“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
1
Исфандиёр: "Агар Турсунзода зинда мебуданд, аз дасташон чизе намеомад" САЊИФАЊОИ 8-9 №38 (420). Чоршанбе, 17-уми декабри соли 2014
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
БОЗОР
Ќурби тољикї Овозаву њангома арзиши долларро боло мебарад САЊИФАИ 7
ШАРИКИ СТРАТЕГЇ
Табаддулоти зидди Путин САЊИФАИ 10
"Кулча" ба ЊНИТ, "калтак" ба ЊСДТ Чї мегузарад, ки медонанду мо намедонем? БО ШОИР
Ватани ман хоб аст... САЊИФАИ 12
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
Кай Љеки Чан ба тољикї њарф мезанад?
ГЕНЕРАЛ СУЊРОБ ЌОСИМОВ ВАФОТ КАРД Генерал-майор Суњроб Ќосимов аз фармондењони пешини "Фронти халќї" бино ба сабаби беморї дар шањри Душанбе аз олам даргузашт... САЊИФАИ 5
САЊИФАИ 16
2
ИЌТИСОДИ ВОЌЕЇ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
"КУЛЧА" БА ЊНИТ, "КАЛТАК" БА ЊСДТ Чї мегузарад, ки медонанду мо намедонем? Интихоботи парлумонии соли 2015, ки омодагиашро њанўз пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 медиданд, шуруъ шуд. Президент Эмомалї Рањмон ваъда дод, ки ин интихобот шаффоф ва демократї хоњад гузашт. Комиссияи марказии интихоботи Тољикистон (КМИРТ) эълон дошт, ки барои њама шароити баробар эљод хоњад шуд. Бигзарем, аз ин ваъдањое, ки пеш аз њар интихобот садо медињанд, аммо дар асл чї мегузарад?
"?" - и бузург 11 декабр, 40 даќиќа то оѓози аввалин нишасти КМИРТ, намояндагони президент ва ањзоби сиёсї Шокирљон Њакимов, муовини раиси Њизби сотсиал-демократ (ЊСД)-ро афроди номаълуми мулкипўш, ки ба ќавли худаш, "њуљљаташон ба њуљљати корманди милиса монанд набуд", дар чорроњаи мањаллаи 82 - и Душанбе аз такси поин оварданд ва хостанд ба шўъба баранд: - Соат 8. 20 буд. Маро хостанд, ки бар хилофи Кодекси мурофиаи љиноии Тољикистон дастгир кунанд. Бањона муайян намудани шахсияти ман буд. Гуфтанд, ту кї, чаро инљої ва куљо меравї? Муовини раиси ЊСД ин суханонро дар њузури масъулини КМИРТ, ЊСД ва Созмони амнияту њамкорї дар Аврупо (САЊА) баён дошт. Намояндаи президент гуфт, ки ин њолати инфиродї аст. КМИРТ гуфт, њанўз, ки номзад нест, ўро њимоят карда наметавонад. САЊА чизе нагуфт. Аммо њикмат чист? Ин њушдор ба њамаи ањзоби сиёсї буд, ё фаќат ЊСД?
Чаро метавонад фаќат ЊСД бошад? Президент номзади ин њизбро ба њайати КМИР пешнињод накард. Ин њол чанд сол аст, ки давом дорад. Сабабашро касе намедонад. Иттифоќњои касаба, аз њама љои ѓайрисиёсї, 1300 сомонї пули иљораро аз ЊСД барои гузаронидани анљуманаш гирифт, аммо баъд "аќибнишинї кард". Њоло њизби Рањматулло Зойиров љои баргузор кардани анљуманашро надорад. Ин њама чї маъно дошта метавонад? ЊСД нерўе шояд дар њадди Њизби аграрї надорад, аммо ин њама фишор сараш ба кадом хотир аст? Азбакси посухи ин бароямон рўшан нест, њамон љавоби бобоиро меорем: чизе њаст, ки медонанду мо намедонем, вагарна ин њама хандаовар аст. Бо ин вуљуд, ин "чаро"-и бузурги интихобот аст ва касе онро намепурсаду дар ќиссааш њам нест.
"Рокировка" Њизби халќї - демократї (ЊХДТ) њизби њукмрон, ки сарвариашро президент Эмомалї Рањмон ба зимма дорад, интихоботи худро дорад. Ин гуё интихобот њам нест, як чизи дигар аст, ки то ба њол касе таърифашро надодааст. Он як ба таѓйироти кадрї монанд аст, ё маросими ба "нафаќаи шоиста" фиристодани як идда мансабдорони "дарозумр" - и њукуматро мемонад. Аммо як вижагї дорад: ин руйхати собити номзадњои парлумон аз њизби њукмрон аст. Кам кас ба ин ин нукта таваљљуњ мекунад, ки дар интихоботњои ќаблї аз њавзаи ягона ањзоб 22 нафар пешнињод мекарданд, њоло 28. Чаро? Ва инро њам кам касе медонад, ки њоло дар Маљлиси намояндагон 58 вакил њаст, на 63, тавре, ки бояд бошад. Номзадњои њизби њоким ба вазифа рафтанд, дар руйхати њизбї касе намонд ва парлумон њам холї шуд. Ин дафъа њаллашро ёфтанд: ба љои 22, 28 нафар. Тахмин метавон зад, ки дар муд-
дати панљ соли оянда ќариб 10 номзади ЊХДТ аз парлумон ба сўи мансабњо "парвоз" хоњанд кард. 13 декабр Анљумани ЊХДТ баргузор шуд. Саидмурод Фаттоњзода аз мушовирии президент ба љои Сафар Сафаров, муовини аввали раиси Њизби халќии демократии Тољикистон омад. Аз 1200 вакил 28 нафар номзад ба вакилї ба њавзаи ягона шуданд. Аммо кињо? Шариф Рањимзода, вазири рушди иќтисод ва савдои Тољикистон, яке аз њукуматдорони шоистаи њукумати Эмомалї Рањмон тайи 20 соли ахир. Абдуљаббор Азизї, ёвари президент оид ба кадрњо, ки низ солњо боз дар дастгоњи президенту дигар вазифањо "макон" карда буд. Абдурањим Холиќов, раиси Кумитаи дин, аз мансабдороне, ки ба љанљолњои зиёд тайи солњои ахир рабт дошт, аз љумла њиљобу масљиду ЊНИТ - у ѓайраву њоказо. Ва Пўлод Муњиддиниён, муовини вазири энергетика ва захирањои об, ки гуфта мешавад, мутахассиси №1 - соњаи энергетика аст. Пешнињоди чењрањои маъруф ва "дарозумр" - и њукумати Тољикистон тариќи руйхати ягонаи ЊХДТ боз њам ин суолро ба вуљуд меорад: онњо рафтанд, яъне Good Bye, ё бар хоњанд гашт, вазифањои муњиме њастанд, ки бояд дар парлумон иљро кунанд? Њар чї њаст, нест, агар аз интихоботњои ќаблї хулоса кунем, ќисмати умдаи њайати вакилони парлумони нави Тољикистон маълум шуд.
"Гуфтанд..." Вазъи њукмрон дар ЊНИТ - ро тахшис кардан имкон надорад. Ба назар мерасад: а) нањзатињо "гизала" шудаанд; 2) баръакс, "булбулакашон хонда истодааст". Чї тавр? а) ЊНИТ њам "ман аз кї кам?", манзур, аз ЊХДТ кам нестем, гуфта, 28 нафарро аз руйхати ягонааш пешнињод кард. Аљобат дар он аст, ки се интихоботи гузашта ин њизб аз ду љой зиёд
нагирифтааст ва ин дафъа њам ба гумон аст, ки гирад. Њамон њам аз рўйхати умумї, ба ќавле, ба онњо дода шуд, тавре, ки ба дигар ањзоб медињанд. Аммо ин далели хашин, ё "гизала" шудани ЊНИТ нест. Ин њизб бо шиори "Мо барои Тољикистон, Тољикистон барои њама" ба сабќати интихоботї ворид мешавад. Муњиддин Кабирї дар анљумани њизбаш хеле оддї ин шиорро шарњ дод: "Мо барои Тољикистонем, Тољикистоне, ки моли њама бошад, фаќат моли як гуруњи пирўз не. Тољикистон ба њама тааллуќ дорад: фарзандон, сокинон, шањрвандон, диндору бедин, сарфи назар аз љинсу забону миллат, љои таваллуду кор. Њар як шањрванди Тољикистон эњсос кунад, ки ин ватани ўст, модари ўст, хонаи ўст!" Шиори ЊНИТ - ро метавон ба њар гуна шарњ дод. Аввал, се сол боз ин њизб тањти фишори шадиди маќомот аст. На фаќат ќудратї, балки корхонањои барќу оташхомўшкуниву обу корез њам се сол ба ин сў бо ин њизб "машѓулият" доштанду доранд. Кабирї њам бо ишора ба ин, ки ЊНИТ ва нањзатињо ба Тољикистон заруранд, шўхии нишонрасе кард: "Хайрият, шумо (яъне, нањзатињо) њастед, ки милиса њам кор дораду кумитаи дин њам, шўрои уламову Академияи улум, нозири барќу обу маркази бењдошту ѓайраву њоказо њам. Се сол мешавад, ки ин њамаро ЊНИТ - у нањзатиён бо кор таъмин кардаанд..." Аммо зери ин њазл њаќиќати дигаре нињон аст. Бо он вуљуд, ки гуфтанд, ЊНИТ ба Тољикистон дахл надорад, ё баръакс, њизб худро гум накард ва њоло мегўяд: "Тољикистон аз њама аст!" Љониби пирўз њам кист? Њукумати Тољикистон аст, ки агар домулло Нурї даст намедод, маълум набуд, ки њоло вазъ чї тур мебуд. Оё ин њукумат буд, ё набуд? Ишораи дигаре, ки дар шиори ЊНИТ дида мешавад, таќсими нобаробари сарватњои миллї метавонад бошад, зеро бархе бар ин гумонанд, ки як гуруњ онро соњиб шуда, ба гуруњи дигар чизе намедињанд. б) аммо Муњиддин Кабирї дар суханрониаш чанд маротиба аз президент Эмомалї Рањмон иќтибос овард. Њатто гуфт: ваќте пеши мардум меравед, ояи Ќуръону њадиси Паёмбар (с) ро не, гуфтањои президентро ба мардум дар бораи интихоботи демократї расонед. Ягон бор президент "гуфт", нагуфт, "гуфтанд", гуфт. Дар ѓайби президент бо "шумо, шумо" гап зад. Бино ба бархе манобеъ, њафтаи гузашта дар бўстонсарои президент Эмомалї Рањмон њатто ба Кабирї гуфтааст, ки вазири кабинети оянда хоњад буд. Ва бархе "калон"-њои ЊНИТ њам умедворанд, ки ба њукумат роњ хоњанд ёфт. Мо шунидем. Бале, бовар кардан имконнопазир аст, аммо мегўянд, ки чунин буд. Ва ин тањаввул боиси он шуд, ки Кабирї дар суханрониаш ишораи дигар кард: ваќте мехостем сулњ кунем (соли 1997), неруњое дар њукумат буданд, ки мухолифи сулњ буданд. Њоло њам афроде дар њукумат њастанд, ки намегузоранд вањдати неруњои сиёсии Тољикистон ба миён ояд. Ё љое гуфт, ки Тољикистон бињишт аст, аммо ин бињиштро бархе мехоњанд ба дўзах табдил дињанд. Ростї, агар њамчунин тавофуќ дар болоњо сари ЊНИТ бошад, хеле хуб аст. Аммо суол ин аст, ки чаро ЊСД радди маърака аст ва ба ЊНИТ - е, ки радди маърака буд, оѓўш боз мекунанд? Гапе њаст, ки мо намедонем, аммо худашон медонанд? Не, медонему намегўем... Далери ХАЙРУЛЛОЊ
СИЁСАТ Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсї, Њизби халќии демократї ва Њукумати Тољикистон барои ањли фањм нозук фањмонданд, ки на моњи март ва на ягон моњи дигар ба интихоботи шаффофу демократї умед бастан нашояд. Ба ин њамагї чанд факт далел шуда метавонанд. Барои мисол раиси КМИР гуфт: "Тибќи иттилое, ки мо дорем, дар 11 моњи соли равон аз Тољикистон 630 њазор нафар ба хориљи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин њудуди 400 њазор нафарашон баргаштаанд. Муњољирони мењнатии мо мавсимї сафар мекунанд. Чун интихобот дар парлумон 1-уми марти соли 2015, яъне зимистон баргузор мешавад, дар ин ваќт аксари муњољирон ба Ватан бармегарданд ва озодона метавонанд, дар интихобот ширкат кунанд." Раиси КМИР теъдоди воќеии муњољирони Тољикистонро дар хориљи кишвар нагуфтааст ва ба гумони ѓолиб намедонад. Тавре, ки ин иттилоъро њатто вазорати мењнат ва шуѓли ањолї даќиќ карда наметавонад. Масалан, Хадамоти федеролии муњољирати Русия њам омори ахирашро нашр карда, ин теъдодро тахминан 1 миллиону 100 њазор нафар гуфта буд. Иддао дар бораи ин ки КМИР њуќуќи ќариб ё шояд њатто беш аз миллион нафар шањрвандони комилњуќуќи Тољикистон ба интихобот нодида мегирад, поймол мекунад, натиљае нахоњад дод. Инро таљрибаи интихоботи президентии соли 2013 исбот кардааст. Дар бораи кадом интихоботи шаффоф демократї метавон њарф зад, дар њоле, ки њаќќи 20 дар сади раъйдињандагони потенсиалї тањти суол бурда мешавад?
Як љону се тан Аслан ЊХДТ, КМИР ва Њукумати Тољикистонро аз њам људо ном гирифтан мантиќ надорад. Ба њар њол, барои ањли фањм инњо нозук фањмонданд, ки мо як љону се танем, ба интихоботи шаффоф умед бастан ин даъфа њам нашояд. Рўзи шанбе 13-уми декабри соли 2014, Анљумани ќаблазинтихоботии Њизби халќии демократии Тољикистон бо ширкати Эмомалї Рањмон, Президенти Тољикистон ва раиси ин њизб пушти дарњои баста, бе рўзноманигорони расонањои мустаќил гузашт. Дари Анљумани пешазинтихоботии Њизбе, ки худро халќї ва демократї меномад, ба рўйи хабарнигорон, ба гуфти бузургон "чашму гўши халќ" кї баст: ЊХДТ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
3
БЕИНТИХОБОТ Воќеъбинон мегўянд, ба њизби њоким, амалан њукумати Эмомалї Рањмон, ки дастгоњи бузурги тарѓиботиро дар шакли радио ва телевизионњои давлатї шабонарўзї дар ихтиёри худ доранд, аслан эњтиёље ба тарѓиб дар муњити мустаќил эњсос намекунад.
Ќонуни шикаста
ё Президент? Аз ин њам саволи муњимтар: Чаро? Хабарнигорон дар пўшти дарњои маљмааи "Кохи Вањдат" то анљоми Анљуман мунтазир буданд, то иттилоъ бигиранд. Хабарнигори TojNews аз љойи воќеа иттилоъ додааст, ки ба хабарнигорон њатто иљозат намедињанд то бинои "Кохи Вањдат"-ро аксбардорї кунанд. Хабарнигоронро дар масофаи дур нигоњ медоранд. Ќабл аз баргузории Анљуман масъулини ЊХДТ ба дархости рўзноманигорон барои ширкат дар ин чорабинї, гуфтаанд, ки рўйхатро ба Дастгоњи иљроияи Президент ва Кумитаи давлатии амнияти миллї мувофиќа хоњанд кард ва баъдан, иљозат медињанд, аммо, било охира ба хабарнигорон посухи рад дода шуд. Аз фаъолони љомеаи шањрвандии кишвар низ касе ба Анљуман даъват нашудааст, -менависад манбаъ. Оё њамин нест, далел - нишондињандаи то кадом андоза демократї - яъне
мардумї ва шаффофии маъракае, ки ба интихобот гуфтанаш дигар забон намегардад? Мантиќан, бояд баракс мешуд, агар ЊХДТ манфиатдор бошад, ки дар бораи анљуманаш тамоми ќишрњои љомеа иттилоъи объективї ва алтернативї дошта бошад, дар анљуманаш чењрањои матрањ ва соњибназарони љомеа бештар ширкат кунанд. Фазо то њадде сиёсист, аммо љомеа њам то њадде аз ин сиёсат бохабар аст, ки дигар касе намепурсад, оё ин нодида гирифтани ќонунгузории Тољикистон дар бораи матбуот ва дигар воситањои ахбори омма, - поймол кардани њаќќи як гуруњи аъзам ба дастрасии маълумот нест? Хабарнигорон, ки пушти дарњои бастаи Кохи Вањдат монда буданд, шўхињои љиддї мекунанд, ки раёсати ЊХДТ мутмаин аст, ки бе тарѓибот ва агар лозим шавад бе интихобот њам ѓолиб меоянд. Мањз барои њамин њам зарурати даъвати расонањои мустаќилро надиданд.
Ташвиќи ѓайриќонунии номзадњои ЊХДТ дар сомонаи расмии Президенти Тољикистон, нафари мансабдор шуруъ шуд. Зуд, баъд аз он ки 13-уми декабр рўйхати номзадњо ЊХДТ ба вакилї ба Маљлиси намояндагони МО ЉТ аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї тасдиќ шуд, он дар сомонаи расмии президент ва дар сањифаи Хадамоти матбуоти президент дар шабакањои иљтимої пањн гардид. Њарчанд љомеаи Тољикистон њизбгаро несту мардум ѓайр аз "њизби президент" ва њизби нањзати исломї ба хотири президент ва дини ислом ањзоби дигарро аксаран намешиносанд, њамчунон ки нањзатињо аз номи ислом, ЊХДТ њам њамеша хилофи ќонун аз нуфузи Эмомалї Рањмон суистифода кардааст. Нуфузи Эмомалї Рањмон чун чењраи аввали кишвар ва раиси Њукумати Тољикистон, имтиёзи бештарро ба ЊХДТ таќдим мекунад. Ва њол он ки ќонуни конститутсионии Тољикистон "Дар бораи интихоботи Маљлиси олии Тољикистон" мегўяд: "Ба номзадњо, њизбњои сиёсї барои истифодаи ахбори омма шароитњои баробар кафолат дода мешавад". Тибќи талаботи ин ќонун, акнун сомонаи расмии Президенти Тољикистон бояд рўйхати тамоми номзадњо ба вакилиро ба МН МО ЉТ интишор дињад, ки њаргиз ин корро намекунад. Ягон њизб њам ёрои мурољиат ба судро дар ин маврид нахоњад кард, чун судяро дар Тољикистон боз њам Эмомалї Рањмон, Президент, Раиси Њукумат ва раиси ЊХДТ таъйин кардаасту њаќќи барканор карданаш њам бо ўст.
