Нигох №39 (370) Чоршанбе, 18-уми декабри соли 2013

Page 1

Чавгон ва гирифтории созмони ЮНЕСКО ба фирефторињо

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

1

САЊИФАИ 8 №39 (370). Чоршанбе, 18-уми декабри соли 2013

ФАРЗАНДИ МИЛЛАТ

Нома ба Президент САЊИФАИ 7

СИЁСАТИ КАЛОН

Барометри русї Пушти лутфњои Русия ба Науру чї меистад? САЊИФАИ 11

Бањси соли нав Кињо мехоњанд љашни насрониро њифз карда, дар сатњи миллї ва давлатї болои мардум тањмил кунанд?

БО ГУЛРУХСОР САФЇ

Ту ёздањ ситораву хуршеду моњро дар хоб дидаї?! САЊИФАЊОИ 12-13

ПУРБИН

Пресс - сентри чойхонаи "Роњат" САЊИФАИ 16

"Басня евразийство" Чаро ѓояи Иттињоди Авруосиё сињат надораду сафири Русияро шарманда кард? САЊИФАИ 2


2

СИЁСАТ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

"Басня евразийство" Чаро ѓояи Иттињоди Авруосиё сињат надораду сафири Русияро шарманда кард?

17-уми декабр бо ибтикори Донишгоњи славянии Русияву Тољикистон, сафорати Русия дар Душанбе ва Њаракати байнулмилалии "Њаракати авруосиёї" тањти унвони "Русия ва давлатњои Осиёи Марказї: љанбањои сиёсї, иќтисодї ва башарии њамгироии авруосиёї" дар Душанбе як конфронси байнулмилалї баргузор шуд. Дар он маќомот, коршиносони аршади Русияву Тољикистон ва намояндагони корпуси дипломатии муќими Душанбе иштирок карданд. Ин нишаст њам мисли маъракањои дигари марбут ба њамгироии авруосиёї оддиву бо "урраву зиндабодњо!" ва таърифи њамдигар мегузашт, агар, бино ба иттилои Радиои "Озодї", андешаи як коршиноси тољик, ки бо овардани чанд делел дар мавзўи асосии конфронс гуфт, њамгироии аврусоиёї дар њамин марњила фиреби назарњосту Русия њељ стратегияи миллї надорад ва талошњои Владимир Путин барои созмони Иттињоди Авруосиё чизе бештар аз эњёи як тани бељон нест, ироа намешуд. Ѓайриинтизор ин суханони коршиноси мустаќил, ки зимни мулоњизаронињо ироа шуд, бањси тундеро ба миён оварданд. Саймуддин ДЎСТОВ, сарвари созмони "Индем", гуфт, ин ки Русия стратегияи миллї надорад, аз Душанбе ва дигар пойтахтњои Осиёи Марказї хеле хуб намудор аст. Вай афзуд, аз нуќтаи назари сиёсї, имзои Созишномаи шароити будубоши пойгоњи низомии 201 дар Тољикистон "хатои стратегии" њарду љониб буд, ки пайомадњои он барои Русияву Тољикистон чандин соли дигар ногувор њам хоњанд буд. Дар натиљаи бањси бепояи сесола Тољикистон аз занљираи луљистикии хуруљи нерўњои НАТО аз Афѓонистон берун шуда, дањњо миллион доллар зарар дид, љануби Тољикистон аз шабакањои роњи оњани ИДМ, бинобар кандани ќитъаи роњи "Амузанг-Ѓалаба" канда шуд ва Узбакистон, кишвари барои равандњои њамгироии авруосиёї муњимро сателлити Ѓарб кард. Вай афзуд, аз нигоњи иќтисодї, "љанги коксиву бензинї", ки бањори соли 2010 эълон шуд, ба иќтисоди Тољикистон њудуди 1 миллиарду 200 миллион доллар зиён овард ва як "љанг"-и дигаре њам аз сўи РусАл барои аз худ кардани ТАЛКО идома дорад. Саймуддин Дўстов дар бораи љанбањои башарии ин "хатои стратегї" гуфт: - Њуљуми иттилоотии расонањои Русия ба Тољикистон, ба тољикон њамчун миллат ва сарвари давлати Тољикистон њама гуна њарфњо дар бораи њамгирої ва стратегияи милли солим аз миён мебарад. Ин буд, ки назарсанљии ахири ВСИОМ нишон додааст, ки ба Тољикистон аз як дарсад ками русњо муносибати хуб доранд. Дар фолклори маишии Русия тољикон чукчањоро иваз кардаанд. Пайдо шудани лагери консентратсионї барои муњољирон

дар тобистони гузашта, гузоришњои телевизионии рўи асфалт хобонидани муњољирон дар баробари таќрибан њар њафта намоиш додани раванди наљоти муњољирони африќої аз суи пулиси Итолиё ва дигар падидањо гувоњи онанд, ки Русия њељ гуна стратегияи миллї надорад ва кўшишњои љомиаи коршиносї дар мавриди њамгироии авруосиёї бењудаанд. Суњбати коршиноси тољик, ки њудуди 4 даќиќа идома дошт, сафири Русия дар Тољикистон Игор ФРОЛОВ-Лякинро то љое нороњат кард, ки мавсуф зуд вокуниш нишон дод. Вай изњороти коршиноси тољикро "тавтиъа" хонда, афзуд: - Ин ќарори мустаќилонаи њар як кишвар аст. Њар гуна, ки хоњанд, њамон гуна рафтор кунанд. Агар мехоњед ба Афѓонистон ё Амрико њамгирої кунед, ин њуќуќи Шумо аст. Албатта, иддае њастанд, ки њуќуќи аз номи як давлат суњбат карданро надоранд. Дар сўњбат бо мо маќомоти Тољикистон ба шеваи комилан дигар ба ѓояи њамгирої таваљљўњ мекунанд. Агар намехоњед бо Русияву Ќазоќистон ва Белорус њамгирої кунед, њаќќи шумост. Георгий КОШЛАКОВ, собиќ муовини сарвазири Тољикистон ва њоло устоди Донишгоњи славянии Русияву Тољикистон гуфт, њамчунин изњорот ба љуз мушкил дар равобит чизи дигаре намедињанд: - Њар гуна муносибатро набояд бо муносибатњои њукуматњо ва рањбарони кишварњо омехта кард. Ваќте нотиќ мегўяд, ки маќомоти олии Русия бо шовинизм ва миллатгарої мубориза намебаранд, ин гапи кўдакистон аст. Равандњои объективиро намешавад љилавгирї кард, магар ки онњоро дар лагерњо шинонем? Соли 37-ро ташкил кунем? Бале, одамоне њастанд, ки њамин гуна нуќтаи назари "миллатгароии махмалин" доранд. Бояд мубориза бурд, аммо на бо ин роњ. Дуюм, коршинос мегўяд, ки 1 миллиарду 200 миллион доллар зиён расид. Кадом 1 миллиарду 200 миллион? Кї инро њисоб кардааст? Ин иттилоъи ѓалат аст, зеро методикаи њисобу китоби чунин хисорот вуљуд надорад. Аммо Саймуддин Дўстов эълон кард, ки ин раќамро, њар иќтисодчии холис метавонад исбот кунад, барои ин танњо донистани њаљми бозори мањсулоти нафтї, ки солона њудуди 800 њазор тоннаро ташкил медињад, 46 моњи "љанги бензинї" ва њисоби миёнаи бољ, ки њудуди 370 долларро ташил медињад, басанда аст. Аммо коршиносони дигари рус ягон контрдалел оварда натавонистанд, ба љуз аз Кошлакови тољикистонї, ки гуфт "муњољирати тољикон ба Русия экспорти тиллої аст ва хуб аст, ки дар њар шифохонаи Маскав тољикон кор мекунанд". Аммо Саймиддин Дустов мегўяд, "ин фањмиши романтикии масъала сињат надорад ва ба хотир ташаббуси вазири ваќти мењ-

нат Зокир Вазировро ба ёд меорад, ки мехост тибќи ду шартнома бо Русия 1000 нафар духтурони то соли 1991 дипломгирифтаро ба Русия барад. Акнун худ тасаввур кунед, ки дар чанд рўз 1000 нафар духтури соњибтаљриба аз шифохонау бемористонњои Кулобу Хуљанду Хоруѓу Душанбе берун шаванд. Волидайну фарзандони шуморо ки муолиља мекунад? Муњољират умдатарин масъалаи милливу давластист, ки муносибати давлатсолорона мехоњад, на хокзанї ва имтиёзталабиро". Маълум мешуд, ки русњо мунтазири шунидани њамчунин андеша набуданд ва барои посух ба даъвоњои коршинос далеле надоштанд. Аммо аз суњбати сафири Русия, ки ба андешаи коршиноси мустаќил муносибати ѓайридипломатона дошт ва њам аз хомўшии коршиносони рус чунин хулоса мешавад, ки Тољикистон ихтиёр дорад ба Иттињоди гумрукї ворид шавад. Аслан чунин маъно бармеомад, ки ин Иттињод ба Тољикистон зарур аст, на ба Русия. Аждар КУРТОВ, коршиноси аршади рус, ки бо интиќодњо ва тањлилњои сарсариаш дар бораи Тољикистон маъруф аст, низ иброз дошт, ки барои Русия имкониятњои худи он кофї њастанд. Аз љумла дар мавриди пойгоњи низомии 201 вай гуфт, ки ин пойгоњ ба Тољикистон зарур аст, на ба Русия. Коршиносони рус њамчунин натавонистанд ба суоли коршиноси тољик љавоб гўянд, ки чунин буд: "Ваќте сухан аз њамгиройи аврусоиёї меравад намешавад яке аз акторњои асосї дар ќораи Авруосиё-Узбакистонро нодида гирифт, њамчунин ки таърихи њамгиройи дар 20 соли ахири пањнои ИДМ-ро. Дар њоле, ки Тошканд кулли тарњњои њамгироии аз Кремл берунмадаро, шуруъ аз замони Борис Елтсин, ки асоситаринашон ИДМ буд, ва њам тарњњои иќтисодиву сиёсии ањди Владимир Путин-ЕвразЭС, ОДКБ, КСОР ва њам тарњњои империяхоњии ў Иттињоди гумрукї ва Иттињоди авруосиёиро эътироф намекунад, ё мунтазам камрангашон мекунад, чи тавр мешавад ин кишвари ба мо њамсояро ба ин равандњо љалб кард?". Баъди ин суол ташкилкунандагони конфронс регламенти эълоншударо иваз карданд, то корд аз устухон нагузарад ва шарманда нашаванд. Ин, ки Кремлу сафиру коршиносонаш фикр мекунанд, онњо заруранд, на собиќ кишварњои Шўравї ва на назари коршиносони мустаќил ин суолро ба миён мегузорад, ки ин дилпурии онњо аз куљост? Ва ин бархўрду бардошти яљониба лоќайдї ё бепарвої ба њамгироии авруосиёї тарњњои Русияро то куљо муваффаќ мекунад? Иттињоди Авруосиё, ё Иттињоди иќтисодии Авруосиё соли 2010 дар заминаи Фазои ягонаи иќтисодии Русия, Ќазоќистон ва Белорус ташкил шуд. Онро ѓояи нав барои мутта-

њид кардани кишварњои собиќ Шўравї ва тарњи муосири империяхоњии Русия унвон мекунанд. Иттињоди гумрукї боз њам дар њайати се кишвари фавќуззикр яке аз падидањои аввалини он аст. Аз кишварњои собиќи Шўравї Арманистон, Ќирѓизистон ва Тољикистон ва аз Ховари Миёна Сурия барои вуруд ба Иттињоди гумрукї изњори омодагї кардаанд. Талошњои Арманистону Сурия ва љавоби Русия ба ин хоњишњои ѓайримуќаррарї худ гувоњи онанд, ки ин тарњ иќтисоди нест, балки сирф сиёсист, аммо ин нуктаро дар конфронс касе ќайд накард ё њадди аќќал имкон надоданд, ки чунин назар иброз гардад. Дар бораи майл ба Иттињоди гумрукї Президенти Тољикистон бори аввал суњбат карда буд. Ў гуфт, ки вобаста ба шароит Тољикистон њам вориди ин Иттињод мешавад. Аммо маќомоти зидахл, аз љумла вазорати иќтисод ва рушди савдо изњор дошта буданд, ки дар њоли њозир шомил шудан ба ин иттињод аслан имкон надорад. Сўњроб ШАРИПОВ, узви парлумон аз њизби њокими халќии демократии Тољикистон, ки аз модераторњои конфронс буд, гуфт, барои ворид шудани Тољикистон Иттињоди гумрукї чор то панљ соли дигар зарур аст. Вай афзуд, њанўз нињодњои зидахли Тољикистон хулоса накардаанд, ки пас аз узвият даромадњои гумрукї, ќисмати умдатарини будљаи Тољикистон чї гуна хоњанд буд, вазъи саноату истењсоли дохилї њам муњиманд, зеро онњо бояд ба мањсулоти кишварњои дигари иттињод бояд раќобат карда тавонанд: - Аз њама муњим соњаи энержии об аст. Барои Русия ва Ќазоќистон нафту газ муњим бошанд, барои Ќирѓизистону Тољикистон ин соња муњим аст. Мањз омили асосии ворид шудани ин ду кишвар ба Иттињоди гумрукї њамкорї дар ин самт аст. Ман дигар роњро намебинам. Дар бораи амбитсияњои геополитикии ќудратњои дигари фаъол дар минтаќа њољати гуфтан нест, ки мехоњанд бо кишварњо дар ин замина њамкорї дошта бошанд." Коршиносони тољик бар ин нукта ишорат мекунанд, ки узвияти Тољикистон ба Иттињоди гумрукї ба таври фаннї аз узвияти Ќирѓизистон вобаста аст, чун яке аз шартњои ин Иттињод доштани марзи муштарак аст. Ва дар чунин њолат њам, ба ќавли онњо, узвияти Тољикистон маъние нахоњад дошт, чун роњњои асосии васлаш бо кишварњои узви Иттињоди гумрукї боз њам аз Узбакистон мегузарад, кишваре, ки ба ин њамгироињо ќариб ки майле нишон намедињад. Воќеан Тошканд на фаќат майл ба тарњњои њамгироии Русия надорад, балки мекўшад онњоро нодида гирад. Баромадани он аз ЕврАзЕС ва ОДКБ ба њамин манзур буд ва шакке нест, ки њар гуна муносибати Узбакистон ба Иттињоди гумрукї ва Иттињоди авруосиёї аз савдои миёни Тошканду Маскав љињати ояндаи Тољикистону давлатдории миллии тољикон шуруъ мешавад, ки бањсест дигар. Ин воќеиятњо бармало нишон медињанд, ки ѓояи путинии њамгироии авруосиёї дар њамин марњила асос надорад, зеро: а) Русия барои амалї кардани ин тарњи сиёсї пул надорад; б) Заминањои сохторї ва институтсионалии ин њамгирої фароњам нестанд; в) Таќрибан њич кадоме аз президентњои кишварњои узви ИДМ ба Путин бовар надоранд ва интизори соли 2018 њастанд. Аммо њар гуна њамгирої ба нафъи давлатњо ва миллатњо хоњад буд, агар дар он манофеъи њамаи аъзо ба назар гирифта шавад. Хоса њамгироии тољикон бо русњо, ки иттифоќчии табиї буданду мемонанд ва ўњдабароиву ноўњдабароии њукуматњо ва сафирњояшон таќрибан ин муносиботро ба таври љиддї халалдор карда наметавонанд. Њоло бигзор масали авруосиёгарї ё "басня евразийство" барои чанд ваќти дигар гардон бошад ва аслу ноаслро дар муносиботи ду кишвар рўи об барорад. Азамати ВАЊЊОБ Фаромарзи ФОЗИЛ


ТАЛОШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

3

- Чї кор кунем, набераи хушнулакам, дар Тољикистони офтобрўя гавазн набудааст...

Саидалї Сиддиќов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тољикистон (КРТ) эълон кард, ки имсол дар љашни Соли нав "арчаи солинавї, Бобои барфї ва Барфак" дар барномањои телевизионї намоиш дода нахоњанд шуд ва ин њама "пушти парда" меравад. Табиї буд, ки артиши бузурги љонибдори Соли нави масењї, шурўъ аз расонањои русии Тољикистону Русия то русшудањову "Орёл ва Решка" ба по хестанд ва њоло сангњои маломат ба сўи КРТ - ву Њукумати Тољикистон меандозанд.

"Чоњи љоњилият (мракобесие)" Аз муњофизони ашаддии ин љашн сомонаи русии "Азия - плюс" аст, худи њамон рўзи иттифоќ афтодани иќдом дар як они воњид тавонист як матлаб ба њимоят аз Соли нави масењї нашр кунад. Нашрия гуфтањои коршиносонашро хулоса мекунад, ки "баргузории маросими солинавї ва даст кашиданњо аз нишонањо - атрибутњои ин идро наметавон тариќи ќарору дастуру фармон ва бо хоњиши касе аз миён бурд". Њоло муруре ба ин андешањо. Темур Варќї, собиќ корманди "Азия-плюс", ки њоло дар ТВ "Сафо"-и наздик ба ЊНИТ фаъолият дорад, иќдоми КРТ - ро "…дастури навбатии идеологї, ки хилофи Сарќонуни Тољикистон аст" шарњ медињад ва инро њам мегўяд, ки ин иќдоми КРТ "ќисмати дунявии ањолї" - и Тољикистонро аз таљлили "Соли нави дунявї" ба монанди баќия "љањони дунявии секулярї" мањрум мекунад. "Мо аз ибтидои асли 20 ќисмати ин љањонем (манзур "љањони дунявии секулярї" - Ф.Ф.) ва имрўз дар шароити сулњи љањонї бояд ин бартариятњоро истифода кунем, на ба сўи асрњои миёна поён равем" мегўяд Темур Варќї. Аз нигоњи ў ё "АП", соли нави масењиёнро љашн нагирифтан бозгашт ва асрњои миёна будаасту маќомот бори дигар "аблањона ва бидуни андеша" љомиаро ба дунявию динї таќсим карда, ин ду ќишрро ба њам муќобил мегузоранд, њуќуќњояшро поймол менамоянд ва ба ин роњ ба "фирори мардум аз кишвар мусоидат мекунанд..." чун ин мардум аз ояндаи фарзандони худ дар Тољикистон дар ташвишанд, зеро маќомот онњоро ба "чоњи љоњилият" мебаранд.

"Иди Митро" Чанд сол аст, ки як ќисми зиёиён мекўшанд Соли нави масењиро ба идњои зардуштї рабт дињанд. Гўё дар замони ќадим ниёкони мо дарахтњоро орову торо медодаанд. Ин љанбаро њам муаллифони "Азия - Плюс" нодида нагирифта, ба бањс нависанда ва рўзноманигори маъруф Адаш Истад ворид мекунанд, ки дар як навиштаи, аз нигоњи нашрия, "олї" - яш Бобои барфиро ба худо Митро монанд кардааст. Гўё Митроро дар љелаки сурх, кулоњи сурх ва бо халтаи туњфањо тасвир карда будаанд. Ба љуз ин дар динњои иброњимї ороиши "кедр ва палма" њам буд. "АП" менависад, ки аз як тараф агар мо дар фарњанг ва менталитети худ "коди генетикї" - и зардуштияро дорем, аз сўи дигар, "сўзандору" - и динњои иброњимиро. "Аз дигар тараф, мо ќисмати мероси пасошўравї ва аз тарафи дигар, ќисмати љањони глобалї њастем. "Так что", аз кадом тараф, ки нанигарї, арча ва Бобои Барфї ба тољикони муосир бегона нест, бахусус дар давлати демократї, ки Сарќонуни мо мегўяд" - менависад "АП".

