ХУДКОМАЕ, КИ БО КАМАЌЛЇ МУРД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
1
№40 (473). Чоршанбе, 6-уми январи соли 2016
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
-УМ СОЛ БО ШУМО!
www.facebook.com/nigohtj
ХЕЛЕ ГАРОН
Гулрухсор САФИЕВА:
«Раќибонам њама марданд, мардони номард» САЊИФАИ 16
МУШКИЛОТИ ДОИМЇ
Патент. Муњољирон. Мушкилоти нав
САЊИФАИ 5
ЭРОНИ ДИГАР ЧАРО БОЯД АЗ КИШВАРИ ЊАМЗАБОНИ ХУД ЭЊТИЁТ БОШЕМ?
БОЗИИ БУЗУРГ
КАДРГАДОЇ ДАР ИСФАРА Мулло Путин Русия ва Толибон дар Тољикистон чї мулоќот доштанд? САЊИФАИ 11
ё муовини раиси шањри Исфара чї гуна таъин гардид? САЊИФАИ 4
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
"Барои афѓонњо дўстии Эрон муодили душмании Покистон аст" Ањмадшоњи Масъуд Даъвати Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ ба конфронси "Вањдати исломї" дар Тењронро мешуд як сигнал ба њукумати Тољикистон ќабул дошт, агар дар њошияи ин конфронс мулоќоти ў бо рањбари инќилоб Оятуллоњ Хоманаї сурат намегирифт. Њар касеро, ки рањбари инќилоб ќабул кунад, соњиби як иммунитети вижа хоњад шуд ва ин ба он маъност, ки Эрон барои њимоят аз ин шахс аз њељ кор рў намегардонад. Аз ин хотир, даъвати Кабирї ба Тењрон дар њоле, ки њизбашро дар Тољикистон террористиву худаш љинояткор эълон шуда, дар љустуљўи Интерпол ќарор дорад, њатто њушдор нест, балки паём аз шуруъи як бозии љадид ва љиддї бо њукумати Тољикистон медињад. Чаро бозї? Тайи се соли ахир, ки њукумати Тољикистон барномаи "антинањзат" - ро роњандозї кард, бархе бар ин буданд, ки ин барнома бидуни ризоияти Тењрон анљом намешавад. Эрон нозири вазъ буд, њамчун як кишвари кафили сулњи тољикон њарфе ба њимоят аз ЊНИ, ки то љое сармоягузориаш аз љониби Тењрон тањия мешуд, ба забон намеовард. Њоло, ки дар шатранљи минтаќа муњрањо мавќегирї мекунанд, кї сар ба урдугоњи Амрико мезанаду кї ба Русия, Эрон ЊНИ - ро бо истифода аз таъсире, ки ба Русия, њоло бозигари муњим њам дар Ховари Миёна ва њам Осиёи Марказї дорад, ба бозињои худ мекашад. Айни чизе, ки њукумати Тољикистон хавф дошт - истифода нашудани ЊНИ дар бозињои бузург, зеро тамоми кўшишњо бар ин буданд, ки ба дўсту душман фањмонанд, ки ин њизби исломгаро нерўе нест. Пуштибонии Эрон аз ЊНИ, бешак, онро боз ба нерў ё ба муњраи бозињо рўи шатранљи минтаќа табдил медињад. Зоњиран, Тењрон мехоњад њамчун як кишвари кафили Созишномаи сулњи тољикон муомилаи бохтааш дар пайи музокироти сулњи тољиконро љуброн кунад. Эрон мехост ЊНИТ як њизби ќудрат бошад, аммо ин интизорињояшро Муњиддин Кабирї бароварда накард. Тењрон мехост ЊНИ чизе монанд ва њатто бењтар аз Њизбуллоњу Њамос шавад, ки нашуд. Кабирї бо сиёсати "сабр" - у "тањаммул" ва ќаробатљўињояш бо ихвонињои Туркияву Миср ва кишварњои ѓарбї ин орзуњои Эронро бароварда накард. Аз ин сабаб, Тењрон фурсат дод, то Кабирї бинад, ки ЊНИ - ро њукумати Тољикистон чї тавр поймол мекунад, то дарёбад, ки бидуни пуштибонии Эрон нерўе нест ва бояд дигарбора аз домани Тењрон сахттар гирад. Ин фурсат њам фароњам шуд, то раиси ЊНИ фањмад, ки Туркия ва Ѓарб ўро пуштибонї карда наметавонанд ва танњо Эрон метавонад аз њукумати Тољикистон натарсида, дасти ёрї ба ЊНИ дароз кунад. Њукумати Тољикистон ин гомро аз Эрон, бо он вуљуд, ки танњо кишвари ќавии форсї аст ва то ба имрўз дар шакл гирифтани давлатдории миллии тољикон хизмати арзанда дошт, бояд мунтазир мебуд. Ва бояд инро фањмад, ки Эрон њамеша манфиатњои худро думболагирї мекунад, на ЊНИ ё њукумати Эмомалї Рањмонро. Барои ин кишвар њамзабонї ва њаммазњабї арзиш нест. Танњо манфиатњо њастанд, ки онњоро дуруст ташхис дода, муайян кардааст ва дунболагирии онњо ин кишварро ба ќудрати муассир дар минтаќаву љањон табдил додааст. Барои он, ки чењраи аслии сиёсатњои хориљии Эронро тасаввур кунем, бояд як сайри таърихї ба Афѓонистон дошта бошем.
ЭРОН ВА ЊУКУМАТИ РАББОНЇ Эрон дар Афѓонистон њамеша як ќудрати таъсиргузор буд, њаст ва хоњад буд. Аз мисолњое, назири наќши Эрон дар ташкили Афѓонистон ва ѓайраву њоказои таърихи куњан бигзарем, он чиро бинем, ки пеши чашми мо иттифоќ афтод, аммо мо он њамаро надида будем. Пеш аз њама, таърихи њукумати тољик форс - Бурњонуддини Раббониро, ки бо кўмаки Эрон ба ќудрат расид ва њам сарнагун шуд. Њукумати Раббонї соли 1992 дар пайи иттињоди се ќавми ѓайрипаштун - тољикњо, ўзбакњо ва њазорањо сари кор омад. Се танзими сиёсї - низомї - Љамъияти исломии Афѓонистон, тањти рањбарии Бурњонуддини Раббонї (тољикон), Љунбиши исломии Абдурашид Дўстум (ўзбакњо) ва Њизби вањдати исломии Абдуалии Мазорї (њазорањо) муттањид шуданд ва ќудрат дар Кобулро ба дасти Раббонї супурданд. Ањмадшоњи Масъуд бо
ЭРОН ТО ИН ЗАМОН ХОМЎШ БУД...
ЭРОНИ ДИГАР ЧАРО БОЯД АЗ КИШВАРИ ЊАМЗАБОНИ ХУД ЭЊТИЁТ БОШЕМ? кўмаки нерўњои Дўстум ва Мазорї дасти Гулбуддини Њикматёр, рањбари Њизби исломии Афѓонистон ва дигар танзимњои паштуниро (ба истиснои Њаракати инќилоби Абураб Расули Сайёф) барои расидан ба ќудрат кутоњ кард. Барои шакл гирифтани ин иттињод Эрон бо Абўалии Мазорї ва Абдурашид Дўстум вориди музокирот шуда, њимояти онњо аз Раббониро тањти шиорњои зиддипаштунї ва форсигарої њосил намуд. Аммо баробари истиќрори Раббонї дар ќудрат Эрон барои ба вуљуд омадани як иттињоди дигари зидди њукумати тољикњо дар Кобул, ки Шўрои њамоњангии Афѓонистон ном дошт, бо Покистон ва Ўзбакистон мувофиќа кард. Шўрои њамоњангї иборат буд аз чор танзим - 1) Њизби исломї 2) Љунбиши миллї 3) Њизби вањдат ва 4) Наљоти миллї (Сибѓатуллоњ Муљаддадї). Ибтикори ду иттињод ва бо њадафњои комилан мухолиф аз сўи Эрону Покистон ва Ўзбакистон сирф ба он хотир равона шуда буд, ки њукумати Раббонї кор карда натавонад ва Афѓонистон ба ботлоќи љанги шањрвандї фурў равад. Ин барномаро коршиносони Афѓонистон "њифзи мувозанаи љанг" номидаанд, зеро агар љанг дар ин кишвар ба анљом мерасид, ќудратњои минтаќаї ба њадафњои аслии худ расида наметавонистанд.
ЊАДАФИ ЭРОН ЧЇ БУД? Тењрон баробари равѓан рехтан ба љанги дохилї ва идомаи буњрони Афѓонистон ду њадаф дошт: 1) Табдил додани Эрон ба кишвари транзитии гази Осиёи Марказї ба Осиёи Љанубї ва Аврупо. Он замон тарњи лўлаи гази Сарахс (марзи Туркманистон) - Эроншањр (марзи Покистон) - ро рўи даст гирифт. Сафармурод Ниёзов, президенти ваќти Туркманистон ин бозии эронињоро хуб мефањмид ва аз онњо хушаш намеомад. Эронињо тариќи русњо кўшиш мекарданд, ки ўро розї кунанд, то газашро ба Эрон дињад. Аммо Ниёзов ба ин фикр буд, ки Афѓонистон барои рушди иќтисоди Туркманистон як кишвари муњим аст. Барои он, ки воќеияти ин тарњро собит
кунад, Эрон лўлаи гази Корпеље (Туркманистон) - Курдкуй (Эрон) - ро соли 1996 ба анљом расонд, мањз он замоне, ки Толибон дар Афѓонистон ба ќудрат расиданд. Лўлаи гази дуввум Давлатобод - Сарахс - Хонгирон моњи январи соли 2010 ба кор даромад. Њамин тавр, Эрон ба њадафи худ - васл шудан ба лўлаи гази Осиёи Марказї - Марказ, ки бо Русия мепайвандад, расид. 2) Ноамнї дар Афѓонистон сохтмони лўлаи гази Туркманистон - Афѓонистон - Покистон - Њинд (ТАПИ) - ро ба таъхир афканд. Ин лўла тариќи Афѓонистон 1700 км ва хеле кутоњ аст, ки Туркманистон алоќаманди он аст. Тайи 23 сол лўлањои гази Эрон сохта шуданд, аммо ТАПИ - ро нав шуруъ карданд ва маълум аст, ки Тењрон алоќаманди он нест. Тавре дар ибтидои солњои 1990 буд, њоло њам масири ТАПИ ноором аст. Масалан, кам касе медонад, ки яке аз лидерони муњими Толибони гуруњи Мулло Расул, Мулло Маннон Ниёзї, дар замони Толибон волии Њирот буд ва "агенти Эрон" шинохта мешуд. Дар баробари Њирот, вилояти Њилманд, ки низ дар масири ТАПИ аст, ноором шудааст.
ЭРОН ВА ТОЛИБОН Ваќте Толибон дар Ќандањор њукумати худро эълон карданд, яке аз корњое, ки бояд анљом медоданд, муттањид кардани њазорањо бо онњо буд. Раззоќи Моъмун, рўзноманигори маъруфи Афѓонистон дар китобаш "Радди пои фиръавн" як ќиссаро овардааст (мазмунан): Корманди Сипоњи посдорони Эрон ба исми Муртазавї он рўзњо ба ѓарб (ќимати умдатан њазорашин) - и Кобул ба мулоќоти Абдуалии Мазорї, лидери њазорањо омад. Ў бо худ як парчами хурди Эрон ва як акси хурди Имом Хумайниро оварда, рўи мизи суњбат гузошт. Ваќте мегуфт, "бо баракати ин Имоми барњаќ тамоми шиаён...", љумлааш ба поён наомада буд, ки Мазорї аз љой бархоста, акси Имом ва парчами Эронро аз рўи миз гирифта партофт ва гуфт: "Ин њарфњоро пеши худ гузоред. Шумо сабабгори њарду љониби фољиа њастед..." Муртазавї зуд он маљлисро тарк кард. Аммо натиља ин шуд, ки њазорањои тањти назорати Эрон Мазориро ба Толибон мефурўшанд ва Толибон ўро аз чархбол ба за-
мин мепартоянд. Ин туњфаи сиёсии Эрон ба Толибон буд. Эрон њам ба Толибон ва њам ба Иттињоди Шимол кўмак мекард. Њадаф њамоно идомаи љанг буд, то Эрон барномањои иќтисодии худро иљро кунад. Ањмадшоњи Масъуд гуфта буд: то тарњњои иќтисодии Эрон тамом нашаванд, љанг дар Афѓонистон тамом намешавад.
ДАР ЗАМОНИ ТОЛИБОН ЭРОН ЧЇ ТАРЊИ ИЌТИСОДЇ ДОШТ? Сарахс як минтаќаест, ки миёни Эрон, Афѓонистон ва Туркманистон таќсим шудааст. Аммо оби он аз дарёи Боло Мурѓоби вилояти Бодѓиси Афѓонистон аст. Эрон дар масири ин дарё бо маблаѓи бузург (бино ба бархе манобеъ 100 миллион доллар!) як обанбор дар Сарахси Туркманистон ва як обанбори дигар дар Сарахси Эрон сохт. Соли 2001 дар расми ифтитоњи обанборњо Њошимии Рафсанљонї ширкат кард, аммо Сафармурод Ниёзов бањона карда, наомад (њарчанд бо Рафсанљонї 16 маротиба аз соли 1989 то 1997 вохўрда буд). Ў медонист, ки ин ду обанбор дигар намегузоранд, ки оби Афѓонистон дигарбора ба њудуди Афѓонистон баргардад ва ниёзњои мардуми љангзадаашро барорад. Эрон ин њаќќро аз ин мардуми мазлум гирифт. Ниёзов медонист, ки зўраш ба эронињо намерасад, аз ин хотир, натавонист аз наќшањои онњо љилавгирї кунад. Аммо барои ин, ки таваљљуњи њукумати Толибонро аз ин тарњ дур кунад, Эрон чандин тарњи ноамнї дар Њиротро кашид. Бино ба китоби "Радди пойи фиръавн", аввал, агентњои Сипоњи посдорон куштори Њусайнхонї, консули Эрон дар Њиротро ба 200 њазор доллар "супориш" карданд. Маќсад ба вуљуд овардани љанг миёни суннињо ва шиањо дар Њирот буд. Ваќте ин тарњро разведкаи Масъуд ошкор карду Толибон бинои консулиро тањти њимоят гирифтанд, онњо тарњи куштори Мавлавї Мўсо, як муллои сунии Эронро, ки дар Њирот зиндагї мекард, кашиданд. Ин тарњ њам, ки нашуд, бо дасти Самади Нурзай, муовини раиси амнияти Њирот, як ќатор шиањоро куштанд, ки дар натиља шиањо аз
МАВЗЎИ РЎЗ Њирот фирор карда, тољирони онњо миллионњо доллари худро ба Эрон бурданд. Садњазорњои Эрон миллионњо шуда баргашт. Самади Нурзай дар як суњбат аз Њусайнї ном корманди Сипоњ мепурсад, ки чаро Шумо шиањои худро мехоњед кушед ва ин љавобро мегирад: барои манфиатњои Эрон зарур бошад тамоми шиањои Афѓонистонро мекушем. Самади Нурзайро баъдтар Толибон дастгир намуданд, аммо аз тарси ба шњр овардани ќавми нурзої ўро рањо мекунад. Ин хоин њоло дар Эрон зиндагї дорад.
ТАРЊЊОИ ТАЉЗИЯИ АФЃОНИСТОН БО ШИРКАТИ ЭРОН Тарњи 1. Моњи июни соли 1998 Сардор Носирї, консули Эрон дар Мазори Шариф, ба Ањмадшоњи Масъуд занг зада мегўяд: 15 кишвар ба хулосае омадаанд, ки Афѓонистонро ба љанубу шимол таќсим кунанд ва ба ин тарњ Раббонї, Дўстум ва њазорањо мувофиќат кардаанд, назари Шумо чист? Масъуд барои "маслињат бо Сайёф" як њафта ваќт мехоњад ва тарњи ишѓоли Мазори Шарифро барои Толибон омода мекунад. Ин тарњро Мулло Умар дастгирї кард. Толибон моњи
Тарњи 2. Соли 1999 Эрон мехост дар Бомиён як кишвари мустаќили шиї - Њазористонро эљод кунад. Барои ин ба ин вилоят ќариб як сол силоњу муњимот кашонд. Ваќте разведкаи Масъуд дар ин бора Толибонро огоњ кард, Мулло Умар ризоияти њамларо надод, зеро аз Покистон дастур гирифта буд, ки аввал, Панљшер, баъд Бомиёнро ишѓол кунад. Аммо Мулло Убайдуллоњ, вазири дифоъи Толибон аз фармони Мулло Умар сарпечї карда, Бомиёнро пас аз љанги шадиди ќариб дуњафтаї ишѓол намуд. 60 КамАз се моњи расо аз Бомиён ба Кобул силоњу муњимоти эронї кашонданд! Эрон дар баробари ин бо Толибон музокира мебурд, ки шиањои Ќандањор, Пактиё, Бомиён ва Кобулро дар њукумати худ мансаб дињанд. Њатто ваќте амрикоињо ба бомборони Толибон сар карда буданд, Эрон ба гуруњњои Эътилофи Шимол 200 њазор доллар ваъда кард, агар онњо ГЭС-и Каљакї дар Њилмандро тарконанд. Агар чунин мешуд оби дарёи Каљакї пурра ба Эрон мерафт. Ваќте тири Эрон хок хўрд, худ хост бо тайёрањояш ин ГЭС - ро нобуд кунад, ки амрикоињо нагузоштанд. Онњо эълон карданд, ки фазои Афѓонистон тањти
ИН АКС БАЊС ВА СУОЛЊОИ ЗИЁДЕРО БА БОР ОВАРД августи соли 1998 Мазори Шарифро, ки маркази њукумати Раббонї буду Дўстуму њазорањо идора мекарданд, ишѓол намуданд. Шањр чунон ѓайримунтазира гирифта шуд, ки Сардор Носирї ва 7 дипломати дигари эронї фирор карда натавонистанд, аммо кушта шуданд. Он замон расонањои љањон хабар доданд, ки дипломатњоро Толибон куштаанд, аммо ба бовари сиёсатмадорон ва таърихнигорони афѓон, дар асл онњоро Сипоњи посдорони Эрон бо дасти ду муњофизи консулии Мазори Шариф кушт. Барои он кушта шуданд, ки агар ба дасти Толибон меафтоданд, маљбур буданд даст доштанашон дар тарњи таљзия ё таќсими Афѓонистонро эътироф кунанд. Эрон баъдтар аз Толибон хост, ки лоаќал "сањнасозї" карда, ќотилони дипломатњоро љазо дињанд. Аммо Толибон њељ гоњ ба гардан нагирифтанд, зеро ин корро накарда буданд, тавре Наљибро њам накушта буданд. Зимнан, Эрон дар Љалолободу Њирот низ консулї дошт, агар Толибон душманї медоштанд, он консулињоро њам мебастанд.
њимояти онњост, тавре ин корро Русия дар Сурия кард. Бозињои Эрон дар Афѓонистон идома дорад. Тавре мебинем, онњо русњоро на фаќат тавонистанд вориди Сурия кунанд, балки бо Толибон њам сари мизи гуфтугў шинонданд. Ин корро метавонанд онњо дар Тољикистон њам кунанд.
ЭРОН ВА МАСЪУД Эронињо хуб медонистанд, ки дар нокомии тарњњои онњо наќши Масъуд асосї аст, аз ин хотир, онњо њамеша дар пайи ин буданд, ки ўро аз сањна њазф кунанд. Масъуд ба бозии Эрон ворид нашуд, балки нагузошт Эрон дар Афѓонистон наќшањои худро пиёда кунад. Масъуд хуб медонист, ки дар атрофи ў афроди тањти нуфузи Эрон зиёданд ва онњо аз кору бори ў ба Сипоњ гузориш дода меистанд. Масалан, соли 2001 дар Тахор Масъуд як фардро мебинад, ки ба афѓонї монанд набуд. Ба ў мегўянд, ки ин кас Сардор Мўсавї,
робити Эрон бо Иттињоди Шимол аст. Њайрон мешавад, чї гуна робит! Мўсавиро даъват карда мегўяд, "шумо ин љо чї кор мекунед, кї Шуморо ин љо роњ дод, агар бањс дар сари кўмакњои низомии шумо бошад, шумо ба мо тирњое барои танку гранатометњо медињед, ки онњоро хароб мекунанд. Ваќте тири эрониро партоб мекунем, баъд аз як - ду партоб нўги дастгоњ вайрон мешавад. Шумо 63 доллар барои як тўпи танк мегиред, аммо тўпи бесифат медињед". Эрон атрофиёни Масъудро мутмаин карда буд, ки агар аз паси ин пешво равед, як умр дар ба дару куњ ба куњ мегардед. Аз ин хотир, њоло, ки мегўянд, атрофињои Масъуд аз террори ў хабар доштанд, гапи бењуда буда наметавонад. Масалан, Љайњун, тарљумони Доктор Абдуллоњ танњо касе буд, ки бо террористони араб нишаста, мехест. Террори Масъуд аз љониби истихбороти ИМА, Покистон ва Эрон, ки бо дасти Ал - ќоида анљом шуд, як гуна ќасоси Эрон аз ин пешвои тољикони Афѓонистон буд.
РАЗЗОЌИ МОМУН Раззоќи Момун, рўзноманигори маъруфи Афѓонистон, муаллифи китоби "Радди пойи фиръавн" (соли 2010) аст, ки ба наќши Эрон дар тарњи куштори Ањмадшоњи Масъуд бахшида шудааст. Ин муаллиф як ќатор наќшањои Эрон дар Афѓонистонро бар асоси асноди муътамаде, ки аз шабакањои љосусии Масъуд - "Ди икс", "Содиќ њиљрат" ва Созмони љавонони мусалмон дар ихтиёраш гузошта шуда буданд, фош кардааст. Раззоќи Момун моњи январи соли 2011 мавриди сўиќасд ќарор гирифт. Фарде дар дањлези хонааш дар микрорайони дуюми Кобул ба рўи ў тезоб (кислота) пошид. Пулиси Кобул Хоља Абдулрафї ном фардеро боздошт кард. Ба иќрори мавсуф, як гуруњ, ки бо лањни эронї суњбат мекарданд, ўро ба ин кор маљбур намуданд, дар акси њол онњо тањдид кардаанд, ки оилаашро хоњанд кушт. "Радди пойи фиръавн" аввалин китобест, ки аз љиноятњои Эрон дар Афѓонистон њикоят мекунад. Раззоќи Момун дар як суњбат ба муаллифи ин матлаб гуфт, ки пас аз ин низ эронињо ўро ором нагузоштанд ва маљбур шуд ба Дењлї фирор кунад ва њоло дар он љо зиндагї мекунад.
