Нигох №32 (414). Чоршанбе, 5-уми ноябри соли 2014

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

Бозори бесоњиби бензин

1

Агар њукумат ба бозори маводи нафтї дахолати фаврї накунад, онро аз даст медињад САЊИФАЊОИ 8-9

№32 (414). Чоршанбе, 5-уми ноябри соли 2014

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

+ Замимаи «ФАРЗОНА»

МО ВА ОНЊО

Шайтонпарастї Чаро "Њеллуин" љанг бо дину ахлоќ аст? САЊИФАИ 7

ТЕАТРИ ТОЉИК

Хайрї Назарова:

Бо ёдњо зиндаям САЊИФАИ 4

ТАЌДИРИ ФОШШУДА Оё соњибкори шинохта Зайд Саид афв мешавад, ё на? Чаро ў бояд афв гардад? Афви вазири собиќи њукумат дар кадом сатњ њал мешавад? Ў дар сухани охиринаш ба кї чї гуфт? Кињо намехоњанд, ки маъюби гуруњи 2 ба озодї барояд? ТАЌРИЗ

Се дидгоњи Рашид Олимов САЊИФАИ 10

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Одина аз Когон ба Маскав рафт САЊИФАИ 16

МУЗАФФАРОВА КИСТ ва чаро авбошињои ў бељавоб мемонанд?


2

БОНГИ ХАТАР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

САРИ СОЛ Аз содир шудани њукми Суди Олии Тољикистон нисбати Зайд Саидов - собиќ вазири саноат, яке аз соњибкорони муваффаќ ва раиси "Тољикистони нав", њизби њанўз дар айни тавлид саркўбшуда, ќариб як сол мегузарад. 25-уми декабри соли 2013 Суди Олї соњибкорро барои 5 њолати љиноят дар парванда ба 26 соли зиндон мањкум кард. Шикоятњо аз ин њукм низ ба натиља нарасиданд, балки вакилони дифоъи Зайд Саидов - Фахриддин Зокиров ва Шуњрат Ќудратов њам зиндонї шуданд. Дар ин миён моликияти соњибкорро пурра кашида гирифтанд. "Ќиссаи Зайд", ки аз рўзи боздошт (19-уми май) то мањкумият (25-уми декабр) муњимтарин мавзўи расонањо дар соли 2013 буд, шавќу шўрашро гум кард. Аммо он гуна, ки маќомот интизор доштанд, ин ќисса ба монанди ќиссањои дигар фаромўш нашуд. Рўзе нест, ки дар шабакањои иљтимої ва њафтае нест, ки дар расонањои ватанї дар ин бора чизе нагўянду матлабе нанависанд. Дањаи ахири моњи октябр њарфи Ќонуни афв баромад. Расонањо навиштанд, ки азбаски Зайд Саидов маъюби гуруњи 2 аст, бояд авф шавад. Охири моњ дар Австрия як сомона ба дастгирї аз Зайд Саидов фаъол шуд. Рўзњои баъдї расонањо хабар доданд, ки парвандаи дигареро Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон алайњи Зайд Саидов дар њоли нињої кардан аст. 3-юми ноябр вакили дифоъи ў Фахриддин Зокиров тибќи Ќонуни афв ба озодї баромад. 4-уми ноябр адвокати Шуњрат Ќудратов изњори назар кард, ки агар зерњимояаш хоњад, яъне айби эълоншударо эътироф кунаду афв пурсад, тибќи ќонун озод мешавад. Аммо оё афву рањоии Зайд Саидов имкон дорад? "Нигоњ" кўшиши холисонае кард, то ба ин суол љавоби салоњиятнок ёбад.

КОРИ ZAIDSAID.AT Пайдо шудани "Сомонаи расмии дифоъ аз соњибкори шинохта" - ро дар муњити расонаии Тољикистон таќрибан њич расонаи муътабар нодида нагирифт. Расонањои бонуфуз бо шевањои гуногун аз он хабар доданд. Њарчанд њич ВАО ба суоли "чаро он тањия шудаву чї таъсире хоњад гузошт?" љавоб надод, сомонаи zaidsaid.at ягона коре, ки кард, нашри матни пурраи сухани охирини Зайд Саидов дар суд буд, ки дар якљоягї бо асноди пеш аз њабсаш чопкардаи Шуњрат Ќудратов ба бисёр торикињои ин ќазияи пурсару садо ва гўиё "њамааш маълум" рўшанї меафканад. Ба он мурур карда, мешавад хулоса кард, ки парвандаи љиноии Зайд Саидов як парвандаи дарњам - барњам, инкор андар инкор, пур аз шахсони номаълум, љойи номаълум ва њатто мошинњои номаълум буда, таќрибан њама љабрдидаву "љабрдидањояш" зери фишор будаанд... Дар матлаби зерин, "Нигоњ" панљ њолате, ки боиси зиндонї гаштани Зайд Саидов шудаанд, мавриди тањќиќ ќарор дод:

1. СЕ "ЌАЛЛОБЇ" Моддаи 247, банди "а", ќисми 3 - и Кодекси љиноии Тољикистон: "Ќаллобї, яъне тасарруфи амволи ѓайр ё ба даст овардани њуќуќ ба амволи ѓайр бо роњи фиреб ё сўистифодаи боварї бо миќдори калон". Љазо барои Зайд Саидов: 10 соли мањрумият аз озодї аз рўи се њолат. АЙБИ № 1: Зайд Саидов аз шањрванди Ќазоќистон Серикбол Окушев барои дарёфти иљозатнома љињати азхудкунии кони тиллои "Чоре"-и ноњияи Айнии вилояти Суѓд 1 миллиону 500 њазор доллар гирифта, корашро буд накард. 800 њазорашро пас аз фурўхтани "Тољикатлас" ба сафири Эрон баргардонд, аммо 400 њазори дигарро аз худ кард.

«

*

Бори аввал Саидов 700 њазор доллар дар шањри Алма-Ато дар шоњидии Далер Бобоев (нафари Окушев) гирифтааст (ин маблаѓро гирифта, аз Алма-Ато ба Маскав рафт) ва 800 њазор доллари дигар талаб кардааст. Окушев замонат - гарантия мепурсад, Саидов њуљљатњои "Тољикатлас" ро, (ки аз Низом Љўраев пора гирифта буд), ба ў медињад. 500 000 доллар дигарро Окушев ба намояндагони Саидов дар Алма-Ато додааст. Сесад њазор доллари дигарро Окушев дар њузури Далер Бобоев дар утоќи Саидов њамчун вазири саноат додаанд. ДАР АСЛ: 1) Зайд Саидов эътироф кардааст, ки моњњои октябр - ноябри соли 2006, ваќте вазир буд, дар бораи кони Чоре бо Окушев суњбат кардааст, аммо њатто њамчун вазири саноат наметавонист иљозатнома дињад, зеро кон ба Саридораи геология тааллуќ дошт ва додани иљозатнома њуќуќи истисноии Њукумати Тољикистон буд. 2) Окушев дар суд гуфт, ки Саидов њангоми сафараш ба Алма - Ато моњњои январ - феврали соли 2006 аз ў 700 њазор доллар гирифт. Аммо фурудгоњи Алма - Ато њуљљат додааст, ки Зайд Саидов ин моњњо ба АлмаАто сафар надошт (!). Ў 12-уми декабри соли 2006 ба Алмаато сафар кардааст (12 рўз пас аз барканориаш аз вазирї!). Њадафи сафар: ташхиси меъда. Аммо бо исрори Окушев бо кормандони "Тураналембанк"-и Ќазоќистон вохўрдааст; 3) ТуранАлембанк ба Њукумати Тољикистон 28-уми декабри соли 2006 барои харидории кони Чоре ба Окушев номаи кафолатї додааст, аммо як моњ пас аз барканории Саидов аз вазирї ва баъди 15 рўзи сафари ў ба Алма - Ато; 4) Ягон мурољиати вазорати саноат Зайд Саидов ба њукумат дар бораи додани иљозатнома ба коркарди кони Чоре бо имзои ў вуљуд надорад; 5) "Тољикатлас" аз Саидов набуд, баръакс 55 дарсади сањмияњои он ба ширкати "Группа Восток" - и Окушев (роњбараш Далер Бобоев) тааллуќ дошт; 6) Низом Љўраев дар суд гуфтааст, ки њуљљатњои "Тољикатлас" - ро Абдусамад Саидов (ронандааш) 21-уми декабри соли

Зайд Саидов њамшањрияш Камоловро умуман намешинохт ва намедонист, ки ў ошхонаи "Тољикатлас" - ро иљора гирифтааст. Саидов бо Камолов ягон шартнома ва ё ањд надорад. Камолов аз њамшањрии бонуфузаш кўмак пурсидааст, ки 7 њазор долларро аз шарикони љиянаш гирифта дињад. Саидов гуфтааст, ки агар љиянаш њаќќашро аз фурўши "Тољикатлас" гирад, њатман кўмак мекунад.

«

2006 дар вазорати молия ба Дилшод Рањимов, љияни Зайд Саидов супурд. Пас Зайд Саидов миёнањои (!) соли 2006 чї тавр ин њуљљатњоро њамчун гарав ба Окушев додааст? 7) Барои ба даст овардани иљозатнома Окушев на бо Зайд Саидов, балки бо вазиру вазорати дигар сарукор дошт; 8) Окушев 500 њазор долларро ба нафаре додааст, ки ўро намешиносад ва суду тафтишот ўро "шахси номаълум"ва "одами бовариноки" Зайд Саидов унвон мекунанд. Як сармояи бузург бе кадом як њуљљати тасдиќкунандаи шахсият ва бе забонхат ба кї дода шуд? 9) Окушев 55% сањмияњои корхонаи "Тољикатлас"-ро баъд аз 4 моњ аз Дилшод Рањимов харидааст. 10) Низом Љўраев зери фишор ќарор дошт ва инро ќоил аст. Баъд аз вохўрии рў ба рў бо Зайд Саидов ў аз муфаттиш Фирўз Холмуродов хоњиш мекунад, ки онњоро танњо гузоранд. Љўраев мегўяд, ки озод нест, ўро розї кардаанд, ки бо ин ариза Зайд Саидовро метарсонанду бас. "Ман ба Шумо эњтиром дорам, илољи дигар надоштам, аз ин айбдоркунї ба ман њељ чиз намерасад".мегўяд ў. 11) Окушев дар шоњидии Бобоев чї тавр дар утоќи вазирии Саидов пас аз 6 - 7 моњи дигар 300 њазор доллари дигар додаанд, ваќте ў аллакай вазир набуд? 12) Далер Бобоев бо њукми суд дар зиндон буда, худ зери фишор ќарор дошт. Дере нагузшта ў ба таври мармуз аз мањбас озод шуд. 13) Серикбол Окушев соњибкори пурмољаро буда, назди Туремалембанк ќарз ва уњдадорињои зиёд дошт ва бар њар васила мехост, ки аз бало халос шавад. Сару садоњои ѓарирасмие њам дар бораи парвандаи љиноятии ў дар маќомоти Тољикистон пањн гашта буданд. ХУЛОСА: Исбот шудааст, ки Зайд Саидов моњњои январ - феврал сафар накардааст, чун сафар надошт, дар Алма - Ато пора гирифта наметавонист. Биллинги зангњои телефонї байни Саидов ва Окушеву Бобоев ва Љўраев њамчун далел умуман истифода нашудаанд, зеро умуман набуданд. АЙБИ № 2: Соли 2008, ваќте маркази "Пойтахт" дар кўчаи Турсунзодаи Душанбе сохта мешуд, Зайд Саидов барои иљрои корњои сохтмонї ба Д. Сафаров 29 њазор доллар ваъда кард, аммо 9 њазор доллар њаќќашро надод. ДАР АСЛ: Зайд Саидов яке аз муассисони маркази тиљорї буда, пудратчиёнро роњбари сохтмон М. Саидов љалб ва бо онњо шартномањо имзо менамуд. Мањз ў ба Д. Сафаров 20 њазор доллар пешнињод карда, шартнома бастааст. Баъди анљоми кор

миёни Сафаров ва фармоишгар дар мавзўи њаљм ва маблаѓи корњои иљрошуда бањс ба вуљуд меояд. Ў ба Зайд Саидов мурољиат мекунад. Зайд Саидов ба ў як маротиба мусоидат мекунад, аммо ў боз даъво пеш меорад. ХУЛОСА: Њодисаи љиноят вуљуд надорад. Даъвои Сафаров бањси ќонунгузории гражданї аст, аммо мавсуф боздошти Зайд Саидовро фурсати муносиб дониста, баъди шаш сол (!) аз мусибати сари инсон омада сўистифода кардааст. АЙБИ № 3: Ш. Камолов, сокини Нуробод, њаммањалли Зайд Саидов, ошхонаи "Тољикатлас" - ро иљора гирифта буд. Корхонаро соњибаш Окушев фурўхт ва бар ивази таъмиру бењбуди ошхона ба Камолов 3 њазор доллар дод. Камолов 7 њазор доллар мехост. Окушев надод. Камолов ариза навишт, ки Зайд Саидов 25 њазор доллари ўро аз худ кардааст. ДАР АСЛ: Зайд Саидов њамшањрияш Камоловро умуман намешинохт ва намедонист, ки ў ошхонаи "Тољикатлас" - ро иљора гирифтааст. Саидов бо Камолов ягон шартнома ва ё ањд надорад. Камолов аз њамшањрии бонуфузаш кўмак пурсидааст, ки 7 њазор долларро аз шарикони љиянаш гирифта дињад. Саидов гуфтааст, ки агар љиянаш њаќќашро аз фурўши "Тољикатлас" гирад, њатман кўмак мекунад. Таѓои Камолов дар суд шањодат додааст, ки Саидов гуфтааст, "ман ба кори ту рабте надорам, ба хотири ошної бо таѓоят аз пули љиянам кўмак мекунам". ХУЛОСА: Њодисаи љиноят вуљуд надорад. Даъвои Камолов бањси гражданист ва мустаќиман ба Зайд Саидов ягон робита надорад. "Таъмири њафтњазора"-и Камолов исбот ва асоснок нашудааст.

2. ПОРАГИРЇ Ё "ПОРАДИЊЇ"? Моддаи 319, банди "г", ќисми 4 - Аз љониби шахси мансабдор шахсан ё бо воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коѓазњои ќимматнок, дигар амвол ё фоидаи дорои характери амволї дошта, барои иљро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадињанда ё намояндагони ў, агар чунин њаракат (бењаракатї) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба ќудрати мавќеъи мансабиаш ба чунин њаракат (бењаракатї) мосоидат карда метавонад, њамчунин барои пуштибонии умумї ё сањлангорї дар хизмат. Љазои Зайд Саид: 11 соли мањрумият аз озодї. АЙБ: Зайд Саидов њангоми вазири саноат будан аз вазифа сўистифода карда,


ИНСОН ВА ЌОНУН

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

ТАЌДИРИ ФОШШУДА Оё соњибкори шинохта Зайд Саид афв мешавад, ё на? Чаро ў бояд афв гардад? Афви вазири собиќи њукумат дар кадом сатњ њал мешавад? Ў дар сухани охиринаш ба кї чї гуфт? Кињо намехоњанд, ки маъюби гуруњи 2 ба озодї барояд? моњњои март ва апрели соли 2006 аз директори "Химзавод"-и Исфара - Низом Љўраев "Тољикатлас" - ро пора гирифт, ба ин шарт, ки ба пешрафти кори ахирї мусоидат мекунад; ДАР АСЛ: 1) Зайд Саидов ва Низом Љўраев њељ гоњ соњиби "Тољикатлас" набуданд. 2) Соњиби корхона расман Абдусамад Саидов - ронандаи Низом Љўраев, директори ваќти "Химзавод"-и Исфара мебошад. 3) Ягон исбот ё санади шифоњиву хаттии муомила миёни Зайд Саидов ва Низом Љўраев нест. 4) Абдусамад Саидов 24-уми майи соли 2006 соњибмулки "Тољикатлас" шуд, "љиноят", ба даъвои тафтишот, моњњои марту апрел шудааст. 5) Низом Љўраев дар суд гуфтааст, ки ба Зайд Саидов корхонаро ба хотири ягон манфиат надодааст - "Њеч манфиате, њамин хел додам!". "Ин одам (Зайд Саидов) хеле инсони поквиљдон аст ва замоне, ки Вазир буд на танњо талаби чизе накард, балки хоњишеро њам дар мавриди иљрои ин ё он хизмат пеш нагузошт" - нишондоди Низом Љўраев дар суд. 6) "Тољикатлас"-ро аз Абдусамад Саидов Дилшод Рањимов (љияни Зайд Саидов) 26-уми декабри соли 2006 харидааст - он замон Зайд Саидов вазир набуд! Зеро 30юми ноябри њамон сол бо фармони президент ў аз вазирї барканор шуд. 7) Маблаѓи харид - 200 њазор долларро шахсан Зайд Саидов ба Абдусамад Саидов додааст, зеро љиянаш дар Маскав буд. 8) Низомхон Љўраев зидди Саидов замоне шањодат медод, ки тањти назорати маќомот буд, парванда дошт ва алайњи чандин нафари дигар (адвокатњо, судяњо ва прокурорњо) шоњидї дода, онњоро ба суд кашонд. Аммо дар парвандааш то рўзи боздошти Зайд Саидов - 19-уми майи соли 2013 дар бораи Зайд Саидов гапе нест! 9) Раиси "Химзавод" - ро Њукумати Тољикистон таъин мекунад, на вазорати саноати Тољикистон. Низомхон Љўраев он замон дар Душанбе робитањои ќавитар аз Зайд Саидов дошт. ХУЛОСА: "Тољикатлас" миёни љияни Зайд Саидов ва ронандаи Низомхон Љўраев мавриди хариду фурўш ќарор гирифтааст, аммо њарду њам метавонистанд аз ин хариду фурўш манфиатдор бошанд, ки аз воќеиятњои Тољикистон аст. Чун хариду фурўш пас аз барканории Зайд Саидов аз вазирии саноат сурат гирифта, маблаѓи фурўш - 200 њазор доллари ИМА ба одами Низом Љўраев дода шудаасту инро шоњидон тасиќ кардаанд, ин њолатро порагирї ва сўистифода аз мансаб донистан ѓайриимкон аст. Бар замми ин, Низомхон Љўраев дар рафти суд

«

3

даст наметавонад духтари њадди аќал 40 килоиро 70 - 80 метр бардошта барад. Бар замми ин, он ваќт ошёнаи дуюм бе таъмир буду хоб кардан дар он имкон надошт. 7) Тибќи нишондоди ноболиѓ, ў њар рўз аз тирезаи њуљрае, ки ўро панљ рўз нигоњ доштанд, роњ ва мошини ронандаро медид, аммо тањќиќи судї нишон додааст, ки он хона аз љониби дарё буд, яъне барои мошин ва роњро дидан чашм бояд панљ деворро (!) сўрох кунад. 8) Рўзи шанбеи 16-уми июни соли 2012 рўзе, ки гўё Зайд Саидов ноболиѓро таљовуз кардааст, дар бустонсарои Варзоб беш аз 15 нафар одамон буданд. Он рўз, раиси Ассотсиатсияи тениси рўимизии Тољикистон - Зайд Саидов бо њамсар, ёвар, ронанда ва беш аз дањ мењмони даъватї зодрўзи теннисбоз Екатерина Ишенкоро дар бўстонсарояш таљлил мекард. Он шабро бо њамсараш дар њамон љо рўз кард. Биллинги зангњои телефонии Зайд Саидов ва мењмонони зиёд далели ин гуфтањоянд, ки тафтишот ва суд онњоро нодида гирифтаанд. ХУЛОСА: Зайд Саидов Бобораљабовањо ва Гасилинањоро умуман намешинохт. Ахирињо њам ўро дар њаёташон надида буданд. Биллинги зангњои телефонии беш аз дањ мењмон ва шоњидии онњо ба касе лозим нашудааст. Моњира Бобораљабова, модару духтар Гасилинањо зери нуфузи Гулнора Бобораљабова ќарор дошта, њама омилони ин ќисмати парвандаро Рањмон ном шахс мепайвандад.

