“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
Макнуна НИЁЗОВА:
1
АГАР МАН ЊАМ ПЕРОЊАНИ АВРУПОЇ БА БАР КУНАМ... №2 (485). Чоршанбе, 6-уми апрели соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
-УМ СОЛ БО ШУМО!
www.facebook.com/nigohtj
ЧОРЧЎБАЊОИ ЗЕЊНИИ ТОЉИКОН Абдусалом ОДИНАЗОДА
ДАРСИ ЌАРАБОЃЇ ЊУКУМАТ
ДИКТАТОР
ПРЕЗИДЕНТЕ, КИ АЗ УЊДАИ ИДОРАИ САРТАРОШУ ЗАНАШ НАБАРОМАД
ТАЃЙИРОТ Ё ЉОЙИВАЗКУНИИ КАДРЊО САЊИФАИ 3
ЌОНУНИЯТ
САЊИФАИ 10
БО ШОИР
РАИСИ КДАМ ШУДАН ОСОН ТО ЯК АДВОКАТ. ЧАРО? САЊИФАИ 7
САРОПО ЗИНДАГОНЇ МАКТАБИ МУШКИЛ САЊИФАИ 12
Яке аз мушкилотe, ки мо тољикњо имрўз дорем, мањдуд будани парвози афкори мо дар њудуди танги чорчўбањои зењниамон будааст. Чорчўбањои зењнии моро чорчўбањои моддї ба монанди марзњои љуѓрофие, ки моро ињота кардаанд ва ё нињодњои давлативу маданї, ки љомеъаи моро мудирияту танзим мекунанд, шакл медињад. Шоистаи таъкид аст, ки ин марзњову ин нињодњоро мо худамон тўли торихамон эљоду роњандозї накардаем, онњоро мењмонони нохондаи мо дар аввали асри 20 дуруст кардаанду ба мо тањмил додаанд. Бо ин, пайдоиши чорчўбањои зењнии имрўзаи мо ба њамон мењмонони нохондаи мазкур бастагии мустаќим доштааст. Чорчубањои зењние, ки ба мо тањмил шудаанд, андоза ва шоистагии тафаккури моро ќолаб медињанд ва љањонбинии моро дар як тарози муайян, аниќтараш дар як тарози пойин барќарор нигањ медоранд. Тарози пойини љањонбинї аст ки идроки мо рољиби худамон, њувиятамон, ва њам воќеъиятњои атроф то њадде ѓайрикофї ва нобасанда будааст. Идроки ѓайрикофии воќеъиятњо будааст, ки тасмими мо рољиби масоъили умдаи њаётии мо дар бисёр маворид каљ меуфтодааст. Чорчўбаи асосии мањдудкунандаи афкори мо худи њамин "Тољикистон" аст, "тољикистон" њамчун вожаи љадиде, ки таќрибан 90 сол ќабл аз ин болшевикњо барои мо дуруст кардаанд. "Тољикистон" - вожае, ки номи кишваре набудааст ам-мо номе будааст барои "љумњурї" ва ё "республика". Худи мо огоњона ва ё но-огоњона дар хеле маворид мегўем "дар љумњурии мо…", "у нас в республике". Мо то њол наметавонем барои худамон ќатъан ташхис бидињем, ки "Тољикистон" оё "кишвар" аст, як кишвари њаддиаќал расман мустаќил, ва ё "республика" аст, республикае, ки то њол шомили Русия аст. Дар чорчубањои зењниамон, мо то њол "миллат' нестем ва "кишвар" њам надорем, чун зењнан мо мустамликаи Русия мондаем. Гузашта аз ин, њамин "Тољикистонеро", ки русњо асри гузашта роњандозї карда-анд, онро шомили Осиёи Миёна (дертар Осиёи Марказї) кардаанд, ва аз њамон ваќт шурўъ карда, мо тољикњо шомили њудуди љуѓрофие шудаем, ки тамаддунан ба мо бегона будааст. Чорчўбаи зењнии "тољикистон"-и дар боло ќайдшударо дохили њамин чорчўбаи зењнии дигар бо номи "осиёи марказї" ќарор додаанд. Бо лаѓви кишварњои суннатии минтаќа - Аморати Бухоро, Хоноти Хива ва Хоноти Њўќанд (минтаќањои торихии Суѓд, Хоразм ва Фарѓона), бо инкори торих ва тамаддуни ин кишварњо, бо роњандозии аќвоми "љадиди" минтаќа - "узбакњо" ва "тољикњо", чо-рчўбањои зењние эљод карда шудаанд, ки моро аз гузаштаамон комилан буридаанд. Бо лаѓви номи љуѓрофии "Мовароуннањр" ки бахши муњимми Дор-ул-Ислом будааст (чї хеле, ки як рафиќи мисрии ман ба он њамчун ба "кишвари муќаддаси Ислом" ишора карда буд), чорчўбае љобаљо карда шуд, ки моро аз он тамаддуне, ки њазор-солањо шомилаш будаем, гусастааст. 3
2
МАВЗУИ АСОСЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
Алангаи тозаи љанг дар Ќарабоѓи куњї Русияро дар њолати "тсусванг" ќарор дода, дарси хубе барои тољиконе гашт, ки фикр мекунанд, Русия дар низоъњои эњтимолии њарбї аз Тољикистон њимоят мекунад...
Шадидтарин задухўрди дар 20 соли ахир Шаби љумъа ба шанбеи 2-юми апрел дар Ќарабоѓи куњї миёни артишњои Озарбойљон ва Арманистон задурхўрди шадид ба вуќуъ пайваст. Њарбиёни ду љониб, ки 20 сол боз дар хандаќњо рў ба рўи њам меистанд, аз тамоми намуди аслиња сўи њам шиллик карданд. Тирпаронї њоло њам идома дошта, минтаќањои гуногун аз даст ба даст мегузаранд. Рўзи
ДАРСИ ЌАРАБОЃЇ шанбеи гузашта Арманистон хабар пањн кард, ки як чархболи Озарбойљонро зада афтониданд. Озарбойљон бегоњи рўз аз њуљуми муваффаќона ва забти чандин истењкоми душман хабар дод. Сањари якшанбе вазорати дифоъи Арманистон гуфт, ки истењкомњоеро дар самти Талиш дубора бозпасгардонид. Рўзи душанбе тамоми расонањои олам аз "шадидтарин задурхўрди љонибњо дар 20 соли ахир" иттилоъ доданд. Нимаи дуюми њамон рўз дар муњити расонаи дунё љанги иттилоотии Озарбойљону Арманистон оѓоз шуд, ки аз љанги гибридии (омехтаи)нав дар Ќафќоз дарак дод.
Оѓози љанги нави гибридї Махсусияти ин намуди нави љанг њамин аст, ки: љонибњо аз тамоми усулњои заиф кардани душман, минљумла мамнуъ истифода мебаранд; њич љонибе масъулияти эълони љангро ба уњда намегирад; љониби дигарро муљрими оѓози љанг медонад; талафоти љонї ва техникаву лавозимоти љангии душманро бамаротиб зиёд нишон дода, талафоти худро пинњон месозад; наќши љонибдораш аз шумули кишварњои дигарро барљаста мекунанд. Задухўрди тоза миёни озарињо ва арманињо, ки таърихи ќадима дорад, истисно нашуд. Арманистон хабар пахш кард, ки дар ду рўзи аввал беш аз 200 њарбии озариро нобуд сохтааст. Озарбойљон талафоти 12 нафарро эътироф кард. Озарбойљон иттилоъ дод, ки беш аз 100 сарбозу афсар, 10 танку зирењпўш, 15 тўп ва истењкомњои зиёди арманињо несту нобуд сохт. Арманињо 18 кушта ва 35 ярадорро эътироф карда, аз нест сохтани 1 чархболи њарбї, 15 танк ва 5 зирењпўш иттилоъ пахш карданд. Озарбойљон талафоти чархбол ва як танкро эътироф кард. Њарбиён ва ањолии наздисарњадии њарду кишвар ба љанг омодагии љиддї мегиранд. Дипломатњои озарї дарњои Истамбулу Брюселу Вашингтонро мекубанду дипломатњои арманї дари Кремлинро. Озарбойљон рўзи душанбе яљониба оташбас эълон кард. Арманистон иттилоъ дод, ки ин макре беш нест, задухўрд идома дорад. Расонањои љањонї ба маълумоти љонибњо даргир бовар надоранд. Дар хати задухўрд манобеъи мустаќил мављуд нест. Низоъи
Ќарабоѓи куњї аз камтарин низоъњо аст, ки бар асоси муоњадаи Бишкек дар соли 1994 миёни љонибњои даргири он нерўњои сулњофар вуљуд надоранд. Омодагии љанги љонибњо бошад, ташвишовар ба назар мерасад.
Омодагии љангии 20 сола Ду дањсолаи ахир баъд аз шикаст ва аз даст додани њудудњои худ Озарбойљон, ки захоири зиёди нафту газ дар ихтиёр дошт, имконоту зарфияти артишашро ба маротиб боло бурд. Ин кишвар бар ивази миллиардњо доллар аз Русия ва дигар кишварњо ќиркунандањои МиГ, дронњои љангї, чархболњо, тўпњо ва лавозимоти љангии нав харид. Артишашро то 70-74 њазор нафар зиёд карда, њар як афсари озариро болотар аз унвони майор дар артиши Туркия тамрин дод. Бар замми ин, то 70 % саноати Ќафќоз ба ин кишвар рост меояд, ки миёни он саноати њарбии ќавї низ њаст. Арманистон, ки баъди љанги Ќарабоѓи куњї дар он зодагони њамин мањал сари ќудрат омаданд, то 48 њазор аскару афсар дорад. Ба бовари умуми коршиносон, ин њукумати Арманистон сиёсати мудофиавии худро ба иттињодчии асосии Русия будан рабт медињад. Русия дар ин кишвар як пойгоњи њарбї ва як аэродром дорад.
Пойи Русияву Туркия Дар њоле, ки љомеаи љањонї аз оташбаси фаврї ва њалли мусолиматомези ни-
зоъ мегўяд, њарду љониб кўшиш мекунанд, наќши иттињодчии муњими худро барљаста нишон дињад: Арманистон Русиярову Озарбойљон Туркияро. Њар љониб ва на танњо онњо кўшиш доранд, ки пойи иттифоќчии муњимтарини худро ба ин љанг бикашанду маќсадњои худро бароварда кунанд. Озарињо мехоњанд, њудудњои Ќарабоѓи куњиро, ки 13 % кишварашон њасту заминњои бобої ва њудуди ќонунии худ медонанду инро љањон эътироф мекунад, баргардонанд. Арманињо мехоњанд, ки Љумњурии Ќарабоѓи куњї расман эътироф шуда, љузъе аз Арманистон бошад. Њам дар Туркия ва њам дар Русия неруњои сиёсие њастанд, ки мехоњанд аз ин задухўрд манфиат бардоранд. Аммо коршиносон ба онанд, ки ин њукумати Раљаб Тайип Эрдуѓон њарчанд омодааст ба озарињои њамдини худ кўмак расонад, аммо аз ширкати фаъол дар низоъ худдорї хоњад кард. Русияи ањди Владимир Путин бошад, дар њолате ќарор дорад, ки онро дар шоњмот "тсунгтсванг" меноманд. Њоле дар бозї, ки њар гашти нав вазъи бозигарро бадтар месозад.
Тсугтсванг Арманистон ки беш аз 20 сол боз аз камтарин иттифоќчиёни содиќи Русия мемонад, аз кулли тарњњои Кремлин ба ин ё он шева пуштибонї мекунад. Ин кишвар аз аввал аъзои ИДМ буда, ба Созишномаи паймони ањди дастаљамъона (СПАД) пайваст. Нахустин шуда, узвияти ду тарњи муњими путинї- Иттињоди гумрукї ва Иттињоди Авруосиёро пазируфт. Низоми энер-
гетикияшро таслими Русия кард. Нухбагони арманї шањрњои калони Русияро ватани дуюми худ дониста, дар тамоми соњот, шуруъ аз фарњанг то саноати њарбию кайњоншиносї њузури густурда доранд ва манофеъи миллияшонро, минљумла ба њамин васила њифз мекунанд. Њукумати ин кишвар бидуни шартњои љиддие барои мустаќар шудани пойгоњи Русия дар Гумри ва аэдроми њарбї дар Эребуни иљозат дод. Ва ин њама ба хотири иттифоќчии њарбї доштан дар муќовимат бо Озарбойљон. Бо Озарбойљоне, ки аз шарикони муњими Русия дар Ќафќоз ба шумор меравад. Гардиши мол дар миёни ду кишвар дар соли 2014 наздик ба 4 миллиард долларро ташкил медод. Аммо тавре ба назар мерасад, Кремлин омода нест, ки дар ин бањс аз Арманистон љонибдорї кунад. Оњанги пўшиши иттилоотии расонањои Русия, ки дар чанд соли ахир "пропагандаи зидди душман" аз вижагии онњо мебошад, аз ин далолат медињад. Ин расонањо хабар медињанд, ки рўзи 2-юми апрел вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу ба вазирони дифоъи Озарбойљону Арманистон гуфтугўи телефонї дошта, љонибњоро ба њамдигарфањмї даъват кардааст. Таќрибан њамин корро вазири корњои хориљии Русия Сергей Лавров, ки худ зодаи Арманистон аст, низ кардааст. Котиби матбуотии президенти Русия аз номи Путин изњор дошт, ки президент мутаасиф аст, ки "низоъ сўи муќовимати њарбї ѓељид". Ин њам дар њоле, ки чанде аз кишварњои туркзабон, назири Туркиву Туркманистон ба зудї эълон доштанд, ки ба Озарбойљон кўмаки худро дареѓ нахоњанд дошт. ИМА ва Фаронса изњорот пахш карда, истифодаи нерўро шадидан мањкум намуданд. Алангаи тозаи ин љанги садсолаи миллї-сиёсї миёни озарињо ва арманињо, ки аз соли 1918 барои замин оѓоз шуда буд, чї оќибатњо дорад, њанўз маълум нест. аммо мисли њар њодисаи дигар муњими таърихї дарс ё сабаќњое дошт. Як сабаќи он барои мо-тољикон аст. Даќитараш барои онњое аз мо, ки фикр мекунанд, Кремлин дар низоъњои њарбию этникї аз Тољикистону давлатдории миллии тољикон њимоят хоњад кард. Иштибоњ мекунед, азизон! Агар аз арманињо накарданд, аз мо ба њиљ ваљњ намекунанд. Пас бояд зањмати истиќлолсозиро ба души худ гирем. Ќиёми НУР
НАБЗИ РЎЗ
ЧОРЧЎБАЊОИ ЗЕЊНЇ 1 Имрўз ба назар мерасад, ки мо дар љоддаи торихиамон куллан саргум задаем. Намедонем, ки аз куљо омадаем ва ба куљо бояд биравем. Бастагону руфаќои мо дар кадом тарафанд ва бегонањо дар кадом тараф. Дўст куљову душман куљост. Ваќте, ки муѓуле ва ё русе меояд ва бо мо русї сухан мекунад, мо ўро фавран ва куллан њамчун худї мепазирем. Ваќте, ки нафаре аз худи тољики мо бо забони зиёд адабї гап мезанад, мо аз ў мењаросем ва ўро бегона мењисобем. Сарзамини мо дигар мустамликаи ањли ѓайр нест, њаддиаќал расман, аммо зењни мо њамоно дар зери назорати соњибони ќаблии барљо мондааст, чун он дар њудуди чорчўбањое, ки њамонњо дуруст кардаанд, амал мекунад. Ин чорчўбањоро бо он хотир дуруст кардаанд, то аз мо нотавон бисозанд, сарзамину моли моро тасарруф бикунанд ва мову фарзандонамонро хидматгузори худашон ва фарзандонашон ќарор бидињанд. Имрўз њатто баъд аз ихрољи љисмонии инњо аз сарзами-ни мо, мо њамоно бидуни онњо наметавонем зиндагї бикунем, чун ба ѓулом будан ва соњиб доштан одат кардаем. Намехоњем ва наметавонем воќеъан мустаќил ва худбасанда бошем. Маљбурем хонахез биравем дунболи соњибони ќаблии худ ва аз онњо дар ватани худи онњо аз нав соњиб бисозем, њатто алайњи хоњиши худи онњо. Ба назар чунин мерасад, ки барои тољик рўњи ѓуломиро пазируфтан осонтар будааст аз рўњи озодихоњиро барќарор кардан. Чорчубањои мањдудкунандаи зењнии мо дархўри њам соњибони ќаблии мо буда-аст ва њам он ќишри љомеъаи мо ки аз он бањра мебардоштаанду ва то њол бањра бардошта истодаанд. Соддатар бигуем, ањмаќї ва ѓуломтабиъатии мо дархўри њам авваливу њам дуввумї будааст. Аввалињо имрўз саъй мекунанд њамин афкорро ки гўё мо бе онњо наметавонем ва бидуни њузури онњо гўшти њамдигарро хоњем хўрд, ба мардуми мо тањмил би-дињанд, гўё, ки то онњо мо торихеву фарњанге надошта будаем. Њамонњо њастанд, ки њељ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
3
4-уми апрел Президент, Раиси Њукумати Тољикистон Эмомалї Рањмон дар як ќатор сохторњои давлатї таѓйироти кадрї ворид кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо Фармонњои Президент Билол Иброњим - иљрокунандаи вазифаи раиси шањри Роѓун ва Асозода Нуралї Мањмадулло - Президенти Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон таъин карда шуданд. Бо Ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон бо сабаби ба
гоњ Тољикистони моро "страна", яъне "кишвар" намехонанд. Ватани мо барои онњо "республика Таджикистан" аст, дар ќатори музофотњои худашон ба монанди "республика Татарстан, ва ё "республика Бурятия". Дуввумињо њам аз аввалињо оќиб намемонанд чаро, ки ин чорчўбањои зењнии бар мо тањмилдодашуда барои ин одамон њаётан азиз будааст. Чаро, ки њамин чорчўбањо будааст, ки мардуми моро ањмаќ кардааст ва ин ба хонаводањои ин одамњо имконият додааст, ба рўи об бароянд. Падарону падарбузургони ин одамњо зиракона бо таљовузкорони аљнабї њамкорї кардаанд, то сари ќудрати мањаллї биёянд ва ашхоси боэътимоди њамин таљовузкорон дар сарзамини мо бишаванд. Барои њамин сањлтарин хатар ба ин чорчўбањои зењнї тањлукаи инњоро бармеангезидааст. Барои мисол, њамин истилоњи "забони тољикї", ки бахши муњимми ин њама чорчўбањои мањдудкунандаи зењнї мо будааст, чї ќадар барои инњо њамин истилоње, ки русњо бар мо ба љои номи воќеъии забонамон, "забони форсї", тањмил дода будаанд, азиз будааст ва њатто зери савол гузоштани ин истилоњи аљнабї барои инњо ќобили пазирої набудааст. Аслан, њамаи ин ѓуломии зењние, ки мо тољикњо то њол пойбандаш њастем, хоси фаќат мо тољикњо набудааст. Чї тавре, ки устоди Донишгоњи Тењрон оќои Муњам-мади Марандї якчанд сол ќабл аз ин ќайд карда буд, кулли милали мусалмон ба њамин њол гирифтор будаанд. Мустамликаи сиёсии аврупоињо дар ќаламрави Ис-лом тамом шудааст, аммо мустамликаи зењнї њамоно ќатъан барљост. Фирор аз мустамликаи зењнї мушкилтар аз фирор аз мустамликаи сиёсї ба назар мерасад. Ба назар менамояд, ки милали мусалмонро барои рањої аз ѓуломии зењнї, роњи мушкил ва тўлоние дар пеш аст. Мо тољиконро низ. Чун минтаќаи воќеъии љуѓро-фии мо Мовароуннањр аст на Осиёи Марказї ва мо шомили ањли Ховари Миёнаи форсивону аъроб њастем, на федеросиюни русњову туркњо. Дар 25-уми солгарди Истиќлол ваќти онро расида, ки љањочубањои зењнии бегонагонро бишканем. Ин кор бе зањмат намешаваду тањдиду хатарњое дар пай дорад. Аммо ки гуфтааст, ки истиќлолсозї безањмат даст медињад?
ТАЃЙИРОТ Ё ЉОЙИВАЗКУНИИ КАДРЊО нафаќа баромадан Давлаталї Њотамов аз вазифаи муовини якуми Вазири кишоварзии Љумњурии Тољикистон ва Њикмат Њисориев аз вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон озод карда шуданд. Инчунин Каримзода Азизмад аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии љумњурї озод ва ба вазифаи муовини якуми Раиси њамин кумита таъин гардид, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон озод ва ба вазифаи
муовини якуми Вазири кишоварзии Љумњурии Тољикистон таъин карда шуд, Исмоилова Мунавара Сайдуллоевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон озод карда шуд, Мирзорањимов Акобир Каримович аз вазифаи Директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон озод ва ба вазифаи Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъин гардид, Неъматзода
Фаррух Неъмат бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёти Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон озод ва ба љойи ў Ќурбонзода Хуршед Њазрат ба ин вазифа таъин гардид. Бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон Сафизода Ќадамљон Исмат аз вазифаи мудири Маркази технологияњои иттилоотї ва коммуникатсионии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон озод карда шуд. Умари ТОЊИР
АРТИШИ ТОЉИКИСТОНУ ЌИРЃИЗИСТОН АЗ ЗАИФТАРИНЊО ДАР МИНТАЌА "Global Firepower" мегўяд, Тољикистон ва Ќирѓизистон дорои артиши заиф дар минтаќа мебошанд. Дар шохиси нерумандтарин артиши кишварњои дунё Тољикистон аз миёни 126 мамлакат олам дар љойи 112 ва Ќирѓизистон дар љойи 110 ќарор гирифтаанд. Дар ин шохис артиши Ўзбакистони њамсоя дар љойи 48-ум ќарор дорад. Пажуњишгарони "Global Firepower" гуфтаанд, ки Ўзбакистон дар миёни њамсоягонаш аз техникаи бештари љангї бархўрдор аст. Аз љумла артиши ин кишвар бо 420 тонк, 715 мошини љангї, 880 силоњи артилерї мусаллањ буда, теъдоди асокири он 65 њазор нафар аст. Ин њам дар њолест, ки Тољикистон њамагї 37 тонк, 46 мошини љангї, 15 њавопаймои боркаш, чор тайёраи омўзишї, шаш чархболи зарбазананда ва 20 чархболи бисёрњадафа дорад. Њамасола барои хизмат ба артиши кишвар то 15 њазор нафар даъват мешаванд. Теъдоди
умумии артиши доимамалкунанда наздик ба 16 њазор мебошад. Дар ќиёс ба Тољикистон Ќирѓизистон 150 тонк ва 438 мошини љангї дорад. Теъдоди сарбозони он 16,5 њазор нафар эълон шудааст. Ќазоќистон дар арзёбии "Global Firepower" дар љойи 53 ва Туркманистон дар маќоми 86 ќарор гирифтаанд. Бобољони ШАФЕЪ
САДОИ МАРДУМ 70%
НАЗАРСАНЉЇ: 65% ХОЊИШИ ШИРКАТ ДАР ЊАМАПУРСИРО НАДОРАНД
65%
60% 50% 40% 30%
22% 20%
13% 10%
Аксарияти пурсидашудагони назарсанљии хабаргузории TojNews дар интернет гуфтаанд, агар якшанбеи оянда референдум баргузор шавад, дар он иштирок нахоњанд кард. Назарпурсии мазкур тањти унвони "Агар якшанбеи оянда њамапурсї (референдум) баргузор шавад, ширкат мекунед?" баргузор шуда буд. 514 нафар аз ширкаткунандагон ё 65 дарсад гуфтаанд, ки дар њамапурсї иштирок нахоњанд кард. Аммо 22% ё 173 дарсади пурсидашудагон изњори омодаї кардаанд, ки агар якшанбеи оянда њамапурсї баргузор шавад, дар он ширкат мекунанд.
