“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
1
Бозори сарњои холї Исмоил Талбаков ба раќиби аслии Эмомалї Рањмон табдил меёбад? САЊИФАИ 4 №31 (359). Чоршанбе, 23-юми октябри соли 2013
ДАРДИ МИЛЛАТ
Рўзи сиёњи муњољир САЊИФАИ 7
ХАБАРЊО АЗ ШИМОЛ
"Фурудгоњи Мањмудов" САЊИФАИ 13
ИНТИХОБ МУРД!
Андар бардошту сабаќњои як маърака
БО ШОИР
Ё мусалмонро мадењ фармон, ки љон бар каф бинењ! САЊИФАИ 12
КОМИЛАН ЉИДДЇ
Таблиѓи пешазинтихоботии муљассама ва арвоњњои Душанбе САЊИФАИ 16
Сенарияи шинос: пул дењ, ё хобгоњро холї кун! Ё чї тавр депутати шањрї "ѓами мардумро хўрда" беш аз 130 нафарро бехонаву дар карданї аст САЊИФАИ 8
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
СИЁСАТ
То санаи эълоншудаи интихоботи Президенти Тољикистон рўзњои башумор мондааст, аммо онро интихобот гуфта намешавад, зеро де-факто маъракае беш нест. Вижагии асосии ин маърака он аст, ки фазои ќабл аз интихоботї аз хомўш њам хомўштар буда, як раванди маъмулии таблиѓоти Президент Эмомалї Рањмонро мемонад, ки ба шеваи суннатии телевизионњои Тољикистон неву дар зери ливои интихоботи мардумї роњандозї мешавад. Ба њама камрангї њам, ин маърака бардошту сабаќњое дорад.
Бардошту сабаќњои як маърака Интихобот ё сањнасозї ? Пўшида нест, ки интихобот аз маъракањои муњими сиёсї барои њар давлату љомеа мањсуб ёфта, баёнгари сатњи рушди демократия (њукумати халќ ё мардумсолорї), нумўи љомеаи шањрвандї, сатњи маърифати сиёсии мардум арзёбї мешавад. Дар кишварњои низоми сиёсияшон худкома ё авторитарии мисли Тољикистон ин гуна маъракањо боз њам муњимтар ба назар мерасанд, зеро хоставу нохоста, воќеиятњои фазои сиёсии кишварро чун рўз равшан мекунанд. Аз раванди ба ном "интихоботи президентии Тољикистон" бардошти аввал њам чунин аст, ки интихоботи президентї бештар ба як маъракаи тањияшуда ё сањнаї шабоњат дорад. Онро њамчунин мешавад, маъракаи таблиѓоти њукумати феълї, роњбари он, маъракаи бозї бо хостањои мардуми ислоњотхоњ барои мухолифини дурўѓини њукумати Тољикистон номид. Ба андешаи инљониб, маъракаи таблиѓи "дастоварњои беназир" ва "сиёсати хирадмандона" ба тавзењ ниёз надоранд, аммо шарњи мухолифини рўякї ва мавзеъгирињои оммавии онњо шарт аст. Шурўъ мекунем аз шинохти воќеияти муњимтарини муњити сиёсии Тољикистон: Њукумати феълии Тољикистон, нухбагони феълии њукмрон барои баргузор кардани интихоботи шаффофу демократї омода нестанд! Ин аксиомаи рўз аст. Муносибат ба он, дар навбати худ, муайянкунандаи њолу вазъ ва мавќеи сиёсии њар як шањрванду нињоди сиёсї мебошад. Ин муносибат ду ќутб дорад: онњое, ки бо сабабе ин воќеиятро эътироф мекунанд ва онњое, ки эътироф намекунанд. Њамчунин њастанд, фављ-фављ одамоне, ки дар ин бора тасавуроте надоранд ва доштан њам намехоњанд. Дар доирањои коршиносиву журналистї инро хуб медонанд, аммо роњбарони азњоби сиёсї ва чењрањои сиёсии ѓайрињизбї инро аз њама дида хубтар медонанд ва маъмулан дониста мавзеъгирї мекунанд. Мавзеъгирињои тоинтихоботии онњо аслан сухан/изњорот/баёнияанд, аммо танњо амалњои замони интихо-
«
Дар аксар оилаи тољик нафаре аз љабри рўзгор рў ба муњољират овардааст. Мушкилоти бади зиндагї домангири аксари мардуми мо мебошанд. Маблаѓи аз Русия равон мекарда, наљоти аслии мардуми мо аз муњтољиву ќашшоќї гардидааст, ки бар ивази љон ба даст меояд. Бар зами ин, мушкилоти дохилї низ фаровон мебошанд.
бот шинохти онњоро пурра мекунад. Табиист, ки Маърака-2013 низ истисно нест.
Шинохти мухолифин Њанўз оѓози бањор зери ливои ислоњотталабиву таѓйиротхоњї гирди њам омадани ду њизб ва чанд шахсияти шинохта ба хотири вориди маърака гардиданро коршиносон гармие дар тани мурдаи интохоботи президентї медонистанд. Зеро интизори хушбинњо аз гурўњи ислоњотхоњ эълоншуда ин буд, ки номзади ягонаи мухолифинро интихоб мекунанд. Аммо ин хушбоварї дер давом накард. Мухолифин дар симои ЊНИТ ва ЊСДТ ба намоиш гузоштанд, ки зарфиятњои зењниашон бо ду по ланг буда, дар пешнињоди ѓоя ва барномаи ќабл аз интихоботї гирифтори буњрони зењнї мебошанду захирањои моливу ташкилияшон нокифоя аст. Мардуми њушманд мухолифинро шинохтанд: ЊСДТ зарфиятњои кифоя барои муборизаи сиёсї надораду раиси ЊНИТ дар њавои хостањои њукумат амал карда, бо пешнињоди Ойнињол Бобоназарова кўшиши машруъият (легитимность,-русї) бахшидан ба ѓалабаи номзади њукуматро намуд. Албатта, бехабар аз он ки љамъ наовардани миќдори зарурии имзоњо боиси радди ин "инъом" мегардад. Дар пайи он суоле пайдо гардид, ки пас мухолиф кист? Формула зуд ёфт шуд. Бе ягон дудилагї маълум шуд, ки њар шахс ё нињоди сиёсие, ки ѓасби њокимияти ќонунгузор ва њокмимияти судиро аз љониби њокимияти иљроия дар Тољикистон эътироф намекунад, мухолиф нест. Њамин тариќ, маълум гашт, ки ЊНИТ ва ЊКТ њарчанд худро мухолифи њукумати феълї њам эълон мекунанд, дар асл мухолиф нестанд, балки бо ањдофе сањнасозї мекунанд.
«
Рама ва интихоби чўпон Таърихи низомњои давлатдорї исбот намудааст, ки дар кадом сатњ ќарор доштани фарњанги сиёсии љомеа ба манфиати њукумат аст. Њукумате, ки рў ба демократия аст, дар боло бурдани фарњанги сиёсии љомеа худро муваззаф медонад. Баръакси ин, ба манфиати давлатњои худкома нест, ки фарњанги сиёсии љомеа рушд кунад. Дар чунин сурат бањодињии мардум нисбат ба равандњои сиёсї таѓйир ёфта, хоставу талабњояшон аз давлатдорон бештар мегардад. Дар тасмимгирињои интихобкунандагон мањз сатњи фарњанги онњо таъсир мерасонад. Ба назар чунин мерасад, ки гарчи дар низоми сиёсии Тољикистон 8 њизби сиёсї фаъолият доранд, аммо дар рушди фарњанги сиёсии љомеа таъсире надоштаанд. Мардум дар давраи таърихан муњим барои давлатдории миллї ба сиёсат таваљљуњи зарурї зоњир намекунанд. Хастагии сарторсарї аз сиёсат дар љомеа њукмфармост, ки аз натиљаи мушкилињои рўзгор ба миён омадааст. Бардошт аз сатњи феълии фарњанги сиёсии мардум водор мекунад, ки бо адиби номии тољик Гулухсор њамфикр гардем: "Рама чўпонро интихоб намекунад". Воќеияти дигаре, ки ин маърака ошкор намуд, ѓолибияти њукумат дар самти таблиѓот мебошад. Дар аксар оилаи тољик нафаре аз љабри рўзгор рў ба муњољират овардааст. Мушкилоти бади зиндагї домангири аксари мардуми мо мебошанд. Маблаѓи аз Русия равон мекарда, наљоти аслии мардуми мо аз муњтољиву ќашшоќї гардидааст, ки бар ивази љон ба даст меояд. Бар зами ин, мушкилоти дохилї низ фаро-
вон мебошанд. Дар чунин шароит мубаллиѓони њукумат дастболо гардида, тавонистаанд, ба њадафашон расанд. Яъне зиндагии бад, мушкилоти доманадори рўзгор дар назди таблиѓоти њукумат њеч будааст.
Шарм аз номзадбозї Болотар аз њамаи ин, бо гузашти 7 сол таѓйироте дар сатњи элитаи сиёсии Тољикистон ба вуљуд наомада будааст. Бо боварї метавон гуфт, ки назди насли 20-30 соли баъд хиљолат хоњем кашид ва шарм хоњем дошт, ки аз рањбарияти њизбњои имрўзаро элитаи сиёсї меномем, ё элитаи сиёсии мо аз чунинњо иборатанд. Њафт соли расо гузашт, аз сањнаи бори аввал номзад ба президентї кардани луъбатакњо, аммо ин дафъа низ он сањнаи шармовар такроран бо њамон артистњо ба маърази тамошо гузошта шуд, ки корест айб. Бардошт, аз ин сањна ба љуз ин, ки дар љомеаи мо сафи онњое, ки барои хандахариш гардидан омодаанд, ки номзад шаванд, кам нест. 5 нафар номзад аз ањзоби киссагии њукумат бо номзади сабти ном нагардидаи ислоњотхоњон барои як љомеае, ки бештар аз 4 млн интихобкунанда дорад, кам нест. Ин номзадњо ва сањнасозии онњо, ки барномаи театрикунондашударо мемонад, яќинан дар гузаштаи на он ќадар дур дар таърихи сиёсии Тољикистон боиси нангу ор мегардад, ки мо њам дар ин замон ба сар бурдаем.
Умед аз ноумедї Њеч кас гуфта наметавонад, ки ин маърака бо президент нагардидани Эмомалї Рањмон анљом меёбад. Аз ибтидои маърака анљоми он барои хелењо муайян буд. Пас, дар айни замон барои онњое, ки ислоњоту таѓйирот мехоњанд, ду роњ мемонад: ё Тољикистонро тарк кардан ё талаби ислоњот аз президенти нав-кўњна. Гарчи ин иљрои талаб барои президенти навкўњна осон нест, аммо ягона роњи наљоти кишвару љомеа аст. Азамати ВАЊЊОБ Ќиёми НУР
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
БЕСИЁСАТЇ
"Љинояткори истисної"
Маќомот чаро гирди ќазияи садамаи писари Амонулло Њукумов "найранг" мекунанд?
3
Тољикистон додааст. Ва бо гузаштани чанд рўз акси писари нозпарвари љаноби Њукумов дар сомонаи расмии ВКД љилва кард. "Наход Эмомалї Рањмон ба ин "ќурбонї" розї шудааст ва дар арафаи интихоботи президентї фармони президент дар бораи ба истеъфо рафтани Амонулло Њукумов низ дар сомонаи президент нашр шавад?"-бовар намекунад мардуми Тољикистон, ки мантиќи "сиёсатњои хирадмандона"-ро дар пўсту устухонаш, беш аз 22 сол аст, ки озмуда ва њанўз њам таљриба мекунад. Айни њол ба ин касе бовар надорад. Дар КВД "Роњи оњани Тољикистон", тавре гуфтем, ин иттилоъро беасос хонда, яке аз ёварони Амонулло Њукумов гуфт: (айнан) "Шукри Худо, ки раис дар кабинеташон нишаста ва машѓули кор аст ва ин иттилоъро кадом як аблањ пањн кардааст..." Ба истеъфои Амонулло Њукумов, натанњо аз ин, ки яке аз мансабдорони наздиктарини Эмомалї Рањмон аст, бовар намекунанд. Интригаи дигар ин аст, ки Вазорати корњои дохилии Тољикистон дар хабараш аз кашф шудани иштирокчии дигари садамаи шаби 8-уми октябр хабар додааст. Бино ба маълумоти расмї: "Вобаста ба садамаи наќлиётии мазкур тафтишоти пешакї идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш ќарор додани иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умар чорањои мушаххас андешида шуда истодааст". Вазорати корњои дохилии Тољикистон, ки баъди беш аз дањ
МАКОНИ БУДУБОШИ РАСУЛ АМОНУЛЛОИ 16-СОЛА МАЪЛУМ НЕСТ
Дар Душанбе будани писари Амонулло Њукумовро маќомот замоне пахш карданд, ки сарусадо дар бораи истеъфои раиси Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" дањан ба дањан шудааст, аммо касе бо тасдиќи ин иттилоъ расонањоро "шодикаф" намекунад. 22-юми октябр Вазорати корњои дохилии Тољикистон бо нашри як акси Расули Амонулло дар бистари беморї ва бо як дасти шикаста дар Душанбе будани ў писари раиси Корхонаи воњиди давлатии "Роњи оњани Тољикистон" Амонулло Њукумовро исбот кардан хост. Фаќат дар куљо, дар кадом беморхона будани ўро фош накард, ки ин кўшиши маќомотро барои исботи ин, ки љавобгар кардани њатто писари Њукумов низ ногузир аст, ба сифр баробар кард. Аз акс дар Душанбе будани ўро исбот карда намешавад. Бархе мегўянд, Расул ба эњтимоли зиёд дар беморхонаи КВД "Роњи оњани Тољикистон" хоб аст ва пинњон доштани ин иттилоъ барои пешгирї аз "њамла"-и журналистони хира ба писари яке аз мансабдори наздиктарин ба оилаи президент Эмомалї Рањмон будааст. Бархеи дигар умуман ба ВКД бовар надоранд ва мегўянд, шояд Расули Амонулло ин аксро дар Аврупо гирифта фиристода бошад. Ќаблан гуфта мешуд, вай баъди садамаи шаби 8-уми октябр, ки се нафарро аз њаёт мањрум кард, ољилан ба Маскав ва сипас ба Олмон фирор кардааст. Вазорати корњои дохилии Тољикистон њамчунин дар бораи то ин дам дар куљо будани Расул ва аз куљо ва бо фармони кї овардани ўро фош намекунанд. Ин, ки садамаи Расули Амонулло њам дар ќатори садамањои маргбору хунини
писарони мансабдорони дигари тољик, барои мисол садамаи писари Иззатулло Шарипов, сардори Сараёсати иљрои љазои љиноии Вазорати адлияи Тољикистон, ё садамаи писари Эркин Рањматуллоев, мушовири президент Эмомалї Рањмон оид ба сиёсати хориљї, ё фарз кардем, мисли садамаи писари Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олї аввал як дар матбуоти мустаќил ва интернет аланга хоњад гирифт ва баъд чун боз як "њодисаи нохушу тасодуфї" фаромўш хоњад шуд, аз аввал имконнопазир менамуд. Замони рух додани садама дар ин наќши асосиро дошт. Фарз кардем, агар гумонбар 16-сола не, њадди аќалл дар 19 мебуд, бояд медонист, ки аъзо ва наздикони оила, дар ин рўзњои њассос, пеш аз интихоботи президентї, бояд њаддалимкон эњтиёткор бошанд. Барои мисол, њуљљати ќалбакии ронандагиро дар ин даврањо бояд зери болин монд, ё њадди аќалл ќоидањои њаракат дар роњро риоя кард. Барои "дарди сари падар"-и мансабдор ном нагирифтан, албатта. Тавре аллакай бо Рустам Њукумов писари калонии Амонулло Њукумов, баъди расонаї шудани боздошташ бо маводи мухаддир дар Русия рух дод ва ин ба судбозї бо журналистон њам бадал шуд. Ва боз... як хато... ва се љавон њаёташонро аз даст доданд... Аммо дар мо аз афти кор марги се нафар, се љавоне, ки аз сад гул як гулашон нашукуфта аст, дар як садамаи наќ-
ИСТЕЪФОИ РАИСИ КВД-и «РОТ» ЊАЛШУДА МЕНАМОЯД лиётї сенсатсия нест. Иштироки номи ду писари мансабдори давлатї њам дар ќазияњои љиної натанњо сенсатсия не, балки боиси истеъфои мансабдор намешавад. Балки баръакс ба истеъфо рафтани Амонулло Њукумов, раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон", ки рўзњои ахир дањон ба дањон шудааст, сенсатсияи сенсатсияњо аст, ки тасдиќи ин хабар њамин шабу рўз журналист ё расонаи дилхоњро "шодикаф" хоњад кард. Тибќи иттилои ѓайрирасмї, ки ёвари Амонулло Њукумов онро рад кард, фармони истеъфои раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон" дар њукумат имзои президентро интизор аст, ки овозааш аллакай бисёрињоро дар ин корхона шоду ѓамгин кардааст. Ин хабар сенсатсия эълон хоњад шуд ё не, аммо дар баробари хабари боздошт ва ба Душанбе оварда шудани писари Амонулло Њукумов якбора вазидани ин шамол, интригаи ин мавзўро зиёдтар кард. Ќаблан яке аз наздикони Амонулло Њукумов ба расонањо гуфта буд, фармони ба Душанбе овардани Расул Њукумовро касе дигар не, балки шахсан президенти
рўзи интиќоду нигаронии шадиди љомеаи шањрвандї, билоохира, тавонист Расули Амонуллоро ёбад ва акс њам гирад, айни њол нагуфтааст, ки иштирокчии нави садама чї сирреро фош хоњад кард. Шояд ў њамаи айбро ба дўш гирад? Бале, љони гап ин љост. Рамазон Рањимов, вазири корњои дохилии Тољикистон бо гузашти ќариб 15 рўз гуфт, ки гунањкори ќазияи садамаи 9 октябр маълум нашудааст. Аљаб аст, бас аљаб аст! Ин гапро љаноби вазир мегўянд, ваќте ки дигар барои собит кардани њаќиќат дигар ваќт њам даркор нест. Дигар ин, ки ваќте вазорати корњои дохилї "утка" партофта, Шарипов Умарро ба миён андохтанї аст, гумони ѓолиб бар ин аст, ки хоњанд гуфт, сари чанбари БМВ ў буд. Чї найрангњое метавон бофт! Аммо! Ин гап ба касе гўй, ки туро нашносад! Ва... Бо ин вуљуд! Интизор бояд шуд. Пайгирї хоњем кард. Шервони МУРОДИЛЛО
Идораи њафтаномаи "Нигоњ" бори дигар ба наздикону пайвандони марњум Аловуддин Саидов, марњум Сурайё Исмоилова ва Ўктам Мансуров, ки дар ин садамаи наќлиётї ба њалокат расидаанд, изњори тасаллият ва њамдардї мекунад.
4
МАЪРАКА - 2013
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
саноатї сохта шуда, 90 дар сади ќуввањои мењнатї дар Ватани худамон ба кор таъмин мешаванд. Мо фаъолиятамонро тавре ба роњ мемонем, ки дар љомеа ягон шахси бебизоат ва бе сарпаноњ намемонад. Инчунин дар соњаи сиёсї, муносибатњои миллї, иќтисодиёт,иљтимої, маънавиёт, њуќуќ як ќатор ислоњотеро ба роњ мемонем, ки фаќат ба фоидаи мардум ва ободонии Тољикистони сарбаланд равона шуда бошад. Ба љойи чандин идораю вазоратњои тафтишотї, ки сафи муѓамбирони маошхўрро зиёд гардонидаанд, фаќат як муассиса - Кумитаи тафтишотї (Следственый комитет) таъсис дода мешавад. Он тамоми сохторњои дигари давлатиро зери тафтиши амиќу њаќиќатнигорона хоњад гирифт. (Кафкўбии бардавом) Масъалаи муносибатњои динї низ ба таѓйиротњои љиддї ниёз дорад. Дин аз давлат ва мактаб аз масљид људост. Њељ гоњ фаъолияти динї њамчун касб буда наметавонад. Ман бисёр падидањоро бо чашми худ дида истодаам, ки љавонони кўња зада талќон мекардагї дар даст тасбењу дар тан љелак ва дар сар фиреби мардуми бечорањол шаба рўзу рўза шаб карда мегарданд. Бародарону хоњарони гиромї! Њељ Шумо фикр кардед, барои чї ин зумраи худотарс ба муњољирати мењнатии хориљи кишвар намераванд? Магар Марксу Энгелс Ленину Сталин мањз ба ин ќабил шањрвандони соянишину курортдўсти мо нагуфтаанд, ки одамони риёкору нопок дини поки дунявиро танњо ва танњо ба манфиати хеш истифода мебаранду халос! Алњол барои бисёр шањ-
Бозори сарњои холї Исмоил Талбаков ба раќиби аслии Эмомалї Рањмон табдил меёбад? Дар саросари Тољикистон вохўрии номзадњо ба президенти Тољикистон бо интихобкунандагон идома дорад ва он то рўзи 1 ноябри соли 2013 давом хоњад кард. Бахт ба рўйи бону Ойнињол Бобоназарова нахандид. Ў натавонист 210 њазор имзои тарафдоронашро љамъоварї намояд. Акнун худи бону ба сифати интихобкунанда ќарор гирифт. Пирўзї насиби Исмоил Талбаков, Абдуњалим Ѓаффаров, Толиббек Бухориев, Эмомалї Рањмон, Олимљон Бобоев ва Саидљаъфар Усмонов гашт. Рўзи 6 ноябри соли 2013 мардуми Тољикистон яке аз ин номзадњоро ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб хоњад намуд. Номзадњо бо чї њадафе, наќшае, ё барномае барои соњиб шудан ба курсии президентї талош меварзанд? Барои дарёфти посухи амиќ ба суоли мазкур хабарнигори "Нигоњ" рўзи 19 октябри соли 2013 ба водии зарнисори Њисор ва шањри Турсунзода сафар намуд. Ва аз ин сафар ба хулоса расид, ки аз Исмоил Талбаков, муовини раиси Њизби коммунист ва номзади ин њизб ба маќоми президентї раќиби аслии президент Эмомалї Рањмон «метарошанд»...
