Нигох №30 (463). Чоршанбе, 21-уми октябри соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

ХУТБАЊОИ НОТАМОМ Сањ. 16 №30 (463). Чоршанбе, 21-уми октябри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

Марги Умар ва фољиаи бузурги Русия Русия сиёсати тифлкуширо пеш гирифтааст?

1


2

МУШОРИКАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

Марги Умаралї ва фољиаи бузурги Русия Русия сиёсати тифлкуширо пеш гирифтааст? Дар шањри Санкт Петербурги Русия як тифли тољик кушта шуд. Њарчанд маќомоти Русия хеле зўр заданд, ки собит кунанд, ин тифли њамагї 5 - моњаи тољик вафот кардааст, як нигоњи сатњї ба ќиссаи марги Умаралї Назаров кофист, ки гўем, кормандони њукуматии рус ўро љабран куштанд. Ин хабар дар њоле нашр шуд, ки Созмони њуќуќи башари Сурия расман аз кушта шудани 30 зану тифл бар асари бомбандозињои тайёрањои рус хабар дод. Ин ду хабар суолеро ба миён меоранд: Русия сиёсати тифлкуширо пеш гирифтааст? Тифлро чї тавр мекушанд? То ин, ки ин суолро гузорем, ќиссаи марги тифли маъсуми њамагї 5 моњаи тољикро хеле чену њисоб кардем. Тасаввур кунед: 13 октябри соли 2015 кормандони Хадамоти муњољирати ноњияи Адмиралтейски шањри Санкт - Петербург (намояндаи як нињоди расмї ва соњиби њуљљати давлатї) шањрвандони Тољикистон Далер Назаров ва Зарина Юнусоваро боздошт карда, ба шуъбаи 1 - и милисаи ноњия бурданд. Бо волидайн писари онњо - Умаралї Назаров, санаи таваллудаш 20 майи соли 2015 низ боздошт шуд. Падару модарро дар боздоштгоњ мањкам карданд ва писари онњоро гирифтанд. Бубинед: кўдаки 5 - моња, ширхораро аз модар људо карданд. Њоли модару падарро тасаввур кунед: дар ба рўяшон баста мешавад ва кўдаки онњоро, Худо медонад, чї гуна

«

кашолакунон ё таги баѓал зада, мисли як латта ё љорўб мебаранд ва њарду гиряи тифли худро мешунаванд. Мешунаванду аз дасташон коре намеояд. Намеояд, барои он, ки ќонуни будубош дар як давлатро наќз кардаанд ва зўрашон ба ин вањшињои пагондоре, ки барои иљрои ќонун ќонуни Худову инсонияту Эъломияи њуќуќи кўдакро вайрон мекунанд, намерасад. Ин чї давлат аст? Бебањс, фашистист ё ѓуломдорї. Аљобате нест, ки онњо њатто бо кўдакони рус низ ин гуна рафтор хоњанд кард. Њамин тавр, 5 соат падару модар намедонанд, ки тифли онњо куљост. Дар ин миён волидайнро ба суд мебаранд, мурофиаи судї баргузор карда, њукми хуруљи онњоро аз њисоби худашон содир мекунанд. Пас аз ин, онњо ба љустуљўи фарзанди худ мебароянд. Ба њамон шўъбаи милиса мераванд, ки писарашонро аз дасташон гирифта буд. Аммо он љо - Шўъбаи милисаи ноњияи Адмиралтейски шањри Санкт - Петербург - аз кўдак касе хабар надорад. Касе намегўяд, ки кўдаки онњо куљост. Суол: давлате, ки фарзанди инсонро аз дасташ гирифта, мисли як молу коло гум мекунад, чї давлат буда метавонад? Акнун тасаввур кунед: падару модар то фаро расидани шаб фарзандашонро љустанд, аммо пайдо накарданд. Ба болои ин, суди шањри рус ќарор баровард, ки то 15 рўз бояд њудуди Русияро тарк кунанд. Ин "квартирант" - њои шањри рус он шабро чї тавр рўз карданд? Хоби кї бурд? "Болои сўхта - намакоб", субњ ба онњо кадом як майзадаи хоболуде бепарвоёна хабар мерасонад, ки биёед, тифлатонро гиред, ки мурдааст! Тифлеро, ки онњо бо сад машаќќати солњои безурётї ба дунё оварда, тайи 5 моњи пеш фаќат табрикоти дўстонро аз омадани ин мењмони деринтизор ќабул мекарданд. Чизе аз ин беш гуфта намешавад: ин њама бадбахтиро ба сари як инсон танњо як низоми хеле ќавии фашистї, фасодзада ва зиддиинсонї оварда метавонад, вагарна дар байни ин њама

Чизе аз ин беш гуфта намешавад: ин њама бадбахтиро ба сари як инсон танњо як низоми хеле ќавии фашистї, фасодзада ва зиддиинсонї оварда метавонад, вагарна дар байни ин њама корманди "ФМС"-у милисаву суди Русия лоаќал як инсон бояд вуљуд медошт, ки њамаро боздорад ва гўяд: эй мардум, њуши шумо дар саратон њаст?

корманди "ФМС"-у милисаву суди Русия лоаќал як инсон бояд вуљуд медошт, ки њамаро боздорад ва гўяд: эй мардум, њуши шумо дар саратон њаст? Тифли маъсуми ин ду љавонро чаро аз дасташон мегиред, куљо мебаред, бо ў чї кор кардед? Не, касе набуд ва буда њам наметавонист. Зеро ин љо Русия ва чунин низом аст. Мулки халќи рус. Њама чї русї аст, аммо аз русигарї ному нишоне нест. Русњо дигар шудаанд. Як фољиае, ки танњо хоси Русия аст...

Чаро худкардаро даво нест?

«

Фољиаи Русия бо ин анљом намеёбад. Аз поён ба боло равед њам, вазъ чунин аст. Пас аз он, ки хабари куштори тифли бегуноњ шабакањои иљтимоиро тарконд, маќомоти рус барои он, ки бори масъулиятро аз дўши худ бартараф кунанд, ба дурўѓбофї шу-

руъ карданд. Онњо ба расонањо гуфтанд, ки тифлак бар асари "инфексияи шадиди респераторї" аз олам даргузаштааст. Бале, тифле, ки то дирўз механдиду ѓаш мекард, якбора мушкили нафас пайдо кард, зеро дар шароити ѓайрисанитарї зиндагї мекард! Шарм њам кори хуб аст. Баробари муфаттиши парванда ба хонаи Рустам ва Зарина, ки дар манзили аввали як бинои замонавї, на "тањхона" зиндагї мекунанд, нозирони хадамоти иљтимої ва нињодњои бењдоштии Санкт-Петербург рафта, инро тањќиќ мекунанд, ки вазъи санитарии хонаашон чї гуна аст. Суол бармеояд, ки чаро баробари возењ шудани марги тифл аввал њолатњои марги кўдак тањќиќ нашуда, аз љумла ќотилони воќеии тифл - кормандони Хадамоти муњољират ошкор


РИСОЛАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

3

Муњибуллоњ Ќурбон "Худи духтур њам доруст" - гуфта буд Фрэнсис Бомонт, драматурги англис аз асри шонздањ.

Ќариб дер шуд!

нашуда, дари иљорахонаи падару модари ўро гирифтанд? Посух оддист: онњо мехоњанд, ки њамаи айбу гуноњро ба гардани волидайни бе ин њам аз њама љо ронда, ољиз, фарзандгумкарда ва дар њоли шок зананд. Ин, оддї карда, гўем, ба услуби "сиёсати муѓулї" - и Чингизхон аст, сиёсате, ки дар Русия асрњо ба ин сў идома дорад ва сабаби њама бохтњояш дар сиёсатњои дохилу хориљ аст. Муносибати русњо бо муњољирини мењнатї аз кишварњои собиќ Шўравї, пеш аз њама тољикон, намунаи барљастаи њамин "чингизигарї" - и сиёсатмадорони Русия аст. "Ба љуз рус касе одам нест. Русия аз русњост. Рус нестї, касе нестї" - ба ин маъно даъвоњои пуч, гўё љањон танњо Русия бошад. Аз ин њама масхараомезтар шарњи сафорати Русия дар Душанбе буд. Ин сафорат, њамоно аз маризии бузургманишї, сарусадо ва норизоиятињои љомеаи Тољикистон аз ќатли тифлашонро "шарњњои алайњи Русия" унвон кард ва бубинед, чї мегўяд (мазмунан): ин шарњњо ба манфиати нерўњои мухолифи дўстї, густариши муносибатњо ва наздикшавии Тољикистону Русия мебошанд. Нерўњои мухолифи дўстии Тољикистону Русия ба марги як тифли бегуноњу маъсум чї робита доранд? Магар онњо аз марги як тифл хурсанд мешаванд? Агар хурсанд мешуданд, аз марги як тифли ѓарќшудаи курдї дар Туркия он ќадар мутаасир мешуданд, ки роњи њазорњо муњољир ба Аврупоро боз карданд? Нав наздик мешавем? Ин чї гуна наздикшавї аст, ки 150 сол боз њељ не, ки наздик шавем? Сафорат боз як иловаи нестарљањон мекунад (айнан): "Ин њам дар замонест, ки моро лозим аст барои мубориза бо терроризму ифротгароии динї бо њам муттањид бошем". Муттањид будани мо дар мубориза бо терроризму ифротгароии динї бо марги Умаралї Назаров, тифли 5 - сола чї рабт дорад? Магар ў террористу ифротгаро буд? Ин ишора ба чист? Љаноби сафорат! Тифли мо ку шањид шуд! Коре, ки шуд, шуд. Ин ќисмати тољикии мо аст, ки духтари 9 - солаамонро таљовуз мекунеду љавони 25 - солаамонро сар мезанед ва дањњо фољиаи дигар. Ва ин њамаро дида, Шумо боре

«

Нерўњои мухолифи дўстии Тољикистону Русия ба марги як тифли бегуноњу маъсум чї робита доранд? Магар онњо аз марги як тифл хурсанд мешаванд? Агар хурсанд мешуданд, аз марги як тифли ѓарќшудаи курдї дар Туркия он ќадар мутаасир мешуданд, ки роњи њазорњо муњољир ба Аврупоро боз карданд?

«

барои сабук кардани њузури муњољирини кории тољик дар Русия кўшиш њам накардаед. Шумо алами њар уќдаеро, ки аз њукумати Тољикистон доред, аз мардуми бепуштибони муњољири он 25 сол аст, ки мегиред ва њељ шарм намекунед. Шарм накарда, худро шарики стратегї мегўед, аммо њамоно чун 150 соли пеш чун ѓосиб бо мо муносибат доред. Миннат мекунед, ки "Тољикистонро мехўронед", аммо ин њарфњоро дар бораи дигар кишварњо, ки аз њисоби шумо, ба истилоњ, "чарида гаштаанд", њељ гоњ намегўед. Мо одат кардаем. Ба њар "армуѓон" - е, ки аз Русия мерасад. Аммо чї тур Шумо ва тамоми маќомотатон дар Маскав ба рўи тифлони худ назар мекунед? Назар карда, оё шарм нахоњед дошт, ки як тифли бегуноњро љабран корманди њукумати Шумо куштаасту Шумо онњоро ба баѓал мекашед? Ин њолат тасаввурнашаванда аст, агар заррае виљдон бошад! Заррае виљдон бошад, худи ин далел кофист, ки кўдакро аз дасти модар гирифтанд ва 5 соат онњоро аз њам људо карданд. Ин кофист, ки агар људо карданд, чаро аз ў дуруст муроќибат накарданд! Ин кофист, ки ў кушта шуд ва љабран! Дигар њељ љои шак нест. Дигар њељ љои бањонаљўї намемонад. Айб аст, барои тањќиќи хонаи мардуме рафтан, ки тифлаш дар дасти шумо кушта шудааст. Шарм аст гуфтани ин, ки натиљаи тањќиќро мунтазир шавед. Зеро! Шумо ќонуни Худоро даѓалона вайрон кардед ва Шуморо Худо хоњад зад!

Ба љои охирсухан Мушкили Русия дар Амрико, Аврупо, Сурия ва Афѓонистон нест. Мушкили аввали Русия дар худи Русия аст. Чї ќадар танку тўп ва силоњи замонавї надошта бошад, њатто аз љанге, ки пирўз шудааст, маѓлуб берун меояд. Таъ-

рих борњо собит кардааст, ки Русия дар љангњои бузург - аз замони Наполеон то Њитлер - пирўз омада, дар як шароити осоишта тика тика ва пора - пора шудааст. Мисол, суќути Иттињоди Шўравї. Чаро? Русия њељ гоњ худро ба тартиб наовард. Њељ гоњ худро тарбия накард. Салтиков - Шедринро ба ёд оред, ки гуфта буд: "Пас аз сад сол маро бедор кунед ва пурсед, ки дар Русия чї мегузарад, посух медињам: менўшанду медузданд". Русия, ки аз худ абарќудрат метарошад, дар асл нест ва њељ гоњ набуд, зеро танњо аз зўр кор мегирифт ва бо зўр вайрону њатто обод мекарду мекунад. Кремл барои рифоњи худ њама корро мекунад, аммо барои мардумаш њељ шароите дар асрњои аср ба миён оварда натавонист. Дар Русия инсон хор аст, ќадр надорад. Њамеша дасти љинояткору дузд ва сармоядор боло аст, зеро рањбаронаш низ аз њамин тариќ ба ќудрат расидаанд ва дар кишварњои тањти нуфузашон њам ба њамин шева њукумат эљод мекунанд. Бењуда русњо ин зарбулмасалро надоранд: "Љое зўр аст, аќл даркор нест". Њукумате, ки шањрванди худро эњтиром намекунад, шањрванди дигар кишварро њељ гоњ эњтиром намекунад. Њукумате, ки тифли 5 моњаи тољикро кушт, тифли 5 моњаи русро низ мекушад, чун ба ботин наслкуш аст. Аз њамин хотир, Русия њаќќи маънавии баробар кардани худро бо Амрикову Аврупо надорад! Вой бар њоли мо ва он миллатњое, ки Русия њамсояву њамкорашон аст! Умар аввалин нест, охирин њам. Мо њама, њатто русњову дигар сокинони Русия, гирифтори ин фољиаи таърихї њастем. Худованд Умарро дар фирдавси барин љо дињад ва моро дар паноњаш нигоњ дорад. "НИГОЊ"

Њафтаи гузашта, бино ба иттилои расонањо, марзбонони ќирѓиз убуру мурури мошинњои борбари кишварњои сеюмро аз Чин тариќи гузаргоњи Ќарамиќ роњ намедињанд. Ин наздиктарин гузаргоњест, ки воридоти молро аз Чин ба Тољикистон осон мекунад. Ин хабар ѓайричашмдошт набуд, зеро њамин тавр бояд мешуд. Ба фикрам, ин танњо оѓози сарњадбандии шадидтари ќирѓизњост, зеро ин кишвар акнун узви Иттињоди иќтисодии АвроОсиё гардидааст ва акнун сарњади Тољикистону Ќирѓизистон танњо ба худи ќирѓизњо баста нест. Тасаввур кунед, ки агар боре аз сарњади Ќирѓизистон гузарад, тавассути хати Ќирѓизистон - Ќазоќистон - Русия - Белорус бе мамониат метавонад то сарњади Аврупо бирасад ва ё баръакс. Расо як сол пештар дар бораи масъалањои њалталаби сарњад миёни Тољикистону Ќирѓизистон маќолае бо номи "Дер мешавад!" навишта будам. Дар он аз љумла омада буд: "Боз як масъалаи нињоят муњим ва нозук ин тўл кашидани аломатгузории сарњад бо ќирѓизњо њаст. Ба Иттињоди иќтисодии АвроОсиё се кишвар шомиланд: Белорус, Ќазоќистон ва Русия. Кишвари навбатие, ки ба ин Иттињод ворид мешавад, бечунучаро Ќирѓизистон хоњад буд. Дар ин бора Президенти Ќирѓизистон Алмосбек Отомбоев дар мусоњибањояш борњо таъкид намуда, Русия њам эълон дошт, ки барои мустањкам кардани сарњади Ќирѓизистон маблаѓ људо мекунад. Рўзи 1 сентябр хабар пахш шуд, ки Парламенти Ќирѓизистон як лоињаи ќонунеро, ки барои ба ин Иттињод ворид шудани Ќирѓизистон мусоидат мекунад, ќабул кардааст. Бинобарин, ба чашм мерасад, ки дар ояндаи наздик Ќирѓизистон узви ин Иттињод мегардад. Он гоњ сарњади Ќирѓизистон ба сарњади Иттињод табдил меёбад..." Воќеан, як сол пеш замоне, ки сарњади Тољикистону Ќирѓизистон танњо баста ба ду давлат буд, мешуд масъалањои бањсталабро осонтар њал кард. Акнун Ќирѓизстон бо њар бањона њалли проблемањои сарњадиро метавонад ба замони дигар гузаронад, зеро ин љумњурї узви Иттињоди АвроОсиё гардид ва барояш имконияњои фаротар ва муњимтар аз њалли гирењњои сарњадї фароњам омадааст. Чи тавре Президенти ин мамлакат Алмосбек Отомбоев дар мусоњибаи ахири худ ба шабкаи Телевизиони "Россия" гуфт, акнун онњо наќшањои ояндаи худро барои 200 миллион ањолї (нуфуси Русия, Белорусия, Ќирѓизистон ва Ќазоќистонро дар назар дорад) тарњрезї мекунанд ва ба ин дусад миллион њашт миллиони Тољикистон ворид намешавад. Сабаби дигари тўл кашидани њалли масоили сарњадї миёни ду давлат чї тавре навишта будам, аз рўи њамаи харитањои мављудаи солњои бистуму панљоњуму њаштодум аксари заминњои бањсталаб њудуди тољикон аст. Бинобарин, бањсу мунозираи атрофи сарњадро аз рўи харитањои мављуда њал кардан ба нафъи кишвари њамсоя нест. Аз ин сабаб, љониби ќирѓизњо расман пешнињод њам карда буданд, ки масъалањои сарњад на аз рўи харитањо, балки дар гуфтушунидњои дўстона њаллу фасл гарданд. Нуктаи дигар он аст, ки барои мустањкам кардани сарњади Ќирѓизистон Русия маблаѓи њангуфт људо мекунад ва агар мо моњњои наздик масъалаи сарњадро бо ќирѓизњо њал накунем, он гоњ тамоман дер мешавад.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

ГУЗОРИШИ ТАСВИРЇ

ПРЕЗИДЕНТ ДАР СУЃД


ИЌТИСОДИ СИЁСЇ Нимаи дуюми моњи сентябр вазорати корњои хориљии ИМА њисоботи солонаи дипломатияи мардумї ва расонањои хориљиаш дар соли 2014 дар Осиёи Љанубї ва Марказиро расонаї кард. Тибќи он, ИМА барои буљаи бахши тољикии радиои "Озодї" дар соли 2014 1 миллиону 603 њазор доллар људо кардааст. Барои пахши барномањо маблаѓи иловагї дар њудуди 80 њазор доллар пардохт мешавад. Радиои "Озодї" дар чанд соли пеш аз расонањои пешсафу хабарсоз дар фазои расонаии кишвар буд. Муњтавои онро бештари расонањои чопии Душанбе думбол мекарданд. Бо таѓйири рањбарияти радиои "Озодї" ва аз кор рафтани рўзноманигорони ќавиаш, ки то љое бо мусоидати вазорати корњои хориљии Тољикистон (тариќи аккредитатсия) сурат гирифтааст, муњтавои ин расона низ хеле ба сўи заъф таѓйир ёфт. Метавон гуфт, ки њамаи ин муваќќатї буда, дар њолати зарурї ИМА аз ин василаи пуриќтидораш истифода хоњад бурд. Аммо Тољикистон дар баробари чунин расонаи серпул чї дорад?