Танњо 13 дарсади иштирокчиён ё 102 нафар изњор доштаанд, ки дар бораи иштирок дар њамапурсї фикр накардаанд. Ин назарпурсї аз 31-уми март то 5уми апрели соли 2016 бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 789 нафар ширкат кардааст. Зимнан, 22-юми майи соли равон дар Тољикистон рўзи њамапурсї барои ворид кардани таѓйиру иловањо ба Сарќонун эълон шудааст.
0% 1
2
3
Суоли навбатї: Ба манъи фаъолияти таксињои маъруф Фаромарзи ФОЗИЛ ба "3 сомонї" дар Душанбе ризоед?
4
СУЊБАТИ РЎЗ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
Маљаллаи маъруфи итолиёии "Donna" дар охирњои моњи март матлабе дар бораи Макнуна Ниёзова, тарроњи тољик чоп карда, ўро "Ким Кардашяни тољик" номидааст. Хабарнигори TojNews дар як суњбат аз Макнуна пурсид, ки роњ ёфтани аксаш ба сањифаи маљаллаи маъруфи "Donna" барои ў чї эњсосотеро дар пай дошт ва оё чунин интизориеро дошт? Макнуна НИЁЗОВА: Ростї, чунин интизорї надоштам, барои ман ин "сюрприз" ва ё армуѓони Наврўзї буд. Њатто тасаввур намекардам, ки дар маљаллаи маъруфи бонувони Италия акси ман чоп мешавад. Таваљљўњи муаллифи матлаби мазкур ба ман тавассути Фейсбук ва сомонаи Global Voices сурат гирифт. Чун дар шабакаи иљтимоии Фейсбук либосњои миллиро муаррифї мекунам. Ба ин роњ каме њам бошад талош мекунам, њаваси љавондухтарони тољикро ба либоси миллї зиёдтар кунам. Чун зиёд мушоњида мекунам, ки тариќи телеви-
TojNews: Шумо бояд моњи май дар љашнвораи мўди Осиё дар Куриёи Љанубї иштирок намоед. Мехостем пурсем, ки ин чї љашнвора аст ва омодагињои Шумо дар кадом сатњ аст?
МУХТАСАРИ ШАРЊИ ЊОЛ Макнуна Ниёзова 9-уми сентябри соли 1987 дар шањри Душанбе дар оилаи устоди донишгоњ таваллуд шудааст. Соли 1994 тањсилоти ибтидоиро дар мактаби №43-и пойтахт шуруъ карда, соли 2005 онро хатм кардааст. Соли 2010 факултети технология ва дизайни Донишгоњи технологии Тољикистонро бо ихтисоси рассом-тарроњ хатм кардааст. Фаъолити кориашро соли 2008 њанўз аз даврони донишљўї дар вазифаи Инспектори таъминоти иттилоотии Донишгоњи технологии Тољикистон шуруъ кардааст. Баъдан дар вазифањои зерин кор кардааст: 2009-2010 Котиб-мушовири ректорати Донишгоњи технологии Тољикистон; 2010-2013 Ёвари калони ректор оиди назорати низоми њуљљатгузории Донишгоњи технологии Тољикистон; 2013-2014 Сардори шуъбаи тањияи барномањои телевизиони таълимї, коргардони маркази таълимї-фосилавии "Маърифат"- и Донишгоњи технологии Тољикистон; 2014-2015 љонишини сардори шуъбаи кор бо љавонон ва ташаккули имиљ оиди кор бо донишљўёни соњибистеъдоди Донишгоњи технологии Тољикистон; Аз соли 2015 то њол Сардори Маркази таълимї-тренингии театри "Муди тобон"-и Донишгоњи технологии Тољикистон мебошад. Макнуна Ниёзова бо ихтисоси идораи давлатї дар Донишкадаи идораи давлатии назди Президенти Тољикистон тањсил мекунад.
Макнуна НИЁЗОВА: Тайёриям дар сатњи хуб аст. Онро олї гуфта наметавонам, чун танњо баъди ѓалаба онро олї гуфта мешавад. Коллексияи нав омода карда истодаам, ки Осиёи Марказї ва Тољикистонро дар Куриё муаррифї карда тавонад. Интизории зиёд дорам, ки дар ин озмун ѓолиб меоям ва ин озмун барои ман роњњои нав мекушояд. Дар озмун аз љониби ман як ќатор либосњое пешнињод мешавад, ки фарњанги тољикро таљассум мекунанд. Онљо њам либоси мардона ва њам занона муаррифї мешавад. Либоси мардона, ки онро омода кардаам бештар ба ќањрамонњо монанд аст. Инљо мехоњам ба як иддао дар бораи худ посух дињам. Њамаљо мегўянд, ки гўё ман сарпараст мекобам. Аммо сарпараст дорам ва он Донишгоњи технологии Тољикистон мебошад. Аз соле донишљў будам, барои иштирок дар озмунњо ба ректори донишгоњ мактуб менавистам, ки ба ман кўмак расонед. Ректор њеч ваќт мактуби маро рад намекард. Чунки падарам муаллими донишгоњ буданд. Донишгоњ ба ман њамчун фарзанди муаллим кўмак мерасонад. Аз аввал то имрўз сарпарасти ман Донишгоњ аст TojNews: Барои то ба ин сатњи имрўзаатон расидан чи мушкилињое пеши роњ буд?
Макнуна НИЁЗОВА: Духтари хушмуомила њастам (механдад). Аммо то имрўз пешпои зиёд хўрдаам, бисёр маро фиреб додаанд. Касоне њастанд, ки мехоњанд ман пеш наравам, лекин ман ба ин чизњо ањамият намедињам. Њамаро дўст ќабул мекунам, аммо дар ваќти зарурат худро њимоя мекунам. Ба касе кордор нестам, чун гирумони зиндагиам барои ман кофї аст. Мутаассифона, бахилї дар атроф хеле зиёд аст ва њатто шахсоне мехоњанд монеи кори ман шаванд, ки ман бо онњо боре њамкорї накардаам. TojNews: Як суоли шояд то њадде нољо. Дар шабакањои иљтимої шуморо бештар на чун тарроњ балки як зебосанами тољик мешиносанд. Фикри Шумо чист? Макнуна НИЁЗОВА: Фикр мекунам, ки сабабаш симои тољиконаи ман њаст. Бештар њисси миллии ман аст, ки њадду канор надорад ва њаваси зиёд ба либоси миллї дорам. Тољик дар кадом давлат, ки набошад ва агар њазор аврупої њам шуда бошад њатман тољик аст. Таваљљуњи мардум ба ман њамчун духтари тољик бисёртар аз он аст, ки ман дар сарам тоќию дар бар куртаи атлас дорам. Агар ман њам пероњани аврупої ба бар кунам, мисли њама духтарон мешавам ва касе ба ман таваљљуњ намекунад. Яъне мисли њама мешавам.
Макнуна НИЁЗОВА:
АГАР МАН ЊАМ ПЕРОЊАНИ АВРУПОЇ БА БАР КУНАМ... зион ва филмњои хориљї духтарони мо майл ба фарњанги либоспўшии бегона доранд. Баъд аз он ки сомонаи Global Voices номи маро дар ќатори 6 зани фаъолияи Фейсбук љой дод, масъулини маљаллаи "Donna" тариќи Донишгоњи технологї, ки ман онљо муаллима њастам маро пайдо намуданд ва ман ба суолњои онњо посух додам. Онњо инчунин аз ман иљозаи нашри аксњоямро пурсиданд. TojNews: Маљаллаи Донна шуморо њамчун Ким Кардашяни тољик муаррифї кардааст... Макнуна НИЁЗОВА: Ќабл аз нашри мавод дар бораи Ким Кардашян маълумот надоштам, њатто номашро нашнида будам. Чун барои ман кори ин нафар аљиб набуд. Зеро дар фаъолияти ин нафар њолатњое низ њаст, ки ба менталитети мардуми Аврупо мувофиќ аст, аммо дар менталитети мардуми мо ќабул нест. Дар тафаккури мо чунин аст, ки зан бояд бомаърифат, ботамкин ва ибратомез бошад. Аз ин нигоњ маро ба Ким Кардашян муќоиса карданд, каме нодуруст аст. Аз муќоиса кардани ман бо ин тарроњи маъруфи амрикої бештар њамчун зани тољик муаррифї шуданам барои ман писанд омад. TojNews: Чаро? Кардашян тарроњи машњур аст, оё шумо орзуи тарроњи маъруф шудан надоред? Макнуна НИЁЗОВА: Ман муаллима њастам ва ба дизайнерони оянда таъ-
«
лим медињам. Маќсади ман машњур шудан нест. Балки тайёр кардани тарроњон аст. Ман намехоњам мисли Кардашян машњур бошам, ба ман кифоя аст ки њамватанони худ маро мешиносанд. Ман мисли Кардешян нестам, идеали ман дар тарроњї Коко Шанел аст. TojNews: Нашри аксатон дар маљаллаи маъруфи итолиёвї барои роњ ёфтан ба дунёи муди Аврупо метавонад кўмак кунад? Макнуна НИЁЗОВА: Шояд кўмак карда тавонад. Мумкин ба ягон ширкат симои тољикона ё истеъдоди ман писанд ояду маро ба њамкорї даъват кунанд. Агар ман таваљљуњи онњоро љалб карда тавонам, бурд хоњам кард. Аммо барои ман њамчун як тарроњ зиёдтар ѓалаба кардан дар ягон озмун хурсандиовартар аст. Чун раќобатро дўст медорам. Дар њар сурат даќиќан пешгўї карда наметавонам, ки нашри аксњоям дар маљаллаи "Донна" роњи маро ба дунёи муди Аврупо њамвор мекунад ё хайр. TojNews: Таваљљўњи шумо ба дунёи муд кай ва чигуна оѓоз шуд? Макнуна НИЁЗОВА: Аз хурдсолї орзуи њунарпешаи театр ё њуќуќшинос шуданро доштам, аммо падарам ба ин чиз иљозат надоданд. Он кас мехостанд ман дизайнер-моделер шавам. Аз хурдсолї њунари дузандагї доштам. Яъне
Духтари хушмуомила њастам (механдад). Аммо то имрўз пешпои зиёд хўрдаам, бисёр маро фиреб додаанд. Касоне њастанд, ки мехоњанд ман пеш наравам, лекин ман ба ин чизњо ањамият намедињам. Њамаро дўст ќабул мекунам, аммо дар ваќти зарурат худро њимоя мекунам.
«
гуфта метавонам, ки аз хурдсолї шавќи тарроњ шудан дар ман буд. Аммо бояд эътироф кунам, ки ин касбро барои ман падарам интихоб карданд.
ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ Бо фарорасии бањор мавсими кишту кори поелезињо таќрибан дар њама навоњии кишвар шуруъ шуд. Аммо дењќонон мегўянд, мисли солњои ќаблї дар замин на бо дили гарм, балки аз ночорї кор мекунанду аз бепулї сахт азият мекашанд... "ЧЇ ЊОЛ ДОРЕД, БОВОИ ДЕЊЌОН?" Тољикистон кишвари аграрї буда, зиёда аз 20 дарсади Маљмўи мањсулоти дохилї (ММД) аз њисоби кишоварзї таъмин мешавад. Дар сохтори ММД-и кишвар нишондоди мањсулоти кишоварзї аз њама зиёд аст. Инчунин таъмини амнияти озуќаворї яке аз се њадафи стратегии Њукумати Тољикистон ба њисоб меравад. Расонањои њукуматї њар рўз аз амалї кардани ин њадаф дар соли 2016 дањњо хабару гузориш тањия карда, аз ѓанї гардонидани бозорњои кишвар бо мањсулоти кишоварзї иттилоъ пахш мекунанд, ки аксаран дар руњияи "зинда бод"анд. Аммо вазъи соња, воќеъан њамоне аст, ки онњо тасвир мекунанд? Дењќонони тољик, хоса онњое, ки ба парвариши сабзавоту полезињо ва мева машѓуланд, чї мушкилот доранд? Оё имсол нархи меваю савзавот чї мизоне хоњанд дошт? Барои посух ёфтан ба ин суолњо мо ба дењќонони ќаторї мурољиат кардем. Дењќононе, ки дар чанде аз 110 њазор хољагињои дењќонии кишвар фаъолият мекунанд. Ва аз ќавли худашон пурсидем: "Чї њол доред, бовои дењќон?" БА УМЕДИ ПУЛИ ПИСАРИ МУЊОЉИР Дењќонон мегўянд, дар фасли бањор, ки давраи пурљушу хуруши кори дењќонї аст онњо ба маблаѓ ниёзи љиддї доранд. Зеро њамвор кардан ва ба кишт омода намудани замин, тухмї, маводи сўхт, њаќќи хизмати трактор ва ѓайра бидуни маблаѓ анљом намеёбад. Аммо дар ин фасл дењќонон намедонанд ба куљо мурољиат намоянд. Сангинмурод АШЎРОВ, як дењќони полизкор аз вилояти Суѓд мебошад, ки ба гуфтаи худаш солњои ахир аз ноилољї дар замин кишту кор мекунад. - Њоли дењќон имсол хуб нест, писарам. Њама касеро, ки мешиносаму чанд пуле доштанд, имсол кампуланд ё умуман пул надоранд. Ду фарзандам дар Русия кор мекунанд. Имсол ба умеди кўмаки њамонњоям. Пул равон кунанд, 1,5 га заминро коркард мекунем. Равон накунанд, намедонам чї мешавад". Њамсуњбатамон мегўяд, имсол аз бонкњо пул гирифтан бенињоят мушкил аст. Фоизњо баланду шарту шароити ќарзгирї номуносиб аст. Бонку ташкилотњое, ки фоизашон аз 25-36 % солона боло аст, мехоњанд, ки аз моњи дуюм ќарзро баргардонидан шуруъ шавад, ки барои дењќон ѓайримкон аст. Њамсояи бобои Сангинмурод Шоњимардон САЛИМОВ мегўяд, нияти кишти пиёз дошт, аммо пул наёфтааст: - Соли гузашта, дар Истаравшан, њарчанд аз мо дур аст, дар замини иљора 2 гектар пиёз кишт карда, њосили хуб гирифтем. Имсол њам ният карда будем, аммо 4,5 -5 њазор сомонї пули ќарз наёфтем. Аз ташкилоти ќарзї пул гирифта, билет хариданиям, то ба Иркутск равам. Додарам њам маблаѓи кишт наёфт. Ўро ба Русия дигар роњ намедињанд. Депорт шудааст. Маљбур аст, дар замини ягон каси дигар кор кунад, то рўзии бачањояшро таъмин кунад. Њамсояњо мегўяд, њоли таќрибан њамаи сокинони шањри Истаравшану атрофи он њамин аст. Ибодуллои ДЎСТ, як дењќон аз ноњияи Файзобод дар суњбат ба ба "Нигоњ" гуфт, ў 0,20 га замин дорад ва барои парвариши картошка дар он то 2 њазор сомонї маблаѓ сарф мекунад. Аз љумла, 600 сомонї барои тухмї, 3 халта селитра ва 2 халта амафос, ки њарду ќариб 1 њазор сомонї мешавад. Њаќќи хизмати трактор 250 сомонї, 200 сомонї маблаѓи об ва ѓайр. Дар умум барои рўёнидани њосил дар 0,20 га замин Ибодулло наздики 2 њазор сомонї маблаѓ сарф мекунад. Ба ин маблаѓ њамчунин харољот барои бурдани пору аз хона то сари замин, маблаѓи коркарди замин ва андоз низ дохил мешавад. "Аз 0,20 га замин ба таври миёна то 5 тонна њосил ба даст овардан мумкин аст. Соли 2014 нархи картошка хуб буд, аммо мо имсол картошкаамонро 0,8-1 сомонї фурухтем. Њисоб кунед бо харљи ќариб 2 њазор сомонї 5 њазор сомонї ба даст овардем, дар давоми ќариб 5 моњ. Зањмати якљояи ањли оила барои кишти
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
5
МУШКИЛИ БЕПУЛИИ ДЕЊЌОН
картошкаро њоло њисоб намекунем. Кадом девона њозир аст, ки ба хотири 3 њазор сомонї давоми ќариб ним сол шабу руз мењнат кунад? Аммо дигар чи илољ ман имкони ба муњољират рафтанро надорам ва маљбурам ба њамин ќаноат кунам. Алњол тухмї дорам, аммо пули наќд нест.-мегўяд ин дењќон. Мусоњиби дигари мо Саид Шариф, дењќоне мебошад, ки дар вилояти Суѓд ба кишти полезї аз љумла тарбузу харбуза машѓул аст. Ў мегўяд, соли гузашта дар 0,50 га замин тарбуз кишта карда, то расидани њосил якљо бо маблаѓи иљораи замин зиёда аз 4 њазор сомонї маблаѓ харљ намуд. Ба гуфтаи Саид Шариф, барои кишти тарбузи зери пардаи полиэтиленї (пленка) дар масоњати 0,50 га замин ў бояд харољотњои зеринро анљом дињад: 60 кило пардаи полиэтиленї бо нархи 15 сомонї, ки 900 сомонї мешавад. Инчунин 250 сомонї барои ним кило тухмї, 60 сомонї њаќќи трактор, 10 халта селитра, ки баробар аст ба 1200 сомонї, 300 сомонї барои зањр муќобили њашаротњо ва 2 њазор сомонї барои иљозаи замин. Дар умум маблаѓи Саид Шариф барои 0,50 га замин 4710 сомонї харљ кардааст. "Аз њосили фурўхтаам ќариб 9 њазор сомонї ба даст овардам. Худам ва 4 ањли оила шабу рўз дар он кор карда, онро посбонї мекунем. Ба њар њол ман аз њосили гирифтаам, шукр мекунам. Ду соли пеш њашарот тавре полези тарбузро нобуд кард, харољотамро набаровардам. Тарбузу харбуза дар Хуљанд арзон аст. Душанбе бурда фоидаи зиёдтар кардан мумкин, аммо роњ пулакї нархи мошинњои боркашро гарон кардааст". Ў мегўяд, "пули наќд ёфтан људо мушкил шудааст. Солњои пеш худамон якчї-ним чї пасандоз доштем, ошноњо њам не намегуфтанд. Имсол вазнин. Бепулї!" ЧЇ БОЯД КАРД? Огоњони соњаи иќтисод мегўянд, дењќонон ниёзмандтарин истењсолкунандагоне мебошанд, ки ба дастгирии давлат ниёзи љиддии мавсимї доранд. Чун бањор ба иродаи онњо вобаста несту моле, ки онњо истењсол мекунанд баста-
гии зиёде ба обу њаво дорад. Аммо дастгирии давлатии соња эњсос намешавад. Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршиноси тољик мегўяд, "њукумат хољагињои давлатиро таљдид карда, кишти маљбурии пахтаро то љое барњам заду масъулони соња фикр мекунанд, ки акнун дењќонон роњат сабзавоту мева парвариш карда, бозорњоро пур мекунанд. Аммо воќеъият дигар аст. Дењќонони тољик бањору тирамоњ ба маблаѓгузории маќсадноки мавсимї ниёз доранд. Њаљми ин кўмакро боре њам касе њисоб накардааст, куљо расад ба људо кардани маблаѓ?! Идораи соња ба ашхоси тасодуфї ва ё манфиатбардорони соња бовар карда шудааст, ки иштибоњ аст. Дар њукумат бояд донанд, ки дар њамин шабу рўз дењќонони полизикорро ба њоли худ мондан, дастгирии молї накардан ба камчинии мањсулоту гаронии нархњо дар тобистону тирамоњ оварда мерасонад.". Ба гуфтаи ин коршинос, барои дењќонон дар шароити имрўз бояд корњои зеринро анљом дињад: Нахуст, андозњо барои кишоварзї бояд паст карда шаванд. Баъзе аз соњањоро бояд куллан озод кард. Маблаѓгузории маќсаднокро тавассути низоми бонкї роњандозї намуд. Дењќонони њар як мавзеъ бояд бо љалби мутахассисони хориљї ба омўзиши таљрибаи пешќадам фаро гирифта шаванд. Роњи мустаќим дењќонон ба бозорњои дохилї фароњам гардад. Таблиѓи моли дењќонони тољик дар хориљ, пайдо кардани бозори хориљї ва ташкили иттифоќи касабаи мустаќили дењќонон низ аз вазифањои аввалиндараља аст. Аз нигоњ доштани 400-500 миллион сомонии Вазорати молия дар бонкњо суд ба маротиб камтар аст, ки ба дењќонон дода шавад. Шањри Душанбе низ бояд аз будљаи худ барои дастгирии мустаќими дењќонон маблаѓ ихтисос дињад.". Маврид ба тазаккур аст, ки њукумати кишвар дар ин самт имсол низ барномаву наќшањое рўи даст дорад,аммо таљрибаи солњои ахир нишон дод, ки онњо муассир нестанд. Мањди СОБИР, коршиноси дигари тољик, њукумату дењќононро дар бемасъулияї айбдор карда мегўяд, "Њукумат назорату идораи соњаро аз даст додааст. Раисони шањру навоњи масъ-
ули рушди кишоварзї нестанд. Барномањои мањаллї таќрибан вуљуд надоранд, ё рўи коѓазанд. Ба омори расмї бовар карда намешавад. Аз ин рў, њукумат наметавонад соњаро дуруст идора намояд. Касе барои нишондињандањои пасти истењсолї ва њатто шикасти соња муљозат нашудааст. Андозбандии замин дар Њисор, ки дењќон аз заминаш се њосил меруёнад, аз андозбандї дар Файзободу Нуробод, ки 70-80 рўз дар як сол барои дењќонї доранд, фарќ намекунад. Хољагињои дењќонї дар Вахш њам 12 моњ андоз месупоранд, дар Гарму Ванљ њам. Мафњуми мавсїмї будани кори дењќониро Кодекси андоз намешиносад. Замони СССР ин тур набуд. Фарњанги заминдорї дар замони истиќлол ташаккул наёфт. Аксари заминњои кишоварзї дар дасти онњоест, ки дењќон нестанд, мансабдоранд ё сарватмандони мањаллї. Ин тоифа ба коркарди замину боѓдорї њавасманд нестанд. Заминро ба дењќони тољик бояд баргардониду шароити рушди онњоро таъмин кард. Ин кор бе ислоњоти љиддии замин ва андозбандии замин ношуданї аст. Агар заминдор як сол заминро кишту кор накард, бояд ў муљозат шавад, замин аз дасти ў кашида гирифта шавад. Дар он сурат заминдору дењќон масъулиятшинос мешаванд". Коршиносон ва дењќонон мегўянд, бе паст кардани фоизњои баланди бонкї, андозбандии одилона, дастрасї обу нурињои минерали сифатнок, тухмї, маводи сўхт ва техника бењшавии вазъи кишоварзиро набояд умедвор шуд. Вазъияти дењќони имрўзаи тољикро коршиносони "Нигоњ" бо формулаи зерин љамъбаст карданд: Пушти дари ќарздењу бонкњо ва рў ба рањми Худо. Њол он ки дар кишварњои мутамаддин дастгирии давлатии кишоварзї, хоса дар самтњои барои њукумат муњим, тавре ба роњ монда шудааст, ки бонкирњо дари дењќононро мекубанд, то мањз аз хизматгузории онњо истифода баранд. Бознигарии сиёсати давлатии дастгирии кишоварзї низ бояд аз њамин оѓоз шавад. Умари ТОЊИР
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
142 њазору ... км2 РЎДАКЇ
ТЕАТР
ЊУНАРМАНДОНИ ТЕАТРИ ЛОЊУТИРО АЗ САЊНААШОН ДУР МЕКУНАНД
Ин акс аз тамрини намоишномаи "Ромкунии духтари саркаш", аз рўи асари Шекспир мебошад, ки њоло дар театри Лоњутї мехоњанд ба намоиш гузоранд. Вале ин намоишнома шояд аз охирин сањнањое бошад, ки дар толори кунунии театри Лоњутї ба сањна гузошта мешавад. Њунармандони театр њарчанд барои ба сањна гузоштани чандин намоиш њамарўза тамрин мекунанд, аммо дасту дилашон сард аст. Зеро хабари тахриби бино ва интиќоли онњо ба кинотеатри "Тољикистон" ба фаъолияти онњо бетаъсир набудааст. Бархе аз кормандони театри Лоњутї нигарони онанд, ки бо интиќоли театр ба бинои кинотеатри "Тољикистон" таърихи бойю рангини ин муассиса низ осеб хоњад дид. Њоло кормандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї дар маркази шањри Душанбе дар њолати номуайянї ќарор доранд. Ба онњо дастур шудааст, ки дар рўзњои наздик барои худ љой пайдо карда ё ба бинои кинотеатри "Тољикистон" кўч банданд. Кормандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї дар ин бора мегўянд, "агар моро ба бинои кинотеатр интиќол дињанд, ин маънои ќатли эљодро дорад. Дар онљо њеч имкони ба сањна гузоштани ягон намоишномаи театр мављуд нест". Ортиќ Ќодир, њунарпешаи маъруф ва корманди театри мазкур хабари тахриби бинои театр ва кўч бастанро ба дард ќабул кардааст. "Театр вуљуди зинда аст. Барои як намоишаш чи ќадар либос љои мувоффиќ даркор аст, ки онњоро дар як гўшаи киноатри "Тољикистон" љой карда намешавад. Театри Лоњутї таърихи ќариб 90 сола дорад. Дар њама марњилањо як шиносномаи миллати мо буд", - мегўяд ў. Барои ин њунарманди шинохта ва дигар кормандони пурсобиќаи театр бинои театри Лоњутї макони муќаддасест, ки парчамбардорони сањнаи театри тољик дар ин љо наќшњо офаридаанд. Аз љумла Муњаммадљон Ќосимов, Миркарим Саидов, София Тўйбоева, Аслї Бурњонов, Њољиќул Рањматуллоев, Тўњфа Фозилова, Мањмудљон Воњидов, Ато Муњаммадљонов, Њошим Гадо ва дањњо тани дигар. Кормандони имрўзаи театр мегўянд, магар мешавад аз сањнае дур шуд, ки дар он машъалбардорони театри тољик наќш офаридаанд? "Ќадамгоњи ин бузургонро хароб кардан ин фољиа аст. Дур намеравем дар Ашќобод, Ќирѓизистон, Ќазоќистон ва дигар давлатњои ба мо наздик дар ягонљои онњо љойњои таърихиро хароб намекунанд. Баракс гузоштанд, то ин ки насли имрўзу фардо муќоиса карда тавонад, ки дар сари 20 чї буд ва дар асри 21 чї аст. Хуб аст, ки мо биноњои нав бунёд карда истодаем аммо бояд биноњои таърихї низ нигоњ дошта шавад", - бо чунин њарфњо Ортиќ Ќодир зид буданаш ба тахриби биноро нишон медињад. Нурулло Абдуллоев, њунарпешаи халќии Тољикистон мегўяд, дар як љамъомад эълон доштаанд, ки барои худамон љой ёбем. Ба кормандони театр тавсия додаанд, ки як бор аз толори кинотеатри "Тољикистон" дидан кунанд, ки оё барояшон мувоффиќ аст. Ин њунарманд ба нафароне, ки ба ќасди тахриби бинои театрро доранд, пешнињод дорад, ки "агар театри Лоњутї ба бинои театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнї гузаронида шавад он бино дар њаќиќат барои театри драмавї сохта шудааст ва онњо метавонанд роњат онљо фаъоляит кунанд.
