Нигох №36 (468). Чоршанбе, 2-юми декабри соли 2015

Page 1

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

Мугабе:

1

"Халќи ман пулемёти ман аст!" №36 (469). Чоршанбе, 2-юми декабри соли 2015

e-mail: nigoh_tj@inbox.ru

www.facebook.com/nigohtj

ХАБАР ДАР АКС

Ба пеш! Ба сўи бесарнавиштї!

“Роњи абрешим” Гузориши тасвирї аз љашнвораи байнулмилалии мўди Silk Road САЊИФАИ 4

ИЌТИСОД

Сармояи русї барои пахтаи тољикї

АНЉОМИ ЊИНДЇ

Чаро њушёр "девона" - ву девона "њушёр" менамояд?

САЊИФАИ 7

ИДОМА

Иддиои Путин ва шарти Эрдуѓон барои ба истеъфо рафтан САЊИФАИ 11

"ЯККАМАХАВ" Русия боз њампаймонњояшро нодида гирифт


НОНАВИШТА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

2

Ба пеш! Ба сўи бесарнавиштї!

АНЉОМИ ЊИНДЇ Чаро њушёр "девона" - ву девона "њушёр" менамояд? Рўзе як нафар ба "Нигоњ" мурољиат кард. Инсоне, ки синнаш аз 60 боло ва дар гузашта корманди кадом як бойгонї. Ў аз мо - рўзноманигорон танњо як хоњиш кард: "проблемаи бойгонии миллиро бардоред, вагарна...!". Ў бо як њарорат ва дилсўзї аз он суњбат мекард, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллї ва муассисањои бойгонї" (13 ноябри соли 1998) 18 сол гузашта, аммо аксари муќаррароти он амалї намешаванд. Муќарраротеро, ки иљро намешаванд, як ба як номбар кард. Њатто оњи сард кашид, ваќте мегуфт, бино ба талаботи њамон ќонун, њуљљатњоеро, ки таърихи њаёти сиёсї, моддї ва маънавии халќи тољик ва давлати Тољикистонро инъикос менамоянд, дар бойгонњои давлатњои хориљї - Русия, Ўзбакистон, Афѓонистон, Њиндустон, Эрон ва дигар кишварњо дарёфт шуда, дар шакли нусха ё асл бояд дар бойгонї љой карда шаванд... Хулоса, ин марди солдида он ќадар барои бойгонии миллї месўхт, ки мегуфтї, дар Тољикистону љањон ба љуз ин мушкили дигаре нест, балки муњимтар аз бекориву бебарќиву буњрони молиявию Сурияву Ироќ ва терроризму СУ 24 -и суќуткардаи Русия аст. Кї чї гуна мефањмад. Бойгонии миллї барои ин инсон азиз аст, чун як инсонест, ки арзиш дорад. Барои касе муњимтар барќу кору... Аз суњбати гарми ў он замон ба воќеият баргаштем, ки рафт ва нафари дигаре, ки мехост мушкили манзилашро расонаї кунад ва шоњиди суњбат буд, гуфт: "Ин мардак њушёр бошад? Дунё ба чї њолу ин мардак гапи бойгониро мезанад!"

Ваќте як мансабдор, депутат, зиёї ё фаъоли љомиаи шањрвандї дар бораи "демократия", "озодии баён", "интихоботи озод" њам мегўяд, кї бовар мекунад, ки худи гўянда ба њарфњои худ бовар дорад ё не? Касе намегўяд, агар воќеан ў њам девона набошад.

«

ба љое нарасида, дар ба дари судњост. Агар ба суду њар куљое, ки мурољиат кунад (Худо кунад, ки муваффаќ шавад ва решаи як шарри хурд дар љомиа бихушкад), бовар дорам, ки ба њадаф намерасад. Њоло пас аз суњбат бо марди дилсўзи бойгонии миллї ва мењмони дигар фикр мекунам, суоле, ки воќеиятњои њамсонро бозгўї карда тавонад, дар зењни ман шакл гирифт: чаро инсоне, ки барои арзиши милливу диниву инсонї месўзаду бовар дорад, "њушёр" наменамояд? Баръакс, онњое, ки њама гуна арзишњоро на фаќат эътироф намекунанд, балки поймол мекунанд, аксар ваќт на фаќат ба назари як инсони кўчаву бозор, балки тањсилдидаву огоњ низ, батамом њушёр менамоянд? Ин, ки арзишњоро дар Сурияву Ироќ ё њар нуќтаи ноамни дунё як террористи сарбур поймол кардааст, далели худро дорад: он љо бењокимиятист, ё бењокимиятї њукумат дорад. Аммо дар кишварњое, ки амнияти нисбї доранд, на фаќат Тољикистон, балки Русияву дигар кишварњои љањони сеюм, мисолњои барљастае дида мешаванд, ки кас гиребон мегирад ва дармеёбад, ки замони буњрони арзишњост. Њамон куштори Умаралии 5 - моња, на ба дасти як љинояткор ё террористи ДОИШ, балки масъули њукумати як кишварро намешавад камтар аз як амали террористї арзёбї кард. Бадбахттар аз ин намебудем, агар инро намедидем, ки барои њимоят аз ќотилони ин кўдак тамоми дастгоњњои њукуматии Русия ба по хестанд! Бинои арзишњои мо хароб мешавад. Агар 30 ё 15 ё 10 соли пеш дар кўчаи Душанбе аз додан он тараф истад, њатто аз шунидани мавриди додани пора ба милисаи роњ ё ягон мансабдор ба шўр меомаду мегуфт, ин хилофи ќонун аст, њоло кам касе ин воќеиятро тањти суол мегузорад. Њама одат мекунанд. Аљобат дар ин, ки агар як масъули њукумат дарвоќеъ дасту дили тоза дошта бошад њам, касе ба ў бовар нахоњад кард.

Мегўянд, имкон надорад. Њайрон нашавед! Милисае, ки ришвату мансабдоре, ки "њаќќи имзо" намегиранд, дар назари бархе ба маънои том девона менамоянд. Боре касе њам дар шабакањои иљтимоии интернетї президенти Уругвай Хосе Мухикаро "девона" мехонд, ки бо хоњиши худ курсии президентиро гузошту рафт, њарчанд метавонист рањбариашро "умри дубора" ё "чандбора" дињад. Ваќте як мансабдор, депутат, зиёї ё фаъоли љомиаи шањрвандї дар бораи "демократия", "озодии баён", "интихоботи озод" њам мегўяд, кї бовар мекунад, ки худи гўянда ба њарфњои худ бовар дорад ё не? Касе намегўяд, агар воќеан ў њам девона набошад. "Ин одам њушёр бошад? Гумон кардааст, ин љо Амрикост?" - мепурсанд аз худу дигарон. Мисолњои зиёд ва љиддитареро, танњо ба он хотир, ки ба доно як ишорат кофист, намеорем. Ин њама мисолњои хеле хурд буданд. Мисолњои бузургтар, балки дањшатноктарро аз ќисмати "ва ѓайрањо" бояд љуст. Аввалин арзише, ки тайи 24 соли ахир ба даст омад, барои тољикон истиќлолият буд. Истиќлолият дар оѓоз ин тањкими давлатдории миллї, эњтироми арзишњои башариву миллї ва ба по рост кардани як давлате буд, ки на фаќат рањбаронаш, як гуруњи имтиёздор, балки њар як сокинаш дасти дароз бояд медоштанд. Истиќлолияти давлат дар истиќлоли њар нафар бояд таљассум меёфт. Њар кас худро соњиби ин давлат бояд њисобад... 24 сол боз умедворем, ки як љомиаи собиту солим ва озоду демократиро ба вуљуд меорем. Вазъи имрўзї далели бароварда нашудани интизорињои мост? Мо дар куљо ба иштибоњ роњ додем? Ё ин анљоми ќисми аввали филм аст ва "анљоми њиндї" дар ќисми дуюм хоњад буд? Худо кунад, ки худи филм ба охир нарасида бошад! Фаромарзи ФОЗИЛ

САДОИ МАРДУМ

25%: Фатвои Шўрои уламо дар бораи салафия вокуниши муфтї... буд

25%

11%

Ба ман фарќ надорад

5%

Дар њоли њозир ин муњим нест

10%

12%

19% Хеле дер шудааст. Салафињо “љойи пой" пайдо кардаанд

15%

Вокуниши муфтї ба танќидњо дар бораи ин, ки ў ба салафињо таваљљўњ дорад

20%

Густариши салафия дар Тољикистон бо вуљуди манъ шуданаш

23%

25%

Таъсири ходисањои Сурияву Ироќ

«

Воќеан, ин суханони мењмони дигар маро ба худ овард. Дербоз мехостам бархе воќеиятњоро ба риштаи тасвир кашам, аммо њељ калима, мафњум ва ё тасвири мувофиќеро барои онњо пайдо намекардам. Чанде пеш як нафари дигар омада буд. Собиќ корманди маќомоти њифзи њуќуќ. Кадре, ки хизмати Шўравиро њам кардаву дар тањкими истиќлолияти Тољикистон низ аз рўи касб сањм гузошта. Ў њам хеле ошуфта ва эњсосї буд. Аз ин, ки соњиби кадом як БМВ Х5 - и "арўс" - и кадом як зўрманд на фаќат мошини ўро задаву хисороташ дар њудуди чандсад долларро љуброн накардааст, балки худу духтарашро низ тањќиру тавњин намудааст. Ин њам дарди бахайр мебуд, агар кормандони ГАИ пас аз як занг бо эњтиром он хонумеро, ки мегуфт, "оњиста њай карда наметавонад", гусел намекарданд. Он мард мегуфт, бало ба сари пул, аммо чун як љавонмард тањќири худу фарзандашро ќабул надорад. Самимона мегўям, ки зўри он мард "на ба зорї, на ба зўрї ва на ба зар" ба он зан намерасад, зеро ин хонум барои мо - рўзноманигорон ноошно нест. Њоло ин мард низ аз шунидани воќеият ва мањз ин, ки наметавонад адаби он хонумро дињад, оташ мегирифт. "Чї тавр? Мардиву нангу ѓурури тољикї куљо мешавад? Як љавонмард як зани мардумозорро љазо дода натавонад, чї мард аст? Суду адолати судї њаст ку?" - ин суолњое буданд, ки батакрор аз ману аз худ мепурсид. Њолати ўро тасаввур мекардам. Дил мегуфт, ки барои нангу ор бояд то охир рафт, аммо аќл мегуфт, ки "зўри бењуда миён шиканад". Он мард дигар наомад. Аммо аз манобеъи дигар шунидем, ки

10%

0% 1

2

3

4

5

6

Зимни як пурсиши њамагонї тањти унвони "Сабаби фатвои "деринтизор" и Шўрои уламо дар бораи салафия чист?" 25% - и аксарияти респондентон варианти "Вокуниши муфтї ба танќидњо дар бораи ин, ки ў ба салафињо таваљљўњ дорад" - ро интихоб кардаанд. Зимни ин пурсиши њамагонї рўшан шуд, ки 23 дарсад фатвои Шўрои уламоро аз "Таъсири ходисањои Сурияву Ироќ" медонанд ва 12% бар инанд, ки "Густариши салафия дар Тољикистон бо

вуљуди манъ шуданаш" аст. 19% бар инанд, ки "Хеле дер шудааст. Салафињо "љойи пой" пайдо кардаанд". 11% ин фатворо "Дар њоли њозир ин муњим нест" медонанд. 10% гуфтаанд, "Ба ман фарќ надорад" Ин назарпусї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 25-уми ноябр то 1-уми декабр дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 620 нафар ширкат кардааст. Фаромарзи ФОЗИЛ


МУШОРИКАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

3

Муњибуллоњ Ќурбон Њама, њам худи саррофон, њам мизољон, њам бонкирњо ва њам нозирону андоз ва њам нињодњои зидди фасод медонанд, ки он арќоми дар лавњњо сабтшуда дурўѓи мањз аст! Моњњову солњо ин дурўѓ љилва дорад!

Њилаи бонкї

"ЯККАМАХАВ" Русия боз њампаймонњояшро нодида гирифт Суќути СУ - 24 - и Русия ба дасти Туркия дар Сурия ин бањсро њам ба вуљуд овард, ки чаро аъзои Созмони паймони амнияти дастаљамъї (ОДКБ) ба љонибдорї аз Маскав садо баланд накарданд. "Моро аз пушт ханљар заданд!" Ин вокуниши пур аз эњсоси Владимир Путин, президенти Русия, бояд њампаймонњои он дар СПАД - ро низ эњсосї мекард. Аммо чунин нашуд. Онњо хеле дер вокуниш надоданд. Вокунишњо њам ба табъи дили Маскав набуд. Худи Кремл шояд интизорие аз њампаймонњои худ надошт, аммо бархе коршиносони рус зуд ангушти ишора ба сўи муттањидони низомї - сиёсии Русия Арманистон, Белорус, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон карданд, ки дар ин лањзањои њассос чаро аз Русия - кишвари мењварии "НАТО - и русї" њимоят намекунанд. Бино ба оинномаи СПАД, аъзои созмон дар мубориза бо терроризми байнулмилалї ва дар умум хатар ба якдигар муштарак њамкорї мекунанд. Ин њаќиќати хеле содаи њамкорї дар чањорчўби як паймони низомї аст. Суќути СУ 24, ки бо террористон мубориза мебурд, метавонад таљовузи Туркия алайњи Русия арзёбї шавад, яъне ханљар ба пушти њамаи аъзои СПАД зада шуд.

"На сих сўзаду..." Як мурур ба муњтавои изњороти вазоратњои дифоъ ва корњои хориљии кишварњои узви СПАД кофист, гўем, ки онњо, ба истилоњ, "на сихро сўхтанду на кабобро", ё "ёрро њам наранљонда, лаъл ба даст оварданд". Онњо њамагї ин њодисаро мањкум намуда, изњори нигаронї карданд, аммо на аз ин, ки Туркия - "њамдасти террористон" (истилоњи Путин) тайёраи Русияро зад, балки ду кишвар аз масири муборизаи муштарак бо терроризм дур мешаванд. Белорус, кишвари №1 - и њамкори Русия, русњоро "бародар" ва туркњоро "дўст" хонд. Ќазоќистон, дўсти наздиктарини Маскавро бад шудани равобити Русияву Туркия "сахт нигарон" кард. Вазорати корњои хориљии Тољикистон суќути СУ - 24 - ро, ки дар амалиёти зиддитеррористї ширкат дошт, "бо таассуф" ќабул кард ва ба хонаводањои ќурбониён изњори њамдарї намуд. Ќирѓизистон кишвари нави узви боз як созмони русии Иттињоди иќтисодии Авруосиё гуфт, ки љониби Туркия бояд тањаммул пеша мекард. Ќазоќистону Ќирѓизистон бо он вуљуд, ки дар ќаламрави нуфузи Русия ќарор доранд, узви Иттињоди кишварњои турк-

забон њастанд ва аз сармоягузории њангуфти Туркия бархўрдоранд. Њамчунин Туркия шарики асосии тиљоратии Тољикистон аст, ки аз нисф зиёди содироти хориљиаш ба ин кишвар рост меояд. Аламовартар аз њама барои Русия шояд вокуниши Арманистон буд, ки бо Туркия аслан равобити дипломатї надорад ва он кишварро дар наслкушии арманињо муттањам медонаду аз љомиаи љањонї эътирофи ин њаќиќати таърихро талаб мекунад. Илова бар ин, Русия наљотбахши арманињо аз зулми чандасраи туркњо аст. Аммо вазири дифоъи Арманистон Сайрам Оганян танњо гуфт, ки "ваќте љомиаи љањонї кўшишњояшро алайњи терроризми байнулмилалї мутамарказ кардааст, ин гуна амалњо ин кўшишњоро барбод медињанд".

"Хомўшии дўстона" Дар вокунишњои аъзои СПАД ба суќути СУ - 24 Русия ба дасти Туркия як гуна њамнавої бо Маскав эњсос мешавад, аммо ин њам, ки њар яке аз онњо кўшидааст Анќараро наранљонад. Ин агар, пеш аз њама ба намоиш гузоштани мустаќилияти онњо аз Маскав бошад, аз љониби дигар, ранљиши пинњон аз онро низ дорад. Пеш аз њама ранљиш ба он хотир, ки Маскав наќшањояшро бидуни мувофиќат бо њампаймонњояш амалї мекунад, аз љумла њамла ба Сурияро. Тасмимњои Русия дар сатњи љањон дар њоли нокомї бар зиёни баќия кишварњои узви СПАД низ метавонанд анљом ёбанд. Масалан, њамла ба Сурия ва рўи даст гирифтани барномаи "мубориза бо ДОИШ" хатари терроризми байнулмилалї дар марзњои љанубии СПАД - ро низ шиддат бахшидааст. Мухолифони геополитикии Русия дар минтаќа бо истифода аз гуруњњои террористии фаъол дар Афѓонистон њамоно дар фикри эљоди як нуќтаи доѓи дигар дар ин марзњо ва танњо барои Русияву ќаламрави нуфузаш њастанд. Њамчунин дар њоли нокомии Русия дар Сурия, ки њоло танњо бо њамалоти њавої мањдуд шудааст, эњтимоли роњандозии амалиёти заминї низ вуљуд дорад. Дар ин амалиёт Неруњои муштараки вокуниши сареъи СПАД (КСОР), бигзор танњо љузву томњои русии он, бидуни бањс, ширкат хоњанд кард ва аз ин "маърака" мондани неруњои баќия аъзои созмон мантиќї наменамояд. Аз љониби дигар, "хомўшии дўстона" - и аъзои СПАД дар баробари њодисаи суќути СУ - 24 беэътимодии онњо ба муваффаќияти Русия дар Сурияро низ нишон медињад. Ислом Каримов дар як нишаст бидуни мушаххасот ишораи аљибе

карда буд: "Ваќте як љо медарої, баромаданро низ фикр кун". Амалиёти Русия дар Сурия, бидуни бањс, мудаввом ва фарсоишї хоњад буд ва вазъи иќтисоди бе ин њам ногувори Русияро хароб хоњад кард. Худ паёмадњои тањримоти иќтисодии Ѓарб алайњи Русия нишон дод, ки азияти онро бештар њамкоронаш дар ИДМ, пеш аз њама Тољикистон, хоњанд кашид. Сирољиддин Аслов, вазири корњои хориљии Тољикистон, зимни як нишасти матбуотї хеле дуруст ин нуктаро баён карда буд: "Тањримоти иќтисодї алайњи Русия алайњи Тољикистон низ њаст".

Аблањї Њамин тавр, нокомии Русия дар Сурия метавонад нокомии њампаймонњояш дар ќаламрави собиќ Шўравї низ талаќќї шавад. Аммо Маскав то ба њол њељ гоњ онњоро эътироф накарда ва ин дафъа низ накард. Туркия пас аз суќути СУ - 24 ба таври ољил сафирони кишварњои НАТО дар кишварашро љамъ оварда, онњоро аз вазъият огоњ кард. Аммо Маскав? Путин лоаќал тариќи телефон бо њамтоёнаш дар СПАД тамос нагирифт. Нишон дод, ки на фаќат ба онњо эњтиёљ надорад, балки онњо гўё умуман вуљуд надоранд. Ба хотири расмиёт ё ба вуљуд овардани як њамнавої Маскав мебоист њадди аќал дар сатњи вазирони дифоъ як љаласаи изтирориро даъват карда, ба љањониён нишон медод, ки 1) танњои "яккамахав" нест; 2) њампаймонњояш њам "туњфа" нестанд. Ин њол аъзои СПАД - ро 1) шерак 2) дар сатњи љањон муњим мекард ва нишон медод, ки 3) онњо низ неруе њастанд, ки Русияи бузург ба онњо такя мекунад. Ба гумони ѓолиб, ин љо масъала пеш аз њама љанбаи ахлоќї ва инсонї дорад. Тољикистону Ќирѓизистону Арманистон, бигзор, ќудрати низомии камтар доранд, аммо Ќазоќистону Белорус кишварњои аз лињози низомї андак нестанд. Ин њама ќатрањои як дарёи бузург ва бахусус, дар канори Русия як бањри азиманд, ба истилоњ, "пашша бошанд њам, камтар аз фил нестанд" ва муштарак ба корњои бузурге ќодиранд. Аммо Русия бо бањонаи ин, ки "њанўз аз уњдаи кор баромада истодааст", ахлоќи оддии њампаймониро тањти суол бурд. Маѓрурии Русия дар сатњи љањон шояд ќобили тањаммул бошад, аммо дар мањдудаи паймонњое, ки рањбариашонро ба зимма дорад, аблањие беш нест. Кремл бояд инро фањмад ва ислоњ шавад.