"Наздикшавии миллатњо" Шоир Аскар Њаким њам њангоми изњори андеша дар бораи Соли нави милодї гуфтааст, ки "анъанањои миллї зуњуроти сангин ва шахшуда нестанд. Мардум анъанањои зиёде дорад, ки њоло нестанд ва онњое њам њастанд, ки бо гузашти ваќт пайдо шуданд". Шоир ба њафтод соли њамзистии мардум Тољикистон дар кишвари сермиллат (манзур, СССР - Ф.Ф) ва пайравони дини зиёд ишора карда, суол мегузорад: "Анъанањое, ки аз якдигар гирифтем, чї бадї доранд?" Ва илова мекунад: "Мо дар бораи наздикшавии миллатњо ва фарњангњо мегўем, аммо бо инкор ва манъи ин анъанањо ба ин њадаф намерасем...". Њол он ки сухан аз инкор нест ва буда њам наметавонад. "Азия - плюс" њамчунин аз Аскар Њаким далел меорад, ки ин идро ба Исои Масењ (а) рабт медињанд, пайѓамбаре, ки ислом эътироф кардааст. Ба ќавли ў, њатто агар ба солшумории дигар њам бигзарем, аз Соли наву нишонањояш набояд даст кашем ва боз њам ба ин Сарќонуни мо мухолифат мекунад.

"Решањои ориёї" "Азия - плюс" бар иловаи он, ки дар бораи "решањои ориёї" - и Соли нав аз Адаш Истад иќтибос карда, боз андешањои шоир ва публисист Исфандиёри Назарро алоњида меорад, ки

Иди бегона Кињо мехоњанд љашни насрониро њифз карда, дар сатњи миллї ва давлатї болои мардум тањмил кунанд? мегўяд: "Иди "Мавлуди худои муќаддаси Митра" - яке аз ќадимтаринњост. Калисои Рим барои барои аз байн бурдани худо Митра дар насроният онро дар образи Исо дар оѓози 21 декабр - Мавлуд (Рождество), баъдтар 25 декабр ва ахиран - 1 январ таљассум кард. Дертар арчаи солинавї атрибути он шуд ва инро бояд эътироф кард". Ва суол мегузорад: "Маълум нест, ки зарурати радди ин далел чї аст ва он чї зарар кардааст?"

"Фатво" - и нањзатї Муовини ЊНИТ Мањмадалии Њайит ба "АП" эътироф мекунад, ки љашн насронист ва њукумат набояд ба он дахолат кунад. "Идњо дар Тољикистон зиёданд ва ба пешинањояш навњо илова мешаванд", - мегўяд Њайит ва меафзояд, инро наметавон бо дастуру фармон аз байн бурд. Хулоса, кўшишњои гўё аз байн бурдани ин идро муовини раиси ЊНИТ бефоида хонда, мегўяд, ки њизбаш зидди ин љашнњо њељ гоњ набуд.

Масхарабозї Ин матлабро аз "Азия - плюс" ба он хотир овардем, ки мавзўи бањси мо рўшан шавад, зеро ин соли аввал нест, ки як њарфи андаке дар таљлили Соли нави масењї ин рўзномаву муштариёни русмаобу русзабонашро гўё ба ташвиш меорад. Њамон Саидалї Сиддиќов танњо гуфт, ки Бобои барфиву Барфак ва арча дар барномањо нахоњанд буд. Нагуфтааст, ки иди Соли нав таљлил намешавад! Ва њам илова мекунад, ки кори њар кас аст, ки чї кор мекунад. Аждар Куртов, коршиноси аршади Русия дар умури ИДМ, ки бо назарњои зиддунаќизаш дар бораи Тољикистон маъруф аст, дар дар ин масъала рўшан гуфтааст: "Ин барои як русиягї ѓайриоддї аст, аммо барои Осиёи Марказї чизе ѓайриоддї нест". Аммо чаро барои њамсўњбатону "АП" ин ѓайриоддї тофт? Агар Темур Варќї мегуфт, ки масалан, маорифи заъиф, фасоди саросарї, бемасъулиятии њукумату падару модар бачањо ва љомиаи Тољикистонро ба "чоњи љоњилият" ва "асрњои миёна" мекашад, гапи дигар буд, лекин чї тавр таљлил нашудани Соли нави масењї, як ид, фарзандони Тољикистонро ба ин чоњу асрњо мебарад? Ба "љањони дунявии секулярї" гапњои тасмими КРТ чї муносибат дорад ва магар аз таљлили як ид мардуми Тољикистон ватанро тарк мекунанд? Аз шароити бад тарк мекардагистанд, охир, на Соли нав, ки атрибути дигараш бардоштани водка аст! Далелњои бемантиќу тумтароќи "АП" ва њамсуњбатонаш ба асотир мебаранд. Адаш Истад ва Исфандиёри Назар ваќте дар бораи

Митро мегўянд, ин ба Соли нав, мавлуди Исои Масењ ва таќвими григорианї чї рабт дорад, ваќте гап умуман дар бораи дину боварњои дигар меравад? Худ истифодаи ин далел ба хотири "миллї" ва "бегона набудан" - и Соли нав ба тољикон чї маъно дорад? Агар ба Митро бовар доред, чаро Соли навро њамчун Мавлуди Митро ё Рўзу Љашни Митрову Мењр љашн намегиред? Љаноби Аскар Њаким аз "наздикшавии миллатњо" њарф мезананд. Мантиќи як шоири миллатро бинед: 70 сол ин ид дар давлати сермиллат буд, миллатњоро наздик накард (имрўз њолашонро бинед!) ва њоло наздик мекунад. 70 сол наздик накард, акнун Соли нави масењї наздик мекунад? Хуш ба њолатон! Чї мантиќе! Далели дигари шоир - Исои Масењро дини ислом пайѓамбар эътироф кардааст. Бале, эътироф кардааст, аммо на Соли навро њамчун иди мусалмонон. Њадис њаст аз Ибни Умар (р), ки њар касе љамоати дигарро мекунад, мисли њамонњост (аз зеркоштањои њамон матлаби "АП"). Дар ин радда назар ва мавќеи муовини раиси ЊНИТ Мањмадалии Њайит љолиб аст, ки љое њамин њадисро њам намеораду рўшан намегўяд, ки ин иди як мусалмон нест ва сад кўшиш накунанд, нагўянд, ки "секуляр" аст, реша дар насроният дорад, чун Мавлуди Исост. Ин њам мавќеву андешаи як масъули њизбест, ки даъвои њимоят аз арзишњои исломиро мекунад. Соли навро то солњои 50 - уми асри 20 мардуми тољик намешинохт ва он намунаи барљастаи тањмили анъанаи бегона ба тољикон аст. Наврўзу идњои мазњабиро манъ карда, ин гуна идњои худро талќин мекарданд. Соли нави масењї мањсули таблиѓоти давлати Шўравї ба манзури аз њуввияту дину оини миллї бегона кардани кишварњои Осиёи Марказї буд. Касе мехоњад - намехоњад чунин буд ва чунин њаст. Дар умум чї шоиру чї нависанда ва рўзноманигору сиёсатмадорони њамсуњбати "АП" як њарфро такрор мекунанд: ин тасмими њукуматдорон хилофи Сарќонун аст? Аввал ин ки кадом тасмим? КРТ гуфт, ки нишонањои Соли нави масењї - Бобои барфї, Барфак ва арча нишон дода намешаванд. Фаќат дар барномањои телевизион, на кўчаву бозор ва хонаи мардум. Аммо "АП" гаштаву баргашта, Сарќонунро ба миён мекашад. Ба гумон аст, ки русмаобони ин нашрияи бемавќеъ агар ягон масъалаи дигар мебуд, чунин мекард. Гапи дигари "дўстдошта" - и "АП" - ву њамсуњбатонаш ин аст, ки "ин ид чї зарар дорад?". Рост мегўед. Иди Валентин, ки дар Тољикистон "мардумї" мешавад, чї зарар дорад? Њеллоуин? Ва ѓ.њ.

"Зери ях…" Дар тасмими КРТ мешавад ќадамњои хурд барои рањої ёфтан аз анъанањои бегонаро дид, ки хоси як давлатдории миллї аст. Ин корро

Ўзбакистон соли 2005 карда буд. Туркманистон њанўз соли 2009 дар кўчаву тарабхонањо таљлили Соли нави масењиро манъ кардааст. Яъне ин як раванди худшиносии миллї ва фаротар аз Тољикистон ва дар сатњи минтаќа аст, ки љараён дорад. Ба сабабњои номаълум ё маълум, "АП" аз ин далоил њарфе намезанад. Инчунин: ин таќсим кардани љомиаи Тољикистон ба "диниву дунявї" нест, зеро хуб маълум аст, ки њукумати Тољикистон ба аќидаи динї чї муносибат дорад. Агар чунин мебуд, шояд масъули ЊНИТ њам дониста суњбат мекард, чун љабрро бештар ин њизб дар ин самт кашид. Гап дар чист? Аввал, эњсос мешавад, ки мухолифини њукумату онњое, ки ба њар тасмими њукумати феълї хўрдагирї мекунанд, бояд ин дафъа њам ин корро мекарданд. Њатто ваќте дар бораи эътиќод ва арзиш суњбат мешавад, масъули њизби исломиамон њам огоњона њамнавої мекунад. Дуввум, аксари љонибдорони Соли нави масењї ба ном тољик, дар асл парвардагони фарњанги русанд. Агар адабиёти тољикро њам хонда бошанд, дар тарљума хондаанд ва забони тољикиро дуруст намедонанд. Ин худ далели он аст, ки ба онњо руњу њуввияти тољикї бегона аст. Онњо тољик будани худро пинњон намедоранд, чун дигар миллатњо онњоро њамин тавр ќабул мекунанд. Сеюм, эњтиёткории сиёсатмадорон ба хотири наранљондани Русия аст. Ва… Лутфан, "Азия - плюс" ва љонибдорони Соли нави масењї, мероси Шўравї! Њамин далелњоеро, ки доред ба муњољирини мењнатї гўед, ба милисаву Хадамоти муњољирати Русия ва Жириновскию миллатгароњои рус гўед, ки чї тавр арзишњои онњоро эњтиром мекунед. Кош, онњо њам мисли шумо дар андешаи наздикшавї мебуданд ва кош, њамин љонбозињои шумо ба хотири Соли нав - иди онњоро бинанду тољик дар Русия эњтиром пайдо кунад. Нињоят, ба суоли "Соли нав ба мардуми тољик бегона аст?" як посух намерасид, ки рўзноманигории њирфаї талаб мекунад: "Не. Ин ид аслан ба миллати тољику мусалмонон рабте надорад. На фаќат тољикї нест ва ба тољик рабте рабт надорад, балки бегонаву тањмилї аст ва шахси тољикро њам камранг мекунад, он гуна, ки имрўз дар Русия аст!" Сарќонуни Тољикистон кафолат медињад: Ихтиёри њар кас аст, ки ба ин ид чї гуна муносибат мекунад. Таљлил мекунад, намекунад, фарќе надорад, аммо рўзе мерасад, ки аксарияти љомиа ба дарки ин њаќиќат хоњад расид. Он гоњ "крикун"-њои русмаоб, ки аксарияти аллакай шањрвандии Русия ба даст овардаанд, чи кор мекунанд?

Фаромарзи ФОЗИЛ


4

ТО БА КАЙ?!

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

Ќазияи бозии чавгон дар ЮНЕСКО далели он аст, ки ањли илму маданияти тољик ва афроди масъули њукумат бо њама "зиндабодњояшон" дар њифзу тарѓиби мероси фарњангии тољикон номуваффаќанду наљот дар бознигарї ва ислоњоти љиддї аст... Дуздии Озарбойљон Аввали моњи декабри соли равон бозии суннатии ашрофзодагони форсу тољикон - Чавгон ба фењрести мероси фарњангии маънавии љањон ворид гардид. Аммо на бо ташаббуси меросбарони ин бозї, балки бо пешнињоди Озарбойљон Кумитаи мероси ЮНЕСКО (Созмони омўзишї, илмї ва фарњангии СММ) чавгонбозиро ба номи љумњурии Озарбойљон сабт кард. Ин намуди варзиш тањти унвони "Чавгон бозии суннатї бо асп дар Ќарабоѓ" дар фењристи мероси маънавии ЮНЕСКО сабт гардид. Абулфас ГАРАЕВ, вазири фарњанг ва сайёњии Озарбойљон бо хушнудї эълон дошт, ки "ин як рўйдоди муњим дар таърих ва фарњанги Озарбойљон мебошад. Чавгон, бозии маъмулу шинохта дар Озорбойљонро минбаъд љомеаи љањонї њифз хоњад кард". Озарињо бозии чавгонро њамчун бозии суннатии озарињо муаррифї намуда, макони пайдоишашро Ќарабоѓ муаррифї мекунанд. Дар сањифаи энсклопедияи озоди интернетї - википедия низ чавгон њамчун бозии миллї дар Озарбойљон сабт гардидааст. Озарињо иддаъо доранд, ки ковишњои ахеологї аз гузаштаи дури ин бозї дар њудуди ин кишвар дарак медињад. Инчунин, ба он такя мекунанд, ки дар достони машњури "Хусрав ва Ширин"-и Низоми Ганљавї ин намудани бозї тасвир шудааст. Дар сањифаи эпоси мардумии озарињо "Китоби Деде Коркуд" њам тасвир ёфтааст. Воќеан, наметавон инкор кард, ки дар Озорбойљон барои мардумї гардидани чавгон талошњое аз љониби њукумати ин кишвар сурат гирифтаанд. Аз љумла дар соли 2006 дар Озорбойљон мусобиќаи чавгонбозї миёни 8 шањри ин кишвар гузаронда шуд... Ин њама азхудкунињои Озарбойљон аз куљо сарчашма мегирад? Њукумати Озарбойљон барои таблиѓи кишвараш ва офаридани имиљи он, љалби сайёњон сармоядорон ва вазирони кишварашро масъул намудааст. Ин аст, ки аз љониби сармоядорони ин кишвар рўи таблиѓи бозии чавгон маблаѓ сарозер мешавад. Аз љумла дар сабт гардидани бозии чавгон дар фењрести мероси фарњангии маънавии ЮНЕСКО сањми Мењрубон Алиева, бонуи аввали Озарбойљонро бештар зикр мекунанд. Бону Мењрубон Алиева, сафири ихтиёрии ЮНЕСКО буда, аз бонуњои сармоядори кишвараш мањсуб меёбад. Аз соли 1995 ба таблиѓи фарњангу тамаддуни Озарбойљон машѓул буда, ќадами аввалаш дар ин самт ба роњ мондани Бунёди фарњангии Озарбойљон буда, баъдан маљалаи "Озарбойљон-Ирс" ташкил мекунад, ки ба cе забон (озарї, русї, инглисї) ба нашр мерасад. Дар соли 2003 барои талошњояш дар њифзи адабиёт ва мусиќии шифоњии Озарбойљон ба ў унвони фахрии Сафири ихтиёрии ЮНЕСКО медињанд. Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст нест, ки озарињо рўй ба арзишњои фарњангиву шахсиятњои матрањ дар адабиёти форсу тољик наоварда бошанд. Бањс атрофи шоири номвар - Низоми Ганљавї, ки ахиран озарињо тасмим гирифтаанд, ки ба љои катибањо ба забо-

ни форсиро дар маќбараи ў катибањо ба забони туркї њакокї намоянд, аз љониби фарњангиёни эронї бепосух намонд. Нисбат ба бозии чавгон низ эронињо дар сатњи маќомоти њукуматї посух доданд. Аз љумла вазир оид ба масоили љавонон ва варзиши Эрон Саид Ризо Солињї-Амирї садо баланд кард. Аммо аз тољикон, ки худро меросбари тамаддуни бузурги форсї медонанд, чи садое баланд гардид?

Нома ба Бокова Як гуруњи зиёиён ва фаъолони љомеаи шањрвандии Тољикистон дар робита ба дархости вазорати фарњанги Озарбойљон дар бораи мероси фарњанги озарї номнавис шудани бо-

РУСТАМЉОН СОЛИЕВ - НАМОЯНДАИ ТОЉИКИСТОН ДАР ЮНЕСКО АЗ БАЊСИ ЧАВГОН БЕРУН МОНД... зии "Чавгон" дар фењрасти мероси љањонї ба директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова мурољиат кардаанд. Олимон ва зиёиёни тољик дар ин мактуб бо овардани далелњои илмї ва таърихї аз љумла гуфтаанд,"бозии "Чавгон" њанўз дар асрњои II III пеш аз мелод дар миёни аќвоми њиндуэронї, аз љумла тољикону порсњо, ба таври густурда ривољ доштааст ва вожаи "чавгон" низ форсиву тољикї буда, ба забони туркї ва туркии озарї њеч пайванде надорад. Муаллифони ин мактуб, менависанд: "Ончуноне аз расонањои хабарї пайдост, ба созмони љањонии бонуфузи, ЮНЕСКО, аз тарафи маќомоти баландпояи Љумњурии Озарбойљон, дархосте ироа гардида, ки бо камоли таасуф дар он бозии суннатии тољикон ва иронитаборон, "Чавгон" њамчун мероси фарњангии Љумњурии Озарбойљон, барои дар фењристи мероси љањонї номнавис шудан, пешнињод гардидааст. Муаллифони дархост Љумњурии Озарбойљонро кишваре донистаанд, ки гўё дар он љо њазорон сол пеш ром кардани асб, барои парвариш, љињати бозии "Чавгон" ривољ доштааст. Аммо бозии "Чавгон" њанўз дар асрњои II -

МАЙДОНИ ЧАВГОНБОЗЇ, КИ ЗИМНИ ЊАФРИЁТИ КАРОН КАШФ ШУДААСТ

III пеш аз мелод дар миёни аќвоми њиндуэронї, аз љумла тољикону порсњо, ба таври густурда ривољ доштааст. Барои исботи ин воќеъияти торихї метавон намунањои бешумори хаттиро бо забонњои порсї - тољикї ва арабї пешнињод кард, вале мо дар ин нома танњо ба ду нукта ишора мекунем, ки баёнгари далоили ќотеъи пешинаи пайдоиши бозии "Чавгон" мебошад. Нахуст ин ки њанўз дар осори падари адабиёти форс - тољик, Абўабдуллоњи Рўдакї, дар асри VIII мелодї аз вожаи "чавгон" кор гирифта шудааст ва дар "Шоњнома" и Њаким Фирдавсї, ки асари бузургу бењамтои торихї - бадеї мебошад, ба њангоми бозтоби замони кишвардории каёниён, аз бозии "Чавгон" ва вижагињои он достон суруда шудааст. Дуввум ин ки вожаи "чавгон" форсиву тољикї буда, ба забони туркї ва туркии озарї њеч пайванде надорад. Вожаи "чавгон" пањлавї буда, баргирифта аз калимаи "чўб"("чув") ва пасованди "гон" мебошад. Бад - ин тартиб донишмандони љањон ( донишмандони аврупої, њиндї ва ирониву тољикї) оѓоз ва пайдоиши варзиши "Чавгон" - ро ба 525 сол пеш аз мелоди Масењ нисбат додаанд ва мањду зодгоњи онро Вароруд (Осиёи Марказї) донистаанд. Дар даврони силсилаи сомониён ин бозї дар њудуди Тољикистони имрўзин густариши беш пайдо карда буд. Бо мурури замон варзиши "Чавгон" ба мамлакатњои дигар низ шиносонда шуд. Дар замони ба Иттињоди Шўравї шомил будани Тољикистон, бинобар надоштани истиќлолияти давлатї, ба ин варзиш ањамияте дода намешуд ва тадриљан наздик ба фаромушї расида буд, аммо дар кишвари дигари меросдорони фарњанги муштараки тољикиву иронї - Ирон, бозии "Чавгон" ба таври густурда ривољ ва идома дошта, дорои федератсияи хос мебошад ва Тољикистон дар њоли талош барои эњёи ин бозии суннатии торихї аст. Мо њеч мушкилї бо кишварњое, ки аз мероси фарњанги бостонии тољикон истифода бурда онро љузви фарњанги худ медонанд, надорем ва бозии "Чавгон", ки нишондињандаи торихи муштараки мардуми иронитабори бостон мебошад, дар амри ба њам омадани ќавму миллатњо наќши боризе доштааст ва яќин дорем, ки ин бозї боясти ќосиди сулњу оромї бошад, на мояи худбузургбинии бархе адвори рўй сўйи бузургманишї овардаи ќора. Мо пешнињод мекунем, ки бозии "Чавгон" чун љашни суннатии "Наврўз", дар фењристи мероси фарњангии љањон, номнавис гашта, номзадии Озарбойљон, њамчун мањалли таваллуди он, аз байн бардошта шавад ва бозии муштараки мардуми Ирон, Тољикистон, Афѓонистон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон ва Озарбойљон низ дониста шавад. Мо бовар дорем, ки пешнињодњои мо метавонад ба ихтилофи назаре, ки онро дархости вазорати фарњанги Озарбойљон ба миён нињодаааст, коњиш оварда, дар маврид воќеъияти торихиро барќарор намояд".