Фаромарзи ФОЗИЛ
ДЕПУТАТИ НАВ БОЯД ХОНДАЮ НАВИШТА ТАВОНАД
Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон забондонї, мутолиа ва дуруст навишта тавонистани номзадњоро ба вакилї имтињон хоњад кард. Номзадњо ба вакилї дар маљлисњои миллї, намоянда-
гон ва маљлисњои мањаллї бояд дар як соат, тарљумаи њолашонро навишта тавонанд, як вараќ матни пешнињодкардаи КМИР-ро хонда, ќобилияти таи на камтар аз дањ даќиќа суњбат оростанро дошта бошанд.
Таљрибаи аљоибулѓароиби КМИР, ки шояд таърих ёд надошта бошад, дар Тољикистон њам бори аввал сурат мегирад. Ин ташаббуси КМИР, то андозае хилофи мантиќ ва ќонунњои конститутсионии Тољикистон "Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" ва "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ" аст. Масалан, моддаи 28-и ќонун "Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" мегўяд: "Вакили Маљлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки ба синни 25-солагї расида, њадди аќал панљ соли охир шањрванди Љумњурии Тољикистон ва соњиби тањсилоти олї буда, забони дав-
латиро донад. Дипломи донишгоњњои олї њам далели донистани забон ва хондаву навишта тавонистан ба забони давлатии тољикї шуда наметавонад. Бино ба мантиќи КМИР, дар Тољикистон дигар маълумоти олї доштан маънои забони тољикиро донистан ва њатто њарфњоро шинохтан нест. Њол он ки забону адабиёти тољик дар њар мактаби миёна - 10 сол ва дар мактаби олї - 5 сол дарс дода мешавад. Зоњиран, ин боз як далели ба кор нарафтани маълумоти олии муассисањои дохилї, дар худи Тољикистон аст, ки дипломи муассисаи олии кишвар дар дохили мамлакат ќобили ќабул нест.
Метавон њадс зад, ки КМИР ба ин иќдом аз Кремл илњом гирифтааст, ки аз њар як муњољири тољик имтињон мегирад. Вале ба гумони ѓолиб, шояд бесаводии вакилони имрўзаву гузашта, ки дањ даќиќа озодона бо забони модариашон суњбат карда наметавонанд, ба ин боис шудааст? Вале як суол дигар ин ки оё аз як нафаре, ки танњо хондану навиштан тавонист, ќонунгузор сохтан мумкин аст? Дар Вазорати маориф ва илми кишвар айни њол ин ташаббуси КМИР-ро шарњ надодаанд. Оё ин ташаббус боиси эътирози Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм хоњад шуд, ё не, суоли рўз аст.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
Тољирони Маљмаи савдои "Пойтахт90" бо сабаби набудани харидор, нерўи барќ ва сардии толорњои калон дуконњояшонро баста бозорро тарк кардаанд. Теъдоди ангуштшумори фурўшандагони ин бозор, ки гуфта мешуд, 900 нафарро бо љойи кори доимї таъмин карда, ба пас рафтани нархи маводи ѓизої мусоидат хоњад кард, -мегўянд, аксарият муфлис шуда, дуконњои худро бастаанд. Бино ба гуфтаи онњо, рўзи сеюм аст, ки бозор аз нерўи барќ мањрум монда, дар он на шароити кор ва на муштариёнро дидан мумкин аст. Ваќти ифтитоњи Маљмаи савдои "Пойтхат-90", ки ба 90-солагии шањри Душанбе бахшида шуд, Президент Эмомалї Рањмон ширкат кард ва гуфта буд, ки дар бозор 900 кас љойи кори доимї хоњанд ёфт. Шањрдорї ваъда кард, ки 2 моњи аввали фаъолият дар бозор ба соњибкорон ройгон, бидуни пардохт сурат мегирад. Моњи сеюм аст, ки бозор гўё кушода аст, аммо аз 82 маѓоза, тарабхона, ошхонаву ќањвахона, толори маљлисгоњ, сардхонаву баѓочхона ва озмоишгоњ манфиате нест. Зеро бозор мизољ надорад. Маљмаи савдои "Пойтахт -90" дар муддати камтар аз ду сол бунёд шуда, дар сохтмони он њадди аќал 600 нафар кор карданд. Бино аз аввал мебоист дуошёна бошад, аммо тирамоњи соли гузашта, Президент Эмомалї Рањмон зимни боздидаш дастур дод, то бозор сеошёна шавад. Ду ќањвахона, як ошхонаи калон, ки дар ошёнаи дуюм аст, дари баста доранд. Дар ошёнаи сеюм, ки барои масолењи рўзгор ва либосфурўшї тањия шудааст, 70 дарсади маѓозањо баста ва холї мебошанд. Бархе аз тољирон, эњтимол аз бебарќии шабурўзи ахир, либосњоро дар ѓуфрањо зери гарду чанд партофта, дари дуконњоро баста рафтаанд.
ШАЊРДОРЇ
ТОЉИРОНИ МУФЛИС "ПОЙТАХТ-90"-РО ТАРК КАРДАНД Њасибфурўши бозор мегўяд: "Бо умеду орўзњои кор кардан ин љо омадем, љоро иљора гирифта, дар аввал бо 7 њазор сомонї мањсулот харидам, вале аз баски харидор нест, то имрўз 6 њазор сомонї зарар дидаам. Њамсояњоям низ зарар дида, 2-3 маротиба шуд, ки иваз мешаванд. Илова бар ин 3 рўз мешавад, ки барќ надорем. Мањсулоти мо дар бебарќї вайрон мешаванд. Бонуи нонфурўше се рўз мешавад, нонњояшро савдо карда наметавонад. Аз субњ то наздики шом њамагї 2 нон фурўхтааст. Дар наздики ин бону нафаре мева мефурўшад. Дар як рўз њамагї як дона себро бо нархи як сомонї фурўхтааст. Ду таваќќуфгоњи бозор, ки яке барои 200 мошини сабукрав ва дигарї ба 25 мошини боркаш пешбинї шудааст, холиянд. Яке аз онњо, аллакай ба истгоњи охири наќлиёти љамъиятии хатсайри №2 ва 25 табдил ёфтааст. Хатсайри наве, ки тањти №48 аз мањаллаи 192-и пойтахт то ин бозор роњандозї шуда буд, баъди ду њафта фаъолияташро ќатъ кард, мегўянд соњибкорони "Пойтахт - 90". Дарахтони гаронбањои сояафгани атрофи бозор низ хушк шуда, айни замон онњоро решакан карда, ба љои онњо дубора дарахтони нав мешинонанд. Коршиносон, аз љумла дар шабакањои иљтимої, аз гаронии тарњи бозор, ки хеле бошукўњ ва бо харљи 205 млн сомонї, муодили 40 млн. доллари ИМА бунёд шудааст, интиќод карда буданд. Меъмории бино он имкони љойгир
кардани теъдоди зиёди дукону маѓозањоро надорад. Бо њисоби коршиносон, сарфи 40 млн. доллар барои 900 љойи корї, хеле гарон ва ѓайриоќилона аст. Хайр мебуд, агар ин маблаѓ аз њисоби маблаѓњои буљаи шањр - сокинони пойтахт бунёд намешуд. Ба њисоби математикї, як љойи корї дар ин бозор таќрибан ба 45 њазор доллари буља бунёд шуда, ба гумон аст, дар ду дањсолаи наздик рўйпўш карда шавад. Коршиносон мегўянд, ба ин маблаѓ, 40 мактаб сохтан мумкин буд, ки њар кадом дорои 630 љойи нишаст ва 100 љойи кории наву доимї мешуданд. Ин дар њолест, ки дар пойтахт ба мактабњои миёна талабот бештар аст, -таъкид мекунанд коршиносон.
ДОЃ Дар дањ моњи соли равон Тољикистон бо маблаѓи 1 милларду 621,0 млн. сомонї ширкатњоро аз пардохтњои гумрукї озод кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Хадамоти гумрук, ин раќам нисбат ба њамин давраи соли 2013, 350,2 млн сомонї кам мебошад. Ин њам дар њолест, ки огоњони соњаи иќтисод мегўянд озод кардани ширкате аз андоз ё бољи гумрукї ќоидаи бозорро вайрон ва раќобати носолимро ба вуљуд меорад.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
"ХУДЇ" ВА "БЕГОНА" Чаро имтиёз барои њама бояд бошад, на ширкатњои алоњида?
Ширкатњои наздик ба ќудрат ё самарабахш? Парлумони Тољикистон бо пешнињоди њукумат зиёда аз 12 ширкати маъруфро дар тўли 3 соли ахир аз пардохти бољї гумрукї озод кардааст. Ба монанди Корхонањои сементбарории Тољикистону Чин - "Њуаксин Ѓаюр Семент", мењмонхонањои "Њайат Рељенси", "Шератон", "Душанбе - Серена", ширкатњои "Asian Express", "Taj China", корхонањои парандапарварии "Мурѓи њилол" ва Нутристар", Корхонаи ќолинбофии Ќайроќум, "Ширкати Гандум" - и Бобољон Ѓафуров ва "ТољИрон"-ро аз пардохти бољї гумрукї озод кардааст. Коршиносон мегўянд, имтиёз додан ба як ширкат ѓайрисамаранок мебошад ва кори давлатро ва кори бозорро вайрон мекунад. Зеро ширкате, ки аз пардохти бољї гумрукї озод мешавад, аллакай дар бозор љои ў нисбат ба шариконаш баланд мешавад. Ба гуфтаи Нозим Ишанкулов, директори иљроияи Маркази бозори озоди Тољикистон, ин гуна имтиёзњои ба шарофати захираи маъмурї беадолатона мебошад ва раќобатро вайрон мекунад. Ба назари ў, интихоби ширкати "стратегї" на дар асоси самаранокии он гузаронида мешавад, балки дар асоси наздикї ба ќудрат, шояд њатто дар асосии наздикии хешї бошад. Илова бар ин ин гуна ќарорњо шароит барои рушди корупсияро ба миён меорад: - Давлат бояд шароит барои рушди соњибкориро ба њама баробар таќсим кунад, яъне истисноан ягон ширкат аз пардохти бољї гумрукї озод карда нашавад. Гапи "худї" ва "бегона" набошад. Агар њукумат дар њаќиќат мехоњад ба рушди соњибкорї кўмак расонад, бояд он намуди бољеро, ки ширкате аз он озод мешавад, њамаи воридкунандагон аз он
5
озод шаванд. Яъне агар њукумат мехоњад воридкунии орд барои як ширкатро аз пардохти бољї гумрукї озод намояд, бояд њамаи ширкатњое, ки орд ворид мекунанд, бигзор аз пардохти бољї гумрукї озод карда шаванд. Озод кардан аз пардохти бољї гумрукї набояд бо тарики ќарори алоњидаи њукумат амалї шавад, балки бо даровардани таѓйирот ба Кодекси гумрук ва Кодекси андози Тољикистон, - мегўяд Нозим Ишанкулов. Њамчунин ин коршиноси соњаи иќтисоди тољик бар ин назар аст, ки имтиёз додан ба як ширкат аз пардохти бољњои њатмии гумрукї мухолиф ба принсипњои савдои озоди Созмони љањонии савдо (WTO) мебошад. Тољикистон узви ин созмон мебошад ва ўњдадор аст ќонуну ќоидањои онро риоя кунад. Дар акси њол ширкатњои хориљї метавонанд Тољикистонро ба судї бикашанд. Аммо масъулини расмї иддаои коршиносонро рад карда мегўянд, бо озод кардани баъзе аз ширкатњо аз пардохти бољи гумрукї Тољикистон ќонунњои СУС-ро вайрон накардааст. Ба гуфтаи Умед Давлатзода, муовини вазири рушди иќтисод ва савдои То-
«
љикистон, Тољикистон њанўз њељ як аз таањудоташ дар доираи СЉТ-ро наќз накардаву нахоњад кард. Ба гуфтаи ў имтиёзњо ба ширкатњое аксаран дода мешаванд, ки сармоягузории хориљиро ба кишвар љалб мекунанд: - Давлатњо њаќ доранд дар доираи гуфтушунидњо бо Созмони љањонии тиљорат бархе имтиёзњоро барои худ муќаррар кунанд. Тољикистон дар давраи гузариш аст. Имтиёзњое, ки њукумат медињад, низ дар доираи ин гуфтушунидњо баррасї шудаанд. СЉТ њам мебинад, ки онњо то куљо ба иќтисоди Тољикистон зарур њастанд. Бархе њуљљатњое њастанд, ки узвияти моро то соли 2017 ва њатто муњлати аз ин тўлонитар такмил хоњанд кард. Аммо ба таври умумї мо принсипњои СЉТ-ро ќабул кардаем, гуфтааст Умед Давлатзода ба "Озодї".
Оё манфиатоваранд? Њар боре, ки намояндае аз Вазорати молия дар Парлумони кишвар барои озод кардани ширкате аз пардохти бољї гумрукї баромад мекунад, ин корро њамчуни як навъ дастгирии давлат ба рушди соњибкорї медонанд. Инчунин онњо
- Ваќте ягон ширкат аз бољї гумрукї озод мешавад ин кор ба шарикони дигари ў зарбаи њалокатовар мезананд. Зеро соњибкорон дар ваќти ба наќша гирифтани кори худ ин чизро ба инобат нагирифта будан. Он соњибкороне, ки озод кардани шарики худ аз бољи гумрукиро ба наќша нагирифта буданд, муфлис мешаванд.
«
мегўянд, фаъолияти ин ширкат дар оянда барои Тољикистон фоидаовар аст. Сафаралї Наљмиддинов, собиќ вазири молияи Тољикистон, дар замони озод кардани ширкати "Њуаксин Ѓаюр семент" дар Парлумон гуфта буд: "Бо назардошти талаботи истеъмолї ба семент ва зиёд намудани потенсиали содиротии Тољикистон, лоињаи таѓйиру иловањо ба Ќонуни бюљети давлатии Тољикистон барои соли 2012 оиди додани имтиёзњои иловагии андозї барои ворид намудани техника, таљњизотњои истењсоливу технологї барои эњтиёљоти заводи сементбарории Ёвон, ки маблаѓи озодшавии онњо аз пардохтњои гумрукї ба маблаѓи 60 миллион сомонї тањия гардидааст." Коршиносон мегўянд, бояд критерия шаффоф бошад. Ваќте давлат ќарор мекунад, фаъолияти ин ширкат барои Тољикистон зарур аст, бояд аниќ кард, ки он аз кадом љињат барои Тољикистон зарур аст. Зеро набояд давлат ба бозор дахолат кунад. Рустами Рањмат, як коршиноси соњаи иќтисоди мегўяд, давлат бояд ќоидаи амалро аниќ кунад. Ин тавр ивазкунии ќонуну ќоида ба соњибкорон зарар мерасонад. - Ваќте ягон ширкат аз бољї гумрукї озод мешавад ин кор ба шарикони дигари ў зарбаи њалокатовар мезананд. Зеро соњибкорон дар ваќти ба наќша гирифтани кори худ ин чизро ба инобат нагирифта будан. Он соњибкороне, ки озод кардани шарики худ аз бољи гумрукиро ба наќша нагирифта буданд, муфлис мешаванд. Чунки онњо бизнеси худро дар дигар шароит ба наќша гирифта буданд. Ваќте ќоидаи бозї иваз мешавад, ширкатњо албатта зарар ва њатто муфлис мешавад, - мегўяд коршинос. Ин коршинос мисол меорад, ки як ширкате дар наќшаи бизенси худ навишта буд, ки ду раќиб дорад ва њељ кадоме аз онњо соњиби имтиёз нест. Ним сол пас мебинад, ки раќибаш аз љониби давлат кўмак гирифтааст ва ў инро интизор надошт, зеро ин кор тамоман ноодилона мебошад. Аммо як масъули Вазорати молия, ки аз гуфтани номаш худдорї кард, мегўяд, имтиёз додан ба ширкатњо танњо барои дастгирии онњост ва њељ гуна ќоидањои бозорро вайрон намекунад. Муллораљаб ЮСУФЇ
ВАФОТИ ГЕНЕРАЛ СУЊРОБ ЌОСИМОВ Генерал-майор Суњроб Ќосимов аз фармондењони пешини "Фронти халќї" бино ба сабаби беморї дар шањри Душанбе аз олам даргузашт. Дар тасдиќи ин хабар наздикони Суњроб Ќосимов гуфтанд, ки ў чанде буд, ки гирифтори беморї буд, як муддат низ дар шањри Маскави Русия низ табобат гирифт. Пайвандонаш мегўянд, генерал субњи имрўз 16-уми декабр тахминан соати 6 аз олам даргузашт. Ў то ин ваќт гирифтори бемории саратон будааст. Маросими љанозаи Суњроб Ќосимов соати 13:00 дар масљиди марказии шањри Душанбе баргузор мешавад. Љасади марњум дар дењаи Оќсўи ноњияи Данѓара ба хок супурда хоњад
шуд. Ў то соли 2007 фармондењи Бригадаи зудамали таъиноти махсуси ВКД буд, ки дар моњи марти њамон сол ба истеъфо рафт. Баъд аз ин чанд сол рањбарии Федератсияи футболи Тољикистонро ба уњда дошт ва соли 2012 аз ин вазифа барканор шуд. Ва ба љои ў Рустами Эмомалї, писари Президент Эмомалї Рањмон интихоб гардид. Суњроб Ќосимов аз фармондењони номии "Фронти халќї" буд, ки дар љанги шањрвандии Тољикистон дар солњои 1992-1997 аз љониби њукумати феълї мељангид ва дар чандин амалиёти дигари барои њукумат муњим, минљумла њамла ба љонибдорони Ёќуб Салимов ширкат карда буд.