ОИНИ ЉАВОНМАРДЇ Рўзи шанбеи 16-уми июни соли 2012 - рўзе, ки гўё Зайд Саидов ноболиѓро таљовуз кардааст, дар бустонсарои Варзоб беш аз 15 нафар одамон буданд. Он рўз, раиси Ассотсиатсияи тениси рўимизии Тољикистон - Зайд Саидов бо њамсар, ёвар, ронанда ва беш аз дањ мењмони даъватї зодрўзи теннисбоз Екатерина Ишенкоро дар бўстонсарояш таљлил мекард.

њаракатњое кардааст, ки зери фишор буданаш сабт гардад: ў ба ёди Зайд Саид овардааст, ки таќрибан њамон ваќт ў ба ахирї як хона њам фурўхта пулашро пурра гирифтааст. Ба он маънї, ки агар тамаъ вуљуд медошт, чї тавр Зайд Саид пули хонаамро медод.

3. ТАЉОВУЗ ДАР ЊУЗУРИ БЕШ АЗ 15 ОДАМ? Моддаи 138, банди 3: "Таљовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордањ нарасида, дар њолати ретсидиви махсусан хавфнок...". Љазо: аз 12 то 25 сол, ќатл ё њабси якумра. Моддаи 131, банди 2: "Ѓайриќонунї мањрум кардан аз озодї ба истифодаи усули барои њаёт ва саломатї хавфнок..." АЙБ: Моњира Бобораљабова, зодаи Панљакент, сокини Чкаловск, ба Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон, шикоят кард, ки 5 сол пеш, соли 2008, замони чордањсолагиаш, Зайд Саидов ўро дар як "хонаи номаълум" дар шањри Душанбе таљовуз кардааст. Гулнора Бобораљабова, модари ў даъво дошт, ки Зайд Саидов чор сол мунтазам бо духтараш алоќаи љинсї мекард. Моњира Бобораљабова даъво кард, ки аз Зайд Саидов фарзанд дорад. Даъвогари дигар - Валерия Гасилина, келини њамон Гулнора Бобораљабова, даъво кард, ки Зайд Саидов духтари ноболиѓи ўро 16-уми июни соли 2012 ба истироњатгоњаш ба Варзоб бурд, доруи мадњушкунанда дод, алоќаи љинсї кард ва њамин тавр, 5 рўз ўро дар асорат нигоњ дошт. ДАР АСЛ: 1) Моњира Бобораљабова соли 2008 ба Душанбе наомадааст. На фаќат таљовуз набуд, соли 2008 даъвогарон њатто ба Душанбе наомадаанд. 2) Гуфтугўи телефонии онњо то чор соли дигар њам вуљуд надорад, яъне Зайд Саидов умуман бо онњо тамос надошт. 3) Маркази ташхисии "Био - Папа" аз Маскав, падари фарзанди Бобораљабова будани Зайд Саидовро рад кард. 4) Њамин тавр, Гасилинаро њам Зайд Саидов ќаблан умуман надида буд. Аммо

«

аљобатњо ва инкор дар инкорњои ин иттињом хеле љолибанд, ки дар асноди тафтишот омадааст: а) Гулнора Бобораљабова мегўяд, ки келинашро бе занги телефон гирифта, ба назди Саидов ба назди одаме, ки гўё чанд сол пеш духтарашро таљовуз карда буд, ба Душанбе овардааст. Келини рустабораш Валерия Гасилина мегўяд, ки хушдоманаш ќаблан ба Зайд Саидов занг зада буд (њуљљати ин занг нест); б) Г. Бобораљабова дар аризаи духтараш Моњира ва мурофиаи судї баёнот додааст, ки Саидовро њамагї як бор дар офисаш дидааст. Аммо дар шоњидиаш дар ќазияи келинаш мегўяд, ки ду маротиба дар дафтари кории Саидов дар бинои "Соњибкорон" дар табаќаи сеюм дидааст (утоќи кории Саидов дар ошёнаи 2 - юм аст); г) Бобораљабова бо келин ва наберааш 15-уми июни соли 2012 тариќи роњи Айнї омадаанд. Аммо ба саволи судя, ки чанд тунелро убур кардааст, гуфтааст, њељ туннелро; д) Набера дар мурофиа мегўяд, ки бибиаш ва модараш якљо аз бинои "Соњибкорон" соати 20. 00 фаромаданд. Модари љабрдида мегўяд, ки аз назди Саидов соати таќрибан 13. 00 берун омаданд. e) Нишондодњои шоњидон дар њама маврид якдигарро инкор мекунанд, аммо як чї рўшан мешавад: даъвогарон њатто бинои "Соњибкорон" - ро дида бошанд њам, аз дур дидаанд. Ошёнањо, утоќњо, лифт, зинапояњоро умуман надидаанд. 5) Сабаби омаданашон - фурўши хонаашон дар Маскав њам як бофтаи дигар аст. Бубинед: В. Гасилина мегўяд, ки њуљљатњои хонаро наоварда буд, аммо хушдоманаш мегўяд, ки бо њуљљатњои хона пеши Саидов омаданд. 6) Зайд Саидов гўё ба ноболиѓ доруи мадњушкунанда дода, ўро ба хона ба ошёнаи дуюми бустонсаро бардошта даровардааст. Марди 55 - сола, маъюби гуруњи 2 ин корро карда наметавонад, бахусус бо як

Ин њама як мурури кутоњ ва бидуни тафсилоти зиёд дар парвандаи Зайд Саидов буданд, ки бе далелњои собит, як шахсияти ободкори Тољикистон, бобо, падар, шавњар ва њамкори садњои нафарро пушти панљара бурданд. Шояд барои хелењо дар љомеаи мо ин кор аљиб њам нанамояд, аммо њељ як маѓз наметавонад як нуктаро нодида бигирад: Аз асноде, ки Шуњрат Ќудратов фош кард, аз њуљљатњое, ки замони мурофиа ба расонањо дастрас мешуд ва аз сухани охирини соњибкор ва сиёсатмадор Зайд Саид дар марњилањои баъдии судї бармеояд, ки ў ягон сухан аз наздикони Президент Эмомалї Рањмон нагуфтааст, њол он дар доирањои сиёсиву коршиносии кишвар њама медонистанд, ки ў бо чанде аз онњо равуо ва муносибат дошт. Аз ин нуктаи нозук мешавад чанд хулоса кард, ки муњимтаринаш ин аст: Зайд Саид дар њама њолат, њатто дар њолате, ки бо мудњиштарин айбнома дар кунљи зиндони торик ќарор дораду тањдидњое ба тани маълулу љону руњаш меафзоянд, дар њоле, ки аз дидори наздикону фарзандонаш мањрум асту кулли молу сарваташро аз даст додааст, оини љавонмардиро аз даст надодааст ва њарфи баде, ишораи рўшане ба рањбарияти Тољикистон ва Агентии мубориза бо коррупсияаш раво надидааст.

ТАНЊО ЯК НАФАР Зайд Саид хуб медонад, ки ўро новобаста ба он ки гуноњ дорад ё на як кас афв карда метавонад: президент Эмомалї Рањмон. Инро дигар ширкатдорони ин трагифарс низ медонанд ва шояд њамин аст, ки таърихи Михаил Ходорковский ва "Юкос" такрор шуду "делои дуюм" пайдо гашт, то Зайд Саидов барои як муддати дигар авф нашавад. Агар чунин аст, пас онњо Зайд Саидовро намедонанд. Сухани охирини соњибкори шинохтаро нашунидаанд. Барои онњое, ки сухани ин зиндониро шунидаанд, мусаллам аст: ў аз мо, аз ин љамъияту аз ин низом дур меравад, то моро мисли хоби дањшатнок фаромўш созад... Тибќи ќонун ў њамчун маъюби гуруњи 2 ва одами синаш аз 55 боло бояд мавриди афв ќарор гирад. Њамин аст, таќдири фошшудаи як инсон, ки ба назари хеле аз моён хуб мешиносемаш. "Нигоњ"

PS: Зимни тањияи ин матлаб, бинобар махфї будани парвандаи судї, ба маводи дигари парванда дастрасї надоштему шояд то љое тавозуни назарњоро таъмин карда натавонистем, аммо "Нигоњ" омода аст, назари љониби дигарро, ки тавонад њама шубњањоро барњам занад, рўи чоп биёрад.


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

Соли равон ба таъсисёбии театри касбии тољик 85-сол пур мешавад. Дар тўли ин солњо театр марњилањои мухталифу тањаввулоти зиёди эљодиро аз сар гузаронида, чандин насли њунармандонро дар оѓўши худ ба камол расонидааст. Мутаассифона, имрўз аз поягузорони нахустини театр касе дар ќайди њаёт намондааст, вале хушбахтона чанд тан аз насли калонсоли ин боргоњи њунару зебої чун таърихи зиндаи он дар байни моянд. Њунарпешаи шоистаи љумњурї Мушаррафа Ќосимова бањори 96-уми умри пурбори хешро истиќбол гирифтанд. Театршиноси маъруфи тољик Низом Нурљонов ба остонаи 91-и умр ќадам нињоданд. Аз собиќадорони номдори театр, ки намояндаи насли дуввуми њунармандони он мањсуб мешавад, њунарпешаи Мардумии Тољикистон Хайрї Назарова чун устод ва пири њунар, чун мураббиву роњнамои насли љавони театр ва шогирду пайрави мактаби эљодии коргардонњову асосгузорони маъруфи театри тољик Е.И. Мителман, Њ. Рањматуллоев, М.Ќосимов, А.Бурњонов, С.Туйбоева, Ф.Александрин, Т.Фозилова, Ш.Ќиёмов ва дигарон хушбахтона имрўз њам дар сафи њайати эљодии Театри давлатии академї-драмавии ба номи А.Лоњутї ќарор доранд. Ин љо наќлу хотироти ширини Хайрї Назароваро меорам, ки насли калонсоли мухлисону алоќамандони театр чун Љулйетаи зебо, чун Дездемона ва Карделия бисёр њам нозукпайкару хушљамоли сањнаи тољик мешиносанд. - Њар гоње ба театр меоям, ёди устодон ва лањзањои бењтарини кори эљодиву њаёти паси сањнавии ањли њунар, даврањои тиллоии фаъолияти театр пеши назарам њувайдо мешаванд… Вурудгоњу фоэ, роњраву долонњо, сањнаву толор, пардозхонањову сех (коргоњ)-њои мухталиф, …, њар як дару девор ва кунљу канори театр дар худ ќисаву хотироти зиёд, таъриху корномањои рангину љолибро нињон медоранд (таљассум месозанд)… Њамасола 27-уми март ба муносибати рўзи байналмилалии театр муњиту фазои он беихтиёр "ќабои" идона ба бар мекард. Роњбарияти вазорати фарњанг ва намояндагони масъули Кумитаи Марказї ба табрики ањли театр меомаданд. Ќадршиносии собиќадорон, эљодкорону кормандони фаъол ва ёду зикри хайри гузаштагон дар ин рўз ба њукми анъана даромада буд. Нахустнамоиши њар як асар низ ба љашни воќеї табдил меёфт. Зањматњои басо пурмашаќќати ањли эљод бо як нигоњи пурмењр, бо як сухани гарми масъулону роњбарон ва мављи ќарсаќњои њаводорону ихлосмандони сершумор љуброн мешуд, подоши сазовор меёфт. Имрўз ин арзишњои хубу дилпазир то андозае коста шудаанд… Ба њар њол шукр мегўям, ки бо шарофати истиќлол имрўз театри тољик марњилаи наверо касб карда , њар сол рўзи 7-уми ноябр љашни касбии худро таљлил менамояд. - Театри тољик 85-сола шуд. Аз устодонатон кињоро дар ёд доред? - Бале, 85-сол ќабл театри тољик рўзи 7-уми ноябр нахустин бор пардаи худро барои тамошобинон боз карда буд. Дар остонаи њамин љашни муборак мехоњам аз чанде устодону сарсупурдагони асили театр ёдовар шавам. Ефим Исоевич Мателман барои фарњанги Тољикистон хизматњои шоёне карда, обрўву маќоми театри тољикро дар ќаламрави Иттињоди Шўрави ва берун аз он хеле баланд бардоштааст. Ў бо забони тољикї њарф зада натавонад њам, вале хуб мефањмид ва дар мавридњои зарурї баъзе калимањоро истифода мекард. Ефим Исоевич њамчун коргардон ва њамчун педагог-омўзгор дар тарбияву камолоти касбии чанд насли њунармандони тољик , хоса онњое, ки дар ягон мактаби олии њунарї тањсил накардаанд, хидматњои пурарзише кардааст . Бо шарофати ў дар сањнаи театри тољик классикаи чањонї тањия шуд ва дар ин замина завќу истеъдод, ва фарњангу дониш ва љањонфањмиињунармандон афзун гашт. Мителман дар интихобу тањияи асар, таќсимоти наќшњо ва интихоби актёрон бисёр њам заргарона бо нуктасанљиву гавњаршиносии хоса амал мекард. Бисёр сахтгиру серталаб ва њамзамон ѓамхору дардошно буд. Мекўшид, ки образи ќањрамон аз дилу ботини њунарманд сарчашма гирад ва нутњи сањнавї буррову фањмо бошад. Бо устод кор кардан чї њаловату кайфияте дошт. Њар гоње њатто маломату сарзаниш њам мекард, бароямон хушоянд ва сабаќомўз буд, дили моро бедор мекарду онро ба иљрои наќш гарму њавасманд месохт. -"Оташаки дилатон куљост?Оташак!-таъкид мекард устод. Ё ин ки "Хунук!- Хунукевич!" гўён эрод мегирифту дар њар як наќш, монологу диалогњо ва дар маљмуъ дар намоиш мекўшид, ки њарорату оташи эњсосот аланга занад . -Наќши Љулйеттаро дар чандсолагї офаридед? Дар 21-солагї. Мани љавони ноогоњро, ки нав аз театри халќии музофотї ба сањнаи калон омада будам, устод ба оѓўши пурмењри худ гирифта, якбора наќши калону басо мураккаб,-наќши Љулйетаро дар фољиаи маъруфи

7-УМИ НОЯБР - РЎЗИ ТЕАТР

ХАЙРЇ НАЗАРОВА ДАР ЊАЛЌАИ ЊАМКОРОН

Хайрї НАЗАРОВА:

БО ЁДЊО ЗИНДАЯМ Шекспир "Ромео ва Љулйета" бовар карданд. Шаш моњи пурмашаќќату зањматњои сангин ва гармии дилу мењри падаронаи устод њосили дилхоњ ба бор овард. 23-феврали соли 1954 нахустнамоиши "Ромео ва Љулйета" баргузор шуд. Ефим Исоевич бо либоси идона ба театр омад. Њис мекардем, ки на камтар аз мо дар њаяљону изтироб буд. Нахустнамоиш хеле хуб гузашт. Дар анљоми он љашни пуршукўњи њунар устод аз пешониям падарона бўса карду самимона муборакбодам гуфт. Комёбии нахустини ман дар сањнаи калони њунар ба шарофати устод Ефим Исоевич буд, ки бароям бањри парвозњои баъдї болу пар бахшид... Соли 1957 рўзњои фарњанги Тољикистон дар шањри Маскав бисёр пуршукўњу хотирмон сурат гирифт. Дар ин комёбии бузург сањми устод Мителман басо назаррас буд. Њамон сол баъди ин дастоварди калони эљодї театр бо кўшишу талошњои Ефим Исоевич соњиби бинои нав (бинои имрўзаи театр) гардид. Хоњишу исрори устодро роњбари фарњангдўсту дарёдили ваќт Турсун Ўлљабоев ќонеъ намуд, ки њунармандони театри тољик аз бинои танги театри ба номи Маяковский ба бинои нисбатан васеъ кўч бастанд. (То њамон сол ањли эљоди театри тољик бо њунармандони театри русї дар зери як бом, дар як сањна муштарак фаъолият мекарданд. Як шаб дар сањна намоиши тољикї мерафт, шаби дигар намоиши русї.) Дар бинои нав, ки собиќ " Ќасри фарњанг" буд, имконияту шароитњои наву бењтари эљодиву техникї фароњам оварда шуд. Баъди рењлати нобањангоми Е.И.Мителман (с.1965) кори ўро устод Њољиќул-ака Рањматуллоев давом доданд. Он кас низ бо сабку услуб ва тарзи корбарии Мителман њамчун коргардон-омўзгор (режиссёр-педагог) фаъолият менамуданд. Њ.Рањматуллоев асарњоеро барои сањна интихоб мекарданд, ки рўзмарраву ба талаботи замон мувофиќ бошанд, масъалаву душворињои рўзро инъикос намоянд. Аз ин рў намоишњои тањиякардаи устод умри дароз диданд, дар тарбияву ѓановати маънавии ањли љомеа ањамияти арзишманд доштанд. Њ.Рањматуллоев инсони хеле бофарњангу бомаърифат, хоксору фурўтан, солору ботамкин, мењрубону ѓамхор ва нармгуфтору хушмуомила буданд. Бо он кас кор кардан кайфияту њаловати хоса дошт. Мо њатто њангоми тамринњои эшон ваќту соати кориро фаромўш мекардем, аз машќ дил канда наметавонистем... -Боз кадом фидоиёни театри тољик дар хотири шумо наќш бастаанд? -Мехоњам ду рассоми машњури театрро, ки дар таърихи фаъолият ва рушду камолоти эљодии он наќши муассире доранд, вале муттаасифона ба гўшаи фаромўшї афтодаанд, ба ёд биёрам. Онњо фидоиёни роњи эљоду њунар ва санъату зебої М.Н. Шипулин ва М.М. Мухин мебошанд, ки тамоми њаёту њастии худро ба театр бахшида буданд. Яке аз омилњо ва сабабњои дастоварду муваффаќиятњои эљодии те-

атр ин ороиши сањна, яъне кори рассомон буд. Хидмати содиќонаву устодонаи ин ду рассоми машњури театрро мехоњам бо як мисоли (далели) таърихї баён созам. Соли 1957 њангоми баргузории рўзњои фарњанги Тољикистон, шабе ки дар театри ба номи Пушкини шањри Маскав намоиши "Шоњ Лир"-и Шекспир манзури тамошобинони сахтгиру нуктасанљи пойтахти Шўравї мешуд, баъди кушода шудани пардаи сањна ањли толор сари по истода, барои кори рассомони театри тољик, ороиши басо зебову пурмуњтавои намоиш бештар аз 5 даќиќа пурмављ кафкўбї карданд. Он лањзањои ифтихорангезу њаяљонбор њељ гоњ аз ёди ман намераванд... -Имрўз чї, театри имрўзаи тољикро чї гуна бањо медињед? -Ман шодам, ки имрўз дар театри азизи ман љавонони соњибистеъдод кам нестанд. Орзумандам, ки онњо бо њунару мањорати баланди худ лоиќу шоистаи ин сањнаи муътабар гарданд, фидоиву сарсупурдаи роњи эљод бошанд, номи саромадону асосгузорони ин театри шуњратёрро гиромї доранду ба њама анъанањои неки гузаштагон арљ гузошта, сазовори ному корномаи эшон бошанд... -Зимни хотираи устодон шумо аз роњбари фарњангдўсту њунарпарвар Турсун Улљабоев ёдовар шудед. Албатта, шахсияту фаъолияти ин гуна роњбарон ба пешрафти театр ва умуман санъату њунар бетаъсир намемонд... -Бале, Турсун Ўлљабоев ба њамаи намоишњо меомаданд ва њато њамроњи фарзандону наберањояшон ба тамошои намоишњои бачагона низ ташриф меоварданд. Таваљљўњи хосаи эшон ба театр ва ањли њунари он дар рушду нумўи кори эљодї ва ѓановати маънавию тарбияи ахлоќии љомеа, албатта таъсири беандоза дошт. Яке аз чунин роњбарони бомаърифату бофарњанг раиси Шўрои вазирони ваќт Абдулањад Ќањњоров буданд. Инсони бенињоят поквиљдон, ѓамхору мењрубон, хоксору дардошно, хушлањну хушгуфтор ва дорои маданияти бисёр баланд буданд. Ман бо таќозои ќисмат бо ин марди наљиб зуд-зуд дидор медидам, аз мењру лутфи падаронаашон борњо бархурдор гаштаам. Ман он солњо депутати Совети Олї будам. Бо кадом масъалае, ки мурољиат мекардам, њатман бо лутфу мусоидати эшон њалли худро пайдо мекард. Ваќте ки ба ќабулашон меомадам, аз љой бархоста, бо табасуму суханони мењрбор пешвоз мегирифтанд ва ба курсї шинонда маро бодиќќат гўш мекарданд. Боре барои арзи як матлаби муњим ба ќабулгоњашон

