Нигох №35 (363) Cешанбе, 19-уми ноябри соли 2013

Page 1

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

Ќазияи Расули Амонулло. Кї њаќ: ВКД ё суд?

1

САЊИФАИ 3 №35 (363). Cешанбе, 19-уми ноябри соли 2013

ОИЛА

Интригањои хонадони Каримов САЊИФАИ 10

ХАНДАИ ЊАЌИЌАТ

Шўх омадї, зимистон! Матлабе, ки пурра бо нохунак ("") бояд хонда шавад! САЊИФАИ 6

«Њукумати орзуњо» Мардум чї гуна њукуматро дидан мехоњанд? БО ШОИР

Кобул, эй шањри валангор, салом! САЊИФАИ 12

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Биёед, дигар пора надињем! САЊИФАИ 16

Саргузашти арўси њисорї Барои чї ќонун дар ноњияи Њисор нест?


2

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

СИЁСАТ муносибат русњову эронињоро ба дилсардї бурдааст. Ба љуз ин, ќарзи ширкати "Барќи тољик" аз андоз ба 50 млн. сомонї расида, коршиносон чандин маротиба садо баланд карданд, ки ширкат њолати варшикастагї ќарор гирифтааст. Дар чанд соли ахир ба фалаљ наздикшавии ширкати "Барќи тољик" барои рањбаронаш низ хосияти хуб надошт. Рањбарони ширкат гирифтори бемории сиёсї гардида, аз вазифа мањрум шуданд. Оморњои вазорат на танњо дар самти энергетика, балки дар дигар самтњо низ нишондињандањои боло доранд. Аз љумла, дар мавриди нафту газ. Аммо барои камтарин инсоне, ки ќобилияти фикр карданро дорад, пинњон нест, ки бозори нафту гази кишвар кайњо аз ихтиёри Тољикистон берун шудааст.

Ѓасби бозори сўзишворї Тибќи омори вазорати энергетика ва саноат дар замони рањбарии Гул Шералї њаљми воридоти гази моеъ ба љумњурї нисбат ба соли 2006 25 маротиба зиёд

«ЊУКУМАТИ ОРЗУЊО» Дар давлатдории љањонї мафњуми "њукумати шаффоф" вуљуд дорад. Пас аз маротибаи чањорум президент гардидани Эмомалї Рањмон дар Тољикистон кам нестанд афроди ислоњотхоње, ки аз ў ба роњ мондани "њукумати шаффоф"ро интизоранд. Аммо бардоштњо аз собиќаи рањбарии Эмомалї Рањмон ва тасмимгирињои ѓайриинтизори ў моро ба кўи орзуњо мебарад. Орзу мекунем, ки "њукумати шаффоф" ба сари кор ояд ва њамзамон ба ин бовар надорем. Ба маќсад њам наздик аст, ки мафњуми мавриди назарро "њукумати орзуњо" номем. Њеч не, 10 сол мешавад, ки њукумат моро водор ба орзу кардан намудааст. Орзуи бе барќ набудан, орзуи шиками сер аз мањсулоти худ доштан, орзуи аз бумбасти комуникатсионї рањо гардиданд. Дањњо орзуи дигар… Ин самтњо мавриди таваљљўњи њукумат ќарор дошта, 3 њадафи стратегии онро ташкил медињад: 1) Расидан ба истиќлолияти энергетикї; 2) Таъмини амнияти озуќаворї; 3) Рањої аз бунбасти комуникатсионї. Њукумати Тољикистон ба дарки муњим будани ин масъалањо ба хубї расид. Аммо онњое, ки сиёсати амалигардонии ин самтњоро дар даст доранд, ба як по чї, бо ду по ланг будани худро ба намоиш гузоштанд. Ин масъулин кистанду чи нињоде мардуми тољикро солњо боз ба умеди расидан ба рўзи бењї чашм ба роњ намудаанд?

ОРЗУИ АВВАЛ: истиќлолияти энергетикї Масъули кулли соња вазорати энергетика ва саноат ва ширкати "Барќи тољик" мебошад. Вазорат ва ширкате, ки ба мушкилофари соња табдил гардидаанд. Вазорати энергетика ва саноат соли 2006 дар натиљаи якљоя гардидани вазоратњои энергетика ва саноат ташкил шуда, мувоффиќи низомномааш, ки декабри соли 2006 тасдиќ гардидааст, маќоми марказии њокимияти иљроия буда, оид ба тањияи сиёсати ягонаи давлатї ва батанзимдарории меъёрии њуќуќї дар соњаи комплекси сўзишворию энергетикї, захирањои табиї, аз љумла манбањои барќароршавандаи энергия, танзими саноат, техника ва технология, саноати маводи сохтмон, хўрокворї ва коркард фаъолиятро анљом медињад. Бахши сўзишворию энергетикї аз сам-

Мардуми Тољикистон чї гуна њукуматро дидан мехоњад? тњои аслии фаъолияти вазорат мебошад, ки мањз ба ин соња сармояњои њангуфт сарозер мешаванд. Аммо иштибоњ дар ин нест.

Иштибоњ андар иштибоњ Њикмати ташкил намудани як вазорати бузург баъд аз он ошкор гардид, ки Гул Шералї, ќудои Президент вазир таъин гардид. Ду соњаи муњими хољагии халќи кишвар дар замони рукуд ба дасти нафаре дода шуд, ки фарсахњо аз ин соњањо дур буд. Дар кулвори таљрибаи мењнатии ў дастовардњояш дар сатњи як ноњия љамъбаст мегардид. Дар як муддати кўтоњ ба чењраи нотавону ќањрамони манфии сањифањои матбуоти тољик мубаддал шуд. Омили ба по рост нагардидани бахши энергетикии Тољикистонро ба ду иштибоње марбут медонанд, ки дар соли 2006 гирифта шуд. Яке аз иштибоњњо якљоя намудани ду бахшњои энергетика ва санаот дар як вазорат бошад, иштибоњи дигар ба садри вазорат таъин гардидани Гул Шералї њисобида мешавад. Агар ба омори маблаѓњои ба вазорат сарозер шуда дар 7-соли ахир назар андозем, аввалин хулоса ин мешавад, ки дар замони рањбарии Гул Шералї бояд Тољикистон ба истиќлолияти энергетикї дастёб мегардид. Зеро сармояњое, ки дар ин муњлат танњо ба самти энергетии ин вазорат равона гардидаанд, Роѓун бунёд мегардид. Барои 13 лоиња, ки татбиќ гардидааст, беш

«

аз 12 млрд. сомонї равона гардида, амалисозии 10 лоиња бо арзиши умумии 6 млрд. сомонї идома дорад. Албатта, наметавон нодида гирифт, ки ин давра Тољикистон ночор шабакаи ягонаи энергетикиро ташкил дод. Аммо ин њама барои наљот аз буњрони бебарќї мутакое нагардид.

Омор баланду натиља сирф Масъулини вазорат бо дањони пур эълон медоранд, ки иќтидорњои барќистењсолкунандаи кишвар нисбат ба иќтидорњои давраи то Истиќлолият 928 МВт. афзоиш ёфта, аз 4 338 ба 5 266 МВт (аз љумла 27,3 МВт аз њисоби НБО-њои хурд) расонида шуд. Вале ин раќамњои пурвоњима њоло маънои онро надорад, ки ин ќадар нерўи барќ истењсол мешавад. Сиёсати хароби вазорат бо ширкати "Барќи тољик" боис ба он гардид, равани маблаѓгузории хориљї дар бунёди нерўгоњњо ба шикаст наздик гардад. Ќарзи ширкати "Барќи тољик" дар назди моликони НБО "Сангтўда-1", ки 75% сањмияњояш дар дасти русњо мебошад, ба 388 миллион сомонї расидааст, ки њудуи 80 млн. доллари ИМА аст. Ин раќам дар њоли афзоиш мебошад. Дар ин росто, "Барќи тољик" дар назди "Сангтўда-2", ки эронињо ба истифода мебаранд, низ беш аз 28 млн. доллар ќарз дорад, ки њар моњ 1,5 миллион зиёд мешавад. Дар назар буд, ки Русия ва Эрон дар бунёди нерўгоњњои нав сармоягузорї намоянд, вале чунин

Њикмати ташкил намудани як вазорати бузург баъд аз он ошкор гардид, ки Гул Шералї, ќудои Президент вазир таъин гардид. Ду соњаи муњими хољагии халќи кишвар дар замони рукуд ба дасти нафаре дода шуд, ки фарсахњо аз ин соњањо дур буд. Дар кулвори таљрибаи мењнатии ў дастовардњояш дар сатњи як ноњия љамъбаст мегардид.

«

гардидааст. Агар соли 2007 6205,5 тонна ворид шуда бошад, дар соли 2012 то ба 81 256,7 тонна ва дар нуњмоњаи соли 2013 ин раќам ба 153 931 тонна расидааст. Шумораи нуќтањои фурўши гази моеъ аз 30 адади соли 2006, ба 1-уми октябри соли 2013 ба 622 адад расонида шуданд. Њамин тавр аз њисоби таъсис дода шудани нуќтањои нави фурўши гази моеъ зиёда аз 5000 љойњои нави корї таъсис дода шуд. Барои иктишофи нафту газ ва корњои пармакунї аз љониби ЉСК "Газпром" ба маблаѓи таќрибан 200 млн. доллари ИМА ва Ширкати "Тетис Петролеум Лимитед" ба маблаѓи 102 млн. доллари ИМА маблаѓгузорї сурат гирифтааст. Дар ин давра аз буљаи давлат дар ин самт 21 млн. сомонї ихтисос гардидааст. 25 млн. доллар дигар ширкатњо сарф намудаанд. Аммо натиља маълум аст: Тољикистон њамоно пойбанди нафту гази хориљ боќї монд. Истењсоли Тољикистон аќалан 10%-и ниёзи кишварро бароварда намекунад. Гузашта аз ин, русњо пурра бозори нафту гази кишварро зери контроли худ даровардаанд. Дар ин њама воридоти гази моеъу нуќтањои фурўши он дасти дасти дарози "Газпромнефт" дида мешавад, на талоши Гул Шералї. Сиёсати пиршудаи Гул Шералї буд, ки беш аз 1 млрд. доллар аз воридоти маводи сўзишворї бо љорї гардидани бољи гумрукї аз љониби Русия иќтисоди Тољикистон зарар дид. Њаљми умумии сармоягузорї дар 7 соли ахир дар вазорате, ки Гул Шералї рањбарї мекунад, зиёдтар аз 3 млрд. доллари ИМА мебошад. Ба љуз энергетикаву сўзишворї яке аз бахшњои даромадноки кишвар канданињои фоиданок низ тобеъи ин вазорат буда, сармоягузории бахши мазкур беш аз 400 млн. доллар арзёбї мешавад. Бо ин њама сармоягузорињо дар 8


БЕПАРДА

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

3

дайн, дар мавриди мо, Амонуллои Њукуматулло ё њамсараш барои иљро накардани ўњдадорињои парасторї, тарбиявї, таълимї, њимояи њуќуќ ва манфиатњои ноболиѓ огоњї дода хоњанд шуд, ё ба онњо ба андозаи аз як то се нишондињанда (як нишондињанда - 40 сомонї) барои њисобњо, яъне 120 сомонї љарима таъйин карда мешавад.

Умар Шарифов кист?

Ќазияи Расули Амонулло.

Кї њаќ: ВКД ё суд? Рўзњои ахир дар ќазияи Расули Амонулло, писари Амонуллои Њукуматулло, раиси Роњи оњани Тољикистон (РОТ) гардишњои аљибе сурат мегиранд. ВКД як иттилоъ пахш мекунад, суд иттилои дигар. ВКД мегўяд, падари Расули Амонулло ба љавобгарї кашида мешавад, суд мегўяд, модари ў. Ин чї маъно дошта метавонад, ки ду манбаъ дугона њарф мезананд? Падар ё модар? Рўзи 18 ноябр расонањо аз ќавли вазорати корњои дохилии Тољикистон хабар пахш карданд, ки тафтишот алайњи раиси РОТ барои наќзи Ќонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" парвандаи маъмурї боз карда, онро ба суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе ирсол намудааст. Суд дар навбати худ гуфт, ки њамчунин як парванда ворид нашудааст. Рўзи 19 ноябр, як рўз нагузашта, ВКД дар сомонааш хабари дигар пахш кард. Мувофиќи он, вобаста ба беэътиної ва бемасъулиятї дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати падари Расули Амонулло Амонуллои Њукуматулло аз рўи моддаи 90-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Тољикистон протоколи њуќуќвайронкунии маъмурї тартиб ёфта ва ба суди ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе ирсол шудааст. Тибќи Кодекси маъмурии Тољикистон ќарор аст, ки суд њаљми љарима алайњи њамсари Амонуллоњи Њукуматуллоро мушаххас кунад. Ба гуфтаи дафтари матуботи ВКД, санади мазкур барои вайрон намудани талаботи моддаи 8, сархати 17 - и Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи

фарзанд" тартиб дода шуда, тафтишоти парвандаи љиноятии садамаи наќлиётї бошад, идома дорад. Аммо бадоњатан суди ноњияи Исмоили Сомонї эълон кард, ки парвандаи маъмурї барои вайрон кардани ќонуни масъулияти падару модар на нисбати раиси ширкати Роњи Оњан, балки њамсари ў боз шудааст. Темур Њафизов, муовини раиси суди ноњияи Исмоили Сомонї ба расонањо гуфтааст, ки воќеан парвандаи маъмурї алайњи модари Расули Амонулло рўзи 18 ноябр ба суд ворид шуд ва њоло мавриди баррасї ќарор дорад. Ба иттилои Њафизов, ин парвандаи љиної ё шањрвандї нест, ки шахси айбдоршаванда ба љазои шадид гирифтор шавад. "Парвандаи модари Расули Амонулло як парвандаи маъмурї буда, љазояш њам дар чањорчўби ќонунњои маъмурї муайян хоњад шуд", - мегўяд Њафизов. Тавре дида мешавад, он чї ВКД, нињоде, ки тафтиши ќазияро анљом дода, парванда кардааст ва Амонуллоњи Њукуматуллоњро бо њамсараш мавриди бозпурсї ќарор додааст, пахш кардааст, аз он чї суд мегўяд, фарќ дорад. Вазорати корњои дохилї (ВКД) 24-уми октябр дар сомонааш нашр карда буд, ки

«

Дар ин ќазия боз як норўшании дигаре боќї мондааст. Амонуллои Њукуматулло, ки тариќи нашрияи вазорати наќлиёти Тољикистон иттилоъи расонањоро ботил карда буд, гуфта буд, ки њанўз маълум нест, сари чанбари он мошин писари ў буд ё каси дигар. Маќомоти тафтишотї ин даъвои раиси раиси ширкати роњи оњанро бепоя хонда буданд. Вале таќрибан 3 њафта баъди садама вазорати умури дохила эълон кард, ки як иштирокчии дигари садамаи 9уми октябр Умар Шарифовро љустуљў доранд ва ў њанўз боздошт нашудааст. Нафари нав парвандаро дар њоли номуайянї ќарор дод, зеро маълум нест, ки Умар Шарифов дар ин сониња чї наќш дорад. Маќомоти корњои дохилї мегўянд, нисбати Умар Шарипов парвандаи љиної боз кардаанд. Вале нисбати Расули Амонуллоњ чизе гуфта намешавад. Дар як иттилоияе, ки Вазорати корњои дохилї рўзи 19-уми ноябр дар сомонаи худ нашр кард, гуфта мешавад, Умарљон Шарипов, соли таваллудаш 1992, сокини шањри Душанбе буда, пеш бо моддаи 237, ќисми 2 - и Кодекси љиноии Тољикистон суд шудааст. Нисбати Умарљон Шарипов мутобиќи моддаи 212, ќисми 3 - и кодекси мазкур парванда оѓоз гардида, мавриди тафтиш ќарор дорад, вале то њол худи Шарипов аз љониби маќомот дастгир нашудааст.

Ќонуни на њама Ин сардаргумињо баръало далели он њастанд, ки дар ќазияи писари Амонуллоњи Њукуматуллоњ як гуна бозие дар миён

Чаро ўро боздошт карданд ва рањо намуданд? Ва имрўз мегўянд, ки гунањкор як каси дигар аст? Худи Њукумов гуфт, ки писарамро табобат мекунам, меорам ва ба ихтиёри ќонун месупорам. Аммо имрўз гап дигар аст. Яъне ќонун барои сарватманд дигар асту фаќир дигар?"

тафтишот Амонуллоњи Њукуматуллоњ - раиси ширкати роњи оњани Тољикистон ва њамсарашро низ мавриди пурсиш ќарор додааст. Мантиќан суд он чиро, ки тафтишот анљом додааст, баррасї мекунад, ё худ як тафтиши дигарро анљом додааст?