Ў 2-юми сентябри соли 1961 дар ноњияи Совети вилояти Хатлон зода шудааст. Соли 1980 ба Донишкадаи давлатии педагогии шањри Маскав ба номи Ленин дохил шуда, соли 1985 онро хатм мекунад. То оѓози љанги шањрвандї зиндагии маъмулї дошта, омўзгор буду машќи карате њам медод. Бо шуруъи љанги шањрвандї ва пайвастанаш ба "Фронти халќї" аз чењрањои матрањ ва аз ќумандонњои пешсафи њукуматї гардид. Ќосимов солњои ахир дар њошияи сиёсат ва иќтисод ќарор дошт ва кўшиш мекард, ки ба њеч коре дахолат накунад. Умари ТОЊИР
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
Чї ќадар шањрвандони Тољикистон дар соли љорї тариќи Барномаи давлатии "кўчонидан" (переселения-русї) шањрвандии Русияро гирифтанд? Чаро дархости бисёре аз онњо рад шуд? Ва оё љубронпулї барои онњое, ки ба Русия кўч мебанданд, коњиш дода шудааст? Ба ин ва саволњои дигари TojNews Владислав Маркевич, сардори Намояндагии Хадамоти федеролии муњољирати Русия (ФМС) дар Тољикистон дар мусоњибаи ахираш посух гуфт. -Владислав Ватславович, имсол ба Намояндагии ХФМ чї ќадар шањрвандони Тољикистон барои кўч бастан мурољиат кардаанд? - Ба намояндагии мо шањрвандони Тољикистон бо бисёр масъалањо мурољиат мекунанд, на танњо барои ширкат дар барномаи кўчонидан. Дар 11 моњи соли љорї, ба намояндагї 8,5 њазор нафар мурољиат кардаанд, ки аз онњо 7,5 њазорашон хостори ширкат дар ин барномаи давлатї мебошанд. Яъне онњо мехоњанд аз Тољикистон кўч банданд. Гуруњи дигар мехостанд дар бораи душањрвандї, таѓйирот дар ќонунгузории муњољират, дар бораи манъи вурудашон ба ќаламрави Русия ва ѓайра маълумот бигиранд. - Одамон шикоят мекунанд, ки њатто дар марњилаи аввал њам, дархости бисёрињо барои ширкат дар ин барномаи давлатї рад карда шудааст. Чаро? - Дар њаќиќат аввалњо, мо аз тамоми хоњишмандони ширкат дар ин барномаи давлатї њуљљатњояшонро мегирфтем. Аммо аз аввали соли љорї, бинобар пурзўр шудани ќонунгузорї, интихоби номзадњо низ пурзўр карда шуд. Мурољиаткунандагон бояд фањманд, ки худи барнома чунин ном дорад: "Барномаи давлатии мусоидат ба кўчидани ихтиёрии њамватанони бурунмарзї". Мафњуми "Њамватан" ("Соотечественник") дар ќонуни федеролї мушаххас карда шудааст. Бинобар ин, њаќќи ширкат фаќат ба онњо дода мешавад, ки ба
«
талаботи ќонуни мазкур љавобгўянд. Ѓайр аз ин, баъди ворид шудани таѓйирот ба ќонунгузории ФР, бахусус баъди ќабул шудани ќарор дар бораи мањрум кардани шањрвандони хориљї аз њаќќи вуруд ба ќаламрави ФР, дар њолати ду ё зиёда ќонуншиканї, ба мо мурољиат бисёр шуд, гўё онњо мехоњанд ба Русия кўч банданд. Аммо зимни суњбат бо онњо маълум шуд, ки онњо мехоњанд, танњо барои муњлати муайян дар Русия кор карда боз ба ватан баргарданд. Ва албатта ингуна ашхос ба барнома роњ дода нашудаанд. Мо суњбатро бо њамватанон дар асоси худи мафњуми "њамватан" ба роњ мондем, ки довталаб бояд ба талаботи барнома ва минтаќае, ки њамватанон барои кўч бастан интихоб кардаанд, љавобгў бошанд. Њоло барномањои минтаќавї барои ќабули њамватанон шартњои зеринро мегузоранд, ки онњо бояд забони русиро њам шифоњї ва њам хаттї балад бошанд,
“САЛОМ, РУСИЯ!” Вижагињои кўчидан ба Русия дар мусоњиба бо Намояндагии ФМС дар Тољикистон касбу корашон дар минтаќаи интихобкардаашон дар ќаламрави ФР бояд талабгор дошта бошад. Яъне, њоло агар касбу кори даркорї надошта бошад, барномаи минтаќавї ќабул намекунад. Ва мо њам дар марњилаи аввал чунин одамонро ба ширкат дар барнома роњ намедињем. Бояд таъкид кунем, ки соли гузашта, ваќте мо тахминан аз њар касе, ки мехост њуљљаташро ќабул кардем, тахминан 70 дарсади онњо рад шуданд. Яъне танњои ќариб 30 фоизи онњое, ки соли гузашта њуљљат супорида буданд, ќабул шуданд. Соли љорї, аз њамаи онњое, ки њуљљаташон ќабул карда шуда буд, њамагї 9% љавоби мусбат гирифтаанду халос. -Яъне шарти ќабул пурзўр шуд, аммо љавоби рад њамоно зиёд аст? - Асосан ба онњое посухи рад дода мешавад, ки касбу корашон дар бозори мењнат талабгор надорад. Баъдан, агар њатто одам касбу тахассуси даркорї дош-
Њолатњои дигар њам зиёданд, ки онњо њаќќи вуруд ба Русияро надоранд. Ингуна аризањо низ ќабул намешаванд. Ман намегўям, ки шањрвандони Тољикистон, ки њаќќи вурудро ба хоки Русия надоранд, дидаву дониста барои ширкат дар барнома ариза пешнињод карданд, онњо њам зиёданд, ки дар бораи мањрумияти њаќќи вурудашон ба ФР хабар надоранд.
«
та бошад њам, аммо собиќаи корї надорад. Њолатњои дигар њам зиёданд, ки онњо њаќќи вуруд ба Русияро надоранд. Ингуна аризањо низ ќабул намешаванд. Ман намегўям, ки шањрвандони Тољикистон, ки њаќќи вурудро ба хоки Русия надоранд, дидаву дониста барои ширкат дар барнома ариза пешнињод карданд, онњо њам зиёданд, ки дар бораи мањрумияти њаќќи вурудашон ба ФР хабар надоранд. - Оё теъдоди минтаќањои дар барномаи мазкур ширкаткунанда, зиёд шудааст ё не? -Дар њоли њозир 53 минтаќаи Русия дар ин барнома ширкат мекунанд. Яъне онњо омодаанд оилањои њамватанонро ќабул кунанд. Ба ќарибї вилояти Ростов ба барнома шомил шуд, ки ба он љо аллакай як ариза аз Тољикистон пешнињод карда шудааст. - Шањрвандони Тољикистон асосан ба кадом минтаќањои Русия кўч бастан мехоњанд? -Асосан одамон мехоњанд ба минтаќањои гарм кўч банданд. Дар умум гуфтан мушкил аст. Ариза барои кўч бастан ба Шарќи дур - Приморский, Хабаровский ба вилояти мухтори яњудї ариза зиёдтар мерасад.
-Њоло вазъи иќтисодии љањонї, аз љумла барои Русия хуб нест. Оё таъсири манфии буњрон ба барномаи давлатї пешбинї намешавад? Оё љубронпулие, ки ба ширкатдорони ин барнома ваъда дода шудаанд, пардохт хоњанд шуд? -Барнома тасдиќ шудааст ва касе наметавонад молиёти онро мањдуд кунад. Ба истиснои њолатњои фавќулодда, дар ягон шароит имкони кўтоњ кардани сармоягузории барномаи давлатиро надорад. Сармояи ин барнома барои се соли минбаъдаи фаъолият људо шудааст, аз ин рў, тамоми љубронпулии ваъдагї ба њамватанон расонда хоњад шуд. - Оё њолатњое њам буданд, ки одамон баъди дастрас кардани тамоми шароит ва имтиёзоти барнома боз ба ватан баргаштаанд? Онњо чї љазо мегиранд? - Чунин њолатњои буданд,аммо чанд сол ќабл ва дар вилояти Суѓд. Њоло дигар чунин њолат ба ќайд гирифта нашудааст. ФМС дар њудуди Русия назорати ќатъї мебарад ва дар чунин њолат ин одамон љазо мебинанд ва аз тамоми шароиту имтиёзњо мањрум карда хоњанд шуд. Суњбати Екатерина ПАСТОРОВА
ЃОЛИБИЯТИ ТОЉИКОН ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФОРСИЗАБОНОН Се сарояндаи номии Тољикистон дар Озмуни байналмилалии "Сулњи Симурѓ", ки дар шањри Кобули Афѓонистон баргузор шуд, ѓолиб эълон гардидаанд. Бино ба иттилои Саидалї Сиддиќов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио Давлатманд Холов, роњбари бадеии ансамбли давлатии "Фалак"-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати ЉТ, Њунарманди халќии Тољикистон, дорандаи Љоизаи давлатии Тољикистон ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї барои њифзу густариши њунари фалаксарої ѓолиб омадааст.
Инчунин, њунармандон Гулчењра Содиќова ва Далер Назаров барои ривољи мусиќї ва сурудхонии суннатї ва замонавии тољик ѓолибони озмуни номбурда дар соли 2014 дониста шуданд. Дар ин озмун намояндагони Љумњурии Исломии Эрон - дастаи њунарии "Расток" ва сарояндаи маъруф Муњаммадризо Шаљариён, намояндагони Афѓонистон - Оркестри љавонони Дониш-
кадаи миллии мусиќии Кобул ва овозхон Хонуми Зарсонга ба гирифтани љоизањои озмун шарафёб гардиданд. Озмуни байналмилалии "Сулњи Симурѓ" аз соли 2009 инљониб аз сўи Бунёди "Ормоншањр"/OPEN ASIA доир
карда мешавад. Љоизањои асосии ин озмун дар њар 2,5 сол як маротиба ба бењтарин намояндагони адабу њунари кишварњои форсизабон эњдо мегардад. Абўалї НЕКРЎЗОВ
ИЌТИСОД Таѓйирёбињои ќурбие, ки дар бозори дохилии асъор дида мешаванд, танњо хос ба Тољикистон набуда, ин њолат дар аксари он давлатњое, ки ба ин ё он навъ бо иќтисоди Русия пайвастагї доранд, низ ба мушоњида мерасад. Љоиз ба зикр аст, ки аз аввали соли равон то ин дам таъсири фишорњои ќурби асъор дар аксари кишварњои минтаќа, бахусус дар Русия ва Украина ба мушоњида мерасад. Бино ба маълумоти бонкњои марказии ин кишварњо, ќурби рубли Русия ва гривнаи Украина (аз аввали моњи январ то 20 - уми ноябри соли 2014) нисбат ба доллари ИМА мувофиќан ба андозаи 42,3 фоиз ва 84,7 фоиз коњиш ёфтанд. Инчунин, тангаи Ќазоќистон 17,1 фоиз, соми Ќирѓизистон 17,0 фоиз, рубли Беларус 13,6 фоиз, сўми Ўзбекистон 8,6 фоиз ва драми Арманистон 2,6 фоиз нисбат ба доллари ИМА беќурб шудаанд. Дар ин муддат ќурби пулњои кишварњои хориљи дур низ ба чунин коњишёбї дучор омаданд, масалан йени Љопон 11,6 фоиз, реали Бразилия 10,6 фоиз, евро 9,8 фоиз, риёли Эрон 8,0 фоиз ва франки Швейтсария 7,6 фоиз. Яке аз сабабњои асосии ин таѓйирёбињо пеш аз њама дар сатњи паст рушд ёфтани иќтисодиёти љањон, ки ба кам шудани маљмўи талабот ва даромади асъор аз содироти ашёи хом овардааст, алоќамандї дорад. Дар Љумњурии Тољикистон, ки хос сиёсати иќтисоди кушодаро пеш гирифтааст, таѓйирёбии ќурби пули миллї низ зери таъсири омилњои берунї ва мавсимї сурат гирифта истодааст. Аз љумла, ќурби расмии сомонї барои 1 доллари ИМА 6,6 фоиз поён рафта, ќурби наќдии хариду фурўши доллари ИМА дар нуќтањои мубодилаи асъори љумњурї бошад, мувофиќан 7,2 фоиз коњиш ёфт. Дар баробари ин, агар ќурби пули миллиро нисбат ба дигар асъори асосии хориљї, ки дар бозори дохилї гардиш доранд, муќоиса кунем, маълум мегардад, ки сомонї баръакс устувор гардидааст. Чунончи, нисбат ба рубли русї 25,7 фоиз ва нисбат ба евро 3,0 фоиз. Ба андозаи назаррас шиддат ёфтани ихтилофњои геосиёсї дар љањон, таъсири бардавоми буњрони сиёсию иќтисодї дар кишварњои шарикони савдо (Украина ва Русия) ва оќибатњои он ба ављ гирифтани фишорњои ќурбї дар худи ин кишварњо ва дигар кишварњои минтаќа таъсир расонид. Зеро, муносибатњои иќтисодию молиявии кишвари мо, бахусус бо Русия хеле наздик буда, коњишёбии ќурби рубли русї нисбат ба доллари ИМА бевосита ба паст гардидани њаракати фаромарзии сармоя ва њаљми интиќолњои пулї дар арзёбї бо доллари ИМА сабаб шудааст. Дигар ин ки таѓйир ёфтани сиёсати бонки марказии ИМА - Низоми Захиравии Федералї (FRS) пешнињоди пул ва доираи Барномаи њавасмандкунии пулиро мањдуд намуд, ки бевосита дар саросари љањон ба коњишёбии вуруди сармояи хориљии долларї сабаб гашта, дар иќтисодиёти кишварњои рў ба инкишоф фишорњои ќурбиро зиёд намуд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин созмонњои бонуфузи байналмилалї, аз ќабили Хазинаи байналхалќии асъор ва Бонки љањонї низ дар маърўзањои худ раванди кунунии таѓйирёбињои ќурбї дар саросари љањонро бештар ба ин гуна омилњои берунї арзёбї намуданд, ки метавонад то 60-80 фоиз коњиш ёфтани вуруди сармояи хориљї, пеш аз њама ба мамлакатњои рў ба тараќќї гардида, ба устувории молиявию иќтисодии кишварњои мазкур таъсири љиддї расонад. Гуфтан ба маврид аст, ки ќурбњои асъор табиатан бузургии хеле њассос буда, тањти таъсири на танњо омилњои макроиќтисодї, балки омилњои зиёди иќтисодї, молиявї, сиёсї, мавсимї ва интизорї, ки ба талаботу пешнињоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд, ќарор доранд. Њар як омил ху-
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
7
ЌУРБИ ТОЉИКЇ Овозаву њангома арзиши долларро боло мебарад сусияти хоси худро дорад ва таъсири он ба талабот ва раванди ќурбофарии бозор гуногун аст, ки ин як ќоидаи маъмулї ба шумор меравад. Дар аксари кишварњои љањон ба ќурби асъор дар маљмуъ ду омил бештар таъсир мерасонанд: Якум - омили макроиќтисодї, ки пеш аз њама дар фарќияти њаљми содироти молу мањсулот (фурўши онњо ва ба даст овардани захирањои асъорї) ва воридот (хариди онњо аз хориљ ва пардохти арзиши онњо аз њисоби манбањои дохилї) инъикос мегардад. Ин дар тавозуни савдои Љумњурии Тољикистон аён мегардад, ки касри он дар 10 моњи соли љорї ба 2,8 млрд. долл. ИМА расида, ба сатњи ќурби пули миллї таъсири бевосита мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки харољотњои иќтисодиёти мо аз даромадњо дида куллан зиёдтар буда, асъори хориљии ба љумњурї воридшаванда асосан барои воридоти молу ашё ва таъмини талаботи ањолї харљ карда мешавад. Бояд эътироф намуд, ки алњол љумњурии мо дорои иќтисодиёти воќеан раќобатнок, ки тавонад бо истифода аз иќтидори баланди содиротии хеш талаботи бозори дохилии худро пурра ќонеъ гардонад, нест. Яку-якбора иќтисодиёти мустаќилро созмон додан аз имкон берун аст, зеро ин раванд муњлати тўлониро талаб мекунад. Таљрибаи аксари мамлакатњо нишон медињад, ки барои амалї намудани чунин ислоњот муддати беш аз 20-30 сол зарур аст. Сарфи назар аз ќафомонии баъзе аз бахшњои ислоњот ва камбудињои љойдошта, иќтисодиёти миллиамон тадриљан рў ба тараќќї нињода, мунтазам истењсоли мањсулоти дохилї низ меафзояд. Дар амал татбиќ намудани механизми равзанаи ягона, соддагардонии низоми андозсупорї, кам кардани таъсир ва дахолати маъмурии маќомот, рушди институтсионалї, боло бар-
Дар назар аст, ки дар њолати паст шудани шиддати таѓйироти ќурбии бозори молиявии љањон, ки хусусияти кўтоњмуддат ва муваќќатї дорад ва бо андешидани чорањои зарурї аз љониби сохторњои салоњиятдори молиявии Тољикистон вазъи ќурби асъори хориљї дар бозори дохилї низ тадриљан ба эътидол меояд.
