушнаву урёну бемор, Таому љомаву нерўву тимор. Ба соњил мебарад киштишикаста, Дињад мазлумро њаќќи гусаста. Шифо бахшад маризи бедаворо, Ба давлат мерасонад бенаворо. Ба нусрат мебарад аз синањо бим, Ба неъмат медињад молу зару сим… Ба ќавме медињад ў сарфарозї, Ба ќавме хориву њам љонгудозї. Агар халќи нахусту вопасинаш, Чи дар њафт осмону дар заминаш. Шавад якдил чу ќалби порсое, Накўкору мутеъву хуброе. Забон машѓули зикру тан ба тоат, Тамоми умр бар зуњду ибодат. Дили эшон зи ёди ў људо не, Аз он суду зиёне бар Худо не. Агар халќи нахусту вопасинаш, Ки дар њафт осмонанду заминаш. Агар аз рўзи аввал то ба анљом, Зи чашми субњдам то охирин шом. Зи Асфал-софилин то бурљи афлок, Њама халќаш зи љинси поку нопок. Чу коњи хушки ганљаш медињад бод, Камї дар мулки ў њаргиз науфтод. Агар дар осмону дар заминаш. Зи махлуќи нахусту вопасинаш. Њам аз љинy њам аз инсу паранда, Зи њаййу мурдаву тайру даранда. Агар љумла ба як ваќту ба як он, Бипурсанд њољат аз Аллоњи рањмон. Ба њар пурсанда гар дарё бубахшад, Халал андар муњити ў науфтад… Нахусту вопасин, љуз ў касе нест, Аз ў бартар дар ин олам касе нест. Худованде, ки ўро нест монанд, На ўро ёру анбозу на фарзанд. На кас зода на аз кас зода бошад, Зи њољоту зи нуќс озода бошад. Њама чизи љањон фарљомдор аст, Ба љуз мулки Худо ки пойдор аст. Њама дар маърази маргу завол аст. Ба љуз эзид, ки Њайи Зул-љалол аст. Бувад бо њикмату бо илми Яздон, Ки кас фармон набурд, ё бурд фармон. Салоњи дину адлу назми кишвар, Ба тоат бошаду фармони Довар. Ба фармонбар дињад аљру савобаш Ба нофармон наорад гањ иќобаш. Уќубат гар фиристад - адл донаш, Ба неъмат гар расї, аз фазл хонаш. Гувоњ асту нигањбон асту љаббор, Ба рафтору ба ањволу ба кирдор. Баќои умру ризќу хубу нохуб, Њама дар дафтари аъмол мактуб. Агар дар ќаъри дарё, ё Сурайёст, Њама сирри љањон наздаш њувайдост. Њама кирдорро рўзе љавоб аст, Ато бошад сазояш, ё иќоб аст. Зи осори амал бошад мукофот, Агар сањл аст, ё сангин муљозот. Љуз ин дигар набошад охири кор, Ки "шав" гўяд, шавад њатман падидор

Бо сад ќаламу ранг мусаввир нашавад, Саббоѓ сиришташ ар зи Монї набувад. Парвона агар ба шуъла содиќ набувад, Маргаш њадар аст, ќањрамонї набувад. Гар ѓулба аниси гул шавад булбул нест, Њукм аш зи азал таронахонї набувад. Суде накунад илми љањонат бар дил, Гар лавњи китоби осмонї набувад.

ДЎСТ Њар он чї Дўст неку хонд, некуст. Ба наздаш монд ,ё гар ронд, некуст. Маро љон медињад ё љон ситонад, Агар он доду инро монд, некуст Зи изњори муњаббат метавон мурд, Сухан андар дањан дармонд, некуст. Гул ар майли сухан гуфтан надорад, Ба абру ќиссаро фањмонд, некуст. Агар дасти дуъо бардошт, омин. Агар ў остин афшонд, некуст. Њадисе бе сухан бе хома, бе њарф Ба ѓамза дар вараќ ѓунљонд некуст.

Иззатманд САЛОМ МОДАР Модар, љањон барот нисорам кам аст, кам. Сад љон ба зери пот супорам кам аст, кам. То њашр агар санои ту гўям, кифоя нест. Бо реги дањр сахот шуморам, кам аст кам. Модар, бињишт зери ќадамњои поки туст. В-он хокро ба дида гузорам кам аст, кам. Бар поси он ду наргиси пурнам ба чор бањр. Нилуфари сафед бикорам, кам аст, кам. Подоши як ду ќатраи шират чу осмон Барфе зи симу нуќра биборам, кам аст кам. Лутфат чу марзи бадр фарогиру бедареѓ. Мењрат чу офтоб шуморам, кам аст кам. Оњанги ширмалњами он аллањои ту. То гўши моњтоб барорам, кам аст, кам. Тасвири њусни њамчу парї, хулќи чун малак Дар пардањои дида нигорам, кам аст, кам. Бо умри Хизру гўшаи узлат кифоя нест, То њаќќи як дуот гузорам, кам аст, кам…

НАСИЊАТ БА ДУХТАР (Аз русї тарљумаи шеъри Фазу Алиева) Пандам бишунав, азизи модар. Рўзе, ки туро дињам ба шавњар, Он хона њавои хеш дорад Ќонуни дигар, низоми дигар. Падруд бигў, ба нози бељо Парњез зи гуфти њарфи нољо Аз хотири эњтироми ёрон "Бар чашм " бигў зи расми эшон Ланганд агар, асои по шав, Кўранд, ду дидаи бино шав. Бар оташи хонадони хешон То умр бувад туї нигањбон. Ин оташи аслї ё маљозист, Афрухтанаш зи сарфарозист. Гар як шарар аст, гулханаш кун, Дар синаву дида рушанаш кун. Пандам бишунав, азизи модар. Рўзе, ки туро дињам ба шавњар, Он хона мисоли Кох бошад, Пуркўчаву пур зи роњ бошад. Оњиста ќадам гузору њушёр, То мур наёбад аз ту озор. Некусухану накуамал бош, Бо лутф бигўву чун асал бош. Њарфе, ки дар он ризо набошад, Пас, гуфтани он сазо набошад. Пандам бишунав, азизи модар. Рўзе, ки туро дињам ба шавњар, Он хона азизу муњтарам дор. Бо сидќу софот муњташам дор. Чизе, ки туро расад зи таќдир, Бипзир варо ба њусни тадбир. Сар каш зи низоъ агарчи хурд аст, К-анљоми хама низоъ бузург аст. Озор-т расад агар зи чизе. Машмор варо ба як пашизе.

