Падруд, Миша!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
1
Аз Саакашвилї чї монд? САЊИФАИ 10 №37 (365). Чоршанбе, 4-уми декабри соли 2013
КАДРИ МИЛЛЇ
Парвози навбатии Шоњ САЊИФАИ 5
БЕЌАДРИИ ДУХТАР
Саргузашти арўси њисорї САЊИФАИ 13
Ќарори 540 Таъиноти Рустами Эмомалї чї маънињои пўшида ва ошкоро дорад? БО ШОИР
Шоири њамдарди мардум САЊИФАИ 12
КОМИЛАН ЉИДДЇ
"Трактор - вертолёт" САЊИФАИ 16
Мушкили "ќочоќи муќаддас" Ё чаро баъди бардоштани бољи нафтї њам ширкатњои нафтрасон ќиммати маводи сўхт, аз љумла бензинро поин намекунанду ягон ширкат ба љуз "ГазпромнефтТољикистон" аз Русия бори нав нахаридааст?
2
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
СИЁСАТ
Президент Эмомалї Рањмон зери фармоне имзо гузошт, ки бештар аз як таъинот ба интихоб монанд аст. Интихобе, ки бештар аз як интихоб сарнавишти на як нафар, балки таќдири ояндаи давлатдории миллии тољику тољикистониёнро дар назар мегирад. 30-юми ноябри соли 2013 раиси Њукумати Тољикистон Эмомалї Рањмон ќарори навбатиро имзо кард, ки бар пояи он, Рустами Эмомалї сардори Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон таъин шуд. Ба зудї таъиноти навбатии Эмомалї Рањмон, ки аз нигоњи коршиносони огоњи дохилї, пешгўишаванда буд, дар сархати ахбори расонањои тамоми кишварњои ИДМ ва њатто расонањои маъруфтарини љањон ќарор гирифт. Азбаски дар кишварњои ИДМ равандњои њамгун идома доранд, дар Русия дарњол њадс заданд, ки дар Тољикистон амалиёти "Ворис" шурўъ шуд. Расонањои Русия, ки аксаран бо хулосањои сатњии худ дар бораи Тољикистон маъруфанд ва баќия расонањои фазои Иттињодро аз паси худ мебаранд, ин дафъа њам иштибоњ карданд. Аммо дар асл таъиноти Рустами Эмомалї чї маъно дорад? Чаро барои ў мањз гумрукро ихтисос доданд? Ва ин таъинот чї паём - мессиљњоеро ба љомиаи дохилу хориљи Тољикистон дорад?
Рустами Эмомалї кист? Сомонаи president.tj тарљумаи њоли писари бузурги президентро сардори нави Хадамоти гумруки Тољикистонро бо тамоми тафсилоташ ба нашр расонд, ки то имрўз на ба њама маълум буд. Инак, айнан: "Рустами Эмомалї 19-уми декабри соли 1987 дар ноњияи Данѓара таваллуд шудааст. Маълумоташ олї буда, соли 2008 Донишгоњи давлатии миллии Тољикистонро бо ихтисоси иќтисодчї ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси њуќуќшинос хатм кардааст. Фаъолияти мењнатиашро соли 2006 ба њайси сармутахассиси шўъбаи њамкорї бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон оѓоз намуда, солњои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Солњои 2011-2012 њамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои гумруки Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон адои вазифа намудааст. Аз октябри соли 2012 то имрўз дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолият дорад. Дар корњои љамъиятї фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоќи љавонони Тољикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатњои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тољикистон интихоб шудааст. Бо забонњои англисї, немисї ва русї озодона њарф мезанад. Оиладор, соњиби 2 фарзанд".
«
ПИСАРИ КАЛОНИИ ПРЕЗИДЕНТ 26 СОЛ ДОРАД
Ќарори 540 Таъиноти Рустами Эмомалї чї маънињои пўшида ва ошкоро дорад? Мегўед, мусобиќа бо Василий Сталин шуруъ шудааст? Шояд. Аммо ...
Чаро гумрук? Исботи содда ин аст, ки Рустами Эмомалї соли 2011 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои гумрукї ва аз октябри соли 2012 то имрўз муовини сардори Хадамоти гумрук буд. Аммо ќаблан дар вазорати савдо ва рушди иќтисод ва њам Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амвол низ кор карда буд. Барои њамин, чаро на он ду нињоди дигар, балки мањз гумрук? Гумруки Тољикистон дар њоли њозир ношаффофтарин нињоди њукуматї аст. Моњи октябр дар љаласаи парлумон намояндаи Њизби нањзати исломї масъалагузорї кард, ки чаро омори гумруки Чин амалиётњои тиљорї дар марзи ду кишварро 1 миллиарду 700 миллион доллар нишон медињад, аммо гумруки Тољикистон њамагї 670 миллион? Њатто раиси парлумон Шукурљон Зуњуров гуфт, ки бино ба иттилои ў, дар марз бархе амвол сабт намешаванд. 1 миллиарду 30 миллион доллар кам нишон додани воридот бар зиёни буљаи давлат аст. Дигар мушкилот низ вуљуд доранд, ки њар нафар дар љомиа онро метавонад эњсос кунад. Масалан, сабти гумрукии мошинњо, ё "растаможка". Сухан дар бораи 2-3 њазор доллар намеравад. Дар бораи ќочоќи маводи нафтї (ба сафњаи 7 - уми шумора нигаред) њам суњбатњо зиёд буданд, ки он њам ба фоидаи фурўшандагон, аммо зиёни буља тамом мешавад. Илова бар ин, корхона ва гуруњњои моливу саноатии бузурге, назири КВД "Роњи оњани Тољикистон", ё гуруњи сохтмонии Давлатовњо амалиёте доранд, ки бе одамони худї дар гумрук боиси дањњо милли-
Воќеан, интихоби Эмомалї Рањмон иќдоми тасодуфї ва бархоста аз ангезањои хешутаборї наметавонад бошад, зеро ин љо ќабл аз њама масъалаи субот дар миён аст. Таври маълум, дар Тољикистон гурўњњои умедвор пеш аз њама аз доирањои фарзандон, домоду ќудоњо, хешу табор ва њаммањалњояш зиёданд.
«
«
Дуввумињо бар инанд, ки Эмомалї Рањмон њељ гоњ ишораи рўшан ба интихоби худ намекунад, зеро ин корро рањбарони дигари Осиёи Марказї, ба монанди Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев њам накардаанд ва нозукии масъала њам дар ин аст, ки ин њол гурўњњои зиёди умедворро ба тањрик дароварда, онњоро фаъол мекунад.
он сомонї "зарар" шуда метавонанд. Хулоса, маълумоти парешон дар бораи вазъи гумрукот далели он аст, ки ин соња мушкили зиёд дорад ва барои рафъи он фаќат дасти ќавї ќодир аст. Вазифаи муњимтарине, ки назди писари президент, дар ин маврид, сардори Хадамоти гумрук гузошта мешавад, њамин аст. Рустами Эмомалї бояд лаљоми Њукумовњо, Гуловњо, Давлатовњо ва дигар авлодњои ќавиро кашад, аммо то куљо ў муваффаќ мешавад, ваќт нишон хоњад дод.
Интихоб ё паём? Сари ин масъала, ки таъиноти нави Рустами Эмомалї наздиктар шудани ў ба курсии президентї пас аз 7 сол аст, њоло коршиносонро ба ду ќисм људо кардааст. Аввалињо бар инанд, ки президенти Тољикистон дар пайравї ба Њайдар Алиев, президенти марњуми Озарбойљон мехоњад писари худро президенти ояндаи Тољикистон бинад ва вазифањои рањбарї ва дар ин синни љавонї ўро пухтаву давлатмадор хоњанд кард. Дуввумињо бар инанд, ки Эмомалї Рањмон њељ гоњ ишораи рўшан ба интихоби худ намекунад, зеро ин корро рањбарони дигари Осиёи Марказї, ба монанди Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев њам накардаанд ва нозукии масъала њам дар ин аст, ки ин њол гурўњњои зиёди умедворро ба тањрик дароварда, онњоро фаъол мекунад. Воќеан, интихоби Эмомалї Рањмон иќдоми тасодуфї ва бархоста аз ангезањои хешутаборї наметавонад бошад, зеро ин љо ќабл аз њама масъалаи субот дар миён аст. Таври маълум, дар Тољикистон гурўњњои умедвор пеш аз њама аз доирањои фарзандон, домоду ќудоњо, хешу табор ва њаммањалњояш зиёданд.
«
Дар чунин њол, воќеан, ду хулоса пеш меояд. Аввал, ин њама бо ин интихоб ором мешаванд ва мекўшанд, ки аз хати кашида берун наоянд, то "муљозот" нашаванд. Ба ин маънї, ки интихоб сурат гирифт ва бояд дар фикри он буд, ки чї тур бо ин воќеият созиш кард. Домоду духтарон умеди худро канда, њамагї мекўшанд бо рањбари оянда муносибатњои њасанаро ба роњ монанд, вагарна "Гулнора-твит" мешавад.. Дуввум, онњо метавонанд аз ин интихоб нороњат шуда, барои бештар матрањ кардани манофеъ ва номзади худ бикўшанд. Дар чунин њол онњо метавонанд ба "маслињатњо" - и пўшида ва пайдо кардани иттифоќчињо дар миёни гурўњњои дигар бикўшанд, аммо њамеша ин тарсро хоњанд дошт, ки мабодо фош нашаванд. Онњое, ки аз ин таъинот чунин бардошт доранд, худро дар хатар мегузоранд. Пеш аз њама хатар аз он хотир барои онњо эљод мешавад, ки моњияти ин таъинотро оё дуруст фањмидаанд ё не, то аз ин мондаву аз он ронда нашаванд. Мантиќан, дар чунин вазъият президент барои касе дастак намедињад ва бо ин интихоб гурўњњоро боз пеши њадсу гумонњо мегузорад. Њамчунин то 7 соли дигар Рустами Эмомалї синни президентї - 35 - ро пур нахоњад кард. Албатта, агар дар ин миён таѓйиротњое дар Сарќонун ба вуљуд наояд ва ё роњи дигари "мушкилоти 2022" ёфта нашавад. Дар њар сурат, интихоби президент, на танњо дар оила ва миёни нухбагони њукмрон, балки дар љомиа низ суботи нисбиро ба вуљуд меорад ва ба рушди давлатдориву иќтисоди миллї замина фароњам меорад. Ин аст эффекти ќарори шумораи 540. Ќиёми НУР
ТАФСИРИ ДОЃ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
3
"Тибќи моддаи 69" Њафтаи гузашта охирин таѓйироти муњим дар њукумати нави Тољикистонро рўшан кард. Ин њам иваз шудани вазирони молия ва корњои хориљї буд, ки воќеан, ба маънои манфиву мусбаташ "сюрприз" ё "армуѓон" - е ба љомиаи Тољикистон буданд. Таъиноти дигари муњим: Рустами Эмомалї, писари бузурги Эмомалї Рањмон, президенти Тољикистон ба љои Гурез Сафаров, ки ба нафаќа рафт, сардори Хадамоти гумруки назди њукумати Тољикистон таъин шуд (дар ин бора дар сањифаи 2 хонед). Аммо ќаблан як хулоса мекунем: мантиќи таъиноти кадрии ахир, ки миёни мардум танзомез "тибќи моддаи 69" ном гирифтааст, равшан шуда, аз ба вуљуд омадани гуруњњои нави молї -бонкї ва пурнуфуз шудани домодњои алоњида дар кишвар дарак медињанд.
"Њу из њу?" Вазири молия таъин шудани Абдусалом Ќурбонов, директори Дирексияи сохтмони иншооти њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти Тољикистон дар миёни коршиносон ва шабакањои иљтимої ба зудї ин суолро пеш овард: "Оё собиќаи кории ў барои вазири молия шудан кофї аст?" Як руљўъ ба тарљумаи њоли ў, ки сомонаи president.tj нашр кардааст: "ЌУРБОНОВ Абдусалом Каримович 9-уми феврали соли 1959 дар ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, соли 1982 Донишкадаи политехникии Тољикистон бо ихтисоси муњандис - сохтмончї, соли 1999 Донишкадаи андоз ва њуќуќ бо ихтисоси иќтисодчї ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва ќарз хатм намудааст. Фаъолияти мењнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноњияи Данѓара оѓоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тољикистон солњои 19821984 дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Иттифоќи Шуравї хизмат кардааст. Солњои 1984-1986 дар вазифањои челонгар, муњандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 ноњияи Данѓара, сипас солњои 1986-1995 дар вазифањои гуногуни роњбарї оид ба масъалањои истењсолию иќтисодї дар сохторњои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хољагии об дар вилояти Хатлон ва шањри Душанбе фаъолият намудааст. Солњои 1995-2006 дар вазифањои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноњияи Данѓара кор кардааст. Аз моњи феврали соли 2006 то њол дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон кор мекунад..." Абдусалом Ќурбонов агарчи як шахси расонаї нест, аммо дар доирањои "болої" ва бо ин вазифае, ки дорад, ўро хуб мешиносанд. Ба љуз ин, ки "география" - и ў гирифтани њар гуна вазифаро осон мекунад, амалан то њол ў корњоеро анљом додааст, ки амалан њар кас мебинад. Сохтмони Китобхонаи миллї, ки аз сўи ширкати сохтмонии мансуб ба яке аз афроди бонуфуз, аммо бо пули буља ба маблаѓи 40 миллион доллар сохта шудааст, бевосита тањти назорати ў буд. Ва гумон меравад, мањз ин истеъдоди "харљ кардан" - и маболиѓ барои сохтмонњои бузург мавќеи ўро мустаќкам карда, челонгари собиќро то курсии вазирї расондааст. Бино ба бархе хабарњо, барои њар метри квадратии сохтмони ин Китобхона 800 доллар харљ шудааст. Барои ќиёс - њар метри квадратии "Душанбе - плаза", ки аз сўи ширкати "Тољиксохтмонбайнулмилал" - и Зайд Са-
БО ИСТИФОДА АЗ КАРИКАТУРА. РУ
То куљо вазири молия шудани челонгар - токар мантиќї аст?
- ЊАРДУЯТОНРО ОНЧУНОН ДЎСТ МЕДОРАМ, КИ НАХЎРДААТОН НАМЕТАВОНАМ... идов сохта шуд, 400 доллар будааст. Ногуфта намонад, ки санади ќабули "Душанбе - плаза"-ро њам Ќурбонов имзо карда буд, аммо зўри Фаттоњ Саидов фаќат ба њамфомилаш Зайд Саидов расид ё шояд супориш танњо њамин буд. Дар доирањои коршиносї, аз вижагињои дигари Абдусалом Ќурбонов наздикии нисбї бо Љамолиддин Нуралиев-муовини вазири молия ва Тољиддин Пиров-сањњому роњбари "Тољиксодиротбонк" -ро ном мебаранд. «Ширеш»-и иттифоќи сегона маблаѓњои њангуфти будљетї, ки аслан дар ихтиёри Ќурбонов ќарор доштанду бе њамкорї бо Нуралиев "кўчондан"-и онњо ба "Тољиксодиротбонк" номумкин буд, мебошанд. Тањлили нишондодњои молиявии "Тољиксодиротбонк" далели он аст, ки њар се њам то охири соли оянда, ба гумони ѓолиб ё пароканда мегарданд, ё сањњомњои бепулу кампули "Тољиксодиротбонк" мешаванд. Њамроњ бо як 10-12 сармоягузор/миллионери дигар, албатта, ки бо интихоби ин бонк ояндашонро норушан карданд. Дар њоли њозир фаќат маълум нест, ки иттифоќи сегона ба маркази ќабули ќарорњо хуш аст ё на. Инро ваќт нишон хоњад дод ё нишондињандањои Вазорати молия, ки аз Сафаралї Наљмиддинов чанд сад миллион сомонї профиситро ба мерос гирифт.