«
доштани сањми бахши хусусї ва дигарњо аз љумлаи ислоњоте мебошанд, ки барои ба сатњи кифоягї расонидани истењсолоти дохилї равона карда шудаанд. Дуюм - омили интизорї, ки ба њолати иќтисодиёт мустаќиман алоќамандї надорад ва танњо пайдо шудани њолати афзоиши майлу хоњиши шањрвандон, ширкатњою корхонањоро барои хариди асосноку ѓайриасосноки асъори хориљї ифода менамояд. Дар робита ба ин масъала, Бонки миллии Тољикистон бояд масъулиятро бештар њис карда, дар доираи ваколатњои худ кўшиш ба харљ дињад, то пеши роњи сарусадоњои беасосро бигирад. Њамзамон бояд инро таъкид намуд, ки тибќи ќонуният ва нозукињои муњими психологї, анљоми ин амал танњо аз љониби як ташкилот нокифоя мебошад. Дар сурате, ки расонањои хабарї, нашрияњо ва радиою телевизионњои дохилию хориљї мунтазам ба масъала ё мавзўи носолим - ба ќурби коњишёбандаи асъор ва ё иќтисодиёти ноустувор ањамияти хоса медињанд, ин бешубња, дар натиља нобоварии мардумро ба пули миллї ва маъюсию тарси шањрвандонро ба ояндаи љомеа ба миён меорад. Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи Бонки миллии Тољикистон" маќсади асосии Бонки миллии Тољикистон нигоњдории сатњи муътадили нархњо дар давраи дарозмуњлат мебошад. Яъне аз ин бармеояд, ки маќсаду вазифа ё њадафи сиёсати пулию ќарзии Љумњурии Тољикистон ва Бонки миллии Тољикистон мустаќиман нигоњдории ќурби пули миллї нест. Мутобиќи санадњои мављуда низ, рељаи расмии ќурби сомонї, рељаи "шинокунандаи танзимшаванда, бе муќаррар кардани њудудњои таѓйирёбии он" буда, ќурби сомонї нисбат ба асъорњои хориљї тавассути бозори дохилии асъор аз рўи таносуби талабот ва пешнињоди онњо муќаррар карда мешавад. Яъне, Бонки миллии Тољикистон танњо дар њолатњои аз эътидол берун таѓйир ёфтани ќурби сомонї њуќуќ дорад ба фаъолияти бозор дахолат намояд. Мутаассифона, вобаста ба хусусияти сохтори иќтисодї ва раванди таърихии иќтисодиёт, ќурби асъори хориљї дар байни ањолї ањамияти аз њад зиёдро ба худ касб кардаааст. Дар њаќиќат, ќурби пули миллї яке аз омилњои нархгузории молу мањсуло-
ти ба љумњурї воридшаванда буда, аксари шањрвандонро на ин ки болоравии худи ќурби доллари ИМА, балки мањз болоравии сатњи нархњои истеъмолї ба вањму ташвиш меоварад. Айни њол, тибќи мушоњидањо раванди мазкур то андозае ба болоравии нархи баъзе аз мањсулоти воридотї таъсири худро расонидааст. Аммо, чунин таѓйирёбињо дар дигар мањсулоти воридшаванда дар бозорњои дохилї то њол ба назар намерасад. Аз ин рў, Бонки миллии Тољикистонро зарур аст, ки дар доираи имкониятњои мављуда барои бартараф кардани таѓйирёбии аз эътидол беруни таъсири фишорњои ќурбї ба сатњи нархњо ва низоми молиявии кишвар, бахусус њаннотї дар бозори дохилии асъор чорањои зарурї, аз љумла мудохилањои асъориро анљом дињад. Њамзамон инро бояд ёдрас шуд, ки ба њар гуна эњсосот ва њангома дода шудани шањрвандон боиси зиёд гардидани омилњои интизорї шуда, барои бо маќсадњои њаннотї боло бурдани нархи мол дар бозор сабаб шуда метавонад. Аз ин лињоз, оромию тањаммул барои устувор нигоњ доштани нархњо дар бозор махсусан муњим мебошад. Зеро, дар назар аст, ки дар њолати паст шудани шиддати таѓйироти ќурбии бозори молиявии љањон, ки хусусияти кўтоњмуддат ва муваќќатї дорад ва бо андешидани чорањои зарурї аз љониби сохторњои салоњиятдори молиявии Тољикистон вазъи ќурби асъори хориљї дар бозори дохилї низ тадриљан ба эътидол меояд. Хулоса, дар чунин лањзањои њассосу нозуки авзои молиявию иќтисодии кишвар, ки дар аксари мамолики љањон ба назар мерасад, њар яки мо - шањрвандон, амалдорон, тољирон ва алалхусус кормандони нињодњои молиявию иќтисодии Тољикистонро зарур аст, ки бо масъулияти баланди касбию шањрвандї ба ин масъала муносибат намуда, диќќати худ ва љомеаро бештар ба унсурњои ба маротиб љиддитар, аз љумла ривољ додани истењсоли мањсулоти дохилї, рушди соњибкорї, ташкили љойњои нави корї ва тавлиди мањсулот дар кишвар ва њама гуна дигар фишангњо, ки барои ба даст овардани ин маќсад мусоидат менамоянд, равона созем. Рустам ШАРИФЗОДА, иќтисоддон
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
СУЊБАТИ РЎЗ
Исфандиёри НАЗАР:
"Агар Турсунзода зинда мебуданд, аз дасташон чизе намеомад" Суњбати ихтисосии "Нигоњ" бо шоир ва рўзноманигор - Бо назардошти ин ки мову шумо дўст њастем, њамроњ кор њам кардаем, шояд баъзе саволњое њам дињам, ки аз ќабл посухашон бароям, таќрибан маълум аст. Вале ман ин чизњоро барои он мепурсам, ки аввал ба хонанда матлаб рўшан шавад, дуюм барои худам, ки то кадом андоза шахсияти расонаии Исфандиёр аз дўсти ман фарќ мекунад? Ва оё фарќ мекунад ё не? - Ман њеч ваќт кўшиш накардаам, ки дар ду ќолаб зиндагї кунам. Аслан аз одамоне, ки пеши мардум дар њайъате ба истилоњ "муаддаб, хушхулќ" зоњир мешаванду дар воќеъ чунин нестанд ва низ касоне, ки шахсияташон аз хона то кўчаву кору миёни дўстон бор-бор таѓйир меёбад, хушам намеояд. Њол акнун, ки шикастед њама бовари халќ, Њам шикастед ба девонагї болу пари халќ. Чанд бе тарси Худо ин њама дашном дињед, Халќи худро ба чунин нокасї аз минбари халќ... - Аз шумо њар рўз як ѓазал мехонам дар шабакаи иљтимоии Фейсбук. Ин њама дилшикастагињо аз куљост, метавонам пурсам? - Њаводису ончи дар атроф ё пеши чашми инсон мегузарад, ногузир ба њолати равонии ў таъсир мерасонад: мусбї ё манфї - фарќ намекунад. Ман њам аз ин њолат истисно нестам. Ваќте мебинам, ки гуруње ё шахсоне, ки маълум нест кистанду чистанду чи мехоњанд, корњое мекунанд, ки натиљааш љуз бадномии миллат чизе ба бор намеоварад, ваќте мебинам, ки ... дилшикаста мешавам. Ин чунин ѓазалу шеърњо њосили њамон лањзањо њастанд. Дар рўзгори мо њолатњои шикананда зиёданд. - Воќеан, шабакањои иљтимої њаркї ва њарчї њаст, чун оина бепардоз ба намоиш гузошт. Шоирони муосир њам, хиёлам байни худ мусобиќа доранд дар интернет. Бо ин суръати эљод, чанд китоб навиштед шояд дар ин як сол... - Албатта, корњоеро анљом додаам, ки боястї чун китоби алоњида чоп шаванд, аммо чунин имконият, бо ин шакли зиндагие, ки дорем, шояд ба ин солњо муяссарам нагардад. Чанд китоби шеър, маќолањои алоњида. Китоби тањќиќие дар мавриди абёти бозмондаи
«
устод Рўдакї зери унвони "Чашмаи Хуршед" навиштаам, ки беш аз 36 маќоларо дар бар мегираду хеле аз он теъдод дар рўзнома чоп шуда, њамчунин љилди аввали "Фољиаи миллати тољик" дар 600 сањифа, ки бар асоси матолиби "Овози тољик" танзим шудааст ва ... - Чанд китоб ё маљмуа доред? - Шояд он њама чоп кардањои маро дафтар гуфтан бењтар бошад, то китоб. Чун њарчиро ба чоп расонидаам, дар воќеъ њаљми дафтар будаанд. Бо ин њама аз тањияву тадвину тањќиќ шояд беш аз 40 дафтар бошанд. - Расмиёт чизи аљиб аст, масалан, Шумо шоир, аммо бо шоирон дар "иттифоќ" не... Чаро узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон нестед? - Ба назарам, узви як иттињод ё маљмаъае будан асли кор нест. Шояд њазорњо нафар аз ањли њунарро дорем, ки узвияти иттињодияеро надоранд, аммо дар пешаашон ин "набудан" халале эљод накардааст. Узви ИНТ будан аз ман вобаста нест. Ин дуруст аст, ки устодон Турсунзодаву Рањимзодањо истеъдодњоро ёфтаву оварда узв мекарданд, ба эљодашон назорат мекарданд ва натиљаи њамин дилсўзињо буд, ки адабиёти навини тољик, ки акнун 105-сола (бо шањодати устод Айнї дар "намунаи адабиёти тољик" - аз соли 1905) мешавад, шоироне чун устодон Лоиќ, Ќаноат, Бозор, Гулрухсор, адибони тавонои бешуморе чун устод Сорбону дигаронро пайдо кард. Идомаи њамон мактабдориву дилсўзињо буд, ки Бањманёру Фарзонањо ба сањнаи адабиёт омаданд. Аммо дар рўзгори мо чунин нест. Албатта инро њам гўям, ки агар Турсунзода њамин алъон зинда мебуданд, ба ростї аз дасташон чизе намеомад... - Барои кї менависед? - Агар гўям, ки "барои худам менависам", дурўѓ аст. Маълум, ки барои касоне менависам, ки њамзабони ман њастанд. - Китобњо 500 дона, 1000 донагї чоп мешаванд. Барои 8 млн. тољики кирилихон ин намерсад. Яъне, касе намехонад? Чаро касе намехонад? - Аввалан бояд бигўем, ки ин теъдодро њам бо пули худи соњибони китоб ё дўстони онњо ё касони дилсўз ба фарњангу адаб ба чоп мерасонанд. Њеч муаллифе албатта ба чунин теъдод розї нахоњад буд, аммо барои он, ки кораш лоаќал нобуду гумном намонад, ба њамин
Шеъри мо аз Лайливу Ширинњо бо гунаи такрор зиёд дорад. Аммо мустаќиман бо зан гуфтугўро дар шеъри форсии Тољикистон шояд ба нудрат пайдо намоем. Ман дар њаљми тавони худ аз ин самт ба ѓазал пеш омадам. Аз њиссиёти ростини худ ба зан рў ба рў дар ѓазалњоям њарф задам. Ман бо Лайлї аз самти дигар ба гуфтугў пардохтам.
«
шуморагон њам розї мешавад. Њоло суоли "касе намехонад?" њам љойи тањаммул дорад. Кї мушаххас карда, ки мардум китоб намехонанд? Рўзномаву њафтаномањоро-ку мехонанд. Оре, агар шароите фароњам мебуд, ки ба њар рустои Тољикистон рўзномаву њафтаномањо бирасанд, мардум онњоро њатман харидаву мехонанд. Вале чунин имконияту шароит вуљуд надорад. Њамчунин куљост шароите, ки китобњо ба мардуми тамоми кишвар арза шаванд? Дар даврони Шўравї низ њама имкони харидани китобњоро надоштанд. Аз ин рў ин масъулиятро Давлат ба дўши худ дошт. Давлат ва њукумати он манфиатдор буд, ки мардум бо китоб маънус бошанд. Ба ин хотир осори адибону олимон бо маблаѓњои Давлат, тибќи рељаи махсус бо теъдоди ќобили мулоњиза нашр мешуд ва ба тамоми китобхонањои хољагињо ва мактабњо таќсим мешуд. Муаллиф низ њаќќи ќалами муносибе дарёфт мекард. Давлат њам хурмо ба даст меоварду њам савоб. Дар дуконњои китобфурўшии Пойтахт ва тамоми навоњии кишвар миќдори муайяни китобњои навбаромада фиристода мешуд. Китобњои устод Лоиќ, Бозор, Ќаноат ва дигарон аз 50 то 100 њазор нусха чопу тавзеъ мешуданд. Камтарин теъдоди нашр аз они навќаламон буд, ки бо теъдоди 5000 нусха чоп мешуд ва ба дасти мардум мерасид. Дафтари якуми шеъри ман бо њамин теъдод чоп шуда буд. Имрўз њам Давлат бояд ин корро кунад. Китобро чоп кардан, ба китобхонањо ва дасти мардум расонидан, истеъдодро шиносонидан, рисолати Давлат аст. Давлат манфиатдор аст, ки мардумаш китобхону ањли фарњанг бошанд. Аммо дар мо чунин нест. Китобњоеро, ки бо маблаѓи Давлат чоп мекунанд, ба теъдодашон нигаред, ба нархгузорияшон таваљљуњ кунед. Бо чунин шароиту бо чунин нархгузорї кї бояд онњоро харида тавонад? Дар њар иморати тозасохт бояд дуконаке барои фурўши китобу дафтар бошад. Ваќте дар њар иморати тозабунён, ба хотири даромад фаќат дуконњои фурўши колову ѓизо боз мешавад, мардум низ љуз он ду ба дигар чиз намеандешанд. Инро њам гўям, ки аз дуконњои китобфурўшї наметавон интизори даромади фурўши пиёзу картошкаро дошт, аз чунин нуќтањо набояд иљорапулиеро ситонд, ки аз нуќтаи фурўши молу ашёву сўзишворї талаб мешавад. Тўли чанд сол аст, ки яке аз калонтарин марказњои фурўши китоб дар маљмаъаи "Пойтахт80" ба мушкилоти сунъии ину он рў ба рўст. Намегузоранд, ки китобфурўш бемалол ба кори худ идома дињад. Чаро? Зеро касе онљоро ё тарабхона карданист, ё ба як макони сердаромади дигар табдил доданист. Бо чунин ањвол мунтазир бошем, ки китобњо ба фурўш ра-
санд? Мардум хонанда њаст, ин мо њастем, ки наметавонем ба мардум хидмат кунем ва китобро ба дасташон расонем. - Ѓазалњои Исфандиёр дар бораи зан, шояд ба як маљмуа баробар шудаанд, кай китобат мекунед? Заннома, ё бонуномаеро бояд интизор бошем? - Боре симои зан, маќоми олии онро ба шакли оливу дилнишин дар ашъори устод Турсунзода хонандаи тољик мушоњида кард. Шеъри мо аз Лайливу Ширинњо бо гунаи такрор зиёд дорад. Аммо мустаќиман бо зан гуфтугўро дар шеъри форсии Тољикистон шояд ба нудрат пайдо намоем. Ман дар њаљми тавони худ аз ин самт ба ѓазал пеш омадам. Аз њиссиёти ростини худ ба зан рў ба рў дар ѓазалњоям њарф задам. Ман бо Лайлї аз самти дигар ба гуфтугў пардохтам. - Махсусан кадом ѓазалњои нави худро ном мебаред, ки ба назаратон тозакорињо доранд? - Ќањрамони достонњову ѓазалу маснавињои адаби форсї он ќадар зиёд нестанд. Лайливу Маљнун, Фарњоду (Хусрав) Ширин, Вис ва Ромин, Бежану Манижа, Золу Рудоба, Юсуфу Зулайхо... бештар дар ќазал номи Лайливу Ширин ва Зулайхоро мебинем. Њол он, ки агар шоир ањли мутолиа бошад, ки бешак њаст, метавонад симоњои тозаеро вориди шеъраш кунад. Барои аввал бор ман симои духтари суѓдї Меванчаро, ки ду номааш аз кўњи Муѓ, аз оршифи Деваштич ба даст омадааст, дар рубої ва баъд дар ѓазале ба тасвир кашидам. Њамчунин аз Чисто - ягона духтари паямбари бостонии Эрон Зардушт -дар ѓазал гуфтугў кардам. Ѓазали "Дузде азим шабрав", "Мидиё куљо њастї?", "Шоњи Сармаддењ" аз њолу њавои тозае бархурдоранд. Ба ростї, ин теъдод сурудањо, ки наздик ба 300 ѓазал њастанд, беш аз њар мавзуъе ба Зан робитаи мустаќим доранд. - Мегўянд, ки журналистика адабиётро мекушад, ё фурў мебарад. Дар мисли Шумо инро рад кардан мумкин аст. Исфандиёр њам дар ягона рўзномаи мустаќили тољикї кор мекунад ва њам шеър менависад. Аз чї бошад? - Ростї намедонам. Шеър дар мавќеъи худаш, новобаста аз ин, ки ман машѓули навиштани хабаре ё маќолае њастам ё дар кўча равонам, меояд. Дар ман яке ба дигаре халал нарасонидааст. Албатта, ман барои шеър фурсати зиёде надоштам. Зиндагиям ваќфаи каме њамеша дар ин росто бароям гузошт. - Ману Шумо медонем, ки бисёре аз онњое, ки тарки Тољикистон карданд, минбар наёфтанд, ба њар њол, пеш ё баъди рафтанашон, гуфтанд, ки ин љо озодона кор кардан, њарфи дили
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
БЕ ПАРДА
Расми 36. Љадвали муносибатњои хешии забонњои эронї
