Бубахшед маро, Достиев!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
1
Мактуби бози Абдулло Давлатов, собиќ раиси Иттифоќи тољикистониёни Русия ба Абдумаљид Достиев, собиќ сафири Тољикистон дар Русия №35 (468). Чоршанбе, 25-уми ноябри соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
НАСИЊАТ
Стив Љобс:
"Сарвате, ки љамъ кардам, бо худ намебарам" САЊИФАИ 5
ЉАЊОН
Байъати эрониву русї САЊИФАИ 10
НИГОЊИ ХОРИЉЇ
Сарзамини марњамат ва рањмат САЊИФАИ 11
Хости Худо Мусибатњои мо аз хориљињост, ё худи мо?
САРНАВИШТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
2
њон ќурбон шудан доранд..." Ин сатрњо ба ќалами яке аз рўзноманигорони шинохтаи Тољикистон Обидљон Шукурзода тааллуќ дорад, ки њафтаи равон дар сањифаи фейсбукиаш нашр кард ва бањси хурдеро ба вуљуд овард. Аммо њар кї њар бардоште, ки дошт, кард: яке, аз Русияву Ѓарб, дигарї, аз золиму мазлум, сеюмї, аз Шарќу Ѓарб, чорумї, аз адами рўшанфикрону, панљумї, аз зулмпарастии олами ислом гуфт. Воќеан, ба бадбахтињои олами ислом, ки Тољикистон ва тољикон љузъе аз онанд, кї гунањкор аст: Русияе, ки љанги Афѓонистонро оташ доду фирор кард ва имрўз Сурияро бомборон мекунад, ё Амрикову Ѓарбе, ки Толибону Ал - ќоидаву ДОИШ - у дањњо созмони террористии дигарро эљод кардаанд? Ё ин ќонуни табиат ва ё Хости Худо аст, ки барои будани золим мазлум даркор аст ва дар дунёи имрўз дуввумї мањз мусалмон аст, ки бегуноњ куштаву ќатл мешавад, манзилашро бомборон мекунанду њаќќашро барои зистан дар ватан аз дасташ мегиранд?
"Ин путинњо, ин обамањо, ин инглису фаронсаву теалавивњо њар ваќт хостаанд барои шикастани аташи шањавоту њавасњову њуббу љоњи хеш љањониёро пеш-пеши по кунанд: наздик ба сад сол аст, ки Фаластин аз ќадами нањсашон оташ гирифта! Дилашон хостааст Ветному Мисру Лубнону Либиро бе майлон, бо камоли вањшоният бомбор кардаанду оташбор, њазорону њазорон нокому пураламу мазлумона аз ин вањшонияташон кушта шуда! Дилашон мехоњад пои таљовуз ба Афѓонистони ором мегузоранду, инак, зарфи ним аср аст, ки фитнаву балоро аз он кам намекунанд. Дилашон мехоњад Либиро оташ мезананду Ироќро. Кї шумурдааст, ки аз таљовузи РУС ба Афѓонистон то кунун чанд нафар кушта шуд, кї шумурдааст, ки дар таљовузи Омрик ба Ироќ то имрўз чанд нафар кушта шуд? Кї шумори даќиќи рўзафзуни кушташудагони Суриёро, ки аз фитнаи фарангу аз нањсонияти БАШШОР сар задааст, ба забон меорад? Ин фаранги худсар аст, ки дилаш мехоњад Толиб месозаду ДОЪИШ мезояд! Дилаш мехоњад Ањмадшоњи Масъудро мекушаду Карзай меорад. Дилаш мехоњад, Сангтўдаро дар хоки Тољикистон моли худ карда, Роѓунро намесозад. Дилаш мехоњад дар њамсоягияшон Африќову Осиёро мудом мазлум, муњтољу дастнигар ва тањќирдидаву маќњур бимононанд. Ин чї аст - ин фошизим аст, ки як ќавм худро бартару солор ва дигареро (ОСИЁВУ АФРИЌОРО) мазлуму фурўмонда мехонад. Сиёсати як бому ду њаво - дар як мањвата Исроил абарќудрат, Фаластин зери по; Лубнон ахгар, Сурия барбод, Ироќ пора пораву музтар... Нангатон бод эй љоњпарастони беимон ба ин бедогарињо, ки акнун оташи бедодї ба домони худатон расидан дорад! Акнун аз бедодии шумо нањсњо, дар Ѓарб њам бегуно-
НИЗОМЊОИ ДАСТНИШОНДА Мурур ба таърихи садсолањои ахир, бахусус замони омадани мустамликадорони инглис ба кишварњои исломї возењ мекунад, ки њељ яке аз онњо то ба имрўз на фаќат њукумат, балки давлати худро насохтаанд, балки ин њама давлатњо сунъї ва ба табъу хостаи ќудратњо - яке, Инглису ворисаш Иёлоти Муттањида ва дигарї, Русия бунёд шудаанд. Оли Сауд сулолаи сунъї ва Арабистони Саудї кишвари сунъиянд. Ќатару Бањрайну Урдун ва баќия кишварњои Халиљи Форс мањсули Ѓарбанд. Оли Са-
удро Лоуренси Арабї ба ќудрат нишонд, тавре ки барои ба ќудрат расидани Саддом Њусайну Имом Њумайнї ва Раљаб Тайиб Эрдуѓон Ѓарб замина фароњам овард. Афѓонистон низ кишварест, ки дар заминаи таањњуди Инглису Русия то имрўз вуљуд дорад. Њамин тавр, Озарбойљон, Ќазоќистон, Ўзбакистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон низ дар замони љорї шудани султаи Русия дар Осиёи Миёна арзи вуљуд карданд. Ягон њукуматеро дар Осиёи Миёнаву Афѓонистон низ мисол оварда наметавонем, ки мањсули фарњанги сиёсии мардуми ин минтаќа бошад. Њар њукумате, ки ба ќудрат мерасад, мекўшад умри худро дароз кунад. Барои ин тамоми арзишњои инсониро зери по ва зарур ояд миллионњо нафарро барои ин ќурбонї мекунад. Таърихи дилхоњ њукумат дар олами исломро вараќ занед. Чунин буд ва чунин њаст! Аз ин хотир, њоло дар дилхоњ, њатто орому босуботтарин кишвари исломї агар њукумат суќут кунад, пешбинї карда наметавон, ки бо он давлат чї хоњад шуд. Эрон гўё ќавитарин давлати исломист, аммо як тасаввур кунед, ки режими кунунї суќут кунад, чї мешавад? Агар Оятуллоњ Хоманаї вафот кунад (чї расад ба кушта шудани ў!) дар Эрон чї рух хоњад дод? Ё Саудињо аз ќудрат ронда шаванд? Касе пешбинї карда наметавонад! Посух танњо дар як љумла аст: њама Ироќу Сурия мешаванд, зеро дар ин кишварњои њукуматњои худкома суќут карданд, он њукуматњое, ки мардумї набуданд, мардум онњоро интихоб накарда буд. Масалан, омадани Обама ба љои Буш дар Амрико, ё Саркози ба љои Ширак дар Фаронса на фаќат фољиа набуд, балки як амри маъмулї буд, аммо дар кишварњои исломї? Дар таърихи Афѓонистони њамсоя, аз
њамон рўзе, ки бино шудааст, њамаи роњбарон бо мусоидати хориљињо ба ќудрат мерасанд. Њатто асосгузори Афѓонистон - Ањмадшоњи Абдолї бо кўмаки эронињо ба ќудрат расида буд. Роњбарони коммунист - Таракиву Амин ва Кормалу Наљибро Маскав рўйрост ва бо зўр ба ќудрат нишонд. Рањбарї он ќадар дар Афѓонистон масхара шуд, ки Мулло Умару Карзай низ рањбар шуданд. Бурњонуддини Раббонї, тибќи муоњадаи Пешовар, бояд ду моњ Афѓонистонро роњбарї мекард, аммо нарафт, ўро баъдтар равонданд. Дар бораи як њукумати масхараи дигар дар Афѓонистон, ки њукумати Вањдати миллї ном, аммо ду роњбар - Ашраф Ѓанї - президенту Абдуллоњ Абдуллоњ - сарвазир дорад, љои гап њам нест. Ин њукумати "вањдат" ё муомилаи сиёсии Амрикову Аврупо ва Покистону Саудї дар шахси Ѓанї аз як сў ва Русияву Эрону Њинд дар шахси Абдуллоњ аз сўи дигар аст. Њељ як аз љунбишњо, созмонњо, митингу пикетњо дар ин кишвар умумимардумї ва умумимиллї нестанд. "Демократия" ва "озодї" - е, ки дар Афѓонистон дида мешавад, аз љониби гуруњњо ба таври худ маънидод мешавад. Он гуна, ки ислом дар ин кишвар сўистифода шуду мешавад, демократия низ њамон тавр истеъмол мешаваду хоњад шуд. Ин њама шиорњоеанд, ки боз њам аз љониби хориљињо ба дањони онњо монда шудааст, тавре дар гирдињамоињои ибтидои солњои 90 - и асри гузаштаи Душанбе шиорњои, назири "Марг ба Амрико!" ба забони гирдињамомадагони мухолифони њукумати Тољикистон гузошта шуда буд. Њамин гуна, њукуматњои Осиёи Марказї, ки 25 сол ба ин сў наметавонанд як њукуматњои собит бошанд, ояндаи собит низ надоранд. Тайи ин муддат ягон интихобот дар ин минтаќа демок-
САДОИ МАРДУМ 65%
20% 10%
6%
4 (хуб)
30%
5 (аъло)
40%
7%
3 (ќаноатбахш)
50%
10%
12%
1 (бад)
60%
2 (ѓайриќаноатбахш)
70%
0% 1
2
3
4
5
65%: "Омодагии ШСХК "Барќи тољик" ба зимистон бад аст" Натиљаи як пурсиши виртуалї маълум кард, ки наздик ба 70 фисади иштирокчиён омодагии ширкати "Барќи тољик" ба давраи зимистонро бад арзёбї кардаанд. Ин назарпусї зери унвони "Бањои Шумо ба омодагии "Барќи тољик" ба зимистон чанд аст?" гузаронида шуда, њамагї 6 фоизи ширкаткунандагон омодагии "Барќи тољик" ба давраи зимистонро аъло, 7 фисад хуб ва 10 фисад ќаноатбахш арзёбї кардаанд.
Аммо бар хилофи назари респондентони мазкур 12 дарсад аз ин раъйдињандагон дар љавоб ба ин пурсиш гуфтаанд, ки "омодагии "Барќи тољик" ба давраи зимистон ѓайриќаноатбахш аст." Ин назарпусї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 17-ум то 24-уми ноябр дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 876 нафар ширкат карФаромарзи ФОЗИЛ дааст.
ГЕОПОЛИТИКА
Хости Худо
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
Муњибуллоњ Ќурбон Ман низ чанд даќиќа пас пешхидматро даъват кардам, то ки њисобї кунад. Ў ба љониби кўча бо даст ишора карда, хабарам дод, ки љавонмарди пањлуям нишаста барои ман пардохт карда рафтааст. Ин амали љавонмардона барои ман ѓайричашмдошт буд.
Мусибатњои мо аз хориљињост, ё худи мо? Мансаб ратї нагузашта ва касе ќонунї ба ќудрат нарасида, балки намояндаи мардум њам нашудааст. Таблиѓоти ин њукуматњо, ки бидуни рањбарони кунунї амну субот дар кишварњо бањам хоњад зад, агарчи зоњиран дуруст менамояд, амалан заъфи онњоро намоиш медињад ва бино ба таљрибаи њукуматњои дарозумри олами араб, ояндаи хуберо њам пешбинї намекунад. Њафтаи ќабл Нурсултон Назарбоев шахсан дар љаласаи њукуматї изњор дошт, ки касеро дар љои худ дида наметавонад. Пирамарди 75 солае, ки аз соли 1991, 24 сол боз дар сари ќудрат аст ва мегўянд, муваффаќ буда, тамоми нињодњои љомиаи шањрвандї дар кишварашро саркўб карда, зимоми њокимиятро пурра ба дасти худ гирифтааст ва њоло он ќадар маѓрур шудааст, ки аз 15 миллион ањолии Ќазоќистон касеро лоиќи курсии президентї намебинад. Чаро? Ў хуб медонад, ки дар ин курсї будани ў аз мардум ва раъйи мардуми Ќазоќистон вобастагї надорад, балки аз ќудратњое вобаста аст, ки амалан дар хизматашон ќарор дорад. Ин њам дар њоле, ки Ќазоќистон як кишвари аз лињози иќтисодї пешрафта на фаќат дар минтаќа, балки дар кул олами ислом аст. Умуман, аз кору кирдори рањбарони Ўзбакистону Ќазоќистон дида мешавад, ки онњо ризоияти рањбарони "њукумати љањонї" - соњибони бонку ширкатњои фаромиллї, назири оилањои Ротштилду Рокфеллерњоро ба даст овардаанд. Њамон оилањое, ки сиёсатњои љањонї, аз љумла Амрикову Аврупоро муайян мекунанд. Мањз ин оилањо замонат медињанд, ки дар љањон њукуматњои авлодї ба вуљуд ояд. Рањбарони имрўзи Ќазоќистону Ўзбакистон мехоњанд ќудратро ба дасти духтаронашон супоранд. Дар масъалаи "пешвосозї" - њо дар Туркманистону Тољикистон њамоњангсозї ба ин тренд ё раванд - дарёфти замонат аз "њукумати љањонї" - ро метавон мушоњида кард. Тањаввулоти 10 соли ахир дар Ќирѓизистон, аз љумла чанд маротиба таѓйир ёфтани ќудрат, низ бидуни дахолати хориљї анљом нашудааст. Дар ин тањаввулот дасти Русия дида мешавад. Ин, ки Алмосбек Атамбоев гуфт, баъди анљоми муњлати президентиаш аз ќудрат канор хоњад рафт, низ "хати ќирмиз" - ест, ки аз љониби хољагонаш кашида шудааст. Дар мисоли Ќирѓизистон аз як сў ва Ќазоќистону Ўзбакистон аз сўи дигар метавон хулоса кард, ки њоло ќудратњо дар Осиёи Марказї пайи эљоди њукуматњои ба табъу худ мувофиќ њастанд. Боз њам њељ кас аз мардуми ин кишварњо, ки тибќи сарќонунњо, манбаъи асосии њокимият њастанд, суоле нахоњад кард. Њељ интихоботи демократие анљом нахоњад гирифт, зеро тамоми шароит ва зерсохтори ин гуна интихобот вуљуд надорад, балки батамом аз байн бурда шудааст.
"САГИ ПАВЛОВ"
ХУДО НАМЕХОЊАД...
Кор то љое расида, ки њатто мухолифини њукуматњо дар кишварњои исломиро низ хориљињо эљод кардаанду мекунанд. Аз Ихвон - ул - муслимин то Ал - ќоидаву Толибону ДОИШ ва Њаракати исломии Ўзбакистону Љамоаи Ансоруллоњ њељ яке созмони худљўш нест. Њамаро Ѓарб ташкил ва то ба имрўз мустаќим ё тариќи думравонаш - Арабистони Саудиву Покистон сармоягузорї мекунад. Њизби нањзати исломии Тољикистонро низ як танзими бархоста аз батни љомиа набуд, он гуна, ки рањбаронаш мекўшиданду мекўшанд нишон дињанд. Азбаски "мазза" - и танзимњои исломиро Ѓарбу думравонаш ва инчунин Эрон (дар мисоли Њизбуллоњу Њамос) чашидаанд, яъне барои пиёда ва њимоя кардани манофеъи худ истифода бурда, муваффаќ њам шудаанд, ЊНИТ - ро онњо, ба истилоњ, аз Худо мехостанд. Душмание њам, ки Ѓарб тањти шиори мубориза бо терроризм ба намоиш гузоштааст, шиор асту бас. Дар асл ин созмонњо манофеъи сармоягузорони худро пиёда мекунанд. Аз ин хотир, як мусулмон барои Ѓарб ва мусулмони дигар барои Русия мељангад. Онњо гулўи њамдигарро мањз барои он медаранд, ки хољагонашон хуш бошанд. Њељ як рўшанї дар охири ин наќби мусулмонкушї дида намешавад, зеро њељ як ќувваеро дар олами ислом наметавон дарёфт, ки мардумї бошад. Созмон аз мусулмонњост, лекин на фаќат барои мусулмонњо нест, балки зидди онњо аст. Моњиятан, Ан - Нусра ё ДОИШ аз њукуматњои Ироќу Сурия фарќ надоранд, зеро њељ якеро аксарияти мардум наофаридааст, ё љонибдорї намекунад. Чаро чунин аст? Ќудратњо барои он, ки кишварњоро ба нафъи худ идора карда тавонанд, њам њукумат ва њам мухолифинашро эљод намуда, бо њамин роњ њамаи онњоро идора мекунанд. Љанг ё муборизаи љонибњо танњо барои ќудрат аст, на њукумати ислом, ягон аќидаи дигар ё демократия. Аммо ин вазъ имкон медињад, ки кишварњо аслан ба худ наоянд ва њамин тавр хору залил ва гадо боќї монанд. Ќудратњо агар љомиањои исломиро бо падидањои вањшатноке, назири такфирињову салафињову тањририњо тарс медињанд ва мардумро мисли "саги Павлов" асбоби таљриба ё эксперимент кардаанд, аз ин шеваи њукуматдорї њатто дар кишварњои худ низ кор мегиранд. Дар њаводиси 11 сентябри Ню - Йорк, ё амалиёти террористии њафтањои ќабл дар Порис ва дањњо њодисаи дигар мардуми Амрикову Аврупо низ мисли "саги Павлов" асбоби эксперимент шуданд. Азбаски амрикоиву аврупоињо то љое аз ин наќшањо огоњанд муќовимат мекунанд, аммо дар олами ислом ин њамаро њатто "хости Худо" медонанд...
Њамин тавр, мебинем, ки путинњо, обамањо, инглису балову батарњо зарур донанд барои Исроили хурд на фаќат Фаластин, балки Ветному Мисру Лубнону Либи, Афѓонистону Сурияву Ироќ, њамон Саудиву Эрону Осиёи Марказиро њам ба сањнањои вањшат табдил медињанд. Ним аср он тараф истад, садсолањо ин кишварњоро оташ мезананду ноамн нигоњ медоранд. То имрўз бењисоб куштанд, оянда низ хоњанд кушт. Кўдак, зан, пиронсол, љавон, њар касеро хоњанд на фаќат бомборон мекунанд, балки бо дасти худи мусулмонњо сар мезананд. Ањмадшоњи Масъуд, Ёсир Арафот, ба њар ном лидерони њаќиќиеро, ки хоњанд месозанд, хоњанд мекушанд. Ба љои онњо хоњанд дањњо Башшори нањсу Карзайи масхараро ба сањна меоранд ва њамон тавр аз сањна меронанд. Хоњанд Сангтўдаро мегиранд, нахоњанд намегузоранд, ки Роѓунро созї. Ва ѓайраву њоказо. Воќеият нишон медињад, ки дину Ќуръони муштарак, як паёмбар ва як Каъба барои мусулмонон арзиш ё омили иттињод нест. Агар ин њама арзиш мебуд, миллионњои Амрикову тайёрањои рус онњоро шикаст дода наметавонист. Онњо шиаву суннї, арабу форс, Асаду Эрдуѓон, Љабњаи Нусраву ДОИШ ва дар њазору як ниќобу рангу намуди дигар намебуданд. Онњо лоаќал дар кишварњои худ худкома, фасодзада, нимфеодал намебуданд. Њадди аќал њукуматњо мардуму мардум њукуматњоро эњтиром мекарданд, њукумат барои халќ, на халќ барои њукумат намебуд. Лоаќал дар худи љомиањои мусалмонї иттињод мебуд... Њатто кишварњои форсзабон арзише барои иттињод надоранд. Фарњангу забон, таъриху адабиёти муштарак, як Рўдакиву як Фирдавсї њам арзиш буда наметавонад. Њар яке пушти манфиати худ аст. Њар яке аз дохил дањњо пора аст. Њар яке дар фикри будан ё набудани худ аст. Аммо ин њама хости Худо нест. Худованд намехоњад, ки мо мазлум бошему онњо золим. "Тоќати зулм худ зулм аст!" Худо бо он дањшате, ки дар Ироќу Сурия мегузарад, њазорњо мусулмоне, ки ватани худро тарк карда, азми њиљрат мекунад, хору зори мулки бегона мешавад, бењуда мефавтад, розї буда наметавонад. Худо нагуфтааст, ки хор бош ва хориро ќабул кун! Худованд мехоњад бандагонаш худро таѓйир дињанд. Аввал худро тарбия кунанд, баъд дигаронро. Сарбаланд бошанд, на дастнигар. Сабаби бадбахтињои олами ислом худи кишварњои исломї њастанд, ки то ба њол сарнавишти худро худ муайян намекунанд. Инро Иќбол 80 сол пеш гуфта буд. Вазъ њоло њам њамон аст... Далери ХАЙРУЛЛОЊ
3
Дар тарабхона љавонмарди хушлибосе рухсат пурсида, рўбарўям нишаст. Ў нафари хушгапе будааст. Ва аз ин сабаб, њангоми тановул аз ину он суњбат доштем. Шуъбаи кадом вазоратхонаеро сарварї мекардааст. Дар омади гап дилашро холї кард, ки нафрони аз ў дертар ба кор омада ва онњое, ки аз вай камтаљрибатар буданд, кайњо аз зинаи мансаб ё карйера боло рафтаанд, вале ўро њамоно чунин насиб набудааст. Сабаб пурсидам, посухам дод, ки худаш њам намедонад, ки чаро чунин шуда. Шояд пайроњаи мансабсозиро намедонад. Дар мизи дигар, ки ба мо наздик буд, ду нафари хушлибос менишастанд. Яке зоњиран мансабдори миёнапояро ёд меовард, зеро дигаре њангоми суњбат њамеша мекўшид бо табассум њарф занад. Њамнишасти ман њар замон ба љониби он марди ба курсинишин шабоњатдошта менигарист ва мунтазир буд, ки кай соњибчавкї ба тарафи мо як нигоње мепартояд, аммо чунин намешуд. Фурсате гузашту њамнишини ман, ки саросематар будааст, тановулро ба итмом расонида, рост шуд ва бо чарбгуфторї бо ман хайрухуш кард. Бори охирин ба соњибмансаби эњтимолї чашм дўхт. Гумон кардам, ин љавонмард њарфе дошт, то ба он нафар расонад, аммо њамоно он нафар ба тарафи мо сар натобид. Љавонмард аз љайб як садсомониро бароварда, то омадани пешхидмат мунтазир нашуда, дар даст пул ба љониби љойи хўрокпазї рафт ва дар назди дари он бо пешхидмат пулро доду боз чанд сухан њам гуфт. Пешхидмат бо маънои фањмидам сар љунбонид. Ва пас аз он ў зуд аз хўришхона дур шуд. Ман низ чанд даќиќа пас пешхидматро даъват кардам, то ки њисобї кунад. Ў ба љониби кўча бо даст ишора карда, хабарам дод, ки љавонмарди пањлуям нишаста барои ман пардохт карда рафтааст. Ин амали љавонмардона барои ман ѓайричашмдошт буд. Зеро шахсе, ки маро бори аввал дар умри худ медид, чї тавр барои ман пул медодааст? Ман дар њайрат задам ва гуфтам, он нафарро намешиносам ва хоњиш мекунам, аз пасаш давед ва ё фарёдаш занед ва пули барои ѓизои ман додаашро баргардонида дињад ва ман ин гуна њимматбаландиро намепазирам, зеро ман муњтољи он нестам ва аз љониби дигар боварам њам намеомад, ки каси бегона, ки дар умрам бори нахуст медидам, барои ман њотамї кунад. Пешхидмат сухани маро фањмида, ба кўча шитофт. Нињоят ў њаллосзанон наздам баргашт ва узр пурсида, бо табассум хабарам дод, ки он љавонмард барои раисаш пардохта будааст ва ба љониби њамон мансабдор ишора кард. Гуфтам, воќеан њам, мансаб ширин будааст ва барои њамин барои он ин ќадар сахт мечаспанд ва гумон мекунед, љоњталабон гўё мегўянд, сар раваду мансаб не...
