РЎЗИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ЌАЗОЌИСТОН:
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
1
ИНКИШОФ, РУШД ВА ИСЛОЊОТ №38 (471). Чоршанбе, 16-уми декабри соли 2015
e-mail: nigoh_tj@inbox.ru
www.facebook.com/nigohtj
ДИКТАТОР
Ким Чен Ир САЊИФАИ 6
СУЊБАТ
Манучењр Амонов: "Моро ба дўзах бурда буданд" САЊИФАИ 16
ЉАЊОН
Ќудратнамоии Русия дар Сурия
РАСУЛЗОДА ВА МУОВИНОНИ ЎЙ Ваќти кї расид?
ЉАНГУ ГАЗ САЊИФАИ 10
ТАБЛИЃ
Глутатион аз ширкати Qnet
САЊИФАИ 11
Шуруъи ТАПИ як Сурияи дигар дар Афѓонистонро наздик мекунад
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
2
Дар бахши аввали матлаб "Нигоњ" љойгоњу ањамияти маљлиси солонаи њукуматро ба риштаи тањлил кашида, онро шоњљаласаи фавќуллода дарёфт, ки ин дафъа амалиёти махсус тарњрезишудар хоњад монду тамоюлњои асосиаш инњо мешаванд: 1) Таъиноти худињо ё авлодї ; 2) Раванди љавоншавии кадрњо; 3) Таъини кадрњои бидуни гузашта ё таърихчаи муваффаќият; 4) Таъини кадрњое, ки аз худ умуман мустаќилият нишон намедињанд ё иљрогарони насли нав; 5) Дур кардани њамаи нафаќахўрон ва калонсолони њукуматї, минљумла аз Дастгоњи иљроияи президент; 6) Муттањид кардани Дастгоњи иљроияи президент ва дастгоњи Сарвазир. Бахши дувуми матлаб ба таќдири Сарвазири Њукумати Љумњурии Тољикистон ва муовинони ў баъди љаласаи љамъбастї бахшида шудааст.
ин аст: Ќоњир Расулзода! Чаро? Зеро Сарвазир Расулзода дар муддати сари кор буданаш нишон дод, ки омода аст ќоидањои ширкат дар сиёсати калонро ба њайси як иљрогари муътадил ва мансабдори бедаъво эътироф ва риоя кунад, аз гуруњњои молї - саноатии бузург ва марказњои таъсиррасон: "Ориёнбонк"- Њасан Асадуллозода, "Фароз"- Шамсулло Соњибов, "Тољиксодиротбонк"-и Тољиддин Пиров, Соњибови калонї, Озода Рањмон ва Љамолиддин Нуралиев, бобои Нуриддин, КДАМ ва ѓ. њ. баробар дурљўї кунад. Ба истиснои чанд моњи аввал, ки ба Комил Мирзоалиев (КВД "РОТ") наздик шуда буд ва њам заъфе, ки дар баробари "Газпромнефт - Тољикистон" як-як ба намоиш мегузошт, албатта. Сарвазир тавонист соли гузашта собит созад, ки амалгаро буда, хостори ислоњот аст, вале агар ислоњот супориш аз боло бошад. Фарзи мисол, ў ба мулоимї тавонист "Барќи тољик"-ро аз зери идораи ѓайрирасмии "Ориёнбонк" дур кунад, ки масъалаи басе њассос буд, аммо ваколатдораш низоми пулљ-
Њикмати хати нокашида Агар гўянд, ки танњо кї дар њукумати соли 2016 бидуни бањс мемонад, љавоб
амъкунї дар ин ширкати бузургро ба даст гирифта натавонист. Ў амалан нишон дод, ки серэнержї намудан њанўз маънии серкор ва босамар фаъолият кардани идориро надорад, вале дар њукумати феълї ин муваффаќият аст. Аз дастовардњои дигари ў мешавад таѓйирот дар дафтардории сатњи раёсати њукуматро ном бурд, аммо интизории коршиносон аз Расулзода љињати ба вуљуд овардани як маркази илмии иќтисодї дар сатњи миллї бароварда нашуд. Чун барои идораи босамар омори даќиќу маълумоти илман асоснок надошт, шеваи асосии кораш "идораи дастї" буд. Баъди истеъфои Муродалї Алимардон ў њатто љуръат накард, ки сарпарасти соња љўяд. Њукумат ва Президент њам таъини сарпарасти муњимтарин бахши хољагии халќро гуё фаромўш карданд. Намунаи барљастаи бохту заъфи Сарвазир тањияи сарсарии барномаи зиддибуњронии њукуматро мешавад ном бурд, ки на танњо дастури амалї барои Вазорати молияву Бонки миллї нагашт, балки бечорагии интелектуалии Њукуматро дар баробари равандњои буњронї ба маърази тамошои умум гузошт. Барнома њатто расонаї нашуд, то айби калон нашавад. Кулли барномањои њукумат, минљумла "Барномаи рушди Тољикистон барои солњои 2009 2015"дар ин давра коѓазї монданду доруву дармони наве њам барои тани дардманди иќтисоди миллї дар долонњои њукуматї тавлид нашуд. Барномаи № 1 - и Сарвазир Расул-
зода барномаи, ба истилоњ, "ивазкунандаи воридот" (импортозамещение), ки бе назардошти заминањои воќеии молї тањия гашта буд, кор надод, балки руйбардоркунї аз барномањои номуваффаќи Дмитрий Медведев дар Русияро мемонду бас. Ширкати Сарвазир ва ё ашхоси ба ў наздик дар тањияи пешнависи "Стратегияи рушди миллї барои солњои 2016 - 2030" низ эњсос намешавад. Дар ин муддат Сарвазир огоњона анќариб аз тамоми масоили сиёсї дурї мељусту таъсираш ба нињодњои ќудратї ба сифр баробар шуд. Собит гашт, ки њамсараш такягоњи ќавитарини Сарвазир будаасту эњтиёткорї шеваи фикрониву амали ў. Вале дар формати кунунии ќудрат дар Тољикисон муњимтар аз њама он буд, ки Ќоњир Расулзода исбот кард, ба њадде тавоност, ки хати нокашидаи президентро њам мешиносаду ба њар ќиммате, ки набошад, аз он берун намебарояд. Ба тањлили "Нигоњ", Ќоњир Расулзода баъди љаласаи солонаи њукумат њам Сарвазир боќї мемонад, вале дар натиљаи рўи кор овардани як дафтардории муштараки Раёсати Њукумат ва Дастгоњи иљроия, инчунин таъини муовини аввали нави Сарвазир таъсири бе ин њам ночизашро дар идораи иќтисод аз даст медињад. Њамчунон, ки тамоми муовинонашро.
Кадри ояндадор Љаласаи љамъбастї барои Давлаталї САИД - муовини якуми Сарвазири
САДОИ МАРДУМ 70%
3%
3%
6%
Ба ман фарќ надорад
1%
Ягонтаашон
2%
Њамаашон
2%
Љамшед Нурмуњаммадзода, раиси БМТ
0%
Ќодир Ќосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї
1%
Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияњои нав
7%
Усмоналї Усмонзода, вазири энергетика ва захирањои об
2%
Шералї Ганљалзода, вазири наќлиёт
4%
Мањмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзї
10%
Абдусалом Ќурбониён, вазири молия
20%
Азим Иброњим, муовини Сарвазир
30%
Давлаталї Саид, муовини якуми Сарвазир
50%
Неъматулло Њикматуллозода, вазири рушди иќтисод ва савдо
60%
40%
64%: Њељ як аз аъзои блоки иќтисодии њукумати Тољикистон уњдабаро нест
64%
5%
0% 1
2
3
4
5
6
Як назарсанљї нишон дод, ки аксарияти раъйдињандагон кори аъзои блоки иќтисодии њукумати Тољикистон муваффаќ намењисобанд. Дар ин назарсанљї, ки аз суоли "Ба назари Шумо кадоме аз аъзои блоки иќтисодї ноўњдабаротар аст?" натиљагирї мешуд, 64% гузинаи "Њаммашон" - ро интихоб карданд. 6% - и дигар гуфтаанд, њељ яке аз онњо ноуњдбаро нест ва 5% гуфтаанд, "Ба ман фарќ надорад". Дар миёни аъзои блоки иќтисодї 7% - и
7
8
9
10
11
12
13
респондентон Абдусалом Ќурбониён, вазири молияро уњдабаро медонанд. Њамин тавр, Давлаталї Саид, муовини якуми Сарвазир ро 4%, Ќодир Ќосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ва Љамшед Нурмуњаммадзода, раиси Бонки миллии Тољикистонро 3% - ї, Азим Иброњим, муовини Сарвазир, Неъматулло Њикматуллозода, вазири рушди иќтисод ва савдо ва Усмоналї Усмонзода, вазири энергетика ва захирањои оби Тољикистон 2 - дарсадии рес-
пондентон муваффаќ мењисобидаанд. 1% - и ширкаткунандагони назарсанљии онлайнї Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияњои навро уњдабаро њисобидаанд. Мањмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзї ва Шералї Ганљалзода, вазири наќлиёт аз рўи таносуби дарсадї муваффаќ нашуда, 4 - нафарї онњоро муваффаќ донистаанд. Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 9 ба 15 -уми декабр дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 895 нафар ширкат кардаанд. 64%: "Њељ як аз аъзои блоки иќтисодии њукумати Тољикистон уњдабаро нест" Як назарсанљї нишон дод, ки аксарияти раъйдињандагон кори аъзои блоки иќтисодии њукумати Тољикистон муваффаќ намењисобанд. Дар ин назарсанљї, ки аз суоли "Ба назари Шумо кадоме аз аъзои блоки иќтисодї ноўњдабаротар аст?" натиљагирї мешуд, 64% гузинаи "Њаммашон" - ро интихоб карданд. 6% и дигар гуфтаанд, њељ яке аз онњо ноуњдбаро нест ва 5% гуфтаанд, "Ба ман фарќ надорад". Дар миёни аъзои блоки иќтисодї 7% - и
респондентон Абдусалом Ќурбониён, вазири молияро уњдабаро медонанд. Њамин тавр, Давлаталї Саид, муовини якуми Сарвазир - ро 4%, Ќодир Ќосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатї ва Љамшед Нурмуњаммадзода, раиси Бонки миллии Тољикистонро 3% - ї, Азим Иброњим, муовини Сарвазир, Неъматулло Њикматуллозода, вазири рушди иќтисод ва савдо ва Усмоналї Усмонзода, вазири энергетика ва захирањои оби Тољикистон 2 - дарсадии респондентон муваффаќ мењисобидаанд. 1% - и ширкаткунандагони назарсанљии онлайнї Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияњои навро уњдабаро њисобидаанд. Мањмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзї ва Шералї Ганљалзода, вазири наќлиёт аз рўи таносуби дарсадї муваффаќ нашуда, 4 - нафарї онњоро муваффаќ донистаанд. Ин назарпурсї бо супориши њафтаномаи сиёсии "Нигоњ" аз 9 ба 15 -уми декабр дар сомонаи Ољонсии иттилоотии "TojNews" гузаронида шуда, дар он 895 нафар ширкат кардаанд.
ЊУКУМАТИ НАВ
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
3
РАСУЛЗОДА ВА МУОВИНОНИ ЎЙ Ваќти кї расид? Љумњурии Тољикистон њам изтирорї нахоњад буд. Аммо на барои он ки ў мансабдори бењтарини сол буду интизорињои Раиси Њукуматро бароварда кард. Баръакс, соли гузашта барои ў бобарор набуд. Ў ба њайси сарпарасти соњањои асосии иќтисоди миллї муваффаќ нашуд: - истењсоли саноатї поин рафт; - низоми бонкї комилан хароб гашт; - ќурби пули миллї ба шиддат поён рафт; - таносуби байни воридот ва содирот боз њам манфитар шуд; - гардиши молии хориљии кишвар паст шуд; - андозбандї шевањои аљиб (мисли љамъ кардани андоз аз ширкатњо барои соли 2016 ва њатто 2017) касб намуд; - муњити соњибкорї ва сармоягузорї носозгор шуда, дањњо њазор соњибкори инфиродї фаъолияташонро ќатъ карданд; - вобастагї аз сармоягузории Чин афзуду ќарзи берунї боло рафт; - базаи андозбандї кам шуда, ба эњтимоли зиёд буљаи соли 2015 бо дефитсити 2 - 4% љамъбаст хоњад шуд ва ѓ.њ. Бар замми ин, номи ў њади аќќал ду бор дар бастагї ба дастрасии хоси сармоягузорон ба сарватњои зеризаминии Тољикистон расонаї шуда, дороињову шевањои кориаш дар шабакањои иљтимої маззамат гашт. Аммо соли сипаришуда муовини аввали Сарвазир муваффаќиятњое њам дошт, ки дутои онњо аз нигоњи тањлил љолибанд: 1) Ў исбот кард, ки ба њадде бюрократи хуб аст, ки метавонад гургњои борондидаи маќомоти андоз ва гумрукро ба бозињои бюрократии мураккаб ворид сохта, идора кунад; 2) Метавонад ба хотири њифзи манфиатњои давлатї аз манфиатњои шахсияш тадриљан даст кашад (дар мисоли дурии нисбї аз "Тољиксодиротбонк"Пиров); Соли љорї аз тарњњои љиддии Дав-
латалї Саид аз замони Раиси Кумитаи сармоягузорї буданаш таъсиси биржаи коѓазњои ќимматнок ва бекор кардани хусусигардонии ЉС "Фурушгоњи марказї" ё СУМ буд, ки бо такя ба салоњиятњои нав идомаи мантиќї ёфтанд. Аввалї дар шакли таъсиси ЉС "Биржаи фондии Осиёи Марказї" гўё амалї шуд, аммо гардон нашуд, зеро дар Тољикистон њанўз хич ширкат IPO накардаасту њатто сањмияњои НБО-и"Роѓун"-ро касе хариду фурўш карда наметавонад. Амалан даъвои пучи як кишваре, ки ягон ширкаташ коѓазњои ќиматнокашро ба бозори озод набаровардааст. Ба дуюмї, яъне бекор кардани хусусигардонии СУМ ба таври моњирона љомаи сиёсї пўшонида шуду моликияти сањњомон бе баргардонидани пули харљкардаашон давлатї гашт, ки аз нигоњи њукуматдорони ваќт, кори басо хуб аст. Аммо дар муњити сиёсї бахти Муовини аввали Сарвазир нахандид. Тобистони соли љорї, Давлаталї Саид бо миссияи махсус ба Тошканд сафар дошт ва мебоист баъд аз шаш соли таваќќуфи љаласоти Комиссияи байнињукуматии Тољикистону Ўзбакистон њадди аќќал як мушкили муносиботи дуљонибаро њал мекард, аммо бо дасти холї баргашт. Ўро њамчун фарди наздик ба хонадони сари ќудрат ќабул накарданд. "Ња" њам нагуфтанд, "не" њам. Мантиќи таъини ў дар соли 2013 ин буд, ки љойгузини Матлубхон Давлатов - масъули равобит бо созмонњои байналмиллалии иќтисодї, назири СБП, БЉ ва ѓ.њ. гардад. Аммо зоњиран Давлаталї Саид ин интизории президентро бароварда насохт. Соли гузашта муовини аввали Сарвазир њамчунин ягон ташаббуси љиддї надошту муњофизакор (консерватор)-и гузаро боќї монд. Пас чаро ў дар ин љаласа орому сокит хоњад буд? Љавоб хеле сода аст: чунки ў хеши дури Роњбари давлат буда, вазифаи навбатияшро пешакї, то оѓози љаласа хоњад донист. Ба гумони ѓолиб, Давлаталї Саид аз нахустин касоне хоњад буд, ки дар бораи ба љои ў омадани Озода Рањмон - духтари Роњбари давлат иттилоъи
ТАДБИР
Буљетро наљот медињанд Бонки миллии Тољикистон бо њамдастї бо Гурўњи Бонки љањонї машѓули омодасозии тарњи Барномаи дастгирии буљет шудаанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Бонки миллии Тољикистон, 14-уми декабр Љамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллї бо њайати Гур?њи Бонки љањонї, тањти рањбарии иќтисодчии пешбари бонки мазкур оид ба Осиёи марказї Кристос Костополос љузъиёти ин тарњ ва барномаи сесолаи чорањои маблаѓгузории сиёсати рушдро баррасї карданд.
Дар Бонки миллии Тољикистон дар бораи љузъиёти бештари ин тарњ, њаљми маблаѓгузории он хабар надодаанд. Танњо мегўянд, ки маќсади асосии тањияи Барнома кам кардани осебпазирии иќтисод, афзудани сармоягузорї ба иќтисод ва ба миён овардани фазои муътадили макроиќтисодї дар кишвар ба шумор меравад. Дар ин мулоќот бештар дар бораи амалї кардани барномаи мазкур ва натиљањои барномаи маблаѓгузорї дар бахши рушд диќќат додаанд.
расмї хоњад гирифт. Бидуни шубња, Давлаталї Саид кадри ояндадор аст, њадди аќќал то њалли мушкили интиќоли ќудрат.
Шањрии нобоб Таќдири Марњабо ЉАББОРЇ, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон њалшуда аст. Танњо бонуи муовини Сарвазир ба истеъфо рафта, вазифаи нав хоњад гирифт. Вазифае, ки барояш аз номи худи президент пешнињод хоњанд кард. Ва ин ду сабаб дорад: нахуст ин, ки Роњбари давлат сатњи баланди баргузории Љаласаи СЊШ ва барномаи консертии онро хуб дар хотир дорад, сониян, љойи ўро ба фарзанди ќобилтаринаш бовар карданист. Аз рўзи таъиншавї Љабборї ба њайси муовини Сарвазир кордон будани як зани зеборо собит сохт, аммо њамчун бонуи њукуматї ва амалдор барои аксарияти мансабдорони сатњи олї нобоб монд, зеро таќрибан танњо касест, ки дар њукумат тафаккури шањрї дорад. Аз вижагињои роњбарии ў, баръакси њамтоњои пешинааш њифзи мустаќилият, дурї аз мардони худхоњ, надоштани "шогирдњо" аз шумори занону духтарони љавони хушрўй мебошад. Заъфи Љабборї кор дар бахши идеологї буд. Ў натавонист дар муњите, ки ташаббус дар ихтиёри ќудратињо буд, бо пешнињоду тарњњои љолибтар пешоњанги муњити идеологї шавад. Кўшишњои ахирї барои равобити хубтар бо љомеаи шањрвандї низ натиља надоданд. Ба гумони ѓолиб, мансаби навбатии бону Љабборї ўро аъзои њукумат нахоњад кард.
"На гушту на моњї" Азим Иброњим, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон дар соли сипаришуда собит кард, ки бо забондонї ва њатто забондарозияш њам кордону технократ набудааст. Фалсафа ва механизми кори низоми бонкии Тољикистонро намедонад, моњияти амалиёти вори-
дотї ва содиротиро ба њадди кофї намефањмад. Аз усулњои љалби сармояи бузурги хориљї бехабар аст. Њич тарњи муњими иќтисодии соли гузаштаро ба номи ў пайванд додан имкон надорад, њарчанд ба номи муовиноне мисли рањматї Асадулло Ѓуломов ин ё тарњњоро то њол пайванд медињанд. Имиљи сохтаи ў - љонибдори усулњои бозории идораи иќтисод ва мансабдори мардумї батамом барбод рафт. Аммо ў нишон дод, ки ба њайси бюрократи пухта метавонад аз њукумат намояндагї кунад. Шояд њамин буд, ки ўро масъули гуфтушунид дар њалли мушкилоти сарњадї бо Ќирѓизистон таъин карданд. Њарчанд натиљањои кор дар ин самт махфї нигоњ дошта мешаванд, аммо њолдонњо бар онанд, ки натиљањо мусбатанд ва Азим Иброњим метавонад бо онњо дар оянда низ ифтихор кунад. Аз нигоњи ширкат дар њалли масоили иќтисодї дар соли буњронии 2015 фаъолиятњои идории Азим Иброњимро мешавад гуфт, "на гўшту на моњї". Ба гумони ѓолиб, инро пеш аз њама мушовирони кадрии президент ва худи Роњбари давлат хубтар эњсос кардаанд. Ба њамин хотир, љаноби Иброњим низ аз мансабаш барканор хоњад шуд. Њамин тариќ, ба гумони ѓолиб, Тољикистон соњиби чор муовини нави Сарвазир мешавад, ё баръакс. Аммо хонандаи гиромї бояд бидонад, ки дар ин тањлил ва ояндабинињои мо даъвои њаќиќати кулл вуљуд надорад ва бахусус, ваќте, хоса 23 соли ахир, дар Тољикистон тасмими нињоиро дар масоили кадрї танњо як кас - Президент Эмомалї Рањмон мегирад.
"НИГОЊ" P. S: Дар бахши сеюми матлаб таќдири роњбарони бузургтарин ширкатњои давлатии кишвар - "Барќи тољик", "Роњи оњани Тољикистон", "Фурудгоњи байнулмилалии Душанбе" , "ТољикЭйр" ва "ТАЛКО" -ро ба риштаи тањлил хоњем кашид.