занг задам. Худашон гўширо бардошта, бо ќаноатмандї даъватам карданд. Ваќте, ки ба дафтари корияшон њозир шудам, вуљудамро њаяљону изтиробе фаро гирифта буд. Абдулањад Ќањњорович њолати маро фањмида, бо нармиву хушгуфторї оромам карданд. Њамон сол (1964) соли љашни љумњуриямон буд ва ба ин ифтихор якчанд њунармардони театри мо сазовори унвонњо гаштанд, вале чандеи дигар, ки солњои тўлонї хизматњои арзишманд карда буданд, мутаассифона аз эътибор дур монданд. А. Ќањњоров матлабу хоњиши маро ќабул карданд ва ќавл доданд, ки ин иштибоњ албатта ислоњ хоњад шуд. Дере нагузашта ба ќавли додаашон вафо карданду нињоят хизматњои актёрони мо ба таври сазовор ќадршиносї шуданд. А. Ќањњоров бисёр инсони фарњангиву фарњангпарвар буданд. Њамаи намоишњои театрро бо ањли хонаводаашон омада тамошо мекарданд. Худ таъби нависандагї њам доштанд ва шеъру њикояњо менавиштанд. Бо мардум, бо љомеа хеле наздик буданд ва тамоми њаёту њастии худро барои хидмат ба халќ сарф намуданд. Барои худ ќасру кўшк ва фароѓатгоњњои афсонавї бунёд накарданд, дар як хонаи оддї хоксорна умр ба сар бурданд. Имсол ба зодрўзи ин марди шариф, инсони покдилу нексиришт 100-сол пур мешавад. Зиндагиномаи ин гуна роњбарони фозилу хирадманд, мардумпарвару ватандўст барои имрўзиёну фардоиён сабаќи садоќату фидокорї ва сарсупурдагї ба њама арзишњову муќаддасоти миллї мебошад... Мехоњам бо ин хотирањо рўњи гузаштагонро заррае њам бошад, шод гардонам. Ин хотирањо бароям бисёр азизу гаронбањоянд. Ман бо њамин ёдњо ва хотирањои ширин зиндагї мекунам. Ман бо њамин ёдњо зиндаам... Ќиссањои ин бонуи њунар, ин зани саропо мењру зебої аз таърихи театр, аз рўзгори пурифтихори њунармандони бузург ва бузургмардони давлат басо рангину мароќангезанд. Ба ифтихори љашни 85-солагии театри тољик ќатрањоеро аз бањри хотироти ў манзур намуда, Хайрї-апа ва њамаи собиќадорони сањнаи тољикро, њамаи пайравону шогирдони ин роњи пуршарафро ва њамаи мухлисону њаводорони зебоиву њунарро бо ин љашни фархундаи санъати воло самимона табрику тањният мегўем... Ортиќи ЌОДИР, Њунарпешаи Мардумии Тољикистон

МАЪЛУМОТ: Хайрї Назарова соли 1923 дар шањри Хуљанд таваллуд шудааст. Фаъолияти хунарияшро њамчун сароянда ва раќќоса (1942-54) дар театри халќии собиќ ноњияи Ќўрѓонтеппа оѓоз карда, баъдан дар њамин театри халќї дар чандин намоишњои мусиќї- драмавї наќшњои асосиро иљро намудааст. Соли 1954 ба театри ба номи А.Лоњутї ба пойтахт омадааст. Хайрї Назарова њам мисли устодону поягузорони театри миллии тољик дар мактаби олии њунарї тањсил накардааст. Ў дар мактаби бузурги театр, дар кўраи фаъолияти пурзањмату сангини эљодї обутоб ёфт. Аз баракати таљрибаву истеъдоди устодон мањорати худро сайќал дода, дар ин љода ба устодї расидааст.


ИЌТИСОД

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

5

аз љониби прокуратураи ноњияи Исмоили Сомонї парвандаи љиноятї оѓоз шудааст. Прокурори ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе Улфат Њусейнзода тасдиќ кард, ки нисбати Наргис Музаффарова парвандаи љиноятї оѓоз кардаанд. Аммо вай аз шарњи ќазия худдорї карда, гуфт, парванда ба Суди ноњияи Исмоили Сомонї фиристода шудааст. Дар Суди ноњияи Исмоили Сомонї мегўянд, то анљоми баррасии судї дар ин бора иттилоъ дода наметавонанд. Як манбаъи "Нигоњ" дар маќомоти судии кишвар гуфт, Музаффарова тибќи моддаи 330-и Кодекси љиноятии Тољикистон - "тањќири намояндаи њокимият" айбдор карда мешавад.

12-уми июли соли 2014. Оромии анъанавии рўзи шанбе - рўзи истироњатиро љанљоле дар маркази пойтахт - дар назди маѓозањои рў ба рўи Универмаги марказї - СУМ халалдор кард. Мардуми аксаран рўзадор аз овози баланди зан, тањќиру тањдиди ў ба падар ва латукўби писари ноболиѓаш безобита шуданд. Дањњо нафар аз рўйи одати кунљковї барои "тамошо" дар љойи воќеа љамъ омаданд. Шояд барои бархе, ки он замон аз асли ќазия огоњ набуданд, ин як њодисаи маъмулї метофт: "ду магазинчї - ду раќиб бо њам љанљол доранд. Магар бањона кам аст". Зани љавон бачаи ноболиѓро зада, ба рўи падараш, ки мехост бачаро аз зери мушту лагат халос кунад, туф мекарду дашномњои гўшношунид медод, ки ин љо навиштанаш тибќи ќонун мамнуъ аст. Зан, ба ќавле, кўчаро ба сар бардошт, ки инњо намедонанд, ў кисту пушту паноњаш метавонанд падару писар ва њар каси дигарро њам дар як он ба хок яксон кунанд. Сабаби мољаро мошини тамѓаи "Мерседес-Бенс"-и Шуњрат Абдуњомидов, корманди маѓозаи "For Men" шудааст, ки онро дар рў ба рўи маѓозааш монда, ба кор ме-

ЛАТУКЎБИ ДИРЕКТОР

НАРГИС МУЗАФФАРОВА

Боварнокарданї менамояд, аммо ба гуруњи тадќиќотии "Нигоњ" маълум шуд, ки Матлуба Њаќназарова, директори таваллудхонаи №1-и шањри Душанбе њам яке аз љабрдидагони авбошињои Наргис Музаффарова будааст. Ќиссаи дарафтодан ба ў ба љанљоли 12-уми июли соли 2014 чї рабт дорад? Баъд аз љанљоли рўзи 12-уми июли соли љорї, ваќте рафтори Музаффарова диќќати маќомоти њифзи тартиботро ба худ љалб карду аризаи шикоятї аз ў бо имзои 6 нафар то рўи мизи вазири корњои дохилї Рамазон

МУЗАФФАРОВА КИСТ

ва чаро силсила авбошињои ў бељавоб мемонанд? равад. Њарчанд бинобар набудани таваќќуфгоњи махсус, ин љо њама коркунони маѓозањо мошин мемонанд, сабукрави Абдуњомидовњо ба Наргис Музаффарова нафорида, вай мољарољўёна Фурќат Абдуњомидовро тањќир ва латукўб мекунад. Фурўшандагон ва соњибкорони ин љо мегўянд, он њама њаќорат ва тањдиду тањвине, ки аз забони Наргис Музаффарова соњиби маѓозаи либосфурўшии "Элита" ба сари тољири маѓозаи "For Men" Абдуњомидов Шуњрат рехт, ба забон оварда наметавонанд. Алфози ќабењро аз ў шунида, ба як зан - модари тољик буданаш бовар намекардему афсўс мехўрдем, мегўянд Матлуба Додоматова, зани солдидае, ки дар ќатори ин маѓозањо он ваќт маѓоза доштааст. Суханони апаи Матлубаро кормандони маѓозањои "Vitali Racci", "Trend-N", "For Men", "Силуэт", ва "Авеста" тасдиќ мекунанд. Валентина, яке аз шоњидони дигари воќеа мегўяд, Наргис Музаффарова гўё њушёр набуд он рўз, ки пои луч ба кўча баромада, ба падари Фурќат дарафтод, њол он ки он мард ба ў ягон њарфи даѓал нагуфта буд. Ба рўйи ў туф кард. Онњо 15-уми июл бо аризаи дастаљамъї ба Вазорати корњои дохилии Тољикистон аз рафторњои авбошонаи Музаффарова шикоят кардаанд. Дар ин ариза гуфтаанд: "...шањрванд Музаффарова мунтазам љанљолу хархаша карда, бо суханњои ќабењ ва миллатгароёна онњоро тањќир карда, ба онњо тањдид мекунад. Вай худро як нафари нотарс гирифта, ба кимкадом ќувваи номаълум такя мекунад, ки гўё ба ў иљозат медињад рафтори авбошона кунад. 12-уми июли соли 2014 вай аз њиссиёти авбошї фарзанди ноболиѓро латукўб ва падарашро тањќир кард... Бинобар ин аз шумо хоњиш мекунем, нисбати Музаффарова чорањои маъмурї андешида аз кирдорњои авбошонаи ў моро халос кунед...". Шуњрат Абдуњомидов мегўяд, аз шикояти онњо беш аз се моњ гузаштааст, аммо Наргис Музаффарова, на танњо дар озодї бо мошини гаронбањои "BMW-Х6" сайр мекунад, балки бо даст додани имкон ба онњо њар даъфа нањ њам мезанад: "Аз дастатон њеч кор наомад! Ба куљое хоњед шикоят кардан гиред...".

КИСТ? Ин боис шуд, ки љабрдида ва шоњидони ќазия ба Агентии тадќиќоти журналистии "Нигоњ" мурољиат кунанд. Тадќиќоти мо маълум кард, ки латукўби ноболиѓ ва тањќиру тањдид ба падари ў ягона авбошии Наргис Музаффарова набудааст.

АКС АЗ ГУЗОРИШИ ТЕЛЕВИЗИОНЇ Ин рафтори ўро тамоми мардуми Тољикистон ва берун аз он имкони тамошо кардан доштанд. Ўро њангоми боздошт, дар барномаи "Ахбор"-и Шабакаи аввали Телевизиони Тољикистон намоиш додаанд. Ин навор боз як далели авбошињои ин зани тољик мебошад. Дар Раёсати БДА-и шањри РАЌАМЊОИ ТИЛЛОИИ BMW-Х6-И НАРГИС Душанбе ин иттилоъро тасдиќ карданд, ки нисбати Музаффарова Наргис Ўро барои авбошї ва латукўб кардани Мирзобадаловна тибќи моддаи 330-и Кодектифли ноболиѓ боздошт карда буданд. Шоњиси њуќуќвайронкунии маъмурї парванда дон мегўянд, ў як муддати хеле кам дар бозоѓоз карда шуда, номбурда 3800 сомонї доштгоњи муваќќати ВКД нигоњ дошта шуд. љарима шудааст. Ин дар њоле, ки ин модда Наргис Музаффарова кист? Чаро вай аз як саду бисту панљ нишондињанда барои ќонун наметарсаду чаро ќонун нисбати ў њисобњо, муодили 5 њазор сомонї маблаѓи тарањњуми беандоза дорад? Кї ўро пуштиљарима пешбинї мекунад. бонї мекунад? Љустуљўи љавоб ба ин савоМуаллифони барнома ва нозирони БДА лњо гуруњи тадќиќотии "Нигоњ"-ро њудуди ду ба тамошобин маълум накарданд, ки Музафњафта машѓул дошт. фарова тањти таъсири чї маводе ќарор дошАввали моњи августи соли љорї Наргис тааст. Ба њар њол, дар бораи он ки зан сари Музаффароваро кормандони Бозрасии даврул њушёр буд, ё ширакайф, дар "Ахбор" латии автомобилї барои пурра сиёњ кардачизе гуфта нашудааст. Аммо зан ба гуноњи ни шишањои пеши мошинаш, ки хилофи худ иќрор намешавад ва ба нозирони БДА ќонун аст, љарима карда будаанд. Музафба камераи телевизион худро сафед карданї фарова на танњо љарима напардохтааст, мешавад: "Нав ай день рождения буромабалки камбудии шишаи пеши мошинро дум, фарзанди калонии ман имрўз 12-сола ислоњ накарда, њатто "BMW-Х6"-ашро тањшуд... ". Баъди зодрўзи фарзанди калонї... ти раќамии давлатии 0202АО01рт бо суръчї бањонаи "хуб"-е, барои бо суръати баланд ати аз меъёр баланд меронд. Вай дубора ба рондани мошин, итоат накардан ба нозири даст афтода, дар хиёбони Рўдакии шањри БДА, кандани пагонњои ў ва...? Душанбе, дар рў ба рўи Ќасри Президент ба Вай пайдарњам ќоидаи њаракат дар роњамри нозири БДА итоат накарда, яке аз онњро вайрон карда, барои рафтори даѓалонаоро тањќир ва њатто кўшиши латукўб караш нисбати кормандони милиса нисбати ў дан кардааст.

Рањимзодаи Њамро расид, вай кўшиш кардааст, ки маълумотномаи таваллудхонаро дар бораи он ки гўё исќоти њамл шудааст, ба даст орад. Маълумотномаи ќалбакї дар бораи бачапартої ба ў чї лозим шудааст? Шояд он ба Музаффарова барои он даркор шуда бошад, ки нисбати Абдуњомидовњо ба маќомот туњматнома нависад, ки дар натиљаи љанљоли 12-уми июл осеб дидааст? Ба гумони ѓолиб, њамин тавр аст. Аммо Матлуба Њаќназарова, директори таваллудхона мегўяд, мо маълум кардем, ки ин зан њомиладор набуд ва наметавонист исќоти њамл шуда бошад. "Мо маълумотномаи ќалбакї намедињем. Ба ў мо ингуна маълумотнома надодем. Агар ин љо мебудед - медидед, ки ин зан бо мо чї кор кард, чї суханњое, ки нагуфт, хулоса агар кормандони милиса намешуданд, ман намедонам њолам чї мешуд. Зўри муовинам њам ба ин зан нарасид. Њаќоратњое, ки ин зан кард, ман ба забон оварда наметавонам. Тањдид кард, ки ту намедонї, ман кистам, њозир занг мезанам, медонї туро чї кор мекунанд", -мегўяд Матлуба Њаќназарова. Тадќиќоти "Нигоњ" собит кард, ки Музаффароваро амалан ё бо беамалї асосан кормандони алоњидаи маќомот пуштибонї мекунанд. То посухи расмии маќомот мо аз ифшои номи онњо худдорї хоњем кард. Аммо пуштибони Музаффарова будани бархе аз "пагондор"-њоро натанњо кашолкорї, масалан то ќабули ќонуни авф кашондани маќомот, балки факти дигаре њам далолат карда метавонад. Шуњрат Абдуњомидов мегўяд, як гуруњи кормандони БДА баъди љанљоли 12-уми июл ба суроѓаи Рўдакї-66 барои ба њабс гирифтани мошини тамѓаи "МерседесБенс"-и ў омада буданд. Вале аз сабаби он ки барои њабси мошин ягон асос надоштанд, ин "супориш"-и махсуси пуштибонњои Музаффароваро иљро накарданд. Ба маѓозаи "Элита", ки Музаффаровраро њамчун молики он мешиносанд, зуд-зуд кормандони милиса мењмон мешаванд, аммо аз афташ на барои тафтишоти ќазияњои марбут ба авбошињои ў. Аљиб аст, ки њамаи онњо ба як афсари воњиди махсуси БДА итоат мекунанд... Ин маѓоза акнун њатто муњофиз - "телохранител" њам дорад Умари ТОЊИР


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

МО ВА ОНЊО хонањои мардум мераванд ва аз онњо хўроке ё њадя мехоњанд. Агар соњибхона аз ин њадя худдорї кунад, ўро кўдакон ва нављавонон озор медињанд. Зигрид Кикингередер, раиси Маркази католикњои љавони Австрия (KJS) тарсњои њеллуинї дар кўдаконро бисёр осебзананда хонд ва 10 - уми октябри 2013 дар мусоњибае ба муносибати "Њеллуин Парти" гуфт: "Ин навъи саргармї, ки аз Амрико ба кишвари мо ворид шудааст, ба ќимати осеб ба саломатии љисмї ва руњии фарзандони мо тамом мешавад.

"Њеллуин" (Halloween party) аз шоми охирини октябр (31ум) то субњи аввали ноябр дар бархеи кишварњои ѓарбї, ба вижа Иёлоти Муттањидаи Амрико баргузор мешавад. Љашни шаби охирини октябр аз ду њазор сол пеш эътиќод ба арвоњ ва љањони пас аз марг аст. Онро бори аввал пеш аз милоди Масењ (а) келтњои бутпарасти Ирландия ва Фаронса љашн гирифтанд. Дар остонаи соли нави милодї (ноябрро ба љои декабри охирини моњи мелодї медонистанд) ошноён ва дўстон ба ёди арвоњи мурдагон даври њам љамъ шуда, оташ меафрўхтанд ва ѓизоро бо якдигар таќсим мекарданд. Бар ин бовар буданд ки дар ин шаб роњи миёни ду љањон боз шуда, арвоњи гузаштагон ба онњо васл мешавад. Ќарнњо гузашт ва таърихи сарзаминњои ѓарбї боиси љангњо ва тањаввулот шуд, ки таи он, ба аќида ва одатњои дини масењият низ дигаргунињои зиёд ворид гардид. Дар ин миён одати "Њеллуин" низ таѓйири моњият дод ва на танњо шакл, балки фалсафаи он њам бўи дигар гирифт. Муњољиратњо аз Ирландия ба Амрико ва аз Амрико ба дигар гўшањои дунё дар ќарнњои 19 ва 20, рўи "мазњабї"-и Њеллуин (All Hallows Day) -ро ба рўи "шайтонї" (All Saints Day) табдил ёфт. Љеймс Фрезер, мазњабшинос, дар китобаш "Шохаи заррин" Њеллуинро "ба

љашнвораи мурдагони кофар бо дастмояњое аз масињият" мехонад ва таассуф мекунад, ки "дар остонаи муќаддастарин маросими калисо шоњиди чењрањои шайтонї, арвоњи хабис ва љодугарон њастем".

Мазњаби Ловї Антон Ловї, мутаваллиди 1930, муассис ва коњини аъзами калисои шайтон, нависандаи китоби "Инљили шайтонї" ва бунёдгузори шайтонпарастии ловинї аст. Вай соли 1966 дар њоле ки сари худро (ба унвони расму оини љадид) тарошида буд, бунёдгузории калисои шайтонро эълон кард. Њамон солро соли аввали "ањди шайтон" ва худро низ коњини аъзами калисои шайтон номид. Рузи марги Ловї ба рузи маросими ќуддусиёни масењї дар ќарнњои гузашта, ки акнун ба маросими "Њеллуин" таѓйири моњият дода, рост омодааст. Дањњо сол аст, ки Њеллуин љашни парастиши шайтон, мазњака кардани дин ва мавриди ињонат ќарор додани роњбарњои масињї аст. Беќоидагї дар умури љинсї, масрафи маводи мухаддир ва ифрот дар машруботи алкоњолї, аз љумлаи сутунњои шайтонї аст, ки Ловї ба-

ШАЙТОНПАРАСТЇ Чаро "Њеллуин" љанг бо дину ахлоќ аст?

Дар ин шаб, достонњои тарснок таъриф ва филмњои вањшатнок ва зишт тамошо мекунанд, дар њоле ки кўдакон ва нављавонон њам дар байни бузургсолон њастанд. Ман аз волидайн мехоњам, ки љилави њамлаи фарзандонашон ба дигаронро бигиранд ва нагузоранд онњо ба хотири гирифтани шакалот ва хурокї бо бегонагон даргир шаванд. Ин бо эњтиром ба инсонњо зид аст".