"Шармандагии миллї" Соати 10. 30 дар бинои њозиразамони мактаби № 1 - и шањри Њисор вохўрии номзадњо бо интихобкунандагон баргузор гашт. Аз байни номзадњо ду нафар - Э. Рањмон ва С. Усмонов шахсони боэътимоди худро ба вохўрї равон карда, худ ба корњои шояд аз ин њам муњимтар банд будаанд. Дигар номзадњо - Исмоил Талбаков, Абдуњалим Ѓаффоров, Толиббек Бухориев ва Олимљон Бобоев ба вохўрї сари ваќт расида омаданд. Гарчанде раиси маљлис ба њар як номзад 15 - даќиќаї ваќт људо карда бошад њам, шахси боэътимоди президенти њозира Э. Рањмон - М. Рањимов тавонист ќариб 30
даќиќа " оиди баромадан аз бунбасти коммуникатсионї ва мубориза бо коррупсия" њарф зад. Ва ин марди Худо ваъда дод, ки "бо коррупсия корро соли 2020 ба анљом хоњем расонд. Агар Худо розї бошад". Аппшу - гуфтам. Баромади Исмоил Талбаковро њозирин бо мароќи зиёд ва кафкўбињои бардавом шуниданд: - Дар њолати дар интихобот пирўз шуданам, пеш аз њама барои таѓйирот ворид намудан дар сиёсати дохилї, ваколатњои президент, раиси њукумат ва парламенти Тољикистон бо роњи ислоњоти конститутсионї оѓоз хоњам намуд. Президенти кишвар - роњбари сиёсии мамлакат мебошад ва ўро ба њама корњои истењсолию хаљагидорї, тиљоратию коммуналї банд кардан нашояд. Алњол соњибкоре агар ошхона, тољире ду километр роњро аз сангу шаѓал тоза кунад, дарњол Президентро даъват мекунанд. "Биёед лентаро буред ва мо корро сар кунем!" Агар Президент ваќт наёбад, роњро намекушоянд... Ба њама корњои майда - чуйда бояд сохторњои њукумат машѓул шаванд ва дар њолати роњ додан ба камбудињо бояд фавран истеъфои онро талаб намояд (Кафкўбии бардавоми њозирон). Демократикунонии љомеа ривољ дода, шаффофияти фаъолияти њамаи аъзоёни њукумат, роњбарони вазорату кумитањоро таъмин намуда, бояд аз њисоби кадрњои љавону донишманд иваз (ротатсия) карда шаванд. Њељ як роњбар дар як вазифа набояд беш аз 5 сол фаъолият кунад. Зиёда аз нисфи аъзои њукумат, роњбарони вазорату кумитањо ва дигар кормандони давлатї, сарфи назар аз хизмати кардаашон иваз карда мешаванд! (Кафкўбї). Таѓйироти куллиро дар њамаи љабњањо мо кафолат медињем. Хизмати њарбиро ба 1 сол расонида, муњољирати мењнатиро ба низоми муайян медарорем, њифзи њуќуќњои мењнатї ва граждании онњо ба роњи дуруст љараён хоњад гирифт. Корхонањои бузурги
«
рехта гардад! Фаромўш насозед, ки мо дар асри 21, дар муњити демократї умр ба сар мебарем!" Ин њамаро шунида ќариб худам њам бовар кардам... Баромади дигар номзадњо ба курсии Президенти Тољикистон чандон пурмўњтаво набуд. Чунин ба назар мерасид: Эшон ба донишљўе монанд буданд, ки бо дили нохоњам дар семинар баромад карда истодаанд. Бањои онњоро профессор аллакай пешакї муайяну омода намудааст. Натиљаи њамин буд, ки бисёри интихобкунандагон дар толор зимни суханронии ин идда "президентони оянда" сари хобашонро њам гирифтанд, гарчанде то хўроки нисфирўзї ваќти зиёде буд...
"Президент ворї" Худи њамин рўз, соати 15 вохўрии номзадњо ба мансаби президентї бо интихобкунандагони шањри Турсунзода дар "Кохи Дўстї" баргузор гашт. Ањли толори идона зиннатёфта нахуст суханронии номзад ба Президентњоро шунид. Дар ин шањр њам ба баромади Исмоил Талбаков њозирин мароќи калон зоњир намуда борњо кафкўбї намуданд. Шахсе ки дар пањлўи ман нишаста буд, ба рафиќаш гуфт: "Президент ворї гап мезанад - е!" Исмоил Талбаков ин нуктаи интихобкунандаро гўё эњсос намуд, ки дар интињои суханаш ибрози назар кард: "Мо барномаи мушаххаси худро, ки аз ѓояњои ободонї ва некўањволии халќи бузургу мењнатдўсти Тољикистони азиз сарчашма мегирад, дорем ва афсўс,ки дар давоми 15 даќиќа Шуморо пурра ба он шинос карда наметавонем. Ва умуман дар 15 даќиќа Президент шудан ѓайриимкон аст! Рўзномаи њизби моро гирифта мутолиа намоед; дар арафаи интихобот мо программаи ояндасози њизби коммунистиро дарљ кардаем!" Баъди баромади њамаи номзадњо масъулини шањрдории Турсунзода ташрифи мењмононро ба сарзамини худ хайра маќдам гуфтанд. Сипас як духтараки дўстрўяки мактабхон ба њамаи номзадњо бо суоли зерин мурољиат намуд: - Номзадњои муњтарам ба мансаби Президенти Љумњурии Тољикистон! Оё Шумо ваъда медињед, ки ваъдањои худро ба пур-
Дар арафаи сафари президенти Тољикистон ба Чин матбуоти Русия истинодан ба манбаъњои номўътамад мољарои ѓасби заминњои Тољикистон аз љониби Пекинро дар миён гузошт ва ин њатто то ба имрўз идома дорад. Њарчанд иттилоъ расман тайид нашудааст ва њатто гузоришњои матбуотї њам ноќису бидуни далел буданд, вале таъсири сахте ба афкори љомеа расонданд.
рвандони Тољикистон дини мўбини ислом як мўди замонавї шуда мондааст... (Кафкўбї) Дар соњаи маориф бошад, бубинед чї корњо шудааст; омўзгорро ба дењќон табдил додаанд! Муаллими дењот худаш дар синфу хаёлаш ба њезуму алаф банд, муаллими шањр бошад дар орзуи пора шайдо шуда гаштааст. Вазорати маориф ба љои бењ кардани вазъи моддии Муаллим ќарорњои бемантиќу бемаъно мебарорад, ки "риши омўзгор набояд аз 2 см. дароз бошад!" Рафиќони азиз! Магар ин шармандагии миллї нест? Магар ин баргаштан ба замони тангу тори Ањмади Дониш нест??? (Кафкўбї) Професори макотиби олї даргоњи муќаддаси илмро ба бозори сарњои холї табдил дода, ба љуз маблаѓ дигар њељ чизро дидану шунидан њам намехоњад! Магар бо ин ањвол мо насли маърифатноку содиќи Ватан тарбия карда метавонем?! Њељ гоњ! То шахсияти Омўзгорро аз вазиру бизнесмен боло набардорем , Тољикистон торикистон мемонад! (Кафкўбии дуру дароз ва бардавом). Ваќт аст, ки як сухани Сталинро ба Шумо хотиррасон намоям: "Њар як миллат ба роњбари худ сазовор аст". Дар интихобот ба Шумо њељ кас фишор намеорад, барои њамин ќабл аз навиштани номи номзад дар барги овоздињї наѓзакак фикр кунед. Дар њама кори саросемагї шайтон ёр мешавад , тавре рафтор кунед, ки Шайтони лаин фарсахњо дур аз Шумо гу-
«
рагї иљро намоед? Суоли мазкур на танњо Президентњои ояндаи Тољикистон, балки тамоми ањли толорро хурсанд намуду дар чењраашон гули ханда шукуфт. Номзадњо бо табассуми маънидорона ба якдигар нигаристанд. Боз рафиќ Исмоил Талбаков онњоро аз вазъияти ногувор халос кард: - Албатта, дар сурати интихоби дурусти Шумо, шахсан ман наќшаю њадафњои худро ба тамоми дилу љон иљро менамоям. Рафту аз ўњдаи кор набароям, зуд ба истеъфо меравам! Тољикистон њазорон њазор фарзандони баору номус ва хирадманду тавоно дорад! Њељ гоњ ман ба пояи курсии мансаб чун оњанрабо часпида намеистам! Агар ман ваъдањои худро иљро накунам, дар вохўрии минбаъда чї тавр ба руйи Шумо нигоњ мекунам? (Кафкўбии бардавом) Воќеан чунин аст. Роњбаре, ки ба ваъдањои хеш вафо намекунад, аз боварию эътибори мардум баромада меравад ва ин падида аз дараки марги сиёсии шахсият мебошад. Ва њуќуќи маънавии сардориро низ аз даст медињад. Шояд њамин аст, ки сардорњо аз интихобот метарсанд. Рустам РАМАЗОНЇ, Душанбе - Њисор Турсунзода - Душанбе
ТАСЛИМ - 2013
ЊИКМАТИ ЊАМСАФАРИИ ДОМОДИ КАЛОНЇ БО ПРЕЗИДЕНТ Њикмати њамсафарии домоди калонї бо президент - њамроњии домоди калонии президент дар сафарњои ахири роњбари давлат ба Суѓду Бадахшон чї њикмат дошта метавонад... Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон аз 14-ум то 16-уми октябр дар шањру ноњияњои вилояти Суѓд ќарор дошт. Дар гузоришу барномањои телевизионї, ки аз сафари президент ба вилояти Суѓд намоиш дода мешуд ва њамчунин, зимни сафари роњбари давлат бархе аз узви оилаи президентро дидан мумкин буд, ки ўро њамроњї мекарданд. Дар ин сафар тамошобинони барномањои телевизионї Мањмадзоир Соњи-
Маъмурияти ноњияи Кронштадти Санкт-Петербург ивази роњрубони муњољир бо мардуми тањљоиро роњандозї карда, мегўяд, ин тарњ натоиљи мусбиро ба бор овардааст. Дар ин бора дар Твиттер раиси ин ноњия Терентия Мешерякова изњори назар карда, аксњоеро њам љой дода,дар зери онњо навиштааст: "Масъули манзили Петербург аз ќитъањои тозакардаи "роњрубони русиягї" ќаноатмандї мекунад". Масъулини ин ноњия иќдоми ивази роњрубони муњољир бо мардуми тањљоиро аз 1 июли соли равон шурўъ карда буданд. Сар аз ин рўз ба њайси роњрўб танњо шањрвандони Русия ќабул карда мешудаанд. Бино ба гуфтаи њукуматдорон, ин иќдом аз сўи мардуми мањаллї хуб истиќбол шудааст ва бино ба пурсиши телефоние, ки маъмурияти ноњия доир кардааст, 66% - и мардуми тањљої аз ин иќдом пуштибонїнамуда, гуфтаанд, аз њузури муњољирини Осиёи Марказї ва Ќафќоз безоранд. Ва аммо дар њаќиќат ин иќдом муваффаќ буд?Ин муваффаќият то чї дараља аст ва ё танњо њисоботе аст аз сўи маъмурияти ноњия?! Навиштањои ин сарвари ноњия шубњае дар дили мо овард ва ба ин мавзўъ љиддан рў овардем ва хостем онро, ба ќавле "аз љои њодиса" пайгирї намоем. Барои ин кор сар задем ба форумњову навиштори интернетии пойтахти ѓарбии Русия. Бояд ќайд кард, ки имрўз дигар наметавон касеро гўл зад ва чизе њам дар дунё пинњон намемонад. Як сокини ин ноњия навиштааст, ки
бов, домоди президент, шавњари Фирўза Рањмонро дидаанд, бо њайати баландпояи њукуматї ќадам мезад. Маротибаи охир кай дар экрани телевизион пайдо шудани Мањмадзоир Соњибовро тамошобини телевизион дар хотир надорад. Чењраи ў ба фарќ аз Љамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия, домоди дигари президент, барои мардуми ѓайриќўрѓонтеппагї камтар ошност. Дар дигар ВАО њам чењраи домоди калонии роњбари давлат наздик ба се сол боз пайдо набуд. Ба истиснои К+ ва шабакаи иљтимоии Фейсбук, албатта. Охирон хабаре, ки дар бораи Мањмадзоир Соњибов расонањо нашр кардаанд,
дар моњи марти соли 2010 ба вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди њукумат таъин гардиданаш ва баъди чанд моњ аз ин вазифа барканор шуданаш мебошад. Ў ќаблан вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонї ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иќтисод ва савдоро ба ўњда дошт. Дар соли 2010 ин нињод барњам хўрда, њамчун нињоди алоњида дар назди њукумат ба фаъолият шурўъ кард, ки Мањмадзоир Соњибов рањбари он таъин гардид. Аммо дере нагузашта, дар моњи майи њамон сол аз вазифа барканор гар-
АРЗОНПИАРИ РУСЇ Дар Русия "ќуттињои шикоят аз муњољирин" - ро насб кардаанд "хонаи моро бо тантана ба ин "экспримент" дохил карданд. Мо њам хурсанд шудем. Аз ин пеш як ўзбак ба руфтучини атрофи бино машѓул буд. Аз субњ то шом даври ин бино мегашт. Акнун чењраи ин шахси "дуруст" (правилний)-ро дар як рўз як бор мебинем, ё не. Сифати кораш ба сад маротиб аз корманди пешина бад аст, тозагии бинои мо ѓайб зад". Аз форумњову навиштори мардум аён гашт, ки ин иќдом ягона иќдоми мубориза бо муњољирин аз сўи маъмурияти ин ноњия набудааст. Маъмурияти ноњия дар њудудаш соли 1937 - ро љорї карда,њатто дар долону даромадгоњи биноњо эълонњо насб карда, мардумро ба "хабаркашї" даъват кардааст, то мавзеи будубоши муњољиринро маълум кунанд ва ба масъулин хабар дињанд.Њатто дар баъзе хонањо "Ќуттињои шикоят аз муњољирин" њам насб кардаанд. Сокини дигар ин ноњия аз роњбари он Терентия Мешерякова ва иќдоми "аљибаш"бо киноя "ташаккур" карда, гуфтааст, "ваќте масъулини дигар ноњияњо бо таъмири бомњову омодагї барои зимистонгузаронї андармонанд, роњбари ноњияи мо ба реклом ё пиари худ машѓул аст. Ояндаи дурахшон дорад ин зан". Њамчунин коршиносони мустаќил
њам ин иќдоми сарвари як ноњияи Петербургро, ки имрўз номаш дар сархати ахбори ВАО -и Русияќарор дорад, PRкомпания арзёбї кардаанд. Мавзўи муњољирин њарфи мењварии ВАО-и Русия ва мавзўи раќами яки њама гуна љаласањои хурду бузург гашта, тадриљан ин кишвари аз фашизм аз њама бештар зарардидаро ба кишвари равнаќдињандаи ин режим мубаддал кардан дорад. Бино ба андешаи коршиносон, дар амал ба љои муњољирини роњрўб ба кор гирифтани мардуми рус ба чунин "корњои сиёњ" бо чунин шаклу шароит имкон надорад. Бино ба ќавли Виталий Калашников, сарвари ширкати интихоби кадри "Море Кадров" русњо ба ин гуна корњо аслан намеоянд: -Ин гуна одамон тамоман мављуд нестанд ва ба сухани касе, ки мегўяд, муњољиринро барои он ба кор мегиранд, ки бо музди арзон кор мекунад, бовар накунед. Марина Акимова, сарвари Ассотсиатсияњои Комитети сохтмониву манзилии Петербург гуфтааст, мардуми Питер ва умуман Русия эњтимоли кам дорад, ки ба чунин шароит ба"кори сиёње" розї
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
5
дид. Барканории ў аз ин вазифа аз љониби љомеаи коршиносии тољик шарњњои гуногун гирифт. Бархе барканории ўро аз њад зиёд фаъол буданаш дар тиљорат, гурўње аз таъсири њодисањои маълум дар Ќирѓизистон медонистанду афроде њам идомаи "эстафета"-и Нурсултон Назарбоев, президенти Ќазоќистон, номиданд. Аммо сабаби асосии барканории ў аз ин вазифа барои љомеа њамчун асрор боќї намонд. Дар долонњои њукуматї миш-мишњое аз ранљиши роњбари давлат аз домоди калониаш шунида мешуданд, аммо сабаби ранљиши падарарўс чї гаштааст, номаълум боќї монд. Рост аст, ки ин муддат аз Мањмадзоир Соњибов њамчун як шахси бонуфуз дар доирањои соњибкории Тољикистон ном бурда мешуд. Хоса, баъди сар задани бањси Умаралї Ќувватов, рањбари "Гурўњи 24", бо ширкатњои "Тољирон" ва "Фароз" исми ўро дар баробари фоидабари асосии ин ширкатњо Шамсулло Соњибов, яке аз дигар домодњои президент, ёд мекарданд. Зеро Шамсулло - писари Мањмадулло Соњибов - бародарзодаи Мањмадзоир мебошад. Исми ў бори дигар замони ќудо шудани Бек Зуњуров, сардори Хадамоти алоќа бо президент Эмомалї Рањмон расонаї шуд. Расонањо он замон навиштанд, ки издивољи Заррина - духтари хурдии Эмомалї Рањмон бо писари Бек Зуњуров нуфузи Мањмадзоирро дар оилаи роњбари давлат ва њам мамлакат хоњад афзуд, зеро гўё њамсари Бек Зуњуров хоњари Мањмадзоир Соњибов будааст. Ин тахминњо дуруст њам баромаданд. Пас аз хомўшии чандсола якбора дар пањлуи президент Эмомалї Рањмон, он њам ќабл аз интихоботи президентї, пайдо гардидани домоди калонї, албатта, бе њикмат буда наметавонад. Ба гумони ѓолиб, Мањмадзоир Соњибов ба наздикї соњиби вазифаи нави давлатї хоњад шуд. Аммо кадом вазифа, то чанд муддат интрига боќї хоњад монд. Эраљи АМОН шаванд, ки муњољирин онро ба ўњда мегиранд. Вай мегўяд, агар солњои шўравї, ба роњрўбї донишљўён машѓул мешуданду чанд танга барои идомаи тањсилашон ба даст меоварданд, аммо имрўз онњо ба осонї метавонанд бо дигар корњои "сафед" машѓул шаванд ва пули бештар кор кунанд ва музди мењнат ин љо њам ањамият дорад, аммо на асосист: - Он касоне, ки санг сўи роњрўбон мепартоянд, як бор тасаввур кунанд, ки дар фасли сармо касби роњрўбїчїќадар мушкилї дорад. Соати 6-и субњ, ваќте дигарон масти хобанд, хестану роњњоро аз ях тоза кардан магар осон аст?!Мардуми омад, бо фарќ аз мардуми тањљої, ин гуна корро "лом нагуфта" иљро мекунанд ва њамчунин музди мењнати њархела, вобаста аз кору њаљми он мегирад. Аммо набояд инкор кард, ки дар хонањои мардуми доро русњо низ ба њайси роњрўб розї мешаванд, ки кор кунанд. Ќайд кардан даркор, ки њатто дар сурати ба кори роњрўбї розї шудани мардуми тањљої наметавон тамоми њавлињоро бо кормандони тањљої таъмин кард. Норасоии кадр дар кишвар аз ин шањодат медињад. Сарвари ин ё он ноњия ё минтаќаи Русияро, ки бо истифода аз мавзўи муњољират барои худ "ном" сохтанист, хоњу нохоњ бебарорї интизор аст ва мо мардуми мусулмону ранљбар медонем, ки ризќ азалист ва Худои мењрубони мо гуфтааст: "Аз шумо њаракат, аз Ман баракат". Агар насибаи мову кўдакони моро Худои мо дар Питер ва ё њамин ноњия Кронштадт пош дода бошад, хоњед ё нахоњед, мо меоему мегирем. Абўбакри ФАЙЗАЛЇ, муњољир дар Русия
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
ИЉТИМОЪ
Занони бешавњари Хатлон Мењринисо Эшматова, модари љавони соњиби чањор фарзанд аз ноњияи Шарњритуси вилояти Хатлон мебошад, ки 6-7 соли умри худро бидуни шавњараш ва дар шароити вазнини зиндагї гузаронидааст. Дар аввалњои соли 2000 - ум набуди љойи корї мувофиўќ барои мардон дар ин ноњияи дурдаст шавњари Мењринисоро низ чун дигар мардњо маљбур сохт, то њамсару фарзандонашро танњо гузошта ба муњољирати мењнатї биравад. Шавњари Мењринисо Эшматова ба федератсияи Руссия рафту бинобар сабаби наёфтани љойи кори мувофиќ бо маоши кофї натавонист ба хонвадааш кумак намояд, ин раванд боиси дастнигари дигарон шудани Мењринисою 3 фарзанди ноболиѓаш дар Ватан гардид. Мењринисо мегўяд, дар шароити кунунии зиндагї барои занони тањсил накарда ва бе марди хона нињоят душвор аст ва барои исботи гуфтањояш саргузашти душвори худро мисол меорад: - Пул набуд, фарзандонам аз гуруснагї гиря мекарданд, ман бошам бо дидани ин њамаю таќдири талхи насибам гашта хориам меомад ва намедонистам аз куљо барояшон бурдаи ноне пайдо кунам. Кам- кам ќарз гирифта, орд мехаридаму нон мепухтам. Онњоро бурда дар бозор фурўхта, зиндагиямро базўр пеш мебурдам...