МО БОЯД ЧЇ КОР КУНЕМ? Он чї дар боло оварда шуд, фишурдаи суњбатњои муаллиф бо сиёсатмадор ва рўзноманигорони маъруфи Афѓонистон аст, ки солњои 2005 то 2012 иттифоќ афтода буд. Онњо њоло њама сари кор њастанд ва овардани исмашонро ба хотири њифзи амнияташон зарур намешуморем. Тафсилоти ин суњбатњо дар бораи Эрон хеле дањшатноктаранд. Танњо хулоса ин аст, ки Эрон ба хотири манфиатњояш аз њељ кор даст намебардорад, њатто зарур ояд худи эронињоро ќурбон мекунад. Аз ин хотир, мо бояд донем, ки Эрони Фирдавсиву Њофиз дигар аст ва Эрони Хумайниву Хоманаї дигар. Аз "ќазияи Кабириву Эрон" чанд хулоса метавон кард: аввал ин, ки эњтимолан Эрон аз таѓйироте дар сиёсатњои хориљии Тољикистон огоњ аст, ки ба манфиаташ нестанд. Ин метавонад наздикшавии бештари Тољикистон бо кишварњои раќиби Эрон, назири Ѓарбу Амрико ва њатто Русияву Чин бошад; дуввум, даъвати Кабирї посух ба Амрико барои надодани виза ба Кабирї метавонад бошад; ва сеюм, паёмест дар умум ба мухолифини
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
3
њукумати Тољикистон, ки агар Амрико виза надод, Эрон чунин намекунад (Додољон Атоуллоев, рањбари "Ватандор" ва Собир Валиев, муовини раиси "Гуруњи 24" низ бояд бо ў барои ширкат дар як нишасти созмони Фридом Њаус мерафтанд ва ба онњо низ виза дода нашуд); чорум, ин зоњири масъала аст, зеро агар воќеан њадафи Эрон њимоят аз ЊНИ бошад, метавонист тайи чанд соли ахир, ки барномаи "антинањзат" пиёда мешуд, бо маќомоти Тољикистон вориди гуфтугў шавад ва ба он чї мехоњад даст ёбад. Аммо чунин накард. Аммо гумони ѓолиби инљониб бар ин аст, ки њадафи Эрон бозї бо Амрикову ягон раќиби дигараш ё бозї додани њукумати Тољикистон нест. Эрон њељ гоњ як интихоби бадтар аз интихоби мављуда ба хотири дифоъ аз манофеъи миллиашро намекунад. Агар сухан дар бораи Тољикистон равад, бењтар аз њукумати он, ки бамаротиб аз ЊНИ ё дигар танзимњои дохиливу хориљии сиёсии тољикї ќудратмандтар аст, њамкор дошта наметавонад. Пас чаро бо донистани ин, ки ин кори Эрон ба њукумати Тољикистон на фаќат хуш намеояд, балки дарднок ќабул мекунад, ба ин иќдом даст зад? Посухи ин суол касро ба дањшат меорад. Аммо бархе авомилу ошкору пинњон ба зењни кас меояд. Эрон акнун на фаќат ба ЊНИТ, балки тамоми мухолифини њукумати Тољикистон паём фиристод, ки онњоро метавонад пуштибонї кунад. Дер ё зуд мо шояд шоњиди он хоњем шуд, ки ба љуз салафињо, тамоми мухолифини дунявиву исломии Тољикистон тањти як ливо љамъ меоянд ва як ИНОТ - и љадидро ба вуљуд меоранд. Аз ин бозї Русия ва кишварњои ѓарбї низ суди худро хоњанд бардошт. Њоло ин суол низ барљаста мешавад, ки оё фирор додани ЊНИ ба манфиати Тољикистон буд ё на?
БА ЉОИ ОХИРСУХАН Раззоќи Момун дар китобаш "Радди пойи фиръавн" як ќиссаи љолиберо меорад. Соли 1998 замоне, ки њайати Толибон дар Вашингтон бо тарроњони ТАПИ - ширкатњои Юнокал (ИМА), Бридос (Аргентина) ва Делта (Арабистони Саудї) музокира мекард, дар миёни даъватшудагон Ризо Пањлавї, писари Ризошоњи Пањлавї, шоњи сарнагуншудаи Эрон низ буд. Шоњзодаи эронии бетахту давлат аз бањсњо ба риќќат омада, мегўяд: Шумо ин ќадар Афѓонистон мегўед? Ин кишвар ба ин зудї ором намешавад. Бењтараш гази Осиёи Марказиро аз лўлаи Сарахс - Эроншањр ба Покистон баред, ки кораш такмил шудааст. Ин суханони Ризо Пањлавї њозиринро ба њайрат меорад. Онњо мепурсанд, "Шумо чаро аз душмани савгандхўрдаи худ - режими Эрон љонибдорї мекунед?" Ў дар посух мегўяд, ман ба манфиати миллати худ меандешам, на низомњо. "Низомњо меоянду мераванд, мардуми Эрон мемонад" - мегўяд Пањлавї. Ин ќисса бори дигар собит мекунад, ки давлатмардони эронї манфиатњои миллати хешро аз манофеъи хусусиашон боло медоранд. Режими Эрон њатто ќабри падари Ризошоњро тахриб кардааст! Ва миллате, ки ин гуна ѓурур дорад, соњиби давлати бузург хоњад шуд. Эй кош, як зарраи њамчунин таърифу таъбирро давлатмардони Афѓонистону Тољикистон низ медоштанд!
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
САДОИ МАРДУМ
"ДАЪВАТИ КАБИРЇ АЗ ЉОНИБИ ЭРОНРО ЧИГУНА ЌАБУЛ КАРДЕД?" Аксарияти пурсидашудагони як назарсанљї (37%) гуфтаанд, Љумњурии исломии Эрон бо даъвати Муњиддин Кабирї роњбари њизби мамнуъи нањзати исломї "адаб"-и Њукумати Тољикистонро нишон дод. Дар ин назарсанљї, ки тањти унвони "Даъвати Кабирї аз љониби Эронро чигуна ќабул кардед?" баргузор шуд, 27% муътаќиданд, ки Эрон бо ин амалаш кафили сулњи тољикон буданашро собит сохт. Аммо бар хилофи назари респондентони мазкур 7% аз ин раъйдињандагон дар љавоб ба ин пурсиш гуфтаанд, ки ин амал муътадил буда, ањамияти хосе надорад. 5%-и дигар даъвати Кабирї ба Эронро хеле
бад унвон карда, посух додаанд, ки ин кор "манфиатњои њукумати феълиро зери по кард." Ба аќидаи 17% респондентон амалкарди љониби Эрон бењурматии сиёсї аст. Аммо 4%-и дигар муътаќиданд, ки ин њам мегузарад ва 3% аз иштирокчиёни дигари назарпурсї гуфтаанд, ин кор барои онњо ањамияте надорад. Ин назарпусї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 1-ум то 5-уми январ дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 719 нафар ширкат кардааст.
4
РАНДАИ «НИГОЊ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
Ибтидои моњи декабри соли 2015 Мањмудзода Њакимхон Собит ном шахс муовини раиси шањри Исфара таъин гардид. Табиист, ки ин гуна таъинот дар доирањои гуногуни фаъолони шањр мавриди баррасињо ќарор мегирад, аммо чанд њафта гузашту мавзўи асосии ин баррасињои мардумї, ки ѓолибан манфї буданд, дигар нашуд. Ба њайси як журналист наметавонистам ин вокунишњоро нодида бигирам. Тадќиќоти њуљљатие оѓоз кардам, ки инак натиљаи пешакии онро ба хонандаи гиромии "Нигоњ" пешнињод мекунем. ФАЙЛЊОИ КЎЊНА ШАЊОДАТ МЕДИЊАНД Нахуст дафтарчаи мењнатии Мањмудзодаро омўхтем. Аз он бармеояд, ки номбурда собиќаи корї дар кони директори ангишти Шўроб ва њукумати шањри Исфара доштааст. Аз 1 ноябри соли 2007 директори генералии кони ангишти шањри Шўроб таъин шуда, ду сол нагузашта аз вазифа сабукдўш мегардад: "Бо фармони вазири саноат ва энергетика №112 аз 4.06.2009 дар асоси моддаи 123 Кодекси мењнати ЉТ" (айнан: "Приказом министра энергетики и промышленности РТ от 4.06.2009 г за №112 согласно статьи 123 Трудового кодекса РТ") аз кор озод карда шудааст". Моддаи 123-ро дар Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон љўё мешавем. Ин моддаи Кодекси мењнат "Муљозоти интизомї" ном дошта, бо зербанди 3юми он, омадааст: "аз вазифа озод кардан (бандњои 3, 4, 6, 7, 10, 11 ќисми якуми моддаи 46-уми Кодекс)". Ба мафњуми бандњои 7 ва 11-и моддаи 46 Кодекси мењнат таваљљўњ мекунем, ки он љо омадааст: "дуздидани молу мулки корфармо дар љои кор (банди 7) ва аз љониби корманде, ки бо арзишњои пулию молї бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунањкоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медињад" (банди 11). Яъне вазорат ба хулоса омадааст, ки Мањмудзода дар љои кор ба амволи давлатї дастдарозї кардаасту бо фармони вазир - аъзои Њукумати Тољикистон аз вазифа сабукдуш карда шудааст. Чун дарёфти иттилоъ дар бораи мансабдори њатто сатњи љамоати дењоту ноњия, чї расад ба шањру вилоятњо кори осон нест, тадќиќоти њуљљатиро идома медињему дар маќомоти судї њукмеро дар баробари ќањрамонамон меёбем.
ТАСАРРУФИ МОЛИ ДАВЛАТ ВА ДОЃИ СУДЇ Ин њуљљати судї, ки аз номи давлати Тољикистон содир мешавад, бе ягон ќасам гувоњї медињад, ки бо њукми суди Коллегияи судї оид ба корњои љиноятии суди вилояти Суѓд дар њайъати раисикунанда Шеров Љ.С. аз 30-юми августи соли 2010 Мањмудов Њаким Собитович (Мањмудзода Њакимхон Собит) бо моддаи 245 ќисми 3, банди "а" Кодекси љиноятии ЉТ ("бо љурми тасарруфи молу мулки давлатї ба миќдори калон аз љониби гурўњи шахсон бо маслињати пешакї")
КАДРГАДОЇ ДАР ИСФАРА ё муовини раиси шањри Исфара чї гуна таъин гардид? гунањкор дониста шуда, аз мавсуф ба фоидаи давлат 920 (!) нишондињанда барои њисобњо, яъне 32 200 сомонї рўёнида шудааст. Во-аљабо!!! Шарњи моддаи 245 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистонро аксарият медоданд, ба вижа њуќуќшиносон. Ба ин хотир, забони њуќуќиро як сўй мегузорему осон баён мекунем: Мањмудов Њаким Собитович дар њайати гуруњи муташаккил молу мулки ѓайрро, ки ба у супурда шуда буду дар ихтиёраш буд, аз худ намудааст! Ба њайати ин гуруњ кињо шомил буданд? Чиро аз худ карданд? Чаро љазои камтарин гирифтанд? Њама суолњоеанд, ки љавоб мехоњанд, аммо мавзўи бањси дигаранд, ки дар шуморањои оянда пиромуни мавзўъ нигоштаеро ба ихтиёри хонанда вомегузорем. Ин дафтари аъмол суоли матрањи худро дорад: Агар Мањмудзода дар гузаштаи начандон дур барои љинояти вазнини коррупсионї љазо гирифта бошаду барои дуздї дар љойи кор муљозоти интизомии гардида, аз вазифа сабукдўш шуда бошад, пас чї тавр тавонист муовини раиси шањр шавад??? Ин њам дар њоле, ки нисбти ў парвандањои дигар низ мављуд будаанд. Бале, хонандаи гиромї, парванда дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон.
ПАРВАНДАИ № ... Тибќи иттилои ѓайрирасмї соли 2007 дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд алайњи Мањмудов Њаким Собитович (Мањмудзода Њакимхон Собит) вобаста ба амалњояш њамчун мудири шўъбаи амвол ва сармоягузории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара парванда боз шудааст. Мутаасифона, то лањзаи чопи ин матлаб ба мо муяссар нашуд, ки бо он шинос шавем
ва аз натиљааш огоњ гардем. Вале мутмаин бояд буд, ки бе "шамол дарахт намељунбад". Ин тадќиќоти хурди њуљљатї собит сохт, ки дар зењни фаъолони шањр ва њатто кормандони собиќадори њукумати шањри Исфара саволи зерин бењуда пайдо нагаштааст: нафаре, ки ин ќадар гузаштаи торик дорад, чї гуна ба маснади муовини раисии шањр комёб шудааст? Ин суол албатта љавоб мехоњад. Мо бо назардошти имконоти мањдуди тањќиќ, вале муњимияти масъала барои исфарагињо ва умедворем на танњо онњо, аз танњо абзори кориямон - дархости журналистї кор мегирему ба пањлўњои мухталифи суоли асосї аз Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон рушанї мехоњем.
ДАРХОСТИ ЖУРНАЛИСТЇ Њангоми омодасозии матлаби мазкур бархе дўстону њамќаламонам њушдор доданд, ки ба ин "мавзўи сахт" даст назанам, зеро фарде, ки аз ин гуна гили сиёњ хушк баромада бошад, бо њар роњ метавонад ба муаллифи ин сатрњо ва њатто нашрия мушкил пеш орад. Аммо ман ба унвони рўзноманигор ва њамзамон зодаву парвардаи Исфараи бостонї ба њуќуќбунёд будани Тољикистон, нерўи афкори љамъиятї ва танњо аз рўи ќонун кор кардани сардори љавону нерўманди маќомоти зиддикоррупсионии кишвар, яъне Рустами Эмомалї бовар дорам. Аз ин рў, аз "Нигоњ" хоњиш мекунам, дархости журналистии зеринро ба Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон равон созанд, то ба суолњои зерин љавобњои мушаххас дарёфт гардад: 1. Оё Агентї имкон дорад фаъолияти кории Мањмудзода Њакимхон Собитро њангоми гузаштан аз зинањои
мансаб ва пурра бегуноњу поку соф буданашро муќаррар намояд? Дафтарчаи мењнатии ўро мавриди санљиш ќарор додан мумкин аст? 2. Оё Шумо метавонед њуљљати надоштани доѓи судї ва ё ќаблан суд шудану нашудани Мањмудзода, ки аз МИ РКВД дастрас шудааст, бори дигар омўзед? 3. Пункти доѓи судї доштан ё надоштани худу пайвандонашро дар вараќаи шахсии мутахассис Мањмудзода Њ.С. муайян кардан зарурат надорад? 4. Оё зарурат пеш наомадааст, ки дар Дастгоњи иљроияи маќомоти њокимияти давлатии вилояти Суѓд ва бахусус аз марзи сиёсати кадрњои дастгоњи иљроияи Президент чї гуна убур кардани њуљљатњои Мањмудзода Њ.С. пурра омўхта шавад?
СУОЛЊОИ БЕПОСУХ Имрўз њар фарди ба ору номуси Исфара дар мањфилњои хосу ом гўшакї ба њам пичиррос мезананд, ки магар Исфара ба бўњрони кадргадої мубтало шудааст, ки фарде чун Мањмудзода муовини раиси шањр таъин шудааст? Оё ба дигар кадрњои љавону гузаштаи пок дошта дар ин марз ќирин омадааст, имрўз мо рўи ниёз ба соњибмансабе меорем, ки дар гузашта суд шудаасту дар тасарруфи амволи давлатї муттањам шудааст? Албатта ин суолњо на танњо аз они ин банда буда, балки дар зењни бахше аз мардуми Исфара таваллуд шудааст, ки албатта аз лињози ќонун посухи ќатъї мехоњад. Набиюллоњ СУННАТЇ
ДАРДИ МИЛЛАТ Тибќи маълумоти расонањо шурўъ аз соли нав аксарияти вилоятњои Русия арзиши патентро барои муњољирони хориљї боло бурдаанд. Гуфта мешавад дар бархе минтаќањо арзиши патент аз 2 то 5 маротиба афзудааст. Хадамоти федералии муњољирати Русия маълумотномаеро нашр кардааст, аз рўи он мушоњида мешавад дар бештар аз 70 минтаќаи Русия аз соли нав арзиши патентро барои муњољирони хориљї боло бурдаанд. Нархи патент танњо дар 5 минтаќа - вилоятњои Челябинск, Волгоград, Владимир ва Ленинград ва дар шањри Санкт-Петербург таѓйир наёфта, танњо дар 6 минтаќа - њавзаи Чукотка, Љумњурии Ингушистон ва вилоятњои Калуга, Воронеж, Томск ва Нижний Новгород маќомот тасмим гирифтаанд, ки нархи патентро баръакс кам кунанд. Дар Чукотка, ки соли гузашта арзиши патенташро 8000 рубл муќаррар карда буд, имсол онро то њадди 4542 рубл пойин овардаанд ва ин минтаќа маќоми аввал дар "чемпионат"-и нархи патенти муњољиронро имсол ба Љумњурии Саха-Ёќутистон дод, ки нархи ин "мањсулоти стратегї"-ро барои муњољирон 1100 рубл боло бурда, ба 8173 рубл расондааст. Аммо бештар аз њама, ќариб 5 маротиба нархи моњонаи патенти муњољирон дар њавзаи мухтори Ненетс боло рафта, ба 7000 рубл расидааст. Њамин тавр, ќимати патент дар Забайкалйе ва Љумњурии Бурятия ќариб 3 маротиба, дар Иркутск ва љумњурињои Карелияву Тува 2,3 маротиба, дар вилоятњои Киров, Новосибирск, Сахалин, Иваново, Красноярск 2 маротиба гаронтар шудааст. Нархи патент дар кишварњои Пензаву Олтой, вилояти Псков ва љумњурињои мухтори Адигея ва Удмуртия низ аз 1 январ ќариб 2 маротиба боло бурда шудааст. Аммо як хабари нисбатан хушнудкунанда ин аст, ки нархи патент дар самтњои умдаи кору зиндагии муњољирони тољик зиёд таѓйир накардааст. Аз љумла, дар шањри Петербурги вилояти Ленинград, ки бино ба њисобњо, то 200 000 муњољири корї аз Тољикистонро макон додаанд, нархи патент бидуни таѓйир, яъне њамон 3000 рубл боќї мондааст. Дар шањри Маскав ќимати патентро њамагї 200 рубл боло бурда, 4200 рубл кардаанд. Дар вилояти Маскав - 4634 рубл ба љои 4000 рубли соли гузашта. Нархи патент, ки аз 1 январи соли 2015 барои муњољирони кории хориљї дар Русия њатмї шуд, як бахши умда аз харољоти муњољирони корї дар он кишварро ташкил медињад. Ба гуфтаи њомиёни њуќуќи муњољирон, њамин тавр, њар муњољир њанўз то оѓози фаъолияти корї бояд як баста асноди дигар, аз љумла санади тиббї ва санади супурдани имтињон аз забону таърих ва фарњанги Русияро низ омода бикунад. Љамъулљамъ дар соли гузашта як муњољир танњо барои оѓози фаъолияти корї дар Русия бояд ќариб 30 000 рубл сарф мекард. Бо афзоиши нархи патент дар соли нав табиист харољоти муњољирон боз њам боло хоњад рафт. Ва он њам дар њоле, ки бино ба омори Бонки марказии Русия, даромади муњољирон дар ин кишвар баръакс бамаротиб коњиш ёфтааст. Барои мисол, дар 9 моњи аввали соли 2015 аз тариќи ширкатњои пулфиристї аз Русия ба Тољикистон њамагї 1 миллиарду 54 миллион доллар пул интиќол ёфтааст, ки назар ба як соли ќабл 3,7 маротиба камтар аст. Ин њам дар њоле, ки ба гузориши расонањои русї дар 9 моњи соли гузашта хоњишмандони расмї кунонидани будубоши худ дар ќаламрави Русия аз сўи муњољирон 44 фоиз коњиш ёфтааст. Ба назари коршиносон ин тамоил мањз ба роњандозии патент иртиботи
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ПАТЕНТ. МУЊОЉИРОН. МУШКИЛОТИ НАВ Болоравии нархи патент дар 74 вилояти Русия чї масъалањои дигарро ба миён меорад?