рои аввалин бор бино нињод. Навъи нигоњи зиддидинї ва шайтонпарастона љашнњои "Њеллуин" нафрат ва мухолифати калисо, соњибони адёни гуногун ва ахлоќмадоронро барангехта аст. Лудвик Шик, раиси калисоњои шањри Бомберги Олмон, дар бораи Њеллуин гуфт: "Шайтонгарої ва иртибот бо љин ва арвоњ дар Њеллуин, боиси нобудии арзишњо мешавад. Мо набояд иљоза дињем ба ин гуна бефарњангии шайтонї, ки фарњанги масињиамонро шикаст дињад. Ман аз тамоми хонаводањо, муаллимони мактабњо, масъулони тарбиятї ва мураббиони кудакон мехоњам љилави љашнњои Њеллуинро бигиранд. Тафаккури Њеллуин як бастаи шайтонї аст." Калисои католик дар Лањистон низ бо шайтонї хондани Њеллуин, дар сайти худ навишт: "Ташвиќи Њеллуин љавононро ба фасод мекашонад. Ибодат кардани шайтонпарастии модерн, Антон Ловї шаби Њеллуинро бузургтарин љашни парастиши шайтон медонист ва мо бояд нисбат ба одоби шайтонии ин љашн њушёр бошем." "Њеллуин" зоњиран љашни шодї, њаяљоновар ва тарсангез аст, аммо дар асл, хурофот ва љоду аз амалњои калидї

дар фалсафаи он мањсуб мешаванд. Яке аз навъњои либос, гримм ва лавозимоте, ки ба таври маъмулї дар љашнњои Њеллуин истифода мешаванд, марбут ба беморони руњї аст, ки дар ин љашн сабаби масхараи онњо мешавад. Ин масъала солњои ахир мављи эътироз ва интиќоди афроди барљастаро ба бор овардааст. Њама аз ту фирор мекунанд, аз тарси либоси беморони руњї. Рўзномаи олмонии "Сайтунг" сентябри соли 2013 дар гузориши ба унвони "љашни масхараи беморон" навишт: "Либосњое, ки барои намоиши беморони руњї њастанд, ба таври занљирвор ва густарда мавриди эътирози муштариён, хонаводањо ва созмонњои дармонї ќарор гирифтаанд ки дар заминаи чорањои мушкилот ва осебњои руњї - равонї фаъолият доранд. "Стан Коллимор" (Stan Collymore), футболисти машњур, ки муддате дучори афсурдагї шуда буд, гуфт: "Шумоњо њанўз намедонед, ки хеле аз одамњо барои фирор аз њамин тањќирњо ва тавњинњо даст ба худкушї мезананд?" Њатто иддае аз аъзои анљуманњои пизишкї ва равонпизишкии Аврупо таи шикояте хостори таваќќуфи фурўши ин либосњо ва ќарор додани љарима барои тавњинкунандагон ба беморони равоншинохтї дар шаби "Њеллуин" шуданд.

Кўдакон... Яке аз анъанањои машњур дар ин шаб пўшидани либосњо аз пўсти њайвонот ва либосњои монанди љодугарону њилагарон дар тани кўдакон ва нављавонон аст. Расонањо њамвора барои шиносонидани "Њеллуин" ба кўдакон ва нигоњ доштани ин одати шайтанатомез дар миёни љавонон даст ба њаяљонофаринињои љаззоб ва густардае мезананд. Ба таври мисол расми "trick-or-treat" бидуни маъност, ки бачањо бо чунин зоњир ба дари

Њелллуин бозињое дорад, ки одамкушї, нўшидани хун, мурда ва мумиёї шуданро тамрин медињад. Дар Тољикистон баъзе расонањо ин љашнро тарѓиб ва ташвиќ мекунанд. Дањњо љавон, махсусан касоне, ки дар созмонњои хориљї фаъолият доранд, ин идро дар тарабхонањо ва дискоклубњо љашн гирифта, кўдакон ва нављавононро њам љалб мекунанд. Имсол атрофи 100 кўдак ва љавони тољик ин идро љашн намуданд. Ин љашн ба миллати тољик бегона аст. Мо тољикем, мусулмонем. Њукумат бояд тамоми чорањоро андешад, ки ин вабо ба кўдакон ва љавонони мо сироят накунад. Бахусус, онњое, ки онро ташкил мекунанд, ошкор ва ба љавобгарї кашида шаванд. Тарабхонањое, ки ба баргузории ин љашн роњ медињанд, љарима шаванд. Имомхатибон бояд мавъизањои ин њафтаи худро ба ин љашн бахшида, тамоми шаррашро баён кунанд. Ин таљовузи фарњангии Ѓарб бояд љилавгирї шавад. Абдулазиз МУЊАММАДЇ, Саидљон АБДУЛЛОЕВ, Далери ХАЙРУЛЛОЊ


ИЌТИСОДИ МИЛЛЇ "Агар даромад 100 дарсад бошад, сармоя њама ќонунњои инсониро зери по мекунад, 300 дарсад бошад, њеч ягон љинояте нест, ки сармоя содир накунад". Джозеф ДАННИНГ, драматурги Британия Дар охири соли 2011 нисбати соли 2005 дар Тољикистон арзиши сармояи асосї 4, 48 маротиб афзуд ва 33 млрд. сомонї буд, ки 25,3 дарсади он дар соњаи саноат, 2,7 дарсад -иншоотњои энержї ва 4,2 дарсад - кишоварзї амал мекард (ба ин омор арзиши подаи говњои ширдењ, бузу гўсфанди дар кишвар буда њамроњ нашудааст). Ва мазмун аз омор чунин аст, ки ќариб 60 дарсади сармояи асосии Тољикистон аз иншооотњои хизматрасонї ва тиљоратї иборат аст ва далели заиф будани технология ва корхонањои истењсолї мебошад. Дар ягон корхона, ширкат ва дар сатњи давлат далеле аз бањрагирї (даромад) аз сармояи асосї муайян ва чоп намешавад, вале амалиётњои хеле арзони хусусигардонї, ѓасбкунї, оташзанї, валангору решакан кардани сармояи асосї дар кишвар буданду њастанд. Асли масъала на дар нокифоягии манбаъњои пулї, балки аз набудани раванди андешидашудаи маблаѓрасонии сармояи асосии истифодашаванда аст, ки аввал бо истифода аз маблаѓи бароварди истењлокї бояд сурат гирад.

технологияи иќтисоди мамлакатро метавонад мањдуд гардонад. Зимнан, метавон аз ин роњ ва бо истифода аз гузориши(10,3 ва 7,3 дарсад) бачопрасонидаи Умури омори Њукуматии ЉТмаблаѓи истењлокии аз бунёдњои асосї баровардамешударо муайян кард, ки соли 2010 ((24707,1*10,3)/100) - 2544,83 млн. сомонї ; соли 2011 ((30069,1 *7,3)/ 100) - 2195 млн. сомонї мешавад. Ва раќамхои 10,3 ва 7,3 дарсад то љое тахминзанињои Умури омори давлатї мебошад, чунки хељ кадом њуљчате, ки

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

заргонии МНД: соли 2010 - 6050,6 млн. сомонї; соли 2011 - 8598,2 млн. сомонї будааст (љадвали 1). Дар гузориши дигар омадааст, ки масалан, соли 2010 барои маблаѓрасонии сармоягузорињои асосї 1208,282 млн. сомонї манбаъњои худї, ки ќисми умдаи маблаѓи истењлокї мебошад, истифода шуда буд.

Тадбир касбї мебояд Дар се гузориш як умури давлатї доир ба масъалаи аз њисоби баровар-

расмї (ба истиснои 1208,282 млн. сомонї) сањењ нест. Њамчунон наметавон омори (6050,6 млн. сомонї) аз Системаи Њисобрасињои Миллї бармеомадаро нодида гирифт, чунки он бозсозии бунёдњои асосии дар доираи таќозои илму технологияи замон анљомнагирифтаро нишон медињад. Чаро? Аз љадвали 1 дида мешавад, ки соли 2010 маблаѓрасонии сармояи асосии аз корхонаву вазоратхонањо 25,9 дарсад (ё 1208,282 млн. сомонї), аз буљети давлатї - 36 дарсад (ё 1677,37 млн. сомонї) ва аз маблаѓи

САРМОЯИ ЊАРОСУ ЉИНОЯТ

Бозпардохти сармояи асосї Бунёдњои асосї, ки шакли физикии сармояи асосї мебошанд, дар раванди истењсолот муддати тўлонї ширкат меварзанд, дар ин њангом онњо шакли асосии худро нигоњ медоранд, вале мунтазам афсурда ва истењлок мегардад, ки маънояш бозпардохт кардан аст. Сармояи асосї арзиши худро тўли чанд сол њисса - њисса, чун бароварди истењлокї ба нархи молу маводи истењсолшуда ва хизматгузорињо мегузаронад, ки дар љањон яке аз услубњои худгардонии молиявии корхона медонанд. Афзоиши Мањсули Нохолиси Дохилї (МНД) аз худ вобастагии бакорандозии сармояи асосии кишварро муќаррар месозад. МНД - ин арзиши нав ба вуљуд омада мебошад, ки дар рафти истењсоли мањсулоту мол ва хизматрасонињо дар њисоботњои молиявї сабт шудааст ва меъёри асосии самаранокии иќтисодиёт дар љањон мебошад. Гирди МНД дигар њама олотдастњои молиявию бонкї ва технологї мегарданд. Ва ќисме аз МНД аз маблаѓи бароварди истењлокї, яъне арзиши истифодашудаи бунёдњои асосї иборат мебошад. Роњбарон дар нињояти кор бояд тамоми малакаро ба он равона созанд, ки маблаѓи бароварди истењлокї дар њар соли таќвимї маќсаднок, барои маблаѓрасонии техноло гияињои наву навтарин истифода шавад. Вале дар ЉТ њамин андешаи иќтисоди классикї риоя намешавад. Раванди ноњинљор дар љараён, ки дар њоли аз љониби њукумати ЉТ вогузор гаштани имтиёзњои молиётсупорї, илм тадриљан дар корхонањо афзоиши манбаъњои худии маблаѓрасонии сармояи асосиро намеёбад ва ин масъала шояд, ба дигар омил гирењхўрда бошад. Масалан, омори расмї нишон медињад, ки дар ЉТ сармоягузории асосии санадшудаи соли 2008 њудуди 10,3 дарсад, соли 2010 - 10,2 дарсад ва соли 2011 -7,3 дарсад аз Мањсули Нохолиси Дохилии кишвар буд. Агар раванди коњиш идома ёбад, бозсозии

7

ба органњои омор пешкаш гаштаву он љо далел аз истифодаи маблаѓи истењлокї буда бошад, вуљуд надорад. Зикри далел бамаврид, ки мувофиќи Системаи Њисобрасињои Миллї (Система Национальных Счетов - СНС) маблаѓи бароварди истењлоки истењсолгардида дар Тољикистон дар арзиши бо-

ди истењлокї маблаѓрасонии сармоягузорињои асосї, масалан, дар соли 2010 се раќам (2544,83, 6050,6 ва 1208,282 млн. сомонї) ба чоп расидааст. Мавриди гуфтан, ки дар доираи кишвар иттилоот аз маблаѓи бароварди истењлокї гирдовардаву коркард намешавад ва ба ин сабаб омори

Нишондињандањо

Соли 2010

Соли 2011

1.Сармоягузории асосї, млн. сомонї

4669,365

4988,319

Маблаѓрасонии он: 1.1. Маблаѓи буљети ЉТ

1677,370

2490,034

1.2. Маблаѓи аз кишварњои хориљї љалбгашта

1783,713

1090,942

1.3. Бароварди истењлокї (фоида) – и корхонањо

1208,282

1407,343

2. Маблаѓи бароварди истењлокї дар ЉТ, мувофиќи Системаи Њисобрасињои Миллї, млн. сомонї

6050,6

8598,2

2.1. ќисми истифоданашудаи маблаѓи истењлокї (ки манбаъи худгардонии молиявї аст), банди 2 банди1.3.

4842,3

7191

3. Арзиши МНД бо нархњои ќиёсї, млн. сомонї

24707,3

30069,3

4. Омори расмии истифодаи арзиши МНД барои сармоягузорї, њисса дарсад

10.3

7,3

5. Арзиши МНД, ки мувофиќи омори расмї гўё барои маблаѓрасонии сармояи асосї истифода шуда бошад, млн. сомонї

2544,83 ((24707,1*10,3 )/100)

2195 ((30069,1 *7,3)/100)

Љадвали 1. Муќоисаи 3 гузориш аз маблаѓрасонии сармоягузорињои асосї дар ЉТ

хориљиён - 38,1 дарсад (ё 1783,713 млн. сомонї) анљом гирифтааст, дар њоле, ки фаќат маблаѓи бароварди истењлокии дар љараёнбуда аз 6 млрд. сомонї зиёдтар. Медонам, ки ин њаљм маблаѓи наќдиро дар давоми соли гирд овардану барои маблаѓрасонии сармоягузорињои асосї сафарбар кардан кори сангин аст. Аммо фањмиш ва кўшиш аз бакорандозии њамин чархи худгардони иќтисодї дида намешавад. Наход њукумати иљроия то ба ин сатњ ба сармоягузорињои асосии давлатї, ки баъзе ќисмаш мавзеи љиноятзо мегардад, бепарво мебошад, ки аз истифодаи самараноки маблаѓи истењлокїхудгардони молиявии иќтисоди кишвар пурсон намешавад? Зимнан гуфта шавад, ки барои буљеткунонии њазор сомонї, интиќол додан ва назорат кардани он чанд нафар дар чанд умури давлатї вазифадор њастанд, вале миллиардњо сомонї аз МНД, бахусус ќисми калони маблаѓи истењлокї, бесарусомон давр мегарданду рўз андар рўз табдили иќтисоди истењсолиро ба иќтисоди истеъмолї бебозгашт метезонанд, ки натиља рукуди молї ба дигар кишварњо сод ир меш уд аву з ахираи асъори њориљї, камарзишии сомонї ва шикасти чанд њазор шуѓли андешидашуда мебошад. Дар ин маврид бепарвогии чанд умур низ мушоњида мегардад. Тањсилкардагон, коршиносон медонад, ки маблаѓи бароварди истењлокї, ки мувофиќи хусусиятњои иштироки бунёдњои асосї дар раванди фаъолият муайян гардидаву ба арзиши аслии махсулоту хизматрасонии тавлидшаванда замкарда мешаванд, дар асоси муќаррароти Кодекси андоз аз фоидаи молиёт бандмешудаи корхона, тарњ мешавад. Касе, муттассифона, намепурсад, ки маблаѓи истењлокї куљо рафт? Тадбири касбї зарур, ки Кумитаи молиётситонии кишвар њар резидентро вазифадор гардонад, ки дар "Њисоботи фоида ва зарар" иттилооти истифодаи максадноки маблаѓи истењлокиро нишон дињад. Ва њар резидент дар се моњ ба зерсохторњои Умури давлатии омор "Њисоботи фоида ва зарар"-ро пешкаш созад, ки њукумати кишвар воќиф аз љараёни истифодаи сармояи асосї бошад. Холмањмад АЗИМОВ, иќтисоддон


8

ТАДЌИЌОТИ ЖУРНАЛИСТЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

Нархи нафт дар бозорњои љањонї то рафт коњиш меёбад, вале баръакси он арзиши газу бензин ва дигар фаровардањои нафтї дар Тољикистон рў ба афзоиш аст. Ин њам дар њолест, ки чанде ќабл, гурўње аз ширкатњои таъминкунандаи сўзишворї аз Хадамоти зиддиинњосории кишвар расман тариќи мактуб хоста буданд, ки ба онњо иљозат дињад, то нархи сўзишвориро боз болотар бибаранд. Пас аз ин дархост, чанде аз намояндањои вобаста ба њамин гурўњ бо интишори як нома ба унвонии президент, аз Эмомалї Рањмон хоста буданд, ки ба ин раванд дахолат кунад. Ба бовари коршиносон, дар бозори газу бензини Тољикистон бар иловаи раќобатњои носолим, бозии "Форт Инвест" бо квотаи бензин низ нигаронкунанда буда, ин њама истиќлолияти энергетикии Тољикистонро зери суол мебаранд. "Нигоњ" бар он аст, ки њоло њам дер нашудааст ва роњи њали ин мушкилот ва абзори танзим ин бозор вуљуд дорад.

"Иљозат фармоед, нархро бардорем" Хадамоти зиддиинњисорї мегўяд, ширкатњои нафтрасон дар Тољикистон шикоят аз он доранд, ки бо ќиммати имрўза дар бозори сўхти кишвар харољоташонро пўшонда наметавонанд. Аз ин рў, хостаанд, барои гарон кардани ќиммати сўзишворї мусоидат кунад. Аммо дар Хадамот аз шарњи ин дархост худдорї мекунанд. Ба назари коршиносон, ин гуна дархост ва ќарорњо бояд аз нигоњи иќтисодї асоснок ва ба мардум пешнињод гарданд. Дар нуќтањои фурўши сўзишвории шањри Душанбе дар давоми бештар аз чор моњи охир нархи бензин њудуди 30% гаронтар шуд. Зиёдтар аз нархи замони мављудияти бољи нафтии Русия аст. Барои мисол пеш аз бекор шудани бољи гумрукии Русия нархи як литр бензини навъи АИ 92 6 сомонию 20 дирам буд, баъди бекор шудани он то ба 4 сомонию 40 дирам арзон шуд ва њоло бошад, нархи як литр бензини навъи АИ 92 6 сомонию 3030 дирам шудааст. Бо ин вуљуд, Њукумати Тољикистон барои ба танзим даровардани бозори сўзишворї ба як натиља нарасидааст. Дар баъзе долонњои њукуматї њам аллакай гўш мерасад, ки квотаи бензини Русия барои Тољикистонро дар ихтиёри Агентии захирањои давлатї бояд дод, то ин нињод онњоро дар байни ширкатњои нафтрасон таќсим кунад. Ин њам дар њолест, мошинњои мансуб ба ин агентї, ки дар кўчањои Душанбе бен-

зин мефурўшанд, бо вуљуди он ки аз пардохтњои гумрукї ва супоридани андозњо озоданд, нархи бензинашон аз НФС-њое, ки њамаи пардохтњои гумрукї ва андозњои дохилиро месупоранд, хеле кам фарќ мекунад.

Заъфи тими иќтисодї, ё вазоратњои бе сиёсат Вазорати рушди иќтисод мегўяд, "ќатъи воридоти бензини русї ба чор омил, аз љула ба садамае, ки 15-уми июни соли 2014 дар корхонаи коркарди нафти Ачински Русия рух дода буд, рабт дорад. Ин сухтор, "нархи яклухти маводи сўзишворї дар бозорњои фурўши нафти ин кишварро афзоиш додааст. Барои таъмини талаботи дохилї ширкатњои Русия, њаљми содироти сўзишвориро ба кишварњои Осиёи Марказї коњиш доданд. Болоравии ќурби доллари ИМА ва поин рафтани ќурби рубли русї низ сабаб аст". Дар Вазорати энергетика ва захирањои оби љумњурї яке аз сабабњои гарон гардидани сўзишворї, аз љумла бензинро, дар гарон шудани ин навъи мањсулот дар Русия медонанд. Онњо мегўянд, тайи 4 моњи охир нархи сўзишвории коркардашуда дар корхонањои Русия таќрибан 330 доллари ИМА ќимат шудааст ва дар њоли њозир барои ворид кардани як тонна бензин ба Тољикистон аз Русия беш аз як њазор доллар масраф мешавад. Вале расонањои русї аз он хабар додаанд, ки нархи сўзишворї дар њудуди Русия дар як њафтаи охир аз 0,7 то 0,10% тамоюл ба пастшавї дорад. Дар чор моњи

«

Дар Хадамоти зидиинњисорї, ки нархи хеле аз мањсулот ва хидматрасонињо дар мувофиќа бо он муайян карда мешаванд, дар посух ба ин, ки оё имконияти он вуљуд дорад, ки дар кўтоњмуддат нархи бензин коњиш ёбад, посухи даќиќ ва мушаххасе надоданд ва бар илова изњор доштанд, ки дар бораи њалли ин масъала дар якљоягї бо њукумат кор карда истодаанду натиљааш њанўз маълум нест.