"Чашма" Мувофиќи гуфтаи вай, бо маслињати њамдењагон ба ташкилоти љамъиятии "Чашма", ки дар ноњияи Шањритус амал мекунаду њадафаш дастгирї ва бо љойи кор таъмин намудани занони дењотї мебошад, мурољиат намудааст, то барояш кумак намоянд:
- Хушбахтона, аз ташкилоти "Чашма" ба ман каме маблаѓ ќарз доданд. Ин маблаѓро барои сохтани як тандури калону ошхона сарф кардам ва бо ин роњ тиљоратам, яъне нонпазию фурўши онро васеъ намудам. Бино ба гуфти ў, пас аз як соли фаъолияташ касе ба шавњараш расонидааст, ки ў ба кор баромадааст ва шавњараш барои љанљол кардан ба хона баргаштааст, аммо пас аз оне, ки мебинад њамсараш дар хона нон мепазаду харидорон омада, онро аз хона харидорї менамоянд, аз нияташ даст кашида пеши худ маќсад мегуузорад, ки ин љо истода, ба ў кумак мерасонад. Њоло бошад зиндагии ин оила рў ба бењбудї нињода истодаасту зану шавњар аз пайи боз њам ривољ додани ин тиљорат мебошанд. Мисли Мењринисо дар шањру навоњии Хатлон занони зиёде ноноварони хонаи худро ба муњољирати мењнатї фиристодаанду ба умеди пули онњо мебошанд. Љомеаи мардсолору суннатии Тољикистон ва аз сўи дигар, дониши кофї надоштани занон дар аксар ваќт боис гардидааст, то занњо кунљи хона нишаста, бо ќутти лоямути ночизи пайдокардаи шавњарони худ ќаноат кунанд. Санавбар Эмомназарова, роњбари ташкилоти "Чашма" бо изњори нигаронї аз зиёд будани бекорї дар миёни занону духтарони дењот, гуфт, дар ноњияњои дурдаст ба сабаби набудани корхонањои саноатї аксари занон љойињои корї надоранд: - Ин мушкил дар ноњияи Шањритус низ дида мешавад. Бо њамин маќсад, ташкилоти мо тасмим гирифтааст то андозае ин мушкилотро бо роњи љалб кардани занони бекор ва ба онњо додани ќарзњои хурди бефойиз њал намояд. Масалан, занони ќолинбоф ришта
Комроншоњи Устопирён , пањлавони тољик чанде пеш аз Юнон бо медали тилло баргашт ва њатто президенти кишвар њам дар мулоќот бо фаъолони вилоят дар ќасри Арбоб ин дастоварди ўро ба хушї истиќбол намуд ва ба масъулини соња супориш дод, ки барои варзишгарон шароит муњайё намоянд. Эмомалї Рањмон гуфт, як варзишгар метавонад обрўи давлатро дар арсаи байналхалќї њимоя кунад ва санаи 5уми октябр Комроншоњ тавонист, ки 7 маротиба парчами Тољикистонро боло бардорад. Аммо масъулин варзишгаронро чї гуна дастгирї мекунанд?
харида, колинбофї мекунанд ва дар бозор мањсули дасташонро мефурўшанд ва боз ин корро идома медињанд. Боз ба ин занњо дўзандагї ва пазандагї меомўзем ва ба онњо пул медињему ба тиљорати хурд љалб мекунем. Занњое њастанд, ки одат кардаанд ва муваффаќ шудаанд. "Чашма" то ба имрўз муввафаќ шудааст, ки њудуди 130 занро баъди омўзишњо ба машѓулиятњои гуногун љалб кунад. Дар ин мизи мудавар Махфират Сайдрањмонова, як зан аз ноњияи Шањритус, ки бо гирифтани ќарз аз ташкилоти "Чашма" шаш зани дигарро соњиби кор намудааст, мегўяд, ў кўшидааст, то занони аз шавњарони хеш људо шударо ба кор љалб намояд: - Занони гурўњи мо бештар онњое мебошанд, ки аз шавњарони худ људо зиндагї мекунанд ва ба пул ниёз доранд. Њама якљоя ба љамоварию хушк кардан ва фурўши меваю сабзавот машѓул њастем ва зиндагиямонро пеш мебарем. Ин занњо дигар набудани мардњоро дар хонаводаашон эњсос намекунанд ва худашон пул меёбанд. Солњои ќабл ноњияи Шањритус аз љињати худкўшии занону духтарон нигаронкунанда буд ва аксари ин духтарону занон дар натиљаи хушунати хонаводагї даст ба худкушї мезаданд ва мувофиќи иттилоъи расмї, тайи 3 - 4 соли охир дар ин ноњия њодисањои худкўшии духтарону занон кам шудааст. Мангалена Кувалчик, намояндаи маркази кўмакрасони Лањистон ва яке аз сарпарастони "Чашма"-и ноњияи Шањритус зимни суњ-
бат бо хабарнигорон гуфт, њар боре ба љануби Тољикистон сафар мекунаду зиндагии танги мардум, махсусан занонро мушоњида мекунад, дилаш ба дард меояд: - Набуди оби тозаи нўшокї ва хароб будани бунгоњњои тиббї дар дењоти дурдаст хело нигаронкунанда аст. Мехоњам бо дидани мушкили онњо гиря кунам. Бекорї дар миёни занон ва камбизоатии онњо дар пеши назарам аст. Мо дар ноњияи Шањритус барои омўзиши соњибкории занони бекор то андозае кумак мекардем ва умед мекунем, ки дар оянда њамкорї кунему сатњи бекории занонро кам созем ва занонро омўзонем, ки худашон пул ба даст биёранд. Идораи бахши кор бо занони њукумати вилояти Хатлон мегўяд, хушунат дар хонаводањои занони хатлонї дида намешавад. Ва то ба њол аз љониби ин нињод расман эълон карда нашудааст, ки чанд зани вилояти Хатлон расман бекор мебошанд.
Рустами САФАР
- Ташаккур, ки аз Њукумати вилоят чизе намепурсед!
Аз њисоби худ Дар њоле њукуматдорон аз ѓолибияти Комроншоњ ифтихор мекунанд, ки ў ба ин мусобиќа аз њисоби худ ва чанд соњибкор рафт ва шарафи кишварро њимоя кард, на аз њисоби буљаи давлатї. Танњо коре, ки њукуматдорон бо роњбарии сардори раёсати љавонон варзиш ва сайёњии вилоят Фаридун Њодибоев барои Комроншоњ кард, ин бо гулдастањо пешвоз гирифтану ањсант хондан ва аз дастгирии њукумат (!) нисбат ба рушди варзиш ёдоварї намудан буд. Харољоти чандин мусобиќаи байналмиллалие, ки ў ширкат кардааст, ќариб њама аз њисоби худи ў ва соњибкорон сурат гирифтааст. Моњи сентябри соли равон низ 7 варзишгар аз шањри Хуљанд дар муњорибаи омехта дар Украина тўли як њафа иштирок намуданд ва шаш нафари онњо ба даври нињої роњхат гирифтанд. Њамаи харољотњояшон аз њисоби худашон буд. Ин мусобиќа барои дарёфти Љоми СССР ташкил шуда, дар он аз тамоми Иттињоди Шўравї варзишгарон ширкат намуданд. Ифтихор Арбобов, варзишгари дигари машњури тољик, иштирокчии ин мусобиќа мебошад. Ў имрўз дар хонаи иљора зиндагї мекунад ва њадди аќал имрўз њукумати шањри Хуљанд барои ў замини наздињавлигї људо намекунад. Ин њам дар њолест, ки аз рўи мушоњидањо заминњои наздињавлигиро бештар он нафароне мегиранд, ки аслан эњтиёљманд нестанд ва ќисми зиёди онњо бо нияти дар оянда фурўхтан бо "шиносбозї" соњиби замин мешаванд. Ваќте барои мусоњиба ба толори Љањон Ќурбонов, муштзани маъруф рафтам, итминонам комил гашт, ки имрўз варзишгаронро аќќалан аз љињати маънавї њам дастгирї намекунем ва масъулини соња "вагон-вагон"
« "Ќарсакдастгирї" Масъулин аз варзишгарон чї тавр пуштибонї мекунанд? ваъда медињанду ягон-ягон амал мекунанд. Љањон Ќурбонов мегўяд, њатто Фариддун Њодибоев сардори раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии вилоят дар куљо будани тамрингоњи ўро намедонад, чї расад дастгирии ў. Дастгирии масъулини соња имрўз танњо бо кафкўбї пешвоз гирифтани варзишгар њангоми бо ѓолибият баргаштан аст, на шароит муњайё кардану аз њоли варзишгар хабардор шудан. Дар шуморањои гузаштаи "Нигоњ" дар бораи муносибати масъулин бо Љањон Ќурбонов гуфта будем. Гўё имрўз вазифаи Раёсати љавонон варзиш ва сайёњии вилоят танњо барои пур кардани курсињои холї бо донишљўён ваќти омадани мењмонони олиќадр ва ба корњои "тарбиявї" љалб кардани
онњо, яъне барои шанбегиву дигар корњо иборат бошад. Аслан чанд соли охир раёсати љавонон варзиш ва сайёњии вилоят ягон кори назаррас анљом надодааст ва гўё барномањои зиёде дар самти фаъолияти љавонон роњандозї шудаанд, вале њамаи онњо дар рўи коѓаз мондаву ба истиснои худи кормандонаш бисёре аз љавонон умуман дар бораи он шояд тасаввурот надоранд. Коршиносон аз он њадс мезананд, ки ин ќадар иншоотњои зиёди варзишї дар шањри Хуљанд фаъолият доранд ва агар онњо самаранок истифода бурда шаванд, варзиш хеле рушд хоњад кард. Аммо имрўз дар бархе аз мањаллањои шањри Хуљанд ба љои сохтани майдончањои варзишї, вайрон наму-
Ў имрўз дар хонаи иљора зиндагї мекунад ва њадди аќал имрўз њукумати шањри Хуљанд барои ў замини наздињавлигї људо намекунад. Ин њам дар њолест, ки аз рўи мушоњидањо заминњои наздињавлигиро бештар он нафароне мегиранд, ки аслан эњтиёљманд нестанд ва ќисми зиёди онњо бо нияти дар оянда фурўхтан бо "шиносбозї" соњиби замин мешаванд.
«
дану ба љои он сохтани баландошёна гўё мўд шудааст. Ин њолат дар мањаллаи 28-ум ва дигар љойњо ба назар мерсад. Пас бо ин роњ метавонем, ки дили варзишгаронро гарм намудаву обрўи кишварро дар расаи байналхалќї боло бардорем?
Шарафи ЌИЁМПУР
ДАРДИ МИЛЛЇ Боздошту њабси Орхан Зайналов, шањрванди Озарбойљон барои маќомоти њифзи њуќуќи Русия шабењи боздошти дањњову садњо мардону занони бегуноњи тољику узбаку ќирѓиз набуд. Ба љонибдорї аз Зайналов ними Озарбойљон эътироз кард ва сатњи эътироз њам аз созмонњои љамъиятї сар карда, то вазорати умури хориљии ин кишвар буд. Яъне, ба Русия гўшзад карданд, ки њамватани худро дар ин мусибат танњо намегузоранд. Вале дар њама гузоришот љониби эњтиёт риоя мешуд ва тавре изњори назар доштанд, ки дар сурати исботи гуноњи Зайналов роњи баромад аз бунбастро пайдо кунанд. Яъне, дар Озарбойљон низ касе њукм намекард, ки Орхан гуноњ надорад, балки мегуфтанд, ки тафтишу тањќиќ мунсифона ва бидуни фишору тазъиќ сурат бигирад. Њатто модари ў изњор дошт, ки агар ба писараш хушунату фишор ва шиканљаро раво бинанд, худаш ба Маскав меравад ва худро оташ мезанад. Аз њама бештар Боку аз созмон ёфтани рўњияи зиддиозарї дар Русия нигарон буд. Аз таљриба медонист, ки ВАО-и ин кишвар метавонад аз Орхан пайкараи дањшат созад, ки русњо тамоми озарињоро бад бинанд. Ин буд, ки чї дар изњороти расмї ва чї дар сўњбатњои соњибназарону коршиносон рўи ин масъала сахт таъкид мешуд. Аз љумла Ташкилоти озодсозии Ќаробоѓ дар изњороте, ки ба сафорати ФР дар Боку ирсол намуд, мегуфт, ки агар гуноњи Орхан Зейналов исбот шавад, пас сазовор аст, ки вай зиндонї гардад. Дар ѓайри сурат љинояткор эълон намудани Зейналов ва боз дар пасманзараи ин рўйдод "оѓоз намудани маъракаи чиркин зидди Озарбойљон ва дар Русия бедор сохтани њисси нафрат ба озарињо" ќобили ќабул нест. Намояндагони ин созмон эълон карданд, ки њукумати ФР даст ба як "маъракаи зидди Озарбойљон" задааст ва њукумати кишвар бояд ба ин вокуниш нишон дињад. Ин созмон тањдид њам мекунад, ки дар сурати ќатъ нашудани таблиѓоти зиддиозарї масъулияти иќдомоти андешидамешуда бар зидди русњои Озарбољон бар души њукумати Русия хоњад буд. Рўзе баъди боздошти шањрванди худ Вазорати корњои хориљии Озарбойљон ба идораи дипломатии Русия нота ирсол намуд ва дар он ѓайри тањаммул будани муносибати хушунатбор ва истифодаи шиканља нисбати Зейналовро таъкид намуд. Дар нота аз љумла омада, ки ба назди Зайналов бояд њатман консули Озарбойљон роњ дода шавад. Ин чанд нукта касро ба ин андеша мебарад, ки чаро мо озариву Тољикистон Озарбойљон нест. Ду сол пеш барои ду халабон, ки ба љурми содир намудани амали љиної зиндонї шуда буданд, њазорњо муњољири тољик дар Маскав боздошту шиканља шуданд, чандин нафарро сар буриданд, садњо нафарро ихрољ намуданд. То замоне ором нашуданд, ки ин ду халабон ба ватанашон барнагаштанд. Вале ба љуз матбуоти озод ягон нафар љуръат накард, ки эътироз кунад.
Соярушанњои боздошт Аслан боздошти Зайналов тибќи нишододи маъшуќаи Шербаков сурат гирифтааст, ки мегўяд ќотил ќиёфаи ѓайриславянї дошт. Аммо гуфта намешавад, ки ѓайрислвянї яъне, кї. Њамчуноне мудофеи њуќуќи башар, журналист ва ходими љамъиятии Русия Александр Подрабинек менависад, ин бањонае беш набуд. Агар он ќиёфаи ѓайриславянї дошта бошад, пас муњољиронро бизан. Касе сари он намеандешад, ки шояд вай зангї ё эскимос буд ва ё тотор, ки гузаштагонаш 400 сол ба инљониб дар пойтахти Русия муќим шудаанд ва ё гурљї, ки бештар аз 200 сол ба инљониб дар Маскав сукунат доранд. Аммо рўзи љумъаи гузашта ВАО-и Русия ва хориљ аз он навори боздошту интиќоли Орхан Зейналов-ќотили эњтимолии Егор Шербаковро мавриди интиќод ќарор додаанд. Ин навор борњо аз шабакањои гуногуни телевизионњои Русия намоиш дода шуд ва тамошои бисёркарата ва мушикофона журналистон ва тањлилгаронро ба шаку гумонњои зиёд бурдааст. Яке аз он гумонњо он аст, ки Зайналовро аввал ба
ОРХАН ЗЕЙНАЛОВ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
мекунам, ки агар Собянин ба назди хешовандони њалокшуда равад, барои дилбардории онњо пуштибонї ва кўмак низ ваъда мекунад". Гудков њамчунин мегўяд њукумат бо ин амал мехоњад иброз дорад, ки њамаро зери назорат дорад. "Ин њама барои ором кардани мардум аст. Фикр мекунам гумонашон он аст, ки рафтанашон ба љои њодиса ё дидорашон бо љинояткор шиддати вазъиятро коњиш медињад ва аз бўњронї шудани вазъ љилавгирї ба амал меояд. Аммо дар асл ин бўњрони њокимият аст. Ин њам ханда аст ва њам гуноњ. Аз сўи дигар ба назар мерасад њукуматдорон роњи дигари оромсозии ањолиро ба љуз ин ки худ намуна шаванд ва нишон дињанд, ки бо касоне мубориза мебаранд, наёфтаанд",- ибрози назар намуд ў. Манобеъи пулис амали ба дастбўси вазир бурдани Зайналовро ин гуна шарњ медињанд, ки гўё амалиёт аз оѓоз то ба анљом аз љониби худи Колоколсев роњбарї мешуд. Аммо сарвари гурўњи тањлилгарони сиёсї Константин Калачев назари дигар дорад. Вай мегўяд ин "ин усулест, ки ба кинофил-
Рўзи сиёњи муњољир Чаро тољикон озарї нестанд?
7
надошт ба љуз ройгон баромад кардан аз тариќи телевизион. Ва нуктаи дигар: дар чархбол гўё Зайналов љинояти содиршударо эътироф кард. Вале баъди ду рўз вай аллакай забони русиро намедонист ва талаб мекард, ки ўро бо тарљумон таъмин созанд. Ноилољ барояш тарљумон оварданд, ки дар раванди тафтишот пурра њузур хоњад дошт. Аз сўи дигар барои Зайналов њама асноди то ин замон фароњамшударо ба озарї тарљума карданд.
Адовати миллї - љузъе аз сиёсат Константин Симонов, сиёсатшинос, ноиби президенти Маркази конъюнктураи Aкадемияи улуми Русия бар ин назар аст, ки вазъи ба амаломада то њадде нигаронкунанда мебошад ва оќибатњои њалокатбори адовати миллиро ба дунбол дорад. Ба гуфтаи ў "њолати ба миёномадаро наметавон роњи њалли мушкил донист. Аз сўи дигар дида мешавад, ки њукуматдорон ба мавзўъи муњољирон ва ќафќозињо посухи даќиќ надоранд. Гузашта аз ин њукумат мехоњад њамин сиёсати пешгирифтаи муњољиратро идома дињад. Ва боз мо мебинем, ки сиёсатмадорони љавоне, ки њоло майдон мељўянд ва то ба сатњи федералї мехоњанд боло раванд, ба мавзуъи миллї даст мезананд ва онро як василаи шўњрат ќарор медињанд. Мисоли рушани он Алексей Невалний мебошад, ки дар бинишњои худ миёни сиёсатмадорони навпо ягона нест". Ин тањлилгар њамчунин мегўяд агар њодисае чунин дар минтаќањо иттифоќ уфтад, њалли он хеле осонтар аст. "Њатто бо роњи љалби диаспорањо ва гуфтушунид бо мардум метавон аз ташаннуљ љилавгирї кард. Вале дар Маскаве, ки 15 миллион ањолї дорад, ин хеле мушкил аст. Эътирозњои миллигароёна дар пойтахт муташаккилона сурат мегиранд. Маќомоти њифзи њуќуќ борњо эълон кардаанд, ки миллигароии пинњонкор дар пойтахт торумор карда шудааст, вале баъдан мебинем, ки одамони тамоман нав аз ин доира нуфуз мекунанд. Ва онњо дар сиёсат ошкоро аз адовати миллї истифода мебаранд. Аз ин рў гумон мекунам њоло маќомот ба ќуллаи беназмињои байни миллатњо нарасидаанд",-мегўяд ў.