Кистанд ин зиёиён? Бовар дорем, ки агар хонандаи закии њафтаномаи "Нигоњ" ин мактубро ќаблан нахонда бошад, ба хубї дарк хоњад кард, ки дар зери ин мактуб ягон масъули њукуматї, аз љумла вазири фарњанг, мушовири давлатии президент оид ба рушди иљтимої ва робита бо љомеа ва дањњо масъулини њукуматї имзо накардаанду намекунанд. Садо боз аз кўњистони тољик баланд гардид. Аксари онњое, ки дар зери мактуб имзо кардаанд, атрофиёну њамандешони Зафари Мирзоёни номвар мебошанд. Зафари Мирзоён шояд њангоми навишти ин мактуб дар кадом рустои пурбарфи ноњияи Ховалинг ќарор дошт. Пеши рўи ўро на бебарќї гирифту на ким кадом бањонаи дигаре дар баробараш ќад алам кард. Танњо кофист, ки бидонед, зери ин мактуб, ки бо ду забон тољикї ва инглисї ба директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова ирсол шудааст, кињо имзо гузоштаанд: Акбар Турсон, доктори илмњои фалсафа, директори пажўњишгоњи забон ва адабиёт ва мероси хаттї, Академики Академияи Улуми Љумњурии Тољикистон. Юсуфшоњ Яъќуб, доктори илмњои таърих, узви вобастаи Академияи Улуми Љумњурии Тољиикстон, Абдунабї Сатторзода, доктори илмњои филологї, Валї Самад, доктори илмњои филологї, Љумъахон Алимї, доктори илмњои филологї, проректори Донишгоњи Давлатии шањри Кўлоб, Нодира Ашурова, номзади илмњои филологї, раиси факултаи филологияи тољик ва рўзноманигории Донишгоњи Давлатии шањри Кўлоб, узви мањфили "Шоњномахонї", Саидшоњ Акрамї, пизишк, Шоњномашинос, Саймиддин Дўстов, сардабири нашрияи "Нигоњ", Зафар Мирзоён, ховаршинос, сарпарасти мањфили "Шоњномахонї", Рустам Наботї, пажўњишгар, узви мањфили "Шоњномахонї", Абдулмуъмин Шерхонд, рўзноманигор, узви мањфили "Шоњномахонї", Орзу Њамидов, рўзноманигор, узви мањфили "Шоњномахонї", Розия Табарова, сарвари Ташкилоти Љамъиятии "Орзу". Ин мактуб аз љониби озарињо бепосух намонд. Боз вазорати фарњанги Озорбойљон посух дода, дар мавќеъияташ собит истод.

Бањси шутур Љои пинњон надорад, ки заминњои тамаддуну фарњангофар, маконњои таърихиву мардхези тољик берун аз марзи имрўзааш мондаанд. Тољик њоло дар кўњистони тангу дур аз ќиблањои фарњангиаш маскан дорад. Ба арзишњои милливу фарњангии тољик дигарњо бештару бењтар аз ў дастрасї доранду дастдарозї мекунанд. Ин ва дигар омилњо миллати тољикро дар рў ба рўи факте ќарор додааст, ки бархилофи аќли солим њар навбат бояд исбот намояд, ки шутур нест! Ба ин масъала ду дид вуљуд дорад. Гурўње ба ин назаранд, ки ниёз ба он нест, ки њар на-


САБАЌИ МИЛЛЇ

Аз чавгон то Карон Чаро дар бањсњои таърихиву фарњангї нињодњои масъул ва донишмандони тољик заъф нишон медињанд? вбат садо баланд кунем, ки мо тољикему фалону фалон арзишњои фарњангиву маънавї ва љойњои таърихї ба мо рабт дорад. Ин кори миллати бузург ва тамаддунофар нест. Аммо гурўњи дигар ба ин иддаъоянд, ки дар раванди љањонишавї зарбаи аввали муњлик ба фарњангу тамаддунњои миллатњои кўчак мерасад. Миллати тољик бо њама дороињои гузаштааш алњол хеле заъифу кўчак аст. Ниёз ба он дорад, ки мероси фарњангиву маънавии худро дар чунин фењрестњо бо исми худаш њифз намояд. Тавре, ки Шашмаќому Наврўзро тавонист сабт намояд. В-арна дигарњо аз худ хоњанд кард. Аммо масъулини њукумати феълї ба кадоме аз ин гуруњњо шомиланд?

5

масъулини Дастгоњи иљроияи Президент њамчунин матлаб дар ягона нашрияи расмии Тољикистон рўи чоп намеояд!)матлабе бо унвони "Курронзамин дар куљо буд?" бо ќалами Ѓолиб ЃОИБОВ ном муаррих нашр намуданд. Дар маќола талош шудааст, ки нишон бидињанд, бозёфти харобањои шањр дар Дарвоз марбут ба Карон нест... Њол он ки касе аз онњо боре њам аз њафриёти Карон дидан накардааст ва пештар мегуфтанд, њафриёт њам нест. Ин мавзеъгирии нав беихтиёр масали "тоќии танг"-ро меорад: Ба марди дарвозие, ки шамол тоќияшро аз сараш паронд, гуфтанд: -Э, мард тоќиятро об бурд. Дар љавоб гуфт: -Њич гап нест, бе ин њам дар сарам танг буд... Албатта, бо ин гуфтањо мо зидди он нестем, ки бањсњои илмї сурат нагиранд. Вале чаро замоне, ки њифзи мероси фарњангї дар ЮНЕСКО амри зарурат буд, масъулини Дастгоњи иљроия, Институти таърих ва "Љумњурият" мебахшед, ба кунк...вї машѓул шуданд?! Кї барои ин бемасъулиятї љавоб хоњад гуфт?

Вазифаи хонагї барои вазири нав Ба назари инљониб, масъала, танњо он нест, ки фарњанги моро аз худ мекунанду

РАЊИМ МАСОВ, РАИСИ ПАЖЎЊИШГОЊИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСЇ ВА МАРДУМШИНОСИИ АКАДЕМИЯИ УЛУМИ ТОЉИКИСТОН БА БАЊСЊОИ ЃАЙРИИЛМЇ МАШЃУЛ АСТ...

Чаро њукумат хомўш аст? Тољикистон шояд ягона аз кишварњои минтаќа бошад, ки дар сохтани имиљи худ дар хориљ муваффаќ набудааст. Аз мероси фарњангиву тамаддуни худ ба таври зарурї барои офаридани чењраи Тољикистон дар зењни хориљињо ба таври муассир истифода намебарад. Дар њоле, ки дар ин самт бояд Мушовири давлатии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба рушди иљтимої ва робита бо љомеа бо командааш, Вазорати фарњанг бо нињодњояш, вазорати корњои хориљї бо сафоратњояш дар хориљї ва дигар марказњоиву нињодњои илмиву барномарези њукумат њамеша чорањои амалї рўи даст дошта бошанд. Аз љумла сафири Тољикистон дар ЮНЕСКО чаро хомўш аст? Оё Шумо хонандаи азиз, ўро мешиносед, ки кист? Ба гумони ѓолиб на. Рустамљон СОЛИЕВ, дипломати тољик, сафири Тољикистон дар Шоњигарии Белгия, сафири Тољикистон дар Њоландия ва Люксембург, сафири Тољикистон дар Иттињоди Аврупо, намояндаи доимии Тољикистон дар назди НАТО ва намояндаи Тољикистон дар ЮНЕСКО мебошад. Ў кадри КДАМ аст, афсар ва одами хубе њам њаст. Аммо ў наметавонад, ки дар як ваќт Тољикистонро дар чанд кишвару ду созмони муњими љањонї намояндагї кунад. Хоса дар ЮНЕСКО. Тахассусаш ин нест! Аммо ин ки ўро намоянда дар ЮНЕСКО таъин кардаанд, ифодакунандаи идораи давлатии бесамар мебошад. Дар ин баробар, рањбари Комиссияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба корњои ЮНЕСКО-ро, Мирзошоњрух АСРОРЇ, собиќ вазир рањбарї мекард. Шояд њоло вазири нав - Шамсиддин ОРУМБЕКОВ рањбарї кунад. Агар аз ин вазифааш огоњ шуда бошад. Суоле пайдо мешавад, ки чаро як нафари воќеан фарњангї Тољикистонро дар ЮНЕСКО намоядагї накунаду рањбари ин коммиссия набошад? Ба фарќ аз мо, дар Ќазоќистон Комиссияи миллии ин кишвар оид ба корњои ЮНЕСКО-ро нависандаи оламшумул Олжас Сулаймонов роњбарї

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

8-УМИ ОКТЯБР, ЊИНИ САФАРИ ПРЕЗИДЕНТ БА ДАРВОЗ АВВАЛИН БОЗИИ ЧАВГОНБОЗОН БО ЛИБОСЊОИ ХОСИ АЗ ИНГИЛИСТОН ОВАРДА БАРГУЗОР ШУДА БУД

мекунад. Чаро дар Тољикистон чунин набошад? Њайфамон! Ин њам дар њолест, ки шахсиятњои шоиста дар Тољикистон кам нестанд. Аз љумла метавон аз бонуи донишманд - Мунира ШАЊИДЇ ёд кард. Њатто чанд сол пеш, дар мањфилњо дар бораи он сухан мерафт, ки Мунира Шањидиро ба вазифаи сафири Тољикистон дар ЮНЕСКО пешнињод намудаанд. Аммо ин аз љониби тасмимгирандањо дар Дастгоњи иљроияи Президент рад мешавад. Дар њоле, ки Мунира Шањидї ба тамоми меъёрњо арзанда аст, ки сафири Тољикистон дар чунин созмон бошад. Ин њама аз он дарак медињад, ки масъулини Тољикистон дар ин љода на аз паи њифзу рушди соња, балки мансабхоњиву љоњталабї ва амсоли ин машѓул мебошанд. Њайфашон!

Мубориза бо Карону Яъкубшоњ Аламовар он аст, ки дар чунин вазъ њам, љоњталабї ва нотавонбинии олимони тољик фаротар аз њуљраи кориву долонњои кориашон рафта, рўи расонањои њукуматї рафтааст. Намунаи чунин муносибатро дар матлабњо дар расонањои њукуматї алайњи Юсуфшоњ ЯЪЌУБ, доктори илмњои таърих, узви вобастаи Академияи Улуми Љумњурии Тољикистон ва њарфиёти навбатии ў дар Дарвоз метавон дид. Юсуфшоњ Яъќуб дар Дарвоз аз мављудияти шањр-давлати бостонии Карон хабар дод. Бо њарфиётњояш рўи ин сафњаи торики таърихи миллат равшанї андохт. Аммо ба муќобилати аблањї рў ба рў гардид. Рўзномаи "Љумњурият" шумораи 123-

124-и худ аз 21-уми сентябри 2013 матлабе бо унвони "Каррон: кашфиёти илмї ё њазёни навбатї?!" бо ќалами С.Бобомуллоев, доктори илмњои таърих ба нашр расонд. Аз сарлавња бармеояд, ки муаллифи ин матлаб чи мехоњад. Дар доирањои коршиносї касе шубња надорад, ки њадафи маќола ва гуруње, ки аз дар доирањои њукуматї пушти он меистоданд, халал расонидан ба сафари кории роњбари давлат ба ноњияи Дарвоз буд. Аммо президент ба ин њазён гўш надод ва аз Дарвоз дидан кард. Ногуфта намонад, ки яке аз вижагињои шањри ќадимаи Карон доштани майдони чавгон аст, ки дар њоли њозир ќадимтарин майдон дар ОМ мебошад! Ва рўзи сафари президент дар ин майдон чавгон эњё шуда буд: чавгонбозњои дарвозї дар тан бењтарин либоси чавгон аз Ингилистон бозї карданд. Аммо телевизионњои давлатї инро нодида гирифтанд: гўё эњёи бозии миллї-мероси фарњангии миллат як њодиса муќарраристу намоиш додани он шарт нест, вале такрор ба такрор намоиш додани ќолини даруни куши картошка зимни сафарњои дигар сиёсати фарњангии давлату њукумат аст! Албатта, мубориза бо ин тамом нагардид, маќола бо забони русї дар "Азия-плюс" бознашр шуд ва боз њам маълум гардид ин њама маъракаи созмонёфтае алайњи Юсуфшоњ Яъќуб равона аст ва маншаъ мегирад аз муносибати носолими Рањим МАСОВ, раиси Пажўњишгоњи таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии Академияи улуми Тољикистон. "Олимони њаќиќатљў" ба ин њама иктифо накарда 12-уми декабри соли равон дар "Љумњурият" (мутмаин бошед бе иљозати

миёни олимону зиёиёнамон тухми нифоќ реша медавонад. Балки масъалаи њифзи нуфўз ва обрўи Тољикистон дар миён аст. Тољикистоне, ки масъулини њукуматиаш бо "зиндабодњояшон" мехоњанд онро соњибї кунанд. Вале ба хубї медонанд, ки "зиндабодњояшон" танњо дар долонњои дафтари кориашон ба дард мехўрад. Барномањои шиоргунаи телевизионњои Тољикистон низ бо талошњои офаридани методи "кадри 25" танњо барои як гурўњи алоњида офарида мешавад. Њамаи инро маѓзшўї номидан хато нест. Наметавон фарњанги Тољикистони воќеъиро аз рўи барномањои телевизионаш тасаввур кард. Наметавон имиљи Тољикистонро аз рўи расонањои давлатиаш офарид. Фаъолияти вазорати фарњанг низ дар ин љода таљдиди назар ва бозбинї мехоњад. Дар назди вазири нав вазифањое ќад алам кардааст, ки бо муносибати содиќона бо фарњангу арзишњои миллии ин марзу бум метавонад ѓолиб ояд. Агар вазири фарњанг хок ба лаб молида нишинад, мисли бархе олимони нотавонбин дар порашавї ва људоиандозї ба худиву бегона, њукумативу дигарандеш муртакиб хоњад буд. Аз нигоњи мо, талаби ваќт аст, ки вазири нав дар навбати аввал чор ќадам гузорад: Аввал, номзадии чанде аз донишмандони инглисзабони кишварро барои намояндагї аз Тољикистон дар ЮНЕСКО ба роњбари давлат пешнињод намояд; Дуюм, коллегияњои вазоратро ба таври боз ва шаффоф доир намояд. Чун фарњанг асроре надорад, ки аз он бояд мардум огоњ набошанд. Сеюм, имиљсозиро яке аз самтњои асосии фаъолияти вазорат созад; Чорум, дар назди Вазорат Шўрои љамъиятї барпо намуда, потенсиали љомеаи шањрвандии кишварро барои њалли вазифањои умумимиллї дар соњаи фарњангу маданият мавриди истифода ќарор дињад. Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

Холаи Саломати 61 - сола маљрўњи гурўњи якум буда, 45 сол мешавад, ки дар корхонаи љамъияти нобиноёни шањри Хуљанд фаъолият мекунад. Ў 150 сомонї моњона гирифта, рўзи кориаш дар як моњ 12 рўзро ташкил медињад. Нафаќкааш 330 сомонї аст. Ў мегўяд, њисоби зиндагиашро аз њамин маошу нафаќа меёбад: - Ин тобистон ќариб кори дуруст накардем ва имрўз зиндагии вазнин дорам. Панљ фарзанд дорам. Як шавњари маъюб. Як фарзандам ба Русия рафтааст ва агар солона як бор телефон карда, аз худ дарак медињад. Дигар фарзандам бемор аст. Занаш ўро партофта рафт. Духтарњоям бо хонаву дари худ. Имрўз ягон имтиёз надорем, аќалан барои барќу об. Моњона ќариб 120 130 сомонї барои истифодаи ќувваи барќ маблаѓ медињем." Њољї Раљаббой Рањимов, як њамкори холаи Саломат низ собиќаи 45 солаи корї дорад. Бино ба гуфти вай, дар баробари нагирифтани маош баъзан моњњо кормандонин коргоњ ќарздор њам мешаванд ва ин ќарзњо асосан аз њисоби набудани кор пайдо мешавад. Имрўз бар замми кам будани маош нокифоягии маблаѓи нафаќа низ маъюбонро нигарон кардааст. Њољї Раљаббой Рањимов мегўяд, њоло маблаѓи нафаќа баланд нашуда, нарх дар бозор њам боло меравад ва ин нафаќае, ки њамасола боло бардошта мешавад, арзиши худро гум мекунад. Корхонаи љамъияти нобиноён, воќеъ дар шањри Хуљанд, 423 нафар аз шањрњои Хуљанд, Чкалов, Ќайроќќум ва ноњияи Бобољон Ѓафуров аъзо дошта, ягона коргоњ барои нобиноён дар вилоят ба шумор меравад ва беш аз 60 нафарро бо љои корї фаро гирифтааст. Дар ин љамъият замони Шўравї то 500 нафар кор мекарданд ва бо маоши хуб таъмин буданд. Ба монанди ин замони Шўравї дар шањрњои Исфараву Истарашан ва ноњияи Љаббор Расулов низ нобиноён бо чунин кор таъмин буданд, ки аз њамаи онњо имрўз танњо ном мондаасту халос. Ин коргоњ "пришибка" - љомаќаппак истењсол мекунад. Масъулини коргоњ мегўянд, ин корхона худмаблаѓгзор буда, њадафи асоси он бекор намондани нафарони имконияти мањдуддошта аст. Моле, ки истењсол мешавад, дар бозори дохилї камхаридор аст ва аксаран бозорро моли кишварњои њамсоя гирифтааст. Мушкилоти дигар низ њастанд, ки њамарўза пешорўи маъюбон ќарор мегиранд. Имтиёзњое дар дастрасї ба иншоот, њаќќи роњу наќлиёт, хизматрасонии тиббї , имконияти кору фаъолият, донишандўзї ва ѓайра гўё барои маъюбон дахл надоранд. Гоњо масъулон барои худнамоишдињї ба онњо аробача таќдим мекунанд. Холаи Саломат мегўяд, он њуљљате ки барои роњкиро додаанд, ронандагон ба њисоб намегиранд ва мегўянд,

ЊУЌУЌИ ЊАМВАТАН

"Ангушти шашум" Тибќи омори расмї њудуди 164 њазор маъюб дар Тољикистон ба ќайд гирифта шуда бошанд њам, ќариб ягон имтиёз надоранд ва агар дошта бошанд њам он танњо рўи коѓаз аст... ки ин микроавтобусњо шахсианд ва касе ин њуљљатро додааст, ба њамон пешнињод кунед: - Баъзе нафарон њатто дашном њам медињанд ва маљбур як сомонї маблаѓи роњкироро медињем... Ќонуни ЉТ дар бораи њифзи иљтимоии маъюбон њар як корхонаро муаззаф кардааст, ки новобаста аз шакли моликият барои маъюбон квота људо кунад. Имрўз корхонањои давлатї ангуштшуморанд ва корхонањои хусусї касеро хоњанд ба кор мегиранд. Коршиносон мегўянд, ки бештари ќонунњои марбут ба маъюбон замони Шeравї ќабул шудаанд. Он ваќт онњо бо љои кор таъмин буданд ва аз тарафи коргоњашон ба истироњатгоњњо фиристода мешуданд. Имрўз низоми давлатдорї дигар шудааст ва бояд дар ќабули ќарору ќонунњо маъюбон низ иштирок намоянд, зеро мушкилоти онњоро ба љуз худашон дигар нафарон хуб дарк карда наметавонанд. Ќонунњо бе иштироки маъюбон ќабул шудаанд, ки дастнорасии онњоро дар ин самт нишон медињад. Афзали СОЛЕЊ

ИСТЕЪФОИ ШАШ УЗВИ МАЉЛИСИ МИЛЛЇ БО ХОЊИШИ ХУД Шаш узви Маљлиси миллї бо хоњиши худ аз ваколаташон дар палатаи болоии Парлумони Тољикистон даст кашиданд. Нимаи дуюми дирўз, 16-уми декабр дар Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, бо хоњиши худ, Мамадшо Илолов, собиќ президенти Академияи илмњои Тољикистон, собиќ раиси шањри Норак, Њамид Абдуллоев, раиси собиќи вилояти Хатлон Ѓайбулло Афзалов, собиќ раиси шањри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, раиси собиќи ноњияи Рўшон Ќобиламо Ѓуломшоева ва узви палатаи болоии Парлумони Тољикистон Шамсму-

њаммад Назриев аз ваколаташон даст кашиданд. Њамчунин ваколатњои муовини якуми Раиси Маљлиси миллї Ќоњир Расулзода, муовини Раиси Маљлиси миллї Ќодири Ќосим ва узви Маљлиси миллї Хайрулло Асоев бинобар ба гузаштан ба кори дигар, ќатъ карда шуд. Онњо барои фаъолияти пурсамар бо "Ифтихорномаи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон" ќадрдонї шуданд. Дар назар аст тибќи ќонунгузорї, дар семоњаи наздик Кумтаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон барои иш-

ѓоли курсињои холї дар палатаи болоии Парлумон интихобот доир кунад. Гуфта мешавад, соли равон дар маљмуъ 120 Ќонуни Љумњурии Тољикистон, аз љумла 26 Ќонун дар тањрири нав, 94 Ќонун бо маќсади такмили ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва 20 Ќарор пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба масъалањои сохти марзию маъмурї аз љониби аъзои Маљлиси миллї баррасї ва љонибдорї гардида, Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Оид ба ворид намудани таѓйирот ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон "Дар бораи милитсия" бинобар љонибдорї нагардиданаш ба Маљлиси намояндагон гардонида шуд.