«

ахир нархи як бушка нафт дар бозорњои љањонї аз 110 доллар то 80 доллар пойин фуромад. Арзиши биржавии бензин дар Биржаи байналмилалии моливу ашёи хоми шањри Санкт-Петербург дар 10 рўзи охир њудуди 1,5% барои бензини навъи АИ-92 ва 1,3% барои бензини навъи АИ-95 кам шудааст. Дар дигар биржањои љањонї њам нархи як бушка нефт аз 95 то ба 80 доллар пойин фуромад. Дар Хадамоти зидиинњисорї, ки нархи хеле аз мањсулот ва хидматрасонињо дар мувофиќа бо он муайян карда мешаванд, дар посух ба ин, ки оё имконияти он вуљуд дорад, ки дар кўтоњмуддат нархи бензин коњиш ёбад, посухи даќиќ ва мушаххасе надоданд ва бар илова изњор доштанд, ки дар бораи њалли ин масъала дар якљоягї бо њукумат кор карда истодаанду натиљааш њанўз маълум нест.

Таслими бозор ба Газпромнефт Ба гуфтаи њолдонњо, замоне, ки Газпромнефт мехост ба бозори сўзишвории Тољикистон ворид шавад, баъзе аз давлатсолорону сиёсатмадорони кишвар онро намехостанд. Зеро аз таљруба ва бозињои ин ширкат дар кишварњои Соњили Балтик ва Ќазоќистон огоњ буданд. Аммо рањбарияту роњнамоњои ин ширкат тавонистанд, ки баъзе афроди наздик ба оила ва њукуматро ба худ љалб кунанд. Дар ибтидо суратњисоби асосии ин ширкатро дар ЉСК "Ориёнбонк", ки зери раёсати Њасан Асадуллозода аст, боз карданд. Тамоми амалиётњои бонкї аз тариќи њамин бонк сурат мегирифт. Инчунин бо ширкатњои "Тољирон" ва "Фароз"-и мансуб ба Соњибовњо (Шамсулло Соњибов, домоди президенти кишвар) созишномаи шифоњие буд, ки бозори гази моеъ аз "Тољирон"-у "Фароз" ва бензин аз "Газпромнефт" ва онњо ба якдигар халал намерасонанд. Њолдонњо мегўянд, дар ин байн ду бонки машњури кишвар "Ориёнбонк"- Њасани Асадуллоњзода ва "Агроинвестбонк", ки он замон мансуб ба Муродалї Алимардонов, аз бозии "Газпромнефт" хориљ шуда, интиќоли маблаѓњои он њоло аз тариќи бонки "Эсхата" сурат мегиранд. Бо ин њол, аз гурўњи ширкатњои (тољикистонї) таъминкунандаи сўзишворї миннатдор шудан лозим меояд, чунки дар бозор иштироки онњо намемонад Газпромнефт дар бозор ягона монаду чї хеле ки хоњад нархро муайян кунад. Ѓайр аз ин, ширкатњои тољикї аз бонкњои Тољикистон ќарз бо фоизњои ба њама маълуми баланд гирифта, кор мекунанд, ё пули шахсї ё бо инвеститсияњои хориљї љумњуриро бо сўзишворї таъмин карда истодаанд, яъне аз тарафи Њукумат ба онњо ягон хел имтиёз дода нашудааст.

Бозї бо квота Дар асл сўзишворї аз Русия ба Тољикистон аз якчанд корхонаи коркарди нафт ворид мешавад - "Руснефт", "Башнефт", "Газпромнефт", "Роснефт", "Лукойл" ва "Форте Инвест", ки фурўши сўзишвории фаќат "Руснефт"-ро ба ўњда дорад. Зоњиран, ширкати "Форте Инвест" ягон хел монополисти таъминкунандаи сўзишворї аз Русия ба Тољикистон шуда наметавонист. Гурўњи ширкатњои таъминкунандаи сўзишворї (ширкатњои тољикистонї) низ аз њамон корхонаи коркарди нафти дар боло зикршуда харид мекунанд, ки нархи мањсулоташ нисбатан арзон бошад. Бо ин вуљуд, ширкати "Форте Инвест"-у шарикон ва ё даќиќтараш, шохањои ѓайрирасмии онњо бо истифода аз махсусиятњои ќонунгузории гумруки Русия то 6070%-и квотањоро банд кардаанд. Касе, ки дар дасташ квота дошта бошад, тибиист, ки метавонад онро бо нархи дилхоњ фурўшад. Аз ин рў, ваќте дигар ширкатњо мурољиат мекунанд, ба онњо гуфта мешавад, ки квотањои Тољикистон тамом шудааст ва барои ин кишвар дигар мањсулоти бебољ надоранд. Дар Хадамоти зидди инњисории Тољикистон, ки бояд аз ин бозињо ба хубї огоњ бошанд, аз расонаї кардани ин масъала ва номи ширкатњои дастбакор њазар мекунанд. Файзалї Зарипов, муттахассиси Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон дар суњбат бо мо ќазияро бидуни зикри номи ягон ширкат шарњ дода гуфта буд: "Ширкатњое њастанд, ки бо дархости онњо коркарди нафти Русия аллакай 1 млн. тонна сўзишвориро ба Тољикистон декларатсия кардаанд. Яъне фаќат њамин ширкатњо метавонанд ин сўзишвориро, ки аллакай фармоиш шудаанд, ворид кунанд. Дигар ширкатњои наметавонанд аз корхонањои Русия сўзишвории бебољ дастрас намоянд". Сањми "Газпромнефт" њам дар ин бозорњои Тољикистон кам нест. Ин ширкат аз њукмронњои бозори сўзишворї мањсуб меёбад ва метавонад дар бозори бензини Тољикистон бозие ба роњ бимонад. Як нигоњи сарсарї ба нархи баланди мањсулоти "Газпромнефт" дар нуќтањои фурўши сўзишвории кишвар нисбат ба дигар ширкатњои таъминкунандаи газу бензин метавонад чандин суолро дар зењни харидор халќ кунад. Ширкати "Газпромнефт", ки айни замон дар бозори безини Тољикистон хеле хуб љой гирифтааст, расман ба номи худаш беш аз 25 НФС дорад. Ин ширкат безини воридотиашро дар ду шакл, њам чакана ва њам яклухт ба мизољонаш мефурўшад ва њудуди 80%-и анборњои нафтии коршоями маркази кишварро бо роњњои гуногун дар ихтиёри худ ќарор


АМНИЯТИ ЭНЕРЖЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

9

БОЗОРИ БЕСОЊИБИ БЕНЗИН

Ба Таваљљуњи Сарвазири ЉТ Ќоњир Расулзода

Агар њукумати Тољикистон ба бозори маводи нафтї дахолати сареъ накунад, онро аз даст медињад дода, вазъи бозори мањсулоти нафтии тољикистонро њамон гунае кардааст, ки иќтисодшиносон онро «рў ба олигополия» медонанд, яъне њар иштирокчии дигари бозор маљбур аст, ки бо ќоидањои ин ширкат бозї кунад. Њамзамон, њукуматњои Душанбе ва навоњии калидии маркази мамлакат барои ин ширкати серпул имтиёз дода, таъсиси НФС-њо ва анборњои навро таќрибан номумкин кардаанд. Ин њам дар њолест, ки тибќи шартномаи дуљониба миёни Душанбеву Маскав бояд Русия ба Тољикистон 1 миллион тонна мањсулоти нафтии бебољ содир намояд. Аз ин њисоб 420 њазор тонашро бензин ташкил медињад. Дар давоми 8 моњи гузашта њудуди 176 њазору 595 тон ба Тољикистон бензин ворид шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта камтар мебошад. Миќдори воридшуда камтар аз 50%-и лимити муќарраргардида мебошад.

Гурез аз ВАО Дар ширкати "Газмпромнефт-Тољикистон" њозир нашуданд, ки дар бораи ќиммат гардидани бензин шарњ дињанд. Коршиносон мегўянд, ки барои ворид кардани як тонна бензин ба Тољикистон бештар аз 1300 доллар масраф мешавад. Ба гуфтаи онњое, ки ин бозорро хуб медонанд, феълан харољоти тањвили бензин аз Русия ба Тољикистон чунин аст: АРЗИШИ АСЛИИ БЕНЗИН: 960 доллар (ин нарх дар стансияи Сари Агач, марзи Ќазоќистон - Ўзбакистон) + 92 доллар (роњкиро аз Сари Агач то вилояти Суѓд (90 - 95 доллар, агар то истгоњи Регар гирем, таќрибан 190 доллар сари тон) +70 доллар (аксиз 50 евро) +200 доллар НДС (960+92+70)х18%) 1322 доллар) + 66 доллар (5% андозњои дохилї) + 10 долл (барои вагонњои КВД «РОТ»), харољоти гумрукї, стандарти давлатї, маоши кор-

гарон, иљораи база ва ѓ.њ.) = 1398 доллар. 1 тон бензин = 1320 литр аст. 1, 06 доллар х 5,21 курси сомонї дар бозор (харид). Арзише, ки ба Тољикистон мерасад 5, 52 сомонї = 1 литр. + 0,25 сомонї (роњкиро аз Суѓд то Душанбе) + 5,77 сомонї/ 1 литр ба Душанбе меояд. Умдафурўш 0, 20 - 0,25 дирам сари 1 литр мемонад. Тахмин 6 сомонї мешавад. Ширкати чаканафурўши тољикї 0, 15 - 0,20 дирам монда, мефурўшад, яъне 6 сомониву 15 ё 20 дирам. Ширкатњои фурўши сўзишворї дар шањри Душанбе феълан бензини навъњои АИ-92-ро бо нархњои гуногун мефурўшанд. Барои мисол, Ширкати "Газпромнефт" нархи бензини навъи АИ 92ро 6,3 сомонї, АИ-95-ро бо нархи 6,75 сомонї ба фурўш гузоштааст. Ширкати "Умед-88" нархи бензини навъи АИ 92-ро 6 сомонию 40 дирам ва АИ 95-ро 6 сомонию 60 дирам. Ширкатњои хусусї, аз љумла ЉДДМ "Паймон 2013" нархи бензини навъи АИ 92-ро 6 сомонию 30 дирам муќаррар кардааст, ки билахира ба гароншавии молу мањсулоти дигар низ оварда мерасонад. Инро мардум мефањманд. Њамчунон, ки омилони болоравии нарху наво дар як кишвари фаќрзадаро.

Садои мардум Натиљаи як назарпурсии ољонси «Тољнюс» маълум кард, ки беш аз 50 дарсади райдињандагон сабаби болоравии нархи бензинро дар «бењунарии њукумату нафси бади фурўшандањо» медонанд. Дар ин назарсанљї 52%-и пурсидашудагон ба варианти "Бењунарии њукумату нафси бади фурўшандањо" нохун задаанд. 13 дарсад гуфтаанд, болобарии нархи сўзишворї ќазияи сиёсї аст ва"Маскав аз Душанбе талаби нав дорад". 12 фисади дигар сабаби болобарии нархи бен-

«

Ин ассотсиатсия метавонад њамаи ширкатњоеро, ки расман дар Тољикистон фаъолият доранд, муттањид кунад ва квотаи муќарраршударо ба њар ширкат тибќи тавоної барои воридоти мањсулоти нафтї шаффоф таќсим кунад. Пешнињоди нави манфиатљўён дар бораи ба Агентии захирањои давлатї додани 100% бензини бебољ шеваи ѓайри бозорї ва бесамар буда, роњњалли масъала нест.

«

зинро "Фишори навбатии Маскав аст" гуфтаанд. 12 дарсади дигар њам бар инанд, ки дар болобарии нархи сўзишворї "Газпромнефт - Тољикистон даст дорад". 5 дар сад (34 нафар) аз ширкаткунандагон бар ин боваранд, ки сабаби болоравии бензин "Маслињати пинњонии чаканафурўшон аст". Њамагї 1% (8 нафар) бар ин боваранд, ки "Истењсоли сўзишворї гарон шуд" -ааст. 5 дар сади дигари иштирокдорони назарсанљии мазкур гуфтаанд, сабаби инро намедонанд ва њатто дар ин бора фикр накардаанд". Ин назарпурсї аз 3 то 8-уми сентябри соли љорї бо супориши нашрияи "Нигоњ" дар сомонаи Ољонсии иттилоотии"Тољнюс" - www.tojnews.org баргузор шуд. Дар он 623 нафар ширкат карданд. Ба гуфтаи коршиносон, ин, ки 12% "фишори навбатии Маскав" мегўянд, ин дафъа асос надорад, аммо Њукумати Тољикистон бояд фишори ширкатњои бозингарро аз байн бубарад. Мисли њукумати Ќирѓизистон дар соли 2010 вале бо шевањои дигар, то бозор мўътадил гардад.

"Фоида" - и вазир Гул Шералї Коршинос Рустам Самиев мегўяд, «Ваќте президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон дар соли 2010 гуфт, ки мо ба истиќлолияти энергетикї мерасем, амалан њукумат дар давоми ин солњо, бахусус дар бахши маводи сўзишворї, кори назаррасе накард, балки бо додани имтиёзњои зиёде барои "Газпромнефт" ин бозорро ба чолиш рўбарў кард. Фоидааш иљораи њамон чанд НФС шуду бас. Њоло њам дар њукмати Тољикистон як иќтисоддон ё нињо-

де нест, ки бо пешнињоди чор -панљ олотдаст ё абзори бозорї вазифаи гузоштаи Президентро иљро карда тавонад. Ё аќлашон намерасад, ё аз масъулият мегурезанд». Њангоми тањќиќот мо низ ба ин хулоса расидем, ки аксари калидбадастони иќтисодиёти миллї хеле камамал буда, ваќте журналистон ба онњо мурољиат мекунанд, он чиро мегўянд, ки аз расонањо хондаанд. Ин боис шудааст, дар њар коре ба боло ишора карда, аз посух додан мегурезанд. Агар онњо њамаи проблемањоро бо воситаи дахолати президент њал кунанд, пас барои чї курсињои вазорату нињодњои давлатиро банд кардаанд? Дар њоли њозир дар ин бозор раќобатњои носолиму бозињои пўшидае њастанд, ки торафт шиддат мегиранд. Барои он, ки ин раќобатњо ба низом дароварда шаванду бозињои мазкур ба таври шаффоф сурат бигиранд, таъсиси як Ассотсиатсияи миллии ширкатњои нафтрасон айни муддао аст. Ин ассотсиатсия метавонад њамаи ширкатњоеро, ки расман дар Тољикистон фаъолият доранд, муттањид кунад ва квотаи муќарраршударо ба њар ширкат тибќи тавоної барои воридоти мањсулоти нафтї шаффоф таќсим кунад. Пешнињоди нави манфиатљўён дар бораи ба Агентии захирањои давлатї додани 100% бензини бебољ шеваи ѓайри бозорї ва бесамар буда, роњњалли масъала нест.

Роњњал вуљуд дорад? Бале! «Нигоњ» бар он аст, ки болоравии нархи мањсулоти нафтиро фаќат Њукумат пешгирї карда метавонад, ба воситаи: 1) Гуфтушунид байни Њукумати Тољикистон ва Њукумати Русия дар њайати нав ва дур аз њифзи манфиатњои «Газпромнефт-Тољикистон»; 2) Кам кардани пардохтњои гумрукї, аќќалан то миќдори муайяншудаи он дар Ќирѓизистон (ѓайр аз болоравии нарх пешгирии ќочоќ аз Ќирѓизистон низ гирифта мешавад); 3) Таќсими шаффофи 80 дар сади квота миёни 22-25 ширкатњои таъминкунандаи сўзишвории Тољикистон ва 20% ба Агентии захирањои давлатї; 4) Инвентаризатсияи хољагии нафтии мамлакат; 6) Таќсими квотањои Тољикистон бар асоси чор фасли сол; 7) Пурзўркардани назорати Контразведкаи иќтисодии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон дар ин соња; 8) Ќабули регламенти нави техникї бо маќсади таъмини амнияти энергетикї ва таќсими нави бозори хурдафурўшони мањсулоти нафтї.

Ќ Амрулло


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

ШАРИКИ СТРАТЕГЇ

Носкадуи бобои Амир Аксари сокинони кишвар њаддиаќал дар наврасї аз њавову њавас даст ба кадуи носи калонсолон бурдаву аќалан боре ё борњо тамъашро њам чашидаанд. Зеро бахусус дар рустоњои кишвар носкашиву доштани зеботарин кадуи нос замоне мўд њам буду дорандагонаш ифтихор аз он њам доштанд. Лаззати замониро замоне зиёдтар эњсос мекунї, ки як каф носро зери забон гузошта ё бо санъате ба кунљи он њаво дода, бо ќош паррондану чашмак задан сўи шарике, дўсте, њамсуњбате бигўї: Носа бизан, гулписар, Тоза шавад маѓзи сар. Аммо он лањазоти барои ваќти худ нотакрор ноаён тарњи бисёре аз нокомињову нобаробарињои зиндагиро кашидаанд. Вале он замон њам нос мухолифони худро дошту имрўз њам дорад ва дар баробари "носи зери забони гуллписар" ин мисрањо њам миёни мардум мечархиданд: Зумуррадпораеро ос карданд, Зарифон номи онро "нос" карданд. Илоњо гум шавад номи зарифон, Дањону биниро ифлос карданд. Мо аз ин чор мисраъ механдидем. Њатто аз миёни њарфњои ростин ба љуз ишорањои хандаовару завќангез чизи дигареро намедидем. Ин чањор мисраъ њамоно хандаоваранд, аммо ин ханда аз хандаи наврасиву љавонї фарќ мекунад. Замоне пирамарди ќоматхамида бобои Амир, ки њамагон медонистанд хеле носкаши ашаддї буду дар дења кадуи зеботарин моли ў дониста мешуд, дар сини пирї даст аз ин амал кашид ва њамагонро дар њайрат гузошт. Cабаб пурсидам. Гуфт, кадуи зеборо дар њољатхона афтондам. Назди мулло рафтам, ки ривоят ёбад ва ман бачањоро водор кунам онро кашида бароранд. Аммо мулло гуфт, "оббо, он каду њољатхонаро њам њаром кардааст".

Носи ќазоќї дар Шветсия Бино ба навиштаи Tengrinews.kz. олимони Шветсия бори аввал дар љањон таркиби носро муайян карданд. Ин хабаргузорї менависад, ки дар Ќазоќистон таърихан тамокуи хоянда бо номи нос истеъмол мешавад ва онро дар шароитњои буттазор истењсол мекунанд. То ин замон таркиби аслии он номуайян ва дар ин замина тањќиќоте њам гузаронида нашуда буд. Олимони ќазоќ хостанд як пажуњиши вижаро дар ин замина роњандозї кунанд ва онњо намунањо аз чанд навъ носи бозори шањри Ќараѓандаро ба озмоишгоњи Созмони љањонии тандурустї дар Стокњолм фиристоданд. Натиљаи тањќиќот љомеаи илмиро ба худ кашид. Дар таркиби нос унсурњои химиявии хром, сурб, никел ва доруи марговари марги мушро кашф карданд. Љолиб он аст, ки њамаи ин моддањо болотар аз меъёр истифода шуда буданд: Чунончї, истифодаи никел - 5,1, хром - 17, сурб 38 баробар афзунтар аз меъёри маъмулї буд. Дар ин мањсулот бояд марги муш аслан истифода нашавад, вале дар таркиби носи озмоишї он низ ба њадди ќобили таваљљуњ мушоњида шуд. Њамчунин намунаи бузурги олудагињо бо микробњои беморизо вуљуд дорад, ки нишондињандаи тавлиди саноеъи дастии дур аз риояти ќоидањо ва меъёрњои санитарї мебошад. "Ман худ дар љараёни тањлил ширкат доштам ва бо мароќи зиёд натиљаи онро интизорї кашидам. Мо дар ин мутолеъа бо чанд роњу равиш дар чанд гуруњ тамоку ва мањсулоти тамокуї таљриба анљом додем, ки дар намунањо боќимондаи офаткушро ошкор нанамуд. Дар љараёни кор лозим омад носро ба тамоку ва унсурњои дигар људо кунем. Ва агар дар бораи тамоку сухан равад, пас нитрозаминњо, яъне моддањои саратонзо, ки муљиби сирояти беморињои гуногуни саратон мешаванд, беш аз њадди меъёр буданд",- хулоса кардааст доктор Phd Мейрам Раганин. Ба гуфтаи ў, дар носи таљрибашуда аз Ќазоќистон як маводи дигари саратонзо бо номи бензопирен кашф шудааст.

