Сарзамини марњамат ва рањмат
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
1
Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур №33 (465). Чоршанбе, 11-уми ноябри соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ДИКТАТОР
ЉОМИАИ ШАЊРВАНДЇ
Бокассо президенти одамхўр САЊИФАИ 6
ФОЉИА
Суќути А321 Њавопаймои русї дар Миср таркид?
КАЛАПАТРА
Љомиаи шањрвандии Тољикистон мемирад?
САЊИФАИ 7
Барзу Абдураззоќов:
СОЛРЎЗ
Суќути А321
"МОРО ХУДИЊО "ФИЛТР" МЕКУНАНД"
ГАРДИШ
Суњбати ихтисосї бо коргардони маъруфи театр
"Исбот" - и хиёнат САЊИФАИ САЊИФАИ 10 11
2
САРНАВИШТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
Љомиаи Тољикистон муштзанеро мемонад, ки пас аз як зарбаи шадид сарњисобашро гум карда, намедонад, ки чї кор кунад. Исёни Абдуњалим Назарзода, собиќ муовини вазири дифоъ ва баставу террористї эълон шудани Њизби нањзати исломї, њизбе, ки љомиа бо он 18 сол боз унс гирифта буду якбора мамнуъ гашт, мањз ин муште буданд, ки ба сари љомиа хўрданд. Касе, ба истиснои онњое, ки пушти ин барнома буданд, то ба њол вазъро дуруст дарк намекунад. Касе чизе намегўяд, балки чизе барои гуфтан надорад. Ќадимињо ин њолро "калапатра" мегуфтанд. Њоле, ки на фаќат намедонї, ки чї гўї, балки мабодо њарфе нагўї, ки балои сарат шавад. Ин вазъ пеш аз њама дар матбуот дида мешавад. Як мурур ба муњтавои расонањо аз 4 сентябр ба ин сў нишон медињад, ки хабарњои љиної, назири ќатлу куштору таљовузу алоќаи љинсї, ДОИШ-у Толибон, боздоштњо дар дохилу хориљ ва ѓайраву њоказо муњимтар аз ахбор, балки сарнавишти худи љомиа шудаанд. Расонањо бо ироаи иттилои дувумдараља њамоно инро рўпўш мекунанд, ки дар асл дар Тољикистон чї љараёне иттифоќ афтода ва як силсилаи бузурги ахбори расмиро чї асле пайванд медињад. Боздоштњои афроди наздик ва аъзои хонаводаи Њољї Њалим, фаъолони Њизби нањзати исломї, адвокати маъруфе, назири Бузургмењр Ёров, њатто дар ин фосила овозаи таљовуз шудани боздоштшудањои зан, расона ва созмонњои њифзи њуќуќи дохилї ё муќими Тољикистонро кўру гунгу кар карда, њељ яке аз онњо ин кўшишро накард, ки воќеиятро ба мардум расонад. Манобеъи расмї њам майле барои рўшан кардани вазъ нишон надоданд. Ин "љавоби ањмаќ сукут" аст, ё "сукут - аломати ризо" маълум нест, аммо расонањои хориљї дар ин замина пешдастї карданд ва воќеиятро он гуна, ки хостанд, пешнињод намуданд. Касе ба суолњои љомиа посух нагуфт, аммо ин ба он маъно нест, ки овозаву ахбори бидуни вокуниш асаре дар рафтору андешаи љомиа надоштанд. Мањз ин норўшанињо љомиаро водор кард, ки сарњисобашро гум кунад, гиљ шавад. Аз ин хотир, њоло фурсати он аст, ки ба ин суол посух дињем: дар Тољикистон чї мегузарад?
КАЛАПАТРА
Љомиаи шањрвандии Тољикистон мемирад? ЉОМИАИ ШАЊРВАНДЇ
"БЕЗЕБ!" Ањзоби сиёсии воќеии мухолифи њукумат, созмонњои љамъиятии дохиливу байнулмилалї, нињодњои њифзи њуќуќи башар, васоити ахбори умум, хулоса, љомиаи шањрвандї шањреро мемонад, ки нав бомборон шуда, сокинонаш дар тањхонањо аз тарси љон бадар намеоянд, зеро намедонанд, ки дар берун онњоро чї интизор аст. Ањзобе, ки фаъолиятњои њукуматро ба боди интиќод мекашиданд, то ду моњи пеш Њизби нањзати исломї ва Њизби сотсиал демократ буданд. Онњо амал мекарданд, хабар месохтанд ва бад - ин тартиб њис мешуд, ки дар Тољикистон њаёти сиёсї дар љўш аст. Љомиа ба онњо одат карда буд. Ин ањзоб барои ќишре, ки аз сиёсатњои њукумат розї набуд, љолиб буданд. Аммо њоло... якбора вазъ таѓйир хўрд. ЊНИ террористї эълон шуд. Рањбаронаш ќисме фирор карданд, ќисме боздошт шуданд. Дигар дар бораи ин њизб гуфтану навиштан, њатто хабар додан андеша мехоњад. Касе бояд дар ин бора напурсад ва касе њам посух нагўяд. На фаќат дар расонањо, балки дар кўчаву паскўча низ. Аз љумла ин суол пурсида нашавад, ки ЊНИ 18 сол ба ин сў, аз он рўзе, ки Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба имзо расид, чї буд? Як хобу хаёл, ё воќеият? Ин воќеият, ки дар Тољикистон як созмони террористї парвариш меёфт, ё дасти дуввуми сулњ кутоњ шуд? Њизби сотсиал - демократ куљост? Рањбаронаш дар Тољикистон фаъолият доранд, аммо чанд моњи ахир онњо њатто дар шабакањои иљтимої пайдо намешаванд, чї расад ба љаласаву ягон нишасте, ки маъмулан баргузор мекарданд. Расонањо њам дар суроѓи онњо нестанд. Як рањбари њизб гуфт, ки рўзноманигорон њам аз тамос бо мо њазар доранд, ваќте сабаб пурсидем, гуфтанд, худдорї мекунанд. Касе онњо - њам рўзноманигорон ва њам њизбињоро намедорад, балки худ чунин салоњ дидаанд, ки дамашонро гиранд, чун њоло фурсати ин гуна гапњо нест. Њамин тавр, созмонњои љамъиятї, ки бо нишасту њамоишу "проект" - њояшон, ба истилоњ, безор карда буданд, низ чунин вазъ доранд. Рањбари як созмони љамъиятї, ки худаш нахост исмаш бурда шавад, гуфт, дар њолати номафњумї ё аъроф ќарор доранд, зеро њар иќдоме, ки гирифтаниянд, аз чањор тараф, аз љумла аз зовияи амниятї баррасї карда мешавад. "Маќомот сахт гирифтаанд.
Хурдтарин иќдом њассосияти онњоро бедор мекунад. Камтарин муќовимат метавонад касро ба љумлаи "љосусони хориљї" ворид намояд" - гуфт њамсуњбати мо. Воќеан, бо ин, ки сармоягузории созмонњои љамъиятї аз љониби вазорати адлия назорат хоњад шуд, кори онњо њам мушкил мешавад. Ќаблан дар суњбат бо "Нигоњ" як масъули вазорати адлия гуфта буд, ки маболиѓи бузургро аз хориљ созмонњои хориљї ворид мекунанд ва мавориди истифодаи берун аз маќсади онњо низ вуљуд дорад. "Ин маболиѓ њатто ба гуруњњои ѓайримасъули зиддидавлатї низ интиќол меёфтанд" - гуфт ў. Њамин тавр, расонањо як њоли ѓайри ќобили тасаввур доранд. Њатто онњое, ки бо маќомот њељ мушкил надоштанду надоранд, балки мавриди таваљљуњи онњо буданду њастанд. Рањбари яке аз расонањое, ки тайи солњои ахир ба по рост шуд, вазъашро хеле содда чунин баён кард: "Безеб!" Буњрони иќтисодї ба њамёни расонањо, бахусус чопї, зарбањои худро зада, онњоро равонаи љодаи муфлисї намудааст. Реклама кам, мардуме, ки маводи супоришї нашр мекарданд, пул надоранд. Созмонњои хориљї дигар ба нашрияњое, ки аз чопи матолиби доѓ худдорї мекунанд, маблаѓ ихтисос намедињанд. Илова бар ин, сензураи дохиливу худсонсурї майли хонандагонро ба онњо костааст. Хонанда нашрияеро, ки "њељ чї надорад", намехарад. Пуле њам, ки аз њисоби фурўши нашрия ба даст меояд, ба далели коњиши ќурби пули миллї ночиз мешавад...
"РЕСМОНИ ЊУКУМАТ..." Ќаблан аз њар мавриди фишор ба ањзобу созмонњои љамъиятї ва расонањо созмонњои байнулмилалии муќими Тољикистон изњори норизоиятї карда, дари маќомоти зидахлро мезаданд, ки чаро чунин мекунанд. Њоло ин созмонњо њам лаб фурў бастаанд. Намояндаи яке аз ин созмонњо, ки низ нахост номашро гирем, гуфт, дар суњбат бо онњо маќомоти Тољикистон "гапро аз Сурияву Ироќ сар мекунанд". Ба ќавли ў, маќомот мегўянд, Тољикистон аз роњи демократия, рушди љомиаи шањрвандї пас намегардад, аммо њоло бояд андешаи амнияти мардум ва тамомияти арзиву истиќлолияти кишварро кунад. Вай афзуд, маќомоти То-
љикистон бар инанд, ки аз чор тараф ба кишвар хатарњо тањдид мекунанд ва оромиву амнияти дохил хеле муњим аст, зеро хатарњои дохилї бадтар аз хориљї њастанд. "Мо дар ин вазъ чї кор карда метавонем? Мегўем, ки ба бањонаи амният њуќуќи шањрвандонро риоя кунед, чун ин вазифаи шумо аст, на мо. Зарур донед, њамин тавр кунед, хуб мешавад. Надонед, ќазоват аз шумо. Муњим ин, ки тадобири амниятї ноамниву норизоиятињоро ба вуљуд наоранд" - хулоса мекунад њамсуњбати мо. Њамсуњбати мо аз маќомоти њукуматї бар ин аст, ки камтарин љунбиш дар њоли њозир метавонад вазъи кишварро ба њам занад. "Њамон Сурияву Ироќ, Афѓонистони њамсояро бинед. Мисли мо кишварњои тинљу ором буданд. Орому осуда зиндагї мекарданд. Аммо њоло? Шањрњо вайрону валангор. Парандае пар намезанад. Мардум хору зор, дарбадар. Њазорњо нафар, пеш аз њама, кўдакону занон ва барљомондагон дар ѓурбату бекасиву бенонї мемиранд. Дар дарёњо ѓарќ мешаванд. Дари мардумро гирифтаанд, ки онњоро љой кунад. Оё мо њаќ дорем, ки дидаву дониста мардуми Тољикистонро ба њамин рўз афканем?" - мегўяд њамсуњбати мо. Ба ќавли ў, ин, ки кишварњои хориљї ва дастнишондањои дохилии онњо дар Тољикистон фаъолият мекунанд ва дар фикри кадом як инќилоб њастанд, пеши маќомоти зидахл собитшуда аст, аз ин хотир, бењтар ин аст, ки манобеъи ин хатар баста шаванд. Дар бораи вазъи иќтисодї ва наќзи њуќуќи инсонњо зимни ин њама тањаввулоти ахир њамсуњбати мо гуфт, кўшишњо бар инанд, ки вазъ бадтар нашавад ва ин њам пўшида нест, ки бењбуди иќтисоди Тољикистон њам аз хориљ, пеш аз њама Русия вобастагї дорад. "Онњое, ки ќонунро наќз кардаанд, љазои худро мебинанд. Ресмони њукумат дароз аст" - хулоса кард ў.
ЭЪТИМОДИ МИЛЛЇ Аз суњбатњое, ки бо намояндагони ањзобу созмонњои љамъиятии дохиливу хориљї ва њукумат доштем, ин хулоса мешавад, ки бастани дањони љомиаи шањрвандии Тољикистон як раванди тасодуфї нест. Аммо чї вазъе ба вуљуд омадааст, ки боиси нигаронї буда метавонад?
Хатар ба вањдати миллї, арзише, ки барои мардум бенињоят муњим аст. Ин шиори раќами 1 - и њукумати давр аст, аммо на барои, ба истилоњ, амалгароён ва баќия неруњои сиёсї. Аљобат дар он, ки њатто дар замони ќољорињо ва пањлавињои Эрон, сулолаи Романовњо мањз вањдати миллї ѓояи асосии давлатдорї мањсуб мешуд ва таърих собит мекунад, ки на њама ваќт дуруст буд. Дар шароити кунунї, ваќте 15 сол аз асри 21 - асри технологияву љањонишавї мегузарад, барои љомиаи хурде назири Тољикистон эътимоди миллї муњимтар аст. Аз нигоњи мо, эътимоди миллї танњо дар як замина ба вуљуд омада метавонад: ќонуният. Ваќте ќонун дар љомиа кор мекунад ва њама, бидуни истисно, ѓуломи ќонунанд, метавон эътимоди миллиро ба вуљуд овард. Масалан, агар љомиа ба ќонуният эътимод дорад, хуб медонад, ки боздоштшуда шиканљаву бадрафторї намешавад ва ё парвандаи ў воќеї, касбї баррасї мешавад ва њукми ў њам одилона аст. Ва дањњо мавриди дигар, ки мутаассифона, эътимоди љомиаро костаанд. Аммо дар шароите, ки як идда дар назди ќонун имтиёз доранду аксарият аз он мањрум, эътимод ва вањдатро наметавон мунтазир шуд. Воќеан, њукумати Эмомалї Рањмон ба он хотир муваффаќ шуд, ки аз оѓоз такя ба "сохти конститутсионї", афзалият ва волоияти ќонун дар кишвар мекард. Ин њол имкон дод, ки як муфаттиши љавони 25 - 30 солаи умуман набарднодида бо куртаи 30 сомониву галстуки 5 - сомонї фармондењеро, ки як туфлиаш баробари даромади солонаи авлоди муфаттиш буд, аз миён бурд. Тайи 25 сол њукумате, ки бо шиорњои волоияти ќонун ќавї шуд, њамзамон як љомиаи шањрвандии баробари худро ба вуљуд овард. Тањаввулоти ахири амниятї дар љањон, муборизаи Русияву Амрико дар Осиёи Марказї, вазъи бади иќтисодї... маљбур кард, ки њукумати Тољикистон даст ба гулуи њамин фарзанди бузургкардааш барад. Бале, њукумат низ "калапатра" шудааст, ё сарњисобашро гум кардааст. Ва... дар вазъест, ки агар дастонашро сахттар фишорад, љомиаи шањрвандиро буѓї мекунад. Оё мекунад?
Фаромарзи ФОЗИЛ
ИЌТИСОД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
3
Муњибуллоњ Ќурбон Чун ман "табобат дар хона"ро рад кардам, шояд дард зўрї кардааст, ки рўзи дигар яке аз миллиондорњои љумњурї назди мо омад.
Њиммат
«Њазрат»-и Доллар Сомонї њамчун пули миллї соли 2000-ум бо фармони Президент ба муомила ворид шуд. Аз байн расо 15 сол гузашт. Оё он ба воњиди баобрўи пули миллї табдил ёфт? Вале маро як љузъи ин хабар дар њайрат гузошт: чаро мукофоти амал бо доллар пардохт карда мешавад? Магар намешуд, эълон мекарданд, ки касе маълумоте дар бораи он гумонбар дињад, 66 ё 70 њазор сомонї подош мегирад? Рўзи 9-уми ноябр Бонки миллии Тољикистон хабар дод, ки шахсони воќеї, яъне, шањрвандон метавонанд бе ишора ба сарчашмаи пайдоиши асъор онро дар бонкњо бе мањдудият гузоранд. Яъне, асъор, ки асосан, доллар аст, чї ќадар бошад, аз куљо ва чї тавр соњиби он шуда бошад, касе намепурсад. Акнун як доллар ва ё як халта доллар њам дошта бошед, бо дили пур онро метавонед дар бонкњо гузоред ва судашро бардоред. Намедонам, чаро чунин ќарор шуд. Шояд камбуди асъор эњсос мешавад ва ё мушоњида шуд, ки асъордорон барои нигањдории маблаѓи худ аз бонкњои берун аз кишвар, аз љумла, дар баъзе кишарњои Аврупову Осиё ва Амрико истифода карданд. Зеро маълум аст, касе њазор долларро ёфта тавониста бошад, барои он бонк њам меёбад. Чї тавре мегўянд, як дари баставу сад дари кушода. Агар дари бонкњои кишвар барои гузоштани асъори шубњанок ва ё бањснок баста буда бошад, соњибасъор метавонист доллари худро дар њазорњо бонкњои беруна, ки на танњо сарчашмаи пайдоиши онро намепурсанд, балки суди бехавфи зиёдтарро њам ба моликони асъор кафолат медињанд, нигањ дорад. Бо амри тасодуф айнан њамин рўз, яъне, 9-уми ноябр Вазорати корњои дохилии Тољикистон бо нашри видеои камерањои назоратї дар Душанбе, аз тариќи сомонааш ба хонандагон мурољиат кардааст, ки барои боздошти нафаре, ки дар ќатли ду афсари Вазорати дифоъ гумонбар мешавад, мадад расонанд ва агар њар касе, ки ўро мешиносад ва дар борааш иттилоъ медињад, 10 њазор доллар подош мегирад. Воќеан, ин амали ВКД кори муќаррарист, зеро миёни мардум њатман нафароне пайдо мешаванд, ки ин љавони дар навори видеої дидаро мешиносанд ва имкон дорад, барои боздошти вай дасти ёрї њам дароз кунанд. Вале маро як љузъи ин хабар дар њайрат гузошт: чаро мукофоти амал бо
доллар пардохт карда мешавад? Магар намешуд, эълон мекарданд, ки касе маълумоте дар бораи он гумонбар дињад, 66 ё 70 њазор сомонї подош мегирад? Аз тарафи дигар дар ин эълон мантиќ њам њаст, чунки Њазрати Доллар ба њамаи соњањои зиндагї, кору бор, соњибкорї, тиљорат ва муомилоти миёни одамон чуќур дохил шуда, чунон мустањкам гардидааст, ки ба ин солњои наздик аз кисаву бонку тафаккури мо онро берун кардан имкон надорад. Ба бозори мошин равед, њама наќлиёти фурўшї бо доллар аст. Хонахариву хонафурўшї бо доллар аст. Муомилоти байни одамон низ ѓолибан бо доллар аст. Аксари онњое, ки метавонанд, пул захира кунанд, мекўшанд, он маблаѓашон бо доллар ва ё асъори дигар бошад. То имрўз аксари муомилоти байнидавлатї, хоњ байни Тољикистону Эрон бошад, хоњ Русияву Њиндустон, танњо бо доллар аст. Њама муомилоти шањрвандони мо, ки ба хориља мераванд, бо асъор аст. Муњољирон њам ѓолибан бо доллар ба ватан пул мефиристанд. Эълонњо дар нашрияњои тарѓиботї њам ошкоро бо доллар аст. Гоње барои ифодаи доллар њатто аз њуруфи кўтоњкардаи русї У.Е. ( воњиди шартї) истифода мекунанд. Ва боз дањњо сабабњое њастанд, ки мо ба доллар афзалият медињем. Чаро? Пеш аз њама барои он ки дар муќоиса бо пули миллии мо ва на танњо бо сомонї, балки бо сўми узбакї, тангаи ќазоќї, рубли русї, рупияи њиндї, йуани чинї ва дањњо пули дигар ќурби доллар мустањкам буда, баръаксон баланд меравад. Албатта, њар як инсони боаќл мебинад, ки ќурби доллар на танњо дар як моњ ва ё як сол, балки дањсолањост, ки паст намешавад ва танњо боло меравад, худ аз худ муомилоти худро бо ин асъор ба роњ меандозад. Бале, гоње мешавад, ки ќурби пули амрикої њам ба муддати кўтоњ паст меравад, вале дар умум он дар муќоиса бо дигар асъор солњои тўлонї дар маќоми аввал ќарор дорад. Масалан, агар ду сол пештар 30 33 рубли русї баробари як доллар бошад, пас њоло он ба 64 рубл фуромадааст, яъне, ќариб ду баробар кам шудааст. Айнан чунин њолат бо сомонї њам иттифоќ афтодааст. Онњое, ки бо асъор сару кор доранд, медонанд, ки як
сол пештар як доллар чанд сомонї буду њозир чанд аст. Бо вуљуди њамаи ин гуфтањо нињоди давлатї набояд дар чунин њолатњо аз доллар истифода кунад, зеро дар муомилоти расмии вазорату муассисањои давлатї танњо сомонї гардиш дорад ва бо њар роњ баланд бардоштани обрўи пули миллї ин вазифаи ин нињодњост. Њанўз дар фармони Президент аз 26 октябри соли 2000 дар бораи ба муомилот ворид кардани пули миллї "сомонї", ќарори Њукумат баста бин фармон ва дастурњову баёноти Бонки миллии Тољикистон муќаррар шудааст, ки дар ќаламрави љумњурї тамоми нархномањо, тарифњо ва воњидњо бояд танњо бо сомонї ифода ёфта, бо асъори хориљї ё бо воњидњои шартї ифода ёфтани онњо, манъ аст. Масалан, дар асоси фармони Президент аз 26 октябри соли 2000 Бонки миллї моњи июн амр дода буд, ки ширкатњои мобилї њама намудњои хидматрасониашонро бо пули миллї муќаррар намоянд. Ва њамин тавр њам шуд. Аксари созмонњои байналмилалї, ки дар њудуди Тољикистон фаъолият доранд, аз ин фармон огањанд ва дастур шудааст, ки онњо амалиётњои молиявиро бо дигар нињодњо дар њудуди кишвари мо бояд бо сомонї анљом дињанд ва њамин тавр њам њаст. Ва ин амали хуби њукуматдорон барои њимояи пули миллї њам њаст. Дар расонањо чунин хабаре њам буд, ки чанде пештар дар вилояти Суѓд чанд нафарро барои муомилотро бо асъори хориљї анљом додан ба љавобгарии маъмурї кашида будаанд. Аммо худи Вазорати корњои дохилї эълон мекунад, ки подош бо доллар дода мешавад ва ин чиз ба имиљ ё обрўи пули миллї таъсири манфї мерасонад. Тафаккур мекунам, мекўшам, сабабашро фањмам, лекин танњо фарзияњо аз хаёл мегузаранд. Шояд барои он бо доллар эълон кардаанд, ки љолибтар бошад. Шояд барои он ки нафари эњтимолие, ки он нафарро мешиносад, ба пули тољикї эътимод надорад ва ё гумон дорад, аз рўзи эълон то рўзи гирифтани подош ќурби сомонї паст меравад... Аз ин эълон чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки ин идорањои давлатї њам ба доллар эътимод доранд, зеро Њазрати Доллар дар њама љо њузур дорад! Сафои СОДИЌ
Аз чењрааш дарёфтам, ки ў аз муолиља ќаноатманд буд. Фурсате гузашт ва аз ман пурсид, ки њаќќи муолиља чанд мешавад. Гуфтам, панљоњ сомонї. Аз љайбаш як 50-сомониро бароварда, дароз кард. Гирифтам, вале баќия надоштам. Гумон кардам, изњори миннатдорї мекунаду меравад. На! Баќияи пулашро пурсид... Дирўз бо табиби шинос суњбате доштам. Аз кору бораш пурсидам. Гумон кардам, аз душворињои рўз, аз љумла, буњрони иќтисодиву молиявї, кам будани мизољон њарф мезанад, вале ў сухан аз њиммати чанд собиќ беморе кушод, ки дар натиљаи муолиљаи ў сињат шудаанд. Ва он бевосита набошад њам, ба масъалањои имрўз дахл дошт. Онро бе каму кост бароятон таќдим мекунам. "Гуфтанд,ки миллиондоре бемор шудааст ва наздиконаш тавсия додаанд, ки ман муолиљааш кунам. Аз наздаш омаданд ва гуфтанд, ки дар манзилаш табобат кунам. Чун ман маризони зиёд дорам, гуфтам, агар имконияти омаданашон бошад, ба табобатгоњи мо ташриф оранд. Сабаби дигари ба хонаи миллиондор нарафтанам дар он буд, ки муддате пештар аз чунин тарзи "табобат дар хона" сўхта будам. Сарватманди дигареро, ки соњиби ќаср буду миллионњо доллар, дар хонааш муолиља кардам. Ў ваъда карда буд, ки агар сињаташ кунам, аз сарам доллар мерезад ва ё як квартираам таќдим мекунад. Бовар кардам ва ба хонааш рафта муолиља кардам, вале дар охир зањмати маро ба сад доллар ќадр кард... Пас аз ў иќрор кардам, ки агар сахт зарурат пайдо нашавад, ман дигар ба тарзи "табобат дар хона" машѓул намешавам. Аслан, баъди њамон муолиља ман аз миллиондорон андак ќимоб њам шуда будам. Чунки тахмин се сол пештар миллиондори дигар низ рафторе кард, ки њанўз фаромўш накардаам. Баъд аз сињат шудан он пулдори калон сад доллар дод, лекин пас аз як њафта омад ва гуфт, баќияи пулашро дињам. Њамон рўзи тамом шудани табобат барояш гуфта будам, ки арзиши табобати ў 400 сомонї аст. Гуфтам, мо пулатро истифода кардем, зеро он рўз нагуфтї, ки барои баќияаш бармегардї. Ќисса кўтоњ, њамон рўз бо душворї баќияи пулашро љамъ оварда, додем... Чун ман "табобат дар хона"-ро рад кардам, шояд дард зўрї кардааст, ки рўзи дигар яке аз миллиондорњои љумњурї назди мо омад. Баробари даромадан аз камари худ дошта, менолиду печутоб мехўрд. Барояш доруеро тайёр кардам. Истеъмол кард ва њолаш андак бењтар шуд. Ва боз барояш дору тайёр кардам. Аз чењрааш дарёфтам, ки ў аз муолиља ќаноатманд буд. Фурсате гузашт ва аз ман пурсид, ки њаќќи муолиља чанд мешавад. Гуфтам, чил сомонї. Аз љайбаш як 50-сомониро бароварда, дароз кард. Гирифтам, вале баќияи 10-сомонї надоштам. Гумон кардам, изњори миннатдорї мекунаду меравад. На! Баќияи пулашро пурсид. Узр пурсидам, ки надорам, вале њатман бармегардонам. Зуд як љавонеро ба наздиктарин фурўшгоњ фиристодам, то ки он панљоњсомониро майда карда ояд. Он нафар баромада рафт, аммо миллиондор њар замоне, ки дард зўр мешуд, даст ба камар бурда, назди панљара мерафт ва интизор буд, ки кай пулаш майда шуда бармегардад. Намедонам, барои чї буд, ки он нафар дар роњи бозгашт кадом шиносашро дида, бо ў фурсате чаќ - чаќ кард, лекин миллиондор њамоно бетоќат буд, ки он нафар кай бармегардад. Ќариб гуфта будам, ки шумо равед, мо он баќияи дањ сомониро ба идораатон мерасонем, вале аз хаёлам гузашт, ки шояд њарфи ман ба иззати нафсаш расад. Фурсате пас он љавон омад ва баќияи пули миллиондорро додам. Гирифту бо изњори ташаккур баромада рафт..." Шояд чунин "њиммат" миллиондорро соњиби миллионњо карда бошад?