Расонањои Тољикистон Дар чанд соли охир расонањои мустаќили чопиву интернетї як нангро аз рўи шонањои њукумати Тољикистон дур карданд. Тољикистон аз кишварњое буд, ки фазои расонаияш дар зери асорати русњо ќарор дошт. Њарфи аввалро расонањои русї мегуфтанд. Дар ин фазо њоло то љое 5-6 нашрияи мустаќили иттилоотиву сиёсї ва чањор хабаргузории кишвар мавќеъи муассиртар доранд. Аммо њамоно шабакањои телевизионии русї дар Тољикистон аз пурбинандатарин телевизионњо боќї мондаанд. Чун шабакањои телевизионии давлатї дар баробари онњо раќобатпазир нестанд. Расонањои мустаќиланд, ки нанги дар зери асорати расонаи русї ќарор доштанро то љое тоза карданд... Ин аст, ки Русия ду соли пеш дар садади сабти ном кардани намояндагии "Россия сегодня" (Русия имрўз ё Russia Today) шуд. Дар њоли сабти ном шудан аз бузургтарин расонаи Русия дар Тољикистон хоњад буд. Хабаргузории давлатии "Ховар" аз бузургтарин расонањои давлатии кишвар аст, ки њудуди 100 штати корї дорад. Аммо наќши он дар сохтани афкори омма ва хабарсозї нисбат ба расонањои мустаќил ба сирф баробар аст. Дар замоне, ки ин матлаб омода мешуд, серхонандатарин хабари рўзи ин хабаргузорї "Дар Душанбе боз як ноњияи нав таъсис дода мешавад"-ро њамагї 156 нафар дидаанд. Ин худ гувоњ аз сатњи фаъолияти ин расона аст. Вазъи расонањои чопие, ки аз буљаи давлат маблаѓгузорї мешаванд, аз "Ховар" бењ нестанд. Ба як љумла, обунаи маљбурї баќои ин расонањоро таъмин мекунанд. Обуна ба буљаи нашрияњои њукуматї 100-њо њазор сомониро ворез мекунад. 5-6 њафтанома ва чанд хабаргузории мустаќил ба институтњои муњими љомеаи шањрвандии кишвар табдил шудаанд. Барои њар як давлате, ки иддиои демократї буданро дорад, будани чунин расонањо як амри табиї мебошад. Матбуоти мустаќили тољик аз ѓунљоиши доираи сиёсии Тољикистон фаротар рафтааст. Њатто тањлилгарони соња мегуфтанд, матбуоти мустаќил на танњо вазифаи худро, балки вазифањои њизбњои сиёсии оппозитсиониро низ иљро мекунад. Дар њолатњое дар муќобили

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

5

кунанд, ба сирф баробар мебошад. Пас дар чунин њолат Њукуматро зарур аст, ки барои таъмини баќои ин расонањо дар замони рукуди молиявї бетараф набошад.

Ба таваљљуњи Абдуљаббор Рањмонзода!

ХИДМАТГОРИ БЕМИННАТ

Расонањои мустаќил дар њоли суќут ќарор доранд аќидаи њукумат аќидаи алтернативиро пешнињод мекунанд. Шояд ин яке аз бањоњои баландтарин нисбат ба матуботи озоди Тољикистон бошад. Аммо њоло ин расонањо дар вазъи бади молиявї ќарор дошта, дар миёни будану набудан ќарор доранд. Мушкили молиявї ба домани бештари расонањои мустаќили кишвар чанг задааст. Шикасти ин расонањо ба рукуди љомеаи шањрвандї дар кишвар ба анљом мерасад. Њукумат бо расонањояш дар баробари дастгоњњои муќтадири хориљї мемонад, ки њеч гоњ ба нафъи давлат ба анљом намерасад. Шояд рукуди расонањои мустаќил ба нафъи гурўње, мансабдоре, ё нафари дигаре бошад... Ва њатто бархе "хирадмандона" аз ќатъи фаъолияти онњо истиќбол кунанд. Аммо ин хандидан ба њоли худ хоњад буд.

Расонањои мустаќил "Озодї" ба Конгресси ИМА тааллуќ дорад. "Љумњурият" аз њукумати Тољикистон ва президент мебошад. Пас матбуоти мустаќил мутааллиќ ба кист? Ин нуктањо чанд сол ќабл дар "Нигоњ" нашр шуда буданд. Дар Тољикистон ба мисли дигар кишварњои демократї сармоядоре омода нест, ки њафтаномањои мустаќилро аз нигоњи молиявї дастгирї намояд, зеро метарсад, ки ўро сармоягузор ва дахил дар сиёсат надонанд. Њукумат њеч ваќт моил ба маблаѓгузории расонањои мустаќил набуд, балки, бархе аз сиёсатсозон, то њол онњоро њатто "душман" мехонанд. Гурўњњои молиявї ќариб, ки расонањои мустаќилро хуш надоранд. Ягон сармоядори номии кишвар муассиси ягон расонаи мустаќили Тољикистон нест. Њамагї онњое мебошанд, ки чархаи гардиши њафтаномаро дар такя ба маблаѓи хонанда, реклом, PR-матлабњо ва амсоли инњо пеш мебаранд. Ањзоби сиёсии кишварамон, ки худ дар њолати ќашшоќї ќарор доранд, ба матбуот кўмаке карда наметавонанд. Як назари сатњї ба сањифањои матбуоти мустаќил кофист муайян намоем, ки дар зери таъсири гурўњеву нињоде њастанд, ё на. Аз нигоњи молї њафтаномањои мо мустаќил мебошанд. Гарчи дар доирањои берун аз матбуот чунин андеша њам љой дорад, ки њафтаномањои мустаќил аз

љониби ташкилотњои хориљї маблаѓгузорї мешаванд. Њафтаномањои мустаќил аз нигоњи эљодї бештар аз њама дар зери таъсири сармуњаррир ва муассис ќарор доранд. Он њам бештар ба љанбаи мањаллї мепечад. Як нукта бояд таъкид шавад, ки тањлили воќеъии муњтавои нашрия ва расонањои мустаќил сирф аз нигоњи давлатмењварї кофист, ки муњтавои онњоро нишон дињад. Дар бештар маврид нисбат ба расонањои њукуматї матбуоти мустаќил аз барномањои њукуматие, ки ба нафъи миллату мардум равона гардидаасту зери интиќоди бегонагон ќарор гирифтааст, хубтару муассиртар дифоъ намудаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки 2,5 њазор нусхаи њафтаномаи мустаќил аз шумораи 6 маротиба бештари матбуоти расмї муассиртар буда, дар офариниши афкори омма сањми назаррасе дорад. Дар њимояи манфиатњои давлативу миллї, њатто гоњо њукуматї расонањои мустаќил бо маблаѓгузории ночиз аз расонањои расмї пешсафтар будаанд. Ин њам дар њолест, ки дар расонањои мустаќил барои љалби обуна ва хонандагон ба мисли нашрияњои расмї дар ташкилоту нињоде нафаре масъул нест, ки хонандагонро љалб намояд. Барои омода намудани маќола, нашр, фурўш ва дигар мушкилоти чопи њафтанома рўзноманигорон масъул мебошанд. Буљаи солонаи њафтаномањои мадди назари мо ба њисоби миёна аз 50 њазор доллари ИМА бештар нест. Аз ин њам камтар низ мебошанд ва барои дахолат накардан ба асрори тиљоратии њафтаномањо ин њисобњоро канор мегузорем. Зикри ин нукта ба маврид аст, ки ин њама саъюу талош ва њатто аз худгузаштагии кормандони матбуоти тољик дар 20 соли ахир ќариб сирф аз рўи садоќат ба Ватан ва дўст доштани касб будааст. Он озодии баёне, ки дар матбуоти Тољикистон ба назар мерасад, аз рўи содоќат ва касбият тавлид шудааст. Дар њоле, ки имрўз таъминкунандаи озодии баён дар пешрафтатарин расонањои озодгўи дунё маблаѓ ба њисоб меравад. Сарфи маблаѓњои њангуфт аст, ки расонањои хориљї барои аз худ кардани фазои иттилоотии њар кишваре дод аз озодии баён мезананд. Сарфи маблаѓ дар матбуоти тољик бо ќиёс аз расонањои хориљие, ки дар Тољикистон фаъолият ме-

Чаро ба таваљљуњи Абдуљаббор Рањмонзода, на ин ки ба ин ё он нињод? Абдуљаббор Рањмонзода ёрдамчии Президенти ЉумњурииТољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа мебошад. Аз рўи вазифа ва масъулияте, ки ба дўш доранд, зарур аст, ки ба ин масъала аз диди давлатмардона муносибат кунанд. Танњо ў низ метавонад ин корро кунад. Агар давлат барои њифзи расонањои мустаќил аз њоло дастбакор шавад, фурсатест муносиб. Агар ба муборизањои расонаї дар кишвар бетараф набошад, бардошани ќадамњои минбаъда ба нафъи љомеа хоњад буд: 1. Барои њимояи манфиатњои аслии миллати тољик дар фазои расонаї пеш аз њама дар ташаккули журналистикаи воќеан миллї ва касбї сањм гирад. Зеро бо журналистикаи идеологие, ки дар хидмати њукумат имрўз ќарор доранд, ба њадафе расидан дар асри имрўз ѓайри мумкин аст. Се мутахассиси номии ИМА - Алберт Фред С., Шрим Уилберг ва Петерсон Теодор дар соли 1956 чањор назарияи матбуотро таъриф додаанд: авторитарї, либертарианї, назарияи масъулияти иљтимої ва назарияи Шўравии коммунистї. Ин чањор назарияи матбуот пеш аз њама на бо нуќтањои назари гуногун ва консепсияњо, балки аз нигоњи вобастаї ба кадом режими њокимияти ваќт ва љомеа тавоффут доранд. Аз рўи ин назарияњо шакли фаъолияти матбуоти расмии Тољикистон хоси назарияи авторитарї, ё худ идомаи фаъолияти коммунистии матбуот мебошад.Чизе, ки режими мављуда аз матбуот хоњад, аз рўи он бояд амал намояд. Натиљааш њам маълум. Матбуоти расмии Тољикистон айнан боќимонда аз замони Шўравї буда, бо такя ба шонањои кулли кормандони соњаи буљавї "зинда" мебошад. Бо чунин њол, аз ин нашрияњо умед кардани он, ки дар пур кардани халои иттилоотї наќше дошта метавонанд, камоли хушбоварии фиребандае беш нест. Бояд журналистикаи касбї ва миллї ба миён оварда шавад. 2. Солњои пеш дафтари Созмони амният ва њамкории Аврупо дар Душанбе барои чанд нашрияи мустаќил кумаки техникї дар шакли коѓаз мерасонд. Ин тадбирро давлат низ метавонад роњандозї кунад. 3. Дар ќадами сеюм њукумат метавонад нашрия ва расонањои мустаќили иттилоотї ва сиёсиро аз пардохти њамагуна андоз озод кунад. Андози солонаи 5-6 расонаи мустаќили кишвар шояд 200 њазор сомониро ташкил накунад. Таъсири ин маблаѓ ба буљаи кишвар ба њеч баробар аст. Барои кўмаки техникї низ маблаѓи њангуфте сарф намешавад. Аммо ин ќадамњо ба боло бурдани имиљи Тољикистон дар арсаи байналмилалї барои њимоя аз озодии баён мусоидат мекунад. 4. Барои роњандозии ин ќадамњо аз пешнињоди собиќ вакили Маљлиси намояндагон Давлаталї Давлатзода метавон кор гирифт. Тахминан соли 2012 Давлаталї Давлатзода дар љаласае дар парламент гуфта буд, ки бояд маблаѓгузории нашрияњои музофотї аз буљет хориљ карда шуда, ба љои онњо нашрияњои мустаќил маблаѓгузорї карда шаванд. Ин пешнињод мавриди таваљљўњ ќарор нагирифт. Њол он ки онро нафаре ироа дошт, ки солњо то 1,2 млн сомонї обунапулии "Минбари халќ"-ро барои корњои њизбї истифода мекард. Хулоса, матбуоти мустаќили Тољикистон дар њоли суќут аст! Њамон матбуоте, ки дар њимоят аз манофеъи миллї бепул дар хизмати њукумат буд. Њукумате, ки як мансабдори оддиаш бо миллионњо сомонї ва садњо њазор доллар пора боздошт мешавад, аммо расонаи мустаќилаш аз он то ба њол сомоние дарёфт накардааст. Фикр кунед, љанобон, њамин хизматгори беминнат ба Шумо оё даркор аст? Ё шумо фикри дигар доред?

Абдуазим АБДУВАЊЊОБ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

ДИКТАТОР

Бенито Муссолини 29 июли соли 1883 дар шањри Довиаи Италия дар хонаводаи падари оњангар ва модари омўзгор таваллуд шуд. Соли 1901 гимназияро хатм карда, дипломи омўзгори синфњои ибтидоиро гирифт. Соли 1903 ба њизби сотсиалисти Италия пайваст, хизмати артиш кард ва баъдан яке аз фаъолони љумбишњои мардумї ва њизби сотсиалистї буд. Муддате кори рўзноманигорї њам кардааст ва борњо боздошт шудаву боз озод шудааст. Дар оѓози Љанги аввали љањонї Муссолини даъват мекард, ки Италия бояд ба иттињоди Антанта (Иттињоди Русия, Инглис ва Фаронса) бупайвандад ва мањз њамин ѓоя ўро аз сафи сотсиалистон хориљ ва аз вазифаи муњарририи нашрияи "Аванти" низ мањрум кард. Баъди њамроњшавии Италия дар љанг Муссолиниро ба хизмати аскарї даъват карданд, ки дар яке аз муњорибањои захмї шуд.

"Иттињоди набард", террори дигарандешон Муссолини соли 1919 бо љумлае аз њамназаронаш њизби фашистии "Иттињоди набард"ро таъсис кард ва он фаъолияти худро аз ќатлу куштор оѓоз намуд. Он идда аз ќишри ањолї, ки аз беназмињо ба дод омадаву хостори назму субот буданд, аз амалкардњои њизби Муссолини пуштибонї карданд. Соли 1921 дар интихоботи парламонї вакил интихоб гардид ва соле баъд сарвазири Италия шуд. Соли 1924 фашистон дар парламон курсињои бештарро ишѓол карданд. Аммо интихобот аз љониби сотсиалистон шадидан интиќод шуд ва чун сотсиалист Љакомо Маттеоти талаб кард, ки натиљаи интихобот бекор ва интихоботи такрорї гузаронида шавад, дар њоли шок ќарор гирифт. Худи Муссолини баъдтар гуфта буд, ки дар он рўзњо кучактарин иќдоми табаддулот метавонист њукумати фашистиро ба зону нишонад. Вале яке аз фаъолони фашистї бо номи Америго Думини Маттеотиро рабуд ва ба ќатл расонд. Мањз њамин иќдом фашистонро дубора љасорат бахшид, вале дар кишвар террори дигарандешон шуруъ гардид. Худи Думини барои ќатли Маттеоти њамагї ду сол зиндонї шуд, вале баъди рањої то охир дар њифозати иљтимоии Муссолини ќарор дошт. Аз соли 1927 то 1943 трибунали вижаи бехатарии давлат ба муќобили 21 њазор нафар нафар айбномаи љиноёти сиёсї дарёфт кард, ки 5584 нафари онњо, ки 162 нафарашон занон буданд, ба додгоњ кашида шуданд. Бино ба омори расмї, 4596 нафар аз љумлаи коммунистон ва анархистон дар маљмуъ 28116 сол њабс шуданд. Вай орзу дошт, як империяи ќудратманди Италияро рўйи кор оварад. Ин буд, ки солњои 1935-1936 Эфиопияро забт кард. Солњои 19361939 ба Франко кумак кард, то дар љанги дохилии Испания пирўз ояд. Соли 1937 вай ба муоњадаи зиддикоминтернї, ки миёни Олмон ва Љопон баста шуда буд, пайваст. Иттињодаш бо Олмон тавсеъаталабии ўро афзуд ва соли 1939 Албанияро ишѓол кард. Ва моњи майи соли 1939 Олмон ва Италия "Муоњадаи пўлодї"-ро имзо карданд.

"Оњ, ин итолявињои чиркин..." Муссолини нажодпарасти ашаддї буд ва Римро "ќалби њамешагии нажоди худ" медонист. Муаллифи китоби "Муссолинии номаълум" аз ёддоштњои маъшуќаи охирини ў Клара Петаччи иќтибос меорад, ки мегўяд, Муссолини Њитлерро барои љасорат ва иќтидори диктаторї ва миллигарої ситоиш мекард. Аммо мегуфтааст, ки боварњои нажодпарастона ва зиддияњудии ў њанўз солњои 1920, то он ки Њитлер машњур шавад, тавлид шуда буданд. "Ман њанўз соли 1921 нажодпараст будам. Баъзењо гумон мекунанд, ки ман ба Њитлер пайравї мекунам, вале чунин нест. Муњим он аст, ки итолиявињо нажоди худро эњтиром кунанд",- мегуфт ў. Ва дар хотироти дигар омада, ки Муссолини аз он ки итолиявињо дар Эфиопияи ишѓолї иртиботњое бо ањолии мањаллї барќарор мекунанд, нигарон буд. "Њар боре ман аз Африќо њисобот дарёфт мекунам, нороњат мешавам. Масалан, танњо њамин рўз панљ нафар барои њамхобагї бо африќоињо боздошт шудаанд. Оњ, ин итолиявињои чиркин, онњо ќодиранд империяро зарфи камтар аз њафт сол ба нобудї расонанд.

"Диктатура - ин давлатест, ки њама аз як нафар метарсанд ва як нафар аз њама". Алберто Моравиа, адиби итолиёї

БЕНИТО МУССОЛИНИ Онњо эњсоси нажодї надоранд". Муссолини славянњоро ирќи паст ва вањшї меномид ва мегуфт: "барои 50 њазор итолиявї метавон ба осонї 500 000 славянии вањширо ќурбон кард". Аммо баъдан бинишњои вай таѓйир ёфтанд. Мегўянд, ваќте журналисти яњудинасаби Олмон аз ў дар бораи ирќу нажод суол кард, вай гуфт: "Нажод? Ин аслан як њиссиёт аст, на воќеият. Њаддиаќал 95 дарсади он эњсосот аст. Њеч чизе маро водор намекунад бовар намоям, ки имрўз аз нигоњи биологї нажоди тоза вуљуд дошта бошад ва љолиб он аст, ки ягон тан аз онњое, ки "бузургии" нажоди тевтониро масъалагузорї карданд, олмонї набуданд. Масалан, Гобино фаронсавї буд, Хюстон Чемберлен инглис, Волтман яњудї, Лапуж фаронсавї". Аммо Муссолини њамеша ваќте олмонињо итолявињоро нажоди омехта мегуфтанд, эътироз мекард. Соли 1934 дар суњбате гуфта буд: "Кадом нажод? Оё нажоди олмонї вуљуд дорад? Оё ягон замоне вуљуд дошт? Метавонад вуљуд дошта бошад? Њаќиќат, афсона ва ё фиреби назариётчиён"? Соли 1934 вай чопи китоби "Муњаббати сиёњ"-ро дар бораи ишќи итолёвидухтар бо сияњпўст манъ кард. Аз ин пештар, аниќтараш дар соли 1929 вай њангоми асос гузоштан ба Академияи илмњои Итолиё яњудиёнро ба он роњ надод. Соли 1934 як маъракаи зиддияњудї дар рўзномањои ин кишвар роњандозї шуд, ки онро низ дасти Муссолини медонистанд. Баъдан вай чандин ќонунњои нажодпарастї интишор дод. Аз љумла дар бораи манъи омезиш бо эфиопињо, арабњо ва яњудиён се фармоне мебошад, ки аз апрели соли 1937 то сентябри соли 1938 ќабул шудааст.