"Онљо толор онќадар калон нест ва сухан шунида мешавад. Оњанг суруд метавонад дур равад. Театри опера ва балет барои диалог ва гуфтугўи пиесањои драмавї хеле хуб аст. Театри Садриддин Айнї ба толори Кохи Борбад равад хеле хуб мешавад. Њам барои декоратсияи операвї хеле сањнаи калон дорад ва њам барои балет ва опера хеле бошукуњ сохта шудааст. Театри Лоњутиро ба кинотеатр кучондан, ки дар онљо њато сањна надорад, гўё анљоми кори мост. Хоњиш мекунем, ки бино умуман бардошта нашавад. Аммо ќарор, ки аз боло шуда бошад мо ягон кор карда наметавонем", - бо умед мегўяд Нурулло Абдуллоев. Њоло њунармандони театри Лоњутї мактуби дастљамъонае ба унвони Президент Эмомалї Рањмон навишта, хостаанд, ки аз тахриби бино пешгирї кунад. Зеро бинои мазкурро ќадамњои бузургони театри тољик ва осорхонаи зиндаи сањнаи њунар медонанд. Ба гуфтаи кормандон, кинотеатри "Тољикистон" имкон надорад, ки тамоми таљњизот, либосу дигар лавозимоти театри Лоњутиро ѓунљонад. Эњтимол мекунанд, ки ин њама нобуд шавад. То њол, њатто либосњое, ки дар намоишномаи "Отелло" дар нимаи авали асри гузашта истифода бурдаанд, дар ин љо нигањдорї мешавад. Расонањо аз тасмими тахриби бинои театри Лоњутї, бинои чойхонаи "Роњат" ва бинои парламент, Дастгоњи иљроия дар тирамоњи соли гузашта хабар дода буданд. Фаъолони љомеаи шањрвандї дар Душанбе дар пайи ин хабарњо зидди баратараф кардани биноњои мазкур фарохоне ба унвони Президент Эмомалї Рањмон ва раиси шањр Мањмадсаид Убайдуллоев ташкил карданд, ки дар зери он садњо нафар имзо гузошт. Расонањо ва фарњангиёни Душанбе гуфтанд, ки ин биноњо таљассумгари намоди Душанбе буда, бозгў аз таърих ва фарњанги ин шањранд. Аммо дар посухи катбї Нуралї Саидзод, муовини якуми раиси Кумитаи меъморї ва сохтмон ба TojNews гуфта буд, ки то имўз њеч ќароре аз љониби Раиси шањри Душанбе дар доираи Наќшаи генералии амалкунандаи шањр барои бартараф кардани биноњои мазкур ба тасвиб нарасидааст. Биноњои мазкур тахриб карда намешаванд. Ќудратулло Файзуллоев, сармеъмори шањри Душанбе ба расонањо гуфта буд, ки тахриби биноњои мазкур ташаббуси шањрдорї набудааст: "Мавзўи тахриби ин биноњо аз љониби маќомоти дигари салоњиятдор ба миён гузошта шудааст". Агар масъулини њукумати Тољикистон тасмимашон барои интиќоли театр ба бинои кинотеатри "Тољикистон" иваз накунанд, пас кормандони ин театр њеч не бояд 5 сол мунтазири бунёди Театри миллї бимонанд. Президент Рањмон моњи марти соли гузашта зимни гузоштани санги асос дар сохтмони Театри миллї гуфта буд, ки бояд дар давоми 5 сол бунёд шавад. Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулќосим Лоњутї аз куњнатарин театрњои кишвар мебошад, ки соли 1929 таъсис ёфтааст. Театри ба номи Лоњутї аз соли 1957 инљониб дар бинои кунуниаш фаъолият дорад. Бинои мазкур соли 1953 бунёд гардида, баъди ширкат дар дањаи адабиёт ва фарњанги Тољикистон дар Маскав дар солњои 50-и асри гузашта ин биноро ба театри Лоњутї таќдим кардаанд.
Нилуфар КАРИМОВА
МАФТУНАИ 21-СОЛА БО ФАРЗАНДИ 6-МОЊААШ ДАСТ БА ХУДКУШЇ ЗАД
Мафтуна Рањмоноваи 21-сола худро бо тифли навзодаш ба дарёи Кофарнињон партофта, ба њалокат расидааст. Њодисаи фољеаангези худкушии Мафтуна ва тифли шашмоњааш субњи 2-юми апрел дар шањри Вањдат рух дод. Шоњидон гуфтаанд, ки сарфи назар аз илтиљову таваллои сокинон Мафтуна худ ва фарзандаш - Сулаймонро ба дарё партофї. Њамагї баъди се соати ќазия љасади Мафтунаро дар масофаи 30 километр аз љои њодиса аз дешаи Мавлонои ноњияи
Рўдакї пайдо карда, ба хок месупоранд. Аммо то њол љасади Сулаймонро наёфтаанд. Ориф Нозимов, сухангўи Кумитаи њолатњои фавќулодаи Тољикистон гуфт, ки наљотбахшон дар пайи љустуљўи љасади Сулаймон њастанд, њоло љустуљў дар пањнои оби Кофарнињон дар њудуди ноњияи Ќумсангир идома дорад. Оби дарёи Кофарнињон дар њудуди ноњияњои Ќумсангир ва Шањритус пањн мешавад, эњтимол мешавад, ки љасади тифл дар ин љо ёфт хоњад шуд. Мафтуна Рањмонова њудуди 1,5 сол пеш бо Оятулло Љўраев, сокини дењаи Ќанѓелии ноњияи Файзобод оиала барпо карда, соњиби фарзанд шуда буд. Дар соли равон бори нахуст нест, ки як љавонзан худ ва фарзандашро барои худкушї ба дарё мепартоад. Дар моњи феврали соли љорї Зўњро Мањмуродова 25солаи сокини Норак бо чањор фарзанд худашро ба дарёи Вахш партофт, ки њама ба њалокат расида буданд. Дар соли гузашта чандин њодисањои мушобењ ба вуљуъ омада буд.
БАДАХШОН
ЧЎПОН 21 ЌУТОСИ СОКИНЕРО БА 33 ЊАЗОР СОМОНЇ ФУРУХТААСТ Як чўпон дар ноњияи Мурѓоб барои азхуд кардани 21 сар ќутоси сокини мањаллї муттањам мешавад. Маќомоти корњои дохилии Тољикистон хабар додааст, ки ин чўпон аз як сокини 46солаи ноњияи Мурѓоб 21 сар ќутосро барои нигоњубин гирифта, фурўхтааст. Аз чўпон, ки ном бурда намешавад, ки аз фурўши ќутосњо наздик ба 33 њазор сомонї ба даст оварда, онро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати далели мазкур парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишот идома дорад.
ХАТЛОН
ПАРВАНДАИ МАЪМУРЇ БАРОИ ТАЉЛИЛИ 18-СОЛАГЇ ДАР НОСИРИ ХУСРАВ Як хонандаи мактаби тањсилоти умумї дар ноњияи Носири Хусрав баро таљлили 18солагиаш ба наќзи ќонуни танзим муттањам шудааст. Расонањо аз номи Мафтуна Чориева навиштаанд, ки таљлили 18-солагиашро, ки авоили моњи март баргузор шуд, њељ гоњ фаромўш намекунад. Радиои "Озодї" дар бораи ин ќазия навиштааст, ки ин хонандаи мактаб ба синни балоѓат расиданашро дар њалќаи ањли хонавода ва дўстону њамсинфонаш љашн гирифт, њоло ба поймол кар-
дани ќонун дар бораи расму оинњои мардумї, айбдор мешавад. Мафтуна ба он айбдор мешавад, ки 25 нафар аз њамсинфонро ба хонаашон даъват карда, бо ањли оилаашон њудуди 30 нафар зодрўзашро таљлил кардаанд. Њоло алайњи ин духтар бар асоси моддаи 8 Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурї парванда боз шудааст. Аксњо аз мањфили зодрўз ба дасти омўзгорон ва дигар сокинон ва овозааш ба масъули бахши оид ба корњои дин ва расму оинњо расидааст.
ПОЙТАХТ
ЗАМИНЛАРЗА ДАР САМАРЌАНД ДУШАНБЕРО НИЗ ТАКОН ДОД Соати 17:12-и имрўз, 5-уми апрел заминларзаи шадиде, ки Тољикистонро ларзонд дар шарќи Ўзбакистон рух додааст. Бино ба маълумоти маркази зилзилисанљии аврупоињо, маркази зилзила дар масофаи 159 километр дар шимолу ѓарбии Душанбе, дар музофоти наздик ба Самарќанду Ќаршии
Ўзбакистон рух додааст. Маркази зилзила дар 11 километрии шањри Ургут ва 46 километрии Самарќанд ќарор доштааст, ки тавоноии тибќи љадвали Рихтер баробар ба 5,0 бал арзёбї мешавад. То њол дар бораи хисорот аз ин зизила хабар дода нашудааст.
ЌОНУНИЯТ Ќонуни нави Тољикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатї", ки мавриди амал ќарор гирифт, меъёрњои зидди конститутсионї дошта, институти адвокатураро барњам зада, монеъи рушди миллат мешавад.
Таѓйирот барои адвокатњои гапнодаро Чаро аз баргузории Анљуман, њаводиси мохи сентябр ва њабси адвокатњо хотирра-сон кардам? Барои он, ки ин њама бевосита барои тањияи лоињаи таѓйиру иловањо ба Ќонун рабт дорад. Вазорати адлия барои раисии Иттифоќи навтаъсиси адво-катњо номзади худашро дошт. Аз адвокатњое хостанд, ки дар Анљуман аз номзади онњо њимоя кунанд. Барои ба шахсияти касе нарасидан аз гирифтани ному насаби номзади мавриди ќабули вазорат худдорї мекунам. Аммо дар Анљуман вакилон аз номзадии Саидбек Нуриддинов, адвокати коллегияи "Сипар" љонибдорї карданд. Ин интихоб ба вазорат то љое хуш наомад, адво-катњои гапнодаро интихоби худашонро карданд. Вазорат илољи корро зуд ёфт. Тарњи таѓйиру иловањо ба ќонуни тозаќабулшударо тањия ва пешнињод карданд. Дар њоле, ки ќонун њоло амалан фаъолият намекард. Дар вазорат медонистанд, ки: раиси тозаинтихоби Иттифоќи адвокатњо Саидбек Нуриддинов 18 сол ќабл бо сабаби "мувофиќ набудан ба ишѓоли мансаб" аз вази-фаи судя сабукдўш шудааст; Бузургмењр Ёров, ки шомили Комиссияи санљишии Иттифоќ шуда буд, барои дифоъ аз њуќуќи боздоштшудањои ЊНИТ (њоло фаъоли-яташ манъ нашуда буд) садо баланд карда, Кумитаи љамъиятии дифо аз њуќуќњои онњоро ташкил кард; Шуњрат Ќудратов, адвокати зиндонї ба озодї мебарояду ба фаъолияташ идома хоњад дод; Низомиддин Бегматов, адвокати маъруф (бояд номзади вазоратро љонибдорї мекард, аммо накард) дар шимоли кишвар 11 сол ќабл барои авбошї нисбат ба раиси суди як ноњияи вилояти Суѓд суд шуда буд ва чанд адвокати гапнодаро мунтазам аз шиканља ва камбудињои маќомоти њифзи њуќуќ интиќод мекарданду шикоят менавистанд. Барои аз фаъолияти адвокатї бе-рун кардани чунин адвокатњои гапнодаро вазорат ба моддаи
7
сол доѓи судиашон бардошта мешавад. Онњое, ки љазо шартан татбиќ нагардидааст ва ё љазои мањдудият аз озодї таъин гардидааст, баъди як сол доѓи судї бардошта мешавад. Мафњуми дар ќонуни адвокатура пешбинигардидаи "барои содири љиноят мањкум шуда бошад" худ "мањкум" ин маънои аз озодї махрум шуданро дорад. Аммо, ва-зорати адлия аз рўи ќонуни тањиякардааш њатто ба онњое, ки ним аср пеш ба љавобгарї кашида шуда буданд, метавонад маќоми адвокатї надињад.
Баъди 5 соли супориши Президент Соли 2011 Президент Эмомалї Рањмон дар паёмаш ба Маљлиси Олї дар бораи зарурати ќабули ќонуни нав дар бораи адвокатњо сухан карда буд. Ин иќдоми Президент аз љониби адвокатњои кишвар бо умеде, ки як ќонуни љавобгў ба шароити имрўза дар тањрири нав ва ислоњоти љиддї ќабул хоњад шуд, хуш истиќбол гардид. Тољикистон аз камтарин давлатњое мебошад, ки њуќуќи шањрвандон ба њимоя, ташкили институти адвокатураро дар Конститутсия дар ќатори њокимияти судї ва маќомоти прокуратура љой додааст. Гарчи Президент супориш дода буд, ки дар давоми 11 моњ, то охири соли 2011 лоињаи ќонуни мазкур тањия ва пешнињод шавад, аммо иљроиши ин супориш 5 сол идома ёфт. Роњбари давлат ба њич ваљњ нагуфта буд, ки таќдири адвокатњо ба дўши маќомоти давлатї, яъне Вазорати адлия вогузор шавад. Аммо аз чи сабабе бошад, Вазорати адлия барои омода кардани тарњи ќонун ва зертобеи худ кардани адвокатураи тољик ташаббус кард. Ба ном як гуруњи корї таъсис доду бархе аз адвокатњоро ба он шомил сохт, вале њарфи онњо шунида нашуд. Новобаста аз ин, њар як коллегияи адвокатњо лоињаи худро пешнињод карданд, аммо Вазорати адлия њамаи онњоро нодида гирифта, лоињаи худро ба њукумат ва парлумон пешнињод кард, бидуни баррасињо дар љомеа ва бањси љиддї дар парлумон ќабул шуд. Њамин тавр Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатї" моњи марти соли 2015 ќабул ва њамзамон амали он то 28-уми марти соли 2016 боздошта шуд. Дар ин муддат бояд шакли фаъолият ва дигар корњои ташкилї омода мешуданд. Вазорати адлия бо лоињаи ќонуне, ки худаш навиштаасту ќабул гардид, боз њам ќонеъ нагардид. Моњи ноябри соли 2015 баъди гузаронидани анљумани нахустини Иттифоќи адвокатњо ва интихоби раиси Иттифоќ, њодисањои моњи сентябр ва њаб-си чанд адвокати маъруф зарурати ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонуни мазкурро ба парламент пешнињод кард. Таѓйиру иловањо ворид шуд. Ин њам дар њоле буд, ки ќонуни мазкур њоло амал намекард.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
Раиси КДАМ шудан осон то як адвокат
ФАЙЗИНИСО ВОЊИДОВА ДАР ХОРИЉ КОР МЕЉЎЯД
Як бор ба дигар ќонунњо, ки тартиби ќабули шањрвандонро ба нињодњои интизомию ќудратї ба танзим даровардааст, барои муќоиса назар мекунем. Шояд дар вазорат камтар масъулият эњсос кунанд? Тибќи талаботи моддаи 23 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи маќомоти ам-нияти миллии Љумњурии Тољикистон" корманди маќомоти амнияти миллии ЉТ он шањрвандони Љумњурии Тољикистон шуда метавонанд, ки забони давлатиро до-нанд, аз рўи ќобилияти шахсї ва корї, синну сол, тањсилот ва вазъи саломати-
РАИСИ КДАМ ШУДАН ОСОН ТО ЯК АДВОКАТ. ЧАРО? 12- и Ќонун таѓйирот пешниход кард. Тибќи таѓйироти нав, шахсе ки барои содир кардани љиноят мањкум шудааст ва ё муљозоти мењнатї, аз ќабили хиёнат кардан ба савганди ёд-кардааш, барои амалњои характери коррупсионидошта аз кор сабукдўш шуда бошад, барои соњиб шудан ба маќоми адвокатї њуќуќ надорад.
"Шармандаќонун" Таѓйироти мазкур аз љониби Абдуманон Холиќов, муовини вазири адлия тањия шуда буд. Дар таърихи Тољикистон шояд аз ќонунњое бошад, ки онро бояд "шар-мандаќонун" номем, зеро назираш дар ягон ваќт набуду нест. Ин таѓйирот пеш аз њама хилофи Сарќонун, Кодекси љиноятї, Кодекси мењнат ва як ќатор санадњои њуќуќї мебошад. Тибќи ќонуни мазкур Иттифоќи адвокатњои Љумњурии Тољикистон созмон дода шуд. Иттифоќ - ташкилоти ягонаи мустаќили касбии ѓайридавлатї ва ѓайритиљоратї, ки ба аъзогии њатмии адвокатњои кишвар асос ёфтааст. Адвокат шахсе, ки мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонуни мазкур соњиби маќоми адвокат гардидааст. Дар асоси моддаи 6-и ќонун адвокатура нињоди љомеаи шахрвандї буда, ба низоми маќомоти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дохил намешавад. Акнун худ казоват кунед: модоме адвокатура ба низоми маќомоти давлатї рабте надорад, пас чаро Комиссияи тахассусї, ки дар моддаи 13-и ќонун пешбинї гардидааст, дар назди Вазорати адлия созмон дода шуда, раиси комиссия муовини вазири адлия мебошад??! Чаро ќабул кардан ё накардан ба сафи адвокатњо ва њуќуќи додани маќоми адвокатро муовини вазир ва вазорати адлия њал мекардааст??? Адл сутуни давлатдорї мебошад. Љомеа ба адолат аз њар чизи дигар зиёдтар ниёз дораду онро ЌОНУНИЯТ таъмин мекунад. Агар Вазорати адлия ќонунро нодида гирад, њоли мардум чї мешавад? Моддаи 12-и ќонун тартиби гирифтани маќоми адвокатро пешбинї мекунад. Тибќи он: шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки тахсилоти олии њуќуќшиносї дорад, инчунин на камтар аз ду сол собиќаи корї аз рўи ихтисоси њуќуќшиносї дорад ё коромўзиро дар ташкилоти адвокатї дар муњлати муќаррарнамудаи ќонуни мазкур гузаштааст, метавонад соњиби маќоми адвокатї гардад. Дар ќисми 2-и моддаи мазкур омадааст, ки шахс њуќуќи соњиб шудан ба маќоми адвокат ва машѓул шудан ба фаъолияти адвокатиро надорад, агар: - ба талаботи ќисми 1- и њамин модда љавобгў набошад. Хуб, ќобили ќабул. Барои љавобгў будан ба талаботи ќисми яки моддаи мазкур бояд шахс маълумоти олии њуќуќшиносї, на камтар аз ду сол собиќаи корї аз рўи ихтисос дошта бошад. Тамом, вассалом. Ин буд муќаррарти ќонун, ки барои довталаб њатмї аст.