Муруре ба таърихи ин ќазия Шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли равон дар хиёбони Рўдакии шањри Душанбе Расули Амонуллоњ, писари раиси Роњи оњани Тољикистон бо мошини БМВ дучори як садамаи автомобилї шуд, ки 3 кушта ва 3 захмї бар љой гузошт. Тафтишот парвандаи љиної боз кард. Њуќуќшинос Шўњрат Ќудратов мегўяд, иттињоме, ки алайњи Амонуллои Њукуматулло ё њамсараш эълон шудааст, тибќи парвандаи маъмурї баррасї мешавад, аммо Расули Амонуллоро, агар парванда карда бошанд, бар асоси моддаи 212 - и Кодекси љиноии Тољикистон муњокима мекунанд, ки бар пояи он, афроди аз 16 - сола боло ба љавобгарии љиної кашида мешаванд: "Дар банди сеюми ин модда омадааст, афроде, ки дар натиљаи садамаи наќлиётї муљиби марги аз 2 нафар бештар шудаанд, ба љавобгарии љиної кашида мешаванд. Ин банди моддаи 212 мањрумият аз озодї аз 5 то 10 солро пешбинї мекунад". Бино ба моддаи 90 - и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Тољикистон, воли-

«

аст. Њоло ба назар мерасад, ки ба љои раиси РОТ - њамсари ў ва ба љои писараш - Умарљон Шарифов муљозот хоњанд шуд. Ин љо суханони Ањлиддин Саидов, падари Аловиддин Саидов, ки дар ин садама ба њалокат расид, хеле бамаврид аст. Вай ба расонањо гуфтааст, ки ба њалли одилонаи ин ќазия бовар надорад, зеро ўро њамагї як маротиба кормандони милиса барои бозпурсї даъват кардаанд. Вай мегўяд, "он љо ман дидам, ки шаби 9 октябр Амонуллоев Абдурасулро боздошт кардаанд. Аммо баъд фањмидем, ки ў ба Олмон барои табобат рафтааст. Чаро ўро боздошт карданд ва рањо намуданд? Ва имрўз мегўянд, ки гунањкор як каси дигар аст? Худи Њукумов гуфт, ки писарамро табобат мекунам, меорам ва ба ихтиёри ќонун месупорам. Аммо имрўз гап дигар аст. Яъне ќонун барои сарватманд дигар асту фаќир дигар?" Воќеан, дар низоми имрўзаи Тољикистон њар чї метавонад рух дињад. Амонуллоњи Њукуматуллоњ аз афроди хеле пурнуфуз ва наздик ба президенти Тољикистон аст. Як шахси оддї нест, њарчанд ќонун барои њама баробар гуфта мешавад, ки ин тавр њам метавонад набошад... Ку бубинем, ки боз чї пеш меояд.

Ќиёми НУР


4

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

ГУЗОРИШ

7 соли дигар бо Эмомалї Рањмон Гузориш дар аксњо аз маросими савгандёдкунии президенти Тољикистон


ЌАДАМИ МАРДОНА Чанд рўз мешавад, ки "њукумати нав" кори худро шуруъ кард ва нахустин фармони "президенти нав-кўњна" он буд, ки собиќ аъзоёни њукумати пешин, ки субњи 18-уми ноябр ба истеъфо рафта буданд, аз нав ба кор даъват карда шаванд ва тибќи фармони нав корро идома дињанд. Дар кишварњои Осиёи Марказї, махсусан дар Тољикистон фарњанги истеъфо вуљуд надорад ва њатто ин вожаро аксарият фаромўш кардаанд. Барои нафароне, ки маънои луѓавии ин вожаро дар хотир надоранд, ёдовар мешавам: Дар Фарњанги забони тољикї ИСТЕЪФО аз кор ё хизмат озод кардан омадааст. Ё шакли дигараш ба роњбар барои аз кор рафтан ариза додан аст. Аммо тўли 20 сол дар кишвари мо нашудааст, ки ягон мансабдори воломаќом ё роњбари њизби сиёсї бо хоњиши худ истеъфо дода, гуфта бошад: "Ман барои халќ хизмат мекунам. Ваќте аз ўњдаи кор набаромадам, бояд нафари дигар љойро гирад ва барои пешравии миллату давлат хизмат кунад". Бубинед, вазири молияи кишвар Сафаралї Раљабов, раиси Кумитаи иќтисод ва молияи Маљлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тољикистон, рўзи 18-уми ноябр зимни баррасии мавзўи истифодаи маблаѓњои буља дар 9 моњи соли љорї дар вазороатњои обу мелориатсия ва кишоварзї гуфт, ки зарари молии вазорати аввалї дар ин муддат 2 миллиону 646 миллион сомонї ва Вазорати кишоварзиву сохторњои зертобеи он 2 миллиону 600 њазор сомониро ташкил додааст. Инчунин, дар муддати нўњ моњ 55 нафар корманди худи Вазорати молия низ ба љавобгарї кашида шудааст, аммо то њол дар курсии вазоратанд. Сарвазири Албания ва Норвегия, ки 8 сол боз дар курсии сарвазирї менишастанд, бохташонро эътироф карда, бо хоњиши худ ба истеъфо рафтанд. Вале дар кишвари мо, ки 20 сол боз фасодзада шудааст, то њол ягон роњбар камбудиро намебинад ва намехоњад, ки курсиашро аз даст дињад. Дар њоле, ки тибќи њисоботи шашмоњаи Агентии мубориза бар зидди коррупсия, фасод дар кишвар сол аз сол бештар шудааст. Дар соли 2012 аз рўи динамикаи љинояткории коррупсионї 81/81 љиноят ба ќайд гирифта шудааст, вале дар шашмоњаи соли љорї 78 адад љиноят ба ќайд гирифта шудааст. Бубинед, ки дар 12 моњ 81 адад ва дар 6 моњ 78, аммо боз иддао доранд, ки мо бар зидди коррупсия кор карда истодаем. Раќами мушаххаси љиноят њаст, вале натиља нест. То имрўз надидаем, ки Агентии зидди фасод ягон вазирро дастгир карда бошад. Мудирони мўњтарам метавонанд гўянд, ки "мо тобеъонашонро, ки ба чунин амал даст мезаданд, дастгир кардем, вале раис тоза аст". Вале ман бо боварии комил мегўям, ки ягон муњосиб аз пеши худ изофанависї намекунад ё аз нафаре барои иљрои кор пора талаб намекунад. Вай њатман дар ин масъала бо роњбари худ маслињати пешакї мекунад ва баъдан ба чунин кор даст мезанад. Пас моро зарур аст, ки имрўз "моњича"-ро не, "нањанг"-ро бо шаст ќапем.

Агентии фаъол ё њукумати фасодзада?! Тибќи омори расмии Агентии коррупсия, динамикаи љинояткории коррупсионї сол аз сол афзуда истода, соли 2007 - 21/25, 2008 63/56, соли 2009 - 67/66, соли 2010 - 85/ 62, соли 2011- 85/84, соли 2012 81/81 ва дар нимсолаи аввали соли 2013 - 78 адад љиноятњои коррупсионї ташкил медињад. Яъне, њар андоза, ки "дасти агентї дароз шавад", бештар љиноят ошкор мешавад. Пас, аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар кишвар ягона сохтори фаъол агентї аст ё ин ки њукумат ба фасод ѓўтидааст. Агар вазири корњои дохилї "дар ШКД-њо шиканља нест" мегўяд ва иддао мекунад, ки њељ гоњ корманди милиса шахси дастгиршуда ё гумонбарро намезанад, аммо нисбати 23 корманди њамин вазорат бо 29 љинояти коррупсионї чї мегуфта бошад? Оё ин са-

«

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

5

Истеъфо!!! Чаро дар "њукумати нав" корро бо мутахассиси нав шуруъ накунем? фо меравад". Аммо чаро имрўз вазири корњои хориљии Тољикистон ва масъулони марзбонон барои нафароне, ки дар банди Ўзбекистонанд, истеъфо намедињанд? Бубинед, вазири Италия дар суханаш мегўяд, ки барои шаъну шарафи Италия, вале имрўз кадом маќомдори тољик чунин амал кардааст? Пас имрўз фурсат фаро расидааст, ки мо барои ободии Ватан ва мароми миллати тољик хизмат кунем, на барои як гурўњ!

Вазирон ба истеъфо!!!

баб шуда наметавонад, ки љаноби вазир вазифаашро супорад?! Бубинед, сарвазири Булѓористон барои он ки кормандони милиса мардумашро дар як тазоњуроте барои баланд рафтани нархи ќувваи барќ латукўб карданд ва вазир истеъфо дод, гуфта буд: "Ман намехоњам узви њукумате бошам, ки полисаш мардумро латукўб мекунад. Мардуманд, ки њаќи њокимият доранд ва ман ин њокимиятро ба онњо бармегардонам". Пас имрўз фурсат фаро нарасидааст, ки љаноби вазир гўяд, ки "ман њам аз иљрои вазифа набаромадам ва курсиро холї мекунам"?

Чаро Салимзода бояд Прокурори генералї бошад? Дар асл намехостам, ки дар бораи ин ё он мансабдор чизе нависам, вале дигар тоќат намонд. Њар рўз як нафар аз ин ё он сохторро барои гирифтани пора дастгир мекунанд, вале то имрўз ягон вазир ё раис пеши роњи коргаронашро гирифта натавонист. Њатто барои он, ки дар сохтораш фасод њаст, сурх намешавад ва намегўяд, ки "ман пагоњ меравам, чунки аз ўњдаи кор набаромадам". Ман фикр мекунам, ки агар корманди прокуратура пора гирад, пас, бояд Салимзода ба истеъфо равад, чунки ў натавонист дар сохтори зери назорати худ низомро љорї кунад. Пас чї гуна бовар кардан мумкин аст, ки ў аз ўњдаи кори кишвар мебарояд? Дар њоле, ки чанд маротиба такрор ба такрор нисбати њолатњои шиканља шикоят мекунанд, вале то имрўз мо надидем, ки њамонро ошкор карда бошанд. Тибќи маълумоти расмї, 8 ариза дар шашмоњаи соли 2013 ворид шудааст, вале аз он сетоаш тасдиќи худро ёфтааст. Пас бубинед, ки агар чунин аст, чаро онњо хомўшанд?

Агар намехоњаду бо чунин коргарон кор кардан барояш хуш аст, пас худ метавонад ба истеъфо равад, то кишвари ќафомондаро дигарон пеш бубаранд. Имрўз фурсат фаро расидааст, ки "њукумати нав" бо кулли коргарони нав корро шурўъ кунад ва аз нафароне, ки ба кишвар зарарашон зиёд аст, халос шавад.

«

Дар зиндон шиканља гуфта, пушти дари прокуратураро "охўрча" карданд, аммо онњо боз хомўшанд. Дар мардум як масал њаст, ки "сукут аломати ризост". Пас дар њаќиќат шиканља вуљуд доштааст?

Кормандони КДАМ њам бояд раванд Дар ин асно кормандони воломаќоми Кумитаи давлатии амнияти миллї истисно нестанд, ки онњоро барои ду хато (хатоњое, ки ман медонам, мумкин дигарон зиёдтар донанд) ба истеъфо равон кардан даркор аст: 1. Амнияти њамаи шањрвандони кишвар дар дасти кормандони ин сохтор аст ва онњо бояд амнияти шањрвандонро таъмин намоянд. Лекин, мутаассифона онњо натавонистанд, ки марзи кишварро мустањкам нигоњ доранд. Марзбони ўзбек вориди хоки Тољикистон мешаваду шањрвандон ва чорвои онњоро мебарад, амният огоњ нест ё ин ки шањрванди Тољикистон вориди Ўзбекистон мешаваду чорво медуздад (версияи ўзбекњо, ки дар марз бо чунин далел даромада буданд). Пас ин сарњадбонон дар куљо буданд? Бигзор шањрвандони моро барои убур кардани марз дастгир карда бошанд (5 нафар сокини Фароб), аммо боз суол пайдо мешавад, ки марзбонон дар куљо буданд, то ба ќонуншиканї роњ надињанд? Пас аз ин њодисањо мо чї гуна метавонем, ки ба онњо амнияти худро бовар кунем? 2. Дар рўйхати корруписонерњои эълондоштаи Агентии зидди коррупсия 3 корманди КДАМ њам њастанд. Онњоро барои гирифтани пора муттањам кардаанд, вале мо огоњ нашудем, ки аз љониби Ятимов чї чора андешида шуд нисбати сохтораш, то дигар кормандон ба чунин амали нангин даст назананд?! Бубинед, вазири корњои хориљии Италия барои ду шањрвандаш, ки адои вазифа менамуданд ва њангоми навбатдорї ду моњигирро роњзан пиндоштанду иштибоњан онњоро парронданд, љониби Њиндустон талаб кард, то он ду нафар ба онњо дода шавад. Ваќте ки њукумати Италия розї мешавад, вазир истеъфо медињад ва мегўяд, ки "ба нишони њамраъйї бо шањвандонаш ва барои њифзи шаъну шарафи Италия ба истеъ-

Шералї Гул яке аз ќањрамонони чандинсолаи ВАО-и кишвар аст. Сабаби тўлони сари мансаб будани ўро бархе бар он вобаста медонанд, ки бо президент хеш аст. Вагарна, чаро ў бояд то имрўз дар он маќом нишинад, дар њоле, ки дар кишвар 20 сол боз барќ нест ва њатто ќарзњои њангуфти зиёде дар "гардан"-и вазорат чун хори марѓелон часпидаанд. Дар њамин њол, бубинед, ки шањрвандони кишвар ќиммати барќи истифодакардаашонро месупорад, вале вазорат ќарздор. Пас суоле пеш меояд, ки маблаѓи мардум куљо шуд? Вазири мудофиа бошад, шарм надошта мегўяд, ки "облава" бояд бошад. Агар вазир чунин гапро мегўяд, пас вой бар њоли зердастон! Ў гуфта буд, ки барои "амалиёти Хоруѓ" худаш фармон додаст. Пас, ваќте вазир ба чунин бебандуборї даст мезанад, чї гуна метавонад вазири як миллат бошад?! Аз њукумати кишвар хоњиш карда мешавад, ки дар мадди аввал њар дуи ин вазирро сабукдўш намояд, то мушикили мардум њал гардад.

Ба љои хулоса Дар охир њаминро мегўям, ки агар њар як амали онњоро нависем ва њамаи сохторњоро номбар кунем, ваќт намерасад. Бењтараш рўйхати сохторњои фасодзадаро пешнињод намоем, то худ хулоса бароред. Мо бояд барои миллати тољик кор ва хизмат кунем ва аз њамин сабаб, дар рўйхат кадом вазорат ё идорае, ки њаст, аз президент талаб мекунем, то онњоро аз вазифа гирад. Агар намехоњаду бо чунин коргарон кор кардан барояш хуш аст, пас худ метавонад ба истеъфо равад, то кишвари ќафомондаро дигарон пеш бубаранд. Имрўз фурсат фаро расидааст, ки "њукумати нав" бо кулли коргарони нав корро шурўъ кунад ва аз нафароне, ки ба кишвар зарарашон зиёд аст, халос шавад. Љадвали рўйхати шашмоњаи Агентии зидди коррупсия: Содиркунии 29 (31) љинояти коррупсионї аз љониби 23 (23) нафар корманди Вазорати корњои дохилї, 21 (15) љиноят аз љониби 18 (13) нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 33 (15) љиноят аз љониби 19 (8) нафар корманди Кумитаи андоз, 12 (12) љиноят аз љониби 10 (8) нафар корманди Вазорати адлия, 1 (6) љиноят аз љониби 1 (5) нафар корманди маќомоти прокуратура, 9 (4) љиноят аз љониби 6 (4) нафар корманди Хадамоти гумрук, 2 (3) љиноят аз љониби 2 (3) нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллї, 2 (1) љиноят аз љониби 2 (1) корманди Шўрои адлия ва 1 (4) љиноят аз љониби 1 (1) нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия. Тафтишоти санљишї дар Вазорати энергетика ва саноати Љумњурии Тољикистон зиёда аз 24,7 млн. сомонї зарари молиявиро ошкор намудааст.