худро гуфтан натавонистанд, мањдудаи низоми њоким, тангї кард. Медонем, ки онњое њам буданд, ки ба ин бањона танњо барои шароити бењтар ба дигар кишварњо рафтанд. Чї чиз шуморо дар Душанбе, дар Тољикистон нигоњ медорад? - Фаридун, њамон чї ки туро ва садњои дигарро ин љо нигоњ медорад. Њарфи худро, дар њар љое гуфтан мумкин аст. Агар њадаф интиќод асту ин интиќод муѓризона нест ва созанда њаст, њољати онро аз берун рафтану гуфтан ё бо ному акси сохта гуфтан нест. Њамаи интиќодњоро бояд шунид ва аз пайи омўзишу ислоњи он баромад - ин мояи пешравист. Бад ин аст, ки як нафар мунтаќидро, ки масалан аз вазъи барќ ё роњ ё об ё бекорї ё адами адолати судиву иљтимої њарф мезанад, душман тасаввур кунем ва ба љои ислоњи ишорањои кардаи он, аз пайи озору таъќибаш бароем. Ин бад аст. Аммо ман чаро мондам, ё чаро нарафтам? Мондаму мемонам ва њар љой агар рафтам, кўшиш мекунам баргардам, зеро ин Ватани ман асту бе он наметавонам. Агар тундгўї мекунам, аз дилсўзист, на душманї, агар бо муњаббат менависам, њамон њисси азаливу абадии як шахс бо Ватанаш њаст. Ман низ дар мавриди кору маошу зиндагї чун њамаи мардум дар азият ба сар мебарам. Мехоњам кори хубе пайдо
кунаму ба худ сару сомоне дињам, вале чун алњол кореву љойе хубтар наёфтаам, ё балки ин тавр бигўям, кўшиши љиддї барои пайдо кардани он накардаам, истодаам. Мегўям, чун њаќќи гуфтан, чун њар фарди дигар, бо ман аст. Ва чаро нагўям, ки рисолати ман гуфтан аст? - Бисёр ба матбуоти солњои 30-юми Тољикистон, аз љумла - "Овози тољик" диќќат кардед ваќтњои ахир. Сабаб дар чист ва аз ин ковишкорињо ба чї натиља расидед? Оё матбуоти ондавраи тољикї аз имрўза чї тафовут дорад? Русњо моро забт карданд, ё наљот доданд аз феодализми аморат? "Босмачї"-њо кї буданд, ќањрамон ё љинояткор? - Оре. Муддати мадидеро дар миёни сањифањои солњо аз чашму мутолиа дурмондаи "Овози тољик"- ин рўзномаи воќеан ќањрамон, сарф кардам. Њосили он мутолиа тањияи матолиби муњим бо шарњу илњоќоти ман дар беш аз 300 шумораи рўзнома чоп шудааст. Ба ин рўзнома барои ќањрамонињояш дар эњёи миллати тољик, дар соњиб шудани миллати тољик ба њудуди кунунї, барои муборизањои азимаш бояд унвони ќањрамон дињанд ва лавњаеро бо аксаш бигзоранд! Бешубња он рўзнома аз ончи мо бо ин њама шароит дорем, њазорњо маротиба бењтар ва замонавитар будааст. Бар асоси мадорики он мегўям: Бос-
мачигарї - барномаи аз пеш тарњрезишудае буд, ки бар асоси он мебоист тољик аз сањнаи њастї, даъво, моликияти азалии арзиву њувияти худ дур нигоњ дошта мешуд. Бояд "босмачигарї" фурсатеро фароњам меовард, ки барномаи кремлии таќсимоти њудудии милллии халќњои Осиёи Миёна, бе ширкати тољикон ба анљом мерасид. Дар ќисмати охири суолатон: русњои ба истилоњи он рўз "сурх" моро аз бисёр касофоти амирони манѓитї наљот доданд, мо бо дарки шароит тавонистем бедор шавем, ба мубориза бархезем, соњиби матбуот шавем ва лоаќалл љумњуриеро бо номи Тољикистон ба даст оварем. Аз тарафи дигар, мо то љое мустамликаи Русияи подшоњї будем, аз як низом ба низоми дигари он афтодем. Хатамон аз даст рафт, аз њамзабонони худ иљборан канда шудем, шањрњои зиёди моро ба дигарон доданд. Теъдоди зиёди мардуми соњибсаводамонро бо бањонањои "душмани халќ" ва ѓайра куштанд, бадарѓа карданд. Имрўз,
«
бо роње, ки худи Русия дар робита ба Ќрим ва Севастопол пеш гирифт, дар робита ба даъвое, ки Чин карду ќисмате аз сарзамини моро гирифт ва дар робита ба иддиъои ќирѓизњо дар марзи Исфара мо низ бояд ба Русия мурољиат намоем, то иштибоњи солњои 24 дар нисбати миллати мо ва сарзамини мо анљомдодаашро худ ислоњ намояд. - Дар ин мавзўњо хуш дорам, ки батафсил дар љои дигар бањузур бинишинему суњбат кунем. Њоло бањсњои динї дар интернет бисёр гарм мешаванд. Шуморо њам баъзан дар онњо дидан мумкин аст. Намепурсам, кї чї гуфту чї љавоб гирифт, ба назарам муњим нест. Аммо дар бораи худи ин бањсњо чї назар доред? - Ба љамиъи он бањсњо бањо додан бисёр мушкил аст. Он љо њар кас аз маќоми худаш "њаќ" аст, аммо аз тарафи дигар нияту андешаву донишу оянданигариву Ватандўстии соњибони аќоид ба содагї ошкор мешавад. Мушкили он бањсњо боз њам дар парокандагии миллат дар "олами маљоз" аст. - Чаро ин бањсњо имрўз сар заданд? - Барои њамаи бањсњову шиорпартоиву даъвату норозигињо бояд иллатро аз љомеаи воќеъї, аз шароити воќеии зисти мардумон љуст. Ваќте мардум ба кор фаро гирифта нашудаанд, наметавонанд зиндагии мураффањолеро барои худ бисозанд, љое, ки арзи худро бигўянду посухи мусбат шунаванд, намеёбанд, ба ормонњояшон хат кашида мешавад... - ногузир бояд аз љое садои эътирози худро баланд кунанд. Мушкилот зиёданд ва боястї њамаи онњо аз тариќи идорањои муњимми давлатї баррасиву омўхта шаванд ва барномањои бењбуд бахшидани шароити зиндагї, шароити тањсил, эњтироми орову аќоид, амалан пиёда шаванд. Як иллати азим, ки холигии дарднокеро дар азњони насли љавон ба вуљуд овардаву боис мегардад, ки мавриди њуљумњои зењнї ќарор бигиранд, соњаи дастнораси маориф ва тањсил аст. Маориф бояд дар сатњи олї ва тањсил дар тамоми амокини тањсилї ройгон бошад. То даме, ки чунин нест, авзоъ ногувор боќї мемонад. Маориф ин нест, ки ба сару либоси муњассилин эрод гирифта шавад ва ё талабаву донишљў ба чорабинињои фарњангї-сиёсие, ки барои вазъи иќтисодиву иљтимоъии кишвар камтарин фоидаеро надоранд, фаро гирифта шаванд. Маориф ин аст, ки аз хонанда фаќат дониш талаб карда шавад ва ояндаи ў бо донишу бинишу њунари зиндагисоз замонат дода шавад. Суњбати Фаридун РАЊНАВАРД
Барои њамаи бањсњову шиорпартоиву даъвату норозигињо бояд иллатро аз љомеаи воќеъї, аз шароити воќеии зисти мардумон љуст. Ваќте мардум ба кор фаро гирифта нашудаанд, наметавонанд зиндагии мураффањолеро барои худ бисозанд, љое, ки арзи худро бигўянду посухи мусбат шунаванд, намеёбанд, ба ормонњояшон хат кашида мешавад... - ногузир бояд аз љое садои эътирози худро баланд кунанд.
САДОИ МАРДУМ
«
РЕЙТИНГИ ДУХТУРОНИ ОИЛАВЇ 70% АЗ МУЛЛОЊО ПАСТТАР АСТ 26%
9%
Ба њеч кадомаш
2%
Худам табобат мекунам
1%
Фолбин
17%
Мулло
10%
Табиби мардумї
Табиби оилавї
36%
Духтурони касбї
9
Теъдоди касоне, ки дар рафти табобат ба муллоњо бовар доранд, њудуди 70% зиёдтар аз онњоеянд, ки ба табибони оилавї эътимод доранд. Як назарпурсї зери унвони "Тандурустї: Ба кадоми инњо бештар эътимод доред?" маълум кард, ки 36 дарсади раъйдињандагон ба варианти "духтурони касбї" овоз додаанд. Инчунин 10 дарсади ширкаткунандагон гуфтаанд, ки ба "Табиби оилавї" эътимод дораму 17 фисади дигар њам таъкид доштаанд, ки дар рафти табобат ба "Мулло" бовар мекунам. 9 дарсад гуфтааст, ки "худам табобат мекунам".
Ин њам дар њолест, ки њамагї 1 фисади раъдињандагон гузинаи "Табиби мардумї" ва 2%-и дигар ба варианти "Фолбинон" раъй дода, 26 дарсади иштирокчиён њам гуфтаанд, ки "Ба њеч кадомаш" эътимод надорам. Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" аз 10 то 16 декбари соли 2014 дар сомонаи ОИ "Тољнюс" гузаронида шуда, дар он 887 нафар иштирок кардааст.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
ШАРИКИ СТРАТЕГЇ Бино ба маълумоти узви Палатаи љамъиятии ФР Валерий Коровин дар Русия бо ёрии "колоннаи шашум" Ѓарб метавонад њамон майдонеро, ки дар Укроин, Њонконг, Миср роњандозї карда буд, ташкил кунад. "Технологияи Майдон санљидашудааст ва Русия аз ин истисно нест. Ќонунњои иљтимоие њастанд, дастуроте мављуданд, элитаи норозие, ки пулњои худро аз даст додааст, агентураи ѓарбї ва љонибдорони он вуљуд доранд, ки омодаанд ин њамаро пуштибонї намоянд". Бино ба гуфтаи сарвари Шўрои зиддифашистї ва зиддимайдонї Евгений Шабаев Амрико метавонад ба инќилоби Русия то 10 миллиард долларо масраф кунад.
"Ў охирин сарбози Империя шуд..." Тањлилгарону коршиносоне, ки дар атрофи дурнамои Русия бо Путин изњори назар кардаанд, сари ин нукта иттифоќи назар дорад, ки то охир вазъ ин гуна намемонад. Станислав Белковский њатто санаи даќиќтареро дар суќути салтанати Путин меорад, ки моњи марти соли 2017 аст. Ин њамон таърихест, ки шоњ Николйи дуввум аз тахт даст кашида буд. "Соли 1917 халќ шоњро дастгирї кард ва ин дуруст буд. Вале агар шоњ иќдоми шоистае барои наљоти Ватан намекард, чї пеш меомад? Дуруст аст, ки ба ў маълумтар аст, вале охирин шоњи мо имкон дошт, ки дар арафаи тирандозї дар Екатерингбург дурусттару оромонатар бияндешад, ки "ба кї маълумтар аст".
"Сенариёи бењтарин барои ИМА ин канор рафтани Путин" Александр Дугин, сарвари љунбиши байналмилалии Аврупосиё манзараро њамаљониба ба тасвир мекашад: Амрико ният надорад аз маќоми пешвои љањонї ва лоињаи барќарор намудани Низоми нави љањонї даст кашад ва ќудратёбии Русия устухонест дар гулўи вай. Аз ин љо Майдон ташкил шуд, ки вазифаи он Укроин ва Ќримро аз Русия људо кардан ва шикастани "раванди њамоиши аврупосиёї" буд. Вале Путин бо њамроњ кардани Ќрим ба ин тарњ халал расонд ва якљо бо ИМА ва муттањидони геополитикии он, аз љумла олигархияи молиявии љањонї, ду душмани дигар-Киев ва хоинони миллї дар дохили Русияро шикаст дод. Дугин Чин, Донбасс ва ватандўстони Русияро муттањидони Путин меномад. Аммо ваќтњои охир бо ќабули муоњадаи Минск, ки онро Дугин "тарњи Бзежинский-Киссенджер-Примаков" медонад, вазъ ба куллї таѓйир меёбад. Путин хилофи ният љангро бозмедорад. "Пешбинии ман ноумедкунанда аст: Путинро гуруњи одамоне ињота кардаанд, ки фармоиши марказњои хориљиро барои дар муњосира нигоњ доштани ў иљро мекунанд. Барояш ахбори дурўѓин медињанд, ба назар мерасад гирифтори ким-кадом тањдиди геополитикие шудааст, ки намояндагони ин гуруњњои глобалї ва шабакањои онњо амалан ќасд доранд сиёсати иттилоотии дохилро таѓйир дињанд. Аз он ки Путин ватандўст, пешвои олами русї ва ташаббускори Бањори русист, ман фикр мекунам, ки зидди ў бо њадафи сарнагун сохтанаш сўиќасде омода мешавад...".
Степашин: "Њадафи тањримњо иваз кардани њукумат дар Кремл аст" Нашрияи интернетии znak.com аз суњбати миллардери руси муќими Швейсария Михаил Ходорковсикй бо "Ведомости" иќтибос меорад, ки гуфтааст: "Муњлати сеюми Путин нишон медињад, ки система пиру фарсуда шудааст ва аллакай ќобил ба ислоњ њам нест. Ва ин хатари нобуд шудан зери шикастапорањои онро афзун кардааст". Аз ин рў дар бораи манфиатдор будани ќуввањои беруна ба бадбахтињои Путин на танњо файласуфи назариётчї, балки Сергей Степашин, сиёсатмадори амалї низ њарф мезанад. Вай мегўяд: "Њадафи тањримњои нав кўмак ба Укроин нестанд, балки ба хотири иваз кардани њукумат дар Кремл мебошанд". Ва ин низ танњо як биниши Степашин нест. Собиќ вакили Думои давлатї ва сиёсатшинос Сергей Марков ва њатто раиси Шўро оид ба сиёсати хориљї ва мудофиа Федор Лукянов низ бар ин назаранд.
«
ТАБАДДУЛОТИ ЗИДДИ ПУТИН Эњтимоли сар задани як табаддулоти давлатї дар сатњи њокимияти олии Русия вуљуд дорад. Иддае њатто санаи даќиќи ин рўйдодро њам пешгўї кардаанд Лукянов дар Lenta.ru. мегўяд: "Њадафи дигари ин тањримот, њарчанд дар ин бора ошкор њарф зада намешавад, таѓйири вазъи сиёсии дохили Русия ва агар боз њам мушаххастар гўем, иваз кардани низом аст. Баъди рўйдодњои бањор ва тобистони соли равон ман гумон мекунам, ки иртиботи табиии Маскаву Вашингтон амалан номумкин шудааст. На танњо барои Обама њатто барои љойнишин вай . Кремл низ ИМА-ро душмани ошкори худ медонад ва аз ин рў сенарияи бењтарин ва муфидтарин барои Иёлоти Муттањида рафтани Путин аз ќудрат аст. Албатта, ин љо сухан дар бораи дахолати мустаќим намеравад, вале вахим кардани вазъи Русия аз роњи таќвияти тањримот ин њадафи заъиф намудани гуруњи њоким мебошад".
"Наздиконаш бояд Путинро фањмонанд..." Соњибкори маъруфи рус ва яке аз дўстони наздики Путин Геннадий Тимченко мегўяд, вай шањрванди Финландия аст. Писараш дар Хелсинки таваллуд шудаву дар Швейсария тањсил мекунад. Вале аз он нигарон аст, ки худи ў амалан мамнуъхуруљ шудааст. Тобистон ањли хонадонаш барои истироњат ба љануби Фаронса рафтаанд. Ин маконест, ки њар сол мераванд. Вале худи ў натавонист бо онњо равад. "Ман аз хонадонам, аз зану фарзанд ва саги дўстдоштаам људо мондам. Расман монеъае вуљуд надорад. Метавонам худи њамин рўз ба тайёра биншинам ва ба Порис, Женева ва ё Лондон равам, вале асос барои иѓво аз љониби хадамоти љосусии ИМА вуљуд дорад". "Ин талафоти хеле гарон аст, ки моро дигар одам намењисобанд, яъне чун узви комилњуќуќи Ѓарб, ки Русия аз замони бозсозии горбачёвї
Воќеъан њам дар чунин њолат табаддулоти дарборї ва њатто кушта шудани Путин низ истисно нест: "колоннаи шашум" хеле ба ў наздиктар аст, аммо горди асосии ў, љонибдоронаш аз миёни мардум хеле дур ва пеши чашмонаш туњматзада шудаву аз канораш ронда шудаанд. Ин як таърихи русист.
«
њудуди ин 25 сол талош мекард, ќабул надоранд. Ва танњо барои он ки Владимир Владимирович ба беназмињои дањшатноки амрикої муќовимат кард, он њама талошњо ба сифр баробар шуданд. Вазъ бўи керосин мекунад",- мегўяд Станислав Белковский-публитсист, муассис ва директори "Институти стратегияи миллии Русия дар "Эхо Москва" ба элитаи рус тавсия медињад, ки дар утоќе воќеъ дар Ново- Огорёв гирди њам оянд, "зеро дар ягон утоќи дигар намешавад чизеро њаллу фасл кард". Сардабири маљаллаи "The New Times" Евгения Албатс бошад њамин элитаро бовар кунониданї мешавад, ки бољуръаттар бошанд. "Одамоне, ки бо Путин мустаќиман метавонанд суњбат кунанд, бояд тарси майда-чуйдаи худро як сў гузоранд ва ба президенти фањмонанд, ки он рўзи Х, рўзи интихоб, рўзи интихоби ў фаро расидааст. Замоне расида, ки тафаккури бачагонаи "худињоро намефурўшанд"-ро як сў гузоранд ва ёдовар шаванд, ки муњимтар аз њама манфиати ватан аст. Ва ин њама аз интихоби ў, интихоби Путин вобаста мебошад".
"Амрико омода аст инќилоби Русияро то 10 миллиард доллар сармоягузорї кунад" Роберт Скиделский, профессори фахрии иќтисоди сиёсии Донишгоњи Уорикс (Британияи Кабир), узви палатаи лордњо ва академияи Британия аз инќилобе њам њарф мезанад, ки онро метавонад Амрико роњандозї ва сармоягузорї кунад. "Сарвароне, ки сиёсати хориљиашон нобарор аст, маъмулан дар курсии худ чандон дурудароз наменишинанд. Онњоро ё расман барканор месозанд ва ё аз роњњои ѓайрирасмї. Ба ў (ба Путин) фишор меоранд, то ин ки канор равад; мегўянд, ки кишвар эњтиёље надорад якљо бо ў ба ќаър фурў равад. Ин сенария каме пештар чандон љолиб набуд ва тасаввур њам намешуд, вале њоло, ки буњрони Укроин ба њадди нињоии худ мерасад, эњтимол меравад ин тарњ аллакай кашида мешавад. Даврони Путин назар ба оне, ки мо менадешем, барваќттар ба анљом мерасад",- иќтибос меорад аз суханони ў Slon.ru.