ногун мавриди баррасї ќарор мегирад ва бо вуљуди рад шудани пешнињоди манъи фурўшу истеъмолаш дар доирањои дигар бањси он гардон аст. Њарчанд соли 2011 билохира, баъди пешнињодњои зиёд Ќазоќистон носро њам ба рўйхати воситањои нашъаовар ва моддањои психотропї љой дод, вале вазорати корњои дохилии Ќазоќистон эълон кард, ки фурўши носро дар ин кишвар манъ намекунад ва сабаб он буд, ки нос воситаи нашъаовар эътироф нашудааст. Дар як омори тайидношуда омадааст, ки носкашон дар Ќазоќистон бештар аз 10 дарсади ањолии ин кишварро ташкил медињанд. Соли 2008 президенти Туркманистон Гурбонгулї Бердимуњаммадов ба фармоне имзо гузошт, ки тавлид, истеъмол ва ворид намудани нос ба кишварашро мамнуъ эълон кард. Тибќи иттилои созмонњои бењдошт ва маќомоти ќудратии Русия нос ваќтњои охир миёни љавонон ва наврасон зиёд истеъмол мешавад. Мувофиќи хабари

Олимони Шветсия тибќи як дархост аз Ќазоќистон дар таркиби носи Ќараѓанда ба миќдори хеле зиёд унсурњои кимиёвии никел, хром, сурб ва марги муш кашф кардаанд

"Аммо мундариљаи нитрит-ионњо" дар намунањои таљрибашуда аз меъёр 91 баробар боло буданд. Бояд гуфт, ки нитритионњо на танњо дар таркиби тамоку, балки дар њамаи растанињо вуљуд доранд, вале таркиби бактерии аз буттаи тамоку омодшудаи онњо ба њадди хеле зиёд мушоњида шуданд, ки барои ба вуљуд омадани моддањои саратонзо мусоидат мекунанд",- гуфтааст ў.

Носи мо Олимони тиб як сарчашмаи афзудани беморињои гуногуни саратонро аз нос медиданд ва далели илмиашон њам омори дар миёни носкашон зиёд будани мубталоён ба саратон буд. Бар пояи як пажуњиш 80 дарсад беморони гирифтор ба навъњои мухталифи саратон муддати дурудароз нос истеъмол мекардаанд. Дар њамин омор омда буд, ки бахусус наврасони носї бештар гирифтори саратон мегарданд. Илова бар ин фаромомўшхотирї, вайрон шудани фаъолияти системаи асаб, заъфи таваљљуњ ба њаводиси атрофро низ бар асари истеъмоли тўлонии нос медонанд. Таљриба бо ташаббуси ќазоќњо дар Шветсия анљом шуд ва чун ин хабарро ба

НОСА БИЗАН... чанде аз дўстони носкаш гуфтам, сарењан эълон карданд, ки "носи мо дигару носи ќазоќ дигар". Шояд чунин њам бошад, ки тавлидкунандаи нос дар Тољикистон марги муш нарезад. Аммо кї медонад? Марги муш шояд таъсири дигаре дорад ва носњои Душанбе њам, ки гоњ бо номњои "кабелни"- ву "мясокомбинат"- у дигару дигар маъруфият пайдо мекунанд, аз чї бошад? Магар на аз он аст, ки ба гуфти додари ѓурамаргам "сарро такон" медињанд? Ва ин "такон"-ро магар, унсурњои кимиёвие ба љо намеоранд, ки дар тамоку пайваст кардаанд, то ки маъруф шаванд? Ва агар чунин нест ва шеваи омода кардани он якест, пас чаро суроѓи бењтаринаш мегарданд?

Занем ё на? Нос аз тамоку њосил мешавад ва дар аксар манобеъи илмї онро анъана дар кишварњои Осиёи Марказї номидаанд. Аммо аз ќадим тавлидкунандагон ва пањнкунандагонаш аввал лулињо будаанд. Метавон натиља гирифт, ки мањз лулињо бештар аз дигарон дар кишту тавлиди он сањм доранд. Дар Ќазоќистон ин аввалин бор нест, ки масъалаи нос дар сатњњои гу-

расмие, ки ассостсиатсияи дистрибютрони тамоку "Грандтабак" нашр кардааст, танњо дар нимсолаи аввали соли 2004 ба Русия аз Тољикистон, Узбакистон, Ќирѓизистон ва Ќазоќистон ќариб 67 тонна нос ворид шудааст, ки бино ба арзёбии он шабурўз 16,5 њазор доллар мешудааст. Вале ин созмон мегўяд, вуруди нос ба Русия ќочоќї сурат мегирад, чун дар ягон кишвари воридкунанда маќоми расмї ва љавобгар ба тавлиди он вуљуд надорад. Дар таърихи 23уми феврали соли 2013 президенти Русия ќонунеро бо номи "Дар бораи њифзи саломатии шањрвандон аз таъсири дуди тамоку ва оќибатњои мањсулоти тамокуї" имзо кард, ки амалан тиљорати носро њам мамнуъ эълон мекунад. Дар Њинд ва Непал низ истеъмоли онро ќонун манъ кардааст. Ба Белорусия истеъмоли он мамнуъ нест ва хабарњо дар бораи тиљорати ин навъи тамоку зиёд мерасанд. Маќомоти Эстония гуфтаанд, ки нос миёни љавонон асосан дар дискоклубњо пањн мешавад ва истеъмол мекунанд. Аммо ќонун онро манъ накардааст. Дар Тољикистон низ нос њамоно маводи истеъмолу фурўшаш манъшуда ба њисоб намеравад. Алишер Ташрифов, сардори шуъбаи назорати муомилоти ќонунї ва пешгирии нашъмандии Агентии назорати маводи нашъаовар дар суњбат бо "Нигоњ" гуфт, ки дар айни замон нос дар Рўйхати миллие, ки тавлиду истеъмоли ин ё он воситањои нашъаовар ва моддањои психитропиро манъ кунад, шомил нест. Сабаб он аст, ки пажуњиши густардаи илмї атрофи нос сурат нагирифтааст ва пешнињодоти манъи он низ расман ироа нашудааст. Ба гуфтаи Алишер Ташрифов ин масъала замоне метавонад баррасї шавад, ки тањќиќоти илмї сурат гирад ва зарарњои он ба њадди моддањои психотропї исбот гардад. Бобољони ШАФЕЪ


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

ВОКУНИШ

11

СОЊАИ КИШОВАРЗЇ ЗЕРИ НАЗАРИ ДОИМИИ ЊУКУМАТ ЌАРОР ДОРАД (Вокуниш ба матлаби "Ислоњот ва истеъфо", Нигоњ №18 (400) аз 23 - юми июли соли 2014)

ЊОКИМИЯТИ СУДЇ МУСТАЌИЛ АСТ (Вокуниш ба матлаби "Њокимияти ниёзманд", Нигоњ №20 (402) аз 6 - уми августи соли 2014) Љињати иљроиши Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7-уми феврали соли 2009 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлилии воситањои ахбори омма" маќолаи "Њокимияти ниёзманд", мавриди омўзиш ќарор дода шуд. Доир ба ваљњи маќола дар хусуси он, ки ќабули Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" дар тањрири нав барои ба њокимияти иљроия мутеътар кардани судяњо мусоидат хоњад кард, мавриди зикр аст, ки мутобиќи талаботи моддаи 87 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, моддањои 7 ва 8 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" судяњо дар фаъолияти худ мустаќил буда, танњо ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти суд манъ аст. Дар њар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо маќсади монеъ шудан ба татбиќи адолати судї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон боиси љавобгарї мегардад. Илова бар ин, тибќи моддаи 2 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" њокимияти судї дар Љумњурии Тољикистон танњо аз љониби судњо дар симои судяњо ва машваратчиёни халќї, ки бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои амалї намудани адолати судї љалб шудаанд, амалї карда мешавад. Ягон маќомот ё шахси дигар њуќуќи амалї намудани адолати судиро надоранд. Њокимияти судї мустаќил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяњо амалї карда мешавад. Њокимияти судї фаъолияти худро тавассути мурофиаи судии конститутсионї, гражданї, оилавї, иќтисодї, љиноятї ва њуќуќвайронкунии маъмурї амалї менамояд. Тартиби аз тарафи судњо баррасї намудани парвандањоро ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољикистон муайян менамояд. Вобаста ба ваљњи дигар оиди он, ки судяњои Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди конститутсионї ва раисони судњои шањру вилоятњо аз љониби Президент таъин мегарданд, боиси ќайд аст, ки тибќи тартиби муќаррарнамудаи моддаи 16 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон "Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон" судяњои Суди Олї ва Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро бо пешнињоди Президенти Љумњурии Тољикистон Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб намуда, судяњои суди Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, судњои њарбии гарнизонњо, шањр ва ноњия, суди иќтисодии Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанберо бо пешнињоди Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон Президенти Љумњурии Тољикистон таъин мекунад. Доир ба ваљњи навбатї дар хусуси аз љониби судњо бинобар зиёд будани сарборї ва тарс доштан аз маќомоти прокуратура њукмњои сафедкунанда кам ќабул карда мешавад, бояд тазаккур дод, ки бо маќсади ба танзим даровардани сарбории судяњо масъалаи мазкур мунтазам мавриди тањлил ќарор гирифта, дар ин асно бо

Фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон муддати панљ соли охир 176 адад воњиди иловагии мансаби судя ва корманди дастгоњи судњо људо гардидааст. Тибќи маълумотњои оморї бошад дар нимсолаи аввали соли љорї аз љониби судњо 63891 парвандањои судї баррасї шудааст, ки аз ин шумора 4588 ададро парвандањои љиноятї ташкил дода, нисбати 14 судшаванда њукмњои сафедкунанда бароварда, аз ин 8 шахс пурра ва 6 нафар ќисман сафед гардидаанд.Масалан, бо њукми суди шањри Вањдат бинобар дар њаракатњояш набудани аломати таркиби љиноят бо моддаи 138 ќисми 2 банди "д" КЉ Љумњурии Тољикистон сафед карда, бо таъиноти коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии Љумњурии Тољикистон њукми мазкур бетаѓйир ва эътирози кассатсионии айбдоркунандаи давлатї беќаноат мононда шудааст. Зиёда аз ин, дар њамин давра пешбурди 359 парванда нисбати 412 шахс ќатъ карда, 26 парванда дар њаќќи 45 нафар ба тафтишоти иловагї баргардонида шудааст. Маълумотњои оморї нишон медињад, ки судњо бобати амалї гардонидани салоњиятњои конститутсиониашон дар пешбурди адолати судї кўшиш ба харљ дода, њамчун шохаи њокимияти давлатї уњдадорињои давлатро љињати њифзи њуќуќу озодињои инсону шањрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисањо, ќонунияту адолат таъмин менамоянд. Бинобар ин, ба маќсад мувофиќ аст, ки дар сурати мављудияти маълумоти сањењ ва таклифњои мушаххас, барои андешидани тадбирњо, бобати бењгардонии фаъолияти судњо пешнињод карда шаванд. Љамолхон САИДЗОДА, муовини якуми раиси Шўрои адлияи Љумњурии Тољикистон

- Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон маќолаи њафтаномаи "Нигоњ" - "Ислоњот ва истеъфо" -ро мавриди омўзишу баррасї ќарор дод. Соњаи кишоварзї тибќи муќаррароти боби 44 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон аз рўи низоми соддакардашудаи андозбандї барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї (андози ягона) ба андозбандї љалб карда шуда, меъёрњои он барои кишоварзон маблаѓи ночиз муќаррар гардидааст ва оид ба пешрафти фаъолияти ин соњаи муњим имтиёзњои зиёде пешбинї шудааст. Андозсупорандагоне, ки вобаста ба гардиши молии худ (зиёда аз 500 њазор сомонї) аз рўи низоми соддакардашудаи андозбандї ба ќайд гирифта шудаанду фаъолият менамоянд, аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард ва андози замин озод мебошанд. Инчунин даромадњои вобаста ба фаъолияти кишоварзї ба дастовардаи аъзои хољагии дењќонї (фермерї), ки супорандаи андози ягона мебошад, аз андози даромад озод карда мешаванд. Андозсупорандагоне, ки дар самти кишоварзї заминњои вайроншуда ва заминњои дар марњилаи азхудкнї ќарордоштаро истифода мебаранд, инчунин заминњои чарогоњњо, алафзорњо ва бешањоро, ки дар соњаи истењсоли мањсулоти кишоварзї истифода нашудаанд ва дар чунин заминњо боѓњо ва токзорњо бунёд менамоянд, ба муддати 5 сол аз пардохти андозњо озод мебошанд. Њамчунин воридоти техникаи таъиноти кишоварзї, таљњизоти технологї ва маснуоти такмилии онњо, ки маљмўи ягонаи технологиро ташкил медињанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Барои пешрафти соњаи кишоварзї дар самти истењсол ва коркарди нахи пахта воридоти молњо бевосита барои эњтиёљоти худ аз љониби корхонањои навтаъсис дар соњаи саноати сабук, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то мањсулоти нињої (аз калобаи пахта то мањсулоти пахтагини дузандагї) машѓул мебошанд, аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Рушди соњаи паррандапарварї низ дар зери назари доимии Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дорад. Бинобар њамин тибќи ќонунгузории љумњурї оиди андоз хољагињои паррандапарварї, корхонањои истењсолкунандаи хўроки омехтаи парранда ва чорво дар њолати аз рўи меъёри муайян бо сармояи хориљї фаъолият намудан ба муддати 12 сол аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши ило-

вашуда, андоз аз истифодабарандагони роњњои автомобилгард, андозњо аз молу мулки ѓайриманќул ва андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї њангоми ворид намудани молњо бевосита барои эњтиёљоти худи корхонањо озод карда шудааст. Воридоти чорвои хушзот, варидоти ќисмњои эњтиётї ва љузњои алоњидаи барои васлкунии тракторњо ва мошинњои кишоварзї таъингардида ва тањвили онњо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва бољи гумрукї озод мебошанд. Инчунин барои воридоти гандум ва тањвили он андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри 10 фоиз муќаррар карда шудааст. Бо маќсади таъмини амнияти озуќаворї ва дастгирии хољагињои дењќонию фермерї дар самтњои ба тариќи лизинг харидорї намудани техникаи кишоварзї, мубориза бар зидди малах ва њашаротњои зараррасон, хариди тухмии кишоварзї, рушди соњаи токпарварї ва дар ин замина зиёд намудани мањсулоти кишоварзї ва содироти он ба хориљи кишвар, инчунин зиёд намудани љойњои нави кори њамасола аз буљети давлатї тавассути Барномањои рушди соњаи кишоварзї маблаѓњои буљетї људо ва харољот карда мешавад. Навиштаљоти дар боло овардашуда собит месозанд, ки соњаи кишоварзї аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон њамаљониба дастгирї ёфтааст ва дар њолати самаранок истифода гардидани имтиёзњои пешбинигардида ва самаранок истифода гардидани замин аз тарафи заминистифодабаранда, бо боварии комил гуфтан мумкин, ки соњаи кишоварзї ба натиљањои назаррас ноил мегардад. Њамзамон буљети давлатї аз њисоби самараи ин соња ѓанї гардида, зиндагонии мардуми љумњуриямон бењтар мегардад. Њамзамон хотирнишон менамоем, ки дар назди Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон гуруњи корї оид ба омўзиш, тањлил ва такмили Кодекси андози Љумњурии Тољикистон фаъолият менамояд, ки дар он таклифу эродњои соњибкорон ва дигар шањрвандон мавриди омўзиш ќарор дода мешавад. Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон изњори миннатдорї намуда, умедвор аст, ки њамкории якљояи судманди мо дар оянда рушд меёбад. Бо эњтиром, Мењринамо ЉОНМАМАДОВА, муовини вазири молияи Љумњурии Тољиикистон

САДАМА ВА КОЊИШИ ЌУРБИ РУБЛ МАВОДИ СЎХТРО ГАРОН КАРД (Вокуниш ба матлаби "Сўхти стратегї", Нигоњ №21 (403) ) - Вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистон матлаби њафтаномаи "Нигоњ" - "Сўхти стратегї" - ро мавриди баррасї ќарор дода чунин иттилоъ медињад. Тибќи Созишномаи байни Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Федератсияи Русия ои ба њамкорї љињати интиќоли мањсулоти нафтї ба Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 юми майи соли 2013 тањти №199 ба тасвиб расидааст, талаботи дохилии љумњурї ба маводи сўхт дар њаљми 1 миллион тонна муайян гардидааст. Маводи сўзишворї ба Љумњурии Тољикистон дар соли љорї аз давлатњои Русия, Ќазоќистон, Туркманистон ва Ќирѓизистон ворид шудааст. Мутобиќи маълумотњои Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бештар аз 90 дарсади мањсулоти сўзишворї, бе назардошти сўзишвории моеъ, аз Федератсияи Русия интиќол мегардад, ки тибќи Созишномаи мазкур аз пардохти бољњои соди-

ротї дар Федератсияи Русия озод мебошанд. Тавре аз натиљаи омўзиши вазъи бозори мањсулоти сўзишворї ва динамикаи нархњо бармеояд, дар моњњои охири соли 2014 нархи маводи сўхт афзоиш ёфта, тамоюли болоравии он ба назар мерасад. Тибќи маълумотњои дастрасшуда аз сабаби сар задани садама дар корхонаи коркарди нефти Ачински кишвари Красноярски Русия норасоии он ба назар расида, нархи яклухти маводи сўзишворї дар бозори фурўши нефти ин кишвар афзоиш ёфт. Љињати таъмини талаботи дохилї ширкатњои Русия, њаљми содироти сўзишвориро ба давлатњои Осиёи Марказї коњиш доданд ва ширкатњои воридкунанда њангоми тањвили мањсулоти нефтї, аз љумла, сўзишвории дизелї аз корхонањои коркарди нефти Русия дучори мушкилї гардиданд. Инчунин яке аз сабабњои дигари афзоиши нархи сўзишворї ин болоравии ќурби доллари ИМА ва поин рафтани ќурби рубли русї мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар моњи июли соли равон дар шањри Маскави Федератсияи Русия мулоќоти њайати Гуруњи кории љонибњои Тољикистон ва Русия љињати баррасї ва њаллу фасли масъалањои воридоти мањсулоти нефтї ба Тољикистон бе пардохти бољњои содиротї воридшаванда дар асоси тавозуни индикативї барои соли 2014 баргузор гардид. Бо эњтиром, Сайрањмон НАЗРИЕВ, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