"Обуњавосанљ" - и умури хориљї Агар аз "мантиќи челонгарї" андешем, вазири корњои хориљї таъин шудани Сирољиддин Аслови агрометеоролог њам "армуѓон" аст. Ва ќабл аз хулоса, тарљумаи њоли ўро дар таќдими сомонаи president.tj меорем: "Аслов Сирољидин Муњридинович 17-уми феврали соли 1964 дар ноњияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олї, соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоњи иќтисодии Тошкентро хатм кардааст. Фаъолияти мењнатиашро соли 1986 ба сифати муњандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуњавосанљии љумњурї оѓоз намуда, то соли 1996 дар вазифањои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникї ва стандартњои Вазорати њифзи табиат, муовини сардори Са-
ридораи обуњавосанљии Вазорати њифзи табиати Љумњурии Тољикистон кор кардааст. Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабњои Намояндаи комилњуќуќи Љумњурии Тољикистон дар Кумитаи иљроияи Шўрои байнидавлатї оид ба проблемањои њавзаи бањри Арал, Намояндаи комилњуќуќи Љумњурии Тољикистон дар Кумитаи иљроияи Фонди байналхалќии наљоти Арал ва Раиси Кумитаи иљроияи Фонди байналхалќии наљоти Арал фаъолият намудааст. Солњои 2004-2005 ба њайси муовини якуми Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон адои вазифа намудааст. Солњои 2005-2011 дар вазифаи Намояндаи доимии Љумњурии Тољикистон дар Созмони Миллали Муттањид кор кардааст. Аз моњи марти соли 2011 дар мансаби Намояндаи доимии Љумњурии Тољикистон дар Созмони Миллали Муттањид, њамзамон Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Куба фаъолият дорад... Бо забонњои англисї, форсї ва русї озодона њарф мезанад..." Зоњиран, ваќте ба "география" ва "биография" - и Сирољиддин Аслов таваљљўњ мешавад, ў бештар агрометеоролог менамояд, то ин ки фаъолиятњои ў дар вазорати корњои хориљї оѓоз намешаванд. Агар кори ў дар нињодњои вобаста ба бањри Аралро гирем, мавсуф 18 сол аз рўи касби аслиаш кор кардааст ва дар дипломатия таљрибаи 8 - сола дорад. Зоњиран, ин кам аст, ваќте таљрибаи Шўравї, ки "нињол дар як љо месабзад", яъне як нафар дар як нињод пухтаву барои рањбарї тайёр мешавад, матрањ бошад. Пеш аз Сирољиддин Аслов - замони вазирии Њамроњхон Зарифї масъалањои бузурге дар сиёсати хориљии Тољикистон вуљуд доштанд, ки ахирї, ба андешаи мо, на бо хатои худ муваффаќ нашуд. Гап дар бораи таслими ќитъаи бањсноки марзї ба Чин намеравад, зеро Зарифї танњо ба сари "оши тайёр" омада буд, яъне то ў ин масъаларо њал карда буданд. Муњимтарин иќдоми вазорати Зарифї надодани "замини падару бобо" ба аљнабиён буд, ваќте сухан дар бораи Созишномаи пойгоњи 201 мерафт ва ру-
сњо мехостанд барои он иљорапулї надињанд. Вазорати корњои хориљї то охир сари ин мавќеъ истод. Дар марњалањои охир Њамроњхон Зарифї чун дид муваффаќ намешавад, созишномањои муњољирату маводи нафтиро ба миён кашид. Ин љо њам муваффаќ нашуд. Хулоса, Зарифї мехост русњо барои пойгоњ маблаѓ дињанд ва њадди аќал барои муњољирон сабукиву бољи гумрукиро аз маводи нафтї гиранд. Ў ба ин маќсад нарасид ва ин далели он буд, ки дар асл вазорати корњои хориљии Тољикистон сиёсатњои хориљро танзим намекунад. Ваќте Њамроњхон Зарифї бо ин вазъ мувољењ буд, дар Ню - Йорк намояндаи Тољикистон дар СММ - Сирољиддин Аслов амалан љомиаи љањониро ба њаќќонияти тарњи неругоњи Роѓун мутмаин кард. Бонки љањониро љалб намуд ва кўшишњои Ўзбакистонро барои муттањид кардани љомиаи байнулмилалї алайњи тарњњои энергетикии Тољикистон мањор кард. Яъне, дар пушти ў, баръакси Абдусалом Ќурбонов муваффаќияти шахсї ва он њам дар бахши хеле муњим дида мешавад. Боз њам, баръакси аксарияти њукумати "љавонњо". Мушкили асосии Аслов муносибат бо муовинаш Озода Рањмон мешавад, ки баъди афзалият додани Президент ва падараш ба Рустами Эмомалї метавонад, "характер нишон дињад".
4 солу 7 моњи "љавонњои 52 сола" 30-юми ноябр дар љаласаи аввалини њукумати Тољикистон эълон доштанд, ки ин њукумат пурра шакл гирифт аз сарвазир, муовини якум ва се муовини сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатї дар маљмўъ 22 нафар. 13 нафар аз аъзои Њукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои њукумати нави љумњурї 52 (!) сол аст. Синни миёнаи њайати Њукумати ќаблї бошад, 56,7 сол буд. Ба њамин минвол, Њукумати нави Тољикистон 4 солу 7 моњ љавон шуд, вале мушкилоти асосияш њал шуд ё на Худо медонад.
Фаромарзи ФОЗИЛ
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ФАРЊАНГИ ШАЊРШИНЇ
Хафагии Душанбе Гузориш дар аксњо аз вазъи тозагии пойтахти Тољикистон Дар Душанбе яке барои пули об дари хонаро мекўбад, дигаре барои пули барќ ва нињоят пули партов. Баъзан шабона барои њаќќи хизмати комуналї њам меоянд. Аммо вазъи тозагии шањрро мебиниву суол медињї ба худ, ки ин њама пули партову хизмати коммуналї барои чї бошад. Ман фикр мекунам, ки Душанбе аз масъулину сокинонаш воќеан хафа шудааст, ё мо аз пойтахт...
КАДР
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ќирѓиз Шамкеев миёнљигї кардааст. Аз афроди калидї дар њаводиси тирамоњи 2010 ва зимистону бањори соли 2011 аст. Ба ќавле, барои дастгир шудани Алии Бедакї дар моњи январи соли 2011 ва њам амалиёти аз миён бардоштани Мулло Абдулло дар моњи апрели њамон сол дар њамдастї бо Мирзохўља Низомов, фармондењи дигари собиќ ИНОТ наќши калидї дошт. Апрели соли 2011 ба маќоми муовини сардори Раёсати ВКД дар водии Рашт таъин шуд. Тобистони соли 2012 њамроњ бо 30 сарбозаш ба амалиёти вижаи сохторњои ќудратї алайњи гурўњњои мусаллањ дар Бадахшон ба Хоруѓ сафарбар шуда буд. Эњтимол меравад, ки дар он амалиёт ў бояд нобуд карда мешуд, аммо сари ваќт макони будубошашро иваз карда, наљот ёфт. Мегуфтанд, ў вазифаи муовини сардори Раёсати ВКД дар Раштро бар ивази хизматњояш дар мањор кардани гурўњњои Алии Бедакї ва Мулло Абдулло гирифт. Ва њоло баъид нест ин њадс зада
Парвози навбатии Шоњ Муњаммадшоњ Искандаров, маъруф ба Шоњ Искандаров, сардори Шуъбаи Вазорати корњои дохилї дар шањри Турсунзода таъин шуд. Яке аз таъиноти ѓайримунтазирае, ки ахиран дар вазорати корњои дохилї ба амал омад, њамин буд. Шоњ Искандаров то ин замон муовини сардори Раёсати ВКД дар водии Рашт буд ва ягона фармондењи Иттињоди нерўњои мухолифини тољик (ИНОТ) аст, ки дар њукумати Эмомалї Рањмон аз "гирдбодњои сиёсат" на фаќат эмин монда, балки аз мансаб ба мансабе боло меравад. Фармондењони њамразми ў дар замони љанги шањрвандї тайи 16 соли пас аз имзои Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар соли 1997 ё кушта шуданд ва ё ба кунљи зиндон афтиданд. Шоњ Искандаров - и 45 - сола дар совхози "Туркманистон"-и собиќ вилояти Ќўрѓонтеппа таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи њуќуќи Донишгоњи милли
«
Аз афроди калидї дар њаводиси тирамоњи 2010 ва зимистону бањори соли 2011 аст. Ба ќавле, барои дастгир шудани Алии Бедакї дар моњи январи соли 2011 ва њам амалиёти аз миён бардоштани Мулло Абдулло дар моњи апрели њамон сол дар њамдастї бо Мирзохўља Низомов, фармондењи дигари собиќ ИНОТ наќши калидї дошт.
Тољикистон ва Академияи нирўњои марзбонии Русия аст. Солњои љанги шањрвандї ќумандони ИНОТ буд. Соли 1998 яке аз гурўњњои мухолифинро дар амалиёти зидди љангиёни полковники саркаш Мањмуд Худойбердиев дар вилояти Суѓд рањбарї кардааст. Соли 1999 дар амалиёти озодкунии ходимони милисаи Ќирѓизистон, шањрвандони Љопон ва генерали
«
шавад, ки таъин шуданаш ба сардории Раёсати ВКД дар Турсунзода бар ивази хизматњояш дар Хоруѓ фароњам шудааст. Ин таъинот ё ин "парвози навбатии Шоњ" -ро мантиќан метавон чунин тафсир кард, агар як вижагии дигар набошад. Шоњ Искандаров аз замони љанги дохилї то имрўз асосан дар водии Рашт фаъолият дошт. Аммо њоло ба Турсун-
5
зода, шањри саноатї ва њаммарз бо Ўзбакистон интиќол меёбад. Ин таъинот то куљо ќобили фањму дарк аст? Ба ќавли яке аз собиќ рањбарони Турсунзода, ин ноњияи хеле мураккаб аст ва азбаски шањри саноативу сердаромад аст, гурўњњои зиёде низ дар ин љо фаъолият мекунанд ва маблаѓи бузурге њам дар ин љо гардиш мехўрад. Худ КВД "ТАЛКО" як олам гап аст. Дар гузашта иддае аз коршиносон њадс мезаданд, ки эњтимолан бузургтарин корхонаи саноатии Тољикистон ва бузургтарин корхонаи алюминийи Осиёи Марказї мавриди њамлањои диверсионии раќибони худ ќарор гирад. Оё Шоњ Искандаров муљоњиди собиќ ва вафодор ба Эмомалї Рањмон метавонад аз диверсияњои раќибон "ТАЛКО" - ро њимоят кунад? Аз њуљуми навбатии Олег Дерипаска чї? Ваќт нишон хоњад дод. Њамзамон… Бино ба иттилои сомонаи президенти Тољикистон, 3-юми декабр Президент Эмомалї Рањмон дар њайати роњбарии Вазорати корњои дохилї ва сохторњои зертобеи он як ќатор таѓйироти кадрии дигар низ ворид намуд. Аз љумла бо ќарорњои Њукумати Тољикистон Нурилло Орипов аз вазифаи муовини якуми вазири корњои дохилї, Шералї Сабзов ва Саид Љўрахонов аз маќоми муовинњои Вазири корњои дохилї озод карда шуданд. Муовини якуми вазири корњои дохилї генералмайори милитсия Абдурањмон Бузмаков, ки то ин ваќт Сардори Раёсати Вазорати корњои дохилї дар шањри Душанбе буд, таъин карда шуд. Икром Умаров аз сарварии Ситоди ВКД муовини вазири корњои дохилї таъин гардид. Бо мувофиќат бо Президент Эмомалї Рањмон Саид Љўрахонов сардори Раёсати Вазорати корњои дохилї дар шањри Душанбе ва Шералї Сабзов сардори Раёсати Вазорати корњои дохилї дар наќлиёт таъин карда шуданд. Њамчунин Файзулло Нозимов сардори Раёсати Вазорати корњои дохилї дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, Рустам Шафиев сардори Раёсати вазорати корњои дохилї дар минтаќаи Рашт ва Тоњирљон Норматов намояндаи Вазорати корњои дохилї дар Маркази минтаќавии иттилоотї-њамоњангсозии Осиёи Марказї таъин карда шуданд.
МИРЗОБЕК: ВАРЗИШГОЊ ТАХРИБ МЕШАВАД? Як соњибкори ноњияи Рўдакї нисфи стадиони мањаллаи Мирзобеки ноњияи Шоњмансури шањри Душанберо вайрон намуда мехоњад иморате бунёд намояд. Тавре, ки ба "Нигоњ" дар ин бора як гуруњ сокинони мањаллаи Мирзобек бо нигаронї иброз доштанд ин соњибкор аслан сокини мањаллаи Гулистони ноњияи Рўдакї -њамсоямањаллаи Мирзобек буда гўё бо њуљљатњои сохта мехостааст дар нисфи стадион иморате сохта баъдан онро ба одамони боќувват ба иљора дињад. Ба гуфтаи сокинони мањалла, ин соњибкор Бахтиёр Исмоилов ному насаб дошта ба ягон сокини мањаллаи Мирзобек ягон пайвандї ё риштаи хешутаборї надоштааст. Стадион дар пањлўи Комплекси варзишии "Ман"-и мањаллаи Мирзобек љойгир буда, 80 ба 100 метр дарозиву пањної дорад ва он љои машѓули футболбозї ва обутоби бадани наврасону љавонони ин мањалла будааст, ки эњтимол дорад дар назди чашми ин љавонону наврасон хароб гардад. Ба ќавли сокинони мањаллаи Мирзобек, алњол ин соњибкор ба атрофи стадион санг ва ќуму шаѓал оварда, машѓули сохтани пойдевори иморат мебошанд. Сокинон њамчунин иброз медоранд, ки ин соњибкор бо коргаронаш дарахтони арчаи атрофи
стадионро решакан карда, каноре љамъ карда мондаанд. Онњо бо ќотеъият изњор медоранд, ки њамаи њуљљатњои соњибкор Бахтиёр Исмоилов сохта буда, раиси мањаллаи Мирзобек Эмомалї Сафаров ба амали тахрибкоронаи ў монеъ нашуда, хомўш аст. Барои муайян намудани воќеият хабарнигори "Нигоњ" дар як тамоси телефонї ба шумораи телефони раиси мањаллаи Мирзобек Эмомалї Сафаров мурољиат карда, њолати воќеии раванди њодисаро пурсон шуд. Эмомалї Сафаров, мегўяд, ки соњибкор Бахтиёр Исмоилов сарвари ЉДММ "Солењљон" мебошад: - Бахтиёр Исмоилов, дар асоси њуљљатњои соли 1997 шањодатнома ва сертификати замин барои 0,3 сотих аз Кумитаи заминсозии шањри Душанбе замин дарёфт карда буд. Аммо мувофиќи як ќарори раиси шањри Душанбе њуљљатњои то соли 2005 дар бораи замин ба тасвиб расида бекор карда шудааст. Исмоилов њанўз аз моњи феврали соли равон мехост, ки дар инљо иморат созад, њарчанд ў ба мо гўш намекунад, аммо мо ба амалњои хилофи ќонуни ў сад гузош-
тем. Бале, дуруст аст, ки Бахтиёр ќуму шаѓал овардааст, дарахтони арчаро буридааст. Аммо ман њамчун намояндаи њукумат бо ќотеъият мегўям, ки аз њодисаи ба амал омада ба нозири минтаќавї, шуъбачаи ШКДи ноњияи Шоњмансур воќеъ 9-ум километр шикоят овардам. Ба Прократураи ноњияи Шоњмансур низ мурољиат кардам. Аз корњои анљомдодаи мо раиси ноњияи Шоњмансур Самандар Бобоев пурра огоњї дорад. Мо њељ гоњ ба вайрон шудани стадиони мањаллаамон роњ намедињем. Мо пурра бар он боварем, ки ин њодиса дар рўзњои наздик му-
вофиќи ќонун ба нафъи љавонону наврасони мањаллаи Мирзобек тамом мешавад. Мувофиќи ќарори махсуси Њукумати Љумњурии Тољикистон иншоотњои варзишї, иљтимої, тандурустї, маориф ва фарњангї бе иљозати махсуси њукумат хусусї ё вайрон карда намешаванд. Умедворем, ки мушкилоти ба миёномада дар доираи ќонун њалли худро ёфта ба нафъи сокинони мањаллаи Мирзобек поён меёбад!