Воќеъан њам дар чунин њолат табаддулоти дарборї ва њатто кушта шудани Путин низ истисно нест: "колоннаи шашум" хеле ба ў наздиктар аст, аммо горди асосии ў, љонибдоронаш аз миёни мардум хеле дур ва пеши чашмонаш туњматзада шудаву аз канораш ронда шудаанд. Ин як таърихи русист. Дар ин таърих бисёр чизњое, ангезањое њастанд, ки ба сурати гуногун такрор мешаванд",- пешгўї мекунад Александр Дугин.
"Путин талош кард Медведевро маљбур созад..." Иќтисодшиноси маъруфт Михаил Делягин мегўяд боварии Путин ба њукумат на барои он коста аст, ки ин љо масъалаи сармоя дар миён аст. Балки аз он ки Медведев амалан аз уњдаи иљрои њама уњдадорињои худ намебарояд. Ин аст, ки ба Путин лозим омад худаш комиссияи њарбї-саноатиро сарварї кунад. "Сарвари давлат набояд комиссияи њарбиву саноатиро роњбарї кунад, чун бе ин њам вай корњои басо зиёд дорад. Маљмаъаи њарбї бояд аз љониби як шахси хеле боваринок сарпарастї шавад ва њамаи ин корњоро ба сари Путин бор кардан худ инњирофи мудириятист,- мегўяд Делягин ва идома медињад: Худ тасаввур кунед, ки агар љаноби Путин ин комиссияро сарварї мекунад ва саргарми њалли масъалањои мусаллањсозии неруњои њарбї мешавад, бояд уфуќи 15-20 соли ояндаро дида тавонад. Ин дар њолест, ки масъалаи Укроин њаст, иќтисод касод мешавад, вазъи иљтимоии сокинони кишвар бад мешавад ва боз корњои дигаре, ки њамаи онњо ба зиммаи Путин гузошта шуда. Аммо президент ба њар њол ин комиссияро сарварї кард. Путин талош кард сарвазир Медведев ва бисёр шахсони дигарро саргарми кор кунад. Аммо акнун бо онњо чї бояд кард?". Медведев дар хатар аст ва агар ўро аз мансаби сарвазирї барканор созанд, пас ононе, ки муътаќид ба фалсафаи аќлониянд, охирин такягоњи худро аз даст медињанд",- менависад "Bloomberg". Тањияи Бобољони ШАФЕЪ
ВОКУНИШ - Нархномаи тањсил дар Донишгоњ њамасола тибќи Ќарори Шўрои Олимони донишгоњ тасдиќ шуда, барои мувофиќа ба Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти давлатии зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ирсол карда мешавад. Нархнома барои тањсил дар Донишгоњи миллии Тољикистон пас аз мувофиќа бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар комиссияи таъсисдодаи Хадамоти давлатии зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мавриди омўзиш ва тањлили њамаљониба ќарор гирифта, танњо пас аз гирифтани хулосаи мусбии он тасдиќ карда мешавад, ки дар нархномаи соли тањсили 2014-2015 мувофиќа ва тасдиќи сохторњои марбутаи давлатї дида мешавад. Аз мазуни маќола бармеояд, ки њарчанд муаллифи он гўё кўшиши "ѓами мардум хўрданро" марбут ба баланд будани маблаѓи тањсил дар макотибњои олї карда бошад, вале мутаассифона бе тањлили асосњои воќеї ва ба инобат нагирифтани дастовардњо ва рушди босуботи иќтисодии давлатамон оид ба як ихтисоси донишгоњ-ихтисоси њуќуќшиносї андешаронї кардааст. Боло рафтани нархи тањсили донишљўён дар донишгоњ дар заминаи талаботи "Ќоидањои муайян кардани арзиш ва пешнињоди хизматрасонињои пулакї аз љониби муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон" тањия мегардад. Нархнома бо назардошти талаботи љомеа ба ихтисосњои алоњида, ки дар бозори мењнат раќобатпазир буда, озмуни васеи довталабонро фаро мегиранд, инчунин коэффитсенти афзункунандаи нархгузорї ва сатњи тавварум муайян карда мешавад. Ин амал бо маќсади дар сатњи лозимї нигоњ доштани тањсили донишљўён дар ихтисосњои омўзгорї, даќиќ ва табиатшиносї (аз љумла физика, химия, механикаю математика, филология, журналистика ва фалсафа) ба роњ монда мешавад. Донишгоњи миллии Тољикистон, ки яке аз марказњои бонуфузи илмї-педагогї мањсуб меёбад, вазифадор аст, ки дар баробари маблаѓгузорї аз њисоби буљаи давлатї аз њисоби маблаѓњои дохилї низ барои рушди илм, мустањкам намудани пояи моддию техникї, таъмири биноњо ва хоббгоњњои донишљўёну аспирантон, таъмини воситањои техникии замонавии равандаи таълим, нашру харидории маводи илмию таълимї, китобњои дарсї, нигоњ доштани биноњою синфхонањои таълимї, пардохти хизматњои коммуналї,
- Аќидањо доир ба торафт гарон гашта истодани арзиши тањсил дар донишгоњ беасос мебошанд, зеро нархномаи тањсили донишљўён бо назардошти шакли тањсил ва ихтисос њамасола дар мувофиќа бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Хадамоти зиддиињисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шуда, он аз соли 2010 то имрўз, яъне дар давоми чор соли охир новобаста аз боло рафтани нархи молу мањсулот ва хизматрасонї, беќурбшавии асъори миллї бетаѓйир боќї мондааст. Муассисањои тањсилотї, аз љумла донишгоњњо новобаста аз самти тайёр намудани мутахассисон дар назди сохторњои алоњидаи давлатї њамчун истеъмолкунанда баромад мекунанд. Таи солњои охир дар заминаи љањонї гардидани нархњо харољоти муассисањои таълимї низ барои пешбурди фаъолияти хољагидорї зиёд шуда истодаанд. Аниќтараш ин зиёдшавї ба болоравии нархи истеъмол ё истифодаи манбаи об, ќувваи барќ, пардохти маблаѓ барои хизматрасонии коммуналї ва ѓайра алоќаманд мебошад. Зиёда аз он, дар муќоиса бо арзиши тањсил дар муассисањои таълимии хориљи кишвар арзиши тањсил дар ихтисоси мухталифи муассисањои тањсилоти олии касбии љумњуриамон пасттар аст. Њамчунин бо маќсади гирифтани маълумоти миёнаи умумї дар муассисањои тањсилотии литсей, мактабњои хусусї ва гимназияњо арзиши тањсил барои як моњ зиёда аз 300 сомониро ташкил медињад, ки барои 10 моњи тањсил аз 3000 сомонї зиёд мебошад. Бинобар ин, аќидањо доир ба бенињоят гарон шуда истодани арзиши тањсил дар донишгоњ аз рўи ихтисосњои алоњида асос надорад. Њамин тариќ, маблаѓи тањсил дар донишгоњњо ќариб бетаѓйир боќї мондааст, ба истиснои зам шудани маб-
МАБЛАЃИ ТАЊСИЛ... (Ду вокуниш ба матлаби "Престижни" - и "Нигоњ", №21 аз 13.08.2014)
...НИСБАТ БА ДАВЛАТЊОИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ АРЗОН АСТ! ташкил намудани конференсияњою мањфилњои илмию назариявї ва илмию методї, тайёр кардани кадрњои дараљаи илмидоштаи илмї-омўзгорї (тавассути аспирантура, докторантура, унвонљўї) гузаронидани чорабинињои иљтимоию фарњангї, варзишию фароѓатї, љалби олимону мутахассисони варзида ба корњои таълимї, гузаронидани таљрибаомўзињои таълимию истењсолї ва педагогї маблаѓ сарф намояд. Аксари ин харољотњо аз њисоби маблаѓњои гурўњњои шартномавї пардохта мешаванд. Ин нуќта аз дастуру супоришњои пайвастаи Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќоту вохўрињояшон ба таври зайл бармеоянд: "Донишгоњу донишкадањо вазифадор карда шаванд, ки аз њисоби маблаѓњои шартномавии худ теъдоди синфхонањои компютериро зиёд намуда, дар татбиќи Барномаи давлатии компютерикунонї сањм гузоранд". Дар ин замина, бањри ноил шудан ба да-
стовардњои илмї дар сатњи зарурї нигоњ доштани маоши омўзгорон ва ба ин восита њавасманд гардонидани њайати омўзгорон ва кормандони ташкил мекунад. Дар донишгоњ нерўи бузурги зењнї, ки назираш дар ягон муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии кишвар нест, љамъ омадааст, ки 65 % маблаѓњои дохилї барои пардохти маоши устодону кормандон равона мешавад. Яке аз вазифањои дигари раёсати донишгоњ ворид сохтани технологияи инноватсионї ва тадриљан бењтар гардонидани заминаи моддию техникии раванди таълим ва корњои илмию озмоишї мебошад. Дар тўли дањсолањо барои корњои лаборатории равияи табиатшиносї ягон намуди моддањои химиявї ва дигар лавозимоти лабораторї харидорї нашудааст. Њамчунин раёсати донишгоњ дар соли хониши 2014-2015 барои боз њам бењтар намудани сифати таълим, маълумоти бештари илмї ба даст овардани омўзгорону донишљўён, самарабахш гузарони-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
11
дани корњои амалию лабораторї дар факултетњои табиатшиносї тасмим гирифтааст, ки харидории лабораторияњои таълимї- тахассусї ва реактивњои химиявиро бо маблаѓи муайян (аз њисоби суратњисоби махсус) ба роњ монад. Пањлўи дигари харљи маблаѓњои аз њисоби пардохти шартномаи донишљўён бадастомада ин аз таъмири капиталї баровардани биноњои таълимии донишгоњ; аз љумла, хобгоњњо, лабораторияњо пойгоњњои таълимї-таљрибавї ва дигар объектњои инфрасохтории донишгоњ мебошад. Ѓайр аз ин, таъкид бояд карда, ки нархномаи тањсил бо арзиши миллї дар солњои тањсили 2012-2013 ва 2013-2014 (2 сол) бетаъѓир монда, дар ин муддат ба тавворум дучор омадааст. Ќайд намудан ба маврид аст, бо пиёда шудани сиёсати хирадмандонаи Њукумати Тољикистон дар самти боло бурдани зиндагии шоистаи мардуми кишвар сатњи камбизоатї дар миёни ањолии Тољикистон дар панљ соли охир аз 80% ба 30% паст шудааст. Њамзамон хотиррасон бояд намуд, ки маблаѓи тањсил дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњ, ки ба ќавли муаллиф "баланд" аст, нисбат ба факултетњои њуќуќшиносии давлатњои њамљавор ба маротиб кам мебошад. (масалан аз Ќирѓизистон 2 маротиба, Узбекистон ва Ќазокистон 2,5 маротиба). Муаллифи маќола аз доираи талаботњои ахлоќии касбї берун шуда, њамчунин ќайд намудааст, ки "...наметавонанд барои донишљўён шароити мусоид фароњам оранд. Бахусус, дар фасли зимистон синфхонањо сарданд. Илова бар ин, њамасола аз донишљўён маблаѓи таъмир ва дигар маблаѓњо ситонида мешавад" дуруѓи мањз буда, нисбати Раёсати Донишгоњи миллї тўњмат мебошад, ки фарогири оќибати њуќуќист. Раёсати Донишгоњ сари ин масъала нисбати муаллиф ба тариќи инфиродї сару кор хоњад гирифт. Раёсати Донишгоњи миллї аз муаллифи маќола, ки солњост аз Донишгоњи миллї дидан накардааст, даъват ба амал меорад, то бо чашми сар аз дастовардњо, ободињо ва шароити муњайёсохтаи донишгоњ дидан намуда, воќеияти њаёти донишгоњро бо маќолаи беасоси худ ќиёс намояд. Раёсати Донишгоњ бо масъулияти том иброз менамояд, ки барои таъмири биноњои таълимї ва синфхонањо аз донишљўён ягон хел маблаѓ талаб ва гирифта нашудааст. Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон
...4 СОЛ БОЗ БЕТАЃЙИР АСТ лаѓи андоз аз арзиши иловашуда. Вобаста ба рушди муносибатњои соњибкорї, дар амал татбиќ намудани самтњои афзалиятноки сиёсати иќтисодї ва иљтимої дар љумњурї, содда гардонидан ва такмили минбаъдаи ќонунгузории андоз 17 сентябри соли 2012 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав ќабул карда шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал ќарор дода шуд. Дар баробари он таѓйироту навгонињое, ки Кодекси нави андози Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд, рељаи андозбандии муассисањои таълимї низ мавриди таѓйироти љиддї ќарор дода шудааст. Аз љумла, дар асоси моддаи 161, 169 Кодекси нави андоз, як ќатор муассисањои таълимї, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї карда намешаванд ва даромади умумиашон дар соли сипаригашта аз њадди даромади 500 њазор сомонї зиёд гаштааст, аз 1 январи соли 2013 барои пардохти андоз аз арзиши иловашуда ўњдадор гардонида шуданд. Яке аз чунин субъекти бо ин намуд андозбандишаванда Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон мебошад, ки ин муассисаи таълимї бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, №364 аз 5 августи соли 1993 таъсис ёфта, муассиси он Њукумати Љумњурии Тољикистон њисоб меёбад ва донишгоњ аз љињати сохтори ташкилию њуќуќї муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии мустаќили давлатї буда, ба сохтори ягонаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дохил мешавад. Донишгоњ тибќи Оиннома муассисаи таълимии тањсилоти олии
касбии давлатї њисоб ёбад њам, фаъолияти он дар асоси худмаблаѓгузорї ба роњ монда шудааст. Сарчашмаи асосии даромади донишгоњро маблаѓе, ки донишљўён тибќи шартнома барои хизматрасонии тањсилотї пардохт менамоянд, ташкил медињад. Яъне фаъолияти донишгоњ аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї карда намешавад. Мањз њолати мазкур барои озод карда шудани донишгоњ аз ўњдадории пардохти андоз аз арзиши иловашуда имконият намедињад. Бинобар ин, аз моњи январи соли 2013 аз тарафи Раёсати андози вилояти Суѓд муњосиботи донишгоњ дар бораи зарурати пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба таври шифоњї хабардор карда шуда, 28 марти соли 2013 аз тарафи Нозироти андоз дар ш. Хуљанд ба донишгоњ Шањодатномаи баќайдгирии силсилаи U87, №006123 оид ба супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дода шуд. Мувофиќи моддаи 159 Кодекси андози Љумњурии Тољикистон андоз аз аризиши иловашуда њамчун андози ѓайримустаќим баромад карда, дар асоси банди 52, моддаи 17 санади мазкур андози ѓайримустаќим - андозе (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизе), ки дар намуди иловапулї ба нархи молњои воридотї ва (ё) тањвилшуда, корњои иљрошуда ва (ё) хизматрасонињои анљомдодашуда ва аз љониби истеъмолкунанда њангоми харидани молњо, корњои иљрошуда ва (ё) хиз-
матрасонињои анљомдодашуда бо нархи ба маблаѓи њамин андоз замшуда пардохт мешавад. Ўњдадорї оид ба пардохти андози ѓайримустаќим ба буљет ба зиммаи молрасон, иљрокунандаи кор ё (ва) хизматрасоне гузошта мешавад, ки барои маќсадњои Кодекси мазкур њамчун андозсупоранда ном бурда мешаванд. Аз мазмуни ин меъёри Кодекси андоз бармеояд, ки андоз аз арзиши иловашуда њамчун иловапулї ба нархи хизматрасонии анљомдодашуда зам карда шуда, аз тарафи истеъмолкунанда (дар мисоли донишгоњ њамчун истеъмолкунанда донишљў баромад менамояд) пардохта мешавад ва ўњдадории пардохти андози номбаршуда ба буљет ба зиммаи хизматрасон (донишгоњ) гузошта мешавад, вале пардохти ин маблаѓ маънои зиёд шудани арзиши тањсилро надошта, арзиши тањсил дар донишгоњ аз рўи тамоми шаклњои тањсил ва ихтисосњо бетаѓйир боќї мондааст. Муайян намудани нархномаи тањсили донишљўён барои шакли тањсил ва ихтисос нисбати солњои минбаъда низ бо риояи ќатъии тартиби муќарраргардида, яъне дар мувофиќа бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва тасдиќи Хадамоти зиддиинисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба роњ монда мешаванд. Раёсати Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон
"НИГОЊ": Дар шуморањои оянда дар ин бора матлабе хоњем дошт, ки оё маошу даромадњои мардуми Тољикистон бо маблаѓи тањсил мувофиќат мекунад, ё не.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
БО ШОИР
БАХТИЁР АМИНЇ Ватани ман дар хоб аст, Миллати ман дар хоб аст. Ё ки бедорї рафта ба хоб? Хонаи бедорї куљост, то ба суроѓаш биравем.... ЧАШМОНИ ПАДАРАМ -1Ту нагуфтї боре, чї ќадар дўстам дорї! Ман нагуфтам , боре, чї ќадар дўстат дорам! Аз нигоњат мехондам ояњои дўст доштанатро. Аз нигоњам мехондї ояњои дўст доштанамро. - 2 Ту дигар дар ѓами ман ту дигар аз ѓами ман бохтї биноиятро.. Модарам гашта кунун чашмонат Додарам гашта кунун чашмонат Хоњарам гашта кунун чашмонат.. - 3 Ва ман… Кош метавонистам њар ду чашмамро бароят њадя кунам. медонам чунин њадяро ќабул нахоњї дошт.. Пас бигир як чашмамро Пас бигир ин чашмамро Он нигањро ба ман баргардон В- ин нигоњи маро бихон... *** Ин љо донањо рўиданро, дарахтон сабз шуданро, парандагон париданро, дарёњо љорї шуданро, ќуллањо сар кашиданро, шерон шер буданро, бурдаанд аз ёд... Ин љо хушкида ханда дар лабњои шаќоиќ, табассум фирор карда аз лабони тифлон. Ин љо њама бемор, њама бешавќ, њама бешўр, Ин љо мардум равон мисли гўрњои гардон*, ин љо ранги ќабристон ... Ин љо як дањон як даст дуоянд њама! Худовандо,
Аминї Бахтиёр Сайфиддинзода, 31- уми марти соли 1975 дар дењаи Марѓедари ноњияи Панљакент таваллуд шудааст.Падараш омўзгор, модараш хонашин мебошад. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи забонњои ба номи устод Сотим Улуѓзода дохил шудааст. Бахтиёр Аминї њанўз аз даврони донишљўї ба кори тарљимонї машѓул шуда, солњои 1996 1997 ба њайси тарљимон дар Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх кор кардааст. Аз соли 1997 то 2000 донишљўи Институти равобити миллї ва минтаќавии Маскав (МИНРО) , дар риштаи мудирияти давлат ва шањр буд. Аз соли 2000 то 2009 дар шањри Маскав, дар ЉДММ "Алфа", вазифаи директори генералиро ба зимма дошт. Аз августи соли 2009 то марти 2012, дар шањри Душанбе, директори генералии ЉДММ "Солор" буд. Бо љуш задани илњом Бахтиёр Аминї шеър њам менависад. Ќадами Бахтиёр дар ин роњ устувор буда, соли 1994 маљмўае бо номи "Никоњи нигоњ" чоп кардани ў исботи ин гуфтањост. Маљмўаи дигари Бахтиёр, соли 2014 бо номи "Ба дунболи чашмњо" аз чоп баромад. Намунањое аз шеърњои эшон дар рўзномаву маљаллањое чун "Адабиёт ва санъат", "Нигоњ", " Озодагон", " Шарќи озод", "Дайри муѓон ", "Помир" ва ѓ. чоп шудаанд. Бахтиёр Аминї яке аз корбарони фаъоли Интернет буда, дар он љо торномаи худро бо нишонии зайл: www.abakhtiyor.blogspot.com ва www.stihi.ru/avtor/solorino, . www.sherenab.com, www.shereno.com кушодааст. Бахтиёр Аминї, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон буда, эљодиёти ў ба ѓайр аз забони тољикї ба забонњои англисї, булѓорї, италянї ва ўзбакї тарљума шудаанд.