Бунбасти сиёсати муњољирати Русия
РАЊМАТИИ ЕГОР ШЕРБАКОВ БО НОМЗАД БА АРЎСИАШ чархболе бор мекунанд ва дар фурудгоњ ўро аз чархболи дигар берун меоранд. Ва њатто васоити ахбор навиштанд, ки аз Брюлево Зайналовро дар чархболи Ми-8 АМТ нишонданд, вале дар Петровка 8 аз чархболи Ка-226 берун оварданд. Навори сохтаву богфта. Ва ин танз аз тариќи ВАО пахш шуд: Зайналов дар њаво чархболашро иваз кардааст!!! ВАО сањнаи дастгир шудани Зайналовро "спектакли хуб коргардонишуда" номиданд ва далелашон он аст, ки боздошти вай хеле зуд ва тибќи наќшаи ќаблан тарњрезишуда сурат гирифтааст. Наворњое, ки аз сари субњи рўзи љумъа пойгоњњои интернетии олам ба гардиш андохтанд, баёнгари ошкорои ин сохтакорињо буд. Нуктаи дигар ин боздошти таърихї аз чархбол рост ба назди вазири умури дохилї бурдани гумонбар буд ва ин беш аз њар чизи дигар коршиносон ва тањлилгаронро ба тааљљўб овард. Собиќ вакили парламон Геннадий Гудков гуфт, ки њар рўз дар ин кишвар то сад нафарро мекушанд, ки ин бўњрони њокимият аст. "Ва боз ин ки дањњо кушторњое, ки њамагонро њайратзада мекунанд. Ба андешаи ман ин аз он њикоят мекунад, ки њукумат тарсидааст. Бастрикин (сардори Кумитаи тафтишотии Русия) ба бозори меваву сабзавот меравад, Колоколсев шахсан бо љинояткор мулоќот мекунад. Ман инро њам истисно на-
«
Ў имрўз дар хонаи иљора зиндагї мекунад ва њадди аќал имрўз њукумати шањри Хуљанд барои ў замини наздињавлигї људо намекунад. Ин њам дар њолест, ки аз рўи мушоњидањо заминњои наздињавлигиро бештар он нафароне мегиранд, ки аслан эњтиёљманд нестанд ва ќисми зиёди онњо бо нияти дар оянда фурўхтан бо "шиносбозї" соњиби замин мешаванд.
«
мњои замони Шўравї таќлид карда шуд. "Халќ бояд бубинад, ки љазои њатмї ба љинояти содиршуда чист ва пулиси хуб кист. Вале ин танњо метавонад барои одамони пирсол ќобили таъсир бошад",-мегўяд ў. Аљоиботи боздошт хеле зиёд аст. Њатто соњибхонаи ў дар аввал намехост бо журналистон бе музд мусоњиба кунад. Дар оѓоз барои ин 40 њазор рубл талаб кард. Вале чун касе њозир нашуд ин гуна маблаѓ пешнињод намояд, ба 3 њазор рубл њам розї шуд. Аммо бегоњии њамон рўз илољи дигар
Алї Гасанов, Сардори шуъбаи љамъиятї-сиёсии маъмурияти президенти Озарбойљон таваљљўњи љомеаро ба раванди зери фишор гузоштани муњољирони ќаторї ва бегуноњ љалб мекунад ва мегўяд "ин раванд набояд таконе барои афкори манфї дар мавриди хориљиёне гардад, ки бо мењнати њалол ва тибќи ќонун рўз мегузаронанд, набояд њуќуќњои онњо мањдуд гардонида шавад. Бо дастгир шудани як гумонбар ба куштор дар Маскав садњо муњољироне, ки аслан нисбате ба ин рўйдод надоранд, боздошт мешаванд ва тањти тафтиш ќарор мегиранд. Ба таври сунъї миллигарої, хушунат ва рафторњои экстремистиро афзоиш медињад, њолатеро ба миён меорад, ки дар Русия як фазои нобоварї ва бадбинии миллатњои дигар рушд кунад". Вячеслав Поставнин, сарвари хазинаи "Муњољират. Асри XXI" ва собиќ љонишини Хадамоти муњољирати Русия бар ин назар аст, ки сиёсати муњољират дар Русия ба бунбаст ворид шудааст. Аз сўи дигар мушкили русњоро дар он мебинад, ки роњбарони Ќафќози Шимолї бо њимоя аз њамватанонашон ба оташи ѓазаби мардум руѓан мерезанд. Аз сўи дигар ин коршинос мегўяд муњољират амалан идоранашавнада шудааст. Ягон нињод даќиќ наметавонад гўяд, ки дар Русия чї миќдор муњољирон зиндагонї мекунанд. Хадамоти муњољират ба арќоми 13 сол пеш такя мекунад ва теъдоди муњољиронро аз 3 то 5 миллион медонад. Аммо гуфта намешавад, ки аз соли 2000, ки ин тањќиќот анљом шудааст, теъдоди хориљиён низ афзудааст.
Бобољони ШАФЕЪ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
МУШКИЛИ СУНЪЇ
Истиќоматкунандагони хобгоњи корхонаи як замон маъруфи "Тољикгидроагрегат"-и шањри Душанбе рўзњои пас аз баргузории интихоботро бо ташвиш интизоранд. Зеро нафароне, ки меросбари корхонаи "Тољикгидроагрегат" гардидаанд, ба тањдид ба ањли хобгоњ расондаанд, ки маблаѓи муайяншударо месупуред, ё пас аз интихобот хонањоро холї мекунед. Талабњое, ки ањли хобгоњ онро ѓайриќонунї, ноадолатона ва берун аз тавони худ медонанд.
Таърихчаи ќазия Хобгоњи мазкур дар мањаллаи 92-юм, кўчаи Алишери Навої 21/3 воќеъ гардидааст. Аз ду бинои чањорошёнае иборат мебошад, ки дар пањлуи њам бунёд гардидаанд. Дорои њудудан 250 њуљра буда, дар он беш аз 130 оила ба сар мебаранд. Аксари ин оилањо њанўз дар солњои 90-уми асри гузашта ва ќабл аз он дар ин бино истиќомат мекунанд. Дар ин миён кам нестанд онњое, ки кормандони собиќ корхонаи пуриќтидори "Тољикгидроагрегат" мебошанд. Хобгоњ дар замони Шўравї мансуб ба "Тољикгидроагрегат" буда, дар он кормандони коргоњ зиндагї мекарданд. Исми ин коргоњи бузург дар замони Шўравї дар баробари корхонањои азими кишвар садо медод. Њодисањои маълуми солњои 90-ум ба ин корхона низ бетаъсир намонд. "Тољикгидроагрегат"и номї аз фаъолият боз монд. Сарнавишти ин корхонаи бузург дар раванди хусусигардонии моликияти давлатї мисли дањњо корхонањои истењсолии дигар ба дасти ашхоси алоњида афтид. Соли 1999 "Тољикгидроагрегат"-ро нафаре аз ноњияи Данѓара бо исми Комил Каримович Шарипов хусусї намуда, онро ба ЉСШК "Њумо" табдил дод. Аз он ваќт ин љониб Комил Шарипов раиси шўрои директорони ЉСШК "Њумо" мањсуб меёбад. Маврид ба зикр аст, ки Комил Шарипов номзади илмњои иќтисодї буда, соли 2004 дар ДМТ дар мавзўи "Ислоњоти аграрї - асоси рушди устувори хољагии ќишлоќ" рисолаи номзадиашро њимоя намудааст. Айни замон, вакил дар Маљлиси вакилони шањри Душанбе буда, инчунин муовини раиси Комиссияи њавзаи интихоботии № 2 дар ноњияи Сино мебошад. Аз ваќте, ки "Тољикгидроагрегат" ба "Њумо" табдил меёбад, муносибат ба ањли хобгоњ низ билкул дигар мешавад. Онњое, ки дар ин хобгоњ зода шудаву бузург гардидаанд, дар коргоњ кор карда, соњиби њуљрае дар хобгоњ шудаанд, ё ифлосињои онро дар замони љанг тоза намуда, обод кардаанд, барои ин хобгоњ одамони бегона, ё ба истилоњи соњибони нави коргоњ ё "чужой" ё "гови душої" гардиданд.
Фишор андар фишор Ќариб њар яке аз беш аз 100 оилаи хобгоњи мазкур дар муносибат бо соњибмулкони нав ќазияву сарнавишти худро доранд. Онњо мегўянд, ки ибтидо њама гуна харољоти коммуналиву истифодаи нерўи барќ ва бар зами он маблаѓ барои њар як њуљраро ба масъулини "Њумо" месупурданд. Аз онњо квитансия мегирифтанд. Кор ба љое расид, ки масъулини "Њумо" истиќоматкунандагонро аз барќу дигар намуди хизматрасонињо ќарздор мебароваранд, дар натиља нерўи барќ аз
ДЕПУТАТ ВА СОЊИБМУЛК КОМИЛ ШАРИПОВ
Дар ин миён ба Русия ба муњољирати корї меравад. Ваќти дар Русия буданаш њуљрањои ўро ба нафарони дигар ордер карда медињанд. Бозгашт аз Русия барои ў бо ташвишњои нав ба нав оѓоз мегардад, ки то њол идома дорад. Баъди талошњо ва додани маблаѓ се њуљраашро бармегардонанд. Алњол ў барои он ки њамроњ бо њамсояњояш алайњи масъулини "Њумо" ва барои хусусї намудани хобгоњ ба нињодњои гуногун арз бурдааст, зери фишор ќарор дорад. Аз болои ў ба прокуратура шикоят бурдаанд. Гўё имзоњои дар аризањо дарљгардида, ќалбакї бошанд. Аммо хобгоњиён мегўянд, ки имзоњо аз худашон аст. Гулнора Њакимова ва чанд нафар бошандагони дигари хобгоњ масъулини "Њумо"-ро дар сўистифода аз мансаб ва фасод гунањкор медонанд. Соли 2009 масъулини коргоњ аз Гулнора Њакимова маблаѓ мегиранд ва ваъда медињанд, ки хонаро ба номаш њуљљат мекунанд, ё хусусї карда медињанд. Бонуи Њакимова њоло дар даст забон-
данї мешаванд, барои бастани аќди никоњ дар САЊШ мехоњад, ки духтарашро дар хобгоњ ба ќайд монад. Ба ин маќсад ба ЉСШК "Њумо" меравад. Дар он љо хоњиши ўро рад намуда, муносибати дур аз ахлоќи инсониро дар баробараш раво мебинанд. Холаи Анор он рўз бо хотири парешон ба берун мебарояду ўро мошин зада, 9 моњ бистарї мегардонад. Анор Курбонова суол мекунад, ки "духтарам дар њаминљо ба дунё омада, бузург шуду тањсил намуда бошад пас дар куљо бояд ба ќайд монам? Дар зери ордерњоямон навиштаанд, ки "бе иљозати ЉСШК "Њумо" ба ќайд гирифта нашавад". Ба додамон касе намерасад. Акнун фањмидам, ки ин шањру ин давлат на дар доштаасту на дарвоза... ба доди нодору камбаѓал касе намерасад... .
Истењсоли трактору камбуди ќоѓази сафед Мавлуда Шарипова, сокини хобгоњ, ки беш аз 13 сол аст, ки дар ин бино ба сар
Сенарияи шинос: пул дењ, ё хобгоњро холї кун! Ё чї тавр депутати шањрї "ѓами мардумро хўрда" беш аз 130 нафарро бехонаву дар карданї аст
«ТОЉИКАГРЕГАТ» БО ЗАМИНИ ЗИЁДАШ АЗ ЛУЌМАЊОИ РАВЃАНИИ ХУСУСИГАРДОНЇ ДАР ДУШАНБЕ МЕМОНАД љониби шабакањои барќї то 15 рўз низ барои ин мардум дар фасли сармо ќатъ мегардад. Маблаѓ барои як њуљра низ њар сол зиёд карда мешавад. Њоло он баљуз аз харољоти барќу партов 120 сомониро ташкил медињад. Вале дар асл "пулканї" аз хобгоњиён мунтазам идома ёфта, дањњо њазор долларро ташкил медињад, ки аз онњо поёнтар наќл хоњем кард. Бар зами ин њама, онњое, ки барои дифоъ аз њуќуќњои худ садо баланд мекунанд, пайваста зери фишор ќарор мегиранд. Гулнора Њакимова исми яке аз истиќоматкунандагони хобгоњ мебошад, ки бо муќовиматаш барои талаби њаќи худ барои хобгоњ ошносту ба шухї аз ў "депутати мо" ном мебаранд. Ў мегўяд, аз соли 1996 инљониб дар хобгоњ зиндагї мекунад. Он замон бо даъвати масъулини коргоњ ба хобгоњ омада, 4 њуљраро таъмир намуда, дар он зиндагиро оѓоз мекунад.
хати њуќуќшиноси корхонаро дорад, ки аз ў 2 000 доллари ИМА ва баъдан 1 000 доллар маблаѓ гирифтааст.
Мољаро барои ќайди љои зист Сокини дигари ин бино Анор Ќурбонова, ки беш аз 25 соли умраш дар хобгоњ гузарондааст, аз масъулини "Њумо" он ќадар хотираи хуб надорад. Ў мегўяд, шавњараш коргари "Тољикгидроагрегат" буд. Дар дастгоњи ин коргоњ маъюб гардида, 5 маротиба љарроњї аз сар гузарондааст. Агар хона дошта бошам, њеч гоњ намехоњам, ки бо рањбарияти "Њумо" рўбарў шавам. Њама фарзандони ин бону дар хобгоњ таваллуд гардида, ба воя расидаанд. Ваќте духтараш мактаби миёнаро ба охир расонда, ба шавњар до-
мебарад, ба хобгоњ омаданашро чунин ќисса мекунад: "Ваќте ба ин љо омадааам, - мегўяд ў, - њама љо пурри ахлот буд, маблаѓе додему ба мо барои зист ордер доданд. Худамон њамаљоро тоза намуда таъмир кардем. Ваќте њамаљо тоза гардида, таъмир шуд, ќариб 7 маротиба ордерњоро иваз намуда, ба њамин бањо маблаѓ меситонданд, мо њам медодем. Соли 2011 маро 7 њазор сомонї ќарздор бароваданд, дар њоле, ки њама намуди маблаѓро пардохт мекардем. Квитансияњое, ки ба мо додаанд, дар пўшти баъзеи он оятњои Ќуръон навишта шудаву аз њар куљо кандагианд, дар њамин љо фањмидам, ки ин њамааш фиреб мебошад. Баъди дидани ин вараќањо ба хулоса омадам, ки тавони истењсоли тракторро-ку надоранд, наход барои ќоѓази cафед њам тавонашон нарасад?!" Апаи Мавлуда дар хонаи се њуљра-
ДУРЇ АЗ МАРДУМ гие ба сар мебараду барои гарм гардидани хонањо онро ба 4 њуљрагї табдил додааст. Инро дида масъулини "Њумо" аз ў талаб намудаанд, ки барои 4 њуљра маблаѓ супорад. Хеле аз бошандагони ин хобгоњ, ки њамроњашон суњбат доштем, азият мекашанд. Масъулини ЉСШК "Њумо" ба онњо на танњо фишори молї, балки равониро низ раво дидаанд. Тавре хобгоњиён мегўянд, дар нашрияе маќола навишта, гуфтаанд, ки дар ин хобгоњ њама бељогардњову фоњишањо ба сар мебаранд. Анор Ќурбонова мегўяд: "Ана дар њамин шароит фарзанд тарбия карда мешавад?!..". Тули чанд соат, ки бо онњо суњбат доштем, бовар накарданд, ки суханашон ва навиштаашонро дар љое ба инобат мегиранд. Зеро чандин сол мешавад, ки барои аз тобеъияти "Њумо" берун намудани хобгоњ талош мекунанд, аммо бенатиља.
Њама ризо, Абдурањимов зид Бошандагони хобгоњ барои як њуљра муваззаф гардидаанд, ки 120 сомонї супоранд. Онњое, ки дар ЉСШК "Њумо" кор
мекунанд, барои як њуљра 30 сомонї пардохт мекунанд. Онњо талаби онро доранд, ки хобгоњ аз тобеъияти коргоњ берун карда шавад ва ин маблаѓро ба бонк ба давлат супоранд. Ё ин ки бо ќиммати давлатї ин њуљрањоро харида хусусї намоянд. Ба ин манзур, ба нињодњои дахлдор аз љумла ба Эмомалї Рањмон, Президенти ЉТ, Мањмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маљлиси Милли Маљлиси Олии ЉТ, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии амвол ва дигар нињодњо мурољиат намудаанд. Њама ризояти худро додаанд, илло њукумати шањр. Сокинон ба таъкид мегўянд, ки Абдурањимов ном шахс дар шањрдории Душанбе монеъи дархости ќонунии онњо шудааст. Абдукарим Абдурањимов дар њукумати шањри Душанбе сардори Раёсати њисоби хољагии бањисобгирї ва таќсимоти манзили шањри Душанбе (а)мебошад. Ў низ дар баробари Комил Шарипов вакили Маљлиси вакилони халќи пойтахт будааст. Ин гуна муносибати љаноби Абдурањимовро дида, суханони сокинони хобгоњ ба ёдам омад, ки мегуфтанд: Њуќуќшиноси "Њумо" бо номи Шерафкан ба даъвоњоямон мегўяд, ки ба куљое мурољиат накунед, мактубатон рост ба рўи мизи раис, Комил Шарипов меояд. Зеро
дар њама љо одамони ў њастанд. Имрўз ин сокинон ба ин бовар расидаанд, ки одамони Комил Шарипов дар њама љо њастанд, мањз ин омил боиси он гардидааст, ки арзњои онњо бенатиља мемонад. Мо хостем, сатњи дастдарозии депутат Комил Шариповро аз худи ў пурсем, мутаасифона, "раиси калон" дастнорас буданд. Посбонии мо дар назди манзилу сохтумонњои сершумори ў низ натиља надоданд. Сокинон ба ин боваранд, ки ЉСШК "Њумо" ѓайриќонунї дар хобгоњњо њукмронї карда истодааст, зеро барои истифодаи хобгоњ то соли 2011 шартнома доштааст, ки мўњлати он кайњо боз ба охир расидааст. Ин њам дар њоле, ки роњбарияти "Њумо" барои берун кардани истиќоматкунандагон аз хобгоњ ба суд мурољиат намудааст. Аммо суди ноњияи Сино њалнома мебарорад, ки ЉСШК "Њумо" њуќуќи аз хобгоњ берун кардан ва ба ќайд гирифтани бошандагонро надорад, зеро бино дар тавозуни њукумат мебошад. Бошандагон низ маблаѓи њуљрањоро таи як сол мешавад, ки ба ЉСШК "Њумо" насупурда, мехоњанд, ки ба бонк барои давлат супоранд. Аммо масъулини ЉСШК "Њумо" гуфтаанд, ки баъди интихобот шеваи муносибаташонро дигар хоњанд
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
9
кард. Маблаѓњоро ситонда, саркашњоро аз хобгоњ хоњанд ронд. Таќрибан аз њамин сенарияи шинос чанд сол муќаддам сохторњои мутаалиќ ба Тољиддин Пиров ("Тољиксодиротбонк") дар пайи як додугирифт бо соњибмулки "Орима" кор гирифта, хостанд садњо тан аз бошандагони хобгоњи собиќи комбинати бофандагї ё Шелкомбинатро ба кўча партоянд, аммо бо дахолати институтњои љомеаи шањрвандї, минљумла "Нигоњ" ин кор ба онњо муяссар нашуд.
Мушкиле, ки бояд њал шавад Бояд гуфт, ки дар аксар хобгоњњои ба ном умумии мамлакат чунин мушкил вуљуд дорад. Хобгоњњо бо њазорон нафар сокинонашон ѓайриќонунї хусусї мешаванд, ё мавриди дудугирифт ќарор мегиранду соњибмулкони нав ба хотири даромад дар сари мардуми бечора чормаѓз мешикананд. Нодориву ниёз ба манзил хобгоњиёнро маљбур месозад, ки зери таблаки навкисањо раќсанду ба фасод даст зананд, хору залил ва дастнигар шаванд. Аммо шояд ваќти он расида, ки њукумати кишвар ва шањрдории Душанбе ба ин масъала таваљљуњ кунанд? Шарт набудагист шиддати иљтимоиро дар ин нуктањои њассос боло бурдан? Берун аз шубња, на танњо хобгоњи собиќ "Тољикагрегат", балки аксар хобгоњњои шањри Душанбе низ мувољењи чунин мушкил мебошанд ва ниёз ба дахолати бевоситаи шањрдори Душанберо доранд. Хуб мебуд, агар комиссияи вижае барои тањќиќи вазъи хобгоњњо ташкил мешуд ва Вагарна абдурањимовњо бо "депутатњое" мисли Шарипов дар як они воњид забон меёбанду њуќуќњои садњо оила аз ќишри ниёзмандтарини љомеаи пойтахт зери по мемонад. Азамати ВАЊЊОБ
PS:
ХОБГОЊЊО ЊАМОНО «ЗЕБ»-И ПОЙТАХТИ ТОЉИКИСТОНАНД
Банда ба он боварам, ки ин ќазия ба љуз пањлуи њуќуќї пањлуњои ахлоќї ва фарњанги корхонадорї низ дорад. Магар талаби фоидаи пулї аз одамоне, ки дар як шароити сахт, на зиндагї, балки рўз пушти сар мекунанд, то куљо ба ахлоќи инсонї ва оини љавонмардии хоси Шарќ рост меояд?! Як нафаре, ки даъвои олимї, вакили мардум ва боз соњибмулкиву раисии як корхонаи пойтахтро дорад, дар хотираи садњо нафар маъюбону тифлону мардумони бехона ва мо-садњо њазор сокинони пойтахт ба њайси кї наќш хоњад баст?