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
7 НОЯБР - РЎЗИ ТЕАТРИ ТОЉИК
Дар арафаи 7 ноябр - Рўзи театри тољик "Нигоњ" бо шинохтатарин коргардони театрии кишвар суњбат орост. Нахуст аз ў, ки барои чанд рўз аз Бишкек омадаву аввали рўзи душанбе Душанберо ба ќасди Санкт-Петербург тарк гуфт, аз љойгоњи театр дар љомеаи Тољикистон пурсидем: - Устод, алораѓми он аќида, ки театр баъди ихтироъи синамову телевизион тадриљан аз байн хоњад рафт, баъди 90 сол, на танњо дар кишварњои мутамаддину иќтисодашон ќавї, балки дар кишварњои дар њоли рушду иќтисодашон заъиф њам, муњимтарин љузъи њаёти фарњангї мањсуб меёбад. Ќимати билет ва толорњои пуртамошобин дар Олмотиву Маскаву Екатеринбуг ва Киеву Бокуву Бишкек худ аз ин шањодат медињанд. Аммо дар Тољикистон чї? Аз нигоњи Шумо, чї љойгоњу наќше дорад театри тољик дар љомеаи кунунии мо? - Омилњои рушду рукуди театр, албатта, мухталифанд, аммо ваќте дар бораи театр мулоњизаронї мекунем, фаромўш мекунем, ки ба театр одамони њамин љомеа кор меоянд. Онњо аз њамин кўчаву мањалњои мову шумоянд. Њамон мушкилоти иљтимоиро доранд, ки њамаи љомеа дорад: бебарќї, маоши ночиз, беманзилї, камхониву имконоти мањдуди омўзиш. Театр бахше аз њаёти њамин љомеа аст. Агар мегўянд, ки театри тољик гирифтор аст ва воќеъан њамин тавр њам њаст, фаромўш накунем, ки педагогика, тиб, журналистика низ њамин ањволи буњрониро доранд. Њоли иќтисод, хољагии ќишлоќ ва адабиётамон хубтар, ки нест. Њоли куллашон хароб. Ин њолат, пеш аз њама, баёнгўи муносибати њукумат ба ин соњањо ва сатњу сифати идораи давлатї аст. Театри тољик њоло на гирифтори буњрон, балки агония ё назъи љон аст. Агонияи пеш аз марг. Аз як љониб, бар онам, ки аз ин вазъ набояд нигарон буд, зеро он марњилаи театрї, он мактаб, ки оѓозаш соли 1929 буд, бояд аз байн мерафт, чун нав нашуд, даќиќтараш, пайванди наслњоро таъмин карда натавонист. Дар Маскаву Петербург, ки фањмиши давлатї буду шароит офарида шуд, наслњои нави кордон рў заданд. Њар насли нав руњу донишњои нав овард. Тамоюлу "мўдњо"-и театрии нав шакл гирифтанд.Театр дигар гашт, дубора зиндаву моли мардум шуд. Аммо дар Тољикистон чунин нашуд. Аз љониби дигар, аз њоли табоњи театрамон андуњгинам, зеро фањмиши роњу шевањои эњёи он эњсос намешавад. - Чї боис гашт? Чаро пайванди наслњо дар театри тољик таъмин нашуд? - Медонед, театр мисли артиш аст: иерархияву ќонуниятњои худро дорад. Маршалњои театрї донишњои худро ба генералњо, генералњо ба афсарони сатњи миёна, афсарон ба сержанту аскарон медињанд. Иерархия, ки аз байн бурда шуд, театр мемирад. Театр кори дастии басо нозук аст: танњо аз даст ба даст дода мешавад ва риояи ќатъии интизом-
ро таќозо мекунад. Мактабњои театрї танњо методологияи корро пешнињод мекунанд, вале њунару малака дар худи театр сайќал меёбанд. Онњое, ки метавонистанд санъати театриро ба дигарон дињанд, солњои 90-ум аз байн рафтанд: чанде кўчиданд, хелењо бекор монданд, гуруње эътироф нашуданд. Дар афзалиятњои давлат тарбияи кадрњои нави театрї ва адабиёти љиддии љавобгў ба талабњои замона набуд. Ин боис шуду пайванди наслњо ба вуљуд наомад. Ин њам дар њоле, ки њамон театри шуравї дар асоси анъанањои театрии тоинќилобї сохта шудааст. Мо медонем, ки Станиславский ё Мейерхолд дар СССР таваллуд нашудаанд. Хуллас, дар Русия, ки сиёсати давлатї дар ин самт буд, машъали олимпї аз насл ба насл гузашту нобиѓањое мисли Константин Богомолов, Кирил Серебренников ва дигарон сари кор омаданд. - Шояд њамин буд, ки дар Русия дањњо театрњои нав, аз љумла театрњои эксперименталї ба вуљуд омаданд? - Бале, танњо дар Маскав беш аз 300 театри нав ба вуљуд омад. - Наход њама чї аз шароит ва сиёсати њукумат вобаста бошад?! Бовари кас намеояд, ки мо аз русњову ќазоќњову ќирѓизњо камњунартар бошем, ё ирсияте бадтаре дошта бошем дар тахайюли эљодиву офариниши молњои зењнї... - Њама чї, албатта, аз шароиту сиёсати њукумат вобаста нест, аммо театр, ки серхарољот аст, сахт вобаста аст. Барои
фаъолияти гуруњи эљодї ё як лабораторияи театрї њадди аќќал бинову толоре лозим аст. Дар шањрњои мо њич шахсияте ё ширкате омода нахоњад буд, ки биноеро ба њамчунин гуруњњо њатто иљора дињад, зеро аз маќомот метарсад. Шикасти театри тољик омили дигар њам дорад: маро бубахшанд, аммо онњое, ки мебоист машъали олимпиро ба љавонон медоданд, замонасозї карданд, обрўи худро аз даст доданд, майдабоз шуданд. Аксаран онњо ба пироне табдил ёфтаанд, ки ниёз ба дилсўзї доранду бас. Замоне буд, ки Муњаммадљон Ќосимов, Туњфа Фозилова ва дигарон ба театр медаромаданду дили мо-љавонон ба шиддат метапид. Њоло чї? Баъди Ато Муњаммадљонов дигар касе намонд, ки вуљудаш театрро дигар созад. Он ду-се тан бозигарони тавоно, ки мондаанд, дигар наметавонанд, ки муњитро дигар кунанд. Баръакс, муњит омили љиддии таъсир ба онњо шудааст. Театри ќазоќу ќирѓиз њам мушкилоти худро доранд, ки мавзўи бањси дигар аст. Њоло мекушем аз театри худамон њарф занем. - Яъне, муњит дигар созгор нест барои љавонон? - Муњити кунунии театри тољик ба њич ваљњ на! Худи љавононро инро хубтар медонанд. - Мешавад гуфт, ки дањњо тан аз љавонони завќманди кулобиву хуљандиву хоруѓї шонси таъсиси гуруњњои
АМНИЯТИ ЭНЕРГЕТИКЇ Манзилњои ќисмате аз сокинони биноњои баландошёна дар шањри Кўлоб бо пардохи 16 сомонї дар моњ бо гази табиї таъмин шуд. Бино ба иттилои масъулини њукумати шањри Кўлоб, барои таъмини ањолї бо гази табиї 7 км лулаи газ аз кони гази "Каримбердї" шањр кашидаанд. Њоло њудуди 650 утоќи истиќоматии баландошиёнаи мањаллаи Шоњини шањр бо гази табиї таъмин шудаанд. Сокинон барои истифодаи гази табиї дар як моњ 16 сомонї пардохт мекунанд. Ба гуфтаи масъулин муддати мадид набудани газ боис гашт, ки бархе аз сокинони ќубурњои газгузари утоќњои
Таъмини манзили ќисмате аз сокинони шањри Кўлоб бо гази табиї худро канда партофтанд ва ин кор барои таъмини пурраи ањолї бо гази табиї таъсири манфї расонид. Дар навбати аввал танњо хонањои баландошиёнаи шањр бо газ таъмин мешаванд, ки зеро њанўз миќдори гази интиќол мешуда барои таъмини пурраи ањолии шањри Кўлоб кофї нест. Ќаблан масъулини шањри Кўлоб гуфта буданд, ки "дар пайи кофтуковњои ду соли ахир дар дењаи кўњдомани Ка-
римбердии ноњияи Восеъ чоње ошкор шуд, ки ба гуфтаи масъулони корхонаи нафт, захираи он 11 милион метри мукааб газ њисоб шудааст ва барои ањолии 100-њазорнафарии шањри Кўлоб то дањ сол кифоят мекунад". Ин газ аз ќаъри 800-метрии замин бароварда шуда, аввал барои коркард ба корхонаи полоиши гази табии "Љалолиён" ва сипас, ба хонањои сокинон интиќол меёбад.
эљодиву театрњои хурдро ба ин наздикињо надоранд, агар њатто хеле эљодкору креатив њам бошанд? - Бале, садњо ва њазорон тан аз онњо ин шонсро надоранд ва на барои он ки дар эљоду наќшофаринї заъифанд, балки барои он ки низоми шинохт, омўзиш ва тарбияи њамчунин кадрњо дар мамлакат вуљуд надорад. Институти санъат тавони шинохту роњнамоии њамчунин кадрњои љавонро надорад. Бе мактаб ва амалияи љиддї онњо наметавонанд муваффаќ шаванд. ГИТИС бо ин ки худ театр дорад, дар ихтиёраш 300 театри дигар њам дар Маскав дорад. Дар Тењрон низ ба љавонон донишмандони фарњехта дарс мегўянду барояшон бозигарони барљаста намуна аст. Дар Тољикистон кадом намуна (идеал) љавононони њушмандро ба театр љалб карда метавонад? Њоли коргардонњову бозигарони Театри Лоњутиро дида, аксари онњо дилшикаста мешаванд, на руњбаланд. Хеле аз онњо намунањои бадро дида, фикр мекунанд, театру сањна њамин аст. - Ин њамон воќеъиятест, ки файласуф Жан Жак Бодриёр ишора мекунад: нусхањо ё копињое, ки худ намедонанд, ки нусхаанд, чї тавр асл меофаранд? - Бале. Баъдан њоле, ки дабистону дабиристонњои тољик доранд, наметавонад сабаби рушди эљодкориву тафаккури креативї дар наврасону љавонон шавад. Барои мисол, мо гуруњи эљодии "Нигоњи нав" дорем, вале он таќрибан ѓояи креативию бозёфте надорад. Ин ки талош мевар-
СУЊБАТИ РЎЗ
Барзу Абдураззоќов:
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
5
Суњбати ихтисосї бо коргардони маъруфи театр
"МОРО ХУДИЊО "ФИЛТР" МЕКУНАНД" занд хеле хуб аст, аммо... Аз љавонњо мешавад Сом Љаводиро сифат кард, ки тањсилкардаи Эрон аст, на аз мо. Фољиаи театр ва насли љавон њам њамин аст. - Фикр мекунед, љомеаи тољик ин раванду тамоюлњоро эњсос мекунад? Ва оё омода аст ба ин ё он шевае вокуниш кунад, чун тани сињат аз худ рефлексия нишон дињад? - Бояд эњсос кунад, зеро мо њуќуќи маънавии дарк накардани ин мушкилоту пайомадњои бади онро барои дањсолањои баъдї надорем. Айни њол, љомеаи мо моњиятан дар марњилаи дуюми "интихоби табии манфї" дар 100 соли ахир ќарор дорад... - Чаро мањз дуюм? - Марњилаи якум аввали асри 20 буд, ки дар "Љаллодони Бухоро" -и Устод Айниву "Фитнаи инќилоби Бухоро"-и Муњаммадљони Шакурї тасвир ёфтааст. Он замон бо сабабњои сиёсї аз њар љониб мардуми моро "полоиш" - филтр карда, бењтаринњояшро куштанд, чўб заданд, сархам карданд. Сарзамини мо, ки истилову филтри маќдунињо, арабњо ва муѓулњоро пушти сар карда буд, бори дигар тасарруф шуд. Инќилобу террори болшевикњо то соли 1930 бењтарин фарзандони миллати моро фаро гирифта, репрессияњои сталинї то соли 1938 таќрибан кулли хату савод доштањоро дар ин сарзамин барњам зад (хеле мутаасифам, ки мо танњо миллатем дар ИДМ, ки њанўз њам он сањфањои мудњишро дар таърихи хаттиамон љой надодем, санге канори мазорњои он шањидон нагузоштаем, рўзи хотираи онњоро надорем, дуои дастаљамъонае дар сатњи миллї барояшон нахондаем). Љанги дуюми љањон њам аз мо хелењоро рабуд. Аммо "интихоби табии манфї", ки бо љанги шањрвандї (1992-1997) оѓоз ёфт, ба њама љанбањои њаёти миллати мо, шуруъ аз маънавиёт то иќтисод, таъсири љиддитарин дошт. Маъмулан, бадхўён рў заданду фањмишњои зишти худро сари љомеа бор карданд, ахлоќу маънавиёт зери по шуд. Хеле аз онњо кунун рафтанд, аммо миллат 20 сол боз натиљаи фаъолияти онњоро мечашад. Њамин аст, ки нафарони бесалоњият ва камхонда ё
умуман бесавод соњибмансаб мешаванд. Фасоду мањалпасрастї дар ављ... Њамин аст, ки нафаре мисли Мирзошоњрух Асрорї вазири фарњанг таъин мешавад. Нафаре дур аз маърифату маданият, вале таъинкунандаи сиёсати давлат дар муњимтарин самт. Ё љомеаи мо ин њамаро дарк карда, ба истилоњи шумо, рефлексия нишон медињад ё њоламон аз ин њам бадтар шуда, манќурт мегардем: љомеае бе њуввият, тудае бе наљобат, ќавме беномус, миллате бе хотираи таърихї ва дурнамои рушд. - Оё љомеаи кунунии мо чунин тавонро дорад? - Мо садњо зарба ба вуљуду коди фарњангии миллатамонро пушти сар кардаем ва инро низ бояд бигзорем. Ва корро бояд аз њуввиятсозї оѓоз кард. Њуввиятсозї бе маърифату маданият ѓайриимкон аст. Вазифаи фарњангиён дар ин марњила талош барои миллатсозї аст. Аз одамоне, ки њамеша пазмони дастури "хуљаин", мунтазири Жуан-Жуан аст, бояд миллат сохт. То дар њар амалашон миллат эњсос шавад, решањояш мисли љопунињо дар њар кирдорашон њувайдо бошад. Мо бояд ба худ суол дињем, ки чаро дар њар моли љопунї, хоњ "Тойота" бошаду хоњ магнитофон, хоњ робот бошаду хоњ бозичае решаи љопунї эњсос мешавад, аммо дар молњои мо на? Чаро њоку, Акугатава, Киндзабуро бўи Љопун мекунанд? Чї моле аз мо тољикият дорад? Чаро ин њама дар мо нест? Чунки моро њамеша бегонањо њадафмандонаю худињо аз кутоњандешию худписандї "филтр" мекунанд. Мо дўст дорем, ки аз анъанаву гузашта суњбат кунему ифтихор дошта бошем. Аммо оё анъанаи театрї дорем? Надорем! Зеро њамон театри тољик дар замони Шўравї њам интизори "хуљаин" буд. Репертуараш аксаран инќилобї буду масъалањои миллиро танњо дар ќолаби мазњака иљоза медод. Њарчи дорем, "Ман духтареро вохўрдам..." асту бас. Гурљињо он замон њам дар театру синамо истиќлол доштанд, латишњо доштанд, аммо мо надоштем ва бо дур карданамон аз им-
перия, даступохўрда шудем. Миллате, ки интизори дастури "хуљаин" аст, наметавонад адабиёт, драматургия ё театре дошта бошад, ки њадди аќќал дар сатњи минтаќа бошад, чї расад ба сатњи љањонї. Мардуме, ки интизори дастуру њидоятанд, мањсули зењнии сатњи миллї офарида наметавонад. -Пас чї бояд кард? Тафаккури истеъсморзадаро чї гуна бояд рўфт? Корро аз чї бояд сар кард? - Аз фарњангу маориф, вале на болои тањкурсии шўравї. Рўи тањкурсии шўравї на адабиёти миллї сохта мешаваду на театри тољикї. Адабиёту театри шўравиро дигар њифз карда намешавад. Онњо мемиранд. Бояд њамчунин маќсад ва барномаи миллї тањия шавад. Театрсозї биноњои муњташамсозї нест. Оё медонед, ки падари маро Осталский аз Донишгоњи хољагии ќишлоќ, модарамро аз Донишгоњи омўзгорї, Њошим Гадоро аз Кўлоб ба Маскав бурда омўзониданд? Онњо на русиро медонистанду на Маскавро. Мањмудљон Воњидовро аз Ашт ба курсии сеюми донишгоњ бурданд. Чаро? Чунки давлат маќсад гузошта, барномаи амал дошт ва хостањояшро ба таври системавї амалї мекард. - "Нигоњ" низ бар он аст, ки халќњо ба воситаи адабиёт ба балоѓат мерасанд, ба истилоњ, пўхта мешаванд. Инглисњо ду садсола пештар дарди мањалгароиро ончунон дар деги адабиёт љўшониданд, ки аз он чизе намонд, кори айб шуд. Русњо ватанпарастиро сад сол пештар тавассути адабиёт ба дараљаи маданияти миллї расониданд, аммо мо тољикон дар асри 21 соле 30 роману 20 намоишнома, 10 филму 5 филми тасвирї њам эљод карда наметавонем... Њич дарди миллиамонро ба истењзо накашидаву табобат накардаем. - Ва наметавонем њам, зеро афзалиятњои њукумат дигаранду интизориву хостањои љомеаи маданї дигар. Сари ин масъала бояд зиёд андеша ронду барномасозї кард. Он гоњ вазъ дигар хоњад шуд. То њар яки мо дигар нашавем, вазъ дигар нахоњад шуд. Моро одат шуда, ки зидди чизе мубориза барем. Љониберо
ТЕРРОРИЗМ Дар сафи љангињои созмони террористии "Давлати исломї" шањрвандони беш аз 100 кишвари љањон мељанганд. Ба гуфтаи прокурори гененралии Русия Юрий Чайка, љангандањои хориљї њудуди 40% љанговарони ин ташкилоти террористиро ташкил мекунанд. Юрий Чайка дар конфронси минтаќавии Анљумани байналмилалии додситонњо барои давлатњои Аврупои Марказї ва Шарќї ва кишварњои Осиёи Марказї дар ин бора маълуомт додааст. Юрий Чайка мегўяд, танњо дар як њафтаи охир дар ќаламрави Русия бештар аз 800 пойгоњњои интернетї масдуд кар-
"40% љангињои ДИИШ-ро хориљињо ташкил медињанд" да шудаанд, ки табли?оти ин созмонњо аз тариќи онњо сурат мегирифт. Ба гуфтаи прокурори Русия шеваи бархўрди маќомоти ин кишвар ба масъалањои муќовимат бо таъминоти молиявии гуруњњои террористї аз љониби Кумитаи зиддитеррористии СММ пазируфта шудааст. Русия аз охири моњи сентябр даст ба амалиётњои њавої алайњи неруњои ДИИШ дар Сурия зад. Аммо Амрико ва
муттањидонаш мегўянд Маскав бо бањонаи мубориза бо террористони "Давлати исломї" зидди мухолифони Башор Асад сангар гирифтааст. Кремл ин иддиоро рад мекунад ва мегўяд њадафаш роњ надодан ба ДИИШ барои тасаллут дар Сурия ва поксозии ин кишвра аз гуруњњои террористист. Зимнан, дар љангњои Сурия беш аз 500 шањрванди Тољикистон низ ширкат мекунанд.