Аммо вазоратро ин муќаррарот ќонеъ накард, 23-юми нобяри 2015 ба ќонун таѓйиру иловањо пешнињод кард, дар шакли зерин ифода ёфтааст: шахс њуќуќи соњиб шудан ба маќоми адвокатро надорад, агар: - барои содир кардани љиноят мањкум шуда бошад; - аз маќомоти давлатї, судї, адлия, прокуратура, адвокатура, дигар маќомоти њифзи њуќуќ ва хизмати њарбї барои вайрон кардани савганди касбї (ќаблан дар Ќонуни адвокатура савганд ёд кардан пешбинї нагардида буд), содир намудани кирдорњои хусусияти коррурсионидошта аз вазифа озод карда шуда бошад. Дар њич кишвари дунё ин таѓйирот намегузарад, зеро мањдудкунанда асту билахира ба барњам хўрдани институти адвокатура оварда мерасонад. Ин институт бошад, барои фаъолияти низоми судии мустаќил ва рушди миллї шарти асосї мебошад. Аммо парлумони мо, ки њатто 10 фисадашон њуќуќшинос нестанд, (гарчанде ин як шохаи њокимияти ќонунбарори кишвар мањсуб меёбад), бе чуну чаро ин таѓйиротро ба ќонун ворид карданд. Дар њукумати кишвар ва парлумон, ки гоњ-гоње њам худро муборизони зидди коррупсия муаррифї мекунанд, касе напурсид, ки ин гуна таѓйирот омили фасод низ буда метавонад.
аш ўњдадорињои ба ў вогузоршударо иљро карда тавонад. Тибќи моддаи 17 ва 19 Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи милитсия" кор-манди милитсия дар ЉТ шањрванди Љумњурии Тољикистон, ки дар мансаби њайати ќаторї ё роњбарикунанда фаъолият карда, ба ў мутобиќи тартиботи муќарраршуда рутбаи корманди ќаторї ва ё роњбарикунанда дода шудааст. Ба хизмати милитсия шањрвандоне ки доѓи судї доштанд ё доранд ќабул карда намешаванд. Яъне, ин маънои онро надорад, ки минбаъд дар Тољикистон Раиси кумитаи давла-тии амнияти миллї, Вазири корњои дохилї ва ё Прокурори генералї шудан осон-тар аст, нисбат ба соњиб шудан ба маќоми адвокатї? Инчунин, имкони бештар вуљуд дорад барои ба кор ворид шудан ба нињодњои давлатї, интизомї, ќудратї ва њокимияти давлатї нисбат ба аъзои як ташкилоти љамъиятї шудан. Модоме, ки вазорати адлия ва парлумон як иттињодияи љамъиятиро аз нињоди давлатї фарќ карда наметавонад, ба њоли миллат бояд гиря кард, баъд аз як ханда, албатта! Пас ин ислоњоти адвокатура буд ё тарњи шикастани он?
"Љазо" барои љиноёти як аср пеш
Дар асоси ќонуни нав дар як кишваре, ки беш аз 8,5 миллион ањолї дорад чзе зиёдтар аз 300 нафар соњиби маќом ва њуќуќи адвокатї шудаанд. Ќаблан дар кишвар њудуди 1000 адвокат фаъолият мекард. Тољикистон давлати демократї асту њифзи њуќуќњои шањрвандонашро кафолат медињад. Адвокатура институти љомеи шањрвандї буда, бояд њимояи њуќуќии шањрвандонро новобаста аз синну солашон таъмин кунад. Бо 300 нафар њимоятгарон оё арзишњои демократї њифз шуданд? Дар як вилояти Сугд, ки 2,5 миллион ањолї дорад, њоло 30 нафар адвокат ба ин маќом соњиб шудаанд. Тибќи њисоботи Агентии омор дар ду моњи соли 2016 дар љумњурї 4 њазору 600 адад љиноят содир шудааст. Ба сари њар як адвокат њудуди 30 адад парванда рост мео-яд. Дар 24-25 рўзи корї магар ин адвокатњо метавонанд танњо ба њамин одамон кўмаки њуќуќи сифатнок расонанд?! Албатта, не! Ба љуз ин мањдудкунињо вазорати адлия мањдудияти нав љорї кардааст, ки агар довталаб дар донишгоњи ѓайридавлатї ихтисоси њуќуќшиносї гирифта бошад, њуќуќи соњиб шудан ба маќоми адвокатиро надорад. Магар ба ин донишгоњњо вазоратњои давлатї иљозатнома надодаанд? Ин чї љабр аст?! Мо шањрвандони њамон Тољикистони њуќуќбунёдем ё наќшањо дигар шуданду мо бехабар мондем?
Пеш аз њама бояд эътибор дод, ки "мафњуми барои содир кардани љиноят мањкум шуда бошад" њатто дар биёбону љангал истифода намешавад. Дар њамаи ќонунњо доштани доѓи судї ба назар гирифта мешавад. Агар аз рўи ин таѓйирот ба ќонун ањамият дињем, имрўз шахсе, ки як аср ќабл, ба таври мисол солњои 50-60- уми асри 20 суд шуда бошад, адвокат буда наметавонад. Имрўз байни адвокатњо њастанд, ки бархе 20-30 сол ќабл суд шуда, доѓи судиашон лаѓв шуда, тибќи Кодекси љиноятї шахси суднашуда мањсуб меёбанд. Афроде њаст, ки бистучанд сол пеш барои љинояти беэњтиетї, яъне садамаи наќлиётї суд шуда, њамон ваќт аз сафи милитсия озод шуда буд. Онњо имрўз доѓи судї надоранд. Ва ё худи раиси Иттифоќи адвокатњоро 18 сол ќабл барои муносиб набудан ба ишѓоли вазифа аз кор сабукдўш шуда буд. Наход ин шахс тули 18 сол дар адвокатура фаъолият бур-да, то имрўз ба ин маќом муносиб нагардидааст? Ин ќонуну таѓйирот њамчунин њуќуќи шањрвандон ба мењнатро мањдуд мекунад. Тибќи Сарќонун Тољикистон давлати иљтимої мебошад. Шањрвандон њуќуќ ба мењнат доранд. Тибќи моддаи 17-и Сарќонун њама дар назди ќонун баробаранд. Аммо њоло дар асоси ќонуни адвокатњо баробарии шањрвандон зери суол бурда шудааст. Кодекси љиноятии кишвар барњам хўрдани доѓи судиро, њатто барои онњое, ки љиноёти сангин содир кардаанд, пешбинї кардааст. Баъди 8
200 адвокат барои 8,5 млн. ањолї
P.S: Воќеъан, агар барои 5-6 нафар адвокати гапнодаро зарурати таѓйироти ќонун пеш омада бошад, пас исми ин адвокатњои љасур бояд ба Китоби Сурхи олам номнавис шаванд!
8
ТАЌРИЗ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
Ба номи Ту, эй ибтидои вуљуд, Сарам дар сари хома дорад суљуд. Суруш Шеър латифаи зењниест, ки аз шоир њам њунари ифодаи муносибатњои иљтимої, њам ќазовати њодисањои љомеаро баробар талаб мекунад. Шоир донишу биниши фитрию касбї дорад ва нуќсу камбуди љомеаро сариваќт ошкор ва њатто паёмадњои онро даќиќ пешбинї њам карда метавонад. Устод Суруш - Абдуљаббори Шоњањмад аз љумлаи шоироне мебошад, ки мисли шоирони классикамон нигарони арзишњои фарњангиву миллї ва диниву ахлоќии ба олоиш кашидашудаи замони мост. Шоирону адабиётшиносонамон ба ашъори устод Суруш нуќтаи назари худро дар ишорањои шифоњї ва хаттї баён кардаанд. Аз љумла, устод Фарзона дар пешгуфтори "Симоби мањбус"(1998) фармудааст: "Шеъри Суруш шеъри таљрибаву љустуљў ва дарёфтњои тоза аст. Ў фазои фикрии худро боз кардааст ва бо пару боли худаш лаззати парвозро мечашад". Наќду баррасии адабиётшинос Нуралї Нурзод -"Фурўѓи рамзњои шигарф" ва маќолаи интиќодии муњаќќиќ Ромизи Абдулло - "Дар остонаи шинохти шеъри нав"?и устод Суруш аз аввалин корњост. Чаро мунаќќидону адабиётшиносони дигар ба наќди љиддии шеъри ў ва дигар шоирони бартари муосирамон даст наёзондаанд? Ба ин савол дер ё зуд Ваќт аз забони як мунаќќиди тавоною дилсўзи адабиёти муосири тољик љавоб хоњад гуфт. Ин љо њадафи мо баррасї кардани вазъи иљтимоии замон аз нигоњи шоирии устод Суруш аст. Барои ин кор 150 ѓазали дар "Љазираи танњої" омадаи ў истифода бурда шуд. Агар аёбту порчањои хусусияти танќиди иљтимоидоштаи чор маљмўаи ашъори ў "Симоби мањбус", "Фарёди силсилаи хомўшї", "Салиби сафед" ва "Љазираи танњої"-ро баргузинем, як "Ислоњнома"-и љомеа њосил мешавад. Њаќиќатљўї, њаќиќатгўї, бебокию љуръати адабї, ки аз дилсўзии шоир ба мардум маншаъ мегирад, ўро ба наќди љамъият, ёфтани камбуду роњњои њалли масоили иљтимої водоштаасту вомедорад. Як вижагии сурудањои шоир дар "Љазираи танњої" (2009) таърихи иншо доштан аст. Ин хусусият барои хонанда ва муњаќќиќ имконияти тањќиќи даќиќро фароњам меоварад. 150 ѓазали "Љазираи танњої" аз соли 1989 то соли 2008 эљод шуда, 15- тои он пурра интиќодї аст. Чанд матлаъ барои намуна: Љўборњо ба бањр расиданд аз иттифоќ, Сарњад фитод байни бани Одам аз нифоќ (с.205) 22.06.2000 Дар масоњати ялдо дар шабони зулмонї, Рўз мешавад кўтоњ њамчу умри инсонї (с.164, 165) 29.06.2006. Мурданд дар мањаллаи шаб мањчароѓњо, Рафтанд аз ин замона нишоту фароѓњо (с.178) 27.05.2006. Афсона бофтему њаќиќат дурўѓ шуд, Бероња тохтему тариќат дурўѓ шуд (с.187) 26.06.2008. Тањлилу баррасии 15 ѓазали мазкурро, ки оганда аз интиќод ба нияти ислоњи љомеа аст, ба виљдони хонандагони ашъори шоир њавола карда, бо овардани иќтибос ба бозгўии вазъи иљтимої дар "Љазираи танњої" шуруъ мекунем. Дар байти зер шоир бо иборањои нодири "риштаи ранг", "сўзани ањли ќалам", "њаќќи гулдўзї" маќсадашро нињоят устодона баён кардааст: Риштаи ранг аст андар сўзани ањли ќалам, Љуз сияњрўзї набошад њаќќи гулдўзї маро (с.208) 08.05.2005. Шоир аз беадолатии кормандони маќомоти њифзи њуќуќ лаб ба танќид кушода, барои он ки онњо рў ба адлу инсоф биёваранд, маљбур шудааст, ки мастона дод њам занад:
УСТОД СУРУШ - АБДУЉАББОРИ ШОЊАЊМАД
Ахлоќи мардум низ дар ѓазалњои шоир мавриди интиќоди шадид ќарор гирифтааст. Ваќте одобу фарњанги миллї дар љойњои љамъиятї нигоњ дошта намешавад, шоир бо таассуф ва "охирин њасрати асотирї" дар ин бора андешањояшро барои ислоњи њамзамонон чунин рўйи коѓаз мерезад: Боѓњо кўчабоѓи шањватњо, Њосили дил зи кўча дилгирист (с.170) 02.04.2007. Гашта рўзистонї армонњои зебои шабистонї, Тољикистонї пазируфтаст фањши аврупоиро. Чашм мешармад зи боло рафтани домони духтарњо, Сад дареѓ, оре намонда мардњои ориёиро (с.189) 17.07.2004. Сели ѓазаб натиљаи хомист, эй љавон, Берун шавад ба фасли бањор об аз равиш (с.177) 28.06.2007.
ТАФСИРИ МАСОИЛИ ИЉТИМОЇ ДАР "ЉАЗИРАИ ТАНЊОЇ"-И СУРУШ Мастона дод мезанам аз љаври додгоњ, Шояд, ки додгустари мо додгар шавад (с.165) 07.03. 2007. Нигаронии шоир 8 сол пеш аз вазъи забони адабї, ки имрўз њам, бо вуљуди давлатї эълон шудан, њурмату эътибори боиставу шоистаашро ба даст наовардааст, бељо нест. Кўчагї шудани забони мактабу маориф, матбуоту радиову телевизионњо шоирро киноягў кардааст: Гапи кўчагї гуфтан њурмати забони мост, Њар куљо ки дилрањмист, сад ситам њуљум овард (с.187) 25.07.2008 Шоир одамони беореро, ки дар кўчаву бозор ва корхонањо ба номи Худо ќасами бардурўѓ хўрдаву деги зиндагии худро ба рўи оташдони айшу ишрат беѓамона мељунбонанду мељўшонанд, зери тозиёнаи танќид гирифта, ба њимояти љавонони мардикори бепуштибон бармехезад: Оши Худой мехўрад баччу качи худофурўш, Мурдаи мардикорро гиряи зан намерасад (с.188) 02.07. 2008. Инчунин "Дар ин замонаи девона" ном шеъраш гуфтааст: Биё, муњољирати мардонро ба ѓуломии шањрњои сарватманд далели заъфи Эъломияи њуќуќи башар донем ва аљзи талх бигирйем ба њоли худ -яъне ба њоли мо (с.100) 16.05.2000. Шоир 8 сол пеш аз паст рафтани завќи мардум, ки аз "иќтисоди касод" маншаъ мегирад, худро рўњан хаста ва ранљидахотир эњсос карда, чунин хулосаи танќидї баровардааст: Њар ошно, ки суњбати мо орзу кунад, Ањволпурс мешавадам: Ошу нон куљост? Хонандае намонда ба шеъри навиштаам, Эй ту биё, биё, ки дилам ранља аз шумост (с.192) 07.06.2008. Ё: Дар замоне, ки чароѓон нест шоми зиндагї, Нанг меояд дигар аз мањфилафрўзї маро (с.208) 08.05.2005. Аз рўи таърихи иншои байти боло аниќ кардан мумкин аст, ки шоири бедорхобу сермутолиаро бечароѓии моњи апрели соли
2005 ба ангезиш овардааст. Устод Суруш аз бевафої ва номардии ёрони хасакии пулпарасти аз мањдудаи танги "ошу нон" ба бекаронаи "аќлу љон" баромада наметавониста лоиќона натиљаи интиќодї гирифтааст: Гар надорї ошу нон, ошно гурезон аст, Бевафову номарданд њамрањони њамёнї (с.165) 29.09.2006. Баёни шоиронаи вазъи дину диндорї низ дар ѓазалиёти шоир дида мешавад. Шоир дар байти поён ба оѓози исломоварии миллати тољик ишора карда, калимаи мураккаби "табармусулмон"-и халќиро шарњи шоирона додааст: Моро бурида буд табар аз таборамон, Ихлоси мо хулосаи тарсу нињеб буд (с.167) 31.03.2007. Шумори зиёраткунандагони Хонаи Худо аз кишвари мо сол то сол зиёд шуда истодааст, аммо на њама аз он љо имону мусулмонию инсоф меорад: Оби Замзам, эй њољї, назди оби рў шўр аст, Аз Њарам ба мо овар андаке мусалмонї (с.165)29.06.2006. Ин маъниро шоир дар байти зерин зеботар баён кардааст: Ба шодобон чаро аз Замзам оби шўр овардї?! Ба њашр аз оби мо мебар, ки он љо замзамистон аст (с.218) 02.02.2002. Таваљљуњи мардум имрўз ба муќадассоти дин њам хеле зиёд шудааст, аммо ин рў оварданњо њанўз рўякист, на решагист: Чист Ќуръон? -Китоби ањли азо Монад аз баъди мо дуо гуфтан (с.179) 30.03.2007. 16 сол пеш ва имрўз њам шоир дар байти поён намози љумъаро омили якнигоњу якдил шудани мусалмонони кишвар ва љањон медонисту медонад: Нигањ тавњиди мардумњост дар олам чариданњо, Намози љумъа нури вањдати аљдоду авлод аст (с.197) 15.05.2000. "Љазираи танњої"-е, ки устод Суруш дар он аз нокасон бо худии сиддиќаш гурехтаву ба танњоии худ мепаноњад, ин Дил аст, яъне Хонаи Худо: Аз нокасон гурехтаам андаруни дил, Эй ёри ёр, ёд кун ин ёри ѓорро (с.198) 19.04.2000.