РУСИЯ НАМЕДОНАД, КИ АЗ МУЊОЉИРОН ЧЇ МЕХОЊАД... бевосита мегирад. Воќеан, таи 11 моњи соли 2015 теъдоди муњољирин дар Русия 16 289 154 нафарро ташкил додааст, ки ин дар муќоиса бо 17 318 390 нафари соли гузашта шумораи кам аст. Дар ин муддат танњо 7 481 275 шањрванди хориљї ва бешањрвандї худро номнавис кардаанд, ки дар муќоиса бо 8 296 052 нафари соли гузашта низ кам ба назар мерасад. Дар маљмўъ мизони коњишёбии сабти номи расмї аз рўи сарчашмањои расмї 8 фисадро ташкил медињад. Ин њам дар њоле, ки ба гуфтаи тањлилгарон аксарияти муњољирон хоњиш доранд дар ќаламрави Русия расман будубош намоянд. Аммо арзиши баланди њуљљатгузорї ва бюрократияи њоким ин тамоилро коњиш медињад. Гуфта мешавад, чунин вазъ ба он хотир рўи кор омадааст, ки муносибати Маскав ба муњољират санљидашудаву дилпуркунанда нест, њатто дар бисёрии њолат он як бахши сиёсати хориљии Русияро ташкил мекунад, то ин ки масъалаи иљтимоиву демографї бошад. Пурсида мешавад, ки вуљуди бозори ѓайрирасмии муњољирати мењнатї дар Русия чаро вуљуд дорад ва кї онро ташкил мекунад? Дар посух ба ин суол коршиносон арќоми воќеї меоранд. Тибќи ин далелњо то охири соли 2014 дар Русия 3, 8 миллион љои корї
вуљуд дошт, ки дар онњо шањрвандони хориљї бо доштани асноди зарурї фаъолият мекарданд. Дар љойњои дигари корї корфармоён муњољирони ѓайрирасмиро љалб карда буданд. Соли 2015 бошад, теъдоди љойњои кории барои муњољирони расмї муайянгардида таѓйир наёфт. Аммо бо сабабњои гуногуни сиёсиву иќтисодї ва иљтимої муњољирон розї барои кори расмї намешуданд. Аз теъдоди муайяншудаи љойњои расмии кор бештарашро шањрвандони Ќирѓизистону Арманистон (бо сабаби узвият дар Иттињоди гумрукї), Украина (гирифтани маќоми гурезаи муваќќатї) ташкил медињанд, ки фаъолиятњои худро таќрибан бидуни расмиятдарорї пеш мебаранд. Дар ин замина тањлилгарон пешнињод доранд, ки формати "мубориза бо муњољирати ѓайриќонунї" дар Русия бояд таѓйир ёбад. Яъне ба љои душворї пеш овардан ба фаъолияти муњољирон бењтар аст, ки бо корфармоёне зиёдтар дастбагиребон шаванд, ки одамонро бе њуљљатгузорї ба кор мегиранд. Ба вуљуд овардани низоми патентї барои муњољирони хориљї низ, ба гуфтаи коршиносон мушкилоти худро дорад. Аввалан, агар ин низом барои аз зери соя бадар кардани њузури мардуми ѓайрирасмї бошад, ин
ДАР ЊАМИН ЊОЛ
ТОЉИКИСТОН БА 10 ЊАЗОР ШАЊРВАНДИ ХОРИЉЇ ИЉОЗАТИ КОР ДОД Дар соли љорї ба 10 218 шањрванди хориљї иљозат барои амалї намудани фаъолияти корї ва аз ин шумора ба 5946 нафар бидуни квота дар асоси созишномањои байнињукуматї ва байнидавлатї иљозат барои амалї намудани фаъолияти корї дода шуд. Ќобили зикр аст, ки њангоми додани иљозатномаи фаъолият барои љалби ќувваи кории хориљї ба таъсиси љойњои кории нав ва бокортаъминсозии шањрвандони кишварамон афза-
5
лият дода шуда, дар ин давра дар ташкилоту муасисањои љумњурї, ки мутахассисони хориљиро љалб намудаанд, 40 848 шањрванди Љумњурии Тољикистон бо љойи кор таъмин гардиданд. Дар давраи њисоботї аз љониби кормандони Хадамоти муњољират дар шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи марказ дар 179 ширкат амалиёти санљишї гузаронида, нисбат ба 292 шањрванди хориљї барои риоя накардани ќоидањои будубоши шањрвандони
хориљї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бо дастрасии моддањои 499 ва 138 -и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Точикистон санадњои маъмурї тартиб дода шуданд. Аз ин теъдод 257 нафари онњо барои даѓалона вайрон кардани ќоидањои будубош бо ќарорњои суд аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун карда шуданд. "Ховар"
њадаф иљро нашуд. Дуюм, таѓйири ќонунгузории вобаста ба муњољирати мењнатї ваколатњои маќомоти мањаллиро афзоиш дод ва принсипи марказгароиро дар Русия зери суол бурд. Хоса, дар њолате, ки њукуматњои мањаллї арзиши патентро барои коргарони хориљї бевосита муќаррар мекунанд, ваколатњои ташкилиро барои ширкати худашон дар пешнињоди баъзе кишварњо барои муњољирони мењнатї муайян менамоянд, имтињонгирии муњољиронро барои донистани забони русї худашон ташкил менамоянд ва ѓ. Аммо оё онњо барои ин омодаанд? Бештар аз ин, ин њолат оё як навъ "мусобиќаеро" ба миён намеорад, ки кадом минтаќа нархи патентро зиёдтар афзоиш медињад? Ин њам дар њоле, ки тавре гуфта шуд, аксарияти муњољирон ѓайрирасмї будубош доранд ва аз ин њолат гурўњњои махсус ба манфиати худ истифода мебаранд. Пас, агар дар Русия мехоњанд њам мушкилоти демографї ва масоили вобаста ба љойњои кориро мусбат њал кунанд ва низ масъалаи њузури муњољирони ѓайрирасмиро дар шароити душвори бўњрон, ки ин кишвар дорад, кам намоянд, ба гуфтаи коршиносон бењтар аст низоми ягонаи патентдињиро љорї намоянд. Алии АМИН
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
142 њазору ... КМ2
БАЪДИ 10-СОЛАИ ОБ
БАРОИ КИТОБИ СУРХ
СОКИНОНИ ШАЊРАКИ ФАРХОР АЗ ЉЎЙБОР ОБИ НЎШИДАНЇ МЕГИРАНД
"ШИКОР"-И ВУЊУШ БО АКСБАРДОРЊО ДАР МУРЃОБ
Сокинони шањраки Фархори ноњияи Фархор танњо аз як љўйбори хурд, ки аз дарёи Панљ љорї мешавад, оби ошомиданї мегиранд. Ба иттилои расонањо дар њолати баста шудани пеши оби ин рўдхона сокинон маљбур аз оби шўр ва ифлос истифода мекунанд, ё тариќи мошину дучарха бо зањмати зиёд аз мањалњои дигар об мекашонанд. Ин аст, ки имсол ба далели танќисї накашидани сокинон аз об, маќомот барои тоза кардани љўйбор пеши роњи обро набастанд. Солњои гузашта дар моњњои ноябр-декабр оби ин рўдхона баста мешуд. Њоло аз камчин шудани об, оби ин љўйбор аз саргањаш баста намешавад, то сокинон беоб намонанд. Танќисии оби ошомиданї дар Фархор дар
Љамъияти њифзи олами вуњуши Тољикистон натиљаи "шикор" бо аксбардорњо дар минтаќаи Аличури ноњияи Мурѓоби Тољикистонро нашр намудааст, ки моњи декабри соли 2015 ба навор гирифта шудааст. Банаворгирандагон аз коњиши ќочоќ ва шикори ѓайриќонунии бузи куњї ва гўсфанди Марко Поло истиќбол намуда, натиљаи назораташонро пешкаши тамошобинон кардаанд. Раванди барќароршавии теъдоди гўсфандони Марко Поло дар њолест, ки шикорашон тайи солњои 2007-2008 дар
кишвар ќатъиян мамнуъ буд. Феълан њукумати Тољикистон нархи шикори як гусфанди "Марко Поло"-ро 45 њазор сомонї муайян намуда, онро тариќи квота роњандозї кардааст. Мавсими шикори "Марко Поло" аз моњи сентябр то мартро дар бар мегирад ва њукумати Тољикистон њамасола барои шикори "Марко Поло" 80 квотаро људо менамояд. Кумитаи њифзи муњити зист мегўяд, теъдоди умумии "Марко Поло", ки, феълан дар Тољикистон њудуди 25 њазорро ташкил медињад.
њолест, ки бо кўмаки молии Бонки Љањонї ањолии баъзе аз мањаллањои ноњияи Фархори вилояти Хатлон дар моњи ноябри соли 2012 ба оби тоза дастрасї пайдо карда буданд.
ЌАДРДОНЇ
ЗАЊМАТКАШОНИ БОХТАР САЗОВОРИ ЉОЙИ АВВАЛ ГАРДИДАНД Зањматкашони ноњияи Бохтар барои комёбињои бузургашон дар соли 2015 сазовори љойи аввал, ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон ва мукофоти пулї - 20 њазор сомонї гардиданд. Зањматкашони ноњияи баландкўњи Шўрообод сазовори љойи дуюм, ифтихорномаи раиси вилоят ва 15 њазор сомонї шуданд. Љойи сеюм ба мењнаткашони шањри Сарбанду ноњияи Вахш муносиб дониста шуд. Онњо низ бо ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофо-
ти пулї-10 њазор сомонї ќадрдонї гардиданд. Раиси вилояти Хатлон Гулмањмадзода Давлатшоњ Ќурбоналї мукофотњоро дар вазъияти тантанавї ба раисони шањру ноњияњои ѓолиб супурд. Њамчунин ў ба 75 кишоварзи бењтарини вилоят, собиќадорони мењнат ва рўзноманигороне, ки дар инъикоси зањмати дењќонон сањм гузоштаанд, мукофотњои пулию молї ва сипосномањои раиси вилоятро таќдим намуд.
МО ВА ОНЊО
КУМАКИ ДДЗТ ВА КЛУБИ ЗАВЉАГОНИ САФИРОН БА ХОНАИ МАЪЮБОНИ ЊИСОР Дар Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода мањфили хайриявии "Эњсон" фаъолият дорад. Раёсати донишкада бо роњбарии ректори муассиса, доктори илмњои педагогї Ќосимзода И.Т, донишљўён ва омўзгорони донишкада дар арафаи соли нави 2016-и милодї тасмим гирифтаанд, ки маблаѓи дар як муддати кўтоњ љамъшудаи ин мањфил ва дигар кўмакњои модди донишкадаро ба хонаи маъюбони ноњияи Њисор чун туњфа таќдим намоянд. Клуби зављагони сафирони муќими Тољикистон (сафирони дар Тољикистон аккредитатсияшуда) аз њисоби худ маблаѓ љамъ намуда низ ба чунин амали хайр рў оварданд. Соли сеюм аст, ки тарбиятгирандагони мактаб-интернати низомаш махсуси љум-
њуриявї, воќеъ дар мавзеи Хирманаки ноњияи Њисор аз лутфи эшон бањравар мегарданд. Дар барномаи солинавї зављаи Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии Исломии Покистон дар Љумњурии Тољикистон хонум Мария Сумро, зављаи Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии Федератсияи Русия дар Љумњурии Тољикистон хонум Елена Ахтямовна Лякина - Фролова, зављаи Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии Узбекистон дар Љумњурии Тољикистон хонум Шоисломова Љамила Абдуллоевна, муовини раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї хонум Мушаррафа Шарипова ва њамроњони онњо иштирок доштанд.
ДАР СОЛИ ОИЛА
БАРЌАРОР КАРДАНИ "БОКИРАГЇ" ДАР ИСФАРА БАР ИВАЗИ 3 ЊАЗОР СОМОНЇ Як духтури занњо дар шањри Исфара бо гирифтани маблаѓ бакорати духтаронро барќарор мекардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корњои дохилии Тољикистон, ин
духтур 61 сол дошта, "бо роњи тамаъљўи аз зани 20-солаи сокини шањри Исфара барои барќарор намудани пардаи бокирагиаш маблаѓи 3000-сомонї "мукофотпулї" гирифтааст". Вазорати корњои дохилии Тољикистон ному насаби ин духтурро ифшо накардааст. Њоло ў дар боздоштгоњ ќарор дошта, нисбат ба ин амалаш парванда боз шудааст. Ин духтури 61-сола дар њоле боздошт мешавад, ки ќонунгузории кишвар барои баркарор кардани пардаи бакорат танњо дар њолати садама гирифтани он иљозат медињад.
НИЊОЯТ
БАЪДИ 6 СОЛ МИНТАЌАИ ОЗОДИ ИЌТИСОДИИ ИШКОШИМ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ КАРД Пас аз шаш сол нахустин корхонањо дар Минтаќаи озоди иќтисодии Ишкошим ба фаъолият шуруъ мекунанд. Бино ба иттилои Нилуфар Асламшоева, сухангўи Маќомоти иљроияи вилояти Бадахшон ду ширкати хусусї барои фаъолият дар Минтаќаи озодии Ишкошим сертификат дарёфт карда, рўзњои наздик ба истењсоли мањсулот шуруъ хоњанд кард. ЉДММ "Роњи абрешим" ва ЉСК "Хизматгор" нахустин ширкатњое мебошанд, ки барои фаъолият дар Минтаќаи озоди иќтисодии Ишкошим сертификат гирифтаанд. Ба иттилои маќомоти Бадахшон, ЉДММ "Роњи Абрешим" дар Ишкошим маркази тиљоратї бунёд карда, њамчу-
нин ба коркарди доруворї аз растанињои шифобахши куњї машѓул хоњад шуд. -ЉСК "Хизматгор" таљњизот ва маводњои сохтмонї истењсол хоњад кард. Минтаќаи озоди иќтисодии Ишкошим дар наздикии марз бо Афѓонистон ќарор дорад, мањсулоти истењсолмекардаи ин ширкат ба бозори ин кишвар ба фуруш бароварда мешавад,-мегўяд Нилуфар Асламшоева. Минтаќаи озоди иќтисодии Ишкошим 2-юми феврали соли 2009 ташкил шуда буд. Айни њол дар Тољикистон чор минтаќаи озоди иќтисодї, "Панљ", "Данѓара", "Суѓд" ва "Ишкошим" амал мекунад.
ТАКРОРИ ТАКРОР
СУЃД СОЛИ СЕЮМ ЊАМ НАЌШАИ ЉАМЪОВАРИИ ПАХТАРО ИЉРО НАКАРД Вилояти Суѓд имсол њам мисли ду соли ќабл натавонист наќшаи љамъоварии пахтаро 100 дарсад иљро кунад. Бобољон Домуллоев, мушвори калони Сарраёсати кишоварзии вилояти Суѓд ба расонањо сабаби иљро нагаштани наќшаро ба чанд омил рабт дод: "Якум ин ки соли равон мебоист, дар майдони 54 њазору 150 гектар пахта кишт мешуд, вале дар асл дар майдони 42 њазору 953 гектар пахта кишт кардем, ки 11 њазору 197 гектар камтар аст". Домуллоев гуфтааст, ки "дар натиљаи ба амали омадани буњрони иќтисодї арзиши нахи пахта дар биржаи Ливерпул низ хеле коњиш ёфт ва бинобар сард омадани обу њаво кишти пахта низ дертар, яъне дар моњи апрел, ба роњ монда шуд, ки ба дењќон таъсири манфї расонид". Бино ба иттилои мушвори калони Сарраёсати кишоварзи вилояти Суѓд, соли равон наќшаи дурнамои тиллои сафед 115 њазору 100 тоннаро ташкил медод ва то якуми декабр њамагї 76 њазору 393 тонна пахта, яъне 66,4 љамъоварї гардид, ки ин раќам дар ќиёс ба соли гузашта 22 њазору 387 тонна камтар аст: "Аз 18 шањру навоњии вилоят танњо 7
ноњияи вилояти Суѓд ба кишту кори тиллои сафед машѓуланд, ки имсол дурнаморо иљро накарданд". Бобољон Домуллоев афзуд, барои дар соли оянда ба пуррагї иљро кардани наќшаи пешбинишуда кишоварзони вилоят ният доранд, майдони кишти пахтаро зиёд намоянд: "Дар назар аст, соли 2016 аќќалан дар майдони 54 њазор гектар пахта кишт шавад".
БОЗИИ БУЗУРГ рад карда, гуфтанд, ки "амирулмуъминин" аз Кветта берун нарафтааст. Аммо то ин, ки ин мулоќот сурат гирад, як ќатор кўшишњои дипломатї низ ба харљ расидаанд. Масъалаи мулоќоти Путин ва Мансур, яке аз мавзуњое буд, ки моњи августи соли равон зимни сафари Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва мулоќоташ бо президенти Русия дар Маскав ба миён гузошта шуд. Огањони масъала бар инанд, ки Маскав ба ин иќдом бо маслињати Тењрон даст задааст. Заминасозињои ин мулоќотро як муддат Дафтари Толибон дар Эрон ба зимма дошт.
Зоњир Ќадир 26-уми декабр дар вилояти Нангарњор 4 узви ДОИШ сар зада шуданд. Масъулияти ин сарбурї ба усули ДОИШ-ро размандагони мансуб ба Зоњир Ќадир, муовини раиси парлумони Афѓонистон ба зимма гирифтанд. Имшабу рўз тамоми маќомот ва расонањои Афѓонистон Зоњир Ќадирро тањти фишор гирифтаанд, ки чаро ба чунин шеваи вањшиёна "говсуд" кардааст. Вокунишњои маќомот ба дараљаеанд, ки замони сарбурии сарбозони афѓон дар Бадахшон, ќатлу ѓоратњои Ќундуз ва дигар љиноятњое, ки имрўзњо дар Афѓонистон рух медињанду дасти одам дар навиштанашон меларзад, чунин набудааст. Президент Ашраф Ѓанї Ањмадзай њатто дастур дод, ки ин амал тибќи ќавонини Афѓонистон баррасї шавад. АЗ ИН МУТАХАССИСИ «АМАЛИЁТИ МАХСУС» ЊАР ЧИРО МЕШАВАД ИНТИЗОР ШУД
"Дар таги бинии мо" гапу корњое мегузаранд, ки тамоми љањон хабар дорад, аммо мо пас аз њама огоњ мешавем. 15-уми ноябр "The Sunday Times", як нашрияи боэътибори Лондон хабар дод, ки намояндагони Русия дар ќаламрави Тољикистон бо њайате аз фармондењони Толибон дар шимоли Афѓонистон мулоќот анљом додаанд. Нашрия ин хабарро аз ќавли Толибон дар Љалолобод, маркази вилояти Нангарњор дар шарќи Афѓонистон пахш карда, афзуда буд, ки "ин хабар аз сўи маќомоти амниятии Покистон ва Њинд низ таъйид шудаааст". Ин хабар, ки пеш аз њама дар як расонаи тољикї, на русї, пахш шуд, шояд "мурѓобии шикори инглисњо" арзёбї шуд (тибќи хатти маъмули андешаронињои расмї) ва ба он эътибори зиёд надоданд, то ин ки 23-юми декабр Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар Афѓонистону Покистон тамоси кишвараш бо Толибон, њамзамон мулоќот бо онњоро таъйид кард. Дар ин эътироф мањалли мулоќоти русњо бо Толибон, ки Тољикистон гуфта мешуд, зикр нашуд, аммо боз њамон "The Sunday Times" 27-уми декабр хабар дод, ки кадом як низомиёни баландмартабаи русу кадом як фармондењи толиб дар шимоли Афѓонистон не, балки "худи худашон" - Владимир Путин, президенти Русия ва Мулло Ахтар Мансур, рањбари Толибон моњи сентябри соли 2015 дар пойгоње дар Тољикистон шабона мулоќот кардаанд. Аммо оё мулоќоти русњову Толибон дар Тољикистон иттифоќ афтодааст? Маќомот ва расонањои расмии Тољикистон дар ин маврид то ба имрўз хомўшанд, аммо "Нигоњ" муваффаќ шуд, то љое љузъиёти ин њамаро ба даст орад.
Ќорї Њаниф Ёфтањои мо нишон медињанд, ки Русия дар баробари "лофи ёриву бародархондагї" ва ваъдањои пуштибонї аз њукумати Афѓонистон њанўз то шуруъи амалиёташ дар Сурия, њатто ду соли пеш бо њама гуруњњои мусаллању сиёсии зидди њукумати Афѓонистон тамос барќарор кардааст. Бино ба ин ёфтањо, низомиёни аршади рус дар пойгоњи 201 дар Кўлоб бо Ќорї Динмуњаммад Њаниф, фармондењи Толибон дар шимоли Афѓонистон њанўз тобистони соли равон чанд мулоќот доштанд. Ќорї Динмуњаммад Њаниф, зодаи вулусволии Яфтали Бадахшони Афѓонистон, ягона тољики баландпояи Толибон аст. Ў дар њукумати Толибон вазири плон ва тањсилоти олї буд. Соли 2013 яке аз дањ рањбари толиб буд, ки дар Дафтари Ќатари Толибон муаррифї шуданд. Ў дар як конфронси илмї дар шањри Киотои Љопон баромад карда, аввалин рањбари Толибон буд, ки дар расонањо расман падид омад ва мавќеи Толибонро баён намуд. Пас аз баста шудани фаъолияти Дафтари Ќатари Толибон, ки як моњ беш тўл накашид, ў ба ватан баргашт ва њоло сарфармондењи Толибон дар шимоли Афѓонистон ба њисоб ме-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
7
њанўз Афѓонистонро Аморати исломї мешуморанд - "Нигоњ") робита бо кишварњои минтаќаро ба хотири поён додан ба таљовузи кишвари мо аз сўи Амрико дошт ва идома хоњад дод ва инро њаќќи ќонунии худ медонад". Љое аз Русия зикр нарафтааст. Дар њоле, ки дар њама ахбор Тољикистон њамчун кишвари макони баргузории мулоќотњои Русия ва Толибон зикр мешавад ва расман Душанбе дар ин бора чизе намегўяд, суол ин аст, ки чунин вазъ то куљо ба манофеъи миллии мо дуруст мегирад, балки хатар надорад? Пеш аз њама Толибон а) душмани стратегии тољикони Афѓонистон; б) душмани ашаддии арзишњои мо, назири демократия, озодии занон ва мазњаби њанафиянд (онњо салафияро мехоњанд либоси њанафї пўшонанд). Русњо мехоњанд моро ќаноат дињанд, ки корашон нодуруст нест. Далели аввали онњо ин аст, ки бо Толибон танњо ба хотири муќобила бо "Давлати исломї" ё ДОИШ њамкорї мекунанд. Аз ин нигоњ, ин ба манофеъи Тољикистон мухолифат намекунад. Аммо зиёда аз ин коршиносони рус, ки ин шабу рўзњо ба њар навња мехоњанд њамкории Русия бо Толибонро њаќ бароранд, бар инанд, ки Толибон њар кї набошанд, хуб ё бад афѓонанд ва як њаракати миллї - озодихоњиянд, ки алайњи њузури Амрико ва НАТО мељанганд. Воќеан, барои русњо Толибон як нерўи афѓонианд. Манфиати Маскав таќозо мекунад, ки замоне бо њимоят аз Эътилофи Шимоли
МУЛЛО ПУТИН Русия ва Толибон дар Тољикистон чї мулоќот доштанд? равад. Њамон Толибоне, ки Кундузро фатњ кард ва њоло вулусволии Дарќади њаммарз бо Фархори Хатлонро дар ихтиёр дорад. Аз ин хотир, Дарќадро њукумати Афѓонистон дигарбора гирифта натавонист, зеро бо зўри силоњи русї нигоњ дошта мешавад ва ин вулусволї нуќтаи васли Русия бо Толибон аст. Ин тавзењот ахбори дигар, аз љумла парвози чархболњои Русия ба Бадахшони Афѓонистонро, ки гуфта мешуд, силоњ мекашонанд, ѓайримустаќим таъйид мекунад. Ин иддаои Мењробиддин Миёхел, фармондењи собиќи љињодї дар вулусволии Хонободи вилояти Ќундуз, ки ба бахши форсии телевизиони ВВС гуфт, бар ивази маводи мухаддир аз Тољикистон силоњ мегиранд, низ то љое рўшан мешавад. Ќиссаи аз асорат озод шудани чор сарбози тољик, ки ба ќавли маќомоти Тољикистон, бо кўмаки Ќатар ва ба иддаои Толибон (хабари расонаи англисии The Daily Beast), бар ивази силоњ озод шуданд, низ то љое тафсилоти худро ошкор мекунад. Тољикистон ку "Калашников" истењсол намекунад! Ё мекунад?