ИНТРИГАИ РЎЗ Наќшакаш ва роњбари гурўње, ки ба хонаи Дўстмурод Њакимов, мулаќќаб ба "Дости бурут", њамлаи ѓоратгарона карданд, бародарзодаи худи ў - Барзу Њакимов, ки гуфта мешуд, аз сўйи маќомот боздошт шудааст, бино ба иттилои ѓайрирасмї, дар озодї аст. Расман маќомоти корњои дохилї айни њол ин иттилоъро тасдиќ ё рад накардаанд. Бино ба ќавли як манбаи боэътимоди TojNews, Барзу Њакимов, ба эњтимоли зиёд, бо мусоидати наздиконаш, барои пешгирї аз љавобгарии ќонунї, кишварро тарк кардааст. Барзу Њакимов, нафаре, ки наќшаи њамла ба манзили "Дости бурут"-ро кашида, њамроњи 4 тани дигар набераи ўро ба гаравгон гирифтан мехост, набераи Шомурод Њакимов, бародари Дўстмурод Њакимов, мулаќќаб ба "Дости бурут", мебошад. Вай, бино ба ќавли манбаъ, дар корхонае, дар ноњияи Ёвон, ки ба ин оилаи бонуфуз тааллуќ дошт, пештар кор карда, ба гумони ѓолиб, ранљидани ў дар пайи як бањси пулї омили ба ин љиноят даст задани ў шудааст. Барзу Њакимов баъди ранљидан, аз муњољирати корї бо наќшаи њамлаи ѓоратгарона ба манзили "Дости бурут" баргаштааст.
ЊАМЛАГАРИ МАНЗИЛИ "ДОСТИ БУРУТ"-РО ГУРЕЗОНДААНД Иттилоъ дар бораи рабуда шудани яке аз наберагони "Дости бурут", ки маќомот аз ифшои он худдорї карданд, њамчунин, воќеият дошта, тибќи иттилои ѓайрирасмї, гурўњи Барзу Њакимов, писари Меърољиддин Њакимов, фарзанди "Дости бурут" ва вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Тољикистонро, рабуда будаанд. Ёдрас мекунем, тибќи иттилои расмии Вазорати корњи дохилї, њамчун гумонбар дар ин ќазия шањрвандон Њакимов Барзу Мизробшоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноњияи Рўдакї ва Шарипов Фирўз Љўрахонович, соли таваллудаш 1993, Умаров Муњаммад Мањмадсадиќович, соли таваллудаш 1973, Худойбердиев Санчимурод Абдурањимович, соли таваллудаш 1970, Комилљони Сайфиддинзода, соли таваллудаш 1991, сокинони ноњияи Файзобод, дастгир карда шудаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корњои дохилї, 9-уми октябр, тахминан, соати 24.30 даќиќа Њакимов Барзу Мизробшоевич бо
њаммаслаконаш - Шарипов Фирўз Љўрахонович, Умаров Муњаммад Мањмадсадиќович, Худойбердиев Санчимурод Абдурањимович, Комилљони Сайфиддинзода ва нафарони ба тафтишот номаълум - Мањмад ва Абдулло занг зада, дар шањри Вањдат вохўрда, маслињат намуда, наќшаи роњзанї ба хонаи истиќоматии шањрванд Њакимов Дўстмурод, сокини ноњияи Файзободро, тарњрезї кардаанд. Сипас, онњо бо таппончаи бозичагї ва кордњои ќатъшаванда мусаллањ гашта, дар автомашинаи тамѓаи "Нексия", раќами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноњияи Файзобод њаракат намудаанд. Бо дастуру пешнињоди Њакимов Барзу Мизробшоевич соати 01:00 даќиќа ниќобу дастпўшакњои сохтмониро пўшида, Шарипов Фирўз Љўрахоновичро њамчун назоратчї дар паси дар гузошта, боќимонда љинояткорон аз кушода будани дари истиќоматї истифода намуда, ба хонаи Њакимов Дўстмурод ворид гаштаанд.
Онњо бо маќсади тасарруфи молу мулки ѓайр бо истифодаи зўрї барои њаёт ва саломатї хавфнок, бо тањдиди истифодаи зўроварї ва бо маќсади амалї намудани ќасди љинояткоронаашон вориди љойи хоби Њакимов Д. гашта, аз кисаи костумаш маблаѓи 1700 сомонї, баъди он аз аз дастони зављааш - Њакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллоиро тасарруф намуда, набераи 16солаи соњибхона - Њакимов Абдулњак Мењробовичро зери мушту лагад ќарор дода, ба соњибхона супориш додаанд, ки калидњои сандуќи оњанин (сейф)-и дар њуљра бударо ба онњо дињанд. Аммо келини ин хонадон имкон ёфта, ба наздиконаш занг мезанад. Онњо аз ин њодиса кормандони милитсияро хабардор мекунанду, фавран Шарипов Фирўз Љўрахоновичро дар љойи њодиса ва боќимонда њаммаслаконашро њангоми гурехтанашон дастгир мекунанд. Аз онњо 1 адад ангуштарин, 1 адад корди ќатъшаванда, 1 адад бастаи скоч, 1 љуфт дастпўшакњои сохтмонї ва автомашинаи тамѓаи "Нексия", раќами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, њамчун далели шайъї гирифта шудааст. Аз рўи ин њодиса мутобиќи моддаи 249 ќисми 4 бандњои "д" ва "в" парвандаи љиної оѓоз гардида, тафтишот идома дорад.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
(Аввалаш дар шумораи гузашта) Хулоса, тамоми расму оин, љашн ва сурњое, ки дар дењаи Чоркўњ мегузаранд, аз Ќонуни танзими расму оинњо имрўз дањњо сол пеш аст, зеро на дар рўзи се, на дар њафт, на дар бист ва на дар чилу ва на дар сол соњиби мурда љондоре намекушад, дастархон намекушояд! Яъне, бе куштор, бе дастархонкушої њам расму оин мегузаштааст ва нафаре барои накуштани мол, надодани таъом дар ин рўзњои номбаршуда таъна намешунавад ва ин гуна рафтор њам мувофиќи Ќуръон асту њам мувофиќи замон. Баръакс, нафаре аз ин расму оин берун ояду моле кушад, ана, он кас мавриди танќид ва накўњиш ќарор мегирад, вале чун ман аз чанд муллову мўсафедон пурсидам, ки нафаре моле кушт, гуфтанд, дар чанд соли охир дар хотир чунин амалро надорем. Дар бораи љумъагї бошад, мардуми Чоркўњ ва умуман, шимоли кишвар тасаввурот надоранд ва чун ёдрас кардам, ки дар баъзе навоњии тобеи марказ чунин анъана њаст, ки мотамдор баъзан то як сол њар бегоњи рўзи панљшанбе ба гурўњи мардум таъом медињад, ба ман гуфтанд, ки магар он муллое, ки ба чунин маъракаи таъомхўрї меравад, аз Ислом огањ нест, зеро на дар Ќуръон ва на дар њадиси Паёмбар (с) чунин тарзи ѓизодињии соњиби мурда омадааст. Баръакс, Муњаммад (с) фармуданд, ки рўзњои душанбе ва панљшанбе рўзаи нафлї гиред. Ростї, ман њам њайронам. Љумъагї дар Бухорову Самарќанд, Истравшану Хуљанд, Конибодому Исфара нест, дар кишварњои мусулмоннишини хориљи кишвар њам надидам ва њатто на дар њамаи минтаќањои љануби кишвар чунин расми таъомдињї њаст ва ба замми ин Ќонун дар бораи расму оинњо ин амалро љонибдорї намекунад, аммо имрўзњо пинњонї љумъагињо мегузаранд ва ду - cе нафар шиносњоям гуфтанд, ки розианд, љумъагї надињанд, вале меоянд, тавсия ва маслињат медињанд, ки то љумъагї накунї, он авлодат дар гўр азоб мекашад. Ба њар њол умедворем, ин бидъат њам рўзе аз байн меравад. Бисёр мехостам, он шўъбаи Њукумати љумњурї, ки масъули расму оинњост, барои имомон, фаъолони љамоатњои љануби кишвар дар дењаи Чоркўњ дар бораи кам кардани бидъату расму оинњои зиёдатї силсилаи семинарњоро ташкил кунад, чунки он танњо ба нафъи љомеа хоњад буд.
ШИНОХТИ ОШНО номро бењуда надода буданд ("Куктош", яъне, "шах ё кўњпораи сабз" тарљума мешавад). Ў марди ќариб думетра ва вазнаш њам аз сад кило зиёдтар буд ва чун ба майдон мебаромад, мисли шахи бузург менамуд. Дар он солњо пас аз иљрои наќшаи пахтасупорї дар аксар ноњияњо љашне буд бо номи "сайр", ки дар он њам њофизони номї ва ва њам пањлавонони номдор одатан аз се кишвари њамсояи њамсарњад - Тољикистон, Ќирѓизистон ва Ўзбекистон иштирок мекарданд. Аввали солњои њафтодум дар њамин сайри ноњияи Исфара Куктош Пањлавон ду - се сол пайињам њама њарифонашро маѓлуб мекард ва дигар њарифе набуд, ки бо ў гўштї бигирад. Дар он рўзњо дар дењаи њамсояи ќирѓизон љашни хатнасуре мегузашт ва соњиби маърака гўштї эълон намуд, яъне, пањлавонњои машњур бо њам мусобиќа мекарданд ва ба њар пирўзшуда соњиби љашн мукофоте медод.
кашиданд, ки агар бо он бардошт ў ако Рањмонљонро ба замин мезад, ягон устухони пањлавони тољик сињат намемонд. Бори дувум низ пањлавони ќирѓиз њарифашро бардошт, вале ин бор чарх занонд ва ба замин зад. Замин ларзид ва њамаамон медонистем, ки бо афтидани ако Рањмонљон замин њаргиз намеларзид. Нохост дидем, ки Куктош - Пањлавон дар замин мехобиду ако Рањмонљон рост меистод ва шукуфон буд. Куктош Пањлавон бархост ва боз як бори дигар бо калимаи "ошат шавад, њаќќи њалолат буд!" ба китфи ако Рањмонљон зад. Дар он мусобиќа ва пас аз он њам агар аз ин гўштї ба нафаре наќл мекарданд, касе бовар намекард... Аммо воќеаи аљибтар пас аз ѓалабаи ако Рањмонљон рўй дод. Дар мањаллаамон љавонмарди њамсоли ако Рањмонљон буд, ки айнан мисли Куктош тахмин 130 кг вазн дошт. Ў њам
ЧОРКЎЊ - ДЕЊАИ
ТЕРРОРИСТОН Ё ПАРЊЕЗГОРОН? Мардуми Тољикистон чоркуњиёнро намешиносанд ва дар асл миёни тољикону ќирѓизњо мухолифат вуљуд надорад Абдухолиќ гуфта будаанд, ки писарам, албатта, њамон дўсти ман Рањмонљонро, ки аз ўњдаи ќироати Ќуръон намебарояд, биомўзон. Ростї, ман аз ќуръонхонии ако Рањмонљон як шод шуда бошам, аз ин сухани шодравон ако Абдуѓанї ду карат хурсанд гардидам, ки инсони дами марг барои саводи исломии як бародараш меандешад...
Фарќи ману фарќи ту...
Чоркуњ ва ќирѓизњо Дар баробари он, ки тайи солњои ахир Чоркуњро баъзењо дењаи исломгароёну бархеи дигар парњезгорон муаррифї мекунанд, 20 соли ахир ин дењаи бузурги тољикон дар хабарњо њамчун мањалли зиддиятзо ёд мешавад. Бархурдњои марзї бо ќирѓизњо мањз ин љо зиёд рух медињад. Аммо дар асл вазъ чї гуна аст? Чоркўњро воќеан кўњњо ињота кардаанд ва тамасхури замон гардида, ки ба мо, тољикон, танњо "Чор"-аш монда, "кўњ" ба ќирѓизњо гузаштааст. Бинобар ин, ман бисёр мехостам, ки дар нишасти навбатии комиссияи миёни Тољикистону Ќирѓизисон дар масъалаи муайян кардани минтаќањои бањсноки сарњад љониби мо аз ќирѓизон бипурсанд, ки оё Чоркўњ бе кўњ буда метавонад ва замоне, ки ин дењаро номгузорї кардаанд, чаро ба забони ќирѓизї "Турттоѓ" (яъне, "чор кўњ") нагузоштаанд. Њам ном ва њам таркиби саддарсади тољиконаи дења гувоњї медињад, ки Чоркўњ бо кўњњояш азони тољикон буд. Дар Чоркўњ ва атрофи он ќирѓизњо хеле дертар пайдо шуданд. Солњои панљоњуми асри гузашта тољикони дења аз касби чўпонї ва говдўшї дур буданд ва роњбарон ќирѓизњоро аз минтаќањои ќирѓизнишини назди дења ба кор даъват мекарданд ва ба онњо замин њам медоданд. Њамин тавр, дар Чоркўњ тахмин то дањ оила ќирѓизњо дар миёни тахмин понздањ њазор тољикони Чоркўњ пайдо шуданд. Чун кишварњо соњиби истиќлолият гардиданд, ин доманакўњ ва кўњњои Чоркўњ ба њудуди Ќирѓизистон гузаштанд ва акнун тољиконро намегузоранд, барои чидани њезум ва ё парвариши мол ба доманакўњ бираванд ва аллакай чандин бархўрдњои нохуш миёни сарњадбонони ќирѓиз ва чоркўњиён рўй дода, тољике њам ќурбон шуд. Чоркўњ бо олимон, нависандањо, пањлавонон ва дигар мардуми диндор, боѓайрат, тољир, зироаткорон, боѓпарварони пуртаљриба ва варзишгарони номдор, ки ѓолибони мусобиќањои байналмилалї низ гардидаанд, таркиб ёфтааст. Яке аз чоркўњињое, ки њамчун пањлавон ном баровардааст, ако Рањмонљон мебошанд, њарчанд эшон ќаду ќомат ва тану тўши пањлавонї надоштаанд. Солњои њафтодум шуњрати Куктош - Пањлавони ќирѓиз дар водии Фарѓона, минљумла, дар Исфара хеле баланд рафта буд. Ва ин
сар карданд, вале њанўз намедонистанд, ки дар он чанд тухм буд. Нињоят 75 тухмро дар њузури мардум ва соњибони тухм фурў бурданд ва њис карданд, ки дигар љойе намонда. Як мард маслињат дод, ки як ќулт об нўшед, тухмњо поёнтар мераванд. Дигаре гуфт, як бор бархезед ва худро чанд бор такконед. Соњиби тухм ба хўрдани об розї намешавад, аммо ако Рањмонљон ба ў фањмонд, ки дар шарт нанўшидани об нест, балки хўрдани њамаи тухмњо омадааст. Ќисса кўтоњ, панљаи ако Рањмонљон дар сумка тухм мекофт, лекин намеёфт, зеро тухм тамом шуд. Бародари ќирѓиз бовар намекард ва аввал сумкаро чаппа карда, афшонд; он холї буд. Њанўз њам бовар надошта, ба ў менигарист ва гўё гуфтан мехост: наход њамин як одами хурд 78 (!) тухмро хўрда бошад... Ана, чунин шахс имрўз дар масљид дар сурати набудани ќорї ќироат мекунад. Шояд манзилаш назар ба хонаи дигарон аз масљид аз њамаи ањли ибодат дур бошад, вале бо вуљуди пирї ў њамеша аз њама пеш дар масљид њозир мешавад. Чун сабаб пурсидам, ки чї тавр муњаббат ба Ислом пайдо ва ќавї гардид, наќл кард, ки падари домулло Абдухолиќ Абдуѓанї ќабл аз вафот ба писараш домулло
Одатан, барои ѓолиби асосї, ё чемпиони он љашн асп, гов, ќолинњои ќиматбањо медоданд. Зуд овоза шуд, ки дар он љашн Куктош - Пањлавон њам гўштї мегирифтааст. Гўштї сар шуд ва Куктош Пањлавон дар як муддати кўтоњ њама гўштигирони ќирѓизу тољикро маѓлуб кард. Чун довари мусобиќа аз камарбанди Куктош - Пањлавон дар майдон гардонида, бо ѓурур "Ба Куктош Пањлавон њариф њаст?" гуфта, мепурсид, њама хомўш буд. Нохост ако Рањмонљон ба майдон баромада, дар муќобили пањлавони ќирѓиз меистад. Тасаввур кунед: ќади ако Рањмонљон аз 1 метру 60 см баланд нест ва вазнашон њам то 60 кило буд... Дар муќобилашон марди 2 метра бо вазни 120 - 130 кг меистод. Куктош - Пањлавон як ба ако Рањмонљон бо писханд нигариста, ба китфашон бо панљањои пањну дарозаш тап - тап зада, ишора кард, ки бо пањлавони тољик гўштї намегирад, яъне, метарсад, ки ако Рањмонљон пас аз гўштї дигар ба худ намеоянд. Аксари тамошобинон њам дилашон ба ако Рањмонљон месўхт ва ѓоибона бо Куктош -Пањлавон розї буданд. Розї буданд, ки ако Рањмонљон майдонро тарк кунад, вале бо андак ранги рўи парида пањлавони тољик дар муќобили пањлавони бузургљуссаи ќирѓиз меистод ва њамоно мегуфт, ки вай бо маќсади муњориба ба майдон даромадааст ва пушаймон њам нест. Нињоят чун диданд, ки ако Рањмонљон даъвогари якќавлаанд, тарафи муќобил даъворо ќабул намуд ва гўштї сар шуд. Чун онњо аз камарбанди якдигар ќапиданд, акои тољики мо дар оѓуши Куктош - Пањлавон нопадид гардид ва агар аз пушти пањлавони ќирѓиз менигаристед, пањлавони тољик наменамуд. Куктош Пањлавон њарифро мисли љуволчаи холї як бардошту боз ба замин гузошт. Мухлисон оње
дар мусобиќањо иштирок мекард ва кам пўшташ хок мехўрд. Он кас њам дар њамон маъракаи пирўзии ако Рањмонљон шоњид буд, вале ба ѓалабаи њаммањаллааш бовар надошт. Боре ако Рањмонљон бо шўхї гуфт, ки ман туро њам меафтонам... Њаммањалла низ бо њазл "Рањмонљон, ман ба ту Куктош нестам, ки ѓалаба кунї"посух медод ва нињоят рўзе дуяшон муќобили њам истоданд. Айнан њамон њолат - 60 кг муќобили 130 кг. Фаќат фарќ дар он буд, ки онњо бе санљиш ба разм оѓозиданд ва ў њам мисли Куктош бо осонї ако Рањмонљонро бардошта, чарх занонд, вале дар нињоят худро пушт ба замин ёфт. Ў зуд бархосту ба рўйи ако Рањмонљон як шапалоќ зада, "Оњиста намезанї, пуштам дард кард..." гуфт. Ёд дорам, солњои шастум њам як - як ќирѓизњо ба бозори Чоркўњ меомаданд. Солњои њафтодум рўзе ако Рањмонљон дар бозор мебинад, ки ќирѓизе тухм оварда будааст ва чун нархашро мепурсад, бањои ќимат мегўяд. Баъд ако Рањмонљон ба сумкаи сиёњ, ки дар он тухмњо буд, нигариста, мегўяд, ки ба њамаи тухмњоят чанд пул дињам. Соњиби тухм мегўяд, ки пули ако Рањмонљон ба он намерасад. Нохост аз дањони ако Рањмонљон мебарояд, ки воњима накун, ман њамаи тухмњоятро дар як нишаст мехўрам. Соњиби тухм мегўяд, ки агар хўрда натавонї, чї мешавад. Хулоса, гарав мебанданд, ки агар Рањмонљон њамаи тухмро хўрад, пулашро намедињад, агар хўрда натавонад, пули њамаи тухмро медињад. Ако Рањмонљон намедонист, ки дар сумкаи сиёњ чанд дона тухм буд. Он замон дар канори бозор таги дарахти сада чашмае буд ва ако Рањмонљон канори он нишаста, сумкаро ба пушташон, ба љойи дастрас гузошта, тухми пухтаро ба хўрдан
Ваќте ман ба зодгоњам дењаи Чоркўњ меравам, њатман аз худуди дењаи Ќаробоѓ, ки ба Љумњурии Ќирѓизистон мансуб аст, мегузарам. Ман намедонам, кай ин дења ќирѓизнишин шудааст, чунки аз шањри Исфара то дењаи охирини ноњия, ќад - ќади дарё дењањои Мулдон, Шањрак, Зумрадшоњ, Чорќишлоќ, Сурх, Чоркўњ, Хољаи Аъло ва нињоят Ворух њама бостонианд ва пурра тољикнишинанд, вале дар Ќаробоѓ ва каме дар даромадгоњи Ворух дењаи ќирѓизон њаст. Аммо воќеият њамин аст, ки Ќаробоѓ дењаяки дорои тахмин панљоњ оилаи ќирѓизон дар њудуди љумњурии њамсоя мебошад. Имрўз вазъият чунин шуда, ки ќирѓизи ин минтаќа барои ба маркази ноњияаш рафтан њатман аз сарњади Тољикистон бояд гузарад ва тољики дењањои Сурх, Чоркўњ ва Ворух њам айнан барои ба маркази ноњияашон рафтан бояд аз сарњади Ќирѓизистон гузаранд. Агар дар миќёси љумњурињо гирем, миёни Тољикистону Ќирѓизистон талошњои фарњангиву сарњадї, ба истиснои ноњияи Исфара хеле кам аст. Ин ду љумњурї имрўз ќариб дар шароити якхела њастанд. Дуяшон об доранд, на нафту гази кофї. Дуяшон мехоњанд норасоии энергетикии худро асосан аз њисоби бунёди нерўгоњњо њал созанд ва дуяшон дар ин самт бо љумњурињои поёнобї, асосан, бо Ўзбекистон бањсу талош доранд, бинобарин умедворем, низоъњои кўчаки сарњадї, ки њар замон миёни ноњияи Исфара ва вилояти Ботканд рўй медињанд, дер ё зуд њалли худро меёбанд. Дар айни замон дигар роњ нест, магар роњи сулњ, роњи гузашт ба якдигар. Дигар њама роњњо ба бањс, кашмакаш ва задухўрд мебарад. Аз солњои њаштодум то имрўз чанд бархўрди гоње мусаллањонаву гоње бо мушту лагад миёни ин ду халќ дар ин минтаќа бо куштору ярадор кардани якдигар анљомид ва нишон дод, ки ин роњи њал нест, чунки њамаи кашмакашњо бо сулњ ба охир мерасанд. Тахмин ду моњ пеш њам боз як задухўрди кўчак миёни тољикону ќирѓизњо шуда, бо саъйу талоши роњбарони њарду тараф он њалли худро ёфт. Дар он рўзњои низоъ мардуми тољик ба шанбебозори Самарќандаки ќирѓизњо намерафт ва дар навбати худ ќирѓизњо њам ба панљшанбебозори Чоркўњ ва сешанбебозори дењаи Сурх намеомаданд ва дар натиља њарду тараф зарари моддї диданд - ќирѓизњо натавонистанд мањсулоти арзони худро ба тољикон фурўшанд ва тољикон натавонистанд аз мањсулоти арзони ќирѓизњо истифода кунанд.