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
ГУЗОРИШ Парфишонињои парчам рамзи пирўзї бувад, Ман ѓами дунё ба дунёхорњо бахшидаам, Нестам як лањза бе ёду ѓами ту, эй Ватан! Парфишонињои парчам рамзи пирўзї бувад, Њар куљо бодо парафшон парчами ту, эй Ватан! Зафари Сўфї
ПАРФИШОНИЊОИ ПАРЧАМ РАМЗИ ПИРЎЗЇ БУВАД... Гузориши тасвирї аз таљлили Рўзи Парчами Миллї дар Тољикистон
ИЌТИСОД
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
Мегуфтанд, ки пул ќудрати бузург дорад. Аммо имрўз ман ба хулоса омадам, ки њамеша ин тавр набудааст. Агар шумо пул дошта бошед, аз касе хоњиш кунед, шуморо ба маконе мерасонад, то ки аз пушти шумо пул кор кунад.
Стив Љобс: "САРВАТЕ, КИ ЉАМЪ
КАРДАМ, БО ХУД НАМЕБАРАМ" Ин њуруфи охирини Стив Љобс, ки рўи бистари марг бо њасрат гуфта буд. Дар бораи маъруфияти ин мард ќариб ки њама медонад ва њољат ба такрор нест. Марг ба љисму руњи ў њамон ваќт чанг зад, ки њанўз пири фартут набуд, балки њамон рўзњо пайроњаи умрашро андак аз нима зиёдтар тай карда буд. Метавон гуфт, Стив Љобс марде буд, ки як давр ё замонро дигар кард. Мову шумо аз ў сипосгузорем, ки бо телефони айфонаш садњо мушкилињои моро осон намуд. Махсусан, љавонњо аз Стив барои Apple-аш миннатдоранд, имрўз метавонанд тавассути "Саби газида" - и Стив Љобс бо якдигар муошират мекунанд, якдигарро мебинанд ва боз дањњо амалиётро тавассути ин телефон ба анљом мерасонанд. Насли калонсолтар аз ў бо некї ёд мекунанд, ки њарчанд миллионњо доллар дошту аз сарватмандон буд, хоксорона мезист.
«
Њамаамон бори аввал шоњиди тарзи нави муаррифии моли нави "Айфон" аз љониби Стив будем. Рўи сањна дар бар либоси оддї; љинспўш омад ва бо фурўтании хеш њамаро муассир намуд. Њарчанд имрўз Стив байни мардум нест, њазорон њазор њамоно ўро мепарастанд. Ў њатто пеш аз марг њам дар ѓами њазрати инсон буд, ки гоње аз сарвату љой маѓруру дастнорас мегардад. Аз ў дида њайратовар миллиарддор набуд, зеро барои насупоридани имтињон Стивро аз коллељ хориљ карду буданд, вале ў њамон амали роњбарони коллељро барояш бењтарин туњфаи таќдир медонист. Соњиби миллиардњо буд, лекин зиндагии хокорона ба сар дошт. Бубинед ва ба ин суханњои Стив таваљљуњ кунед ва фурў биравед: "Дар ќабристон аз њама одами сарватмандарин будан ин ањмаќист. Лекин рўи кат пеш аз хобидан аз худ бипурс, ки кадом амали
Њарисї ба дорої ва пойга аз паси њарчи зиёдтар љамъ оардани пул инсонро ба як бозича табдил медодааст. Бо ман айнан чунин шуд. Пулу моле, ки ман дар умри худ ѓун кардам, наметавонам бо худ бубарам. Шояд хотирањо бо ман бимонанд... Хотирањои баста ба муњаббати соф... Ин муњаббат будааст, ки инсон њазорњо милро барои он тай мекунад.
МУБОРИЗА Эњтимол аст, ки Бонки миллии Тољикистон барои пас кардани фишори асъори хориљї ба пули миллї-сомонї фурўши сабикањои тиллоиро ба роњ монад. Дар Бонки миллии Тољикистон дар тасдиќи ин хабар ба TojNews гуфтанд, ки чунин пешнињод ба рањбарияти Бонк шуда буд. Њоло масъалаи дар маѓозањо ба фурўш гузоштани сабиќањои тиллої (золотые слитки) дар баррасї ќарор дорад, дар бораи роњандозї кардани он њоло чизе гуфтан барваќт аст, мегўянд дар Бонки миллї. Як масъули Бонки миллї мегўяд, ки "то њол мушаххас нашудааст, ки сабикањои тиллої чигуна ва бо кадом ќиммат ба фурўш бароварда мешаванд. Баъди мушаххас шудани њамаи пањлўњои масъала дар ин бора шарњи муфассал хоњем дод". Эњтимол сабикањои тиллої дар маѓозањои махсусшуда
«
хубу зебо имрўз ту ба иљро расонидї. Ана, ин муњим аст барои инсон". Чанде пеш дар интернет суњбате пайдо шуд. Онро ба Стив Љобс нисбат медињанд, ки пеш аз марг гуфта будааст. Биёед, бењтараш суњбати вопасини ин марди бузургро бо њам бинем ва ба њарфњояш гўш андозем. Бовар дорем, њар яки хонанда аз он барои худ як мушт њарфи зарурї мегирад. Ин њарфњоро на њар дањо ва на њар бузургмард гуфта метавонад. Суханњои гоње олуда бо фољиаи Стив њамон њикмати Искандари Маќдуниро ёд меорад, ки њасрат карда буд: "Њангоми маро ба тобут хобонидан дастонамро берун кунед, то мардум бубинанд, ки њарчанд Искандар ними љањонро гирифт, бо дастони холї меравад..." "Ман ба ќулла расидам. Ќуллаи комёбї дар олами бозаргониву пул. Дар назари дигарон зиндагии ман намунаи ибрат аст ва нишонаи комёбист. Аммо ба ѓайр аз кор ман дар умр рўзи хуш кам дидам, чунки дар нињояти кор бойигарї ин њамчун як далели зиндагист, ки ба он одат кардаам. Њоло дар кати маризї хобида, ба умри гузаштаам менигарам, сањифањои онро гўё аз нав мехонам.
5
«
Акнун дарк мекунам, ки њама он эътирофу сарват, ки бо онњо ман менозидам, дар назди Аљал, ки пањлуям мегардад, њељанд, тамоман моњияти худро гум кардаанд. Дар торикї ба рушании сабз, ки аз дастгоњи њаёттаъминкунанда мерезад, менигарам, садои якмароми механикии онро мешунам, ман гўё, нафаскашии Худоро эњсос мекунам, ки он хеле наздик аст. Ман, ки дар умр бойигарии зиёд љамъ овардаам, акнун маљбур њастам, дар бораи дигар чиз фикр кунам. Он чизњое, ки ба дорої дахл надоранд... Намедонам, он чї андеша аст. Солњои бачагиам... ё дар бораи њунару фарњанг ва ё орзуњоям... Њарисї ба дорої ва пойга аз паси њарчи зиёдтар љамъ оардани пул инсонро ба як бозича табдил медодааст. Бо ман айнан чунин шуд. Пулу моле, ки ман дар умри худ ѓун кардам, наметавонам бо худ бубарам. Шояд хотирањо бо ман бимонанд... Хотирањои баста ба муњаббати соф... Ин муњаббат будааст, ки инсон њазорњо милро барои он тай мекунад. Мегуфтанд, ки пул ќудрати бузург дорад. Аммо имрўз ман ба хулоса омадам, ки њамеша ин тавр набудааст. Агар шумо пул дошта бошед, аз касе хоњиш кунед, шуморо ба маконе мерасонад, то ки аз пушти шумо пул кор кунад. Вале њеч кас бемории шуморо пул дињед њам, наметавонад бигирад ва аз шумо дур кунад. Он моддиётро, ки моро ињота кардаанд, метавонем гум кунем ва метавонем, боз онро ёбем. Лекин чизе њаст, ки онро бозем, дигар пайдо карда наметавонем. Ин њаёт аст. Бойигари шумо ин муњаббат ба оила, мањбубатон, дўстонатон... Бинобарин худро эњтиёт кунед. Дар ѓами дигарон низ бошед". Тањияи Сафои СИДДИЌ
СТИВ ЉОБС 24 феврали 1955 дар шањри СанФрансискои иёлати Калифорнияи ИМА таваллуд шудааст. Охири солњои њафтодум бо дўсташ Стив Возняк аввалин компутерро барои истифодаи шахсї сохтанд. Ў соњиби ширкати бузургтарини амрикої Apple буд. Ўро "шоњи раќам" низ номида буданд. Аммо муборизаи Стив бар зидди бемории саратон, ки њашт сол азобаш дода, бо шикаст анљомид ва дар синни 56 - солагї аз дунё даргузашт.
РОЊИ ДИГАРИ МУЌОВИМАТ БО ДОЛЛАР БМТ сабикањои тиллої ба фурўш мебарорад ба фурўш гузошта шавад. Таљрибаи мазкур дар љањон маъмул буда, агар дар Тољикистон низ роњандозї шавад, нахустин таљрибаи фурўши сабиќањои тиллої дар иќтисоди кишвар хоњад буд. То њол дар системаи бонкдории Тољикистон таљрибаи фурўши сабикањои тиллої вуљуд надорад. Дар њоли роњандозии ин система Сокинон имкон пайдо хоњанд кард, ки ба љои асъори дохиливу хориљї тилло захира кунанд. Дар оянда амалї кардани чунин системаро бархе иќтисоддонњо хуш истиќбол мекунанд. Аз љумла иќтисодшинос Собир Вази-
ров, номзади илмњои иќтисод мегўяд, ки "ба фурўш баровардани сабикањои тиллої воситаи хеле хуби паст намудани фишори асъори хориљї, бахусус дар баробари доллари ИМА мебошад". Ба тањлили ин коршинос, "ба ин восита бонкњо аз фурўши сабикањо соњиби асъор мегарданд ва метавонанд онро дар мубодила истифода намоянд ва фишори асъори хориљиро кам намуда, ќурби асъори миллиро мўътадил нигоњ бидоранд". Пас аз ин имкон фароњам мешавад, ки сокинон дороии худро бо тилло, њамчун моли
асосии иќтисодї захира намуда, њамчунин аз афзоиши нархи тилло соњиби даромади бештар гарданд. Сабикаи тилло ё нуќра ин шакли стандартии масса ва сифат аст. Сабика ин ба он маъност, ки метали ќимматбањо дорои иёри баланд аст. Дар айни замон дар бисёр њолатњо сабикањо иёри 0,995 ва ё 0,9995 ва баландтар аз онанд. Сабикањои тилло ба ду навъ бо таваљљуњ ба равиши тавлид таќсим мешавнад: фишурда ва ќилибкардашуда.Сабикањои фишурда тиллои гудохта дар шакли омода мебошад, ки бо гузашти ваќт сахт мешавад. Бо кумаки пресс ба ѓулаи тилло сика мезананд.
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
ДИКТАТОР
Навиштан дар бораи диктатори Компучи Пол Пот чандон душвор њам нест, чун моро аз замони салтанаташ њудудан 4 дањсола људо мекунад. Зарфи 3 солу 8 моњу 20 рўз "кхамерњои сурх" (номи ѓайрирасмии љараёни коммунистие, ки равиши кишоварзиро рушди љомеа медонист) тањти роњбарии ў як кишвари ободро ба партгоњи асримиёнагї табдил доданд. Ва мудњиштар аз њама кушторњои гўшношунид: бино ба Протоколи Комиссияи тафтиши љиноёти низоми Пол Пот, аз соли 1975 то 1978 дар ин кишвар 2 миллиону 746 њазору 105 нафар кушта шуданд, ки аз онњо 1 миллиону 927 њазору 61 дењќон, 305 њазору 417 коргар, хизматчиён ва намояндагони дигар касбу кор буданд. Ин тўда муљиби њалокати бештар аз 25 њазор роњиб, наздик ба 10 нависандаву журналист ва шањрвандони хориљї шудаанд. Аз сарнавишти 568 њазору 663 нафар хабаре нест. Дар маљмуъ теъдоди умумии ѓайбзадагону њалокшудагонро ин комиссиюн 3 374 768 нафар эълон кардааст.
ТАМЪИ ЌУДРАТ Салот Сар, ки бо номи Пол Пот машњур аст, аз љумла муаммобарангезтарин роњбарони олам мањсуб меёбад, ки зиндагиномаи худро њамеша пинњон доштааст ва имрўз њам мунаќќидонаш наметавонанд ба таври рушан тарљумаи њоли ўро биёваранд. Соли 1925 дар рустои Прексбаув дар хонаводаи дењќони кхамерї ба дунё омадааст. Падарашро Пек Салот ва модарашро Сок Нем меномиданд. Онњо нуњ бародару хоњар буданд, ки Салот Сар њаштумин фарзанди хонадон мањсуб мешуд. Дар нуњсолагї бо ташвиќи волидон оини буддої ва забони кхамерї омўхтааст. Соли 1937 бошад вориди мактаби ибтидоии масењии ?cole Miche шудааст. Соли 1942, баъди хатми мактаби ибтидоии масењї дар коллељ тањсил кардааст. Аммо соли 1948, талошаш барои дохил шудан ба литсеи Сисоват бенатиља анљом ёфтааст, чун натавонист имтињоноти вурудиро биспорад. Аммо соли 1949 бо пуштибонии молиявии њукумати ваќт вай ба Фаронса барои тањсил фиристода шуд. Аввалин омўзишњои марксистии ў њам мањз дар Фаронса зери таъсири Кенг Ваннсак оѓоз шуд ва дар хонаи Ваннсак вай "Капитал"-и Марксро омўхт. Аз соли 1952 бо тахаллуси Кхмер Даом аввалин таблиѓоти марксистии худро оѓоз мекунад ва нахустин маќолаи ў бо номи "Шоњигарї ё демократия" дар маљаллаи донишгоњии "Khmer Nisut" чоп мешавад. Мегўянд, шояд њамон сол вай ба узвияти њизби коммунисти Фаронса дохил шуд. Руљуъ ба сиёсат ба тањсили ў халал расонд, ўро аз донишгоњ хориљ карданд. Ноилољ охири соли 1952 ба ватанаш баргашт. Дар Компучи бо намояндаи њизби коммунисти Њиндухитой Фам Ван Ба шинос шуд ва аз ў хост бар пояи узвияташ ба њизби коммунисти Фаронса ба аъзогї ќабул кунад. Моњи августи соли 1953 ба сафи њизби халќї - инќилобии Компучи дохил шуд. Фан Ван Ба дертар дар хотироташ навиштааст, ки Салот Сар "як љавоне буд бархўрдор аз тавоноињои мутавассит, аммо љоњталаб ва ташнаи њокимият". Соли 1963 Салот Сар Котиби генералии Њизби коммунисти Компучи интихоб шуд. Соли 1973 Амрико ба њукумати Лон Нол кўмаки низомї кард ва кхамерњо њизби њокими Компучи шуданд. Дар ин миён њизби коммунист аз сањнаи сиёсї дур карда шуд. Аммо кишвар аз љониби "Ангка лоэу" - "Созмони олї" идора карда мешуд, ки сарварии онро асосан ќавму ќабилаи Пол Пот, Иенг Сари, Кхиеу Самфан ва Сон Сен ва њамсарони онњо ба зимма доштанд. Аввали соли 1975 неруњои Артиши озодихоњи Чин ба муќобили ќуввањои њукуматии Компучи даст ба њамлаи густарда заданд, ки дар он њудудан 70 њазор нафар ширкат карданд. Пол Пот баъдан навишта буд: "Мо ба ин шўриш љасорат кардем, чун њам вазъи душман ва њам худро хеле хуб зери назорат доштем". Шањри Неаклуонг дар 50 километраи Пномпен аввали апрел суќут кард ва худи њамон рўз Лон Нол бо бештар аз 30 соњибмансаб ва генерали артиш аз мамлакат фирор кард. Рўзњои 11-12 апрел Амрико бо 36 чархболи низомї 82 шањрванди худро аз Компучи берун овард. То охири моњи апрел неруњои тањти фармондењии Пол Пот кишварро зери тасарруф гирифтанд.