Далери ХАЙРУЛЛОЊ

Ба банкомате, ки ба "Агроинвестбонк" мансуб аст, корт гузоштам ва хостам бо арзи доллар пул бигирам. Раќами 50-ро задам, вале банкомат љавобам дод, ки 50 доллар дода наметавонад. Агар сад доллар бошад, марњамат. Мутаассифона, дар њисобам њамин ќадар пасандоз набуд. Дигар илољ надоштам, магар он ки бо сомонї гирам ва ё умуман, аз банкомат пул нагирам. Бо сомонї гирифтам. Нахустин суоле, ки пайдо шуд, ин буд, ки магар "Агроинвестбонк", ки яке аз пулхонањои бузурги кишвар аст, 50 - доллара ва ё дигар пулњои майдаро надошта бошад? Ва ё мањз дар навбати ман панљоњдоллар тамом шуда бошад? Љавоб њам омода аст: бонк чї ќадар хоњед, панљоњдоллара ва ё бисту дањдоллара њам дорад, вале ин љо гапи дигар аст. Шояд њилаи бонк бошад! Бурд аз њисоби фарќияти ќурби доллар аст. Бинобарин худро фиребхўрда њисобидам, чунки аз рўи њисобу китоби оддї ман чанд сомонї зарар кардам. Зарари ман аз њисоби он аст, ки њоло доллар якчанд ќурб дорад. Баъзењо онро чор хел мегўянд. Яку дуяшро медонам. Якеаш њамон ќурбе њаст, ки дар тоблуњои назди дўконњои ивази асъор навиштаанду дигараш - ќурби расмї дар бонкњо. Арзиши хариди доллари воќеї аз рўи тахтањо сабтшуда фарќ дорад. Ва он доим дар таѓйир аст. Њама, њам худи саррофон, њам мизољон, њам бонкирњо ва њам нозирону андоз ва њам нињодњои зидди фасод медонанд, ки он арќоми дар лавњњо сабтшуда дурўѓи мањз аст! Моњњову солњо ин дурўѓ љилва дорад! Касе ба он кораш нест. Касеро барои сабти ин дурўг боздошт накардаанд. Чї тавр мекунанд, ваќте њамаи саррофхонањо як хел дурўѓ менависанд? Гумон меравад, њамин дурўѓ ба њама маъќул ва ё њамин дурўѓ ба кисаи кадоме ё гуруње суди ин фарќиятро мерезад. Бармегардем ба банкомат. Он танњо саддоллариро дода метавонистааст. Пас ман барин муштариёни бонк, ки аз ин шумора камтар доранд, чї кор кунанд? Ваќте ман дар бонки мазкур њисоб мекушодам, маро наогоњонида буданд, ки мо ба банкоматњо танњо саддоллара мегузорем. Бинобарин ман њаќ дорам, пули бо доллар ба бонк гузоштаамро бо он асъор бигирам. На танњо 50, балки 20, 10 ва њатто аз он камтар бошад њам, банкомат бояд дињад. Бовар дорам, танњо ман бо чунин масъала рўбарў назадам. Дањњо ва шояд садњо муштариёни бонк айнан ман барин мехоњанд, панљоњ, бист ва ё дањ доллар бигиранд, вале наметавонанд. Њар рўз агар дањ муштарї бо доллар аз банкомат пул гирифта натавонад, пас аллакай дар як рўз фарќияти он панљоњ сомонї шавад њам, дар як моњ њазору панљсад сомонї мешавад. Гумон кардам, танњо ин бонк чунин њила дорад. Ба банкомати муассисаи дигари пул рафтам. Банкомати он умуман на њарф ва на рамзи долларро дошт. Маълумам гардид, ки ин муассисаи молиявї танњо бо сомонї кор мекардааст... Сабабашро нафањмидам. Аз рўи мантиќ, банкомат, ки шуд, бояд бо кадом асъоре муштарї пул гирифтан хоњад, бояд пул гирифта тавонад. Эњтимол дар бонкњои мо танњо њангоми ќабули пасандоз онро бо њар асъоре, ки пешнињод кунед, мегиранд, аммо мисли афсонањои "рафтан њасту баргаштан нест", доллар њам ба бонкњо осон дарояд њам на фаќат барнамегардад, балки "бандагиро ба љо меорад"!


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

ГУЗОРИШ

“РОЊИ АБРЕШИМ” Гузориши тасвирї аз љашнвораи байнулмилалии мўди Silk Road

Аксњо аз сафњаи Фейсбуки Манучењр Мирзоев


ИЌТИСОД Барномаи парвариши муштараки пахта аз сўи субъектњои хољагидории Русияву Тољикистон ва ба дунболи он коркарди минбаъдаи пахта дар корхонањои бофандагї, ки дар шакли корхонањои муштараки русї - тољикї таъсис меёбанд, метавонад садњо миллион рубли сармоягузорињои Русияро ба иќтисоди Тољикистонро љалб кунад ва муносибатњои байнидавлатиро ба сатњи нав бардорад. 1 декабр дар Душанбе конфронси чоруми навбатии њамкорињои байниминтаќавї миёни Русия ва Тољикистон баргузор шуд. Кишварњо дар сатњи баланд муаррифї шуданд, ки сатњи вижаи ањамияти њамкорї барои кишварњои моро собит мекунад. Барномаи љаласаи умумї бо ширкати фаъолу ибтикори Намояндагии тиљоратии Русия дар Тољикистон ва шахсан рањбари он М. В. Кораблин тањия шуд. Пас аз суханронии муќаддимавии муовини вазири рушди иќтисоди Русия - А. В. Сибулский ва вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон - Н. Њикматуллозода чор мизи мудаввар баргузор гардид. Ин њама ба он далолат мекунад, ки барномаи рушди муносибатњои Русия ва Тољикистон ба марњалаи амалишавї наздик мешавад. Ин доирањои сармоягузории ду кишварро наметавонад хуш накунад. Аз нигоњи мо, ин махсусан барои онњое муњим аст, ки барои рушди њамкорињои Русияву Тољикистон дар соњаи кишоварзї кор мекунанд: њам барои онњое, ки корашон ба пуштибонии фаъолияти субъектњои хољагидории Русия равона шудааст ва њам барои онњое, ки дар љалби сармоягузорињои русї ба иќтисод ва ќавї кардани зарфиятњои содиротии Тољикистон манфиатдоранд. Иттињоди истењсолкунандагони либоси Русия барои рушди муносибатњои соњибкорони Тољикистону Русия манфиатдор аст. Аз таљрибаи њамкории деринаи Иттињод бо сохторњои Тољикистон, њамчунин таљрибаи шахсии соњибкорї, мо пешнињод мекунем, ки БА ПАРВАРИШИ МУШТАРАКИ ПАХТА БО ХОЉАГИЊОИ ТОЉИКИСТОН, ЊАМЧУНИН КОРКАРДИ МИНБАЪДАИ ОН ДАР КОРХОНАЊОИ МУШТАРАКИ БОФАНДАГЇ, КИ ДАР ОЯНДА ТАЪСИС МЕЁБАНД, ТАВАЉЉУЊ ШАВАД. Аз нигоњи мо, мањз парвариши муштараки пахта ва коркарди минбаъдаи он дар корхонањои муштараки бофандагии мову соњибкорони тољик метавонад модели асосии инкишофи муносибатњои Тољикистону Русия ва асоси Барномаи рушди ин соња шавад. Ин Барнома чанд давраро дарбар мегирад: 1) Солњои 2015 - 2016. Амалисозии Тарњи пилотї дар њудуди аз 5 то 10 њазор гектар замин дар вилоятњои Хатлону Суѓд дар майдонњои кишти чанд хољагии дењќонии бомасъулият. Ин дар њолест, ки миёни ин вилоятњо ва вилояти Иванов, пойгоњи нассољии Русия, аллакай Ёддоштњои њусни тафоњум њангоми сафари расмии мо дар моњи майи соли 2015 ба имзо расида буданд. Дар доираи ин сафар губернатори вилояти Иванов Павел Конков муњтавои ин барномаро ба президенти Тољикистон љаноби Эмомалї Рањмон муаррифї карда, ризоияти Сарвари Давлатро ба даст овард. 2) Солњои 2016 - 2017. Афзоиши миќдори хољагињои дењќонии ширкаткунандаи Тарњ, ки дар вилоятњои фавќуззикр, њамчунин хољагињои водии Њисор 25 - 30 њазор

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

5

Сармояи русї барои пахтаи тољикї гектар замин доранд. 3) Солњои 2018 - 2019. Таъсиси корхонањои муштараки бофандагї дар Тољикистон, ки ќудрати умумии коркарди на кам аз 20 - 25 њазор тон нахи пахта дар як солро доранд. Барои љоннок кардани ин раванд њукуматњои кишварњо бояд сохторњои масъул ва бонкњоро тасдиќ кунанд. Бовар дорам, љалби "Ориёнбонк", "Агроинвестбонк", Бонки "Спитамен - капитал" аз љониби Тољикистон ва "Маркази содиротии Русия" (тобистони соли 2015 дар Бонки иќтисодии хориљї (Внешэкономбанк) бо дастури ноиби сарвазир Шувалов ташкил шуд) аз љониби Русия ба рушди ин барнома такони бузург хоњад дод. Бояд зикр кунам, ки директори "Маркази содиротии Русия" љаноби Сергей Колдаев, модератори яке аз мизњои мудаввари Форуми фаъолкунии њамкорињои иќтисодии хориљї миёни Тољикистону Русия буд. Ин бањои баланди љониби Русия ба ояндаи ин Тарњро нишон медињад. 4) Омода кардани мутахассисони љавони Љумњурии Тољикистон дар донишгоњњои олї ва корхонањои соњавии ќаламрави Русия ба хотири иљрои муваффаќонаи барномаи мазкур. Мутахассисонро субъектњои хољагидории Тољикистон интихоб ва омўзиши онњоро њарду љониб сармоягузорї мекунанд; 5) Ташкили Озмоишгоњи таљрибавии нави парвариш ва коркарди пахта дар пажўњишгоњњои Академияњои улуми Русияву Тољикистон ва ба роњ мондани њамкории созмонњои илмї ва тадќиќотї барои боло бурдани самаранокии Барнома бо истифода аз дастовардњои илмї - тањќиќотии муосири њарду кишвар. Њангоми коркарди барномаи мазкур мо инро ба назар гирифтем, ки ќисмати умдаи хољагињо ва иттињодияњои дењќонии соњаи пахтаи Љумњурии Тољикистон аз кам-

буди маболиѓи гардон, ќарзњои гарони бонкї, пойгоњи заъифи моддї - фаннї азият мекашанд ва аз ду як рањбар аз камбуди мутахассисони муосир, бехабарии бригадирњо ва мутахассисони сањрої аз навгонињо, ки мўљиби коњиши сифати пахтаи хом (пеш аз њама дарозї ва микронейри нахи навъњои парваришёбанда) шудааст, шикоят дорад. Аммо, мо - мутахассисон, аз зарфиятњои бузурги навъњои тољикии тиллои сафед хуб хабар дорем. Дењќонони тољик, ки дилашон ба замини бобої ва муќаддас месўзад, аксар ваќт аз зиёни поруњои истифодашаванда ва камбуди поруњои босифат шикоят мекунанд, ки нерўи заминњоро коњиш дода, майли онњоро ба парвариши пахта кам мекунад. Њарчанд пахта ва содироти мањсулоти он барои Тољикистоне, ки ба љойњои нави корї ва воридоти асъор эњтиёљманд аст, ањамияти стратегї дорад. Аз нигоњи мо, вижагии барномаи мазкур мањз бархўрди маљмуии он аст, њам барои њукуматњои мо, ки дар сатњи олї, на як бору ду бор манфиатдории љиддии худ дар рушди муносибатњои иќтисодиро эълом доштаанд ва њам барои сармоягузорони билќувва ва бонкњои Русия, ки хеле муњтотона рискњои њамкории дарозмуддат дар ин соњаро бањо медињанд. Бояд гуфт, ки таљрибаи њамкории аъзои Иттињоди истењсолкунандагони либоси Федератсиони Русия бо субъектњои хољагидори Тољикистон, инчунин таљрибаи шахсии соњибкории мо дар Тољикистон нишон медињад, ки рискњо вуљуд доранд. Онњо пеш аз њама марбутанд бо: а) њимояи заъифи сармоягузории хориљї аз сўи ќонунгузорї; б) таљрибаи интихобї љорї кардани њуќуќ аз сўи Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон ва Суди иќтисодии Љумњурии Тољикистон.

Дар доираи ин матлаб мо аз овардани мисолњои мушаххас дар ин маврид худдорї мекунем ва умедворем, ки ќонунгузории мањаллї бењбуд меёбад ва мушкилоти мављудаи ширкатњои русї дар доираи ќонунгузории имрўзи ЉТ њал мешавад. Бояд зикр кард, барои омода кардани ин Тарњ љониби Русияро Стратегияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, Эмомалї Рањмон дар бораи рушди соња илњом бахшид, ки барои афзоиши содироти мањсулоти коркардшудаи пахта аз Тољикистон, содироти нахи пахта аз кишвар ва ташкили љойњои навї корї равона шудааст. Бовар дорам, пас аз Форум ѓояњои Тарњи мазкур дар њуљљатњои мухталифи њукуматњои кишварњои мо ва санадњои ќонунгузории Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон инъикос меёбанд. Бовар дорам, Тарњи мазкур љавобгўи манофеъи решаии кишварњои мо, чї аз лињози иќтисодї ва чї сиёсї аст. С. Л. Жуков, ноиби президенти Иттињоди истењсолкунандагони либоси Федератсиони Русия

ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ: Жуков Сергей Леонидович - саноатчї ва арбоби љамъиятии Русия, коршиноси эътирофшуда дар соњаи бофандагии саноати сабуки ФР, хатмкардаи Институти политехникии шањри Том. Раиси Шўрои директорони Љамъияти сањњомии "Корхонаи бофандагии Кинешем", Президенти Анљумани истењсолкунандагони бовиљдони воситањои бандинаии тиббї.

БУЊРОН Бонки миллии Тољикистон фаъолияти тамоми саррофињо дар кишварро ќатъ кард. Болоравии ќурби доллар боис ба он шудааст, ки Бонки миллии Тољикистон дари тамоми нуќтањои мубодилаи асъорро бандад. Бонки миллии Тољикистон хабар додааст, ки "беинсофї ва бемасъулиятї"-и кормандони нуќтањои мубодилаи асъор боис ба баста шудани саррофињо шудаанд. Ин аст, ки Бонки миллї барои барњам додани саррофињо ќарор ќабул кардааст. Тибќи дастурамали №211-и Раёсати Бонк, "тамоми нуќтањои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурўши асъори хориљї танњо дар хазинањои марказњои хизматрасонии бонкї, филиалњо ва саридорањои ташкилоти ќарзї анљом дода ме-

Саррофињо баста шуданд шаванд. Айни замон муваќќатан (то 3 моњ) амалиёти мубодилавї тавассути нуќтањои интиќоли пулии дар ин муассисањо љойгирбуда низ гузаронида мешавад (ба ѓайр аз нуќтањои интиќоли пулие, ки берун аз ин муассисањо љойгиранд)". Бонки миллии Тољикистон мегўяд, бо сўистифода аз вазъи таѓйирёбии бозори пул "кормандони алоњидаи нуќтањои мубодилаи асъор бо њар гуна роњу восита ќурби фурўши доллари ИМА-ро беасос, худсарона баланд мекарданд". Ин муассисаи молиявии кишвар аз боздошти 6 корманди нуќтањои саррофї хабар додааст, ки аз љониби прокуратураи даст-

гир шудаанд. Он њо 27-уми ноябр боздошт шуда, кормандони нуќтањои мубодилаи асъори ташкилотњои амонатии ќарзии "Васлат", "Азизи молия", "Вориси замон" ва ЉСК "Тољиксодиротбонк" дар шањри Душанбе мебошанд. Маќомот ин нафаронро ба он муттањам мекунанд, ки "маблаѓњои њангуфти пули миллї ва асъори хориљиеро, ки аз маблаѓњои зерњисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоњ дошта, ба хариду фурўши ѓайрирасмии асъор машѓул буданд". Бонки миллии Тољикистон аз сокинон хоњиш кардааст, ки ба дарки зарурати бас-

тани нуќтањои саррофї бирасанд ва мубодилаи асъорро танњо дар муассисањои номбурдаи ташкилотњои ќарзї анљом дињанд. Бонки миллии Тољикистон бори дигар таъкид кардааст, "яке аз сабабњои бесобиќа баланд шудани ќурби доллари наќди ИМА ин таъсири омили равонї, аз љумла муносибат ва рафтори худи шахсони воќеии фурўшанда ва харидорони асъори хориљї мебошад". Аз ин сабаб, Бонк хоњиш кардааст, ки сокинон ба "овозаю хабарњо ва маълумоти бардуруѓу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба њар як њолатњои њаннотї тавассути раќамњои телефони боварї ва телефони дар нуќтањои мубодила мављудбуда, ба Бонки миллии Тољикистон хабар дињанд". TojNews


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

ДИКТАТОР

"Касе, ки интихоботро бохт, метавонад аз назарњо ѓайб занад, агар инро мехоњад. Њатто агар онњо бимиранд њам ягон саг ќасд нахоњад кард мурдаи эшонро бўй кашад". Ин њарфњо мутааллиќ ба Роберт Мугабе, њокими худкомаи Зимбабвеанд. Аз љумлаи худкомагони дарозумр ва бузургсолтарин (91 сола) њокими олами имрўз. 35 сол аст, ки дар ќудрат нишастааст. Роберт Габриэл Мугабе (Robert Gabriel Mugabe) 21 феврали соли 1924 ба дунё омадааст. Ходими давлатї ва сиёсии Зимбабве, амалан аз соли 1980 њокими ин кишвари Африќоист, аммо расман аз соли 1987 президенти ин мамлакат аст. Аз аввали соли 2015 раиси Иттињоди Африќост. Маълумоти олии омўзгорї дорад, пайрави шохаи католикии оини масењист, асосгузори љумбиши миллии чапгарои Иттињоди Африќоии миллии Зимбабве. Баъди сари ќудрат омадан низоми якњизбиро дар кишвар устувор кард. Аз љумлаи он африќоиёнест, ки ба сафедпўстон фишор меоранд, аз Амрико шадидан интиќод мекунад. Худро сотсиалист медонад ва иќтисоди кишварашро бо шеваи сотсиалистї пеш мебарад. Аз консепсияи иќтисоди бозории Хазинаи байналмилалии асъор пуштибонї намекунад, љонибдори он аст, ки нархи бозор аз љониби давлат назорат карда шавад. Роберт Мугабе дар ќаламрави Родезияи Љанубї ба дунё омадааст. Он замон аќаллияти сафедпўстон дар сари ќудрат буд. Худи ў мансуб ба ќабилаи шона аст, ки дар Зимбабве аксариятро ташкил медињанд. Хатмкардаи донишгоњи Лондон буда, пас аз анљоми тањсил дар ватанаш ба кори омўзгорї пардохтааст. Ба муљарради бозгаштан ба ватан даст ба кори сиёсї зад, ба узвияти Њизби миллии демократї шомил гардид, баъдан узви Иттињоди халќњои африќоии Зимбабве шуд ва баъд њизби худро бо номи Иттињоди африќоии миллии Зимбабве ташкил дод. Муддати дањ сол (1964 1976)-ро дар зиндон сипарї кард. Соли 1976 баъди рањої аз мањбас сарвари њизбро барканор ва худро доњии он эълон намуд.

Пирўзї ва эълони истиќлолият Соли 1980 њизби ў дар интихоботи парламонї пирўз шуд, бо сарварии Мугабе њукумати нав ташкил шуд ва 18 апрел истиќлолияти давлатии Зимбабве эълон гардид. Аввалин коре, ки анљом дод, бастани муоњадаи низомї бо њукумати Ким Ир Сен дар Корея буд. Замоне, ки сарвазири Зимбабве буд, бо роњбарии њизби мухолифи ЗАПУ Љошуа Нкомо созиш баст ва аз ў хост, то њар вазифае дилаш мехоњад, ишѓол кунад. Нкомо вазири умури хориљї шуд. Аммо ин иттињод тўл накашид. Мугабе њарифи сиёсиашро ба талоши табаддулоти давлатї муттањам намуд ва ин боис гардид, ки Нкомо ба хориљ фирор кунад. Љонибдорони ў даст ба шўриш заданд, вале Мугабе онњоро берањмона саркўб кард. Дар амалиёти "Борони бармањал", ки бригадаи вижаи Мугабе роњандозї кард, аз 50 то 100 њазор сокинони кишвар кушта шуданд. Хеле баъдњо боз њам Мугабе бо Нкомо созиш кард, ба ў иљозат дод, ки ба Зимбабве баргардад, вале танњо шарт он буд, ки њизбашро мунњал ва аъзои он вориди њизби њоким мешаванд. Аз њамон лањза Роберт Мугабе дар Зимбабве яккањизбиро ба сиёсати умумї табдил дод.