Диктатураи њокимият, худпарастї... Њукумати Муссолиниро њукумати полисї меноманд ва гуфта мешавад, ки аз соли 1925 то 1927 ў њама мањдудиятњои конститутсионї ва анъанавии њокимияташро аз миён бурд. Вай ќонунеро љорї кард, ки тибќи он, акнун на сарвазир, балки "сардори њукумат" номида мешуд ва дигар назди парламон љавобгўи чизе набуд ва тибќи ќонун, танњо шоњ њаќ дошт ўро барканор созад. Вай њама институтњои њокимияти мањаллиро аз миён бурд ва волиёну шањрдоронро ба консулњо - намояндањо иваз кард. Вай акнун на танњо сарвазир, балки вазири умури дохилї, вазири умури хориљї, сарвари вазоратњои њарбї ва њарбию бањрї, сарвари пулиси фашистї, аввалин маршали империя, академики фахрї ва чандин унвонњои дигар дошт. Њамаи њизбњои сиёсиро мамнуъ эълон намуд ва аз соли 1925 Италия ба низоми якњизбї гузашт. Интихобот тибќи дастуроти Шўрои бу-

зург мегузашт, ки номзадњоро таъин мекард. Шўрои бузург метавонист масъалаи барканории Муссолини аз симматашро баррасї кунад, вале бадбахтї он буд, ки танњо њамин Муссолини метавонист ин Шўроро даъват ба љаласа кунад. Муссолини худро атеист медонист, аммо ваќте њизби фашистии ў сари ќудрат омад, вонамуд сохт, ки ў дигар бехудо нест ва мегуфт, ки ў одами диндор аст ва фашизм худ зуњуроти динист. Дар як суханрониаш дар мавриди дини масењият гуфта буд: "Фашизм Худоро, муќаддасот, ќањрамонон ва эътиќодро, ки бо ибодат ќалби одамони оддиро саршори мењр мегардонад, эњтиром мекунад. Ба фарќ аз болшевизм фашизм талош намекунад, ки Худоро аз руњи инсонњо берун ронад".

Ѓуруби мазлумона Солњои Љанги дуюми љањон, ки Италия аз муттањидони Олмон буд, барои Муссолини шикастњои бешумор оварданд. Моњи январи соли 1943 артиши Шўравї неруњои Италияро торумор кард. Моњи майи њамон сол дар Тунис ба шикаст мувољењ гардид. Моњи июли соли 1943, ки неруњои ИМА ва Британия Кабир вориди Ситсилия шуданд, Муссолиниро дастгир карданд ва сипас ў ногузир шуд ба истеъфо равад. Моњи сентябри соли 1943 њукумати Италия бо

фармондењии муттањидон сулњ кард, аммо ба ѓазаби Њитлер гирифтор омад. Њитлер фармон дод Муссолиниро пайдо кунанд ва фавран ба Берлин оранд. Чунин њам шуд. 12 сентябри солия 1943 десантчиёни олмонї Муссолиниро аз асорат дар мењмонхонаи "Алберго-Рифуджио" воќеъ дар куњњои Аппенин наљот доданд. Замоне буд, ки маљоле надошт дигар њокимият кунад, вазъи хеле номуносиби саломатї дошт ва бисёр мехост ба истироњат равад. Вале ўро фавран ба Берлин оварданд ва бо Њитлер рў ба рў карданд. Мегўянд, Њитлер ба гуфт, ки агар ба Италиё барнагардад ва давлати нави фашистиро созмон надињад, неруњои олмонї Милан, Генуя ва Туринро валангор хоњанд кард. Ва Мусолинї ноилољ баргашт ва љумњуриеро дар як ќисми Италия бо номи Љумњурии иљтимоии Италия ташкил кард, ки пойтахти он шањри Сало буд. Дар ин давраи зиндагї Муссолини луъбатаке беш набуд, вай њама њидояту фармонњои ишѓолгарони олмониро иљро мекард. Вай њама фишорњои љониби Њитлерро тањаммул мекард, диктатори пешин акнун гўш ба фармони хољае аз Берлин менишаст. Ва њамроњ бо Петаччи саргарми навиштани хотироти зиндагии худ буд. Соли 1945 дар суњбаташ бо журналисти олмонї Маделин Моллир воќеъияти зиндагонии худро фош кард ва иќрор шуд, ки акнун ў кист: "Оре, хонум, ман тамом кардам. Ситораи ман сарнагун шуд. Ман кор мекунам, талош мекунам, вале ман хуб медонам, ки ин њамагї як мазњакаест. Ман охири фољеаро интизорам, ман дигар худро њунарманди ин сањна намењисобам, дар он наќше надорам,

балки њисс мекунам, ки яке аз охирин тамошобинонам..." Мусссолинї 17-уми апрели соли 1945 ба Милан омад ва шояд мехост аз љо ба Швейсария равад ва паноњ барад. Вале дар роњи фирор ба дасти партизанњои Италия уфтод ва баъд аз зуњри 28-уми апрел њамроњ бо маъшуќааш парронда шуд. Тахминњое вуљуд доранд, ки Муссолини бо дастури сарварони нерўњои муттањидон боздошт шуд ва муддате барои рабудани ў миёни хадамоти амниятии ИМА ва Британия мусобиќаи ошкор дар љараён буд. Муаллифи китоби пажуњишии "Рўзњои охири њаёти Муссолини" профессори фаронсавї Пйер Милза мегўяд, дар ваќти паррондани диктатор кормандони хадамоти инглисии "Intelligence Service" њузур доштанд. Черчил мехост мукотибаи худ бо Муссолиниро, ки фош шуданаш метавонист сарвазири Британияро дар њоли ногувор ќарор дињад, ба даст орад. Љасади бељони Муссолини ва маъшуќаи ўро якљо бо љасади шаш саркардаи фашистї ба Милан интиќол доданд. Дар Милан онњоро аз пояшон овехтанд ва сару рўйи диктаторро ба њадди шинохтанашаванда теѓ заданду хароб карданд... Тањияи Бобољони ШАФЕЪ

АЗ НАШРИЯ: Диктатор. Вожае, ки дар Рими ќадим ба вуљуд омада, дар асри 20 маъмул шуд. Ин чењраи рањбарони типи нав аст, ки дар кишварњои худ соњиби њукумати бемањдудият буданд. Мардуми худро вориди чањорчўби ќонуну ќоидањои нав карданд. Њазорњо инсонро куштанд, садњо анъанаву фарњангро шикаста, аз худ давлате боќї монданд. Бархе давлатњои мутараќќї, бархе харобазорро ба мерос гузоштанд. Кї ва чї тавр? Ин аст муњтавои рубрикаи нави "Нигоњ" - "Диктатор".


ФАРЊАНГИ МИЛЛЇ "Нигоњ": аз ин навиштаи раиси Иттињоди синамогарони Тољикистон бармеояд, ки синамои тољик на рў ба рушд, балки рў ба таназзули мудаввом аст. Муаллиф роњњои рањої аз ин бунбастро нишон додааст Санъати синамо (ё кино) дар охири асри XIX дар Аврупо, дар заминаи аккосї (суратгирї) чун тасвири мутањаррик ба вуљуд омада, минбаъд бо такмили васоили фаннии он аз ќабили камерањои наворбардорї (аккосї дар тасма, навори селулоидї) ва намоиши он наворњо рўи пардаи сафед шакл гирифт ва дар муддати кўтоњ чун њунари "Њафтуми" инсоният шинохта шуд. Оѓози таърихи синамо дар Cарзамини мо - рўзи 16 октябри соли 1929, рўи пардаи сафед намоиш додани сањнаи омадани аввалин ќатор (поезд) ба Душанбе эътироф шуда аст ва ин санаи таърихиро синамогарони тољик, чун рўзи касбии худ њарсола љашн мегиранд. Баъди ин воќеаи таърихї дар муддати кўтоњ - соли 1930 аввалин киностудия ё маркази истењсолу пахши (прокат, намоиши) филмњо- "Тољиккино", минбаъд "Тољикфилм" таъсис дода шуд, ки имсол 85 сола мешавад. Дар давоми таърихи ќариб 70 солаи замони шўравиаш "Тољикфилм", зиёда аз дусад филми њунарии пурраметражї, зиёда аз њазор филми мустанад (бо шумули киномаљаллањои "Тољикистони Советї" ва киножурнали њаљвии "Калтак") истењсол намудааст, ки дар саросари Тољикистон ва Иттифоќи Советї , ки аз шаш як њиссаи курраи заминро фаро мегирифт ба намоиш гузошта мешуданд ва миллионњо тамошобин онњоро чандин бор дидаанд. Инчунин филмњои муваффаќи синамои тољик ба воситаи сохторњои умумишуравї аз ќабили "Совэкспортфилм" ва "Совинфилм" барои фурўшу намоиш дар бозорњои љањонии синамо бароварда мешуданд. Гузашта аз ин, бо таъсиси телевизион ва фарогир гаштанаш дар саросари Шуравї, дар "Тољикфилм" барои шабакаи Телевизиони Тољикистон ва шабакаи Марказї дар Москва филмњои махсуси њунарї ва мустанади телевизионї сохта мешуданд. Давраи сермањсултарини "Тољикфилм" солњои 80 то 90 асри гузашта буданд, ки солона бо будљањои дар Кумитаи кинематографияи СССР ва РСС Тољикистон таъсисёфта то 4-5 филми њунарии синамої , 4то телевизионї, то 20-25 филми мустанад, 1-2 то аниматсионї (тасвирї, мултипликатсионї) , бо фармоиши Вазорати маориф то 4 филми таълимї ва то 4-5 филми фармоишии дигар вазорату идорањои Љумњурии Тољикистон ва Иттињоди Шуравї истењсол мегардид ва зиёда аз 50 филмњои шуравию хориљї ба тољикї дублаву тарљума мешуданд, ки дар маљмўъ 25% мањсулоти бозори синамоии Тољикистонро ташкил медоданд. Яке аз соњањои муњими синамои миллї: пахши филмњо (ё кинопрокат) дар ин солњо низ хеле фаъол буд. Солњои 80 асри гузашта дар Тољикистон (далелњо аз китоби С.Рањимов "Нури парда", Душабе 2004, сањ.40-41, оварда мешаванд) 1125 кинотеатру дастгоњњои кинонамоишдињї (бо шумули васоили саёри намоиши филмњо, клубњои фарњангии бо ин васоил муљањњаз), ки аз онњо 274- то дар шањрњо ва 851 дар дењот фаъолият менамуданд. (Ба ин шумора васоили филмнамоишдињї дар тамоми мактабњои љумњурї ба њисоб гирифта нашудаанд, ки ба воситаи онњо низ филмњои таълимї намоиш дода мешуданд). Дар ин толорњои синамої солона аз тамоми филмњои ба намоиш гузошташаванда 50% -ро филмњои хориљї, 25%-ро филмњои советиву русї ва 25%- ро филмњои миллї ташкил медоданд. Њармоња як сокини љумњурї ба њисоби миёна 8,5 бор ва аз он љумла сокинони шањрњо 12,5 бор ва дењот 6,5 бор ба кинотеатр мерафтанд. Шумораи тамошобинони филмњо дар соли 1986 ба 40 миллиону 960 њазор расида буд. Филмњои хориљї, хусусан њиндї барои тамошобинон маќбултарин буданд ва он замон аќидае маъруф буд, ки дар иќтисоди Шуравї даромад аз намоиши филмњо баъд аз фуруши "водка" дар љойи дуюм ќарор дорад. Бо пошхўрии Шуравї ва мушкилоти пешомадаи маълуми солњои аввали Истиќлолият тамоми сохторњои синамої њам

85 СОЛИ РУШД ВА ТАНАЗЗУЛ фаъолияти комил надоштанд ва ин омор комилан таѓъир ёфта, метавон гуфт, рў ба таназзул нињод. Аз омори охирине, ки дар даст дорем, шумораи умумии тамошобинон дар соли 2001 ба 220 њазор расид, ва то 01.01. 2001- дар Љумњурии Тољикистон 602 кинотеатр боќї монда, аз онњо фаќат 74- тоашон каму беш фаъолият мекарданд. Омилњои асосии иљтимої ва "объективии" таназули ин сохтор ба њама маълум аст, ки дар бораи он муфасал намегўем. Вале умдатарини онњо, фарогир шудани телевизион ва дигар технологияњои љадиди муосир аз ќабили видеои диљитолї ё раќамї ва интернет аст, ки бо раќобати шадид љойи синаморо то андозае танг карданд. Новобаста ба ин - таљрубаи давлатњои соњибистиќлоли собиќ Шуравї гувоњї медињанд, ки синамои миллї метавонад, дар баробари ин равандњои шадидан раќобаткунанда, њамчун њунари хеле муассир ва муњим побарљо бимонад, шаклњои нави фаъолият пайдо карда, рушд намояд. Ин нукта дар Паёми Президенти Љумхурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз 23 январи соли 2015 (дар бораи кинои тољик), хеле бамаврид таъкид шудааст ва барои синамои миллии мо таќдирсоз мебошанд. Барои амалї гаштани ин нуктањои муњим ќадами аввал таъсиси "Шурои њукуматї оид ба рушди кинематографияи миллї" буд, ки љаласаи аввалини худро 13.08.2015 бо рањбарии муовини сарвазири Љумњурии Тољикистон М. Љабборї баргузор намуд. Аъзои Шуро дар ин љаласа иљро нагаштани "Барномаи рушди синамои тољикро, барои солњои 2010- 2015" тањлил карда,бештар аз мушкилоти соња ибрози назар намуданд, ки умдатаринаш- аз назари масъулони Кумитаи телевизион ва радио, Вазорати молия, киностудияи давлатии "Тољикфилм", таъмин нагаштани маблаѓњои пешбинишудаи будља аст. Инчунин аъзои Шўро роњњои гуногуни рањої аз бунбастњоро пешнињод сохтанд. Иттифоќи синамогарони Тољикистон бо намояндагї аз бандаи камтарин, ки узви ин Шуро аст, мавќеъи Иттифоќ ва баъзе нуктањои калидии рушди ояндаи кинои тољикро барои хонандагони гиромї ироа медорад:

1. Яке аз омилњои асосии рушди синамои тољик дар даврони Шуравї - дар сохтори мукаммали ягона ва системаи муносибатњои шаклгирифтаи -идеологию эљодї ва иќтисодї (Кумитаи кинематография) фаъолият намудан буд, ки истењсол ва намоиши филмњоро мунтазам ва сари ваќт бо маблаѓњои будљаи марказии Шуравї ва мањаллии он - РСС Тољикистон таъмин мегардонд. Мушкили он замон људо нагардидани маблаѓњо набуд, балки сари ваќт ва бо маќсади муайянгардида истифода накардани онњо њисоб меёфт, ки аз љониби сохторњои маъмурии давлат хеле сахгирона назорат мегардид. 2. Омили дигари муайянкунанда- мављудияти бозори дохилї ва хориљии намоиш ва фурўши филмњо (кинопрокат ё дистрибутсия) буд, ки истењсоли филмњоро њеч набошад, худкифо мегардонд. Яъне њар филми истењсолгашта, агар аз назари сифат чандон баланд набошад њам, харљи кардаашро мебаровард ва ё дар маљмуъ як ё ду филми муваффаќи миллї ва пешнињоди чанд филми маъруфи хориљї ба тамошобинон, метавонист харљи филмњои номувафаќи миллиро пушонда, даромади софи молї биёрад. Шакли ин бозор- кинотеатр ва тамошобин буд, ки бо харидани билет филмњоро тамошо мекарданд ва дар замони муосир њам дигар нашудааст, балки бо истифодаи технологияњои навтарини љањонї - бо фароњам овардани фазову имконоти бештари истироњату фароѓат намудани тамошобин пешрафт кардааст. Тањлилњо нишон медињанд, ки баъди ба Истиќлолияти давлатї ноил шудан ва мушкилоти миёншикани солњои аввали он - омили аввали пойдорї ва рушди синамои тољик - мављудияти сохтори вижаи давлатии он бо талаботи замон ва равандњои тезутунди он бозбинї ва мувофиќ гардонда нашуд. Ин сохтор, ки њамчун Кумитаи кинематография дар назди Њукумати онваќтаи РСС Тољикистон бо зерсохторњояш - киностудияи "Тољикфилм", "Тољиккинотехника", "Тољикинопрокат" бо намояндагињояш дар маркази вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо, фаъолият дошт, баъди пошхўрии Шуравї аввал ба Идораи худтаъминкунадаи (хозрасчетное предприятие) кинематография: "Тољиккино" (њоло Корхонаи воњиди давлатии кино ва видеои "Тољиккино") табдил ёфта, ба тобеияти Вазорати фарњанг ва баъдтар ба тобеияти Кумитаи телевизион

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

7

ва радио дароварда шуд, ки то замони кунунї як сохтори сарбориро мемонад. Вале аллакай он замон дигар маблаѓњои асосии истењсоли филмњо аз Кумитаи кинематографияи СССР људо намегаштанд ва маблаѓњои дохилї њам иќтидори мављудаи истењсолии "Тољикфилм" - ро, ки шабонарузї (дар се баст бо шумораи 600 коргари техникиву эљодї) фаъолият мекард, таъмин карда наметавонистанд. Канда шудани робитањо бо собиќ љумњурињои Шуравї дар истењсоли филмњо, ирсол нагаштани маводи филмсозї аз фабрикањои Ќазони Тотористон, Шосткаи Украина, васоили филмбардории дигар аз Москва, Ленинград ва дигар корхонањо, ќатъ шудани додугирифти озоди филмњо дар байни давлатњо, кинематографияи Тољикистонро комилан дар бунбаст ќарор дод. Ин њолат синамои дигар љумњурињои собиќи Шуравиро то аввалњои соли 2000 домангир буд, вале онњо асолати сохтори давлатии синамои милиашонро нигоњ дошта бо замони нав мувофиќ намуданд ва ба воситаи ворид кардани технологияи нави љањонї онро дубора ба по гузоштанд. Омили дуюм ва хеле муњими рушди синамои миллї- пахши филмњо ё намоиши филмњо (бо барњам хурдани бозори ягонаи синамои Шуравї) дар кинотеатрњои Тољикистон низ аз байн рафт. Аксарияти толорњои синамої ба ихтиёри сохторњои њукуматњои мањаллї вогузошта шуда, тадриљан фарсудаву фурухта шуданд ё шакли фаъолияташонро дигар намуданд. Ин зарбаи сахттарин ба синамои тољик гашт. Мутаассифона, дар тули зиёда аз 20 соли Истиќлолият ягон кинотеатри муосир сохта нашудааст ва толорњои ќадима њам, баъди таъмирашон ба таври пурра ба намоиши филмњо машѓул нестанд. Дар кишварњои пасошуравї бошад дар ин давра шабакањои муосири филм намоишдињї - "мултиплексњо" ба вуљуд оварда шуданд, ки маъмулан дар дохили як бино бо се толори хурду бузург барои 100, 200, 400 љойи нишаст ва бо курсињои роњат, васоили садову тасвири олї муљањњаз њастанд. Њатто дар дохили "супермаркету гипермаркетњо" (то 10-то) чунин толорњо сохта шуданд, ки муштариён дар баробари ѓизои моддї ѓизои маънавиро пайдо мекунанд. Ин тарзи кор имкон дод, ки шакли ягонаи билет ва ќиммати нисбии онњо љорї карда шавад ва ба ин васила омори даќиќи дар як рўз, њафта ва моњ чи ќадар филм намоиш додан, чи ќадар тамошобин омадан ба њар филм ва чи ќадар суду зиён дидани онњо муайян гардад. Ин тарзи кор инчунин имкон дод, ки бозори сиёњи фурўши филмњо (мисли дискфурўшињои бозорњои мо, ки аслан ѓайриќонунї ва ба фурўхтани филмњои дуздидашуда машѓуланд) эътиборашонро аз даст бидињанд ва тамошобин оњиста-оњиста ба толори фарњанги синамо баргардад. Ва пешакї таъкид месозем, ки дар сурати барќарор сохтани бозори дохилии намоиши филмњо дар он шакли пештарааш њам (чуноне ки дар боло зикр кардем), таносуби фоизи намоиши филмњои тољикї нисбат ба хориљї камтар мешавад, на бештар. Яъне ин як воќеияти бозори глобалии филмњо аст, ки мавќеи асосиро Њолливуди Амрико дорад. Дар замони Шуравї мавќеи асосиро баъди Њолливуд, Боливуди Њиндустон дошт, вале дар замони муосир љойи онро дар Осиёи Марказї филмњои туркї ва русї пайваста фатњ месозанд. Тањлилњо нишон медињанд, ки дар њолати кунунї кинематографияи тољик иќтидору тавоноии истењсоли беш аз 4-5 филми њунарии баланд, то 20 филми мустанад, аз 1 то 3 филми аниматсионї ва хурду реза чанд филми кўтоњметрии дигарро надорад. Ин шумора чандон бузург наменамояд, вале бо назардошти амалї кардани нуктањои дар боло зикршуда метавонад асоси рушди синамои миллї, ба вуљуд овардани бозори дохилии филмњо гардад ва дубора кинои тољикро шуњратманд созад. Ва ин наќшањоро фаќат дар сурати дубора таъсис додани Кумита ё сохтори вижа, њамоњангсозии сиёсати давлатии кинематография бо равандњои љањонии синамо, метавон амалї намуд. Сафар ЊАЌДОДОВ, Раиси Иттифоќи синамогарони Тољикистон