Эраљи АМОН


6

БЛЕКАУТ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

гашта оила бунёд намуда, соњиби хонаву дар мешаванд. Ана, инро ѓамхорї ва сиёсати хирадмандона мегўянд, ки мисли Лайливу Маљнун пас аз интизорињои зиёд љавонон охир ба дидори њам мерасанд. Натиљаи аз њам дур буданњову якдигарро наомўхтан аст, ки умуман дар кишвар људошавии оилањо ба назар намерасад. Дар урфият њам мегўянд - ку, мењр дар чашм. Боз ин соњибназарон ин ќадар ободиву пешравї ва озодии Тољкистонро ба назар нагирифта, не, узр, як бори дигар сорри, нагирифта не, гирифта, људошавии оилањоро ба муњољират оварда мечаспонанду мегўянд, ки дар кишвар љойи кор мебуд, ин њолат кам мешуд. Охир, ин њукумат њамеша дар фикри моянду шабу рўз ѓами моро мехўранд. Онњо барои мо шароит фароњам оварданд, то мо ба дигар кишварњо, аз љумла ба Руссия барои муњољират рафта, љањонбиниамонро васеъ кунем. Ана, як бор ба замони Шўравї нигоњ кунед, кї ба муњољират мерафту бо русдухтарњо оила бунёд менамуд? Хайрият, њамин муњољират аст, ки љавонон корњои вазнинро иљро карда, аз якум то 5 - ум ошёна регу ќумњоро кашонда, обутоб ёфта, ба ватан бармегарданд ва умуман бемор намешаванд. Ин њама шароите, ки имрўз њукуматдорон бароямон ин ќадар зањмат каши-

Шўх омадї, зимистон! Њушдор: ин матлаб пурра бо нохунак ("") хонда шавад! Хуш омадї, зимистон, зимистон - ако, зимистонљон, зимистонбой… ќул! Фасли орзуњо… аз ташрифи ту ин ќадар хурсанд мешавем, ки дар куртаамон наѓунљида, омадани мубораки туро бо чашмњои чор интизорї мекашем. Бо вуљуди пешравињои бемислу монанд, ки дар ягон љои дунё нест (чї? Хитой? Япония? Хари маро нахандонед! Гап дар бораи Тољикистон меравад), ту зимистон сол аз сол ба фасли орзуњо мубаддал мешавї. Дар хонањои шаш тарафаш бетонї бе газ ва барќи доимї зиндагї кардан худ ќањрамонист. Дар ин фасл мардум бештар ба адреси њукуматдорону масъулин дуои нек мефиристанд, ки ба њафт пушташон кифоягї њам мекунад. 14 сол мешавад, ки бо омадани ту - фасли сармо барќ гўё, ки бо зимистон ќањрї бошад, ба таври автоматї гум мешавад ва ба ќавле туро, ња туро, зимистони љун, ёбї барќро намеёбиву барќро ёбї туро. Медонам, шумо њарду умуман якдигарро

дидан намехоњеду сояњоятонро аз девор метарошед. Мардуми бекормонда њам бо шўхї мегўянд: њукумати Тољикистон њељ натавонист, ки дар 22 соли истиќлолият аќќалан барќро бо зимистон оштї дињад. То "Роѓун" ба кор надарояду њарду тарафњоро ба сари мизи гуфтушунид нанишонад, ин масъала њал намешудааст. Гапа бинед - а! Вазнин! Боз ба болои ин дўсти љонии зимистон грипп њам аз ќатор мондагї номард гўён аз момент истифода бурда, дар ин сардињову торикињо ба зиёрати хонањои мардум меояд, ки ин мењмони нохонда ба сари якмоња маош об рехта меравад. Мењмон - атои Худо - ку. Љои хафагиаш нест. Бо вуљуди дањњо мушкилот, сорри,узр, пешравињо яъне, ту - зимистон барои аксарият имрўз фасли орзуњо шуда рафтї, зеро ки бо ќадамњои мубораки ту пеш аз њама муњољирони тољик - ноноварони хона ба на-

«

зди азизонашон бармегарданд ва то мавсими нав - оѓози бањор бо ањли хонаводаашон бо ќалбњои гарм сардињоро зиндагї мекунанд. Аз ањли хонавода дида, бозгашти муњољирон барои кормандони фурудгоњњо Иди калон асту онњо низ бесаброна ин рўзњоро интизорї мекашанд. Чун таљрибањо нишон медињанд, ваќти омад-омади муњољирон сезони ширкатњои њавопаймої сар мешаваду нархњои чиптањо то 400 - 500 доллар ба осмон дакка мехўранд ва боз болои сўхта намакоб, муњољир 10 - 20 сомонии дигар ба њар як корманди фурудгоњњо доля дода, халос мешавад. Албатта, ин њамаро камерањои зиёди назоратие, ки барои бехатарии мусофирон ва пешгирии чунин њолатњо дар кунљу канори фурудгоњњо насб шудаанд, умуман намебинанд. Бинанду бинанд! Канда мепартоянд њамаашро! Барои њамин намебинанд! Аз њама муњимаш дар ин фасл таъдоди зиёди духтарони тољик бо муњољирбачаи бар-

Фасли зимистон барои мардум лањзањои гувороро њам пешнињод мекунад, ки ба љои њунармандон чиновникон наќш меофаранду мардумро гоњ-гоњ механдонанду гоњ-гоњ… Хайрият, ту - зимистон њастї, ки хонандагону донишљўён њама ба омўхтани дарс машѓул мешаванд ва њазорњо хонандаи бекорхўља барои пешвози вазиру кабиру саѓир омодагї намебинанд.

«

БАДАХШОН: БОЗДОШТ ВА ЊАБС ШУДАНИ ГУРЎЊИ БЕНЗИНДУЗДОН Ду сокини ноњияи Рўшон бо љурми ѓорати ронандагон дастгир шуда, нисбати онњо парвандаи љиної оѓоз шудааст. Дар ин бора аз Вазорати корњои дохилии Тољикистон иттилоъ медињанд. Бино ба иттилои манбаъ, "дар таърихи 18-уми ноябр ба Шўъбаи Вазорати корњои дохилї дар ноњияи Рўшон шањрванд Шамсиддин, сокини ноњияи Вањдат, ронандаи автомашинаи тамѓаи "Дулон", раќами давлатиаш 84-01 ВА 01 РТ, мурољиат намудааст, ки дар таърихи 16-уми ноябр њангоми њаракат аз самти шањри Душанбе ба самти шањри

Хоруѓ, дар мавзеи Љангали ноњияи Рўшон шахсони номаълум бо санг тирезаи пеши автомашинаашро зада, шикастаанд". - Бо ин кирдори авбошона ба шањрванд Шамсиддин Табаров дар њаљми 1000 сомонї зарари моддї расонида шудааст. Зимни гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї шањрванд Љумъахонов Шоназар Соњибназарович, соли таваллудаш 1995, сокини ноњияи Рўшон, њамчун гумонбар дастгир карда шуда, дар њабси пешакї ќарор дорад, - гуфт манбаъ. Њамчунин, ВКД иттилоъ медињад, ки "ба ШВКД дар ноњияи Рўшон шањрванд Барот

да, муњайё кардаанд, набояд кўрнамакї намуда, фаромўш кунеам, ки ин ноњурматї нисбат ба ин корбариву кордонї мешавад. Худо хайри њамин ту - зимистонро дињад! Баробари омаданат кишоварзон камтар аз хоб бедор шуда, нархи чиниши пахтаро боло мебардоранду омўзгору табиби бечора аз майдони пахта ба хонањояшон бармегарданд. Фасли зимистон барои мардум лањзањои гувороро њам пешнињод мекунад, ки ба љои њунармандон чиновникон наќш меофаранду мардумро гоњ-гоњ механдонанду гоњ-гоњ… Хайрият, ту - зимистон њастї, ки хонандагону донишљўён њама ба омўхтани дарс машѓул мешаванд ва њазорњо хонандаи бекорхўља барои пешвози вазиру кабиру саѓир омодагї намебинанд. Каме бошад њам мардум дар фасли зимистон маљбуранд ба газетањои обунашудаашон, ки аз њисоби буљаи халќ фаъолият доранду ба љуз таърифу тавсиф дигар чизе надоранд назар кунанд, зеро бо сабаби камбудии барќ имконият даст намедињад, ки шабакањои телевизионї тамошо намоянд. Хулоса, ту - зимистон сол аз сол њикматњои худро бештар фош кардаву фасли орзуњои бештари шањрвандони Тољикистон мешаваї. Албатта бо шарофату ѓамхорињои… Хуб, шўх омадї! Оќибатат ба хайр шавад! Афзали СОЛЕЊ

Рањимов, ронандаи автомашинаи тамѓаи "Дулон", раќами давлатиаш АС 57-12 03 РТ, мурољиат намудааст, ки дар таърихи 28-уми октябр њангоми њаракат аз самти шањри Хоруѓ ба самти шањри Душанбе дар њудуди дењаи Шидзи ноњияи Рўшон шахсони номаълум пеши роњи автомашинаро гирифта, бе ягон асос бо роњи зўроварї аз автомашинааш 10 литр сўзишвории дизелиро гирифта, ба самти номаълум ѓайб задаанд". Ба гуфтаи манбаъ, "зимни гузаронидани чорабинињои оперативї-љустуљўї шањрвандон Ноиб Пайшаев ва Искандар Имомёрбеков, сокинони ноњияи Рўшон, њамчун гумонбар дастгир карда шуда, ба њабси пешакї гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, "нисбати њодисаи мазкур парвандаи љиної оѓоз гардида, тафтишот идома дорад".


ТОЉИКОНИ НАВ Ба ин ду акс таваљљўњ кунед; њардуи он аз шањри Хуљанд бардошта шудааст. Њардуи он акси Эмомалї Рањмон аст. Њардуи онро дар рўи биноњо часпондаанд. Вале бо њамин шабоњат ба анљом мерасад. Акси миёнањаљм, тахмин 10 м Х 5 м, дар бинои њукумати вилоятї насб шудааст. Акси бузурге, тахмин 20 м Х 10 метр, дар хиёбони марказии ба номи Ленини шањри Хуљанд солњост овезон. Пас аз ин фарќ сар мешавад. Њамоне, ки дар хиёбон аст, ду баробар бузургтар аз оне, ки дар бинои њукуматї овехтаанд. Аммо аз њама фарќи асосї дар он мебошад, ки акси бузург рўи тирезањои манзилгоњњои мардум кашида шуда, онњоро аз чизи асосї рушної мањрум кардааст, вале њамоне, ки дар бинои њукуматї часпидааст, ба ягон нафар халал намерасонад. Биёед, бењтараш бо тафсил суњбат мекунем. Дар бораи ин акси бузургтарини Президент дар Хуљанд борњо навиштанд. Ва муаллифе пас аз чопи маќолааш зери фишор њам ќарор гирифта буд. Сабаби асосии чопи маќолањо дар он мебошад, ки ин акс чанд сол аст 18 (њаждањ) тиреза, яъне, камаш њашт ё нўњ њуљраи истиќоматкунандагони ин биноро баста, даруни хонањоро торик мекунад. Аммо... Бубинед ва бихонед, он матне, ки зери акси Рањмон омадааст: "Ояндаи Тољикистон дурахшон аст!"

Хуб, агар ояндаи Тољикистон дурахшон бошад, пас имрўзи аќаллан шаш оилае, ки дар ин бино зиндагї мекунанд, торик аст! Ва боиси норушании манзилњо акси Президент шудааст. Пеш аз насби он мебоист меандешиданд, ки њадаф аз овехтани чунин акс дар чист. Шояд бо ин роњ роњбарони шањру вилоят садоќату вафодории хешро ба Президент нишон додан мехоњанд? Аммо ман њаргиз фикр намекунам, ки аз њисоби мањрум кардани истиќоматкунандагони ин манзил аз рушної садоќат нишон дода шавад, зеро ваќте гурўње аз мардум дар зулмот зиндагї мекунад, албатта, дар ќалбу маѓзашон пеш аз њама норизої аз амали роњбарон пайдо мешавад. Шояд фармони худи Президент бошад, ки дар шањри Хуљанд акси маро ба рўи тирезањои манзилњои истиќоматкунандагони хиёбони марказии шањри Хуљанд овезед? Албатта, ин на ба њаќиќат рост меояд ва на ба мантиќ. Бовар дорам, роњбари давлат ин корро њаргиз накардааст ва намекунад. Баръакс, камаш се борашро ёд дорам, ки таъкид мекард, аксњои зиёди маро наовезед, хушомад нагўед, ќолин напартоед ва њатто агар хато накунам, дар

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

7

Хизмати хирсона Шояд фармони худи Президент бошад, ки... дар шањри Хуљанд акси маро ба рўи тирезањои мардум кашед?

ноњияи Восеъ муддате пеш ёддошт њам дод, ки дар рў ба рў маро таъриф накунед ва шогирдони мактабро ба истиќболи рањбари давлат набароред. Сарвар медонад, ки бо овехтани акс њаргиз муњаббати мардум намеафзояд. Аммо он роњбаре, ки ин амалро раво дидааст, ин нуктаро фањмида буд? Пас суол такрор мешавад, ки агар шахси аввал фармон надода бошад, чаро чунин кардаанд? Гумони дигар ин аст, ки аз пойтахт, рушантараш аз идораи идеологии Дастгоњи Президент фармон шудааст, ки акси бузурги Эмомалї Рањмонро дар хиёбони маркази вилояти Суѓд шањри Хуљанд рўи тирезањои хонањои истиќоматии мардум овезед. Аз назари ман, ин гумон низ ботил аст, зеро агар чунин мебуд, пеш аз њама дар Душанбе, баъд дар марказњои вилоятњо, аз љумла, дар шањрњои Ќурѓонтеппа ва Хоруѓ чунин суратњо дар биноњои истиќоматї пайдо мешуданд. Аммо чунин аксњои бузург на дар Ќурѓонтеппа њасту на дар Хоруѓ ва на дар шањрњои дигар дар рўи биноњои истиќоматї. Пас чаро чунин акси бузургро мањз дар Хуљанд часпонда, зиндагии як ќисми истиќоматкунандагони ин биноро торик кар-

даанд? Ман ба ин савол посух надорам, њарчанд якчанд фикр дар хаёлам гардон аст, аммо барои наранљонидани роњбарон он афкорро ифшо намекунам, вале хонандаи азиз кайњо фањмид, ки ман чї гуфтанї њастам. Вобаста ба ин акс як чизи аљибро мушоњида кардам. Дар бинои њукумати вилоятї акси Рањмон овезон аст, лекин он на панљараи раиси вилоят Ќоњир Расулзода ва на тирезаи љонишинонаш ва њатто тирезаи ягон ходимеро, ки дар ин бино кор мекунад, напўшонидааст! Ин акс тирезањои кабинети раиси шањри Хуљанд Раљаббой Каримовро, ки дар яке аз баландтарин биноњои шањр воќеъ мебошад, низ панањ накардааст. Агар аксовезї дар бинои истиќоматї нишонаи садоќат бошад, пас чаро ин шеваи садоќатро барои худ интихоб накарда, барои дигарон зарур шуморидаанд? Чаро ин акси бузург аз хиёбон ба пушти тирезањои роњбарон накўчад? Биноњои њукумати вилоятї ва шањрї аз ин бинои истиќоматї бузургтаранд ва бинои шањрї хеле баландтар њам њаст ва акс на танњо дар як хиёбон, балки аз соњили дигар дарёи Сир њам менамояд. Биноан ин акси

бузург аз љињати зебопарастї низ ба ин биноњо мувофиќтар аст. Агар ин акси Рањмон аз рўи тирезањои хонањои истиќоматї бардошта, дар бинои њукумати шањри Хуљанд, махсусан, рўи тирезаи раиси шањр овехта шавад, он гоњ шояд ин роњбарони шањру вилоят вазъи истиќоматкунандагонро дарк кунанд? Агар ба ин роњ њам розї нашаванд, хуб мешуд, рањбарон дар ин хонањои мардум, ки аз рушної мањрум шудаанд, ду - се рўз зиндагї кунанд. Шояд он гоњ ин амали бемавриди кадом роњбари шањр ё вилоятро, ки чанд сол пеш раво дидааст, дурусттар дарк кунанд? Агар онњо ин садои моро ќабул накунанд, метавонанд ин суратро дар бинои нави матбуот овезанд, зеро он њам аз њукумат аст ва дар љойи хеле намоён ќомат афрохтааст. Ба замми ин шояд пас аз он ки њуљрањои кории журналистони хуљандї торик гардад, онњо, ки то имрўз хомўшанд, дар ин бора нависанд? Умуман, бо ин роњ, яъне, тира кардани рўзгори як гурўњи мардум мањбубияти онњоро нисбат ба сарвари давлат афзудан имконнопазир аст? Барои ин кор чор шабакаи телевизиони њукуматї кофист, чунки онњо њар рўз такрор ба такрор ба мардум аз фаъолияти Президент барномањо нишон медињанд ва ба замми ин ќариб дар њар кўчаву хиёбон акси Президент њаст ва бигузор бошад, аммо на бо он тарзе, ки рањбарони шањру вилояти Суѓд садоќат ва вафодориро нишон медињанд. Аз љониби дигар, он роњбари шањр ё вилоят, ки барои овехтани ин акс фармон дода буд, шояд аллакай роњбар њам нест. Ва роњбарони имрўзаи шањру вилоят мисли њар яки мову шумо намехоњанд, ки ин акс дар бинои истиќоматї бошад, аммо аз назари ман, худи амали бардоштани акс дар байн пайдоиши њар гуна овозањоро замина мегузорад ва на њар кас њам љуръат мекунад, чунин амалро ба анљом расонад. Бинобарин хуб мешуд, аз Дастгоњи Президент занге мезаданд ва фармон медоданд, ки аксро ба дигар љой кўчонед, то ки мардум аз зулмот халос шаваду ба рушної барояд. Ба фикрам, он гоњ, роњбарон њам аз хизмати хирсонаи он роњбаре, ки фармони овехтани акси бузургро дода буд, мерањанд ва як оњи сабуке мекашанд. Исфандиёри ЊАСАН, рањгузар


8

ОРЗУИ ТОЉИКЇ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

«ЊУКУМАТИ ОРЗУЊО» Мардуми Тољикистон чї гуна њукуматро дидан мехоњанд? 2 нињоди рањбарикунанаи Гул Шералї ин нињод на наљотдињандаи иќтисоди варшикастаи кишвар балки якљо бо "Барќи тољик" тормози иќтисоди Тољикистон гардидаанд. Шаффоф набудани фаъолият боис ба он гардидааст, ки ба куљо сарф шудани ин њам маблаѓу фоиадаи он аз чашми мардум пинњон мондааст. Агар ба чанд љумлаи кўтоњ фаъолияти вазоратро тасвир кунем, маълум аст, ки онњо бештар ба додани литсензия ба ширкатњои хориљї машѓул будаанд. Мањз ба ин хотир вазорат "Барномаи рушди заргарї сангњои ќиматбањо ва ороиши барои солњои 2009-2015" ва "Барномаи давлатии рушди соњаи саноати истихрољу коркарди тилло ва нуќра барои солњои 2012-2016" роњандозї намуд. Аксар ширкатњое, ки дар соњаи саноати истихрољу коркарди тилло ва нуќра фаъолият мекунанд, бо маблаѓгузории хориљињо буда, танњо дарак аз маблаѓњои њангуфт медињанд. Дар миёни онњо ширкатњои чиної пешсаф мебошанд. Идомаи чунин ба бегона гардидани саноат ва бозори сўзишвории Тољикистон бурда мерасонад, ки дар натиља тољик бо шарофати Гул Шералї дар хонаи худаш иљора кор мекунад.