Мубориза зидди сафедпўстон Соли 1987 Роберт Мугабе конститутсияи кишварро таѓйир дод, мансаби сарвазириро барњам зад ва худро президенти Зимбабве эълон намуд. Чор сол баъд президенти фирории Эфиопия Менгисту Хейле Мариамро, ки аз кишвараш фирор карда буд, бо ањли хонаводааш пазирої кард ва бе он ки шањрванди Зимбабве шаванд, ба онњо шиносномаи ин кишварро дод. Соли 1998 лоињаи нави Конститутсияро пешнињод кард, ки тибќи он, замини фермерњо бе харидорї кашида гирифта мешуд, вале он дар райъпурсї овоз нагирифт. Аммо ин њам Мугаберо аз тасмими фишораш ба сафедпўстон бознадошт. Моњи феврали соли 2000 бо даъвати њизби њоким африќоињо чандин корхонањои сафедпўстонро ишѓол карданд. Ваќте додгоњ ин иќдомро ѓайриќонунї донист, Мугабе соњибкорони сафедпўстро душманони давлат эълон кард. Вай аз мардуми кишвараш хост, ки бањри барќарории адолати торихї талош кунанд ва ваъда дод, ки

Мугабе: "ХАЛЌИ МАН

ПУЛЕМЁТИ МАН АСТ!" заминњоро ба 1 миллион одам таќсим хоњад кард. Барои татбиќи ин барномаи худ Мугабе 5 миллион гектар замини онњоро кашида гирифт ва онро ба 500 њазор дењќонони безамин ва собиќадорони љангњои солњои 1970 таќсим кард. Бар асари ишѓоли заминњо соли 2002 835 њазор коргари кироя дар ин кишвар бекор монданд. Сатњи тавлидоти дохилї коњиш ёфт. Аз љумла, соли 2001 корхонањои коркарди мањсулот 10,1 дарсад мањсулдоти худро аз даст доданд. Истењсоли мањсулоти тамоку ва пиво 32,2 дарсад, саноати бофандагї 18,1, ќаннодї 4,8 дарсад коњиш ёфт. Тобистони соли 2002 Мугабе "ислоњоти заминро" ба анљом расонид. Вай фармон содир кард, ки 4 њазор соњибкори сафедпўст, ки дар асл ин кишварро бо маводи ѓизої таъмин мекарданд, ба сурати ољил Зимбабверо тарк кунанд. Дар акси њол онњоро њабси дусола ва ихрољи иљборї интизор аст. То моњи октябри њамон сол 90 дарсади соњибкорони сафедпўст аз тарси љон кишварро тарк карданд. Сандуќи байналмилалии асъор пуштибонии молиявии Зимбабверо ќатъ кард, Иттињодияи Аврупо зидди ин мамлакат тањрим эълон намуд. Дар натиља Зимбабве ба як кишвари фаќири олам табдил шуд. Баъдан Роберт Мугабе ќонуни дигар содир кард, ки тибќи он, ширкатњои хориљї бояд зери назорати сиёњпўстон ќарор мегирифтанд. Ин сабаб шуд, ки сармоя дигар ба Зимбабве ворид намешуд, маблаѓгузорињо ба њадди нињої коњиш ёфтанд. Тибќи омори Гуруњи байналмилалии буњроншиносї, соли 2007 аз 12 миллион сокини Зимбабве 10 миллиони онњо зери хати фаќр зиндагонї доштанд, 3 миллиони онњо аз мамлакат фирор карданд. Бекорї дар ин кишвар ба 80 - 85 дарсад расид. Пули миллї ба њадде беќадр шуд, ки 1 доллари амрикої ба 25 миллион доллари Зимбабве табодул мешуд. Асъори миллї 500 миллиард дарсад ќурби худро аз даст дод. Соли 2008 дар ин кишвар банкноти 100 трилиондоллари Зимбабве ба муомилот бароварда шуд, ки дар торихи пули олам нодир аст.

"Халќи ман пулемёти ман аст!" Аз моњи июни соли 2005 бо маќсади роњандозии сохтмони манзил њукумат барномаи барњам додани мањалњои ноободро роњандозї кард. Садњо хона дар ин гуна мањалњо вайрон карда шуданд ва наздик ба 200 њазор бехонаву дар монданд. Ду сол баъд ин раќам ба 2,5 миллион нафар расид. Коршиносон гуфтанд, ки

Мугабе бо ин иќдом аз касоне ќасос гирифт, ки дар интихоботњои гузашта аз мухолифони ў пуштибонї мекарданд. Моњи июн СММ аз Зимбабве талаб кард, ки ба ин иќдоми ѓайрибашарї хотима бахшад ва зери њамин фишор муддате ин барнома ќатъ шуд. Аввали моњи ноябри соли 2008 ба ќонуни таѓйирот ба конститутсия имзо гузошт, ки тибќи он, агар ќабл аз муњлат мехост тарки кору вазифа кунад, барои худ љойнишине таъин мекард. Ва парламони кишвар вазифадор хоњад буд номзади пешнињодии ўро бипазирад. Тибќи њамин иловањо, акнун дар Зимбабве баргузор кардани интихоботи президент ва парламон ќонунї шуд. Дар интихоботе, ки Мугабе бори шашум ширкат намуд, нозирони ѓарбї иљозаи њузур пайдо накарданд. Мугабе мегуфт, ки ѓарбиён ба њадде нотавонбинанд, ки тањаввулоти демократиро дар кишвари ў намебинанд ва талош доранд Зимбабверо дубора ба њолати мустамлика баргардонанд. "Халќи ман пулемёти ман аст! Зимбабве њаргиз мустамлика нахоњад буд!", - мегуфт ў. Интихобот бо наќзи ошкори ќонун гузашт. Исбот њам шуд, ки теъдоди вараќањои интихоботї 3 миллион бештар аз шумораи афроди ќобили райъ омода карда шуда буд. Мухолифон аз мардум даъват карданд, ки то охирин лањзаи шумори оро ва эълони натиљаи интихобот ќитъањои интихоботиро тарк накунанд. Вале Мугабе тањдид кард, ки агар беназмие дар поёни интихобот рўй дињад, берањмона онро пахш хоњад кард. "Танњо талош кунед аз љой љунбед. Ман шўхї надорам", - тањдид кард ў. 30 март баъди баргузории интихоботи президентї ва парлумонї мухолифон аз пирўзии худ хабар доданд. Мугабе дар гармогармии ин гуна иддиоњо изњор дошт: "Ким-касе дар бораи пирўзии худ ва маѓлубияти мо њарф зад. Хуб, солњои 1980, 1985, 1990 низ чунин шуда буд. Мо ба фиреб одат надорем". 27 июни соли 2008 даври дуюми интихобот доир шуд ва хабар доданд, ки 85,5 дарсади мардону занони ќобили райъ ба Мугабе овоз додаанд. Вале мухолифат идома дошт. Билохира бо миёнравии президенти Африќои Љанубї Табо Мбеки муоњадаи торихие имзо шуд, ки тибќи он, ваколатњои идораи њукумат миёни мухолифон ва љонибдорони Мугабе таќсим гардид. Роберт Мугабе президент боќї монд ва Морган Свангираи сарвазир таъин шуд. Дар парламон мухолифон як намоянда аз њизби њоким бештар доштанд.

28 июли соли 2013 дар Зимбабве шашумин интихоботи президентї барои Мугабе доир шуд. Њизби мухолифи "Иттињоди миллии Африќоии Зимбабве - Љабњади ватандўстї" (ZANU-PF) аз 210 љой 142 курсиро ишѓол кард. 3 август Мугабе бо дарёфти 61 дарсади ройи мардум худро президенти Зимбабве эълон кард. Њашт рўз баъд зимни як суханронї гуфт: "Касе, ки интихоботро бохт, метавонад аз назарњо ѓайб занад, агар инро мехоњад. Њатто агар онњо бимиранд њам ягон саг ќасд нахоњад кард мурдаи эшонро бўй кашад".

Ошиќи... Обама Роберт Мугабе солњои охир мавзеъгирињои шадид нисбат ба Аврупову Амрико дорад. Зимни суханронї дар 34-умин солгарди истиќлолияти кишвар аз Аврупо интиќод кард, ки никоњи њамљинсонро иљозат медињад ва гуфт, Ѓарб набояд ѓояи њамљинсгароиро барои њамаи олам ба зўрї тањмил кунад. Вай баъди пахши хабари ќонунї шудани њамљинсгарої ва никоњи он дар штатњои ИМА дар мусоњиба бо радиои милии Зимбабве - ZBC гуфт: "Ман њоло ба ќароре омадам, ки чун президент Обама аз издивољи њамљинсгароён пуштибонї мекунад ва симои дилкаш њам дорад, ба Вашингтон меравам ва ба зону мезанам ва дасти ўро мехоњам". Моњи августи соли равон президенти Зимбабве Роберт Мугабе аз осорхонаи табиатшиносии Лондон талаб кард, ки љасади муборизони ин кишвар барои озодї, пеш аз њама муборизони зидди низоми мустамликадории Англия Мбуа Нењанда ва Секуру Кагувиро, ки охири асри 19 аз љониби инглисњо кушта шуданд ва баъдан љасадашонро ба Лондон интиќол доданд, баргардонад. Фаќри сартосарї дар кишвар Мугаберо аз баргузории љашнњои сермасраф бознамедорад. Соли 2015 вай барои таљлили зодрўзаш миллион долларро аз хазина сарф кард. 20 њазор мењмоне, ки ба ин љашнвора даъват шуда буданд, таомњоеро аз гўшти фил, говмеш, ѓизол ва шер тановул карданд. Соли 2014 ба муносибати 90-солагии президент Мугабе торте тайёр карданд, ки 90 кило вазн дошт ва масрафи таљлилро 40 миллион доллар њисоб кардаанд. Дар 85 - солагии диктатори Зимбабве ду њазор дона нўшокии спиртии шампон, 500 шиша виски, њашт њазор адад харчанг, 100 кило харчанги хурди бањрї ва чор њазор њисса икраи сиёњ масраф шуддаст... Тањияи Фирўзи МУЊАММАД


САРМОЯ

Сањмдорони Љамъияти сањњомии "Фурўшгоњи марказї" ё "СУМ" мегўянд, барои моликияту замини љамъият мубориза рафта истодаасту бе баргардондани маблаѓи сањмияњои беш аз 400 сањњом касе њуќуќ надорад, машњуртарин фурўшгоњи кишварро давлатї ва сипас азхуд кунанд. Њољї Боймурод Холмуродов, директори Љамъияти сањњомии "Фурўшгоњи марказї" ба TojNews гуфт, кўшишњои ѓасби рейдерии моликияташон, ки зиёда аз њафт сол боз идома дорад, дар чанд рўзи ахир ба марњилаи нав расида, фармоишгарони асосии он маълум шудаанд. Ў гуфт: "Ба сањњомон ва колективи мењнатї фармоишгарони асосии ин ѓасби рейдерї, ки ба он ба таври сунъї љомаи ќонунї пўшонида истодаанд, маълум шуданд, аммо мо њоло њам аз ифшои ному вазифањои онњо худдорї карда, интизори вокуниши љиддии њукумат мебошем. Шахсан ман, ба њайси роњбар ва сањњоми љамъият, њамеша хостори роњи мусолиматомез будам, аммо акнун ба ќавли мардум, "корд аз устухон" гузашта истодааст. Ќарори нињоиро љаласаи умумии сањњомон ќабул хоњад кард. Аз ин дигар чизе зиёд гуфта наметавонам, аммо њамчун роњбар ман вазифадорам, ки алайњи ќарори Суди иќтисодии шањри Душанбе шикояти кассатсионї пешнињод намоям". Ин њам дар њолест, ки 27-уми ноябр Суди иќтисодии Душанбе тавозуни (баланс)-и барњамдињии ЉС "Фурўшгоњи марказї"-ро бо даъвои Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ќонунї карда, ба давлатї кардани љамъият роњ кушод. Аммо сањмдорони "Фурўшгоњи марказї" ќарори мазкурро ѓайриќонунї ва фармоишї дониста, инро талоше барои аз бо пардохти њамагї чанд њазор сомонї аз худ кардани фурўшгоњ медонанд. Як сањњоми "Фурўшгоњи марказї", ки

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

7

НАВБАТИ СУМ

Кўшиши навбатии ройгон аз худ кардани бино ва замини "Фурўшгоњи марказї" ё СУМ шуруъ шуд? нахост номаш зикр шавад, ба TojNews гуфт, "ин љо як бозии калон аст. Гуруње чанд сол боз мехоњад моликият ва калонтарин ќитъаи замин дар маркази пойтахтро муфт азхуд кунад. Чанд сол дум-думи сањњомон гашта, аксия хариданї шуданд, ки гапашон нагузашт. Аз номи сањмияњои Абдулло Одинаев кор карданд, ки боз нагузашт. Баъд прокуратураву Кумитаи амволро ба бозї дароварда, корро ба суд бурданд. Суди иќтисодї зери фишори дўсти мансабдорашон натиљањои музоядањоро бекор кард. Њол он ки музоядањо тибќи ќонун бо иљозати њукумат 13 сол пеш баргузор шуда буданд! Ин сўву он сў зада, солњои 2012 - 2013 ќарорњои судї бароварданд. Тибќи онњо, пеш аз давлатї кардани љамъият, бояд ќарзњои кредиторї ва маблаѓи пардохткардаи сањмдоронро баргардонанд. Њарчанд ин кор њам ѓайриќонунї аст, Кумитаи сармоягузорї ва идораи амволи давлатї натавонист, ки маблаѓи сањњомонро пардохт кунад. Аз буљет додани 5 - 6 миллион сомонї барояшон мушкил будааст ё гапашон нагузашт. Ризогии вазири молия ва раиси Њукумати Тољикистон лозим аст барои ин кор-ку! Барои њамин фармоишгарон ва пуштибонашон дар њукумат ба хулоса омаданд, ки моликияти 12 - 14 миллиондоллараи беш аз 400 сањњомро ба ива-

зи чандсад њазор тавассути ќарори суд кашида гиранд. Суди охирон барои њамин зарур буд. Тибќи ќонунгузорї барои амалї кардани ин кор бояд аз љониби љамъияти сањњомї мувозинати барњамдињиро мегирифтанд. Љамъият ин гуна тавозунро ба маќомот пешнињод накард, чунки талабаш ѓайриќонунї аст. Суди иќтисодии Душанбе ѓайриќонунї тавозуни фосилавии љамъиятро, ки як сол пеш тартиб дода шуда буд, тавозуни барњамдињї кард. Яъне нархи СУМ аз 700 - 800 њазор сомонї камтар шуд. "Детский мир"-е, ки дар бараш буд, 4 (чор)миллион доллари ИМА савдо шудааст, аммо инњо мехоњанд бинову замини 5 маротиба зиёдтарро ба ивази 100 њазор доллар гиранд! Ба умеде, ки ин пулро аз кисашон њам медињанд. Ќонун набошад њам, о, адолату инсоф будагист?!! Прокурори генералии собиќ љонибдорашон буд, њозираашро намедонем. Раиси њозираи Кумитаи сармоягузорї ва амвол дар дасти онњо як бозича шудааст. Суд њам мустаќил нест. Њама иљрогари иродаи рейдерњо шудаанд, мутаассифона. Аз Худо умед дорем, ки дер ё зуд сирри ин кору љалб кардани "фалониву бисмадонї" ба Роњбари давлат мерасаду чанд кас аз вазифааш мепараду банкашон њам аз сарашон мемонад. Фикр на-

мекунанд, ки оњу воњу фарзандони ин мардум намегирадашон? Агар барои давлат зарур бошад, мо моликият чї, љонамонро фидо мекунем, лекин инњо аз номи давлат сўистифода карда истодаанд. Мо моликияти ба ягон кас туњфа мекардагї надорем. Умри аксарияти сањњомон дар њамин љо гузаштааст, њама ёру дўсту хешу табор шудаем. Аксарият пули ёфтаашонро дар 15 - 20 сол сари њамин сањмияњо задаанду дигар њич молу њоле надоранд. Инњо куљо раванд?! Муњољир шавем? Дигар илоље надорему то охир мубориза мебарем". Љамъияти сањњомии "Фурўшгоњи марказї"-и Душанбе наздик ба 400 сањмдор дорад, ки аксар кормандони собиќадори фурўшгоњ мебошанд. Онњо дар давоми 10 сол аз соли 1993 то соли 2003 сањмияњои љамъиятро харидаанд. Ба гуфтаи коршиносон, мањз теъдоди зиёди сањњомон сабаб шуд, ки СУМ моликияти ќумандонњои сањрої ва харпулњои пойтахт нагардад, њол он ки Суњроб Ќосимови рањматї ва Алиматовњо кўшишњои бардавоме доштаанд. "Фурўшгоњи марказї"-и Душанбе соли 1960 бунёд гашта, танњо СУМ дар пањнои собиќ СССР аст, ки сањмияњояш ба собиќадорон ва аъзои коллективї мењнатии коргоњ расидаанд. TojNews

САРНАВИШТ Барои роњ додан ба омилњои коррупсионї дар бунёди шифохонаи шањрии "Пойтахт - 90" сардори Раёсати сохтмонњои асосии шањри Душанбе боздошт шудааст. Бино ба иттилои як манбаъ дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия, Саидашраф Анваров, рањбари Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосї"-и Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе њоло дар боздоштгоњ ќарор дорад. Кашолкорї барои ба истифода додани бузургтарин бемористон дар шањри Душанбе яке аз омилњои оѓози тафтиш дар ин иншоот шудааст. Ин манбаъ аз шарњи љузъиёти ќазия худдорї кард.