ПОЛ ПОТ МУЊОЉИРАТИ ИЉБОРЇ Ѓолибон аз љониби сокинони пойтахт гарм истиќбол шуданд, вале бехабар аз он ки њукумати нав шањрро аз онњо холї мекунад. Баъди ишѓоли пойтахт, зарфи 72 соати оянда 2,5 миллион сокинони бумї аз шањр ихрољ карда шуданд. Њизби коммунист сари ин иќдом аз тобистони соли 1971 меандешид, вале он замон аъзои бюро аз пешнињод љонибдорї накарда буданд. Аммо моњи феврали соли 1975 дар љаласаи пўшидаи конгресси халќ ѓояи берун рондани мардум аз пойтахт мавриди ќабул ќарор гирифт. Ваќте масъала муњокима мешуд, Салот Сар шарњ дод: "Тахлияи шањрњо омилњои асосии њифзи пирўзии мост... Зарур аст шањрро аз мухолифони сиёсї ва низомии мављуда безарар гардонем. Агар мо одаонро дар шањр нигоњ дорем, душманон ба зудї сар мебардоранд ва зидди мо бармехезанд. Дар њоле агар онњоро ба дењот љой дињем, пас онњо бидуни шак зери назорати мо хоњанд буд ва ташаббусро мо њамеша дар даст хоњем дошт". Вай мегуфт "њамаи сокинони Компучи бояд кишоварз бошанд. Шањрњо бошгоњи нуќсу иллатњоянд, метавон одамонро дар шањрњо дигар кард, на ки шањрњоро. Бо рехтани араќи љабин дар кори сањрову љангал ва парвариши биринљ, инсон ба маънои аслии њаёт сарфањм меравад". Иддае аз муаррихон бар ин назаранд, ки кхамерњо аз замони мављудияти худ чор маротиба пойтахти давлати хешро дигар кардаанд ва Пол Пот њам њамин анъанаи торихиро пайравї кард. Аммо иддае аз муаррихон, ба мисли Љ. Гилденбранд ва Г. Портер бар ин назаранд, ки иќдоми Пол Пот бидуни хунрезиву таъќиб сурат гирифт ва дар њаќиќат бисёрињоро аз марг ва гуруснагии эњтимолї наљот дод. Муњољирати мардум аз шањрњо ба рустоњо дар шароити тоќатфарсои гармї сурат гирифт ва аз нарасидани васоити техникї садњо њазор пирону занон ва тифлонро маљбур мекарданд, ки масофаи тўлониро пойи пиёда тай кунанд. Ва дар ин роњ одамон аз гуруснагї, ташнагї, гармои тоќатгудозу сўзиши офтоб њалок шуданд. Иддае дигар баъди расидан ба макони нав тадриљан мурданд, чун таѓйири иќлим ва гармои шадид бисёрињоро аз пой афтонда буд. Гузашта аз ин, дар љараёни њаракат аъзоёни хонаводањо њамдигарро гум карданд. Мусибат барои мардуми Кампучи умумї буд, њатто пайвандони худи Пол Пот низ ќатори њамин мардум аз шањр ба русто кўчонида шуданд. Бародари бузурги ў Салот Чхай чун бисёре аз бадарѓашудагон дар роњ фавтид, барода-
ри дигари ў Лат Суонг бо њамсараш Чеа Сами ба зодгоњашон саломат расиданд ва ба кишоварзї машѓул шуданд. Аммо писари ягонаи онњо, яъне љияни Пол Пот аз гуруснагї ва тањќиру тамасхур вафот кард. Бино ба оморњои расмї, аз 3 миллион сокини шањри Пномпен танњо 20 њазор, ки аксарашон сарбозу афсар ва ходими давлативу кормандони вазоратхонањо буданд, боќї монданд. Сиёсати муњољирати умумї бо ин хатм нашуд. Шимолињоро ба ѓарб ва ѓарбиёнро ба шарќ интиќол доданд, то миёни мардум бегонагї њукмрон шавад, имкони ба њам омадани мардум камтар гардад.
ЊОЛИ БАДИ АЌАЛИЯТЊО Замоне, ки Пол Пот сари ќудрат омад, дар Компучи бештар аз 20 гуруњи ќавмї њаёт ба сар мебурд, ки калонтарини ин ќавмњо кхамерњо буданд. Ва дар замони њукмронии худ дар ин кишвар кхамерњо њамаи дигар аќалиятњои миллиро зери фишору тазъиќ ќарор доданд. Дар аввалин директиваи худ пайравони Пол Пот навиштанд: "Инќилоби Компучи инќилоби мутлаќ аст ва мардуми Компучи низ воњиданд. Аз ин ба баъд дар ин кишвар њеч миллати дигар вуљуд нахоњад дошт. Сокинон бояд номњои худро ба номњои ирќи кхамерњо иваз кунанд. Забони ягона забони кхамерист. Забонњо, махсусиятњои ќавмї, сару либос, урфу одат ва дини миллатњои собиќ бояд бо ќатъият решакан карда шаванд. Њар касе ба ин фармон итоат намекунад, масъулияташ ба гарданаш хоњад буд". Соли 1976 конститутсияи нави Компучи ќабул шуд, ки дар он гуфта мешуд: "Халќњои Љумњурии демократии Компучи 99 дарсад аз кхамерњост ва боќї як дарсади дигар дар ин як оилаи бузург канори њам мезиянд ва дар кори бунёди давлат сањм мегиранд". Дар он солњо халќиятњои лао, кула, бирманњо, тайвонињо зери табъиду фишор монданд. Чунончї, агар аввали соли 1975 оморњо аз мављудияти наздик ба 20 њазор тайвонї ривоят мекарданд, 7 январи соли 1979 танњо аз 8 њазори онњо омор пешнињод шуд. Њазорњо ветномињо кушта ва ё аз кишвар берун ронда шуданд. Дар замони Пол Пот мусалмонон (чамњо ва малайњо), ки бо њукумати Лон Нол њамкорї доштанд, зери фишори шадид ќарор дода шуданд. Аз моњи октябри соли 1975 њамаи чамњо аз зодбумашон ронда шуданд, номи рустоњои онњо бо забони кхамерњо номгузорї шуданд. Гузашта аз ин, чамњоро манъ карданд, ки бо якдигар мулоќот кунанд, духтарону писарона-
шон бо њам издивољ намоянд ва тифлони онњоро ба тарбияи оилањои кхамерњо медоданд. Муаррихи он замон Б. Киернан навишта буд, ки ниме аз чамњо ба њамин тартиб кушта шуданд. Конститутсияи нав Компучиро кишвари бедин эълон кард. Будпарастон, мусалмонон, масењиён ва пайравони динњои дигар зери фишори сахт ќарор гирифтанд. Ѓайр аз ин пешвоёни ин адён ё кушта шуданд ва ё аз кишвар берун рафтанд. Иддио карданд, ки чун Буддо дар Компучи таваллуд нашудааст, набояд кхамерњо аз дине пайравї кунанд, ки ватанаш Њинд аст. "Инќилоби мо дини буддоиро рад мекунад",- мегуфт Пол Пот. Имом Њарї Рослос - пешвои мусалмонон ва ёваронаш њољї Сулаймон ва њољї Мат Сулаймон вањшиёна кушта шуданд. 114 масљидро валангор карданд, ќисме аз онњоро ба хукхона табдил доданд ва чамњоро хукбонї фармуданд ва њар касе сар мепечид ба љазо гирифтор мешуд. Китобњои Ќуръонро ба оташ кашиданд, пайравони оини Муњаммадиро таъќиб мекарданд.
ПОЁНИ САЛТАНАТ Аммо њокимияти Пол Пот дурудароз идома надошт. Ин сарвари ташнаи хун як љанги берањмона ва хунинро бо Ветнам ба роњ андохт, компучињоро ба он даъват мекард, ки Ветнам ин хоки аљдодии Компучист ва бояд он баргардонида шавад. Агар дар бораи дањшатњои ин љанг ва талафоти љонї сухан ронда шавад, бояд дањњо сањифа бояд сиёњ шавад. Вале бо вуљуди он ки Чин пуштибони аслии Пол Пот буд, Ветнам дар ин љанг пирўз шуд. Пол Пот бо љумла њамгинонаш аз кишвар фирор кард. Хенг Самрином ба љойи ў нишаст ва 11 январ аз таъсиси Љумњурии халќии Компучи хабар дод. 19 августи соли 1979 трибунали њарбии Пномпен Пол Пот ва Иенг Сариро ба генотсид муттањам кард ва ѓоибона њукми эъдоми онњоро бо мусодираи њама молу мулкашон эълон намуд. Додгоњ то охир натавонист асноди хаттии даст доштани Пол Пот дар ќатли сартосарии сокинони ин кишварро пайдо кунад ва худи ў низ ба њамин исрор мекард, яъне, вай њеч фармонеро барои ќатли касе имзо накардааст. Соли 1995 як корманди њарбии замони Пол Пот дар суњбат бо журналист Дэвид Эшли гуфтааст: "Боре дар як дарси њафтаина дар Таиланд ман аз солњои 1975-1978 суол кардам, чун аз ман мепурсиданд, ки чаро вай одамони зиёдеро ќатл кард. Вай посух дод, ки вазъ њамин гуна сардаргумкунанда буд, мо њоло ќонунњои худро надоштем, мо мисли тифлаконе будем, ки нав роњ рафтанро меомўхтем. Ман ба њамаи ин љавобгар будам, гуноњ ба гардани ман аст. Вале, рафиќ, ту аќалан як њуљљатеро ба ман нишон дењ, ки ман шахсан масъули ин марг шудаам". Пол Пот 15 апрели соли 1998 аз бемории ќалб даргузашт. Аммо ташхиси баъдии тиббї нишон додааст, ки ў бар асари зањролуд шудан тарки олам кардааст. Њатто овозањое низ њастанд, ки ў даст ба худкушї задааст.
Бобољони ШАФЕЪ
УЗРНОМА Муњтарам Абдумаљид Салимович! Мусаллам аст, ки ѓайр аз Худо дигар махлуќе беайб нест. Чї монад ба мане, ки ним асри умрро пур аз айбу гунањ паси сар кардаам. Агарчї, дар аксар њолатњо мардонавор љурми дигаронро бар дўши худ тањмил мекардам, то зараре ба ину оне нарасад. Ва аммо, ё амри таќдир будааст ё фитнаи шайтон ва ё ношукрие аз худам гузашта, кї заррае аз ин "худфидої"-њо ва ё хидмате ба касоне, ки аз эшон некї дида будам, нарасидааст. Бахусус, дар ин 23 соли ахир, ки бо тањдид аз автомати "Калашников"-и тољиккуш, тарки Ватан кардам ва дигар фурсате нашуд то ба падару модарам фарзандиву ба фарзандонам падарї кунам. Фурсате даст надод, ки ба додару хоњар бародарї ва ба дўстонам дўстї, ба устодонам шогирдї ва ба шогирдоне устодї, бо хешу таборам пайвандї ва дар ватанам хурсандї кунам. Дуруст гуфт њамон хонуми њамсабаќам, ки рўзи Иди Ќурбон ба хонаи волидайнам рафтаву ањволи камбаѓалонаи онњоро дида, занг задаву истинтоќам кард: "Мур ту, Абдулло! На ба худат боигарї љамъ кардї ва на хизмате ба наздиконат намудї! Ватану миллат гуфта пир шудї ... Дар ѓарибї мурда меравиву зиндагиро надидї!". Наранљидам! Чаро ки фаќат дўст бепарда мегўяд ва ў њам сухани њаќро бепарда гуфт. Воќеан, аз гуфтањову амалњои ман фаќат бегонагон манфиат бардоштаанд, на худиву хайрхоњонам. Яке аз њамонњое, ки дар пањлуяш бояд мебудам ин Шумо њастед, муњтарам Абдулмаљид Салимович! "Чаро?"яшро худатон медонеду ману Худо. Дигар, ки фурсат сипарї шудааст, њамин мемонад, ки пайваста аз Парвардигори љаббору саттор пўзиши айбу гуноњонро талаб кунам. Ва аммо, ба хотири он, ки Худованд узрамро пазирад, сараввал аз Шумо пузиш мехоњам. Вагарна то бандааш набахшад, Худо намебахшад. Чаро чунон карда будам, на чунин? Нуќси таљрибаи сиёсї надоштанам буд ё хислати хубро аз бад фарќ накарданам ва ё ба доми дев дарафтоданам? Намедонам... Аммо даќиќ аст, ки банда олоте дар дасти онњое будам, ки ба хотири аз президент дур кардани Шумо бо њилагарї љиноят мекарданду мекунанд. Зеро аз Шумо метарсидаанд. Њатто имрўз, ки дар нафаќа њастед, метарсанд. Аљиб, ки њамонњое, ки бо иѓвоангезї байни Шумову Президент рахна андохта, имрўз дар курсињои вазириву вакиливу раиси њизбиву мушовириву ѓайра нишастаанд, бо ин њама маснаднишиниву дороияшон аз Шумо метарсанд. То имрўз метарсанд! Метарсанд, ки ба фарќ аз онњо, Шумо њуббулватан њастеду њуввияти тољикї доред. Шумо хуб медонед, ки тарси ба љон љойшуда на танњо ќобили ќатли мардиву љасорату имони инфиродиро дорад, балки миллаткушу ватанкуш низ њаст. Яке аз сабабњои рўз то рўз печидатар шудани вазъи кунунии Тољикистон низ , зиёд шудани шумораи њамин тарсуёни шайтонсифат аст, ки атрофи президент печидаву тољикситезї мекунанд. Метарсанд, ки агар тољикони донишманду кордонро бо тўњмату зулму зиндону ќатл аз доираи њукумату сиёсату расонањову тиљорат берун напартоянд, он фарзонањои миллат монеъи манкурт кардани тољикон мешаванд ва дар фарљом ширинии айши он иблиссиратони одамсурат талх мешавад. Њодисањои ахир далели ин њарфњо њастанд. Нафарони аз вазъи воќеї огоњ инро медонанд. Њамчунин, медонанд, ки мутањаррики шикаст дар шикасти тољикони Русия низ њамонњо њас-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
7
БУБАХШЕД МАРО, ДОСТИЕВ! Мактуби бози Абдулло Давлатов, собиќ раиси Иттифоќи тољикистониёни Русия ба Абдумаљид Достиев, собиќ сафири Тољикистон дар Русия танд. Дар њамдастї бо раисони баъзе љамъиятњову соњибкорони тољиктабори русиягии ѓофил... Ва акнун, дар Русия фољиае шуд, ки берун аз чорчўбаи њамагуна ќонунњои давлативу байналмилалї, ахлоќиву имонї, инсониву башарї аст. Кушта шудани Умаралии 5 - моњаро дар Санкт-Петербург дар назар дорам. Ва дар њамин шабу рўзе, ки тољиконро дарду алам буѓї кардаву тоќатфарсояшон кардааст ва миллатњову ќавмиятњои мухталиф гирдиањамоиву флешмобу пикетњо ташкил мекунанд , то њукуматдорони Русия тањќиќи ин фољиаро аз рўи адлу инсофу ќавоини ин кишвар анљом дињанд, сафорати Тољикистон шаби раќсу суруд ташкил мекунаду аз пулиси Русия таќозо дорад то нагузорад мардум назди бинои сафорат гул биёранду њамдардї баён кунанд. Ба хотири он, ки гуё "шарики стротежияшон" меранљида бошад. Аниќ медонам, ки агар Шумо мебудед, њадди аќќал шаби раќсу сурудро ба таъхир мегузоштеду ба "шарикони стротежї" мегуфтед: - Дуруст аст, ки мо ба мардуми Русия эњтиром ќоилем ва бо давлати Русия шарики стротегї њастем. Аммо аз шумо, дўстонї стротегї, талаб мекунем, ки ба ин фољиа бањои ќонунї ва ахлоќї дода шавад ва гунањкорон љазої сазовор бигиранд! Боварї дорам, ки чунин мекардед, чаро ки шоњиди чанд суњбататон бо масъулони Русия будам. Ва аммо, имрўз "мурдаро монда тутхўрї" мекунанд. Ин њамаро дида, нафари аз муносибатњои мо огоњ ба банда гуфт: - Доктор! Агар байни туву Достиев иѓво намеангехтанд, њоло вазъи тољикони Русия ба кулли дигар шуда буд ва имрўз саркардардањои он пулисњои ќотили тифли панљмоња љуръати ба волидайнаш тўњмат задан намекарданд. Он нафар медонад, ки агар љашнњову маъракањои илмиву фарњангиро, ба монанди љашни Рўдакиву шаби эљодии Гулрухсор Сафиву шаби "Шашмаќом"-у амсоли инњоро истисно кунем, дар таърихи тољикони бурунмарзї ду маротиба мизи мудаввар гузаронида будем, ки мушкилоти муњољирон ва вазъи њуќуќии тољикони
Русия баррасї шуда буданд. Як љаласањои пучу бефоида набуданд. Дар онњо рањбари ќабулгоњи В. В. Путин, намондагони Думаи давлатї, Шўрои Федератсия, Дастгоњи президент ва Шўрои љамъиятии назди президенти Русия, рањбарияти ХМР ва њукумати Маскаву намояндагињои ташкилотњои байналхалќии кор ва муњољират ширкат варзида буданд. Раисони љамъиятњои минтаќавиро даъват карда будему бо директори ХМР мулоќоти алоњида баргузор шуда буд. Њамаи ин корњо бетаъсир намонда буданд. Ва агар аз соли 2008 муносибати пулис ва кормандони хадамоти муњољирати Русия нисбати тољикон то љое мусбат шуда буд, натиљаи њамон фаъолона кор карданамон буд. Аммо, чун тарсиданду рахна миёни мо ворид карданд, вазъ дубора ба самти манфї сарозер шуд. Дуруст аст, ки замони сафирии Шумо низ муњољирони корї мушкилоти зиёд доштанд. Аммо масъулони самти муњољират дигарон буданд: намояндагии ВКД-и ЉТ дар ФР, консулгарињо дар Маскаву Екатеринбург ва ѓайра. Лекин чун рањбарони он намояндагињо чаласаводи "таѓадор"-и ноўњдабаро буданду "хапи зери таппак" мегаштанд, онњоро касе намешинохт ва мардум аз Достиев домангир мешуд. Бар замми ин, рањбарияти консулгарињои ваќт дар Маскав ва Екатеринбург нисбати тасмимњову фаъолияти сафорат харобкорї (саботаж) мекарданд. Ногуфта намонад, ки дохили сафорат низ атрофи Шумо нафари харобкоре тор метанид, ки њоло ба пои сафири нав печидаасту метарсам ин њам пешпо мехўрад. Нафарони мутањњарики он харобкорон ва сабабњои њаромкорињояшонро Шумо медонистеду њоло ман њам медонам. Аммо, акнун ёддоштњоямро хондаву тањлил кардаву мебинам, ки он ќадар монеъагузорињое, ки афроде аз бархе сохторњои расмии Тољикистон дар рањи фаъолияти Шумо мегузоштанд, агар љои Шумо каси дигар мебуд, њам сари худро мешикасту њам фољиае ба сар меовард. Аммо Шумо њамаро бо сабру тањаммул паси сар кардед. Сохторњои тољикистонї як сў. Фикр мекунаму суханњои Шумо ба хотирам меоянду худ ба худ мегўям: "Офарин ба Достиев, ки тоќаташ тоќ нашуда буд!