Ислоњот ба хотири рушд Вазъи ношаффофи мављуда гузарондани ислоњот дар тамоми бахшњои вазорати энергетика ва саноатро ба як амри зарурї табдил додааст. 7 соли рањбарии Гул Шералї исбот намуд, ки расидан ба истиќлолияти энергетикї бо рањбарии ў воќеъ нашуданист. Ќадами аввали ислоњот аз рафъи иштибоњњое оѓоз гардад, ки 7 сол пеш њукумат муртакиб ба он шуд. Яъне аз падруд гуфтан ба Гул Шералї ва људо намудани вазорати санаот аз энергетика оѓоз гардад. (Матлаб ќабл аз фармони Президент дар бораи такмили сохтори њукуматї навишта шудааст) Вазорати энергетика танњо ва танњо ба танзим ва муайян намудани сиёсати энергетикии кишвар машѓул шавад. Таќдири "Барќи тољик" аз њоло муайян аст. Њукумати Тољикистон барои навсозии ин ширкат Шўрои махсусе таъсис дода буд. Таљдиди "Барќи тољик" бояд соли 2018 ба итмом расад. Барномаи таљдиди ширкат дар се давра сурат мегирад - тиљорикунї (20112013), таќсимкунї (2014-2015) ва хусусигардонї (2016-2018). Чигунагии таљдиди ширкат масъалаи алоњида аст. Аммо коршиносон мегўянд, агар ширкат бо мушкилоташ таљдид шавад, буњ-

рони он ба системаи нав мерос мемонад. Яке аз роњњои наљоти системаи энергетикии кишвар дар љалби ширкатњои хориљї дониста мешавад. Сањмияњои ширкати мазкур баъд аз таљдид 51% ба давлати Тољикистон нигоњ дошта, 49% ба хориљињо фурўхта шавад. Давраи маъруф ба Гул Шералї нишон дод, ки Тољикистон барои барќи истењсолменамудааш дар тобистон харидор ёфта наметавонад. ўзбакистон њам ризо ба он нест, ки аз инњо барќ харад. Дар њолати љалби хориљињо рафъи ин мушкил осонтар мешавад. Ба воситаи хориљињо осонтар мешавад, ки барќи кишварро ба ягона харидори имрўз ўзбакистон фурўхта, дар зимистон аз ин кишвар барќ харид. Ќадами дигар дар системаи "Барќи тољик" ворид намудани рањбарии корпаративї буда метавонад, ки аз чандин директор иборат бошад. Таъсири вазорат ба он камтар гардида, шаффофияти кори ширкат таъмин гардад. Њамаи ин ба рањбарияти шикастанафсу дорои андешаи милливу давлатдорї ниёз дорад. Коршиносон мегўянд, агар рањої аз варта барои њукумат зарур бошад, њатто бояд аз хориљ кадри рањбарикунанда биёрад.

ОРЗУИ ДУЮМ: амнияти озуќаворї Њукумат дар роњи расидани ба њадафи дигари стратегиаш - расидан ба амнияти озуќаворї ба муовини сарвазири кишвар оид ба хољагии ќишлоќ, вазорати кишоварзї ва вазорати энергетика ва саноат такя мекунад. Дар симои нињодњои мазкур Муродалї Алимардонов, Ќосим Ќосимов ва боз Гул Шералї дида мешавад. Саноати хўрокворї боз дар ихтиёри Гул Шералї аст. Омадани Ќосим Роњбаровичро ба вазифаи вазири кишоварзї аз ибтидо коршиносон хуш истиќбол накарданд. Њатто гуфта мешуд, ки барои аз зери сояи њукумат дур нагардидан баъди аз барканор шуданаш аз вазифаи раиси вилояти Суѓд ба Душанбе оварданд. Бахусус, чандин моњи бекорї, ки рањбари њизбии ЊХДТ дар вилоят буд, ин андешаро бештар таќвият медод. Ќосим Рањбарович чи дар замони рањбари вилоят буданаш ва чи даврони вазириаш аз чењрањои матрањ дар матбуот буд. Як нафари пурхурўш менамуд. Аммо ин чењраи пурхурўшу пурсадо дар вазорати кишоварзї ба мурѓи безабон мубаддал гардид. Ќосим Ќосимовро як сиёсатмадори дар сатњи мањаллї обутобёфта буд, ки баъди мушту лагади сиёсатро ба худ гирифтанаш, дар вазорати кишоварзї ба худ наомад.

Ќосимов Шўравиро гузашт Дар нишондоди оморњо Ќосим Ќосимов камтар аз оморњои Гул Шералї нест. Масъулини вазорати кишоварзї мегўянд, ки истењсоли мањсулоти кишоварзї дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3,2 маротиба афзуда, дар маљмўъ нишондињандањои истењсолї дар њама шаклњои хољагидории љумњурї дар соли 2010: аз љумла, ѓалладона - 1261,1, пахта - 310,5, картошка 760,1, сабзавот 1142,6, полезї - 482,4, мева - 225,4 ва ангур 124,3, гўшт - 143,2, шир - 660,7 њазор тонна ва тухм - 231,9 млн донаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондодњои соли 1991 ѓайр аз пахта, гўшт, тухм дигар мањсулот аз љумла ѓалладона - 4,1 маротиба, картошка 4,2 маротиба, сабзавот - 1,8 маротиба, полезї - 2,8 маротиба, мева - 1, 3 маротиба ва ангур - 1,0 маротиба зиёд мебошад. Саршумори чорвои калони шохдор 1896,7 њазор сар, гусфанду буз 4394 њазор сар, парранда 442,7 њазор сарро ташкил дод, ки мутаносибан нисбат ба соли 1991 1, 3 маротибагї афзоиш ёфтааст. Ин раќамњоро ва дигар омори вазоратњоро пеши коршиносони иќтисодї барои шарњ додан пешнињод намудем. Аксар коршиносон ба як њамовозї посух медоданд, ки барои фањмидани вазъи мазкур шарт нест, ки коршинос бошї. Мантиќи содаи харид аз бозор нишон медињад, ки фаъолияти вазорати кишоварзї то чи андоза дар таъмини амнияти озуќаворї пешдаст аст. Бахусус, истењсоли ѓалладонаро ба суол мекашанд. Дар соли 2013 њосилнокии умумии ѓалладонагињо 872,8 њазор тоннаро ташкил додааст. Дар ин миён 650,4 њазор тоннаро гандум ташкил медињад. Коршиносон мегўянд, агар Тољикистон ќодир ба он бошад, ки ин ќадар гандум истењсол кунад, пас чаро дар бозорњо орди Тољикистонро намебинем? Ё худ, дар Тољикистон комбинатњои бузурги истењсоли орд мављуд нест, њатто комбинате надорем, ки дар як рўз 100 тона орд истењсол кунад. Пас ин миќдор гандуму ѓалладонагиро дар куљо орд кардаанду мекунанд? Њамчунин, ба нишондоди вазорати кишоварзї соли равон наздики ниммиллион тона картошка љамъоварї намудаанд. Аммо ба мантиќи содаи коршиносони мо љои картошкаи покистониро дар бозор чаро танг карда наметавонанд? Ё ба гуфтаи онњо ќисми зиёди ањолие, ки аслан бояд онњо картошка истеъмол кунанд, яъне мардони љавон дар муњољират мебошанд. Пас ин ќадар картошкаро кї истеъмол мекунаду кардааст?

Ислоњот Бигзарем аз ин њама, вазорати кишоварзии Тољикистон соли 2012 ба ислоњоти соња рўй овард. 1-уми августи соли гузашта "Барномаи ислоњоти кишоварзии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012-2020" аз љониби њукумат тасдиќ гардид. Муаллифи Барнома вазорати кишоварзї (Ќосим Ќосимов) мебошад. Ба бовари муаллифи Барнома 7 масъалае њаст, ки рушди соњаро боз медорад. Аз љумла, аз даст рафтани биноњои истењсолї, техникаи кишоварзї ва базаи таъмири савхозу колхозњои замони Шўравї зикр шудааст. Айни замон соњибони фондњои колхозу совхозњо амалан аз байн рафтаанд ва ворисони њуќуќии онњо аниќ муайян нагардиданд. Инчунин, дар Барнома зикр мешавад, ки низоми сусти бонкї, сохтори ба ќадри кофї рушднаёфтаи таъминоти моддию техникии кишоварзї, мављуд набудани механизми пешнињоди субсидияњо ба истењсолоти кишоварзї, низоми нави љойгиркунонии фармоишоти (маљмўи умумии пешнињодоту талаботи) њаљми мањсулоти кишоварзї, набудани инфрасохтори кофии маркетинги кишоварзї ва номукаммалии заминаи меъёрию њуќуќї рушди босуръати бахши кишоварзиро таъмин карда натавонист. Нуктаи дигаре, ки дар барнома зикр кардааст, љалби бонувон ба кишоварзї мебошад, зеро мардони ќобили мењнат бештар дар муњољират мебошанд. Онњое, ки бо Барномаи вазорат шинос њастанд, онро маќбул медонанд. Аммо механизми роњандозии онро вобаста ба талаботи љомеа намедонанд. Зеро бо гузарондани чанд конфронсу нишастњо дар хољагињои номї наметавон дар соња ислоњот ворид намуд. Мушкили асосие, ки онро дар вазорат низ ба хубї дарк мекунанд, аз замин фоидаи дилхоњ ба даст наовардани дењќон мебошад. Андозњои бешумор, фисади болои ќарзии бонкњо, фаъолияти ѓайри озод дењќонро аз замин дур мегардонад. Пањлўи дигаре, ки дар барнома зикр гаштааст, пешбинї мешавад, ки иљозат дода шавад, сертификати замин ба гарав монда шавад. Ин амал ба бовари тањлилгарон омиле мешавад, ки дењќон


ЯК ДАВЛАТСОЛОР

агар ќарзашро супурда натавонад аз замин мемонад. Як нуктаи мавриди таваљљўњ дар Барнома он аст, ки нисбат ба воридоти нерўњои минералї таваљљўњ зоњир намудаанд. Умуман мушкилоти соња дар Барнома дида мешавад. Вазифаи аввалиндараљаи вазорат таъмини ањолї бо мањсулоти дохилї мебошад. Барои ба он расидан њоло роњро наздик намедонанд. Аммо бо њамаи ин вазорат бо рањбарияти имрўзааш, ки амбитсияњояшро болотар аз хостањои мардум аз соњаи кишоварз маънидод мекунанд, чизеро интизор шудан, орзу боќї мемонад. Дар назди чандин коршинос суол гузоштем, ки наљоти соњаро дар дасти кї мебинед? Бештар, бидуни андеша исми як нафарро зикр мекарданд. Соњаи кишоварзї ду роњбар дорад, яке Алимардонов ва дигаре Ќосимов. Бояд ба ду роњбариятї хотима дињанд. Хуб аст, ки Алимардонов вазир таъин гардад.

ОРЗУИ СЕЮМ: рањої аз бунбасти коммуникатсионї Президент Эмомалї Рањмон дар Паёмаш ба Маљлиси Олї дар соли 2013 аз рањої аз бунбасти комуникатсионї хабар дод. ў гуфта буд, ки Тољикистон чанде ќабл бо кушодашавии наќби "Шањристон" аз бунбасти коммуникатсионии дохилї пурра рањо ёфта, ба як сарзамини воњид табдил ёфт". Барои расидан ба ин дастовард беш аз 3 млрд. доллари ИМА масраф шудааст. Дар ин самт 23 лоиња бо љалби 3,2 млрд. доллар амалї гардидааст. Айни замон дар соњаи наќлиёт 11 лоињаи бо маблаѓи 5,5 млрд. доллар амалї шуда истодааст. Аммо коршиносон Тољикистонро кишвари аз бунбасти комуникатсионї рањо гардида намедонанд. Њанўз њам мушкилот барои мардум љой дорад. Кўтоњи сухан, ба таъкиди коршиносон он, ки роњњоро бо ќарзњои хориљї бунёду навсозї намуда, роњро пулакї кардан, њанўз маънои осон намудани мушкили мардумро надорад. Мантиќи сода низ ба он далолат мекунад, ки ин роњњо барои киссаи шахсони алоњида бозсозї гарди-

даанд. Дар њоле, ки ќарзи кишварњои хориљї аз њисоби мардум ва давлати Тољикистон баргардонда мешавад. Сухан дар бораи 40-45 млн. доллар меравад, ки ширкати IRS аз њисоби мардум аз ягона роње, ки марказро ба шимоли кишвар мепайвандад, ба даст меоранд. Дар бораи он гуфтан, ки ин ширкат ба Љамолиддин Нуралиев, домоди Президент, муовини аввали вазири молия тааллуќ дорад, дигар сухани нав нест. Домоди Президент, ё дилхоњ шахси наздик ба ў чунин маблаѓро аз дигар роњњо низ ба даст оварда метавонад, аммо пулакї намудани ягона роњњое, ки кишварро ба њам мепайвандад, аз мардум дур будани њукумату сиёсати давлатдорона надоштанро нишон медињад. Роњи Душанбе-Чаноќ бо маблаѓи наздики 300 млн. доллар ќарз аз Чин бозсозї гардид. Тољикистон ин ќарзро барои 20 сол 2 фоизї гирифтааст, роњ низ аз љониби ширкатњои чинї таъмиру таљдид гардид. Дар пайи пулаки намудани роњи Душанбе-Чаноќ, ягона роње, ки марказро ба шарќи кишвар низ мепайвандад, пулакї шуданашро эълон намуданд. Тавре эълон намуданд, роњи "Вањдат-Љиргатолмарзи Ќирѓизистон"-ро барои нигоњдорї ба ду ширкати роњсозї IRS ва "Ѓаюр-1" додаанд. Ширкати "Ѓаюр-1" аз ќитъаи якум то километри 76-ум пул љамъ мекунаду IRS аз ќитъаи 120 то 193-юм километри роњи "Душанбе-марзи Ќирѓизистон" пул ѓун медорад. Ин њам дар њолест, ки роњи 350 километраи Душанбе-марзи Ќирѓизистон дар давоми соли 2005 то 2011 бо маблаѓи 177 млн. доллари ИМА аз љониби ширкати "Синоњайдро"-и Чин бозсозї гардид. Дар ин росто, арзиши чиптањои ширкатњои њавопаймої дар Тољикистон болотарин дар минтаќа дониста мешаванд. Нисбат ба кишварњои њамсоя ба маротиб боло мебошад. Мушкилоти роњи оњан тафсилоти наве надорад. Ба иборати дигар, ин ширкат ба мисли "Барќи тољик" иќтисоди Тољикистонро аз гулўяш буѓї намуда истодааст. Дар назди онњое, ки сиёсати ин соњаро танзим мекунанд, вазифаи аввалиндараља он аст, ки президентро мутаќоид намоянд, ки пулакї намудани роњњо ба

манфиати мардум нест. Чунин муносибат ба хонасалотии шањрвандон оварда мерасонад. Вобаста ба соњаи наќлиёт Хадамоти инњисории назди њукумати Тољикистон низ дар хонасалот гардидани мардум даст дорад. Коршиносон мувоффиќи маќсад медонанд, ки агар ислоњоте дар ин самт сурат гирад, бояд аз Хадамоти зиддиинњисорї оѓоз шавад. Њеч не, рањбарияти ин нињод аз мухолифини њукумати Тољикистон таъин карда шавад. Ин амал дар таъмини шаффофият муосидат хоњад кард.