Боздошти сохтмончии №1-и шањрдории Душанбе Дар шањрдории Душанбе тасдиќ карданд, ки барои роњ додан ба камбудињо Саидашраф Анваров боздошт шудааст. Аммо масъули соња дар шањрдорї Ашўрбек Расулов, муовини якуми раиси шањри Душанбе дар ин бора суњбат кардан нахост. Шифохонаи бузургтарини Душанбе дар майдони 11 гектар дар шафати маркази љумњуриявии ташхиси беморињо дар хиёбони Неъмат Ќаробоев, дар мањаллаи 46-

уми пойтахт бунёд мешавад. Њоло тамоми биноњои асосии он бунёд шудааст. Корњои сохтмонї дар маљмааи мазкур њанўз дар оѓози соли 2013 шурўъ шуда буд. Интизор мерафт, ки ба муносибати таљлили 90-солагии Душанбе дар интињои соли 2014 ба истифода дода шавад. Ќаблан, мегуфтанд, ки шифохона ба маблаѓи 400 миллион сомонї бунёд карда мешавад. Маљмааи тандурустї "Пойтахт-90" аз

38 иншоот иборат буда, дорои 650 кат ва дармонгоњ барои ќабули 800 нафар дар як баст пешбинї мешавад. Моњи октябри соли равон вакилони Маљлиси намояндагон барои њарчи зудтар ба истифода додани ин бемористон онро аз супурдани бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод карданд. Воридоти 90 номгўйи таљњизот, дастгоњ ва дигар лавозимоти зарурї барои муљањњазгардонии иншоотњои Маљмаа аз бољи гумрукї ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд. Дар назар аст, ки баъди ба истифода ќарор гирифтани бемористон мазкур беш аз 2 њазор нафар кормандони соњаи тандурустї ба кор фаро гирифта шаванд. TojNews


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

(Анљом. Аввалаш дар шуморањои гузашта) Ќисмати бисту саввум (30. 1. 2015) Имрўз субњ соати њаштуним аз хоб бедор шудам. Замоне, ки њаво хуб намешавад, зиёд хобед. Бахусус агар њаво хушк ва чанг бошад. Њаво комилан абрї буд ва радио њам субњ мегуфт имрўз барфе нахоњад борид. То соати яки баъд аз зуњр хона будам. Њавсалаам сар рафт, то ду истгоњи автобус аз хона то Воданасос пиёда рафтам. Њавои хеле хубе буд. Рафтам бозори Варзоб, ки дар њамон минтаќа аст. Дунболи гирдуи хубе мегаштам. Гирдуњои Тољикистон њарчанд андозааш аз моли Эрон кўчактар аст, аммо хушмазза ва тоза аст. Чархе дар он бозор задам. Дидам яке аз рустонишинон асал мефурўшад. Њама навъи асал дида будам, љуз асале, ки рангаш ширї буд ва ба сафедї ва карамрангї мезад. Гуфтам чаро ин рангин аст. Гуфт моли порсол аст. Албатта асали имол њам дошт. Ногуфта намонад агар асал хуб ва бегилу ѓашгир биёяд, њарф надорад. Аз асалфурўш чизе нахаридам ва омадам самти наворфурўшї, ки албатта алъон бояд номаш гузошт сидї ва дивидифурўшї. Чун дунё пешрафт карда ва дигар дар дењоти Африќо њам касе навор намефурўшад. Писаре, ки он љо буд, маро шинохт. Гуфт ту ќаблан аз ман сидї харидї. Билфосила ёдам омад. Рафтам дохили маѓозааш. Њама љўр сидї ва дивидї дошт. Англисї, њиндї, афѓонї ва эронї. Бештар филмњое, ки мефурўхт, њоливудї ва русї ва тољикї буд ва сидињои хонандагони тољик ва рус ва афѓон ва эронї њам дошт. Дар Тољикистон чанд хонандаи эрониро бештар аз баќия мешиносанд. Сиёвуши Ќумайшї, Лайло Фурўњар, Гугуш, Мансур ва Умед ва Муин ва Муњсин Чавошї ва чандтои дигар, ки наворњои онњоро дар таксињо шунидам. Љавонњои ин љо зиёд бо мусиќии суннатї ва асили эронї ошно нестанд. Албатта Шаљариёнро то андозае мешиносанд. Аммо ман љое надидидам ва нашунидам, ки наворе аз онњо бошад. Ба назарам чанд сол пеш чандто аз ин хонандањое, ки ном бурдам, омаданд Тољикистон ва барнома иљро карданд ва барои њамин бештар аз баќия онњоро мешиносанд. Ногуфта намонад, ки тољикњо алоќаи зиёде ба хонанда ва навъи хондани мо доранд ва то кунун саъй намудаанд манбаи таќлидашон дар забони порсии эронињо бошад. Албатта, оњангњои афѓонї њаст, аммо аз чанд нафар, ки пурсидам ва љавон буданд, зиёд тамоил ба тарона ва оњангњои афѓонї нишон надоданд. Санъати синамои тољик њанўз нав аст. Дар маљмуъ ибтидои роњ њастанд. Чандто филме, ки кори худашон буд, харидам, аммо фурсати нигоњ кардан пайдо накардам. Аз сидифурўшњо, ки суроѓ мекардам бештар филмњои хориљї бо дубли тољикї доштанд. Аз фурўшанда чандтої сидї ва дивидї интихоб кардам. Дунболи колексиуни аз фулклур мегаштам, ки дар як љо бошад, ки наёфтам. Бештар хонандагоне њам, ки тарона хонда буданд, дар студию пур нашуда буд, балки дар мењмонињо ва љашнњо ва муносибатњои мухталиф буд. Албатта буданд ва њастанд касоне, ки барномаи бењтаре ва видиёњои бењтаре кор кардаанд, аммо онњо андак њастанд. Дар кулл таи ин як моњ фањмидам баъд аз фурўпошии Иттињоди Шўравї насли љадид дар њоли сипарї кардани байни он чи дошта ва он чи надорад, мебошад. Муњим дар ин арсаи халлоќият ва таваљљўњи фарњанг ва расона аст, ки масири мушаххасе барои навоварї ва бењбудї дар оњангсозї ва таронахонї эљод кунанд. Вагарна ин бозор рўз ба рўз дарњам ва барњамтар хоњад шуд. Дар фурўшгоњ, ки буд ва замоне ки телевизиюни дохили маѓоза як оњанги рус аз хонандаи љавони тољик гузошта буд, ман доштам гўш медодам. Зане, ки њамроњи духтараш он љо истода буд ва мехост сидї ё дивидї бихарад, гуфт, шумо мефањмед чи мегўяд. Гуфтам сахт мутаваљљењ мешавам. Гуфт, ман ки тољик њастам, намефањмам. Вой бар њоли ту ки эронї њастї. Маълум буд аз ин навъ мусиќињо ва чаќ- чаќњо (суњбатњои хонандагон ва њарфњо) хушаш намеояд.

НИГОЊИ ХОРИЉЇ

Сарзамини марњамат ва рањмат Сафарномаи Фарњоди Иброњимпур Аз маѓоза берун оамадам, савори таксї шудам ва рафтам минтаќаи Садбарг, дар љанубтарин ќисмати шањри Душанбе, самти роњи оњан. Занњои зиёде дар пиёдарав машѓули фурўхтани љинсњояшон буданд. Аз нон бигир то сабзаљот, то мева, себи заминї ва садто чизи дигар. Каме он љо чарх задам ва як миќдор аз чизњое, ки барои хона лозим доштам, харидам ва боз савори таксї шудам ва баргаштам самти хона. Соат наздикии панљи аср буд. Яъне дошт явош-явош торик мешуд. Нишастам нањор ё њамон шом дуруст кардам. Яке аз дўстони тољик маъмулан баъзе аз шабњо меояд пешам ва бо њам ѓизо мехўрем, ки иттифоќан соати шашуним омад ва бо њам шом хўрдем. Дўстам мегуфт мехоњад зан бигирад ва модараш ќарор аст биравад бо духтаре сўњбат бикунад. Худам бо падараш сўњбат кардаам ва ў њам гуфт бигў очаат, яъне модарат биёяд. Модарам грип дошта имрўз натавонист биравад. Хуб ки шуд меравад сўњбат мекунад. Мегуфт агар ќабул кунанд бояд 3000 доллар ба хонаводаи арўс бидињам барои харљашон. Пурсидам ўро: хонаводаи арўс барои ту чї чизе меоранд? Гуфт тахтхоб ва камад. Мошини либосшўї, љоруббарќї, як дона гилем, як адад лустра барои утоќи худаш(манзур утоќи арўс ё њамон њаљла буд) як љаъбаи либосњои худаш ( ки маъмулан ин љаъбањо чўбї ва кандакоришуда аст. ) Аз ў ба шухї пурсидам: Шаб ки бо арўс рафтед дохили утоќ касе пушти дар менишинад, бубинад чї хабар аст? Гуфт, бале, модаркалон яъне модарбузурги арўс менишинад. Гуфтам дастмол ва инњо даркор аст? Гуфт, баъзе авќот њаст. Як порчаи чањоргўшаи нимметрии гулдўзишуда зери арўс меандозанд ва сањар маълум мешавад ва модаркалон бармедорад. Гуфтам, алъон, ки хелењо мераванд ќабл аз шаб ва ќабл аз арўсї пеши дуктур ва эњтиёље ба ин нест. Гуфт, акаи Фарњод, вале њама љо нест. Дидам рафторе, ки њанўз дар маросимњояшон њаст, суннатї аст ва љолиб аст. Бидонед, ки ин наќшро бештар модарњо ба ўњда доранд. Ва њарфи модарњо дар бигў ва магўњои интихоби издивољ бештар аз наќши оќоён дар Тољикистон аст. Мутаассифона, то он љо, ки ман пурсидам, дар Тољикистон занњои талоќшуда хеле зиёд аст. Чун шавњарњо хеле роњат занњояшонро талоќ медињанд. Чизе ба номи мањрия ин љо вуљуд надорад ва дар охир агар кору зиндагии муштарак ба талоќ бикашад, чизе, ки доранд, нисф мешавад. Мард меравад паи кораш. Зан њам њамин тавр. Ва дар бештари мавќеъ бачањо пеши модарњояшон њастанд. Аз чанд нафар пурсидам: чаро ин вазъият пеш меояд. Мегуфтанд, чанд иллат дорад. Яке ин ки дар синни поинї издивољ мекунанд ва бахусус духтарњо 16 ва 17 издивољ мекунанд ва њанўз бистсола нашуда, ду - се то бача доранд. Баъд вазъияти корї аст, ки ё кор нест ё кам аст. Ва ё бо даромаде, ки доранд, њазинаи онњоро наметавонад таъмин кунад. Ва масъалаи саввум рафтани хеле аз тољикњо ба Русия борои кор, ки баъ-

зењо он љо мемонанд ва дигар равобит дигар мешавад ва масоиле аз ин ќабил, ки боиси афзоиш мешавад. Он чи ман фањмидам, бисёре аз занон дар арсаи кор аз мардон бештар фаъолият доранд ва эњсоси масъулияташон дар баробари хонавода бештар аз мардон аст ва инро мешавад дар њаљми њама заноне, ки њама љо кор мекунанд, мушоњида кард. Дўстам ду соате пеши ман буд ва рафт. Мавќеи худоњофизї дами дар дидам борон меояд. Ман њам дарро бастам ва ним соате дар ин њавои боронї ќадам задам ва баргаштам хона. Албатта, ба сари хеш чун кулоњ ёдам рафта буд бо худам бубарам. Шояд њам ба умед набурда будам. Ќисмати бисту чањорум (31.1.2015) Имрўз њаво офтобї буд. Кулли либосе, ки доштам, таи ин чанд рўзи барфї касиф шуда буд. Онњоро ба мошин гузоштам, чанд даќиќае нагузашта буд, ки барќ рафт. Њоло на мешуд аз мошин бароварад ва на медонистам кай барќ меояд. Калиди барќро аз париз кашидам ва дидам дигар дар хона мондан бефоида аст ва чун њаво хуб буд, тасмим гирифтам пиёда биравам Воданасос, он љо биравам шањр ва минтаќаи Варзоб, ки дар бист километри шањри Душанбе аст. Таърифи он љоро зиёд шунида будам. Дар Воданасос, ки мошинњои хаттї зиёд њастанд, аз чанд нафар савол кардам, чї тавр мешавад ба шањри Варзоб рафт? Фањмидам ду роњ дорад, ё ин ки бо сервисњои хаттї биравам, ки маъмулан то интињои Варзоб намерафт ва бояд он аќибњо ба мошинњо менишастам ва наметавонистам масирро хуб бубинам ва акс бигирам. Ё ин ки бо таксињои дарбаст мерафтам. Таксињо ду навъ нарх доштанд. Онњо, ки то маркази шањр фаќат мерафтанд. Ва ё бо таксї, ки туро мебаранд то интињои минтаќаи Варзоб. Дидам фарќаш фаќат 20 сомонї аст. Гуфтам дарбаст меравам. Бо яке аз ронандањои таксї, ки худаш аз мањаллли Варзоб буд, суњбат кардам. Мошинаш "Саманд"-и эронї буд. Таксињои зардранге, ки дар Тољикистон њаст, њамаи инњо эронї њастанд, ки аз се сол пеш вориди хутути мусофиркаши шањрї ва хориљ аз шањр шудаанд. Ба ронанда гуфтам рафту баргашт ба Варзоб чанд? Гуфт, 60 сомонї. Вале бо сўњбат ба 45 сомонї тавофиќ кардем ва ман гуфтам ман дўст надорам сареъ биравї ва биёї. Мехоњам аз масир акс ва филм бигирам ва дар роњ ѓизо хўрем. Одами матин ва хушахлоќе буд. Ќабул кард. Роњ уфтодем. Масири зебо ва ќашанге буд. Табиати зебо, ки бо дарахтони бисёр ва нањрњои об ва рўдхонаи пури оби Варзоб ва барфњое, ки бар кўњ ва дар роњњо нишаста буд, тазйин шуда буд. Масири йилоќи ва ќишлоќе, ки ёдовари минтаќаи Тењрон буд. Кулбањои зиёде канори рўдхонаи Варзоб сохта буданд, ки бисёре аз онњо иљора медоданд. Аз 50 то 150 доллар буд. Ба ном, ба имконот ва масоњати кулбањо ќимматњо мутафовут буд. Исми ронанда Хуршед буд, ки дар тайи масир аз ў дар бораи кулбањо ва мавќеияти

ин минтаќаи гардишгарї ва тафрењї савол мекардам ва ў, ки ошно ба ин минаќа буд, бароям тавзењ медод. Мегуфт шањри Варзоб дар вусати ин минтаќа ќарор дорад. Ва хелењо ба хусус гардишгарон ва туристњо дар фасли бањор ва тобистон зиёд ба ин љо меоянд. Чун ин минтаќа дар фасли бањор, бахусус моњњои май ва апрел бисёр зебо мешуд. Ин мавќеи сол алъон сард ва зимистон аст ва барги сабз дар дарахтон ва гулњо нест. Мегуфт бештари ин дарахтон, ки канори љода ва рўи кўњњо њастанд, дарахтони мева ва гирду ва писта њастанд ва шумо дубора дар фасли май ва апрел биёед бибинед чї ќадар наѓз ва соз аст. Хуршед рост мегуфт. Солиёни дарозе ман аз дидании ин манзараи бикр ва зебо мањрум будам. Ва њоло дидани ин манзара бароям хеле лаззатбахш буд. Сукут ва хилвати љода ва њавои бисёр матбўъ ва кўњу љангал ва рўд, ки бисёр зебо буд, эњсоси шавќ ба одам медод. Аз ин масир акс ва филм гирифтам, то ин хотирањоро ба дигарон низ ба иштирок бигзорам ва аз ин бобат низ эњсоси хушояндї дорам. Чун мадфун кардани эњсос бузургтарин гуноњ дар њаќќи худ аст. Одамњои зиёде, мутаассифона, мешиносам, ки дар байни эњсос ва ибрози он худдорї мекунанд ё ба хусусоти њиссї ва отифї мубтало њастанд. Мисли одамњое, ки дўст доранд бираќсанд. Аммо намераќсанд. Дўст доранд ба касе бигўянд, дўстат медорам, аммо намегўянд. Дўст доранд аз тањи дил биханданд,аммо намеханданд. Инњо дар вањли аввал ба худ зулм мекунанд ва дар вањли дуввум дигаронро аз дидани эњсоси хуби дарунашон мањрум мекунанд. Хуршеди Њалим чанд бародар дошт, ки ваќте ман гуфтам исмам Фарњод аст, куллї хушњол шуд. Гуфт исми яке аз бародаронам Фарњод аст ва баќия номњояшон Хурсанд ва Љамшед аст. Хуршед, ки дар яке аз дењоти минтаќаи Варзоб зиндагї мекард, соњиби 7 фарзанд, 4 бача ва 3 духтар аст. Дар Тољикистон ваќте мегўянд 4 бача дорам, яъне 4 писар дорам. Хуршед соњиби ним њектор боѓ дар рустояшон буд, ки дарахтони себ ва гелос ва нок (гулобї) доранд. Дар њаёти хонааш њам сї дарахти мева дорад, ки ќисмате аз харљи зиндагиаш аз ин тариќ таъмин мешавад. Бачањояш ба љуз писари кўчакаш њама ба мадраса мераванд ва занаш хонадор аст. Таксиро аз давлат иљора гирифта ва пуле надода. Фаќат бояд рўзе 42 сомонї ба давлат бидињад. Хуршед мегуфт њудуди 10 то 150 сомонї харљ дар ваќти кор мекунад ва куллан 25 сол аст, ки ронанда аст ва токсї ду сол аст дорад. Аз вазъияти обу барќ дар дењаш пурсидам. Гуфт дар зимистон барќ аз соати 5-и субњ то соати 9-и субњ дорем. Ва баъд аз зуњрњо аз соати 5 то 10. Аммо дар тобистон хуб аст ва ќатъи барќ надорем. Мегуфт барои пухтупази ѓизо бештар аз кўмур (зуѓолсанг) ва чўб истифода мекунем. Чўб худамон дорем ва намехарем. Аммо кўмур сол агар зиёд сард бошад, як тон масраф дорем, ки мешавад 400 сомонї. Албатта мо чароѓи барќї, манзураш учоќи барќї ва газї њам


МУСОЊИБА

дорем. Аммо ѓизо рўи оташ хеле бомаззатар аст. Дар кул оќои Хуршед аз зиндагиаш розї буд ва мураттаб мегуфт 10 соли дигар Тољикистон хеле бештар пешрафт мекунад. Ман аз ин тавр одамњо, ки базањмат зиндагї мекунанд ва бо сахтї имрори маош мекунанд, аммо ниќ намезананд ва аз зиндагиашон розї њастанд, хеле хушам меояд. Соат аз яки баъд аз зуњр гузашта буд. Њайфам омад, ки дар ин њаво нањор нахўрем. Ба Хуршед гуфтам ќањвахонае бозист нањор бихурем. Гуфт, бошад. Дар масир чанд љо рафтем. Ѓизои хубашон тамом карда буданд, то билохира Хуршед гуфт бирёни гўшти серка мехурї? Агар медонї, ки хуб аст, оре, мехурам. Рафтем он љо канори рўдхонае як ќањвахона на зиёдтар ва тамиз, аммо мисли ќањвахонањои дар Роњи Эрон буд, истодем. Хуршед гуфт, чандто бирёни гўшт биёрад? Гуфтам ту мегўї ѓизо хўрдї? Гуфт, на. Гуфтам ду порс биёрад. Ваќте ѓизо оварданд, дидам гўшт обпаз шуда, тафт дода шуда, ки дар сира хобонида буданд, бо каме пиёз хушмазза буд, бо нони мањаллї. Љотон холї, пушташ як чойи кабуд задем ва баргаштем самти шањри Душанбе, пойтахти Тољикистон. Оќои Хуршед шумораи телефонаш њам дод, ки агар касе аз дўстонам хост, барояш бидињам. Одами хубе буд ва маро то майдони Сомонї расонд. Ба љои 45 сомонї 50 сомонї барояш додам, куллї хушњол шуд. Аз њамдигар худоњофизї кардем ва барояш гуфтам агар бихоњам ду рўзи дигар биравам фурудгоњ маро мебарї? Гуфт, њатман. Фаќат ќаблаш занг бизан, ки ман љойгир набошам. Соат аз дуними баъд аз аз зуњр гузашта буд. Рафтам рестурони "Љомї", пеши дўстам. Мисли он ки ишон рафта буданд аз бозор барои рестурон лавозими лозимї бихаранд. То ишон омаданд, як соат тўл кашид. Ин рестурон бо вуљуде, ки муддати зиёде аз умраш мегузашт, аммо ончунон муштарї надошт. Шояд тањаввулоти љадид ва бозсозї ва њамоњанг кардани бештари он боясти љалби муштариён бештаре шуд. Дўстам идейњое дошт, то онро бењбуд бубахшад ва муштариёни бештаре пайдо кунад. Чандто коргар он љо машѓули кор буданд ва кор дар њоли итмом буд. Соатњои панљуним омода шуд ва мусиќї пахш макард. Аз мусиќии эронї, тољикї ва чандто низ русї буд, аммо ин мусиќии зинда набуд. Ќабл аз он чанд шабе инљо як хонанда ва як аргзан дошт, ки мехонд. То соатњои њаштуним ин љо будам. Омадам поин, њаво сард буд ва хиёбон хилват. Дар майдони Сомонї дар хиёбони Рўдакї ба тарафи Ваданасос истодам ва интизори ин ки зуд мошине гирам биёяд. Аз шанс як мошине таксї канорам истод. Дидам ду мусофирзан ва як бача дохили мошин њастанд. Гуфтам, "Воданасос". Ронандаи мошин пирамарде буд, аммо хушмашраб буд. То ра-