Суст аст байни насли љавон ањди издивољ, Сахт аст рўзи кўдаки навзода аз талоќ (с.205) 22.06.2000. Сухан, эй духтари доманбурида, нимаурён аст, Хамўшї љуз надомат дар малоли лаб газидан нест. Сароби шањват аз худ мефиребад ташнакомонро, Њаё гар пардаи чашм аст, аз бањри даридан нест (с.212) 31.01.2001. Эй љавони зи асли худ ѓофил, рањ набурдї ба шаш маќоми дил, Наѓмаи бемаќоми афрангї мебарад оќибат ба афрангат (с.239). 06.09.1999. Мо њам баъди овардани охирин хитобаи устод Суруш ночорем дунболи маънии байти зерини ў аз њудуди кишвар берунтар равем то остонаи сиёњрўии Ќасри сафед: Милал дар созмоне муттањид гардида дар зоњир, Вагарна дилљудоии башар дар парчамистон аст (с.218) 02.02.2002. Шоир љое дигар аз ситояндаи СММ кинояомез гила кардааст: Созмонеро ситоиш карданатро ќоилам, Во дареѓ аз мову ту в-аз ин љањони парчамї (с.176) 24.05.2008. Ибораи "љањони парчамї" вањдати зоњирї ва аз зўри худнамоиву ќудратхоњии мамлакатњои абарќудрат парча-парча шудани давлатњои камзўрро ифода мекунад. Чи тавре мушоњида шуд, вазъи иљтимої дар "Љазираи танњої" -и устод Суруш, ки аз Дили барои Инсон оби ў сар шуда, тамоми обу хушкии сайёраи Заминро фаро мегирад, 8-10 сол пеш њам он ќадар хуб набудааст ва имрўз њам, чунонки мебинем. Пас бояд чї кард?! Бояд њар кас чун устод Суруш дар "Љазираи танњої"-яш аз барои Худо ва халќи Ў аз сараки сабзиш то реша ба кору андеша равад, то насли имрўзу ояндаи њазрати Одам дар олам ба ислоњи худ ва љомеа моил ва ноил шавад. Шодї Њасани ШАРИФНИЁ, Омўзгори кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобољон Ѓафуров
«ПАНАМА-ГЕЙТ» Биёед ман ба шумо дар бораи муњимтарин нуктаи тањќиќоти љолиби Консорсиуми байнулмилалии журналистони тадќиќотгар , ки њоло атрофаш зиёд наќл мекунанд ва аз сабаби њаљми бузурги гузориш гумон аст онро њама бихонанд, наќл кунам. Дафъатан посух медињам, ки муњим аст дарк кард: тадќиќот бар пояи маълумоти ширкати панамиёии њуќуќї сурат гирифтааст. Аз ин рў ин њатто "нўги куњяхи моликияти офшории соњибмансабон" нест, балки он ќисмати тамоман начандон калони он аст. Аз сўйи дигар њамин њиссаи начандон бузург њам ба бозхонди президент Путин метавонад сабаб шавад. Инак, њаќоиќи љолибтарин ва ёфтањо, ки ба таври мустаќим ба шањрвандони Русия марбутанд: 1. Мусиќинавоз Ролдугин - яке аз њамёнњои Путин. Яке аз њамёнњои асосии Путин кашф шуд. Ин кадом як соњибкоре нест, ки дар сохторњои давлатї фаъолият дошта бошад. Сергей Ролдугин - дўсти ќадима ва падари тамъидии духтарони Путин аст. Одаме, ки мавриди шубња ќарор намегирад ва ба соњибкориву тиљорат рабте надорад. Мусиќинавоз аст ва ўро чї рабте ба пул ва офшорњо? Маълум мешавад, ки ба ин мусиќанавози фурўтан на камтар аз 2?000?000?000 долларро ба суратњисоби офшорї навиштаанд. Ваќте ту президенти як кишвари басо обрўманд њастї, аз буља дуздидани пул бароят хеле осон аст. Мушкил пинњон кардан ва мушкилтар аз њама масрафи он аст. Мо албатта, медонем, ки сармояњои дўстони машњури президент Тимченко, Ротенбергњо ва Ковалчукњо низ ба ин ё он сарнавиште мансубият ба Путин доранд. Вале наметавон Ротенбергњоро нигоњдорандаи номиналї номид, чун онњо пурра бизнесро идора мекунанд. Ваќте ту пулњои Ротенбергро барои харидани хона ба арўсњои худ (ба бибињои онњо) истифода мебарї, имкони маљарое назири мољарои пешина вуљуд дорад. Андешаи Путин он аст, ки бояд пулњои дуздидаашро дар љойи амну муътамад нигоњ дорад, дар дасти як персонаже, ки бегумон аст - мусиќинавози машњури виолочелист, шахсе, ки хеле вафодор ва поквиљдон аст (дар ќиёс бо раисаш) ва хоксору фурўтан. Нодону сафсатагў њам нест. Аммо дар ин тарњи зиракона љойи заъф низ њаст. Њатто боистеъдодтарин мусиќинавози олам ва маълуму машњур њам наметавонад ин миќдор пул дошта бошад! Бонкњои давлатї ба виоллончелистњо миллионњо доллар ќарз њам намедињанд. Сарватмандон њам намедињанд, ки баъдтар онро бубахшанд. Идоракунандагони Роснафт ва Сбербанк њам ба ин муаммои љиної сар фуру намебаранд, то ки мусиќинавозро бо миллионњо доллари офшор сарватманд кунанд. Ролдугин низ наметавонад дар ин замина чизе бигўяд. Њатто ба пурсиши шумо хеле муаддабона мегўяд: "Бачањо, ростї ман њоло ягон шарње дода наметавонам. Ман бояд бибинам ва дарк кунам, ки чї бояд гўям ва чї нагўям. Ман метарсам мусоњиба дињам. Ваќте ман ба як олмонї мусоњиба надодам, онњо навиштанд, ки Путин ба њадде атрофиёнашро тарсонидааст, ки онњо метарсанд њарф зананд. Ана њамин гуна маро дар њолати ногувор мемонанд. Ман медонам, ки ин љо чизњои басо муњиме њастанд. Оё ба тиљорат сарукор дорам ё на. Пулњо аз куљоянд? Аз кї? Ман њамаи инро медонам. Инњо чизњои нозуканд". 2. Тарњи пур кардани њамёни Путин. Мордашов, Керимов, Ротенбергњо, Сечин, Миллер, Костин ва дигарон. Љолибтар аз њама дар бахши русиягии тафтишот ин на њатто худи Ролдугин, балки шарњи он ки тарњи асосии коррупсионии мамлакат чї гуна кор мекунад - наќшаи ѓанисозии худи Путин ва хонаводаи ўст. Пулњо аз куљоянд, чї гуна ин
СЕРГЕЙ РОЛДУГИН - ДЎСТИ ЌАДИМА ВА ПАДАРИ ТАМЪИДИИ ДУХТАРОНИ ПУТИН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
9
ри зарба ба сараш бо љисми сахту кунд ба њалокат расидааст. Мефањмам, ки њамаи ин чун ќиссаи детективї менамояд, вале айнан чунин аст. Соњибмансаби фасодзада, ки кўмак карда буд то пулњои Путин љобаљо карда шаванд, хост ба ИМА равад ва дар он љо амволи ѓайриманќули зиёдеро харидорї кард, вале аз чї бошад, ки дар як њолати пурасрор ва мармузе бо зарба хўрдан ба сараш бо ашёи сахту кунд дар мењмонхона ба њалокат расид. 5. Навка ба Песков соат туњфа кард ва ў ба вай офшори Панама. Ёфтањои дигари љолиб офшори њамсари котиби матбуотии президент Песков Татяна Навка мебошанд. Он соли 2014, замоне, ки аллакай бо Песков ир-
МИЛЛИАРДЊОИ ПУТИН Ё дар бораи тафтишоти Консорсиуми байнулмилалии журналистони тадќиќотгар чиро бояд донист? сўву он сў гардиш карданд, чї гуна шустушў шуданд ва ба чї коре масраф гардиданд. Пулњо аз куљоянд? Макру њилла асосан сари коѓазњои арзишнок ва ќарзњост. Таърихи фурўши сањмияњои Роснефт навишта мешавад. Дар як рўз муоњадаи фурўши сањмияњо ба ширкати Ролдугин баста шуд ва худи њамон рўз онро лаѓв карданд. Ба Ролдугин тибќи шартњои муоњада зарурати пардохти 750 000 доллар љаримаи ањдшиканї пеш меояд. Зўр, ња! Ва ё боз. Ширкати Алексей Мордашов ("Северсталь") ба ширкати Ролдугин 6 миллион доллар ќарз медињад ва филњол онро мебахшад. Њодисаи њамсон бо Керимов ва Ротенбергњо (ба љуз Игор, ки соњиби системаи Платон мебошад) рух медињад. Њамин тариќ агар дар оянда ваќте мепурсанд, ки чарои системаи бољи роњи Платонро ба роњ мондед ва кист миёнарав, метавон хеле бољуръатон гуфт, ки Путин! Боз кї ба ин љашнвора ва ид ширкат дошт ва ба Путин пул партофт? Албатта, бонкњои давлатї. Ин љо бонки "дўстдоштаи" мо Russian Commercial Bank, духтари киприи ВТБ, ки ба офшори ролдугинї 650 миллион доллар эњдо намуд ва худ барои худ љанбањои манфиву мусбати дастрасии номањдуд ба пулњоро таъмин кард. Ба ин љараён њамчунин Сбербанк низ њамроњ карда шуд. Зимнан, ин њама каме ба тарњи сармоягузории ќасри Путин дар Геленљик шабоњат дорад - аввалин њодисаи ошкоршудаи коррупсионї, ки шахсан Путин ва дўсти вай Шамалов (падари Кирилл Шамалов - шавњари яке аз духтарони Путин) ташкил карда буданд. Дар наќшаи пур кардани њамёни Путин Керимов, Мордашов, Костин ва менељменти ВТБ, Сечин ва роњбарони Роснефт, роњбарони Сбербанк дида мешаванд ва ширкати онон бо аснод тайид шудааст. Њамаи онњо бояд ба љавобгарї кашида шаванд, бидуни шаку шубња бояд вориди њам ба рўйхатњои тањриммњо њамроњ карда шаванд. Пулшўї ва додани ришва ба шахсони мансабдор низ љой дорад. Хуб буд агар ин ришваро аз љайби худ медоданд, вале на, ришва низ аз љайби давлат, аз ширкатњои давлатї ва бонкњо дода шудааст. Пулњо куљо сарф шуданд? Асосан барои хушунудсозии Путин ва хонаводаи ў. Масалан, барои истироњатгоњи лижаронии куњии Игор дар наздикии Санк-Петербург (ки расман ба номи Ковалчук номнавис шудааст). Тўйи духтари хурдии Путин Катерина Тихонова ва Кирилл Шамалов мањз дар њамон љо баргузор шуд. 3. Путин истироњатгоњи лижаронии куњї дорад, соњиби сањмияњо дар КА-
МАЗ, АВТОВАЗ ва Видео Интернешнл мебошад. Ѓайр аз итироњатгоњи номбурдашуда пулњо аз офшори Ролдугин барои сањмияњои дар КАМАЗ, АВТОВАЗ ва ширкати Видео Интренешнл низ масраф шуданд. Њамаи ин ширкатњо метавонанд нафаси озод кашанд, чун буњрон ба онњо таъсире нахоњад дошт, зеро њамаи онњо зери назорати шахсии президент мебошанд. Ба Видео Интернешнл, чун ширкате, ки то њадде бозори рекломи Русияро назорат мекунад, метавон махсус таваљљуњ намуд. Дар умум сохтори сањњомии ин ширкат зери њафт ќуфл махфист, вале дирўз мо фањмидем, ки њамон офшори ролдугинї 20 дарсади сањмияњои онро низ дар ихтиёр дорад. 4. Лесин њама љузъиёти кори "офшори Путин"-ро медонист. Асосгузор ва сањњомии ширкати "Видео Интернешнл" Михаил Юревич Лесин буд. Ва метавон њадс зад, ки Лесин наметавонист надонад, ки сањњоми бузурги фарзанди вай президент Путин ба шумор меравад. Вале ин љолибтарин бахши достон нест. Guardian-и бритониёї љузъиёти муњими дигарро навишт. Аммо аз чї бошад, ки сомонаи "Новая газета" дар ин бора ишора накардааст. Guardian навишт, ки соли 2012 "атрофиёни Путин" асабонї шуданд ва аз офшори Панамо дигар истифода накарданд. Њамаи амалиётњои нопок аз Панама ба Љазирањои Виргин кўч дода шуданд. Офшори нав ба ширкати Михаил Лесин иртибот дорад. Ин аст, ки тахмини машњур дар бораи он ки "Лесин чизе намедонист", ё "Лесин наметавонист чизе бигўяд" асос надорад. Ёдовар мешавем, ки моњи ноябри соли 2015 љасади бељони Лесин дар мењмонхонаи Вашингтон пайдо шуд ва тибќи маводњои тафтишот вай бар аса-
тибот дошт, ба ќайд гирифта шуда буд (соли 2014 онњо соњиби духтар шуда буданд, вале таърихи издивољашон даќиќ нест). Нуктаи љолиб он аст, ки худи Навка намедонад, ки соњиби офшор аст. Ба назар мерасад худи ў њатто намедонад, ки ба Песков соати арзишаш 620 000 долларї туњфа кардааст. Иќтибос: Дар суњбат бо "Новая газета" Татяна Навка мегўяд: "Ман на ягон ширкати офшорї доштам, на суратњисоб. Аслан бо ягон ширкати хориљї иртиботе надоштам". Ба саволи мо оё имкон дорад, ки касе аз њуљљатњои ў (нусхаи шиносномаи хориљї ва пардохти њаќи истифодаи манзил) истифода кардаасту ў хабар надорад, посух дод: "Ман намедонам кї ин корро карда метавониста бошад. Худи ман мехостам инро донам". 6. Ликсутов на танњо аз метро пул кор мекунад, балки аз метанол низ. Аз "фошкории панамї" мо донистем, ки тиљорати Лискутов хеле гуногун аст. Вазири наќлиёти Маскав на танњо аз наќлиёт, балки аз тиљорати метанол низ сармоя меѓундорад. 7. Ва боз як ошнои мо Александр Бабаков низ соњиби офшори панамї будааст. Мо хеле зиёд дар бораи Александр Бабаков, яке аз вакилони фаќири Дума (агар аз рўйи эъломияњои он њукм кунем) менависем. Мо аллакай дар Порис кушки ўро ошкор кардем, хонаи ўро дар наздикии бурљи Эйфел ёфтем. Файлњои панамї ўро чун калонтарин бозингари бозори энержї дар Укроин - VS Energy медонанд. Алексей НАВАЛНИЙ, navalny.com
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
Дар 51-солагї ба ќудрат расид, баъди 25 сол дар синни 74солагї аз кишвараш фирор кард. Бо табаддулот ба њокимият даст ёфт ва бо њамин шева сарнагун шуд. Яъне, он чи худ кишта буд, онро дарав кард. Президент Њабиб Бурќуйбаро сарнагун кард ва љояш нишаст. Бурќиба соли 2000 дар синни 97-солагї дар ватанаш Тунис аз олам даргузашт ва он љо ба хоби абад рафт. Вале барои Бин Алї сарнавишти дигар насиб шуд: панљ сол аст, ки дар ѓарибист ва дар њаштодсолагї бо тани ранљур зањри фироќи Ватан мехўрад.. Зайналобиддин Бин Алї 3-уми сентябри соли 1936 дар хонаводаи серфарзанд ба дунё омад, онњо шаш писару панљ духтар буданд. Дар литсеи Сус соњиби маълумоти миёна шуд. Мегўянд аз замони мактабхонї ба фаъолиятњои инќилобї барои касби истиќлолияти кишвараш оѓоз кардааст ва узви созмони пинњонкори мубориз будааст. Замони наврасиву љавонї борњо боздошт ва ба муњлатњои гуногун зиндонї шудааст. Ба ќавле дар як мактаби мубориза ва талош барои истиќлолият ва худшиносиии миллї ба камол расидааст. Тунис замоне ба истиќлолият расид, ки Алї њамагї бист сол дошт ва ќатори чандин љавони болаёќат ў низ ба мактаби њарбии Фаронса эъзом шуд. Дар Сен-Сир мактаби олии њарбиро хатм кард, баъдан њам вай дипломи муассисаи њарбии обрўмандро соњиб шуд, аз љумла дар Шалон-на-Марн (Фаронса) мактаби олии љосусї ва бехатарї, дар ИМА мактаби Мудофеаи зиддињавоиро хатм намуд. Тадриљан ба рутбаи генералї низ расид. Соли 1974 Бин Алиро намояндаи низомии Тунис дар Марокаш таъин мекунанд. Баъди бозгашт вай сарвари котиботи Вазорати мудофиа мешавад ва моњи декабри њамон сол ба вазифаи директори генералии Хадамоти амнияти миллї таъин мегардад. Моњи апрели соли 1980 ба фаъолияти дипломатї оѓоз мекунад ва дар Лањистон сафир таъин мешавад. Баъди чор соли сафирї дар Хадамоти амнияти миллї ба идомаи фаъолият мепардозад. Дањ моњ пас муншии давлатї оид ба масъалањои амният ва соле баъд вазири амнияти Тунис таъин мешавад. РОЊИ ЊАМВОРИ РАСИДАН БА ЌУДРАТ Бўйи њокимият аз соли 1986, ваќте президент Њабиб Бурќуйба ўро вазири корњои дохилї таъин мекунад, ба машомаш мерасад. Њамон сол вай узви бюрои сиёсї ва њамзамон љонишини дабири кулии њизби Сотсиалистии њоким интихоб мешавад. Соле баъд ба мартабаи вазири давлат мерасад, ки ин обрўи фазояндаи сиёсии ўро боз њам болотар мебарад. Ва каме баъд Сарвазири Тунис таъин мешавад. Ин замоне буд, ки вазъи иљтимої дар Тунис бад мешуд, фишор болои неруњои сиёсї меафзуд. Бин Алї он замон тасмим гирифт барои аз вазифа барканор кардани президенти пир тадбирњо андешад. Зеро Констиутсияи мамлакат ин њаќро ба ў медод, ки дар сурати фавт ё барканории президент сарвазир љойгузини ў мешавад ва давлатро то интихоботи навбатї идора мекунад. 7-уми ноябри соли 1987 дар натиљаи "инќилоби ёсуман" Бин Алї ба ќудрат расид. Инќилоб ба низоми њукмронии якумрии як президент хотима дод, то дигарї биёяд. Аз њамон сол то моњи январи соли 2011, яъне муддати ќарид 25 сол вай роњбари бебадали Тунис буд. Њарчанд низоми якумрии њокимияти президент ба интихобї будани он дар њар чор сол табдил шуд, вале њамеша мањз ў "пирўз мешуд". Соли 2002 њатто дар як њамапурсї ба Конститутсяи таѓйирот ворид кард: пештар як нафар то се бор њаќ дошт номзад ба президент бошад. Аммо ин мањдудиятро лаѓв намуд, њамзамон синну соли президентро то 75 солагї боло бурд. ЗАМОНИ БИН АЛЇ ДАР ТУНИС СММ дар як њисоботаш овард, ки дар замони њокимияти 25-солаи Бин Алї даромади ањолии ин кишвар то дањ баробар (!) афзуд. Агар соли 1984 14 дарсади ањолии Тунис дар фаќр зиндагї мекард, соли 2010 ин нишондињанда то 3,8 дарсад коњиш ёфта буд. Давомнокии умр ба таври мушоњидашаванда боло рафт ва умри миёнаи сокинон ба 75 сол расид. 21 дарсади сокинони Тунис соњи-
ДИКТАТОР
ЗАЙНАЛОБИДДИН БИН АЛЇ АЛЊОЛ ДАР АРАБИСТОНИ САУДЇ ФИРОРЇ АСТ
то гулў аз нодонии ту серам. Ба њавопаймо нишин, ноќисулаќл!" Овозањое њам буданд, ки дар ин њавопаймо хонаводаи Алї якуним тонна тиллои хазинаи Тунисро низ бор карда буданд. Ба Лайло сардори пулиси Тунис Алї Сериатї кўмак мекард, то президенти 74-сола зўран ба тайёра нишонда шавад. Вай бархилофи занаш президентро дашном намедод, балки дилбардорї мекард, ки ин рафтани муваќќат аст, онњо пас аз фурсате бармегардангд. Аммо њоло шояд Бин Алї донист, ки дигар ба сарзаминаш барнамегардад, роњњои бозгаштро њукумати нав ба рўяш баст ва ин орзуро акнун ба хок мебарад... Алї бо хонаводааш ба Арабистони Саудї паноњ бурд ва то њол дар ин кишвар зиндагонї мекунад. Мисле, ки Амир Олимхон Аморати Бухороро тарк карду дар Афѓонистон панањ бурд, то барои якумр зиндонии хона шавад. Расонањо дар бораи асрори дороињои наздикони Алї баъди суќути њокимияташ зиёд навиштанд. Аз љумла гуфта мешуд, ки танњо дар Порис онњо дањњо амволи ѓайриманќул доштанд, ки арзиши умумиашон метавонист
ПРЕЗИДЕНТЕ, КИ АЗ УЊДАИ ИДОРАИ САРТАРОШУ ЗАНАШ НАБАРОМАД би мошин, 82 дарсади онњо дар хона яхдон доштанд ва њама соњиби телефонњои мобилї буданд. ММД ба њар нафар ањолї аз 3,5 динори тунисї (2,7 њазор доллари ИМА) то 5 њазор динор (3,9 њазор доллар) расид. Ќонунњои Тунис он имконро фароњам оварда буданд, ки ањолї аз бесоводї рањо шуда, сатњи маъломотнокии он ба маротиб боло равад. Дар ин солњо Тунис ба узвияти Созмони љањонии тиљорат пазируфта шуд. Ба аќидаи коршиносон ў тавонист сулњу субот дар Тунисро њифз кунаду кишварро нисбатан хуб идора намояд, аммо аз уњдаи идораи сартарошу занаш намебаромад. "ЛАЙЛО ШАХСЕСТ, КИ ЎРО ДАР ТУНИС ЊАМА БАД МЕБИНАНД..." Сарнавишти Бин Алиро метавон аз талхтарин сарнавишти њокимоне омид, ки аз дасти зан ба љањолати сиёсї задаву дар миёни љомеа беобрў шудаанд. Бин Алї ду маротиба издивољ кардааст. Дар бораи њамсари аввалаи ў Наима Кефї маълумоти зиёде нест. Шояд аз он ки ин ду тан соли 1992, њамагї баъди панљ соли оѓози президентии Бин Алї аз њам људо шуда буданд. Президенти 56-солаи Тунис ба чанги сартарошаш Лайло Трабелсии 36-сола гирифтор шуд ва шояд баъдан борњо ба он рўзе њам лаънат хонда бошад, ки дилаш зани љавон кашид. Замоне, ки онњо ошиќу маъшуќ буданд, Лайло иддио кард, ки аз ў писар њомиладор шудааст ва талаб кард, ки ба зудї аз Наима људо шавад. Бин Алї њамин тур кард, вале ду фарзанди аввали Лайло боз њам духтар буданд, танњо дар сеюмин њомилагї рўйи писар дид. Дањ бародари зани президент Лайло аз хонаводаи ќабилањои хеле машњури Тунис буд, ки дањ бародар дошт ва бо истифода аз хоњар њамаи онњо ба домани фасод дар кишвар даст заданд. Њатто ин фољеаро њамсари Ёсир Арафоти марњум Сухо Арафот мушоњида кардааст ва WikiLeaks аз суханони ў ин иќтибосро меорад: "Президент њар коре њамсараш мефармояд, иљро мекунад. Лайло ва хонаводааш њар чизе каме арзиш дорад, медузданд. Лайло шахсест, ки ўро дар Тунис њама бад мебинанд". Wikileaks аз номаи сафири Амрико дар Тунис иќтибос оварда буд: "Фасод дар доираи хурд рў ба афзоиш аст. Њатто оддитарин сокини Тунис дар ин бора медонад. Сокинони ин кишвар њамсари президентро на танњо дўст намедоранд, балки чашми дидан надоранд". Соли 2010 Бин Алї эълон кард, ки дар интихоботи ќарибулвуќуъ ширкат намекунад, вале миёни мардум он овоза пањн шуд, ки ба љойи ў њамсараш Лайло омода аст барои курсии президентї талош кунад. Ин замоне буд, ки њукумат аз боло бурдани арзиши нон ба њадди 50 дарсад дар кишвар хабар дод. Њамаи ин боис шуд, ки ба оташи ѓазаби мардум равѓан резад ва одамон даст ба тазоњуроти густарда зананд. "МАН ТО ГУЛЎ АЗ НОДОНИИ ТУ СЕРАМ..." Бин Алї аввалин ќурбонии "бањори араб" буд. 17-уми декабри соли 2010 аробакаши бе-
САРТАРОШИ ПРЕЗИДЕНТ, КИ ЊАМСАРАШ ГАШТА, БИЗНЕСЛЕДИ ВА СИЁСАТМАДОР ШУД
кормонда Муњаммад Боазизї ба нишони эътироз аз сиёсатњои иќтисодии њукумат худро дар майдони шањр, пеши чашми садњо нафар оташ зад. Ин таконе шуд ба тазоњуротњои мардумї, ки Бин Алї интизории онро надошт. Худи Муњаммад Боазизї дар бемористон љон дод, њарчанд барои наљоташ талош карданд, вале чун бештари љасади ў сўхта буд, нахест. Марги ў барои озодихоњон парчам шуд, ќасоси ў аз режим садњо њазорро дар сар то сари кишвар ба по хезонд. Мардуми аз зулми як низоми хонаводагї ба додомада билахира даъвои озодї ва сарнагунии ин хонадони ѓўтида дар фасод карданд. Аммо тањлилгароне, ки рўйдодњои Тунисро ба риштаи тањлил кашидаанд, боз њам љурми бештарро ба сари њамсари дуввуми Бин Алї Лайло Трабелсї бор мекунанд. Мегўянд хашми мардум бештар аз хонаводи президент буд, ки таъсири муассире дар сиёсатњои шавњараш дошт. 14 - уми январ президент њукуматро ба истеъфо фиристод ва интихоботи зудраси парламониро таъин кард. Вале худи њамон рўз вай зери фишори издињоми ба шўромада ногузир шуд кишварро тарк кунад. Ин такрори таърих буд. Замоне худи Бин Алї њокимиятро бо роњандозии инќилоби мардумї ѓасб карда буд ва баъди 25 сол он рўз такрор шуд. Дар бораи лањзаи фирори президент навиштањо зиёданд. Мегўянд дар охирин лањзањо Бин Алї намехост аз Тунис берун шавад, њатто мегуфт, ин хоки аљдодии ўст ва мехоњад дар њамин љо бимирад. Маљаллаи фаронсавии "Nouvel Observateur" сањнаи ба фурудгоњ омадани Бин Алї ва хонаводаи ўро ба ќалам кашида буд. Гузоришгари ин нашрия менавишт, ки дар фурудгоњ ѓайричашмдошти њамагон Бин Алї изњор дошт, ки намеравад ва дар Тунис мемонад ва ин љо мемирад. Вале дар посух њамсараш Лайло ўро ба њавопаймо тела дод ва гуфт: "Ман
бештар аз 200 миллион евро бошад. The New Times як рўйхати нисбатан комили ин амвол ва дороињоро интишор дода буд. Баъди фирори президент ва хонаводааш хадамоти махсуси Тунис дар ќасри президент пинњонгоњеро ошкор карданд, ки дар он миллионњо доллар, евро, алмос ва тилло пинњон карда шуда буд. Ин пинњонгоњњо паси суратњо, рафњои китоби китобхонаи ќаср фош шуданд. Инњоро хонаводаи президент барои рўзи мабодо гузошта буд, вале аз саросемагї њамаро ё фаромўш карданд ва ё фурсати бурдан наёфтанд. Лайло Трабелсиро прокуратураи Тунис ба ѓасби 45 миллион евро аз хазинаи Тунис айбдор мекунад. ТУНИС БАЪДИ БИН АЛЇ Сокинон мегўянд, замони Бин Алї дар кишвар як њизби њоким ва се хусањизб мављуд буд, ки ба хотири демократї нишон додани режим созмон ёфта буданд. Аммо баъди суќути низом њудудан 120 њизбу њаракат вориди майдони сиёсї шудаанд. Њар њафта дар гўшае тазоњуроту гирдињамої баргузор мешавад ва њарчанд на њамеша, вале њолатњое ин њамоишњо ба хушунат мепечанд. Озодињои сиёсї то љое таъминанд. Расонањо озоданду низоми судии мустаќил тадриљан шакл мегирад. Фасод дар сатњи давлатї камтар шудааст. Дар масъалаи иќтисодї таѓйироте дида мешавад.Сатњи зиндагии мардум дар ќиёс ба даврони Бин Алї поин рафт. Маоши мардум аз 300 то 400 долларро ташкил медињад. Мизони бекорї дар сатњи кишварњои аврупоист. Ба истиснои солгарди инќилоб аз президент Бин Алї дар Тунис касе дар расонањо ёд намекунад. Сартарош Лайло њамоно ќањрамони латифањост.