"БА БАРГИ ГУЛ БИОРОЯД БИЁБОН…" Пандам бишунав, азизи модар. Рўзе, ки туро дињам ба шавњар, Наззора куна(н)д ба хулќу хўят, Бар доду гирифту гуфтугўят. Гар аз ту хато яке занад сар, Он латма бувад ба рўйи модар. Мисли рагу хуну гўшт бо пўст, Будан-т ба ањли хона некуст. Бо ёри ягона њамнаво бош, Бо иффату сидќу бо сафо бош. Бо ин њама гањ - гање чу афсар Бар гўшаву гирди хеш бингар. Гўям агарат ба дин иборат, Бингар, ки намонї дар асорат. Ман он субњам, ки дар чоки гиребони ту мемирам. Ман он бањрам, ки дар оби ду чашмони ту мемирам. Аљаб шерам, ки аз оњуи мастат сахт метарсам, Ба ќимат гавњарам, аз лутфи арзони ту мемирам. Ба шавќи васли ту парвардаам ин булбули озод, Ќафаснодидаам аз доми долони ту мемирам. Ба сахтии замину осмон ху кардаам аммо Зи сустињои банди ањду паймони ту мемирам. Маљоли интихоби роњи мурдан нест чун моро, Саре бар зонуву дасте ба домони ту мемирам. Хатар аз неши мижгони ту дорад гавњари љонам, Зи тири обии сайёди фаттони ту мемирам. Чу љони шабнамам дар интизори шуълаи хуршед Биёбонам, ки аз алтофии борони ту мемирам.

МАСАЛ Рўзе зи барги сабз биафтод бар замин, Бар руйи хоктуда як кирм аз само Ќай омадаш зи бўйи баду нола баркашид. Мегуфту мегирист: чї мулкест, ай Худо? Ку бўй хушдимоѓ, куљо атри мушки себ? Ку лой-лойи баргу насими нафаскушо? Ин љо чаро нишонае аз хуррамї намонд? Гар дузах аст, гуноњ маро чист аз ќазо? Бас хун гиристу чок гиребон заду нишаст, Андешаманди рустан аз ин растаи бало. Ногањ зи зери пору ба гўшаш садо расид. Поён бидид кирмаке аз ќавми ошно Бар рўйи хоки мазбала сархуш нишастае. Ду даст пушти гардану пое ба рўйи по. Мехонд: шукр аз он ки чунин мулк мулки мост, Мулке ба ин таровату хушобу хушњаво. *** Гар њукми ќазои осмонї набувад, Дар коми нањанг зиндаљонї набувад. То лола ба хуни арѓувон ѓарќ нашуд, Аз мурѓи чаман чакомахонї набувад. То мард љабини садља бар хок насуфт, Аз ављи камол-ш муждагонї набувад.

Сари ёрон фидои Дўст, гар сар Ба маънии ризо љунбонд, некуст. Ба рухсори нигорини ту савганд, Касе, ки Дўст неку хонд, некуст Сарвро з-он ќадди атромез меояд аљаб. Боѓро аз зулфи анбарбез меояд аљабю Субњ бо хуни анор омехт ё рухсори туст? Рангро аз санъати гулрез меояд аља.б Лаъл то дарёфт аз нуши масењои лабат, Гуфт моро з-оби оташхез меояд аљаб. Теѓи њинду байти абру диду истиќболи гарм, Гуфт мањбубе чунин хунрез меояд аљаб. Лутфи андак медињї якљоя бо хирвори ѓам. Ё туро аз шањди зањромез меояд аљаб? Ашк дар чашмат зарифе диду ин афсона гуфт: -Ташнаи хун асту гавњаррез меояд аљаб. Интихоби мо ба Ванљ уфтод дар дунёи њусн, Мисри моро хоки юсуфхез меояд аљаб.

ДАР ТАСВИРИ БАРФ Нуќра ё истора афшонад зи доман осмон, Ё ба ошиќ њадя маъшуќ медињад аз парниён, Ё само дар дафтару девони боѓу киштањо Рўйи авроќи сиёњу љилд -љилди пуштањо Менависад шеър бо боли сафеди кафтарон? Ё ба љони хаставу афсурда дар пойи хазон Нўшдору мефиристад ё салои "Нўши чон"! Шири хушк аст ё сапеда к-аз сарои нилгун К-он чи аз пистони мењри ў њаме ояд брун? Бар лабу рухсораи себаргањои нављавон.

ДАР СУГИ ТИФЛИ КУРД Фориѓ аз афсонаи " Буду набуд… Љойи амну гарми олам" ..хуфтааст Рўйи соњил ќатраи ашки малак Нусхаи хомўши афѓони фалак Бо навои аллаи амвољи бањр Гўйї дар домони модар хуфтааст -Руйи реги нарми соњил Орзуи моњии тило ба дил Тифли нозу хушгилу маъсуми курд. Бехабар аз он ки мурд… Руњи ў аммо зи пушти абрњо, Аз уфуќњо мефиристонад паём: К-эй ба сурат сурати ман В-эй ба љавњар тухми Шайтон Бо ниќоби зарњалин Мефурушї зањр то кай? Зери номи ангубин. Руњи ў аммо зи дурињои дур Аз шумо пурсад мудом ин тарњи кист? Коргардонаш магар дар Аврупост Ё ки шайхи зархариди Осиёст Ё зи русу њинду эрон асту турк Аз яњудон ё ба њукми Амрикост? *ин шеър дар асоси матни насрии яке аз орифони араб-Ибни Ќаййим иншо шудааст,ки шакли кутоњи он пешнињод шуд.


ТАБЛИЃ дод ва якчанд тўбчањои теннисро бо соядаст ба иштирокчиён фиристод. - Ман њамеша бовар доштам, ки дар мусобиќањо пирўз ва чемпион мешавам. Агар чунин эътимод ба худ надошта бошед, шумо ба майдон баромада наметавонед ва бароед њам, ѓолиб намешавед. Ман њамеша эњсос мекардам, ки тўбчапартоии ман дар љањон яке аз бењтарин ва њамчунин зарбаи чапи ман низ нотакрор буд. Ваќте шумо ба майдон ќадам гузоштед, њамеша бовар дошта бошед, ки пирўз мешавед, - гуфт Мартина Њингс зери кафкўбињои бардавом ба намояндањои QNET, ки дар толор нишаста буданд. Акнун Мартина Њингис на танњо чењра ва бренди QNET гардид, балки вазифаи асосии ў истеъмоли тав-

Њолдиниги бисёрљабњаи байналмиллалии QNET, ки дар зиёда аз сад давлати љањон намояндагии худро дорад, бренд-сафири нави ширкати худ дар соњаи варзиш ва тарбияи љисмониро муаррифї кард. Ин вазифаи пурмасъулияти боифтихор насиби теннисбози машњури Шветсария, чемпиони панљкаратаи мусобиќањои "Кулоњи бузург" њам дар намуди якка ва њам дар намуди љуфт Мартина Њингис гардид. Охири сентябр дар шањри Дубайи Аморати Муттањидаи Араб њангоми гузаронидани љаласаи солонаи мулоќоти пешвоёни бизнес ва соњибкорї аз тамоми љањон тањти унвони V-Convention 2015 директори идории QNET љаноби Љей Ар Майер Мартина Њингисро ба њозирин њамчун бренд - сафири Qnet муаррифї намуда, гуфт: - Барои мо шарафи бузург аст, ки чунин варзишгари маъруф ва муњтарами љањонї рамзи ширкати мо гардид. QNET пойбанд ба рамзи меъёрњои баланди сифати тавлидот боќї монда, мо хушнуд њастем, ки Мартина Њингис барин варзишгар, ки худ рамзи зањматкашии пурмасъулият дар соњаи худ аст, бо мо њамроњ шуд. Љаласаи бузурги V-Convention 2015 дар комплекси варзишии Њамдон гузашт ва дар он зиёда аз дањ њазор нафар иштирок доштанд. Хонум Мартина Њингис рўи сањна омада, чанд намуди бозии теннисро моњирона ба њозирин нишон