ДАРДИ ЉОМЕА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

7

Ба Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Мўњтарам Президент, бо истифода аз маврид Шуморо вобаста ба идомаи фаъолият табрик мегўем ва аз ин масъулияти пуршараф ва њамзамон сангин, ки насибатон шуда, бањрабардории боз њам бештареро барои мардуми шарифи Тољикистони азизамон таманно дорем. Умедворем сиёсате, ки тавонист мардумро ба њам орад ва сулњу суботро дар кишвар таъмин созад, минбаъд низ барои осудагии мардум ва пешрафти кишвар мусоидат хоњад кард. Бахусус њамон шеваи ин сиёсат, ки њадафаш дастгирии онњоест вазъи рўзгорашон нигаронкунанда, онњое, ки таваљљўњу дахолати Шуморо илољи њалли мушкилоташон медонанд. Мурољиати мо низ сари њамин мавзўст ва манзурамон таќдири Зайд Саидов аст, ки миёни мардум воќеан њам маъруфияту мањбубиятеро соњиб гаштааст, мањбубиятеро, ки дар љомеа танњо бо хислатњои њамидаи инсонї метавон дарёфт намуд. Сањме дорад назаррас дар рањоии мардум аз вартаи љанг. Шахсест муваффаќ дар љодањои мухталифи фаъолият, баѓоят хоксор, ѓамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллї, њиммату саховаташ ибратомўз. Фаъолияти давлативу љамъиятиаш ифодаи садоќат ба сиёсати эљодкоронаи Шумост ва бо пайравї аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару бењбудии мардум корњои зиёдеро ба сомон расонидааст. Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маљмааи "Душанбеплаза" аз зумраи онњост, далели ин гуфтањост. Дар ќатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки ањолии аз сел зарардидаи Кўлобро бо манзили иќомат таъмин кардаанд, тариќи хариди сањмия љонибдориашонро аз иќдоми баѓоят муњими таќдирсози Шумо бобати бунёди Нерўгоњи Роѓун собит намудаанд. Нафарест, ки дар татбиќи сиёсати давлатии дастгирии мактабу маориф, мусоидат барои тањсил ба сокинони кўњистон ва табаќањои осебпазири мардум пешсаф буд. Чунончи, љињати таъмини њарчи бештари бањрабардории мардум аз барномаи тањсил бо квотаи Президентї чанде аз духтарони кўњистонии толибилмро дар пойтахти кишвар бо манзили зист таъмин намуд ва ба онњо ёрии моддї мерасонд. Имрўз ин бонувон дар соњањои мухталифи хољагии халќ кору фаъолият доранд.

Нома ба кафил Масоили марбут ба рушди варзиш низ дар мадди назари мавсуф ќарор дошт. Бо дастгирии ў Федератсияи тенниси мамлакат аз нав эњё шуд, варзишгарони ин соња ба мусо биќањои минтаќавї ва љањонї роњ ёфтанд. Мусоидат барои шароити муносиби тамрину варзиш ва таъмини моддии варзишгаронро пурра ба ўњда дошт. Итминон дорем ташаббуси таъсиси њизби "Тољикистони нав" низ идомаи њамон мантиќ аст. Яъне њадафаш таќвияти кўшишу талошњост ба хотири пайравиву дастгирии сиёсати Шумо тавассути фаъолияти сиёсии дастљамъонаи нафарњое, ки малакаву мањорати хуби тахассусї доранд. Президенти мўњтарам, То он даме, ки сару садоњо мавриди ќазияи номбурда бо истифода аз далелњое, ки барои дарки моњияташон мантиќи оддї кофист, баланд нашуд,

«

Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маљмааи "Душанбеплаза" аз зумраи онњост, далели ин гуфтањост. Дар ќатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки ањолии аз сел зарардидаи Кўлобро бо манзили иќомат таъмин кардаанд, тариќи хариди сањмия љонибдориашонро аз иќдоми баѓоят муњими таќдирсози Шумо бобати бунёди Нерўгоњи Роѓун собит намудаанд.

«

САДОИ МАРДУМ

3%

Дар ин бора фикр накардаам

Савол бароям нофањмост

26%

Шармандагї аст

5%

Маќомот пушти зан пинњон шуданд

Дар сиёсат њама кор равост

Ба зарари њукумат ва манфиати мухолифон аст

"Баталёни занон" њаќ аст

3%

таќими Шумо ба ќазия илољи дигаре дар таъмини риояти ќонун ва дарёфти њаќиќат нест. Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваљљўњ аст. Барои таќвияти хулоса метавонем бигўем, ки њама гуна иддао, таънаву маломат, шубњаву гумон унвонии ин фард, ки ба санљишу тафтиш вобастагие доранд, мањбубияти ўро миёни мардум коњиш надодаанд, гузашта аз ин муносибати хайрхоњонаи рўзафзуни одамон ба таќдираш њарчи бештар мушоњида мешавад. Ва Худо накарда њалли мољарои ба сари ин мард омада ноодилона сурат гирад ва чун рамзи бедодгарї муаррифї шавад. Эњтиромона хоњиш дорем мавзўи мурољиати мазкурро лоиќи таваљљўњ арзёбї кунед ва барои њалли одилонаи ќазияи Зайд Саидов бо истифода аз салоњияту ваколатњои волоятон мусоидат намоед. Бо умеди дастгирии Шумо, Мўъмин Ќаноат, Гулрухсор Сафиева, Мўсо Диноршоев, Мамадшо Илолов

ПУРСИШ: "МАЌОМОТ ПУШТИ ЗАН ПИНЊОН ШУДААНД"

47%

13%

бо эътимод ба расмиёти маќомоти марбута, аз вокуниш худдорї кардем. Вале вазъ вобаста ба љузъиёти мољаро, мутаассифона, таскинбахш нест. Зайд Саидов модарзод нуќси љисмонї дорад, вазъи саломатиаш низ, то љойе медонем, чандон хуб нест. Азобу азияту мањрумиятњое, ки ќариб њафт моњ нисбаташ раво дидаанд, барои саломатиаш, барои зисташ хатару оќибати ногувори бебозгашт доранд. Ва аз њама муњим, хислатњои њамидаву волои ахлоќї, ки боиси муњаббати мардум ба ин шахс шудаанд, собиќаи буду бошаш, ки самараи он фаќат некист ба дигарон, созандагиву ободкорист, њиммат асту саховат, худ далели он аст, ки ин гуна афрод њаргиз наметавонад ба амалу кирдори нангине даст бизанад, ки имрўз маќомот мехоњанд муттањамаш донанд. Итминон дорем љуз дахолати мус-

47 дарсад ё 354 ширкаткунандаи назарсанљии ахири Ољонсии иттилоотии TojNews дар мавриди "Муносибати шумо ба "баталёни занони исёнгар" чї гуна аст?" гуфтаанд, ки маќомот пушти зан пинњон шуданд.

3%

198 нафар гуфтаанд, ки ин шармандагї аст. Ба назари 13 дарсади ширкаткунандагон ё 101 нафар, ин кор бар зарари њукумат ва манфиати мухолифон аст. 38 нафар - 5 дарсад бар инанд, ки "дар сиёсат њама кор раво аст". Танњо 19 нафар - 3 дарсад "исён"-и занони номаълумро дар ќароргоњи ЊСДТ дуруст хонда, ба гузинаи "Баталиёни занон њаќ аст" овоз додаанд. Се дар сади иштирокдорони пурсиш (25 нафар) гуфтаанд, ки савол барояшон нофањмост. Ва се дарсади боќимонда онњое будаанд, ки дар ин бора фикр накардаанд, аммо дар ин назарсанљї ширкат доштанд. Дар ин назарсанљї, ки бо супориши њафтаномаи "Нигоњ" тўли панљ рўзи ахир дар сомонаи www.tojnews.org идома дошт, 775 нафар ширкат карданд.


8

ТАЛОШ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

Чавгон ва гирифтории созмони ЮНЕСКО ба фирефторињо ЗАФАР МИРЗОЁН Мо тољикон акнун одат кардаем, ки бењтарину жарфтарин ёдгорињои андешаи аз бобоёнамонба мерос гузоштаро дигарон соњиб шаванд. То андозае ин рафтори мо обишхўр аз тарбияи бостонии ниёконамон аст, ки ба сириштамон "пиндори нек" ро љой кардаанд вабадхоњонбо коргирї аз ин маниши нек, дар дарозои торих, чи зарбаву садамањое бар сарамон ба бор наоварданд.Нахуст бояд донист, ки дар амри ба худ нисбат додани арзишњои маънавии иронитаборон, аз сўйи туркгумонони бузургихоњ, дар баробари бењавсалагии тољикї, наќши динхоњиамон мабни бар талош барои ягонагии динниву мазњабї (на ба ягонагии милливу таборї) ва њамчунон њилањову тарњњои маккоронаи маѓрибиёну шўравиён, равшану возењ аст. Яъне мо тољикони дар сар манишу пиндори нек парварда ва динпарвару динпаноњро, њар ки хост шарики ёдгори арзишманди маънавиамон бошад, ўро пазируфтем. Дудилагиеро њам роњ надодем, ки замоне ба сар хоњад расид,он шарикон худи моро аз сари хони густурдаи падаронамон берун хоњанд кашид. Дуввум ин ки бузургманишони љањонї, лањзае њам њилаи казоии "тафриќаандозї барои њукуматронии" хешро аз ёд набурдаанд ва то ин дунё вуљуд дорад, пањлўњову гунањои тоза ба тозаи онро љуста, пеш аз њама бар зидди иронитаборони андешагаро, ки дар миёни онњо зењнњои варзида нињон аст, сайъ мекунанд низоъ пахш кунанд. Ва пантуркизму пантуронизм, ки дар баѓал бемордилони худбартарбинро гирд овардааст, дорои майдони густурдае мебошад, барои баровардасозии ниятњои нопоки бузургманишони љањонхор. Борњо гуфтаем, ки туркону муѓулони бодиягард, ки сарзамини тољикнишинонро фатњ карда, ийлу ќабоили хешро ба Хуросону Вароруд ва Ќафќозу Анатоли (Констаниополь) кўч доданд, бо истифода аз њуввияти кишварњои забт намуда, барои худ дар љањон ба њуввиятсозї пардохтанд ва талош доштанд, ки пешинаи дури торихии бобоёни худро на чаповулуѓорату кушту куштор нишон дињанд, балки њанўз низ сайъ доранд то ба њар васила барои худ фарњангсозї кунанд. Њамин аст, ки имрўз дар љумњурии Узбакистон њатто Абўабдуллоњ Рўдакиро нобиѓаи узбакон менамоёнанд ва новобаста аз он ки дар он мањди бостонии тољикон беш аз 9 миллион тољик зиндагї доранд, дар ёдкарди ў вожаи тољикро ба лаб намеоваранд. Ва ё дар Љумњурии Озарбойљон аз пояи тандиси Низомии Ганљавї сатрњои бо форсї - тољикї сабт гаштаи ин шоири барљастаи як сатр њам ба забони туркї суханофарї накардаро, бардоштаанд. Дар ин сарзамин дар замони Низомї, як нафар њам бо туркї сухан намегуфт, зеро салљуќиён њанўз забони туркиро дар он љо густариш на-

дода буданд. Дар ин мавриддалоили бешумори овардаи торихнигорону ховаршиносон рўи таълифоти гуногун сабт аст ва торихнигори армании садаи XIII,Киракос Ганљакетси (Kirakos Ganjakets'i, яъне Киракоси Ганљавї), ба замони зиндагии шоири бузург хеле наздик, воќеъиятњои торихироовардааст. (Нигаред баhttp://www.kavehfarrokh.com ) Дар ин љо аз пайи пешнињод кардани иќтибосњои фаровон намегардем, вале њаминро меарзад гуфт, ки гарчи Низомии Ганљавї зодаи шањриГанљаи Љумњурии Озарбойљон аст, вале ховаршиносону адабиётшиносони љањон, бедуни кадом дудилагї, њамзамон бо таъйиди нобиѓаи озарї будан, ўро шоири классики адабиёти форс - тољик донистаанд. Аммо ин ки бархе фарњангиёни худбартарибини љумњурињои Узбакистон ва Озарбойљон бедуни кадом мулоњиза аз ёд мебаранд, ки дар пањнаи фарњанги бостонии Ирони Бузург, яъне аз Халиљи Форс то марзњои Чин онњо танњо нестанд ва аберањои боѓбони ин боѓи пурмева рўйи по воистодаанд ва гарчи мухолифат надоранд, ки аз он мевањои шањдбор дигарон комљўйї кунанд, аммо ононеро, ки ин дарахтњои маърифатро сабзондаанд,аз ёд бурдан гуноњу айбу шармандагист ва ба - дин васила дар зењнњои љавонони худ андешањои пуриштибоњро парварондан, дар оянда хатар хоњад овард. Ва иллати севвуми аз даст додани арзишњои миллиро дар чирамандии худноогоњии таборї ба зењнњои тољикон мебинам. Инљониб таркиби худноогоњии

«

Дар њаќиќат бозии Чавгон, то имрўз дар Бадахшони мо ривољ дошта, назар ба гуфтаи дўстони бадахшонї, бањорон љавонњои асбсавори ин вилоят байни худ мусобиќањо низ доир мекардаанд. Аммо чун тољикон садсолањо дар даст ихтиёри давлатдорї надоштанд, бо сарсахтї њам бошад, дар баробари аз даст додани чандин суннатњои миллї, бозии Чавгон (ба истиснои Бадахшон) низ рў ба фаромушї оварда буд.

«

табориро фаровон ба кор мебарам, вале чуноне ба нигар мерасад, бештари њамвандон ба маънии он дарнамераванд. Дар ин бора маќолае зери унвони " Форсиљудої ва иронгурезї бар суди кист?" (нашрияи "Нигоњ") навишта будам. Хулосаи он навиштор, ки ба тафсири худноогоњии таборї нигаронида шудааст, чунин ишора дорад, ки љањонхорони маѓрибиву машриќїтољиконро аз асли хеш људо карда, бо марказњои фарњангии чандњазорсолааш бегона сохтанд. Тољиконро ончунон аз худ бегона сохтаанд, ки дигар аз Балхи Бомї, аз Посоргоду Тахти Љамшед, аз Бомиёну Тўс ифтихор намекунанд, Рустами "Шоњномаро" бо Авази "Гўруѓли" ва Тањминаву Рўдобаро бо Ќарасоч (намодњои фолклорї ва исмњои ѓайритољикї), њамто мегуморанд. Номи сози порсиву тољикии дуторро бо вожаи думра (домра) иваз мекунанд. Сози тори тољикиву порсиро "рубоби дукоса" мехонанд. Њамин аст, ки бузургманишони Љумњурии Озарбойљон соле пеш бо пешнињоди далоили бепояву бемоя, њуши коршиносони андакхондаи созмони ЮНЕСКО ро рабуда, озарбойљонињоро иљодгари тор ва соњиби ягонаи ин сози бостонии тољикону порсњо, муаррифи кардаанд. Вале торро порсњову тољикон дар ќадим "рут", ё "руд" мегуфтанд, ба маънии тору парда ва "рут" баргирифта аз калимаи "руда" мебошад, ки дар торњову пардањои ин асбоби мусиќї ба кор бурда мешавад. Акнун чанде пеш вазорати фарњанги Љумњурии Озарбойљон эълом кард, ки варзиши "Чавгон" аз ќадим дар Ќарабоѓ ривољ доштааст ва моли озарињост. Онњо ба созмони байналмилалии ЮНЕСКО дархост навишта, бо овардани далоили бебунёд ин созмони бонуфузро ба фирефторињо водоштаанд, то дар љаласаи њаштуми он, ки дар шањри Боку баргузор гардид, варзиши Чавгон, њамчун арзиши ѓайримоддї, бо номи озарињо сабт гардад. Пеш аз њама мардуми Ирон аз ин рафтори њамсояњои озарии худ нороњат гашта, ба созмони ЮНЕСКО номаи эътирозї навиштанд. Дар ин нома аз љумла омадааст, ки бозии Чавгон аз ќадим то њанўз дар Ирон ривољ дошта, онро ба туркњо нисбат додан таљовуз ба фарњанги ирониён ва иронитаборон аст ва ин доварии пуриштибоњи ЮНЕСКО, ки вазифаи асосиаш ба њам наздик кардани миллатњову давлатњо мебошад, баръакс аќвоми иронї ва озариро дучори бадбинии њамдигар месозанд. Њамзамон бо бародарону хоњарони иронї, як идда донишиёни тољик, ки дар миёни онњо фарњехтагони андешањои миллї, устодон Акбар Турсон, Абдунабї Сатторзода, Юсуфшоњ Яъќуб номаи муадабона ба дабири кулли созмони ЮНЕСКО нигошта, бо як нармиву хирадсолорї пешнињод намуданд, ки варзиши Чавгон бигзор

дастовардифарњангии озарињо низ бошад, вале ба тангкўчаи фаромушї бурдани бунёнгузорони бостонии ин варзиш, ки тољикону порсњо мебошанд, аз написандидани пажўњишњои торихии ховаршиносони номии љањон ва ноошно будани ЮНЕСКО бо осори њазору сад сол пеш навиштаи саромадони адаби порс тољик гувоњї медињад. Аммо бад - он сон, ки чанд рўз пеш бохабар шудем, бартарихоњони Озарбойљон, хоњиши донишмандони жарфандеши тољикро њеч дониста, барои таъйиди иддаои бебунёди хеш ба такрор ватани бозии Чавгонро Ќарабоѓ номидаанд, ки хеле хандадор аст. Ногуфта намонад, ки донишманди фарњехтаи бостоншиносї, шахсе ки як умр бо мўќалам гарду хоки торихи миллати тољикро, аз рўйи арзишњои бостониаш пок мекунад, доктор Юсуфшоњ Яъќуб, пас аз ковишњои мўшикофона, дар шањри ќадимичорњазорсолаи зери хок хуфтаи Карон, дар баробари дижи шоњ, бурљи оташ ва дигар намунањои зиндагии фарњангии тољиктаборон, майдони чавгонбозиро, бо тамоми љузъиёти он кашф кардааст,ки то њанўз ба гунаи асл боќї мондааст вапас аз ин бозёфти нодир дигарбарои њама бањсњои бемояи худбузургбинон љой нахоњад монд. Дар њаќиќат бозии Чавгон, то имрўз дар Бадахшонимо ривољ дошта, назар ба гуфтаи дўстони бадахшонї, бањорон љавонњои асбсавори ин вилоят байни худ мусобиќањо низ доир мекардаанд. Аммо чун тољикон садсолањо дар даст ихтиёри давлатдорї надоштанд, бо сарсахтї њам бошад, дар баробари аз даст додани чандин суннатњои миллї, бозии Чавгон (ба истиснои Бадахшон) низ рў ба фаромушї оварда буд.Аммо Чавгон дар кишвари бузурги Ирон, меросбари фарњанги шашњазорсолаи порситаборон, њаргиз фаромуш нашудааст. Дар ин љо федератсияи Чавгон вуљуд дошта, мусобиќоти љоми Љумњурии Исломии Иронњар сол (чи дар миёни тимњои занон ва чи мардон) баргузор мегардад ва гумон ба яќин аст, ки дар кишвари мо низ ба ин зудї Чавгон боззої мегардад. Мо тољикон пас аз истиќлолият ба даст овардан, пас аз марњам бахшидан ба захмњои замони носозгорињо, акнун дар пайи бозбинии гузаштаи худ ва худнигарии миллї ќарор дорем. Раиси Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар рањнамоињои фарњангии хеш борњо ишора бар он доштанд, ки бозии бузкашї ба табиату маниши ориёиву тољикї рост намеояд, зеро бо як хушунат љасади њайвонеро кашокаш намуда, дар маврид садоњои нохўш баровардан, аз фарњанги мо дур аст, аммо бозии Чавгон аз торихи шоистаи фарњанги мо далолат мекунад.