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
САЊФАИ ВОЛИДОН НАМУНА Бо устод Султони Њамад, рўзноманигори маъруф ва тањлилгари борикназар собиќаи ошноии бештар аз сисола дорам. Аљаб давронеро пушти сар кардаем. Дар тўйю нишот њам будему дар ѓурбату муњољират њам. Дар як утоќ њамкору њамнишаст низ. Гоњо шуда, ки як бурда нони ѓурбатро бо њам дидаем, як коса шарбати муњољиратро њам бо њам нўшидаем. Ва гоњи дигар навиштаи худро пешаш гузоштаву мунтазир будам, ки эродашро бишнаваму ислоњ кунам. Як њарферо агар нољо дар навиштаи ман меёфт, сарам ба осон мерасид, чун ин эроди ў буд, на каси дигар. Њамагї як рўз пеш зодрўз дошт. Дар сањфаи Фейсбукаш якљо бо њарфу њиљои шодбошї гул меборид. Хеле дўстони маљозии зиёд дорад, вале самимтарину ошиќтарин дўстонаш фарзандони ўянд, пайвандонаш, ки иддае њоло дар мусофират ва дур аз ў ќарор доранд. Шахсан ман хеле кам дидаам, ки як фарзанд бо ин муњаббати саршор бо падар вориди муколама дар олами маљозї шуда бошад. Устод Султон падари њамин гуна фарзандон аст, ки банда њам саодати њамнишиниву кор бо Љањонгир, фарзанди кўчаки устод доштам ва аз фарњанги муносибату одобаш бохабарам. Устод Султони Њамад худ дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст ва мегўяд худорањматии падарам Пираков Њамад, маълумоти ибтидої дошт, Модари шодравонам Њадиса Одинаева њам синфи якро хонда буду халос. Падарам, ки иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї буд, соли 1950 дар синни 28-солагї ба ятимдухтари 18-сола, ки дар мактаби миёнаи дењаи Лољирки ноњияи Сангвор фаррошї мекард, хонадор мешавад. Ду сол баъд аз ин издивољ нахустфарзандашон -ман таваллуд мешавам". Онњоро соли 1953 аз Вахё ба водии Вахш муњољир мекунанд. Сарнавишт ва шеваи зиндагии ин хонадон худ як достони шуниданист, ки мухтасарашро аз забони худи устод Њамад меорем: Дар ноњияи Љилликул, ки њоло Дўстї ном гирифтааст, боз њафт бародару чор хоњарам таваллуд мешаванд. Як бародарам дар синни хурдсолї вафот мекунад, бародари дигарамро, ки милиса буд ва 8 фарзанд дошт, соли 1993 силоњбадастон ба шањодат расонданд. Дигар њама шукри Худо имрўз дар ќайди њаётанду соњиби хонаву даранду ва њам фарзанду наберадор шудаанд. Падару модарам бо вуљуди надоштани донишу маълумоти њатто миёнаи нопурра ба
ОИЛАИ СУЛТОН ЊАМАД
ме, ки фарзанди бузургам Муњиддинљон 5сола буд (њоло шукри Худо 41 сол дорад), ман аз кашидани сигор худдорї кардам. Ин одати номатлубро партофтам. Худоро шукр, ки то имрўз аз чор писарам ягон нафарашро надидаам, ки сигор кашад. Шодам, ки корњои хубамро ба мушоњида гирифтаанду ба онњо пайравї мекунанд. Масалан онњо дар кўдакї ва наврасї медиданд, ки ман чи гуна њурмати падару модарро ба љо меовардам. Њамин гуна муносибатро имрўз онњо дар њаќќи ман раво медоранд. Зеро онњо хуб дарк кардаанд, ки замоне фаро хоњад расид, ки њамин гуна муносибатро онњо аз фарзандони худ хоњанд дид. Шукри Парвардигор, ки шаш фарзанд дорам. Чор писар, ду духтар. Њамаашон издивољ
Султони ЊАМАД: ФАРЗАНДИ СОЛИМ
ДАР ОИЛАИ СОЛИМ БА КАМОЛ МЕРАСАД тарбияи фарзандон ањамияти љиддї медоданд. Зикри хайри ин љињати падари бузургворамро муаллими нахустинам дар мактаби миёна, ки баъдан то ректории Донишгоњи давлатии омўзгории ба номи устод Айнї расид, устоди гиромиќадр, доктори илмњои филологї, профессор Худойназар Асозода дар љилди аввали китоби зиндагиномаи худ "Достони зиндагї" кардааст. Хуб хондан дар мактаб ва ёрдам кардан дар корњои хона, махсусан дар замини кишти наздињавлиямон ба модар аз талаботи асосии волидайнамон буд. Ба замми њамаи ин бояд аз китобхона китоб гирифта мутолиа мекардем. Китобро бояд дар назди модарамон баланд-баланд мехондему мазмунашро наќл мекардем. Њам падар ва њам модарамон бо мактаб ва муалимони мо робитаи зич доштанд. Аз њоли рузномаамон њамеша хабар мегирифтанд. Барои бањои паст, њатто барои гирифтани бањои се сарзанишамон мекарданд. Хулоса, коркарди замини обчакорї, парвариши гову мол низ ба уњдаи мо бачањо буд. Баъди хатми синфи 8-ум њар кадомамон узви колхоз мешудем. Дар колхоз кор мекардем, њармоња ва боз солона пул мегирифтем. Мањсулоти замини наздињавлигиямон на танњо барои хўрдан, балки барои фурўхтан низ мерасид. Дар мавсими пахтачинї дар як сол хонаводаи мо то 12-14 тонна пахта мечинд. Хулоса, падару модарамон коре мекарданд, ки мо фарзандон дар баробари наѓз хондан боз дар хонаву колхоз хуб кор кунем ва ба падару
модари худ кўмаки молї расонем. Валидайн танњо роњбарї мекарданд. Њамин тарзи тарбия буд, ки падару модарамон 11 нафар фарзандро хононданду хонадор карданд. Чор нафари онњоро соњиби маълумоти олї карданд. Падару модари ман, Худо рањматашон кунад, хуб медонистанд, ки волидайн барои фарзанд намунаи ибратанд. Дар пеши мо корњоеро анљом медоданд, ки пайравї кардан ба онњо танњо ба манфиати мо мебуд. Донишу малакаеро, ки ман дар тарбияи фарзандонам истифода бурдам ва мебарам, асосан аз падару модарам гирифтам. Барои он ки фарзандон солиму солењ ба воя бирасанд, волидайн бо тамоми маънояш бояд, ки худ солиму солењ бошанд. Яъне онњо аќли солим, тани солим, рафтору гуфтор, кирдори солиму солењ дошта бошанд. Њанўз фарзанд таваллуд нашуда онњо бояд худро ба тарбияи ў омода созанд. Яъне, тафаккури худро аз андешањои бад, забони худро аз гуфтори бад, хулќи худро аз рафтору кирдори бад пок намоянд. Зеро онњо хоњу нохоњ дар сурати мављудияташон ба фарзандон мисли бемории ирсї сироят хоњанд кард. Фарзандон дар зиндагї маъмулан ба волидайни худ мехоњанд монанд бошанд. Масалан, бачањо дар синни хурдсолї падарро барои худ улгу ќарор медињанд. Њар коре ў кард, онњо низ мехоњанд он корро анљом бидињанд. Аз ин хотир волидайн бояд хислату ахлоќеро дошта бошанд, ки он дар тарбияи фарзандон таъсири мусбат гузорад. Барои мисол њанго-
МАСЛИЊАТИ ОЛИМ Хонаводае шояд набошад, ки дар он миёни волидон ва бачањо ихтилофи назаре дар ин ё он масъала рух надињад. Ммутаассифона на њамеша падару модар чун афроди калонсол, ба аќл расо ва ба сол тавоно метавонанд бо фарзандони хурдсоли худ забон ёбанд. Равоншиноси маъруф, муаллифи китобњои зиёд дар мавзуъи муносибат бо кўдак дар хонавода, профессори Донишгоњи давлатии Маскав Юлия ГИППЕНРЕЙТЕР пажуњиши љолибе дорад, ки донистани он барои мо низ њоизи ањаммият аст. Вай дар китоби худ "Чї гуна бояд бо кўдак муносибат кард?" менаисад, ки вазъи ихтилофї ё низоъбарангез дар њама хонаводањо рух медињад, дар њолатњое он ба бањси ошкор меанљомад, ки љонибњо ќодир ба њаллаш намешаванд, дар њолатњои дигар он муљиби ранљишњо мегардад. Ва дар навбати аввал ин олими маъруф ду њолати таќрибан барои њамагон умумиро тасвир мекунад: бегоњї ањли оила баъди таоми шом назди телевизион менишинанд ва њар кас мехоњад намоишеро бинад, ки мехоњад. Писар мехоњад футбол тамошо кунад, модар идомаи сериёли њаршабаро. Ин ду тамоми рўз ин соатро мунтазир буданд, вале намехоњанд ба якдигар гузашт кунанд. Дар њолати дуюм, писар ба машќи варзиш шитоб дорад, вале модари интизори мењмон ногоњ дармеёбад, ки дар хона нон надорад. Аз писар хоњиш мекунад аввал ба маѓоза равад ва нон орад. Аммо писар саркашї мекунад, ки ба варзиш дер мемонад. Ва дар ин ду њолат њам модарон талош мекунанд фарзанди саркашро бишкананд. Аввалї намегузорад писараш футбол тамошо кунад ва дуюмї маљбур мекунад, ки њарчанд дер мемонад, вале аввал хостаи ўро иљро кунад. "Албатта, ин љо сухан аз ба њам хўрдани манфиатњо меравад. Дар ин њолат пирўзии љони-
11
НИЗОЪ ДАР ХОНАВОДА: РОЊИ ЊАЛ КАДОМ АСТ? бе муљиби шикасти тарафи дигар мешавад ва дар њарду њолат низ зиддият ба њадде мерасад, ки дар халќ мегўянд: косаи сабр лабрез мегардад". Равоншинос суол мегузорад, ки пас чї бояд кард? Иддае аз волидон бар ин назаранд, ки набояд коре кунанд, ки ба низоъ кашида шаванд. Нияти хуб, вале на њамеша ин имконпазир аст. Гуруње аз волидон ба натиља мерасанд, ки бояд исрор варзанд ва гуруњи дуюм мегўянд, бояд гузашт кунанд. Ва Гиппенрейтер шеваи аввал, яъне "бурди волидон"-ро ѓайри ќобили ќабул медонад. Ва мутаассифона, аксари волидон моил ба онанд, ки пирўз дар бархўрд бо фарзандашон бошанд. Ва онњо ба ин андешаанд, ки агар ба ў ихтиёроти бештар дињанд, ба гарданашон савор мешавад ва њар коре хоњад, онро анљом медињад. "Худи онњо дарк намекунанд, ки бо ин амал тифли худро ба якравї одат мекунонанд. Яъне, ба њарчи дилат мехоњад бо њар роњ ба он муваффаќ шав, на ин ки ба хостаи дили дигарон низ эњтиром гузорї. Ба андешаи Гиппенрейтер ин гуна вазъият дар хонаводањо солњо идома мекунад, аз ин рў кўдакони онњо ё хашин ба камол мерасанд ва ё хеле камфаъолият. Ва дар ду њолат њам онњо шахсони ранљида аз волидон ба воя мерасанд ва муносибати нињоии онњо на дўстона хоњад буд ва на боваринок. Аз сўйи дигар агар дар хонавода њамеша
кўдак дар низоъ ва ихтилофот пирўз бошад, пас дар оянда аз ў танњо як худманишу худхоње камол меёбад. Дар ин њолат волидон њамеша аз фарзанди худ норозї хоњанд буд ва онњо њатто дар пиронсолї бо ин гуна фарзандони худхоњу худбин дар танњоиву узлат хоњанд монд. Пас роњи њалли мушкил куљост? Профессор Гиппенрейтер тавсия медињад, ки барои њалли ин гуна ихтилофот бояд њаддиаќал чанд зинаи муносибат тай шавад, то ин ду љониб пирўзи вазъи буњронї дар муносибатњои хонаводагї бошанд. Дар зинаи аввал падару модар нахуст бояд тифлро гўш кунанд, мушкилашро дарк намоянд, чаро ў мехоњад ва ё намехоњад, асли њадаф чист? Ва услуби "шунавандаи фаъол" бояд истифода шавад, яъне шумо бояд ўро то охир гўш кунед ва бо изњори таассуф, ки ў ин гуна мушкил дорад, мушкили худро њам баён кунед, то ў низ дарк кунад. Дар зинаи дуюм ба тифл гуфта мешавд, ки чун ту ин гуна мушкил дорї, пас ман чї кунам, ки мењмонони ман меоянду дар хона нон нест. Ва интизор бояд буд, то тифл фикри худро гўяд, ки чї бояд кард. Аз миёни чандин пешнињод метавон муфидтари онро истифода кард. Иќдоми сеюм омўзиши пешнињоди ду љониб ва интихобе яке аз онњо, ки њам ба тифл ва њам ба волидон мувофиќ бошад. Дар ин њол вазъи ихтилофї барњам мехўрад.
кардаанд. Соњиби 14 набера њастам. Писарњоям соњиби маълумоти олї њастанд. Субњиддинљон њатто ду мактаби олиро хатм кардааст. Мутаассифона, воќеањои солњои навадум нагузоштанд, ки духтарњоям тањсилашонро дар мактабњои олї идома бидињанд. Вале хондану навиштани хатти форсиро дар назди муаллимони хусусї хуб ёд гирифтанд. Муњим он аст, ки онњо дар тарбияи фарзандонашон муваффаќанд. Тарбияи дурусти фарзандро онњо дар навбати худ аз падару модари хеш касб кардаанд. Корњоеро, ки бо сабабњои маълум, яъне нооромињои солњои навадум, ман натавонистам дар њаќќи фарзандонам анљом бидињам, фарзандонам имрўз дар ин шароити бењтар дар њаќќи љигаргўшањояшон карда истодаанд.
ТАВСИЯ ПАНЉ ИШТИБОЊИ ВОЛИДОН ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД 1. Интизории бадтарин њолат. Бисёре аз волидон ба тарбияи кўдакони худ чун ба як мушкили бузург менигаранд ва гумон мекунанд, ки хеле дасткутањанд ва чун як нозир мемонанд, то њадде ки фарзандашон аз назорат хориљ шавад ва баъд дар љустуљўи роњи наљот афтанд. Тањќиќот нишон додааст, ки волидоне, ки аз фарзандонашон бадиро интизор буданд, бо гузашти як сол мањз ба мушкиле рў ба рў шуданд, ки интизор доштанд. Пас таваљљуњи худро ба рафтори кудак мутамарказ намоед, њатто агар дарк кунед, ки ўро намефањмед. Шумо метавонед роњи хуби њалли мушкил бо тифлатонро пайдо кунед. 2. Бисёртар китобњо дар бораи роњу равиши тарбияи кўдаконро мутолиа кунед. Баъзењо ваќте китобе мехонанд ва маслињати равоншинос ё педагогро ба нафъ намебинанд, гумон мекунанд китобњо бефоидаанд. Баръакс, мутолиа кунед ва бењтарин ва муносибтарин шеваро интихоб намоед. 3. Шиддати вазъ барои майдачуйдањо. Бештар ваќт водидон ба чизњои хеле љузъї, аз ќабили тарзи пўшиш ё ороиши мўйи сар асаобонї мешаванд. Аммо шумо бигзоред вай ба иштибоњашро худаш дарк кунад ва аз онњо худ сабаќ бардорад. Шумо талош кунед маслињатгари беминнат ва холис бошед. 4. Нодида гирифтани мушкилоти љиддї. Аз синни 13 то 18-солагї волидон бояд канори фарзандон бошанд ва ба њаёти онњо фаъолона дахолат кунанд. Вале на ба мамнуъиятњои шикананда, балки бо њидояту рањнамоињо. Баъзе рафтори онњоро нодида гиред, вонамуд кунед, ки намебинед, вале љиддан пайи ислоњ бошед. Хусусан агар њис мекунед, ки фарзандатон майл ба шароб ё мухаддирот ё сигор дорад. 5. Тањкими интизом. Баъзењо ба гумони он ки назорати фарзандро аз даст додаанд, ба вай њамла мекунанд. Дигарон ба гумони он ки бачањо онњоро аслан гўш њам намекунанд, бетарафї ихтиёр мекунанд. Ин ду роњои хатост ва шумо бояд љиддан пайи он бошед, ки аз миён роњи таъсирро пайдо кунед. Аммо дар ёд дошта бошед: наврасоне, ки дар низоми шадид ба воя мерасанд, баъдњо наметавонанд мушкилоти зиндагиро мустаќилона њал кунанд. Аз ин рў додани ихтиёроте барои наврас ва назорати он аз дур муњимтар аст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
БО ШОИР
Марям ДАВЛАТОВА:
САРОПО ЗИНДАГОНЇ МАКТАБИ МУШКИЛ Писарам, љон писарам, љон писарам, Ќуввати љониву њам зебу фарам. Панди сахтат бидињам сахт маранљ, Чї кунам? Модараму њам падарам. Аз Худо тоза љавонї хоњам, То набинї писарам дарди сарам. Бардаму шод бихоњам зистан, То ба дон соате, ки даргузарам. То ки дар тўй зи љон раќс кунам, То ба тифлони ту савѓотї харам. То ба мардонагият такя кунам, Њам зи фарзонагият бањра барам. Чу расад соати рафтан зи љањон, Дасти ту бод ба болои сарам. Гузарам чун зи љањон ѓусса махўр, Бањри ту пеши Худо нома барам. Эй Худо, њифз кунї фарзанди маро, Писарам, љон писарам, љон писарам. 16.02.16 Ман њамонам, ки туро аз нахи љон
ИЛЊОМ АЗ МАРСЕЛ ПРУСТ -Ислоњоте, ки махсус ќадр мекунед, кадом аст? -Ислоњоти маориф, зеро он хусусияти бунёдї дорад. Мисоли равшан:Љопун баъди шикасти гўшношуниди таърихи худ дар Љанги дуюми Љањон танњо ба шарофати чунин ислоњот дар кўтањтарин муддат, фарњанги љанггароёнаи миллати худро ба фарњанги донишгарої табдил дод ва аз пешрафтатарин кишварњои љањон гардид. -Худатонро намуна барои дигарон мењисобед? Чаро? -Саволи аљиб. Маъмулан не. Њарчанд муносибати эњтиромомези атрофиён баъзан масъулияти вижаеро дар замири ман фаъол мекунад, то умедњои онњоеро, ки ба ман шояд эътиќоду ихлосе доранд, нашиканам. Зеро шикастани ихлос аз зарбањои шадиди равонист ва ман инро ба худам эб намебинам. -Агар рўзи охири умратонро медонистед, ба чї кор машѓул мешудед? -Ман он рўзи зеборо дар њалќаи фарзандону дўстонам гузаронидан мехоњам то бо худ њусну неруи муњаббати асилро тўша бигирам.
сохтаам, Ман њамонам, ки ба роњат њама љон бохтаам. Ман њамонам, ки ѓизо аз тани худ дода туро, Ман њамонам, ки ба номи ту сар афрохтаам. Ту њамонї, ки њамеша дили ман сўхтаї, Ман њамонам, ки барои ту љањон сохтаам. Ту њамонї, ки рањи ман њама љо банд кунї, Ман њамонам, ки чу об аз дили кўњ тохтаам. Ту њамонї, ки њаме бар сари ман санг занї, Ман њамонам, ки санг аз рањат андохтаам. Сад агар марди замонї, яке фарзанди манї, Ман њамонам, ки туро аз нахи љон сохтаам. 02.02.2016 Боз берун тохта хоб аз дидаам, Боз месўзад дили ранљидаам. Боз дар парвози дур аст ин хаёл, Аз пайи он ёри носанљидаам. Боз пазмонии фарзанди азиз, Љойи хоб ашк оварад бар дидаам. Боз дар олам шабу дар дил набард, Байни дарду шодињои дидаам. Боз њам чанд мисраи хом омада, Баски берун тохта хоб аз дидаам 19.10.15. Эй ки аз таърихи худ бегонаї, Дар диёри худ ба худ бегонаї. Хиште нанњодї ту бар фарњанги он, Аз пайи вайронии ин хонаї. Бо љилои моли чинї ифтихор, Дар гумонат ёфтаї дурдонае. Эй басо хармўњра "оламгир" шуд, Дар куљо хондї чунин афсонае. Заррањои гавњари нобе, ки њаст, Мондаанд дар зери њар вайронае. Боз бинмо аќли пулпечидаро, Дар замири туст дили фарзонае. Ту ба чашми дил бубин дунёи худ, Боадолат бош, соњибхонаї! 13.10.15
Эй дил зињї њаме, к ишќат сутуданист, Гарди хиёнати ёрон зудуданист. Эй дил зињї њаме, тињї аз дурўѓї ту, Он љо, ки ростист, сазовори буданист. Эй дил зињї њаме, ки дардат шифои туст, Дарди шифої маъвизаи ношуниданист. Эй дил зињї њаме, бањориву бехазон, Бар аќли хом ин њама эъљоз буда нест. Эй дил зињї њаме, туї подшоњи ман, Дигар њама ба пояи тахтат ситоданист. 07.10.15 Ман шеър мехоњам дило, аз ишќи сабзу ёри сабз, Рўшан шавад то мањфило, аз ишќи сабзу ёри сабз. Эй ѓам шунав пайѓоми ман, дигар мабар илњоми ман, Шањд аст моро њосило, аз ишќи сабзу ёри сабз. Сарводањо гул мекунанд, сармаст булбул мекунанд, Сад навбањор дар манзило, аз ишќи сабзу ёри сабз. Сар мекашам аз дарди љон, бар худ бигардам мењрубон, Бошад маро обу гило, аз ишќи сабзу ёри сабз. Љонона шудам, лек дили љонон нашикастам, Афсона шудам, лек сару сомон нашикастам. Аз ишќи нигоре шуда гар масту парешон, Паймона шикастам, вале паймон нашикастам.
Эй он ки занї лоф зи таќвову ибодат, Ман худ донам, сатре зи имон нашикастам. То он ки наранљанд зи мо халќи Худованд, Худро бишикастам, дили эшон нашикастам. Дар роњи ту эй ќиблаи љону дилу њастї, Ман кибр шикастам, вале осон нашикастам…. Шеъри ман чун оби дида, Метаровад чида чида. Гоњ чун шир меравад сар, Аз хурўши дил дамида. Гоњ тифли тозароњ аст, Аз баѓал берун давида. Гоњ дарди пухта бошад, Дар дили ман орамида. Њам гање ў шиква орад, Аз ѓами ќалби рамида. Дар њам њоле, ки бошад, Шукри Њаќ дар он падида. Рўњи Марям ёбад он љо, Њарки Марямро надида. 03.02.2016 Гумонам буд, ки фўлодам, хато кардам, Ман аз авлоди Фарњодам, хато кардам. Њама исён ба зидди бандагї кардам, Бигўям то, ки "озодам", хато кардам. Зи дарди зиндагї пинњонї бигристам, Гумонам буд, ки афтодам, хато кардам. Ба гўри ишќи зебо дастагул бурдам, Азизонам зи даст додам, хато кардам. Саропо зиндагонї мактаби мушкил, Ман охир одамизодам. Хато кардам…
БОЗ МИЛИСАИ ВАЊДАТ?!