гунањкор таъин кунем: гоње Љанубу гоње Шимолро. Ин кори оќилона нест. Худсозиву миллатсозї бояд кард. Бо њаллу вал кардани сарватњои миллї давлат сохта намешавад. Бо таъќиби дигарандешону озодфикрон низ. - Устод Барзу, шумо аз онњое њастед, ки дар љомеа ба њайси афкорсоз эътироф шудаед. Оё эњсос мекунед, ки ташаббус дар љомеаи мадании кишвар нест шудан дорад? Њис мекунед, ки шаш - њафт моњи ахир ташаббусњои љиддие дар љомеаи шањрвандї ба назар намерасанд? - Бале эњсос мекунам. Ин натиљаи дуру дароз сари ќудрат шиштан аст. Њар њукумате, ки мехоњад ќудратро бардавом нигоњ дорад, маљбур аст ба зўрї такя кунад. Ба зурї такя кардан, њукуматро аз мардум дуру заъиф мекунад, дер ё зуд. - Худсозиву миллатсозиро аз чї бояд шуруъ кард? Чї бояд кард, ки тољикон њамасола њазорњо мањсули зењнї тавлид кунанд? - Бояд барои мардум фикр кардан, андеша рондану озод сухан гуфтанро таъмин сохт. Њукуматдорон њич не, бояд мардумро ба њоли худашон гузоранд. Аз интиќод натарсанд, аз роману намоишномањо нањаросанд. Дарк кунанд, ки эљодкорї чї дар адабиёту чї дар наќќошї, чї дар синамову театр њамеша эътироз аст! Эътироз ба унсурњо, ба ќолабњои шахшуда, ба њукуматњо ва њатто ба зиндагї. Муњаррики эљодиёт њамин аст, ки ба маъниофарї мебарад. Эљодкоронро бояд тањрик дод, на баръакс. Аммо воќеъият ин аст, ки онњоро баъзан меронанд. Барои њамин гуна фаъолият Њофизи Шерозї дурї аз ватанро орзу мекард. Румї, Камоли Хуљандиву Фитрат, Мансури Њаллољ ва Айниро ёд биёред, ки замоне рондашуда буданд. Ба эљодкорон шароит бояд офариду озодї дод, на баръакс. Танњо озодагон озодї фароњам оварда метавонанд. Бардагон на ќадри озодиро медонанду на ба ќадри мардону занони озод мерасанд, агар њатто ќудрат њам дошта бошанд. "НИГОЊ"
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
ДИКТАТОР
Њатто ваќте дар бораи ў менавиштам ва маводњои зиёдро дар борааш мутолиа мекардам, маро дањшат фаро гирифт. Тасаввур кардани он, ки сарвари як кишвар бо он ки њокими золиму худкомаест, боз гўшти одам мехўрад, боварнакарданист. Метавон ба Фирдавсии бузург ањсан хонд, ки образи Зањњоки моронро офарид. Вале њатто Њакими Тўс шояд љуръат накард инсонро одамхўр номад, аз ин рў моронро сари ду китфи Зањњок нишонд ва гуфт, ин морон буданд писарони Кова ва садњо чун онњоро хўрданд. Вале дар ќарни ХХ аз Жан-Бедел Бокассо ном мебаранд, ки одам мехўрд.
но номаълум аст. Вале одамхўрии ў аз љониби шоњидон исбот шудааст ва рўйдодеро аз маросими тољгузорї ёд овардем. Баъди сарнагун шудани Бокассо ошпази шахсии ў Филипп Ленгис аз таомњои ошхонаи император њикоят кардааст. Ба гуфтаи ў, Бокассо њатто дар сафарњои хориљї аз гўшти дампўхти одамї бо худ мебурд. Баъдан вай њатто лаззати гўсти одамиро аз рўйи касбукор ва синну сол њам ташхис мекард. Ягона олими риёзї ва ягона духтури дандон дар ин кишвар низ туъмаи император шуда буданд. Њатто ѓолибони озмуни зебої аз љумлаи духтарони ин кишвар билохира барои император таом мешуданд.
Охири салтанат
Роњ ба сўйи шуњрат Жан - Бедел Бокассо 22-уми феврали соли 1921 дар рустое бо номи Бобанги, дар хонаводаи сарќабилаи мбака, ки дар гузашта бисёре аз соњибмансабон ва саркадагон дар Африќои Марказии замони мустамлика мањз аз њамин ќабила буданд, ба дунё омадааст. Вай дар шашсолагї ятим монд, падараш, ки зидди сиёсатњои мустаъмаравии Фаронса ќиём карда буд, парронда мешавад, модараш аз бори сангини зиндагї ба дод омада, даст ба худкушї мезанад. Ўро хешовандонаш калон карданд ва аз хурдї мехостанд вай роњиби ибодатгоњ бошад. Аммо соли 1939 Бокассо вориди хизмати аскарї дар артиши ишѓолгари Фаронса мешавад. Моњи ноябри соли 1941 бо рутбаи њарбии сержанти калони неруњои њарбии фаронсавї дар ишѓоли Браззавил - пойтахти Конго ва соли 1944 дар љангњои Рейн иштирок мекунад. Соли 1949 мактаби афсариро хатм карда, муддати се соли баъдї (солњои 1950-1953) дар љанги Њиндухитой иштирок менамояд ва барои корномањояш бо орденњои Легиони фахрї ва Салиби Лотаринг мукофотонида мешавад. Соли 1962 аз артиши Фаронса хориљ ва вориди хизмат ба артиши кишвараш мешавад. Соле баъд президенти Африќои Марказї ва амакбачааш Давид Дако ўро сардори ситоди неруњои мусаллањ таъин кард ва соли 1964 рутбаи њарбии полковник гирифт. Шаби 31 декабри соли 1965 ба 1 январи соли 1966, яъне баъди як сол даст ба табаддулоти њарбї зад ва амакбачаи худ Дакоро сарнагун сохт ва ўро ба зиндон андохт. Аслан ин амалро сардори жандарм созмон дод, вале Бокассо ўро аз байн бурд ва табаддулотро худаш сарварї ва ба анљом расонд. Худи њамон рўз худро президент ва сарвари њизби ягонаи "Љумбиши барои тањаввулоти иљтимої дар Африќои Сиёњ" (MESAN) эълон кард. Њамаи сокинони бузургсоли кишвар њатман бояд узви ин њизб мешуданд. Рўзи 4-уми январ президенти нав амали Конститутсияро боздошт ва ба њукмронии диктаторї оѓоз намуд ва баъди 6 сол худро президенти якумрї эълон кард. Баргузории њама гуна интихобот манъ шуд.
"Император" Аммо мардуми Африќои Марказї њеч замоне ба ин яккањукмронии Бокассо сари созиш надоштанд, пайваста талошњое барои барканории ў аз ќудрат роњандозї мешуд, вале њамеша дар кўшишњояшон ноком мемонданд. Чунончї, аз соли 1969 то 1974 чандин талоши барканории ў аз тариќи табаддулоти давлатї фош шудааст. Соли 1976 гуруње ба љони ў сўиќасд карданд, вале боз ноком мондаву муљиби он гаштааст, ки вай њокимияти худро таќвият кунад, зулмро аз сар гирад, љабри зиёдеро болои дигарандешон ба роњ монад... Соли 1968 бо ташаббуси ў ва ширкати Чад ва Конго Иттињоди давлатњои Африќои Марказї ташкил шудааст. Вай љонибдори он буд, ки дар мамлакаташ ислоњоти замин гузаронида шуда, соњаи кишварзї ба як соњаи дар њоли рушд табдил ёбад. Дар сиёсати хориљї тамоили ягона надошт, гоњ сўйи Иттињоди Шўравї ва лагери сотсиалистї мерафт ва гоњи дигар љониби кишварњои Аврупо мекалавид. Аввалин сафараш ба Иттињоди Шўравї соли 1970 сурат гирифтааст ва чуноне аз хо-
БОКАССО -
Соли 1979 вай фармонеро имзо кард, ки иљрои он билохира муљиби шикасти режим шуд. Бокассо дастур дод, ки пўшидани сару либоси мактабї барои њамаи хонандагон њатмист. Дар љомеаи фаќир на њама имкон доштанд ба ин фармон итоат кунанд. Ин буд, ки тазоњуроти мардум шиддат гирифт, дар кўчањои пойтахт баррикадањо ва садњои мудофиавї ќомат боло карданд, тазоњуркунандагон борњо ба ќароргоњи император њамла бурданд. Бокассо дар вокуниши шадид фармон дод, ки сарбозон аз атфоли 6-сола то љавонони 25соларо боздошт кунанд ва ба зиндони марказї оранд. Дар мањбас онњоро бо шадидтарин шева ќатл карданд ва дар ин амал худи ў шахсан ширкат кард. Тибќи иттилои журналистони фаронсавї, ки ин дањшатњоро гузориш мекарданд, аксари кушташудагонро ба дарё афканданд ва гуруњеро пушти девори зиндон
ПРЕЗИДЕНТИ ОДАМХЎР тироти академик Чазов - духтури соњибмансабони Кремл бармеояд, Бокассо муддате дар Маскав зиставу табобат гирифтааст. Вай ошиќи таомњои русї шудааст ва њатто хоњиш кардааст, ки ошпази русеро бо ў ба кишвараш эъзом кунанд. Мегўянд, ошпази русаш, баъди он ки дар яхдони диктатор гўшти одамиро мебинад, аз тарс ба сафорати Русия фирор мекунад. Бокассо солњо талош кард бо амалкардњое Фаронсаро водор кунад, ки дар минтаќаи тањти нуфузаш кўмакњои молии худро афзоиш дињад. Аз љумла, вай бо Югославия, Кореяи Шимолї, Руминия ва СССР наздик шуд, дар Банги зидди Фаронса тазоњуроти мардумї созмон дод, тањдид кард, ки аз минтаќаи франк хориљ мешавад, барои журналистони фаронсавї мањдудиятњо љорї намуд, бо Чин равобити гусаста аз соли 1966 - ро дубора барќарор намуд, ба дини ислом гаравид ва бо Муаммар Ќаззофї дўст шуд. Фаронса талош дошт аз њузураш дар Африќои Марказї накоњад, зеро кони урани Бакумро зери назорат дошт. Ин буд, ки пайваста ба худхоњињои Бокассо муросо мекард, гузаштњо менамуд ва њамаи ин ба хотири он буд, ки дар минтаќа њузур дошта бошад. Соли 1971 вай њамаи занњои зиндониро озод кард ва фармон баровард, ки мардони мутаљовиз кушта шаванд. 4-уми сентябри соли 1976 Муаммар Ќаззофї, сарвари Либї ба Африќои Марказї омад ва ба ин муносибат Бокассо ва чандин тан аз вузарои ў ба дини Ислом гаравиданд ва президент худро Салоњиддин Ањмад Бокассо номид. Худи њамон сол вай њукуматашро пароканда кард ва ба љойи он дар пайравї ба Шўрои инќилобии фармондењии Либї Шўрои инќилобии Африќои Марказиро созмон дод ва Дако, ки аз мањбас озод карда шуда буд, ба узвияти ин Шўро шомил карда шуд. 4-уми декабри соли 1976 анљумани фавќулоддаи МЕСАН баргузор шуд ва Љумњурии Африќои Марказиро ба Империяи Африќои Марказї табдил дод. Тибќи конститутсияи нав Император дар ин кишвар аз салоњиятњои вижа бархўрдор буд ва тољи вай бояд меросї ба фарзандони писараш мегузашт. Худи њамон сол Бокассо аз Ислом рў гардонд ва бори дигар ба оини католикии худ баргашт.
Тољи гарони кишвари фаќир Маросими тољгузорї ба императори худхонда, ки 4 декабри соли 1977 сурат гирифт, шабењи афсонањо аз забон ба забон мегашт. Тибќи иттилои расмї, бењтарин ва маъруфтарин ширкатњои љањонї барои ороиши тољи Бокассо сањм гирифтанд. Гуфта мешавад, ки танњо дар тољ ду њазор брилиант ба арзиши 5 миллион доллар масраф гардид. Дар маросим аз чор як њиссаи даромади солонаи мамлакат масраф гардид. Барои дарбори император 100 мошини бењтарин тамѓаи аврупої ва 130 аспи бодпойи сафед харидорї карданд. Пойафзоле, ки Бокассо дар маросими тољгузорї пўшида буд, чун гаронтарин пойафзоли як инсон ба китоби рекордњои Геннис дохил шуд. Ба ин маросим, ки Бакассо ба Наполеони 1 пайравї мекард, њамаи сарварони кишварњо ва Попи Рум Павели IV даъват шуда буданд. Аммо дар он на танњо Попи Рум, балки ягон сарвари кишвари олам ширкат накард. Ўро аз нигоњи руњї марди носолим медонистанд, аз ин рў, даъватњо ва талошњояшро њам љиддї намегирифтанд. Ин маросим сањнањои њузангезе дар пасманзараи базму суруд дошт. Мегўянд, њудудан панљсад нафар мањбусон ширкат доштанд, онњое, ки бо њар сабабе аз сиёсатњои ў норозї буданд, хеле моњирона ва гарму нарм онњоро пазирої карданд, таомњои лазиз доданд ва билохира ба ошхонаи императорї рањнамої карданду њар кадомашонро куштаву чун ѓизо ба мењмонон пешкаш намуданд. Вале ин режими худкома аз љониби президенти ваќти Фаронса Валери Жискард д - Эстен њимоя мешуд. Ба ивази ин пуштибонї Бокассо ба Фаронса шароитњои хеле мусоиди коркарди чашмањои уран ва дигар сарватњои кишварашро дода буд. Президенти Фаронса борњо ба Империяи Африќои Марказї сафар кард, Бокассоро дўст ва узви хонадони худ хонд. Ва диктатор бо истифода аз ин дўстињову хешигарињо гуногунандешонро дар кишвараш таъќиб мекард, боздошт менамуд ва дар шиканљаи онњо шахсан ширкат меварзид.