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

(Аввалаш дар шуморањои гузашта) Ќисмати ёздањум (7.1.2015) Ду рўз пеш рафтам клиники Сино, ки мутааллиќ ба Љумњурии Исломї аст ва наздики хиёбони Рўдакї, рўбарўи порки Байраќ (Парчам) аст; дар табаќаи дувуми як сохтмони чандтабаќа клиники хубе њаст, ки анвои хадамоти пизишкї ироа медињанд. Мехостам дандонам рўкаш кунам ва агар бишавад, љирмгирї њам бикунам. Аз ќисмати пазириш пурсида будам, ки барои ин кор бояд чї кор кунам, он њам гуфт: бояд биравї аз ќисмати дандонпизишкї, ки тањи рањрав аст, бипурсї, рафтам он љо, зани тољикї, ки он љо буд ва бештар русї ба назар мерасид то тољик, гуфт: бояд биравї, аввал озмоиш бидињї. Гуфтам: барои чї? Гуфт: ин љо барои ќисмати дандонпизишкї се озмоиш мегиранд: озмоиши њепотик, озмоиши сифлис ва озмоиши зардї. Гуфтам: бошад, алъон мегиред? Гуфт: аввал бояд биред хазина (ќисмати пардохт). Рафтам он љо, 90 сомонї гирифтанд ва баргаштам ќисмати озмоиши хун; чанд даќиќае бештар тўл накашид ва гуфт: бояд пасфардо, соати ёздањи субњ ин љо бошї. Имрўз бо вуљуди ин ки ба фикри рафтан пеши доктори дандонпизишк будам, соати 9 ба ваќти мобайлам по шудам, дар асл соат наздик ба дањ буд, ки дидам занг заданд. Гуфт: ман аз клиник њастам, меоед? Гуфтам: меоям. Гуфт: алъон соат наздики ёздањ аст. Мутаваљљењ шудам, соати мобайлам ба ваќти Дубай танзим шуда; сареъ либос пўшидам ва рафтам, таъхири бистдаќиќаї доштам, аммо доктор хушмуомила буд; исмаш Наримон буд, ба русњо бештар шабењ буд, вале тољикї хуб њарф мезад. Бобати таъхир пузиш хостам ва нишастам то дандонњоям љирмгирї кард ва як ќолаб барои рўкаши дандон гирифт; як соату ниме тўл кашид. Нархи пизишкї туи ин клиник њам аз Дубай арзонтар буд њам аз Эрон. Куллан нисфи ќимати он љо буд. Ќарор шуд барои рўкаш ду рўзи дигар мурољиат кунам. Аз клиник, ки берун омадам, рафтам самти майдони Сомонї. Баъд аз хиёбони Тењрон дар самти чап як ќањвахонаи коргарї туи яке аз кўчањо, наздики сохтмони баландошёна пайдо карда будам, ки ѓизоњои хуби тољикї бо нархи арзон дошт. Чанд рўз пеш он љо нањор хўрда будам, калла-поча њам дошт. Имрўз ѓизои дигаре суфориш додам: исмаш суп-питии гўсфандї буд туйи зарфи сафолмонанде. Навъе обгўшти тољикї буд; ду тиккаи гўшт бо дунба дошт, нахўд дошт ва њавиљ (сабзї) ва як нисфа себи заминї ва пиёз ва чизе шабењи олболуи хушка, ки бо сабзии хурдшуда, гашниз ва шивид буд; доѓ ва хушмазза буд, дар он адвияе ба кор бурда нашуда буд, љотун холї, бо нони мањаллии худашон хўрдам, куллан, 16 сомонї шуд. Соат ду шуда буд, ќарор буд имрўз ба иттифоќи оќои Шафеъї, яке аз китобдорони Машњадї, ки наздики майдони Сомонї китобхонаи кўчаке дошт ва китобњои мухталифи адабї ва таърихї ба забони форсї мефурўхт, бо њам биравем анљумани шеъри Тољикистон. Оќои Шафеъї занг зада буд, ки шояд дер биёяд, барои њамин худам роњ афтодам то Китобхонаи миллї рафтам. Дохили китобхона мисли њамеша масъулини дами дар гуфтанд: куљо? Гуфтам: мехоњам биравам мањфили Хайрандеш; чун ин анљуман тавассути оќои Хайрандеш, аз адибони Тољикистон идора мешавад. Гуфт: сабр кунед. Дар ин байн дидам, иддае барои сабти ном шудан дар Китобхонаи миллї љойе саф кашидаанд, бад надоштам, ки ман њам узви Китобхонаи миллї шавам. Аз масъули он ќисмат пурсидам: имконпазир аст, ки ман њам узви Китобхонаи миллї шавам? Гуф-

«

НИГОЊИ ХОРИЉЇ

Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур танд: агар паспорт њамроњат њаст, мешавад. Рафтам дохили сафи сабти ном; духтарон ва писарони љавон ва чанд нафари дигар сабти ном карданд. Бобати доштани корти иштирок бояд дањ сомонї медодам. Ин корт се сол эътибор дошт, воќеан, хуб ва олї буд; њарчанд ман муддате дигар бештар он љо набудам, аммо барои шањрвандони худашон хеле хуб буд. Онњо метавонистанд бо додани дањ сомонї ва копии шиноснома ё паспорт се сол аз имконоти Китобхонаи миллї истифода кунанд. Аксро он љо њамон мавќеъ рўйи сандалї канори девор нишонданд ва аз ман гирифтанд; бо вуљуди ин ки дањ нафар љилави ман буданд, бештар аз як рубъ тўл накашид. Њоло ман муштараки Китобхонаи миллї шуда будам ва метавонистам роњат ба он љо рафтуомад кунам ва аз имконоти ин китобхонаи бузург истифода намоям. Соат наздик ба се буд, толори мањфили Хайрандеш дар табаќаи 5 буд, рўбарўйи осонсури (лифти) мањалли баргузории мањфил буд. Солуне нисбатан хуб бо гунљоиши беш аз 30 нафар. Ворид, ки шудам, дањ- дувоздањ нафаре беш набуданд; оќое, ки аз њамаи масинтар ба назар мерасид, баланд шуд ва гуфт: шумо оќои Фарњод њастед? Фањмидам, оќои Шафеї лутф кардаанд ва пешопеш ба оќои Хайрандеш гуфтаанд, ки имрўз мењмон дорем. Рафтам ва бо њама ањволпурсї кардам ва чанд даќиќае бо оќои Хайрандеш ва дўсти эронии дигаре, ки аз ањолии Шероз буд, канори њам нишастем ва фурсате шуд, ки ќабл аз шурўи расми љаласаи анљуман бо оќои Хайрандеш ва оќои Токї суњбат кунам. Баъдњо оќои Токї аз њамроњони ман дар љаласаи анљумани адабї шуд ва ин дўстї ва ошної дам ба дам бештар гардид. Исми мањфили онњо ба тозагї ба мањфили "Њамешабањор" таѓйири ном додааст. Аммо устод Хайрандеш, њамчунон, масъулияти идора ва рушд ва такопўи онро ба уњда доранд. Ба хубї бо шеър ва шуарои форсї ошно њастанд ва анвои сабкњои шеъриро мешиносанд ва ин боиси рушди њамроњони ин мањфил шудааст. Оќои Хайрандеш китоби зиёде ба чоп нарасондаанд љуз куллиёте, ки чанд сол пеш дар 50- солагии худ мунташир намудаанд. Аз байни шоирони классик Њофизро беш аз дигарон дўст доранд, ба ќавли худашон, Њофиз њамаи чизи шеъри ман аст, ў бузургвор ва њомии мост ва хеле мавоќеъ, ки ба ишколе ва мавонеъ бархурд мекунам, ба ў руљўъ мекунам. Шоирони ин мањфил бештар ѓазал ва дубайтї ва маснавї ва рубої хонданд, ки баъзе аз онњо ќавї буд. Албатта, шоирони

Даст кардам, туи љайбам, дидам, кифи пулиам (њамёнам) нест. Аввалаш хеле нигарон шудам, ки накунад туи такси аз љайбам афтода ё касе љайбамро зада. Аммо як мартаба ёдам омад, туи хона шалворам, ки иваз кардам, кифи пулї аз туаш барнадоштам. Дидам, се сомонї туи љайби копушонам њаст. Дубора савори таксї шудам ва баргаштам хона, кифи пулиро бардоштам ва дубора ба самти чойхона њаракат кардам.

«

љавоне њам буданд, ки шеъри нави Нимої мехонданд. Дар шеърхонии онњо пай бурдам, ки вазне, ки ашъораш шабењи ашъори Парвини Эътисомї буд, дар шеъри онњо њаст. Ашъори Фурўѓ ва Симини Бењбањонї ва бузургоне чун Ахавон ва Шомлу барои онњо ошност. Аммо гароиши шеъри онњо дар шеъри классик аст ва шеъри нав низ дар њадди Нимої буд; њанўз таблури шеъри модерн ва постмодерн љое дар адабиёт ва шеъри Тољикистон пайдо накардааст, ки бояд замон бигзарад ва нашру њашри бештаре дар њавзаи шеърии адибони тољик иттифоќ биафтад, то даричањои дигари шеърї роњи худро боз намояд. Њарчанд дар таронасароии рэп ва ѓайра дар хониши хонандагони тољик њаст, аммо онро наметавон намуди гароишњои сабкњои дигари шеърї донист. Ва инро изофа кунам, ки шеъре дар њоли њозир дар байни мардуми Тољикистон ањамият дорад, ки ба масоили ахлоќї, њикмат ва панду андарз ва масоили иљтимої ва эњсосї таваљљуњ дошта бошад. Гароиш ба самти ноби шеъре, ки шоир фаќат барои худаш ва ба ќавли дањаи њафтодињои шеъри Эрон буд, ки Худоро низ банда набуданд, љойи ончунонї ва пазиришї надорад. Ин ки раванди шеъри шуарои тољик ба чї самте ва сўе хоњад рафт, ба иттифоќоти шеърї ва ниёзи адабї ва инсонии ин љомеа бастагї дорад. Дар маљмўъ, ман аз ин ки дар ин љамъ будам, љамъе, ки њар њафта осори ин шоирони љавон дар маљаллаи њафтагии "Зан ва мард" ба чоп мерасад ва мавриди таваљљуњи мардум аст, басе хушњол шудам. Чун дар поёни њар љаласаи шеър, ашъори теъдоде аз афрод, ки ќавитар сурудаанд, бо њузури оќои Хайрандеш ва масъулин амр ва веросторї мешавад ва барои маљалла фиристода мешавад, низ нек донистам ва кори бисёр боарзише барои насли љавони шеър аст. Љо дорад дар ин мањфил аз шоире бигўям, ки дар ибтидо аслан фикр намекардам шоир њастанд. Фикр мекардам њамроњ ё падари яке аз шоирони љавон њастанд, то ин ки дар поён ончунон шеъри баланд хонданд, ки муљиби масаррат ва хушњолии њама гардид. Шоире бисёр ќавї ва бо хониши тољикї ва зебо; њайф, ки тарљумаи онро ба хати форсї надошт ва танњо тавонистам ќисматњои охири шеърашро њангоми хондан филм бигирам. Дар поён аз ман хоста шуд, ки суњбате бо шоирон ва њозирин дошта бошам, ки ман муљаддадан зимни муаррифии худ ва осори нашрёфтаи худ, аз фаъолияти Анљумани адабии Њофиз дар Дубай гуфтам ва аз анљуманњои адабии Эрон ва тавоноии шоирони эронї сўњбат кардам ва ин иртиботро ѓанимат донистам то дар оянда иртиботи мо бо онњо бештар гардад ва аз мардум ва мањофили адабии Тољикистон дар шањри Душанбе низ ташаккур кардам, ки њар љое рафтам, бо њавсалаи бисёр пазирои ман буданд ва дар поён изофа намудам, ки мою шумо фаќат ду њамзабон нестем, мо пайкараи бузурги фарњанг ва дин ва сунани муштараке њастем ва дорои эњсоси муштарак ва таърихи бузурге њас-

тем, ки бояд онро пос дорем ва ба наслњои баъдї мунтаќил намоем. Ќисмати дувоздањум (8. 1. 2015) Имрўз панљшанбе, соати нўњу ним аз хоб бедор шудам, соати 10 бо доктор ќарор доштам, барои њамин аз хона берун омадам ва рафтам бемористон, бояд дуто аз дандонњоямро таъмири асосї бикунам, як соат ва ниме он љо будам, то кораш тамом шуд, дањанам ва забонам сарду бењис шуда буд. Аз он љо омадам берун, самти хиёбони Рўдакї канори пиёдарањ дидам чанд акси буз ба девор задаанд, љилутар рафтам, дидам: пиразане таќвими соли нави милодї мефурўшад. Фањмидам, имсол соли буз аст. Аз он љо рафтам самти яке аз марокизи фурўш, чархе он љо задам, бештар атиќаи ва бадалиљот мефурўхтанд. Зимни ин ки пўшок ва мобайлфурўшї низ буд. Оќо Љаъфар чанд рўз пеш листи чанд хонандаи тољикро ба ман дода буд. Туи ин маркази харид як си-дифурўшии хуб буд, рафтам бо зане, ки он љо кор мекард, листро ба ў нишон додам. Лист ба хатти сирилик буд. Гуфтам: аз ин хонандањо си-ди ё ди-ви-ди дорї? Гуфт: буда, нигоњ кунам. Лист, ки нигоњ кард, шурўъ ба људо кардани си-дињо намуд, билохира 6то навори си- ди ва ди-ви-ди дастам дод. Чандто си-ди ва ди-ви-ди таронањои тољикї аз ў харидам. Аз он љо рафтам барои нањор пушти сохтмони баландошёна, њамон ресторан ё ќањвахонаи ќадимї. Бо онњо ошно шуда будам. Билфосила, ањволпурсї карданд, гуфтанд: чї мехўрї? Гуфтам: имрўз ихтиёр дасти шумост, чизе биёр, ки ќаблан нахўрда бошам. Ваќте овард, дидам чизе шабењи обгўшт аст. Беранг буд, аммо хушмазза. Нањор, ки хўрдам, рафтам то самти Садбарг. Он љо каме чархидам ва соатњои сеи баъд аз зуњр савори мошин шудам ва омадам то чойхонаи "Роњат". Аз дохили чойхона дуто обљав гирифтам ва як батр араќи тољикї, ки хеле хуштаъм ва гирост ва аз он љо савори таксї шудам ва омадам манзил. (9.1.2015) Имрўз љумъа аст ва њаво якдаст абрї мебошад. Ќарор буд, имрўз яке аз шоирони танзпардози Тољикистонро канори чойхонаи "Роњат" бубинам. Ќарорамон соати дувоздањ буд, доштам либос мепўшидам, дидам, як нафар дари хона мезанад. Чун рўз буд, дарро боз кардам, бубинам кист. Дидам, љавоне, ки шамоили рустої дошт, таќозое мекунад. Аввал мутаваљењ нашудам, фикр кардам, талаби пул мекунад. Гуфтам: надорам, баъд фањмидам, ѓизо мехоњад. Миќдоре нон ва ѓизо доштам ва ба ў додам. Ў њам ташаккур кард. Дари хонаро бастам ва њаракат кардам. Васати роњ будам, ки оќои Њайрон, шоири танзпардоз занг зад: Куљої? Гуфтам: туи роњам. Дошт нам- нам борон шурўъ мешуд. Ваќте расидам чойхона, њарчи гаштам, дидам, оќои Њайрон нест. Омадам занг барояш бизанам, дидам, мобайлам ас-


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

лан пул надорад. Њамон наздикї дастгоњи шоржмобайл буд, ки њар миќдор маблаѓе, ки бихоњї, метавонї бо ворид кардани шумораи худ ва ширкати иттисолоти он љо маблаѓи мавриди назари мобайлатро шорж кунї. Даст кардам, туи љайбам, дидам, кифи пулиам (њамёнам) нест. Аввалаш хеле нигарон шудам, ки накунад туи такси аз љайбам афтода ё касе љайбамро зада. Аммо як мартаба ёдам омад, туи хона шалворам, ки иваз кардам, кифи пулї аз туаш барнадоштам. Дидам, се сомонї туи љайби копушонам њаст. Дубора савори таксї шудам ва баргаштам хона, кифи пулиро бардоштам ва дубора ба самти чойхона њаракат кардам. Васатњои роњ дубора Њайрон занг зад, гуфтам: куљої, ман, ки омадам шумо набудед. Гуфт: дорам меравам намози љумъа, баъдан меоям пешат. Гуфтам: ишколе надорад, баъдан мебинамат. Дидам то Њайрон биёяд, тўл мекашад, пиёда худамро ба майдони Сомонї расондам. Оќои Токї, яке аз дўстони тозаи ошнои мањфили адабии Хайрандеш туи Китобхона миллї буд. Њаво хеле сард шуда буд ва намешуд берун туи ин њавои бисёр сард, ки бод њам мевазид, монд. Барои њамин занг задам ба оќои Токї, гуфтам, ман дами дари китобхона њастам. Гуфт: биё, боло, ман туи ќисмати китобхонаи эронї нишастаам. Рафтам боло, он љо буд теъдоде донишомўз ва донишљў доштанд китоб мехонданд. Бо оќои Токї ањволпурсии камсадое кардам, каме нишастем, дидем, намешавад баланд њарф зад ва мазоњими китобхонии дигарон мешавем, омадем поини китобхона. Берун аз дохили сохтмон, ки як чойхўрї ва ѓизохўрї дошт, љои нисбатан гарме буд. Чой ва каме кек суфориш додем ва аз вазъияти шеър ва адабиёт ва каме аз кору бори оќои Токї пурсидам. Соат наздики дую ним шуда буд, ман ќарори доктори дандонпизишкї доштам, аз ресторан омадем, оќои Токї рафт китобхона, ман њам пиёда ба самти бемористони Сино, ки то китобхона дањ даќиќае бештар роњ набуд, роњ афтодам. Васати порки Рўдакї ба самти бемористон њаракат кардам. Њавои фавќулъода шуда буд. Намешуд тавсифаш бикунам.