ту ки мебинї, Худовандо, ту ки мешунавї! Пас шиква аз ту пеши кї барем? *** Мекўбам дари хобатро. "Бикшой, ин манам!"
*** Сафњаи тозаи дафтари хотирот њарфе нест барои навистан...
ва дар андуњ фирор ва дар фирор аломати савол... Ин пуртраи (портрет) Ватани ман аст...
*** Абри поиз оѓўши тињии ман гиря гиря мекунад...
*** Бисту чанд сол аст ки хобњои њиндї намебинад Љумњурии ман....
*** Се, њафт, чил... њанўз бўи хуш медињад гули садбарг
*** Ман ба дастони Ту одат кардам Ба њарфашон бовар кардам Дастонатро дўст доштам. Ваќте бо ман њарф мезанї Мабар аз ёд дастњоятро! Ваќте бо дигарон бубар аз ёд дастњоятро!
*** Нарўид гиёње рўи ќабри њавасњои љавонмарг ки орзуи ИШЌ шуданро бурданд бо худ ба хок...
*** Имшаб њам мисли њазор шаби пешин дар оѓўши набудани ту...
*** Морони китфи Зањњок сахт гуруснаанд... Маѓзе намондааст *** Мансабхоњону мансабдорон Он ќадар дум меликонанд Ки думњояшон људо мешавад аз танашон Ва њатто думњои људошуда Беист такрор мекунанд: "Иродатманди Шумо, иродатманди Шумо!" *** Ман ,фаслњо, ту... Бо ту њарф мезанам Бо забони бањор Туро рањо намекунам аз оѓўши тобистонаам Рангин мекунам дунёатро Мисли рангњои пойиз Фаќат бонуи ман , сард мабош ,сард мисли зимистон ... ШУКРОНА Аз шукри бечун**, аз шукри афзун, њар буду нобуд аз дастамон шуд***... *** Биё биовез рўи дари дилам тоблуи "Банд аст! " -ро то пушти он дигар духтарон намонанд нигарон...
*** Сухан љон аст! Гоње аз як "дўстат надорам" мешавад ба ун дунё рафт *** Бо як гул бањор мешавад бањори ман *** Биёед дуо кунем дастаљамъї то Ватани мо ба ёди Худо биёяд *** Хоб Хобњои ман як сериёланд Ки њар шаб давом меёбанд Маро бубахш, Бе он ки иљоза бидињї Наќши асосиро Ту иљро мекунї... *** Бењуда намегўянд љўянда ёбанда! Меёбам Дилатро! *** Як тасвир тасвири чењрањо ва чашмњо њазорон чашм ва дар чашмон андуњ
*** Магир рўсариатро дар боѓ магзор худкушї кунанд гулњои дигар *** Кафи ду даст як љањон љой барои дуо *** Бо ёди туам чї зебост худоё зоѓу сурудаш *** Гуле дар баландї дастњоям то Ту сабз мешаванд сабз *** Боди поиз чи монд аз зиндагит барги зард *** Ваъдагоњ рўи нимкати порк кабўтаре танњо *** Ёди ту равшании шаб бе моњ
*ишора ба байти Симини Бењбањонї: Ин ки бо худ мекашам њар сў мапиндорї тан аст, Гўри гардон асту дар ў орзуњои ман аст. **бечун - бемисл, бемонанд *** шуд- рафт
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
13
14
ЧЕЊРА
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
ШАРИФ КОМИЛЗОДА
Аз китобшиносони муваффаќи кишвар аст ва тавре аз тарљумаи њолаш пайдост, умре дар пажуњиши китобдориву рушди китобхона дар кишвар будааст. Њам устоди китобдорон аст ва њам бори масъулияти азимро дар ин самт мекашад. Шариф Комилзода 1-уми апрели соли 1958 дар дењаи Басмандаи ноњияи Ѓончї дида ба олам кушодааст. Хонаводаи падари дењќонаш бўи илму маърифат мекард. Бародарбузургаш Миршароб Комилов хатмкардаи факултаи љуѓрофиёи Донишкадаи омўзгории шањри Хуљанд ("Корманди шоистаи Тољикистон") буд ва замоне, ки Шариф нав мактаби миёнаро хатм мекард, ў пионервожатии мактаби раќами 7 буд. Соли 1974, баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи санъати ба
номи Мирзо Турсунзода дохил шуд ва соли 1979 онро бо ихтисоси китобшинос хатм кард. Анљоми тањсил Шарифро вориди пайроњаи илм сохт, таљрибаи навиштани корњои курсиву дипломї завќашро барои идомаи фаъолияти илмї бедор кард. Ин буд, ки мисли аксари њамсабаќону њамсолонаш нарафт, ки барои такмили амалии ихтисосаш китобхонашинї кунад ва ё дунболи кори дигаре бошад, ки ба љуз рўзгузаронии муваќќатї чизи дигаре надошта бошад. Шариф мавзуъ гирифт ва саргарми пажуњиш шуд. Вале дар ин миён хизмати аскарї пеш омад ва солњои 1979-1981 дар сафи артиши Шўравии ваќт хизмати сарбозї њам кард. Баъди бозгашт аз хизмати Ватан ба њайси омўзгор дар Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба кор шуруъ намуд. Соле баъд омўзгори аршад таъин шуд ва њамин минвол зина ба зина дар шоњроњи илм камол ёфт. Таљрибаи кор бо донишомўзон роњашро ба сўи илм рушантару мунаввартар мекард, ба навиштани рисолаи илмї љињати дарёфти унвони илмї амалан кўмак мерасонд. Солњои 1985-1988 Аспиранти Донишкадаи давлатии фарњанги Маскав буд. Баъди бозгашт муддати ду соли дигар омўзгори калон дар кафедраи библиографишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзода буд ва аз соли 1990 то 1998 дар вазифаи мудири њамин кафедра кор кард.
Як сол сардори шўъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон буд. Аммо соли 1999 Директори китобхонаи давлатии бачагонаи кишвар таъин шуд. Соли 1999 бошад Сардори Раёсати фарњанги Вазорати фарњанг ва аз соли 2003 Директори Китобхонаи љумњуриявии ба номи Абулќосим Фирдавсї таъин гардид. Дар ин вазифа њудудан 9 сол кор кард. Дар ин миён китобхонаи нав дар маркази пойтахт ќомат рост кард, ки номи Китобхонаи миллиро гирифт. Ва 6-уми октябри соли 2011 бо амри Президенти Љумњурии Тољикистон муовини Директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тољикистон" таъйин гардид. Шариф Комилзода дар рушду такомули илми китобшиносї, китобхонашиносї ва библиографишиносии тољик, чињати такмилу ба талаботи даврони соњибистиќлол мувофиќу созгор намудани фаъолияти кафедрањои тахассусї, такмили мазмуну мундариљаи фанњои таълимї, тањияю интишори барномаву дарсномањои тахассусї, љорї намудани фанњои нави таълимї ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соњаи китобдорї сањми муносиб гузоштааст. Вай муаллифи бештар аз 500 маќола ва китобњои илмист, ки муњимтаринашон инњоянд: "Библиографикунонии адабиёти бачагона" (1984), "Мирсаид Миршакар шоири бачагон" (1986), "Бобољон Ѓафуров ва масоили
тањияи библиографии сарчашмањои таърихї" (1998), "Корнамоии љовидона" (2000), "Наќши китобхонањои бачагона дар тарѓиби фарњанги сулњ" (2001), "Китобхонаи миллии Љумњурии Тољикистон дар саргањи эљоди фазои иттилоотї" (2004), "Наќши китобхонањо дар тарѓиби донишњои њуќуќї" (2007), "Инъикоси осори Абуабдуллоњ Рўдакї дар библиографияи тољик" (2008), "Нашрњои Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар" (2009), "Љањонишавии китоби тољик", "Асосњои дониши китобдорї -иттилоотї " (2010), "Библиографияи адабиёт барои кўдакон ва наврасон" (2011), "Ташаккули фарњанги китобдорї-иттилоотии хонандагон ", "Наврўз : Китобнома " (2012), "Эмомалї Рањмон: Китобномаи шарњињолї", "Об-манбаи њаёт: Фењристи адабиёт", "Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тољикистон: Роњнамо" (2013), "Вањдати миллї: Китобнома" (2014). Шариф Комилзода дар тањияи матни лоињаи Ќонуни ЉТ "Дар бораи фаъолияти китобдорї", "Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии ЉТ ба номи Абулќосим Фирдавсї барои солњои 2006-2015" сањм гузоштааст. Зањматњояш дар илми китобшиносї ва рушди китобдорї дар Тољикистон бо медали "Хизмати шоиста" ќадр гардидааст. Сардабири маљаллаи "Китобдор", аълочии фарњанг, маориф ва матбуоти ЉТ, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон ва Ассамблеяи китобхонањои Авруосиё мебошад. Номзади илми педагогї, дотсент аст. Оиладор ва соњиби 4 фарзанд ва 4 набера мебошад. Бобољони ШАФЕЪ
НИГОЊИ МАРДУМЇ ? - И НОБОБ
? - И БОБ
АНДОЗИ АМВОЛРО ЧЇ ТАРЗ ЊИСОБ КУНЕМ? - Хонаи мо дар њавлиамон, ки аз чор сотих замин иборат аст, чор дар дорад. Ба ѓайр аз ин, 6 сотих замини дигари наздињавлигї дорем. Њамаи заминњои мо ба категорияи заминњои обї ва ањолинишин дохил њастанд. Хоњишмандем, ки барои мо рўшан намоед, ки андози амвол барои як метри квадратии ин хонаи истиќоматї, андози замини дохили њавлї (4 сотих) ва замини назди њавлигї (6 сотих) - ро чї тарз бояд пардохт кунем? Сабоњат ДАВЛАТОВА, сокини дењаи Гулпарвари љамоати Чимтеппаи ноњияи Рўдакї - Мутобиќ ба талаботи ќисми 1 моддаи 273- и Кодекси андоз меъёрњои андози замин дар миќёси вилоятњо ва шањрњо (ноњияњо) бо назардошти минтаќањои кадастрї ва намудњои замин, аз љумла заминњои мањалњои ањолинишин, заминњои зери љангалзор ва буттазорњои мањалњои ањолинишин ва заминњои истифодаи кишоварзї њар 5 сол аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар карда шуда, бо назардошти сатњи таваррум њамасола индексатсия шуда, дар сомонаи расмии Кумитаи андоз (http://www.andoz.tj) љойгир карда мешавад. Андози замин вобаста ба истифодабарии он ба се гуруњ људо шадааст, ки меъёрњои он низ аз њамдигар фарќ мекунанд. Аз љумла, меъёри андози замин барои минтаќањои кадастрї, меъёри андози ягона барои истењсолкунандагони мањсулоти кишоварзї ва меъёри андози замин дар шањру шањракњо ва ноњияњо. Дар мурољиат ќайд карда шудааст, ки замини шањрванд замини наздињавлигї мебошад. Мутобиќ ба талаботи ќисми 3 моддаи 279 - и Кодекси андоз коэффисенти минтаќавии ноњияи Рўдакї барои андоз аз объектњои ѓайриманќул 0,3 пешбинї гардидааст. Бинобар ин, 1м 2 объекти ѓайриманќули Шумо, ки масоњати то 90 м 2 - ро ташкил медињад ба 0,36 сомонї (1,2 x 0,3= 0,36) баробар мебошад. Агар объекти ѓайриманќули Шумо њамчун иншооти ёрирасон ба њисоб равад, дар ин маврид объекти андозбандї 50% - и масоњати умумии иншооти ёрирасон ба инобат гирифта мешавад. Њамчунин бори дигар ёдрас мешавем, ки дар сомонаи Кумитаи андози назди ЊЉТ меъёрњои андози замин ва андози ягона (ќисмати "Тавзењот") барои њар як шањру ноњияњои љумњурї љойгир карда шудааст, ки андозсупорандагон метавонанд аз он истифода баранд. Оид ба андоз аз объектњои ѓайриманќул бояд ќайд намоем, ки меъёри андоз аз объектњои ѓайриманќул бо истифода аз нишондињанда барои њисобњо барои њар як метри мураббаъ муќаррар карда шудааст. Айни замон меъёри андози мазкур дар шањри Душанбе барои 1м2 маблаѓи 1,2 сомониро ташкил медињад ва метавонад маблаѓи мазкур бо назардошти коэффисент дар шањру ноњияњо таѓйир ёбад (паст шавад). Ба саволи Шумо Нусратулло ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух дод.
ЛАТИФА Афандї ба бозори љањонї рањсипор мешавад. Хело тамошо мекунад, ѓайри чашмдошт нигоњаш ба маѓозае меафтад, ки дар онљо калаи одам мефурўхтанд. Афандї сўи маѓоза шитофта як - як нархњояшонро мепурсад. Фурўшанда калаи хитойиро 500 доллар, русро 1000 доллар ва аз амрикоиро 1200 доллар мегўяд. Ногоњ чашми Афандї калаи тољикро мебинаду мегўяд: - Оњ зўр, калаи тољик чанд шуд? Фурўшанда: - 10 миллион доллар. - 10 миллион доллар. Чаро ин ќадар ќимат аст? Фурўшандаи маѓоза дар љавоб мегўяд: - Ин калаи тољик навъи "пачка" аст, њоло кор фармудагї нест. *** Њамшира вориди хуљраи бемор шуда, мегўяд: - Бемор, бедор шавед... бедор шавед, охир!!! Бемор: - Чї гап?
- Ман ба щумо доруи хоб овардам. *** - Духтарљон, корњоят бо домоди ман чї хел? - Њељ модарљон, барои њар майда - чуйда бањс мекунем. - Яъне? - Яъне, ман мегўям, ки мехоњам дар тўй либосњои сафед пўшам, вай бошад аслан тўй кардан намехоњад... *** - Ќодир, бин чї хел духтарњои зебо. Духтарак номи шумо чї? - Номатро нагў ба ў! - Майлаш, Фарањноз, - Эээ Шањло...! *** Як роњзан кордро бароварда, ба рањгузар мегўяд: - Агар њозир 100 сомонї дињї, љони як одами хубро мехарї. Рањгузар: - Он ќадар одами хуб њам наметобї. Роњзан: - Љони худатро дар назар дорам, беаќл!