Одамхўр Ин бахши пурмуаммои зиндагии Бокассо буд. Чї ўро ба ин кор водор сохтааст ва чаро даст ба тановул аз гўшти одам задааст, њамо-
зери хок карданд. Њамчунин бо дастури ў њудудан 100 тифлро оварданд ва Бокассои сармаст аз шароб фармон дод ба пушт хобонанд ва ба ронандаи мошини боркаше, ки онњоро оварда буд, фармуд, аз болои онњо мошин ронад. Чун ронанда итоат накард, худи ў сари чанбар нишаст ва то даме, ки як садои имдодхоњонаи тифле шунида мешуд, мошинро пешу пас меронд. 21-уми сентябри њамон сол вай ба сафари расмї вориди Либия шуд ва неруњои вокуниши сареъи фаронсавї бидуни хунрезї дар мамлакат табаддулоти давлатї анљом доданд, Дэвид Дако дубора ба тахт нишаст. Бокассо танњо баъди њафт сол ба кишвар баргашт, вале фавран зиндонї шуд, додгоњ барои одамхўрї ва генотсид ўро ба ќатл мањкум кард, вале баъдан њукм ба зиндонии якумрї табдил дода шуд. Додгоњ одамхўрии ўро натавонист исбот кунад. Вай гуфт, ки узвњои бадани инсонњоро на ба хотири тановул, балки барои рамз дар яхдон нигоњ медошт. Масалан, љигари душман ба кас зафар меорад. Додгоњ ўро аввал ба ќатл мањкум кард, соле баъд эъдом ба њабси якумрї иваз шуд ва баъдан ин њукмро низ дигар карданд ва ў акнун ба муддати 20 сол мањрум аз озодї шуд. Соли 1993 њукумати нав авфи умумї эълон кард ва Бокассо низ озод гардид. Аммо Бокассо соли 1993 аз зиндон рањид. Вай талош кард дубора сари ќудрат ояд, дар ба дари соњибмансабону вазоратхонањо мегашт ва мегуфт, ўро нодуруст барканор кардаанд. Он замон кишвар ба фасод ѓарќа буд ва чун оммаи мардуми фаќир аз ин норозї буданд, Бокассо мехост истифода кунад. Њатто номзадии худро ба интихоботи навбатї гузошт, аммо умраш ба охир расид, рўзи интихоботро надид. Рўзи маргаш бино ба иттилои хабаргузорињо бештар аз 30 њазор нафар омаданд, то ба роњи охират гуселаш намоянд. Императори собиќ чанд сол пеш талош кард осорхонаи диктаторро дар ќароргоњи император боз кунад. Дар он њама ашёи замони ўро гузоштанд, аз корњои анљомдодааш нишонањо монданд, аммо аз тарљумаи њоли ў намешавад он њам дањшатњоро њазф кунанд. Мардуми Љумњурии Африќои Марказї аз ў ёд мекунанд, њам аз худкомагї ва њам аз замоне, ки як амнияти нисбї дар ин кишвар њоким буд. Бобољони ШАФЕЪ
МУШОРИКАТИ СТРАТЕГЇ Вокунишњои љомеаи мадании Русия ба марги мармузи Умаралї Назарови панљмоња бо расонаї шудани ташхиси дигарбораи судї ба шабакањои интернетї сарозер шуд. Маќомот гуфтанд, ки Умаралї аз ситомегаловирус - маризии сироятии вахим фавтидааст. Аммо љомеаи мадании ин кишвар ба ин ташхис изњори нобоварї карданд. Аз охири њафтаи гузашта рўйдодњо атрофи марги мармузи Умаралї Назаровро пайгирї мекунем. Сафорати Тољикистон дар Маскав муњтавои номаи њунарманди машњури ин кишвар Диана Гурскаяро расонаї кард. Албатта, хуб мебуд агар сафорат дар сомонаи худ номаро комилу бидуни тањрир мекошт, то дида мешуд, ки Диана дар асл чї гуфтаву чї хостааст. Вале мухтасари он њам дилгармкунанда аст. Дар Русия на њама афкор нисбати муњољирини тољик ѓуборолуданд, шахсиятњое назири Диана Гурская њастанд, ки аз он ки як тифл мармуз тарки олам кардааст, нороњат мешаванд. "Бароям хеле шармовар аст, ки дар пойтахти фарњангии кишвари мо кўдаки хурдсол комилан бењимоя монд. Омодаам њамроњ бо љамъияти тољикон њамаи чорањоро биандешам, ки чунин њодисањо минбаъд такрор нашаванд". Диана Гурская њамзамон ба прокурори генералии Русия Юрий Чайка, вазири тандурустї Вероника Скворсова низ нома ирсол кардааст ва хоњиш намудааст, ки љараёни тафтишро комил зери назорати худ бигиранд. Ваколатдори њуќуќи кўдаки назди Президенти Русия Павел Астахов дар суњбат бо телевизиони "Дожд" гуфт: "Љараёни тафтиш маро њам ќонеъ намекунад. Зеро пусухњои ѓалативу аљоиб дарёфт мекунам, гўё њама дар чањорчўби ќонун амал кардаанд ва аслан коре нашудааст, вале тифл фавтид. Аввалан, чаро писарбачаро аз модараш кашида гирифтанд? Дуюм, билохира кї сабабгори марги кўдак шуд?" Павел Астахов мехост 11-уми ноябр ба Санк-Петербург равад ва шахсан бо љараёни тафтиш ошно шавад. Вале њоло, ки натиљаи ташхиси судиро расонаї карданд, маълум нест љаноби омбудсмен ба Петербург меравад ё на. Инак, натиљаи ташхиси судиву тиббї: "Сабаби марги Умаралї Назаров беморињои вирусии генерализонванї буда, ин асос барои рушди касалињои ќалбї мешавад. Дар органњои дохилии кўдак на спирти этил, на маводи нашъаовар ва на доруњои сахттаъсир ошкор карда нашуд. Илтињоби шуш, дистрофияи љигар (вайрон шудани кори ѓизогирии бофтањо ва узвњои бадан), дистрофияи ѓадуди зери меъда, таѓйир дар ѓудудњои болои меъда, илтињоби давомдори рўдаи борик (энтерит), омоси пўст ва бофтаи маѓзи сар, варами њароммаѓз". Агар гўем, ки хулосаи ташхиси судї як бори дигар шабакањои иљтимоиро такон дод, иштибоњ нахоњем кард. Аксари касоне, ки изњори назар карданд, мегўянд хулоса пешгўишаванда буд. Сиёсатшинос, публистист, фаъоли љомеаи шањрвандї ва вакили Маљлиси ќонунгузории Санк-Петербург Борис Вишневский дар аввалин вокуниш ба хулосаи ташхиси судї дар сањифаи Фейсбуки худ навишт, ки чун табиб нест ва наметавонад хулосаи ташхисро ќазоват кунад, аз корбарони духтури шабака хост назарашонро иброз доранд, оё ин вирус дар асл кушанда аст. "Њанўз њафтае ќабл ман пешгўї карда будам, ки мањз њамин гуна хулоса пешнињод хоњад шуд. Зеро мањз њамин гуна хулосањову тањлилњо метавонанд масъулини пулис ва бемористонро аз љавобгарї рањо кунанд. Њатто агар ба фарзияи "вирусї" бовар њам кунем, ѓайриќонунї амал кардани пулис ва чун тифли партовї ба расмият даровардани аснод, дар њоле ки модару пайвандонаш бо ў буданд, шањодатномаи таваллуди њуљљатњои дигарро њам фароњам оварда буданд, наметавонад онњоро аз љавобгарї озод намояд. Баъзе њамкасбони мо навиштанд, ки "чї њам метавон кард? Њамин гуна дастуре будааст, модоме њуљљатњо вуљуд надош-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
7
руњњои иљтимоиву иќтисодї пањншудатарин вирус мањсуб мешавад, 50-80 дарсади ањолии ИМА гирифтори ин вирусанд ва гувоњи ин мављудияти антител дар миёни ќисмати бештари ањолист; (https://ru.wikipedia.org/wiki/Цитомегаловирус) Хулоса: њатто агар тифл бемор буд (ба он нигоњ накарда, ки духтури атфол пайваста ўро назорат мекард ва сари ваќт барои тањлил хунашро месупурданд) љиноят аз љониби кормандони Хадамоти муњољират ва пулис сурат гирифтааст. Ва суоли дигаре, ки њамоно матрањ аст ва ба он то њол касе посух надодааст: Чаро баъди эълони марг тифлро се рўз ба волидонаш нишон надоданд ва чаро баъди се рўз њам, ки нишон доданд, нагузоштанд падар бадани фарзандашро пурра бубинад? Доѓњову љароњатњо дар бадани Умаралии панљмоња аз куљо пайдо шуданд? Ва боз чанд суоли дигаре, ки Борис
ИСБОТИ ХИЁНАТ Сабаби расмии марги Умаралї Назарови панљмоњаро љомиаи шањрвандии Русия напазируфт танд". Бубахшед, ин њарза аст. Аз ин метавон хулоса кард, ки њар модаре агар бо фарзандаш бидуни њуљљат дар кўча гаштугузор кунад, пулис њаќ хоњад дошт ўро кашида гирад ва чун "тифли партовї" аснод дуруст кунад. Кї доим тифлашро бо аснод мегардонад?" Корбари Фейсбук, фаъоли љомеаи шањрвандї Elena Yankelevich навиштааст, ки "ман дар њамон андешаи худ боќї мемонам-хулосаи ташхисгарони судиву тиббї нишон њамбастагии касбист. Ман гумон мекунам, ки дар бемористон беназоратї њоким буд, ки он билохира сабаби марги тифл шуд. Вале сарчашмаи ин фољеа њамоно беќонунї дар баробари модари љавон танњо ба он хотир аст, ки аз Русия нест. Вай корти тиббї дошт ва тибќи ташхиси охир комилан саломат буд. Ва дигар ин ки чунин беморї аслан наметавонист ба кўдаке, ки тануманду хуш парастишшуда аст, зоњир шавад. Барои он ки ин касалї рушд кунад, пас вай мебоист хеле хаставу нотавон ва системаи сироятпазирии баданаш заъиф мебуд ва ин маълумот дар аввалин ташхиси тиббї ошкор мешавад. Вале шахсан ман сарнавишти Умаралиро дар бемористон ин гуна тасаввур мекунам: духтур ва њамшираи тиббї тифлро муоина карданд ва диданд, ки вай тоза ва саломат аст, хўрок доданд ва тани танњо гузоштанд. Азбаски писарак аз ин пеш њаргиз аз модараш људо нашуда буд ва њамеша сари дасти ў ќарор дошт, дар танњої таоми хўрдаашро ќай кард ва онро фурў бурду роњи нафасашро гирифт. Тамом. Шояд сабаби дигаре њам бошад, вале ба њар њол гуноњ сари камбуди персоноли миёна ва хурд дар бемористонњои кишвар аст". Ва иќтибосоти хеле кутоњ аз навиштаи корбарони дигари Фейсбук: Валерий Герасько: "Тифлро на танњо режим ва њукумат кушт, ўро мо њама куштем, хомўшии мо, ризояти мо ба он чи атрофи мо мегузарад, кушт". Алла Одинцова: "Тифлро бидуни шак дар канораш набудани модараш кушт. Чї гуна метавон кўдакро зўран аз модар људо кард??? Ин дањшат аст". Дмитрий Бородин: "Ман чун падари фарзанди кўчакам, њамаи инро хуб тасаввур мекунам. Ваќте ўро касони бегона соњиб мешаванд, вай гирифтори ша-
Бобољони ШАФЕЪ РУСТАМ ВА ЗАРИНА НАЗАРОВЊО
дидтарин стресс мешавад". Дар ин росто тањлили корбари Интернет Behruz Himo дар Фейсбук љолиби диќќат аст: 1) Хадамоти муњољират нагузоштанд, ки сару либоси тифлакро пўшонанд; 2) пулис ба тифл чун тифли партовї санад тањия мекунад, ин њам дар њоле, ки модар ва модарбузургаш бо ў буданд (пулиси ФР бо шањрвандони Тољикистон њамеша чунин муомила мекунад); 3) кўдак њамаи ташхисњои заруриро дар дармонгоњ гузашта буд ва корти тиббии Русия дошт ва дар корт дар бораи бемории ў ишорае нест (инро њама ќабул доранд); 4) кўдакро бегоњии њамон рўз њам ба волидонаш надоданд ва омода буданд, ки субњи рўзи дигар бидињанд, яъне эроде ба саломатии тифл ба волидонаш набуд; 5) тифлро аз волидонаш танњо барои он кашида гирифтанд, ки яке аз онњо бидуни сабти аснод мезист (сафсата !); 6) ташхисгарони судї тасдиќ мекунанд, ки доѓњои кабуд дар бадани кўдак пеш ё баъд аз маргаш рў задаанд; 7) ташхиси аввал уфунати вирусии респираторї (ОРВИ)-ро сабаби марги тифл донист; 8) ташхиси дуюм вируси HCMV пайдо кард, вирусе, ки амалан дар њар гўшаи Сайёра вуљуд дорад ва миёни њамаи гу-
Вишневский имрўз дар сањифаи худ гузошт: "Зимнан, чаро хулосаи ташхиси тиббиро аввал на ба вакилони мудофеа ва волидони Умаралї аслан нишон надоданд, вале зуд расонаї краданд? То ин ки дар хабарњо ин иттилоъ расонда шавад, ки "Писарак аз ду сар мањкум ба марг буд? Ин боз дар остонаи интишори маърўзаи Шўрои њуќуќи башари назди Президенти Русия, ки амали пулисро ѓайриќонунї медонад? Ва нињоят: Мо бояд чї кор кунем? Ин суол њам аз мо нест, мутааллиќ ба Elena Yankelevich аст: "Бидуни шак бояд чуноне Tatiana Voltskaya ва Artemenko Galina пешнињод мекунанд, даст ба тазоњурот бояд занем ва талаб кунем, ки кормандони пулис тифлаконро аз оѓўши модаронашон кашида нагиранд ва бо муњољирон чун бо ѓайримуњољирон муносибат кунанд. Њар касе менависад, ки "ман ба муњољирон, яњудиён, ќафќозињо, зангиён муќаррарї ва табиї муносибат мекунам", метавон идомаи навиштаи ўро нахонд, зеро муаллиф бо онњо самимиву табиї муносибат намекунад. Ва ба ин митинг бояд новобаста ба он ки соњиби фарзанд њастем ё на, мансуб ба кадом ќавму миллат ва дидгоњи сиёсиву тамоили шањвонї дорем њозир шавем". TojNews
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
(Аввалаш дар шуморањои гузашта) Нам-нами борон меомад. Ним соате туи борон ба самти болои хиёбони Рўдакї роњ гирифтам, ки Иќбол - дўсти тољикам занг зад. Гуфт, биё, Водонасос, бо њам биравем як диску. Њарчанд зиёд њавсалаи чунин љое надоштам, аммо ќабул кардам. Як соате дар рестурони минтаќаи Дидор нишастем ва бо њам чойу шом хўрдем ва баъд аз он соатњои нўњуним бо мошин рафтем самти сохтмони баландошёна. Сари сохтмон пиёда шудем. Масофате бояд пиёда мерафтем. Иќбол хеле аз ин бор таъриф мекард. Мегуфт, дўсташ ин љост ва саъй мекунад пули вурудї нагирад ва љои наѓзест. Билохира, баъд аз тайи чанд хиёбон ва кўча расидем ба љое, ки рўйи сохтмон навишта буд "љим" (љойе, ки фаъолияти бадансозї мебошад). Аввалаш каме гиљ шудем. Фањмидам, ки бо ин њама таърифе, ки аз аз он љо мекард, худаш то њол наомада ин љо. Чизе ба ў нагуфтам, то бубинам чи кор мекунад. Як нафар он тарафи хиёбон Иќболро садо зад. Фањмидем њамон дўсташ аст, ки туи диску кор мекунад. Гуфт, "љим" зери замин аст ва диску боло. Рафтем боло, хеле хилват буд. Фаќат садои домпу домпи мусиќии хориљї буду чандто духтар ва писари љавон мераќсиданд. Мо каме аќибтар нишастем. Иќбол мегуфт, ин љо мизаш калонмаблаѓ аст. Туи дилам гуфтам, чизе, ки зиёд дидем аз ин борњост. Зани миёнсоле, ки пешхидмати ин љо буд, омаду гуфт: чї мехуред? Ман обљав супориш додам Иќбол пепсї, чун Иќбол машруб намехўрд, на ин ки мазњабї бошад, ба назарам аз занаш ва хонаводааш метарсид ва шояд њам њоле бењаш намедод. Ман њам исроре накардам. Ѓайр аз мо шаш нафари дигар њам буданд. Ин бор ќалён њам дошт ва он ќадар дуди ќалёну сигор ба њам печида буд, ки тасмим гирифтам зуд биём берун. Аммо ба хотири Иќбол то соати дањуним тоќат овардам. Агар барои ман љойи зиёд љолибе набуд, барои Иќбол љолиб буд ва хушаш омад. Ба назарам ин љур љоњо нарафта буд ё хеле кам дида буд. Мураттаб ба ман мегуфт, ин љо шаби якшанбе шулуѓатр мешавад ва бењтар аст. Гуфтам дилашро наранљонам ва ба ќавли худашон хафааш накунам, чизе нагуфтам. Иќбол туи њама чизњое, ки гуфта буд, як чизаш дуруст аз об даромад ва он ин, ки пул аслан аз мо нагирифтанд. Аз дўсташ ба хотири ин лутфаш ташаккур кардем ва ба самти хона роњ афтодем. Иќбол воданасос пиёда шуд ва ман њам рафтам болотари порки Айнї пиёда шудам. Људо одамњои љолибе њама љойњои дунё пайдо мешаванд. Субњ бо Њољї раис, сари шаб бо Зарина ва охири шаб бо Иќбол. Туи дилам мегуфтам, баъзе орзуњо чи ќадар кўчак ва зебост ва дастёфтанї барои баъзе одамњо ва баъзе орзуњо солиёни дарозе бояд чашмбароњаш буд, ки оё бароварда бишавад ё нашавад. Ба назарам ду чиз муњим аст барои орзуњо: яке умед ва дигаре талош барои расидан ба он. Имрўз чањоршанбе, 14 январи 2015 аст. Фикр кардам шояд имрўз њам бороне бошад. Парда, ки канор задам, дидам њаво нимаабрист. Хуб хобида будам. Мисли ин, ки дар Дубай ваќте аз хоб по мешавї, ангор як нафар сахт туро зада ва њама љойи баданат кўфтаву хаста аст, набудам. Эњсоси хубу сабуке доштам. Ба назарам иллат ин, ки дар Дубай њарчи одам мехобад, бозам эњсоси касалї мекунад, вуљуди кулурњои гозї ва аз тарафи дигар рутубати зиёди њавост, ки бадани одамро карахт ва бењол мекунад, чизе, ки хушбахтона, дар ин љо эњсос накардам ва субњњо, ки аз хоб бедор мешавам, эњсоси сарзиндагї ва хубе дорам. Дар маљмўъ ин љо табиати хубе дорад. Сару садои зиёди мошин нест ва њаво тару тамиз аст ва худ инњо боиси сарзиндагии бештари одам мешаванд. На трофике, на њуљуми сарсомовар мошинњо дар хиёбонњо ва на шитобе. Њама инњо даст ба дасти њам медињад, то раванди зиндагї оромишбахш бошад. Имрўз соати 3, баъд аз зуњр боз љаласаи њафтагии анљумани адабии Хайран-
НИГОЊИ ХОРИЉЇ
Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур деш (ба номи "Њамешабањор") дар китобхонаи миллии Тољикистон аст ва бо оќои Токї ќарор гузоштем, ки ќабл аз 3 ин љо бошем. Шеърхонї ва љаласаи анљуман соати 5-и аср поён ёфт. Чандто акси ёдгорї гирифтем ва дар фурсати андак баъд аз љаласа бо тане аз шоирон дар гуфтугў дар бораи шеър нишастем. Бо Оќои Хайрандеш ва љамъи он азизон худоњофизї кардем ва ба иттифоќи оќои Токї рафтем назди оќои Алишер Муњаммадї. Аз шоирони љавон ва хуб, ки дар њамон табаќа мудири бахши тољикишиносї буд то дар дафтарашон бештар дар бораи шеъри тољикї ва шеъри имрўзи Эрон суњбат кунем... Чун ваќти зиёд набуд, бо оќои Алишер худоњофизї кардем ва ба иттифоќи оќои Токї рафтем. Як хиёбон поёнтар аз майдони Сомонї буд. Дар як хиёбон фаръи тоблуи он пайдо буд. Бояд чанд пила боло мерафтем то ба он љо мерасидем. Ваќте рафтем, дидем чанд миз, ки эњтимол дуто аз мизњояш, ки ба назар меомад эронї њастанд, пур буд. Аз дур салому алайке кардем ва рафтем љилутари он васат нишастем. Оќои Токї зуњр њам чизе нахўрда буданд. Дидем ќимати ѓизоњояшон нисбати чунин љое муносиб аст аз 16 сомонї то 35 сомонї буд, мо низ ѓизо супориш додем. То чўљакабоб ва пурњасиби заминї оварданд, бист даќиќа тўл кашид. Дар ин њин оќое дошт оњангњои тољикї мехонд. Фазои хубе дошт. Явош-явош ду зани тољик омаданд ва бо таронањои тољикї, ки пахш мешуд, мераќсиданд. Таи муддате, ки омада будам, дўст доштам раќси тољикиро аз наздик бубинам ва ин фурсати хубе буд. Дар идома як нафар омад байни барнома раќси туркї - арабї карду рафт. Дубора ду нафар омаданд бо либоси мањаллї раќси тољикї карданд ва ман њавосам набуд, ки набояд филм гирифт, аммо дигар аз њар раќсе чандсонияї гирифта будам. Оќои Токї њам барои аввалин бор омада буд чунин љое. Фазои хуб ва муносибе њатто барои хонаводањо буд на барои филм гирифтани онњо бо дурбини мобил. Асло муносиб набуд, аммо барои ёдгорї ва хотира доштан аз як сафар бад набуд. Ду соат он љо будем ва охир як нафар омад сари мизамон ва бо мо салом алайк кард, аз мо пурсид куљої њастем, мо њам гуфтем эронї, худашро муаррифї кард гуфт аз коргардони Афѓонистон мебошад ва доранд дар ин љо як филм барои коноли "Ориён" созанд ва идома дод афроди сари мизаш аз дастандаркорони филм ва тањиякунанда ва яке аз бозигарон њастанд. Баъд он бозигари љавон ба мо мулњаќ шуд ва гуфтугўи бештареро рољеъ ба синамо ва филму мушкилот он љо доштем. Воќеан филм сохтан дар Афѓонистон бо ин даргирињо ва мушкилоти мухталиф ва фарњангу суннате, ки вуљуд дорад, коре бас душвор аст. Дар байни суњбат аз оќои Муњсин коргардони машњури эронї суњбат шуд ва таъсире, ки эшон бо филмњояшон дар Афѓонистон ба љо гузоштаанд. Оќои Саид Саъидї коргардон
