Нигох №34 (362) Чоршанбе, 13-уми ноябри соли 2013

Page 1

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

УЗРПУРСИИ ДОДОЉОН АТОВУЛЛОЕВ

1

САЊИФАИ 11 №34 (362). Cешанбе, 13-уми ноябри соли 2013

ДАРДИ ЗАН

Куљої, бачаи зангир? САЊИФАИ 11

БЕЌАДРИИ ОДАМ

Саргузашти арўси њисорї САЊИФАИ 13

Интихоби президент: Амир Олимхон, Лукашенко ё Ли Куан Ю? БО АДИБ

Њикояњои кўчак аз китоби нави "Тољикистони озод" САЊИФАИ 12

"Ѓорати судї"

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Ѓалтак дар Шафтолубоѓи Душанбе САЊИФАИ 16

Чї гуна судя Ѓуломов ќонунро ѓуломи худ медонад?


2

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

СИЁСАТ Хирољ аз љайби бенавоён Буљаи давлати амир мутлаќо такя ба андозу бољ мекард. Таърихнигорон то 90 намуди андозро дар аморат њисоб намудаанд, ки баъзе аз онњо мавсимї, баъзеаш дар њолатњои фавќулода љамъоварї мегардид. Андоз аз замин асли даромадро ташкил медод. Ба љуз ин танобпулї - андоз аз боѓу токзорњо, закот - андоз аз њисоби умумии дорої, аминона - ба унвоне андоз аз даромад ситонда мешуд. Дар њолате агар зарур медонистанд, амволи мардумро ба фоидаи давлат мусодира мекарданд. Мисле, ки СУМ-ро карданду моликияти Зайд Саидро карданианд. Баъд аз он, ки Амир Музаффар дар љанг алайњи русњо шикаст мехўрад, хази-

боз Оќпошшои нав - Русияи путинї авлавият дорад. Амир Олимхон нишону медалњое, ки подшоњи рус ба ў дода буд, дар ќафаси синааш овезон намуда, ифтихор менамуд. Русия барои ў њама чї буд. Аммо нињоят салтанати ў бо системаи дар ришва фурўрафтаву фалаљгардидааш аз љониби русњо бањам зада шуд. Ба доди амири фирорї на њарамсарои бузургаш бо канизакони бешумор, на ќушбегиву ќозикалони шикамѓафсаш, на ќурбошиву туќсабоњои калтакбадасташ ва на чоплусони дарбораш нарасиданд. Амир фирор карду салтанат ба охир расид. Тибќи сенарияи мавриди назар мансабдорони Тољикистон дар љамъоварии сарват њари-

Се роњи Эмомалї Рањмон

ОЁ ПРЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБ МЕДОНАД, КИ МАРДУМ АЗ Ў ЧЇ ИНТИЗОРИЊО ДОРАНД?

16-уми ноябр президенти тозаинтихоб Эмомалї Рањмон барои оѓози давлатдории навинаш савганд ёд мекунад. Ба ин хотир, дар шањри Душанбе, пойтахти давлати тољикон омодагињое идома дошта, баргузории гузашти њарбї ба назар гирифта шудааст. Пас аз чанд рўзи он њукумати куњна, даќиќтараш пиру фартути Тољикистон ба истеъфо рафта, сарвари давлат њайати нави њукуматро таъин хоњад кард. Мањз ин таъинот ва њаводиси чанд њафтаи наздик бозгў аз он мегардад, ки моро кадом модели идораи давлат ва кадоме аз сенарияњои рушди њаводис интизоранд. Бардоштњо аз 20 соли рањбарї, тањлили таркиби шахсият, алгоритми ќабули ќарорњои љиддитарину тасмимгирињои оммавии президент Эмомалї Рањмон гувоњї медињанд, ки дар њамин марњилаи таърихї, ў метавонад танњо аз як (!) модели идораи давлат кор бигирад. Бале - бале, худфиребї набояд! Интихоби ў васеъ нест. Ба њайси як роњбари сахтгир, ки илми сиёсатшиносии љањон онро њамчун авторитаризм ё худкомагї муайян кардааст, президенти нави Тољикистон, ки беш аз 18 сол боз рисолат ё миссияи давлатсозии миллиро сармашќи кору маънии зиндагии худ додааст, дар чањорчуби на он ќадар танги як модели идораи давлат ва љомеа њамагї се роњ дорад. Ин се роњ, дар доираи се сенария амалї шуда метавонанд: "Давлатдории амирї, ё интињои салтанат", "Худкомагии муќаррарї, ё дастболо гардидани зўру ситам" ва "Давлатдории худкомагии ибратомўз, ё рушди бесобиќа". Дигар мутмаин бояд буд, ки дар синни мубораки 61 њар се сенария аз њамон модели маъруфи авторитаризм сачашма мегиранд ва њиљ шакке нест, ки Эмомалї Рањмон дигар либерали намунаи инглис, сотсиалисти фаронсавї, коммунисти хитої ё исломии эронї ё шоњи саудї намешавад. Сенарияи аввал нусхае аз давлатдории подшоњии охирин амири манѓитї Амир Олимхон мебошад. Барои сенарияи баъдї модели омехтаи давлатдории Ислом Каримов&Александр Лукашенко намуна гардида, дар амалї шудани сенарияи сеюм таљрибаи њайратовари Ли Куан Юи номвар асос шуда метавонад.

Сенарияи аввал: "Давлатдории бадтарин, ё интињои салтанат" Ин сенария аз идомаи давлатдории имрўзаи тољикон тавлид мешавад. Сарфи назар аз он, ки мухолифони њукумат чї мегўянду чї кор мекунанд, идораи давлат танњо ба як нафар вобаста мегардад. Ба њукмронии мутлаќи президент њамчун шоњ таъиноти кадрии ў мусоидат хоњад кард. Таќсими вазифањо аз рўи анъанаи маъмулї писандидаашон - формулаи Данѓара - Кангурт кор гирифта мешавад. Ња, хонандаи азиз, натарсед. Мову шумо мехоњем ё на, дар таърихи навтарин чунин сабт хоњад шуд. Садоќатсолорї ба шахси рањбари давлат ва омили љуѓрофї, яъне мањал дар таъини кадр меъёри асосї боќї хоњад монд.

"Шоњаншоњ меояд" Такя ва боварии зиёд ба хирадманду оќил будани як нафар пойбарљо мемонад. Дар умум таѓйироти куллие дар њукумат дида намешавад. Кадрњо иваз мешаванд, шояд љавон њам

Президенти Тољикистон кадом модели идораи давлатро ба роњ мемонад? шаванд, вале тафаккур ва фалсафаи идораи давлату љомеа њамон мемонад. Садоќатсолорони бунёдиву хасакї дар ќадами аввал аз таблиѓи васеъи "шоњ" ва "соњиб-ул-амр" номидани президент кор мегиранд. Агар ќаблан аз забони мўйсафедону кўдакон њангоми пешвози президент ўро "шоњ" меномиданд, дигар даст пеши бар, сар хам бо нимтаъзим "шоњаншоњам" гуфтан ба як амали маъмулї табдил меёбад. Гўї дарбори Амир Олимхонро бо ороиши асри 21 бо њамон чењрањои ишкамовезон зинда мекунанд. Давлатдорї низ модели олимхонї дар асри нав мегардад.

Њукумати миршабу туќсабо Кофист, ки назари сатњие ба амалкарди њарбиёну рўњониён, сиёсати андозу таќсими замин намоем. Монандињои зиёде дар ин самт ба чашм мехўрад. Бидуни шак, агар ќушбегиву домуллоњо, миршабу амлокдорони Амир Олимхон дар асри мо низ мансабдор мебуданд, сиёсати имрўзаи мансабдорони тољикро пеш гирифта, њамагї сари сина нишони "Шараф" медоштанд. Олимхон ба миршабу туќсабоњо, мингбошиву ќурбошињо такя намуда, ба онњо имтиёз - лготњое низ дода буд. Аз љумла онњо аз супурдани андоз озод буданд. Сухани онњо дар дохили аморат буррандатар аз теѓашон буду аз нўги ќамчинашон њамеша хуни мазлумин мерехт. Одам ќадр надошту боздоштшудаву зиндонї шиканља мешуд, мисле, ки њамин њоло њаст. Золимии сохторњои ќудратї боварии мардум ба давлатро ба сифр баробар намуд. Дар асли худ системаи низомиву њарбї тамоман фалаљ буд, ки дар љанг алайњи душмани берунарусњои мусаллањ бо милтиќу тўп њатто аз калтак истифода мебурданд. Идеяи "љањидан"-и бозддоштшудањо аз ошёнањои милисахонањои Тољикистон падидаи нав нест. Њанўз дар замони Амир Олимхон мазлуминро аз манораи арки амир ба зер партофта, тамошо мекарданд. Озори зиндониён дар мањбусњо эљоди миршабу туќсабоњои замони нав нест. Њамонест, ки буд. Дар замони амир армия љойи пойлучону бенавоён буд… Ин сенарияи пешбинї мекунад, ки "фирори маѓзњо" ба ављи худ расида, ба шакли омавї сурат мегирад. Дар давлат бештар пайвандони мансабдорон ва оммави васеи хизматгорони онњо боќї мемонанд.

наи давлат хароб мешавад. Барои љуброни хисорот ба бозор молиёти нав - аминона љорї мекунанд. Ањмади Дониш, маорифпарвари бузурги тољик молиёти аминонаро чунин тасвир кардааст: "Агар бевазане каловае оварад ва ба се фулус байъ кунад, ду фулуси он бањри амин бошад. Ва агар касе як хирвор њима орад ва ба се дирам бифурўшад, ду ќисми он њаќќи амин бошад. Турфа номи золимеро амин кардаанд!" Њоло њам аз чор нон якеаш дар сарњад ба сифати бољ ситонида мешавад, баръакси Афѓонистон, ки аз орду нон андозу бољ намегирад. Ин молиёт то барњам хўрдани аморат љорї буд. Агар молиёту андози 110 сол ќаблро бо имрўз ќиёс кунем, суоле пеш меояд, агар ба мисли Ањмади Дониш ислоњотхоњу маорифпарваре дошта бошем, системаи андози моро, ки шуморааш аз 20 намуд бештар аст, чигуна тасвир мекард? Шояд бољ аз алоќаи мобилиро, ки боиси болоравии нарх шуд, тасвир карда љон медод? Дар мавриди буљаи давлатии Тољикистон шояд њамин ќадар гуфтан кифоя бошад, асли он, таќрибан 45 дарсади (!!!) онро андозу бољи гумрукї ташкил медињад. Ин њамон маъноро дорад, ки дар давлати амир фањмиши истењсолот несту такя бар љайби мардум карда мешавад. Тавре зикраш рафт, даромади асосии оилаи амир аз замин буд. Аз љумла се намуди истифодаи замин вуљуд дошт: заминњои давлатї - амлок, заминњои хусусї - мулк ва заминњои марбут ба масљиду мадрасањо - ваќф. Њама гуна заминро аз амир медонистанд. Заминњо ба сарватмандону мансабдорон тааллуќ дошт, ки дењќону нодорон онро ба иљора мегирифтанд. Гарчи дар Тољикистон замин моликияти истисноии давлат дониста мешавад, вале амалан онро хариду фурўш мекунанд. Кї? Таќрибан њама бо сарварии хоксоронаи намояндањои комилњуќуќи президенти Тољикистон дар мањал, албатта. Заминдорњои калон боз њамон мансабдорону сарватмандон - вазирон, раисон, судяњо, прокурорњо, комиссарњои њарбї, муллову эшонњо буда, бо номи хољагии дењќонї ва чарогоњ заминро аз худ мекунанду акнун бо даровардани таѓйроти ѓайриконститутсионї ба Кодекси замин "њуќуќи истифодабарии замин"-ро ба њамдигар мефурўшанд.

Сиёсати хориљї ва суќути салтанат Њукумати амир дар сиёсати хориљиаш авлавиятро ба Русияи подшоњї медод. Ба мисле, ки дар сенарияи нав дар сиёсати хориљї

АМИР ОЛИМХОНИ ШАРМАНДА ДАР ЃАРИБЇ ЉОН СУПУРД

стар аз ќурбошиву ќушбегї буда, ќасрњои боњашамату бўстонсароњо дар дили кўњњо бунёд мекунанд. Он ќадар кўшку ќаср доранд, ки то охири њаёташон ба њамаи њуљрањои он наметавонанд боре сар халонанд. Амир Олимхон њам фикр намекард, ки "њазорон тољи султониву дусад тахти сулаймонї, бистонанд аз дасташ ба осонї". Њељ ба он андеша набуд, ин тахту тољ на бар шоњони Сомонї вафо кардаасту на бар Парвизи Сосонї. Агар интихоби Рањмон рўи ин сенария сурат гирад, кї кафолат дода метавонад, ки таќдири аморати Бухоро ба сари Тољикистон нахоњад омад?

Сенарияи дуюм: "Давлатдории худкомагии муќарарї, ё дастболо гардидани ситам" Нишонаи аслии ин сенария аз он иборат аст, ки њукумат барои баќои ќудрат куллан ба


БЕПАРДА

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

3

Кишвар аз миллатњои гуногун иборат мебошад. Асоси онњоро чиноињо ташкил медињанд, ки беш аз 76%, малайњо - 13,9 ва њиндуњо 7,9% ва дигар миллатњо ташкил медињанд. Дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ли Куан Ю имрўз 96% ањолии кишвар худро пеш аз њама сингапурї мењисобад. Ин ва дигар дастовардњо аз паи мањдудиятњои нисбии озодии сухан, интихоби шаффоф ва дигар арзишњои демократї устувор гардидаанд. Ин аст, ки дар рейтинги Аудити љањонии фасод, демократия ва озодии матбуот (The World Audition corruption, democracy and freedom of press) Сингапур чунин тасвир ёфтааст: маќоми 1-ум дар адами коррупсия, 60-ум љой дар самти демократї ва 111-ум љой дар озодии сухан. Шароити хуби маишиву иќтисодї сарфи назар аз набуди демократия мардумро ба фирори маѓзњо, ё ба гуфти сингапурињои англисзабон ба brain drain водор накардааст. Мардум њеч њавасе надоранд, ки аз ин кишвар фирор кунанд.

Мероси падар Гузашта аз ин, Ли Куан аз сарвазирї рафт, аммо амалан идораи давлат дар дасташ боќї монд. Барои худ вазифаи вазир - ментораро ташкил намуд, ки наќши пири маънавиро мебошад.

МАЊСУЛИ ДАВЛАТДОРИИ ЛИ КУАН Ю. КОРШИНОСОН БАР ОНАНД, КИ НЮ-ЙОРК БАЪДИ 30-40 СОЛ БА СИНГАПУР МОНАНД МЕШАВАД

зулму истибдод такя менамояд. Кишвар бояд бидуни мухолифони сиёсї забонсурхе бошад. Њуќуќи инсон поймол гардида, озодии баён ва матбуот барњам зада мешавад. Парлумон мисли соли 2010 таъин шуда, туалетњои калонтарин њам бе иљозати боло сохта намешавад. Иштирок дар маросими лентабурї бошад, ќонунан њатмї кунонида мешавад. Барномаи "Ахбор" то ду соат дароз шуда, исми ягон нафари дигар дар он садо нахоњад дод. Намунаи сеюм њамон модели фаъолияти Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон ва Александр Лукашенко, президенти Беларус аст. Њама мардум аз сиёсатњои хирадмандонаи падари миллат пуштибонї мекунанду љањон ба онњо механдад. Давлат њамвора лофи демократия зада, истибдодро ба ављи худ мерасонад. Идораи давлат оњиста - оњиста майл ба жандармизм намуда, сари ќадам дар љодањо корманди милисае шањрвандонро мавриди пурсуљў ќарор медињад. Ин далолат ба он мекунад, ки рањбарияти олии кишвар аз њар як гўшаву канор эњтимоли сар задани хатарро интизорї мекашад. Боварї миёни њамдигар коста гардида, њама дар чењраи якдигар корманди маќомоти истихборотиро мебинанд. Президент аз сояи худаш њатто шубња карда, аслињаро аз худаш низ дўсттар медораду пасмондаи ёздањ касро мехўрад, то зањраш надињанд. Шубња ва нобоварї дар миёни наздикони рањбарияти олї зуд-зуд боис ба сар задани нифоќ мегардад. Ислом Каримов њамагї бо ду фарзандаш мушкил пайдо кард. Мушкили президенти Тољикистон нуњчанд мегардад. Мухолифон аз кишвар пурра ё ќисман ронда мегарданд, ё дар кунљи мањбас барояшон љой људо мекунанд. Камтарин эътироз шадидан саркўб гардида, аслиња њокими мутлаќ мегардад. Тибќи ин сенария, президент комилан шанси чун лидери миллї ќабул гардиданро аз даст дода, дар таърихи давлатдорї ба некї номашро сабт намекунад. Зулму истибдоди бардавом дар кишвар њама амалњои неки ўро зери соя мебаранд. Мардуми тољик ба умеди "поёни шаби сияњ сафед аст " то соли 2020 интизор мемонанд...

Сенарияи сеюм: "Худкомагии ибратомўз, ё рушди бесобиќа" Тавре болотар ишора кардем, дигар аз Эмомалї Рањмон ислоњоти либералї интизор шудан камоли содалавњие беш нест. Ў то чї њад ба демократия майл доштанашро нишон дод. Арш - "потолок" - и хоњишу иродаи сиёсии ў роњбари моил ба демократия будан аст. Аммо аз ў "худкомаи нарм" интизор шудан ба маќсад наздиктар аст. Ў њоло њам шанс дорад, ки

бо таѓйири раванди мављуда, лидери воќеан миллї гардад, ки њама љониб бидуни шубња ќабул намоянд. "Худкомаи нарм" ибораи сода нест, ки дар як они воњид ба он тавонї табдил шавї. Манбаи ин ибора сухани яке аз назарияпардозони машњури амрикої Фрэнсис Фукуяма мебошад, ки нисбат ба Ли Куан Ю, сарвазири собиќи Сингапур гуфтааст. Фрэнсис Фукуяма дар њаќи давлати Ли Куан Ю мегўяд: "Худкомагии нарм дар кишварњое мисли Сингапур раќиби хуби либерал - демократияи ѓарбї мебошад". Ли Куан Ю 30 сол нахуствазири Сингапур буда, як шањр-давлатеро, ки иборат аз љазирањои пароканда буда, дар љањони сеюм ќарор дошт, ба кишвари мутарраќии љањон расонд. Ин роњ ба ў осон даст надодааст. Барои Эмомалї Рањмон низ намунаи модели Куан Ю ќобили пешбинї аст. Чун шароити Тољикистон ќариб аз шароити солњои аввали истиќлоли Сингапур ќариб мондание надорад.