Абўалї НЕКРЎЗОВ
6
ЊУЌУЌИ ИНСОН
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
"Моро ќабул кунед" Мурољиати вакилони Зайд Саидов ба Президенти Љумњурии Тољикистон - Эмомалї Рањмон Мўњтарам Президент, Ќариб 7 моњ аст, ки маќомоти марбутаи назоративу тафтишотии кишвар бо сафарбар намудани њамаи имкониятњои чи маъмурї ва чи мурофиавии хеш кўшиш доранд собиќ узви Њукумати љумњурї ва яке аз муваффаќтарин соњибкорони кишвар - Зайд Саидовро ба љинояткорї муттањам созанд. Мутаассифона, фаъолияти мазкури маќомот бо беэътиноии густохонае нисбат ба талаботи Конститутсия ва Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон љараён дорад. Яъне аслан сухан аз хусуси ќонуншиканињое меравад, ки дар баробари поймол кардани њуќуќњои зермудофиаи мо аз яктарафа бурдани тафтишот гувоњї медињанд. Моњияти ин гуна мавќеъгирї на дарёфти њаќиќат, балки кўшишест танњо ба хотири бадному беобурўкунии Зайд Саидов ва бад ин васила ба дўши ў бор кардани љиноятњои вазнин. Он чи ки мурољиатњои пайвастаи мо љињати таъмини риояи ќонуният ва чораљўї вобаста ба њолатњое, ки ба ќонуншиканї даст задани масъулинро собит месозанд, бар хилофи талаботи ќонунгузорї сарфи назар мешаванд, далели њамин хулосањост ва зиёда аз ин, ишора
бар он дорад, ки тафтишот аслан амалиётест фармоишиву тарњрезишуда ва ѓараз аз он ба муљозот кашидани шахсест танњо ба хотири он ки бо истифода аз њуќуќњои конститутсиониаш хостааст ба фаъолияти сиёсї даст бизанад. Чанд мисол: 1. Њанўз дар оѓози тафтишот дар кўчаву хиёбонњо китобча бо имзои муаллифи аслиаш номаълум ройгон миёни ањолї пањн карда шуд, ки дар он љуз тўњмату бўњтон дар васфи Зайд Саидов чизе набуд. Дар гумон аст нафаре пайдо шавад, ки њимматашро барои тањияву нашру таќсими ройгони асараш ба мардум, бахусус ваќте сухан аз хусуси бадномкунии каси дигар меравад, сарф кунад. Ваќте, албатта, сарпаноњи ќавї ва кафолату замонате надорад. Вагарна, дар њоле, ки пањн кардани худсаронаи њатто як вараќа боиси вокуниши маќомот аст, табъу нашр ва ташвиќу тарѓиби ройгони як китобчаи туњматангез аз назари масъулин набояд "пинњон" мемонд. 2. Бо вуљуди он, ки эњтимолияти бегуноњиро њатто Конститутсия кафолат додааст ва тибќи он касеро бе њукми эътибордоштаи суд љинояткор донистан мумкин нест, роњбарияти Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо кор-
рупсия бо истифода аз васоити ахбори умум Зайд Саидовро ба мардум тарзе расман муаррифї карданд, ки ў гўё дар вазнинтарин љиноятњо даст дорад. 3. Ба хотири ташаккули афкори љомеъа дар рўњияи бадбинии Зайд Саидов ба хотири гўё даст доштанаш дар амали љинояткорона бахусус расонањои хабарии давлатї ва, ќабл аз њама телевизион истифода шуд. Шаклу мазмунбандии иттилоъ бошад, њама гуна эњтимолияти бегуноњии мавсуфро истино мекард. 4. Далели он ки воситаи асосии ба мањрумият гирифтор кардани Зайд Саидов на муќаррароти ќонуну на далелњои мунсифона љамъовариву бањододашуда, балки гумроњ кардани мардум аз асли мољарост, иттињоми даст доштани Зайд Саидов ба љиноятњои љинсист. Итминон дорем яке аз маќсадњо аз истифодаи ин айбдоркунињо махфї эълон доштани љараёни тафтишоти пешакиву судист, то ки берабту бемантиќу сарсарї, беасосу ѓайриќонунї будани иддаои тафтишот гўшраси мардум нашавад. Яке аз ин гуна дастовардњои муфаттишон, ки хушбахтона ошкор гардид, хулосаи сохтакоронаи (ќалбакии) ташхиси ДНК аст ва чунин амалро таърихи суду тафтишот ёд надорад. Чуноне аллакай мардум медонад, на
АНЉОМИ МУРОФИАИ СУДИИ ЗАЙД САИДОВ НАЗДИК ШУД Субњи 27-уми ноябр, марњилаи тафтишотии мурофиаи судии Зайд Саидов, соњибкори боздоштшудаи тољик, ба итмом расида, љонибњо то њафтаи дигар барои омода намудани баромади нињої дар музокира мўњлат гирифтанд. Тавре Исњоќ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов, ба TojNews хабар дод, "Суд ба айбдоркунандаи давлатї то 4-уми декабр ва ба вакилони дифоъ то 6-уми декабр мўњлат додааст". "Дар мурофиаи имрўза нишондодњои Фаррух Муњиддинов, собиќ муовини нахуствазири Тољикистон, ки бо ташаббуси вакилон даъват шуд ва котибаи Зайд Саидов шунида шуд. Нишондоди Фаррух Муњиддинов ба фоидаи зерњимояи мо буд. - Инчунин, аз котибаи Зайд Шерович дар бораи
тартиби корї ва муносибати Зайд Саидов бо корафтодагон пурсида шуд", - гуфт Исњоќ Табаров. Гуфта мешавад, "Суд рўзи 6-уми декабр, баъд аз шунидани баромади вакилони Зайд Саидов, ќарори худро мебарорад". Аз оѓози мурофиаи судии Зайд Саидов, ки пушти дарњои баста дар боздоштгоњи муваќќатии Кумитаи амнияти миллї баргузор мегардад, 3 моњ сипарї мегардад. 21-уми август Агентии назорати давлатии мо-
тавассути ташхиси иловагї, балки тариќи мурољиат кофї буд аён гардад, ки њамон хулосаеро, ки падарии Зайд Саидовро истисно мекунад, масъулин сохтакорї карда, дар он натиљагирии инкоркунандаро ба тасдиќдињанда табдил додаанд. Мурољиати мазкур њаргиз маънои онро надорад, ки имкони мурофиавии собитсозии бегуноњии Зайд Саидовро нодида мегирем. Манзурамон на бањогузории далелњост, ки њуќуќи мустаснои суд аст. Балки мехоњем мавриди пурсишу санљишу љавобгарї масъулине ќарор гиранд, ки худ дар ќонуншиканї даст доранд ва бад ин васила мехоњанд нафареро љинояткор муаррифї созанд. Ва ќонуншикании муќаррарї не. Масалан худи њамон сохтакории гўшношунид љиноят аст, вале он чиз гўшношунид аст, ки сарфи назар аз мурољиатамон аз ин хусус ба Прокурори генералї, на танњо вокуниши муносиберо интизор нашудем, балки худи мурољиат барои баррасї ба суд фиристода шудааст. Яъне мувофиќи мантиќи прокуратура суд чизи чун ќалбакї собитшударо бояд чун далел њисобад ё не. Аз ифшои љузъиёти барзиёди дигари ќазия, ки хулосаро аз хусуси беадолатона, беасосу ѓайриќонунї сурат гирифтани тафтишот таќвият медињанд, худдорї мекунем ва бо назардошти талаботи ќонун фурсати зарура онњоро ба маърази умум пешнињод хоњем кард. Бо њолатњои зикршуда ќонуншиканињо зимни тафтишоти парвандаи љиноятї нисбати Зайд Саидов мањдуд нестанд. Бе муболиѓа тафтишот саропо ќонуншиканист ва аз собиќаи фаъолиятамон, њамчунин бо шиносої аз таљрибаи дигари тафтишотиву судї бо масъулияти том метавонем арз кунем, ки ин гуна бедодгарї, бемасъулиятї ва муносибати баѓоят беэътиноёна ба ќонуну ќонуният назир надорад. Аз Шумо чун њомии Конститутсия ва ќонунњо, њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд (моддаи 64 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон) хоњиш мекунем барои санљиши њолатњои даст ба ќонуншиканї задани масъулини марбутаи маќомоти њифзи њуќуќ ва ба љавобгарї кашидани нафарони гунањгор мусоидат намоед. Барои дарки бештари бесалоњиятиву бемасъулиятии маќомот, ки салоњияту ваколаташон мебоист вазъи тафтишотро то ба ин њадди баѓоят ногувор, ки боиси мурољиати мазкураш донистаем, нарасонад, хоњиш дорем моро мушарраф ба њузуратон гардонед, то ки маълумоти бештареро бароятон мустаќиман пешнињод намоем. Илољи дигареро љуз ин вохурї намебинем, зеро мутмаинем яке аз сабабњои асосии вазъи ногувори баамаломада он аст, ки маќомоти марбута кўшиш доранд њолатњои воќеъии тафтиш ва кору борашонро аз Шумо рупўш созанд. Бо эњтиром, адвокатњо Ф.Зокиров, И. Табаров Ш. Ќудратов 3-юми декабри соли 2013
лиявї ва мубориза бо коррупсия парвандаи Зайд Саидовро љамъбаст карда, барои шиносшавї ба Прокуратура пешнињод кард. Прокуратураи генералии Тољикистон баъди 1 њафта, рўзи 29 август, парвандаи ин соњибкори муваффаќи тољикро ба Суди Олї ирсол намуд. Зайд Саидов, соњибкори муваффаќ ва ташаббускори Њизби “Тољикистони нав”, 19 май, њангоми баргаштан аз Аврупо, дастгир шуда, то њол дар боздоштгоњ ќарор дорад. Маќомот ўро ба чандин гуноњњо айбдор мекунанд, аммо худи ў њамаи иттињомоти алайњаш эълоншударо рад карда, мегўяд, "парвандаи ў ангезаи сиёсї дорад". Суди Зайд Саидов 12-уми сентябр дар бинои боздоштгоњи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон зери роњбарии судя Шавкат Абдулхайров, пушти дарњои баста оѓоз шуда буд.
ВАЗИФАИ ХОНАГЇ Таърихчаи масъала Беш аз ду њафта мешавад, ки Русия расман аз содироти мањсулоти нафтї ба Тољикистон бољи гумрукї намеситонад. Расонањои русї нимаи моњи гузашта матни созишномаи интиќоли маводи нафтии Русия ба Тољикистонро нашр намуданд. Ба дунболи нашри созишнома он ба њукми иљро даромад. Созишномаи байнидавлатї оид ба содироти маводи сўхт аз Русия ба Тољикистон њанўз дар ибтидои моњи феврали соли равон аз љониби Александр Новак, вазири энергетикаи Русия ва Гул Шералї, вазири энергетика ва саноати Тољикистон ба имзо расида буд. Барои имзои чунин созишномае моњи октябри соли гузашта, њангоми сафари Владимир Путин, президенти Русия ба Тољикистон рањбарияти ду кишвар ба тавоффуќ расида буданд. Баъди гузаштњои бемислу монанд сари Пойгоњи 201-и Русия, албатта. Аз соли 2010 инљониб бо бањонаи љорї гардидани бољи гумрукї аз љониби Русия ќиммати сўзишворї њамеша рў ба афзоиш мебошад. Танњо аз моњи майи соли 2010 то моњи апрели 2011 се маротиба бољи гумрукї боло бурда шуд, ки дар натиља ќиммати 1 литр бензин аз 3,5 сомонї то 6,8 сомонї афзуд.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
7
Мушкили "ќочоќи муќаддас" Ё чаро баъди бардоштани бољи нафтї њам ширкатњои нафтрасон ќиммати маводи сўхт, аз љумла бензинро поин намекунанду ягон ширкат ба љуз "Газпромнефт-Тољикистон" аз Русия бори нав нахаридааст?
Хушбинињо Бо лаѓви деринтизори бољи гумрукї аз љониби Русия умедворї мешуд, ки арзиши осмонии мањсулоти нафтї, аз љумла бензину солярка дар Тољикистон то андоза коњиш меёбад. Аз љумла Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон дар моњи апрели соли равон ба хабаргузории TojNews гуфта буд, ки аз пайи лаѓв гаридани бољи гумрукии содиротї аз љониби Русия, ќиммати як литр бензини тамѓаи АИ-95 бояд аз 6,8 ба 5,3 сомонї, солярка аз 6,6 ба 5,5 сомонї коњиш ёфта, арзиши як литр гази моеъ 2 сомонї мешавад. Бино ба пешбинии Умеди Давлатзод бо назардошти аз байн бурдани бољи гумрукии содиротї аз љониби Федератсияи Русия, дар назар буд, ки ќиммати ин навъи сўзишворї ба 1 сомониву 46 дирам коњиш ёбад. Имрўз ќиммати бензин аз моњи апрел фарќ надорад. Ќиммати гази моеъ 7 моњ пеш дар шањри Душанбе ба 2 сомониву 70 дирам баробар буд. Пешбинї мегардид, ки баъд аз "лутф"-и Маскав ќиммати он 70 дирам коњиш ёбад.
Чаро 6-у анд сомонї? Дар соли равон меъёри миёнаи бољи содиротии бензине, ки аз Русия ба кишвар ворид карда мешавад, 377 доллари ИМА-ро аз њар як тонна ташкил медињад. Ба ќурби асъори миллї, дар њоле, ки 1 доллари ИМА ба 4,85 сомонї баробар буд, ин нишондињанда ба 1 њазору 828 сомониву 40 дирам рост меомад. Яъне, ба нархињар килограмм бензин як сомониву 83 дирам бољи гумрукии Русия илова мегардад. Соли 2012 њар тонна мањсулоти нафтї бо арзиши миёнаи 1116 доллари ИМА ба Тољикистон ворид гардид, ки нисбат ба соли 2011 беш аз 91 доллари ИМА барои як тонна зиёд мебошад. Дар соли 2013 њар тоннаи бензин бо ќиммати њудуди 1200 доллари ИМА ба Тољикистон ворид мешавад. Наздики 380 доллари он бољи гумрукии Русия ва наздики 250 доллари онро бољу хирољи гумрукї ва аксизе ташкил медињад, ки дар Тољикистон ситонда мешавад.
Ѓорати гумрукї бо номи давлат Аз љумла дар Тољикистон барои мањсулоти нафтие, ки ба миќдори 100 000 њазор доллар ворид мешавад, 450 доллар хирољ мерўёнанд. Аксиз бошад аз њар тона 50 евро (баробар ба 70 доллар) муайян шуда, 18% андоз аз арзиши иловашуда мегиранд. Њеч не, бештар аз як сомонї аз њисоби ин раќамњо ба нархи бензин зам мешаваду харидор аз номи давлат беибо ѓорат мешавад. Ин њам дар кишваре, ки њадафи асосиии њукуматаш 4 сол боз истиќлолияти энержї эълон шудаасту 5 дарсади талаботашро њам бо мањсулоти нафтї таъмин карда наметавонад. Дар њамин њол, тибќи маълумотњои расмии Хадамоти гумруки назди њукумати Тољикистон дар соли 2013 шурўъ аз моњи январ то моњи октябр ба Тољикистон њамагї 72 њазору 643 тонна бензин ба маблаѓи 65 445 њазор доллари ИМА ворид шудааст. Таќрибан 5 маротиба камтар аз њаљми воќеъии бозори бензин.
«
Ќочоќи бензин бештар аз марзи Ќирѓизистон сурат мегирифтааст. Ба гуфтаи масъулини Хадамот барои пешгирии эњтимоли воридоти ѓайриќонунии маводи сўхт аз ин минтаќа феълан гурўњњои мобилї аз њисоби гумрукчиён тартиб дода шуда, фаъолият доранд. Минтаќаи сарњадиро шабонарўзї мавриди назорат гирифтаанд.
Воќеъияти бозори бензин Эњтиёљи cолонаи Тољикистон ба мањсулоти нафт дар асоси маълумоти расмии вазорати рушди иќтисод ва савдои Тољикистон то 1 млн тонна арзёбї мешавад. Аз ин миќдорро 360 њазор тонна бензин ва 250 њазор тонна сўзишвории дизелї ташкил медињад. Аммо коршиносони мустаќил бар онанд, ки њаљми бозори сўхти Тољикистон таќрибан 15-20 дарсад камтар аст. Вале мо ба маълумоти расмї такя мекунем. Агар Тољикистон солона ба 360 њазор тонна бензин ниёз дошта бошаду дар дањ моњи соли равон њамагї 72 њазору 643 тонна бензин расман ба кишвар ворид гаштааст, пас беш аз 270 њазор тонна бензин (!) бояд ба тариќи ќочоќ ба кишвар ворид шуда бошаду ягон 15 њазор тоннаи дигар дар ин се њафтаи боќимонда ворид мешавад. Боварнокарданист, ки бо 72 њазору 643 тонна бензин мошинњо дар гардишанду ќариб камбуди бензин эњсос намешавад. Аз ин назар, наметавон рад кард, ки асоси мањсулоти бозори бензини Тољикистон бо роњи ѓайриќонунї ба кишвар ворид мешавад. Ба маълумоти расмии Хадамоти гумрук аз љониби кормандони ин нињод ба миќдори 1485 тонна сўзишвории навъи бензин ба таври њуќуќвайронкунињои гумрукї боздошт гардида, ба расмиёти гумрукї дароварда шудааст. Аз ин њисоб, нисбат ба ду њолат парвандаи љиної боз карда шудааст, ба миќдори 142 њазору 136 литр (бештар аз 100 тонна) бензин
«
ворид намуданд. Ба маблаѓи 1 млн 391 сомонї љарима гардидаанд. Инчунин, ба давлат ба маблаѓи 5 млн 860 њазору 840 сомонї пардохтњои гумрукї супурдаанд. Ќочоќи бензин бештар аз марзи Ќирѓизистон сурат мегирифтааст. Ба гуфтаи масъулини Хадамот барои пешгирии эњтимоли воридоти ѓайриќонунии маводи сўхт аз ин минтаќа феълан гурўњњои мобилї аз њисоби гумрукчиён тартиб дода шуда, фаъолият доранд. Минтаќаи сарњадиро шабонарўзї мавриди назорат гирифтаанд. Њамзамон, дар шоњроњи Душанбе-Хуљанд дар минтаќаи Варзоб ва Шањристон гурўњњои сайёри гумрукчиён фаъолият мекунанд. Онњо бояд садди "ќочоќи муќаддас"-и мањсулоти нафтї гарданд. Кочоќи барои иќтисоди миллї ва мошиндорон мисли обу њаво зарур. Вале оё ин вазъ дигар мешавад? Бояд шавад, вагарна сардори нави Хадамоти гумрук Рустами Эмомалї шарманда мешавад. Бе ин њам нашрияњои наздик ба "Газпромнефт-Тољикистон", ки забоншон забони муассисони ин ширкати монополист аст, аз аввали сол ўро мустаќиму ѓайримустаќим нањ мезананд.