(Давом дорад)
БАРДОШТ Иди кадуву харбуза ва асалу балову батар кишвари моро аз камтарин давлатњое муаррифї кардааст, ки идњои бешумор дораду масъулин ба ин муносибат њар гуна "чорабинињо" доир намуда, шояд бо њамин вазифаи худро анљомшуда њисобанд. Дар баробари ин њама ид Тољикистон дар ќатори беш аз 100 давлати дунё Рўзи омўзгорро њар якшанбеи аввали моњи октябр љашн мегирад. Њоло дар чумњурї њудуди 95 њазор омўзгор, ба шумули 53 њазор зан фаъолият доранд. Омўзгори тољик дар собиќ Иттињоди Шўравї њам пасттарин маошро мегирифт. Агар музди миёнаи маоши муаллимони Русияву Ќазоќистон беш аз 500 доллари амрикоиро ташкил дињад, омўзгори тољик аз 600 сомонї беш маош надорад... Аммо аљобат на фаќат дар ин аст.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
Ќањрамони беќадр Чаро дар њама кор омўзгор пеш - пеш аст?
Дастёри беминнат Омўзгор як дастёри беминнати њукумат шудааст. Дар пур кардни курсињо њангоми ташрифи мењмонони олиќадр ва дар корњои ташкилии њукумат ва ѓ.њ.
онњо дар раддаи авваланд. Кор то љое расида, ки њатто омўзгор дигар ба љои дарс гуфтан ба рўбучини шањр, тоза кардани партовњо бо њамроњии талабањояш машѓул мешавад. Махсусан омўзгорони шањри Чкалов њангоми омадани ягон вазиру кабиру саѓир серташвиш мешаванд. Ин дар њолест, ки дар њар як шањр идорањои ободониву кабдизоркунї ва партовтозакунї фаъолият доранд. Дар сафарњои ќаблии президент ба вилояти Суѓд шоњиди њодисае шудам, ки тўли се рўзи охир ќариб њама омўзгорон бо њамроњии хонандагон дарсро як тараф монда, бо супориши "боло" барои ободонии шањри Чкалов зањмат кашиданд.
Пахтачин
Дастурхон аз њисоби омўзгор Дар яке аз тарабхонањои маркази Суѓд - шањри Хуљанд чорабинии ботантана бахшида Рўзи омўзгор ташкил шуд. Мутаасифона, дастурхони идона на аз њисоби буљаи шањр, балки аз њисоби омўзгорон ороста шуд. Директорони мактаб ва роњбарони кўдакистонњо муаззаф шуданд, ки маблаѓ љамъ оранд. Аммо дар чорабинї шањрдорон ширкат намуда, тўњфањои хотиравї њам таќдим карданд. Бино ба маълумоти ѓайрирасмї, дар бештар манотиќи вилоят низ ин амал гўё як анъана шудааст. Маблаѓ љамъ накунанд њам, аз маоши бе ин њам нокифояи омўзгорон дар бархе аз шањру ноњияњо гирифта мешавад. Аќќалан маќомоти мањаллї натавонист ба хотири гиромидошти зањмати сангини омўзгор як дастурхои идона ташкил намояд. Дар њоле ки барои чорабинињои нодаркори бемантиќ њазорњо сомонї сарф мешавад.
11
«
Дар ивази ин созишнома Русия ба неруњои њарбии Тољикистон кўмаки њарбиву техникии дарозмуддат хоњад кард. Аз љумла, барои ташкил намудани неруи комили њарбї-њавоии Тољикистон кўмак ваъда шудааст. Дар назар аст, ки бо кўмаки Русия дар сафи неруњои њавоии Тољикистон ду эскадрон иборат аз чархболњои њарбии Ми-8 ва чархболњои њамлакунандаи Ми-24 сохта шаванд.
«
Бо пофишорињои созмонњои байналмиллалї донишљўён аз пахтачинї озод шуданд. Њоло онњоро дар майдони пахта омўзгор иваз кардааст. Боз њам "гап"и њукумат ба омўзгор мегузарад ва онњо ба ёрии марди дењќон сафарбар мешаванд. Имсол њам барои пахтачинї ба ноњияи Зафаробод бештар омўзгорон љалб шуда, аз 1000 њашарчї наздик ба 50 дарсадро омўзгорон ташкил медињанд. Акнун омўзгор таълиму тарбияро як тараф монда, аз паи чидани пахта аст. Њарчанд, ки як омўзгор ду њафтае беш наистода, љои худро бо дигар омўзгор иваз кунад њам, вале дар 70 рўзи мењнати зарбдор дар пахтазор сањми омўзгорон назаррас аст. Ин њам дар њолест, ки омўзгор маоши якмоњаи худро барои сару либос ва дигар лавозимот дар майдони пахта сарф мекунаду аз он љо барои худ чизе намегирад. Замони Шўравї омўзгор ќадр ва обрў дошт, маоши хуб мегирифт, ки барои зиндагиаш кифоят мекард. Аз паи таълиму тарбияи насли наврас буд. Њама хонандагони мактаб орзу мекарданд, ки омўзгор шаванд. Аммо... Омўзгору фармонбардор аст, чун зўри њама танњо ба ў мерасад. Нињоди зидди фасод њам љуръати боздошти ўро дорад. Њатто комиссияњои интихоботиро омўзгорон "мечархонанд" ва њама њарфи лаънати номзадњову ањзоби сиёсї ба "адрес" -и омўзгор аст. Имрўз омўзгор ќањрамони беунвони миллат аст. Бо ин њама, идат муборак, омўзгори азиз! Шарафи ЌИЁМПУР
Бењукуматї ва арўси њисорї Ќиссаи муборизаи беамони сардори ШВКД- и ноњияи Њисор Валиљон Табаров ,прокурори ноњияи Њисор Абдуќањњор Шамсов, муовини прокурори Њисор Анвар Шулашов, прокурори ноњияи Шањринав Эмомов Рањмоналї , муовини прокурор Муродов Эмом, раиси ноњияи Њисор Усмон Сабзов, раиси Суди ноњияи Шањринав Муњаббат Саидова ба арўс Савринисои Турсунзода, ки духтари бокира монданаш баъди 37 рўзи арусї дарди сари мансабдорони манфиатљўй шудааст... "Он чї ба сари ман омад, набояд бар сари дигар духтарони тољик биёяд. Арўсии сангини маро набояд, њич духтари Тољикистон бинад, њатто духтарони њамин прокурорњо. Барои њамин бо умеди бахшиши падару модари азиз ва акањои мењрубонам, њар чї ба сарам омад, як - як наќл мекунам. Бигузор њама донанд, ки мансабдорони беинсоф нисбати як духтари тољик чї кор мекунанд...". Савриниссо ТУРСУНЗОДА Тадќиќоти журналистии "Нигоњ", ки зиёда аз се моњ тул кашид, наќши инфиродии њар яке аз ин мансабдоронро дар таќдири як њаводори сиёсатњои президент Эмомалї Рањмон маълум кард.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
БО ШОИР
ИНКОРИ ИБЛИС
Муњаммад Иќболи Лоњурї (1887-1938), шоир, файласуф, сиёсатмадор ва мутафаккири Покистон. Ашъори зиёде ба забони форсї ва урду эљод намудааст. Шоири миллии Покистон мебошад. Аз худ осори гаронарзишеро ба мерос мондааст, ки китоби рўи мизии мусалмонони худогоњ гардидааст. «Асрори худї», «Рамузи бехудї», «Паёми машриќ», «Забури аљам», «Љовиднома», «Пас чи бояд кард, эй аќвоми шарќ» аз осори бо забони форсї таълиф намудаи Муњаммад Иќбол мебошад. Ў ба забонњои урду ва инглисї низ осори зиёде таълиф намудааст. Иќбол дар ќатори номвартарин шоирони порсигў љой гирифтааст, ки аз 12 њазор байт шеъри эљод кардаи ў 7 њазораш бо забони форсї гуфта шудааст. Ашъори ў барои хонандаи худогоњ чун манзумаи рўз ќабул шуда, њеч гоњ осори куњнашавї дар эљодиёти Иќбол дида намешавад. Ашъори ў барои хонандаи тољик бегона нест, То кунун дар Тољикистон бо њуруфи кириллї осори Иќбол: «Паёми Машриќ» (1966), «Муњаммад Иќбол» (1973), «Назми дўстї» (1978), «Садои Машриќ» (1978), «Паёми Машриќ» (1987), «Куллиёти форсї» (1997) ва «Анљумани Иќбол» ба нашр расидааст. «Куллиёти форсї»-и Иќбол соли равон аз љониби љониби адабиётшиносон Алии Муњаммадии Хуросонї ва Шарафнисо Пўлодова тањия ва тањќиќи илмї гардида, ба нашр расид. Барои фароѓати зењнии хонандаи закї чанде аз ашъори ин шоири номварро пешкаш мекунем.
Нурии нодон наям, саљда ба одам барам, Ў ба нињод аст хок, ман ба нажод озарам! Метапад аз сўзи ман хуни раги коинот, Ман ба дави сарсарам, ман ба ѓави тундарам. Робитаи солимот, зобитаи уммањот, Сўзаму созе дињам, оташи миногарам. Сохтаи хешро даршиканам рез-рез, То зи ѓубори куњан пайкари нав оварам. Аз зави ман мављаи чарх сукуннопазир, Наќшгари рўзгор, тобу таби љавњарам, Пайкари анљум зи ту, гардиши анљум зи ман, Љон ба љањон андарам, зиндагии музмарам. Ту ба бадан љон дињї, шўр ба љон ман дињам, Ту ба сукун рањзанї, ман ба тапиш роњбарам. Ман зи тунукмоягон гидя накардам суљуд, Ќоњири бедўзахам, довари бемањшарам. Одами хокинињод, дунназару камсавод, Зод дар оѓўши ту, пир шавад дар барам.
ИЃВОИ ОДАМ Зиндагии сўзу соз бењ зи сукуни давом, Фохта шоњин шавад аз тапиши зери дом. Њељ наояд зи ту ѓайри суљуди ниёз, Хез чу сарви баланд, эй ба амал нармгом. Кавсару тасним бурд аз ту нишоти амал, Гир зи минои ток бодаи ойинафом. Зишту накў зодаи вањми худованди туст, Лаззати кирдор гир, гом бинењ, љўй ком. Хез, ки бинмоямат мамлакати тозае, Чашми љањонбин кушо, бањри тамошо хиром. Ќатраи бемояї, гавњари тобанда шав, Аз сари гардун биафт, гир ба дарё маќом. Теѓи дурахшандаї, љони љањоне гусил, Љавњари худро намо, ой бурун аз наём. Бозуи шоњин кушо, хуни тазарвон бирез, Марг бувад бозро зистан андар куном. Ту нашиносї њанўз, шавќ бимирад зи васл, Чист њаёти давом? Сўхтани нотамом! *** Аќли худбин дигару аќли љањонбин дигар аст, Боли булбул дигару бозуи шоњин дигар аст. Дигар аст он, ки барад донаи афтода зи хок, Он, ки гирад хуриш аз донаи Парвин, дигар аст. Дигар аст он, ки занад сайри чаман мисли насим, Он, ки даршуд ба замири гулу насрин, дигар аст. Дигар аст он, сўйи нўњ парда кушодан назаре, Ин сўйи парда гумону занну тахмин дигар аст. Эй хуш он аќл, ки пањнои ду олам бо ўст, Нури африштаву сўзи дили одам бо ўст. *** Ба садои дардмандї, ба навои дилпазире Хами зиндагї кушодам ба љањони ташнамире. Ту ба рўйи бенавої дари он љањон кушодї, Ки њанўз орзуяш надамида дар замире. Зи нигоњи сурмасое ба дилу љигар расидї, Чї нигоњи сурмасое, ду нишона зад ба тире! Ба нигоњи норасоям чї бањор љилва додї, Ки ба боѓу роѓ нолам чу тазарви навсафире! Чї аљаб агар ду султон ба вилояте нагунљад, Аљаб ин ки менагунљад ба ду оламе фаќире!
ОРЗУ Ё мусалмонро мадењ фармон, ки љон бар каф бинењ! Ё дар ии фарсуда пайкар тоза љоне офарин, Ё чунои кун ё чунин. Ё барањманро бифармо: нав худованде тарош! Ё худ андар синаи зуннориён хилват гузин, Ё чунон кун, ё чунин. Ё дигар Одам, ки аз Иблис бошад камтарак, Ё дигар Иблис бањри имтињони аќлу дин, Ё чунон кун ё чунин. Ё љањони тозае, ё имтињони тозае, Мекунї то чанд бо мо он чи кардї пеш аз ин, Ё чунон кун ё чунин. Фаќр бахшї, бо шукўњи Хусрави Парвез бахш, Ё ато фармо хирад бо фитрати Рўњуламин, Ё чунон кун ё чунин. Ё бикуш дар синаи ман орзуи инќилоб, Ё дигаргун кун нињоди ин замону ин замин, Ё чунон кун ё чунин! *** Эй ѓунчаи хобида, чу наргис нигарон хез! Кошонаи мо рафт ба торољи ѓамон, хез! Аз нолаи мурѓи чаман, аз бонги азон хез! Аз гармии њангомаи оташнафасон хез! Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез! Аз хоби гарон хез! Хуршед, ки пироя ба симои сањар баст, Овеза ба гўши сањар аз хуни љигар баст,
МУЊАММАД ИЌБОЛИ ЛОЊУРЇ Аз дашту љабал ќофилањо рахти сафар баст, Эй чашми љањонбин, ба тамошои љањон хез! Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарои хез, Аз хоби гарон хез! Ховар њама монанди ѓубори сари роњест, Як нолаи хомўшу асарбохта оњест, Њар зарраи ин хок гирењхўрда нигоњест, Аз Њинду Самарќанду Ироќу Њамадон хез! Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез, Аз хоби гарон хез! Дарёи ту дарёст, ки осуда чу сањрост, Дарёи ту дарёст, ки афзун нашуду кост, Бегонаи ошўбу нањанг аст, чї дарёст? Аз синаи чокаш сифати мављи равон хез! Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез, Аз хоби гарон хез! Ии нукта кушояндаи асрори нињон аст, Мулк аст тани хокиву дин рўњи равон аст, Тан зиндаву љон зинда зи рабти тану љон аст, Бо хирќаву саљљодаву шамшеру синон хез! Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез, Аз хоби гарон хез! Номуси азалро ту аминї, ту аминї, Дорои љањонро ту ясорї, ту яминї, Эй бандаи хокї, ту замонї, ту заминї, Сањбои яќин дар кашу аз дайри гумон хез! Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез, Аз хоби гарон хез! Фарёд зи Афрангу диловезии Афранг, Фарёд зи Шириниву Парвезии Афранг, Олам њама вайрона зи Чингизии Афранг, Меъмори Њарам! Боз ба таъмири љањон хез, Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез, Аз хоби гарон хез! *** Аз њама кас канора гир, сўњбати ошно талаб, Њам зи Худо худї талаб, њам зи худї Худо талаб. Аз халиши карашмае кор намешавад тамом, Аќлу дилу нигоњро љилва људо-људо талаб. Ишќ ба сар кашидан аст шишаи коинотро, Љоми љањоннамо маљў, дасти љањонкушо талаб! Роњравон, барањнапо, роњ тамом хорзор, То ба маќоми худ расї, роњила аз ризо талаб. Чун ба камол мерасад, фаќр далели хусравист, Маснади Кайќубодро дар тањи бўрё талаб. Пеш нигар, ки зиндагї роњ ба оламе барад, Аз сари он чи буду рафт, даргузар, интињо талаб. Зарбати рўзгор агар нола чу най дињад туро, Бодаи май зи каф бинењ, чора зи мўмиё талаб. ***
Худиро мардумомезї далели норасоињо, Ту, эй дардошно, бегона шав аз ошноињо. Ба даргоњи салотин то куљо ин чењрасоињо! Биёмўз аз Худои хеш нози кибриёињо. Муњаббат аз љавонмардї ба љое мерасад рўзе, Ки афтад аз нигоњаш корубори дилрабоињо. Чунон пеши њарими ў кашидам наѓмаи дарде, Ки додам мањрамонро лаззати сўзи људоињо. Аз он бар хеш меболам, ки чашми муштарї кўр аст, Матоъи ишќ нофарсуда монд аз камравоињо. Биё, бар лола по кўбему бебокона май нўшем, Ки ошиќро бињил карданд хуни порсоињо. Бурун о аз мусалмонон, гурез андар мусалмонї, Мусалмонон раво доранд кофирмољароињо. *** Чун чароѓи лола сўзам дар хиёбони шумо, Эй љавонони Аљам, љони ману љони шумо! Ѓутањо зад дар замири зиндагї андешаам, То ба даст овардаам афкори пинњони шумо. Мењру мањ дидам, нигоњам бартар аз Парвин гузашт, Рсхтам тарњи Њарам дар кофиристони шумо. То синонаш тезтар гардад фурў печидамаш, Шўълае ошуфта буд андар биёбони шумо. Фикри рангинам кунад назри тињидастони Шарќ Пораи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо. Мерасад марде, ки занљири ѓуломон бишканад, Дидаам аз равзани девори зиндони шумо. Њалќа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил! Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо. *** Дами маро сифати боди фарвадин карданд, Гиёњро зи сиришкам чу ёсамин карданд. Намуд лолаи сањронишин зи хунобам, Чунон ки бодаи лаълї ба сотгин карданд. Баландбол чунонам, ки бар сипењри барин Њазор бор маро нуриён камин карданд. Фурўѓи одами хокї зи тозакорињост, Мању ситора кунанд он чи пеш аз ин карданд. Чароѓи хеш барафрўхтам, ки дасти Калим Дар ин замона нињон зери осттин карданд. Даро ба саљдаву ёрї зи хусравон маталаб, Ки рўзи фаќр ниёкони мо чунин карданд. *** Сурат напарастам ман, бутхона шикастам ман, Он сели сабуксайрам, њар банд гусастам ман. Дар буду пабуди ман андеша гумонњо дошт, Аз ишќ њувайдо шуд ин нукта, ки њастам ман. Дар Дайр ниёзи ман, дар Каъба намози ман, Зуннорбадўшам ман, тасбењбадастам ман. Сармояи дарди ту ѓорат натавон кардан, Ашке, ки зи дил хезад, дар дида шикастам ман. Фарзона ба гуфторам, девона ба кирдорам, Аз бодаи шавќи ту њушёраму мастам ман.
НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ Аслан ба директори генералии ЉСК "Фурудгоњи байналмиллалии Хуљанд" чавоб навиштанї набудам, аммо чанд саволи дур аз мантиќ ва њисоботе, ки директори фурудгоњ М. Мањмудов ба сафед кардани худ овардааст, маро бетараф нагузошт. Чун "Фараж" дар чопи матлаб истињола кард, зарур донистам, ки ба нашрияи муътабари "Нигоњ" мурољиат намоям. Хонандаи арљманд " шояд гумон кунад, ки вазъ дар фурудгоњ гулу гулистон аст, аммо, мутаассифона, ин тавр нест. М. Мањмудов, директори генералии "Фурудгоњи байналмиллалии Хуљанд" гуё фармони 622 - и Президенти Љумњурии Тољикистон дар мавриди вокуниши афроди мансабдор ба матолиби интиќодї дар ВАО -ро иљро карда, худро халос кард. Вале дар асл он чї ў навиштааст, вокуниш нест, балки фирор аз асли мавзўъ аст. Мўњтарам директори генералї навиштааст, "аз замоне, ки Мањмудов М. М. директори генералии ЉСК "Фурудгоњи байналмиллалии Хуљанд" таъин гардид (2008) то ба имрўз 18 маротиба нишасти матбуотї бо намояндагони ВАО гузаронида шудааст, ки дар 15 - тои он шахсан иштирок намудааст". Нишасти матбуотї ва иштироки М. Мањмудов барои кї ањамият дорад? Барои худи ў, рўзноманигорон ва ё иљрои фармони президенти кишвар ва раиси вилояти Суѓд?! Ин вазифаи он кас њаст, на як рўзноманигор, президент ё раиси вилоят? Ё Шумо њатто ширкататон дар конфронси матбуотї, яъне иљро кардани вазифаатонро миннат мекунед? Ба кї? журналистон, хонандаи "Фараж" ё президенту раиси вилоят? Нигоштаед, ки "ба саволи Ќ.Ањрор марбут ба кучонидани як ќисм хатсайрњои байналмиллалї аз бинои Терминали №1 ба аэровокзали фурудгоњ њаминро гуфтанием, ки яке аз сабабњои асосии он баланд бардоштани сифат ва маданияти хизматрасонї ба мусофирон буда, барои сариваќт њангоми аз назаргузарониву баќайдгирии онњо ба роњ монда шудааст ва агар фурудгоњ аэровокзали марказиро ба кор даровард, пас ба ин њам таќозои замон аст, ин далели муваффаќияту пешравии фурудгоњ аст. Агар ба афзоиши њаљми мусофиркашонї дар зарфи 5 соли охир назар афканем, мушоњида мешавад, ин нишондињанда ба њаљми 1,6 маротиба зиёд шудааст, ки амалисозии хизматрасонии онњо бо як Терминали №1 ѓайри имкон аст". Директори мўњтарам! Инро ба касе гўед, ки Шуморо нашиносад. Коре, ки Шумо анљом додед, фикр намекунед, ѓасби тиљорат унвон мешавад ва аз сўи дигар, хилофи амру дастурњои сарвари давлат дар мавриди фароњам овардани шароит барои рушди соњибкорї аст?! Замоне, ки Терминали №1 дар канори аэровокзали фурудгоњ бунёд шуд, сар аз президент Эмомали Рањмон то оддитарин сокини Тољикистон аз сохтмони инчунин бинои муосир ва он њам аз љониби соњибкорон хуш истиќбол карда буданд. Хуб, шояд Шумо он замон (2003) ин њамаро намедидед. Ва њоло ин Шумо даст ба сина зада, "рушд" унвон кардаед, дар асли хизмати Шумо нест, балки дар натиљаи мањдуд кардани фаъолияти Терминали №1 ба вуљуд омадааст, яъне Шумо бо истифода аз маќом њаќќи дигарро аз худ кардаед. Сањњомони Терминали №1 - ЉСП "Сомон-Суѓд" ва ЉСК "Нурафшон" - борњо аз чунин ранг гирифтани кор ба худи Шумои директор ишора карда буданд ва ин амали Шуморо мањдудсозии фаъолияти соњибкорї мегуянду медонанд. Агар не, чаро пеш аз кўчонидани хатсайрњо ба аэровокзали марказии фурудгоњ назари сањњомон - ЉСП Сомон-Суѓд ва ЉСК "Нурафшон"-ро, ки аз њамкорони ЉСК "Фурудгоњи байналмиллалии Хуљанд" ба њисоб мераванд, напурсидед ва худсарона даст ба чунин кор задед? Медонед, коре, ки Шумо анљом додед, баръакс, ба сифати хизматрасонии мусофирон таъсири амиќи манфї гузош-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
13
"ФУРУДГОЊИ МАЊМУДОВ" ё Фурудгоњи байнулмилалии Хуљанд? Љавоб ба маќолаи М. Мањмудов "Чўпон дар рамаи гусфандон нестем!" (Фараж, № 38) тааст. Ин ки омаду рафти мусофирон дар аэровокзали марказї дар чанд ваќти охир чандон мусоид нест ва мушкил аст, ки дар як ваќт ба 600 мусофир ва њадди аќал 600 пешвозгирандаву гуселкунанда хизмат расонда тавонад. Борњо мусофирон, умдатан волидони муњољирони њамватани мо, аз ин мушкил изњори нигаронї мекунанд ва чаро ин њарфњо ба гуши Шумо намерасад ва чашми мубораки Шумо онро намебинад, мо дар њайратем. Чї гуна сифати хизматрасонї бењ шудааст, ки мусофир намебинаду масъулини Фурудгоњи Хуљанд мебинанд? Кї дуруѓ мегуяд: мо, Шумо ва ё мусофирону муњољирон?! М. Мањмудов зикр кардааст: "тахминњо нишон медињад, ки агар њаљми мусофиркашонї њамин тавр афзоиш ёфтан гирад, эњтимол соњои оянда сохтани терминали 2,3,4 ва ѓайрањоро таќозо менамояд. Магар Ќамари Ањрор њар дафъа ба њар як терминали нави минбаъда низ эрод гирифта, инкор кардан мегирад?" Ман тарафдори сохтмони терминалњои дигар њастам ва чун як шањрванд аз ин ифтихор њам мекунам. Аммо тарафдори он нестам, ки мансабдорон ба кору амали соњибкорон латма ворид намоянд ва бо бањонањое хориљ аз ахлоќ ба ѓасби тиљорати онњо пардозанд. Агар мањдудсозињо аз љониби масъулини ЉСК "Фурудгоњи байналмиллалии Хуљанд" далели бархурди манфиятњо миёни афроди мансабдор ва соњибкорон дар Терминали № 1 набошад, чаро њоло аксар хатсайрњои ширкатњои њавопаймоии хориљї, назири S7 Airline ва ширкати њавопаймоии "Урал" ба аэровокзали фурудгоњ кўчонида шуданд? Чаро дар ин бора чизе намегед? Чаро Шумо намехоњед, ки сањни фурудгоњи Хуљанд аз љониби соњибкорон васеъ ва технологияњои муосири хизматрасонї насб карда шавад? Хол он ки тибќи шартнома миёни ЉСК "Нурафшон" ва собиќ директори генералии Фурудгоњ Ахмедов Б. Чунин буд, ки фурудгоњ ба кори Терминали № 1 ва Терминали № 1 ба фурудгоњ дахолат намекунанд. Аммо чаро 4 сол аст, ки хоњиши кормандони ширкати "Нурафшон" љињати сохтмони Гузаргоњ - оне, ки мусофиронро аз минтаќаи озоди терминали № 1 бе ташкили автобус ба њавопаймо мебарад иљоза намедињед? Чаро? Ин чарову боз чароњои зиёди дигареанд, ки Шуморо
манзур медоранд, аммо намедонам, ки барои чи аз бањри онњо баромада ба худсафедкунї пардохтаед?! Ва маълум аст, ки зери коса нимкосае нињон аст! Зеро њавопаймоњои ин ширкатњо сифатноканд ва арзиши чиптаи арзон доранд ва барои Шумои, ба навиштаи худатон, ислоњотгар муњим даромад аст, на пешрафт. Ва ё агар Шумо, ки худро патриоти ширкатњои ватанї аз љумлаи Тољик эйр бошед, бояд ин ширкатро дар зери ќаноти аэровокзали маркази мегирифтед, ва сатњу сифати хизматрасонияшонро бењ мегардонидед. Солњои охир сањми соњибкорон дар ѓанисозии буљаи кишвар назаррас аст. Тибќи маълумоти оморї, 60 дарсади даромади буљаи вилояти Суѓд аз њисоби соњибкорон аст. Аммо раванди мањдудсозии фаъолияти соњибкорон аз сўи мансабдорон чандест, ки дар вилоят чун дигар нукоти кишвар ба назар мерасад ва паёмади ин хуб нахоњад буд. Дар њоле, ки афроди мансабдорон фазоро барои соњибкорон танг мекунанд, дур нахоњад буд, ки соњибкорон њам ба ќасди давлати дигар кишварро тарк намоянд. Мушоњидањо нишон медињад, ки мутаасифона, чанд тољиру соњибкор то ба ин дам бо сабабњое кишварро тарк карда ва фаъолияти соњибкориашонро ночор дар хориља идома медињанд. М. Мањмудов дар навиштааш меболад, ки нишондињандањои молиявии фурудгоњро дар замони директориаш бењ гардонидаасту аз ин њисоб дар сохтмони як идда обектњои иљтимої сањм гирифтааст. Вай мегуяд, "натиљањои молиявии корхона имконият фароњам овард, ки барои эњтиёљи хайриявї ва сарпарастї зиёда аз 4,3 млн. сомонї масраф карда шуда, як ќатор корњои муњими ободониву хайрияви иљро гарданд. Аз љумла дар давоми 8 моњи соли 2013 бинои нави мактаби тањсилоти миёнаи умумии №13 и љамоати Њ. Усмонови ноњияи Б. Ѓафуров барои 720 нафар хонанда аз њисоби даромадњои корхона пурра сохта ба истифода дода шуд... Бо кўмаки фурудгоњ зиёда аз 11 њазор тонна асфалт истењсол гардида, роњњо дар шањру навоњии вилоят мумфарш карда шуданд". Корњои сохтмоние, ки бо пуштибонии молиявии фурудгоњ бунёд шудаанд, садоќат ба мањали худ доштани иддае аз мансабдоронро дар Суѓд ифода мекунад.
Мактаби бунёдшуда дар љамоате бунёд шудааст, ки худи Мањмудов бошандаи он љамоат ва ноњияи ба номи Б. Ѓафуров аст. Мањмудов метавонист ин мактабро дар ягон ноњияи дурдасти вилоят, ки дар дотатсия ќарор дорад, созад. Ў хуб медонад, ки дар ноњияњои дурдасти вилоят, амсоли Масчоњ, Айнї, Панљакент ва ѓайра шароити мактабњо хуб нест ва то чанд соли охир хонандагон дар хонањои мардум тањсил мекарданд. Чизи дигар ин ки чаро мактаби № 24, ки дар соли 1929 бо роњи њашар дар дењаи Пуличуќур дар љамоати ба номи Њайдар Усмон бунёд карда шуда ва њоло деворњои он харобу вайрона гаштааст, аз навсозї карда нашуда, балки мањз мактабе, ки дар зодгоњи худи Мањмудов М. воќеъ аст аз њисоби маблаѓњои Фурудгоњи Хуљанд таъмир ва аз навсозї карда шудааст? Љаноби Мањмудов ба сифати депутати вилояти аз ин љамоат ба куљо нигоњ мекунед ва ё чаро мактаби 24 ро сарфи назар карда, ба мактаби дењаи худ таваљљўњ карда ва боз гўё миннат њам мекунед, ки мо мактаб сохтаем. Чи магар сохтмони мактаби 13 аз њисоби маблаѓњои шахсии Мањмудов М. буд? Не! Аз њисоби маблаѓхои фурудгоњ. Магар њељ кас наметавонад, ки аз њисоби маблаѓи тайёри давлат мактаб созад?! Ва ё чаро маблаѓњои фурудгоњи байналмиллалии Хуљанд ба дењаи худи М. Мањмудов, директори генералии Фурудгоњи Хуљанд масраф мешаванд?! Оё сохтани мактаб аз њисоби маблаѓњои фурудгоњ то куљо ба наќшаи молиявии фурудгоњ дароварда шуда ва он ќаблан бо маќомотњои андоз мувофиќа карда шудаанд? Ё ин М. Мањмудов худ "регулировчик"-и маблаѓњо аз даромади ЉСК "Фурудгоњи Хуљанд" аст? Дар чунин њолат маќомотњои коррупсия, раёсати молия ва андоз ва худи њукумат ба куљо менигаранд? Оё ваќти он нарасидааст, ки мансабдорони садоќат ба мањал доштаро ба истеъфо дињем, то соњибкорон нафаси озод кашанд ва дар дигар љамоат ва ноњияњо њам сохтмонњо шавад ва њамагї Тољикистон ру ба рушд нињад? Нињоят, фурудгоњ аз як шахс нест, балки аз миллат аст! Ќамари АЊРОР
14
МУШКИЛИ МАРДУМ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
"МАВЉИ ОРИЁНО". КАПУТ?
"Мављи Ориёно", телевизиони ноќилии Хуљанд шуморе аз шабакањои писанди муштариёнашро, ки пул пардохт мекунанд, пахш намекунад, аммо пулашро мегирад. Аммо дар оѓоз мардум мањз ба хотири ин шабакањо муштарии ин ширкат шуда буданд. Хабарнигори "Нигоњ" бар асоси шикояти муштариён ба тањќиќи ин мавзуъ пардохт.
Муштариён мегўянд, шабакањои маќбули онњо, умдатан барномањои НТВ+и Русия, ки дар гузашта аз сўи "Мављи Ориёно" пахш мешуд, назири "Спорт - онлайн", "Просто спорт", "Футбол - 2" "Премера" ва "Кинохит" дигар дастрас нестанд, щол он ки онњо мањз ба хотири ин шабакањо бо телевизион шартнома баста буданд. Сулњиддин Акрамиён, яке аз муштариёни телевизиони ноќилї мегўяд, "Мављи Ориёно" дар ибтидо ин каналњоро бо пардохти абонентии ќобили ќабул дастрас мекард, аммо оњиста-оњиста, ба истилоњи мардум,"мурѓ фарбењ шавад, … танг мешавад", пардохти абонентиро зиёд кард, аммо пахши шабакањои НТВ+и Русияро коњиш дод. "Премера", "Кинохит", "Футбол - 2", "Спорт - онлайн" ва як ќатор каналњои дигар, ки ба пакети НТВ+ дохил мешаванд, аз "Мављи Ориёно" ѓайб заданд: - Ваќте аз кормандони ин телевизион сабаби ин њолро пурсон шавем, изњор мекунанд, ки баъзе мављњои НТВ+ то Ќазоќистон меоянд. Аммо АНТ, як телевизиони моњвораї њоло шабакањои НТВ+ и Русияро дар Хуљанд бе мушкил намоиш медињад. "Мављи Ориёно" аз соли 2011 дар шањри Хуљанд фаъолият мекунад. Ин шабака пулакї буда, тибќи шартнома, моње барои пахши барномањои шабакањои телевизионњои хориљї аз мизољонаш 15 сомонї мегирад.
"БОЛО" ВА "ПОЁН" Аммо танњо намоиш надодани шабакањои НТВ+и Русия нест, ки њоло муштариён аз фаъолияти "Мављи Ориёно"
дар Хуљанд интиќод мекунанд. Ин телевизион кулли шабакањояшро ба њангоми сафарњои президент ва суханронињояш дар устони Суѓд њам мањдуд мекунад. Дар оѓоз "Мављи Ориёно" дар ваќти омадани раисиљумњур ва ё баргузории ягон маъракаи байналмиллалї дар Хуљанд барномањояшро таѓйир намедод ва муштариён бо пардохти абонентї имконияти интихоби каналро доштанд. Муштариён мегўянд, "Мављи Ориёно" чандест,ки ба поймол кардани њуќуќи онњо пардохта, њангоми баромадњои президент мисли шабакањои телевизионњои давлатї, ки њамагї як чизро намоиш медињанд, дигар шабакањоро хомўш мекунад. Фирдавс Рањимов, яке дигар аз муштариёни "Мављи Ориёно" ба мо гуфт, њар муштарї моње 15 сомонї ва шабонарўз 50 дирам барои пахши барномањои ин шабака маблаѓ пардохт мекунад: - Аммо дар ваќти он, ки пахши барномањои "Мављи Ориёно" катъ мегардад, телефонњои шабака ба муштариён љавоб намедињанд. Агар дар ин кор наќши "дасти боло" бошад, "боло" - ро гуфта, набояд "поён" - ро нодида гирифт ва њуќуќи онро поймол кард.
САБАБ ЧИСТ? Љумъахон Љамилов, директории генералии "Мављи Ориёно" дар Хуљанд сабаби ба чунин њол расидани телевизионро чунин шарњ дод: - Аз миён рафтани ин шабакањо сабабњои техникї ва молиявї доранд. Пеш аз њама гарон шудани нархи шабакањои НТВ+и Русия аст. Њоло мављи шабакањои НТВ+и Русия дар вилояти Суѓд
танњо дар Исфара ќобили дастрасї аст ва оне, ки ширкати онњо ноќилї аст, кашидани ноќил аз Хуљанд то ноњияи Исфара маблаѓи бештарро таќозо мекунад. - Чаро дар гузашта дар ваќти сафарњои президент ба Суѓд шабакањои "Мављи Ориёно" намоиш дода мешуданд, вале чандест, ки дар вакти сафар ва ё њатто баромадњои сарвари давлат аз њар минтаќаи кишвар ба љуз намоиши шабакањои давлатї дигар шабакањо аз ширкати Шумо намоиш дода намешавад? - Ин кор бо супориши кумитаи телевизион ва радиои назди њукумати Љумњурии Тољикистон сурат мегирад. - Оё њуќуќи муштариён наќз намегардад, дар њоле, ки онњо шабонарўз 50 дирам, ки љамъан моње баробар ба 15 сомонї аст, ба ширкати Шумо маблаѓ пардохт мекунанд? - Дар ваќти мањдуд кардани намоиши шабакањо аз сўи ширкат муштариён метавонанд омада, ариза нависанд ва 50 ё 1 сомонии худро бозпас гиранд. Аммо муштариён мегўянд, ваќти беш надоранд, ки ба њангоми њар баромад ва ё сафари президент ба вилоятњои Тољикистон аз сари коргоњ ва ё хона роњ сўи ширкатро пеш гиранд ва ба унвонии муњандис ва ё директории он ариза нависанду 50 дирам ва ё 1сомонияшонро руёнанд. Дар њоле ки худи ширкат метавонад ба муњосиб ва сармуњосибонаш фањмонад, ки дар ин моњ чанд намоиши президент шудаву чанд маротиба шабакањо намоиш дода нашуданд ва чанд сомонии муштариён тарњ карда шавад.
Ќамари АЊРОР
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ?-И НОБОБ ОЁ ЯККАПИСАР БА ХИЗМАТИ ЊАРБЇ ЉАЛБ КАРДА МЕШАВАД? - Ман дар оила яккаписар њастам. Ба њамагон маълум аст шахсоне, ки дар оила ягона писар њастанд онњо мувофиќи ќонунњои амалкунандаи кишвар ба хизмати њарбї љалб карда намешаванд. Аммо, агар яккаписар хоњиши хизмати сарбозї кардан дошта бошад, ў чї тавр ба хизмат љалб карда мешавад? Оё дар ин сурат ќонун наќз намешавад? Исо ТОЛИБОВ, сокини шањри Душанбе - Мувофиќи муќаррароти моддаи 20-уми Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи уњдадории умумии њарбї ва хизмати њарбї" ин гуруњи шањрвандон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикисон даъват карда намешаванд: - шањрвандоне, ки дар оила писари ягона њастанд; - шањрвандоне, ки 2 ва зиёда аз он фарзанд доранд; - шахсоне, ки бинобар вазъи саломатиашон барои хизмати њарбї ношоям њисобида шудаанд; - ашхосе, ки унвони "номзади илм ё "доктори илм" доранд; - шахсоне, ки бинобар содир кардани љиноят, доѓи судї доранд, ва аз онњо доѓи судї бардошта нашудааст. Аммо, агар шањрванде, ки дар оила писари ягона мебошад, дар ваќти мавсими даъват синнаш ба 18-солагї расидааст, бо хоњиши худ барои хизмати њарбї кардан ариза нависад, баъди аз муоинаи тиббї гузаштан ваъзи саломатиаш ба талаботи хизмати њарбї муайян шавад, метавонад дар сафи ЌМ ЉТ хизмат кунад. Не, дар ин сурат ќонун поймол намешавад. Дар сафи ЌМ ЉТ зиёданд љавонмардони асил, ки дар оила писари ягона мебошанд, аммо бо хоњиши худ дар баробари дигар њамсолонашон ихтиёрї хизмати њарбиро тибќи даъват адо намуда истодаанд. Хушбахтона, сол ба сол сафи љавононе, ки бо хоњиши худ ихтиёрї ба комиссариатњои њарбї њозир мешаванд зиёд шуда истодааст, ки ин аз њисси баланди мењандўстии љавонон ва бо нангу ба номус будани онњо дарак медињад. Ба саволи Шумо аз Вазорати мудофиаи Тољикистон посух доданд.