лидоти ширкати мазкур ва наќлу тарѓиби мањсулоти босифати Qnet ба дўстон, пайвандон ва наздикон мебошад. Њамчунин ў дар мањфилу љаласањо бояд аз номи ширкат иштирок кунад. Масалан, хонум Њингис бояд дар мусобиќаи љањонии Лигаи чемпионњо - 2015 дар Њиндустон ва дигар мусобиќањои бонуфуз аз номи њолдинги Qnet намояндагї кунад. Логотипи њолдинг ва рангњои омехта, ки рамзи њолдинг аст, яке аз љузъњои асосии либоси варзишии теннисбоз мегарданд. - Ман нињоят дар њаяљонам. Барои ман шарафи бузург аст, ки чунин бренди маъруфи љањониро чун QNET муаррифї мекунам, - гуфт Мартина Њингис. Дар соњаи варзиш ва тарбияи бадан QNET на танњо бо Мартина Њингис њамкорї мекунад, балки имрўзњо њолдинг бо тими машњури футбол Манчестер Сити (MCFC) њамчун сарпарасти расмї дар фурўши бевосита њамкорї дорад. Њоло ширкати QNET бисёр варзишгарон ва ташкилотњои варзиширо дар тамоми љањон фаъолона дастгирї мекунад. Миёни онњо дастањои футбол, бадминтонбозњо, Иттињодияи теннисбозони Њиндустон ва ѓайра мебошанд. Дар ширкат бовар доранд, ки аз пайи ситораи љањонї, ба монанди Мартина Њингс љавонњои боистеъдод мераванд, зеро љавонони имрўза ѓаюр, шавќманди кори худ, омили кор њам дар даста ва њам дар худкорї мебошанд. Ин њамон мањорату малакаи варзишї аст, ки дар бизнес низ ба кор ояд. QNET бовар

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

13

QNET ДАР САТЊИ БАЛАНД ЊУНАРНАМОЇ МЕКУНАД Бренд - сафири нави ширкати QNET ситораи машњури љањонии теннис Мартина Њингис шудааст.

дорад, ки интихоби Мартина Њингис чун бренд - сафири ширкат мавќеи њолдингро дар љањон нерўмандтар мегардонад. Маълумот: Мартина Њингис дар шањри Кешитсаи Словакия таваллуд шуда, дар Шветсария тарбия гирифтааст. Ба теннис аз овонї бачагї пайвастааст. Ваќте 14 сол дошт, Мартина дар аввалин мусобиќаи касбї иштирок намуд. Ва дар синни 15-солагї якљоя бо Њелена Сукова аввалин љоми "Кулоњи бузург"-ро соњиб шуд. Њамин тавр, Мартина Њингис дар таърихи мусобиќањои теннис љавонтарин барандаи љоми мусобиќаи Вимбилдон ба њисоб меравад. Соли 1997 ў ѓолиби мусобиќаи чемпионати кушоди Австралия дар Сидней шуд. Њамин тавр, дар таърихи теннис Мартинаи 16-сола барандаи љавонтарини "Кулоњи бузург" дар намуди якка гардид. Дар як ваќт ў дар фењристи таќсимбандии варзишгарони бењтарини љањон дар он замон теннисбози раќами яки љањон Штефи Графро танг карда, ба љойи аввал баромад. Дар худи њамон сол Мартина мукофоти бењтарин бозигари соли WTA (Ассосиатсияи теннисбозони љањон)-ро соњиб шуд.

Бо сабаби садама Мартина теннисро муваќќатан соли 2003 тарк кард. Вале бо баробари ба теннис соли 2006 баргаштан дар мусобиќаи љуфт њамроњи Мањешам Бхупати дар чемпионати кушоди Австралия ѓолиб омаданд. Њамчунин дар мусобиќаи якка худи Мартина низ дар ин мусобиќа пирўз шуд. Дар њамон сол аллакай шумораи ѓалабањои Мартина аз 500 гузашт ва боз миёни дањ бењтарин теннисбози љањон љой гирифт ва боз ба мукофоти "Бозгашти аз њама муваффаќ" соњиб шуд. Ноябри 2007 Мартина Њингис аз хатми ширкаташ дар мусобиќањо хабар дод. Пас аз ин њар замон дар мусобиќањои намунавї иштирок мекунад ва њамчунин мураббии теннис низ мебошад. Аммо ин варзишгари 33-сола боз ба майдони теннис баргашта, дар якчанд мусобиќањои бонуфуз, аз љумла, соли 2014 дар мусобиќаи Майами, дар ИМА, њамроњи Сабина Лиситски дар мусобиќаи љуфт, соли 2015 њамроњи Леандер Паес дар чемпионати кушоди Австралия, њамроњи Сана Мирза аз Њиндустон дар мусобиќаи финалии Вимбилдон июли 2015 пирўз шуда, соњиби дањумин "Кулоњи бузург" гардидааст. Дар бораи ширкат: QNET њолдинги маъруфи байналмиллалии фурўши бевосита буда, дар заминаи тиљорати электронї машѓул аст. Ин ширкат соли 1998 дар Њонконг таъсис ёфтааст. QNET соњиби 60 идора ва намояндагї ва 50 анборњои бузург ва њамчунин бахши франчайзинг дар њамаи гўшаву канори љањон дар зиёда аз 100 кишвар дунё мебошад. QNET узви Иттињодияи тиљорати бевоситаи Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Филиппин мебошад. QNET њамчунин узви Иттињодияи ѓизои солим ва Иттињодияи иловањои ѓизоии Сингапур мебошад.