Бо вуљуди сардии ин ќадар ин њаво ва манзара ва сукут ва оромиш дар нам- нами борон зебо буд, ки лаззати он фаромўшкарданї нест. Мисли як шеър ва мусиќї зебо буд. Њеч аљала аз барои рафтан надоштам, гўшњо ва дасту поњоям ва чашмњом комиллан сардашон шуда буд. Аммо лаззати будан дар ин њаво неъмате буд, ки шояд то муддатњо ба даст наёварам. Пас, бо њама вуљуд аз он истифода мекардам. Ваќте расидам бемористон, доктор як муштарии дигар дошт. Гуфт: каме сабр кун. Гуфтам: бошад. То фурсат буд, гуфтам бирав дастшўйї. Рафтам, дидам, ин љо њам дастшўињош шланги об надорад, коѓази туалет њам надошт. Барои њамин сарфи назар кардам. Маризи ќаблї, ки мурраххас шуд, навбатам шуд ва рафтам то рўкаши дандонам, ки доктор мегуфт: аз Маскав имрўз расида, сабр кун,.ним соате тўл кашид. Каме бо доктор суњбат кардем, фањмидам, доктор модараш эронист ва падараш, ки тољик буда, ќаблан чанд сол дар Мозандарон кор мекарда. Туи дилам гуфтам: бубин, рўзгор чї чархњое дорад, ки одамро бичархонад. Бо ин доктори мењрубон аксе бо њам гирифтем ва аз ў бисёр ташаккур кардам ва худоњофизї намудам. Берун аз бемористони Сино њанўз дошт нам- нами борон меомад. Аз он љо дубора ба оќои Њайрон занг задам, гуфт: ман китобхона њастам. Масири рафтаро дубора баргаштам. Коргарони шањрдорї, ки бештарашон зан буданд, доштанд фазои он љоро тоза мекарданд, туи ун њавои сард дасташон туи обу хок буд. Љиддан, занони тољик занони пуркор ва зањматкаше њастанд, на ахму (туршрў) буданд ва на ваќте барояшон њарф мезадї, мисли мо, эронињо шурўъ ба шиква ва шикоят мекарданд. Миёнгини синни занон ва мардоне, ки кор мекарданд, 40 ва 50 сол буд. Шояд, орзуи њар кадом аз онњо ин буд, ки туи хона буданд ва шавњарон кор мекарданд ва ба фарзандонашон мерасиданд-неъмате, ки бисёре аз занони эронї онро ќадр намедонанд ва фаќат бар муддаоњояшон изофа шудааст. Тоза ваќте њам мехоњанд кор кунанд, мутмаинан дунболи коре мисли љорукашии

9

хиёбон ва кор дар порк ва ресторан ва пешхидматї ва фурўш дар дуконњо нест, балки аксаран, мехоњанд бираванд идорае ва љойе шик ва тамизе кор кунанд. Оре, дунё гаштан ба мо меомўзад то бубинем мо куљо њастем ва дигарон дар куљо, мо чї кор мекунем ва дигарон чї гуна рўзгор мегузаронанд. Каме канори он занњо истодам. Чањор зан ба иттифоќи ду мард доштанд дарахти хушкидае аз дохили замин дармеоварданд; нигоњашон мекардам ва барои талошаш барои як зиндагии обрўманде тањсинашон мекардам. Азбас мо дар шањрњои модерн санитару одамњои дигаре дидаем, ки зањамоти корамонро мекашанд, дидани миллате, ки худаш кори худашро анљом медињад, ситоишбарангез њаст. Бигзарем, ваќте расидам китобхона, дидам оќои Њайрон дами дар он љо истода. Гуфтам: биравем боло. Гуфт: на, оќои Токї њам доранд меоянд поин. Мунтазир шудем дам дар, то оќои Токї омад. То омадани оќои Токї чандин шеър бароям хонд. Адами муътаќиде буд, рафторњои шеърияш мисли Мирзайнали худамон буд. Аммо эшони каме пиртар ва дар њар заминае ва ќолабе шеър месуруданд. Сетої ќарор шуд бирем манзили оќои Токї, ки дар яке аз њотелњои ё бењтар бигўем, мусофиратхонањои минтаќаи Зарафшон буд (бист сол пеш, ки ба Ўзбакистон сафаре доштам, дар шањри Тошканд ва наздики майдони марказии шањр низ минтаќае буд ба номи Зарафшон, ки бо Зарафшони шањри Душанбе хеле фарќ дошт). Бояд бо мошинњои хатти ба самти шимоли ѓарбии шањри Душанбе мерафтем. То он лањза ман ба он минтаќа нарафта будам. То истгоњ пиёда бо њам роњ афтодем. Аз он љо то Зарафшон нафаре 2 сомонї буд. Чун мошин пур шуда буд, мо сарипо истодем. Инњо ин ќадар мусофир пур мекунанд, ки љойи сўзан партофтан набошад. Њам доран бо бензини нархи 6 сомонї бояд њам мусофири бештаре бизананд то харљу дахл дарбиёяд ва тањаш чизе барошун бимонад. Оќои Токї дар њотели кўчаке, ки бештар ба мусофиратхона шабоњат дошт, иќомат дошт. Утоќаш дар табаќаи сеюм буд, осонсур надошт, дар табаќаи сеюм буд, бояд 44 пилла боло мерафтем. Утоќаш, ки њаммом ва туолете дар он буд, моње 200 долар иљора карда буд. Фаќат утоќ буд бо ду тахти якнафара. Имкони ин ки дўст ё ошное пешаш шабе бимонад, ишколе надошт. Барои одами муљаррад хеле њам хуб буд. Баъд аз чанд даќиќа, ки нишастем ва бо њавои утоќ хў гирифтем, аз Њайрон хостем то он шеъри баланд ва танзї, ки он рўз туи анљумани адабї хонд, бароямон дубора бихонад, то ман филм бигирам ва ў њам бо иштиёќ ќабул кард. Нури зиёде туи утоќ надошт ва бо њамон дурбини аккосї азаш филми гирифтам. Дар кулл бад надошт. Баъд аз он шеъри баланди танз чанд шеъри дигар њам хонд. Мутаассифона, шоржи дурбинам тамом шуд ва дастгоњи шоржкун њам наёвардам. Барои њамин ба он чанд шеър ќаноат кардем. Оќои Њайрон баъд аз он дањ - дувоздањто шеъри дигар дар заминаи масоили иљтимої ва панду андарз ва њикмат ва ислом бароямон хонд. Њофизаи аљибе дошт, бидуни таваќќуф шеър мехонд ва шеър гуфтан барояш мисли об хўрдан буд. Шом њамон љо хўрдем. Солоди аввалия, ки оќои

Токї дуруст карда буд ва сусис ва тухми мурѓ, ки ман дуруст карда будам, бо њам хўрдем. Муњим набуд, ки чї чизе мехўрем, муњим ин буд, ки чанд нафар, ки дўстдори шеър ва адабиёт буданд, канори њам лањазоти хуше бо њам сипарї кунанд. Оќои Њайрон, ки аслияташ иёлотї буд, ва ба расми мардуми Тољикистон, ки хеле бетаъоруф њастанд, гуфт: ман мехезам, яъне ман меравам. Ман гуфтам: бош, алъон њаво сард аст ва куљо туи ин борон мехоњї биравї? Агар мешавад, бимон. Ў њам бидуни ин ки таъоруфе бизанад, гуфт: бошад, мемонам. Чанд даќиќа баъд рўйи яке аз тахтњо хобид ва ману оќои Токї рољеъ ба шеъру мусиќї ва адабиёти Эрон ва Тољикистон њарф задем. Оќои Токї њудуди 35 сол аз умраш мегузарад, на тањсилкардаи донишгоњї буд, на беш аз сикл дарс хонда буд. Бо ронандагии мошинњои сангин ва баъд сендвичї кор карда буд, аммо алоќаманд ба адабиёт ва мусиќии асили эронї буд. Иттилооти эшон, воќеан, дар заминаи шеър ва адаб ва мусиќї ва корњои мусиќї камназир буд ва ин алоќа ва ањамияташ барои адабиёт ва мусиќї ва низ инсондўстиаш аз њар маќом ва мартабае барои ман муњимтар буд. То соатњои 1-и шаб нишастем ва њарф задем. Чун имшаб се нафар будем, ва дуто тахти бештар набуд, худаш рўйи замин хобид ва ман рўйи тахт. Аммо пату (одеяло) кам буд ва њаво хеле сард. Танњо касе, ки хуб хобид, Њайронхон буд. Дамои субњ ман каме хобидам, ба ќавли мо, эронињо таъоруф омад-наёмад дорад, ду пату барои се нафар. Ин чизњо њам дорад, аммо ишколе надошт. Он њам мешавад хотирае зебо барои рўзгори сипаришудаи мо.

Чун рањмати Њаќ шомили њоли ту шавад, Сањрои кушода њисни моли ту шавад. (Хоќонї) Яъне агар рањмати Худованд зиндагии туро фаро бигирад, сањрои бедару бебанд њам барои молу дороии ту њисн (њисор, ќалъа) мешавад. Агар андаке тааммул шавад чандин калимањои њаммаънои тољикї чунин таъбирот вуљуд дорад, мисли њамон дарбаргиранда, фарогир ва ѓ. Ќобили ёдоварист, ки ин иштибоњ ом шуда ва дар навиштањои њамзабонони мо низ љой дорад. Аммо ин ки баъзан "њомил" ба љойи "шомил" ба кор бурда мешавад, ѓалати мањз аст. Масалан, "Њайати мазкур њоми-

ли шаш нафар донишмандон буд". Њомил маънои барандаи бореро (њам исми моддї њам маъно) дорад ва аз ин реша калимањои њамл, тањаммул ва мањмула низ корбурд доранд. Ин калима танњо аз назари ќолаби нањвї (фоил) ва сурати зоњирї бо шомили наздикї дораду бас ва, масалан, дар чунин маврид корбурдаш сањењ мебошад: "Корвони мошинњо њомили колои зарурї барои зарардидагон буд". Ду гом беш набуд њомили гаронии њастї, Шутур набуд, нафас буд. Бор кардаму дидам.

10. 1. 2015 Субњ, ки шуд, бештари абрњо рафта буданд ва хиёбонњо њанўз хис (тар) буд. Оќои Њайрон гуфт: ман бояд биравам ва аз мо худоњофизї кард то дидори баъдї. Ман ва оќои Токї баъд аз субњона рафтем самти бозори Фаровон, ки як бозори умдафурўшии маводи ѓизої ва бењдоштї ва моэњтиёљи мардум аст. Бозори Фаровон бозори сарбозе, мисли бисёре аз бозорњои Эрон шик ва мураттаб набуд. Оќои Токї њамон наздикињо љойи кор дошт. То эшон баргарданд, ман саре ин љоњо задам ва як самбўсаи доѓ канори пиёдарањ хўрдам. Чандто акс гирифтам ва баргаштам сари љойи аввал. Оќои Токї, ки омад, аз он љо дубора мошин савор шудем, ба самти бозори Корвон њаракат кардем. Бозори Корвонро ќаблан рафта будам. Аммо хеле ваќт накарда будам он љоро хуб бубинам. Бозоре дар ду тарафи як хиёбон, ки самти рости он умдафурўшњо њастанд ва дар самти чапи он хўрдафурўшї. Аз шири мурѓ то љони одамизод. Бо кўча-паскўчањои ту дар ту, дарњам ва барњам, ки дорои назм ва низоми хосе набуд. Албатта, радифњое барои худашон тарсим карда буданд. Аммо чандон барои мо возеъ набуд. Оќои Токї чун чандин моњ ин љо буд ва бо ин бозор рафтуомад дошт, медонист куљо, чї чизе бояд харид, куљо арзонтар аст. Туи он бозор чандто дўст ва рафиќи тољик њам дошт. Албатта, ин расми муомила ва касбу кор аст: то љойе наравї, ошно намешавї. (Идома дорад)

ЃАЛАТ НАНАВИСЕМ

ШОМИЛИ" ВА "ЊОМИЛИ" Калимаи арабии "шомил" маънои фарогиранда, дарбаргиранда-ро дорад ва солњои охир ѓолибан бо таъсири матбуоти њамзабонон дар навиштори мо ривољ пайдо кардаааст. Аз ин реша калимањои "шумул", "машмул" ва "муштамил"-ро низ баъзан ба кор мебаранд. Иштибоњ дар корбурди ин калима аксаран дар ду маврид аст. Яке ин ки онро аз радифи исми фоъил хориљ намуда, ба љои мафъул истифода менамоянд. Масалан, "Се нафари дигар низ шомили ин гурўњ шуданд". Дар њоле ки манзури гўянда он аст, ки се нафари машмули (вориди) он гурўњ шуданд. Яъне на ин ки онњо гурўњро фаро

гирифтанд (шомил шуданд) балки гурўњ онњоро фаро гирифт (машмул кард). На танњо шомили њастист ишќи бенишонљавњар, Адам њам з-ин маъият дастгоњи пешу пас дорад. (Бедил) Яъне ишќи љавњари зоњирияш нопадид на танњо њастиро фаро гирифтааст, балки адам (нестї) њам ба шарофати њамроњї бо он имконот ва воситањое аз ибтидову баъд (манзур марњалањои пас аз њастї: маргу барзаху растохез) дорад ва ба ин восита ишќ њам њастї ва њам нестиро фаро гирифтааст (шомил шудааст).

Рустами ВАЊЊОБ


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

ЉАЊОН

КАРЗАЙИ ЗИДДИ АМРИКО

Чаро дастнишонда мухолиф шуд?

Њомид Карзай, Президенти пешини Афѓонистон хостори лаѓви ќарордоди амниятї бо Амрико шуд. Сарвари пешини Афѓонистон мањз нерўњои амрикоиро сабабгори суќути Кундуз медонад. Њомид Карзай замоне лаб ба ин интиќодот во мекунад, ки дар Афѓонистон њамоно захмњои суќути Кундуз шифо нашуда, омилон ва хиёнаткорон шиносої нашудаанд. Њамоно давлат ва мардум шоеъоти гуногунро дар ин замина мавриди бањсу баррасї ќарор медињанд, вале як назари воњид вуљуд надорад, ки киву чї сабагори он шуда , ки шањре бо амнияти комил ба дасти неруњои мухолиф ва хеле зуд ва асроромез суќут мекунад, Толибон муддате шањр ва атрофи онро тасарруф мекунанд ва барои хориљ сохтани онњо неруњои зиёд сафарбар шудаву теъдоде куштаву захмї мешаванд. Пойгоњи интернетии "Гузоришномаи Афѓонистон", марбут ба

журналисти маъруфи ин кишвар Раззоќи Моъун аз суњбати Њомид Карзай бо хабаргузори Раша Тудей иќтибосњо меорад. Аз љумла менависад: "Карзай, ки пештар гуфта буд мардуми Афѓонистон њузури низомии Амрикоро танњо дар сурати нобудии терроризм, хотимаи љанг, барќарории сулњ, таќвияти вањдати миллии худ хоњанд пазируфт, дар мусоњибае бо хабаргузории Раша Тудей таъкид кард: "Кундуз ба дасти Толибон ва наќшаи Амрико суќут кард". Вай гуфт: "ифротгарої на танњо дар Афѓонистон, балки дар минтаќа афзоиш ёфта, ба њамин далел аст, ки ман муътаќидам истратежии хосе барои муќобила бо терроризим бояд тарроњї шавад". Њомид Карзай бо таъкид бар ин ки муќобила бо терроризм танњо бар уњдаи Афѓонистон нест, таъкид кард: "бояд марокиз ва поногоњи террористњоро кашф кард ва дид, ки чї касоне аз онњо њимоят мекунанд, дар ѓайри ин сурат танњо ин мардум њастанд, ки осеб мебинанд".

Райиси љумњури пешини Афѓонистон њамчунин гуфт: "Нерўњои давлатии Афѓонистон бо вуљуди ин ки ба хубї мубориза ва аз кишварашон дифоъ мекунанд, њанўз ба хубї таљњиз нашудаанд. Акнун замони он расидааст, ки нигоње ба љанги 14-солаи Ѓарб алайњи терроризм бияндозем ва бубинем чї касоне аз ифротгароён њимоят мекунанд. Њомид Карзай дар посух ба ин савол, ки бархе расонањои амрикої муддаъї шудаанд давлати Афѓонистон аз неруњои мањаллї барои мубориза бо Толибон истифода кард, гуфт: "Ман чизе дар мавриди ин масъала нашунидаам ва давлати Афѓонистон низ то кунун чунин тасмим нагирифтааст. Муљањњаз кардани неруњои љињодї роњи њалли мушкилоти Афѓонистон нест". Карзай њалли мушкили Афѓонистонро асосан дар се роњ мебинад: агар љанг бо терроризм њамчунон идома дорад ва Ѓарб мехоњад воќеъан бо терроризм мубориза кунад, бояд бо ќудратњои бузург чун Русия, Чин ва Њинд машварат кунад. Дуюм, Ѓарб бояд њадаф ва барномаи худро бар рўйи паноњгоњњои террористњо, марокиз ва мадорисе, ки ба ифротгароён омўзишњои инњирофї медињад, мутамарказ кунад. Ва нињоят роњи сеюм ин њимояти њамаљониба аз Афѓонистон аст.

Љомеаи байналмилалї, Амрико ва дигар муттањидони Афѓонистон бояд аз ин кишвар њимоят карда, ба омўзиш ва таљњизи неруњои амниятии Афѓонистон идома дињанд. Наметавон гуфт, ки Њомид Карзай зарфи ин бештар аз як соле, ки аз ќудрат канор рафтааст, дар андешањои худ ба тањаввулоти бунёдї расидааст. Вай њамоно чун дар замони сарварии худ роњи ягонаро боз њам бо будани хориљиён мебинад. Дар тафаккури Карзай њузури бегонагон то кунун бегона нашудааст ва ў роњеро ба љуз он ки мањз неруњои хориљї метавонанд терроризмро дар Афѓонистон барњам зананд, намебинад. Замоне, ки сарвари Афѓонистон буд, њамин њарфњоро мегуфт ва имрўз њам дар њамин андеша аст. Аммо ин аввалин бор нест, ки Њомид Карзай аз амрикоињо интиќод мекунад. Соли 2013, ки талош мекард муоњадаи амниятиро бо ИМА имзо накунад, мегуфт, ки Амрико худро дар як мустаъмара тасаввур мекунад ва њар амалиёт кай хоњад ва дар куљо хоњад, бидуни маслињату машварат роњандозї мекунад. Вай мегуфт террористонро набояд хона ба хонаву русто ба русто бикобанд, террористон љову макони амалиёт доранд, ки сарбозони амрикої бояд бо онњо љанганд. Карзайе, ки соли 2001 бо кўмаки Амрико ба ќудрат расид, баъди

рафтан аз раёсати љумњурї бештар зиддиамрикої шуд. Зиддиамрикої ва русгаро. Вай њатто ба Маскав сафар дошт ва дар як нишасти матбуотї дар идораи ожонсии хабарии "Россия сегодня" изњор дошта буд, ки Амрико ва муттањидонаш сиёсати исломситезї доранд ва манфиатњои мусалмононро аслан ба назар намегиранд. Ва љолиб он ки дар Маскав вай аз ѓасби Ќрим пуштибонї кард ва онро моли торихии Русия хонд. Ваќтњои ахир таваљљуњи Русия низ барои бозгашт ба Афѓонистон эњсос мешавад. Бахусус ташдиди љангњо дар шимоли ин кишвар он андешаро низ ба вуљуд овардааст, ки Русия шояд љабњаи сеюмро боз кунад ва аз шимол бо Толибон вориди љанг шавад. Ин дар њолест, ки муовини дуюми Вулуси Љиргаи Афѓонистон Муњаммадназир Ањмадзай ахиран Русияро барои ќасдаш дар роњандозии амалиёти низомї дар шимоли Афѓонистон њушдор дод. Вай гуфт, ки русњо мехоњанд бо дархости баъзе афѓонњо вориди амалиёти низомї дар шимоли кишвар шаванд, вале мо дар сафари худ ба Маскав онњоро ќаноат додем, ки њар кўмак ва њар амал бояд тибќи дархост ва мувофаќаи давлати марказї сурат бигирад.