4
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
10 декабр Маркази умумирусиягии омўзиши афкори умум (ВЦИОМ) тањти унвони "Шарикони Русия дар ќаламрави собиќ Шўравї: боэътимод, муваффаќ ва на он ќадар муваффаќњо" хулосаи як назарсанљиеро ба нашр расонд. Ин Марказ 22 - 23 ноябри соли 2015 бо 1600 нафар дар 130 мањалли зисти 46 вилояту љумњурии Русия ин суолњоро ба миён гузоштааст: 1. Кадом кишвари Иттињоди давлатњои муштаракулманофеъ (ИДМ) - ро имрўз муваффаќтар мењисобед? 2. Кадоме шарики боэътимодтарини Русия аст? 3. Дар кадоме бештар њуќуќи русзабонњо таъмин мешавад? 4. Ба кадоме аз рањбарони кишварњои ИДМ бештар эътимод доред? Ва ин натиља ба даст омад: 1. Русњо Белорус (72%) ва Ќазоќистон (50%) - ро муваффаќтарин кишварњои ИДМ медонанд. Ба дунболи онњо Арманистон (11%), Озарбойљон (10%), Гурљистон (6%), Ќирѓизистон (4%) ва Туркманистону Ўзбакистон (3% - ї) меоянд. Њамин тавр, 1% - и русњо Молдова, Украина ва Тољикистон муваффаќ мењисобанд. 2. Русњо "шарики боэътимод" - и кишварашонро низ ба њамин монанд интихоб кардаанд: Белорус (68%), Ќазоќистон (53%, Арманистон (10%), Ќирѓизистон (7%), Озарбойљон (5%), Ўзбакистон (3%), Гурљистон (3%), Молдова (1%), Туркманистон (1%), Тољикистон (1%), Украина (камтар аз 1%). 3. Белорус - 69%, Ќазоќистон - 32%, Арманистон - 6%, Ќирѓизистон ва Озарбойљон -3% ї, Молдова, Ўзбакистон, Гурљистон -2% - ї, Тољикистон, Туркманистон, Украина -1% - ии бовари русњоро дар мавриди ин, ки њуќуќи ањолии русзабонро чї тур таъмин мекунанд, ба даст овардаанд. 4. Президентњои Белорус - Александр Лукашенко (63%) ва Ќазоќистон Нурсултон Назарбоев (45%) дар садри љадвали эътимоди русњо ба рањбарони ИДМ меистанд. Пас аз ин, њељ як аз рањбари кишварњои собиќ Шўравї беш аз 10% мавриди эътимоди русњо нест. Илњом Алиев - 6%, Серж Саргсян - 5%, Алмосбек Атамбоев - 4%, Ислом Каримов ва Георгий Маргвелашвили - 2% - ї, Николае Тимофти, Ќурбонгулї Бердимуњаммадов, Эмомалї Рањмон - 1% - ї, Петр Порошенко - камтар аз 1% касби эътимод кардаанд. Аз ин натиљањо чунин бармеояд: 1) Назарсанљї бардурўѓ ё 2) супоришї аст; 3) пурсидашудагон аз воќеият огоњ нестанд. Аз ин хулосањо њељ якеро намешавад истисно кард, аммо њар яке далели худро барои эљод шудан ва будан дорад.
ФАЗОСОЗЇ Дуруѓ, ё аз сўи дастандаркорон ба истилоњи Владимир Путин, аз бинї кашида, рўи коѓаз андохта шудани ин назарсанљї аз он хотир буда метавонад, ки ба иттилои расонањои русї такя мекунад, на воќеиятњо. Хулосаи матолиби нашрияњост, ки хизмати бузургтаринро дар шакл гирифтани муносибатњои на фаќат њукуматњо, балки мардуми кишварњо, тавре бармало дида мешавад, кардаанду хоњанд кард. Супоришї аз он хотир буда метавонад, ки бо ин роњ љомиањоро безобита кунанд, то эътимод ба боварњои худро аз даст надињанд. Њамеша дар ин андеша бошанд, ки чї коре накунанд, мавриди эътимоди Русия њастанд ё нестанд. Њамин тавр, Белорусу Ќазоќистон гоњо аз "хати ќирмизи эътимоди Кремл" берун мешаванд ва ин назарсанљї ба онњо ин паёмро мерасонад, ки чї коре накунанд, онњоро њатто мардуми оддии Русия муваффаќ, боэътимод, ба як калима, "худї" медонад. Гурљистон бар-
МУШОРИКАТ
"ИШЌИ ЯКТАРАФА" Русњо чаро моро дўст намедоранд?
мањал ИДМ - ро тарк карда, Украина Русияро душмани №1 мењисобад, Молдова њам рў ба Иттињоди Аврупост, Ўзбакистон ба тарњњои њамгироии Маскав, назири СПАД, пушт гардондааст, аммо дар эътимоди мардуми рус њанўз "бегона" нашудаанд. Украинаеро, ки аз соли 2010 то 2013 19 то 21 дарсади русњо муваффаќ мењисобиданд, њоло аз рўи кадом мантиќ 1% мењисобанд, агар фањмиш сиёсї набошад, њарчанд муваффаќияти як кишвар пеш аз њама дар иќтисод маълум мешавад ? Ё замоне, ки Роза Отамбоева президенти Ќирѓизистон буд, мавриди эътимоди њамагї 2 дарсади русњо буд. Амалан ин "беэътимодї" аз ин хотир буд, ки Отамбоева миёни Ѓарбу Русия якеро бояд интихоб мекард ва русњо аз ин тариќ паём мефиристоданд, ки интихоби "дуруст" кунад. Њамин тавр, ба Арманистону Ќирѓизистону Тољикистон, ки на фаќат шарики стратегї, балки ба истилоњ, "шарики гармобаву гулистон" - и Русияанд, даќиќтараш, "худї" - янду "њељ куљо намераванд, куљо њам мераванд" анд, аз ин тариќ њушдор медињанд, ки мувозиби кирдори худ бошанд, пояшонро дониста гузоранд. Чунин ба назар мерасад, ки аслан барои дастандаркорони рус муњим нест, ки ин кишварњо њастанд, ё нестанд. Бахусус, "эътимоди русњо ба рањбарони ИДМ" нишон медињад, ки кињо дар рўйхати эътимоди Кремли Путин дар кадом мавќеъанд. Дурусттараш, ин рўйхати "Путин дар ќаламрави собиќ Шўравї аз кї метарсад ва наметарсад?" бояд бошад. Лукашенко ва Назарбоев гоњо њамтои русашонро "дар љояш шинонда мемонанд", худро аз ў кам намедонанд. Илњом Алиев амалан ўро на дўст медонад, на душман, пеш аз
њама барои он, ки Русия дар масъалаи Ќаробоѓ аз Арманистон њимоят мекунад. Порошенко ўро чашми дидан надорад, чун пас аз Юшенко, дуввумин рањбари Украин аст, ки аз сўи Кремл таъин нашуда, аз ин хотир, мавриди эътимод ва эњтироми Русия нест. Каримов, Маргвелашвили, Тимофти, Бердимуњаммадов бо ў худро баробар медонанд, на танњо дар шиорњо, балки дар амал. Њељ яке аз онњо ба гуфтаи Путин амал намекунад ва сарнавишташон дигар аз Русия вобаста нест. Атамбоев, Рањмон, Саргсян ба зоњир Путинро эњтиром мекунанд, дар амал њамеша мекўшанд, ки мустаќил бошанд. Аз ин хотир, назарсанљии супориширо мешавад танњо фазосозии зоњиран дар дохил, аммо дар асл барои хориљ - ИДМ ва љањон бояд ном кард. Агар назарсанљии Маркази умумирусиягии омўзиши афкори умум (ВЦИОМ) назари воќеии 1600 шањрванди Русия дар 46 вилояту љумњурии Русия бошад, пас хулоса ин аст, ки мардуми шарики стратегї - Русия аз воќеиятњо хабар надоранд, балки тањти таъсири расонањои худ мондаанд. Рўзноманигории Русия солњост, ки як дастгоњи таблиѓотї шуда, то ин ки журналистика бошад. Расонањои русї мехоњанд ба дохилу хориљ танњо ин паёмро ба афкори умум бор кунанд: "Касе бо мо нест, душмани мост!" Аз ин хотир, онњо дар муайян кардани дўсту душман ва сафеду сиёњ њамеша якљониба будаанду њастанд.
БЕГОНАПАРАСТЇ Пеш аз њама муносибати русњо ба Арманистону Ќирѓизистону Тољикистон, кишварњое,
ГАРДИШ Нахустин ќатори лоињаи "Роњи Абрешим" аз Чин ба Гурљистон расид Аввалин ќатори њомили бор дар доираи лоињаи байналмилалии "Роњи абрешим" аз Чин ба Гурљистон расида, бояд ба самти Туркия роњи худро идома дињад. Сарвазири Гурљистон Ираклий Гарибашвили ин ќаторро дар истгоњи Тифлис Сентрал пешвоз гирифт. Вай аз он изњори хушї кард, ки ќатор бо парчами Гурљистон, Озарбойљон, Туркия, Ќазоќистон ва Иттињодияи Аврупо ороиш ёфта буд. Гарибашвили гуфт, њоло мо "имкон пайдо кардем зарфи 8 - 10 рїз борро дар Гурљистон ќабул кунем ва баъди 3 ё 5 рїзи дигар онро ба Аврупо расонем".
Аз Чин ба Аврупо бидуни Русия Ин ќатор аз Чин ва ќаламрави Ќазоќистон убур кард ва бидуни он ки вориди Русия шавад, ба Гурљистон расид. То ин замон бори Чин ба Арупо аз тариќи роњњои бањрї рањсипор мешуд ва њоло имкони аз тариќи ќатор њам интиќол додани он пайдо шудааст. Тавре дар суханронии худ сарвазири Гурљистон гуфт, пештар барои ин кор 40 рїз фаќт лозим буд, вале њоло ин роњ кутоњ шудааст. Ин ќатор, ки њоло ба Гурљистон расид ва акнун роњи худро ба самти Аврупо аз тариќи
Туркия идома хоњад дод, ба ќаламрави Русия аслан ворид намешавад. Вай аз шањри Актауи Ќазоќистон зарфи 12 соат ба бандари озарбойљонии Алят мерасад. Ба Гурљистон то бандари Поти мерасад ва аз он љо аз тариќи бањри Сиёњ ба Истамбул меравад. Моњи феврали соли равон Чин хазинаеро барои "Роњи Абрешим" ба маблаѓи 40 миллиард доллар таъсис кард. Ин маблаѓ барои сармоягузории лоињањои бунёдии Авруосиё ва минтаќаи Осиё ва уќёнуси Ором масраф хоњад шуд.
ки њељ гоњ аз мадори Русия хориљ нашудаанд, нишон медињад, ки таблиѓоти Русия вориди як бунбаст шудааст ва дари хуруљиро касе намедонад. Дар њар назарсанљие, ки ќаблан баргузор шудааст, мардуми ин се кишвар Русияро шарики боэътимодтарини сиёсиву иќтисодии хеш хондаанд. Масалан, бино ба назарсанљии як соли пеш, ки аз сўи як ширкати канадагии мавсум ба "M-Vector" дар миёни 1300 нафар дар Тољикистон гузаронда шуд, 74% - и пурсидашудагон мањз Русияро наздиктарин муттањид ва шарики муњимтарини Тољикистон хонда буданд (11% - Чин, 6% - Эрон, 3% - Ќазоќистонро интихоб карданд). Дар њамон назарсанљї 85% - и респондентон Владимир Путинро боэътимодтарини рањбари хориљї (41% - Нурсултан Назарбоев, 35% - Александр Лукашенко, 31% - Си Зинпин, 26% - Барак Обама) интихоб кардаанд. Ва дар Ќирѓизистон њам, бино ба назарсанљии "M-Vector", ки соли 2013 гузаронда буд, 95% - и ќирѓизњо низ ба Русияву Путин муњаббатро карда буданд. "Ишќњои яктарафа" - и мо ба Русияро њамон муњољират ба вуљуд овардааст, ки миллионњо тољику ќирѓизро обу нон медињад. Аммо русњо чун ба мо гўё њамчунин эњтиёљ надоранд, мисли як кишварњои дар хотираи нуфузи онњо њифзшуда, чашми умед ба онњое дўхтаанд, ки ба русњо аслан ишќ надоранд. Русњо њам мисли мо онеро хуш доранд, ки ќудратнамої мекунад, солору мустаќил ва маѓрур аст. Дуруст мебуд, ба онњо худро шиносонем, ё онњоро шиносем.
Фаромарзи ФОЗИЛ
ЉАШН 16 - уми декабри соли равон мардуми Љумњурии Ќазоќистон 24 - умин солгарди Истиќлолияти давлатии хешро таљлил менамоянд. Ба муносибати љашни асосии миллии ин кишвар Сафири Фавќулодда ва Мухтори Љумњурии Ќазоќистон дар Љумњурии Тољикистон Агибай СМАГУЛОВ дар бораи дурнамои рушди ин кишвар ибрози андеша намуд, ки матни он манзури Шумо мегардад. Дўстони арљманди тољик! Љумњурии Ќазоќистон 24 - умин солгарди истиќлолияташро дар шароити душвори буњрони амиќи низоми иќтисодиву сиёсии љањонї пешвоз мегирад.Љавоби мо ба ин чолишњои глобаливу дохилї Наќшаи Миллат "100 иќдоми мушаххас" мебошад, ки он страте-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
5
Ду њафта ќабл, 30 - юми ноябри соли 2015, Нурсултон Абишевич Назарбоев дар Паёми худ "Ќазоќистон дар воќеияти љањонии нав: Инкишоф. Рушд. Ислоњот" љомеаи Ќазоќистонро ба сарфакорї ва муносибати эњтиёткорона ба захирањои давлатї даъват намуд. Паёми мазкур зиёда аз 20 ташаббус ва роњњои њалли мушкилоти соњањои гуногунро дар бар мегирад, аз љумла фаъолияти сектори молия, бењсозии сиёсати буљавї (бе зиёд намудани андоз аз соњибкорї, ки роњи наљот аз вазъи кунунї намебошад) ва сиёсати инвеститсионї, баланд бардоштани зудњаракатии захирањои мењнатї. Албатта, пиёдасозии ислоњоти мазкур ва вазифањои дигари марбут ба ин ислоњот душвор, ва шояд дарднок хоњанд буд. Вале мо роњи дигар надорем. Агар мо њозир ин ислоњотро љорї накунем, мо бебозгашт аз рушди љањонї аќиб мемонем. Дар маљмуъ, ин чорањои нави пешнињодкардаи Сарвари давлат бояд, ки воридшавии Ќазоќистонро ба сафи 30 иќтисоди тараќќикардатарини љањон таъмин намоянд. Мехоњам ќайд кунам, ки дастгоњи идоракунї, соњибкорон ва мардуми Ќазоќистон ба имконияти амалишавии наќшањои
РЎЗИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ЌАЗОЌИСТОН:
ИНКИШОФ, РУШД ВА ИСЛОЊОТ гияи ислоњоти ояндаи иќтисодиву сиёсї ва таѓйироти куллии љомеаву давлат дар шароити нави таърихиро инъикос менамояд. Ин њуљљати муњим, ки Президент Назарбоев онро пас аз бори дигар дар моњи апрел ба ин мансаб интихоб шуданаш пешкаш намуда буд, иќдомоти мушаххас дар самти тезонидани раванди саноатсозї ва рушди иќтисодї, таъмини вањдат ва ягонагии мардум дар вазъияти душвори имрўзаро муайян мекунад. Дар нимаи дуюми соли љорї Њукумати кишвар зиёда аз 80 ќонунро тарњрезї намуду Парлумон онњоро ќабул кард ва Президент имзо намуд, ки онњо, ба хотири таъмини иљрои Наќшаи Миллат, ба ќонунгузории амалкунанда таѓйироту иловањо ворид мекунанд. Ин ќонунњо шуруъ аз 1- уми январи соли 2016 амал хоњанд кард. Њамзамон, марњилаи дуввуми Барномаи давлатии рушди саноативу инноватсионї амалї мегардад, ки њадафаш бунёди иќтисодиёти гуногунљабњаи новобаста аз захирањои ашёи хом мебошад. Инчунин, Барномаи давлатии рушди инфрасохтор "Нурли жол" пиёда мешавад, ки он соли гузашта ќабул шуда буд.
оянда ва барномањои рушд боварии комил доранд, зеро барои ин тамоми шароит муњайё шудааст, захирањои лозимї мављуданд ва ягонагии мардуму њукумат таъмин аст. Мо дар рафъи мушкилотамон танњо нестем. Сиёсати берунаи мутавозини пешгирифтаамон ба мо имкон дод, ки дар саросари љањон дўстони зиёде пайдо кунем, ки дар ин лањзаи душвор моро дастгирї мекунанд. Фаъолияти Иттињоди иќтисодии Авруосиё суръат мегирад. Мо бо Љумњурии Мардумии Чин оиди њамкорї дар самти тиљорати мањсулоти ѓайри ашёи хом ба маблаѓи 23 млрд. (доллар), бо Британияи Кабир ва Фаронса - ба маблаѓи 11,5 млрд. доллари ИМА ба созиш омадем. Њамкорињои технологиамон бо Љопон рўз ба рўз васеъ шуда истодаанд. 30 - юми ноябр Ќазоќистон узви комилњуќуќи Созмони Љањонии Тиљорат гашт. Дар чунин давраи душвор институтњои молиявии љањонї барои мо имкони гирифтани ќарз ба маблаѓи 9 миллиард доллари ИМА шароит фароњам оварданд. Моњи сентябр, дар љараёни сафари расмии Президенти Ќазоќистон ба Љумњурии
Тољикистон, сарварони ду кишвар ягонагии принсипњоро дар сиёсати хориљиашон изњор намуданд. Бояд гуфт, ки бо имзо намудани Шартномаи њамкории стратегї кишварњои мо сањифаи наверо дар муносибатњои мутаќобилан судманд кушоданд, ки бар эњтиром ва эътимод асос ёфтааст. Њамчунин, боз панљ њуљљати дигаре низ ба имзо расида буданд, ки ба муносибатњои анъанавии дўстонаи кишварњои мо ангезаи нав мебахшанд. Мо бо љомеаи љањонї дар самти мубориза бо терроризму ифротгарої ва бунёди љањони орї аз силоњи њастаї муттањидем. Мо љонибдори њалли мусолињатомези њама гуна низоъњо њастем ва дар ин самт њар чї аз дастамон ояд, амалї месозем. Њафтаи гузашта, 7 - уми декабр, Ассамблеяи генералии СММ Эъломияи умумии бунёди љањони орї аз силоњи њастаиро тасдиќ намуд. Ин ќатънома аз љониби 35 кишвари љањон пешнињод гардид, ки аз ќорањои гуногун ва гуруњњои минтаќавии мухталиф намояндагї мекунанд. Тољикистон якумин шуда ба ин иќдом пайваст. Ташаббускори ин ќарор Президенти Ќазоќистон мебошад, ки моњи апрели соли 2010 дар Вашингтон
РЎЗИ ИСТИЌЛОЛИЯТИ ЉУМЊУРИИ ЌАЗОЌИСТОН
дар љараёни Иљлосия оиди амнияти њастаї онро пешнињод карда буд. Соли љорї боз як ташаббуси кишвари мо амалї гашта буд. Моњи август Њукумати Ќазоќистон ва Ољонсии байналмилалии энергияи атомї Созишнома оиди таъсиси бонки урани камѓанигардонидашуда дар ќаламрави мамлакатро имзо намуданд. Сўзишвории дар ин бонк нигањдоришаванда барои истифодаи атом ба маќсадњои осоишта бе сохтани силсилаи пурраи њастаии худ шароит фароњам меоварад. Дар чорчўбаи 70 - умин Иљлосияи умумии СММ Президенти Ќазоќистон пешнињод намуд, то як шабакаи умумиљањонии мубориза алайњи терроризм ва ифротгарої таъсис дода шавад. Барои пиёдашавии ин вазифа зарур аст, ки як њуљљати фарогири СММ тањия ва ќабул гардад. Дар айни њол, Ќазоќистон комилан мутмаин аст, ки дини мубини Ислом бо терроризм њељ умумияте надорад. Ба ин хотир, њангоми сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ќазоќистон дар моњи октябр, Сарвари кишвари мо идеяи таъсиси форуми "Ислом алайњи терроризм" - ро пешнињод намуд. Умуман, дар робита бо вазъи сиёсии љањони имрўза, Президенти мо пешнињод кард, ки ба пешвози 100 - солагии СММ "Наќшаи Ташаббуси Стратегии Умумиљањонї - 2045" тањия карда шавад. Њадаф аз ин наќша тањияи стратегияи рушди умумиљањонї мебошад, ки тавонад решањои амиќи сарзании љангу љидолњоро рафъ намояд. Ин метавонад ба љањон раванди нави тараќќиётро пешнињод кунад, ки он бар пояи таъмини шароити одилонаи дастрасии тамоми миллатњо ба инфрасохтор, захирањо ва бозорњои љањонї ва масъулияти њамагон барои рушди инсоният асос ёфтааст. Бахшида ба ин санаи муњими сарзаминамон бо боварї изњор менамоям, ки равобити анъанавии дўстї ва њамкории манфиатнок миёни Ќазоќистону Тољикистон дар оянда низ дар руњияи рушд ва шукуфоии њарду миллат идома хоњад кард.
Агибай СМАГУЛОВ, Сафири Фавќуллодда ва Мухтори Љумњурии Ќазоќистон дар Љумњурии Тољикистон
6
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
ДИКТАТОР
"Метавон бидуни ќанду конфет зиндагї кард, вале бидуни силоњу тир на". Ин як иќтибоси хеле кутоњ аз суханони сершумори Ким Чен Ир, диктатори Кореяи Шимолист ва агар ба зиндагинома ва корномаи ин сиёсатмадор дидаи ибрат бидўзем, пас мебинем, ки он њама талошњояш дар њамин як љумла ѓунљидааст. Яъне, дар оламе, ки зўр парвои нозўр надорад, дар оламе, ки ќонуни љангал њоким аст, ба наздиктарин њамсояи худ њам бовар нест, пас миллат бояд мусаллањ бошад, то аз худ, аз истиќлолият, тамомияти арзии хеш дифоъ намояд. Дар ин олам касеро парвои каси дигар нест, пас боистї худ бошї, то зинда бимонї.