ДАР ЊИФЗИ МЕРОС Дар бораи варзиши Чавгон ва љойгоњи он дар миёни шоњону радон корњои шоёне ба чоп расидааст ва доноён бар онанд, ки дар адабиёти њазору анд солаи форс - тољик беш аз дањ њазор бор вожаи "чавгон", дартавсифи зебоии зулф ва "гўй" дар ташбењи холи маъшуќа, оварда шудааст. Њанўз падари шеъри порсї - тољикї, Абўабдуллоњ Рўдакї дар маснавии "Шикоят аз пирї", аз вожаи "чавгон" чунин кор гирифтааст: Ба зулфи чавгон нозиш њамекунї ту бад - ў, Надидї он гањ ўро ки зулфе чавгон буд. Муноддии аслу насаби порсї, Њаким Фирдавсї дар "Шоњнома" и бемарги худ дар тамоми даврони бозтоби зиндагии иронитаборон, яъне аз замони каёниён то поёни даврони сосониён борњо аз чавгонбозии шоњону радон, ба њангоми

фароѓату љашнњо ёдовар шудааст, вале ба таври мушаххас мусобиќаи чавгонро дар саргузаштњои Рустами Дастон ва Сиёвуш (бо унвони "Гуфтор андар гўй задани Сиёвуш"), њангоми бозтоби сањнањои љолиби талоши Афросиёб барои пирўзии бародараш Гарсеваз бар Сиёвуш, нишон додааст. Дар тасвири лањзањои чавгонбозї шахси жарфнигар дармеёбад, ки Њаким Фирдавсї сабќати варзиширо бар љангхоњї ва кинатўзии ќавмњо бартар донистааст: Сиёвуш аз айвон ба майдон гузашт, Ба бозї њаме гирди майдон бигашт. Чу Гарсеваз омад бияндохт гўй, Сипањбад сўи гўй бинњод рўй. Чу ў гўй дар хамми чавгон гирифт, Њамоварди ў хоки майдон гирифт. Зи чавгони ў гўй шуд нопадид, Ту гуфтї сипењраш њаме баркашид.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

Чунин гуфт бо лашкари номљўй, Ки майдон шуморову чавгону гўй. Ба тундї ду лашкар њаме тохтанд, Куљо бар гарав гўй мебохтанд. ("Шоњнома", с. 172) Њакими бузургвор дар љойи дигаре бар омўзондани бозии Чавгон ба њама кўдакон ишора дорад: Њама кўдаконро ба майдон фирист, Барои дидани гўю чавгон фирист. Лозим ба гуфтан аст, ки шумораи бозигарон 8 ба 8 анљом меёфтааст ва ин шумора то имрўз дар ин варзиши ирониён риоя мегардад. Ба ин вижагии бозии Чавгон метавон дар "Шоњнома", ба њангоми созмон додани тими Сиёвуш, ошно шуд: Сиёвуш аз ирониён њафт мард, Гузин кард шоиста андар набард. Яъне Сиёвуш бо њафт нафар гурдон тими њашт нафараро ташкил медињад. Шоёни гуфтан аст, ки дар адабиёти классикии форс - тољик асарњои насрии вижае мављуданд, ки ба тавсифи чигунагии баргузориибозии Чавгонва асбобу афзорњои он, фаслњо бахшида шудаанд. Пажўњишгари донои Ирон Озартоши Озарнўш дар тањќиќоти пурарзиши худ(О.Озарнўш, "Торихи чавгон", Т.1392 (2013 мелодї) пайдоиш ва пешинаи ин варзишро дар Ирон ва кишварњои иронитабор, љустуљў намуда, дар фасли нахусти он, ки "Чавгон - вожашиносї" ном дорад, онро баргирифта аз матнњои куњани пањлавї медонад ва дар ин љустори хеш иќтибосњои зиёдеро аз дарёфтњои донишмандони барљастаи аврупої ёд карда, онро њамреша бо калимаи "чўб" донистааст.Дар љойи дигари ин пажўњиши пурарзиш чунин сатрњо омадаанд: "ваќте ки торихи Иронро масалан дар ќарни чањорум, панљум менавиштанд, дар он замон кишвари Озарбойљоне вуљуд надорад, аз болотарин ќисмати Ирон, яъне Мовароуннањр то Сиистон, дар замонњои мухталиф њама

«

Донишманди фарњехтаи бостоншиносї, шахсе ки як умр бо мўќалам гарду хоки торихи миллати тољикро, аз рўйи арзишњои бостониаш пок мекунад, доктор Юсуфшоњ Яъќуб, пас аз ковишњои мўшикофона, дар шањри ќадимичор њазорсолаи зери хок хуфтаи Карон, дар баробари дижи шоњ, бурљи оташ ва дигар намунањои зиндагии фарњангии тољиктаборон, майдони чавгонбозиро, бо тамоми љузъиёти он кашф кардааст...

«

БЕШ АЗ 80 ДАР САДИ МУСОФИРОНИ ТОЉИК МУЊОЉИРОНИ КОРЇ БУДААНД Ба иттилои Хадамоти муњољирати Вазорати мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон дар давоми 11 моњи соли равон 753 њазору 689 нафар шањрвандони тољик барои муњољирати корї тарки ватан кардаанд. Ин дар муќоиса бо соли гузашта 54 њазору 393 нафар зиёдтар будааст. Дар ин бора ба TojNews Абдулло Ќодирї, сухангуи Хадамоти муњољират хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми 11 моњ, аз кишвар 908 њазору 346 шањрвандони тољик ба хориљи кишвар сафар намуданд, ки 83 дарсади онњо бо маќсади муњољират будааст.

Аз ин њисоб 659 њазору 953 нафар мардон (дар соли 2012- 620 њазору 43 нафар) ва 93 њазору 736 нафар занњо (дар соли 2012 - 79 њазору 253) ба муњољирати мењнатї рафтаанд. Ба гуфти сухангў, дар ин муддат аз хориљи кишвар 682 њазору 971 шањрвандон ба Тољикистон баргаштанд, ки аз ин њисоб 555 њазору 816 нафар муњољирони мењнатї мебошанд. -Бояд кайд намуд, ки системаи автоматикунонишудаи бањисобгирии муњољирон-шањрвандани ЉТ дар фурудгоњњои байналмиллалии шањри Душанбе ва шањри Кулоб дар моњи феврали соли љорї ба роњ монда шудааст, - хабар медињад манбаъ.

9

чавгонбозї мекарданд."(Њамон љо, сањ.68) Ин пажўњишгари пуркор менависад, ки ў дусад - сесад њуљљату мадраки куњанро рољеъ ба Чавгон дидааст, ки дар кадоме аз онњо пиромуни Озарбойљон сухане гуфта нашудааст. Фасли панљуми ин љустори пурарзиш ба бозгўии ривоятњои афсонаї, ёдкард аз чавгонбозии Рустам, чавгонбозии Сиёвуш, ривоятњои торихї, ривоятњои нимторихї ва ривоятњои сосонї, бахшида шудааст. Доктор Озарнўш дар пажўњиши хеш ба нусхаи хаттии рисолаи "Ал - авомир ул - алоъия фил - умур ул алоъия", ки ба ихтисор "Торихи Ибни Бибї" номида шудааст, нигоњи жарф афканда, сайри тањаввули бозии Чавгонро аз садањои нахустин то садсолаи замони сафавї баррасї намудааст.Ин китоби насрї ба бозии Чавгон аз оѓози асри 7 њиљрї (асри 13 мелодї) то соли 679 њиљрї (соли 1300 мелодї)хабар медињад. Нависандаи ин китоб аз хонаводаи фарњангиёни муътабари Хуросон буда, дар мавриди эњтирому арљгузории Султон Алоуддини Кайќубод ба бозии Чавгон ёдкардњо оварда, дар зимн чавгонро "пеш аз он ки ба сурати василаи бозї дарояд, њарбаи (машќи) набард буда", номидааст. Њамон гуна ки ин устоди адабиёт нигоштааст, маснавии "Корнома" и Ќосимии Љунободї нахустин асаре дар адабиёти форсї мебошад, ки саросар ба бозии Чавгон бахшида шудааст. Дар "Луѓатнома" и Алиакбари Дењхудо намунањои бисёре аз назму насри порсї, ба вижа аз Рўдакї, Фирдавсї, Љомї, Фаррухї, Низомї, Аттор, Анварї, Хољу, Саъдї, Њофиз оварда шудааст, ки њамзамон бо ташбењ додани холу хату љаъди зулфи ёр ба гўю чавгон, аз шавќи шоњону ќањрамонон ба ин варзиш низ сатрњо офаридаанд. Дар њаќиќат устод Озарнўш, ки худ беш аз 50 сол аст чавгонбозї мекунад, хеле оќилона дарёфтааст, ки Чавгон як адабиёт, як фарњанг аст. Шоёни ёдоварист, ки англисњо дар замони истеъмори Њиндустон, бо бозии Чавгон ошної пайдо карда, дар бошишгоњи (лагери) Калката онро ба сипоњиён омўзонданд ва дар навбати худ ба Англия бурданд. Ин варзиш бо номи "Поло" аз ин љо ба кишварњои дигари аврупої ва Амрико ба шиддат ривољ гирифт ва аз соли 1860 мусобиќањои варзишї бо ин ном љараён гирифтанд. Ногуфта нагузорем, ки ширкатњои зиёди либосдўзии Аврупову Амрико, либосњои тавлидкардаи худро бо тамѓаи "поло" озин медињанд. Ва мо тољикон чунон ки дар оѓоз арз шуд, дар њолати бозбинї ва бозёбии фарњанги асили худ мебошем, бояд барои боззоии ин фарњанги физояндаи ахлоќу дониш, талошу кўшиши пайгирона дошта бошем. Шояд ин ёдкарди мо ба мулоњизаи Президенти Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бирасад ва яќин дорам ин шахсияти барљастаи нигањбони њуввияти миллии тољикон, ба идомаи ташаббусњои шоёни худ дар амри бозёбии гузаштаи торихии тољикон, варзиши Чавгонро ороишгари љашни Наврўз хоњанд сохт.


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

ЉАЊОН

Муоњадаи Жинева ва пирўзии дипломатии эронї Њосили нињоии комёбињои муоњадаи Женева оид ба барномањои њастаии ЉИЭ бо кишварњои "шашгона"-и миёнарвони байналмилалї он шуд, ки заминањоро барои эњтимолияти лаѓви тањримоти Ѓарб дар самти молиявїиќтисодї, аз љумла содироти нафти Эрон фароњам овард. Ва бояд гуфт, ки дипломатияи эронї инро бисёр зебо ва бидуни мушкилот, бо истифода аз таљрибаи бой ва сабки нарми Њасани Руњонї, ки дар замонаш худ аз љумлаи гуфтушунидгарони асосии барномањои њастаии Эрон буд, њамчунин ба шарофати мањорату малакаи баланди касбии вазири умумри хориљї Муњаммад Љаводи Зариф, ки тавонист кишварњои "шашгона"-ро ба самимият ва љиддияти ниятњои Тењрон мутаќоид созад, анљом дод. Ба он нигоњ накарда, ки Фаронса, Арабистони Саудї ва Исроил тамоми кушишњоро ба кор андохтанд, то гуфтушунидњоро вайрон кунанд, вале Тењрон пирўзии барои худ ва њамаи љањониён муњимро ба даст овард. Акнун роњ ба раванди лаѓви тањримњо њамвор шудааст ва ин ба эрониён имкон фароњам хоњад овард, то даст ба татбиќи лоињањои бузурги иќтисодие зананд, ки ба сабаби мањдудиятњо канор зада шуда буданд. Як самти муњими сиёсати хориљии Эрон рушди босуръати равобит бо Амрико шуд, ки амалан наздикшавии Ѓарб бо ин кишвар аз он вобаста мебошад. Ва зикр бомаврид аст, ки дар ин масъала на танњо Њасани Руњонї, ки дар остонаи интихоботи президентї ба Вашингтон дар мавриди омодагї ба таѓйири сиёсатњо паёмњои шифоњї ироа мекард, балки Барак Обама низ бо тањаммули шикастњои љиддї дар минтаќа ба ин пўхта расид. Ин ва шикасти тарњњои ба зудї сарнагун сохтани њукумати ќонунии Башор Асад дар Сурия ва шикаст дар љанги Ироќ, ки амрикоињоро водор ба хуруљи неруњояшон аз ин кишвар намуд ва заволи сиёсат дар Афѓонистон дар пасманзараи хуруљи неруњои НАТО аз ин кишвар ва исботи нодурустии такя ба Арабистони Саудї ва Ќатар (дар Ќатар моњи июни соли равон Вашингтонро зарур омад ба иваз шудани амир ва сарвазири он, ки бо "инќилоби арабї" хостанд бозї кунанд, мувофаќа намояд), њамзамон ивазшавии њокимият дар Миср-муттањиди аслии арабии ИМА, шикасти демократикунонии Либия ва ѓ.њ. мебошад.

Эрон ё Арабистон? Дар пасманзараи ин њама Эрон ќудрати минтаќавии босубот боќї монд ва таъсири он мунтазам афзуд. Дар ин шароит Барак Обамаро зарур омад интихоб кунад: ё такя ба кишварњои Шўрои њамкорињои давлатњои араби њавзаи Халиљи Форс бо сарварии роњбарони пиру фартути Арабистони Саудї ва исломиёни экстремист дар љањони араб, ки боз њам ба вањњобиёни консерватори шоњигарии Арабистон такя мекунанд, идома дињад, ё ин ки ба таѓйири самти сиёсат аз роњи муътадилгардонии муносибатњо ва баъдан наздикшавї бо Тењрон, ки тадриљан ба мавќеъи пешво дар зиддияттњои минтаќаи Ховари Наздик ва Миёна ва Халиљи Форс мебарояд, даст занад. Дар ин њолат боз њам Вашингтон наметавонист мушоњида накунад, ки Эрон дар Ќафќоз ва Осиёи Марказї низ аз обрўи вижа бархўрдор аст ва басо фаъолона бо СЊШ, ки дар Осиё бо Ѓарб дар муќовимати љиддї ќарор мегирад , њамкорї менамояд. Мањз аз њамин љо вектори ѓарбии сиёсати хориљии Эрон тавлид шуд, ки мехоњад Тењронро ба љойгоњи аслї ва таърихии ќудрати минтаќавї будани худ баргардонад. Ин боз дар њолест, ки њамин бозингарони сиёсатњои љањонї ва кишварњои минтаќа омодаи мусоидат кардан ва њатто манфиатдор ба бозгашти Эрон таърихи гузаштаи худ мебошанд. Ва аз паси Амрико дигар муттањидони он дар НАТО, ќабл аз њама Британияи Кабир кашида шуданд. Кишварњои Иттињодияи Аврупо бошанд аз хеле замон мунтазири ба миён омадани имконоти эњёи дубораи равобити тиљоратї-иќтисодї бо ин кишвар буданд, ки ќодир аст яке аз шарикони ќудратманди давлатњои аврупої шавад. Ин боз дар њолест, ки ин мамолик дигар умеде ба рушди равоби тиќтисодї бо Шўрои њамкорињои давлатњои араби њавзаи Халиљи Форс надоранд. Танњо Фаронса зери таъсири Арабистони Саудї ва Ќатар муддате ба хостањои Ѓарбу Эрон муќовимат кард, вале дар нињоят ногузир буд ба аксарият бипайвандад.

Риёз, Тел-Авив ва Маскав Дар идомаи ташдид бахшидан ба њамлањои дипломатии худ Тењрон сайъ кард равобиташ бо кишварњои арабї, ќабл аз њама бо мамолики њавзаи Халиљи Форс, ки замоне зери фишори Риёз ба вахомат гароида буд, бењбуд бах-

Лањни нави Эрон Аз замони ба ќудрат расидани Њасани Руњонї њанўз чор моњ њам сипарї нашудааст, вале аз њоло бољуръатона метавон дар бораи ба таври ќатъї дигаргун шудани лањни нави гуфтор ва самтњои љадид дар сиёсати хориљии Љумњурии Исломї њарф зад. шад. Сафари Љаводи Зариф ба Аморати Муттањидаи Араб, Кувайт, Уммон ва Ќатар мањз њамин њадафро дунбол мекард. Ин чор кишвари узви Шўрои њамкорињои давлатњои араби њавзаи Халиљи Форс дигар наметавонистанд он рўйдодро нодида гиранд, ки ИМА ва Иттињодияи Аврупо аллакай дидгоњњои худро дар бораи Эрон таѓйир медињанд. Ва боз дар њоле, ки наќши Тењрон дар Халиљи Форс дар пасманзараи шеваи таљовузбарангези Арабистони Саудї суботоваранда аст. Аз сўи дигар ба мушоњида мерасад, ки барои ин мамолик тањрики дањшатбор будани талошњои шиамазњабон чандон боварибахш њам нест, чун Эрон бо амалњо нишон дод, ки њассосияти масъалаи равобити шиаву сунниро метавонад коњиш дињад. Ин аст, ки Риёзро дер ё зуд лозим меояд ин њаќиќатро бипазирад ва муќобили Тењрон дигар аз сиёсати куњан истифода накунад. Чуноне њоло бо фиристодани эмиссарњои худ ба Маскаву Вашингтон ин корро мекунад. Бењуда нест, ки сарвари хадамоти амниятии Арабистон шоњзода Бандар дар сафари ахираш ба Маскав на танњо дар масъалаи Сурия изњори нобоварї ба самимияти Асад кард, балки тухми шубањотро ба самимияти Тењрон низ дар иљрои созишнома кошту рафт. Дар Русия ин њамаро суханпардозиву нифоќангезї медонанд. Гап чизи дигару амал дигар аст. Шоњзода дар ин сафар низ дар мавриди сармоягузории иќтисодиёти Русия ва роњ додани ширкатњои истихрољи нафт дар коркарди чашмањои нафтї њарфе дар миён нагузошт. Аммо Эрон собит сохт, ки чун марди амал талош мекунад. Ин кишвар њамвора дар талоши рушди равобити иќтисодиву тиљораї ва њамкорињои амалии илмиву техникї аст. Албатта, ба Маскав низ лозим аст лањни нави сиёсати хориљии Эронро бишносад ва дар мадди назар дошта бошад, то ин ки дар думи ќатораи дар њоли њаракат кашол намонад. Тањкурсии њамкорињои дар гузашта гузошташуда хуб аст, вале он дар оянда мавќеъи авлавият доштанро кафолат дода наметавонад. Аз ин рў барои Эрон ба маънои

«

пурраи ин калима бояд мубориза бурд, то ин ки бе ѓарра шудан ба комёбињои пешини иртиботњо ба пеш њаракат кунанд. Барои ин њамаи имкониятњо мављуданд. Ва сафари Вазири корњои хориљии Русия Сергей Лавров ба Тењрон яќиннан натиљањои хуб ва эњсосшаванда на танњо дар сиёсат, балки барои тиљорату саноат низ хоњад дошт. Ин боз дар њолест, ки муоњадаи Женева имкон медињад мањдудиятњое, ки сади роњ буданд, сарфи назар шаванд. Боз як бозингари дигар ва муњими минтаќавї ин Исроил аст, ки њамроњ бо Арабистони Саудї ба истилоњ "дар як хандаќ" ќарор дорад. Вале бењуда. Ба љои он ки аз фазои муносибе, ки Њасани Руњонї ба вуљуд овардааст, истифода кунад, Тел-Авив бо пањн кардани ин овоза, ки гўё дар њамбастагї ва мусоидати Арабистони Саудї дар садади як њамлаи шадид ба объектњои атомии Эрон мебошад, шуруъ ба ташдиди таниш кард. Албатта, ба ин касе бовар њам нанамуд, вале фиристодагони давлати яњудї ба њар давлат, аз љумла ба Маскав низ сар заданд. Вале ин њама боз њам бењуда буд. Исроил пурра метавонист аз рўйдоди имзои созишномаи миёни Ѓарбу Эрон барои худ судњо бардорад, бо пайвастан ба талошњои ѓарбиён тадриљан ташаннуљи авзоъ миёни худ ва Эронро коњиш дињад. Ин метавонист ба тањкими мавќеъи ў дар рў ба рў ба тањдидњои исломї аз љониби тундравњои арабї ва экстремистон, ки ба марзњои Исроил наздик омадаанд, ёрї расонад.