САНЉИШИ ЌАЗИЯИ МАРГИ БУНЁД БАЪДИ БОЗПУРСИИ МИЛИСА ДАР ВАЊДАТ
Прокуратура ба тањќиќи марги Бунёд Мирзоев, як сокини шањри Вањдат шуруъ кардааст. Вазорати корњои дохилии Тољикистон бо нашрия як раддия дар сомонаи расмиаш хабарњо дар бораи он, ки Бунёд Мирзоев баъди боздошт ва лату кўб аз тарафи милисаи шањри Вањдат ба марг мувољењ шудааст, рад мекунад.
Ќ а б л а н , с о м о н а и и н те р н е ти и "паём.net", ки наздик ба мухолифони њукумати Тољикистон аст, хабар дода буд, ки Бунёд Мирзоев "барои он боздошт ва мавриди латукўб ќарор гирифтааст, ки нафаре бо номи ў ба худ шиноснома дуруст карда, ба Сурия рафтааст. Ў пас аз се рўзи боздошт ва латукўб љон ба љонофарин супурдааст". Гарчи маќомоти дохилї даъват ба идораи милиса ва бозпурсиашро тасдиќ мекунанд, аммо мегўянд, мавриди шиканља ва зўроварї ќарор дода нашудааст. Гуфта мешавад, ки Бунёд Мирзоев худро дар коњдони хонаашон овехта, ба марг расидааст. Дар раддияи ВКД алайњи хабари
"паём.net" гуфта мешавад, ки "маълумотњои овардашуда ягон асоси воќеї надошта, бе тањлил ва бо маќсади иѓвоангезї нисбати кормандони маќомоти корњои дохилї пахш гардидааст". ВКД нисбат ба ин ќазия санљиш гузаронда, дар асоси он мегўянд, ки "аз љониби кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї вобаста ба санљиши далелњои гумонбарии як гурўњ љавонони шањри Вањдат барои шомилшавї ба гурўњњои террористї, рўзи 02 апрели соли 2016, шањрванд Мирзоев Бунёд Мањмадиевич, таваллудаш 28 феврали соли 1987, сокини шањри Вањдат, кўчаи Кишоварз хонаи 17, оиладор,
соњиби як фарзанди хурдсол, бо њамроњии падараш Мирзоев Мањмадї Таѓоевич, соли таваллудаш 1963, ки дар бозори марказии шањри Вањдат дўкони гўштфурўшї дорад, бинобар сабаби мутобиќат намудани ному насабаш бо ному насаби яке аз шањрвандоне, ки ќасди сафар намудан ба кишвари Сурия ва иштирок дар љангњои мусаллањонаро дошт, ба шўъбаи милитсия даъват карда шуда, пас аз гузаронидани сўњбат дар њузури падараш ба хонаашон љавоб дода шудааст. Падари марњум Мирзоев Б.М. Мирзоев Мањмадї Таѓоевич баён намуд, ки аз љониби кормандони милитсия нисбати фарзандаш ягон хел зуроварї, лату кўб ва фишороварї содир нагардидааст ва муносибати даѓалона низ зоњир нагардидааст, чунки кормандони милитсия фарзандашро дар њузури ў пурсон шуда, пас љавоб додаанд".
ТАХТАИ СИЁЊ
Ба дастам бастаеро супурданд, ки аз хонаи синамои тољик буд ва дар дохилаш даъватнома ба анљумани њисботї-интихоботии синамогарони Тољикистон ва ба њайси китобчае маърўзаи њисоботии раиси Анљумани синамогарони Тољикистон, муњтарам Сафар Њаќдодов бо забони тољикиву русї буд. (Мисли даврони шуравї: тољикї-русї! На, иштибоњ кардам,замони шуравї бештар русї-тољикї буд,акнун тољикї-русї. Яъне баъди 25 сол мо худро дарёфтем...ва ба забони худ арљ мегузорем...!!!). Бо њамин кайфият шуруъ кардам ба мутолиаи маъруза. Аљаб, бори аввал ин гуна маърузаи њисоботиро мехондам. Одатан маърузањои њисоботї бештар аз "ману - мо" сохта шудаанд, яъне ман ва мо дар тули анд соли корї новобаста ба мушкилињои сангину баъзе камбудињо…, ину он кардем... ! Мусаллам аст, ки бештар дастоварду муваффаќиятњо баён мешаванд. Аввалин чизи љолиб адами њамин "ману-мо"-и дар њукми одатбуда дар маърузаи Сафар Њаќдодов буд. Маърўза бештар маќолаи мутахассиси фарњангиеро мемонд, ки мушкилињои имрўзи синамои тољик ва фазои фарњангии љомеаро бо дард ва ѓамхорї баён кардааст, ки муњим муњтавои он бўй аз созандагї медод. Албатта, дар охир чун анъана њисобот дода шудааст, ки бе ин намешавад. Бо њамин таассурот рўзи 27-уми феврал ба хонаи синамо ба Анљумани њисоботї-интихоботии синамогарони Тољикистон рафтам. Бояд аз рўи инсоф гуфт, ки Хонаи синамо имрўз шояд ягона маркази фарњангии шањрамон бошад, ки рисолати худро озодона бе ягон барномањои иљборї ё маблаѓљамъкунї, ки амали хоси бештари муассисањои фарњангии мо шудааст, иљро мекунад. (Њамаваќт ќањва, чой ва ширинї болои миз барои бинандањо муњайёст). Ин зањмати бевоситаи се нафар: Сафар Њаќдодов, Саъдулло Рањимов ва Зулфия Содиќова аст, ки бари њам як дастаи хеле мусаллат ба кори худро сохтаанд. Сафар Њаќдодов ба њайси раиси синамогарониТољикистон илова бар маърўзаи пешнињодкарда њудуди 20 даќиќа маърузаи ихчаму хубе ба самъи иштирокчиёни анљуман расонд. Албатта, зањматњои воќеии ўро ба назар гирифта, њама њеч касро ба љуз ў дар ин вазифа лоиќ надиданд ва якдилона ишонро аз нав раиси синамогарони Тољикистон интихоб кардем. Интихоб бисёр озоду самимї ва ба истилоњ демокротї буд. СИЁСАТМАДОРОН ВА ФАРЊАНГИЁН: КАДОМЕ МИЛЛИТАР? Њама хуб ба истиснои чизе, ки шояд аслан боиси ќалам ба даст гирифтани банда шуда бошад...! Сафар Њаќдодов дар оѓоз аз њозирин узр пурсид, ки ба хотири ширкаткунандагони ѓайритољик маърўзаро бо русї ќироат хоњад кард. Намедонам онњо чанд нафар буданд, вале њама маърўзањои дар анљуман расман ворид шуда ќариб пурра ба забони ѓайри давлатї хонда шуд, ба љуз намояндаи давлат, ёвари раиси љумњур муњтарам Абдуљаббор Рањмонзода, ки бисёр бо забони равону шинам ва зебои тољикї маърўзаи худро хонданд ва андешаронї карданд. Ба худ гуфтам, чаро дар масъалаи забон сиёсатмадор аз фарњангиёни миллат дар пеш шуд.Чаро бештари сиёсатмадорон исму фомили худро расман ба номњои аљдодї номгузорї карданд ва мекунанду аксари фарњангиён хомўшанд? Њол он ки бояд баръакс мешуд. Дар њама миллатњои худшинос одатан ин ибтикор аз фарњангиён шуруъ мешавад. Ман ба сабабу маќсад ва чуну чароњо коре надорам, ваќте масъала сари хештаншиносї ё натиља ва ояндаи рушд ва њастии миллату давлате меравад, ки номаш Тољикистон аст! Дарки маънии - "Њастии миллат забон ва фарњанги ўст..." куљо шуд...?! Хоњиш мекунам сабабу бањонаи шар-
БОТИН ЃАЙРУ ЌАБО БЕГОНА Ё андешањо перомуни он ки чаро зиёиёни тољик ободкунандаи толорњои ба истилоњ "оши нањор" шудаанд... мовари набудани имконият, бахусус молиро пеш наоред. ЊАМА ДАЌИЌ ДАРК МЕКУНЕМ, КИ САБАБ ИН НЕСТ! Бадбахтона, дар зењнам то оѓоз њамин тур сурат гирифтани анљуман давр мезад,зеро руњияи аксари фарњангиёни бахусус синамои мо ба ман ошност. Барои дурустии ин гуфтањо кифоя аст, ки ба рафти кори синамогарони тољик њангоми филмбардориашон њозир шавед. Хоњед дид, ки ин фарњангиёни миллати тамаддундору давлати 25-сола ба забони милливу давлатї чи гуна арљ мегузоранд! Эй кош ин њол имрўз фаќат дар фазои синамої мебуд! Замони кор болои намоиши нав ва тамринњои театрї (фарќ надорад кадом театри Тољикистон аст) њозир шавед! Њоло њам истилоњњои: репетитсия, прагон, читка, песа, отмена, дублёр,выход,темп, найгриш, стол, стул, свет, музика, радист, рабочий, завтрак, обед, ужин... (њатто барои онњое,ки русиро намедонанд) бе њеч дарки масъулияте, њамчун забони модарї ё давлатї роиљ шуда ва истифода мешаванд.Њатто дар намоишњо ин истилоњњо баъзан истифода мешаванд (мисоли охир,барномаи театри Конибодом бо намоишномаи "Суди девонагон"). Ду-се соли ќабл аз собиќ мудири гурўњи театрамон, ки ба гўшаи эълону барномаи кории театр њам сару кор дошт, хоњиш кардам, ки љои калимаи "отмена" истилоњи лаѓв нависад.Чунин кард, вале чанде баъд боз "отмена" пайдо шуд. Аз ў сабаб пурсидам. "Баъзењо эътироз карданд", гуфт. Маълум буд, ки ба худаш њам ин кор писанд нест. Тахмин њамон ваќтњо ба дарњои театр ќоѓази часбдор бо навиштаи "Илтимос дарро пўшед..." бо забони тољикию русї пайдо шуд. Ба назди баъзе роњбарон ва дастандаркорони театр рафта, сабаби ба русї навиштанро пурсон шудаму хотирнишон сохтам, ки њељ русе кор намекунад. Гуфтанд, ки аз рўи одат навиштаанд. Ман хоњиш кардам, ки иваз кунанд. Чанд рўз мунтазир шудам, вале њељ таѓйироте набуд. Оќибат худам њамаи навиштањои русиашро гирифтам, ба хотире, ки баъзан хориљиёни ба театр омада ба њоламон наханданд. Хоњиш мекунам ин амал ва навиштаи маро ман-манї надонед ва Худо накарда маро шовинист њам наномед, њеч гоњ худамро намебахшам агар ин гуна бошам ва њеч назари баде њам ба миллати рус надорам (Худованд бењуда ба ин миллат нисфи замини дунёро намедињад!). Ин ќарзи оддии ватандорї ва хештаншиносии њар фарди ин сарзамин аст. Шумо фикр мекунед, ки дар дигар муассисањои фарњангию маданї ва адабии кишвар њол бењтар аст...?! Бузурге фармуда: "Ба њама эњтиром бигзор, аммо инро њам бидон, ки касе сазовори эњтиром аст, ки эњтироми худро нигањ медорад". Наметавонам ба ин суханони Буддо мувофиќ набошам: "Њељ касе љуз худи мо масъули бадбахтињо ва ё хушбахтињоямон нест".
Оё бо ин аќидаву амал мо хештаншинос буда метавонем? Дунё ки аз азал ба миллату фарњанги мухталиф таќсим шудааст. Пас ин мисрањои аллома Иќбол: Худо он миллатеро сарварї дод, Ки таќдираш ба дасти хеш бинвишт..." ва садњо мисрањои ба ин монанди бузургонамонро тўтивор дар базму маъракањои фарњангию сиёсї такрор хондану гуфтанамон ба хотири чист?! Пас чаро бинолем,ки халќ ба филму намоишњо ва асару навиштањоямон таваљљуњ зоњир намекунад? Оё бо чунин тафаккур ва амал метавонем асаре биофарем, ки руњияи миллї ва ќалби созандагї дошта бошад? Ваќте ботин ѓайру ќабо бегона ва сухан аз ў нест,мардум чи бояд кунад? Ягон-ягон филму намоиш ё асару шахсияти муваффаќ оё метавонад ин фазои мудњишро иваз кунад? Имрўз дар Тољикистон маърака-љашнворањои њунарї -эљодї дар миќёси байналмиллалї ќариб ки нест, ба љуз "Дидор". Дар ин кор сањми се нафари дар боло зикр шуда хеле назаррас аст. Се-чор соли охир, ќариб њар сол рўзњои синамои Афѓонистон, Ќирѓизистон, Лањистон, Русия, Ирон...дар ватанамон баргузор гардид. Ба љуз рўзњои ифтитоњї ва ихтитомї дигар ќариб њама рўз то 7090% љой дар толорњо холї буд. Њарчанд бењтарин филмњои ин кишварњо пешкаш шуда буданд. Сифати синамои кишварњои Эрон, Русия ва Лањистон њољат ба муаррифї надорад. Фикр мекунї, ки љомеаи мо фарњангї, ањли адабу маориф, рўзноманигор ва ањли илму уламои худро гум кардааст. Агар 20% онњо њозир мешуданд, дар толорњои кўчаки мо тули як њафта љои холї намемонд. Пас фиѓони мо фарњангиён; "...чаро толори театрњою синамои ватанамон бинанда надорад..," чї маъно дошта бошад?! Ваќте худи мо ба ин гуна љамъомадњои фарњангї, ки вуруди озод ва њатто ќањва, чою ширинии бепул дорад, намеравем. Ё мо фаќат ободкунандаи толорњои ба истилоњ "оши нањорем..."(барои беодобиам бубахшед)! Ба мањфилњои адабию њунарї ва театру тамошои филмњои худамон ташриф наорем, њатто бењтарин филмњои хориљиро њаваси дидан накунем, пас мо кї њастем, чи вазифа ва рисолате дар ин љомеа дорем? Шояд ба ин хотир хуши амалњое надорем, ки нишона аз хештаншиносї дињад! Шояд ба ин хотир њушамон бештар ба дарёфти унвону шуњрат ё фоидаву сарват аст (Аз ном иваз кардан чи суд). Орзу дорам, ки рўзе шаваду кадоме аз њамватанони ѓайритољики мо (фикр мекунам ин рўз наздик аст) ба шўр ояду ин дардњо ва андешањои дар боло зикр шударо масъалагузорї кунад ва мо фарњангиёни миллатро ба худ орад! Вагарна ин руњияро аз вуљуди имрўзи миллати тољик баровардан хеле сахт аст!!! Ёдам намеравад, соли 1981 дар Самарќанд бо мўйсафеди тољики самарќандї њамсўњбат шуда будам. Баъди донистани он ки ман забони ўзбакиро намедонам бо таассуф ва њайрат ба ин маънї гуфта буд,ки ўзбакиро надони-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
13
ста дар ин дунё зистан хеле сахт ва номумкин аст...! Имрўз њам ин руњия дарТољикистони азиз ќариб,ки њукмфармост,фаќат бо надонистани забони русї! Чанд соли ќабл бо театре, ки дар он кор мекардам ба сафари њунарї Аврупо рафта будем. Як марди аврупої, ки забони форсї ва русиро каме медонист ва ошиќи намоиши мо буд, бо баъзе аз гурўњи бачањои мо ба форсї њарф мезад,вале бачањои мо русї љавоб мегуфтанд. Ин њолро дида шўридам, ки шумо чаро ба русї љавоб медињед.Баъзешон дар њаќиќат аз ин амалашон дар њайрат буданд,баъзеи дигар дар њол љавоб ёфтанд, гўё он мард русиро хубтар балад аст! Дирўз дар интернет дарди дили марди инглисро хондам,ки забони форсиро њам медонистааст.Ў бо духтари тољик њамсўњбат мешавад, ки забони инглисиро медонад. Дар љараёни сўњбат бо инглисиву форсї-тољикї нохост духтари тољик аз марди инглис суол мекунад, ки забони русиро медонад ё не. Баъди љавоби рад духтар бо таассуф ва исрор ба марди инглис мефањмонад, ки ў бояд забони русиро омўзад! Марди инглис бо дард ва њайрат баён мекунад, ки забони русї дар ин муносибат ва сўњбати онњо чи рабте дошт!!! Берањмии таърих нисбат ба миллати тољик бас набуд, ки аксари мардуми мо бандаи тафаккури истеъморзадаи шуравї шудаанд. БАНДАГОНИ ТАФАККУРИ ШЎРАВЇ Вагарна дар ватани худ бо тамоми миллатњои дунё дар оѓоз, ѓайриихтиёр бо русї њарф намезадем. Њоло њам њатто бо сагу гурбањоямон русї гап мезанем. Њоло њам реклому эълон ва навиштањоямон бо ин забон аст. Ба ширкатњои телефонї чашм андозеду сар занед,намегўед ки ин љо Тољикистон аст. Ќазоќњое, ки замони шуравї ќариб сунату забони худро гум карда буданд,имрўз хеле иваз шудаанду мо њамонем, њамон...! Барои бисёре аз фарњангиёнамон ифтихори дар Маскав ва ё дигар шањрњои хориљи кишвар хонданашон аз ифтихори тољик будан болотар аст, вагарна ба ин рўз намерасидем. Кор ба љое расидааст,ки њатто забони модарї-тољикиамон гўиши русї гирифтааст. Њатто 95% ровиёни садову симоњои кишвар ин гўишро доранд ва ин бадбахтї њарчи рушд мекунад ва касе пеши роњи онро гирифтанї нест, ба љуз чанд нафари ватанхоњ, ки додашонро касе намешунавад! Имрўз ќариб тамоми љавонону наврасони њатто дурдасттарин дењањои Тољикистон, ки забони русиро комилан намедонанд, ба ин гўиши ѓалат ва бесаводонаи ровиён кўркўрона таќлид мекунанд, ки барои исботи дурустии ин аќида ба барномањои садову симо метавонед гўш ва назар андозед. Забони эълону ба истилоњ рекламањоро ба љуз тањќири забони модарї -давлатї чизи дигар номидан мумкин нест! Дар љое ин суханони бузургеро хонда вуљудамро ларза гирифт; "Барои нобудии як миллат ниёзе нест аз бомб истифода кунед. Кофист забонашро вайрон кунед"!!! Имрўз шукр дастархони ниёзи танамон нисбатан пур шуда, дастархони маънавиамонро бояд ки пур кунад? Агар пойдорї ва умри њар давлат вобаста сиёсатмадорони он бошад, пас умру њастии њар миллат вобаста ба мафкура ва амали фарњангиёни он миллат аст! Њама ин дарду шикваи бародарона на ба хотири киноя, нолидан ва ё эњсоси навмедї дар вуљуди ман рўи ќоѓаз омад. Ба дурустии ин аќидаи бузурги дигар мутмаинам;-" Ин зењни мо аст,ки моро шод ё ношод, бадбахт ё некбахт ва сарватманд ё фаќир месозад". Бале, њаќ надорем, ки ноумед бошем. Ба гуфти пиронамон - "Шайтон ноумед аст". Мо бояд остин бар зада миллатсозї кунем. Абдумуъмин ШАРИФЇ, њунарпешаи театр
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
САФАРДИДА
Донишгоњи Осиёи Марказї нахустин донишгоњ дар минтаќа, ки пурра ба стандартњои Аврупої мутахассис тайёр мекунад. Масъулини донишгоњ мегўянд, хатмкардањои тибќи талаботи бозори мењнат омода карда мешаванд ва њељ ваќт бекор нахоњанд монд. Чанд бартарияти Донишгоњи Осиёи Марказї аз донишгоњњои дигар Донишгоњи Осиёи Марказї (ДОМ) аз дигар донишгоњњои минтаќа бо чандин бартарињояш фарќ мекунад. Сохтори Донишгоњи Осиёи Марказї чунин тартиб до-да шудааст, ки ба ѓайр аз дарс бояд дар андешаи донишљў ягон мушкилии дигар набошад. Мушкилии љойи хоб, хўрок, маводи таълимї, китоб, интернет ва дигар мушкилињои тањсил барои донишљўёни ин даргоњ бегона аст. Зеро донишгоњ њамаи онро муњайё намуда, танњо аз донишљў дарс хондан талаб карда мешавад. Нахустин бартарии ДОМ дар он аст, ки фаъолияти донишљў дар давоми рўз зери назорат ќарор дорад. Барои донишљўён тамоми маводи таълимї таъмин буда, донишљў баъди дарс наметавонад берун аз назорати устодон бењудагардї кунад. Донишљўён бо хуроки гарм, љойи хоб, ноутбук, китоб, дафтар ва дигар васоити таълимї пурра таъмин аст. Баъд аз итмоми дарс донишљў њам ба варзиш машѓул шуда, дарсњояшро дар китобхона тайёр мекунад. Фарќияти куллии ДОМ аз дигар донишгоњњо дар он мебошад, ки биноњои таълимї, хобгоњ, китобхона, ошхона дар як макон љой дода шудаанд. Инчунин са-ри њар моњ донишљўён ба экскурсия ва тамошо бурда мешаванд. Хобгоњ, китобхо-на, ошхона ва биноњои таълимии донишгоњ хеле ба тарзи аљиб сохта шудаанд. Синфхонањо тарзе сохта шудаанд, ки садоњои берун донишљуёнро халал намера-сонанд. Синфхонањо бо тахтањои муќаррарї ва тахтаи электронї муљањњаз мебо-шанд. Як чизи нодире ки дар инљо љойгир шудааст ин мебошад, ки донишљў дарси омоданамудаашро роњат аз ноутбуки наздаш дар тахтаи электронї муаррифї ме-кунад ва инчунин њар навиштаи муаллим дар ин тахта ба тарзи автоматї ба ноут-буки ў мегузарад. Миз ва курсињои синфхона на муќаррарї балки њамагї бо чархњои хурд муљањњаз мебошанд, ки дар ваќти зарурат ба ин тарафу он тараф бурдани онњо осонтар аст. Њамчунин китобхонаи ин донишгоњ низ ба тарзи аљиб сохта шудааст. Дар китобхона 3 намуд чароѓњо насб шудаанд, ки яке аз онњо рав-шании офтобро медињад. Яъне агар дар рўзњои абрї офтоб намоён набошад пас ин чароѓњо автоматї равшан шуда, рушании офтобро ба хонандагон таъмин месо-зад ва чашми донишљуён аз торикї ранљ намекашад. Хобгоњњо барои донишљуён роњат сохта шудаанд. Дар як њуљраи ин хобгоњ ду нафар донишљў метавонад истиќомат намояд, аммо ин хобгоњњо аз хобгоњњои дигар донишгоњњо чандин барта-рият дорад. Нахуст њуљраи хобгоњњои Донишгоњи осиёи марказї аз байн ба 2 ќисм људо шуда, донишљў метавонад бе ташвиш додани рафиќаш дарсњои худро омода намояд. Барои њарду донишљў тирезањои махсус људо шудааст инчунин њуљра бо мизу курсї, љойи китобмонї муљањњаз аст. Њамчунин дар ин њуљрањо таљњизот насб шудааст то донишљў пеш аз баромадан ба берун дар бораи њарорати њаво маълумот гирад, ваќти баромадани худро ќайд кунад ва санаву соатро низ муайян кунад. Инчунин барои муаллимон низ њуљрањо бо тамоми шароити зист аз ќабили мебел, мизу курсї, кати хоб,
МАРЊАБО БА ДОНИШГОЊИ СТАНДАРТЊОИ АВРУПОЇ!