Муаммоњои таваллуду тањсил Ким Чен Ир аз љумлаи шахсиятњои муаммобарангези таърихи башар аст. Шасту нуњ сол умр дидааст ва аз ин миён муддати 17 сол роњбари бебадали Кореяи Шимолї будааст. Тибќи маълумоти расмї, 16 феврали соли 1942 дар козаи чўбї, дар балантарин ќуллаи куњи Пэктусан, ки дар он чирикњои Корея бо сарварии падари ў Ким Ир Сен маскан гузида буданд, ба дунё омадааст. Дар зиндагиномаи ў, ки расман интишор шудаву дар макотиб омўзонида мешуд, гуфта мешавад, ки соати таваллуди Ким Чен Ир дар осмон рангинкамони дугона пайдо ва ситораи нав рушан шудааст. Аммо тибќи маълумоти ѓайрирасмї, вай 16 феврали соли 1941 дар рустои Вятски кишвари Хабаровски Иттињоди Шўравї ба дунё омадааст. Ин замоне буд, ки падараш Ким аз ишѓолгарони Љопон фирор карда буд ва дар рутбаи капитан баталони якуми бригадаи 88-умми тирандозро, ки аз чинињову кореягињо таркиб ёфта буд, фармондењї мекард. Он замон Ким Чен Ир Юрий Ирсенович Ким номида мешуд. Хонаводаи онњо танњо моњи сентябри соли 1945, баъде, ки Љопон дар љанг шикаст хўрд ва аз Корея хориљ гардид, ба ватанаш баргашт. Кими калонї бо дастгирии Сталин сарвари Кумитаи муваќќатї ва аз соли 1948 сарвазири Кореяи Халќї-Демкоратї таъин шуд. Модари Ким Чен Ир 22 сенябри соли 1949 њангоми ба дунё овардани тифли дигар аз олам даргузашт ва баъд аз маргаш барояш унвони Ќањрамони Кореяро доданд. Тибќи маълумоти расмї, вай соли 1957 шуъбаи љавонони демократро дар мактабе, ки тањсил мекард, сарварї менамуд. Њангоми тањсил дар мактаб вай ба мусиќї, кишоварзї ва таъмири мошинњо мароќ зоњир мекард, бо њамсинфонаш ба колхозу совхозњо мерафт ва љараёни кори дењќониро тамошо мекард. Фирории Кореяи Шимолї Хван Чжан Епа дар хотирањои худ навиштааст, ки дар њаќиќат Ким Чен Ир дар замони тањсилаш дар мактаб ба сиёсат алоќамандї нишон медод ва савори мототсикл ба дарсњо меомад. Соли 1960 ба Донишгоњи ба номи Ким Ир Сен дохил шуд ва дар он иќтисоди сиёсии марксистиро омўхт. Аммо манбаъњои ѓайрирасмї мегўянд, вай дар Донишгоњ аз соли 1962 тањсил кардааст, то ин замон дар академияи њавоии Љумњурии Олмони Демократї хондааст. Солњои 1970 бошад, њангоми сафари кории падараш ба Малта, Доминик ва Миттоф дар донишгоњи Малта забони инглисї омўхтааст. Аз соли 1961 узви Њизби кори Корея буд. Шуъбаи таблиѓотии њизбро сарварї мекард ва тадриљан дар мансабњо боло мерафт. Соли 1972 узви Кумитаи марказї, соли 1973 котиб ва соли 1974 ба њайатии Бюрои сиёсии њизб шомил гардид. Соли 1980 расман љойнишини падар эълон гардид ва аз он замон ўро "роњбари муњтарам" меномиданд. Чандин амалњои террористиро ба ў нисбат медињанд. Аз љумла, инфиљори њавопаймои Кореяи Љанубї дар соли 1987, ки 115 нафар љони худро аз даст доданд, таркиш дар Бирма, ки бар асари он 17 нафар шахсони расмии Љумњурии Корея кушта шуданд. Аммо расман даст доштани ў дар ин ду амали террористї исбот нашудааст, њарчанд баъдан љосусони боздоштшуда аз ин кишвар шањодат дода буданд, ки Ким Чен Ир шахсан дастури инфиљори њавопайморо дода буд. Њатто њаёти оилавии Ким Чен Ир муаммобарангез аст ва дар бораи шумори занњову фарзандонаш маълумоти даќиќу мувассаќ пайдо нест. Тибќи иттилои расмї, вай чор маротиба издивољ кардаву се писар дорад. Аммо бино ба маълумотњои ѓайрарасмии интишорёфта, вай соњиби 17 фарзанд буд, ки 9 нафари онњо аз занони ѓайриникоњиаш ба дунё омадаанд.
КИМ ЧЕН ИР Сарвари имрўзаи Корея Ким Чен Ин аз њамсари сеюми ў раќќоса Ко Ён Хи аст, ки соли 2004 дар Порис аз олам даргузаштааст.
Рўгардонї аз марксизм Соли 1991 Ким Чен Ир сарфармондењи неруњои мусаллањи Кореяи Халќї - Демократї таъин гардид ва соли 1994 баъди марги ногањонии падараш ба љойи ў нишаст. Аз аввалин солњо Ким Чен Ир идеологияи чучхе ("сотсиализм бо такя ба неруи худ")-ро пешнињод кард. Ва ин иќдом ѓояи марксистиву лениниро аз кишвар танг намуд. Вай навишт: "Демократияи навъи чучхей демократитарин демократия дар олам аст, зеро дар он ду принсипи асоситарини љомеа амалї мешавад: якум, ба шарофати ин демократия метавон њамаи ќарору ќонунњои Роњбари Бузургро амалї кард ва дуюм, ањолї бовар мекунад, ки вазъи кишвар аз худи онњо вобаста аст, охир мо љумњурии мардумием. Ва кадом Роњбари Бузург ќароре ќабул мекунад, ки зидди манфиатњои мардуми он аст?" Соли 2009 ба Конститутсияи Корея таѓйироту иловањо ворид карда шуд ва аз он њама мафњумњои коммунистї ва истилоњоти он берун карда шуданд. Дар њамин конститусия идеологияи маркстистї ба идеологияи Сонгун иваз гадид ва њамзамон ба номи Ким Чен Ир унвони "Сарвари олї" ќонунан сабт шуд. Ким Чен Ир Кореяи Шимолиро ба як ќудрати њастаии олам табдил дод, бо вуљуди он ки мардумашро дар ќиёс ба мамолики њамсоя фаќиру нодор меноманд, вале тавонист ба хотири дифоъ аз ояндаи наслњо силоњи атомии худро бисозад ва таљриба кунад. Имрўз њам ин кишвар бо ќудратњои њастаї дасту панља нарм мекунад ва намегузорад, ки эњтиромаш аз миён равад. Ким дўстдори синамо буд, баъди маргаш аз бойгонии ў бештар аз 20 њазор филмро ёфтанд, ки аз Русия ва Чин оварда буданд. Вай шахсан худаш барои наворбардории зиндагиномаи падараш сенария навишта буд ва дар филмњое, ки ѓояи чучхеро таблиѓ мекарданд, шахсан иштирок мекард. Ким Чен Ир бо ќатори зирењпўши махсус ба сафарњои хориљї мерафт, ба њамин ќатор вай солњои 2001, 2002 ва 2011 ба Русия сафар кардааст. Худро аз дўстдорони интернет меномид ва њатто мегўянд, соли 2000 дар љараёни сафари Котиби давлатии ИМА Мадлен Олбарайт ба Корея аз ў суроѓаи почтаи электрониашро пурсида буд.
Шахспарастї Шахспарастии ўро шабењи шахспарастињои Иосиф Сталин ва шоњони феодалии Ко-
рея меноманд, ки то соли 1910 зиндагонї кардаанд. Аксњои Ким Чен Ир кўчаву хиёбонњо, даромадгоњи корхонаву муассисањо, утоќњои кории роњбарону кормандонро оро медињанд. Кўчактарин эроду танќиди роњбар интиќодкунандаро ба мањбас ва ё конслагер мекашид. Аз соли 1980 тарљумаи њоли Ким Чен Ир чун тарљумаи њоли падараш расман дар макотиб дарс дода мешуд. Њамаи китобњо, маќолаву гузоришњо дар матбуот аз иќтибос аз суханронињои ў оѓоз мешуданд ва номи доњї дар ин маќолот њатман бояд бо њарфњои руѓанї ва барљаста навишта мешуд. Дар бораи ў шеъру достонњо месуруданд, њунармандон барномањои вижаеро омода карда, ба ў мебахшиданд. Рўзи таваллуди доњї дуввумин иди давлатї дар Кореяи Шимолї мањсуб мешавад. Дар ин кишвар мегўянд, ки Ким Чер Ир маъруфтарин бастакор аст, ин њам дар њолест, ки шаш опера аз номи ў зарфи њамагї ду сол эљод шудааст. Асарњои ў бо номњои "Дар бораи ѓояи чучхе", "Дар бораи баъзе масъалањое, ки њангоми омўзиши фалсафаи чучхе ба вуљуд меоянд", "Дар бораи санъати синамо", "Дар бораи адабиёте, ки бар пояи принсипи чучхе асос ёфтааст" ба теъдоди калон нашр ва тавзењ шудаанд. Њато дар Кореяи Шимолї ўро бузургтарин меъмор меноманд, чун тарњи бунёди "Бурљи Чучхе" мансуб ба худи ўст. Мардум ва ВАО бо унвонњои баландовозаи Маркази њизб, роњбари дўстдошта, роњбари муњтарам, таќдири миллат, Ситораи тобони Пэктасан, падари халќ, офтоби миллат , сарфармондењи бузург, роњбари бузург мурољиат мекарданд. Машњуртарин таронаи замон ба Ким Чен Ир бахшида шуда буд, ки "Ватан бе ту вуљуд надорад" ном дошт ва ин тарона дуввумин суруди миллии ин кишвар мањсуб мешуд. Кўшиш мекард дар суњбат бо расонањои хориљї худро аз хоксортарин роњбарони олам ќаламдод кунад. Мегуфт, субњгоњон баъди аз хоб бархостан аввал хотироташро тармим мекунад. Дар суњбате бо хабарнигори ИТАР - ТАСС гуфтааст: "Хотироти инсон замоне хуб мешавад, агар сарашро кор фармояд. Њар субњ ваќте аз хоб бармехезам, хотиротамро тармим мекунам. Дўст дорам, ки миёни анбуњи одамон бошам, ваќтамро бо онњо гузаронам. Ба он бештар таваљљуњ мекунам, ки сокинони кишвар чї зиндагї доранд, дар бораи онњо ѓамхорї мекунам, бо онњо самимона суњбат меороям - ин аст коре, ки бароям хушї илќо мекунад. Ва боз хондани китоб ва шунидани мусиќиро дўст медорам. Китоб ва мусиќї ин "ѓизо" барои кори мост, ин њаёти мост". Аммо соли 2004 тањлилгарони хориљї ба хулоса расиданд, ки Ким Чен Ир тадриљан даст аз худпарастї бардоштааст. Аз љумла аз утоќи кории роњбарони вазоратхонаву корхонањо ва
муассисањо портретњои ўро барчидаанд ва матбуот ва радио ва телевизион аз ба забон овардани ибораи "роњбари дўстдоштаи миллат" худдорї мекунад.
Марги диктатор Дар бораи марги ў низ овозањои зиёде пањн шуда буданд. Моњи августи соли 2008 њафтаномаи љопонии "Сюкан Гэндай" маќолаи профессор Тосимитсу Сигэмуриро чоп кард, ки мегуфт, Ким Чен Ир њанўз соли 2003 фавтида буд. Соли 2008 роњбари Кореяи Шимолї амалан аз наворњои телевизион ѓайб зад, вай њатто дар ифтитоњи Олимпиадаи Пхенян ширкат накард, дар сафороии њарбї ба муносибати 60 солагии таъсиси Кореяи Халќї - демократї зоњир нашуд. Моњи сентябри соли 2008 хабари ожонсињои иттилоотии Амрико ва Љопон дар бораи гирифтори бемории вазнин будани Ким Чен Ир пахш шуд. Аз ин пештар њам хабар дода мешуд, ки вай аз майзадагї, диабет ва касалии дил ранљ мебарад. Соли 2008 сарвазири Русия Владимир Путин ба саволи хабарнигорони хориљї, ки аз ў суол мекарданд, Ким Чен Ир куљо бошад, посух дода, ки "дар дахма хобидааст". Моњи декабри соли 2008 билохира фармондењии неруњои Амрико дар уќёнуси Ором хабар дод, ки Ким Чен Ир зинда ва кишварро идора мекунад. Ким Чен Ир 17 декабри соли 2011 соати 08:30 бо ваќти мањаллї дар ќатори зирењпўши худ њангоми диду боздидаш аз манотиќи мамлакат вафот кард. Хадамоти љосусии Кореяи Љанубї хабар дода буд, ки ќатори сарвар дар Пхенян буд ва худи ў дар хонааш фавтид. Љасади ўро барои видоъ дар ќасри бузурги Пхенян, баъди мумиёї кардан онро дар дахмаи Кимсусан, дар пањлуи падараш Ким Ир Сен гузоштанд. Баъзе манбаъњои хабар доданд, ки он идда аз сокинони Кореяи Шимолї, ки ба маросими видоъ бо доњї њозир нашуданд, тањдид ба мањрумият аз озодии шашмоња шуданд. Аз марги ў њам овозањои зиёде карданд, то бузургиву азамати ўро ба намоиш гузоранд аз љумла ожонсии СТАК хабар дод: "Наздик ба соати 17-30, рўзи 19 декабр садњо акка аз ким куљои номаълум парвозкунон ба муљассамаи президени Ким Ир Сен нишастанд. Ва ончунон нўл мезаданд, ки мегуфтї, гўё барояш хабари ѓамнокеро мерасониданд". Аз ин пештар хабаргузории СТАК дар бораи оилаи хирсоне хабар дода буд, ки аз хоби зимистонаи худ бедор шудаанд, то бо арзи тасаллият дар марги Ким Чен Ир азо гиранд. Тањияи Бобољони Шафеъ
25 СОЛ ПАС 13 декабр дар њаволии шањри Марв бо ширкати Ќурбонгулї Бердимуњаммадов, президенти Туркманистон, Ашраф Ѓанї Ањмадзай, президенти Афѓонистон, Навоз Шариф, сарвазири Покистон ва Муњаммад Њамид Ансорї, ноиби президенти Њиндустон санги тањдоби лўлаи гази ТАПИ (Туркманистон - Афѓонистон Покистон - Њиндустон) гузошта шуд. Лўлаи газ аз кони Ѓалќиниши вилояти Марви Туркманистон то минтаќаи марзии Фозилкаи Њиндустон 1814 километр тўл дорад (214 км - Туркманистон, 753 км Афѓонистон, 827 км - Покистон). Ќудрати солонаи лўла 33 миллиард метри мукааб ва харљи эњдосаш њудуди 10 миллиард доллар њисоб шудааст. Пружа, ба бовари Ќурбонгулї Бердимуњаммадов, моњи декабри соли 2019, яъне расо 4 сол пас бояд анљом ёбад. Дар њоле, ки рањбарони чор кишвар - Туркманистон, Афѓонистон, Покистон ва Њиндустон - аз иљрои ин тарњи ќариб 30 - сола хушбинанд, воќеиятњо тасвире аз ояндаи норўшан на фаќат барои ТАПИ, балки тамоми минтаќаро ба вуљуд меоранд. Тарњу љанг ТАПИ тарњест, ки аз аввал Амрико хушдораш буд. Тарроњиаш ба ибтидои солњои 90 - и асри 20 рост меояд. Он замон ба хотири таъмини амнияти ин лўлаи газ, ки бояд аввалин кубометрњои газ аз захирањои табии Осиёи Миёна, ќаламрави нуфузи Русияро берун меовард, Вашингтон њаракати Толибонро низ эљод кард. Сармоягузории онњоро ширкатњои "Юнокал" (ИМА), "Бридос" (Аргентина) ва "Делта Ойл" (Арабистони Саудї) ба зимма доштанд. Русия ва Эрон аз оѓоз мухолифи ин тарњ буданд. Як далели умдаи сармоягузории "Иттињоди Шимол" - и тањти рањбарии Ањмадшоњи Масъуд аз љониби онњо мањз эљоди мухолифат бо ин тарњ буд. Бино ба ќавли шоњидон, онњое, ки барои гирифтани ризоияти Масъуд барои эњдоси лўлаи газ меомаданд, аз ў посухи рад гирифтанд. Њоло аз гузоришњои расонањои хориљї дида мешавад, ки гўё Русия бо ин тарњ мувофиќат кардааст. Аммо дар асл чунин буда наметавонад. Чаро? Ин тарње, ки бо љанг оѓоз шудааст, муљиби шуруъи як љанги дигар мешавад. Коршиносони байнулмилалї хеле ќабл аз дахолати Русия ба љанги Сурия навишта буданд, ки эљоди эътилофи минтаќаї алайњи режими Башшор Асад дар Димишќ пеш аз њама сабабњои иќтисодї дорад. Тавре њаракати Толибон рўи кор омад, ДОИШ низ барои он эљод шуд, ки амнияти масири лўлаи гази Ќатар - Арабистони Саудї - Сурия - Туркия - Аврупо (ЌАСТА) - ро таъмин кунад. Соли 2009 Башшор Асад ба убури ин лўлаи газ аз ќаламрави Сурия мухолифат кард ва
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
ЉАНГУ ГАЗ
Шуруъи ТАПИ як Сурияи дигар дар Афѓонистонро наздик мекунад моњи марти соли 2011 љанг дар ин кишвар шуруъ шуд. Њамчунин ЌАСТА замоне рўи кор омад, ки Амрико, бузургтарин харидори гази Ќатар, пурра худро бо гази дохилї таъмин кард. Ќатар, ки солона 31% - и бозори гази љањонро таъмин мекунад, дар љустуљўи бозори нав афтод ва дарёфт, ки ба љуз Аврупо харидори дурусте вуљуд надорад. Аммо он љо Русия њукмрон буд. Русия чун дид, ки харидорони газаш рў ба Ќатар овардаанд (зимнан, аз рўи њисоби расонањои байнулмилалї, гази Ќатар барои Аврупо бамаротиб аз гази Русия арзон меафтад), ба Сурия њамлаи низомї кард, то љазои "хиёнат" - и онњоро дињад. Эрон низ дар муомилаи гази Ховари Миёна аз ЌАСТА нигаронињои худро дорад. Ин кишвар мехоњад газашро ба Аврупо тариќи Ироќу Сурия содир кунад ва Туркияро дар канор гузорад. Анќара намехоњад кишвари транзитї бошад, балки гази Эрон ва тамоми минтаќаро харида, онро њамчун моли худ ба Аврупо фурўшад. Аммо дар Афѓонистон ба бозори гази Русия чї хатар тањдид мекунад? Агар сухан дар бораи гази Осиёи Миёна, ки то ду соли пеш танњо моли "Газпром" - и Русия буд, равад, кор аз кор гузаштааст. Чин гази
Ќазоќистонро тариќи лўлагази "Ќазоќистон - Чин" ва гази Туркманистону Ўзбакистонро тариќи лўлаи "Туркманистон Осиёи Марказї" берун кашида, ба инњисори Русия дар Осиёи Марказї нуќта гузошт. Тарњи дигараш лўлаи гази Туркманистон - Ўзбакистон - Тољикистон - Чин тамоми расмиётро гузашта, ба марњалаи иљро ворид шудааст. Русия нози Чинро мебардорад, аммо Амрикоро на. Шояд аз ин хотир аст, ки дар матбуоти расмии Русия њарфи ДОИШ дар Афѓонистон бештар мешавад. Хабаргузории ТАСС њафтаи ќабл хабар дод, ки ДОИШ ба манотиќи марзии Афѓонистон бо Туркманистону Тољикистон густариш пайдо мекунад. Бино ба хабари ТАСС, Маъсум Стоникзай, сарпарасти вазорати дифоъ ва Њаниф Атмар, мушовири амнияти миллии президенти Афѓонистон болгардњои МИ - 17 - ро дар ихтиёри љангиёни ДОИШ гузоштаанд, ки ба марзњои Тољикистону Туркманистон интиќол ёбанд. Бино ба иттилои дигар, ки аз манобеъи дохили Афѓонистон ба дасти мо расид, љангиёни сияњпўши ўзбаки ДОИШ тањти рањбарии Усмон Ѓозиро чархболњои амрикої ба вулусволии Болои Мурѓоби вилояти Бодѓис, ки бо Туркманистон ва Эрон њаммарз аст, интиќол до-
даанд. Ин ахбор бозгўї аз он мекунад, ки Русия заминањои вуруди низомї ба шеваи Сурия дар Афѓонистонро пешбинї кардааст. Марзњои Туркманистону Тољикистон дуруст ду минтаќаеанд, ки ба ду пружаи мавриди таваљљуњи Амрико, яке, ТАПИ ва дигаре, CASA - 1000 бастагї доранд. ТАПИ пеш аз њама як тарњи сиёсї аст. Ба љуз Русия, иљроиши он њассосияти Эронро низ ба вуљуд меорад, зеро Вашингтон ба далели мухолифатњои сиёсиаш бо Тењрон ќаблан ба тарњи лўлаи гази Эрон - Покистон - Њиндустон мухолифат карда буд. Ин лўлаи газ низ аз њудудњои балуљњои људоихоњ мегузарад, ки њам бо њукумати Покистон ва њам Эрон сари оштї надоранд. Аз ин хотир, дар сурати таъмин нашудани манофеъи Русия ва Эрон дар ТАПИ набояд ин интизорро дошт, ки он њатман ба анљом хоњад расид. Агар ин мухолифатњои ќудратњо дар минтаќа намебуд, дар Афѓонистон ќариб 40 сол ба ин сў љанг њам намебуд. Ин таърих собит кард, ки бояд манофеъи њамагї таъмин шаванд, дар акси њол касе дар алоњидагї ба љое нахоњад расид. Далери ХАЙРУЛЛОЊ
ГЕОПОЛИТИКА Бонки Рушди Осиё аз пуштибонии молии лоињаи роњи оњани Тољикистон - Афѓонистон -Туркманистон муваќќатан даст кашид. Намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тољикистон Си Си Ю эълон кард, ки ин бонк пуштибонии худ аз лоињаи сохтмони роњи оњони Тољикистон - Афѓонистон - Туркманистонро ба иллати ташаннуљи авзоъ дар Афѓонистон барои муддати номуайян бозмедорад. Си Си Ю, ки дар шањри Душанбе бо хабарнигорон суњбат мекард, гуфт, бонк наметавонад ба иллати адами амният дар ин лоиња ширкат дошта бошад, чун маълум нест вазъ билохира бо чї меанљо-
7
ТАВАЌУФИ АМНИЯТЇ ДАР ТАРЊИ ИЌТИСОДЇ мад. Вай гуфт, бо вуљуди ин ки Туркманистон бахши худро сохт ва ба итмом расонид, вале барои бахши афѓонистонии роњ захирањои дигар лозиманд ва њоло ин захирањо нокифояанд. Намояндаи ин ташкилоти молиявї ваъда кард, ки маблаѓе, ки барои татбиќи ин лоиња људо шуда буд, акнун сарфи тарњњои дигар хоњад шуд. Ўизњори умед кард, ки Бонки Рушди Осиё шояд баъдтар, ваќте вазъ бењбуд ёбад, ба ин лоиња баргардад, вале на њоло.
Аз ин пештар Бонки Рушди Осиё барои тањияи љанбањои техникиву иќтисодии ин лоиња 9 миллион доллар грант људо карда буд. Гуфтанист, моњи марти соли 2013 миёни Тољикистон, Афѓонистон ва Туркманистон Ёддошти тафоњум барои бунёди роњи оњани муштарак бо љалби сармоягузорињо аз берун ва истифода аз имкониятњои худи кишварњо имзо шуда буд. Он замон Бонки Рушди Осиё уњдадор шуда буд, ки лоињаро сармоягузорї хоњад кард.