Путин ва Мансур Владимир Путин 15 - 16-уми сентябр воќеан дар Душанбе буд ва дар нишасти сарони кишварњои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаљамъї (ОДКБ) ширкат кард. Ёфтањои мо дар Афѓонистон нишон медињанд, ки президенти Русия 15-уми сентябр бо рањбари Толибон дар њузури сафири Покистон дар Душанбе мулоќот кардааст. Бино ба ин манобеъ, сафорати Покистон дар Душанбе тадорукоти ин мулоќотро ба зимма дошт ва Мулло Мансур бо кўмаки Хадамоти истихборотии Покистон аз фурудгоњи Карочии Кветта ба Душанбе бо як рейси махсус омадааст. Хабари "The Sunday Times" дар бораи баргузории мулоќоти Путину Мансур шабона дар як пойгоњ ва низ дар такя ба иттилоъи дарёфтї аз миёни рањбарияти Толибон ба ин нукта рўшанї меандозад, ки рањбарони Русияву Толибон дар пойгоњи 201 дар шањри Душанбе вохўрдаанд. Ягон пойгоњи дигар дар пойтахти Тољикистон нест. Аммо Толибон ин хабарро
Зоњир Ќадир њамон нафарест, ки эълон дошт, Маъсум Стонакзай, сарпараст (иљрокунандаи вазифа) - и вазорати дифоъ ва Њаниф Атмар, мушовири амниятии президенти Афѓонистон роњбарони аслии ДОИШ дар Афѓонистонанд, ки дар Кобул зиндагї мекунанд. Ба дунболи ў хабаргузории ТАСС - и Русия низ ин ду нафарро барои дастгирии ин гуруњи террористї муттањам кард. Њамсуњбатони мо дар Афѓонистон вохўрињои зиёди Зоњир Ќадир бо русњо дар дохилу хориљи Афѓонистонро "иттилооти даќиќ ва то ба њол фошнашуда" унвон мекунанд. Ба ќавли онњо, Њољї Зоњир Ќадир аз замоне, ки фармондењи як воњиди марзї дар Шерхон Бандари њаммарз бо Панљи Поёни Тољикистон буд, бо русњо тамос дошт. Зоњир Ќадир, писари Њољї Ќадир, як фармондењи маъруфи Иттињоди Шимол ва аз њамсангарону њамнишинони Ањмадшоњ Масъуд дар муќовимат бо Толибон буд.
"Силоњ аз мо, љанг аз шумо" Аз љамъи ин ахбор маълум мешавад, ки Тољикистон дербоз љои мулоќоти русњову Толибон ва афроди матрањи зиддидоишї шудаву мо бехабар будаем. Ё "The Sunday Times" огоњтар аз расонањои Тољикистон, бахусус расмињо, будааст. Дар суњбат бо "Нигоњ" сафири Русия дар Тољикистон Игор Лякин - Фролов ин хабарро, ки кишвараш бо Толибон тамос дорад, таъйид кард, аммо афзуд, "ин танњо тамос аст, на музокирот". Вай гуфт, гуруњњое дар сафи Толибон вуљуд доранд, ки бо онњо мешавад суњбат кард. Љаноби сафир тавзењоте аз ин бештар надод, аммо маълум аст, ки Толибон бо русњо, онњое, ки Эътилофи Шимолро љонибдорї карда, њукумати онњоро суќут доданд, фаќат барои "чашмаки ману чашмаки ту" мулоќот намекунанд. Њатман ин љо муомилаи "силоњ аз мо, љанг аз шумо" дар миён аст ва Толибон аз он нафъи худро мебардоранд, вагарна онњо бесоњиб нестанд, ки рўзашон ба русњо монад. Сомонаи Толибон тамос бо русњоро ин гуна шарњ додааст: "Аморати исломї (Толибон
Ањмадшоњи Масъуд онњоро суќут дињад ва имрўз, ки Амрико бо кўмаки њукумати Афѓонистон ДОИШ - ро дар минтаќа љобаљо мекунад, њам аз Толибон ва њам аз афроде назири Зоњир Ќадир истифода кунанд. Покистон, кишварест, ки Толибонро дар њамдастї бо Амрико ва сармояи кишварњои Халиљ - Саудї, Ќатар ва Иморот эљод кард. Онро њаракате медид, ки тавсиаи нуфузи Русия ва Њинд дар Афѓонистонро дар симои њукумати Бурњонуддин Раббонї бояд љилавгирї мекард, ки кард. Аммо њоло Русияро ба пуштибонии онњо љалб кардааст, зеро тарњи ДОИШ, тарњи зиддипокистонї аст. Амрико онро бо њамдастии њукумати Афѓонистон ба майдонњои љанги минтаќа ворид мекунад. Эрон низ аз њамон соле, ки Толибон ташкил шуданд, њамкори наздики онњо буд, њарчанд бо Ањмадшоњи Масъуд низ тамос дошт. Ин кишвар ба хотири манофеъи миллии худ пойбанди њељ гуна арзиш, аз љумла мазњаб, ки бисёрињо фикр мекунанд, нест. Чин њоло аз мубтакирони музокироти Толибон бо њукумати Афѓонистон аст. Толибоне, ки Њаракати исломии Туркистони Шарќї, созмони ўйѓурњои љангии Шинљону Уйѓури Чинро паноњгоњ додаву парвариш мекунанд, чанд маротиба ба Пекин рафта омаданд. Русњо аз ин њама чї камї доранд? Надоранд. Аз ин хотир, Тољикистон ва дигар кишварњои Осиёи Марказї низ бояд манфиатњои худро дошта бошанд ва аз онњо њимоят кунанд. Пеш аз њама, Тољикистону Ўзбакистону Турманистон бояд дар ин андеша бошанд, ки шарикони анъанавии зиддитолибонии худ, бахусус тољикон, ўзбаку туркману дигаронро чї тавр њимоят кунанд? Чї кор кунанд, ки манофеъи онњо дар бархўрди ќарибулвуќўъи ќудратњо дар Афѓонистон таъмин шавад? Ин суолњо посух мехоњанд, вагарна кишварњои Осиёи Марказї бар хилофи он даѓдаѓањои истиќлолдўстиву ватанхоњї як "макони дидор" ва тањти шуоњои "офтоби шимолу ѓарб" хоњад монд.
Далери ХАЙРУЛЛОЊ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ДИКТАТОР
Франсиско Масиас Нгема 11 сол кишвари худро сарварї кард ва дар њамин муддат њам тавонист низоми вањшиёна ва салтанати ба биму њарос њамроњро њоким гардонад, мухолифонашро ба зиндон андозад ва ё ба ќатл расонад, давлатро ба фаќиртарин мамлакати минтаќа ва љањон табдил дињад.
мњои љуѓрофии аврупоиро ба африќої табдил дод. Масалан, љазираи Фернандоро ба номи худ - љазираи Масиас-Нгема-Бийого гузошт ва пойтахти кишвар Санта-Исабелро Малабо номид.
Бо љомадони пул фирор кард, вале... Мегўянд охири солњои 70 Нгема ба бемории камаќлї њам гирифтор шуд ва баъзан соатњо бо он њамкоранаш вориди гуфтугў мешуд, ки замоне бо фармони худаш ќатл шуда буданд. Гўшњояш кар шуданд, ба њадде ки њатто ваќте бо худ њарф мезад, фарёд мебаровард, ба ѓайри сурат садои худро њам намешунид. Њаракатњояш номуназзам шуданд, вай дар пойтахт эњсоси хатар мекард ва бештари ваќти худро дар зодгоњаш Рио-Муни дар њалќаи се зани худ мегузаронд. Вай захирањои арзии кишварро дар найистони назди хонааш нигоњ медошт, ба њадде ки ќисме аз пулњо фарсуда шуданду пўсиданд. Мамлакат тадриљан ба ќаъри як нобудии номуайяне фурў мерафт. Соли 1979 11 афсари неруњои мусаллањ наздаш омаданд ва шикоят карданд, ки моњњост афсарон маош намегиранд. Љавобан ба ин бо фармони Нгема њамаи онњо парронда шуданд.
Президенти "духон" Исми пурраи ў Франсиско Масиас Нгема Бийого Нйере Ндонг (испонии Francisco Mac?as Ngu?ma Bijogo ?egue Ndong) аст. Вай соли 1924 дар шањри Рио-Мунии вилояти Монгомо, ќисмати хушкии Гвинеяи Экваторї зода шудааст. Вазъи хонаводагии падараш аз дигарон бењтар буд ва ў њатто тавонист писарашро соњибмаълумот карда, барои таълиму тадрис ба калисо низ супорад. Вале худи Нгема хеле љавони кундзењн буд. Ба њадде, ки се маротиба аз имтињони кор чун хизматчии давлатї натавонист бањои сазовор гирад. Танњо бори чањорум бо дахолат ва кўмаки соњибмансабони испонї аз имтињон гузашт. Нгема он замон робитањои хубе бо ишѓолгарон барќарор карда буд ва њамин равобит тадриљан маъруфияти ўро дар миёни сокинони кишвар афзуд. Соли 1968 Гвинеяи Экваторї ба истиќлолият расид ва Нгема аввал сарвазири њукумати эътилофї ва баъд президенти ин кишвар интихоб гардид. Як сол баъд, дар љараёни диду боздидаш аз корхонањои кишвар чашмаш ба парчами Испаниё афтод, ки коргарони испонї боло карда буданд. Дар њамон маврид як суханронии тезу тунде дар бораи Испаниё ва сиёсатњои султахоњии он кишвар ироа кард. Баъди он амалан шикори испонињои сармоядор оѓоз шуд. То охири њамон сол бештар аз 7 њазор испоние, ки дар Гвинеяи Экваторї соњиби замин, корхона ва сармоя буданд, аз тарси љон фирор карданд. Он ходимони давлатие, ки мехостанд ба њалли ин мушкил миёнарав шаванд, ё кушта ва ё ба зиндон андохта мешуданд. Чунончи, вазири умури хориљии ин кишвар Ндонго Мийоне барои талоши миёнаравї дар њалли мушкил ба кохи раёсати љумњурї даъват шуд ва шадидан мавриди латукўб ќарор гирифт, ба њадде, ки ду пояшро шикастанд ва ба зиндон андохтанд. Чанд рўз баъд хабари мурдаи ў расонаї шуд.
Ќатли 10 вазир аз 12 вазири њукумат Нгема њукуматро пароканда эълон намуд, аз 12 вазир 10 вазирро ба ќатл расонд. Ба љойи њамаи онњо дар вазоратњои калидї хешовандони наздики худро таъин намуд. Аз љумла љиянаш Обианг Нгема Мбасо фармондењи горди миллї, дабири кулли вазорати дифоъ ва сардори мањбасхонањо таъин шуд. Дар њамаи вазифањои вазорату идорањои ќудратї низ хешовандонашро таъин кард. Нгема соли 1970 бисёрњизбиро расман барњам дод ва њизби худро бо номи "Њизби ягонаи миллии зањматкашон" таъсис дод. Њамаи сокинони ба балоѓатрасида узви ин њизб эълон шуданд. 12 июли соли 1973 конститутсияи навро ќабул кард, дар њоле, ки аз соли 1969 Гвинеяи Экваторї аслан конститутсия надошт. Ин ќонун Гвинеяи Экваториро љумњурї эълон кард, сарвари њукумат ва давлат президент мањсуб мешуд. Њамзамон бо ин худро президенти якумрї эълон кард. Ќонуни асосї ба президент ихтиёроти васеъ медод, парламонро мардум дар 5 сол як бор интихоб мекарданд.
ХУДКОМАЕ, КИ БО КАМАЌЛЇ МУРД Раисони вилоятњоро президент таъин мекард. Раиси Суди олї ва раисони њамаи судњои вилоятиву ноњиявї ва шањриро президент таъин менамуд. Аз аввалин соли фаъолияти сарвариаш Нгема њамаи мухолифони сиёсии худро аз сањнаи фаъолият дур кард. Касоне, ки аз ў итоат намекарданд, ё кушта мешуданд ва ё зиндонї. Зарфи 11 соли њокимияташ дар кишваре, ки каме бештар аз 300 њазор ањолї дошт, 50 њазор нафар куштаву 125 њазор фирор карданд. Боре директори бюрои омори кишвар њисоботеро дар мавриди шумораи ањолї пешнињод намуд. Ба назари Нгема чунин расид, ки ин омор нодуруст ва ањолии кишвар кам нишон дода шудааст. Вай фармон дод, ки директори оморро ќатл кунанд, то ба дигарон ибрат шавад ва дуруст њисоб карданро омўзанд.
Пешгирии табаддулоти давлатї Пеш аз њар сафари хориљиаш фармон медод, ки чанд тан аз зиндониёнро ба ќатл расонанд, то дигарон аз тарс андешањои роњандозии табаддулоти давлатиро дар набудани ў аз сар дур кунанд. Франсиско Масиас Нгема ду маротиба расман фармон содир кард, ки њамаи ошиќони пешини маъшуќањои ўро парронанд. Мањз њамин гуна сиёсатњо нобихрадона буданд, ки маѓзњои мутафаккир аз тарси љон тарки ватан карданд, илму маориф дар пояи паст ќарор гирифт, дар мамлакат фасод боло рафт, сармоягузорињои хориљї ќатъ шуданд, бекорї ављ гирифт. Иќтисоди кишвар рў ба рукуд овард. Танњо кормандони дастгоњи раёсати љумњурї, пулис, артиш ва хадамоти амниятї маоши њамешагї мегирифтанд, нињодњои дигар моњњо рўйи маошро намедиданд. Кор ба љойе расид, ки давлат дигар наметавонист вазоратњоро маблаѓгузорї кунад ва аз ин сабаб аксари онњо фаъолият намекарданд. Соли 1976 бо фармони ў директори Бонки марказї дар миёни мардум ба ќатл расонда шуд, баъди ин бонк амали худро ќатъ кард. Нгема захирањои
арзи кишварро дар хонаи худ нигоњ медошт ва амалан вазифаи раиси Бонки миллиро њам худаш иљро менамуд. Дар мамлакат гаравгонгирии хориљиён ва бо ин васила рўёнидани пул аз давлатњову муассисањои хориљї рў ба ављ овард. Нгема бо ањли хонаводааш куллан тиљорати дохиливу хориљиро зери назорат гирифт ва нархњо чуноне буданд, ки худи ў мехост.
Нгима зидди маориф Ва мудњиштарину фољеабортарин мусибат он буд, ки Нгема иќдомоте зидди рушди илму маориф дар кишвар анљом дод. Вай дари њамаи китобхонањоро баст ва дар сар то сари кишвар танњо як китобхона дар Малабо боќї монд. Њамзамон бо ин нашри њамаи нашрияњо, ба љуз ду нашрияи њукуматї, мамнўъ эълон шуд. Вале баъди соли 1975 ин ду рўзнома низ баста шуданд. Бо фармони ў њамаи макотиби католикї баста шуданд, дар кишвар мактаби давлатї аслан вуљуд надошт. Иќтисод суќут кард, мардум на мањсулоти заруриро дар бозор медиданд ва на дар хонањои худ, обу барќ њам надоштанд.
Номгузории динї њам мамнўъ гардид Аз сўйи дигар вай динро шадидан зери назорат гирифт ва фармон дод, ки дар њамаи ибодатгоњњои калисої акси ў овехта шавад. Кор ба љойе расид, ки роњибон аз тарси боздошт нашудан ва гирифтори шиканља нагаштан ин шиорњоро сармашќи фаъолиятњои худ ќарор доданд: "Худое ба љуз Масиас вуљуд надорад", "Худованд Гвинеяи Экваториро ба хотири Масиас бунёд кард", "Бидуни Масиас Гвинеяи Экваторї вуљуд дошта наметавонист". Аммо њамаи ин талошњо роњибонро аз таъќиб наљот надод. Соли 1975 вай оини масењиро дар кишвараш мамнўъ эълон намуд, роњибони хориљї аз кишвар ронда шуданд, калисоњо бе ибодаткунандагон монданд. Њатто ибодатгоњи бузурги Малаборо ба анбори силоњ табдил дод. Соли 1973 вай номгузории масењиро дар кишвар манъ кард ва но-
"ХУДОВАНД ГВИНЕЯИ ЭКВАТОРИРО БА ХОТИРИ МАСИАС БУНЁД КАРД"
Билохира, љиянаш Обианг Нгема Мбасого табаддулоти давлатї анљом дод ва Нгема ноилољ бо ду љомадони пур аз пул фирор кард, захирањои боќимондаро то ки ба дасти каси дигар науфтад, оташ зад. Вале ин фирори бебарор буд, баъди ду њафта боздошт гардид. Ўро ба куштори 80 њазор нафар сокинон муттањам карданд, 500 нафарро худи ў шахсан куштааст. Аммо ваќте њукми ќатли ў содир шуд, ягон сарбози Гвинея розї нашуд њукмро иљро кунад. Миёни ањолии ин кишвра овозањое кам набуданд, ки Мгемаро соњир мепиндоштанд. Зарур омад барои ќатли диктатор аз Марокаш як воњиди низомї оранд. 29 сентябри соли 1979 ўро якљо бо панљ њампаймонаш парронданд. Вале њатто баъди маргаш њам аз арвоњи ў метарсиданд, одамон бовар доштанд, ки руњи Нгема омодаи ќасос аст... Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ТАНЊО ДАР «НИГОЊ»
9
ЌАДАМИ ХАТАРНОКИ КАБИРЇ Гашт бо асб, ва-банк ё оѓози бозии бузург? Ширкати Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ дар конфронси "Вањдати исломї" њукумати Тољикистонро то њаде ба тањлука андохт, ки на танњо "нота" супориданду дар масољид Эронро ба хиёнат мутањам карданд, балки њатто аз бознигарии равобит гуфтанд. Чунин як љасорат аз тарафи Тољикистон нисбат ба Эрон, яке аз аслитарин шарикони њам сиёсиву њам иљтисодиаш аз он дарак медињад, ки масъала сода нест. Таѓйири мавќеъ нисбати ЊНИТ ва њукумати Тољикистон аз тарафи Эрон њам љои тафаккур аст. Эрон то њамагї як моњ пеш њељ бархўрде ба бастану террористї эълон кардани ЊНИТ нишон надод, њол он ки яке аз кафилони сулњ буд. Чанд њафта ќабл,танњо дар сатњи собиќ вазири корњои хориљї, аз бастани ЊНИТ нигаронї кард. Аммо инак дар баландтарин сатњ нишон дод, ки бо мавќеъи њукумати Тољикистон нисбат ба ЊНИТ розї нест ва равобит бо ЊНИТро бар равобит бо њукумати расмї тарљењ медињад. Баъди "нота"-и эътирозии Тољикситон бо баландтарин маќоми эронї мулоќот кардани Кабирї далели ин аст. Чунин мавќеъгирї, ё аниќтараш таѓйири мавќеъ аз тарафи Эрон чанд сабаб ё омил дошта метавонад, аммо мавзўъи бањси мо мавќеъи Эрон ва њукумати Тољикистон набуда, мавќеъи раиси ЊНИТ ва сабабу авомили ону паёмадњояш аст. Чаро Кабирї ба Эрон рафт ва дар конфронсе, ки тарњи эронист ва давлатњои ањли суннат тадриљан аз он канор мера-
ванд иштирок кард, дар њоле, ки Эрон яке аз ду љониби љанги оѓозшудаи љањонист, ки мусалмононро њам дар ду самт ќарор додааст. Ва интихоби яке аз ин ду тарафро тарафи дигар дар гумон аст тањаммул кунад. Яъне имкони зиёд дорад, интихоби Эронро Туркияву Саъудиву дигар кишварњои арабї чун пушт гардондан ба худашон ќабул кунанд. Ва ин замоне, ки Эмомалї Рањмон азми сафари Арабистони Саъудї дорад. Ин ќадами раиси ЊНИТ - ро чї тафсир мешавад кард? Гашт бо асб, ва-банк ё ворид шудан ба бозии бузурги геополитикї?
ГАШТ БО АСБ Яъне истифода аз таѓйири мавќеъи Эрон нисбати Тољикистон, ки бо сабабе сар задааст. Албатта мавќеъи Эрон нисбати њукумати Тољикистон наметавонад то ин њад бе маслињати Русия таѓйир ёбад. Чун ин ду кишвар дар њоли њозир шарики ягонаи якдигаранд ва ба хотири манофеъ дар Тољикистони кўчак аз даст додани шарике чун Русия барои Эрон ѓайримантиќї аст. Яъне, агар мавќеъи Русия нисбати Тољикистон таѓйир накардааст, дастгирии Эрон аз ЊНИТ раќобат бо Русия талаќќї мешавад. Албатта, якбора ба ин њад таѓйир ёфтани мавќеъи Русияву Эрон хеле аљиб менамояд, вале хабарњое оиди иртибототи Русияву Толибон ва Эрону Толибон аз ин аљибтар аст ва шояд ин масоил рабти мустаќиме бо њам доранд, ки ба зудї шоњиди тањаввулоти бузурге хоњем шуд.