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

(Аввалаш дар шуморањои гузашта) Сохтмони Иттифоќи нависандагони тољик сохтмони бузургест, ки муљассамаи Моксим Гурки бо Садриддин Айнї дар мањутаи вурудии он ќарор дорад. Ин иттињодия чанд табаќа сохтмон аст, ки ќисматњои мухталиф дорад ва тавассути шўрои 11 - нафара идора мешавад. Рафтам табаќаи як аз оќое суол кардам, устод Бахтї њаст? Гуфт, алъон љаласа дорад. Гуфтам, эронї њастам ва алоќамандам шуаро ва нависандагони Тољикистонро бибинам. Эшон маро ба утоќе бурданд, ки утоќи мудири шўрои назми Иттифоќи нависандагони Тољикистон буд. Эшон оќои Саидалї Маъмур, шоир ва мутарљими муосири тољик буданд ва фурсате шуд бо он кас ба гуфтугў нишинам. Ба Эрону адабиёти Эрон алоќаи зиёд доранд. Беш аз 50 сол фаъолияти адабї дар шеъру тарљума ва кор барои кўдакон доранд. Ин гуфтугўи самимї бо устод Маъмур дар рўзи боронї дар торихи 5 январи 2015 анљом шуд. Дар ин рўз фурсате низ пайдо шуд то ду љилд аз маљмуаи ашъори худам ба номи "Дуд ва анори боѓи бекасї" ва маљмўае аз ашъори хонум Силуно Салмонпур, шоираи шањирамон ва низ девони Тоиби Авазиро ба эшон муррифї намоям ва ба китобхонаи Иттињодияи нависандагон таќдим кунам. Эшон низ ибрози хурсандї намуданд ва аз ин ки иртиботи фросизабонњо бештар гардида, хушњол буданд. Дар идома эшон маро то утоќи устод Рустам њамроњї карданд ва фурсати кўтоње пеш омад то бо шоир ва муњаќќиќи тољик Рустами Вањњоб ошно шавам. Утоќи устод Рустами Вањњоб бузургтар аз утоќи Саидалї Маъмур набуд, балки дар ин утоќ мизи дигаре низ буд, ки нависандаи номошнои тољик оќои Юнус Юсуфї канораш нишаста буд. Эшон масъули бахши насри маљаллаи "Садои Шарќ" њастанд, аз эшон достонњои зиёде ба чоп расида. Рустами Вањњоб хеле матин ва орому боњавсала тавзењ доданд, ки 400 нафар дар Тољикистон узви ин Иттињодия њастанд. Се шўъба дар вилоёти Суѓд, Хатлон ва Бадахшон дорем ва дар шањрњо низ аъзо фаъолият доранд. Дар идома ман аз мушкилоти хати тољикї барои иртиботи бештари адабї гуфтам. Эшон тавзењ доданд, муддатест омўзиши хати форсї шурўъ шуда ва мардум низ алоќаманд њастанд, ба хати форсї хонанду нависанд. Вале инро ба содагї намешавад таѓйир дод. Эшон идома доданд: дар Тољикистон њанўз мадарнисм (модернизм) сунани миллиро хафа накардааст ва мардум ба ашъори форсї ва адабиёти куњан алоќа доранд. Хушбахтона, гироиши динї ва исломї дар Тољикистон гироиши сўфиёна ва ќаноатталабона ва дур аз љангу кашмакаш аст. Ва сулњу оромиш низ назди миллат ва диндорони мо аз њамияти волое бархурдор аст. Албата, нодида намегирем, ки низоми сусиёлистї таъсири хубе дар заминањои назм ва дурусткориву фидокорї ва гузашт бар љой нињода, ки мо онро пос медорем. Ошноии ман бо ин азизон ѓанимате буд дар сафарам ба Тољикистон, ки онро ќадр медонам ва барои ин азизони арсаи адаб ва фарњанг орзуи тавфиќ менамоям. Аз ин азизон ки људо шудам, рафтам то майдони Сомонї ва аз он љо ба самти ќањвахонаи коргарї пушти сохтмони баландошёна, ки ба назарам ѓизоњои хушмаза ва хубе дошт. Гуфтам листи ѓизої бароям биоварад, бубинам чи ѓизоњое дорад. Дидам ош (палав), супитии гову гўсфанд, ќурутоб, калапоча, шўрбову фатиршўрбо ва чандто ѓизои дигаре дорад. Аввал суфориши ош кардам ва баъд аз он барои он ки донам калапочаи тољикиро чи тур дуруст мекунанд, суфориши калапоча додам. Дар калапочаи онњо аз мизони бисёр ками адвия истифода мешавад ва бештар поча аст то чизњои дигаре. Нахўд ва каме сабзии (зелен) муаттар њам дар он мерезанд,

НИГОЊИ ХОРИЉЇ

Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур

аммо дар кулл хушмаза буд ва бо нони худашон хўрдам. Ќисмати дањум (6. 1. 2015) Имрўз соати 9 аз хоб бедор шудам. Дишаб бо Иќбол ќарор гузоштем, ки субњ бо писари кўчакаш соати 10 рўбарўи чойхонаи "Роњат" њамдигарро бубинем. Дишаб то дами субњ борон омада буд; парда, ки канор задам, дидам, имрўз офтобист. То душ гирифтам ва чой дуруст кардам, шуд соат нўњу ним. Ду хона онтараф аз хонае, ки ман зиндагї мекардам, иддае љамъ буданд, теъдоде рўйи сандалињои баланди чўбии канори хона нишаста буданд, теъдоде њам сарипо нишаста буданд; эњтимол касе мурда буд ва барои таъзия омада буданд. Њавосашон ба ман набуд, рад шудам ва худамро ба хиёбон расонидам. Ба таксињои хатти сесомонї савор шудам. То чойхонаи "Роњат" рафтам, он љо пиёда шудам. На Далер маѓозааш боз карда ва на хабаре аз Иќбол буд. Ним соате сабр кардам. Рафтам дохили чойхона ва баргаштам. То соати 11 истодам; дидам хабаре аз Иќбол нашуд, ду-се бор ба Иќбол телфон задам, касе барнадошт; пули сомонї кам доштам; рафтам њамон наздик? сад доллар кардам ва пиёда ба самти майдони Сомонї роњ афтодам. Ба худам гуфтам: то Садбарг пиёда меравам. Аз майдони Сомонї доштам рад мешудам, ки телфонам занг зад, гуфтам њатман Иќбол аст; дидам, Иќбол пушти хат аст, мегўяд: "Ака, Фарњод, ман аз Китобхонаи миллї занг мезанам. Шумо барои дидани толори хониш метавонед алъон биёед?" Гуфтам: Бале, алъон меоям. Баргаштам ба самти Китобхонаи миллї; дами дари вурудї, ки масъулони интизомот њастанд, бидуни доштани корт иљозаи вуруд намедињанд. Гуфтанд: наметавонї бидуни корт биравї. Ба он касе, ки ба ман занг зада буд, тамос гирифтам, омад ва ин навбат иљоза доданд, вориди китобхона шавам; бо њам рафтем табаќаи дувум. Толори бузурге буд; хонум Сурайё он љо буд; маро, ки дид, куллї хушњол шуд, ќаблан хонум Сурайёро он љо дида будам, аммо чун он рўз афроди каме дохили толори хониш буданд, ба ман ќавл дод, рўзи дигаре биравам он љо. Дўст дошт ваќте теъдоди афроди зиёде барои китоб хондан оянд толор, ба ман нишон бидињад. Воќеан, он мавќеи рўз теъдоди зиёде дар толор буданд; эшон масъули бахш хонуми Шабнамро ба ман муаррифї кард ва нишастем бо хонуми Шабнам каме аз он љо ва фаъолияташон њарф задем;