Интихоби роњ Нишонаи интихоби ин роњ аз љониби рањбарияти олии Тољикистон аз сиёсати кадрии ў бармеояд. Бахусус, агар дар тими нави њукумат дар таъини кадрњо ќолаби анъанањои бобої шикаста шавад. Сарвазир на аз рўи мавќеи љуѓрофї таъин гардаду шоистасолорї аз садоќатсолорї авло дониста шавад, бо умед метавон гуфт, ки президент таљрибаи Ли Куан Юро пеш гирифта метавонад. Ваќте Ли Куан Ю бо роњи демократї соли 1959 рањбари Сингапур гардид, кишвар дар фасод ѓўтида, осоре аз пешравї вуљуд надошт. Мисле, ки Эмомалї Рањмон бо љанги шањрвандї сари ќудрат омад. Сингапур як колонияи англисњо буда, љазирањои он макони роњзанњои бањрї буд. Њамон тавре, ки Тољикистон минтаќаи зери нуфузи русњо эътироф шудааст. Осоре аз канданињои фоиданок дар ин кишвар вуљуд надорад. Дар мо баръакс, ки кунун бо истифода аз "ресурсний метод" ба ивази пулу тарњњои ночизе, мисли ТЕСи Душанбе ба хитоињо дода мешавад. Дар ибтидои солњои рањбарии ў Сингапур аз тобеъияти Малайзия берун гардид. Таќрибан њамон гуна Эмомалї Рањмон ба Тошканд вокуниш кард. Пойгоњи њарбии Британия он љоро тарк кард. Кишвар мавќеъияти маркази маъмурї ва касбу кори њарбї дар љануб шарќи Осиё буданашро аз даст дод. Малайзия бозорњояшро ба рўи Сингапур баст. Де-факто Индонезия бо Сингапур љанг эълон кард. Мисле, ки Узбакистон ба мо. Ин кишвар њатто оби нўшиданї надошт, оби нўшиданиро аз Малайзия интиќол медоданд. Барои Ли Куан Ю љанг њељ ѓалаба намеовард. Дар назди ў масъалаи асосї њифзи боќї монданаш меистод. Дар ин

баробар коммунистњои Чини муќтадир тањдиде ба истиќлолияти ин кишвар буданд. Бале, хонандаи њушманд, айнан мисли вазъи Тољикистон. Бахше нест, ки олуда ба фасод набошад. Русия, аз нигоњи њарбиву иќтисодї, Тољикистонро як колонияи худ медонад. Аммо ба фарќ аз Сингапур мо аз канданињои фоиданок бебањра набуда, њељ не, оби нўшиданї дорем. Вазъ бо њамсояњо њам таќрибан њамон аст, ки Сингапур дорад. Дар блокадаи иќтисодии мудаввом ё перманентї ба сар мебарем. Дар чунин шароит Ли Куан Ю кишварашро наљот дод, давлатдории асил, на хасакї эљод ва миллаташро сарбаланд кард. Чаро Эмомалї Рањмон наљот дода натавонад?

Рушди бесобиќа Ли Куан Ю хешу табор ва наздиконашро аз давлат дур кард, такя ба кадрњои варзида намуд ва бо тасвиби ќонунњои сангин мубориза бо коррупсияро пеш гирифт. Дўстонашро ба зиндон кашид. Ў муваффаќ гардид, ки Сингапур дар ќатори панљгонаи кишварњои бидуни коррупсия љой гирад. Коррупсия аз зумраи љиноятњоест, ки барои он њукми ќатл пешбинї гардидааст. Инчунин, барои таљовуз, интиќоли маводи мухаддир низ ин љазо пешбинї мешавад. Ќонунњои сангинеро роњандозї намуд, ки аз гардиш дар љодањо то муносибати марду занро танзим мекард. Бо ин роњ тавонист фарњанги мардумро ба куллї таѓйир дињад. Ваќте дар соли 1959 сарвазир шуд, маљмўи мањсулоти дохилї ба сари њар шањрванд 400 долларро ташкил мекард. Ваќте соли 1990 аз њукумат рафт, ин нишондод ба 12 њазор доллар расид. Дар соли 2005 ММД ба сари њар нафар 27 њазору 490 доллари ИМА-ро ташкил намуд. ММД - и Сингапур рушде намуд, ки аз даврони тиллоии рушди ММД - и ИМА (18501900) болотар рафт. Агар дар ин даврон ММДи ИМА нисбат ба сари ањолї 13 маротиба афзоиш ёфта бошад, дар 40 сол дар Сингапур 40 маротиба афзуд. Ў дар кишвар минтаќањои озоди иќтисодї боз намуд. Бештар ширкатњои трансмиллиро ба њамкорї даъват кард. Албатта, дар ибтидо на њар ширкат ризо мегардид, ки ба ин љазира равад. Аммо ин норизоятињо дер напоид. Сингапур ба бозори раќобатњои ширкатњо мубаддал гардид.

Маориф ва миллатсозї Дар ибтидо Ли Куан Ю ба маориф диќќати хоса зоњир менамуд. Забони англисиро забони асосии тањсил эълон намуд. Љавонњоро барои тањсил ба хориљ равон намуда, барои њукумат кадр омода кард. Натиљаи ин ва дигар равандњо буд, ки имрўз олимон аз Аврупо ба Сингапур кўч мебандад.

ЛУКАШЕНКОРО БА ЉУЗ АЗ ЧАНД КИШВАРИ ХУДКОМА ЉОЕ ИНТИЗОР НЕСТАНД

Имрўз сарвазири Сингапур писари калони Ли Куан Ли Сиянлун аст. Сарфи назар аз њамаи ин нашудааст, ки Сингапур ва рањбарияти он мавриди танќиди шадиди кишварњои демократихоњ гардида бошад. Зеро рушди бесобиќаи техникиву иќтисодии кишвар чашми њамаро хира кардааст.

Сенарияи наљот Метавон пешгирии ин моделро инчунин "сенарияи наљот" номид. Зеро дар сурати пеш гирифтани ин модел Эмомалї Рањмон ба пешвои воќеии миллат мубаддал гардида, давлат аз порахўрњо ва мансабдороне, ки аз шикамашон як ќадам пешро дида наметавонанд, халос мешавад, иќтисоди миллї рушд карда, муњољират тадриљан аз байн меравад, дењќон соњиби замин мегардаду тиббу маориф рушд мекунанд. Такя ба технократњое, ки њадафашон ободии Тољикистон аст, обрўи Эмомалї Рањмонро дар минтаќа њифз хоњад намуд. Тибќи ин сенария истењсолоту соњибкорї равнаќ ёфта, вуруди сармояи хориљї ба Тољикистон сарозер мешавад, минтаќањои озоди иќтисодї ба маънои пуррааш ба гардиш медароянд, мардуми базонузада сар боло мекунанд. Виќору наљобат ба вуљуди тољикон бармегардад. Аммо бидуни тардид мухолифини ин роњ атрофиёни президент мегарданд. Эмомалї Рањмон, ки бори дигар аз мардум карт - бланш гирифтааст, чанд њафта ва моњи дигар ваќт дорад, ки аз онњо халос шавад ва бо љалби кадрњои нав њукумати рушди миллї бисозад, аз ислоњоти љиддии сохторї кор бигирад ва интизори натиља шавад. Ќиёми НУР, Азамати ВАЊЊОБ


4

ТАЌДИР

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

монон ва сайёњони хориљї хира мешавад. Пиёдагардон асосан аз роњи мошингард мераванд, чун одамгардњо ё банданд, ё њолати бад доранд. Оё раиси бозору раиси мањалла ва масъулини ноњияи Синову Муассисаи манзилию коммуналии пойтахт ин њолатро мебинанд? Ва фаромўш набояд кард, ки ба тозагию озодагии бозор, хиёбон, мањалла, кўча ва шањр на танњо масъулин, балки њар яки мо - шањрвандон масъулият дорем. Шервони УМРИДДИН

"Дењќон" - и ѓажд Арзонтарин бозори Душанбе ЊАР РЎЗ партов "истењсол мекунад", аммо дар ЯК МОЊ як бор тоза мешавад Банда як њафта шабонарўз дар бозори "Дењќон" - и шањри Душанбе ба фурўхтани себ машѓул будам. Як њафта шоњиди "тозагї" - ву беањмиятии масъулону кормандон ва савдогарони ин бозор будам. Чекчинњо ЊАР РЎЗ аз яклўхтфурўшон аз 10 то 50 сомонї мегиранд. КамАЗе, ки дохили бозор мешавад, аз 100 то 400 сомонї љойпулї медињад. Посбонњо ЊАР РЎЗ аз 3 то 5 сомонї њаќќ мегиранд, аммо дар як шаб аз ду КамАЗ 500 сомонї пул, як телефон ва як магнитафон дуздиданд. Посбонњо гўё посбонї мекунанд ва дуздњо њам гўё, ки расман коргари бозор бошанд, дуздї. Ва тасаввур кунед:

ЊАР РЎЗ барои посбон аз 3 то 5 сомонї, аз 10 то 50 сомонї барои рўзи савдо, аз 100 то 400 сомонї барои љойи КамАЗ месупоред, аммо шуморо ѓорат мекунанд. Ин пулњо ба куљо мераванд? Ба фикрам, ба љайбњои масъулини бозор, зеро "Дењќон", агар аз нигоњи нарх бозори арзонтарин бошад, аз нигоњи тозагї, ифлостарин бозор дар шањраки Гипроземи Душанбе, пойтахти Тољикистон аст. Бозор ягон ободї њам надорад. Соли гузашта њам чунин буд, њоло њам чунин. Таѓйирот нест. Руйи бозор бомпўш (шифир) нашудааст, ки бори фурўшандагон аз борону барф эмин нигоњ дошта шавад. Да-

руни бозор, гирду атрофи фурўшандагон пур аз партов аст. Партов чанд рў хобида, бўйи "сад хар" меояд, табъи кас хира мешавад. Чароѓ дар бозор вуљуд надорад! Њатто фурўшанда пеши пояшро намебинад. ЊАР РЎЗ шиштафурўшњои "Дењќон" аз дарун мањсулотро яклухт харидорї намуда, онро ба беруни назди дар ва ќади кўча мебароранд ва бо нархи гаронтар ба савдо мезананду як бурда нон меёбанд. Мањз њамин рўзњо љўйборњову кўчањои гирду атрофи бозор ифлос мешавад, зеро фурўшандагон ЊАР РЎЗ бегоњињо пас аз фурўхтани мањсулот дар кўча, бахусус љўйборњо партов мегузоранд. Рўзи душанбеи аввали ЊАР МОЊ (!) ба фурўшандагони бозори "Дењќон" - и шањри Душанбе, рўзи санитарї гузаронида мешавад. Сабаб ин аст, ки мањз дар њамин рўз боз љўйборњо, кўчањои гирду атрофи бозор бисёртар партовњоро бо чашмон мебинем. Њар як фурўшанда ЊАР РЎЗ баъди хунук шудани бозор партовњояшро дар љўйборњо ва кўчаву паскўчањо мегузорад. Бозор љойи доимии кор, ба истилоњи мардум, "пирхона", яъне љои муќаддас аст, зеро савдогар аз он ризќу рўзии фарзандонашро пайдо мекунад ва бояд чун манзили зист ќурбу манзалат дошта бошад. Мутаасифона, аз манзарае, ки дар атрофу љўйборњои "Дењќон" њукмрон аст, табъи сокинон, мењ-


БИДУНИ ТАЊРИР

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

5

Мо магар русњоро накуштаем? Розгўињои рўзноманигор Кароматуллоњи Ањмад дар њошияи як матлаби "Нигоњ" Ваќте ки бо талошњои пайдарпайи Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон бо њампояи россиягиаш В. В. Путин дар аввали будубоши муњољирони тољик дар Федератсияи Россия аз 7 рўз ба 15 рўз беќайд дароз карда шуд ва њукуќи кор кардан дар ин мамлакат ба се сол дароз карда шуд, дар њамин рўзњои шодї маќолае дар њафтавори "Нигоњ" (№32, аз 30 октябри соли 2013) бо номи "Нест бод забони урусї!"-ро хонда, таќдири садњо њазор муњољирони мо таббоњ мешаваду миллионњо падару модар, њамсар, фарзандон аз як бурида нони муњољири пайвандонашон бенасиб мемонанд. Ба њама маълум аст, ки то аввали соли 2013 соле 2,5 миллиард доллари амрикої муњољирони тољик аз Федератсияи Россия ба Тољикистон ворид месозад, ки ќариб ба маблаѓи яксолаи харољоти Љумњурии Тољикистон баробар аст. Хотирррасон менамоем, маблаѓи харољот ба тамоми соњањо дар соли 2014 2.9 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекунад. Коршиносон тањмин мезананд, маблаѓи аз љониби муњољирони Федератсияи Россия ба Тољикистон воридшуда дар љамъбасти соли 2013 ќариб ба 4 миллиард доллари амрикої мерасад. Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки барои таъмини амнияти кишвараш дар саросари кишвар назорати будубоши шањрвандони хориљиро гузаронад ва онњое, ки ќонунї њастанд, боќї монанд ва ѓайриќонунињо аз мамлакат пеш карда шаванд. Магар Тољикистон ин амалро - тафтиши будубоши шахрвандони хориљї, назорати шиносномавї нагузаронидааст?! Садњо нафар афѓонњо,

«

эронињо, чинињо ва ѓайраро аз Тољикистон пеш, яъне депортатсия шуданд-ку! Забон чї гуноњ дорад? Махсусан забони Пушкин, Есенин, Лермонтов, Шолохов, Толстой ва боз садњо нафари дигар. Ман њам њамовоз мешудам, ки агар мегуфтед; "Нест бод, фашизм!" "Нест бод скинхед!", "Нест бод нажодпарасти рус!" Россия шарики стратегии мост. Президенти Тољикистон Фармон дар бораи омўзиши забонњои русї ва англисї содир намудааст. Марказњои ройгони забономўзии русї барои онњое, ки ба муњоират мераванд, таъсис дода шудааст. То мухољирони мо ба забони русї мусаллањ шуда, дар давлати Россия сабту кор карда тавонанд. Як мисол. Содир мактабро дар Рашт хатм карду ба Россия ба назди бародараш Муњаммад рафт ва њамроњи ў дар яке аз сохтмонњо ба сифати аробкаш ба кор даромад. Бегоњ тољикони муњољир ва чанд нафар русњо дар хонаи Муњаммад чамъ омада, оши палав хўрданд. Муњаммад аз додараш хоњиш кард, ки аз хонаи њамсоя се стакан илтимос карда биёрад. Содир ба беруни дар баромаду боз баргашта аз бародараш Муњаммад пурсид: - Ака, стаканро ба забони русї чї мегўянд? Њама ќањ-ќањ хандиданд. Чунин мисолњои надонистани забони русиро миллионњо адад овардан мумкин аст. Мо медонем, ки скинхедњои рус, фашистњои рус ба манзилњои тољик, ба вагонњои поезди Тољикистон гурўњ - гурўњ дохил шуда, бо садои "Убивай!", яъне "Бикуш!" шабохун мезананд, мекўбанд ва њатто мекушанд. Ин амал як сол

То мухољирони мо ба забони русї мусаллањ шуда, дар давлати Россия сабту кор карда тавонанд. Як мисол. Содир мактабро дар Рашт хатм карду ба Россия ба назди бародараш Муњаммад рафт ва њамроњи ў дар яке аз сохтмонњо ба сифати аробкаш ба кор даромад.

Бино ба иттилои сокинони дењаи Таги Љари ноњияи Ховалинг, рўзи 6-уми ноябр, ки дар кишвар маъракаи интихоботи президентї идома дошт, аз кўшиши дуздии тилло дар Кони Шугнов пешгирї шудааст. Љипи сиёњ дар пули Таги Љар, ки, тахмин, дар 12-километрии маркази ноњия воќеъ аст, як бастаи тиллои дуздиро, ки, тахминан, се-чор килограммро ташкил медод, партофта, аз таъќиби мошини кормандони маќомоти ќудратї халос мешаванд. Гумонбарон ду нафар мебошанд, ки гуфта мешавад, яке сокини мањаллї ва дигарї аз минтаќаи Олимтой будааст. Мардуми дењаи Таги Љар наќл мекунанд, ки "гумонбарон бастаи тиллоро њангоми гузаштан аз болои пули дења, аз мошин берун партофта, кўшиши фирор

«

- ду сол нест. Ман зид ва душмани њама гуна куштори инсон њастам. Пас чаро мо њушу ёдамон, охиратамон Каъбатуллоњ асту муњољирони мо ба Арабистони Саудї намераванд? Зеро медонанд, ки дар он љо њам забон надонї, ѓуломвор шуда, кор карда наметавонї, якумр туро ба ќайд намегиранд, њуќуќи интихобкунандаву интихобшаванда надорї, на духтари тољикро арус мекунанд ва на писари тољикро домод мегиранд. Ку, акнун дод бизан, ки "Нест бод, забони арабї!". Пўст мекананд, љасадатро дар оташ месўзонанд. Дар давлати насронии Россия имрўз зиёда аз 300 њазор нафар тољикон шањрванди Федератсияи Россияро ќабул кардаанд. Дар худи Тољикистон таќрибан 100 њазор кас шањрванди Федератсияи Россия мебошанду нафаќаи баландро аз ин давлат ба даст меоваранд. Њељ гоњ В. В. Путин - Президенти Россия фармон надодаааст, ки "бикуш!". Маркази оптикию техникии "Окно" мо ба Россия ба ивази бахшиши ќарзи Тољикистон аз Россия ба маблаѓи 350 миллион доллари амрикої иљора додаем, на як умр. Тољикистон аз љанубу њам аз шимол хавф дорад. Махсусан, баъди хоки Афѓонистонро тарк кардани ќуввањои низомии НАТО ва Амрико аз њаракати Толибон Тољикистон хавф дорад. Тољикистон ба сари худ маблаѓ, ќувва, техникаи низомии пуриќтидор надорад, ки ин "вабои асри ХХ1"-ро бо маводи мухаддираш бигирад. Аз ин сабаб, дар Тољикистон мустаќар будани пойгањи бузургтарини низомии Россия - двизияи 201-ум чун обу њаво зарур аст. Дар маќола таъкид шудааст, ба русњое, ки дар Тољикистон зиндагї доранд, чун тољикон дар Россия азоб кашанд, азият дод. Чї магар мо тољикон русњоро ва дигар халќњоро накуштаем? Дар Арманистон соли 1991 заминларза дањшатбор шуд. Њукумати Тољикистон бо рањмдилї баъзе арманњои бехонумонро паноњгоњ дод. Сияров ном шахс бо коргарони телевизион хона ба хона гаш-

«

Дар давлати насронии Россия имрўз зиёда аз 300 њазор нафар тољикон шањрванди Федератсияи Россияро ќабул кардаанд. Дар худи Тољикистон таќрибан 100 њазор кас шањрванди Федератсияи Россия мебошанду нафаќаи баландро аз ин давлат ба даст меоваранд.