Вазифаи № 1 барои Рустами Эмомалї ва Ќоњир Расулзода Тасвири бозори бензин аз забони раќамњо шањодат ба он аст, ки њиссаи калони бозори сўхти Тољикистон аз њисоби ќочоќ ба-
роварда мегардад. Бо беш аз 72 њазор тонна бензин пеш наомадани буњрони бензинї дар кишвар худ баёнгари ин вазъ буда метавонад. Ќочоќ њеч не, аз 150 њазор тонна то 270 њазор тонна дар бозори сўхти Тољикистон њисса дорад. Агар чунин нест, бешак буњрони бензинї кайњо Тољикистонро фаро гирифта буд. Бар замми ин, бо лаѓв гардидани бољи гумрукї аз љониби Русия аз 12-уми ноябри соли равон инљониб ширкатњои нафтрасон ба ворид намудани мањсулоти нафтии бидуни бољ таваљљўњ нишон надоданд. Ин сабаб дорад. Сабаб андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аст, ки 18 %-ро ташкил медињад ва дар баробари ААИ-и Ќирѓизистон, ки 13 % аст раќобатнопазир аст! Агар дар њамин шабу рўз ААИ ва аксиз кам карда нашаванд, пас мутмаин бояд буд, ки: а) Бозори мањсулоти нафтии Тољикистон дубора зери пои "Газпромнефт-Тољикистон", менељменти чаќќони он ва Русия мемонад; б) Буљети давлат аз њисоби расман ворид нашудани мањсулоти нафтї миллионњо сомонї зарар мебинад; в) Фаъолияти Сардори нави Хадамоти гумрук аз рўзњои аввалин ѓайрисамаранок ва дур аз манфиатњои давлатї њисобида мешавад, зеро њич неруе тавони посбонї дар беш аз 100 чапроњаи миёни Ќирѓизистону Тољикистонро надорад. Тавре эњсос мешавад, мероси аз тими фалаљи иќтисодї монда, ки "тољаш"-мушкили кочоќи муќаддас мебошад, бори гароне дар гардани тими нав шудааст. Боре, ки ин маркаби боркаш ё саманди бодпо будани тими навро бо шумули Сарвазир Ќоњир Расулзода дар се њафтаи дигар исбот мекунад. Ќиёми Нур, Азамати Вањњоб
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ГИРОМИДОШТ
"Яѓнобї жута, шумох рити мирум!" Соли 1988 њуљљатњоямро ба комиссиюни ќабули факултети шарќшиносии Донишгоњи давлатии Ленинград, супорида, дар толори бино њар як лавњаю рўзномањои девориро бодиќќат мутолиа мекардам, ки духтараки ситорагарме наздам омад ва бо табассуми ширине пурсид: - Шумо - Рањимов Рустам Рамазонович? - Бале. - Михаил Николаевич Шуморо дар деканат суроѓ дорад. Наздашон равед, будааст. "Маълум мешавад, ки њуљљатњоям ягон камбудї доранд..." Илова бар ин, вожаи "декан" - у "деканат" - ро, ки бори нахуст мешунидам, ба ростї, чизе нафањмидам ва ба рухсори чун барф сафеди духтари рус нигоњам хира шуд. Духтарак, магар аз ин хомўшии ман рамузе гирифт, бо чењраи кушод шарњ дод: - Шояд надонед, ки деканати факултет дар куљо воќеъ аст? Биёед, ман худам шуморо њамроњї мекунам. -Ў маро аз байни издињоми зиёди давталабони донишгоњ, падару модарон ва наздиконашон, ки барои дастгирии эшон омада буданд, гузаронида, ба утоќе ворид шуд. Ман њам аз пасаш. Дар утоќи на чандон калон чањор панљ нафар омўзгорон, ки дар байнашон як бону буд, паси мизњо менишастанд. Онњо бо њам сўњбат мекарданд. Духтарак ба дари дигар ишора намуд: - Марњамат, шуморо устод мунтазиранд. -Ташаккур, - ман оњиста дареро, ки пештоќаш "Декани факултети забонњои Шарќ, узви вобастаи Академияи Фанњои СССР, доктори илмњои филология М. Н. Боголюбов" навишта шуда буд, кушодам. Дар паси миз як мўйсафеди тахмин 55-60 сола нишаста маљаллаеро мутолиа мекард. Мўйи сараш чун пахтаи замини Зафаробод сап -сафед буд. -Здравствуйте! - салом додам ба забони русї. "Њамин одам рањбари ин Донишгоњ будааст - да..." - фикр кардам. - Ассалому алейкум! Хуш омадед! Марњамат! - чењраи омўзгор рўшан шуду аз
Михаил Боголюбов кї буд? љояш бархост ва ду - се ќадам ба пешвозам баромад. Барои ман аљиб буд, ки ин марди рус дар ин сарзамине, ки аз Тољикистон панљ њазор километр дур аст, бо забони тозаи тољикї њарф мезанад. Гўё шиноси деринаашро ёфта бошад, омўзгор самимона даст дароз кард: - Хуш омадед, хуш! Марњамат бишинед! - курсиеро нишон доду худ гузашта ба љояш нишаст: -Ман њуљљатњои шуморо дидаму солњои аспирантиам бо хотир даррасид. Он ваќт барои омўзиши забони яѓнобї, дар Ватани шумо - дар Тољикистон кор мекардам. Истед, ки шумо аз куљои Тољикистонед? - омўзгор бо як њисси кунљковї ба ман нигарист. "Боз як мањалчигии бекора аз дасти ин роњбар! - фикр кардам ман. - Аз афташ, фањмиданист, ки зодаи кадом мањаллам, то дар имтињоноти ќабул ёрдам кардану накарданашро баррасї намоем. Аз дасти мањалчигию порахўрї дар њамин љо њам халосї набудааст - да..." - Аз Варзоб, дењаи Гароб, - бо забони тољикї посух додам. - Яѓнобї им во?! Яѓнобї жута, шумох рити мирум!!! - (Аз худи Яѓноб? Фарзанди Яѓноб, дар назди ќадами Шумо хокам бод!) - омўзгор аз шодиву хурсандї бархосту боз ба назди ман омад ва гуфт: - Ид гаштара, чутї яѓнобит вохўрашт, анавранка мохтим салому вох (в) арим! (Дафъаи дуввум мисли одати мардуми Яѓноб вохўрї мекунем!) Боз аз курсї баланд шудам ва бо "директори Университет" бо одати халќњои
Шарќ се маротиба китф ба китфи якдигар расонида, вохўрї кардем. Омўзгор гўё шахси наздики худро ёфта бошад, дучандон хушнуд, боз рафта ба љои худ нишаст. Ў аз ѓояти хурсандї хеле хушњолу болидарўњ гашт: -Шумох кай жута витишт? Нумшин чо хаст?(Шумо писари кї? Номатон?) -Рамазунї жута. Рустам. - Офарин! Мирум обод ѓирекиш Яѓноби кўњнай! Мирум сарбаланд мардуми ритиш... (Љонам фидои обу хоки Яѓноби кўњан, умрам фидои мардуми сарбаландаш...) Омўзгор боз се - чањор љумлаи сипосу гиромидоштро нисбати Яѓноб ва мардуми он ба забон овард. Бо забони софи яѓнобї. Чунин арзу сипосро ман фаќат аз забони бобою бибиам, дар овони кўдакї шунида будам. Дар дили ман нахли шубњае нумў кард; " Ин марде, ки худ дар кабинети кории сарвари Университет нишастааст, шояд ягон њамшањрии яѓнобї, ё тољикам бошад, ки дар њамин шањри бегона ва дурдаст маро мазоќу масхара карда истодааст? Бояд сари ваќт ба ў зарбаи љавобї дод!" Дар рў ба рўяш бо ќиёфаи хеле љиддї ва дастњоямро ба рўйи миз мушт карда нишастам. Шояд ин ваќт ба ман реаксияи муњофизї њушдор дод, ки "эњтиёт бишав, забони ту, Ватани туро масхара накунад..." Њамин гуна ањвол дар айёми тањсил дар мактаби миёнаи тољикзабон, дар дењаи Пичандари Варзоб гоње рух медод. Њамсинфони тољикзабонамон, духтарону
писарон баъзан калимањои яѓнобї - суѓдиро нодуруст талаффуз карда, мо яѓнобизабонњоро ранљ медоданд. Мо бошем тифоќ шуда сахт эшонро латукўб мекардем, то бори дигар ин номаъќулиашонро такрор насозанд... Алњол низ њамин њолати рўњии муњофизї пеш омад. "Њоло ман шуморо боб мекунам! Аввал гапатонро тамом кунед! Кї метавонад дар бораи забони модарии ман, забони ширину ќадими Яѓноб њарфи нољое барад?" Ваљоњати љиддии ман омўзгорро боздошт кард: - Шумох чо х(в)отир инаронка Андропуфи мета уштаотї? (Барои чи мисли Андропов ( Юрий Владимирович Андропов дар Кумитаи давлатии бехатарї 17 сол кор кардааст. Баъд Котиби Генералии КМ ПК СССР) бисёр љиддї нишастаед? -Извините, - Михаил Николаевич Боголюбов, - это Вы? - бо забони русї ва оњанги љиддї њамчунон суол додам. Њиљ боварам намеомад, ки як олими машњур, сарвари донишгоње, ки њазорон толибилмон тањсил доранд, њамин тавр хоксору оддї бо донишљўён њарф мезанад. Охир дар Тољикистон бисёр омўзгорони макотиби олиро дидаам, ки ба осмон нигоњ карда роњ мераванд, њамин, ки дотсент шуданд, тамом худро алломаи замон мењисобанд... Профессору академикош бошанд, бо сар роњ мераванд. -Бале, Михаил Николаевич маним, фаќат университети ректор на, и факултети шарќшиносиик роњбарш. Чоф вахти авї, ман яѓнобї зивокипї гап на(а) мдењтаой, анипти х(в) отир, шумохпи суњбатим астї.
МИХАИЛ БОГОЛЮБОВ АЗ БЕЊТАРИН ОЛИМЊОСТ, КИ ЗАБОНИ ЯЃНОБИРО АЗ ЯЃНОБИЊО ХУБТАР МЕДОНАД
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
дар баромадани духтарак ба устод суол додам. - Духтар чї хел? Маъќул шуд ба Шумо? - бо суол мурољиат намуд ба ман, ва сипас худаш шарњ дод: - Медонам, ки мардуми Шумо ба духтарони рус таваљўњи хосе доранд, лекин оила барпо кардан намехоњанд, ин ойимчањои сатанг фаќат барои айшу ишрат. Оила барои мардуми Шумо мафњуми муќаддас аст. - Њастанд љавононе, ки бо духтарони рус хонадор мешаванд... - Ин идда шумораи хеле камро ташкил медињад, он њам бошад дуру дароз давом намекунад: навхонадорон зуд људо мешаванд. Илтимос: Биёед фаќат бо забони яѓнобї сўњбат кунем. Ин як. Дуввум ин ки духтарак дар курси чањоруми шўъбаи забони чинї мехонад. Агар дилашро ба даст оред, албатта, забони яѓнобї (суѓдї) - и навро њам аз бар мекунад... - устод каме ба андеша рафту сипас ба суханаш идома дод; - Синну соли мо ба љое мерасад, фаќат Шумо, насли љавон идомагари кору фаъолияти падарону бобоёни хеш мегардед. Ќарзи асосии мо - ба Шумо омўзондани мањорату малака ва донишу истеъдоди худ аст, то Шумо ворисони арзандаи мо шавед... Мана, њамин сол умрам ба 70 дакка хўрд. Баъди нўшидани ќањва боз устод то хеле ваќт бо ман ба забони яѓнобї, аз давраи забономўзиаш дар Ватани тољикону сарзамини Яѓноб њикоя кард, нисбати мардуми сарзамини мо бо самимияту эњтироми бузурге сухан ба забон овард. "Назди мардуми баландњиммати Шумо ман як умр ќарздорам..." гуфт. Нињоят иљозат гирифтаму аз љо бархостам. Устод пурсид: - Шумо алњол ягон мушкилї надоред? Дар хонаи иљора ба имтињонот омодагї мегиред, ё дар хобгоњи донишљўён? - На ину на он. Комиссиюни ќабул изњор дошт, ки дар хобгоњ љойи холї нест. (Дар воќеъ, ин тарафи масъала ќариб ба (Бале, манам - Михаил Николаевич. Лекин ман ректори Донишгоњ не, балки сарвари як факултети шарќшиносии он мебошам.Чандин сол боз ба забони яѓнобї њамин тавр гап назада будам, барои њамин, дар сўњбати имрўза худро санљида истодаам) Рости гап, ман ба ин марди донишманд ќоил шудам: чунон бо забони яѓнобї њарф мезанад, ки ту мегўї - аслан як омўзгори яѓнобист. Фаќат каме оњанги дигаргунї дар талаффузи баъзе калимаю иборањо дида мешаваду халос. Воќеан, ин оњанг дар талаффузи арўсњои тољику рус ё дигар миллатњо дида мешавад, ки ба хонаводањои мардуми яѓнобї келин шуда, забони моро њифз мекарданд. - Шумох зивокипї чотї сўњбатим астї? - омўзгор бо њамон шўру шавќ гуфтугўро идома дод. - Бисор соз гап дењтишт. Хеле хуб ба забони яѓнобї гап мезанед... Устодро таърифу тавсиф кардам. Аммо устод ба таърифу тавсифи шахсе ниёз надошт. Ў фидоии асили илму дониш буд. Дар сўњбат маълум шуд, ки Михаил Николаевич чадин солњо дар Тољикистон (Яѓнобу Варзоб) зиндагї карда, забони модарии моро бо тамоми нозукињояш аз бар кардааст. Дар дењаи мо - Гароб низ чанде мењмон шудааст. Хотирааш ќавї, бисёр муйсафедони калонсоли дењаро номбор намуд, ки бисёрашон аллакай дар ќайди њаёт набуданд. Аз зиндагонии имрўзаи мардум суолњо медод. Дар рафти сўњбат агар ман ба забони тољикї мегузаштам, дарњол мегуфт, ки "фаќат яѓноби зивокипї гап дењт". Њамсўњбати худро эњтиром карда, новобаста ба синну сол "шумо" мегуфт. "Ман забони яѓнобї, суѓдии навро чї тавр дўст надораму њурмат накунам, ки њамаи пешравию комёбињоям мањз ба њамин забон вобаста мебошад. Мана имрўз - фардо унвони академикиро низ рољеъ ба таъриху тадќиќи забони шумо мегирам..."
Он рўз дар деканати факултети забонњои Шарќи Донишгоњи Ленинград (Санкт - Петербург) сўњбати ширини устод гўё охир надошт. Њамон духтараки маро ба деканат рањнамун карда, котибаи устод будааст, як -ду дафъа ба кабинет ворид шуда изњор намуд, ки фалон профессорону олимон устодро интизорї доранд. Мегуфт: - Ба эшон расонед, ки ман бо олими ояндаи машњури сарзамини Яѓноб - Рустами Достон мулоќот дорам - бо табъи хуш посух гардонд устод ба котиба, - Марњамат карда ду пиёла ќањваи бо шир ва кулчаю конфетро њам назди мењмон њозир кунед, духтарам!" -Хуб шудааст, Михаил Николаевич!. -Ташаккур, гўсфандро баъдтар кушта, барои мењмони суѓдї дилу љигар бирён кунед! -устод бо оњанги шўхї илова намуд. Табассуми хушњолї дар лабони котиба наќш баст. - Шумо, духтарам, беасос механдед. Ваќте ки ба њавлии ин мардум мењмон шавед, баъд мефањмед. Дар пеши ман гўсфанд мекуштанд, агар шумо равед, бешубња, пеши њамон каблукои баландатон асп ё шутур мекушанд. Њамин тавр не, Рустами Достон? - устод бо нигоњи маънидорона ба тарафи ман чашмак зад. - Бале, устод! Барои ин олињаи ноз мардуми мо як рама гўсфанду оњуро низ дареѓ намедоранд! - зарофати устодро ќувва бахшидам. - Дидед, духтарам! Рустам як тан аз намояндаи мардуми суѓдзабон аст. Мисли авлоди худ бањодуру назарбаланд. - Ќади ин довталаб аз њама, њатто муаллимон њам баланд, ман ќоил. Халќи Яѓноб мегўед, ин дар кадом давлат... - Ин дар ќисмати шимоли Тољикистон, духтарам. Агар шавќ дошта бошед, њамин пањлавон Шуморо муфассалтар шинос мекунад, лекин алњол аз пайи фармоиши ман шавед. - Хуб шудааст. Њозир омода мекунам. - Аљаб нест, ки котибаи Шумо њам бо забони яѓнобї њарф занад? - баъди аз
«
Ваќте ки аз дарвозаи Университет берун баромадам, шањри ношиносу сангзори тирафом, ки њатто дар рўйи бомњояш њайкал мерўяд, аллакай бароям чун Душанбею Варзоб азизу гиромї гашта буд, зеро дар ин шањри кўњани навбунёд, як Пири Хирад, як њамшањрии суѓдзабони ман, як донишманди маъруф, ки забони модарии ман, забони яѓнобии навро ба љањон муаррифї намудааст, зиндагї ва кору эљод дорад!