8
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
ХУДШИНОСЇ питул рекордз", Амрико. Бо ташаккур аз Батии Таваккулї, ки гуфтори ин сањифаро бароям беруннавис кард. Боби дуввум ПЕШДАРОМАД Тарњи нахустини он чї дар ин дафтар хоњед дид, гузорише буд, ки ба "Шўрои њадафи фарњанги Эрон" дода шуд (ва он њам) дар ду маљлис аз љаласоти мутааддиди он шўро. Чањоршанбеи 8 озари 1340 (њ) ва чањоршанбеи 2 дайи 1340 (њ). Маљмўаи гузоришњои аъзои он шўро дар бањмани 1340 (њ) аз тарафи Вазорати фарњанг мунташир шуд, аммо љои ин гузориш дар он сањафот набуд, ки на лаёќаташро дошт ва
ЉАЛОЛ ОЛИ АЊМАД Љалол Оли Ањмадро Имом Хумайнї, рањбари Инќилоби исломии Эрон, бо эњтиром "Љалол Оли Ќалам" меномид. Донишманд, адиб ва сиёсатмадори Эрони асри 20 аст, ки ба муаррифї эњтиёљ надорад. Коммунист буд, аммо ба хотири дифоъ аз манофеъи Эрон, аз исломињо низ љонибдорї мекард. Муаллифи дањњо ќиссаву достону тарљума ва сафарномањост. "Ѓарбзадагї" - маъруфтарин мањсули эљоди Љалол Оли Ањмад аст. Он солњои 60, замоне, ки Ѓарб мехост бар сарватњои Эрон соњиб шавад, навишта шуда, дар умум худшиносии миллатњои мазлуми Шарќ аз зулми Ѓарбро тарѓиб мекунад. Муаллиф аз миллатњо мехоњад, ки худу асли худро бишносанд, то дар фарњанги бегонагон гум нашаванд. "Ѓарбзадагї" дар замони зинда будани муаллифи он Љалол Оли Ањмад чандин маротиба бо тањриру иловањо интишор ёфтааст ва њоло нашри охирини онро пешкаши хонандагони "Нигоњ" мекунем. Боби аввал ШОНЗДАЊ ТОННА (Ба унвони сарсухан) Ман субњи рўзе ба дунё омадам, ки хуршед нур надошт. Беламро бардоштам ва ба маъдан рафтам ва шонздањ тонна зуѓоли дараљаи нўњ бор задам. Раиси резаам гуфт: "Њо, мошаоллоњ! Хушам омад. Ту шонздањ тонна бор мезанї ва ба љояш он чї дорї, Ин аст, ки як рўз пиртарї ва то гулў дар ќарз фурўрафтатар. Оњњо, Пётри Кабир! Даври рўњи мо хат бикаш, Ки мо рўњамонро ба амбори кампанї супурдаем. Ваќте мебинед, дорам меоям, бењтар аст, канор биравед, Хелењо ин корро накарданд ва мурданд. Ман як муштам оњан аст, он якеш фўлод, Агар мушти рост ба шумо нагирад (таъсир нарасонад), мушти чапам мегирад, баъзењо мўътаќиданд, ки одам аз хок халќ шуда, Аммо марди фаќири девонае њам њаст, Ки аз узла (гўшт) ва хун дуруст шуда, аз узлаву хун ва пўсту устухон, Ва аз маѓзе заиф ва пуште ќавї. Ту шонздањ тон бор мезанї ва он чї ба љояш дорї, Ин ки як рўз пиртарї ва то гулў дар ќарз фурўрафтатар. Оњњо, Пётри муќаддас, моро ба марг махон. Мо наметавонем биёем. Мо рўњамонро ба амбори кампанї супурдаем. Шеър аз Марле Травис, Овоз аз Эрне Фурд, Ба наќл аз сањифаи 33-и дурсохти "Ка-
ки мебинед. Ва он њам бо њамаи ороиш ва пероишњо, ки анљом шуда. Мебахшед, ки њавсалаи аз нав навиштанаш нест ва агар чунин мекардам, акнун кори дигаре пеши рўятон буд. Аммо дар ин муддат чанд бор дар Тењрон ва як бор дар Калифорния чопи аксии њамон матни аввал махфиёна ва бе салоњдиди марњуми нависанда мунташир шуд ва чї пулњои газофе, ки бандагони Худо дар хариди он сарф кардаанд! Ва сари "сонсур" саломат бод, ки њаќќи нашри асареро аз соњибаш мегирад ва амалан ба дигарон медињад, ки диле доранд ва бозорёбанд ва фаќат аз суфраи густарда бўи мушк мешунаванд. Ба ин тартиб буд, ки бар сари ин ботилњо бештар "њу" заданд, то њарфе ва бештар исме сари забон афтод, то ки њаќ бар
њамин сўи олам рафта, яъне аз мамолики дар њоли рушд! Нафт аз соњилњои Халиљ, канаф ва адвия (доруњо) аз Њинд, љаз (мусиќї) аз Африќо, абрешим ва тарёк аз Чин, мардумшиносї аз љазирањои уќёнусия, љомеашиносї аз Африќо. Ва ин дутои охир аз Амрикои Љанубї ва он њам аз ќабоили "ортик" ва "анко", ки яксара ќурбонии вуруди масењият шуданд. Дар њар сурат, њар чизе аз љое ва мо дар ин миёнаем. Бо ин дастаи ахир бештар нуќоти иштирок дорем. То њудуди имтиёз ва тафриќ (тафриќа). Дар њадди ин авроќ нест, ки барои ин ду ќутб ё ин ду нињоят таърифе аз назари иќтисод ё сиёсат, ё љомеашиносї, ё равоншиносї, ё тамаддун бидињад. Коре аст даќиќ ва дар њадди ањли назар. Аммо хо-
ЃАРБЗАДАГЇ на имконашро. Њанўз мавќеи он нарасидааст, ки яке аз давоири Вазорати фарњанг битавонад чунин гузоришеро расман мунташир кунад, гарчи мавќеи он расида буд, ки аъзои мўњтарами он шўро тањаммули шуниданашро биёваранд. Ночор ин гузориш мунташир нашуда монд ва нусхањои мошиншудаи он ба дасти ин дўст ва он бузургвор расид, ки хонданд ва зеру рўш карданд ва ба пиростанаш ёдоварињо намуданд. Аз љумлаи ин дўстон яке доктор Мањмуди Њуман буд, ки сахт ташвиќам кард ба дидани асаре аз осори Эрнест Юнгари олмонї бо номи "Убур аз хат", ки бањсе аст дар нигализм, чаро ки ба ќавли ў, мо њарду дар њудуде як матлабро дида будем, аммо ба ду чашм ва як матлабро гуфта будем, аммо ба ду забон ва ба ман, ки забони олмонї намедонистам, даст ба домони худи ў шудам ва се моњи тамом, њафтае ќариб ду рўз ва рўзе њудудан cе соат аз њузураш файзњо бурдам ва бањрањо бардоштам ва чунин шуд, ки китоби "Убур аз хат" ба гуфтугўи ў ва тањрири ман тарљума шуд. Дар њамин гирудор буд, ки "Китоби моњ" (номи маљалла) роњ афтод ва ин њам дар авоили соли 1341. Ин маљалла фасли аввали "Убур аз хат" ва сулси (сеяки) аввали "Ѓарбзадагї" ва њамин сулси аввал "Китоби моњ" - ро мутаваќќиф намуд ва оќибат кораш ба он љо кашид, ки њастаи (маѓзи) "Ѓарбзадагї" - ро биандозад ва маљаллаи "Кайњони моњ" бишавад, ки худ як шумора бештар давом накард. Матни "Ѓарбзадагї"-ро ман дар мењрмоњи 1341 мустаќилан дар 1000 нусха мунташир кардам ва инак, њамон матн бо афзоишњо ва коњишњое ва бо таљдиди назаре дар ањком ва ќазоватњо. Ин љо бояд бигўям, ки ман ин таъбири "Ѓарбзадагї"-ро аз фармоишоти сарвари дигарам њазрати Ањмад Фарид гирифтаам, ки яке аз ширкаткунандагон дар он "Шўрои њадафи фарњанг" буд. Ва агар дар он маљлисњо додуситаде њам шуд, яке миёни ман ва ў буд, ки худ ба њамин унвон њарф ва суханњои дигаре дорад ва бисёр њам шуниданї. Ва ман умедвор будам, ки љасорати ин ќалам ўро сари њарф биёварад. Акнун ин матни чопи дуввум чизе шудааст, андаке муфассалтар аз аввалї, ки як бор дар охирњои соли 1342 навиштамаш (ва он њам), барои чопи дуввумї дар нусхањои фаровон ва ба ќатъи љайбї (кисагї), ки зери чоп мутаваќќиф шуд ва ношираш "Гумгоњи љовид" низ варшикаста гардид, ки рўи ман сиёњ бод! Аммо магар мешавад ноумед шуд? Ин буд, ки бори дигар дар фарвардини 1343 онро аз нав навиштам ва фиристодам ба Фаранг. Ба маќсади ин, ки ба дасти љавонони донишљўи муќими он диёр чоп ва мунташир бишавад, ки нашуд ва моли бад бехи риши соњибаш (гуфтагї барин), дубора баргашт,
курсї бинишинад ва аммо камубеш мунаќќидон, ки аз навиштањояшон пандњо гирифтам ва нуктањои дурусти наќдашонро риоят кардаам, чунон дер аз хоб бедор шуданд, ки ба бедории ин дафтар боварам шуд; боварам шуд, ки ин сањафоти мушавваш бар хилофи интизори нависандааш лаёќати инро доштааст, ки њанўз пас аз 6-7 сол ќобили бањс бошад. Ман худ гумон мекардам, ки танњо бањсе аз масъалаи рўзе аст ва дастболо яке ду сол баъд мурда, аммо мебинед, ки дард њамчунон дар вуљудаш њаст ва беморї доираи сирояти худро рўз ба рўз меафзояд. Ин аст, ки бо њамаи њукмњо ва ќазоватњо ва бардоштњои шитобзадае, ки дорад, боз ба интишораш ризоият додам. Ва мебахшед, агар пас аз гузар аз ин њама вироиш ќалам њанўз њам густох аст ва њамчунон умедворам, ки њифз кунедаш аз нобудсозии ханносони рўзгор, ки ёрони шаётинанд. Боби сеюм ТАРЊИ ЯК БЕМОРЇ Ѓарбзадагї мегўем - њамчун вабозадагї ва агар ба мазоќ хушоянд нест, бигўем њамчун гармозадагї ё сармозадагї, аммо на дасти кам чизе аст дар њудуди офатзадагї; дидаед, ки гандумро чї тавр мепўсонанд, дар њоле ки аз дарун пўсти солим барљост, аммо фаќат пўст аст, айнан њамон пўсте, ки аз парвонае бар дарахте монда. Дар њар сурат сухан аз як ориза (беморї) аст, беморие, ки аз берун омада ва дар муњите омада барои бемории рушдкарда. Мушаххасоти ин дардро биљўем ва иллат ё иллатњояшро ва агар даст дод, роњи илољашро. Ин ѓарбзадагї ду сар дорад: яке Ѓарб ва дигаре мо, ки ѓарбзадаем. Мо, яъне гўшае аз Шарќ ва ба љои ин ду cар бигзорем - ду ќутб ё ду нињоят. Чун сухан дастикам (њадди аќќал), аз ду интињои як мизон аст, агар на, аз ду сари олам. Ба љои Ѓарб бигзорем дар њудуде тамоми Урупо ва Русияи Шўравї (-и собиќ) ва тамоми Амрикои Шимолї ё бигзорем мамолики мутараќќии рушдкарда ё мамолики санъатї (яъне саноатї), ё њамаи кишварњое, ки ќодиранд ба кўмаки мошин маводи хомро ба сурати печидатаре (мураккабтаре) дароваранд ва њамчун колое ба бозор арза кунанд ва ин маводи хом фаќат санги оњан нест ё нафт ё рўда ё панба ва канаф. Асотир њам њаст, усули аќоид њам њаст, мусиќї њам њаст, аволими улувї (олами боло) њам њаст. Ва ба љои мо, ки љузве аз ќутби дигарем, Осиё ва Африќо ё бигзорем мамолики аќибмонда, ё мамолики дар њоли рушд, ё мамолики ѓайрисанъатї, ё маљмўаи кишварњое, ки масрафкунандаи маснуоти ѓарбињо њастем, маснуоте, ки маводи хомашон - њамонњо, ки баршумурдам - аз
њед дид, ки ба њар сахтї ва душворї шуда бошад њам, гоњ ба гоњ аз куллиёте дар њамаи ин заминањо мадад хоњем гирифт. Танњо нуктае, ки метавон њамин љо овард, ин аст, ки ба ин тариќ Шарќ ва Ѓарб дар назари ман, дигар ду мавњуми љуѓурофиёї нест. Барои як урупої ё амрикої Ѓарб, яъне Урупо ва Амрико ва Шарќ, яъне Русияи Шўравї (собиќ) ва Чин ва мамолики шарќи Урупо. Аммо барои ман Ѓарб ва Шарќ на маънои сиёсї дорад ва на маънои љуѓрофиёї, балки ду мафњуми иќтисодї аст: Ѓарб, яъне мамолики сер ва Шарќ, яъне мамолики гурусна! Барои ман давлати Африќои Љанубї њам тикае аз Ѓарб аст, гарчи дар охири љануби Африќо аст ва аѓлаб мамолики Амрикои Лотин љузви Шарќанд, агарчи он тарафи кураи арзанд. Ба њар сурат дуруст аст, ки мушахассоти даќиќи як зилзиларо бояд аз зилзиласанљи донишгоњ пурсид, аммо беш аз ин, ки зилзиласанљ чизеро забт кунад, аспи дењќон, гарчи нонаљиб њам бошад, гурехтааст ва сар ба биёбони амн гузошта. Ва соњиби ин ќалам мехоњад дастикам бо шомиае тезтар аз саги чўпон ва диде дурбинтар аз калоѓе чизеро бубинад, ки дигарон ба айни ѓамз (бо чашмпўшї) аз он даргузаштаанд, ё дар арза карданаш суде барои дунё ва охирати хеш надидаанд. Пас, мамолики дасти аввалро бо ин мушаххасоти куллї ва дарњам таъриф мекунем: муздгирон, маргу мир андак, зинду зой кам, хадамоти иљтимої мураттаб, кафови маводи ѓизої (дастикам cе њазор калория дар рўз), даромади саронае беш аз се њазор туман дар сол (ин маблаѓњо ва дигар арќоме, ки баъдан хоњад омад, марбут ба 48 соли пеш аст), обу ранге демокрасї бо меросе аз инќилоби Фаронса. Мамолики дасти дуввумро бо ин мушаххасот (ба љамъ ва пахш кардани мураттаб): музди арзон, маргу мири фаровон, зинду зойи фаровонтар, хадамоти иљтимоии њиљ ё ба сурати адої, фаќри ѓазої (андаке болотар аз 1000 калория дар рўз), даромаде камтар аз 500 туман дар сол бехабар аз демокрасї бо меросе аз садри аввали истеъмор. Возењ аст, ки мо аз ин дастаи дуввумем, аз дастаи мамолики гурусна ва дастаи аввал њама мамолики серанд. Ба таъбири Хуза де Костро - муборизи сарсахт бо гуруснагї ва китоби "Љуѓрофиёи гуруснагї"-и ў мебинед, ки миёни ин ду нињоят на танњо фосилаест азим, балки, ба ќавли оќои Тюрманда, гудоле (умќе) аст, пур нашуданї, ки рўз ба рўз амиќтар ва кушодтар мегардад, ба тариќе, ки сарват ва фаќр, ќудрат ва нотавонї, илм ва љањл, ободонї ва вайронї, тамаддун ва тавањњуш (вањшоният) дар дунё ќутбї шудааст, яъне як ќутб дар ихтиёри серону сарватмандон ва муќтадирону созандагон ва содиркунандагону воридкунандагон. За-
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
ФАРИШТАИЧЕЊРАЊО СУЛЊ ДАР ФОРС
КАРИКАТУРА АЗ ЗАМОНИ ЗАБТИ ЭРОН АЗ СЎИ ШИРКАТЊОИ ХОРИЉЇ
рабони такомул дар он сўи олами болорафтагон ва набзи рукуд (аќибмондагї) дар ин сари олам, яъне рў ба фурў мурдан аст. Ихтилофе нест танњо ношї аз буъди замон ва макон, ё аз назари камияти санљиданї, як ихтилофи кайфї аст: ду ќутби мутабоъид (дур аз њам) ва дуригузин аз њам; дар он сўй оламе, ки дигар аз тањарруки худ ба вањшат афтодааст ва дар ин сў олами мо, ки њанўз маљрое барои рањбарии тањаррукњои парокандаи худ наёфта, ки ба њарзи об мераванд (яъне бар њадар мераванд). Ва њар як аз ин ду олам дар љињате пўяндаанд (иќтибосе буд аз китоби "Љањоне миёни тарс ва умед", асари Тюрманда, тарљумаи Халили Маликї, чопи Тењрон, 1339 (њ)). Бад-ин тариќ, дигар он замон гузаштааст, ки дунёро ба ду блок таќсим мекардем: ба ду блоки Шарќ ва Ѓарб, ё коммунист ва ѓайрикоммунист. Ва агарчи њанўз моддаи аввали ќонуни асосии аѓлаб њукуматњои љањон њамин њаррангкунї, яъне зоњирпарастии ќарни бистум аст, аммо найранге, ки Амрико ва Русияи Шўравї (ду сардамдори бешакку шубњаи он ду блок) дар ќазияи канали Суес ва Куба бо њам заданд, нишон дод, ки арбобони ду дењаи муљовир (њамсоя) бароњатї бо њам сари як миз менишинанд ва дар дунболаш ќарордоди манъи озмоишњои атомї ва дигар масъалањо. Ба ин сурат, дигар замони мо илова бар он, ки замонаи муќобилаи табаќоти фаќир ва ѓанї дар дохили марзњо нест бо замонаи инќилобњои миллї, замонаи муќобилаи мактабњои "измњо" ва идиолужињо њам нест. Зери љулли њар балвое ё табадуллоте, ё шўрише дар Замбия, ё Сурия, ё Уругвайро бояд дид, ки тавтиаи кадом кампанияи истеъморталаб ва довталаби пуштибони ў нуњуфтааст. Дигар љангњои мањаллии замонаи моро њам намешавад љанги аќоиди мухталиф номид, њатто ба зоњир. Имрўзњо њар бачаи мактабї натанњо зери љулли љанги дуввуми байналмилалї, тавсияталабии саноии механизаи тарафайн даъворо мебинад, балки њатто дар мољарои Куба ва Конго ва канали Суес ё Алљазоир низ ба тартиб даъвои шакар ва алмос ва нафтро менигарад. Ё дар хунрезии Ќибрис ва Замбия ва Ветнам ба даст овардани сари пулеро барои њафозати роњњои тиљорат, ки таъйинкунандаи дасти аввали сиёсати давлатњост! Замонаи мо дигар он замонае нест, ки дар Ѓарб мардумро аз коммунизм метарсонданд ва дар Шарќ аз буржуазия ва либерализм. Њоло дигар њатто шоњони мамолик дар зоњир метавонанд инќилобї
бошанд ва њарфњои бўдор бизананд ва Хрушёв (роњбари ваќти шўравї) метавонад аз Амрико гандум бихарад. Акнун њамаи он "измњо" ва идеолужињо роњњое ба арши аълои механизм ва мошинї шуданд. Љолибтарин воќеа дар ин замина инњирофе аст, ки ќутбнамои сиёсии чаправњо ва чапнамоњои саросари олам ба сўи Шарќи Дур пайдо карда ва дуруст навад дараља аз самти Маскав ба самти Пекин печидаанд. Чаро ки дигар Русии Шўравї "рањбари инќилоби љањонї" нест, балки бар сари мизи соњибони мушаки атомї аз њарифони дасти аввал аст. Ва миёни кохи Кремли Маскав ва Кохи Сафеди Вошингтон робитаи телеграфии мустаќим доир гаштааст. Ба аломати ин, ки дигар њатто ба васотати Инглис дар ин миён эњтиёље нест. Инро, ки хатари Русияи Шўравї кам шудааст, њатто зимомдорони мамлакати мо фањмидаанд. Чарогоње, ки Русияи Шўравї дар он мечарид, боќимондаи суфраи накбати љанги аввали байналмилалї буд. Њоло давраи исталинзудої аст ва радиои Маскав таъйидкунандаи референдуми шашуми бањман (инќилоби ислоњоти иљтимоии зоњирии шоњи Эрон дар соли 1341 (1963)) аз об даромадааст. Ба њар сурат мебинем, ки акнун чунин коммунист љои Русияи Шўравиро гирифта. Чаро ин тавр шуд? Зеро дуруст њамчун Русияи соли 1930 њамаи гуруснагони љањонро ба умеди дурустии бињишти фардо ба иттињод мехонд. Ва агар Русия дар он солњо саду анде милён љамъият дошт, Чин акнун њафтсаду панљоњ милён љамъият дорад (њоло беш аз як миллиард).