та, онњоро аз Ватанамон меронд. Дар бањманмоњи соли 1991 Юрий Балатонов, Никита Матросов, Наиля Негматулина, С. А. Плаксин, Галина Платонова, Вадим Стрелков низро куштем. Аз соли 1994 то соли 1994 7 нафар шањрвандони мамлакатњои дур, аз љумла Ютако Акино аз Љопон, Ришард Шевчук аз Полша, Волф Гонг Шпонер аз Австрия, Адолфо Шардете аз Уругвай ва ѓайраро намояндагони мо тољикон берањмона куштем, ки имрўз фаромўш кардаем?! Хабарнигорони фаъол ва љасури телевизиони Тољикистон Ситковский ва Никулинро куштемку. Командири руси ОМОН - полковники Гурўњи таъиноти махсуси фаврї Олег Захарченко дар Рашт кушта шуд. Ин хел мисолњоро садњои дигар овардан мумкин аст. Миллати рус дар Тољикистон аз як фоиз камтар аст. Русњое, ки боќї мондаанд, муйсафеду кампиранд. Чун ањолии рус зарурї нест, ягон нафар вакилї на дар палатаи болої

КЎШИШИ ДУЗДИИ ТИЛЛОИ КОНИ ШУГНОВ ДАР РЎЗИ ИНТИХОБОТ кардаанд". Тиллои дуздї ба атроф пош хўрда, шоњидони њол, мардуми мањаллї, онро љамъ карда, бо худ бурдаанд. Тахмин меравад, ки хокаи тилло аз њудуди ЉДММ "Союз-зар" дуздида шудааст. То замони нашри матлаб ба мо муяссар нашуд, ки бо роњбарияти ин коргоњ дар тамос шавем. Аммо маќомот на танњо шахсияти гумонбаронро ошкор накардааст, балки Вазорати корњои дохилии Тољикистон расман иттилоъ дод, ки дар рўзи интихоботи президенти Тољикистон, яъне 6уми ноябри соли љорї дар кишвар њамагї

«

як љиноят содир шудааст, дар њоле дар бораи як њолати пешгирї аз ќочоќи маводи мухаддир дар Шимоли мамлакат гузориш медод. Кони тиллои Шугнов тобистони соли гузашта, дар пайи ќатли Холмуъмин Сафаров, раиси Хољагии љангали Тољикистон ва њамзамон, язнаи президент Эмомалї Рањмон, расонаї шуда буд, ки яке аз шахсони таъсиргузор дар фаъолиятњои кони тиллои Шугнов ва захирањои дигари табиии минтаќаи Кўлоб мењисобанд. Кони Шугнов яке аз 28 кони тиллои Тољикистон мањсуб мешавад, ки дар за-

на дар палатаи поинии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон нест. Худо накунад, ки кадом китоб, рўзнома, маљалла, ки нависад: "Нест бод, забони тољикї!" Ман хуни нависандаи чунин сатрњоро дам мекашам, ки миллати озодаи маро тањќир мекунад. Аз чопи чунин навиштаљоти "Нест бод, забони урусї!" бўйи њузури Толибон дар Тољикистон ва ба зиндагии ибтидоию феодалии асри У11 баргаштан аст. На ва боз сад бор на "Нест бод забони урусї!" , балки сад бор - "Зинда бод забони руси!" мегўем. Бо думи шери Россия бозї набояд кард, ки зомини садњо њазор муњољири тољик мешавем. Озодии сухан, озодии виљдон, демократия њам њаду њудуд дорад. Чун аз њудуд баромад, пистаи бемаѓз расво шавад. Кароматуллоњи Ањмад, рўзноманигор

мони Шўравї дар як сол аз ин кон њудуди 3-4 тонна тилло истихрољ карда мешуд. Њоло дар ин мавзеъ панљ корхона ба истењсоли хокаи тилло машѓул мебошад, ки дутои он давлатї ва сеи дигар хусусї мањсуб меёбанд. Тибќи иттилои ѓайрирасмї, дар конњои хусусї њудуди 40 нафар шањрвандони Чин ѓайриќонунї ба кор љалб шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки баъд аз як номаи сокинони мањаллї бо фармони Иосиф Сталин, дар замони Љанги дуюми љањон, њатто, љавонони ин мавзеъро, ки барои фронт тиллошўї мекарданд, ба љанг намебурдаанд. Тибќи ривоятњо, кони мазкур њанўз аз замони Искандари Маќдунї (асри IV пеш аз милод) маълум будааст. Эраљи АМОН


6

БЛЕКАУТ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

Аслан "лимит" - и барќ њељ љои тааљљуб надорад. 14 сол мешавад, ки мардуми Тољикистон "шањд"-и онро њудуди 6 моњ мечашанд. Мањдудияти барќ як одати муќаррарї њам шудааст. Дар дањаи дуввуми асри 21 (!) фасли сарморо бо шами бобоиву сандалї паси сар кардан суннат шудааст. Солњои 2007 ба 2009 дар сатњи хеле олї ваъда шуда буд, ки 2 ё 3 сол пас мушкили барќ њал мешавад. Мардум бовар карданд, аммо кор "гўшти уштур хўрд". Эълони ахир тариќи телевизионњои вилояти Суѓд "тарбузњоро аз баѓал афтонд". Умеди бењбудии барќ дар фасли сармо барбод рафт. "Барќи тољик" љоришавии "лимит"ро дар шањру навоњии кишвар аз 26-уми октябр эълон кард... Масъулини барќ ваъдаи 15 соатро доданд. Амалан сокинон дар як шабонарўз 10 соат барќ мегиранд… "Болои сўхта - намакоб" боз овозае дар миён афтод. Як њафта ќатъ шудани интиќоли барќ ба Суѓд мардумро ба воњима овард. Њама љо гуфтугузор ва андеша сари ин масъала аст. Сартарошхонањо аз њарваќта серодаманд, чун мегўянд, ки 10 рўз барќ намешавад. Сокинони шањрњои Хуљанду Чкалов ва Ќайроќќум бештар ба воњима афтодаанд, чун аксаран дар баландошёнањо зиндагї мекунанд. Дењотиён он ќадар ташвиш надоранд, чун ба бебарќии фасли сармо одат кардаанду мегўянд: "Аз ин бадтар нашавад!"

Косаву нимкоса Ин овоза "гапи занакњои лави оби об" нест. Тариќи телевизиони вилоят 8 ноябр ба мардум эълон шуд. Бо Нозирљон Ёдгорї, сухангўи "Барќи тољик" дар тамос шудам. Дарњол гуфтд, ки "ман шуморо фањмидам. Он овозањо дар вилояти Суѓд асос надоранд ва дар њолати гузаронидани корњои таъмиркунї низ мо тариќи расонањо хабар медињем. Њоло кор дар ин самт аниќ нашудааст. Дар ваќти оѓоз шудани кор низ ба мардуми вилоят ин ќадар таъсири зиёд намерасонад".

"СУЃДИ ТОРИК" Расонањои вилояти Суѓд бо шамъфурўшон чї маслињат карданд? Овозаи манфиатовар Аммо овозаи бебарќии 10 - рўза бозори шамъу фонарик ва бухорифурўшонеро, ки Худо гуфта шишта буданд, гарм кард. Як њафта ќабл бухорие, ки бо газ ва барќ кор мекунад, 650 сомонї буд, њоло нархи он то 1000 сомонї боло рафтаву дигар бухорињо њам то 50 сомонї

«

ќимат шудаанд. Нархи ангишт њам то 20 дирам зиёд шуд. Аљобат њам дар он аст, ки эълони ќатъи барќ тариќи телевизион шуд. Дар ин эълон гуфта мешуд, ки аз санаи 11 ноябр 7 рўз танќисї дар интиќоли барќ дида мешавад. Сабаби онро гузаронидани корњои таъмиркунї дар хати баландшиддати 500 - келоваттаи Љануб - Шимол ун-

Сокинони шањрњои Хуљанду Чкалов ва Ќайроќќум бештар ба воњима афтодаанд, чун аксаран дар баландошёнањо зиндагї мекунанд. Дењотиён он ќадар ташвиш надоранд, чун ба бебарќии фасли сармо одат кардаанду мегўянд: "Аз ин бадтар нашавад!"

«

ЊУЌУЌИ ИНСОН

ДАЪВОИ МОДАРИ ЌУРБОНИИ ШИКАНЉА АЛАЙЊИ ВКД Суди ноњияи Исмоили Сомонї мурофиаи даъвогии модари Бањромиддин Шодиев, ќурбонии шиканљаи маќомотро, нисбати Вазорати корњои дохилї то пагоњ, 13-уми ноябр, ба таъхир гузошт. Суд сабаби ин тасмими худро дар омода набудани баромади прокурори парванда арзёбї кард. Ќарор аст, мурофаи судї бо даъвои модари Бањромиддин Шодиев, пагоњ, 13-уми ноябр, соати 15:00, дар бинои Суди ноњияи Исмоили Сомонї баргузор гардад. Бањромиддин Шодиев аз љумлаи ќурбониё-

ни шиканља дар Тољикистон аст, ки баъди латукўби милисањои ноњияи Синои пойтахт ва љароњати вазнини љисмонї дидан ба таври асроромез аз ошёнаи дуюми беморхона уфтода, ба њалокат расида буд. Модари ў - Ниёзбибї Буриева њоло аз маќомот таќозои рўёнидани љуброни зарарро дорад ва бо аризаи даъвої талаб кардааст, ки додгоњ аз Вазорати корњои дохилї ба маблаѓи 180 њазор сомонї ба нафъи ў товон ситонад. Эњтимол меравад, пагоњ ќозии додгоњ њукми нињоии худро дар мавриди даъвои модари марњум ва Вазорати корњои дохилї содир кунад.

вон шуд. Дар эълон нагуфтанд, ки дар як шабонарўз чанд соат барќ намешавад. Инчунин мушаххас нашуд, ки мањдудкунї танњо барои ањолї ва ё барои иншоотњои њаётан муњим њам хоњад буд. Љумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суѓд ба "Нигоњ" гуфт, ки дар муддате, ки барќи хатти Шимол Љануб ќатъ мешавад, аз барќи Ќирѓизистон истифода хоњад шуд. Овозањо сару садоњои зиёдеро байни ањолї ба вуљуд овард. Нарх дар бозор боло рафт. Оё як маслињате миёни тољирон ва расонањо буд? Агар корњои таъмиркунї 17 ноябр шурўъ мешаванд (рўзи 16 ноябр президенти Тољикистон савганд мехўрад!), чаро 11 дар эълон санаи 11 ноябр садо дод? Њамин тавр, дар Суѓд њар кас ба таври худ ба њафтаи торикї омодагї мебинад... Афзали СОЛЕЊ


ТОЉИКОНИ НАВ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

7

- Чаро ба Вазорати тандурустї мурољиат накардед? Шояд онњо барои табобат ё ташхиси кўдакон кўмаке карда метавонистанд? - Ман намедонистам, ки барои кўдакон чунин як шароити кўмак, ё табобати ройгон њаст, ё не. Намедонистам, ки ба куљо мурољиат кардан даркор. Духтурњо гуфтанд, ки ваќте кўдак то сесолагї мунтазам табобат гирад, бояд ба ў нафаќа таъсис дода шавад. Барои духтарчаи калониям нафаќа мегирам. Нафаќа 104 сомонї мегирифтам. Акнун аз сентябр, ин маблаѓро зиёд, 140 сомонї карданд. - Ин 140 сомониро ба чї сарф мекунед? Ин маблаѓ ба чї кифоят мекунад? - Ин пул ба дору намерасад. Ман, масалан, як дору гирифтам - Серебролизин, ки барои бартараф кардани љароњати асаб тавсия доданд. Ин доруро ман 170 сомонї харидам. Њар даъфа ман маљбурам ба 500 - 600 сомонї дору харам. Баъзан ба 800 900 сомонї дору менависанд. Панљ соле, ки шавњари ман дар Русия кор мекунад, фаќат ин пул ба дору сарф шудааст. - Духтурон ѓайр аз ин, ки мегўянд, сабаби бемории тифлакони шумо фишори маѓзи сар аст, ягон сабаби дигар

Ганљина Бўриева, сокини 25солаи шањри Душанбе, модари ду тифли ноболиѓ ба њафтаномаи "Нигоњ" омад. Барои он ки имрўз, мутаассифона, ба куљо рафтан ва мурољиат карданашро намедонад. Он чї ў наќл мекунад, намешавад дар як ду љумла навишту тамом кард. Ба њар сурат муњтавои ин суњбатро мухтасар ба хонанда мерасонем. - Ганљина, чї хел шуд, ки Шумо бо ду тифли бемор, дар хонаи якњуљрагии модаратон зиндагї мекунед? - Ман соли 2009 ба Русия рафтам. То тирамоњи соли 2010 њамроњи шавњарам дар Оренбург будам. Вай дар сохтмон кор мекард. Ман њомиладор будам. Дар Русия ваќте таваллуд кардам, духтурон дар рўзи дуюм гуфтанд, ки тифлат наѓз намешунавад. Боз як бори дигар бо дастгоњи махсус санљиданд. Ба ман њатто нишон њам доданд,

Ганљина БЎРИЕВА: "ШАВЊАРАМ ПАНЉ СОЛ БОЗ ДАР РУСИЯ БАРОИ ДОРУ КОР МЕКУНАД"

ки дастгоњро ба гўши кўдакони дигар мегузоштанд, он таљњизот нишон медод, ки онњо шунавоянд. Аммо ваќте ба гўши духтарчаи ман мемонданд, дастгоњ фаќат сифрро нишон медод. Духтур гуфт, ки кўдакат намешунавад. Баъд ба ман гуфтанд, ки баъди як моња шуданаш ба ташхис баред. Чун аксаран ингуна кўдакон баъди якмоњагї шунавоияшон барќарор мешавад. Маро тасаллї доданд. Духтарчаам ваќте якмоња шуд, боз бурдем, мутаассифона, вазъ таѓйир наёфта буд. Гуфтанд, ки тифли ман шунавої дорад, аммо нињоят суст. Доруву дармон навиштанд, гуфтанд, ки табобат кунем. Ва дар шашмоњагї бори дигар назди духтур биёрем, барои ташхис. Мо ба гўши кўдак дору мечакондем. Духтур сариваќт медид, ки оё гўшаш зардоб нагирифтааст, захм дорад ё не. Аммо шашмоња њам шуд, Шукронаи ман шунаво нашуд. Духтурњо гуфта буданд, ки кўдак бо фишори маѓзи сар таваллуд шудааст. Баъди ин њам гуфтанд, ки дар нуњмоњагї бояд кўдакро як маротибаи дигар ташхис мекунем. Мутаассифона, ман натавонистам дигар дар Русия истам. Дар њафтмоњагї ба Тољикистон баргаштам. Шавњарам дар Русия кор мекард. Дар Тољикистон њам ба духтурњо нишон додам. Ба Ќарияи боло бурдам. Ба Маркази миллии ташхисњо бурдам. Дар беморхонаи 12-уми Душанбе духтури бењтаринро тавсия доданд, духтур Њољиев, ба он кас мурољиат карда, се моњ табобат гирифтем. Ун кас диагноз монданд, ки Шукрона неврити кохилярии дутарафа аст. - Ин беморї табобатшаванда аст, гуфтанд, ё чї? - Гуфтанд, ки дар Тољикистон шароити ташхиси пурраи ин беморї нест, ки мо тавонем ўро табобат кунем. Бояд дар хориљ

аз кишвар табобат гиред. Дору навиштанд, ба гўшаш чакондем. Малњам навиштанд, сўзандору њам гирифтем. Тўли се моњ табобат бенатиљае анљом ёфт. Баъдтар шавњарам маро ба Русия таклиф карданд. Ман боз ба Русия рафтам. Вале ин даъфа ваќте духтур Шукронаро ташхис кард, гуфт, ки дигар наметавонем табобат кунем. Шумо бояд ба Уфа барои ташхис равед. Онњо Маркази ташхисњои беморињои шунавої будааст. Мо бояд њамон љо мерафтем. Ба мо гуфтанд, ки бо чунин њолатњо бисёр дучор шудаанд ва баъди љарроњї дар Уфа онњо сињат ёфтаанд. Яъне њанўз њам имкони сињат шудани духтарчањои ман њаст. Ин имкон аз даст нарафтааст. Яъне кўдакони ман модарзодї ношунаво набудаанд. Балки мешунаванд, аммо хеле суст. Ва ин табобатшаванда аст. Мо маълум кардем, ки маблаѓи як чунин љарроњї 30 њазор доллар будааст. Мо наметавонистем ин маблаѓро ёбем. Њамин тавр, мо дигар натавонистем ба Уфа равем, чунки дар ин кор маъние набуд. Мо маблаѓ надоштем. Ман ба ватан баргаштам. Боз фарзанддор шудам. Духтарчаи дуюмам таваллуд шуд. Ў њам бо њамин беморї таваллуд шуд.

Ваќте ўро љеѓ мезанї, вай агар рўяш ба сўйи дигар бошад, ба ту нигоњ намекунад, чунки туро намешунавад. Чї ќадар ин лањзањо аламовар аст. Вале агар дар рўбарў истода бошї, ба ту диќќат мекунад ва туро мефањмад. Духтарчаи калониам пурра гап заданаметавонад. Духтарчаи хурдиам, тамоман гап намезанад. Ин хеле душвор аст, ваќте медонї, ки тифлат метавонад сињат шавад, аммо наметавонї ба ў кўмак кунї. Духтарчаи хурдиям њоло сесола аст, пеши духтурњо бурдам, натиља нест. Тамоман гап зада наметавонад. Ман дар бораи тарбияи ояндаи онњо, дар бораи таълим гирифтани онњо фикр мекунам. Мактаби махсуси ношунавоњо будаст. Аммо ба мо гуфтанд, ки агар тамоман намешунид, бо муаллим таъмин мекардем, ки ба кўдакат забони ишорањоро меомўхт. Агар андаке шунида тавонад, мо маљбурем, ки муаллимро ба кўдаки ношунаво дињем. Чун муаллимони забони ишора намерасад. Ба духтарчаи хурдиам Шањзода дарси ишорањоро меомўзанд. - Чї хел шуд, ки шавњаратон мањбас шуд? - Ман соли гузашта, моњи апрел ваќте аз Русия баргаштам, шавњарам гуфтанд, ки тирамоњ ба Тољикистон меоянд. Корњои хона монда буд, бояд корњои хонаро мекарданд. Тирамоњ шуд, гуфтанд, ки билет харидаанд. Баъд, то љое ба ман маълум аст, як ду рўз пеш аз омаданашон милисањо боздошт карда, бо туњмат зиндон карданд. Ба муњлати панљ сол. Он кас занг зада, гуфтанд, ки бегуноњ ба панљ сол зиндонї шудаанд, дар асл ягон гуноње надоранд. Ман дигар, ростї, чизе дар ин бора намедонам. Ман дигар шароити рафта, хабар гирифтани шавњарамро њам надорам. Дар як хонаи якњуљрагї њамроњи модараму хоњарам бо ду тифлакам ба сар мебарем. Дар ягон љо кор намекардам, фаќат модарам кор мекунанд, ки њамагї 300 сомонї маош мегиранд. Падар надорам, мутаассифона. Додару бародар низ надоштам, чун дар хона се хоњар будему апаам шавњар кардааст. Хоњарам нав мактабро тамом карда, њоло хонашин аст. Ба ягон донишгоњ њам дохил карда наметавонем. Худам, ки маълумотї олї надорам, њоло нав ба кор даромадам, ки дар як рўз 30 сомонї маош мегирам, ки намедонам, ба дору сарф кунам, ё ба хўроку либоси фарзандонам.