БО ШОИР

РАШИД ЃАНЇ АБДУЛЛО Яке аз монографияњои илмие, ки соли љорї дастраси хонандагон гашт, ба ќалами сафири кунунии Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Мардумии Чин Рашид Олимов таалуќ дорад. Китоб зери унвони "Тољикистон ва Чин: бо роњи шарокати стратегї" аз љониби Академияи дипломатии Вазорати корњои хориљии Иттињоди Русия тавассути доруннашри "Весь мир"-и Маскав миёнањои тобистони соли љорї ба табъ расид. Боястї ёдовар шуд, ки Рашид Олимов аз худи оѓози фаъолияти сафирии худ дар Љумњурии Мардумии Чин моњи ноябри соли 2005 ба тањќиќу баррасии пањлуњои гуногуни роњандоз намудани муносибатњои дутарафа ва њамкорињои гуногунпањлў бо ин давлат пардохт. То ба алњол ў чандин китоб, ба шумули "Тољикистон ва Чин: имкониятњои рушди якљоя", Маскав, с. 2011, "Тољикистон - Чин: дар роњ ба сўи њамдигар: Оё гуфтугўи баробарњуќуќу барои тарафайн судманд имкон дорад?", Маскав, с. 2012, "Тољикистон ва Чин - гуфтугўи фарњангњо", Пекин, 2012, ва беш аз сї маќоларо дар мавзўи рушди муносибатњо байни ду кишвар таълиф намуду ба табъ расонд. Ин самарањои пажуњиши илмии раванди рушди муносибатњо байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Мардумии Чин Рашид Олимовро ба мартабаи коршиноси пешсафу муътабари соња расонданд. Монографияе, ки дар сададаш њастем, љамъбасти фаъолияти кунунии муаллиф дар ин росто мебошад ва бидуни шубња, мартабаи ёдоваршудаи ўро боз њам устувортар мегардонад. 2. Монографияи "Тољикистон - Чин: бо роњи шарокати стратегї", аз пешгуфтори муаллиф, муќаддима, чањор боби алоњида, хулосаву замимањо иборат аст. Ба диди роќим ва бо дарназардошти марњалае, ки Тољикистон дар рушди пасошўравии хеш дар он ќарор дорад, муќаддима, ду боби аввали монография, ки, мутаносибан, ба ташаккулёбї ва рушди асоси сиёсї ва њуќуќии муносибатњои дутарафа ва њамкории иќтисодии ду кишвар бахшида шудаанд ва њамчунин, замимае, ки шомили номгўи маъхазу манбаъањо ва адабиёти истифодашуда мебошад, аз ањамияти бештару вижа бархурдоранд. Ќабл аз муќаддима пешгуфтори муаллиф омадааст. Дар он ў кушидаст сабабњои таълифи китобро шарњ дињад. Пешгуфтор каме ба дарозо кашида шудааст. Аксаран, аз њисоби баён намудани матлабњое, ки минбаъд дар муќаддима такрор меёбанд. Худи муќаддима њамоно муќаддимаи суннатиест ба рисолањои илмї. Ќисмати бењтарину арзишмандтарини онро баёни муфассалу шомили мавќеъгирињои давлати Чин нисбат ба муносибатњо бо давлатњои Осиёи Марказии пасошўравї ташкил мекунад. Муаллиф ишора менамояд, ки ин мавќеъгирињо аз чанд дидгоњњои асосї дарк карда мешаванд. Аз дидгоњи сохторњои расмии давлати Чин ва мутахассисони ин кишвар. Аз дидгоњи мутахассисони соња аз Русия. Аз дидгоњи Иёлоти Муттањидаи Амрико ва баъзе аз муттафиќони ѓарбитабораш. Аз дидигоњи мутахассиону коршинсони давлатњои пасошўравии Осиёи Марказї, аз љумла Тољикистон. Се дидгоњи аввала - дидгоњи абарќудратњои замона ва ќутбњои олами имрўза мебошанд. Барои ин ќутбњо Осиёи Марказии пасошўравї ва њар як давлати алоњидаи он њамагї майдони доругири стратегї ба хотири таъмин намудани манофеъи умдаи миллии сиёсї, иќтсиодї ва амниятии эшон мебошад, на бештар аз он. Манофеъи худи кишвару мардумони Осиёи Марказї бошад, барои абарќудратон ањамияти дуввумдараља доранд. Он њам дар њолати бењтарин. Муаллиф инро намегўяд, вале њар як хонандаи љиддї аз арзи мавќеъгирињои ќаламкашони давлатњои абарќудрат ногузир ба чунини хулоса меояд. Дидгоњи мутахассисону коршиносони Осиёи Марказї такя бар он дорад, ки Чин абарќудратест манофеъ ва сиёсатњои хоси худ. Ин абарќудрат ва имконоту сиёсатњояш воќеъияти ќоимест, ки онро ба њељ вачњ сарфи назар карда намешавад. Дар мавќеъги-

«

РАШИД ОЛИМОВ САФИРИ ТОЉИКИСТОН ДАР ЧИН

СЕ ДИДГОЊИ РАШИД ОЛИМОВ рињои њар як абарќудрат, ба шумули давлати Чин, нисбат ба кишварњои кучактару камќудраттар вуљуд доштани паёмадњои њам мусбї ва њам манфї њамеша ворид аст.Биноан, омўзиши мавќеъгирињои абарќудрати њамсоя барои кишварњои пасошўравї Осиёи Марказї њаётан муњим мебошад. Агар кишварњои Осиёи Марказї дар асоси омўзиши љиддї њусну ќубњи мавќеъгирињои давлати Чинро нисбат ба минтаќа дуруст, пурра ва ба таври бояду шояд дарк карда тавонанд, пас имкон дорад аз муносибати ин абарќудрат нисбат ба худашон судеро ба даст оварда тавонанд. Агар дарки ин мавќеъгирињо ноќис бошад, имконоти ба даст овардани суд аз муносибати Чин бо минтаќа ва кишварњои он на танњо коњиш меёбад, балки метавонад паёмадњои ногуворро барои кишварњои минтаќа боис шавад. Муаллиф, чун коршинос, вуљуд доштани мавќеъгирињои мутахассисону соњибаназарони минтаќа, аз љумла мухассисону соњибназарони тољикро, ки мабни ба хавф аз рўз то рўз афзудани нуфузи давлати Чин дар кишварњои Осиёи Марказї мебошанд, нодида намегирад. Њамзмон, ў таъкид дорад, ки њоло барои задани бонги хатар аз ин падида заминаи кофиву ќазої вуљуд надорад. Баёни муфасссали мавќеъгирињои давлати Чин нисбат ба Осиёи Марказї ва њар як кишвари он аз дидгоњњои гуногун кори басо лозим буда, барои бори нахуст дар илми чиншиносии тољик, ки дар пеши назарамон њамчун бахши мустаќили илми имрўзаи тољик ташаккул меёбад, бо чунин як пуррагї анљом дода шудааст. 3. Дар боби аввал, ки "Тољикистон ва Чин. Ташаккулёбї ва рушди асоси сиёсї ва њуќуќии муносибатњои дутарафа (19922013)" ном дорад, раванди ташаккулёбии асосњои сиёсї ва њуќуќии муносибатњои дутарафаи Тољикистону Чин мавриди тањќиќи шомили илмї ќарор дода шудааст. Кореро, ки муаллиф анљом дод, дар навъи

Овардану љамъбаст намудани маълумоту раќамњои даќиќ оид ба гардиши тиљорат байни ду кишвар, самтњои асосии рушди њамкорињои дутарафаи иќтисодї ва кўшишњо барои пешгўї ассоснокшудаи самтњои минбаъдаи имконпазири он ин бахши китобро манбаъи хеле хуб ва муътамад барои муњаќќиќони дигар мегардонад.

«

худ феълан фарид мебошад. Аз он љињат, ки барои бори нахустин аз љониби як пажуњишгари тољик тамоми санадњое, ки дар давоми бисту як сол байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Мардумии Чин ба имзо расиданд, бо нуќтасанљии зиёд ва дар робита бо марњалањое, ки раванди ташаккулёбии асоси сиёсї-њуќуќї муносибатњо байни ду кишвар аз онњо гузашта буд, тањлил карда шуданд. Зимни пажуњиш, дар баробари тањлил намудани санадњое, ки дар маљмуъ табиат ва моњияти ин муносибатњоро муайян мекунанд, муаллиф имконпазирии шарокати феълан баробарњуќуќро байни давлати абарќудрати Чин ва давлати дар ќиёс ба он хеле ва хеле кўчаки Тољикистон, ки њамакнун танњо ќадамњои аввалинро дар роњи рушди њаматарафаи хеш бардошта истодааст, матрањ месозаду асоснок мекунад. Усулан, бо бардоштњои муаллиф оид ба имконпазир будани чунини як шарокат дар ин масъала розї шудан мумкин аст. Њамзамон, равост ба як нуќта ишора кард. Бояд иќрор гашт, ки вокеъият на њамеша бо он чизњое, ки дар санадњо сабт шудаанд, мувофиќат мекунад. Масалан, шарокати баробарњуќуќ таќозо мекунад, ки санаде, ки аз љониби тарафайн дар сатњи баланд мувофиќату ба имзо расонда шудааст, бояд аз њар ду тараф дар як поя риоя карда шавад. Соли 2006 нињодњои зидахли Тољикистону Чин созишномаро оид ба маблаѓгузорї намудани таќрибан тарњи нерўгоњи обии Ёвон дар рўди Зарафшон маблаѓгузорї кунад ва ба бино намудани онро анљом дињад. Моњи апрели соли 2007 тарафайн бояд буд созишномаи мушаххасро оид ба маблаѓгузорї намудани тарњи мазкур ба имзо расонанду дар асоси он раванди татбиќи амалии тарњ шуруъ гардад. Дар ин асно Љумњурии Ўзбакистон, адами ризояти шадиди худро аз ин тасмим ба љониби Чин маълум кунонд. Њамоно баъд аз ин, љониби Чин аз имзо намудани созишномаи маблаѓгузорї ва бадин минвол, бино намудани нерўгоњ даст кашид. Шояд мушкилаи бунёди дар ин масъала дар онест, ки Чин шарики стратегии њам Тољикистон ва њам Ўзбакистон мебошаду аз сањмгирї дар тарњњое, ки ин ду кишвари њамсоя дар нисбати онњо ба тафоњум нарасиданд, канораљўиро барои худ афзалтар медонад. Дар боби дуввум, ки "Њамкории Тољикистону Чин дар соњаи иќтисод" номгузорї шудааст, раванди роњандозї шудану густариши муносибатњои иќтисодї байни ду кишвар мавриди тањќиќу тањлили шомил ќарор дода шудааст. Дар рафти ин тањлил бо такя

ба дарёфтњои муњаќќиќони тољик марњалањои ин раванд ва вижагињои њамкорї дар њар яке аз онњо муайян ва тавсиф карда шуданд. Овардану љамъбаст намудани маълумоту раќамњои даќиќ оид ба гардиши тиљорат байни ду кишвар, самтњои асосии рушди њамкорињои дутарафаи иќтисодї ва кўшишњо барои пешгўї асоснокшудаи самтњои минбаъдаи имконпазири он ин бахши китобро манбаъи хеле хуб ва муътамад барои муњаќќиќони дигар мегардонад. Маъмулан, муњаќќиќони тољик њангоми баррасї намудани раванди рушди муносибатњои иќтисодї байни Тољикистону Чин танњо ба маълумоти омории кишвари худ такя мекунанду маълумоти омории тарафи дигарро ба инобат намегиранд. Дар нисбати љараёнгирии робитањои иќтисодї бо давлати Чин чунин расидагї имкон намедињад, ки сурати пурраву мукаммали вазъу њоли феълии њамкорињои иќтисодии тарафайн падидор гардад. Њоло одат накардани муњаќќиќони тољик ба истифодабарї аз маъхазу манбаъњоии чинї ва асарњои мутахассиону коршиносони чинї равост аз сабабњои асоси адами таваљљуњи пажуњишгарони тољик на танњо ба маълумоти омории давлати Чин, балки умуман ба њар чизе, ки ба забони чинї таълиф шудааст, донист. Бояд гуфт, ки насли муњаќќиќони нисбатан калонсол ё дастрасї ба манобеъи худи давлати Чин надоранд, ё забони чиниву забонњои дигари хориљиро, ба ѓайр аз забони русї, ба дараљаи лозима балад нестанд. Бар хилофи онњо, Рашид Олимов аз маъхазу манобеъи расмии давлати Чин ва навиштањои пажуњишгарони чинї њам ба забони чинї ва њам англисї фаровон истифода мебарад, ки ин амр бардоштњояшро дурусттару љолибтар мегардонад. Аз фазилатњои назарраси монографияи Рашид Олимов библиографияи он мебошад. Ин библиография, усулан, њамаи он чизро, ки дар мавзуъи баррасишаванда дахл дораду таълиф шудааст, дар бар мегирад. Худи ин амр, бархурдор будани ќисмати мазкури китобро аз ањамияти хоса муайян мекунанад. Муболиѓа намешавад, агар гўем - библиографияи китоб њамон њадди аќали маъхазу манбаъњо ва навиштањои коршиносону соњибназарон мебошад, ки њар касе, ки мехоњад дар мавзуъи рушди муносибатњои Тољикистону Чин пажуњиши арзандае анљом дињад, бояд њатман онро аз бар намояд. Дар фаровард ба муаллифи монография бурдборињои боз њам фузунтарро њам дар чустуљуйњои илмї ва њам фаъолияти дипломатии хеш орзумандем.


("Нигоњ", № 23 (405), 27 августи соли 2014).

ЧЕЊРА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

ФАРЊОД РАЊИМОВ Рањимов Фарњод Ќодирович, президенти Академияи илмњои Тољикистон 19уми сентябри 1968 дар шањри Панљакент таваллуд шудааст. Маълумоташ олї. Доктори илмњои физика ва математика, профессор. Соли 1992 факултети физикаи Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо "Дипломи сурх" хатм намудааст. Солњои 1992-1995 дар бахши аспирантураи Донишгоњи давлатии Тољикистон ва Пажўњишгоњи мутањидаи тањќиќоти ядроии шањри Дубна ба омўзиш ва тањќиќи њодисањои дохили ядрої, ки ба њаракати спинии электронњо алоќамандї дорад, тањсил кардааст. Рањимов Фарњод соли 1995 рисолаи илмашро пеш аз муњлат дифоъ намуда, фаъолияти кории худро њамчун лаборанти калони аз кафедраи физикаи уму-

мии Донишгоњи давлатии Тољикистон шурўъ кард. Аз соли 1995 то соли 1997 ба њайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоњи давлатии Тољикистон фаъолият намудааст. Солњои 1997-2000 ба докторантураи донишгоњ дохил гардида, барои идомаи тањкиќоти илмї ба Пажуњишгоњи мутањидаи тањќиќоти ядроии шањри Дубна фиристода шуд ва рисолаи докториро дифоъ намуда, соњиби унвони илмии доктори илмњои физика ва математика гардид. Аз соли 2001 то июли соли 2005 ба њайси сардори раёсати њамоњангсозї ва ояндабинии Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон кор кард. Соли 2005 муовини вазири маорифи Љумњурии Тољикистон интихоб шуда ва соли 2006 ба њайси муовини аввали вазири

13

маорифи Љумњурии Тољикистон таъйин карда шуд. Номбурда муаллифи 4 монографияи илмї, 8 китоби дарсї, 4 дастури методї ва зиёда аз 95 маќолаи илмї мебошад, ки дар давлатњои Тољикистон, Русия, Голандия, Эрон, Ќазоќистон, Германия ва дигар давлатњо ба чоп расидаанд. Барандаи Љоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонї дар соњаи илм мебошад. Соли 2011 бо Ордени "Шараф" дараљаи 2 ќадрдонї шуд. Соли 2012 аз рўи натиљаи корњои илмї-тањќиќотї ва сањми онњо дар рушди илми љањонї барандаи љоизаи байналмилалии ЭКО дар соњаи "Илм ва технология" гардид. 6-уми декабри соли 2013 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон таъйин гардид. 28-ум феврали соли 2014 Рањимов Ф.Ќ. узви вобастаи АИ ЉТ аз рўи ихтисоси "Назарияи физика" интихоб гардид. Оиладор, соњиби 5 фарзанд.

САДОИ МАРДУМ

СИЁСАТИ НОДУРУСТИ ИСТЕЊСОЛИ ГЎШТ НАРХИ ОНРО БОЛО БУРДААСТ Натиљаи як назарпурсї муайян кард, ки беш аз 40 дарсади раъйдињандагон сабаби болоравии нархи гўштро дар сиёсати нодурусти истењсоли гўшт мебинанд.

4%

Сабабашро намедонам

16%

Шояд мардум захираи дусолаи гўшт кардаанд?

20%

Мафияи гўштфурўшон фаъол аст

15%

Оќибати заминфурўшї ва боѓсозї њамин аст

Гўшт аз дасти дуюму сеюм ба бозор мерасад

Сиёсати нодурусти истењсоли гўшт

42%

2%

Дар ин назарпурсї, ки тањти унвони " Сабаби болоравии нархи гўштро дар чї мебинед?" гузаронида шуд, 42%-и респондентон ба варианти "Сиёсати нодурусти истењсоли гўшт" раъй додаанд. 20 дарсади иштирокчиёни ин назарпурсї њам гуфтаанд, ки "Оќибати заминфурўшї ва боѓсозї њамин аст" ва 16 фоизи дигар таъкид кардаанд, ки "Мафияи гўштфурўшон фаъол аст". 15 дарсад гузи-

наи "Гўшт аз дасти дуюму сеюм ба бозор мерасад"-ро интихоб карда, 4% њам гуфтаанд: "Шояд мардум захираи дусолаи гўшт кардаанд?" ва 2 дарсади ахир ќайд кардаанд, ки "Сабабашро намедонам". Ин назарпурсї аз 29 - уми октябр то 4-уми ноябри соли 2014 бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" дар ОИ "Тољнюс" гузаронида шуд. Дар он 831 нафар ширкат кардааст.


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

ТАБЛИЃ


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

15

АКСИ ГЎЁ

? - И НОБОБ ОЁ ХИЗМАТЧИЁНИ ЊАРБї ДАР СУПОРИДАНИ АНДОЗ АЗ ИМТИЁЗ БАРХУРДОР ЊАСТАНД? - Дар даврони Шўравї љавонмарде, ки дар сафи Ќуввањои Мусаллањ бо тартиби даъват хизмати њарбї мекард агар аз љойи хизматаш (ќисми њарбї) ба хона маълумотнома дар бораи рафти хизмати њатмии њарбияш равон мекард аз супоридани андоз озод ё аз љониби њукумати мањаллии шањру ноњияњо ба хонаводаи онњо дар супоридани андоз имтиёз муќаррар мегардид. Дар њамин бобат пурсиданї њастам, ки айни њол оё мувофиќи ќонунгузории љории кишвар ин имтиёзњо амал мекунанд ё не? Оё дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон банд ё муќаррароте њаст, ки ба хизматчиёни њарбї ва мулкї дар супоридани андоз имтиёз пешбинї карда бошад? Туманљон САФАРОВ, сокини дењаи Сурхоби ноњияи Фархор - Мувофиќи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон барои љавонмардоне, ки дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон бо тартиби даъват хизмати њатмии њарбї мекунанд дар супоридани андоз имтиёз ё озод намудан аз пардохти андоз муќаррар нашудааст. Дар мавриди саволи дигаратон оиди имтиёзњои муќарраршуда дар моддаи 278 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон гуфта шудааст: БО АНДОЗ АЗ ОБЪЕКТИ ЃАЙРИМАНЌУЛ ИНЊО АНДОЗБАНДї НАМЕГАРДАНД: - муассисањои давлатие, ки аз њисоби маблаѓњои буљетї маблаѓгузорї мешаванд, нисбат ба объектњои ѓайриманќули давлатие, ки бевосита аз љониби чунин муассисањо барои татбиќи вазифањои оинномавии худ истифода бурда мешаванд; - шахсони њуќуќї, ки 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медињанд, нисбат ба объектњои ѓайриманќуле, ки бевосита аз љониби чунин шахсон барои иљро намудани вазифањои оинномавии худ истифода бурда мешаванд; - объектњои ѓайриманќул дар шакли як хонаи истиќоматї ва дигар биноњои дар як ќитъаи замини наздињавлигї ва ё як ќитъаи замин барои сохтмони манзил љойдошта ва ё як њуљрае, ки дар онњо Ќањрамони Иттињоди Шўравї, Ќањрамони мењнати сотсиалистї, Ќањрамони Тољикистон, иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945, шахсони ба онњо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётњои њарбї оид ба муњофизати Иттињоди Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї,аз љумлаи хизматчиёни њарбие, ки дар ќисмњои њарбї, ситодњо ва муассисањои ба њайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиќ партизанњо ва љанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оќибатњои фалокати Нерўгоњи барќи атомии Чернобил, маъюбони гуруњњои I ва II ба ќайд гирифта шудаанд; - объектњои ѓайриманќули ташкилотњои динї, ки дар фаъолияти соњибкорї истифода намешавад; - масоњати объектњои ѓайриманќули давлатї, ки бо тартиби муќарраргардида ба иљора дода шуда, иљорапулии онњо дар њаљми пурра ба буљети давлатї пардохт карда мешавад. Ба саволи Шумо Ќаноатшоњ МУЪМИНОВ, сармутахассиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.