Бо он чалсаводони чоплусе, ки худро раиси љамъият мехонданду сари њамватанон зулм мекарданду мекунанд ва шабу рўз пушти дари Достиев саф мекашиданд . Њ а м а т а л о ш њ о я ш о н ќонеъ кардани нафси худхоњияшон буду бас. Суњбат кардан бо онон осон набуд, чї монад ба њамкорї?! Достиев-ку њамаи онњоро хуб шинохта буд ва тоќат мекарду њамкорї мекард". Дар хотирам њаст, ки нафари аз минтаќаи дурдасте омада ба Шумо гуфта буд: "Абдумаљид Салимович! Шумо чунон бузургед, ки ман тайёрам пойафзоли Шуморо лесам". Шумо дар ѓазаб шуда будед. Маро аз рафтораш ѓаш омада буду аз дафтари кориятон берун рафтам. Аксари раисони љамъиятњо чунин буданд. Њамонњо ин шабу рўз туфлии сафири навро "мелесанд". Бо онњо мушкил буд. Агар аз руи Оинномаву ќонун дархосте мекардам, ба Шумо занг мезаданду менолиданд. Дар ёдатон њаст, боре раиси љамъияти Челябинск чунин кард? Ба ў дубора занг задаму гуфтам: "Ту кўдаку Достиев очаат нест, ки субњи барваќт зангаш заниву шикоят кунї! Њисоботи ту ба ману ба Достиев лозим нест, талаби вазорати адлия аст". Баъди ин боз ба Шумо занг задаву гиря карда буд, ки "Давлатов маро њаќорат кард". Бо чунинњо кор кардан осон набуд. Шумо кор мекардед... Ва аммо новобаста аз њамаи ин душворињову кашмакашињо бо бархе аз раисони љамъиятњо, боварї дорам, ки Шумо воќеан мехостед љамъияти тољиконро муттањид намоеду як созмони воњиди бузурги тољикистониёро дар Русия поягузорї кунед, то тавонем аз арзишњои милливу ватании худ пуштибонї кунем. Аммо душманонатон аз тарс, ман аз бетаљрибагиву нобоварї, аксари раисакони љамъиятњои тољиктабор аз љањл, боиси шикасти наќшањои хайрхоњонаи Шумо шудем. Ва аммо ... Дигар бо "афсўс"-у, "кошкї"-ву "агар"-њо ин дањшатњои рўзафзунро мебинаму... гиребон мегирам, ба дањшат меафтам! Бубахшед маро, Достиев! Бо арзи сипосу эњтиром, Абдулло ДАВЛАТОВ
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
(Аввалаш дар шумораи гузашта) Ќисмати бисту якум ( 23.1.2015) Соатњои нуњуними субњ дар заданд. Боз бачањое буданд, барои такноне ё ѓизо омада буданд. Нон доштам ва чанд то шакалот ва каме ѓизо барояшон додам. Аз ин ки рўзгорашон ин аст, андуњ ва ѓам њама хонаро гирифт. Барои њамин чанд рўз аст њар ваќте нон мегирам ё ѓизо дуруст мекунам, бештар дуруст мекунам ва нони изофї мегирам, то субњ, ки омаданд, чизе дошта бошам барояшон бидињам. Явош - явош ба омаданашон одат карда будам. На танњо аз омаданашон нороњат намешудам, балки дилтангашон њам мешудам. Имрўз њаво офтобист ва бењтарин ваќт барои рафтан ба шањри Њисор аст. Занге задам ба дўстам. Ў њам гуфт њозир аст биравем Њисор. Соати 10-и субњ рафтем истгоње, ки мошинњо мусофир ба шањри Њисор мебурданд. Наздики њамон минтаќаи Зарафшон буд. Чанд даќиќае тўл накашид то ба он љо расидем. Нархи онњо бо мошинњои хати шахсї барои њар нафар 5 сомонї буд. Чун мусофири дигаре ѓайр аз мо ду нафар надошт, ќабул кардем кирои се нафар бидињем ва њаракат кунад. Мошини хубе буд. Чархе дар хиёбон зад ва дарвозаи Њисор гузаштем ва ба самти шањри Њисор њаракат кардем. Љодае тубонї (шоњроњ) буд ва масири роњате барои сайру сафар буд. Ронанда мегуфт то ин љо 20 километр аст ва љодааш њам хуб буд ва дашт монанде њаракат кардем. Ронанда худаш аз ањолии шањри Њисор буд ва моро ба маркази шањри Њисор бурд. Ваќте ба дуроњае, ки мерафт ба шањри Њисор, расидем, љода дигар кайфияти ќаблиро надошт ва шањри Њисор низ чандон тару тамиз ба назар намерасид. Хеле дарњам ва барњам буд. Љое, ки моро пиёда кард, мардуми зиёде дар рафтуомад буданд. Маѓозањо њељ љое ин соати субњ барќ надоштанд. Чанд даќиќае он љо нигоњ кардем, чун ќасд доштем, ки биравем ќалъаи таърихии шањри Њисор бубинем. Барои њамин мошини дигар савор шудем, ки моро ба он љо мебурд. Кирои он нафаре се сомонї буд. Аз масире рафтем, ки дарахтони тут ду тарафи љодаро гирифта буданд. Албатта, дар ин фасли сард на барге дошту на туте. Њудуди дањ даќиќае бештар то ќалъаи Њисор роњ набуд то расидем ба теппаи сабзе, ки ронанда мегуфт ќалъаи Њисор пушти он теппа аст. Ќалъаи Њисор бо ќадимати беш аз 3000 сол дар 7 килуметри шањри Њисор ва 30 килуметри ѓарби шањри Душанбе пойтахти Тољикистон воќеъ шудаст. Ба унвони яке аз ќадимтарин биноњои таърихии Осиёи марказї ва кишвари Тољикистон мањсуб мешавад ва то солњои 1921-и мелодї Њисор маркази Бухорои шарќї будааст. Њисор яке аз аморати Бухоро буда, ки њам ба лињози њунарї ва тољирї маъруфият доштааст. Аммо минтаќаи Њисор, ки муњимтарин осори асари таърихии он ќалъаи Њисор мебошад, мутааллиќ ба ќари 17-и мелодї аст. Њамасола таваљљўњи иддаи зиёде аз боздидкунандагон ва љањонгардонро ба худ љалб мекунад. Аммо касе, ки ин љо бошад ва маълумоте рољеъ ба он дошта бошад, даруни ќалъа набуд. Љуз љавоне, ки номаш Достон буд ва он љо кор мекарду фаќат забони тољикї балад буд. Он чи аз ќалъа ба љо монда буд, ѓайр аз сардари бузурги ќалъа, девори баланду чанд бахши дохилї, ки дарњояш баста буд, чизи дигаре дар он ќалъа набуд. Ќалъаро маълум буд дар чанд давра бозсозї кардаанд. Аз завои мухталифи ќалъа чанд акс гирифтем. Ин ќалъа ба
«
НИГОЊИ ХОРИЉЇ
Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур эњтимоли зиёд њифозе барои шањр буда ё љое, ки њакимон ё ашхоси мењине дар он зиндагї мекарданд. Баъд аз дидани ин ќалъа рафтем суроѓи мадраса ё мактабхонае, ки поинтар аз он љо буд ва фарде, ки он љо буд, онро ба соли 1700 мелодї медонист. Чандин утоќ дар гирдогирди биное буд, ки роњњое ба боло дошт. Баъзе аз маконњои болої ба шакли њифозњои низомии давронњои ќаблї мемонист. Албатта, иитилооти ман дар заминаи осори бостонї кам аст ва наметавонам дар бораи бино ва маконњои он назари хосе бидињам. Чанд даќиќае он љо будем. Чанд акс ва филм гирифтам ва баъд аз он рафтам дар макони дигарї, ки мегуфтанд он љо музей аст. Ин шањр дар 40 километри шањри Њисор ва дар шаст километри шањри Душанбе аст. Турсунзода яке аз шоирони халќї ва миллии Тољикистон аст, ки биноњо ва муљассамањои зиёде ба номи ўст ва худи ў низ моли њамон шањр буда ва акнун номи шањр ба номи ў буд. Тасмими рафтан ба он љо љиддї буд. Аз чанд нафар макони мошинњои мусофирбарї ба шањри Турсунзода пурсидем, ки онњо моро рањнамої карданд. Хиёбонњои шањр баъд аз борон гилолуд, асфалтњои ба њам рехта ва дарбу доѓуне, ки туи кўчањо дошт, намои зебое ба одам мунтаќал намекард ва њисси хубе надоштем. Мардуми Њисор бештар аз тариќи кишоварзї имрори маош мекарданд. Аммо дар ин фасл кори онњо хобида буд ва дастафурўшї ва корњои љонибї мекарданд. Ва ё ба Душанбе рафта он љо кор мекарданд. Албатта, дар Тољикистон хелењо барои кор ба Русия мераванд. Чун њам тољикњо ва русњо забони њамдигарро мефањманд ва бо фарњанги якдигар ошно њастанд ва нерўи кори арзоне барои русњо мањсуб мешаванд ва аз тарафе даромади афроде, ки ба Русия мераванд барои тољикњо њудуди як баробар ва то ду баробар даромадашон дар Тољикистон аст. Фасли сармо иддае ба Русия мераванд. Њарчанд дар Русия низ њаво гарм нест. Соат 12-и зуњр буд. Дар яке аз кўчањои шањри Њисор нонвое дошт нони гарм мепухт ва канори нонвой зане кабоби кўбида рўи оташ бод мезад. Сихе як сомонї. Ман як сих бардоштам ва гузоштам лои нисфи нон. Бад набуд, аммо хеле пурчарб ва пурпиёз буд. Дањонам дар ин њавои сард бўи яхзадаи чарби кабоб медод, бо пиёз монда медод. Маълум буд то тавониста буд чарбї ќатии кабоб карда буд. Албатта, андозааш андозаи ангушту вусъати даст буд. Ин
Он пушт музеи шањр ва рў ба рўи он порки Турсунзода аст. Аз ў ташаккур кардем ва пиёда шудем ва ба самти музей њаракат кардем. Музей дар ќисмати поёни сохтмоне ќарор дошт ва болои он китобхона буд. Вориди музей шудем. Нафаре як ё ду сомонї барои боздид аз мо гирифтанд. Бо вуљуде, ки муњити бисёр бузурге надошт, аммо чизњои хубе аз фарњанг ва зиндагии гузаштагон ба тамошо гузошта буданд.
«
њама барои худаш таљрибае буд. Соати 12-и зуњр ба самти шањри Турсунзода њаракат кардем. Ќаблан пурсида будем, ки нафаре чанд то он љо мебаранд. Чун масофат зиёд буд, ду нафарї 10 сомонї аз њар нафар гирифтанд. Масир низ монанди ќаблї буд. Албатта, каме сардтар ба назар мерасид. Чун канорњои љода бештар аз минтаќаи Њисор барфї буд ва ду тарафи љода пур аз дарахтњои ангур ва гелос ва себ буд. Аммо дар фасли зимистон љуз шохањои онњо чизе дида намешуд. Доштанд ором-ором худашонро барои бањор ва тобистон омода мекарданд. Ба худам мегуфтам, воќеан дар фасли бањор ва тобистон ин минтаќа чї ќадар зебо хоњад шуд. То шањри Турсунзода ним соат роњ буд. Ибтидои шањр корхонаи бузурги алюминисозии шањри Турсунзода ќарор дошт ва аз корхонаи муњими шањрњои Тољикистон мањсуб мешуд. Вуруди шањр бар хилофи Њисор нишон аз шањри бамаротиб мураттабтар ва тамизтар медод. Аз ронанда хостем моро дар маркази шањр ва љойњои диданї пиёда кунад. Ва ў низ дар аввалин чароѓи ќирмиз истод ва гуфт: Он пушт музеи шањр ва рў ба рўи он порки Турсунзода аст. Аз ў ташаккур кардем ва пиёда шудем ва ба самти музей њаракат кардем. Музей дар ќисмати поёни сохтмоне ќарор дошт ва болои он китобхона буд. Вориди музей шудем. Нафаре як ё ду сомонї барои боздид аз мо гирифтанд. Бо вуљуде, ки муњити бисёр бузурге надошт, аммо чизњои хубе аз фарњанг ва зиндагии гузаштагон ба тамошо гузошта буданд. Аз ин љо чанд акс гирифтем ва бо афроде, ки он љо буданд, суњбат кардем ва рафтем табаќаи боло, ки китобхона буд. Ин љо чандин китоб ба забони форсї буд, ки умдатан сафорати љумњурии исломї ба онњо дода буданд ва хеле кам буд. Масъулини он љо интизорї доштанд, ки китобњои бештаре ба забони форсї дошта бошанд, ки умедворем сафорат ба онњо бидињад. Дар кулл бист китобе ба хати форсї набуд ва дар байни ин китобњо тоза чанд китоби донишомўзон буд. Нагуфта нагзорам, ки се љилд китоби хубу нафис аз девони Њофизу Саъдї ва Хайём буд, ки бисёр зебо ва бо хати хуби форсї навишта шуда буд. Бо онњо ва кормандони он љо акс гирифтем ва бо онњо худоњофизї кардем. Дар кул тољикњо аз ошної ва иртибот бо эронињо хушашон меояд ва истиќболи афроди музей аз мо ва роњнамоињояшон инро ба хубї нишон медод. Баъд аз дидани музей ба самти порки Турсунзода њаракат кардем. Порке шабењи порки Наврўз увзи маъмулии бисёре аз шањрњои кўчаки Эрон, аммо каме бузуртар буд. Порке буд, ки дастфурўшињо дар он аљноси худро мефурўхтанд ва њайкали Турсунзода дар вуъсати он худнамої мекард. Дами дари хурљи порк кулли дастфурўшї буд, ки занон ва мардон машѓули фуруши пўшок ва киф ва... буданд ва куллї пиё-
да рўи он љоро ишѓол карда буданд. Ман ва дўстам гурусна шуда будем ва љое бояд ѓизо мехўрдем. Аз чанд нафар одреси рестуроне пурсидем то расидем ба интињои хиёбоне, ки мисли майдон мемонист ва њайкал ё њамон муљассамаи Турсунзода дар он ќарор дошт. Он канорњо рестуроне буд айни рестуронњое, ки автобусњои эронї дар љодањои байни Шероз ва Тењрон меистоданд. Дар кул ѓизои зиёде надошт. Мо се сихкабоб ва як шўрбо, ки чизе мисли обгўшт аст, бо дуто нон хўрдем. Як ќурї њам чой хўрдем ва роњ уфтодем. Дохили рестурон, мутаассифона, туолет ва дастшўе надошт, гуфтанд он пушт њаст. Рафтем он пушт, дидем чизе нест. Аз чанд нафар пурсидем боз њам гуфтанд он пушт. То билохира дидем манзурашон канори рейли ќатор аст. Рафтем он љо дидем пушти як сохтмони плостикии обиранг, ки дар ва пайкараш пайдост. Онљо ду бача машѓули паёб кардан буданд. Гуфтанд, њаминљост. Эњтимолан яке аз он дарњои басташуда туолет буд ва яке љое, ки эњтимолан дастшўй буда, баста буд. Аз бўи бад ва обе, ки роњ уфтода буд маълум шуд туолет пур шуда ва зада берун. Аз рафтан ба туолет сарфи назар кардем. Дидем он љо дар майдон ду автобус шик истода. Дўстам мегуфт инњо мераванд Душанбе. Мехоњї бо автобус биравем? Гуфтам, чаро ки на. Хеле њам хуб аст. Билфосила савор шудем ва чанд даќиќае баъд автобус њаракат кард. Мегуфтанд, аз ин автобусњо замоне, ки оќои Бобаки Зинљонї ин љо буда, дувисто аз инњо ба давлати ин љо дода. Дуруст ва ѓалаташро намедонам, аммо автобусњои бисёр хубе буд ва хеле роњат моро ба шањри Душанбе расонд. Соатњои панљуними буд, ки баргаштем Зарафшон, хонаи дўстам. Як соате он љо будем ва баъд омадам минтаќаи Воданасос, ки маркази бозори Варзоб ва наздики хонаи мост. Дар ин минтаќа, ки истгоњи мошинњои хаттї ва мусофирбарї низ њаст, дастфурўшњо низ бисот пањн мекунанд. Доштам аз дастфурўшњои он љо гулобї ва норангї мехаридам, ки яке аз тољикњо аз ман пурсид ба нок чї мегўед? Гуфтам, гулобї. Гуфт пас шумо эронї њастед? Гуфтам, бале. Эшон худашро муаррифї кард. Оќои Масъуд Воњидї устоди забон ва адабиёти форсї буданд. Чанд даќиќае он љо бо њам суњбат кардем. Мегуфт алъон дарс намедињад. Эрон ва шањрњои Эронро мешинохт. Ба далели мавќеияти зиндагї ва корї шуѓлашро рањо карда буд ва муддате буд, ки аз Дубай мошинњои дасти дуввум мехарид ва ба Тољикистон барои фурўш меовард. Маро ба хонаашон даъват кард, ки ман ба далели хастагї напазируфтам ва аз муњаббату илтифоташон ташаккур кардам. Оќои Воњидї шумораи тамос дод ва гуфт, ки њар ваќте ваќт кардї, хушњол мешавам дубора шуморо бубинам. Аз ў ташаккур ва худоњофизї кардам ва омадам манзил. Либосњоямро даровардам ва рўи тахт
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
МУСОЊИБА
9
расидам манзил, билфосила катри барќиро задам ба барќ ва чой дуруст кардам. Њаваси тухми мурѓи нимрў карда будам. Љоятон холї. Шоми мухтасар ва муфиде буд, ки дар он њавои барфї чашидед.
дароз кашидам, соатњои 8 аз хоб бедор шудам. Ќисмати бисту дуввум ( 24.1.2015) Соатњои 12-и шаб буд, ки дар ин њавои барфї барќ рафт. Њама љо торик шуда буд. Дидам берун њам касе барќ надорад. Шамъ доштам. Ду-сето шамъро якљо рўшан кардам. Гуфтам бихобам то утоќ сард нашуда. Аммо на хобам меомад ва на барќ меомад. Явош-явош утоќ сарддтар мешуд. Дидам хабаре аз барќ нест. Омадам ба ошпазхона сигор кашидам. Њар чи бештар мекашидам, утоќ сардтар мешуд. Дубора рафтам туи пату, шояд хобам бибарад. Аммо нашуд, ки нашуд. То соатњо 5-и субњ бедор будам. Мисли ин ки соатњои 6 барќ омада буд ва ман мутаваљљењ нашуда будам. Субњ соати 10 аз хоб бедор шудам, дидам барфи зиёде омада. Панљарањоро боз кардам. Барои паррандањо ѓизо гузоштам пушти панљара ва љое тоза кардам ва бисоти субњона чидам рўи миз. Субњона, ки хўрдам, либосњои гарми худро пўшидам ва рафтам дар њавои барфї атрофи хона ќадам задам. Барф љилвањои бикру тозае ба ин кўча-паскўчањо ва дарахтон дода буд. Кори хосе надоштам. Ба назарам ваќте одам худаш лаззат мебарад, фикр мекунад њама чиз хуб ва њама чиз рў ба рў аст. Ва ман чунин њисси хубе доштам, кўча-паскўчањоро яке яке он тарафи манзил гаштам ва баргаштам ба суприи мањаллї. Каме аљнос харид кардам ва омадам хона. Соатњои дуним буд. Доштам нањор дуруст мекардам, дидам яке дар мезанад. Маъмури идории об буд. Мегуфт бадењи об доред ва марбут ба чанд моњ аст ва бояд њар чи зудтар пардохт кунед. Гуфтам ба ман рабте надорад ва бояд аз соњибхона бигиред. Гуфт ман баргиаш менависам ва медињам ба шумо. То душанбе агар пардохт нашавад оби хонаи шумо ќатъ мешавад. Њамон мавќеъ ба соњибхона занг задам ва мубойлаш баста буд. Баргаро аз маъмури об гирифтам, гуфтам ба соњибхона медињам то пардохт кунад. Мисли ин ки соњибхонаи мо зиёд ба ин масоил таваљљўњ надорад, чун ќаблан барќ њам њамин тавр шуда буд. Соати чоруним дубора ба соњибхона занг задам, ки ин дафъа гўшї бардошт ва масъала барош тавзењ додам. Гуфт, меоям. Ќабзро мегирам ва пардохт мекунам. То охири шаб њар чи мунтазир шудам наёмад. Имрўз субњ то шаб барф омад. То 9и шаб њамааш хона будам ва барф њамчунон меборид ва барои ин ки аз касалии хонанишинї дар бим ки як пакет сигор бигирам, як километр то Воданасос пиёда рафтам ва баргаштам. Фаќат ма-
«
Ман саъй кардам сатњи таваќќуотам аз кишвар ва мардуми Тољикистон таввќќуъе маъќул ва маъмул бошад. Чаро ки намешавад њар кишвареро бо кишвари дигар сад дар садї муќоиса кард, балки бояд шароити иќлимї, љуѓрофї ва сунану фарњанги он мардумро санљид ва ба шинохти онњо ба доварї пардохт.