намебинед? Барои мисол пештар бо чунин беморї рўбарў нашуда будед? Чун ваќтњои ахир аз духтурон шикоят бисёр аст, дар мавриди ташхиси нодуруст... Ин ирсї нест? - Мо ваќте ба духтур мурољиат кардем, баъзан мепурсанд, ки шояд никоњи хешутаборї доред бо шавњарат. Мо ба њамдигар хешие надорем. Ирсї њам нест. Дар авлоду аљдоди мо ин беморї набуд, мегўяд модарам, бибиям. Хушдоманам низ мегўяд, ки бори аввал бо чунин њолат рўбарў мешавад. Аммо духтурон мегўянд, ин њисоби зиёд асабонї шудан њангоми њомиладорї аст. Ваќте шавњарам дар Русия буд, ман дар ин љо њомиладор будам, ба ман мегуфтанд, ки вай зани дигар гирифтаасту дигар намеояд. Бисёр асабонї мешудам. *** Баъди ин гапу калочањо, ман гуфтам, ки ё маро ба пањлўяш барад, ё ба ватан баргардад. Баъд шавњарам маро ба наздаш даъват кард. Муњољирати корї, ки дар минбарњои давлатї "як раванди маъмулї" меноманд, танњо аз Ватан рафтану, дур аз хонаву дар кор кардан, пул фиристодан нест. Аммо шояд танњо баъди суњбати ошкоро бо нафароне мисли Ганљина Буриева, дар бораи то кадом андоза њалокатбор ва миёншикан будани муњољирати корї ба оилањои љавони мо тасаввуроте њосил шавад. Муњољирати корї шояд равандаи ваќеан маъмулї бошад, аммо аз афти кор, на аз Тољикистон ва на ба самти Русия. Ба њар њол, солњои ахир ин раванд барои аксарияти љавонони мо, хеле кам бо фоида меанљомад ва аксаран натиљањои муњлику муњрашикане дорад, ки ба гумон аст замоне њукумате ин њама шикастурехтро љуброн карда тавонад. Ба њар њол, мо ин матлабро бо дархости вокунише ба Дастгоњи иљроияи Президент, Вазорати тандурустї, Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, ба Кумитаи кор бо занон ва Хадамоти муњољирати Тољикистон фиристодем. Бошад, ки маќомот њадди аќал кўшиши расидагї ба мушкиле аз мушкилоти шањрванд, зан, як модари љавон ва ду тифли ноболиѓи тољик дареѓ надоранд. Суњбати Фаридуни РАЊНАВАРД


8

ЧАШМИ АДОЛАТ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

Ба таваљљўњи президенти Тољикистон - Эмомалї Рањмон, раиси Суди олї - Нусратулло Абдуллоев, Прокурори генералї - Шерхон Салимзода, раиси Шўрои адлия Зафар Азизов, раиси Суди вилояти Суѓд - Анвар Юсупов ва прокурори вилояти Суѓд - Шариф Ќурбонов

"Ѓорати судї" Иноятулло ЃУЛОМОВ, раиси суди ноњияи Кўњистони Масчоњ

Аслан намехостам он беадолатиеро, ки аз сари ман як шањрванди оддї тайи ин панљ сол омада, то ба њол аз он халос нашудаам, бо ишорат ба шумоён рањбарони давлати соњибистиќлоли Тољикистон, ба сањфањои матбуот кашам. Хеле сабр кардам, ки ин корро накунам, аммо дигар роњ надоштам. Рафтори Иноятулло Ѓуломов, раиси суди ноњияи Кўњистони Масчоњ маро маљбур кард, ки ба матбуот нависам ва бигзор њомиёни ќонуну давлат аз асли ќиссаи ман огоњ шаванд ва худ ба рафтори раиси суд, ки аз ваколатњои вазифавии худ истифода карда, адолати судиро барпо накардааст, воќиф гарданд. Соли 2007 ваќте дар ФЉСК "Агроивестбонк" дар шањри Хуљанд кор мекардам, ду сокини шањри Истаравшан - падару писар Њайит ва Сўњроб Яќубовњо назди ман омаданд. Онњо гуфтанд, ки барои ворид намудани орд пул лозим аст ва ќарз бояд гиранд, то ин тиљораташонро рушд дињанд. Барои ин навбат онњо ба миќдори 15 њазор доллари амрикої аз "Агроинвестбонк" ќарз гирифтанд. Баъд аз њашт моњи гирифтани 15 њазор доллар ќарз аз бонк, онњо дубора ба назди ман омада гуфтанд, ки ин навбат ќарзи бештар мехоњанд гиранд. Дубора аз бонк 60 њазор сомонї ќарз гирифтанд. Онњо баъди чанд муддат маблаѓи бонкро супориданд. Ману Сўњроб, писари Њайит Яќубов бо њам рафиќ будем. Дар ин миён борњо байни њам муомилаву додугирифти пулї доштем. Гоњо барои Сўњроб аз њазор то дањ њазор доллар, барои тиљорат амонат медодам. Моњи майи соли 2008 буд, ки Сўњроб њамроњи падараш Њайит Яќубов назди ман омаданд ва гуфтанд, ки барои мо 40 њазор доллари амрикої зарур аст. Ман гуфтам, ки ин ќадар пул дода наметавонам, чунки ин ќадар пул њоло надорам. Онњо боисрор хоњиш мекарданд, ки ёфта дињам. Ман њам, ки ба боварии онњо даромада будам ва онњо ба боварии ман,

Чї гуна судя Ѓуломов ќонунро ѓуломи худ медонад?

гуфтам, худам надорам, вале кўшиш мекунам пайдо намуда, бароятон дињам. Ман назди падарам Њайдар Дўсматов рафтам ва 40 њазор доллар пул пурсидам. Падарам гуфтанд, ки агар он рафиќонат шахсонии боваринок бошанд, мушкил нест, пули доштаамро медињам. Ман аз падарам 40 њазор доллар пулро гирифта, ба Сўњроб ва падараш Њайит Яќубовњо бо дарназардошти 3 фоиз додам. Моњњои июн ва июли соли 2008 фоизи пулро оварда, супориданд. Моњи август падарам гуфтанд, ки пул лозим аст, чунки кам - кам ба тиљорат њам машѓул буданд ва бояд ман ба Сўњроб ва Њайит Яќубовњо, сокинони шањри Истаравшан мурољиат намоям, то пули падарамро баргардонанд. Ба онњо мурољиат кардам, вале онњо гуфтанд, ки холо пул нест ва баргардонида наметавонанд, чунки бо ин миќдор пул онњо бор харида овардаанд. Падарам гуфтанд, ки агар дода натавонанд, ман аз "Агроинвестбонк" ќарз мегирам, онњо фоизи бонкро пардохт намоянд. Ман инро ба Яќубовњо гуфтам ва онњо бо ин шарт розї шуданд, ки фоизи ќарзи бонкро пардохт менамоянд. Онњо розї шуда, њуљљати хонаашонро аз бонк гирифта, дар ихтиёри мо њамчун гарав (залог) гузоштанд. Ман ба онњо бовар карда, њуљљати хонаашонро гирифтам. Ваќте гаравро бонк медињад, ба идорањои давлатии нотариалї ва Корхонаи фаръии байниноњиявии баќайдгирии техникии шањр ва ё ноњия (КФББТ) мактуб мефиристад, ки хона аз њабс озод карда шудаст. Онњо њуљљати хонаашонро бо мактубњо ба суроѓаи идорањои нотариус ва КФББТ ба ман доданд. Аз ин миён кариб як сол сипарї шуд ва онњо њар моњ фоизи бонкро месупориданд. Аммо ду моњи охир то супоридани ќарзи

«

Мурофиаи судї дар толори Сизои шањри Истаравшан доир мешуд. Дар мурофиа Њайит Яќубов њамеша љангу љидол мебардошт, ки ў пул нагирифтааст. Аммо ман нишондодњои мављуд будани кирдорњои ќаллобии ўро дар ихтиёри судя мегузоштам. Судя ба далелњое, ки Яќубов пул гирифтааст, ањамият намедод ва мегуфт, ки тафтишот чї додааст, ман њамонро мебинам, дигарашро намебинам.

«

мо ва фоизи бонк Њайит Яќубов гуфт, ки мо банкрот шудаем, орди овардаамон талх баромад ва мо ќарзи Шуморо дода наметовонем, барои мо як соли дигар муњлат дињед. Ман гуфтам, ки ин охир маслињат чунин набуд, шумо бояд ќарзро баргардонед, муњлат расид, мо ба шумо бовар карда пул додаем… Дар миёни мо љангу љидол рух медод. Онњо "мо дода наметавонем", мегуфтанд, ман мегуфтам, ки "пулро баргардонед". Мо ноилољ ќарзи аз бонк гирифтаро, ки бояд Яќубовњо пардохт менамуданд, баргардондем. Дар ин байн борњо ба хонаи Њайит Яќубов рафтам ва ё ба телефонаш занг задам. Иќрор мешуд, ки ман аз ту ќарздор њастам ва маблаѓи шумоёнро њатман баргардонида медињам. Њатто дар як сўњбате, ки дар шоњидии Азиз Латипов бо ў њамроњ доштем ва ман онро дар диктофони телефонам сабт кардам, гуфт, ки ман аз шумо ќарздор њастам ва инро лозим шавад дар суд њам мегўям, зарур ояд хонаамро фурўхта, пули шуморо баргардонида медињам. Аммо пас аз он сўњбате, ки доштем, охири ваќтњо ба зангњои ман љавоб намедод… Як рўз дар кўчаи ба номи Ленин дар Хуљанд Њайит Яќубовро вохўрдам. Вай гуфт, ки мо аз ту ќарздор нестем ва ба ту пул намедињем. Ман аз ин суханони ў њайрон шудам, ки чї гуна ў пулро гирифта, то ин ваќт иќрор шуда, имрўз ин хел мегўяд. Ба хулоса омадам, ки оиди руёонидани ќарз ба суди шањри Истаравшан мурољиат намоям. Барои руёнидани ќарз ба Суди шањри Истаравшан мурољиат кардам. Дар рўзи аввали мурофиа Њайит Яќубов њамроњаш квитансияњоеро, ки дар бонк тўли 9 моњ фоизи 40 њазор долларро супоридааст, овард. Вай баёнот дод, ки ман ќарздор нестам ва ман пурра пардохт карда, соф шудаам. Раисикунанадаи мурофиаи судї, он ваќт Барно Розиќова аз Њайит Яќубов пурсид, ки ту агар ќарзи Дўсматовро пурра дода бошї, чаро фоизи ќарзи ўро дар бонк месупоридї? Њайит Яќубов худашро гум карда, гуфт, барояш Дўсматов гуфтааст, ки ту як сол фоизро супор, ман ба ту пул медињам. Куљои ин гапи Њайит Яќубов ба мантиќ рост меояд? Воќеан, чаро бењуда як сол ба бонк фоизи ќарз супурд? Судя пурсид, ки "оё барои як сол супоридани фоизи бонк дар нињоят Дўсматов ба ту пул дод? Не. Пас чаро ту бењуда њудуди 10 њазор доллари амрикої ба бонк фоиз супоридї?" Њайит Яќубов ба ин суолњо посух дода натавонист. Дар мурофиаи судї ман аз Њайит Яќубов пурсидам, ки агар ту аз ман пул

нагирифта бошї, чаро шиносномаи техникии хонаатро дар ихтиёри ман гузоштї? Гуфт, ки ту техпаспорти хонаи маро дуздидаї. Ман пурсидам, хуб, агар ман шиносномаи техникии хонаи туро дуздида бошам, чаро ба ягон маќомоти дахлдор оиди ин дуздии ман мурољиат накардї? Љавоб дода натавонист. Бо нишондоњои бардуруѓаш Њайит Яќубов гўё ба пои худ хор мехалонд. Баъдтар маълум шуд, ки ў бо Кормандони идорањои давлатии нотариалї ва КФББТ - и шањри Истаравшан забон як карда, маълумотномаро оиди он, ки хонааш дар њабс ќарор надорад, мегирад. Њол он, ки ў ба дасти худ њуљљатњои хонаашро дар ваќти гирифтани 40 њазор доллар ќарз дар ихтиёри мо вогузор карда буд. Ў бо роњи фиреб шиносномаи техникии хонаашро нав карда, аз филиали "Аввалин Бонки Молиявии Хурд" дар шањри Хуљанд пул ќарз гирифтааст. Мо аз ин корњои Њайит Яќубов хабар надоштем ва намедонистем ки ў бо кормандони идорањои давлатии мазкур дар шањри Истаравшан забон ёфта, ба корњои ќаллобияш идома медињад. Маълум гардид, ки Мўсо Аъзамов, корманди идораи давлатии нотариалии шањри Истаравшан маълумотномаи бардуруѓ ба Њайит Яќубов додааст, ки хонааш дар њабси ягон бонк ќарор надорад. Дар асоси ин маълумотномаи бардуруѓи КФББТ - и Истаравшан Њайит Яќубов тавонистааст, ки шиносномаи техникии хонашро нав кунад. Дар мурофиаи судї ман сабти сўњбатамро, ки ќаблан бо Њайит Яќубов доштем, ба муњокима гузоштам. Дар мурофиа Њайит Яќубов гуфт, ки ин овози ман нест ва суханњоеро, ки ќарздор буданашро то ин ваќт иќрор мешуд, рад намуд. Ман талаб кардам, ки сабти сўњбати ман ва Њайит Яќубов барои гузаронидани ташхиси овозшиносї (видеофонография) и Маркази санљишгоњи судї ва криминалистии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон равона карда шавад. Дар экпертизаи овозшиносї намунаи овози Њайит Яќубов ва маро гирифта ташхис карданд. Дар натиљаи гузаронидани ташхиси овозшиносї тасдиќ шуд, овозе, ки бо ман сари баргардонидани ќарзи 40 њазор доллар сўњбат мекард, овози Њайит Яќубов аст. Ў дар сўњбат иќрор кардааст, ки воќеан ќарздор мебошад ва дар ваќти имкон шуданаш 40 њазор доллари моро пардохт мекунад. Бо вуљуди пешнињод кардани хулосаи мутахассисони Маркази љумњуриявии экпертизањои судї ва криминалистї ба судяи Суди шањри Истаравшан Њайит Яќубов эътироф намекард, ки ќарздор аст. Аз саркашї кардани Њайит Яќубов бо вуљуди тасдиќи факти ташхиси овозши-


ЯК ДАВЛАТСОЛОР

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

- Бо чашми пўшида адолатро наметавон барќарор кард!

носї нињоят ман оиди рўёнидани ќарз ариза пешнињод намудам, ки барои саркашї кардан аз пардохти маблаѓ нисбати Њайит Яќубов парвандаи љиної оѓоз карда шавад. Тафтиши пешакиро шўъбаи Вазорати корњои дохилии Тољикистон (ШВКД) дар шањри Истаравшан оѓоз кард. Ин ваќт писари Њайит, Сўњроб Яќубов гурехта, ба Русия рафт. Нисбати Њайит ва Сўњроб Яќубовњо бо назардошти мављуд будани кирдорњои ќаллобї аз рўи моддаи 247, ќисми 4, банди "б"-и Кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон парвандаи љиної оѓоз карда шуд. Ќаблан дар мурофияи судии граждани барои он, ки Њайит Яќубов бо њамроњии Ќобилов Махкам маро латукўб карданд,аз рўи моддаи 237 ќисми 2, бандњои "б" ва "в" илова карда шуда буд. Аммо дар ваќти тафтишот кўшиданд Мўсо Аъзамовро, ки маълумотномаи ќалбакї ба Њайит Яќубов додааст, аз парванда берун кунанд. Кормандони ШВКД дар шањри Истаравшан ба ман бо исрор гуфтанд, ки амаки Мўсо Аъзамов ба сифати љонишини сардори ШВКД дар шањри Истаравшан кор мекунад. Онњо хоњиш мекарданд, ки биё, њамин аризаатро гир, бе ин њам аз рўи моддаи 247, ќисми 4, банди "б" ва 237, ќисми 2, банди "б" ва "в" нисбати Њайит Яќубов парванда оѓоз мекунанд. Тафтиши пешакї аз рўи моддаи 247, ќисми 4, банди "б" ба итмом мерасад ва Њайит Яќубовро ба њабс мегиранд. Парвандаро ба суди Истаравшан итиќол доданд. Суди Истаравшан парвандаро ба суди вилоят супорид ва суди вилоят парвандаро дар ихтиёри суди сайёр тањти рањбарии раиси суди Кўњистони Масчоњ Иноятулло Ѓуломов вогузор кард. Мурофиаи судї дар толори Сизои шањри Истаравшан доир мешуд. Дар мурофиа Њайит Яќубов њамеша љангу љидол мебардошт, ки ў пул нагирифтааст. Аммо ман нишондодњои мављуд будани кирдорњои ќаллобии ўро дар ихтиёри судя мегузоштам. Судя ба далелњое, ки Яќубов пул гирифтааст, ањамият намедод ва мегуфт, ки тафтишот чї додааст, ман њамонро мебинам, дигарашро намебинам. Ман аз судя пурсидам, "чаро ба њуљљатњои бо роњи фиреб омадакардаи Њайит Яќубов аз идораи давлатии нотариалии шањри Истаравшан диќќат намедињед, њол он моддаи 340 - и Кодекси љиноии ЉТ барои чунин кирдор љазо талаб мекунад? Охир,

Шумо оинаи адолат њастед - ку?" Не, мегуфт судя, ман худам медонам, ки чиро бинам. Дар ШВКД шањри Истаравшан кирдорњои ќаллобии Њайит Яќубов ва бо роњи фиреб гирифтани маълумотнома аз идорањои нотариус ва КФББТ - и шањри Истаравшан танњо ба хотири амаки Мўсо Аъзамов, ки љонишини ШВКД дар Истаравшан аст, лаѓв карда шуда буданд. Аммо Судя ба ин ањамият намедод ва гуё "оинаи адолат" дар љомеа корро ба сўи беадолатї пеш мебурд. Агар судя Ѓуломов агар адолатљуй мебуд, парвандаро дубора барои тафтишоти иловагї мефиристод. Аммо ў ин корро накард. Як рўз адвокати Њайит Яќубов - Бахтиёр Насруллоев маро љеѓ зада, гуфт, ки мо тайёр њастем барои ту пул дињем, аммо фаќат 20 њазор долларашро медињем, боќимондаашро Яќубов барояд, кор карда медињад. Аризаатро навис, то Њайит Яќубовро аз њабси пешакї озод намоянд. Ман гуфтам, дигар бовар надорам, ки баъди баромадан ў боќимонда пули моро баргардонда дињад. "Њамаашро дињад, ман аризаамро менависам. Ман тарафдори ин нестам, ки дар пушти панљара шинад, аз ин барои ман фоидае њам нест" - гуфтам ман. Аммо адвокат мегуфт, ки бењтараш, ин пулро гир, вагарна мо ба љои дигар медињем ва судя Њайит Яќубов-ро озод мекунад. Баъди як рўзи мурофиа судя танаффус эълон кард. Судя маро наздаш хонда гуфт, ки 20 њазор доллар пешнињод дорад, гиред њамонро. Ман гуфтам, ки "не, раис, ин њамаи пули ман нест. Ман 40 њазор доллар додаам. Њамашро дињад, ариза менависам, ки даъво надораму озод кунед. Судя гуфт, майлаш, мебинем. Баъди пурсидани њамаи шоњидон, мурофиаи судї нињоят тамом шуд ва суд ба хонаи машваратї даромад. Машварати суд ќариб як моњ давом кард. Баъдтар фањмидем, ки ин дер давомкарданњои машварат њам бесабаб набудаст. Судя мувофиќ кард, ки судшаванда баъди 7 моњу 2 рўз ва бидуни љарима аз толори суд озод шавад. Агар ин тавр намешуд, судя корро ба ин дарозо намекашид. Нињоят баъд аз њафт моњу ду рўз судя бе иштироки мо ва айбдоркунандаи давлатї њукмро баровард. Баъди баромадани њукми суд Р. Юлдошева, ки ба сифати айбдоркунандаи

«

Дар экпертизаи овозшиносї намунаи овози Њайит Яќубов ва маро гирифта ташхис карданд. Дар натиљаи гузаронидани ташхиси овозшиносї тасдиќ шуд, овозе, ки бо ман сари баргардонидани ќарзи 40 њазор доллар сўњбат мекард, овози Њайит Яќубов аст. Ў дар сўњбат иќрор кардааст, ки воќеан ќарздор мебошад ва дар ваќти имкон шуданаш 40 њазор доллари моро пардохт мекунад.