Сиёсат таѓйир ёфт, вале дўстонашро њам нигоњ дошт Ва боз як њолати муњими дигар. Ин љо боястї ба дипломатияи Эрон эњтиром ќоил шуд. Эрон на аз њисоби дўстони худ ва бар зарари онњо муваффаќ ба танзими амалии сиёсати хориљии худ шуд, чуноне дар амалияи муосир бисёр ваќт дида мешавад. Пуштибонии принсипалии Љумњурии Исломии Эрон аз низоми Асад њамоно ќотеъона идома дорад ва беш аз

Дар ин њолат боз њам Вашингтон наметавонист мушоњида накунад, ки Эрон дар Ќафќоз ва Осиёи Марказї низ аз обрўи вижа бархўрдор аст ва басо фаъолона бо СЊШ, ки дар Осиё бо Ѓарб дар муќовимати љиддї ќарор мегирад , њамкорї менамояд.

«

њар ваќти дигар мењвари Баѓдод, ки ба муќобили њукумати он боз њам њамон нерўи Арабистони Саудї муќовимат мекунад, дар ин сиёсат тањким меёбад. Ва набояд интизор буд, ки Тењрон аз пуштибонии Њизбуллоњи Лубнон ва ё дастгирии шиањои Бањрайн ва дигар кишварњои њавза, ки аз љониби режимњои шоњаншоњї њуќуќњояшон наќз мешаванд, даст мебардорад. Аммо дар ин њол метавон баъзе таѓйирот дар равишњои ЉИЭ дар њалли мушкилоти Афѓонистон, њамчунин тезутундшавии раќобат бо Туркия, ки барои наќши пешвої талош меварзад ва дар харитаи сиёсии муосири минтаќа дар остонаи бунёди як империяи нави усмонї ќарор дорад, интизор бояд буд. Аммо ин раќобат ва ин талоши пешвої барои Анќара чизе нахоњад дод, баръакс Туркияро аз пружањои бузурги иќтисодии Эрон мањрум месозад. Ва гази Эрон њам дар сурати бунёди хати интиќоли Эрон - Ироќ -Сурия - Аврупои Љанубї аз ќаламрави Туркия убур нахоњад кард. Ин боз дар њолест, ки лоињаи бунёди хати интиќоли гази Набукко амалан мурдааст. Дар ин њолатњо шарокат барои ду кишвар манфиатовар аст, на ки раќобат бошад. Мавќеъи Эрон њамон аст, ки буд. Яъне, њамкорї бо Туркия, вале Туркия дар пасманзараи дахолат дар авантюраи Сурия, мушкилоти сиёсии дохилї, лоббигарии неруманди байналмилалии ѓарбгаро як мавзеъгирии номаълум дорад. Њоло ЉИЭ њаракати мушаххастаре ба самти Осиёи Марказї надорад, вале ин саволи ваќт аст. Аммо аз њоло мушаххас аст, ки Тењрон равобиташ бо Чин ва Њиндро вусъат мебахшад ва беш аз инњо бо Покистон иртиботи наздиктару њамкорињои созандатар хоњад дошт. *** Дар ин њолат Осиё бештар наќши созанда дар умури байналмилалї хоњад ифо кард. Тадриљан мавќеъи ИМА ва Аврупоро танг мекунад ва ба марзњои ягонаашон меронад. Ин як раванди ногузир аст, ки аллакай рух медињад ва њамроњ шудани Эрон ба он ин равандро метезонад. Ва дар љараёни рушди иќтисоди кишварњо ва такмилу мудернитар шудани онњо, њамчунин рушди нерўњои мусаллањи минтаќа Эрон дар сатњи байналмилалї аз мавќеъияти волотаре бархўрдор хањад шуд. Муњимтар аз њама он омили ба суботоварандаи вазъ дар Ховари Миёна ва Наздик, минтаќаи Халиљи Форс хоњад буд. Њоло дар ин манотиќ ин наќш бар души ИМА аст. Аз ин рў дар моњњои наздик метавон гаштњои нав ва љолиби дипломатияи эрониро интизор буд. Владимир ЕФИМОВ


МАЙДАБОЗИИ СИЁСАТИ КАЛОН Яке аз љолибтарин хабарњои њафтаи гузашта сафари президенти давлате бо номи Науру ба Маскав буд. Бовар надорам, ки бо чунин ном кишваре барои тољикистониён шинос бошад. Шояд кам касон ва боз њамон афроде, ки њар рўз бо интернет сару кор доранд ва ё ихтисосашон љуѓрофиёст бо ин ном ошної дошта бошанд. Вале аксари кулл намедонанд, ки ин кишвар чї кишварест, дар куљо љойгир аст ва чї вижагињо дорад, ки мавриди таваљљўњи њукумати Русия шудааст. Давлатљазираи Науру дар ќисмати ѓарбии уќёнуси Ором љойгир шудааст. Тибќи саршумории соли 2007 ањолии он дар маљмўъ 13 њазору 528 нафар буд, ки 6763 нафарашон мардон ва 6765 тани онњоро занон ташкил медоданд. Науру ягона кишвари олам аст, ки пойтахт надорад, зеро масоњаташ ба њаддест, ки наметавонад шањри навро љой дињад. Президенти давлати Науру њамзамон вазири корњои хориљї, вазири иќтисод ва вазири молия мебошад. Дар гузашта вазифаи сарвазириро низ президент иљро мекард. Аммо имсол раиси љумњури собиќро сарвазир таъин намуданд ва миёни президент ва нахуствазир вазифањо таќсим шуданд. Бо забони миллии он, ки забони науруанї номида мешавад, њамагї 100 сол пеш хат офарида шуд. Аз алифбои лотинї муносиб ба забон 17 њарфро интихоб намуданд. Аммо баъдан зери нуфузи калимањои хориљї, бахусус олмониву кирибатї теъдоди њарфњо то 28 адад зиёд шуд. Науру кишварест, ки на артиш дорад ва на пулис. Агар њодисае рух дињад, аз Австралия пулис меоранд ва тафтиш мекунанд. Ва раќами љолиб: њамгоми таварруми пулии соли 1998-и Русия шањрвандони ин кишвар ба бонкњои Науру 70 миллиард доллар гузаронидаанд. Дар сафаре, ки ахиран Барон Вака, президенти ин кишвар ба Маскав дошт, љонибњо тасмим гирифтанд барои шањрвандони Науру вуруд бо раводидро лаѓв кунанд. Њоло тибќи дастури њукумат маќомот асноди марбут ба инро омода мекунанд ва дер нест, ки хабари лаѓви раводид барои бошандагони Науру аз љониби Маскав интишор меёбад. Ва љолибтар аз њама: кишваре, ки тасмим гирифта шудааст шањрвандонаш бидуни мамониат вориди њар шањри Русия шаванд, истиќлолияти Абхозистонро ба расмият шинохтааст. Шояд ин ягона нуктаи муњим аст, ки Маскавро водор ба додани

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

11

Барометри русї Пушти лутфњои Русия ба Науру чї меистад? - Акнун ба Русия бевиза меравем.

имтиёз ба бошандагони ин мамлакат кунад. Истиќлолияте, ки кулли мамолики олам ва созмонњои байналмилалї эътироф накардаанд ва њамоно сари мансубияти ќаламрави он бањс меравад, аз сўи хурдтарин давлати олам ба расмият шинохта шудааст. Абхозистон то моњи августи соли 2008 бахше аз Гурљистон дониста мешуд. Вале баъди як бархўрди артиши рус ва артиши гурљї дар тобистони соли 2008 ин кишвар эълони истиќлолият кард. Ва аз аввалинњо

шуда Маскав онро ба расмият шинохт. Баъдан Никарагуа, соле баъд Венесуэла ва Науру ва соли 2011 Тувалу онро эътироф кард. Вале СММ ва кулли мамолики олам онро њамоно бахше аз Гурљистон медонанд ва мустаќилияти он расман эътироф нашудааст. Ва боз ин Тољикистону мамолики дигари Осиёи Марказї њастанд, ки бо вуљуди вобастагињое аз Русия доштан, ба хотири бањсталабии истиќлолияти Абхозистон то

њол иќдом накардаанд, ки дар шинохти расмии он гом бардоранд. Ин боз дар њолест дида мешавад, ки шинохти истиќлолияти як љумњурии бањсталаб барои Русия эњтиромоти муносибати хоса тавлид мекардааст ва метавонистааст шиносанда аз муњаббати вижаи сарони ин кишвар бархўрдор бошад. Њарчанд истиќлолияти он сунъї ва поянда низ набошад.

Бобољони ШАФЕЪ


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

МАВЛУДИ

ГУЛЕВУ БАРФ "Ман хиёл мекунам, ки барои одам, баъди њаёт бузургтарин чиз озодї аст. Озодї агар барои њар як шахс бузург бошад, барои миллат аз он бузургтар аст". Гулрухсор Њанўз 66 сол ќабл дар яке аз дењкадањои дури тољик тифле ба дунёи њастї чашм кушод, аммо хељ касе намедонист мањз њамин навзод дунёи шеъри порсиро такон хоњад дод. Ва низ касе њам хаёле ба сар надошт, ки њамин фариштаи кўчак дар барфрези дай бањори гулафшон меорад. Ва баъдњо садои гиряи ў аз фазои танги кўњистон ба доманањои шањрњои бузург њамсадои шеър танинандоз мешаваду номи он дења тавассути номи Ў машњур мегардад, Яхч, Гулрухсор! Гулрухсор, шоири саршиноси тољик аз пешоњангони замони тиллоии шеъри мо аст, оре тиллої. Зеро он давра устод Мўъмин Ќаноат, Бозор Собир, Гулрухсор ва шодравон Лоиќ Шералиро дар бар дошт. Ва Гулрухсор бонуе, нигине дар ангуштар буд, ки аз авоил бо роњи худ рафтанро дўст медошт. Шўњрати Гулрухсор уќёнусхоро убур кардаву ишќу муњаббати мардумон ба шеъраш умри тўлонї дорад. Шоире, ки замони шуравї ба ќадамњош гулафшонї мекарданд, мухлисонаш орзуи дастфишурданњои варо доштанд, модарон ба ифтихори шоир духтарони худро Гулрухсор ном менињоданд.Њама чиз дошт, номи баланд ва боми баланд… Имрўз њам бо гузашти басе солњои пуртаззоди таќдирсоз, солњое, ки дар майдони адабиёт хаму нишебњое њар чењраро шоирсозї дорад, Гулрухсор бо њамон виќору ѓурур, њамон ишќу исён ва њамон мењру љасорат мањбубияти худро аз даст надодааст ва барњаќ аз дурахшонтарин симоњои адабиёти тољик аст.

ТАРОНАИ ИСТИЌЛОЛ Аз фарози ќуллаи иќболи мо, Медамад хуршеди истиќлоли мо. Њадяи Яздон, бињишти мо, Ватан, Шањкитоби сарнавишти мо, Ватан! "Атри "Љўи Мулиён"-у накњаташ Мо зи шеъри Рўдакї бўидаем. Мо њама аз оби Рўдак хўрдаем, Мо зи дарди Рўдакї рўидаем!.." Дарди оламсози ишќи љовидон, Дарди дерин, дарди эњёи ватан. Дарди ширин, дарди миллатофарин, Дарди воло, дарди зебои Ватан. Ишќи ту дар хуни мо, дар љони мост, Ишки ту дар шањраги имони мост. Офтоби ишќи оташбори ту, Љавњари оинаи ирфони мост. -Чист истиќлол? -Иззат доштан! Бар диёри худ муњаббат доштан. Дар замини шўњрати озодагон, Донаи мењру муњаббат коштан!

Аз фарози ќуллаи иќболи мо, Медамад хуршеди истиќлоли мо. Њадяи Яздон, бињишти мо, Ватан, Шањкитоби сарнавишти мо, Ватан.

САРМО Барф меборад, замин ойина дар санг аст, Зистан дарки сукути нолаи чанг аст. Зиндагиро дўст медорам, валекин барф меборад, Борбадро оњи ман шерози оњанг аст. Боядам бо хештан дар кунљи танњої, Њамчу шери кўр размидан. Боядам бо чашми устурлоби худкоњї, Кам шудан, афзудани худро аён дидан. Баъди худозурдану худкуштанам, бояд, Аз њисори маъбади ворунаи рўњ, Порањои пайкари садпораро чидан. Боядам дар марзи сармобурдаи љонам, Донаи сўзи муњаббат кошт. Боядам тифли њаќири орзуямро,

Феълан лузуме нест, ки маљмўањои шоирро бишуморем, хеле зиёданд, аз "Бунафша" то "Сад оњи як нафас" чандин китобњои дигар даст ба дасти миллионњо хонанда гаштаву кишварњои мухталифро баргаштаанд. Муњимтар ин аст, ки ашъори Гулрухсор бо дарди волои ватанпарастї дар зењну рўњи миллати мо наќши барозандае бозидаааст. Њар куљое сафар мекунем, њар куљое шеър мехонем, пештар аз мо кабўтари шеъри хонум парвоз кардаву бешак чун рамзи дўстї аз мо Гулрухсорро мепурсанд, ки далели эътирофи ањли завќ ба истеъдоди мавсуф мебошад.Ў њаргиз, чї дар зиндагї ва чї дар шеър зери таъсири касеву чизе нест, гарчї худ шоири соњибмактаб ва таъсиргузор аст. Боядам гуфт, ки Гулрухсор шоири романнигор ва истиќлолхоњ буда, ки сари њар њарфаш бонги ватанхоњї мезанад ва дардњои Рўдакиро эњсос мекунад.Чун худи ў гуфта: "…Истиќлоли Ватан, истиќлоли њар як инсон аст. Истиќлоли њар як инсон, имон аст, муњаббат аст, ишќ аст... Мо агар як гулеро калакан накунем, мо агар як шишаи тирезаро нашиканем, аз љањолат, мо агар як одами бегуноњро мушт назанем.... ва мо агар як кўдаки ятимро дастмол кунем, анна њамун хидмат ба Истиќлол аст.Истиќлоли ман њамон аст, ки мехоњам гул мекорам, мехоњам гул мечинам". Биёед, дуо мекунем, ки дар фасли барф зеботарин ва ошиќтарин гул шукуфта бошад, чун аз зодрўзи Гулрухсор бўи барфи нав бо бўи гули торон ба машом мерасад: Барфи нав бўи гули торон кунад, Ёди гул њусни фарањ бар љон кунад. Ишќ бо њусну фари оташфурўз, Боѓи сарморо шарористон кунад. Адибаи Азиз

З-осмони остон бардошт. Мурдањоро дўстдорї кори осон аст, Зиндањоро сахту мушкил дўст бояд дошт. Барф меборад!

ВОДИИ ЊИЉРОН Ман дардро ба тоќати дармон супурдаам, Номардро ба нафрати мардон супурдаам. Гар бо њама њаќорату тањќир олиям, Оли наљоти хеш ба Сомон супурдаам. Бар њосидони шўњратам кањдуди ќањќања, Ба ољизони иззатам девон супурдаам. Сартобапой дардаму дармонда нестам, Ман дардро ба довари дармон супурдаам. Хандида хамчу оташак андар њалоки хеш. Чун барќ бар фанои сиях чон супурдаам. Хушёру маст водиии хичрон гузаштаам, Паймона то ба вориси паймон супурдаам. Ёрони хасмгаштаву хоину сифларо Аз рўи мењр бар худи яздон супурдаам!

ОШИЌОНА Ба ту аз кафтари белонаву бедона дуруд, Ба ту аз дањшати танњоии љонона дуруд, Ба ту аз бўйи хуши раќси гули ёс паём, Ба ту аз њавсалаи ишќи ѓарибона дуруд, Ба ту аз марги ѓурури фару фарзона дуруд: Пеш аз ту ба дилу љони ту ошиќ будам, Ба гулафзои гулафшони ту ошиќ будам! Гар ба худ омадаам аз ѓаму дарди дигарон, Зиндадори шарари шодии дидори туам. Эй ки аз зулмати шаб мисли сањар омадаї, Дар дили абри ситабр ахтари бедори туам. Шоири дарди ту, хунёгари озори туам: Ба гули ханда, ба эъљози нигоњи ту, дуруд, Ба вуболу ба савобу ба гуноњи ту, дуруд!

Пеш аз ту ба љањон омаданам маънї дошт, Ман ба сад маънии њиљрони ту ошиќ будам. Гар баройи мани озода љањон зиндон буд, Ман ба озодии зиндони ту ошиќ будам, Ман ба афсонаи чашмони ту ошиќ будам: Чашм накшода ба чашмони ту ошиќ будам, Пеш аз ту ба Хуросони ту ошиќ будам!

ХОБ Ту ёздањ ситораву хуршеду моњро дар хоб дидаї?! Ќайсари Аминпур Хоб дидам ишќро, Хоб дидам рўшаноиро, Ки аз бурљи таманно шамсосо медамид. Хоб дидам ишќро, Хоб дидам бегуноњиро, Ки њамчун барраи оњу Дар бањори чашми Юсуф мечарид. Ошиќиро хоб дидам, Хоб дидам шавќи урёни Зулайхоро, Ки аз бозори суф Ишќи Юсуф мехарид... Як Ватан онсўтар аз Канъони њиљрон, Гурги бадном Моњро дар чоњ медид. Чоњ пайѓамбарсаро буд, Ишќ аз мазњаб људо буд, Љуѓз бар њоли Азизи Миср гиря механдид...

ОРИЁНО Ориёно! Эй нишони бенишонии мурувват, Эй забони безабонии мадоро, Гар зи дуди оташи худ куштаат, Чун шарори оташи аз тирагї ворастаат, Зиндадори Миллати дар хоку хун оѓуштаат боло нагардам, Вой бар ман! Гар набинам зиштиамро дар сиришти худшиносї, Гар наёбам сарфароямро, сарамро, Дар талоши худхалосї,

Вой бар ойину бар ойинадори ман! Ориёно! Пири барљомондаи бемутакко, Марги фарзандони худро Нотавону хаста мебиниву хомўшї. Олам аз фарњанги ту њусни маонї ёфт, Одамї аз гавњари фазли ту Асли хешро бишнохт, Худ вале аз ёди ёди оламу одам фаромўшї, Дар азои ойини мењрат сияњпўшї?! Ориёно! Орзуњои њазини хокиямро, осмоно, Дарси худсозї њамехоњам Зи худбозии торихофаринат. Оташи дил, оташи чашм, оташи рўњам бидењ, Эй сардгашта хонаи хуршед Аз бунёди поку оташинат! Ориёно! Он ќадар ман паст уфтодам Зи арши ќуллаи рўњат ба фарши тоќати тањќир, Ки баландие намехоњам дигар аз осмонњо, Љуз баландии заминат. Ориёно! Сањнаи пархошу чоши зиндагиву марг, Лолаи хуни Сиёваш то ба кай наврўзии туст? То ба кай хуршеди ховар Нусхаи худсўзии туст? То ба кай њамчун нахи абрешимини нур Бар сари ангушти гардунї, То ба кай дар оташу хунї? Ориёно! Хастагурди шўњрабемор, Аз фари оянда канда, Бар гузашта чашми бедор, Ман дигар андар дифои шўњрати афсурдаи ту, Ќудрату тамкини арзонї надорам. Ориёно! Эй тањамтан Рустами фарзандбезор, Дар набарди зиндадории фари ту, Модари ту, духтари ту, дилбари ту, Хунбањои сангари хунофари ту, Ман дигар Сўњроби ќурбонї надорам! Ман дигар Сўњроби ќурбонї надорам, Ориёно!