«
гўшаи фаромўшї афтодааст. Баъди чанде торикї фаро мерасад, ту довталаби донишдўст ба куљо меравї? Ин љо ку хонаи аммаву холаат нест... Хайрият ба хотири устод расид.) - Њозир, як даќиќа! -Устод дар вараќе чанд љумла навишт ва бо ман онро дароз кард: - Иш хат вортишт, 5 -ум ќаторї, 66 -ум кати и хобгоњи мудири дасти туфорт, масъала њал вичї! (Ин мактубро бурда ба дасти мудир (комендант) - и хобгоњи Университет, ки дар суроѓаи ќатори 5 -ум ва бинои 66 љойгир шудааст, медињед, масъала њал мешавад). Баъд устод аз љо бархосту наздам омад, дастамро сахт фишурду муваффаќияту комёбї дар супоридани имтињоноти ќабул орзу намуд.
9
- Ташаккур, устод! Дар вараќи дафтар устод Михаил Николаевич Боголюбов аз мудири хобгоњ на илтимос мекард, балки фармони ќатъї медод, ки довталаби факултети шарќшиносии ЛГУ ба номи А. Жданов Рустами Рамазонї бояд худи њамин рўз бо хобгоњ таъмин шуда, тамоми шароитњоеро, ки давлат барои ў пешнињод кардааст, сарвари хобгоњ муњаё намояд ва баъди 4 соат занг зада, аз иљрои фармон њисобот дињад. Ваќте ки аз дарвозаи Университет берун баромадам, шањри ношиносу сангзори тирафом, ки њатто дар рўйи бомњояш њайкал мерўяд, аллакай бароям чун Душанбею Варзоб азизу гиромї гашта буд, зеро дар ин шањри кўњани навбунёд, як Пири Хирад, як њамшањрии суѓдзабони ман, як донишманди маъруф, ки забони модарии ман, забони яѓнобии навро ба љањон муаррифї намудааст, зиндагї ва кору эљод дорад! Аз ин падида, дар байни халќияту миллати сершумори дунё забони ман гўётару ќоматам баландтар гардид ва роњи торикамро ситораи дурахшоне нур бахшид. *** 25 ноябри соли 2010, соати 3 - и рўз дили як инсони бузург аз њаракат монд, дили инсоне аз њаракат монд, ки тамоми њаёти худро ба хизмати мардум бахшида буд. Ваќте ки ин хабарро шунидам, чашмонам нам гирифт, хомўшона гиристам. Њамон тавре, ки ба марги падару модари худ зор - зор гириста будам... Муаллифи зиёда аз 150 - асарњои илмї - тадќиќотї, доктори илмњои филология, профессор, академик Михаил Николаевич Боголюбов, ки асосан ба тадќиќи забонњои эронї - суѓдї, яѓнобї, хоразмї шуѓл дошт, дар синни 93 - солагї аз дунё даргузашт. Љисмаш даргузашт, аммо "Забони яѓнобї (суѓдии нав)" - китоби дарсиаш, ки барои факултетњои шарќшиносии макотиби олии љањонї иншо кардааст, чандин асрњои дигар номи ўро љовидон хоњад гузошт. Тухми илму дониш ва одобу маърифате, ки дар дили шогирдони бешумори кураи арз коштааст, новобаста ба шароити номусоиди обу њаво, њамеша сабз ва дар нашъунамо хоњад буд. Устод њамеша мегуфт: "Ман вожаи Донишљўро њамеша бо њарфи калон менависам". Нисбат ба дониши шогирдон хеле сахтгир буд ва худ низ њамеша меомўхт. "Агар ман аз Донишљўён, аќаллан ба андозаи як фарсанг роњ (7.8 км.) пеш набошам, он гоњ њуќуќи маънавї надорам, ки дарс гузарам!" - мегуфт. Ва боз: "Мард њамин, ки таваллуд шуд, дигар њаќ надорад, аз замону аз љањон шикоят кунад! Ў бояд фаъолият дошта бошад, то ки Кураи Заминро боз њам зеботару ободтар гардонад!" Дар синни 90 - солагиаш ба дарсњои Донишгоњ мерафт, ба шогирдон дарси илму њаёт меомўхт. То вопасин рўзњои њаёташ Раиси Шўрои диссертасионии факултети дўстдоштааш ва ягонааш - забонњои Шарќи Донишгоњи давлатии Санкт - Петербург буд. Дар давоми 35 сол (19601995) роњбарии ин факултети пешќадамро ба ўњдаи худ дошт. Аз соли 1981 то 1991 дар вазифаи мудири кафедраи филологияи Эрон буд. То алњол ягон олиме назири асари тадќиќотии М. Н. Боголюбов - "Њуљљатњои суѓдї аз кўњи Муѓ" наофарида ва дар гумон аст, ки биофарад... Устод Михаил Николаевич Боголюбов њамчун афсари олирутбае њамеша дар сафи пеши љабња ќарор дошт ва бо атвору афкори намунавии хеш њамеша аскарони худро рўњбаланду ба фатњи ќуллањои нав ба нави њаёт њидоят мекард. Мудом мисрањои љовидонаи устод Мирзо Турсунзода вирди забонаш буданд: Одамон ёбанд аз дўстї бахт, Душманї орад ба мардум рўзи сахт! Номи неку кори неки устод дар дили мо, шогирдон њамеша љовидон хоњад монд. Рустами РАМАЗОНЇ
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ЉАЊОН
Аз имзои созишномаи гурўњи давлатњои 5+1 бо Эрон њафтае њам сипарї нашудааст, вале гўмагўњо сари он њамвора идома доранд. Тавофуќи њосилшуда ба бањси ду дањаи охир сари барномањои њастии Эрон метавонад хотима гузорад. Вале ба назар мерасад муњимтарин нукта татбиќи амалии ин созишнома аст, ки аз њоло мувољењ ба хатар шудааст.
Падруд, Миша! Аз Саакашвилї чї монд? 10 сол пеш бар асари "инќилоби садбаргњо" дар Гурљистон як тими љавони ислоњхоњон бо сарварии Михаил Саакашвилї сари ќудрат омад. Дањ соли њукуматдории ўро DW хулоса кардааст. 23 ноябри соли 2003 дар љараёни "инќилоби садбаргњо" дар Гурљистон Эдуард Швернадзе аз ќудрати президентї дур андохта шуд. Командаи ислоњхоњони љавон бо сарварии Михаил Саакашвилї сари ќудрат омад. Баъдан се пешвои он ба сарнавиштњои гуногун рў ба рў шуданд. Яке аз онњосарвазири кишвар Зураб Жавания соли 2005 тибќи санади расмї бар асари зањролудшавї бо гази карбон ба њалокат расид. Нино Бурљонидзе, ки то соли 2008 парламони Гурљистонро сарварї мекард, ба гурўњи мухолифон пайваст. Дар интихобои соли 2013 барои курсии президентї талош кард, вале маѓлуб гардид. Ва танњо Михаил Саакашвилї муддати ду даври интихобот аз соли 2004 то соли 2013 дар сари ќудрат пойдор боќї монд. Моњи ноябри соли 2013 ўро номзади иитињоди њокими "Орзуим гурљї" Гергий Маргвелашвилї иваз намуд. Баъди рафтаи Саакашвилї дар Гурљистон дар мавриди он ки њокимияти ў ба кишвар чї овард, арзёбињои гуногун ва бањсњои беохир сурат мегиранд.
"Инќилоби садбаргњо" Тањлилгароне, ки аз тариќи DW пурсида шуданд, "инќилоби садбаргњо"-ро чун рўйдоди пешрафта барои Гурљистон талаќќї карданд. "Саакашвилї сари ваќт ояндадор набудани системаи фасодзадаи пешгузаштаи худ Швернадзеро пай бурд ва
«
аз норозигии мардум тавонист ба нафъи худ истифода кунад. "Инќилоби садбаргњо" ба рушди кишвари ба бунбаст воридшуда такони нав дод",- ќайд мекунад сиёсатшиноси гурљї дар Донишгоњи муштараки Амрикоиву Гурљистон (GAU) Коба Купрашвилї. Дра навбати худ тањлилгари хазинаи Гурљистонии тањќиќоти байналмилалї ва стратегї Каха Гоголашвили мегўяд чун њамаи инќилобњо "инќилоби садбаргњо" низ иштибоњот ва хатоњо орї уд.
Ислоњталаб Гурљистони имрўза комилан як кишвари дигар аст, мегўяд тањлилгар ва илова мекунад: вазъ ба куллї аз он чї дар соли 2003 буд, фарќ мекунад. "Он замон инфраструктура комилан хароб шуда буд, аммо Саакашвилї шањрњо, рустоњо, хонањо ва кўчањоро аз нав барќарор ва навсозї кард. Дар замони ў низоми ќавии молї барќарор шуд, дар мамлакат љамъоварии андоз шурўъ гардид ва буљаи давлатї то њадде афзуд",- ќайд кард Гоголашвилї. Ин коршинос комёбињои сиёсии дигари Саакашвилиро зикр мекунад. Масалан, ташаккули сохтори давлатї, ислоњоти маќомоти њифзи њуќуќ, мубориза бо фасод ва ислоњоти низоми судї. Илова бар ин зарфи ин дањ сол Гурљистон дар арсаи байналмилалї мавриди эњтиром ќарор гирифт, ба самти њамоиш бо Аврупо хеле пеш рафт. Дањ соли њокимияти Саакашвилиро коршинос Купрашвилї чун давраи идории
Њарчанд ба гуфтаи Купрашвилї, ин љо халќи гурљї ба сарвари собиќи худ интихоби дигарро пеш нагузошт. Гоголашвилї бошад илова мекунад: агар боз њам гуфта шавад, ки Саакашвилї дар замони њокимияти худ даст ба амалњои ѓайриќонунї зад, вале вай дар таърихи кишвар чун пешвое, ки дилкашолї ба њокимиятро тањаммул накард ва худро аз он дур гирифт, боќї мемонад.
«
харизматикї арзёбї мекунад. "Бо он ки Саакашвилї дорои љаззобияти хос буд, њамеша метавонист ѓайримуќаррарї будан ва њикмати сиёсї доштани худро бо кўмаки њар гуна технология дар сатњи таблиѓ ва сањнасозињои ќањрамонї исбот кунад",-мегўяд Купрашвилї. Аз назари коршинос ин кўшиши Саакашвилї он маъно дошт, ки њамеша мехост журналистонро зери назорати худ дошта бошад ва нуќтаи болоии ин талош дар соли 2007 бо њамла ба даст овардани шабакаи телевизионии "Имеди" ба шумор меравад.
Гурљистон ва Русия дар замони Саакашвилї Ѓайр аз ин, ба назари коршинос, њокимияти Саакашвилї нишони бадшавии муносибатњои гурљиву рус буд ва натиљаи он њамон муќовимати низиомие шуд, ки соли 2008 сурат гирифт. Бо маќсади нигањ доштани режими худ Саакашвилї ба таври њамешагї дар бораи тањдидњо аз љониби Русия њарф мезад. "Дуруст аст, ки вай худ љангро омода накарда буд, вале ваќте нисбат ба Русия даст ба иѓивопароканї зад, ба иштибоњи сахт роњ дод",- мегўяд Купрашвилї. Саакашвилї ба њар роње метавонист аз нуфузи Русия љилавгирї мекард, ки ин аз назари Гоголашвилї омили мусбат ба шумор меравад. Аммо, аз назари ин коршинос, ќарорњои саросемавор ва шахсї, њамчунин "дипломатияи ланганда мунљар ба натоиљи фољеабор дар муносибат миёни ду кишвар гардид.
Зиёдаравї дар њокимият Иштибоњи аввалин ва асосии Саакашвилї, ба андешаи Купрашвилї, таѓйирот дар конститутсияи кишвар ва худсарона густариш додани ќудрат ва ихтиёроти президентї буд. Ин боиси вайрон шудани мувозинати ќуввањо гардид ва њукумат дар дасти як нафар мутамарказ шуд.
"Саакашвилї чунин мењисобид, ки њадафи хуби ислоњат њар гуна усулњоро мепазирад ва тањаммул мекунад. Вале маълум аст, ки њокимияти мутлаќ натиљаи баръакс медињад", - мегўяд Купрашвили. Салоњиятњои густарда ва ширкати заъифи ањолї дар идораи мамлакат мардумро ба кўи яъсу ноумедї ва дилмондагї аз њукумату њукуматдорон расонд. Дар аввали фаъолиятњои худ дар мансаби президент Саакашвилиро метавон чун "нимадемократ" ќаламдод кард. Вале ба андешаи Купрашвилї дар марњилаи дуюм, аз љумла баъди пароканда намудани гирдињамоии мухолифон дар соли 2007 ва "љанги августї" "низоми Саакашвилї ба демократияи тоталитарї табдил шуд, ки зери ниќоби идораи мардумї давлати пулисї нињон буд". Дар мубориза бо љинояткорї љонибдорони Саакашвилї ќонунро ба инобат намегирифтанд, илова мекунад Гоголашвилї, ки ин "муљиби рушди фарњанги бе љазо мондани сохторњои давлатї ва афзудани системаи таъќиб гардид". Ба хеле чизњо барои соњибмансабони системаи зиндонњо иљоза дода шуд ва ин дар љараёни мољарои мањбасхонањо аёнтар гардид, ки муљиби шикасти њизби "Љунбиши ягонаи миллї"-и Саакашвилї дар интихоботи соли 2012 шуд. "Гурљистон дигар ќодир ба рањої аз тасвири демократияи дурага ва ё худкома нашуд",- хулоса мекунад Гоголашвили.