«

давлатї дар мурофиа иштирок мекард, занг зада пурсид, ки шумо аз баромадани њукми суд бохабар њастед? Аз ў фањмидем, ки судя Њайит Яќубовро сафед карда, аз толори суд озод кардааст. Ваќте мо бо протоколи маљлиси судї шинос шудем, дидем, ки аз 48 саволи прокурор танњо 8 - тоаш навишта шудааст. Хулоса, протоколи маљлиси судї аз љониби Иноятулло Ѓуломов яктарафа тартиб дода шуд. Баръало маълум мегардад, ки судя "обро лой карда, моњї доштааст" ва дигар ѓаразњоро аз адолати судї боло гузоштааст. Агар не, маро намегуфт, ки 20 њазор долларро гираму аз даъво даст кашам. Ва ё адвокат Б. Насруллоев њам мегуфт, ки 20 њазорро гир, агар не, мо метавонем бо судя "деларо сафед кунем". Ман аз ин рафтори судя, ки худро намояндаи адлу инсофу адолат нишон медињад, дар тааљљуб мондам. Ваќте ба њукми судя Иноятулло Ѓуломов шинос шудам, њайрон мондам, ки судя чї гуна як нафареро, ки бо роњи ќаллобї пулро аз худ намудааст, сафед кардааст? Судя дар ин њукми нодир ва сафеди худ чиро асос кардааст? Ќонун? Ё чиро? Агар не, чаро судя Ѓуломов чанд пањлуи корро нодида гирифт?Маълум, ки судя на техпаспорти хона ва на ташхиси овозшиносиро, ки дар Маркази љумњури-

9

явии экспертизањои судї ва криминалистии Тољикистон даќиќ карда шудааст, нодида гирифта, 11 июни соли 2013 њукми сафедкунанда баровард. Судя дар њукми худ овардааст, ки Асрор ва Њайдар Дўсматовњо ба Раёсати агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсияи Тољикистон дар вилояти Суѓд оиди ин кор мурољиат кардаанд ва гўё кормандони ин нињод гуфта бошанд, ки дар кирдори Яќубовњо каллобї вуљуд надорад. Судя чаро ба ин суханони худ сухани кормандони Раёсати агентиро дурўѓ месозад? Њол он, ки маќомоти мубориза бо коррупися муносибатњои шарњвандонро намебинанд ва чунин салоњият њам надоранд. Чизи дигар ин аст, ки Раёсати коррупсия дар вилояти Суѓд дар маълумотномааш тањти №176117-1563, аз санаи 09.07.2012 пешнињод кардааст, ки "шањрвандон Дўсматов Њайдар ва Дўсматов Асрор дар давоми солњои 2010-2011 ба суроѓаи Раёсати агентї дар вилояти Суѓд бо ариза мурољиат накардаанд. Худи панљ њолат гирифтани 40 њазор доллар бо роњи фиреб аз љониби Њайит Яќубовро баръало бо нишондодњо маълум мекунад: ЊОЛАТИ ЯКУМ. Њайит Яќубов баён намудааст, ки шиносномаи њавлиашро ба ман надодааст, балки ман онро дуздидаам. Модоме, ки ман дуздида бошам, чаро нисбати ман дар ягон маќомот шикоят намекунад? ЊОЛАТИ ДУЮМ. Ќариб як сол дар бонк фоизи ќарзро месупорад ва далел пеш намеорад, ки чаро бењуда њудуди 10 њазор доллар фоиз месупорад ва аз ин даъво намекунад? ЊОЛАТИ СЕЮМ. Сабти сўњбати диктофон вуљуд дорад. Хулосаи мутахассисони Маркази санљишгоњи судї ва криминалистии Вазорати адлияи Тољикистон њам њаст, ки дар он оварда шудааст: овозе, ки ќарздор буданро бозгуї менамояд, ба Њайит Яќубов тааллуќ дорад, на каси дигар. ЊОЛАТИ ЧОРУМ. 31 январи соли 2007 Њайит Яќубов аз бонк ќарз мегирад ва дар нотариус розигии њамсараш Атамуродова М.-ро гирифтааст. Баъди њафт моњ, яъне 19 августи соли 2007 дар идораи ноатриус ариза пешниход кардааст, ки ў бо њељ кас дар ќайди никоњ намеистад. Хонаи истиќомати дар суроѓаи ш. Истаравшан, шањраки Крушкада кучаи Кешбофон хонаи 24 танњо ба вай тааллуќ дорад. ЊОЛАТИ ПАНЉУМ. Њайит Яќубов бо роњи фиреб аз идорањои давлатии нотариус ва КФББТ - и шањри Истаравшан маълумотнома дарёфт ва шиносномаи техники њавлиашро нав карда, аз бонки дигар ќарз гирифтааст. Њол он, ки шиносномаи аслии хонаашро дар ихтиёри мо вогузор карда буд. Мўњтарам љанобон! Шумо бо саргузашт ва беадолатињо пушти дарњои маќомоти судї шинос шудед. Дидед, ки Иноятулло Ѓуломов ба чї хотир њукми сафедкунанда баровардааст. Агар судяњо, ки чун оинаи адолат дар назди мардуму љомеа ва давлат меистанд, даст ба чунин кор зананд, эътимоди мардум ба адолати судї коста намешавад? Ман тарафдори ин нестам, ки касе бесабаб пушти панљараи зиндон нишинад. Њатто писару падар Яќубовњо. Танњо маќсади ман ин аст, ки пули маро, ки бо роњи фиреб аз они худ кардаанд, баргардонанд ва њаќ ба њаќдор расад. Њоло шикояти касатсионии мо аз болои њукми судя Иноятулло Ѓуломов ба суди зинаи болої дар суди вилояти Суѓд ќарор дорад ва умедворам, ки ин ќазияи ман дар суди вилоять мавриди муњокимаи њамаљониба ќарор мегираду њаќ ба њаќдор мерасад ва мардум ба пойдории адолати судї дар кишвари соњибистиќлоли Тољикистон бовар мекунанд. Вагарна инро танњо ѓорати рўйрости як шањрванди Тољикистон бо воситаи суд номидан мумкин аст. Асрор ДЎСТМАТОВ, сокини шањри Хуљанд


10

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

Дасонањои хабарии Маскав ахиран њайатњои сатњашон гуногун аз Миср вориди пойтахти Русия шудаанд ва бо маќомоти давлатии ин кишвар сари мавзўъи дурнамои њамкорињо гуфтугў кардаанд. Асрори ин гуфтушунидњо расман фош нашудаанд ва он чї расонањо ибрози назар кардаанд, он аст, ки њукумати низомии Миср аз дурнамои фаъолияти худ нигарон аст ва њарчанд Вашингтон ошкоро мухолифат бо онњо намекунад, вале худи низомиён бим доранд, ки Кохи Сафед билохира таѓйири сиёсат хоњад кард. Расонањои русї менависанд, ки зарфи як моњи охир ин дуюмин бор аст, ки эмиссарњои мисрї вориди Маскав мешаванд ва мегўянд њадафи онњо бозгардонидани Русия ба замони муносибатњои СССР бо Миср аст. Ва онњо аллакай мувафаќ њам шуданд. Вазирони мудофиа ва корњои хориљии Русия ва Миср ќарор аст дар наздиктарин фурсат лоињаи њамкорињои низомї миёни ду кишварро ба имзо расонанд. Ин мулоќот дар таърихи 13 ва 14 ноябри соли равон дар Ќоњира баргузор мешавад ва дар эъломияи вазорати умури хориљаи Русия омадааст, ки "ќарор аст масъалањои тањкими њамкорињои дуљонибаи сиёсї, њарбї-техникї ва иќтисодї мавриди бањсу баррасї ќарор гиранд" Мисриён аз Маскав даъват доранд, ки дар Ховари Миёна наќши созанда бозад ва њатто ошкор мегўянд: "Ќоњира, аз он хуш аст, ки Путин инќилоби 30-июнро дастгирї кард. Аммо Кремл мегўяд Путин дар њељ замоне њарфи ошкоре нисбат ба табаддулоти Миср нагуфтааст. Сарвари њизби "АлИстиќлол" Ањмад ал-Фадалї дар сўњбат бо "КоммерсантЪ" иброз доштааст, ки "Русия бояд ба Ховари Миёна баргардад ва барои ин бозгашт ба муттањиди нерўманде ниёз дорад, ки он метавонад Миср бошад. "Бародарони мусалмон" дар бўњрони Сурия аз љониби шўришчиён ширкат мекард. Вале баъди суќути давлати онњо њукумати нав комилан аз мавзеъгирии Кремл њимоят мекунад. Мо чунин мењисобем, ки бўњрони Сурия бояд аз роњи гуфтушунид њаллу фасл шавад ва барои ин интизори конфронси "Женева-2" њастем. Њамзамон бо ин Ќоњираро низ дўсти самимиву хуб лозим аст. Умед бар он дорем, ки Маскав метавонад дар муќовимати мо бо Ѓарб пуштибонамон бошад". Асли њадафи таваљљўњи муљаддади кишвари ањромњо ба Маскав њамин пуштибонии сиёсї аст. Баъди табаддулоти низомї ва боздошту њабси президенти ќонунан интихобшуда ва садњо љонибдоронаш ва бо берањмии беш аз њадди интизор пахш карда шудани эътирози њаводорони Мурсї ва манъи фаъолияти ягона њизби таърихии ин кишвар "Бародарони мусалмон" Ѓарб њукумати низомиёнро зери фишор ќарор додааст. Њам Амрико ва њам муттањидони дигари ѓарбиаш хостори озодии Муњаммад Мурсианд, вале Ќоњира мегўяд президенти собиќ бояд ба курсии љиної биншинад, чун замоне Муборакро суд карда буданд. Эмисарњои мисрї ба ёди Маскав андохтанд, ки солњои 50-ум ду кишвар иртиботњои хуб доштанд ва ин баъдан бо айби сиёсати нобихрадонаи президенти ваќти кишварашон барњам хўрд. Ва њоло мехоњанд ба таърихи беш аз панљоњ соли пеш руљўъ кунанд ва як бори дигар Маскавро ба Ќоњира баргардонанд. Ва на танњо ба Ќоњира. Онњо хостори онанд, ки Русия ба Ховари Миёна ояд ва наќши созандаву арзанда дар њалли бўњронњои минтаќавї бибозад.

Ёди таърих ва сиёсати муосир Дар солњои 1950-1960 Миср аз љумлаи шарикони хеле муњими Иттињоди Шўравї

«

ЉАЊОН

Дар суроѓи Маскав Чаро кишвари ањромњо мехоњад Русияро ба Ховари Миёна љалб кунад? дар Ховари Миёна мањсуб мешуд. Соли 1971 миёни Ќоњира ва Маскав Муоњадаи дўстиву њамкорї ба имзо расида буд. Вале соли 1976 дар замони Анвар Содот Миср ин муоњадаро якљониби лаѓв намуд. Аз њамон замон муносибат миёни ду кишвар рў ба тирагї овард. Ин дар њоле рух медод, ки Иттињоди Шўравї ўњдадорињои ќаблии худро иљро мекард ва кўшиш менамуд шартномаи низомї, ки ба ин кишвар расонидани силоњу муњимоти љангиро дар назар дошт, иљроношуда боќї намонад. Баъди кушта шудани Анвар Содот роњбарияти Миср тањти роњбарии Њуснї Муборак, ки худ дастпарвари мактабњои њарбии Шўравї буд, ба оддисозии тадриљии равобити Маскав бо Ќоњира пардохт. Дар солњои 50-60 асри XX њазорњо мутахассисони Шўравї дар сохтани корхонањои зиёди саноатї, комбинати металургї, корхонаи арзиз, хати интиќоли нерўи бурќи Асуан-Александрия сањм гирифтанд. Иттињоди Шўравї дар таълими кадрњои низомии Миср сањми арзишманд гузошт ва аксари касоне, ки баъди Содот сари ќудрат омаданд, дастпарварони мактабњои олии низомии Шўравї буданд. Соли 1955 миёни Маскав ва Ќоњира шартномаи интиќоли силоњњои тавлиди Шўравї ба Миср имзо шуд ва бо ин васила нерўњои мусаллањи Миср комилан бо техникаи љангии Шўравї мусаллањ гардонида шуданд. Иттињоди Шўравї ба Миср кўмаки амалї расонд, то муќобили Исроил дар љанги шашрўза биљангад ва муќовимат кунад. Вале ин кўмак амалан бенатиља буд. Давлати яњудї билохира њама нерўњои мусаллањи Мисрро дар нимљазираи Синай ва баландињои Њолан торумор намуд ва ин манотиќро ѓасб кард. Дар марњилањои баъдї низ Маскав дар муќовимати Миср бо давлати яњудї аз роњњои дипломатї пушбибонї мекард.

Амрико мехост Мурсї сарвазири љадид таъин кунад ва масъулияти комили ќонунгузориро ба ўњдаи ў вогузорад. Аз сўи дигар волиёни вилоятњоро, ки ахиран таъин карда буд, дубора сабукдўш ва ба афроди барои ду љониб мувофиќ иваз намояд. Ин ду шарти муњиме буд, ки агар Мурсї ба ўњда мегирифт, Амрико њозир буд аз ў пуштибонї кунад. Аммо Муњаммад Мурсї аз хомии сиёсї ба пешнињод розї нашуд.

«

Сиёсатњои калаванда

ё сохтакоронаи Вашингтон Њукумати низомии Миср метавонад аз муносибати Амрико бо ин кишвар дилсард бошад. Зеро тањлилгарони ин кишвар аслан худи инќилобњои арабиро зодаи тафаккури амрикої медонанд. Њанўз дар аввалин рўзњои шикасти Њуснї Муборак Барак Обама ба худкомагони олам паём дода буд ва дар он сарењан таъкид мекард, ки инќилобњои арабї тибќи сенариёи Амрико сурат мегиранд ва баъди панљ сол дар олам њокимон ва кишварњои худкома боќї нахоњанд монд. Амрико, ки муддати бештар аз 40 соли охир аз муттањидони аслии Миср шинохта шуда буд ва Њуснї Муборак дар њавзаи Ховари Миёна аз љумлаи роњбарони муътаќид ба сиёсатњои Вашингтон дар минтаќа ба њисоб мерафт, дар лањзањои мушкил аз ў пуштибонї накард ва њатто фишор овард, ки ба хостаи тазоњуркунандагон гўш фаро дињад ва оромона ба истеъфо равад. Вашингтон аз интихоботи президентии баъди Њуснї Муборак дифоъ кард ва интихоби Мурсиро муборакбод намуд. Аммо баъдтар, чун зарур омад Муњаммад Мурсї низ ќурбонии сиёсатњои амрикої гашт. Ахиран "New York Times" хабаре интишор дод, ки тибќи он Вашингтон чанд лањза пеш аз табаддулоти њарбї ба Муњаммад Мурсї дасти мадад дароз кардааст, вале ин президенти Миср буд, ки пешнињодро нодида гирифт ва њам худ ва њам кишварро ба вартаи њалокат тела дод. Нашрия навишта буд, ки пеш аз табаддулоти њарбиён вазири умури хориљии яке аз кишварњои арабї бо дастури Вашингтон бо Мурсї дар иртибот шудааст ва шартњои Амрикоро барои баќои њокимияти Мурсї назди ў баён кардааст. Амрико мехост Мурсї сарвазири љадид таъин кунад ва масъулияти комили ќонунгузориро ба ўњдаи ў вогузорад. Аз сўи дигар волиёни вилоятњоро, ки ахиран таъин карда буд, дубора сабукдўш ва ба афроди барои ду љониб мувофиќ иваз намояд. Ин ду шарти муњиме буд, ки агар Мурсї ба ўњда мегирифт, Амрико њозир буд аз ў пуштибонї кунад. Аммо Муњаммад Мурсї аз хомии сиёсї ба пешнињод розї нашуд. Вай, ки ба сари ќудрат аз роњи интихоботи озоду демократї омада буд, ба бозињои пасипардагии сиёсатбозони ќудратњо сарфањм намерафт ва њатто тањдиди њарбиёнро љиддї намегирифт. Вай намедонист, ки њатто њамсоягони Миср розиянд дар ин кишвар дик-

татори низомї сари ќудрат ояд, вале "Бародарони мусалмон"-ро аз њокимият дур андозад. Ва чунин њам шуд.