Дуруст аст, ки мо акнун низ ба ќавли Маркс ду дунё дорем дар њоли љидол, аммо ин ду дунё њудуде бас васеътар аз замони ўро ёфтааст ва он љидол мушаххасоти бас мураккабтаре аз љидоли коргар ва корфармо. Дунёи мо дунёи муќобилаи фуќаро ва сарватмандон аст ва он њам дар арсаи пањновари љањон. Рўзгори мо рўзгори ду дунёст: яке дар љињати сохтан ва пардохтан ва содир кардани мошин ва дигаре дар љињати масраф кардан, яъне истифода кардан ва фарсуда кардан ва ворид кардани он. Яке созанда ва дигаре масрафкунанда аст ва сањнаи ин љидол (!) бозори саросари дунё ва силоњњояш. Илова бар танк ва тўп ва бомбафкан ва мушакандоз, ки худ сохтањои он дунёи Ѓарб аст, ЮНЕСКО, Созмони Милал ва дигар муассисоти байналмилалї, ки зоњиран њамагонї ва дунёї мебошанд, аммо дар воќеи амр фанду фиреби ѓарбињост, ки дар либоси тоза ба истеъмори он дунёи дуввум биравад - ба Амрикои Љанубї, ба Осиё, ба Африќо ва ѓайра. Асоси ѓарбзадагии њамаи милали ѓайриѓарбї дар њамин љост. Бањс аз инкори мошин нест ё даст кашидан аз он. Чунонки тарафдорони донишманде бо номи Унви дар авоили ќарни 19 мелодї гумон мекарданд, њаргиз ин тавр нест. Дунёгир шудани мошин љабри таърих аст ва бањс дар тарзи бархурдњост бо мошин ва текнолужї. Бањс дар ин аст, ки мо милали дар њоли рушд - мардуми мамолики дастаи дуввум, ки дидем - созандаи мошин нестем, аммо ба љабри иќтисод ва сиёсат ва он муќобилаи дунёи фаќр ва сарват бояст масрафкунандагони "наљиб ва сарбароње бошем"
9
барои сохтањои санъати Ѓарб! Бо дасти боло таъмиркунандагоне бошем ќонеъ ва таслим ва арзонмузд барои он чї аз Ѓарб меояд! Ва танњо њамин яке мусталзими он аст, ки худро ба ангораи мошин дароварем ва њукуматњоямонро ва фарњангњоямонро ва зиндагии рўзонаамонро ва њама чизамон ба ќад ва ќомати мошин (бояд муносиб бошад). Агар он ки мошинро месозад, ба дунболи тањаввули тадриљии 200-300 сола кам-кам бо ин Худои љадид ва бињишту дўзахаш хў карда, Ќувайте, ки дирўз ба мошин даст ёфта, Конгое, ки бо мани Эронї чї мегўем? Ба чї зарурате мехоњем аз ин гудол (чоњ) - и таърихии 300 сол бипарем? Дигаронро рањо кунем ва ба худамон бипардозем. Њарфи аслии ин дафтар дар ин аст, ки мо натавонистаем шахсияти фарњангї - таърихии худамонро дар ќиболи мошин ва њуљуми љабриаш њифз кунем, балки музмањал (нобуд) шудаем. Њарф дар ин аст, ки мо натавонистаем мавќеияти санљида ва њисобшудае дар ќиболи ин њаюлои ќуруни љадид бигирем. Њарф дар ин аст, ки мо то ваќте моњият ва асоси фалсафаи тамаддуни Ѓарбро дарнаёфтаем ва танњо ба сурат ва зоњир ба Ѓарб таќлид меварзем (бо масраф кардани мошинњояш), дуруст њамчун он харем, ки дар пўсти шер рафт ва дидем, ки чї бар сараш омад. Агар он мошинро месозад, акнун худ фарёдаш баланд аст ва хафаќон (фишор)-ро њис мекунад, мо њатто аз ин ки њамчун бардаву ходими мошин даромадаем, нола, ки он тараф, њатто пуз њам медињем (яъне фахрфурўшї мекунем). Ба њар љињат, мо 200 сол аст, ки мисли зоѓ таќлиди кабк мекунем ва аз ин њама, ки баршумурдем, як хулоса бармеояд: мо то ваќте ки танњо масрафкунандаем, то ваќте ки худамон мошинро насохтаем, ѓарбзадаем. Ва аљобати кор ин аст, ки ваќте њам мошинро сохтем, худ мошинзада хоњем шуд! Дуруст њамчун Ѓарб, ки фарёдаш аз хунсардии текнолужї ва мошин ба осмон печида . Бигзарем аз ин, ки мо њатто урза (њиммат)-и онро надоштем, ки њамчун Япония бошем, ки сад сол пеш ба шинохти мошин даст зад ва чун дар мошинзадагї бо Ѓарб даъвои раќобат кард ва тазорњоро кўбид (дар соли 1905) ва Амрикоро дар 1941 ва пеш аз он низ бозорашонро аз дасташон гирифт, оќибат бо бомби атомї чунон кўбиданаш, ки бидонад аз паси харбуза хўрдан чї ларзае пеш меояд. Ва акнун низ ки "милали озоди" ѓарбї гўшае аз хуни яѓмои бозорњои дунёро рўи матоъњояш густурдаанд, ба ин далел аст, ки дар тамоми саноии Япония сармоягузорї кардаанд ва низ ба ин ќасд аст, ки љуброн карда бошанд махориљи низомии њафозати он љазирањоро, ки мардумашон аз паси љанги љањонии дуввум сари аќл омадаанд. Дар мавриди таслињот ва ќушун ва дастабандињои низомї аз беху бунёд (нодон) шудаанд ва шояд низ ба ин иллат, ки фарди содаи амрикої мехоњад љуброн карда бошад он нороњатии виљдонро, ки мўљиби љунуни халабони он њавопаймои љањаннамї шуд , ки достони "Од ва Самуд"-ро, ки Хиросима ва Нагасаки таљдид кард. (Идома дорад) Баргардони Мирзо ШУКУРЗОДА
ДАР БОРАИ БАРГАРДОНАНДА Мирзо Шукурзода, адиб, пажуњишгар ва рўзноманигори маъруфи тољик. Аввалин маљмуъаи очеркњояш соли 1986 бо номи "Ситорањои рахшанда" ва нахустин ќиссаи мустанад ва њикояњояш бо номи "Теѓи љонбахш" соли 1989 чоп шудааст. Муддати дањ сол (1992-2002) дар Љумњурии Исломии Эрон маъмурияти фарњангї доштааст. Дар ин муддат дар Душанбе ва Тењрон 14 китоб таълиф, тањия ва тадвин намуд, ки муњимтаринашон инњоянд: "Тољик, тољдор, тољвар", "Тољикисон дар масири таърих", ки се бор бо тањриру иловањо ва ихтисорот дар Тењрон, Душанбе ва Пешовар чоп шудааст, "Куњкане аз користони дил", "Наводири Зиёия", "Тољикон, ориёињо ва фалоти Эрон", "Парниёну њариру абрешим", "Тољикон дар ќаламрави Ориёно". Китобњои "Љонпайванд" (маљмуаи маќолањои
илмї ва публисистї), "Кимёгари дурри дарї" (рисолаи илмї"), "Себи Самарќанд" (гулчини њазор рўбої аз фолклори тољик), "Њамосаи родмардони Хуросон" (ќиссаи мустанад) низ мутааллиќ ба ўянд. Дањњо маќолањои илмиву пажуњишї ва китобњоро аз њуруфи форсї ба срилик баргардон кардааст, ки "Ќуръон ва табиат" (рисолаи доктор Беозори Шерозї) ва "Ѓарбзадагї" (рисолаи доктор Љалол Оли Ањмад) аз ин љумлаанд. Дар Тењрон бо талоши ў маљмуаи шеърњои устодони назми тољик Лоиќ Шералї бо номи "Руњи Рахш" ва Гулрухсор бо номи ""Ашки тўфон" бо њуруфи ниёкон чоп шудааст. Бо анљоми чанд сафар ба Афѓонистон ва њамнишинї бо Бурњониддин Рабонї ва Ањмадшоњи Масъуд ќиссаи "Размоварони Њундукуш"-ро рўйи чоп овардааст, ки аз роњи пуршарафти муборизони истиќлолияти Афѓонистон ва љонбозињои онњо ривоят мекунад. Мирзо Шукурзода соли 2007 барои маљмуаи "Љонпайванд" љоизаи адабии ба номи устод Айнїро дарёфт кардааст. Аълочии Фарњанг ва Корманди шоистаи Тољикистон аст.
10
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
Љанги Русия дар Сурия идома дорад, њамон гуна, ки дањ сол Иттињоди Шўравї ба хотири њифзи манфиатњои худ дар Афѓонистон љангид. Аммо он замон Кремл љуръати онро пайдо кард, ки неруи заминї ворид созад. Русияи имрўз дар Сурия як љанги хеле хатарноки њавоиро роњандозї кардааст. Љанге, ки харобињои бештар ва талофоти љонии зиёдтар ба дунбол дорад. Дар атрофи ин љанг то имрўз зиёд навиштанду гуфтанд, дар бораи зарар ва фоидањои он барои Русия низ. Вале нуктае, ки хеле љолиб аст ва имрўз бояд гуфта шавад, ин шеваи љанг дар Сурия аст. Њар љанги як аљнабї дар кишвари дигар илова ба он ки дарбаргирандаи њадафњои тавсеъаталабї дорад, боз озмоиши силоњу муњимоти љангї низ њаст. Замоне Амрико ин гуна силоњњояшро дар љанги Ветнам озомоиш кард, Шўравї дар љанги Афѓонистон. Ва њоло њам ИМА дар Афѓонистону Ироќ ва Русия ин корро дар Сурия анљом медињад. То имрўз аз парвози навтарину модернтарин тайёрањои љангандаи русї иттилоъ дода мешуд, ки бо бомбњои пуриќтидор ва мушкњои гуногун муљањњазанд. Давид Блер аз нашрияи "Телеграф"и Британия Кабир бар ин назар аст, ки Русия бо ин амал ќудрати низомии худро ба намоиш мегузорад ва њамзамон бо ин Ѓарбро њушдор медињад. Ин тањлилгар мегўяд то рўзи сешганбеи гузашта Амрико ва Британияи Кабир ду кишваре буданд, ки тавони аз киштињои зериобї зарбаи мушакї задан ба њадафњоро доштанд. Вале акнун ба ин Русия пайваст. Ин кишвар аз киштии зериобии "Варшавянка" мушакњои болдореро партов кард ва ин баёнгари он аст, ки акнун Путин Сурияро барои нишон додани ќудрати низомии кишвараш истифода мебарад. "Дар фазои Сурия њавопаймоњое дар њоли парвозанд, ки аз ин пештар дар ягон љанг истифода нашудаанд. Аз замин бењтарин танкњои русї мељанганд ва боз ин ки болои сари мухолифони Асад мушакњои болдор дар парвозанд,- менависад Блер ва идома медињад:- Вале њадафи љаноби Путин он аст, ки таваљљуњи Амрико ва муттањидонаш аз НАТО-ро ба натиљаи харљи зиёд ва афзудани буљаи низомии ин кишвар аз Тибќи иттилои ахиран расонаишуда, дар олам теъдоди журналистони зиндонї коњиш ёфтааст, вале њоло њам баъзе кишварњо ба хотири фишор барои интиќод аз ин восита истифода мебаранд. Дар ин бора гузориши Кумитаи њифзи журналистон њикоят мекунад. Бино ба навиштаи манбаъ, аз њама бештар дар Чин, Туркия ва Миср журналистони зиндонї зиёданд. Маълум шудааст, ки соли 2015 дар олам 199 журналист барои фаъолияти касбї зиндон шудаанд. Эрон, Ветнам ва Эфиопия ба зумраи он кишварњое шомил шудаанд, ки дар онњо теъдоди журналистони зиндонї коњиш ёфтаанд. Як чањорум аз журналистони зиндонї дар Чинанд ва ин кишвар зарфи ду соли охир бештар аз дигарон даст ба њабси рўзноманигорон задааст. Њоло дар зиндонњои ин кишвар 49 журналист барои фаъолиятњои касбї бо њар бањона паси панљара мебошанд. Дар њисобот гуфта мешавад, ки баъди он ки Ван Сяолу, гузоришгари маљаллаи чинии "Кайтзин" дар бораи дуздии маќомот дар бозор навишт, ўро боздошт карданд. Ба ин журналист гуноњи сохтаву бофтаи тиљорат бо коѓазњои ќимматнокро бор карданд. Баъдан вай аз тариќи телевизиони давлатї суханронї кард ва аз навиштаи худ изњори пушаймонї намуд ва хостори нармдилї дар парвандааш шуд. Ин дар њолест, ки њоло маълум набуд бар зидди ў парванда оѓоз шудааст ё не. Дар њисобот бо овардани ин ва чанд мисоли дигар гуфта мешавад, ки њукуматдорони Чин баромад ва изњори пушаймонињо аз тариќи телевизиони давлатиро чун омили фишор ба озодии баён истифода мебаранд. Дар Эрон теъдоди журналистони зиндонї аз 30 нафари соли гузашта то 19 нафар ко-
ЉАЊОН
ЌУДРАТНАМОИИ РУСИЯ ДАР СУРИЯ соли 2005 љалб намояд". Яъне, њадаф он аст, ки Вашингтон ва муттањидонаш бидонанд, ки Путин бењуда харљи низомиро наафзудааст, балки ба ивази он имрўз кореро созмон медињад, ки дањ сол пеш наметавонист анљом дињад. Ба навиштаи ин муаллиф ИМА муддати ин 20 соли охир мушакњои "Томагавк"-ро аз киштии зериобии "Лос-Анљелес" партов мекарданд, британиёињо барои ин кор киштии "Трафалгар"-ро истифода мебурданд. Ќарор аст Фаронса соли 2017 баъди он ки киштии зериобии "Барракуда"и он сохта мешавад, имкони аз зери об партов кардани мушакњои болдорро пайдо мекунад ва њоло Чин њам дар садади анљоми њамин гуна таљриба аст. "Аммо ба назар мерасад Русия пештар даст ба ин иќдом зад, мушакњои он аз зери об ба фазои Сурия парвоз меку-
нанд ва дар ќисматњои гуногуни он сарозер ва ба њадаф исобат мекунанд" мегўяд Блер. Ин муаллиф суханони вазири мудофеаи Русия Сергей Шойгуро наќли ќавл мекунад, ки гуфтааст: "Дар натиља њам њавопаймоњо ва њам флоти зериобї амалиётњои муваффаќиятомезро роњандозї карданд ва ба њадаф расиданд". Бен Барри - корманди аршади илмии Пажуњишгоњи байналмилалии тањќиќоти стратегї гуфтааст, ки дар айни замон муњим нест тањлил кард, ки ин љангњо ва ин мушакпартоињо аз об барои Маскав чї масрафот дорад: "Агар ман афсари ситоди Русия мебудам ба ин савол посух медодам, ки ин натиљаи боздорандагї дорад ва НАТО-ро водор мекунад, ки бияндешад". Бен Баари њамчунин бар ин назар аст, ки ин намоиши ќудрат аст. Агар ру-
сњо мехоњанд НАТО-ро нигоњ доранд, пас ин намоиш асар хоњад дошт. Онњо њоло нишон доданд, ки метавонанд мушакњои болдорро аз киштињои зериобї низ чун аз киштињои рўйиобї партов кунанд. аз сўйи дигар дар њамин шабу рўз, ки сокинони Русия аз буњрон нигаронињо доранд, амалкарди Путин ба он маъност, ки таваљљуњ ба буљаи низомї ин гуна комёбии бузург дар арсаи байналмилалї дорад. Аз 30-уми сентябри соли равон, ки Русия вориди љанги Сурия шуд, неруњои њавоии ин кишвар соњиби 46 љангандаи нави Су-34 шуданд ва ин комилан як њавопаймои насли нав аст, хеле муљањњаз ва пешрафта. Ширкати онњо дар амалиётњои љангии Сурия тањлилгаронро водор мекунад сари самароварии онњо бияндешанд ва арзёбї кунанд, ки то куљо ин тайёрањо дар амалиёти љангї муфиданд ва чи нуќсу чї мушкил доранд. Аз сўйи дигар, тавре аз хабарњо пайдост, Русия тонкњои навъи Т-90-ро ба Сурия эъзом кардааст ва ин тонкњо хеле пешрафтатаранд. Онњо бо маљмаъаи оптикиву электронии "Штора" муљањњазанд, ќодиранд механизми њаракати њар мушакро вайрон кунанд. Ва ин системаи навро њам Русия бори аввал дар майдони љанг таљриба мекунад. Ба маънии дигар вориди амал ќарор додани тонке, ки њоло аслан таљриба нашудааст, ба маънои он аст, ки русњо ќасд доранд то кадом њам коршоям будани тавлидоти нави худро санљанд. Дар фазои Сурия танњо Су-34 парвоз намекунад, балки бо истифода аз имкон Русия тайёраи бомбафкани Ту160-ро њам эъзом кардааст. Ту-160-ро русњо љавобан ба њавопаймои амрикоии Rockwell B1 Lancer сохтаанд. Он имкон дорад њатто бомбњои атомиро ба њар нуќта, ки зарур бошад, интиќол ва партов кунад. Давид Блер мегўяд дар айни замон зарурати истифодаи он зидди мухолифони Башор Асад нест, чун онњо на мушаке доранд, ки зидди он истифода кунанд ва на хавферо доранд, ки бояд бо бомби њастаї нобуд карда шаванд. Вале њадафи аслї њамоно намоиши ќудрати низомї аст. Бобољони ШАФЕЪ
ЗИНДОНИЁНИ СУХАН 199 ЌАЛАМКАШ ДАР МАЊБАСАНД
њиш ёфтааст. Аммо дар њисобот гуфта мешавад, ки њоло њам вазъ ба гунаест, ки баъзе ќаламкашонро рањо мекунанд ва баъдан касони дигарро бо љурмњои сохта паси панљара менишонанд. Тибќи итттилои ин гузориш, соли гузашта 55 дарсад журналистони мањкумшуда ба љурми фаъолиятњои зиддидавлатї роњии зиндон шудаанд. Дар 25 дарсади ин мавридњо журналистон аввал гузоришњои худро тањия кардаанд ва баъдан онњоро бо гуноњњои сохта аз ќабили нигањдории маводи мухад-
дир ё силоњ, истифодаи зўроварї ва ё сарфи бењудаву ѓайриќонуни пулњо боздошт ва зиндонї кардаанд. Аз соли 1990, ки ин гуна тањќиќот роњандозї мешавад, ин бори дуюм аст, ки дар кишварњои ќитъаи Амрико ягон журналист барои фаъолиятњои касбии худ гирифтори зиндон нашудааст. Дар ќитъаи Африќо бошад, Эритерия дар њабси журналистон пешгом аст. Ва ин кишварро наќзкунандаи њуќуќи журналистон дар љањон эълон кардаанд. Аз миёни њамаи журналистоне, ки соли
2015 зиндонї шудаанд, 109 рўзноманигор кормандони расонањои электронї будаанд ва 83 нафари онњо дар нашрияњои чопї кор мекарданд. Теъдоди журналистони зиндонї дар Бангландеш, Гамбия, Њинд ва Арабистони Саудї, Чин, Туркия ва Миср дар ќиёс ба як соли пеш афзудааст. Дар њисобот гуфта мешавад, ки ба фењристи кишварњое, ки соли љорї рўзноманигор њабс кардаанд, Туркманистон ва Аморати Муттањидаи Араб њамроњ шудаанд. Ин созмон теъдоди зиндониён дар баъзе аз кишварњоро мушаххасан овардааст. Илова ба Чин ва Эрон, ки зикрашон дар боло рафт, боз дар Миср - 23 нафар, дар Туркия 14 нафар ва Эритерия 17 рўзноманигор дар мањбас аст. Аз миёни њамаи кишварњои пасошўравї аз њама бештар дар Озарбойљон (8 нафар) рўзноманигорон дар зиндонанд. Ва яке аз онњо Хадиља Исмоилова мебошад, ки барои пажуњиши хабарнигории худ дар мавриди фасод дар хонаводаи президент Илњом Алиев паси панљара рафтааст. Дар Русия, Ќирѓизистон ва Туркманистон якнафарї журналистон дар зиндон ба сар мебаранд. Тањияи Фирўзи Муњаммад
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
ТАБЛИЃ
11
Њамаи мо аз замони таваллуд ба умеди њимояи моддаи беназири глутатион ќарор дорем. Ин антиоксидант таркибњои зиёди барои бадани инсон фоидаовар дорад. Глутатион моро аз пиршавии бармањал, беморињои дил ва рагњо, саратон, заволи аќл, аутизм ва касалињои дигари мудњиш наљот медињад.
Таснифи модда Глутатион - ин як моддаи зарурї ва ивазнашаванда ба чизи дигар аст, ки бидуни он биллионњо (аз рўи системаи њисоби русї, фаронсавї ва амрикої ба њазор миллион, аз рўи системаи њисоби олмонї ва инглисй ба њазор миллиард баробар аст) њуљайрањои бадани моро таљзияи стресси оксидкунанда ва рушди радикалњои зиёд дар организм тањдид мекунад. Ин антиоксиданти ќавинерўест ва унсури асосии се системаи калидии бадани инсон аст. Глутатион ба њадде фаъол аст, ки онро вазири антиоксидантњо меноманд. Њуљайрањо эњтиёљ ба глутатион барои њимоя аз инфексияњои имконпазир, токсинњо (моддањои зањрдор, ки аз микроорганизмњо, инчунин аз њайвонот ва рустанињо пайдо шуда, боиси беморињо
ГЛУТАТИОН АЗ ШИРКАТИ QNET мешаванд), њамчунин стрессњои оксидкунанда дорад. Он сабаби тањрик мешавад ва рушдро таљдид мекунад. Камбуди глутатион дар бадан метавонад ба шакли сармохўрдагї ва ё вокунишњои аллергї зоњир шавда. Вале бо ин мушкил ба охир намерасад. Мушкилоти зиёди бузургтар ва беморињои бештар аз ин мањз њангоми дар сатњи поён ќарор доштани он дар бадан ба вуљуд меоянд. Аввалин зарари глутатион аз 12 дарсад то 8 дарсад баъди 20-солагї ба вуљуд меояд ва пас аз 30-солагї зарур меояд сатњи он нигоњ дошта шавад.
Истеъмоли глутатион Глутатиони сунъиро наметавон вориди њуљайрањо кард, вай пеш аз он ки ба
Он рўз - 13 ноябри соли равон барои ширкати QNET рўзи хуше буд. Њолдинги QI Group, ки як ќисми бузурги таркибии он мебошад, бори дигар соњиби љоизаи "Бењтарин корфармои Осиё" шуд. Фењристи соњибљоизањо дар маросиме, ки дар мењмонхонаи Intercontinental воќеъ дар шањри Куала-Лумпура (Малайзия) эълон гардид. Љоизањоро ба ѓолибони соли 2015 љонишини вазири илм, технология ва инноватсияи Малайзия Абубакр Муњаммад Диaњ супурд. Њолдинги QI Group -ро роњбари хадамоти кадрии он Кристофер Уотсон, ки барои пирўзии ширкат талошњои фаровон анљом додааст, намояндагї кард. Тибќи ќонуни љоиза барои ширкат дар озмун корхонањо ва ширкатњое даъват ва роњ дода шуданд, ки на камтар аз як сол кор карданд ва дар штати худ на камтар аз 100 корманд доранд. Дар чорабинии нињоии "Best Companies to Work for in Asia" намояндагони 220 ширкат, муддаиёни унвони ѓолиб иштирок намуданд. Маълуму машњуртарин тавлидкунандагони минтаќавї, њамчунин брендњои калонтарини олам комёбињо ва дастовардњои худро дар самти HR намоиш доданд. Соли
онњо ворид шавад, вайрон мегардад. Ин албатта, аз љумлаи мушкилот аст, вале роњи њал дорад. Ин тањрики синтез дар бадан бо ёрии EDG3 аст. Он равандњои лозимро дар бар мегирад ва баданро бо њама унсурњои лозим, ки глутатионро тавонад тавлид кунад, таъмин месозад. Доруро метавон ба нўшоки илова кард ва онро њар рўз истеъмол намуд. Натиља хеле ба зудї эњсос мешавад. Глутатионе, ки дар EDG3 вуљуд дорад, њимояи боэътимод дар бадан хоњад буд. Вай имкон дорад хуруљи њама гуна беморињои мудњишро дар инсон боз ба муддати дањ соли дигари синну соли биологї аќиб занад.