маълум буд зане кордон ва тањсилкарда ва љиддї аст, худамро муаррифї кардам ва гуфтам: мешавад чанд савол кунам? Гуфт: Бифармоед. -Бубахшед, номи ин ќисмат ва кори ин ќисмат чї гуна аст? -Номи ин ќисмат Толори хониш аст ва касоне, ки барои мутолиаи китоб ба Китобхонаи миллї меоянд, аввал навъи китобе, ки мехоњанд бихонанд, ба мо мегўянд, мо баррасї мекунем, агар њаст, онро аз хазина (мањалли нигањдории 10миллиюнаи китоб) меоварем ва дар ихтиёри афрод мегузорем ва афрод аз (пагоњ) субњ соати 8 то 6-и шаб (бегоњ) метавонанд ин љо бошанд ва мутолиа кунанд (тољикњо ба субњ то зуњр мегўяндпагоњ ва ба баъд аз зуњр то шаб мегўяндбегоњ). -Ин афрод дар китобхона муштарак њастанд? -Бале, афроди муштарак њастанд. Њар фарде бо додани 10 сомонї ва ироаи шиноснома ё паспорт корти электроникї мегирад ва ба муддати се сол аз куллияи китобњои мављуд дар Китобхонаи миллї истифода мекунад, мехонад. -Дар њар рўз чанд мурољиаткунанда барои хондани китоб доред ва чї афроде њастанд ва чї навъ китобе дархост мекунанд? -Рўзона байни 200 то 300 нафар дар рўзњои одї меоянд ва дар айёми таътил ин бахш боз аст ва рўзона байни 300 то 400 нафар барои мутолиа меоянд; бештари афроде, ки меоянд, донишомўз ва донишљўй њастанд, афроди одї ва муаллимин ва асотид њам дорем, аммо камтар аст. Дар бораи китобњои дархостї бояд бигўям, њама навъ аст, дар риштаи тањсилї њаст, иќтисодї, сиёсї, иљтимої ва тахассусї ва ќисса ва достон ва китобњои динї њам дорем. -Шумо дар ин ќисмат чанд корманд доред ва њуќуќи шумо аз чї тариќ таъмин мешавад? -Мо дар гурўњи толори хониш 8 нафар њастем, ки њар чанд рўз якборї 8 нафари дигар меоянд. Њуќуќи мо аз тариќи давлат таъмин мешавад ва мо розї њастем чун ба корамон алоќаманд њастем. -Бубахшед, як саволи фаръї доштам ва он ин ки мадориси ин љо чї гуна аст? -Мадориси ин љо аз ибтидої то клосси ёздањ њаст ва ройгон мебошад, барои донишгоњ њам: ду намунаи донишгоњ- давлатї ва ѓайридавлатї њаст, ки њазинаи зиёде надорад. -Хонум, Шабнам, аз ин ки ваќтатон дар ихтиёри ман гузоштед, мамнун њастам.

Чанд то акс аз он толор гирифтам ва аз дўстони њамроњ ташаккур кардам ва омадам берун. Аз китобхона то Садбарг пиёда рафтам, мехостам мурѓи тоза бигирам, чун мурѓи тоза хеле кам пайдо мешавад ва њама љой нест, медонистам туи пиёдарањњо ва баъзе маѓозањо дар минтаќаи Садбарг меоваранд, ба он љо ки расидам, дидам мошине баѓали хиёбон, сандуќи аќибаш боло зада ва мурѓи тозаи хуљандї дорад айни мурѓњои мањаллї буд, 15 сомонї ва 14 сомонї њар адад мефурўхт; як адад мурѓ харидам ва каме нон ва як бастаи чойи кисаи Ањмадї ва як кило биринљи афѓонї гирифтам; дунболи панири сафед мегаштам. Чун тайи ин чанд рўз аслан натавониста будам пайдо кунам. Худашон зиёд панир мисли мо субњона намехўранд; маъмулан, панирњои зард мисли панири питзо мехўранд- ин њам бо колбос ва њамроњи ѓизоњои дигар. Ин љой њам панир пайдо нашуд. Омадам то майдони Айнии Садбарг ва бо таксињои сесомонї баргаштам хона. Тоза соати 3-и баъд аз зуњр шуда буд, сари кўча њанўз иддае таъзия нишаста буданд; рафтам пешашон саломуалайк кардам, рўйи сандалии чўбии дарози канори онњо нишастам; муллое дошт дуо барои марњум ва талаби омўрзиш мекард ва мардум омин мегуфтанд, баъд аз дуо мардум баланд шуданд; ман аз баѓали дасте, ки љавоне буд њудудан 30 - сола, пурсидам каси фавткарда? Гуфт: бале, падарам; дубора ба ў тасаллият гуфтам. Гуфтам: чандсолаш буда? Гуфт: 76 сола. Барои худаш ва бозмондањояш талаби умри дароз ва саломатї кардам. Мисли ин ки ин љо то се рўзи дигар њам барои мурда маљлиси тарњим доранд; аз ў худоњофизї кардам. Аз ин ки ман ба он љо рафта будам, хушњол буданд. Ба назари ман, њамаи мардуми дунё дар њаводис ва иттифоќот эњтиёљ ба њамдилї ва њамдардї доранд. Омадам хона, мурѓро шустам ва биринљ бор гузоштам ва чой дам кардам ва нишастам то каме шеърњоямро баррасї кунам. Биринљам як соате омода шуд, аммо мурѓ айни санг буд, обаш тањ кашида буд, аммо напухта буд, дубора об рехтам, то мурѓ, ки ба назарам хурўс буд (чун устухонњояш он ќадар сахт буд, ки намешуд шикаст), бипазад. Дар кулл се соате тўл кашид ва соати 6 мурѓ билохира пухт. Љотун холї, њарчанд, дер ѓизо омода шуд, аммо туи ин њавои сард ва яхї хушмазза шуда буд. Имрўз нањор ва шом бо њам хўрдам, чун соати 5 њаво торик мешавад ва то соати 8 субњ хабаре аз офтоб нест. (Идома дорад)