Падруд, Миша! Яке аз муваффаќиятњои љиддии Михаила Саакашвили - ин рафтани осоишта ва демократї аз ќудрати президентист. Њарчанд ба гуфтаи Купрашвилї, ин љо халќи гурљї ба сарвари собиќи худ интихоби дигарро пеш нагузошт. Гоголашвилї бошад илова мекунад: агар боз њам гуфта шавад, ки Саакашвилї дар замони њокимияти худ даст ба амалњои ѓайриќонунї зад, вале вай дар таърихи кишвар чун пешвое, ки дилкашолї ба њокимиятро тањаммул накард ва худро аз он дур гирифт, боќї мемонад. Вале агар ин даъво беасос хонда шавад, пас ба гуфтаи коршинос Саакашвилї чун ислоњгарои бузурги бархоста аз Гурљистон дар миёни кишварњои Аврупои Шарќї дар ёдњо хоњад монд. Худи Саакашвилї изњор дошт, ки муваќќатан аз сиёсат канор меравад. Дар суханронии охирини худ президенти собиќ гуфт: "Њамватанони мўњтарам, ман хаста нашудаам ва ба рухсатї њам ниёз надорам, вале фурсате фаро расид, ки шумо аз ман истироњат кунед". Дар бораи наќшањои ояндаи Саакашвилї танњо он чї мушаххас аст, ки мехоњад дар Гурљистон китобхона бунёд кунад. Ќароргоњи машњури ў дар маркази таърихии Тифлисро тибќи ќарори њукуматдорон ба вазорати маориф медињанд ва президенти кунунии Гурљистон дар њамон утоќи хоксоронаи котиботи њукуматї кор хоњад кард. www.dw.de
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
11
ИНЊОРО БОЯД ШИНОХТ
УМЕД БОБОХОНОВ Умед Бобохонов - журналист, рањбари гурўњи расонањои "Asia-Plus". Аз зумраи журналистонест, ки ба касбияти ў касе бо шубња надорад. Умед Мансурович дар ќатори аввалин рўзноманигор ва мудирони расонањои Тољикистон ќарор дорад, ки муайянкунандаи сатњи касбияти журналистикаи муосири тољик гардидаанд. Аз ин бигзарем, дар симо, фаъолияти касбї, андешаву тафаккури Умед Бобохонов як зиёии асили муосири тољикро мебинем. Чунин шахсиятњо на танњо дар доираи рўзноманигорон, балки фаротар аз он дар ќатори чењрањое њастанд, ки метавон сиришт, тафаккур, дарки вазъи љомеа аз љониби онњоро меъёри шинохти як зиёии муосири тољик донист. Ба ифодаи дигар, Умед Бобохонов њамчун як зиёии асил ва хушсалиќа шинохта мешавад. Бешубња, дар шаклгирии зењну љањонбинии Умед Бобохонов њамчун инсони комил наќши падару модараш муассир аст, аммо ў худро ба мардум њамчун шахсият бо зањматњои пайвастаи хеш шиносонид. Зери сояи номи падар намонду худ номвар гардид. Умед Бобохонов 29-уми ноябри соли 1962 дар шањри Душанбе дар оилаи зиёї ба дунё омадааст. Падараш - зиндаёд Мансур Бобохонов, аз олимони номии Тољикистон, доктори илмњои таърих ва рањбари Маркази илмиву тадќиќотии тољикон ва форсизабонони дунё буд. Модараш - Зебо Бобохонова, номзади илмњои педагогист. Умед Бобохонов пас аз хатми мактаби №8-и пойтахт ба шўъбаи забони арабии факултаи забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Тољикистон дохил мешавад. Соли 1982-1983 баъди хатми курси сеюм ба њайси тарљумон дар шањри Триполи (Лубнон) таљриба омўхтааст. Соли 1985 донишгоњро ба итмом мерасонад. Њамон сол барои адои хизмати њарбї њамчун афсар (лейтенант) ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Иттињоди Шўравї даъват мешавад. Дар солњои 1985-1987 дар Омўзишгоњи неруњои њарбї-бањрии њавої дар Севастопол
тарљумони њарбї будааст. Пас аз адои хизмати њарбї дар нашрияи "Комсомолии Тољикистон" ба њайси хабарнигор кор кард. Њамвора дар аспирантура низ тањсил кардааст. Як муддат, дар солњои 1989-91, њамчун корманди илмї дар Институти тањќиќотњои сиёсии Комитети Марказии Њизби Коммунисти Тољикистон фаъолият мекунад. Аз соли 1991 то соли 1996 хабарнигори махсуси нашрияи "Комсомольская правда" (чопи Маскав) дар Тољикистон будааст. Дар соли 1994 дар њайати як гурўњи бузург аз нињодњои њукуматии Тољикистон ва доирањои тиљоратї барои таљрибаомўзии думоња ба ИМА меравад. Замоне, ки Тољикистон даргири љангњои дохилї буд, Умед Бобохонов дар майдони иттилоотї норасоии расонаи мустаќилро эњсос кард. Ин аст, ки тирамоњи соли 1995 дар Вазорати адлия Ољонсии иттилоотии "Азия-Плюс"ро ба сабти ном мекунад. Дар апрели соли 1996 аввалин бюллетенњои иттилоотї-тањлилии Ољонсии "Азия-Плюс" бо забонњои русї ва англисї нашр мешавад. Дар идомаи он сомонаи хабарии www.asiaplus.tj (www.news.tj) тавлид мешавад, ки аз расонањои пурнуфуз на танњо дар Тољикистон, балки дар минтаќа ба њисоб меравад. Фаъолияти минбаъдаи ў танњо бо созмон додани хабаргузорї љамъбаст наёфтааст. Дар соли 2000-ум яке аз ташаббускорони таъсиси мактаби мустаќили рўзноманигории "Тољикистон - асри 21" мегардад. Дар дањсолаи аввал рањбарияти онро низ ба ўњда дошт. Дар давоми солњо дањњо хабарнигор аз курсњои ин мактаб гузаштаанд. Њамин сол њафтаномаи иљтимої-сиёсии "Азия-Плюс"-ро низ ба роњ монд, ки њоло аз серхонандатарин нашрияњои мустаќили Тољикистон мањсуб меёбад. Аз марти соли 2008 замимаи њафтаномаи "Азия-Плюс", маљалла барои шахсони фаъоли Тољикистон "VIP zone" дар майдони мат-
буоти Тољикистон фаъол шуд. Аз моњи августи соли 2010 инљониб њафтаномаи "АзияПлюс" дар як њафта ду маротиба нашр мешавад. Онњое, ки бо Умед Бобохонов кор кардаанд, мегўянд, "Умед Бобохонов он солњо ба хубї дарк мекард, ки дар Тољикистон иттилооти зиёд пайдо мешуд, аз хориљ низ сарозер мешуд, аммо ба мардум камтар мерасид. Барои шикасти фазои хомўш даст ба кор шуд". Ташкили аввалин радиои мустаќил дар шањри Душанбе, ки 9-уми сентябри соли 2002 якумин барномаро пахш кард, њамчунин, ба номи ў рабт дорад. Њамаи ин ба осонї даст надодааст. Тавре њамкоронаш мегўянд, "Умед Бобохонов пеш аз њама нисбат ба худ талаботи баланд дорад. Талош мекунад, ки кормандонашро низ дар сатњи худ бубинад". Чунин муносибат боис ба он гардидааст, ки дањњо журналисти хушном аз мактаби Умед Бобохонов ќадам ба журналистика нињодаанд. Аммо ба дунболи радио Умед Бобохонов мехост телевизиони "Азия-Плюс"-ро низ ташкил бидињад, ки то њол иљозат нагирифтааст. Дар соли 2012 маљмўи маќолањову мусо-
њибањояш, ки дар солњои гуногун ба нашр расидааст, бо унвони "Таджики идут" рўйи чопро дид. Дўстонаш дар сифоти Умед Бобохонов мегўянд, "ў аз он метарсад, ки дар як љо биистад". Аз забонаш иќтибос меоранд, ки "ваќт босуръат мегузарад, замон таѓйир меёбаду метарсам, ки ман дар љоям бимонам". Барои фарзанди замони худ будан пайваста дар талош аст. Узви Иттифоќи журналистони Тољикистон, узви њайати рањбарияти Анљумани миллии расонањои мустаќили Тољикистон мебошад. Барои дастовардњояш дар рушди расонањо дар Тољикистон бо мукофотњои гуногун ќадрдонї шудааст. Дар соли 2003 аз љониби президенти Тољикистон бо медали "Хизмати шоиста" ќадрдонї шудааст. Соли 2005 барандаи Љоизаи Иттифоќи журналистони Тољикистон ба номи Абулќосим Лоњутї гардидааст. Соли 2006 тибќи як пурсиш дар миёни 32 сармуњаррири расонањои Тољикистон журналисти сол эълон гардида буд. Оиладор, соњиби cе фарзанд. Донандаи хуби забонњои арабї, англисї буда, забони русї - забони кориаш аст.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
БО ШОИР
Симини Бењбањонї бешак аз устодон ва чењрањои мондагори шеъри муосири адабиёти форсист, ки бо тозакорињояш дар сохту ќолаби ѓазали классикї таъсири зиёде ба шоирони дигар гузоштаву мегузорад. Ному шеъри Симин аз солњо пеш дар љомеаи адабии Тољикистон ошнову маъруф буд. Намунаи ашъорашро дар маљаллањову рўзномањои даврони шўравї ва баъди он метавон пайдо кард. Нашриёти "Ирфон" дар соли 2012 девони комили ашъори ин шоири баландномро зери унвони "Як доман гул" ба чоп расонд, ки фарогири ашъори 9 китоби шеърии ўянд. Девонро шоири муосири тољик Исфандиёри Назар ба чоп омода намуда, муќаддимаи муфассале ба он навиштааст. Аз ин девон чанд шеъри Симинро, ки дар ќолаби чањорпора суруда шудаву шоири њамдарди мардум ва иљтимоъї будани ўро ба хубї мерасонанд, пешкаши хонандаи «Нигоњ» мегардонем.
ШОИРИ ЊАМДАРДИ МАРДУМ НАЃМАИ РУСАБЇ Бидењ он ќуттии сурхоби маро То занам ранг ба берангии хеш. Бидењ он рўѓан, то тоза кунам Чењри пажмурда зи дилтангии хеш. Бидењ он атр, ки мушкин созам Гесувонрову бирезам бар дўш. Бидењ он љомаи тангам, ки касон Танг гиранд маро дар оѓўш. Бидењ он љом, ки сармаст шавам Ба сияњбахтии худ ханда занам. Рўи ин чењраи ношоди ѓамин Чењрае шоду фиребанда занам. Вой аз он њамнафаси дишаби ман Чї равонкоњу тавонфарсо буд! Лек пурсид чу аз ман, гуфтам: Кас надидам, ки чунин зебо буд! В-он дигар њамсари чандин шаби пеш Ў њамон буд, ки беморам кард. Ончи пардохт, агар сад мешуд Дард з-он бештар озорам кард. Пуркаси бекасаму з-ин ёрон Ѓамгусориву њавохоњї нест. Лофи дилљўии бисёр зананд, Лек љуз лањзаи кўтоње нест. На маро њамсару њамболине, Ки кашад дасти вафо бар сари ман. На маро кўдакеву дилбанде, Ки барад занги ѓам аз хотири ман. Оњ, ин кист, ки дар мекўбад? - Њамсари имшаби ман меояд! Вой, ай ѓам, зи дилам даст бикаш, К-ин замон шодии ў меояд! Лаби ман - ай лаби найрангфурўш Бар ѓамам пардае аз роз бикаш! То маро чанд дирам беш дињанд, Ханда кун, бўса бизан, ноз бикаш!..
СУРУДИ НОН Њољї Фирўза, соле йе рўза... Чангии даврагард боз омад: Наѓма зад сози наѓмапардозаш Сўзи овозхони даф дар даст Шуд њамоњанги нолаи созаш. Пойкўбон расиду дастафшон Далќаки љомасурхи чењрасиёњ. То пашизе зи љамъ бистонад, Аз сари хеш баргирифт кулоњ. Гарм шуд бо адову шўхии ў, Сури ромишгарони бозорї. Чашмаке зад ба духтаре танноз, Хандае зад ба шайхи дасторї.
Медавам сўйи сози куњнаи хеш, Ки њамон наѓмаро барорам аз ў... ВОСИТА Абрў ба њам кашиду маро гуфт: "- Дигар шикори тоза надорї? Инон тамом наќшу нигоранд Љуз рангу бўю ѓоза надоранд! Душизае биёр, ки ўро Њољат ба рангу бўй набошад. В-он обу ранги сохтагиро Бо рангаш обрўй набошад.
Тарсам оташ ба љонат андозам, Сўзамат пой то ба сар яксар.
Шарори њирс оташ зад ба љонаш, Тамаъ дар хотираш сад шўъла афрўхт.
Душизае биёр дилангез, Зебову шўхи ком надода. Бар лаъли обдори њавасрез, Аз шавќ кас нишон нанњода!"
Мењрубонї умед дориву ман Сарду берањм њамчу шамшерам. Мори захмин зи зарбати сангам, Бабри хунин зи новаки тирам.
Ба њар лавїу ба њар сангу ба њар гўр, Зада торикиву андўњи шаб ранг На ѓавѓое, ба љуз наљвои арвоњ! На овое, магар бонги шабоњанг!
Афсун ба кор бастаму найранг, То духтаре ба чанги ман афтод: Духтар нагў! Шукуфта бањоре Гулпайкаре ба чанги ман афтод!
Ёдњо дорам аз гузаштаи хеш, Ёдњое, ки ќалби сарди маро Карда вайронае зи кинаву хашм Ки нињон карда дарду доѓи маро!
Ба нармї зери лаб такрор мекард, Суханњои аљиби мурдашўро. Ки: Бо ин мурда дандони тило њаст, Намоён буд чун мешустам ўро.
Як боѓ лутфу гармиву хубї, З-ангушти пой то ба сараш буд. Дигар чи гўямат, ки чи офат Пистону синаву камараш буд!
Ёд дорам зи роњу расми куњанн, Ки ду носозро ба њам пайваст. Ман шудам ёдгори ин пйванд, Лек чун ришта суст буд, гусаст.
"Фурўѓи чанд дандони тилоро Ба чашми хеш дидам дар дањонаш, Вале, овах! ба чанги ман наафтод, Ки андешидам аз хашми касонаш."
Базме тамом чидаму онгањ Он мардро ба маърака хондам. Мушкинѓизоли чашмсияњро Наздики хирси пир нишондам!
Хирагињои модару падарам, Он дуро фитна дар саро афканд. Кўдаке будаму маро ночор, Гоњ аз ин, гоњ аз он људо афканд.
Кунун ў буду ганљи хуфта дар гўр, Ба коми пайкари бељони сарде. Ба чанг афтад агар ин ганљ, ночор Тавонад буд дармон бањри дарде.
Кинањо хуфта гуна-гуна басе Дар дили ранљдидаи сардам. Гоњ аз бањри номуродии хеш, Гањ пайи дўстони њамдардам.
Ба даст орад гар ин зар, метавонад, Ки симе дар бањои ў ситонад. В-аз он пас кўдаки бемори худро, Пизишке ораду дорў ситонад.
Кўдакї , њарчи буд, зуд гузашт, Дидаам боз шуд ба мењнати халќ. Даст шудам зи хешу хотири ман, Шуд нињонхонаи муњаббати халќ. Дидам он ранљњо, ки миллати ман, Мекашад рўзу шаб зи душмани хеш. Он намудори азму имонро Ки наорад фуруд гардани хеш.
Чи њосил з-ин зари афтода дар гўр, Ки кас коми дил аз вай барнагирад? Зар ин љо бошаду беморе он љо Ба бедармониву сахтї бимирад?! *** Куланги гўркан бар гўр биншаст: Сукути шаб чу деворе фурў рехт. Ба љонаш чанг зад биме равонкоњ, Араќ аз чењраи беранги ў рехт.
Дидам он ќањрамон, ки чандин бор Зери бори шиканља рафт аз њуш. Лек орому шодмон љон дод, Мењр накшуда аз лаби хомўш.
Вале бо он њама ошуфтањолї Куланге мезад аз пушти кулангеДигар ин ў набуду њирси ў буд, Ки мековид шаб дар гўри танге...
Дидам он чењраи мусаммами сахт Аз паси милањои сарду сиёњ. Оњ аз он охирин зи лаб лабханд! Вой аз он вопасин зи дида нигоњ!
Шароре љаст аз чашми њарисаш, Чу он тобути чўбин шуд намудор. Дилаш бо зарбањои тунд мезад, Ба шавќи дидани зар дар шаби тор...
Дидам он дўстон, ки љон доданд, Зери занљир, бо њазор уммед. Дидам он душманон, ки раќсиданд Дар азои диловарони шањид.
Дигар ин ў набуду њирси ў буд, Ки заъфу тарсро пасту забун кард. Кафанро пора кард ангушти хушкаш, Ба берањмї саре аз он бурун кард -
њамнафас, њамнафас, машав наздик! Ханљарам, обдода аз зањрам. Андаке дуртар, ки сар то по, Кинаам, хашми саркашам, ќањрам...
Саре, к-андар дањони хушку сардаш Тилое ноб буд... оре, тило буд! Тилое, к-аз паяш љон арза мекард, Агар њамроњ бо садњо бало буд!
Ханљарам, ханљарам, ки тезии хеш Бар дили хасми хира биншонам. Оташам, оташам, ки охири кор, Хирмани љаврро бисўзонам.
Дигар ин ў набуду њирси ў буд, Ки коми мурдаро хунсард во кард. В-аз он факки касифи нафратангез, Тилоро бо њама сахтї људо кард...
Гуфтам: - Бубин, ки дар њамаи умр Њаргиз чунин шикор надидї. Аз њеч боѓу њеч гулистон, Ин сон гули шукуфта начидї. З-он пас ба ў супурдаму рафтам Мурѓи шикастаболу пареро. Пушти даре нишастаму дидам, Ранљи талоши бесамареро. Посе зи шаб гузашту бурун шуд Шодон, ки: "- Вањ, чи пурњунарї ту! Ин зар бигир, к-аз пайи подош Шоёни музди бештарї ту…" Ин гуфтугў нарафта ба поён Бар духтарак маро назар афтод. З-он шиквањо, ки дар нигањаш буд, Гуфтї ба љони ман шарар афтод. Он гуна гашт њол, ки гуфтам Кўбам ба фарќи мард зарашро. К-ай аждањо! Биёву зари хеш Бистону боздењ гуњарашро! Деви дарун нињеб ба ман зад: К-ин зар туро василаи нон аст! Бинњуфтамаш ба кисаву бастам, Зеро зар асту баста ба љон аст!..
АФСОНАИ ЗИНДАГЇ
Кўдаконро ба сўйи хеш кашид, Ки: Бањор асту ид меояд. Маќдамам фаррух асту фирўз аст, Шодї аз ман падид меояд.
Њамнафас, њамнафас, машав наздик! Ханљарам, обдода аз зањрам. Андаке дуртар, ки сар то по, Кинаам, хашми саркашам, ќањрам..!
Ин манам, пайки навбањор манам, Ки ба шодї суруд мехонам. Лек оњиста наѓмааш мегуфт: Ки на аз шодиям... пайи нонам!..
Лаб манењ бар лабам, ки њамчун мор, Неш дар коми худ нињон дорам! Гирањи буѓзу кинае хомўш Пушти ин ханда дар дањон дорам!
Чангии даврагард рафту їанўз Наѓмае хуш ба ёд дорам аз ў.
Сина бар синаам манењ, ки дар он, Оташе њаст зери хокистар.