Љоизаи "Бењтарин корфармои Осиё" ба QI Group аз ширкати QNET 2015 QI Group ба рўйхати ѓолибон якљо бо ширкатњои машњуре чун BASF, Coca-Cola ва Starbucks Coffee Company дохил гардид. Љоизаи "Бењтарин корфармои Осиё"-ро њакамоне, ки ба њайати он коршиносони мустаќил, олимон, аъзои њукумат, журналистони машњур шомиланд, эъто намуд. Ѓолиб аз тариќи равиши онлайни љиддан коркардшудаву санљидашуда муайян карда мешавад. Овоздињї пинњонї, ки ному насаби њељ кадоме барои аъзои њакамон маълум нест, гузаронида мешавад. Аз њамаи ширкатњо гуруњи кормандон иборат аз њудуди 20 нафар мавриди омўзиш ќарор мегиранд. Мушорикати кормандон бо технологияи EIS (Employee Input Survey) арзёбї мешавад, имтиёз барои љойњои кор ва њамкорињои кормандон тибќи системаи Workplace and Employee Engagement Survey (WEES) амалї карда мешавад.
Аз љониби QI Group гуруње иборат аз 45 нафар кормандони ширкат карданд ва тестњо натиљањои олиљаноб
доданд ва њолдинг соњиби муљассамаи дуюми пирўзї дар "Best Companies to Work for in Asia" шуд.
12
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
БО ШОИР Гарчи рафта ваќти бисёр аз замону даври ў, Номи ў бошад њаме дар дидаю дилњои мо. Тољикем, ин сарфарозї бошад аз бахти накў, Номи неки Рўдакї бошад сари болои мо.
ИФТИХОР Аз Самангонем, Бухоро ё Тахор, Насли мо як решаю мо як табор. Тољику афѓону эронї, чаро! Як диёру як ватан бошад маро. Тољикию форсию њам дарї, Бањри ман бошад забони модарї. Мо нишоне аз билоди Ориён, Аз Хуросони куњан њамчун нишон. Дини мо пайванди як пайѓамбар аст, Ќиблаи мо љои њаљљи акбар аст. Ифтихори мо бувад Мавлои Рум, Ибни Синою њама ањли улум. Рўдакию Њофизу Иќболи мо, Менавиштанд ќисмату ањволи мо. Ќисмати мо мисрањои Бедил аст, Турбати мо њам сиришти як гил аст. Менамоем з-ин њама мо ифтихор, Чунки њастем зодагони як диёр. Аз њасад чашмони душман кўр бод, Сарзамини Ориён пурнур бод. Кўр гардад чашми бадхоњу њасуд, Хонаи душман бигардад пур зи дуд.
ШОЊИ ХУБОН Эњдо ба шоираи эронзамин Марями Замондон Дар хати абрўи моњат хуфта сад асрори ту, Шаккарину пурмаъонї -лањни хушгуфтори ту. Марямо, ин ќадди мавзун - рашки сарви Исфањон, Ман сано гўям ба он суратгару меъмори ту. Килки эљодат њаме андар дабистони хирад,
Афсар САРМАД ПАРЧАМИ ИСТИЌЛОЛ Аз Хуљанди Бостон то ќуллаи боми љањон Медурахшад парчами зебои тољик парфишон. Чун нишони љовидони якдилию хуррамї Медурахшад шўълаафшон дар диёри тољикон. Мехўрад алвонљ аз шаббодаи дарёву бод, Медурахшад партавафшон рўњи моро карда шод. Рангњои љовидонаш дода бар дилњо умед, Медињад бар мо њидоят бањри фардо шодбод. Ранги сурхаш чун нисори љон барои иттињод, Бахту иќболу саодат, покномї аз сафед. То ки бошад сабзу хуррам ин диёри тољикон, Медурахшад ранги сабз аз партави нури умед. То ки бошад иќтидори кишвари ман љовидон, Кишвари зебою хуррам, сарзамини тољикон. Љилвааш аз боди озодї ба дил орад фарањ, Номи тољикро намуда машњури рўи љањон.
ШУКРОНАИ ВАТАН Бипарњезам аз он шахсе, ки доим мову ман дорад, Куљо ноњаќсириште рў ба сўи марѓазан дорад. Ба дунё одамї доим ба фикри молу сарват буд, Вале њангоми мурдан дар танаш танњо кафан дорад. Кунам шукронаи зебо Ватан, ин Тољикистонам, Вагарна бин чи ањволе, ки њар як беватан дорад. Зи алфози ширин аз лонааш берун шавад море, Бубин он ќудрати воло, ки бо сењраш сухан дорад. Ба молу сарвати дунё мабандад дил каси оќил, Ва он марде, ки доим хуни мардї дар бадан дорад. Ба фасли тирамањ чун барги гул пажмурда мегардад, Бањорон бас аљаб гулбуттањо боѓу чаман дорад. Суханпардозињо то кай бипурсанд аз мани мискин, Бигўям то даме як ќатра хун рагњои тан дорад. Сарафрозї чаро Афсар бипурсандї маро њар гањ, Сарам боло, на њар кас як чунин зебо Ватан дорад.
БОЃИ РЎДАКЇ Душманаш аз нотавонї Рўдакиро кўр кард, Нил бар чашмаш кашида, зинда андар гўр кард. Кўр карданд арчї чашмаш бенавоёни хирад, Шеъру абёти худаш бо сад наво ў љўр кард. Гарчи душман нисбати ў кинаю бедод кард, Сарзамину хонадонашро њаме барбод кард, Лек шеъру шоирї аз дасти зулм эмин бимонд, Рўдакию шеъри ўро халќи тољик ёд кард. Пайкараш афрохта дар маркази майдони шањр, Гўиё рўњаш биомад андар ин айвону дањр. Миллати тољик Боѓи Рўдакї дорад кунун, Меравад овозаи он бар њама хушкию бањр. Бўи љўи Мўлиёнаш бар Ватан, оварда Шоњ, Шўњрату овозаи ў рўи дунёро гирифт. Сар накард ў хам ба назди душманони нобакор, Гарчи душман мулки Дорою Бухороро гирифт.
Менависад дафтари шеъри тару афкори ту. Маънии шеъри дарию форсию тољикї, Ин њама мењри Аљам бинњуфта дар пиндори ту. Шеъри нобат инъикоси вожањои зиндагї, Дар гулистони адаб зебад гули бехори ту. Љидду љањдам ин бувад дар сангари неку бадї, Мањбаси доим бисозам бо ѓаму темори ту. Дар кафам дурдонањои ашки Марям, аз Худо Ман бихоњам равнаќу ављу барори кори ту. То ки дар ин дилсаро бошї шукуфон умрбод, Боѓбонї мекунам дар боѓу дар гулзори ту. Бар ту бахшидам ѓазал ман аз нигористони дил, Њамчу як гулбуттае бар гулшани бехори ту. Ин суханњои накў гуфтам ба ту аз шавќи дил, Тарсам аз он ки наояд ќањру рашки ёри ту. Гар бихоњад бар дили ту рахна созад нокасе, Афсарам, бал посбонам бар дару девори ту. Баски Марям баргузида як замон Яздони пок, Сарнагун бодо њамеша душмани беори ту. Шоирам, ман Сармади шўридаю овораам, Шоњи хубонї туву ман шоири дарбори ту.
БА ТУРКИ ШЕРОЗЇ Турки шерозї, сарам бинњода дар оѓўши ту, Хонам аз афсонањои зиндагї дар гўши ту. Њарфи зебои нињон андар алифбои дилат, Хонам аз лаъли лабони ѓунчаи хомўши ту, Њар замон ќомат хамида пеши ту сарви сињї, Рашкаш ояд бар ќади мавзуни симинпўши ту. Гарчи њосил коми дил бар њазрати Њофиз нашуд, Бо ду сар ќанде, ба даст орам дили пурљўши ту. Холи њиндуят ба зебої дили моро рабуд, Меситонам коми дил ман аз лабони нўши ту. Хонда Сармад ин ѓазалро бањри ту аз шавќи дил, Дур намоям санги бори зиндагї аз дўши ту.
ЛАРЗАИ ЗАМИН Бар нокасию бешарафї нафрати афзун Ин олами ѓам холї на аз фитнаю кин аст. Дурї бикунам з-ин њама ноодамињо, лек Сармад чи кунам решаи бунёди ман ин аст Ин неку бадї дода баробар ба ману ту Аз рўзи азал ќисмати пешонї њамин аст. Аз моли љањон пур нашавад чашми сари мо, Доим паси сар нафси њароме ба камин аст. Бин мењру вафо рафта кунун аз дили мардум, З-ин фитнаю кин ларза ба андоми замин аст
ДАР ЊАСРАТИ ДИДОР Бар хотири он хона, ки паймона шикастам, Паймона ман аз хотири он хона шикастам. Аз хона бурун рафтаму бар хона нишастам, Паймонаи май дар дари майхона шикастам Дар ёди руху хонаи ту ман шабу рўзам, Парвонасифат пар ба рухи шўъла бисўзам. Парсўхта парвонаи бар гирди чароѓам, Боре нанамудї ту рухатро ба суроѓам. Дар њасрати он хона њаме дар ѓаму оњам, Равшан бинамо сўи њарам риштаи роњам. То сўи њарам ояму дидор бубинам, Дидору љамолу рухи он ёр бубинам.
Ман бори дигар љониби он хона бикўшам, То холї кунам ин њама дунёї зи дўшам. Бар даргањат эй дўст, ин аст арзу ниёзам, Бо тозагї ман зиндагї аз нав бисозам.
ХОЊАД МОНД Баъди сари мову ту љањон хоњад монд, Хуршеду замину осмон хоњад монд. Эй дўст њар он амал ки дорї ба љањон, Њар неку бадї зи ман нишон хоњад монд. Њар он чи кунї амал дар ин дањри дудар, Дорї чи амал зи ту њамон хоњад монд. Гарчанд кушодаам њама уќдаи дил, Сирри дили ман њама нињон хоњад монд. Эй дўст равонаем аз ин дањри фано, Дарё ки равона њаст равон хоњад монд. Љисми ману ту бигашта њамсон ба хок, Дар зери ќудуми нокасон хоњад монд. Бар одамият дар ин љањон кину њасуд, Њам фитнаи байни мардумон хоњад монд. Рўњи ману ту бирафта бар сўи само, Њамроњи сипењру ахтарон хоњад монд. Бар мансабу молу зиндагї мењр мабанд, Молу зари ту ба мардумон хоњад монд. Ин кинаю њасрату хусумат доим, Чун зањри дили нохалафон хоњад монд.
БА ЗАН - МОДАР Туї, эй зан, эй китоби зиндагонї, Китоби рангаи пур аз маонї. Ту њастї ибтидои насли одам, Чу як сарчашмае дар рўи олам. Ба ќалби мо ту чун нуру сахої, Ту чун сарчашмаи мењру вафої. Сиришти мо бувад пайвастаи ту, Ба љисми мењрубони хастаи ту. Барои ту њама бошем љигарбанд, Чу модарро њама њастем фарзанд. Ту монанди сутуни осмонї, Баподорандаи њар хонадонї. Туї модар, туї хоњар, туї зан, Чароѓи хонадону мањфили ман. Ту чун гањвораљунбони заминї, Њаёти насли одамро аминї. Туї модар, туї хоњар, ту эй зан, Барои ман њамеша бењтаринї. Ту њастї чун китоби пурмаонї Чароѓи равшани њар хонадонї Аё модар аё эй мазњари ишќ Њамеша бањри мо љовид бимонї.
АСРОРИ ЗИНДАГЇ Сано гўям касеро, ки дили оинасон дорад, Агарчи зиллате аз нокасони баддањон дорад. Мабин оинаро њаргиз бар ин покизарўињо, Чи асрореву, рамзу розњое дар нињон дорад. Шикорї рўзи маргаш пеши сайёди аљал њељ аст, Агарчї дар бараш ў доимо тиру камон дорад. Шуури одамият дода бар мо маснади воло, Вагарна мўрча њам андар бадан мисли ту љон дорад. Зи молу сарвати олам нагардад чашми одам сер, Шикампарварда доим дар сари худ фикри нон дорад. Чи парвое аз ин моли љањон бар чашми сери ман, Дилам аз ѓурбати дунёи фонї бас фиѓон дорад. Суханчину хабаркашро бувад ин одати доим, Ки саг аз хољааш доим умеди устухон дорад. Чаро ин нокасон чун пода дар олам парешонанд, Ки њар як подае андар сари худ подабон дорад. Чаро ѓам мехурї Сармад ту аз ин фитнаи дунё, Бирав њар нокасеро бин чи парвои љањон дорад.
РОЊИ НЕКЇ ЉУСТААМ Чини рўям наќшаи носозњои зиндагї, Шуд сафед ин мўи сар аз розњои зиндагї. Њар куљо рафтам бидидам нокасу маккорае, Њам ѓарибу нотавону бекасу бечорае. З-ин њама ман хуни дил хўрдам ба роњи зиндагї, Гарчи њастам худ њамеша дар паноњи зиндагї. Хуни дил хўрдам ба марди рўи рањ афтодае, Сўхтам аз нокасињои каси бадзодае. Нола кардам дар фироќи дидани рўи падар, Њам ба ёди модари рањинтизору чашми тар. Сўхтам, њам сохтам, њам хоку хокистар шудам, З-ин њама носозињо бемори дарди сар шудам. Зиндагї чун сањнаи кохи њунар будасту бас, Ин њама дилсўзињо моро барад сўи абас. Ѓам махур Афсар, аз ин сўзу ѓами дунёи дун, Оњи њасрат каш, њама дарду ѓамат ояд бурун. Аз сафедињои мўи сар кунун донистаам, К-андарин олам њамеша роњи некї љустаам.
ИШЌИ ЗИНДАГЇ Њастиам, кулли вуљудам, њар ќудумам ошиќ аст, Мисраи шеърам давоми мисрањои Лоиќ аст. Ошиќам бар ќудрату бар маснади он Ломакон, Чунки ў бахшида моро љисму љон дар ин љањон. Ошиќам бар шеъри Њофиз дар забони модарї, Њам ба шевою равонияш ба фарњанги дарї. Ошиќам бар духтари зебои кокулдори дењ, Чунки гаштам ман калон андар бари кўњсори дењ. Ошиќам бар сабзаи наврустаи фасли бањор, Баъди сардињо дињад љони маро рўњу мадор. Ошиќам бар шўълањои љонфишони офтоб, Љисми ман дар зери анвораш биёбад обу тоб. Ошиќам бар ин њама зебогињои зиндагї, Ошиќе њастам ба роњи бебањои зиндагї.
ВОКУНИШ Сарлавњаи маќолаи Умари Тоњир "Китоби тарсї", ки 4-уми ноябри соли равон дар њафтаномаи "Нигоњ" чоп шудааст, бо ифодаи он ки гўё "ибораи нав" аст, моро ба шубња овард. Дарњол ба љустуљўйи он афтодем. Дар "Фарњанги забони тољикї" вожаи "тарсї" пайдо нашуд. Дар он танњо калимањои "тарсгин", "тарсгор", "тарсеъ", "тарсо", "тарсу" ва амсоли инњо шарњу маънидод шудаанду халос. Яъне Умари Тоњир (афсўс, ки љойи кор ва вазифаашро, гўё ки дар љумњурї ўро њама мешиносанд, нанавиштааст, њарчанд ки он муњим нест) вожаи нав - "тарсї"-ро ихтироъ кардааст. Агар њазор каси ба ў монанд њамин хел вожаи нав ихтироъ намоянд ва мардуми тољик онњоро бупазиранд, онгоњ, бешубња, фонди луѓавии забони тољикї боз њам бойтар хоњад шуд. Аммо чизи дигар касро мутањайир месозад. Шояд решаи вожаи нави ихтироъкардаи Умари Тоњир "тарс" бошад? Агар њамин тавр бошад, пас ў аз кадом китоб тарс дорад? Охир, осори гаронбањои классикони форсу тољик тавассути китобњо то замони мо расида, олами тафаккури инсониро монанди субњи босафо равшан кардаанд-ку? Дар бобати ёри вафодор, дўсти љонї, ѓамхору роњатбахшии китоб аксари адибон, минљумла, Абдуррањмони Љомї фармудаанд: Хуштар зи китоб дар љањон ёре нест, Дар ѓамкадаи замона ѓамхоре нест. Њар лањза аз ў ба гўшаи танњої, Сад роњате њасту њаргиз озоре нест. Мо дар бобати он ки макотиби тањсилоти миёнаи кишвар то соли 2020 ба низоми тањсили 12-сола мегузарад, чизе нагуфта, дар хусуси иќтибоси овардашуда аќидањои хешро иброз менамоем. Муњтарам, Умари Тоњир. Мисолеро, ки барои зиёд шудани њаљми маќолаатон овардаед, аввалан моли шумо нест. Онро шумо аз интернет, аниќтараш аз маводи Ољонсии иттилоотии Tojnews ва радиои "Озодї" дуздидаед. Сипас, хуб мешуд дар поёни маводи дуздида ба муњтавои посухи мо диќќат медодед. Агар диќќат надода бошед, иќтибос меорем: "Мо, яъне муаллифон, дар бобати камбудињои пайдонамуда чизе намегўем, зеро онњо, дарњаќиќат, љой доранд. Ин камбудињоро мо кайњо, аниќтараш баъди чопи китоб њис карда, дар дафтари хотирањо ќайд намудем, то ин ки дар нашри минбаъда ислоњ намоем. Дар курсњои такмили ихтисос ва семинарњои маќсаднок бошад, ба омўзгорони фанни "Забони давлатї" (тољикї) таъкид кардем, ки њангоми таълими боби "Лоиќ Шералї" ѓалатњоро ислоњ намоянд". Азбаски шумо, Умари Тоњир, ба дуздидани фактњои тайёр одат кардаед, хуб мешуд, як сари ќадам ба Маркази тањия, нашр ва муомилоти китобњои дарсї, илмию методии Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мурољиат карда, фактњои љойдоштаи китоби куњнаро бо дастхати китоби нав муќоиса мекардед. Он гоњ, дарк менамудед, ки он камбудињо кайњо ислоњ шудаанд. Аз дигар тараф, агар шумо китоби "Забони давлатї" (тољикї) барои синфи 8 (сањ. 97)-ро дар муќоиса бо мавзўи "Лоиќ Шералї" вараќ мезадед, мефањмидед, ки ѓалатњои рухдода техникї буда, боиси нигаронї нестанд. Солисан, мо њайронем, ки чаро ба хабари тайёри Ољонсии иттилоотии Tojnews ва радиои "Озодї" такя намуда, маводи ѓалати китоби соли 2010 аз нашр баромадаро соли 2015 мисол меоред? Чаро шумо ин фикратонро мустаќилона солњои 2011, 2012, 2013 ва 2014 баён
«
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
13
"КИТОБИ ТАРСЇ", ДУЗДЇ Ё ИХТИРООТ?
БОЯД РОЊИ АМНЕРО ЁФТ!
накардед? Магар бо се далели дар се сония ислоњшаванда метавон ба њусну ќубњи як китобе, ки бо садњо матнњои тарбиявї ба миллати ѓайритољик забони давлатї (тољикї) меомўзад, бањои носазо дод? Шумо Ќонуни парламенти Тољикистон "Дар бораи адабиёти таълимї"-ро мисол оварда, хоњони онед, ки њангоми иштибоњњо ба муаллифони китобњои дарсї љазои маъмурї дода шавад. Пас, аз рўйи адолат, ба иштибоњњои маќолањое, ки дар рўзномаву маљаллањо ба мушоњида мерасанд, ба муаллифон бояд чї гуна љазо дод? Мисоли одї. Мо танњо дар як маќолачаи шумо дањњо ѓалатњо дарёфтем. Чунончи, шумо бехабар аз фењристи навишти "у" бар ивази "ў", калимањои "суњбат" ва "куњна"-ро нодуруст навиштаед. Агар ба ин ѓалатњо иштибоњ дошта бошед, ба пешнињоди Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар хусуси тарзи дурусти навишти њарфи "у" пеш аз њарфњои "њ" ва "ъ" ва бо назардошти меъёри имлои њарфи "ў", ки аз банди 5-уми "Ќоидањои имлои забони тољикї" (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 4 октябри соли 2011, №458) бармеояд, назар андозед. Сипас, ба љойи вожањои "норозигии", "љазо", ва "меъёрњои" шумо "норизоя-
Агар диќќат надода бошед, иќтибос меорем: "Мо, яъне муаллифон, дар бобати камбудињои пайдонамуда чизе намегўем, зеро онњо, дарњаќиќат, љой доранд. Ин камбудињоро мо кайњо, аниќтараш баъди чопи китоб њис карда, дар дафтари хотирањо ќайд намудем, то ин ки дар нашри минбаъда ислоњ намоем.