Мардум чї њукуматеро дидан мехоњад? Њама наѓмаему шодї, Чаман орзуст моро, Ватан орзуст моро, Ватан орзуст моро! Ин чанд сатри шеъри баёнгари он аст, ки мардуми Тољикистон барои шодиву нишоти худ чаман ва ин чаманро дар ватани хеш мехоњанд, на Русияву Амрикову Чин. Аммо воќеият чунин нест. Беш аз 1 миллион, умдатан љавонону мардони хона ва солњои ахир њатто соњибхоназанњо барои дарёфти як луќма нон ба хориљи кишвар, асосан Русия, кишваре сафар мекунанд, ки онњоро бар иловаи машаќќати кор рўзи хуш интизор нест. Тањаввулоти ахир дар Русия дар баробари муњољирини мењнатии тољик нишон медињад, ки ин кишвар умуман барои мо - тољикон бегона мешавад. Он љо моро ќабул надоранд. Ва мутаассифона, ин љо дар ватан њам дар як - ду сол ва њатто дањ соли наздик наметавон онњоро бо кор таъмин намуд. Њукумати мо агар "њукумати орзуњо" мебуд, бар ивази пойгоњи 201 метавонист барои онњо шароити бењтар талаб кунад ва њукумати Русияро маљбур намояд, ки ба онњо имтиёзњо дињад, њар чї набошад, Тољикистон бар зарари истиќлолияти худ ин пойгоњи аљнабиро љой дод, дар њоле ки дигар кишварњо онњоро ронданду меронанд. Орзуи аввалини аксари оилањои тољик дидани падару модар ва ёру бародар дар бари худ аст! Ин аст, ки њама бар ин зиндаљудоињо лаънат мефиристанд. Мардуми тољик "ландкруизер" - у "бмв" - њоеро, ки фарзандони рањбарон савор

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

9

шуда, садамањо барпо мекунанд, намехоњад. Хоњишњои ў хеле оддиянд: барќу рўшної, љои кор, мактаби хуб, тибби хуб! Агар њукумати мо "њукумати орзуњо" мебуд, тайи 20 соли ахир лоаќал дар ин соњањо бењбуд мебахшид. Аммо аз куљо? Барќ ку нест, љои кор њам, аммо намешавад мактабњоро ќавї кард, то фарзандони њамон муњољирин мисли падарњои худ на белу лопатка дар даст дошта бошанд, балки муњољир њам шаванд дар соњањои хуб кор кунанд? Мешуд, ки соњаи тибро бењбуд бахшид ва мардум бе мушкил табобат мегирифтанду харљи зиёди ѓайриќонунї намедоштанд ва ба онњо духтурони хуб хизмат мерасонданд? Нашуд. Мешуд, ки ГАИ - њои роњ пора нагиранд, милисањо боздоштшудањоро латукўб накунанд? Мешуд, ки шароити зиндонњо хуб мешуд ва аз тарбияи террористону тундгароњо дар мактабњо љилавгирї мекарданд? Нашуд. Хулоса, мардуми Тољикистон њам мисли тамоми инсонњо дар љањон зиндагии шоистаи инсонї мехоњанд ва мехоњанд, ки бо онњо инсонвор муносибат шавад ва маќому манзалат, ѓурури инсонии онњоро дар њар куљое набошад, эњтиром кунанд. Интихоби дигарбораи Эмомалї Рањмон њоло дар чашми мардум идомаи њамон мушкилотро љилвагар мекунад. Аксарият фикр мекунанд, ки вазъ њамин тавре, ки њаст, њамон тавр мемонад. Ва онњо бояд дар фикри зиндагии бењтар набошанд. Иддае њам маслињат медињанд, ки бояд баромад ва рафт. Аммо ватан? Мегўянд, бало ба пасаш, дигар коре аз дасти мо намеояд, дигар нон нест. Ва мо бар ин меандешем, ки њоло зиндагї ба анљом нарасидааст. Ин низомњо њам аввалу охир доранд. Аммо бењтарин роњ ислоњот ва ба вуљуд овардани як њукумати коршоям ва мардумї аст. Ба вуљуд овардани "њукумати орзуњо"! Фурсати муносиби ќонуниву замониву маконї њам фаро расидааст. Оё Эмомалї Рањмон ин корро хоњад кард? Хоњем дид! Азамати ВАЊЊОБ


10

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

ЉАЊОН

Гўмагўњо атрофи духтарбузурги президенти Узбакистон Гулнора Каримова аллакай метавонад ба он маъно бошад, ки Ислом Каримов дар љустуљўи ворисе уфтода, то тавонад њатто баъд аз марги ў низ хонаводаашро њифз кунад. Зеро хуб медонад, ки наметавонад садди роњи маќомоте шавад, ки њар рўз љурме аз аъмоли ўро дар дохилу хориљ ошкор мекунанд. Мољарои Гулнора Гулнора Каримова шояд аз пурмољаротарин фарзандони сарварони Осиёи Марказии ањди љадид аст. Аз сўи дигар дар миёни онњо пурњунартарин низ мањсуб мешавад. Вай донишгоњи амрикоии Гарвардро хатм кардааст, чун дизайнери муд ном баровард. Овози марѓуб дорад ва таронасарої мекунад. Тахаллуси сарояндаи машњури эронї Гугушро ќабул кардааст. Муддати дигар дар СММ намояндаи Узбакистон буд ва дар Испания чун сафири давлати Узбакистон кору зиндагонї дошт. Замоне маљаллаи олмонии "Шпигель" сармояи ўро 570 миллион евро арзёбї карда буд. Ба навиштаи ин нашрия Гулнора Каримов дар боло бурдани обрўи аз дастрафтаи падараш чун њокими худкома мекўшад ва барои ин аз њар воситаи имконпазир истифода мебарад. Масалан, вай бо ситорањои шоу-бизнес Стинг ва футбол Кристиана Роналдо иртибот мегирад, то ба Узбакистон оянд ва зимни намоиш додани њунари худ, аз сиёсатњои падари ў ситоиш кунанд. Аз сўи дигар дар пойтахти мамолики аврупої чорабинињои фарњангї доир мекунад, то тавонад заррае њам бошад доѓњои тираро аз чењраи мамлакати диктатории падараш бишўяд. Духтарбузурги президенти Узбакситон накўшидааст бозии футболро дар кишвараш инкишоф дињад, варзишгоњ бисозад ва ё бозингарони бењтаринро њавасманд кунад. Балки тамоми талошаш ба он будааст, ки шўњрати яклањзаї ба футболи Узбакистон эњдо намояд. Вай бо истифода аз сарвати "Zeromax" бо президенти тими машњури "Барселона" Лапорта иртибот мегирад ва ба ивази 5 миллион евро ду бозии тими "Бунёдкор"-и Узбакистонро бо "Барселона" ташкил мекунад, ба ивази се миллион евро бошад се бозингари клуби "Барселона" Месси, Пюола ва Иниестаро барои бозї ба тими љавонони "Бунёдкор" меорад. Аввалин њазорњои даллари тиљоратии ў бино ба навиштаи рўзномаи "Financial Times"ба њисоби бонкии ў дар шањри Шарљаи Аморати Муттањидаи Араб аз ширкати узбакистонии алоќаи "Уздунробита", амрикоии "International Communications Group" ва чиноии "Huawei Technologies" сарозер шуданд. Яъне, Гулнора роњи тиљорати худро аз соњаи хеле сердаромади коммуникатсия оѓоз кард, њамин роњ ўро сарватманд намуд ва боз њам

«

Интригањои хонадони Каримов Ўзбакистон аввалин мамлакатест, ки интригањои хонаводагї дар салтанати бештар аз бистсоларо ба сифр баробар мекунад њамин роњ обрўи ўро дар љомеаи тиљоратии олам резонд. Баъдан вай бо ширкати "Зеромакс" иртибот гирифт, ки он ваќт ба иќтисодиёти Узбакистон 370 миллион доллар сармоягузорї карда буд. Ширкати мазкур соли 2001 дар Швейсария таъсис ёфт ва дар Узбакистон чун муассисаи хусусии хориљї эътироф гардид, ки зарфи як дањсола назорати комили соњањои сердаромади Узбакистон, аз љумла истихрољи газ, маъданњои табиї ва сохтмонро ба даст гирифт. Як ширкати хориљї бидуни пуштибонии ќавї наметавонад дар мамлакате ба ин њадд соњиби сармоя шавад. Ширкат бо истифода аз таваљљўњи духтари президент доманаи фаъолияташро вусъат бахшид ва ба комёбињои назаррас ноил шуд. Тадриљан дар пасманзараи ин њамкорињо духтари президент ганљинаи љавоњироти Узбакистонро, ки аз соли 1989 дар панљаи падараш буд, кашф намуд. Ин кашфиёт ўро далер кард ва бо истифода аз шўњрати "Zeromax GmbH" худро хазинадори

Ахиран додгоњи Фаронса Гулнора Кармоваро ба шустушўи пул муттањам кард ва бинои ў дар Порисро, ки ба маблаѓи 30 миллион евро харидорї кардааст, мавриди шубња ќарор дод. Нашрияи "LePoint" дар ин иртибот навишт, ки пулиси Фаронса бо дархости њамтоёни швейсарии худ ба хонаи Гулнора Каримова мароќ зоњир кардааст.

«

аслии љавоњироти кишвараш ќарор дод. Духтарбузурги президент ба миллионњо доллар дорої тоќат намекард ва аз сол ба соли дигар ба соњањои мердаромади саноати бофандагиву ресандагї, тиљорати нафту газ, сайёњї, пахта, абрешим дахолат менамуд. Ширкати "Зеромакс" ба як нањанг табдил шуда буд. Тавассути Гулнора Каримова вай њатто сохтмонњои азими пойтахти ин кишварро соњибї мекард, ки аз буљаи давлат бо арзиши осонї бунёд мешуданд. Алишер Таксанов аз Кохи байналмилалии форумњо ёд мекунад, ба гуфтаи ў ба маблаѓи аз 600 миллион то 1 миллиард доллар бунёд ёфтааст ва имрўз ба дарди касе намехўрад. Ба аќидаи адиб билохира косаи сабри маќомот њам лабрез шуд ва онњо ин њама бедодињоро ба падараш навиштанд ва далелњои раднашаванда ва муттањамкунандаи Гулнораро барояш расонданд. Аз љумла рафтору гуфтораш дар хориљи кишвар, ки атрофи он гап хеле зиёд аст ва тиљорати номашрўъи вай, ки боиси рехтани обрўи Узбакистон дар љомеаи байналмилалї шудааст, аз љумлаи компраматњое мебошанд, ки шояд то сари мизи кории президент расиданд.

"Бењуда!!!!" Аммо шояд то замоне, ки маќомоти анияти компромати заруриро ба президент пепшнињод накарданд, Ислом Каримов аз ин њама кирдорњои

духтарбузургаш хабар надошт. Охир киро ёрои он буд, ки ба як диктатор аз фаљеатњои фарзандаш хабар дињад. Тарс аз Каримов ва Каримова монеъи он мегардид, ки президент воќеъияти фарзандонашро надонад. Ахиран додгоњи Фаронса Гулнора Кармоваро ба шустушўи пул муттањам кард ва бинои ў дар Порисро, ки ба маблаѓи 30 миллион евро харидорї кардааст, мавриди шубња ќарор дод. Нашрияи "LePoint" дар ин иртибот навишт, ки пулиси Фаронса бо дархости њамтоёни швейсарии худ ба хонаи Гулнора Каримова мароќ зоњир кардааст. Тобистон соли 2012 прокуратураи Швейсария аз духтарбузурги президенти Узбакистон шустушўи пул гумонбар шуд ва муќобили чор шањрванди Узбакистон парвандаи љиної оѓоз намуд. Ду нафари онњо-Алишер Эргашев ва Шоњрух Собиров, топ-менеджерњои ширкати "Кока-кола-Узбакистон" дар аввал боздошт ва баъд бо замонат озод карда шуданд. Дар љараёни тафтиши ин парванда дар бонкњои Швейсария бештар аз 600 миллион франки швейсарї аз фаъолият боздошта шуд. "Нигоњ" пештар дар мавриди фасоди тиљории Гулнора Каримова як маќолаи муфассал чоп карда буд ва њоло зарур намедонем он њама такрор кунем. Танњо чизе, ки метавон гуфт, он аст, ки ахиран њамон тиљорати ноњаќ ва њамон фасодњои молї ба сари Гул14


АЉОИБОТ Ин як акси оддї аст, хонандаи азиз! Аммо онро банда пас аз як њодисаи нодир нашр мекунам. Ман њамчун шорењи варзишї аз њодисае, ки њоло наќл мекунам, ба ваљд омадам. Бовар дорам, ки Шумо њам ба ваљд хоњед омад! Рўзи якшанбе, субњи барваќт, хато накунам, аниќ соати 6. 34 буд, ки хостам ба майдони футболи варзишгоњи "Локомотив" - и тобеи Роњи оњани шањри Душанбе, наздики хонаамон рафта, каме ба варзиш машљул шавам. Аммо он љо рафта, дар њайрат мондам. Як гурўњи бузурги љавонон, ки бо лањљаи мардуми шимоли кишвар ё водии Зарафшон суњбат мекарданд, он љо љамъ омада, либосњои футболии худро ба бар мекарданд. Њама бо якдигар дўстона суњбат мекарданду механдиданд. Бархе либосњои кабуди футболї, ки нусхаи либоси тими футболи "Челси" буд, ба бар карда буданд. Бархеи дигар асосан сафедпўш буданд ва либосњояшон нусхаи тимњои гуногуни машњур, аз љумла "Барселона" - ву "Реал" буд. Ман ба онњо шояд эътибор намедодам ва ин матлабро њам наменавиштам, агар рўзноманигори шиносам Ќамари Ањрорро, ки дар чандин семинар бо њам будем, вонамехўрдам. Ќамар маро дидан замон шинохт ва њарду ба њам ољўш кушода, салому алайк кардем. Ў вазъро бароям рўшан кард: - Пас аз ним соат ин љо бози дўстонаи ду тими бачањои ќишлоќамон Басманда, ки дар ноњияи Љончї љойгир аст, баргузор мешавад. Яке тими "Басманда - Хуљанд", ки бозингаронаш донишљўёну коргарони зодаи ин дења дар шањри Хуљанд мебошанд ва дигаре, "Басманда - Душанбе" - и бозингарони басмандагї аз љумлаи коргарону донишљўёни муќими пойтахтанд… - Мисли "Реал - Мадрид" ва "Реал - Соседад"… - шўхї кардам ман. Ќамари Ањрор хандид ва ба суханонаш идома дод: - Бозии мо дўстона аст ва бори аввал баргузор мешавад. Чанд сол ин ниятро доштем ва насиб имрўз ин нияти мо амалї мешавад. Маќсадамон боз наздик шудан аст. Њарчанд мо дар ду шањр кору зиндагї ва донишандўзї мекунем ва њамагї ќариб хешу табор њастем, аммо ба сабаби машљулї ба дидори якдигар кам мерасем. Бо ин бањона як љамъ меоем ва бо њамдигар суњбатњои дўстона мекунем, то боз наздиктар шавем. Ќамар суханонашро тамом накарда, њамтимњояшро ўро фарёд карданд. Ман баромада, дар љое, ки барои мухлисон пешбинї шудааст, нишастам ва мунтазири шурўъи бозї шудам. Ман, ки гоњ - гоњ матолиби варзишї менависам ва узви Анљумани рўзноманигорони варзиш њастам, бори аввал шоњиди ин гуна падида шудам. Њељ нашунида ва надида будам, ки зодагони як дења аз масофаи 400 километр ба шањри дигар омада, ин гуна бозї ташкил кунанд. Фаќат барои худ, барои рекламаву худнишондињї не. Медидам, ки бозингарони ду тим омехта шуда, тамрин мекарданд ва њар яке бо њамдигар хеле мењрубон буд: бозингари як

1. Шумо њангоме, ки бо тољике во мехуред, мекушед пеш аз њама аз куљо будани ўро муайян созед? Шумо дар суњбат бо атрофиён, пайваста куљої буданатонро таъкид карда меистед? 2. Шумо атрофиёнро маљбур месозед, ки бо лањљаи шумо сухан ронанд? Ваќте ки суханронии адабиро мешунавед, асабї мегардед? 3. Шумо мехоњед, ки дар њамаи зинањои давлатдорї њамшањриву њамдењагони шумо шинанд, гарчанде онњо ба ин мансабњо сазовор нестанд? 4. Њангоме, ки дар бораи мањалли дигар суханњо ќабењ ва ё масхаромез мегўянд, оё шумо аз ин хурсанд мешавед? 5. Дар нобаробарињои хеш, дењаи хеш, мањали хеш… шумо дигар мањалро гунањгор месозед? 6. Ба тољикони Афѓонистон, Ўзбакистон, Ќирѓизистон, Чин… оё бо чашми бегона менигареду онњоро фавран афѓон, ўзбак, турк, хитої мехонед? 7. Агар шумо роњбар бошед, мекўшед дар атрофатон њамдењагони хешро гирд оварда, идораи давлатиро ба сафоратхонаи дењаа-

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

11

"Офарин,басмандагињо!" Ман шоњиди чї тур як њодисаи нодир шудам?

«

Интизории ман тўл накашид. Бачањои дигар њам вориди варзишгоњ мешуданд. Пас аз чанд лањза майдон њам пур шуду мухлисон њам пайдо шуда, омада нишастанд. Албатта, нишастгоњи мухлисон пур нашуд, аммо ба назарам, тамоми варзишгоњ пур шуда буд. Аз мењру мењрубонї.