ѓозаи араќфурўшии канори рестурани "Дидор" боз буд. 2-сомонї сигор гаронтар медод. Чанд то љавон истода буданд ва коняк мехўрданд. Мехостанд дар ин њаво каме гарм бишаванд. Яке аз онњо чанд то шеъри Хайём баром хонд ва њамин шеърхонии ў боис шуд каме бо њам њарф бизанем. Дар он њаво то расидан ба хона ду нах сигор пушти сарњо дуд кардам ва ба ин фикр мекардам, ки њамзабонї њам хеле љойњо њамдилї меорад, агар забонаш озордињанда набошад. 25.1.2015 Имрўз як моњ аст, ки омадам Тољикистон. Аз ин ки барои мусофират Тољикистонро интихоб карда будам, хушњол њастам. Чун ба лињози фарњангу забонї муштарак њастем ва таи муддате, ки ин як моњ ин љо будам, эњсоси ѓарибї намекардам. Ба лињози амниятї низ то кунун хуб будааст ва аз назари њазина барои ман, ки як моњ мондаам, зиёд набудааст. Ман таи ин муддат саъй кардам мисли бисёре аз мардуми Тољикистон зиндагї кунам. На вулхарљї кардам ва на ба худам бад гузарондам. Аз сабурї ва ќаноати ин мардум хушам омада ва дар маљмўъ бароям ин сафари то ин љо омада хуб будааст. Ман саъй кардам сатњи таваќќуотам аз кишвар ва мардуми Тољикистон таввќќуъе маъќул ва маъмул бошад. Чаро ки намешавад њар кишвареро бо кишвари дигар сад дар садї муќоиса кард, балки бояд шароити иќлимї, љуѓрофї ва сунану фарњанги он мардумро санљид ва ба шинохти онњо ба доварї пардохт. Имрўз то зуњр манзил будам ва баъд аз зуњр соатњои 5 рафтам пеши оќои Моњсифат дар рестурони "Љомї", љое, ки дўстам оќои Токї ќарор буд дар бораи вазъияту кораш бо оќои Моњсифат сўњбат кунанд. Он шаб то соатњои 10 он љо будем. Шаб дўстам омад манзили ман, аммо субњ рафт манзили худашон. 26.1.2015 Имрўз рафтем пеши рестурони "Љомї", ќарор соати 12 буд. То ман расидам соат 1 буд. Оќои Токї аз он тараф омад. То ѓуруб он љо будем ва сўњбат кардем. Шаб њангоми рафтанам манзили оќои Токї аз 6-и шаб то субњ барќ набуд. Воќеан шаби сарде буд. Аз шиддати сармо чорае надоштем љуз ин ки бо чандто
«
шамъ худамонро гарм кардем. Њатто натавонистем ѓизо ё чой дуруст кунем. 27.1.2015 Ба хотири сармои зиёди дишаб ва набудани барќ хуб нахобида будам. Ба назарам соатњои 10 буд, ки аз хоб бедор шудам. Бо њам субњона хўрдем, њаво офтобї буд, аммо чун хуб нахобида будем, каме касал будем. Соатњои 11 њаракат кардем. Зуњр рестурони "Љомї" будем. Дўстам ва соњиби ресурон рољеъ ба кор бо њамдигар сўњбат карданд. То онњо ќарор ва мадорашон бигзоранд, то соати 2 ин љо мондем. Баъд аз онњо худоњофизї кардем. Рафтем "Садбарг" нањор хўрдем ва аз он љо сўи таксї шудем ва рафтем хона ба хотири бадхобї фавран хобидам ва соатњои 6 аз хоб бедор шудам. Аз он мавќеъ то дерваќт машѓули баррасии шеърњо ва навиштањоям шудам. 28.1.2015 Имрўз субњ њаво комилан абрї буд. То соати 12 хона будам. Баъд аз зуњр аз хона то Воданасос пиёда рафтам. Аз он љо бо таксї рафтам чойхонаи "Роњат". Аз он љо рафтам маѓозањои бадлиљот, ки бештари аљноси он чинї буд ва ќимматњо аз Дубай низ гаронтар буд. Моли худашон њам гарон буд. Аз ин љо ќадамзанон то майдони Сомонї рафтам пеши оќои Токї дар рестурони "Љомї". Нањор хўриши сабзї буд. То 4-и баъд аз зуњр он љо будам. Баъд рафтам китобњое, ки ќаблан харида будам, аз маѓозадор гирифтам ва омадам хона. Њаво комилан абрї буд. Сўзи сармо камтар шуда буд то ин ки шаб аз соатњои њафтуним шурўъ ба бориши барф карда буд. Њарчанд њавои берун торик буд, аммо барфе, ки бар кўчаву хиёбон менишаст, аз пушти панљара дида мешуд. Барои ин ки шоњиди бориши барф аз туи манзил бошам, пардаро канор задам. Аммо дидам, ќонеъ намешавам. Барои њамин дубора либосњоямро пўшидам ва кулоњам гузоштам сарам ва то Воданасос дар барф пиёда рафтам. Ваќте ки барф меояд, сардии он камтар аст. Аммо дараљаи њаво имрўз ду дараља зери сифр буд ва сармо ором-ором сардии худашро бар љонам тањмил мекард. Барои њамин ба шиддати роњ рафтанам афзудам ва масири рафтаро баргаштам хона. Сари роњ аз супри нони тоза гирифтам. Њамин ки
29.1. 2015. Субњ соати 8 аз хоб бедор шудам. Хеле барф омада буд. Ба назарам бист сантиметр барф омада буд. Аз њар дафъаи дигар бештар омада буд. Либосњоямро пўшидам ва то њаволии Воданасос рафтам ва баргаштам. Њар дафъае, ки дар ин њавои барфї меоям, берун љилваи дигаре дорад. Барои њамин дўст доштам аз ин фазоњо акси бештаре бигирам. Њама љо сафедпўш шуда буд. Манзараи бисёр зебо ва ќашанге буд. Сари роњ рафтам каме нон ва як бутри шир аз супри мањаллї гирифтам ва омадам хона. То соати 12 хона будам ва љолиб буд дар роњ, ки бармегаштам дидам дорад њаво офтобї мешавад. Дар шањри Душанбеи Тољикистон яке аз љойњои диданї порки навсози "Пойтахт" аст, ки дар доманаи мунтањї ба кўње ва канори рўдхонаи бузурги шањр ќарор дорад, ки шањрро аз вусъат нисф мекунад. Тасмим доштам, ки имрўз, ки њаво њам хеле хуб аст, саре ба ин порк бизанам. Аз манзил дар боѓи Айнї то Воданасос пиёда рафтам. Аз он љо савори мошинњои хате, ки барои Зарафшон мераванд, савор шудам. Байни роњ пиёда шудам. Порки бисёр бузурге буд, аммо њамин тавр, ки гуфтам, нисбатан навсоз ба назар меомад ва порки бозї њам буд. Бар сари дари он навишта шуда буд: БОЃИ ПОЙТАХТ. Боѓи пойтахт боѓи зебое буд, ки анвои асбоби бозињои бачањо ва низ барои бузургсолон дошт. Чархофалаки он аз хеле љойњо дида мешуд ва њаммонанди бисёре аз поркњои имрўзї аз имконоти нисбатан хубе барои бозии бача бархурдор буд. Маркази он бо сакуи њавої, ки дар назар гирифта буданд, барои айёми љашн ва шодињо буд ва маљмуаи обї дошт, ки дар ин фасли сол ба далели сармо ва яхбандї кор намекард. Дар ин фасли сол теъдоди афроде, ки ба Боѓи пойтахт омада буданд, зиёд набуд, аммо масъул мегуфт, дар айёми таътил ва низ фасли бањору тобистон афроди зиёде ба порк меоянд. Албатта, маблаѓи андаке бобати вуруд ба порк дарёфт мекунанд ва барои баъзе аз бозињои хоси дохили порк низ бояд маблаѓе пардохт кунї, монанди бисёре аз кишварњои дигар. Дар маљмуъ порки хуб ва мутаносиб ба ѓунљоиши болої буд. Метавонад пазири бисёре аз бачањо ва хонаводањо дар айёми таътил ва авќоти фароѓат бошад. Њудуди як соат ва ниме њама љои Боѓи пойтахтро гаштам ва пиёда ба самти поин њаракат кардам, то расидам ба рўдхонаи бузурги шањр, ки хелењо дар Тољикистон ба он мегўянд дарё ва обе, ки аз кўњњои шимолї меояд, ба самти поини шањр мебарад. Дар ќисмате аз рўдхона мошинњое моса љамъ мекарданд. Аз ин љо рад шудам то дари интињої сарозер ба майдоне расидам, ки майдони товус аст. Тарње дар вусъати майдон бо парњои кушодаи товус дар он майдон худнамої мекард. Самти рости он хиёбони Њофизи Шерозист ва дар самти чапи он масирест, ки ба самти Варзоб ва шањри Хуљанд меравад. Аз майдон ва масир чандто акс гирифтам ва омадам ќисмате, ки идомаи он хиёбон мерафт ба самти боѓи ботаникї ва хиёбони Рўдакї. Дидам сарболои тунде дорад ва масир њам кўтоњ нест. Савори мошинњои хаттї шудам ва назди хиёбони Рўдакї пиёда шудам. Аз ин љо саллона- саллона то майдони Сомонї пиёда тай кардам ва рафтем пеши дўстам дар рестурони "Љомї". То шаб он љо мондам ва аз ин љо савори таксї шудам, омадам манзил, ки наздикии боѓи Айнї аст. (Идома дорад)
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
Владимир Путин, президенти Русия дар дуввумин сафараш ба Тењрон бо ду роњбари сатњи олии Эрон - Оятуллоњ Сайид Алии Хоманаї ва Њасани Руњонї дидор кард. Путин аз ибтидо мегуфт, ки сафараш ба Тењрон дар њамкорињои ду кишвар сањфањои тоза боз хоњад кард. Ва як масъалаи муњим дар ин дидорњо тањкими равобити иќтисодї буд. Тибќи иттилои хабаргузорињои русї, гардиши мол миёни Русия ва Эрон дар соли 2014 1,68 миллиард долларро ташкил медод ва њиссаи Эрон дар тиљорати хориљї бо Русия аз 0,21 дарсад боло набуд. Русия дар Эрон ба маблаѓи 12 миллион доллар ва Эрон дар Русия 5,5 миллион доллар сармоягузорї кардааст. Ин буд, ки шарикони Путин дар ин сафар аз љумлаи сарварони вазоратхонањои гуногун бо њамтоёни эронии худ чандин санаде имзо карданд, ки дар сурати амалї шудан метавонад таконе дар робитањои иќтисодиву тиљоратї миёни ду кишвар бошад. Владимир Путин хеле хушбин буд ва мегуфт, ки "мо тасмим гирифтем ба њамкорињои фимобайн тањким бахшем, ќасд дорем мубодиларо бо асъори миллии худ бо назардошти њисобњои дуљониба ба роњ монем". Вай њамчунин гуфт, ки аз ин ба баъд талош хоњем кард њамкорињои саноатиро њам рушд дињем: "Русия омода аст барои ин њадафњо ќарзи содиротии давлатї ба миќдори 5 миллиард доллар људо кунад. Ва барои њамкорињои дуљониба дар айни замон 35 тарњи муњим дар самти энержї, сохтмон, терминалњои бањрї ва роњњои оњан дар назар гирифта шудаанд". Аввали соли равон сафири Эрон дар Маскав Мањдии Саної гуфта буд, ки Маскав ва Тењрон тасмим гирифтаанд бонки умумї ва ё суратњисоби умумї барои њисобу китоби харољот бо асъори миллии ду кишвар ташкил кунанд. Ва њамон замон буд, ки Бонки марказии Эрон хабар дод, ки ин кишвар аз ин ба баъд аз муомилот бо доллари ИМА даст мекашад. Тавре интизор мерафт, масъалаи барномањои њастаии Эрон низ дар мењвари
ЉАЊОН босубот ва баргузории гуфтушунидњои созанда миёни гуруњњои ба њам зид сухан ронд ва гуфт: "Ягон роњи дигар ва имкони дигари њалли буњрони Сурия вуљуд надорад ва роњи ягона њалли сиёсї аст". Барои Эрон амният дар Сурия хеле муњим аст, чун Сурияи хориљ аз назорат Тењронро аз обњои бањри Миёназамин људо мекунад. Ин аст, ки Тењрон аз суботи Димишќ љонибдорї мекунад. Њамчунин њузури њар неруи дигари хориљї зидди манфиатњои Эрон дар минтаќа аст. Масалан, њузури амрикоињо мављудияти ояндаи "Њизбуллоњ"-и Лубнон зери хатар мегузорад. Барои Русия бошад Сурия ањамияти стратегї дорад. Тавре Леонид Кашин, як коршиноси амниятии рус менависад, "Кремл дар Сурия љангро на барои њифзи институтњои давлатї оѓоз кард, балки барои баланд бардоштани маќоми байнал-
БАЙЪАТИ ЭРОНИВУ РУСЇ
Путин ва Руњонї то куљо дар њамкорињо муваффаќ хоњанд буд? гуфтугўњо ќарор гирифт. Русия ягона шарики стратегии Эрон дар татбиќи барномањои атомии ин кишвар аст. Аввалин неругоњи атомии Эрон дар Бушањр бо мадади Русия бунёд шуд, њарчанд монеъагузорињои зиёди байналмилалї борњо тарњи њамкорињоро барњам зада буданд, вале њоло ин неругоњ вориди амал аст. Дар дидораш бо Њасани Руњонї ва Алии Хоманаї Путин гуфт, ки кишвараш дар ѓанисозии уран ба Эрон кўмак хоњад кард. Дар остонаи сафараш ба Тењрон Путин манъи ирсоли таљњизот барои воридоти урани ѓанишуда аз Эронро лаѓв кард. Тибќи муоњадаи Ѓарб бо Эрон, њама роњњои бунёди силоњи атомї барои Эрон баста шуд ва ин кишвар дигар њаќе надо-
рад муддати 15 соли оянда урани болотар аз 3,67 дарсадаро ѓанї созад. Як масъалаи дигар ва хеле муњими мулоќоти Путин бо сарони Эрон мубориза бо ДОИШ дар Сурия буд. Ду кишвар дар шеваи мубориза бо терроризм дар Сурия назари воњид доранд. Путин ба хабарнигорон гуфт, ки ду кишвар њамоњангињои лозимро дар мавриди амалкард дар Сурия минбаъд низ анљом хоњанд дод. Маскав ва Тењрон дар мавриди ояндаи Башор Асад низ назари мувофиќ доранд. Тењрон аз оѓоз њузури Асадро дар давлати ояндаи Сурия пуштибонї мекунад ва зидди њузури неруњои аврупої дар ин кишвар аст. Владимир Путин дар мулоќоташ бо журналистон аз эљоди фазои осоиштаи
милалии худ даст ба ин кор зад. Буњрони Украина ва зери фишорњои шадиди Аврупову Амрико ќарор гирифтани Маскав ба он маъно буд, ки Русия дар инњисор ќарор дорад. Вале њамла ба Сурия нишон дод, ки Кремл њамоно њарфи гуфтанї дар масоили муњими байналмилалї дорад ва тањримњо чандон таъсире ба низом надоштаанд". Аммо аз сўйи дигар Маскав њар ваќт хоњад аз Сурия хориљ мешавад ва Путин њам дар Тењрон гуфт: "Амалиёти Русия то анљоми амалиётњои њамлакунандаи артиши Сурия идома хоњад кард". Яъне, ба ин зудї њам баромаданї нест.
њавоии худ ташдид бахшид ва бори аввал зарфи ин ду соли охир тайёрањо аз њавопаймобари ягонаи ин кишвар, киштии "Шарл-де Гол" ба парвоз омаданд. Барак Обама аз њама муттањидонаш хост дар мубориза бо ДОИШ дар Сурия љиддї бошанд. Шўрои амнияти СММ рўзи љумъа бо тасвиби ќатъномае ба иттифоќи оро аз њама кишварњо дархост кард ба љанг бар зидди ДОИШ дар Сурия ва Ироќ бупайванданд. СММ дар ќатънома ДОИШ - ро як тањдиди љањонї ва бесобиќа алайњи сулњ ва амнияти байналмилалї номидааст. Тањлилгари шинохтаи афѓон Раззоќи Моъун менависад, ки "ин ќатънома бакоргирии тамоми абзорњо барои мубориза бо ДОИШ-ро медињад ва аз кишварњои узви СММ, ки тавоної доранд, мехоњад њама иќдомоти лозимро алайњи ДОИШ дар Сурия ва Ироќ анљом дињанд. Њамзамон аз кишварњо дархост мекунад, то талоши худро барои муќобила бо љараёни вуруди хориљињое, ки ба дунболи љангидан дар канори ДОИШ дар Ироќ ва Сурия њастанд, ташдид кунанд ва аз таъмини молии терроризм љилавгирї ба амал оранд. Намояндаи Амрико хостори ќатъи њама гуна кўмакњои моливу таслињотии ДОИШ шуд".
ДОИШ бо вуљуди он ки аз њар љониб мавриди њамлањои њавої ќарор гирифтааст, вале њамоно манотиќи зиёдеро дар ду кишвари минтаќа - Ироќ ва Сурия зери назорат дорад. То њол аз коњиши нуфузаш иттилоъе нарасидааст ва њарчанд давлатњои ѓарбї мегўянд, њоло талош хоњанд кард ин гуруњи ситезаљўро аз њама ќаламраваш мањрум кунанд, вале дида мешавад, ки бозињои пасипардагї њамоно монеъи ин тасмимњоянд. Русия бештар талош дорад мухолифони Асадро саркўб кунад ва тадриљан заминањоро барои як гуфтушунид сари ояндаи ин кишвар муњайё созад. Амрико ва муттањидонаш ба забон мегўянд ДОИШ-ро бояд аз миён бубаранд, вале яке аз иттифоќчиёни онњо ошкор "Давлати исломї"-ро як воќеъият меномад. Яъне, пайдост, ки њарфи Туркия як њарфи худи он нест, балки ин иттињод њам талош хоњад кард ДОИШ-ро наљот дињад, чун тарњи геополитикї халал наёбад. Ва ин љо суолеро мехоњам дар миён гузорам, ки Раззоќи Моъун дар миён гузоштааст: агар ДОИШ саркўб шавад, пас кадоме аз ин ќудратњои муборизакунанда бояд дар ќаламрави тањти назорати он бояд мустаќар шаванд?
Фирўзи МУЊАММАД
ДОИШ моли кист? Асроре, ки билохира фош шуд Њоќон Фидон, сарвари хадамоти љосусии Туркия, бо як изњори назар асрореро, ки пештар чун як фарзия миёни коршиносон мавриди гўмагўњо буд, фош кард. Вай, албатта, намехост сирри давлати Туркия ошкор шавад, вале тавре изњори назар кард, ки худ шояд нафањмид аз чї сиёсате парда мебардорад. Њоќон Фидон рўзи душанбе амалиёти Русия дар Сурияро мањкум кард ва гуфт, ки ин "наќзи басо љидии принсипњои асосии СММ аст ва аз муттањидони ѓарбии Туркия хост барои "вайрон кардани тарњњои путинии саркўбии инќилоби исломї дар Сурия" талош кунанд. Ифшокории сарвари хадамоти љљосусии Туркия иддиои маќомоти расмии Сурия, ки аз ќабл њам њамсоякишварро ба дахолат дар умури мамлакаташон гунањгор медонистанд, тасдиќ намуд. Ожонсии иттилоотии олмонии AWD аз суханони Њокон Фидон иќтибос меорад, ки гуфтааст: "Давлати исломї" ин воќеъият аст. Мо бояд иќрор шавем, ки наметавонем созмони муназзаме чун "Давлати исломї"-ро решакан созем. Аз ин рў, ман аз шарикони ѓарбї даъват мекунам, ки онњо дар тасаввуроти ќаблии худ оид ба љараёнњои сиёсї дар ислом таљдиди назар кунанд, зењнияти бадбинонаи худро як сў гузоранд ва бо њам тарњњои путинии саркўбсозии инќилоби исломии Сурияро барбод дињанд". Њоќон Фидон њамчунин гуфтааст, ки Туркия нигаронии Ѓарбро дар он маврид ки ба "Давлати исломї" зодагони тамоми олам, аз љумла Аврупо талош мекунанд бупайвандад, дарк мекунад. Ва ў пешнињод кардааст, ки барои њалли ин мушкил мебояд дар Истам-
бул дафтари расмии намояндагии ДОИШ ифтитоњ шавад. "Ин эътиќоди росихи Туркия аст", - гуфтааст ў. Ва сарвари хадамоти љосусии Туркия як сабаби дигари дафтари намояндагии расмии "Давлати исломї" дар Истамбулро расонидани кўмаки тиббї ба њамаи касоне донистааст, ки аз љангњо осеб дидаву ба Туркия фирор кардаанд. "Наљоти инсонњо аз њамлањои берањмонаи њавопаймоњои русї", - шарњ додааст ў. Ин хабаргузорї њамчунин гуфтааст, ки дар айни замон бемористонњои њарбии Туркия пур аз љангиёни "Давлати исломї" - анд, ки бар асари њамлањои тайёрањои русї дар Хомс ва Хома маљруњ шудаанд. Ба навиштаи ин манбаъ, бештари захмиёни ДОИШ дар вилояти Хатай, дар як бемористони хуб таљњизонидашуда табобат мегиранд. Ин бемористон ду сол пеш барои захмиёни мухолифони Башор Асад хизмат мерасонд. Њоќон Фидон дар хотимаи суханрониаш гуфтааст, ки "њамлаи Путин ба Сурия зидди ислом ва њуќуќи байналмилалист. "Давлати исломї" як воќеъияти рўз аст. Мо ба оянда назари хушбинона дорем". Њамчуноне дида мешавад, фаъол шудани Русия дар Сурия муљиби хашми Туркия шудааст, Туркияе, ки мехоњад Башор Асади алавиро барканор ва як њокими муносиб ба хостањояшро сари ќудрат орад. Вале то ба имрўз ин њадаф њарчанд ошкор буд, вале расман фош нашуда буд. Аммо акнун, ки дида мешавад Маскав дар талошаш хеле фаротар аз тарњњои ќаблї по мегузорад, Анќара њам ба љунбиш омад, чун тарњи вай зери по хоњад шуд. Вазъ дар Сурия рў ба вахомат меорад, Фаронса аз рўзи сешанбе ба њамлањои
Бобољони ШАФЕЪ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
ТАБЛИЃ
11
књои скелетї ва дил меафзояд. Самара аз машѓул шудан ба варзиш њангоми иртибот бо шуои офтоб баланд мешавад. Њамин тавр хуб аст, ки дар њавои кушод ва тоза машќ кунанд, на ки дар зали пўшидаи варзиш. Тањќиќот дар њайвонот нишон додааст, ки фаъолияти љисмонї боиси коњиши стресси оксидкунанда дар дохили бадан мешавад. Таѓйирот дар вояи хўрок низ метавонад дар бењтар кардани кори митохондрияњо наќши мусбат бозад. Дар ќатори назорати ѓизонокї ба он њатман мањсулотеро њамроњ мекунанд, ки аз антиосидантњо бошанд. Вобаста ба ваќти сол, љойи истиќомат ва омилњои дигар дастрасї ба он метавонад мањдуд бошад. Дар ин гуна њолатњо иловањои биологї ёрї мерасонанд. Чунончї, мањсулоти QNet "Berry XTREME" 6 омехтаи буттамева дорад, ки бадани инсонро бо антиоксидантњо ва дигар моддањои фоидаовар таъмин менамояд. Ин илова барои тамоми сол дастрас аст ва истеъмоли он хеле содаву осон ва мусоид мебошад.
Системаи бадани инсон барои фаъолият ниёз ба энержї дорад ва ин як воќеъияти илман собитшудаест. Бо таваљљуњ ба шеваи зиндагонии шадид одамон бештар ваќт пай мебаранд, ки барои иљрои вазифањои маъмулї неруву ќувваи бештар масраф мешавад. Ин ба он маъност, ки захираи њуљайрањои "стансияи неру" пурра сарф шудаст. Сабаби ин чист ва чї гуна метавон онро дубора барќарор намуд?