ва соњањои тавлиди семент ва коркарди нефт дар Ќирѓизистон ва Тољикистонро сармоягузорї кардаанд. Нашрияи ёдшудаи британиёї аз гуфтањои муовини вазири молияи Тољикистон иќтибос меорад, ки гуфтааст, зарфи се соли оянда Пекин ќасд дорад сармоягузорињои худ дар Тољикистонро ба 6 миллиард доллар расонад, ки ин муодили ду саввум аз тавлиди нохолиси дохилии солонаи кишвар аст. Тањлилгари "The Financial Times", Љек Фарчи бар ин назар аст, ки бо назардошти он чи дар кишварњои пасошўравии Осиёи Марказї мегузарад, дида мешавад, ки мањз Чин њомии ин мамолик аст, на Русия. Баъди он ки моњи августи соли љорї Ќазоќистон пули миллии худро озод эълон

кард, њадаф дошт ќабл аз њама Чинро ором кунад, ки дар равобити тиљоративу иќтисодї ба Пекин увлавият медињад. Љек Фарчи дар идома менависад: "Ваќте тобистони имсол захирањои бонки фаќиртарин кишвари минтаќа Тољикистон ба поён расиданд, ин мамлакат бо Бонки халќии Чин муоњадаи 3,2 миллиард юан (500 миллион доллар) имзо кард. Он ки имрўз Чин бидуни тардид ба сармоягузорињои бузург дар кишварњои пасошўравии Осиёи Марказї даст мезанад, аз он аст, ки дигар наметавонад хашми Маскавро барангезад, чун тавсеъаи иќтисодї тибќи таќсимоти геополитикї аз ўст ва низомї моли Русия аст.

Фирўзи МУЊАММАД

ТАЌСИМИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ Маскав ва Пекин дар мавриди Осиёи Марказї билохира ба мувофаќаи ѓайрирасмї расидаанд. Чин ба иќтисоду тиљорат ва Русия ба тањкими амниятиву њузури низомї таваљљуњ хоњад кард. Соли 2010 генерали артиши Чин Лю Ячжоу маќолае навишт, ки тадриљан ба манифести сиёсати ишѓолгаронаи Чин дар минтаќа табдил ёфт. Вай Осиёи Марказиро "ќитъаи бисёр хуби кулчаќанде номид, ки ба мардуми Чин аз осмон эњдо шудааст". Генералњо маъмулан чун мардони љангї дар масоили геополитикї њарфи њаќ ба забон меронанд. Ин тинати онњост, ки њамеша пайи љангу љидолу пархошанд. Ва боз њам њамеша суханони онњо дар доирањои сиёсї мавриди омўзишу тањќиќ ќарор мегирад ва дар аксар маворид сабаби барномарезињои љадид њам мешаванд. Дар навиштаи Лю Ячжоу ишораи ошкор ба њукумати Чин дида мешавад ва чун ба барномањои баъдї таваљљуњ мекунем, то куљо мавриди ќабул уфтодани ин навиштаи барномавї айён мегардад. Мегўянд, ду сол пеш сарвари имрўзаи Чин Си Љинпин дар пойтахти Ќазоќистон зимни як суханронї аз гузаштаи дур ёд кард. Аз замоне, ки дипломати чинї бо исми Чжан Сян

муваффаќ ба ифтитоњи роњи тиљоратии ин кишвар бо олам шуда буд. Ва ин таърихи хеле куњан аст, ки ба гуфтаи Си Љинпин, ба асри дуввуми то солшумории мо бармегардад. Дар он суханронї сарвари Чин аз љумла гуфт: "Њоло ман хаёлан ба њамон лањзаи таърихї баргаштам, ба гўши ман садои зангўлањои корвони уштурон мерасад, ки дар куњу пушта танин меандозад ва аз вуруди колои чинї ба кишваре ё ба Чин аз кишвари дигар ово медињад". Ва ў даъват кард, ки "камарбанди иќтисодї"-и наве бунёд карда шавад, то аз роњњои таърихиву ќадима убур кунад. "Роњи ќадимии абрешим дубора ба њаёт бармегардад",- гуфт ў. Дар амалкардњои Чин аксари тањлилгарон тавсеъаи нуфузи ўро дар Осиёи Марказї ва ќаламрави манфиатњои Русия мебинанд. Амрико ва муттањидонаш дигар аз Афѓонистон дилсард шудаанд ва њарчанд Барак Обама мегўяд, неруњои амрикої њоло дар хоки ин кишвар боќї хоњанд монд, вале ба назар мерасад доктринаи амрикоии вуруд ба Осиёи Марказї мањкум ба шикаст аст. Аз сўйи дигар, Русия њам бо вазъи варшикастаи иќтисодие, ки дорад, дигар ќодир нест пружањои муњим ва серхарљро дар минтаќа сармоягузорї кунад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб Чин талош до-

рад бештар нуфуз кунад ва як омили ин нуфуз тањкими равобити иќтисодиву тиљоратї бо мамолики фаќири ин минтаќа аст. Ахиран Сандуќи байналмилалии асъор омореро расонаї кард, ки тибќи он, тиљорати миёни Чин ва панљ кишвари пасошўравии Осиёи Марказї - Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тољикистон аз 1,8 миллиард доллари соли 2000 то 50 миллиард доллар дар соли 2013 афзоиш ёфтааст. Аз ин омор бармеояд, ки Чин дар сармоягузорињои иќтисодиву рушди тиљорат аллакай аз Русия пеш гузаштааст. Агрис Прейманис, иќтисодшиноси Бонки Аврупоии рушд, ки тавсеъаи иќтисодї дар Осиёи Марказиро пайгирї мекунад, дар суњбат бо "The Financial Times" (Британияи Кабир) гуфтааст, ки "агар ба эњтиёљоти сармоягузорї дар минтаќа назар андозем, ширкати Чин хеле муњим аст. Чинињо дар њар самт фаъолона амал мекунанд ва ин тасаввурношуданист, ки сармояи Ѓарб ё Русия тавонад љойгузини он бошад". Манбаъњои ѓарбї иттилоъ медињанд, ки Чин коркарди як бахши хеле муњими нефти Ќазоќистонро ба уњда додад, дар Туркманистон, ки чорумин кишвари олам дар захирањои газ мебошад, ширкатњои чинї аллакай "Газпром"-и Русияро аз бозї берун

Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

ТАБЛИЃ

11

®

Дасти мадади QNET ва Хазинаи RYTHM ба ниёзмандон Њоло дар Тољикистон зиёда аз 125 000 нафар њастанд, ки ба талаботи махсус ниёз доранд. Аз инњо 19000 нафарашон то 16-солаанд ва 1447 нафар њамчун ятим ба ќайд гирифта шудаанд. Тахмин 2505 бача дар 23 таълимгоњњои махсуси гуногун ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мутаассифона, њама ин раќамњои расмианд ва на њамеша њаќиќати њолро баён мекунанд. Зеро на њама бачањо аз ќайд мегузаранд ва на њамаи онњо солњои дароз аз ташхиси табибон мегузаранд. Чунин маълумотњои нопурра боиси пайдо гардидани мушкилот дар ин соња мегарданд. Шумораи ками ин бачањо бо имкониятњои махсус дар мактаб тањсил мекунанд, зеро меъёрњои расмии протсесси тањсил барои ин тоифа донишљўён шароити ќулай ва дастрасро таъмин карда наметавонанд. Бо вуљуди ин волидайни ин бачањо барои њимояи њуќуќи фарзандонашон мубориза мебаранд. Онњо њама корњои аз дасташон меомадагиро мекунанд, то ки фарзандонашон аз тањсил дар канор намонанд ва тањсил дар мактабњои муќаррарї барояшон мушкилї эљод накунад. QNET ва Хазинаи RYTHM якљо бо Анљумани волидони бачањои маъюб (APDC) дар Душанбе њамкории зичро бањри таъмини ояндаи бењтар барои фарзандонашон оѓоз карданд. Маркази рўзона аз љониби APDC моњи марти соли 2006 бо ба назар гирифтани имкониятњои бачањо таъсис дода шуд. Аз сабаби мањдуд будани шароит ва маблаѓгузорї ин созмон дар як њуљраи хурд љойгир шуда, аз љониби падару модарони ин гуна бачањо

трасї ба мактаб дошта бошанд, аз имконоти густарда бархўрдор бошанд, њаёти пурра ва фаъолона мисли дигарон дошта бошанд. Ин ѓоя дар оѓоз аз љониби Намояндањои мустаќили QNET дар Тољикистон, одамони дилсўз ва ба ѓаму мушкилињои мардум шарик пешнињод шудааст.

пуштибонї меёбад, чунки шароити фарзандонашонро аз онњо бењтар дигаре дарк карда наметавонад. Онњо хуб дарк мекунанд, ки фарзандонашон њар рўз бо дањњо мушкилињо рўбарў мешаванд ва метавон гуфт, онњо ќариб ки аз љамъият људоанд. Аз ин сабаб њадафи асосии ин Марказ ин мадад расонидан ба фарзандонашон аст, то ки онњо худро як ќисми људонашавандаи љомеа њис кунанд, мисли дигарон њуќуќ ва дас-

Намояндањои мо дар Тољикистон таъкид карданд, ки барои Марказ муаллимони ботаљриба ва ашёњои ниёзи аввал љиддан намерасанд. Бо мадади QNET онњо имконияти давом додани кори Марказро доранд ва онњо муаллимони пуртаљриба, ки мутобиќшавии бачањо ба муњиту шароити таѓйирёфтаи љомеа мадад ме-

расонанд. QNET аввалин ширкатест, ки ба ин Маркази хурд дасти мадад дароз кард. Ва барои пайдо кардан ва ба кор гирифтани муаллимони ботаљриба ба Марказ ёрии худро дареѓ надошт. Ин мутахассисони баланддараља омўзгорон бошанд, дар навбат худ ба бачањо, ки воќеан муњтољи чунин педагогњоанд, дониши хуб ва баланд бардоштани рўњияи онњо зањмат мекашанд. Њам дар Хазинаи RYTHM ва њам кормандони дилсўзи QNET вазъияти мављударо худ дарк мекунанд, ки бисёр падару модарон њастанд, ки фарзандонашон ба шароиту муњити махсуси таълим ва нигоњубин муњтољанд ва мо мебинем, ваќте ба онњо дасти мадад дароз мешавад ва љигарбандонашон худ мустаќилона ба даст ќошуќ мегиранд ва бе мадади дигарон худ хўрок хўрда метавонад, хушбахтии волидонро канор нест. Зеро иљрои он амали муќаррарї, ки мо бо як мижа задан иљро мекунем, барои бачањои бо имкониятњои мањдуд хушбахтї ба њисоб меравад. Ва муборизаи рўзмарраи онњо ба ин чиз нигаронида шудааст. Аз ин сабаб QNET ва Хазинаи RYTHM бо њам якљоя шуданд, то ки ранљи бачањоњоро кам ва олами онњоро рангину пурмазмун ва бењтар гардонанд. Њоло Хазина ба љамъиятњои мањаллї, созмонњои байналмилалї дар татбиќи рисолати башардўстонаи онњо мадад мерасонад ва њамчунин бо дигар созмонњои ѓайридавлатї ва ташкилотњои хайрия дар тамоми љањон якљоя амали нек мекунанд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

Сайидмењдии Нажодњошимї 25 Исфанди 1358 хуршедї, мусодиф бо 27 Марти соли 1980 дар шањристони Сабзавори Хуросони Разавї мутаввалид шудааст. Тањсилоташ дар заминаи коршиноси адён ва ирфони татбиќї ва њамчунин коршиноси аршади фиќњ ва њуќуќ мебошад. Њамзамон шеър мегўяд ва аксар ќаволиби шеъриро мадди назар дорад. Аз ин шоир то кунун маљмўањои "Калоѓи пар" соли интишор 1389 -2010, "Пасларзањои ѓазал" соли интишор 13892010, "Хобњои пуртуќолї" соли интишор 1390 - 2011 мунташир шудаанд. Маљмўае дигараш бо номи "Матарсаке ки ба њезумшикан паноњ овард" дар дасти чоп аст. Баргузидаи чанд давраи љоизаи адабии Тењрон, Номзади дарёфти љоизаи фасл, Нафари аввали кунгураи сапедаи кошонї, баргузидаи кунгураи миллии шеъри тавњидї, Баргузидаи кунгураи байналмилалии шеър,баргузидаи кунгураи шеъри Бањор, баргузидаи кунгураи милли шеъри ѓадир дар ойинаи зулоли Ларистон, ва њамчунин дорандаи беш аз 30 рутба ва тандиси миллї, коршиноси адабии њифзи осор, довари бахши шеъри љашнвораи дифои муќаддас ва њоказо мебошад.

Он ќадар роњ марав давру барам, метарсам, Чанд рўзест ки аз пушти сарам метарсам. Тоќатам тоб шуда роњи сафар мондаву аз, Бори сангини ба рўи камарам метарсам. Рўзу шаб кунљи ќафас будаму одат кардам, Инак аз ин ки дубора бипарам, метарсам. Дар дили њавлу бало мондаам инак чї кунам? Ба Худованд ки аз хайру шарам метарсам. Оташ афтода ба љони тани гандумзорам, Фурсате несту аз хушку тарам метарсам. Оташ афтода ба ин мазраъаву танњо аз, Он замоне, ки намонад асарам метарсам. Он ќадар роњ нарав давру барам медонї, Аз балое ки биояд ба сарам метарсам. *** Дар косаи замину замон нон гузоштї, Як панљара ба самти хиёбон гузоштї. Урдибињшти чашми ту буду барои ман, Пилке барои хоби зимистон гузоштї. Гуфтам бимон барои њамеша нахостї, Гарду ѓубор гўшаи айвон гузоштї. Њарфе задам, ки њолу њавоят иваз шавад, Барзах шудиву сар ба гиребон гузоштї. Мехостам, ки њамдами танњоият шавам,

БО ШОИР Лањзае нест, ки по рўи парам нагзоред. Ман ки дар љозибаву дофеатон месўзам, Њезуми тоза ба чашмони тарам нагзоред. Меравам охир аз ин љо ба Худованд ќасам, Ин ќадар санг ба роњи сафарам нагзоред. Кам шуда тоќатам аз бори надонамкорї, Кўњро боз ба рўи камарам нагзоред. Дўст дорам биравам љумлаи кўтоње нест.... Кошкї аз дили худ бехабарам нагзоред.

Сайидмењдии НАЖОДЊОШИМЇ

САРРО БА РЎИ ДОМАНИ БОРОН ГУЗОШТЇ Сарро ба рўи домани борон гузоштї. Мехостам, ки њамсафарат бошаму маро, Пушти чароѓи ќирмизи бўњрон гузоштї. Гуфтам бидуни ту нафасам банд мешавад, Гуфтї, натарас... нуктаи поён гузоштї. *** Гоње њубут мекунам аз чењраи матин, Ошиќ шудан бањонаи хубест нозанин. Шоир шудам ба хотири оѓўши ту, вале Аз ту расидааст ба ман чанд нуктачин. Нукта ба нукта мекашиям самти партгоњ, Њоло шудам ба сояи пушти сарам занин. Боварнакарданист, ки пушти нигоњи ту, Гургест бо либоси хушоянд дар камин. Аз ман гузаштааст, ки њамбозият шавам, Дил хуш кунам ба ваъдаи дидори вопасин. Муњтољи њеч гуна муњаббат намешавам, Њатто агар асо бишавад мори остин. Об аз сарам гузашта ваљабњо ба хотират, Сар рафтааст аз дили ман тарси куфру дин. Дигар ќасам махўр, ки бароят муњим шудам, Овардаам ба бозии пинњони ту яќин. Дил њукм мекунад, ки маро тарк мекунї, Ман меравам паланг шавам моњи шабнишин.

*** Моњи расида тоза ба даврон, шабат ба хайр, Шабгарди кўчањои зимистон, шабат ба хайр. Омезаи њаво ва њавасњои дурдаст, Њамбозии замони дабистон, шабат ба хайр. Бењўда панља бар дару девор мекашї, Танњотарин паланги пушаймон, шабат ба хайр. Њаргиз назан ба синаи худ санги дўстро, Абрўкамони ойинабандон, шабат ба хайр. Дилтанги бўи кандару ёсу бунафшаї, Гулдони сурхи гушаи айвон, шабат ба хайр. Таснифи боду нам -нами борон барои туст, Оташфишони сарбагиребон, шабат ба хайр. Гоње паланг мешавию гоњ моњтоб, Девонаи бидуни нигањбон, шабат ба хайр. Бењўда бо замину замон ќањр кардаї, Девори хаткашидаи зиндон, шабат ба хайр. Дишаб паланги пир туро хоб дида буд, Моњи тамоми нимаи обон, шабат ба хайр.... *** Бесабаб захми забон бар љигарам нагзоред, Ваќту беваќт факат сар ба сарам нагзоред. Мисли Ќобил нагардед ба давру бари ман, Доѓи фарзанд ба дўши падарам нагзоред. Арсаи зиндагиям танг шуда бадтар аз он,

*** Гарчї дар бањрат шудам кам-кам шиновар бештар, Кўчаи абрўи ту дорад ситамгар бештар. Фикри озодї ќашанг асту таќаллої абас, То ки мерезад ба рўи доманат пар бештар. Бо фаромўшї напечидам, ки пинњонат кунам, Дарди ту бар захмњоям мезанад сар бештар. Доманат дар дасти бод асту вале аз бахти бад, Мешавї дар хотири кўча муаттар бештар. Маъсият дорад ѓазалхони нафасњоят шавам, Гўши шайтон мешавад аз он тараф кар бештар. Лањзаеро гом бардор ин тараф оњистатар, Рўи моњат мешавад ин тавр мањшар бештар. Гарчї мисли шоњи маѓлубе дар ин майдон шудам, Њалќа баста даври абрўи ту лашкар бештар. Мерави пушти саромо лашкарат љо монда аст, Мешавад ин љанг (бе ту) нобаробар бештар. *** Шаб ки меояд таби ишќи ту боло меравад, Тоќати ѓам аз кафи ободии мо меравад. Аз Зулайхо иллати ноањл буданро напурс, Обрўи дастњои пок якљо меравад. Моњии озод баракси масири зиндагї, Гоњ- гоње пушт бар оѓўши дарё меравад. Ошиќї дарди аљибе нест, аммо ногањон. Њар ки даргираш шавад аз дори дунё меравад. Подшоњи захмхурда аз дили беѓайраташ, Дар набарди так ба так бо хеш танњо меравад. Чашми худро боз кун оромиши танги ѓуруб, Як нафар њамроњи худ дорад аз инљо меравад.