тим ба њарифаш тўб медод, то ба дарвоза занад ва ё њамакаса тўби кунљи бардошта, баробар тамрин мекарданд. Интизории ман тўл накашид. Бачањои дигар њам вориди варзишгоњ мешуданд. Пас аз чанд лањза майдон њам пур шуду мухлисон њам пайдо шуда, омада нишастанд. Албатта, нишастгоњи мухлисон пур нашуд, аммо ба назарам, тамоми варзишгоњ пур шуда буд. Аз мењру мењрубонї. Соати 7 - 5 даќиќа бозї сар шуд. Довар дар як тарафи майдон истода, љаримаву ќоидавайронкунињоро, ки аксаран тасодуфї буданд, танзим мекард. Асосан худи бозингарон ваќте тўб ба дасташон мезад, бозиро мутаваќќиф мекарданд ва ё ягон

«

ќоидавайронкунии дигарро худашон иќрор мешуданд. Бозї хеле бошавќ мегузашт. Басмандагињои Душанбе њисобро кушонданд ва муддате нагузашта, "хуљандињо" њам голи аввалро заданд. Њамин тавр, то њисоби се њарду тим баробар рафтанд ва дар ќисми дуввуми бозї, "душанбегињо" њисобро ба 6 бар 3 расонданд. Фикр кардам, бачањои "хуљандї" бозиро бой доданд, зеро ба назар менамуд, раќибони онњо ќавитаранд. Аммо аз куљо? Дар давоми 15 даќиќаи ахир "хуљандињо" се голро ба њадаф расонданд. Ва њисобро баробар карданд. "Душанбегињо" як голи дигар њам заданд, аммо маълум

Тест: Тољик бошед! Ин санљиш ё тест барои њамаи тољикони љањон пешбинї шудааст! тон табдил медињеду љаласањоро ба лањљаи дењаи хеш мебаред? 8. Агар аз радио ва телевизион мусиќии мањалли дигар садо дињад, шумо асабї мегардеду фавран онро хомўш месозед? 9. Агар њаммањали шумо нисбат ба миллату кишвар хиёнат кардааст, шумо мекўшед, ки ўро сафед кунеду аз у ќањрамон тарошед, ба атрофиён собит месозед, ки аз макони шумо њељ гоњ хоинон намебароянд? 10. Њангоме, ки перомуни мањалле сухан меронед, лаќаби тањќиромези онро (ин лаќабњо дар озмоишгоњњои КГБ тањрезї шудаанд) ба забон мегиред? 11. Ваќте ки шумо мегўед, ки "мо тољи-

кон…" шумо пеш аз њама минтаќаи хешро дар назар доред ва ё њамаи тољиконро? 12. Шумо дар ѓарибї тољикеро дучор мегардед, ки ба њоли сангин афтодааст, шумо ба ў дасти мадад дароз менамоед, зеро ў намояндаи мањалли ѓайр аст? 13. Берун аз кишвар шумо хешро бо номи мањалатон муариффї менамоед, ё худро назди бегонагон "горный таджик", "ариец" хонда, тољикони дигарро паст мезанед? 14. Агар правакаторе бигўяд, ки фалон њаммањали моро аз вазифа гирифтаанд, силоњ гиреду ба мошинхо савор шавед… оё шумо дар амалёт ширкат меварзед? 15. Њангоме, ки дар интихобот ширкат меварзед, шуморо бештар баромади мањалли

шуд, ки он берун аз бозї будааст. Хулоса, ман бо шавќ ин бозиро аз аввал то ба охир тамошо кардам. Аз њама аљиб барои ман ин буд, ки њама бозї мекарданд ва раќобати солим дар миён буд. Њар касе, ки њунар дошт, њунарашро нишон дод. Бозї ба охир расид ва ман, ки ба ваљд омада будам, ба назди рафиќам Ќамар рафта, ў ва њамдењагонашро бо ин "пирўзии дўстї" табрик кардам. Ќамар аз ман хоњиш кард, ки њељ куљо наравам, зеро дар чойхонаи варзишгоњ бузургсолони дењаашон, ки бозиро мухлисї мекарданд, "ош" ташкил кардаанд: - Њоло тамоми њамдењагонамон љамъ шудаанд, то бо мо як пиёла чой нўшанд ва моро мењмондорї кунанд. Ман бо камоли эњтиром хоњиши рафиќамро рад карда, бо ў хайрухуш кардам. Дар роњ аз ваљд мехостам фарёд занам: "Офарин, басмандагињо!" Рўзи хеле хуше буд… Абўалї НЕКРЎЗОВ

номзад ба худ љалб менамоед, ё сифатњои инсонии ў? 16. Ваќте ягон наздикатон ба намояндаи мањали дигар риштаи хешу таборї пайваст, шумо ўро мањкум мекунед? 17. Дар мањале мењмон мегардед, урфу одаташ аз мањали шумо тафовут дорад, фавран ба танќиди он мањал мепардозед? Ё зўриатонро нишон дода, љанг ташкил мекунед, то номи мањалатонро дар њама љо бишинонед, ки будани шуморо њама бидонанд? 18. Тољикеро, вомехўред, ки дар байни туркњо ва ё славянњо ба воя расидааст, ба забони тољикї бо душворї сухан меронад ва ё ќариб намедонад ва дар симояш нишонахои ирќи ѓайр њувайдост, шумо ўро бегона хонда, худро аз ў канор мегиред, ё дар симои ў бародари хешро мебинед? Акнун хулоса кунед, ки шумо худатон тољик њастед ё не. Агар њаќиќатњое дар шумо ошкор шуданд, лутфан худро ислоњ кунед. Тољик бошед! Хабиб Саид, зодаи шањри Душанбе


12

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

БО ШОИР Омадї зинда ту аз Љанги љањон, Ки шавї кушта ба љанги Ватанат?

ХАСТАГЇ Нигањам олудаи дарди замон, Хотирозурдаву мањзуну пареш. Менишинам сари миз, Манаму коѓази беш. Манаму шеъри пур аз дарду алам, Манаму шеъри пур аз ѓуссаи хеш. Навњаи хуни дилам аз сари ман мегузарад, Пурам аз дард, Пурам аз оњ, Пурам аз нолаи љонкоњ. Касс набошад, ки даме шикваи ман гўш кунад, Ѓами урёни маро лањзае рўпўш кунад. Баски фарёди маро Кам-камак бо схани мавзунаш Кош хомўш кунад. Лек домони касе њељ нагирам, ба Худо Ва наранљам зи касе, Ин даме ки накунад шофири ў Фарќ аз шоири ў. Ин даме ки њама аз пушти шикам Гашта бас бозорї Ба хаёлам ки њама чиз фурўшанду харанд. Лек аз дарди ману мову шумо бебаранд. Ба Худо хаставу дилмонда шудам Ман аз ин зиндагии хастаи хеш. Он ќадар хурда манам меваи афсўсу фиреб

Дорам миёни шаб ба лаб оёти рўшанї, Дар чењраам сапедадами субњро дамон. Имрўз њар кї дар ѓами фардои худ бувад, Бегонаанд аз ѓами деринам одамон. Фарёди ман ба гўши фалак мерасад,вале Аз нола кай фалак ба касе медињад амон? Аз сар бадар намекунам ангораи Худо, То зиндагиву бахт њамин асту ман њамон. Ман он фариштаам, ки бисўзад њамешагї, Бо ишќи бекарони худ аз оташи ѓамон.

МУЊАББАТНОМА Зињї, эй мардуми озодаву хуршедзоди ман, Чароѓи шомгоњу машъале дар бомдоди ман. Њазору сад тараннум навбањорон аз дилам хезад, Гули васли шумо бишкуфта дар шеъри зиёди ман. Дилам дар њар тапиши бекарони хеш мегўяд: Тавофи каъбаи мењри шумо бошад муроди ман. Ба шобоши шумо ман оварам девони мењрамро, Садоќат хезад аз њарфу њиљои шодбоди ман. Ќадам андар ќадам меафтам андар рўзи танњої, Наафтад кош чашми бад ба марзи иттињоди ман. Гирењ андар гирењ аст баста роње ба сўи шеър, Бузургии шумо бикшодааси чашми саводи ман. Суханро чида-чида оварам бар суфраи мардум, Ки девони ѓазал бинњуфтааст андар нињоди ман. Њавои мењрубонї мерасад аз њар дари мењан, Муборак ин ватандорї, аё олинажоди ман. Шањљоизаи ягонаи ман Ватан аст,

ШАЊРИЯ АЊТАМЗОД ПАДАРАМРО КУШТАНД !!! Ба ёди падарам- иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї Ањтам Ятимов, ки 26 феврали соли 1993 аз љониби дастаи Файзалї Саидов кушта шуд… Дар дилам дарде њаст Мисли дарди саратон Бигудозад шабу рўзам, Ки дигар њељ надорам фарање дар дилу љон. Оќибат мемирам Ман аз ин дарди гарон. Пушти як панљараи навмедї Оњ, сад соли дароз аст, ки ман мељўям Хокдони падарам Кош аз номи накўяш боре Бирасад бар мани афсурда хабар. Њар нафас зери лабам мегўям: Эй падар хоки азизатро ман Аз куљо ёбаму оѓўш кунам? Сураи фотиња хонам сари хокат дами шом, Шабнами сабзаи хокат сањарї нўш кунам. Лек бењуда бувад сўхтанам, Чашми уммед ба дар дўхтанам. Дигарам њавсалаи будан нест, Дигарам њавсалаи будану осудан нест. …Як сањар аз пайи обу донаш Падар аз хона бурун рафту дигар боз нагашт, Рањи сарбаста дигар боз нагашт. Шашљињат во падарам, Падарам болу парам, Соябоне ба сарам. Бе дуои нафасат Ба аљал сарбасарам. Њар замон гуфтаму фарёд задам. Як кассе нолаву фарёди маро, Њай дареѓо, нашунид. Гавњари ашки мар низ кассе Аз лаби роњ начид. Лек ман медонам! Њама з-ин фољеа доранд хабар. Дастае бепадарон Дастае бехабарон, Тирњояш ба сари сина заданд, Ба дили рўшани ойина заданд. Ки чаро ўст аз он кўњи баланд, Ки чаро ўст ба монанди уќоб? Аз чї мо кўчиву пасту пакана, Аз чї мо каргасу чуѓзем њама? Дастае маст зи бангу зи шароб, Падарамро куштанд!!! Падари безарару хушназарамро куштанд! Падарам лек ба хобам ояд Кўлвораш пури ќанд, Як-ду-се мушти навозиш дорад. Низ бар дидани мо меояд, Мебарад дасти навозиш аввал Бар сари Шањлоям, Зери лаб мегўяд: Духтари бобоям? Падарамро куштанд! Њамчу мерос маро гашта насиб Чамане љойнамози сабзаш, Ман варо бар кафи чашмам молам Субњидам ваќти намоз. Шунавам хандаи имони падар, Раѓми он ќотили беимонаш, Ки дар он моњи шарифи Рамазон Тир зад бар љонаш! Солњо чашми тари хешу табор Об мезад ба рањи омаданат.

Зи дарахти андуњ Ба Худо хаставу дилмонда шудам. Њам аз ин ќисмати бишкастаи хеш, Њам аз мурдани оњистаи хеш!

АКСИ АЊМАДШОЊ Кобул, эй шањри валангор, салом, Дар шаби ѓам дили бедор , салом. Зиндагї шодии ту барњам зад, Ѓами дунё ба сарат парчам зад. Дасти бегона ба сар хоки ту бехт, Намак андар љигари чоки ту бехт. Ман аз ин манзара дилгир шудам, Аз ѓамат бастаи занљир шудам, Чї балоест, Худоё ба сарам, Бидарам шоли сиёро ба сарам! Ба чї нозам, ки дигар нозам нест, Кафтари ишќаму парвозам нест. Ба гулў шевану фарёдам мурд, Шеър дар дафтари эъљозам мурд. Лек дидам њама љо суратим ШЕР, Ё раб, ин Шер маро кард далер. Кард рўшан дили пур аз оњам, Нур аз сурати Ањмадшоњам. Нигањашро чу даво нўшидам, Дафтари дарду ѓамам пўшидам. Кобул, эй Кобули пурдарду алам, Пораи хоки сарафрози Аљам. Акси Ў хоки ту обод кунад, Рўњи ѓамноки туро шод кунад. Акси Ў шодии шайтон бибарад, Рањи уммед ба имон бибарад. Акси Ў маънии њастї бидињад, Маънии ишќпарастї бидињад. Чашми бегона зи аксаш бирамад, Чуѓзи вайрона зи аксаш бирамад. Кобул, эй шањри пур аз АЊМАДШОЊ Нашавї кам дигар аз АЊМАДШОЊ! **** Зи нигоњи яъси дунё накунад лабам табассум, Њама пушти обу дона ба кї мекунам такаллум? Зи замони ѓуссаборам набарам шикояту лек Ба танам халида нешаш ѓами ў чу мору каждум. Ба забони хеш додам сабаќи суханшиносї, Сухани хуљиста гуфтам, нашунид лек мардум. Дили мову ту шикастан гунањ асту куфр, эй љон, Зи кадом ќавму динї, зи куљост ин талотум? Манам он ки лаб ба дандон бигазам зи ноилољї, Ту, ки нону ном дорї, бинамудаї тараннум. Манам он ки мисли заргўш давам њазору як сў, Ки зи љаври гурги гушна рањи хеш кардам гум. Зи муњити дарду ранљам пури ѓам бурун биоям. Тани дардманди худро бикашам ќатори мардум.

ОШИЌОНАЊО Фарёд, ки дилтоќааму њељ касам нест, Дар њамнафасї низ касе њамнафасам нест. Дирўз пайи рози љањон тохтанам буд, Имрўз ба љуз рози дили худ њавасам нест. Бишкаст чу зангўлаи овои дили ман, Дар ќофилаи умр садои љарасам нест. Ё раб, ту маро боз бубахшо ѓами дигар, К-ин ѓам, ки ато кардаї аз лутф басам нест. Аз боѓи њаётам сухани сабз биљўям, Парвои суханњои сияњрўи касам нест, Дар боѓи сухан шохи баланд аст чи бисёр, В-он шеър, ки ман хостаам, дастрасам нест. *** Эй сорбони зиндагии сахту беамон, Дар нимарањ хаставу танњо маро намон.

Шањномаи пурфасонаи ман Ватан аст. Бе номи ватан на ном дорам на нишон, Шаъну шарафу нишонаи ман ватан аст. Дар боѓи љањон њазору як гул рўяд, Садбарги пур аз љавонаи ман ватан аст. Аз њар тапиши дилам шунав овояш, Ангезаи ошиќонаи ман ватан аст. Мазмуни таронањои ман ишќу вафост, Шеъри тару ошиќонаи ман ватан аст. Натвон зи ќаламраваш даме дур равам, Кошонаи љовидонаи ман ватан аст. Бо ўст маро фазои обї олам, Парвози кабўтаронаи ман ватан аст. Бо гимну нишону парчамаш менозам, Олам-олам хизонаи ман ватан аст.

ВАТАН Шањљоизаи ягонаи ман ватан аст, Шањномаи пурфасонаи ман ватан аст. Бе номи ватан на ном дорам на нишон, Шаъну шарафу нишонаи ман ватан аст. Дар боѓи љањон њазору як гул рўяд, Садбарги пур аз љавонаи ман ватан аст. Аз њар тапиши дилам шунав овояш, Ангезаи ошиќонаи ман ватан аст. Мазмуни таронањои ман ишќу вафост, Шеъри тару ошиќонаи ман ватан аст. Натвон зи ќаламраваш даме дур равам, Кошонаи љовидонаи ман ватан аст. Бо ўст маро фазои обї олам, Парвози кабўтаронаи ман ватан аст. Бо гимну нишону парчамаш менозам, Олам-олам хизонаи ман ватан аст.

СУБЊИ МОДАР Аё субњи Ватан! Ойинаи испеди нуронї, Мунољоти манї бо накњати гулњои райњонї. Ватан! Субњат ба хайр! Ватан! Субњи сапедат љовидон бо хайру шодї бод! Чакомакњои худро мекунам бо номи ту эљод Ватан! Эй љони ман, эй њадяи зебои яздонї. Маро субњи ту охир мекунад эњдо, Дуруди пиру барно Аз дари њар хонаву Аз кўчањои пур зи ишќу мењри инсонї. Њанўзам мерасад овои модар Аз диёри нурбори духтариям, эй хуш бар гўш, Ки бо як лањљаи ширини ванљї бањри ман, њар субњдам мегуфт: Бихез, эй духтари ширинтар ай љунум, Бизан љорўбу баргу бори њавлиро фаротар бар, Таги тути калонро об зан. Покиза бинмо, Наќши пайи шабро зи домонаш. Ба рўи суфааш партой Дастархони субњона Падарро ширчойи чормаѓзї ор, Ва нони гандумї, ки пухтамаш андар танўри сад таманною муњаббатњо. …Бале, модар бароям пайки нурафшонї андар субњ меовард, Садои зиндагонии навам дар субњ меовард. Ба њар як донаи њарфи азизаш мехўрам савганд: Бароям гулфишони субњро њар субњ меовард. Њанўзам бишнавам овои модар дар хаёлоти хушам њар субњ: Бихез, эй духтари ширинтар аз љунум, ки субњ омад!


БЕЌАДРИИ ОДАМ Ќиссаи муборизаи беамони сардори ШВКД - и ноњияи Њисор - Валиљон Табаров, прокурори ноњияи Њисор Абдуљаббор Шамсов, муовини прокурори Њисор Анвар Шулашов, прокурори ноњияи Шањринав Рањмоналї Эмомов, муовини прокурори Шањринав - Эмом Муродов, раиси Суди ноњияи Шањринав -Муњаббат Саидова бо арўс Савриниссо Турсунзода, ки духтари бокира монданаш баъди 37 рўзи арўсї, дарди сари мансабдорон шуда, моњияту сатњи нињодњои њукумати ин минтаќаро рўи об баровард... "Њич сирре пўшида боќї нахоњад монд".

Тўњмати дуввум

Парвандаи фавќулаљоиб Падари мўйсафедам ва додарамро низ ба суд доданд. Ва он њам бошад аз руи тўњмату буњтонњои беасос. Чаќќонию чобукии туњматгарро бинед, ки писарашро даст назада, ќаблан рафта аз духтурњои шиносаш ташхиси тиббї гузаронидааст. Мувофиќи ин њуљљатњои пулакї ва ќалбакї гўё Љамшедро мурданї задаанд, ва бо љогању љома бистарї гаштааст. Аммо аз рўи њаќиќат, ваќте ки падару додарам ба хонаи хусурам мераванд, он ваќт Љамшед дар љои хилват истода, бо камераи банаворгирї њар як ќадами мењмонњоро ба навор мегирифтааст. Ба худи ў ягон кас њатто даст њам нарасонидааст. Суди Њисор њам агар ќувваи исботи латукуби Љамшедро надошт, метавонист охир навори "ќањрамони латукўбшударо" гирифта, далели

«

13

"Он чї ба сари ман омад, набояд бар сари дигар духтарони тољик биёяд. Арўсии сангини маро набояд, њич духтари Тољикистон бинад, њатто духтарони њамин прокурорњо. Барои њамин бо умеди бахшиши падару модари азиз ва акањои мењрубонам, њар чї ба сарам омад, як - як наќл мекунам. Бигузор њама донанд, ки мансабдорони беинсоф нисбати як духтари тољик чї кор мекунанд...". Савриниссо Турсунзода

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Аслан гирем, ин ќазия кирои гапу њарфи зиёдатї надошт, агар падару модар ва наздикони домод сари ваќт мисли Одам рафтор мекарданд. Яъне њамон ваќте ки арўс људо шуд, бояд њама љињози ўро баргардонида медоданд. Дар ягон давру замона чизу чораи як инсони бадбахт ба дигаре насиб накардааст ва минбаъд њам насиб нахоњад кард. Ин нуктаро шахсони худогоњу худотарс хеле хуб дарк мекунанд ва њамеша дар зиндагии хеш талош меварзанд, ки аз њисоби дигарон, тамаъ аз ризќу рўзии кўдакону мўйсафедон, сияњбахтону барљомондагон накунанд. Ростраву њалолкору мењнатзодаагонанд, ки аз касе чизе тамаъ надоранд, њамеша сарбаланду бошарафанд. Аммо баробари ин дар зиндагї иддае вомехўранд, ки фикру зикр, марому равон, маќсаду ният ва афкору атворашон њамеша ба пастї майл дорад, мудом дар паи фиреб ва ранљу озори дигарон њастанд. Онњо аз оташи рашку њасад сўхта, маблаѓи љайби дигаронро њисоб карда, чун мори афъї њамеша ба гирду атроф зањр мепошанд. Ин зумра "одамон" агар ягон фиребу найранг ё номаъќулие накунанд, он рўзро ба тамом аз умри худ хат мезананд... Њангоми тањсил дар донишкадаи тиббї омўзгор ќисса мекард, ки одами дилсиёњу пастфитрат њатто ба Моњу Хуршед њам айб меёбад. Хусуру хушдоманам боз тўњмати дигар бофта бароварданд, ки гўё "падару додари арўс ба хона даромада писарамон Љамшед ва келинамон Шањнозаро сахт латукўб намудаанд". Ё наузанбиллањ!.. Ёфтани тўњмат барои бархе одамон чї ќадр осон ва сабук мешудааст! Худоё... Чї тавре њикоя кардам, аз шифохона маро падарам гирифта, ба хона овард. Ва барои фањмидани сабаби латукўби духтари арўсаш ба хонаи домод - Расулов Љамшед рафтааст. Таќдири фарзанди азизи худ, албатта, барои њиљ як падару модар бегона нест. Њамин падару модаранд, ки дар душвортарин лањзањои њаёт њам мо - фарзандонро дўст медоранд, ба ѓаму шодии мо шарик мешаванд ва то охир барояшон чун шахси азизу мењрубон боќї мемонем...