Холигоњ аз ночорї? Њукумати низомии Миср чуноне ишора рафт, эњсоси хатар аз мавзеъгирии Амрико мекунад. Ахиран Котиби давлатии ИМА Керрї изњор дошт, ки Миср барои ИМА њамеша чун кишвари дўст боќї мемонад. Вале ин њам он итминоне нест, ки Ќоњира сараш њисоб дошта бошад. Њукумати низомї њамеша нигарони таѓйири сиёсати Вашингтон аст, аз ин рў аз Маскав пуштибонии сиёсї мехоњад. Аз сўи дигар ин њукумат дар дохил низ пойгоњи боэътимод надорад. Агар ба назар гирем, ки ба љонибдории исломиён бештар аз ними Миср овоз додааст, пас метавон гуфт, ки дар ин кишвар њамоно таносуби нерўњо ба нафъи нерўњои мухолифи њукумати њарбї аст. Он ки Ќоњира бештар равобити њарбї бо Маскав мехоњад, ин боз њам ба он маъност, ки мехоњад худро аз мухолифонаш њифз намояд. Зеро њарчанд "Бародарони мусалмон" расман аз фаъолият боздошта шуд, вале онро амалан мањв кардан номумкин аст. Ин ягона нерўи сиёсии минтаќа аст, ки тўли дањсолањо шакл гирифтааст ва дар њоли пинњонї амал кардан низ хатари љиддї барои њукуматест, ки бо зўри силоњ мехоњад њокимият кунад. Аз сўи дигар барќарор намудани равобити њасана бо Ќоњира барои Маскав њам мушкили дигар бо Вашингтон эљод мекунад. Кохи Сафед њоло бим аз он дорад, ки наздик шудани Миср бо Русия ба маънои танг шудани майдони фаъолияти он дар Ховари Миёна аст. Ахиран Вашингтон бахше аз кўмакњои њарбии худро ба Миср мутаваќќиф карда буд. Гуфта мешуд, ки ин кўмакњо замоне аз сар гирифта мешаванд, ки агар њукукмати низомї меъёрњои демократиро риоя кунад. Дар Ќоњира ва њатто дар кишварњои арабии муттањидони Амрико ин амалро фишор боли њукумати низомї донистанд. Аксари мамолика њавза бозгашти "Бародарон" ва Мурсиро ба сари њокимияти Миср намехоњанд. Таќвияти "Бародарон" ба маънои ларзиши тахту тољ дар Арабистон ё њар кишвари дигари арабї низ мебошад. Зеро ањзоби исломии мамолики арабї бархоста аз ѓояњои "Бародарони мусалмон"анд. Бобољони ШАФЕЪ


ВОЙ ДОД! Љавонписарон аз камбизоатї ба муњољират мераванд ва теъдоде аз онњо Русияро ватан карда, њамсарро низ он љо пайдо мекунанд. Иддае њам дар ватан зан доранд. Дар Тољикистон сафи модарони танњо афзоиш меёбад. Дар дењоти кишвар сафи духтароне, ки синну солашон рафтаву танњо мондаанд, зиёд шуда, аз ин њисоб маризињои асаб ва руњї меафзояд. "Пирдухтарон" - и бекор ба гапу калочаи мардум ва таънањои хешу таборон тоб наоварда, рў ба худкушї меоранд ва ё мубталои беморињои асабу руњ мешаванд. Дар хонаводаи Гулов К. се духтари ќадраси синну солашон рафта ва то имрўз шавњар накарда дар колхоз кор мекунанд. Яке 29, дигарї - 33 ва калонї 41 - сола мебошанд. Сабаби ба шавњар набаромаданашонро ин духтарон дар набудани љавонписарони муљљарад дар дењаашон медонанд: - Охир, мисли мо пирдухтарон дар ин дењаи Арбобї зиёд мебошад. Дар дења фаќат мўйсафедон мондаанд. Мо њам мехоњем, ки оила дошта бошем. Соњиби фарзанд шавем. Яке аз бошандагони дења пиразани хирадманд чунин гуфт: - Ин духтарони синну солашон рафта ягон айбу нуќсоне надоранд. Дар њусну љамол ва ахлоќ ягон норасоие надоранд, аммо ин бачањои зангир њама ба Русия мардикорї рафтаанд. Агар аз он љо омада зан њам гиранд, барои модару падар мегиранд. Боз гашта ба муњољират мераванд. Агар дар ваќташ духтаронамонро ба хондан мемондем, ин ќадар ин духтарони синну солашон рафта бемор намешуданд. Духтари хондагї сарњисоби зиндагиашро меёбад, дар зиндагї хор намешавад, шавњар њам зуд пайдо мекунад. Даврањои пеш њама чиз дигар буд. Падару модарон ба хостгорї мебаромаданд ба дењот, аммо имрўз љавонони зирак духтари хондагиро ба занї мегиранд, то ки дар зиндагї якљоя кор карда, мушкилоти моддии хонаро њал намоянд. Бисёре аз чунин духтарони синну солашон рафта ба таќдир тан дода, бо марди зандоре пинњонї никоњ карда, соњиби фарзанде мегарданд. Ва гўё барои худ таввалуд мекунанд. Модари танњо зиёд мешавад. Фарзандон бе падар ба воя мерасанд. Љинояткорони наврасе, ки бештар боздошт мешаванд, аз њисоби оилаи модари танњо мебошанд. Модари танњо ба хотири зиндагии бењтари фарзанд тамоми кўшишашро ба кор бурда, шабу рўз мењнат мекунад, ба кор овора аз тарбияи фарзандаш дур мемонад. Дар натиља фарзанд бе таваљљуњ калон шуда, бепарво, беэњтиром ва хунсард ба воя мерасад. Инсони эркаву худхоњ бештар дар оилањои модарони танњо тарбия меёбад. Модар њамеша мењрубону бахшанда аст, барои њамин дар оилаи модари танњо фарзанд ба таври худбининона ба камол мерасад. Тадќиќотњо нишон доданд, модари танњое, ки барои худаш таввалуд мекунад, дар оянда сахт азоб

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

Куљої, бачаи зангир? Модари танњо будан мўд мешавад. Дар Тољикистон.

«

Ин духтарони синну солашон рафта ягон айбу нуќсоне надоранд. Дар њусну љамол ва ахлоќ ягон норасоие надоранд, аммо ин бачањои зангир њама ба Русия мардикорї рафтаанд. Агар аз он љо омада зан њам гиранд, барои модару падар мегиранд. Боз гашта ба муњољират мераванд. Агар дар ваќташ духтаронамонро ба хондан мемондем, ин ќадар ин духтарони синну солашон рафта бемор намешуданд. Духтари хондагї сарњисоби зиндагиашро меёбад, дар зиндагї хор намешавад, шавњар њам зуд пайдо мекунад.

«

мекашад. Масалан, сокини шањри Хуљанд Соњиба А. "барои худам таввалуд мекунам", гуён бо марде пинњонї никоњи мусалмонї баста, соњиби писарчае мешавад. Писарашро бо чунон нозу нуз ба воя мерасонад, ки ў дар синни 19 солагї зан гирифта, модарро аз њавлии худаш берун мекунад. Модар фаќат мегирист, ки умрашро ба њамин бачааш бахшиду аз тамоми хушињои зиндагї чашм пўшид… Сокини Душанбе Зарина М. барои ояндааш шуда аз хонаи кўдакон тифлеро гирифта, мисли фарзандаш калон мекунад. Аммо ин тифл баъди ба бало?ат расидан бо модар барои хонаи чорњуљрагиаш љанљол бардошта ўро бо корд захмдор мекунад. Њол он ки ин зан барои ба воя расидани ў шабу рўз мењнат мекард.

Руњшинос Азамат Каримов дар ин хусус мегўяд, ки фарзандони модари танњо тарсончак, беирода ва бепарво ба воя мерасанд. Бештари онњо то охири умр эркаи модар боќї монда, мард будани худро поймол мекунанд, рафторњои занонаро ба худ мегиранд. Табитан бояд тифл дар ињотаи модару падари солим ба воя расад. Модари танњоест, ки дар љое кор намекунад, аммо барои худаш шуда, аз касе пинњонї тифл ба дунё меорад. Њангоми њомиладорї аллакай ин тифл зарари психологї аз љониби модар гирифта, баъди таваллуд ба бемории руњї гирифтор мегардад. Муњаќќиќ Љефф Денч ба хулосае омадааст, ки бештар дар оилањои модарони танњо духтар тавлид меёбанд. Ин духтарон њам мисли модар зиндагии озоду танњоро интихоб

ИЗЊОРИ БАХШИШИ ДОДОЉОН АТОВУЛЛОЕВ Додољон Атовуллоев, роњбари Љунбиши сиёсии "Ватандор" ва яке аз мухолифони сарсахти Њукумати Тољикистон, дар мусоњиба бо сомонаи "Республика"-и Ќирѓизистон ба хатои худ дар бораи фармоишї будани номзадии Ойнињол Бобоназарова аз љониби Иттињоди неруњои ислоњотхоњ иќрор шуда, гуфтааст, "омодаи узрхоњї аз ўст". Додољон Атовуллоев, ки дар бораи интихоботи ахири президентии Тољикистон ва ѓалабаи Эмомалї Рањмон сўњбат мекард, гуфтааст, "бархато фикр мекард, ки Ойнињол Бобоназарова номзади мухолифин набуда, балки яке аз лоињањои Эмомалї Рањмон аст, ки гўё аз номзади мухолифин пешбарї шуда бошад".

11

- Мухолифон якљо шуда, барои номзад ба маќоми президент Ойнињол Бобоназароваро пешбарї карданд. Бояд иќрор шавам, ки њангоме мухолифин номзадии вайро эълон карданд, ман расман дар мусоњибањоям мегуфтам, ки вай номзади лоињаи Эмомалї Рањмон њаст. Тарљумаи њоли аљиб дорад ва дастпарвари Тољикистон нест. - Ман фикр мекардам, ки вай барои Рањмон њељ хатар надорад, аммо иштибоњ кардам. Ман омодаам аз Ойнињол Бобоназарова ва ќисме аз мухолифони дигар, ки барои пешбарї кардани ин номзад даст доштанду гунањкорашон мекардам, узрхоњї кунам. Ба гуфтаи ин мухолиф, сабаби таѓйир додани фикри вай дар бораи Ойнињол Бобо-

назарова он аст, ки 3 њафта ќабл аз интихобот маќомот ба ин номзад фишор овардаанд. Вай мегўяд, "њарчанд вай 200 њазор имзо љамъоварї карда бошад њам, баъдтар ба љонибдорони ин номзад тањдидњои ошкор оѓоз гардидааст". - Ба тарафдорони ин номзад тањдид мекарданд, ки ё аз кор озод мешаванд ё ба мањбас мешинанд. Дар натиља ба вай 9 њазор имзо нарасид, ки номзадиашро дар интихобот гузорад, - мегўяд Атовуллоев. Додољон Атовуллоев ќаблан аз номзадии Ойнињол Бобоназарова шадидан интиќод карда, "бењтарин њадяи Муњиддин Кабирї ба Эмомалї Рањмон" унвон карда буд

карда, оянда бе шавњар фарзанд ба дунё меоранд. Бо њамин усул сафи модарони танњо зиёд мегарданд. Масалан оилае њаст, ки модари танњо баъди људо шудани духтараш аз шавњараш кўдаки ўро калон мекунад. Наберааш њам баъд бо љавоне пинњонї гурехта, соњиби кўдак мегардад. Оќибат дар ин се давр онњоро фаќат хуни модарї бо њам мепайвандад, аз љинси мард дараке нест. Дар бисёр мамлакатњо барои модарони танњо имконотњои зиёде аз љониби давлату њукумат фароњам оварда шудааст. Дар кишвари мо низ. Аммо баъзе љавонзанњое њастанд, ки ба хотири мададњои ташкилотњои хориљї бе шавњар тифл ба дунё оварда, номи модари танњоро мегиранд. ки оќибаташ нодуруст аст. Модарони танњое њастанд, ки фарзандони худро ќасдан намегузоранд, ки бо падари аслиашон вохўранд. Ин амал бошад ба руњияи фарзанд таъсир карда ўро берањм мекунад. Барои њамин бояд чунин модарони танњо ба хотири хушбахтии фарзандашон бигузоранд, ки онњо бо падарашон њамеша дар тамос бошанд. Хонаводае, ки мењрубонии падар намерасад, носолим аст. Шањлои НАЉМИДДИН


12

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

БО АДИБ Рустам Рамазонї 1 - ноябри соли 1966 дар дењаи Гароби ноњияи Варзоб дар оилаи дењќон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб - интернати давлатї ва хизмати њарбї дар шўъбаи тайёрии донишгоњи давлатии Ленинград (СанктПетербург) тањсил карда, баъдан факултети шарќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст. Маќолањои публитсистї ва њикояњои эљодшудааш дар рўзномаю маљаллањои Тољикистон, китоби "Анљумани дидор" ("Адиб" 2007) ва Федератсияи Россия ба нашр расидаанд. Муаллифи китоби "Яѓноби ривоят" (бо забони яѓнобї) (2004) ва "Легенди Ягноба" (ба забони русї) мебошад.

"Тољикистони озод" (њикояњои кўчак аз китоби нав) Саѓираи сарсахт бо њазор сарсахтињо Донишгоњи кишварро хатм намуд. Бе пораю бе таѓобозию бе хушомаду бе чоплусї. Бо сари баланду бо омўзиши пайвастаи илму дониш. Баъди хатми ин мактаби олї њама сархолињо соњиби кору вазифа гаштанд, аммо бахти саѓира нахандид. Ба ў гуфтанд: "Маълумотат кофї нест". Бовар кард саѓира ва рафт ба шањри Маскав. Донишгоњи Ломоносовро дар зарфи 5 соли дигар хатм кард. Ва боз омад ба Ватани љонољони хеш. Чї тур наояд, ки мањз њамин Модар-Ватан ўро парвариш кард. Ба ў гуфтанд: "Њозир замона даќиќа ба даќиќа пеш рафта истодааст, кадрњои мо њама профессору докторант. Шумо бо ин дотсентии худ куљоро мегиред?" Саѓира китоби њукумата хондагї, бовар кардагї... Боз сари худро гирифту рафт ба шањри Санкт-Петербург. Дар давоми се сол тањсил карда, унвони доктори илмро соњиб шуду њадања ба Ватани азизи худ - Тољикистон баргашт. Њарчанд ўро таклиф намуданд, ки дар шањри эшон бозмонаду фаъолият намояд, розї нашуд. Гуфт: "Модарам он љо интизори ман аст, чї тур ман Модарро фиреб медињам?" Бале, баргашту омад. Ба саѓира ин дафъа бошиддат фањмонданд: "Дар Донишгоње ки ТУ кор кардан мехоњї, бояд унвони академикї дошта бошї. Фањмидї? МА ай гуља мидонам, ки дар сари ту чї ай? Ака, њами ки акдемик шидї, рост пеши ма, биё, њама хату чакта соз менам ва ба фаъолият сар менї!"(Ин бачамурдаи гурги борондида "академик" гуфта, пулдор, сарватманд шуданро дар назар дорад, вале саѓира - сирф...) Саѓира хост, ки барои илмомўзї боз ба шањрњои Урупо рањсипор шавад, лекин дигар натавонист; синну солаш ба наздикии 50 расида буд. Чашмонаш аз натиљаи рўзу шаб хондан хира шуда, љисму љонаш мисли симчўб шуда буд. То њол на хона дошту на дар. На њамсар дошту на фарзанд, дар њама љо бо китобу дафтар мегашт. Рўзе дар истгоњи "Ватан" дар курсии шикаста нишаста, троллейбуси № 1-ро интизорї дошт. Пиразане бо духтараш "Саъбољон, бубин, ки кадом фаромўшхотир палтои кўњнаашро партофта рафтааст" гўён омада, рост ба болои ў нишастанд. Ваќте саѓира сулфид, онњо зуд худро ба канор кашиданд. "Ин истуденти бечораро бубин, духтарам, шањр ўро ба кадом ањвол расонидааст. Њайфи замонаа -а!" Рўзи дигараш ба гурўњи мардикорони тољик њамроњ шуд саѓира. То аз гуруснагї њалок нашавад. *** Кунун ба ин саѓира љамъияти ОБСЕ ёрдам мекунад. Мана бо фаро расидани фасли зимистон як пойафзоли кўњна,

Кўлобї Барои хариди меваю сабзавот ба бозор даромадам. Дар назди дарвоза як пиразани тахмин 65 - солаеро дидам, ки рўи замин нишаста, ба роњгузарон нигоњ дорад. Дар наздаш рўймолчаи хурдакак партофта буд, болои он якчанд танга ва пулњои яксомона. "Ба мани пир рањм кунед, илоњо, Худо Шуморо дастгирї кунад, ба касбу коратон баракаю ризќу рўзиатонро зиёда гардонад..." Ин пиразан аз шеваи гуфтораш ба љўгињо њељ наздикї надошт. Тахмин кардам, ки шояд аз ягон мавзеи дигар омада бошад. Аз љайбам пулеро, ки акси Ќањрамони Тољикистон Шириншоњ Шоњтемур дошт бароварда назди кампир гузоштам. Ў бо овози ларзону дардолуди худ ба сипоси ман сар кард. Риштаи суханашро буридам: - Холаљон, агар як суол ба Шумо дињам, ба хайр? Намеранљед? - Не, не, марди Худо. Барои чї меранљам? - Шумо ба љўгињои Њисору Ќурѓонтеппа монанд не, аз куљоед? - Охир, ман љўгї нестам, марди Худо! Зиндагии имрўза мани бе касу кўйро ба ќатори љўгињо даровардааст. Ай Сари Хосори Кўлобум! - ашки Модари Тољик ба рўи тангањои кўчак чун марворид љорї шуданд. - Бубахшед, модари азиз! - хешро ботинан мазаммат намудам, ки боиси ошуфтагии ин фарди муќаддас шудам...

Посухи Деваштич

Шукрона палтои дароз (Амаки Семи амрикої бисту њашт сол ќабл аз ин пўшида мегашт) ва як шапкаи гўсфандпашм ба саѓира таќсим карда шуд. Дар вазъияти ботантана, дар назди роњбарони вазорату идорањои шањрї. Ким - кадом љамъияти башардўстонаю хайрхоњи дигар (ОЕЕМ буд, ИБСШШ, ё "Мадад") ба тољикони аз по афтода, дар чойхонаи "Салафия" якваќтї хўроки гарм медодааст бепул. Картошкаи талќоншуда, дар болояш як дона ќаланфури тез дорад, ба љои гўшт. Саѓира њам шарм накарда меравад ба бинои чойхона ва хўроки бепул мехўрад. Дар ин чойхона миш - миш њаст, ки баъди хўроки бепул маросими савгандёдкунї ба фирќа (ё љирга, шайтон медонад ин абреватурањоро!) - и салафї оѓоз мешудааст. Саѓира то њал аъзои ягон њизб нест, аммо корд ба устухон расидааст, шояд ба инаш зуд аъзо ва якумин шуда савганд ёд кунад... Чароѓњои кўчаи шањр ўро гарм мекунад. Љои хобаш бошад вокзали роњи оњан. Њар рўз баъди мардикорї меояду ба курсии оњанї менишинад ва чашм аз телевизори калони дар толор насб кардашуда намеканад. Саѓира аз ин зиндагии худ, аз истеъмоли оби водопроводу нони хушк чўбу устухон гаштааст, вале њамин, ки диктори фарбењу рўсурхи оинаи нилгунро дида, суханони ўро мешунавад ("Дар Тољикистон некўањволии мардум

соат ба соат бењ шуда, сатњи зиндагї хеле олї шуда, ба сарзамини Норвегия, Финляндия ва Дания расида истодааст. Мардуми шарафманду сарбаланди тољик шабу рўз шукрона аз ин зиндагии бињиштосо...) ќабат - ќабат гўшт мегираду худаш низ беихтиёр ба забон меояд: "Шукр, њазор рањмат ба Љаноби Олї, ба сиёсати хирадмандона, ки њамаи мо дар фазои сулњу субот ва њамдигарфањмї зиндагї карда истодаем. Президент ваъда дод, ки лимити барќро дар саросари Тољикистон барњам медињад, барњам дод. Як њамин хизматаш ба њафт пушташ мерасад. Мардум шабу рўз рањматаш мегўянд. Набошад дар кўњу пуштањо долу дарахт намонда буд... Худованд аз ин њам бад накунад..."