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
15
АКСИ ГЎЁ
ДАР ЉУСТУЉЎИ НАШРИЯЊОИ ЊУКУМАТЇ МОНДА ШУДАМ - Ман дар ягон корхонаи давлатї кор намекунам. Ризќи худ ва фарзандонамро аз давлати Русия дарёфт мекунам. Бо фарорасии сармо дар дењаамон энергияи барќ ба ќавле тухми анќо шуду имкони тамошои барномањои телевизионро аз даст додам. Мехоњам њаррўза аз ќонуну ќарорњои ќабулнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон огањї дошта бошам. Дар ноњияамон тамоми дўкону растањои рўзномафурўширо пурсидам рўзномањои "Љумњурият", "Садои мардум" ва њатто "Хатлон" - ро пайдо накардам. Ба маркази вилоят шањри Ќўрѓонтеппа омадам. Дар ин љо њам дар дўконњо нашрияњои њукуматиро пайдо карда натавонистам. Пурсидам, як дўстам гуфт, ки нашрияњои њукуматї болои мизи раисони корхонаю муассисањо ѓарам - ѓарам хобидаанду онњо ваќти мутолиаро надоштаанд. Суолам ин аст, ки нашрияњои њукуматї мардумї нестанд? Агар бошанд, чаро дар савдои озод нестанд?! Кабири САВЛАТШОЊ, сокини љамоати Гулистони ноњияи Љалолиддини Рўмї
ШЕЪР НОНИ ОСИЁ Агар хоњї бубинї навбањорони Самарќандам, Дурахши барќу Њусни лолазорони Самарќандам. Дар ин њангом туѓёни Зарафшони Самарќандам, Ба нони Осиё бингар Бубин нони Самарќандам. Агар хоњї шавї хуррам зи оњанги хуши суѓдї, Ба ту бахшад љавонї љилваи ранги хуши суѓдї, Нигоњи гарму духти чењрагулранги хуши суѓдї, Ба нони Осиё бингар Бубин нони Самарќандам. Дар он бинї ту ќурси офтоби зиндагониро, Дар он бинї баландињою парвози љавониро, Биёбї оташи рухсору тафси мењрубониро, Ба нони Осиё бингар Бубин нони Самарќандам. Дар он мављи зафармандї, Худ он рамзи хирадмандї, Дар он ављи њунармандии дастони самарќандї, Ба рўи нони якрўза Навишта наќши дилбанде, Бигўяд "хуни мою дилбарї доранд пайвандї"… Ба нони Осиё бингар Бубин нони Самарќандам. Акбар ПИРЎЗЇ
БА ЉОИ 09 - Њангоми набудани энергияи барќ ё садама дар хатти интиќоли барќ дар њудуди шањри Душанбе метавонед ба шуморањои зерини телефонии Шабакањои барќи шањри Душанбе ва сохторњои ноњиявии он дар ноњияњо занг зада мушкилоти ба миёномадаро сари ваќт бартараф созед! ЉСК "Шабакањои барќи шањри Душанбе" ширкати зертобеи ШСХК "Барќи Тољик":Директор - Атоев С.К.; тел. 221-8689, 985-56-02-05, 95-177-40-71, танзимгар: тел. 227-27-27, 223-15-97,701-84-02 Шабакањои барќии ноњияњои: 1. Исмоили Сомонї: сардор - Нуров О., тел. 985-56-02-09, танзимгар: 227-1050, 227-10-51 2. Шоњмансур: сардор - Ќутбиддинов П., тел. 93-535-76-00, 93-777-5682, танзимгар: 227-10-12, 227-10-13 3. Сино: сардор-Аминов С., тел. 92-825-90-00, 93-777-56-93, 95133-88-35, танзимгар: 236-10-14, 236-10-17, 4. Фирдавсї: сардор - Кишваров С., тел. 907-92-91-90, 93-777-56-86, 985-56-02-08, танзимгар: 231-10-14, 231-10-21
МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! МУОИНАИ ТИББИИ БАРДУРЎЃРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Дар корхонаамон эълон навиштанд, ки то 22 - уми ноябр аз назорати духтур гузашта, дафтарчаи санитарї бигирем, вагарна маош намедињанд. Аз маѓозаи китобфурўшї як дафтарчаи санитарии рангаш сурхро харида, ба дармонгоњ омадам. Ќаблан либосњои тагамро низ пероста кардам, ки аз назорати духтур мегузарам. Инак, паси дари хуљраи корие, ки њамкоронам дар навбати супоридану гирифтани дафтарчањои санитарияшон будаанд, навбат истодам. Бо расидани ваќт дохили хуљраи кории духтур гаштам. Паси миз марди хилъати сафедпўш саргарми хондани номњои мизољон буду бонуи дигаре саргарми ќабули пулу дафтарчањои санитарї... Ман дафтарчаи санитариамро додаму аз ќонун њарф задам, то ки аз ман пул нагиранд. Ў гуфт, ки 30 сомонї дињам ва пагоњ соати 15: 00 омада, дафтарчаи санитариямро бигирам, вагарна як рўзи расо аз ќафои духтурон медаваму бо пардохти 28 сомонї корам анљом мешавад. Ба хона омада, аз њамсояи бозорнишинамон пул ќарз гирифтаму боз ба дармонгоњ рафтам. Њама аз рўи сенарияи "Пардохти 30 сомонї бе гузаштан аз назорати духтур" кор мегирифтанд. Акнун боварї њосил кардам, ки њамаи духтурони дармонгоњ имзогузори ман буданду аз шодии "пул омад" парвои аз назорат гузаронидани касеро надоштанд... Баъди фиреби мардуму хиёнат ба саломатии онњо гумон доштам, ки бо пулњои додаи мо масъулони дармонгоњ биноашонро аќалан рангу бор мекунанд, то ки ба дидањо нахалад. Њоло бинои дармонгоњ обшуста њасту мизољон саргарми кору дафтарчањои санитарї дохили љевони оњанин. Хонандаи азиз, ман чунин коргузориро дар дилхоњ дармонгоњ ќабул надорам Шумо чї?! Миралї АШЎРМУЊАММАД, сокини шањри Ќўрѓонтеппа
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (420), 17. 12. 2014
ПУРБИНИ «НИГОЊ»
КАЙ ЉЕКИ ЧАН БА ТОЉИКЇ ЊАРФ МЕЗАНАД? Мирзодиккак аз сарди дараќ - дараќ меларзид. Хост печкаи барќиро ба кор дарорад, вале аз њамсараш коммунисти матинирода Пахтагул Панљсолаевна њаросид. Солњои ахир асабњои њамсари Мирзодиккак - модари Ќобилљони нањзатї аз болоравии нархи барќ, пулљамъкарданњои пайдарњами њамсояњо барои таъмири таљњизотњои барќии фарсудаю аз кор баромада, ба амсоли трансформатор, кабел, симу симчўб, хомушкунакњои барќї (рубилник) ва њоказою таќар - туќури пулљвмъкунакњо дар нимашаб хароб гашта бошад њам, додрас надошт... Агар замони Шўравї мебуд Пахтагул Панљсолаевна бо дастгирии Шодї Хурсандов ба њами ин бедодгарињо нуќта мегузошт. Њоло бошад њама љо пур аз аксу навиштаљот дар хусуси пешгирии фасод, риояи њуќуќи инсонњо бошад њам, вале фањмишњои ќисме аз иљрокунандањо ба " боло " чунон мувофиќ омадагї, ки бархе мардумро ѓорат мекунанду ќисми дигаре аз њисоби мардуми дар азоб монда, ќаср месозанд, мошинњои хориљї мехаранд. Мардум њам пули барќ медињанду њам таљњизотњои барќї мехаранд. Мирзодиккак њамаи каму костињои њукумати љонољонашро хуб медонад, вале то сўњбати навбатї бо дўсташ Ѓалтак аз гуфтани онњо худдорї мекунад. Ў медонад, ки агар њукуматињо аќидањои Мирзодиккакро дониста монанд, ба ќавле, ба сараш чормаѓз мешикананд. Хонандаи гиромї хуб медонад, ки бо њамаи ин мушкилоти доштааш Мирзодиккак аз хонааш ларзон ларзон ба кўча мебарояду бо гарм шудани њаво дањонаш метафсад. Ў номзадњои аз ЊХДТ ба интихоботи парлумонї пешбаришударо ба чунон таърифу тавсиф мекунад, ки онњо дар тааљљўб мемонанд, ки то ба имрўз чунин мартабаи баланд доштаашонро намедонистаанд... Инак, Мирзодиккак палтои аз замони Гарбачёв харидаашро пўшида, дасту рўяшро бо оби сард шусту ба кўча баромад. Дар сањни бинои истиќоматї сагњои дайду ба Мирзодиккак чашм аъло намуданду баъди чанде сарашонро ба дигар тараф гардониданд. Ба сагњо ќиёфаи Мирзодиккак писанд наомад ё генерали њукуматї буданашро пайхас карданд... Мирзодиккак мехост субњона бихўрад, вагарна то нисфирўзї наметавонад бо шиками гурусна мардуми серу пур, пулдору депутатшавро таърифу тавсиф намуда, мардумро ба яккаву ягона будани номзади ЊХДТ бовар кунонад. Шамоли сард сару рўи Мирзодиккакро мехарошид. Ў ба назди осорхонаи Мирзо Турсунзода расидан њамон " Ќиссаи Њиндустон" -ро ба ёд оварду ашк дар чашмонаш њалќа зад, зеро ањволи ќисме аз бачањои камбизоат, ки дар барномањои "ТВ-1" намеѓунљанд аз "Сайёди њинд" бадтар асту бењтар нест... Бўи муаттари самбўсањои танури самбўсапазї назди ошхонаи "Озода" Мирзодиккакро вориди он љо намуд. Ў дар љои самбўсапазї дўсташ Ѓалтакро дида, њамаи азобњои субњ аз сар гузаронидаашро фаромўш кард. Онњо баъди салому алейк ду самбўсаи гарм ва як чойнак чои кабуд фармоиш доданд. То замоне, ки пешхизмат самбўсаю чой овард, дањони аз сардї шахшудаи Мирзодиккак тафсиду деги сўњбати љўрањо љўшида монд... Мирзодиккак: - Њукумати љонољони мо бо равнаќ додани касбу кори бобої њамаро ќоил кардагї. Фарзандони Тољикистонро аз рўи самбўсањои бомаззашон дар Русияву Америка мешиносанд. Палови тољикї дар љањон њамто надорад. Чойхонањоямонро дидагї кас њавас мехўрад... Ѓалтак: - Агар дар њамон давлатњо њамшањрињоямон аз мањсулоти худї самбўсаю палов тайор мекарданд, боиси ифтихор буд. Афсўс, ки њукумати љонољони мегуфтагият бо мањсулоти худї мардумашро пурра таъмин карда наметавонад. Њоло ќиммат њам бошад аз хориљ орд, мањсулоти гўштї, картошкаю пиёз ворид шуда истодааст, вагарна бароямон шалѓам гўшт мешуду турб њасибчаю каду равѓани маска... Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, њукумати љонољонамон аз моњи январ дар пойтахт нархи оби ошомиданиро боло бардорад, сатњи зиндагии мо њам ба сатњи зиндагии ќўрѓонтеппагињою кўлобињо баробар мешавад. То њамин сол мегуфтед, ки дарахтњои шањри Ќўрѓонтеппа тиллоиянд, акнун навбат ба тиллоишавии дарахтони шањри Душанбе расидааст... Ѓалтак: - Мирзољон, ба мо дењотиён аз моњи ноябр то моњи май барќ медињанд. Агар надињанд, дигар ѓам намехўрему гўшњоямон аз шунидани таърифњои беасоси "ТВ-1" дам мегиранду каме њам бошад асабњоямон аз тамошои филмњои туркї дар канор мемонанд, вагарна то Наврўз манќурту турк мешудему дигар чорае надоштем.... Мирзодиккак: - Нањ назанед! Њоло бо шарофати туркњо чанд эљодкор тарљумон шуда, нони дањонашонро дарёфт карда истодаанд. Агар ба мисли литсейњои туркї, литсейњои хитої медоштем, њоло Љек Чан ба тољикї њарф мезаду фарќ байни хитоию тољик намемонд... Ѓалтак: - Ња, 70 сол баъди кўч бастани русњо ба ќисме аз бонувони мо дар беморхонањо љои кор расиду бархе аз азоби каланду пахта халос хўрдаанд. Шумоњо бо њукумати љонољонатон ба туркњою хитоињо сахт часпидагї. Мабодо љиянњои Анварпошшо набошед!? Шояд баъди пурра баромаданатон аз боварии мардум аз туркњою хитоињо сарпаноњ мељўед?! Мирзодиккак: - Ман аз ягон кас сарпаноњ намељўям! Дар њаминљо зода шудам, дар њамин љо бо марги худам мемурам.
Ѓалтак: - Ба ќавле, "хестї, ки хобї". Ду - се маротибаи дигар агентњо хабаркашї намоянд, ки Мирзодиккак дар маъракањо ѓайр аз таърифи њукумати љонољонамон боз танќид њам мекунад, ба сарњади Помиру Афѓонистон мебаранду дигар барнамегардї. Мирзодиккак: - Росташро гўям, ќисме аз кормандони њукумати љонољони мо дар хизмати мардум не, балки мардум дар хизмати онњо ќарор доранд. Мана, моњњо боз "Барќи тољик" њаќќи кормандони барќро пардохт намекунад, вале кормандони ин нињод на аз кор мераванду на гурусна мемонанд? Ѓалтак: - Чї онњо малоика њастанд?! Барќчиён кайњо роњи пайдо намудани маблаѓро дарёфт кардагї. Нисфи ќувваи барќро бо роњи ѓайр ба "клентњояшон" медињанду зиндагияшонро пеш мебаранд... Мирзодиккак: - Љўраљон, ман солњо боз њукумати љонољон гуфта, асабамро хароб кардааму ќисме, ба ќавле, ба умеди Боњоваддину њукумат нашуда, думболи Русияро гирифтанд ва аз ин њисоб якчанд камбаѓалро нон додаанду вазъи иљтимоияшонро бењтару хубтар кардаанд. Бењтараш ман њам рўямро сиёњ карда, ба давлати Русия мардикорї равам?! Ѓалтак: - Мирзољон, худаму худат, ба ќавле, баъди соњибистиќлолии кишвар аз Тољикистон набаромадаему лекин ќисме худамон он тараф истем, сояамонро њам бад мебинанд. Мирзодиккак: - Ба фикрам, онњо аз оромии Ватан дида, ба нооромии он мароќи бештар доранд, вагарна њамаи корро мувофиќи реља анљом медоданд. Њоло чї? Талош он аст, ки яке аз болои дигаре маълумот нависаду кормандони тартиботи љамъиятї онњоро дигарон ором нагузоранду аз хайру баракаташон як -ду рўз њам бошад, дами беѓам бизананд. Аќрабаки соат ба 12:00 наздик мешуд. Ѓалтак баъди ќироати дуои Фотиња аз љой бархоста, бо дўсташ Мирзодиккак ба кўча баромаданд. Ѓалтак ба сайри Кўлоб рафту Мирзодиккак ба тамошои театр. Дар охири моњи декабр њавои сард њама љоро фаро гирифтаву дар осмони нилгун абрњои сафед шино мекарданд. Умед буд, ки боз як рўзи пурѓановат фаро мерасаду сўњбатњои ширини Мирзодиккаку Ѓалтак дар соли 2015 - уми милодї низ идома меёбад...
Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин ДЎСТОВ dustov@mail.ru
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 918 74 75 79
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
16
Раљаб Таййиб ЭРДУЃОН, президенти Туркия: - Стандартњои демократияи Туркия рў ба бењбудї аст ва амалиёт алайњи шабакаи Фатњуллоњ Гюлен бахше аз иќдомот барои решакан кардани неруњои зидди демократї аст ва ин кор идома хоњад ёфт. -Ин хел бошад, ба њамтои тољикатон њам чењраи аслии "Хизмет"-у литсейњои туркиро кушоед, ки чора бинанд. Шермуњаммад ШОЊИЁН, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон - Тибќи иттилое, ки мо дорем, дар 11 моњи соли равон аз Тољикистон 630 њазор нафар ба хориљи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин њудуди 400 њазор нафарашон баргаштаанд. Муњољирони мењнатии мо мавсимї сафар мекунанд. Чун интихобот дар парлумон 1- уми марти соли 2015, яъне зимистон баргузор мешавад, дар ин ваќт аксари муњољирон ба Ватан бармегарданд ва озодона метавонанд, дар интихобот ширкат кунанд. -Њамин 230 њазор овоз њам барои шумо проблема шудмї? Навиштан гиред, коѓази сафед њама чизро мебардорад. Комёб ЉАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятї: - Барои пешравии Тољикистон яке аз хатарњои љиддї фасод мебошад. Ин омил барои њам њукумат ва њам иќтисодиёти кишвар хатар дорад. - Ба он маънї, ки агар мабодо порахурї як субњ аз байн равад, њазорон ришваситон девона шуда ба кўча мебароянду садњо нафарашонро занњояшон аз хона пеш мекунанд? Саидљаъфар ИСМОНОВ, раиси ЊДТ: - Албатта аз интихобот то интихобот шаффофияту баробарї бештар мешавад. Интихоботњои парлумонии пештарро бубинем, он њангом силоњбадастон буданд ва адолате вуљуд надошт. Лекин имрўз онњо нестанд ва шароит фароњам аст. - Худо хоњад, њамин хел суханронињои мулоим шуморо ба парлумон мебаранд, аммо оё эњсоси хушбахтї мекунед, ё не, Худо медонад. Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Њудуди 2 миллион шањрванди мо, ки 50% - и нерўи кориро ташкил медињанд, дар Русия ва Ќазоќистон кор мекунанд. Мо ба ин боварем, ки натиљаи мусбати њамроњшавии Тољикистон ба Иттињоди иќтисодии АвруОсиё ва гумрукиро ќабл аз њама онњо эњсос хоњанд кард. - Нахуст ин ки, аз Агентии омору Ќосими Роњбар нагузаронед. Дуюм ин ки агар худатонро њам назди пои Путин партеод, фоидатон надорад. Ќобилљон БОЕВ, руњонї: - Бояд гуфт, ки Тољикистон озод аст, ягон њуќуќ поймол нашудааст. Ќонуни љомеаро низ риоя кардан даркор. Агар назар кунем, он ќадар поймол карда нашудааст. - Назари шумо њамон ќиссаи шикорчиро мемонад, ки дар оѓози наќлаш 14 гург ба ў њуљум мекунанду дар охир маълум мешавад, ки уллоси сагу шарфаи пои гови њамсояро шунида будааст. Михаил СИНЕЛНИКОВ, шоири рус , барандаи љоизаи ба номи А.Рўдакї: - Бархе аз адибони тољик имрўз дар хориљи Тољикистон ба сар мебаранд. Мо медонем, ки сарнавишти талхе дар Тољикистон иттифоќ афтод. Боди таърих бархеро ба Маскав ва бархеи дигарро ба Аврупо ва љойњои дигар кашонд. Аммо, ба њар њол, фикр мекунам, ки тољикњо ќодир нестанд худро аз Тољикистон канда кунанд. Мисле, ки бо Бозор Собир рух дод. - Боди таърих не, боди гандаи Кремл ва дастнишондањояш тољики бечораро 22 сол шуд, маљбур мекунад, то аз хеле чизњо канда бошанд.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09 Теъдоде аз њар шумора дар асоси кўмаки техникии (дар шакли ќоѓаз) дафтари САЊА дар Душанбе ройгон таќсим карда мешавад.