ШОИР ат буд, замоне, ки Лоиќ Шералї гули сари сабади мањфилњо буд, солњое, ки шеъри Бозор Собир бо услуби ба худ хосаш тантана дошт. Бузургии шеъри чандин шоирони номвари дигар дар адабиёт соя андохта буд. Лаёќат, талош, њунар ва пайкори Гулрухсор боис гардид, ки дар миёни ин њама бузургон ў маќоми худро ёфт. На танњо чун як шоир, як адиб, балки муборизи роњи озодї, адолатхоњ ва фаъоли љомеаи шањрванди гардид. Чаро бояд ба ў љойгоњеро ќоил шавем? Метавон, дар чанд банд чунин тавзењ дод. Аввал, Гулрухсор њамчун як талош, як мењнат ва як пайкор. Барои як духтари тољик аз дењаи дурдасти кўњистон то маќоми шахсияти сатњи як империя, то Раиси Бунёди фарњанги Иттињоди Шўравї расидан роње осон набуд, ин роњ чї миќдор талош, ирода ва њаракат мехост! Ва Гулрухсор ин роњро паймуд. Худи њамин як корномаи бузург буд, як ќањрамонї буд. Дуюм, Гулрухсор њамчун љасорат, ѓайрат, мардонагї. Дар таърихи муосири тољик мо камтар занро медонем, ки ин њаљми ѓайратро дошта бошад, ин сатњи љасоратро дошта бошад. Чї дар давраи Шўравї ва чї дар даврони истиќлол. Чї ќадар печу хамњоро дид, бо тањдидњо ва бо марг борњо рўбарў шуд, вале љасорати ў кам нашуд. Балки зиёд шуд. Хусусан,

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

Ба санъати шеъри ў доварї намекунем, чун ин салоњиятро надорем. Вале бегумон, паёми шеъри ў, хусусан, паёми озодагию истиќлоли фикрї барои мо њамеша муњим боќї мемонад. Панљум, Гулрухсор њамчун фарњанг, бо њамаи маънои ин калимаи бузург. Бисёрињо сиёсатро ба фарњанг меоранд ва фарњангро маљрўњ мекунанд, вале Гулрухсор фарњангро ба сиёсат бурд. Ин бонуи фарњанг умре аз фарњанг гуфт, умре бо бефарњангї набард кард. Ва дуруст аст ин байти Гулрухсор, ки мегўяд: Охирин љанге, ки тољик метавонад кард андар њифзи худ, Љанг бо фарњанги бефарњанг хоњад буд. Агар касе Гулрухсорро аз наздик шиносад, медонад, ки фарњанг барои ў шиор нест. Балки фарњанг њастии ўст, зоњиру ботини ўро фаро гирифтааст. Мањз Гулрухсор буд, ки маљаллаи "Фарњанг"-ро таъсис намуд ва "Бунёди фарњанг"-ро ташкил кард. Гарчї имрўз ў дар ин масъулиятњо нест, вале бе њељ шакке, худи Гурлухсор "Маљаллаи фарњанг" аст, худи ў "Бунёди фарњанг" аст… Ва нињоят, Гулрухсор њамчун зан, њамчун бону, њамеша саршор аз латофат ва волої буд ва њаст. Гарчї ў дар љасорат, дар

13

љикистон" шурўъ мекунад. Як муддат аз соли 1969 то соли 1970 мудири бахши фарњанг ва матбуоти Кумитаи Комсомолии комсомоли ленинии Тољикистон мегардад. Дар сини 23-солагиаш дар соли 1970 сармуњаррири рўзномаи "Пионерии Тољикистон" ва маљаллаи "Машъал" таъин мешавад. То соли 1981 сармуњаррии "Пионерии Тољикистон" буд. Солњои 1981-186 котиби Иттифоќи нависандагони Тољикистон ва баъдан дар солњои 1987-1993 дар вазифаи Раиси бунёди фарњанги Тољикистон фаъолият кардааст. Дар ин миён дар солњои 1989-1991 вакили халќии СССР ва узви Шўроии олии собиќ Иттињоди Шўравї интихоб мешавад. Он солњо маљаллаи "Фарњанг"-ро ба роњ мемонад, ки аз маљаллањои бонуфўзи Тољикистон мањсуб меёфт. Тибќи навиштаи муњаќиќони осори Гулрухсор аввалин шеъраш ба унвони "Бањор" дар соли 1962 эљод гардидааст. Њамон сол як шеъраш "Тољикистон" дар нашрияи ноњиявии Ѓарм "Ќартегини советї" ба нашр мерасад. Соли 1970 аввалин маљмўаи шеъриаш бо номи "Бунафша" бо пешгуфтори Боќї Рањимзода ба чоп мерасад. Минбаъ осори ў "Хонаи падар" (1973), "Шабдарав" (1975), "Афсонаи кўњї" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос"

Гулрухсор - љасорат, ѓурур ва ѓайрат Дар бораи Гулрухсор навиштан чандон осон нест, ки шояд дар назари аввал менамояд. Дар бораи ў ќариб тамоми пешвоёни муосири адабу фарњанги минтаќа онњое, ки њамвазни Гулрухсор мебошанд, суханњое гуфтаанд. Чингиз Айтматов, нависандаи оламшумули ќирѓиз Гулрухсорро чунин сифат кардааст: "Тахти шоирї дар сарзамини тољикон аз замонњои ќадим баланд буда, хоњишмандони бар ин тахт нишастан низ кам набудаанд. Аммо дарёдилоне њастанд, (бењтаринњоро миллат меофарад, бадтаринњо душмани миллатанд) дарёдилоне, ки орзуи расидан ба тахти баланди шоирї шоистаи ному нишон ва истеъдодашон аст. Инњо шоирони асил ва офаридагони сарнавиштанд. Вале чунин шоирон њам пеш аз оне, ки дар адабиёт бо суннатњои љањонї арзиш дошта бошанд, бояд аз мактаби сахт мушкилписанди озмоиши њамоњангии сухан ва андеша бигзаранд. Бо вуљуди ин њама душворињо Гулрухсор шоистагии онро ба даст овардааст, ки дар боѓи шоирони миллати тољик, ки сарнавишт онњоро офаридааст, сухансаро бошад…" Мањди Ахвони Солис, шоири тавони муосири Эрон њануз 20 сол ќабл дар васфи Гулрухсор чунин гуфта буд: Ба шоми мо ѓарибон чун шафаќ гул кард, Гулрухсор, Саморо пуршамими сирри сунбул кард, Гулрухсор. Дањњо шоирони тавонои форсу тољик аз Машњад то Ландан дар бораи Гулрухсор чакомае сурудаанд. Њунари Гулрухсорро адибони бешуморе дар пањнои собиќ Шўравї сутудаанд. Њамаи ин дар маљмўаи "Тўфон дар ѓунча" љамъоварї шудааст… Ба худ иљозат додан, ки дар бораи Гулрухсор менависам, берун аз љасорат нест. Љасорате, ки ду маъно дошта метавонад, ё аз ду манба сарчашма мегирад: хеле хуб шинохтани Гулрухсору муњаќќиќи хуби адабиёт будан, ё аз рўи мењру муњаббат бо осору фаъолияти ў. Даъвои муњаќќиќи осори Гулрухсор буданро надорем, аммо бо осори ў, фаъолияти ў холисонаву содиќона муњаббат дорем. Гулрухсор замоне нумў кард, ки на њар адиб тавони онро дошт, ки ба сатњи Гулрухсор бирасад. Замоне, ки давраи Муъмин Ќано-

Ба муносибати мавлуди шоири бузург Гулрухсор Сафї (Гулрухсор Сафиева)

«

Ин аст, ки ба чизе камтар аз Гулрухсор ќаноат накардан, ба чизе пасттар аз Гулрухсор розї нашудан, чизе пасттар аз Гулрухсорро написандиданд, меъёри равшандилон гардидааст…

достонњо ва романњои ахири ў саршор аз љасорат аст. Фаќат љасорат метавонад чунин осор офарад. Сеюм, Гулрухсор тавонист, ки њамчун худшиносї, њамчун рўњи миллї ва њамчун ѓурури миллї таљассум гардад. Ваќте, ки Гулрухсор "миллат" мегуфт, ваќте Гулрухсор "забони модарї" мегуфт, ваќте ки Гулрухсор "ватан" ва "Тољикистони мустаќил" мегуфт, бисёрињо аз гуфтани ин калимањо сахт њарос доштанд. Ваќте, ки њама "Ватанам СССР" замазама мекраданд, Гулрухсор бо тамоми шукўњаш "Тољикистон, сари њар санги ту бар ман ватан аст" мегуфт. Зери лаб намегуфт, дар минбарњои баланд мегуфт, ошкоро мегуфт. Ин аст, ки Гулрухсор барои як насл рамзи ватан, рамзи худшиносии миллї, рамзи эњёи фарњанги миллї ва рамзи истиќлолияти Тољикистон буд. Ва чунин мемонад. Мањз ў ва чанд њамсафи ў паёми истиќлолиятро аз умќи низоми Шўравї барои насли ахири замони Шўравї доданд. Аз ин рў, таърихи истиќлолият бе Гулрухсор тасвир кардан имкон надорад… Чањорум, Гулрухсор чун озодї ва озодагї. Озод будан ва мустаќил будан барои ў як арзиши мењварии зиндагї ба њисоб меравад. Ашъори ў, гуфтори ў ва зиндагии ў пур аз озодист. Бисёр азиятњое, ки ў аз зиндагї ва аз њамватанон дидааст, мањз барои истиќлол ва озодии ў будааст. Ва ин ки озодфикр будан дар љомеаи ѓуломтабиат чї сахт аст, мањз Гулрухсор медонад. Ва ин байт шояд тамоми фољеаи ўро ба тамоми умќаш ба тасвир кашидааст: Њар киро санге ба даст ояд, маро гирад нишон, Зинда бодо пайкари обод дар вайронагї.

«

ѓайрат мардтар аз мардњост, вале дар латофат њамоно бо њама маъно ЗАН боќї мондааст. Њамеша зебо, њамеша љавон… Ў модели элитарии зани тољикро офарид… Бо њамаи эњтиром ба занони фаъоли љомеа, бояд эътироф кард, ки дар ин самт низ дигар дар ин сатњ касе ба сањна наомад. Аз ин рў, Гулрухсор то имрўз сатњи зани тољик аст, намунаи олии зани тољик боќї мемонад… Хулоса, ин аст рамзи эњтироми амиќ ва дилбастагии як насли тољик ба Гулрухсор. Ва агар имрўз ба сухани баъзе суханварон навзуњўр дил намебандем, иллат он аст, ки моро Гулрухсор бо сухани баланд тарбият намудааст. Ва агар имрўз мо фарњанги бењуввиятию бешахсиятиро писанд намедонем, аз он аст, ки Гулрухсор моро дар рўњи озодагї ва худшиносї парвардааст. Ва агар имрўз мо бо пастињо дар фарњанг канор намеоем, аз он аст, ки Гулрухсор моро бо фарњанги баланд унс додаст. Ва агар насли оѓози истиќлол аз пастии тафаккури љомеа азоби рўњї мекашад, сабаб низ дар он аст, ки Гулрухсор бо фикри баланд одат додааст. Ин аст, ки ба чизе камтар аз Гулрухсор ќаноат накардан, ба чизе пасттар аз Гулрухсор розї нашудан, чизе пасттар аз Гулрухсорро написандиданд, меъёри равшандилон гардидааст… Ин бонуи њунар 17-уми декабри соли 1947 дар дењаи Яхчи ноњияи Нуробод (собиќ Комсомолобод) ба дунё омадааст. Соли 1968 Донишгоњи давлатии Тољикистонро бо ихтисоси филолог хатм мекунад. Фаъолияти кориашро њамон сол дар вазифаи мухбири рўзномаи "Комсомолии То-

(1980), "Оташи Суѓд" (1981), "Гањвораи сабз" (1984 бо њуруфи форсї), "Сипар " (бо њуруфи форсї) "Оинаи рўз" (1984), "Шабнам" (1986), "Рўњи Бохтар" (1987), "Ќасидаи кўњистон" (1988), "Тахти сангин" (1992), "Зодрўзи дард" (1995), "Дар паноњи сояи худ" (1998), "Рўзномаи берўз" (2000), "Зан ва љанг" (2000, 2004, 2013), "Девон" (2004), "Бињишти хобњо" (2004), "Девон" ( 2006), "Сад барги ѓазал" (2007), "Љовидона" (2009) " Шўъла дар санг" 2011, " Таронаи Ватан" (2011) ва ѓайра ба нашр мерасанд. Романи ў "Сакарот" (2009) бо нигориши хос эљод гардидааст, ки дар асли худ бењамто аст. Гулрухсор њам дар назм ва њам дар наср устод мебошад. Осори ў бо дањњо забон тарљума ва нашр гардидаанд. Аз љумла дар Арманистон, Русия, Олмон, Эрон, Люксембург ва ѓайра нашр шудааст. Мањфилњои шеъраш дар Вашингтон, Димишќ, Париж, Амстердам, Брюссел, Эдинбург, Лондон, Франкфурт, Люксембург, Берлин, Кобул, Алљазоир, Масква, Тењрон ва чандин шањри дигар баргузор шудааст. Дар нашри осори шоирони классик низ сањм гузошта, тањќиќоти илмї низ гузарондааст. Чандин осори барљастаи Шўравиро ба тољикї тарљума ва нашр кардааст. Њанўз соли 1971 ба узвияти Иттифоќи нависандагони собиќ Иттињоди Шўравї пазируфта шудааст. Дар замони Шўравї барандаи љоизањои Комсомоли Ленинии Тољикистон (1976), Комсомоли Ленинии Умумииттифоќ (1978) гардидааст. Доранаи унвони Шоири халќии Тољикистон (1999), барандаи Љоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї (2003), барандаи Љоизаи амрикої ба номи Њ.Њаммет (1994), нишони тиллоии ба номи Пушкин (1990) мебошад. Ин њама танњо як бахши кўчак аз фаъолияти шахсият ва шоири бузург Гулрухсор Сафї аст.

Абдуазими АБДУВАЊЊОБ


14

КАДР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

ТАЛОШИ НИЊОИИ ЊАМРОХОН ЗАРИФЇ

20-уми ноябри соли равон дар мулоќоти вазирони корњои хориљии Осиёи Марказї ва Иттињоди Аврупо дар шањри Брюссел бањси шадиде сурат гирифтааст, ки инак муњтавои он расонаї шуд. Њамрохон Зарифї, собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон, ки дар ин мулоќот ширкат мекард, гуфтааст, ки Ўзбакистон њеч гуна ташхисњои байналмилалиро ќабул надорад, аз љумла дар масъалаи об. Њамрохон Зарифї ин нуктаро дар пайи суханњои сафири Ўзбакистон дар Иттињоди Аврупо - Владимир Норов баён намудааст. Тавре сомонаи Maxala.org аз ин мулоќот гузориш додааст, кишварњори Осиёи Марказиро Ерлан Идрисов, вазири корњои хориљии Ќазоќистон, Эрлан, Абдилдаев, вазири корњои хориљии Ќирѓизистон, Њамрохон Зарифї, алакай собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон ва сафири Туркманистон - Какаљон Моммадову сафири Ўзбакистон Владимир Норов намояндагї мекарданд. Њадаф аз баргузории мулоќот баррасии њамкорињо миёни кишварњои Осиёи Марказї дар соњањои гуногун, аз љумла дар мавриди истифодаи захирањои обу энержї будааст.

Аз миёни намояндагони кишварњои Осиёи Марказї аввалин шуда, Владимир Норов сўњбатро оѓоз намудааст. Ба навиштаи сомонаи зикршуда, Владимир Норов суханро аз айбдор намудани љониби Ќирѓизистон шурўъ кардааст. Ў љониби Ќирѓизистонро ба он мутањам намудааст, ки захирањои обиву энергетикии кишварашонро самаранок истифода намебаранд. Аз љумла солона 20%-и нерўи барќи ин кишвар талаф мегардад. Дар мавриди сохтмони нерўгоњњои Ќамбарато ва бунёди сарбанди нерўгоњњои Норин ва Роѓун бо нигаронї сўњбат карда гуфтааст, ки ба муњити зисти минтаќа ва ба обёрии кишварњои поёноб таъсири манфї мерасонад. Владмир Норов зарур донистааст, ки иншоотњои гидроэнергетикї бояд ташхиси байналмилалї гузаронда шавад. Тавре сомонаи Maxala.org менависад, инчунин танќид кардааст, ки кишварњои болооб ба Конвенсияи СММ оид ба истифодаи дарёњои сарњадгузар напайвастаанд. Эродњои ў аз љониби вазирони хориљии Тољикистон ва Ќирѓизистон бепосух намондааст. Аз љумла Эрлан Абдилдаев тамоми

иттињомоти сафири Ўзбакистонро рад намудааст. Гуфтааст, ки "њисобњои Ўзбакистон" дур аз воќеъият мебошанд. Дар солњои ахир Ќирѓизистон талафоти солонаи нерўи барќро аз 40% ба 18%-и солона коњиш додааст. Дар ин самт кор карда истодааст. Дар бораи ќабули Конвенсияи СММ-ро вазири корњои хориљии Ќирѓизистон гуфтааст, ки дар ин масъала њар давлат мустаќил аст ва бояд њаматарафа омўхта шавад. Вазири корњои хориљии Ќирѓизистон гуфтааст, ки кишвараш барои хамкорї дар њама самтњо омода аст, љониби Ўзбакистон мебошад, ки бо сабабњои номаълум майл нишон намедињад. Сомонаи maxala.org идомаи бањсро чунин тасвир кардааст, ки сафири Ўзбакистон эњсос кард, ки вазъ аз идора берун мешавад, суханњои ќаблан дар мавриди зарурати гузарондани ташхис дар бунёди неругоњњоро такрор кард. Аз љумла гуфтааст, ки "сарфи назар аз он, ки ташхиси Роѓун аз љониби Бонки љањонї маблаѓгузорї мешавад, аммо дар зери назорати Њукумати Тољикистон буда, наметавонад объективона бошад". Таъкидњои Владимир Норов аз љониби Њамрохон Зарифї бепосух намондааст. Собиќ вазири корњои хориљии Тољикистон зикр кардааст, ки кишвараш ба таањудот дар бораи рушди њамкорињои минтаќавї пойбарљост. Дар шароити норасоии нафту газ дар Тољикистон барои таъмини рушди иљтимої ва иќтисодии кишвар истифодаи захирањои гидроэнергетикї бо бунёди неругоњњо аз љумла сохтмони Роѓун ягона роњ боќї мемонад. Дар чунин њолат Тошканд њатто барои воридоти газ аз дигар кишварњо ба Тољикис-

тон шароит фароњам намеорад. Дар идома зикр кардааст, ки ташхиси Роѓун бо дархости Ўзбакистон гузаронда шуда, барои боз њам шаффофтар гузарондани он Тољикистон ба СММ ва Бонкљи љањонї мурољиат кардааст. Бонки љањонї дар асоси тендер коршиносони мустаќилро барои ташхис љалб намуд, Њукумати Тољикистон ба рафти ташхис мудохила намекунад. Њамрохон Зарифї аз он ёдоварї кардааст, ки Ўзбакистон чанд сол ќабл алайњи сохтмони нерўгоњ дар дарёи Зарафшон баромад карда буд. Тољикистон бо назардошти мавќеъи кишвари њамсоя барои гузарондани ташких ба коршиносони мустаќили олмонї мурољиат намуд. Натиљаи ташхис мусбат баромад. Аммо бо сабабњои номаълум љониби Ўзбакистон натиљаи ташхисро ќабул накард. Зарифї ба таъкид гуфтааст: "Шумо натиљаи ягон ташхиси байналмилалиро ќабул надоред. Чи тавр ташхис гузаронем, ки шумо ќабул онро ќабул мекунед?" Аз мавќеъи Њамрохон Зарифї љониби Ќирѓизистонро низ пўштибонї кардааст. Пас аз суханронии љониби Тољикистон Владимир Норов, сафири Ўзбакистон барои њимояи мавќеъаш гуфтааст, ки "Ўзбакистон ба Тољикистон бо ќиммати поин наметавонад газ фурўшад". Њамрохон Зарифї посух медињад: "Мо омодаем, ки бо ќиммати љањонї аз Ўзбакистон газ бихарем". Владимир Норов бо изњори таассуф гуфтааст, ки "газ ба худамон намерасад". Дар мулоќот љониби Ќазоќистон низ мавќеъи Ўзбакистонро ќабул накарда, алайњи он далелњои худро меорад.