ТАЊРИФ ОЁ МЕДОНЕД? ... кўчањои Љопон ном надоранд. ... ситорањои осмонї рангњои гуногун: сафед, зард, сурх доранд ва инчунин њарорат њам доранд. Ситораи ранги сурх дошта хунуктар мебошад. Офтоб, ки аз љумлаи ситораи зард аст, гарм мебошад. ... гўристони калонтарини рўи дунё ќабристони шиањо "Води - ал - Салама" дар Ироќ на дуртар аз шахри Ан- Наљаф љойгир аст. Води - ал - салама аз вожаи арабї гирифта шуда, маънояш бо забони тољикї "Водии љањон" мебошад. Гўристон дар майдони 6 км2 љойгир буда, дар онљо 6 миллион одам гўронида шудааст (дар баъзан љойњо 2 миллион). Агар ин раќамњои тахминї њам бошад, дар ин гўристон аз садаи њафтум инљониб мурда мегўронанд. ... дар Туркманистон танўри газе бо номи "Дарвозаи љањаннам" вуљуд дорад. Дарвоза ба масофаи 95 километр аз ноњияи Ербент дар маркази биёбони Ќараќум љойгир буда, диаметраш 65 метр, жарфиаш таќрибан 50 метр мебошад. Соли 1971 дар назди дењаи Дарвозаи ноњияи Ербент геологњои Шўравї хостанд, ки гази тагизаминиро нобуд созанд. Маќсади нобудсозї - накафидани гази љамшуда дар рўи замин буд. Дар ваќти амалиёти нобудсозї нуќсе рух дода, газ ба берун мебарояд. Дар натиљаи кафидани кони газ касе зарар намебинад ва геологњо тасмим мегиранд, ки газро сўзонанд. Геологњо ваъда медињанд, ки газ баъди якчанд рўз сўхта нобуд мешавад, аммо хато мекунанд. Газ аз соли 1971 инљониб сўхта истодааст. ... хук ягона њайвонест, ки њељ гоњ калаашро бардошта, ба осмон нигоњ карда наметавонад. ... сурўди миллии давлати Юнон аз 157 мисраъ иборат аст, ки ягон шањрванди Юнон онро то ба охир намедонад. ... дар Австралия аз одамон дида харгўш зиёд аст. ...Науру ягона давлатест, ки пойтахт надорад. Тањияи Фирдавс ОБИДОВ, сокини шањри Ќўрѓонтеппа

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ИНЉО НА БИНО, БАЛКИ ИНСОН ФАРОМЎШ ШУДААСТ..... - Кохи Наврўз бо он њама шањоматаш натавониста, ки љойгоњи як чойхонаи кўчак, аммо бузург барои хотирањо, яъне Роњатро бигирад! Бо вуљуди њамаи ин, бино чизи муњим нест. Муњим хостањо, ормонњо ва дидгоњу андешаи як миллат аст, ки ба чї тавофуќ мекунанд. Агар насли рўшанфикр ва пешгомаш бар ин назар аст, ки як театр аз ќарни гузашта бо як чойхона бошад пас чї ишкол дорад дар ќаламрави як шањр? Шояд њамаи масоњаташон беш аз 2 гектар замин бошад. Оё месазад ба хотири њамин 2 гектар замин ормону орзуи як насл ё гуруњи пешгоми як миллатро шикаст?! Пас маълум мешавад инљо инсон ва њаќќу райъу хостањову андешањояш арзиш надорад. Њар чизе њам, ки сохта мешавад, мардумї ва барои мардум нест. Ваќте мардум садояш шунида ва ба инобат гирифта намешавад чунин љомеа мањкум ба нобудист. Њоло мардум сари як бино меандешанд ва фаромўш кардаанд, ки њамин имрўзу дирўз чанд нафар аз њамилатонашон бо чї итињому беќонунї паси панљара нишаста сахтарин рўзи зиндагиашонро бидуни њељ љурме паси сар мекунанд...Нисфи дигар дар ба дару муњољир... Хуллас, инљо инсон кайњо фаромўш шудааст... Сабур ДАВЛАТ, сокини шањри Душанбе

БА ЉОЙИ 09 - Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон бо маќсади дар њамбастагї ва якљоягї мубориза бурдан бар зидди љиноятњои марбут ба ташкил ва нигоњдошти фоњишахонањо, даллагї, занљаллобї, фоњишагї, њаракатњои бадахлоќона ва дигар љиноятњои ахлоќї тамоми чорањоро меандешад. Тањлилњо нишон медињанд, ки љомеаи шањрвандї нисбати љиноятњои ахлоќї бетараф набуда, барои пешгирї, ошкор ва решакан намудани ин зуњуроти номатлуб таваљљуњи хоса зоњир менамоянд. Шањрвандон дар сурати ягон ахборот доштан доир ба чунин љиноятњо тавассути "Телефони боварї" - и вазири корњои дохилї: 221- 21- 21, почтаи электронии Вазорати корњои дохилї: vkd.tj@mail.ru ва сомонаи расмии ВКД www.vkd.tj, ё www.mvd.tj метавонанд ба таври ошкоро ва ё махфї (анонимно) маълумот ва шарњњои худро бифиристанд.

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

Як рўз шайтон фарзандњояшро ба тамошо мебарад. Шайтонбачањо ба њама чиз таваљљуњ мекунанду чї будани онњоро мепурсанд. - Дада, ин чї? - Ин дарахт. - Њо, ана он чї? - Мошин. - Ана ваяш чї? - Саг. Њамин ваќт як одам ба онњо наздик мешаваду шайтонбачае мепурсад: - Дада, ин чист? Шайтон: - Бачам, ба вай наздик нашав, ки чї гуноње кунад, ба сари мо бор мекунад. *** Муаллима аз Њасан мепурсад: - Њасанљон, калон шавї чї мешавї? Њасан: - Муаллима, падарам дар кони тилло кор мекунанд. Он кас ба хона њар рўз тилло меоранд. Ман мактабро, ки тамом кардам, он тиллоњоро мефурўшам ва миллионер мешавам. Баъд зан мегирам. Аз сари занам тангаву тилло мерезам. Барои занам ќасри боњашамат месозам! Муаллима: - Хело хуб, Њасанљон, акнун ту шин! Канї, Фарњодљон аз љой хеста ба ман гўй, ки ту чї мешавї? Фарњод: - Ман зани Њасан мешавам! *** Домод баъди никоњ аз мулло мепурсад: - Домулло, чанд пул дињам? Мулло (бо табассуми айёрона): - Ба зебогии арўсат вобаста! Шањ ба мулло як 100 - сомонаро дароз мекунад. Мулло њайрон мешаваду оњиста рафта, ба арўс нигоњ мекунад ва ба домод 50 сомонї гардонда медињад... *** Ду мўйсафед рољеъ ба нафаќаи худ ба њам бањс доштанд. Вале ман нафањмидам њаќ бар љониби кї буд. Шояд Шумо мегўед? Яке аз дигар мепурсид: - Ту чанд нафаќа мегирї? - 500 сомонї. Ту чї? - Ман њамагї 150 сомонї мегирам. - Чаро аз ту кам аст? - Намедонам, ту фаќат фиреб карда мегаштиву кори сиёњро надида, нафаќаи хуб мегирї, вале ман њама умр мисли хар кор кардаму нафаќаи ночиз мегирам. Мўйсафеди дигар ба шикваи рафиќаш бо шухї љавоб дод: - Ту мисли хар кор кардї, барои њамин њам нафаќаи харона мегирї. Модар ду њафта дар сафари хидматї буд. Њангоми бозгашт ба хона вай аз писараш мепурсад: - Ваќте ман дар хона набудам, падарат ѓамгин буд? - Аввалњо хеле хурсанд буд, лекин ду рўз пеш аз омадани шумо бисёр ѓамгин метофт. *** Зану шавњар барои тарбияи писарашон роботеро хариданд, ки гапи дурўѓро даррав мефањмаду барои он љазо медињад. Писарашон аз мактаб дер омад. Падар: - Дар куљо будї? Писар: - Дарси иловагї доштем. Робот писарро як шапаллоќ мезанад. Падар: - Ана, дидї, писарам. Дурўѓгўї хуб нест. Ман, масалан, њељ гоњ дурўѓ намегўям. Робот омада падарро њам як шапаллоќ мезанад. Занаш механдад: "Хуб шудї! Чаро дурўѓ мегўї? Охир вай писари ту аст". Робот хомўшона омада, ба пешонии занак як мушт мезанад. *** Номзадњое, ки барои дар самти бозрасии давлатии автомобилї хоњиши кор кардан доранд, баъд аз гузаштани Комиссияи озмуни Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Љумњурии Тољикистон, бо назардошти мављуд будани воњидњои нокомил дар самти мазкур ќабул намудан мумкин аст ва њангоми дохил шудан ба хизмат дар маќомоти корњои дохилї њуљљатњои зерин бояд пешнињод карда шаванд: а) аризаи шахсї; б) њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсият; в) дафтарчаи мењнатї; г) њуљљати тасдиќкунандаи маълумот; д) маълумотнома аз љойи истиќомат ва њайати оила; е) билет њарбї; ё) шањодатномаи ронандагии дараљаи "ВС".