"ЊАЌЌИ ХИЗМАТ" Мўйсафед баробари ба чойхона наздик шуданаш ба писарбачаи 12 - 13 солае вохўрд. - Бобо дастатонро мешўед?- гуфт писарак. - Не, писарам, дастњоям тоза, - посух дод мўйсафед. Мўйсафед хаёл кард, ки шояд ин писарбача дар чойхона кор мекунад. Нону чой ва хўрок гирифта овард ва ба рўи кат нишаст. Писарбача њам хомўшона рў ба рўи мўйсафед нишасту ба чойкашї оѓоз намуд. Чойро дам карду сипас ба мўйсафед дароз кард. Мўйсафед аз ин хурсанд шуд, "рањмат" гўён ба писарбача миннатдорї баён намуда, гуфт, шукр, ки дар ин давру замони пулпарастї њам љавонони хуштарбия вомехўранд. Рањмат ба падару модари ин гуна љавонон! - Шояд ту гурусна њастї, хўрок фармоям мехўрї, ња, писараки хуб?! - Не, бобољон, як барои шумо хизмат кунам. Ман њозиракак хўрок хўрдам! Мўйсафед хўрок хўрду бо пешхизмат њисобї кард ва бо суханони "рањмат, писарам, илоњо падару модарат аз ту барака ёбанд! " - гўён аз љои худ бархост. Писарбача ба чашмони мўйсафед нигариста густохона гуфт: - Бобољон, њаќќи хизмати манро бароред! Бо "рањмат" - у "боракаллоњ" - и Шумо яки ман њељ гоњ ду намешавад! - Чї хел њаќќи хизмат? Нафањмидам?! - Њаќќи чойкаширо. Чї Шумо хаёл мекунед, ки ман "лохам" - у хизмати бепул мекунам? - Э бар падару модарат садњо лаънат! Мўйсафед дар љояш мисли њайкал шах шуда наметавонист, ки ќадам занад... Рустам НАЗИРОВ, сокини ноњияи Варзоб
ЛАТИФА Љавон аз пири хирадманде мепурсад: - Барои арусї кардан кадом моњ бењтар аст? Хирадманд: - Моњи њељтябр. - Чунин моњ нест-ку, бобо? - Ња-дия… *** Котиба аз раис мепурсад: - Азизам, барои чї зављаи ту ким- чи хел шубњанок ба ман нигоњ кард? -Барои он ки худаш њам як ваќтњое котибаи ман буд! *** Ду рафиќ бо њам вомехўранд - Салом, чї њол дорї? - Њамааш хуб, фаќат имрўз хабар оварданд, ки маро аз кор рондаанд. - Барои чї? - Љин занад, аз куљо донам? Ман ним сол аст, ки он љо нарафтаам.
?-И НОБОБ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
15
АКСИ ГЎЁ
ОЁ ЉАВОНИ 18- СОЛА ЊУЌУЌИ РОНДАНИ МУСОФИРКАШРО ДОРАД? - Аз синни чандсолагї ин ё он шањрванд метавонад њукуќи рондани мусофиркашро пайдо кунад? Оё љавонони 18 ё 19- сола њукуќи рондани минимусофиркашњоро доранд? Баъзе љавонон њастанд мардумро дар хатсайрњои шањр мекашонанд, тамоман одамгарї надоранд. Њатто ќоидаи њаракат дар роњро намедонанд. Охир дар синни 18солагї кї ба онњо иљозати доштани дараљаи D - ро медињад? Касе медињад, дарк намекунад, ки онњо мусофир мекашонанд? Аз чароѓаки сурх мегузаранд. Ба љои 15 кас 25 нафарро савор мекунанд. Кормандони БДА бошанд, ба њамаи ин ќонуншиканињо чашм мепўшанд. Мехостем ба ин хел ќонуншиканињо хотима дода шавад! Зафари ОБИД, сокини шањри Душанбе - Тибќи талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти № 306 -1998 ба шањрвандон барои идоракунии воситањои наќлиёти дараљаи "Д" аз синни 21солагї иљозат дода мешавад. Ќобили ќайд аст, ки имрўзњо интизом дар байни баъзе ронандагони наќлиёти мусофиркаш дар сатњи паст ќарор дорад, ки вайронкунии Ќоидањои њаракат дар роњ аз љониби онњо, аз љумла вайрон намудани тартиби бозистодан, фаровардан ва савор кардани мусофирон, гузаштан аз чорроњањо, сарфи назар намудани талаботи чораѓакњои роњнамо ва дигар ќоидавайронкунињо дар кўчаву роњњо шањодати ин гуфтањо мебошанд. Аз љониби њайати шахсии БДА дар љойњо бо маќсади ба танзим даровардани фаъолияти наќлиёти мусофиркаш, ки ба ќоидавайронкунињои њаракат роњ додаанд, протоколњои маъмурї тартиб дода, нисбати онњо љазои маъмурї татбиќ карда шудааст. Масъалаи риояи ќонуният, ошкор ва пешгирии ќонуншиканињо аз љониби њайати шахсии БДА, тањти назорати доимии масъулини Вазорати корњои дохилї ва Раёсати БДА ВКД ќарор дорад. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.
ШЕЪР МУРДАН БА ЗИНДАГИСТ, КИ ЊАР ЗИНДА МЕМИРАД! Мурдан ба зиндагист , ки њар зинда мемирад, Зистан зї бандагист, ки њар банда мемирад... Бо њар сабаб ба рўзу шаб, айёму ногањон, Одам ба ваќту соати миранда мемирад. Умри дарозу кўтањи њар кас ба ќисматаш, Њам наѓз мемирад ва њам ганда мемирад. Дирўзњо умед ба дилмурдае набуд, Имрўзњо умед ба дилзинда мемирад. Имрўзњо гузашт агар бе гузаштањо, Фардо ѓурури миллати оянда мемирад. Кўтоњаќл он, ки агар ваќти вопасин, Фикраш ба молу мулк пароканда мемирад. Љояш бињишт он , ки ба њар хешу аќрабо, Арзу калима гуфта ба лаб ханда мемирад. Хушном он, ки разм кунад ањди зиндагї, Мардона љањд кардаву љонканда мемирад. Бадном он , ки номусу оре надошта, Шарманда зиста охиру шарманда мемирад. Басир АБДУЛЛОЕВ ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад.
ЧАРО? ЧАРО РУСЊО ДАР ФИЛМИ "KILLERS" БА ЉОИ РУС НОМИ ТОЉИКРО ТАРЉУМА КАРДАНД? - Рўзе баъди кор, хаставу афгор, хостам, филме тамошо кунам. Аз торнамоњо филме пайдо кардам бо номи "Killers" ( USA 2010), бо тарљумаи русияш. Дар як љои филм, ваќте мехоњанд, шахсеро ба таври манфї ба маънои мунњарифи љинсї, ќотили берањм тавсиф кунанд, мегўянд, ки "ў як тољик аст!!!". Њайрон шудам, гирифтем, ки русњо ин суханро гўянд, маълум, лекин амрикоињоро чї шудааст, ки нисбати халќе чунин бадбинї нишон дињанд, ки шояд 90 дарсади мардумаш њатто надонанд, ки тољикон дар куљо зиндагї мекунанд. Беќарор шудам, филми аслияшро бе тарљума пайдо кардам, дар онљо вожаи "тољик" нею, балки "рус" ба кор рафтааст, аммо ин тарљумонњои палиди њабиси амонатношинос ба љои "рус" "тољик" тарљумааш кардаанд. Ин филм бо тарљумаи русияш дар тамоми намоишгоњњо ба тамошо арза шудааст. Русњо, ки худашон дар арсаи љањонї он ќадар аз иззату эњтирому обрўву эътироф бархурдор, ки нестанд, мехоњанд, ки тољиконро дар минтаќа ба њамин сурати мушаввањ муаррифї кунанд. Умедворам, ки Худованд, нокомашон гардонад! Шояд, њољати дар инљо гуфтанаш њам набуд, аммо ин падида хеле таъсирам кард ва љое дигар барои арз ва рози дил кардан надоштам, љуз ин сањифа, ки онро порае аз ватанамон медонам... Худованд номусу иззату обрўро аз мо нагирад! Далер ЃАЙРАТОВ, муњољири мењнатї
БА ЉОИ 09 - Агар аз љониби кормандони Вазорати корњои дохилї ягон ќонуншикание шуд ё бо ин нињоди ќудратии кишвар њамкорї кардан мехоњед? Пас, ВКД-и Тољикистон барои њамкорї шумораи телефонии раёсату шуъбањои асосии худро дар шањру ноњия ва вилоятњо пешнињод мекунад: Телефони боварии вазири корњои дохилии Тољикистон: 221-2121; Ќисми навбатдории ВКД: 22108-30, 227-98-98; Ќисми навбатдории Раёсати ВКД дар шањри Душанбе: 221-1542, 221- 00- 57; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи И.Сомонї: 224-13-06, 22448-74; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Шоњмансур: 223-13-30, 227-80-00; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Сино1: 236- 92-24, 236-8335; Ќисми навбатдории ШКВД дар
ноњияи Сино 2: 235-56-88, 236-2238; Ќисми навбатдории ШКВД дар ноњияи Фирдвсї: 233-72-24, 23372-11; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Суѓд: (83422)6-06-997, 630-38; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Хатлон: (83222) 2-25-15, 2-25-36; Ќисми навбатдории РКД дар минтаќаи Рашт: (83131) 2-17-69, 225-55; Ќисми навбатдории РКД дар вилояти Бадахшон: (83522) 2-9114, 2-42-03; Раёсати БДА ВКД ЉТ: 221-00-16
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №31 (359) 23. 10. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
ТАБЛИЃИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ МУЉАССАМА ВА АРВОЊЊОИ ДУШАНБЕ Мирзодиккак бо супориши вазир даст ба таблиѓи номзади ЊХДТ дар интихоботи президентї зад. Ў таблиѓи номзадро аз шањри Душанбе оѓоз кард. Мувофиќи барномаи тањрезинамудаи њукумат, ки бо мўњру имзои раиси КМИР Шоњи Шоњон тасдиќ гашта буд, мебоист дар назди њамаи муљљасамањо ва оромгоњњои бузургони миллат номзади ягона ва нестандарљањони ЊХДТ - ро муаррифї мекард, то зиёраткунандагон ба номзади нодаркор райъ надињанд. Пеш аз аср, Мирзодиккак ба Боѓи марказї омада, дар назди муљассамаи Устод Абуабдуллоњи Рўдакї аз болои коѓазе ба хондани мадњу сано оѓоз кард. Касе аз атрофиёни камшумор, ки асосан љуфт-љуфт буданд, ба ў эътибор намедод. Матнаш ним нашуда, ки банохост садое ба гўшаш расиду дам фурў баст. Ўба ќираи чашм ба муљассама нигарист. Устод Абуабдуллоњи Рўдакї аз шунидани мањду санои Мирзодиккак дар ѓазаб омада, бо дасти росташ ончунон зери манањи Мирзодиккак фуровад, ки зиёии њукуматї чанд метр аќиб парида рўи замин ѓелид. Аз зарби се-чор печутоб ў дубора бањуш омада буд, ки ѓуррондани Рўдакї ба гўшаш расид: - Э, зори шуморо.....мадњ њам њад доштагист... Мирзодиккак аз ѓазаби маликушуаро тарсида додзанон љониби Шоњ Исмоили Сомонї давид, то аз ў наљот пурсад.Зиёии бебахт ба муљассамаи Исмоили Сомонї нарасида, ки ѓуришу њайбати ду шери жаён сараш чарх заду чашмонашро сиёњї пахш кард... Замоне, ки Мирзодиккак ба њуш омад,Шукурљон Зуњуров ном ќаровули муљассама ўро ба мошини "ёрии таъљилї" бор мекард. Ў чизе гуфтанї буд, ки њушаш рафт. Ваќте ў дубора ба њуш омад, худро дар кате баста дид. Њарчанд талошкард, натавонист аз бандњои басташуда дастону пойњояшро рањо созад. Аммо болои миз вараќњои таблиѓотиашро дида, каме ором шуд, зеро вай бовардошт, ки духтурон аъзои гурўњи таблиѓотии ЊХДТ буданашро фањмида, аз ў пул талаб намекунанду ба зудї рањояш месозанд. Дар њамин лањзаи барои Мирзодиккак мушкилу барои Модар - Ватан басо зарурї љўрааш Ѓалтак ба њуљра даромаду Мирзодиккак, ба ќавли мардум аз шодї як ќабат гўшт гирифт. Љўрањо баъди "сар-салом" сўњбати деринтизори худро шурўъ карданд. Мирзодиккак: - Љўраљон, ман одами масъул. Бо барномаи таблиѓотии пеш аз интихоботиям дар назди муљљасамањои бузургони миллат баромад карда истодаам. Мутаассифона, баъди баромадам ин духтурњо маро оварда дар ин кат бастаанд-ееее! Ѓалтак: - Шукрона кун, ки саломатият хуб шуд. Мана якчанд љойи сарат кафидагї, биниятро духтурњо љарроњи карданд. Њоло коммунист Пахтагул Панљсолаевна барои пардохти њаќќи духтурон аз Ташкилоти ќарзии "Спитамен-капитал" 4 њазор сомонї ќарз гирифтагї. Барои беиљозат рафтанат ба назди муљассамаи Исмоили Сомонї нисбати ту парвандаи љиноятї боз карда будаанд. Хайрият њамин ќоѓазњоятро бурда нишон додаму парвандаи љиноятиро бастанд, вагарна таљовузи ду фоњишаро њам ба гарданат зада, туро аз беморхона рост ба толори суд мебурданд. Мирзодиккак: - Ман бояд корамро давом дињам. Пахтагул Панљсолаевна худаш ќарз гирифтааст худаш ќарзашро медињад. Ман ба соњибони "Спитамен капитал" њар ваќти сафар ба Шимол дар тарозуњои IRS медињам. Ин бас набуд, ки боз пулњои додаи худамонро ба фоиз ба худамон ќарз медињанд?!! Ѓалтак: - Шукрона кун, ки фоизаш пасттарин дар Тољикистон. Мирзодиккак: - "Дузди зўр соњиби говро бастааст"-аш њамин-де. Аммо ман бояд дар назди муљассамањо баромад намоям. Мувофиќи барномаи тасдиќнамуда бояд дар оромгоњи "Лучоб" низ ду соат лексия хонам. Он љо бештари бузургони миллат хоб рафтаанд. Агар ин коро накунам, интихобот ѓайридемократї мегузарад ва обу рўи њукумати љонољонамон дар назди давлатњои дигар коњиш меёбад. Ѓалтак: - Мирзољон асабњоятро эњтиёт намо. Њазору як лексия, ки хонї Садриддин Айнї, Бобољон Ѓаффурову Љаббор Расулов ба интихобот њозир намешаванд. Агар мабодо зинда шаванд њам мардум ба онњо овоз намедињаду њатто дар "Ахбор" њам нишонашон намедињанд. Арвоњои онњоро тинљ гузору аз пайи кору зиндагият шав. Ин мардакњо демократияи ту мегуфтагиро кайњо гузаштагї. Дар Осиёи Марказї президентњо бо мансаб аќди никоњ бастаанд. Мана Путин њам. Ў як маротиб ањди никоњашро бо мансабаш буриду маротибаи дувум бо њамсараш. Акнун Алина Кабаеваро гирад, ќабри тољик кандагї њисоб. Президентњои Ќазоќистон, Ўзбакистон, Озорбойљон, Туркманистон њам бо мансаб ањди никоњи оилавї бастагї. Шумо њам аз онњо ќафо намонед. Мирзодиккак: - Монед ин сафсатањоро. Шумомухолифин мисли мо њунари кор карданро надоред. Аз рашку њасад чи гапе рост омад, гуфтан мегиред. Демократия дар Осиёи Миёна ба зинаи аввалаш расидагї.
Ѓалтак: - Ња рост... Мирзодиккак: - Президентњои мо бењтарини бењтаринњо, ки њастанд мардум ѓайр аз онњо ба дигар номзадњо бовари надоранд. Њоло Илњом Алиев 95 фоизи овозњоро гирифта бошад, номзади њизби мо 99,9 фоизро соњибї мекунад. Ѓалтак: -Ака, њамон 0,1 фоизаш њам аз шумо мешавад. Њисоб дар дасти худатон-ку! Бањузур хоб рафта, рўзи шашум худро ѓолиб эълон кардан гиред. Мирзодиккак: - Хоб гуфти-ња? Ѓалтакбой, рўзњои ахир таъбам бенињоят хира аст. Худо накунаду мардум дар хоб монда ба интихобот нараванд, шарманда мешавем. Ѓалтак: - Бензинро харљ накарда, блютенњоро ба шањру навоњї набаред. Њаминљо худатон пур кунедчї? Мирзодиккак: - О, ин пешнињод буд. Шоњи Шоњон ба калонњо гуфт, ки "шарт аст ин ќадар блютенро дења ба дењаю навоњї ба навоњї гардонидан. Раваду 90 %-и халќ номзади арзандаамонро хат занад, баъд чи кор мекунем?! Њама муаллимону духтурон дар ќитъањои интихоботї инро бинанду ба мардум гуяндчї?!..." Ѓалтак: - Боке нест, маошашонро 20-30 % зиёд мекунеду олам гулистон мешавад. Бе ин њам аксарияти аъзои участкаву ќитъањои интихоботиатон "сексот"у агентњои худатон-ку... Мирзодиккак: -Э, балое! Аз куљо ту медонї ин њамаро?! Бењтараш хомўш бошу маро зудтар аз ин љо халос намо, то ки ба гуристони "Лучоб" рафта дар назди бузургони миллат номзади ЊХДТ -ро таблиѓ намоям. Ѓалтак: - Мирзољон, корат бењуда. Арвоњњои бузургони миллат ин беномусиву беадолатиро дида, кайњо хоки Тољикистонро тарк кардаанд. Бењтараш аз њамин кату шўрбои Пахтагул Панљсолаевна намону дар њаќи мардум зомин нашав. Мирзодиккак: - Ман ба маслињати ту сад дар сад розиям. Боз нашавад, ки ягон кас маро љосуси мухолифин эълон намояд. Ман њам мисли ту аз сулолабозию хешу аќрабобозии мансабдоронамон безор шудаам. Набинаму насўзам гуфта, то анљоми ин мазњакаи сиёсии дар ин љо хоб меравам. Ту њам раву осуда бош, аз њамон дарс додану љорўбфурўшият намон! Дўстони дерина бо њамин хайру хуш карданд. Ѓалтак аз беморхона баромада љониби хонааш роњсирпор гардид. Мирзодиккак нигоњашро аз тиреза намеканд. Ў танњо умед аз шўълањои офтобро дошт, ки рўзе натанњо табиат, балки ќалбњои фарсудаи одамони ин сарзаминро низ рўшан месозанд.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Муродалї АЛИМАРДОНОВ, муовини Сарвазири кишвар: - Ман салоњият надорам, ки ба њар як сокини Фархор заминњоро чен карда супорам, ин вазифаи раиси ноњия ва совети ќишлоќ мебошад. Он чизе, ки аз њукумати марказї вобаста аст онро њал карда медињем. -Раис, мардумро ноумед кардан чї лозим?! Замину чарогоњу молу њоли шуморо мардум дар Њисору Рашту Ќубодиёну Ёвону Муминобод дида, аз њавас ба шумо мурољиат мекунанд. Тамоми раисњои Данѓараро сер кардеду зўратон ба њамин чор занаки фархорї нарасид?! Султон ВАЛИЕВ, собиќ раиси ноњияи Восеъ: - Ин ба истеъфои Амонулло Њукумов чи муносибат дорад? (садамаи писари Њукумов дар назар аст). Кї мехоњад, ки чунин њодиса рух дињад? Заминљунбї, садамаи наќлиётї умуман ин њодисањои фавќуллодае мебошанд, ки ѓайриихтиёр рух медињад. -Боз "дањони пўшида сад тилло"-ро фаромўш кардед-ња? О, одам, ки аз Хатлон шуд, ќиблаи Чаппаевро шинохтанаш даркор. Бо љойи кор мекобедде. Сергей СОБЯНИН, мири шањри Маскав: - Аз муњољирони мењнатї бояд њангоми дохил шудан ба Русия маблаѓ гирифта шавад. Бояд, тавре кунем, ки кирояи муњољирон барои корфармоён муфид набошад. - Њоло дар ќабри сиёсии Лужков сабза надамида, боз шумо сар кардед-мї?! 69 дарсади пулњои кормекардаашонро (ба иќрори Ромадановский) дар Русия харљ кардани муњољирони бечораи мо кам бошад, бо Путин ду гузометр гирифта, барои њар дафъа газолуд кардани њавои Маскав њам пул талаб кунед. Бачањои мо сахианд, пулатонро медињанд. Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - Бо таваљљуњ ба ин ки ЊНИТ барои пайдо кардани заминаи њуќуќии тањрими интихобот чандон талош намекунад, метавон гуфт, ки ин њизб ба тањрими интихоботи раёсати љумњурї љуръат намекунад. - Домулло, шумо њоло њам тахмин зада гаштедмї?! Њой бобо, "гўсолаи мешудагї аз почааш маълум" мегўяд њикмати халќї. Маъракаро бохта, њоло њам дарк накардед, ки фалсафаи "сабр" њаромибачаи њамон фалсафаи "шукрона" аст?! Сафар САФАРОВ, муовини раиси ЊХДТ: - Он шиору плакатњо, ки бо тасвири Эмомалї Рањмон дар шањру навоњї овехта шудаанд, ин нишонаи ихлосмандию эътиќоди мардум нисбати Сарвари давлат мебошад. Ин амалия дар њамаи кишварњои мутамаддин ва мамлакатњое, ки халќаш нисбати роњбари давлат эътиќод ва эњтиром доранд, роиљ аст. Инро ќонун манъ намекунад. - Масъалаи интихобот аллакай њал, дигар хок задан шарт нест. Баъдан, ќонун шахсиятпарастиро манъ кардааст. Бинобар ин, хуб мешуд, ки: а) ба пули шиору плакатњои бешумор чанд мактабу шифохона созед; б) ихлосмандони мансабдоре мисли шумо њадди аќќал як котељиву ду љипияшонро фурўхта, боѓчаи бачагонаву поликлиника созанд.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09