Шањлои АБДУЛЛО


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЛАТИФА Фирўзаи хурдсол аз падараш пурсид: - Додољон, шумо номи модарамро намедонед? - Медонам, чаро мепурсї? - Ин хел бошад, барои чї бо вай гап заданї шавед, номи маро гирифта, "Фирўза" мегўед? *** Зане дар лаби љўй нишаста, каллаю почаи гўсфандро тоза мекард, ки об дамиду калларо бурд. Вай як ќабза алафро аз лаби љўй канда: - Бењ,бењ,бењ, - гўён лаблаби љўй давид. Ин њолро дугонааш дида, гуфт: - Ту магар аќл надорї, вай калла бе пой аз об чї хел мебарояд? - Э, мани нодон, аќлам нарасидааст… гуфта, чор пои гўсфандро њам ба об партофт. *** Масте дар кўча меистод. Пурсиданд, ки чаро ин љо истодаасту ба хонааш намеравад. Гуфт: - Намебинед, тамоми шањр гирди ман чарх мезанад, интизорам, ки хонам пешам ояд ва бе њељ зањмате ба он дохил шавам… *** Нафаре як коса лаѓмон харида дид, ки дар коса магас шино мекунад. Сарошпазро љеѓ зада гуфт: - Ин чї гап? Ба деги ошатон магасњо њамла овардаанд магар?! Сарошпаз гуфт: - Хасисї накунед. Як магас чї ќадар лаѓмон мехўрад?! *** Падар ваќти мактабравии писараш пурсид: - Писарам ба ту пули ќоѓазї дињам ё танга? - Додољон, тангаро ба коѓазї печонда дињед, гум намешавад, - гуфт писарак.

?-И НОБОБ

АКСИ ГЎЁ

- Аввали моњи љорї (декабр) барои супоридани андозњои масљид ба нозироти андози ноњияи Сино рафтам. Нозири андозро ќабулкунанда гуфтанд, ки аз ин ба баъд барои масљид суратњисоб кушоед. Аз њамин сабаб, мехоњам донам, ки оё барои масљидњои љомеъ кушодани суратњисоб шарт ва њатмї аст? Комилљон ЌОДИРОВ, имомхатиби масљиди љомеи мањаллаи Мењрободи шањри Душанбе - Дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар ягонљо наомадааст, ки барои масљиди љомеъ њатман бояд суратњисоб кушода шавад. Аммо агар масљиди љомеъ ё дигар муассисањои динї аз тарафи маќомоти баќайдгиранда њамчун шахси њуќуќї сабти ном шуда бошад дар ин њолат зарур аст ба он суратњисоб дар бонк кушода шавад. Мувофиќи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон шахси њуќуќї - ѓайрирезиденте мебошад, ки фаъолияташро тавассути муассисаи доимї бе таъсис додани филиал ё намояндагї амалї менамояд, дар мањалле, ки њангоми ба њисоб гузоштан ариза додааст: а) дар мањалли баќайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатњои намояндагии доимии ин ѓайрирезидентро амалї менамояд; б) дар мањалли баќайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатњои агенти андозро оид ба пардохт намудани андозњо аз манбаи пардохти даромадњои ѓайрирезидент дар Љумњурии Тољикистон амалї менамояд. Аммо шахси воќеї - ѓайрирезиденте мебошад, ки (аз љумла шахси бешањрванд) дар мањалли истиќомати (будубоши) муваќќатиаш дар Љумњурии Тољикистон, ки дар вараќаи муњољирати њамин шахси воќеї нишон дода шудааст. Агар тибќи муќаррароти санади њуќуќии байналмилалї мављудияти вараќаи муњољиратї пешбинї нашуда бошад, пас мањалли будубоши шахси воќеї ѓайрирезидент дар Љумњурии Тољикистон мањалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба маќомоти андоз пешнињодшуда нишон дода шудааст. Ба саволи Шумо аз Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љавоб доданд.

НАСИЊАТИ ПАДАР Падар духтарашро ба наздаш хонду гуфт: - Духтарам, дигар ту бузург шудї ва ман иљоза медињам, ки њамсаратро худат интихоб кунї, вале ба як шарт. Шарт ин аст, ки нафари интихобкардаат ба ман њам писанд ояд. Чанд рўз гузашт ва духтар бо љавоне зебо омад хона назди падараш. Падараш љавонро хеле хуш истиќбол кард ва ваќте танњо монданд аз ў пурсид: - Писарам, чї орзу дорї? Љавон хандиду гуфт: - Њељ орзу надорам. Чаро орзу дошта бошам? Њама чї дорам. Мошин … Хона… Пул... Падар ба духтараш гуфт, ки ин љавон наметавонад њамсари хуб бошад. Чанд њафта баъд духтар бо љавоне дигар ба хона омад. Падараш ин бор њам љавонро хуб истиќбол кард ва боз ваќте танњо монданд њамин як суолашро такрор кард. Љавон посух дод: - Мехоњам њавлие бузург созам ва соле як маротиба барои истироњат хориљ аз кишвар биравам. Боз падар интихоби духтарро ќабул накард. Рўзњову моњњо гузаштанд. Духтар љавони дигареро ба хона даъват кард то бо падараш шинос намояд. Боз истиќболи гарм ва њамон як савол. Љавон чун ин суолро шунид шукуфт ва беист аз орзуву наќшањояш наќл мекард. Бо ин наќлњо њарду нафањмиданд чї тавр ваќт зуд гузашт. .. Баъди гусели љавон падар духтарашро садо кард. Духтараш омад. Гуфт : - Духтарам, ин љавон бењтарин интихоб аст барои ту. Бо ин љавон зиндагият хушу аљиб хоњад гузашт. Дониста бош, шахсе, ки орзу надорад, дар зиндагияш мурдааст... Фотима БОБОЕВА, сокини шањри Душанбе

- Бањри баланд бардоштани масъулияти роњбарони субъектњои хизматрасон дар иљрои вазифањои хизматї бобати таќвияти кор бо мурољиати шањрвандон, баќайдгирї ва назорати электронии бартарафсозии сариваќтии садамањо дар шабакањои муњандисї ва кулли дигар хизматрасонињои коммуналию бењдошти њолати санитарї, наќлиёт ва фарњанги шањрнишинї ташаккул ва татбиќи заминаи технологї дар ќаламрави шањри Душанбе шањрвандон метавонанд тариќи фиристодани паёмакњо ба шумораи телефонии 988933333, почтаи электронии admin@mometavonem.tj ва воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj мурољиат намоянд. Дар њолати њал нагардидани мушкилот, шањрвандон метавонанд ба навбатдории шабонарўзии Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе тавассути шумораи телефонњои 221-2695, 223-22-14 арзњои бароварда созанд.

15

ОЁ БАРОИ МАСЉИДИ ЉОМЕЪ СУРАТЊИСОБ КУШОДАН ШАРТ АСТ?

ЊИКМАТ

БА ЉОИ 09

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

ТАНЊО ДАР МО… - Танњо дар мо ба хонаи амалдору раису судяву прокрор ва милиса аз хатти сурх энергияи барќ кашида мешавад. - Танњо дар мо коррупсия аз зинаи боѓча оѓоз шуда, то мурдани кас идома меёбад. - Танњо дар мо мансабдор пас аз барканорї аз мансаб рўй ба ВАО оварда, лаб ба шикоят мебарад. - Танњо дар мо дар замони осоишта сафи ЌМ ЉТ бо усули "облава" (ињотагирї) пур карда мешавад. - Танњо дар мо давлат дар сарќонун маќоми иљтимої унвон гирифта, бо тарзи капиталистї идора карда мешавад. - Танњо дар мо бо бањонаи бозсозиву наќшаи генералии шањр сањни холимондаи хиёбону кўчањоро бо биноњои бетониву оњанї танг мекунанд. - Танњо дар мо аз њаво андоз ситонида намешавад, дигар аз њама чиз андоз ситонида мешавад. - Танњо дар мо Стратегияи аз бунбасти коммуникатсонї баромаданро ќабулу имзо карда роњњои халќро пулакї мекунанд. - Танњо дар мо њаќќи истифодаи энергияи барќро то тини охирин аз ањолї љамъ карда, дар охир дар куљое "гум мекунад" - Танњо дар мо бузургони миллиро баъди маргашон бо мењрубониву некномї зиёд ёд мекунанд. Бахтовари АЮБ, сокини ноњияи Шоњмансур

?-И НОБОБ ЧЇ ТАВР ФИШОРИ ХУНРО ЧЕН БОЯД КАРД? - Барои истифодаи оилавї тонометр (фишорченкунак) харидам. Аммо дуруст намедонам, ки чї тавр онро истифода мебаранд. Агар дар мавриди истифодаи дурусти асбоби тонометр дар њафтаномаи дўстдоштаамон "Нигоњ" маълумотеро манзури мо мегардонидед, аз Шумо сарфароз мешудем. Насиба ОБИДОВА, сокини шањри Душанбе - Манжети фишорченкунакро ба даст он тавре љой медињанд, ки найчањои он аз боло љойгир шуда, чуќурињои банди даст озод монад. Дасте, ки дар он фишори хун чен карда мешавад бояд аз либосњо озод бошад. Он ќисмати даст, ки дар он манжети фишорченкунак гузошта мешавад њамчунин аз либос бояд озод карда шавад. Даст ба болои миз дар сатњи дил бояд ќарор дода шавад. Манжети фишорченкунакро бояд он тавре љойгир кард, ки мембранаи стетскоп дар љойи ќатъшавии оринљ љойгир шавад. Дар ин макон шараёнњо мегузаранд (набзи онњо дар мавриди палмосидан низ эњсос карда мешавад). Манжета бо ёрии часпакњо он тавре бояд мустањкам карда шаванд, ки он оринљи дастро њаматарафа фаро гирад. Дар мавриди ворид кардани њаво гардиши хун дар шараёни оринљ ќатъ мегардад. Бари камераи резинии манжета набояд аз 40%-и даври оринљро ташкил дода, дарозии он бошад ду баробар аз гуфтаи боло калонтар бошад. Бояд дар назар дошт, ки њаљми манжетањо дар вобастагї ба љусаи одамон, аз он љумла одамони фарбењ гуногун бошад.Барои чен кардани фишори хун одатан тонометрњои симобї, мембранавї ва электродї истифода бурда мешавад. Барои ченкунии фишори хун ќисмати гўшии стетоскопро ба гўшатон гузоред. Манжетаро бо фишордињии чандинкаратаи дастии ноки резинї аз њаво пур кунед. Њамзамон зарбаи набзро њангоми пуркунии манжета ба њаво гўш кунед. Ба асбоби фишорченкунак аз он лањзае, ки аллакай зарбаи набз шунида намешавад, назора кунед. Ба манжета иловатан 30 мм ст сим. зиёдатар аз он, ки дар мавриди пеш аз палмосидан пур карда шуда буд њаво пур кунед. Оњиста-оњиста љумаки њавонигоњдорро ба муќобили гардиши аќрабаки соат тоб дињед, бо он суръате, ки фишор дар манжета ба миќдори 2-4 мм.ст.сим. дар як тапиши дил паст шавад. Бояд дар назар дошт, ки холисозии њаво барои даќиќ кардани фишори хун бенињоят муњим аст. Яке аз сабабњои асосии хато чен кардани фишори хун аз њад зиёд ва тез холї кардани фишори дохили манжета мебошад. Фишори баланд метавонад ба пуррагї гардиши хунро дар шараёнњои даст манъ кунад. Бинобар њамин манжетаи аз њаво пур кардашударо дар даст ба муддати аз зарурият зиёд нигоњ доштан мумкин нест. Агар манжета аз чор се њиссаи гирдогирди оринљро напўшонад, дар чунин њолат натиљаи ченкунии фишори хун метавонад нодаќиќ бошад. Ба саволи Шумо аз Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии Тољикистон посух доданд.

ЗОДРЎЗ МУБОРАК! Ректори ДТИ ВА ЉТ, профессор Шарифов Рањмонќул Ањрорович, Шуморо ба муносбати фарорасии 60-соли умри пурбароратон табрик гуфта, дар самои илм парвози озод, дар роњи адл муваффаќиятњо ва дар партави муњаббат вафодориро таманно дорам. Бо эњтироми пур аз самимият мудири кафедраи њуќуќи љиноятии ДТИ ВА ЉТ Исфандиёр Собиров ЭЪТИБОР НАДОРАД Шањодатномаи манзили истиќоматї, ки ба шањрванди шањри Кўлоб, кўчаи А. Љомї одинаева Хуморбї дода шудааст, беэътибор дониста шавад. Шањодатномаи (доверенность) хариду фурўш, ки идораи нотариолии шањри Кўлоб аз номи шањрванди шањри Кўлоб. Хиёбони И. Сомонї, хонаи 24, утоќи 13 Салимова Г. ба шањрванд Файзов Назаралї додаст, беэътибор дониста шавад.


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №39 (370) 18. 12. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ПРЕСС - СЕНТРИ ЧОЙХОНАИ "РОЊАТ" Акобир касби муаллимиро тарк карда, аробакаши бозори Саховат шуд. Баъди як моњи фаъолияташ рузе ўро дар чойхонаи "Роњат" вохўрдам. Дасти чапаш ба гардан њамоил, гипс шуда будааст, сараш бо дока печонидагї, дар рухсораш изњои љароњат. Њолу ањволпурсї кардем: - О ту ягон пашшаро озор намедодї, чї гап шуд? Ба хайр? - Њамааш айби касби омўзгорї, љура! Ман, худат медонї, бе насињат наметавонам пеш равам. Ин њоло дарди бахайр, дањ руз боз дар хона бистарї будам. Хоњиш кардам, ки муфассалтар њикоя кунад. - Рўзи панљшанбе баъди кор либосњои навамро пўшида ба сўи хона роњ гирифтам. Хостам каме пиёда равам, барои њамин роњро миёнабур карда, аз байни мањаллаи Ќазоќон мегузаштам. Гарчанде соат чањори бегоњ шуда бошад њам мактаббачагони зиёде дар китф сумка, даву тоз доштанд. Маълум, ки дар басти дуввум мехонанд, ё шояд барваќт аз дарсњо озод шуда, дар кўча бозию дилхушї мекарданд, чаро ки дар хона ин имкониятро надоштанд. Ногоњ чи шуд чї монд, ки писарбача бо духтараки њамсоли худаш (12 - 13 сола) гапњошон гурехт ва ба дашному носазогуии якдигар пардохтанд. Онњо чунон рафтор мекарданд, ки гўши шунаванда ќулф мезад. Бовар кун, эшон ба якдигар дашном медоданд, аммо аз шарм замин намекафид, ки ман пинњон шавам. Канї падару модари ин фарзандони асри 21? Дар

кадом мактаб тањсил мекунанд? Омўзгорашон инсон аст ё њайвон?.. Банда, ки собиќ омўзгорам, натавонистам бетараф, оромона аз пайроња гузарам. Ба писарбача тањдид кардам, ки љангу дашномро бас кунаду бо рафиќонаш пайваста, роњ суи хонаашон гирад, аммо ин беадаби модарбахато духтаракро рањо карду ба ман часпид; яъне кори ту набошад ва њо казо... Давида тирмизакро ба чанг гирифта, ба сару рўяш ду-се шаппотї фаровардам. Дар як они воњид марди бадвоњимаи калу бадрў пайда шуду бо суханони "писари маро чиба мезанї?" ба ман дарафтод. Ранги Кинг - Конг. Ба ў ягон њарф зада натавонистам, худро дар як ваќт дар кунљи шифохонаи Ќарияи Боло дарёфтам... Акобир наќли хешро ба поён расониду як оњи чуќур кашид. - Айнан њамин гуна њолат бо ман њам рўй дода буд. "Ту маълим шуда, барои чї шогирдоро наѓз тарбия намекунї?" гуфта хуб маро дар мактаб, дар њуљраи директориам, латукўб гирифта будам. Баъди њамон воќеа ариза навишта зуд аз кори мактаб баромадаму ронанда шудам. - Њайфи институтхонии мо! - Институтхонии мо ни причём, Акобир -ако! Замона, замона ба куљо равона аст? Вот в чём вопрос! Рустам РАЊИМОВ, сокини ноњияи Айнї

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Саидмукаррам АБДУЛЌОДИРЗОДА, раиси Шўрои Маркази исломии Тољикистон: - Имом Абуњанифа, ки мо тољикон беш аз њазор сол боз пайравї аз мазњаби ў дорем, ягон суханеро дур аз оятњои Ќуръону њадисњои паёмбар (с) нагуфтааст. Пас мо барои чї ин роњи њаќро тарк ва пайравї аз мазњабњои дигари бегонаву тундрав кунем, ки њамеша миёни мардум душманиро мехоњанд. -Њамин гапро як бори дигар назди оина такрор карда, ду се шапалоќи обдор ба рўи њамон мардаки салладор занед, домулло, Худо њамаашро мебахшад.

Шодї ШАБДОЛОВ, раиси ЊКТ: - Аъзои нави њукумат њамааш аз як њизбанд. Президент то њадде расонд, ки низоми яккањизбї истад. Ин оќибати хуб надорад. Барои ба вазифае мондани аъзои њукумат моро намепурсанд, бо кї бањс мекунем? - Э, 20 сол шуд дар парлумон шиштеду инро нав фањмидед-мї ?!

Муњиддин КАБИРЇ, раиси ЊНИТ: - Њасан Рўњонї натавонист се вазири худро аз тариќи парлумон бигзаронад. Зеро парлумони онњо озоду мустаќил аст, аммо дар мо чунин таљриба нест. -Домулло Муњиддин тааљуб накунед, зеро хуб медонед, ки парлумони Эрон интихобї асту парлумони мо таъинотї. Баљои заъфнолї ва мардумро гул задан, бењтараш аз узвияти парлумон даст кашеду онро машруъият (легитимност) набахшед.

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили парлумон: - Ба гарм шудани равобит бо Ўзбакистон ман боварї дорам, чун мо решањои амиќи њамљаворї, њаммазњабї, њамсарњадї ва њатто хешутаборї дорем. -Мазњабї будани коммунистњои тољику узбак, ки ба њама маълум, аммо њамон сирри хешу њамтабор буданро як фош кунед-чї!

Рањматилло ЗОЙИРОВ, раиси ЊСДТ: - Дањ сол пеш, ваќте бо нишони эътироз аз фаъолият дар њукумати мављуда худдорї намуда ба истеъфо рафтам, барои њукумат ѓайри ќобили ќабул буд. Њамон замон супориши махсус шуд, то аз њар кор ва ќадами ман назорат баранд. -Њич гап не, њамин хел рафтан гирад, њамон назоратчињо њам аъзои ЊСДТ мешаванд.

Георгий КОШЛАКОВ, коршинос: - Муњољирати мењнатии тољикон ба Русия "экспорти тиллої" мебошад. - Георгий-ака, 230 њазор мардњои тољик аллакай шањрванди Русия шуданду њудуди 300 њазори дигар дар марњилањои гуногуни муќимишавї ё натурализатсия њастанд. Мо мефањмем, ки импорти нуфта ба Русия зарур аст, аммо ин 300-350 њазор пирдухтару бевањои инљомондаро кї мегирад?

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.