ЭНЕРЖИИ ЊУЉАЙРАЊО Њар њуљайра дорои митохондрия - ба истилоњ, генератори энержї мебошад. Он аслан дар шакли чўбчањо ба вуљуд меояд ва бо мембранаи дуќабата ињота шудааст. Ваќте глюкоза ва ё тезоби руѓанї дарёфт мекунад (мутаносибан аз карбогидратњо ва чарбу), митохондрия сарфакорона онњоро ба аденозинтрифосфат (АТФ) - яке аз муњимтарин манбаъњои энержии бадан табдил медињад. Њар њуљайра таќрибан миллард адад ин гуна молекулањо дорад. ATФ њазорњо реаксияњои химиявї, танзими њарорати
БУЊРОНИ ЭНЕРЖИИ БАДАН:
САБАБЊО ВА РОЊИ ЊАЛ бадан, кори системаи асаб ва мушакњоро бо энержї таъмин мекунад. Ваќте фосфати охирин људо мешавад, молекула ба аденозиндефосфат (АДФ) табдил мешавад. Хушбахтона, баъди ба он илова намудани пайвастагии унсури гумшуда, метавонад дубора ба АТФ баргардад.
АЛОЌА БО БЕМОРИЊО Ихтилол дар кори митохондрияи њуљайрањои гуногун дар рушд ва нумуъи бисёре аз беморињои куњнаву давомдор, аз ќабили Алсгеймер, Паркинсон, руѓангирии ѓайриалкулии љигар, саратон, фарбењшавї, диабет ва ѓайра сабаб мешавад. Масалан, дар беморон бо гипертензия номураттабї дар фаъолияти маѓзи сар, дил, гурда ва љигар мушоњида мешавад. Дар њоле агар инсон гирифтори марњилаи дуввуми диабет бошад, андозаи мушакњои скелетї назар ба он ки бояд бошад, хурдтар мешавад. Ин боис мегардад, ки ќобилияти њуљайрањо бад шавад ва сатњи глюкоза дар хун боло равад. Њолати бисёре аз њуљайрањо мустаќиман аз тарзи њаёти инсон вобаста мебошад. Ду рўзро дар бистар гузаронидан теъдоди митохондрийро дар мушакњои скелетї то 10 дарсад коњиш медињад. Ин дар њолест, ки 14 њафтаи машќњои фаъол ба теъдоди онњо ду баробар меафзояд.
ОМИЛЊОЕ, КИ БА МИТОХОНДРИЯ ТАЪСИРИ МАНФЇ МЕРАСОНАНД Митохондрия аз дигар органеллањо фарќ мекунад. Аз љумла вай дорои ДНК худї мебошад. Вале он низ метавонад аз баъзе одатњои маъмулї ва тарзи њаёт љабр бинад. Вояи хўрок, ки аз ќанд ва ё чарбу фаровон аст, вазифањои митохондрияро суст мекунад. Аз љумла, истеъмоли доимии таоми бирён ба вайрон шудани мембранаи дуќабата дар њуљайрањои маѓзи сар оварда мерасонад. Пайвастагињое, ки дар коркарди энержї дар дохили бадан наќши муњим мебозанд, метавонанд ба њуљайрањои маѓзи сар осеб расонанд. Тањќиќот нишон медињад, ки камбуди витамини D њамчунин ба блоки митохондриалї таъсири манфї хоњад расонд. Таъсири манфї дар органеллањо њамчунин аз муњаббат ба нўшокињои алкулї, сигоркашї ва њатто истифода аз баъзе доруњои пасткунандаи сатњи холестерин ба вуљуд меояд.
ОМИЛЊОИ ТАЪСИРИ МУСБАТ БА МИТОХОНДРИЯ Тарзи њаёти солим метавонад муљиби таъсири мусбат ба органеллањо шавад ва кори онњоро бењтар созад. Ин аз љумла, ба машќњои доимиву њамешагї, ки теъдоди митохондрияњоро зиёд мекунад ва фаъолнокии онњоро дар муша-
Аммо онро мушкил аст дар фурўши озод ба зудї пайдо кунанд. Глюкоза аз карбогидратњои мураккаб, ки дар гиёњњои хўшадор, мевањо ва сабзавот мављуданд, энержии бештареро аз органелла дар њуљайрањои маѓзї таъмин мекунанд. Мањсулот аз витаминњои гуруњи В, ки кори митохондрияро танзим мекунад, бой аст. Кислотањои чарбудор аз чормаѓз, зайтун, авокадо низ баданро бо моддаи аввалия барои тавлиди АТФ таъмин мекунад. Шароби сурх, кабудбутта ва чормаѓз њуљайрањоро бо антиоксидантњои неруманд таъмин месозад. "Љанговари" ќудратманд зидди радикалњои озод метавонад глутатион молекулаи сеќисматаи сафеда аз аминокислотањо бошад. Ба иловањои самаровар метавон "EDG3"-ро дохил кард, ки чун "Berry XTREME" ба бренди "LifeQode" шомил аст. Ба фарќ аз аналоги он ин мањсулот дорои пайвастагињое мебошад, ки барои истифодаи дањонї муносибтар аст. Таркибњое, ки барои истењсоли глутатион заруранд, то њуљайра бе талафоти умда мерасанд. Ба митохондрияњо оксиген лозим аст, чун инсон бояд дуруст нафас кашиданро биёмўзад. Дар ин росто чандин техника вуљуд дорад, ки барои саломатии бадан, назорати вазн ва дигар шартњои бењбудии саломатї равона шудааст. Аммо дар оѓоз бояд онро омўхт, ки чї тавр инсон бояд чуќур нафас бикашад. Хоби саломат низ муњим аст, зеро дар ин муддат гипофиз гормонњои бештари рушд људо мекунад, ки синтези митохондрияро дар мушакњои скелетї ва дилї бењтар месозад. Дар њоли камбуди он одам (аз синни 12-солагї) метавонад худро ба истифода боз як мањсулот - "LifeQode" - "Kenta" водор созад. Иловаи биологї, ки ба вояи хўрокии минтаќаи љопонї асос ёфтааст, чун омили дарозумрии сокинон машњур аст (картошкаи ширин, сояи ферментирї (навъе аз лубиё), биринљи часбнок) ба коркарди гормонњои рушд кўмак мекунанд, хотираро бењ месозад, хобро осону роњат ва инсонро нисбатан тобовар мекунад.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
"Чун акзаби ўст ањсани ў" Њаким Низомї Дурўѓ аст, оре, на зебо, ки зишт, Ки пеш аз манаш њам басе мурда кишт. *** Гирифтам, ки аз гул сурудам ба ту, Чиро ман аз ин гул фузудам ба ту? Гирифтам, ки гуфтам туро ман чаман, Вале ин чаман худ куљо буду ман? *** Ва борон, ки гоње аз он гуфтаам, Куљо? Кай ба пояш чу гул хуфтаам? *** Ва дарё, ки гуфтам чунон чашми туст, Ва тўфон, ки гуфтам гање хашми туст. На дарё, на тўфон канори ту буд, На мадду на љазре ба кори ту буд. *** Гирифтам, ки гуфтам: сањар рўйи туст, Тулуъаш миёни ду бозуи туст. Сањар, аз миёни ду бозуи шаб Баромад. Ва Мењру Мањаш аз аќаб. *** Гирифтам, ки гуфтам: чу булбул шудам, Ту гул - ман чароѓи таѓаззул шудам. Вале гул куљо монду булбул куљо? Ва ман - ин чароѓи таѓаззул куљо? *** Дурўѓ аст, оре, на зебо, ки зишт, Ки ман гуфтаму дил ба обаш навишт. *** Ту гул не, чаман не, њамин зан туї, Падидовари њолати ман туї! Туро дўст бояд чунон доштан, Ки аз гуфтанаш ољиз ояд сухан. Кадом шеър аз ту тавонист гуфт? Кї аз ту туро њамчунон ту шунуфт? Ба нози ту борон куљо мерасад? Ба зулфат парешон куљо мерасад? Туро аз ту танњо шунидан равост, Туро аз ќавофї шунуфтан хатост! *** Занї ту - рањиму кариму алим, Њамин буду бошї њамон аз ќадим. Занї, зан! На борони ваќти њамал, На ин мушти ташбењи пўчи ѓазал. Занї, ман туро њамчу зан хостам, Худатро аз ин гуфта ман хостам! *** Туро дўст дорам, туро, ки занї, На ними манї, ки тамоми манї! 25.08.2015 Роњи Зидењ-Душанбе
АЗ ПЕШРАВИ ДОР ШУДАН... Шўридадилам, аз ту ѓазал боз бихонам, Мастам, њама љо аз ту ман овоз бихонам. "Ушшоќи Бухоро" њама дар нола дароянд, Як парда агар аз ту ба "Шањноз" бихонам. Эй матни "Сарахбори наво" дар дили зорам, "Ушшоќи Самарќандам"-у бо соз бихонам. Аз "Пешрави дор" шудан бок надорам, Бар њалќаи худ, эй бути танноз, бихонам. Аз "Чўли Ироќ"-ам нарасад љуз хабари дард, Пайѓоми хуш аз Хољаи Шероз бихонам. Мурѓи чамани Арши ду абруи ту њастам, Симурѓи саодат, ту ба парвоз бихонам. 21-уми марти 1995
ШАЊРЕ БА КОМИ ОТАШАМ... Гуфтї: фаромўшат кунам, љоно, фаромўшат, нашуд, Тарки лаби нўшат кунам, тарки лаби нўшат, нашуд. Шањре ба коми оташам, ишќи туям оташ зада, Гуфтї, ки: "Хомўшат кунам, чун шуъла хомўшат!", нашуд. Хуршед оташ мезанад худро зи њиљрони сањар, Гуфтам набандам мењр бар субњи баногўшат, нашуд. Акси бару дўши туро дар чашмаи Мањ дидаам, Чашме дигар чун чашми ман мањви бару дўшат нашуд. Майхонањои шањрро ман сар ба сар гардидаам, Май хўрдаам, май бартар аз мастии оѓўшат нашуд. 8-уми апрели соли 1994 (Донишгоњи миллї)
БО ШОИР ЯК ЌАДАМ РАФТА БАДАР… Аз љањолат њама мастем, Худоё, чи касем? Пасту патёрапарастем, Худоё, чи касем? Нест дар соњиламон њиммати дарёи бузург, Соњили танги худ астем, Худоё, чи касем? Баста сад рањ камари душмани деринаи худ, Камари хеш шикастем, Худоё, чи касем? Хиради зотии худро ба њадар додаву пас, Дигар аз љањл нарастем, Худоё, чи касем? Фахрамон њаст агар дониши Синои бузург, Дил ба Сино, ки набастем, Худоё, чи касем? Љигари додари худ хаста ба дастури аду, Љигари хасм нахастем, Худоё, чи касем? Як ќадам рафта бадар аз дараи танги падар, Дигар аз љой наљастем, Худоё, чи касем? Њамдигаркуштанамонро чи тавон гуфт дигар, Гар на ин гуна, ки њастем, Худоё, чи касем? Њар яке даста шуда даст ба дасти дигарон, Аз кадом даставу дастем? Худоё, чи касем? Дар сари куњи баланд аст агар хонаи мо, Пас чаро ин њама пастем? Худоё, чи касем? 6-уми сентябри 1994, Хонаи шарикдарсам Мирбадеъ
Исфандиёри НАЗАР
БА СЎЙИ ТУ… Кўлабори холие бар дўш з-он фаросўи љода меоям, Љоми синаам тињї аз дил, љоми холї зи бода меоям. Сўйи шањре тирезањо пора, монда монанди марди бечора, Тохтгоњи палишту патёра, тан ба маргам нињода меоям. Роњ сангину зулмате сањмин, моњ дар мењу чашм аброгин, Пой хуншору дидањо хунбор, захм хўрда, фитода меоям. Мурдањо рўйи љода афтода, бекафан, бељаноза, бе љода, Вой, ман аз миёни гуристон, рањ ба хештан кушода меоям. Имтидоди ин рањи сангин, шуд зи ёќути дидаам рангин, Чун Масењо ба сўйи ту, эй дўст, љони худ дода-дода меоям. Рудборе, муљоњиде будам, кай чунин оби рокиде будам? Бандњоро гусастам аз поям, аз мураккаб ба сода меоям. Осмон ќасди љони ман дорад, бар сарам барфи пирї меборад, Бистусесола баски фарсахро ман ба сўят пиёда меоям. Бо умеди матолибе мавњум, ѓамкашида, зи офият мањрум, Ман ба сахтї ба кўйи ту, эй дўст, по ба пои ирода меоям. Октябри соли 1994
ЊАР РЎЗ АЗ ЃАМИ БАШАР… Гулгашти лола хуни дили доѓдори кист? Ин дашти арѓувонї рухи шармсори кист? Онњо, ки чашмасорро тафсир кардаед, Гўйед, абри чашми мо аз табори кист? Ин кохњои мармарии шамсазарнигор, Аз синаи сапеду тани симсори кист? Пурсед шањриёрро, к-он ѓурфањои ољ В-ин тахту тољи монда ба љо ёдгори кист? Эй хоља, ин майе, ки туро лоларў намуд, Аз ашку хуни дидаи шабзиндадори кист? *** Њар рўз аз ѓами башар мемираму касе Ёдам намекунад, ки: дар инљо мазори кист? 1995
ЭЙ ЧАШМАИ САОДАТ… Бо ман биё ба бистар, андешаро рањо кун, То дурдасти чашмот имшаб маро садо кун. Њотиф башоратам дод аз Тури дидањоят, Имшаб маро дар онљо њамсуњбати Худо кун. Эй чашмаи саодат, бо љоми бўсањоят, Дар шеъру дар шуъурам шўри наве ба по кун. Ин худнамої то кай? Беэътиної то кай? Аз банди худ рањо шав, бар мо ту иќтидо кун. Аз кокули сиёњат бўйи сафарљал ояд, Дасту машоми моро бо зулфат ошно кун. Сар менињам ба поят, љон медињам бароят, Эй турки норпистон, ќасди саройи мо кун. Ё њамчу ман рањо кун ойини порсої, Ё мисли худ маро њам омўзу порсо кун! 1994
"ТУРО ДЎСТ ДОРАМ..." ДИДОРИ ТУ… Дидори ту ба ёди Худо мебарад маро, Ин куфр бин, ки то ба куљо мебарад маро. Дарёгусорї кардаам баски ба ёди ту, Мастї бубин, ба боли садо мебарад маро. "Дар соѓари ту чист, ки бо љуръаи нахуст," Болотар аз њиљоби само мебарад маро? Ёдат аз ин сарои бало - шањри ошно, Берун зи лобалои бало мебарад маро. Субњи хаёли туст, ки меоварад бањор, В-аз гул ба гул хаёли сабо мебарад маро. Ќурбони мењрубоният, дасти латифи ту, То бекарони дашти сахо мебарад маро. Оре, уќоби ишќи ту субње ба боли хеш, То дурдасти ављи баќо мебарад маро. 1995
ШУД СОЛЊО, КИ... Дил мекашад ба сўйи ту, эй мењрубон, маро, По мебарад ба кўйи ту, дилситон, маро. Мустаѓниям зи сарвату савдои ин љањон, Ишќи ту бениёз намуд аз љањон маро. Дар ман чи љодуест, ки рўзу шаби дароз, Номи ту меравад зи дил рўйи забон маро? Андешаам ба олами ќудсї њамеравад, Яъне туї, ки мебарї бар осмон маро. Шуд солњо, ки фориѓам аз роњи мадраса, Таълими ишќ медињад ишќат ба љон маро. 1994
АЗ ТУ МЕХОНАМ ЃАЗАЛ... Њар гање дар чашми хотир оварї симои ман, Гиря кун бар хотири ишќи аламмаъвои ман. Аз ту мехонам ѓазал, то буду бошам дар љањон, Сабз мемонї њамеша, эй бањоророи ман. Войи ту, ки аз мани ошуфта бибридї ба ќањр, Войи ман, ки холї мемонад канорат љои ман. Дидаам дар обии чашми Худо њамтои ту, Дар кавири яъси шайтон дидаї монои ман. Моњ мешўяд ба нури бўса сар то пои ту, Абр мешўяд ба оби дида сар то пои ман. Меравам аз хотироти шохаи зардолуњо, Меваи гунљишкакон мерезад аз сармои ман. Шоире ошиќ наояд њамчунон Исфандиёр Дигар аз Дарѓи шариф, эй моњи ман, зебои ман. 1994
ЧИ МЕПУРСЇ: "КЇ ЊАСТЇ ТУ.." Ман имшаб омадам, то аз ту пурсам маъзарат, эй гул, Ки гарчи њамбарат будам, нагаштам њамсарат, эй гул. Чи мепурсї: "Кї њастї ту, ки бар дар мезанї ангушт?" Манам, ин ман, дарат бикшо, бигардам аз сарат, эй гул. Тамоми умрро ман бо ту байъат кардаам дар ишќ, Чаро охир намеояд ба њарфам боварат, эй гул?