Искандари Маќдунї баъди забт намудани нисфи дунё ба сарзамини Суѓд наздик шуд. Ва ќабл аз њама номае навишта равон кардба њокими давлат. Ба мазмуни зер: "Ба шумо маслињат медињам, ки набардро оѓоз накарда, худи њамин рўз таслим шавед! Агар лашкари ман, ки чун мўру малах бешумор аст, ба замини шумо дарояд, ягон мардуми суѓд, аз кўдаки гањвора, то мўйсафеди садсола дар амон намемонад! Њамаро саросар нест мекунем ва заминатонро ба коми оташ фурў медињем!" Сарвари мардуми Суѓд - Деваштичи далер нотарсона номаи љавобї навишт: "Агар..." Ва ба љанг омода шуда, мардуми озодипарасту диловари Суѓдро бар зидди истилогарони аљнабї бархезонд.

Ќулфу Калид Ба назди донишманди яѓнобї рўзе як бонуи соњибљамоле омад ва гуфт: - Марде, ки бисёрзана аст, њамчун ќањрамони диловар шўњрат дорад. Аммо бонуе, ки бо марди бисёр мегардад њамчун фоњиша шинохта мешавад. Чаро? - Калиде, ки бо он њамаи Ќулфњоро метавон кушод - Калиди хеле хубест. Аммо Ќулфе, ки онро метавонанд њамаи Калидњо кушоянд - Ќулфи бад аст! - мухтасар посух дод донишманди яѓнобї.


БЕЌАДРИИ ОДАМ

Моњи асал - домод касал!

Дифоъ аз худ Баъди ноадолатињои зиёди домод ва оилаи ў рўзи шанбе, 2 - феврали соли 2013 ариза навишта, ба сардори Шўъбаи вазорати корњои дохилии ноњияи Њисор, полковники милитсия Валиљон Табаров мурољиат кардам. Дар аризаи худ аз љабру ситами домод ба арўс муфассал навишта, талаб намудам, ки нисбати Расулов Љамшед ва аъзои оилаи онњо чорањои ќонунї дида шавад. Баъди 11 рўз, аниќтараш 13 феврал ман аз шўъбаи мазкур, бо имзои В. С. Табаров номаи љавобї гирифтам. Дар ин нома њамагї се љумла нигошта шуда буд: "Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аризаи навиштаатон нисбати Расулов Љамшед Њабибуллоевич, пурра ва њаматарафа санљида баромада шуд. Бо дастрасии моддаи 27, ќисми 1, сархати 2 КМЉ Љумњурии Тољикистон аз оѓози парвандаи љиноятї рад карда шудааст. Шумо њуќуќ доред ба тариќи хусусї ба суди н. Њисор мурољиат намоед. Сардори ШВКД дар н. Њисор, полковники милитсия В. С. Табаров" Аз њамин лањза сар карда, ташвишу даводавии ман барои исбот кардани њаќу њуќуќ, адолату њаќиќат оѓоз гашт. Ман он ваќт намедонистам, ки барои исботи њаќиќат чї бояд кард. Албатта, маро аз њама бештар тўњмати беасосу бебунёди шавњар ва хушдоману хусурам месўзонду даќиќа ба даќиќа љисму љонамро коњиш медод. Имрўз дар љомеаи мо одамоне њастанд, ки аз њељ чиз њар чиз месозанд. Ин гуна одамонро ман ба селаи зоѓони лошахўр шабењ медонам, ки њамеша дар љустуљўи лошаи нав мебошанд. Зоѓњои бадмур њамеша аз як шоха ба шохаи дигар парида, бо "ќар - ќар" - и худ гўшњои њама мављудоти оламро кар мекунанд. Аз як љо ба љои дигар рафта, њамеша пурсуљў мекунанд: "Фалонї кист, чист, ба куљо меравад, барои чї, бо кї, кай, чї ќадар, чї меорад, чї мегўяд..." Баъди шунидањои каму беш ин идда бешармон боз худашон хеле обу ранги зиёд дода, дар пайи кофта ёфтани одамони дигар мешаванд. Наќли худро бо обу ранги барзиёд ба анљом расонида "ќаноатмандтар" мешаванд, гўё як ќабат гўшт гирифта, боз аз паси вайрон кардани хонае, њавлие, оилае, гурўње, љамъияте ва њатто давлате мешаванд. Касбу кори инњо њамеша ба љониби вайронї, пастї ва харобкорї майл дорад... Сохтани овозањои тўњматангез ва пањн намудани онњо гўё вазифаи љонї, муњимтарин, заруртарини ин гурўњ бошад... Ба хотири ман наќли модарам расид, ки њанўз дар давраи мактабхониамон ба мо фарзандонашон њикоя карда буданд. Ин

13

"Он чї ба сари ман омад, набояд бар сари дигар духтарони тољик биёяд. Арўсии сангини маро набояд, њич духтари Тољикистон бинад, њатто духтарони њамин прокурорњо. Барои њамин бо умеди бахшиши падару модари азиз ва акањои мењрубонам, њар чї ба сарам омад, як - як наќл мекунам. Бигузор њама донанд, ки мансабдорони беинсоф нисбати як духтари тољик чї кор мекунанд...". Савриниссо Турсунзода

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Бале, дигар дар ин хонадон сабру тањаммул ягон маъние надошт. Бахусус латукўби рўзи 30 - январ маро ба дараљае оварда расонд, ки модари зорам њам маро шинохта наметавонист. Дунё дар назарам гирдгардон шуд. Ва тасмим гирифтам, ки бояд ба ягон љо арзу дод намоям. Рўзи панљшанбе, 31 - январ бо як азобу машаќќат ба шифохонаи № 1- и ноњияи Њисор рањсипор шудам. Дар шифохона духтурони рањмдил маро ба ќадре дорую дармон карда, сипас ба волидонам занг зада, хоњиш карданд: "Биёеду ањволи зори духтари арўсатонро бубинед". Падару модарам ба шифохона омаданду маро ба хона гирифта бурданд. Баъд падарам барои дарёфти њаќиќати њол ба назди хусуру хушдоманам рафтааст. Онњо ба падарам шикоят кардаанд, ки "Духтари ту бокира набаромад, илова бар он, њар рўз бо мардони бегона, аз он љумла бо ронандаи таксї бероњагардї дорад. Духтари ту деву аљина дорад, писари моро њам дардманд карда партофтааст. Барои њамин, мо ўро аз хона кашола карда, ба берун њаво додем!" Баъди ин тўњматњои ночаспону подарњаво боз тасмим гирифтам, ки бояд аз ташхис (экспертиза) - и тиббї гузарам. Баробари аз ташхис гузаштан духтурон дасти осебдидаамро гипс карданд. Муолиљаи онњо исбот намуд, ки дар натиљаи зарбу лати пайваста ба тамоми организми ман зиён ворид шуда, њатто маѓзи сарам низ осеб дидааст... Бо њамин тарз дар моњи асал домоди касал ќариб буд, ки риштаи њаётамро бурида партояд.

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

Саргузашти арўси њисорї Ќиссаи муборизаи беамони сардори ШВКД - и ноњияи Њисор - Валиљон Табаров, прокурори ноњияи Њисор - Абдуљаббор Шамсов, муовини прокурори Њисор - Анвар Шулашов, прокурори ноњияи Шањринав -Рањмоналї Эмомов, муовини прокурори Шањринав - Эмом Муродов, раиси Суди ноњияи Шањринав -Муњаббат Саидова бо арўс Савриниссо Турсунзода, ки духтари бокира монданаш баъди 37 рўзи арўсї, дарди сари мансабдорон шуда, моњияту сатњи нињодњои њукумати ин минтаќаро рўи об баровард... "Њич сирре пўшида боќї нахоњад монд". њикояи кўчакро ба маврид аст, ки барои хонандагони муњтарам низ рўйи коѓаз оварем: "Рўзе як пиразани хабаркашу мољарољў, ки њама ањли дењро ба дод оварда буд, ба дењаи њамсоя меравад. Аз субњ то шом љустуљў мекунад, ки хабару иѓвоњои дар дилаш бударо ба ягон нафар расонаду вазифаашро иљрошуда њисобад, аммо барќасди кор он рўз њељ њамсўњбате пайдо намекунад. Рўз торик мешуд, вале ин кампири пурофат худро ноњинљор њис мекард, зеро имрўз шахсе наёфта буд, ки зањри забонашро рехта осуда бишавад... Ваќте ки њаво торик шуд, ќарор кард, ки дар хонаи хешовандони худ шабро сањар карда, фардо ба дењи худ биравад. Дар хонаи хешаш, ки њама хулќу атвори ўро медонистанд, назди кампир шарт гузоштанд: "Мо шуморо дар хонаи худ мењмон мекунем, ба он шарте, ки то рафтанатон ба љуз аз суханони нек дигар ѓайбату носазогўї накунед. Дар акси њол мо шуморо ќамчинкорї хоњем кард". Кампир розї шуд, вале боз дар њини сўњбат ба иѓвою дасисапардозї шурўъ намуд. Он гоњ кампири бадзабону баднињодро бо суханони зерин сахт ќамчинкорї намуданд: "Эй албастї, бидон, ки дар ин дења њиљ нафаре пайдо намешавад, то ба гапњои дурўѓу бофтаат бовар кунад, ё бадтараш аз он наќшањоятро амалї созад!" Кампир бо як азобу уќубат аз он љо гурехта, дар нисфи шаб ба дењаи худ меояд ва дигар забони худро аз њама дурўѓу бўњтон ва ѓайбату иѓвоангез пок месозад. Ва дењаи ў њам мисли дењаи њамсоя орому осуда ва инкишофу тараќќї меёбад". Дидед, сухан ду ќувваро дар худ нуњуфтааст. Сухани нек, самимї, дуруст, дур аз њама

тамаллуќу хушомадгўї њамеша ва дар њама њолат танњо ба фоидаи кору пешравї мебошад. Ва баръакс, сухани нољо, нодуруст, дурўѓ, бепоя, ѓаразнок, бефурўѓ њамеша ба равнаќи кори умум латма ворид сохта, инсонро, љамъиятро аз пешравї бозмедорад. ...Э кош, шавњарам ва аъзои оилааш барои тўњмати хушку холї ба дасти чунин одамони њаќиќатдўсти дењи афсонавї меафтиданд!

Идомаи суд Одамони љамъияти ибтидої њама бањсу мунозира ва нофањмиву муноќишањоро дар байни худ бо салоњдиди худ њаллу фасл мекарданд. Аз он замон асрњои зиёде сипарї гашту инсоният барои тантанаи њаќиќату адолат институтњои суду прокуратура ташкил намуд, вале ин институтњо гоње чунин рафтору кирдор содир месозанд, ки ба ростї, аз давраи ибтидої њам мегузаронанд. Олими Юнони ќадим Арасту ба мардум хитоб карда мегуфт: "Агар дар љомеа Ќонун подшоњ шаваду шањрвандон њама баробар - ѓуломи Ќонун, он гоњ инсоният хушбахт хоњад шуд!" Баъди ташхиси тиббї, ки осеб дидани маро аз тарафи шавњарам Љамшед исбот намуд, ќатъї ќарор додам: зиндагии якљояи мо дигар маъние надорад. Барои њамин худи рўзи 13. 02. 2013, баъди гирифтани посухи сардори ШВКД - и ноњияи Њисор љаноби Табаров ба суди ноњияи Њисор бо аризаи даъвогї мурољиат намудам. Вобаста ба ин арз аз суди иљроия хоњиш намудам, ки молу амволи маро аз хонаи Љамшед Расулов баргардонида дињанд.

Аљоиботи кор дар њамин буд, ки баъди људо шудан аз њамдигар хусуру хушдоман намегузоштанд, ки ман чињози арўсии худро гирифта ба хонаи волидонам баргардонам. Барои њамин маљбур шудам, ки ба суди одили Тољикистон мурољиат намоям. Љињози арўсии маро шояд аз он, ки бисёр зиёд ва гаронбањо ба шумор мерафт, хонаводаи шавњарам бе њељ ваљњ баргардонидан намехостанд. Нињоят дар санаи 11 апрели соли 2013 суди ноњияи Њисори Љумњурии Тољикистон дар њайати раисикунанда Х. А. Муњаммадиева ва котибии С. М. Мирзоев дар маљлиси ошкорои судї дар бораи баргардонидони амволи шахсї чунин ќарореро ќабул намуд: "Даъвои Турсунова Савринисо Холмирзоевна ќисман ќонеъ карда шавад. Ба даъвогар молу амволи зерин: 14 адад болишт, бо арзиши 700 сомонї, куртаи "Черний принс", нархаш 500 сомонї, куртаи "Тайга", нархаш 300 сомонї, курткаи чармин, нархаш 750 сомонї, пардаи тиреза, нархаш 300 сомонї, љамъ ба маблаѓи 2550 сомонї, ки онњо дар манзили истиќоматии љавобгар Расулов Љамшед Њабибуллоевич ва њамљавобгарон Расулов Њабибулло ва Расулова Муслима воќеъ дар дењаи Болшевик, љамоати дењоти Мирзо Ризои ноњияи Њисор тањти њабс ва нигоњдошт љойгир карда шудаанд, баргардонида шавад. Аз њисоби љавобгар Расулов Љамшед 64 сомониву 86 дирам бољи давлатї ба манфиати давлат рўёнида шавад... Раисикунанда: Муњаммадиева Х.А." (давомаш дар шумораи оянда)


14

ГУНОГУН

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

Адвокати Умедљон Тољиев, узви Њизби нањзати исломии Тољикистон, ки маќомоти корњои дохилии шањри Исфара ба ташкили иттињодияи љиної айбдор карданд, мегўяд, "дар сурати љавоб нагирифтан ба дархосташ аз сўи Прокуратураи вилояти Суѓд ба Прокуратураи генералии Тољикистон шикоят хоњад бурд". Юсуф Дониёров, мегўяд, "дирўз, 11уми ноябр, ман ба Прокуратураи вилояти Суѓд рафта будам, имрўз бояд љавоб медоданд. Пагоњ, 13-уми ноябр, ман як бори дигар мурољиат мекунам, агар љавоб надоданд, маљбурам, ба Прокуратураи генералї мурољиат кунам", - мегўяд Юсуф Дониёров. Вакили дифои узви боздоштшудаи ЊНИТ дар идома гуфт: "Эњтимол аст, барои Умедљон Тољиев худи масъулин ягон адковат ёбанд. Зеро масъулин намехоњанд ман адковати Тољиев бошам. Ин амал аз рўи ќонун нест." Њамчунин, бино ба иттилои Юсуф Дониёров, аз рўзи оѓоз шудани парванда, аз 5-уми ноябр то њол аз зерњимояааш ягон хату хабар нест. - Вай дар боздоштгоњи муваќќатии Хуљанд нигоњдорї мешавад, чї вазъ дорад ба касе маълум нест, - бо нигаронї гуфт адвокат. 8-уми ноябр Юсуф Дониёров ба Прокуратураи вилояти Суѓд аз болои муфаттиши парвандаи зерњимояаш Манучењр Ќаюмов, шикоят бурда буд, ки ба ў ва наздикони Тољиев иљозаи вохўрї надодааст. Вай дар ин мактуб, њамчунин, дархост карда буд, ки Прокуратураи вилоятї пар-

АДВОКАТИ ТОЉИЕВ БА ШЕРХОН САЛИМЗОДА ШИКОЯТ МЕБАРАД Прокуратураи вилояти Суѓд ба мактуби адвокати Умедљон Тољиев дар бораи чораандешї нисбати муфаттиши ќазияи боздошти узви ЊНИТ дар Исфара њанўз посух надодааст. Адвокат мегўяд, "маљбур аст, ба Прокуратураи генералии Тољикистон мурољиат кунад".

вандаи Умедљон Тољиевро тањти назорат бигирад. -Зеро Исфара шањри хурд аст, муфаттишон хаёл мекунанд, ки ба њама кор ќодиранд, дар Прокуратураи вилоятї кор шаффофтар аст, - мегўяд вакили дифои Умедљон Тољиев. Нисбати Умедљон Тољиев, узви Њизби нањзати исломии Тољикистон, ки аз сўи маќомоти корњои дохилии шањри Исфа-

ра дастгир шуда буд, бо моддаи 187 ќисми 2 (ташкили иттињодияи љамъиятї) парвандаи љиної оѓоз шудааст Њизби нањзати исломии Тољикистон барои омўзиши ќазияи боздошти узви ин њизб, ки ба ташкили иттињодияи љиної муттањам мешавад, зери роњбарии муовини раиси ин њизб Муњаммадкарими Орзу њайати махсусеро ба Исфара фиристода буд.

Сокини љамоати Чоркўњи Исфара Умедљон Тољиев, бино ба иттилои Вазорати корњои дохилии Тољикистон, 30-юми октябри соли љорї ба Шўъбаи 1-и ВКД дар ин шањр бо сабаби њуќуќвайронкунии маъмурї (итоат накардан ба амр ва талаботи ќонунии корманди милитсия) дастрас шуда будааст. Ёдрас мешавем, маќомоти корњои дохилї гуфтанд, "Умедљон Тољиев бо маќсади фирор намудан, аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шањри Исфара ба поён љањида, дар натиља пойи чапи ў љароњат бардоштааст". Рамазон Рањимов, вазири корњои дохилї, вобаста ба њолати мазкур нисбат ба кормандони масъули Шўъбаи 1и ВКД дар шањри Исфара санљиши хидматї таъйин карда, барои хунукназарї масъулини ШКД-и Исфараро љазо дод. Бархе аз онњо аз вазифа озод ва бархеи дигар огоњї ва танбењ гирифтаанд. Умедљон Тољиев, ки чор сол боз узви ЊНИТ будааст, ќаблан барои узвият дар Њаракати дар Тољикистон мамнўи динии "Байат" гумонбар шуда будааст.


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЊИКМАТИ АЛЛОМА

НАХОД?