сидам манзил, куллї њарф зад. Намедонам, шояд занњо ва бача аз фомийлашон буд. Чун то сари хиёбони мо омад ва аз он љо дубора давр зад ва баргашт. Аз мошин, ки пиёда шудам, нам-нам борон шурўъ ба боридан кард ва чи чизе бењтар аз ин. Њељ аљалае барои рафтан ба хона надоштам. Дар ин њавои боронї чархе дар кўчањои атрофи манзил задам. Он ваќти шаб фаќат яке ду нафар дар кўча буданд ва дар њоли убур, ки мерафтанд хонањояшон. Баќия дохили манзил буданд. Кўча ором ва хилват. Дар сукуте, ки фаќат нам-нами зебои борон буд, ман бо тамоми вуљуд дар ин лањза зиндгиро њис мекардам. Ангор макон ва замон аз они ман буд. Љолиб аст, ки дар ин муддате, ки ин љо њастам, шеър камтар суроѓам омада ва далели инро бояд дар ин надонам, ки он ќадар њама чиз бадеъ ва тоза буд, ки худаш навъе шеър шуда буд. Ваќте расидам манзил, њавои дохил матлуб ва хуб буд. Чароѓњоро равшан кардам, либосњоямро даровардам ва рўйи тахт дароз кашидам. Намедонам кай хобам бурда буд. Хоб дидам як иддае омадаанд дами дар ва хеле дар мезананд. Наметавонистам ташхис бидињам. Дорам хоб медидам ё дар бедорї чунин иттифоќе афтода. Рафтам дарро боз кунам. Дидам, либосњом танам нест. Њарчи дунболи либосњом мегаштам, пайдош намекардам. Бидуни ин ки дар боз кунам, дидам се нафар њамроњи як пирамард дохили хона њастанд. Пирамард мисли одамњои туи филмњои љингирњо буд ва лухт буд ва поњояш кўтоњ буд ва ду зан ўро аз болои сандалї ба тарафи панљара њал медоданд. Саъй кардам худамро ба дар бирасонам ва дар барам дидам калид надорам. Баргаштам дохили ошпазхона. Дидам онњо аз пушти панљараи ошпазхона ба ман механданд. Гурбае, ки њар рўз барояш ѓизо медодам, омад ва онњо ногањон нопадид шуданд ва ларзиши аљибе ба танам нишаст ва аз хоб бедор шудам. Дидам утоќ торик аст. Фикр кардам њанўз хоб мебинам. Рафтам дами дар, дидам дар баста аст, панљара њам баста буд. Ба зањмат фундуќи сигорамро пайдо кардам. Шамъе рўйи мизи ошпазхона буд, равшан кардам. Он ваќт буд, ки фањмидам барќ рафта ва ман њама инњоро хоб дидаам. Соат якуними шаб буд. Чандто шамъ зери камади ошпазхона доштам. Њамаи онњоро овардам ва дуто аз онњоро равшан кардам, то сардам нашавад. Аз пушти панљара садои нам-нами борон ба гўш мерасид. Ба њолу њавои худам баргашта будам. Хеле дўст доштам зери ин њаво ва баъд аз ин хоби аљибу ѓариб чой бихурам, ки мутаассифона барќ набуд. То соати чори субњ бедор будам. Барќ наёмад. Шамъњо рў ба итмом буданд. Њарчи либоси гарм доштам, пўшидам ва рафтам зери пату. Намедонам, кай хобам бурд, аммо хуб хобида будам ва зудтар аз рўзњои дигар аз хоб бедор шудам. Барќ наёмада буд ва ба

љойи борон њоло дошт барф меборид. Њама он хобњо ва бебарќињо аз ёдам рафт ва рўзи дигаре саршор аз њавои хуб ва бо нишот оѓоз шуда буд. Ќисмати бисту панљум ва охирин Соати њафтуним аз хоб бедор шудам. Барќ њанўз наёмада буд. Берун дидам барф меояд. Аз он љо то ду истгоњ пиёда рафтам. Чун барќ набуд, наметавонистам дар хона чизе дуруст кунам. Рафтам рестурони "Дидор". Баъд аз субњона рафтам наздики чойхонаи "Роњат". Шиддати барф бештар шуда буд. Дидам хеле сардам шуда, баргаштам хона. Умедвор будам, ки барќ омада бошад. Нон гирифтам ва омадам хона соати 11. Барќ омад, шурўъ кардам ба рахтшўйї ва љамъу љур кардани васоилам. Дидам њавсалаам сар рафта. Соати њудуди 6, баъд аз зуњр по шудам, рафтам рестурони Љомї, пеши оќои Токї, ки чанд рўзе буд он љо шурўъ ба кор карда буд. Дигар барф намеомад, аммо сўзи сармо хеле зиёд буд. То соати нуњи шаб он љо будам. Берун, ки омадам, њаво бенињоят сард шуда буд. Хиёбонњо ях зада буд. Омадам Воданасос рестурони "Дидор". Дуто шашлик супориш додам. Ин охирин шаби ман дар Тољикистон буд. Як моњ хотирот ва ошноие, ки дар гузари ин рўзњо пайдо карда будам. Ба худам мегуфтам, ваќте як одам дар муддати як моњ бо шањр ва диёри ѓарибе унс пайдо мекунад, дар тааљљубам чаро баъзењо аз вилоят ва диёри худ фирори њастанд?! Имрўз охирин рўзест, ки дар шањри Душанбеи Тољикистон њастам. Субњ соати 9 аз хоб бедор шудам. Мисли рўзњои дигар кутриро ба барќ задам, то оби љўш биёя ва як тухми нимрў дуруст кардам. Панљараро боз кардам. Миќдоре аз нон ва чизњои дигаре, ки доштам, рехтам пушти панљара. Явош-явош сару каллаи парандањо пайдо шуд, зери ин њавои сард ва барфї, ки њанўз рўи шохањо ва кўчањо буд. Парандањо низ њамнишини ман дар ин сафар шуда буданд. Эњтимол ба ман одат карда буданд ва баъзе аз майнањо он ќадар ба пушти панљара наздик мешуданд, ки гоње пушт ба ман нону донањоро бармедоштанд. Чи ќадар хуб аст, ки мо бо табиат ин ќадар унс бигирем, ки њайвонот аз мо вањшат надошта бошанд. Имрўз соати 3, баъд аз зуњр ду соат ќабл аз парвоз бояд мерафтам фурудгоњ. Ду рўз пеш Хуршед гуфта будам, ки агар бихоњї туро то фурудгоњ мерасонам. Барои њамин ба ў занг задам ва гуфтам соати 3 баъд аз зуњр биёяд дар хона, то биравем фурудгоњ. Ў њам ќабул кард. Одресро ќаблан барояш дода будам. Дидам ваќти зиёде дорам. Аввал бояд њарчи ки бо худам оварда будам ва њар чи ин љо харида будам, дар чамадон ва соќи дастиам љо медодам. Намебояд беш аз 20 кило бор дошта бошам. Бо таваљљуњ ба либосњое, ки оварда будам ва чизњое, ки ин

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

9

љо харида будам, изофаи бор доштам. Теъдоде аз либосњои гарме, ки дигар эњтиёљ ба он набуд, гузоштам канор. Њудуди 5 килло шуд. Он рўз хеле мунтазир шудам, ки он бачањо биёянд, то ин либосњоро бидињам, аммо наёмаданд. Њаким, ки фањмида буд, имрўз баъд аз зуњр меравам, наздикињои соати якуним худашро расонд ба манзил. Њаким дўсти хубе баром буд. Одами дилпок ва бетаваќќуъ, одаме сабур ва боњавсала . Ваќте ки омад, хеле хушњол шудам. Аз дўсти дигарам Иќбол, ки дўсти Њаким буд ва тайи ин муддат то он љо, ки тавон дошт, роњнамої ва њамроњиям мекард, пурсидам. Гуфт, Њаким барои кор рафта шањре дигар. Аз он љо бо телефун тамсо гирифтам ва аз ў худоњофизї кардам ва бобати њама хубињо ба ў ташаккур кардам. Њаким соати дувуним рафт ва ман њама васоил ва либосњо ва чизњои дигар ба ў додам. Ў њам хушњол шуд ва бо худаш бурд. Эњсоси дилтангї барои рафтан аз Тољикистон доштам, бо мардумоне, ки ором-ором дар зењни ман љой гирифта буданд. Ќарор буд соњибхона барои тањвил гирифтани хона ва калиди манзил биёяд. Нигарон будам, ки накунад наёяд. Дубора ба ў занг задам. Бо итминон гуфт соати 3 ин љо њастам. Дањ даќиќа ба 3 соњибхона омад. Калидро тањвил додам ва ба ў гуфтам њама љои хонаро баррасї кунад, ки ишколе набошад. Аммо ў, ки тайи ин муддат фањмида буд, ки хонаашро ба чї касе дода, асалан нигоње накард ва ташаккур кард. Ронандаи таксї оќои Хуршед омада буд. Бо соњиби хона худоњофизї кардам, васоиламро гузоштам пушти мошин ва ба самти фурудгоњ њаракат кардем. Њаво нимаабрї буд ва ман њавосам туи масир, ки кўчањо ва хиёбонњо ва мурдумону табиате буд, ки муддати 40 рўзе, ки ин љо будам, бо онњо ва зиндагии онњо унс гирифта будам. Соати севуним ба фурудгоњ расидем. Аз Хуршед худоњофизї кардам ва ба самти ќисмати вурудї њаракат кардам. Намои фурудгоњи љадиди Тољикистон ќашанг буд ва дар ќисмати дохилї аз тарњи сода ва хубе истифода шуда буд. Васоил ва чамадон аз зери ќисмати бозбинї рад шуд. Аз он љо рафтам ќисмати тањвили бор. Чанд килои изофа бор доштам, ки гуфтанд бояд пардохт кунед. Пулро як нафар аз ман гирифт, вале њељ расиде ба ман надод. Гуфтам: тамом шуд? Гуфт: бале. Фикр кардам кори хубе набуд, ки ба ман расиде надод. Борњо тањвил додам, рафтам ќисмате, ки мањали чак кардани поспурт ва вуруд ба солун интизор аст. Як нафар ќабл аз ин, ки васоилам рад бишавад, гуфт хориљї њастї? Гуфтам: бале. Гуфт: чї ќадар дуллор дорї? Гуфтам: зиёд надорам. 50 дуллор бо изофаи дувист сомонї доштам ва яксад дирњам. Гуфт: бо ман биё. Рафтем дохили утоќе, мисли њаросат буд, бо каме суњбат мутаваљљењ шудам, ангор бояд чизе бидињам. Он 50 дуллорро додам. Чанд бор гуфт розї њастї. Ман њам дидам бењтар аст ин сафар то охираш хуб бошад ва љои бањс ва љидоле набошад, гуфтам оре, розї њастам. Ба назари мо ин кор як љўр бољхоњии муњтарамона буд бо ризояти тарафайн. Аз он ќисмат, ки рањо шудам, роњии ќисмати харид шудам. Чанд чизи кўчак бо пули боќимондаи тољикї харидам ва савори њавопаймо шудем. Њавопаймо пур нашуд. Ду љавон бо либоси варзишии мисли либоси манзил канори ман нишастанд. Фањмидам мераванд Дубай ва лавозими электроникї мехаранд ва мебаранд Тољикистон мефурўшанд. Чанд лањза баъд њавопаймо аз замин баланд шуд ва ба самти кишвари Аморат њаракат кард. Сафари бехатар ва хубе буд ва баъд аз 3 соат расидем фурудгоњи Дубай. Аммо њамин ки пиёда шудам, бо обу њавое рў ба рў шдуам, ки замин то осмон бо обу њавои Тољикистон фарќ дошт. Тоза васати зимистон ва бањманмоњ будем. Дар кор сафари хубе доштам ва бо мардуме ошно шудам, ки њамзабони деринаи мо-эрониён њастанд. Мардуме, ки бо сунан ва фарњанги муштарак ва хушњол будам, ки тайи ин муддат бидуни њељ мушкил ва масъалае ин кишварро тарк мекардам. Бар эшон орзуи хушї ва пешрафт ва тараќќї дорам ва умедворам ду миллати Эрон ва Тољикистон беш аз пеш бо њам иртибот дошта бошанд, иртиботе, ки ба пўёї ва саодати њарду бианљомад.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

Томас Фридман, тањлилгар ва сутуннависи маъруфи рўзномаи "Ню-Йорк Тамс" дар гузорише, ки ба тозагї дар ин рўзнома мунташир кардааст, таъкид мекунад, ба зудї Арабистони Саудї шоњиди тањаввулоти љадиде хоњад буд. Фридман менависад: "Дар сафарам ба Арабистон дар нишасте бо њузури 500 љавони арабистонї дар Маркази љавонони малик Салмон њузур ёфтам ва дар он љо суханронї кардам ва ба вазъияти љорї дар Ховари Миёна ва сиёсатњои Иёлоти Муттањида дар ќиболи он пардохтам. Дар ин суханронї бар пешрафти рўзафзуни техноложї ва таъсири шигарфи он дар љомеаи сар то сари љањон таъкид кардам. Ва гуфтам, ки техноложї таъсири мустаќим ба нињодњои корї, сиёсї ва истратежик дар умуми љањон мегузорад". Фридман дар ин нишаст интиќоди шадид аз салафигарї кардааст ва як нафаре њам бо ў њамовоз шудааст, вале каси дигар аз љумлаи њозирин дар атрофи ин интиќод њарфе ба забон наёвардааст. Фридман дар маќолаи худ аз муњтавои интиќодњои худ аз салафињо, ки дар ин нишаст пардохта, ишора кардааст ва навиштааст: "Ба љавонони арабистонї гуфтам салафигарї чї таъсироте бар ваљњи Арабистон дар сатњи байналмилалї мегузорад ва метавонад амнияти љомеа, минтаќа ва љањонро тањдид кунад". Фридман дар бораи дидгоњи љавонони Арабистон низ менависад: "Баъд аз ин нишаст ба суњбат бо љавонони Арабистон нишастам ва пурсишу посухе бо онњо доштам, дидам, ки нигоњи онњо бисёр мутафовут аз наслњои гузашта аст ва насли љадид рўйкарде комилан муѓойир бо насли ќадими худ дар таомул бо љањон ва чигунагии бархўрд бо љањони ќарни 21 дорад". Фридман дар бахши дигари ёддоштњои худ ба баландпарвозињои роњбарони љадиди Арабистон ишора мекунад ва менависад: "Бо Амир Муњаммад бинни Салмон, љонишини валиањд ва вазири дифоъи Арабистон дидор кардам ва бо ў дар бораи сиёсатњо ва нигоњњои ў дар таомул бо масоили минтаќаї ва љањонї бањс ва табодули назар кардам". Муаллиф дар бораи љони-

ЉАЊОН ниёзњо ва таќозоњои ќабоили зинуфуз таваљљуњ кунад". Фридман дар бораи њадафи сафараш навиштааст, ки мехост решањои ДОИШ-ро тањќиќ кунад. "Дар он љо ба рушанї дидам, ки салафињо ва вањњобињо дар њама љо њузур доранд, хеле хуб инглисї медонанд ва дар њукумати Арабистон низ соњиби нуфузанд. ДОИШ аз миёни њамин афрод аст, ки неру љазб мекунад. Нињоди динии вањњобии Арабистон раќобати шадидеро бо дигар нињодњо барои таѓйири њайати кишвар ба вуљуд овардааст". Амир Муњаммад аз ин ки љомеаи љањон Арабистонро дар шаклгирии ДОИШ муттањам мекунад, гила дорад ва зимни радди ин иттињом гуфт: "ДОИШ-ро мо ба вуљуд наёвардаем, ДОИШ ба далели вањшига-

"КАПУТ" - И ОЛИ САУД Њукумати ќабоилии Арабистон мањкум ба таѓйир аст шини валиањд менависад: "Амир Муњаммад саршор аз шодобї ва энержї аст ва бо ин энержии саршор баландпарвозињои бисёре аз зењни худ дорад, ки мехоњад ба онњо љомаи амал пўшонад". Фридман њамчунин бо Амир Муњаммад бинни Ноиф, валиањди Арабистон низ дидор доштааст. Дар ин дидор ў гуфта, ки мехоњад дар моњияти кишвар тањаввуле шигарф эљод кунад ва дар шеваи идораи кишвар таѓйироти муњиме ворид созад. Вай ба вазъияти иќтисодии Арабистон ишора карда, гуфта, ки бузургтарин мушкили Арабистон умедвории беш аз њадди интизораш аз нефт аст. Мо бояд гуногуниеро дар фазои иќтисодии худ эљод кунем. Мо бояд имтиёзоти вижаи афроди сарватмандро лаѓв кунем, ёронањои онњоро дар бахшњои об, барќ ва газ ќатъ кунем ва барои нўшобањои газдор, тамоку молиёт љорї намоем.

Валиањди Арабистон инчунин гуфтааст: "70 дарсади арабистонињо зери 30 сол њастанд ва ин бад-он маъно аст, ки ояндаи онњо мутафовут аз 30 дарсад аст, ки синнашон болои сисола аст. Бояд кишваре эљод кунем, ки онњо умеде ба ояндаи кишварашон дошта бошанд". Фридман навиштааст: "Намедонам изњороти валиањд ба маънои талоши тозае аз сўи ў барои боз кардани љомеаи ба шиддат бастаи Арабистон аст ё чизи дигар. Валиањд аз вазъи молиётии кишвар гила дошт ва мегуфт, ки "мутаассифона, љомеаи мо маънои молиётро намефањмад". Фридман мегўяд, аз валиањд дар бораи бањори арабї пурсидам, гуфт: "Кишвари мо мисли Аврупо нест. Барои он ки подшоњї ба шеваи ќабилаї аст, ки шохањои ќабоил дар тамомии аркони њукумат нуфуз дорад. Барои њамин њайати њокима бояд ба њама

рињое, ки иддае дар Ироќ ва Сурия доштанд, ба вуљуд омад. Ќабл аз ин ки амрикоињо Ироќро тарк кунанд, ДОИШ вуљуд надошт. Ваќте ки Амрико аз Ироќ рафт ва Эрон ворид шуд, дар эътироз ба ин вазъият ДОИШ ба вуљуд омад. Мо чї гуна метавонем ДОИШ-ро ба вуљуд оварда бошем, дар њоле, ки ДОИШ масољиди моро мунфаљир мекунад, террористњои ДОИШ ба ман мегўянд, ту мусалмон нестї, он ваќт дунё маро муттањам мекунад, ки ман ДОИШ-ро ба вуљуд овардаам". Валиањди Арабистон сипас гуфт: "Маломате мутаваљљењи Ѓарб нест. Ин мо њастем, ки ин каљфањмиро ба вуљуд овардем. Барои ин ки авзоъро ташрењ накардем, дунё ба суръат таѓйир мекунад ва мо њамеша аз он аќиб њастем. Мо ниёз ба бозбинии авлавиятњои худ дорем".

љуз Ќирѓизистон дигар њамаи кишварњои минтаќа аз сиёсати иќтисодии Чин пуштибонї мекунанд. Онњо бар ин назаранд, ки агар узви Иттињоди Авруосиёии Русия шаванд, истиќлолияти худро аз даст медињанд. Аз назари Збигнев Бзежинский агар вазъ дар Ховари Миёна пурра аз назорат хориљ шавад, пас муоњадаи атомии Эрону Амрико низ барњам мехўрад. Ва ин барои Исроил мусибати дигар меорад. Аксари роњбарони Исроил роњи њалли низомиро барои Эрон муњим медонанд. Ин аст, ки њам Русия ва њам ИМА манфиатдори субот дар Ховари Миёна мебошанд. Ва њатто будану рафтани Башор Асад аз ќудрати Сурия дигар дар мадди аввал нест. Машварату маслињат аслан хоси љомеањои мутамаддин ва демократист. Бзежинский дар замони худ тавонист тарњи шикасти як ќудрати љањониро амалї созад. Президент ба сухани ў, назарияи ў ва пешнињодаш бо фаросат нигарист ва дар он мантиќро дарёфт. Ва њамин мантиќ муљиби шикасти тадриљии ќудрати атомие гардид, ки Амрико аз вуљудаш њамеша бим дошт. Аммо Бзежинский дар маслињату машварат ягона мушовири амниятии руасои

љумњури Амрико нест. Аз Генри Киссинљер низ метавон ёд кард, ки соли 1976 аз њукумат канор рафтааст. Вале то ба имрўз ба њарфи ў Кохи Сафед гўш медињад, барои њар президенте, ки баъди соли 1976 ба ќудрат расид, Киссинљер мушовири пасипардагї боќї монд. Ё худ Александр Њейг, ки дар 85 солагї даргузашт. Вай мушовири се президенти ИМА: Ричард Никсон, Љералд Форд ва Роналд Рейган буд. Ба њадде маъруфият дошт, ки ваќте ба љони Рейган сўиќасд сурат гирифт, изњор дошт: "Ин љо дар Кохи Сафед ман њама чиро назорат мекунам". Ё худ њарферо, ки њамеша такрор мекард: "Чизњое вуљуд доранд, ки муњимтар аз сулњанд". Яъне, аз нигоњи ў сиёсат муњимтар аз сулњ аст. Аммо кї медонад исми як мушовири Елсин ё Путинро, ки ин ду ба њарфаш эњтирому эътимод дошта бошанд? Шахсан ман ёд надорам. Чаро? Низоми давлатдории Русия институти мушовириро ќабул надорад, њарчанд мушовирон њастанд ва барояшон маош дода мешавад...