бо эшон њамкорї доштаанд. Аз вазъияти ноамнї дар Афѓонистон аз оќои Саъидї суол кардам. Эшон гуфтанд ин тавр, ки дар матбуот ва хабаргузорињо менависанд, нест. Дуруст аст, ки мушкилот дорем, аммо хабаргузорињое мисли БИ БИ СИ ва ѓайрзабон ноамнї дар Афѓонистонро бузург мекунанд. Гуфтам, дўст дорам Афѓонистонро аз наздик бубинам. Гуфтанд, мо њафтаи оянда бармегардем ба Афѓонистон ва аз роњи заминї меравем. Хушњол мешавем бо мо биёед. Дар идома аз муштарокоти фарњангї, мазњабї ва забонї гуфтем ва њис кардем афѓонњо худро нисбат ба тољикњо ба мо наздик медонанд ва табиї њам буд. Чун онњо бо хат ва забони мо ошно њастанд ва хеле аз донишљўён ва аз тањсилкардањои онон дар Эрон тањсил кардаанд ва таи беш аз се дањаи љанг дар Афѓонистон бисёре аз онон кор карда ва рафтуомади мудом доштаанд. Дар кулл эшон ба некї аз мардуми Эрон ёд карданд ва ман њам барояшон орзуи оромишу сулњ ва муваффаќият барои мардуми Афѓонистон кардам. Њангоми худоњофизї мудир ва масъули гурўњашон низ назди мо омад ва бисёр самимї чанд лањзае бо мо њарф заданд. Онњо, ки рафтанд, чанд даќиќае баъд мо њам рафтем. Оќои Токї рафтанд Зарафшон, ман њам рафтам самти порки Айнї ки наздикии хонаам буд. Соат 11-и шаб буд. Туи кучае, ки аз сари хиёбон ба самти манзил буд, ба ќавли авазињо, тутхун њам пар намезад ва хеле сокиту хилват буд. Хушбахтона, дар ин муддат он ќадар дар ин минтаќа рафтуомад доштам, ки њељ эњсоси нигаронї надоштам ва аз бобати амният њам хаёлам роњат буд. Дохили хона бар хилофи берун гарм буд. Либосњоямро даровардам ва чойе дуруст кардам. Дидам яке аз конолњо филми эронї дорад пахш мекунад. Нишастам ва нигоњ кардам. Намедонам, ки рў ба рўи телевизиюн хобам бурда буд. Нисфњои шаб аз хоб бедор шудам, хеле ташна шуда будам. Дидам об ќатъ аст, аммо туи яхчол як коса ях дорам. Сабр кардам, то каме об шуд, хурдам. Рафтам бихобам, дидам аслан хобам намебарад. Дидам зўр задан барои хобидан гуноњи кабира барои маѓз мањсуб мешавад. Конолњои телевизиюнї яке ду то кардам як филми эронии дигар нигоњ кардам. Соат 6-и субњ шуда буд, аммо њанўз њаво комилан торик буд. Гирифтам хобидам ва субњ соати 10 аз хоб бедор шудам. Ќисмати 16 (15.01.2015) Имрўз њаво офтобист ва чандон сард нест. Чилчили парандањо аз пушти панљара шунида мешавад. Гунљишку майна ин љо хеле зиёд њастанд. Кабўтар ва калоѓ њам дорад ва гоњ-гоње ќумрї низ дида мешавад. Ин паррандањо дар њама љои дунё бе визо ва поспурт њузур доранд. Каме биринљ ва як мушт тухми офтобгардон доштам. Рехтам пушти панљара то бихуранд, туи њавои сард ва зимистон пар-
рандањо камтар дон пайдо мекунанд. Хуб аст агар љое дидем, ки њастанд дон ё чизе барошон бигзорем то бихуранд. Дидам, њолу њавсалаи берун рафтан надорам. Нишастам то теъдоде аз шеърњо ва дубайтињои мањале, ки солњо натавониста будам љамъу љўрашон кунам, саре бањашун бизанам, ки хушбахтона, баъд аз зуњр нисфи онњо љаамъу љўр шуд. Дидам гурусна њастам ва субњона њам нахўрда будам. Биринљу гўшти якњавое дар чинї дуруст кардам. Њавосам бањраш набуд, шуста аз об баромад. Аммо хушмазза шуда буд. Баъд чанд тое рахти шусташудаи хушкшуда доштам, ки уту накарда будам. Онњоро бо зањмати зиёд уту кардам. Аз ин уту кардан воќеъан хушам намеояд. Барои њамин бештари либосњое, ки мехарам, тавре мегирам, ки агар уту њам нашавад, бишавад як хурда софаш кард ва пўшид. Сари шаб њам каме китоб хондам ва телевизиюн нигоњ кардам. Имрўз тамом ба истироњат гузашт ва бад њам набуд. 16.1.2015 Имрўз љумъа аст, аммо дар ин љо њама кор мекунанд. Чун якшанбењо ба расми урупоињо рўзи истироњаташон аст. Аз чанде аз тољикњо шунида будам, ки ин љо порки зебое дорад, ки аз баќия бузургтар ва зеботар аст. Бо номи порк ё он гуна, ки худашон мегўянд, боѓи ботаникї. Субњ каме зудтар баланд шудам. Њаво комилан хуб буд ва бештар офтобї буд то абрї. Аз самти порки Айнї ва минтаќаи воданасос то он љо ду истгоњ роњ буд. То воданасос пиёда рафтам ва чун масирро даќиќ намедонистам, савори хати 17.82, ки мегуфтанд, аз канори он боѓ мегузарад. Бо мошин њудуди 7 даќиќа роњ бештар набуд. Дарбон дар ваќте дид ман дохил шудам, гуфт: баргард. Гуфтам чаро? Гуфт, бояд 5 сомонї бобати вуруд ба порк бидињї. Њамон љо пул додам ва рафтам дохили боѓ. Вуруди порки ботаникї дохили ин хиёбон аз дари шимолии он буд. Фазои тафкикшудаи мушаххассе надошт. Бештар шабењаи порк љангале буд. Каме, ки рафтам, љилутар бар зебоии он афзуд. Дарахтони бузурги чинор ва сарвњои сарбафалаккашида ва кољњои бузург худнамої мекарданд. Алъон, ки фасли сарди зимистон буд, ба назар зебо ва босалобат набуданд. Мутмаинам дар бањор ва тобистон бисёр зеботар хоњанд шуд. Дар масир чандто акс аз дарахтони тануманд ва куњансоли ин љо гирифтам. Ба назарам баъзе аз онњо дувист сол њам бештар умр доранд. Дарахтшинос нестам, бар асоси бузургиашон мегўям, чун яке аз онњо њадди аќал давр то даври танааш беш аз се метр буд. Дохили порк як чойхона дошт дар васатњои порк, ки иљозаи вуруд надоданд. Дохили боѓ маъмуроне њастанд, ки мувозиби покизагї ва нигањбонї аз дарахтон ва фазои он љо њастанд. Як масири мустаќим то интињои ин порк буд, ки ба назарам беш аз се километр тўлаш буд ва як масири баргашт. Дар масирњо асбоб ва васоили варзишї
МУСОЊИБА
буд. Барои касоне, ки алоќаманд ба варзиш њастанд. Одамњои зиёде дар ин субњ набуданд; љавонњо бештар буданд. Ба хусус духтару писарњои ошиќ ва писароне, ки бо дўстдухтарашон дар ин боѓ ва дар фазои хилват; хилват карда буданд ва наљво мекарданд. Касе коре ба онњо надошт. Рањгузарон њам ба роњатї аз канорашон мегузаштанд. Аз маъмурони онљо пурсидам, ки дар дигар фаслњо порк ва боздидкунанда чї тавр аст? Гуфт: Хеле зиёд меоянд ва алъон сард аст ва гулњову сабзањо наметавонанд дар ин сармо бирўянд. Аммо дар бањор ва аввали тобистон ин љо хеле зебост. Дар масири баргашт чанд акс гирифтам то расидам ба дари шарќии он, ки хеле зебо буд. Ин дар мустаќим ба хиёбони аслии Рўдакї роњ дошт. Ман чандин бор пиёда аз Рўдакї гузаштам ва њељ ваќт фикр намекардам дар ин хиёбон боѓи ботаникї њаст. Дами дар, ки ду маъмур истода буданд, аз онњо хоњиш кардам як акс аз ман бигиранд. Гуфтанд, мо њаќи акс гирифтан аз касе надорем. Дами дари вурудї наќшњое бар девор буд, ки марбут ба даврони њахоманишї буд. Яке аз онњо, ки фањмид ман эронї њастам чанд савол аз ман дар бораи Эрон кард. Баъд фањмидам бародараш дар Зоњидон, дар донишгоњи он љо дарси динї мехонад ва куллї аз ислом ва дин бароям гуфт. Барояш гуфтам, бирав Эрон, бештар бубин њатман хушат меояд. Гуфт, меравам як замон. Аз онњо худоњофизї кардам ва роњ уфтодам. Ваќте печидам туи хиёбони Рўдакї дидам назди як сохтмон маѓозае саноеи дастї мефурушад. Хонуми миёнасол буд. Фаршњои худашон, намади рўи мизї ва рўитахтї ва љуробу либоси мањаллї. Колои занон њангоми издивољ ва ѓайра дошт. Бештари аљнос дўхтанињое буд, ки бо абрешим бофта шуда буд. Мегуфт, алъон мисли собиќ чизњои хуб намебофанд ва инњо, ки мебинед, бештар дар рустоњо мебофанд ва кори дастї аст ва хеле рўи инњо кор шудааст. Рост њам мегуфт аз он тип одамњое набуд, ки ба њар тариќе мехоњанд чизе ба ту бифрўшанд, набуд. Чанд љинс пурсидам ба баъзењо, ки мерасид мегуфт, инњо асл нест ва љинсњое њам буд, ки мегуфт инњо аз Чин омада арзон њастанд, аммо арзиши корї надоранд ва мошинї њастанд. Чи ќадар хуб аст одам чунин садоќат дошта бошад, ки барои пул даровардан нахоњад ба њар дареву њар дурўѓе даст бизанад, то љинсаш бифрўшад. Номаш Гулѓунча буд ду таркиб зебоии гул мисли аљносе, ки мефурўхт номаш бисёр суннатї ва зебо буд. Ду таки кўчак аз корњои дастї харидам. Аз ў ташаккур кардам ва роњ уфтодам ба самти чойхонаи Роњат. Дидам пушти теотрхонаи Лоњутї Њаким, дўсти
тољикам, ки ќаблан рў ба рўи чойхонаи Роњат як маѓоза дошт, он љо истода. Рафтам пешаш. Гуфт, ки он маѓоза рањо кардам чун иљорааш 750 долар дар моњ буд. Ва дигар нагирифтам ва њоло омадам дар ин рестурон, ки ѓизо мефурушад. Рафтам дохили ќањвахуна. Рестуроне фаќирона буд. Рў ба рўи як мадрасаи бузурги русзабон, бо миз ва сандалињои плостикї. Гуфт, ки ин ќисматро аз соњиби ресторун моње 300 доллар иљора кардам. Аввалаш даромадаш хуб нест баъд, ки ошно шаванд, хуб мешавад. Гоње аз њавсала ва сабурї ва гоњ бехаёлии мардуми тољик тааљљуб мекунам. Яке аз эронињо, ки аз соли 2009 ин љо машѓули касбу кор буд ва корњои сохтмонї анљом медод, мегуфт, оќои Фарњод, ман шарике доштам, ки кораш ба марњилаи варшикастагї уфтода буд. Ман агар љои ў будам, то њоло дањ бор сакта карда будам, аммо ин одам ангор наангор, ки дар њоли варшикастагї аст. Бигў бихандаш, ки ба ман њам дилдорї медод. Он љо як оши худашон, ки палав бо њавиљи сурхшуда ва каме гўшт аст, супориш додам. Њаким кор дошт, рафт; ман мунтазири дўстам будам, ки бо њам биравем зуупорк, яъне боѓи вуњуш. Чанд даќиќае нагузашта, ки дидам дўстам љилуи чойхонаи Роњат њастанд. Њамроњашон яке аз дустони эшон буд, ки исфањонї буданд ва чандин сол буд, ки дар Тољикистон зиндагї мекарданд. Њанўз ваќте буд, ки биравем зуупорк. Бо иттифоќи дўсти дўстамон рафтем дохили чойхонаи "Роњат" нишастем ва чойе супориш додем ва куллї њарф задем. Баъд аз он љо аз дўсти исфањонї худоњофизї кардем, рафтем боѓи вуњуш. Ќабл аз расидани боѓи вуњуш наздики ин љо рўдхонаи бузурге њаст, Душанберо аз васат ба ду мекунад. Об каме дар он љараён дошт, истодем акс бигирем. Дўст доштам акси дунафара њам дошта бошем. Чанд духтари љавон, ки он љо рад мешуданд, ба онњо гуфтам мешавад аз мо акс бигиред, ки онњо њам ќабул карданд ва дўстонашон њам омаданд канори мо акс гирифтанд. Духтарони зебо ва ќашанг бо симои тољикї. Мутмаинам агар эронї буданд, то њоло сад фањш ва носазо борамон карда буданд. Аз онњо ташаккур кардем ва ба роњамон самти боѓи вуњуш идома додем. Дами дари боѓи вуњуш дастфурўшњо анвои чизњо мефурухтанд. Каме тухмї харидем. Вуруди боѓи вуњуш нафаре ду сомонї буд. Ба назарам арзон буд. Аз њайвоноти он љо, ки шабењи бештари боѓи вуњушњо буданд, чандто акс гирифтем. Боѓи вуњуш тамиз ва мураттаб набуд ва на фазои чашмнавозе дошт. Ба хусус ќисмате, ки дар он морњо буданд ва аквариуми моњињо хеле хафакунанда ва муњити бисёр торик ва бадбўе буд. Эњтимо-
лан ин макони ин боѓи вуњуш аз даврони шўравии собиќ ба љо монда буд. Њарчанд дўстам мегуфт, ки хаёл накунам аз аввал ин љо барои порк ё боѓи вуњуш сохта бошанд. Имкон дорад ин љо корхонае буда, ки баъд тасмим гирифтаанд боѓи вуњуш кунанд. Дар њар њол ба диданаш меарзид чун то одам нарафта љое намедонанд чї хабар аст. Ман њам њамин тавр будам. Чизи дигаре интизор доштам, ки он набуд. Аммо давлат ва масъулин метавонанд бо андаке таѓйирот ва назорати бештаре ва њазинаи каме ин љоро љозибтар ва диданитар кунанд ё ин ки дар њошияи шањр ва љои бењтар боѓи вуњуши дархури шањри Душанбе бисозанд. Агар ин корро бикунанд, мутмаинам боздидкунандаи бештаре хоњад дошт. Як соат ва анде он љо будем ва баъд ба самти хонаи дўстам, ки дар минтаќаи Зарафшон буд, пиёдаравї кардем. Дидам канори кохи "Наврўз" њутели "Њаят риљанси" аст ва каме болотар кохи Борбад. Чандто акс гирифтем ва чун ѓуруб буд, нарафтем он љоњо. То майдоне, ки муљассамаи Ибни Сино дар он буд, пиёда рафтем ва аз он љо бо мошинњои хатї рафтем Зарафшон. Шаб низ хонаи дўстам мондам. То дер ваќт ва ними шаб бо њам аз њар даре њарф задем ва баъд хобидам. Ман маъмулан туи хонаи касе роњат намехобам. Шояд шумо њам њамин тавр бошед, чун ќадимњо зиёд хурупуф мекардам, аммо чанд соле буд, ки хабаре аз хурупуф набуд. Аммо субњ, ки по шудам, дўстам гуфт маълум хуб хобидї. Чун хурупуфат баланд буд, каме шарманда будам ва тасмим гирифтам аз он шаб ба баъд хонаи ў нахобам, музоњими хоби касе нашавам. Ќисмати њафдањум. (17.1.2015) Оќои Токї ќарор буд барои кораш, ки хариди як мошини комюн буд, биравад шањри Хуљанд (Хуљанд аз шањрњои ќадимї ва бисёр муњими Тољикистон аст, ки мутаассифона, натавонистам он љо биравам). Дўстам ба ман њам гуфт, агар меої, бо њам биравем. Чун рўзњои шанбе рўзи намоишгоњи фурўши мошинњои сангин аст ва дасти дуввум аст. Ман бо вуљуде, ки дўст доштам биравам Хуљанд, аммо аз ин ки як масири тўлонї ва кўњистонї 6 соатаи пур аз барф бояд тай мекардем, ќабул накардам. Тоза намедонистам дар он масир бо бориши барф рў ба рў бишавем ё на. Субњ, ки по шудем, њаво нимаабрї буд. Эшон низ тардид доштанд, ки биравем ё на. Барои њамин субњонае бо њам хўрдем ва каме нишастем. Дидам тардиди ў бештар шуда ва аљалаи ба рафтан надоранд. Ман њам чизе нагуфтам. Худашон гуфтанд шояд баъд аз зуњр бира-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
9
вам, ки баъд тасмимашон иваз шуд ва бо њам рафтем Донишгоњи Миллии Тољикистон. Донишгоњи Миллии Тољикистон, ки яке аз бузургтарин донишгоњњои ин кишвар аст, дар минтаќаи бисёр зебо ќарор дорад, ки аз хиёбони аслї то он љо ба василаи пулњои убур рў ба он љо мераванд. Муњити канории он бисёр дилбоз ва хуб аст. Ин донишгоњ дар соли 1948 таъсис шудааст ва њудуди 17000 донишљў дар риштањои мухталиф дорад. Дўсти мо бо раиси донишгоњ ва раиси курси забон ва адабиёти форсї ва забони арабии Донишгоњи миллї оќои Умар Сафар ошно буд. Мо ба дидори эшон дар табаќаи 4-и ин Донишгоњ рафтем. Дар утоќи бисёр сода ба иттифоќи муншии эшон дар он љо буданд ва баъд аз ањволпурсї ба гуфтугў дар бораи донишгоњ ва мавќеияти забони форсї пардохтем. Ман дар ин робита чанд савол аз эшон кардам, ки посухи оќои Умар Сафар чунин буд: Курси адабиёти форсї ва арабї ба таври расмї аз соли 1970-и шуравї ба кор сар карда, аммо забон ва адабиёти форсї хеле ќадимитар будааст. Дар ин љо 9 устод дорем, ки дар риштаи адабиёти форсї ва забони арабї тадрис мекунанд ва аз коршиносї то коршиноси аршад дорем. Дар њоли њозир 120 донишљў дар ин ришта дорем. Донишљўёни тољик мушкилї барои вуруд надоранд. Ва њазина њар сол барои адабиёти форсї 1000 доллар ва барои забони арабї 1500 доллар аст. Аммо барои донишљўёни хориљї, ки ба Донишгоњи миллї меоянд, 1500 доллар дар сол мебошад. Албатта мо ин љо хобгоњи донишљўї дорем, ки њазинаи ин барои њар фард дар моњ чизе њудуди 30 доллар аст ва дар њар утоќ маъмулан ду донишљў њастанд ва хобгоњ аз оби гарм ва системаи гармоишї бархурдор мебошад ва имконоти лозимї дорад. Дарсњое, ки дар ин љо дода мешавад, дар кулли Донишгоњ ба забони тољикї ва бо хати сиррилик аст. Аммо дар риштањои адабиёти форсї ва арабї њар се хат, форсї, арабї ва тољикї низ корбурд дорад. Донишгоњи миллї то кунун барномањо ва њамоишњои мухталиф дар ин замина баргузор карда, ки охирини он ду сол пеш бузургдошти шоираи бузурги эронї хонум Симини Бењбањони буд, ки мавриди истиќболи фаровон ќарор гирифт ва ќабл аз он дар солњои оѓозин шоири гаронќадри эронї Сиёвуш Касрої чандин бор ва тайи солњои мухталиф 1986, 87, 89 дар Донишгоњи миллї суханронї доштанд ва дар бузургдошти Лоњутї, дар бузургдошти Њофиз ва андешањои Њофиз ва дар бораи Нимо ва шеъри нав суханронї карданд, ки наворњои он ба назарам мављуд бошад. Дар поёни гуфтугў чанд саволи љанбаї низ аз ў пурсидам. Ин ки дар Тољикистон чанд донишгоњ аст ва чанд дар сади донишљўён духтар ва писар њастанд? Донишгоњњои муътабар ва муњиме, ки то ин љо ба ёд дорам, Донишгоњи миллии Тољикистон, Донишгоњи омўзгорї, Донишгоњи политехникї, Донишгоњи тиббї(пизишкї), Донишкадаи тиљорат, Донишкадаи санъат ва адабиёт (Дар Тољикистон санъат ба маънои фан ва њунар аст. Дар ин љо ба маънои донишкадаи њунар ва адабиёт аст) Дар Тољикистон бар хилофи Эрон, ки гоњ теъдоди донишљўёни духтар беш ё њамсони писарњо њастанд, теъдоди духтарони донишљўи мо 30 то 35 дар сад ва донишљўёни писари мо 65 то 70 дар сади тањсилкунандагон њастанд. Баъд аз он ки донишљўён дар ин љо фориѓуттањсил шудаанд, барои онњо љои кор њам њаст? Кор њаст, аммо он кори муносибе, ки битавонад бо таваљљуњ ба тањсилаш ва зањмате, ки кашида маош намояд ба сахтї гир меояд ва хеле аз онњо дар бозор ба кор машѓуланд. Ё дар шуѓле ѓайри тахассус ва омўзиш, ки ёд гирифтаанд, кор мекунанд, ки умедворам ин вазъ бењбуд ёбад. (Идома дорад)
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