«
тии", "љазор", "меёърњои"-ро истифода бурдаед. Ба шумо маълум бод, ки номи муассиса - Вазорати маориф бо њарфи калон навишта мешавад. Боз маълум бод, ки њоло ба љойи мактаб муассиса мегўянд ва њоказо. Агар шумо ин ѓалатњоро панљ сол пеш содир мекардед, мо њељ гоњ, аз рўйи одати рўзноманигорї, љави куњнаро бод намедодем. Дар охир, ба Умари Тоњир хотирнишон месозем: Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон њељ гоњ муаллифони китоби дарсиро таъин накардааст ва муаллифон тариќи озмун ба навиштани онњо шурўъ кардаанд. Мо њељ ваќт худро "моњи беайб" нагуфтаем. Љое, ки кор њаст, албатта, камбу-
дињо низ љой доранд. Ин камбудињо бо мурури ваќт ислоњ мегарданд. Аз ин рў, хуб мешуд, шумо низ ба љойи "китоби тарсї" китоби нотарсї менавиштед, ки аз музахрафот холї ва ба стандартњои љањонї љавоб мегуфт. Он ваќт, ба ќадри зањмати муаллифони китоби дарсї расида, нигарониатон аз тарсу њарос рафъ мегардид. Ба њар њол, таъкид месозем: "Китобњои дарсї торафт бењтар мегарданд". Мо ба ин мутмаинем. Сайфуллоњ МАЊКАМОВ, муаллифи китобњои дарсии "Забони давлатї" (тољикї), номзади илмњои филология, узви Иттифоќи журналистони Љумњурии Тољикистон
"НИГОЊ": Муњтарам, муаллиф! Посухи Шуморо хонда, фаќат сар доштему гуфтем: вой бар њоли маорифи тољик! Мавзуъ танњо ин буд, ки Шумо як китоби хаторо нашр кардед. Бояд сабабњояшро мегуфтед. Даъвои мо њам мањз њамин буд, ки чунин китобњо (он љо сухан умуман дар бораи китобњои дарсии солњои ахир меравад) ба талаботи инсони асри 21 љавобгў нестанд! Вассалом! Аммо Шумо чї кор кардед? Дар оѓоз часпидаед ба калимаи "тарсї". Бале, дар луѓатњои Шумо шояд ин калима набошад, аммо муаллиф "д" - ро ба "т" табдил дода, сарлавњаи рўзноманигорї сохтааст. Ин як гапи дигар аст, ки фањмонданаш ваќти зиёд ва фањмиданаш ваќти аз он њам зиёдтарро мегирад. Айби мо нест, ки Шумо расонаи хориљї он тараф истад, дохилиро њам намехондаед ва надидаед, ки рўзноманигорї чї ќадар аз замони Шўравї таѓйир карда. Таъкиди Шумо бар "дуздї" будани мат-
лаб на фаќат нодуруст, балки хандаовар аст. "ТољНюс" ва "Нигоњ" расонањои мустаќиланд, аммо њамкор ва тобеи як созмони љамъиятии "Индем" њастанд. Њарду матолиби якдигарро иќтибос мекунанд. Радиои "Озодї" ин матлабро аз "ТољНюс" гирифта, њатто муаллифи онро, ки муаллифи "Нигоњ" низ њаст, иќтибос кардааст. Хўрдагирии Шумо дар бораи хатоњои имлої агар 1) идомаи сафедкунии худатон бошад, 2) кофтани чирки таги нохун аст. Хуб, як шумораи "Нигоњ" шояд ба дасти 10 нафар расад, аммо китоби Шуморо, ки хатогињояш баъди чопаш маълум ва дар "дафтари хотирањо" - ятон зикр шуда, њазорњо талаба мехонанд. Љаноб! Китоби дарсї дониш медињад, рўзнома - иттилоъ. Иштибоњи моро хонанда шояд эътибор намедињад, зеро иттилоъро муњим медонад. Аммо китоби дарсї - манбаъи дониш хато дошта бошад, чї мешавад? Посухашро ба худатон вогузор мекунем.
Рўйоварї ба њамбастагї ё гусастагии фарњангї?
14
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
(Идома аз шумораи гузашта) Албатта, мо, тољикон, ифтихор дорем, ки бо мардуми пуристеъдоди форс њамнаљод ва њамзабон њастем, адабиёти мо дар тўли асрњо муштарак буд, замонњое буданд, ки тољикњою форсњо дар тањти як давлат зиндагї мекарданд. Вале тољикњо њељ гоњ форс набуданд ва аз ин рў "тољик" маънои форсро намедињад. Форсњо аслан сокинони љануби Эрони имрўза буданд, ки аз ќавми порт ба вуљуд омадаанд. Онњо дар катибањои њахоманишї ба таври "партњава" номида шуданд; љузъи аввали ин ном, яъне "партњ" шакли дигаре аз "паарса" мебошад, ки њар ду ба як маънї буда, бар, канор, пањлў гуфтанї гап њаст. Ин номро модњо ба ду ќавми эронинаљод-парса ва партњава доданд, ки яке дар ин пањлў ва дигаре дар он пањлўи кишвари мод мезистанд. Ин ном бо мурури замон соида шуд ва ба сурати "парс" ва "партњав" даромад. Дуввумї бошад, дучори дигаргунии наве гашта, "р" ба "л" ва "тњ" ба "њ" табдил ёфт ва калима ба сурати "пањлав" даромад, сипас љои "л" ва "њ" иваз гардиду калимаи пањлав ба вуљуд омад. Дар натиља забони эрониёни ањди сосонї "пањлавї", (пањлавонї) номида шуд. (Калимаи имрўзаи "пањлавон" ба маънии далеру зўрманду ќањрамон аз њамин љост). Лафзи "парс" бошад, "порс" шуд, аммо арабњо онро ба талаффузи худ мувофиќ гардонданду дар шакли "форс" вирди забони халќњо гардид. Вале тољикон ањолии ќадимтарини Мовароуннањру Хуросон буданд. Ќадимтарин аљдодони халќи тољик, чи тавре ки аз китоби муќаддаси зардуштиён (оташпарастон) "Авасто" бармеояд, худро "арийя" меномиданд, ки маънояш боор ва шариф аст. Исми нахустин манзилгоњашон "Айириана-ваэљањ", яъне "ватани эрониён" будааст, ки бино бар аќидаи дањњо муњаќќиќони аввалиндараљаи хориљї ва советї, ин сарзамин ноњияи Хоразм ва Хеваи кунунї аст. Худи калимаи Хоразм дар "Авасто" дар шакли "Хваризам" омадааст, ки аз он лафзи имрўзаи тољикї-ховар, хур, ба маънии шарќ ва офтоб, инчунин мухаффафи замин аён мебошад. Забоне, ки бо он "Авасто" навишта шудааст,дар истилоњоти илмї чун "забони авастої" ба кор меравад ва бо забони тољикї њамреша аст. Далелњои зиёде њастанд, ки мањз њамин забонњо рафта-рафта заминаи ташаккули забони форсии дарї-тољикї гардиданд. Масалан, феъли ёвари "истодан", ки шакли замони њозираи муайян месозад, чунончи "рафта истодаанд". Эрониён ин тавр намегўянд ва инро шунида њазлу шўхї њам мекунанд, ки "Писари тољик дар як ваќт њам мераваду њам меистад". Вале дар "Авасто" ибораи "дот истотњанд" њаст, ки њамон дода истодаанд мебошад. Ваќте ки мо тољиконро аз љумлаи халќњои эронинаљод ва тољикро аз забонњои эронї мешуморем, ин њаргиз маънои аз Эрон омадани тољикњоро надорад, ки инро ќаблан низ таъкид карда будем. Бошишгоњњои асосии ориёиёни бостонро бисёр ховаршиносон ва муаррихон тамоми ќисматњои њосилхези он сўи рўд-Мовароуннањр донистаанд. Аммо калимаи "арийя" бо мурури замон ба номи наљоди тамоми халќњои эронї табдил ёфт ва дар њамаи даврањои таърихї ин ном то рўзгори мо боќї монд. Он њаќиќатеро, ки забони форсии дарї, яъне забони тољикон њам аз Эрон ба Осиёи Миёна наомадааст, балки баръакс аз мањалњои тољикнишин ба љанубу ѓарбии Эрон пањн шудааст, бисёр олимони советї, ховаршиносони Европа ва Осиё бо далелу санад таъкид намудаанд. Дар ин хусус маълумоти зери шоири кабири тољик Носири Хусрав (асри ХI), ки дар "Сафарнома"-аш овардааст, басо љолиби диќќат аст. "Дар Табрез Ќатрон ном шоиреро дидам, шеъре нек мегуфт, аммо забони форсї некў намедонист. Пеши ман омад, девони Мунљик ва девони Даќиќї биёвард ва пеши ман бихонд ва њар маънї, ки ўро мушкил буд, аз ман пурсид, бо ў бигуфтам ва шарњи он бинавишт ва ашъори худ бар ман хонд". Сабаби забони форсї некў надонистани шоири машњури Эрон мањз дар он буд, ки вай забони тољикон аст. Бинобар ин њам дар Эрон барои таълифи луѓате эњтиёљ пайдо гардид ва дар натиљаи он дар солњои 1065-1066 "Луѓати фурс"-и Асадии Тўсї тартиб дода мешавад, ки дар муќаддимаи он гуфта шудааст: "Луѓати фурслисони ањли Балх, Мовароуннањр ва Хуросон". Биёед шунавем, ки худи эрониён њоло
ФАРЊАНГ чї мегўянд: "Њар гоњ Тољикистон бигўед, -менависад адиб ва донишманди бузурги Эрон Саид Нафисї, --маќсуд њамон сарзамине аст, ки аз оѓоз ориёиёни эронї ва форсизабонон дар ин љо зистаанд ва сарзамини аслии забони дарї, яъне форсии адабии имрўза аст". Саид Нафисї боз дар як љои дигар мегўяд: "Забони дарї, яъне забони имрўзи мо дар њамон навоњии Осиёи Миёна, ки ќисмати умдаи он имрўз љузви Тољикистон аст, нахуст падидор шуда… сипас ба маѓриб ва шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони пањлавї будааст, рафта ва забони саровари Эрон шудааст. Аз ин рў, тољикон
яъне форс аз дарёи Уммон ба сафар баромада, "араб дидаасту турку тољику рум". Муњаммад Алї дар маќола-эссеи мазкур дар бораи асари "Муњокимат-ул-луѓатайн"-и Алшери Навої сухан меронад ва калимаи "сорт"-ро "форс" гўён шарњ медињад. Сабаб ин аст, ки ў намехоњад "тољик" бигўяд: Агар "тољик" мегуфт, таълимоти он устодњояш, ки забони тамоми классикњои тољикро фаќат "форсї" номида, тамоми сарвати њазорсолаи тољикро ба монополияи Эрон додан мехоњанд, риоя намешуд. Њаќиќати њол ин аст, ки форсњоро њељ гоњ ва њељ кас "сорт" наномидааст. Дар замоне, ки Алишери Навої зиндагї
Муњсин УМАРЗОДА ангњо "сорт"-ро "тољик" маънидод кардаанд. Муњаммад Алї менависад: "…дар Турон ба тарзи дигар гўем, дар Туркистон туркњо зиндагї карда омадаанд… Ќабилањои калони турк аз замонњои ќадим-ќадим дар њамин макон истиќомат мекарданд, аз њамин ваљњ ин халќ ба кишвари худ номи "Туркистон"-ро додааст". Вале ў нишон надодааст, ки "замонњои ќадим-ќадим" кадом замонњо будаанд: пеш аз милод ва ё баъд аз он? Аммо, чи тавре ки аз асарњои сершумори илмї, аз љумла
МАЪНИИ "ТОЉИК"
њамзабон ва њамнаљоди мо њастанд ва њељ бегонагї бо мо надоранд". Ин фикрњоро бузургтарин шоиру олими Эрон Малик-ушшуаро Бањор тарафдорї мекунад ва дар китоби сељилдаи худ "Сабкшиносї", ки самараи мењнати сисолаи ў дар боби тадќиќи забону адабиёти форс мебошад, мегўяд, ки забони форсии дарї аслан лањљаи ањолии Мовароуннањр, Самарќанд ва Бухоро аст, ки дар ин љойњо тољикон зиндагї мекунанд. Ин гуна мисолњоро аз гуфтањои олимони Эрон бисёр овардан мумкин аст, вале мо бо як иќтибос аз китоби басо калонњаљми "Таърихи Эрон", ки дар Тењрон аз тарафи нашриёти "Пўиш" чор маротиба чоп шудааст, иктифо менамоем: "Зимни садаи нуњум дар Эрон адабиёти забони форсии кунунї (дарї) ривољ ёфт, адабиёти ин забон аз муњовараи форсии тољикї гирифта шуд… Ашъоре ба ин забон суруда шуд… Осори манзуми форсии он замон (муњимтарини онњо ашъори Рўдакї ва Даќиќї буданд) ба унвони сармояе аз адабиёти форсї ва тољикї мањфуз монданд". Фарз кардем, ки тољикон форсанд. Он гоњ чунин суханони муаллифи "Равзат-уссафо" Мирхондро чї тавр фањмидан лозим аст, ки ў аз хусуси тайёрии ањолии шањри Самарќанд ба њуљуми Чингиз сухан ронда гуфтааст: "Шаст њазор тољик, ки фарде аз эшон дар баробари Рустаму Исфандиёр рўинтан буданд, ба мўљиби фармуда рўй ба таъмири ќалъањо ва њисорњо нињоданд". Оё Эрон барои муњофизати Самарќанд њайати мањдуди ќўшунњои худро фиристода будааст? Агар тољикњо аз Эрон омада бошанд, чаро муаллифи "Равзат-ус-сафо" онњоро мардуми Бухоро номидааст? Масалан, ў чунин маълумот медињад: Мардуми Бухоро ба тасаввури он, ки туркон чунон мунњазам шуданд (гурехтанд), ки дигар муовадати (баргаштани) эшон мумкин нест, аз аќиби эшон шитофтанд. Чун миёни мардуми Бухоро ва деворбаст (ќалъа) масофате буд, ки атрок (туркон) мурољиат карда (баргашта) теѓ бар тољикон нињоданд". Дар ин љо сухан аз хусуси шањри Бухороро аз њуљуми амир Њусайни муѓул мудофиа кардани тољикон меравад. Агар тољикњо форс бошанд, чаро Саъдии Шерозї (асри ХIII) навиштааст, ки як нафар бошандаи Эрон,
мекард, яъне дар асри ХV ва дар як ќатор даврањои дигар тољикњоро "сорт" мегуфтанд, зеро дар лањљаи чаѓатоии забони ўзбекии он давр ин ду халќ бо ин ду ном-"турк" ва "сорт" ёд карда мешудааст. Навої ба истилоњи забони "сорт" ва мардуми "сорт" забони тољикї ва халќи тољикро дар назар дошт. Худи халќ бошад, худро "тољик" меномид. Чунончи, њамзамони Навої-Абдурањмони Љомї дар яке аз шеърњояш дар бораи дўстии ўзбеку тољик сухан ронда (эњтимол ќаробати худро бо Навої дар назар дошта), гуфтааст: "ў турк буду ман тољик, лек дорем хешии наздик". Навої њам калимаи "тољик"-ро чанд бор ба кор бурдааст. Аз љумла, ў навиштааст: "Нигори турку тољикам кунад сад хона вайрона, бадон миљгони тољиконаву чашмони туркона". Дар бораи ин ки "сорт" мањз тољик аст, на форс, олимони зиёде навиштаанд. Ва ин њаќиќат шаккеву шубња надорад. Мо аз адабиёти таърихї фаќат як-ду далел меоварем, ки тољик будани "сорт"-ро исбот мекунад. Чунончї, мусташриќи маљорї Вамбери дар китоби худ "Саёњати як дарвеши сохта ба Осиёи Миёна" ќайд менамояд, ки "як ќисми халќ ањолии ќадимаи Хоразмэрониёнанд. Онњоро дар Хева "сорт" ва дар Бухоро "тољик" меноманд. Тољик будани "сорт"-ро як ќатор классикони адабиёти ўзбек низ тасдиќ мекунанд. Масалан, Муњаммад Зањириддини Бобир дар "Бобирнома"-и худ аз хусуси ањолии Марѓинон (Марѓелон) навиштааст: "Эли соф сорт, муштзан ва пуршару шўр элдур… Самарќанд ва Бухорода номдор љангара аксар марѓинонидур". Тарљума: "Мардуми он њама тољиканд. Мардуми муштзан ва пуршару шўранд… Дар Самарќанд ва Бухоро љангњои номї аксар марѓинонї мебошанд". Ё худ Бобир дар бораи Исфара дар њамин асараш навиштааст: "Дарахтиси бисёр, вале боѓчаларида аксар бодом дарахтидур, эли тамом сорт ва куњидур". Дар тарљумаи форсиаш мехонем: "Дарахташ бисёр, дар боѓчањои он аксар дарахт бодом аст, мардумаш тамом кўњистонї ва сортанд". Дањњо дигар маъхазњои таърихї низ дар ин бора гувоњї медињанд. Ва тариќи илова ба гуфтањои болої метавонем хотиррасон намоем, ки "Лањљат-ул-луѓат"-и Муњаммад Љолабї, луѓати туркї ба форсии Муњаммад Яъќуби Чангї ва як ќатор дигар фарњ-
аз "Таърихи РСС ўзбекистон" медонем, нуфузи туркњо ба Осиёи Миёна фаќат аз нимаи дуюми асри шашум, баъди ба як давлати бодиянишинон-њоќонии турк муттањид шудани халќу ќабилањои Олтой, Њафтрўд ва Осиёи Марказї оѓоз ёфт. "Халќњои турк,-менависад Е. Э. Бертелс дар китоби худ "Љомї ва Навої", - дар Осиёи Миёна њамон ваќте пайдо шуданд, ки тамаддуни эронї дар он љо комилан ташаккул ёфта, адабиёту забони форсї ба комёбињои азиме ноил гардида буд". Бо вуљуди ин Муњаммад Алї њиссаи намояндагони халќњои туркро ба адабиёти форсу тољик дуру дароз таъриф намуда, ду љињатро фаромўш кардааст ва ё дар бораи онњо сухан гуфтанро лозим надонистааст. Аввало ин, ки адабиёти њељ кадом халќ саросар фаќат бо иштироки як худи њамон халќ ба вуљуд оварда намешавад ва њамчунин адабиёти форсу тољик. Масалан, мутахассисони адабиёти рус мегўянд, ки риштаи аљдодони Пушкин ба сўи Африка, Лермонтов ба Дания ва ѓайра тўл мекашидааст, вале Пушкин ва Лермонов маѓз андар маѓз рус мебошанд, ба забони русї навиштаанд ва ба њељ ваљњ онњоро аз насру назми рус, чун нохунро аз пўст људо кардан мумкин нест. Дар офаридани адабиёти тољику форс намояндагони як ќатор халќњои турк, аз љумла ўзбекњо, муѓулњо, њиндуњо, урдуњо, яњудињо ва ѓайра сањм гирифтаанд, њамаи онњо бо забони тољикї навиштаанд, мардуми тољик шеърњои онњоро дўст дошта мехонанду аз бар мекунанд, онњо гарчї дар тарљумаи њол ба кадом халќ мансуб буданашон нишон дода мешавад, маѓз андар маѓз нависандагони тољику форсанд, дар заминаи ин адабиёт ва дар рўњи ин адабиёт асарњо офаридаанд. Агар ин фикрро идома доданї бошем, бояд на ин ки адабиёти классикї, балки адабиёти советии ўзбекро низ хотиррасон намоем, ки дар эљоди он ѓайр аз ўзбекњо, тољик, тотор, озарбойљонї, ќазоќ ва ѓайра иштирок доранд, азбаски онњо ба забони ўзбекї менависанд, ба адабиёти тољик, тотор, озарї, ќазоќї ва ѓайра дохил намешаванд.Чунин мисолњоро аз адабиёти љањонї ба таври фаровон оварда метавонем. (Идома дорад)
НИГОЊИ МАРДУМЇ ЛАТИФА
? - И НОБОБ ТАШХИСИ МОШИНИ БО ТАЉЊИЗОТИ ГАЗЇ МУЉЉАЊАЗШУДА ЧАНД СОМОНЇ МУЌАРРАР ШУДААСТ? - Аз ташхис гузаронидани воситаи наќлиёти сабукрав, ки бо таљњизоти газї муљљањаз шудааст аз љониби зерсохторњои хидматрасонии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ бо арзиши чанд сомонї анљом дода мешавад? Ардашер САЙФУЛЛОЕВ, сокини ноњияи Шоњмансур - Тибќи нархномаи хизматрасоние, ки аз тарафи Ассотсиатсияи "Ронанда ва наќлиёт" муайян ва аз тарафи Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудааст, барои хизматрасонии ташхиси техникии воситаи наќлиёти сабукрав 175 сомонї ва барои хизматрасонии ташхиси балони газї 55 сомонї, дар маљмуъ 230 сомонї муќаррар карда шудааст. Дар сурати ба миён омадани нофањмоињо, Шумо метавонед ба намояндагони Ассотсиатсияи "Ронанда ва наќлиёт" мурољиат намоед. Ба саволи Шумо аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ЉТ посух доданд.