"Гузоришномаи Афѓонистон"

МУШОВИР

Чаро Путин Бзежинский надорад? На танњо Владимир Путин, балки њамаи њокимони худкомаи гузаштаву имрўз мушовире назири Бзежинскии амрикої надоштанд ва надоранд. Ављи шуњрати доктор Збигнев Бзежинский замоне буд, ки мушовири амнияти миллии президент Љимми Картер буд ва ўро тарроњи аслии љанги сард меноманд. Мањз ў буд, ки Картерро водор кард барои шикасти Шўравї муљоњидони афѓонро кўмаки молї кунад ва бо силоњ таъмин созад. Њадаф заъиф кардани Шўравї дар сар то сари олам буд. Бзежинский чун мушовири амниятї аз мавзеъгирињои сулњхоњонаи вазири ваќти умури хориља Сайрус Вэенс пуштибонї намекард ва њатто аз он шадидан интиќод њам дошт. Сайрус ба нишони эътироз аз сиёсати Картер тарки вазифа кард. Вале баъдан барои сиёсатњои онрўзаи Амрико мањз машваратњои Бзежинский корсоз омад. Дар гузаштаи начандон дур њам Бзежинский њамеша мавзеъгирии зиддирусї дошт. Аммо ахиран ба хулоса расид, ки њоло манфиатњои Вашингтону Маскав ба њам хеле наздик шудаанд ва имкони бештари њамкории ду кишвар фароњам омадааст. Вай дар суњбаташ бо тањлилгари маљаллаи Politico Майкл Хирш гуфт, ки сарнагун кардани њавопаймои русї рўйдоди љиддист, вале чандон марговар нест. Ва агар аќли солим боло гирад, он метавонад корсозтар бошад. Бзежинский мушоњида намудааст, ки Ѓарб ба ин рўйдод бисёр омирона эътино кардааст. Гузашта аз ин русњо њам њис кардаанд, ки тун-

дии буњрон роње ба нокуљост. Натиљаи нињої метавонад он бошад, ки муќовимат басо љиддї шавад ва дар ин њол Русия дар људої ќарор хоњад гирифт. Тањлилгари маъруф бар ин назар аст, ки акнун шароитњои мусоидтари њамкорї миёни Русия ва Амрико ба вуљуд омадааст. Вай аз маќолааш дар Financial Times ёд кардааст, ки аввали октябр чоп шудааст ва мегўяд, акнун замоне расидааст, ки Русияро барои гуфтушуниди љиддї сари Ховари Миёна даъват намуд. Аз назари ў, будубоши дурударози Башор Асад дар ќудрати Сурия ба манфиати Русия нест ва барканории зудраси ў низ ба манфиати Амрико нест. Њоло масъалаи асосї Украина аст. Бояд аз узвияти ин кишвар ба НАТО ба шарти њифзи истиќлолияти он даст кашид. Ва рўйдодњои охир њам баёнгари њамин нуктаанд. Збигнев Бзежинский дар маќолаи ёдшуда навишт, ки дар Ховари Миёна манфиатњои Амрико зери хатар ќарор дорад, њамлањои њавоии Русия аз заъфи Амрико њикоят мекунад. Ва бояд њоло Вашингтон аз худ "љасорати стратегї" нишон дињад. Аммо бо гузашти як моњ ба назар мерасад ў таѓйири аќида мекунад ва мегўяд, вазъ мусоидтар ба њамкорї шудааст. Вай њатто аз њамкорињои Русияву Чин истиќбол мекунад, ки он њам бар зарари Амрико нест. Барои Пекин субот бењтар аз љанг аст, чун барномањои иќтисодии худро амалї месозад. Њатто мувозинати ќуввањо дар Осиёи Марказиро њам миёни Русия ва Чин таѓйир медињанд. Русњо дар ин самт коре аз дасташон намеояд. Ба

Бобољони ШАФЕЪ


МЕНЕЉМЕНТ Њафтаи гузашта дар матбуот хабари расмї буд, ки Президент Эмомалї Рањмон ба яке аз хољагињои пойтахт ва ё атрофи он рафта, дўкони гулфурўширо ифтитоњ намудааст. Агар ба ин хабар таваљљуњ кунем, дар он нишонаи мусбатро мебинем. Яъне, як гўша ободтар шудааст. Аз ин пештар иттилоъ буд, ки Раиси љумњур сехи дўзандагиро дар корхонаи бофандагї рўнамої кард. Ваќте ин хабар, яъне дар бораи кушода шудани сех дўзандагиро хондам, дар зењнам суоле гардон шуда буд, ки хуб мешуд, директори корхона, раиси ноњия ва агар он користон воќеан, бузург ва дар иќтисоди Тољикистон сањми арзанда дошта бошад, раиси шањр ба фаъолияти ин сехи нав оѓоз бахшад. Мутассифона, муддате гузашту ин хабари нав дар бораи кушодани дўкони гулфурўшї дар пойтахт ва ё атрофи он нашр шуд. Ин хабар њам, ба истилоњи имрўза, позитив аст, зеро он њам аз ободкорї, пешравї мегўяд. Аммо аз дигар љониб нигарем, пас аз хондани чунин хабар суолњо пайдо мешавад. Аввалин пурсише, ки дар маѓзи сар мепечад, ин аст, ки наход дўкони гулро њам Сарвари давлат кушояд? Наход дигар роњбаре пайдо нашуд, ки ин амалро ба анљом расонад? Дўкони гулро кї бояд кушояд? Шояд директори худи коргоњ ва ё намояндаи њукумати ноњия? Њама хуб медонад, ки Президент маќоми аввалини кишвар аст, бинобарин пардабардорї аз ин ё коргоњ ё муассисаи нав ба сатњи шахси аввал муносиб бошад. Яъне, ифтитоњи корхонањои бузург, ки ањамияти љумњуриявї доранд, аз љониби Раиси љумњур мувофиќ ба маќому шаъни эшон аст. Масалан, кушодани наќби Истиќлол, роњи Айнї - Панљакент ва ё Душанбе - Турсунзода арзанда ва зебандаи Президент буд. Ва ё аз тарафи Раиси љумњур оѓоз бахшидани љашни 3000-солагии Њисор, ки ањамияти љумњуриявї дошт, низ шоистаи нафари якум буд. Медонем, роњбари њар як хољагї, њар як сех ва њар як дўконе, ки нав бунёд мегарданд, мехоњанд, роњбари давлат фотиња дињад, зеро онњо мењисобанд, ки ин амали рањбар њам реклама асту њам аввали бобарори корашон. Фаромўш набояд кард, ки Эмомалї Рањмон зиёда аз бисту се сол ин сў бе танаффусу бе рухсатї зањмат мекашад. Дирўз мутолиа намудам, ки Президенти љумњурии њамсоя дар як сол се бор рухсатии кўтоњ гирифтааст. Ва бо ањли оилааш ба фароѓат рафтааст. Фарќашро ёбед: бисту се сол бе даму бе рухсатї, вале дар як соли президентї се бор рухсатї! Шояд Президенти Тољикистон дили

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

11

ВАЌТИ ПРЕЗИДЕНТ Муддате мегузараду тахмин чунин хабар нашр мешавад: "Президент НОБ-и Роѓунро ба кор даровард". нарм дорад ва "не" гуфта наметавонад ва аз ин чиз суъистифода мекунанд. Аз ин хабар чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки боз дањњо роњбарони корхонаву муассисањои нав навбат гирифтаанд, ки шахси нахустинро ба рўнамої даъват кунанд. Бино бар ин, хуб мешуд, он нафароне, ки тарњи сафарњои Президентро мекашанд, њатман маќом, шаъну шарафи Президентро дар ёд дошта бошанд. Чизи дигаре, ки ба сафари шахси якум дахл дорад, ин бастани роњњо ба муддати тўлонї ва љалби садњо нафар аз нињодњои ќудратї ва њокимияти мањаллї барои таъмин кардани амнияти эшон аст. Акнун тасаввур ва ё тасвир кунед, ки худи кор ташриф ба корхонаи гулпарварї ва кушодани дўкон аст, аммо ташвишњои атрофи он дањњо баробар аз ањамияти дўкони нав баландтар аст. Дар омади гап бояд гуфт, ки њанўз аз камтаљрибагї ва ё сабабњои дигар пеш аз

ташрифи Президент ба ин ё он коргоњи нав нињодњои мо наметавонанд ба муддати нисбатан кўтоњтар роњро банданд. Масалан, агар Роњбари давлат ба кушодани корхонаи нав соати дуи баъди нимарўзї равад, гоње роњбандон аз соати нўњ - дањи пагоњї сар мешавад. Њол он ки шумораи наќлиёт дар шањрњо хеле зиёд шудааст ва дар танбањо мардум соатњо дар мемонад. Дар баъзе давлатњо муњлати бастани роњи пеш аз сафар ва баъд аз сафари нафари якуми давлатро ба ќонун даровардаанд ва ташкилкунандагони ин гуна сафарњои расмї њаќ надоранд аз он муњлати муайяншуда берун раванд. Аммо чун мо њанўз ин гуна корњоро ба рељаи мушаххас надаровардаему ба ин наздикињо њам муназзам карда наметавонем, хуб мешуд, худи сафарњо ба хољагиву сехњо кам карда шаванд. Президент бекор ва ё камкор нест. Ваќте мо худ дар як оилаи худ дањњо

гирењ дорем ва намедонем, онњоро чї тавр кушоем, чї расад ба Президент, фарди масъули тамоми кишвар. Махсусан, дар ин шабу рўз ки барќ намерасад, њама мардуми ќобили мењнат бо кор таъмин нест, ќурби пули миллї поён меравад, моро зарур аст, ки ба ќадри ваќти Роњбари давлат бирасем, зеро Президент яктост ва наметавонад ба њар хољагии хурд биравад. Мо умед дорем, рўзе Президенти Љумњурии Тољикистон тугмаро пахш карда, дар њузури њазорон коргарон ва мењмонон НОБ-и Роѓунро ба кор медарорад! Ана, ин хабар њам зебу њам обрўву Роњбари давлат мешуд ва њар яки мову шумо. Аммо имрўз мо танњо дархосте дорем: кору ваќти президентї дигар аст, онњоро дуруст бояд танзим кард, лутфан, фањмед!

24-уми ноябр нерўњои њавоии Туркия љангандаи Русияро дар марз бо Сурия бо иттињоми он, ки њарими њавоии онњоро убур кардааст, сарнагун карданд. Русњо дар ради ин иттињомот мегўянд, ки љангандаи Су-24 ба самои Туркия нагузаштааст. Маќомоти рус гуфтаанд, ки онњо тамоми хати парвози љангандањояшонро бо нерўњои њавоии ИМА дар Сурия њамонњанг кардаанд, ки аз шарикони Туркия мебошад.

Аммо сухангўи вазорати корњои хориљии ИМА нимаи дуюми рўзи душанбе эълон кардааст, ки Русия пешопеш артиши ИМА-ро дар љараёни парвози ин љанганда нагузошта буд. Сухангўи вазорати корњои хориљии ИМА гуфт, ки кишвараш аз њаќќи Туркия барои дифоъ аз худ њимоят мекунад, вале хоњони таниш миёни Анќара ва Маскав дар асоси гуфтугў мебошад. TojNews

Сафои СОДИЌ

ИДОМА

Иддиои Путин ва шарти Эрдуѓон барои ба истеъфо рафтан Владмир Путин эълон доштааст, ки Туркия барои њимоя аз ќочоќи нафт аз "Давлати исломї" љангандаи Су-24-ро сарнагун кард. Аммо Раљаб Тайиб Эрдуѓон мегўяд, агар ин иддиоро исбот кунанд, омодааст, ба истеъфо равад. 30-юми ноябр дар Париж Владимир Путин, президенти Русия Туркияро ба он муттањам кард, ки љангандаи Су-24-ро барои њифозат аз тиљорати нафтї бо гурўњи мавсум бо "Давлати исломї" сарнагун кардааст. Раиси љумњури Русия сарнагун кардани љангандаи ин кишварро "иштибоњи бузург" номид. Владимир Путин гуфтааст, "далоили зиёдеро барои ин гуфта дар даст дорем, ки тасмими сарнагун кардани љангандаи мо хоњиши Туркия барои њифозат аз роњи ти-

љорати нафт ба хоки ин кишвар буд". Ў гуфтааст, дар ин бора иттилои зиёдеро дар даст доранд, ки нафти ДИИШ аз хоки Туркия мегузарад. Фурўши нафт аз манбањои аслии даромади созмони террористии ба ном "Давлати исломї" дониста мешавад. Раљаб Тайиб Эрдуѓон, президенти Туркия дар Париж алайњи ин иттињомоти Русия гуфтааст, агар исбот шавад, ки Туркия ба таври ќочоќ аз љангљўёни "Давлати исломї" нафт мехарад, омода аст, ба истеъфо равад. "Љиддан мегўям, агар чунин гуфтањо исботи худро ёбанд, шарафи миллати мо талаб мекунад, ки ба истеъфо равам. Њамзамон аз љаноби Путин пурсиданиам, ки ў дар вазифааш мемонад? Посухи ин суол маълум аст", - иќтибос овардаанд, аз суханњои президенти Туркия расонањо.


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

12

БО ШОИР Ту одам офарї, љонофаринї. Туро, модар, њамин мардонагї бас, Ба одам инчунин фарзонагї бас. Магар болотар аз ин ќудрат њаст? Ќазоват, мард, бинмо, њиммате њаст?

ХОНАИ МОДАР Хонаи боравзани модар бароям мењан аст, Дастпарвар њар дарахте аз падар њам мењан аст. Лутфгўињои модар бо забони модарї, Модарона алла гуфтан аз бароям мењан аст. Ашки чашмам гар бирезад аз азобу аз алам, Њар алам дар синаи ман аз бароям мењан аст. Нони гарми дасти модар давлати поянда аст, Гармии дастони модар аз бароям мењан аст. Њар сухан аз килки шоир шањду дармон асту бас, Шоирона дард гуфтан аз бароям мењан аст. Дил чу сўзад њар нафас аз покии хуни вуљуд, Њар нафас аз хонаи дил аз бароям мењан аст. Дурии як лањза аз ту асру касрат будааст, Асрњое бо ту будан аз бароям мењан аст. Дур будан аз ту мисли дур будан аз худ аст, Худ худї будан бароям аз бароям мењан аст.

НАЗЗОРА КУНАД, ВАЛЕК… Ранљам ба мисоли дони гандум Афзун бишавад, валек кам не. Дар хонаи дил алам фурўзон, Дар чашми манам, валек нам не. Ин чархи фалак расад ба фарќам Дар ќомати ман, валек хам не. Хандам ман агар миёни мардум, Шодии маро валек зам не. Дар љодаи худ ба завќ чархам, Шавќе ба дилам валек дам не. Ёрест маро ба ном ѓамхор, Ўро ба дилаш, валек њам не. Њайрон манам зи кори афлок, Бар кори манаш валек њам не. Сад бор ба сўи он бинолам, Наззора кунад, валек хам не.

ЧАРО ? Эй дўст, варо чаро ту бад мехонї? Мўе бадияш чаро ту сад мехонї? Бар хубии ў магар бадї музд шавад, Хубии варо чаро ту рад мехонї? Афзуни варо чаро ту кам мехонї, Бар чашми тараш чаро ту нам мехонї? Ин мењри варо чаро ту зам мехоњї, Ин сарви ќадаш чаро ту хам мехонї? Дар Дар Дар Дар

номаи вай ќалам сар аз даст равад, хомаи вай алам сар аз шаст равад. ќисмати вай ќисми вай аз даст равад, нисбати вай нисфи вай аз даст равад.

Эй дўст, варо чаро ту рад мехонї? Лутфу суханаш чаро ту бад мехонї? Бар људу сахо магар бадї подош аст, Дунёи варо чаро ту сад мехонї? Ту бањори зиндаталъат Ту бањори зиндахислат, Ба хазонї мўњр барбанд. Ба умеди сад кушоиш Барї љон зи ѓам рањоиш Ба муроди узру бахшиш, Ба хазонї мўњр барбанд. Ба Ба Ба Ба

умеди љомаи нав, милоди љодаи нав. билоди хонаи нав хазонї мўњр барбанд.

Ту, ки дил ба дилбар орї, Гули нав ба гулбар орї. Дилу чон ту дарбар орї Ба хазонї мўњр барбанд. Ту бахори зиндаталъат, Ба хазонї мўњр барбанд.

ЃАЗАЛИ ИШЌ Не гулобе буд, не мушке њамон паймонаро, Беќадањ то чанд гардад рўи дар майхонаро. Гар ба њар љое равї, гардї чу як парвонае, Боз ої сўи ман, монї дари бегонаро. Ќиссањо хонї ба гўшам аз вафою аз љафо То фармўшї барам деву дади афсонаро. Лек аз сўзи љафои хеш гардї бехабар, Бошадат бинї зи нав мењри дили љононаро. Рав, бирав, сўзи диламро сўзборон кора кард, Боварї кай бошадам он бисмили девонаро. Эй Саодат, хоксорї бас бувад, оќил бишав, То ки донад шамъ ќадри сўзиши парвонаро!

РОЗИ НОТАМОМ Ман дар миёни олами ту ѓарќ мешавам, Он оламе, ки васф варо дар калом нест. Эй бехабар, зи ќолаби ишќу умеди ман, Бингар хаёлро, ки њудудаш тамом нест. Чандон зи нолањои дилам ёд мекунам, Чашмам барои омаданат чор мешавад. Нодида шодмонию ишќу умедро Љонам ба лутфу як нигањат зор мешавад. Лайлї надонаме, ки замоне буда чу ман, Он Лайлиям, ба Лайлии ошиќ дињам паём. В-он гањ ба сўи Ќайси замон рўй оварам, Эй ишќ, эй љунунии љовиди ман салом.

ЗАНЕВУ ЌИСМАТ Мурѓи маро бод зи шохе рабуд, Бахти маро дев зи хоне рабуд.

САОДАТИ САИДНАЗАР Ишќи маро дасти газанде рабуд, Умри маро аспи саманде рабуд. Лонаи шодии маро дузд бурд, Некии манро бадие музд бурд. Номаи пурдарди маро гард бурд, Номи пур аз мењри маро дард бурд. Гармии дилро зи манам сард бурд, Хандаи лабро зи манам мард бурд. Бар ину оне, ки дилам бохтам, Хуни дилу шираи љонам рабуд. Додам агар дасти мадад бар касе, Китфи ман аз љайби гиребон рабуд. Зарфи дилам бо мадади сабр лек, Тоќату тамкин ба паноње рабуд.

ЌИССАИ ЊАСТЇ Аё парвардаи роњу дилу љон, Аё бахшандаи ину вайу он. Атобахшандаи армону имон, Сафобахшандаи минои тобон. Сухан айёми ин гуфтан маро нест, Маро майли бурун аз ањли дил нест. Ба њастиям ќасам бо нури љонам, Маро пинњон, туро гўёи онам. Ба умрам лаззати бода надонам, Зи хамри љоми ту лаззат чашидам. Ба мастї лаззати бода харидам Ба мастї ќиссаи њастї шунидам. Аё парвардаи роњу дилу љон, Аё бахшандаи ину вайу он. Маро мадњушиям аз њарфи ту буд, Маро фарзонагї аз ишќи ту буд. Маро девонагї асрори ту буд, Љунунињои ман њам кори ту буд. Худоё, гуфтамат монам љунунї, Ту донї, гуфтамат монам кунунї. Маро зоњир њамин, ќолаб дигар аст, Маро сурат њамин, сират дигар аст. Маро номам њамин, нома дигар аст, Маро комам њамин, хома дигар аст. Аё парвардаи роњу дилу љон, Аё бахшандаи ину вайу он. Маро мушкилкушо дил дар барам дон, Маро дил ќиблаи нури зиё дон. Диламро хона донї, бонї аз туст Гар ин Каъба, муродам њосили туст.

ЌУДРАТИ МОДАР Аё зан! Дасти ту ќувват надорад? Магў, ки дасти ту њиммат надорад. Аз он мењру ба он шафќат, ки дорї, Ту шохи мулки хубиву баќої. Чу аз одам ту одам офаринї,

НИДО БА ТАЌДИР Зи нав армону њам хоњишпарастам, Биёмад ё наёмад, ман насанљам. Агар омад, хуш омад омади ту Агар н-омад, зи ноомад наранљам. Агар сад бор афтам, боз хезам, Зи по афтоданам бо ту наљангам. Ба таќвимам чу н-ояд соати саъд, Зи таќдирам на бо ту ман бисанљам. Дигар айёми оњу дард бигзашт, Зи оњу дарди дилњо ман ба тангам. Аё умри амонат, њаќ амин аст, Зи неку зиштї аз худ ман ба ранљам. Шикоят аз ту ман дорам, дигар њељ, Ба умри девсират ман ба љангам.