Мољарои суќути њавопаймои русї дар Миср вориди марњилаи тоза шуд. Бегоњии якшанбеи њафтаи сипаришуда нашрияи британиёии "Sunday Times" истинодан ба манбаъњои худ дар њукумати Британияи Кабир хабар дод, ки дар суќути њавопаймои А321 сарвари гуруњи террористии "Давлати исломї" дар Синои Миср Абу Усома ал-Мисрї даст дорад. Тибќи навиштаи ин нашрия, Мисрї шахсиятест, ки аз хеле замон то њоло дар маркази таваљљуњи хадамоти амниятии Британия ќарор дошт ва ин кишвар њозир буд ба Миср ва Русия барои аз байн бурдани ў кўмак кунад. Аммо ин иќдом танњо дар сурате муяссар мешавад, ки гуруњи вокуниши сареъи Британия SAS дар Миср мустаќар шавад. Маљаллаи "Дунёи иќтисод" низ як тањлили фарогир дар њамин замина интишор додааст ва гуфтааст, ки беш аз њар ваќти дигар далоили бар асари њамлаи террористї сарнагун шудани њавопаймо ќавї мешавад. Ин нашрия аз як гузориши ширкати телевизионии амрикоии СиЭн-Эн иќтибос меорад, ки мегўяд, њанўз моњи августи соли равон њавопаймоии британиёї, ки ба Шарму-ш-Шайх парвоз карда буд, ба хатари њамлаи мушакї рў ба рў гардид. Мушаке, ки аз замин партов шуд, ба тайёра исобат накард, вале хеле наздик "аз бехи гўшаш гузашт". Ин ду рўйдод таќрибан дар як нуќта рух додааст, њавопаймои инглисї тавонист аз мушак худро саломат ба замин расонад, вале тайёраи русї суќут кард. Он замон њавопаймои британиёї беосеб ба замин нишаст, вале барои воњима нашудан, аз мусофирон њодиса пинњон дошта шуд. Сухангўи давлати Британиё ба Си-Эн-Эн гуфтааст, ки "мо он замон рўйдодро баррасї кардем ва ба ин натиља расидем, ки њамла њадафманд набуд ва наметавон онро ба шибњинизомиён нисбат дод. Эњтимолан артиши Миср дар он замон дар њоли анљоми манёври низомї буд, ки ин иттифоќ барои љити британиёї рух дод". Ин нашрия менависад, ки он чї ба сари њавопаймои Русия омад, дигар аст. Амрико, Британиё ва коршиносони дигари аврупої фарзияи бомбгузорї дар онро пеш меоранд, аммо инро њукумати Миср рад мекунад. Маќомњои амниятї мегўянд ба эњтимоли зиёд ин бомб ба сурати бори мософир ба њавопаймо мунтаќил шудааст. Гумон бар ин меравад, ки бомб дар мањалли бори мусофирон љососзї шуда буд. Си-Эн-Эн ба наќл аз коршиносон мегўяд, "садои сабтшуда дар кобини халабон нишон медињад, ки инфиљор сурат гирифта ва он амре тасодуфї нест. Шабакаи фаронсавии 2 њам гузориш дода, ки "њеч нишонае аз нуќс дар системаи њавопаймо тайи парвози аввалия вуљуд надорад". Русњо дар ибтидо фарзияи суќутро рад мекарданд. Бо таваљљуњ ба ин ки русњо дар ќазияи суќути њавопаймои малайзиёї дар Украина (ки гуфта мешавад неруњои њаводор ба Русия онро суќут дода буданд) эњтимоли террористї буданро рад мекарданд, дар ќазияи суќути ахири њавопаймо њам ин фарзияро рад хоњанд кард. Аммо ба гузориши Си-Эн-Эн бо таваљљуњ ба шавоњиди иттилоотї, ки маќомњои иттилоотии Британиё ва ИМА дар ихтиёри Путин ќарор додаанд, зоњиран маќомњои Кремлин ба сўйе мераванд, ки чорае ба љуз тайиди террористї будани ин њодиса надоранд. Фарзияи бомбгузорї замоне ќувват гирифт, ки рўзи чоршанбеи гузашта Британиё ба дале-
Аврупо дар талоши бозори нави газ барои таъмини эњтиёљоти худ шуд. Ќарор аст сар аз соли 2017 аксари мамолики Аврупо аз истифодаи негугоњњои ќадимии ангиштї даст мекашанд ва рў ба истифодаи газ меоранд. Ин аст, ки аксари кишварњои содиркунанда чашм ба бозорњои ин мамолик дўхтаанд, њатто давлатњое њам, ки марзи муштарак надоранд, дар талоши онанд, ки њиссае аз ин бозорро моли худ кунанд. Аз љумлаи ин талошгарон Эрон аст ва шояд шонси бештаре њам ин кишвар дорад. Вале мушкил он аст, ки Эрон хати интиќоли мустаќими газ бо Аврупо надорад. Коршиносони иќтисодї талошњои Эронро барои роњ ёфтан ба бозори тиљорати газ ба Аврупоро "љанги нобаробар" хондаанд, аз он ки њама имкононотро дорад, ба љуз он ки роњи содироти гази худ ба Аврупоро надорад. Тибќи иттилои расонаишуда Эрон калонтарин дорандаи захирањои газ дар олам аст ва оморњои мављуда њикоят аз он доранд, ки дар ин кишвар дар айни замон 34 трилион метри мукааб газ нуњуфта дар зери замин аст. Воќиф Шарипов, тањлигари "Trend News Agency" (Озарбойљон) бар ин назар аст, ки талоши Эрон ба касби бозори Аврупо хеле љиддист ва њатто агар донад, ки бидуни фоида вориди ин бозор мешавад, даст аз талош
ЉАЊОН
СУЌУТИ А321 Њавопаймои русї дар Миср таркид? ли амниятї ва тањдиди хатарњои террористї парвози њавопаймоњояш ба Шарму-ш-Шайхро то ваќти номуайян манъ кард. Охири њафтаи гузашта ба њамин монанд дастурро Путин низ дар Маскав имзо кард ва њоло њавопаймоњои Британиё ва Русия ба он самт парвоз намекунанд. Райиси љумњури Амрико Барак Обама њам аз ибтидо гуфта буд: "Эњтимоли бомбгузорї љиддї аст". Њамин тариќ бо далоили дигар фарзияи бомбгузориро таќвият доданд ва рўзи љумъа хадамоти амниятии Британиё гузориш дод, ки бомб тавассути як корманди фурудгоњи Шарм-ал-Шайх вориди њавопаймо карда шудааст ва он бори кадом мусофире набуд. Миср инро рад мекунад ва нашрия сабаби такзиб аз љониби маќомоти мисриро тарси ин кишвар аз коњиши сайёњон ва афтиши туризм дар мамлакат медонад, ки метавонад ба буљаи он хисорат ворид созад. Вале як моќоми аршади мисрї ба шарти фош нашудани исмаш гуфтааст, ки давлати Миср амалан воќеъият доштани фарзияи бомбгузориро рад намекунад. "Дунёи иќтисод" менависад, ки рўзномаи инглисии "Гордиан" назар ба њамаи нашрияњои дигар фарзияи бомбгузориро бо љиддият пайгирї мекунад. Ва ин нашрия ахиран навишт, ки билохира коршиносони фаронсавї ва мисрї, ки сандуќи сиёњи њавопайморо бо таваљљуњи хоса мавриди омўзиш ќарор дода буданд, эълон
карданд, ки садои таркиши бомб дар он шунида шудааст. Ин рўзнома ба наќл аз шабакаи телевизионии фаронсавии 2 гузориш медињад, ки баррасињо инфиљори бомбро тайид мекунанд ва ин масъала эњтимоли нуќси фаннї бо иштибоњи халабонро рад мекунад. Дар ин гузориш омадааст, ки халабонон ба сурати табиъї бо бурљи муроќибат тамос доштаанд, то ин ки бомб ногањон мунфаљир шуд. ДОИШ масъулияти ин бомгузориро ба уњда гирифт ва њатто рўзи чоршанбе бо пахши як навори савтї расман эълон кард, ки њавопаймои русиро мањз њамин гуруњи террористї сарнагун кардааст. Аммо дар ин миён танњо фарзияи бо мушак афтонидани њавопаймо рад шудааст. Муътабартарин фарзия њамон аст, ки "Гордиан", Си-Эн-Эн ва Ал-Љазира наќл кардаанд. Яъне, бомб аз љониби як корманди фурудгоњ дар љомадоне ба њавопаймо ирсол шуда буд. Муаллифи маќола бар ин назар аст, ки агар амали террористї будани суќути њавопаймо комилан исбот шавад, ин масъала метавонад боиси нигаронї дар афкори Русия гардад ва њазинањои Путин барои мубориза дар Сурияро боло барад. Коршиносон ин њодисаро дар торихи Русия ва Шўравї бесобиќа хонданд ва њатто онро чун фољеаи 11-уми сентябри Амрико мусибатнок номиданд. Даниэл Трузман, тањлил-
Гази Эрон ба Аврупо намебардорад. Дар ин бора тањлилгар ба суханони муовини вазири нафти Эрон Амир Њусайн Замониён истинод мекунад, ки аввали моњи ноябри соли равон дар суњбат бо расонањои хабарї ибрози назар намудааст. Воќиф Шарипов мегўяд, шояд Эрон газро чун сипар дар баробари тањримњои эњтимолї мехоњад истифода кунад. Замониён гуфтааст, ки ваќте равобити иќтисодї таќвият меёбад, ихтилофоти сиёсї наќши худро гум мекунанд. Ва ин имкониятњои тањримоти навро њам барњам мезанад. Аммо дар ин миён Арабистони Саудї низ дар талоши азхуд кардани ин бозорњост. Ин кишвар аз он ки арзиши нафт ба њадди ѓайриинтизор поин рафтааст, намехоњад истихрољ ва фурўши онро коњиш дињад ва сабаби ягона аз додани њиссаи худ дар бозорњои тиљорати нафт аст. Риёз бар ин бовар нест, ки дар њоли коњиш додани истихрољ дигарон ба вай пайравї мекунанд, чун медонад, ки раќибони бозории вай њатто дар миёни худи кишварњои арабї зиёданд. Аз сўйи дигар ин Аврупост, ки шадидан
дар талоши таѓйири сиёсати энержии худ аст. Бахусус, баъди буњрони Украина, ки эњтимол дошт Русия интиќоли газро ба як омили фишор табдил медињад, Аврупо дар фикри он уфтод, ки сари ваќт роњњи алтернативии воридоти газро пайдо кунад. Эрон он замон њам метавонист њамин роњи алтернативї бошад, вале тањримњо лаѓв нашуда буданд ва њоло њам ин тањримњо амал мекунанд. Аврупо њам медонад, ки барои вориди бозори гази Эрон шудан аввал бояд хати интиќоли оннро кашад. Аз сўйи дигар ба пойдории тавофуќе, ки бо Эрон кардаанд, худи аврупоиён камтар бовар доранд. Зеро ихтилофи назар дар Амрико њанўз боќист, неруњои мухолифи ин муоњада, аз љумла лобии яњудиён зиёданд, дар Эрон бошад Оятуллоњ Сайид Алии Хоманаї-роњбари руњонии ин кишвар ба иљрои тавофуќ хушбин нест. Метавон дар бораи хати интиќоли гази TANAP њарф зад, ки аз Туркия убур мекунад ва он њадаф дорад, ки гази Озарбойљонро аз соли 2020 ба Аврупо расонад. Мањз њамин Туркия метавонад як роњи осон ва наздики
гари Си-Эн-Эн менависад: "Ваќте ду рўз пеш аз суќуќти њавопаймои русї Путин дар телевизион њузур ёфт, то ба хонаводањои ќурбониён тасаллият бигўяд, чашмоне ашкбор ва нороњат дошт. Ин Путин бо Путине, ки ду њафта пеш аз он дар нишасти коршиносони байналмилалї дар Сочи њузур ёфта буд, мутафовут буд". Андаке пеш аз суќут Путин бо бо иќдомоте, ки њайрати љањониёнро барангехт, Башор Асадро савори њавопаймои русї ба Маскав овард ва сипас ўро бозгардонд. Русњо аз ин метарсиданд, ки Эрон баъди тавофуќи њастаї майл ба сўйи Амрико мекунад, вале чун дар Сурия канори Русия истод, хотирљамъ шуданд, ки Тењрон бо Маскав аст. Дар хотима тањлигари "Дунёи иќтисод" њадс мезанад, ки дар сурати амали террористї эълон шудани суќути њавопаймо Путин дар оѓоз метавонад муборизаи њавопаймоњояшро дар Сурия бо ДОИШ таќвият кунад ва дар ин самт бо давлати Ироќ вориди як эътилоф шавад. Аз сўйи дигар њатто метавонад ба сањрои Сино њам якљо бо неруњои давлати Миср вориди љанг шавад, то ќасоси њавопаймои суќутёфтаи худро ситонад. Тањияи Фирўзи МУЊАММАД
интиќоли гази Эрон ба Аврупо шавад. Солњои пеш миёни Анќара ва Тењрон сари ин масъала гуфтушунид њам буд, вале аз замоне, ки бањси атомї шуруъ шуд ва Ѓарю зина ба зина Эронро тањрим намуд, дигар аз тарњи он созиш њам касе ёд намеорад. Аммо њоло ки тањримњо лаѓв мешаванд ва гармие дар равобити Аврупо бо Эрон эњсос мешавад, Тењрон метавонад ба муоњадаи ќаблиаш бо Туркия баргардад. Вале акнун ба шакли дигар. Њамчуноне Воќиф Шарипов мегўяд, Эрон метавонад ба сањмияњои TANAP шарик шавад. Аммо барои ин бояд сањњомони ин тарњ, Озарбойљон, Британияи Кабир ва худи Туркия розї шаванд. Ва набояд фаромўш њам кард, ки миёни Туркия ва Эрон хати интиќоли газ вуљуд дорад ва тибќи оморњои расмї соли гузашта аз тариќи он 9 миллиард метри мукааб газ ба Туркия фурўхт. Ѓунљоиши солонаи ин хат 12 миллиард метри мукааб дар як сол аст, ки агар хоњад барои Аврупо низ аз он истифода кунад, пас ин њамагї љавобгўи 20 дарсад талабот аст. Эрон талош дорад баъди панљ сол истихрољи газро аз 170-170 миллиард метри мукааби имрўз ба 400 миллиард расонад. Ѓайр аз эњтиёљоти дохилї њоло ин кишвар азхудкунии бозорњои гази Аврупо, Њинд ва Чинро дар назар дорад.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
ТАБЛИЃ
11
ОЁ ЊУЉАЙРАЊОИ БАДАНИ ШУМО АЗ КАМБУДИ НЕРЎ РАНЉ МЕБАРАНД? Масъалаи хастагї барои аксари одамони Сайёра аз љумлаи мушкилоти муњимест. Пўшида нест, ки ба њуљайрањои бадани инсон барои фаъолияти пурсамар неруи тоза лозим аст ва бидуни дарёфти ин нерў мушкил аст њуљайрањо солим бимонанд. Ин як воќеъияти тасдиќшудаест. Мутахассисони ширкати QNet шеваи нави ба унсурњои гуногуни бадани инсон додани тавону нерўро кашф кардаанд. Изофањои нави биоложї он имконеро фароњам меоранд, ки одам худро њамеша дар њолати хуб тасаввур намояд. Дар шеваи зиндагии имрўз инсон ба маънои пурраи ин ибора саломатии худро аз даст медињад. Њуљайрањои бадан ба таъсироти манфї рў ба рў мешаванд, ки ба он стресс, радиатсия, хеле бад ѓизо тановул кардан, тарбияи бад ва одадњои бад ва ѓайраву њоказо таъсир мерасонанд. Системаи сироятпазирї низ дучори дарду ранљ мешавад ва ин муљиби он мегардад, ки муќовимати бадан ба беморињо ва вирусњои касалиовар заъиф мешавад. Заъфи системаи сироятпазирї хеле ба мушкил табобат меёбад. Дар натиљаи гирифторињо ќиёфаи инсон таѓйир меёбад, бадан ранљур мешавад, инсонро њолатњои заъфи руњиву љисмї фаро мегирад. Инро танњо метавон бо василаи дуруст пайи саломатї будан ва таваљљуњ ба организм ислоњ кард. Њар њуљайра шомили зарроти кўчакест, ба мисли њиссачањои хурд, макромолекулањо ва органелњо. Митохондрия ба охирї мутааллиќ аст, ки як унсури асосиву муњим ва љавобгар ба фаъолияти организм ба шумор меравад. Онро њатто "стансияи нерў" меноманд. Митохондрия ба љазби маводи ѓазої ва таќсими онњо барои таъмини њуљайрањо ва њамаи бадани инсон бо энержї љавобгар аст. Бинобарин бо њар њиссача ва зарроти зарардида бадан аз манбаъи нерўи њаёт мањрум мегардад. Бо аз даст додани нерў барои бадан мушкил мешавад амалњои лозимро анљом дињад ва дар ин њолат инсон хеле зуд эњсоси хастагї мекунад. Гузашта аз ин раванди пирї зудтар дар њаракат мешавад ва ба касалињо бештар гирифтор мегардад. Њамчуноне болотар таъкид кардем, ин раванд аввал системаи сироятпазирии инсонро хароб мекунад. Албатта, дар њамин њолат њам барои инсон њамаи имкониятњо барњам нахўрдаанд, њоло њам одам метавонад равандро ислоњ кунад, бадани худро ба њолати солимї баргардонад. Бо таѓйирот ворид кардан ба "буњрони энержии њуљайрањо" метавон тарзи њаётро низ дигаргун кард. Ва ширкати байналмилалии QNet
ба ин кўмак хоњад кард. Чанде пештар ин ширкат бренди мањсулот барои њаётро бо номи LifeQode муаррифї намуд. Зери ин бренд мањсулоти бењдоштї аз таркибњои табиї дар назар дошта шудааст. Дар њоли истеъмоли њамешагї шумо метавонед саломатии худро бењтар кунед, ба узвњои гуногуни бадани худ нерўи тоза ворид созед, онро бо ѓизоњои мухталиф бой гардонед. Ба мањсулоти биоложии LifeQode метавон вояњои нави хўрокї илова кард. Иловањои LifeQode ба он равона шудааст, ки талаботи њуљайрањои бадан ба моддањои ѓазої ќонеъ карда шавад ва тобоварии он ба касалињоро афзун кунад. Он барои касоне, ки новобаста аз зањматњо аз хастагии зуд ранљ мебаранд, як бозёт хоњад буд. Ин мањсулотњо инњоянд: "Berry Xtreme". Омехта аз 6 буттамеваи дорои антиоксидњои нерўманд, ки бадани инсонро бо меъёри "таркандаи" нерўву ќувват таъмин месозад ва њамзамон ба фаъолияти системаи дилу раг таъсири мусбат мерасонанд. "Kenta". Иловае, ки барои сокинони љазираи Окинаваи Љопон як таркиби асосї ба вояи хўрокии онњо мањсуб меёбад ва он бо номи "Дењаи умри тўлонї" низ машњур аст. "EDG3". Он аз аминокислотањое, ки ба њуљайрањо сатњи глутатионро боло мебаранд, иборат аст. Њамзамон он антиоксиданти хеле ќавї ба шумор рафта, тањрикдињандаи системаи сироятпазирї ва детоксикатор мебошад. Якљо бо интихоби дурусти вояњои хўрок ва сатњи фаъолияти љисмонї мањсулоти LifeQode ба бењбуди сифати зиндагї кўмак хоњад расонд.
QNET ДАР ПАНЉГОНАИ MOMENTUM RANKS Моњи октябри соли 2015 ширкати QNet ба панљгонаи аввали пешвоёни рейтинги љањонии Momentum Ranks ворид шуд. Ин мавќеи олї баёнгари рушди матлуби ширкат, иќтидор, нерўманд шудан ва ояндаи неки он аст. Рейтинг аз љониби вебсайти дар самти фурўшњои мустаќим машњури The Business For Home интишор меёбад. Дарёфти холњои зиёд дар системаи Momentum Ranks ба сармоягузорон ва соњибкасбони тиљорати серсоња (МЛМ) дар бораи њолатњои матлубу мусоид барои њамкорї бо муассиса башорат медињад. QNet - ягона ширкати маъруф дар бозорњои ширкатњои шабакавии Русия мебошад, ки дар ин рейтинг мавќеъи намоёнро соњиб шудааст. Сегонаи машњури амрикої ва пешвоёни аврупої дар сархати боло вуљуд надоранд ва ин нишон медињад, ки алњол шарикони онњо метавонанд рўйи ягон муъљизаи иќтисодї њисоб накунанд.
Рейтинги Momentum Ranks њар моњ чоп мешавад ва раддабандии он аз љониби мутахассиони тими Business For Home анљом мегирад. Мавќеъ бар пояи тањлили нишондодњои тими ширкат, натиљаи пурсишњо, њамчунин ба њисоб гирифтани маълумотњои "Alexa Rankings", "Talking About" ("Фейсбук") ва технологияи махсуси пўшидаи худи онњо муайян карда мешавад. Дар умум ќиёси "Momentum" аз дар ширкат мављуд будани њаракати рушд њикоят мекунад, ки барои зуд боло рафтани гуруњи дистрибюторон хос аст. Дар ин гуна њолатњо онњо имкониятњои калон ба комёбии бузург пайдо мекунанд. QNET - ин калонтарин ва як љамъияти рў ба рушди тиљорат ва соњибкории онлайн дар олам аст, ки аз соли 1998 ба як макони ба њам омадану муттањид шудани одамони гуногун, новобаста аз синну сол, ранги пўст, нажод, љинс ва њолати иљтимої табдил шудааст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
БО ШОИР
Ёдам омад, ки Шумо кањр кардед, Зиндагониро ба мо зањр кардед. Аввал аз мењр сухан овардед, Рўи рухсора ду то нањр кардед. Њис намудед, ки ман нодонам, Сода гуфтед ба ман, шарњ кардед. Гўлу гумроњ гумонам кардед? Се саду шаст њазор мањр кардед. Баъд аз он як-ду гувоњ овардед, Шиква аз мардуми ин шањр кардед. Фикр кардед, ки Худованд њастед? Ханда бар тангии ин дањр кардед. Њуснатон њусни расо буд, набуд Овањ, овањ, ки аз он фахр кардед... Шукр кардам, ки Шумо кањр кардед, Зиндагониро ба мо зањр кардед.