ЌАЗИЯИ ДАВОМДОР
ПИСАРИ ИСЊОЌ ТАБАРОВ БА "ЗАРХАРИДЇ" МУТТАЊАМ МЕШАВАД
Додгоњи шањри Вањдат ќарор аст рўзњои наздик ба баррасии парвандаи Фирўз Табаров - писари Исњоќ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов оѓоз кунад. Як маќоми Додгоњи шањри Вањдат рўзи сешанбе дар сўњбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки писари Исњоќ Табаров бар асоси ду моддаи Кодекси љиноии Тољикистон - 401 (зархаридї) ва 307 (Даъвати оммавї барои бо роњи зўроварї таѓйир додани сохти конститутсио-
нии Тољикистон) - муттањам мешавад. Гуфта мешавад, шахсе зархарид эътироф мегардад, ки махсус љалб гардида, бо маќсади гирифтани подоши моддї амал мекунад. Бар асоси Кодекси љиноии Тољикистон ба афроде, ки бо ин љурм айбдор дониста мешаванд, бо љазои мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз 7 то 15 сол бо мусодираи молу мулк тањдид мекунад. Ва тибќи моддаи 307 бо мањрум сохтан аз озодї ба мўњлати аз 3 то 8 сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад. Фирўз Табаров 6 моњ ќабл аз тарафи маќомоти интизомї барои омода кардани санадњо барои як шањрванди Тољикикистон љињати сафар ба Сурия боздошт шудааст. Наздикони Фирўз Табаров то лањзаи нашри хабар дар ин бора ибрози назар накарда ва гуфтанд, ки мавќеашонро баъд аз шурўи мурофиаи додгоњї баён хоњанд кард.
Абўалї НЕКРЎЗОВ
АБДУМАННОН ШЕРАЛИЕВ: ТАКЯ КАРДАН ТАНЊО БА ЭРОН ДАР МАРЊИЛАИ ЊОЗИРА, БАРОИ ЊНИТ ХУДКУШЇ АСТ. Тањлукаи њукумати Тољикистон њам шояд аз њамин сабаб бошад. Пас Кабирї ва њеч сиёсатмадори дигаре ин имконро наметавонист нодида гирад. Ваќте собиќ дўстони раќибат аз ў рўй мегардонанд, маънии онро дорад, ки имкон пайдо кардаї аз љои нозуки раќибат бигирї. Албатта агар ин рўйгардонии дўстони собиќи раќибат муваќќатї ва ба хотири истифодаи худат барои фишори бештар ба раќибат набошад. Масалан бар тасмими Рањмон оиди шомилшавї ба "НАТО-и исломї". Таъсири Эрон ба Тољикистон аз Русияву Чин камтар, аммо хеле эњсосшаванда аст. Ва ваќте мавќеъи Эрон бо мавќеъи Русияе, ки бештарини таъсирро дар Тољикистон дорад њамнаво аст, сарфи назар кардани ин имкон аз тарафи сиёсатмадоре чун Кабирї аслан имкон надошт. Гузашта аз ин, на танњо ЊНИТ, њатто ба ИМА мушкил аст, бе нодида гирифтани мавќеъи Русияву Эрон чизеро дар Тољикистон таѓйир дињад.
ВА-БАНК Ваќте фаъолияти ЊНИТ-ро дар Тољикистон манъ карданд, аз њељ кишваре - на даъвогарони демократия, ки раќобати сиёсиро шарти асосии демократия медонанд ва на кишварњои исломї, ки бояд аз як њаракати мўътадили исломї дифоъ мекарданд, садое шунида нашуд. Њатто аз Туркия, ки идеяњои ЊНИТ аз идеяњои њизби њокими он таќрибан тафовуте надорад. Дар њоле, ки Туркия аз њаракатњое мисли ЊНИТ, масалан Ихвонулмуслимин бошиддат дифоъ мекунад. Гузашта аз ин, мувофиќи овозањо, Туркия аз Кабирї, ки онљо истиќомат доштааст, талаб кардааст муваќќатан ин кишварро тарк кунад. Пас, раиси ЊНИТ бо вуљуди ин ки рафтан ба оѓўши Эрон метавонад на танњо сабаби аз даст додани эътимоди кишва-
рњои суннимазњаб, балки њазорон аъзову љонибдор дар дохили кишвар шавад, вабанк рафтааст.
БОЗИИ БУЗУРГ Такя кардан танњо ба Эрон дар марњилаи њозира, барои ЊНИТ худкушї аст. Чун: а) кишварњои суннимазњаб инро интихоби ќутби дигар аз тарафи ЊНИТ ќабул ва бо њар роње аз "болобарии таъсироти Эрон бо дасти ЊНИТ" дар кишвари суннинишине чун Тољикистон, љилавгирї хоњанд кард; б) ЊНИТ на танњо мањбубияташро дар дохил аз даст хоњад дод, балки аксари аъзояш њам тарки ин њизб хоњанд кард; в) бо истифода аз мавќеъи ЊНИТ ва Эрон, њукумати Тољикистон тамоми кўшишашро барои бењбуди равобит бо Туркияву Саъудї ва дигар кишварњои суннинишин равон хоњад кард, ки ин на танњо ЊНИТ -ро дар инзивои бештар ќарор медињад, балки бар умри сиёсии режими Рањмон љони дубора мебахшад. Аслан имкон надорад, ки Кабирї инро надонад. Пас ў вориди бозии бузурге шудааст. Бозие, ки ќудратњо сари мизи он нишастаанд. Ва Кабириро лозим меояд байни онњо дасткорињои (манипульяция) мўъљизаноке анљом дињад, то њам худаш ва њам њизбашро аз байни чанд даранда солим берун орад. Агар чунин аст ва Кабирї ин итминонро ба худаш дорад, ки метавонад бо абарќудратњо бозї кунад, ба зудї шоњиди он хоњем шуд, ки раиси ЊНИТ дар Туркияву Саъудї ва "Алљазира" зуњур кунад. Ваќт нишон хоњад дод, ки ин ќадами хеле хатарноки Кабирї гашт бо асб буд, ё ва- банк ва ё воридшавї ба бозии бузург. Ва агар бозии бузург буду аз он солим бадар омад, Кабирї ва нањзати дигаре хоњем дошт. Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ
ТАКОНБАХШИ РЎЗ АЗ ... АЊМАДШОЊ МАСЪУД Ба душман иљозаи фикр кардан надињед. Њамеша њамалоти иттилоотї, наќшави ва чирикиро дар назар дошта бошед. Яке аз токтикњои муњим дар њама навъи мубориза ин иттилоот аст, ки он њамеша душманро дар њоли нигаронї ќарор медињад. Агар шумо ба душман иљоза бидињед, ки дар мавриди шумо фикр бикунад, ў њатман барои марги шумо меандешад.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ТОП - 5 Панљ расонаи фазосоз: khovar.tj, news.tj, ozodi.org, ozodagon.com, tojnews.org,
14 њазору 959 ХОНАНДА+ШУМО Љолибтарин матолиби як њафтаи охир дар ТОП-5 бахши тољикии интернет (тољнет) Тавре ба назар мерасад, пурбањстарин ва пурхонандатарин матолиби як њафтаи охир дар бахши тољикии интернет ширкати Муњиддин Кабирї дар њамоиши байналмилалии Тењрон ва вокунишњо атрофи он будааст. Муруре ба хабару гузоришњо ва шарњњои маќомот он нуктаро рушан кард, ки на танњо љомеаи њоло хоболуди коршиносии кишвар, балки хонандагони оддї ва корбарони касбу корашон гуногун дар ин масъала ба таври хос вокуниш нишон додаанд. Шояд баъди расман баста шудани фаъолияти ЊНИТ ин аввалин бор буд, ки Кабирї бо иштирокаш дар њамоиши Тењрон ва дидораш бо оятуллоњ Сайид Алии Хоманаї аз вуљуди худ дар фазои иттилоотии кишвар ва хориљ аз он рушантар дарак дод. Матлаби "Эрон интихобашро кунад", ки дар сомонаи радиои "Озодї" интишор шуда буд, то баъд аз зуњри рўзи сешанбе, 5 январи соли равон 14 њазору 959 хонанда
дошт. Матлаби дигари сомонаи њамин радио "Муфтї: Мо бо Эрон душманї карданї нестем, аммо..."-ро 12 њазору 756 нафар мурур карда буданд. Дар бораи матлаби аввал поинтар ишорае дорем, аммо матлаби дуюм, чуноне аз номаш пойдост, низ атрофи њузури Кабирї дар нишасти Тењрон ва вокуниши муфтии кишвар Сайидмукаррам Абдулќодирзода аст. Дар гузориш аз намози љумъаи масљиди марказии Душанбе ва иќтибосњо аз амри маъруфи муфтї интиќодоти сарвари идораи мусалмонони кишварро аз муносибати Эрон бо шахсе, ки Тољикистон њизбашро мамнуъ ва худи ўро дар љустуљў эълон кардааст, мехонем. Аз љумла Сайидмукаррам Абдулќодирзода мегўяд: Эрон бо даъвати Муњиддин Кабирї ба њамоиши "Вањдати исломї" ва дидори Оятуллоњ Хоманаї бо ў њимояти ошкорашро аз ин њизби мамнўъ ба намоиш гузоштааст ва њеч далел барои худ-
сафедкунї надорад". Гузориш аз мулоќоти Кабирї бо оятуллоњ Хоманаиро дар TojNews бо номи "Дидори Кабирї бо рањбари Эрон баъд аз нотаи эътирозии Душанбе"-ро 9 њазору 567 нафар хондаву иддае дар њошияи он шарњњои худро ироа кардаанд. Дар ин матлаб аз љумла омадааст, ки "Ќаблан, акси дастфишории Кабирї бо Хоманаї дар шабакањои иљтимої мунташир шуд. Аммо баъди он, ки вазорати корњои хориљии Тољикистон аз њузури Кабирї дар њамоиши "Вањдати исломї" дар Тењрон изњори таассуф карда, Њуљљатуллоњ Фаѓонї, сафири Эрон дар Душанберо ба вазорат эњзор кард, хабаргузории "Форс" аз мулоќоти Кабирї бо Хоманаї хабар пахш кард". Ду матлаби баъдии серхонанда дар рунети тољикї дар бораи Президенти Русия Владимир Путин аст, ки яке дар "Озодї" ва дуюмї дар TojNews чоп шудааст. Маќолаи "Озодї" "Њуизмистерпутин" ё Путин чї
гуна соњиби ќудрат шуд" ном дорад ва то баъди зуњри рўзи сешанбе онро 8439 нафар хонда буданд. Гузориш аз хабари пахши филми мустанади Валерий Балаян "дар бораи сари ќудрат омадани Владимир Путин ва њамроњ бо ў зимоми њокимиятро дар даст гирифтани гурўњи кормандони амниятиву гурўњњои љиноии шарики онњо" наќл мекунад. Ин коргардон, ки филмашро рўзи 29декабр аввал дар Киев намоиш додааст, њоло аз корбарони шабакањои иљтимої хостааст, ки онро дар шабакањо тамошо ва пањн кунанд, то маќомот пеши роњи пахши расмии онро нагиранд. Ва матлаби дуюм бо номи "Мулло Путин". Љузъиёти мулоќоти Русияву Толибон дар Тољикистон" ду рўз пештар аз Соли нав дар сомонаи Tojnews интишор шудааст ва то ин замон 6 477 нафар хонда буданд. Ин маќола дар атрофи хабарест, ки аз мулоќоти Владимир Путин бо намояндагони Толибон дар шањри Душанбе њикоят мекунад. Бори аввал аз он "The Sunday Times", нашрияи бонуфузи чопи Лондон истинодан ба манбаъњои муътамадаш дар шањри Љалолободи Афѓонистон хабар дода буд. Дар сомонаи "Озодагон" гўшаи пурхонандањо намудор нест, вале ба љойи он "Пурбањстаринњо" вуљуд дорад. Дар он метавон матолиберо мурур кард, ки атрофаш бањси бештар шудааст. Матлаби "Ќабули ќонун дар бораи Пешво баъди шеърхонињо ва баромади наздики 30 вакил", ки 9 декабри соли гузашта чоп шудааст, то бегоњии рўзи душанбе 30 шарњи мухталиф дошт. Чуноне аз номаш пайдост, маќола атрофи баррасии парламонии лоињаи ќонун "Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат" буд, ки дар остонаи Соли нав Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон онро имзо кард. Аз миёни сомонањои русзабон матлаби "95-летний отец Мухиддина Кабири снят с рейса Душанбе-Стамбул" дар "Азияплюс", ки онро то зуњри рўзи сешанбе 9270 нафар хонда буданд, љолиб менамуд. Тар тањияи нави сомонаи "Ховар" гўшаи "Пурхонандањо" ё "Пурбањтаринњо" дида нашуд, аз ин рў мушаххас кардан душвор аст, ки кадом матлаби як њафтаи охири ин сомона хонандаи зиёд дошт ва чаро.
Бобољони ШАФЕЪ
БАЊСИ ЗИНДА. ЧАРО БЕ ШУМО?
НА ЭРОН, НА РУСИЯ ВА НА ЧИН... Асли мазмуни муколамаи корбарон атрофи гузориши "Озодї" "Эрон интихобашро кунад", ки рўзи 30-уми декабри соли гузашта интишор шудааст, њамин аст. Яъне, Тољикистон на ба умеди Эрон бошад ва на ба умеди Русияву Чин. Зеро кишвари бегона танњо ба хотири манфиатњои худ кўмак мекунад. Матлаб дар бораи вокуниши Љонишини Маркази тањќиќоти стратегии назди Президенти Тољикистон Сайфулло Сафаров буд, ки мегуфт "Эрон бояд интихоб бикунад, ки бо терроризм аст, ё бо Тољикистон?" Инак, иќтибосоти фишурда ва бидуни тањрир аз шарњњо дар њошияи ин гузориш. Андеша аз: душанбе: Мусулмононро тафрикаандози заифу нотавон мекард ва мекунад. Агар нек нигарем хама давлатхо дар пайи чустучуйи манфиати хешанд, барои амали шудани манфиати худ аз хеч пастие, хатто аз аз куштор ру намегардонанд. Ай хамватан эхтиёт бош, ба хар гуна ситеза дода нашавед. Сабаки гузаштаро фаромуш накунед. На Русия, на Эрон, на Чин мулки азияткашидаи моро обод ва зиндагии моро бех намесозанд. Дар хама кор манфиати худро меандешанд. Як шахрванд: Салом. дар ин хабар оварда шудааст, ки Муњиддин Кабирї дар ин нишаст дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва маросимњои миллї, Саидмукаррам Абдуќодирзода, раиси Шўрои уламои исломї ва Файзулло Баротов, раиси Маркази исломшиносии Тољикистон иштирок ва суханронї кард. Ин чо суоле ба миён меояд, ки оё далели ин хама нооромихои Точикистон Эрон бо-
шад? Агар хуб тахлил кунем хамаи ин иштирокдорон ба Кабири хамкории махфи доранд. Агарне чаро бо хам дидаву дониста дар як катор нишастанд. Инро бояд майян кард. киром аз берлин: устод кабири дилам ба шумо месузад устод кабири аз эрон рафтанда султоникабирда мардикор мешиден хуб набуд? Мехроби Мубориз аз: Точикистон: Кабири дар ихтиёри худ нест !!! Кабири худ дастпарвари ин кишвар буд ва инро бори дигар исбот кард. Кулоби аз: Кулоб: Агар Кабири шахси ватандуст мешуд бо як ахмаки хоин Хочи Халим як чо шуда ватани озоду ободмона кариб вайрон кунан Хароши малчик аз неважно: Аввалин бор дар чанги шарванди тарафи мучохидинро Эрон дастгири менамуд, онхоро ба гуфти руссхо "финансироват" мекард. Баъдан боз 201 дивизияи Руссия марказ ба аъзоёни онхо(ХНИТ) ва мардуми гумрох ярок таксим намудааст!!!! Беном: фронти ба ном халки (туркиро) ки финансироват мекард? ки тамом кумондону сарбозонаш узбаку лакайхо
буданд. Беном: Яъне, вазорати умури хоричаи Точикистон Эронро тахдид ба бад шудани муносибот кардааст. Аввал бубинем, ки бад шудани муносибати Эрону Точикистон ба манфиати кадом давлат зарар мерасонад? Ба Эрон, ё ба Точикистон? Кадоме ба кадоми бештар ниёз дорад? Албатта, ки Точикистон ба Эрон ниёзи бештаре дорад, то он ки Эрон ба Точикистон. Агар Эрон бихохад, кофист, ки бо як ишора аз тарики Русия ба Точикистон фишор биёварад. Эрон кишвари некхохи Точикистон мебошад. Агар кушишхои Эрон намебуд, сулх дар Точикистон барпо намешуд. Ва боз, замоне, ки Узбакистон роххои оханашро ба руи Точикистон баста ва худуди 2500 вагон борхои Точикистонро мехост мусодира кунад, ин Эрон буд, ки ба Узбакхо тахдид кард, ва пас аз ин узбакхо рохро кушоданд ва вагонхоро рахо карданд. Магар инро фаромуш кардаед? Абубукри Карим аз Кухистон: Бародар "Беном"!!! Дар руи замин ба ранги Эрон давалтхои аз чихати иктисоди бой зиёдан, ки ба кивщари мо таввачухи зиед доран ва нияти сармоягузорихам доранд Щумо якхели кап мезанен ки гуё мо бе хаму Эронтон мемурем. Як тунели Анзба аз соли 2003-2004 то холира ердами хирсона кестай. Зарари иктисодие ки дар ин тунел мода расондагиан хисобщ гумай ай ису вакта тинут кардан. Худора
щукри беадад кардан даркор мехнат кунем хамакаса иноаллох хамащ хуб мешава. Точик аз: руссия: Абубакр, ту менависти хамон давлатои сармоягузори Точикистона.Мо хама хурсанд мешудем.Хитой то ягон кони мадан е ягон лахт замин нагирад аз мо,ягон сум наметад.Аник.Эрон ба ту чи бади кард? Масчої: Абубакр инљо магар куча њаст, ки бо лањљаи дурушти кучагї менависї? Албатта шумо ирони нестед, форс нестед. ЛЕКИН МО ТОЉИКОНИ ЊАЌИЌЇ форснажодем ва ИРОНИЕМ! Бо номњои њархела аз номи миллати тољик ва мардуми куњистон сухан накун. Шахрванд: Эрон давлати пуркудрат аст ва ба Точикистоне ки пули ин миллати бузурги Эронро ба воситаи Занчони аз худ карда буд , умуман фишор наовард агар дар чои Эрон дигар давлат мебуд баъд медидем ки мешуд... Муњољир: Муњтарам њукуматдорон акнун зидди Эрон тањримњои иќтисоди љори кунед. Фаррух аз Душанбе: пеш аз оне, ки Вазорати Корхои Хоричии Точикистон ба хукумати Эрон тахдид кунад дар хакикат бояд аввал андеша кунанд, ки ин тахдиди онхо ягон натича медихад ё не...акнун чи шуд...бо Мухиддин Кабири вохури карданд ва хатто огуш хам гирифтанд... Точикистони: Њамоиши исломи буд на хамоиши шиъахо вакте мегуед кабири бо шиъахо чикор мекунад чаро намегуед ибдулкодирзода ва давлатов ончо чикор мекунанд? Магар муфтии мохам бо ончо иштирок карданаш хоину шиъа шуд?
САЊФАИ ВОЛИДОН
Бино ба маълумоти Маркази омор охири соли 2011 дар Финландия 3 934 муассисаи таълимї вуљуд дошт, ки дар он 1,94 миллион нафар саргарми тањсил буданд. Муддати бештар аз як дањсола ба ин љониб равиши таълиму тадрис дар мактабњои Финландия таваљљуњи оламиёнро ба худ кашид. Тањќиќоти байналмилалие, ки аз сўи созмони маъруфи PISA дар њар се сол як маротиба роњандозї мешавад, ахиран ба натиља расид, ки мактаббачагони финї сатњи баланди дониш дар оламро нишон доданд. Њамчунин онњоро ин созмон пурхонандатарин талабагон дар сайёра номид. Дар омўзиши илмњои табиї дар љойи дуввум ва дар риёзиёт дар маќоми 5-ум ќарор гирифтанд. Вале љолибтар аз њама бо доштани сатњи баланди дониш атфоли финї чандон ваќти зиёде ба омўзиш масраф намекунанд ва Финландия барои маорифи сифатнок ва ройгонаш дар ќиёс ба кишварњои дигар маблаѓи миёна масраф менамояд. Пас ин љо чї сиррест? Омўзиши мавзўъ нишон дод, ки ин муваффаќият ба чанд омил иртибот мегирифтааст: Аввалан, тањсили њатмї дар макотиби финї ду зинаро тай мекунад. Зинаи аввалро поёнї меноманд ва дар он толибилмон аз синфи 1 то 6 тањсил мекунанд. Зинаи дуюм, ки
МЎЪЉИЗАИ МАКТАБИ ФИНЇ болої номида мешавад, аз синфи 7 то 9-ро дар бар мегирад. Дар синфи 10 хонандагон имкон пайдо мекунанд донишњои омўхтаи худро такмил дињанд ва бањои хешро бењтар кунанд. Баъди он ба коллељњои касбї мераванд ва ду соли дигар ба тањсили худ идома медињанд. Ин назири њамон ѓояи мактабњои 12-сола аст, ки њоло дар мо низ талќин мешавад. Чанд нуктаи муњими мактабдорї дар Финландия: Якум, мактабњо баробаранд. Яъне, мактабе барои раисону дигаре барои саисон вуљуд надорад. Дар калонтарин мактаби ин кишвар на бештар аз 960 нафар тањсил мекунанд ва дар кўчактарини он 11 нафар. Ва њамаи ин
макотиб яксон муљањњазанд, аз шароиту имкониятњои њамсон бархўрдоранд. Аз ин рў, падару модарон дар љустуљўи мактаби хуб давуѓељ намекунанд. Ќариб њамаи мактабњо давлатианд ва мактабњои њам давлативу њам хусусї њам вуљуд доранд ва дар ин гуна мактабњо волидон барои дарсњои иловагї маблаѓи муайян пардохт мекунанд. Дигар, њеч дарсе бар зарари дарси дигар соати зиёд намегирад. Њамаи фанњо баробар омўхта мешаванд. Танњо барои бачањои ќобилиятнок бо хости онњо барои расмкашї, мусиќї ва варзиш дарсњои иловагї људо мегардад. Сеюм, дар бораи волидон муаллим, агар зарурат пайдо шавад, бечунучаро маълумот пайдо мекунад, аслан њарфи ин нест, ки падари фалонї кисту модараш кист. Дар анкетаи мактаб саволе дар бораи љойи кори волидон нест ва ин манъ аст. Чорум, финњо хонандагонро ба синфу гуруњ људо намекунанд. Муассисањои таълимї танњо ба истеъдоди хонанда сару кор доранд. Њамчунин хонандаи неку бад њам вуљуд надорад, муќоисаи яке бо дигаре манъ аст. Дар мактабњои финї, њатто тифлони маљруњ якљо бо хонандагони солим таълим мегиранд. Муаллимон аз њеч имтиёзи хосе дар мактаб бархўрдор нестанд. Онњо танњо вазифадоранд вазифаи мураббигии худро иљро кунанд.