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

КЇ МОРО АЗ ИН ЌАФАС ОЗОД МЕКУНАД? - Ќарор аст, ки дар ояндаи наздик дар асоси наќшаи генералии шањри Душанбе биноњои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнї, Маљлиси Олии Љумњурии Тољиикистон, Кохи президенти Тољикистон, Театри академавї-драмавї ба номи Абулќосим Лоњутї, Чойхонаи Роњат, Њукумати шањри Душанбе, Театри русии ба номи Владимир Маяковский ва садњо бинои дигар тахриб шуда, ба љои онњо биноњои баландошёнаи маъмуриву истиќоматї бунёд шавад. Бунёдкориву созандагї њама ваќт хуб аст хоса дар дили Душанбе. Аммо њар як созандагї нозукињои ба худ хосро дорад ва он бояд риоя карда шавад. Биноњое, ки дар боло зикраш рафт ба воќеияти таърихии мо бадал шудаанд ва набояд онњо тахриб карда шаванд. Њар як бино таъриху рўйдоди муњими гузаштаи начандон гузаштаи моро дорост ва онро инъикос мекунад. Замоне ин биноњо ќадамгоњи бузургони мо амсоли устодон Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров, Мирзо Турсунзода,Турсун Улљабоев, Љаббор Расулов, Њамид Мансуров, Муњаммадљон Шакурї, Камол Айнї, Муњаммад Осимї, Ѓулом Алиев ва њазорон нафари дигар буданд. Агар ќарор аст биноњои муњташами баландошёна сохта шавад, бигзор бархе биноњои назарногири истиќоматии 2, 3 ва 4 ошёнаи хиёбони Абўабдуллоњи Рўдакї тахриб карда шавад, он њам бо риояи њатмии санъати меъморї ва муносибоии њамон мавзеъ. Вале њаргиз њамаи биноњои мустањками маъмуриву истиќоматии даврони Шўравиро дар шањри Душанбе тахриб кардан лозим нест, онњо пораи таърихи начандон дури гузаштаи моанд! Яксара њамаро тахриб кардан салоњи кор нест. Бузурге гуфтааст: "Агар ба гузашта аз туфанг тир парронї, оянда ба сўи ту аз туп тир холї хоњанд кард..." Дигар ин ки дар љањон аксари давлатмардон бо зиёд шудани ањолии пойтахтњояшон биноњоро тахриб не, балки њудуди онро васеъ карда, ќисмати куњнаи шањрњояшонро њамчун ќисмати таърихї мањфуз нигоњ доштанд. Ба ин мисол шуда метавонад шањрњои Дењлии нав - Дењлии куњна, Алмаатои нав - Алмаатои куњна, Берлини нав - Берлини куњна, Тењрони нав - Тењрони куњна, Пекини нав - Пекини куњна, Токиои нав Токиои куњна ва якчанд шањрњои дигар. Агар маќсад зебову намунавї кардани пойтахти Тољикистон - шањри Душанбе аст, бояд мо биноњои даврони Шўравиро мањфуз нигоњ дошта њудуди Душанберо аз њисоби ноњияњои Рўдакї, Вањдат ва Њисору Варзоб васеъ кунем. Чаро њамаи биноњои муњташамро дар маркази пойтахт месозем? Аз ростї маркази Душанберо бо бунёди ин биноњои оњану бетонї танг карда, худро дар ќафас њис мекунем. Кї моро аз ин ќафас озод мекунад? Аз маркази шањри Душанбе 100 метр дарунтар то њанўз хонањои похсагину гилини назарногир аст. Ана њамин њавливу хонањоро дар навбати аввал тахриб кардан лозим аст. Барои мисол як тангкўчаи назарногир дар паси бинои пањлўи Њукумати шањри Душанбе љойгир аст. Бузургони мо фармудаанд: "То хонаи навро насохтем, куњнаашро намешиканем". Дар ин њикмат чандин маънї нуњуфтааст. Барои њамин моро лозим аст, ки навсозиву бунёдкорї дар шањри Душанберо аз канори он оѓоз бахшем ва њамаи љои Душанберо чун маркази Тољикистон ба назар гирем. Шоњин МИРЗОЕВ, сокини шањри Душанбе

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

Камол АЙНЇ


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №29 (462), 14. 10. 2015

ШЕЪРИ МАРДУМЇ

Гули Мурод Гулов:

"ЯКЕ ЗЕБО ТАЃОРА МЕНАВОЗАД..." Бубин ман риш мондам, љони ширин, Худе дарвиш мондам, љони ширин. Њамин мероси сад пушти гузашта, Ба насли хеш мондам, љони ширин.

Ту то бо чашми худ бовар намої, Худамро як нишонат медињам, гул. Саравал аз худам лаб мекушоям, Бароят буѓчаи гап мекушоям, Наафтї бар навори кўча бегањ, Ба русти о! Дари чап мекушоям.

Биёї, њиндучоят мекунам, гул, Ба мењмонхона љоят мекунам, гул. Ба чашми дигарон то барнаафтем, Ба чашми чап имоят мекунам, гул.

Аљоиб "Љеки Чан" дорад љопонї, Мисибуши, Ниссан дорад, љопонї. Дилаш аз шањри худ берун шудан не. Њунар пур дар Ватан дорад, љопонї.