? - И НОБОБ "МИНТАЌАИ КАДАСТРЇ" ЧЇ МАЪНЇ ДОРАД? - Мувофиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон дар тањрири нав андози замини наздињавлигї, андози масоњати хонаи истиќоматї ва андози замини кишти лалмї дар минтаќањои куњї ва ѓайрикуњии ноњияи Панљакент чї тарз њисоб ва андозбандї карда мешаванд? Њамчунин донистан мехостам, ки ишора шудани ибораи минтаќаи кадастрї дар ќонунгузории андоз чї дар назар дошта шудааст? Нўшервон ХОЛОВ, сокини шањри Панљакент - 1. Тибќи муќаррароти ќисми 3 ва 4 - и моддаи 273 - и Кодекси андози Љумњурии Тољикистон њисоб намудани маблаѓи андози замин мувофиќи тартиби зайл вобаста ба њаљми ќитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анљом дода мешавад: а) то 800 метри мураббаъ - тибќи меъёрњои муќарраргардида; б) зиёда аз 800 метри мураббаъ то 2000 метри мураббаъ - маблаѓи андоз, ки тибќи зербанди а) - и њамин банд њисоб шудааст, љамъи маблаѓи бо дарназардошти меъёри 2 - каратаи андоз њисобшуда, барои майдоне, ки аз 800 метри мураббаъ зиёд аст; в) беш аз 2000 метри мураббаъ - маблаѓи андозе, ки тибќи зербанди б) - и њамин банд њисоб карда шудааст, љамъи маблаѓи бо назардошти меъёри 5 - каратаи андоз њисобшуда барои майдоне, ки аз 2000 метри мураббаъ зиёд аст. Масоњати амалан зиёдбудаи ќитъаи замини наздињавлигии шахсони воќеї аз меъёрњои муќаррарнамудаи Кодекси замини Љумњурии Тољикистон бо меъёри 2 - каратаи андоз андозбандї карда мешавад. Меъёрњои муќарраргардидаи андози замин дар соли 2015 барои дењоти шањри Панљакент нисбати заминњои обї 79,83 сомонї ва барои заминњои лалмї 7,01 сомонї ва барои шањри Панљакент 360,98 сомонї барои як гектар муайян гардидааст. 2. Тибќи муќаррароти моддаи 279 - и Кодекси андоз меъёри андоз аз объекти молу мулки ѓайриманќул вобаста ба масоњати ишѓолнамудаи объекти молу мулки ѓайриманќул ва маќсади истифодабарии он бо фоиз аз рўи нишондињанда барои њисобњо бо коэффитсиенти танзимкунанда дар миќёси шањру ноњияњо муайян карда мешавад. Барои шањри Панљакент коэфитсиенти минтаќавї 0,55 ва барои дењоти мансуб ба шањри Панљакент 0,3 муайян гардидааст. Меъёри андоз барои объектњои молу мулки ѓайриманќули ба сифати биноњои (њуљрањои) истиќоматї истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ - ба андозаи 3 фоиз; 40*3/100 = 1, 2 сомонї барои 1м2. Барои объектњои молу мулки ѓайриманќули ба сифати биноњои (њуљрањои) истиќоматї истифодашавандаи зиёда аз 90 метри мураббаъ - ба андозаи 4 фоиз; 40*4/100 = 1,6 сомонї барои 1м2 муайян гардидааст. Дар асоси банди 3 моддаи 277 - и Кодекси андоз барои биноњои ёрирасони шахсони воќеї (гаражњо, саройњо ва дигар биноњои ёридињанда), ки дар фаъолияти соњибкорї истифода намешаванд, ба сифати манбаи андоз 50 фоизи масоњати ишѓолнамудаи онњо гирифта мешавад. 3. Тибќи муќаррароти моддаи 61 - и Кодекси замини Љумњурии Тољикистон кадастри давлатии замин маълумоти оид ба ташкили истифодаи дурусту њифзи замин, ба низом овардани муносибатњои вобаста ба замин, асоснок кардани андозаи пардохти пули замин, танзими замин ва арзёбии фаъолияти хољагидориро дар бар мегирад. Вай яке аз самтњои идоракунии фонди давлатии замини љумњурї ба њисоб меравад. Кадастри давлатии замин бо системаи ягонаи дар љумњурї буда аз њисоби воридшавии пули замин аз тарафи маќоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатњои вобаста ба замин ва сохторњои мањаллии он бурда мешавад. Заминњо дар Љумњурии Тољикистон аз рўи мањалли љойгиршавї ба 6 минтаќаи кадастрї яъне; минтаќањои кадастрии Суѓд, Њисор, Рашт, Кўлоб, Вахш ва Бадахшон таќсим гардидааст. Њангоми муайян кардани меъёрњои андози замин дар минтаќањои кадастрї аз дохили минтаќањои кадастрї минтаќањои куњї људо карда мешавад. Шањри Панљакент ба минтаќаи кадастрии Суѓд мансуб мебошад. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон посух доданд.
Д И Ќ Ќ А Т! Барои ба саволњои доѓи худ посух гирифтан ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» мурољиат кунед. Суроѓа: шањри Душанбе, кўчаи Носирљон Маъсумї-3, назди Хона музейи Мирзо Турсунзода. Ё ба масъули сањифаи "Нигоњи мардумї" бо шумораи телефони 985 60 86 85 занг занед ё бо воситаи смс-паём саволи худро ирсол доред. Њамчунин ба почтаи электронии nigoh_tj@inbox.ru арзу пешнињод ва мушкилоти худро бинависед.
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
15
АКСИ ГЎЁ
Алї аз Валї мепурсад: - "Обед" кардї? - Бале! - Чї хўрдї? - Хунук хўрдам! *** Пиразане бори аввал ба Душанбе омада, ба маршруткае савор мешавад. Дар роњ як зан "Гулистонда манъ кунед" мегўяд, ронанда мошинро нигоњ медорад, зан мефарояд. Сипас зани дигар "Садбаргда манъ кунед" гуфта, мефарояд. Пиразан дар зери дилаш мегўяд: Дар ин љо њар кас номи худашро ном гирифта мефаромадааст. Пиразан ба љои даркориаш расида бо овози баланд мегўяд: "Моњбегимда манъ кунед!!!" *** Суњбати ду њамсоя: - Њамсояљон њамин писаратонро тарбия кунед намешавад, њар рўз "дискотека" ба "дискотека" мегарад?! - Шумо аз куљо медонед? - Духтарам њар рўз писаратонро дар "дискотека" медидааст. *** Омўзгор ба талаба: - Дарсњоятро нодуруст тайёр кардї! Ба падарат гўй, ки ба ту ёрї расонад. - Он кас дигар ёрї додан намехоњад. Дирўз ба ў бањои ду мондед, ќањр кард. *** Девонае ба болои дарахти баланде баромада, худро партофтан мехоњад. Њамаи мардуми љамъшуда ба ў мегўянд, ин корро накун, вале бефоида. Милисаи њозиршуда таппончаро тарафи девона дошта мегўяд, ки канї, тез фаро, вагарна мепаронам. Девона, не мегўяд. Ногањон як девонаи дигаре ба онљо меояду тапончаро аз дасти милиса гирифта, ба сўйи девонаи дар болои дарахт буда медораду мегўяд: "Фаро вагарна мепаронам!" Девонаи дар болои дарахт буда, мефарояд. Мардуми љамъшуда аз ў мепурсанд чаро фаромадї? Девона дар љавоб мегўяд: "Ў девона аст, нохост агар паронад ман мемирам! *** Љавоне, ки мошини "Лексус" дошту як сол боз бо духтаре ишќварзї мекард, нињоят тоќат накарда ба духтар мегўяд: - Азизам, як чизро то њол аз ту пинњон кардаам. Ман зан ва ду фарзанд дорам. Духтар: - Хайрияте, ман фикр кардам, ки мошини "Лексусат" аз худат нест.....
БА ЉОИ 09 БА ЉОИ 09 151 - ГУРУЊИ ИТТИЛООТЇ - Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади бењтар намудани сатњи хизматрасонї ба шањрвандон ва андозсупорандагон фаъолияти гуруњи иттилоотии "Call center"ро такмил дод, ки шањрвандон ва андозсупорандагон метавонанд њамаруза 24 соат бо "Гуруњи иттилоотї" дар тамос шаванд. Аз соати 8:00 то 17:00 мутахассисони Кумитаи андоз ба суолњои андозсупорандагон посух медињанд ва аз соати 17:00 то 8:00 инчунин рўзњои истироњат ва идњо андозсупорандагон метавонанд бо истифода аз автомати худкори "Call center" (нисбат ба масъалањои баќайдгирии андозсупорандагон то шикоят нисбати беамалии кормандони маќомоти андоз) гуногунфањмињои ба миён омадаро њал намоянд. Барои пайваст шудан бо мутахассисони "Гуруњи иттилоотї" Шуморо зарур аст аз телефон ба шумораи кўтоњи 151 занг занед.
СИЁЊ НАГУФТЕМ, САФЕД ФАЊМИДЕД? GOOGLE Марде дар Google чунин савол дод: - Занњо чї мехоњанд? Google љавоб дод: - Мо худамон њам љустуљў дорем, намедонем чї мехоњанд. ДИЛШИКАСТА Зан ба шавњар: - Ту дили маро шикастї. Шавњар: - Шукр гўй, ки сару рўятро зада нашикастам. ИНТЕРНЕТ Мо њељ, замона њељ, Интернетам њељ, Эй њељ, зи бањри њељ, бар однокласс мапеч. Донї, ки зи однокласс чї мемонаду бас, "Ваш баланс": 0.00 мемонаду боќї њама њељ. БОВАРЇ Њар панљто арўсам нисбати ман гумони бад карда мегўянд, ки ман ба онњо хиёнат мекунам. Аљаб замоне омадааст, боварї ба одам намондааст. "ОЗОДИИ СУХАН ДАР ТОЉИКИСТОН" Амрикоие гуфт : Дар Амрико чунон сухан озод аст, ки дар назди Хонаи Сафед (Ќасри президент) Барак Обамаро метавонам дашном дињам. Тољик гуфт: Дар мо њам озодии баён њаст, дар назди Ќасри Президент рафта, чї ќадаре, ки хоњї Барак Обамаро дашном додан гир. WI-FI Он чизи гуворост. Дар њаво мебошад ва ба чашмони мо аён нест, лекин ба дили мо љо шудааст. - Ишќро мегўї? - Нее. Вай-файи бепулро. САДОЌАТ Њангоми гуселам буд ду дидаи ў гирён, Он гиря вале будаст, аз оби пиёз, афсўс. "ТИТАНИК" Пас аз намоиши филми "Титаник" Леонардо ди Каприо дигар наметавонад дар киштї сайёњат кунад, чунки мусофирони дигар ўро бинанд ба киштї савор намешаванд. ХИДМАТИ ЊАРБЇ - Барои чї духтарњоро ба хизмати њарбї намебаранд?! - Чунки онњо дар 45 сония химияву физика карда наметавонанд. ОБУ ЊАВО Имрўз мувофиќи маълумоти мутахасисон дар мамлакатамон борон ё меборад ё намеборад. Барои њамин чатр гиред бењтар аст. Агар борон бораду наборад чатр даркор аст. Тањияи Зулфулло ПЎЛОДОВ, сокини шањри Исфара
ТАСЊЕЊ "Дар сањифаи аввали шумораи гузаштаи "Нигоњ" иштибоњи техникї дар натиљаи дигар шудани шрифтњо сурат гирифта, калимаи "поймол" нодуруст чоп шудааст. Барои ин аз хонандагони арљмандамон сидќан узр мепурсем.
16
КОМИЛАН «ЉИДДЇ»
“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №38 (471), 16. 12. 2015
Манучењр АМОНОВ:
"МОРО БА ДЎЗАХ БУРДА БУДАНД" 21-уми октябр ду сокини Панљакент Манучењр Амонов ва рафиќаш Фирдавс Рањимовро, ки дар соњили дарёи Зарафшон ба моњидорї машѓул буданд, марзбонони Ўзбакистон рабуданд. Онњо 10-уми декабр, расо баъди 45 рўз аз зиндон рањо ва аз гузаргоњи марзии Ойбек - Бўстон вориди Тољикистон шуданд. Манучењр Амонов дар як сўњбат бо TojNews дар бораи боздошт ва 45 рўзи асораташ ќисса кард: - Нисфирўзии 21-уми октябр њамроњи рафиќам Фирдавс Рањимов дар соњили дарёи Зарафшон машѓули моњидорї будем. Љое, ки њар ваќт моњї медоштем, њудуди Тољикистон аст. Ногањон 6 сарбози ўзбак ба тарафи мо гузашта, бидуни њеч огоњие моро боздошт карда, њамроњашон ба марзи Ўзбакистон гузаронданд. Мутаассифона, дар онљо ягон сарбози тољик набуд, ки аз онњо кўмак пурсем. Баъди моро ба тарафи Ўзбакистон бурдан то ќисми њарбї моро латукўб карданд, азоб доданд ва сипас суолу љавоб, даќиќтараш, шиканља оѓоз шуд... - Дар љое, ки Шуморо боздошт карданд, оё ягон нишонаи сарњад вуљуд дошт? - Не ягон нишонаи сарњад дар он љо набуд. Фаќат дарё буд ва мо моњї медоштем. - Баъди боздошт аз шумо чї пурсиданд? - Ибтидо талаб карданд, ки дар бораи худам ва оилаам пурра маълумот дињам. Баъдан, суолњое медоданд, ки гўё мо марзшиканї карда бошем. Суол мекарданд, ки чаро дар њудуди Ўзбакистон моњї медорї? Посух додам, ки ман на дар њудуди Ўзбакистон, балки дар њудуди Тољикистон моњидорї кардам. Аммо онњо ба шиддат инро рад карда мегуфтанд, он љо њудуди Ўзбакистон аст. Баъдан навиштаеро пешамон гузошта талаб карданд, ки имзо гузорем. Пурсидам, ки ин чї аст, ки мо имзо мегузорем? Гуфт, ки корат набошад. Баъдан моро ба чанд милисахона бурданд, бозпурсии зиёд карданд. Дар пурсишњои навбатї на танњо моро мехостанд, ба марзшиканї муттањам кунанд, балки ба гарданамон иттињоми даст доштан дар ќочоќи маводи мухаддирро низ бор карданї мешуданд. Маљбур мекарданд ва њатто мезаданд, то ба гардан гирем, ки ба тиљорати маводи мухаддир сарукор дорам ва ба он тараф нашъа мегузарондем. Асабї шуда ба онњо посух додам, ки охир худатон медонед, ки ба ѓайр аз асбоби моњидорї дар дасти ман чизе набуд. Ваќте њамон чиз дар дасти ман нест, ман чї хел гуноњи набударо ба гардан мегирам? - Ин њама муњлат дар як љо нигоњ медоштанд? - Ба Самарќанд бурданд. Њамеша ба сари мо халтаи сиёњ мепўшонданд. Њеч љоро дида наметавонистем. Дар умум медонам, ки дар Самарќанд будем. Аммо мошин моро куљо мебурд, худамон намедонем, чун рўямон мањкам буд. Ба гумонам, моро ба дўзах бурда буданд. - Хонаводаатон аз боздошти шумо чигуна хабардор шуданд? - Ростї, аниќ намедонам, ки ањли хонаводамон чї хел аз боздошти ман хабардор шуданд, зеро њоло фурсати муносиб барои сўњбат бо онњо даст надодааст (ин сўњбат баъди як соат аз ворид шудани Манучењр ба хоки Тољикистон сурат гирифтааст TojNews). Тахминан баъди 20 рўз бародарам рафта, аз њоли ман хабар гирифт, то он ваќт ягон инсон дари маро накушод, ки ту зинда њастї ё мурда. - Муносибати маќомоти Ўзбакистон бо шумо чї хел буд? - Чунон буд, ки ба инсон чунин муносибат намекунанд. Дар чењраи мо марзшикан, ќочоќчї, њатто террористро медиданд. Маљбур мекарданд, ки гуноњи набударо ба гардан гирам. Барои мисол, маро маљ-
бур карданд, ки худро њамчун одамкуш, терорист муаррифї кунам. Барои ин гуноњњоро ба гардан гирифтан маро зиёд латукўб карданд. Набошад гуноњи мо фаќат моњї доштан дар њудуди Тољикистон аст. Аламовар ин кї дар он љо ягон сарњадбони тољик набуд. Мо дар шохоби аввали дарё чанг партофтем, ки моњї нест, баъд ба шохоби дуюмаш гузашта моњї дошта истода будем. - Гуфтед, ки то 20 рўз касе дари шуморо накушод? - Баъди чанд рўз аз боздошт моро ба Хадамоти амнияти Ўзбакистон бурда, барои мо адвокат ва тарљумон људо карданд. Инњо њамааш сохтакорї буд, ки чун онњо барои мо коре анљом надоданд. Ман аз онњо чанд бор хоњиш кардам, ки як телефон дињед, ман аќалан ба ањли хонаводаамон хабар дињам, ки аз ман хавотир нашаванд. Аммо касе телефон надод. Ќариб 40-45 рўз ба њамин ањвол гузашт. - Шароити нигоњдории шумо дар боздоштгоњ чигуна буд? - Дар бозтоштгоњ моро мисли њайвон мањкам карда, назди терористу одамкушњо партофтанд! Шароити бисёр бад буд, на кўрпаву болишти њалол доштем ва на хўроки хуб. Рўи замини сард хоб мекардем. Љои хобамон намнок, курпањоямон бўйгирифта мисли кайкхона. Љое, ки моро партофтанд, агар њайвонро мањкам кунед, як-ду рўз зиндагї мекунад тамом, мумкин мурад. Аммо мо тоќат кардем. Аз хўроке, ки ба мо медоданд, як бўи бад меомад, намедонам ба чї монанд буд... - Намояндагони сафорати Тољикистон дар Ўзбакистон ба суроѓатон нарафтанд? - Дар 45 рўзи зиндонї буданамон, ягон нафар аз сафорат ба назди мо наомадааст, то ваќте ки ќарори суд дар бораи ихрољи ман набаромад. Ваќте ќарори суд нисбати ман баромад маро аз Самарќанд ба шањри Тошканд оварданд. Ба гуфтаи маќомоти ўзбак, бояд дар сафорати Тољикистон дар як њуљљат мўњр мегузоштаанд. Рўзи душанбеи њафтаи гузашта ба сафорат рафтем. Он рўз сафорат кор намекард. Рўзи чоршанбе дубора ба сафорат омадем. Аммо дар онљо низ бархурд хашин буд, намедонам чаро? Як корманди баландмаќоми сафорат, ростї ному насабаш дар ёдам нест, ба ќањр мегуфт, "шумо панљакентињо нависандаю ким чињо навистаед". Ман ба ў гуфтам, ки ман нависанда не, танњо ба њуљљат муњр гузор, то аз ин љо равам. Хеле суханњои пасту баланд гуфта, баъд мўњрашро ба њуљљат гузошт. Дар назди ўзбакњо маро хеле тањќир карда, паст заданд. Ин суол то њол дар зењнам мечархад, ки пас чаро сафорати Тољикистон дар Ўзбакистон фаъолият мекунад, барои киву чї? Магар онњо вазифадор нестанд, ки шањрвандони Тољикистонро дар ин кишвар њимоя кунанд? Дар давоми ин муддат наздик буд, ба бемории рўњї гирифтор шавам. 10-уми октябр хонадор шуда будам, 21-уми октябр ба мањбас афтодам. Моњи "асал"-ро њамонљо гузарондам. - Дар боздоштгоњ оё њамроњатон ягон тољики дигар буд? - Бале як зан буд, ки ў њам аз шањри Панљакент будааст. Њомиладор буд ва ба ман наќл кард, ки ўро низ боздошт карда ба инљо оварданд. Таќдири ў низ мисли таќдири ман будааст, ба ў низ касе телефон намедод, ки ба хонаводааш хабар дињад. Аммо ман тафсилоти боздошти ин занро напурсидам, ки чигуна ба инљо афтодааст. - Њоло худатонро чї тавр эњсос мекунед? - Баъди ин њама азият бояд чї хел эњсос дошта бошам? Як муддат бояд ба табобат машѓул шавам.
Раиси Шўрои муњаррирон: Муњибуллоњ Ќурбон
Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).
Котиби масъул: Абўалї НЕКРЎЗОВ nigoh_tj@inbox.ru
Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 98 560 86 85
Суњбати Муллораљаб ЮСУФЇ
МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...
Зафари Сўфї Шералї ГАНЉАЛЗОДА, вазири наќлиёти Тољикистон: - Рости гап, ман аз замоне, ки дар системаи давлатї ба кор омадам, ягон бор барои гузаштан ба вазифањои ба ќавле "равѓанї" пора пешнињод накардаам. То ба курсии вазирї расиданам, њамааш донишу малака ва зањмату мењнати шабонарўзиам буд, ки маро то ба ин дараља расонид. Аммо ман шахсан порагириро як амали бад ва порагиронро њаромхўр мешуморам. Ќасам мехўрам, ки худам аз ягон нафар пора талаб накардаам ва талаб карданї њам нестам. Зеро чунин амалњои бад оќибати хуб надоранд ва хайру баракаташ њам нест. - Ќасам нахўред њам, хуб мефањмем, љаноби вазир! Худо гирад ин порахўру њаромхўриро, ки давлатро ба њамин њол оварданд. Хайру баракат њам намемонад - дия! Махфират ХИДИРЗОДА, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ЊЉТ: - Дар машварат бо кормандони кумита онњо тасмим гирифтанд, ки мисли бархе аз дигар нињодњо, соњиби гимн ё таронаи вижаи худ бошанд, то бозгўи маќому манзалати зан бошад. - Э кам нашавед, муаллима! Галстук, юниформа (монанди Туркманистон) дар шакли куртаву эзори бобої, тоќии тољикї, њатман дукокулагї... - ро њам бемалол љорї кардан гиред! Аскар АКАЕВ, собиќ президенти Ќирѓизистон: - Ман дар соли 2004 эълом карда будам, ки дигар дар интихоботи президентї дар Ќирѓизистон иштирок намекунам. Аммо инќилоби лолаии соли 2005 интиќоли ќудрат аз тариќи демократиро имкон надод. Ва њоло ман танњо аз як чиз таассўф мехўрам, ки дар фикри як љойгузини худ нашудам. - Аскар - ако! Кампирони мо мегўянд, ки э, аз сарат монад! Дуои бад аст, аммо дар ин маврид бад нест. Аз сари Шумо хайрият ин фикрњо монду Ќирѓизистон роњи худро ёфт. Мавзуна ЧОРИЕВА, муштзани тољик: - Баъд аз бозгашти мо аз сабќат (Манзур пас аз бозгашт аз Бозињои олимпї аст) гўё сарпарастон ваъдањои худро аз ёд бурданд ва хомўшї ихтиёр кардаанд. - Дидї, ки нашуд, мон, ки равад, шудаст - дия, Мавзунахон. Ба кї мегўї? Мо 25 сол мешавад, ки њамин гуна ваъда шунида, вафоро намебинем. Абдумаљид ДОСТИЕВ, сафири пешини Тољикистон дар Русия: - Бале, гандум коридам. Пиёз, бодиринг... лимон дорам. 16 сотих заминамон њаст. Замини наздињавлигї. Лимонарии мо њаштод нињол дошт, ваќте љанг сар шуд, ќариб аз байн рафта буд. Соли гузашта дубора эњё кардем. Њозир дар нафаќа њастам. Бигзор љавонон кор кунанд, биомўзанд. Мо мувофиќи фаросати худ кор кардем ва ба синни бознишастагї расидем. - Нав љояшро ёфт! - мегўяд мардум. Шумо, акаи Абдумаљид, воќеан љоятонро ёфтед. Бо ин роњ нафъи бештар расондан мумкин... Саиљаъфар ИСМОНОВ, раиси ХДТ ва вакили Маљлиси намояндагони МО ЉТ: - Ягон корманди нуќтаи мубодилаи асъор имрўз камбаѓал нест. Агар маош њам нагиранд, зиндагиашонро пеш бурда метавонанд.
- Домулло, чун њамеша "в точку"! То корманди нуќтаи мубодилаи асъор худро дар канори фарзанди хобаш наовезад, аслан бовар накунед, ки ў камбаѓал нест ва зиндагиашро пеш бурда метавонад.
Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд. Дар њолати наќзи "Меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистї дар Тољикистон" аз љониби нашрияи мо, бо арзу шикоят метавонед ба Шўрои воситањои ахбори оммаи Љумњурии Тољикистон (Шўрои ВАО - и ЉТ) мурољиат намоед.
Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2,5 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 3 000 нусха Ќимати обуна барои як сол - 78 сомонї. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Лоиќ Шералї, хонаи 77. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09