РАВОНШИНОСЇ ВА РАЊОЇ АЗ БУНБАСТИ МУНОСИБАТЊОИ ХОНАВОДАГЇ Оё равоншиносї метавонад муносибати хонаводагї бо атфолро, ки вориди бунбаст шудааст, ба њоли оддї баргардонад? "Бидуни шак метавонад", - посух медињад профессор Юлия Гиппенрейтер. Зарфи дањсолаи охир равоншиносї кушоишњои илмии зиёде кард ва яке аз он услуби муносибат бо кўдак барои рушди шахсияти ўст. Њоло ин њаќиќати бидуни бањс аст, ки муносибат ва муколамаву гуфтугў бо кўдак мисли ѓизо зарур аст. Тифле, ки ѓизои комил дарёфт мекунад ва аз нигоњи тиббї мавриди нигоњубин аст, вале аз иртиботи њамешагї бо калонсолон мањрум шудааст, на танњо аз нигоњи равонї, балки аз нуќтаи назари љисмонї низ хеле бад рушд мекунад: вай ќад намекашад, лоѓар мешавад, шавќу раѓбат ба зиндагиро аз даст медињад. Тањлили њодисањои зиёди марги ширхорон дар хонањои кўдакон, ки дар Амрико ва Аврупо баъди Љанги дуюми љањон гузаронида шуд, олимонро ба ин хулоса овард: сабаб-таъмини нокифояи кўдакон бо иртиботи равонї, яъне, дар парасторї, таваљљуњ, ѓамхорї аз љониби калонсолони наздик. Ин хулоса ба мутахассисони њамаи
олам: духтурон, мураббиён, равоншиносон таассуроти калон гузошт. Масъалањои иртибот бо атфол ва муносибат бо онњо бештар аз њар ваќти дигар диќќати олимонро ба худ кашид",-мегўяд равоншиноси маъруф. Њамин нуктаро бо ѓизо ќиёс мекунад ва менависад, ки "муносибат метавонад на танњо солим, балки зараровар низ бошад. Ѓизои бад баданро зањролуд месозад; муносибати бад руњияи тифлро "зањрогин" мекунад, ба саломатии равонии ў зарба мезанад, кайфияти руњии ў ва билохира сарнавишташро зери хатар мебарад. Атфоли "мушкилзо", "гапношунав" ва "тоќатфарсо" чун бачањои "фаромўшшуда" ва ё "бадбахт" њамеша натиљаи муносибати нодуруст бо онњост. Таљрибаи љањонии кўмаки равонї ба бачањо ва волидони онњо нишон медињад, ки њатто мушкилтарин масъалаи тарбия ќобили њалл аст, агар муяссар шавад, ки услуби хуби муносибат дар оила пойдор гардад". Профессор Гиппенрейтер бар ин назар аст, ки аксари волидоне, ки барои кумаки равонї ба тифлони душвортарбияи худ мурољиат мекунанд, худ дар овони тифлї аз зиддият бо падару мо-
дарони худ ранљ дидаанд. Мутахассисон ба ин натиља расидааст, ки услуби тарбияи волидон ѓайриихтиёр дар руњияи тифл "сабт мешавад". Ин хеле барваќт, њанўз дар овони томактабї, чун ќоида ѓайриихтиёр ба вуљуд меояд. Он тифл калон мешавад ва њамон услубро истифода мекунад, дар натиља аз насл ба насл ин равиши тарбия ба мерос мегузарад: аксари волидон фарзандони худро тарзе тарбия мекунанд, ки худашонро падарону модаронашон тарбия кардаанд. "Касе аз паси ман намедавид ва гапе набуд, инак калон шудам",- мегўяд падар, вале эњсос намекунад, ки одаме ба воя расид, ки лозим намедонад ва наметавонад бо писараш машѓул шавад ва бо вай муносибати гарму самимї ва дўстона дошта бошад. Профессор Юлия Гиппенрейтер аз љумлаи камтарин пажуњишгарони равоншиносист, ки бо сислсилаи китобњояш дар мавзуъи тарбияи амалии кўдак дар хона машњур шудааст. Китоби ў бо номи "Чї гуна бо кўдак муносибат кард?" бори аввал соли 1995 чоп шудаву дар як сол 300 њазор нусхаи он ба зудї ба фурўш рафтааст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
11
Панљум, баробарии њуќуќ миёни волидону муаллимон ва хонандагон. Бачањоро њанўз дар синфњои ибтидої меомўзанд, ки њаќи шикоят доранд. Ин барои волидон њам писанд аст, чун медонанд, ки аз хурдї фарзандашон мустаќилиятро эњсос мекунад. Дар ин мактабњо љазо бо сухан ва тасма, бо зарбу шаллоќ ќатъиян манъ аст. Њамаи муаллимон танњо як сол њаќи бастани шартнома бо мактабро соњибанд, имкон доранд соли оянда онро тамдид кунанд. Аз сўйи дигар маоши баланд мегиранд, аз 2,500 евро то 5 000 евро. Дар ин кишвар на танњо тањсил, балки хўроки нисфирўзї, тамошои осорхона ва њамаи фаъолиятњои ѓайрисинфї низ ройгонанд. Агар мактаб аз хонаи хонандаи то 2 километр масофа дошта бошад, таксии мактаб ўро бурда меорад. Њатто ашёи хониш, њисоббарорњо ва планшету ноутбукњо ройгонанд. Њар гуна љамъоварии пул аз волидон манъ аст. Шурўъ аз синфи 3 омўзиши забони инглисї оѓоз мешавад, дар синфи 4 кўдак дарси факултативии забони хориљї мегирад (фаронсавї, олмонї ё русї). Аммо аз синфи 7 омўзиши ќатъии забони шведї оѓоз мешавад. Вижагињои мактаби финї зиёданд, ки дар шуморањои баъдї ботафсилтар хоњем навишт.
ИНРО БОЯД ДОНИСТ.... Дар таърихи башар рўйдодњое њастанд, ки хеле љолибанд ва бо як љумла њам метавон аз онњо ёд кард ва асли рўйдодро тасаввур намуд. Чунончї: Дар артиши Наполеон сарбозон метавонистанд ба генерал "ту" гўянд. *** Љанги садсола 116 сол идома дошт. *** Он чи ки бо номи буњрони Кариб машњур шудааст, амрикоињо буњрони Куба ва худи кубоињо буњрони Октябр меноманд. *** Кутоњтарин љанг миёни Британияи Кабир ва Занзибар (маљмаъаљазоир дар уќёнуси Њинд) 27-уми августи соли 1896 рух дод. Он њамагї 38 даќиќа идома кард. *** 4-уми июни соли 1888 конгресси ИМА ќонун дар бораи лаѓви ќатл аз тариќи кашидан ба дорро содир кард. Сабаби ин амали "башардўстона" он будааст, ки шеваи нави эъдоми гунањгор-нишондан дар мизи барќї кашф шудааст. *** Тибќи муоњадае, ки миёни муњандис Гюстав Эйфел ва њукуматдорони Порис имзо шуда буд, мебоист манораи Эйфел соли 1909 вайрон ва ашёи он фурўхта мешуд. *** Аввалин љопоние, ки ба Русия омад, Денбей, писари тољир Осаки будааст. Киштии ў ба соњилњои Камчатка соли 1695 расид. Соли 1701 вай ба Маскав омад. Пётри 1 аз ў хост ба наврасони рус забони љопонї омўзад. *** Ваќте физики машњури олмони Алберт Эйнштей рењлат кард, охирин суханонашро бо худ ба гўр буд, зеро њамшираи шафќат, ки сари болинаш навбатдорї мекард, ягон калима бо олмонї намедонист ва нофањмида монд, ки олими машњур оламро бо чї сухане тарк кард, њарчанд њарфи зиёд гуфта буд. *** Дар санги мазори Александр Суворов навишта шудааст: "Ин љо Суворов хобидааст". *** Миёни ду љанги љањонї дар Фаронса бештар аз 40 маротиба њукуматњо иваз шудаанд.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ХОТИРАИ МИЛЛАТ
БОЙГОНИЕ, КИ НУСХАЊОЯШ ДАСТНОРАСАНД Аз фаъолияти Муассисаи давлатии "Агентии миллии созмони байналмилалии раќамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тољикистон (минбаъд Хонаи китоби Тољикистон) 80 сол пур шуд. Ба ин муносибат хабарнигори мо Абўалї НЕКРЎЗОВ бо Ќурбоналї Бўриев, директори ин муассиса атрофи рисолат, љойгоњу маќом ва фаъолияти он суњбат дошт: - Дар таърихи давлату давлатдорињо муассисањое арзи вуљуд менамоянд, ки фаъолияти онњо ба назар ноаён, вале дар њифзи хотираи таърихии миллат, фарњангу маънавиёти он сањми беназир доранд. Муассисае, ки дар борааш њарф мезанем, ганљинаи гаронбањои сарчашмањои чопии таърихиву фарњангї, ахлоќию маънавї, илмию таълимии халќи сарбаланди моро гирд овардааст ва онро барои наслњои оянда њифзу нигоњдорї менамояд. Таърих гувоњ аст, ки дар замони Њахоманишиниён њуљљатњо ва китобу мукотибот дар љойи махсус, бо номи "Ганљина" дар ќатори зарру гавњар нигоњдорї карда мешуданд, дар замонњои минбаъда ин захирањо номњои ба худ хоси "Хазина" ва "Бойгонї" маълуму машњур буданд. Дар замони Шўравї рушду такомули илму фарњанг зарурати њифзу нигоњдории нусхањои њатмии китобу матбуотро ба миён гузошт ва муассисаи давлатї бо номи "Палатаи китоб" бо Ќарори Кумитаи марказии Партияи Коммунистии Тољикистон аз 14 - уми июли соли 1934 "Дар бораи васеъкунии маљмўаи китобхонањо" ва Ќарори шўрои Комиссарони Халќи РСС Тољикистон 20 - уми декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халќ ташкил ёфт. Муассисаи мазкур аз лињози вазифањои ба зиммааш вогузошта масъулияти баѓоят муњими давлатї - ќабул ва баќайдгирии давлатии нусхањои њатмї - на-
«
зоратии матбуоти кишвар, маводи чопї, электронї, тањлил ва коркарди библиографии нашрияњои давлатї, баъзе нашрияњои ѓайридавлатии дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон интишорёфта, инчунин љустуљў, дарёфт ва баќайдгирии библиографии адабиёт рољеъ ба тарљума ва нашри осори олимону адибони тољик ва умуман Тољикистонро, ки дар хориљи кишвар интишор ёфтаанд, ба уњда дорад. Матбуот дар бойгонии "Палатаи китоб" ("Агентии миллии Созмони байналмилалии раќамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тољикистон") њамагї дар як нусха њифзу нигоњдорї мегардад ва ду нусхаи дигари нусхањои њатмии мањсулоти чопии воридшаванда, яке ба фонди кушоди шуъбаи библиографияи давлатї ва дигаре дар шўъбаи омор бояд нигоњдорї гардад. Мутаассифона имрўз матбааву нашриётњо њамагї як нусхаи њатмї ба "Палатаи китоб" ирсол менамоянд ва ё умуман аз фиристонидани он саркашї менамоянд. Њол он ки як нусхаи њатмї дар бойгонии муассиса дастнорас, мањфуз нигоњ дошта мешавад. Мањз аз њамин нуктаи назар фонди он пўшида буда, танњо дар њолатњои истисної мавриди истифода ќарор мегирад. Дар захираи бойгонии муассиса китобњо аз соли 1922 ва матбуоти даврї аз соли 1924 нигоњдорї ва њифз мегардад.
Мо њамчунин ягона муассисае њастем, ки ќайди давлатии библиографии тамоми мањсулоти чопии љумњуриро ба уњда дорем ва њамаи мањсулоте, ки дар тайи 80 соли охир нашр гаштааст, ќисми зиёди онро гирдоварї ва њифзу нигоњдорї менамоем.
«
Тавре ќайд шуд "Хонаи китоби Тољикистон" ѓайр аз гирдоварї, коркард, љобаљогузорї ва њифзи матботи тољик, боз вазифаи дигар фењристнамої ва нашри бароришњои љорї ва тарљеии библиографияи давлатиро ба уњда дорад. Бори нахуст дар соли 1939 шумораи 1-уми "Солномаи китобњо" бо њуруфоти лотинї ва забонњои русию тољикї бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад, ки мураттиби он зани донишманд Л.В.Успенская буд. Дар он 291 номгўй китобњои нашри солњои 1937-1938, ки аз онњо 253 номгўй китоб ба забони тољикї ва 38 номгўй ба забони русї инъикос гардид, ки минбаъд ин иќдом тавассути фаъолияти пурмањсули кормандони муассиса ва тайёрнамоии нашрињои нави солномањо идома меёбад. Њамзамон кормандони шуъбаи тарљеи "Хонаи китоби Тољикистон" фењристи мураттабии мукаммали китобњои нашршудаи љумњуриро тањти унвони "Каталог книг Таджикской ССР" ("Фењрасти китобњои РСС Тољикистон") солњои 19261956-ро соли 1960 чоп намуданд, ки дар он 7342 номгўйи адабиёт, дар 30 фасл мураттаб гардонида, бо се забон дода шуда буд. Ин иќдом солњои минбаъда боз њам рушд ёфта, то имрўз њашт номгўї фењристњои мукаммали тарљеии китобњои нашршуда дар љумњурї зери сарлавњаи "Китобњои Љумњурии Тољикистон" ба табъ расонида шуданд, ки љамъулљам дар давоми солњои 1938 то 2010 беш аз 35080 китобу љузва дар сањифањои он инъикос гардидааст, ки хазинаи бебањои таъриху маънавиёт, илму фарњанги миллати тољик мањсуб меёбад. Соли 2005 кишвари мо расман ба узвияти Созмони љањонии Шумораи стандарти байналмилалии китоб - ISBN пазируфта шуд ва риояи талаботу муќаррароти ин созмони бонуфуз, инчунин иљрои уњдадорињои байналмилалии Тољикистон дар самти табъу нашр тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти № 239 аз 02.07.2005 ба зиммаи муассисаи мо вогузор гардид. Дар ин радиф масъулияти муассиса боз њам зиёдтар ва самтњои фаъолияти он хеле ва-
ДАР СУДИ ПОЙТАХТ
ГЕНЕРАЛ ЊАБИБОВ АЗ ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ ОЗОД ШУД Генерал Абдулло Њабибов, ки барои ѓасби замин ва бунёди ѓайриќонунии масљид муттањам мешуд, аз љавобгарии љиноятї озод шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон Абдулло Њабибов, собиќ муовини вазири дифои Тољикистонро ба он муттањам мекард, ки барои сохтани масљид дар мањаллаи маъруф ба "Автовокзал" ќитъаи заминро ѓасб кардааст. Аммо Суди шањри Душанбе 30-юми декабр бар асоси ќонуни афв, ки соли
2014 ќабул шудааст, парвандаи мазкурро ќатъ кардааст. Тибќи ќарори суди шањри Душанбе, амали мазкур ба "љиноёти миёна" ворид шуда, њанўз соли 2013 сурат гирифтааст, нисбат ба он ќонуни афв татбиќ гардид. Њамин тавр "дар асоси ќисми 3-и моддаи 6-и ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи афв" парванда ќатъ карда шуда, Њабибов аз љавобгарии љиноятї озод шудааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии
Тољикистон, ки парвандаи мазкурро пеш мебурд, Њабибовро "ба ишѓоли худсаронаи ќитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он" муттањам мекард. Мурофиаи парвандаи мазкур 28-уми декабри соли гузашта дар суди шањри Душанбе пушти дарњои баста баргузор шуда буд. Абдулло Њабибов ба расонањо гуфта буд, ки бањс дар бораи як сотих замин меравад. Абўалї НЕКРЎЗОВ
сеъ гардид. Мутаассифона имрўз дар муассисаи мо њамагї 26 нафар фаъолият доранд. Аммо ин нуктаро бояд ошкоро гуфт, ки бо сабабњои номаълум, бе назардошти рушди талаботи соња ва ба инобат нагирифтани зиёд шудани теъдоди нашриёт ва матбаањо, ки кори рўзмарраи ходимони муассисаро борњо афзудаанд, воњидњои корї коњиш дода шудаанд. Аз ин рў, зарурат пеш омадааст, ки роњи њалли ин мушкилотро биљўем, чунки дар њолати наандешидани чорањои зарурї бо теъдоди мављудаи воњидњои корї тамоми самтњои фаъолиятро фаро гирифта наметавонад ва ќисми умдаи мањсулоти чопии љумњурї берун аз назари "Солномаи матбуоти Љумњурии Тољикистон", фењрасти "Китобњои Љумњурии Тољикистон" ва ќайди давлатї хоњад монд. Феълан мо ба кормандони бахши барномарезї, бунёднамояндагони захираи электронї ва ходимони илмии соњаи китобдорї эњтиёљи аввалиндараља дорем. Тасаввур кунед, тибќи далелњои оморї соле ба бойгонии муассиса аз 400 то 800 китобу љузв ва беш аз 2,5 њазор матбуоти даврї ворид ва коркаду нигоњдорї мегардад. Мо њамчунин ягона муассисае њастем, ки ќайди давлатии библиографии тамоми мањсулоти чопии љумњуриро ба уњда дорем ва њамаи мањсулоте, ки дар тайи 80 соли охир нашр гаштааст, ќисми зиёди онро гирдоварї ва њифзу нигоњдорї менамоем. Мушкилї дар он аст, ки баъзе роњбарони нашриётњо ва матбаањо дар иљрои дастраснамоии нусхањои њатмї ба бойгонии мо хунукназарї ва ќонуншиканї менамоянд. Њол он ки вобаста ба муњлат ва тартиби фиристонидани нусхаи њатмии њуљљатњо Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи нусхањои њатмї" аз 26 - уми декабри соли 2011 №792 ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Номгўйи гирандагони нусхањои њатмии ройгони њуљљатњо" аз 31-уми августи соли 2012 №453 мавриди амал ќарор доранд. Моддањои 8 ва 9 - и Ќонуни мазкур тамоми чопхона ва ташкилотњои полиграфии љумњуриро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорї, уњдадор менамояд, ки ба таври ройгон 3 нусхаи њатмии мањсулоти чопнамудаашонро дар муњлати 10 рўзи пас аз интишор ва рўзномаву маљаллањоро дар рўзи барориши шумора ба муассисаи мо ва дигар гирандагони нусхањои њатмии ройгони њуљљатњо дастрас кунанд. Яке аз бахшњои фаъолияти муассиса иттилоот пайдо намудан оид ба матбуоте, ки аз љониби шањрвандони љумњурї дар хориљ интишор гаштааст ва ё тарљумаи осори олимону адибони тољик дар кишварњои хориљ (бо забони онњо) интишорёфта мебошад. Бояд ба назар гирифт, ки нусхаи њатмие, ки дар бойгонии мо нигоњдорї мегарданд, дастнорас аст. Аммо дар њолатњои истисної мурољиаткунанда метавонад бо иљозати расмии Вазири фарњанг аз нусхањои бойгонї истифода барад.
ТАХТАИ СИЁЊ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ДАРЊОИ БАСТА Чанде пеш иттифоќе уфтоду ба Фурудгоњи байналмиллалии Душанбе рафтам. Мебоист чанд мењмони хориљиро пешвоз гирам. Дар тасаввури банда ин мењмонњо, на танњо барои ману ширкати мо, балки барои Тољикистон низ хеле азиз буданд, чун натанњо мењмони як кишвари шарќї мебошанд, балки яке аз манобеи даромади асъори хориљї барои иќтисоди миллї гаштаанд. Барои иќтисоди миллие, ки њамагї чанд молу хизматгузорињояш, назири алюминиуму пахта бо асъор фурўхта мешаваду бас. Хоксории тољикиро канор гузорем, фурўши молу хизматрасонињои ширкати мо - консалтинги стратегї ва нармафзорњои ватанї бар ивази доллар, воќеъан боиси ифтихор аст. Кўтањи гап, барои пазироии мењмонони олиќадр, ки чанд нафарашон бори нахуст ба кишвари офтобии мо меомаданд, рањбарияти ширкат ду мошин људо карду бандаро ба њайси љањондидаву забондон ба пешвозашон фиристод. Хуб гуфта, савори мошин рафтем ба танњо фурудгоњи Душанбе, ки унвони БАЙНУЛМИЛЛАЛЇ њам дорад.