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

мањкамтаре дар парвандаи љиної дошта бошад? Рафта - рафта падари мўйсафедам, шахсеро, ки дар зиндагї њатто мўреро њам озор намедод ва ду маротиба ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гаштааст, ба суд кашиданд. Мана идомаи ќиссаро аз баёноти падар мутолиа намоем, ки ба унвони Шерхон Салимзода - прокурори генералии кишвар иншо кардааст: "Рўзи 31- январи соли 2013 ба ман телефон карданд, ки Савринисоро шавњараш Љамшед латукўб намудааст ва дар шифохонаи Њисор хоб аст. Ман воќеаро ба оилаам Рафоат гуфтаму писарам Далерљонро маљбур кардам, ки аз бистари беморї (пояшро љарроњї карда буданд) бархезад ва моро бо мошинаш то шифохона бубарад. Мо ба шифохона рафтем. Дар рўи бистар духтарчаам Савринисоро дидем, ки мисли паррандаи пару болаш шикаста мехобид. Аз ањволи ногувори ў њатто дили санги хоро њам об мешуд. Мо аз асли воќеа бохабар шудем; яъне духтарамро шавњараш Љамшед ба ин ањвол оварда расонидааст. Баъд ба хонаи хусуру хушдоманаш рафтем, то ки сабаби ин рафтори ноодилонаро фањмем. Дар хона њељ касе набуд, мо баргашта рафтем. Бегоњии њамон рўз бо њамроњии писаронам Далерљону Умедљон, оилаам ва Савринисо ба хонаи Расулов Љамшед рафтем. Баробари кушодани дарвоза ќудо Расулов Њабибулло ба дашному нафрин сар кард: " Мур, ту барин Њољї! Як духтари беваро пешкаш карда, боз писари ман Љамшедро латукўб кардї! Њайфи 5 њазор доллари сарфкардаам! Лекин ман корро ин тавр намемонам, аз ту, албатта, ин миќдор маблаѓро рўёнда мегирам!" Ман: "худи Љамшед дар куљост? Як нишон медодед" гуфта пурсидам. Падараш гуфт, ки нест. Баъд маълум шуд, ки дар говхона истода, њамаи рафтори моро ба навор гирифта истодааст. Дар њамин њолат бобои Ѓулом бо як нафар амакбачааш расида омаданд. Бобои Ѓулом гуфт: " Ман инњоро калон карда, чї обрў гирифтам? Њољї ту одами обрўмандї, чї њољат бо инњо гуфтугў кардан? Бењтараш духтаратро гирифта баромада рав". Ман низ розї шуда, ба духтарам гуфтам: "Савринисо, пироњани шавњарат даррондагиро аз хона гирифта биёр, меравем". Духтарам ба хонааш даромаданї шуд, вале хушдоманаш Муслима мўйи сари ўро ба дасташ печонида, бо ёрии ду духтараш ва келинаш Шањноза бароварда, пеш карданд. Бо суханњои даѓалу тањќиромез. Ман аз Њабибулло шиносномаи Савринисоро талаб кардам. Ў дар љавоб гуфт, ки нест ва ноилољ баъди 15 даќиќа бароварда дод. Бо њамин мо хонаи онњоро тарк намудем. Баъди ин њодиса ќудои ман Расулов Њаби-

Мур, ту барин Њољї! Як духтари беваро пешкаш карда, боз писари ман Љамшедро латукўб кардї! Њайфи 5 њазор доллари сарфкардаам! Лекин ман корро ин тавр намемонам, аз ту, албатта, ин миќдор маблаѓро рўёнда мегирам!" Ман: "худи Љамшед дар куљост? Як нишон медодед" гуфта пурсидам. Падараш гуфт, ки нест.

«

Саргузашти арўси њисорї Барои чї ќонун дар ноњияи Њисор нест? булло роњи сохтакориро пеш гирифт; барои писараш Љамшед ташхиси тиббии сохтакорона дарёфт намуд. Мувофиќи ин санад, гўё ман ва писарам Далерљон ўро латукўб карда бошем. Баъди 4 рўзи дигар бошад, ба духтараш Расулова Фарзона ва келинаш Умарова Шањноза низ бо роњи сохтакорї ташхиси тиббї гирифт, ки гўё мо онњоро шадидан зери латукўб гирифта бошем.

"Сафед гуфтани шир њам исбот мехоњад!" Ана гапу мана гап! Дидед, кору бори дунё чї хел гирдгардон мешудааст! Ин ваќт маќоле ба хотирам меояд: "Дар назди баъзе ашхоси ноогоњ, сафед гуфтани шир њам исбот мехоњад!" Хайрият дар ин ваќт ба имдоди мо духтари калониам Хайринисо, ки маълумоти олии њуќуќї гирифта, адвокат шуда, фаъолият мекунад, даррасид. Бо маслињати ман Савринисо бо сару рўйи аз зарбањои шавњараш сиёњу кабудшуда, дасти гипсбаста (домод дастонашро тоб дода, ќариб канда кардааст. Аслан марди њаќиќї њељ гоњ бар сари Зан - Модар мушт намебардорад! Марди майдон он аст, ки дар сари љањлу ѓазаб њам хашми худро фурў нишонад... Агар шайх Саъдї мебуд, ба ин "шањмард" насињат мехонд: "Эй писар, нахуст мардиатро биозмою баъд дар фикри зангирї биафт!") ба назди прокурори ноњияи Њисор Шамсов Абдуќањњор даромада, њамаи њодисаро як-як наќл карда медињад. Апааш Хайринисо низ бо ў якљоя медарояд. Ва њамин тавр њам карданд, вале... Прокурор Шамсов Абдуќањњор ба духтаронам мегўяд: "Як ду-се рўз пеш аз ин Расулов Њабибулло аз болои шумо ариза навишта, наздам даромада буд. Суханњои зиёде дар тањќири шумо гуфт ва хоњиш кард, ки чораи ин корро бинам. Делоро вараќ зада мебинем. Равед. Даркор шавед, даъват мекунем" Хеле ваќт гузашт. Аммо даъват накарданд. Аризаи шикоятї навишта, бо писарам Далерљон ва духтарчаам Хайринисо боз ба назди прокурори ноњияи Њисор Шамсов Абдуќањњор даромадем. Прокурор моро ќабул карду муовини худ - Шулашов Асадро даъват намуд. Прокурору муовин дар бораи ким - кадом масъалаи ночизе дар дафтари корї маслињат доштанду гўё моро тамоман аз хотир бароварданд. Дар ин ваќт ман аз маќсади ба ин даргоњи адлу

додгустарї омаданамонро дафъаи дуввум ба "ќозињои навбаромад" хотиррасон намудам. - Ту барин Њољї дар ин љо лак андар лаканд! Ту њаќ надоштї, ки ба хонаи ќудоят Њабибулло биравї! Дар он љо номаъќул мекунї?! - Охир, ман ба хонаи одами бегона нарафтаам, ба назди духтари худам, - љавоб додам ман. - Агар зиндагониашон хуб мегузашт, шояд намерафтам... - Духтарат ба ном шавњар кардааст, дар кўча хандида гаштааст. - Шумо ду нафар чаро ба падарам часпида гирифтед? - ин ваќт духтарам Хайринисо ба прокурор суол дод. - Ман дар суд намояндаи ќонунии хоњарам њастам. Ваќте ки дар суд Расулов Њабибулло дуздии љињози арўсии хоњарам Савринисоро ба гардан нагирифт, ман рафта ба хонаи духтараш Расулова Фарзона, њамаи молу амволи хоњарамро шинохтам. Барои чї ќонун дар ноњияи Њисор нест? Дар бораи гум шудани чизу чора бо ариза ба маќомоти шумо мурољиат намудам. Аризаи маро ќабул карда "чора мебинем" гуфта ваъда додед. Чаро то њол љавоб нагардонидаед? - Биё, мон, духтарам, бо ин намояндагони ќонун саволу љавоб накун, - гуфтам ба духтарам. Лекин Хайринисо хомўш нашуд ва ба прокурор Шамсов боз суол дод: - Ман бо хоњарчаам Савринисо наздатон даромада будем, шумо дар ёд доред. Дасти хоњарчаам бо гипс мањкам буд. Шумо набудед, ки гуфтед: "Ўро фаќат љарима мекунанду халос". Оё шумо набудед, ки тарзи њамхоба шуданашонро аз Савринисо пурсидед? Духтарам Хайринисо дид, ки Шамсов ба гапњояш эътибор надода истодааст, дар ѓазаб шуда гуфт: - То хуне дар бадан дорам, ба Президенти Тољикистон аз ќонуншиканињои шумо хоњам навишт! - То Президента рафтагињо ё навиштагињо куљоя гирифтанд? -бо оромї посух дод прокурор. - Њамин хел "кор" мекунед, ки бечора Президенти кишварро аз рўи шумо барин прокурору судяњо мунтазам дар расонањо танќид мекунанд! Шамсов Абдуќањњор дигар гап наёфту дар ѓазаб шуд ва моро аз дафтари кориаш бароварда пеш кард... (Давомаш дар шумораи оянда)


14

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

Интригањои хонадони Каримов Ўзбакистон аввалин мамлакатест, ки интригањои хонаводагї дар салтанати бештар аз бистсоларо ба сифр баробар мекунад 10 нора балои зиёд овардаву меорад. Ба назар мерасад акнун ба империяи тиљоратии ў вањшат соя андохтааст. Дар аввал гуфта мешуд, ки сарвари хадамоти амниятии ў аз кишвар фирор кардааст, вале баъдан иттилои дигар пахш гардид: ўро маќомоти амниятї боздошт намудаанд. Аз сўи дигар њамон шабу рўз аз хомўш шудани се шабакаи телевизионии мансуб ба Гулнора хабар дода мешуд. Маќомот дар фаъолияти онњо камбудињои молиявї ошкор кардаанд. Як журналисти муќими Тошканд, ки нахостааст исмаш ифшо шавад, ба хабарнигори радиои "Озодлик" гуфтааст, ки ахиран хадамоти амниятии Узбакистон силсиламаълумотњои муњимеро аз фаъолияти Гулнора љамъоварї ва ба ихтиёри падараш вогузор кардааст. Дар асноди гирдомада гўё сухан аз он меравад, ки дар ин се шабакаи телевизионї системаи пахши таронањои ситорањои эстрада ба нияти дарёфти фоидаи бештар роњандозї шудааст, ки бидуни риояи ќонунгузорї амалї мешавад. Баъди шиносої бо њуљљатњои пешнињодшуда

президент Каримов фармони тафтиш ва боздошти фаъолияти ин шабакањоро содир намуд. Њамчунин Гулнора аз гурўњи муњофизони расмї мањрум гардид ва инро хабаргузорї "чорањои тарбиявї ва назорати ќадамњои духтари президент" унвон кардааст. Ахиран дар муколама бо як корбари шабакаи иљтимоии Твиттер, ки мегўяд: "Хушам, ки шуморо дубора Он-лайн мебинам, ваќтњои охир Шумо хеле зудзуд гум мешавед", посух медињад: "На ман "гум мешавам", балки кўшиш мекунанд маро "гум" кунанд ! Бењуда!!!! Ва боз: Прокуратураи генералии Узбакистон охири моњи октябр аз рабуда шудани Содиќов Нурмуњаммад, корманди молиявии Гулнора Каримова хабар дод. Бино ба гузориши сомонаи "Замондош" Содиќов њанўз моњи январи соли 2013 аз љониби муњофизони шахсии Каримова боздошт ва дар як тањхонаи бинои истиќоматї мавриди шиканљаи зиёд ќарор гирифта буд. Ба навиштаи ин нашрия мавсуф аз соли 2000 менеджери генералии ширкати "Pennelli Ltd" мебошад, ки мансуб ба духтарбузурги президенти Узбакистон аст. Тибќи гуфтаи коршиносон вай аз

њама табањкорињои молиявии Гулнора огоњ буд ва хуб медонист, ки пулњои ў ба чї масраф мешаванд. Содиќов замоне нопадид шуд, ки дар Аврпуо шахсони мавриди боварї ва эњтиромаш Ш.Собиров ва А. Эргашев боздошт шуданд. Шавњари Гулнора Рустам Мадумаров Содиќовро ба "хиёнат ва огоњ созии шведњо оид ба парвандаи МТС ва "TeliaSonera" муттањам мекунад.

Ќасос ё омодагї ба табаддулот? Ба сурати умум мушоњида мешавад, ки тадриљан интригаи дарборї дар хонаводаи Ислом Каримов аз доираи асрори оилавї берун меравад ва эњтимолияти он њам вуљуд дорад, ки маќомоти амниятї ва њифзи њуќуќ бо истифода аз заъфи њокимияти Каримов дар Узбакистон як бори ќасосро сари духтарбузурги ў фурў резанд. Мањрум шудани вай аз сафарњои хориљї, боздошту зиндонї кардани атрофиёнаш, мањдудсозии ў ба дастрасї ба омилњои фишор ва ѓайра аз љумла тадбирњое мебошанд, ки бо ишораи худи Каримов

сурат гирифтаанд. Вай шояд мехоњад љилави духтари саркашро бигирад ва бо ин васила худро аз иттињомоти фасодзадагии хонаводагї рањо созад. Вале мушкил љои дигар аст. Ислом Каримов бисёр мехоњад сарнавишти Њайдар Алиевро такрор кунад. Вале мањрум аз фарзанди писар аст. Он ки мегуфтанд эњтимол дорад Гулнора љойнишинаш шавад, ба њаќиќат рост наёмад. Зеро Гулнора аллакай дар љомеаи байналмилалї бо њарисиву олудагї ба фасод бадном шудааст ва њоло дида мешавад, ки дар дохили кишвар њам обрўманд нест. Пас ин мушкили Ислом Каримов аст, ки бояд њарчї зудтар барои худ ворис биёвад. Љустуљўи вориси арзанда мероси Борис Елсин аст, ки то Путинро наёфт, ќудратро ба каси дигар таслим накард. Путин такягоњи Елсин баъди рафтан аз мансабаш шуд ва то даме, ки зинда буд, касе натавонист бо иттињомоте ўро бадном созад. Ислом Каримов мањрум аз сенарияи таслими ќудрат бо усусли Озарбойљон аст. Вале дида мешавалд, ки њоло ба сенарияи елсинї низ омода нест. Бобољони ШАФЕЪ