ДОРОЇ ВА НОДОРЇ Марде алломаеро гуфт: - Эй аллома, мехоњам ба Шумо як љомаи адрас туњфа кунам. Аллома гуфт: - Агар бой бошед, туњфаатонро ќабул мекунам, агар фаќир, не! Мард гуфт: - Ман бой њастам. Аллома пурсид: - Чанд њазор тилло доред? - Зиёда аз ду њазор. - Агар онњо зиёда аз чор њазор шаванд, хурсанд мешавед? - Албатта, хурсанд мешавам. - Маълум гашт, ки ту фаќир будаї ва ман туњфаатро ќабул намекунам. Пешнињоди Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини шањри Душанбе

ДАР МАКТАБИ НАВ САДОЌАТИ ЗАНУ МАРД ПАС АЗ АЗОДОРЇ Дар ваќти танаффуси 10 - даќиќагї омўзгори забони тољикї Амиршоева Раъно бо омўзгори фанни химия Зардолубеков Дониш дар бораи муносибати имрўзаи зану мард бањси даманадоре оѓоз намуданд: - Ман њељ намефањмам, марди имрўзаро. Њамсояамон амаки Саодатшо як моњ аз вафоти њамсараш нагузашта, зани нав гирифта овард. О аќаллан, мемонд, ки ним сол мегузашт... - Ин чї љои тааљуб дорад? Охир Саодатшо панљ фарзанд дорад. Ў худаш дар кор, кї ба кўдакон нигоњубин мекунад, агар зан нагирад? - Шумо мардњо њамеша ба тарафдории якдигар гап мезанед! - норозї шуд муаллима. - Саодатшо ку тоќат карда, баъди як моњ зан гирифтааст! Ман занеро медонам, ки дар љанозаи шавњараш ба љустуљўи марди нав овора буд... Бо ин љавоби худ Дониш мисли чемпиони олимпї омўзгорро маљбур сохт, ки домани бањсро барчинаду ба мавзўи таълиму тарбияи насли наврас гузаранд... Коре, ки ба муаллим мезебад! Рустам РАЊИМОВ, сокини ноњияи Айнї

ЛАТИФА Омўзгор мепурсад: - Далер ту барои чї дер кардї? - Дар роњ ба ман роњзанњо њуљум карданд! - Ягон чизатро гирифтанд? - Ња, дафтари вазифаи хонагии иљро кардаамро! *** - Алло, Шумо роњбари синфи панљи "Б"? Писарам имрўз ба мактаб омада наметавонад. - Кї гап мезанад? - Падари ман. *** Ду бангї баъди банг задан дар роњ рафта истодаанд. Дар наздикї дар хонае соњибхона ба мардум оши худої дода истодааст. Ду бангї ба хонаи мотамдор даромада, хўроки якуму дуюм мехўранд. Сер намекунанду ба соњибхона мегўянд, ки сеюмаш нест? Соњибхона њайрон - њайрон нигоњ карда мегўяд, ки бачањо неки ман шуморо нашинохтам! Бангињо бебокона ба соњибхона нигариста дар љавоб мегўянд: - Ака мо аз тарафи арўсем. *** Ба Афандї падараш зан доданї мешавад. Падар ба Афандї мегўяд: - Писарам ягон сурати зебо дорї, ки ба арўс нишон дињем? Афандї сурате, ки дар болои хараш акс бардошта буд, ба падараш оварда медињад. Падараш суратро дида мегўяд, ки мешавад. Хуллас, сурати Афандиро пеши арўсшавандааш мебаранд. Ў ба сурат зењн монда, мебинад, ки Афандї дар болои хар сурат гирифтааст. Арўсшаванда баъди суратро дидан саволомез мепурсад: - Кадоме аз инњо шањ аст?

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

ФАРЊАНГ РЎ БА ХАРОБЇ ОВАРДААСТ! - Аз коргоњ тариќи "Старекс" ба хона меомадам. Дар дохили мошин садои "амри маъруф" шунида мешуд. Баъд аз чанд даќиќа љавони дигар дохили мошин шуд ва аз ронанда хоњиш кард, то ин садоро паст ё хомўш кунад. Дар баробари ин ронанда маблаѓи он љавонро бозпас доду маљбур ўро аз мошин фаровард. Баъди фаромадани он љавон дигарон ѓайбати он љавонро карданд. Мегуфтанд: "Бояд тавба кунад, "астаѓфируллоњ" гўяд... куфр гуфт..." Инњо шояд 10 сол аз ў хурд буданд. Ман ба "амри маъруф" гўш додам... сухан дар мавриди он мерафт, ки љавоне аз "руњонї" дар бораи хонадорї (муљомаат) аз тариќи маљбурї бо зани худ суол карда буд. "Мулло" њам дар посух ба ў иљозат дод, ки метавонад аз тариќи маљбурї хилофи майли њамсараш бо ў муљомаат кунад... Чї вањшоният? Дар идомаи роњ... Дар "Старекс"-и дигар. Мусиќии РЭП чунон баланд шунида мешуд, ки ронанда садои мусофиронро намешунид ва... Омўзгоре он љо њузур дошт ва аз ронанда хоњиш кард радиоро монад ё мусиќиро иваз кунад. Ронанда гўё нашунидааст, амалеро иљро накард. Омўзгор ба ронанда гуфт: "Имрўз олимон исбот кардаанд, ки њар нафаре РЭП месарояд ва гўш мекунад "ЊАМЉИНСГАРО" мешавад". Аз сухани омўзгор љавони мусофир, ки пањлуи омўзгор нишаста буд, дар ѓазаб шуд ва гуфт: "Олимон гуфтан мегиранд". Омўзгор дигар хомўш монд... Њарфе назад ... Фарњанг рў ба харобї овардааст! Њар кас њар чї хоњад сабт ва пахш мекунад. Њар чї...! Ањлиддин САЛИМОВ, сокини шањри Душанбе

?-И НОБОБ

ОЁ БЕ ВАКОЛАТНОМА МОШИН РОНДАН МУМКИН АСТ? - Оё шањрванд њуќуќ дорад, ки наќлиёти бародар, падар ё амакашро бе ваколатномаи наќлиёт (довереност) ба муњлати 1 ё 2 рўз идора намояд? Искандари СОБИР, сокини ноњияи Варзоб - Дар њарду њолат бе ваколатнома идора намудани воситаи наќлиёти шахси дигар, новобаста аз шахсияти соњибмулк ва дараљаи хешутабории ў бо ронанда иљозат дода намешавад. Барои идоракунии воситањои наќлиёт дар њузури худи соњибмулк, ваколатнома талаб карда намешавад. Ба саволи Шумо аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон посух доданд.

БАЉОИ 09 - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон барои осон намудани мурољиати андозсупорандагон телефони иттилорасонї ва хизматрасониро бо шумораи мухтасари 151 фаъол намуд. Акнун андозсупорандагон бе ягон душворї метавонанд бо чидани шумораи 151 аз телефонњои худ, ба бахши иттилоотии (Call-center) Кумитаи андоз пайваст шаванд. Дар бахши иттилоотї аз соати 8.00 то 18.00 ба саволњои андозсупорандагон оид ба андозбандї ва хизматрасонии маќомоти андоз мутахассисон посух медињанд. ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад. Телефон барои тамос: 93 502 99 95

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

НАХОД ЉАНОБИ ОЛЇ АЗ ХАЛЌИ ХУД ТАРС ДОШТА БОШАНД? - Њамчун як шањрванди Тољикистон чунин маъракаи пешвозгирии президентро ќабул надорам! Ин пешвозгирию њатулкорињое, ки дар шањраки мо - Фархор шуда гузашт, аксарияти мардумро асабию ѓазабнок кард. Тамоми мактабњои атрофи шањрак 10 - рўзи расо дарс нахонданд. Дар варзишгоњи навбунёд назди биноњои лентамебуридагї, ќад- ќади роњњо њама "маршировка" ва "репититсия" мекарданд. Дар мактабњои дуртар аз шањрак дарс мехонданду дар мактабњои атрофи шањрак бошад "КАНИКУЛ" амал мекард. Оё вазири маориф ва президент аз ин аъмоли "хуб" - и масъулинаш дараке дошта бошанд? Ин объектњое, ки президент лентабурї карданд, то ба њол "шкатур" - у рангу борашон мерезад. Чунки масъулин бо чунин саросемагї, кори 1 моњаро дар як њафта иљро карданд. Ба халќ барои дохил шудан ба варзишгоњ даъватномањо таќсим карданд. Аљибаш њамин буд, ки дар кўчаи мо 23 зану 7 мардро даъватнома доданд. Чун ба варзишгоњ дохил шудем, тахминан 50 дарсади даъватшудагон занону 40 дарсади дигар мактабачагон, боќимонда мардон буданд. Халќро аз соати њафти сањар ба варзишгоњ дохил намуданд ва дарвозањоро ќулф заданд. Гуфтанд, ки президент соати 7:30 даќиќа меояд. Лекин президент соати 10:00 омаданд ва аз болои 100 метр ќолинњо роњ гашта, ба минбар баромаданд. Хеле суханњои хуб њам гуфтанд. Лекин як гуфтаашон: "Сањар њаво чї хел хунук ва бад буд. Ман омадам офтобро бинед, њаворо бинед, чї хел наѓз шуд" Ин гуфтаашон байни халќи дар варзишгоњ буда миш- мишњоеро ба амал овард, ки мегуфтанд "президент аз чоплусињои зердастонаш илњом гирифта, ба худтаърифкунї сар карда, аз худ авлиё метарошад". Баъд аз чанде "тайёркардашуда" - њо баромад карданд. Зане низ баромад карда гуфт: "Агар дар бари Шумо фарзанди маро дар интихобот мемонданд, ман фарзанди худро хат мезадаму ба Шумо овоз медодам". Аз чунин модари фарзандбезор мо халќи тамошобин бисёр нороњат шудем. Мўйсафеде низ мехост чанд сухане ба президент бигўяд, лекин чор милисаи бузургљусса он касро намемонданд, ки ба назди микрофон равад. Он мўйсафедро дар пеши чашми халќи бешумор кашолакунон ба яке аз хонањои варзишгоњ дароварданду дар онљо чї гап шуд касе намедонад. Ин њамааш дарди бахайр буд. Варзишгоњ дар муњосира буд, халќу талабањои гушнаву ташна ва хунук хўрдаро ба берун баромадан намемонданд. Кўдакон аз гуруснагиву ташнагї гиря мекарданд. Бубахшед, "туалет" - равї њам намемонданд. Баъзењо ба танг омада, аз болои варзишгоњ ба зер мешошиданду мактабачањо дар эзорњояшон. Оё дар хунукї аз соати 7:00- и субњ то 16: 00-и аср тоќат кардан мумкин аст? Ќиёмате буд дар варзишгоњ. Баъди хотимаи силсилачорабинињо дар соати расо 16:00 чун ба берун баромадем, дарак ёфтем, ки шањрак њам дар муњосираи милисањо будааст. Ягон мошинро ба шањрак даромадан намемонданд. Бозор мањкам, тамоми дўконњои ќад-ќади роњ, ошхонаву чойхона ва нуќтањои фурўши сўзишворї низ њама маќкам. Халќи гушнаву ташна њама тозон ба сўи хонањояшон мешитобиданд. Дилам ба онњое месўхт, ки хонаашон аз шањрак дар масофаи 25 - 30 километр дур буд. Соати 20:00 - и 28-уми октябр муњољире аз кўчаи Ленини шањрак аз Маскав омада расид. Мо дарак ёфта, ба аёдаташ рафтем. Ў гуфт, дар роњи фурўдгоњ то шањри Кўлоб ду соат банд шудем... Хулоса, шањри Кўлоб њам дар муњосира будааст. Наход, Љаноби олї аз халќи худ ин ќадар сахт тарс доранд ё атрофиёнаш ин ќадар воњима меандозанд? Президенти моро ин ќадар тарсончак нишон медињанд. Њамаи ин пешвозгирињо тарс ва лагандбардориие беш набудааст. Холмирзои ВАЊЊОБ, сокини ноњияи Фархор

ЭЪТИБОР НАДОРАД Аз сабаби гум шудани дафтарчаи имтињонотии донишљўи бахши чоруми Донишгоњи техники Тољикистон ба номи академик М.Осимї, Бањриддинов Дилшод Љамшедович аз эътибор соќит дониста шавад.


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №34 (362) 13. 11. 2013

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Гулнора КАРИМОВА, духтари президенти Ўзбакистон: - Президентї кори мардњои ќавиест, ки онњоро мардум баргузида бошад! -Аппшу !!! Худо накунаду ин кори шуморо дар мо њам такрор кунандде. О, шумову Лолахон ду кас,...уууууу... инља ќиёмат ќодир мешуд, ќиёмат!

Додољон АТОВУЛЛОЕВ, мухолифи сарсахти тољик: - Ман фикр мекардам, ки вай барои Рањмон њељ хатар надорад, аммо иштибоњ кардам. Ман омодаам аз Ойнињол Бобоназарова ва ќисме аз мухолифони дигар, ки барои пешбарї кардани ин номзад даст доштанду гунањкорашон мекардам, узрхоњї кунам. -"Баъди тафу тез ќайларо об карда дар ...рез" гуфтагї гапи мардумро шунидагї-мї шумон?!

Бидуни шарњ. САЛОМ, БОБО! ПУРБИНИ «НИГОЊ»

«ШОМИ ЃАРИБОН» ДАР ШАФТОЛУБОЃИ ДУШАНБЕ Мирзодиккак аз баландии собиќ дењаи Шафтолубоѓ истода, рафти сохтмони деги буѓии маркази љумњурї - шањри Душанберо назорат мекард ва ба њукумати љонољон ањсану офарин мехонд. Ѓалтак аз шунидани чунин мадњу сано фиристињо ба "боло" монда шуда буд ва зуд ба назди Мирзодиккак омад, то ки ўро аз ин беморї рањо намояд. Баъди салому алейк Мирзодиккак мехост пешравию кордонии њукуматро васф намояд, вале ба ќошу ќавоќи дўсташ Ѓалтак нигаристу наќшаи мадњу санои "боло" - ро пас партофта, аз боби омодагии мардум ба фасли сармо сухан кард. Мирзодиккак: - Ѓалтакљон баъди интихоботи озоду шаффоф дар љумњуриамон боду њаво таѓйир ёфтааст. Њаво сард шуда бошад њам ќалбњои мо - аъзоёни ЊХДТ торафт тафсида истодааст. Намедонам, ин мењри Ватан аст ё мењри вазифа!? Ѓалтак: - Рост, акнун замони љасту хезу даву този шумоён фаро расид. Курсї расад, ба ќавли худатон, "жить" мекунеду нарасад "инфаркт" мешавед. Мирзодиккак: - Ба манбаринњо дар 22 сол ягон мансаб нарасидаасту намерасад. Раисамон борњо таъкид кардагї, ки мансаб ба њама намерасад. Аз ин лињоз, мо таќсими њамаи роњаткурсињоро ба ихтиёрашон гузоштагї. Тияд - метияд, натияд - наметияд! Ѓалтак: - Ба умеди "тияд наметияд" нашаведу "ставка" - ро пардохт кунед, дар се моњ директори мактаб он тараф истад, ректори ягон донишгоњ дар марказ њам набошад дар ягон вилоят мешаведу дар як сол чанд омўзгору котибаро ба кор ќабулу аз кор озод карда, яку якбора ба зинаи докторї мерасед. Мирзодиккак: - Не, ман асло ба ин розї намешавам. Дар фасли сармо аз сардии сифхонањо ягон омўзгору донишљў мурда монад , сари бебалои ман дар бало мемонад. Бењтараш шоир мешаваму дар васфи "боло" шеър менависам. Ана, баъд маро мисли Бозор Собир њама мешиносанду дар "Љумњурият" шеърњоямонро ба чоп мерасонанд. Ѓалтак: - Мегўям, ки дар фасли сармо ларзида ларзида шеърњои гарм нависед, вагарна барои сардии суханњоятон саратонро аз даст медињеду сари дигаронро ба балои азим гирифтор мекунед. Мирзодиккак: - Мебахшед, љаноби Ѓалтакбой

дар куљо дидед, ки шоир дар сардї нишаста дар бораи гармї нависад? Мо он чиро мебинем бо омадани илњом онро болои ќоѓаз меорем. Моли мардумро ба мардум бозпас мегардонем. Шоирњо мурѓ нестанд, ки бе хурус тухм кунанд. Ѓалтак: - Шумо њама корро мекунед, љаноби Ѓалтак! Пешинањо Александри хунхорро Искандар кардаанд. Шумо њам аз онњо ќафо намонда, раисатонро ба чунон таърифу тавсиф кунед, ки аз њасад устухонњои Искандар ба ларза дароянд, ба ларза! Мирзодиккак: - Росташро гўям, лаганбардорњои "раис" ўро ба чунон таърифу тавсиф кардаанд, ки њамаи камбудию норасоињои љомеъа аз назар дур мондааст. Агар кор њамин хел идома ёбад, нимашаб очаи Ќобилљони нањзатї коммунисти матин Пахтагул Панљсолаевна маро буѓї карда мекушад - ња! Њоло Исмоил Талбаков 5 фоизи овозњоро дар интихоботи президентї гирифтаасту буруташро табар намебурад. Бењтараш дуои онро кунем, ки њамин деги буѓї дар маркази љумњурї ба кор дарояду зимистони имсола аз сардї ба мисли солњои ќаблї наларзему дар дорухонањо барои харидани дорую дармон дар навбат наистем. Ѓалтак: ОМИН! Љўрањо баъди дуои тадбир ба роњ баромаданд. Шамоли сарди моњи ќавс сару рўи онњоро мехарошид. Абрњои сиёњи болои шањр аз боридани барфу борон дарак медоданд. Ба њар њол умеди сохтану зистан дар Ватан дар ќалбу раги љўрањо ба мисли ширеш часпида буду ба мисли дарёчаи Душанбе гоњ - гоњ кўшиши аз соњилњо баромаданро доштанд.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

Рамазон РАЊИМОВ, вазири корњои дохилї: - Имрўз мо ифтихор аз он дорем, ки котиби Шўрои амният Абдурањим Ќањњоров, вазири мудофиа Шералї Хайруллоев, сардори шуъбаи мудофиа ва тартиботи њуќуќии Дастгоњи иљроияи президент Абдусаттор Раљабов, директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоњи Ѓоиб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент Рустам Назаров, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ЊЉТ Лолахон Рањмонов, сардори Сарраёсати иљрои љазои љиноятии Вазорати адлия Изатулло Шарифов ва сардори Хадамоти муњољирати назди ЊЉТ Сафиалоњ Девонаев дастпарварони Вазорати корњои дохилї мебошанд. -Э, ќариб номи њама ба истеъфо мерафтањоро гирифтед-ку! Худо хайрашро дињад-де.

Рањматилло ЗОИРОВ, раиси ЊСДТ: - Эмомалї Рањмон чанд бор баромад карда буд, ки 80-90 фоиз овоз гирифта наметавонад. Агар 70 фоизи овозњоро ба ў медоданд, одамон розї мешуданд ва ба њаќиќат њам наздиктар буд. - Њой, домулло! О, кї гуфтааст, ки гирифтааст?! Додаанд, аниќтараш навиштааанд. Чї истењсоли картошкаро 1 млн. тонна навишта аз Покистон оварда мешудаасту њамин овозњои мардумро намешудаастмї? Аркадий ДУБНОВ, журналисти рус: - Мутаассифона, љои љомеаи шањрвандии Тољикистонро зиёиёни тољик гирифта наметавонанд. -Зиёињои мо њоло Оля кати банд, кори вай каса дида бурон, навбати љомеаи шањрвандиатон њам мерасад, Аркадийи љун!

Умаралї ЌУВВАТОВ, мухолифи тољик: - Мо агар як ќадам пас гузоштем, дањ ќадами дигар боз хоњем гузошт. Акнун баъди ин мазњака гуфта метавонем, ки роњи муборизаи мухолифин кушода шудааст. Зеро режим ба тамоми љањон нишон дод, ки ба чї кор ќодир асту чї заъфњо дорад. - Роњ 20 сол боз кушода, мулло Умаралї, роњрав нест роњрав!

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.