ШАРМАНДАГИИ ФУРУДГОЊ Ба назар мерасад, ки масъулони Фурудгоњи Душанбе, ки маќоми байналмилалї дорад, на ба ќонун, на ба мењмонони хориљї, на ба миллати тољику забони давлатї ва на ба худашон эњтиром надоранд. «СЕРВИС» АЗ МЕГАФОН Ба фурудгоњ наздик шуда, дарвозаро баставу посгоњи канори чапи онро беодам ёфтем. Ин "сюрприз"-и нахустин буд. Дарвозаи бастаро фурудгоњро албатта, мешавад дар ягон филми Георгий Денелия дид, ки тасвире аз шањрњои хобу зиндагии ороми замони шуравї аст, вале он њатман одам дорад. Посбони хуб ва бомасъулияте, ки шахсияти наљибе њам њаст. Аммо дар Душанбе, баръакс. Ронанда чанд даќиќа дарбонњоро љуста ёфту љавоби рад гирифт. Фарњанги муоширати дарбонро мешавад ба як калима тасвир кард: "Бе маданият!". Хонандаи гиромиро боястї донист, ки маъмулан ворид шудани мошин ба њавлии фурудгоњ пулакї асту бо додани корте амалї мешавад. Мо, ки ќонунманд њастем, "не, мумкин нестай"-и дарбонро амри зарурат дониста, мошинњоро ба таваќќуфгоњи канори рост даровардем. Сари њар мошин як сомонї пул гирифтанд. Ѓайриќонунї, албатта. "Бало ба пасашон! Хеши кадоме аз масъулони фурудгоњ будагист. Як љойи корї њам хуб аст дар шароити мо"- андешидаму ба сањни фурудгоњ ворид гаштем. Њанўз ба бинои фурудгоњ нарасидем,
ки як љипи сиёњ аз њамон дарвоза ба шиддат гузашту назди бино ќарор гирифт. Аз дохили он ду-се тан бачањои кўчагї фуромаданду суи бинои нави фурудгоњ равон шуданд. Тааљуб накардем: Њоло њам дар пойтахт хеле аз дарвозаву дарњо барои "буќањо" ва "худињо" боз мешаванд.
ЧИРКИНЇ БА ИВАЗИ 62 ДОЛЛАР АЗ ЯК НАФАР Чун ќарор буд, ки мењмонњоро аз тариќи толори махсус - СIP пешвоз мегирему барояшон дар ин толор пазироии кўтоње бо пешнињоди обу нўшобањо ва мева тањия месозем, рост ба сўи дари ба ин толор мебурда, ки дар пањлўи чапи бинои куњнаи фурудгоњ аст, равон шудем. Дар баста буд. Во-аљабо! Дарбандї дар фурудгоње, ки 24 соат кор мекунад, чї маънї дорад?! Ба љониби рост нигаристам. Се милиса назди дари пањлўи рости бино меистанд. Пас он дар бояд боз бошад. Рафтем назди онњо. Якеашон муаддабона посух дод, ки аз ин дар мешавад ба толори СIP рафт. Гуфтам "гўши ростро ба дасти чап хоридан" ихтироъи кист? Табассум карду китф дарњам кашид. Толори бузургро убур карда, ба толори СIP дохил
раббаъ масоњат дорад, ки чанд соли пеш таъмир шудааст. Бо истифода аз масолењи арзони чинї. Љой-љое рангњо паридаву масолењ шикаста менамоянд. Њич наќшу нигоре аз меъмории миллї наменамояд. Дар чанд кунљи толор дарахтњои пластмассаи пурчанг аз завќи паст ороишгари тарњ ё роњбари Фурудгоњ шањодат медињанд. Дар маркази толор сутуне љойгир аст. Аз чор тарафи сутун мониторњои калон овезонанд. Дар оне, ки рў ба рўи мост, кадом як шабакаи тарѓиботии хориљї пахш мешавад. Даври сутун мизу девори сафеде насб шуда, ки мутаалиќ ба ширкати "Мегафон" аст. Гўшаи "Мегафон" "дењаи потемкинї"-ро мемонад: Девори ширкат барои пур кардани телефонњои њамроњ бо энергияи барќї тањия шудаанд, аммо аксарият симњояш кандаву корношояманд. Дар тарафи чапи толор рўи чор миз чор компютер меистанд, ки бояд Wi-Fi дошта бошанд. Компютерњоро як-як фаъол кардам. Сетои ин компютерхо корношояманд. Чирки клавиатураи њар чор њам компютерњо низ ним ќабат зиёд асту наздик шудан ба онњо бе дастпўш яќин хатарнок мебошад. Барои чор миз ду курсї муайян шудааст. Ё дорам, ки пештар чор адад буданд. Шояд масъулон ширкати мобилї ё рањбарияти фурудгоњ бар онанд, ки мизољони ин толор лоиќи нишаста хондану кор кардан нестанд? Тавре болотар ишора кардем, дар ин толори фурудгоњ на танњо чизе миллї наменамояд, балки беэњтиромї ба миллату забони давлатї ба њадди ифрот расонида шудааст. Мо дар инљо њудуди 18 бузурглавњаи таблиѓотии ширкатњои ватаниву хориљиро њисоб кардем, ки танњо дутояш ба забони давлатї буду бас. Дигар њамагї ба забонњои русиву инглисї бе дарљ бо забони давлатї. Дар кафеи ин толор дараке аз мевањои Тољикистон набуд. Ба хулоса расидам, ки мењмонњоро бояд дар толори VIP ќабулу пазирої кард, чун ин толор ба ману ширкату миллатам ба њич ваљњ обрў зам нахоњад кард. Њамин хел кардам. Мењмононро пазироии хушу мову сукунат дар њутели "Серена", сайругашт дар Боѓи "Ирам"-у ѓизои шом дар "Њайят" хуш омад. Онњо Тољикистони наверо барои худ кашф карданд. Тољикистони сахт фарќкунанда аз оне, ки расонањои кишварашон тасвир мекарданд. Ќарордоди љиддие њам имзо шуду ба хости Худованд соли љорї чандсад њазор доллари дигар ба иќтисоди миллї хоњад рехт. Ширкат чор љойи кории нав таъсис додан дорад. Ду барномасози тољик њади аќќал имсол муњољират нахоханд кард. Бан-
ХАЛИК+ЧИРК =ЛУБОВ шудем. Пушти мизи баланд љавони хушлибосе менишаст. Њадафамонро ба ў маълум карда, хоњони тасдиќи ќимати хизматрасонї шудем. Посух кутоњ буд: 62 доллари ИМА аз њар нафар барои гуселкунї ва 200 сомонї барои пешвоз. Пардохт баъди њозиршавии мењмон дар толор. Хеле хуб. То фурудоии тайёра чизе беш аз ним соати дигар. Тахти нишастеро интихоб карда, нишастанї шудем, ки чашмам ба руйпўши тахти мулоим афтид.... Рўйпўш чиркин намуд. Синчакорона дидам, ки куваю дарзњои тахти нишаст як ќабат чирки равѓанї доранд. Табъам хира шуд. Ёронамро ба кунљи дигари толор даъват кардаму аз назди чор тахти нишасту мулоимкурсї гузаштем. Њамагї чирки равѓанї доштанд. "Во-аљабо! Тахтњои чиркин дар пойтахти тољикон ва он њам ба ивази 62 доллар барои чанд даќиќа?! Чї тавр мењмонњои кишварамонро ин љо пазирої кард?".
"МЕГАФОН"-И ШАРМАНДА....
БУТТАЊОИ ПЛАСМАСЇ БАЁНГ0ВИ ЗАВЌИ РОЊБАРИЯТИ ФУРЎДГОЊ
13
Яке аз тахтњои нисбатан тозаро интихоб кардему нишастем. Ба толор нигаристам. Толори хушсохт шакли геометрии дуруст надошта бошад њам, таќрибан 200 метри му-
ЊОЉАТХОНАЊОИ ФУРЎДГОЊЊОИ КИШВАРЊОИ МУТТАМАДДИН ЊАР 10-15 ДАЌИЌА ТОЗАКОРЇ МЕШАВАНД
да вазифаамро хуб иљро кардаму аз ин шодмонам. Аммо ѓубори рафтан ба Фурудгоњи байналмилалии Душанбе дар дилам монд. Зарур донистам, ки бо њама серкорї дар ин бора чизе нависам, то вазъ ислоњ гардад. Мутмаинам, ки Пойтахти мо меъёрњои нави маданї мехоњад! А.С. PS: Агар шумо, хонандаи гиромї бо зарурате ба ин толори фурудгоњ равед, ба њич ваљњ ба њољатхонаи он наравед, зеро он бенињоят чиркин аст. Дар дарњояш њам чанд навишта дорад. Мисли дару деворњои дањлезњои бесоњиб ё хољатхонањои љамъиятии замони шўравї...
Рўйоварї ба њамбастагї ё гусастагии фарњангї?
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ЊАМСОЯ
АЌИДАЊОИ МИЛЛИИ ЌАЗОЌИСТОН Мафњуми ѓояи "Менгелик Ел" - "Кишвари абадї" Бори аввал мафњуми "Менгелик Ел" чун исми пештоќи нусрат дар шањри Остона пайдо шуд, ки онро дар Рўзи Истиќлолияти миллї - 16 декабри соли 2011 ифтитоњ карданд. Ин муљассама "рамзи навини Ќазоќистони имрўза гардид ва нусрати халќи ќазоќро, ки орзуи чандинасраи худро амалї гардонид ва Истиќлолияту озодиро ба даст даровард". Дар Паёми худ ба халќи Ќазоќистон "Стратегияи - 2050: Самти нави сиёсии давлати ташаккулёфта", ки Н.А.Назарбоев дар моњи декабри соли 2012 ироа намуд, дар боби "Ватандўстии нави ќазоќистонї" аввалин бор љузъиёти асосии ин ѓояи оянда садо доданд. Дар маљлиси танатавии бахшида ба 22 - солагии Рўзи истиќлолият (14 декабри соли 2013) бошад, Президенти Љумњурии Ќазоќистон Н.А.Назарбоев ѓояи миллии "Менгелик Ел"-ро, ки њафт комёбињои беназири Ќазоќистонро дар бар мегирад, пешнињод намуд ва таъкид намуд, ки ин комёбињоро бояд эњтиёт кард ва аз насл ба насл бояд гузаронид. Ин комёбињо иборатанд аз: 1.Истиќлолият ва якпорчагии сарзамини Ќазоќистон; 2.Пойтахти Ќазоќистон - Остона њамчун рамзи Ватандўстии Нави Ќазоќистон; 3.Вањдати умумихалќї, сулњ ва ризоият, маънавиёти баланд - пояи љамъияти дунявї ва давлат; 4.Рушди саноатї - инноватсионї чун пойдевори иќтисодии Ќазоќистони озод; 5.Ѓояи ќазоќии - Љамъияти Мењнати Умумї њамчун асоси боигарии миллї; 6.Фарњанги миллї ва нигоњдории забон; 7.Ба обрўи байналмилалї ноил шудан ва ширкат дар њалли масоили байналмилалї ва минтаќавї. Ѓояи нињоии "Менгелик Ел" дар Паёми Президент "Роњи Ќазоќистон 2050: Њадафи муштарак, маќсади муштарак, ояндаи муштарак" (17 январи соли 2014) мушаххас гардонида шуд. "Мо ќазоќистонињо, халќи ягона њастем! Таќдири муштараки мо - ин "Менгелик Ел" аст, Ќазоќистони бузурги мо ва
шоистаи эътибор! "Менгелик Ел" - ин аст ѓояи миллии хонадони умумии ќазоќии мо, орзую омоли аљдодони мо. Дар 22 соли истиќлолият арзишњои муњиме офарида шуданд, ки њамаи ќазоќистонињоро муттањид месозанд ва пойдевори давлати ояндаи моро ташкил медињанд. Ин арзишњо аз осмон гирифта нашудаанд. Ин арзиш - таљрибаи Роњи Ќазоќистон мебошад, ки замону ваќт онро санљидааст. Аввалан, ин Ќазоќистони Озод ва Остона. Дуюм, вањдати миллї, сулњ ва мусолиња дар љамъияти мо. Сеюм, љамъияти дунявї ва маънавиёти баланд. Чорум, рушди иќтисодї дар асоси саноатикунонї ва рушди инноватсионї. Панљум, Љамъияти Мењнати Умумї. Шашум, умумияти таърих, фарњанг ва забон. Њафтум, амнияти миллї ва иштироки глобалии мо дар њалли масоили умумиљањонї ва минтаќавї. Ба шарофати ана њамин арзишњо мо њамеша ѓолиб будем, кишвари худро мустањкамтар ва дастовардњоямонро ѓанитар месохтем. Дар њамин арзишњои миллие, ки асоси давлатдорист, љавњари ѓояи Ватандўстии Нави Ќазоќї нуњуфтааст". Мафњуми ѓояи "Љамъияти Мењнати Умумї" 10 июли соли 2012 дар Ќазоќистон маќолаи Президенти кишвар Н.А.Назарбоев "Таљдиди иљтимоии Ќазоќистон: бист ќадам ба сўи Љамъияти Мењнати Умумї" нашр шуд. Дар ин маќола Н.Назарбоев ањамияти тавозуни бењтарин байни пешрафтњои иќтисодї ва таъмини манфиати иљтимоиро ќайд намуд. Ў мањз дар њамин нукта вазифаи калидии таљдиди иљтимої-иќтисодиро мебинад. Гап дар бораи маблаѓгузорињои њангуфт ба соњаи иљтимої намеравад. Маќсад рањої ёфтан аз њадафњои бардурўѓи иљтимої, бењаракатию бефаъолиятї, муфтхўрию сустии иљтимоист, аз аќидаи "камтар кор кардану бисёртар пул гирифтан" дур рафтан аст. Давлат сармоягузори беохир нест, балки дастгоњест, ки барои равнаќу бењбудии шањрвандон шароити мусоид фароњам меорад. Президент диќќатро ба он љалб менамояд, ки тангназарии куњна ва бењаракатии иљтимої метавонанд садди роњи пеш-
равї шаванд. Мафњуми таљдиди иљтимої - ин тайёр кардани шањрвандон ва љамъият ба њаётест, ки дар шароити душвори раќобати шадиди љањонї, тезутунд шудани равандњои иќтисодї ва рушди бењамтои саноатї - инноватсионї мегузарад. Таљдиди иќтисодї ва таљдиди иљтимої бояд ба таври мувозї пеш раванд, бар комёбињои иќтисодии воќеї такя кунанд ва аз тарафи њамаи шањрвандон дастгирї пайдо намоянд. Дар асл, ин давоми муодилаи машњури "аввал иќтисодиёт - баъдан сиёсат" мебошад. Бе иќтисоди ќавї ва мавќеи фаъоли шањрвандон, ки ба раќобат тоб оварда тавонанд, таљдиди иљтимої имконпазир нест. Имрўз аён гашт, ки равияи ќалбакии љамъияти тайёрхўр, ки дар охири солњои 60 - ум ривољ ёфта буд, оќибат надорад. Имрўз тамоми љањон дарк намудааст, ки ин тафаккури тайёрхўрї харобиовар будааст. Ин тафаккур як силсила муфтхўрони иљтимоиро дар саросари олам ба миён овардааст ва њоло сабаби асосии буњрони љањонї гаштааст. Ин тафаккури пурфиреб на фаќат дар тамоми љањон, балки дар кишварњои мутараќќї низ арзи вуљуд карда наметавонад ва ниёз ба табдили назари воќеї дорад. Ин гуна табдили назар, ба аќидаи Н.А.Назарбоев Љамъияти Мењнати Умумї мебошад. Охир, тамоми дастовардњои тамаддуни љањонї, њамаи боигарињои иќтисодї ва фарњангї бо мењнати инсон
офарида шудаанд, на бо роњњои молиявии хаёлї. Мањз барои њамин, мењнати њалоли бунёдкор, офариниши ЉАМЪИЯТИ МЕЊНАТИ УМУМИИ ќавї ва раќобатпазири мо бояд љавњари сиёсати таљдиди иљтимої шавад, ќайд кардааст Президент дар маќолаи худ. Кишвари Сањрои Бузург Президент пешнињод намуд, то Ќазоќистон "Кишвари Сањрои Бузург" номида шавад. Ин аќидаро Нурсултон Назарбоев дар конфронси назариявї - амалии "Сарќонун: ягонагї, субот, шукуфої", ки дар Ќасри Истиќлол ба муносибати 20 - солагии Ќонуни Асосии Љумњурии Ќазоќистон баргузор шуда буд, изњор намуд. "Ман чунин њисоб менамоям, ки мо бояд "Кишвари Сањрои Бузург" номида шавем. Баъзењо худро "Кишвари зери афлок", дигарон - "Кишвари тулуъи офтоб" меноманд. Мо фарзандони Сањрои Бузург њастем. Ин Сањроро аљдодони мо њифз кардаанд, онњо хуни худро рехтаанд, то ин сарзаминро барои мо нигоњ бидоранд. Гумон дорам, дуруст мешавад, ки мо дар баробари номи "Ќазоќистон" номи "Кишвари Сањрои Бузург" - ро низ истифода барем" - гуфт Н.Назарбоев.
52 СИФАТИ "НИГОЊ" Иброњим УСМОНОВ, профессор:
"СУХАНАШОНРО ДАР НИМАРОЊ НАМЕМОНАНД" Њафтаномаи "Нигоњ" дар тўли ин 10 соле, ки гузашт худашро њамчун нашрияи воќеан мустаќил, соњибсухан, мавзуъдор ва њунардор нишон дод. Ин њељ љои иѓроќ надорад, ин њаќиќат аст, ки дар њар як шумораи "Нигоњ" як чизи нави хонданї пайдо мешавад. Дар њар шумораи "Нигоњ" як гапи нав гуфта мешавад. Ман ањли ќалами "Нигоњ"ро аз он љињат эњтиром мекунам, ки аз паи сухани гуфтаи худашон мешаванд, он чизеро ки гуфтанд, онро дар нимароњ намемонанд. Њунар доранд, суханро ба дарозо намекашанд ва онро бисёр равшан баён мекунанд. Ин њунар барои журналистика бисёр чизи муњим аст. Ман аз њамин сабаб аз хонандагони доимии њафтаномаи "Нигоњ" њастам.
БАРОИ ЊАМА ЧАРО?
ЛАТИФА
ЧАРО ПИЁДАГАРДОН ЌОИДАИ РОЊРО РИОЯ НАМЕКУНАНД? - Дар бораи риояи ќоидањои њаракат дар роњ пайваста дар нашрияњои даврї маводи танќидї ба нашр мерасанд. Аммо њељ не ки ронандагону пиёдагардон онро ба инобат бигиранду барои худ хулосаи зарурї бароранд. Дар бораи риоя накардани ќоидањои њаракати роњ аз љониби ронандагон бештар гуфтаву навишта мешавад, вале аз чї бошад дар бораи ќоидавайронкунии пиёдагардон кам маводи танќидї ба чоп мерасад. Њол он ки пиёдагардон низ дар баъзе њолатњо боиси садама дар роњњо мегарданд. Њангоми гузар аз роњу љодањо ваќте мебинам, ки кўдакону љавонон, пиру зан аз он бепарвоёна мегузаранд, сахт асабї мешавам. Чаро пиёдагардон њангоми гузаштан аз роњ ба ќоидањои њаракат дар роњ эътибор намедињанд ва ба он риоя намекунанд? Чаро пиёдагардон њангоми гузаштан аз роњ аз назди чароѓаки роњнамо не, аз миёни роњ зўр зада мегузаранд? Чї магар онњо дар мактаб дарси ќоидаи њаракат дар роњро нахондаанд? Охир ваќте пиёдагардон ба ќоидаи њаракат дар роњ риоя намекунанд, ин зарар ба худашон ва ѓаму андуњу ашк болои сари падару модар ва наздиконашон мешавад. Барои њамин мувофиќи маќсад аст, ки падару модар, пиру барно, кўдакону љавонон ва њар каси дигар ќоидањои њаракат дар роњро сањл напиндошта, онро бечунучаро риоя намоянд ва хонаводањои худро ба ѓамхона табдил насозанд. Дар ин самт месазад, ки Раёсати БДА ВКД ЉТ ва Раёсати шањрии он дар Душанбе корњои фањмондадињиву ташвиќотиро оиди баланд бардоштани маърифати пиёдагардон њам тариќи нашрияњо ва њам тариќи шабакањои телевизиониву радиої зиёд намоянд то садамањо бо иштироки пиёдагардон кам ва хонаводањо ба ѓамхона табдил наёбанд. Шариф ЗИКИРОВ, сокини ноњияи Шоњмансур
ЁДВОРА
ПАС АЗ ТУ ЗИНДАГОНЇ БЕФУРУЃЇ АСТ - Боз рўзњои охири моњи декабр фаро расид, рўзе ки як замонњо боиси хурсандии мо мегашт. Њар сол дар ин рўз ман сўи хонаи апаи Фархундазане ки мисли модар бароям азиз буд,барои табрики љашни зодрўзашон мерафтам. Имсол бо дастагули заъфаронранг,бо дили пур аз андуњ сўи пуштаи навобод, сўи манзили охираташон хоњам рафт. Њељ аз ёдам намеравад рўзи 23 - уми март,рўзи љашни наврўз дар коргоњ менишастам, садои занги телефонам баланд шуд, гўширо гирифтам модарам бо овози њазин Фархунда...Фархунда... мегуфтанду гиря мекарданд. Дунё дар назарам тор шуд, охир чанд рўз пеш ман ба беморхона рафта аз ањволи апаи Фархунда хабар гирифта будам. Њељ боварам намеояд, наход, наход апаи Фархунда аз олам рафта бошанд, вале афсўс, ки рост будааст. Бо дили садпора роњ пеш гирифтем сўи шањри Душанбе барои охирин хайрбоди зани поктинату мењрубон апаи Фархунда. Мо роњ мерафтему мурѓи хаёл сўи даврњои хушу гуворое, ки дар Душанбешањр дар хонаи он кас будам парвоз менамуд. Пеши назарам симои зебо, хандањои ширин, чашмњои пур аз муњаббаташон љилвагар мешуд. Ба хаёлот фурў рафта, чї гуна ба Душанбе расиданамро нафањмида мондам. Садои нолањои хешу пайвандон маро ба худ овард. Чашмам ба майдони назди хонае, ки як замон мо њамроњи апаи Фархундаву фарзандонашон зиндагї мекардем, афтод. Онљо наздикони мо њама сар фурў истода буданд. Бовариам намеомад, гумон мекардам, ки њозир апаи Фархунда бо табассуми ширин, оѓўши кушодаи модарона "биё бачаљон" гуфта, пешвоз мегиранд, вале сад афсўс дигар ин танњо дар хаёл мумкин асту бас. Бо чашмони пурашк ба хона медароям, садои нолањои хоњараконам Зулолаю Фарида, хоњари ягонаатон апаи Фарзона бо апаи Гулрухсор маро дида, "Фархунда туро мисли фарзандаш дўст медошт, мегўянду мегирянд. Бародаронам Олимљону Сафдарљон низ лаб зери дандон истода, ѓами љонкоњи марги модарро паси сар менамуданд. Дар он замон ин байти шоир гўёи ањволи эшон буд: "Огањ набудам аз ѓами бемодарї, вале маргат паём дод, ки бемодарї балост". Охир модарашон танњо барои онњо њастии худашонро фидо карданд. Дилам лабрези ѓам берун баромадам, зеро ман тавони чашмони ашкбори падару модари апаи Фархундаро дидан надоштам. Бо як љањон дарду ѓам, бо гиряњои волидон, бародарон, љигарбандону хоњари ягонаашон љисми апаи Фархундае, ки ба њама чизу њама кас бо чашми некї менигаристу њамаи моро дўст медошт, ба хок супоридем. Акнун дар рўзи зодрўзашон бо дили пурѓаму чашми ашкбор дуо мекунам, ки Яздони пок љояшонро дар лаби сарњавзи Кавсар гардонда, руњи покашонро њамеша шод ва хонаи охираташонро обод гардонад. ИБРОЊИМ БОБОЕВ, сокини шањри Панљакент
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
15
АКСИ ГЎЁ
Духтар ба падараш гуфт: - Падарљон, ман ба хонаи њамсинфам меравам, мо њамроњ дарс тайёр мекунем. Падар: - Њељ куљо намеравї! Духтар: - Барои чї? Падар: - Барои он, ки 18 сол пеш модарат њам ба хонаи мо ба дарстайёркунї омада буд ва то њол дар њамин љо монд. *** Салим рўзи дароз дар кўча давутоз кард. Вай бо либосњои чиркин ба хона омада, худро дар оина диду гуфт: - Оча. Ин оинаро кї чиркин кардааст? *** Зан шавњарашро шаб бедор мекунад: - Носир, ту киро шаб Фарзона гуфта даъват мекардї? - Э! Ту ўро намешиносї, ман бо ў дар хобам шинос шудам. *** Зан ба хонаи њамсояаш мераваду мегуяд: - Њамсояљон таом пухта истодаам, каме картошка, пиёз, сабзї ва равѓан медодед. Њамсоя киноязанон гуфт: - Њамсояљон о њамон дегатонро меовардед якбора таоматонро пўхта медодам охир. *** Донишљў ба њуљраи омўзгори имтињонгиранда даромада, аз сумкааш се шишаи араќро мебарорад ва рўи миз гузошта мегўяд: - Ин се шишаро гиреду ба ман бањои се гузоред. Пpофессоp ба донишљў нигариста: - Ман дутоашро мегирам. *** Нафаре дар зимистон ба маѓоза медарояд. Яхдони калонеро ба фурўшанда нишон дода мепурсад: - Нархи ин чанд аст? - Савдогар дар њолати тањайюр мепурсад: - Яхдон ба ту чї лозим аст? - Ака, дар хонае, ки ман зиндагї мекунам њарорат - 40 дараља аст, дохили яхдон бошад, њамагї - 4. То тобистон њамон љо гарм мешавам.