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЊИКМАТИ АЛЛОМА ЧАРО ТЕЗ-ТЕЗ БА БЕМОРИИ АНГИНА ГИРИФТОР МЕШАВАМ? - Њангоми даромадани фасли хунукї инак ду сол мешавад, ки ба бемории ангина гирифтор мешавам. Соли гузашта њангоми хуруљи ин беморї тавсияњои яке аз духтурони дармонгоњи №1-и шањри Душанберо гирифта худро табобат намудам, ки аз эшон миннатдорам! Аммо имсол боз ба ин беморї гирифтор шудам. Чаро тез - тез ба бемории ангина гирифтор мешавам? Сабаби асосии ба дарди ангина гирифтор шуданам аз чист? Ба ѓайр аз истифода бурдани дору боз чї тавр аз ин беморї худро эмин нигоњ доштан мумкин аст? Гулнисо КАРИМОВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Ангина бемории шадиди сироятї - бодигармї аст, ки бо илтињоби бодомакњои ком зоњир мегардад. Барангезандањои ин беморї стрептококки гемолитикии гуруњи А, њамчунин стафилококк, пневмококк мебошанд. Ин бактерияњо аз он љињат хавфноканд, ки ба организми инсон пањн шуда, ба маѓзи сар, мушакњои дил ва пўст зарар расонида метавонанд. Беморї аввалан, бо воситаи њавої-ќатрагї њангоми муоширати наздик бо шахси бемор, истифодабарї аз лавозимотњои умумї сироят мекунад. Дар њолати дуюм њангоми мављудияти манбаи илтињоби музмин дар ковокии дањон ва гулў беморї пањн мешавад. Дар фасли тирамоњ бемории ангина зиёд мешавад. Ба пайдошавии ангина омилњои гуногун ба монанди хасташавии љисмонї ва руњї, сармозании организм, камѓизої, норасоии витаминњо (А, С, Е) сабаб шуда шуда метавонанд. Мо асосан се намуди ангинаро дар беморон мушоњида менамоем, ки ин намудњои катаралї, фоликулярї ва лакунарї мебошад. Аз рўи миќдори фасоде, ки дар бодомакњо љамъ мегардад, намудњои беморї муайян карда мешавад. Аломатњои ангина - ин баландшавии њарорати бадан, дард њангоми фурўбарї, бењолї, бемадорї, дарди сар, варами бодомакњои ком, дар бодомакњо љой доштани фасод, сурхии забонча аст. Ангина одатан дар хона табобат карда мешавад. То он даме, ки дар бемор њарорати баланд ва дарди гулў мушоњида мешавад, барои ў рељаи болинї њатмї мебошад.Беморон њангоми ба ангина гирифтор шудан, бояд антибиотикњо, аспирин, истеъмол намоянд, ба онњо нўшидани нўшокињои гарм ба монанди чой бо лимў, бо асал тавсия дода мешавад. Доруњои антибиотикро дар як рўз се маротиба, то њафтдањ рўз истеъмол бояд кард. Инчунин дар давоми як рўз якчанд маротиба ѓарѓара намудани гулў бо мањлули фуратсилин, намакоб, ё ќиёми бобуна, эвкалипт ва мармарак (шалфей) зарур аст. Њангоми бемории ангина бо истифода аз мањлулњои гуногун ѓарѓара кардани гулў фоидаи зиёд дорад. Мањлулњо ќисми болоии бодомакњоро аз моеъњои часпак ва фасод пок намуда, ќиёми гиёњњои шифобахш, ё каме хокаи сода ва намаки ошї ба организм таъсири зиддиилтињобї расонида, масунияти онро ќавитар мегардонанд. Њангоми беморї албатта риояи парњези љиддї дуруст нест, аммо шахси бемор бояд аз хўрдани хўрокњои сахт аз ќабили нони хушккардашуда (сухарики), картошкабирён, ки гулўро мехарошанд, хўрокњои тез, нўшидани оби хунук, кокакола ва пепси-кола, нўшокињои спиртї, аз сигоркашї, носкашї, саќичхої худдорї намояд. Ба ин гуна беморон маслињат медињем, ки хўрокњои обакї чун шўрбо ва мастобаи гармро истеъмол намоянд. Таъкид мекунем, ки њар як бемор њатман зарфи шахсии худро дошта бошад. Ѓизои солим ва бой аз витаминњо низ муфид аст. Нўшидани об ва чой ба миќдори зиёд тавсия дода мешавад, зеро нўшидани оби зиёд барои зудтар тоза шудани организм аз токсинњои гуногун мусоидат мекунад. Нўшокињо бояд гарм бошанд, зеро чой ва оби љўшон гулўро месўзонад. Дар њолати беморї њатман бояд мутахассис бемориро муайян намуда, доруњоро тавсия намояд. Шахси бемор њатман ба табиби оилавии минтаќавии худ мурољиат карда, табобати дуруст ва сариваќтї гирад. Ба саволи Шумо аз Вазорати тандурустии Тољикистон посух доданд.

ЛАТИФА

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

Ду мард ба хонае дуздї медароянд. Дузди якум ба дузди дуюм мегўяд: - Биё, дуздї накунему поквиљдон бошем. Дузди дуюм мегўяд: - Чї хел? Дузди якум "ана, бин!" - гуфта, ба соњибхона занг зада, мегўяд: - Ако, барои Шумо телевизори плазма, компютери навъи охир, маркази мусиќї, даркор нест? Соњиби хона мегўяд: - Не! Дуздњо боз занг зада мегўянд: - Барои Шумо кандитсонери Самсунг, яхдони Бико, сейфи Коддї даркор нест? Соњиби хона ѓазаболуд мегўяд: - Ман гуфтам - ку, не, охир, не! Соњибхона ба хонааш омада мебинад, ки якчанд љињозу ашёи хона нест. Дар рўи миз хатеро дида мехонад, ки чунин навишта шудааст: "Мо он чизњое, ки ба Шумо даркор набуд, њамонњора гирифтем". *** Њамаи њашаротњо якљо љамъ шуда, ташкилї мекунанд. Баъди тамом шудани шароб ба чилпоя мегўянд: - Бирав, шароб гирифта, биё. Чилпоя барои овардани шароб меравад. Хеле ваќти зиёд мегузарад. Њашаротњо ба чилпоя занг зада, мегўянд: - Куљо гум шудї? Чилпоя дар љавоб мегўяд: - Эъ саѓерањо, як дам сабр кунед. Нав кафши 39-мамро пўшида истодаам! *** Афандї шањр меравад. Бо хар бозор медарояд, мебарояд хар нест. Харашро кофтанї меравад. Хело мекобад намеёбад. Њангоми ворид шудан ба боѓ мебинад, ки як писару духтар дар рўи сабза нишастаанду љавон ба духтар гуфта истодааст: - Азизам, ман дар чашмони ту тамоми оламро мебинам! Афандї ин суханонро мешунаваду ба љавон мегўяд: - Бачам, њаму чашмњои арўсатро хушрў нигоњ кун, хари ман наметобад!

?- И НОБОБ АЗ НАЌЛИЁТ ЧЇ ТАРЗ АНДОЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Мувофиќи Кодекси андози нав аз воситаи наќлиёт акнун чї ќадар андоз ситонида мешавад? Хоњишмандам, оид ба меъёр ва тартиби њисоб ва пардохти андоз аз соњибони воситањои наќлиёт маълумот медодед. Абўбакр ЉЎРАХОНОВ, сокини ноњияи Ёвон - Тибќи муќаррароти моддаи 265-и Кодекси андоз дар тањрири нав манбаи андоз аз воситањои наќлиёт барои воситаи наќлиёти худгард иќтидори муњаррик, ки бо воњидњои ќувваи асп ифода ёфтааст, ба њисоб меравад. Мутобиќи моддаи 266-и Кодекси андоз меъёрњои андоз барои воситањои наќлиёт бо фоиз нисбати нишондињанда барои њисобњо муќаррар карда мешавад. Барои мошинњои сабукрав меъёри андоз 7,5 % фоиз нисбати нишондињанда барои њисобњо муайян гардидааст. Мабла?и андоз бо тариќи зайл муайян карда мешавад. Масалан агар иќтидори муњаррики воситаи наќлиёти Шумо мувофиќи шиносномаи техникї 90 ќувваи асп бошад, барои соли 2013 маблаѓи андоз 270 сомониро ташкил медињад. Яъне, 40 х7,5 % =3,0х 90 =270. Дар ин љо:- 40- нишондињанда барои њисобњо; - 7,5% - меъёри фоизи воситаи наќлиёти сабукрав; - 3,0- сомонї маблаѓи андоз барои як ќувваи асп; - 90- иќтидори ќувваи муњаррик (ќувваи асп); - 270 - сомонї маблаѓи андоз аз востањои наќлиёт. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љавоб доданд.

НАХОД?

МУСУЛМОНЊО КАМ НЕСТАНД! Мувофиќи охирин маълумот дар љањон 7 миллирду 70 миллион ањолї зиндагї дорад. Аз ин 1 миллиарду 760 миллионаш мусулмонанд. Агар аз рўи њисса гирем, пас ќариб 25 дарсади одамон мусалмонанд. Муслимини аз њама зиёд дар ќитъаи Осиё - 1 миллиарду 180 миллион, баъд дар Африќо - зиёда аз 519 миллион, Аврупо - тахмин 50 миллион, Амрикои Шимолї ва Љанубї - болотар аз 10 миллион ва Австралияву Океания - зиёдтар аз 0,7 миллион сукунат доранд. Дар 39 кишвар мусалмонњо аз 80 дарсад зиёдтаранд ва боз дар 13 мамлакати дигар аз 50 то 79% мебошанд. Боз дар 15 сарзамин мусалмонњо наќши муњим мебозанд, зеро аз 20 то 49 дарсади ањолиро ташкил медињанд. Умуман, дар 174 мамлакат мусалмонњо сокинанд. Дањ давлати аввали мусалмоннишин аз рўи ањолї ин кишварњоянд: Индонезия - зиёда аз 221 миллион. Њиндустон - зиёда аз 177 миллион. Покистан - зиёда аз 176 миллион. Бангладеш - зиёда аз 144 миллион. Нигерия - зиёда аз 88 миллион. Миср - зиёда аз 79 миллион. Эрон - зиёда аз 77 миллион. Туркия - зиёда аз 74 миллион. Њабашистон - зиёда аз 46 миллион. Алљазоир - зиёда аз 36 миллион. Дар Судон, Чин, Ироќ, Марокаш, Афѓонистон, Арабистони Саъудї, Ўзбакистон, Яман ва Танзания аз 20 то 30 миллион мусалмонон зиндагї доранд. Русия аз љињати шумораи мусалмонон дар маќоми 21-ум буда, зиёда аз 18 миллиону 500 њазор мебошад. Русия яке аз мамолики шумораи ањолии мусалмонаш зуд афзоянда ба њисоб меравад, зеро мувофиќи рўйхати ањолї соли 2010 дар Русия тахмин 15 миллион буд. Дар Љумњурии мардумии Чин зиёда аз 18 миллион мусалмон зиндагї доранд ва 30 њазор масљиду 50 њазор имом хатиб ва муллоњо фаъолият доранд.

БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќии шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миён омадаро сариваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќии шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи Тољик": Директор - Аттоев С.К., Тел: 221-86-89, 95-177-40-71, танзимгар: тел. 701-84-02; Шабакањои барќии ноњияи Исмоили Сомонї: сардор - Нуров О., тел: 98-556-02-09, танзимгар: 227-10-50, 227-1051 Шабакањои барќии ноњияи Шоњмансур: сардор - Рамазонов Х., тел: 98-542-02-70, танзимгар: 227-10-12, 22710-13; Шабакањои барќии ноњияи Сино: сардор-Мањмадшоев М., тел: 95-133-88-35,танзимгар: 236-10-14, 23610-17; Шабакањои барќии ноњияи Фирдавсї: сардор - Кишваров Д., тел: 98-556-02-08, танзимгар: 231-10-24, 23110-21 ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад. Телефон барои тамос: 93 502 99 95


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, СЕШАНБЕ №35 (363) 19. 11. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

БИЁЕД, ДИГАР ПОРА НАДИЊЕМ! (аз наќли як рафиќам) Нињоят пас аз як соли танаффус имрўз дар Донишгоњ имтињони давлатиро супордам. Ба имтињон омода набудам. Наќша доштам, ки пора дода, ягон сеи покаљ мегирам. Сањарї дар кисаи чапам як коѓаз бо акси Исмоили Сомонї (яъне сад сомонї) гузошта, бе тайёрї ба имтињонсупорї рафтам. То оѓоз шудани имтињон даќиќањо монда буданд. Синф ороста ва барои гузаронидани имтињон омода буд. Яке аз ёрдамчиёни комиссияи имтињонгирї донишљўњоро як-як даъват карда, "ставка"-ро мегуфт ва маблаѓ љамъ мекард. Навбат ба ман расид. - Чї кор мекунед? Њаќќи муаллимњоро медињед?, - пурсид аз ман ёрдамчї. - Чанд пул мехоњанд? - ба савол савол додам. - Яксаду панљоњ сомонї барои бањои се ва бист сомонї барои ташкиливу дигар харољотњо. Њамагї яксаду њафтод сомонї мешавад. Бо шунидани ин сумма бо худ афсўс хўрдам, ки аз хона пул кам гирифтаам. Ва ба ёрдамчї гуфтам, ки бо дониши худ месупорам. Ёрдамчї боз маро руњбаланд њам кард, ки "ихтиёратон. Аслан мушкил нест ва саволњо аз њамон дарсњои гузаштаанд. Муњимаш бештар гап задан даркор. Ин тавр бошад танњо бист сомонї пули ташкилиро дињед шуд". Ба ёрдамчї бист сомонї додаму ба имтињон даромадам. Њама донишљўён билет гирифтем ва ба љойњои худ нишастем. Яке аз аъзоњои комиссия барои њар як донишљў вараќњое дод, ки дар он посухњои билеташон оварда шудаанд. Ва ин љо дидам, ки танњо ман будаам поранадода. Њамагон ончї дар коѓаз буд рўйбардор мекарданд. Ин њолат фазои имтињони давлатиро, ки воњиманок метофт, ба фазои як санљишчаи мактаби миёна монанд кард. Соли гузашта, ки дар Русия будам, ба имтињони давлатї омада натавонистам ва аз њамонљо ба роњбарамон пешнињод кардам, то барои бањои

имтињон 300 доллар фиристам. Аммо ў рад кард, ки бе будани худат ин кор ѓайриимкон њаст. То як андоза хурсанд њам шуда будам, ки нињоят дар Ватанам тартибот љорї шуда истодааст. Ќисса кўтоњ аъзои комиссия љавоби маро сазовори бањои чор донистанд. Њатто раиси комиссия хандида ишора кард, ки ман ягона нафаре будаам имрўз "честный" имтињон супордам. Хонандаи азиз, ин навиштор њаргиз ба маънои худтаърифкунї набуд, балки даъват аз донишомўзон аст, ки камтарак хонанд. Ман аз ду суоли он билет ба ягонтоаш он ќадар љавоби пурра надодам. Шаф-шаф гуфта, атрофи дигар мавзўњои медонистаам чарх зада, гоњ аз ток мегуфтаму гоњ аз бед. Фикр кардам, ки љавобам барои бањои се месазад, аммо муаллимон ба ман чор монданд. Ман бо 170 сомонї бањои серо нахаридам ва бе пора бањои чор гирифтам. Яъне гуфтаниам, ки мешудааст! Бо дониш тањсил кардан њам мешудааст. Агар каме дарсњоро хонда, бо тайёрї меомадам, шояд панљ њам мегузоштанд. Донишљўњои азиз, пас чаро пора медињем? Чаро каме худро машаќќат дода намехонем, мутолиа намекунем? Фардо аз мо чї гуна мутахасис мебарояд? Чаро ризќи худро бо ду дасти адаб бароварда медињем? Порадињиро на танњо ќонун, балки дини Исломи азиз њам манъ кардааст. Чаро кўшиш намекунем, ки њаќиќату адолат пойдор бошад? Аз дањон оташ мепаронем, ки ин Вазорати маориф ва ин њукумат ба фасод ѓутидааст. Аз ин бармеояд, ки мо худ гунањкорем. Худамон фасодро дар љомеа равнаќ медињем. Мубориза зидди порахўриро бояд мањз донишљўён ва аз Донишгоњу Омўзишгоњњо оѓоз кунанд. Чунки ин одати бад ба мо мечаспаду минбаъд ба њар идорае, ки корафтода шавем боз ва боз пора хоњем дод… Ilhom.wordpress.com

- Ин баромадњои буљети Тољикистон-мї?

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Сўњроб ШАРИПОВ, вакили парлумон: - Мо мехоњем шахсонеро дар њукумат бубинем, ки њам мутахассис, њам сиёсатмадори пухта, њам љањонбинии васеъ дошта бошад. -Ин хел бошад, аз доираи домоду ќудоњо ва ќудоњои ќудоњо ягон одам намеёбад-де.

Љон КЕРРЇ, вазири хориљаи Амрико: - Мо (дипломатияи Амрико дар назар аст), дар музокирот њастаї бо Эрон кўр ё ахмаќ нестем. -Пас чаро худро кар вонамуд карда, худро ба аблањї мезанед?!

Ойнињол БОБОНАЗАРОВА, роњбари бунёди "Преспектива +": - Фикр мекунам, ки њамаи кор бояд шаффоф бошад. Баъзе хусусиятњое њаст, ки бояд онро аз даст надињад президент. Барои мисол сўњбат бо мардум. Агар њамин аз даст равад, дигар чї мемонад? -Эњ, бону-бону! Одамизод, шеъру мадњиясароиву зери пову болои сар гулпоширо монда суњбат мекардааст-мї?!

Нозирљон ЁДГОРЇ, сухангўи ширкати "Барќи тољик": - Солњои наздик аз рўи сиёсати энергетикии президенти Тољикистон на танњо худро бо барќ таъмин мекунем, балки онро ба дигар кишварњо низ содир мекунем. Солњои наздиктарин. -Ња, ин сиёсат људо зўр, ана мебинед, ки ба наздикї, дери дераш солњои 2045-2055 ба барќ мешуд. Бо як 20-30 сол баъди вай газ њам мешаваду гармиро њам ба хонањои баландошёна медињанд.

Фирўз САИДОВ, коршинос: - Агар се агрегати Роѓун пурра ба кор дарояду њамсояњо ба он зарар нарасонанд, онгоњ пурра лимити Тољикистон њалл мешавад. Њамачї вобаста аз Роѓун аст. -Худо насиби фарзанду наберагонамон кунад он рўзњоро, мо бебарќ мемурем-да, коршинос!?

Саидумар ЊУСАЙНЇ, вакили парлумон : - Мо њељгоњ ба ин њукумат роњ наёфтаем ва дар бораи он фикр њам накардаем, ки онљо киро метавон дид. Вале њамон нафаронеро метавон дид, ки то имрўз онњоро дидаем. Дигар он шахси љадид, ислоњоткунандаро дида намешавад. -Чаро дида намешудааст? Э, боз Туркия бурафтанд-мї?! Хайр, њич гап не, шумо Ойнињол Бобоназарова њастед-ку.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.