Каримам, оламеро сар ба сар бар дигарон бахшам, Ки аз дунё маро кофист ними бистарат, эй гул. Чунон мастам, ки тарсам рўзи пурсиш барнамехезам, Аз он як шаб, к инўшидам шароби Кавсарат, эй гул. Дарат бикшо, ман имшаб омадам то боз њам гўям: Ки њастам то ќиёмат ошиќат, ошиќтарат, эй гул. Хавол, 20-уми июли соли 1994
ИН НА ШАМСИ ЃУРУБУ ТАБРЕЗ АСТ... Медамад сапеда гуфтї? - На! Субњи оѓўш аст, эй дўст. Ќуллањоро сапедсар гуфтї? - Ин бару дўш аст, эй дўст. Чашми ман чашма ё, ки ойина? Балки ойина мањви ойина, Дид ойина чун туро сина, масту мадњўш аст, эй дўст. Синањоят: ѓуруру мастї, шўр, хўшањои расидаи мастур, Лањмањояш ду соѓари дар май хўрда поѓўш аст, эй дўст. Мастаму масти бода мељўшам, бода аз лаби ту менўшам, Њўш аз ман дигар чи мељўї? Њўш бењўш аст, эй дўст. Гул ба хор асту хор бо гул ёр, дар чаман аз кї мекунї озор? На ту аз ман шудї, на ман аз ту, хор гулпўш аст, эй дўст. Лолагун шуд ѓуруб гуфтї? Вањ! Захм бар хашми теѓ метундад… Ин на Шамси ѓурубу Табрез аст, ин Сиёвуш аст, эй дўст. Дўст медорамат нагуфтї ту, рози худро чиро нињуфтї ту? Гў, агарчи гўш мефањмад, гўш хомўш аст, эй дўст… 1994
БЕДОРХОБЇ МЕКАШАМ ШАБЊО… Бозам гирифта роњ пайи кори ошиќї, Аз пушти дил равону гирифтори ошиќї. Вопас нагирам аз пайат, эй ёр, як ќадам, Бо ин, ки бишканад ќадам аз бори ошиќї. Бедорхобї мекашам шабњо ба ёди ту, Рўзам шаб асту шаб, шаби бедори ошиќї. "Бо ошиќон нишину њаме ошиќї гузин", Фармуд пири мактабам, дар кори ошиќї. Дар чашми ман тамоми љањон ишќ љилва кард, Азбас љањон ба дидаам шуд дори ошиќї. Ё Раб, касе дар ин љањон хори кас мабод, Љуз хор дар бари гулу љуз хори ошиќї. Хондам китобњо басе, дар хотирам намонд, Њарфе ба љуз ривояти бисёри ошиќї. 22.11.2015
ВОКУНИШ Масъалаи људоии дин аз давлат аз ќадимулайём яке аз масоилест, ки мавриди ихтилоф ва бањси уламо, диндорон, исломситезон ва њатто ташкилотњои ифротї ва террористї мањсуб меёбад. Мутаассибон ва гурўњњои исломгаро доимо кўшиш мекарданд, ки умури давлату давлатдорї ба зимоми онњо бошад. Бинобар ин ифротгароён људоии дин аз давлатро ќабул дошта наметавонанд, зеро дар ин њолат василаи асосии расидан ба сари ќудрат аз даст хоњад рафт. Дар тўли таърих дањњо њолатњое буданд, ки дар натиљаи ихтилоти дину давлат, кишвар ба фасод мувољењ шуда, рўњониён аз номи дин хунрезиву ноњаќќї мекарданд. Масъалаи сиёсисозї-дахолати дин ба умури давлатдориро метавон аз таърихи дини масењї омўхт. Чун дар асрњои миёна дин ва давлат якљо шуд, самараи талхе ба бор овард: фосид шудани сохти давлатдорї, инквизитсия, эълон кардани љангњои салибї, ба ќатл расонидани њазорон зан ба иттињоми љодугарї, ин дар аврупои асримиёнагї; судњои шариатї, ќатлу ѓорат, талаву торољу бедодгарињо дар Сурия, Ироќ, Афѓонистон ва дањњову садњо мисоли дигар. Масењият баъд аз таљрибањои зиёд дар љодаи синтези дин ва давлат ба хулоса омад, ки калисо аз давлат људо карда шуда, роњибон танњо ба ибодат машѓул бошанд, зеро дин ин ибодат, парстиш, зуњду таќво ва ниёбату ниёиш буда, Худованд фармонбардории пешвоёнро дар баробари итоати худ ќарор додааст. Муаллиф дар маќола ибораи "дин аз давлат људост"-ро истифода бурда, таъкид менамояд, ки мисли даврони болшевикї "масљид аз давлат људост" гуфта шавад. Аввалан, "бо иваз кардани љои љамъшавандањо њосил таѓйир намеёбад". Сониян, мебоист ќабл аз тањлили масъала аввал онро омўхт, зеро дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї" масъалаи мазкур кайњо њалли худро ёфта, дар банди 2, моддаи 5 гуфта шудааст: "Иттињодияњои динї аз давлат људо мебошанд", яъне ибораи "дин аз давлат људост" ибораи кўчагї буда, барои таъвили ин мафњум набояд чунин хўрдагирї намуд. Инчунин муаллиф дар њайрат аст, ки "чаро давлат ба умури дин дахолат мекунад?!". Ба андешаи ман њар шакли озодї њадди худро дорад ва таљовуз аз ин сарњадот самараи нек нахоњад дод. Имрўз масъалаи танзими муносибатњои динї дар тамоми кишварњои арабї ќобили ќабул буда, мавъизањои намози љумъа дар мувофиќа бо маќомоти динї тањия мегарданд. Аз љумла, дар Арабистони Саудї, Миср, Кувайт, Амороти муттањидаи араб, Ќатар ва дигар кишварњо, давлат умури диниро тањти назорати љиддї ќарор додааст. Дар Љумњурии Тољикистон низ давлату њукумат тамоми кўшишро ба харљ медињад, то ин ки фазои андешаи динї мусоид буда, мазњаби аљдодии мо беолоиш боќї монад. Вагарна дар камтарин муддат таќдири талхи Сурияву Ироќ, Аф-
13
ЧАРО ДАВЛАТ БА УМУРИ ДИН ДАХОЛАТ МЕКУНАД? Андешањо перомуни маќолаи Диловари Њакимзода "Ман чунин људоии дин аз давлатро ќабул надорам!" (Нигоњ, №32 (465, аз 4 ноябри соли 2015). ѓонистону Покистон моро низ сироят мекунад. Мањз озодии мутлаќ, беназорат мондани фазои динї, пайдоиши њар гуна равияву фирќа, њизбу њаракатњои ба ном исломї мардумро ба мусулмону кофир, мушрику мубтадиъ ќисмат намуд, ки дар натиља кишварњои обод хароб ва садњо њазор мардуми бегуноњ кушта шуданд. Њодисањои солњои навадум низ натиљаи пайдоиши вањњобияву салафия буд, ки мардуми шарифи тољикро муќобили њамдигар барангехт. Њамин омил буд, ки Њизби нањзати исломї мехост алайњи халќи худ ќиём намояд. Таъсири бисёрмазњабї ё бемазњабї аст, ки имрўз садњои љавонони тољик дар Сурияву Ироќ мусулмонкушї мекунанд. Магар муаллиф чунин људоии дин аз давлатро хоњон аст? Бинобар ин, агар имрўз љидду љањди давлату њукумат набошад, гурўњњои ифротї ва террористї мусулмонони кишварро бо аќида ва шиорњои дурўѓин фирефтаву маѓзшўї намуда, ватани моро ба фасод мерасонанд. Боиси таааљљуб аст, ки дар маќола
"1-ум, 5-ум, 15-ум..." Прокуратураи ноњияи И.Сомонии шањри Душанб вобаста ба маќолаи Муллораљаб Юсуфї дар маљаллаи "Нигоњ" аз 22. 04. 2015 сол (№4, (437) дар мавзуи "1-ум, 5-ум, 15-ум чаро "Амонатбонк" дар пардохти нафаќа таъхир мекунад" ба табъ расидааст, мавриди санљиш ќарор дод, дар доираи иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7 феврали соли
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
2009, №622 "Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводњои танќидї ва тањлили воситањои ахбори омма" маълумоти зеринро пешнињод менамояд. Муайян карда шуд, ки Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе, дар асоси фармоиш ва рељаи тасдиќнамудаи директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи на-
масъалаи аз љониби давлат кашида гирифтани пули хайрияи масљидњо бо лањни шадид гуфта шуда, њатто мисол оварда мешавад, ки чанд фоизи хайрияњо "ба кисаи кадом љаноби Х ворез мешавад". Фарзияи бофта, беасос, њайратовар ва хилофи аќли солим аст. Мувофиќи талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї" ва Низомномаи љамоањои динї масъалањои иќтисодии масљидњо ба зиммаи аъзои муассисон ва комиссияњои тафтишотї вогузор шуда, њељ кас ба умури дохилии масољид дахолат намекунад. Гузашта аз ин, давлат натанњо ба ибораи муаллиф "хайрияи масљидњоро кашида намегирад", балки баръакс барои сархатиб ва имомхатибони масљидњои љомеи марказї ва љомеъ маош муќаррар намудааст, ки сариваќт пардохт мешавад. Давлати соњибихтиёр ва њуќуќбунёди Тољикистон ба хайрияи масљидњо эњтиёљ надорад, балки бо тамоми имкониятњо дин ва мазњабро дастгирї ва дифоъ менамояд. Дар Тољикистон сохтмони калонта-
зди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 10.09.2014 сол оиди маблаѓгузорї аз љониби Агентї тавассути Бонки давлатии "Амонатбонк" ба шањру ноњияњо чунин таќсимот ба роњ монда шудааст. Дар ноњияи Исмоили Сомонии шањри Душанбе, тибќи рељаи номбурда аз 15 то 16-уми њар моњи пешомад маблаѓгузории нафаќа амалї карда мешавад. Рањмон У.Н., прокурори ноњияи И.Сомонии шањри Душанбе, мушовири адлияи дараљаи 1
рин масљид дар Осиёи марказї идома дошта, айни њол дар љумњурї беш аз 4000 иттињодияњои динї озодона фаъолият доранд. Бо ибтикори Роњбари давлат нахустин маротиба китоби Ќуръони карим бо забони тољикї дар се давра ба теъдоди умумии беш аз 200 њазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум таќсим гардид. Њамасола беш аз 6000 шањрванди Љумњурии Тољикистон маносики њаљро анљом дода, ба унвони баланди "њољї" шарафёб мешаванд. Њамаи ин натиљаи њамкорї ва дастгирии давлат аст! Муаллифи муњтарам, ки аз асли масъала огоњии комил надоранд, хуб мебуд ба корњои дину давлат дахолат накарда, баръакс бањри вањдату якдилии мусулмонони кишвар сањм мегузоштанд. Абдуѓаффор ЮСУФОВ, сардори раёсати тањлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
Гуфтанї аст, ки дар худи Эрон ќашќоиён, ки забони модарияшон шохае аз забонњои туркї аст, форсизабононро "тољик" меноманд ва ошкоро мебинем, ки ин унвонро барои њар кас ки забони модарї ва аслияш форсї аст, ба кор мебаранд ва тољикро на ба маънии касе аз сарзамине дигар, балки ба мафњуми њар эронии форсизабон ва љуз (ѓайр аз) ќашќоии туркизабон мегиранд. Аз сўи дигар, њамакнун шоњиди онем, ки моњномаи адабї-фарњангии муътабари "Бухоро" дар Тењрон на танњо номи худро аз номи яке аз хотираангезтарин шањрњои эронии Фарозрўд гирифтааст, балки дар њар шуморааш, бахше ба номи Тољикистон дорад, ки дар он хонданињое судманд ва огоњонанда аз навиштањои тољикону эрониёнро нашр медињад ва њеч хонандае эњсос намекунад, ки сухан аз сарзамину мардум ва фарњанге ѓариба ва љузэронї дар миён аст. Маљлиси намояндагони Тољикистон бо аз тасвиб гузарондани ќонуне номи забони расмии он кишварро "тољикї" дониста ва корбурди "форсии тољикї"ро мамнўъ шумурд! Бо таассуф бояд гуфт, ки ин иќдоми нораво гом нињодан дар роњи бозгашт ба гузашта аст! Дар нахустин солњои шаклгирии њукумати шўравии пешин назарияпардозони њизби кумунисти Русия ("њизби бародари бузургтар"!) дар ростои сиёсати марзбандї ва кишварсозї дар сарзаминњои љуз Русия, ки бо тохтутозњо ва дастёзињои давлати Русияи тезорї ба кишвари Русия мулњаќ гардонида шуда буд ва ба манзури пешгирї аз рўйкарди дигарбораи мардуми он сарзаминњо ба хостгоњњои торихї, љуѓрофиёї ва фарњангии худ, ба номгузорї ва марзбандї ва кишварсозї ва ќолаб задани номњо ва унвонњои тозаву сохтагї барои кистии (њувийяти) торихї, забонї, адабиву фарњангии онњо пардохтанд ва хатти куњани форсиро ба хатти бегонаи сириллик (русї) табдил карданд, то њамаи ганљинаи фарњангу адаби ниёкон аз дастраси наслњои љадид дур бимонад ва як гусасти бузурги торихиву фарњангї падид ояду њофизаи торихии мардумон пок шавад, ки мутаассифона шуд ва бароянди онро мебинем! Падидор шудани шумори зиёде "љумњурии" ба истилоњ "сусиёлистї" бар наќшаи ин бахш аз љањон, дар амал ангезаи танишњову нобањанљорињое шуд, ки баъд аз наздик ба як сада ва дар пайи фурўпошии он њукумат низ њанўз барљо ва мояи ранљу шиканљи гурўњњои ќавмии фурўафтода дар он "тоси лаѓзанда" аст ва меросхўрони рус ва љуз руси он шуъбадабозї њамчунон бар пойбандї бар он бисот исрор меварзанд. Ноњамгунии забони кунунии мардуми Тољикистон ва бисёре дигар аз сокинони Фарозрўд (Осиёи Миёна) бо забони форсии меъёр дар Эрон танњо ихтилофи гўишї аст ва на људоии сохтории забоншинохтї, ва дар нињоят, аз тафовути миёни форсии гуфторї ва навиштории расмї бо гўишњо ва шохаи забонњо ва лањљањои гуногун дар пањнаи Эрон дарнамегзарад. Кишвари кунунии Тољикистон бахше аз сарзаминњои эронии куњанбунёди Фарозрўд (Фарорўд, Варорўд, Варазрўд) бо пешинаи њазоронсолаи забони форсї ва фарњанги муштарак бо дигар гурўњњои эронї, яке аз натиљањои барномаи ёдкардаи русиён аст. Аммо ба раѓми њамаи ин тамњидњо ва бозињои њадафманд тољикон дар њамин колбади сиёсии кунунї низ - њатто бо гунљонида шудани бахше аз онњо дар даруни хаткашие номбурдор ба "Узбакистон" - њамчунон форсизабонони эронифарњанганд ва дилу љонашон пайванду паймоне ногусастанї бо Эрон ва эронї дорад. Онон "Шоњнома"-и Фирдавсиро њамосаи миллии худ медонанд ва филмњои синемоии Суњробу Сиёвушро бар бунёди он сохтаанд ва њангоме ки ба таъбири сиёсї эъломи истиќлол аз маљмўъаи
ФАРЊАНГ
Забони форсї ё "тољикї": РЎЙОВАРЇ БА ЊАМБАСТАГЇ Ё ГУСАСТАГИИ ФАРЊАНГЇ? Русия карданд, бо бардоштани тандиси Ленин аз конуни шањри Душанбе тандиси Фирдавсиро ба љойи он барафроштанд ва аз он сарбанд то кунун - ба гуфтаи дўстам Нусратуллоњи Нўњи Симнонї: "Фирдавсии шеърофарин, истода бар љойи Ленин." Солњо пеш аз ин дуктур Вазируф, вазири фарњанги ваќти Тољикистон, дар сафаре ба Эрон гуфт: "Дар Тољикистон модарон шабњангом бо хондани шеъри Њофиз кўдакони худро мехобонанд ва девони Хољаи Шерозро дар зери болиши онон мегузоранд, то хобе орому хуш дошта бошанд." Камоли Хуљандї, шоъири ањли Хуљанд, дар густараи љуѓрофиёии кунунии Тољикистон дар ситоиши Исфањон гуфт: Исфањон ниме аз љањон гуфтан, Ниме аз васфи Исфањон гуфтан. Ва њамаи эрониён Рўдакии ањли њамон сарзаминро бањаќ падари шеъри форсї мешуморанд. Пас ин парво ва парњез аз корбурди унвони "форсї" барои забони расмї ва роиљи кунунї дар Тољикистон барои чист ва чи маъное љуз дањанкаљии як бародар (хоњар) ба бародар (хоњар)-и худ, он њам танњо бар пояи бозињои сиёсї, метавонад дошта бошад!? Ноњамгунии забони кунунии мардуми Тољикистон ва бисёре дигар аз сокинони Фарозрўд (Осиёи Миёна) бо забони форсии меъёр дар Эрон танњо ихтилофи гўишї аст ва на људоии сохтории забоншинохтї, ва дар нињоят, аз тафовути миёни форсии гуфторї ва навиштории расмї бо гўишњо ва шохаи забонњо ва лањљањои гуногун дар пањнаи Эрон дарнамегзарад. Чашмдошти мо аз хоњарону бародаронамон дар Тољикистон ин аст, ки ториху фарњангу забони муштаракамонро фидои гароишњову рўйкардњои рўзмарраи сиёсї накунанд. Гуфтанї аст, ки дар худи Эрон ќашќоиён, ки забони модарияшон шохае аз забонњои туркї аст, форсизабононро "тољик" меноманд ва ошкоро мебинем, ки ин унвонро барои њар кас ки забони
модарї ва аслияш форсї аст, ба кор мебаранд ва тољикро на ба маънии касе аз сарзамине дигар, балки ба мафњуми њар эронии форсизабон ва љуз (ѓайр аз) ќашќоии туркизабон мегиранд. Аз сўи дигар, њамакнун шоњиди онем, ки моњномаи адабї-фарњангии муътабари "Бухоро" дар Тењрон на танњо номи худро аз номи яке аз хотираангезтарин шањрњои эронии Фарозрўд гирифтааст, балки дар њар шуморааш, бахше ба номи Тољикистон дорад, ки дар он хонданињое судманд ва огоњонанда аз навиштањои тољикону эрониёнро нашр медињад ва њеч хонандае эњсос намекунад, ки сухан аз сарзамину мардум ва фарњанге ѓариба ва љузэронї дар миён аст. Њар гоњ мардум ва давлати Тољикистон бар он бошанд, ки њамчунон дар як чањорчўби љуѓрофиёї ва сиёсї ва идории људо аз Эрон бимонанд, ин гузиниш ва њаќќи бечуну чарои онњо сазовори эњтиромгузорї аз сўи мо эрониён ва дигарон аст. Аммо чашмдошти мо аз хоњарону бародаронамон дар Тољикистон ин аст, ки ториху фарњанг ва забони муштаракотамонро фидои гароишњову рўйкардњои рўзмарраи сиёсї накунанд. Мисоле бизанам: Забони инглисї забони инглусоксунњо ва дар асл, забони бахши бузурге аз мардуми љазираи Бритониё аст. Аммо имрўза забони расмиву идории кишварњои пањноваре њамчун Устролиё, Конодо, Њиндустон, Покистон ва љуз он низ њаст. Оё касе дар љое шунида ё хондааст, ки мардуми ин сарзаминњо бигўянд, ки ин забон бо ин ном забони мардуми Бритониёст ва мо бояд њамон забонро бо њамон сохтор ва чањорчўб (гирам, ки бо порае вижагињои људогона дар талаффузу нањваи корбурди бархе аз вожањову калидвожањо) ба номе дигар љуз инглисї биномем? Агар Фирдавсї, шоъири муштарак ва бузурги эрониён ва њамаи њамзабонону њамфарњангони онон, забони худро "форсї" ё "дарї" ё "форсии дарї" меномад, чї ангезае касоне аз тољикон имрўз (њамон дўстону дўстдорони "Шоњнома" ва Фирдавсї ва фарњанги эронї)-ро бар
он медоранд, ки нисбат ба пешинаи њазоронсолаи забони худ ва ёдгори дурахшони шоъири мањбуби худ чунин бепарво ва ноњамдилона рафтор кунанд? Акнун пурсиданї аст, ки агар тољикон Фирдавсиро, чунон ки гуфта шуд, ба манзалаи шоъири миллии худ мешиносанду љашни њазораи сароиши "Шоњнома"и ўро бармегузоранду тандиси вайро дар ќалби пойтахти худ бармеафрозанд ва медоле барои бузургдошти ў нашр медињанд ё нигораи чењраи вайро бар парчами миллии худ ба намоиш дармеоваранду китобхонаи бузурги миллии худ дар шањри Душанберо Китобхонаи миллии Абулќосими Фирдавсї меноманд ва Наврўз, љашни миллии худ ва њамаи эронифарњангонро бо шўру шукўњи тамом барпо медоранд, оё њеч гоњ дар љое аз "Шоњнома" дидаанд, ки Фирдавсї аз забони худ ба номи "тољикї" ёд карда бошад? Пас агар Фирдавсї, шоъири муштарак ва бузурги эрониён ва њамаи њамзабонон ва њамфарњангони онон, забони худро "форсї" ё "дарї" ё "форсии дарї" меномад, чї ангезае касоне аз тољикони имрўз (њамон дўстону дўстдорони "Шоњнома" ва Фирдавсї ва фарњанги эронї)ро бар он медорад, ки нисбат ба пешинаи њазоронсолаи забони худ ва ёдгори дурахшони шоъири мањбуби худ чунин бепарво ва ноњамдилона рафтор кунанд? Сухан кўтоњ: Аз дастандаркорони Маљлиси миллї ва давлати Тољикистон интизор меравад, ки бад-ин кирдори худ жарф бияндешанду коре накунанд, ки унвони ситезагар бо забон ва ториху фарњанги муштараки худ бо дигар дорандагони ин мурдареги арљманди ниёкон доѓи нанге мондагор бар пешонияшон гардад. Њанўз њам дер нашудааст ва онон метавонанд дар тасмими нодурусти худ бознигаранд ва кори номгузории забони ягонаи худу мо (ин ба гуфтаи овораи Юмгон, "ќимати дурри лафзи дарї")-ро ба сомоне пазируфтанї бозоваранд. Чунин бод! Дуктур Љалили Дўстхоњ
НИГОЊИ МАРДУМЇ АНДЕШАИ ХОС