БА ЉОИ 09 - Гуруњи эљодии "F1[iMDOD]-IT SERVICES" бо маќсади фароњам овардани минбари эљоду иттињод ва боз сохтани дари фазлу маърифат, шуруъ аз соли 2011 инљониб, барои кулли мактабиёни тољик ва омўзгорону волидайни эшон пойгоњи интернетии maktab.tj - ро фаъол гардонидааст. maktab.tj - аввалин ва бењтарин пойгоњи интернетї барои муњассилини тољик бо забони тољикї ва барои шумост! Мањз бо назардошти њамин маъмурияти maktab.tj њамаи хонандагони мактабњои миёнаи тањсилоти умумии пойтахт ва дигар шањру навоњии кишварро ба хотири боз њам ѓанитар гардонидани муњтавои он бо матолиби љолибу хонданї ба њамкорї даъват мекунад. Муњасилин метавонанд тариќи почтаи электронии мо: infof1imdod.tj ва ё шумораи телефонии (918) 94-32-31, (44) 600-61-30 бо маъмурони maktab.tj њамвора дар робита бошанд!
ОЁ МЕДОНЕД? ... паррандањое, мављуданд, ки (фотимачумчуќ, майна ва ѓ.) хўрок дар меъдаи онњо дар 8 - 10 даќиќа њазм мешавад. ... дар Африќо дарахте мављуд аст, ки аз худ рўшної медињад, зеро дар таркиби ин дарахт миќдори зиёди фосфор мављуд аст. Аљибаш дар он аст, ки шабона дар зери ин дарахт бе мушкилї китоб хондан мумкин аст. ... дарахти нормушк (эвкалипт) беш аз 100 метр ќад мекашад. ... дони гандум дар таркиби худ 13 - 14% об дорад. ... растанињое мављуданд, ки гулњои онњо дар соатњои муайян кушода ва пўшида мешаванд. Ин гуна растанињоро "соатњои биологї" меноманд. ... ламинария (карами бањрї) яке аз обсабзњои калонтарин ба њисоб меравад, ки то 5 метр ќад мекашад. ... арчањо зиёда аз 1000 сол умр мебинанд. ... дар Бразилия дарахте мерўяд, ки бо захмї кардани бадани он аз баданаш шир мерезад, таркиби ин шир ба монанди шири гов аст. Агар чанд љои ин дарахтро захмї кунем, он то 4,5 - 5 литр шир медињад. ... барои то 3 метр ќад кашидани арча зиёда аз 100 - 120 сол ваќт лозим аст. ... дарахти тут 200 - 300 сол умр мебинад. ... меваи тут дар таркибаш таќрибан 10% моддаи ќандї дорад. ... гули анљир ягона гулест, ки танњо тавассути занбўри бластофаг гардолуд мешавад. ... тухмњои пахта бо нахњои дароз пўшида шудаанд дар як тухм то 7 000 нах дида мешавад. (Дарозии њар як нах то 60мм мешавад). ... њамагї 500 навъи харбуза мављуд аст, ки 230 навъи он дорои номњои тољикї мебошанд. ...баъзе намуди карамњо дар як шабонарўз то 10 литр обро истифода мебаранд. ... дарахти себ аз 100 сол то 300 сол умр мебинад. ... дар як грамм хоки хокистаранг њамагї 2 миллиард ва дар як грамм ќум 0,5 миллиард бактерияњо мављуданд. ... морњо то се сол чизе нахўрда хоб рафта метавонанд. ... дар Љопон марде мављуд аст бо номи Киото, ки ба монанди хирс ба хоби зимистона меравад. ... фил ягона њайвонест, ки 4 зону дорад. ... вазни заррофа то 900 кг мерасад, ќадаш бошад то 5,5 метр. Заррофаи навзод таќрибан 2 метр ќад дорад ва вазнаш 50 кг мебошад. ... заррофањо дар як рўз танњо аз 10 даќиќа то 2 соат хоб мекунанд. Онњо бисёртар рост истода хоб мекунанд. ... дар шањри Фениксии Амрико тимсоње мављуд аст, ки мошин меронад. ... соддатаринњое мављуданд, ки баъди мурда рафтанашон аз скелеташон оњаксанг њосил мешавад. Шокир ШАРИПОВ, сокини шањри Душанбе ХОНАИ ФУРЎШЇ Хона иборат аз се њуљраи алоњида. Дар нишонии Бинокорон 22, квартираи 37. Бо таъмири замонавї ва олї. Ба истилоњ ба хона дарову зиндагї намо. Оби гарм дорад ва системаи гармидињиаш фаъол аст. Аз роњи марказї 350 метр фосила дорад. Дар ќарибии истгоњи маъруф ба "Труба", воќеъ дар мањаллаи 7 - ум км. Бо нархи дастрас фурўхта мешавад. Телефон барои тамос: 903039939
ХЕЛЕ ГАРОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №40 (473), 6. 01. 2016
ГУФТУМОНИ МИЛЛЇ
ЃАЛТАК ДАР МАСКАВ Марди миёнаумри ќавиљусса, ки ангуштонашро пушти сар гирењ андохтааст, рўи роњрави 8-9 метрии хонаи бисёрњуљраї ќадам мезанад. Ќадамзанияш ба њисоб менамояд. Ба тањќиќ ташвиш дорад, чун каме пешу ќафо калла мељунбонад. Рўяш офтобнадида менамояд. Чор моњ боз Ѓалтак љуръат намекунад, ки ба кўча барояд. Метарсад, ки мабодо ба дасти пулис афтад, барои чанд моњ ва ё њатто сол маскуни "кайкхона"-њои ФМС мешавад. Се моњу ду њафта пул кофт. Ду њафтаи ахир интизори хабари хуш аст. Мањмадсаиди "посредник" бояд ба ивази 5 њазор рубл аз консулгарї барояш "справка" меовард, аниќтараш мехарид. Маълумотнома, ки Ѓалтак Бурњонзода - барќароркунандаи "њукумати конститутсионї", њомии шинохтаи муњочирони точик дар Маскав шањрванди Тољикистон асту дар фулон суроѓа зиндагї мекунад. Ин бор, ки ба дар наздик шуд, чашмаш ба оинаи калони љевон афтид. Дар он марди чењрагирифтаеро дид. " -Хм-м. Шиноси ношинос!... Пайкари замоне варзишдида…Муйлаби ќайчизада….Риши тоза тарошида... Бинии юнонї… Чашмони тољики…и-и ба умќи косахона фу-рў-раф-та… Мусофирату орзуњои кушташуда! Талош барои дигарону ночори дар кори худ! Аљаб харобкорињо дорї, бепули-и-ии лаънатї!!!"-андешид ўву ба мулоимкурсии канори љевон назар афканд, то телефони њамроњашро ёбад. Интизори занги Мањмадсаид аст. Ў маљбур буд ба миёнарав мурољиат намояд, зеро ба зангњои телефониву номањои электрониаш касе дар хадамоти муњољирату колсулгариву сафорат љавоб намедод. "Аз сафире, ки шањрванди кишвари бегона аст, чи умед њам метавон дошт?!"-андешид ў. Аммо "справка" лозим буд. Бе ин коѓазпора, ки моли асосї дар гардиши моливу пулии шарикони стратегї - Русияву Тољикистон" шудааст, ба ватан баргаштани ў имкон надорад. Инро майори рус хуб медонист, ки аз садо баланд кардани кадом як "Љамшуд" дар њифзи таксичињои тољик ба ѓазаб омада, шиносномаи ўро намоишкорона канда партофт. Панљ пулиси дигар нагузоштанд, ки ў порањои "моликияти Тољикистонро"аз замин бардорад. Баъди чор соати нигањдорї дар мошин майор Колоколсев бо як чењраи пуртамасхур љавобаш дод. "Чї гуна мешавад, ки дар кишвари бар фашизм ѓалаба карда фашистњо пулис шаванд? ..." Ѓарки андешањои пароканда Ѓалтак аз ошёнаи 16 ба хиёбони Луначарский менигарист. Кўча камодам буд. Дар њавлии дорухонаи "36,6" ўзбакбачаи кўчаруб тањорат мекард. Хушбахтона, девори филизї ўро аз шарри номусалмонон панањ мекард. Занги телефон баланд шуду фикри нобикри "Чаро то соли 1990 дар Тољикистон њама љои корї …" бурида шуд. Ѓалтак: -Ало. Салом. Слушаю вас! (Але. Гуш мекунам шуморо,-русї) Мирзодиккак: - Слушат мекардї, муњољир намешудї?! Чи њол дорї, мулло ...эъ.. мебахшед, љаноби Ѓалтак? Ѓалтак: - Аз шунидани садоят хеле шодам, дўстам. Умедворам хубу хуш бошї, Мирзољон! Аз калимаи "мулло" ќимоб шудаї- чї?! Мирзодиккак: - Ќимоб нестем. Мо "мулло"-ву "эшон"у "њазрат"-у "бек"-њоро аз номгузорї бардоштем... Ѓалтак: - "Ќул"-њову "хон"-њоро њам напартофтед, ки дигар аслу пуштатонро нашиносанд? Мирзодиккак: - Партофтем-партофтем. Ѓалтак: - Э, зўред ба Худо! Худат хуб? Умедворам Пахтагул Панљсолаевнаю Ќобилчон њам хубу хуш бошанд. Мирзодиккак: - Худам хубам. Аммо аз Пахтагул Панљсолаевнаи хиёнаткору писараш напурс! Вай муттањам ИВС-ба. Чи корњое бо Њољї Њалим доштааст. Ќобилљони нањзатї ба Туркия гурехт. Ѓалтак: - Ё тавба! Њамсари коммунисти туро бо Њољї Њалим чї кор? Мирзодиккак: - Ѓалтакљоне, ќариб буд рўям сиёњ мешуд. Мани бефањм 27 сол бо ватанфурўши хиёнаткор њамсарї доштаам. Нафањмида, албатта! Шукри истиќлол ва њукумати љонољонамон, ки гуноњи маро бахшид. Ман дар Шабакаи аввал худам ба њама гуноњњоям иќрор шуда, мањкум кардам онњоя. Ѓалтак: - Чї далел будааст, ки Пахтагул Панљсолаевнаро… Мирзодиккак: - Њой сода, орган бе далел намебарад, одама! Ваќти котибаи Пируф буданаш ба занги хиёнаткор Њољї Њалим љавоб дода, љои кадри муњими њукуматамоя иќрор шудааст, лаънатї! Медонї чї гуфтаст њамун соли 2002- ба? Гуфтаст, ки "вазир дар Дастгоњи иљроияи президент њастанд. Баъди соати 17 мешаванд". Њо, бепадаре! Мана дилам мегуфт, ки њамин занак дилпур не. Охираш буромад... Ѓалтак: - Ё, тавба! Ќобилљон куљост? Мирзодиккак: - Гурехт, фарзанди хиёнатпеша! Занаша Русия фиристондасу худаш Туркияба гурехт. Як таѓоша бурда, ду-се то куфтанд, ки мурд. Ман ваёя оќ кардам. Ѓалтак: - Чї? Чи хел мурд?! Мирзодиккак: - Љимакак. Хиёнаткор будааст, тоќат накарда мурд. Хайрият, мана бахшиданд, вагарна дар мо љазо авлоди шудагї! Мана хизматома ба назар гирифта, бахшиданд. Фаќат маљбур карданд, ки гўру чуб кунам додари Пахтагули хиёнаткорро. Ѓалтак: - Худо рањмат кунад! Худат куљої? Вазъи саломатият хуб аст? Мирзодиккак: - "Гадо бошу дар ватан бош". Саломатиям хуб аст, аммо зиндагї људо вазнин. Дирўз дар љаласаи вазорат гуфтанд, ки муњољирон нисбат ба як соли пеш 62,57 % пули камтар фиристодаанд. Тую сур њам кам шудааст. Ту ба ёдам омадию нумури телефонатро ёфтам.
Канї гап зан чаро пула кам мефиристонед? Ѓалтак: - Зиндагии мардум 23 сол боз вазнин буд, акнун вазнинтар шуд, Мирзољон. Инро акнун дарк карданд дар вазорати шумо? Мирзодиккак: - Э, ношукрњое! О, шумо ба ќадри сулњу вањдати овардаи њукумати љонољони мо кай мерасед??! Ѓалтак: - Шукри сулњ мекунем, ки дар 95 % кишварњои дунё њукмфармост. Аммо њукумати љонољон ба он рабте надорад. Шукри вањдати миллї њам мекунем, аммо бояд донед дўстам, ки ба шиорпартої интиќоли маблаѓи муњољирон зиёд намешаваду ягон корхонаи истењсолї худ аз худ ба кор намедарояд. Мирзодиккак: -Ту гапа кам кун. Њоло њама дунё душмани мо шудагї. Эрона дидї чи кор кард? Ѓалтак: - Ягон нерўгоњи дигар сохт? Мирзодиккак: - О, вай раиси нањзатиё Кабирия љеѓ зада, бологузар карданд-ку... Ѓалтак: - Онљо 1200 мењмон зиёд буд. Конфронси "Бедории исломї", ки буд њама неруњои исломї, аз љумла чандин њаракату њизбњои дигарро њам даъват карда буданд. Баъдан ин сиёсати калон аст. Мирзодиккак: - Намегузарад ин гапњои ту. Мо њушёрии сиёсиро аз даст нахоњем дод. Моя ѓофилгир намешавад карда. Шунидї, ки сафири Эронро ба хашм ба ВКХ даъват кардему ба Эрон нота додем? Ѓалтак: - Фањмидам, аммо метарсам, ки "њанўз аввали ишќ аст". Нашавад, ки муште ба... Мирзодиккак: - Гўште? Оњ, Ѓалтакљон (бо овози њазин) Гўшт нагўй, ки бењуш мешавам. Се моњ боз гўшт нахўрдаам. Маошамро 40% кам карданд. Дигар вазир нањор намебарад роњбарони раёсатњоро. "Кризис мегўяд". Ин шабу рўз як бор хўрок ме... Њамин ваќт садои "Вайбер" -и Ѓалтак баланд шуд. Ѓалтак беихтиёр хати тамос бо Мирзодикакро мутаваќиф карду хати тамос бо Мањмадсаидро фаъол. Баъди салому алейк ў аз њамсуњбаташ пурсид: - Кори ман чї шуд? Дар љавоб ба ў чизе гуфтанд, ки садояш љиддї шуду лањни супориши ќатъиро гирифт: -Бародар, њамон 5 њазори маро тавассути "Вестерн Юнион" ба номи Мирзодиккак Бафоев ба Душанбе интиќол дењ. Њамчунин китоби Љорљ Оруэлл "Скотний двор"-харида, ба ў равон кун! Пулашро ман давоми як њафта пардохт мекунам. Бародарони зиёии ман ва раисону вазиронашон њоли табоње доранд. Сипас Ѓалтак хати тамосаш бо Мирзодиккакро фаъол сохт. Мирзодиккак беист чизе мегуфт. Ѓалтак баъди чанд даќиќа, фурсате ёфту ба дўсти зиёияш мурољиат кард. Ѓалтак: - Мирзо, умедворам ин рўзњоро мисли хоби баде фаромўш кунї. Бо вазират зиёд ташвиш мабошед. Мо муњољирон ваъда медињем, ки боз як ду соли дигар иќтисоди миллиро бо пул таъмин мекунем. Пагоњ ба бонк рав. Бароят кўмак фиристодам. Мирзодиккак: - Вазир гуфт, ки "як балош мекунем"... Њуши Ѓалтак рафт...
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Абдулмуъмин ШАРИФЇ, њунарманд: - Андеша мекунам, ки чаро Тољикистони мо рўзнома надорад. Њафтанома дорад. Чун мардум хоњиши рўзнома хондан надоранд. Чаро адабиёти бењтарини љањонї ва дохилї аз њазор нусха зиёдтар чоп намешавад? Чаро мардуми мо бењтарин нависандањоро намешиносанд. Чаро шоир, њунарманд, журналисти худро намешиносанд? Ин асрор нест. Баъди андешидан сари ин чизњо... -...ба хулоса бояд расид, ки ин љомеа ва ин давлат бемор шудаанд. Вассалом! Рашид Ѓанї АБДУЛЛО, коршиноси сиёсї: - Мо бо њар кишваре, аз љумла бо Арабистони Саудї ва Эрон њам аз зовияи манфиатњои миллии хеш ва бо иттико ба сиёсати бисёрсамтї муносиботи худро ба роњ мемонем. - Мо ку мемонем, аммо њукуматамон чї? Дилатон пур бошад, ба мо њам як ишора кунед, домулло!
Гулрухсор САФИЕВА, шоир: - Раќибонам њама марданд, мардони номард. Мани зан як раќиби зан надорам. - Бањои баландашон додед, апа!
Сайидмукаррам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон - Љумњурии Исломї (Эрон) њамеша эълон мекард, ки бо Тољикистон дўсту њамзабон ва... њамфарњанг аст. Аммо дар он конфронс дидем, ки рўирост на ба миллати тољик ва на ба њукумати мо эњтиром нагузоштанд. Онњо бо ин амалашон ба мову Шумо ошкор карданд, ки чї мехоњанд. - И-и-и! Шумоя вазири корњои хориљї монданду мо бехабар мондем-мї?! Гап байни худамон, домулло: Ќозиву муфтї хап карда гарданд, бењтар. Як бор як таш сар кард... Наимљони САЙДАЛЇ, сароянда: - Рост мегўянд, ѓайри маймун дар хонаи мо боз хирс, гург, рубоњ, шаѓол барин њайвонњо зиндагии бароњат доранд. -Шарт набуд, тамоми лаќабњоятрон фош карданд, додар... Игор Лякин - ФРОЛОВ , сафири Русия дар Тољикистон: - Ин ширкатњо (ширкатњои русї дар назар аст) бо риояи њамаи ќонунгузории Тољикистон амал карда ва андозњоро ба пуррагї пардохт мекунанд ва барои њамин сарбориро эњсос менамоянд. - Э, хамин хел ширкат њам мешудааст-мї? Нурмуњаммад АМИРШОЊЇ, директори муассисаи "Энсиклопедияи миллии тољик": - Аммо Темурмалик худ дар майдони мубориза пешсаф буд. Њоло бархењо мегўянд ў турк буд, ки инњо суханњои бењуда њастанд. Чун дар он замон давлати Хоразмшоњиён њукмронї мекард, њар як амиреро дар кадом вилояте мемонданд, аз маркази Хоразм ба ў унвон мемонданд. Аз ин хотир, чун давлати Хоразмшоњиён давлати туркї буд, ба ў унвони туркї доданд, бо номи "Темурмалик", яъне малики оњанин. -Аке, њами худУш бояд будона, ки Шайбонињову Бобурињо ба ўзбеко њич авладї надоранд, неки њамсоябаям як тарих-парих даркорай-ку!
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Ќимати обуна барои як сол - 96 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09