Макун умре њузури љон, азизам, Зи гушти барраи бирён, азизам. Махўр ширинињои навъи "Торти", Фигуратро макун вайрон, азизам.

Бубин, ки ваќт рафта, поя бардор, Мусалмоно, кулўху лоя бардор. Амал аз рўи мероси падар кун, Њамин, ки ташна мондї, чоя бардор.

Бароям рўзу шаб хат мекунї, Ту, Ту донї, бо чї маќсад мекунї, Ту. Нишаста, ноз карда, ханда карда, Ба ин гўши маро ќат мекунї, Ту.

Ба мо боз аз дигар пайвастї, барфак, Чи тур? - Соќу саломат њастї, барфак? Ба дашту домани хоки муќаддас, Бигў, шартномаи хуб бастї, барфак?

Утубусчї мусофир мекашонад, Зи Маскав то Житомир мекашонад. Ба љои кораш аз рўи вазифа, Мусалмон асту кофир мекашонад.

Ту ойї, дар табассум мешавам ман, Чу лола - сурх! - Маълум мешавам ман. Наойї сўхта - сўхта мисли њезум, Миёни ѓуссањо гум мешавам ман.

Дарди ронандањоро њам гўям, Ба кор њар субњ одам мебарорад, Њисобчї музди ў кам мебарорад. Чї гўї? - Шофири бечора њар дам,...

Ана, њалвои тар пухтам, биё, хўр, Ба ширу бо шакар пухтам, биё, хўр. Чашондам СЭС*-ро ў офарин гуфт, Лазизу безарар пухтам, биё, хўр....

Ба ман як нози дилкаш мекунад, боз, Маро андозу баркаш мекунад, боз. Бихоњам дар бараш сарро гузорам, Њамон дам кўдакаш ѓаш мекунад боз.

Танўрро нон дўзад, хоњари љон, Чу хуршеде фурўзад, хоњари љон. Ба рўи лахчањо сартоба пўшад, Ки то нонаш насўзад, хоњари љон.

СМС ба очаи баччањо Зи дўкон шарбату нон хоњам овард, Ду килло гўшти арзон хоњам овард. Занакљон, хонањоро рўбучин кун, Ба хона як-ду мењмон хоњам овард. Зи боимљон "салат" дорад, гули ман, Ба зарфи хуб лаѓат дорад, гули ман. Гање бо ман шуда овораи гап, "Ретсепт" - ашро ѓалат дорад, гули ман. Яке дидам гитора менавозад, Яке зебо таѓора менавозад. Барои шўхихоям гоњ-гоње Маро моми Анора менавозад.

Киро хоњем ба ў љанг мегирем мо, Нафас аз гарду аз чанг мегирем мо. Ки њаќ гўяд - душман мењисобем, Чї гуна баъд аз ин ранг мегирем мо? Чун иди Курбон омада, љонам фидои ту, Љонам фидои он њама нозу адои ту. Чун иди Ќурбон омада, дунболи соли нав, Мо њар ду бо соли куњан курбонихои ту. Намедонї азоби мардикорї, Хўроки субњу шомаш як нањорї. Ту дар як њафта чор рўз истироњат, Вале дар ў дувоздањ рўзи корї.

Агар љон хоњї, љонат медињам, гул, Ситора з-осмонат медињам, гул.

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Камол НАСРУЛЛО, шоири халќии Тољикистон - Масалан, чаро гурўњи љавонони мо дастањои зарбдор ташкил намуда, фарз кардем, бунёди як каналеро ба зимма нагиранд, ки њам ба манфиати кишвар асту њам корашон маълум шавад? - Рост, љаноби Шоир! Ин љавонон хеле гарданѓафс шуда рафтаанд, њамин каналњоро кананду роњњоро созанду кўчањоро рўбанду мушкили барќу бекориро њал кунанду, э раведе, њамун шеъру њикояњои адибонамонро њам навишта дињанд, чї балошон мезанад? Њукумат накунад, айби љавонон - мї? Мино, сароянда: - Ман се - чор рўз аз Душанбе дур шавам, дилам танг мешавад, мехоњам болу пар бароварда ба хона парвоз кунам. Ба ин ањвол чї хел шавњари хориљї кунам? - Аз гапатон маълум, ки бо "бачаи дарвозї" - ву "кабки Данѓара" гуфтан кор буд намешудаст. Аз ваќташ "бачаи амрикої", африќої, аз ин бењтар, кабки ироќиву сурї гуфта мехондед, худашон дилтанг шуда, парвоз карда, тарафи Шумо меомаданд... Мањмадулло САЙДАЛИЗОДА, раиси ноњияи Данѓара: - Аз хориља ба ноњия фаќат банан ворид карда мешавад... Данѓара 10 фоизи ѓалла ва 50 фисади мањсулоти гўштии љумњуриро истењсол мекунад. Ногуфта намонад, ки ѓизонокии орди ноњия аз ордњои Ќазоќистон бењтар аст. - Мегўед, Данѓара аллакай Душанбе шудааст ё Урумчи? Ба ѓайри банан њамаро истењсол мекунад??? Раљаббой АЊМАДЗОДА, раиси шањри Хуљанд: - Аслан, соњибкорони Хуљанд ба фоидаи калон нигоњ намекунанд, муњим даромади кам гиранду корхона аз кор намонад. Ба ибораи дигар, обро дида мўза мекашанд. - Ќатра - ќатра дарё шавад де, раис. Дигар љоњонда якбора хўру якбора мур гуфта, панљ ангушта дањонашонба метиќанд. Медонед, корхона кор њам накунад, ки њамин ањвол... Гавњар ШАРОФЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоњоти назди ЊЉТ: - Комиссияњои номгузорї аз њисоби таърихшиносон, забоншиносон ва донандањои дигари фарњанги ќадимию мардумї ташкил шаванду масъалаи номгузории шањру дењот ва кўчаву хиёбон амиќ омўхта шавад. - Муаллима, одамон номи ќишлоќњову мањаллањои худашонро хуб медонанд. Аз онњо кї мепурсад? Як сол баъд дар Тољикистон чорта ќишлоќ мемонад - Сомон, Вањдат, Ориён, Гулистон... Мусо ЃАФФОРЗОДА, раиси ноњияи Восеъ: - Мо имсол њосили хуби гандуму сабзавот гирифтем, кишти пахтаро зиёд кардем. Ѓайр аз ин Восеъ се бренд дорад: аввал намаки он, дуюм - нони хушмаза ва сеюм пиво. - Гап дар бораи солњои 80, давраи Брежнев меравад - мї, раис, ё њозир? Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, сиёсатшинос: - Агар касе бо шумо рўбарў шаваду шумо зарба занед ва ў сарашро хам кунад, дигар ўро љиддї намегиред. - Бечора, сара бардорад, сарашро њам гирифта мепартоянд де. Њамин аст, ки њатто коршиносон сарашонро хам кардаанд дар лањзањои њассос.

Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 3 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.