РОЗИ БЕСАДО Рози дили ман дарди дарунист, Ин ханда шитову њам бурунист. Ожанги љабину гирди чашмам Овозаи пирии љавонист. Рози дили ман китоби таърих, Таърихи наву њисоби даврист. Рози дили ман њамон навоест, К-оњанги ваяш атои чархист. Рози дили ман њамон каломест, Бе њарфу садо лањни дарунист. Аз рози дилам садо чу хезад, Донї, ки варо сирри нињонист. Гоње, ки намї зи чашм резад, Донї, ки варо рањи балоист. Рози дили ман мисоли рўдест, Пуробу хамўш дами рањоист.

РОЗИ НОТАМОМ Ман дар миёни олами ту ѓарќ мешавам, Он оламе, ки васф варо дар калом нест. Эй бехабар, зи ќолаби ишќу умеди ман, Бингар хаёлро, ки њудудаш тамом нест. Чандон зи нолањои дилам ёд мекунам, Чашмам барои омаданат чор мешавад. Нодида шодмонию ишќу умедро Љонам ба лутфу як нигањат зор мешавад. Лайлї надонаме, ки замоне буда чу ман, Ман Лайлиям, ба Лайлии ошиќ дињам паём. В-он гањ ба сўи Ќайси замон рўй оварам, Эй ишќ, эй љунунии љовиди ман, салом.


ЊАЉВ Аз сањар то шом даводав кардам, вале њељ корам барор намегирифт. Не сардухтури дармонгоњ илољи њал кардани мушкилиро дошту не муаллими Донишгоњ, ки писарам дар он љо тањсил мекард, не њуљљати ронандагиро иваз карда метавонистаму не њуљљатњои харидуфурўши хонањоро, не нафаќаи падарамро гирифта метавонистаму не иљозати сохтани гаражро. Ин чї гап шудааст, ки ягон корам барор намегирад. Субњи дигар њам кор ба њамин тарз идома ёфт. То нисфирўзї чор тараф давидам, вале ягон корам буд нашуд. Дар обу араќ ѓўтида ба хона омадам. Иштињоям њам баста буд. Дилу нодилон хўроки нисфирўзї хўрдам. Њамсарам ба куртаи пур аз араќам ишора кард, ки мабодо бо он боз аз паи корњоям нашавам ва гуфт: - Писарамон дар ким-кадом озмун ѓолиб омадаасту чанд адад футболкау курта таќдим кардаанд. Аз пахтаи тоза будааст, яктояшро пўшида равед, то бегоњ бармегардед, ки куртатонро шуста хушк мекунам. Ман њам саросема, ки будам, ба курта нигоњ њам накарда пўшидаму аз хона баромадам, то дар ним рўзи боќимонда аќаллан як ќисми корњои буднашударо иљро кунам. Дар мошин нишастаму бо суръати баланд њаракат карда, чароѓаки сурхро гузаштам. Њамин ваќт аз шафати роњ милисае ба шаст давида баромаду манъам кард. Дар даст њуљљатњоямро гирифтаву аз мошин поин шудам. Имкони дањон во кардан надоштам, ки милиса даст ба чакка бурда худро муаррифї намуд: - Лейтенанти калони милиса Рањдоров. Љумлаашро ба охир нарасонда, рангу рўяш каме канду њамоно гуфт: - Роњи сафед, Раис! Як зиёрат кунем гуфта, манъ кардам, вагарна ягон ќонунвайронкунї аз тарафи шумо содир нашудааст. - Ташаккур, бародар, - гуфтам ману њайратзада шуда роњамро идома додам. Корро аз ивазкунии њуљљати ронандагї сар кардам. Ба ќабулгоњи сардор даромада будам, ки котибааш њамоно аз љояш хеста, ду даст пеши бар гирифту ба шефаш занг зад: - Раис, як шахси мўътабар дар ќабулгоњ интизоранд. Ин ишора ба Раис бас буд, ки њамоно иљозати ба утоќи кориаш ворид шуданро доданд: - Хуш омадед, Раис, кадом шамолњо шуморо ба тарафи мо парронд, чї хизмат? - Саломат бошад, мўњлати истифодаи њуљљати ронандагиам тамом шудааст, њамонро тамдид кунам гуфта омадаам, - маќсадамро баён кардам. - Шумо як пиёла чой ё ќањва нўшида истед, баъди 10-15 даќиќа бачањо иваз карда медињанд,- гуфт Раис ва бо телефонии дохилї ба яке аз зертобеъонаш фармон дод. Баъди чанд лањза њуљљати наппа - наву тайёр дар дастам буд. Аз омади кор хурсанд шуда, роњи Донишгоњро пеш гирифтам. Мошинамро дар сањни Донишгоњ монда вориди бино гаштам, ки давуѓељ сар шуд. Гумон кардам, ки сўхтор шудааст ё замин љунбид, ки одамон ба њар тараф медавиданд. Марди босалобату галстукдоре дастамро дошту ба тарафи њуљраи кории худ даъват на-

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

КОРБУДКУН муд: - Марњамат, Раис, ба утоќи кори ман гузаред, маслињат кунем. Ман њам гўсфанди кар барин аз пушти ў омадаму ба утоќи кориаш даромадем. Њамоно дар болои миз шарбату обњои гуногун пайдо шуд ва декани факулта ба пурсидан сар кард: - Ягон мушкилї доштед, Раис? - Писарам донишљўи соли аввали факултаи шумост. Аз ким-кадом фан ќарздор будааст. Барои њал кардани њамин мушкилї омадам. - Ному насаб ва муаллимашро гўед, худи њозир њал мекунем. Пас аз ду-се даќиќа муаллими љавоне њашшас карда даромаду ба узрхоњї сар кард: - Бахшиш, устод. Айби мо не, писаратон худаш ба имтињон дер карда омад, вагарна саводаш хуб аст. Ана бањояшро дар пеши чашми худатон мемонам, - инро гуфту як бањои "панљ"и калон дар пањлўи номи фарзандам гузошту ман њам хурсандона аз дар баромадам. Декан то мошин маро гусел кард ва то аз назарњо ѓайб шуданаш ду дасташро аз рўи сина намегирифт. Њайрон мондам, ки шояд маро ба касе монанд карда бошанд. Вале дар таги дил аз омад кардани корњоям хурсанд будаму ќабат-ќабат гўшт мегирифтам. Навбати гирифтани нафаќаи падарам расид. Ба кассаи амонатгузорї наздик шуда будам, ки њама ба ман роњ дода "гузаред-гузаред" гўён роњбаладї мекарданд. Худи мудири шўъба дафтарчаи нафаќагириро гирифта, пас аз чанд лањза нафаќапулии думоњаро ба дастам дод ва ба узрпурси шурўъ кард: - Маъзарат, Раис, ки пули наќд на-

Ба соати дастам нигоњ кардам. Панљи расо. Аз он ки корњои дар ду-се њафта буд нашударо дар ним рўз иљро кардам, шоду мамнун шуда ба сўи хона роњ пеш гирифтам. Ба њамсару фарзандонам њамаашро наќл кардам, вале онњо њељ бовар намекарданд. Чун як-як њисобот додаму халтаи пур аз дору ва њуљљатњои хонаву гаражу ронандагї, дафтарчаи имтињонї ва нафаќагириву халтаи пур аз доруњоро нишон додам, бовар карданд.

«

буд, вагарна сари ваќт нафаќаи бузургворро медодем. Шумо раќами телефонатонро монед, њар сари моњ коргарони мо нафаќаи падаратонро ба дастатон мерасонанд, Шумо одами серкор, ташвиш каршида наоед. Як пиёла чой, Раис. - Ташаккур, иљозати сохтани гаражро гирифтаниам, њамин корро њам имрўз иљро мекардам…- гуфтаму аз паи кор шудам. Ба идораи масъул нарасида будам, ки занги телефонии њамроњам баланд шуд - Устод, аризаи Шуморо дида баромадем, метавонед худи њозир омада онро гиред. Аз кордонии онњо дар њайрат шудаму фањмидам, ки касе аллакай фурсат пайдо карда хабарро расондааст, ки дар даромадгоњи бино худи раисашон иљозатномаро дар лифофае мањкам карда ба дастам дод ва барои таъхир кардани иљроиш маъзарат хост. - Худоё, кадом фаришта дуо карда будааст, ки корњои як-ду моњ боз иљронашуда дар ним рўз иљро шуда истодаанд, - худ ба худ њарф зада роњамро идома медодам. Акнун навбати гирифтани њуљљатњои хариду фурўши хона буд. Дар ќабулгоњи ин раис маро бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд. - Аз ташрифатон ба корхонаи мо сарамон ба осмон расид. Навбати ба корхонаи мо омадан њам мерасидааст-да, ташаккур, сад ташаккур, ки моро њам суроѓ кардед,- гаштаю баргашта мегуфт сардори корхона. Маќсади омадаамро нагуфта будам, ки як коргараш дар даст њуљљатњои харидуфурўши хонаам њозир шуду онро ба дастам дод: - Бахшиш, устод, ки њуљљатњои шуморо ба дасти як коргари љавон додаанду мўњлати иљроишаш дертар шуд. Афсўс, ки онро ба дасти ман надода буданд, вагарна дар як соат буд мекардам, боз њам маъзарати зиёд, Раис-бобо,- сарашро њељ боло накарда, мегуфт ў.

13

Баъди дар мўњлати ин ќадар кўтоњ иљро гаштани корњоям ба хулоса омадам, ки ба дармонгоњ рафта мўњлати вараќаи корношоямиро тамдид намоям. Дар ќабулгоњи сардухтур мизољони зиёде интизор буданд. Аз утоќи кориаш сардухтур тавассути телевизор медид, ки кї дар ќабулгоњ интизор аст. Њамагї як-ду даќиќа нагузашта буд, худи сардухтур башаст давида баромаду гўё бародари љониву хуниашро дида бошад, ки маро сахт ба оѓўш кашиду ба утоќи кориаш даъват намуд. - Шумо дари утоќи кории моро бо шатта зада дароед њам кам аст, "нури дида -тољи сар", чї коратон афтод, ки моро суроѓ кардед?- сўњбатро оѓоз намуд сардухтур. - Аз даводаву њал кардани баъзе мушкилињо љонбезор шудаму вараќаи корношоямї гирифта будам, мехоњам мўњлати њамонро тамдид кунам,- ба сари маќсад гузаштам. - Кирои гап њам намекардааст-у. Бо як занги телефон ин мушкилиро њал кардан имкон дошт, вале барои моро суроѓ карда омаданатон бори дигар ташаккур баён мекунам. Вараќаи корношоямиро аз дастам гирифту пурсид: - Чанд рўз тамдид кунам, як њафта, ду њафта…? - Як њафта кофист,- гуфтам. - Биёед, не як њафтаи шумо шаваду не ду њафтаи мо, дањ рўз тамдид кунам, - инро гуфта ба исту нести ман нигоњ накарда, мўњлати онро дањ рўз тамдид кард ва мўњрро гузошт. Бо телефонии дохилї љонишинашро даъват карда супориш дод: - Ба Раис аз њамон доруњои "гумпомош" - барои бемории дил, фишор, њалкунї ва ѓайраву ѓайра дар як халта пур карда дар ќафои мошинаш монед, барои наберањояшон њам дорувориро фаромўш накунед. Њарчанд норозигї кардам, вале гапи маро гўш накарда кори худаш гуфтагиро кард. Ба соати дастам нигоњ кардам. Панљи расо. Аз он ки корњои дар ду-се њафта буд нашударо дар ним рўз иљро кардам, шоду мамнун шуда ба сўи хона роњ пеш гирифтам. Ба њамсару фарзандонам њамаашро наќл кардам, вале онњо њељ бовар намекарданд. Чун якяк њисобот додаму халтаи пур аз дору ва њуљљатњои хонаву гаражу ронандагї, дафтарчаи имтињонї ва нафаќагириву халтаи пур аз доруњоро нишон додам, бовар карданд. - Фаќат нафањмидам, ки сабаби ин муваффаќиятњо чї буд? Ё маро ба касе монанд карданд, ё дуои ягон пири хирадро гирифта будам, ки дар ним рўз кори якмоњаро иљро кардам,- гуфтам ба онњо. - Не ину не он,- гуфт њамсарам.- Сабаби њамаи ин њамон футболкаи овардаи писарамон мебошад, ки нисфирўзї саросема пўшида баромада будед. - Футболка ба ин корњо чї дахл дорад?- њайрон шуда боз пурсидам. - Дахлаш њамин, ки як ба пеши баратон нигоњ кунед, чї навишта шудааст?- гуфт њамсарам. Ба сари синаам нигоњ кардам. Дар байн расми мушти калоне кашида шуда буду дар атрофи он бо њарфњои сурх чунин навишта шуда буд: "МО ЗИДДИ КОРРУПСИЯ". Ба ањли оила нигоњ карда гуфтам: - Ана гап дар куљо будаасту корро кї њал карда будааст? Футболкаро напартоед, пагоњ дар кумитаи замину андоз ва ду-се идораи дигар корњои нотамом дорам, масъалаи ба њаљ рафтани падарам њам чанд сол боз ба таъхир афтодааст, - гуфтам ба ањли оила ва нафаси сабуке кашидам. Љумъаи МИРЗО


Рўйоварї ба њамбастагї ё гусастагии фарњангї?

14

ФАРЊАНГ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

"РОЊАТ" - У МАЯКОВСКИЙ Биноњои чойхонаи "Роњат", раёсати љумњур, театрњои Лоњутиву Маяковский тахриб намешаванд Барои тахриби биноњои Дастгоњи иљроияи Президент, чойхонаи "Роњат", бинои парламент, театрњои Лоњутї ва Маяковский дар маркази шањри Душанбе њеч ќарори расмие ба тасвиб нарасидааст. Нуралї Саидзод, муовини якуми раиси Кумитаи меъморї ва сохтмон дар як посухи катбї ба TojNews гуфт, то имрўз њеч ќароре аз љониби Раиси шањри Душанбе дар доираи Наќшаи генералии амалкунандаи шањр барои бартараф кардани биноњои мазкур ба тасвиб нарасидааст. Биноњои мазкур тахриб карда намешаванд. Моњи гузашта расонањо дар бораи тахриб шудани биноњои Дастгоњи иљроия, чойхонаи "Роњат", театрњои Лоњутї ва Маяковский, инчунин биноњои маъмурии њукумати шањри Душанбе ва ТВ "Сафина" хабар дода буданд. Фаъолони љомеаи шањрвандї дар Душанбе дар пайи ин хабарњо зидди баратараф кардани биноњои мазкур фарохоне ба унвони Президент Эмомалї Рањмон ва раиси шањр Мањмадсаид Убайдуллоев ташкил карданд, ки дар зери он садњо нафар имзо гузошт. Расонањо ва фарњ-

ангиёни Душанбе гуфтанд, ки ин биноњо таљассумгари намоди Душанбе буда, таърих ва фарњанги ин шањрро бозгўї мекунанд. Кумитаи меъморї ва сохтмон мегўяд, рўйхати иншоот ва биноњое, ки дар хиёбони марказии Душанбе - хиёбони Рўдакї бартараф карда мешавад, бо

ќарори раиси шањри Душанбе аз 17-уми июли соли 2012 муайян карда шудааст. Тибќи ин ќарор, дар даврањои миёнамуњлат ва дарозмуддат дар хиёбони марказии шањри Душанбе тахриби биноњои маъмурияти маќомоти шањрї, бинои телевизиони "Сафина", матбаи №1 (домпечат), бинои сафоратхонаи Туркия, Кохи "Љомї", биноњои вазорати кишоварзї, вазорати адлия, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї ва дигар биноњо дар назар гирифта шудааст. Аммо дар ин ќарор дар бораи тахриби биноњои мавриди бањс сухан намеравад. Нуралї Назарзод мегўяд, дар кўчаи Саъдї Шерозии пойтахт барои татбиќи Наќшаи генералии Душанбе маркази тиљоратии "Рахш" ва ќисми дуошёнаи бинои Бемористони Ибни Сино, ки дар

он маѓозаи фурўши автомобилњо љойгир аст, дар мувофиќа бо соњибмулкони онњо бартараф карда мешавад. Дар ин мавзеъ гулгашти Театри миллї бунёд мешавад. Њоло Кумитаи меъморї дар якљоягї бо вазорати фарњанг, Академияи илмњо ва њукумати шањри Душанбе барои муайян кардани номгўи иншооти меросї фарњанї ва меъморию таърихї дар њудуди шањр гурўњи корї таъсис додаанд. Наќшаи генералии шањри Душанбе, ки соли 1983 аз љониби Совети Вазирони РСС Тољикистон тасдиќ шудааст, амалї мешавад. Њукумати Тољикистон соли 2006 ќарор баровард, ки муњлати эътибори Наќшаи генералии мазкур то тасдиќи тасњењи нави он тамдид шавад. TojNews


НИГОЊИ МАРДУМЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

15

АКСИ ГЎЁ

? - И БОБ ЊАМАИ ДОНИШЉЎЁН КАЙ БА ТАЊСИЛ ДАР КАФЕДРАЊОИ ЊАРБЇ ЉАЛБ КАРДА МЕШАВАНД? - Пештар дар 17 факултаи Донишгоњи миллии Тољикистон кафедраи њарбї амал мекард. Алњол аз 17 факултаи донишгоњ дар чортояш кафедраи њарбї амал мекунад. Чаро шумораи кафедрањои њарбї дар донишгоњу донишкадањо ба маротиб кам карда шуд? Ин мањдудият то ба кай идома меёфта бошад? Њамаи донишљўён кай ба тањсил дар кафедрањои њарбї љалб карда мешаванд? Аёмиддини ТОЊИР, донишљўи Донишгоњи миллии Тољикистон - Тавре ќаблан огоњї дорем пештар як - ду сол ќабл аз ин донишљўёни донишгоњу донишкадањои Тољикистон ба пуррагї ба таълиму тарбия дар кафедрањои њарбї фаро гирифта мешуданд. Моњи феврали соли 2015 дар асоси фармони вазири мудофиа ва вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон њамин теъдоди муайян ё худ квотаи донишљўёне, ки ба кафедрањои њарбї барои тањсил фаро гирифта мешаванд муайян карда шудааст. Он факултањое, ки масалан барои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон хеле зарур шуморида мешавад аз як љињат аз љониби дигар вобаста ба инобат гирифтани синфхонањои таълимї, асбобњои аёнї, теъдоди муайяни устодон, ки имкони дарс додан барои афсарони эњтиётиро доранд, теъдоди муайяни донишљўён аз њисоби факултањои муайяни донишгоњу донишкада људо карда шуда, барои тањсил ба кафедрањои њарбї љалб карда мешаванд. Дар давоми соли равон вобаста ба ин масъала дар асоси мактуби ректорони донишгоњу донишкадањои љумњурї ба Сарвазири мамлакат ва тибќи баррасии ин мактуб, фикру розигии Президенти Љумњурии Тољикистон њосил гашт фармон дода шуд, ки барои љалб намудани донишљўёни ин донишгоњу донишкадањо ба кафедрањои њарбї дар навбати аввал имконият фароњам оварда шавад ва баъдан онњо ба тањсил фаро гирифта шаванд. Дар њамин асос љињати дар якљоягї мусоидат намудан ба њалли ин масоил ќарори вазири мудофиаи Љумњурии Тољикистон ќабул карда шудааст, ки он муассисањои олии таълимие имкони ба пуррагї таъмин кардани факултањои дар тобеъияти донишгоњу донишкада будаашонро бо синфхонањои дарсї, асбобњои аёнии њарбї, теъдоди зарурии устодон, ки дарс мегўянд ва њамзамон мањфилњое, ки барои гузаронидани дарсњои амалї зарур аст доранд барои дар онњо амал намудани кафедањои њарбї иљозат дода мешавад. Аз њамин лињоз дар соли равон барои тањсил дар кафедрањои њарбї интихобу ба пуррагї љалб кардани њамин гуна донишљўёни донишгоњу донишкадањое, ки шароитњои дар боло зикршударо алакай муњайё кардаанд идома дорад. Ба саволи Шумо Фаридун МАЊМАДАЛИЕВ, сардори Маркази матбуоти Вазорати Мудофиаи Љумњурии Тољикистон посух дод.