ДАНДОНИ МУРДА Ду дил, ларзон, њаросон, чењра пурбим, Ба гўри сарду ваїшатзо назар дўхт:
Сањаргоњон ба заргар арзааш кард, Ки: Бингар, чист ин коло бањояш? Мањак зад заргару беэътино гуфт: Тилоранг асту пиндорї тилояш!
ТАЌДИРИ ДУХТАР Арўси њисорї Савриниссо Турсунзода наќл кард, ки баъди тўйи арўсиаш 37 рўз дар зери зулму шиканљаи шавњараш Расулов Љамшед ќарор гирифта, тўњмати ноњаќи шавњару хушдоман ба дўшаш бор гашт. Арўс зулму тааддии ноњаќро ќабул накарда, аз ташхиси тиббї гузашта, духтари бокира буданашро исбот намуда, хешро ба коми оташ наафганд. Гарчанде, ки ба фољиа ќариб монда буд. Экспертизаи судї исботи бокирагї ва зулму шиканљаи шавњарро нисбат ба арўс бо санади ќонунї ба тасвиб расонд, аммо исботи њаќиќату адолат барояш мушкилї кард. Илова бар ин, аз рўи њикмати "дузди зўр соњиби говро бастааст", суду прокуратураи Њисору Шањринав нисбати арўс Савриниссо Турсунзода, падари мўйсафедаш ва бародараш парвандаи љиноятї боз карданд...
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
13
"Он чї ба сари ман омад, набояд бар сари дигар духтарони тољик биёяд. Арўсии сангини маро набояд, њич духтари Тољикистон бинад, њатто духтарони њамин прокурорњо. Барои њамин бо умеди бахшиши падару модари азиз ва акањои мењрубонам, њар чї ба сарам омад, як - як наќл мекунам. Бигузор њама донанд, ки мансабдорони беинсоф нисбати як духтари тољик чї кор мекунанд...". Савриниссо Турсунзода
Саргузашти арўси њисорї Њалномаи суди Њисор Хуб, аризаи даъвогиам, ки нисбати ба љавобгарї кашидани Расулов Љамшед ва баргардонидани љињози арўсї навишта, ба суд пешкаш карда будам, чї натиља дод? Рўзи 11-уми апрели соли 2013 суди ноњияи Њисори Љумњурии Тољикистон баргузор шуда, мувофиќи моддаи 321 КМГ дар бораи баргардонидани амволи шахсї муайян намуд, ки тарафи арўс ба хонаи Расулов Љ. зиёда аз 84 номгўй молу амвол бурдааст. Суд маводњои парвандаро омўхта, баёноти тарафњоро шунида, бањои њуќуќї дода, ба чунин хулоса омад; "Мутобиќи талаботи ќисми 1 -и моддаи 34 Кодекси Оилаи ЉТ молу мулке, ки зану шавњар дар давраи заношўї зан ё шавњар љамъ кардаанд, моликияти муштараки онњо мебошад. Инчунин, тибќи талаботи ќисми 1 ва 2 -и моддаи 36 њамин Кодекс молу мулке, ки ба зану шавњар то аќди никоњ тааллуќ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношўї зан ё шавњар њамчун њадя ё мерос гирифтааст, моликияти шахсии њар кадоми онњо мебошад. Даъвогар Турсунова С. Х. њангоми дар мурофиаи судї баёнот намуданаш, рўйхати ашёњои нагирифтаашро пешнињод карда, номгўи рўйхати амволњоро бо назардошти маљмўи нарху навои он ба суд пешнињод намуда, аммо далеле, ки ин андоза ва ё ќисми ин молу амволро тасдиќ менамояд, пешнињод накардааст, бинобар ин аз суд хоњиш кардааст, ки болиштчањо 14 адад, пардаи тиреза, нархаш 300 сомонї ва куртаи "чёрний принс", нархаш 500 сомонї, курткаи чармини рангаш љигарї, нархаш 750 сомонї, "тайга" - и сабз, нархаш 300 сомонї, ки дар мурофиаи судї исбот шудааст, онњоро нагирифтааст ва ба ў баргардонида дода шавад. Дар асоси моддањои 198-203 Кодекси мурофиавии граждании Љумњурии Тољикистон, суд, њал кард: Даъво ќисман ќонеъ карда шавад. Ба даъвогар Турсунова Савринисо Холмирзоевна молу амволи зерин аз зумраи; 14 адад болиштча, бо арзиши 700 сомонї, пардаи тиреза, нархаш 300 сомонї, куртаи "чёрний принс", нархаш 500 сомонї, куртаи "тайга"- и сабз, нархаш 300 сомонї ва курткаи чармини рангаш љигарї, нархаш 750 сомонї, љамъ ба маблаѓи 2550 сомонї, ки онњо дар манзили истиќоматии љавобгар Расулов Љамшед Њабибуллоевич ва њамљавобгарон Расулов Њабибулло ва Расулова Муслима воќеъ дар дењаи Болшевик, љамоати дењоти Мирзо Ризои ноњияи Њисор тањти њабс ва нигоњдошт љойгир карда шудаанд, баргардонида шаванд. Даъво дар ќисми баргардонидани дигар молу амвол, ки то давраи баста шудани аќди никоњ тўњфа шуда, ба даст оварда шуда, бинобар беасос буданаш рад карда шавад.
Раисикунанда - Муњаммадиева Х. А." Худо гирад ин молу љињозро чи кунам, ки бахтамро сияњ карданд. Имрўз аст, ки ин њамаро аз рўи њалномаи суд хондаву менависам. Он рўз њич гапи судя ба гўшам намедаромаду аз даводави судї њам безор будам. Дертар фањмидам, ки ин халномаи суд њам њич гапе набудаасту боз чанд судяи лумби дига, маѓз об карда, њалномаи њамкори њисорияшонро бекор мекардаанд. Бе ягон азоби виљдон, албатта. Дар бораи кори ин судяњо поёнтар наќл хоњам кард, аммо њоло њукм дар бораи лату куби ман аз љониби шањи 37-рўза.
Њукм Дар маљлиси пўшидаи судии Суди ноњияи Њисор, рўзи 5-уми апрели соли 2013 судя парвандаи љиноятиро бо аризаи айбдоркунии ман нисбати Расулов Љамшед дида баромад, ки дар њаќиќат, мувофиќи хулосаи экспертизаи судї - тиббии № 1944 аз 3 марти соли 2013 ва № 239 аз 4 апрели соли 2013 ба ман зарари љисмонї расонида шудааст. Аммо судшаванда Расулов Љамшед дар мурофиаи судї худашро "барои содир намудани њаракатњои бо айбдоркунии хусусї пешбинишудаи латукўб ва расонидани зарари сабук ба саломатии арўс" гунањгор нашуморида, њамаашро тўњмат хонд. Ў дар суд баёнот дод, ки "занам њангоми њамхоба шудан оњани печка мекофтагиро гирифта, маро ба худаш наздик шудан намемонад, дигар одамро наѓз медидааст". Ё наузанбиллоњ! Худо туњматро гирди коинот гардону сари туњматчї бизан, ки устухонњояш орд шаванд!!! Хусури 37-рўзаам Расулов Њабибулло, падари Љамшед бошад, дар суд чунин баёнот дод: "Рўзи 23 декабри соли 2012 писарамро бо Турсунова С. Х. хонадор карда, њамчун келин ба хонаам овардам. Рўзи дуюми келин шуданаш? ваќте, ки писарамро ба назди келин дароварданд, арўс ба худаш наздик шудан намондааст. Рўзи чорум баромада рафтанї шуда, ба писарам гуфтааст: "Бо ту зиндагонї кардан намехоњам, назди падару модарам не, ба дигар љо меравам ва њамаи молу амволамро ба ту медињам". Муносибати оилавиашон соз буд, вале рўзи 31-уми январи соли 2013 дар хонаам њељ кас набуд, падари келин бо писараш омада, писарам Љамшедро мезананд, аз њамон рўз оилаи мо љанљолї шуд". Аммо њаќиќати кор дигар буд. Онро дар њукми судї мехонем: "Дар баробари нишондоди љабрдида ва шоњидони зиёд, гуноњи судшаванда Расулов Љ. Њ., дар латукўб ва расонидани зарари љисмонии сабук ба саломатии Турсунова С. Х., инчунин бо дигар маълумотњои воќеии дигар дар мурофиаи судї мавриди санљишу тањлил ќарор гирифта тасдиќи пурраи худро
Барои чї одам дар Њисор ќадр надорад? ёфтааст. Аз љумла, тибќи хулосањои эксперти Вазорати тандурустии ЉТ " № 1944 ва эксперти тиббии судии ноњияи Њисор № 239 аз 4 - апрели соли 2013, ки тибќи хулосањои онњо љароњатњои љисмонии дар бадани шањрванд Турсунова С. Х., мансуб ба зарари сабук ба саломатї бо аломатњои кўтоњмуддат харобшавии саломатї ба зиёда аз21 рўз шуда метавонад ва сохти ягонагии пардаи бакорати шањрванд Турсунова С. Х., дар рўзи муоина, яъне 23 январи соли 2013, соати 11:30 даќиќа вайрон нашудааст. Дар асоси гуфтањои боло ва бо дастрасии моддањои 332-5, 337, 339, 341, 344, 347, 348, 350, 354,356-и Кодекси мурофиавии љиноятии ЉТ суд њукм кард: Расулов Љамшед Њабибуллоевич бо моддањои 112 ва 116-и Кодекси љиноятии ЉТ гунањгор дониста шавад. Ба ў бо моддањои 112, 116 ва 67, ќисми 1 Кодекси љиноятии ЉТ бо корњои њатмї ба мўњлати 360 соат, берун аз ваќти корњои асосї, на зиёда аз 3 соат дар як рўз љазо дода шавад. Нисбати њукми мазкур дар мўњлати 10 (дањ) шабонарўз аз ваќти эълон карда шуданаш тавассутињамин суд ба коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди Олии ЉТ шикоят ё эътирози кассатсионї овардан мумкин аст. Раисикунанда - Муњаммадиева Х. А."
"Самий гуманний суд" Гуё адолат ѓалаба кард. 360 соат кор, он њам на аз 3 соат зиёд дар як рўз, ки баногоњ нофаш набарояд, бар ивази лабу куб, бахти сиёњ ва номи неки ману падару модарам!! Зињї, суди тољик, "самий гуманний суд на свете!!!" Зинда бод, сиёсати дастгирии занону духтарон дар љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон. Чанд рўз баъд фањмидам, ки бо ин кори судя Мухаммадиева бояд шукр мегуфтаам. Ончи баъд судяњои Суди олї бо ману таќдирам карданд, ба ягон чорчуби аќл мантиќу хираду ќонун рост намеояд.
Суди Олї ба чї ќодир аст? Шояд ман њамаро надонам, лекин як чизро медонам: љомеаро мањз Ќонун идора мекунад, ќонуне, ки барои њама як хел бошад, дар ваќти хулоса бароварданаш ба камбаѓалию сарватмандии мухолифи њаќиќату адолат назар накунад... Агар Ќонун яктарафа њаллу фасл шавад, бидуни мўшикофии њаќиќати њол, пас вой бар ањволи ин гуна ќонуну ин гуна љомеа! Ин чї ќонунест, ки ќадри одаму одамгариро ба оби љўйбор ба-
робар карда мондааст?.. Факт, далел, ќонуншиканї... њамаашро суд дид, санљид, баррасї кард. Гуфт, ки ња, дар ин самт њуќуќи шањрванд поймол карда шудааст. Бояд љинояткор љазои сазовор гирад, њаќ ба њаќдор расад, то ки ба дигарон ибрат шавад. Магар метавон ба њар як ноњаќќию беадолатињои рўзмарра тоќат карду хамўш нишаст? Хомўшї - ин маънии зиёд шудани бетартибию ноадолатињои замонаро дорад. Чї тавре ки халќ мегўяд: "Сукут - аломати ризогї". Норозигиамро нисбати њалнома ва њукми ноодилонаи суди ноњияи Њисор бо шикояти кассатсионї ба Суди Олии Љумњурии Тољикистон равона кардам. Коллегияи судї оид ба парвандањои оилавии Суди Олии ЉТ дар њайати раисикунанда Ќодиров Т.Ќ., муфаттишон Гадоева А. Х. ва Ёракова А. Х. рўзи 26-уми июни соли 2013 шикояти маро нисбати Расулов Љамшед ва дар бораи баргардонидани љињози арўсиам баррасї намуд. Бояд гуфт, ки Расулов Љамшед низ шикояти кассатсионии худро ба Суди Олї равона карда, ваљњ овардааст, ки њангоми ќабули аризаи даъвогї суд мувофиќи таъинот оиди таъмини даъво ба молу мулки даъвогар , ки дар хонаи онњо буда њабс гузоштааст, дар санади ба рўйхатгирї нишон дода нашудаанд. Њой љавонмардони давр! Молу љињоз лозим бошад, харида медодаму намерехтед ин ќадар обрўй .... Коллегияи Суди Олї як ќатор хатогию муросокории суди ноњияи Њисорро ошкор кард ва камбудињои зиёди муфаттишон, прокурору раиси судро нишон дода, ба хулосае омад, ки њалномаи судии ноњияи Њисорро бекор карда, парвандаро ба њамон суд барои аз нав баррасї кардан дар њайати дигари судя ирсол намояд. Ќарори коллегияи Суди Олиро ба дасти худ гирифта хондам: "Бо дастрасии моддаи 350 сархати 2 ва моддањои 355, 356 КМГЉТ, коллегияи судї ќарор кард: Њалномаи суди ноњияи Њисор аз 11 апрели соли 2013 марбут ба парвандаи оилавї аз рўи аризаи даъвогии Турсунова Савринисо Холмирзоевна нисбати Расулов Љамшед Њабибуллоевич, Расулов Њабибулло, Расулова Муслима дар бораи баргардонидани молу мулки шахсї бекор карда шуда, парванда барои баррасии нав ба суди ноњияи Њисор дар њайати дигари судя ирсол карда шавад...". (Давом дорад)
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ?-И НОБОБ - Шањрвандони Тољикистон дар кадом асос метавонанд кўдакони бепарасторро ба фарзандї ќабул намоянд? Бунафша ИБОДОВА, сокини шањри Душанбе
- Мувофиќи моддаи 126-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон тартиби ба фарзандхондї ќабул кардан чунин амалї карда мешавад: 1. Фарзандхондї дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кўдакро ба фарзандї ќабул кардан мехоњанд, аз тарафи суд расмї карда мешавад. Парвандањои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасї менамояд. Парвандањои фарзандхондї дар суд бо иштироки маќомоти васояту парасторї ва прокурор баррасї мегардад (Ќонун аз 29.04.2006 № 183). 2. Шањрвандони Љумњурии Тољикистон бо интихоби худ ба суди мањали истиќомати кўдаки ба фарзандхондї ќабулшаванда ё ба суди мањали истиќомати худ барои ба фарзандхондї гирифтани кўдак ариза медињанд. 3. То аризаи фарзандхондиро баррасї намудани суд маќомоти васояту парасторї вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоњиши ба фарзандхондї ќабул кардани кўдакро дорад, санљида, муайян кунанд, ки фарзандхондї ба манфиати кўдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае њаст, инчунин муносибати кўдак ба фарзандхондї ва фикри ўро барои ба фарзандхондї ќабул шуданаш муайян намуда, хулосањояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондї ба суд пешнињод намоянд. Маќомоти васоят ва парасторї вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондї ќабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот дињанд (Ќонун аз 29.04.2006 №183). 4. Њукук ва уњдадорињои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани њалномаи суд дар бораи фарзандхондї оѓоз меёбад. Ба саволи Шумо директори Ташкилоти љамъиятии "АРБИТРАЖ" Саъдулло ШЕРОВ посух дод.
ЛАТИФА
- Писарам, рав табари њамсояро биёр. - Мегўяд, дастааш шикастааст. - Аз њамсояи дигарамонро биёр пас. - Мегўяд, надорад. - Эњ, мумсикњое, рафта табари худамонро биёр, бачам! *** Аз суњбати ду зан: - Дугонаљон, шавњарат рўзи тўятонро дар хотир дорад? - Хушбахтона, не. - Чаро "хушбахтона"? - Дар як сол се-чор маротиба хотирасонаш мекунам ва њар дафъа туњфа мегирам.