КИТОБХОНА БАРОИ ДОНИШЉЎЁН телевизир ошхона бо тамоми таљњизот људо карда шудааст. Бартарии дигар ДОМ дар он аст, ки донишљў барои пардохти накардани маблаѓи тањсил аз донишгоњ хориљ карда намешавад. Мутаассифона, сохтори донишгоњњои дигари минтаќа чунин сохта шудаанд, ки агар донишљўи бахши шартномавї маблаѓи тањсилро пардохт карда натавонад пас ў аз донишгоњ хориљ карда мешавад. Аммо Донишгоњи Осиёи Марказї чунин нест ва дар инљо шуморо барои пардохт накардани маблаѓ аз донишгоњ хориљ намекунанд. Ба гуфтаи масъулини донишгоњ њангоми интихоби довталабон танњо ба донишу ќобилияти онњо таваљљуњ карда мешавад. Агар довталаб дар њаќиќат саводи хуб ва лаёќати баланд дорад, пас ў метавонад роњат дар инљо тањсил намояд. Маблаѓи солонаи тањсил дар ДОМ 5
ХОБГОЊ БАРОИ ДОНИШЉЎЁН
њазор доллари ИМА мебошад, ки довталабон метавонанд онро бо пули миллии худ пардохт намоянд. Инчунин довталаб бо супоридани 3 њазор доллари дигар роњат метавонад солона дигар маблаѓе харљ накунад. Зеро донишгоњ ўро бо љойи хоб, хурду хурок, маводи таълимї аз дафтару китоб сар карда то ноутбук ва интернети баландсуръат таъмин мекунад. Суоле пайдо мешавад, ки агар довта-лаб саводи баланд дорад, вале ќудрати пардохти ин маблаѓро надорад. Пас ў чи кор бояд кунад? Роњбарияти Донишгоњи Осиёи Марказї мегўянд, дари донишгоњ ба рўи чунин довталабон кушода аст. Агар довталаб аз имтињони ќабул бо сари баланд гузарад, донишгоњ ба ў метавонад маблаѓи тањсил ва дигар харољотњои онро ба ў њамчун ќарз бидињад. Ин ќарз пурра бефоиз буда, донишљў баъди хатми донишгоњ онро дар давоми 10 сол оњиста-оњиста пардохт мекунад. Бартарии дигар ДОМ дар он аст, ки масъулини донишгоњ мегўянд, барои онњо на шумора балки сифат дар дараљаи аввал меистад. Яъне ДОМ кўшиш мекунад танњо љавонони лаёќатманд ба донишгоњ љалб шаванд. Њангоми ќабул донишљў нишондодњои ў њангоми тањсил дар макотиби миёна ба назар гирифта мешавад. Њангом ќабул мансубияти довталаб ба миллат, забон, дин, мазњаб, дараљаи иљти-мої ба наза гирифта намешавад. Танњо дониши довталаб ўро аз имтињонњо бо сари баланд мегузаронад. Чаро шумо бояд дар Донишгоњи Осиёи Марказї таълим бигиред? Масъулини донишгоњ мегўянд, тарзи омода намудани мутахассисон дар ДОМ аз дигар донишгоњњо ба куллї фарќ дорад. ДОМ нахустин донишгоњ мебошад, ки кафолат медињад хатмкардагони ин донишгоњ баъд аз итмоми тањсил бекор нахоњанд монд. Тадќиќоти бозори мењнати Донишгоњи осиёи марказї маълум намуд, ки аксар ваќт донишљўён он касбњоро интихоб мекунанд, ки пас аз хатми тањсил барои да-рёфти љойи кор ба мушкилот рў ба рў мешаванд. Донишгоњњои минтаќа, касбњоеро пешнињод мекунанд, ки ба
талаботї соњањои муайяни бозори мењнат мусоидат намекунад ва норасоии хатмкунандагон дар дигар соњањо, ки ширкатњо ба онњо ниёз доранд,ба назар мерасад. Бидуни наќшаи дарёфти љойи кор дар оянда, бисёре аз хатмкунандагон Осиёи Марказиро тарк намуда, дар љустуљўи љойи кор ба дигар љойњо ё дар дигар соњањо кор мекунанд. Барномањои асосї ва ѓайриасосии Донишгоњ, вобаста бо талаботи захирањои инсонии минтаќа тарњрезї шудаанд. Донишљўён метавонанд аз барномањои асосї, Илм оид ба Замин ва муњити атроф (BSc), Улуми компютерї (BSc), Илмњои муњандисї (BSc), Коммуникатсия ва ВАО (ВА), Иќтисодиёт (ВА) ва Соњибкорї ва Менељмент (ВА)-ро интихоб кунанд. Барномањои таълимї ДОМ, тарзе тањия шудаанд, ки ба имконотњои љойдошта дар љомеањои кўњї диќќати махсус дода, њамгироии маълумот оид ба фанњои гуногунро ташвиќ мекунанд. Ин аввалин донишгоњест, ки ба тарзи њамгиро барномањои асосї ва ѓайриасосиро пешнињод мекунад, ки онхатмкунандагони ихтисоснокро бо як ќатор имконоти дарёфти љойи кор, бо малака ва таљрибаи зарурї, таъмин мекунад. Муллораљаб ЮСУФЇ, Душанбе-Бишкек-Нарин-Душанбе МАЪЛУМОТНОМА АЗ "НИГОЊ": Донишгоњи Осиёи Марказї, нахустин донишгоњ дар Осиёи Марказї мебошад, ки дар 3 давлат Ќирѓизистон, Тољикистон ва Ќазоќистон фаъолият мекунад. ДОМ соли 2000 таъсис дода шудааст. Президенти Тољикистон, Ќазоќистон, Ќирѓизистон ва Оѓохони IV Шартномаи байналмилалии муассисон ва Низомномаи Донишгоњи хусусї-дунявиро ба имзо расониданд ва баъдан аз тарафи парлумонњои ин кишварњо ба тавсиб расид ва дар Созмони Милали Муттањид ба ќайд гирифта шуд. Донишгоњ бо маќсади пешнињоди маълумоти олї, мувофиќи дараљаи байналмилалї дар Осиёи Марказї ва тайёр намудани мутахасисоне, ки метавонанд бо мањоратњои роњбарї, ѓояњо ва навоварї, дар рушди иќтисодиёти минтаќа сањмгузорї кунанд, таъсис дода шудааст. ДОМ бо дастгирї ва њамкорї бо Шабакаи Рушди Оѓохон, фаъолият мекунад. Корпуси асосии Донишгоњ дар шањри Бишкек, пойтахти Ќирѓизистон љойгир буда, филиалњои он дар шањрњои Нарини Ќирѓизистон, Хоруѓи Тољикистон ва Текелии Ќазоќистон љойгир мебошад. Нахустин довталабон ба ин донишгоњ соли равон ќабул карда шуда, дар филиали он дар шањри Нарин ба таълим фаро гирифта мешавад. Инчунин филиали ДОМ моњи сентябри соли оянда дар шањри Хоруѓи Тољикистон моњи сентябри соли 2019 дар шањри Текелии Ќазоќистон ифтитоњ карда мешавад. Супоридани њуљљат ба ин донишгоњ тариќи онлайн сурат гирифта, довталабон метавонанда дархости худро бо нишонии http://www.ucentralasia.org/_russian/ how_to_apply.asp то 15-уми апрели соли равон ирсол намоянд.
НИГОЊИ МАРДУМЇ ?-И НОБОБ
ЛАТИФАЊО
- Оё маблаѓи шањрвандоне, ки дар кўчаву хиёбон ва дар љои таъиннашуда барои мубодилаи асъор дастгир мегарданд, мусодира карда мешавад? Баъди бастани нуќтањои мубодилаи асъор шањрвандон дар куљо метавонанд асъори ѓайрро бо сомонї иваз намоянд, ки зарар набинанд?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
15
?-И НОБОБ
-Духтурљон, ман бо биниям нафас кашида наметавонам. -Ин хел бошад бо дањонатон нафас бигиред. -Ташаккури зиёд, њаќќи хизмататон чанд сум мешавад? -10 сомонї.
Саъдї ШОДИЕВ, сокини шањри Вањдат -Шањрвандоне, ки ѓайриќонунї дар кучаву хиёбон ва дар љойњои таъиннашуда барои мубодилаи асъор боздошт мешаванд, тибќи моддаи 541-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ва моддаи 286-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд. Тибќи талаботи банди 10 (а), боби 2-и Дастурамали 211 "Дар бораи тартиби анљомдињии амалиёти мубодилавї бо асъори хориљї" шањрвандон амалиёти мубодилавї бо асъори наќди хориљиро дар муассисањои бонки ваколатдор (банди 8-и Дастурамали мазкур), бе мањдудияти маблаѓ ва таъинот, бо риояи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи муќовимат ба ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм" анљом дода метавонанд. Дар љойи дигар (берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкї, нуќтаи интиќоли пул ва банкомату терминалњо) анљом додани амалиёти мубодилавї ќатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз љониби шахсони воќеї ќонуншиканї мањсуб гашта, боиси љавобгарии маъмурї ва љиноятї мегардад.
?-И НОБОБ
НАРХИ ХЎРОКА БАЛАНД, ЉОИ КОР НЕСТ, АКНУН СУЊБАТИ ТЕЛЕФОНЇ ЊАМ ЌИММАТ ШУД?! -Шунидам, ки ширкатњои мобилї нархњои хизматрасониашонро боз њам боло бурдаанд. Наход ин хабар дуруст бошад? Нархи хўрока баланд, љои кор нест, илољи зангирї нест, акнун суњбати телефонї њам ќиммат шуд?! -Бале, хонандаи азиз, ин хабар дуруст аст. Чи тавре, ки ба хабарнигори мо дар ширкатњои мобилї иброз доштанд аз 1-уми апрел дар Тољикистон нархи хидмат-расонињои ширкатњои мобилї боло бурда шудааст. Ширкатњои мобилї нархњояшонро аз 3 то 5% гарон кардаанд. Ин амалро онњо ба Кодекси андози кишвар, ки чанде пеш ба он таѓйиру иловањо ворид кардаанд, рабт медињанд. Нархњо бо мувофиќаи Хадамоти зиддиинњисорї, яъне Њукумати кишвар боло бурдаанд. Тибќи талаботи ќисми 4 моддаи 164 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, зеро моддаи мазкур расонидани хизмарасонии ройгони ширкатњо, ки барои муштариён пешбинї шудааст, аз љумла тахфифњои корпоративї амалиётњои андозбандишаванда ба арзиши иловашуда ба њисоб мерафтаанд. Дар ширкатњо мегўянд, ки барои љуброн кандани болоравии нархи хидматрасонињо ба муштариёнашон вобаста ба тарофањояшон даќиќаву смс-њои бештар медињанд.
*** Дар Дорухона. Марде аз фурўшанда мепурсад: -Барои дарди сар чї доред? -Аналгин… Баъди панљ даќиќа мард боз "Дорухона" омада мегўяд: -Барои дарди сар чї доред? -Аспирин! Аз миён панљ даќиќа мегузарад. Мард боз вориди дорухона мешавад: -Барои дарди сар чї доред? -Ситрамон! Баъди панљ даќиќа мард боз мепурсад: -Барои дарди сар чї доред? Фурўшанда дар њолати ѓазаб: -Табарррррр! *** Дандонпизишк: - Хуш, акнун ба кандани дандонњо оѓоз мекунем. -Дард намекунад? - Аз ман не. *** - Барои чї табибон ба компютеркунонии соња чандон алоќаманд нестанд? -Зеро дар он њолат навиштањои онњо дар дорухат барои њама фањмо мешавад.
НОСА НАЗАН, ГУЛДУХТАР!
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!
ТЕАТРИ ЛОЊУТИРО НАБОЯД КАНД Чанд рўз пеш дар Интернет хондам, ки бинои яке аз театрњои таърихии мо - Театри ба номи Абулќосим Лоњутї вайрон мешудааст. Рости ин хабар маро хеле ѓамгин кард. Чаро дар дигар давлатњо биноњои таърихиро нигоњ доранду дар мо онро тахриб?! Шањри Душанбе таърихи 90 сола дорад ва бинои театри Лоњутї яке аз биноњое мебошад, ки њамсоли шањр аст, аммо масъулин мехоњанд онро баркананд. Ин магар айб нест? Ягон хориљї ба шањри мо ташриф орад мо бинои таърихї гуфта ба ў чи нишон дињем? Наход кор ба љое расида бошад, ки ба ѓайр аз кандани ин театр дигар чора набошад. Ман бисёр таассуф мехурам, ки љомеа, њунармандони шинохтаи ин театр ва Вазорати фарњанг дар баробари кандани он муњри хомушї ба лаб гирифтаанд. Ё њунармандони мо мехоњанд, ки онњоро ди-гарон њимоя кунанд?! Вазорати фарњанг ваќте наметавонад осори таърихию фарњангиро њифз кунад, чї даркор ин нињод? Магар кори ин Вазорат танњо ба руйхатгирии њофизу раќќосањо аст?! Театри Лоњутиро набояд канд. Бо кандани он таърихи театри тољику мактаби театрии миллат аз байн меравад. Сайвалї СОДИЌОВ, сокини шањри Душанбе
БА ЉОИ 09 Дар ваќти зарурат шумо метавонед ба Кумитаи андози назди Њукумати Тољикистон занг занед Раис: Нусратулло Давлатзода 233-03-21 233-08-54 233-08-54 (факс) Муовини аввал: 233-08-55 Муовин: 233-06-95 Муовин: 233-09-11 Муовин: 233-08-53
Барои ба суолњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи "Нигоњ" мурољиат намоед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї-77, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефонии 44-600-80-38 ва 915-89-0357 занг занед. Ё ба воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
16
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №12(485), 6. 04. 2016
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
ОНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
ЌОСИМИ БЕКМУЊАММАД Рўзноманигор ва тањлилгари тољик 3-юми апрели соли 1961 дар шањри Ќўрѓонтеппа ба дунё омадааст. Вай соли 1968 ќадамњои нахустини худро барои гирифтани таълимоти ибтидої ба мактаби тањсилоти миёнаи умумии №40 ноњияи Бохтар гузошта, соли 1978 онро бо муваффаќият ба анљом мерасонад. Аз соли 1978 то 1983 дар факултети филологияи тољики (гурўњи рўзоманигорї) Донишгоњи давлатии Тољикистонро тањсил карда, фаъолияти кории худро аз рўзномаи ноњиявии "Вахш", ки аз љумлаи нашрияњои муваффаќи мањаллї ба шумор мерафт (бо теъдоди 14 њазор нусха чоп мешуд), оѓоз намудааст. Сипас тайи ду сол масъулияти муњарририи барномањои сиёсии Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ќўрѓонтеппаро анљом дода, муддате (1985-1987) тарљумони гурўњи мушовирони Шўравї дар Созмони демократии љавонони Афѓонистон буд. Дар соли 1990 вакили Шўрои намояндагони мардумии ноњияи Бохтар интихоб мешавад.
То соли 1993 ба кори худ дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Ќўрѓонтеппа идома дода, дар соли 1994 бо њадафи иќомати муваќќат ба Ќирѓизистон рафтааст. Тайи дувоздањ сол мутарљими сафорати Эрон дар Ќирѓизистон буд. Дар ин муддат дар баргузории барномањои гуногуни љамъияти тољикони ин кишвар сањми фаъол дошта, яке аз рисолатњое, ки Ќосими Бекмуњаммад ва дигар рушанфикрони тољик дар ин давра дар Ќирѓизистон анљом доданд, муаррифии симои мусбати мардум тољик аз тариќи расонањои мањаллии ин кишвар буд. Мушкил дар он буд, ки баъзе аз рўзномањои чопи Бишкек бо бањонаи љанги Тољикистон мардуми моро барои Ќирѓизистон ва Осиёи Марказї њамчун манбаи хатар нишон медоданд, ки чунин иќдом боиси шакку шубњаи сокинони мањаллї дар мавриди њазорон нафар фирории тољик мешуд, ки ба ин кишвар паноњ оварда буданд. Рўзноманигороне, ки ин гуна матлабњоро бо њадафњои хос ба чоп мерасонданд, таќрибан њамаашон ѓайриќирѓиз буданд. Ќосими Бекмуњаммад ва дигар рушанфикрони тољик дар баробари чунин иќдомоти тањрикомези расонаї бо чопи маќола, сўњбату тамос бо мудирони рўзномањо ва худи муаллифон онњоро ба бознигарии мавќеашон дар бораи тољикону Тољикистон во медоштанд. Ў дар соли 2006 ба Тољикистон баргашта, дар њафтаномаи "Миллат" дубора ба фаъолияти рўноманигорї идома дод. Ќосими Бекмуњаммад тайи ду сол низ ба сифати тањлилгари радиои "Садои Хуросон" дар Тољикистон кор карда, аз бањори соли 2009 то кунун масъулияти рањбарии дафтари Хабаргузории "Форс"-и Эронро ба дўш дорад. Дар соли 2012-2013 дар њафтаномаи "Нигоњ" сутуне ба маќолањои Ќосими Бекмуњаммад ихтисос ёфта буд, ки ба далели матрањ кардани масоили муњимми сиёсї, иљтимої, фарњангї ва ахлоќї мавриди таваљљуњи хонандагони зиёде ќарор дошт. Оиладор, соњиби 6 фарзанд.
52 СИФАТИ "НИГОЊ" шоир
МАТЛАБЊОЯШ ДАР РОСТОИ МАНФИАТЊОИ МИЛЛЇ МЕБОШАНД Бо таъсиси њафтаномаи "Нигоњ" бидуни иѓроќ ва муболиѓа, нигоњи тозае ба рўйдодњо боз шуд ва пўшиши хабарї ва тањлилии тањаввулоти Тољикистон дар чорчуби мутафовит аз дигар нашрияњо шакл гирифт. Дастандаркорони ин нашрия њамеша талош кардаанд, ки матлабњо дар ростои манфиатњои кишвар ва миллат ва хориљ аз тамаъварзињои гурўњї тањия шаванд ва ба табъ расанд. Аз љумлаи афзалиятњои "Нигоњ" он аст, ки дар баробари ойинаи рўйдодњои љомеа будан, минбари озодандешї ва озодбаёнї низ мебошад ва дар радифи матлабњои тањлилии коршиносон, дидгоњи шањрвандон аз ќишрњои мухталифи љомеаро ба табъ мерасонад.
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Умари ТОЊИР nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 93 591 02 01 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 38 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
-Дар мантиќатон садќа, домулло! Њамин хел њунари зўр доред, ки њатто муќаддастарин чизњоро њам хор мекунед-де. Талбон Сафарови МУНКЇ, собиќадори прокуратура: -Ато Мирхоља кист? Шоир ё носир? Ўро ман ва аксар мардум намешиносем. Бовар надоред ба кўча бароед ва аз роњгузарон пурсед. Њатто онњое, ки Мирсаид Миршакару Лоиќ Шералї ва Салимшо Њалимшоро мешиносанд, яъне ба илму адаб таваљљуњ доранд, ўро намешиносад! - Мо њам намешиносем. Аммо њукумат мегўяд, ин кас шоири худамону аз сиёсатњои харадмандонаву зиндабодњо људоям пуштибонї мекунад. Як бор чї хел шуда, пояш лаѓжид, гўид. Шумо расо куфсодед ун касоя. Тољиддин ПИРЗОДА, раиси "Тољиксодиротбонк": "Тољиксодиротбонк" дар низоми бонкии љумњурї мавќеъи намоён ва устуворро ишѓол менамояд ва њиссаи бонк аз рўи нишондињандањои асосии фаъолият аз 21 то 27 фоизро ташкил медињад" -Хоса њамин чанд моњи ахир, басо мавќеяш намоён шуд. Умедвор бошед: навбатпойии 300-400 каса њам устувор мешавад, то охири сол. Барзу АБДУРАЗЗОЌОВ, њунарманд: -Ман тобистон дар Душанбе будам, моњи декабр баргаштам ба инљо. Вале инњо њељ гоњ Барзуро намеёбанд. Бубинед, вазорати фарњанг дар хиёбони Рўдакї, 34 љойгир шудааст ва манзили ман дар Рўдакї, 35. Маро њамин рўз аз ду кишвари хориљї пайдо карданду сўњбат карданд. Вале инњо дар тўли чанд моњ аз Рўдакї, 34 то Рўдакї, 35 Барзуро пайдо карда натавонистанд. Хандаовар нест? -Устод, шодї кунед, ки онњо шуморо пайдо накардаанд.
Давлатшоњ МАЊМУДОВ, омўзгори факултаи таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнї: -Бањси мазњаб тољикро аз асолат дур кард. -Хуш, давомаш чї? Миллати бемазњаб шавем ё баръакс, њамаамон мазњабї? Аммо баъд: чаро номи Худо дар доллару дар матни Эъломияи истиќлолияти ИМА амрикоињоро соњиби давлату асолат карду ба мо дину мазњаб халал мерасонад?! Гулбањор АШЎРОВА, вакили парлумон: -Мо, вакилон њаргиз нисбат ба чунин њодисањо (худкушии занон) бетараф буда наметавонем. Аммо дар баробари ин шумораи равоншиносонро бештар кардан лозим аст, то онњо тавонанд, бо маслињатњои дурусти худ ба чунин занон кўмак намоянд. - Идеяи љолиб! Ба Кумитаи оила ва кор бо занон гузашта, 400 њазор занонро равоншинос кунед, то ба 400 зањори боќимонда маслињат дињанд.
Аъзам ХУЉАСТА,
Муњаррир: Абдуазим ЉЎРАЕВ
Саидмукаррам АБДУЌОДИРЗОДА, Раиси Шўрои уламои Тољикистон: -Наврўзро аслан онњое инкор мекунанд, ки пайрави ягон гуруњ ё равияи дигар бошанд. Аз онњо пурсед, ки гуруњи шумо моли кадом давлат аст? Барои чї он давлат љашни Истиќлолияташро љашн мегирифтасту мо нагирем? Чаро? Барои њамин љашнгирии Наврўз њеч ихлоле дар арзишњои исломї буда наметавонад.
Абдусалом МИРАЛИЕВ, муовини ректори Донишгоњи миллии Тољикистон: -Мутобиќ сохтани донишљўёни шакли тањсили ѓоибона ба низоми тањсилоти кредитї мушкилињоро ба бор оварда бошад њам вобаста ба дастури ЊЉТ ва вазорати маориф 35 ихтисосе, ки аз рўи онњо донишљўён дар шуъбаи ѓоибона тањсил менамоянд, ба низоми тањсилоти кредитї гузаронида шуд. -Зўри зўр-ку! "Буќа бошаду пул дињад". Чї гуфтед, профессор?
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09