ПЕШНИЊОД Ман намефањмам: чї халал мерасонад агар барномаи "Ахбор"- и Шабакаи аввалро соати 21: 00 пахш кунанд? Барномањои иттилоотии марказии њамаи кишварњое, ки тамошо мекунам, дар соати расо сар мешавад. Аз љумла, дар љумњурињои Ўзбекистон ва Ќазоќистон барномаи иттилоотии марказиашон соати расо соати 21 сар мешавад. Дар њар кишвари соњибистиќлол, албатта, шабакаи телевизионии марказї ё миллї њаст ва њама маърака, љашн ва воќеањои муњими сиёсиву иљтимои кишвар тавассути Шабакаи аввал инъикос меёбад. Шабакаи якуми Телевизиони Тољикистон айнан чунин рисолатро иљро мекунад. Аммо дар замони Шўравї танњо як шабака бо номи Телевизиони Тољикистон фаъолият дошт ва метавон гуфт, як бахши Телевизиони марказии Шўравї буд. Дар он замон кушодани як шабакаи дигар дар љумњурињо номумкин буд, чунки соли 1990 дар тамоми Иттињоди Шўравї танњо ду шабакаи телевизионии умумииттифоќ буд: Шабакаи якум ва Шабакаи дувум, ки дертар ба номи "Россия" табдил шуда буд. Телевизиони Тољикистон воќеан як бахш ё шуъбаи Кумитаи телевизион ва радиои Иттињоди Шўравї буд. Чун ин дастгоњ идеологї буд, пешнињод ва тасдиќи роњбаронаш њам бо Маскав њамоњанг мешуд. Њамон Телевизиони Тољикистон одатан бегоњињо барномањоро оѓоз менамуд ва барномаи марказии "Ахбор"-и тољик соати 20: 30 сар ва соати 21: 00 барнома њатман ќатъ мегардид, зеро соати бисту як аз Шабкаи якуми Телевизиони марказии Иттињоди Шўравї барномаи иттилоотии "Время" (Замона) оѓоз мешуд. Метавон гуфт, ин барномаи асосии ИЉСШ буд ва онро мебоист тамоми мардум тамошо кунанд. Он тахмин ним соат давом мекард ва пас аз он Телевизиони Тољикистон боз барномаашро идома медод ва ѓолибан ба забони русї як филми њунарї пахш мешуду бо њамин хотима меёфт. Дар њамаи кишварњои љањон барномаи миллї ва ё марказии иттилоотї дар соати расо, масалан, 20: 00 ё 21: 00 оѓоз мегардад, вале чун дар он замон Тољикистон ва телевизионаш мустаќил набуданд ва барои он ки ро њама бояд тамошо кунанд, "Ахбор"и Тољикистонро дар соати 8: 30-и бегоњ пахш мекарданд. Борњо мушоњида мекардем, ки агар барномаи "Ахбор" то соати нуњи шаб тамом намешуд, мављи онро мезаданд ва ба Телевизиони марказї мегузарониданд. Аз он рўзњо зиёда аз 24 сол гузаштааст, вале њамоно барномаи асосии иттилоотии "Ахбор"-и Шабакаи якуми Телевизиони Тољикистон соати 20: 30 сар мешавад ва ба онњое, ки Телевизиони даврони Шўравиро тамошо мекарданд, њамон давраи тобеият ба Марказ, яъне, Маскавро ёд меорад. Ман намефањмам: чї халал мерасонад агар барномаи "Ахбор"- и Шабакаи аввалро соати 21: 00 пахш кунанд? Барномањои иттилоотии марказии њамаи кишварњое, ки тамошо мекунам, дар соати расо сар мешавад. Аз љумла, дар љумњурињои Ўзбекистон ва Ќазоќистон барномаи иттилоотии марказиашон соати расо, 21 сар мешавад. На танњо дар ин љумњурињо, балки дар тамоми шабакањои дигар давлатњо, Русия, Аврупо, Осиё ва ѓайра то љое, ки ман медонаму тамошо мекунам,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

13

"Шабакаи якум" не, "ТОЉИКИСТОН"! Аз он рўзњо зиёда аз 24 сол гузаштааст, вале њамоно барномаи асосии иттилоотии "Ахбор"-и Шабакаи якуми Телевизиони Тољикистон соати 20: 30 сар мешавад ва ба онњое, ки Телевизиони даврони Шўравиро тамошо мекарданд, њамон давраи тобеият ба Марказ, яъне, Маскавро ёд меорад.

барномаи миллии иттилоотї соати расо сар мешавад. Дар соати њаштуним ё њафтуним ягон барномаи марказии ахбор сар намешавад, магар дар Тољикистон. Наход дар тўли 24 сол ба фикри касе наомадааст, ки барномаи марказии ахборро ба соати 21 гузаронанд? Ё чї халал мерасонад барои ба соати 21 гузаштан? Шояд дар бораи ваќти барномаи ахбор дигар пешнињод њам бошад. Масалан, ин барномаро на дар соати 21, балки дар соати 20 пахш намудан афзалтар аст, зеро шаш - њафт моњ мо барќ надорем ва агар соати 20 ахбор ба мављ барояд, баъди он боз то хомўш шудани барќ боз ба тамошобинон филме ё барномаи дигаре низ намоиш додан имкон дорад. Дигар масъала баста ба номи Шабакаи якум аст. "Шабакаи якум" ин њам як таќлиде буд ба номи шабакаи "1"-уми Телевизиони Шўравии солњои њаштодуми асри гузашта. Чун он замон дар Шўравї танњо ду барнома буд, якеро якуму дигареро дувум ном дода буданд. Худ аз худ мардум њам он шабакањоро якуму дувум ном мебурданд. Ва "Шабакаи якум"- мо нусхабардории њамон шабакаи замони Шўравист. Зеро солњои охир якчанд шабакаи телевизион, аз љумла, Шабакаи якум, "Сафина" ва "Љањоннамо" ва "Бањористон" ба пахши мустаќили барномањо пардохтанд, шабакаи асосї Шабакаи якум шуд. Аммо мо наметавонем бигўем, ки шабакаи дувуму савумаш кадоњоанд. Бинобарин пешнињод мекунам, ки "Шабакаи аввал" ба Шабакаи миллии иттилоотии

"Тољикистон" табдил дода шавад, зеро чун ин шабака марказист ва инъикосгари раванд, воќеа ва иттилооти муњимтарини тамоми кишвар аст ва ибораи "Шабакаи якум" аз назари ман чунин буда наметавонад. Дар Ўзбекистон њам шабакаи асосии миллї "O'zbekiston"яъне, "Ўзбекистон" ном дорад. Дар Ќазоќистон њам шабакаи асосии миллї бо номи "Ќазаќстан", яъне, "Ќазоќистон" номгузорї шудааст. Дар Русия њам "Россия" шабакаи асосии иттилоотии миллї мебошад. Агар содда карда гўем, ман ягон давлатро намедонам, ки шабакаи миллиашро "Якум" ном дода бошад. Шояд њаст, вале ман интернетро кофта, наёфтам. Аслан, номи "Шабакаи якум" бадие надорад, аммо бо дили пур гуфта метавонам, ки "Тољикистон" љиддитар ва пурратар рисолати Шабакаи миллиро ифода мекунад. Масъалаи забон дар Шабакаи якум низ ташвишовар аст. Њоло асосан, барномањои ин шабака бо ду забон аст: тољикї ва русї. Аксари филмњои њунарї, ки рўзона ба намоиш мегузоранд, ба забони русианд ва тамоми барномањои варзишї, ки ба футболи Аврупо дахл дорад, дар Шабакаи якум ба русианд. Рўзњое њастанд, ки барномањо ба забони русї то дањ соатро дар Шабакаи якум ташкил медињанд! Агар пешнињодњои баёншуда дар бораи таѓйири ваќт ва номи Шабака мавриди ќабул ќарор гирад, он гоњ забони он њам бояд танњо ба тољикї бошад. Ин њам эњтиром ба забони давлатї ва њам љавобгўи замон мебуд. Масалан, шабакаи миллии "Ќазаќстан" танњо ба забони ќазоќист, њол он ки шумо-

ФАРЊАНГ

НАМОИШИ БАРНОМАИ ЊУНАРИИ "ЕГОРКА-ФАНТАЗЕР" ДАР ПОЙТАХТ Намоишномаи кўдаконаи "Егорка-Фантазер" аз љониби Театри давлатии лўхтаки шањри Бишкек дар шањри Душанбе ба сањна гузошта мешавад. Бино ба иттиллои котиби матбуотии Вазорати фарњанг, 25-уми октябр сафари кории Театри давлатии шањри Бишкеки Ќирѓизистон ба номи М.Жангазиев бо як барномаи њунарї ба шањри Душанбе оѓоз мегардад. Ин намоишномаи театрї аз 26-уми октябр то 7ум ноябри соли љорї дар бинои Театри давлатии лўхтаки шањри Душанбе баргузор мегардад.

Ба гуфтаи масъулини Театри давлатии лўхтаки шањри Душанбе намоиши барномаи мазкур њама рўза чор маротиба аз соати 09:00 то соати 12:00 ба наќша гирифта шудааст. Намоиши барномаи театрии "Егорка-Фантазер" дар тањияи Наталя Вишневская, њунарпешаи Ќиѓизистон ба сањна гузошта мешавад. Хоњишмандон метавонанд читањоро бо нархи 10 сомонї аз хазинањои Театри давлатии лўхтаки шањри Душанбе дастрас намоянд.

раи русзабонњо назар ба Тољикистон дар ин љумњурї фарќи зиёд дорад. Агар дар Тољикистон русзабонњо дар атрофи 0.4 - 0.6% бошанд, пас дар Ќазоќистон дар атрофи 30% русзабонњо њастанд. Танњо русњо ќариб 22% - ро ташкил медињанд. Боиси тааассуф аст, ки дар Тољикистон аќаллан як шабакаи телевизион нест, ки соф ба забони тољикї барномањояшро пахш кунад. Дар љумњурии њамсояи Ўзбекистон шаш шабака танњо ба забони ўзбекї пахш мекунад. Дар Туркманистон шабакаи варзишии алоњида ташкил кардаанд. Ва он њам ба забони туркманї пахш мешавад. Њатто мсобиќањои берун аз Туркманистонро, хоњ футбол бошад, хоњ теннис, ба забони давлатиашон баргардонї кардаанд. Дар њамаи шабакањои телевизони Тољикистон, ки барномањои варзишї, махсусан, футболи берун аз мамлакати моро намоиш медињанд, танњо ба забони русист! Ба фикрам, њатто ба хаёлашон њам намеояд, ки он мусобиќањоро низ тарљума кардан имконпазир аст. Аз ин љо пешнињоди нињої он аст, ки аз он њама барномањои варзишии берун аз Тољикистонро аз Шабакаи миллї берун карда, онњоро ба шабакањои фароѓатї гузаронидан айни маќсад мебуд. Илова бар ин аз 1 январи соли 2016 чун шабакаи алоњидаи варзишї бо зиёда аз 100 ходим пахши барномањоро сар мекунад, дигар њољат ба намоиши мусобиќањои футбол дар Шабакаи миллї намемонад. Муњибуллоњ ЌУРБОН


14

ТАЪРИХ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

Ричард Фолтз (Richard Foltz), аз аъзои Маркази мутолиъоти Ховари Миёна, донишгоњи Њарвард

Намояњои расмии саршумории кишвари Ўзбакистон шумори тољикони ин кишварро пиромуни 5 дарсади кулли љамъият (ањолї) эълом кардаанд ва ин намояњо бидуни чуну чаро аз сўйи бештари ѓарбиёни донишгоњї, рўзноманигор ва нависандагони роњнамои мусофиратї такрор шудаанд. Дар њамин њол тољикњо дар саросари Ўзбакистон бар ин пофишорї доранд,ки ин намоя бештар ба 25 то 30 дарсад наздик аст ва бар ин ки тољикњо 70 дарсади бошандагони (љамъият) Самарќанд - пойтахти пешин ва дуввумин шањри бузурги Ўзбакистон ва беш аз 90 дарсади мардуми Бухороро ташкил медињанд, таъкид мекунанд. Дар чорчўби аќидатии шўравї гузаштаи исломии ўзбакњо њамчун ќаламраве торик аз вопасмондагии арбоб-раъиятї тарсим мегашт. Акнун,ки тањсилкардагони ўзбак ба тозагї аз занљири ин бовар растаанд, саргарми бознависии торихи худ шуда ва кўшиш дар таъриф ва пофишорї бар њувийят ва кистии ўзбакї доранд. Њувийяте,ки битавон ба он болид. Бо вуљуди ин ки њастаи аслии омўзањои Маркс ва ленингароёна ба зоњир канор гузошта шуда, вале бисёре аз осори он њанўз побарљост. Бавижа он чи ки ба дарки миллият ба шеваи шўравињо марбут мешавад. Акнун сиёсати расмии ўзбакњо ин шуда, ки мехоњанд иддао кунанд,њама чиз ва њама кас дар даруни марзњояшон бидуни

ТОЉИКОНИ ЎЗБАКИСТОН

таваљљуњ ба замон аз они онњо буда ва барои намуна ба пешонии чењрањои торихї монанди Темурланг, Улуѓбек, Зањируддин Бобур ва њатто Пури Сино барчасби "ќањрамонони ўзбак" мечасбонанд.Дар чунин вазъе барои љомеаи донишпажуњ дорои ањамият аст, то рўйкарди интиќодї ва бопарво нисбат ба масоили чистї ва миллияти ўзбак ба худ бигирад. Аз ќурбониёни аслии љунбишњои њувийяти миллї, мардуми аќаллияти њар кишвар мебошанд ва тољикони Ўзбакистон аз ин раванд људо нестанд. Љавви( муњит, фазо) кунунии чира бар Ўзбакистон љавви дањаи 1920- ро њамхонї ва тадоъї( пайванду бастагї ва монандї) мекунад, замоне ки љумњурї тоза ба дасти болшевикњо бунёд шуда буд ва гузоришњои саршумории мардум то андозае ба бероња кашида шуда буд, ки ба марзи берабт будан мерасид ва иллати он омезае буд аз саргардонї дар бораи ба кор бурдани номњо ва гароишоти афрод ба номгузории миллияти худ ба њар тариќе ки судмандтар ба чашм меомад. Сиёсати расмии кунунии давлати Ўзбакистон дар ќиболи љамъияти тољики худро метавон бахубї дар намунањои монанд бастани бунёди навпои омўзиши забони порсї-тољикии Самарќанд дар соли 1992 ва њаљми бисёр ками матбуъоти порсї-тољикї њатто дар сомонњое(мањал ва манотиќ .С) ки бештари мардум тољиканд, мушоњида кард.

Намояњои расмии саршумории кишвари Ўзбакистон шумори тољикони ин кишварро пиромуни 5 дарсади кулли љамъият (ањолї) эълом кардаанд ва ин намояњо бидуни чуну чаро аз сўйи бештари ѓарбиёни донишгоњї, рўзноманигор ва нависандагони роњнамои мусофиратї такрор шудаанд. Дар њамин њол тољикњо дар саросари Ўзбакистон бар ин пофишорї доранд,ки ин намоя бештар ба 25 то 30 дарсад наздик аст ва бар ин ки тољикњо 70 дарсади бошандагони (љамъият) Самарќанд - пойтахти пешин ва дуввумин шањри бузурги Ўзбакистон ва беш аз 90 дарсади мардуми Бухороро ташкил медињанд, таъкид мекунанд. Бештари мардуми минтаќаи кўњистонии шимолховарии Тошканд,он сўйи садди Чорвок тољиканд,њамчунин мардуми бахшњое аз дараи Фарѓона,устони Љиззах,Сурхондарё,Ќашќадарё (ва ѓ.). Устодони донишгоњи давлатии Самарќанд кулли љамъияти тољикони Ўзбакистонро 6 то 7 миллион нафар баровард мекунанд. Ин шумор ду баробар ё беш аз ду баробари љамъияти тољикон дар љумњурии Тољикистон аст. (1) Бо ин вуљуд ин гуна ки пайдост, њеч роњи мувассаќе(боэътимод) барои дастёбї ба омори дуруст дар даст нест.Танњо сафар кардан дар ин љо ва он љои ин кишвар басанда аст, то дасти кам ба нодурустии газофи омори давлатї пай бибарем. Чї дар хиёбонњои Самарќанд ва Бухоро ва чї дар истгоњњои утубус, рустое дар кўњњо, дар бисёре аз бахшњои Ўзбакистон забони ўзбакї ба гўш намерасад. Бисёре аз тољикњо њангоме ки бо як бегона ба русї ё ўзбакї сўњбат мекунанд, нахуст худро ўзбак муаррифї мекунанд, сипас агар њамон пурсишро ба порсї-тољикї такрор кунед, гуфтаашонро иваз мекунанд ва мегўянд, ки тољиканд. Ишон барои пўзиш корти шиносоии худро,ки дар он ўзбак навишта шуда ба шумо нишон медињанд. Њатто агар бипазирем, ки њич роње барои донистани шумори ростини тољикони Ўзбакистон нест, боистї тасдиќ кард,ки унсури тољик сазовори таваљљуњи љиддї аз сўйи пажуњишгарон дар бораи Ўзбакистони нав мебошад.Таваљљуње шояд беш аз он чи то кунун дарёфт кардааст.

ДАЪВАТ

Вазорати мудофиа: Наќшаи даъват 70% иљро шуд Дар давоми 20 рўзи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Ќуввањои мусаллањ наздики 70%и наќшаи даъват иљро шудааст. Бино ба иттилои Фаридун Мањмадалиев, котиби матбуотии Вазорати мудофиа дар даъвати наваскарон Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон пешсаф буда, ноњияњои тобеи марказ дар охир ќарор доранд. Њамин тавр то њол наќшаи даъватро ВМКБ

81%, Суѓд 75%, Хатлон 80%, ноњияњои тобеи марказ 50% ва шањри Душанбе 55% иљро кардаанд. Дар Вазорати мудофиа мегўянд, то имрўз зиёда аз 10 шањру ноњияи мамлакат аз иљрои пурраи наќшаи даъват гузориш додаанд. Маъракаи даъвати тирамоњї ба артиш дар Тољикистон 1-уми октябр апрел оѓоз шуда, то 30юми ноябр давом мекунад.

Аз он љо,ки забони порсї- тољикї ба густурдагї дар Ўзбакистон сўњбат мешавад ва дар бештари кишвар забони нахуст аст ва бо нигариш ба ин ки шумори бисёр зиёде аз бошандагони Ўзбакистон торих ва фарњанги худро торих ва фарњангї тољикї медонанд, ин эњсос ба кас даст медињад, ки имруз Ўзбакистон раво медорад, то бахше бисёр пурмоя аз мурдареги худ ношинохта ва ношунида барљо монад. Мавзуъоти пайванддор бо тољик будан аз наќши бисёр калидї дар мутолиъаи Ўзбакистон бархурдоранд, зеро ин масоил то андозае пинњон мондаанд. Бархе эроншиносони љањон аз ин њарос доранд, ки дар пайи њамонандсозї, забон ва фарњанги порсї- тољикї дар ояндаи на чандон дур аз пањнаи Осиёи Миёна нопадид шавад.Аммо дар назар бигирем,ки порсизабонони Осиёи Миёна наздик ба понсад сол аст, ки зери султаи ўзбакњо зиндагї кардаанд, аз тарси худ бикоњем. Вале аз сўи дигар гўйишњои порсї-тољикии Ўзбакистон ба таври фазоянда аз порсї-тољикии Тољикистон ва порсии меъёр вомегароянд. Барои намуна гўйиши имрўзи Самарќанд нисбат ба гўйиши Душанбе бештар аз туркиї рахна пазируфтааст. Ба гунае ки хейле мавоќеъ барои дигар порсизабонњо фањмпазир нест, њарчанд ки њанўз ошкоро тољикї аст.(2). Ин гуна нояксонињо миёни гўйишварони донишомўхта, ки бештар бо адабиёт сару кор доштаанд, камтар дида мешавад. Бисёре аз тољикњо ин вогарої (аз њам дур шудан) дар забони гуфторї дар ду сўи марзњои сиёсиро руйињамрафта аз поёни дањаи 1920 медонанд, замоне ки идуоложии љумњурињои миллии људогона дар шуравї ќонунан пиёда шуд. Аз он љо кишварњои кунунии Осиёи Марказї ба дунболагирии ин идеуложї гароиш доранд, вогароии забонї миёни тољикони Ўзбакистон ва тољикони Тољикистон њамчунон идома хоњад ёфт.Гарчи бархе тољикон аз диди фарњангї гаройиши шадиде нисбат ба њамсоягони порсизабонашон дар Тољикистон, Афѓонистон ва Ирон нишон медињанд, бисёри дигар имрўз чандон аз сиришти мероси иронии худ ва бастагии забонї бо Афѓонистон ва Ирон бохабар нестанд. Њангоми бархурд бо як