КВД «НОС БА ТОЉИКИСТОН»

НАХОД? ЗАРАРИ НОС

ЛАТИФА Зан тарафи шавњараш: - Бе мењр, бе рањм, ноодам, номард, ман дигар намехоњам бо ту зиндагї кунам, њаќир, ба ман сўм дењ хонаи модарам меравам! Шавњар 100 - доллар ба ў медињад. Зан такроран: - Ањ ноодам, о барои баргаштан сўм доданї нестї??? *** Моњигире ногањон моњии тиллої медорад. Моњї мегўяд: - Маро сар дењ ва хоњишатро бигў, иљро мекунам! Моњигир: - Мехоњам њар рўз туро дорам. *** Як шахс дўсташро, ки устои таъмиргари барќ аст, ба хотири обгармкунак (термекс) - ро соз кардан ба хона даъват мекунад. Ваќти хўроки субњ аст. Мењмон ( усто), соњиби хона ва кўдаки чорсолааш сари миз нишастаанд. Нохост кўдак ба гап медарояд. - Акаи усто чойятонро хўрда шудед? - Ња, бачаљон чї буд? - Акнун хезед, аз паи кор шавед, ки чанд рўз шуд оби гарм надорем. *** Ба муносибати 40-солагию 1рўзи ба ќудрат расидани ЛЕОНИД БРЕЖНЕВ сарвари собиќ СССР! Брежнев билети партиявияшро гум мекунад (ин дар он замон бешарафии бузург буд). Кўдаке дар поини Кремл исрор мекунад, то Брежневро бубинад. Аз Брежнев иљозат мешавад ва гуфтугў сар мешавад. Брежнев: - Чї мехоњї, писар? - Ман билети њизбии шуморо ёфта овардам, марњамат! Брежнев бо њаячони нотакрор мегўяд: - Агар хоњї аз сар то пои туро тилокорї мекунам! - Неее, танњо ба ман телевизори шоткадор лозим. - Чаро? - Барои он ки њар гоње шумо баромад кунед, бобоям ба рўи телевизор туф кардан мегирад, тозакунї душвор ба дилам задааст. - Бобоят кист? - Суслов!

СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? ПАРТОВ - "Мусор не бросать. Штраф-1000 сомони". Ин навиштаљотро дар бисёр љойњо вохўрдан мумкин. Фарќият танњо дар миќдори пул аст. Ман аз дидагињоям максимумашро навиштам. Мумкин бисёртарњояш њам бошад. Тарсонданд. Танњо тарсонданд. Мо метарсему партов намепартоем. Ман нафањмидам, ки њазор сомонї барои чанд миќдор партов (кг бошад ё метр кубї бошад ё литр бошад ё вагон бошад ё…) њисоб карда шудааст. Агар як "баклажка" њам партої њазор сомонї додан даркору як вагон "радиоактивный отход" низ њазор. Ё "понижающий коеффисент" њаст. (Между прочим баъзењо радиоактивный отход мехаранд) Миќдори њадди аќал истифода бурданро пешнињод менамоям. Масалан, барои 1 кг чоряки њадди аќќал. Як одам истаду бо тарозу вазнро маълум намояду як каси дигар бо калкулятор штрафро. Љои кори фасон. Ѓайр аз инњо боз чанд каси дигар соњиби нон мешавад. Чї хелашро гўям? "Деньги вперёд". Духтарчаи њамсояатро мегўї, ки партови сатилчаатро дар он љой рафта резї, як шоколадат мехарам. Клиент бурдї, фоида "попалам". Шумораи телефонатро "скритий" мекунию њарљо занг мезанию мегўї, ки дар фалон љой "Мусор не бросать" дурўѓ аст. Тамоми шањр мусорпартої мераванд. "Еще как". Таксињоро клиент ёфтї? Тангемњоро хатсайр ёфтї? Мошинњои шахсї бензин хариданд? Аз њаммааш "доля" бигирї ганда аст. Дар ин замона пул (сомонї њам бошад) киро куштааст. Ман нафањмидам, ки љои напартофтан чанд метри квадратї ё километри квадратї ё чанд гектар - ро ташкил мекунад, то аз он сарњад гузараму сразу баклажкама партоям. Рўзи дароз дар дастам гирифта гардам? Хуб мешуд харита бо миќёси 1:100 ба дастамон медоданд ( конечно, пулакї), бо ишоратњои шартии "парто" ва "напарто" то мо њадди худро донем. Бењтараш газетаи "Мусор" мебароварданд, то мардум аз навигарињои соња хабардор мегардиданд. Агар инро шахси мутасадї менавишт, лозим буд: 1) Номи ќонунро ё амрнома ё + сабт менамуд; 2) Макони напартофтанро маълум менамуд; 3) Љои партофтани онро маълум менамуд; "Гунљишкро кї кушад? - Ќассоб!!!" Њомид ХОСТИХУДОЕВ, сокини шањри Душанбе

БА ЉОИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои осон намудани мурољиати андозсупорандагон телефони иттилорасонї ва хизматрасониро бо шумораи кўтоњи 151 фаъол намуд. Мурољиаткунандагон метавонанд бо чидани шумораи 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии (Call-center) Кумитаи андоз пайваст шаванд. Дар бахши иттилоотї њамарўза аз соати 8.00 то 18.00 ба саволњои андозсупорандагон оид ба андозбандї ва хизматрасонии маќомоти андоз мутахассисон посух медињанд.

Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.

- Кай НОС њамчун маводи мухадир шинохта мешавад? ОЁ маќомоти Тољикистон метавонад онро њамчун маводи мухадир мамнуъ эълон кунад? Бо такя ба пажуњиши коршиносони соњаи тиб хонандагони гиромии "Нигоњ" мехоњам дар бораи асароти тулонии истифода бурдани НОС чанд маълумоти муфидеро манзуратон намоям. 1. Бо таваљљуњ бо ин амр саратоншиносон 80 дарсади саратонњо аз забон, лабњо ва дигар узвњои дањонро аз зиёд истифода бурдани НОС медонанд. 2. Аз сабабе, ки њангоми омода кардани НОС аз ахлоти њайвонњо њам истифода менамоянд дар сурати истифодаи он ба осонї метавон гирифтори вируси гепатит ва паразитњои руда ва меъда гашт. 3. Боѓбонњо хуб медонанд, ки њангоми дар зери нињол рехтани ахлоти мурѓ решаи он сўхта нињол хушк мешавад. Пизишкон таъйид мекунанд, ки њангоми кашидани НОС дар организми инсон њам њамин иттифоќ меафтад ва ба касалии меъда (язва желудка) оварда мерасонад. 4. Аз сабабе, ки таркиби асосии НОС аз тамоку иборат аст вобастагї ба никотин ба вуљуд меояд, ки ин навъи тамоку зиёнаш њатто аз СИГОР њам зиёд аст, чунки њангоми истифодаи он инсон ба организми худ миќдори зиёди никотинро ворид мекунад ба хусус аз таъсири оњаки дар таркиби НОС мављудбуда асаби дандонро кушта решаи онро пўсонида оќибат ба афтодани дандонњо оварда мерасонад. 5. Коршиносони соњаи тиб муътаќиданд, ки бархе аз омодасозони НОС метавонанд њангоми таёр кардан ба он маводи мухадир изофа кунанд (то ки таъсираш зиёд шуда муштарини зиёдро љалб кунад) бинобар ин натанњо эњтиёљ ба никотин балки вобастагї ба дигар маводњои кимиёї мегардад. 6. НОС- ро метавон ба теъдоде аз маводи равонгардонї нисбат донист, ки истифодаи он аз љониби нављавонон рушди зењнро коњиш дода ва њофизаро суст мегардонад. Истифодакунандагони НОС шикоят аз он мекунанд, ки хотираи онњо коњиш ёфта хастагии доимиро эњсос менамоянд. Хулоса ин маводи зањрнок ба 11 узви инсон зарар дошта аниќтараш инсонро ба 11 маризї оварда мерасонад (дар он сурате, ки СИГОР њамагї ба 3 узви инсон зарар дорад) Зарари он аввал ба дил, майнаи сар, дандонњо, шуш, меъда ва љигар расида ин узвњоро фалаљ мегардонад... Пас суол ба вуљуд меояд, ки зарари он на камтар аз зарари маводи мухадир будааст пас чаро дар бозорњову кўчањо то он дараљае озодона фурўхта мешавад, ки њатто кўдакону наврасон метавонанд онро харидорї намоянд? Фарќ байни ин ду маводи сархушкунанда дар он аст, ки яке инсонро дар мудати кўтоњ мекушаду дигаре дар мудати каме зиёдтар. Оё мешавад рўзе, ки маќомоти дахлдори Тољикистон НОС ва СИГОР - ро мамнуъ эълон карда барои истењсол ва фурўхтани он љазои љиної муќарар намоянд? Аъзам УМАРОВ, сокини шањри Душанбе

? - И БОБ

БОЗ НАСАБАМОНРО ИВАЗ КУНЕМ? - Ваќте 17 сол ќабл ба писарам шањодатномаи таваллуд гирифтам, масъулини САЊШ пешнињод карданд, ки хуб аст, насаби фарзандатон тољикї бошад. Ман њам ба хушї ќабул кардам. Имрўз фарзандам, синфи 11- ро ба итмом мерасонад, мегўянд, боз насабатро дигар кун. Фарзанди ман Фирдавси Саидањтам буд, акнун боз чї гуна тољикї кунам? Даќиќтар карда, мефањмонданд, ин њама насабивазкунињо ба хотири чї? Саидањтам МУРОДОВ, сокини шањри Душанбе

ойї

рой

тур

меш

кам


КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №32 (414), 5. 11. 2014

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ОДИНА АЗ КОГОН БА МАСКАВ РАФТ Ташвиши Мирзодиккак бо сард шудани боду њаво бештар шуд, зеро барои бунёди Неругоњи барќии обии Роѓун ягона кастюми аз замони донишљўияш боќимондаашро савдо зада, бо маблаѓњои дарёфнамудааш сањмия харид. Ѓалтаки дењотї бошад дар рўзњои офтобии фасли зимистон даст ба мутолеаи китобњои бадеиро дошту бо фарорасии торикї аз кабудии ќувваи барќ мисли хирс хоб мерафт. Равѓану чарбўи бадани хирсњо дар фасли зимистон об шуда, онњоро аз марг ва бемори дифоъ мекард. Бараъкси њол дар бадани бештари мардуми бекору бебарќи дењотї, то фасли бањор танњо устухон боќї мемонду бархе аз ночорию нодорї љон ба Љаббор таслим мекарданд. Бале, љони онњо баъди марги бармањал аз рафтан ба муњољирати мењнатї, азобу шиканља дар мулки бегона халос мешуд. Барои мубориза бо њаёт љои онњоро љигарбандонашон ва ё њамсарони бевамондаашон иваз менамуданд, то ки зиндагї онњоро бармањал ба зону нашинонад. Зиндагии пурпечу тоби Одинаи тољик то ба љое мерасид, ки ў барои дарёфти ризќ омода буд, ки бо шер дар набард шавад... Аљабо, ќисме барои дарёфти ризќ бо зиндагї даст ба гиребон њастанду ќисми дигаре барои ишѓоли курсии роњат ва дарёфти ризќи њаром омодаанд, ки даст ба њар кори номатлуб бизананд. Дар њоле, ки муаллиф аз дарди љомеъа бо худ њарф мезаду ќудрати ифшои ѓами хуфтаи Одинаю Гулбибињоро надошт, нигоњаш ба љўрањо Ѓалтаку Мирзодиккак дарафтод, ки сари ин масъала дар чойхонаи "Саодат" сари як пиёла чой бањс доштанд. Њавли пиёлањои чои доѓи љўрањо мисли дуде буд, ки аз ќалби мардуми камбизоат мебаромаду чашми мансабдорону зоминони ризќи мардум онро нодида мегирад... Мирзодиккак: - Ќандаша занад њукумати љонољонамон! Мо забони аз дастрафтаистодаамонро ба чунон эњё кардем, ки ќисме аз русмиљозњою хориљипарастњо моро намефањманд. Забонамонро ќариб, ки ба забони замони Љомї баробар кардем. Ана, њамин хел корамон рафтан гирад, забони тољикї забони давлатии љумњурињои њамсоя мешавад. Ѓалтак: - Љўраљон, заминаи рушди забони тољикї буд. Мардум моли хубро худашон дарёфт мекунанд. Шумо њукуматињо бо мањорати кордонию тавоноиятон дар як самт пешравї доред. Одинаи Садриддин Айниро аз Когону Тошканту Самарќанд ба давлати Русия бурдеду акнун аз он бонги хатар мезанед, ки ќисме аз "носипосї" ба давлати Сурия рафтаанд... Мирзодиккак: - Гапатро хоидаву дониста зан, Ѓалтакбой! Дар Русия мо бим аз каллапўстњо дорем, дар Сурия аз ифротгароњо. Ѓалтак: - Ба ќавле, кал додари кўр. Њарду њам душмани љони камбаѓали тољик њастанд. Яке ба корд мекуштаасту дигаре мепарондааст. Мирзодиккак: - Мегўям, ки кам - кам барномањои телевизиони Тољикистонро тамошо кун, вагарна њаќиќатро намефањмї. Ба њамааш волидайн, зану фарзанд ва муаллимњою муллоњо гунањкоранд. Онњо кам насињат мекунанд, кам! Ѓалтак: - Ба фикрам, мардум аз насињату амри маъруф хаста шудаанд. Гапњоямон дар ќанору љувол намеѓунљанду корамон аз пештара дида, бадтар шуда истодаасту хубтар не. Аз њамин ќадар гапи бисёр, барои мардум љои кори муносиб омода намоед, онњо кор карда, ризќашонро дар назди зану фарзандонашон дарёфт намоянд аз Ватан як ќадам намебароянд. Мирзодиккак: - Љўраљон, њозир бештари аъзоёни њизби мо низ бе љои кор мондаанд. Ба фикрам, њамонњое, ки дар Сурия љанг мекунанд, замоне аз њукумати ќонунї дифоъ мекарданду

бо номи мою њизбамон савганд мехўрданд. Мувофиќи Барномаи њукумати љоночонамон мо дар мадди аввал бачањои камандаи болоро бо љои кор таъмин мекунем. Љойњои боќимондаро бачањои сарватманд бо додани "њадя" мегиранд. Ташкилоту љамъиятњои хусусї бошад, њамаашон авлодї... Њукумати љонољонамон заминро ба дењќонон дод. Њоло баракати замин њам намондааст. Аз ин лињоз дењќон њам ба муњољирати мењнатї рафтаасту олим њам. Чї бало задааст, ки солњои ахир куртаи чакканро Хитой истењсол мекунаду гулдухтарони мо арзон гуфта, пўшида гаштаанд. Ѓалтак: - Агар шумоён андозњои љамъшудаю бурсњои хориљии воридшударо самаранок истифода мекардед, ањволи корхонаю заминњои кишоварзї табоњ намешуд. Акнун интизори онро мешавем, ки соли љорї аз кордонию мењнатќаринии Шумо нархи картошкаю пиёз ба нархи гўшт ва нархи як кило гўшт ба нархи як халта орд баробар мешавад. Мирзодиккак: - Ману коммунисти матинирода Пахтагул Панљсолаевна кайњо боз гўшт намехўрем. Агар њамин нархи истифодаи барќро боз њам боло мебардоштанд, мисли хирс замистон дар торики хоб мерафтему то бањор љони њукумати љонољонамон аз мою љони мо аз њукумати љонољонамон халос мешуд... Дар њамин лањзањо нигоњи Ѓалтак ба ман афтод. Ў маро корманди кумитаи бехатарї пиндошт ва ба як ишораи сар љўрањо аз љой бархоста њисобашонро бо пешхизмат баробар карданду шитобон аз љойхонаи "Саодат" хориљ шудаанд. Хостам ба онњо дўст ва шарики боэътимод буданамро исбот намоям, вале бо омадани автобус онњо рафтанду ман мондам...

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Хайрулло АСОЗОДА, вазири наќлиёти Тољикистон: - Ман шахсонеро аз система дур кардам, ки онњо аз ноњияњои дурдаст "доля" мегирифтанду пули барои таъмиру нигоњдории роњњо људошуда бо "шарофати" онњо ѓайб мезад. - Хеле хуб, аммо бигўед, ки трактори барфрўбї барои Файзобод таъиншуда куљо ѓайб зад?! Системаро кор фармоед, то мардуми ноњияи сербарф ба шарофати вазирии њамшањрияшон ин зимистон бе роњ намонанд-де. Нуралишо НАЗАРОВ, собиќ сардори ситоди Ќушунњои сарњадии Тољикистон: - Ман рўзњои наздик њамчун шахси холис ба тарафи Хоруѓ сафар кардам. То ба Хоруѓ рафтам, ягон сарбозро надидам, ки он хатти марзро њимоят карда истода бошад. Албатта, ташвишњо њаст ва нигаронињо њам кам нест. Лекин хати марзро бояд мустањкам намуд. - Њуй, ако! Ќоил шудан даркор ба њунари "маскировка"и сарњадчиён, ќоил! Мо 20 сол боз њаммаамон људо њунарманд шудагї: фарќи ягон мансабдори маошаш 742 - сомонаро аз миллиондорњо меёбед? Не! Аќалан панљ вазире меёбед, ки аз раиси колхоз фарќ дошта бошанд? Боз њам не! Пас, чї љои нигарониву ташвиш аст? Шокирљон ЊАКИМОВ, муовини аввали раиси ЊСДТ: - Тавре аз таљриба бармеояд, дар аксари њавзањои интихоботї номзадњо бо маќсади вонамуд кардани раќобати сиёсї дар мувофиќа бо сатњњои мухталифи њокимияти давлатї вориди интихобот мешаванд. - Эњ, Шокирљон, Шокирљон, о, њукумат, ки вонамудкунак бошад, мардум дигар киро њам интихоб кунад?! Љамолиддин НУРАЛИЕВ, муовини авали вазири молияи Тољикистон: - Сармоягузории Чин, раванди бюрократї надорад, онњо ваќти зиёдро намегиранд ва ягон шарт надоранд. - Рост гуфтед. Ба ќавли Достиев, "бисер бачањои хубанд". Ду-се роњи дигар сохта дињанд, ки пулакї кунем, нуран алонур мешавад. Барак ОБАМА, президенти ИМА: - Амрико ба таври њадафмандона ба њамлањои њавої алайњи гуруњи "Давлати исломї" идома медињад. Ба ин маънї, ки ман барои иќдом алайњи "Давлати исломї" дар Сурия, њамон тавр ки дар Ироќ, таъхир нахоњам кард. Ин авлавияти аслии раёсати љумњури ман аст. Агар Амрикоро тањдид кунї, паноњгоњи амне пайдо нахоњї кард. - Домулло Барак , худат њамун бевазанеро мемонї, ки марди тануманди рањгузарро дида, гуфтааст: Вањ, руям сиёње! Ана, њамин мардак мурѓњоямро таги таѓора карда, худамро бањузур ме..ме...мекунад таги по. Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттињоди тољикони Русия: - Њатто боре раиси яке аз љамъиятњои минтаќавии Русия дар суњбате аз худаш тавсиф кард, ки "сари ду духтари тољикро ќоќоќоќ тарошидем". Пурсидем, чаро? Гуфт, ки "проститутка" буданд. - Шумо њамаатон ба таърифу тавсиф њастед: Инњо аз инљо дањњо њазор духтару занро маљбур мекунанд, ки ба муњољират раванд, шумо дар онљо сарошона ќоќ тарошед... Њикматуллоњи САИДИЁН, раиси њизби сабтиномнашудаи "Вањдат" - Мо мардуми Тољикистон "шатаи гови мурдаро сахт хўрдаем" ва дигар њељ гоњ ба ѓайри интихоботи шаффоф дигаргуние њам карданї нестем. - Беташвиш бошед, љаноб! Аз шатаи говим мурдаро хўрдањо 20 соли дигар њам касе чизеро пурсиданї нест

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.