АБДУВОЊИДИ ЗЕВАР
Ваќте ту нестї…. Ваќте ту нестї, Деворњо шикаста метобанд, Оинањо зангида Ва обњо гандида. Ваќте ту нестї, Гиребони оњарии маро Ки уту мезанад Ва галстуки сурхи маро ки мебандад?! Ваќте ту нестї, Субњ чатрамро фаромўш мекунам ва Дар зери борон тар мешавам… Ва… Чун бегоњ ба хона бармегардам, Ба пешвозам кї механдад?!
МУНОЗИРА БО ХУДО Менигар, ё раб, табу тапњои ман, Оњи субњу нолаи шабњои ман. Кайф мепаррад маро ногоњу гох, Майли душном мекунад лабњои ман. Себњо андар назар шум гаштаанд, Аз њамин ожанги ѓабѓабњои ман. Он ќадар ошуфтаљонам эй, Худо Аз парешонист ин гапњои ман. Хў гирифтам бо њама ќонунињо, Бишканад, эй кош, ќолабњои ман. Хотират рўзе мушавваш мешавад, Аз њамин ё њуву ё рабњои ман!
АРЗ Ба коинот рањ набурдам, Магар ба Каъба. Муњосибе нест, Њама њочї! Дар идораи муњосибот, Муњосиби њаромхоре Пулњои маро хўрд. Дафтари аъмоли пургуноњи варо, Кї мехонад? Ва Телефони мобилии Худоро, Кї медонад?!
ХОБИ НАЃЗ Њаст зеби гарданаш наќши чалипое, Гўшвораш - ноќуси зарди калисої. Дар дили ў як китоби орзу мањфуз, Чун хати гумгаштаи мехї, авестої. Меравам то хонааш - то ошёни њафт, Мекунад дар хонаи ќалбаш пазирої. Мебарояд пешвозам њамчунон хуршед, Пои урён ё ки бо кафши сарипої. Мекунад "хушомадед" ў аз сари шарм, Лањљааш ширинтар аз лањни бухорої. Хонааш "аржанг"-и монивор зебост, Аксњои рўи девораш тамошої. Гоњ - гоње хобњои наѓз мебинам: Менамоем рўи рахти ў бањамої. Љавоб ба "Шоњона"- и Есенин
ЭЛИНА Ало, Элина эй, Элинаи ман, Саратро нењ ба рўи синаи ман. Бинои ишќро ою бино кун Даруни ин дили бекинаи ман. Биёву хира кун чашми кабудат Ба чашмони сиёњи беѓуборам. Биёву ќисса кун буду набудат, Ки аз чашми кабудат дар хуморам. Биё, њусну ѓурурат ориёист, Ѓаму шодї - сурурат ориёист.
"ХЎ ГИРИФТАМ БО ЊАМА ЌОНУНИЊО..." Агар хунам ба хунат ошно нест, Вуљудат то шуурат ориёист. Биё, дар тан либоси шарќиёна, Наво бахшо самои шањри моро. Ба бањри ишќ тўфони дигар бахш, Ба тўфон ошно кун нањри моро. Биё, оњанги поят аврупої, Шамими бўсањоят оњурої. Биё, набзи нигоњат аврупої, Танини хандањоят оњурої!
СУРУД Нозанино, гузарї аз бараме, Аз ќафои ту њасад мебараме. Маст мегардаму бо шўру маѓал, Љомаи ѓам ба танам медараме. Шаби мањтоб дуздонасифат, Бўса аз кунљи лабат мебараме. Узв дар узв људо мегардам, Дил куљо? Дида куљо? Бесараме. Љони худро бифурўшам ба ѓамат, Дарди њиљрони туро мехараме. Хоб дар дида наояд, валлох, Як ќад аз хоби шабам мепараме. Зевари мо ба рањат ќурбонї, Зевари ишќи ту дар гарданаме... Њамкадам будї, вале њампару болам нашудї, Њамќадањ будї, вале воќифи њолам нашудї. Кафани дар тани ту дидаму гуфтам: Њољї, Аз тавофи Каъба њам омадї, Одам нашудї!
ЊАСБИЊОЛЇ Зулфи маъниро хаёлам шона буд, Хонаи оњи дилам вайрона буд. Њар чї мекардам дар ин ѓурбатсаро, Хом буд, авњом буд, афсона буд. Ранг дар мўи сари ман буд сиёњ, Мўсафеди ќиссаи тифлона буд. Чун гирифт пири маро дар ќабзааш, Њис намудам пурии паймона буд. Аз падар дасти дуоям буд магар, Ё ки инњо аз хати пешона буд?! Мекашидам миннати њар хору хас, Зиндагиям аз паси моњона буд. Мекашам аз зулфи оњ эй, дустон Оњ бо ман њамдаму хамхона буд. Пеши арбоби сухан Зевар чї буд? Шоире чун Машраби Девона буд?! Эй, бетараф гоње тараф гирї, чї мешавад? Эй, бешараф кор аз шараф гирї, чї мешавад? Хаќќи туро аз чор сў дуздона мезананд, Эй бењадаф боре њадаф гирї, чї мешавад? Аз пора порахўрњо кай пора мешаванд?! Ќасосро аз нохалаф гирї, чї мешавад? То кай ба дасти хештан худро дињї талаф, Њушёр шав! Даст аз талаф гирї, чї мешавад? Хору алаф дар боѓи ту рўидааст, њон! Досе алайњи ин алаф гирї, чї мешавад?!
ДОДАРАМ ДАР ДЕЊАЮ МАН ДАР ДУШАНБЕ... Замини њотаро ваќте, ки медарвї, Дарав кун гандуми дарди маро, додар. Ба хирманљои дења хирмане аз банди гандум кун, Ки хирманљои дења гандуме ёди падар дорад. Аз он љо, то љувози гардани масљид, Каси мисли падар рањрафтае кам буд. Ба пушташ мекашонид дарзаи гандум, Ба дўшаш дарзаи ѓам буд. Дар он љо орзуи як дили покест, Ба ваќти тутпазию љаврасиданњо, Ба оби њавзи чашмам аз дами шолидарав то њол Риши мошубиринљии падар боќист. Замини њотаро ваќте, ки медарвї, Дарав кун гандуми дарди маро, додар. Падар мехост мо њам мисли ў бошем, Њалиму хоксору тозарў бошем, Калиму росткору ростгў бошем... Надорї, гар ба ман бовар, Худо шоњид, Худо довар!
ПАНЉРУД Дар лаби Љўи Малик шеъри равон, Боди Уффор суруд мехонад. Боѓи боло сањнаи раќси дарахт, Њавасу чашми тамошо дорї?! Бурси дуреша магар пайвандист, Решањо бар таърихи куњнаю нав. Шохи ўро надињад тоб касе, Бозую дасти тавоно дорї?! Панљ мисраъ ба бараш руди равон, Панљ љўест пур аз шири равон, Панљ љўест пур аз шеъри равон, Дидаи хушбину хоно дорї?! Марќади оддї набошад ќабраш, Гунбази шеъри баланд аст ин љо! Кўдаке мегузарад Рўдакивор Дар дањон вожаи ќанд аст, ин љо!
БИДУНИ ТАЊРИР Албатта, камбўдїњои хатт ва имлои имрўзаи тољїкїро бисйорїњо мёфањманд. Бархёњо дар їн маврид бар їн андёшаанд, ки роњи йагона дурусти рањої аз їн камбўдїњо мањз дар пайвастан ба хатти форсї мёбошад: гўийо ба ъунвони расмулхатт гирифтани алифбои форсиро тољїконро аз мушкилњои (масъалањои) мутаъаддиди имло рањо мёкунад. Шойад, аммо їн баъїдаст. Їн кор, њадди аќалл, ду мушкили мубрам дорад: 1) набўдани иродаи сийосїи Њукўмати Тољїкистон; 2) муњиммтар, - мушкилоти зийод дар хўди хатту имлои форсї. Дар мавриди масъалаи дувуми ироъакардаи банда, шойад, бисйорё аз хонандагони їн матлаб мухолиф бошанд ва, дастикам онро далёл пёш оваранд, ки дар Ёрон ва Афѓонистон, ки дорои танњо хатти форсї њастанд ва, бадёњїст, тамоми соњањои зиндагїи кишварњои мазкўр ба їн хатт роњандозї шудаанд. Їнро њам шойад, йодовар шаванд, ки, масалан, сатњи донишандўзї ва - ъумўман, ъилму маъориф - дар Ёрони имрўза то кудом дараља буланд аст (Їнро њам бойад зикр намўд, ки муваффаќиййатњои муњассилїни ёронї дар озмўнњои ба истилоњ фаннїи мактабийон дар љањон шойони тањсїн аст - мактабийони тољїкистонїро "њазорсола роњ"-аст барои расїдан ба їн сатњ!). Бо назардошти їн њам, ки Тољїкистон дар ќаламрави забони форсї аслан хёлё кўчак аст. Їн, албатта, бурњони ќавїст, валё боз њам - далёли ќотиъ нёст. Бойад їнро њам ба шумо бирасонам, ки ман фикри канор гузоштани мо, тољїкон, хатти форсїро аслан надорам - њадди аќалл барои он, ки їн хатт аз гузаштагони мо мёрос мондааст ва тамоми адабиййоти клосїкамон бо он китобат шудааст, расмулхатти имрўзїи Ёрон ва Афѓонистон (ќисмњои хёлё зийоди њавзаи забон ва хатти форс, ки Тољїкистон њам љузъи он аст) мањз танњо хатти форсї-ст, ва... Бар їнам, ки омўхтани забон-у хаттњои дїгар (масалан, чїнї,
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
АЛИФБО ВА ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОЉЇКЇ ОБ БА КУЉО МЕЁРАВАД? инглїсї, фаронсавї, рўсї, њиндї, испонї, ...) њам бёманфаъат нахоњад бўд. Имрўз бойад, ба ъаќїдаи ман, ду масъаларо њалл кард: алифбо ва имло. Ва ман дїди хўд дар ин масоъилро матрањ мёнумойам, то ањли сухани кишвар ба он чї мёгўйанд. Їн њам гуфтанїст, ки љонибдорони алифбои форсї (порсї)-ро бењтар мёбўд сангњои ќањрро њоло канор гузоранд.
Алифбои тољїкї Хатти форсї, ки хатти нийогони мост ва иддиъои ба он гузаштани (баргаштани) расмулхаттамон вуљўд дорад, чунонки дар боло зикр кардам (албатта, бидўни далойили ќотиъ), - њам аз нигоњи дорои мушкилотё доштанаш, ва њам аз лињози фуќдони иродаи сийосїи њукўмати кишвар дар їн маврид алњол матрањ нёст (шойад наслњои баъдї чїзёро матрањ кунанд). Агар аз чўн-у чиро бигузарам, їнро бойад бигўйам, ки алифбои кїрїлїкасоси тољїкї ба назари банда бойад дорои 32 њарф (калон ва хурд) бошад: Аа, Бб, Вв, Гг, Ѓѓ, Дд, Ее , Ёё, Жж, Зз, Ии, Її, Йй, Кк, Лл, Мм, Нн, Оо, Пп, Рр, Сс, Тт, Уу, Ўў, Фф, Хх, Њњ, Чч, Љљ, Шш, Ъъ. Їн њурўф дар се мавќиъи вожањо мёойанд: аввал, байн, ахїр. Чунонки ба чашм мёхўрад, дар їн алифбо њарфњои ба истилоњ "йотбарсар" нёстанд. Онњо, аслан, аз ду овоз ъиборатанд, ва бойад бо ду њарф на йак њарф! - навишта шаванд.
Њарфњои Е , Ё, И, Ї, У, Ў њам тарзи талаффузи хоссаи хўдро доранд. Їнак:
(Дар мавриди имло назари бёштар дорам, валё, фикр мёкунам, фиълан њамїн њам кофїст).
Охирсухан Шойад, їн пёшнињоди ман ба назари бархёњо ѓайримаъмўлї нумойад-у писанд нагардад. Бошад. Фаќат даъват мёкунам, ки хонандагони гиромї онро на, аз рўи ъодат, танњо бо чашми сар бїнанд, балки бо дїди хирад мулоњиза кунанд. Їн пёшнињодё бёш набў-
Алифбои тољїкї
Камё дар бораи имло Њарфи нахусти сари љумла ва вожањои ифодакунандаи исми хосс калон навишта мёшавад. Дар мавориди лозим пёш йо пас аз пайвандаки пайвасткунандаи "ва" (йо њамзамон пёш ва пас аз он) ъаломати вёргўл (,) гузошта мёшавад. Њамза ва ъайни таърїхїи калимањои ъарабїасос бо њарфи "ъ" ифода карда мёшаванд. Їзоњ: агар таърихан њарфи аввали калима њамза дошта бошад њам, он бо њарфи "ъ" навишта намёшавад. Ташдїди калимањо њаройина возињан сабт мёгардад. Њарфи "ў" чун њамон садоноки "имрўзї"-и (лањљавїи), масалан, вожањои "рўз", "сўзиш", "ў" (вай) талаффуз намёшавад - он овози дарози дарози у-ро дорад (дар хатти форсїи имрўз њам он бо вов-и маърўф ифода мёгардад ва хонандагон онро мањз њамїн тавр талаффуз мёкунанд. Њамзаи таърїхан дар ахїри калима пас аз алифомада (масалан, ??????) бо њарф ифода намёгардад (ибтидо). Калимањои аз забони ъарабї воридгашта, чун дар забонамон бёш аз њазор сол "хўдї" шудаанд, бойад ъайнан ва йо наздїк ба асл навишта шаванд. Дар навишт имлои хатти
ЉИНОЯТ
форсї ба назар гирифта шавад. Калима-ву таркїбњои нолозим аз таркїби луѓавїи забони тољїкї ихрољ карда шавад.
да, ќотиъ њам нёст. Аз їн рў, муъаллиф андёшаи шумо рољиъ ба онро мунтазир аст. Мунаввари МУНАВВАРЗОД,
29-уми уктабри соли 2015
ЉАЗО
Афсари пойгоњи 201 дар Душанбе ба ќатли зани тољик муттањам мешавад Як афсари пойгоњи низомии 201-и Русия дар Тољикистон ба куштори як зани тољик муттањам мешавад. Њодисаи куштор шаби 5-уми ноябр дар шањраки "Гипрозем" дар наздикии ќисми њарбии Русия рух додааст. Маќомот мегўянд, ки дар куштори зани тољик Ш.Љабборова лейтенанти калон Шербаков Иван Юревич даст дорад. Муттањам ба марги зани тољикро 9-уми ноябр боздошт кардаанд. Радиои "Озодї" бо истинод ба як маќоми тафтишотии Шўъбаи корњои дохилии ноњияи Сино-1 хабар додааст, ки ин афсари рус зани тољикро ба хобгоњи ќисми њарбї дар мањаллаи "Гипрозем"-и пойтахт даъват намуда, бо сабабњои њанўз барои тафтишот норўшан, ба ќатл расондааст. Ба гуфтаи маќомот афсари рус ба гуноњи худ иќрор шуда гуфтааст, ки зани тољикро дар њолати мастї ба ќатл расонда, аз он шаб чизеро дар ёд надорад. Дар пойгоњи 201 дар тасдиќи ин хабар
13
ба TojNews гуфтанд, ки тафтишоти ќазия идома дорад. То анљоми тафтишот ба расоназо чизе гуфта наметавонанд. Афсари рус њоло дар боздоштгоњ ќарор дорад.
Павленский бо нишони эътироз дари ФСБ-ро оташ зад Петр Павленский, аз фаъолони љомеаи маданї ва рассоми номии Русия бо нишони эътироз дари даромадгоњи Хадамоти бехатарии федеролии Русия (ФСБ) дар шањри Маскавро оташ задааст. Пулиси шањри Маскав эълон кард, ки нисбат ба Петр Павленский бо дастрасии моддаи 214, ќисми 2 (харобкории ношї аз нафрати сиёсї) парвандаи љиноятї оѓоз кардааст. Дар сурати исботи ин иттињом Павленский ба муњлати 3 сол аз њуќуќи озодї мањрум хоњад шуд. Рассом шаби якшанбе замоне боздошт шуд, ки ба нишони эътироз дари протоколии Хадамоти амнияти Русияро дар шањри Маскав ба оташ кашид. Вай бо гузоштани акс ва видео дар интернет навишт: "Хушунату ќасос ба њар касе, ки дар дастрасї ќарор дорад, тањдид мекунад". Аз ин пештар њамсараш Оксана Шалигина хабар дорда буд, ки шавњарашро дар ноњияи Лубянка боздошт кардаанд. "Ўро барои оташ афрўхтан дар даромад-
гоњи Хадамоти амнияти Русия муттањам мекунанд". Вай гуфтааст, ки пештар хабар надошт, ки шавњараш даст ба чунин амале мезанад. Тибќи иттилои хабаргузорињо бо Павленский њамчунин хабарнигори телевизиони "Дожд" Владимир Роменский ва журналист Нигина Бероева, ки чун намояндагони ВАО дар ин њодиса ширкат доштаанд, боздошт шудаанд. Аммо баъдтар маќомот онњоро озод кардаанд, вале Павленский то њол дар боздоштгоњ аст. Петр Павленский яке аз рассомони машњури Русия буда, бори аввал соли 2013 бо роњандозии як аксия аз худ дарак дода буд. Амали он рўзаи худро "Тасбит" номида буд. Ў бештар бо иќдомњои эътирозии худ ном баровардааст. Аз љумла барои њимоят аз гурўњи Pussy Riot дањони худро дўхта буд. Дар амалиёти баъдї бо номи "Туши" дар даромадгоњи Маљлиси ќонунгузорї дар дохили симхоре хобид ва зидди ќонунњои нави ќасосгиранда эътироз кард.
14
ВОКУНИШ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
"МАТБУОТЕ, КИ БА КАСЕ ХИДМАТ КУНАД, МУСТАЌИЛ НЕСТ..." (Вокуниш ба матлаби "Хизматгори беминнат" - "Нигоњ", № 30(463), 21. 10. 2015) Муаллифи маќола доир ба мушкилоти молиявии рўзномањо андешаронї карда, таќозои онро дорад, ки њукумат ба ин расонањо кумак кунад, вагарна онњо муфлис мешаванд. Барои фаъолияти озодонаи матбуоти мустаќил Њукумат вазифадор аст, ки заминањои њуќуќиро фароњам орад. Дар Тољикистон барои рушди матбуоти мустаќил тамоми шароитњо фароњам оварда шудаанд. Аслан нашрияе, ки аз тарафи ин ё он нињод маблаѓгузорї карда мешавад, наметавонад, озод бошад, зеро оне пул медињад, мусиќии мехостагиашро фармоиш медињад. Дар тамоми кишварњо сарфи назар аз он, ки низоми демократї доранд ё монархияи конститутсионї ваъз чунин аст. Њељ як созмони хориљї низ бе дарназаргирии манофеъи хеш ба њељ як рўзнома кумаки молї намекунад. Аз тарафи дигар суќути чанд рўзномаи мустаќил барои кишвари мо ва озодии сухану шаклдињии мафкураи мардум хатаре эљод намекунанд. Фазои иттилоотии кишвар низ холї намемонад. Дар тамоми соњањо, аз љумла соњаи матбуот муфлисшавии ин ё он корхона ва ё нашрия як раванди табиї дар шароити иќтисоди бозорї мебошад. Агар ин рўзномањо барои хонандагон љолиб бошанд, таваљљуњи мардумро ба худ љалб намоянд, њатман дастгирї меёбанду рушд мекунанд. Агар ин корро карда натавонанд, суќут мекунанду љои онњоро рўзномањои нав мегиранд.