ИЛМ БО КОР СУДМАНД БУВАД! - Љањони муосир ниёз ба пешрафти илму техника дорад. Ањолї дар курраи замин торафт меафзояд, талаботи истеъмолї зиёд мегардад. Таъминоти ањолї бо хўрокворї ба яке аз масъалањои муњими рўз табдил ёфта истодааст. Ба замин хатарњои азим, ба монанди офатњои табиї (тўфон, обхезї, заминларза), гармшавии иќлим, афтиши љирмњои осмонї тањдид менамоянд. Пешрафти илму техника дар ин љода то андозае моро барои рањої ёфтан мадад мерасонанд. Машриќзаминро дар гузашта "гањвораи илм" мехонданд. Онњоро ба љањониён Абўалї Сино, Абўрайњони Берунї, Умари Хайём ва дигар донишмандон муаррифї намудаанд. Кашфиёти ин олимони бењамтои љањонї њазорсолањо арзиши худро аз даст намедињад. Дар гузаштаи дур идеяи сохтани њавопаймову чархбол ва телевизион дар афсонањои мардумии мо акси худро дар шакли "гилеми паррон" ва "оинаи љањоннамо" ёфта буданд. Ѓарбиён бар он аќидаанд, ки идеяи созандагї дар мо суръати барќро дорад, вале амали мо чун сангпушт њаракат менамояд. Барои љомаи амал пўшидани ин идеяњо моро лозим меояд, ки илм омўзем ва ба љањони муосири техникї бипайвандем. Замоне парвоз намудан аз љойе ба љойи дигар садоро интиќол додан дастнорас менамуд. Одамон аз беморињои сабук љон медоданд. Роњи яксоатаро моњњо тай менамуданд. Дар истењсолот ќувваи зиёди корї истифода мегардид. Њоло ин мушкилот њама паси сар гаштаанд. Аз ин љой бо Амрико мустаќиман гуфтугў менамоем, бозии футболро тамошо мекунем, тибби муосир дили одамро иваз менамояд, тайёрањои навтарин дар яксоат то 800 километр роњ мепаймоянд, кори садњо нафарро дастгоње ба сомон мерасонад. Њамаи ин мањсули омўзиши илм мебошад. Дастовардњои илмї имкон медињанд, ки аз вазъи табии ситораву сайёрањои системаи офтобї огоњї пайдо намоем. Инсоният ба моњ роњ ёфт. Сафари кайњонї барои њамагон ба наќша гирифта шудааст. Аз ин љо дониш, маърифат, илм, фарњанг, аќл, хирад чароѓи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он њар гуна мушкилотро њал менамояд ва ба рўйи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, њаводиси гуногуни табиат, бадию некї, асрори фалак ба андозаи аќли инсон марбут аст. Њар ќадар кас ба умќи њодисот бирасад, њамон ќадар асрори дигаре зуњур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон њазорон асрор нуњуфтааст, ки њар якеро бо зањмати зиёд кашф мекунанд. Бешубња, шахси донишманд бо зўри хирад дили куњро мешикофад, дар як соат роњи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Магар тайёра бофтаи хаёл нест? Бале, бо мурури замон оинаи љањоннамо, муъљизањои парвозї аз олами хаёлот ба воќеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку - якбора не, бо гузашти айём, дар натиљаи донишандўзї ва амал. Ин-сони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Пешрафти тамоми љабњањои рўзгор ба дониш вобаста аст. Аќли инсонї пайваста бозёфтњои навро рўи кор оварда, зањмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Омўхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарї њамон ваќт комил аст, агар ба амал созгор гардад: Илм ба кор судманд бувад, Илми бекор пойбанд бувад. Хулоса, наќши илму дониш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзї, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва њал намудани муаммоњои зиёд нињоят бузург аст. Љавонони мо бояд њамеша дониш андўзанд, то осудагии љомеаро таъмин намоянд. Аз ин рў, њар сокини Тољикистон сарфи назар аз ихтисосу синну сол вазифадор аст, ки барои фурўзон намудани чароѓи аќл пайваста омўзад. Таќозои љањони мутамаддин моро водор менамояд, ки сатњи илму донишамонро боз њам таќвият бахшем. Шокир ШАРИПОВ, сокини шањри Душанбе
ЛАТИФА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
Дењќоне ба назди прокурор меояд ва мегўяд: - Як проблема дорам. Ба ман ёрї расон. Ба њар њол њардуямон хамкасбем - ку. Прокурор: - Ману ту њамкасбем? Шўхї накун! Дењќон: - Чї љои шўхї? Ту њам мешинонї ман њам... *** Аз Афандї пурсидаанд, ки чї хелї киноро бад мебинї? Гуфтааст, њиндиро. Пурсидаанд, барои чї? Афандї гуфтааст: - Барои он ки Љимиро њамин ќадар мезананд, лекин сигораш аз дањонаш намеѓалтад. *** Марде ба болои симчўб баромада ба писараш мегўяд, ки аз хона анбўрро биёрад. Бача рафта мекобад аммо наёфта бармегардаду мегўяд: - Анбўр нест дада. Њама љоро кофтам наёфтам. Падараш, ки дар болои симчўб аз интизорї безор шуда буд ба каќр омада дод мезанад: - Падарлаънат рафта тез биёр, ки набошад бо њамин анбўри дастам мезанамат љонат мебарояд... *** Дар њузури психолог: - Духтурљон, ман ба њама њамту пул таќсим кардан мегирам. Масалан, њамин њоло мехоњам, ки ба ту низ пул бидињам. - Хайрияте, як нафари боаќл њам меомадааст! *** Як мард назди дўсташ шикоят мекунад: - Хонаам пури нонхўрак шудааст. Ягон доруи зидди њашарот намонда њамаашро харидем, ягон фоида накард. Рафиќаш ба ў маслињат медињад: - Ваќте аз дари хонаат даромадї дастњоятро ба пушт монда, ќошу ќавоќатро гирон ва бо овози баланд дод зан, ки "дафъ шавед њамаатон", ана баъд натиљаашро мебинї. Мард ба хонааш даромада, ќошу ќавоќ мегиронад ва ба сўи тараканњо нигариста фарёд мезанад: "Канї њамаатон дафъ шавед!!!!" Нонхўракњо як - як паи њам аз дари хона баромадан мегиранд. Як таракан гашта ба мард нигоњ мекунад. Ин лањза мардро ханда мегирад. Таракан гарданашро сўи дигар нонхўракњо гардонда дод мезанад: - Э, њамаатон аз роњатон гардед, ин одам шўхї карда истодааст…
ОЁ МЕДОНЕД? ...дар Полша ду дарёчае њаст ки дар кунљи ростї якдигарро убур мекунанд - Велна ва Нелба. Дар баробари ин, бо сабаби фарќият доштани њарорати обњои дарёчањо, суръат ва сатњи љоришавии обњо, ин ду дарёча ба њамдигар омехта намешаванд. Инро дар раванди таљрибагузаронињо тасдиќ карданд. Каме поёнтар аз љои убуршавии дарёчањо, рангњои гуногунро рехтанд, аммо ягон омехташавї рух надод. Њамагї дањ дар сади рангњо бо њам омехта шуданд. ...дар давлатњои Африка ќањ - ќања карда хандидан маънии њайрон шудани Шуморо мефањмонад, на ин ки хушњол буданатонро ифода мекунад. ...аз њама њайвони боаќл делфин аст. ...гармии дањони инсон метавонад 1 грамм обро дар муддати 1 соат ба љўш орад. ...шапаракњо њангоми заминљунбї парвоз карда наметавонанд. ...Дар давлати Миср дар давоми 200 сол танњо як маротиба раъду барќ ба амал меояд. ...сочњо ё майнањо ќобилияти талаффуз кардани аз 10 то 12 вожаро доранд. ...аз њама паррандаи хурдтарин дар љањон колибрам мебошад. ...аз њама метали љилодињанда нуќра аст, чунки аз хокистараш дар саноат оина месозанд. ...њангоми њуљуми муѓулњо маќбараи Исмоили Сомониро тољикони Бухоро бо рег пўшониданд. Мањз бо шарофати њамин амал маќбара то замони мо расидааст. Зулфулло ПЎЛОДОВ, сокини дењаи Ворўхи ноњияи Исфара
НАХОД? НАХОД БАРЌАРОР КАРДАНИ АМНУ ОСУДАГЇ ДАР АФЃОНИСТОН ИМКОН НАДОШТА БОШАД?! - Агар ба миллату давлатдории муосир хуб назар кунем ба мо аён мегардад, давлатњое њастанд, ки номаш ба номи миллаташ мансуб нест. Яке аз ин давлатњо њамсояи љанубии мо Афѓонистон мебошад, ки номаш ба номи миллаташ нест. Мувофиќи маълумотњои интишоршуда аксарияти ањолии Афѓонистонро паштунњо баъд тољикон, њазораву ўзбакњо ва туркману балуљњо ташкил медињанд. Сокинони бумии ин сарзамин аслан тољикон мебошанд, ки аз асри 17 ин тараф паштунњо онњоро аз Љанубу Ѓарби Афѓонистон ба Шимолу Шарќи он танг карда бароварданд, ки ин бањси дигар аст. Вожаи афѓону Афѓонистон бошад истилоњи сохта аст. Аслан ин сарзамин бояд Хуросон ном медошт. Маънии луѓавии вожаи афѓон - оњу фиѓон ва навњаю нола мебошад. Бо воќеияти имрўзаи Афѓонистон, яъне давлате, ки аз фону фиѓон, навњаю гиря, зулму ситаму истибдод, оњу шеван ва нолаи пурсўз пур аст, исми ин давлат њам, мутаассифона, бо ин њоли саргардонии сокинонаш бо номи Афѓонистон мувофиќ омадааст. Дар њаќиќат асрњо боз ин давлат ба хуну хок оѓуштаю сокинонаш дар ба дару хок ба сар дар рўи замин овораанд. Пиразани 105 - солаи ин кишвар, ки бояд умри боќимондаи худро дар кишвар дар халќаи наздиконаш хуш бигзаронад аз таъмин набудани амният љонаш ба лаб расида маљбур шудааст ба Австрияву Олмон њамчун муњољиру гуреза панањ бибарад. Махсусан зан дар ин давлат ќадре надорад. Ўро сангсору лагадкўб мекунанд, дар оташ месўзонанд. Аз ин дида вањшигарию пастинатї оё боз дар љањон њаст? Агар дар ваќташ роњбарони Афѓонистон Нурмуњаммад Таракию Бабрак Кармал ба суханњои Леонид Брежнев, Котиби генералии СССР розї мешуданд ин сарзамин чун Республикаи Советии Сотсиалистии Афѓонистон ба њайати СССР дохил мешуд, он гоњ ин давлат аз љангу љидол ва сарсонию гушнагї халос мешуд. Ваќте соли 1979 нерўњои њарбии Иттињоди Шўравї ба хоки Афѓонистон даромаданд ИМА ба тамоми дунё доду вовайло бардошт, ки ин таљовуз аст. Њол он ки Шўравї дар ин кишвар инфрасохтор - мактабу беморхона, иморатњои зиёд ва роњу наќбњо сохт. Љавонони онро дар мактабњои олии советї мехононд. Бубинед, ки дањсолањо боз худи Амрико бо найрангбозињояш дар ин кишвар тохтутузу одамкушї дораду боз шарм накарда худро њомии демократия метарошад. Чизи дигаре, ки њељ гоњ амну осудагиро дар Афѓонистон - Фиѓонистон барќарор нахоњад кард, ин мављудияти 40 њизбу њаракатњои ба ном исломї мебошанд. Агар вазъ ба њамин минвол дар Афѓонистон идома ёбад шояд боз муддати дарозе куштору хунрезї, оњу нола аз ин сарзамини бебахту тахт гум нагардад. Наход барќарор кардани амну осудагї дар Афѓонистон имкон надошта бошад?! Кош зудтар дар ин сарзамини азиятдида барои њамешагї сулњу амонї ва якдигарфањмиву осудагї барќарор гардад! Нурулло ЊАСАНОВ, сокини ноњияи Муъминобод
БА ЉОИ 09 - Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ба маълумоти њамаи шањрвандони љумњурї мерасонад, ки дар ин хадамот маълумот оид ба шахсоне, ки ба онњо ворид гардидан ба ќаламрави Федератсияи Русия манъ аст, мављуд мебошад. Бинобар ин шањрвандони хоњишманд метавонад тариќи ройгон маълумотњоро аз хадамот ва сохторњои зертобеи он дастрас намоянд. Љињати пешгирии њолатњои номатлуб, аз љумла доир ба дастрас намудани вараќаи муњољиратї дар Хадамоти муњољират гуруњи корї тањти роњбарии сардори хадамот ва сардорони раёсатњо таъсис дода шудааст. Шањрвандон барои гирифтани њар гуна посух метавонанд ба шумораи телефони боварї 225-07-19 мурољиат намоянд. Њамчунин шањрвандон бо ин нишонї ва шуморањои телефонї мушкилоти худро бароварда созанд: дар шањри Душанбе, кўчаи Айнї, 121, телефон: 225-07-19, 95115-01-16, хиёбони Рудакї, 37, телефон: 221-08-34; шањри Ќўрѓонтеппа, хиёбони Вањдат, 523, телефон: 8-2322, 2-55-83; шањри Хуљанд, кўчаи Фирдавсї, 120, телефон: 8-3422, 6-51-99; шањри Хоруѓ, кўчаи Ленин, 36, телефон: 8-3522, 2-29-76.
16
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №35 (468), 25. 11. 2015
Зафари Сўфї
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
КАРИКАТУРАИ РЎЗ
Дар сўги Умари шањид
Абдуфаттоњи ЃОИБ, раиси Хадамоти гумруки назди Њукумати Тољикистон: - Муњтарама вакили мардумї! Мо чунин пешнињоди шуморо намепазирем, зеро 28 њазору 600 адад воридоти мошинњо имсол ба љумњурї кам шуд. Ин њам ба њамагон маълум аст, ки аз њисоби пули муњољирон аст. Пас, агар мо бољи гумрукиро барои мошинњои куњна зиёд кунем, аз рўйи адолат њам нахоњад буд. Фикри мардумро њам кардан лозим. Дар чунин шакл пешнињоди шуморо ќабул намекунем. - Муаллимаро напурсидед, ки мошини худашон њам куњна аст, ё аз навњояш? Ё он кас аз кадом сайёраи дигар омадаанд, ки боз мехоњанд даст ба кисаи фаќирон зананд? Нињоят, э Шумо њам фикри мардумро мекардед - дия... Шукурљон ЗУЊУРОВ, раиси Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ниме аз вакилон низ касалии ќанд доранд.
"ДАШТИ ОШИЌОН"
- Яъне љаноби спикери парлумон, Шумо гуфтанї, ки мо як парлумони касал дорем, ки ќонунњои касал мебарорад?
Орзуи амаки Бобољон баъди 35 сол амалї шуд
Башшор АСАД, президенти Сурия: - Бомбаборонњои Русия боис шудааст, то вазъияти неруњои њукуматї хеле бењтар шавад. Баъди ба даст овардани сулњ мардуми Сурия бояд маро њамчун президент интихоб кунанд, зеро онњоро ояндаи хубу нек дар пеш аст.
Шодравон Бобољон Муллољонов, ки 85 сол умр дид, аз худ номи нек ба ёдгор гузошт. Мавсуф сокини дењаи Пастиѓави Љамоати дењоти Малик Ашўрови ноњияи Куњистони Масчоњ (Ќањрамони халќи Полша) аст. Њар касе ба ин ноњия ояд, бегуфтугў аз назди дарвозаи Бобољон Муллољонов мегузараду чашмаш ба ин навиштаљот бармехўрад: Эй мусофири роњгузар, насиба гиру баъд гузар, Пушаймонї хуб нест, ният њамин буд аз азал… Ин байт дар тоќи дарвозаи сари роњ њаккокї шудааст. Мењмононе, ки аз дигар љойњо ба Куњистони Масчоњ меоянд, албатта, аз ин хонадон зиёрат менамоянд. Ин хона дар наздикии марќади шоири халќї - Юсуф Вафо, дар дењаи Пастиѓави хољагии дењќонии ба номи пањлавон Мўсо Исоев воќеъ шудааст. Баробари ворид шудан ба њавлї дарахтони нок, шафтолу, себ, олу, анљир, зардолу ва гулњои тару тозаро дида таъби кас болида мешавад. Дар ошёнаи дуюми њавлї 3 њуљраи калони барњаво барои мењмонон људо карда шудааст. Дастурхони калоне доимо кушода буда, мењмононро мунтазир аст. Дар рўи дастурхон тутмавиз, ѓўлинг, себу нок, мевањои хушккардаи тару тоза ва њоказо густурда шудааст. Шахсе, ки мо дар бораи ў наќл мекунем, инсони дастурхондор, мењнатдўст, боѓпарвар, саховатманд, дарёдил, шоиртабъ, накўкор, ветерани мењнат, шодравон Бобољон Муллољонов мебошад. Амаки Бобољонро дар ин ноњия хуб мешиносанд ва аз ў бо некї ёдоварї мекунанд. Соли 1956 амаки Бобољонро ба дашти Дилварзин муњољир намуданд. Ў ќариб 20 сол дар ин љо зањмат кашида, дар шањраки Бўстон боѓ ва хона бунёд кард, соњиби 13 нафар фарзанд шуд. Азбаски хуни нофи ў дар зодгоњаш дењаи Пастиѓав рехта буд, тоќат накарда, соли 1978 бо оилааш ба зодгоњ баргашт. Аввал даст ба барќарор кардани кулбаи бобої ва боѓ зад. Бо ин ният аз бозорњои Панљакенту Ўротеппа дарахтони гуногуни меваю сояафканро оварда шинонд. Њавлиаш гулистон шуд. Соли дуюм дар болои дарёи Зарафшон кўпруки дарозиаш 8 ва бараш 4метра сохт, ки тавассути он ќишлоќи Самљон бо Худгифи Эшонњо ба њам пайвастанд. Амаки Бобољон ором нишаста наметавонист. Рўзе бо зарурияте ба дењаи Мадрушкат рафтанї шуд. Дар роњ хеле мунтазир истод, аммо мошине пайдо нашуд. Пиёда ќариб 2 фарсах роњро паймуда, дар зери Беди Раъно нишаст. Пеши чашмаш замини бекорхобидаи "Дашти ошиќон" намудор буд. Лањзае ба хаёл фурў рафт. Аз рўи наќли мардум, замоне Раъно ном духтар дар ин љо бо ошиќаш мулоќот мекардааст. Дар интизории ошиќаш ќариб 200 - 300 адад санг љамъ карда будааст. Аз
ин сабаб, мардум ин мавзеъро "Дашти ошиќон" ном нињоданд. "Дашти ошиќон" аз 4 га замин иборат буда, ќитъаи њамвори бесанг аст. Дар наздикии ин мавзеъ "Дашти 32 барозон" низ вуљуд дорад, ки аз 400 га замини корам иборат буда, тавассути обкашњои барќї обёрї мешавад. Ин кор бо ташаббуси Сафари Хонакалон (ќањрамони асари "Дашти морон"-и устод Сорбон) ба сомон расидааст. Канали Сафарчик аз љўи дењаи Худгиф ба дашти "32 барозон" об оварда будааст, ки як ваќтњо колхози Орљоникидзе (њоло хољагии дењќонии ба номи Мўсо Исоев) ба 10-15 гектари он алаф корида буд. Њанўз соли 1952 амаки Бобољон мехост, ки ба "Дашти ошиќон" об бароварда, он љоро ба боѓу бўстон табдил дињад. Аммо бо мурури замон ин наќша ба иљро нарасид. Соли 1980 пас аз бозгашт ба Куњистони Масчоњ амаки Бобољон як говро забњ намуда, мардуми 5-6 ќишлоќи атрофи онро љамъ намуд ва фотења гирифту ба кори ободонии он пардохт. Бо ќувваи ањли оила ва хешу аќрабояш заминро аз сангњо тоза намуд. Баъд ба ноњияи Айнї рафт. Бо кўмаки рафиќонаш Љунайдов ва Бањриддинов як булдозер оварда, ќисман њамвор ва наќшаи хати обгузари онро тайёр кард. Албатта, ин кор ройгон набуд. Чї ќадар сўзишворї ва ќувваи корї масраф гардида буд. Маќсад оби чашмаеро, ки ба Зарафшон бењуда рафта мерехт, ба ин дашти ташналаб овардан буд. Агар ин кор то охир ба анљом мерасид, "Дашти 32 барозон" низ ба гулистон мубаддал мегардид… Аммо баъзењо њасад бурда намехостанд, ки ин кор пурра ба анљом расад. Онњо аз кўмак кардан худдорї мекарданд. Ва амаки Бобољон маљбур шуд, ки булдозерро љавоб дода, корро ќатъ намояд. Сипас, ба чандин идорањо сар халонд, аммо касе эътибор надод. Оќибат амаки Бобољон бемори бистариву љарроњї шуд. Ќариб се сол табобат кард. - Нияти падари мо ин буд, ки кори оѓоз кардаашонро мо - фарзандон ба охир расонем. Он кас мехостанд дар ин дашт боѓ ва як мењмонхона бунёд намоянд, то мусофирон аз он бањра баранд. Аммо сад афсўс, ки ин орзуњои падарам дар мавзеи "Дашти ошиќон" амалї нашуданд, - гуфт ба мо фарзанди калонии амаки Бобољон - Рањматљон Муллољонов, ки муњандис аст. Баъдтар Таваккал - писари кенљагии падар бо кўмаки рафиќаш Бањрулло Бањриддинов - раиси Ширкати "Дружба" аз шањри Душанбе як булдозер ва як тележка харидорї карда, орзуњои падарашро љомаи амал пўшонд. Шервони УМРИДДИН, Мухбирљони ЉЎРАБОЙ
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
- Акаи Башшор! Э туву њамин курсиат аз сарат монад! О як кишвари осудаву орому ободро љазир кардиву њоло њам дар фикри курсиї? Худо гў, ки амният ояду ба ягон кас вазифаро дода рав, ки њамаро расво кардї! Барак ОБАМА, президенти ИМА: - Ман ба шумо мегўям, ки мўйи сарамро ранг намекунам, аммо бисёре аз рањбарони њамкор бо ман ин корро мекунанд. - Барак - ако, саратонро, ки ранги сиёњ намезадагистед, мабодо ранги зард ё сафед назанед, ки аздусар ба амрикої будани Шумо касе бовар намекунад. Њамон жвачкаро хоида, аз њамин мўи сар намонед! Саидљаъфар ИСМОНОВ, раиси ЊДТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Мутаассифона, байни туњмату тањќир ва танќиду озодии баён аксарият фарќ гузошта наметавонад. Ман надидам, ки агар нафаре бо факту далел ва дар доираи ќонун суњбат карда бошад, ба ў фишор оварда бошанд ва ё ба додгоњ кашида бошанд. - Маълим, факту далел ё доираи ќонун њамин аст, ки як кас метавонад дар гардиши фурудгоњ истода, корашро кунад. Агар Шумо демократ шуда, ин њама факту далелро набинед, вой бар њоли демократу демократия! Сулаймон ЛОИЌ, раиси Академияи илмњои Афѓонистон: - Ман аз он моњиёне нестам, ки њар сў об биравад, ба он сў равам, ман моњии мурда нестам. Аз давлати худ розї њастам, ки барои аќидањоям бо ман пархош намекунад. - Амаки Лоиќ, дар ин синну соли Шумо ањамият надорад, ки моњї зинда аст, ё мурда... Ашраф ЃАНЇ, президенти Афѓонистон: - Агар њар кишвар обанборњои худро созад, солиёни зиёд мегузаранд. - Бањонаатонро ёфтед, лекин раисљумњур соњиб! Умуман, њич чї насозед чї мешавад? Бе ин њам њељ коратон маълум не ќатии акои Абдуллоњ.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 3 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09