ОЁ МЕДОНЕД? ДАР БОРАИ ИМОВУ ИШОРА ЧИРО МЕДОНЕД? - Оё медонед, ки дар давлатњои гуногуни олам њар намуди имову ишора маънои мухталифро дорад? Масалан, аз њама ишораи маъмули "ОК" дар давлати Англия ва Амрико тартиби пурра ва натиљаи хубро ифода мекунад. Вале агар Шумо ба фаронсавињо чунин ишора кунед, онњо баръакс фикр мекунанд, ки корњоятон нињоят бад аст. Дар баъзе халќиятњо бошад, ишораи "ОК" маънои њељ кас будани Шуморо ифода мекунад. Дар бораи худ сухан гуфта истода, љопонињо њатман ба бинї ишора менамоянд. Вале аврупоињо њангоми дар бораи худ сухан гуфтан, дасташонро ба сари сина гузошта, њарф мезананд. Дар дунё бисёр имову ишорањое вуљуд доранд, ки мо аз мављудияташон њатто хабар надорем. Биниро ќапидан ё пок кардан барои фаронсавињо ё итолиёвињо маънои онро дорад, ки одами дар наздашон истода инсони хатарнок аст. Барои њолландињо бошад, чунин рафтор гувоњи он аст, ки одами дар рў ба рўяшон буда машруботи спиртї истеъмол кардааст. Англисњо бошанд, аз чуниин рафтор фикр мекунанд, ки Шумо љосус њастед. Зеро дар Англия ин рафтор аломати корманди махфї будани Шуморо ифода мекунад. Ангушти калонии ба бало бардошташуда барои аврупоињо ва амрикоињо маънои онро дорад, ки Шумо ба такси ва ё автомобили њамсамт савор шуданиед. Дар Арабистони Саудї ва баъзе давлатњои Осиё чунин ишора аломати беодобї аст. Њар яке аз шањрвандони ин мамлакатњо бо дидани ин ишора мефањманд, ки Шумо ўро аз ин љо пеш карда истодаед. Бардоштани ангушти ишоратї ва ангушти хурдтарин барои шањрвандони Итолиё ишораи муќадасе будааст, ки инсонро аз назари бад эмин нигоњ медоштааст. Агар Шумо ба фаронсавињо ангушти ишоратии худро нишон дињед, меранљанд. Зеро фикр мекунанд, ки Шумо ба ў аз хиёнаткор будани њамсараш ишора доред. Ишораи дўстдоштаи ањолии Аврупо ин кафи дастони ба боло бардошташуда мебошад. Онњо аз ин амал пай мебаранд, ки Шумо аз онњо чизе фањмиданї њастед. Чунин ишора дар давлати Мексика маънои ба ришвадињї даъват карданро доштааст. Дар давлати Аргентина барои рафтори нољо дар љойњои љамъиятї аз одамон љарима меситонанд. Масалан, агар нафареро бинанд, ки дар кўча дастони худро ба кисаи худ андохта бошад, љаримапулї меситонанд. Зарнигори РУСТАМ, сокини шањри Хуљанд

ЛАТИФА МАЊБАС ВА ИНТЕРНЕТ Ба мањбас комиссия омада дид, ки њама дару дарвозањо кушода, ягон посбон нест, лекин њама зиндонињо дар љояшон. Раиси комиссия дар њайрат монда, аз сардори мањбас пурсид: - Шумо чї кор кардед, ки инњо намегурезанд? Сардори мањбас: - Интернети бепул гузарондем! ПРОБЛЕМА Духтар: - Агар маро гирї, тамоми проблемањоятро якљоя њал мекунем! Љавон: - Ман проблема надорам. Духтар: - Маро гирї, пайдо мешавад! ЌАСОСИ РЕКТОР АЗ ДОНИШЉЎ Донишљў дар ошхона хўрок мехарад ва мебинад, ки дигар љойи нишаст нест, рафта дар пањлўи ректор менишинад. Ректор: - Мурѓобї њаргиз дўсти саг намешавад! Донишљў: - Хайр набошад ман аз инљо паридам! Ин ба ректор сахт мерасад ва ба худ ќавл медињад, ки дар имтињон аз донишљў ќасос мегирад. Рўзи имтињон фаро расид! Донишљў омад ва ректор ба ў билети аз њама мушкилро дод, вале бо вуљуди ин донишљў ба суолњои билет љавоби аъло дод. Баъдан ректор бо суолњои нолозим хост донишљўро саргаранг кунад. Ва инак охирин суол: - Тасаввур кун, ки дар роњ рафта истодаї ва аз пешат ду халта мебарояд. Яке пур аз тилло ва дигаре пури аќл. Кадомашро мегирї? Донишљу: - Тиллодорро! Ректор: - Ман ба љойи ту мешудам, халтаи пур аз аќлро мегирифтам! Донишљў: - Хайр ин интихоби шахсии њар кас аст... Ба чизе, ки эњтиёљ дошта бошад, њамонро мегирад! Ректор ѓазабнок шуда, дафтарчаи донишљўии ўро гирифта, бо њарфњои калон "БУЗ"! менависад. Донишљў дафтарчаро гирифта меравад. Аммо баъди чанде баргашта меояду мегўяд: - Шумо инљо имзо кардаед, лекин гузоштани бањоро фаромўш намудед. СМС - ПАЁМАК Писаре ба духтаре бо ин тарз смс - паёмак менависад: "Муштарї аз Шумо барои хонадор шудан розигиатонро мепурсад..." Духтар дар љавоб менависад: "Маблаѓи њисоби Шумо барои тўй кардан пурра нест, лутфан аз Шумо хоњиш дорам, ки ба Русия рафта, маблаѓи њисобатонро пурра гардонед. ТАЛАФФУЗ - Ин шоир кист? - сурати шоирро нишон дода мепурсад омўзгор аз талаба. - Пирдавсї. - Пирдавсї не, Фирдавсї! Инаш кист? Талаба метарсад, ки њозир "П" гўям, боз омўзгор маро љанг мекунад ва мегўяд: - Фушкин.

ЌИССАИ ИБРАТОМЎЗ КЇ УЗВИ "ГУРУЊИ 99" АСТ? - Подшоње, ки њукмфармои яке аз кишварњои бузург буд, боз њам аз дорої ва зиндагии худ он ќадар хуш ва розї набуд ва худи ў њам намедонист иллат дар чист. Боре дар ќаср ва кохњояш ќадам мезад. Аз назди ошпазхонае гузашт, ки ногањон садои таронае ба гўшаш расид. Подшоњ худашро ба он садо наздик кард ва дид, ки як ошпазе замзама мекунад ва тарона мехонад ва дар чењрааш шодию хурсандї ва нишонаи саодат дида мешавад. Подшоњ бисёр бо тааљљуб аз ошпаз пурсид: - Чаро ин ќадар шоду хурсанд њастї? Ошпаз дар посух гуфт: - Подшоњам, ман танњо як ошпаз дар ин ќаср њастам, њамеша мекўшам њамсар ва фарзандонам аз ман хурсанд бошанд, мо барои худ хонае аз чўбу бўрё сохтаем ва ба ќадри кофї пўшок ва хурданї њам дорем, чаро хушњол набошам? Ваќте подшоњ аз як ошпаз чунин суханњоро шунид, сарвазирашро ба наздаш хонд, мољароро ба ў гуфта, дар ин маврид суњбат кард. Сарвазир ба подшоњ гуфт: - Љанобам, ин ошпаз њанўз узви "гуруњи 99" нашудааст. Агар ў ба ин гуруњ напайвандад нишонгари он аст, ки марди хушбине аст. Подшоњ аз сухани сарвазир дар тааљљуб омада пурсид: - Гуруњи 99 чист? Вазир гуфт: - Агар чи будани "гуруњи 99" - ро мехоњед бидонед, бояд чанд корро анљом бидињед. Шумо 99 сиккаи тиллоро дар њамёне дар пеши дарвозаи ошпаз бигзоред, ба зудї хоњед фањмид, ки "гуруњи 99" чист. Подшоњ дастур дод ва чунин карданд. Ошпаз пас аз анљоми кораш ба хонааш баргашт ва њамёнро дар назди дараш дид, онро гирифта, ба хонааш даромад, тиллоњоро дида, аз хушњолї намедонист чї кор кунад, онњоро рўи миз рехт ва шумурд. 99 сикка? Ў ба ин гумон, ки шояд дар њисоб иштибоње карда бошад, боз дубора онњоро шумурд, боз аз худ пурсид, чаро 99? Бояд 100 сикка бошад. Акнун ба фикр афтода буд, ки як сиккаи дигар куљост? Пеши дар ва њавлии хонаро љустуљў кард, аммо дигар чизе наёфт. Ноумед ба хона гашта даромад. Ў бисёр дилсард ва дилшикаста шуда буд. Тасмим гирифт, ки аз фардо бисёр талош мекунад то як сиккаи тиллои дигар ба даст орад ва дороияшро њар чи зудтар ба 100 тилло бирасонад. Бо њамин њол аз миён чанд рўз гузашт ва боре њам њамсарашро интиќод намуд, ки чаро ўро барваќтар аз хобаш бедор накард, то барваќтар ба кор барояд. Акнун монанди гузашта дар чењраи ошпаз шодї ва хушњолї дида намешуд ва тарона њам намехонд, то метавонист худро машѓули кор мекард. Подшоњ намедонист, ки он њамён чаро ин балоро бар сари ошпаз овард ва иллатро аз сарвазир пурсид. Сарвазир гуфт: - Љанобам! Акнун ин ошпаз расман узви "гуруњи 99" шудааст. Аъзои "гуруњи 99" касоне њастанд, ки бисёр доранд, аммо боз њам розї нестанд, то њадди тавон кор мекунанд, то бештар ва бештар ба даст оранд. Онњо мехоњанд њар чи зудтар соњиби 100 сикка шаванд. Бо ин васила шодї ва сурурро аз даст медињанд. Инњо аъзои "гуруњи 99" њастанд. Тањияи Абдулњаннони АБДУРРАЊМОН

БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миёномадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" - ширкати зертобеи ШСХК "Барќи Тољик": Директор - Самиев А. М; тел. 221-86-89, 918-20-77-57, 93-111-03-01 танзимгар: тел. 227-27-27, 223-15-97, 701-84-02 Шабакањои барќии ноњияњои: 1. Исмоили Сомонї: Сардор - Нуров О., тел. 985-56-02-09, танзимгар: 227-10-50, 227-1051 2. Шоњмансур: Сардор - Ќутбиддинов П., тел. 93-535-76-00, 93-777-56-82, танзимгар: 227-10-12, 227-10-13 3. Сино: Сардор-Аминов С., тел. 92-825-90-00, 93-777-56-93, 95-133-88-35, танзимгар: 236-10-14, 236-10-17, 4. Фирдавсї: Сардор - Кишваров С., тел. 907-92-91-90, 93-777-56-86, 985-56-02-08, танзимгар: 231-10-14, 231-10-21


16

КОМИЛАН «ЉИДДЇ»

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №36 (469), 2. 12. 2015

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

Дар сўги Умари шањид

"ГУЛШАНИ РОЗ" як равзаи миноии њамешабањору бехазон Маснавии "Гулшани роз" аз муњимтарин ва пуровозатарин асари донишманду орифу адиби асрњои 13-14 форсгўй - Мањмуди Шабистарї аст, ки мутаасссифона, то имрўз дар Варорўд он гуна, ки мебояд, шинохта нашудааст. Мањмуди Шабистарї бо ин њама завќу истеъдоди отифии адабї даъвои шоирї накардааст ва як мулоќот бо Шайх Њусайни Њиравї, дигар шахсияти маъруфи замонааш, муљиб гаштааст, ки "Гулшани роз"-ро ба зевари назм кашад. Шайх Њусайн ба мањфили ирфонии Табриз, ки Шабистарї шамъи он буд, бо номае манзум, њудуди 17 байт, суолоте матрањ мекунад дар умури ирфону тариќат. Шайхи Шабистар бо камоли адабу эњтиром ба ў посух медињад, њамчунон дар чањорчўби назм ва ин оѓози таълифи "Гулшани роз"-и ў мегардад. Ин маснавї маљмуаи комили андешањои ирфонист, ки тибќи риояи ќонунњои мантиќии мусоњабаву муколама ироа гардидааст. "Гулшани роз" агар, аз як тараф, њовии дониши фароху амиќи Шабистарї буда бошад, аз сўе њам гувоњи одоби баланду ахлоќи накўи ин орифи вораста аст. Ин асар воќеъан як равзаи маънавию ирфониест, ки афкори ќудсии суфиёнаро дар ќолиби маљозу киноя ва тамсилњои борику орифонаи љаззоб фаро гирифтааст. Дарки "Гулшани роз" аз он љињат барои атрофиён муњим аст, ки ошиќи тариќату маърифат ќалби хешро аз њар гуна бидъату хурофту реву риёву таъассуби бељо пок мекунад ва нафси ноќисро бо дарки ахлоќу маърифати ошќонаву содиќонаи соликони роњи Њаќќ комил мегардонад. Зеро орифи номвар Шабистарї безор аз тоъатњои риёиву ибодатњои намоишист ва њамон гуна ки маслаки инсонпарвари ў роњнамост, њар гуна хурофоту таъассубро мањкум мекунад. Як намуна: Ба љамъият лаќаб карданд "ташвиш", Хареро пешво карда, зињї риш! Фитода сарварї акнун ба љуњњол Аз он гаштанд мардум љумла бадњол!... Бибин, акнун, ки кўру кар шубон шуд, Улуми дин њама дар осмон шуд! Намонд андар миён рифќу озарм Намедорад касе аз љоњилї шарм! Ин аст, ки "Гулшани роз", дар донишгоњњои Эрон ба донишомўзони риштаи фалсафаву ирфон ва адаби ирфонї ба тарзи вижаву мустаќим тадрис мешавад. Зеро он бо намунаи зебову зарифи адаби форсї ва ба шарњи маќулањо, рамзњо, намодњо ва вожагони хосси ирфонї пардохтааст. Муњити омўзишии имрўзи мо воќиъан халоъе дорад дар заминаи тадриси шуруњи бузургтарин осори илмию адабии гузаштагонамон. Омўзонидани асарњое ба мисли "Маснавї"-и Мавлоно, "Гулистон"-и Шайх Саъдї ё "Гулшани роз" дар макотиби миёнаву олии мо то имрўз мутаассифона роњандозї нашудааст. Њол он ки ин гуна осор бењтарин мояе дар рушди маънавию инсонии миллати мо ба шумор мераванд ва бояд њар чї зудтар роњандозї гарданд. Ва аммо дар сайре ба "Гулшани роз" мебинем, ин асар њамоно як равзаи миноии њамешабањору бехазон боќї мондааст, ки бар иловаи шарњу таъвили масоили ирфонї мамлў аз иршоди роњи ростини инсонист. Мањмуди Шабистарї

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Муњаммадрањим ЮСУФЇ, раиси ноњияи Рўдакї: - Норозигии иљтимоии мардум аз бемасъулиятии кормандони маќомот дар њалли мушкилоти иљтимоии онњо ба миён меояд. - Рости гапро гўед, раис! Ин гапро дар назди ягон кас гуфтед, ягон кас шоњид буд, шунид? Ё фаїат худатон медонед? Агар фаќат худатон донед, дигар касе нафањмад, ки... Абдулњамид ЌАЮМОВ, масъули тарњи "Таѓйирёбии муњити зисти Тољикистон": - Бар асоси пажуњиши муштараки Созмони љањонии бењдошт ва Вазорати тандурустии Тољикистон таѓйирёбии иќлим боиси афзоиши беморињои сироятї ва амрози сактаи ќалбу сактаи маѓз шудааст. Ин вазъият барои сокинони Тољикистон хеле ташвишовар аст. - Акаи масъул, сокинони Тољикистон воќеан аз муњољират, бекорї, бепулї, судяву милисаи ноодилу ќапоќапу гурезогурез... эээ. Бале, њамин муњити зисту њавои тозаи кўњистон ба беморињои сироятї ва амрози ќалбу сактаи маѓз гирифтор мешаванд. Абдусамад МАНОНЗОДА, раиси ноњияи Бобољон ЃАФУРОВ: - Бекорон надорем (манзури раис сокинони бекор дар ноњия нестанд). - Ваќте раисон њастанду муњољирон ба Русиягон њиљраткунон мераванд, аз он љо пулону ихрољон шуда меоянд, бекорон њам коргарон менамоянд. Фаќат чашмону виљдонон заруранд, ки ин њамагонро дидагон кунанд...

мардумонро ба роњи рости таќво даъват мекунад, таъкид мекунад, ки аз кизбу њирсу тамаъ парњез кунанд, моли мардум нахўранд, шоиста ба номи рањбарї амал кунанд, тавќи лаънати нафси аммораро аз гардан дур андозанд, шањватварзию зоњирпарастї накунанд, худраъй набошанд, посдори номуси худу номуси миллат бошанд, ба роњи ифроту тафрит нараванд... "Гулшани роз" аз љумлаи нодирасарњоест, ки дар моварои замона ањли назару дониш ба он њудуди 50 шарњ навиштаанд. Ин асар ба чандин забонњои олам - туркию арабї, олмонї, инглисї, фаронсавию русї баргардон ва борњо ба зевари чоп ороста шудаст. Љои ифтихор аст, ки ин шоњкор акнун бо саъю њиммати донишманди тољик, Шодимуњаммади Суфизода бо матни комил ва бо шарњи басо мукаммалу расо, бо хатти кирилї аз чоп баромадааст. Устод Шодимуњаммад Суфизода афзун бар пешгуфтори муфассалу пурмуњтаво пиромуни зиндагиномаи Шабистарии ориф ва муњити адабию сиёсии ў ва низ назрияи ирфону тасаввуф, њамчунин абёти њакимонаи ин солики роњи њаќќро бар мабнои шуруњи муътабар ва бар пояи андўхтањои хеш аз њикмату ирфон муфассалу борикбинона шарњу тавзењ медињад. Барои хонандаи имрўзи тољик басо љолиб хоњад буд, ки воќиъан вожањои май, соќї, харобот, холу абрў, далќу масњї, дайру савмеъа, пиёлаву соѓар, тасбењу саљљода, ошиќу маъшуќ ... дар килки як орифи раббонї чї маънову тобишу шаъшаъа доштаанд. Барљост, ки љилваи бињиштосои "Гулшани роз"-ро, ки акнун тавассути зањмати пурмояи донишманди тољик, Шодимуњаммади Суфизода фазои илмиву ададбии форсигўёни Варорўдро мушкбез кардааст, ба ањли завќу ошиќони ирфон муборак гўем ва ба тањиягари ин гулшани њамешабањор сипоси фаровон арза дорем.

Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

Зафари Сўфї

Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru

Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85

Обид ШАКУРЗОДА

Љонибек МУРОДОВ, сароянда: - Бо эљоди таронаи "Айлон" (кўдаки курди њалокгашта дар бањр) роњро боз кардем ва дигар њофизони мо метавонанд, ки дар бораи Умаралї (кўдаки 5 моњаи ба марг расонидашуда дар Русия) низ тарона иљро кунанд. Фаќат дар бораи ишќу ошиќї нахонанаду як каме ба мавзуъњои иљтимої низ рўй оваранд. - Љонибекбой! Иљтимої куљо, криминал! Ин тавр нагўед, ки бе ин њам њофизу раќќосањо сиёсатмадор шудаанду сиёсатмадорон њофизу раќќос. Боз Ангела Меркел ба њавои "Гул ба боѓ" раќсида наравад! Никита ИСОЕВ, рањбари Институти иќтисоди муосири Русия: - Русия Тољикистонро њамчун шарики муњим дар шароити тезу тунди ин кишвар бо Туркия мебинад ва метавонад љойгузини маїоми Туркия дар бозори русї бошад. - Эй хайрияте, ако Никита! Хайрият, ки Русия Тољикистонро чун Туркия мебинад, Сурия набинад шуд! Э равед - е, Буркина Фасову Гондурас њам бинад ба хайр! Абдуњалим ЃАФФОРОВ, раиси ЊСТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Бештар ваќт дар мактабњо занозанї ба вуљуд меояд. Дар ин њолатњо бояд кўдакон зери назорати шахсии калонсоле бошанд, то аз он њодиса осебе набинанд. - Яктаед - дия, раис! Чун њарваќта сиёсатмадори оригинал! О чї хел ба Шумо ќоила нашавем охир?! Аз ин дафъа њамроњи кўдаконамон ба мактаб меравем, ки синфњои боло љанг шаванд агар, онњоро тањти назорат гирем. Ё якбора дарсњояшонро њам дода монем, мегўед? Як њамин пешнињодро дар парлумон мекардед, аљаб мешуд...

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 3 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.