Пушида нест, ки бо вуљуди интиќоди баъзе аз коршиносону рўзноманигорон матбуоти мустаќили кишвар рушд мекунад ва шумораи он рў ба афзоиш аст. Дар рейтинги "Репортёрњои бемарз" доир ба озодии сухан дар байни кишварњои Осиёи Марказї Тољикистон дар љои дуюм буда, имсол нишондодњояшро дар ин самт 8 бал бењтар кардааст. Дар шароити буњрони тулонї на танњо рўзномањо, балки тамоми соњањо ба мушкилоти молиявї рўбарўянд. Рўзномањоро аз ин варта танњо мањорати касбии рўзноманигорону дастгирии муштариён метавонанд наљот бидињанд. Муаллиф дар ин маќола чанд пешнињодашро, ки дар онњо андешаи наве несту дар матбуоти даврї пеш аз ин њам доири ин масъала дигарон низ ибрози андеша карда буданд, рўи сањфа овардааст. Мо ба ин андешањои муаллиф муќобил нестем. Шахсони масъул шояд ба онњо посух бигўянд. Вале андешањои муаллиф дар хотимаи маќола оњанги даѓалу писхандомез мегиранд. Масалан гуфтаи вай: "…онро нафаре ироа дошт, ки солњо то 1,2 млн. сомонї обунапулии "Минбари халќ"-ро барои корњои њизбї истифода кард" - бемавќеъ ва хилофи одоби рўзноманигорї аст. Овардани ин љумла дар ин маќола њељ зарурате надошт, зеро мавзўи бањси он тамоман дигар буд. Аз тарафи дигар, агар пули нашрияи њизбї барои эњтиёљоти њизб сарф шуда бошад,
ин ќазияро кормандони "Минбари халќ"-у њизб бояд њаллу фасл кунанд, на муаллифи маќола. Ё хулосаи муаллифро гирем: "Фикр кунед, љанобон, њамин хизматгори беминнат ба Шумо оё даркор аст? Ё шумо фикри дигар доред?" Ин андешаи муаллиф њам ќобили ќабул нест. Зеро матбуоте, ки ба касе хидмат кунад, мустаќил нест. Агар рўзномањо масоили барои мардум муњимеро дар сањифањои хеш инъикос карда бошанд, ин маънои ба касе хидмат карданро надошта, балки ќарзи шањрвандии онњо дар назди Ватани хеш аст. Аз тарафи дигар, агар рўзномањо бар хилофи армонњои мардум амал намоянд, онњоро кї мехонад? Пас он маводњоеро, ки рўзно-
Р. ИСОЕВ, мутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон
АЗ ИДОРА: Ростї, љаноби мутахассис ба умќи мушкиле, ки дар матлаби "Нигоњ" ироа шуда буд, нарафтааст ва мутаассифона, ин гуна бинишњои мутахассисони њукуматї боз њам ояндаи норўшани амнияти иттилоотии Тољикистонро рўшан мекунанд. Оянда нишон хоњад дод, ки кї сањв кардааст. Аз масъулият фирор кардан маънои онро надорад, ки масъулият аз шумо фирор кардааст. Њукумати Тољикистон ваќте аз љомиаи љањонї, кишварњои пешрафта, њатто Афѓонистон кўмак мегирад, ба он маъно нест, ки тобеъи онњо бошад, зеро ин њама њадафмандона ва дар доираи тавофуќњо анљом мегиранд. Чин бузургтарин кишвари сармоягузор ва ќарздињандаи Тољикистон аст. Аз рўи "мантиќ" - и љаноби Исоев Тољикистон умуман бояд дар њавои дойраи Чин бираќсад. Њадаф таъмини амнияти иттилоотии Тољикистон буд. Расонањои тољикии љамъиятї - сиёсї ангуштшуморанд. Моли Тољикистонанд, дар Тољикистон нашр мешаванд ва "гулњои бањори демократия" - и Тољикистонанд. Созмонњои байнулмилал мањз ба далели мављудияти онњо аз њукумати Тољикистон ситоиш мекунанд ва дар рейтинњо барояш љойи аввалу дуввумро ихтисос медињанд. Дањњо мавриде буд, ки дар набарди иттилоотї мањз ин расонањои мустаќил аз манофеъи кишвар њимоят карданд, дар њоле, ки расонањои њукуматї нахостанд муносибатњои кишварро бо шарикони стратегиву њамсояву дур "хароб" кунанд. Аввал андеша, баъд гуфтор, гуфтаанд.
ДАЪВАТ
Вазорати мудофиа: Наќшаи даъват 70% иљро шуд Дар давоми 20 рўзи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Ќуввањои мусаллањ наздики 70%и наќшаи даъват иљро шудааст. Бино ба иттилои Фаридун Мањмадалиев, котиби матбуотии Вазорати мудофиа дар даъвати наваскарон Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон пешсаф буда, ноњияњои тобеи марказ дар охир ќарор доранд. Њамин тавр то њол наќшаи даъватро ВМКБ
мањо чоп мекунанд, таќозои манофеъи молии онњо аст, на хизмат ба Њукумат.
81%, Суѓд 75%, Хатлон 80%, ноњияњои тобеи марказ 50% ва шањри Душанбе 55% иљро кардаанд. Дар Вазорати мудофиа мегўянд, то имрўз зиёда аз 10 шањру ноњияи мамлакат аз иљрои пурраи наќшаи даъват гузориш додаанд. Маъракаи даъвати тирамоњї ба артиш дар Тољикистон 1-уми октябр апрел оѓоз шуда, то 30юми ноябр давом мекунад.
НИГОЊИ МАРДУМЇ
- Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тартиби соњиб шудан ба мерос (манзил) - ро чї тарз муайян намудааст? Масалан, соњибмулк модари пир аст, хонаи истиќоматиро ба писараш њадя мекунад, онро чї тавр ба меросї гирифтан мумкин аст? Барои њуќуќ пайдо кардан ба мерос, дар мисоли мо, манзили истиќоматї ба куљо мурољиат кардан лозим аст? Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон то кадом муњлат њуќуќ пайдо кардан ба меросро эътироф кардааст? Андозаи маблаѓи барасмиятдарории мерос чанд сомонї муќаррар гардидааст? Шариф АСЛОНОВ, сокини шањри Панљакент - Модар њамчун соњибмулк метавонад васиятномаи меросгузорро дар шакли хаттї дар идораи нотариалии шањри Панљакент ба расмият дароварда, хонаи истиќоматиро ба вориси худ яъне фарзандаш мерос монад. Боиси таасўф аст, ки аксарияти соњибмулкон бо ташаббуси худ чунин амалро ба анљом намерасонанд, ки дар натиља
15
АКСИ ГЎЁ
?- НОБОБ МЕРОСРО ЧЇ ТАВР БА РАСМИЯТ ДАРОРЕМ?
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
баъди вафоти онњо бањси молу мулкї миёни фарзандон гардида робитаю муносибатро халалдор мекунанд. Вобаста ба њолатњои мушаххас меросгузор метавонад васиятномаро бекор кунад ё ба он таѓйиротњо ворид намояд. Андозаи маблаѓи барасмиятдарориро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Бояд таъкид намуд, ки њаќќи пардохти хизматрасонии маќомоти нотариалї ва андозаи дигар пардохтњои зарурї дар робита ба расмият даровардани санадњои марбута бо маќсади таъмини шаффофият ва пешгирии падидаю зуњуроти номатлуб дар љои айёну ќулай ба шањрвандон овезон бошад. Бояд зикр намуд, ки фасли VI - и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ки бобњои 58 - 61 ва моддањои 1138 ва 1190 - ро фаро гирифтааст ба таври муфасал њамаи масъалањоро дар робита ба мерос танзим кардааст. Љињати њалли масъалањои мавриди бањс љонибњо метавонанд ба нотариус ё суд мурољиат бикунанд. Ба саволи Шумо Шокирљон ЊАКИМОВ, доктори илмњои њуќуќшиносї посух дод.
БА ЉОИ 09 ШУМОРАИ 3040 БАРОИ ЌИШРИ ОСЕБПАЗИРИ ТОЉИКИСТОН - Дар Тољикистон барои расонидани машваратњои њуќуќии ройгон ба табаќањои осебпазир хатти телефон ба кор даромад. Ин тасмим бо ташаббуси якљояи Вазорати адлияи Тољикистон, бахши тољикистонии ташкилоти "ХЕЛВЕТАС - Свисс Интеркорпорейшн" ва Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказї Тољикистон рўи кор омада, иртиботњо бо шумораи 3040 имконпазиранд. Занг задан ба ин шумора(3040) ройгон буда, ба зангњо мутахассисони њуќуќшинос - машваратчиён, ки бо њама таљњизоти техникї таъмин њастанд, љавоб мегўянд. Мутахассисон ба масъалањои њуќуќї- оилавї, мерос, масъалањои замин, њуќуќи маъмурї ва самтњои асосии фаъолияти Вазорати адлия ва сохторњои он дар давоми рўзњои корї аз соати 08:00 то 17:00 машваратњои њуќуќї мерасонанд. Маркази операторї дар бинои Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон љойгир аст. Махфияти мурољиати телефонї барои шањрвандоне, ки арзу хоњиш оид ба масълањои њуќуќї доранд, кафолат дода мешавад. Ин лоиња аз ду давра иборат буда, давраи якум аз ноябри соли 2014 то декабри соли 2015 амалї мешавад. Фаъолияти хатти телефонї аз тарафи ташкилот - шарикон Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказї - Тољикистон ва "ХЕЛВЕТАС - Свисс Интеркорпорейшн" маблаѓгузорї карда мешавад. Аммо аз оѓози соли 2016 фаъолияти хатти телефонї ба Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон мегузарад ва њамоњангсозии он аз љониби ин нињод сурат мегирад. Фаъолияти хатти телефонї аз тарафи тамоми операторњои мобилї ки ба стандартњои GSM дар Тољикистон љавобгў њастанд, дастгирї ёфта, тарофањои имтиёзнок барои пайвастшавї пешнињод намуданд.
ПАНДИ МОНДАГОРИ ЛУЌМОНИ ЊАКИМ
ЛАТИФА ЊАЗЛУ ШЎХЇ АЗ ЊАР ЗОВИЯ Назди ќассоб барои гўшт харидан рафта будам. Онљо одамони зиёде дар навбат буданд. Ќассоб њар якеро мутобиќи фармоишашон ин тавр даъват мекард: - Гўсола кї буд???? - Гўсфанд пеш биё!!! Ба нафаре гуфт: - Ту гўсфанд њастї? - Не, ман - гов. Хушбахтона ё бадбахтона, ман љигар хоста будам. Гуфт: Љигар, пеш биё! *** Љавонмарди нав арўсикардае ба додараш насињат карда мегуфт: Зан гирифтї, болояш сиёсат дошта бош, мисли ман. Дишаб ба янгаат гуфтам, ки то соати 11 оби гарм тайёр бошад, гапамро рад накарду тайёр кард. Додараш пурсид, ки дар соати 11- и шаб оби гарм чї лозим буд? Гуфт: Охир пусти ман нозук аст, бо оби сард зарфњоро шуста наметавонам. *** Шавњар: - Азизам, биё якљоя толори варзишї равем. Зан: - Чї ту гуфтании, ки ман фарбењам? Мард: - Хуб, агар нахоњї нарав. Зан: - Хайр, манзурат ин аст, кї ман танбалам? Мард: - Ором бош занак, асабњоятро хароб накун. Зан: - Яъне ман асабї њастам? Мард: - Манзурам ин набуд. Зан: - Хайр, ман дурўѓ мегўям магар? Мард: - Хуб, наё, ман танњо меравам худам. Зан: - Чї? Танњо? Чаро танњо? Бо кї пешакї маслињат кардагї будї? Мард: - Уф, ман шўхї кардам, толор полор намеравам. Зан: - Чї ту маро ба мазоќ гирифтаї?
- Њаќќи мардумро ба хубї адо кун! - Рўзњои љавониро ѓанимат бишумор! - Марди дунё ва њам марди охират бош! - Дар маљолис чашм ва забонро аз гуноњ боз дор! - Назофатро њељ гоњ фаромўш накун! - Дўстон ва њамкешонатро њељ гоњ тарк накун! - Фарзандонатро дониш ва диндорї биёмўз! - Њељ кореро пеш аз андеша ва тадбир анљом надењ! - Кори нокардаро кардаи худ надон! - Бо бузургтар аз худ мазоњ накун! - Бо бузургон сухани тўлонї нагў! - Њолати хастагиро дар њузури дигарон зоњир накун! - Дар роњ рафтан миёнарў бош!
*** Як пирамарде зани худро "љону љигар", "ќанду асал" гуфта садо мекард. Аз ў пурсиданд, ки чї тавр мењру муњаббат байнатон то њол мустањкам аст? Ў дар љавоб гуфт: - 10 cол мешавад, ки номашро фаромўш кардаам, агар фањмад, маро мекушад.
Фароњамсоз Умар ШЕРОВ, хонандаи мактаби миёнаи №17 - и шањри Душанбе
Гирдоваранда Абдурашид САФАРОВ, сокини ноњияи Фархор
*** Рўзе фармондењи яке аз ќисмњои њарбї аз сарбоз пурсид: - Номат чист? Сарбоз гуфт: - Номам Шер, номи падарам Шерафкан, номи бобоям Шерхон. Фармондењ ќаъраш омаду гуфт: - Бибият љангал рафта буд ё шер ба хонаатон омада буд?
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! КАЛОНСОЛОН ЧАРО ДАР СИРК ФАРОЃАТРО ТАЛХ МЕГАРДОНАНД? - Тайи чанд њафта мешавад, ки њунармандони Сирки вуњуши шањри Маскав бо барномаи нави њунарї дар шањри Душанбе ќарор доранд. Барои шод кардани кўдакон, дар ќатори дигарон ман низ ба яке аз намоишномаи ин сирк чипта харидам. Бояд гуфт, ки дохилу беруни бинои Сирки давлатии Тољикистон ба мисли ќабл чиркину ифлос нест. Боми сирк таъмир ва њам рангу бор карда шудааст. Нишастгоњњои дохили сирк низ пурра нав карда шудааст. Хулоса, њама шароит барои фароѓату тамошои намоишномаи сиркї барои тамошобинон, намегўям дар сатњи олї, вале дар сатњи хуб муњайё карда шудааст. Намоишномаи њунармандони Сирки вуњуши шањри Маскав њам хубу диданї буд. Вале якчанд камбудї, аниќтараш нороњатї дошт. Камбудї дар намоишнома ё бинои сирк не, балки дар амалу кирдори бархе тамошобинон, хусусан калонсолон буд. Аввалан, намоишнома аз соати муќарраршуда чун одати дерини мо 25 даќиќа дер оѓоз шуд. Зеро на њамаи тамошобинон сари ваќт ба сирк њозир мешаванд. Дуюм, ваќте ки њама дар љойњояшон нишастанд дар асно ё нисфи намоишнома бархе калонсолон дар даст кўдак ё бе кўдак аз љойњояшон хеста аз боло ба самти поён бесабабу босабаб равуо мекунанд. Њама медонем ва дидаем, ки курсї ё нишастгоњњои сирк як зина - як зина боло насб карда шудааст. Яъне аз боло њама тамошобинон ба сањнаи даврашакли сирк нигоњ мекунанд. Дар њамин асно, дар рафти намоиш ваќте ки ин ё он тамошобини сирк аз боло ба поён њаракат мекунанд бо равуоашон ба диќќати тамошобинони боло халал эљод мекунад. Яъне равуокунандагон бо ќаду басташон њошияи сањнаи даврашакли сиркро то љое панањ мекунанд. Дар натиља, ќади кўдакон, ки паст аст намоишномаро, хусусан, сањнаи даврашакли сиркро дуруст тамошо карда ё дида наметавонанд. Гарчанде назораткунандагони сирк ин амали нољои ин ё он тамошибини равуокунандаро ислоњ карданї мешаванд, онњо беэътиної мекунанд. Њоло он ки аз зинаи дуюми њар сектори сирк таќрибан 8 (њашт) дари баромадгоњ мављуд аст, ки њољатмандони равуо метавонистанд бе халал расонидан ба дигарон аз он истифода баранд. Вале ин тавр намекунанд, зўр зада ба поён њаракат мекунанд. Барои нороњатї эњсос накардани тамошибинони дигар ё халал эљод нашудан дар намоиш назораткунандагони сирк мушкил њам бошад онњоро боз ба боло равон мекунанд. Њадафу талоши назораткунандагон ин аст, ки агар њољате пайдо кардан аз 8 (њашт) дари баромадгоњи секторњои зикршуда истифода баранд. Сониян дар анљоми намоиш амали нољои дигаре, ки бархе тамошобинон содир мекунанд ё аз худ боќї мегузоранд ѓарами партовњои онњост, ки баъди сарфи чизњои мехўрдагиашон њар куљо хостан партофтан мегиранд. Аслан, волидон барои болида гардондани табъу руњи кўдаконашон онњоро барои тамошои намоишномаи сирк мебаранд. Аз ин нигоњ њама ваќт теъдоди кўдакон нисбат ба калонсолон дар намоишномаи сирк зиёд аст. Ба ибораи дигар намоишномаи сирк аслан барои кўдакон ва ба табъу завќи онњо мувофиќ аст. Вале онњое, ки бо амалу кирдори нољои худ тамошову роњати дигарон, хусусан кўдаконро халалдор карда, онњоро нороњат мегардонанд оё виљдон доранд? Чаро бархе тамошобинон, хусусан калонсолон бо ин амалашон фароѓати тамошобинони дигарро дар сирк талх мегардонанд? Њузур дар сирк низ фарњангу тартиб дорад! Ба ин тартиб њатмї риоя кардан даркор аст, то боиси нороњатї ва шунидани дашном аз дигарон нашавї! Њотам ЌУРБОНОВ, сокини шањри Душанбе
ТАСЊЕЊ - Дар шумораи њафтаи гузашта, (Нигоњ №32 (465) аз 4 - уми ноябри соли 2015) дар сањифаи "Нигоњи мардумї дар гўшаи "Чањор латифа дар мавзўи рўз" бинобар сабабњои техникї нисфи латифаи чањорум ва номи муаллифи матлаб аз сањифа паридааст. Номи муаллифи матлаби "Чањор латифа дар мавзўи рўз" сокини шањри Душанбе, Њољї АБДУЛЛОЕВ мебошад ва шакли пурраи латифаи чањоруми матлаби ёдшуда чунин аст: Шахсе ба газета эълон медињад: "Таъљилї. Хонаи фурўшии сењуљрадор. Ошёнаи 16. Манзили фурўшї об, газ ва энергияи барќи доимї дорад. Шумораи телефон барои тамос: 900 00 00 00...." Харидорон занг мезананд. - Ака, чаро дурўѓ мегўї? Дар ноњияи Шумо ЛИМИТИ энергияи барќ љорї - ку? - Ба ин тарафаш корат набошад. То ба кор даромадани Нерўгоњи барќи обии Роѓун њамааш ДОИМЇ мешавад.
16
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (466), 11. 11. 2015
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
Дар сўги Умари шањид
Сангинмурод ЊАКИМЗОДА, раиси ноњияи Љаббор Расулов: - Тањлилњо нишон дод, ки наздики 40 соли охир мумфарш кардани роњ дар ноњия ќариб, ки ба гўшаи фаромўшї рафта будааст. Мо тавонистем бо дастгириии сокинону соњибкорони ноњия 3 километр роњњои марказиро мумфаршу обод гардонем. - Ин Абдуѓафур Самадов ду карат Ќањрамони мењнати сотсиалистї шуда, њич кор накарда будааст - мї?! Раис, тањлилњо нишон надоданд, ки ин 23 соли ахираш бо айби кї роњњо мумфарш нашудааст? Шояд 23 сол мардуму ширкатњои ин ноњия андози роњ насупурдаанд? Гавњар ЉЎРАЕВА, муассис ва рањбари созмони "Муњољират ва ќонун": - Шумо медонед, ки диаспорањои мо, агар каме ёрдам расонанд, асосан пул мекананд аз мардуме, ки бо шикоят пеши онњо меоянд. - Бонуи арљманд, намешавад руйхати пулхўронро соле ду бор рўи чоп биёрем, то мардум "ќањрамон"-њояшонро шиносанд?
МО ЛУЪБАТАКОНЕМУ ФАЛАК ЛУЪБАТБОЗ...
Забењулло ШАФЕЪЗОДА, муњољири накўкори тољик: - Ман намехоњам касе дар бораи муњољири тољик њарфњои пасту баланд гап занад. Ман пеш аз њама соњиби амонатро фикр кардам. Ба њамин хотир, кори некро анљом додам. -Њазор рањмат, бар падару модарат, Забењуллоњ! Сарамонро ба осмон бардоштї! Душанбе, ки омадед зиёфате бароятон тањия хоњем кард. Кош, дар ин љо њам фањманд, ки ба амонати мардум набояд хиёнат кунї, масалан, дар интихобот... Рустам НАЗАРОВ, падари Умаралї, тифли 5 - моњаи бегуноњ: - Дар Кумитаи тафтишотии Русия ба ман гуфтаанд, дар зери њуљљате имзо гузорам, ки гўё фарзандамро куштаам. Гуфтам, ки сабаби марги кўдакро гўед, ман чи рабте дорам. - Инро ѓариву пештозї гуфтаанд, гузаштагони мо. Дилгир набошед, дер ё зуд Худо адабашонро хоњад дод. Мо низ хомўш нахоњем буд. Њиммати ЃАЙРАТ, раиси ноњияи Тавилдара: - Дар ноњияи мо захирањои тилло, маъдан, марганетс вуљуд дорад ва оянда баробари бунёди силсилагэсњо дар дарёи Хингоб бе ягон шакку шубња ноњия аз дотатсия мебарояд. - Раиси љў, шояд пеш аз пилонкашї як "Барќи тољик" даромада мепурсед, ки чаро аз саду анд НБО-и хурду миёна њмагї 5 - 6 - тояш кор мекунанду бас? Абдуњалим ЃАФФОРОВ, раиси ЊСТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ќурби пули русї хеле коњиш ёфт, ки таъсираш ба ќурби пули миллии мо њам расид. Дар соли 2015 коњишёбии сомонии мо ба 30% омада расид. Албатта, ин мушкилињои зиёдеро ба вуљуд овард. Ман боварї дорам, ки барои рушди иќтисодиёти Тољикистон њама шароитњо њаст ва агар онро оќилона истифода бурда тавонем, дар соли 2016 мушкилињо њалли худро меёбанд. - Домулло Ѓаффоров, намешавад, ки аз њамон шароити хуб 4 - 5 мисол биёред? Шояд аз байн бурдани фасод, кам кардани андозњо, сиёсати нави кадрї, аз 35-42% ба 56 % поин бурдани фоизи ќази бонкї, ба маротиб кам кардани хизматгузорињои давлатї шаби 31 декабр ба назар гирифта шудаасту мо, мардум бехабар мондем?
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 3 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09