ТАЊРИФ

иронї тољикњои камсавод (барои намуна бозориён ва маѓозадорон)аѓлаб мепурсанд,ки дар Ирон ба чї забоне суњбат мешавад ва аз ин ки як хориљї забони "ишон"-ро суњбат мекунад, шигифтзада мешаванд.3 Ин гуна ки пайдост, кўшишњои оѓозини шўравї дар заминаи талќини ин мавзуъ ба тољикњо, ки забон ва фарњанги ишон чизе якто ва људо аз њамаљост, дар лояњои( бахшњо) вижае аз љомеъа корсоз буда. Албатта на дар миёни тољикњое,ки омўзиши олї дидаанд. Донишомўхтагони тољик њанўз бо ѓурур чакомањои куњани порсиро бозгў мекунанд ва дар донишгоњи тољикї ( манзур-- факултаи филологияи тољик дар донишгоњи Самарќанд.С) донишљўён бо алоќаи фаровон ба наворњои воридшудаи Гугуш ва дигар хонандагони мусиќии мардумписанди иронї гўш фаро медињанд. Гузашта аз масоили њисси тааллуќ ба фарњанги иронї, алораѓми њама фишорњои давлат, бо ин њол пойбандии сарсахтона ба забон дар миёни тољикњои Ўзбакистон ба унвони сарчашмаи кистї ва пайвастагии иљтимиоъияшон, дар сатњи густурдае дида мешавад. Донишкадаи забоншиносии тољик дар донишгоњи давлатии Самарќанд њамчунон конуни кўшо барои парвариш дар адаби куњани порсї буда ва мебошад ва навишторњои донишмандона ба порсї-тољикї чоп ва пахш мешавад. Дар ин донишгоњ гоњ ба гоњ њамоишњое низ баргузор мешавад. Дабистонњое,ки дар онњо ба забони порсїтољикї омўзонда мешавад, дар бархе сомонњои кишвар кори худро дунбол мекунанд. Дар шањри Тошканд шумори фаровоне аз порсизабонони тољик ба таври пароканда зиндагї мекунанд ва зиёд ба чашм намеоянд. Дастёбї ба рўзномаи тољикии "Овози тољик", ки ду бор дар њафта чоп мешавад, ѓайримумкин аст. Китобњои порсїтољикї дар њич як китобфурўшињо дида намешавад. Дар Самарќанд, ки аксари мардум порсизабони тољиканд, "Овози Самарќанд"(њамчунон ду бор дар њафта) каме бештар ёфт мешавад ва шуморе аз китобфурўшињо як бахши порсї-тољикї низ доранд.-

Њатто як китобфурўшии тамоман порсїтољикї канори масљиди Биби Хонум вуљуд дорад. Гарчи шабакаи симои тољикї чанд сол пеш таътил гашт, рўзномаи "Овози Самарќанд" пайваста навишторњоеро дар бораи забон, фарњанг ва торихи порсї-тољикї ба чоп мерасонад.Як рўзноманигори саршиноси вобаста ба рўзномаи аслии русизабони Самарќанд бо итминон, вуљуди "андаке кашмакашњои пинњон миёни тољикон ва ўзбакњо"-ро хотирнишон мекунад. Вай "Овози Самарќанд" - ро "беш аз андоза мењанпарастона" дониста ("Овози Самарќанд" ва "Овози тољик" рузномањои давлатиянд.С) ва аз ин рў онро фоќиди(бидуни) арзиши хондан медонад.(4) Аз сўйи дигар гардонандаи пешини Анљумани фарњангии тољик дар Самарќанд аз ин гилоя дорад, ки тољикњои Ўзбакистон амалан фоќиди(мањрум) њисси њувийяти худї ва ифтихор ба мероси иронишон њастанд. Ў барои намуна тавзењ медињад,ки чи гуна созмонаш аз фаъолияти худ даст кашид ва иллати он ин буда, ки бо пешнињоди ин сомон мабнї бар ин ки њама тољикони Ўзбакистон корти шиносоии худро иваз карда ва аз ин пас худро тољик муаррифї кунанд,мувофиќат нашуд.Ин ошкор месозад, ки имрўза низ дуруст њаммонанди давраи оѓозини шўравї бисёре аз порсизабонони тољик дар ўзбак номидани худ имтиёзоте мебинанд ва шояд њам аз табъизоти зиддитољикї њарос доранд.(5) Баровард кардани дарсади босаводї дар забони порсї дар Ўзбакистон душвор аст, зеро ки имрўза хондан дар миёни њеч як аќвоми Ўзбакистон ривољ надорад. Чанде аз китобфурўшињои Самарќанд китобњои тозачоперо аз Тољикистон ворид кардаанд ва андаке китобро, ки аз нависандагони мањаллии тољик дар Самарќанд мунташир шудааст, низ дар мављудии худ гунљондаанд... ...Давлати Ўзбакистон ба таври суннатї, ба миллигароии тољик чунон хатаре дарњамбофта бо бунёдгароии исломї менигарад. Њар ду љанбаи ин хатари мавриди назари давлат, эњтимолан иѓроќ шудааст, гарчи бароварди сатњи кунунии муборизаи амалии миллигароёни тољик дар Ўзбакис-

тон душвор аст. Созмоне ба номи Конуни миллии фарњангии тољикон ва мардуми тољикзабон, мустаќар дар Самарќанд номањои саргушода ба Созмони Милали Муттањид ва сафоратњои давлатњои ѓарбї дар Тошканд ва ба њукумати Ўзбакистон фиристодааст ва дар он аз табъизи расмии эъмолшуда бар зидди тољикони Ўзбакистон ва ин ки, ин дунболагирии сиёсатест, ки дар "даврони чирагии коммунизм ва боварњои понтуркистї" (яъне дањаи 1920) шакл гирифта буд, ибрози шикоят кардааст.(7)Рањбарони аслии ин созмон (бештар устодони донишгоњї) аз кори худ барканор шуда ва аз соли 1992 аз сафар ба њамоиши солонаи љањонии тољикон дар Душанбе мањрум шуданд.(Љанги дохилї дар Тољикистон низ лагади мањкаме ба пайкари ин созмонњои навпо зад. С) Чунончи сиёсати расмии Ўзбакистон нисбат ба аќаллияти тољики он кишвар, ба њар андоза, танише иљтимоъї падид оварда бошад, боз метавон аз бадтар шудани авзоъ љилавгирї кард. Пиёда кардани идеуложии шўравињо нисбат ба маќулаи миллият дар Осиёи Миёна андуњномаи бузургро дар пай доштааст ва он дар пайи напазируфтани ин воќеъият буд, ки мардумшинохтии ин сомон, омезае дарњамшуда ва ногушуданї аст ва мероси пурмоя ва куњани фарњангњои гуногунро намебоистї нодида гирифт. Имруза бо нигариш ба ин ки бисёре аз тољикони Ўзбакистон њамонанди русњои он кишвар њозир ба аз каф додани њувийяти худ нестанд, бењтарин роњ барои дастёбї ба ояндаи оштиомез ва рўшан, пазириши расмии чандгунагии нажоди љумњурї ва падид омадани як њисси ифтихори муштарак дар фарњангњо ва дастовардњои гурўњњои ташкилдињандаи он кишвар мебошад. Баргирифта аз гоњномаи баррасињои Осиёи Миёна, соли 1996 милодї, шумораи 15(2), сафањоти 213 то 216.* Тарљума аз англисї ба форсї аз Монї Порсо Баргардон аз хати форсї: Самандар Хољаев Манбаъ: tajikam.com

ХАРИТА

Дар њудуди шањри Душанбе як ноњияи дигар ташкил мешавад Шањрдори Душанбе бо содир кардани як ќарор дастур додааст, ки то 28-уми ноябри соли љорї барои таъсис додани як ноњияи нав дар ќаламрави пойтахт тамоми њуљљатгузорињо ба анљом расонида шаванд. Мањмадсаид Убайдуллоев, раиси шањри Душанбе бо таъсис додани як Комиссияи кории Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар пойтахт дастур додааст аз њисоби њудуди ноњияи Сино як ноњияи нав дар шањри Душанбе ташкил карда шавад. Ин Комиссия вазифадор шудааст, ки "тибќи банди 4 замима ба Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољи-

кистон "Дар бораи тартиби њалли масъалањои сохти марзиву маъмурии Љумњурии Тољикистон" мактуби тавзењї, тасвири сарњад ва наќшаи шањрро бо тарњи сарњади ноњияи навтаъсисёбанда дар њамкорию њамоњангї бо сохторњои марбута ва маќомоти дахлдори љумњуриявї, шањрї, ноњиявїомода ва ба Раиси шањри Душанбе пешнињоди асоснокро ирсол намояд." Шањри Душанбе соли 1924 њамчун пойтахти Тољикистони Советї ташкил ёфта, айни замон дар њудуди он 4 ноњия: ноњияи Исмоили Сомонї, ноњияи Фирдавсї, ноњияи Сино ва ноњия Шоњмансур амал мекунанд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

15

ЁДДОШТЊО ВА МАРЉАЪЊО: Ёдоварии нигоранда: пажуњиш дар Ўзбакистон дар хилоли солњои 1994-95 бо пуштибонии молии Фарњангистон барои пешрафти омўзиш (AED) ва њайъати пажуњишњо ва таъвизњои миёни кишварї (IREX) анљом гирифт. 1.Шумори кулли мардуми Ўзбакистон њамакнун 22 миллион (имрўза наздик ба 30 миллион.С) мебошад. 2.Сомонаи вољи ва оњанги кўбишии гўйиши тољикии Ўзбакистон ба он овойи њаммонанди ўзбакї мебахшад. Дар миёни баќияи нишонањои роиљи нуфузи забони туркї дар ин забон, ошкортарини онњо ба кор бурдани пасванди пурсишии "мї" мебошад. 3. Дар хилоли(муддати) мондани мо дар Ўзбакистон чунин пурсишњое ба таври паёпай аз њамсари ман, ки иронист, мешуд. Онњо ба таври комилан љиддї аз ў мепурсиданд, ки оё Эрон себ, гов ва ѓайра њам дорад. 4. Гуфтугуи шахсї. 5.Ин ки порсї-тољикї забони кулї (лўлї)њои Осиёи Миёна низ њаст, шояд дар ин пешдоварињо муаассир бошад. 7. Гирдињамойии амнияти минтаќавї: Тошканд, 28 сентябри соли 1994. Суханрон Љамол Мирсаидов тайи суханронї дар њамоиш барои Амният ва њамкорї дар Урупо (CSCE) барои дастёбї ба фењристе аз мавориди вижа, шунавандагонро ирљоъ медињад. Гузориши соли 1993 Дидбони њуќуќи башари Њелсинки (Helsinki Watch). Р.Масов бар ин бовар аст,ки "як раванди наслкушї дар мавриди мардуми тољик" дар пайи тарошидани "љумњурињои миллї" ба дасти шўравї оѓоз шуд,ки дар он ду саввуми минтаќаи сукунати тољикњо ба љумњурии тозасози Ўзбакистон эъто шуд. (Р.Масов.Торихи марзкашии хашин. (Istoriia Topornogo Razdelenia).Шањри Душанбе.Соли 1991.с 1112). * The Tajiks of Uzbekistan Central Asian Survey (1996), 15(2), 213216 (Иќтибос аз ин навиштор дар сурати зикри манбаъву нависанда ва мутарљим, озод аст).

РАЊМАТНОМАИ МАРДУМЇ Ба наздикї маро коре афтод ба сарвари корхонаи ЉДММ “Автотранс” Бобоев Фаридун. Пеш аз њама муомилаи нек ва самимии акаи Фаридун маро мутаассир кард. Ба замми ин коре, ки доштем, бо зудї ба анљом расонид. Бинобарин миннатдории маро тавассути њафтаномаи дўстдоштаам “Нигоњ” ба акаи Фаридун Бобоев бирасонед! Бо самимият корафтода, Њамидов Зубайдуллоњ

ГУМШУДА Шањодатномаи техникии њавлидорї №6053, ки ба истиќоматкунандаи шањри Кўлоб кўчаи 1- май №400 Муродов Саидмурод таалуќ дорад, бинобар сабаби гум шуданаш, беэътибор дониста шавад.


16

ХУТБАЊОИ НОТАМОМ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (463), 21. 10. 2015

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Зафари Сўфї

Дар сўги Умари шањид Маро бахшо, Умар, ки дасткутоњам дар ин ѓурбат Наметонам кунам коре барои ту, барои худ... Умар! Марги ту рамзи нотавонињову бенангист, Бишав ќосиди поки ќавми ман назди Худои худ. Бирав аз ман ва аз мо бар Худои худ шикоят кун, Ва аз беѓайративу аљзи ќавми мо њикоят кун, Умар, эй ту фаришта, эй ту мазлум, эй шањиди пок, Зи бедодї, зи ѓурбат, аз ситамгорон ривоят кун. Бигў Ўро, ки мо бе ёрияш растан наметонем, Зи ин ранљу балое, ки бувад дар чорсўи мо. Бигў Ўро, ки медонад, ки танњо ин бувад умре Рањої аз шаётинзодањо як орзуи мо...

Исфандиёри НАЗАР

ХУТБАЊОИ НОТАМОМ Ватанам, Руњи њазорон тифл аст, Ки замоне Темур, Дар Сифоњон* Ба лагадмоли сутурон лењ кард... Ватанам маљруњ аст!

Ватанам, Њамрањи мардони худаш дар њабс аст! *** Ватанам, Руњи Умар њаст, ки дар хоки урус, Модараш дар зиндон, Падараш дар зиндон, Рафтааст сўйи Худо!

*** Ватанам, Номи тамоми шуњадост, Ки замоне Чингиз, Њамрањи Шайхи рањи Кубравия**, Дар њамин хиттаи Хоразм ба хунаш бикашид. Ватанам хуншор аст!

*** Ватанам, Марди муњољиршуда аст, Ки агар баргардад, Дар Ватан љой наёбад, ки Хитой, Ватанашро бурдаст...

*** Ватанам, Куштаи хасмони худист, Ки дар ин шањри Хуљанд, Нокасе њамрањи Темурмаликаш*** Дод бар дасти муѓуле, ки кушад... Ватанам мазлум аст!

*** Ватанам дастихуши куњнаи зулм, Ситами тозиву турк асту муѓул. Ватанам, Пора шуда, Њарфи чандин мањал аст! *** Ватанам, Дар њабс аст. Њамчу динаш, Суханаш, Њамчу хати порсияш.

*** Ватанам, Гиряи ман њаст, ки дар танњої, Имшаби талхи пур аз боронро, Ватанам гуфта ба худ мерезам... Ватанам, Дар њама олам танњост... 18.10.2015

* Овардаанд, ки мардуми шањри Исфањон 7000 тифли худро сари роњ бароварданд, то Темур бибинаду рањм кунад ва даст аз ќатлу куштори шањр бардорад. Аммо ин ќотили башарият... асбашро тозиёна заду аз он њама тифл наќши хунине дар рўи роњаш монд. ** Шайх Наљмиддини Куброро мегўям - чун муѓулон Хоразмро муњосира карданд, ба Шайх нома набиштаву гуфтанд, ки бо ёронаш шањрро тарк гўяд, то фардо дар муќотила кушта нашавад. Шайх посух дод: Њафтод сол дар шодию ѓам њамроњи ин мардум будам. Аз футуват нест, ки дар рўзи бад онњоро танњо гузорам... Шайхро маќтул аз миёни кушташудагон пайдо карданд. *** Темурмалик ба Хуљанд баргашт ва пинњонї дар шањр мезист. Яке аз ќарздоронаш ўро бишнохту ба њамон муѓуле ошкор кард, ки Малики гиромї замони љанг ўро кўр карда буд ва ў ин Рустами ростини миллатро ба ќатл расонид. То њол хуљандињо барои ин љиноят - фурўхтани Темурмалик дар пешгоњи таърихи худ узрхоњї накардаанд...

Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

- Модар, ин њаминхелї мамлакат аст. Дод мегўї, вой мегўї, касе намерасад. Рафтї, ки рафтї. Рафтан њаст, омадан нест, зеро њељ гоњ шунидан набуд... Абдулмўъмин ШАРИФЇ, њунарпешаи театри давлатии љавонон ба номи Мањмудљон Воњидов: - Дигар кишварњо њам љанг доштанд, аммо мардум аз фарњанг дур нестанд. Мо чанд сол аст, ки дар оромї ба сар мебарем, вале чаро мардум ба фарњанг, китоб, рўзнома таваљљуњ кам доранд? Чанд бор пешнињод кардам, ки бояд мутахассисон сари ин масъала андеша кунанд. - Њамин таваљљуњи Шумо, худаш аљиб аст, домулло! Хиёл мекунед, њоло њам љанг аст, ки мардум ба китобу фарњанг таваљљуњ надоранд?

Бигў Ўро, ки аз дилњои ин ќавми парешонат Барои љовидон тарсу мадороро бурун ронад, Агар ин ќавм натвонад бигирад интиќоматро Бигў Ўро ќиёматро дигар ќоим бигардонад...

*** Ватанам, Дар гузари наќшаи ин гетї ѓариб аст, ѓариб, Ки Камолаш ба "ѓарибї" нолид, Буалияш ба ѓарибї љон дод. Ватанам, Дар ватанам монда ѓариб!

Њуринисо ИСЊОЌОВА, модари Бузургмењр Ёров: - ...Муфаттишон сиёњ карда шиштаанд, чи моддањое зада истодаанд, мо намедонем. Мо нафањмида истодаем, ягон одами моро наздик намемонанд. Мо ба куљо мурољиат кунем? Ин чихелї мамлакат аст? Мамлакат бояд кори мурољиаткунандањоро дида бурояд..."

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

Маркази матбуотии ШСХК "Барќи тољик" -ШСХК "Барќи Тољик" аз тамоми муштариён хоњиш менамояд, ки дар давраи мањдудият њар ќадар имкон аст, аз барќ сарфакорона истифода баранд ва њаќќи барќи истифодашударо сари ваќт пардохт намоянд. Ин ду омил, бешубња, боиси бењтар бо барќ таъмин намудани тамоми муштариён мегардад. - Охир, аз гуфтана як чї шудем, Барќи азиз! Ку њамон барќ, ки мо сарфа кунем? Барќ, ки нест, сарфа аз куљо мешавад? "Талко" дуруст кор намекунад, дигар корхонањои калон њама "капут" аз ин сарфаи бењтар мешавад? Боз нест - ку њавай? Муњаммад ЭГАМЗОД, сухангўи сафорати Тољикистон дар Маскав: - Ба волидайни Умаралї Назаров изњори њамдардии амиќ карда, њамроњ бо онњо мотам дорем... - Ако, натарсида ба Путин њам изњори њамдардї кунед. Кўдаккушї муборак, гуфта! Нурсултон НАЗАРБОЕВ, раисиљумњури Ќазоќистон: - Мо њама аз авзоъ дар навоњии њаммарз бо Туркманистон огоњем ва вазъи Тољикистон низ моро ба ташвиш овардааст. - Амакї, як ба давру бари худ нигоњ кунед! Ќазоќистонро Украинаи дуюм гуфта гаштаанду Шумо Туркманистону Тољикистон гуфта гаштед. Як Афѓонистонам диданї - мї Шумо? Зулайхо МАЊМАДШОЕВА, овозхони тољик: - Мардуми санъаткор њамеша барои обрўву фарњанги миллат зањмат мекашанд ва љашну маросимњои хурсандии мардумро обод мекунанд, вале рафтори нодурусти нангини бархе рўњу равони мо, санъаткоронро мешиканад. - Рост мегўед, бону Зулайхо! Њамин ќадар зањмат мекашанд, ки кам не, ѓам не, 1800 долларашонро дар як туй намедињанд. Пулаш набошад, аз куљо дињад, охир? Асламшоњ СУЛТОНШОЕВ, омўзгоре, ки барои "гўшмол"-и як шогирдаш машњури Интернет шудааст: - Ман роњбари синфи ў будам, кўшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсњо нагурезанд. Ваќте чанд бор барои дарсгурезияш огањї додам, гўш накард... - Муаллим, ростї, ба Шумо унвони Ќањрамони миллиро додан даркор! На барои он, ки шогирди худро шаллоќ задед, балки барои он, ки Шуморо шогирдон шаллоќ назадаанд. Офарин!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 3 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.