АЗ ОБЪЕКТЊОИ ЃАЙРИМАНЌУЛ ЧЇ ТАВР АНДОЗ СИТОНИДА МЕШАВАД? - Андоз аз объектњои ѓайриманќули шахсони воќеї, ки њамчун хонаи истиќоматї истифода бурда мешавад бо кадом меъёр ва бо кадом тартиб њисоб карда мешавад? Фирўз ЌУРБОНОВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Тибќи муќаррароти моддаи 279-и Кодекси андоз меъёри андоз аз объектњои ѓайриманќул вобаста ба масоњати ишѓолнамудаи объект ва маќсади истифодабарии он бо фоиз аз рўи нишондињанда барои њисобњо муайян карда шуда, бо коэффитсиентњои танзимкунанда, ки барои шањру ноњияњои алоњида пешбинї гардидааст, зарб зада мешавад. Коэффитсиенти минтаќавии пардохти андоз аз объектњои ѓайриманќул барои шањри Душанбе 1,0 мебошад. Мутобиќи моддаи 23-и Ќонуни ЉТ дар бораи буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои соли 2013 нишондињанда барои њисобњо љињати њисобкунии андозњо, бољњо, дигар пардохтњои њатмї барои соли 2013 дар њаљми 40 сомонї муќаррар карда шудааст. Бо назардошти нишондињандањои номбаршуда меъёри андоз тибќи тартиби зерин њисоб карда мешавад: - барои объектњои молумулки ѓайриманќули ба сифати биноњои (њуљрањои) истиќоматї истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ - ба андозаи 3 фоиз (40*3/100 = 1,2 сомонї барои 1м2); - барои объектњои молу мулки ѓайриманќули ба сифати биноњои (њуљрањои) истиќоматї истифодашавандаи зиёда аз 90 метри мураббаъ - ба андозаи 4 фоиз (40*4/100 = 1,6 сомонї барои 1м2). Барои мисол андоз аз объектњои ѓайриманќули њуљраи истиќоматии масоњати умумиаш 70 м2 воќеъ дар шањри Душанбе дар соли 2013 маблаѓи зеринро ташкил мекунад: 70 (масоњати умумї) *1,2сомонї (меъёри андоз 40 с.*3%) *1 (коэффисиенти минтаќавї) =84 сомонї. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љавоб доданд.
- Агар Шумо сокини пойтахт њастед, дар яке аз ноњияњои он зиндагї доред, ба мушкилоти Шумо расидагї намешавад пас, метавонед арзу паём дархосту шикоятњои худро оиди ободиву бартараф кардани камбудињои ќаламрави мањалли зистатон бевосита ба раиси ноњияатон бо ин шуморањои телефонї расонед: Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Исмоили Сомонї: - Раиси ноњия: Ќурбонов А.Љ., тел: 221-06-34, 93505-14-34; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 221-06-34. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Шоњмансур: - Раиси ноњия: Бобоев С. Ќ., тел: 221-07-61, 907-7073-05; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 221-07-61. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Сино: - Раиси ноњия: Сафаров З.А., тел: 235-05-60, 93-51381-75; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 236-88-70. Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњияи Фирдавсї: - Раиси ноњия: Алиев С.А., - тел: 233-86-63, 918-7986-02; - Навбатдори шабонарўзии ноњия: тел. 233-60-32, 233-86-63.
15
АЗ ШУНИДАЊО …
Муњољире дар Русия ба маѓоза рафта, ба фурўшанда мегўяд: - Дайтe, намак. Фурўшанда мегўяд: - Чо такое намак? Муњољир мегўяд: - Это похож на шакар, но толко шўр! *** Як рўз як љўгї дари хонаеро кўфта, дод зада мегўяд: - Торти ќоќ доред? Соњибхона њайрон шуда мепурсад: - Њар рўз нони ќоќ мепурсидї, чаро имрўз торти ќоќ талбида истодаї? Љўгї: - Имрўз зодрўз дорам, охиииии! *** Се давраи нодорї: 1. Пул надорам; 2. Тамоман пул надорам; 3. Маљбурам, ки долларро майда кунам.
?-И НОБОБ
БА ЉОИ 09
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ШЕЪР ТИМСОЛИ ЖАННА Д-АРК (Ба Файзинисо Воњидова) Модару зан бошї гарчанде ба ном, Љон ба љонї бањри фарзандон мудом. Чун мубориз дар љасорат бешаке, Кам найї аз сад љавонмард дар маќом. Њамчу шањрванд дар адои хизматї, Бањри њифзи мардумоне субњу шом. Дар рањи адл чу ќулла устувор, Бо њаќиќат њамсадої, њаммаром. Рўй ба рўй гўї зи њар ноњаќие, Жанна д-Аркї ё зи аљдодони Сом. Баски бошанд дар харидан нотавон, Макруфоне дар фурўшандат мудом. Ларза ояд бар тани дузду палид, Гарт уро бинад агар нафси ѓулом. Дар суроѓам њафтаворе дам ба дам, То бубинам рамзи оташ з - он калом. Бо амал сањмат ба дилњорањ гирифт, Чунки њар оѓози некат субњи том. Хоњишам бошад њамин Файзинисо, Нек амалро то абад бинмо давом. Сар кунад Коммн њаме дар зиндагї, Назди ту бо таъзиму бо эњтиром. Пўлод АБўЕВ
АЗ ШУНИДАЊО … ЊАМЕЛИ ДУРРИ МАЪН? - Шахсе фарзандашро назди ќассоб ба шогирдї меорад. Ќассоб ба шогирдбача мефармояд: - Ба кафи дастат аз кўраи оњангар лахча биёр. Бача рад карда мегўяд: - Устољон ба кафи даст лахча оварда намешавад. Ќассоб ўро љавоб медињад. Шахси дигар низ писарашро ба назди ќассоб ба шогирдї меорад. Ќассоб ба ў њам супориш медињад, то ки аз кўраи оњангар лахча орад. Шогирдбача, "хуб шудааст" гўён назди оњангар ба кафаш хок гирифта меравад ва лахчаро болои хоки дар кафаш буда гирифта меорад. Ќассоб хурсанд шуда ўро ба шогирдї ќабул мекунад. Пас аз чанде як шахси дигар фарзандашро назди њамон ќассоб ба шогирдї меорад. Ќассоб ба бача элаки ордбезиро дода мефармояд: - Бирав, дар ин элак об биёр. Бача бе њељ бањона элакро гирифта назди осиёбон рафта камтар орд мегирад ва ордро бо камее об омехта хамир мешўяд ва бо хамир элакро хуб молиш дода пас аз он ба элак обро пур карда назди ќассоб меорад. Ќассоб ба зиракии бача ќоил шуда ўро низ ба шогирдї ќабул мекунад. *** - Шахсе фарзандашро хонадор мекунад. Ваќте ки арўс ба саломи хусураш мебарояд, хусур мебинад, ки келинаш хеле ва хеле бенур будааст. Дилаш ба писараш месўзад. - Духтарам, ваќте ки Худованд њусну љамолро таќсим мекард, ту куљо будї? - Эй падари бузургвор, ваќте ки Худованд њусну љамолро таќсим мекард, ман дар бозори аќл будам. - Э офарин, офарин, сад офарин ба чунин љавобат!- гўён хусур ба болои сари келин симу зар мепошад. Њољї АБДУЛЛОЕВ, сокини шањри Душанбе
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! РОЃУН: СОХТМОНИ ДОХИЛИМАРЗЇ АСТ НА ФАРОМАРЗЇ! - Дар Осиёи Марказї тибќи низомномаи ягона оид ба таќсими об миёни Тољикистон, Ќирѓизистон, Ўзбакистон, Туркманистон ва Ќазоќистон, ки њанўз аз даврањои Шўравї ба тартиб дароварда мешавад, 48% захирањои оби Осиёи Марказї ба Ўзбакистон ва Туркманистон дода мешуд. Зеро ин кишварњо заминњои бештареро дар водињо доро буданд. Ба Тољикистон ва Ќирѓизистон, бо вуљуди он, ки соњиби асосии захирањои обї дар Осиёи Марказї ба шумор мераванд, мутаносибан танњо 15,5% захирањои обї рост меомад. Ман ба њељ ваљњ чунин таќсимоти ноадолатонаи об дар Осиёи Марказиро ќабул надорам! Бештар аз 60 дарсади захирањои обии Осиёи Марказї аз пиряхњо ва обњои зеризаминии Тољикистон сарчашма мегиранд. Вале ба ин њам нигоњ накарда, кишвар аз лињози таъмини хољагии дењот ва ањолї бо об танќисї мекашад. Дар солњои 70-ум дар Тољикистон бунёди нерўгоњи барќи обии Роѓун оѓоз гардид, вале бо сабаби аз миён рафтани Иттињоди Шўравї ва сар задани љанги шањрвандї дар љумњурї ин сохтмон нотамом монд. Бо гузашти чандин сол, аниќтараш аз соли 2004 Тољикистон ба барќарорсозї ва сохтмони нерўгоњ сар кард, вале ба нофањмї ва муќобилияти љумњурињои њамсояаш рў ба рў гардид ва ин дар њоле сурат гирифт, ки сохтмони НБО-и Роѓун дар дарёи дохилимарзї анљом дода мешавад. На дар дарёњои фаромарзї! Бањонаи мухотабони зиддироѓунї њам дар сари дарёи фаромарзї ё дохилимарзї нест. Бањонаи асосии кишвари њамсоя дар он аст, ки Тољикистони аз лињози иќтисодї пурќувватро намехоњад. Барои њамин њам миллату давлати Тољикистон бояд ба бозињои Русия ва ўзбакистон фирефта нашуда бо њар роњу восита ин сохтмони азими асрро ба анљом бирасонад! Он гоњ бо дили пур метавон гуфт, ки тољик њамчун миллат пухта расид яъне аз халќият ба миллат ташаккул ёфт! Нодир АЛИЕВ, сокини шањри Душанбе
КОМИЛАН ЉИДДЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №37 (365) 4. 14. 2013
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
"ТРАКТОР - ВЕРТОЛЁТ" Оё шумо боре дар умратон "трактор-вертолёт"-ро дидаед? Албатта, ин намуди техника вуљуд надорад, аммо оё мешавад дастисоз ин техникаро сохт? Ба ин саволњо ќањрамонњои деринаи торнигор Мусо ва Муллошо посух медињанд. Мусо: -Овањ! Боз омад! Аз садояш шинохтам! Ин трактор-вертолёт аст! Ин техникаи худсозро маротибаи дуввум аст мебинам. Париданашро рости гап ягон маротиба надидам, аммо аљаб садо дораду аљаб тез меронад. Садояш гоњ мисли тар-тари трактору гоњ мисли пат-пати вертолёт. Аљоиб. Вањ, ин дафъа наздиктар меояд! Ураа, ин дафъа муяссарам мешавад, ки онро аз наздик бинам! Маротибаи аввал њарчанд аз паси ў давидам, то ба тарзи сохти он наздиктар шинос шавам, аммо дар як љой намеистод, тар-тар-тар-тар-тар-тар пат-пат-пат-патпат-пат-гўён гоњ аз ин тарафам мегузашту гоњ аз он тараф. Акнун бошад аз ман бист кадам дуртар ист гирифт. Ронандааш як марди њузарби шикамдор ва сиёњињои дасту рўяш, ё равѓанолуд буд, ё офтобсўхта. Ронандааш аз трактор-вертолёт поин омад ва дар назди муњаррики он љунбуљул мекард. Эњ бечорае, бо чї ќадар зањматњое ин техникаи нест-андар-љањонро сохта бошад.. Садо нест шуд. Ронанда муњаррикро хомўш кард ва худ ба самте рафта нопадид гашт. Бењтарин имконият! Њоло рафта аз наздик чї тавр сохта шудани трактор-вертолётро меомўзам. Ба Тољикистон рафта њатман аз паяш мешавам. Ягон трактори куњнаи арзонро харида ба он чархбол насб менамоям. Ва минбаъд ба Русия бо он меоям. Аммо афсўс, ки як љои нишаст дорад..
Инак ба трактор-вертолёт наздиктар мешавам. Сохти онро мехоњам жарфтар омўзам. Эњ, бояд коѓазу ќаламе њамроњам мегирифтам, то наќшаи сохти онро тасвир намоям. Хайр њељ гап не, дар ёдам мегирам. Хуб.. Аз муњаррик бо пањлуи "кабина" мурвате чархзананда ба боло рафтааст ва дар болои "кабина" боз мурватњои дандонакдори дигар.. Ња, дар боло "редуктор" ва ба он се бели калон-калони чархбол насб шудааст. Ана садои пат-пат аз куљо меомадааст.. Аммо як чизашро нафањмидам. Чї баробари ба кор андохтани муњаррик чархбол њам чарх мезанад? Ана ронанда њам бозгашт. Бењтараш аз ў мепурсам. Ба суоли ман ронанда сар љунбонд ва дар бораи сохти он ба наќл даромад. Ронанда хеле муфассал сохти онро фањмонд. Њељ мушкилие надоштааст-ку. Њатман аз паяш хоњам шуд. Њатман. Ѓайриинтизор садои гўшкаркунандаи муњаррик баланд шуд ва чархболњо низ оњистаоњиста ба чархзанї даромаданд. Ман фосиларо дур гирифта ин техникаро тамошо мекардам. Ин дафъа садояш баланд ва каме дигар хел буд. Мисли пештара "тар-тар-тар-тар-тар-тар, пат-пат-пат-пат-пат-пат" намегуфт. Овањ, садояш хеле нофорами гўшкаркунанда… Хррр… фусс… хррр… фусс… хррр… фусс… хррр… фусс… Чашмонам беихтиёр боз шуданд. Ё тавба… Гўё деворњои хона аз садои "хррр… фусс…" меларзиданд. Дигар тоќатам тоќ шуду гуфтам: - Акаи Муллошо! Акаи Муллошооо! Ака, хуррас накашед, ба пањлуи дигар гардед. Мемонед дигарон њам хоб раванд?…
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Давлатшо ГУЛАЊМАДОВ, иљрокунандаи раиси вилояти Хатлон: - Ба наздикї барномаи "Орел и решка"-и як шабакаи телевизионии украинї омада, шармандагии Тољикистонро баровард. Ва ин ба болои он буд, ки онњоро муттасадиёни мо хуб мењмоннавозї намуда, дар Варзоб бо ќурутобу дигар зиёфаташон доданд. Онњо дар барномаи хеш нањ задаанд, ки тољикон дар рўйи фарш мехобанд, хўрокро бо даст мехўранд ва ѓайра. -Э, не-е! Оњ, хонасўхтањое, чизњои набудагиро намоиш додаанд-ку. Аз бахилияшон намебинанд, ки тољикон њама зери партави сиёсати хирадмандона болои рахтњои хоби туркию олмонї, фаронсавиё итолиёї ва он њам танњо аз чуби ќимматбањои булут хоб рафта, оталаву шакаробу ширкадуро бо шохичаву чумчањои нуќрагин мехўранд.
Исломиддин НАСОВ, сардори шўъбаи маорифи ноњияи Ёвон: - Ваќте онњоро (муаллимон дар назар аст) љамъ кардем, танњо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф љавобгў нест, яъне ду руймол дошт ва як либоси ѓафси дигар, ки ба сару либоси барои омўзгорон тавсинамудаи Вазорати маориф мутобиќат намекунад. -Бобои Исломиддин, беташвиш бошед: ду зимистони дигар барќ нашавад, мардњо њам дуруймолї баста гарданд, бењтар.
Мањдї СОБИР, коршиноси масоили низомї: - Дар Вазорати дифои Тољикистон таѓйироти зиёдеро таваќќуъ доштан имкон дорад, албатта, ба тарафи мусбат. - Аз кай боз шавњар кардани Диана дар Амрико таѓйироти мусбат шудааст?! Як бори дигар њамин хел њушёрии сиёсиро аз даст дињед, аз разведка-чї, аз Тољикистон пешатон мекунанд, буродар!
Исфандиёри НАЗАР, шоир: - Рости гап, ман ин таѓйиротњои кадрии њукуматро тозакориву дигаргунї њисоб карда наметавонам. Њељ, њамон Ањмади порина! Ин чи гунна таѓйирот аст, ки таѓоро аз кор мегиранду хоњарзодаро ба љояш мегузоранд?! Охир ин таќсими мерос, ки нест. -Кї гуфтаст, ки таќсими мерос нест? Бепарво бошед, њамааш меросї! Худо гўед, ки ба љойи Гулов писарашрову ба љои Њукумов Сусанаро намонданд. Якумашро намонанд њам, ки дуюмаша мемонанд...
Шокирљон ЊАКИМОВ, љонишин раиси ЊСДТ: - Агар Эмомалї Рањмон барои иштирокаш дар интихоботи минбаъдаи президентї кўшиш накунад, пас, ин маънои онро дорад, ки писарашро вориси худ эълон мекунад. -Худо гирад шумо мухолифини бемантиќа: О, мушкили 2022 њаст унљанда, ки ду-се сол пештар њал карданашон зарур меояд. О, вай стадиони мўйњои љингиларо кор фармонед, охир!
Саидакбар САФАРОВ, корманди вазорати адлия: - Ин даъворо эътироф намекунам. Агарчї он ваќт дар вазорат кор намекардам, њоло тариќи рўзномањо тамоми чизро дар бораи марги Њамза Икромзода фањмидам. Онњо даъво доранд, ки гўиё писарашонро кушта бошанду барои ин зарари маънавї пардохта шавад. Дар кадом њолат аризаи даъвогї руёнда мешавад? Њамон ваќте ки вай кушта мешуд. Њамза худашро бо хоњиши худаш ба дор овехтааст. -Астаѓфируллоњ гуфта, баъди ин гапњо худої кунед, ки арвоњи Њамза омада набарад шуморову вазорат бе кадри ростгў монад.
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09